“НИГОЊ”, ЧОРШАНБЕ №39 (421), 24. 12. 2014
Пули миллиро дастгирї кунед!
1
Ё худ чї тавр овозаву дарвоза арзиши долларро боло мебарад? САЊИФАИ 11 №39 (421). Чоршанбе, 24-уми декабри соли 2014
e-mail: nigoh_tj@inbox.ru
www.facebook.com/nigohtj
ЊАЁТ ДАР ПОЙТАХТ
Орзуи мўсафедон САЊИФАИ 6
СИЁСАТИ КАЛОН
"Путин тарњи "Б" надорад" САЊИФАИ 10
Њукумат роњбари тариќати «Хизмет»-ро ки ба литсейњои тољикию туркї ва аѓлаби бизнеси туркї дар Тољикистон рабт дорад, дар сохтани нињодњои њамсони њукумат ё њукумати соягї гумонбар медонад...
МО ВА РАСОНАЊО Рустами Љонї:
Миёни расонањоро андоз мешиканад САЊИФАИ 4
АРЗИ МАЪЗАРАТ Њайати эљодии њафтаномаи "Нигоњ" аз хонандаи закї, барои ба дасти чоп нарасидани нашрия, ки ду њафтаи гузашта ба монеъањои сунъї дучор шуда буд, пўзиш мехоњанд. Шумораи №421-умро, ки хонанда дар даст дорад, барои њар яки шумо табрик мегўем. Зеро арзишњои муштарак, ихлос ва дастгирии хонандаи "Нигоњ" аст, ки моро водор мекунанд, новобаста ба њар монеае дилгарми кор бимонему садоќати касбї нишон дињем. Боиси таассуф аст, ки ду шумораи "Нигоњ" дар шакли чопї бо бањонањои бофтаву сохта ба дасти хонанда нарасиданд, њуќуќњои хонандагону обуначиёни нашрия поймол гашта, ба ањли эљод, идораи нашрия ва рекломдињандагон зарари моддї ва маъ-
Боздошти идеологи литсейњои туркї
САЊИФАИ 2
навї расонида шуд. Мо њуќуќ ба озодии баёну андеша ва дастрасї ба иттилооти мустаќилро волотарин арзиш дониста, омодаем, ки зарари молии ба обуначиён расидаро љуброн созем ва бори дигар таъкид мекунем, ки ба дастгирии њамешагии хонандаи њушманд ниёз дорем. Сабаби нашр нашудани ду шумораи пешини "Нигоњ", ки чопхона, гўё бинобар надоштани шањодатномаи азнавбаќайдгирї дар Вазорати фарњанги Тољикистон аз нашрашон худдорї варзид, маълум шуданд: Муњтавои гўшаву шевањои пешнињоди матолиби нашрия ва њамчунин забони маќолањои "Нигоњ" ба мансабдорон ва нињодњои алоњидаи њукумат писанд набудаанд. Аммо ањли эљоди "Нигоњ" бар онанд, ки: а) бањисобгирии давлатї як маротиба мешаваду муњлатнок кардани шањодатно-
маи бањисобгирї меъёри зиддиконститутсионї аст. Аз ин рў, бояд дар Суди конститусионї мавриди баррасї ќарор гирад; б) сензура дар Тољикистон манъ буда, њич нињоди њукуматї њаќќи дахолат ба муњтавоии расонањои мустаќилро надорад; в) расмиёти техникї, монанди бањисобгирии нашрия ва идораи соња аз љониби нињодњои маъмур набояд боиси суистифода аз вазифаву мансаби давлатї, поймол шудани ќонунњо ва њуќуќи конститутсионии шањрвандони кишвар гардад. Бо њамин мо ќазияро њалшуда њисобида,таъкид мекунем, ки ба дастгирии хонандањои доимї, обуначиён ва њаводорони нашрия ниёз дорем. Онњое, ки мехоњанд матолиби шуморањои 419 ва 420-и нашрияро мутоила кунанд, ме-
тавонанд ин шуморањоро дар сомонаи Ожонси иттилоотии TojNews - www.tojnews.org пайдо кунанд. "Нигоњ" барои онњое, ки имконияти мањдудтар доранд, варианти электронии ин ду шумораи нашрияро дар формати PDF ба суроѓањои интернетї ирсол карда метавонад. Барои ин хонанда бояд ба мо тавассути суроѓаи электронї, сањифаи "Нигоњ" дар шабакаи иљтимоии Фейсбук ва ё телефонї мурољиат кунад. Хонандаи гиромї, шуморо бовар мекунонем, ки "Нигоњ" њамоно нашрияи фаъолон ва давлатсолорони тољик боќї монда, аз ин ба баъд низ дар инъикоси таърихи рўз, баррасии дастоварду мушкилоти љомеа мавзеъгирии касбї хоњад дошт. "НИГОЊ"
2
АМНИЯТИ МИЛЛЇ
“НИГОЊ”, ЧОРШАНБЕ №39 (421), 24. 12. 2014
Додгоњи шањри Истанбул барои боздошти Фатњулло Гюлен, пешвои љумбиши "Хизмет" (Хидмат) ва ташкилотчии литсейњои туркї дар Тољикистон, ки дар ташкили нињодњои њамсони њукуматї гумонбар дониста мешавад, ќарор содир кард. Ба навиштаи хабаргузорињо, ўро дар Туркия ба ташкили гурўњи террористї ва ба вуљуд овардани нињодњои њамсони њукумат гунањкор медонанд. Прокурор барои ворид кардани Гюлен ба рўйхати Интерпол ба вазорати адлияи ин кишвар мурољиат кардааст. Ќарори додгоњ дар њоле содир мешавад, ки њафтаи гузашта чањор њаводори "Хизмет"-ро њангоми тафтиши фаъолияти ин њаракати чањор нафар журналист ва афсарони пулисро бо иттињоми таќаллубкорї ва туњмат боздошт кардаанд. Ба навиштаи нашрияњои чопи рўзи 20-уми декабри Туркия, корманди пулис
дигар тамдид мегардад. Баъди ин пешбурди Мактаби байналмилалии Душанбе низ ба ўњдаи туркњо вогузор мешавад. Мактабе, ки бояд дар назди Вазорати корњои хориљии Тољикистон фаъолият кунад. Соли 2013 тамдид гардидани созишнома ба таъхир уфтод. Нуриддин Саидов, вазири маориф ва илми Тољикистон низ дар як сўњбат ба хабарнигори "Нигоњ" гуфт, ки мўњлати ќарордод ва мўњлати иљозатномаи пешбурди фаъолияти литсейњои туркї-тољикї дар Тољикистон 1-уми сентябри соли 2013 ба итмом расидааст ва то њол бо онњо ќарордоди нав баста нашудааст. Ба таъкиди вазир: "Ин литсейњо дар аввал њамчун литсейи хайриявї пайдо шуданд. Барои мардуми камбаѓалу камбизоат пайдо шудагї њастанд. Дар ќарордоди Њукумат низ чунин омадаст. Бояд ин литсейњо аз њисоби маблаѓњои хайриявї амал мекарданд. Мутаассифона, бо мурури замон аз таъиноти
ЊУКМИ БОЗДОШТИ ГЮЛЕН СОДИР ШУД Њидоят Коросо ба далели худдорї аз додани маълумот ва шањодат ба тафтишот боздошт шудааст ва пулис њоло иттињоми дигаре алайњи ў эълон накардааст. Ин дар њолест, ки сардабири рўзномаи "Замон", ки пештар аз ин дар як иќдоми пурсарусадо боздошт шуда буд, озод гардидааст. Баъд аз сард гардидани муносибати њукумати Туркия бо Фатњуллоњ Гюлен, пешвои тариќати "Хизмет", таќдири минбаъдаи литсейњои туркї дар кишварњои пасошўравї зери суол рафт. Мољарои литсейњои туркї дар Тољикистон, ки вазорати маориф фаъолияти яксоли ахири онњоро ѓайриќонунї хонд, тобистони соли љорї расонаї шуда буд. Литсейњои мазкур тибќи Протоколи созишнома дар бораи њамкорї ва Созишномаи њамкорї миёни Вазорати маорифи Тољикистон ва муассисаи хусусии таълимї-тиљоратии "Шалола"-и шањри Измири Туркия фаъолият мекунанд. Имзои ин шартнома ба солњои аввали истиќлоли Тољикистон рост меояд. Замоне, ки Бозгул Додхудоева (1992-94) ва Мунира Иноятова (1994-1999) вазири маорифи Тољикистон буданд, туркњо барои боз намудани литсей дар Тољикистон ќадам гузоштаанд. Моњи августи соли 1994 Шўрои вазирони Тољикистон ќарор ќабул карда, дар назди вазорати маориф вазифа мегузорад, ки дар шањрњои Душанбе, Хуљанд, Ќурѓонтеппа, Кўлоб ва Хоруѓ литсейњои муштараки тољикї-туркї боз гардад.
ШАРТНОМАИ БЕНАЗИР Њамин тавр ин литсейњо ба фаъолият шурўъ карда, ибтидо комилан ройгон буданд. Мањз бо њадафи хайриявї ба Тољикистон ворид шудаанд. Шартномаи ёдшуда, барои 10 сол баста мешавад. Соли 2003 барои 10 соли
«
ДАВЛАТ ДАР ДОХИЛИ ДАВЛАТ
САБАЊИДДИН ГЮНАЙ, ДИРЕКТОРИ ГЕНЕРАЛИИ ЛИТСЕЙЊОИ МУШТАРАКИ ТОЉИКИЮ ТУРКЇ
азалии хеш дур рафтанд". Ин танњо пањлўи суолдори фаъолияти литсейњо нест. Имзои чунин шартнома дар таљрибаи давлатдориву њукуматдорї ва дипломатияи љањон назир надорад. 20 сол мешавад, ки дар Тољикистон литсейњои туркї фаъолият мекунанд. То њол наздики 5 њазор талаба онњоро хатм намудаанд. Нахустин литсейи туркї соли 1992 дар шањри Турсунзода ба фаъолият шурўъ кардааст. Баъдан, дар шањрњои Душанбе, Хуљанд, Ќурѓонтеппа ва Кўлоб боз мешаванд. Айни замон њудуди 2 њазору 500 талаба дар ин литсейњо тањсил менамоянд. Ба онњо 233 омўзгор сабаќ меомўзанд, ки 56 нафарашон турк мебошанд. Аз 6 литсейи туркї дар Тољикистон рањбарии 3-тои онро туркњо ба зимма доранд. Дар назар аст, ки литсейњои мазкур барои соли хониши 2014-2015 500-550 талабаро љалб намоянд.
Ин њам дар њолест, ки тариќати "Хизмет" тавассути маркази "Диалог Евразия" аз шумули мансабдорон, коршиносон, шоирону нависандагон ва журналистон лоббии ќавие ба вуљуд овардааст, ки ошкору нињон аз манфиатњои литсейњои туркї дар муњити сиёсї ва расонаї њимоят мекунанд.
«
Фатњуллоњ Гюлен, аз рўњониёни шинохта, ки аз охирњои солњои 90-ум дар ИМА ба сар мебарад, аз Туркия фирор карда буд. Ў бо Раљаб Тайиб Эрдуѓон, президенти Туркия дар замони "љанги сард" дар як самт фаъолият мекарданд. Нисбат ба Фатњуллоњ Гюлен дар солњои 90 бо иттињоми талош барои дигар кардани сохтори давлатї парвандаи љиної боз мешавад. Ў бо ќасди табобат Туркияро тарк карда, дар ИМА ба сар мебарад. Бо сари ќудрат омадани њизби исломгарои "Адолат ва тараќќиёт" иттињомот алайњи ў бардошта шуд ва иљозат дошт, ки ба кишвараш баргардад. Аз муносибати хуби ў бо њукумати исломгарои Туркия њарф мезаданд. Вале ин муносибат дер давом накард. Ќазияи "Фасоди бузург" дар Туркия дар зимистони гузашта нишон дод, ки муносибати фатњуллоњчиён бо Эрдуѓон хадшадор гардидааст. Њукумати Туркия дар чењраи Фатњуллоњ Гюлен раќиби 1-и худро мебинад. Раљаб Тайиб Эрдуѓон, сарвазири ин кишвар талоши ин љонибдорони ўро "давлат андаруни давлат" номида буд.
"ХИЗМЕТ" Фатњуллоњ Гюлен ва љумбиши "Хизмет"-и ў барои Тољикистон бегона нест. Муассисаи таълимии "Шалола", ки рањбарии литсейњои тољикї-туркиро дар Тољикистон ба зимма дорад, аз муассисаи зери нуфузи "Хизмет" дониста мешавад, ки дар Тољикистон 6 литсейи он фаъолият дорад. Гуфта мешавад, бахши аъзами бизнеси туркии Тољикистон низ ба ин нињод рабт дорад. Ќобили зикр аст, ки литсейњои туркї, ки аслан ташкилотњои тиљоратї мебошанд, дар Тољикистон аз имтиёзњои давлатї бархурдор буда, аз љумла аз њаќќи пардохти иљораи биноњо ва хидмати коммуналї озод мебошанд. Ин њам дар њоле, ки мактабу литсейњои хусусии дигар ва масољиди Тољикистон ин гуна имтиёзњоро надоранд. Ба љуз ин, дар Тољикистон тарњњои ин шабакаи кушодаи мазњабї ба воситаи маркази "Диалог Евразия" пиёда мегар-
дад, ки миёни зиёиёну ходимони илм ва журналистони њаводорони худро доранд. Соли 1999 як ќатор донишмандони Тољикистон ба мисли шодравонон Муњаммадљон Шакурї, Лоиќ Шералї ва дигарон пешнињод карда буданд, ки фаъолияти ин литсейњо дар Тољикистон мамнўъ гардад. Вале муваффаќ нашуданд. Ин њам дар њолест, ки тариќати "Хизмет" тавассути маркази "Диалог Евразия" аз шумули мансабдорон, коршиносон, шоирону нависандагон ва журналистон лоббии ќавие ба вуљуд овардааст, ки ошкору нињон аз манфиатњои литсейњои туркї дар муњити сиёсї ва расонаї њимоят мекунанд. Соли љорї созишномаи байни Њукумати Тољикистон ва Муассисаи таълимии "Шалола", ки дар таърихи дипломатияи тољик назир надорад, ба охир расид, вале он дубора бо шарту шароити барои омма номаълум тамдид шуд. Дар оѓози соли хониши 2014-2015 баъд аз як силсила-маводњои фошкунанда дар нашрияи "Нигоњ" Раёсати маорифи шањри Душанбе масъалаи идораи баъдии литсейњои туркиро бардошт, вале дере нагузашта ќимати хониш дар литсейњо то 40 % боло бардошта шуда, масъала аз мадди назарњо дур монд. Баъд аз њукми боздошти Гюлен оё дар Тољикистон, ки ќонунгузорияш фаъолияти мазњабї ва сиёсиро дар макотиб манъ кардааст, ба ин масъала таваљљуњ мекунанд ё не, маълум нест. Айни њол, на сафорати Туркия, на маќомот ва на ягон сохтори шабакаи Фатњуллоњ Гюлен дар Тољикистон вазъи баамаломадаро шарњ надодаанд. Эмсал Коч, рањбари маркази “ДиалогЕвразия”, ки тавонистааст дар Тољикистон, бо љалби зиёиёну олимон, рўзноманигорон ва њатто мансабдорон, лоббии Фатњуллоњ Гюленро ба роњ монад, аз мубаллиѓони асосии идеяњои ахирї мањсуб мешавад. Коч ризо нашуд бо “Нигоњ” дар бораи вазъи баамаломада суњбат кунад. Вай гуфт, наметавонад дар бораи њодисањои охир дар Туркия ва наќши њаракати “Хизмат” суњбат кунад. Тавсия дод, ки маълумоти заруриро аз мусоњибаи ахири Гюлен дар яке аз нашрияњои мустаќил бигирем. Далери ХАЙРУЛЛОЊ
СИЁСАТ
Маќомоти Тољикистон то њол наметавонанд раиси филиали "Тољиксодиротбонк"-ро дар ноњияи куњистони Мастчоњ пайдо кунанд. Рањмат Аюбов, бино ба иттилои маќомот, бо зиёда аз 300 њазор доллари мардум ва бонк, аз Тољикистон фирор кардааст. Мирзо Бадалов, сокини дењаи Палдораки љамоати дењоти Лангари ноњияи куњистони Мастчоњ мегўяд, 5 њазор доллар ва боз 10 (дањ) њазор сомонї маблаѓњояшро 15-уми марти соли 2013 пасандоз карда будааст. Баъд аз ин, вай аз филиали ЉСК "Тољиксодиротбон" дар муддати як сол, (њар моњ 680 сомонї) фоизи пасандозашро гирифтааст. Аммо як сол пеш ба ў гуфтаанд, ки дар суратњисобаш њамагї 20 доллар њасту халос. Ин марди куњистонї то њол маблаѓ ва фоизи пасандозашро дар бонк њисоб мекунад. Мегўяд, њоло бонк ба
«
“НИГОЊ”, ЧОРШАНБЕ №39 (421), 24. 12. 2014
ФИРОРИ РАИСИ БОНК ё чи тавр шудааст, ки бонкњо барои амонату пасандозњои мардум љавобгў нестанд? ў 7 њазору 78 доллари ИМА ва боз 13 њазор сомонї бояд бидињад. Вай наќл мекунад, ки дар бонк ба ў гуфтаанд суратњисоби ў 25-уми март, 10 рўз баъди гирифтани пасандози ахираш дар соли гузашта ѓорат шудааст. Дар Прокуратураи ноњияи Куњистони Мастчоњ мегўянд нисбати Рањмат Аюбов парвандаи љиної бо моддаи 243-и кодекси љиної оѓоз кардаанд, аммо то њол пайдо карда наметавонанд. Ба гумони ѓолиб, Аюбов дар Русия ќарор дорад, мегўянд, маќомот. Вай ба аз худкардани маблаѓи депозите муштариёни бонк муттањам мешавад, ки аз хазина гирифта, ба онњо надода, аз худ кардааст. Беш аз 300 њазор доллар пулњои азхудкардаи Аюбов ошкор шудаанд".
"Ба ман аввал гуфтанд, ки шањодатнома дар бораи пасандозаш ќалбакї аст, аммо ваќте даъво кардам, ки ба расонањо меравам, чаро шумо дуздхона ташкил кардед дар Мастчоњ, гуфтанд, ки бонк маблаѓамро медињад. То њол мо наметавонем, маблаѓњое, ки бо зањмати зиёди дењќонї ба даст оварда будем, баргардонем", мегўяд Мирзо Бадалов.
«
Тибќи иттилои ѓайрирасмї, теъдоди ќурбониёни ин ќазия 18 нафарро ташкил медињад. Яке аз онњо Азиз Азизов, сокини дењаи Пастиѓави ноњияи Куњистони Мастчоњ, маъюби гурўњи якум аст, ки аз як пой мањрум аст. Азизов дар суњбат бо "Нигоњ" наќл кард, ки 18-уми январи соли 2014 барои гирифтани пасандозаш ба бонк рафта, фањмидааст, ки аз 200 њазор сомонї пасандозаш мањрум монда, аллакай роњбари ин бонк, Рањмат Аюбов иваз шудааст. Азизов ба президент Эмомалї Рањмон бо ирсоли як нома мурољиат кардааст. Мактуб барои баррасї ба Шерхон Салимзода, прокурори генералии Тољикистон ва ба роњбарияти "Тољиксодиротбонк" ирсол шудааст. Прокуратураи генералї ќазияро шарњ намедињад, аммо "Тољиксодиротбонк" бо як нома ба Азизов гуфтааст, "Рањмат Аюбов аз вазифаи мансабии худ сўистифода карда, ба боварии Шумо даромадааст ва маблаѓњои пули шуморо бо роњи сохтакории њуљљатњо аз они худ кардааст.
3
Маблаѓњои Шумо дар хазина ва системаи бонкї мављуд нест". Рўзиев Гулмирзо сокини дигари њамин ноњия мегўяд, дар "Тољиксодиротбонк" 11 њазору 396 доллар пасандоз карда, як сол мешавад гирифта наметавонад, зеро раиси филиали бонк бо маблаѓњои ў ѓайб задааст. Таќдири 30 њазор сомонї - пасандози мизољи дигари ин бонк Мирзохон Рањимов низ њамсон аст. Мирзо Бадалов, ки ба идораи нашрияи "Нигоњ" бо шикоят аз кашолкории маќомот дар љустуљўи Аюбов ва талаби баргардонибани пасандозаш омад, наќл кард, ки ўро дар Душанбе, дар саридораи "Тољиксодиротбонк" фиреб кардаанд. "Ба ман аввал гуфтанд, ки шањодатнома дар бораи пасандозам ќалбакї аст, аммо ваќте даъво кардам, ки ба расонањо меравам, чаро шумо дуздхона ташкил кардед дар Мастчоњ, гуфтанд, ки бонк маблаѓамро медињад. То њол мо наметавонем, маблаѓњое, ки бо зањмати зиёди дењќонї ба даст оварда будем, баргардонем", - мегўяд Мирзо Бадалов. Ќурбонназар Восиев, сухангўи ЉСК "Тољиксодиротбонк" мегўяд, салоњияти шарњ додани ќазияро надорад, зеро нисбати раиси филиали бонк, Рањмат Аюбов маќомоти прокуратура парванда ва тафтишот оѓоз кардаанд. Танњо суд метавонад ба њалли ин масъала хотима бидињад, мегўяд Восеев. Ба гуфтаи Азизов, аз додситонї то ба њол ба вай посухи расмие нарасидааст. Ба њар сурат, манзара аз як сў хеле аљиб менамояд, ки бонк барои амонату пасандози аз мардум гирифтааш љавобгў нест. Фарз кардем, Худо накарда, агар дањ раиси филиали “Тољиксодиротбонк” бо як милиард пули мардум “фирор” кунанд, мардум бояд ба куљо раванд? Оё бонк љавобгар нахоњад шуд? Умари ТОЊИР
БОЗДОШТИ ЌУВВАТОВ Умаралї Ќувватов дар Туркия боздошт шудааст. Дар паи ин маќомоти Тољикистон парвандаи роњбари "Гуруњи 24"-ро аз сар гирифтанд, аммо мегўянд, ки њоло касе истирдоди ўро аз Туркия таќозо накардааст Агентии назорати давлатии молиявї ва мубориза бо коррупсия тафтиши парвандаи Умаралї Ќувватов, рањбари "Гурўњи 24"-ро аз нав оѓоз кардааст, аммо њич маќомот истирдоди ўро аз Туркия талаб накардааст. Аз Агентї мегўянд, ки Умаралї Ќувватов дар кофтукоби љиної ќарор дошт, ки баъди боздошташ тафтиш аз сар гирифта шуд. Бахтиёр Юсупов, сардори Раёсати муносибатњои байналмилалї ва робитаи бо љомеаи Агентї дар суњбат бо TojNews бо далели сирри тафтишотї будан аз ироаи љузъиёти бештар худдорї кард. Абдуфаттоњи Ѓоиб, директори Агентї дар як нишасти хабариаш эълон карда буд, ки нисбат ба Ќувватов бо иттињоми ќаллобї ва гаравгонгирї парванда боз кардаанд. Њамзамон, Абдусалом Дадабоев, сардори Раёсати робита бо љомеа дар Прокуратураи генералї мегўяд, ин хабарро аз расонањо шунидааст ва аз талаби истирдод маълумот надорад. Аммо ваќте Ќувватов дар моњи декабри соли 2012 дар Дубай боздошт шуда буд, Прокуратураи генералї барои истирдоди ў дархост ирсол кард.
Ин њам дар њоле, ки 19-уми дебкар Умаралї Ќувватов, рањбари "Гурўњи 24" ва се нафар аз аъзои ин созмони мухолифи Њукумати Тољикистон: Њусейн Ашўров, Абдурашид Њомидов ва Сўњроб Тўраев дар шањри Истанбули Туркия боздошт шуданд. Анљумани "Њуќуќи инсон дар Осиёи Марказї", ки дар Фаронса љойгир аст, мегўяд, Умаралї Ќувватов дар пайи як занги телефонии шахси номаълум боздошт шудааст. Дар ин бора рањбари ин анљуман Надежда Атаева дар блоги худ навиштааст. Худи Умаралї Ќувватов, рањбари Гурўњи 24 рўзи 20-уми декабр ба Радиои Озодї гуфт, ки бо шикояти фарди номаълуме ўву њамроњонашро дастгир карданд ва сабабашро њанўз шарњ надодаанд. Ў гуфт: "Мо њар рўз љаласа мекунем, 11 нафар будем, дар љаласа, дигарон рафтанд, чањор нафар мондем ва чой мехўрдем, ки маќомоти интизомї омада моро бурданд." Боздошти Ќувватов дар њоле сурат мегирад, ки ў ба воситаи Кумиссариати олии умури паноњандагони СММ аз маќомоти Туркия талаби паноњандагї кардааст ва аммо маќомоти Тољикистон ўро дар ташкили созмони тундгарои манъ-
шуда ва даъватњои таѓйир низоми конститутсионии кишвар айбдор мекунанд. 10-уми октябри соли равон "Гурўњи 24" ба баргузории тазоњорут ва гирдињамоии эътирозї алайњи Њукумат дар шањри Душанбе даъват кард. Ќабл аз он, бо њалномаи Суди Олии Тољикистон аз 9-уми октябр њаракати љамъиятии "Гурўњи 24" ташкилоти экстремистї ва ѓайриќонунї дар Љумњурии Тољикистон эълон шуда, фаъолияташ манъ шуд. "Гурўњи 24" дар моњи августи соли 2012 дар Маскав аз худ дарак дода буд.
Умаралї Ќувватов, ки худро собиќ раиси Шўрои директорони ширкати "Фароз" мегуфт, дар рўзњои аввал бо интиќод алайњи сиёсатњои Њукумати Тољикистон сўњбат мекард. 23-юми декабри њамон сол дар фурудгоњи Дубайи АМА Ќувватов бо дархости маќомоти Тољикистон боздошт шуд. Моњи сентябри соли 2013 аз боздоштгоњи Дубай озод гардид. Бинобар иттилои ёронаш, ў паноњандаи сиёсї буда, зери њимояи СММ ќарор дорад. Далери ХАЙРУЛЛОЊ
4
МЕДИА
“НИГОЊ”, ЧОРШАНБЕ №39 (421), 24. 12. 2014
- Ваќте "ИмрўзNews" ташкил шуд, дар љомеаи журналистии тољик таъсиси рўзнома "девонагї" менамуд. Њатто як чизи ќобили мулоњиза дониста намешуд. Кам набуданд, онњое, ки њадс мезаданд, ки ин кор шояд на беш аз як ё ду - моњ идома кунад. Аз ин 5 соли фаъолият чї хулоса бардоштед? Оё дар Тољикистон боз як рўзномаи муваффаќ кардан имкон дорад? Ё барои ташкили як рўзномаи муваффаќи дигар чи монеањо пеш меоянд? - Ваќте мо ин корро сар кардем, ки ин таљриба вуљуд надошт. Адами таљриба чунин фикрро ба вуљуд овард, ки ин кор ѓайри имкон аст. Насли мо насле аст, ки бояд ба пайроњањои мушкил, нигоњи дигаре дошта бошем. Зиёд мегуфтанд, ки ин миллат ќодир нест, ки як рўзнома дошта бошад. Мо гуфтем, ин миллат имкони нашр кардани дањњо рўзномаро дорад, танњо ќолабњои шахшударо бояд шикаст. Дар ин роњ як таљрибаи монанд доштам. Ваќте радиои "Имрўз"-ро таъсис додем, дар оѓоз рафиќони ман њам ваќте фањмиданд, ки як радиои иттилоотї хоњад буд, мегуфтанд, ки ту шунавандае пайдо намекунї. Таљрибаи таъсиси радио ба ман кўмак кард, ки ба муваффаќ шудани як рўзнома бовар дошта бошам. Њама гўё мунтазир буданд, ки билоохира нафаре бояд ќадами аввал бигузорад ва рўзномаро таъсис бидињад. Ба худ суол мегузоштам, ки чаро њамин нафаре, ки бояд ташаббус нишон бидињад, ман набошам? Рўзнома баъди ду моњи нашр як марњалаи љиддиро паси сар кард. Марњалае буд, ки буњрони идорї ва буњроне дар миёни коллектив ба вуљуд омада буд. Нашри рўзнома мутаваќќиф шуд, ба муњлати чанд рўзе. - Бо сабабњои молї? - Аслан, сабаби молї набуд. Њамагї як моњ гонорари чанд коргарро надода будем. Воќеан њам барои њамон рўз мушкилоти молї вуљуд надошт. Худи рўзнома даромад меовард. Буњрони идорї сар зад. Ба истеъфои Раљаби Мирзо, сармуњаррири ИмрўзNews анљомид… Аммо, љасорати бачањо, љасорати коллектив ба рўзнома умри дубора бахшид. - Яъне имкон буд, ки њамон шабу рўз нашрия дигар ба чоп нарасад… - Бале. Баъди буњрону таваќќуфи чандрўза, бачањоро навмедї фаро гирифта буд. Он ваќт ман омада будам, ки тамоми ин лоињаро боздорам. Ќарзњое, ки бо бачањо буданд, њисобї кунем. Аммо як маљлиси њамагонї дар идора њамаро таѓйир дод. Дар маљлис ду шарт гузошта шуд. Яке аз шартњо њамин буд, ки корро таваќќуф кунем, бо њам њисобї кунем ва бо њамин умри "ИмрўзNews" тамом. Омода будем, ки бар ивази ќарз ба коргарон компютерњоро њам дињем. Шарти дигар ин буд, ки барои пардохти маош як моњ муњлат дињанд. Гуфтем, ки агар коллектив ба ин шарт ризо бошанд, баъд аз ин дигар мушкили маош пеш нахоњад омад. Ва мо корро идома медињем. Бачањо аз худ як љасорати ѓайриинтизор нишон доданд. Гуфтанд, ки барои баќои рўзнома мо омодаем, ки бемаош кор кунем. Ман шефтаи ин пуштибониву дастгирї шудам. Потенсиали асосии кормандон боќї монда буд. Онњое, ки корњои асосии нашрияро мекарданд, боќї монда буданд. Тасмими кор љиддитар шуд. Он замон шумораи кормандон 54 нафар буд, баъд теъдоди онњоро коњиш додем, - то 32 нафар. - Фонди маош чї ќадар буд? - Дар як моњ аз 70-80 њазор сомонї бештар буд. Ин бидуни андозе, ки мо месупурдем. Бояд иќрор шавам, ки он ваќт дар бораи кор дар газета умуман тасаввурот надоштам, чун то он ваќт дар радиову телевизион кор мекардам. Ин надонистанњо боис ба иштибоњњо низ шуд. - Њоло гуфтед, ки фонди маоши якмоња беш аз 80 њазор буд, бо дигар расонањои чопии кишвар ќобили ќиёс нест. Зиёд мегўянд, ки Рустами Љонї бо дастгирии як гурўњии молии бузурги кишвар ин тарњро роњандозї кардааст. Мањз пўштибонии молии онњост, ки баќои рўзномаро таъмин мекунанд. Њоло чї мегўед? - Таъкид мекунам, ки то њол ќарзи рўзнома дар фаъолияти моњњои аввалашро пардохт карда истодаам… Аз як њолат ёдовар мешавам, ваќте мурофиаи додгоњии "ИмрўзNews" бо шикояти ширкати "Тољирон" оѓоз шуд, њимоятгари њуќуќии љониби "Тољирон" њуќуќшиноси ба њамаи мо шинос Иноят Иноятов буд. Он љо як вараќаи баќайдгирии шахси њуќуќї аст, ки муассиси
Рустами ЉОНЇ:
МИЁНИ РАСОНАЊОРО АНДОЗ МЕШИКАНАД Мусоњиба бо Рустами Љонї, муассиси танњо рўзномаи Тољикистон ва собиќ директори генералии "Ориёно Медиа" дар бораи шебу фарози рўзномадорї, дар садади нашри 1000-умин шумораи "ИмрўзNews" рўзнома кист? Дар њамон љаласа ба таври расмї нишон додам, ки муассис, шахси њуќуќии рўзнома кї аст. Он љо хонданд: Љониев Рустамљон Саидбурњонович... Он ваќт гуфтам, ки омодаам, муњосиботи рўзномаро ба ихтиёрашон гузорам ва ё нишон бидињам, ки кадом гурўњ моро дастгирї мекунад, ё не. Воќеан, баъзе зарфитяњои дастгириву сарпарастии ширкатњо, ки барои реклом дар радио буд, дар газета истифода мекардем. Дар рўзњои аввал сањифаи иловагии реклом нашр мекардем. Агар касе дастгирї кунад, як сол дастгирї мекунад, на чор сол. Баъди рафтани ман аз рањбарии "Ориёно Медиа" ошкор шуд, ки "ИмрўзNews" ба кї тааллуќ дорад. Шумо худ таљрибаи корро дар "ИмрўзNews" доштед, кай шоњиди дахолати муассис ба сиёсати рекдаксионї будед? Рустами Љонї субњ огоњ мегардид, ки чї дар нашрия чоп шудааст. Сиёсати редаксионие ба роњ мондем, ки директори генералї дар корњои эљодї наќше надошт. Шўрои муњаррирон фаъолият мекард. Онњо муайян мекарданд, ки кадом мавод нашр шавад, кадомаш не. Ба ёд меорам, нашри суњбат бо котиби Шўрои љамъиятиро. Ман дар љаласаи шўрои муњаррирон зидди нашри ин матлаб будам. Чор нафар нашр мекунем, гуфтанд. Пешнињод кардам, ки то субњ тоќат кунед, ки бори дигар бо он нафар суњбат кунед. Шўро овоз дод, нашр шуд. Мехоњам, ки њеч кас њаќи эљодкоронро нагирад. Њамеша мустаќил бошанд. Бе матбуоти озод дар љамъияти мо одамхурї мешавад. Агар мехоњем, ки миллату дав-
лат пеш равад, матбуоти озод бояд бошад. Як чизро зикр кунам, ки бо фаъолияти "ИмрўзNews" њатто дар њафтаномањо таѓйирот омад. Баъзе њафтаномањо њафтанома шуданд, дигар дар њафтаномањо, ки рўзи чоршанбе нашр мешаванд, хабари рўзи љумъаи гузаштаро намехонем. - Имрўз системаи пањнкунии нашрияњоро надорем, ки сари ваќт пањн кунанд. Њар рўз бозор намешавад, ки нашрияро ба дасти кампиракњои рўзномафурўш расонем. Яке аз мушкилињои рўзномаро дар системаи пањнкунї медонистанд. Шумо, ки таљрибаи беш аз чорсола доред, роњи њали ин мушкил дар чист? - Манфиати молї ин чизро ба вуљуд оварда метавонад. Рўзномаи мо бояд ба фурўшанда пул орад. Рўзе, ки рўзномаву нашрия пул оварад, ширкатњое, ки рўзномаро ба дасти хонанда мерасонанд, худ пайдо мешаванд. - Њазорумин шумораи "ИмрўзNews" нашр мешавад. Кадомин навишта, маќола бештар ба хотири Шумо наќш бастааст? - Бо шавќи зиёд навиштањои Барзу ва суњбатњои ўро мехондам. Масалан, бо Бањманёр, Толиб Шањидї, Муњиддин Кабирї, Зиё Абдулло суњбатњо карда буд. Ман ба шахсияти нависанд Бањманёр тавассути суњбати Барзу шинос шудам. Лоињаи мусоњибањои Барзу дар "ИмрўзNews" лоињаи муваффаќ буд. Ин тарњ таърихи аљиби пайдоиш њам дорад. Бо сармуњаррири ваќт суњбат кардем, ки гўшае ташкил кунем. Суњбату мусоњибањоро дар ин гўша бояд касе нависад, касе анљом бидињад, ки тамоман аз олами дигар бошад. Муаллифи тарњ аз љомеаи журналистї набошад. Интихоб сари Барзу афтид.
Ин идеяро ба ў гуфтем. Вай аввал бо тааљљуб суол кард, ки маро ба куљо тела медињед? Баъди ин ки Барзу ба муњит ва ин тарњ ворид шуд, то њол мегўяд, ки маро ба чизе омўхта кардед, ки то њанўз аз он халос намешавам. Аз навиштањои тамоми бачањо њисси ифтихорам боло мегирад. Боре собиќадорони расонањои муътабарро барои мулоќот бо бачањо даъват кардему онњо дар назди бачањои навкори мо чизи нав гуфта наметавонистанд... - Суоли маъмулї ва интињої. Њоло рўзнома худкифо аст ва харољоташро пўшонда метавонад? - Бале, се сол шуд, пулашро худаш меорад. Худаш маош медињад. Ягона чизи нохубаш - ба кисаи Рустами Љонї ягон тин намеорад (механдад) … Ба назарам матбуот, бахусус матбуоти мустаќил ба дастгирї ниёз дорад. Масалан, наметавонам нодида бигирам, ки дар Тољикистон барои бунёди биноњо ва чандин самту корњои дигар имтиёзњо дода шудааст. Ин ба он хотир аст, ки ањолї ба манзил ниёз дораду бояд бо он таъмин карда шаванд. Аммо ваќте нархи хонањоро мебинем, на дар доираи инсоф меѓунљад, на ба ягон њисоб дуруст меояд. Дар баробари ин ширкатњо, бояд ба фаъолияти интеллектуалї низ, аз ќабили расонањои электрониву чопї ва нашри китобњо имтиёз дода шавад. Онњоро бояд аз андозњои миёншикан, масалан андоз аз арзиши иловашуда рањо кард. Ин чизе аст, ки барои расонањо миёншикан аст. Миёни нашрияњоро чизе нашиканад, андоз мешиканад. Суњбати Абдуазими АБДУВАЊЊОБ, Фаридун РАЊНАВАРД
ИЌТИСОД Бонки миллии Тољикистон хостори мањдуд кардани воридоти молњои хориљие шуд, ки дар худи Тољикистон истењсол мешаванд. Ба андешаи мутахассисони Бонки миллї, мањдуд кардани воридоти баъзе аз мањсулот ба рушди истењсолоти ватанї мусоидат мекунад. Бонки миллї мегўяд, бояд дар дохил истењсоли чунин молњои раќобатпазир ба бозори љањонї зиёд карда шавад, то ќурби пули миллиро тавонем дар сатњи мўътадил нигоњ дорем. Дар пешнињоди Бонки миллї мушахасан гуфта нашудааст, ки воридоти кадом намуд мањсулот бояд мањдуд карда шавад. Танњо мегўянд, ин иќдом дар бахши њимояи истењсолкунандагони ватанї хеле сариваќтї буда, боиси зиёд шудани молњои раќобатпазири љањонї дар дохили кишвар мегардад. Мањдуд кардани воридоти баъзе намуди мањсулот дар Осиёи Марказї таљрибаи нав нест. Њамсоякишвари мо Ўзбакистон солњост воридоти якчанд намуди мањсулот, ба монанди хўрока, автомобил ва дигар намуди мањсулотро мањдуд кардааст, то истењсоли он дар дохил афзоиш ёбад. Аммо оё ин раванд барои Тољикистон чї пайомаде хоњад дошт? Метавонад истењсолоти ватаниро пеш барад ё боиси ба вуљуд омадани як бўњрони тоза мегардад?
ИЌТИСОДИ ВОБАСТА АЗ ВОРИДОТ Омори расмї нишон медињад, ки дар тиљорати хориљии Тољикистон сањми воридот нисбат ба содирот хеле зиёд аст. Агар тиљорати Тољикистон дар 10 моњи соли равон 4 миллиарду 398,5 млн. доллари ИМА-ро ташкил медода бошад, аз ин 3 миллиарду 585,3 миллионаш (68%)-ро воридот ва боќї 813,2 миллион (22%)-ро содирот ташкил медињад. Воридот нисбат ба њамин давраи соли гузашта 293,6 млн. ва содирот бошад 42,9 млн. доллар зиёд гардидааст. Тољикистон ба хориљ асосан алюминии аввалия (22,4 %), нахи пахта (11,6 %), мањсулоти меваю сабзавот (3,8 %) содир мекунад. Аз хориља ба Тољикистон асосан мањсулоти нафтї (11,6 %), воситањои наќлиёти сабукрав (5,7 %), оксиди алюминї (глинозем, 3,4 %), гази моеъ (4%), гандум (5 %), орд (1,6 %), семент (1,5 %) ва дигар мањсулот ворид мешавад. Зиёд шудани сатњи воридот ба Тољикистон ба назари коршиносони соњаи иќтисод пайомади хуб надошта, баёнгари он аст, ки рўз то рўз истењсолоти ватанї бўњронитар мешавад. Як гурўњи коршиносони соњаи иќтисод ба ин аќидаанд, ки пешнињоди Бонки миллї бамаврид аст, танњо механизми амалї кардани он дуруст муайян карда шавад. Аммо гурўњи дигар мегўянд, пешнињоди Бонки миллї нодуруст буда, мањдудкунии озодии иќтисодї мебошад. Бањром Шарипов, аз гурўњи коршиносонест, ки масъалагузории Бонки миллиро дуруст медонад ва мегўяд, бояд сари механизми амалї кардани он олимони тољик дар якљоягї бо маќомоти давлатї кор кунанд, зеро нодуруст татбиќ кардани ин раванд боиси ќим-
«
“НИГОЊ”, ЧОРШАНБЕ №39 (421), 24. 12. 2014
5
вад ва мањсулоти воридотї бозорро ишѓол кунад.
РОЊИ ЊАЛ Ё БЎЊРОНИ НАВ? Истењсолкунандаи ватании мо чи мушкилї дорад ва чаро наметавонад бозори Тољикистонро бо моли худї таъмин кунанд? Як соњибкори ватанї, ки нахост номашро зикр кунем, дар сўњбат ба "Нигоњ" гуфт, бурдани фаъолияти соњибкорї дар шароити њозира хеле мушкил шудааст. Ба назари ў, њарчанд дар ин самт якчанд ќонун ќабул шуд, аммо њоло њам њастанд он масъулоне, ки ба рушди соњибкорї халал мерасонанд: - Корхона корашро нав оѓоз мекунаду якбора аз чанд тараф "њуљум" сар мешавад. Аз андоз сар карда то "пожару" экология омада, туро тафтиш мекунанд ва намегузоранд, ки ќомататро рост кунї. Агар "таѓа"-и баќувват дошта бошї, метавонї фаъолият кунї, агар не худат
МОЛИ ВАТАНЇ
аз амал истењсол мешавад, на сухан мат шудани мањсулот ва беќурбшавии пул мегардад. - Кам кардани воридоти мањсулоти беруна ба Тољикистонро он ваќт амалї кардан мумкин аст, ки истењсоли он дар Тољикистон зиёд карда шавад ва ин мол дар дохили кишвар раќобатпазир бошад. Агар дар дохил истењсоли чунин мањсулот набошад, пас ин вазнинї ба гардани халќ меафтад. Аммо Нозим Эшонќулов, директори иљроияи Маркази бозори озоди Тољикистон мегўяд, ба ин пешнињоди Бонки миллї зид аст, зеро он мањдудкунии озодии иќтисодї мебошад ва шароити соњибкории кишварро вайрон мекунад. Ба назари ў, мањдудкунии воридоти баъзе намуди мањсулот, фасодро зиёд карда, раќобатро мешиканад: - Агар истењсолкунандаи мањаллї бе раќобати беруна монад, дар ин маврид ягон њавас барои бо нархи паст ва сифати баланд истењсол кардан њам дар вай боќї намемонад. Истеъмолкунандагон маљбур мешаванд дигар танњо аз миёни истењсолкунандагони ватанї молро дастрас кунанд. Њеч кас кафолат намедињад, ки чї ќадар мешаванд ин истењсолкунандагон, шояд кадом монополист бозорро ишѓол мекунад...
МУШКИЛОТ ДАР КУЉОСТ? Суоли дигар: истењсолоти ватанї дар кадом сатњ ќарор дорад ва мањдуд намудани воридот роњи њал буда, метавонад истењсолоти ватаниро рушд дињад? Касе кафолат дода метавонад, ки баъди мањдуд шудани воридоти бархе мањсулот нархи онро дар кишвар боло намебарад? Ба андешаи мутахассисони Бонки миллии Тољикистон, мањдуд кардани воридоти баъзе аз мањсулот ба рушди истењсоли ватанї мусоидат мекунад, зеро
Истеъмолкунандагон маљбур мешаванд дигар танњо аз миёни истењсолкунандагони ватанї молро дастрас кунанд. Њељ кас кафолат намедињад, ки чї ќадар мешаванд ин истењсолкунандагон, шояд кадом монополист бозорро ишѓол мекунад...
«
агар воридоти мањсулот аз берун мањдуд шавад, пас он њатман дар дохил истењсол мешавад ва метавонад боиси рушди истењсолкунандаи ватанї шавад. Пешнињоди Бонки миллї дар њоле садо дод, ки ахиран ќурби пули миллї дар баробари асъори хориљї, бахусус, доллари ИМА рўз то рўз ќурби худро аз даст медињад ва ахиран 1 доллар ба 5,60 дирам баробар шуд. Дар Бонки миллї ба ин боваранд, ки рушди истењсолоти ватанї боиси мўътадил нигоњ доштани ќурби асъори хориљї мешавад. Аммо коршиносони дигар мегўянд, мањдуд кардани воридоти баъзе аз мањсулот бидуни афзоиши истењсоли он дар кишвар боиси ба вуљуд омадани як бўњрони нав мегардад. Ба назари коршиносони соња њарчанд то имрўз дар самти дастгирии истењсолоти ватанї ќонуну ќарорњои зиёде ќабул шуда бошад, аммо то њол ягон механизми мушахаси амалї шудани он нест. Бањром Шарипов мегўяд, дар самти дастгирии истењсолоти ватанї фишангњои молиявї на он ќадар хуб аст, аниќтараш механизм нест, танњо гап аст. Ба ќавли ў, барои ин њама чиз ба ихтиёри худ монда шудааст ва аз ин хотир, воридот нисбат ба содирот зиёд мешавад. Ба назари ин коршинос, истифодаи омилњои нодуруст ва носањењи молиявї боиси он гаштааст, ки истењсолкунандаи ватанї ба бўњрон дучор ша-
"хоњишмандона" фаъолиятатро ќатъ мекунї. Агар ба "тафтишгарон" муќобилият кунї, пагоњаш бо "командаашон" меоянд ва фаъолияти туро "аз А то Я" тафтиш мекунанд. Албатта, кор бе камбудї нест. Коршиносон мегўянд, воридкунандагон низ соњибкор мебошанд ва мањдуд кардани фаъолияти онњо ба фоидаи дигар ширкатњо ноодилона мебошад. Ба назари Нозим Эшонќулов, ин ширкатњо низ андоз пардохт мекунанд, дар ММД-и кишвар сањм мегузаронанд, љойњои корї ташкил мекунанд ва дар ин маврид, чї камбудии доранд ва чаро бояд фаъолияти онњо мањдуд карда шавад? Аммо Диловар Њасанов, як коршиноси дигар мегўяд, мањдуд кардани воридоти ягон намуди мањсулот дар он сурат манфиатовар аст, ки истењсолоти ватанї баробари он зиёд карда шавад: - Дар сурате, ки воридотро мањдуд кунему истењсолоти ватанї зиёд нашавад, ин ба боло рафтани нарх ва таваррум оварда мерасонад ва халќ даромади худро гум мекунад. Ба ѓайр аз ин, бояд мо механизмњоеро амалї кунем, ки истењсолоти ватаниро њавасманд кунанд. Њавасмандї на дар сухан ва на дар зиёд кардани нарх, балки дар амал. Вагарна пешнињоди Бонки миллї хатарнок хоњад буд. Муллораљаб ЮСУФЇ
6
“НИГОЊ”, ЧОРШАНБЕ №39 (421), 24. 12. 2014
ПОЙТАХТ
Пойтахти Тољикистон ба таљлили Соли нави милодї омода аст. Тамоми шањр тозаву озода, фаќат њамин љо бўї пирї ва навмедї дорад, Маркази хизматрасонии маишї ва пиронсолон ва маъюбони Њукумати шањри Душанбе.. Ин љо дар њоли њозир 98 нафаранд, ки аз онњо 30 касашон будубоши доимї доранд. Аксари онњо пиронсолони бесаробон ва бељойи муаяйни зист мебошанд, ки аз манзил мањрум мондаанд. Марказ дар наздики хиёбони марказии пойтахт ќарор гирифтааст. Барои ин љо омадан, талоши зиёд даркр нест, аммо ин љо кам касон меоянд. Фаќат маќомоти назоратї... Њудуди марказ, дар муќоиса бо муассисањои дигари минтаќаї хеле хурд бошад њам, марказ дорои ќисмњои маъмурї, истиќоматї, ошхона, љойи љомашўї ва њатто њаммом аст. Дар муќоиса ба бисёре аз биноњои маъмурї дар пойтахти Тољикистон, бо вуљуди сардии зимистон, ин љо гарму роњат аст. Тавре
Аммо ин љо фазои пешазљашнї эњсос намешавад. Муњит дар арафаи Соли нав идона нест. Директори марказ мегўяд, њафтаи оянда ин љо арча оварда, биноро њам орои солинавї медињанд. Шояд донишљўён барои хурсанд кардани пиронсолон меоянд. Аммо ин љо бештар аз њама чиз,мўсафедон орзуи дастархони идонаи солинавиро доранд. Њоло дар пойтахт ќариб тамоми тарабхонањоро пешакї банд кардаанд, барои таљлили соли нав. Ва шояд касе аз гўшаи хаёлаш њам намегузаронад, ки дар Душанбе љое њаст, одамоне њастанд, ки ташкилии солинавиро метавон танњо орзу кард! "Маркази мо фаќат бо дастгирии њукумати шањр фаъолият дорад. Ягон муассиса, ташкилот, ё шахсони воќеии дигар ба мо кўмак намекунанд", мегўяд Мунаввара Сатторова. Яъне, дар мо диќќати асосиро ба кўдакону наврасон равона мекунанд, аммо дар бораи пиронсолон, ки онњо њам мехоњанд ба хурсандї
ОРЗУИ МЎСАФЕДОН гузарад. Ин љо мо љойи либосшўї, њаммом, сартарошхонаи худро дорем, аз ин рў, барои мо шуставу тоза нигоњ доштани њар нафари ќабулшуда мушкил нест. Мо тозагиро тањти назорати сахт ќарор додаем", - мегўяд Мунаввара Сатторова. Њамарўза маркази мазкур њудудан ба 100 нафар хизмат мерасонад, аммо ин љо њамагї 22 кас, бо шумули роњбари марказ кор мекунанд. Апаи Осуда, -зани нозукандоме, ки дар ошхонаи ин љо њар рўз ба 100 нафар нону ѓизо мепазад, онњоро сер нигоњ медорад, аллакай ин љо 12 сол ошпаз аст ва аз вазнинии кораш
маълум гашт, роњбари марказ, Мунаввара Сатторова чанд сол пеш тавонистааст дар ин љо дегхонаи худиро ба истифода бидињад, ки пиронро дар зимистон аз сардї эмин медорад. Бо ворид шудан ба бино, мебинед, ки он андозае камбаѓалона, аммо тоза аст. Ин љоро бањудаву бењуда орову торо надодаанд, чизи нодаркорро ин љо дида намешавад. Њарчанд ин љо асосан онњое, ки хонаву дар надоранд, ба ќавле БОМЖ-њо зиндагї мекунанд, бино бўе надорад. "Њар касе, ки ба маркази мо ќабул мешавад, аввал ташхиси тиббї ва санитариро ме-
То охири њафтаи равон дар хатсайрњои шањри Душанбе 15 троллейбус ва 50 адад автобуси нав мавриди истифода дода мешаванд. Бино ба иттилои Шавкат Саидов, сухангўи раиси шањр, бо ќарори шањрдорї ба пойтахт 15 адад адад троллейбуси тамѓаи Тролза 5275.03 "Пойтахт", 15 адад машинакомплект ва 50 адад автобуси тамѓаи "ЛиАЗ-525653" ворид шудааст. Ба иттилои манбаъ, троллейбусњои нав ба тавозуни Корхонаи коммуналии воњиди давлатии "Троллейбус"-и шањри Душанбе, дар асоси санади дахлдор, гузаронида шудаанд. -50 адад автобуси тамѓаи "ЛиАЗ525653"-и воридгардида барои исти-
шикоят намекунад, - мегўяд аллакай одат кардааст. Апаи Осуда, фаќат як ёрдамчї дорад, ки танњо бо фаррошї ва зарфшўї машѓул аст. Дар ошхона, шоњиди он шудем, ки дар зарфи ошпазї апаи Осуда 6 кг марљумак (гречкарусї) андохта, зирбак мепазад. Нону чойи гармаш аллакай тайёр буданд. Ин хўроки нисфирўзии сокинони марказ буд. Инро ѓизои шоњон ном бурдан намешавад, вале бисёри аз пиронсолон, ки зиндагии мустаќилона доранд, инро њам надоранд. Шояд бисёрињо гўянд, гумон кунанд, ки ба омадани мо - журналистон ин љо хуб омодагї
дидаанд ва барои њамин ин љо тозаву озода аст. Хато мекунанд. Омадани моро дар марказ намедонистанд. "Њоло аз буљаи шањри Душанбе барои як нафар дар як шабонарўз 8 сомонї људо мешавад. (бештар аз харољоти Вазорати мудофиа барои як сарбоз дар шабонарўз. Муаллиф) Ба мо ин маблаѓ кифоя аст, то мо пиронсолону маъюбонро хуб нигоњубин кунем. Маошамон низ чандон бад нест, то 800-900 сомонї мегирем. Барои њамин њама аз пайи кори худ аст, касе чизеро намедуздад", - мегўяд директори марказ.
ТРОЛЛЕЙБУС ВА АВТОБУСЊОИ НАВ ДАР ДУШАНБЕ фодбарї ба тавозуни ККВД "Автобус1", инчунин 25 адад машинакомплекти автобусњои тамѓаи "ПАЗ-32040205" ба тавозуни ККВД "Автобус-2" ,15 адад ба тавозуни ККВД "Автобус-3"-и шањри Душанбе гузаронида мешаванд. Шањрдори Душанбе ба директорони корхонањои коммуналии воњиди давлатии "Автобус-1", "Автобус-2", "Автобус-3" ва "Троллейбус"-и шањри Душанбе супориш додааст, то истифо-
даи маќќадноки автобусу троллейбусњои зикргардидаро тибќи тартиби муќарраргардида ба роњ монанд. Масъулин мегўянд, троллейбусњои нав барои маъюбон низ пешбинї мешавад, ки мушкилоти онњоро ба назар гирифтаанд. Ин троллейбусњо аз охири њафта дар хатсайри №1 ба фаъолият шуруъ хоњанд кард. Муллораљаб ЮСУФЇ
охири њаёти худро рангинтар созанд, њама даст афшондаанд: "Онњо умри худро аллакай дидаанд!". "Мо њам одамем! Нафаќаи кам дорем, њамагї 200 сомонї. Ба ин пул дар Тољикистон зиндагї карда намешавад. Барои њамин ин љо барои хўроки нисфирўзї меоем. Мо бисёр мехостем, ки нафаре ёфт шавад, то барои мо, мўсафедон њам љашни солинавї орояд. Ба ў бошад њатман Худо медињад!", -мегўянд сокинони марказ. Екатерина ПАСТОРОВА
ИНТИХОБОТ - 2015
“НИГОЊ”, ЧОРШАНБЕ №39 (421), 24. 12. 2014
7
Њизби демократи Тољикистон (ЊДТ) њизби №1 бояд мебуд. Њоло њукуматро бояд дар ихтиёр медошт. Аммо Амир Олимхонеро мемонад, ки барои њамеша аморати худро аз даст додааст. Шояд замоне боз нерў гирад, як њизби ќавї шавад, аммо њоло дар бораи он ин тавр намешавад гуфт... 1990 - 1992 ЊДТ 10-уми августи соли 1990 њамчун нерўи мухолифи алайњи Њизби коммунист, њизбе, ки бебањс 70 сол ќудратро дар даст дошт ва аз батни "Растохез", созмони мардумие бархост, ки њадафи сиёсї - расидан ба ќудратро надошт. Аммо ќариб як сол баъд 21-уми июни соли 1991 расман сабти ном шуд. Онро шахсиятњое, ки ќањрамони он замон буданд, назири Шодмон Юсуф, Аслиддин Соњибназаров, Бозор Собир, Рањими Мусалмониён ва дигарон, ташкил карданд. Аслиддин Соњибназаров ва Бозор Собир намояндаи мардумї, ё депутати Шўрои Олї, парлумони ваќт буданд. Онњо дар сафи нерўњои демократї дар парлумони коммунистї буданд. Аз ин ба баъд њељ як аз демократњо дигар рўи парлумонро надид. ЊДТ зери фишори Маскав, даќиќтараш атрофиёни Борис Еллтсин сабти ном шуд, вагарна рањбарияти коммунистии Тољикистон ба фаъолияти он иљозат додан намехостанд. "Адолат", ки сардабираш Имомназари Холназар буд, бештар аз як нашрияи њизбї буд. Чопи он дар кишварњои Соњили Балтик ба роњ монда шуда, сипас дар Душанбе идома ёфт. 1992 - 1997 ЊДТ - ро яке аз барангезандагони љанги дохилї номиданд. Дар гирдињамоии 53 - рўзаи майдони Шањидон фаъолона ширкат кард. Шодмон Юсуф - рањбараш ситоди "Наљоти ватан" - ро ташкил дод, ки як нињоди низомї буд. Ў ба Русия тањдид кард, ки дар њоли љонибдорї аз Фронти халќї, мактаббачагони мактаби русиро ба гаравгон хоњад гирифт. Чанд нафар њам дар мактаби № 8-и Душанбе пайдо шуда, якбора ѓайб заданд. Ин гуруњро мулло Абдуѓаффор ном шахс роњбарї мекард. Он замон кам касон дар Душанбе медонистанд, ки Шодмон Юсуф хеши наздики фармондењи дивизияи 201-и Русия, генерал Муњиддин Ашуров аст ва мулло Абдуѓаффор собиќ хизматчии ГРУ-хадамоти иктишофии Русия. ХДТ дар баробари ЊНИТ, созмондењи њамаи митингњои соли 1992 буд. Дар интихоботи президентии соли 1992 аз Давлат Худоназар љонибдорї кард, ки сабќатро ба Рањмон Набиев, ки аз Кремлин пуштибонї мешуд, бохт. Пас аз бохти низомї - сиёсї раёсати ин њизб, ба љуз чанд нафар, минљумла Аслиддин Соњибназаров ба Афѓонистон, Русия, Эрон ва Ќазоќистон фирор карда, бо ЊНИТ ва "Лаъли Бадахшон" Иттињоди неруњои мухолифини тољик (ИНОТ)-ро ташкил дод. Моњи марти соли 1993 Суди Олии Тољикистон ЊДТ - ро баст. Дар муњољират ЊДТ ба платформањои "Тењрон" ва "Алмаато" таќсим шуд. "Тењрон" бо сарварии расман Аъзам Афзалї, амалан Шодмон Юсуф даъват ба халъи силоњ ва љонибдорї аз њукумати Эмомалї Рањмон кард. Ўро демократњо љонибдорї накарданд. Чун љонибдоронашро аз даст дод, ба Австрия њиљрат кард ва то њол дар Вена умр ба сар бурда, аслан ба иншои матолиби зиддиэронї мушѓул аст. Платформаи "Алмаато" тањти сарварии Љумъабой Ниёзов хостори идомаи мубориза дар таркиби ИНОТ шуд, вале чун ХДТ
ЉУМЪАБОЙ НИЁЗОВ
МАЊМАДРЎЗИ ИСКАНДАРОВ
МАСЪУД СОБИРОВ
ЊДТ: №1 - И ТАЪРИХ, №7 - И ИМРЎЗ неруњои љангї надошт, дар ИНТ низ таќрибан нуфузе пайдо накард. 1997 - 1999 27 -уми июни соли 1997 Созишномаи истиќрори сулњ имзо шуд. Платформаи "Алмаато" дар сафи ИНОТ вориди Тољикистон шуд. Љумъабой Ниёзов узви Комиссияи оштии миллии Тољикистон буд. Чанде аз рањбарони собиќи ЊДТ, минљумла Абдунабї Сатторзода вазифањои давлатї гирфитанд. Амалан то соли 1999 ХДТ коре карда натавонист. ЊДТ пушти обрўву шањомати ЊНИТ гум шуд. 1999 - 2004 Тирамоњи соли 1999 Анљумани ЊДТ баргузор ва Мањмадрўзї Искандаров, фармондењи демократи ИНОТ роњбари њизб интихоб шуд. 3-юми декабри соли 1999 ЊДТ - ро Вазорати адлия аз нав сабти ном кард ва шањодатномаи №7 - ро гирифт. Ба эътирофи умум, Искандаров ЊДТ ро то љое муттањид кард. Нашри дубораи "Адолат" - ро ба роњ монд. Дар интихоботи парлумонии моњи феврали соли 1999 беш аз15 номзад пешнињод кард, аммо љой гирифта натавонист. Раиси њизб пўшида намедошт, ки дар интихоботи президентии соли 2006 иштирок мекунад. Замони Искандаров ЊДТ соњиби маблаѓ шуд ва баъди кормандони дафтари марказии њизб маош мегирифтанд. Искандаров охири соли 2004 аз Тољикистон фирор кард. Моњи апрели соли 2005 дар Маскав боздошт шуд. 5-уми октября 2005 барои 23 сол аз озодї мањрум шуд. Роњбарии њизб амалан ба муовини раиси њизб Рањматулло Валиев ва раиси ташкилоти душанбегии њизб Раљаби Мирзо гузашт. Раёсати њизб зери фишори пайвастаи маќомот ќарор дошт. 2005 - 2007 Рафтан ё "равондан" - и Искандаров барои њизб марњалаи тамоман ба сифр поён омадани наќши ЊДТ дар сањнаи сиёсии Тољикистонро фароњам сохт. Танњо моњи августи соли 2006 анљумани навбатии он доир шуд. Њизб бо мусоидати вазорати адлия тањти сарварии Масъуд
«
Собиров, љияни Бозор Собир гузашт. Ба иќрори худи Собиров ин кор бо њукумат мувофиќашуда буду муовини аввали раиси ЊХДТ Давлаталї Давлатов онро идора мекард. Чанде нагузашта Њизби сабтиномнашудаи љавонони прогрессиви Тољикистон тањти сарварии Саъидљафъар Исмонов ба он пайваст, аммо ин муборизањо барои рањбарии њизбро бештар кард. Собиров натавонист ЊДТ - ро муттањид кунад, маблаѓ барои нашри рўзномаи њизбї ёфт нашуд, хеле фаъолони њизбї тадриљан аз раиси нав дур шуданд. Њизб ба се таќсим шуд - љиноњњои Искандаров, Собиров ва Исмонов. 14 -уми январи соли соли 2007 анљумани њизб баргузор шуда, Саъидљафъар Исмоновро роњбар интихоб кард. Вазорати адлия ўро ба расмият нашинохт. 2007 - 2013 Масъуд Собиров дар мухолифат бо љиноњњои Искандаров ва Исмонов дар кори муттањид кардани њизб ноилољ монд. Њатто дафтари корї надошт. Маъруфият ва эътибори њизб њам поин рафт. Собиров нашрияи "Адолат" - ро ба "Ошкоро" табдили ном кард, вале он рўи чопро надид. Аммо дар ќиёс бо гузашта Собиров дар баробари сиёсатњои њукумат мавќеи воќеан як сиёсатмадори мухолифро гирифта, моњи майи соли 2012 эълон дошт, ки ањзоби сиёсї дар интихоботи президентии соли 2013 бояд номзади ягона пешнињод кунанд. 23-юми декабри соли 2012 боз анљумани ЊДТ баргузор шуд. Ин иттињоди љиноњњои Искандаров (бо дур шудани Рањматулло Валиев, онро Раљаби Мирзо ва Мамлакат Љайчиева намояндагї мекарданд) ва Исмонов буд, ки зери контроли муовини авали раиси ЊХДТ Сафар Сафаров ва пуштибонњои дигари њукуматии Исмонов фаъолият мекарданд. Ин анљуман Исмоновро рањбари њизб интихоб кард. 31-уми январи соли 2013 вазорати
САИДЉАЪФАР ИСМОНОВ
адлияи Тољикистон ЊДТ - ро тањти сарварии Сайљаъфар Исмонов бори сеюм ва тањти раќами 7 сабти ном кард. Дар интихоботи президентии соли 2013 рањбари нави ЊДТ номзадиашро пешнињод кард, сабти ном шуд, аз номзадии Эмомалї Рањмон пуштибонї карда, 1% овоз гирифт. Дар ин миёни љиноњњои Искандаров ва Исмонов њам мухолифат ба миён омад ва ЊДТ боз дупорча шуд. ИМРЎЗ 20-уми декабр дар мењмонхонаи "Гранд Њотел"-и Душанбе ЊДТ анљуман баргузор ва рўйхати њизбии худро иборат аз 4 нафар барои иштирок дар интихоботи парлумонии 2015 пешнињод кард. Дар ин анљуман њам асосан донишљўён вакил буданд ва њамчун собиќадор афроде суњбат карданд, ки то имрўз кам касе аз мављудияти онњо хабар дошт, њарчанд мегуфтанд, аз соли 1990 узви ЊДТ њастанд. Номзадњои ЊДТ инњоянд: Саидљафъар Исмонов, Таваралї Зиёев, Мањмудљон Холов ва Ањмадшоњ Комилзода. Њоло њизб дафтар, нашрия ва сомона надорад. Дар як соли ахир оид ба масъалањои матрањи љомеа изњороту баёния пахш накардааст, мавзеъгирии оммавї надоштааст. Аз навоварии Исмонов табдили додани номи нашрияи њизб ба "Истиќлол" -ро метавон ном бурд. Шояд роњбари нав мехоњад лањну иќдомњои њизбро мулоим кунад, њарчанд ин даъворо дорад, ки меросбари њамон ЊДТ - и аслї аст. Ин таъричаи кутоњи ЊДТ, њизби замоне №1 - и неруњои демократу озодихоњи тољик аст, ки нињоят ба як њизби то љое "кисагї" табдил ёфт. МАЪЛУМОТ Саидљаъфар Исмонов соли 1960 дар оилаи омўзгор дар ноњияи Фархор таваллуд шудааст. Хатмкардаи факултаи иќтисодии Донишгоњи давлатии миллии Тољикистон. Замони Љанги дуюми шањрвандии Тољикистон ширкати истењсолии дорувории "Хатлон" - ро дар ноњияи Ховалинг ташкил кард. Саидљафъар Исмонов њамчун иќтисоддон пас аз љанги дохилї дар нињодњои мухталифи њукумат - Хадамоти гумрук, Бонки миллї, Кумитаи радио ва телевизион, пулиси андоз ва Донишгоњи аграрии Тољикистон дар вазифањои гуногун фаъолият дошт. Соли 2005 "Њизби љавонони прогрессиви Тољикистон" - ро таъсис дод. Соли 2006 ба Њизби демократ пайваст ва муовини раиси ЊДТ - Масъуд Собиров таъин шуд. Соли 2007 дар пайи як анљуман худро раиси њизб эълон кард, аммо вазорати адлия ўро ба расмият нашинохт. Соли 2014 раиси ЊДТ шуд. Фаромарзи ФОЗИЛ
АЗ ИДОРА: "Нигоњ" шуруъ аз ин шумора муаррифии фишурдаи ањзоби сиёсии Тољикистонро роњандозї мекунад. Кї мардуми Тољикистонро дар парлумон мехоњад муаррифї кунад?
8
“НИГОЊ”, ЧОРШАНБЕ №39 (421), 24. 12. 2014
ТАЊЌИЌ
ЊИЗБИ ХАТАР Чаро Њизби тањрир исломї нест?
АТО АБУ РАШТА АСОСГУЗОРИ "ЊИЗБИ ТАЊРИР" Љањони имрўзаи башарї - љањони бархўрди тамаддунњо, љањони аз љониби давлатњои абарќудрат ѓасб кардани кишварњои аз љињати иќтисодию фарњанги аќибмонда, љањони мубориза тавассути васоити иттилоотї ва шабакаи интернетї аст. Љањонест, ки сияњкорон бо таблиѓи њама гуна идеологияњои тањрифкорона ва хурофотии худ миёни инсоният њисси бадбинї, нафрат, мањалгароию миллатгарої ва ќадр накардани арзишњоро ба вуљуд оварда, љомеаи инсониро носолим мегардонад ва њуќуќњоямонро поймол месозанд. Њатто барои амалї кардани барномањои сиёсї ва њадафњои нопоки худ љўёи он роњњое мешаванд, ки тавонанд тавасути истифода аз онњо ба маќсадњои нињої расанд. Хусусан, имрўз барои тањрифкорон роњи асосии бештар ба њадаф расонондани барномањои сиёсии худ ба миёни мубориза ворид кардани уламои исломї ва дар ќолаби ањком ва ќонунњои шариати исломї пиёда кардани андешањо, тарѓиби идеяњои таассубангези худ мебошанд. Аз љумлаи чунин њизбњое, ки гўиё моњиятан дар пояи ќонун ва ќоидањои шариати исломї барномаи сиёсии худро тарњрезї карда, сафи худро аз њисоби афроди аз шариати исломї воќиф набуда ороста намуда, аз номи ислом расидан ба њадафи нопокро мароми худ ќарор додаст - "Њизби тањрир" мебошад. Номи пурраи "Њизби тањрир" - "Њизб-утТањрир ал - исломї" буда, маънояш "њизби озодихоњи исломї" мебошад. Сарварии онро аввалан Ато Абу Рашта ба уњда дошта, ба рўихати он ташкилотњое дохил аст, ки аз љониби прокротураи генералї ва Суди Олии Федератсия Русия њамчун ташкилоти террористї эътироф гаштааст. Он соли 1953 дар Байтулмуќаддас таъсис ёфт. Асосгузори ин њизб Таќиуддин Набањонї (1908 - 1977) мебошад. Ў зодаи Фаластин буда, таълимоти ибтидоиро дар дењаи худ гирифтааст. Баъдан ба дорулфунуни "Ал-азњар" - и
«
Ќоњира дохил мешавад. (Маънои ал-Азњар дурахшон, тобонро дорад). "Ал-азњар" њамчун масљид дар Ќоњира бо фармони халифаи фотимї ал-Муизза соли 972 сохта шудааст. Мадрасаи назди масљиди мазкур бошад, соли 996 бунёд ёфт ва охири асри Х1 ба дорулфунун табдил мегардад, ки то имрўз дар кишварњои исломї яке аз муътабартарин ва маъруфтарин донишгоњњо аст. Њамзамон калонтарин маркази тайёр кардани ходимони дин барои тамоми мамлакатњои мусулмоннишин ба њисоб меравад. Набањонї баъди хатми ин дорулфунун ба Фаластин баргашта, ба њайси муаллим ва ќозї кор мекунад. Соли 1953 њизби худро таъсис дода, пурра роњбарии он, нашри китоб, љузвияњо, ки манбаи асосии фарњангї ва идеологии њизб мебошанд, ба душ мегирад. Соли 1955 бошад ба Набањонї њуќуќи аз кишвар баромаданро намедињанд, вале новобаста ба ин њизб фаъолияти худро дар Сурия, Лубнон, Ироќ густариш медод. Пас, ин љо метавон натиљагирї кард, ки њанўз дар њамон ваќт ба љуз Фаластин фаъолияти ин њизб доманаи худро ба дигар кишварњои исломї низ пањн карда буд. Набањонї соли 1977 дар Бейрут чашм аз олам мепўшад. Тибќи маълумоти "The Heritage Foundation" Њизби тањрир дар 40 кишвари олам фаъолият карда, дар њар як мамлакат 5 - 10 узви фидоии худро доштааст. Шумораи аъзои он даќиќ маълум набуда, тахминан ба миллион нафар мерасанд. Дар Аврупо бошад миќдори зиёди шуъбањояш дар Англия мебошанд, ки шумораи аъзоёнашон аз 9,5 то 10 њазор нафаранд. Њамчунин соли 2007 Њизби тањрир мавриди назари воситањои иттилоотї ќарор гирифт, Дар конфронси байналмиллалї, дар майдони Индонезия ќариб 100 њазор аъзоёни он љамъ омаданд. Баъди марги Набањонї роњбарии њизбро фаластинии дигар Абдулќадим Заллум ба уњда мегирад. Ў низ хатмкардаи "Ал-азњар", таблиѓгари идеяњои Набањонї буд. Машњуртарин китоби Заллум "Њамин тавр хилофат пароканда шуд" мебошад. Мањз дар давраи роњбарии ў Њизби тањрир шуъбањои худро дар Лубнон ва Урдун кушод. Шайх Ањмад, ки худ фаластинї, хатмкардаи дорулфунуни "Ал-азњар" ба њисоб мерафт, роњбарии шуъбаи њизбро дар Урдун ба душ мегирад. E бинобар сабаби хиёнат ба ватан ва дигаргун сохтани сохтори давлатї ба даст афтода, њукми ќатлро мегирад, лек он њукм бо сабабњои номаълуме иваз мегардад. Мувофиќи маълумоти матбуоту вараќањои
Њадафи нињоии ин њизб муттањид кардани тамоми мардуми мусулмон дар доираи як давлат ё худ хилофати ягона, ки онро бояд халиф идора кунад, мебошад. Аз ин љо роњбарияти њизб бањри амалї кардани ин барномаи сиёсии худ ба он кишварњое наќшаи худро тарњрезї карданї шуда, ки ањолии зиёди онро мусулмонњо ташкил медињанд. Тибќи ин наќша назархоњони он мехостанд, ки давраи тиллоии Исломро ба вуљуд оваранд.
«
худи Њизби тањрир, пас аз вафоти Заллум, дар соли 2003 шахсе бо номи Шайх Ато Абурушта раиси нави он интихоб гаштааст. Њизби мазкур аввал дар кишварњои араб ва сипас дар баъзе кишварњои мусулмоннишин ва аврупо шуъбањои худро кушода, хусусияти байнанхалќї касб менамояд. Њадафи нињоии ин њизб муттањид кардани тамоми мардуми мусулмон дар доираи як давлат ё худ хилофати ягона, ки онро бояд халифа идора кунад, мебошад. Аз ин љо роњбарияти њизб бањри амалї кардани ин барномаи сиёсии худ ба он кишварњое наќшаи худро тарњрезї карданї шуд, ки ањолии зиёди онро мусулмонњо ташкил медињанд. Тибќи ин наќша назархоњони он мехостанд, ки давраи тиллоии Исломро ба вуљуд оваранд. Чуноне, ки империализими аврупої тавониста, ки кишварњои Шарќи Наздикро ба мустамликаи худ дароварад. Агар барои амалинамоии барномаи сиёсии ин њизб ба сарчашмањо таваљљуњ дињем, маълум мегардад, ки он љињати татбиќи барнома хоста, ки се марњиларо ба асос бигирад: 1. Таъсиси љамъиятњои "Њизби тањрир". Аъзоёни он бояд бо афроди аз шариати исломї пурра воќиф буда ва тарѓибгарони он, якљоя фаъолият кунанд; 2. Шаклдињии фикри умум љињати таъсиси хилофат ва дигар консепсияњои исломї; 3. Ваќте, ки фикри умум љињати таъсиси хилофат ба як маљрое меояд, тавассути нерўњои њарбї таѓйир додани сохтори њукумат дар ин ё он кишвари исломї, мебошад. Роњбарияти њукумат дар ин вазъ ба исломиён иваз карда шуда, минбаъд давлати созмонёфта дар пояи шариати исломї идеологияи худро ба дигар кишварњои љањон интиќол дињад. Сохтори њизб мутамарказонида шуда буда, фаъолияти он аз љониби роњбарияти марказї зери назорат гирифта мешуд. Ташкилотњои миллиро бошад одатан гурўњњое, ки аз 12 нафар ташкил ёфтаанд роњбарї мекарданд. Занњо берун аз мардњо, дар алоњидагї ташкилоти худро созмон дода, фаъолият мебурданд. Хулоса, ќисматњои асосии њизб аз 5 на-
фар иборат буда, онњо сарвари хешро њамчун мушриф муаррифї мекарданд. Дар кишварњои Осиёи Марказї њарчанд фаъолити ин њизби хурофотпараст мамнуъ буд, вале мушриф он имконотеро бар худ пайдо мекард, ки аз аъзоёни дигар ячейкањои њизб маълумоте ба даст оварад. Нисбати аъзоёни наве, ки ба њизб дохил мегаштанд, чунин усуле мављуд буда, ки ин афрод бояд ду сол курси муайяншударо гузаранд, аз тамоми китоб ва маводи интишорёфта воќиф гарданд. То он лањзае, ки нисбат ба эътимоднокии худ ба њизб, савганд ёд мекунанд.
Осиёи Миёна Нуфузи ин њизб дар Узбакистон нисбат ба дигар манотиќи ин ќитъа зиёдтар будааст. Яке аз ташхисгарони вазъи сиёсї, иќтисодию фарњангии Осиёи Миёна Виталий Пономарев дар китоби худ "Ислом Каримов ба муќобили Њизби тањрир" тасдиќ мекунад, ки Њизби тањрир дар Тошканд соли 1995 ба ќайд гирифта шудааст. Аммо мувофиќ ба маълумотњои омории Узбакистон љонибдорони ин њизб њанўз солњои 90 -ум хоста, ки барномаи худро дар ин кишвар пиёда созанд. Агар нисбати чи тавр ба фаъолият оѓоз кардани ячейкаи аввалини ин њизб дар Узбакистон даќиќ маълумот доданї шавем, иттилои сањење ба даст оварда наметавонем. Чунки дар ягон сарчашмањои иттилоотии ин кишвар нисбати фаъолияти ячейкаи аввалини њизб маълумоти даќиќе нест. Лек чи тавре њукумати кишвар хабар додааст, таблиѓар ва поягузори Њизби тањрир дар Узбакистон шањрванди Урдун Салоњиддин буд, ки тавониста соли 1995 фаъолияти худро дар ин кишавр оѓоз бахшад. Исботи ин ошкоро пањнкунии нашрия ва маводи чопшудаи њизби мазкур дар масљидњои шањрњои Тошканд ва Ќўќанд, хусусан миёни љавонон, метавонанд бошанд. Зеро, баъд аз он, ки аъзоёни ин њизб тавонистанд рўњияи љавононро ба таълимоти худ гаравонанд, љавононон худро њамчун "Њизб-ут
“НИГОЊ”, ЧОРШАНБЕ №39 (421), 24. 12. 2014
БЕ ПАРДА
9
Зодаи кї ва чї? Њизби тањрир њарчанд худро дар асоси шариати исломї ташкилёфта мењисобад, вале аќидањои пайравонаш зидди ислом, бадном ва сияњ кардани ислом ва тавассути зархаридони аврупої бо роњи таъсиси хилофати ягона бенизомї ворид кардан байни мусулмонњо мебошад. Исботи ин далелро "эътироф наёфтани таълимоти он дар кишварњои халиљи Форс ва мамолики араб ва аз љониби аврупоиён сармоягузорї кардани он мекунад. Зеро зиддиисломи будани ин њизбро тамоми уламмо ва чењрањои намоёни фарњанги исломї: Муњаммад Ќутуб, Шайх Бен Боз - муфтии Арабистони Саудї, шайхи Ал-Азњар шайх Тантовї, шинохтатарин фаќењи муосир доктор Юсуф Ќарзовї ва дигарон тасдиќ намудаанд. Имрўз њар яке аз мо ањли мусулмон, хусусан љавонон, ки калбњои тоза ва имони пок дорем ва бо шунидани номи ислом хоњони ба он хидмат карданро дар замир мепарварем, бояд њушёрию зиракиро аз даст надода, зудбоварона њар гуна аќидаро напазируфта, ба идеологияи ифротгароёна нагаравем. Зеро, Њизби тањрир љонибдори ислом нест ва дохил шудан ба он хизмати содиќона кардан ба ислом намебошад. Ин њизб наќшањои сиёњ ва бадномкунандаи чењраи ислом, овардани тирагї ва торикї ба
Тањрир" ё худ "Њифс" муаррифї карданї шуданд. Њамин тавр, љавонони узбакистонї ба ин њизб шомил гардида, зери таъсири таблиѓгарони Њизби тањрир ошкоро муќобили "њукумати бехудоён" - и Узбакистон мубориза бурданро оѓоз карданд. Њамзамон онњо таъсиси хилофати ягонаро таблиљ карда, сиёсати пешгирифтаи "душманони ислом", аз љумла ИМА ва Изроилро мавриди муњокимаи љалсасањои худ ќарор доданд. Назар ба дигар кишварњо дар Узбакистон пайравони ин њизб вобаста ба дараљањои дошта муаррифї ва эњтиром доштанд. Аз љумла, мансабњоро ба њафт дараља таќсим карда буданд, ки иборатанд, аз: 1) муътамад (роњбари асосї); 2) маъсул (роњбари ташкилоти вилоятї); 3) мусоид (ёрдамчии масъул); 4) наќиб (сардори ноњия); 5) наќиб ёрдамчисї (ёрдамчии наќиб); 6) мушриф (роњбари як ё чанд гурўњи таълимї); 7) дорис (шунаванда). Њамчунин ячейкаи аввалини њизб - њалќа унвон дошта, он аз 5 нафар иборат буд. Дар рафти муњокимањо аъзоёни ячейкањо чунин вазифадор карда мешуданд, ки ба масљидњо рафта, љузвия ва маводи мураттабкардаи њизбро миёни љавонон пањн кунанд. Он љавоне, ки 4 љузвияи пешнињодшударо мутолеа карда, аз њадафњои њизб огоњ меёфт, баъдан барои шомил шудан ба аъзогї тавсия дарёфт мекард. Агар љавони гумроњ ризоиятмандии худро медод барои эътимоднокиаш савганд ёд мекард ва сипас ба ў дараљаи њафтум - дорис (шунаванда) љоиз медиданд. Дар Тољикистон фаъолияти ин њизб тамоман манъ аст. Аммо тањти таъсири тањрифкорони узбекистонї ин њизб тавониста, ки аз миёни љавонон ва афроди гуногуни гумроњшудаи кишвари мо аъзоёни худро пайдо кунад. Аввалан ќисми зиёди аъзоёни асосии ин њизбро дар Тољикистон шањрвандони вилояти Суѓд ташкил медоданд. Баъдан тавассути истифода аз онњо роњбарони њизб тавонистанд, ки идеологияи худро дар дигар минтаќањои кишавр пањн карда, аз њисоби нафарони бетаљриба, сатњи маърифати пастро соњиббуда, худро пайдо кунанд. Њарчанд имрўз чанд нафар будани онњо дар Тољикистон даќиќ маълум нест. Ин њизб аз оѓози пайдоиш худро њамчун њизби сиёсии дар пояи шариати исломї таъсисёфта эътироф менамуд. Маќсади асосии худро бошад барои таъсир расонидан ба мусулмонон барои баргашт ба исломи давраи Пайѓамбар (с) ва пањн кардани шариати исломї дар тамоми олами инсонї равона дошта. Агар амиќтар таваљљуњ намоем чунин ба назар мерасад, ки бунёдгарони ин њизб таълимоти худро чунин тарњрезї кардаанд, ки дар назари аввал гўиё комилан таљассумгари шариати исломї аст ва ќонунњои шариатро татбиќ мекарда бошад. Аз гуфтор ва таблиѓоташон низ бармеояд, ки ашадитарин њимоякунандаи ислом ва эњёкунандаи суннатњои исломї бошад. Аммо њадафгирињо инъикос ме-
доранд, ки таълимот наздикии комил ба ислом, ба китоби муќаддаси Ќуръон ва њадис надорад. Идеологњои ин њизб ањком ва ќоидањои шариатро тибќи фањмиши худ мавриди баррасї ва тањлил ќарор дода, исломро, ки дини покиву ростї, сулњу салоњ, бародарию баробарист, њамчун як дини тунду оштинопазир ва инкоркунандаи њамаи арзишњои башарї нишон медињанд, ки ин бадтарин амали зишти назархоњони Њизби тањрир мањсуб меёбад.
«
Дар Тољикистон фаъолияти ин њизб тамоман манъ аст. Аммо тањти таъсири тањрифкорони узбекистонї ин њизб тавониста, ки аз миёни љавонон ва афроди гуногуни гумроњшудаи кишвари мо аъзоёни худро пайдо кунад. Аввалан ќисми зиёди аъзоёни асосии ин њизбро дар Тољикистон шањрвандони вилояти Суѓд ташкил медоданд.
"Демократия - куфр аст" Оё идеологияи Њизби тањрир воќеан ба шариати исломї мувофиќат мекунад ё худ пайравони он исломро танњо њамчун сарманшаи идеявї бањри амалисозии барномаи сиёсии худ мавриди истифода ќарор додаанд? Љавоби сањењ ин аст, ки идеологияи Њизби тањрир комилан исломї нест. Идеологияи он тањрифкорона, хурофотї буда, њадафи асосии он ворид кардани бенизомї миёни мардуми мамолики исломї ва њисси бадбиниро барќарор намудан байни давлатњои дигари љомеаи башарї нисбати ислом ва давлатњои исломї мебошад. Бахусус, љонибдорони ин њизб дар низоми идораи давлатии исломї њељ гуна машварат ва шўроро намепазиранд. Аз љумла, поягузори он Таќиуддин Набањонї дар китоби "Демократия низоми куфр аст" иштироки мардумро дар таъйини сиёсатгузории давлатї, фаъолияти органи машваратї (парламент) ва њатто овоздињии умумиро ба ислом бегона дониста, онро комилан рад мекард. Њамзамон мувофиќ ба идеологияи Њизби тањрир ислом њељ гуна озодињо, хусусан, озодињои фардиро эътироф намекунад. Ин гуна нуктаро Набањонї дар китоби худ чунин дарљ дошта, ки аз чор навъ озодињои умумии демократї, яъне озодии эътиќод, озодии раъй, озодии моликият ва озодии шахсият, њељ навъе дар ислом вуљуд надорад. Ин аќида пурра сањв буда, њатто як оят, ояти 32 аз сураи "Нисо" - ро барои ради он мисол овардан басанда аст: Мардњо (дар зиндагї) њарчї касб мекунанд моли эшон аст, занон низ њарчї ба даст меоранд, мутааллиќ ба худи онњост. Яъне ислом њанўз њаќќи моликиятро ба зану мард 1300 сол пеш аз ин дода буд, њоло он ки дар Аврупо танњо охири асри Х1Х ва дар Испания миёнаи асри ХХ баъд аз фавти Генерал Франко зан расман њаќќи доштани моликиятро ба даст овард. Мувофиќи аќидаи пайравони ин њизб ислом гўё њамзистии аќидањо, тамаддунњо ва фарњанги башариро инкор мекунад. Муътаќид бар он буданд, ки мусулмон ба аќидаи дигар афрод, ки арзишмандтар ва пазируфтанист созиш надошта бошад. Аммо онњо ба инобат нагирфтаанд, ки аз ибтидо ислом тарафдори сулњ, њамзистии маслињатомези аќидаю фарњангњои гунгун буда, пайравони худро ба ин самт равона менамуд. Њамзамон аз њуљљатњои ин њизб чунин маъ-
лумот ба даст меояд, ки њукумати кишварњои исломї гўё дар асоси шариати исломї идора нашуда, ѓайришариатианд. Яъне, дар онњо ањком ва ќонунњои шариати исломї ба инобат гирифта намешаванд. Бинобар ин онњо конститутсияи худро тарњрезї кардаанд, ки аз 187 модда иборат мебошад ва дар он масъалањои иќтисодї, соњаи маориф, муносибатњои оилавї, хусусан байни зану мард, њуќуќњои зан дар зиндагї таљассуми худро ёфтаанд. Аз љумла, ќайд шудааст, ки зан њуќуќ ба моликият, овоз додан, ба корњои савдо машѓул шудан ва ѓайраро дорад. Њизби тањрир исломро дине мебинад, ки барои инсон њељ гуна њуќуќу озодињоро раво надида, њамзистии аќидаю фарњангњоро ќабул намедорад, ба њокимияти халќї комилан муќобил аст, яъне раъйи мардумро дар интихоби номзадњо ба инобат намегирад ва ѓайра. Бинобар ин, ваќте мо ањли мусулмон муќобил ба ин идеяњои носозгор ва мухарриби љомеа баромад накунем ва барои фарзандон фазое муњайё гардонем, ки таассубгарон онњоро дар рўњияи аќидаи тундравона мусаллањ созанд, дар зењнашон њисси бадбинї, хусуматро нисбат ба волидайн, ватан, дўст, бародар барќарор гардонанд, пас, онњо њам аз асли ањком ва шариати исломї бехабар монда ва њам барои дарки моњияти худ ва пешрафти љамъият љањду талош варзида наметавонанд.
«
фазои солим ва њаёти осоиштаи мардуми кишварњои мусулмоннишин дорад. Аз ин љода даъвати њамарўзаи њукумат, вазоратњо ва донишгоњњо аз љавонон, афроди гуногун иборат аз он аст, ки дар доираи ањли сунат ва љамоат ва дар пайравии мазњаби њанафї амал карда, бањри тањкими истиќлолият, ободии кишвар, рушди соњаи маориф сањмгузор шуда, аз равияњои тундраву харобкунанда ва оштинопазири љомеа дурї ихтиёр намоянд. Имрўз дар тамоми минтаќањои кишвар ифротгароёни узбекистонї, ки таблиѓгари идеалогияи "Њизби тањрир" мебошанд, љавонони ба камолрасидаи тољикро ба сўи гумроњї бурда, ба сафи худ њамроњ карда, њамзамон ба муќобили бародарони худ ба набард омода месозанд. Аз ин рў, љавонони огоњ бояд бо эњтироми зиёди ватандорї ва ободи кишвар побанди таблиѓоти идеологияњои ин њизб нагашта, њамчунин хамќадам ва њамсолони худро аз гумроњї, пайваст шудан ба ин њизби тањрифкор боздоранд. Зеро, модар, ватан, миллат, Тољикистон барои њар як тољикистонї азиз аст ва якпорчагии онро сидќан бояд њифз гардад. Бад-ин минвол њар як шањрванди солимаќл бояд дуруст дарк кунад, ки барномаи сиёсии ин њизб ба таълимоти исломї мувофиќат намекунад ва дар худ хусусияти хурофотпарастї ва низоъангезї дорад. Њизби тањрир аз љониби душманони ислом ба хотири бадном ва беќадр кардани дини мубини ислом ташкил шуда, аз тарафи онњо дастгирї меёбад. Њамчунин барои љомеаи соњибистиќлоли мо пањншавии ин њизб њамаљињата хатарнок аст ва метавонад миллатро носолим созад. Аз лињози ќудратї ва њушёрию зиракї мо ањли аќлу фањм ва љавонон љињати пањншавии ѓояњои ноадолатона ва иртиљоии ин њизб мубориза барем. Бинобар ин, ба хотири лафзи ширини модарї, хоки пок ва муќаддаси Ватан, якпорчагии он, устувории истиќлолияти давлатї, фазои осоишта ва сулњу суббот мо афроди љомеа, хусусан љавонон ба идеологияи таассубангези ин њизб нагаравида, аќли солим ва маърифати комилро сармашќи њалли масоили падидомада, њисобем. Бобољон САМИЕВ доктори илмњои фалсафа, профессор, Бердиев ШОЊНАЗАР номзади илмњои фалсафа, дотсент
10
“НИГОЊ”, ЧОРШАНБЕ №39 (421), 24. 12. 2014
СИЁСАТИ КАЛОН дорад. Ин нашрия нуќтаи назари намояндаи мухолифони Башор Асадро дар мавриди ташаббусњои Русия ба ришханд мегирад ва менависад, ки "аслан Маскав бо даъвати мухолифон барои оштї бо њукумати футуррафтаи Асад ба њоли онњо механдад. Вале мо намедонем, чаро мухолифон њамеша худро вориди домњои фиреб мекунанд". Дар як матлаби нашрияи лубнонии "Al-Mustaqbal" дар бораи идеологияи нави давлатмардони Русия сухан меравад ва муаллиф онро идеологияи нав, омехтаи аљоиб ва ѓароиби мероси боќимонда аз Шўравї, низоми шоњаншоњї ва таълимоти православї медонад. Инро Путин ба хотири баќои њокимияти худ сохтааст ва бо ин васила воќеияти њамроњкунии Ќримро мехоњад њаќ нишон дињад. Вале дар наздиктарин фурсат таназзули пешгўинашавандаи иќтисодї ин кишварро интизор аст.
шуд. Њар ќутии мурч дар Маскав 350 рубл аст. Аз бандар то Маскав он ба 3 доллар интиќол меёбад ва боз сарфу харољоти дигар дорад. Яъне, ман аллакай дар ростои интиќол зарар мебинам ва ба ин масрафоти истењсол ва бастабандии он дохил намешавад", - мегўяд Ронен Шлахт, яке аз бузургтарин тавлидкунандагон ва содиркаунандагони мурч дар "Исроил". Ѓайр аз ќаламфур боз 90 дарсад картошка, шалѓамча ва сабзии "Исроил" ба Русия интиќол меёбад. То ин замон 3040 дарсади мањсулоти тавлидшуда ирсол шудааст ва фермерњо намедонанд ба ивази он аз муоњада чї ба даст меоранд ва мањсулоти боќимондаро чї кунанд, ки зарараш бештар аз њадди интизор набошад. Њарчанд медонанд, ки роњи дигар вуљуд надорад. "Мо дар садади анљоми ѓунучини њосили мурч њастем, вале соњибкорони рус дигар майл надоранд онро биха-
"ПУТИН ТАРЊИ "Б" НАДОРАД" Дар њошияи нишасти матбуотии Владимир Путин, президенти Русия, ки ќариб 4 соат давом кард Дар дањумин нишасти матбуотии тўлонии худ президенти Русия Владимир Путин талош кард аз хеш пешвои бебадал барои кишвар тарошад. Ба њама суолот ба шевае посух дод, ки гўиё мушкилоти имрўзае, ки кишварашро домангир шудааст, хеле муваќќат аст. Њатто дар оѓоз вай таназзули иќтисодиву беќурбшави рублро дар марзи дусола ба риштаи тањлил кашид. Вале каме баъдтар гуфт, ки ин метавонад беш аз як сол ба дарозо накашад. Тањдидњову тањримњои ѓарбї ва беќурбшавии пули русиро "пардохти хоњиши ягонаи Русия барои њифзи миллат чун тамаддун, давлат ва њукумат" номид. Ин нишасти матбуотї дар пасманзараи буњрони фазояндаи иќтисодї, беќуршавии бесобиќаи пули миллї зарфи як дањсолаи охир, камшавии захирањои асъор, болоравии ќурби доллар ва евро баргузор мешуд. Њамзамон бо ин овозањо ба сурати пароканда дар бораи омодагињо ба табаддулоти давлатї дар Русия меафзоянд ва он аллакай аз сањифањои матбуоти хориљї ба матбуоти дохилї мекўчад. Путин дар ин нишасти матбуотї аз посух ба ин савол худро амалан канор кашид. Ваќте хабарнигори Рейтер гуфт, наздикони президент баъзан мекўшанд љурми бадшавии вазъи иќтисодиро ба сари Путин бор кунанд, сарвари Русия талаб кард, ки бо ному насабашон њарф занад. Табиист, ки касе наметавонист њатто дар сурате њам, ки исми он шахс барояш мушаххас бошад, аз ў ном гирад. Вале Путин исрор наварзид, ки журналист иштибоњ мекунад, балки кўшид аз посух дурї љўяд ва ин худ баёнгари он нукта аст, ки Путин ин гуна нигаронї дорад.
ДАР ИНЗИВОЪ Вале ин танњо афкори доирањои њоким ва ќишри љонибдор аз сиёсатњои њукумат дар Русия аст. Пасманзараи хушбинињои путинї чизи дигаранд ва афкори тањлиливу тањќиќиро метавон аз
нашрияњои хориљи ин кишвар дарёфт. Њарчанд касе бар ин назар нест, ки Путин њамакнун дар як курсии ларзонак нишаставу имрўз ё фардо сарнагун мешавад, вале ба салтанати ў баъди ду соли оянда пайѓоми коршиносии суќут дода мешавад. Чуноне иќтисодшинос Даниел Аниж дар IHNED.CZ менависад, "...тањримњо воситаи нобудсозии Маскав нестанд. Вале он бояд то замоне њифз шавад, ки президенти Русия дарк намояд, ки ваќти ист фаро расидааст". Шорењи маљаллаи ECHO24 Ленка Зламалова бар ин назар аст, ки иќтисоди Русия ва дар маљмуъ мањсулоти хоми содиротии онро дигар касе наметавонад наљот дињад, на Путин ва на назорати хуруљи сармоя. Ба назари ў, ширкатњои Русия акнун аз сармояњои Ѓарб бурида шуданд, ихтисори љойи кор шуруъ шудааст ва бекорї ављ мегирад, сатњи зиндагонии ањолї поин меравад. "Путин тарњи Б надорад, зеро вай амалан ваќти тањияи онро надошт. Љомеаи љањонї президенти Русияро ба куљаке ѓелондааст ва акнун саволи матрањ он аст, ки вай чї гуна амал мекунад, то аз ин мањдуда хориљ гардад. Мошини таблиѓотии Путин бо тамоми нерў ба кор шуруъ кардааст, то ин ки эњсоси хашму ѓазаби сокинони Русияро ба душмани тахайюлии ѓарбї бедор созад".
МЕРОСБАРИ ШЎРАВЇ Путин замоне ба саволњои хабарнигорон посух мегуфт, ки тањлилгарон мавќеъи байналмилалии Маскавро дар њалли буњронњои љањонї ба заъф гароида ба ќалам медињанд. Баъди дахолати ошкор дар умури Укроин, ѓасби Ќрим ва пуштибонї аз људоихоњони ин кишвари њамсоя њарфи Кремл дар њалли буњронњое чун буњрони Сурия дигар ношуниданист. Муаллифи маќола дар "AlHayat" бар ин назар аст, ки Русия дигар наметавонад буњрони Сурияро ба нафъи худ њалл кунад. Ва Димишќ њам кишварро идора намекунад, њукумати Сурия комил зери таъсири Эрон ќарор
Дар он нишасти матбуотї аз аввал то ба охир президент Путин тавре вонамуд сохт, ки вазъ дар кишвараш идорашаванда ва буњрон тўлонї нест, вале тањлилњои коршиносона ишора ба он доранд, ки наметавон ба арзёбии путинї домани умедњоро бо чормаѓзи пуч пур кард. Ин буњрон хеле идомадор меояд ва аллакай таъсири он ба иќтисоди љањонї беш аз њар ваќти дигар эњсос мешавад. Аммо кишварњои тањримгар чун њадафи барандозии низоми путинии идорї дар Русия доранд, алњол мекўшанд дар тањримњои худ њатто бар зарари хеш ташдид бахшанд, то ба нияташон муваффаќ оянд. Дар ин росто ду кишваре бонги изтироб мезананд, ки аз бозорњои Русия интизороти зиёд доштанд ва њам сиёсатњои онњо аз сиёсатњои брюселї фарќ мекунанд. Инњо Туркия ва Исроил мебошад, ки њатто ахирї аз суќути соњаи кишоварзии худ изњори нигаронї мекунад, чун ин соња дар давлати яњудї бештар ба бозорњои Русия мутобиќ гардонида шудааст.
"ТАВОН НАДОРАНД..." Тавре тањлилгари нашрияи "Calcalist "Давид Рафаэли менависад, соњаи кишоварзии "Исроил" аз сабаби буњрон дар Русия дар остонаи суќут ќарор дорад. 7080 дарсади мурч ё ќаламфури ширин барои содироти он ба Русия кишт мешавад. Бино ба иттилои расмї, 650 њазор тонн мањсулоти кишоварзї ба маблаѓи назик ба 300 миллион доллар аллакай бар зарари дењќони яњудї тамом шудааст. Ин шабу рўз ављи љамъоварии њосили мурч аст, вале соњибони он аз як фалокате њарф мезананд, ки ду-се моњ пеш тасаввурношуданї буд. "Њатто агар ман ин мурчро мегузоштам, ки дар сањро бипўсад, камтар зарар медидам. Ваќте мо барои мавсими имсола муоњада имзо мекардем, доллар 35 рубл арзиш дошт. Аммо имрўз он комилан ќурби худро аз даст дод. Субњи имрўз њар доллар ба 61 рубл иваз мешуд, аммо бо гузашти як фурсати хеле кутоњ он ба 80 рубл наздик
ранд, зеро иќтидори харидорї дар Русия якбора коњиш ёфтааст. Бадтар аз ин умдафурўшони рус наметавонанд аз шабакањои фурўши чаканаи амвол пул ба даст оранд. Ва ин ба мо низ таъсир мерасонад", изњор доштааст Меир Тсур, раиси Иттињоди дењќонони "Исроил". Ин њама дар њоле рух медињад, ки давлати яњудї бо Аврупо мушкил дорад. Мањсулоти онро бар асари тањримњо ва даъватњои фаъолони љомеаи шањрвандї дар ин кишварњо дар њолатњои истисної мехаранд. Ба маънии дигар "Исроил" бино бар сиёсати хасмонааш нисбати Фаластин дар мамолики Аврупо гирифтори тањримњои љомеаи шањрвандии ин кишварњост. Аз ин рў танњо мамлакате, ки бидуни истињола аз мањсулоти он бањра мебарад, ин Русия аст. Суќути иќтисодии Русия дар соли 1998 Туркияро назар ба буњрони осиёии соли 1977 бештар ларзонд. Замоне, ки рушди иќтисодии Русия 5,9 дарсад коњиш ёфт, дар Туркия тавлиди нохолиси дохилї 4,7 дарсад поин омад. Ин далели он аст, ки таъсири иќтисоди Русия ба Туркия хеле эњсосшаванда аст. Ин аст, ки агар имсолу соли оянда низ иќтисод дар Русия рў ба касодї орад, он Туркияро низ ба умќи худ мекашад. Рамазон Тош (коршиноси шуъбаи иќтисоди донишгоњи Сулаймон Шоњ) мегўяд, Русия уњдадорињои худро дар мавриди Укроин иљро накард ва њоло ноилољ аст ин њамаро љуброн кунад. Маскав кўшид Укроинро дар пеши чашми ањли олам фуру барад. Вале системаи љањонї нишон дод, ки ин иштибоњи таърихї љуброни амал мехоњад. Ин аст, ки соли 2015 барои Туркия соли мушкиле хоњад буд. Аз ин рў кишвари моро лозим меояд њамаро аз вараќи тоза шуруъ кунад ва суботу амниятро дар дохили кишвар устувор нигоњ дорад. Туркия бояд бори дигар як кишвари демократї, њуќуќбунёд ва рушдёфта боќї бимонад".
Бобољони ШАФЕЪ
ВОКУНИШ Таѓйирёбињои ќурбие, ки дар бозори дохилии асъор дида мешаванд, танњо хос ба Тољикистон набуда, ин њолат дар аксари он давлатњое, ки ба ин ё он навъ бо иќтисоди Русия пайвастагї доранд, низ ба мушоњида мерасад. Љоиз ба зикр аст, ки аз аввали соли равон то ин дам таъсири фишорњои ќурби асъор дар аксари кишварњои минтаќа, бахусус дар Русия ва Украина ба мушоњида мерасад. Бино ба маълумоти бонкњои марказии ин кишварњо, ќурбњои рубли Русия ва гривнаи Украина (аз аввали моњи январ то 20 уми ноябри соли 2014) нисбат ба доллари ИМА мувофиќан ба андозаи 42,3 фоиз ва 84,7 фоиз коњиш ёфтанд. Инчунин, тангаи Ќазоќистон 17,1 фоиз, соми Ќирѓизистон 17,0 фоиз, рубли Беларус 13,6 фоиз, сўми Ўзбекистон 8,6 фоиз ва драми Арманистон 2,6 фоиз нисбат ба доллари ИМА беќурб шудаанд. Дар ин муддат ќурби пулњои кишварњои хориљи дур низ ба чунин коњишёбї дучор омаданд, масалан йени Љопон 11,6 фоиз, реали Бразилия 10,6 фоиз, евро 9,8 фоиз, риёли Эрон 8,0 фоиз ва франки Швейтсария 7,6 фоиз. Яке аз сабабњои асосии ин таѓйирёбињо пеш аз њама дар сатњи паст рушд ёфтани иќтисодиёти љањон, ки ба кам шудани маљмўи талабот ва даромади асъор аз содироти ашёи хом овардааст, алоќамандї дорад. Дар Љумњурии Тољикистон, ки хос сиёсати иќтисоди кушодаро пеш гирифтааст, таѓйирёбии ќурби пули миллї низ зери таъсири омилњои берунї ва мавсимї сурат гирифта истодааст. Аз љумла, ќурби расмии сомонї барои 1 доллари ИМА 6,6 фоиз поён рафта, ќурби наќдии хариду фурўши доллари ИМА дар нуќтањои мубодилаи асъори љумњурї бошад, мувофиќан 7,2 фоиз коњиш ёфт. Дар баробари ин, агар ќурби пули миллиро нисбат ба дигар асъори асосии хориљї, ки дар бозори дохилї гардиш доранд, муќоиса кунем, маълум мегардад, ки сомонї баръакс устувор гардидааст. Чунончи, нисбат ба рубли русї 25,7 фоиз ва нисбат ба евро 3,0 фоиз. Ба андозаи назаррас шиддат ёфтани ихтилофњои геосиёсї дар љањон, таъсири бардавоми буњрони сиёсию иќтисодї дар кишварњои шарикони савдо (Украина ва Русия) ва оќибатњои он ба ављ гирифтани фишорњои ќурбї дар худи ин кишварњо ва дигар кишварњои минтаќа таъсир расонид. Зеро, муносибатњои иќтисодию молиявии кишвари мо, бахусус бо Русия хеле наздик буда, коњишёбии ќурби рубли русї нисбат ба доллари ИМА бевосита ба паст гардидани њаракати фаромарзии сармоя ва њаљми интиќоли пулї дар арзёбї бо доллари ИМА сабаб шудааст. Дигар ин ки таѓйир ёфтани сиёсати бонки марказии ИМА - Низоми Захиравии Федералї (FRS) пешнињоди пул ва доираи Барномаи њавасмандкунии пулиро мањдуд намуд, ки бевосита дар саросари љањон ба коњишёбии вуруди сармояи хориљии долларї сабаб гашта, дар иќтисодиёти кишварњои рў ба инкишоф фишорњои ќурбиро зиёд намуд. Лозим ба ёдоварист, ки чунин созмонњои бонуфузи байналмилалї, аз ќабили Хазинаи байналхалќии асъор ва Бонки љањонї низ дар маърўзањои худ раванди кунунии таѓйирёбињои ќурбї дар саросари љањонро бештар ба ин гуна омилњои берунї арзёбї намуданд, ки метавонад то 60-80 фоиз коњиш ёфтани вуруди сармояи хориљї, пеш аз њама ба мамлакатњои рў ба тараќќї гардида, ба устувории молиявию иќтисодии кишварњои мазкур таъсири љиддї расонад. Гуфтан ба маврид аст, ки ќурбњои асъор табиатан бузургии хеле њассос буда, тањти таъсири на танњо омилњои макроиќтисодї, балки омилњои зиёди иќтисодї, молиявї, сиёсї, мавсимї ва интизорї, ки ба талаботу пешнињоди асъор дар бозор таъсир мерасонанд, ќарор доранд. Њар як омил ху-
«
“НИГОЊ”, ЧОРШАНБЕ №39 (421), 24. 12. 2014
11
ПУЛИ МИЛЛИРО ДАСТГИРЇ КУНЕД! Ё худ чї тавр овозаву дарвоза арзиши долларро боло мебарад? сусияти хоси худро дорад ва таъсири он ба талабот ва раванди ќурбофарии бозор гуногун аст, ки ин як ќоидаи маъмулї ба шумор меравад. Дар аксари кишварњои љањон ба ќурби асъор дар маљмуъ ду омил бештар таъсир мерасонанд: Якум - омили макроиќтисодї, ки пеш аз њама дар фарќияти њаљми содироти молу мањсулот (фурўши онњо ва ба даст овардани захирањои асъорї) ва воридот (хариди онњо аз хориљ ва пардохти арзиши онњо аз њисоби манбањои дохилї) инъикос мегардад. Ин дар тавозуни савдои Љумњурии Тољикистон аён мегардад, ки касри он дар 10 моњи соли љорї ба 2,8 млрд. долл. ИМА расида, ба сатњи ќурби пули миллї таъсири бевосита мерасонад. Ин маънои онро дорад, ки харољотњои иќтисодиёти мо аз даромадњо дида куллан зиёдтар буда, асъори хориљии ба љумњурї воридшаванда асосан барои воридоти молу ашё ва таъмини талаботи ањолї харљ карда мешавад. Бояд эътироф намуд, ки алњол љумњурии мо дорои иќтисодиёти воќеан раќобатнок, ки тавонад бо истифода аз иќтидори баланди содиротии хеш талаботи бозори дохилии худро пурра ќонеъ гардонад, нест. Яку-якбора иќтисодиёти мустаќилро созмон додан аз имкон берун аст, зеро ин раванд муњлати тўлониро талаб мекунад. Таљрибаи аксари мамлакатњо нишон медињад, ки барои амалї намудани чунин ислоњот муддати беш аз 20-30 сол зарур аст. Сарфи назар аз ќафомонии баъзе аз бахшњои ислоњот ва камбудињои љойдошта, иќтисодиёти миллиамон тадриљан рў ба тараќќї нињода, мунтазам истењсоли мањсулоти дохилї низ меафзояд. Дар амал татбиќ намудани механизми равзанаи ягона, соддагардонии низоми андозсупорї, кам кардани таъсир ва дахолати маъмурии маќомотњо, рушди институтсионалї, боло бардоштани сањми бахши хусусї ва дигарњо аз љумлаи ис-
Аз ин рў, Бонки миллии Тољикистонро зарур аст, ки дар доираи имкониятњои мављуда барои бартараф кардани таѓйирёбии аз эътидол беруни таъсири фишорњои ќурбї ба сатњи нархњо ва низоми молиявии кишвар, бахусус њаннотї дар бозори дохилии асъор чорањои зарурї, аз љумла мудохилањои асъориро анљом дињад.
«
лоњотњое мебошанд, ки барои ба сатњи кифоягї расонидани истењсолоти дохилї равона карда шудаанд. Дуюм - омили интизорї, ки ба њолати иќтисодиёт мустаќиман алоќамандї надорад ва танњо пайдо шудани њолати афзоиши майлу хоњиши шањрвандон, ширкатњою корхонањоро барои хариди асосноку ѓайриасосноки асъори хориљї ифода менамояд. Дар робита ба ин масъала, Бонки миллии Тољикистон бояд масъулиятро бештар њис карда, дар доираи ваколатњои худ кўшиш ба харљ дињад, то пеши роњи сарусадоњои беасосро бигирад. Њамзамон бояд инро таъкид намуд, ки тибќи ќонуният ва нозукињои муњими психологї, анљоми ин амал танњо аз љониби як ташкилот нокифоя мебошад. Дар сурате ки расонањои хабарї, нашрияњо ва радиою телевизионњои дохилию хориљї мунтазам ба масъала ё мавзўи носолим - ба ќурби коњишёбандаи асъор ва ё иќтисодиёти ноустувор ањамияти хоса медињанд, ин бешубња, дар натиља нобоварии мардумро ба пули миллї ва маъюсию тарси шањрвандонро ба ояндаи љомеа ба миён меорад. Мувофиќи Ќонуни Љумњурии Тољикистон "Дар бораи Бонки миллии Тољикистон" маќсади асосии Бонки миллии Тољикистон нигоњдории сатњи муътадили нархњо дар давраи дарозмуњлат мебошад. Яъне, аз ин бармеояд, ки маќсаду вазифа ё њадафи сиёсати пулию ќарзии Љумњурии Тољикистон ва Бонки миллии Тољикистон мустаќиман нигоњдории ќурби пули миллї нест. Мутобиќи санадњои мављуда низ, рељаи расмии ќурби сомонї, рељаи "шинокунандаи танзимшаванда, бе муќаррар кардани њудудњои таѓйирёбии он" буда, ќурби сомонї нисбат ба асъорњои хориљї тавассути бозори дохилии асъор аз рўи таносуби талабот ва пешнињоди онњо муќаррар карда мешавад. Яъне, Бонки миллии Тољикистон танњо дар њолатњои аз эътидол берун таѓйир ёфтани ќурби сомонї њуќуќ дорад ба фаъолияти бозор дахолат намояд. Мутаассифона, вобаста ба хусусияти сохтори иќтисодї ва раванди таърихии иќтисодиёт, ќурби асъори хориљї дар байни ањолї ањамияти аз њад зиёдро ба худ касб кардаааст. Дар њаќиќат, ќурби пули миллї яке аз омилњои нархгузории молу
мањсулоти ба љумњурї воридшаванда буда, аксари шањрвандонро на ин ки болоравии худи ќурби доллари ИМА, балки мањз болоравии сатњи нархњои истеъмолї ба вањму ташвиш меоварад. Айни њол, тибќи мушоњидањо раванди мазкур то андозае ба болоравии нархи баъзе аз мањсулоти воридотї таъсири худро расонидааст. Аммо, чунин таѓйирёбињо дар дигар мањсулотњои воридшаванда дар бозорњои дохилї то њол ба назар намерасад. Аз ин рў, Бонки миллии Тољикистонро зарур аст, ки дар доираи имкониятњои мављуда барои бартараф кардани таѓйирёбии аз эътидол беруни таъсири фишорњои ќурбї ба сатњи нархњо ва низоми молиявии кишвар, бахусус њаннотї дар бозори дохилии асъор чорањои зарурї, аз љумла мудохилањои асъориро анљом дињад. Њамзамон инро бояд ёдрас шуд, ки ба њар гуна эњсосот ва њангома дода шудани шањрвандон боиси зиёд гардидани омилњои интизорї шуда, барои бо маќсадњои њаннотї боло бурдани нархи мол дар бозор сабаб шуда метавонад. Аз ин лињоз, оромию тањаммул барои устувор нигоњ доштани нархњо дар бозор махсусан муњим мебошад. Зеро, дар назар аст, ки дар њолати паст шудани шиддати таѓйироти ќурбии бозори молиявии љањон, ки хусусияти кўтоњмуддат ва муваќќатї дорад ва бо андешидани чорањои зарурї аз љониби сохторњои салоњиятдори молиявии Тољикистон вазъи ќурби асъори хориљї дар бозори дохилї низ тадриљан ба эътидол меояд. Хулоса, дар чунин лањзањои њассосу нозуки авзои молиявию иќтисодии кишвар, ки дар аксари мамолики љањон ба назар мерасад, њар яки мо - шањрвандон, амалдорон, тољирон ва алалхусус кормандони нињодњои молиявию иќтисодии Тољикистонро зарур аст, ки бо масъулияти баланди касбию шањрвандї ба ин масъала муносибат намуда, диќќати худ ва љомеаро бештар ба унсурњои ба маротиб љиддитар, аз љумлаи ривољ додани истењсоли мањсулоти дохилї, рушди соњибкорї, ташкили љойњои нави корї ва тавлиди мањсулот дар кишвар ва њама гуна дигар фишангњо, ки барои ба даст овардани ин маќсад мусоидат менамоянд, равона созем. Рустам ШАРИФЗОДА, иќтисоддон
12
“НИГОЊ”, ЧОРШАНБЕ №39 (421), 24. 12. 2014
БО ШОИР
Зафари Сўфии Фарѓонї соли 1964 дар Дењмирсади ноњияи Сўхи Фарѓона ба дунё омада, Донишгоњи давлатии Самарќандро хатм кардааст. Соли 1986 ба Тољикистон омад ва муќим шуд. Дар њафтаномаи "Адабиёт ва санъат" ва радиои "Садои Хуросон" кор кардааст. Соли 2007 муассиси њафтаномаи "Озодагон" ва соли 2011 Хабаргузории Озодагонро таъсис додаву он љо машѓул ба кор аст. Се китоби шеърњояш бо номњои "Наљво", "Садои дардњои гунг" ва "Пушти пардаи пиндор" нашр шудаанд. Баргузидаи навиштањояш бо номи "Исёни вожањо" дар дасти чоп аст.
ЗАФАР СЎФИИ ФАРЃОНЇ ТОЉИКИСТОН Њар куљо њастаму бошам, ба Худо, Аз њавои хуши ёди ту нафас мегирам, Эй Ту поёни њама ѓурбату танњо буданам, Гар набошад нафасе ёди ту ман мемирам. ИЌРОРИ ЗАХМЇ Дунии дунёро магў, аз ѓуссаву ѓамњо мапурс, Аз душмании дўстон њарфе мазан, ёро,мапурс. Дар синаам дурди майи дарди њазоронсолааст, Аз ман рањи майхонањо в-аз бодаву мино мапурс. Худбехабар ин тударо чун дидаам дур аз Худо, Дар љамъи одам њочаро њастам тани танњо, мапурс. Аз дур дасти устура як ёдгори вопасин Ман мондаам бо рафтањо, њолову фардоро мапурс. Бегона дар Фарѓонаам, дар Чочу дар Марву Насаф, Сўзи Самарќандам маљў, доѓи Бухороро мапурс. Умре чу ќад кардам алам бо нанги тољиконаам, Туркона сангам мезананд ин љову аз он љо, мапурс. Бас љустаанду љустаем, пайдона шуд аз он нишон, Њарфи адолатро мазан, он тухми анќоро мапурс. ПУРСИШИ ГАЗАНДА Ман куљоям? Кистам? Ањли кадом ободиям? Хокиям ё обиям? Аз оташам ё бодиям? Баски умре маззаи ѓам мекунад њар шодиям, Таъми зиндон мекунад як умр ин озодиям… ЊАЙРАТ Дар ин обрав дурўѓро бо номи Худо ќадосат мебахшанд ва аз номи Худо њам дурўѓ мегўянд. Дар ин обрав Пешнамозњое, ки ба онњо иќтидо кардан гуноњ аст, зеро махлуќро саљда мекунанд ва аз махлуќ метарсанд, минбари Паёмбарро хор кардаанд. Дар ин обрав одамкуш ќањрамон аст, ростгў љинояткор. Дар ин обрав улгуњо, меъёру арзишњо таѓйир кардаанд.
Хубу зишт неку бад дузаху бињишт, бо дорої андоза мешавад. Дар ин обрав Худоё, худамро гум кардаам, Чун шаб кўр дар шаб худамро мељўям, Ай вой, войи ман, Оё инљост љойи ман?... Ба устод Сафар ДАР ИН МУЊИТ Ки мард будан фаќат нар будан аст, Бањои амнияти љони мардњо Фаќат гунгу куру кар будан аст, Дар ин торикистон Ки бародарро бо бародар На њиммату муњаббати бародар будан аст, Њама бехуд, Ва бехудо, На касеро Љасорати тољ бар сар будан аст, Ва Зафарро на умеде барои музаффар будан аст, Чи гуна метавон интизори Рустам буд? Тани танњо бонг ё садое зад? Чи гуна метавон аз Ишќ як ѓазал суруд? Чи гуна метавон зи растан салое зад? ТАСВИРИ РЎЗ Нола омор надошт, Ростї муштарие дар њама бозор надошт Ва тарозуи адолат, ки харидор надошт, Бањри њаќ њеч касе хоњиши пайкор надошт. Ањли ободии мо кўру кару лол магар? Њеч кас бар ѓами њамсояи худ кор надошт. Боз гўям; Њарфи бас зан, ки зи руспигии худ ор надошт, Њам зи муллои палид, ки хиёнат ба диёнат кардаст? Ё зи бас нозими беор, ки љуз мадњия ашъор надошт... Оњ, баъди њама ин њарфу далел Метавон гуфт магар: Умри мо ѓуссаи бисёр надошт, Ишќ озор надошт?
БА РИЁКОРОН Тафсири дурўѓ аст чу тадбири шумо, Берун зи рањи њаќ аст ин пири шумо, Худбехабарон, ки аз Худо бехабаранд, Тазвиру тазоњур аст такбири шумо. ДАР ИН ЉО Муњаббат = золи бадхуву дуруштест, Адолат= мўсафеди кужапуштест, Љасорат = як шањиди ѓарќа дар хун, Њаќиќат= куфтан оњан ба муштест... ИЛТИЉО Маро аз ин сукути тирашаб Аз ин муњити маргбори ѓуссаву ѓамњо Биё, ай дўст, ин соат рањої бахш! ЗИ БАС БЕГОНААМ ИН ЉО Дар ин маъво, ки љои бењтарин Ишќу Њавасњову Таманнову Ѓурурам буд, Забони хешро њам намефањмам Биё, дасти маро гиру маро бо худ бибар то Рушанињо, то Шодмонињо... Биё, ай Дўст, ай бартар зи њар мављуд, Ба сўи љовидонњои сапеди обшори рушанињо роњи рафтанро нишонам дењ! Ки ман ин љо ѓарибам дар диёри худ Ва буѓзе дар гулў бењуда мемўям. Дар ин зулмат Барои њарчи мавњум, њарчи бењуда ва њар чи ноаёну гунг, Намедонам чи мехоњам, Намефањмам чи мегўям... ПОСУХ Ба Худо, хаста шудам, Аз њама макру риё хаста шудам, Баски њар кори шумо сохта њар њарф дурўѓ Аз шумо хаста шудам. На, ки аз њукми ќазо хаста шудам, Аз љиноят, ки варо нест љазо хаста шудам, Аз хиёнат, ки паяш нест сазо хаста шудам, Оњ, ай тўдаи навдавлату дузд, Аз шумо хаста шудам... ЊАСРАТ Шањр холї мешавад. Ошноёнам яке дунболи дигар мераванд. Вожањои хунчакони ѓуссаро дигар ба пеши кї барам? То набинад вусъати ин дањшати танњоиям Чашмњоямро куљо пинњон кунам… Шањр холї мешавад Аз муњаббат, аз муруват, аз садоќат, Ман куљо андешањои офтобиро биљўям? Розњои офтобиро бидуни тарс пеши кї бигўям?
Дарди бењамроњ буданро чи сон дармон кунам? Шањр холї мешавад Аз русуми зистан бо расми шањрї, Шањрие, ки дод гуфтан, фањш доданро надонад Дигар ин љо зистан њам менатонад, Оњ, ман ин зиндагии љангалиро чун ба худ осон кунам? ДОДХОСТ Рўзест чу ќисмати ману ту мурдан, Он гуна, ки Мусои набї аз Фиръавн, Ман аз ту шикоят ба Худои хеш хоњам бурдан... ШАБЕ БОРОНЇ Дар орзуи паноњгоње борон То субњ ба шишањо њаме задан гушт, Аз ѓурбати бе тањдили ман тањ мерафт... ЭЪТИРОФ Ваќте дурўѓ Ва сиёњиро Дар дўкони рангрезии сиёсат Маѓзњои гандида Яке бо ранги сурх Яке бо ранги сабз Яке бо ранги норанљї Рангомезї мекунанд Ваќте њамин як хоњиши содаро, Ки љањонро садранг бибинї, Љиноят алайњи инсоният Ва хиёнат ба Ватан бихонанд, Ман аз худ нафратам меояд! Ва ѓорро пазмон мешавам. Ва зиндагии поку содаи асри сангро... ГУНОЊИ МАН Як умр маро азоб доданд, Танњо ба њамин айб; Мехостам умре, ки бибинам Ватани худ њама обод, Њар њамватани хеш њаме хурраму озод... РУЉУЪИ БАХТИЁР Ѓуссаи мо нотамом аст, Баски бо номи Самарќанду Бухоро Захмњои хунчакон аст То кунун дар пайкари торихи мо... ГОВГУМ Лањзае, ки рафтї аз ман Говгум буд... Солњо бигзашт, аммо тирашаб поён нашуд!...
ЧЕЊРА
“НИГОЊ”, ЧОРШАНБЕ №39 (421), 24. 12. 2014
13
14
ЧЕЊРА
“НИГОЊ”, ЧОРШАНБЕ №39 (421), 24. 12. 2014
МУШАРРАФА ЌОСИМОВА
Ўро, бидуни шак, метавон модари театри тољик номид. Њам ба синну сол, ки имрўз аз 97-умин бањори умраш гул мечинад ва њамоно дар андешаи сањнаи театр аст ва њам он ки ќариб њама умр наќши модари тољикро пуробуранг ва дилкашу дилрабо офаридааст. Ва боз: модарест, ки ба сањнаи театр ва синамои тољик ситорањои тобноке бо номњои Хуррам ва Фаррух дода. Мушаррафа Ќосимова аз љумлаи камтарин њунармандони тољик аст, ки бо образњои мондагораш имрўз њам миёни мардум маъруфияти хоса дорад. Вай 19-уми декабри соли 1917 дар шањри Самарќанди бостонї дида ба олами њастї кушод ва соли 1922 хонаводаи онњо ба Душанбе кўч баст. Мушаррафа Ќосимова бонуест, ки шояд беш аз дигарон талхињои зиндагиро чашидааст. Дар ин беш аз 95 сол, ки зиёда аз 50 солаш рўи сањна буда-
аст, дањњо наќшњои хотирнишин офаридааст. Вале дар њаёти шахсї паси ханда дар сањна дањњо косаи зањромези ѓаму андуњро ба сар кашидааст. Њатто рўи сањна омадани худро тасодуфї ва амри таќдир медонад. Он замон вай донишљўи соли дуввуми донишгоњи тибии шањри Тошканд буд ва бебандуборињои замона падари мењрубон ва бародари арљмандашро њадафи тири нангин ва нољавонмардонаи "тройка" ќарор дод. Ў илољи дигаре надошт, ба љуз ин ки тањсилро як сў гузорад ва рў ба Душанбе орад, чун саробони модар ва додарону хоњарони кўчакаш бошад. Ба дигар маънї, бори гарони зиндагї аз њамон айём сањнањои талху ширинро дар њаёти шахсиаш тарроњї мекард. Баъди падару бародар вай акнун бузурги хонавода буд ва њарчанд бонуст, вале бояд бори сангини таъминоти хонаводагиро бар душ дошта бошад. Дар Душанбе драматурги маъруфи кишвар Ѓанї Абдулло мезист, ки аз љумлаи хешовандонашон мањсуб мешуд. Он замон Ѓанї Абдулло дар театр кор мекард ва мањз ў сабаб шуд, ки Мушаррафаи љавон вориди сањнаи театр шавад. Аммо аввалин ќадамњояш чизе ба љуз "нонёбї" ва рўзгузаронї набуд. Он замон куљо медонист, ки њамин талоши як бурда нон ояндаи ўро бо театр вобаста мекунад ва дар ин сањна 50 соли умрашро мебахшад. Соли 1937 вай аввалин наќши хеле
кўчакеро дар сањнаи театр бозид. Ва мегўяд аз 25 солагї наќши модар офарид ва то абад њамин наќш дар сањна ба ў тааллуќ гирифт. Баъд аз њалокати шавњари аввалаш Абулњаќ Усмонов дар Љанги Бузурги Ватанї, ки як драмнависи шоистаи кишвар буд, таќдир ўро бо Муњаммадљон Ќосимов, як тан аз чењрањои бориз ва њунарманди нотакрори театру синамои кишвар пайваст. Мањз талошњои пайвастаи Муњаммадљон Ќосимов ўро бонуи арљманди њунар кард. Марњум инсони шариф, донишманд, соњибњунар ва устоди касби худ буд. Мушаррафа Ќосимова хеле ёдњои шуниданиву хонданї аз ў дорад, ки ин љо наметавон аз њамаи онњо њарф зад. Тамошобини тољик дар солњои мухталифи фаъолияти ин њунарманди мумтоз наќшњои мондагореро аз намоишномањои машњури замон дар хотир дорад. Аз љумлаи ин наќшњо Латофат дар намоишномаи "Тўй"-и Самад Ѓанї, ки онро соли 1958 бозид, зани гулу гумроњ дар "Гавњари шабчароѓ"-и Сотим Улуѓзода, наќши Бањор дар намоиши "Њаёт ва ишќ"-и Файзулло Ансорї, Оиша-апаи ќирѓиз дар "Ќуллаи Фудзияма"-и Чингиз Айтматов, модар дар намоиши "Беватан"-и Султон Сафаров, Бўстонбибї дар "Љон модаракон"-и Аабулло Ќањњор, модаркалон аз асари "Номаро ман навиштаам"-и Файзулло Ансорї, Фармонбибї аз "Исёни арўсон"-и Саид Ањмад...мебошад, ки њар кадом дар тарбияи эстетикии наслњо наќши сазовор ифо карданд.
Дар синамо низ наќшњои зиёде офарида, вале наќши модар дар филми "Нисо" ва момодоя дар "Марди мутаалиќи ду зан" хеле муаасиранду њамеша диданї. Вале муњимтарин нукта дар рўзгори ин бонуи њунар он аст, ки на танњо дар сањна наќши модар офарид, балки дар зиндагї њам модари мушфиќ ва мењрубони шаш фарзанди обрўманд гардид. Писарбузургаш Мумтоз шарќшинос шуд, Гулшан киномонтажёр дар "Тољикфилм" буд, Љамњур файласуф ва љомеашинос, Фаррух ва Хуррам њунарманди синамову театр ва Сулњия омўзгори забони русї шуданд. Аз миёни ин шаш фарзанд имрўз танњо се тани онњо: писарбузургаш Мумтоз Усмонов чун нишон аз марњум Абулњаќ Усмонов, Хуррам Ќосимов (њоло њунарманди театр дар шањри Липитски Русия) ва духтари кенљаи хонадонаш Сулњия Ќосимова дар пањлуи модар мондаву дигарон миёни солњои 2009-2010 яке паси дигар дида аз олам барбастанд ва модари мушфиќу мењрубонро дар ѓаму кулфати худ гирифтор намуданд. Аммо Мушаррафа Ќосимова њаргиз шикаста нашуд, ин њамаро хости Худо гуфт, дар мусибат чун як мусалмони покдоман сабр кард. Охирин бор бинандагони телевизион ўро дар маросими ифтитоњи бинои нав барои театри "Ањорун", ки бунёдгузораш Њунарманди мардумии кишвар марњум Фаррух Ќосимов буд, диданд ва ин њам шукуфтани боз як гули орзуи ў дар зиндагї буд. Театрро бо ифтихори бузург ба номи Артисти халќии СССР Муњаммадљон Ќосимов номгузорї карданд. Бобољони ШАФЕЪ
НИГОЊИ МАРДУМЇ ЛАТИФА Генерал аз пеши сарбоз гузашта дар таги пой сигори нимкашидаро мебинад ва бо ѓазаб мепурсад: - Ин аз кист? Сарбоз: - Аз њеч кас не, рафиќ генерал. Бемалол гирифта кашед! *** Духтари љавон тарафи фолбин: - Апаљон, маро ду писар (Љамшед ва Фаррух) наѓз мебинанд. Бахти кадомаш омад мекунад? Фолбин ќартањояшро љо ба љо карда тарафи духтар нигоњ карда мегўяд: - Бахти Љамшед омад мекунад ва Фаррух туро мегирад. *** Афандиро посбони гўристон мемонанд. Як рўз мастеро дар гўристон хоб мебараду ў шаб бедор шуда, хона рафтанї мешавад. Афандї ўро дида, оњиста омада, аз пушт бо калтак ба сараш мезанаду мегўяд: - Куљо мегурезї? Пагоњ хешовандонат барои арвоњат дуохонї биёянд, ба онњо чї мегўям?! *** Аз хар пурсиданд барои чї гушњоят дароз аст? Хар дар љавоб гуфтааст: - Њамин "любой" одами хушрў як айб дорад. *** Дарси тарбиявї. Муаллима тарафи мактаббачањо: - Донистани муомилаи дуруст бо њайвонњо њатмї аст. Дирўз ман дар роњ мореро дидам ва ў маро нагазид. Медонед барои чї? Аз аќиб Манучењри шўх мегўяд: - Барои он ки онњо хешу таборашонро намегазанд...
“НИГОЊ”, ЧОРШАНБЕ №39 (421), 24. 12. 2014
15
АКСИ ГЎЁ
ЧАРО? ЧАРО КОМРОНШОЊ БЕЊТАРИН ВАРЗИШГАРИ СОЛ ЭЪЛОН НАШУД? - Гўштингири љавони тољик Комроншоњи Устопириён аз њарсола дида имсол дар мусобиќаву чорабинињои варзишии њам дохили кишвар ва њам берун аз он ширкат намуда, натиљањои хуб нишон дод ва бо дастовардњои назаррас ба Ватан баргашт. Аммо имсол дигар варзишгарро бењтарин варзишгари соли 2014 эълон карданд. Чаро имсол Комроншоњи Устопириён, дастпарвари клуби варзишии "Ланглифи" ноњияи Љаббор Расулов бењтарин варзишгари сол эълон нашуд? Бењтарин варзишгари солро кадом нињоди варзишии Тољикистон муайян менамояд? Аслиддин ЮСУФОВ, сокини ноњияи Мастчоњ - 20 - уми декабри соли равон Ассотсиатсияи журналистони риштаи варзиши Тољикистон гурзандоз Дилшод Назаровро бењтарин варзишгари тољик дар соли 2014 эълон кард. Ассотсиатсияи журналистони риштаи варзиши Тољикистон Дилшод Назаровро барои он бењтарин варзишгари соли 2014 интихоб намуданд, ки номбурда дар 14 мусобиќаи байналмилалї ширкат карда, дар 12 - тоаш медал ба даст овардааст. Дастоварди аз њама бузурги ў дар мавсими имсола медали тилло дар Бозињои 17 - уми осиёї дар Инчони Кореяи Љанубї ба шумор меравад. Вай гурзро ба масофаи 77 метру 82 сантиметр њаво дод ва бори сеюм ба унвони ќањрамони Бозињои осиёї мушарраф гашт. Инчунин ў имсол дар мусобиќоти байналмилалї аз силсилаи "IAAF Hammer Throw Challenge" ѓолиб ва љоизадор шуд. Комроншоњи Устопириён низ аз мадди назар дур намонда ба дањгонаи бењтарин варзишгари соли 2014 дохил карда шудааст. Ба рўйхати дањ варзишгари бењтарини сол, инчунин, инњо дохил шуданд: Залимхон Юсупов (гўштини озод) - љойи 2-юм дар вазни то 65 кг дар Бозињои XVII осиёї дар Инчони Кореяи Љанубї. Фарњод Неъматов (таэквондо ВТФ) -љойи 3-юм дар вазни то 80 кг дар Бозињои XVII осиёї дар Инчони Кореяи Љанубї. Алишер Гулов (таэквондо ВТФ) - љойи 3-юм дар вазни + 87 кг дар Бозињои XVII осиёї дар Инчони Кореяи Љанубї. Моњрў Њалимова (таэквондо ВТФ) - љойи 3-юм дар вазни +73 кг дар Бозињои XVII осиёї дар Инчони Кореяи Љанубї. Комроншоњи Устопириён (дзюдо) - ѓолиби Гран-при дар вазни то 90 кг дар Остонаи Ќазоќистон. Хушќадам Хусравов (самбо) - љойи 2-юм дар вазни то 62 кг дар чемпионати љањон дар Љопон, љойи 1-ум дар чемпионати Осиё дар Тошканд. Акмалиддин Каримов (самбо) - љойи 3-юм дар вазни то 57 кг дар чемпионати љањон дар Љопон, љойњои 1-ум ва 3-юм дар Гран-при дар Русия, ѓолиби Љоми љањон дар Булѓористон. Муњаммадмурод Абдурањмонов (кураш)- љойи 1-ум дар вазни +90 кг дар Бозињои IV соњилии Осиё дар Тайланд. Акмал Ќодиров (армрестлинг)- љойњои 1-ум ва 3-юм дар вазни +90 кг дар чемпионати љањон байни маъюбон дар Лањистон. Вале, мутаассифона, ягон варзишгари Тољикистон дар соли 2014 дар мусобиќоти ќањрамонии љањон дар навъњои олимпї медал ба даст наовардааст. Инчунин имсол ягон варзишгари тољик дар чемпионати Осиё дар риштањои олимпї ба унвони ќањрамонї даст наёфтааст Ёдовар мешавем, ки барои муайян кардани бењтарин варзишгарони сол дар назархоњї беш аз 70 хабарнигор, ки дар нашрияњо, телевизиону радио ва ољонсињои иттилоотї кор мекунанд, ширкат доштанд. Ба саволи Шумо Нарзулло ЛАТИФОВ, раиси Ассотсиатсияи журналистони риштаи варзиши Тољикистон посух дод.
БА ЉОИ 09 ЉИЛАВИ КОМИССАРИ ХАШИНИ ПАНЉАКЕНТ ДАР ДАСТИ КИСТ? - Дар мавсими даъвати тирамоњии соли равон аз љониби афсарони Комиссариати њарбии шањри Панљакент се нафар сокини шањр мавриди латукўб ќарор мегиранд. Инњо, Саидалї Њаќбердиев, Бибимарям Њамроева ва Абдуљаббор Рустамов мебошанд. Агар ду шањрвандро афсарони комиссариат латукўб карда бошанд, сокини дигарро комиссари њарбии шањри Панљакент мавриди латукўб ќарор додааст. Оё ин магар ќонуншиканї нест? Љилави афсарон ва комиссари хашини Панљакентро кї мегирад? То ба кай ин ќонуншиканї дар Панљакент идома меёбад? Вазорати мудофиаи Тољикистон ба куљо менигарад? Нўшервон МУРОДОВ, сокини шањри Панљакент - Вазорати мудофиаи Љумњурии Тољикистон вобаста ба сару садо оид ба мавриди латукўб ќарор гирифтани сокинони шањри Панљакент аз љониби афсарони Комиссариати њарбии шањри Панљакент дар давраи даъвати тирамоњии шањрвандон ба хизмати њатмии њарбї санљиши хизматї гузаронида истодааст. Вобаста ба њодисаи зикршуда бо супориши вазири мудофиа оид ба пурра гузаронидани санљиши хизматї ва муайян кардани воќеияти кор сардори Раёсат оид ба корњои сиёсї - тарбиявии Вазорати мудофиа дар шањри Панљакент ќарор дорад. Дар мавриди тасдиќ гардидани айбдории кормандони Комиссариати њарбии шањри Панљакент оиди њодисаи мазкур нисбат ба он шахсон дар асоси талаботи санадњои њуќуќї чорањои зарурї андешида мешавад. Ба саволи Шумо Абдуњалим НАЗАРЗОДА, муовини вазири мудофиаи Љумњурии Тољикистон посух дод.
БА ЉОИ 09 - Њангоми набудани неруи барќ ё садама дар хатти интиќоли барќ дар њудуди шањри Душанбе метавонед ба шуморањои зерини телефонии Шабакањои барќи шањри Душанбе ва сохторњои ноњиявии он дар ноњияњо занг зада, мушкилоти ба миёномадаро сари ваќт бартараф созед! ЉСК "Шабакањои барќи шањри Душанбе" ширкати зертобеи ШСХК "Барќи Тољик":Директор - Мирзо Салимов; тел. 221-86-89 танзимгар: тел. 227-27-27, 223-15-97,701-84-02 Шабакањои барќии ноњияњои: 1. Исмоили Сомонї: сардор - Нуров О., тел. 985-56-0209, танзимгар: 227-10-50, 227-10-51 2. Шоњмансур: сардор - Ќутбиддинов П., тел. 93535-76-00, 93-777-56-82, танзимгар: 227-10-12, 227-10-13 3. Сино: сардор-Аминов С., тел. 92-825-9000, 93-777-56-93, 95-133-88-35, танзимгар: 236-10-14, 236-10-17, 4. Фирдавсї: сардор - Кишваров С., тел. 907-9291-90, 93-777-56-86, 985-56-02-08, танзимгар: 231-10-14, 231-10-21
МАН ЌАБУЛ НАДОРАМ!
МАСХАРАБОЗЇ ДАР СУДИ ОЛИИ ИЌТИСОДЇ РАВО НЕСТ! Санаи 5 - уми декабри соли равон Суди Олии иќтисодии Тољикистон дар њайати раискунанда Абдуллоев З.Ф бо котибии Сайвалиев У. дар маљлиси судї аризаи даъвогии мо соњибкорон - Нуралиев Бахтиёр, Одинаев Абдулмаљид, Нуралиев Амин ва Рањимов Раљабмурод ба љавобгарии Маќомоти иљроияи њокимияти давлатии ноњияи Файзобод, њамљавобгарон хољагии дењќонии "Ањмад Шариф", Идораи замин ва Кумитаи меъмории ноњияи Файзобод дар бораи беэътибор донистани Ќарори раиси ноњияи Файзободро бе њузури мо баррасї намуда, бо бањонаи он, ки мо гўё ба маљлиси судї њозир нашудем, бо судури таъинот аризаамонро бе баррасї мондааст. Ё тавба!!! Ин чї адолату чї суд аст?!! Охир, ману адвокатам бо њар даъвати судя Абдуллоев ба бинои Суди Олии иќтисодии Тољикистон њозир мешудему ба котиби суд хабар дода, дар њавлї интизор мемондем. Ду бор назди Раиси Суди Олии иќтисодї Наим Муллоевич даромада, асли ќазияро фањмонда, талаби адолати судї кардем. Аз суњбат бо он кас фањмидам, ки тамоми љузъияти ин кори фасодолуда ва ќонуншиканињои онро медонад. Њамон рўзи 5-уми декабр низ мо даъвогарон дар сањни бинои суд ќарор доштем. Инро чандин шоњидони холис ва билинги телефонњои мо исбот мекунанд, зеро бо чанд корафтода инљо шинос шуда, ба чандин нафар аз њамин нуќта занг задем. Пас ин дурўѓу масхарабозї ва кашолкорї ба кї лозим шудааст??? Раиси Суди олии иќтисодї магар тобеонашро назорат мебарад?! Ин љавобгарон Ањмадов Дилшод ва Собир буданд, ки ба маљлиси судї њозир нашуданд. Мо мисли аскар рост будему "имрўз мурофиа намешавад" гуфта моро љавоб доданд. Магар мешавад, ки дар таъиноти судї, ки аз номи давлати Тољикистон бароварда мешавад, дурўѓ навишт??? Судя Абдуллоева бо хоњари раиси Суди Олии Тољикистон шуданаш њарчї хоњад дар таъинот менависад??? Кї додааст ин њуќуќро ба ў??? Њой, судяњои тољику роњбарони онњо! Аз барои Худо, инсоф кунед, ин чї беадолист??! Ман чанд моњ аст, ки фикри фарзандону њамсарамро накарда, барои ќонунї кардани маѓозаам суд ба суд медаваму шумо менависед, ки ман наомадам??! "Њифзи мол фарз аст" гуфтаанд. Мо манфиатдорем, ки даъвои мо соњибкорон нисбати љавобгарон њали нињоии худро пайдо кунад, пас чаро дар њавлии суд шишта, ба мурофиа намедаромадаем?!! Чаро раискунандаи суд дар таъинот кори набударо менависад??? Њамин хел њам мешудааст дар давлати њуќуќбунёди демократї?!! Ин кашолкории суд ба манфиати кист??? Ягон маќомоте њаст, ки ман дар ин бора шикоят барам??? Ё инро њам бояд ба Президент навишт??? Ман масхарабозии Суди Олии иќтисодии Тољикистонро љиддї пайгирї хоњам кард, њарчанд намефањмам, ки ин масхарабозї ба хотири чист? Ба хотири хоњари раиси Суди Олї Абдуллоев??? Чї манфиате дорад ин судя, ки бояд мустаќилтарин судяи Тољикистон бошад? Њар чї њам набошад, ман шахсан масхарабозии судяњои ягон суд, на Суди Олии иќтисодї ва на Суди Олиро ќабул надорам! Дар ауксионњо иштирок карданї нестам! Ќонун барои њама аст ва бояд њама дар назди ќонун баробар бошанд. Судяњо набояд аз вазифаи хидматиашон сўиистифода кунанд! Ба номи он Худое маро халќ кардааст, то охирин нафас барои њуќуќњоям мубориза мебарам. Агар хоњед, ки назди ќонуну мардум шарманда нашавед, масхарабозї накунед, моро дар гирдоби ќоѓазбозиву кашолкорї наандозед, ќазияро аз рўи адолат ва ќонун баррасї кунед. Бахтиёр НУРАЛИЕВ, сокини дењаи Заркамари ноњияи Файзобод
КОМИЛАН «ЉИДДЇ»
“НИГОЊ”, ЧОРШАНБЕ №39 (421), 24. 12. 2014
ПУРБИНИ «НИГОЊ»
МУАЛЛИМИ ЭЉОДКОР ЛОЗИМ! Дар замонњои мозї бачањоро хонавода ва рўњонї (писарњоро муллои мактабдор, духтарњоро биби халифа) тарбия мекарданд. Дар замонњои муосир хонавода ба тарбияи бачањо ваќт надорад, чун зиндагї маљбур кардааст, ки ањли калонсоли хонавода доимо аз паи коре бошанд. Муллои мактабдор низ нест, ки расму оинро омўзонад. Ба ин сабаб бачањои имрўза сол то сол аз њаёт зиёдтар дур мешаванд. Механизми мактаби муосир иборат аст аз объекти тарбиягиранда - шогирдон, дастури таълим - барнома ва китобњои дарсї ва муаллим. Ба ин се директорро низ њамроњ мекунам, чун агар директории лицейи Сарское село ба муаллимон озодї дода аз вазорат барои тафтиш оянд, "ман худам посух хоњам дод" намегуфт, аз ин лицей Пушкин барин шахсиятњо намебаромаданд. Худи Пушкин гуфтааст, ки дар математика он ќадар суст буд, ки чизњои оддиро намедонист. Аммо муаллимон рањм накардаанд, балки дидаанд, ки дар фанњои дигар суст нест. Яъне хулоса кардаанд, ки дар маљмўъ Пушкин бадхон њисоб намешавад ба хилофи талаботи дарстури вазорат рафтор намуда ўро аз мактаб нарондаанд. Лоиќ низ гуфта буданд, ки дар бачагї хеле шўхї мекарданд ва боре ба гулхан тирњои милтиќро партофта аз таркиши он устухони дасташон реза-реза шуд ва падарашон, ки устухонбанд буданд, гўштро бурида порахои устухони дасташонро ба љояш чидаанд. Бубинед, ки директории мактаб аз чунин воќеъа чашм пўшидааст, љазое надодааст, чун ба ояндаи Лоиќ назари нек доштааст. Ваќте ки камина дар донишгоњи Самарќанд тањсил мекардам, декани факулта академик Ботурхон Валихољаев (равонашон шод бод) буданд. Боре ба имтињони иќтисоди сиёси даромаданд, ки ман ба суолњои билет посух медодам. Муаллими имтињонгиранда ба посухњои ман гўш надода саргарми сўњбат бо ин устоди адабиётшинос шуд. Ваќте ки ба њама саволњо посух дода шудам, муаллим гуфт: - Ман намедонам ки чињо гуфтед. Чун бо домуллои муњтарам саргарми
сўњбат шудам. Сето савол медињам, посух додед, бањо мемонам, вагарна не. Ў се саволи ман тамоман намедонистагиро дод ва баъди лол мондани камина ба Валихољаев рў оварда гуфт: - Ин студентњо маро ањмаќ кардан мехоњанд, ба мавзўъњои калон диќќат додам майда-чуйдањоро намеомўзанд. Ба ман гуфт: - Бањотон - ду! Ў ин бањоро гузоштанї буд, ки Валихољаев ведомостро аз дасташ кашида гирифта гуфтанд: - Бањоњои ин кас аз њама фанњои дигар аъло будааст. Ин љо ягон сабаби дигар будагист. Шумо њозир ба ин кас бањои аъло гузоред, ягон рўз ин имтињонро ба шумо месупоранд. - Не, аќалан бањои ќаноатбахш ё хуб гўед,гуфт муаллими иќтисод. - Мо дар маљмўъ нигоњ мекунем, дар маљмўъ ин кас аълохон њастанд. Агар аълохон набошанд њам ман ба љои шумо мебудам, бањои аъло мегузоштам, чун ин кас эљодкоранд, яъне шоир. Муаллими иќтисоди сиёсї, ки маро чашми дидан надошт, маљбур шуд бањои аъло гузорад. Хулласи калом директор дар мактаб аз фигурањои асосист. Боз як мисол аз рўзгори худам. Дар мактаби миёнае, ки ман шогирдаш будам, ба мо аз биология муаллими љавон Камолиддин Мањмудов дарс медод. Ў он ќадар боистеъдод буд, ки њар як дарсаш ид барин мегузашт. Њар як њарфашро бо мисолњои хотирмони хаётї мустањкам мекард. Дар мактаб саригўшї мегуфтагї шуданд: Ана муаллими њаќиќї чї хел мешудааст! Сипас дар байни омўзгорони собиќадор деги бухлу њасад љўшид. Дар як маљлис њама ба ў њуљум карданд. Гуфтанд, ки "чанги љевонњои кабинети биология"-ро пок намекунад, дар дањони скелети одам нимсўхтаи сигор як моњ боз истодааст ва њама гапњои љузъї. Директор бошад, худаш ки суст буд, муаллими боистеъдодро њимоя карда натавонист . Аќалан нагуфт, ки биёед, дониши шогирдонашро бисанљем, охир аз њама муњим њамин аст. Муаллим ба ин гуна муносибат тоќат накарда мактабро тарк намуд. Боз як муаллими эљодкор буд, ки Анастасия Иванова ном дошт. Ў ба мо навиштани иншои озодро омўзонд. Акси манзарањои рассоми бузург Репин кашидаро бо худ меовард ва мегуфт: - Акнун дар ин расм шумо чї мебинед, бо сухан тасвир кунед. Ман аввалин сабаќи нависандагиро аз чунин иншонависї гирифтаам. Агар дар мактаб чунин муаллим намебуд, ман низ эљодкор намешудам. Маълум, ки дар мактабњои тољикї чунин муаллимон тухми анќоянд. Чї бояд кард, ки теъдоди онњо зиёд шаванд. Пеш аз њама низоми имтињони ќабули факултањои муаллимтайёркуниро таѓйир бояд дод. Тестњои имтињони ќабулро чунин бояд сохт, ки љавонони донишњоро ќориёдкардаи беистеъод дохил шуда натавонанд. Ба ѓайри имтињони дониш, имтињони дигар - имтињони таъйини сифати шахсият низ лозим аст, то ки даъвогар ба касби муаллимї аќалан бачањоро дўст медорад ё не муайян шавад. Адаш ИСТАД
Раиси Шўрои муњаррирон: Саймиддин ДЎСТОВ dustov@mail.ru
Њафтанома дар Вазорати фарњанги Љумњурии Тољикистон ба ќайд гирифта шудааст.
МУАССИС: Созмони љамъиятии «ИНДЕМ» («Информатика барои демократия ва рушди миллї»).
Котиби масъул: Абўалї НЕКРЎЗОВ nigoh_tj@inbox.ru
Шўъбаи иттилоот ва сиёсат тел: 600 80 38 Шўъбаи тањќиќот ва тањлил тел: 600 80 38 Шўъбаи иљтимоъ ва иќтисод тел: 600 80 39 Шўъбаи реклом ва огоњиномањо тел: 918 74 75 79
МАНГАР, КИ КЇ МЕГЎЯД...
16
Мањноз АФШОР, њунарпеша -ќањрамони аслии филми "Муаллим": - Тољикон бо худ ва љањон сулњ бастаанд. Камтар аз забонашон вожањои талх, нафрат ва душманї мешунавї, пур аз умед њастанд, барои сарзаминашон, осмонашон рўшан ва хушранг аст. - Бале, Мањнози арљманд! Мо бо љањон сулњ бастаем, вале љањон бо мо на. Бо дўсту душман мулоим аз амониву вањдат суњбат мекунем, моро аз љанг метарсонанд. Ба њукумат мегўем, дилњоям аз умед пур аст, мансабдорони пилтабаргўш барќ мефурўшанду киса пур мекунанд. Хуллас, осмонамон хушрангу худамон гаранг мондаем... Абдуманон ДОДОЗОДА, раиси дастгоњи КМИРТ: - Агар ЊСДТ њизб аст, бояд худ барои анљуманаш бино пайдо кунад. -Рост, солњо бекор пул ёфта рўзашонро дида истодаанд-ку... Њаво ёфта, нафас кашида истодаанд-ку! Ё Кохи Вањдат сохта, анљуманашонро гузаронанд, ё мисли мардум ба муњољират раванд-ња, Абдуманонаке? Рањматилло ЗОЙИРОВ, раиси ЊСДТ: -Агар дар хонаи ман ё њавлї, анљуман гузаронем, ба мардум мегўянд, бинед, чї њизб аст, ки љое барои гузаронидани анљуман надорад ва даъвои роњбарии як давлатро мекунад. Ё дар нињоят, мехоњанд мо аз ЊНИТ толор пурсем, то боз гўянд: дидед, ки ЊСДТ аз ЊНИТ вобаста ва як њизби дуюмдараља аст. - Содагї карда, мабодо ягон Кохи Вањдат насозед, ки ду мактабу як варзишгоњи дигарро боратон мекунанд, рањгум мезанед. Баъдан Тољикистон чанд њизбе дорад, ки на нашрия доранду на сомонаву на офису пул, вале дар коѓаз њар анљуман мегузаронанд, ки боиси ифтихори њукумат мешавад. Намешавад шумо њам...
Муњиддин КАБИРЇ, раиси ЊНИТ ва вакили Маљлиси намояндагони МО ЉТ: - Мо таљрибаи њамкорї дар њукуматро дорем. -Шумо таљрибаи њамкорї бо њукумат ва под њукуматро њам доред, вале саросема нашуда, ба мансаби вазири мењнат ва шуѓли ањолї розї нашавед, ки коњатон бод нагардад. Аќќалан, курсии вазири корњои хориљиро талаб карда, имтињон кунед-чї, домулло. Владимир ПУТИН, президенти Русия: - Њељ кас наметавонад, Русияро битарсонад, мањор кунад ва ё дар инзиво гузорад. Њељ кас ин корро карда натавонистааст ва њељ гоњ наметавонад. - Рост, ин корро ба љуз шумо ва сиёсатњои хирадмандонаатон ягон касу ягон омил карда наметавонад. Усмон СОЛЕЊ, сухангўи ЊХДТ: - Интихоботи мо шаффофу баробар мегузарад, чун беш аз 100 нафар нозирони дохиливу байналмилалї ширкат мекунанд. -Беташвиш бошед, мулло Усмон! Њизби шумо, ки давои 6-7 миллион одамро 20 сол боз ёфта истодааст, илољи ин 100 нафарро њам меёбад... Алї Муборак АЛ -МУЊАНАДЇ, сафири Ќатар дар Тољикистон: - Њукумати Ќатар тавонистааст барои мардумаш хидматрасонии обу барќ ва таълиму табобатро ройгон ба роњ монад ва аз сўйи дигар њељ кас дар Ќатар ба давлат андоз намесупорад, балки ин давлат аст, ки ба мардумаш ба ќадри тавонаш мадад мерасонад. - Бобои Алї, муборак шавад ин номзадї ба нахустин дипломате, ки аз Тољикистон ронда шуд...
Дар њафтанома матолибе низ ба нашр мерасанд, ки бо мавќеи идораи он муѓойират доранд. Дар шумора аз аксњое њам аз Шабакаи љањонии Интернет истифода шудааст. Матолиби хусусияти таблиѓотидошта ® метавонанд танњо бо пардохти муайян дар њафтаномаи «Нигоњ» нашр шаванд. Барои дар дигар нашрияњо пурра ё ќисман чоп кардани матолиб ва иќтибосњо аз «Нигоњ» иљозаи хаттии идора ва нишон додани сарчашма дар шакли «аз њафтаномаи «Нигоњ» №_ аз санаи _» њатмист. Њуќуќи муаллифии кулли матлабњои шумора ба идораи њафтаномаи «Нигоњ» ва СЉ «ИНДЕМ» тааллуќ дошта, тибќи ќонунгузории љории Тољикистон ва байналмилалї њифз карда мешаванд. Дар њолати наќзи "Меъёрњои ахлоќии фаъолияти журналистї дар Тољикистон" аз љониби нашрияи мо, бо арзу шикоят метавонед ба Шўрои воситањои ахбори оммаи Љумњурии Тољикистон (Шўрои ВАО - и ЉТ) мурољиат намоед.
Ќимати рўзнома дар фурўши чакана на беш аз 2 сомонї Њафтанома дар нашриёти «Мега-принт» чоп мешавад. Теъдод 4 000 Ќимати обуна барои як сол - 78 сомонї. Индекси обуна: 68990 НИШОНИИ ИДОРА: Љумњурии Тољикистон, шањри Душанбе, кўчаи Носирљон МАЪСУМЇ, хонаи 3. Телефон: (44) 600 80 38, 224 25 09 Теъдоде аз њар шумора дар асоси кўмаки техникии (дар шакли ќоѓаз) дафтари САЊА дар Душанбе ройгон таќсим карда мешавад.