Нигох №39 (472). Чоршанбе, 23-юми декабри соли 2015

Page 1

“НИГОЊ”, ЧОРШАНБЕ №39 (472), 23. 12. 2015

1

Эмомалї РАЊМОН: "БОЯД ДАР ЊОЛАТИ ОМОДАБОШ ЌАРОР ДОШТА БОШЕМ" №39 (472). Чоршанбе, 23-юми декабри соли 2015

e-mail: nigoh_tj@inbox.ru

www.facebook.com/nigohtj

ЗОДРЎЗ

Љўрабеки инсонгаро САЊИФАИ 6

ПОЙТАХТ

Шањриї? Бењуќуќї! САЊИФАИ 13

ЧЕЊРА

“ПАЛАНГЊОИ АБРЇ” Кї Тољикистонро дар эътилофи салафию душмани Эрон дидан мехоњад?

ШАБИ ЯЛДО САЊИФАИ 10

ТАБЛИЃ

Валї Самад: "Нагуфта наметавонам..." САЊИФАИ 11

Гузориши тасвирї аз таљлили Шаби чилла дар Эрон


“НИГОЊ”, ЧОРШАНБЕ №39 (472), 23. 12. 2015

2

АРАБИСТОНИ САУДЇ, КИ МАВЉУДИЯТАШ ЗЕРИ СУОЛ РАФТААСТ, ИТТИФОЌЧЇ МЕЉЎЯД

"ПАЛАНГЊОИ АБРЇ" - И САУДЇ Кї Тољикистонро дар эътилофи салафию душмани Эрон дидан мехоњад?

Тољикистон аз Арабистони Саудї пешнињод гирифтааст, ки ба Эътилофи низомии исломї алайњи терроризм пайвандад. Дар ин бора "Аш - Шарќ - ал - Авсат" аз ќавли Азамшо Латифзода, сафири Тољикистон дар Риёз хабар дод. Ин нашрияи расмии Арабистони Саудї аз ќавли сафир навишт, ки моњи январ њангоми сафари президент Эмомалї Рањмон ба Арабистони Саудї ва мулоќоташ бо шоњ Салмон ин мавзуъ баррасї мешавад.

Риёзро эълон кард, 34 кишвар аз Африќо то Осиёи Љанубиро ном бурд: Арабистони Саудї, Урдун, АМА, Покистон, Бангладеш, Бањрайн, Бенин, Туркия, Чад, Того, Тунис, Љибути, Сенегал, Судан, Серра-Леоне, Сомали, Габон, Гвинея, Фаластин, Љазирањои Комор, Ќатар, Кот-д'Ивуар, Кувайт, Лубнон, Либия, Мали, Љумњурии Малдив, Малайзия, Миср, Марокаш, Мавритания, Нигер, Нигерия ва Яман. Дар ин рўйхат Алљазоир, Сурия, Ироќ, Эрон, Уммон, Афѓонистон, њамчунин кишварњои мусалмони собиќ Иттињоди Шўравї - Озарбойљон, Тољикистон, Ўзбакистон, Ќазоќистон, Ќирѓизистон ва Туркманистон набуданд. Баъдтар маълум шуд, ки Саудї ин кишварњоро (ба истиснои Эрон, Сурия ва Ироќ) низ даъват кардааст.

Бо... бе... 15 декабр Муњаммад бинни Салмон, вазири дифоъи Арабистони Саудї ваќте Эътилофи низомии исломї алайњи терроризм, марказаш дар

"Эътилофи суннї" Муњаммад бинни Салмон њадафи Эътилофи низомии исломї алайњи

терроризмро мубориза алайњи гуруњњои террористї дар Ироќу Сурия, Либия, Миср ва Афѓонистон унвон кард ва гуфт, "иттињоди низомии исломї ба номи Аллоњ ва бар пояи фармудањои Худованд ва ќавонини шариат сохта мешавад" (Газета.ру) Њадафи аслии Арабистони Саудї муттањид кардани кишварњои суннимазњаб алайњи Эрон дар Ховари Миёна ва Афѓонистон аст. Мањз ин далел Амрикову Исроилро ба он ќаноат медињад, ки мусалмонон муттањид шуда, онњоро аз сарзаминњои исломї нахоњанд ронд, зеро дар ин эътилоф - Эрон - раќиби онњо нест. Дар акси њол, Амрикову Исроил њељ гоњ намегузоштанд, ки Саудї дар ин бора "лом" гўяд. Хулоса, ин на эътилофи исломї, балки суннї аст. Саудї дид, ки "эътилофи такфирї" дар шакли ДОИШ муваффаќ нашуд , тарњи "эътилофи суннї" - ро рўи даст гирифт.

"Эътилофи суннї" њам њарфи нав нест. Њанўз моњи августи соли равон гуруњи террористии "Ањрори Шом" - и Сурия аз Туркия хоста буд, ки як "Эътилофи њамбастагии суннї алайњи хатари Эрон" - ро ташкил кунад. Президенти Туркия Раљаб Тайиб Эрдуѓон як моњ пеш дар як љаласаи Созмони конфронси исломї онро њамчун як эътилофи низомии исломї пешнињод кард . Вазири дифоъи Саудї маълум аст, ки ин "идея" - ро надуздидааст, балки аз ќабл маслињат чунин будааст, ки Туркия пешнињод кунад ва Саудї онро ба воќеият табдил дињад. Аммо бидуни Эрон оё мешавад як Эътилофи низомии исломиро тасаввур кард? На. Њадафи дуввумї Саудї сирф дохилї аст. Хонадони Саудї бо дарки ин воќеият расидааст, ки њукуматњои дарозумр поянда нестанд ва агар ба вазъи Ховари Миёна дахолати ни-

САДОИ МАРДУМ

56%: "ЊЕЉ ЯК АЗ РАЊБАРОН МУВАФФАЌ НЕСТ"

56%

60% 50% 40% 30% 20%

13% 9%

10% 3%

5%

3%

2%

1%

2%

1%

4%

2%

0% 1

2

3

4

5

6

7

8

9

10

11

12

Аксарияти пурсидашудагони як назарсанљї (56%) гуфтаанд, ки њељ як аз рањбарони 9 маќомоти ќудратї, судї ва тафтишотї муваффаќ нестанд. Ин назарсанљї, ки тањти унвони "Ба назари Шумо кадоме аз рањбарони ин маќомот муваффаќ аст?" баргузор шуд, маълум кард, ки танњо 2 дарсад љонибдори посухи "Њамаашон муваффаќанд". 13% Саймумин Ятимов, раиси Кумитаи давлатии амнияти миллї, 9% Рустами Эмомалї, раиси Агентии зидди фасод ва 5% Рамазон Рањимзода, вазири корњои дохилии Тољикистонро рањбарони муваффаќ хондаанд. Кори Шермуњаммади Шоњиён, раиси Суди Олї ва Юсуф Рањмон, прокурори генералиро 3% -

дарсадии респондентон писандидаанд. 2 дарсадии дигар Шералї Мирзо, вазири мудофиа ва Рустам Назаров, раиси Агентии зидди маводи мухаддирро муваффаќ мењисобанд. Рустам Шоњмурод, вазири адлия ва Абдуфаттоњи Ѓоиб, сардори Хадамоти гумрукро 1% - и респондентон муваффаќ гуфтаанд. 4% гуфтаанд, ки фаъолияти рањбарони фавќуззикр барояшон ањамият надорад. Ин назарпурсї бо супориши "Нигоњ" аз 17 ба 22 -уми декабр дар сомонаи Ољонсии иттилоотии "TojNews" гузаронида шуда, дар он 769 нафар ширкат кардаанд.


ГЕОПОЛИТИКА зомї накунад, сарнавишти Саддому Ќаззофї ва Асад онњоро интизор аст. Ба ин хотир, бори аввал дар ин кишвар кинохона сохта мешавад, занњо дар интихоботи шўроњо ширкат карданд, ќисса кутоњ, ин хонадони феодалї даст ба ислоњоти демократї задааст.

Эътилофбозї Аз таљрибаи эътилофњои мубориза бо "Давлати исломї" ё ДОИШ (дар Тољикистон созмони террористї эълон шудааст) ва вокуниши кишварњои исломї ба Эътилофи тањти рањбарии Саудї мешавад хулоса кард, ки Риёз об дар њован мекўбад. Чаро? Аз бозе, ки дар Ховари Миёна ДОИШ арзи вуљуд кард, эътилофи зиёде ба вуљуд омад. Аљобат дар он, ки кишварњои мавриди назари Саудї ва њатто худи он узви ин эътилофњо њастанд. Як чунин эътилофи зиддитеррористии иборат аз 65 кишвар соли гузашта тањти рањбарии Иёлоти Муттањидаи Амрико эълон шуд, ки Саудї, Иморот, Бањрайн ва Урдун зуд худро ба он заданд. Вазифаашон танњо ширкат дар њамлањои њавої буд. Баъдтар Бањрайну Иморот аз ин эътилоф дилхунук шуда, Урдуну Саудї ќариб, ки дар фаъолиятњои он ширкат накарданд. Амрико ва Аврупо аз ширкати заъифи онњо интиќод карда, хостори фаъолтар шуданашон шуданд. Њоло Саудї бо эъломи як эътилофи љадид аз нозир ба фаъол бояд табдил ёбад ва ќаноати Амрико ва Аврупоро њосил кунад. Аммо ин танњо эътилофи Саудї нест. Эътилофи зидди шўришиёни њусї, ки тањти рањбарии Саудї бо иттифоќи Мисру Урдун ва Судон дар Яман мељангад, нишон дод, ки Саудии нимфеодалї наќшањои муњим дар асри 21 - ро роњбарї карда наметавонад. Ё аъзои Эътилофи љадиди Саудї дар буњрони Либия дар ду љабња ќарор доранд. "Њукумати Тобрук" - ро Мисру Имороти Муттањидаи Араб ва Арабистони Саудї (бо иттифоќи Русияву Белорус) љонибдорї мекунанд, "њукумати Триполи" - ро Ќатар ва Туркия (бо иттифоќи Судон ва Украина). На фаќат кори ин эътилофњо камранг аст, балки иттињоди эъломнашудаи ду душмани љонї - Амрико ва Эрон дар Ироќ низ ба натиљае нарасида, эътилофи Эрон бо Русия ва Њизбуллоњ ба њимоят аз Башшор Асад ва эътилофи Амрико барои пуштибонии мухолифини ў њоли Ховари Миёнаро бадтар мекунанд. Ин нукта рўшан мешавад, ки ќудратњои љањониву минтаќаї пайи иљрои тарњњои худ ва дунболи манофеъи худ буда, њадафи касе саркўбии ДОИШ ва гуруњњои

“НИГОЊ”, ЧОРШАНБЕ №39 (472), 23. 12. 2015

3

террористии дигар нест. Њатто ин гуруњњои террористї њам аз сўи ин ё он кишвар пуштибонї мешаванд.

"Ба номи Аллоњ" Эътилофии низомии исломии Саудиро низ чунин сарнавишт дар пеш аст. Аз ин хотир аст, ки Покистон, як узви Эътилофи зиддињусї, аммо муњимтарин кишвари исломї дар љанг алайњи терроризм ва "хўрандаи асосии долларњои Саудї" зуд эълом дошт, ки аз њамчинин эътилоф на фаќат хабар надорад, балки дар њайрат аст. Малайзия гуфт, умуман дар ягон эътилоф ширкат нахоњад кард. Дигар кишварњо, аз ќабили Афѓонистону Озарбойљон "пешнињоди Саудиро ба баррасї гирифтаанд" ва аз ќабл маълум аст, ки посухашон чї хоњад буд. Вазорати хориљии Тољикистон низ гуфт, ки њамчунин масъала дар миён нест, њарчанд моњи январро бояд интизор шуд. Аммо воќеиятњои дигар низ њастанд. Воќеан, аз Фаластине, ки дар чанголи зулми Исроил мондаву боре Саудї дасти кўмак дароз накардааст, оё даъват кардан аз рўи одоб аст? Аз кишварњои фаќире, ки бо азоб ба по рост истодаанд, назири Љибути, Сенегал, Судан, Серра-Леоне, Габон, Гвинея, Љазирањои Комор, Кот-д'Ивуар, Мали, Љумњурии Малдив, Мавритания, Нигер, Нигерия... Саудї ба кадом рў таваќќўъ дорад? Љуз "палангњои абрї" агар боиси тамасхури ДОИШ нашаванд, њаросу итминон эљод карда метавонанд? Агар воќеиятњоро гирем, ин њама кишварњое њастанд, ки аз њамлањои террористї ранљ мебаранд ва агар дурусттар бингарем, њамон бомбае, ки онњоро мекушаду хонаву манзилашонро хароб мекунад, бо долларњову њидоятњои Саудиву Туркия ва Ќатар тањия шудааст! Афѓонистон як захмест, ки 40 сол боз хун мешорад. Агар дар ин тарњи хунини 40 - сола 100 доллари амрикої харљ шудааст, нисфи онро шайхњои Саудї пардохтаанд. Дањњо љавони Осиёи Марказї бо маболиѓи Саудиву Ќатар ва мусоидати Туркия ба ДОИШ у дигар созмонњои террористї дар Ховари Миёнаву Афѓонистону Покистон пайваста, ѓарибхоку бесарнавишт шудаанд. Бо истифода аз "ДОИШ" - у терроризме, ки онњо сармоягузорї мекунанд, њукуматњои Осиёи Марказї аз масири ислоњоти демократї берун омаданд ва худкомагиро пеш гирифтанд. Аз ин хотир, даъвати Саудї ин даъвати ќассоб аз ќурбонї аст ва эътилофаш "ба номи Аллоњ" њељ рабте ба "фармудањои Худованд ва ќавонини шариат" надорад. Далери ХАЙРУЛЛОЊ

Эмомалї Рањмон: "БОЯД ДАР ЊОЛАТИ ОМОДАБОШ ЌАРОР ДОШТА БОШЕМ" Президенти Тољикистон дар бораи омилњои хатарнок ба кишварњои аъзои СПАД суњбат кард Эмомалї Рањмон ширкати шањрвандони кишварињои узви СПАД дар муноќишањои низомии минтаќаро аз њама омили хатарнок эълон кардааст. 21-уми декабр Президент Эмомалї Рањмон дар шањри Маскав дар љаласаи васеи Шўрои умнияти дастаљамъии Созмони паймони амнияти дастаљамъї гуфтааст, "барои давлатњои аъзои СПАД аз њама омили хатарнок он аст, ки дар муноќишањои низомии минтаќа баъзе шањрвандони кишварњои мо иштирок менамоянд"ва илова кард, ки "њамоиши имрўза имкон медињад, ки мо сохторњои марбутаи худро барои њамдастї ва табодули иттилоъ сафарбар намоем". Дар ин њамоиш сарони давлатњои аъзои СПАД президенти Русия Владимир Путин, президенти Тољикистон Эмомалї Рањмон, президенти Арманистон Серж Саргсян, президенти Белорус Александр Лукашенко, президенти Ќазоќистон Нурсултон Назарбоев ва президенти Ќирѓизистон Алмазбек Атамбоев

иштирок карданд. Эмомалї Рањмон гуфтааст, "вазъи имрўзаи љањон аз мо таќозо мекунад, то барои муќовимат бо тањдиду хатарњои терроризму экстремизми байналхалќї тадбирњои муассири дастаљамъона андешем". Ба таъкиди президенти Тољикистон, вазъи зудтаѓйирёбанда дар минтаќа бо љалби неруњои нав њолати мураккаби пешгўинашавандаро ба миён овардааст ва дар назди созмон вазифањои нави бетаъхир мегузорад. Ў пешнињод кардааст, ки минбаъд дар доираи созмон барои дар њолати омодабош нигоњ доштани ќуввањои мусаллањ бояд чораандешї кард. Эмомалї Рањмон таъкид намуд, ки Тољикистон бо дарназардошти мавќеи худ, ки дар сафи пеши муќовимат ќарор дорад, барои мубориза бо ин тањдиду хатарњо тамоми тадбирњоро амалї менамояд. TojNews

"ПЕШВОИ МИЛЛАТ" ДАР КУВАЙТ Шукурљон Зуњуров дар парламенти Кувайт аз зарурати ќонуни "Пешвои миллат" њарф задааст Шукурљон Зуњуров дар назди вакилони парламенти Кувайт дар бораи зарурати ќабули ќонун дар бораи "Пешвои миллат"-ро шарњ додааст. Бино ба иттилои дафтари матбуоти Маљлиси намояндагон, 22-юми декабр Шукурљон Зуњуров, раиси парламенти Тољикистон дар назди вакилони Маљлиси Умма, парламенти Кувайт суханронї кардааст. Ў дар суханронаиш бештар дар бораи зарурат ва ањамияти ќабули Ќонуни Љумњурии Тољикистон "Дар бораи Асосгузори сулњу вањдати миллї Пешвои миллат" њарф задааст. Ба гуфтаи Шукурљон Зуњуров, "дар таърихи навини халќи тољик Љаноби Олї, Эмомалї Рањмон шахсиятест, ки на танњо дар

ташаккулу тањаввули таърихи давлатдории соњибистиќлоли тољик ва њастии имрўзу фардои Тољикистон, балки барои эњё намудани падидањои неку писандида ва арзишњои волои фарњангии ниёгонамон хизматњои барљаста кардааст". Ў аз хидматњои Эмомалї Рањмон сифат карда, иброз доштааст, ки "Эмомалї Рањмон ба тарѓибу дастгирї эњтиёљ надорад". Дар дафтари матбуоти Маљлиси намояндагон мегўянд, раиси Маљлиси Уммаи Давлати Кувайт Марзуќ Алї ал-Ѓоним ќабули ќонуни мазкурро барои мардуми Тољикистон падидаи хубе номида аз номи худ ва парламенти Кувайт тољиконро табрик гуфтааст. TojNews

СИЁСАТИ ХОРИЉЇ

ДУШАНБЕВУ ТОШКАНД: "ЌАДАМЕ БАРОИ РУШДИ МУНОСИБАТЊО" 24-уми декабр нахустин мушовараи сиёсии Тољикистону Ўзбакистон баргузор мешавад Мушовараи сиёсї миёни вазоратњои хориљии Тољикистону Ўзбакистон, ки ба таъхир афтода буд, 24-уми декабр дар Душанбе баргузор мешавад. Бино ба иттилои сомонаи расмии вазорати корњои хориљии Ўзбакистон, нахустин мушовараи сиёсї миёни вазоратњои корњои хориљии Тољикистону Ўзбакистон 24-ум ва 25-уми декабр дар Душанбе иттифоќ меафтад. Ќаблан, ќарор буд, ки мушовараи сиёсї миёни вазоратњои хориљии ду кишвар 17-уми декабр дар Душанбе оѓоз шуда, то 19-уми декабр идома меёфт. Аммо баъдан вазорати корњои хориљии

Ўзбакистон эълон кард, ки "бо мувофиќати љонибњо санаи баргузории мушовараи сиёсї миёни њайати вазоратњои корњои хориљии Ўзбакистон ва Тољикистон, ки бояд 17-18-уми декабр дар Душанбе баргузор мешуд, ба ваќти дигар гузаронда шуд". 15-уми декабр дар вазорати корњои хориљии Тољикистон ба TojNews гуфта буданд, ки 17-уми декабр њайати Ўзбакистон тањти рањбарии Ниёз Хољаев, муовини вазири корњои хориљии Ўзбакистон барои ширкат дар мушовараи сиёсї ба Душанбе меоянд. Тољикистонро дар ин мушовара Парвиз Давлатзода, муовини

вазири корњои хориљї бояд намояндагї мекард. Машварати сиёсї пас аз чанд соли танишњо дар муносибати Тошканду Душанбе миёни вазоратњои корњои хориљї баргузор мешавад. Дар назар аст, ки дар он бештар масоили њамкорињои дуљониба ва минтаќавиро баррасї кунанд. Соли равон бори дуюм аст, ки миёни ду кишвар нишастњо баргузор мешавад. Моњи июли соли равон Сирољиддин Аслов, вазири корњои хориљии Тољикистон дар ягона нишасти хабариаш бо хабарнигорон дар Душанбе баргузории љаласаи Комиссияи байнињукуматиро "ќадаме

барои рушди муносибатњо" номида буд. Тобистони соли равон баъди 6 сол дар Тошканд љаласаи Комиссияи байнињукуматї дар сатњи муовинони аввали сарвазирони ду кишвар баргузор шуд. Гарчи миёни ду кишвар санаде ба имзо нарасид, аммо баргузории ин нишаст ќадами мусбат бањогузорї шуд. Миёни Тољикистону Ўзбакистон аз 22юми октябри соли 1992 равобити дипломатї ба роњ монда шудааст. Миёни ду кишвар Созишнома дар бораи дўстии абадї ба имзо расидааст, ки танзимкунандаи аслии муносибот ба њисоб меравад. TojNews


4

“НИГОЊ”, ЧОРШАНБЕ №39 (472), 23. 12. 2015

Шаби ялдо, ё Шаби Чилла, шаби дарозтарини сол аст. Ин шабест миёни рўзи охирини тирамоњ 30 – юми озар ва рўзи аввалини зимистон – 1 – уми дай. Аз рўи таќвими григорианї имсол Шаби ялдо ба шаби 21 - 22 декабр рост омад.

ГУЗОРИШИ ТАСВИРЇ Ёди осоиши гетї бизанад бар дили реш, Субњи содиќ надамад, то шаби Ялдо наравад. (Саъдї)

ШАБИ ЯЛДО Аксњо аз таљлили Шаби чилла дар Эрон


РАНДАИ «НИГОЊ» Ѓолибу маѓлуб Бањори соли љорї сокинони мањаллаи 92-и пойтахт аз як бузурговезаи канори роњ, дар наздикии гардиши ШВКД-и ноњияи Сино дарёфтанд, ки кадом як КВД "Роњсоз", ки ба шањрдории Душанбе тааллуќ доштааст, ѓолиби тендер шудаасту акнун роњи канори ду боѓча ва ШВКД таъмир хоњад шуд. Ин бузурговеза аз дигар овезањои бо он фарќ мекард, ки ба "мењмонон, шањрвандон ва ронандагон" эњтиром ќоил буд, зеро ба маълумотташон мерасонд, ки "бинобар оѓози корњои сохтмонї њаракати наќлиёт дар иншооти номбурда муваќќатан ќатъ карда мешавад". Дере нагузашта, дар ин мавзеъ ѓулмошинњои ширкат пайдо шуданду корњои сохтмонї оѓоз. Роњсозони ин ширкат аз дигар сохтмончиёни ин мавзеъ (ду бинои баландошёна, ки аз љониби писари собиќ раиси Кумитаи андоз дар ќисмати шимолии њарду боѓча сохта мешаванд) бо овози баланду дуруштгўї фарќ мекарданду бас. Наврўз гузашта буд, ки маълум шуд: КВД "Роњсоз" ѓолиб шудаасту инњо маѓлуб: сокинони мањалла ва "мењмонон"-и љода, ки иборатанд аз чор гуруњ - 1) кормандони милисаву корафтодањои ШВКД, 2) њудуди 100 тан аз волидайн, ки кўдаконашонро аз њар кунљи шањр ба ду боѓчаи мањалла меоранд, 3) мактаббачањои мактаби № 94 ва њам 4) рањгузарон.

ШАЊРИЇ? БЕЊУЌУЌЇ! Њудуди ним сол аст, ки рањбарияти КВД "Роњсоз" њазорон сокини пойтахт, бо шумули кўдакони ширхораро азият медињанд, аммо "касе пишаки онњоро пишт" гуфта наметавонад. То ба кай?

Роњсозї рањбандї нест "Роњсоз" роњеро, ки хиёбонњои Нусратулло Махсум ва Бобољон Гафуровро ба њам мепайваст, барои њаракати мошинњо баст. Ќисман, албатта. Гоње њаракат аз самти Ѓафуров то наздикии боѓча имкон дошту гоње њам аз самти хиёбони Нусратулло Махсум то наздикии бинои ШВКД. Ронандањои мањал

“НИГОЊ”, ЧОРШАНБЕ №39 (472), 23. 12. 2015

5

набуд, хоса тобистону тирамоњ, ки саќичобкуниву мумфаршсозї оѓоз шуд. Роњсозони дилсўзе њам њар замон нидо мекарданд: "А, ака! Ита нагзар, ки поњот мечаспа"... ва гоње њам аз одамони камтарбия хашин мешуниданд: "Ње, роњсозта...!". Ба њамаи ин нигоњ накарда, рањбарияти КВД "Роњсоз" барои осонии кори худ буд ё чизи дигар, ки 100 метр роњи пиёдагарди байни ду боѓчаро, ки ба роњ дахле надошт, канду роњро хафвнок кард. Мардум маљбур буданд, њар субњ кўдакони худро аз канори љуќурии 1,5 метрии пури об гузаронида, ба мактабу боѓча баранд.

"Лимит"-и роњканњо Шуруъ аз пойиз дар мавзеъи сохтмони роњ, хоса дар кўчаи А. Навої барќкушї оѓоз шуд. То оѓози декабр мардум аз љоришавии ѓайрирасмии "лимит" суњбат мекарданд. Бо омадани сармо мурољиату шикояти мардум ба идораи барќу шањрдории Душанбе зиёд шуданду маълум гашт, ки роњсозони беэњтиёт њар бор њам хати барќро мебуридаанд... Њамин тариќ, панљ моњи соли љорї дањњо кўдаки шањриву волидайни онњо, садњо мактаббача машаќќат доштанду њазорњо пиёдагард азоб кашиданд, машаќќати руњї доштанду торњои асаби хароб. Вале касе дар фикри он нашуд, ки барои пиёдагузарон чанд метр роњрави муваќќатї созад. Њол он ки ин таљрибаи маъмул асту ќонунгузории Тољикистон низ онро пешбинї кардааст.

Беэњтиромї ба шањриён то ба кай?! АЗ ДАСТИ «РОЊСОЗ» НА ЌУДРАТЇ ЊОЛ ДОШТУ НА МУЛКЇ

ЯК ТАСВИР АЗ ПАНЉ МОЊИ БЕЭЊТИРОМЇ БА СОКИНОНИ ДУШАНБЕ

ва милисањо ба зудї илољашро ёфтанду мошинњои худро инљо ё онљо мегузоштанд. Аммо ронандањои омад, корафтодањо ва рањгузарон бинобар набудани аломатњои зарурии роњ то гардиши кўча меомаданд. Мошинњо тамба мешуданду одамон ошуфта ва гоње њам чанд сухани обдор ба суроѓи роњканњо равон мекарданд. Воќеан, ин роњсозї роњканиву лойканињои зиёд дошт. Ба њадде, ки рўзњои боронї лою чал то зону мебаромаду садњо волидайн кўдаконашон дар баѓал чандсад метр бероњиро тай мекарданд, то кўдаконашонро ба боѓчањо расонанд. Ронандањои мусофиркашњое њам буданд, ки то 8-10 кўдакро зери баѓалу сари китф ва гоње њам пуштора карда то дарвозаи боѓча мерасонданд. Боѓчаравии кўдакону ширхорањо, ки аз соати 7.30 то 8.30 давом мекунад, зери садои мошину тракторњои ѓул ва шоњидии 10 20 роњсоз сурат мегирифт. Пиёдаравї барои калонсолон осон

Акнун, ки ин роњсозї бояд санаи 31уми декабр љамъбаст шавад, "Нигоњ" ба хотири њифзи њуќуќњои сокинони ин мавзеъ ва бо такя ба талаботи моддаи 12-и Ќонуни ЉТ "Дар бораи дастрасї ба иттилоот" ва моддаи 23-и Ќонуни ЉТ "Дар бораи матбуоти даврї ва дигар воситањои ахбори омма" аз шањрдории Душанбе мепурсад, ки: 1) Оё дуруст аст, ки ин роњ аз њисоби будљаи шањр, яъне андози супурдаи мо, сокинони пойтахт сохта шуд? 2) Агар, ња, метавонед даќиќ созед, ки лоињакаши ин "иншоот" сохтмони роњи муваќќатї барои пиёдагардонро ба инобат гирифта буд ё на? 3) Комиссияи давлатї ин роњро кай ќабул мекунад, ки мо њамроњияшон кунему ба сокинони пойтахт гузориш дињем? 4) Оё МИЊД дар шањри Душанбе омода аст дар ин масъалањо таљдиди назар карда, баррасиву назорати љамъиятии њамчунин тарњњоро ба роњ монад? 5) Оё касе аз масъулини пойтахт ба ин назар аст, ки шањриён бењуќуќанд? Ќиёми НУР

ЊУЌУЌИ ИНСОН Адвокат Бузургмењр Ёров иттињомоти нави маќомот барои даст доштанаш дар ташкили иттињоди экстремистиро бепоя хондааст. Ў дар мулоќот бо наздиконаш айбномаи нави маќомотро беасос дониста, гуфтааст, њељ гоњ ба амалњои тундгароиву даъватњои оммавї даст назадааст. Бино ба гуфтаи пайвандонаш, Бузургмењр Ёров гуфтааст, њамеша барои исботи бегуноњиаш талош хоњад кард. Маќомоти Тољикиистон адвокати боздоштшуда Бузургмењр Ёровро ба фаъолияти экстремистї муттањам кардаанд. 22-юми декабр бархе аз расонањо хабар доданд, ки маќомоти кишвар нисбат ба адвокат Бузургмењр Ёров

"АДВОКАТИ ЭКСТРЕМИСТ". "Образи нави душман" дар Тољикистон? бо моддаи 307 ќисмњои 1, 2 ва моддаи 189 парвандаи љиноятї боз карда, ўро дар "даъвати оммавї дар ба амал баровардани фаъолияти экстремистї", "ташкили иттињоди экстремистї" ва "барангехтани кинаю адовати миллї, нажодї, мањалгарої ва ё динї" муттањам медонанад. Ќаблан, вазорати корњои дохилии Тољикистон нисбат ба Бузургмењр Ёров бо иттињоми "ќаллобї" ва "сохтакорї" парванда боз карда буд. Бузургмењр Ёров, рањбари Колле-

гияи адвокатњои "Сипар" 28-уми сентябр инљониб дар боздоштгоњ ќарор дорад. Ўро кормандони Раёсати мубориза бо љиноятњои муташаккилонаи ВКД барои бозпурсї даъват карда, њамон рўз боздошт намуданд. Охири моњи ноябр маќомоти тафтишотї муњлати њабси пешакии Ёровро барои ду моњи дигар тамдид карданд. Он замон як манбаъи наздик ба тафтишот ба TojNews гуфт, тафтиши парвандањои марбут ба "ќаллобї"-и Бузургмењр Ёров ба анљом расида,

вале натиљаи ташхиси навиштањояш дар шабакањои иљтимої ва баромадњояш то њол омода нашудааст. Ба њамин хотир, тафтишот хостори то 2 моњи дигар дароз кардани мўњлати њабси пешакии Бузургмењр Ёров шуд. Бузургмењр Ёров 28-уми сентябр аз љониби ВКД боздошт шуд. Субњи 29-уми сентябр ВКД аз оѓози парвандаи љиноятї алайњи ў хабар дод. Ў замоне боздошт шуд, ки њимояи њуќуќи 13 аъзои боздоштшудаи Шўрои сиёсии ЊНИТ (њизби мамнуъшуда дар Тољикистон)-ро ба ўњда гирифт. 30-юми сентябр Суди Олии Тољикистон фаъолияти ин њизбро дар Тољикистон мамнуъ эълон кард. TojNews


6

“НИГОЊ”, ЧОРШАНБЕ №39 (472), 23. 12. 2015

ДИКТАТОР

АРТИСТИ ХАЛЌИИ СССР БА ТЕЛЕВИЗИОНЊОИ ДАВЛАТЇ РОЊ НАЁФТ... Миёни мо инсонњои комиле зиндагї ва кор мекунанд, ки њар лањзаи зиндагї бароямон улгў мебошанду рўзгори моро аз зулмот ба сўи субњи мурод такон мебахшанду њамеша бароямон Инсон буданро њушдор медињанд. Зеро Худованд ин тоифаро мањз ба њамин иллат миёни мо халќ кардааст, ки зиндагиро нуру сафо ва таровати тоза бахшанд. Њарчанд ки гоње санги баѓали бадхоњону бадандешон ба сўяшон бидуни мулоњиза мерезад, вале эшон устуворию матонат ва рисолати Худованд барояшон насиб кардаро пеша кардаву њамаи инро нодида гирифта, пайи некї кардан ба атрофиён шуѓл меварзанд, ки ин амалашон мутањаййиркунанда мебошад. Шояд њамин гуна сангњои баѓали њасудону нотавонон замоне ба сару рўйи нобиѓаи беназири олами инсонї Мавлавї Љалолиддин Муњаммади Балхї партофта шуда бошаду љароњате низ дар љисми мубораки эшон из гузошта бошад, ки фармудаанд: Мо шохи дарахтем пур аз меваи тавњид, Њар рањгузаре санг занад, ор надорем. Оре, баъди пушти сар шудани садсолањо ин сангњои баѓали кўрдилону љоњилон сарњои мубораки зиёди фарзонагони миллатро шикофтанду дар баробари љароњатњо бархеашонро амсоли Њилолї шањид сохтанд. Аммо чї илољ, ки табиати мо инсонњо чунин будааст, ки њатто ба пайѓамбаронамон низ чунин кардаем… Ин сангњо њеч гоњ натавонистаанд, ки алайњи Инсони Комил саддеро ба миён оранду ўро аз иљрои рисолаташ боздоранд, зеро ба ќавли соњибсухан: Муддаї мехост, ки аз бех канад решаи мо, Бехабар з-он ки њаст Худо дар андешаи мо. Мањз аз њамин тоифаи Инсонњои комил дар рўзгори мо Худованд њољї Љўрабек Муродро офаридааст, ки тамоми њастиаш гувоњи ин даъвост. Муњимтар аз њама инсонпарварию инсондўстдорї сиришти ин марди Худоро зинат додаву миёни мо њамнавъон ягонаи даврон сохтааст. Худованд дар замири устод Љўрабек Мурод њамеша мењру муњаббат, садоќату дўстдорї ва зебоиро сириштааст, ки њангоми захма задан бо торњои сози дилаш садояш баланд гардидаву ба гўши атрофиён ѓулѓула меафканаду њушдор медињад, ки: Мо њељ, замона њељ, дунё њама њељ, Эй њељ, зи бањри њељ, бар њељ мапеч, Донї, ки зи одамї чї мемонаду бас, Мењр асту муњаббат асту боќї њама њељ. Гуфтори мо низ имрўз сари яке аз хислатњои нодири устод Љўрабек Мурод инсонпарварию инсондўстї ва тарѓиби ѓояњои њуманизм миёни фарзандони њазрати Одам (а) мебошад. Аз ин љост, ки

ЉЎРАБЕКИ ИНСОНГАРО Ба истиќболи зодрўзи овозхони маъруфи тољик устод Љўрабек Мурод њамчун ташвиќгари сулњу вањдат ва одамият бо ифтихор мегўяд: "Ман њамеша љонибдори дўстии халќњоям, сулњ ва одампарастї дину оини ман аст. Агар сулњ, дўстї ва осоиштагї миёни мардум набошад, ман худро њаргиз осуда њис карда наметавонам". Ин аст, ки ќањрамони мо ба њар кишвареву диёре ќадам гузоштааст, тухми дўстию муњаббатро коштаву дарахти дўстиро парваридаву нињоли душманиро барканда ва байти зери Хоља Њофизро сармашќи кору зиндагии њамешагии худ ќарор додааст: Дархати дўстї биншон, ки коми дил ба бор орад, Нињоли душманї баркан, ки ранљи бешумор орад. Сурудањои устод Љўрабек Мурод инсонро ба дўст доштани падару модар, Ватан, миллату забон, табиат ва хуш гузаронидани зиндагї талќин месозанд. Њамеша бо шеваи хоси худ ва бо он садои малакутии фораму гўшнавоз некирову дўстиро, одаму одамгариро ситоиш мекунад: То тавонї дўстонро гум макун, Дўстони мењрубонро гум макун. Халќи олам дўст бо мо гаштааст, Вањдати халќи љањонро гум макун. Устод Љўрабек Мурод ба зан-модар мењру муњаббати беандоза дораду њамеша назди модарони дунё сари таъзим фуруд меорад.Зеро њамин модар аст, ки дар замири фарзанд тухми накўкориву некуандеширо пошидаву парвариш медињаду ўро њидоят ба Инсон будан мекунад ва боз њамин модараст, ки бузургтарин нобиѓагони дунёро ба олами њастї халќ кардааст, ки худи устод низ аз шумори онњост. Мањз њамин мењри беандоза доштани устод ба модараш хамирмояи офарида шудани сурудњои "Модар",

"Дили модар" ( М.Турсунзода), "Мењри модар" (Эраљ Мирзо), "Љони модар" (Маликушшуаро Бањор), "Арзи фарзанд" (Љонибек Ќувноќов) ва ѓайра аз силсилаи сурудњои "Модарнома"-и ў мебошанд. Сурудњои "Модарнома"-и эшон аз љониби мухлисону муњаќќиќон ва њунарварони њирфаї хуш истиќбол ёфтаву арљгузорї шудаанд. Аз ин љост, ки соли 1979 њангоми сафари дувум ваќте дар сањнаи консертии "Кобул нандорї" суруди "Дили модар"-ро мехонд, љавоне бо як чусту чолокии хос ба худаш бо дастаи гул рўйи сањна омада,устодро сахт ба оѓўш гирифта мегўяд: "Ман њам ба мисли Шумо њофиз њастам. Ањмад Зоњир. Ман њам ба васфи Модар бисёр сурудњо дорам ва мехонам, вале тарзи оњанг ва овози Шумо маро хеле мутаассир кард. Мазмуни сурудатон њам бисёр олист. Ташаккур ба Шумо". Мусаллам он аст, ки њар инсон дар зиндагї худ як муъљиза ва олами нотакрор ва ангезаи нодир аст, вале боз шахсиятњое дар олам арзи њастї мекунанд, ки бо рангу љилои худ љомеаи инсониро зинат мебахшанду нигоњњову аќлњо ва таваљљуњи атрофиёнро беихтиёр моил ба худ месозанд ва яке аз ин чењрањои пурљилову нодир дар рўзгори мову пасояндагон устод Љўрабек Мурод аст. Устод Љўрабек Мурод ба таври ногањон дар осмони њунари тољик чун як ахтари пурљило ворид шуда, то ба имрўз таровату тозагї ва тобишњои худро аз даст надодааст. Њарчанд офтоби зиндагии эшон аз васати осмон убур карда бошад њам, вале боз нурњои савту созаш, муњаббати поку беолоишаш, инсондўстдорию инсонпарвариаш, накўкориву накуандешиаш ва боз дањњо аз хислатњои њамидаи инсониаш мухлисону њаводорони њунарашро гармї бахшидаву ба

зиндагии шоиста роњнамої мекунанд. Устод њамчуноне ки дар бањри санъату њунар чун тўфон ворид шуд, њамчунон бо азму иродаи ќавї идомабахши њунари Худо барояш атокарда мебошад. Устод њамчун санъаткори асил ва нотакрор њамеша њунар, заковат, мањорат ва њиммати худро ба тањкими пояњои маънавї ва ахлоќии љомеа бахшидааст. Шояд ў ягона њофизе бошад, ки дар толор ва ё дигар сањнањо бо мардуми тамошобин озодона ва дар њама мавзўъ суњбат карда тавонаду тавассути суруду мусиќї ба њамнавъони худ накўкориву одамиятро гўшзад намуда, њиссиёти њаётдўстию инсонпарвариро дар замирашон бедор сохта ва бо ин рисолати азалии худро адо кардаву мекунад. Барои устод Љўрабек Мурод Инсон бузургтарин офаридаи Худованд мањсуб мешавад. Борњо шунидаему шоњид гаштаем, ки устод Љўрабек ба њамсуњбати худ новобаста ба синну сол ва мавќею маќомаш эњтиромро ќоил асту сухани мусоњибашро бо тамкин шунида ва баъдан изњори аќида менамояд. Бузургтарин инсонияти ў дар он зоњир мегардад, ки аз кўдаки њафтсола то пири њафтодсолае, ки рў ба рўяш ояд нахуст шуда даст болои дил гузоштаву бо як табассуми зебое салом медињад. Ў барњаќ зойири дилњои одамон асту дигаронро низ талќин мекунад, ки: Тавофи каъбаи дил кун, агар диле дорї, Дил аст каъбаи манї , ту гил чи пиндорї. Њазор бор пиёда тавофи Каъба кунї, Ќабули Њаќ нашавад, агар диле биёзорї. Сурудњои устод Љўрабек орзуву ормонњои худи ўянд.Аз ин лињоз низ онњо ба њама баробар, якранг ва ба њар кас вобаста ба эњсосу њиссиёт ва даркаш таъсиррасон мебошанд.Сомеъон ваќте ба суруди ў гўш медињанд, гумон мекунанд, ки њофизи дўстдоштаашон мањз аз дарди дили эшон воќифасту ба атрофиён њикоят мекунад ва сўзу сози ўро бо суруду мусиќї ифода месозад: Эй, ки мегўї ба хубон ошної мушкил аст, Ошної метавон кардан, људої мушкил аст. Дил ки ранљид аз касе, хурсанд кардан мушкил аст, Шишаи бишкастаро пайванд кардан мушкил аст. Санаи 24-уми декабр барои мо мухлисону дўстон ва наздикон рўзи муборак асту таманно мекунем, ки њамеша тандуруст бошад. Зеро устод дар ин рўз ба синни камолоти 74 ќадам гузорад њам, боз дар ављи кори эљодї ќарор мегираду пайи офаридани сурудњои тоза камар баставу мебандад, ки сурудњои тозатаълифи эшон аз ќабили "Ало шодоб соњилњо" ва "Тољику форсу дарием" гувоњи ин даъвоянд. Њамасола баргузор намудани консерти њисоботї дар назди мухлисон баёнгари истеъдоди нотакрор ва заковату фаросати модарзодии устод мебошад. Устод суннатњои неки ниёгонро идома дода, бо њимматбаландии худ њамсола дўстону мухлисон ва њаводорони шеъру мусиќии ноби тољикиро ба њам оварда, барояшон бо садои малакутиаш месарояд: Донї, ки чист давлат дидори ёр дидан, Дар кўи ў гадої бар хусравї гузидан. Аз љон тамаъ буридан осон бувад, валекин Аз дўстони љонї мушкил тавон буридан Дар анљомсухани ин нигошта аз навиштаи Њунарманди мардумии Тољикистон Бањодур Миралибеков бењтар њусни маќтаъе пайдо накардем, ки нигоштааст: "Љўрабек Мурод-Борбади ќарни мост! Ў бањрест, ки туѓёни њунараш канор надорад". Амирњамза БОЌИЗОДА, Мирзомурод САИДЗОДА, Холмуњаммад РАЊИМЇ


ИЌТИСОД

“НИГОЊ”, ЧОРШАНБЕ №39 (472), 23. 12. 2015

7

СУРАТЊИСОБИ КОНИ ТИЛЛО КУШОДА ШУД Беш аз 2 њазор коргари корхонаи тилло "Зарафшон" маоши думоњаашонро гирифтанд

ЯК МУШТИ РАИС Раиси Нозироти андози Файзобод бо соњибкор чї кор кард? Раиси нозироти андози ноњияи Файзобод Лутфулло Алиев як соњибкорро дар утоќи кориаш латукўб кардааст. Соњибкор У.К. мегўяд, чанде пеш Лутфулло Алиев дар њуљраи кориаш ўро латукўб карда, дашномњои ќабењ додааст. Ў мегўяд, барои масъалаи корї ба ќабулаш рафтам, вале ин масъули њукумат маро лат кард: - Ман барои гирифтани имзои раиси нозироти андоз ба назди Алиев даромадам. Њисобот оварда будам ва бояд ў дар ин њуљљатњо имзо карда, як ададашро ба ман бармегардонд. Аммо ў талаб кард, ки бояд ба газетаи "Бољу хирољ" обуна шавам. Ман рад кардам, охир, буњрон аст дар мамлкат. Кору тиљорати кам касон хуб аст. Аммо ў асабї шуда, ба сари ман доду вой кард. Ман талаб кардам, ки дар коѓаз навис, ки имзо намегузорам ва ё имзо гузор, то ман равам. Аммо ў ба шиддат рад карда, талаб кард, ки аз њуљраи кориаш бароям. Пас аз онки ман якравї кардам, ў хеста, ба ќафаси синаам як мушт зад ва дашномњои зиёдеро ба сари ман рехт. Љавоб дода метавонистам, вале ќонунро болотар донистам. Ба ШКД-и Файзобод шикоят бурдам. Онњо ќазияро омўхта парванда карданд. Њоло намедонам чї мешавад". У.К. мегўяд, танњо талаб дорад, ки раиси нозироти андоз бахшиш пурсаду ба дигар соњибкорон ингуна муносибат накунад, зеро инхел рафтор соњибкоронро дилсард мекунанд.

- Пас аз ин њодиса фаъолияти соњибкориамро њам дар ноњияи Файзобод ќатъ кардам, зеро ба онњо андозсупорандаву коргар лозим набудааст, - мегўяд ў. Аммо Лутфулло Алиев, раиси нозироти андози ноњияи Файзобод ин њодисаро рад карда мегўяд, ў њељ гоњ ба чунин амал даст назадааст ва ин соњибкор дар њаќќи ў тўњмат карда истодааст. Дар њамин њол, љаноби Алиев тасдиќ кард, ки ўро як маротиба ШКД-и ноњияи Файзобод даъват карда, аз ў баёнот гирифтаанд. Дар ШКД-и ноњияи Файзобод ба TojNews гуфтанд, баъд аз дарёфти аризаи ин соњибкор онро барои баррасї ба Прокуратура ирсол кардаанд. Абдурањмон Каримзода, сардори ШКД-и Файзобод гуфт: "Њоло шикояти мазкурро Прокуратураи ноњияи Файзобод санљида истодааст, зеро ин салоњияти мо нест". Ин бори дуюм аст, ки номи мансабдорони ноњияи Файзобод ба ин шева расонаї мешавад. Соли гузашта Шодигул Ќарахонова, сокини 59 - солаи ноњияи Файзобод ба Прокуратураи генералї шикоят бурда буд, ки собиќ раиси ноњияи мазкур Имомназар Каримиён дасти ўро дар њуљраи кориаш зада шикастааст. Баррасии нињои ин ќазия норўшан монд, аммо Каримиён аз вазифа сабукдўш шуда, дигар ба хидмати давлатї љалб нашудааст. Умари ТОЊИР

РОЊИ ЊАВОЇ БА СЎИ КИЕВ Украина мехоњад парвозњои Душанбе-Киев аз сар гирифта шаванд Сафири Украина дар Тољикистон Виктор Никитюк мегўяд, кишвараш манфиатдори ифтитоњи муљаддади парвозњои мустаќим аз Душанбе ба Киев аст. Сафири Украина дар Тољикистон, ки рўзи сешанбе 21 декабр дар як нишасти матбуотї бо хабарнигорон суњбат мекард, гуфт, хеле муњим аст, агар соли 2016 парвози њавопаймоњо миёни пойтахтњои ду кишвар аз сар гирифта шаванд. "Маврид ба ёдоварист, ки парвози њавопоймоњо миёни Киев ва Душанбе то моњи феврали соли 2013 идома доштанд. Хатсайри Душанбе-Киев хеле муносиб ва

њамеша пур аз мусофирорн буд. Хуб мешуд агар мо ба оѓози дигарбораи парвозњои иќдом мекардем", - гуфт дипломати украин. Ба гуфтаи љаноби сафир ширкати Парвозњои байналмилалии Украина борњо эълони омодагї кардааст, ки парвозњо аз сар гирифта шаванд. Яъне, аз љониби Украина мушкиле нест. Киев ба ин дархост њоло интизори посухи расмии Душанбе аст. "Мо интизори посухи љониби Тољикитсон барои иљозаи парвозњо аз Украина њастем", - иброз дошт сафир. Дипломати украинї њамчунин аз муносибати хуби сокинони кишвар бо Украина ва мардуми украин изњори хушнудї кард ва гуфт, ки дар муддати се соли фаъолияти сафириаш муносибати гарми тољикистиониёнро эњсос кардааст. "Мо хеле умумиятњо дорем ва украинњо низ низ ба тољикистониёни муќими Укриана њамин гуна муносибати софу пок доранд", - гуфт Виктор Никитюк. Бобољони ШАФЕЪ

Баъди дигарбора боз кардани суратњисоби корхонаи истењсоли тилло "Зарафшон" 2 њазору 200 коргари он маоши думоњаањонро гирифтаанд. Бино ба гуфтаи масъулини бузургтарин корхонаи истењсоли тилло дар Тољикистон "Зарафшон", Кумитаи андоз пас аз 2 моњ суратњисоби онњоро муваќатан боз кард, њоло корхона ба фаъолияти муќаррариаш баргаштааст. Масъулини корхонаи "Зарафшон" мегўянд, баъд аз баррасии вазъи корхона дар њузури муовинони сарвазири кишвар Кумитаи андоз суратњисоби корхонаро боз намуд ва 2200 нафар коргарон низ маоши думоњаи худро ба даст оварданд. Суратњисоби Корхонаи тиллои "Зарафшон" бо сабаби доштани 200 миллион сомонї ќарз ду моњ пеш аз љониби

Кумитаи андоз баста шуда буд. Дар оѓози моњи декабри соли равон корхонаи "Зарафшон" муваќатан аз фаъолият бозмонд ва роњбарияти корхона аз эњтимоли муфлис шудани он бонги изтироб зада буданд. Корхонаи тиллои "Зарафшон" дар шањри Панљакент ќарор дошта, соли 1994 дар якљоягї бо ширкати бритонёї таъсис ёфтааст. Аз сањмияњои корхона 49 дарсадаш дар дасти Тољикистон ва 51 дарсад дар дасти ширкати бритонёї буд. Баъдан сањмияњои "Зарафшон"-ро ширкати чинии Zijin Mining Group харидорї намуд ва њоло 75 дарсади сањмияњои корхона дар дасти ин ширкат мебошад. Ин корхона дар як њафта иќтидори истењсоли 8 кг тиллоро дорад. Абўалї НЕКРЎЗ

ДАРОМАД - 3, БАРОМАД - 400 Дар Душанбе як ронандаи "таксињои сесомонї"-ро 400 сомонї љарима кардаанд Як ронанда дар шањри Душанбе барои мусофиркашониаш дар хатсайри автобусњои №3 400 сомонї љарима шудааст. Бино ба иттилои масъулини суди ноњияи Исмоили Сомонии пойтахт, ронандаи Фаридун Сангимуродов ба он муттањам мешавад, ки дар хатсайри №3 бидуни иљозатнома бо лавњаи №3 мусофиркашонї кардааст. Дар суд мегўянд, ки Сангимуродов бо мошини шахсиаш "дар хиёбони марказии шањри Душанбе бе иљозатнома бо лавњаи хатсайри №3 ба фаолияти мусофиркашонї машѓул шудааст, ки бо ин кидораш талаботи моддаи 17 Ќонуни Љумњурии Тољикистон "Дар бораи иљозат-

номадињї ба баъзе намудњои фаолият"ро, ки мувофиќи он барои амали намудани фаолияти мусофиркашонї иљозатнома зарур аст вайрон намудааст". Нисбат ба ин ронанда кормандони воњиди махсуси ВКД протоколи њуќуќвайронкунии маъмурї тартиб додаанд, ки суд 10 нишондињанда барои њисобњо, баробар ба 400 сомонї љарима кардааст. Чунин ронандањо дар шањри Душанбе бо номи "таксињои сесомонї" маъруф мебошанд, ки бо нишондоди хатсайрњо њаракат карда, сарфи назар аз масофа аз њар як нафар се сомонї мегиранд. Муллораљаб ЮСУФЇ

МУСОФИРКАШЊОИ 3-СОМОНА - МУШКИЛОСОНКУНИ МАРДУМ


8

“НИГОЊ”, ЧОРШАНБЕ №39 (472), 23. 12. 2015

Љалол Оли Ањмад (Аввалаш дар шумораи гузашта) Бидењи (ќарзњо)-и дигаре њам дорем ва он ин аст, ки Ѓарб аз ваќте моро аз соњили шарќии бањри Миёназамин то Њинд "Шарќ" хонд, ки аз хоби зимистонаи асримиёнагї бархост ва ба љустуљўи офтоб ва адвия (дорувор) ва абрешим ва дигар матоъњо. Нахуст дар намуди зиёраткунандагони маконњои муќаддаси масењї ба Шарќ омад (ба Байтуллањм ва Носирия ва ѓайра) ва баъд дар набарди салибиён ва баъд дар кисвати бозаргонон ва баъд дар паноњи тўпи киштињои пур аз матои худ ва баъд ба номи мубаллиѓи Масењият ва дар нињоят ба номи маданият ва тамаддун. Ва ин охирї воќеан номе буд аз осмон афтода. Охир истеъмор

ХУДШИНОСЇ пурсем: чаро мо шарќињои мусулмон пазиро набудем? Мебинед, ки љавоб дар худи суол мундариљ аст. Зеро дар даруни куллияти исломии худ зоњиран шебе (чизе) ќобили мутолиа набудї. Ба њамин иллат буд, ки Ѓарб дар бархўрд бо мо на танњо бо ин куллияти исломї дарафтод, балки дар ихтилоф андохтан миёни мо ва усмонињо, дар ташвиќ аз бањоигарї дар миёнањои њукмронии Ќољор, дар тањќири усмонињо пас аз љанги аввали байналмилалї ва дастиохир дар муќобила бо рўњонияти шиъї дар балвои машрутият ба баъд, балки Ѓарб кўшид то он вањдати таљзияшуда аз дарунро, ки фаќат дар зоњир умумият дошт, њар чї зудтар аз њам бидарад. Ва моро низ њамчун бумиёни Африќо нахуст табдил ба маводи хом кунад. Ва пас аз он озмоишгоњњо

Пас аз ин муќаддамот иљоза бидињед, ки акнун ба унвони як Шарќ пой дар суннат ва шоиќ ба париши 200-300-сола ва маљбур ба љуброни ин њама дармондагї, вомондагї ва нишаста бар заминаи он куллияти таљзияшудаи исломї, ѓарбзадагиро чунин таъбир кунам: Маљмўаи аворизе, ки дар зиндагї ва фарњангу тамаддун ва равиши андешаи мардумон нуќтае аз олами њодис шудааст ва он њам бе њељ суннате ба унвони такягоње ва бе њељ идомае дар таърих ва бе њељ дараљаи тањаввулёбандае, балки фаќат ба унвони савѓоти мошин ва равшан аст агар пас аз ин таъбир гуфта шавад, ки мо яке аз ин мардумонем. Чун бањси ин дафтар ба тариќи аввалї ба њулл ва њуши иќлимї ва забонї ва суннатї ва мазњабии

он љоњо дошта, беш аз инњо ба Ѓарб назар доштааст - ба канорањои бањри Миёназамин, ба Юнон, ба дараи Нил, ба Лидиё (минтаќае дар Осиёи Саѓир), ба Маѓрибулаќсо ва ба дарёи анбархези Шимол! Мо сокинони флоти Эрон низ љузве аз ин кулл будаем, ки шумурдам. Чаро чунин будаем? Ба њадс ва тахмин љавобе бояд биёбем. Оё мутаваљљењ њастед, ки доираро тангтар кардам ва њоло сухан аз мо, эрониён аст. Шояд фирор аз Њинди модар будааст? Нахустин таваљљўњи мо ба Ѓарб, фирор аз марказ - намедонам, ки инро нажодшиносї ва ориёбозї ва забоншиносии њинду урупої бояд рўшан кунанд. Албатта, ман њадс мезанам: ба њар сурат дар ин, ки њамин модар (Њинд) чї оѓўши гарме дар рўзњои

ЃАРБЗАДАГЇ њам аз решаи умрон аст ва он кї умрон мекунад, ночор бо мадина - бо маданият сару кор дорад. Љолиб ин аст, ки аз миёни њамаи сарзаминњое, ки зери чакма (мўза)-и ин "њазрат" тахти ќопу (ба иљбор якљонишин) шуданд, Африќо пазиротар буд ва умедбахштар. Ва медонед чаро? Чун илова бар маводди хоме, ки дошт (тилло, алмос, мис, ољ ва ѓайра), бумиёнаш бар заминаи њељ суннати шањрнишинї бо дине густарда ќадам намезаданд; њар ќабилае барои худаш худое дошт ва раисе ва одобе ва забоне ва њама пароканда! Ва ночор султапазир гардиданд ва муњимтар аз њама ин ки, тамоми бумиёни Африќо лухт (барањна) мегаштанд, зеро дар он гармо либос наметавон пўшид. Ва оќои Истамлии љањонгард њамчун "инсондўсти" инглисї ваќте ба ин "башорати" ахир аз Конго ба ватанаш бозгашт, дар Манчестер љашнњо гирифтанд ва дуоњо карданд. Охир соле се метр порча барои нафаре як пирањан, ки занон ва мардони Конго бипўшанд ва "мутамаддин" бишаванд ва дар маросими калисої ширкат кунанд, мусовї мешавад бо соле сесаду бист милён ёрд порчаи корхонањои Манчестер. Ва медонем, ки сарони истеъмор мубаллиѓи Масењият низ буданд ва канори њар намояндагии тиљоратї дар саросари олам як калисо њам месохтанд. Ва мардуми бумиро бо макру њиял бо њузур дар он мехонданд. Акнун бо барчида шудани бисоти истеъмор аз он љоњо њар намояндагии тиљоратї, ки тахта (баста) мешавад, дари як калисо њам баста мегардад. Пазиротар ва умедбахштар будани Африќо барои он њазрат ба ин сабаб њам буд, ки бумиёни Африќо худ маводи хоме буданд барои њар навъ озмоишгоњи ѓарбї, то мардумшиносї ва љомеашиносї ва нажодшиносї ва забоншиносї ва њазорон фалоншиносии дигар. Бар заминаи таљрибањои африќої ва австролиёї њама омода гардид ва устодони Кембриљ ва Сорбун ва Лидан бо њамин фалоншиносињо ба курсињои худ мустаќар шуданд. Ва он сўйи сиккањои шањрнишинњо худашонро дар бадавияти африќої диданд. Мо шарќињои Ховари Миёна на чунон пазиро будем ва на чунин умедбахш. Чаро? Агар бихоњем худамонитар бошем, яъне аз худамонитар њарф бизанем, бояд би-

«

бибарад. Ин тавр буд, ки дар фењристи њамаи доиратулмаорифњое, ки ѓарбињо навиштаанд, муњимтаринаш "Доиратулмаорифи исломї" аст. Мо худамон њанўз дар хобем, вале ѓарбї моро дар ин доиратулмаориф ба озмоишгоњ бурдааст. Охир Њинд низ љое дар њудуди Африќо буд бо он "табалбулассин" (бало ё мусибати пирї) ва парокандагии нажодњо ва мазњабњо. Амрикои Љанубї њам, ки яксара аз дами шамшери испониёињо масењї шуд ва Уќёнусия њам, ки худ маљмаъулљазоире буд, яъне бењтарин њавзаи эљоди ихтилофњо. Фаќат мо будем, ки дар сурат ва низ дар њаќиќати куллияти исломї танњо садд (монеа) будем, дар муќобили густариш (истеъмори масењият)-и тамаддуни урупої, яъне дар муќобили бозорёбии саноати Ѓарб тўпи усмонї, ки дар ќарни 19 мелодї пушти дарвозањои Вен (Италия) мутаваќќиф шуд, поёни воќеае буд, ки дар соли 732 мелодї дар Испаниё - дар Андалис шурўъ шуда буд . Ин дувоздањ ќарни кашмакаш ва раќобати Шарќро бо Ѓарб чї бидонем, агар кашмакаши Ислом ва Масењият надонем? Ба њар сурат, акнун дар ин даврон, ки мо ба сар мебарем, мани осиёии бозмондаи он куллияти исломї дуруст ба андозаи он африќої ё австралиёии бозмондаи бадавият ва тавањњуш, њар ду як сон ва ба як андоза дуруст њамон ќадар ќобили ќабул барои милали "мутамаддини" Ѓарб ва созандагони мошинем, ки ба музейнишинї ќаноат кунем. Ба ин, ки фаќат чизе бошем ва шае бошем ќобили мутолиа дар музей ё озмоишгоње, на беш аз ин. Мабодо дар ин моддаи хом даст бибарї! Акнун дигар бањс аз ин нест, ки нафти Хузистонро хом мехоњанд ё моли Ќатарро, ё алмоси Котонкоро натарошида, ё санги гранати Кирмонро наёлуда, балки бањс дар ин аст, ки мани осиёї ва африќої бояд њатто адабамро ва фарњангамро ва мусиќиамро ва мазњабамро ва њама чизи дигарамро дуруст њамчун атиќае аз зери хок даромада ва дастнахўрда њифз кунам, то "њазрат" биоянд ва бикованд ва бираванд ва пушти музейњо бигзоранд, ки "бале, ин њам як бадавияти дигар".

Њељ кадом аз шањрњои бузурги мо беш аз се моњ дар сол барф ва борандагї ва яхбандон надоранд ва оё ба ин тартиб наметавон ба таърихшинос Тайбурманд њаќ дод, ки мўътаќид аст тамаддунњои бузурги шањрї, ки ба текнолужї даст ёфтанд, фаќат дар ноњияе аз кураи замин истиќрорпазиранд, ки сард аст ва миёни ду мадор Раъсуссаратон ва мадори Ќутби Шимол ќарор гирифтааст .

«

нависандааш тааллуќ меёбад, рўшантар аст агар бигўем, ки мо ваќте мошинро доштем, яъне, сохтем, дигар ниёзе ба савѓоти он нест, то ба муќаддамот ва муќорриноташ (наздиконаш) бошад. Пас, ѓарбзадагї мушаххасаи давроне аз таърихи мост, ки њанўз ба мошин даст наёфтаем ва рамзи созмони он ва сохтмони онро намедонем. Ѓарбзадагї мушаххасаи давроне аз таърихи мост, ки ба муќаддамоти мошин, яъне ба улуми љадид ва текнолужї ошно нашудаем. Ѓарбзадагї мушаххасаи давроне аз таърихи мост, ки ба љабри бозор ва иќтисод ва рафтуомади нафт ночор аз харидан ва масраф кардани мошинем. Ин даврон чї гуна пеш омад? Чї шуд, ки дар инсирофи комили мо аз тањаввул ва такомули мошин дигарон сохтанд ва пардохтанд ва омаданд ва расиданд ва мо ваќте бедор шудем, ки њар дакал (пойгоњ)и нафт мехе буд (дар ин) њавол (минтаќа) фурў рафта? Оре, чї шуд, ки мо ѓарбзада шудем? Бармегардем ба таърих. Боби чањорум НАХУСТИН РЕШАЊОИ БЕМОРЇ Чунонки аз таърих бармеояд, мо њамеша ба Ѓарб назар доштаем. Њатто итлоќи "ѓарбї"-ро мо унвон кардаем ва он њам пеш аз он, ки фарангиён моро шарќї бихонанд. Мурољиат кунед ба Ибни Батутии маѓрибї ё пеш аз он ба тангии Љабалутториќ, ки мунтањо алайњи "Ѓарб" исломї буд. Аз субњидами тамаддуни Ислом то фурў рехтани арзиши њар ангорае дар муќобили султаи текнолужї мо њамеша дар ин сўи олам њамчун муште аз хирвори куллияти як тамаддун дунёро ба ангораи (зењният)-и худ мешинохтаем ва ба онгњои худ нишон мезадаем ва ин њам пеш аз он, ки дигарон њамин корро бо мо бикунанд. Магар ин тавр нест, ки њар зере болое дорад? Ва агар як-дуњазорае пештар биравем ва куллитар ба давру бари худ бингарем, дар њамин ноњияи Ховари Миёнаи мо будааст, ки "кулда ва ошур ва илом" (номи тамаддунњои ќадим) ва Миср ва Яњуд ва Буддо ва Зардушт дар пањнаи густардае аз дараи Синд то дараи Нил ќад барафроштаанд ва бунёнгузори он чизе шуданд, ки љуз он чизе дар чандто аз тамаддуни ѓарбї нест. Албатта, дур аз тафохур ва тахархар (ифтихор). Ин "мо"-и чандтарафа дар ин њама давронњо пеш аз он, ки ба Машриќулаќсо (Чину Мочин ва Њинд) назар бидўзад, ки чизеро ва чопро ва курсиро ва ирфонро ва наќќоширо ва риёзат (чавкигарї)-ро ва муроќиба (одоб)-ро ва заъфарону адвияро ва суману (суманак)-ро ва ѓайраро аз

мабодо бароямон омода дошта, њарфе нест. Њамин Њинд як бор ба боќимондаи зардуштиён паноњ дод, ки њатто ба "љазия"и исломї тан дар надоданд ва хонахез гурехтанд ва ба Њинд паноњ бурданд. Мо имрўз порсиёни Њиндро аз табори онон дорем, ки дар солњои истеъмори Њинд бад љуре ионат (ёрї) ба зулми инглисњо карданд ва акнун низ ашрофигарии санъатии Њиндро њамчунон дар ќабза доранд; бори дигар дар њамлаи муѓул ва бори охир аз дами шамшери ба таассубкашидаи Сафавиёни сўфинамо. Ва дар ин ду бори охир чи хазоини (хазинањои) фикрї, ки бо ин гурез дар амон монд ва чи сармояњои андеша, ки аз осеби дањр мањфуз шуд (дар амон монд). Ин оѓўши гарми модарона гарчи њамеша паноњгоње буд барои мо кўдакони овора, аммо њељ кўдаке дар нозпарвардагии оѓўши модар ба љое нарасидааст. [Тамаддун]-и Ислом њам дар Макка ба љое нарасида ва ба ин иллат муњољирати Мадина пеш омад ва баъд дар Баѓдод ва дар Димишќ ва Ќоњира ё дар Сисилия ва Кордова буд, ки асоси шавкатеро рехт дархури як импературї; Масењият, ки аз Љалил ва Носира нидо дод, яксара дар ќалби дунёи будпарасти Рум алам афрошт. Монавият, ки аз Тисфун бархост, дар Турфон ба хок нуњуфта шуд. Ва Буддо, ки аз Њинд рўид, сар аз диёри офтоби тобон бадар овард. Њамин тавр, мо низ аз Њинд гурехтем (агар чунин бошад) ё ба он пушт, ки кардем, мутаваљљењи Ѓарб шудем ва бо ин модари эњтимолї гарчи доду ситаде њам доштаем, ба "мењр" дар сурати рафтуомади Бузургмењр ё парсаи урафо ва ба зиёрати Сарандеб ва бархўрде низ ба ќањр дар сурати ѓазавоти Мањмуд […]-и Ѓазнавї ва юриши Нодири пўстинпўш, аммо дар ин доду ситадњо бо Њинд мо њаргиз ќасди ќурбат (наздикї) надоштаем, њаргиз силаи рањм накардаем ва ман як иллати эњтимолии он чиро, ки ѓарбзадагї меномам, дар њамин гурез аз марказ медонам, ки гурез аз гармо њаст. Шояд низ ба ин иллат њамеша ба Ѓарб назар доштаем, ки фишори биёбонгардњои шимоли шарќии моро ба ин самт мерондааст, њамчунон ки ориёњо, ки омаданд, девони шоњномаеро аз Мозандарон ронданд то канорањои Халиљ. Аз Тўрониёни "Шоњнома" ва Њайтолиён бигирем ва биё… њарчанд дањ соле як бор ийле (чи турк ва чи форс) хонабарзин карда, ба љустуљўи чарогоње ба ин сў тохт, то љуброни хушксолии нобањангом, аммо музмани (хушксолии) биёбонњои дури Ѓурро карда бошад. Куруш њам дар он биёбонњои дур дар пайи "сикањо" мурд, Ѓузњо ва Оли Салчуќ ва муѓул низ аз њамон биёбонњо по дар рикоб


“НИГОЊ”, ЧОРШАНБЕ №39 (472), 23. 12. 2015

«МАРО АЗ ДЎСТОНАМ РАЊО КУНЕД!» гузоштанд. Хуни Сиёвуш њам дар он биёбонњо ба дасти Афросиёб рехт. Ба њар сурат, њељ ќарне аз даврањои афсонавї ё таърихии мо нест, ки яке ду бор љои суми аспи ийлнишинони шимоли шарќиро ба пешонии худ надошта бошад. Њамаи силсилањои салотини давраи исломиро бо якду истисно њамин љангљўёни ийлї таъсис карданд ва њатто пеш аз Ислом њам. Магар портњо киёнанд? Ва аслан тўмори таърихи моро њамеша "ийлњо" дарнавардидаанд, на "олњо". Њар бор, ки хонае сохтем, то ба кунгурааш бирасем, ќавме гурусна ва тозанда аз шимоли шарќ даррасид ва натанњо нардбонро аз зери помон кашид, балки њама чизро аз пойбаст вайрон кард. Шањрњои мо бар ин майдони пањновар, ки флоти Эрон бошад, њамеша мўњрањои шатранље будаанд бар суфраи густарда. Њамчун гўйе пеши пои саворони ќањтизадаи биёбонгард, ки аз инљо бардоранд ва ба онљо бигзоранд. Гунбади Султония бо азамати меъморияш ва бо абъоди ѓулосо њанўз ба садњо равзан садњо лабханд бар ин бисоти бўќаламун дорад. Дар ин пањндашт фаќат маъдуде аз шањрњои мо фурсат карданд, то дар љавонии худ бирўянд ва биболанд ва дар љоуфтодагии санин бирасанд ва дар пирии даврони хеш аз рушд биистанд ва ба фарсудагї бигароянд ва он ваќт њамчу Баѓдод, ки аз миёни махрубањои Тисфун бархост, љони худро чун Ќаќнус (мурѓи Самандар) дар оташе бигудозонд, ки парвандаи љавон ва зебо аст. Ин аст, ки мо "ин низ бигзараде" шудем ва санги њар касе чандрўза навбати ўст, гуфтем, ки то ќаъри об вуљудамон фурў нишаст ва шиорамон ин шуд: "њар кї омад, иморате нав сохт". Ба ин тартиб, шояд битавон гуфт, ки мо дар тўли торихи мудавванамон камтар фурсати шањрнишинї кардем ва он њам ба маънои даќиќи калима ба шањрнишинї ва тамаддуни шањрї (буржуазї) нарасидем. Ва агар имрўзро мебинед, ки тоза ба зарби даганк (калтак) мошин дорем, ба шањрнишинї ва иљборњояш хў мекунем, чун ин худ њаракате њаст тунд, аммо деромада, ночор намуди саратонї дорад, шањрњои мо акнун дар њама љо ба рушди як ѓадда (озах)-и саратонї мерўянд. Ѓаддае, ки агар решааш ба русто бирасад ва онро бипўсонад, оњу вовайлост! Дар бораи тадовуми тамаддуни шањрї агар истисноётеро дар гузаштаи таърих дар сањрои Хузистон мебинед њамчун Шуш, ё дар сањрои марказї њамчун Исфањон ва

Кошон ва Рай… танњо бар инњо наметавон њукм кард. Бинои таърихи гузаштаи мо ба дўши пайњо ва сутунњо ва деворњо ва хонањо ва бозорњо нест, зеро њар силсилае, ки бисоти худро густард, аввал бисоти силсилаи пешро барчид. Аз Сосонињо бигир, ки кунфаякун карданд, ончиро, ки аз Ашконињо монда буд то Ќољорњо, ки дўѓоб кашиданд ба дару девори њар биное, ки бозмонда аз Сафавї буд ва то њамин имрўзњо, ки бонки миллї сохтанд ба љои такяи давлат ва вазорати дорої ба љои хобгоњи каримхонї ё њар гўшае мадраса месозанд, ба љои масљидњо ва имомзодањо. Ман аз ин дар аљабам, ки бо ин уфуќњои боз чаро мо ин ќадар тангназарем. Танњо дар ду давраи Њахоманишњо ва Сафавињо аст, ки мебинї падар ва писар ба такмили биное мекўшанд, дар баќияи даврањо "њар кї омад, иморате нав сохт". Ва чї гуна? Бо масолењи иморати даргузаштагон! То он љо, ки њатто дирўз низ санги мармари маќбараи мусулмононро аз Абарќу ба кохњои салтанатии Тењрон меоварданд ва ба њар гўшаи мамлакат, ки фурў бар вай мебинї, ки пайи њар биное санги ќабри даргузаштагон аст ва масолењи њар пули кучаке сангњои ќалъаи ќалимии муљовир аст. Ба ин тариќ, бинои тамаддунии нимашањрии мо, биное нест, ки яке пай рехта бошад ва дигаре болош оварда бошад ва саввумї зиннаташ карда бошад ва чањорумї густардааш карда бошад… бинои тамаддуни, масалан, шањрии мо, ки марказияти њукуматњоро дар худ мепазируфта, биноест такякарда бар тирак (сутун)-и хаймањо ва баста ба пушти зини сутурон. Њахоманишњо яйлоќ ва ќишлоќ мекарданд, Сосониён низ. Ин аст, ки Шуш њаст, Њикматона низ њаст ва њарду пойтахт. Тисфун њаст ва Фирўзобод њам њаст. Њамчунин бостоншиносњо њатто корро ба он љо кашондаанд, ки дар тоќи биноњои бисёре аз деворањои таърихии мо шабоњатњои фаровон бо хайма ёфтаанд. Ва ман агар њадс бизанам, ки яке ба ин далел буд, ки мо мондем ва Ѓарб тохт (яъне мо аќиб мондем ва Ѓарб пеш рафт), зиёд бероња нарафтаам. Ин низ ба хотиратон бошад, ки мо дар саросари таърихамон дар ин пањндашт шаби тобистонро бар болои бомњо гузарондаем ва зери тоќи ситорагон дуруст аст, ки табиати хушк ва њавои чунин хашан (тунд) моро дар бар гирифтааст, аммо ин хушунат аз хушкї аст ва дифоъ дар муќобили он, агар селе дар кор набошад, ки

махсуси чунин табиате аст, чандон сахт нест, магар дар зимистоне бас кўтоњ. Њељ кадом аз шањрњои бузурги мо беш аз се моњ дар сол барф ва борандагї ва яхбандон надоранд ва оё ба ин тартиб наметавон ба таърихшинос Тайбурманд њаќ дод, ки мўътаќид аст тамаддунњои бузурги шањрї, ки ба текнолужї даст ёфтанд, фаќат дар ноњияе аз кураи замин истиќрорпазиранд, ки сард аст ва миёни ду мадор Раъсуссаратон ва мадори Ќутби Шимол ќарор гирифтааст . Албатта, чунин нест, ки ба мо њамеша аз биёбонњои шимоли шарќ тохта бошанд. Искандар њам буд, ки аз вилоёти шимоли ѓарби флоти Эрон омад. Ва Ислом њам буд, ки аз сањроњои љануби ѓарбї омад. Аммо он чи дар бораи Искандар аст, бо њамаи фитрати кўтоњ ё баланди эроният дар даврањои бозмондагони ў ва нахустин тазоњури ѓарбзадагии таърихи мудаввани мо, яъне "филњилн" (дўстдори тамаддуни Юнон) будани портњо - ин бархўрд бо Искандар ва сарбозонаш, бархўрд бо хонабардўшони зиннишин набуд ва бархўрде буд бо мољарољўён ва сарбозони муздури довталаби шањрњои канораи бањри Миёназамин, ки аз достони "Онобозис"-и Газанавфун тањрик ба далерї ва шуљоат шуда буданд ва дар пайи сарвати асроромези шоњаншоњони эронї бо анбонњои кушода ва дањонњои обуфтода ба зин нишаста буданд ва ба тамаъи дастрасї ба ганљњои шањрњои Њикматона ва Шуш ва Истахр ба ин сў омада буданд. Ин нахустин истеъморталабони таърих пас аз фаниќињост (аќвоми сомитабори 2500 сол пеш аз милод). Медонем, ки инњо њама уќдаи - даѓдаѓаи шањрсозї доранд ва агар њам Сур ё Истахрро мегўянд, аз њалќаи васлгоњи Нил то Синд тухми чандин Искандарияро бар љои урдугоњњои муваќќатии хеш пошиданд, ки дутои онњо то ба имрўз сар ва ќомат ва домани густардаи нозир баромад ва шуд аќвоми навкисае бар арсаи оби бањри Миёназамин. Дар бархўрд бо ин сарбозони муздур агар тороље њам дар миён будааст, нахуст ба дасти мо будааст . Мо, ки њар чї силие аз биёбонгардњои шимоли шарќї мехўрдем, дар Ѓарб ба бандарнишинони канори Мидитарона (бањри Миёназамин) мезадем. Шањри Отин ба њамин нањва сўхт, ки сўхтори Истахр посухаш бошад. Ислом ваќте ки ба ободињои миёни Даљла ва Фрот расид, тамаддуни исломї шакл

9

гирифт, аммо пеш аз он бадавият ва љоњилияти аъроб буд ва (Ислом) њаргиз ба хунрезї барнахоста буд. Дуруст аст, ки аз шамшери Ислом фаровон суханњо шунидаем, вале оё гумон намекунед, ки ин шамшер агар коре њам карда буд, бештар дар Ѓарб буд? Ва дар муќобили олами Масењият? Дар њар сурат ман гумон мекунам, ки ин шўњрат бештар ба иллати муќобилае буд, ки љињоди исломї бо шањиднамоии Масењияти садри аввал мекард, вагарна њамин Масењият ба мањзи ин, ки мустаќар шуд, медонем, ки чињо накард! Дар давраи "Ангезисюн" (номи мањкамаи калисої љињати бозљўии аќидаи мардум) дар Испания, ё дар воќиаи якљонишинкардани ќабилањои Амрикои Љанубї ва Марказї, ё дар тасхири Африќо, ё дар Осиёи Љануби Шарќї бо вайрон кардани тамаддуни "хамарза" . Ба њар љињат саломи исломї сулњљўёнатарин шиоре аст, ки дайне дар олам дошта. Гузашта аз ин, Ислом пеш аз он, ки ба муќобили мо биёяд, ин мо будем, ки даъваташ кардем. Рустами фаррухзоде буд, ки аз Фурусити Сосонї ва суннати зардуштї дифоъе бењуда кард, аммо ањли Мадоини Тисфун нон ва хурмо дар даст дар кўчањо ба пешвоз аз аъробе истода буданд, ки ба ѓорати кохи шоњї ва фарши "Бањористон" мерафтанд. Салмони форсї солњо пеш аз он, ки Яздагурд ба Марв бигурезад, аз Љайи Исфањон ба Мадина гурехта буд ва ба дастгоњи Ислом паноњ бурда ва дар таквин ва тањкими Ислом чунон наќше дошт, ки њаргиз муѓони ситорашинос дар таквини Масењият надоштанд. Ба ин тариќ, гумон намекунам битавон Исломро љањонкушо донист ба он таъбир, ки масалан, Искандарро медонем. Сарбозони маздури Маќдунї њар як (ба мисдоќи) табъидињо аз шањр ва диёри худ ба љустуљўи ганљ ба ин сў омаданд ва ба њар сурат њељ кадоме аз эшон чунон имонеро дар тирдони худ нуњуфта надоштанд, ки аъроби побарањнаро Сайњун ва Љайњун кашонд. Ба раѓми он чї то кунун фузалои риш ва сибилдор (мўйлабдор) гуфтаанд, ки шуубињо дер ба дунё омадае њастанд ва низ ба раѓми […] дар Рай ва Искандария Ислом лабайке будааст ба даъвате, ки аз се ќарн пеш аз баромадани нидои Ислом дар ин дашти барањути салтанатњо дар дањони Монї ва Маздак ба зарби сурби доѓкарда хафа шуд (буѓї гардид). Агар каме муњаќќиќона бингарем, Ислом худ нидои тозае буд бар мабнои таќозои шањрнишинињои байни Фрот ва Шом, ки њар як хаста аз љангњои тўлонии Эрон ва Рум њамчун гургњои борондидаи сањро, кўмаккунандагони эњтимолї будаанд ба њар нањзате, ки битавонанд сулњи мудовимро дар ин ноњияњо барќарор кунад. Медонем, ки паёмбари Ислом (с) дар љавонї бо Шом тиљорат мекардааст ва бо фалон роњиб дар дайри шомот гуфтугў дошта ва ѓайра. Магар содатар аз "ќавлу лоилоња иллолоњ тафлуњу" (бигўед, худое љуз Худои ягона нест, то растагор шавед!), мешавад мазњаберо таблиѓ кард? Ва дар охирин тањлил оё ин таваљљўњи мо ба Ислом низ худ таваљљўње ба Ѓарб нест? Љавоби даќиќи ин саволро ваќте метавон дод, ки бидонем дар матни расму оини аќибафтодаи Сосонї чї зулмњо, ки бар мардум намерафтааст! (Идома дорад) Баргардони Мирзо ШУКУРЗОДА Ёрд - воњиди андозагирї. Ишора мекунем ба шикасти Абдурањмони Умавї - сарсилсилаи хилофати исломии Андалис дар муќобили Шарл Мортел сардори фаронсавї дар Потия ва мутаваќќиф шудани густариши хилофати исломии ѓарбї дар оѓози ќарни 8 мелодї. Ва ёдатон бошад, ки ин Мортел имрўз исми як коняки маъруф аст. 3 Руљўъ кунед ба њамон тарљума аз Тюрманда, ки зикраш дар сањифањои ќаблї гузашт. 4 Нигаред ба маќолаи "Искандари гуљаста ё бузург", навиштаи Парвини Дориюш, "Китоби моњи кайњон", шумораи аввал, њурдодмоњи 1341. 5 Мурољиат кунед ба рисолаи "Гуфторе дар боби истеъмор" аз Имма Сезар, тарљумаи Њазорхонї, ношир "Нил", Тењрон. 1

2


10

“НИГОЊ”, ЧОРШАНБЕ №39 (472), 23. 12. 2015

Дар мањфили арўсии яке аз фарзандњояшон устод Валї Самад ба арўс мурољиат намуд: "Духтарам, аз ин рўз Шумо ба даргоњи мо меоед ва фарзанди азизи хонадони мо мешавед. Аз Шумо хоњиш дорам, дар хонаи мо бо забони давлатї муошират кунед..." Ман, ки дар ќатори мењмонњои љашни арўсї менишастам, ба ин суханњои устод гўш андохта, дар њайрат афтодам. Дар умри худ шояд дар садњо љашну мањфилњои арўсї иштирок дошта бошам, аммо њаргиз, такрор мекунам, њаргиз нафаре дар чунин мањфили хоси оилавї дар бораи забони давлатї суњбат накарда буд ва эњтимол дорад накунад. Аз љониби дигар ман бовар доштам, ки аз ќалби саршори муњаббат ба забону миллати Валї Самад чунин њарфњо берун меояд. Бале, ба ин гуна суханорої танњо Валї Самад, ки ки тору пудашон аз мењри беандоза ба забону миллат бофта шудааст, ќодир аст. Ба Валї Самад 26 шоир аз Бозор Собиру Лоиќ Шералї сар карда, то Абдусамеъ Ќуддусзодаву Абдурауф Муродї шеъре эњдо кардаанд. Ман дигар нафареро намедонам, ки дар васфаш 26 адиб ашъоре бахшида бошанд. Академик Муњаммадљон Шакурї ба устод чунин бањо додаанд: "Навиштањои Валии Самад барои амиќрафти худшиносии миллии мардуми тољик ањамияти махсус дорад, зеро нишон медињад, ки тољикон худро дар оинаи дили дигарон бубинанд, ба дили худ бо чашми дигарон бинигаранд, худро аз назари дўстони маънавиятљўй, мењрпарвар бисанљанд. Бегумон дар ин сурат чизњое мебинанд, ки пеш надида буданд." МУЊОФИЗ Њар замон мегўям, ки ин мард воќеан њам падари забони тољикї аст. Бинобарин, муњоботе аз мо намегузарад, агар гўем, ки тамоми зиндагии бобаракат аз њаштод соли умри эшон дар хидмати миллату забони тољикї гузаштааст. Ман дигар нафареро намедонам, ки ба забону миллат чунин муњаббату ихлос дошта бошаду барои њимояи он умри худ фарсуда. Њатто дўстї ва рафтори оштинопазирии устод ба дигарон дар асоси муносибати эшон ба забону миллат матрањ шудааст. Ў њамеша њамнишину њаммањфили Акбари Турсун, Мањмудљони Воњид, Лоиќ, Бозор Собир, Абдунабї Сатторзода, Рањими Мусалмониён ва дањњо дигарон аз чунин тоифа буд. Агар дар кадом гўшаи Тољикистон ва ё берун аз он касе, олиме дар бораи тољик ва ё забони тољикї њарфи ѓаразноке бирезад, муддати мадиде нагузашта, устод аз он огањ ва аз пайи посух ба он беадолатї нисбат ба намояндаи миллати мо мешавад. Гоње худ тавассути матбуот бар зидди он навишта маќола менависад ва агар он масъала аз салоњияти худи устод берун бошад, он гоњ ба

ЉАЊОН

гўши зиёиёне, ки нанги миллї доранд ва ё мартабаи баланд, зангўла мезанад, хабарашон медињад, ки фулонї ба миллати мо тањќир рехта ва ё фалон адиби моро азхуд карда. Пас њатман ба тањияи мактуби дастаљамъї барои пуштибонї аз миллату забон имзо љамъ меоварад. Барои тасдиќи ин гуфтор лањзае аз чунин рафтори устод Валї Самадро дар солњои навадум меорем аз забони рўзноманигори шинохта марњум Шафкат Саид, ки дар нашрияи "Минбари халќ" (11 октябри 1997) чоп шудааст: "Рўзе занг зад (Валї Самадро дар назар дорад) ва аз оњанги гапаш, аз он ки ќарзи Худо - салому алейкро фаромўш кард, пай бурдам, ки воќеаи ногуворе табъашро хира кардааст. "Узр, муаллим, медонам, ки он чї ки њозир мегўяматон, шуморо њам зиќ мекунад, дилатонро ба дард меорад, лекин чї илољ, нагуфта наметавонам. Чунки ин рўйдод ба чорчўбаи ягон ахлоќ намеѓунљад. Беписандї, пастзанї аз ин зиёд намешавад. Дар шумораи имрўзаи рўзнома маќолае баромадааст. Барои шумо, одами солхўрда, зарбаи сахт мешавад, бо вуљуд мутолиа карданатонро зарур мешуморам... Он маќоларо ёфта хондам. Бовар кунед, ќариб дилкаф шуда будам... Дар он аз љумла гуфта мешуд. Дар рўзномаи бонуфузи мо "Народная газета" журналистони ботаљриба худро ба нодонї зада, аз иваз шудани кўчаи "Правда" ба "Саъдии Шерозї" дар њайрат мондаанд ва менависанд: "Пусть простят мне мою неосведомленность историки из столичного горисполкома, но не было и нет в истории литературы

ДАР МАЗОРИ МУЊАММАДЉОН ШАКУРЇ

такого человека…" ...Падари шеъри рус А. С. Пушкин њанўз дар овони бистсолагиаш дар эљоди достони "Фаввораи Боѓчсарой" аз "Бўстон"-и Саъдї ду байтро чун сархат оварда, дар мактубаш ба Вяземский гуфтааст, ки "дар ин достон чизи асосї њамин ду байт аст". Л. Н. Толстой аз мухлисони сахтэътиќоди Саъдї будааст. Ин љо дўсти ман љузвдонро кушода, нусхаи дуюми маќолаи ба чоп рафтаро мебарорад ва ба сармуњаррири "Народная газета" нишон медињад, ки он "53 мурољиати Толстой ба Саъдї" буд. Сардабир аз љониби ходими идорааш барои ин хатои нобахшиданї узр мепурсад..." Оё имрўз кадоме аз мо барои забон, миллат ва адабиёт мисли устод Валї Самад дилсўзем? ЯКРАВ Устод аз одамони якрања њастанд. Боре дар зиндагии эшон чигиле дар миён афтод ва Муњаммад Осимї, президенти Академияи илмњои замон, ба устод Валї Самад насињат мекунанд, аммо академик Муњаммадљон Шакурї, ки он љо њузур доштаанду ба Валї Самад њаќќи устодї, ба президенти АИ гуфтаанд, ки бењуда насињаташон мекунед. Ин одам аз якравтарин инсонњост. Агар Валиљон бо як нафар ќањрї шавад, сангинтарин кор ин оштишавии ин кас аст. Ё ин кас мурда халос мешаванд ва ё он кас. Воќеан, бо касе ногапї шаванд ва ё аз касе ранљанд, асосан барои кадом гуфтори он нафар дар бораи забон ё миллати тољик аст. Наздикии устод њам ба ин ё он шахс танњо дар асоси муносибати он нафар ба миллату забон аст, на чизи дигар. Аммо метавон гуфт, ин якрањагї ба фаъолияти устод таъсири мусбат низ гузоштааст. Зиёда аз панљоњ сол аст Валї Самад дар Интитути забон ва адабиёт ба њайси ходим ва баъдан ходими пешбар фаъолият доранд. Зиёда аз панљоњ сол ин сў дар як идора, дар як бахш ва дар як њуљра кор мекунанд. Чї тавре мегўянд, дар дафтарчаи мењнатиашон танњо як љумла аст, ки фалон солу моњ ба кор ќабул карда шуд. Тамом, вассаалом! Умри њаштодии устод саршор аз сањфањои пурмазмуну рангин аст, ки гоње рўи он рангњои хурсандибахш рехта ва гоње нигаронкунанда. ИНТИХОБИ ТУРСУНЗОДА Бањори соли 1971 худи раиси Иттифоќи нависандагони Тољикистон, соњиби љоизањои олии адабиёти замони Ит-

тињоди Шўравї Мирзо Турсунзода адабиётшинос Валї Самадро ба дафтар даъват намуда, аз ў хоњиш мекунад, њамчун намояндаи Иттифоќи нависандагони Тољикистон дар анљумани 6-уми нависандагони Туркманистон иштирок намояд ва номаи табрикии ИН Тољикистонро ба вакилон бирасонад. Ва њамин тавр њам шуд. Валї Самад дар анљумани нависандагони туркман дар шањри Ашќобод номаи табрикиро ќироат намуда, якљоя бо ќолинчаи ёдгорї бо акси устод Рўдакиро ба раиси ИН Туркманистон Бердї Карбобоев супорид. Воќеан, њамчун намояндаи ИН дар анљумани њамкасбон иштирок ва суханронї намудан насиби на њар нависанда мегардад ва интихоби Валї Самад аз љониби Мирзо Турсунзода барои адиби љавон ифтихори бузург буд. Шояд барои баъзењо чун намояндаи ИН фиристодани Валї Самади њанўз узви ИН нашуда муаммо буд. Вале гумон мекунам, чунин масъулиятро ба уњдаи муњаќќиќи љавон гузоштан як таќдиме аз раиси ИН ба Валї Самад барои њаќиќатнигорї, адолатљўї ва муборизу њимоятгари забону миллат буд. Ва шояд барги сабзе буд барои маќолаи муњаќќиќ дар дифои олими тавоно, вале љавонмарги тољик Лутфуллоњ Бузургзода, ки он соли 1969 ба табъ расида, дар он Валї Самад яке аз олимони дар он давру замон маъруф ва бонуфузро њамчун дузди асарњои Бузургзода муттањам ва ошкор карда буд. Ин маќола сару садоњои зиёд ба миён овард ва ќариб буд Валиљонро аз Институти забон ва адабиёт бо бањонаи дар намоиши идонаи 7 ноябр иштирок накардан аз кор ронда буданд. Бале, ваќте устод Валї Самад беадолатиеро бубинад, бихонад ва ё шоњиди он бошад, њаргиз хомўш буда наметавонад. Ба дўстон, њамфикрон ва умуман, дилсўзони миллат заг мезанад, наздашон меравад ва дарди худро аз ибораи "Нагуфта наметавонам" оѓоз мекунад. Њамон замоне ки маќола дар бораи Бузургзодаро менавишт, ходими оддї буд ва нафареро зери танќид мегирифт, ки баръакс, чи тавре гуфтем, соњибунвон ва соњибмартаба буд ва пайомади шуме барояш роњандозї шуданаш аз эњтимол дур набуд, аммо барои Валї Самад њаќиќат, адолат ва ростї њамеша дар мадди аввал буду њаст... Чун аз Ашќобод баргашт ва аз сафари бомувафаќќияташ ба сарвари ИН њисобот дод, хурсандии дигар ўро интизор буд. Барои ба узвияти ИН ќабул шудани


“НИГОЊ”, ЧОРШАНБЕ №39 (472), 23. 12. 2015

ЧЕЊРА

Валї САМАД:

Ходими пешбари илмии Институти забон, адабиёт, шарќшиносї ва мероси хаттии ба номи Рўдаки Академияи илмњои Тољикистон, имрўзњо ба синни мубораки њаштод мерасад

"НАГУФТА НАМЕТАВОНАМ..." Валї Самад худи Мирзо Турсунзода, адабиётшиноси маъруф Муњаммадљон Шакурї ва академик Раљаб Амонов тавсия навишта буданд. Пас аз љониби чунин бузургони адабиёти замон гирифтани тавсиянома ягон шакку шубња барои ба узвияти ИН пазируфта шудани Валї Самад намонда буд. Вале њамон шабу рўзњо котиби якуми КМ ПК Узбакистон Шароф Рашидов ба номи њамтои тољики худ Љаббор Расулов дар хусуси маќолаи Валї Самад "Ќадри як ѓазали Њофиз" номаи эътирозї фиристода буд. Чун Рашидов номзад ба аъзои Бюрои сиёсии КМ ЊКИШ буд, маќомаш аз Расулов баландтар њисобида мешуд, бинобарин нома як оњанги фармон њам дошт, ки Валї Самад барои он маќола љазо дода шавад. Мукофот чунин буд, ки навиштањои Валї Самад дањ сол дар маљаллаи "Садои Шарќ" чоп карда нашавад. Ва табиист, ки узвияти Валї Самад ба Иттифоќи нависандагон ба муддати номаълум низ дер партофта шуд. ХУДИ ХОТАМЇ Яке аз лањзањои гуворо ва хурсандибахш барои устод Валї Самад ин соњиб шудан ба Љоизаи "Китоби сол" дар Љумњурии исломии Эрон мебошад. Рисолаи Шоњномаи Фирдавсї ва Чернишевский", ки дар нашриёти "Адиб" соли 2004 ба табъ раисда буд, дар ин озмуни балан-

АКСИ ОХИРИНИ ЛОИЌ ШЕРАЛЇ дмартабаи Эрон соњиби љои якум гардид. Ин љоизаро ба устод Валї Самад худи Президенти ЉИЭ Муњаммад Хотамї рўзи 8 феврали соли 2005 дар шањри Тењрон супорида буд. Боз ин китоби устод моњи сентябри 2005 дар озмуни дуюми байналмилалии "Фарњанги китоб"- и Иттињоди кишварњои њамсуд сазовори дипломи дарачаи сеюм гардид. Ў барои маърўзаи илмии "Руњи аф-

сурдаи Фирдавсї дар Туркистон" дар нахустин кунгураи байналмилалии Фирдавсї барои њазорањо", ки дар шањрњои Тењрон ва Караљи ЉИЭ гузашта буд, соњиби медали тилоии "Њаким Абулќосими Фирдавсї" сазовор гардид. ШОИСТА Валї Самад, ходими пешбари илмии Институти забон, адабиёт, шарќшиносї ва мероси хаттии ба номи Рўдаки Ака-

11

демияи илмњои Тољикистон, имрўзњо ба синни мубораки њаштод мерасад Аммо шодињое буданд, ки оѓозаш сурурбахшу анљомаш нигаронкунанда. Валї Самад муњаќќиќест њанўз дар Ватани худ, дар идораи худ ќадрношуда. Агар чунин олим, муњаќќиќ, адабиётшинос сазовори мукофоте дар кишвари худ, ки ў барои фарњанги он љонбозињо мекунад, пас кї бояд шоиста бошад? Гоње устод ба муќобили љараён њаракат мекунад, њарчанд медонад, ки поёни амалаш подоше ба љуз нодида гирифтан, мањрум кардан дигар чизе нест. Яке аз охирин "нагуфта наметавонам"-и устод Валї Самад он аст, ки аз назари эшон Китобхонаи миллииТољикистон бо номи Фирдавсї бимонад, зеро китобхонаи мазкур бо ин ном зиёда аз ним аср мављуд буд. Шўхиомез мегўям, ки Фирдавсї аз Тољикистони имрўза набуд. "Ин тавр бошад, мо аз Њофизу Саъдї ва дањњо дигарон адибон, ки на танњо дар Тољикистон, балки њатто дар Осиёи Марказї назистаанд, даст кашем?", - самимона ва бо эњсосот посухам медињад устод... Аз умри бобаракати устод мо танњо якчанд сањфа гардондем, њол он ки сањфањои гоњу пурдарду гоње дурахшон кам нестанд. Махсусан, ковишњои адабии Валї Самадро, ки дар натиљаи онњо дањњо асарњои мондагор эљод шудаанд, натавонистем фаро гирем. Бењтарин сухан дар бораи устод Валї Самад дўсташон, адабиётшиноси маъруф, профессор Абдунабї Сатторзода гуфтаанд: "Миллатпарастоне чун Валї Самад дар муњити мањалпарасту мањалпаравари тољикї одами зиёдатианд. Барои њамин њам њама корашон бо душворї меанљомад ва худашон азоби сахти руњонию љисмонї мекашанд. Зиндагии бўќаламун ва афроди бўќаламунтабор сад монеае сари роњашон эљод мекунанд. Аз ин сабаб, касоне чун Валї Самад мисли њезуми тар дуд мекунанд ва дарунї месўзанд. Онњо одамони индунёї нестанд. Онњо одамоне мебошанд, ки хеле барваќттар аз замоне, ки дар он бояд бошанд, ба дунё омадаанд... Онњо фарзандони замони оянда њастанд ва ба ќадри хидмати онњо ояндагон хоњанд расид! Муњибуллоњ ЌУРБОН

УМЕД АЗ ПЕШВОИ МИЛЛАТ

ЛАЙЛО БА ПРЕЗИДЕНТ: "ТО ЊАДДИ ИМКОН ЁРЇ РАСОНЕД" Як маъюб, сокини ноњияи Варзоб аз Президент Эмомалї Рањмон хостааст, то њадди имкон ба ў дасти ёрї дароз намояд, зеро шароити зиндагиаш хеле вазнин мебошад. Лайло Мамадёрова, сокини дењаи Љангалаки ноњияи Варзоб мегўяд, бо вуљуди онки 2 забони хориљиро хуб медонанд, вале дар шароити бад зиндагї дорад. Ў дар мактуби худ ба Эмомалї Рањмон навиштааст, "дар оилаамон чањор нафар зиндагї дорем ва ман аз соли 2000 ба касалии фалаљшавии марказии кўдакон гирифтор шудам. Аз байн 15 сол гузашт ва тули ин муддат борњо модарам кўшиш кард, ки бо роњњои гуногун маро табобат кунад, аммо њамаи кўшишњо бефоида буд. Маро љарроњї низ карданд, аммо он низ фоида накард". Дар идомаи мактубаш Лайло Мамадёрова гуфтааст, "соли 2004 ба интернати ноњияи Њисор

рафта, дар онљо 4 сол тањсил кардам ва соли 2008 ба ташкилоти маъюбон аз тарафи голандињо кушода шуда буд, рафтам." Дар он ташкилот Лола 7 сол тањсил кард ва соњиби аттестати синфи 9 шуд. Бо забонњои англисї ва русї озодона њарф мезанад. Аммо як сол ба ин сў он ташкилотро тарк карда, њоло дар хонаи модараш зиндагї мекунад ва шароити оилавиашон хуб нест. Лайло Мамадёрова њамчунин аз вайрон будани роњњои дењаашон ба Президент шикоят карда навиштааст, аз сабаби вайрон будани роњ аз хона баромада наметавонад. "Аз нарасидани обу барќ низ танќисї мекашем ва ман аз шумо эњтиромона хоњиш мекунам, ки ба ман то њадди имкон ёрї расонед", навиштааст Лайло Мамадёрова. Бобољони ШАФЕЪ


12

“НИГОЊ”, ЧОРШАНБЕ №39 (472), 23. 12. 2015

БО ШОИР

Додихудо Асоев 20 октябри соли 1995 дар Файзобод таваллуд шудааст. Соли 2013 мактаби миёнаи тањсилоти умумии № 1 - и шањри Роѓунро хатм намудаст. Фориѓуттањсили Донишгоњи санъати ба номи Мирзо Турсунзода бо ихтисоси "фарњангшиносї" аст. Айни њол корманди бахши фарњанги њукумати шањри Роѓун аст.

Сад афсўс, ки боѓ Дар фироќи дили нодида љавонаш Пир шуд!!!

ГИРЯ Гиря дар зери гулў, Ашк ба хунобаи ѓам мерезам. Ту магар мешунавї?! Дар фироки ту чу чўб месўзам.

ОЛАМИ РУЪЁ Ѓубори гарди роњ Ман дар миёни роњ, Андар хаёли дарди дили роњи ошно Хомўш мондаам, Хомўшу бесадо Бо айби ту фаќат беањду бевафо! Дигар магў, ки бањри дилам лутф дорї ту, Бовар намекунам, Њаргиз дигар туро! Ай ёри бевафо, Бигзор бимонам. Танњову бесадо, Љои ман аст з - ин пас, Дар олами руъё...

САДОИ ДИЛ Дилам инбор мехоњад, Ки бо ту танњо биншинам. Зи лаб ночида гулњоро, Зи лабњои ту бинчинам. Дилам ин бор мехоњад, Муњаббат бо ту биншонам. Зи лаб он ташналабњоро Зи лабњои ту бистонам. Дилам инбор мехоњад, Миногун ранги роњи ту, Њавои ту, Садои ту, азизи дил, Навои ту, Дилам инбор мехоњад, Ки бо ту њамнафас бошам, Ва њарчанд бастаи побанди ишќам дар рањи таќдир, Агар бошам фаќат бо ишќи ту. Дилбаста умре дар ќафас бошам, Дилам инбор мехоњад, Ки бошам ман ушшоќи ту, Ушшоќи хандањои ту, Ушшоќи њар нигоњи ту, Ушшоќи ѓамзањои ту. Агар чанде кунам васфат бароят ин кам аст охир, Њамехоњам, ки бошам ман наттоќи ту. Дилам инбор мехоњад Зи лабњоят чашиданро. Њамон наќши лабонат, Бар лабони худ кашиданро Фаќат бо сад муњаббат Аз лабони ту макиданро. Дилам инбор мехоњад Њамон оѓуши гарматро, Њамон дастони нарматро, Њамон лабњои шакарбору ширин њамчу ќандатро.

ТАНЊОЇ... Мебарам бо худ худамро, Аз канори кўчањои сарди танњої.

АШК... АШК... АШК...

Додихудо АСОЕВ:

"МЕБАРАМ БО ХУД ХУДАМРО..." Ба дурї мебарам худро, Вале дур мешавам аз кўчањову Боз танњоям. Бо дилу аз дил бурунам Оњ танњоям... Чи ќад сахт аст танњої На танњоям! Барои он ки бо танњої њамроњам. Чаро танњої бо ќалбам чунин кардї, Рабуда аз канори кўчањои пур зи маъниям? Диламро беасар кардї. В-аро аз бо худат будан хабар кардї, Чаро аз кўчањои ќалби ман, Танњо гузар кардї.

Суоли чашм Чашми ту механдад, Чашми хандони ту пеши назари ашки маро мебандад, Чашми ту бо назари хуб ба сўям механдад. Ростї, нигоњи туро мешносам, Чашми хандони туро мешносам. Ту њамон камназарї, Аз дилам бехабарї, Чашми хандони туро мешносам, Ки њамон ишвагарї! Ту нигоњатро чаро аз нигањам медуздї? Ё ту метарсї, ки ошиќ нашавї,

Ошиќи ин дили садпораи ман, Ошиќи ин дили овораи ман.

СУКУТ Боѓи гулзор дошта Пир шуд! Сабзу серангабањор буд Вой сад њайф,ки боѓ, Дар муќобили хазон дилгир шуд. Пир шуд!!! Чашмњои хушку беоб, Њар нафас мегузарад аз пайи борон Лек нест ќатра бар-ин дидаи пинњон, То бишўяд дили хушкшудаи боѓро ноаён. То бирўбад њама хушкию хазон, То биёрад дили пиршуда љавон. Оњ, афсўс, ки боѓ Зи њама гарду хазони тирамањ Дилгир шуд. Боѓи бишкуфта хазону пир шуд. Нест Лайлї, Ки ба Маљнуни дили боѓи хазон моил бошад, Шоњи он навдањаки пажмурда, Мисли Маљнун Дар фироќи гули бишкуфта хазон Пеши Лайлї хор шуд.

Ашк болои ѓаму шодї гирист, Дил дар чоррањаи танњоист. Хасаки рањ бо њама гарди замин, Мисли ман дар гузари хомўшист. Ман ба ѓамњои ту одат кардам! Ту намедонї магар? Ки дилам моили ту буд ба њама ранљу љафот! Ўро бовар кардам! Ту намедонї магар? Гум кардам худамро ба рањи ишќи ту бас! Бас охир то ба кай ранљу љафо аст ба ќалбам бинигар?! Лек озурда набудам зи њама љабру љафот! Боварам нест, вале худ ба худ одат кардам! Ту намедонї магар? Кофтам ман зи рањи ишќи ту худро Ёфтам лек на онам, ки будам! Рў ба сўи дигар ин рањ бурдам! Худ ба худам нигариста, рањи худ сар кардам! Ростї, бо роњи навин не, балки бо роњи ту одат кардам! Ту намедонї магар? Сўхтаму аз сўзиши ќалб бидон, ай ошно! Ѓазалу шеъру суруд на, Барои ишќи ту, Эљоди таронањои нав сар кардам! Ростї, бо ин њама одат кардам! Ту намедонї магар?...

ФИРОЌ... Ту хабар дорї магар!? Дилам аз дарду ѓаму њиљрати ту месўзад, Дили ман месўзад. Ту хабар дорї магар!? Дили ман бо дили ѓам чашм ба роњат медўзад! Бо алам месўзад. Ту хабар дорї магар!? Оташи ишќ хамўшона бирафт аз пайи ту, Он ќадар шуълазанон Ту намебинї магар!? Зинда дар гўр шудам аз ѓами ту. Оњ, афсўс, намебинї чї сон, Ѓами нодида намонд аз ѓами ту. Гаштаам хору хазон, Ту намебинї чаро??? Аз ѓамат гиря дар гулў, Мекунам оњу фиѓон: Куљої?

ВАРЗИШ

ДИЛШОД НАЗАРОВ ВАРЗИШГАРИ БЕЊТАРИНИ СОЛИ 2015

Ассотсиатсияи журналистони риштаи варзиши Тољикистон (АЖРВТ) дањ варзишгари бењтарини соли 2015 - ро эълон кард. Нарзулло Латифов, раиси "АЖРВТ" мегўяд, гурзандози маъруфи тољик Дилшод На-

заров варзишгари бењтарини сол гардид. "Дар мавсими варзишии соли 2015 - ум дар байни варзишгарони тољик танњо ба Дилшод Назаров муяссар шуд, ки дар мусобиќоти ќањрамонии љањон оид ба навъи олимпии варзиш медал ба даст биёрад. Вай дар чемпионати љањон оид ба варзиши сабук дар шањри Пекин дар гурзандозї бо медали нуќра сарфароз гашт. Инчунин ў ягона варзишгари Тољикистон аст, ки имсол дар риштаи олимпї ба унвони ќањрамони Осиё (Ухан, Чин) ва медали тилло даст ёфтааст". Њамзамон Дилшод Назаров то ба имрўз танњо варзишгари тољик аст, ки соњиби роњхат ба Бозињои XXXI тобистонаи олимпии соли 2016 дар Рио - де - Жанейро (Бразилия) шудааст. Дар мавсими имсола Дилшод Назаров, њамчунин, борњо ѓолиб ва љоизадори мусобиќоти байналмилалї аз силсилаи "IAAF Hammer Throw Challenge" гардидааст. Дил-

шод Назаров соли гузашта низ бењтарин варзишгари сол интихоб гардида буд. Дар њамин њол, ба рўйхати 10 варзишгари бењтарини сол, инчунин, инњо дохил шуданд: Комроншоњи Устопириён (дзюдо)- ѓолиби Гран-при дар вазни то 90 кг дар Ќазоќистон, љойи 3-юм дар чемпионати Осиё дар Кувайт, љойи 2-юм дар Љоми кушодаи Осиё-2015 дар Тайван. Саидљалол Саидов (дзюдо) - љойи 3-юм дар чемпионати Осиё дар вазни 100 кг дар Кувайт, љойи 3-юм дар Љоми кушодаи Африќо дар ПортЛуи (Маврикий). Муродљон Тўйчиев (гуштии юнониву румї) - љойи 3-юм дар чемпионати Осиё дар вазни 130 кг дар Доња (Ќатар). Фарњод Анаќулов (гуштии озод) - љойи 3юм дар чемпионати Осиё дар вазни 125 кг дар Доња (Ќатар). Љањон Ќурбонов (бокс) - љойи 3-юм дар чем-

пионати Осиё дар вазни 91 кг дар Тайланд. Мавзуна Чориева (бокс) - љойи 3-юм дар чемпионати Осиё байни занон дар вазни 64 кг дар Уланчаб (Чин). Шоира Зулќайнарова (бокс) - љойи 3-юм дар чемпионати Осиё байни занон дар вазни 64 кг дар Уланчаб (Чин). Шарифов Хуршед (гуштии камарбандї) - љойи 1-ум дар вазни то 90 кг дар чемпионати љањон дар Ќазон (Русия), ќањрамони Осиё дар Эрон. Акмалиддин Каримов (самбо) - љойи 2юм дар вазни то 57 кг дар чемпионати љањон дар Марокаш, љойњои 1-ум дар Љоми љањон дар Алмаато (Ќазоќистон) ва Маскав (Русия), ќањрамони Осиё дар Атирау (Ќазоќистон). Ёдовар мешавем, ки барои муайян кардани дањ варзишгари бењтарин сол дар назархоњї беш аз 70 хабарнигори варзишї, ки дар нашрияњо, телевизиону радио ва ољонсињои иттилоотї кор мекунанд, ширкат намудаанд. Абўалї НЕКРЎЗОВ


ВОКУНИШ Дар шумораи рўзи 9-уми декабри соли равон дар газетаи номбурда маќолаи танќидие чоп шуда, муаллифи он гуё "муаллим"- и мактаби миёнаи №12-и шањраки Вањдати ноњияи Шуѓнон Мањмуд Носиров будааст. Номбурда перомуни фаъолияти нодурусти роњбари шуъбаи ќарздињии "Тољиксодиротбонк" С. Њољибеков ва мизољи ин бонк гоњ "њамсоя" дар аввали маќола ва гоњ бо номи "муаллим" дар охири маќола аз хаёли худи М. Носиров бофта бароварда наќл мекунад. Аввалан бояд зикр намуд, ки чунин муаллим бо чунин ному насаб (яъне Мањмуд Носиров) на танњо дар мактаби миёнаи №12-и шањраки Вањдат, балки дар шўъбаи маорифи ноњияи Шуѓнон ва њатто вилоят низ вуљуд надоштааст ва инро директори мактаби миёнаи №12, роњбари шўъбаи маорифи ноњия ва њатто мудири шуъбаи маорифи ВМКБ тасдиќ кардаанд, ки мо чунин муаллим умуман надорем. Пас аз хондани ин мактуби беимзо саволе ба миён меояд, ки ин обуранг ва ин тасвир ба кадом хотир будаст, ки муаллифи маќола "муаллим" Мањмуд Носиров онро ба љои нашр намудан дар газетаи вилоятї онро то ба сањифаи газетаи сатњи љумњуриявї бурда, хонандагонро гул заданї шудааст? Маќолаи номбурда сохт ва рабту низоми муайян њам дар худ надорад ва чунин гуфтањои "муаллим" М. Носиров далел бар онанд: "Њамсояи мо (?) барои зарурияти оилавї аз филиали "Тољиксодиротбонк"-и шањраки Вањдат ба миќдори 3000 доллари ИМА ќарз гирифт.Бо гузашти 3 моњ вай ќарзи гирифтаашро ба пуррагї ба филиали бонк супорид." Дар ин љо бояд зикр намуд, ки барои мо маълум нест, ки он њамсояи "муаллим" М. Носиров, чи ному насаб доштааст, то ки мо кормандони бонки номбурда њуљљатњои он "њамсоя", "муаллим"-и ўро ро боз як бори дигар аз назар гузаронем ва ба маќола љавоби дурусттаре нависем. Мизољони мо аз байни муаллимони њаќиќї дар филиали "Тољиксодиротбонк" кам нестанд ва мо даќиќ намедонем, ки ин "њамсоя" ва ин "муаллими аз мо љабридида" кист? Муаллими соњиби ному насабро ёфтан барои мо осон аст, аммо ин "њамсоя" ва худи "муаллим"-и вуљуд надошта М.Носировро пайдо намудан бароямон амри мањол аст. Мо њайронем, ки чи тавр дар рўихати ќарздорони филиали "Тољиксодиротбонк"-и воќеъ дар шањраки Вањдати н. Шуѓнон шахсеро бо номи "њамсоя" пайдо кунем? Ин гуфтањои М. Носиров оѓози афсонањои машњури тољикии "Буд набуд" - ро ба ёд меоранд. Сониян кас њайрон мемонад, ки ин "њамсоя" ё "муаллим" ба гуфти М. Носиров барои зарурияти оилавї 3 000 долларро аз бонк ќарз гирифта, яку якбора дар шароити душвори кўњистон бо кадом усули мўъљизавї онро фавран дар се моњ яку якбора пурра бо тамоми фоизњояш пардохт намудааст? Пас ин "њамсоя" ё "муаллим" ба ин ќарз чи ниёзе доштааст, ки онро гирифта ин ќадар зуд боз онро пардохтааст? Ё вай кормандони филиали ин бонкро санљиданї шудааст? Ин гуфтањои М. Носиров барои хонанда норавшан мемонад. Дар љои дигари маќолаи "муаллим" М. Носиров боз омадааст: "Бо фаро расидани мўњлати пардохти ќарз кормандони бонк аз ќарзгир масъалаи пардохти ќарзро талаб карданд. Вале њамсояи мо иброз медорад, ки ў њамаи маблаѓи ќарз ва фоизи ќарзро 9 моњ пеш пардохт намудааст." Бояд ба "муаллим" М. Носиров хотиррасон намоем, ки њар як бонк сарфи назар аз давлатї ва ё шахсї будани он аз

«

“НИГОЊ”, ЧОРШАНБЕ №39 (472), 23. 12. 2015

13

МАРДОНАВОР НИЌОБРО АЗ РЎЯТ КАШ... (Вокуниш ба матлаби "Як бому ду њаво" дар филиали "Тољиксодиротбонк", Нигоњ, № 37, 9 декабри соли 2015) мизољи хеш бо хотима ёфтани муњлати адои ќарз њам пардохти ќарз ва њам пардохти фоизи онро низ талаб мекунанд ва ин амри ќонунист. Аммо аз гуфтањои муаллим мо як чизи берун аз мантиќро дарёфтем, ки чи тавр ин "муаллим" ё "њамсоя" ба гуфти М.Носиров дар љое мегўяд, ки вай ќарзашро баъди 3 моњ пардохтааст, вале дар ин љо боз менависад, ки вай онро 9 моњ пеш пардохт намудаасту њуљљатњо низ дар даст дорад. Аз ин љо дарёфти хулосаи мантиќї хеле душвор аст. Дар љои дигари ин маќола низ чунин љумлањои бемантиќи М.Носиров хонандаро дучор меоянд: "Инчунин њамсояи мо бо нороњати шикоят аз он мекунад, ки (?) кормандони филиали "Тољиксодиротбонк"-и дар ноњияи Шуѓнонро маљбур намуд, ки маблаѓи супоридаи ўро барои пардохти ќарзаш равона накарда, онро ба фоидаи бонк дар њисоби шахсии ў нигоњ дорад". Дар ин љо кас њайрон мешавад, ки кист он одаме, ки вай кормандони "Тољиксодиротбонк"-ро маљбур намуд, то маблаѓи ин "њамсоя" ё "муаллим"-ро ба фоидаи бонк нигоњ дорад. М.Носиров боз менигорад: "Пас аз гузаштани чанд муддат банда (М.Носиров) бо њамсояаам назди њавлиаш вохўрдаму оиди аризаи вай ба раёсати агентии назди давлатии молиявї ва мубориза бо коррупсияи Љумњурии Тољикистон дар ВМКБ пурсон шудам". Ин гуфтањоро хонда кас њайрон мешавад, ки ин М. Носиров аз куљо чун муфаттиши барљаста фањми-

Аммо сарфи назар аз ин М. Носиров боз ба тўњмати ошкоро гузашта менависад "Саволе ба миён меояд, ки чаро кормандони идораи мубориза бо коррупсия ва шўъбаи минтаќавии бонки миллии Тољикистон дар ВМКБ ба љои адолатро барќарор кардан, онро поймол карда, 10 баробар аз маоши омўзгорон (?) зиёдтар ин бечораи њамкасбу њамсояи моро гунањкор бароварданд…".

«

даст, ки ин њамсоя муаллими вай њатто то ба раёсати агентии назди давлатии молиявї ва мубориза бо коррупсияи Љумњурии Тољикистон дар ВМКБ мактуб навиштааст. Аз ин љо маълум мешавад, ки М.Носиров ё ин корро ё худ ташкил карда, ва ё ин афсонаро аз хаёли худ бофта навиштааст? Дар љои дигар М.Носиров боз менависад: Дар љавоб аз ў ва инчунин аз дигарон (?) фањмидам, ки яке аз кормандони идораи мубориза бо коррупсия (?) ва муовини (?) шўъбаи минтаќавии бонки миллии Тољикистон дар ВМКБ ба филиали "Тољиксодиротбонк"-и ноњияи Шуѓнон омада, њолати корро санљиданд, вале аз натиљаи санљиш ба шахси ќарзгир ягон њуљљат пешнињод накарданд". Дар ин љо кас њайрон мешавад, ки ин "дигарон" боз кињо буданду ба М.Носиров боз чињо гуфтаанд? Чаро "муаллим" М.Носиров ному насаби он корманди идораи мубориза бо коррупсия ва он муовини шўъбаи минтаќавии бонки миллии Тољикистон дар ВМКБ, ки кори ин "њамсоя" ё "муаллими љабрдида"-ашон ро санљиданд наовардааст? Майлаш муаллим М.Носиров њаќ дорад, ки мо кормандони шўъбаи ќарздињии филиали "Тољиксодиротбонк"-ро танќиду сиёњ кунад, аммо чаро вай ба органњо ва идорањои масъули давлатї бо ин мактуби бе имзову сохтаи худ тўњмату бўњтони беохир мезанад? Дар љои дигар М.Носиров њатто берун аз доираи одоби муошират сухан ронда менависад: "Мо то њоло намедонем, ки ин ду корманди ин ду нињоди мўътабари Тољикистон бо сардори шўъбаи ќарздињии филиали "Тољиксодиротбонк" Сорбон Њољибеков вориди кадом муомилот (?) шуда бошанд, ки ўро њаќдор бароранд. Ин то њол барои мо муаммост?" Дар ин љо бояд зикр намуд, ки мо кормандони филиали дар шањраки Вањдат

будаи "Тољиксодиротбонк" ягон муаллимро ба чунин њолат гирифтор накардаем ва агар лозим шавад аз ин идорањои мўътабари давлатї маълумотномаро низ (агар М.Носиров ба назди мо ояд) лутфан барояш пешнињод мекунем. Ё бењтараш ў метавонад бе дахолати мо шахсан худашон ба ин органњои масъули давлатие, ки худ онњоро номбар кардаст шахсан мурољиат намояд, ки оё чунин муносибат байни мо кормандони шўъбаи ќарздињии филиали дар шањраки Вањдат будаи "Тољиксодиротбонк" бо ягон муаллими ин шањрак вуљуд доштааст ва ё не? Аммо сарфи назар аз ин М. Носиров боз ба тўњмати ошкоро гузашта менависад "Саволе ба миён меояд, ки чаро кормандони идораи мубориза бо коррупсия ва шўъбаи минтаќавии бонки миллии Тољикистон дар ВМКБ ба љои адолатро барќарор кардан, онро поймол карда, 10 баробар аз маоши омўзгорон (?) зиёдтар ин бечораи њамкасбу њамсояи моро гунањкор бароварданд…". Мо кормандони филиали "Тољиксодиротбонк" дар н. Шугнон муаллифи ин мактуби сохта ва беимзо "муаллим" М.Носировро, ки муносибати байни мо ва байни "њамсоя" ва ё "муаллим"-и аз худ эљод кардаро танњо њушдор медињем, ки аввалаш мардонавор ниќобро аз рўят каш ва бе ниќоб бо мо сухан кунед.Сониян хотиррасон мекунем, ки барои тўњмату бўњтони ошкоро, барои ќасдан дур кардани мизољон аз гирифтани ќарз аз шўъбаи ќарздињии ин бонк, кўшиши паст намудани рейтинги бонки номбурда дар Љумњурї Ќонунњои дахлдор вуљуд дошта, барои чунин амал љавобгарии муайяни маъмурї пешбинї карда шудааст. Сафармуњаммад МЕТАРХОНОВ, сардори Хадамоти бехатарии филиали "Тољиксодиротбонк" дар шањраки Вањдати ноњияи Шуѓнони ВМКБ


Рўйоварї ба њамбастагї ё гусастагии фарњангї?

14

“НИГОЊ”, ЧОРШАНБЕ №39 (472), 23. 12. 2015

(Идома аз шумораи гузашта) Адабиёти њар кадом халќро асосан худи соњибони он меофаранд. Чунончї, дар тазкираи "Лубоб-ул-албоб"-и Авфї (соли 1221) сабт гардидааст, ки аз 106 шоири замони салчуќињо 68 нафарашон аз мањалњои тољикнишин будаанд. Дар асрњои минбаъда низ ин адабиёт асосан зери ќалами тољикњо ва форсњо тавлид меёфт. Сониян, олимоне њастанд, ки иштироки туркњоро дар адабиёти форсу тољик аз њад зиёд муболиѓа мекунанд ва баъзан ба дараљаи иѓроќ мерасонанд. Онњо, аз љумла, ќувваи бузурги љозибаи анъанањои ин адабиётро далел меоваранд. Муњаммад Алї мегўяд: "Оре, тариќи замон ва ањли расм нуфузи калоне дорад, аз он рањої ёфтан мушкил аст. Тариќи замон ва ањли расм, ё агар ба тарзи дигар гўем, анъана дорои ќувва, љозибаест, ки касро дар худ нигоњ медорад, маљмўи ќоида ва русуми халалнопазир гуфтанї гап аст. Анъана љонсахт ва маѓлубнопазир аст. Бинобар њамин анъана таъсири забони форсї-тољикї дар Туркистон то асри ХХ таѓйир наёфт". Муаллиф аз Алишери Навої барои таќвияти аќидаи худ иќтибосњо меоварад. Вале шоири бузурги ўзбек дар бораи маѓлубнопазирии расму оин ва анъанањо чизе намегўяд, баръакс ў навиштааст: "То даме ки мулк ба дасти халифањо ва султонњои араб буд, фалак ваќтњои аввал ба дабири назм бо забони арабї љилванамоиро фармуд, тавре ки Њассон Собит ва Лаќит барин суханварони малик-ул-калом ва маъниофарини фасоњатшиорон пайдо шуданд ва ба забони худ доди назмадоиро доданд… Чун дар баъзе иќлим ва кишвар султонњои сорт (тољик-М.У.) аз лињози мулк мустаќил шуданд, дар навбати аввал шоирони форсигўй зуњур ёфтанд. Ваќте ки мулк аз султонњои араб ва сорт ба хонњои турк интиќол ёфт (гузашт-М.У.), аз замони Њалокухон ва аз замони султони соњибќирон Темури Кўрагонї то охири замони фарзанд… султон Шоњрух шоироне ба забони туркї пайдо шуданд". Инак, пас аз он ки нахустин давлати асримиёнагии тољик-давлати Сомониён аз њуљуми истилогарони бегоназамин сарнагун шуд, њокимият пурра ба дасти њукмдорони турк гузашт ва барои равнаќи адабиёт ба забони ўзбекї имконият пайдо шуд. Вале аксар ањли адаби туркизабон аз ин истифода кардан нахостанд. Њангоме ки Навої аз таъини форсигўён сухан меронад, худи њамон "форсигўёни турк"-ро дар назар дошт, ки њатто ба супориши Султон Њусайни Бойќаро нигоњ накарда, ба забони форсии тољикї майл кардаанд. "Турфатар аз ин аст, ки-менависад Навої, --бар хилофи чунин тарѓиб ва талќин ва эњсон ва тањсини подшоњи сухандон ќоидаи мутобеат ва мувофиќатро фаромўш карда ва љодаи нофармонї ва залолатро пеш гирифта, бисёриашон, балки њамаашон ба форсї моил шуданд". Инак, дар ин бобат забон ва адабиёти тољик њаргиз гунањкор нест, эњтимол сабабњои инро дар андоза ва њаљми худи анъанањои адабиёти туркии он замон љустан лозим бошад. Бинобар ин аз њар намояндаи назму насри форсу тољик туркеро дидан њам дар муносибат ба њаќќи ин халќњо нораво мебуд. Чанде пеш дар як республикаи бародар Рўдакї, Носири Хисрав барин шоирони сифр тољикро чун шоирони турк ба ќалам доданд. Муњаммад Алї пас аз суханронињо дар бораи саросар ба форсии тољикї навиштани туркњо аз Туркистон расидани Рўдакиро таъкид мекунад ва ин як ишораи пардапўш бар он буд, ки Рўдакї турк аст. Барои рад кардани ин даъво метавонистем бо як шеъри Носири Хисрав истинод намоем, вале ба назар даѓалтар намуд, бинобар ин аз Љалолиддини Балхии Румї, ки ў низ аз љониби Муњаммад Алї турк дониста шудааст, байтеро меоварем: Ту моњи туркиву ман агар турк нестам, Донам ман он ќадар, ки ба туркист "об"-"сув". Муњаммад Алї мехоњад, ки њатто калимаи "Мовароуннањр" аз истилоњи илмї бароварда ва ба љои он фаќат "Туркистон" гуфта шавад, аммо "Мовароуннањр" ба ягон диёр ном шуда наметавонистааст. Дар маъхазњои таърихї номњои гуногуни Мовароуннањр нишон дода шудаанд, аммо мо аз худи "Шоњнома"-и Фирдавсї мисол меоварем: Агар пањлавонї надонї забон, Варазрудро Мовароуннањр хон. Мулоњизањои Муњаммад Алї аз хусуси туркї будани калимаи бостонии њинду эронї ва њинду европоии "кент" (дар "Авасто" ва пањлавї-"кантан", дар њиндии ќадим-"књан"

ФАРЊАНГ ва "књанти", дар суѓдї "канд", "кат" ва "ката", дар пашту "кинал"), инчунин эътимологияи баъзе шањрњо ва ноњияњо њаргиз ќобили ќабул нестанд, вале агар мо њоло ба тариќи исботи фикрамон санаду њуљљатњои сершумор меовардем, риштаи сухан хеле дароз мекашид ва ногоњ аз ин худдорї намудем. Боз меоем ба мавзўи асосии бањси худ-ба маънои калимаи "тољик". Дар фарњангњо ва дар баъзе китобњои таърихї гуфта мешавад, ки "тољик" гўё маънои арабро дошта бошад. Сабаби пайдо шудани ин гуна даъвоњои беасос дар он аст, ки мардуми ќабилаи тай дар замони Сосониён бо забони пањлавї "тозї" ва "тозик" номида мешуд. Бинобар ин баъзе олимон ва фарњангнави-

ки чї тавр онњо забони форсиро "бештар аз худи форсњо" пањн намудаанд. Аммо њаќиќат дигар буд. Садриддин Айнї мегўяд: "Ваќте ки Ќутайба ибни Муслим дар Бухоро масљиди Љомеъ бино кард, мардуми мањаллиро, ки тољик буданд, маљбур кард, ки рўзњои љумъа ба Љомеъ љамъ шаванд ва намоз гузоранд. Аммо мардуми Бухоро, ки исломро нав ќабул карда буданд, ба арабї "Ќуръон" хонданро ќабул накарданд ё ин ки забонашон ба арабї, ки бегона буд, нагашт. Бо вуљуди дар шароити ислом мамнўъ будан, Ќутайба рухсат дод, ки мардуми Бухоро дар намоз тарљумаи форсии сурањои "Ќуръон"-ро хонанд. Агар тољикон дар асл авлоди араб бо-

Муњсин УМАРЗОДА мегўянд. Мубаддали лафзи мазкур тозик аст ва аз он баъзе ањли луѓат чунин ќиёс кардаанд, ки маънии лафзи мазкур насли тозї (араб) аст, ки дар Аљам бузург шуда бошанд. Лекин сањењ (дурусташ) њамон аст, ки навиштам. ("Ѓайри арабу туркро тољик номанд"). Ва ин лафз дар Эрон мавриди истеъмол надорад. Фаќат дар Афѓонистон ва Туркистон ба форсизабонони он љо гуфта мешавад ва бештар дар муќобили турк истеъмол мешавад. Ва асли ин калимаи пањлавии "тољик" мансуб ба ќабилаи "тољ" аст, ки аз ќабилаи Эрон буда". Халќи тољик дар давоми таърихи чан-

МАЪНИИ "ТОЉИК"

сон чунин пиндоштаанд, ки калимаи тољик аз ќабилаи араби тай пайдо шудааст. Аз љумла, ин фикрро олими забардасти рус Бартолд дар китоби "Тољикон" пешбарї намуд. Дар "Ѓиёс-ул-луѓот"-и Муњаммад Ѓиёсиддин мехонем: "Тољик-арабзодае, ки дар Аљам калон шавад ва номи вилояте ва тоифае, ки ѓайриарабї бошад ва дар луѓати туркї ба маънои ањли фурс (форсњо) навишта". Луѓати "Бурњони ќотеъ", ки Муњаммад Њусайн дар Њиндустон соли 1652 таълиф намудааст, чунин маълумот медињад: "Тољик" ѓайриараб ва туркеро мегўянд ва дар асл авлоди араб аст, ки дар Аљам бузург шуда ва баромада бошад". Аммо ин фарњангнависон нишон надодаанд, ки чї гуна тољикон араб ва турк набудаанду аммо "дар асл авлоди араб" будаанд. Устод Садриддин Айнї дар асари зикршудаи худ менависад: "Ба фањми ман, хоњ маънидоди "Ѓиёс-ул-луѓот" бошад ва хоњ аз они "Бурњони ќотеъ", аз мантиќ хеле дур аст ва пойдарњавои ночаспон аст. Дар ин маънидод на як шоњид нишон дода шудааст ва на як манбаи таърихї ва инчунин ягон тањлили забоншиносї њам карда нашудааст". Ваќтњои охир масъалаи пайдоиши калимаи "тољик" диќќату эътибори худи ањолии тољик ва олимонро бештар љалб менамояд. Дар байни онњо, ба назари мо, фикру мулоњизањои Абдулло Йўлдошев басо љолиби диќќат ва шоистаи эътимод аст. ў, ки ба фикри аз "тай" баромадани калимаи "тољик" ќатъан муќобил аст, мегўяд: "Аввалан, сифати нисбї аз калимаи "тай" чї дар арабї ва чї дар забони устод Рўдакї ба шакли "тозик" (бар вазни розї ва Рай) сохта нашудааст ва намешавад.Њотамро, ки аз ќабилаи "тай" буд, чї арабњо ва чї тољикон "той" мегўянд. Абўтаммом, шоири њамин ќабила, ки зикраш дар "Модари май"-и устод Рўдакї рафтааст, "той" ёд шудааст, на "тозї" ва њоказо. Сониян, калимаи "тай" бо "итќеъ" навишта мешавад ва њол он ки "тозик"-њои Байњаќї бо "то"-и мўъљама ("т"-и оддї) навишта шудаанд. Муњаммад Алї њангоме ки дар бораи ба Осиёи Миёна омада, забони форсиро бо љидду љањд пањн кардани "вакилони ќабилаи тай" сухан меронад, ана њамин даъвоњои аз араб пайдо шудани тољиконро дар назар дорад. Бинобар ин ў сари калобаи мантиќро гум карда, дар њайрат мемонад,

шанд,--суханашро давом медињад Айнї, -чаро дар намоз "Ќуръон"-и арабї нахонданд, ё ин ки хонда натавонистанд? Ва чї гуна тарљумаи форсии сурањои "Ќуръон"-ро ба осонї омўхтанд ва хонданд? Ва њол он ки воќеаи мазкур дар соли аввали тамоман фатњ шудани Бухоро (94 њиљрї-713) рўй дода буд, чї шуд, ки тољиконе, ки "аслан авлоди араб буданд" дар як сол забони худро гум карда аз арабњо дур шуданд?" Чунон ки дидем, дар бораи маъно ва пайдоиши калимаи " тољик" њам пеш аз револютсия ва њам дар давраи советї бањсу мунозирањои зиёде ба амал омадаанд. Яке аз ин гуна бањсу мунозирањо дар сањифањои маљаллаи "Шўро" низ инъикос ёфт. Чунончї дар шумораи 12-и соли 1915-и ин маљалла, ки дар шањри Оренбург интишор меёфт, як маќолаи љамъбастї дарљ гардидааст, ки дар он аз љумла ин тавр гуфта шудааст: "Тољикон яке аз ќавмњои ќадимтарини Осиё буда, маълум аст, ки садњо сол ќабл аз мелоди масењ нахустин бор бо номњои "тољик" ва ѓайра ном бурда шудаанд ва пайравони мазњаби зардуштї (оташпараст) мебошанд. Исми тољикњо дар манбаъњои бостонии Юнон ва Хитой, яъне дар асарњое, ки ќабл аз пайдо шудани ислом таълиф ёфтаанд, дучор меояд. Пас аз он ки аскарони араб тањти фармондењии Ќутайба Туркистони љанубї ва Эрони шарќиро забт намуданд, номи "тољик" якчанд аср нопадид мешавад. Баъд аз он аз нав пайдо мегардад. Тољикњо мисли арабњо аз ќавми сомї нестанд, балки мансуб ба ќавмњои ориёї ва эрониёни асилтаринанд… Арабњо аз рўи таассуби динї дар бораи тољикњо осоре боќї нагузоштаанд. Бинобар ин дар манбаъњои ислом маълумоти оид ба тољикњо хеле кам аст". Баъд маљаллаи "Шўро" аќидањои аз номи ќабилаи тай пайдо шудани калимаи "тољик"-ро рад карда, илова менамояд: "Лекин шарќшиносон ба ин фикр розї шуда наметавонанд… Маълум аст, ки калимаи "тољик" аз калимаи софи форсии "тољ" гирифта шудааст". Садриддин Айнї маънои калимаи "тољик"-ро хеле муфассал аз љињати таърихї ва забоншиносї-этимологї тањлил мекунад, исбот менамояд, ки калимаи "тољик" аз "тољ" аст. Дурустии ин суханро нависанда ва олими эронї кунунї Алиакбари Дењхудо, ки "Луѓатнома"-е иборат аз 199 љилд тартиб додааст, тасдиќ мекунад: "Дар Афѓонистон ва Турон наљоде њастанд, ки худро "тољик"

динњазорсолаи худ басо фарозу фурўди рўзгорро дидааст.Тољикон аз асрњои миёна инљониб дар зери њокимияти сулолањои сершумори турк зиндагї карданд ва оњиста-оњиста дар бисёр мањалњо забони туркиро пазируфтанд. Ин протсеси туркшавии халќњои эронинаљод (тољикњо) дар баъзе ноњияњо, масалан, дар Хоразм, махсусан њанўз дар асри ХI суръат пайдо кард. Дар замони Абўрайњони Берунї, ки забони модариаш хоразмї (яъне эронї) буд, мардуми мањаллї ба забони хоразмї гап мезадаанд, аммо пас аз асри ХIII забони туркї тамоман љои забони хоразмиро гирифт. Профессор А.А.Семёнов далелњое меоварад: њамаи маншурњое, ки Хоразмшоњи Текеш мурољиатан ба мардуми шањрњои поёноби Сирдарё навиштааст, дар асри ХII бо забони тољикї будаанд, ки онњоро мунодиён (љорчїњо) ба ањолии бесавод кўча ба кўча гашта хонда медоданд.Протсеси туркшавии тољикон то ба њамин наздикињо давом кард. Бино ба шањодати профессор И.И.Зарубин худи ањолии тољик инро дарк менамудаанд. Чунончї, сокинони дењаи Ургут мегуфтаанд: "Мо тољик њастем, аммо фарзандонамон ўзбек мешаванд". Ќабл аз револютсия олими кишваршиноси рус Н.Г.Павлов дар китоби "История Туркестана" навиштааст: "Мо дар арафаи эњёи нави ин миллияти боистеъдод ва љонсахт-тољикон мебошем. То дами ин эњё онњо зиндагї не, балки њаќирона рўзгузаронї мекарданд ва ин фаќру аљз оќибати се зарбае буд, ки Чингизхон, Темур ва хонњои манѓит ба онњо расонидаанд… Аз рўи инсоф бояд гуфт, ки тољикон то кунун халќи аз њама сахтљонтаранд: кам андар кам миллате мисли тољикон ба ин зарбањои сахт дучор омадааст; аммо ќадре фурсати нафасросткунї кифоя буд, ки онњо боз љон бигиранд". Халќи тољик ба туфайли Октябр, дар тањти роњбарии партия, бо ёрию мадади халќњои бародари советї ба комёбињои оламшумул соњиб шуд. Имрўз вай, монанди њамаи дўстони худ, замони бозсозї ва ошкорбаёниро аз сар мегузаронад ва бо њамаи мардумон, махсусан њамсоягони наздиктарини худ--ўзбекњо пањлў ба пањлў истода ва даст ба даст дода, ба пешвози рўйдодњои навини хушу нек ќадам мезанад.


НИГОЊИ МАРДУМЇ ЛАТИФА

“НИГОЊ”, ЧОРШАНБЕ №39 (472), 23. 12. 2015

15

АКСИ ГЎЁ

Судя: - Шумо нисфи шаб хонаи њамсояатон даромада, телевизорашро гирифтед! Шарм надошдед? Акнун мувофиќи ќонун љазо мегиред. Дузд: - Шумо чї хел судя? Он дафъа дар рўзи равшан гирифтам љазо додед. Ин дафъа нисфи шабам гирам, љазо медињед. Мемонед кор кунем? Ман чї хел зиндагї кунам?

НАВЊАИ СИТОРА БА МАРГИ ШАВЊАРАШ ДАВЛАТАЛЇ Бахшида мешавад, ба хотираи неки як нафар дўст, табиби њозиќ, шахси накўкор, падари мењрубон, шавњари намунавї ва умуман ба як нафар инсон, ки хеле бармањал аз дунё даргузашт.

Аљаб як марди хубе аз љањон рафт, Табиби њозиќу олинишон рафт. Њалиму хушзабону хоксоре, Табиби мењрубон њољатбароре. Ва Давлат номи ин марди накўном, Миёни халќ будї соњибикром. Шифо аз дасти ў дида њазорон, Даво бахшида дарди дардмандон. Ба дарди бедаво худ аз љањон рафт, Њамин марди накўи мењрубон рафт. Ситора, - он зани ёрирасонаш, Будї њамкору њам ороми љонаш. Ба дарди бедавои ў даво љуст, Зи њар мулку маконе ў шифо љуст. Вале бар дарди "Сино" - и замонаш, Ба дарди он табиби мењрубонаш. Даво пайдо накард, ошуфта гардид, Ба њоли Давлати бемору зораш, Ба њоли он азизи бемадораш. Њама љањду талошаш барњадар рафт. Зи дунё шавњараш хунинљигар рафт, Дили хешу табораш карда пурѓам, Бирафт Давлат, зи ин шурида олам. Ва Шабнам - духтараш сўзад зи њиљрон. Бинолад аз ѓаму сўзи падарљон, Писарњо Эраљу Сорбони Давлат. Будї дар зиндагї чун љони Давлат, Ва аз марги падар бењолу зоранд, Дар ин олам зи андўњ бемадоранд. Мудом аз даргањи поки Худованд, Ба аљзу бо дуо инро бихоњанд: Бињишти љовидон љои падар бод, Гураш пурнўр зи хуршеди сањар бод. Ёдат ба хайр бод, азиз, падар ва дўст! аз номи дўстон ва пайвандон Душанбе, 10 декабри соли 2015

ДАЪВАТ ДЕВОРИ МЕЊРУБОНЇ - Дар Эрон иќдоми наљибе роњандозї шудааст, ки дар муддати кўтоње аксари эронињо аз он истиќбол кардаанд. Шахсе дар шањри Машњад дар як деворе чанд мех кўбиду номашро гузошт, "ДЕВОРИ МЕЊРУБОНЇ" дар канораш њам навишт: "НИЁЗ НАДОРЇ, БИГЗОР. НИЁЗ ДОРЇ БАРДОР!" (яъне њар чизи нодаркоратро ин љо бигзор, ки эњтиёљмандон онро гиранд - "Нигоњ") Ин кори хайри вай дар њол расонаї шуду дигар эрониён низ дар шањрњои худ онро амалї карданд, то њар ниёзманде бидуни сархамиву оби рў кам кардан хостаашро бардораду дар мавсими сармо хунук нахўрад. Ин иќдомро мешавад, мо њам дар шањрњои худ амалї кунем. Ва бо амалї кардани чунин як иќдом мардумони дороњоямон сару либос ва пойафзорњои зиёдатии худро онљо мегузоранду тангдастон њам бидуни миннат аз он бардошта ниёзњои худро обрўмандона бароварда месозанд. Амруллоњи НИЗОМ, сокини шањри Душанбе

*** - Дугонаљон, ту ба модарат ёрї мерасонї? - Албатта, чунки ман модарамро хеле дўст медорам. - Чї хел ёрї мерасонї? - Ваќте модарљонам ба љомашўї сар мекунанд, овора нашаванд гуфта, худам либосњои чиркинамро ба наздашон мебарам. *** - Ало, ин љо шуъбаи милитсия! - Бале. Гўш мекунам чї гап? - Дар инљо ду духтар барои ман љанг карда истодаанд. - Чї кор кунам? - Биёед, халос кунед, духтари безеб зўр баромада истодааст... *** Марди хасисе маѓоза кушод. Писараш ба маѓоза даромад, чашмаш ба шампун афтод. Мард дарњол писарашро бурда, мўйи сарашро кал кард. Писарак гирякунон назди модараш омад. Модар гуфт: - Хайрият ба хамираи дандоншўї нигоњ накардї!

ШЕЪРИ ИЉТИМОЇ РОЗИ МУЊОЉИРИ ТОЉИК Дар Русия, байни мардум зору хайрон, тољикам. Нест љои кору хобат кўчасарсон, тољикам. Шањр рафтию ба ногањ њуљљатат пурсад касе, Хотири ошуфтаат гардад парешон, тољикам. Аз сањар то шом мењнат мекунї мардонавор, Мондагиатро нафањмї, оњанинљон, тољикам. Дар њама объектњо ашки љабинат рехтї, Музди коратро надодандат, пушаймон, тољикам. Бигзарад умри азизат аз зану фарзанд дур, Хоби шабњоят парад бо ёди онон, тољикам. Сар ба оташ мезанї хоњ оташ асту хоњ об, Бомашаќатњо биёбї бурдаи нон, тољикам. Тирамоњ ваќти сафар ояд туро сўи Ватан, Мепарї бе болу пар бар Тољикистон, тољикам. Нести танњо бародар ѓам махўр монанди ту, Ман яке аз мардикорони ѓазалхон, тољикам. Хам нагардад ќоматат аз кору бори зиндаг, Ай Худо, ояндаат гардад дурахшон, тољикам. Рафта ба дарњои њар як кордоре ноилољ, Мекунї кори варо бо нархи арзон, тољикам. Гарчи монанди ту бошад ўзбаку турку хахол, Ту намеёбї миёни љумла армон, тољикам. Дар сарат фикри падар, модар, бародар, хонаат, Сарфи корат тўю њам гањворабандон, тољикам. Мехўри ин љо ту танњо равѓану тухму хлеб, То пули худро расонї бар зимистон, тољикам. Чун расидї бар Ватан бо маблаги русии худ, Курси русияат шавад бар хок яксон, тољикам. Ман намедонам, ту њам, охир намедонад њама. То ба кай бошем ѓарибу хору сарсон, тољикам. Хонда ин шеъри ману ту њар касе дар сайтњо, Мешавад гањ шоду хандон, гоњ њайрон, тољикам. Мо њама аз насли поки Рўдакиву Њофизем, Зинда бошї миллати шеъру сухандон, тољикам

Д И Ќ Ќ А Т! Барои ба саволњои доѓи худ посух гирифтан ба идораи њафтаномаи «Нигоњ» мурољиат кунед. Суроѓа: шањри Душанбе, кўчаи Носирљон Маъсумї-3, назди Хона музейи Мирзо Турсунзода. Ё ба масъули сањифаи "Нигоњи мардумї" бо шумораи телефони 985 60 86 85 занг занед ё бо воситаи смс-паём саволи худро ирсол доред. Њамчунин ба почтаи электронии nigoh_tj@inbox.ru арзу пешнињод ва мушкилоти худро бинависед.

СИЁЊ НАГУФТЕМ, САФЕД ФАЊМИДЕД? ДОРУ - Дар олам он ќадар номгўи дору зиёд аст, ки њатто ба баъзе доруњо дард ёфт нашудааст! ХАЙРИЯТ - Писарам мењмонњо рафтанд чї гуфтан лозим? - Э, хайрияте... ЌАРЗ Духтарак ба ширкати мобилї занг зада шикоят мекунад: - Ба телефонам 5 - сомонї гузаронидам, сањар хестам, ки ягон дирам надорад. - Шумо ба ягон љо телефон карда будед? - Не. - Смс - пайём њам нафиристодед? Ба Интернет надаромадед? - Не охир! Ягон кор накардам! Шаб дар"заряд" мондам, сањарї хестам, ки њисобам холї аст! - А- а фањмо Шумо аз "СВЕТ" ќарз доштед. Њамонњо ќарзашонро гирифтанд! РОЗИ ДУХТАР - Ман дуо мекардам, ки Худо ба ман шавњари дињад ва Худо ба ман шавњари хубу мењрубон дод. кин шавњари ман дуо намекард, ки Худо ба ў зани дињад. Ана, акнун айби ман не, дар насибаш чизе шад айби худаш.

хуб Лехуб бо-

ОББОЗЇ Англисзане дар Ќайроќќум оббозї натавониста, дар об ѓарќ мешуду дод мезад: Help me, hеlр me! (Ёрї дињед!) Марди тољике, ки дар роњ мерафт ба ў гуфт: - То англисия ёд гирифтана оббозї ёд мегирифтї намешуд? ОДАМЊОИ ЊАЛОЛ - Одамњои њалол њељ ваќт вайрон намешаванд. Чунки пули бисёр намеёбанд, ки аз њад гузаранд. БЎСА - Додољон, як бўса кунам? - Не духтарам, пулам тамом шуд. Њозир очаат бўса карда буд. МУРОЉИАТ - Муњтарам падару модарон! Духтаронатонро дигар бо гапи "Агар аз имтињон нагузарї, ба шавњар медињам" натарсонед. Онњо дидаву дониста ба саволњо хато љавоб медињанд. ИЌРОР - Ако, сабаби серфарзандии оилаатонро дар чї медонед? Мењр? Муњаббат? Рафоќат? Кадомаш? Мард: - Њељ кадомаш. Танњо аз Бесветї аст. Рустам НУРМАТОВ, сокини шањри Хуљанд


КОМИЛАН ЉИДДЇ

“НИГОЊ”, ЧОРШАНБЕ №39 (472), 23. 12. 2015

ИНЊОРО БОЯД ШИНОХТ!

МАНЗУРА МАЊКАМОВА Аз башумор бонувони тавоно ва фаъол на танњо дар Тољикистон, балки дар Осиёи Марказї мебошад. Њанўз аз замони наврасї барои ташаккули шахсияти худ ва такмили ихтисосаш њамвора талош кардааст.

Ў аз насли аввали онњоест, ки ба синни мустаќилият расиданашонро баробар бо соњибистиќлол шудани Тољикистон пешвоз гирифтанд. Гирифторињои кишвар дар оѓози даврони истиќлол рўи ояндаи ин насл бетаъсир набуд. Аммо сарфи назар аз њама мушкилот Манзура Мањкамова худро сохт. Наметавон инкор њам кард, ки дар сафи пеши нухбагони бонуи тољик ќарор дорад. Њолномаи ў баёнгари он аст, ки агар инсон талош кунад, роњи муваффаќият дур нахоњад буд. Зиндагиномаи ў барои бонувоне, ки дар ташаккули шахсият ва сохтани худ бетараф нестанд, намунаи ибрат шуда метавонад. Манзура Абдулњаевна Мањкамова 18-уми декабри соли 1975 дар шањри Хуљанд дар оилаи коргар зода шудааст. Соли 1992 ба Донишгоњи давлатии шањри Хуљанд ба номи Бобољон Ѓафуров дохил шуда, онро соли 1998 хатм мекунад. Дар ин миён дар соли 1994-1995 дар ИМА дар Донишгоњи Небраска дар Линколн, Колељи мудирияти тиљорї (University of Nebraska in Lincoln, College of Business Administration) тањсил кардааст. Мањкамова бо ин иктифо накарда тањсил ва талош барои баланд бардоштани ихтисосро идома додааст. Дар соли 2003-2005 дар Донишгоњи давлатии Ню-Йорк дар Бингемтон идоракунии давлатиро меомўзад. Дар соли 2005-2008 факултаи иќтисоди Донишгоњи миллии Тољикистонро дар бахши ѓоибона ба итмом расондааст. Барои такмили ихтисос дар дањњо семинару тренингњо дар Тољикистон ва хориљи кишвар аз Венаву Шанхай то Адис-Абеба, Маскаву Торонто ширкат варзида малакаи кориашро боло бурдааст. Њанўз дар замоне, ки донишљў будааст, фаъолияти кориашро оѓоз мекунад. Соли 1993 дар Донишгоњи шањри Хуљанд лаборанти кафедраи забони англисї, факултаи забонњои хориљї будааст. То оне, ки ба ИМА барои тањсил меравад, дар ин вазифа кор кардааст. Баъди хатми Донишгоњи Небраскаи ИМА тањсилро дар Донишгоњи шањри Хуљанд идома дода, аз моњи майи 1995 то моњи марти соли 1998 ёрдамчї ва тарљумони Президенти ширкати муштараки Тољикистону Корея "Кабол-тољик текстайлз" будааст. Дар ин миён як сол ба офиси марказии ин ширкат "Кабол тестайлз" дар шањри Дегуи Кореяи Љанубї ба кор даъват мешавад, дар он љо

дар вазифаи роњбари гурўњи бонувон ва тарљумон фаъолият мекунад. Баъди хатми Донишгоњи шањри Хуљанд алакай роњ барои ў дар ширкату созмонњои дохиливу байналмилалї боз буд. Моњи августи соли 1998 барои кор дар вазифаи ёвари директори ташкилоти байналхалќии "Корпуси Шафќат" ба Душанбе меояд. Дар ширкат то июни соли 2000 кор мекунад. Њудуди се сол муовини Намояндаи доимии Барномаи рушди СММ дар Тољикистон будааст, то моњи майи соли 2003 дар ин вазифа будааст. Барои тањсил дар Донишгоњи Ню-Йорк ба ИМА меравад. Дар соли охири тањсил дар соли 2005 таљрибаомўз ва ёрдамчии раиси шањри Вестали иёлоти Ню-Йорк фаъолият мекунад. Баъди бозгашт ба Тољикистон дар вазифаи мутахассис, мушовир, директор дар чандин ширкањои ватаниву хориљї ва лоињањои гуногун кор мекунад. Аз љумла дар ЮСАИД дар вазифаи мутахассис, Директори иљроияи Асотсиатсияи агробизнеси Тољикистон, директори корхонаи машаваратї оид ба рушди соњибкории хурду миёна "Легаси Консалтинг", мушовир дар лоињањои байналмилалии Бонки аврупоии таљдид ва рушд, Маркази байналмилалии тиљорат, Барномаи рушди СММ, Барномаи рушди СММ оид ба занон (ЮНИФЕМ), оид ба кишоварзї ва озуќа (ФАО), Агентии Олмон оид ба кўмаки техникї (GIZ), САЊА ва чандин ширкатњои хусусиву давлатї мушовир будааст. Бо машварату мусоидати ў чандин ширкатњои хусусї ба роњ монда рушд кардаанд. Барои омўзишу такмили ихтисос, баланд бардоштани малакаи корї ба Руссия, ИМА, Австрия, Канада, Кореяи Љанубї, Туркия ва давлатњои ИДМ сафар кардааст. Дар конфронсу семинарњо ширкат ва суханронї доштааст. Соли 2010 барои кор ба Дастгоњи иљроияи Президенти Тољикистон даъват шуда, мушовири Президент оид ба сиёсти иќтисодї таъин мегардад. Баъди 2 соли кор дар вазифаи мушовирї муовини раиси Кумитаи сармоягузорї ва амволи давлатї таъин мегардад. Оѓози соли 2013 аз ин вазифа рафта, њоло њамчун мушовири якчанд ташкилотњои байналмиллаливу ширкатњои хусусї дар Тољикистон фаъолият дорад. Узви чандин асотсиатсияњои дохиливу хориљї будааст. Аз љумла узви Асотсиатсияи бонувони соњибкор дар Осиёи Марказї (20072010), узви Асотсиатсияи миллии соњибкории хурду миёна дар Тољикистон (2006-2010), узви Асотсиатсияи соњибкорон дар вилояти Суѓд (2006-2010), узви Љамъияти идоракунии зарфиятњои инсонї (ИМА, 2004-2005), узви Љамъияти амрикоии оид ба масоили мудирияти давлатї (2003-2004) буд. Модар, соњиби ду фарзанд аст. Донандаи хуби забонњои анлисї, русї буда, бо забонњои кореягї ва олмонї низ њарф мезанад.

Раиси Шўрои муњаррирон: Муњибуллоњ Ќурбон

Њафтанома дар Вазорати фарњанги Љумњурии Тољикистон ба ќайд гирифта шудааст.

МУАССИС: Созмони љамъиятии «ИНДЕМ» («Информатика барои демократия ва рушди миллї»).

Котиби масъул: Абўалї НЕКРЎЗОВ nigoh_tj@inbox.ru

Шўъбаи иттилоот ва сиёсат тел: 600 80 38 Шўъбаи тањќиќот ва тањлил тел: 600 80 38 Шўъбаи иљтимоъ ва иќтисод тел: 600 80 39 Шўъбаи реклом ва огоњиномањо тел: 98 560 86 85

МАНГАР, КИ КЇ МЕГЎЯД...

16

Турсуной ЗОКИРОВА, экстрасенс ва равоншинос: - Дар 99 % - и њолатњо аз дасти экстрасенсњо ягон кор намеояд, таќдири инсон мисли ресмонест, ки як нўгаш дар дасти Худою нўги дигараш дар дасти худи одам аст. - Њамин кризиса намегўед, апа, як нўгаш дар дасти Обамаю як нўгаш дар дасти Путин. Азобашро мо кашида гаштаем... Рамазон ЌОДИРОВ, президенти Чеченистон: - Айни њол бошад, ман хато кардаам, касе аз кормандон дар видео инро мушоњида кардааст, ки ман дар паси чамбарак тасмаи бехатарї надорам. Дар бораи ин љарима муайян кардаанд. Ман ин љаримаи муайянкардаро рўзи душанбе пардохт мекунам. - Офарин, Рамазон - ако! Шишаи мошинатон сиёњ набудааст - дия, бачањои "ин лаби об" барин? Агар Шуморо љарима кардан гиранд, љойњои мо биёед, бемалол мегардед. Адолат РАЊМОНОВА, собиќ вакили Шўрои Олї: - Љонибдори онам, ки вазирони мо бисёр бомаданият, бофарњанг бошанд, дилсўз бошанд, коре кунанд, ки њар рўз ба воситаи адои хизматашон дили садњо нафарро ба давлат, њукумат, Љаноби олї гарм кунанд. На ин ки бо як сухани дурушт, кибру ѓурурашон мардумро аз њукумат дилхунук кунанд. - Аљаб содда будаед, апа. Њоло њам нафањидаед, ки одамони бомаданият, бофарњанг, дилсўз вазир намешаванд.... Усмон СОЛЕЊ, сухангўи ЊХДТ: - Имрўзњо хабарњои зиёде мешунавем, ки дар ин ё он ноњия барои даст задан ба амалњои коррупсионї зиёд дастгир карда истодаанд. Умуман, дар ин самт бењбудињо ба назар мерасад. - Худо хоњад, акаи Усмон, бењбудињои аз ин њам зиёдтар хоњад шуд! О њамон дастгиршудаи фосидро агар пурсед, ки чї шуд, мегўяд, ки љояш даркор шудагист ба ягон кас. То имрўз мегашт ку фасод карда?! Ким Чин ИН, роњбари Кореяи Шимолї: - Ў кишварро (ишора ба бобояш Ким Ир Сен аст) ба ќудрати бузурги њастаї табдил дод, ки метавонад силоњи њастаї ва гидрогениро инфиљор дињад, то истиќлолият ва арзиши миллатро нигоњ дорад. - Э кош, њамон силоњи њастаї ва гидрогениро инфиљор медоду халќрову худро њам аз ин шарри будани набудан наљот медод! Исмоил ТАЛБАКОВ, муовини аввали раиси ЊКТ: - Як чизро бояд ба инобат гирифт, ки чун Тољикистон дар хати сарњади ИДМ ќарор дорад, ин сарњад на танњо сарњади Тољикистон, балки сарњади кишварњои узви ИДМ мебошад. - Дуруст, ако, 100 дар 100 дуруст! Акнун ин гапро рафта, ба њамон Толибону Ал - ќоида гуфтан даркор, ки "не, бародаро, ин марзи ИДМ, боз тољик гуфта надароед, ки урус бар мегардаду ана баъд мешапад дутарафа-е!" Ашраф Ѓанї, президенти Афѓонистон: - Агар афѓонњо дар хориљ зиндагї кунанд, зарфшўй мешаванд. - Сирро фош кардед - дия, Ашраф ако! О худатону њамаи вазиронатон њам дар хориљ будед - ку? Чї табаќшўї дар дилатон зад - мї, омада президенту вазир шуда рафтед?

Абдуазими АБДУВАЊЊОБ Дар њафтанома матолибе низ ба нашр мерасанд, ки бо мавќеи идораи он муѓойират доранд. Дар шумора аз аксњое њам аз Шабакаи љањонии Интернет истифода шудааст. Матолиби хусусияти таблиѓотидошта ® метавонанд танњо бо пардохти муайян дар њафтаномаи «Нигоњ» нашр шаванд. Барои дар дигар нашрияњо пурра ё ќисман чоп кардани матолиб ва иќтибосњо аз «Нигоњ» иљозаи хаттии идора ва нишон додани сарчашма дар шакли «аз њафтаномаи «Нигоњ» №_ аз санаи _» њатмист. Њуќуќи муаллифии кулли матлабњои шумора ба идораи њафтаномаи «Нигоњ» ва СЉ «ИНДЕМ» тааллуќ дошта, тибќи ќонунгузории љории Тољикистон ва байналмилалї њифз карда мешаванд. Дар њолати наќзи "Меъёрњои ахлоќии фаъолияти журналистї дар Тољикистон" аз љониби нашрияи мо, бо арзу шикоят метавонед ба Шўрои воситањои ахбори оммаи Љумњурии Тољикистон (Шўрои ВАО - и ЉТ) мурољиат намоед.

Ќимати рўзнома дар фурўши чакана на беш аз 2,5 сомонї Њафтанома дар нашриёти «Мега-принт» чоп мешавад. Ќимати обуна барои як сол - 96 сомонї. Индекси обуна: 68990 НИШОНИИ ИДОРА: Љумњурии Тољикистон, шањри Душанбе, кўчаи Лоиќ Шералї, хонаи 77. Телефон: (44) 600 80 38, 224 25 09


Turn static files into dynamic content formats.

Create a flipbook
Issuu converts static files into: digital portfolios, online yearbooks, online catalogs, digital photo albums and more. Sign up and create your flipbook.