Нигох №40 (422). Душанбе, 29-уми декабри соли 2014

Page 1

“НИГОЊ”, ЧОРШАНБЕ №40 (422), 29. 12. 2014

Генерал-майор Мањмадсаид САИДЗОДА:

1

Бехатарии инсон ќиматтар аст! САЊИФАИ 4 №40 (422). Душанбе, 29-уми декабри соли 2014

e-mail: nigoh_tj@inbox.ru

www.facebook.com/nigohtj

БО ШОИР

Пироњани танги танат зебову садранг аст САЊИФАИ 12

ГЕОПОЛИТИКА

Лањзае аз њаќиќати "инќилоби газї" САЊИФАИ 10

Њизби коммунист Аз инќилобу «террори сурх» то бунёдкориву бехудої ва истиќлолситезї ДАР ТЕАТР

Шоме бо Айнї САЊИФАИ 9

ПУРБИНИ «НИГОЊ»

Ѓалтак, тарс, тарѓибот ва зиёї

ТРОЛЛЕЙБУСЊОИ НАВ - ШОК БАРОИ ДУШАНБЕГЇ САЊИФАИ 3

САЊИФАИ 16


2

АМНИЯТИ МИЛЛЇ

“НИГОЊ”, ЧОРШАНБЕ №40 (422), 29. 12. 2014

Љанљол дар Анљумани Њизби коммунисти Тољикистон барои аз рўйхати номзадњои њизбї бардоштани номи Исмоил Талбаков сар зад. Коммунистони вилояти Суѓд, ки хостанд номи Талбаков аз љойи дуюм дар рўйхати номзадњо ба њавзаи љумњуриявї лаѓв шавад, вале баъди мавзеъгирии раиси њизб ба нишони эътироз анљуманро тарк карданд. Љаббор Ахмедов, котиби ЊКТ дар вилояти Суѓд ба љойи дуюм номзадии Ќурбонљон Мирзоеваро пешбарї кард. Аммо Шодї Шабдолов, рањбари њизб муќобил баромад ва љанљол сар зад. Шодї Шабдолов гуфт: "касе љойи Исмоил Талбаковро гирифта наметавонад". Аз чї Шодї Давлатович ба чунин хулоса расидааст, барои бисёрињо номаълум монд, аммо Ахмедов озодона фикрашро баён кард, дар атрофаш як гурўњи манфиатдорон љамъ омадаанд ва мехоњанд рўйхати номзадњоро тибќи манфиати худ њал кунанд. Њарчанд Анљуманро роњбраияти ЊКТ бо худсафедкунї, сар карданд, ки гўё ихтилофи дохилии марбут ба коммунистони суѓдї ва Исмоил Талбаков рафъ шудааст, суѓдињо пинњон намекарданд, ки аз ин ду пири ЊКТ дар курсињои нарму роњати парлумонї безор шудаанд. Љаббор Ахмедовро аз афташ ба курсии роњбарияти њизб роњ надоданд, ё худ нахост он љо бошад, дар охири толор нишаста буд. Ќурбонљон Мирзоева, ки номзадияшро Љаббор Ахмедов ба љойи дуюм дар рўйхати умумиљумњуриятии ЊКТ пешнињод кард, рўирост гуфт, ки: "мо мехоњем, ки симоњои нав аз тарафи љавонон дар парлумон зиёдтар шаванд. 20-30 сол ба депутатї машѓул шуда, ба кори њизбї машѓул нашудан, дуруст нест. Агар дар љойи Исмоил Талбаков ман мешудам, мегуфтам, 15 сол депутатї барои ман бас аст, биё Ќурбонљон ту ба љойи ман нишин!" Ќаблан њам мољарои дохилии ЊКТ дар бањси матбуотии Љаббор Ахмедов

«

ЉАНЉОЛ ДАР АНЉУМАНИ ЊКТ Вакил Ќурбонљон Мирзоева ќоил шуд, ки аз Талбакову Шабдолов дар ин 15-30 соли депутатияшон безор шудааст ва Исмоил Талбаков, котиби дуюми ЊКТ расонаї шуда буд. Исмоил Талбаков гуфта буд, Ахмедов бидуни мувофиќа бо роњбарияти ЊКТ котиби ин њизб дар вилояти Суѓд таъйин шудааст, ки баъди ин рањбари коммунистони суѓдї Талбаковро ба дурўѓбофї айбдор кард. Њизби коммунист, ки мехост рўйхати 10-нафарии номзадњояшро ба интихоботи парлумонии соли 2015 дар ин Анљумани тасдиќ кунад, баъди љанљол ба хулосае омад, ки рўйхат дарозтар шавад ва номзадњои њизб, то ба 14 нафар зиёд карда шуд:

Баъд занги телефонии рафиќи журналистам аз шабакаи телевизиони давлатї, ки аз ман номи дурусти Њизби коммунисти Тољикистонро пурсид, маро ба худ овард: Љанљол дар њизб чизеро дар сиёсати калони Тољикистон таѓйир намедињад. Ба њар сурат, то њамин хел телевизиону њамин хел њизбњо њастанд.

«

Шодї Шабдолов, Исмоил Талбаков, Мирзонаљот Мирзонаботов (Мастчоњ), Мубин Мањмудов (котиби дуввуми ЊКТ дар Суѓд), Заррагул Мирњасанова, Гулчењра Ёрматова, Сулњия Ќобилова, Абдулло Хабиров, Алишер Шарипов, Сафаргул Давлатёрова, Мањмадалї Одинаев, Нурулло Шулашев, Мењрољ Абдуллоев ва Ихтиёр Ашуров, номзадњои ЊКТ аз рўйхати њизбї ба њавзаи љумњуриявї дар интихоботи соли 2015 мебошанд. На Ќурбонљон Мирзоева ва на Љаббор Ахмедов дар ин рўйхат нестанд. Онњоро баъди он ки бо нишони эътироз толори анљуманро тарк карданд, аз ЊКТ хориљ карданд. Исмоил Талбаков исрор кард, ки масъалаи аз њизб хориљ кардани коммунистони "мољарољў" ба овоздињї монда шавад. Њамин тавр њам шуд. Ба њар сурат, Шодї Шабдолов баъдтар иќрор њам шуд, ки аз сар задани мољаро дар ин анљуман огоњ будааст.

Вай маљбур шуд, боз як чизи дигарро "фош" кунад. Љаббор Ахмедов ќаблан пешнињод карда будааст, ки дар њолати пайдо шудани гурўњбозї дар дохили ЊКТ, масъаларо дар вазорати адлия ва додгоњ баррасї ва њал хоњад кард. Яъне, мољарои коммунистон, ки Ахмедов дар ояндаи наздик ба он њам таќдири ЊДТ ва ЊСТ-ро пешгўї мекунад, њанўз поён наёфтааст. Ба љойи хулоса, чанд факти аљиби ин рўз, -27-уми декабри соли 2014-ро меорам, ки тавонистанд диќќати маро аз муњтавои ин љанљол чанд лањза дур кунанд. Аввал љо додани номи Мирзонаљот Мирзонаботов аз Мастчоњ дар рўйхати њизбии номзадњои ЊКТ аз њавзаи умумиљумњуриявї, маро дар њайрат гузошт. Роњбарияти ЊКТ дар 23 соли мављудияташ аќалан њамин корро карда тавонистааст, ки муборизањои шадиди озодихоњии "босмачї"-њои масчоњиро фаромўш кунад. Ва баъд фикр кардам, ки шояд ин њам як њилаи сиёсии дигар аст барои рўпўш кардани мољаро бо коммунистони суѓдї - шояд як навъ љуброн буд. Баъд занги телефонии рафиќи журналистам аз шабакаи телевизиони давлатї, ки аз ман номи дурусти Њизби коммунисти Тољикистонро пурсид, маро ба худ овард: -Љанљол дар њизб чизеро дар сиёсати калони Тољикистон таѓйир намедињад. Ба њар сурат, то њамин хел телевизиону њамин хел њизбњо њастанд. Ва баъд дуои Шодї Шабдолов, ки ба арвоњи яке аз коммунистони рањматї дасти дуо бардошт ва барояш аз Худованди таъоло љаннатулмаъворо таманно кард. Ин кори Шодї Давлатович ба ёдам мусоњибаи чанд сол ќабли ўро овард, ки гуфта буд: (астаѓфируллоњ) "Худоро нишон дињед, ман бовар мекунам, ки ў њаст". Бовар намекардам, агар бо ду чашми сар намедидам. Муллораљаб ЮСУФЇ


СИЁСАТ Анљумани ЊСДТ аз рўйхати њизбї барои ширкат дар интихоботи парлумонии соли 2015 аз њавзаи умумиљумњуриявї 22 номзад пешнињод кард. Анљумани њизб, ки дар ќароргоњи ЊСДТ 27-уми декабр баргузор шуд, љойи нишаст ба аксарият нарасид. Бисёрињо дар анљуман дар по рост истоданд. Рўйхати њизбї аз рўи алифбо пешнињод шуд. Њамин тавр исми Амният Абдулназаров дар сархати рўйхат ќарор гирифт. Дар рўйхати њизбии ЊСДТ исми адвокатњои маъруфи тољик - Бузургмењр Ёров, Файзинисо Воњидова, Толиби Сангин, Шуњрат Ќудратов пешнињод шудааст. Инчунин, ин њизб аз фаъолони љомеаи шањрвандї, аз њавзаи умумиљумњуриявї пешнињод кард. Аз љумла аз Улфатхонум Мањмадшоева, аз Хоруѓ, Њољимуњаммад Умаров, иќтисоддон ва Мирњусейн Назриев, раиси пешини ЊСТ-ро. Дар рўйхати њизбї исми Рањматилло Зойиров, дар љойи шашум ва Шуњрат Ќудратов, муовини раиси њизб, ки феълан дар њабси пешакист ва баррасии судияш идома дорад, дар љойи њафтум ќарор дорад. Дар ин рўйхат номи Алим Шерзамонов, раиси ЊСДТ дар вилояти Бадахшон аз охир дуюм ќарор дорад. Шокирљон Њакимов, муовини рањбари ЊСДТ, ки ќаблан аз тањдид ба љонаш изњорот дода буд, аз рўйхати њизбии номзадњо ба вакилї номашро хат зад. Иллати бозпас гирифтани номзадияшро Њакимов ба журналистон шарњ дода гуфт, бо сабаби надоштани маблаѓ исмашро аз рўйхати њизбї пешнињод намекунад. Аммо дар њавзаи якмандата дар ноњияи Конибодом пешнињод хоњад кард. Њамчунин Дилбар Самадова

“НИГОЊ”, ЧОРШАНБЕ №40 (422), 29. 12. 2014

22 НОМЗАДИ ЊСДТ ВА "ФИНТ"-И ЗОЙИРОВ

3

сух ба ин суол, ки ваќте рўйхат ба КМИР пешнињод шуд, то куљо имкони таѓйир додани он њаст, мегўяд, нафароне, ки исмашон дар сафи пеш ќарор дорад, барои номзади фаъол даст хоњанд кашид. Рањматилло Зойиров дар як суханронии кўтоњ дар назди вакилони њизбаш гуфт, ки ягон ташкилот ва ё идорае њозир нашуд, ки ба њизб толорашро ба иљора дињад. Ин аст, ки Анљуман дар ќароргоњи њизб дар як њуљраи танг баргузор мешавад. Аксар ширкаткунандагони Анљумани њизб, ки беш аз 50 вакил буданд, дар њуљраи ќароргоњи њизб рост меистоданд. Зойиров аз њукумат интиќод кард, ки ба ањзоби сиёсии Тољикистон назари ягона надорад, њамеша ЊСДТ-ро зери фишор ќарор медињад. Аз он гуфт, ки Президент Эмомалї Рањмон бо тамоми рањбарони ањзоби сиёсї мулоќот кардааст, аммо њатто намояндаи моро Комиссияи маркази интихоботї ва раъйпурсї ќабул накардаанд. Азамати ВАЊЊОБ

аз рўйхати номзадњои ЊСДТ бо бањонаи кори илмї доштан, номзадияшро бозпас гирифт. Зариф Ѓулом, њуќуќшинос бо изњори сипос аз Анљуман гуфт, ки дигар нафаќахўр мебошаду тавони ширкат дар интихоботро надорад. Рањматилло Зойиров, раиси ЊСДТ дар шарњи тартиби рўйхати њизбї аз рўи алфавит гуфт, мо њар як номзад аз рўйхати њизбиро дар њавзањои якмандата муттасадии ЊСДТ таъин мекунем, дар кадом њавзае, ки аз рўи коифисент њизб овози бештар гирифт, њамон номзади муттасадии њавза номаш дар рўйхати њизбї дар љои аввал гузошта мешавад. Пешвои сотсиал-демократњо дар по-

АКС АЗ WWW.STANRADAR.COM

СОЛИ НАВ ВА МО

Њоло, ваќте як ними мо дар Душанбе шањрамонро ба соли нави милодї омода мекунад, бо суратњои рангоранги оњубарраву бобои барфї ва барфак оро медињад, дар тарабхонањои барњавои пойтахт масту аласт мераќсанд, ними мо дар муњољирати корї дар Русия сарсону саргардон, дар пайи дарёфти пул барои шиноснома, иљозати кор, суѓуртаи тиббї, маълумотномаи забони русиянд, пораи дигаре њам дар Сурия барои озод кардани Фаластин ва барпо шудани Хилофат "љињод" кардаанд... Як пораи дигари мо имрўз дар Укроин барои Русия мељангад. Ва касе аз инњо дар фикри њамдигар нест, чун намешиносанд. Худро...

МО КИСТЕМ? Њоло гўё дар Душанбе пойтахти Тољикистон њам соли нави милодї љашн мегиранду намегиранд. Њар сол, бо фаро расидани соли нави милодї дар расонањо, дар интернет, њатто дар матбуот бањси бобои барфї оташ мегиранд. Оё таљлили соли нави масењї барои мо тољикон, ки худро 99 дар сад мусалмон мешуморем дуруст аст? Њар сол. Натанњо дар соли нав, дар мо Наврўз њам ба њамин минвол мегузарад. Бањс мекунем, ки "тољикї, ё мусалмон?" Мо дигар худро намешиносем, ќодир нестем, андеша кунем, ки мо кистем, дар куљоем, бар куљо меравем. Дар ин чанд сол мо дигар исбот кардем, ки ќудрати тањлилу ба як хулоса расиданро надорем, ки бояд чї кунем. Њукумат њар ќадаре метавонаду мефањ-

мад, мамлакатро орову торо медињад, бо акси мурѓу моњї ва имсол гўспанд. Телевизион соли навро љашн мегирад, аммо бе бобои барфї ва барфак: "охир онњо моли мо нестанд-ку...???" Дар њамин њол, тарабхонадорон машруботи спиртиро ба гулўи мизољон мерезанд, аксарият то аз по афтидан менўшанд. Баъди њушёр шудан, ба ду гурўњ таќсим шуда, њамдигарро тањќиру такфир мекунанд: "њаром аст!", "не муњим ин аст, ки дил соф бошад!" Дар чанд соли ахир моро чунон пора кардаанд, ки гўї дањшатњои њазорсолаи ахир дар баробарашон таъсири камтар дошт. Дар ин чанд сол, зоњиран, дар мо дигар шинохте аз худ ва дарки воќеият боќї намондааст.

ЉИЊОД? Дар шабакаи Ютюб навори љангиёни тољик дар Сурия, ки ба њукумат, чењ-

рањои алоњида ва мардуми кишвар тањдиди ќатли ом мекунанд, рўзњои охир афзудааст. Агар чанд сол пеш, њушдорњои маќомоти амниятии Тољикистон дар бораи ин гуруњњои тундгаро "сохта", "сиёсї" ва "њадафмандона" ќаламдод мешуд ва онро ба хадамоти махсуси кишварњои абарќудрат рабт медоданд, њоло зоњиран вазъ тамоман дигар шудааст. "Муљоњид"-они љавони тољик, ки мегўянд беш аз як сол аст дар Сурия мељанганд, ќасам ба Худо мехўранд, ки даст на аз ќатли Обама бармедоранду на аз Путину на дигару дигар... Онњо мардумро ба љињод, барои барпо кардани давлати ягонаи исломї - ба хилофат даъват мекунанд. Ваъда медињанд, ки агар бимиред љаннатулмаъво насибатон хоњад шуд, вагарна, дигар муздуру ѓуломи дари касе дар муњољират нахоњед буд, сарњад байни ягон кишвар вуљуд нахоњад дошт. Далел меоранд, аз Ќуръон... Бовар доранд, ки корашон "њаќ аст". Онњо мањз ба мардуми Тољикистон мурољиат мекунанд. Дар шабакањои иљтимої чанд гурўњ бо гузоштани ин наворњо бањс оростаанд, ки ин љавонњо ба куљо мераванд: "дўзах ё љаннат?". Касе њам дигар намепурсад, ки чаро ин љавонони тољик, шањрвандони Тољикистон ба Сурия рафтанд? Бино ба иттилои расмї, њоло дар љанги Сурия 300 тољикистонї ширкат доранд. 50 нафар аз шањрвандони Тољикистон дар ин љанг њалок шудаанд. Чї ё кї бо таќдири онњо бозї кард? Магар инњо, ки аз порањои Ќуръон оятоят аз ёд мегўянду далел меоранд, ки роњашон - ќатли куффор ва насор ба хайри мусалмонони љањон аст, дар ка-

дом мактабњо хондаанд? Аз кадом китобњо бањравар шудаанд? Дар Тољикистон ѓайр аз њабсу боздошти наздикон, фатвои муфтї, ки љанг дар Сурия љињод нест, чї чорањо дида мешаванд? Магар дер нашудааст? Њоло љавонњои моро ба хизмати њарбї ба иљбор бурда намешавад. Онњоро бояд дар оѓилу љойи хобашон бояд поид, то боздошта бо зарбу лат то комиссариати њарбї бурд ва аз он рост ба "хизмат"-и Модар Ватан тањвил кард. Аммо чаро барои ин бачањои љавони тољик, озодии Фаластин аз ободии ватанаш - Тољикистон муњимтару афзалтар шудааст? Чаро кўдакон ба мактаб њам бо њамон шавќу хоњише, ки ба масљид мераванд, ба дарс њозир намешаванд? Чаро таетрњои мо аз тамошобин холиянд? Чаро љавонон дар Душанбе дар “кепка”-ашон “Чечня” менависанду, дар тўйњо “лезгинка” мераќсанд? Чаро онњо аз худ бегона мешаванд, тамехоњанд тољик бошанд? Шояд онњо “чурка” ё “Равшан”-у “Љамшуд” будан намехоњанд? Шарм медоранд? Барои онњо марг авлотар аз «Љимми Баймурат» будан аст? Чаро онњо "шањодат" - маргро аз зиндагї дар љавонї авлотар мешумуранд? Онњо чанд сол доранд? Онњо мањсули сиёсати давлати Тољикистон дар 23 соли ахир нестанд? Магар њамин сабаби таѓйир додани сиёсати давлати Тољикистон, аз љумла дар соњаи фарњанг, маориф шуда наметавонад? Хато дар куљо рафтааст? Оё дар Тољикистон ягон нињоде ба тањлили ин мушкилот машѓул њаст, ки донад, чаро чунин шуд? Фаромарзи ФОЗИЛ


4

Раёсати Бозрасии давлатии автомобилї ё БДА мегўяд, агар ронандагони Тољикистон ќоидавайронкуниро коњиш надињанд, Тољикистон 110 млн. ќарзи Чинро барои "Шањри бехатар" аз њисоби љаримаи ронандагон пеш аз муњлат пардохт мекунад. Дар бораи ин лоиња, омори ахири фаъолияти БДА ва посухи сардори Раёсати бозрасии давлатии автомобилии Вазорати корњои дохилии Тољикистон, генералмайор Мањмадсаид Саидзода ба саволњои tojnews.org њикоят мекунад. - Соли равон Раёсати БДА тавассути "Шањри бехатар" чї ќадар маблаѓ љамъ овард? Оё ин маблаѓњо ба баргардондани ќарзи Чин сарф мешаванд ё не? - Дар шањри Душанбе дар умум барои вайрон кардани ќоидањои њаракти роњ зиёда аз 31 миллион сомонї љарима ворид шудааст. Аз њисоби "Шарњи бехатар" 26 миллион сомонї аз тарафи вайронкунандагони ќоидаи њаракат дар роњ љарима ворид шудааст. Панљ миллион сомонї аз шўъбаи Бозрасии давлатии шањри Душанбе аст. Ин 26 миллион сомонии маблаѓи љарима аз лоињаи "Шањри бехатар" дар 11 моњ расидааст. Ва воќеан њам агар маблаѓи љаримањо бо њамин тариф идома ёбад, пас 120 милллион сомонї ќарзи Тољикистон аз Чин барои лоињаи "Шањри бехатар" пеш аз муњлати бистсолааш пардохт хоњад шуд. Аз руйи њисобњои арифметкие, ки Шумо дар назар доред, њисоб кунем ва њар сол 26 миллион сомонии љарима ворид шавад, ин ќарз њатто то расидани муњлати баргардонидан эњтимол пардохт карда шавад. - Яъне маќомоти БДА аз ќоидавайронкунии ронандагон бештар манфиатдор аст, чун аз њисоби ин љаримањо

«

СУЊБАТИ РЎЗ

“НИГОЊ”, ЧОРШАНБЕ №40 (422), 29. 12. 2014

Мањмадсаид САИДЗОДА:

БЕХАТАРИИ ИНСОН ЌИМАТТАР АСТ! манфиати молї ба даст меорад? - Не. Мо бештар хоњони он њастем, ки ронандањо ќоидањои њаракат дар роњро риоя кунанд, то ба саломатии худ ва дигарон ва ба буљет љаримањо ворид нашаванд. 110 млн. сомонї, ё худ 22 млн. доллар ќарзи Чин барои тарњи "Шањри бехатар" дар Душанбе, тибќи созишнома бояд дар 20 сол пардохт шавад. Баргардондани ќарз баъди се соли ба фаъолият шуруъ кардани ин тарњ шуруъ мешавад. То охири сол эњтимол миќдори љаримаи воситањои наќлиёт дар асоси "Шањри бехатар" ба 28 миллион расад. Шояд аз руйи имкониятњое, ки њоло мо дорем, њаминро пешбинї кардан дуруст аст, ин 22 миллион доллар ќарзи Чин эњтимол дар се соли

Ин њолат таъмини бехатарии ќоидањои њаракат дар роњро душвор мегардонад. Шумо шоњидед, ки баъзан њолат кормандони БДА маљбур мешаванд ба хиёбонњо баромада, назоратро ба даст гиранд. Пањлўи дигар њолати танбашавї ба амал меояд, ки њаракати воситањои наќлиётро мушкил мегардонад ва дар ин њолат аз ронандањо ва мусофирон масъулияти эњтиёткориро бештар талаб мекунад.

Марљонаи Файзалї барои ќатли кўдаки 4-сола ба 19 соли зиндон мањкум шуд. Суди олии Тољикистон Марљонаи Файзалї, сокини 23-солаи шањри Турсунзодаро ба иттињоми ќатли як кўдаки чорсола ба 19 соли зиндон мањкум кард. Тибќи "ќонуни авф" 4 сол аз њукми ў кам карда шуда, дар назар аст ин зан 14 сол дар зиндон бимонад. Мањкумшуда бо иттињоми ќатли Амирљон Назирови хурдсол, писараки њамсояаш, ки бо онњо барои партофтани партов муноќиша доштааст, моњи июни соли равон боздошт шуда буд. Наздикони Амирљони 4-сола дар суњбат ба TojNews гуфт, аз њукми Суди олї нисбати Марљонаи Файзалї шикоят нахоњанд бурд. Файзалї, падари Марљона дар суњбат ба TojNews гуфт, духтараш дар ин кор гунањ-

«

оянда таъмин шавад. Вале инро њам бояд ба назар гирифт, ки агар шароит ва имкониятњо дигар нашаванд. Шояд давоми чор сол, ё панљ сол мо ин ќарзро баргардонем. - Амалї шудани ин лоиња дар манотиќи дигар Тољикистон њам дар назар њаст, ё не? - Айни њол лоињаи намунавї танњо барои шањри Хуљанди вилояти Суѓд омода шудааст ва амалї мешавад. Барои шањру навоњии дигари кишвар имконият надорем. Њоло бештар ба ободонии роњњо таваљљуњ мекунем. Тавре шоњидед, роњи Душанбе-Њисор-Регар дар ду самт сохта шуда истодааст. Хиёбонњои пойтахт таъмир шуданд ва таъмир то њол идома дорад. Њамаи ин аз руйи наќша аст. - Роњњои пойтахт ба миќдори воситањои наќлиёт мусоидат намекунад. Барои ислоњи ин ягон чора андешида мешавад? - Дуруст аст. Танњо дар пойхтахт зиёда аз 80 њазор наќлиёт ба ќайд гириф-

ЉАВОНЗАН БАРОИ ЌАТЛИ ТИФЛИ 4-СОЛА 19 СОЛ ГИРИФТ кор аст, аммо ин њодиса фавќуллода шудагї аст, на ќасдан. -Духтари ман пурра солим нест ва ќасдан Амирљонро накуштааст. Аќли ў мисли кўдак аст, рушд ёфтагї нест. Бояд парванда алайњи ў бо моддаи 110 (КЉТ) (ќасдан расонидани зарари вазнин ба саломатї) бандубаст мешуд, на бо моддаи 104 (одамкушї). Зеро боз мегўям, ки духтари ман ин кўдакро ќасдан накуштааст. 14 шоњиде, ки дар суд шоњидї доданд ягон нафарашон ин њодисаро дидагї нест, -мегўяд падари мањкумшуда. Аммо Насриддин Назиров, падари Амирљони 4-сола дар суњбат ба TojNews гуфт: -

Ду шоњиди њодиса, мактабхонњо, ки њодисаро бо чашми худ дидаанд, дар суд тасдиќ кардаанд, ки ваќти корд задан, ин зан гуфтааст, ки "модарат фаќат аз ман шикоят мекунад, барои њамин ман туро аз модарат људо мекунам". -Мо дигар шикоят намебарем, ба Худо њавола кардем, бигзор Худо љазои сазовор бидињад, -илова кард Назиров. Њодиса бино ба иттилои ВКД, 5-уми июни соли равон рух дода, зани њамсоя Амирљон Назирови 4-соларо 13 маротиба ба узвњои баданаш корд задааст.

та шудааст. Њамарўза аз атроф ба пойтахт зиёда аз 100 њазор наќлиёт ворид мешавад. Ин њолат таъмини бехатарии ќоидањои њаракат дар роњро душвор мегардонад. Шумо шоњидед, ки баъзан њолат кормандони БДА маљбур мешаванд ба хиёбонњо баромада, назоратро ба даст гиранд. Пањлўи дигар њолати танбашавї ба амал меояд, ки њаракати воситањои наќлиётро мушкил мегардонад ва дар ин њолат аз ронандањо ва мусофирон масъулияти эњтиёткориро бештар талаб мекунад. То 25-уми декабри соли љорї, дар роњњои автомобилгарди кишвар 1 њазору 493 садамаи наќлиётї ба ќайд гирфита шудааст. Бар асари онњо 424 нафар ба њалокат расида, 1 њазору 733 нафар љароњат бардоштаанд. Мо бояд пеш аз њама фарњанги ронандагї ва пешгирї аз хатарњои садамавиро фикр кунем. - Чаро љаримањоро БДА зиёд кард? - Саломатї ва бехатарии мардум ќиматтар меистад! Мењрбону ОРИФЇ


ПОЙТАХТ Дирўз ба сайри шабонаи Душанбе баромадам, дар троллейбуси нав, ки маро хеле дар њайрат гузошт. Охир ќарори њукумат дар бораи ба баланси ширкатњои наќлиётї гузоштани онњо ба ќарибї ба имзо расида буд. Њар кас вориди троллейбус мешавад, бо њайрат ба атроф дида медўзад, фазои дигар, дастгоњњои нав, ва хилофи одат, пулчинак хеле мењрубону нармсухан аст бо мусофирон. Бисёрињо дар аввал дар њолати шок ќарор мегиранд. Аммо ваќте дарњои мошин пўшида мешаванду наќлиёт аз љо љунбид, њама гўё ба худ омаданд, мошин нав аст, аммо мушкилот "Ањмади порина". Хуш омадед ба истгоњи "Чойхонаи Роњат", истгоњи оянда - "Универмаги марказї"! садо аз кабинаи ронанда мусофиронро дубора ба њайрат меорад. Чунин хизматрасониро фаќат онњое дар ёд доранд, ки дар Душанбеи даврони шўравї ин љо будаанд. Шояд боз ба мо билет њам бояд бидињанд, - шояд аз дил гузаронданд душанбегињои куњна. Вале на, ба мо билет надоданд. Њамоно пулчинак наќши асосї мебозад, ки шояд насиби мо буд, ки ў имрўз хеле боодобу нармсухан буд. Ба мусофироне, ки вориди мошин мешуданд, мурољиат мекард: "Баќияатонро бигиред, апа, пули майда медоштед бењтар буд...".

“НИГОЊ”, ЧОРШАНБЕ №40 (422), 29. 12. 2014

5

ро ба назар нагирифтаанд. Троллейбус фосилаеро, ки бояд дар 4-5 даќиќа тай кунад, дар 10-15 даќиќа мерасид. Вале овози хандаи мусофирон баъдтар баландтар садо дод, ваќте шохњояш дар хиёбони марказї аз сим канда шуданд. Пулчин аз мошин фуромад, аммо дар чанд даќиќа натавонист мушкилро рафъ созад ва аз мусофирон даъват кард, ки ба наќлиёти дигар савор шаванд. То ваќте ки мусофирон аз борон ба зери чатр пинњон шуда, ба мошини дигар мегузаштанд, ба кабинаи ронанда рафтем. Кобинаи троллейбусњои нав аз мошинњои куњна тафовути зиёд надоранд.

ТРОЛЛЕЙБУСЊОИ НАВ ШОК БАРОИ ДУШАНБЕГЇ Мардуми пазмон ва муштоќи мулоимсуханї зуд даст ба кисса мебаранд, то мушкили пулчинакро осон кунанд. Љавон њам ягон мусофирро бебаќия на-

мемонд. Ба њама пули майда ёфта дод. Ба баъзењо 10 ё 20 дирам камтар. Чунин шуд, ки аз баъзењо 60 дирам ва аз бархеи дигар 80-дирамї роњкиро мегирифт. Се зани љавон, ки мафтуни нармсуханињои пулчинак буданд, хирагї кардан гирифтанд: чанд пул аст роњпулї? Чаро баъзењо 80-дирамї доданд...? Пулчин аз посух додан худдорї мекард, гўё фикраш сахт машѓул аст. Дар њоле табассум аз лабонаш канда набуд, вай баъди њар истгоњ маљбур буд дод занад ба ронанда: "Дарро пўш!" Боз садои баландї аз утоќи ронанда баланд шуд: "Хуш омадед ба истгоњи Универмаги марказї, истгоњи оянда Вазорати кишоварзї". То троллейбуси нав аз байни тамбањои мошинњои гаронбањои Душанбе мехазид, ин эълон се маротиба садо дод. Баъзењо хандиданд. Аз афташ ваќти сабт, тамбањои пойтахт-

Дар пеши ронанда асбобњо парешонанд. Аз афташ онњоро ба як ќуттї ѓунљондан натавонистаанд. Дастгоњи наве фурўзон аст, ки тавре ба мо фањмонданд, "духтарак"-и электронї аз он ба мусофирон мурољиат мекунад. - Чаро он як гапро пайи такрор мекунад, вайрон шудааст? - пурсидем мо. - Вайрон нест, аммо баъзан чунин мешавад, -фањмонд ронанда. - Чаро пулчин маљбур аст њар даъфа шуморо илтимос кунад, ки дарро пўшед, Шумо худатон дида наметавонед? - Ин техника аст, баъзан њамин хел мешавад, - боз њам кўшиш мекунад худро сафед созад ронанда. Системаи фарсуда ва мушкили роњњои куњнаи пойтахтро фаќат бо техникаи нав ислоњ карда намешавад.

Екатерина ПАСТОРОВА

САДОИ МАРДУМ

НАЗДИК БА 60%-И МАРДУМ СОЛИ НАВИ МЕЛОДИРО ЉАШН МЕГИРАНД

21%

Дар ин бора фикр накардаам

16%

Хилофи арзишњои диниам аст

20% Љашн намегирам

2%

Бањонае барои хурсандист

Мавлуди Исои Масењ аст

Оѓози соли нави мелодї аст

38%

Наздик ба 60 дарсади мардум 1-уми январро ба сабабњои мухталиф љашн хоњанд гирифт.

3%

Назарпурсии ахире, ки тањти унвони "Чаро 1-уми январро љашн мегиред?" маълум кард, ки 38 дарсади раъйдињандагон ба гузинаи "Оѓози соли нави мелодї аст", овоз додаанд. 16 дарсади ширкаткунандагон њам гуфтаанд, ки "Бањонае барои хурсандист" ва 2 дарсади иштирокчиён њам ќайд кардаанд, ки "Мавлуди Исои Масењ аст". 20 дарсад ба гузинаи "Љашн намегирам" раъй дода, 21 дарсади ди-

гар гузинаи "Хилофи арзишњои диниам аст"ро интихоб кардаанд. Аз љамъи иштирокчиён њамагї 3 дарсади ахир гуфтаанд, ки "Дар ин бора фикр накардаам". Ин назарпурсї бо супориши њафтаномаи "Нигоњ"аз 24 то 27-уми декабри соли 2014 дар сомонаи Ољонсии Иттилоотии "Тољнюс" гузаронида шуда, дар он 427 нафар ширкат кардаанд.


6

Аз ќабули Ќонуни Љумњурии Тољикистон "Дар бораи танзими анъана ва љашну маросимњо дар Љумњурии Тољикистон" беш аз њафт сол сипарї мешавад. Ќонуне, ки ба ќавли њукуматињо роњи харљу мараљњои бењудаи туйу сури мардумро боз дошта, аз исрофкорињо љилавгирї мекунад, то зиндагии мардум рў ба бењбуд оварад. Аммо њамин Ќонун њунармандону наворбардорон ва барандањоро, ки дар тўйу маъракањои мардум хидмат мерасонанд, барои фаъолияти онњо патент ва ё молиёт тадбиќ намуд, ки маблаѓи ин њама боз њам, бар дўши мардуми оддиву нафаќахурони бечора меуфтад… Њафт сол муќаддам дар моњи июни соли 2007, Ќонуни Љумњурии Тољикистон "Дар бораи танзими анъана ва љашну маросимњои мардумї дар Љумњурии Тољикистон" ќабул шуд. Ба дунболи ќабули ќонуни мазкур маќомот дар чањорчўби иљрои он эълом карданд, ки аз ин ба баъд фаъолияти овозхонон ва наворбардорону барандањо дар тўйю маросими мардумии сокинон зери назорати љиддї ќарор дода мешавад ва санъаткороне, ки бидуни патент дар тўйю маъракаи мардум, ба истилоњ "хидмат" мекунад, љарима тадбиќ хоњад шуд. Ин дастур ду сол баъд аз тасвиби Ќонуни танзими анъана ва љашну маросимњо дар вилояти Суѓд рўи даст гирифта шуд ва мояи нигаронии ањли њунар, бахусус овозхонон гардид, ки то ба имрўз нигаронкунанда боќї мондааст. Њунармандон мегўянд, бидуни шубња њар нафар молиёти давлатро бояд бисупорад, вале зиёдаравї дар ин самт, боиси эљоди боз як мушкили дигар, барои хуб гузаронидани маъракањои сокинон хоњад шуд. Як овозхон, дар Хуљанд, ки нахост аз ў ном бурда шавад, дар сўњбат ба мо мегўяд, ки талаби њаќќи патент дар шароити феълї овозхононро маљбур мекунад, фаъолияти худро боз њам зеризаминї кунанд. Дар нињоят пуле, ки барои "патент" аз њунармандон ситонида мешавад, боз њам ба гардани тўйдори бечора меуфтад, чунки онњо маљбуранд ба мањзи пули патент аз соњиби маърака пули бештар талаб кунанд, мегўяд ў: "Бояд масъалаи патент ба як чањорчўбаи муайян дароварда шавад, зеро дар тамоми шањру ноњияњо ва дењот, арзиши патент ќариб якранг аст ва он пеш аз њама, барои мардуми дењотнишин, ки назар ба шањр чандон вазъи иќтисоди бутун надоранд, гарон аст. Ва шояд санъаткороне њам њастанд, ки дар тўли як моњ як ё ду туй доранд, оё онњо метавонанд маблаѓи патентро бароварда созанд?".

МАЪРАКАЊО: АЗ 25 БА 5 АММО ХАРЉ ЊАМОН АСТ Абдулњаким Шарипов, мудири шўъба оид ба корњои дин дар њукумати вилояти Суѓд мегўяд, ки бо ќабул шудани Ќонун як ќатор маъракањо танзим карда шуд, ки бањри бењбуди зиндагии мардум, мусоидат намудааст. Ў ќабули Ќонуни танзими анъана ва љашну маросимњо дар Љумњурии Тољикистонро асоси њимояи манфиятњои миллии хонаводањо унвон кард. "То ќабул шудани Ќонун туйи арўсию домодї ба мисли хостгориву зављаошї ва маслињатошї то домодталабон аз 12-13 то ба 25 маърака иборат буд. Њоло ин маросимњо то ба 4-5 кам карда шуданд ва њамаи ин барои њимояи манфиятњои иќтисодии мардум равона шудааст. Дигар ин, ки теъдоди маъракањо муайян карда шуда ва ин њам ба сарфаи соњибони маъракањо боис гардид. Иштироки мардум њам дар тўйи домодиву арўсї ба 200 нафар танзим карда шуд. Агар то ќабули ќонун мардум, барои як туйи арўсиву домодї то 15 њазор сомонї харљ мекарданд, њоло му-

«

СУЃД

“НИГОЊ”, ЧОРШАНБЕ №40 (422), 29. 12. 2014

- Танзим зиндагии мардумро бењтар кард.

"ЌОНУН"-И КАМБАЃАЛОН 7-соли Ќонун, кињоро танзим кард? вофиќи тањлилњои мо харљи туйи мардум ба 6-7 њазор сомонї рост меояд" -мегўяд, Шарипов.

ДИРЎЗ ВА ИМРЎЗИ ИЉОРАИ ТЎЙХОНАЊО? Аммо масъулони умури дин ва танзими анъана ва љашну маросимњои мардумї дар њоле, аз наќши ќонун дар танзими тўйю маросимњои мардум ва камхарљї таъкид мекунад, ки њоло назар ба њафт соли ќабл, яъне замоне, ки Ќонун ќабул мешуд нархи туйхонањо ба маротиб боло рафтааст. Барои мисол њоло арзиши иљоравии туйхонањо барои баргўзории як тўйи домодиву арўсї дар Хуљанд 3000 то 10 000 сомонї гуфта мешавад. Агар то ин замон нархи овозхони туйи мардум барои мисол 1000 сомонї буд, њоло дигар пайдо кардан душвор аст, ки бо 1500 сомонї ба тўйи мардум рафта хидмат кунад. Ин дар њолест, ки ба назари бархеи дигар, њаќмузди овозхонон чандон бад нест, ки барои пардохтани њаќќи патент нарасад. Вале ба фарќ аз овозхонон, даромади намояндагони касбњои дигари эљодии марбут ба тўю сўри мардум, аз љумла наворбардорон, чандон бузург нест ва ситонидани пули патент метавонад ба љайби ин афрод зарбаи сахт бизанад. Љамшед Миррањимов, муттахассиси Раёсати андоз дар вилояти Суѓд мегўяд, ки дар тўли 11 моњи соли равон ба 99 навозанда, 95 наворбардор ва ба 51 сароянда дар миќёси вилоят патент тадбиќ

Онњо мегўянд, ки камбуди њавасмандиву моњонаи давлатї, бисёрињоро ночор кардааст, ки ба тарк аз роњи фаъолият, рў ба муњољират оранд. Гузашта аз ин мегўянд, коршиносон, њоло фаъолияти фарњангу њунар, ки як замонњо нисбатан рушду тараќќї дошт, акнун рў ба рукуд нињодааст.

«

карда шудааст. Миќдори маблаѓ аз њисоби патенти умумии санъаткорон 422 њазору 240 сомонї ва миќдори маблаѓ аз њисоби шањодатномаи санъаткорон ба 83 њазору 924 сомонї баробар шудааст. Ин масъули раёсати андоз аз љарима шудани як санъаткор ном бурд, ки дар тўйи мардум дар ноњияи Спитамен хизмат мерасонидааст, аммо, барои напартохтани њаќќи андоз, ба маблаѓи 1,5 њазор сомонї љаримабандї карда шудааст. Дар ин робита коршиносони масоили фарњангу њунар мегўянд, ки зиёдравии маќомот, дар ин самт метавонад, ба рушди соњаи фарњангу њунар дар кишвар таъсири манфии љиддї гузорад. Онњо мегўянд, ки камбуди њавасмандиву моњонаи давлатї, бисёрињоро ночор кардааст, ки ба тарк аз роњи фаъолият, рў ба муњољират оранд. Гузашта аз ин мегўянд, коршиносон, њоло фаъолияти фарњангу њунар, ки як замонњо нисбатан рушду тараќќї дошт, акнун рў ба рукуд нињодааст.

ДУ ПОНЗДАЊ ЯК СЇ! Маќомот аз коњиши шумори маъракањои ва пешгирии харољоти мардум таъкид мекунанд, вале худи мардум ба ин нукта ишорат мекунанд, ки њама талошњои маќомот љињати кам кардани масрафи тўйю суру азои мардум тавассути татбиќи ќонунии танзими расму ойинро афзоиши нархњо дар бозорњо њеч кардааст. Ба эътиќоди онњо, вазъият њамон "ду понздањ як сї"-ро мемонад, зеро бо вуљуди то ба 200 нафар муќаррар кардани теъдоди мењмонони тўй, нарху навои гарони бозор боис шудааст, ки харљи чунин маъракањо дар њамон њадди пешин боќї бимонад. Њатто бештар шавад.

ТЎЙИ КИЊОРО БОЯД ТАНЗИМ КАРД? Абдулњаким Шарипов мегўяд, ки дар тўли ёздањ моњи соли равон 166 њолати ќонуншиканињо, ки ба изофакорї ва ё

њадди зиёди иштироки мардум дар тўйю маъракањои худ роњ доданд, ошкор карда шудааст. Ў гуфт, ки дар тўли ин њафт соле, ки ќонун аз умри худ сипарї кардааст, беш аз 600 ќонуншиканињо бо шумули як мансабдори баландмаќом Дадољон Ѓоибов, собиќ Раиси Тољикистандарт дар вилояти Суѓд, ки бо мањрумият аз њаќќи роњбарї дар маќоми давлатї муљозот карда шуд, ошкор карда шудааст. Мудири шўъба оид ба корњои дин дар њукумати Суѓд мегўяд, ки бештари ќонуншиканињо аз сўи мардуми оддї сурат мегирад. Аммо ба ин саволи "Нигоњ" ки оё дар ин миён ќонуншиканї аз љониби мансабдорон њам ошкор карда шудааст, посух дод, ки мансабдорон бо тарси он, ки аз вазифаи худ мањрум карда хоњанд ќонунро риоя мекунанд. Аммо дар њоле Шарипов мансабдоронро орї аз ќонуншиканињо медонад, ки чанде муќаддам кормандони тобеъи ин нињод аз раванди нави баргузории тўйњои "тошкандї" нигаронї мекарданд. Мазбут Воњидов, масъули шўъба оид ба танзими анъана ва љашну маросимњо дар њукумати вилояти Суѓд дар як нишасти хабарї гуфта буд, ки "дар шањри Хуљанд ва мањаллањои атрофи он дар бархе њолат бо маслињати љониби домоду арўс "тўйи тошкандї" баргузор менамоянд. Русуми ин тўй ин гуна будааст, ки бо маслињат пеш аз тўй хонаи домодро холї мекунанд ва љониби духтар онро бо ашёи замонавї, аз ќабили рахти хоби гарони замонавї, ќолинњо, пардањои ќиматбањо оро медињанд. Ин пеш аз њама бар зарари њамёни љониби духтар анљом меёбад". Маълум, ки мардуми оддї аслан аз баргузории туйњои тошкандї хабар надорад ва хостори ба ин шева баргузор кардани тўй њам нестанд. Ва ин њам раќобати гурўње аз сарватмандон аст. Табиист, ки дар шароити феълї афроди сарватманд касоне мањсуб мешаванд, ки бо њукумат ва маќомоти он робита зиёд доранд. Ин чиз барои њама ошкор аст ва њатто барои масъулони танзими анъана ва љашну маросимњо. Ва ине, ки маќомот мегўянд бештар мардуми оддї даст ба ќонуншиканињо мезананд, то афроди мансабдор, бемантиќ аст, зеро ин таъкиди маќомот онеро маълум мекунад, ки ќонун барои камбаѓалон асту бас, дигарњо мехоњанд њатто дар Тољикистон тўйњои аврупоиву тошкандї барпо кунанд. Агар касе аз мансабдорњо љуръат карда пурсад, ки чаро Шумо берун аз Ќонун пой мегузоред, онњо њам дар љавоб хоњанд гуфт, ки мо ба "ќонун" и камбаѓалон кор надорем…. Шарафи ЌИЁМПУР


ИНТИХОБОТ - 2015

“НИГОЊ”, ЧОРШАНБЕ №40 (422), 29. 12. 2014

7

Њизби коммунист "пир" мешавад, зеро аъзояш сол то сол сол мехўранд ва њам пуштибонони аслиаш - Кремлину Русия аз он даст кашидаанд. Аммо ваќте кас нуфузи рў ба густариши Чин дар Тољикистонро мебинад, бидуни ихтиёр, "ба поянда будани аќидањои доњии пролетариати љањон" итминон њосил мекунад, њарчанд Њизби коммунисти Чин дар Тољикистон бо Њизби халќї демократї њамкорї мекунаду аз коммунистњои тољик дурї мељўяд... ТАВАЛЛУДИ СОТСИАЛ - ДЕМОКРАТЇ Таърихи Њизби коммунисти Тољикистон ба инќилоби аввали руси солњои 1905 1907 мебарад, ваќте аввалин созмонњои сотсиал - демократї дар Русия подшоњї ва мустамликањояш, аз љумла Осиёи Марказї пайдо шуданд. Воќеан, Њизби коммунист ва Њизби сотсиал - демократ бояд муайян кунанд, ки ин тањрикњо таърихи кадоме аз онњо буданд. Аввалин созмонњои болшевикии тољик солњои 1917 -1918 дар Хуљанду Ўротеппа, Панљакент ва Шўроб пайдо шуданд. Бањори соли 1918 дар навоњии шимолии Тољикистони имрўз 7 созмони болшевикї бо 170 узв њисоб шудаанд. Њизби коммунисти Бухоро соли 1918 ва бюрои он дар Бухорои Шарќї соли 1923 таъсис ёфтанд. 6уми декабри соли 1924 Бюрои Њизби коммунисти Ўзбакистон дар Љумњурии мухтори Тољикистон ташкил ва аввалин конфронси вилоятии њизб дар Душанбе 21-27уми октябри соли 1927 баргузор шуд. Танњо 25 ноябри соли 1929 Њизби коммунисти Тољикистон, ки љузъи Њизби коммунистии Иттињоди Шўравї (КПСС) ба њисоб мерафт, ташкил шуд. 6-15 июни 1930 аввалин анљумани худро гузаронд.

ЊИЗБИ ТЕРРОРИ СУРХ ВА ДАСТОВАРДЊОИ БЕНАЗИР Њизби коммунисти Тољикистон бо номњои гуногун сиёсатњои Кремли "сурх" - ро то соли 1991 иљро кард. Ин њизб расман ва амалан њизби бехудоён буда, њамеша бо дин ва диндорон душман будааст. Њизб муборизањо зидди босмачигарї, њамчунин ислоњоти кишоварзиву саноатиро роњбарї мекард. Дар Љанги якуми граждании Тољикистон (1920-1929) љониби љанг буда, талафоти зиёди љонї додааст. Њамчунин, рањбарияти ин њизб куштори душманони синфияшонро дар ќаламрави Тољикистони имрўза ба роњ монда, њазорон нафарро несту нобуд сохтаанд. Њамзамон чун неруи пешбари њукумати Шўроњо ислоњоти кишоварзиву саноатиро амалї сохта, сатњи зиндагии миллионњоро ба маротиб бењтар кардааст. Нисфи аъзояшро солњои 1941 - 1945 ба Љанги Бузурги Ватанї фиристод. Дар замони баъди љанг то истиќлолият њамаи дастовардњои иќтисодие, ки дар Тољикистон ба назар мерасад, аз љумла неругоњи Норак, њатто тарњи Роѓун, Корхонаи алюминиум (Талко) ба Њизби коммунист рабт мегирад, зеро он ягона њизб ва рањбари љомиа буд. Дар замони Шўравї Тољикистон 3070 корхона дошт, аз љумла 324 корхонаи бузург, ки таќрибан њама худкифо буданд.

ЊИЗБИ КОММУНИСТ АЗ ИНЌИЛОБУ ТЕРРОРИ СУРХ ТО БУНЁДКОРИВУ БЕХУДОЇ ВА ИСТИЌЛОЛСИТЕЗЇ ЊИЗБИ РАЊБАР Њамаи рањбарони Тољикистон аз оѓоз то соли 1991 њамзамон раиси Њизби коммунист буданд: Њусейнов Мирзо Довуд Боѓир Ўѓлї (озарї) - 1930-1933; Григорий Бройдо (яњудї, номи аслиаш Герш Искович) - 1933 - 1934; Сурен Шадунс (арманї) - 1934 -1937; Ўрунбой Ашўров (тољик) 1937 -1938; Дмитрий Протопопов (рус) 1938 - 1946); Бобољон Ѓафуров (тољик) 1946 - 1956, Турсун Ўлљабоев (тољик) 1956-1961; Љаббор Расулов (тољик) - 1961 - 1982; Рањмон Набиев (тољик) - 1982 1985; Ќањњор Мањкамов (тољик) - 19851991; Ќањњор Мањкамов, аввалин президент (1990-1991) ва Рањмон Набиев - аввалин президенти интихобшудаи Тољикистон низ њастанд. Њизби коммунисти Тољикистон соли 1945 - 17 њазору 24, соли 1975 - 94 њазор ва то 1-уми январи соли 1990 беш аз 127 њазор узв дошт. Њоло расман ин нишондињанда беш аз 60 њазор унвон мешавад, ки аз воќеият дур аст.

РЎ БА СУЌУТ Њизби коммунистї баъди соли 1991, замоне, ки ќудратро аз даст дод ва ањзоби дигар ба вуљуд омаданд, ба истилоњ, тољикї шуд. Њарчанд аксари рањбарони имрўзаи Тољикистон парвардаи Њизби коммунист њастанд ва таќрибан бо шеваи коммунистї њанўз њам кор пеш мебаранд, худро ба ин њизб рабте намедињанд. Суќути Њизби коммунистро 5 интихоботе, ки аз соли 1990 то ба њоло баргузор шуданд, нишон медињанд. Дар интихоботи соли 1990 њарчанд 90 дарсади Шўрои Олии Тољикистонро коммунистон ташкил медоданд, чанд ѓайрикоммунист, њатто аз табаќаи руњониён - мухолифони ашаддии Њизби коммунист низ ба он роњ ёфтанд. Дар интихоботи парлумонии 26-уми феврали соли 1995, ки аввалин интихоботи давраи Эмомалї Рањмон буд, Њизби коммунисти Тољикистон 60 љой гирифт ва собит кард, ки муњимтарин њизби кишвар аст, аммо 113 љойро намояндагони мустаќил гирифтанд. Њизби имрўз њукмрони халќї - де-

мократї он замон њамагї 5 курсии парлумонро соњибї карда буд. Аммо дар интихоботи аввалини Маљлиси намояндагон 27-уми феврали соли 2000 Њизби коммунист њамагї 13 љой гирифт, ЊХДТ - 36. "Даврони тиллої" - и Њизби халќї - демократї оѓоз ва замони суќути Њизби коммунист шуруъ шуд. Дар интихоботи парлумонии соли 2005, ки 27-уми феврал баргузор шуд, Њизби коммунист аз 63 љой 4 курсї гирифт. Нињоят дар интихоботи парлумонии 28-уми феврали соли 2010 коммунистњо ба монанди њизбњои нањзати исломї, ислоњоти иќтисодї ва аграрї њамагї 2 љой гирифтанд. Вижагии ЊКТ ин аст, ки тамоми интихоботњои ањди Эмомалї Рањмонро ба расмият шинохтааст ва натиљањои онњоро эътироф мекунад.

КОММУНИСТИ ТОЉИКЇ Пас аз суќути Шўравї, ба назар мерасад, онњое, ки дар Тољикистон аз паси аќидањои он ба по хестанд ва "њукумати конститутсионї" - ро барпо карданд, ба зудї иштибоњи худро дарёфтанд. Иштибоњ њам ин буд, ки Љанги дуюми гарждании Тољикистон (1992-1997) љанги коммунисту мулло набуд, балки љанги ќудратњое буд, ки намехостанд нерўњои зиддикоммунистї сари кор оянд, аммо коммунистњо њам аз ќудрат раванд. Ин нерўи мутавассит онњое буданд, ки имрўз Тољикистонро идора мекунанд. Сабаби эњтиёткории онњо пас аз рондани исломињо аз Тољикистон њам ин буд, ки ба онњо "коѓазњои сабз" ва як ояндаи дигар пешгўї шуд, ояндае, ки барои мо имрўз аст ва ин ояндаи коммунистї нест. Њоло коммунистони Тољикистон бар ин умед доранд, ки идеяи сотсиализм дурустии худро бар капитализм исбот мекунад ва Њизби коммунист ба ќудрат хоњад ра-

сид. Шояд чунин шаванд, аммо бо ин њоле, ки дорад, ин оянда зери суол аст.

РАЊБАРИ МУАЗЗАМ Шодї Шабдолов дар рањбарии Њизби коммунист охири нафаре аст, ки рањбари њизб аст, аммо роњбари Тољикистон нест. Агар кор баръакс мебуд, шояд гапу роњбарї ба Шодї Давлатович њам намерасид, аммо коммунистони "њушёр" "љони худро каљ карда", ба њизби зарурї гузаштанд. Шабдолов ва њамсафонаш мехоњанд, ки кишварро дубора ба низоми коммунистї баргардонанд. Онњо низоми имрўзаи рушди Тољикистонро олигархї - капиталистї меноманд, ки дарвоќеъ, то љое сињат дорад, аммо мехоњанд кишвар боз ба њамон султае баргардад, ки 70 сол буд, яъне барќарор кардани СССР-ро аз вазифањои оинномавии худ медонанд, ки зиддиконститутсонї аст. Вале чаро њукумати феълї инро тањаммул мекунад, суоли матрањ аст. Шояд барои он ин идеяи русї аст, яъне русњо наранљанд. Шояд барои он ки ЊКТ иттифоќчии сиёсии њукумат аст. Ё шояд кадом як насле мондааст, ки аз сохти коммунистї љонибдорї мекунад... ЊКТ то њол эътироф накардааст, замоне њизби болшевикњо буданду террористї мањсуб мешуданд, зеро дањњо њазор тољики асилро террор, ба истилоњ, репрессия карданд. ЊКТ барои ин амалњо аз мардуми Тољикистон ва насли онњое, ки бо сабабњои сиёсї кушта шудаанд, маъзарат напурсидааст. Бо њамин таърих ва њамин арзишњо ЊКТ вориди корзори интихоботї шудан доранд. «НИГОЊ»

МАЪЛУМОТ Шодї Шабдолов Дар шањри Хоруѓи вилояти Бадахшони Куњї таваллуд шудааст. Хатмкардаи донишгоњи политехникї (1965), Академияи Кумитаи Марказии Њизби коммунисти Иттињоди Шўравї (1970). Номзади улуми иќтисодї. Дар Афѓонистон кор кардааст (1965 - 84). Аз њамон сол то соли 1992 дар зинањои гуногуни њизбї вазифањои гуногунро бар дўш дошт. Аз соли 1992 раиси Њизби коммунист ва аз соли 1985, яъне њудуди 30 сол боз депутати парлумони Тољикистон аст.


8

“НИГОЊ”, ЧОРШАНБЕ №40 (422), 29. 12. 2014

ТАЊЌИЌ

"АРМУЃОН"-И

АМРИКО Чаро мо бояд миёнбандро сахттар бандем?

Иёлоти муттањидаи Амрико эълон кардааст, ки гурўњи "Толибон" баъди 2юми январи соли 2015 аз љониби ИМА ва муттањидонаш њамчун созмони терористї шинохта намешавад ва ин гурўњ то замоне, ки ба таври мустаќим ба амнияти шањрвандон, маќомоти дипломатии ИМА ва манофеи онњо тањдид накунад, њадафи љанг ќарор намегирад. Гуфтањои Аймал Файзї, охирин сухангўи раёсатљумњурии Афѓонистон дар замони Карзай дар чанд матлаби ахири худ, ки дар ББС аз баъзе мавзеъгирињои ИМА алайњи "Толибон" дар 13 соли ишѓоли Афѓонистон парда бардошт, ба вокунишњои зиёде дар сатњи дохилии Афѓонистон ва љањонї рў ба рў шуд. Ба гуфтаи Аймал Файзї, охирин сухангўи раёсатљумњурии Афѓонистон дар замони Карзай вазорати дифои ИМА эълон кард, ки пас аз 2-юмини рўзи соли 2015 Мулло Умар, рањбари гурўњи "Толибон" ва тамоми аъзои ин гурўњ њадафи љанги Амрико нахоњанд буд, магар ин, ки онњо тањдиди мустаќиме алайњи ИМА дониста шаванд. Аймал Файзї гуфтааст, ки дар замони 13 соли президентии Карзай равобити ѓайримустаќиме байни гурўњи "Толибон" ва Њукумати Афѓонистон барќарор шуд ва њоло њам вуљуд дорад. Аммо, чун "Толибон" дар зери назорати маќомоти Покистон ва дигар абарќудратњо ќарор доштанд, натавонистанд, ки дар ин муддат ба таври мустаќим ба раванди сулњ дар Афѓонистон њамроњ шаванд. Сухангўи Карзай, ки моњи январи соли 2013 њамроњи ў ба Вашенгтон сафар карда буд, мегўяд: Томас Дэниэл,

мушовири амнияти миллии ИМА, дар њузури Раиси Созмони иттилооти марказии Амрико ва дигар масъулони баландпояи он кишвар ба раиси љумњур Њомид Карзай гуфт, ки аз оѓози соли 2015 ба баъд Толибон душманони Амрико нахоњанд буд ва Амрико дигар алайњи онњо нахоњад љангид. Оќои Дэниэл њамчунин афзуд, ки Амрико ба љанги худ алайњи тероризм дар Афѓонистон идома хоњад дод. Аймал Файзї наќл мекунад, ки мавъзеъгирињои маќомоти ИМА барои вай хеле њайратовар буд. Карзай дар њайрат монда буд, ки чаро мушовири амнияти миллии Амрико барои Толибон муњлат медињад, ки то ин сол душмани Амрикост ва баъди он душман нест. Ин рафтори амрикоињо президенти Афѓонистонро парешон карда, Карзай пурсидааст: Баъд аз соли 2014 тероризм чист ва терорист кист? Мушовири амнияти миллии Амрико дар посух гуфтааст: "Њар он касе, ки дар Афѓонистон ба сафорат, шањрвандон ва манофеи мо њамла ва ё онњоро тањдид кунад". Карзай дубора пурсид: "Агар дар мамлакати мо - Афѓонистон дар як њодисаи интињорї (худтаркишдињї) 70 ё 80 нафар љонашонро аз даст бидињанд, ин аз назари шумо ин як амали терористї хоњад буд? Мушовири амнияти миллии Амрико гуфтааст: на! Аймал Файзї дар идомаи наќлњояш менависад:Раиси љумњур Њомид Карзай барои ин, ки аз изњороти ин маќоми Амрико мутмаъин шавад, якбори дигар суол кард: Агар дар либоси "Толибон" чандин њазор терорист аз Покистон вориди Афѓонистон шаванд ва ќисме аз

хоки кишварро тасарруф кунанд ва парчами худро ба эњтизоз дароваранд, дар он сурат чї тавр? Мушовири амнияти миллии Амрико дар посух гуфтааст: "Ин мавзўъ марбут ба Шумо ва Покистон хоњад буд, на марбут ба Амрико". Њомид Карзай баъди ин мулоќот ва аз ин мавзеъгирињои ИМА хеле нигарон шуда, чандин бор аз њамроњони худ пурсидааст: Чаро Амрико ба намояндагї аз Толибон бо мо њарф мезанад? Сухангўи Карзай дар идома мегўяд, ки ин музокирот ва мавзеъгирињои маќомоти ИМА дар ќиболи Толибон раиси љумњур Њомид Карзайро бештар ба Амрико ва љанг алайњи тероризм шубњаовар кард. Ба њамин далел, ў низ бо кушудани дафтари Толибон дар Ќатар ва имзои бидуни ќайду шарти тавофуќномаи амниятї бо ИМА шадидан мухолафат кард. Дар ин мулоќот ва мулоќотњои пешин мавзеи аслии ИМА дар робита бо Мулло Умар, рањбари гурўњи "Толибон" возењ рўшантар шудааст. Ба гуфтаи Аймал Файзї: "Ин нодуруст нахоњад буд, агар бигўем, ки дар 13 соли гузашта, њељ гоњ Мулло Умар њадафи аслии љанги Амрико дар Афѓонистон набудааст". Ин њам дар њолест, ки Љон Кирби, сухангўи Вазорати дифоъи Амрико дар як нишасти ахир худ эълом кард: "Танњо узвият дар гурўњи Толибон наметавонад сабаби таъќиби афрод бошад". Маќомоти ИМА натанњо як бору дубор дар бораи макони буду боши Мулло Умар бо маќомоти Афѓонистон, аз љумла Њомид Карзай, гуфтугў карданд, балки онњо даќиќ њам медонистанд, ки рањбари гурўњи "Толибон" дар шањри Карочии Покистон зери назорати маќомоти ин кишвар кишвар ќарор дорад. Ин њам дар њолест, ки Мулло Муњаммад Умар, рањбари гурўњи "Толибон" аз моњи октябри соли 2001 ин љониб дар фењристи афроди тањти таъќиби ИМА ќарор дорад ва Амрико барои маълумот дар бораи макони будубош ва дас-

тгир кардани вай 10 млн. доллар љоиза таъйин кардааст. Инчунин дар муддати 13 љанги ИМА алайњи "Толибон" њазорњо нафар, аз љумла занону кўдакони бегуноњ кушта ва садњо њазор овора шудаанд. Санаи 2-юми январи 2015 охирин рўзи маъмурияти амалиёти нерўњои низомии хориљї дар хоки Афѓонистон аст. Баъд аз он њузури онњо дар хоки ин кишвар ба барномањои омўзишї ва њимоятї аз нерўњои амниятии Афѓонистон табдил хоњад шуд. Дар музокиротњои пушти дарњои бастаи маќомоти ИМА ва Афѓонистон дар муддати 13 соли гузашта дар бораи "Толибон" бисёр гуфтугўњое сурат мегирифт, ки дар матбуоти акси онњо садо медод. Њомид Карзай њам дар ин муддат ќариб ягон маротиба гурўњи "Толибон"ро гурўњи терористї нахондааст. Зеро вай муътаќид буд, ки "Толибон" њамчун ќудрат дар минтаќа вуљуд надоранд, вале њамчун обзори фишор ва таъсиррасон аз љониби созмонњои кишварњои абарќудрат алайњи Афѓонистон истифода шудаанд. Сухангўи Карзай дар бораи расидан ба сулњи пойдор дар Афѓонистон мегўяд: Ман бовар надорам, ки нерўњои низомии хориљї дар Афѓонистон пас соли 2015 куллан аз хоки ин кишвар хориљ ва кишвар ором шавад. Зеро раванди сулњи Афѓонистон ва пойдории субот дар ин кишвар ба Покистону Амрико ва дигар ќудратњои љањонї бастагї дорад, агар онњо бихоњанд, дар кўтоњмуддат сулњ барќарор мешавад, вале агар нахоњанд, умедвор шудан ба барќарории сулњ дар 1 ё 2 соли наздик мушкил аст. Ин ба он маънист, ки мо кишварњои Осиёи Марказї бояд миёнбандро сахттар бандем: њукумати нави Афѓонистон аз террористон пуштибонї хоњад кард. Тањияи Амруллоњи НИЗОМ


ДАР ТЕАТР Шоми 26-уми декабр театри давлатии љавонон ба номи Мањмудљон Воњидов намуди идона дошт. Њаводорони санъати асил, ононе, ки муштоќона намоишномањои навро интизорї мекашанд, яке паси дигар вориди толор мешаванд. Њама садоњои пасту баландро дар дохил аввал мусиќии симфонии гўшнавоз ва баъдан садои ошно-садои Мањмудљони ѓўрамарг, ин њунарманди нотакрор пахш мекунад. Гўиё аз пушти парда вай мењмононашро бо рубоињои њакими Нишопур хайрамаќдам мегўяд. Зал тадриљан аз бинандагон пур мешавад. Шоири маъруф Бозор Собир њам бо њамсар ва овозхони шинохта Саидќул Билолов ворид мешаванд. Фурсате баъд њайати вазорати фарњанг бо сарварии вазир Шамсиддин Орумбекзода низ љойњои худро ишѓол менамоянд. Ва садои Мањмудљонро бори дигар мусиќии

“НИГОЊ”, ЧОРШАНБЕ №40 (422), 29. 12. 2014

9

та бењтар нест. Имрўз њам он мулоњизаронињои шикананда, он хиёнатњо, он бархўрдњои берун аз мантиќ шунида мешаванд. Имрўз њам гуруње исломиёнро ба љанги зидди њукумат кашиданї мешаванд. Њамон исломиёнеро, ки бо њамин њукумат дасти сулњу оштї додаву имрўз дар ќолаби як њизби сиёсї дар майдони сиёсат бидуни тањдиду зўроварї вориди сањнаи муборизаанд. Сањнањоро бояд дид, то тасаввур шавад, ки коргардон ва њунармандон чї зањамотеро кашидаанд, то дар дањаи дуввуми ќарни 21 рўйдодњои њудудан сад соли пешро бо њассосияти ба худ хос, бо биниши тоза пеши чашми бинандагон оранд. Муаллифи ин драма адиби шинохта

ШОМЕ БО АЙНЇ ранд, то низоми шоњаншоњии амириро, ки ба умќи ќарнњо реша давондааст, аз пой дароваранд. Ва баъд сањнањои дигари таърих. Пирўзии болшевикон, истиќболи нерўњои ислоњталаб, ки њамагї чанде пештар аз љониби навкарони амир тирборон шуда буданд. Аммо ин инќилоб њам як пирўзиву як шукуфої надошт. Барои расидан ба њаёти имрўз лозим омад як силсила монеъањои хунин тай шаванд, басо асабњо харош ёбанд, басе инсонњо ќурбон шаванд. Ва њамаи инро ќањрамони аслии драма Садриддин Айнї бо њазор машаќќат тай мекунад. Дар симои ў ќањрамонии бемисли дањњову садњо сарсупурдагон, ки миллатро аз партгоњи

симфонї иваз мекунад. Ин бор мусиќї мансуб ба њамин намоишнома аст: "Гирдбод". Гуруње наворњои Айниро дар оинаи нилгун тамошо мекунанд ва баъд бањсе атрофи он љараён мегирад. Як бањси маъмулии тољики имрўз, ки ба гузаштаи худ ба назари гумону шубња менигарад. Пешнињоди вараќгардонии сањафоти таърих пазируфта мешавад ва мусиќї сањнаро дигар мекунад. Фазои дигар, фазое, ки ќарне пеш њоким буд. Љадидонанд, ки ислоњот мехоњанд, маорифпарваронанд, ки ислоњоти бунёдии тафаккуру андеша мехоњанд. Вале инњо барномаи амал надо-

Собиќ ректори Донишкадаи соњибкорї ва хизмат бо иттињоми азхудкунии якуним миллион сомонї боздошт шудааст. Бино ба иттилои дафтари матбуоти Агентии назорати давлатии молиявї ва мубориза бо коррупсия, Файзалї Комилов, ректори пешини Донишкада њамроњ бо зердасташ Афранг Туйѓунов, аз моњи июли соли 2009 то моњи декабри соли 2009 бе тартиб додани њуљљатњои расмї, аз хазинаи Донишкадаи мазкур маблаѓи якуним миллион сомонї гирифта, ба манфиатњои шахсии худ сарф кардаанд. Ў аз 6-уми марти соли 2008 то 11-уми майи соли 2012 дар вазифаи Ректори Донишкадаи соњибкорї кор карда, дар

нобудї наљот додаву кишвареро бо исми Тољикистон поягузорї карданд, нишон дода мешавад. Ба маънии дигар истиќлолияти имрўзи Тољикистон на он аст, ки беш аз бист сол таърих дошта бошад. Истиќлолият ин замоне ба даст омад, ки кишваре бо номи Тољикистон дар харитаи олам зуњур кард, њарчанд он зери тобеъияти СССР буд.

Аммо ин намоишнома танњо њадаф надошт, ки Айниро ва зањамоти ўро ба намоиш гузорад. Њадаф нишон додани талоши зиёиву рушанфикрон барои баќои миллату мењан аст. Муаллифон кўшидаанд он њаќиќатро ба намоиш гузоранд, ки рушанфикру донишманд дар њар давру замон ба њамин сарнавишт мубтало мешавад. Њоли имрўз аз гузаш-

БОЗДОШТИ СОБИЌ РЕКТОРИ ДОНИШКАДАИ СОЊИБКОРЇ давраи иљрои фаъолияти хизматиаш бо маслињати пешакї бо сардори Шуъбаи соњибкорї ва таъминотии Донишкада Афранг Туйѓунов ба тассаруфи амволи ѓайр, ки дар ихтиёри онњо буданд, машѓул шудаанд. - 31-уми декабри соли 2009 ин нафарон бо маќсади пўшонидани маблаѓњои пули тассаруф намудаашон 270 000 сомонї, пули наќдии дар ихтиёраш дошта-

ро гирифта, ба ЉСП ТАКХ "Вориси замон" супорида, аз љамъияти мазкур худи њамон рўз оид ба супоридани пули наќд ба маблаѓи як миллиону панљсад њазор сомонї гўё аз Донишкадаи соњибкорї ва хизмат ба хазинаи ин ташкилот супорида шуда бошад, гирифтааст,-иттилоъ медињад манбаъ. Ба иттилои Агентї, дар натиља маблаѓи пули наќдии 1 миллиону 500 њазор сомо-

Нур Табаров аст, њарчанд њунармандон мегўянд дар љараёни кор зарур омад ба хеле аз ќисматњои он таѓйирот ворид карда шавад. Онро коргардон Нозим Меликов ба сањна гузоштааст, роњбари бадеї ва тањиягар Њунарпешаи шоистаи Тољикистон Шавкат Халилов мебошад. Мусиќиро барои намоишнома барандаи љоизаи давлатии ба номи Рўдакї, Арбоби њунари Тољикистон Ќудратулло Яњёев навиштааст. Наќши асосиро дар нахустнамоиш њунарманди шинохта Абдумумин Шарифї бозид. Дар интермедия ва сањанњои умумї-сиёсатмадорон, адибон, љадидон, инќилобчиён ва сарбозонро Ќамариддин Мирзоев, Суњроби Назаршоњ, Бунёд Комилов, Ватандор Шеров, Далер Мирхонов, Ањлиддин Њасанов, Бањром Обидов, Манучењр Њабибов, Заррина Бадалова, Парвина Боњирова, Нилуфар Илолова, Рањмиддин Нозимов бозиданд. Бобољони ШАФЕЪ

нии дар хазинаи Донишкадаи соњибкорї ва хизмат камомад ба вуљуд омада, дар натиља кирдорњои номбурдагон ба манфиати Донишкадаи зикргардида зарари молиявї ба микдори махсусан калон расонида шуд,-иттилоъ медињад манбаъ. Нисбати Файзалї Комилов, собиќ ректор Афранг Туйѓунов, Афранг Муродович, Олимљон Турсунов ва Назир Холов, омўзгорон бо моддањои 245 ќисми 4 банди "б" (Азонихудкунї ё исрофкорї), 264 ќисми 1, 2, (Ѓайриќонунї гирифтани кредит) 265, 314 ќисми 3 ва 340 ќисми 2 бандњои "б, в"и Ќодекси љиноятї парвандаи љинояти оѓоз карда шуда, тафтишоти пешакї идома дорад.


10

“НИГОЊ”, ЧОРШАНБЕ №40 (422), 29. 12. 2014

СИЁСАТИ КАЛОН

ЛАЊЗАЕ АЗ ЊАЌИЌАТИ "ИНЌИЛОБИ ГАЗЇ" Коњиши чашмараси нархи нефт амалан нишон дод, ки дурнамои рушди истихрољи нефти вараќсанг, ќабл аз њар љойи дигар дар Иёлоти Муттањидаи Амрико, њамчунин дар дигар нукоти олам муболиѓаомезтар аз њар ваќти дигар будааст Муддати панљ сол лозим шуд ва афтиши нархи нафт дар бозори љањонї сабаб гардид, ки эълони ботантани "инќилоби газї" чун њубоб аз њам пошад. Њамаи ин аз гази вараќсанг (гази табииї, ки аз вараќсангњои гарм омода карда мешавад ва куллан иборат аз метан аст) оѓоз шуд. Моњи октябри соли 2009 дар Конфронси байналмилалии газ дар Буэнос-Айрес ду шахсияти маъруф Тони Њейворд, ки сарвари ширкати машњури ВР буд ва Дэниел Ергин, роњбари ширкати тањќиќотї-консалтингии CERA (Cambridge Energy Research Associates) бо як изњороти њангомабарангез баромад карданд. Њейворд бар ин назар буд, ки зарфи чанд соли оянда захирањои ѓайрианъанавии гази вараќсангї 60 дарсад афзоиш меёбад. Дар ин њол њисобу китоби CERA бештар аз ин саховатмандонтар буд: рушд 250 дарсад ва худи Ергин дар суњбат бо Petroleum Economist гуфта буд, ки технологияи гази вараќсанг дар сар то сари олам пањн хоњад шуд. Аммо имрўз бо як дилсардї метавон гуфт, ки њатто Дэниел Ергин барин соњибтафаккур дар пешгўињои њангомабарангези худ метавонистааст ба васваса дода шавад. Мутмаъинан пешгўии љаноби Егрин ва њамкораш Майкл Стоппард, ки мегуфтанд дар наздиктарин фурсат бозори амрикоии гази вараќсангї дар олам калонтарину бузургтарин хоњад буд, амалї нагардид. Акнун беш аз бист терминали содиротии ИМА, ки барои њамин тиљорати фоидаовар сохта шуда буданд, чун нишоне аз пешгўии иштибоњї боќї хоњад монд. Аммо тадриљан истилоњи "инќилоби газї", ки иртибот ба барномаи рушди гази вараќсангї дошт, куњна шуд. Ин гуна инќилоб рух надод, барномањои тарњрезишуда нишон доданд, ки дур аз воќеъиятанд. Ин аст, ки њоло пешнињод мешавад истилоњи "инќилоб" ба "такомул" табдил карда шавад. Вале њоло њам дар Амрико бар ин назаранд, ки ин кишвар дар тавлиди нефт њатто Арабистони Саудиро хоњад гузашт. Аз ин рў набояд тааљўб кард, ки ваќте арзиши нефт ба замин зад, ОПЕК љаласаи ѓайринавбатии худро даъват накард. Ваќте 27-уми ноябри соли 2014 аъзои ин паймон билохира љамъ омаданд, ба ќароре расиданд, ки сањмияи истихрољи нефтро коњиш надињанд ва њамон меъёри 30 миллион бушка дар як шабонарўзро нигоњ доранд.

ВОКУНИШИ ШИРКАТЊО Дар асл аксари кишварњои узви ОПЕК (Венесуэла, Алљазоир, Нигерия, Эрон, Ироќ) низ

худ аз коњиши нархи нефт зарар диданд. Аммо ба назар мерасад онњоро далелњои њамкасбону шариконашон аз Арабистони Саудї дар он бора, ки саросемавор коњиш додани сањмияи истихрољи нефт метавонад муљиби аз даст додани баъзе бозорњои фурўши нефт гардад ва муњимтар аз њама боиси он њам мешавад, ки коркарди гази вараќсанг ва дигар чашмањои истихрољи нефт дар Амрикои Шимолї муфиду фоидаовартар мешавад, ќаноатбахш намуд. Бояд бо сабр мунтазир буд (њадди аќал то тобистони соли 2015) ва ба ин бовар шуд, ки коњиши нарх бар зарари ширкатњои истихрољи он анљом гирад. Њисоб дуруст буд. Зеро чандин ширкатњои Амрикои шимолї, ки дар чашмањои ѓайрианъанавии нефт кор мекарданд, аллакай дар остонаи баргузории љаласаи ОПЕК изњор доштанд, ки сармоягузорињои нав барои коркард ва истихрољи гази вараќсангро то охири соли 2014 мутафаќќиф мекунанд ва агар тамоили коњиши нарх идома ёбад, пас барои соли 2015 низ маблаѓгузорї нахоњанд кард.

ЧЇ ГУНА ИНЌИЛОБ? Инак, Амрико дарк намуд, ки бозиро дар "гази вараќсанг" хатм кард. Аммо то њоло ин истилоњ аз љониби коршиносон ва воситањои ахбор истифода мешавад. Вале ин љо бањс на сари истилоњот аст. Гап сари он аст, ки то ба имрўз касе ин суолро матрањ накардааст, ки чаро истихрољи гази вараќсанг (ва ба дунболи он нефт њам) дар Амрико хислати инќилобї касб кард, чї нишонањоеро метавон матрањ намуд, ки инќилобиятро дар истихрољ ва коркарди энержї дар ИМА дарёфт? Шояд он љо мањсулоти нав истењсол мекунанд? Боз њам не, ин њамон газ ва нефт аст. Шояд ягон кашфиёти тозаро дар истихрољ ба кор мебаранд? Боз њам на. Ин љо сухан аз маљмуъи ду технологияи аз ќадим маълум меравад: пармакунии уфуќии чашма ва шикастани ќабати он. Аммо таъсири манфии он бештар аз њадди интизор аст. Аввал, оби тозаи зиёд лозим, ки дар баъзе ќисматњои Сайёра он баробар ва њатто болотар аз арзиши нефт аст. Дуюм, иловаи химикатњо ва реги сафед талаб мекунад. Сеюм, ин боиси олудагии муњити зист ва дар баъзе њолатњо муљиби зањролуд гардидани оби нўшокї мешавад. Зеро аз чашмањои нефтї 40 дарсад олудагињои коркардшуда партов мешаванд. Чорум, пармакунии чашмањои вараќсанг аз 5 то 15 баробар гаронтар аз чашмањои

маъмулист. Масалан, дар Миссисипи пармакунии њар чашма 3,5 миллион доллар аст, аммо дар Дакоти Шимолї 9 миллион доллар мебошад. Ричард Люис, тањлилгари ширкати машњури Schlumberger гуфтааст, ки "Бозињои вараќсангї њанўз дар марњилаи рушд ќарор доранд ва имрўз болои онњо таљрибањои гуногун сурат мегиранд".

ИНЌИЛОБИ ОБАМА Саволе ба миён меояд, ки чаро ба президент Обама, ба намояндаи Њизби демократи ИМА зарур омад ба татбиќи стратегияи вараќсанг часпад? Дар асл њам ин стратегия бисёрњадафа буд. Гап сари он ки дар аввалин муњлати президентии худ Обама ба раванди деиндустрализатсия дар ИМА ва сатњи ба он вобастаи бекорї бархўрд. Ин буд, ки вай талош кард афсонаи "инќилоби газии вараќсангї"-ро пуштибонї кунад. Зимнан, ин љанбаи стратегия барои ИМА муфид омад ва натиљаи дилхоњ дод, аз љумла бекорї аз 5,9 то 10 дарсад коњиш ёфт, тавлидоти нохолиси дохилї дар ин кишвар рў ба рушд нињод (тибќи охирин оморе, ки октябри соли 2014 расонаї шуд). Вале њамаи ин дар пасманзараи расонидани зарари љуброннопазир ба соњибкории хурду реза ва миёнаи газї дар ин кишвар ба даст омад, ки асоси (82 дарсад) онро ташкил медињад. Аммо љанбаи дигари ин тарњи инќилобии Обама ба хориљи ИМА равона шуда буд. Ин ѓолибан як њамлаи равоние буд, ки ќаблан ба Русия ва баъдан ба њамкорињои энержї бо Аврупо, ки раќибони аслии Амрикост, равона шуда буд. Њадди нињоии талошњо дар ин самт истифодаи буњрони Укроин, тезутунд кардани мушкилоти энержї миёни Киев ва Маскав, густариши эњсосоти русситезї ва ба ин њамроњ кардани мошинњои бюрократии Иттињодияи Аврупо ва баъзе њукуматњои аврупої мебошад. Худи Обама бањори соли 2014 гуфт: "Мо медонем, ки тањкими тањримњо ба кишварњои људогона гуногун таъсир дорад, аз љумла ба мамлакатњои Иттињодияи Аврупо. ИМА метавонад бештар аз он ки Аврупо эњтиёљ дорад газ ирсол кунад. Ин љо бояд дар мавриди роњандозии ин раванд суњбат кард ва мо ќасд дорем онро иљро кунем". Аввалан Обама ошкоро ва ќасдан дар

мавриди бароварда сохтани эњтиёљи Аврупо ба газ беш аз њадде, ки мехоњад, муболиѓа кард. Вай чун райиси љумњур наметавонист надонад, ки кишвараш ин гуна иќтидор надорад ва аввалин тоннањои газ аз тариќи Луизина танњо соли 2016 метавонанд ба хориљ равона гарданд. Дуюм, Обама дар мисоли овардашуда аробаро назди асп мегузорад: инсони њушдарсар аввал вазъро меомўзад ва сипас метавонад тибќи он ваъда кунад. Гумон намекунем дар Аврупо касе ба суханони Обама бовар карда бошад. Зеро зимистон наздик аст ва ин бор Брюсел дар дастёбї ба созиш дар мавриди ирсоли зимистонии газ ба Укроин мустаќиман ширкат кард, то њодисаи дигари дуздии гази интиќолии Русия ба Аврупо рух надињад.

НАЙРАНГЊОИ ГЕОПОЛИТИКЇ Дар доираи таќвияти љанбаи равони "инќилоби газї" хадамоти геологии ИМА хеле фаъолона амал мекунад. Соли 2010 ваќте Русия ва Лањистон дар мавриди тамдиди муњлати интиќоли гази Русия ба ин кишвар ба тавофуќ расиданд, идораи геологии ИМА ин маълумотро зуд расонаї кард, ки захирањои гази вараќсанг дар Лањистон барои сесад соли оянда мерасад ва он метавонад кулли Аврупоро аз юѓи "Газпром" наљот бахшад. Лањистон наметавонист пеши ин васваса ба по истад ва мањз њамин буд, ки тасвиби созишнома бо Русияро як соли расо кашол дод. Аввали соли 2012 ширкати амрикоии ExxonMobil аз Лањистон берун шуд ва эълон кард, ки фоиданокии чашмањои газии ин кишвар дар сатњи паст аст. Соли 2013 бошад ширкатњои Marathon Oil, Talisman Energy ва њатто ширкати лањистонии Lotos низ аз коркарду истихрољи он даст кашиданд. То соли 2014 танњо ширкати ConocoPhillips монд ва нињоят Financial Times эълон кард, ки акнун дар Лањистон корњои њам пармакунї ва њам коркарди газ комилан ќатъ шудааст. Хулоса: 66 чашмаи пармашудаё холї буданд ва ё хеле ва хеле камманфиат. Њамин гуна иттифоќоте бо Чин ба вуљуд омад. Соли 2009 дар остонаи конфронси СММ оид ба иќлим Обама њатто бо њокими ваќти ин кишвар Њу Сзинтао муоњадаеро ба имзо расонд ва ваъдаи мадади технологї кард. Ва баъди он барои нишон додани самимияти ИМА дар њамкорї бо Чин дар вилояти Сичуан Shell ва дигар ширкатњои амрикої љињати пармакунии чашмањои гази вараќсанг пайдо шуданд. Пекин ният дошт дар охири панљсолаи 13-ум (соли 2020) муваффаќ ба тавлиди 60 миллиард метри мукааб газ шавад. Њатто охири соли 2014 Чин соњаи гази вараќсангро ба маблаѓи наздик ба 7 миллиард доллар сармоягузорї кард. Вале баъдан умедњо барбод рафтанд ва њадди тавлиди ин газ дар паљсолаи оянда то 33 миллиард метри мукааб таъин гардид. Сабаби ин гарон будани пармакунии чашмањои газї буд.

Expert.ru


ВОКУНИШ - Бо дастгирии Кумита ва сохторњои байналмилалї дар вилоят Ассотсиатсияи экофарњангї ва туристии Помир (PECTA) таъсис дода шудааст, ки зиёда аз 10 субъекти хољагидор ва соњибкорони инфиродии соњаи туризмро муттањид месозад. Инчунин, бо маќсади мусоидат дар пешбурди фаъолияти туристї ва таъмини раќобати озоду солим дар бозори туристии вилоят, бо тартиби муќарраргардида ба 13 субъекти хољагидори вилоят иљозатномаи фаъолияти туристї дода шудааст. Тањлилњо нишон медињанд, ки њамасола теъдоди зиёди туристони хориљї мањз барои боздид аз мавзеъњои туристии вилоят ба кишвар ворид шуда, ба намудњои туризми кўњнавардї, экологї ва экскурсионї машѓул мешаванд. Таљриба гувоњи он аст, ки шахси сайёњ бањри боздид аз кишварњо хатсайри бо дилу хоњишаш мувофиќро интихоб менамояд. Яъне сайёњ худ интихоб менамояд, ки барои боздиди Помир тавассути Ќирѓизистон ворид шавад ё тавассути Душанбе ва ё ба ин васила тамоми дигар мавзеъњои Тољикистонро сайру тамошо кунад. Новобаста аз ин ташрифи сайёњ ба кадом роње набошад барои мо муфид аст. Илова бар ин ќайд менамоем, ки маълумотњои оморї вобаста ба шумораи сайёњон, яъне "Як миллион" тањлили иловагиро таќозо менамояд.

11

"ЯК МИЛЛИОН" ТАЊЛИЛИ ИЛОВАГЇ МЕХОЊАД (Вокуниш ба матлаби "Помир - бренди ќирѓизї","Нигоњ", №31 (413)

Зимни тањияи ин мавод мо бо Асадшо Зоолшоев роњбари Ассотсиатсияи эко-фарњангї ва сайёњии Помир њамсўњбат шудем, ки мусоњибаи худро бо муаллиф рад кард. Тибќи маълумотњои ќаблии оморї дар нўњ моњи соли љорї 166185 нафар сайёњ ворид гардидааст ва аз гузаргоњи Ош ва Мурѓоб бошад зиёда аз 60 њазори он ба ќайд гирифта шудааст, ки аз ин њисоб ба иќтисодиёти љумњурї ба њисоби миллї 431 млн

600 њазор сомонї маблаѓ ворид гардидааст. Дар мавриди "Нони мо ё нони њамсоя" иброз менамоем, ки аз рўи мантиќ њар як сайёњ вобаста ба воридшавиаш ба кишвари алоњида маблаѓ харољот менамояд. Яъне агар ў тавассути Ќирѓизистон ворид шавад ё тавассути Хитой бошад дар њудуди он метавонад харољоти молиявї дошта бошад. Дар мавриди муаррифї кардани имко-

АРЗИШИ ХАТНА МУТАНОСИБАН 25 ВА 65 СОМОНЇ ТАСДИЌ ГАРДИДААСТ (Вокуниш ба матлаби "Хатна: 163 сомонї!" - "Чаро духтурони мо дасти сабуку нафси вазнин доранд? - Вазорати тандурустї ва њифзи иљтимоии ањолии Љумњурии Тољикистон ба њайати эљодии нашрияи "Нигоњ" барои инъикоси беѓаразонаи дастовардњо ва камбудии соња, ки барои бењбудии сатњи солимии љомеа равона гардидаанд, арзи сипос менамояд. Њамзамон ба маълумоти Шумо мерасонем, ки маќолаи мазкур дар маљлиси васеи назоратии Раёсати тандурустии шањри Душанбе бо иштироки њамаи роњбарони муассисањои табобатию пешгирї мавриди муњокима ќарор дода шуд. Њамзамон нусхаи маќолаи мазкур ба тамоми муассисањои табобатию пешгирии шањр барои баррасї дар байни кормандон ирсол гардид. Ба роњбарони муассисањои табобатию пешгирии шањри Душанбе супориш дода шуд, ки барои дар оянда роњ надодан ба чунин њодисањои номатлуб, чорањои зарурї андешанд. Њамзамон ба маълумоти Шумо мерасонем, ки дар њама марказњои саломатии шањрї ва беморхонањои клиникии љарроњињои кўдакона амалиёти љарроњии Серкумсизия (хатна) аз тарафи мутахассисони алоќаманд ба роњ монда шудааст, ки тибќи ќарори Њукумати Љумњурии Тољикистон аз 2 -

“НИГОЊ”, ЧОРШАНБЕ №40 (422), 29. 12. 2014

ниятњои сайёњии минтаќаи Бадахшон Кумита соли 2014 зиёда аз 15 адад чорабинињои фарњангию иттилоотї семинару вохўрињо, фестивалњо ва Бизнес-форуми иќтисодии сармоягузории Помир-Инвестро баргузор намуд. Њамзамон зиёда аз 25 њазор маводњои таблиѓотї дар намоишгоњњо аз он љумла дар намоишгоњи байналмилалии туристии ITB Берлин муаррифї гардиданд. Илова бар ин 10 њазор маводњои таблиѓотї бевосита аз љониби ширкатњои туристии мамлакат тањия ва мавриди бањрабардорї ќарор дода шуданд. Кумита дар асоси супоришњои Њукумати Љумњурии Тољикистон ва тибќи ваколатњои худ ба рушди сайёњї диќќати зарурї дода, дар ин радиф њамкорињои мутаќобилан судмандро бо тамоми љонибњои манфиатдор, махсусан ВАО ба роњ мондааст. Аз он, ки теъдоди зиёди туристони хориљї тавассути марзи Ош ва Мурѓоб аз Бадахшон дидан менамояд, ягон таъсири манфие нарасонида, баръакс як имконияти хуби муаррифии ин минтаќа ба љањониён мебошад. Чун сайёњ аз ин ё он мавзеъ дидан менамояд њатман бо худ чизе мехарад, ягон љо меистад ва ё таъом истеъмол менамояд, ки боиси рушди иќтисодиёти мањал ва бењдошти сифати зиндагии мардум мегардад. Руслан ШОДИКОВ, муовини раиси Кумитаи љавонон, варзиш ва сайёњии назди Њукумати Љумњурии Тољикистон

РОТ: НАВБАТДОР МУЉОЗОТ ШУД (Вокуниш ба матлаби "Пешвози миллї" - "Роњи оњани Тољикистон мусофиронро дар чї шароит пешвоз мегирад?)"

юми декабри соли 2008 тањти №600 "Дар бораи Тартиби хизматрасонии тиббию санитарї ба шањрвандони Љумњурии Тољикистон дар муассисањои системаи давлатии тандурустї" ва фармоиши якљояи Вазорати тандурустї ва Вазорати молияи Љумњурии Тољиикстон аз 12 - уми сентябри соли 2011 тањти №504-58 мавриди амал ќарор дорад. Арзиши Серкумсизия (хатна) дар шароити дармонгоњї ба маблаѓи 25 сомонї ва дар муассисањои бистарикунонї (бо аворизњо) 65 сомонї тасдиќ гардидааст. Ба хотири бартараф кардани камбудињои љойдошта аз шањрвандон хоњиш мекардем, ки њангоми сар задани чунин њодисањо бевосита ба кормандони масъули Вазорати тандурустї ва њифзи иљтимоии ањолї ва

ё Хадамоти назорати давлатии фаъолияти тиббї ва њифзи иљтимоии ањолї мурољиат карда, макони муассиса ва шахсони алоќамандро пешнињод намоянд. Шуморањои телефонро метавонанд аз гўшањои иттилоотии муассисањои тандурустї дастрас намоянд. Њамзамон, аз шањрвандон хоњиш карда мешавад, ки маблаѓњоро танњо ба хазинаи муассисаи тандурустї супорида, чек оиди тасдиќи ќабули пули наќдро бо худ гиранд. Танњо дар њамбастагї бо шањрвандон мо метавонем нуќсонњои љойдоштаро бартараф созем. Бо эњтиром, Наврўз ЉАФАРОВ, муовини вазири тандурустї ва њифзи иљтимоии ањолии Тољикистон

- Барои эродњои гирифта, ки дар вокзали роњи оњани шањри Душанбе сабаби ислоњи камбудињои љойдошта гардида, ба пешравии кор мусоидат менамоянд, сипосгузорем. Эњтиромона ба маълумоти Шумо расонида мешавад, ки оид ба бартараф намудани камбудињои дар маќола зикргардида, ки боиси норозигї гардидаанд, мутасаддиён сафарбар шуда ислоњ ва ба талабот мувофиќ намудани онњо тањти назорати масъулин ќарор дорад. Нисбати коргари дафтари маълумот (справочная) ва навбатдори вокзал, ки дар иљрои вазифањои базиммабуда бемасъулиятї зоњир намудаанд, муљозоти интизомї эълон карда шуд. Мутасаддиёни дахлдор огоњонида шудаанд, ки дар рўзњои ќабул ва гусели ќаторањо, ки вокзали роњи оњани шањри Душанбе яке аз љойњои серодамтарин ба шумор меравад, кор дар асоси талабот ба роњ монда шавад. Аз њамкорї бо Шумо миннатдорем. Комил МИРЗОАЛИЕВ, сардори Корхонаи воњиди давлатии "Роњи оњани Тољиикстон"


12

“НИГОЊ”, ЧОРШАНБЕ №40 (422), 29. 12. 2014

БО ШОИР

БЕЊРЎЗИ ЗАБЕЊУЛЛОЊ Сарсабзии боѓу бањору дашту сањройї, Бе ту њама сард аст, њама дард аст, њама зард аст. Шаб тираву мањ хираву давру барам сокит, Як шоири шўридаи танњову шабгард аст. Хуршеди ман! њоло тулуъ кун бар сари офоќ, Бе ту њаво сард аст, њаво сард аст, њаво сард аст. *** Шом омаду таровату бўи сањар гузашт, Абри сапед аз сари кўњу камар гузашт. Саргарми нафси хешу хиёлоти рўзгор, Умри гаронмоя аљаб бехабар гузашт.

Чи шуд, ки рафтиву майлат ба дигар аст, азиз Магар, ки хотират аз мо мукаддар аст, азиз? Баландќомати ман! зеби боѓи дилњої, Миёни љангали дунё, санавбар аст, азиз. Зи адлу дод мунаввар шавад замону замин, Барои халќ шањи бандапарвар аст, азиз. Љамоли њусн ба ахлоќ мешавад такмил, Вагарна хонаи бе бому бе дар аст, азиз. Ба раѓми ин њама озору ранљу танњої, Дилам њанўз барои ту пар-пар аст, азиз. Ба зери сояи зулфат маро паноњ бидењ, Дарахти муњташами соя бар сар аст, азиз. Яке будиву њамоно ягона мемонї, Биё ягонатаринам, ки бовар аст, азиз.

Маѓрур њастї нозанин! зудбовару саркаш, Пироњани танги танат зебову садранг аст Дар сояи зулфат амонам дењ, ки метарсам Њар љо, ки рафтам њилаву тазвиру найранг аст

*** Рўзе уќоби пир замингир мешавад, Аз шарру зулм љони љањон пир мешавад.

Парвози ин парранда аљаб њайратовар аст, Аз њафт шањри ишќ чу бе болу пар гузашт.

Ваќте ки нафс чира шавад бар диёри аќл, Дар пои љон хиёли ту занљир мешавад.

*** Дар ин карона зи ошиќ хабар намегиранд, Ки ошиќони туро дар назар намегиранд.

Таъбири мо зи шер ѓуруру шањомат аст, Варна чи фарќ шер ва ё шир мешавад.

Ва воизон сари минбар зи ќиссањои куњан, Барои ањли хирад мухтасар намегиранд.

Номи баланди мард зи пиндори неки ўст, Ободиву рифоњ ба тадбир мешавад.

Ба пири майкада гуфтам ќадањ кунад лабрез, Ки дар тариќати мо ин ќадар намегиранд!

Чун боди биёбониву чун абри бањор Њамвора бувад бесарусомонии мо

Шодобиву таровати олам зи њикмат аст, Дунё бидуни ишќ чї дилгир мешавад !

Пайваста зи бедорї сухан мегўям То хатм шавад хоби зимистонии мо

*** Бори нахуст њар ки ба сўят нигоњ кард, Бо моњи бадр чењраи ту иштибоњ кард.

Ангуштнамои хосу омем њануз, Сарљамъ намешавад парешонии мо Ошўб ба по намуда дар ќолаби дин, То рахна кунанд бехи мусалмонии мо Авлоди башар ба љони њам афтодаст, Њайњот зи фитнањои шайтонии мо ! *** Фосила байни мову ту бисёр фарсанг аст, Бе ту дилам танг аст, дилам танг аст, дилам танг аст!

Аёми нављавонї чунон абри навбањор, Борид бар сари гулу бо чашми тар гузашт. Оташ набуд хирмани умрам ба бод дод, Ораш камон кашиду њадаф аз љигар гузашт.

Рўњи фурўкашида дигар пар намекашад, Боми фурўнишаста, ки таъмир мешавад.

Дар хонаи мо фитнаву шар мегузарад Эй вой, зи ѓафлату зи нодонии мо

Боѓу бањору сояи беду садои ќалб, Дидори ошиќонаи мо мухтасар гузашт...

Њайрон машав аз захми љону в-аз сукути ман, Ушшоќро љоно, сукуту сабр фарњанг аст!

*** Бо ранги сиёњу дилпарешонии мо Таќдир навишта шуд ба пешонии мо

Хушбахтии як тоифа аз њиммати мост, Ободиашон зи хонавайронии мо

Эй шўхчашм! Шањр чи ноамн мешавад, Ваќте ширинкомии ту аз шакар гузашт.

Аммо дурахши чењраи нуроният санам, Рўзи њазор шањрнишинро сиёњ кард. Њаргиз касе алайњи ту даъво намекунад, Бењудааст шиква сари додгоњ кард. Зеро амиру ќозиву довар шарики туст, Љурми туро талофи каси бепаноњ кард. Чупон агар, ки зулм кунад галла мерамад, Дигар куљо тавон сари худро паноњ кард ? *** Хуршеди ман! Дунё бидуни ту басо сард аст, Лабханд зан, лабханди ту таскини њар дард аст.

Ритми њаёти ман нафасњои амиќи туст, Боз о! садои пои ту сабки хушоњанг аст

Оѓўши гармат гар набошад мехўрам сармо, Домони покат парваришгоњи зану мард аст.

Мафњуми дил дар фањми ошиќ љуз муњаббат нест, Бе ишќ олам водии пурсахраву санг аст

Оташ туйї, ки гарм медорї дили моро, Варна дар оташдони мо хокистару гард аст.

Фосила дилњоро ба њам наздик хоњад кард, Наздик буданро њароси фитнаву љанг аст

Эй, зан чи сабру истиќомат дар ту мебинам, Бо ту касе дар зиндагї оё њамовард аст ?

Зи њамнишинии бад бењтар аст танњої, Ки оќилон зи њавас дарди сар намегиранд. Чи офатест, ки мардум зи киштањои њунар, Ба љуз маломати нодон, самар намегиранд. Бигир дасти маро то рањо шавем з-ин дард, Дар ин замона њуќуќ аз њунар намегиранд. Зи њарзагуии бархе дилам гирифт, гирифт, Ки шўру шавќ зи файзи сањар намегиранд. Фазои бозу њавои муносиб аст, чаро Парандањои ќафас болу пар намегиранд ? *** Њавои дарраву дарёву боду борон аст, Навои дилкаши булбул зи кўи љонон аст. Дурахши чашмаки мањ дар фазои мењолуд, Нигоњи ошиќи озурда пушти айвон аст. Сапеда медамад инак, зи бомдоди фалак, Сапедгуна або бар сари зимистон аст. Чизе миёни ману ту њамеша муштарак аст, Хиёли ман, ки чу гесўи ту парешон аст. Агар зи Балх бигўям, биё ба Шерозам, Агар зи Марв бигўям, ѓараз Сифоњон аст! Дар ин дукони фалак муштарит бисёр аст, Вале харидани моли ту ѓайримкон аст. Касе њавои ту дорад њамеша бе сару пост, Касе, ки доѓи ту дорад зи растагорон аст!

ХУРОСОН Хуросоно! Куљоянд родмардон ? Њижаброни далеру шери майдон ? Бигў Момо! Куљо шуд Рустами ту? Ба дасти кист љому парчами ту? Яли Исфандиёр, руинтанат ку? Занони оќилу мардафканат ку? Амирону аморотат куљо шуд? Ва пирони хароботат куљо шуд? Куљо шуд Геву Гударзу Сиёвўш? Куљо шуд Кова он сардори боњўш!? Фарру фарњангу фармонат куљо шуд ? Шукўњу шавкату шонат куљо шуд ? Куљо шуд шуњрати Балху Бухоро? Куљо шуд ќудрати Љамшеду Доро? Чаро озодагонат дар фироранд? Чаро фарзонагонат хору зоранд? Аё хоки парешонхурдаи мо, Аё ганљи ба яѓмо бурдаи мо: Зи хашми хеш туѓён мекунам боз, Туро аз нав Хуросон мекунам боз! Мухаммас бар ѓазали Ќайсари Аминпур Аз нигоњаш пайкарам оташ гирифт Љўши май дар соѓарам оташ гирифт Њар чи буд давру барам оташ гирифт: "Ногањон дидам сарам оташ гирифт Сўхтам, хокистарам оташ гирифт" Њастиам дар панљаи гирдоб шуд Таркише дар олами ањбоб шуд Сарнагун аз осмон мањтоб шуд: "Чашм во кардам, сукутам об шуд Чашм бастам, бистарам оташ гирифт" Њеч кас аз дарди ман парво накард, Њеч кас рањме ба њоли мо накард, Њеч кас фањме аз ин руё накард, "Дар задам, кас ин ќафасро во накард Пар задам, болу парам оташ гирифт" Аз вуљудам рўњи шайтонї парид Нафси саркаш аз парешонї парид Њамчу аз як бора зиндонї парид: "Аз сарам хоби зимистонї парид Об дар чашми тарам оташ гирифт" Баъд аз он як нур омад з-осмон Њамчу хуршед аз диёри ховарон Нур гаштам, нури берангу нишон: "Њарфе аз номи ту омад бар забон Дастњоям, дафтарам оташ гирифт"


ЧЕЊРА

“НИГОЊ”, ЧОРШАНБЕ №40 (422), 29. 12. 2014

13


14

ЧЕЊРА

“НИГОЊ”, ЧОРШАНБЕ №40 (422), 29. 12. 2014

НУРИДДИНИ ЉАРОНЇ

Њунарманд ва шоири ориф. Касе, ки њунараш аз шеъраш људо нест. Ваќте аз Мавлоно њарф мезанад, шеъри худро мегўяд ва чун шеър месарояд, мебинем, ки љомаи Мавлоно ба бар карда. Оне, ки театрро аз шањр ба русто кашидааст ва нобиѓае чун устод Муъмин Ќаноат аз ин њунар ин гуна ситоиш карда: "Театр аслан моли шањр аст. Вале имрўз театрро бо тамоми касбият дар дењот мебинем. Ин аз зањмат, тавоної ва њунари волои Нуриддин Љаронї шањодат медињад". Нуриддини Љаронї 24-уми декабри соли 1957 дар дењаи Вишхарви ноњияи Дарвоз дида ба олам кушодааст. Падараш боѓбон ва модараш кадбонуи хона буд. Соли 1976, баъди як соли хатми мактаби миёна ба шуъбаи актёри драма ва кинои Донишкадаи санъат дохил шудааст. Солњои донишљўї аз устодоне чун

Борис Владимирович Бибиков, Малика Љўрабекова ва Њољиќул Рањматуллоев дарси мањорат омўхтааст. Фаъолияти кориашро соли 1980 дар театри шањри Ќурѓонтеппа оѓоз кардааст. Мањз дар њамин театр наќши Хизирхон аз драмаи Ѓанї Абдуллоро, ки солњои донишљўї орзу мекард бибозад, бозид. Њамзамон бо ин дар ин театр мањорати коргардонии худро низ санљид ва аввалин намоишномањои худро рўи сањна овард, ки яке аз онњо "Ў дар байни мост" (аз рўи асари шоир Сиёвуш Љунайдї) мебошад. Љанги дохилї садњо наќшањои эљодии ўро низ барбод дод ва ќатори дањњо њунармандони варзида ба ў низ лозим омад аз маркази тамаддун ба музофот кўч бандад. Вале танњо нарафт, кўлбори пур аз ѓояњои эљодї ва наќшањои њунарии худро бо худ бурд. Њунармандону эљодкорони асил дар њар шароит барои худ коргоњи эљодї дуруст мекунанд. Нуриддини Љаронї низ дар рустои Сангевни ноњияи дурдасти Дарвоз театри "Тавњид"-ро таъсис дод ва аз њисоби љавонони мањаллї њайти эљодї ба вуљуд овард. Соли 2005 ин театр бо намоишномаи "Њидоят" аз рўзгори Мавлонои Балхї ва Шамси Табрезї дар шањри Кобули Љумњурии исломии Афѓонистон дар фестивали театрњои халќї ширкат кард ва дар миёни 24 театри касбї љойи аввалро гирифт. Наќши Мавлоноро дар ин намоишнома худи Нуриддин бозид. Театри "Тавњид" дар як муддати кутоњ дар сар то сари вилоят шуњрат касб на-

муд ва аз моњ ба моњи дигар барномаи он аз њисоби намоишномањои нав ѓанї мешуд. Дар ин муддат "Тавњид" соњиби спекталњои "Найе, к-аз људоињо шикоят дошт", "Мазори ошиќон", "Ќурбонгоњи ошиќон", "Њикмати себ" шуд. Баъдан ба њайси коргардон ба театри академї-драмавии ба номи Лоњутї ба кор омад. Мегўяд бо ташаббус ва кўмаку дастгирии саррежессёри театр Ибодулло Машрабов тавонистам њикоётеро аз “Маснавии маънавї”-и Мавлоно бо номи “Нафси офат” рўи сањна орам. Нуриддинро дар театри касбии тољик метавон падидаи нав номид, аз он ки талош дорад зербинои як театри миллиро поягузорї кунад. "Мактаби русро оид ба театр аз бар кардам. Феълан тасмим дорам бо услуби хоси худ зербинои як театри миллиро эљод намоям. Ќолабшиканї кунам. Њарчанд медонам хеле сангин корест. Аммо тасмимам љиддист. Муваффаќиятро дар иќдомам дар иртибот бо тамошогарон мушоњида кардам. Хусусан дар намоишномаи ахирам "Њамсафарон", ки аз рўи њикояи "Хайр ва Шар"-и достони маъруфи "Њафт пайкар" - Њаким Низомии Ганљавї тањия шудааст", - мегўяд ў. Нуриддини Љаронї на танњо зиндагиро дар ќолаби асарњои сањнавї ба тасвир мекашад, балки њарфашро ба сурати шеъри хонданиву шуниданї рўи сањфа мерезад. Шеъри ў низ чун сањнањояш орифонаанд. Дардро мегўяд, хайру шарро дар тарозуи шеър бармекашад ва ба хонандааш пешкаш мекунад. Ба навиштаи олими шинохтаи Афѓонистон,

доктор Шамсулњаќи Орёнфар "Љаронї шеър намегўяд, вай шеърро месарояд". Ё худ шоир Давлати Рањмониён мегўяд: "Аз Љаронии њунарманд то Љаронии шоир роњи тафриќа дароз нест. Ў њунарманди асил, шоирест самимї". Доктор Мусавии Гарморудї аз шеъри ў бештар тасвирњои орифона ёфтааст. "Шеър василаи баёни дарди Љаронист. Бо шеър само мегирад, навња мезанад, шўр ба по дорад",- менависад ў. То ин замон се маљмуъаи ашъорашро бо номњои "Найнаво", "Растохези гул" ва "Њидоят ва њикмат" интишор додааст. Вале ў низ чун дигарон мушкили чопи осор дорад, њар китобе, ки интишор додааст, бо талоши худ ва пуштибонии афроди саховатпеша ва он њам ба теъдоди хеле кам чоп кардааст. Нуриддини Љаронї оиладор ва соњиби 8 фарзанд мебошад. Аз миёни фарзандон писараш Алоуддин бо пайроњаи падар равона шудаву њоло донишљўи бахши операи Консерваторияи миллии Тољикистон мебошад ва бо тахаллуси Шайдо таронањо менависад ва месарояд. Инак, он асарњое, ки Нуриддини Љаронї ба сањна гузоштааст: "Њидоят" (Аз рўзгори Мавлоно ва Шамси Табрезї), "Хари сўфї" (аз Маснавии маънавии Љалолиддини Балхї), "Шерафган" (намоишнома барои атфол, тањияи Ќиёмиддини Сатторї аз "Маснавии маънавї"), "Њамсафар" (достоне аз "Њафт пайкар"-и Низомии Ганљавї), "Ў дар байни мост" (асари Сиёвуш), "Маљрои ошиќон" (навиштаи худи ў), «Нафси офат». Асарњои драматургии ў: "Паёми умед", "Њидоят", "Мазори ошиќон", "Хаймаи нур", "Озодмард" Бобољони ШАФЕЪ


НИГОЊИ МАРДУМЇ АКСИ ГЎЁ

? - И НОБОБ ОЁ МАН БЕ ЊУЗУРИ ШАВЊАРАМ МЕТАВОНАМ, ПАТЕНТИ ЎРО МАЊКАМ КУНАМ? - Соли 2009, шавњарам ба як ширкати хусусї ба њайси омўзгори забони англисї ба кор даромад. Ширкат шавњарамро тариќи патент ба кор ќабул кард. Дар ин ширкат њамсарам ба кор шуруъ кард, аммо маош мувофиќи ањди шуда аз љониби корфармо таъмин карда нашуд, аз ин сабаб, пас аз ду моњ аз кор рафт. Баъд аз ду моњи кор дар ширкат ин патентро дигар истифода набурдааст ва онро мањкам њам накардааст. Њамин сол аз Нозироти андози ноњияи Сино ба хона мактуб омад, ки шавњрам аз њисоби фоизи патент зиёда аз 5000 сомонї ќарздор шудааст. Айни њол, шавњарам дар Русия дар муњољирати мењнатї ќарор дорад. Инро чї хел фањмем, ваќте ки шахс дар љумњурї нест, бо патент кор намекунад, патенти ў фоиз кор мекардааст? Оё аз нигоњи ќонунгузории љории кишвар ин дуруст аст? Оё ман бе њузури шавњарам метавонам, ки патенти ўро мањкам кунам? Барои ин чї кор кардан лозим аст? Зебогул САФАРОВА, сокини шањри Душанбе

МАН ЌАБУЛ НАДОРАМ! ПОДШОЊУ ХОНЊОИ ШАБАКАЊОИ БАРЌРО КАБУЛ НАДОРАМ! - Дар моддаи 5 - уми Конститутсияи Љумњурии Тољикистон омадааст: "Њуќуќу озодињои инсон ва шањрвандро давлат эътироф, риоя ва њифз менамояд". Дар моддаи 1- уми Конститутсияи ЉТ омадааст: "Тољикистон давлати иљтимої буда, барои њар як инсон шароити зиндагии арзанда ва инкишофи озодонаро фароњам меорад". Дар моддаи 18 - и њамин Конститутсия навишта шудааст: "Њар кас њаќќи зиндагї дорад". Ман ин иќтибосро инљо бесабаб наовардаам. Фикр мекунам, ки аксарияти роњбарони имрўзаи ташкилоту идорањои давлатї талаботи меъёрњои Конститутсияро намедонанд ва аз иљрои онњо саркашї мекунанд. Ин суханњо дахл доранд ба фаъолияти роњбарони ЉСК - и "Шабакањои барќи шањри Душанбе" ва Шабакањои барќи ноњияи Исмоили Сомонии пойтахт. Онњо нисбат ба хонавода ва њамсояњои мо муносибати хунукназарона зоњир карда, моёнро аз энергияи барќ мањрум сохтаанд. Онњо ба таъмии шабакањои барќи мањаллаи мо машѓул намешаванд, ба аризаи дар ин бора навиштаи ман эътибор намедињанд. Агар ањвол њамин тавр давом ёбад муносибати беинсофона ва хунукназаронаи онњо ањолиро аз давлату њукумат норизо менамоянд. Њамин хел муносибат мекунанд, ки гўё њар яки онњо подшоњ ва амир Олимхон бошанд. Аз иљрои вазифањои хизматии худ рўирост даст кашида, бешармона тамоми гуноњро ба сари истифодабарандагони энергияи барќ, яъне ањолї бор мекунанд. 50 - 60 сол пеш дар замони СССР хатњои барќї ва симчўбњо дар мањаллаи мо ба истифода дода шуда буданд, ки акнун аксарияти онњо фарсудаву корношоям гардидаанд. Аз он давр дигар ягон бор азнавсозиву тармим нашудааст. Аз ин сабаб њар рўз дар мањаллаи мо барои бартараф кардани садама кушокушии энергияи барќ аст. Аз роњбарони давлату њукумат эњтиромона хоњиш мекунам, ки ба ин хонњои замони нав фањмонед, ки вазифаашон аз чї иборат аст! То ки онњо авомфиребї накунанд, ба мискину саргардоникунии халќ роњ надињанд, ба арзу шикояти шањрвандон эътибори љиддї дода, эњтиромона муносибат кунанд ва камбудињои сарзадаро ислоњ кунанд! Холабеѓамию фориѓболї ва бепарвофалакии онњо аз њад гузаштааст. Чунин ба назар мерасад, ки ба онњо зўри њеч як маќомоту ташкилоти ваколатор намерасад. Аз рўи зулму ситам муносибат мекунанд, вале бояд донанд, ки њамаро кушта наметавонанд. Вазифа дар дасти онњо ба шамшер табдил ёфтааст. О, ин чи хел пойтахт аст, ки дар хонаи сокинонаш пайваста неруибарќ набошад? Аз 1 то 2 - юми декабри њамин сол њам 30 - 40 соат барї набуд. Мањаллаи мо - Зањматобод мањаллаи ториктарин ва пурхатартарини пойтахт мебошад.Метавонам, боз якчанд сањифаи дигар илова намоям, лек бо њамин иктифо мекунам. Фаромўш нашавад: 2 сол пеш дар бораи проблемањои шабакањои барќ ба номи раиси шањри Душанбе Мањмадсаид Убайдуллоев ариза навишта будам. Аризаро ба ЉСК- и "Шабакањои барќи Душанбе" фиристониданд, танњо омада диданд, бо њамин халос. Муњаммадраљаб САНГИНОВ, сокини мањаллаи Зањматободи ноњияи Исмоили Сомонї, њавлии №373, нафаќахўр ва маъюби гуруњи III.

- Мутобиќи ќисми 1- и моддаи 283 - и Кодекси андози Љумњурии Тољикистон (КА ЉТ) низоми андозбандии шахсони воќеие, ки фаъолияти соњибкориро дар асоси патент амалї менамоянд, низоми махсуси андозбандї мебошад. Бинобар ин соњибони патент уњдадоранд андозњои муќаррарнамударо ба андозаи устувор новобаста аз даромади бадастомада бояд пардохт намоянд. Меъёрњои андозњои соњибкорони инфиродие, ки тибќи патент фаъолият менамоянд, аз рўйи намудњои алоњидаи фаъолият бо назардошти хусусияти минтаќавї дар асоси моддаи 286 - и КА ЉТ, Њукумати Љумњурии Тољикистон муайян мекунад. Њамзамон бояд таъкид намоям, ки уњдадории андози шахси воќеие, ки низоми патентиро интихоб намудааст, то расман бекор кардани ќайди давлатї давом мекунад. Шояд дониши нокифояи њуќуќї ё аз фарњанги соњибкорї огоњ набудан, ё дигар њолатњои истисної шавњаратонро водор намудааст, ки бидуни риояи тартиби муќаррарнамудаи Кодекси андози Љумњурии Тољикистон патенти худро аз ќайди давлатї расман бекор накарда, ба Русия њамчун муњољири корї рафтааст. Акнун бо љалби адвокат ё худатон метавонед ба нозироти андози ноњияатон мурољиат карда, патенти шавњаратонро аз ќайди давлатї бароварда, бекор кунед ва дар асоси санадњои њуќуќї агар чунин чунин њолати сабуккунанда вуљуд дошта бошад, аз пардохти ќарзу фоизи он худдорї намоед. Ба саволи Шумо Шокирљон ЊАКИМОВ, доктори илми њуќуќшиносї посух дод.

БА ЉОИ 09

ДАР ЉУСТУЉЎИ НАШРИЯЊОИ ЊУКУМАТЇ МОНДА ШУДАМ - Ман дар ягон корхонаи давлатї кор намекунам. Ризќи худ ва фарзандонамро аз давлати Русия дарёфт мекунам. Бо фарорасии сармо дар дењаамон энергияи барќ ба ќавле тухми анќо шуду имкони тамошои барномањои телевизионро аз даст додам. Мехоњам њаррўза аз ќонуну ќарорњои ќабулнамудаи Њукумати Љумњурии Тољикистон огањї дошта бошам. Дар ноњияамон тамоми дўкону растањои рўзномафурўширо пурсидам рўзномањои "Љумњурият", "Садои Мардум" ва њатто "Хатлон" - ро пайдо накардам. Ба маркази вилоят шањри Ќўрѓонтеппа омадам. Дар ин љо њам дар дўконњо нашрияњои њукуматиро пайдо карда натавонистам. Пурсидам, як дўстам гуфт, ки нашрияњои њукуматї болои мизи раисони корхонаю муассисањо ѓарам - ѓарам хобидаанду онњо ваќти мутолиаро надоштаанд. Суолам ин аст, ки нашрияњои њукуматї мардумї нестанд? Агар бошанд, чаро дар савдои озод нестанд?! Кабири САВЛАТШОЊ, сокини љамоати Гулистони ноњияи Љалолиддини Рўмї

БА ЉОИ 09 Дар ваќти зарурат метавонед ба раис ва мутасаддиёни ноњияњои шањри Душанбе бо шумораи телефонњои зер мурољиат кунед: 1. Исмоили Сомонї: - Раиси ноњия: Ќурбонов А.Љ. тел: 221-06-34, 93-505-14-34, 988-3200-00; - Навбатдори шабонарўзии ноњия: тел. 221-06-34. 2.Шоњмансур: - Раиси ноњия: Бобоев С.Ќ. - тел: 221-07-61, 907-70-73-05; - Навбатдори шабонарўзии ноњия: тел. 221-07-61. 3.Сино: - Раиси ноњия: Сафаров З.А. тел: 235-05-60, 93-513-81-75, 95-13388-00; - Навбатдори шабонарўзии ноњия: тел. 236-88-70. 4.Фирдавсї: - Раиси ноњия: Алиев С.А.. - тел: 233-86-63, 918-79-86-02; - Навбатдори шабонарўзии ноњия: тел. 233-60-32, 233-86-63.

“НИГОЊ”, ЧОРШАНБЕ №40 (422), 29. 12. 2014

15

ЛАТИФА ХУРМОФУРЎШЇ Афандї дар бозор хурмофурўшї мекард. Марди шиносе омад ва пурсид: - Хурмоят ширин аст? Афандї: Бале, як маззаашро бинед. Мард: Рўзадорам. Афандї: Гир хурморо, пулашро баъдан медињї. Мард хурмо људо кардан мегирад. Афандї фикр мекунад, ки њоло моњи Рамазон нест, ки рўза гирад. Афандї ба мард суол мекунад: - Ту чї гуна рўза дорї? Мард: Се сол ќабл аз рўза ќарздор будам, њамонро гирифта истодаам. Афандї мегўяд: - Ман ба ту хурмо намедињам, зеро ќарзи Худоро дар се сол дода истодаї. Худо медонад, ки ќарзи моро кай медињї. *** - Робия чи хел бо шавњаратон зиндагї доред? - Аз њам људо дар њар хонахобем. - Њеч гап не, агар ў маро хоњад ,њуштак мекашад. - Агар ту хоњи чї? - Ман рафта мепурсам, "Ту њуштак кашидї љонакам?" *** Тумани ѓафс. Зане пушти чанбари мошин њеч чизро намебинад ва бо габаритњои мошини дар пеш буда рафтан мегирад. Ногањон мошини дар пеш буда меистад. Зан албатта мошини дар пеш бударо мезанад ва аз мошин бо шаст фаромада ба сўи ронанда медавад: - Њой мардак, чаро ту мошинро ногањон манъ ме кунї? - Бубахшед бону, лекин ман ба гаражи худам даромадам. *** Писарбачаи яњудї дар байни роњ нишаста гиря дорад. Роњгузаре, ки аз канораш мегузашт мепурсад: - Додарљон, барои чї гиря дорї? - Ба ман модарам 1 сомонї дод. Ман гум кардаммм - Ѓамгин нашав додарљон, ма ин 1- сомонро гир. Кўдак пулро гирифта аз пештара дида баландтар гиря мекунад. Марди роњгузар боз мепурсад: О ман 1-сомонї додамат боз барои чї гиря мекунї? Кўдак дар љавоб: - Охир агар 1- сомонии худамро гум намекардам 2-сомонї мешуд. *** Суњбати духтур бо бемор тариќи телефон: - Бемор, ман ба шумо 2хабар дорам; яке бад дигаре бадтарин... - Хабари бадашро гўед аввал. - Ташхиси тиббї нишон дод, ки шумо 3 - рўз пас мемиред. - Хабари бадтаринаш чї? - Алон 3-юм рўз аст, ки ман ба шумо занг зада наметавонам.


КОМИЛАН «ЉИДДЇ»

“НИГОЊ”, ЧОРШАНБЕ №40 (422), 29. 12. 2014

ПУРБИНИ «НИГОЊ»

ТАРС, ТАРЃИБОТ ВА ЗИЁЇ Ё умед ба таѓйирот дар соли нави мелодї Мирзодиккак вонамуд кард, ки аз шунидани садои таркиши бозичањои гўшкаркунанда сахт тарсид. Инро бо тамоми вуљудаш нишон медод, њарчанд њатто замони нооромињои сиёсї аз садои тири автомат, тўпу туфанг ва њатто бомафканињои тайорањои Узбакистон ин ќадар натарсида буд. Ў издињомро дида, садо баланд кард: -Шукри њукумат кардан даркор, ки дигар садои тиру тўп нест, таркиш нест. Мардум озоданд ба муњољират мераванд. Ба њизби њоким овоз дињед, вагарна... Касе аз мардум ўро шунидан намехост. Њама аз таблиѓоти тарсон-тарсон безор шуда буданд. Ў хост, ки њудуди терминали мусофиркашонии Ќурѓонтеппа - Душанберо тарк кунад, ки нохост дўсташ Ѓалтакро дид. Муаллими дењотї саргарми харидани бозичаву тўњфањои солинавї буд. Мирзодиккак ба ў наздик шуда гуфт - Ин љо Ироќу Покистон не, балки Тољикистони тинљу осуда аст ва мо дар арафаи таљлили Соли нави милодї ќарор дорем. Шукри халќи кабир ва њукумати љонољон, ки ба мо Иди арча ва Соли навро таќдим карданд... Ѓалтак, ки садои ўро шинохт руй нагардонида гуфт: -Шукр-шукр! Иди харбуза кардем, харбуза 50 сомонї њам шуд, њосили сеюми картошка гирифтем, нархаш ба осмон расид, Иди анор кардем, анони афѓонї тамоми бозорњоро пур кард. Аќќалан Иди арча нагўед, ки .... Чун Мирзодиккак дид, ки басњ сиёсї шудан дорад, гапро тоб дод: - Эй, ин язнањои хитої зуранде! Гоњњо бо корњои созандаашон дунёро ќоил мекунанду гоњњо бо "ихтирокорињояшон" ќисмеро зањракаф карда, тарсу будани бархе аз "генерал" - њоро дар як мижа задан фош мекунанд-да... Мирзодиккак ба дўкони фурўши бозичањо наздик шуда, рўяшро бо ниќоби солинавии "шер" пўшониду дўсташ Ѓалтакро сахт ба оѓўш кашид... Замоне, ки Мирзодиккак ниќобро аз рўяш баровард, Ѓалтак рангу рўи паридаи дўсташро диду њайратзада пурсид, ки ба ў чї воќеъа рух додаст? Мирзодиккак сир бой надод ва њамчун сарбози сарсупўрдаи њукумати љонољонаш сири "рангу рўи паридааш"- ро аз дўсташ пинњон дошт, то ба рубтаи генераливу мансабаш таъсири бад нарасад. Ў нагуфт, ки аз таркиши "хлопушка" тарсида, авзояш бељо шудааст.. Баъди салому алейк мушкили асосии мансабдори тољик рў зад: Дар куљо обед мекунем, домулло Ѓалтак? Љўрањо вориди ошхонаи назди терминали мусофиркашонї шуда, аз пешхизмат овардани чою нонро дархост карданд. Баъди нўшидани як чойнак шакарчои доѓу нони гарм бо равѓани маска ба рангу рўи паридаи Мирзодиккак сурхї дамиду садояш рўшан шуд. Ѓалтак аз бењтар шудани вазъи саломатии дўсташ Мирзодиккак хурсанд шуд, зеро медонист, ки дар акси њол Ѓалтак барои барќарор намудани саломатии Мирзодиккак- шавњари коммунист - пролетар Пахтагул Панчсолаевна аз духтурњои пойтахт, ба ќавли мардуми кўњистон, њам љил ќарздор мешуду њам пордум… Мирзодиккак: - Љўраљон, бештари мо њукуматињо аз риш ќимоб њастему барои хондани панљ ваќт намоз ваќт надорем, вале 100 % мусалмонем. Мусулонї ба дил аст-ку. Баъдан, далел дорем, ки дар хурдсолиамон дар гўшамон азон гуфтаанд. Мана, дар "ТВ -1" њамеша ришдорњоро дар барномаи "Сипар" намоиш медињанду беришњоро дар барномањои иљтимої, яъне вобаста ба дину љомеъа. Онњо дар баромадњояшон назари дини мукаддаси исломро дар њама љода, бахусус њизбњои сиёсї, интихобот, интихоби кадрњо ва ѓайраву ва њоказо баён дошта, сиёсатро њарому динро њалол арзёбї мекунанд. Мана инро дар мо њаќиќати њукуматї мегўянд... Ѓалтак: - Фањмо. Раиси ЊНИТ ќимати бериширо хуб фањмида будааст, ки мисли устодонаш на риш дораду на мўйлаб ва аз минбари парлумону дигар минбарњо фатво дода гаштааст. Аљоиб, ќисме аз фатвоњояш мисли лои тар дар девори хушк намечаспанд, ки намечаспанд... Мирзодиккак: - Дўстам, ин марди беришро њам ришдорњо тоќат карда гаштанду њам беришњо. Ќисме аз ришдорњо аз пас ѓайбат мекунанду беришњо тухмборону памидоршап. Шањрдору кумитаи андоз бошад, бо ањлу байти ў судбозї карда гаштаанд, то аз нони хурдан монанду як оила ба болои оилањои гуруснаи тољик дар Русия зам шаваду кам нашавад. Рости гап, дили мо њукуматињо ба раиси нањзат месўзад, бовар кун, вале илољ надорем: раќибро бояд саркуб кард.. Ѓалтак: - Њой бародар! Бо ин роњи пешгирифтаатон дар Ватан нерўи аќлонї намонд. Чор мутахассис доштем, рафтанд, ќувваи ќобили мењнат намонд. Њама рафт. Мана, одамони ночору бечорае, ки баъди кулфати зиёд соњиби ризќу рўзи шудаанд, барори корашонро аз Худову худашон медонанд. Таблиѓи шумо дар гўши онњо ба амсоли афсонаи "Алибобо ва чил роњзан" аст... Мирзодиккак: - Хатуба-а-ааа! (ба ду тараф нигоњ карда)Эй бародар! Дар ин 23 сол мо чунон ба њам хеш шудаву печидаем, ки барои бегонагон вазифаи ёвари ёрдамчии ёварак њам дигар намерасад. Рафтанд, рафтан гиранд. Ѓалтак: - Шиддати иљтимої баланд, иќтисод фалаљ, мардњо дар муњољират, занњо саргардон, мактабњо бе муаллим, бачањо бетарбия мондан доранд. Наметарсед, ки рўзе ... Мирзодиккак: - Хатуба-а-ааа! Метарсем, лекин дигар илољ надорем. Ѓалтак: - Магар илољ дар ислоњот, таѓйироти кадрї ва такя ба неруи мардум нест?!

Мирзодиккак: - Хатуба-а-ааа! Шояд, вале барои мо не. Ѓалтак: - Пас шумо аз мо нестед? Мирзодиккак: - Хатуба-а-ааа! Не, шумо аз моед! То замоне, ки таблиѓот њасту телевизион њаст, шумо гусфанд барин моро гўш мекунед. Ѓалтак: - Накунем-чї?! Мирзодиккак: -Накунед, тамѓаи экстремист ва террористатон мезанем. Наворњои таркишњои Покистону Ироќро гаштаву баргашта нишонатон медињем. Мегўем, мехоњед њамин ришдорњову муллоњо сари њокимият биёянд?!! Ѓалтак: - Ором шавед, дўстам. Ман шуморо фањмидам. Вале бидонед, ки ягон мусалмон терроризмро дар кадом шакле набошад, ќабул надорад. Мирзодиккак: -Медонам, вале ин муњим нест. Муњим тарсро дар дили шумо љойкардан аст, азизам! Ѓалтак: - Ё тавба! Мирзодиккак: - Тавба накарда, Левитани тољикро гўш кунед: "Мутаассифона, ќисме аз мусалмонњои мо барои хотири малол нашудани ѓарбињо аз гузоштани риши бобоию бастани локї худдорї мекунанду ќисме сари лучу пеши бари кушодаи занњоро истиќлолияту сатрро зулмот медонанд" Ѓалтак: - Тавба мекунам, зеро аён аст, ки шумо њама гўё пуштибони халќед, вале дар асл ќабри мардумро меканед.. Мирзодиккак: - Ќонуни тарѓибот њамин, домулло! Вай кї буд, Гебелс, як њамсангари Гитлер гуфта будааст, ки "њар ќадар ки дуруѓ калонтар бошад, мардум њамон ќадар ба он бовар мекунанд". Биё, љўраљон, бењтараш дар арафаи Соли нави милодї ба гуфтањоямон хотима мебахшем. Шумо одамони дуруст дар илми аблањї таљриба надоред, аз ин рў, зуд ба мо тарѓибгарон бой медињед. Бењтараш пули чойну нонро дењу хезем. Ѓалтаки лол ба пешхизмат њисобї карду чизе нагуфт. Аммо як андешае дар маѓзаш тањия шуд: Тарс ва тарѓибот бо њам ошно будаанд. Бубин, ки як тарѓиботгари аз таркиши "хлопушка" ларзон бо андешањои мардуми андакхондаи тољик чї мекунад. Пас мешавад, умед баст, ки баъди соли наву интихобот дар ин сарзамин таѓйроти неке сурат гирад?... Дўстони ќарин аз ошхонаи терминали мусофиркашонии "Ќўрѓонтеппа" баромаданд. Њама љоро навиштаљот оид ба фарорасии Соли Нави милодї, омодагї ба интихоботи парлумонї оро медоданд. Ба назари Ѓалтак намуд, ки барфи сиёњи дурўѓ меборад...

Раиси Шўрои муњаррирон: Саймиддин ДЎСТОВ dustov@mail.ru

Њафтанома дар Вазорати фарњанги Љумњурии Тољикистон ба ќайд гирифта шудааст.

МУАССИС: Созмони љамъиятии «ИНДЕМ» («Информатика барои демократия ва рушди миллї»).

Котиби масъул: Абўалї НЕКРЎЗОВ nigoh_tj@inbox.ru

Шўъбаи иттилоот ва сиёсат тел: 600 80 38 Шўъбаи тањќиќот ва тањлил тел: 600 80 38 Шўъбаи иљтимоъ ва иќтисод тел: 600 80 39 Шўъбаи реклом ва огоњиномањо тел: 918 74 75 79

МАНГАР, КИ КЇ МЕГЎЯД...

16

Њољимуњаммад УМАРОВ, иќтисодшинос: - Дар Тољикистон ашхосе, ки ба фасод аз њад зиёд олуда шудаанд ва онњо сабаби пањншавии фасод дар Тољикистонанд, бояд ба мањкама кашида шаванд. Онњо аз њаёти ширини худ мањрум ва парронда шаванд. - Э, хоше! Ин ќадар дору тиру туфангро аз куљо меёбем?! Ё мегўед аз Хитой ќарз гирем? Шукурљон ЗУЊУРОВ, раиси Маљлиси намоянагони МО ЉТ: - 101 њазор зан ба муњољирати мењнатї рафтааст. Агар њамаи инњо соњиби шавњар бошанду бо шавњар ба Русия рафта бошанд, ин як гапи дигар ва дили одам ором мешавад. Агар бешавњар бошаду ихтисос надошта бошад, медонед, ки онњо ба чї рў ба рў мешаванд. Хуб мешуд, ки онњоро ягон бачаи тољик ба занї мегирифт. Мутаасифона мушкил ин љост, ки боз онњоро зани якум намегиранд. - Ишораи нозукатонро фањмидем, њамааш дар дасти худатон-ку. Як љаласаи парлумонии соф мардакї ташкил карда, як моддаро аз як ќонун гирифта партофтан чї мушкил дорад? Абдумалик ЌОДИРОВ, коршиноси масоили сиёсї: - Русия имрўз дар њолатест, ки намедонад чї гуна "эзори даридаашро дарбењ кунад", куљо монад ўро "баргаштан ба сарњади Тољикстон". - Коршинос њам бошед, эњтиёт шавед, ки чанд беэзор барои дарбењ кардани ин эзори бузург сахт камар бастаанд. Зафар ИКРОМОВ, собиќ сардори РКД-и шањри Душанбе: - Аз сабаби он ки љавонон тарбият ва таълимоти дуруст надоштан, зери гуруњњои террористивуэкстримистї мемонанд. Мо бояд тарзе кунем, ки пеш аз њама таълиму тарбияро дар дохили худи Тољикистон дуруст ба роњ монем ва пеш аз њама хуи љавононро бо љои кор таъмин кунем. - Бори дигар исбот кардед, ки маорифро кайњо аз даст додаем, вале ин ки милисаро њам ....

Убайдулло РАЉАБОВ, њунарпешаи кино ва театр: - Дар телевизион кору фаъолият доштан корест сангин.Завќи њамаро ќонеъ кардан мушкил аст. Росташро гўям, маро барномањои телевизион ќонеъ намесозад. - Ин телевизионњо фаќат барои як кас кор мекунанд ва ин як нафар умуман ба завќи ману шумо кор надорад. Хотирљамъ бошед. Талабшо МУЌИМОВ, барандаи пешини ТВ "Сафина" - Ман дар "Сафина" чанд ваќт шуд, ки ѓайрирасмї кор мекунам ва маро аз кор нарондаанд. -Талабшои љў, дар куљову чї кор кардани худат, балам, ба љуз чанд занаки хонашину духтари нодида ба њеч кас лозим нест. Њар коре дорї кардан бигир! Валии ЊИРОТЇ, сарояндаи афѓон: - Мутаасифона дар клипи "Духтари њамсоя бало", ки ман бозхонї кардаам, сањве роњ ёфтааст, ки ба ман гўшрас карданд. Матни ин суруд аз љониби Бањром Ѓафурї навишта шудааст ва ман онро таѓйиру такмил дода ва баъд бозхонї кардам. - Аз духтари њамсояи Бањромљон дида, балотар мебудед, ягон суруди бамаънї мехондед. Ягон чизро такмил додан шарт набуд.

Дар њафтанома матолибе низ ба нашр мерасанд, ки бо мавќеи идораи он муѓойират доранд. Дар шумора аз аксњое њам аз Шабакаи љањонии Интернет истифода шудааст. Матолиби хусусияти таблиѓотидошта ® метавонанд танњо бо пардохти муайян дар њафтаномаи «Нигоњ» нашр шаванд. Барои дар дигар нашрияњо пурра ё ќисман чоп кардани матолиб ва иќтибосњо аз «Нигоњ» иљозаи хаттии идора ва нишон додани сарчашма дар шакли «аз њафтаномаи «Нигоњ» №_ аз санаи _» њатмист. Њуќуќи муаллифии кулли матлабњои шумора ба идораи њафтаномаи «Нигоњ» ва СЉ «ИНДЕМ» тааллуќ дошта, тибќи ќонунгузории љории Тољикистон ва байналмилалї њифз карда мешаванд. Дар њолати наќзи "Меъёрњои ахлоќии фаъолияти журналистї дар Тољикистон" аз љониби нашрияи мо, бо арзу шикоят метавонед ба Шўрои воситањои ахбори оммаи Љумњурии Тољикистон (Шўрои ВАО - и ЉТ) мурољиат намоед.

Ќимати рўзнома дар фурўши чакана на беш аз 2,5 сомонї Њафтанома дар нашриёти «Мега-принт» чоп мешавад. Теъдод 4 000 нусха Ќимати обуна барои як сол - 78 сомонї. Индекси обуна: 68990 НИШОНИИ ИДОРА: Љумњурии Тољикистон, шањри Душанбе, кўчаи Носирљон МАЪСУМЇ, хонаи 3. Телефон: (44) 600 80 38, 224 25 09 Теъдоде аз њар шумора дар асоси кўмаки техникии (дар шакли ќоѓаз) дафтари САЊА дар Душанбе ройгон таќсим карда мешавад.


Turn static files into dynamic content formats.

Create a flipbook
Issuu converts static files into: digital portfolios, online yearbooks, online catalogs, digital photo albums and more. Sign up and create your flipbook.