Нигох №41 (474). Чоршанбе, 13-уми январи соли 2016

Page 1

“НИГОЊ”, ЧОРШАНБЕ №41 (474), 13. 01. 2016

"Обрўи њокимияти давлатиро кї паст мезанад?"

1

САЊИФАЊОИ 8-9 №41 (474). Чоршанбе, 13-уми январи соли 2016

e-mail: nigoh_tj@inbox.ru

-УМ СОЛ БО ШУМО!

www.facebook.com/nigohtj

ИЛЛАТИ МОДАРЗОДЇ Нобудии љамъияте, ки ислоњ шудан намехоњад, ногузир аст!

ЗАРАРРАСОНИ № 1 СУЊБАТИ РЎЗ

ЌАВЛУ АМАЛ

НОТАВОНИИ БЛОКИ ИЌТИСОДЇ САЊИФАИ 7

ДИКТАТОР

ХУДКОМАЕ, КИ ТАСАРРУФИ АМРИКО БА ПО ГУЗОШТ САЊИФАИ 13

Каромат ШАРИФОВ: "ТОЉИКОНРО ЊУКУМАТИ РУСИЯ БЕЌАДР НАКАРДААСТ..." САЊИФАИ 4

БАЊСИ БЕШТАР

ЊАДИСИ ШАРОБ САЊИФАИ 12

Дар яке аз нимаказармањои сохтмонї дар Русия як тўда аз муздурони мо зиндагї мекарданд. Гастарбайтерњои мо њудудан 300 нафар буданд. Нотавонии онњоро пай бурда, се руси майзада зуд - зуд онњоро "хабар" мегирифтагї шуданд. Дар дасти яке аз майзадањои рус корд буд. Алкашњо шабу нишмашаб омада, мардикорони аз кори сангини сохтмон лоѓару лакотро бедор мекарданд. Бечорањоро ќатор монда, як-як кисањояшонро мекофтанд. Пули бо азоб ба даст овардаашонро кашида мегирифтанду мерафтанд. Касе аз муздурон ба майзадањои рус њарфе аз бинї боло гуфта наметавонист. Њама метарсиданд. Ин њол хеле давом кард, то ваќте яке аз онњо гуфт: "Бас". Онњо маслињат карда, ба хулосае омаданд, ки дафъаи дигар роњзанњоро дошта, ба полис месупоранд. Вале як мушкил пеш омад. Касе аз онњо мебоист аввалин шуда ба авбошон њамла кунад. Бањси "кї аввал ба ѓоратгарони майзада њамла мекунад?" ќариб буд ба занозании љабрдидагони њодиса табдил шавад. Як гуруњ мегуфт, ки ба дуздон бояд гуруњи дигар њамла кунад, дигарон мегуфтанд, ки ин корро бояд гуруњи сеюм ба уњда гирад. Њамин тавр онњо зиёд бањсу хархаша карданд, то ваќте ки гуруњи муташаккили љиноятпеша боз пайдо шуд. Вале ин даъфа муздурони мо тибќи одат аз љой бархостанд, саф оростанд ва дуздони араќхўр осон кисањои њар кадомиро холї карда, бо пули бедардимиён баромада рафтанд. Албатта араќхўрї. Њамин ваќт, яке аз гастарбайтерњои мо гуфт, ки дар наздикї 16 нафар доѓистонї зиндагї мекунанд, ки хеле нотарсанд. Болои ин, онњо мусалмонанд ва њатто яке аз ин тўдаи бесарпаноњ бо як нафари онњо дўстї њам доштааст. - Назди доѓистонињо меравем, - хулоса карданд љабрдидањои нотавон, -бигзор доѓистонињо худ ќазоват кунанд, ки бо кадом роњ мушкили моро осон кардан мумкин аст. Баъди бањси тўлоние (ки ќариб буд ба мушткашї табдил шавад, чунки одами як мањал мехост сокини мањалли дигарро ба пеш андозад, кўлобї хуљандиро, ѓармї ќурѓонтеппагиро ва ѓ.њ.) онњо се нафари боаќлтарину фаъолро аз манотиќи гуногун интихоб карда, назди доѓистонињо фиристоданд. Ќафќозињо њайати моро хуб ќабул карданд, њатто наздашон чой дам карданд. Наход, - гуфтанд онњо, мусалмон ба мусалмон дасти ёрї дароз накунад? "- Ана Магомет пагоњ кор надорад, бигзор ў масъалаи гуруњи љиноиро њал кунад - гуфтанд онњо ба китфони марди бурутї, ки чандон батанутўш набуд, зада. "- Не, - гилоя сар карданд сенафараи мо, - аз дасти ў ин кор намеояд. Охир онњо се нафаранд, яке аз онњо дар дасташ корд дорад. Онњо Магометро кушанд, мо бояд љавоб гўем!? "-Намекушанд, -дилпурона гуфтанд ќафќозињо, агар ягон чї шавад, ба Магомет шумо кўмак мекунед, шумо бисёрї-ку..." Шояд њамин ишораи "бисёрї", ё шояд чизи дигар онњоро як андоза ба нанг овард, ки розї шуданд. Шаби дигар бонги майзадањо боз баланд шуд: "Чурки подъём!!!". Мухотабони сегонаи майзада аз тарс нафас намекашиданд. Њама аз эњтимоли хунрезї њарос доштанд. Аммо ѓайриинтизори ин ноуњдабароёни тарсў Магомет аввал њамонеро, ки корд дошт, зада афтонд, баъд дигариро ба пушт афганд ва сипас сеюмиро њам. - Агар як бори дигар биёед, корчаро дар к..натон мезанам "- гуфт ќафќозии бурутї, ваќте њар серо лагатзада аз дар берун меронд. Магомет, ки ба осонї бародарони њамдинашро аз мушкил рањо карда буд, рафт. Русњои майзада аз тарси корд дигар наомаданд. Аз он рўз муздурон мо мисли одам зиндагї карданд. Акнун онњо ба ќафќозињо як миќдори хеле ками пулро њамчун хирољ медоданд. ..

3


2

“НИГОЊ”, ЧОРШАНБЕ №41 (474), 13. 01. 2016

МАВЗУИ АСОСЇ

САНЉИШИ МАЌОМОТ СОБИТ СОХТААСТ, КИ Р. ХАЛИКОВ «ФУРУДГОЊИ ДУШАНБЕ» ВА «ТОЉИК-ЭЙР»-РО ДУРУСТ ИДОРА НАМЕКУНАД

ЗАРАРРАСОНИ № 1 Маќомоти кишвар бар онанд, ки рањбарияти феълии ширкати давлатии "Тољик-Эйр" ва "Фурудгоњи байналмилалии Душанбе" фаќат дар соли гузашта ба давлат зиёда аз 150 миллион сомонї (!) зарари молї овардааст. "Нигоњ" як сол пеш огоњ карда буд, ки "охурча" кардани ширкатњои давлатї зидди сиёсатњои Њукумати Тољикистон ва хилофи манфиатњои миллист. Сарвазиру сарпарастони соња чора надиданд. Балки бечораву заъиф буданашонро ба тамошо гузоштанд. Гуруњи манфиатљў ѓалабаи тактикї ба даст овард. Бехабар аз он ки .... дубора ба мавзўъ даст мезанем, то чизеро аз Роњбари давлат, љомеа ва прокуратура панањ карда натавонанду манфиатњои милливу давлатї боз зери по нашаванд...

Ташвиши Вазорат ё "Ленин дар Помир" Аввали њафтаи љорї Вазорати наќлиёти Тољикистон бо пахши як гузориш иттилоъ дод, ки соли гузашта аз хизмати ширкати њавопаймоии "ТољикЭйр" 311 њазору 200 мусофир истифода бурдаанд, ки дар ќиёс ба соли гузашта 16,1 % камтар аст. Манбаъ њамчунин мегўяд, зарфи як соли сипаришуда њаљми боре, ки њавопаймоњои "Тољик-Эйр" кашидаанд, дар муќоиса ба як соли пеш 38,5 % коњиш доштааст. Дар ин сол њамагї 647,1 тонна бор аз тариќи ин ширкат интиќол дода шудааст. Вазорат сабаби коњиши мусофирон ва интиќоли борњоро ба ислоњоти ќонунгузории Русия марбут медонад. Тибќи ин ќонунгузорї аз аввали январи соли 2015 шањрвандони Тољикистон танњо бо шиносномаи хориљї имкони сафар ба Русия доштанд. Ин њам дар њоле, ки баъди кашмакашњои зиёди маъмурї ва лобигарии рањбарияти "Фурудгоњи байналмилалии Душанбе" соле пештар Њукумат ширкати давлатии "Тољик-Эйр" ро низ ба онњо таслим намуда буд, то вазъи молии он бењтар гардад. "Чўљањоро тирамоњ шумурданду" маълум гашт, ки нишондињандањои асосии истењсолї ва вазъи молї дар пўшидатарин ширкати давлатї бадтар шудааст, ки бењтар на. Гунањкор? "Сайидакбар!"* - паспорти хориљї. Аммо њар фарди ба соња ошно хуб медонад, ки ин омил натанњо њалкунанда набуд, балки ночизтарин буд. "Сайидакбар Ленинро кушта наметавонист, чун Владимир Илич дар Помир набуд". Сабаби асосї маълум аст. Ба он Бонки љањонї моњи охири соли гу-

заштаву (декабр) "Нигоњ" нахуст дар моњи августи соли 2014 ва сипас аввали соли 2015 (аниќтараш дар моњи феврал) ишора карда буданд. Ишора чї?! Баръало нишон дода буданд, аммо дуруст, ки нагуфтанд: "Дуздро доред!" Хонандаи арљманд, бояд донад, ки БЉ мегўяду мегузарад. Вижагии фаъолияти як нињоди нимасиёсї, ки бюрократњои сатњи љањонї идорааш мекунанд, њамин аст. Мушкилофарї барои низомњои сиёсї аз ањдофи аслии онњо нест. Вагарна кайњо роњи гранту кўмакњои њангуфтро мебастанду меъёрњои љањонии идораи корпоративї ва шаффофияти пешбурди фаъолияти ширкатњои давлатиро сари њукумат бор мекарданд. Онњо, ки масъули

рушди миллии мо нестанд ва масъулити хосе эњсос намекунанд. Баръакси љомеаи мо ва институтњои он, назири "Нигоњ".

Пардабардории "Нигоњ" Бояд иќрор шуд, ки њадафи аслии мо тавре њамон ваќт эълон дошта будем, пардабардорї набуд. Бо амалисозии тарњи мушкили ""Самаранокии идораи давлатї. Нигоњи мустаќил. 2014" се маќсад пиёда карданї будем: 1) Тањияи матолиби љиддї барои хонандаи доимии нашрия; 2) Љалби диќќати њукумат ва љомеа ба самаранокии фаъолияти муњимтарин корхонаву самтњои иќтисоди миллї бо тамаркуз ба меъёрњои идораи корпоративї ва шаффофияти пешбурди бизнес; 3) Ба намоиш гузоштани имконоти тањлилии як нашрияи тољикї дар бахши иќтисод, ки орзуи њайати эљодии нашрия ва самти афзалияноки кори мо буду мемонад. Аммо, шояд хонандаи њушманд дар хотир дорад, номабозии шашмоња натиља надод. Роњбари ЉСК "Фурудгоњи байналмилалии Душанбе" ва ЉСК "Тољик Эйр" Рустам Халиков ба њар бањона ба суолњои нашрия љавоб надод. Суолњо њам суол буданд (айнан):

РОЊБАРИЯТИ ФБД ДАРОМАДИ АСОСЇ АЗ 2755 ПАРВОЗИ ЧАРТЕРИРО БА ШИРКАТЊОИ ОФФШОРИИ АРАБЇ ДОДААНД

10. Аз њисоботи ширкат бармеояд, ки дар соли 2013 љамъият ба маблаѓи беш аз 14 милион доллари ИМА техникаву таљњизот харидааст. Мушаххасан гўед, ки дар асоси кадом шартномањо ва аз кадом ширкатњо? 11. Оё тасдиќ мекунед, ки шартномаи ЉС бо ширкати њавопаймоии "Аэрофлот техник Ют - Эйр лизинг Россия" ва "Тољик Эйр" дар асоси тендер баста шудааст? 21. Ба кадоме аз ширкатњои хориљї ЉСШК "Фурудгоњи байналмилалии Душанбе"тахфиф пешнињод кардааст? Маблаѓи солонаи тахфифњо чї ќадар аст? Роњбарияти љамъият ба ширкатњои хориљї додани тахфифро бо чї асоснок мекунад? 31. ЉСШК "Фурудгоњи байналмилалии Душанбе"ва ЉСК "Тољик Эйр" то куљо ба меъёрњои байналмилалии шаффофияти пешбурди бизнес содиќанд? Он дар чї ифода меёбад? Он матлаб раќамї шуда, барои абадият зери ин тор љо гирифт: http:// tojnews.org/tj/news/korhonai-vokhidihususii-halikov Мо санад мехостем, то собит созем, ки буљаи ширкат "арра" мешавад, хариди техникаву таљњизот шаффоф нест, эњтимоли ба бозор даромадани ширкатњо аз роњи фасод вуљуд дорад? Салоњияти тахфиф додан аз Њукумати Тољикистон аст, аммо ѓасб шудааст? Санљишу аудити ширкат пурра асту ба меъёрњои байналмилалї мутобиќ аст? Дар умум садњо миллион сомонї ба буљаи кишвар ворид мешаванд ё...? Баъди чанд моњ маълумоти аввалияи мо ба ин хулоса меовард, ки "Фурудгоњи байналмилалии Душанбе"ва "Тољик Эйр" КВД неву ба кавли як манбаи мўътамадамон он КВХ, яъне "Корхонањои воњиди хусусии Халиков" буда, дар онњо "подряди оилавї" љорист. Онњое, ки фикр мекунанд, манфиатбардори фурудгоњанд, дар асл таги табаќи Халиковро мехўранд. Аммо тањќиќоти аз ин бештари мо имконнопазир монд, то ба саволњои љиддии худ посух ёфта, хонандаро аз фаъолияти як корхонаи барои мардум хеле муњим ошно гардонем. 5 * ишора ба спектакли "Ленин дар Помир"


МАВЗЎИ РЎЗ

“НИГОЊ”, ЧОРШАНБЕ №41 (474), 13. 01. 2016

1

3

БО ЯК НАФАС

Аммо дар ин ќисса нафратовар ин нест, ки 300 кас наметавонанд худро аз се майзада њимоят кунанд ва њатто нафрат дар ин њам нест, ки њар кадоми онњо тайёранд њамватанашро ба дами теѓ тела бидињад, то худ дар амон бошад. Нафратовар ин буд, ки баъд аз ин воќеъа онњо дар њар куљо наќл мекарданд, ки наљотдињандаи онњо, тољик буд, на доѓистонї. Ба њар касе, ки мепурсид, "Мо метавонем!" гуфта, шона пањн мекарданд ќањрамонњои мо. Сабаби фољиаи аксарияти онњое, ки рондаву шарманда шуданд, ѓорату таљовуз шуданд, бегуноњ ба мањкама кашидаву кушта шуданд, дар њамин ќисса нињон аст. Дар њамин сукуту тањаммул ва тарсўї бояд љуст сабаби фољиањои 23 соли ахирро. Ман дар Санкт Петербург дар њамоише, ки ба Умаралии кўчаку марњум бахшида шуда буд, иштирок доштам. Ба "Марсово поле" њамроњи рафиќам дертар омадем. Маро њаяљон фаро гирифта буд, гумон кардам, ки ба майдон расида, издињоми њамватанони норозиямро хоњам дид, ки аз њуќуќи шаъни Умаралии берўзї дифоъ мекунанд. Аммо дар њайрат афтодам, ваќте дидам, ки дар ин гирдињамої русњо бамаротиб бештар аз тољиконанд. Бори дигар ба аксњои он гирдињамої дида дўзед, њамин чанд нафаре, ки дар даст плакат доранд ва чанд тани дигар дар пасманзаранд, ки тасаввуроти моро дар бораи шаъну эътибор инъикос кардаанд. Дигарон, боз њам аз тарси маќомот дар кунљу канор пинњон шуданд, талош карданд, то назди наворбардор љилва накунанд. Ва боз њамон шиори нобакорон, ки ман тобу тоќати шуниданашро надорам: "Э, мон, гумуш кун". Ин шиъор дар њар мавриду њар куљо садо медињад, ки њамватани ман он љост... Ман гирдињамоиро тарк кардам. Ман њар љову њар касеро, ки аз ў ин љумларо шунидам, тарк мекунам. Ин љумла барои мо мисли як оят шудааст. "Э, мон гумуш кун", ваќте дуздакеро аз "Барќи тољик", ки рўирост мардумро ѓорат мекунад, бояд ба љояш шинонд, "Э, мон гумуш кун", ба бесаводе, ки дар фурудгоњ мусофиронро њаќорат мекунад, "Мон гумуш кун", ба мансабдоре, ки мамлакатро шармсор кардааст, "Э, мон гумуш кун" ба бењунаре, ки њамаи моро ѓорат мекунад! Сабаби ќатли моро дар Русия набояд дар ноќисулаќлони рус, балки дар худи мо бояд љуст, дар сукут ва тањаммулпазирии мо ба њар касу њар чизе, ки иззату эътибори моро паст мезанад, агар аз он чизе боќї монда бошад! Таваљљўњ кунед, дар тўли ду љанги Русия бо Чеченистон, агар майдони љангро ба инобат нагирем, ягон чечен берун аз хокаш кушта нашудааст, ягон гурљї, ягон укроинї кушта нашудааст. (Худо аз љанг нигоњ дорад!) Аммо барои чї дар Русия фаќат нисбати мо чунин муносибат мекунанд, ки гўё танњо мо зидди Русия љанг мекунем ва русњоро мекушем? Барои он ки њарчї бо мо мекунанд, мо тањаммул мекунем, аксуламал нишон намедињем. Барои њамин мо сайди осонгирем, аз њамин сабаб мо ба ѓуломони њалќабардўш табдил ёфтаем. Даранда бештар бар сайде тамасхурро раво мебинад, ки аз худ њимоят наме-

МУШКИЛИ КЎЧАК ВА БУЗУРГИ МО Бачаи тољикро ки "муљоњид" месозад?

ИЛЛАТИ МОДАРЗОДЇ Нобудии љамъияте, ки ислоњ шудан намехоњад, ногузир аст! кунад. Ягон нафар аз ќотилони њамватанони мо ба аксуламали сазовори умумимардумї рў ба рў нашуд, то ќотил битарсад. Ягон бор нашунидам, ки њукумати мо ба кишваре, ки он љо ќатли оми миллати мо идома дорад, эътирози ќатъие нишон дода бошад. Марги тифлон, падарону шавњарон ин мардумро тањрик надод. Як ќисм барои он "Э, мон гумуш кун" мегўянд, ки аз њисоби ѓуломон соњиби ќасру кўшкњо мешаванд. Дигарон "Э, гумуш кун" мегўянд, чунки дигар илољ надоранд. Намедонанд аз куљо пул гиранд, то волидайни пирашонро нигоњубин кунанд, тањсили фарзандонашонро таъмин кунанд, ќарзи дар тўли ин ваќти саќат љамъшударо пардохт кунанд. Мо комилан одобу ахлоќро аз даст додаем, гўё њамчун миллат ташаккул наёфтаем. Миллати комилро аз одобу ахлоќ мањрум карда намешавад.... Чунки миллати комил одобу ахлоќашро аз худ ба вуљуд меорад. Мо дар њар љода одобу ахлоќро аз даст додаем: дар фарњанг, илм, сиёсат, дин, дар муносибат бо дигарон. Дигар одобу ахлоќ надорем, на дар оила, на дар љомиа, на дар муносибат ба замин, захирањои табиї, маориф, нисбат ба гузашта, оянда, дар муносибат ба худ ва бо Худо. "Э, мон гумуш кун"- беодобї ва беахлоќист! Тўдаи беодобу ахлоќро миллат номидан мумкин аст? Ваќте мо мўсафеди 95-соларо тарсондем, то назди навобардор гиря кард ва ба ў иљозат надодем, ки бо писараш дидорбинї кунад, ўро аз њавопаймо фуровардем, чунки як кас шояд аз бехудї ўро террорист номидаву ба ў нафрат кардааст, агар мо мўсафеди 80соларо маљбур кардем, то барои дарёфти ќути лоямути оилааш тарки ватан кунад, саволи ман ба шумо ин аст: мўсафеде, ки дар ѓами дидори писараш мурд, аз оне, ки дур аз аз ватан кушта шуд, чї

фарќе дорад? Охир, аз ду сар онњо ќурбониёни беодобї ва беахлоќї ва адами эњтиром нисбати пиронсолон ва пирї дар худи мост! Мањз тўдаи кўрдилонро метавон аз одобу ахлоќ мањрум кард, на миллатро. Миллат, халќ метавонад аз њуќуќ ва шаъни худ дифоъ кунад. 300 марди як мардум њадди аќал аз се майзада худро дифоъ мекунад. Халќ таънаву тамасхури чандинсоларо тањаммул намекунад. Халќ иљозат намедињад, ки ўро 24 соат дар як шабонарўз ѓорат кунанд ва пайи њам гўл зананд. Халќи њаќиќї иљозат намедињад, ки ба ў чун бо ѓуломон муносибат дошта бошанд. Аммо агар ў бардагиро ба гардан гирифта бошад, маљбур аст њарчї бо ў мекунанд, тоќат бикунад. Дар хона ѓулом бошї, дар ѓарибї њам ѓулом мешавї! Ѓулом хотираи кўтоњ дорад! Вай азобу истисмор ва азиятдињандаашро зуд фаромўш мекунад, вай мисли њайвони корї аст, ки барояш љуволи коњу кунљи работ болотар аз шаъну эътибор аст. Њоло кї Умаралиро дар хотир дорад? Фаќат падару модараш ва ќабри кўчаке, ки барояш гањвораи абадї шудааст? Агар мо аз модари Умаралї дифоъ мекардем, шояд бо њамин тамоми мардум худро сафед карда метавонист. Нашуд. "Муште, ки баъди љанг ба ёд омад, ба сарат зан!" Акнун дигар худро сафед карда наметавонем, маљбурем њаросону пинњон аз канора идомаи азобу уќубат ва ќатлро назора кунем. Илољи дигар нест. Мо бохтем! Фаќат бояд дар ёд дошт, ки нобудии љамъияте, ки ислоњ шудан намехоњад, ногузир аст! Инро њам бояд донист, ки барои нигоњдории ѓуломон деворњо лозим нестанд, зеро девор дар дили ѓулом аст!

Дар љойњои љамъиятї, дар мањалњо рўйхати "муљоњидон"-и мањаллї, ки маќомот аз ширкаташон дар љангњои хориљи кишвар огоњї доранд, пайдо шуданд. Маќомоти амниятї бо нашри ин рўйхатњо, аз сокинони мањаллї дархост кардаанд, ки дар њолати маълумот доштанашон дар бораи ин афрод, онњоро огоњ созанд. Аз љумла, дар рўйхате, ки дар масљиди љомеи мањали мо пайдо шуд, ному насаби чор љавон аст, ки шахсан ду тани онњоро шинохтам. Њарду ду-се гузар аз мо болотар зиндагї доштанд ва аз ростї, ба назарам, як андоза содалавњ менамуданд. Аммо ваќтњои ахир зоњиран сахт ба дин гаравида ва њаёти мазњабї доштанд. Њатто шунида будам, ки яке аз онњо, дар кадом як ноњияи дур аз пойтахт, чун рањгузар ба манзили одамони комилан барояш бегона ворид шуда, аввал оби тањорату љонамоз талаб карда, баъди лутфи соњибхона, ки дар мо аз рањгузар дареѓ намедоранд, намоз хонда, сипас аз онњо духтарашро ба занї хоста будааст. Ин њодисаро бачањо наќл карда механдиданд. Ваќте сарусадо дар бораи ба Сурия рафтану бозпурсї шудани волидайнаш дар гузар баланд шуд, фикр кардам, ки аз содагияш аст. Чанд сол пеш агар ба мо мегуфтанд, ки фалонї аз гузарї боло ба љанг ба Сурия рафтааст, шояд хуб механдидем. Аммо имрўз ваќте ин воќеият шудааст, хатару њассосияти ин вазъро бояд дуруст дарк кард. Имрўз як нафар, ки миёни мо зоњиран гўё фарќ њам намекард, њоло комилан андешаи дигар, назари дигар, мафкураи дигар дорад. Аммо арќоми ахир, ки маќомот нашр мекунанд, нишон медињанд, ки гап фаќат дар содагиву зудбоварии љавонони мо нест. Иллати асосии њиљрати љавононро ба "љињод" пеш аз њама ба саводи динї надоштани љавонон рабт медињанд. Дар њамин њол, дар макотиби миёна, љойи ягона ва асосии саводноккунии насли нав, аз фанни "Таърихи дин", ба гуфтаи вазири маориф ва илм, њафтае њамагї як соат дарс дода мешавад. Мантиќ куљост? Насли нав, њадди аќал дар бораи исломи ноби суннатї, ки дар таърихи якунимњазорсола касеро дар ин мулки куњсор натанњо террорист накард, балки ба ќуллањои баланди илмї расонда буд, аз кї, дар куљо маълумот бигирад?! Чї тавр босавод шавад? Магар мешавад бо як соати дарсї ва рейдњои њармоњаи "фањмондадињї" бо иштироки кормандони милисаву амният дар ин кор иктифо кард? Завлонаву ба зиндон задани њама билохира илољи кор нест. Зиёда аз ин, кї ба наврасон таърихи динњоро меомўзад? Ин масъала низ нињоят муњим аст. Намешавад, чунин як масъалаи њассосро ба уњдаи њар омўзгори одии имрўза партофт. Њамчунин хеле аљиб аст; тибќи иттилои расмие, ки Кумитаи дин пањн кард, аз 228 нафар муњассилини макотиби динии хориљї, ки ѓайриќонунї тањсил доранд, њамагї 7 нафарашон дар љангњои Сурия ширкат доранд. 221 нафари дигар ба љињод нарафтаанд! Ин ба чї ишора мекунад? Агар пештар мактабњои динии Покистонро ба омодасозии террорист айбдор мекардем, пас имрўз метавон ин иттињомро ба дўши вазорати маориф ва илми кишвар низ бор кунем? Агар не, бояд андешед, ки билохира чї бояд кард? Чанд нафаре, ки аз "љињод" бо пушаймонї баргашта, ба маќомот таслим шудаанд, мешунавем, ки аз тариќи шабакањои иљтимої гумроњу фирефта шудаанд. Чї бояд кард? Мањдуд кардани дастрасї ба сомонаву шабакањои интернет илољи кор нест. Мушкил дар халои иттилоотист, аммо ба назар мерасад, ки дар мо ќудрати раќобати солимро дар фазои иттилоотї надорад! Ин аст мушкиле, ки панљ сол пеш нашрияњои мустаќил пешгўї мекарданд, аммо ба назари маќомдорон содаву кўчак метофт! Пас маълум мешавад онњо мушкили бузургро њамеша хурд ва масоили љузъиро аз будаш зиёд мебинанд? Чашмро бояд калонтар кушод....чашми аќлро...

Барзу АБДУРАЗЗОЌОВ

Фаридун РАЊНАВАРД

САДОИ МАРДУМ

20% 10%

17%

19%

Муќобили њардуяшон

30%

Аз љониби Эрон

40%

Аз љониби њеч кадомаш

50%

Аз љониби Арабистони Саудї

54%

60%

54%: ДАР ЉАНГИ ЭРОНУ САУДЇ МУЌОБИЛИ ЊАРДУЯШОН МЕБАРОЕМ

9%

0% 1

2

3

4

Аксарияти пурсидашудагони як назарсанљї (54%) гуфтаанд, дар њолати сар задани љанг миёни Арабистони Саудї ва Эрон аз љониби њељ кадоми онњо љанг нахоњанд кард. Дар ин назарсанљї, ки тањти унвони "Худо накарда, дар љанги эњтимолии Арабистони Саудиву Эрон аз љониби кї мељангед?" баргузор шуд, 19% ба тарафдорї аз Арабистони Саудї гуфтаанд дар њоли сар задани ин љанг аз љониби ин кишвар хоњанд љангид. Бар хилофи назари респондентони маз-

кур 17% аз ин раъйдињандагон изњор доштаанд, ки дар ин љанг аз Эрон љонибдорї хоњанд кард. 9%-и дигар дар ин назарсанљї гузинаи "Муќобили њардуяшон"-ро интихоб кардаанд. Ин назарпусї бо супориши њафтаномаи сиёсии "Нигоњ" аз 6-ум то 12-уми январ дар сомонаи Ољонсии иттилоотии "TojNews" гузаронида шуда, дар он 736 нафар ширкат кардааст.

Суоли навбатї: Заруратеро барои таѓйири Сарќонун дар соли 2016 мебинед?


4

СУЊБАТИ РЎЗ

“НИГОЊ”, ЧОРШАНБЕ №41 (474), 13. 01. 2016

- Каромат Баќоевич, чанд рўз пеш як мўйсафеди 81 - сола дар Русия кушта шуд. Ба назар мерасад, ки дар ин кишвар бо навбат тољиккушї мекунанд, на ба кўдак рањм доранд, на љавон, на пир. Ба фикратон чаро ин гуна тамоил пайдо шуда? Оё Шумо худрову созмони худро, ки њимояи њуќуќи муњољиронро асоси фаъолият медонед, то љое дар вуљуди ин гуна тамоил гунањкор њис намекунед, ки онро пешгирї карда наметавонед? - Бовар кунед, ман њамеша дар фикри миллати худ њастам ва барои њалли мушкилашон талош мекунам. Њар як узви Љумбиши муњољирони мо низ дар ин самт хизматњои шоиста анљом медињанд. Албатта латукўби мўйсафед, ки баъдтар ба њалокати ў табдил ёфт, як фољиа аст. Аз ин пештар њам фољиањои кам надоштем. Њамаи ин як ќатраи обе аз деги љўшидаистода, яъне нолаи њар як хонадони тољик мебошад. Биёед, аз рўи инсоф њарф занем: тољику тољикистониро њукумати Русия ба ин беќадрї нарасонидааст. Мушкилро мо бояд дар худамон дарёбем! Бубинед, баъзе намояндањои давлатии мо аз њисоби андози падару модари ин муњољирон кайфу сафо карда, дар Русия мегарданд. Ман соли 2001 пас аз тарк намудани Ватан, дар Русия тасмим гирифтам, ки ба њамватанони худ дасти ёрї дароз намоям. Фикр мекардам кори осон аст. Аммо баъдтар мушкилињоеро эњсос кардам.

не? Ин муњољир барои он саволро дар миён гузошт, ки нашрияи мо масъалањои зиёд, фољиањои њамватанонамон дар Русияро љиддан баррасї мекунад. Аз ин рў, њамватанони мо фањмидан мехоњанд, ки дар сатњи баланд аз мушкилоту масъалањои онњо хабар доранд, ё не? Дар посух ба саволи он муњољир гуфтам, ки президент вуљуди ин нашрияро шояд надонад... - Муносибати Шумо бо њукумат яксон нест. Яке хабарњое пањн мешавад, ки мењмони ифтихории Душанбеед, яке муносибататон ба сардї муаррифї мешавад. Ба ќавле, кадом "моли таќсимнокарда" байнатон њаст? - Муносибати њукуматро нисбат ба худам ягон ваќт хуб арзёбї намекардам. Пешнињодњои хуби мо низ аз љониби онњо ба назар гирифта намешавад. Шояд сабабаш дар он бошад, ки аз ман хушомадгўву тамаллуќкор намебарояд. Шояд барои баъзењо зодгоњи ман хуш наояд. Ман бо он гурўњњое кор карда метавонам, ки фаъолияти зиндаву амалї доранд ва набзи зиндагиро дуруст дарк мекунанду аз воќеиятњо огоњанд. Мутаассифона ин њолатро ањзоби сиёсии Тољикистон ва гуруњњои иљтимоии дигари дохили Тољикистон низ надоранд. Аз њамин хотир, бењтар медонам дар танњої ва аслан дар заминаи Љумбиши худамон кор кунам. Шукри Худо таи ин ќадар солњо корњоеро ба сомон расонидем ва мутахассисони

ШАРЊИ ЊОЛ

Каромат ШАРИФОВ:

"ТОЉИКОНРО ЊУКУМАТИ РУСИЯ БЕЌАДР НАКАРДААСТ..." Суњбати ихтисосии «Нигоњ» бо раиси Љунбиши муњољирони кории тољик дар Русия Номашонро намеорам, аммо бовар кунед, дар сатњи њукумат њам одамоне њастанд, ки мањз аз њисоби мењнати пурмашаќќати муњољирон кайфу сафо доранд. Кор то љое расид, ки ман розї будам ба яке аз мушовирони президент табдил ёфта, консепсияи масъалањои вобаста ба муњољиратро дар якљоягї њал намоем. Аммо њукумат дар ин росто хомўширо бењтар донист. Ин њолат, яъне бењаракатии њукумат, боис ба беќадрии њамватанони мо гашт. - Дуруст аст, ки асли масъалагузорињо дар ин замина бояд ба маќомоти Њукумати Точикистон рабт бигиранд. Аммо Шумо дар матлабњои зиёдатон ишора мекунед, ки зањмати Шуморо матбуот, њукумат, њомиёни њуќуќ ќадрдонї намекунанд. Фикр мекунед чаро? - Сабабаш тољик буданамон. Ин ягон љои пинњон надорад. Вагарна дар Русия яњудињо бамаротиб зиёдтар бо барномањои худ кор мебаранд. Мо бояд чї кор кунем? Ќариб њама роњњоро баста мебинам. Мутаассифона президент Рањмонро атрофиёну мушовиронаш аз воќеиятњо дур бурдаанд. Дар вобастагї саволе аз љониби як њамватанамон дар арафаи 10 солагии љашни рўзномаи мо, яъне "Овози Тољикистонињо - Голос Таджикистанцев" ба унвони ман расид, ки ў мепурсид, оё президенти кишвар аз вуљуди нашрияи мо хабар дорад, ё

КУШТОРИ МЎЙСАФЕДИ 80-СОЛА

хуберо њам тарбия кардем. - Шумо бо чанд сафири Тољикистон дар Русия њамкорї кардед. Чаро фаъолияти сафири навро бењтар медонед, дар њоле, ки фаъолияти кормандонашро манфї арзёбї мекунед? - Сафири нав, љаноби Имомуддин Сатторов аз сафирони дигар, ки ман медонистам, то љое фарќ дорад. Љавон аст, пурэнержї ба назар мерасад. Бо ин њама, фикр мекунам, барои бо ман вохўрдан ё чизеро машварат

ДУО ДАР ЊАЌЌИ МУЊОЉИРИ ЗАХМИН

кардан, аввал "иљозати боло" -ро мегирад. Мутаассифона мушкилоти њамватанони мо системавист ва њалли онњо дар сатњи болотар имконпазир аст. - Маълум аст, ки бо "љангхои дохилї" масъалањои вобаста ба муњочирон ва мушкилоти онњоро њал кардан мумкин нест. Масъалагузорињои ќотеонаи фарогир зарур. Инак минбар барои изњори онњо. Кадом масоилро ба фикратон бояд ќотеона баррасї кард? - Пеш аз њама бояд ба дарки ин нукта бирасем, ки мехоњем ё не, муњољирати мењнатї мушкилоти зиёдеро барои ояндаи мо, генофонди мо хоњад гузошт. Боис ба бесаводии як ќисмати бузурги мардум мегардад. Муњољирон бо шиками гурўснаву њоли зор шояд имрўз даромаде пайдо мекунанд. Аммо фикри ояндаро бояд кард. Онњо бармегарданд ва фикр мекунам бо худ умри кўтоње мебаранд. Касалињои зиёдеро дар вуљудашон шояд имрўз эњсос накунанд. Вале дар оянда онњо њатман хурўљ мекунад ва ба наслњои баъдиашон низ шояд мегузарад. Аз ин нуќтаи назар, масъалаву мушкилоти вобаста ба муњољиронро бояд љиддї баррасї намуд. Њатто интихоби роњбари муњољирон тариќи интихоботи умумихалќї дар Тољикистон, ё бо фармон таъин намудани роњбари онњо аз љониби президент масъаларо њал карда наметавонад. Масъала фаротар аст. Тавре гуфтам, мо ба як бўњрони системавї гирифторем ва њалли масоили вобаста ба муњољират танњо бо њалли асли масъалањо имконпазир хоњад буд. - Сабаби асосии "љангњои дохилї" миёни рањбарони диаспораро дар чї мебинед? - Ман пешнињодоти худро дар ин маврид њамеша ба намояндањои њукумат ироа медорам. Пеш аз соли нав низ пешнињодотамро, ки аз 15 пункт иборат буданд, ба намояндаи Хадамоти муњољират љаноби Иброњим Ањмадов супурдам. Бо далелњо изњор кардам, ки бояд аз тариќи сунъї ба гумроњї бурдани диаспорањо даст кашид, корњои фањмондадињиро ќавї кард. Бубинед, сомона ва нашрияи мо садњо мушкилоти њамватанонамонро њал мекунад. Аммо, мутаассифона ин масъалагузо-

Каромат Шарипов, раиси Љунбиши муњољирони кории тољик дар Русия. Соли 1963 дар ноњияи Файзободи Тољикистон таваллуд шудааст. Соњиби тањсилоти олї. Соли 1984 Мактаби олии низомиро дар Симферополи Украина ва дар соли 1989 мактаби олии њизбиро дар назди Кумитаи марказии Њизби коммунисти Иттифоќи Шўравї ва дар соли 2010 Академияи хадамоти давлатиро дар Ќафќози шимолї хатм кардааст. Тўли чандин сол дар сафњои Артиши Шўравї, аз љумла дар Ќазоќистон, Олмон ва нињоят дар лашкари 201-и Русия мустаќар дар Тољикистон хидмат кардааст. Дар соли 2001 дар Маскав созмони иљтимоии "Тољик-диаспора" ва дар соли 2007 "Љунбиши муњољирони кории тољик"ро ташкил медињад. Баъд аз баргузории нахустин Анљумани зодагони Тољикистон дар Маскав ин Љунбишро дар Вазорати адлия дар соли 2008 сабти ном мекунад. Дар соли 2005 чопи нашрияеро бо номи "Овози тољикистонињо" ва дар соли 2007 сайти Таљмигрант ком-ро бо ду забони тољикї ва русї ба роњ мемонад. Дар моњи майи соли 2006 ба ў унвони ифтихории "Сафири сулњ" таќдим мешавад. Оиладор, соњиби чањор фарзанд.

рињо дар сатњи њукумат дида намешаванд. Ба љониби њукумат њатто маълумоти нодурусту муѓризонаро пешнињод мекунанд, ки ба на танњо ба њалли масоил мусоидат намекунад, балки онро печидатар мегардонад... Диаспорањо бояд организми зинда бошанд. Дар њаќиќат тавонанд ва хоњиш дошта бошанд, ки ба мушкили муњољирон расидагї намоянд. Аммо ман бовар надорам, ки ягон роњбари диаспора њатто як сањифа арзу шикояти мардуми муњољирро ба њукумат расонида бошад. Зеро аксаран аз нафарони лаганбардору тамаллуќкор иборатанд. Баъзењояшро медонам, ки њатто бо забони русї ин тараф истад, балки бо забони модариашон хондаву навишта наметавонанд. Агар њукумат мехоњад мушкилоту масоилро аз тариќи диаспорањо њал кунад, аќаллан роњбарони онњоро аз тариќи озмун ќабул намоянд. - Пас аз бастани Созишномаи нав оид ба муњољират ва будубоши Пойгоњи 201- и Русия дар Тољикистон "њади аќќали муњољиршавї" (входной билет мигранта) аз 350 - 450 доллари соли 2012 то 800-1100 доллари соли 2015 боло рафт. Чаро чунин шуд? Биёед иќрор шавем, ки созишномаи мазкур дар арафаи интихоботи президентї баста шуд. Аз ин рў, он бештар хислати сиёсї дошт, то ин ки масоили воќеиро фаро гирад. Њукумат њатто натавонист масъалањои муњољирони худро љиддї дар миён бигзорад. Дар натиља муњољирони мо аз мушкилот на танњо вонарањиданд, балки масъалањояшон афзоиш ёфт. Аммо барои бархе шояд аз ин дида, масъалаи хариду фурўши сузишворї, ки аз њисоби фурўши он ба Афѓонистон даромади њангуфт мегиранд, муњимтар намуд. Мутаассифона ин воќеиятест, ки дорем...


ИЌТИСОДИ ВОЌЕЇ 1 Халиков нахуст "серкорї"- ву "љашну маросимњо" ва сипас "сири тиљоратї" ро бањона карда, бар хилофи талаботи ќонун ва одоби роњбари як коргоњи бузург ба нашрия љавоб надод. Як нашрияи иттилотиву сиёсї чї? Супориши Хукумати Тољикистонро зери по кард! Тарсидем. Як узви гуруњи тадќиќотї њам гуфт: "Бачањо бас! Ин мардак ё "крыша" дорад, ё крышааш ... ".

“НИГОЊ”, ЧОРШАНБЕ №41 (474), 13. 01. 2016

5

ЗАРАРРАСОНИ № 1 - Ин раиси камњунар њељ рафтанї нест...

Супориши овезони Њукумат Тибќи конунгузорї "Нигоњ" ба маќоми болої шикоят бурд. Бо рияои кулли расмиёт, албатта. Бо супориши Њукумати Тољикистон (№26/10-7365, аз 10-уми ноябри соли 2014) ва мактуби расмии Вазорати наќлиёти Тољикистон (№1 (7,1)-668 аз 17-уми декабри соли 2014) роњбарияти ЉСК "Тољик Эйр" вазифадор карда шуд, ки ба дархости журналистии нашрияи "Нигоњ"№ 84 аз 19-уми августи соли 2014 посухи расмї дињад. Бо вуљуди ин, роњбарияти ЉСК "Фурудгоњи байналмилалии Душанбе" ва ЉСК "Тољик Эйр" супориши Њукумати Тољикистонро иљро накард. Оре, хонандаи гиромї, њамин хел њам мешудааст! Хоса ваќте, ки вазири наќлиёт дастобгири Халиков бошаду Сарвазир коре ба калонтарин ширкати давлатї надошта бошад. Вазири пешин чора надиду дертар ба истеъфо рафт. Сарвазиру муовинонаш хомўшї ихтиёр намуданд. Прокуратураву Агентии фасод гўё рўзнома намехонанду мо барои сокинони Мирих менависем. Ба ќавли он марди ѓармї "мо мундем". Ду роњ доштем: мурољиат ба Прокуратураи генералї, ё идомаи тадќиќот. Имиљи "бултерери матбуоти тољик" муваззаф мекард, ки тадќиќотро идома дињем. Аќл њич бовар намекард, ки Халиков аз Хукумов ќавитар бошад. Љамъоварии маълумот ва тањќиќро идома додем. То хархаша дар фурудгоњ.

Хархашаи думдор Тибќи иттилои дарёфтї, чанде пеш Р.И. Халиков, ки аз фаъолиятњои вазири нави наќлиёт дар самти авиатсияи гражданї норизо будааст, зимни сафари хидматии ахирї ўро дар толори VIP поида, носазогўї кардааст. Халиков барои ин амал гўё њаќ дошт. Бо таъин шудани Юсуф Рањмон ба садри Раёсати авиатсияи граждании Вазорати наќлиёт "монополияи" сунъии Халиков дар соња пош хўрд. Мутахассисони Вазорат маълумоти соњавиро тањлил намуда, њаќиќати њол дар соњаи муњимро дарк мекунанд бо чандин амал зери доираи Халиков на-

раќсидашонро нишон медињанд. Хуллас, Ганљалзода, ки идории ќавию марди соњибиродаро мемонад, дар фурудгох ба муддаї посухи сазовор медињад. Ин хархаша боиси нигаронии Њукумати Љумњурї гашта, дар асоси супориши Муовини якуми Сарвазири Тољикистон № 22/ 3- 167 аз 10-уми декабри соли 2015 Гуруњи корї оид ба санљиши вазъи молиявии ЧСК "Тољик Эйр" ва ЉСК "Фурудгоњи байналмилалии Душанбе " таъсис дода мешавад. Ин гуруњи корї дар як муддати кўтоњ њамагї чанд самти фаъолияти ширкатњои номбурдаро санљида, зарари беш аз 150 миллионаи роњбари ширкатњо Р.И. Халиковро ошкор кардааст.

150 миллион сомонии "Њотами Тойи" Фурудгоњ Санљиши ЉСК "Фурудгоњи байналмилалии Душанбе", ки гуруњи кории вижа аз натиљањои он маълумотнома тањия кардаасту он дар ихтиёри "Нигоњ" ќарор дорад, ќонунвайронкунињои зиёд бо шумули ва љиноёти вазнин ошкор кардааст. Аз љумла: "Фурудгоњ" ба ширкатњои њавопаймої тахфифњо пешнињод намудааст, ки хилофи ќонунгузории амаликунанда мебошад, зеро сањмияњои ЉСК "Фурудгоњи байналмилалии Душанбе" сад дар сад давлатї буда, ќарори заруриро оид ба тахфифњо

АНТИРЕКЛАМА

ИЌРОРИ НОТАВОНЇ, Ё ... Ширкати сохтмонии эронии "Savtechnic International Tajikistan" аз нахустин ширкатњои хориљиест, ки бо даѓ-даѓаи бузурги бунёди манзилњои истиќоматї вориди бозори сохтмонии мо шуд. Санги оѓози бунёди се бинои баландошёна дар назди Сирки Душанберо солњо пеш гузошт. Вале ба ќавли мардум бунёди ин сохтмонњо "шири шутурхўрда" шуд. Масъулини ширкат сабаби ба дарозо кашидани ин тарњро гуногун, аз љумла тањримот алайњи Эрон маънидод карданд. Феълан сохтмони биноњо ба ќавле "љумбид". Аммо дар назди иморат тоблуи бузурге насб кардаанд, ки онро суха-

нони "Њар он чиз, ки зуд ба даст ояд, дер напояд" оро медињад. Масъулини ширкати "Savtechnic International Tajikistan" бо ин суханњо чиро дар назар дорад, њар кас гуногун мефањмад. Вале бисёрињо ба ин фикранд, ки он реклама не, антиреклама буда, масъулини ширкат таъхиркориашронро рупўш карданианд. Дар ин тоблу суроѓаи сомонаи интернетии ширкат зикр шудааст, ки дар он ба љуз њамин масали "Њар он чиз, ки зуд ба даст ояд, дер напояд", љумлаеро дигар бо забони тољикї нахоњед ёфт. Ин њам бозгў аз эњтироми ширкат ба забони муштариёнаш аст!

танњо Њукумати Тољикистон амалї менамояд....Дар маљмўъ маблаѓи тахфифњои пешнињод гардида ба иљозаи Њукумати Тољикистон 19 млн. 175 њазору 143 доллари ИМАро ташкил медињад".

Харидњои бебаркаш Аз соли 2013 то соли 2015 аз љониби Фурудгоњ ба тариќи лизингї техникањои махсус барои хизматрасонї ба фурудгоњњо ва маблаѓи 25 млн. 846 њазору 751 евро харидорї гардидааст. Дар ваќти санљиш интихобан 7 адад шартномаи лизингї санљида шуда харљи зиёдатии 767 њазор евро ошкор шудааст. Дар фурудгоњ хизматрасонии фурудгоњиро ба рейсњои чартерї ширкати "Роял Авиа групп", "Мастер Тред" иљро менамоянд, ки аз ин њисоб фоида ба ФБД ворид намегардад, чунки ширкатњои мазкур хусусї буда, дар минтаќањои оффшорї дар Амороти муттањидаи Араб љойгир шудаанд. Бояд ќайд намуд, ки фурудгоњ худ ќобилияти хизматрасонї намуданро ба парвозњои чартерї дорад ва бо ин восита метавонист ба суратњисоби худ маблаѓњои иловагї ворид намояд. Сухан дар бораи 2755 парвози чартерї дар ду сол меравад, ки фоидаашро дигарон дидаанд. Ин ширкатњо ба кї таалуќ дорад, алњол тањќиќ мешавад.

Боз њам пинњонкорї Тавре "Нигоњ"аз Раёсати авиатсияи гражданї маълум кард, зимни ин санљиш рањбарияти ширкатњои давлатии номбурда асноди заруриро аз гуруњи корї пинњон кардаанд. Аз љумла сухан аз ќарордодњо бо ЉММ "SOFEMA - ALFA AIRPORT " ва ЉДММ "Сомонаморат" меравад, ки шиносої бо онњо ба таќдири дањњову садњо миллион сомонї рушанї андохта метавонад.

Ба љои хулоса Хулосаи санљиш њамин аст, ки Халиков аз вазифаи давлатї суистифода карда, ба буљаи Тољикистон беш аз 150 миллион сомонї зарар ворид кардааст. Ин тавр њам мешудааст, ки як мансабдори сатњи миёна ин ќадар ба давлат зарар биёраду дар озодї бошад? Мешудааст, агар њисобаш рўи он бошад, ки соле 10 -12 миллион сомониро харљ карда, сарпарасти кулли Тими футболи "Истиќлол"-у Федератсияи футболи Тољикистон гардаду дар сояи ашхоси тавонои онњо панањ барад? Аммо "Нигоњ" бар он аст, ки ин њисоби дупула хатост: Кадом нафари ба ин сатњ расида ва давлатсолор имкон медињад, ки дар сояи ў даст ба моли давлату миллат зананд? Ба гумони ѓолиб њич кас. Тадќиќоти журналистї идома дорад. "Нигоњ"


6

“НИГОЊ”, ЧОРШАНБЕ №41 (474), 13. 01. 2016

142 њазору ... км2

ХАРЉИ НОЗАРУР

БУЊРОН

НЕРЎГОЊЕ, КИ БАЪДИ ЉАШН АЗ КОР МОНД

КОРХОНАИ ДЎЗАНДАГИИ "ЁЌУТ" АЗ ФАЪОЛИЯТ БОЗМОНД Бино ба иттилои муовини раиси шањри Вањдат Азиззода Бобишо дар соли 2015 бинои мактаб бо маблаѓи 8 миллион сомонї ва боз ду бинои мактаб яке дар дењаи дурдасти Яфраки љамоати дењоти Ромит барои 300 хонанда дар ду баст бо маблаѓи 1 миллиону 167 њазор сомонї аз њисоби буљаи мањаллї, дуюмї дар дењаи Зарнисори љамоати дењоти Раљаб Исмоилов барои 480 хонанда дар ду баст ба истифода дода шуд. "Њамчунин бо иштироки Президенти Љумњурии Тољикистон Эмомалї Рањмон дар маркази љамоати дењоти Гулистон ду кўдакистони хусусї мавриди истифода ќарор ёфт ва бо дастгирињои пайвастаи Њукумати Љумњурии Тољикистон корхонањои азими истењсолї, ба монанди корхонаи коркарди металлњои рангаи ЉДММ

Як нерўгоњи обии барќии хурд, ки њудуди 9 сол ќабл дар кўчаи "Чармгарони Поён" шањри Кўлоб сохта шуда буд, њамагї се њафта фаъолият кард ва аз кор монд. Ин нерўгоњи хурдро дар маркази шањри Кўлоб соњибкори инфиродї Бобољон Пираков, дар арафаи 2700-солагии Кўлоб сохта, замони ташрифи раисљумњур Эмомалї Рањмон ба истифода доданд, аммо ин нерўгоњ баъди се њафтаи фаъолияташ аз кор боз монд ва дигар натавонист ба сокинон ќувваи барќ дињад. Тўрахон Саидов, як масъули шикати "Барќи тољик" дар шањри Кўлоб сешанбеи 5 январ дар сўњбат ба Радиои Озодї гуфтааст, ки иллати фаъолият накардани нерўгоњ, набуди об ва надоштани обанбор аст. Вай афзуд, ки "ин нерўгоњ ба иќтидори дар як шабонарўз 200 киловат соат сохта шуда буд. Ваќте соњибкор аз ўњдаи истифодабарии он намебарояд, ба тавозуни "Барќи тољик" мегузаронад. Ин дар њамон шабу рўз њамагї 11 хонаро бо ќувваи барќ таъмин мекунад ва хона 12 ба ин неругоњ пайваст мешавад, ин аз кор мемонад ва то имрўз фаъолият надорад" Зимнан, ин нерўгоњ баъди аз фаъолият

боз мондан дарашро баст ва дар пайи ин болои таљњизотњои ин нерўгоњ бо селофан (келонка) пўшонида шудааст. Бурњон Сафарї, коршиносї мањаллї, дар сўњбат ба Озодї гуфтааст, бетон ва дигар масоиле, ки дар назди ин нерўгоњи хурд аст, пеш аз замони Шўравї сохта шуда буд. Ба гуфтаи љаноби Сафарї, ин бояд њамон ваќт сохта мешуд, аммо бо пошхўрии шўравї, бунёди ин нерўгоњ ба таъхир афтод. Ў мегўяд, онро дар соли 2006 бунёд карданд, ки дар он замон аллакай ин мавзеъ барои нерўгоњ номуносиб буд. Ў мегўяд, ки барои ин нерўгоњ харљи бештар шуд, њатто аз Чин таљњизот оварданд, аммо ин фаъолият накард. Зимнан, масъулин "Барќи тољик" дар шањри Кўлоб тасмим гирифтанд, ки ин нерўгоњи хурди барќиро ба дигар мавзеъ интиќол дињанд, аммо даќиќан њоло мавзеи насби ин нерўгоњи хурдро, ки аз кор бозмондааст, мушахас накардаанд. Вале масъулон идораи "Барќи тољик" мегўянд, дар љустуљўи мавзеъе њастанд, ки њам об дошта бошад ва њам сокинонаш инро истифода карда тавонанд. "Озодї"

ИХТИРОЪ

НЕРЎИ БАРЌ "АЗ ЊЕЉ ЧИЗ" Андешаи бунёди истгоњи барќии бехавфу пурсамар муддатњои зиёд аз сари Рањматшо Давлатшоев cокини кўчаи Сафедорони шањри Вањдат дур намерафт. Соли 2002 чандин намуд наќша кашид. Њатто дар бораи чи тарз истодани генератори барќистењсолкунанда низ андешид. Он бояд амудї истад, зеро дар њолати ба таври уфуќї истодани генератор, њангоми кор кардан ларзиш пайдо шуда, онро тез аз кор мебарорад. Дар њолати амудї истодан дар он ларзиш нест мешавад. Нињоят наќшаи бунёди истгоњи барќ омода гардид. Барои барќ истењсол кардани он об, атом ва шамолу неруи офтоб лозим нест. Ба ќавле, аз њељ чиз неруи барќ истењсол кардаю онро дар њама љо ва њар гуна шароиту иќлим истифода бурдан мумкин аст. Њатто, дар киштињои зериобї ба љойи неруи барќи атомї, ки хеле хатарнок аст, аз ин дастгоњи барќ бемалол истифода бурдан мумкин. Рањматшо Давлатшоев ин ихтироашро баъди аз тањлилу санљишњои зиёд гузаштан соли 2005 дар Кумитаи ихтироъ ва кашфиёти назди Њукумати Федератсия Русия тасдиќ кунонда, ба ќайд мононд. Баъд дар Донишгоњи техникии Тољикистон шакли хурди 12-волтаи онро сохта нишон дод. Вале дар сохтани намунаи саноатии он (барои истењсоли аќаллан истгоњи яккиловатт неруи барќ) мушкилї мекашад. Мушкилї дар дарёфти маблаѓ. - Њамагї 10 - 11 њазор сомонї лозим аст, ки ман худам истгоњи яккиловаттаи барќистењсолкуниро бисозам, - мегўяд ў. - Ба чандин соњибкорону идорањо барои маблаѓ мурољиат кардам. Вале маблаѓ дастрас нагардид. - Барои истењсоли барќ дар истгоњи ихтироъкардаи ман на обу на шамол ва на гар-

"Пакрут" ва ЉДММ "Тољ чайна" ба фаъолият оѓоз бахшиданд",-илова намуд Азизода Бобишо. Рўзноманигорон дар мавриди аз фаъолият бозмондани корхонаи дўзандагии "Ёќут" ва бекор гардидани кормандони он, набудани майдончањо барои бозии кўдакон дар назди сохтмонњои баландошёна ва таъсири бўњрони иќтисодї ба буљаи шањри Вањдат маълумот гирифтанд. Дар мавриди мушкилоти набудани Терминали мусофиркашонии хатсайри Файзобод-Вањдат ва Вањдат-Душанбе масъулин иброз доштанд, ки то кушодани терминали Сайёд муваќќатан дар назди корхонаи "Ёќут" терминали мусофиркашї кушода шудааст. «Ховар»

ДАРХОСТ

ЌИССАИ ЯК ДУХТАРИ ТОЉИК, КИ БА СУРИЯ НАРАФТ

Як зан аз Вањдат, ки духтарашро аз сафар ба Сурия баргардонд, мегўяд, њоло хонаводаи онњо тањти тањдид ќарор гирифтааст. Шоира исми мустаори як зани тољик аст, ки мегўяд, мушкилоти хонаводаи ў 7 моњи пеш, ваќте шурўъ шуд, ки ў духтарашро аз роњи сафар ба Сурия баргардонд ва ба маќомот таслим кард. Духтари ин зан, ки аз ў шартан Марзия ном мебарем, мехостааст ба хотири шавњари "љињодї"-яш ба Сурия равад. Шоира, модари Марзия иддао дорад, ки духтараш дар боздошти "эмиссар"-њои созмони тундрави "Давлати исломї" ба маќо-

мот кўмак кард ва дар заминаи маълумоте, ки Марзия дошт, маќомот аз пайвастани дањњо тани дигар ба ин гурўњи дањшатафкан љилавгирї карданд. Аммо ин модару духтар њоло мегўянд, ки тањти фишори пайвандони афроди боздоштшуда ќарор доранд, пайваста тањдид мегиранд ва аз маќомот мехоњанд, ки онњоро тањти њимояти хуб бигиранд. "Њадафи ман танњо ин буд, ки барои рафтани фарзандам ба Сурия монеъа шавам на зери панљара бурдани фарзандони касе. Маќомот тўли чанд ваќт телефони духтарамро барои тафтиш дар даст доштанд ва аз ин тариќ чандин нафарро боздошт карданд. Муносибати маќомоти њифзи њуќуќ ва амният нисбат ба духтарам ва хонаводаи мо, ки бо маќомот њамкорї доштем, хуб аст, вале таъќибњои мошинњои сиёњшиша, зангњои бидуни раќам ва билохира тањќиру тањдидњои рўирост дар толори додгоњ аз сўи пайвандони боздоштшудањо дигар намегузорад, ки мо нафаси озод бикашем," - гуфт Шоира. Модари Марзия њоло аз маќомот мехоњад, ки барои таъмини амнияти онњо чора бубинанд. "Озодї"

БО ЧЕНАКИ ДОЛЛАР

ЉАЊИШИ $ ДАР БАДАХШОН АРЗИШИ БАРЌРО ГАРОН КАРД мии офтобу на атом лозим аст. Ва ў наќшаи омодакардаашро рўи миз гузошта, ба ман мефањмонад. Он наќша дар назар бисёр одї аст. Ба мисли як камерае, ки болояш лўлаи дудбаро дорад. Ва мефањмонад: дар дохили ин камера шамолдињак насб шудааст. Дар болои он, рў ба рўи шамолдињак паррањои генератор меистад. Шамолдињак дар аввал, мисли мошин, тавассути манбаи барќ (аккумулятор) ба кор даромада, шамол медињад. Шамоли њосилшуда паррањои генераторро тоб медињаду тавассути ќубури ба боло ростшуда баромада меравад. Паррањои генератор, ки тоб хўрд, барќ њосил мешавад. Ва њамин тавр, мисли занљира, аз барќи њосилшуда њам истифода бурдан мумкин ва њам аккумулятор ќувват гирифта, шамолдињакро тоб додан мегирад. Бисёр одї. Барои инро ёфтан фаќат аќлу дониш лозим аст. - Агар маблаѓ мебуд, ман шакли неругоњи яккиловаттаро сохта, пешкаш мекардаму баъд намуди бузурги онро њукумат ва ё соњибкорон метавонистанд дар заводњо фармоиш дињанд. Бовар дорам, ки бо амалї гаштани ин ихтироъ метавонем, мушкилоти барќро дар љумњуриамон ва њатто дигар љумњурињо њал намоем. "Ховар"

Бархе аз сокинони Бадахшон бо ирсоли як паём ба унвонии "Озодагон" аз болоравии рўзмараи нархи барќ дар вилоят шикоят карданд. Ба гуфтаи онњо ширкати "Помир Энержї" нархи барќро бо назардошти ќурби доллар њисоб мекунад. Дар њоле, ки сокинони навоњии дигари Тољикистон барои њар киловат барќ 11 дирам месупоранд, ба гуфтаи сокинони Бадахшон дар пайи болоравии ќурби доллар нархи як киловат барќ дар вилоят марзи 20 дирамро убур кардааст. Масъулини "Помир Энержї" њозир нашуданд, ки ќазияро ба "Озодагон" шарњ дињанд, аммо ќаблан бо нашри як мурољиатнома тасдиќ кардаанд, ки мувофиќи шартномаи консессионии Њукумати Љумњурии Тољикистон ва ширкати "Помир Энержї", дар мувофиќа

бо хадамоти зиддиинњисории кишвар, њаќќи як киловатт нерўи барќ бо арзи хориљї 2,75 сент барои ањолї ва идораву муассисањои буљавї ва тиљоратї 5,16 сенти Иёллоти Муттањидаи Амрико муќаррар гардидааст: "Муштариён бояд хуб дарк намоянд, ки ширкат аз беќурбшавии пули миллї нисбати арзи хориљї (доллари амрикої) барои ба танзим даровардани нархи њаќќи пардохти нерўи барќ нисбати арзи хориљї тибќи шартномаи консессионии Њукумати Љумњурии Тољикистон ва ширкати "Помир Энерљї" амал менамояд. Чун ќурби пули миллї нисбати доллари амрикої то андозае паст рафт, њаќќи ќувваи барќ, агарчи бо доллар бетаѓйир монд, вале бо сомони ќадре баланд рафт". "Озодагон"


ЌАВЛУ АМАЛ Буњрони молиявї дар соли гузашта заъфи вазорати молия ва дар кулл блоки иќтисодии Њукумати Тољикистонро ба намоиш гузошт. Вазорати молия ва блоки иќтисодии Тољикистон аз уњдаи иљрои супориши Эмомалї Рањмон дар бораи боло бурдани маошу нафаќа ва идрорпулї набароманд. Як сол пеш, даќиќтараш 23-юми январи соли 2015 Президент Эмомалї Рањмон ба Маљлиси Олї паёми солонаашро ироа кард. Зоњиран ин паём хусусияти зиддибуњронї дошт. Зеро Русия дар баробари тањримоти кишварњои Аврупову ИМА ќарор гирифта буду таъсири он ба Тољикистон пешбинї мешуд. Дар паёми Президент низ супоришу пешнињодњо бо назардошти соли буњронї ироа шуданд. Аз љумла, Эмомалї Рањмон дар ибтидои паёмаш таъкид ба он дошта буд, ки "...шиддат гирифтани вазъи сиёсии минтаќањои гуногуни олам, таъсири буњрони иќтисодиву молиявии љањонї, ноустувории бозорњои љањонии молия ва ашёи хом, инчунин дигар мушкилот њамчун омилњои манфии ба рушди минбаъдаи иќтисоди миллї таъсиррасонанда пешбинї мегарданд". Њукуматро вазифадор кард, ки "бо истифода аз њамаи захираву имкониятњои мављуда доир ба нигоњ доштани рушди босуботи иќтисодї, самаранокии идораи давлатї, татбиќи сиёсати њадафманди молиявї, таъмини пурраву сариваќтии уњдадорињои иљтимоии давлат, рушди соњањои мухталиф, хусусан соњањои истењсолї, инчунин пешбурди ислоњот дар самти дастгирии соњибкориву сармоягузорї тадбирњои иловагиро амалї намояд". Мањз баъди ин гуфтањо Президент аз ваъдаи боло бурдани маошу нафаќа хабар дод: "Бо дарназардошти рушди иќтисодиёти мамлакат ва имкониятњои имрўзаи молиявї аз 1-уми сентябри соли равон марњалаи навбатии зиёдшавии музди мењнати кормандони соњањои буљетї амалї карда мешавад. Аз љумла музди мењнати кормандони маќомоти њокимият ва идоракунии давлатї, кормандони маќомоти њифзи њуќуќ ва хизматчиёни њарбї 15 фоиз, кормандони муассисањои маориф, аз љумла муассисањои тањсилоти томактабї, миёнаи умумї ва олї, дигар муассисањои соњаи маориф, илм, фарњанг, варзиш ва тандурустї 20 фоиз, муассисањои соњаи њифзи иљтимої, аз љумла хона - интернатњо барои пиронсолону маъюбон, шуъбањои кумаки иљтимої дар хона ва истироњатгоњу осоишгоњњо барои собиќадорони Љанги Бузурги Ватанї, мењнат ва шахсони ба онњо баробаркардашуда 25 фоиз зиёд карда мешавад. Њадди аќал ва њадди нињоии нафаќа аз рўи синну сол ва нафаќаи заминавї, инчунин нафаќањои мењнатии шањрвандон ба њисоби миёна то 20 фоиз зиёд карда мешаванд. Дар баробари ин, стипендияи донишљуён ва дигар намудњои стипендия 30 фоиз, инчунин музди мењнати њадди аќал 60 фоиз зиёд гардида, андозаи он аз 250 сомонї то ба 400 сомонї баробар мегардад. Ќисми суѓуртавии нафаќањои суѓуртавї низ индексатсия карда мешавад". Аммо вазорати молия аз уњдаи иљрои ин супориши Президент набаромад. Тибќи њисоби пешакї "барои маблаѓгузории ин чорабинињо аз буљети давлатї дар як сол 1 миллиарду 320 миллион сомонї" масраф мешуд.

“НИГОЊ”, ЧОРШАНБЕ №41 (474), 13. 01. 2016

7

НОТАВОНИИ БЛОКИ ИЌТИСОДЇ

Бо ин њама, ин супориш иљро нашуд. Тањлилгарон мегўянд ин заъфи блоки иќтисодиро ба намоиш мегузорад, ки натавонистанд рухдодњоро пешбинї кунанд ва аз ин рў ба президент маълумоти нодуруст пешнињод карданд. Ин дар њоле, ки сарвари давлат бо таъкид гуфта буд, "Бинобар ин, ба Вазорати молия супориш дода мешавад, ки якљо бо сохтору маќомоти дахлдор иљрои сариваќтиву сифатноки даромад ва харољоти буљети давлатиро таъмин карда, љињати истифодаи шаффофу самараноки маблаѓњои он барои амалисозии афзалиятњои рушди кишвар чораљўї намояд". Сарфи назар аз њамаи ин, аллакай дар нимаи соли гузашта хабарњо дар бораи иљро нашудани буљети давлатї умедњоро барои боло буррдани маош канда кард. Тибќи маълумоти вазорати молия њаљми умумии буља дар 6 моњи аввал ба маблаѓи 6, 9 миллиард сомонї ё ба андозаи 96,7 дар сад иљро гардид. Яъне нисбат ба наќшаи пешбинишуда 235,2 миллион сомонї кам. Дар ин давра њаљми гардиши савдои хориљии кишвар 2 миллиард долларро ташкил дод, ки нисбат ба њамин давраи соли 2014 ба андозаи назаррас коњиш ёфта буд. Дар интињои моњи август вазорати молия эълон намуд, ки боло бурдани маоши кормандони буљавї, идрорпулї ва нафаќа ба таъхир меафтад. Гуфта мешуд дар

ТАКОНБАХШИ РЎЗ АЗ ... аз Пешвои миллати Њинд МАЊАТМА ГАНДИ Ќудрати як кишвар дар силоњи муосир, заминњои васеъ ва ё доштани мардуми зиёд нест. Зулм, тарсондан, саркўб кардан њам нишонањои ќудрат не, балки нотавонист. Ќудратмантарин кишвар онест, ки дар он инсонњои мустаќил, озодандеш, нотарс, эътирозгар, њаќталаб ва донишманд тарбия ёфтаву ба воя мерасанд. Њар давлатдоре, ки вуљуди ин ќишрро дар миллати худ тањамул мекунад, абадан пирўз аст. Дар акси њол, бо наздиктарин фурсат мањкум ба нобудист!

робита бо буњрони молиявї даромади буља коњиш ёфта, њатто пешбинї мешавад, ки аз меъёри боло бурдани маоши кормандон 5% кам мекунанд. Аммо ин њам нашуд. Билохира, 26-уми октябри 2015 Абдусалом Ќурбониён, вазири молияи Тољикистон зимни муњокимаи парламентии иљрои буљаи кишвар дар 9 моњи соли 2015 гуфт, ки баланд бардоштани маоши кормандони соњаи буљавї то муддати номуайян ба таваќќуф гузошта шудааст. Сабаби ба таъхир гузоштани болоравии маошро вазири молия дар бад шудани вазъи молиявї ва иќтисодии кишварњои шарики Тољикистон арзёбї кард. Тањлилгарон ин гуна арзёбии њолатро ба шакли дигар баррасї карданд. Онњо гуфтанд, ки "вазъи бади молиявии кишварњои шарик" як бањона аст, ки зери он масъулини блоки иќтисодї вазъи вахими иќтисоди Тољикистонро пўшониданї мешаванд. Зимнан, дар вазорати молияи Тољикистон њозир нашуданд, ки ба хабарнигори "Нигоњ" вазъи иљроиши буљаи давлатї дар соли 2015 -ро маълумот дињанд. Агар ба гуфтаи онњо бовар кунем, гўё "њоло натиљањои соли гузаштаро љамъбаст накардаанд". Вале тибќи натиљањои 9-моњаи соли 2015 буљаи кишвар ба душворї таъмин мешуд. Дар 9 моњи соли 2015 њаљми буљаи кишвар иљро нашуд. Дар ин муддат буљаи давлатї ба андозаи 96,5 фоиз таъмин шудааст, ки ба он 10,8 миллиард сомонї ворид гардид, ки аз наќша 391 миллион сомонї кам мебошад. Президент Эмомалї Рањмон низ дар як маљлиси Њукумат оид ба сабаби иљро нашудани буља гуфт, ки дар 9 моњи соли равон тањти таъсири омилњои беруна суръати рушди воќеии маљмўи мањсулоти дохилї нисбат ба њамин давраи соли гузашта ба андозаи 0,5 банди фоиз, гардиши савдои хориљї 17,9 фоиз, аз љумла воридоти мол 21,8 фоиз ва хизматрасо-

нињои пулакї ба ањолї 8,1 фоиз коњиш ёфт ва ќурби пули миллї њамоно тањти фишор ќарор дорад. Тибќи пешбинињо соли 2016 низ соли буњронист. Ин нуќтаро вазири молия низ пинњон надошт ва гуфт: "имсол нињоят соли мушкили молиявї дар назар дошта шудааст. Агар имконияти молиявии давлат шавад, њатман маошу нафаќа боло хоњад рафт". Аммо дар њамин шабу рўз, ки кишварњои минтаќа бо буњрони молиявї даступанља нарм мекунанд, Худобердї Холиќназар, раиси Маркази тадќиќоти стратегии назди Президенти Тољикистон якбора дар бораи санаи даќиќи боло бурдани маош њарф зада, онро ба моњи июни соли 2016 мушаххас кард. Аммо соњибназарон ин сўњбати ўро то љое љиддї намегиранду ба ин назаранд, ки дар умќи ин гуфтањо бештар асосњои идеологї нињонанд, то мардум дилсард нагашта, њукуматро ба ваъдахилофию бемасъулиятї айбдор накунанд. Зеро њанўз аз поёни соли гузашта маълум буд, ки иљроиши буљаи соли равон њам ба мушкилот рў ба рў мегардад ва аз ин хотир њукумат барои пур кардани норасоии њаљми буља аз созмонњои молии љањонї ќарз мепурсид. Дар ин сурат маълум аст, ки боло бурдани маош то љое зери суол меравад. Ба гуфтаи коршиносон сарфи назар аз тамоми омилњо, вазорати молия ва блоки иќтисодї ќавли президентро иљро карда натавонистанд, гузашта аз ин тибќи супориши Президент барои "таъмини пурраву сариваќтии уњдадорињои иљтимоии давлат" њеч "тадбирњои иловагї"-еро рўи даст нагирифтанд, ки натиљаи он дар зиндагии мардуми оддї инъикос ёбад. Хотиррасон мешавем, ки бори охир њаљми маошу идрорпулии донишљўён ва нафаќаи пиронсолонро дар мамлакат соли 2013 баланд карда буданд. Азамати ВАЊЊОБ


8

“НИГОЊ”, ЧОРШАНБЕ №41 (474), 13. 01. 2016

Муњтарам љаноби Президент! Бо арзи эњтироми амиќу самимї ба Шумо њамчун Пешвои миллат ва Президенти мамлакат - кафили њуќуќњои конститутсионї ва озодињои шањрвандон ва зикри сиёсати устуворатон, ки бањри Волоияти ќонун ва бењсозии адолати судї дар кишвар, инчунин бобати бунёди давлати воќеан њуќуќї ва адолатпеша равона карда шудааст, ман ба сифати шањрванди ќаторї - љонибдори ин гуна сиёсат мурољиат менамоям. Ба сифати њимоятгари њуќуќи инсон бо ќонуншиканињои системавї ва худсарињое, ки аз тарафи роњбарони бархе сохторњои давлатї, ки тибќи ќонун бояд алайњи ин гуна зуњурот мубориза баранд, вале худро аз Ќонун болотар мегузоранд, наметавонам муросо кунам. Бинобар мавќеи ќавию фаъолонаи шањрвандї доштан ва адо намудани рисолати касбиям, мани њимоятгарро ѓайриќонунї таъќиб намуда, љинояткор, мухолиф ва душман эълон месозанд, беасос тўњмат мезананд. Бинобар ин, мўњтарам Президент, маљбур шудам бо аризаи такрорї ба Шумо мурољиат кунам. Ќаблан, ба унвони Шумо њанўз 20-уми январи соли 2010 мурољиат карда будам. Он ваќт њимояи парвандаи маъруф ба "парвандаи исфарагї"-њоро, ки марбут ба Низомхон Љўраев ва 33 њамроњаш буд, ба уњда доштам. Ќазияи мазкур, ба суд кашидани ман ва се нашрияи мустаќил дар кишвар бо талаби љуброни "зарари маънавї" 1 миллиону 250 њазор доллари амрикої аз љониби судяњо ва ќазияњои баъдї ба Шумо маълум аст. Дар бораи ин ќазия ба Шумо мурољиат карда будам. Ќазияи мазкур ва даъвои мо бо судяњо ба чї анљом ёфт, ба њама маълум аст. Воќеан, баъди ин њодиса, пас аз таъќиботи ѓайриќонунї ва њадафмандона, аз љумла хавфи воќеии љисман нобуд сохта шуданам, ки дар ин бора аризањоямро низ њељ кас тањќиќ накард, аз бањри њама чиз баромада, роњи Россияро пеш гирифтам. Якчанд сол (аз соли 2010) бо корњои њимоятгарї машѓул шудам. Мани бегонаро дар кишвари бегона таъќиб накарданд, тўњматгар ва шахси нодон нањисобиданд, балки адвокати тољикро эњтиром дошта, ба ќадраш расиданд! Бале, њам дар Россия ва њам дар Иттињоди байналмилалии адвокатон њаќќонї ќадр карданд. Тобистони соли равон, дар пиронсолї бори дигар тасмим гирифтам дар кишвари мањбубам миён баста кор кунам ва бо сари баланд ба нафаќа бароям. Аммо њамин ки бо ќазия рўбарў гаштам, ќонуншиканиву худсариро дидам... "ПАРВАНДАБОФЇ" АКНУН БАРОИ ХОРИЉИЊО?" Љои нигаронист, ки Прокуратураи генералї амалан вазифаи худро баљо намеоварад, яъне волоияти ќонун, назорати риояи даќиќ ва иљрои якхелаи ќонунњо, њуќуќу озодињои конститутсионии шањрвандонро таъмин ва њимоя намекунад. Судяњо вобастаанд ва ўњдадорињои конститутсиониашонро иљро намекунанд. Ба арзу шикояти шањрвандон ва њимоятгарон эътибори ќонунї намедињанд. Адвокатон (аз љумла мани собиќ муфаттиш) моњњои дароз ба дидори зерњимоятгарони худ расида наметавонанд! Дурўѓгўиву худсарї њукмрон гаштааст. Пеш парвандањои овозадорро дар њаќќи шањрвандони худї мебофтанд, акнун навбати хориљиён расидааст! Аз таљрибаи кори худ мисолњои мушаххас ва далелњои ќотеъ оварданиям, ки барои аксари кулли ин ќабил парвандањои сохтаю бофта хосанд! Ќазияи Ин Сюандэ-шањрванди Љумњурии Мардумии Чини ба мо дўстро мисол меорам, ки барои Тољикистон ёрии арзишманд расондаааст. Моњияти кор ва шикоятамро мухтасар баён карданиям, то ки тибќи ќонун ба он шахсан Прокурори генералї ва директори Агентии мубориза бо коррупсия эътибор дињанд. 16-уми июли соли 2015 кормандони Агентии зиддикорупсия шањрванди Чин, директори ширкати "Сад дарё" Ин Сюандэро боздошт карданд. Шањрванди Чинро ба он гунањкор карданд, ки гўё ў тавассути тарљумони худ 3 млн. сомонї ба корманди Агентии мазкур Ф. Мањмадзода, ки ревизияи моливу -хољагидориро дар ширкати номбурда мегузаронд, пора додааст. Баъди дањ рўз ман адвокати Ин Сюандэ шудам. 5 августи соли 2015 мани њимоятгари айбдоркунанда Ин Сюандэ (директори ЉДММ "Сад Дарё") ба Прокурори генералии Љумњурии Тољикистон ва директори Агентии назорати давлатии молиявї ва мубориза бо коррупсия мурољиат намуда, дар аризаам далелњои ќотеъ овардам, ки парвандаи љиноятии нисбати зерњимояи ман дар асоси далелњои сохтаю боф-

ДОДХОЊЇ

"ОБРЎИ ЊОКИМИЯТИ ДАВЛАТИРО КЇ ПАСТ МЕЗАНАД?"

Номаи кушодаи Солењљон Љўраев ба Президенти Љумњурии Тољикистон Эмомалї Рањмон

таи корманди Агентї Мањмадзода оѓозкарда ѓайриќонунист. Аз љумла, ман навишта будам, ки корманди Агентї Мањмадзода Ф. бо маќсади сохтакорона бофта баровардани далелњои айбдоркунї ва сохтакорона оѓоз кардани парванда тафтишот гузаронида, аз айбдоршаванда борњо талаб намуда, фитна ангехтааст ва ришвадињиро ташкил кардааст, ки ба 3 млн. сомонї ришва доданаш иќрор шавад. Ва зимни ин ба айбдоршаванда гўшрас намудааст, ки ришва барои "болонишинњо" зарур аст. Вай гўё аз номи роњбарияти Агентї, яъне аз номи писари Президент амал мекардааст ва дар сурати розї нашудани Ин Сюандэ тањдид намудааст, ки њабсаш мекунад! Ба арзатон мерасонам, ки шањрванди Чин ришваро бо дасти худ надодааст. Ў дар дохили автомобил нишаста, дар аудио сабт намуда сурат гирифтааст, ки чї тавр корманди Агентї ришваситонанда пакети пулро аз дасти тарљумонаш гирифтааст. Ин Сюандэ маќсад доштааст, ки бо далелњои худ ба воситаи Сафири Чин ва Вазири корњои хориљии Тољикистон ба Шумо, мўњтарам Президент, мурољиат намуда, ќазияро баён кунад, ки Агентии мубориза бо коррупсия дар њаќќи сармоягузори хориљї ва андозсупорандагон чї бедодиро раво мебинад. Дар робита ба ин, ман далелу бурњонњои заруриро манзур намуда, њамчун њимоятгар ва шањрванд аз Прокурори генералї хоњиш кардам, ки: 1.Њуќуќи поймолшудаи шањрванди Чин барќарор ва назорат зарурї аз болои тафтиши парванда таъмин шавад. 2. Дар асоси моддањои 61 ва 66 Кодекси мурофиаи љиноятии ЉТ муфаттишони Агентї Ниёзбадалов Ф.К. ва Мањмадзода Ф., ки дар тањќиќи парвандаи мазкур на ба сифати шахсони људогона ва беѓараз, балки ѓайриќонунї чун намояндагони чандин субъектњои мурофиа: ревизор, ришваситон, "љабрдида", "шоњид" ва ба њайси муфаттишоне иштирок менамояд, ки гумонбаршударо "дар сари љиноят" дастгир кардаанд, аз пешбурди парвандаи љиноятии Ин Сюандэ барканор карда шаванд. Зиёда аз ин, онњо ба ревизияи фаъолияти молиявию хољагии Ин Сюандэи њабсшуда роњбарї намуда, ѓайриќонунї "далелу бурњон" ба даст меоваранд?! 3. Нисбати ташкилкунандагони иѓвои ришваситонї, аз љумла нисбати Ниёзбадалов парвандаи љиноятї оѓоз карда шавад. Ў аз мансаби хизматиаш суиистифода карда, аз њадди ваколатњои худ берун баромада, дар њузури шоњидон мани њимоятгарро дашном дод ва баъд ба содир кардани љинояти махсусан вазнини давлатї- хиёнат ба Ватан тўњмат зад, ва маводи парвандаро ва имкони вохўрї бо зерњимояам, ѓайриќонунї маро аз њимояи Ин Сюандэ барканор кард. Аммо мурољиатам бенатиља анљомид, бар хилофи Конститутсия (Сарќонун), Ќонуни Љумњурии Тољикистон "Дар бораи маќомоти прокуратураи Љумњурии Тољикистон" ва талаботи ќонунгузории мурофиавї нисбати баррасии аризаи ман прокурор беамалии ошкоро зоњир намуд. Баръакс, худи прокурор дидаю дониста љинояти мансабии муфаттиш ва мутахассиси Агентиро рўпўш намуда, аз рўи шикоятнома ягон ќарори мурофиавї ќабул накард ва бо њамин ба худсарї роњ дод. Яъне прокурор низ намехост, ки њимоятгар сирри сохтакорон ва иѓвогаронро ошкор созад!.. Бо гузашти муњлат дубора ва баъд себора ба Прокурори генералї ва Директори Агентї шикоят овардам, ки муфаттиш Ниёзбадалов дастгирии прокурор ва роњбарияти худро њис карда ва аз љазо надиданаш болида, ба рўи њимоятгар механдад, дуруштию даѓалї карда, кир-

"МАН МУХОЛИФ ВА ДУШМАН НЕСТАМ" дорњои беадабонаю ва ѓайриќонуниро нисбати ман ошкоро раво мебинад, ки бо ин амалаш њолати айбдоршавандаро хеле бад карда, ўро аз њуќуќи њимоя мањрум месозад. "БА РУСТАМИ ЭМОМАЛЇ АРЗ КАРДАНЇ БУДАМ, КИ..." Аз Шумо эњтиромона хоњиш дорам, ки аз рўи аризаи 5 августи соли 2015 навиштаам ба њолатњои зерин эътибори љиддї дињед: 1. Ин Сюандэ, ки забони тољикиро намедонад, то њол бо протоколњои амалњои тафтишї, ки бо иштироки ў гузаронида шуданд, шинос карда нашудааст. Аз љумла, ба дасташ нусхаи протоколи ба сифати гумонбаршуда дастгир карда шуданаш ва нусхаи ќарори ба сифати айбдоршаванда ба љавобгарї кашида шуданашро надодаанд. Ба ин сабаб ў ва њимоятгаронаш намедонанд, ки вайро барои чї гунањкор кардаанд. Айбдоршавандаро бошад, аз њуќуќи бемамоният як ба як бо њимоятгарони худ мулоќот кардан то соли 2016 мањрум намудаанд. 2. Дар њолате, ки айбдоршаванда Ин Сюандэ ду њимоятгари ќонунан интихобкардаи худро дошта бошад, пас бо кадом сабаб пешнињоди айб ва пурсуљўи ў гўё дар њузури адвокати барои айбдоршаванда ношинос Сангов сурат гирифтааст? Ў њимоятгари сохтаи муфаттиш Ниёзбадалов Ф. буда, иѓвогарона ман -Љўраевро аз њимояи Ин Сюандэ ѓайриќонунї дур намуд. Сипас, доимо аз Ин Сюандэ талаб мекунад, ки аз ёрии њуќуќї расонидани ман расман даст кашад ва ба айби то њол эълоннагардида "иќрор" шавад… 3. Ниёзбадалов факту далелњои гуноњи Ин Сюандэро ошкоро сохтакорї мекунад, нишондоди айбдоршаванда ва шикояту эродњои њимоятгаронашро дар протоколњои пурсиш нодуруст дарљ менамояд, дархостњоро ба инобат намегирад ва њимоятгарро тањќир мекунад. Дар ин давра, дар рўзњои ќабули корафтодагон чор бор хостам директори Агентї Рустами Эмомалї ба њузураш ќабул намояд, то ки њолати воќеии ќазияро барояш рўшан созам ва ба арзаш расонам, ки баъзе обрўи ўро мерезонанд. Њар бор ба рўям мегуфтанд, ки: "Директори Агентї имрўз ба њузур ќабул намекунад!". Дар аризаи панљуми худ аз таърихи 01.09. 2015 навиштам: "Ќариб як моњ сипарї шуд, ба даѓалию кирдори густохона ва худсарии муфаттиш Ниёзбадалов касе эътибор медињад ё не? Тўњмати ў зишту ќабењ ва љинояткорона аст, бинобар ин ўро барои ин кирдораш бе љазо мондан мумкин нест! Танњо 3 сентябри соли 2015 ман огоњиномаи № 31/189 Ш-15/5 фиристодаи Прокуратураи генералиро гирифтам, ки ба он муовини Прокурори генералї - генерал - майори адлияи Вањњобов В.М. 27 август имзо гузоштааст. Аз љавоби ў бармеояд, ки арзњоям беасосанд, бинобар ин талабњои ман ќонеъ карда нашуданд. Ман аризаи дигар навишта, ба Прокурори генералї эътироз баён намудам. "Чунин хулосаи муовини Шумо худсарї аст, зеро ў далел ва ваљњњои маро бо далелњои худ рад намуда, аз рўи шикоятам тибќи ќонун ќарори мурофиавї ќабул накардааст. Яъне ман шикоят оварда, як чизро гўям, прокурор моњияти шикояти маро тањриф ѓалат маънидод намуда, ба ман аз дигар чиз менависад". Аз љавоб -огоњиномаи муовини Прокурори генералї доир ба талаби ман дар бораи нисбати муфаттиш оѓоз кардани парвандаи љиної чунин гуфта шудааст: "Вобаста ба ваљњи навбатиатон, ки дар рафти амали тафтиши бо

зерњимояатон Ин Сюандэ аз 31 июли соли 2015 ва анљоми он муфаттиш Ниёзбадалов Ф. нисбататон тўњмат карда, Шуморо дар хиёнат ба Ватан айбдор донистааст, беасос буда, њангоми санљиш тасдиќи худро наёфт". Аммо ман -адвокат чунин шикоят бурда будам: "Муњтарам Прокурори генералї, аввал ба аризањои ман бо ќирраи чашм як назар андозеду баъд љавоби муовинатонро бихонед! Ин чї хел "санљиш" будааст, ки дар рафти он аз шаш нафар шоњиди номбурдаам панљ нафарашро умуман мавриди пурсиш ќарор надоданд… Вале намедонам бо кадом сабаб ў њолати воќеии ќазияро муайян накарда, пешакї хулосаи нодуруст мебарорад. Биёед бубинем, ки ман чї навиштаму прокурор чиро "санљидаст" ва бо кадом факту асос ваљњњои шахси шикояткунандаро нодуруст њисобидааст? Аз аризаи адвокат ба унвони Прокурори генералї Рањмонов Ю.А. ва Директори Агентии мубориза бо коррупсия Рустами Эмомалї аз таърихи 05.08.2015: "… Бо ин сабаб 31.07.2015 дар рафти пурсиши айбдоршаванда Ин Сюандэ, дар њузури ду тарљумон ва њимоятгари дигар Марљонов С. ман ба муфаттиш Ниёзбадалов раддия пешнињод намудам, ки он дар протоколи пурсиш зикр шудааст. Баъди ин бе ягон сабаб ў маро иѓвогар номида, тањќир кард ва ба яке аз масъулин фармуд, ки: "кисањои ин иѓвогарро кофтуков намо, ў дар кисањояш якчанд "записывающие устройства" дорад". Ман арз намудам, ки њељ кас бе асос њуќуќи кофтуков кардани кисањои њимоятгарро надорад. Дар кисањои ман ягон асбоби сабт, њатто телефон њам нест. Агар кофтуков кардани кисањоямро зарур шуморед, дар ин бора ќарор бароред, он тарафашро ман фикр мекунам!". … Акнун вобаста ба вокуниши муфаттиш таваљљўњ намоед, ки ў ба њимоятгар чї хел љавоб гардонд: "… Ваќте ки айбдоршаванда аз додани нишондод даст кашид ва мо инро дар протоколи пурсиш дарљ намудем, аз муфаттиш хоњиш намудам, ки ба ман барои мулоќоти як ба як бо Ин Сюандэ ба мўњлати 5 даќиќа рухсат дињад, то ки аризаи хаттиро ба номи прокурор оид ба рад намудани Ниёзбадалов њамроњ муњокима намуда, асоснок кунем. Ў бошад, дар њузури панљ кас даѓалона чунин гуфт: "Ман ба ту, мухолифи ватанфурўш, њељ чиз намедињам. Медонам, ки ту дар "воќеањои бањмонмоњ" (соли 1990, баъди Амирќул Азимов, собиќ Прокурори генералї, њоло падарарўси Ниёзбадалов, ман роњбари гурўњи тафтиши ин ќазия будам) ва љанг (соли 1992 вазифаи Прокурори генералї бар дўши ман буд) ба нафъи мухолифин (оппозитсия) кор мекардї ва роњи хиёнат ба Ватанро пеш гирифта будї. Аз утоќи ман дафъ шав, дигар рангу рўятро дар ин љо набинам!". Муфаттиш, ки падараш (прокурор) аз ман љавон аст, ин суханонро гуфта, маро то остонаи дари утоќи кориаш тела дода баровард. Ман баъди ин воќеа назди сардори Раёсати тафтишоти Агентї Фирўз Холмуродов рафта, (дар иштироки адвокат Марљонов С. ва тарљумон) арз намуда, њолатро наќл кардам. Дар наздаш кисањоямро чаппа карда нишон додам, ки ягон таљњизоти сабткунанда надорам. Доир ба натиљаи тафтишоти воќеоти бањманмоњи соли 1990, ман ба Холмуродов гуфтам, ки -он чандин бор аз љониби ду Прокурори генералии ЉТ, Прокурорњои гереалии СССР-А. Я. Сухарев ва Н.И Трубин санљида шуда, бо ќарорњои Бюрои КМ ЊК Тољикистон тайид гардида, аз љониби президенти СССР Горбачёв ва президенти ЉШС Тољикистон Ќ.М. Мањкамов


ТАНЊО ДАР «НИГОЊ»

АДВОКАТ - УЗВИ РАЁСАТИ ИТТИЊОДИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ АДВОКАТОН СОЛЕЊЉОН ЉЎРАЕВ АЗ ЌОНУНВАЙРОНКУНИИ МАЌОМОТ ШИКОЯТ ДОРАД ќарорњои ман ќонунї ва асоснок эътироф гардидаанд. Фаъолияти ман дар мансаби и.в. Прокурори генералии ЉТ њамчунин аз љониби маќомоти олии давлатї ва прокурорњои генералии амалкунанда мавриди санљиш ќарор гирифта буданд. Аммо муфаттиши шумо Ниёзбадалов њуќуќ надорад, ки коњи кўњнаро бод дода, ба фаъолияти 20-25 сол ќабли ман бањои њуќуќї дода, бе ягон он асос маро ба хиёнат аб ватан гунањкор кунад. Ин гуна тўњматро шунидан ба мане, ки ба Ватан содиќона хизмат намудам, аз мурдан бадтар буд! "ПРОКУРОР ХОМЎШ БУДУ СУДЯ КАШОЛАКОРЇ КАРД" Ман дар идомаи аризаи худ ба Прокурори генералї ва директори Агентии зиддикоррупсия навишта будам: "Таваљљўњ намоед, ки муфаттиш Ниёзбадалов ба рўи њимоятгар хандида, Ин Сюандэро маљбур карда истодааст, ки аз хизматгузории ман-адвокат даст кашад ва нишондоди дурўѓин "худиќрорї" дињад. Ў 11 август њуљљатњоро аз нав ошкоро сохтакорї карда, дар њузури панљ нафар иштирокчиёни амали тафтишї ва муфаттиши дигари Агентї ба рўям суханњои ќабењ гуфта, нисбати ман боз даѓаливу дуруштиро раво дид. Аризаи ман дар ин хусус дар протоколи пурсиши Ин Сюандэ зикр ёфта, дар видео наворбардорї шудааст ва онро шоњидон, њамчунин муфаттиши протоколнавис имзо гузошта, тасдиќ кардаанд. Илтимос, ќарори худсаронаи муовинатонро аз навдида бароед, хоњиш намудам аз Прокурори генералї! Аммо Прокурори генералї аризаи манро боз мавриди санљиш ќарор надод. Ба љои ў, Вањњобов В.М., ки аз болои њаракатњои ѓайриќонуниаш ман арз карда будам, ба ман чунин љавоб дод: "Шикояти беасоси туро дида будам. Дигарбора баррасї намешавад". Ман боз ба Прокурори генералї ва директори Агентї мурољиат намудам. Прокурори генералї мисли пештара хомўш ва дари директори Агентї бошад, ба рўям баста буд (ин кўшиши 6-ум буд). Азбаски амалњои ў љиноятианд, бояд љазояшро бинад!!! Бинобар ин аз суд хоњиш намудам, ки: 1) Таваљљўњи Прокурори генералї ва Директори Агентї ба риоя нашудани ќонуният њангоми тафтиши парвандаи шањрванди Чин Ин Сюандэ љалб карда шавад, то ки онњо барои барќарор намудани њуќуќњои асосии поймолшудаи ба њимоя доштааш ва њуќуќњои њимоятгари ў, ки то имрўз ба дидори зерњимояи худ нарасидааст, чора бинанд. 2) Бо ќарори суд Прокурори генералї ўњдадор карда шавад, ки назорат ба риоя ва иљрои ќонуният дар тафтиши парванда таъмин ва ќарори худсаронаи муовинаш бекор карда шавад. 3) Ниёзбадалов аз ин пеш низ дар муомила бо њимоятгарони дигар худсарї кардааст, аз љумла, дар рафти пурсиш њимоятгари маъруф Шўњрат Ќудратовро латукўб намуда, бо чунин иѓвою фитна ўро аз њимояи айбдоршаванда Зайд Саидов ѓайриќонунї барканор кардааст... Акнун, љаноби Президент, ба кирдукори судяњои Шумо бовар кардаатон аз ноњияи Сино

- Бадалзода Мањмуд Муњаммадї ва аз ноњияи Фирдавсї - Бобозода А.Б. нигаред, ки зоњиран, мисли њама барои садоќатманд будан ба Конститутсия ва Ќонун савганд ёд кардаанд! Ин гуна арзу шикоят мутобиќи Ќонун (талаботи моддаи 124 КМЉ ЉТ) аз љониби судя бояд дар давоми 10 шабонарўз баррасї шавад. Прокурор ўњдадор аст, ки маводи санљишро ба суд пешнињод намояд. Аммо судя тамоми кори аз дасташ меомадаро кард, ки арзу шикояти маро баррасї нанамояд. ў бањона пеш меовард, ки прокурор ќадамашро ба суд намемонад ва ба суд маводи санљишро намедињад ва бе асос ба кашолкорї роњ дод. Дар вохўрињо ман мегуфт, ки интизор шавам. Ман интизор будам ва њоло њам интизорам. Аз 28-уми сентябр. Соли 2016 фаро расид. Аммо ќарори суд нест. Хулоса, ки судя аз иљрои вазифањои худ- таъмини адолати судї саркашї кард!... Аммо дар ин муддат муфаттиш Ниёзбадалов ба гўши айбдоркунанда ва њамсари ў густохона њамарўза мехонад, ки "аз ин њимоятгар даст кашида, "зиён"-ро љуброн намо, вагарна, чунон мекунам, ки ба мўњлати 30-40 сол зиндонї мешавї. Суд фаќат он њукмеро мебарорад, ки мо мегўем!.." Намояндаи дигари Агентї ба рўям ошкоро чунин гуфт: "Ту бењуда арзу шикоят меорї ва коѓаз сиёњ мекунї. Магар намефањмї, ки тирњоят ба нишон намерасанд! Вале агар боре онњо ба сўят тир зананд, хато намекунанд"! ... Љаноби Президент, инак ба худсарии муовини Прокурори генералии љумњурї Вањњобов В.М. таваљљўњ намоед, ки Шумо ба садоќатмандии ў муътаќидед. Вай бо Агентї забон як карда, далели айбдоркунандаи гуноњи шањрванди чинї Ин Сюандэро барои дуздидани пул дидаю дониста бофта бароварда, њаљми ин маблаѓро сохтакорона ба андозаи гўшношунид, яъне ба 39 млн. сомонї расондааст. Судя А.Б. Бобозода, ки њоло дар ноњияи Фирдавсї фаъолият дорад, дар зери фишори онњо дидаю дониста ќарори ѓайриќонунї бароварда, ин дурўѓро ќонунї гардонид. Яъне баъди аз њисоби њамсари айбдоршаванда ва коргарони корхонаи ЉДММ "Сад дарё" пардохт карда нашудани "зиён", Мањмадзода ва Ниёзбадалов аз номи Директори Агентї аввал ба таври шифоњї ва баъд хаттї коллективи ЉДММ "Сад Дарё" ва соњибмулки давлатиро дар симои Дирексияи сохтмони объектњои њукуматї аз ихтиёрдории амволашон мањрум сохтанд. Ваќте ки онњо шикоят оварданд, муфаттиш, прокурор ва судя якљоя забон як карда, дар бораи ситонидани 9282240 сомоние ки он дар суратњисоби муассисаи давлатї буд, ошкоро ќарори ѓайриќонунї бароварда, онро чун маблаѓи шахсии айбдоршаванда- "торољгар" Ин Сюандэ њисобиданд. Гузашта аз ин, дар ќарори худ аз 17-уми октябри соли 2015 худи судя далелњои айбдоркуниро бофта карда баровард. Ў пешакї факти дуздии маблаѓро ба андозаи 39 млн. сомонї эътироф кард, дар њоле ки худи маќомоти тафтишоти пешакї ин иттињомро дар содир кардани ин љиноят ба Ин Сюандэ њатто пешнињод накарда буданд. "ГУНОЊИ ИН СЮАНДЭ ВА КОРГАРОНИ КОЛЛЕКТИВИ "САД ДАРЁ" ДАР ЧИСТ?" Њамин тариќ, рўзи 17-уми октябри соли 2015 ќарори ѓайриќонунї дар бораи он бароварда

шуд, ки шањрванди Чин моликияти давлатиро ба маблаѓи 39 миллион дуздидааст ва барои љуброн кардани амалњои љинояткоронаи ў зарур аст, ки маблаѓњои шахсии Ин Сюандэ, ки 9 млн. 282240 сомониро ташкил медињанд, њабс карда шаванд. Њол он ки аз маводи парванда ва њуљљатњои мустанади фармоишгар-Дирексияи сохтмони иншооти њукуматї бармеояд, ки инњо васоити буљетї буданд ва дар он ваќт дар суратњисоб ва ихтиёрдории Дирексияи мазкур, яъне давлат ќарор доштанд. Аммо Ин Сюандэ наметавонист, ки ин маблаѓњоро истифода барад, зеро аз 16-уми июли соли 2015 дар њабс карор дошт. Гузашта аз ин, нисфи ин пулро кормандони ширкат баъди боздошти шањрванди Чин кор кардаанд. Акнун њолати ногуворе пеш омадааст. Фармоишгар - Дирексия наметавонад ин маблаѓашро соњибї намояд ва пули коллективи ЉДММ "Сад Дарё"-ро барои иљрои корњои сохтмон бипардозад, корхона бошад, њаќќи хизмати молрасонандагону маоши коргарон ва маблаѓи андозро пардохт карда наметавонад. Аммо маќомоти андоз барои "иљро нашудани уњдадории пардохти андоз суратњисобро баста, аз андозсупоранда барои гуноњи дигарон љарима меситонанд. Гуноњи Ин Сюандэ ва коргарони коллективи "Сад Дарё" дар чист, ки пули њалол коркардаашонро ѓайриќонунї кашида гирифтаанд? Ин њоло аз нўги хамир фатир аст! Кормандони Агентї, аз номи Директори он амал карда, аввал шифоњї ва баъд бо дастурњои хаттии ѓайриќонуниашон Ин Сюандэ ва њамсари ў - иљрокунандаи вазифаи директори ЉДММ "Сад Дарё" ва њамчунин Дирексияи объектњои сохтмонро маљбур кардаанд, ки ба воситаи пардохтнома ин маблаѓро ба суратњисоби махсуси Агентии мубориза бо коррупсия гузаронанд. Агентї бошад, маблаѓи мазкурро ба њисоби худ њамчун љуброни "зарар"и расондаи айбдоршаванда ворид менамояд. Агентї ба Вазорати молия супориш додаст, ки ин маблаѓро њамчун мадохили нав ба хазина аз "љуброни зарар" аз кисаи "торољгар" Ин Сюандэ ба суратњисоби махсус гузаронад! Ин њама ќаллобї, нишондоди дурўѓин ва чашмбандии корбарї, яъне фиреб додани давлат ба кї лозим аст?! Оё ин давлатро ѓорат кардани худи шахсони мансабдори давлатї нест?! ...Яъне худи њомиёни Ќонун аз рўи ќоидаи маъмули солњои 30-юми асри гузашта амал мекарданд: "Одам, ки бошад, моддаи љиноят ёфт мешавад". Онњо аввал парвандаи ришвадињиро сохтакорї намуданд, сипас се њомї, се намояндаи ќонун худашон пули дуздидаашонро ба кисаи "дузд" гузоштанд, баъд худашон пулро аз "кисаи дузд" кашида гирифтанду њисобот доданд, ки дуздро ёфтанд ва пулро ба хазинаи давлат, вале ба кисаи дигар, яъне ба хазинаи Вазорати молия баргардониданд. Аљаб рўйдоди фавќулода! Чунон ки мебинед, њељ кас, њатто Прокуратураи генералї ва суд бар хилофи ќарори Агентї, аз тарсу бими писари президент Рустами Эмомалї барои њифзи ќонуният ва адолат љуръат накарданд. Дар воќеъ, обрўи њокимияти давлатиро кї паст мезанад ва мардумозорї мекунад?

“НИГОЊ”, ЧОРШАНБЕ №41 (474), 13. 01. 2016

9

Њимоятгар ё сохтакорон, яъне хоинони воќеии адолату њаќиќат? Саволе пеш меояд: Агар мувофиќи Конститутсия ва ќонунгузории љиноятї њама дар назди Ќонун баробар бошанд, чаро Прокурори генералї Юсуф Рањмонов ва Директори Агентї Рустами Эмомалї муфаттишон, муовинони Прокурори генералї ва судяњоро барои љиноятњои мансабї ва љиноятњо ба муќобили адолати судї ба љавобгарии љиноятї намекашанд?! Чаро Ин Сюандэро дар озодї намемонанд, ки ў њамроњи Дирексияи сохтмон ва шахсони аз љињати моддї масъул дар санљиши иљрои воќеии корњои сохтмон ва ревизияи мустаќили такрорї ва экспертизаи судию муњосибавї шахсан иштирок намояд? Њимоячиён далелњои ќотеъ доранд, ки санљиши объектњои сохтмон бо роњбарии Мањмадзода ва зердастоне, ки ба чунин оќибати ќазия манфиатдор буданд, тамоман нодуруст, бе иштироки шахсони масъул ва Дирексияе, ки объектњоро ќаблан бе эрод ќабул карда буд, худсарона гузаронида шудааст. Гузашта аз ин, натиљаи ревизия ва санљишро сохтакорї шудааст, корњои аслан иљрогардида бошад, беасос ба эътибор гирифта нашуданд. Ин гуна санадњои ревизия ва "далелњои" ѓайриќонунї ба даст овардашуда нораво буда, эътибори ќонунї надоранд. Ин Сюандэро ним сол боз дар њабс нигоњ дошта, дар ин муддат ба ў њатто айби дуздию пешнињод накардан камоли бемаънигист! Њамчунин набояд фаромўш кард, ки шањрванди Чин - маблаѓгузори сохтмон буда, кормандонаш њоло дар Тољикистон объектњои муњими давлатї бунёд мекунанд. Дар баробари ин ўро њатто аз њуќуќи имконияти тибќи талаботи Конститутсия ва ќонунгузории мурофиавї њимоя кардан мањрум намудаанд. Аммо агар ў воќеан гунањкор бошад, пас дар асоси факту далелњои боэътимод- тибќи ќонун айб пешнињод намоянд! Ба ѓайр аз Президент њељ кас пеши ин таљрибаи фалокатборро, ки ќисмати шањрвандон њал мешаваду њуќуќи наздикони онњо поймол мегардад, гирифтан намехоњад! Ба Шумо, љаноби Президент - Пешвои миллат њаќиќатро гуфтаниям, ки ватандўсти њаќиќї кисту хоину душмани аслии маслаки умумии мо кист! Њаќиќатро дар рўй гуфтан љиноят нест, балќи ќарз аст! Ин усули фош кардани душманон, дасисабозон, фиребгарону дурўягон ва чоплусон аст! Агар ман, њамчун шањрванди кишварам ва ба њайси њимоятгар ќарзи шањрвандї ва касбии худро дар назди халќу давлат баљо оварда, бо сухани њаќ сохтакорон ва виљдонфурўшони касбиро фош мекунам, ин маънои онро надорад, ки ман ватандўст нею душмани давлату Президенти он њастам! Душманони давлат, бадхоњони халќ ва Президент онњое мебошанд, ки њуќуќу озодињои конститутсионии шањрвандонро поймол мекунанд ва ба хирољгузороне зиён меоваранд, ки нони онњоро беибо мехўранд. Мањз ин ќабил "ватанпарварони" дурўѓини аз номи давлат ва ќонунњои он амал карда, боиси норизои мардум, пайдо шудани мухолифину душманони Президент ва сиёсати ў мешаванд. Инњо дидаю дониста ё худ бинобар доираи танги тафаккур ва назар бар асари кўтоњандешї мекунанд. Онњо фарќи хубу бадро намедонанд, ба он сарфањм намераванд, ки Пешвои миллат- Президент мањз ба чї зарурат дорад. Фитнаангезону иѓвогарони бењунар софдилона ва ихтисосмандона кор карда наметавонанд, аз ин рў дар корњои худ бо роњи ќонунї номуроданд. Баръакс, кор карданашонро вонамуд сохта, тамоми кори аз дасташон меомадаро мекунанд, то одамони ќобилиятнокро, ки онњоро чашми дидан надоранд, бадном кунанд, бо њар роњ ватандўстони њаќиќиро аз сари роњашон дур созанд. Љаноби Президент! Оё намояндагони бемасъулияти давлатї, ки њар сари ќадам ба ноадолатї роњ медињанд, сазовори итминону боварии мардум шуда метавонанд?! … Онњо дурўѓро росту ќубњро њусн вонамуд месозанд! Асли њолро намегўянд, дидаву дониста дурўѓ мегўянд ё худ нофањмида бар зиён кор мекунанд. Ин тоифа мардум дар Агентии зиддикоррупсионї, ки сарвараш Рустами Эмомалї аст, кам нестанд. Онњо сухани њаќ - асли воќеаро аз ў низ пинњон дошта, дар паси сараш корњои ношоями худро анљом медињанд! Ќарзу вазифаи ман ба Шумо расондани њаќиќат аст, то ки ќонуният ва сифати пешбурди адолати судї дар кишвар бењтар гардад. Боќї Шумо медонед!


10

“НИГОЊ”, ЧОРШАНБЕ №41 (474), 13. 01. 2016

ТОП - 5 Панљ расонаи фазосоз: khovar.tj, news.tj, ozodi.org, ozodagon.com, tojnews.org,

ПАНЉ РАСОНАИ ФАЗОСОЗ Яке аз пурхонандатарин матлаби њафтаи гузашта дар сомонаи радиои "Озодї" мусоњибаи журналистон Мирзои Салимпур ва Искандари Хоља Мирзода бо хабарнигори нашрияи њукуматии "Љумњурият" Њарамгули Ќодир буд. Онро, ки рўзи 5-уми январ дар сањифа пайдо шуд, то зуњри рўзи сешанбе, 12-уми январ 16 њазору 375 нафар хонда буданд. Ин суњбат дар атрофи бозпурсї шудани Њарамгули Ќодир дар робита ба парвандаи ошўби генерал Назарзода ва овозањо атрофи робитањояш бо Муњиддин Кабирї, Раиси њизби мамнуъшудаи Нањзати исломии Тољикистон буд. Аз суњбат ба назар мерасад барои маќомот ифшои як муносибати мањрамонаи раиси њизби мамнуъ бо бонуи журналист хеле муњим буд. Кори пурсиш то љойе расида, ки журналист пешнињоди санљиши бокирагии худро мекунад, то даќиќан мушаххас шавад, ки ин њама атрофи ўву Кабирї овозае беш нест. Дуввумин матлаби сербинанда ва серхонандаи "Озодї" "Вазирони ќудратї: Кї меравад ва кї мемонад?" буд, ки рўзи 8уми январ рўйи чоп дид ва боз њам то зуњри рўзи сешанбе онро 11 њазору 256 нафар хонда буданд. Њамчуноне аз номаш пайдост, ин матлаб фарзияву тахмини як тањлилгар дар мавриди дурнамои будубоши ин

Љолибтарин матолиби як њафтаи охир дар ТОП-5 бахши тољикии Интернет (Тољнет) ё он сарвари идорањои ќудрат дар курсии мансаб аст. Аз матлаби Тољнети ин њафта як нукта аён гашт, ки равобит миёни Тољикистон ва Эрон барои сокинони кишвар њоизи ањамият аст аст. Ду матлаби серхонандаи ин мавзуъро, ки яке ба "Азия-плюс" ва дуюмї ба TojNews мансубанд, метавонад шоњиди ин даъво бошад. Маталаби "Азия-плюс" "Таджикским властям советуют держать нейтралитет" ном дошт. Маќола, бар пояи суњбат бо коршиносони сиёсї иншо шудааст, аз дурнамои равобит миёни Тољикистон ва Эрон дар пасманзараи тезутунд шудани муносибат миёни Риёз ва Тењрон њикоят мекунад. Муаллиф аз коршиносони сиёсї Парвиз Муллољонов, Рашид Ѓанї Абдулло, Абдумалик Ќодиров назар мепурсад ва хулоса он аст, ки тавсия медињанд Душанбе дар ин ќазия комилан бетараф бошад ва њатто кўшад барои њалли мусолиматомези он кореро имкон дорад, анљом дињад. Аз он ки матлабро то рўзи душанбе 15416 нафар хонда буданд, пайдост, ки мардуми кишвар то њаде мутаваљљењи таѓйири фазои муно-

сибатњо миёни Тољикистону Эронанд ва аксаран бар ин назаранд, ки набояд миёни ин ду кишвари њамзабон тухми адоват кошта шавад. Матлаби TojNews "Эрони дигар. Чаро бояд аз кишвари њамзабони худ эњтиёт бошем?"-ро аз таърихи 8 январи соли равон то зуњри рўзи 12-январ 11232 нафар хонданд ва бисёрињо зери он андешањои худро навиштаанд. Муаллиф менависад, ки "даъвати Кабирї ба Тењрон дар њоле, ки њизбаш террористиву худаш љинояткор эълон шуда, дар љустуљўи Интерпол ќарор дорад, њатто њушдор нест, балки паём аз шуруъи як бозии љадид ва љиддї бо њукумати Тољикистон медињад". Муруре ба расонањои электронии ин њафта нишон дод, ки мардум то кадом њад ба таѓйироти кадрї таваљљуњ доранд. Матлаби "Азия-плюс" бо номи "Сняты с постов руководители ряда городов и районов Таджикистана", ки 11-уми январ гузошта шуд, зарфи як шабонарўз 16 њазору 610 нафар хонанда пайдо кард. Ва матлаби њамсон дар хабаргузории давлатии "Ховар"-ро, ки он

низ рўзи 11 январ рўйи сањифа рехта буд, дар њамин муддат 1050 нафар хондаанд. Матлаби дигари TojNews ба сафари Эмомалї Рањмон ба Арабистони Саудї ва њаљи умраи ў бо хонаводааш мебошад ва чунин унвон дорад: "Боздиди бесобиќа аз аксу навори њаљљи умраи Эмомалї Рањмон дар Фейсбук". Ин матлабро то зуњри рўзи 12-январ 7419 нафар мурур карда буданд. Муаллифи маќола менависад, ки "навори "Зиёрати хонаи Худо-Каъбатуллоњ", ки хадамоти матбуоти Президент соати 11-и 5уми январ дар шабакаи иљтимоии Фейсбук гузоштааст, корбарон ба таври рекордї онро писандида ва боздид кардаанд. Ин наворро беш аз 1 њазору 240 корбари Фейсбук бознашр карда, беш аз 1 њазору 740 нафар истифодабарандаи Фейсбук "Like" мондаанд. Зери ин навор ва аксњое, ки аз иљрои маносики њаљљи умраи Президент Эмомалї Рањмон ва пайвандонаш гузошта шудааст, дањњо тан шарњу тавзењ навиштаанд. Ин њам дар њолест, ки баъзе аз наворњои дафтари матбуоти Президент дар сањифаи мазкурро чанд тан башумор "лайк" мондаанд". Матлаби њамсон аз хабаргузории "Ховар" бо номи "Зиёрати оромгоњи Пайѓамбари ислом њазрати Муњаммад (с)"-ро, ки рўзи 6-январ гузошта шуда буд, то зуњри рўзи сешанбе 907 нафар хонда буданд. Аз матолиби ин њафтаи сомонаи "Озодагон" "Гирдињамомадањо: Агар Сафорат посух надињад..." пурбањстарин унвон шудааст. Ин гузориш дар бораи гирдињамоии иддае аз љавонон љињати дарёфти посухашон аз Сафорати Амрико дар мавриди Абдумалик Абдуллољонов, Додољони Атовулло, Муњиддин Кабирї њикоят мекунад. Онњо талаб доранд, ки давлатњои хориља касонеро, ки ба Тољикистон ноамнї меоранд, боздошт ва ба Душанбе баргардонанд. Ба ин матлаб то зуњри рўзи сешанбе њудудан 30 нафар шарњ навишта буданд. Маводи дуюми пурбањси ин хабаргузорї "Пешнињоди омўзиши дарси Пешвои миллат дар макотиби миёна ва олї" мебошад, ки атрофи он камтар аз 30 нафар бањс кардаанд. Матлаб дар бораи пешнињоди устоди кафедраи њуќуќи Донишгоњи тиљорати Тољикистон Сиёвуш Наботов аст, ки мегуфт ваќти он расида, ки дар макотиб Пешвои миллат соати дарсї дошта бошад, то ба хонандагону донишљўён љузъияти ин ќонун ва сабабњои ќабули он пурра омўзонида шавад.

Бобољони ШАФЕЪ

БАЊСИ ЗИНДА. ЧАРО БЕ ШУМО?

АГАР САРВАТМАНДОН МАСЉИДРЎБЇ КУНАНД.... Аммо пурбинандатарин ва пуршарњтарин матлаби интернетї хабаре буд, ки онро Дмитрий Литвиненко дар сањифаи худ дар Фейсбук кошт. Вай навишт: "Як рўз марди маккї баъд аз намоз дар Масљид ал-Њаром хост ба рўбандае садаќа дињад. Вале ў ба ин мард кортњои зиёди бонкии худро нишон дод ва гуфт эњтиёље ба садаќа надорад. Он ваќт он мусулмон аз ў суол кард: Ту кистї ва ин љо чї мекунї? Мард посух дод: Ман соњиби шабакаи мењмонхонањо дар шањрњои мухталифи Њинд њастам ва аз ваќт ба ваќти дигар ман раводиди корї мегирам ва муддати шаш моњ дар як сол ба Макка меоям, то ки бо рўбандагї дар он мукофоти амаламро аз Офаридгори худ талабам. Аз Аллоњ хоњиш кунам, ки зањамоти маро ба даргоњаш ќабул фармояд. Ва ман ин корро самимона танњо ба хотири Ў анљом медињам". Ин навишта рўзи 8-уми январ гузошта шудааст ва то зуњри рўзи сешанбе онро 19 њазору 521 нафар "Like" монданд, 8 њазору 081 нафар дар њошияи он шарњ навиштанд. Ва њар касе њар чизе дилаш мехост навиштааст. Шояд садњо нафар бо навиштаи нидоњои хурсандї аз ќабили: "Ё Аллоњ!, Субњоналлоњ! Чї хуб!, Чї љолиб..." ва ѓайра ќаноат карданд. Дањњо нафари дигар ба сињњат доштани хабар шубња карданд, теъдоди хеле каме љумлаву иборањои танзомез навиштанд, аз ќабили "Сари ин мард бояд ташхис шавад..." Вале њазорњо тан на танњо офарин хонданд, балки анешањои худро муъљазу кутоњ баён доштанд, ки иќтибосоте дар поён меорем.

Дмитрий Литвиненко: Уммати исломї аз чунин мисолњо бой аст, ин афрод хеле зиёданд. Nazira Epeeva: Кош чунин инсонњо бештар мебуданд... Ильяс Абу Хамза: Ба наздикї насиб бошад ќасди њаљљи умра дорам ва ин одамро меёбаму дасташро мефишорам! Канат Ескендиров: Оре, ин гуна одамон дар њарам хеле зиёданд ва бењтар аз дигарон кор мекунанд. Бо самимият, бо талоши фазоянда ва содиќонаву ошиќона... Kundakov Yermek: Инсони хушбахт. Ба худ иљоза медињад, ки бидуни маош кор кунад. Nurlan Kushbakov: Дар Њинд фаќирон хеле зиёданд, кош ба онњо ёрї мерасонд. Kamal Muhammad: Ман бовар дорам ба онњо низ кўмак мекунад. Динара Амержанова: Худованд зањматњои ўро ба даргоњаш ќабул фармояд ва ибодатњояш мавриди ќурбати илоњї гардад. Айтгуль Доня: Худоё, ин аст инсони комил ва воќеъї! Ин аст инсони њаќиќї! Бо руњу бо тан бо Офаридгор аст! Зааргул Маматова: Оре, инсони бисёр хушбахт аст ва хеле аќлона амал мекунад. Habibyllah MyhameDjanov: Худованд дуои ўро ќабул фармояд. Омин! Сайпутдинов Нариман: Ин гуна инсонњо хеле каманд. Сарватмандон дар зиндагии мо наметавонад ин гуна амал намоянд. Камол Тургун: Офарин! Худованд бароят Фирдавси баринро насиб гардонад! Komron Shah Komilzoda: Афсонаву афсона. Агар шумо соњиби ин миќдор пули зиёд бошед, пас онро ба мусалмонони Сурия ва Фаластин ирсол кунед. Он љо сардиву гуруснагї њоким аст. Дар Дубай танњо ба 40 миллион доллар шаби Соли нав оташбозї карданд.

Жорабек Юсупжанов: Аз худатон сар кунед, ќабл аз он ки маслињат медињед. Шахсан чї миќдор пул ба онњо ирсол кардед? Агар накардед, пас касе эњтиёљ ба маслињати бегонагон надорад, њар кас барои худ љавоб медињад. Вячеслав Циганков: Дар Инљил омада, ки Худованд маѓруронро дўст намедорад ва фурутанонро файзу баракат медињад. Ljaman Adelia: Ин албатта, рафтори зебову ќашанг ва ќобили эњтиром аст, вале мутаассифона ин дурўѓ аст. Касе барои шўхї инро бофтааст. Рауф Керимов: Вале ман бовар мекунам. Њастанд одамоне, ки ба Офаридгорашон содиќанд, бандаи Худоянд ва ба эътиќодоти худ бовар доранд. Арсен Гамзалов: Ба назарам миллионере аз Бангландеш буд, ки дар Макка рўбандагї мекард. Исмаш Њусейн Љавњар буд. Савдат Джаватханова: Агар ин гуна одамон зиёд мебуданд, дар олам сулњ њукмфармо буд. Сарватманд ва боз хеле фурутан. Ин дар зиндагї рўйдоди нодир аст. Zinaida S Bogaeva: Аллоњ ба ў њам пул дод ва њам имон ва ўро бо пул наметавон харид. Хушбахтии худро дар хидмати Офаридгор будан мебинад. Хеле аљиб. Мирикле Бой Митзимо: Бехонањо дар Њинд чї? Чаро ба онњо кўмак намекунад? Агар њама мењмонхонањояшро мефурўхт ва ба љойи он корхонае месохт, ки мардум љойи кор меёфтанд... Юлия Петрик: Њатто агар ин дурўѓ њам бошад, бигзор бошд. Чаро агар ту мултимиллионер бошї бояд саргарми рубучин нашавї? Дар њолест, ки ин масљид аст ва он љо бе ин њам нисбатан тозаву озода аст. Ман дар ќиёс ба ў даромади хеле камтар дорам, вале бароям хуш буд, ки он љо рўбандагї кунам. Охир

ин хеле зебост ваќте меандешї, ки барои Худо мерўбї. Камиль Алимбаев: Њар коре вай мекунад, ин кори шоиста аст, аммо барои аксари ќазоќњо имкони даст задан ба кори хайр нест. Мо дар љустуљўи нони њаррўзаем ва бурдаи нони зиёдатї надорем... Guljamal Urisbaeyva: Он мусалмони намунавист, намуна барои њар кадоми мо, то ки мо Офаридгори худро фаромўш накунем ва њамеша аз ў миннатдор бошем. Фирдавс Шарипов: Ин як рўйдоди оддї аст. Ман њам медонам бисёр одамон ба масљид мераванд ва ба рубучини он кўмак мерасонанд, дар њоле ки кори хубу шоиста доранд, пули хуб мегиранд. Ва њамаи ин ба хотири Аллоњ ва барои ризояти Ўст! Муроджон Халимов: Ягонто аз пулдорњои мо њам мерафта бошанд? Рофибоева Зарина: Хаёташонба намеран. Давид Баззаев: Ман њамаи инро намефањмам, бо њама эњтироме, ки ба Ислом дорам, чї лозим ин њамаро ба ФС навиштан ва дар њар љойе, ки мешавад навишта. Њатто дар кўчањо фарёд мезананд, ки Мошааллоњ, Иншоаллоњ, Оллању Акбар ва ѓ. Магар хуб нест дар ќалб нигоњ доранд ва аз рўйи виљдон зиндагонї кунанд? Sevinj Mammadova-Useynova: Ў дар бораи худ нанавиштааст ва фикр мекунам, ки бо хоњиши ў навишта нашудааст. Камола Мусажонова: Мо бояд аз ў ибрат бигирем, на ки мањкумаш кунем. Бакыт Карнакбаев: Чаро дар кишварњои мо миллионерон чуни н намекунанд? Ба назарам имони аслї нест. Ман шунидам, ки дар Ќафќоз сармоядоре њамасола масрафоти њаљљи дањњо нафарро пардохт мекунад. Њамчунин медонам, ки сарватмандоне худро таъриф мекунанд, ки 10-12 маротиба ба њаљ рафтаву дар бењтарин мењмонхонањои атрофи њарам зистаанд. Аллоњ шоњиди ин аст...


САЊФАИ ВОЛИДОН Њар касе гумон дорад, ки бархўрди мо ба системаи имрўзаи таълими кишвар як эътирози инфиродист, иштибоњ мекунанд. То ин замон шояд дањњо маќолањо навишта шудаанд, ки ин система куњна шудаву бояд нав гардад. Вале шеваи омўзишу парвариш дар макотиби мо таѓйир намекунад. Чун ин як масъала фаротар аз доираи як кишвар аст, низоми мактабдории имрўза дар сар то сари олам ниёз ба тањаввулот дорад. Шояд на дар њама кишварњои дунё, вале яќинан дар минтаќаи мо мактаб ба буњрони њуввият гирифтор аст, бояд бирањад ва ба пояњои рушди илми мусоир худро баробар кунад. Ва ин андешаи танњо мо нест. Берун аз Тољикистон њам дањњову садњо пажуњишгоњњову клубњо ва нињодњои дигар аз аќибмондагии мактабу маориф бонги изтироб мезананд. Яке аз онњо "Клуби мањорати волидайн" мебошад. Муассисони ин клуб мегўянд: Хеле дардовар аст мушоњидаи он ки мактаби муосир истеъдоди кўдаконро мекушад, руњияи онњоро мешиканад, фалаљ мекунад ва њазорон номуваффаќонро ба љомеа медињад. Ба андешаи ин муаллифон 90 дарсади мактабиён дар наздиктарин фурсат ба инсонњои номуваффаќ табдил мешаванд. Љомеаи мо тањти таъсири гипнози як ќолаб ќарор ги-

Илми њозир исбот кардааст: кўдак замоне хуб тањсил мекунад, ки ба иштибоњ роњ медињад. Аммо мактаб њама кори мумкинро анљом медињад, то дар замири атфол тарс дар назди иштибоњотро парвариш дињад. Барои посухи нодуруст бањои "2" мегузоранд. Дар оянда ин одамони камтолеъ метарсанд, ки чизи наверо таљриба кунанд, иштибоњ намоянд. Дар њалли масъалањо дар макатњои муосир танњо ду посух вуљуд дорад: дуруст ва нодуруст. Њамин тариќ тифлон оламро њамвор мебинанд ва тасаввур мекунанд. Ин дар њолест, ки дар бисёре аз масоил дањњову њазорњо посухњои дуруст буда метавонанд. Бачањо ваќт надоранд, ки бияндешанд. Раванди омўзишњои муосир тавре сохта шудаанд, ки кўдак њамеша саргарми корњои ањмаќона ва камањамият аст. Пештар, дар замони шукуфоии фалсафа муаллим хонандагонро лаби дарё меовард ва вазифа медод, ки фикр кунанд. Онњо метавонистанд соатњо ва рўзњо бањс кунанд, ибрози андеша намоянд. Танњо дар танњоиву оромї андешаронї карда мо метавонем аќли худро сайќал дињем, дониш ёбем. Мактаби муосир як ѓаризаи навтавлид-талош барои дарки ашёро мекушад. Леонардо да Винчи дар мактаб тањсил накарда буд. Та-

11

меояд, соати чанд бояд ба дарси иловагї њозир шавад, тафрењашро дар куљо ва бо кї мегузаронад, боз њам наздикон панд медоданд, ки "гузарондї". Азбаски дар мактаб аъло тањсил мекарду ба гуштин шавќ дошт, иљоза дода будам, ки њафтае се маротиба ба толор биравад ва барои худаш тамрин кунад. Дар чанд сабќати љумњуриявї низ ѓолиб омад, шояд агар мустаќилияташро бештар фароњам меовардам, комилан аз пайи варзиш мерафт. Аммо тасмим гирифтам, ки дар синфи охири мактаб (ёздањум) аз машќ барои муддате канор биравад, албатта бо худаш њам суњбат кардаму ў низ мутаќоид шуд, то битавонад барои даврони омодагї ба донишгоњ ваќти бештаре дар ихтиёр дошта бошад. Талќинаш мекардам, ки агар бо дониши худ вориди донишгоњ шавад, он ваќт метавонад тамринашро идома бидињад ва он ба дарсаш халал нахоњад расонд. Хушбахтона, ин тарзу услуб бор овард ва Дилнавоз шомили донишгоњ дар љумњурї гардида, баъди супоридани имтињонњо роњхат барои тањсил дар кишвар, Эрон ва Русияро ба даст овард. Интихоб дигар барояш озод буд ва ў аз ин се Русияро баргузиду ба Санкт- Петербург рафт. Њоло њам таълим мегираду њам дар риштаи дўстдоштааш тамринашро идома медињад.

ЧЇ ГУНА МАКТАБ ИСТЕЪДОДИ АТФОЛРО МЕКУШАД ВА ОЛАМРО АЗ НОМУВАФФАЌОН ПУР МЕКУНАД рифтааст ва наметавонад воќеъиятро дарк кунад. Системаи маориф бидуни умед пир шудааст. 90 дарсад хатмкардагони он комёб нестанд ва ин беш аз њадди интизор аст. Агар фаразан корхонаи обњои маъданї аз 10 шиша 9 шишаро бо обњои ифлос пур мекарду ба савдо мебаровард, даќиќан роњбарони онро ба зиндон меандохтанд. Мактабњои муосир дар кулли олам 200 сол пеш сохта шуда буданд ва ин институт он замон посухгўи асри худ буд. Ин замоне буд, ки дар Инглистон тавлидоти санъатї рў ба рушд меовард. Барои хизматрасонї ба ин саноат миллионњо инсонњои холї аз тафаккур, гапдаро ва иљрокунанда зарур буд. Ва он ваќт ба системае, ки зидди аќли солим, табиати кўдак ва тањаввулот бошад, асос гузошта шуд. Мо медонем, ки кўдакон дорои энержии зиёданд. Онњо дўст медоранд, ки биханданд, давутоз кунанд, аз љойе ба љои дигар бипаранд. Мактаб атфолро барои њар гуна ба ин монанд эњсосот љазо медињад, зиндадилии тифлона ва њисси кунљоковии ўро мекушад. Дар бораи рушди шахсият, њам аз нигоњи љисмонї ва њам руњиву фардї њољати гап њам нест. Педагогикаи мо тавре сохта шудааст, ки фардият, шахсият ва доштани афкори худро барои тифл нобуд месозад. Чанд посух ба ин суол, ки чаро ин гуна мактабњо зарароваранд?

“НИГОЊ”, ЧОРШАНБЕ №41 (474), 13. 01. 2016

нњо ба шарофати њамин вай тавонист рушд ёбад ва ташнагї ба дарку идрок ва шинохти ашёро њифз кунад. Вай тамоми умр шогирд буд, вале кушоишњои муњиму бузурги илмї мекард. Кашфиётњои ў оламро 500 сол пеш бурд. Аксари донишљўёни имрўз ба муљарради ба даст овардани диплом комилан аз омўзиш даст мекашанд. Онњо њатто ин равандро чашми дидан надоранд ва тамоми умр маљруњи руњї боќї мемонанд. Олам дигаргун мешавад, инкишоф меёбад. Маълумот аз ин олам аќиб мемонад ва метавонад бефоида ва камарзиш шавад. Арзишмантар аз њама он аст, ки худомўзї кунанд, ин айни он чизест, ки дар мактабњо омўхта намешавад. Њоло дигар касеро наметавон дид, ки дар шањр харсаворї кунад, хаткашонии ќаблї акнун маъмул нест. Воќеъият дигар шудааст. Танњо мактабу маорифи феодаливу саноатї бидуни таѓйир мондаанд. Агар тифл се-чањор шабонарўз ба њоли худ гузошта шавад, яќинан дер мешавад Дар тарбияи фарзандонам, ки шукри Худо чањор нафаранд, аз кадом як шаклу равиш ва услуби хосе истифода намекунам. Њоло ба он љое њам нарасидаам, ки аз худу хонаводаам сифат кунаму дигарон аз мо пайравї намоянд. Њоло њар чї њаст, њаст, њаст ва њамонро дорем, ки думболаш њастем: босавод кардани фарзандон, њидоят ба роњи дуруст, тарѓиби дўстдории Мењану Миллат, арљгузорї ба суннатњои миллї ва эњтироми хурду бузурги љомеъа. Албатта, фаќат волидон наметавонанд дар танњогї кореро анљом бидињанд, ки онро муштаракан бо дабистону љомеъа анљом медињанд. Аммо хишти нахустини тарбияи фарзанд мањз дар муњити солими хонавода шакл мегирад ва он бо мурури ваќту дар кўраи давр пухта мешавад, яъне ба камол мерасад. Ба љомеъаи муосир муносибати хайрхоњона дорам, аммо бештар ба тарзу услуби суннатии таълиму тарбияи фарзандон, ки аз бобоям, яке аз нахустин омўзгорони Бадахшон- Хоља Шикорї (равонашон шод бод!) такя мекунам. Худорањматї њанўз дар ибтидои солњои сиюми садаи бист, пас аз хатми курси махсуси муаллимтайёркунї ба зодгоњ, ба водии Ванљ баргашта, дар босавод кардани мардум ва заминагузории мактабњои аввалину рушди маорифи ноњия сањм гузоштанд. Тўли 42 сол (то соли 1977), то замони бознишастагї сарварии дабистони дењаро ба зимма доштанд. Пас аз канор рафтан аз кори дўстдоштаашон боз њам мо, набераву аберањоро дарс медоду ба ќавле "дастамонро рост мекард", то ќабл аз рафтан ба синфи тайёрї ва якуми таълимгоњ хату савод барорем..., ёди он бузург ва он рўзњои хуш ба хайр!

Гуфтам, ки њоло як чунин дастоварди беназире дар ростои таълими фарзандон надорам, ки улгуи дигарон буда бошад. Аммо агар иљоза бидињед, чанд сухане аз "шебу фароз"и зиндагї, ки марбути мову хонаводаву фарзандон аст, бигўям. Аввалин суханеро, ки ману њамсарам ба фарзандон талќин мекунем, њамеша ин буда, ки дурўѓ нагўянд, њатто дар њолати маљбурї низ аз дурўѓ њазар кунанд. Ростгўйиро бењтарин хислат барошон таъриф мекунему аз њаќиќату адолат намуна меорем. Онњо низ шукри Худо аз ин дарси аввалу доимї сабаќ мегиранд, то дар оянда аз мевааш бањравар шаванд. Хушбахтона, њамин тавр ростиву њаќиќат дар фазои хнаводагї љои по пайдо менамояд ва аъмоли эшон ба сўйи хубї майл мекунад. Мегўянд, ки фарзандро комилан озоду мустаќил тарбия бояд кард. Ман то љое ба ин андеша розиам, аммо на бо он андоза, ки ў (фарзанд) њар чї бихоњад, њамон бишавад. Агар тифли ин шабу рўз давоми се-чањор шабонарўз ба њоли худ гузошта шавад, яќинан дер мешавад, дере, ки охираш таассуфу пушаймониро ба бор меорад. Сахтгирї дар тарбияву таълим, хосатан дар роњи омўзиши илм њеч ваќту замоне барњадар набуда аст, хоњ дар даврони шўравї ва ё замони истиќлол. Аз дастурњои педагогњои барљастае амсоли Унсуралмаолї, Айниву Макаренко ва Сухомилинскиву Луначарский фосила гирифтан нашояд. Волидайн бояд ањамияти бештаре дар таълиму тарбия ќоил бошанд. Њоло боз њам бармегардем сари масъалаи аслї. Ќабл аз ба мактаб рафтани кўдакон кўшиш ба харљ медињам, ки онњо дар хона хату савод бароранд, расм кашида тавонанд, намуди варзиши дўстдоштаашонро интихоб кунанд ва худашонро то љое имкон њаст ба дурустї бишиносанд. Њеч шомеро дар ёд надорам, ки ман ё њамсарам аз фарзандон вазифаи хонагиашонро напурсида бошем ва ё сари мавзўъе марбут ба мактаб суњбат накарда бошем. Њамеша бо мактаби онњо робита доштаем ва њам дорем. Роњбарони синфи эшон ќариб, ки љузъе аз хонаводаи моанд. Њоло фаќат фарзанди бузургам, ки мактаби миёнаро ду сол пеш хатм кард, муњассили донишгоњи бонуфуз дар Русия аст, дуи дигар дар мактаби оддї дар Душанбе тањсил доранд ва бањои аъло мегиранд, гоње њам "4" мегиранд. Албатта, бе ин намешавад. Кўчактарини фарзандон њамагї ду сола аст ва рангу суратњоро фарќ мекунад, то шумораи бист њисоб мекунаду чанд мисраъ шеър низ медонад... Ваќте аз писарбузургам каме бештар талаби омўзиш мекардаму сахтгирї мекардам, дўстон мегуфтанд, ки ин ќадар бачаро азоб надењ... Назорат мекардам, ки кай аз мактаб

Хилватшоњи МАЊМУД, рўзноманигор

Инро бояд донист

ЧЇ ГУНА МЕТАВОН АМНИЯТИ ФАРЗАНДОНРО ТАЪМИН КАРД? Агар шумо мехоњед фарзандатон ќоидањои бехатариро риоя кунад, пас дафъатан худи шумо риояи онро биёмўзед. Шахсан намуна бошед, то тифлатон аз пайи шумо биравад ва аз вазъи хатарнок эмин бимонад. Бо тифл иртиботи зарурї ва мустањкам барќарор намоед, ўро басо бо таваљљуњ бишнавед, тањлил кунед, ки вай чї мегўяд ва ўро чї ба ташвиш овардааст. Ба тифлатон фањмонед, ки дар сурати хатар ба кї метавонад мурољиат кунад. Њангоми гусели фарзанд ба кўдакистон ва ё мактаб ба ў фањмонед, ки мушаххасан кї барои ў меояд ва ў набояд бо ягон каси дигар биравад. Дар ин бора мураббї ё муаллими ўро низ дар љараён бигзоред. Ба онњо фањмонед, ки ваќте телефон занг мезанад, ба њеч ваљњ ба одамони ношинос набояд ному насаб ва суроѓаи худро гуфт ва њамчунин набояд гўянд, ки дар хона танњоянд. Дар сурати тањдиди амали љиної ба фарзандон, зуд ба маќомоти њифзи њуќуќ хабар дињед. Ва низ агар шумо дар назди кўдакистон шахсони шубњаовари бегонаро мушоњида кунед, маќомоти њифзи њуќуќро дар љараён гузоред. Дар ёд дошта бошед, БАЧАГОН зудбовар ва содаанд, онњо аз калонсолон интизори бадї нестанд, чун афроди калонсол барои онњо обрўянд ва њисси эњтиром ба калонсолон дар аксар маврид бачањои хуштарбияро ба њолатњои хатарнок мебарад. Љинояткор метавонад басо ба осонї "калиди боварї" ба кўдакро пайдо кунад: метавонад басо осон ба боварии ў дарояд, ўро фиреб дињад ва барои ин аз роњу усулњои хеле оддї кор гирад. Аз ин рў калонсолон вазифадоранд на танњо ботаваљљуњ бошанд ва њамеша фарзандонашонро аз назарашон гум накунанд, балки ба онњо малакаи рафтори бехатар дар хона, дар кўча ва беруни њавливу хонаро омўзанд. Аз хушунату зўроварї метавон фирор кард! Барои ин зарур аст вазъро дуруст арзёбї намуд ва ба ќарори дуруст омад.


“НИГОЊ”, ЧОРШАНБЕ №41 (474), 13. 01. 2016

ШАРОБ КАЙ ПАЙДО ШУД? Мусаллам аст, ки дар бештари сарчашмањо осмонї ё бињиштї будани токи ангур таъкид шудааст, вале бархе муфассирон бар он назаранд, ки Одам баъди аз бињишт ронда шуданаш, бо тавтиаи Иблис дар замин ба токпарварї ва нињоят шаробкашї аз ангур даст зад. Гуруњи дигар њадс мезананд, ки Иблис дар бињишт Одаму Њавворо аз шароби ангур махмуру саргарм намуд ва бар асари мастї аз гиёњи мамнўъ чашиданд ва ба хашми Худованд гирифтор шуданд. Аз ин ру, шаробро ум-ул-хабоис ва ё сари љамъи гуноњњо, ё модари гуноњњо хонданд. Ривояте дар Таърихи Табарї бад-ин мазмун омада: Иблис токи ангурро (раз) шинондан пас, товусеро кушта, хунашро бехи он мерезад. Баъди ќомат афрўхтанаш, маймунеро кушта ва хунашро бехи ангур мерезад. Њангоми самар гирифтанаш, хукеро кушта, аз хунаш ангурро шодоб месозад. Ин аст, ки бархе аз одамон баъди нўшидан, аввал товусвор мехироманд, сонї маймунбозї ва баъди зиёд аз меъёр нўшидан хук барин бетамизї мекунанд. Ќиссаи нўшонида, маст намудан ва бо падар њамхоба шудани ду духтари Лут паямбар гувоњи аз роиљ будани истеъмоли шароб дар ин ањд аст. Яке аз муъљизањои Исои Масењ низ ба шароб рабт дорад. Паямбар Исо њанўз дар замони дањсолагияш бо модараш хонаи зане мењмон мешавад, ки шафоаташ ба ин хона-

дон расида буд. Зимни мањфил шароб тамом мешавад ва соњибхоназан хиљолат мекашад. Бо инояти Худованд ва ба хотири аз ин вазъи ногувор баровардани мавсуф Исо дастур медињад, ки кўзањои холии шаробро зери новадонњои об гузоранд. Филфавр бо муъљизаи Илоњї кўзањои об ба шароб табдил меёбад. Зимни сухани хайрбодї низ охиршаби "шабњои хилват" бо шогирдонаш ќабл аз сууд дар дасти Исо шароб буд. Ва љомро бардошту таъкид намуд: -" Бинўшед ин љомро то ќатрањои охирин…" Маросими ба маъбадиён додани каме нону шароб аз љониби роњибони калисо низ ба ин ишора нисбат дорад. Таъкид ба маврид аст, ки дар шарќи куњан оби нўшокї хеле кам буд ва ё сермаъдану шўр, аз ин рў бештар мардум аз ширу шароб истифода мекарданд. Тибќи сарчашмањои мардумони эронинажод, аз љумла "Маздаясно" ва "Наврўзнома"-и Њаким Умари Хайём майу љом ба ањди шоњ Љамшед мутаалиќ аст.

(ба дермондагї) таѓйир наёфтааст; ва љўйњое аст аз шир, кї маззаи он барнагаштааст; ва љўйњое аст аз майи лаззатдињанда барои ошомандагон; ва љўйњое аст аз асали софкардашуда; ва барояшон он љо аз њар гуна мевањо њаст; ва (онњоро) аз Парвардигорашон омурзиш аст. (Оё онњо) монанди касонеанд, кї њамеша дар оташ бимонанд, дар њоле ки ба онњо оби гарм ошомонида шавад, пас (он) рўдањояшонро пора-пора созад. (Муњаммад 15) Дар он љо љоми шаробро аз дасти якдигар мегиранд, ки дар он на бењудагўї бошад ва на гуноњ. (Тур 23) Бар тахтњои зарбофт нишаста бошанд… (Писарони) нављавонони љовидон бар гирди онњо (барои хидмат) гардиш мекунанд. Бо кўзањову ибриќњо ва љомњо (-и пур) аз шароби љорї. Онњо аз (он шароб) на сардард мешаванд ва на аз њуш мераванд. (Воќеа 15, 17,18,19) Њамоно некўкорон аз љоми шаробе меошоманд, ки омезиши вай (оби) Кофур бошад … Ва он љо ба онњо љоми шаробе нўшонида

ЊАДИСИ ШАРОБ будани он надорад). Мухтасари Сањењи Бухорї, китоби машрубот, боби 1, Њадиси 1933юм) Аз иќтибосњои мазкур бармеояд, ки шароб ба мазмунњои моддї ва маънавияш ду навъ; Илоњї ё осмонї (бињиштї) ва табиї (заминї) мебошад ва албатта дар осори шоирони класссик ва муосир низ маю майгусорї ба ду маънию мазмун тасвиру ташбењу тазкиру тамсилу тавсиф шудааст. Чанд намуна: Май оварад, шарафи одамї падид, Озоданажод аз дирамхарид. (Рўдакї) *** Чун даргузарам ба бода шўед маро, Талќин зи шароби ноб гўед маро, Хоњед, ки ба рўзи њашр ёбед маро, Аз хоки дари майкада љўед маро. (Хайём)

ЗИКРИ ШАРОБ ДАР ЌУРЪОН Зикри май ё шароб дар Ќуръони азимушшаън низ борњо омадааст. Њоло он сура ва оятњоро бе шарњу тафсир пешнињоди Шумо хонандаи нозукфањм менамоям: Аз ту дар бораи шароб ва ќимор суол мекунанд. Бигў: "Дар ин њарду гуноњи сахт аст ва барои мардум нафъњое (њам) њаст; ва гуноњи ин њарду аз нафъи онњо сахттар аст... ( Баќара 219) Љуз ин нест, кї Шайтон мехоњад ба сабаби хамру ќимор дар миёни шумо душманї ва нохушї биандозад ва шуморо аз ёди Худо ва аз намоз боздорад. Пас оё (алњол) шумо бозистодед? (Моида 91) Љоме аз шароб бар онњо ( даст ба даст) гардонида шавад, кї сафедранг ва нўшидагонро лаззатдињанда аст.(Соффот 45- 46) Масали бињиште, кї ба парњезгорон ваъда дода шуд, ин аст: дар он љўйњое аст аз об, кї

шавад, ки омезиши он (оби чашмаи) Занљабил аст.( Инсон 5-17)

ШАРОБ ДАР ЊАДИСЊОИ ПАЙЃАМБАР ВА АДАБИЁТ Аз шароби холиси сарбамўњр нўшонида мешавад, ки мўњри ў мушк аст. Ва раѓбаткунандагон бояд ки ба њамин (шароби пок) раѓбат кунанд. (Муттафифин 25-26) Дар њадисњои паямбари ислом Њазрати Муњаммад (дуруд бар Ў) низ дар боби зарару хатари шароб сахт таъкид ёфтааст, ки аксарашон мазмунан шабењи њадиси зеранд: Аз Оиша(а) ривоят аст, ки гуфт: Касе аз паямбари Худо(с) аз њукми битъ, ки мардуми Яман онро аз набизи асал тањия намуда ва меошоманд, пурсиш намуд, фармуданд: "Њар шаробе, ки сабаби мастї шавад, њаром аст" (Яъне асоси тањрима мастї аст ва таѓири шакл ва ном ва кайфияти сохтан таъсире ба њаром

ЌАЗИЯИ КАБИРЇ

Муфтї сафири Тољикистон дар Эронро гунањкор кард Сайидмукаррам Абдулќодирзода, раиси Шўрои уламои Тољикистон сафири Тољикистон дар Эрон Неъматулло Эмомзодаро муљрими тарк накардани Конфронси байналмилалии "Вањдати исломї" дар Тењрон донист. Абдулќодирзода дар нишасти хабарии Кумитаи дин гуфт, бо даромадани Муњиддин Кабирї ба толори конфронс ў хостааст, ки љаласаро тарк кунад ва барои ин ба сўи Сафири Тољикистон дар Эрон ишора кардааст. Аммо сафир ба ишорањои муфтї љавобе надодааст. Муфтї мегўяд, "аз тарафи сафир њељ

Абдуќодири АБДУЌАЊЊОР журналист, Директори Китобхонаи шањрии ба номи Абулќосим Лоњутї

садое нашуд ва мо бояд дар мувофиќа бо сафири худ њар корро анљом медодем. Барои њамин ман ночор дар љои худ нишастам." -Маро дар пањлўи Али Акбари Вилоятї љой додан ва баъди 5 даќиќа оѓои Кабириро оварда, як нафар баъд дар пањлўи ман нишонданд. Мо ќаблан сафорати Эрон дар Тољикистонро дар бораи ќарори суд оиди манъи фаъолияти ЊНИТ ва роњбарияташ огоњ карда будем,-мегўяд Абдулќодирзода. Муфтии Тољикистон аз љузъиёти сўњбати кутоњаш бо Кабирї гуфт, "дар бай-

ни издињоми зиёд даст дароз накардан аз фитрати инсонї берун аст. Барои њамин ман даст дароз кардам. Муњиддин Кабирї баъзе эродњо гирифт, ман гуфтам ки худат бењтар медонї ва инљо љои бањсу мунозира нест."

Агар имоми љамоат талаб кунад имрўз, Хабар кунед, ки Њофиз ба май тањорат кард. *** Соќї ба нури бода барафрўз љоми мо, Мутриб бигу, ки кори љањон шуд ба коми мо. Мо дар пиёла акси рухи ёр дидаем, Эй бехабар, зи лаззати шурби мудоми мо. (Њофиз) *** Ќатраи май сари Мансур баровард ба дор, Войи он кас, ки њама умр майи ноб хўрад. (Њофиз)

ХУЛОСА Тањлилњо нишон медињанд, ки аввалњо май нўшобаи ашрофзодаву асилзодањо буда, ба хотири рафъи хастагї, ваљди њолати руњї, љињати бењдоштию саломатї истеъмол мегардид ва нўшиданаш макруњ набуд. Дар натиљаи беќадршавию бадномшавии бода аз љониби нохалафону ноаслон, ки мастию пастї намуда, бар асари нўшидани аз меъёр берун ба ќатлу таљовузу бешарафию бедодгарї даст заданд, дар Ислом мамнуъ эълом гардид. Ба ќавли Саъдї: Май њалол аст касеро, ки бувад хонабињишт, Хоса аз дасти њарифе, ки ба ризвон монад. Май, ки бадном кунад ањли хирадро ѓалат аст, Балки май мешавад аз суњбати нодон бадном. Ва ё ба ќавли Синои бузург: Дар бисёраш мазаррати андак нест, Дар андаки ў манфиати бисёр аст. Ќазоватро аз овардаву гуфтањо ба дасту ихтиёри Шумо, хонандагони огоњ дода, ин љо нукта мегузорам.

Матлаби ин гўша андешањои шахсї буда, метавонад бо мавќеъи «Нигоњ» муѓойират намояд.

Њазорсолањост, ки атрофи пайдоиш, истеъмол ва манфиату мазаррати як неъмати хушгувору таънабори Худованд - май (шароб, бода, набид, набиз, хамр, духтари раз) миёни намояндагони табаќањои гуногуни љомеа, хусусан зиёиёни равшанфикр ва ходимони дин бањсу мунозира, радду бадалњо идома дорад. Аз ин рў, дар ин матлаб бо фарогирии баъзе пањлуњои ин мавзўъ тасмим гирифтем, пажуњише анљом дињем. Хоњишмандам нисбати мо сахтгар набошед, зеро њадафи мо баррасии масъала аст, на танќид ё тарѓиби шароб.

БАЊСИ БЕШТАР

i

12


ДИКТАТОР "Њар касе дўсти ман нест, вай душмани ман аст, пас љазояшро мебинад". Аз њамин як љумла њам метавон дар бораи ќањрамони навбатии мо чизеро тасаввур кард. Кина, ќасос ва завќ аз ин њама. Рафаэл Леонидас Трухило Молина (исп. Rafael Le?nidas Trujillo Molina) 24 октябри соли 1891 дар як хонаводаи марди фаќир ба дунё омадааст. Вай аз хурдї соњиби маълумот шуд ва чун камбаѓалу нодор буданд, аз њамон синну сол ба кор љалб гардид. Њатто даст ба дуздии амволи давлат ва мардум њам њам мезад, гоњо боздошту сарзаниш мешуд, вале бо гузаштти рўзњо боз ба амали худ идома медод.

Сарватмандтарин президент аз оилаи фаќир Дар охири ќарни XIX Љумњурии Доминикан дар гирдоби муборизањои хунини ќабилавї барои касби њокимият печид. Соли 1904 ИМА ин кишварро ба тасарруфи худ даровард. Соли 1916 неруњои бањрии Амрико Артиши миллии Доминиканро барњам доданд ва бо ширкати афсарону сарбозони амрикої горди миллї таъсис доданд. Ва Трухило соли 1918 шомили њамин горд гашт. Баъдњо як маљаллаи амрикої дар бораи Трухило навишт: "агар тасарруфи амрикої намебуд, эњтимол мерафт Трухило як зиндагии гумном медошт ва ё чун авбоши дењотї кушта мешуд, вале вуруди Амрико имкониятњои васеъро барои ў баринњо фароњам овард". Аслан ин горд танњо барои пахш кардани шўришњои мардумї, эътирозњо ва аз миён бурдани мухолифони истеъморгарон созмон ёфта буд ва њар љо низоъ бармехост, барои саркўб кардани он аз ин горд истифода мешуд. Соли 1924 ИМА Љумњурии Доминиканро тарк намуд, вале њамоно бастагонаш ва афроди вафодор ба амрикоињо дар вазифањои калидї кор мекарданд. Он замон Трухило бо рутбаи полковник сардори ситоди неруњои мусаллањ таъин шуд. Ва чун њокимон горди миллиро ба артиш табдил доданд, вай фармондењи он таъин гардид. Дар интихоботи президенти соли 1930 Трухило бо таќаллуби овозњо президенти ин кишвар интихоб шуд. Дар нахустин рўзњо вай низоми шадиди диктотурї љорї кард ва бо гузашти муддати хеле кўтоњ ин режим ба хунхотарин режими минтаќа табдил шуд. Дањњо њазор нафар афроди норозї аз сиёсати ў ё кушта шуданд ва ё зиндонї. Вай муддати бештар аз сї сол њокими Доминикан буд ва тўли ин солњо полковники камсавод ва дар гузашта ќачоќчиву љинояткор муваффаќ шуд, ки диктатураи худро љорї кунад, низомеро пойдор созад, ки касе то ў ба он муваффаќ нашуда буд. Трухило дар ин 31 сол сарватмандтарин одами Доманикан шуд. Вай амалан истењсоли шакар, харидуфурўши намак, гўшт, тамокуро комилан дар ихтиёр дошт ва даромади софи солонаи диктатор ба 30 миллион доллар мерасид. Бењтарин ќитъањои замин ва серњосилтарин заминњои киштро моли худ карда буд. Ба дўстон ва хешовандонаш агар мехост туњфа кунад, "саховатмандона" ин ё он бино ё ќитъаи замин ва ё корхонањои саноатиро туњфа мекард. Ва агар кадом соњибмулк аз додани заминаш ба президент худдорї ё саркашї мекард, кушта мешуд ва рўзе баъд њатман зављаи марњум он заминро бо Трухило таќдим менамуд.

"Буз" Ба худ унвони генералиссимус ва адмилали флоти бањрї дод. Унвонњои "Саховатпешаи ватан", "Барќароркунандаи истиќлолият", "Аввалин донишљў", "Аввалин духтур", "Аввалин доктори илм", "Озодибахши миллат", "Њомии њунарњо ва адабиёти хуб" мансуби ў буданд. Трухило дар замони салтанаташ пойтахти Доминикан, шањри ќадимии Санто-Домин-

“НИГОЊ”, ЧОРШАНБЕ №41 (474), 13. 01. 2016

13

РАФАЭЛ ЛЕОНИДАС ТРУХИЛО Худкомае, ки тасарруфи Амрико ба по гузошт го, ки Бартоломео Колумб асос гузошта буд, ба номи худ гузошт ва онро шањри СюдадТрухило номид. Баландтарин ќуллаи љазирањои Кариб-Монте-Тинаро куњњои Трухило номид. Аммо дар аввалин соли баъди маргаш пойтахт ба номи ќадимии он баргардонида шуд. Куњи баландро ќуллаи Дуарт ба шарафи яке аз падарон-поягузорони Љумњурии Доминикан гузоштанд. Њамаи пайкарањои ў дар сар то сари кишварро барчиданд. Мегўянд марди ахлоќан вайрон ва нобакоре буд. Занон, душизагонро ошкоро таљовуз мекард. Барои ин амалаш мардум барояш лаќаби "буз"-ро лоиќ дониста буданд ва имрўз њам рўзи њалокати ў (30 май)-ро дар Доминикан бо номи "Иди буз" таљлил мекунанд.

ят вай њаќ дошт њар киро хоњад ва кай хоњад аз мансаб сабукдўш гардонад, кунгураро мунњал созад ва ё вакилонеро, ки халќ интихоб кардааст, худ барканор кунад. Баъд аз маргаш дар сандуќи оњании ў дањњо фармони аз ќабл омодашуда ва муњркоришудаи барканории соњибмансабонро ёфтаанд, ки дар ваќти зарурат бо гузоштани таърихи њамон рўз онњоро истифода мекард. Кишварро аслан пулис ва артиш назорат менамуд, њизбњо манъ шуданд, институњои шањрвандї кор намекарданд. Дар мамлакат танњо њизби Трухило "Партидо Доминикано" амал мекард. Њар касе дар идорањои далатї ба кор медаромад, дар ќадами аввал узви ин њизб мешуд ва вазифадор буд дањ дарсади маошашро њаќќулузвият пардозад.

Мањорати дипломатї, ќатли њоитињо ва ќабули яњудиён

Диктатори коммунистбадбин

Аммо Трухило истеъдоди хуби роњандозии гуфтушунидњо дошт, вай метавонист аз њар њолат бо роњи дипломатї ба фоидаи кишвараш истифода барад. Чунончї, дар гуфтушуниди чорсола бо амрикоињо дасти Вашингтонро аз Доманикан кўтоњ кард. Вашингтон ногузир шуд бо режими Трухило муоњадаи "Халл-Трухило"-ро имзо кунад. Тибќи ин муоњада истеъморгарон бољњои гумрукиро ба Трухило супурданд ва ў тавонист аз ин њисоб Доминиканро аз ќарзњои хориљї дар як муддати кўтоњ наљот дињад. Аз сўйи дигар вай дар аввали Љанги дуюми љањон ба иттињоди зиддифашистї пайваст. Аммо пештар аз он, дар соли 1937 бо фармони ў дањњо њазор сияњпўстони њоитиро дар навоњи њаммарз бо кишвараш ќатл кард. Дар Њоитї садоњои эътироз баланд шуданд. Аммо њукумати Трухило ба тафтиши ин љиноят намепардохт, худи президент бо изњори њамдардї мањдуд мешуд. Вале билохира Њоитї маљбур кард, ки Доминикан ѓаромат бипардозад. Дар аввал ба њар кушташуда 35 доллар љуброни молиявї, љамъ 750 њазор доллар, вале баъди гуфтушунидњои зиёд ин раќам ба 500 њазор доллар ќарор гирифт. Вай сияњпўстон ва њамсоягонашро аз кишвараш меронд, вале њамзамон яњудиёнро аз Аврупо ќабул мекард ва барояшон ќитъањои замин људо менамуд. Як шеваи њукмронии Трухило љалби пайвандону наздикон ба њокимият буд. Бародарон, фарзандони ў ва фарзандони онњо, таѓову љиян ва аќрабои наздикаш дар мансабњои вазириву сафирї ва дигар вазифањои калидї саргарми кор буданд. Тибќи низоми њокими-

Соли 1946 коргарони майдонњои бузурги кишти "Ла-Романа" коршиканї карданд. Трихулио фармон дод, ки њамаи онњоро боздошт ва зиндонї кунанд. Баъди чанд рўз эълон шуд, ки ташкилкунандагони коршиканї ба хотири то додгоњ нарасидани парвандаашон даст ба худкушї задаанд. Профессори доминиканї Галиндес, ки дар Амрико мезист ва дар бораи генералиссимус китоб навиштаву ўро танќид карда буд, дар як рўзи равшан аз љониби хадамоти љосусии Доминикан њангоми бозгашташ аз донишгоњ ба хона рабуда шуд ва бо њамин ба таври асроромез ѓайб зад. Гумон меравад ўро дар роњ, дар аловхонаи ќатор ё сўзонданд ва ё њини убури ќатор аз пул ба ќаъри дарё њаво доданд ва тўъмаи нањангон шуд. Сарнавишти талхе ба сари пешвои коммунистони Доминикан Фредди Валдес омад. Ўро ба ќуллаи куње бароварданд, аз гарданаш бо ресмон бастанд ва ба ќаър андохтанд. Аз тарс ўро ба девонагї расонданд ва баъдан дубора ба зиндон оварданд. Валдесро билохира баъди чанд сол, 27 январи соли 1950 ба дор кашиданд. Трухило нисбат ба коммунистон нафрати беандоза дошт. Њатто мегўянд бо вуљуди он ки миёни Њоитї ва Доминикан адовату бадбинии зиёд њоким буд, Трухило ба Њоити сафар кард ва миёни ин ду кишвар муоњадаи њамкорї дар мубориза бо коммунизм имзо шуд.

Амалиёти СРУ Суќути пайињами низомњои диктаторї дар Амрикои Лотин, аз љула дар Перу, Колумбия, Венесуэла ва Кубо муљиби он шуд, ки мављи эътирозњо Доминиканро низ фаро гиранд.

Њарчанд шўришњо ва тазоњуроту гирдињамоињо берањмона пахш карда мешуданд, вале билохира ба ќатли президент оварда расонд. Амрико тўли ин солњо дар умури Доминикан мустаќиман дахолат мекард. Соли 1960 гуруње аз мушовироони амрикої тавсия доданд, ки ба хотири рафъи ноамнињо дар кишвар президент аз вазифа канор равад. Ноиби президент Балагер иљрокунандаи вазифа таъин шуд, худи Трухило намояндаи Доминикан дар СММ таъин гардид. Вале вай аслан по аз остонаи кишвараш берун нагузошт. Баъдан Амрико тасмим гирифт президентро љисман нобуд созад. Амалиёти барканории ўро СРУ тарњрезї кард. 30 майи соли 1961 мошине, ки Трхило њаракат мекард, аз љониби гуруњи шўришчиён дар муњосира гирифта шуд ва дар љараёни тирандозии шадид кушта шуд. Ин њодиса дар канорањои пойтахти ин кишвар рух дод. Аммо љойнишини вай даст ба ќасос зад ва садњо нафарро ба ќатл расонд. Ваел баъдтар њамаи авлоди Трухило аз ватан ихрољ карда шуд. Онњоро Порис љо дод ва имкон њам пайдо карданд, ки љасади пирашонро ба Фаронса оранд вадубора гур кунанд. Вале маконе, ки њанўз дар солњои зинда будан чун љойи оромиши охираташ диктатор интихоб карда буд, њоло ба ќабристоне табдил шудааст, ки шахсиятњои машњур дар он ба хок супурда мешаванд.

Пас аз диктатор Доминикан баъди Трухило Доманикан аввалин кишвари ќитъаи Амрикост, ки Христофор Колумб кашф кардааст ва онро њатто дарвозаи Амрико меноманд. Чї дар гузашта ва чї њоло як сарзамини зебо ва афсонамонанд аст. Баъд аз сари Трухило низ Доманикан ором нашуд, њар ду ё се сол як њокимаш иваз мешуд. Гоњо дахолати беруна ва гоњи дигар ноамнињои дохиливу сатњи пасти зиндагї ин кишварро ба њар ноамнї мекашид. Њокими нав фурсат намеёфт барномаи ваъдагии худро татбиќ кунад, ки табаддулот сурат мегирифт ва шахси дигар сари ќудрат меомад. Имрўз њам ин кишвар дар ќитъаи Амрико аз мамлакатњои фаќир аст. Бо рафтану омадани сарварон, ки њар кадом бо шеваи худ талош мекарданд гоњо диктаторї кунанд ва гоњи дигар рў ба демократия оранд, њол чандон рў ба бењбудї наёвард.

Бобољони ШАФЕЪ


14

ЧЕЊРА

“НИГОЊ”, ЧОРШАНБЕ №41 (474), 13. 01. 2016

Аслан бањо додан ба миќёси васеи тадќиќоти ў, ба навоварињое, ки тавассути он кас ба илми география ва иќтисоди минтаќавї ворид шудаанд, навиштани китоби калонеро талаб мекунад. Тањлили фаъолияти илмии Холназар Муњаббатович ба аќидаи ман, на мавзўи як рисолаи комили номзадї, балки мавзўест, ки тавассути он рисолаи докториро њимоя бояд кард. Ман боварї дорам, ки яке аз шогирдони љавон ва ояндадори љумњурї далерона чунин ташаббус зоњир хоњад кард.

вии иќлим, хусусан пешгирї намудани обшавии босуръати пиряхњо, нуќта гузоштан ба раванди биёбоншавї, пешгирї намудани ярч дар доманакўњњо ва ѓайраро пешнињод намоянд. Гуфтан чоиз аст, ки ин асари фундаменталї ба хотираи дурахшони олими намоёни соњаи география, ходими сиёсї ва олими барљаста Ќандил Шарифович Љўраев бахшида шудааст. Ќандил Љўраев дар њаёти профессор Муњаббатов Х. М. мавќеи махсус доранд ва шахсе мебошанд, ки эшонро ба љањони пур аз муаммои илми география ворид намудаанд. Ман њам худро дар ќатори Холназар шогирди Ќандил Љўраев њисоб мекунам.

"Одами худї" дар байни њама Холназар Муњаббатович бо корњои илмии худ берун аз марзњои Тоxикистон низ хеле машњур мебошанд. Дар Институти географияи Академияи Илмњои Русия ў "одами худї" аст ва зимни масоили илмии ба кўњистон вобаста олимони ин институт, инчунин олимони донишгоњи Барнаул, Новосибирск, Алмаато, Бишкек, Ашќобод, Тењрон ва Дењлї бо ў маслињат мекунанд ва эшон низ дар амалї гардонидан пружањои ба кўњсор алоќаманд ширкат меварзанд. Ў бо олимони маъруфи соњаи география, ки дар тамоми љањон шинохта шудаанд, аз ќабили академик В.М Котляков, проф. Г.В. Сдасюк, проф. Г.В.Приваловскоя аъзо - корреспонден-

Дўстие, ки илм сабаб шуд Хеле ифтихормандам, ки бо Холназар таърихи дуру дарози дўстї ва бародарї дорам, ки беш аз 40-солро дар бар мегирад. Саршавии дўстии мо илм мебошад. Холназар Муњаббатович зимни суњбатњо аз ман хоњиш менамуданд, ки ба баъзе масъалањои доѓи рўз бештар муносибати илмї зоњир намоям ва оид ба њалли чунин масоили муњими иќтисодї-иљтимої маќола ва ё китобњо бинависам. Бисёре аз маќолањои ман оиди љойгиркунии ќуввањои истењсолкунандаи Љумњурї ва Осиёи Марказї, рушди комплексии иќтисоди минтаќањои гуногуни Тољикистон натиљаи чунин суњбатњо буданд ва бо хоњиши бевоситаи ин бародари азизам арзи њастї намуданд. Профессор Муњаббатов як хусусияти хеле нодир доранд: масоил ва душворињои иљтимоию иќтисодї ва минтаќавиро сари ваќт дарк мекунанд ва оиди онњо зарурияти гузаронидани корњои љиддан илмиро талаб менамоянд. Ин гуна њолат хусусан њангоми омўзиши минтаќањои кўњї ва биёбонї пеш меояд, ки шароити иќлимию биологиашон хеле экстремалї мебошад ва дар асарњояшон роњњои њаллу фасли масоили душвори чунин минтаќањоро пешнињод намуданд. Дар айни замон Холназар Муњаббатович мавќеи технологияи инноватсиониро оиди ба таври мусбат њаллу фасл намудани чунин масоил ќайд намуда, роњњои стратегии чунин њаллу фаслро пешнињод менамоянд. Дар ин маќолањо, ки бештар хусусияти мубоњисавї доранд, ин шахси эљодкор талаб менамоянд, ки роњбарони баъзе љумњурињо бояд нуќсонњоро дар дохили љумњурињои худ ошкор намоянд ва бењудаю беасос айбро ба гардани дигарон бор накунанд.

"Дар биёбоншавї мо айб надорем!" Дар маќолањое, ки эшон ба рушди нерўи барќии Тољикистон бахшидаанд, исбот намудаанд, ки дар харитаи географии Осиёи Марказї пайдо шудани биёбони бо ном Аралќум на бо айби Ќирѓизистону Тољикистон, на бо сабаби ќомат рост кардани сарбандњои нави гидротехникї, балки бо сабаби ѓайриоќилона муносибат доштан ба истифодаи об дар љумњурињое шуданд, ки беш аз 85 фоизи сарватњои обии минтаќаро истифода мебаранд. Ба назар гиред, ки

ШОГИРДИ ЌАНДИЛ ЉЎРАЕВ

Географи шинохта ВА МУЊАЌЌИЌИ пуркор Холназар Муњаббатов 70 - сола шуд њар сол танњо дар Ўзбекистон бештар аз 8,5 километри кубї об бењуда сарф мешавад, ки он оќибат на ба бањри Арал, балки ба чуќурињои Арнасой ва Сари Ќамиш, ки њаљмашон њоло аз 120 километри кубї зиёд аст, мерезанд. Агар ин чуќурињои табиї дар натиљаи беназоратии њамсоягони мо аз об пур намешуданд, бидуни шубња, бањри Арал ба ин фољиа дучор намегардид. Профессор Мухаббатов беш аз 300 асари илмие доранд, ки ба масоили мухталифи географияи иќтисодї, географияи иљтимої, географияи ањолї, урбанистика, љойгиркунии ќуввањои истењсолкунанда, захирањои табиї, сармояи инсонї, рушди устувор, иќтисоди саёњат, рушди инфрасохторї бахшида шудаанд. Оид ба географияи табиї ва сарватњои зеризаминї низ як ќатор маќолаю китобњояшон ба чоп расидааст. Ќариб њамаи китобњои дарсие, ки барои мактабњои олї ва миёна оиди географияи табиї ва географияи иќтисодї навишта шудаанд, ё бо ќалами худи Холназар Мухаббатович навишта шудаанд, ё бо иштироки бевоситаи он кас пайдо гардидаанд. То имрўз вазифаи мудири кафедраи методикаи таълими география ва туризмро дар Донишгоњи давлатии омўзгории Тољикистон ба ўњда доранд.

"Обшавии пиряхњоро пешгирї кардан мумкин" Ба наздикї китоби нави калонњаљми профессор Х. М. Муњаббатов тањти унвони "Масоили истифодабарии захирањои табиї дар минтаќањои кўњии Тољикистон" (нашриёти "Дониш", с.2015, 566 с.) ба табъ расид. Дар он масоили илмии вобаста ба хусусиятњои географии минтаќањои кўњистон, махсусан бањодињї ба захирањои табиии кўњсор, нерўи захиравии он, аз ќабили захирањои обї, гидроэнергетикї, зеризаминї, иќлимию биологї, рекреатсионї мавриди тањлили даќиќи илмї ќарор гирифтаанд. Муаллиф хусусан ба душворињо ва хатарњои аз худ намудани захирањои табиии кўњсори Тољикистон таваљљўњи љиддї зоњир намудааст. Бо њисси хеле баланди масъулият ў исбот намудааст, ки муносибати сањлангорона ба истифода ва азхудкунии захирањои табиии кўњсор боиси вайроншавии табиати нотакрор ва дар љањон зеботарини кўњистони тољик мегардад. Дар ин бобат, вай як ќатор тавсияњои илмиро пешнињод менамоянд, ки онњо бояд аз љониби нињодњои давлатї ба инобат гирифта шаванд. Муаллиф тавонистаанд, ки роњњои ба маротиб кам намудани оќибати манфии гармша-

ти Академияи улуми Русия Н.Ф.Глазовсий, проф. Ю.П. Баденков. Проф. А.Н Гуня, проф. В.А.Колосов, проф. Т.Г.Нефедова солњои зиёде њамкорї дошт ва дорад. Дар айни замон бародари азизи мо Президенти Љамъияти Географии Тољикистон низ мебошанд. Умеди зиёде дорем, ки дар ин вазифа он кас барои васеъ пањн намудани донишњои географї дар байни мардум, такмил додани китобњои дарсї барои мактабњои миёна ва олї, рушди туризми байналхалќї дар кишвар, чоп намудани харитањои географии њадафи гуногун дошта ва дар асоси итилоотї аз моњворањо омада, мушаххас гардонидани онњо сањми босазое хоњанд гузошт. Бояд махсус ќайд кард, ки тањти роњбарии проф. Муњаббатов оид ба мураттаб сохтани Атласи миллии Тоxикистон, ки дар таърихи кишвар атласи дуввум хоњад буд, кори зиёде ба анљом расонида шудааст. Устодро бо 70 солагии рўзи таваллудашон самимона табрик мегўем, ба ў саломатии бардавом, муваффаќиятњои нав ва хушбахтињо орзў менамоем. Њољимуњаммад УМАРОВ, доктори илми иќтисод, профессор

ТАЃЙИРОТИ КАДРЇ Президент Эмомалї Рањмон рањбарони як ќатор раисони шањру навоњии Суѓду Хатлон ва ноњияњои тобеъи марказро иваз кардааст. Бино ба иттилои дафтари матбуоти Президент, 11-уми январ Президент Эмомалї Рањмон "як ќатор кадрњои ба вазифањои пурмасъулият таъингардидаро барои суњбат ба њузур пазируфт". Њамин тавр, бо фармонњои Президенти Љумњурии Тољикистон Зоњидзода Даврони Абдуќодир аз вазифаи раиси шањри Исфараи вилояти Суѓд бо сабаби ба кори дигар гузаштан озод шуда, Расулзода Дилшод Љабборї иљрокунандаи вазифаи раиси шањри Исфараи вилояти Суѓд таъин гардид. Арбобзода Ќодир Нодир бо сабаби ба кори дигар гузаштан аз вазифаи раиси ноњияи Зафарободи вилояти Суѓд озод гардида, ба љойи ў Зиёзода Сулаймон Ризої иљрокунандаи вазифаи раиси ноњияи Зафаробод таъин шуд. Нозирї Зариф Вализода иљрокунандаи вазифаи раиси ноњияи Бобољон Ѓафурови вилояти Суѓд таъин гардида, Маннонзода

МОДДАИ 69 "ХАБАР МЕДИЊАД" Абдусамад бо сабаби ба кори дигар гузаштан аз ин вазифа озод шуд. Салимзода Комил иљрокунандаи вазифаи раиси ноњияи Љаббор Русулови вилояти Суѓд таъин шуда, Њакимзода Сангимуроди Дўстмурод бо сабаби ба кори дигар гузаштан аз ин вазифа озод гардид. Сайфуддинзода Мањмадюнус Кабут иљрокунандаи вазифаи раиси ноњияи Панљи вилояти Хатлон таъин гардид ва Таваккалзода Абдуљон Шариф бо сабаби расидан ба синни нафаќа аз ин вазифа озод шуд. Раљабзода Салоњиддин иљрокунандаи вазифаи раиси ноњияи Љиликўли вилояти Хатлон таъин шуда, Хуљамурод Фазлиддин бо сабаби расидан ба синни нафаќа аз ин вазифа озод гардид. Зарифзода Почохон Њабибулло иљрокунандаи вазифаи раиси ноњияи Шўроободи вилояти Хатлон таъин гардида, Икромзода Амирхон аз ин вазифа бо сабаби расидан

ба синни нафаќа озод шуд. Њамчунин бо фармонњои Президент Эмомалї Рањмон дар маќомоти судї низ як ќатор таѓйироти кадрї амалї шуд. Њамин тариќ, Розиќзода Хуршед раиси суди ноњияи Рашт, Усмонзода Шоѓуфрон муовини якуми раиси суди вилояти Бадахшон, Бурњониён Маъруфљон муовини якуми раиси суди ноњияи Бобољон Ѓафурови вилояти Суѓд, Садриддинзода Насрулло муовини раиси суди ноњияи Спитамени вилояти Суѓд, Олимзода Улфат Розиќ судяи суди вилояти Хатлон, Одинаев Њусайн Нуруллоевич судяи суди иќтисодии вилояти Бадахшон, Холиќзода Абдуњаким Абдувањоб судяи суди ноњияи Рашт ва Бадалзода Мањмуд Муњаммадалї судяи суди ноњияи Љиргатол таъин гардиданд. Љумахон Наботов аз вазифаи сармуњаррири рўзномаи "Садои Мардум" озод шуда, бо амри Президент машваратчии калон-сар-

дори шуъбаи амнияти иттилоотї, пешгўї ва робитањои байналмилалии дастгоњи Шўрои амнияти Тољикистон таъин гардид. Бо ќарорњои Њукумати Љумњурии Тољикистон Латофат Назирї муовини вазири маориф ва илм ва Нуралї Арабзода директори иљроияи Маркази татбиќи лоињањои навсозии роњњо таъин шуданд. Дар мувофиќа бо Президент Эмомалї Рањмон як зумра таѓйироти дигари кадрї дар Агентии назорати давлатии молиявї ва мубориза бо коррупсия ва маќомоти прокуратураю корњои дохилї ба амал баромад. Ба ин тартиб, Асозода Дороб Абдусалом прокурори вилояти Бадахшон Додољонов Умедљон Муидинович сардори раёсати кадрњои Агентии назорати давлатии молиявї ва мубориза бо коррупсия, Аваззода Шараф Тавар сардори раёсати амнияти дохилии Агентии назорати давлатии молиявї ва мубориза бо коррупсия таъин гардиданд. Њамчунин сардорони шуъбањои Вазорати корњои дохилї дар шањру ноњияњои Вањдат, Зафарободи вилояти Суѓд ва Фархори вилояти Хатлон иваз карда шуданд.


БАРОИ ЊАМА ? - НОБОБ

ЛАТИФА

НАМЕХОЊАМ ФАРЗАНДОНАМ ДАР БА ДАР ШАВАНД! - Як зани дењотї њастам. Шавњарам дар Федератсияи Русия ќарор дорад. Се - чор сол инљониб ба Ватан наомадааст ва хату хабараш њам нест. Аз зиндагии муштарак ду фарзанд дорем. Падаршўям маро аз хона пеш карданї њаст. Ў мегўяд, ки агар шавњарат туро дўст медошт, ба наздат меомад, зиндагї кардан намехоњад бинобар ин ба наздат намеояд. Аз Шумо маслињати њуќуќї пурсиданї њастам, ки ман чї кор кунам? Хоњиш мекунам, роњи дурустро ба мо нишон дињед, ки зиндагиам вайрон ва фарзандонам дар ба дар нашаванд... Санавбари ОБИД, сокини ноњияи Ќубодиён - Шумо бояд аввал ба маќомоти њифзи њуќуќ мурољиат бикунед то ки дар асоси шартномаи дуљонибаи Тољикистону Русия љињати мадади њуќуќї оид ба корњои шањрвандї, оилавї ва парвандањои љиноятї ба идорањои дахлдори Русия мурољиат карда, макони зист, шу?л ва маљмуи даромади шавњаратонро муќаррар кунанд. Агар имконияти муайян намудани макони зист ва шу?ли шавњаратон набошад, суд моњиятан аризаи Шуморо баррасї карда, ўро (шавњаратон) - ро муваќќатї гумшуда эълон мекунад. Баъд аз анљоми муњлати муайянкардаи суд њаќќи мурољиати такрорї ба суд доред ва агар шавњаратон аз худ дарак надињад, бо риояи тартиби муќаррарнамудаи Кодекси гражданї ва Кодекси мурофиаи шањрвандї масъалањои ворисият, молумулкї, бекор кардани аќди никоњ ва ?айрањоро суд моњиятан баррасї намуда, њал мекунад. Бидуни шакк бе адвокат ин корњоро анљом дода наметавонед ва бинобар ин мувофиќи маќсад мебуд, ки ба адвокат дар хусуси ёрии њуќуќї ва њимояи манфиатњоятон дар маќомоти њифзи њуќуќ ва суд шартнома бандед. Њамчунин Кумита оид ба корњои занон ва оилаи назди Њукумати Љумњурии Тољикистон, ки дар ноњияатон сохторњои марбута дорад ва созмонњои ?айрињукуматї низ метавонанд дар њалли масъалаи Шумо мусоидат бикунанд. Ба саволи Шумо Шокирљон ЊАКИМОВ, доктори илмњои њуќуќшиносї посух дод.

ЧАРО? ЧАРО МАРКАЗЊОИ ХИЗМАТРАСОНИИ "BABILON" КАМ АСТ? - Дар Тољикистон чандин ширкатњои мобилї фаъолият доранд. Гарчанде ширкати "TK-Mobile" њоло њам дар ќаламрави Тољикистон амал ва хизматрасонияшро пешнињод мекунад, вале дар ин авохир миёни мардум мањбубияташро гум кардааст. Вале "BabilonMobile" - и маълуму машњур ва дорои миллионњо муштарї дар њудуди шањри Душанбе њамагї як маркази хизматрасонї барои муштариёнаш дорад, он њам дар хиёбони Исмоили Сомонї, ки онљо макони серодам нест. Чаро марказњои хизматрасонии "Babilon" кам аст? Ё шояд дар ширкат чунин мешуморанд, ки муштариён танњо бо кол-сентри "Babilon" тавассути шумораи 918 61 61 61 занг зада, арзу дархостњояшонро бароварда сохта ва њаминро барои муштариёнашон кифоя донанд? Хайриддини КОМИЛ, сокини шањри Душанбе

“НИГОЊ”, ЧОРШАНБЕ №41 (474), 13. 01. 2016

15

АКСИ ГЎЁ

Нозири роњ мошинро нигоњ медорад. - Лейтинанти хурд Шарифзода, падари хафт фарзанд… - Командир, охир ман ягон ќоидаро вайрон накардум - ку. - Фарзандони ман интизор намешинанд, ки ту кай ќоида вайрон мекунї! *** Рўзе хабарнигорон аз пиразани солхўрдае суол мекунанд: - Бибиљон, Шумо бо њамсаратон чанд сол шуд, ки оиладорї ва зиндагї мекунед? Пиразан љавоб медињад: - Бачам ман бо њамсарам 60 сол инљониб оиладор шудаам, 30 сол зиндагї мекунам... Хабарнигор њайрон мемонад ва боз мепурсад: - Чи хел ба оиладоршавиатон 60 сол шудаасту 30 сол њамроњ зистаед??? Пиразан бо табассум мегўяд: - Охир бачам, шавњарам то њол ќаравул шуда кор мекунад аз ин сабаб як рўз хона меояд як рўз дар кор мемонад... *** Муњољири тољике дар Русия ба бонк медарояд ва мегўяд: - Ман 100 рубл ќарз гирифтаниям. Бо фоизаш ба муддати 1 сол. Барои шуморо бовар кунонидан ана ин "Мерседес" - ро то пардохтани ќарз дар њаминљо мегузорам. Ба ин муњољир 100 рубл ба муњлати 1 сол ќарз дода мешавад. Соли дигар ин муњољир 105 рубл оварда ба бонк месупорад ва "Мерседес" - ашро аз бонк мегирад. Ногањон аз ў мепурсанд, ки барои чї ба ин пули ночиз "Мерседес" - и наву гаронбањояшро ба кафолат гузошт? Муњољир дар љавоб мегўяд: - Гап дар сари он ки дар 1 сол ман ба Тољикистон рафта будам. Агар бонк намебуд ман ба маблаги 5 рубл аз куљо "автостоянка" меёфтам? *** Зане ба автобус медарояд, мебинад, ягон љой нест. Рост меистад. Љавоне ба вай љои худро доданї мешавад. Зан дасташро ба китфи љавон монда мегўяд, ки лозим нест, шиштан гиред. Боз чанд бори дигар љавон ба зан љо доданї мешавад, аммо боз зан рад мекунад ва намемонад, ки љавон хезад. Дар охир љавон хеста мегўяд. - Ин чї хел мешавад. Охир ман аллакай чор истгоњро гузаштам. Хонаам дар назди истгоњи якум буд.

ДАРХОСТ НАРХИ ПАТЕНТРО ДАР "НИГОЊ" ЧОП КУНЕД! - Дар шумораи гузаштаи нашрияи "Нигоњ" №40 (473) аз 6 - уми январи соли 2015 дар бораи болоравии нархи патент ва мушкилоти муњољирон матлабе ба табъ расида буд, ки чопи он дар њамин ваќту замон бисёр сариваќтї буд. Њамчунин дар матлаб ќайд шуда буд, ки дар 74 субъекти Федератсияи Русия аз о?ози соли 2016 нархи патент баланд бардошта шудааст. Аммо мутаассифона дар ин матлаб иттилоот дар бораи болоравии нархи патенти њамаи субъектњои Русия дода нашудааст. Бисёр хуб мешуд, ки агар Шумо кормандони нашрия нархи патенти њар минтаќаи Федератсияи Русияро дар як љадвал бо нишондоди соли 2015 ва 2016 ба дасти чоп медодед ва кори хайре дар њаќќи муњољирони мењнатї мекардед. Ќаблан аз Шумо сипосгузорем! Зоњири ФОЗИЛ, сокини ноњияи Рўдакї - Хонандаги гиромї! Мувофиќи иттилооти дарёфтї аз расонањо дар зер нархи патентро, ки дар ќаламрави Федератсияи Русия аз љониби субъектњои он болову поин бурда шудаанд, бо нишондоди муќоисавии соли гузаштаву имсола манзуратон менамоем. НИШОНДОДИ МУЌОИСАВИИ НАРХИ ПАТЕНТ ДАР СОЛИ 2015 - 2016

*** Гунањгорро аз тариќи тарљумон мепурсанд: - Тиллоро дар куљо пинњон кардї? Тарљумон: - Аз ту пурсида истодаанд, ки тиллоро дар куљо пинњон кардаї? Гунањгор: - Намегўям. Тарљумон: - Вай гуфтанї нест. - Агар нагўї, мо туро мекушем. Тарљумон: - Агар нагўи туро мекушанд. Гунахгор: - Тиллоро дар даромадгоњи шањр дар чуќурие пинњон кардаам. Тарчумон: - Ин кас мегўяд, ки кушед њам намегўям.

МАН ЌАБУЛ НАДОРАМ!

БА ЉОИ 09 Шумо молеро харидаед, ки дорои сифати паст аст? Фурўшанда онро гашта намегирад? Мо њуќуќњои Шуморо њимоя намуда, маблаѓњои Шуморо бар мегардонем! Дар рўзњои корї ба мо мурољиат намоед: Дар шањри Душанбе: тел: 224 14 11, тел.факс:224 14 04. Дар шањри Хуљанд: тел.факс: 5 55 52. Дар шањри Ќўрѓонтеппа: тел.факс: 2 94 62. Шумораи телефонњо њамарўза аз соати 8:30 то 17:00 фаъол њастанд. Хизматрасонии мо комилан ройгон аст. Иттињоди истеъмолкунандагони Тољикистон њуќуќњои Шуморо њимоя менамояд!

БА БАЧАИ 18 - CОЛА КЇ КАТЕГОРИЯИ "D" МЕДИЊАД? - Бачањои 18 - 19 соларо медонам, ки мошинњои мусофиркаши "Газел" - ро савор мешаванд. Мардумро дар хатсайрњои шањр мекашонанд, бархеаш тамоман одамгарї надоранд. Њатто курси ронандагиро наомўхтаанд. Охир, дар синни 18 - солагї кї ба онњо иљозати ихтиёрдорї кардани категорияи "D" - ро медињад? Дарк кардан њам намехоњанд ва намекунанд, ки онњо молу ашё не, мусофир мекашонанд. Аз чароѓаки сурх мегузаранд, ба љои 15 кас 25 касро савор мекунонанд. Кормандони БДА бошанд, ба њамаи ин ќонуншиканињо ва ќоидавайронкунии ронандагон чашм мепўшанд. Мехостам, ки ба ин хел ќонуншиканињо хотима дода шавад! Хайриддин ТОЊИРОВ, сокини шањри Душанбе


ХЕЛЕ ГАРОН

“НИГОЊ”, ЧОРШАНБЕ №41 (474), 13. 01. 2016

ГУФТУМОНИ МИЛЛЇ

АМАЛИЁТИ МИРЗОДИККАК ДАР СУРИЯ Соат 3.46 даќиќа. Њавои берун хеле сард аст. Њароратсанљ таќрибан 72 дараља хунукї нишон медињад.Сияњии шаб атрофро батамом фурў бурда, аммо пешорўи ў рангњои сабзу кабуд ва љо-љо сурх мављ мезананд. Беш аз як соат боз ў дар парвоз аст. Бояд дар њарими њавоии Эрон бошад. Ху-у-ш... Даќиќан! Баъди 3-4 даќиќа аз болои Дамованд хоњам гузашт. "Њой, Дамованд, сарнишини тољикро бину аз даъвои бозгашт ба хати ниёкон баргард... Ње- ње -њей!. Мо тољикча! Эронча шудагимон не!". Эњ, Худое! Вуљудамро эњсоси наљибе пур кардааст. Охир ба орзуям расидам: њукумати љонољонам ман, бале мањз ман - Мирзољон"Терминатори ориёї"-ро барои иљрои ин супориши муњим ба Сурия сафарбар кардааст, - То мантаќаи мањви њадаф 32 даќиќаву 16 сония ва 9 миллисония монд - садои дилнишини Шабнами Сурайё аз компутари тайёра ўро ба худ овард. Мирзодиккак тайёраашро ба рељаи "худпарвоз" гузаронду ќоматашро даруни скафандр рост кард. Худ аз худ ниматабассуме дар љењрааш пайдо гашту дубора ?арќи андеша шуд: "Оњ, агар моњворањои Вазорати дифоъ иштибоњ накунанду координатњои "Ю" - ро дуруст дињанд, бо партоби ду мушаки навъи "Домод TUаZjjBGr" ўро несту нобуд хоњам кард. Ва он гањ.... полковник Мирзодиккак! Набояд саросема шавам. Ана Абдурањим Холиќов тартиби пешвозгириву хаму ростшавиро пешнињод карда, чї шуд, ки ман шавам? Не - не! "Душманат гар пашша бошад, камтар аз пилаш мадон!"...Шояд ин даќиќаву соатњои њайётам бошанд -ња? Бале - бале! С 400 -њои Русияро дар њарими њавои Алеппо касе бекор накардааст. Онњо метавонанд аз њукумати љонољони ман барои ворид нашудан ба Иттињоди гумрукї ќасд гиранд. Путини бадќавоќ њар коре хоњад мекунад. Ќилиќњояш људо зиёд, ин паканаро. Мабодо љангандаамро зананд, пагоњ "Раша Тудей" дар саросари дунё эълон хоњад кард, ки "Сенсатсия! В небе над Алеппо сбыть таджикский истребитель шестого поколения "Бо?и зо?он-РДНв". Да-да, дорогие телезрители. Вы не ослишались. Именно супер-новынка "Бо?и зо?он-РДН"! При этом просим всех из-за уважения к таланту разработчиков произнести букву "?" как французы "р". Летчик знаменитый полковник Мирзодиккак не смог катапультироваться и отправил истребитель в колонну бензовозов "Газпромнефть"... Хайр, боке нест: агар русњо мушакпартої кунанд, системаи нави "Рав?анибењтар - К124" - ро кор мебараму баъди бозгашт зимни митинги пазироии Ќањрамони нави миллат дар назди њайкали Исмоили Сомонї њатман њамшањриям Артист, эъ, бало занад лаќабаша, Вазири саноатро таъриф мекунам. Назди калонњо гапаш, ки шуд ягон чї медодагист-де." Пи - пи - пи, - садои сигнали "Наздикшавии хатарнок" баланд шуд. Ё тавба, чї буд ин худаш?!

Набзи Мирзодиккак беист боло мерафт. Фикр мекард, њоло дилаш аз ќафаси сина берун мешаваду љон ба Њаќ таслим мекунад. "О, чаро ин Шабнам хап аст??? Чаро аз чап?! Кист аз чап?... Њъ-њъ -њъ... Ё пиро, ё арвоњњо, мадад кунетон...Аузубиллањи минал шайтони раљим. Бисмиллањи рањмониррањим. Алњамдуллилањи рабил ъоламин..". Компутари тайёра ба гап даромад: "Наздикшавии хатарнок аз чап. Ф-16.Љангандаи исроилї. Иљозат дињед оташ кушоям?" - Бзануш, Шабнамљон! - Тасдиќи дубораи фармонро мепурсам, љонакам! Фикр намекунед, ки амалатон боиси вайроншавии муносибат бо Исроил мешавад? - Эрона задестем, њич гап нашуд - ку. Занша, паата, ки ќариб гурдакафам кард. Баъд мегўем, ки тайёраи љангї аз муфтї буду аз пеши худаш задааст...Ё мегўї, дингуз занем? О! Точно! Ёфтам: Дин гу -у - у - з! - Амри носањењ - Амри носањењ! Хоњиш мекунам, амратонро ба забони тољикї баён кунед! -А духтар, аз даври Ризвон њама "дингуз"-а медонанд, ту намедонї-мї?! - Ваќт мањдуд аст. Идораи тайёраро ба худ мегирам. Истироњат кунед! Штурмвал рост тоб хўрду тайёра басуръат боло рафт. Лањзае баъд Мирзодиккак ором шуд. Компутари тайёра суруде аз Нигина Амонќуловаро пахш кард. Њанўз Мирзодиккак сурудро нашинохта буд, ки тайёрааш сахт такон хўрд. "Тдх... Таркиш?! Тата-та... Садои тири пулёмети љангандањои НАТО? Наход ман сарњади Туркияро убур карда бошам?! Дуди ?ализе кобини сарнишинро пур кард. Чаро пойњоямро то рон гармие фаро мегирад?... Вањ! Ярадор шудаам-чї?! Ъмм.. Падарлаънатњо! Нињоят хуни зиёии зањматкаши тољикро рехте-е-дња... ". Њамин ваќт даруни шлемаш овози ошное садо дод: -Э, мардак, чї кор мекунї? "Акаи Гулмуродљон, шумо- мї? Як Сирияра бинем гуфта, омадем-да...". "Ње, Мирзо девонагї накун. Хез аз хоб соат 5 шуд". Мирзодиккак осемасар шлемашро аз сар гирифт, ки бедор шуд. Сару гулуяш бо шарфе печонда буд. Њамкораш Абду?аффор дарро аз берун пўшид. Соати деворї, ки аз даврони шўравї дар ин кабинет овезон аст, 17-ро нишон медод. Чапу рост нигаристу худро дар дафтари Раёсати гулгулшукуфии миллї дар Вазорати дурў?росткунњо дид. Ў рўи курсии куњнаи чинї мешишту таги миз миёни њарду ботинкаи афсурдааш як "баќлашка" оби гармро сахт медошт. Оби зарф аз шиддати фишори пойњояш ба шимаш мерехт. Ў каме чап гашта, ба акси азими пушти мизаш нигаристу ду даст болои миз гузошта, ба тамоми ќувват сарашро ба миз зад... Ончунон зад, ки садои сари кафидааш ба гўши њар як тољик расид. Шумо онро шунидед?

52 СИФАТИ "НИГОЊ" Нуриддин САИД, вазири маориф ва илми Тољикистон:

"ЊАР ЧИЗИ ШУНИДАВУ БЕАСОСРО ЧОП НАМЕКУНАД!" - Дар "Нигоњ" њар матлабе, ки вобаста ба маориф ва илм чоп шуда бошаду ман нахонда бошам, вуљуд надорад. Њатман котиби матбуотї онро меорад ва ман мехонам. Маќолањоро мехонам ва дар њошияаашон ба шахсони масъул менависам, то посух гўянд. Нашрияатонро мо эњтиром мекунем, танњо як хоњиш доре: мисли баъзе рўзномањо њар чизи шунидаву беасосро чоп накунед! Хушбахтона чунин њолат дар "Нигоњ" феълан иттифоќ наафтодаанд. Мо бисёр мехоњем дар њама нашрияњо далелњо нишонрас, воќеї ва конкретї бошанд.

Раиси Шўрои муњаррирон: Муњибуллоњ Ќурбон

Њафтанома дар Вазорати фарњанги Љумњурии Тољикистон ба ќайд гирифта шудааст.

МУАССИС: Созмони љамъиятии «ИНДЕМ» («Информатика барои демократия ва рушди миллї»).

Котиби масъул: Абўалї НЕКРЎЗОВ nigoh_tj@inbox.ru

Шўъбаи иттилоот ва сиёсат тел: 600 80 38 Шўъбаи тањќиќот ва тањлил тел: 600 80 38 Шўъбаи иљтимоъ ва иќтисод тел: 600 80 39 Шўъбаи реклом ва огоњиномањо тел: 98 560 86 85

МАНГАР, КИ КЇ МЕГЎЯД...

16

Эмомалї РАЊМОН, Президенти Тољикистон: - Омодаем таљрибаи Арабистони Саудиро дар роњандозии низоми бонки исломї омўзем ва њамкорї намоем. -Бењтарин пешнињод, љаноби Президент! Аз Саудї њар кору модели иќтисодиро гирем, ватанамон ободу зеботар мешавад. Фаќат сохти давлатдорї ва мазњаби расмиашро нагирем, шуд.

Абдуњалим ЃАФФОРОВ, раиси Њизби сотсиалистї, вакили МН: -Њадафи мо аз ин тарњ (Ќонуни имтиёзњо ба љанговарони "Фронти халќї") њимоят аз афродест, ки "дар барќарор кардани њукумати конститутсионї" сањм гирифтаанд. - Ин хел бошад, Сафаралї Кенљаев, Бобои Сангак ва Файзалї Саидовро фаромўш накунед.

Шарофиддин ЌУРБОНОВ, мудири кафедраи бостоншиносї ва мероси ниёгони ДОТ дар ш. Панљакент: -Бостоншиносони љавон умуман намерасанд. Синни миёнаи онњо 40 50 сола аст. Бостоншиносони солњои 50 -ум њама ба нафаќа рафтаанд.

- Бањсњои бебунёду пучи бостоншиносони пиракиро дида, ягон љавони солим бостоншинос шудан намехоњад, гўед, домулло.

Сулаймон АНВАРЇ, собиќ декани факултаи филологияи тољики ДОТ: -Замони пеш автореферат бо забони русї нашр мешуд, аммо њимоя ба тољикї сурат мегирифт ва рисолањоро ба русї баргардон карда, ба Комиссияи Олии аттестатсионии Русия мефиристоданд. Њоло њам номзадї ва њам докторї бояд ба забони ѓайримилливу ѓайридавлатї навишта ва дифоъ шавад, ки ба талаботи давлати мустаќил мувофиќ нест. - Аљаб мантиќ, олими мўњтарам! Њазорон чиниву сербу франсуз бо забони англисї рисолаи илмї њимоя мекунанду мустаќилияти давлаташон зери савол намеравад -ку. Чизи хуби илмї нависед, ако, чизи хуб!

Аловуддин АБДУЛЛОЕВ, њаљвнигор: -Одамонро хандондан дар назари аввал осон менамояд, вале дар асл кори душвор аст. -Хандонидани одамон кори душвор аст, мегўед? Э, не ако, як бор гузаратон рўзњои чоршанбе ба Маљлиси намояндагон, ваќте сессияи навбатї мегузарад, афтад, фикратон тамоман дигар мешавад.

Њокими САФАР, ќаламбадаст: -Картошкаи Файзобод куљо шуд? - Аз дасти баъзе муаллимоне, ки бе хато як сањфа диктанту иншо навишта наметавонанд, кам шуда бошад њам, нагурехтааст њанўз.

Дар њафтанома матолибе низ ба нашр мерасанд, ки бо мавќеи идораи он муѓойират доранд. Дар шумора аз аксњое њам аз Шабакаи љањонии Интернет истифода шудааст. Матолиби хусусияти таблиѓотидошта ® метавонанд танњо бо пардохти муайян дар њафтаномаи «Нигоњ» нашр шаванд. Барои дар дигар нашрияњо пурра ё ќисман чоп кардани матолиб ва иќтибосњо аз «Нигоњ» иљозаи хаттии идора ва нишон додани сарчашма дар шакли «аз њафтаномаи «Нигоњ» №_ аз санаи _» њатмист. Њуќуќи муаллифии кулли матлабњои шумора ба идораи њафтаномаи «Нигоњ» ва СЉ «ИНДЕМ» тааллуќ дошта, тибќи ќонунгузории љории Тољикистон ва байналмилалї њифз карда мешаванд. Дар њолати наќзи "Меъёрњои ахлоќии фаъолияти журналистї дар Тољикистон" аз љониби нашрияи мо, бо арзу шикоят метавонед ба Шўрои воситањои ахбори оммаи Љумњурии Тољикистон (Шўрои ВАО - и ЉТ) мурољиат намоед.

Ќимати рўзнома дар фурўши чакана на беш аз 2,5 сомонї Њафтанома дар нашриёти «Мега-принт» чоп мешавад. Ќимати обуна барои як сол - 96 сомонї. Индекси обуна: 68990 НИШОНИИ ИДОРА: Љумњурии Тољикистон, шањри Душанбе, кўчаи Лоиќ Шералї, хонаи 77. Телефон: (44) 600 80 38, 224 25 09


Turn static files into dynamic content formats.

Create a flipbook
Issuu converts static files into: digital portfolios, online yearbooks, online catalogs, digital photo albums and more. Sign up and create your flipbook.