“НИГОЊ”, ЧОРШАНБЕ №42 (475), 20. 01. 2016
1
«Туркманбошии њамеша Бузург» Худкомае, ки баъди президентиву маргаш барои зану фарзандаш дар Туркманистони ободу зебо љой ёфт нашуд САЊИФАИ 8 №42 (475). Чоршанбе, 20-уми январи соли 2016
e-mail: nigoh_tj@inbox.ru
www.facebook.com/nigohtj
-УМ СОЛ БО ШУМО! Зафари Мирзоён
СЎФИГАРЇ НИШОНА АЗ РАЊГУМИЊОИ ТОЉИКОН АСТ
ЊИКМАТИ ТУГМАИ ЯКУМ
Ё чї тавр дар якуним моњи ахир собит шуд, ки мо тољикон тафаккур ва рафтори стратегї надорем? ЊАЉ - 2016
ЧЕЊРАИ ФАРОМЎШНОШУДАНЇ
"ТО 40 - СОЛАГЇ ЗИНДА МЕМОНЕМ?" САЊИФАИ 5
БАЪДИ 20-УМ
АСЛОВ АЗ ВАЗИРЇ МЕРАВАДУ ДУРБИНИ ЊУКУМАТ РАЊМАТУЛЛОЗОДА САФИР Чаро њукумат Сўњроб Шарипови дигар надорад? МЕШАВАД? САЊИФАИ 5 САЊИФАИ 9
Пеш аз баёни матлаб ин нуктаро мебояд ёдовар шуд, ки солњои ахир дар миёни бархе ба истилоњ равшанандешон падидаи бењшумориву арљгузорї ба сўфигарї ба чашм мехўрад, ки он бештар ба њангоми сухангустарињо дар пиромуни адабиёти классикии форс тољик намоён мегардад. Кор то љое расидааст, ки бархе адабиётшиносони навин талош доранд дар офаридањои суфиён фалсафаи жарфу пурмаъниеро дарёфта, он гуфтањои садсолањо ба бодияи рањгумиву дунёбезорї рањнамун кардаи тољиконро дарунмояи адабиёти њазорсолаи форс - тољик бознамоёнанд ва муаллифони тазкирањои тасаввуфиро бо тавсифњои "ориф" ва "мутафаккир" дар маќоми баланди андешаварзї нишонанд. Њамин аст, ки шумори зиёде аз пажўњандагон ба љустуљўи њикматњои сафсатагунаи орифони казої шуѓл варзида, гуфтору рафторњои суфиёни замонањоро андешањои пешрафта арзёбї менамоянд. Сабаби даст ба ин навиштор бурдани мо низ дар он аст, ки чанде бо донишпажўњони бахшњои фалсафаву адабиёт, њикматшиносони донишгоњї, ки ѓолибан љойгоњи илмї дар пойтахти кишвар доранд, суњбатњо доштем ва аз љараёни гуфтумонњо дар мавриди тасаввуф ва низ аз барномањои телевизиону радиої дарёфтем, ки бисёре аз онњо аз решаи пайдоиши тасаввуф ба таври боиста огањї надоранд ва ин тариќати на он ќадар хуби иљтимоъиро андешањои пешрафтаи рўзгорони гузаштаи тољикон пиндошта, онро ба шогирдон, ба вижа ба шогирдони донишгоњї њамчун падидаи нек бознамоён мекунанд. Онњо ѓолибан ноогоњона ин пиндорњои зиштро дар дили љавонон мекоранд, ки ба ростї барои ба воя расондани як мењанпарасти дил дар шукуфоии Тољикистону комгории миллати тољик супурда ва корсози фановару созандаи оянда осебпазир ва њатто хатарбор аст. Шояд хабар надошта бошанд, ки он хушкмаѓзињои рў ба "вањдати вуљуд" овардану талоши ба "водии фано расидан" яке аз иллатњои асосии вопасмонии мардумони сарзамини Хуросони бузург мебошад, ки даст аз ин дунё (ба истилоњи онњо дунёи сифлї) баркашида, дар кашфиёти илмњои даќиќ, тавлиди тупу туфангу борут ва монанди он василањои њарб барои нигањдошти сарзамини падарон аз њамлањои беамони ќавмњои кўчанда аз аврупоињои офарандаву созанда ба садсолањо вопас монданд. Пеш аз њама бояд пурсид, ки сўфигарї чи гуна пайдо шудааст, бо кадом роњ ба маѓзњои тољикон ва дигар иронитаборон осебњои вогир расондааст ва ташвиќу тавсифи ин биниши вопасмондаву иртиљоъї ба љомеаи мо чї метавонад бидињад. Барои шарњи нукта ба нуктаи тасаввуф, сайри љараёнњои бешумори он дар гузаштаи садсолањо, (аз достони Мансури Њаллољ то Иброњими Адњам, Неъматуллоњи Валиву Хоља Ањрори Валї ва Бањовуддину дигарон), гирењкушоии печидагињо ва њилањои ба рањгумї бурдани маѓзњои одамон, берун аз маљоли ин нашрия аст ва дар китобе гирд овардани он фурсати дигареро мехоњад. Ба њар њол, дар ин љо талош хоњем дошт, ки ба таври гузаро биниши хешро оид ба суфигарї бо такя ба навиштањои торихшинос, адабиётшинос, фозили фарњехтаи Ирон, Ањмади Касравї (1890 - 1946) ва дигар пажўњандагони доно пеши дидори хонандагони гиромї гузорем. Њамчунон низ боясти дар нигар дошт, ки мо ба пажўњишњои пурмуњтавои фалсафашиносони баландпояи тољик, аз љумла ба донишоварони донишманд, М. Њазратќулов, К. Олимов, Н. Одилов, ки дар пиромуни пањлўњои гуногуни тасаввуф таълифоти камёфту арзишманде ба табъ расондаанд, гуфтание надорем. Ин донишмандон дар пажўњишњои хеш суфизмро аз нигоњи интиќодї баррасиву тањлил намудаанд.
14
2
МАВЗУИ АСОСЇ
“НИГОЊ”, ЧОРШАНБЕ №42 (475), 20. 01. 2016
Бессмысленно продолжать делать тоже самое, и ждать других результатов. Альберт Эйнштейн ШОЊИДИИТАЪРИХ Таърихи сиёсии 100 -150 соли ахири мо - форсзабонњои Осиёи Марказї сода нест. Нишебу фарозињои зиёде дорад. Пур аз фољиа ва комёбињо менамояд. Дар њама ќишрњои љомеа ба бурду бохташ бањои комилан мухталиф дода мешавад. Дар њич як асари илмиву таърихї тасвири нисбатан пурраи он мављуд нест. Тавлид нашудааст. Вежагияш њам ин аст, ки дар њар моли зењнї, агар њаст, њатман хати канда дорад. Пора-пора аст. Ногуфта аст. Аз ин љост, ки мо насли имрўзаи тољикон онро хуб намедонем. Намедонем, зеро ќолабњои идеологии кўњнаву нав имконамон намедињанд. Кўшишњое албатта, њастанд, аммо дар умум мешавад гуфт, ки фармоиши иљтимоии миллати тољик барои навиштану чопи ин таърих алњол мављуд нест. Ин бардоштро намешавад аз таърихи форсизабонњои дигари давлатдор - эрониён берун овард, чун истиќлолияти сиёсиву давлатдории онњо канда нашудаву мактабњои фикрияшон имрўз аз ќавитарин дар дунёанд. Таърихашон њам аз тамоми зовияњо навишта шудааст, аммо мо, тољикон, ки даъвои њуввиятсозї дорем, бояд донем, ки љомиаи суннатииТољикистон ниёз ба навиштану хондани таърихи наву навтаринро надорад, ё он эњсос нашуданист! Њукумати феълї њам намехоњад, ки ин таърих навишта шавад, чун зарурати бањои таърихї додан ба хеле аз њаводиси таърихї, назири ѓасби Осиёи Марказї ё њамроњшавї ба Русияи тсезорї, инќилоб ё фитнаи Бухоро дар соли 1920, муборизаи синфї ё несту нобудсозии сартосарии тољикони саводнок то соли 1937, муборизаи муљоњидон ё босмачигарї, террори сталинї, хабаркашињои оммавї ва ѓ.њ. рў хоњанд зад, ки маълум кардани муносибат ба онњо барои як њукумати заиф салоњи кор наменамояд. Барои ин сиёсат намешавад аз њукумати феълї ранљид, чун он њам баромада аз њамин љамъияти мо аст. Аммо ин пораи таърихро бобову бобокалону бобоњоямон хуб дар ёд доранд. Сабаќњои он њамоно дар ёдњои ом њастанд, аммо аз ин суде нест. Чун мо, тољикон амалан миллати сиёсї нестему тасмимњои сатњи миллї ва давлатї бе љомеа, бе мардум гирифта мешаванд.Чандин сол аст, ки онро як кас мегирад. Аммо оё он рўзгорон дар ёди нухбагони њукмрони феълї, бо шумули рањбарияти сиёсии радаи аввал њаст? Оё сабаќе аз зиндагии онњое, ки 100 150 сол пеш дар ин сарзамин њукм меронданд, бардоштаанд? Мепурсед, ки чаро мањз њукуматронии 100 -150 соли ахир? Зеро, ки шароити сиёсии басо монанд доранд: -Давлати мустаќилияташ нисбї, ки шарики стратегиву пуштибонаш Русия аст. Русияе, ки барои таъмини нуфузаш бо нерўи № 1 -и ваќти љањон раќобати шадид дорад; - Кишвари аз нигоњи иќтисодї аќибмондае, ки бо ягон њамсояаш муносибати нек надорад; - Давлате, ки сиёсати кадрияш шоистасолористу фасод кулли нињодњояшро хароб карда; - Кишваре, ки мардумаш каммаърифатанду сарватњои миллияшро як гуруњ истифода мекунанд. Хонандаи закї медонад, ки рафтори нухбагони он даврро аз Ањмади Донишу Фитрат то Айнї хуб
ЊИКМАТИ ТУГМАИ ЯКУМ
Ё чї тавр дар якуним моњи ахир собит шуд, ки мо тољикон тафаккур ва рафтори стратегї надорем? Њукумат
тањќиќу мазаммат њам, ки кардаанд. Аз ...то "Њамоќат дар Бухоро" ву "Баёноти сайёњи Њинд" ва "Ѓуломон" аз онњову тафаккурашон њикоят мекунанд. Бузургони ќаламбадасти он давр вокуниш доштанд, бархўрд карданд, навиштанд, то мардум огоњ бошанд. Мо њам, ки ин сатрњоро мерезем, огоњона мехоњем, ки шумо низ, хонандаи гиромї бидонед. Аммо оё нухбагони имрўз сабаќе аз он љомеаву он шеваи њукуматдорї бардоштаанд? Таърихи истиќлол шоњид аст, ки дар суханрониву шиорпартої ња, аммо амалан не. Чї њам хубтар аз амал, хоса аз амали таърихї аз таффакур шањодат медињад? Њич чиз. Биёед, сайри таърихие дошта бошем, то дарк созем, ки куљо равонем, ё даќиќтараш равонанду моро низ, пушти худ мебаранд. Пешакї таъкид месозем, ки мушобењоти таърихї њамеша суолбарангезанд, аммо... АДАМИ ФИКРИ СТРАТЕГИВУ ДАРКИ РИСОЛАТИ ТАЪРИХЇ Сайид Абдулањад Бањодурхон њукуматро дар Аморати Бухоро октябри соли 1884 аз падар мерос гирифт. Баъди марги падар ў пойтахт бо њазор аскар даромад, то касе шубња надошта бошад, ки интихоб сари ўст. Сарвари давлат шуд. Давлате, ки аз соли 1868, баъди се муњорибаи шадиди бохтаи падараш, дар итоати Русияи подшоњї буд. Ў дар ќиёс бо гузаштањояш босаводтар буд ва медонист,
ки сабаби љангњоро паи њам бой додани Бухоро нашинохтани вазъи љањонї, хоса пайомадњои бохтани Љанги Ќрим аз сўи Русия, бастани шартномаи сулњ миёни хонигарии Куќанд ва Русия ва надидани бунёди тадриљии хати муњофизати Сирдарё аз љониби русњо буд. Аммо барои амале њифзи истиќлолият ва таќвияти давлаташ накард. Пулдўстор буд. Тиљорати пўсти ќароќулї карда, дар бозори љањонии пўсти ќароќулї љойи сеюмро ишѓол мекард. Њар тобистон ба Ялтаву Ќрим мерафт. Дўсти наздики хонадони ашрофони радаи аввали Русия Юсуповњо буд. Соли 1896 Николайи II ба ў унвони "Љаноби Олї" - ро дод. Баъди 10 сол, амир муваффаќ шуд, ки дар Петербург калонтарин масљиди Аврупоро бисозад. Як киштии љангї њам бо номи "Амири Бухоро" сохта, ба русњо туњфа кард. Исломдўстдор буд. Заминњои зиёдеро барои ободии Маккаву Мадина ба ваќф дод. Аммо муллоњоро хуш надошт. Барои њамин аз дарборашро Бухоро ба Кирмина кўчид. Бори нахуст дар таърихи ин сарзамин сармояи хориљї ворид карда, коркарди саноатии мису оњан ва тиллоро ба роњ монд. Сох-
тмони ќитъаи роњи оњани Њиљозро аз сармояи худ маблаѓгузорї кард. Таќрибан ба тамоми вилоёти аврупоии империяи русњо сафарњо дошт. Забонњои ўзбакї, форсї, арабї ва каме русиро медонист. Аз аксарияти равандњои сиёсии Русияи он солњо ва Аврупо огањї дошт, чун дўстонаш Юсуповњо аз фаъолони сиёсї ва наздикони императори Русия буданд. Ба чашми сар дид, ки дар Русия њукумат Думаи давлатї сохту Столипин ба ислоњоти кишоварзї даст зад. Фањмид, ки 13 кишвари аврупої ба Марокаш истиќлолияти давлатї доданд. Аз вањдати миллї дар Итолиё хабар дошту сиёсати Тунисро медонист. Бохабар буд, ки Шоњи Эрон ба Конститутсияи пешнињодкардаи маљлис имзо гузошт. Аммо ў њич ислоњоти љиддие дар кишвараш роњ наандохт, њич нињоди наве насохт. Дар њич коре нињодина рафтор накард. Амире, ки намедонист баъди сари ў зиндагии кишвару таќдири писараш чї мешавад, соли 1910 даргузашт. Љойгузини ў, бидуни ягон монеа писараш шуд: њанўз соли 1896 Императори Русия мањз ўро меросбари давлат таъин карда буд. Нахустин коре, ки Сайд Амир Олимхон кард, наљиб буд: Ў эълон дошт, ки аз касе тўњфа нахоњад гирифту ба фасод хотима мегузорад. Соле нагузашта, интригањои дарборї сабаб шуданду ў љонибдорони ислоњоти сиёсиву иќтисодиро ба Русия бадарѓа кард. Монеъи њама гуна таѓйироту ислоњот гашта, машѓули кайфу сафо шуд. Шумори занону канизаконаш ба њадди ифрот расид. Шањрњои асосии Аморат мушкили обу корез доштанд, тибу маориф хароб буд. Дастгоњи иљроияш - дарбор аз мардум батамом дур шуда, андозситонї њолу иќтисоду мардумро ха-
роб мекард.Низоми ќозиёт ва судхурї ба њам омехта шуда, тиљоратро хароб мекарданд. Аммо равѓани чароѓу пилта фаровон буд. Дар бозорњо молњое њам аз њар кунљи дунё фурўхта мешуданд. Муллоњои Бухорову ашрофони Самарќанд дар итоаташ буданду хутбаи намози љумъа ба номаш хонда мешуд. Њич кас њаќќи сухан аз озодї гуфтанро надошт. Нахустин рўзномаи тољикї дар ањдаш аз бепулї баста шуд. Сарфармондењи танњо артише дар дунё буд, ки оиннома надошту аскарњояш бояд шамшеру аспро худашон мехариданд. Эњсос намекард, ки мардуми кишварашу худаш сахт аќибмондаанд. Рискњои замонаашононро дарк намекунанд. Ин буд, ки Амир Олимхон њич ислоњоти љиддие дар кишвараш роњ наандохт, њич нињоди наве насохт. Дар њич коре нињодина рафтор накард. Бо ѓалабаи Инќилоби Октябр нахуст њукумати Ленин ба Бухоро истиќлолияти давлатї дода, сипас дар пайи як гуфтушунид бо инглисњо 2 -юми сентябри соли 1920 Бухороро бомбборон кард. Бо лашкари 2,5 маротиба аз душман зиёд љангро бохт. Ў ба Афѓонистон фирор карда, баъди 24 сол бо камаќлї вафот кард. Наздик ба 300 тан фарзанду набераву љиянњои сершуморааш рўи олам пош хўрданд. Писараш Шоњмурод аз ў рўй гардонида, афсари душманонаш шуд. Сулолаи Манѓитињо ба њамин барњам хўрду заминњои давлаташон ба чанд ташаккули нав таќсим шуданд. Сабаби асосии шикасти ин давлат аз нигоњи аксарияти муаррихон ва сиёсатшиносон аќибмондагии сартосарии мардуму њукумат буд. Сабаби аќибмондагї бошад дар сифати Амиру нухбагони давр нињон буд, ки њич намехостанд њукумат
ЉОНИБДОРОНИ ИСЛОЊОТИ СИЁСИВУ ИЌТИСОДИРО БА РУСИЯ БАДАРЃА МЕКАРДАНД.
ТАЊЛИЛ
“НИГОЊ”, ЧОРШАНБЕ №42 (475), 20. 01. 2016
3
БО ЯК НАФАС
ДЕМОКРАТИЯИ ГУРБАЊО
ЧАНДСАД СОЛ БОЗ МУШКИЛИ № 1 ЊУКУМАТДОРОНИ МО ТАЉЗИЯИ ЊОКИМИЯТ ВА ИНТИЌОЛИ ЌУДРАТ БУДААСТ
мисли дањњо кишварњои дигар, ба шохањо таљзия гардад. Гўё мушкили интиќоли ќудрат вуљуд надошта бошад. ТАНЊО ХУДАМ Ё МУШКИЛИ № 1 Таърихи кулли кишварњои Шарќи Наздик ва Осиё собит сохта, ки мушкили № 1 њукуматдорон дар ин пањнои олам таљзияи њокимият ва интиќоли ќудрат будааст. Мушкиле гуё њалношуданї, њатто барои ободкортарин, одилтарин ва бомаърифатарин њукуматдорони ин сарзамин. Њар нафаре аз давлатдорони ин сарзамин то охирин нафас ба њокимият мечаспад. Ба њар бањое набошад, њокимияти шахсии худро њифз карданї мешавад. Тољикистон низ истисно нест. Давлатмардони имрўзи мо вонамуд мекунанд, ки таљзияи њокимият вуљуд дорад, аммо дар асл на. Њокимияти ќонунгузор ва судї мустаќил нестанд, балки фаъолияташон сањнасозист. Мавзўи муњимтарини давлатдории миллї - мушкили интиќоли ќудрат табу аст. Гўё он вуљуд надорад. Кош њамин хел мебуд! Чун њар як давлатсолору ватандўсти тољик медонад, ки таъмини субот дар љомеа муњимтарин вазифаи миллї мебошаду талош барои ќудрат метавонад риски дахолати бегонагонро зиёд гардонад. Њамчунин мушкилро надоштан нишонаи миллати болиѓ будани мо мебуд. Исботи он мешуд, ки мо, даќиќтараш нухбагони њукмрони мо, дорои тафаккури стратегї мебошанд. Аммо ду амали њукумат дар як - якуним моњи ахир баёнгўи баръакси њоланд. ДУ АМАЛ БАРОИ ЯК ЊАДАФ Амали нахуст тањияву ќабули барќосои Ќонун дар бораи "Асосгузори сулњу вањдати миллї-Пешвои миллат" буд. Таблиѓоти густурдаи њукуматї зарурати ќабули ин ќонунро нињодина кардани маќоми пешвои воќеъии миллат, Сарвари давлат, Ќањрамони Тољикистон Эмомалї Рањмон номид. Љомеа, ба истиснои мухолифони сиёсї ва фаъолони љомеаи шањрвандии камшумор ин амалро шоиста до-
нистанд. Таќрибан њама њам бовар карданд, ки арљгузорї ба як фарзанди миллат аст. Аммо амали дуюм эълони тайёрї ба баргузории референдум рўи ин бардоштро хатчадор кард. Чун ба ому хос маълум шуд, ки: а) њадаф аз референдум ва таѓйирот ба Сарќонун фароњам овардани замина барои иштироки Эмомалї Рањмон дар интихоботи навбатї будааст. Ва шарт нест, ки интихобот соли 2020 баргузор гардад; б)президент Эмомалї Рањмон роњњали мушкили миллии интиќоли ќудратро дар интихоби дубораи худу фарзандонаш медидааст. Аммо оё ин роњњали масъала аст? Ба њич ваљњ на! Њатто агар Маљлиси миллї њам барњам зада шаваду яке аз фарзандони Роњбари давлат Сарвазиру дигаре Рањбари Дастгоњи иљроия њам таъин гардад. Зеро ин гуна стратегия омили бандаи Худо будани одамњо ва таъсири њалкунандаи омили хориљиро бартараф карда наметавонад. Омили хориљї, дар мисоли мо таъсири Русия ва Эронро, ки акнун барои чанд соли наздик ба шарикони стратегї будан њукм шудаанд, поёнтар шарњ хоњем дод, аммо њоло як мисол аз љониби дигари сулњ - Cайид Абдуллоњи Нурї меоварем, то њадаф рушантар шавад. "Тугмаи якум"-и рањматї Нурї Ваќте "Нигоњ" якуним - ду соли пеш аз ояндаи ЊНИТ менавиштему сенарияњои гуногуни рафти њаводис, минљумла баста шудани њизбро пешгўї мекардем, бурњони ќотеъамон ин буд, ки рањматї Сайид Абдуллоњи Нурї худ барои бастани ин њизб асос гузоштааст. Чї тавр?!Рањматї, њич коре нињодина надошт, ањамияти институтњоро дар сиёсату иќтисод намедонист ё эътироф намекард. Њамон замон, ки ў аз институти бисёрњизбї даст кашид, ба раќибони сиёсияш имкони манёвр дод, ки бо фароњам овардани заминањо ва даст додани фурсат бебокона амал кунанд. Иштибоњи дигари асосгузорони њизб ин буд, ки
на ба институти рањбарии босамар дар њизб, балки ба шахсият такя мекарданд ва замони зиндагии ду асосгузор рањбарони навро интихоб накарданд. Дар маљмуъ, ин њама нишони он аст, ки тафаккури стротежї дар ин ташаккули сиёсї мављуд набуд. (Оё барои рушди миллї ин хуб буд ё на, мавзўи бањси дигар аст, албатта). Њоло бармегардем ба асли маќсад. Гёте гуфтааст:"Оне, ки тугмаи нахустро нодуруст андохт, тугмањои дигари куртаашро дуруст андохта наметавонад". Яъне, як иштибоњ оѓози иштибоњоти дигар шуда, натиљаи дилхоњро аз субъекти андешаи стратегї дур мекунад. Дар таърихи навтарини мо, ин гуна "тугма" - ро хелењо доштанд: Аз Достиеву Убайдуллоев шурўъ карда, то Тўраљонзодаву Мањмадов. Акнун ба назар мерасад, ки президент Эмомалї Рањмон низ "њиќмати тугмаи нахуст" -ро дар шароити нав ба инобат нагирифтан дорад. "Њикмати тугма" Чаро? Зеро, ки бархурди ахир ба мушкили интиќоли ќудрат лањзаина аст, на стратегї. Ин ќарори лањзаина метавонад вазифаи њифзи њокимияти шахсиро барои як муддат њал кунад, вале он нињодина нест ва омили бандаи Худо будани ќудратмандонро ба инобат намегирад. Бар замми ин, дар ќиёс ба "тугмаандозињои" солњои пешин дар шароити бадтаре бояд пиёда гардад. Дар шароите, ки зањматњои истиќлолиятсозї ва гоње њам сиёсати иштибоњї президент Эмомалї Рањмонро аз ду шарики стратегиву пуштибонњои ошкораш - Русия ва Эрон хеле дуртар кардааст. Њаминро асос карда, "Нигоњ" бар он аст, ки дар њамин марњила тафаккури стратегї ва рафтори аз он баромада бояд дар саргањи сиёсати давлатдории мо, тољикон ќарор гирад. Агар на, пас барои бегонагон мо басо хондашавандаем.
Њич гумон надоштам, ки рўзе дар бораи гурбаамон менависам. Њарчанд хандаовар аст, аммо ба назарам чандест, ки ин љонвари безабон њам ба њамин муњит, ба њамин љомиа хў гирифта ва мутобиќ шудааст. Аммо ин њам сабаби интихоби ќањрамони ин матлаб набуд, балки сарусадо дар бораи силсилаи майдадуздї дар ќишлоќ ба ин боис шуд. Сањарї дар мањалла гап буромад, ки ба маѓозачаи хўроквории ќишлоќ дузд даромадааст. "Ѓоратгар(он) панљараи тирезаро шикаста, дари пластикии онро кушода, вориди маѓоза шудаанд", тахмин мезанад фурўшанда. - Дузд, аз афташ хеле љавон ва ба эњтимоли зиёд "худї" будааст. Вай фаќат шоколадњоро гирифта, њатто ба лэптопе, ки болои миз меистод, даст нарасондааст. Шояд надидааст дар торикї, -мегўяд ў ва илова мекунад: - Њодиса баъди хомўш шудани барќ рўй додааст. Аммо ба њар њол, агар одами калон мешуд, равѓан, биринљ, шакар, собун ва дигар чизњои гаронтару заруртарро мебурд. Бино ба наќли њамсояњо, ин њодисаи сеюми майдадуздї дар мањалла таи ду њафтаи ахир будааст. Аз як њавлї телефони мобилї ва дучархаро ба яѓмо бурдан хостаанд. Телефонро бурдаанд, аммо дучарха вазнинї кардааст, ки онро назди дарвоза партофта гурехтаанд. Дар њарду њолат изи навраси бетаљриба мушоњида мешавад ва дар њар ду њолат њам касе ба милиса мурољиат накардааст. Магазинчї мегўяд, моли рабуда кирои даводаву милисабозї намекунад. Дар рафтуо ба идораи маќомот пули бештаре сарф кардан мумкин аст. Болои ин, пурсупоси зиёдатї, хўрдагирї ба ину он... Чї даркор? Ба тољир воќеан ин чиз даркор нест. Аммо ба љамъият чї? Ба волидайн чї? Оё ин дидаву дониста рўйпўш кардани љиноят нест? Сањлангорї нест? Наврасе шояд дузд шудан дорад. Наврасони дигар ба ин чї мегўянд, оё ба дузди бељазомонда њамроњ намешаванд? Агар ин фарзанди худат бошад чї? Дузд "худї"-ву "бегона" мешавад, магар? Бањс бо љабрдидагони ин ду њодиса ва мутаќоид кардани онњо, ки ба њар сурат бояд ба маќомот хабар дод ва дуздро пайдо кард, натиља надод. Њамсояњои дигар низ аз саволњои боло гўё андеша намекунанд, сукути тољирро њаќ шумурданд. "Додар, корат ба милисаву духтур наафтад!..." Ва њис мекунам, ки сару кор гирифтан бо ин љомиа мисле, ки бо гурбаи мост. Ба вай њам чизе гуфтан натиља намедињад. Феъли саг (яъне гурба) ба соњибаш маълум, - хеле пеш мушоњида карда будам, ки ин нобакор њам ваќтњои охир дар иљрои вазифааш масъулияте њис намекунад. Дар анборхона мушњо барои худ ќасру кўшкњо сохта, ѓаллаи мурѓаконро ба ѓорњои бетагашон мекашонанд, ин ландањур ба нони дастурхон одат кардааст. Ба њаёти буљавї гузаштааст. Хайр, ба хайр гуфтем, - зеро; аввал ин ки вай аллакай 11 сол дораду пир шудааст; баъд, дар ин 11 сол мову ин нобакор "худї" шудаем. Чї хел бењтар фањмонам, њамшањрї барин гап. Аз худ рафт... Њафтаи гузашта як кабўтараки љавон ѓайб зад. Фањмидем, ки кори њамин нобакори худамон аст. Далелњои шайъиро њам ёфтем, вале чизе нагуфтем. Дина шаб, лаънатї саъбаро њам аз ќафас бурд... Рости гап, ин даъфа њам фаќат ман мавќеи радикалї доштам. Ќатъиян хостори љазо додани гурба шудам, њатто агар хеш бошад. Аммо бисёрї, аксарият - љомиа дар сари дастархон ба афви дубораи гурба райъ доданд. Демократия. Чї мегўед!? Медонед-ку, мо худиро дўст медорем. Хешу табор, њамшањрї заъфи моянд. Ба гуноњаш чашм мепўшем. Љазо намедињем барои кори бадаш. Њатто баракс, бисёр ваќт эрка мекунем, менозем: "Э, вай бачаи худї". Моро аз хурдї ба њамин чиз меомўзанд. Мо њам ба насли навро аз ин мерос бархурдор мекунем. Масалан, барои фарзандамон натанњо барои таъмири мактаби мудом "вайрону валангораш", балки барои бўр, латтаи фаррош, шишаи тиреза, скотч ва њатто барои носпулии муаллимаш маблаѓ меёбем. Лекин боре ба муаллим намегўем, ки мактаб, бародари азиз, ройгон аст, бас кун ањмаќиро. "Чап гирад, хуб намешавад" фикр мекунем. Баръакс, таъриф мекунем: "Э, вай муаллими зўр аст"! Зўр ба маънии аслияш не, њатто ба маънии донишманд, мењрубон, педагоги касбї не, зўр аст, чунки ягон бор барои таљлили зодрўзаш аз талабањо пул љамъ намекунад. Њол он ки баъзењо соли гузашта се маротиба зодрўз доштанд. Ёбеду гиред!
"Нигоњ"
Фаридун РАЊНАВАРД
САДОИ МАРДУМ
77% ЗАРУРАТИ БА САРЌОНУН ТАЃЙИРОТ ВОРИД КАРДАНРО НАМЕБИНАНД
60% 50% 40% 30% 20% 10%
15%
Не, зарурат надорад
70%
Ња, зарурат дорад
80%
Ба ман фарќ надорад
77%
8%
0% 1
2
3
Дар назарпурсии виртуалии сомонаи хабаргузории TojNews, ки бо суоли "Заруратеро барои таѓйири Конситутсия (Сарќонун) дар соли 2016 мебинед?" баргузор шуд, 77% гуфтаанд, ки "не, зарурат надорад." Аммо 15%-и дигар аз респондентон бо интихоби гузинаи "ња,зарурат дорад", ба ин назаранд, ки Сарќонун ба ворид кардани таѓйирот зарурат пайдо кардааст.
Дар њамин њол, 8% аз ширкаткунандагони ин назарпурсї изњор доштаанд, ки ворид кардан ё накардани таѓйирот ба Конситутсия барои онњо бефарќ мебошад. Ин назарпурсї аз 13-ум то 19-уми январ дар сомонаи хабаргузории TojNews баргузор шуд, ки дар он 775 нафар ширкат кардаанд.
Суоли навбатї: Тайѓироти кадрї чизеро иваз мекунад?
4
ГУЗОРИШИ РЎЗ
“НИГОЊ”, ЧОРШАНБЕ №42 (475), 20. 01. 2016
Нашрияи 80-сола бе мизу курсї Субњи 16-уми январ назди бинои маљмааи табъу нашри "Шарќи озод" ё ба ќавли маъруф ГЖК аз њар ваќти дигар пуриздињомтар буд. Њатто мошинњои зиёд. Ду тарафи роњ њар касе куљое хостааст, мошин мондааст. Ин њам сабаб доштааст: Нахустин чизе, ки баробари наздик шудан ба бино ба чашм мерасид, лавњаи бузурге бо ранги сурх буд. Аљиб буд, ки лавња рабте ба Анљуман надошт. Бо њарфњои бузургу хоно навишта будаанд, ки "80-солагии "Њаќиќати Ховалинг". Дар ин лавња, ки шояд 1,5 метр бару 10-15 метр дарозї дошт. Дар он аксњои кормандони имрўзу собиќи нашрияро љой додаанд. Дар миёнашон шахсиятњои шинохтаи матбуотро дидан мумкин буд. Касе пурсид: дар ин давраи буњрон ба љои сохтани ин лавњаи бузург маоши чанд корманди нашрияро пардохт мекарданд, бењтар набуд? Шунидам дар Анљуман исбот кард, ки суол бељо набудааст. Ваќте кадоме аз мушкилоти расонањои мањаллї дар Хатлон сухан карда гуфт, ки дафтари нашрияи "Њаќиќати Ховилинг" бо чанд коргар интернет чї, њатто мизу курсї надорад...
Роњаткурсии баландболо Бо намояндагї аз њафтаномаи "Нигоњ" ба унвонии ман даъватнома будааст. Даъватнома субњи њамон рўз ба дастам расид. Ваќте ба назди дўстонам ба ќањвахона ворид шудам, як тан аз дўстони њушманд суол кард, чаро бидуни либоси расмї? Гуфтам, ман ку раис шуданї нестам!? Ба даъватномаи дастам ишора кард. Дар даъватнома яке аз шартњои ворид шудан ба толор бо либоси расмї будаасту инчунин ворид кардани телефони њамроњ "ќатъиян манъ аст". Он њам барои ман барин хабарнигор, ки љуз хабар навиштану акс бардоштан бо телефонам њадафи дигаре надорам... Толори "Шарќи озод". Ду пањлуи толорро суханони Президент Эмомалї Рањмон, нишону акси Президент оро медињад. Дар минбар барои раёсати кории Анљуман чанд курсии одї ва як роњаткурсии баландболо дар миёнљо гузошта шудааст. Мисли кабинетњо. Тибќи барнома Анљуман соати 10:00 бояд оѓоз шавад. Њамин тавр њам шуд. Журналист Наљмиддин Шоњинбод, аз дастандаркорони тадорукот соати 9:57 эълон дошт: "Муњтарам вакилон љойњоятонро ишѓол кунед. Телефонњои мобилиатонро хомўш кунед!" (Ин таъкидро аз хотир набароред, њоло даркор мешавад).
Оѓози Анљуман Ќаблан гуфта мешуд, ки дар Анљуман Абдуљаббор Рањмонзода, ёрдамчии президент низ ширкат хоњад кард. Эњтимол мекардам, ки шояд роњаткурсии баландболо барои эшон аст, аммо ин содагие беш набаромад. Анљуман оѓоз шуд. Дар минбари корї Ёќуб Исмоилзода, ки баъди марги бузургмард Акбари Саттор иљрокунандаи раиси ИЖ буд, бо Абдуљаббор Рањмонзода љой гирифтанд. Ёќуб Исмоилзода дар роњаткурсї нишаст. Ў ташкилкунанда ва раисикунандаи Анљуман буд. Ба гуфтаи раис, дар Анљуман аз 175 вакил 168 вакил ширкат доранд. Аксарияти кулли вакилон аз расонањои њукуматї ва чењрањои ноошно буданд. Њамин тавр бо садо додани гимн Анљуман оѓоз мешавад. Барои гиромидошти поси хотири беш аз 70 нафар аъзои ИЖ, ки ки дар панљ соли охир фавтидаанд, ровии хушсадо Хуљамќулов якяк номњояшонро мехонаду дар интињо исми онњоеро, ки фаромуш шуданд, аз толор ном бурда мешаванд. Њамин тавр 9 нафар ба унвони аъзои раёсати корї пешнињод мешавад, ки бо љонибдории якдилона ќабул гардиданд. Дар ду љониби Абдуљаббор Рањмонзода масъулини матбуотии њукумати вилояту минтаќањо ќарор мегиранд. Онњое, ки дар минбаранд, ягон нафарашон айни замон журналисти амалї нестанд, ба истиснои Нањтутї Алиева, сармуњаррири "Мављи Хингоб", нашрияи ноњияи Тавилдара. Хотираам фиреб надињад, ин нафаронро Бахтовар Каримов, сармуњаррири љавони "Љавонони Тољикистон" пешнињод карда буд. Боз аз љониби масъули маљаллаи "Хорпуштак" котибот дар њайати се нафар пешнињод мешавад, ки бидуни бањс пазируфта мешаванд. Комиссияи мандатиро аз "Зан ва мард" пешнињод мекунанд. Њамагї се номро аз рўи вараќ мехонанд. Заъфи хотира ё эњтиёт аз берун нашудан аз сенария... Дар ќатори ањли раёсати корї аз вазири фарњанг низ ном бурда шуд, ки мавсуф њузур надоштанд. Ёќуб Исмоилзода ба љои вазир Давлат Сафар, рањбари раёсати вазоратро ба минбар хонд. Њайат пурра шуд.
РАЁСАТЕ, КИ ЌАРИБ ЖУРНАЛИСТИ АМАЛЇ НАДОШТ
АНЉУМАНИ ПЕШГЎИШАВАНДА 16-уми январ Анљумани 14-уми Иттифоќи журналистони Тољикистон, ки ба ќавле ќишри демократитарини љомеаро љамъ овардааст, баргузор шуд. Оё гуфтан мумкин буд, ки ин љамъомад аз худ демократияи зиёд дошт? 1 соат барои њисоботи Раис Ёќуб Исмоилзода барои суханронии њисоботи як соат ва барои музокирачињо панљ даќиќаї ваќт хост. Толор норизої нишон дод. Раиси њамоиш талаби толорро нодида гирифт. Албатта, баъдтар маълум шуд, ки раис таљрибаи суханронї надоштанашонро ба инобат нагирифтааст. Раис њисоботро оѓоз мекунад. Њисобот бо назардошти њама арќому раќамњо. Аммо танњо як чиз дар хотирам наќш баст. "Дар 5 соли охир 67 нафар журналист фавтиданд, ки 21 нафарашон ба соли 2015 рост меояд. Мутаассифона, 91 фоизи марги онњо дар натиљаи мушкилоти иљтимої ва камбизоатї рух задааст"... Дигар чи њам дар хотир гирифта мешавад, ба љуз њамин нукта, ки баёнгўи вазъи ќаламкашњо буд... Маърўзачї зимни суханронї гоњо нафасгир њам мешуд... чоряки соат нагузшта буд, ки садояш хаставу паст шуд. Ањли толорро бар замми сардї хастагї низ азият медод. Дар толори хунук аксарият бо либоси гарми зимистона ва каллапўш менишастанд. Ранги асосии либос дар толор сиёњ буд. Дар ин њангом ба назди ањли минбар дар ду чойник чой оварда, ба назди Ато Њамдам ва Илњом Љамолиён гузоштанд. Дар сардии толор барои чой нўшидан ба он посух додан зарур меомад, то охири љаласа касе ба ин чойникњо даст дароз њам накард. Суханронї соати 11 ба итмом расид. Раис њам ба фикрам эњсос кард, ки хеле зиёд сухан кард, зуд минбарро тарк карданї шуд, ки садое баланд шуд, шояд вакилон суоле доранд? Раис дили нохоњам ба пас баргашту касе њам суол надод.
Берун аз сенария Нахустин шуда аз вакилони Анљуман Љовиди Аштї барои музокирот иљозат пурсида, ба назди балангўяк њозир шуд. Абдуљаббор Рањмонзода ўро пушти минбар даъват кард. Ў дар бораи пардохти њаќќулузвият ва аъзогї сухан намуд. Бону Гули Зард аз љояш баланд шуд. Ба гуфте толорро такон дод. Бо мурољиат ба ёрдамчии Президент аз рўйхати 14 журналисте њарф зад, ки аз нодорї ранљ мекашанду њатто се нафрашон ќасд ба худкўшї доранд. Толибшоњи Саидзод ба минбар баромад. Бо садои омирона Абдуљаббор Рањмонзодаро сифат карда, пешнињод кард, ки давлат нашрияњои мустаќилро дастгирї кунад. Асари директори мактаб кор карданаш маълум шуд. Аммо суханронии Шарифи Њамдампур толори сардро ба љумбиш овард. То баргузории Анљуман дар мањофили журналистї аз Шарифи Њамдампур чун номзади эњтимолї ба маќоми раиси ИЖ њарф мезаданд. Албатта, раис шуданашро баъид медонистанд. Шарифи Њамдампур бо оњанги шико-
ят ва интиќод суњбаташро оѓоз кард. Тавре худаш гуфт, њузури Рањмонзода ўро водор ба сухан кардан кардааст. Гуфт: "Аз рўи њисобот дар ИЖ кор њаст. Аммо ман мављудияти иттифоќро њис намекунам". Пештози матбуоти тољик гуфт, ки низоми интихоби вакилон нодуруст аст... дар толор њама чењрањои расонањои давлатї гўё иттифоќи журналистони давлатї бошад... Бо њимоят аз расонањои мустаќил Њамдампур гуфт, ки ягон расонаи мустаќил зидди андешаву ѓояњои миллї чизе нанавиштааст... Дар бораи раиси оянда суол кард, ки "њар касро монанд кор карда метавонад, оё њамаро муттањид карда метавонад?". Пешнињод кард, ки муњлати 5-солаи раисї низ бозбинї шавад. Ёќуб Исмоилзода сукуташро шикаст. Дар посух ба гуфтањои Шарифи Њамдампур гуфт, ки "њамаи маълумотро дар чањор моњ љамъ кардам". Яъне дар даврони иљрокунандаи раис буданаш. Ў ба ќавле бо миннат кафиданї буд, ки Умари Шерхон риштаро кашид: "акнун љойи гап нест." Посуху дарангии Исмоилзода њамроњ бо талотуме дар толор буд. Дар ин миён садои гўшхароши телефоне низ баланд шуд, ки дер боз соњибаш пайдо карда натавонист.
Раиси Анљуманро ба даст мегирад Баъди суханронии Њамдампур раисикунанда хуб эњсос кард, ки агар чунин идома ёбад, идораи Анљуман аз ихтиёр берун мешавад. Зуд эълон дошт, ки чанд нафарро пешакї бо телефон огоњ карда будаасту бояд ба онњо сухан дињем. Ќурбоналї Рањмонзода, сармуњаррири "Љумњурият", Хуршед Ниёзов, собиќ сармуњаррири "Фараж", Илњоми Љамолиён, аз вилояти Суѓд тибќи рўйхати раис сухан мекунанд. Навбат ба Суњробшоњи Фаррухшоњ аз Кўлоб расид. Ў эълон кард, ки суханронии кўтоње аз рўи вараќ хоњад дошт. Аммо маълум шуд, ки кўтоњ набудааст... Ў низ аз мушкилоти миллї њарф зада, аз Кўлоб дур нарафт... Хуршеди Атовулло низ бањси кам кардани муњлати раисї дар ИЖ-ро ба миён гузошт. Аммо на раиси куњнаву на раиси нав њозир нашуданд, ки ин масъаларо њатто баррасї кунанд. Маълум шуд, ки ба њукумат раис барои панљ сол зарур будааст.
Интихоби раис ва интригаи Сайёфи Мизроб Тибќи рўзномаи Анљуман бояд раиси нав интихоб карда шавад. Њуриниссо Ализода, хабарнигор аз "Минбари халќ" номзадии Зинатулло Исмоилзода, рањбари Академияи ВАОро пешнињод кард. Љонибдор њам пайдо шуд: Кароматуллоњи Ањмад. Журналист Мухтор Боќизода номзадии Сайёфи Мизроб, сармуњар-
рири "СССР"-ро лоиќ донист. Ањмади Иброњим аз Кўлоб номзадии Суњробшоњи Фаррухшоњ ва Мўсо Асозода номзадии Ёќуб Исмоилзодаро пешнињод карданд. Садо аз охири толор: номзадии Гули Зард! Раисикунанда пурсид, ки шумо кї? Посух омад: Ман Абдуљаббор Ѓаффоров, аъзои ИЖ. Садо аз толор баланд шуд: Марди Худо. Баъдтар фањмидам, ки яке аз 14 нафар дар рўйхати Гули Зард њамин кас будаанд. Раис бо хурсандї нидо даровард, ки "ана номзадњои алтернатив њам пайдо шуданд. Дар мо демократия аст". Гули Зард, Ёќуб Исмоилзода ва Суњробшоњи Фаррухшоњ номзадиашонро пас гирифтанд. Вале Сайёфи Мизроб ба сухан баромад. Њар љумлаи ў чунин оѓоз мешуд: "Агар ман раис шавам..." Ин вазъ толорро њам зинда кард. Раисикунандаи маљлис гўё љои худро гум карда буд, асабонї гоњ -гоњ ќоѓази гумшудаеро мекофт. Дар рў ба рўи Сайёфи Мизроб аккосону наворбардорон ќатор шуданд. Ў мегуфт, агар раис интихоб шавам, барои ќабули аъзои нав низоми сангин љорї мекунам. Њар аъзои нав бояд 7 сол таљрибаи корї ва 100 маќола навишта бошад... Дар интињои суханрониаш эълон кард, ки " љойгузини бародарам шуданї нестам!". Толор бо кафкўбї ўро гусел кард. Аммо раисикунандаи маљлис њатто напурсид, ки номзадиатонро пас гирифтед ё на? Яќин агар чунин суол мешуд, шояд интригаи дигареро аз Сайёф шоњид мегаштем.... Номзади њукумат якдилона пазируфта шуд. Сару садоњо дар бораи аз шањру навоњи тобеъи марказ интихоб шудани Раиси ИЖТ исбот шуд.
Демократитарин суханронї Абдуљаббор Рањмонзода ба минбар баромад. Бидуни вараќ сухан мекард. Маълум буд, ки њар як сухани садододаро гўш карда, ба њар яке посухе њам медод. Њудуди 12 пешнињодро бо номбар кардани 1,2,3 ... ироа дошт. Бо шинохти њукуматии мушкилоти мављуда ва то љое њам дилсўзона. Аммо хулосаи ман, ки як журналисти тахасусиам, аз ин Анљуман чист? Дар ин Анљуман њарфе аз оддитарин мушкилоти воќеъии кори хабарнигорї дар миён набуд. Касе аз мушкили дастрасї ба иттилоот, масдудияти сайтњо, аз 10 то 50 % кам шудани чойњои корї дар расонањои мустаќил, то 30-40 % кам шудани музди мењнат, хатари басташавии расонањои чопии мустаќил њарфе нагуфт ... Танњо Абдуљаббор Рањмонзода бо њарфњояшу рафтораш нишон дод, ки њамчун як чиновники радаи болои давлати Эмомалї Рањмон демократитар аз иштирокчиёни ин анљуман будааст. Анљумане, ки дар майдони худ бо ќоидањои навиштаи дигарон фаъолият мекунад.
Абдуазими АБДУВАЊЊОБ
ЊАЁТИ ВОЌЕЇ Њукумати Тољикистон ќарори нав дар бораи тартиби анљоми њаљљи фарзиро барои шањрвандони кишвар ќабул кардааст. Тибќи ин ќарор, ки дар зераш имзои Эмомалї Рањмон гузошта шудааст, њамакнун танњо онњое анљоми њаљљи фарзиро доранд, ки аз 40 сола боло бошанд. Бар илова, шањрвандони Тољикистон аз ин пас танњо пас аз 5 сол имкони њаљљи фарзии такрориро доранд. Ин њам дар њоле, ки, агар хоњишманди дигаре набошад... Тартиби муќарраршуда њамчунин хоњишмандонро муваззаф мегардонад, ки њади аќалл се моњ пеш аз маросими њаљљи фарзї ба маќомоти мањаллї мурољиат намоянд. Дар замина, барои њар минтаќа њукумат квота муайян хоњад намуд. Гуфта мешавад Кумитаи дин вазифадор шудааст, ки фењрасти љумњуриявии хоњишмандонро тањия карда, назорати риояи навбатро таъмин кунанд. Ќарори нави њукумат бањси гармеро дар муњити иљтимоии Тољикистон ба вуљуд овард. Ин њам дар њоле, ки Кумитаи дин, танзими анъана ва љашну маросимњо њамчун нињоди танзимкунандаи сафари њољиёни тољик дар шарњи тасмими Њукумат эълон кард, ки ин тасмим танњо ба хотири эњтиром ба калонсолон гирифта шудааст. Афшини Муќим, сухангўи ин нињод дар сўњбат ба "Нигоњ" гуфт, сафарбарнамоии шахсони аз 40сола боло ба зиёрати Хонаи Худо ба маънои мањдудият набуда, балки фурсат додан ба пиронсолон мебошад. Ба ќавли Афшини Муќим, навбати њаљ дар Тољикистон хеле зиёд аст ва илова бар ин Арабистони Саудї низ квотаи Тољикистонро аз 6 њазор љой боло намебарад. Њоло дар баъзе аз минтаќањои кишвар ба иттилои маќомот то солњои 2025-2026 навбати њаљ пур шудааст. Љонибдорон ва мухолифини ќарори њукумат дар навбати худ асосу далелњои худро меоранд. Ин љои бањс надорад, ки дар бархе маврид гуруње аз мардум зимни маросими њаљ, ки аз љониби кумитаи дин роњандозї мешуд, шикоят дош-
“НИГОЊ”, ЧОРШАНБЕ №42 (475), 20. 01. 2016
"ТО 40 - СОЛАГЇ ЗИНДА МЕМОНЕМ?" Тољикистон метавонист ба љои мањдудиятњо барои њољиён, квотаи худро бештар кунад
НА ТАНЊО КЎДАКОН, ЊАТТО ТО 40-СОЛАЊО АКНУН БА ЊАЉ НАМЕРАВАНД танд, ки барои риояи маросими фарзї баъзе ноадолатињо љо доштанд ва аз ин хотир иддае аз одамон чандин маротиба метавонистанд маросимро адо намоянду ќисмати дигар солњо навбатпої. Њукумат њам бо ќарори худ мањз гўё дар назардошт бо ин тасмими њамчунин гирифта. Вале ин тасмим ба деги онњое, ки чанд соли ахир њукуматро дар "иќдомњои зиддиисломї" муттањам мекунанд, алов монд. Бархе аз донишмандони дин њам дар ин ќарори њукумат ихтилофоти шаръ-
иро мебинанд. Аз љумла, зимни сўњбат бо "Нигоњ" як имоми масљид, ки нахост аз ў ном барем, изњор намуд, ки шариати Исломї барои сафари хонаи Худо аз љониби шахсони ба балоѓат расида ягон мањдудияти синну солиро муќаррар накардааст. Ба ќавли ин имоми масљид, тибќи ќонунњои шариати исломї њар марде, ки ба синни 12 расидаасту ќуввати љисмонї ва молии зиёрати хонаи Худоро дорад, метавонад сафари њаљ намояд. Ў њамчунин мегўяд барои занњо аз синни 9-солагї њаќќи анљоми
ПАС АЗ 4 МОЊ
5
маносики њаљ имконпазир аст. Аз рўи мантиќи одї њам гирем, оё кї кафолат дода метавонад, ки њар одам то 40 солагї зинда мемонад? Шариат дар назардошт бо њамаи ин њолатњо ба як мусалмон имкони интихоб ва иљрои фарзњоро додааст, - изњор намуд ў. Тољикистон дар њоле чунин ќарорро ба тасвиб расондааст, ки таљрибаи мањдуд намудани синну соли њољиён дар дунё камназир аст. Намунае то љое монанд танњо дар њамсоякишвари мо Ўзбекистон љорист, ки тибќи он шахсони зери синни 50-сола њаќ надоранд, ки ба Њаљ сафар намоянд. Дар њамин њол, тањлилгарон мегўянд, агар њукумат нияти "тантанаи адолат" - ро зимни маросими сафарбарї ба њаљ доранд, ин тасмим роњи њал нест ва бењтар аст Тољикистон аз Арабистони Саудї талаб кунад, ки квотаи муќаррарнамудаи кишварро бештар намояд. Тибќи тартиби муайяннамудаи Арабистони Саудї бояд барои 1 миллион мусалмон 1000 квота људо шавад. Бо ин тартиб Тољикистон на 6 њазор, ки феълан аз Тољикистон њамасола ба њаљ мераванд, балки бояд 8 њазор квотаи њаљ дарёфт намояд. Аммо бо сабабњои гуногун, аз љумла тармими атрофи Каъба, ин кишвар барои Тољикистон чанд соли ахир танњо 6 њазор квота људо мекунад. Зимнан, дар Кумитаи дин мегўянд, Тољикистон дар минтаќаи Осиёи Марказї ягона кишварест, ки квотањои њаљро ба пуррагї истифода мекунад. Бо ин њама, бархе аз тањлилгарон ба ин назаранд, ки дар ин шабу рўзњо, ки миёни Эрону Саудї бањсњои љиддї идома доранд, имкон дорад шумори њољиён аз Эрон дар соли пешорў камтар шавад. Аз ин хотир Тољикистон метавонист аз ин њолат истифода карда, миќдори квотаи худро бештар кунад. Бењрўзи ТОЊИР
БАЪДИ 20-УМ
НАЉМИДДИН САИДОВ ЧЇ ЊУКМ ГИРИФТ? Дар Маљлиси намояндагон лоињаи ќонунеро баррасї доранд, ки аз ин пас ришвахоронро бо пардохти љарима аз љавобгарї озод менамоянд
НАЉМИДДИН САИДОВ 16 октябри соли гузашта, бори аввал хабаргузории TojNews хабар дод, ки чанд рўз пеш Наљмиддин Саидов, рањбари филиали "Тољиксодиротбонк" дар ноњияи Данѓара ва бародари Абдуфаттоњи Ѓоиб, сардори Хадамоти гумрук ва рањбари пешини Агентии назорати давлатии молиявї ва мубориза бо коррупсия аз љониби маќомоти амниятии кишвар дастгир шуда, парвандаашро маќомоти прокуратура баррасї доранд. Дар маќомот хабари мазкурро тасдиќ карда, гуфтанд, ки ў барои миёнаравї ба муомилоти калон ва ќаллобї муттањам мешавад. Сухан он замон аз 600 њазор доллари ИМА мерафт, ки барои ба як мансаб таъин кардани шањрванде гирифтааст. Баъдан хабаргузорињои дигар маблаѓи пораро 200 њазор доллар "кам" карда, гуфтанд, ки Саидов аз мансабталош 400 њазор доллар талаб карда будааст ва нисбаташ бо дастрасии моддаи 247 Кодекси љиної парванда боз гардида. Аммо дертар хабарњое пањн шуданд, ки Наљмиддин Саидов бо ќарори суди ноњияи Исмоили Сомонї аз 19 октябр бо пардохти 5 њазор нишондињанда, муодили 200 њазор сомонї, аз боздошт рањо шудааст. Њарчанд маќомот дар робита ба ин аз
шарњи ќазия худдорї карданд, он замон афроди огоњ ду фарзияи онро баррасї мекарданд. Якум, Наљмиддин Саидов барои ваъдаи як "маќоми њукуматї" аз як шањрванд маблаѓ гирифтанї шуда, зимни гирифтани ќисмате аз он боздошт шудааст. Дуюм, гуфта мешуд, ки бо истифода аз номи Президенти кишвар аз ду соњибкори ноњияи Данѓара маблаѓи калон талаб кардаву ба даст афтодааст. Зимнан, он замон дар озодї будани Наљмиддин Саидовро дар бонки "Тољиксодиротбонк" низ тасдиќ карданд. Муовини раиси шуъбаи "Тољиксодиротбонк" дар ноњияи Данѓара 23 октябр дар сўњбат бо хабаргузорињо гуфта буд, ки Наљмиддин Саидов расман дар рухсатии мењнатї аст ва кори бонк идома дорад. "Расман њаминро гуфта метавонам, ки ў дар рухсатї аст ва кори мо љараён дорад. Вай баъд аз анљоми рухсатї ба кор хоњад шуд," - афзуда буд ў. Аммо бо гузашти инак 4 моњ аз ин ќазия њеч хабари дигаре дар робита пайдо нашуд, ки оё ќазияи Наљмиддинов бо супурдани ин 200 њазор сомонї аз љавобгарї озод шуд, ё он танњо ба сифати гарав хидмат мекард? Дар њамин њол, тибќи хабарњои расида аз Маљлиси намояндагон, ба палатаи поёнии парлумон лоињаи ќонуне ворид шудааст, ки тибќи он ба ќонунгузории вобаста ба фасод таѓйирот ворид мешавад. Дар асоси ин таѓйирот њамакнун нафарони ришвахор, ки ба дасти маќомот афтодаанд, имкон доранд бо пардохти муайяни љарима аз љавобгарии љиної озод
шуда, аз мањбас рањо ёбанд. Гуфта мешавад ин тасмим ба хотири ворид кардани маблаѓњои бештар ба буљаи кишвар, ки дар соли гузашта ба мушкилот мувољењ шуда буд, гирифта шудааст. Агар омили аслї ин аст, соњибназарон мегўянд чунин тасмим барои маќомдорони фасодкору ришвахоњ имконоти бештареро фароњам меорад. Зеро, агар то ин замон коррупсионерњо аз зиндонї шудан то љое тарс доштанд, акнун ин њолат бо пардохти љарима аз байн меравад. Илова ба ин, имкон дорад "њаљми ришва" низ "ба хотири мабодо" афзоиш ёбад. Ёдовар мешавем, ки чунин тартиб, яъне бо супурдани љарима аз љавобгарии љиної озод шудани коррупсионерњо дар баъзе кишварњо љо дорад. Вале дар ин маврид бештарсухан сари мамолике меравад, ки њади ришваситонї ва меъёрњои он бамаротиб кам аст. Аммо дар кишварњое, ки фасод дар онњо мисли меъёр аст, љазоњои сангин, аз љумла њукми ќатл роиљ мебошад. Фарзи мисол дар Хитой. Кишварњои зиёде њам њастанд, ки барои коњиш додани сатњи ришваситонї на танњо маќомдоронро ба зиндон меандозанд, балки мансабдорони дигарро ба мањбасхонањо тамошо мебаранд, то онњо њолати њамтоёнашонро дида, ба оќибати амалкарди ѓайриќонунї њушдор дињанд.
Алии АМИН
АСЛОВ АЗ ВАЗИРЇ МЕРАВАДУ РАЊМАТУЛЛОЗОДА САФИР МЕШАВАД? Тахмину фарзияњо дар бораи таѓйирот дар кабинаи њукумат пас аз љаласаи солона њамоно идома дорад. Аммо азбаски меъёри интихоби аъзои њукумат ва маќомдорони дигар барои љомеа ошно нест, рафтан ё боќї монданашон њам мисле, ки аз онњо вобастагї намегирад. Зимнан, њолдонњо мегўянд пас аз љаласаи васеи њукумат масъулини бахши сиёсати хориљии Тољикистонро таѓйироти куллї интизор аст. Аз љумла, тибќи дигаргунињое, ки дар сатњи кадрии Вазорати корњои хориља пеш омадаанд, ба назар мерасад, ки роњбари ин нињод ба курсии худ хайрухуш карданист. Аз љумла, гуфта мешавад ёрдамчиёни вазир таи чанд ваќти охир иваз шудаанд. Њамзамон бо ин, эњтимоли аз вазифаи ёрдамчии Президент дар масоили сиёсати хориљї озод шудани Эркинхон Рањматуллозода ва ба љои ў таъин гардидани сафири феълии Тољикистон дар Афѓонистон Шарофиддин Имомов низ аз бањсњо дур нест. Интизор меравад Рањматуллозода сафирии Тољикистон дар Белгияро ќабул кунад.
6
“НИГОЊ”, ЧОРШАНБЕ №42 (475), 20. 01. 2016
142 њазору ... км2
ИФРОТГАРОЇ
ДАСТИ ЁРЇ
МУРОФИАИ 7 ГУМОНБАР БА УЗВИЯТ ДАР ЊИЗБ-УТ-ТАЊРИР
10 ЊАЗОР СОМОНЇ КУМАКПУЛЇ БА ТАРБИЯТГИРАНДАГОНИ НОЊИЯИ РАШТ -Соли 2015 аз тарафи Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Љумњурии Тољикистон ба тарбиятгирандагони хона-интернати ноњияи Рашт 10 њазор сомонї кумаки моддї расонида, ба зарардидагон ва эњтиёљмандони њамин ноњия дар арафаи љашни Истиќлолияти давлатии Љумњурии Тољикистон ба маблаѓи 5 њазор сомонї кумаки моддї расонида шудааст,-гуфтааст зимни нишасти матбуотии ин нињод раиси кумита
Ятимзода Акбар Ба дархосткунандагон Љамшед Мањмудов, маъюби гурўњи 1 ва ба нобиноён Иброњим Камолов ва Мањмадулло Ризоев, сокинони шањри Душанбе ба маблаѓи 3 њазор сомонї ва сокини ноњияи Рўдакї Ашўралї Акрамов, маъюби гурўњи дуюм ба маблаѓи 500 сомонї ёрии моддї расонида шуд. АМИТ "Ховар"
КВОТА
Додгоњи шањри Хуљанд ба муњокимаи парвандаи як гурўњи 7-нафарии гумонбар ба фаъолият дар Њизб-ут-тањрир шурўъ кардааст. Барои бори аввал як сокини шањри Ќайроќќум низ барои узвият дар ин њизби фаъолияташ дар Тољикистон мамнўъ айбдор мешавад. Ба гуфтаи манобеъ аз додгоњ, ин 7 нафар љавонони њудудан 20-30 сола буда, сокинони шањри Чкалов ва танњо яке иќоматкунандаи шањри Ќайроќќум аст. Онњо умдтан дар муњољирати кории Русия дар солњои охир ба Њизбут-тањрир шомил шудаанд. Ба гуфтаи афроди наздик ба тафтиши ин парванда, фаъолони ин гурўњи 7-нафарї аз рўи адабиёти Њизб-ут-тањрир ба шарикони худ дарс дода, онњоро бо аќида ва таълимоти ин созмони пинњонкор шинос, сипас онњоро ба сафи он љалб намудаанд.Маќомоти тафтишотї Шомид Умаров, сокини 30солаи шањри Чкаловро сардори ин гурўњ ме-
номанд ва мегўянд, ки вай ба аъзои гурўњ таълим медод. Ин гурўњи 7-нафариро моњи ноябри соли гузаштаи 2015 кормандони кумитаи амнияти Суѓд ошкор ва боздошт кардаанд. Гуфта мешавад, маќомот иртиботи кадоме аз ин афрод бо як хеши бо љурми фаъолият дар ин њизби пинњонкор зиндонишудаашро ошкор намуда, ўву шариконашро боздошт намудаанд. Тафтиши аввалияро маќомоти кумитаи амният анљом дода, 7 нафарро мутобиќи банди 307 - и Кодекси љиноии Тољикистон - "иштирок дар фаъолияти ташкилоти диние, ки фаъолияти он бо ќарори эътибори ќонунї пайдокардаи додгоњ манъ шудааст, айбдор донистааст. Ин банд ба гунањкор љазоњои љарима ба андозаи аз як то ду њазор нишондињандаи њадди аќал ё мањрум намудан аз озодї ба мўњлати аз 3 то 5 солро пешбинї мекунад.
ДАР ВАЌТИ ТАЪТИЛ
ТОЛИБИЛМОНИ ХАТЛОН БА ОСОРХОНА ВА ТЕАТР МЕРАВАНД .- Дар рўзњои таътили зимистона хонандагони мактабњои шањру ноњияњои вилояти Хатлон ба тамошои осорхонаи Кўлоб ё муљтамаи љумњуриявии осорхонањои Кўлоб, ки дар он зиёда аз 5 њазор нигораи аз шањру ноњияњо дарёфтгардида љамъоварї шудаанд, дидан намуда истодаанд. Барои хушу гуворо гузаштани таътили зимистонаи муњассилин шуъбањои маорифи шањру ноњияњои вилоят чорабинињои фарњангї, маърифатї ва варзиширо роњан-
дозї намудаанд. Хонандагони муассисањои таълимии шањри Кўлоб таътили зимистонаро аз тамошои намоишномањои гуворо дар Театри мусиќї-мазњакавии ба номи Сайидалї Вализода оѓоз карданд. Театр барои тамошобинони наврас якчанд намоишнома омода кардааст, ки тамоми моњи январ манзури кўдакону наврасон мегардад. АМИТ "Ховар
ЉИНОЯТИ ГУШНОШУНИД
5 СОЛИ ЗИНДОН - ЉАВОБИ КОРДКАШИИ ЯК ШОГИРД БА УСТОД Як сокини љавони ноњияи Бохтар, ки ба пушти муаллими тарбияи љисмонї Давлат Тошев бо корд зада буд, ба панљ соли зиндон мањкум ушадаст. Хонаводааш мегўянд, ки аз болои ин њукм шикоят мебаранд. Усмоналї Амонов, як сокини љавони ноњияи Бохтар, ба љурми кордкашї ба сўи Давлат Тошев - муаллими тарбияи љисмонии мактаби раќами 27-и њамин ноњия ва захмї кардани ў ба панљ соли зиндон мањкум шудааст. Саидрањмон Давлатзода - раиси Додгоњи ноњияи Бохтар ва њамзамон додраси ин парванда 18 январ ба Озодї гуфт, аммо ин њукм њанўз ќувваи ќонунї нагирифта ва тарафњо њаќќи шикоят карданро доранд. Њодисаи кордкашї ба сўи Давлат Тошев дар оѓози моњи сентябри соли гузашта рух дод ва вокунишњои зиёдро ба дунбол овард, ки эњтиром ба омўзгорон дар љомеа коњиш ёфтааст. Саидрањмон Давлатзода њам мегўяд, "њамла ба Давлат Тошев баъд аз насињати ў ба Ањлиддин Амонов, додари Усмоналї, сурат гирифта, ки ўро танњо ба роњи рост даъват кардааст. Вале бародари ў ба пушти муаллим ў бо корди ошї задааст. Бархе аз шоњидони ин њодиса мегўянд, ки Давлат Тошев асосан Ањлиддин Амоновро барои гўё бењудагардияш сарзаниш карда, аммо дар љавоб дар миёни хонандагон ва омўзгорон дашном шунидааст. Тибќи наќли худи омўзгор, ки дар парванда низ сабт шудааст, баъдан ў шогирди худро як шаппотї
зада, ба сараш "бало" харидааст. "Ањлиддин пас аз чанд лањзаи ин њодиса бо њамроњии модар ва бародаронаш ба дохили мактаб даромада, муаллимро тањдид ва сипас Усмоналї ба пушташ корд задааст," - зикр шудааст дар парванда. Њамдам Амонов, падари Усмоналї Амонов, ки духтури кўдаконаи беморхонаи клиникии ба номи Бўрї Воњидови вилояти Хатлон аст, дар суњбат бо Озодї гуфт, ки бо њукми додгоњи ноњияи Бохтар розї нест ва аз болои он ба додгоњи вилояти Хатлон шикоят хоњад бурд.Давлат Тошев низ рўзи душанбе дар суњбат бо мо гуфт, ки аслан даъвои зиндонї шудани Усмоналї Амоновро надошт ва њукме, ки эълон шудааст ќазовати худи додгоњ аст. Ў мегўяд, "даъво накардам, лекин панљ сол аз озодї мањрумаш карданд. Њоло додари Усмоналї дар мактаб дарс мехонад ва муносибати ман бо ў одї аст."
ПАРВАНДА АЛАЙЊИ ЯК СОКИНИ ДАНЃАРА ВА ЯК АФЃОН БАРОИ "ШИРАИ КАМОЛ" Намояндагони њифзи муњити зист дар Кўлоб мегўянд, ки дар ин минтаќа соли гузашта ду нафарро барои ѓайриќонунии љамъоварии шираи камол боздошт ва нисбаташон аз сўи маќомоти умури дохилї парвандаи љиної боз шуда ва ба додгоњи ноњияи Данѓара ирсол шудааст. Аз ин ду нафар яке аз онњо шањрванди Афѓонистон будааст. Дар моњи августи соли 2015 масъулони идораи њифзи муњити зист дар минтаќаи Кўлоб аз мавзеи Хушкнакдораи љамоати дењоти СангтўдаСаид Муњаммад Рањматуллоњ шањрванди Афѓонистонро бо Эраљи Эмомёр, сокини дењоти Сангтўдаи ноњияи Данѓараро барои љамъоварии ѓайриќонунии шираи камол боздошт карданд. Бањодур Бобоев, масъули њифзи муњити зист дар минтаќаи Кўлоб дар сўњбат ба Радиои Озодї гуфт, ки ин ду нафар замоне боздошт шуданд, ки аллакай 400 бех шираи камолро бурида буданд. Ба гуфтаи љаноби Бобоев, нисбати ин ду нафар бо моддаи 77-78-и Ќонуни њифзи муњити зист парванда боз шуд ва зарари расонидашуда дар њаљми 31371 сомонї њисоб шуд ва ба додгоњ ирсол гардид. Ў мегўяд, нисбати ин ду нафар аз сўи шуъбаи корњои дохилии ноњияи Данѓара низ бо моддаи 234, нишони 1, ќисми 2 бандњои "б", "д" парвандаи љиної оѓоз шуда буд. Бањодур Бобоев афзуд, ки "дар моњи август љамъоварии шираи камол аз сўи нафароне, ки квота доштанд, ба итмом расида буд, аммо њангоми гузаронидани рейд, ин ду нафар - яке шањрванди Афѓонистон дигари шањрванди Тољикистон боздошт шуданд. Онњо 400 бех шираи
БАЊОДУР БОБОЕВ. камолро аллакай бурида буданд. Мо низ инро дида, ба додгоњ пешнињод кардем." Боздошти шањрвандони афѓону тољик дар кўњњои ноњияи Данѓара дар њолест, ки имсол барои љамъоварии шираи камол дар кишвар ба ду ширкат - "Минфар" ва "Фароз" квота дода шуда буд, ки дар маљмўъ 160 тонна шираи камол љамъоварї карданд. Аз ин миќдор 100 тоннаи онро ширкати "Минфар" љамъоварї намуда ва 60 тоннаи дигарашро ширкати "Фароз" љамъоварї кардааст. Дар пайи људо шудани квота барои љамъоварии шираи камол, дар кўњњои Фархор шањрвандони афѓон ба љамъоварии он машѓул буданд. "Озодї"
ЗЕРИ ПАРЧАМИ СИЁЊ
"ДАВЛАТ ЧОЛОВ ДАР СУРИЯ КУШТА ШУДААСТ" Маќомоти корњои дохилии Тољикистон мегўянд, ки бино ба иттилои фаврї-љустуљўии онњо Давлат Чолови 45-сола, бародари Ќурбон Чолов - фармондењи маъруфи Фронти халќї дар яке аз набардњои Сурия кушта шудааст. Ин хабарро Абдуќодир Мирзозода - муовини сардори раёсати корњои дохилї дар минтаќаи Кўлоб ба Радиои Озодї расонд ва наздикони Давлат Чолов низ дар сўњбат бо мо гуфтанд, ки барои ў азо гирифтаанд.Хабари ба гурўњи "Давлати исломї" пайвастани Давлат Чолов њафтаи гузашта дар як нишасти хабарї аз забони Абдуќодир Мирзозода садо дод. Ў гуфта буд, бар асоси иттилои онњо Чолов дар майдонњои љанг дар Ироќ ќарор дорад. Аммо Мирзозода рўзи 18 январ ин хабарашро тасњењ кард ва гуфт: "Рўзи шанбе барои иштирок дар љаласаи мушовараи вазорати корњои дохилї дар Душанбе ќарор доштам. Онљо огоњ карданд, ки бар асоси иттилои фаврї-љустуљўии мо Давлат Чолов алакай дар як набарди Сурия кушта шудааст. Ва бояд ин иттилоъро дар нишасти матбуотї мегуфтем." Муовини сардори раёсати корњои дохилї дар минтаќаи Кўлоб гуфт, ки ин иттилоъ даќиќ буда, онро рањбари дастгоњи вазорат низ тасдиќ мекунад.Љалолиддин Садриддинов, сухангўи вазорати корњои дохилї мегўяд, дар љаласаи мушовараи ВКД дар бораи Давлат Чолов њарфе зада нашудааст. Вале ў гуфт, ки љузъиёти ќазияи Давлат Чоловро аз маќомот пурсида, баъдан хабарашро хоњад дод. Яке аз наздикони Давлат Чолов њам дар
сўњбат бо Радиои Озодї тасдиќ кардааст, ки хабари марги ў то онњо низ расидааст. "Ба мо њам хабари марги ўро расонданд ва барояш алакай азо гирифтем. Вале њанўз њаќиќати њол бароямон рўшан нест, ки кай ва дар куљо ба њалокат расидааст," - афзуд яке аз наздикони Давлат Чолов. Давлат Чолови 45-сола чор моњ пеш ѓайб зад ва баъдан сару садоњое дар бораи сафари ў ба Сурия пайдо шуд. Ў моњи феврали соли 2014 дар фурудгоњи Душанбе, њангоме ки ќасди парвоз ба Туркияро дошт, боздошт шуд. Маќомот ўро ба љалби љавонон ба гурўњи мамнўи "Давлати исломї" ва ќасди пайвастан ба ин гурўњ айбдор карданд. Вале моњи декабри њамон сол ў бо пардохти љарима озод шуд. Маќомот танњо бо љарима озод шудани ўро ба "сидќан пушаймон шудан" ва "њамкорї бо тафтишот" бастагї доданд. Љомї Чолов, писари Давлат Чолов рўзи 14 декабри соли гузашта ба Радиои Озодї гуфта буд, ки падараш 24 сентябри соли 2015, дар рўзи Иди Ќурбон аз хона берун шуда ва то њол њеч нишоне аз ў дарёфт накардаанд. Давлат Чолов дар гузашта дар сафи нерўњои марзбонии Тољикистон дар марзи ноњияи Шўрообод бо Афѓонистон хидмат мекард ва унвони майорро дошт. Дар соли 2003 Давлат Чолов баъд аз гунањкор шуданаш дар ѓайб задани силоњ аз ќисми низомие, ки хидмат мекард, як муддат ба Афѓонистон њам фирор карда буд. "Озодї"
МУАММОИ ДАВЛАТЇ
“НИГОЊ”, ЧОРШАНБЕ №42 (475), 20. 01. 2016
Дар Тољикистон хурдани баъзе аз мевањо барои аксари мардум "табу" шудааст. Нархи баланди чанд намуд мева мардумро маљбур кардааст, ки худро аз растањои мевафурўшї дуртар баранд. Аз љумла анор. Имрўзњо дар бозорњои шањри Душанбе метавон бо пули як кило анор ќариб як кило гўшт харидорї кард.
АНОРИ ТУРКЇ, ЭРОНЇ АФЃОНЇ..... Бозори либос ва озуќаи Тољикистон ба истиснои картошка чанд соли ахир дар дасти мањсулоти хориљист, аммо инак бозори меваи Тољикистон низ аз хориљ пур мешавад. Тољикистоне, ки кишвари аграрї буда, дар дунё бо мевањои ширинаш маъруф аст, ба назар мерасад, ки дигар ќудрати таъмини шањрвандони худ бо чанд намуди мева, аз љумла анорро надорад. Агар 4-5 сол пеш аз хориљ анор овардан барои соњибкорон "беаќлї" њисоб мешуд, акнун наовардани он бозорро ба камбуди мањсулот дучор мекунад. Зеро дар дохил истењсоли он кам шуд. Як тањќиќи мо нишон дод, ки дар бозори Тољикистон дарёфти анори тољикї дар ќатори анори хориљї мисли тухми анќо аст. Тањќиќи мо аз бозори "Дењќон"-и шањри Душанбе оѓоз шуд. Зеро мањз аз ин бозор мањсулоти хўрока аз љумла мева ба дигар бозорњои шањр интиќол меёбад ва нархи дигар бозорњо аз ин бозор вобастагии зиёд дорад. Дар растањои мевафурўшии бозори "Дењќон" дар ќатори дигар мевањо анор низ ба тарзи яклухт ва чакана ба фурўш гузошта шудааст. Ба гуфтаи фурўшандањо онњо анорро аз Туркия, вилояти Ќандањори Афѓонистон ва як ќисмати кам аз Эрон меоранд. Анорњои тољикї дар байни анорњои туркиву афѓонї ањён-ањён дида мешуд, аммо аксари фурўшандањо ба суоли "анори тољикї доред?" посухи рад медоданд. Ваќте аз онњо пурсидем, ки чаро ба анори тољикї таваљљўњ надоранд, мегўянд он бозоргир нест. Фурўшандањое, ки ба ба фурўши яклухти анор машѓуланд, мегўянд анори тољикиро асосан савдогароне харидорї мекунанд, ки аз ноњияњои тобеи марказ барои харид меоянд. Саодат Њасанова, як фурўшандаи мева, ки солњост ба фурўши мева машѓул аст, мегўяд аз он сабаб анори тољикиро ба фурўш намегузорад ,ки он нисбати ба анори хориљї сифат ва мазаи хуб надорад. - Анорњои туркї ва афѓонї нисбат ба анори тољикї ширин аст, барои њамин харидорон ба он таваљљўњи зиёд доранд. Анори тољикї њам турш њасту њам майда. Барои њамин мо аз ин намуди анор нагирифтем. Зеро мардуми шањр онро кам мегиранд. Бе ин њам бозори анор хеле суст аст,-мегўяд Саодат Њасанова. Ин саводагар мегўяд, як кило анори туркиро аз яклухтфурўшон 19 сомонїї харида, 2223 сомонїї ба савдо мегузорад. Анори афѓониро бошад савдогарони бозори "Дењќон" 17 сомонїї харида, 20 сомонї ба савдо мегузоштаанд. Анори эронї нисбат ба анорњои туркиву афѓонї камтар аст, аммо фурўшандањо мегуянд то аз Эрон ба Душанбе расидан арзиши он аз 19 сомонї то 20 - 21 сомонї мерасад. Як фурўшандаи анор мегўяд, онњо анорро аз дасти сеюм мегиранд ва барои њамин онро яклухт 8 сомонї ба савдо мегузоранд. Фурўшандаи дигар нархи анори тољикиро 12 сомонї арзёбї кард. Дар умум анори тољикї дар бозори "Дењќон"-и шањри Душанбе вобаста ба сифаташ аз 6,5 то 18 сомонї нарх дорад.
7
Аммо гурўњи дигари фурўшандањо сабаби асосии ворид шудани анори хориљиро ба сифати он рабт медињанд. Онњо мегўянд, анори хориљї аз љињати сифат нисбат ба анори дохилї хеле хуб аст ва харидорон низ ба он таваљљўњи зиёд доранд. Дар Вазорати кишоварзии Тољикистон ба мо маълумоти даќиќи истењсоли солонаи анор дар кишвар ва майдони боѓи онро пешнињод карда натавонистанд. Як масъули Раёсати растанипарварии ин нињод гуфт, онњо анорро дар маљмўъ бо дигар мевањои субтропикї њисоб мекунанд ва омори људогонаи истењсоли анорро надоранд. Масъулини Хадамоти гумрук њам натавонистанд ба мо маълумот дар бораи воридоту содироти анорро пешнињод кунанд.
"АНОРИ ПУР АЗ ХИМИКАТ"....
АНОРИ ПУР АЗ ЊИКМАТ
Дар посух ба пурсишњои мо ќисмати зиёди харидорону савдогарон аз мазаи анори тољикї гила мекарданду мегуфтанд, ки он хурд асту турш. Дар таърифи анори хориљї онњо мегуфтанд, он њам намуди зебо дорад ва њам мазааш хуб аст. Аммо бархе мегўянд, анори хориљї бо таъсири маводњои химиявї ин ќадар калон мешавад ва хўрдани он ба саломатї зарари љиддї дорад. Диловар Аминов, фурўшандаи бозори "Шоњмансур" мегўяд, "њатто як бўй кашидани анори хориљї кифоя аст, ки маводњои химиявиро эњсос кунем. Мардум инро намефањмад." Пас саволе пайдо мешавад, ки чаро мардум анори тољикиро намехаранд? Харидорон сабаби асосии анор нахариданашонро ба баланд будани нархи он рабт ме-
Дар љараёни тањќиќ дар бозори "Дењќон" мо танњо 2 нуќтаи фурўши чаканаи анори Тољикистонро пайдо кардем. Дар растаи мевафурўшон аслан анори хориљї ба чашм мерасид.
ДАР БОЗОРИ "ШОЊМАНСУР".... Дар оѓоз гуфтем, ки мањсулоти хўрока дар шањри Душанбе ва њатто берун аз он асосан аз бозори "Дењќон" ба дигар бозорњои шањр ва мамлакат интиќол меёбад. Хабарнигори "Нигоњ" ќарор дод то муайян бикунад, ки нархи анор аз бозори асосї то расидан ба бозорњои дигар чї ќадар таѓйир меёбад? Дар бозори "Шоњмансур" асосан фурўши чаканаи анор ба роњ монда шудааст, аммо бар хилофи бозори "Дењќон" дар ин љо ќариб дар њамаи растањо дар баробари анори туркиву афѓонї анори тољикї низ ба мардум пешнињод шудааст. Чизи дигаре ки дар ин бозор фарќ дошт, ин ќариб баробар будани нархи анори тољикї ба анори хориљї мебошад. Њатто як фурўшанда мегуфт, баъзан анори тољикиро яклухт то 20-23 сомонї мехарад. Нархи анор дар бозори "Шоњмансур" ба чунин тартиб буд: Анори Ќандањор то 27 сомонї, анори туркї аз 20 то 25 сомонї ва анори тољикї аз 10 то 1920 сомонї. Анори Эрон ќариб ки дар ин бозор дида намешавад.
ЧАРО АНОР АЗ ХОРИЉА МЕОЯД? Мегўянд Тољикистон кишвари аграрист, биноан мантиќан бояд содиркунандаи мањсулотњои кишоварзї бошад, на воридкунанда. Аммо нафарони огоњ мегўянд, кам шудани истењсоли анор дар Тољикистон ва талаботи бозор соњибкоронро ба овардани анор аз хориљи кишвар тањрик додааст. Мастон Шарипов, муовини директори бозори "Дењќон" мегўяд, анори дохилї намета-
АНОРИ ЌАНДАЊОР БОЗОРЊОИ ДУШАНБЕРО ЗАБТ КАРД вонад талаботи шањрвандонро ќонеъ кунад, барои њамин соњибкорон маљбур мешаванд, ки аз хориљ анор оранд. Фурўшандањо мегўянд воридоти анор ба дохили кишвар 3-4 соли ахир шурўъ шуд. Ба гуфтаи бархе аз савдогарон зимистони соли гузашта нињолњои анорро дар ноњияи Љиликўл сармо зад ва ин сабаб шуд, ки воридоти анори худї ба бозор кам шавад. Диловар Аминов таљрибаи 27 соли кор дар бахши фурўши анорро дорад ва солњои гузашта асосан ин мањсулотро ба хориљ содир мекард, аммо њоло танњо ба бозори дохилї ќаноат кардааст. Ба гуфтаи ин фурўшанда анорро худаш рафта аз дењќонони ноњияи Љиликўл бо нархи 9,80 сомонї меорад ва дар Душанбе онро 13 ва баъзан 12 сомонї њам мефурўшад. Ў ба хотир меорад, ки: - Солњои пеш мо анорро ба хориљи кишвар, аз љумла ба Ялта, Ленинград ва Москва мебурдем, аммо њоло анори лозимие надорем, ки бозори дохили кишварро таъмин кунем.
ТАСМИМИ НОМАЪЛУМ
"Мошинбозор"-и Чимтеппаро бастанд Маќомоти ноњияи Рўдакї фаъолияти "Мошинбозор" дар љамоати Чимтеппаи ин ноњияро боздоштаанд. Ин мошинбозор, ки ќаблан дар мањаллаи "Гипрозем"-и шањри Душанбе буд, тобистони соли гузашта ба далели љавобгў набудан ба талабот ба Чимтеппа кўчонда шуд. Аъзам Бобомуродов, муовини раиси "Мошинбозор" дар суњбат бо Озодї гуфт, ки дар бораи манъи фаъолияти бозор ќарори раиси ноњияи Рўдакї содир шудааст ва онњо аз 13 январ боз кор намекунанд. "Дар ќарор гуфта шудааст, ки гўё сокинони дењањои гирду атроф шикоят карда бошанд. Болои ин, гўё бозор њам ба талабот љавобгў набудааст," - гуфт ў. Њамсўњбати мо
афзуд, вале дар асл онњо аз њеч сокини дењањои гирду атроф шикоят дарёфт накарда ва ягон нињод низ барои тафтиши корашон наомадааст. Њоло маълум нест, фаъолияти ин бозор аз сар гирифта хоњад шуд ва ё маќомот тољирони мошинро ба љойи дигар интиќол хоњанд дод? Вале баъзе аз тољирони Мошинбозори Чимтеппа мегўянд, ки онњоро алакай ба як бозори дигар, дар шоњроњи Душанбе-Ќўрѓонтеппа, тахминан 30-километрии љануби Душанбе бурдаанд. Вале онњо мегўянд, онљо шароит муњайё набуда ва маљбур шудаанд, ки ба љои пешинаашон баргарданд. Абўалї НЕКРЎЗ
дињанд. Аз миёни ќариб 20 нафар харидоре, ки дар бозорњои "Дењќон" ва "Шоњмансур" сабаби анори тољикї нахариданашонро пурсидем, онњо мегуфтанд маоши мегирифтаашон танњо барои харидани маводњои асосии рўзгор мерасаду аз дастархонашон на танњо анори гароннарх, балки умуман меваро хат задаанд. Мушоњидаи мо нишон дод, ки анори хориљиро сокинони шањр бештар барои тўйю маърака харидорї мекунанд. Њолатњои барои беморон харидани анор низ љо дошт. Ин њам дар њоле, ки нархи анор дар Тољикистон баробари нархи он дар ИМА ва Русия аст. Аљиб аст, ки њарчанд ин давлатњо низ аз хориљ анор ворид мекунанд ва маоши мардуми онњо чандин баробар аз маоши мо баланд аст. Масалан дар Олмон, ки маоши миёнаи мардум 3527 евро (зиёда аз 28 њазор сомонї) аст, анор њамагї 1,5-2 евро (16-17 сомонїї) арзиш дорад. Пас худатон ќазоват кунед...
Муллораљаб ЮСУФЇ
8
“НИГОЊ”, ЧОРШАНБЕ №42 (475), 20. 01. 2016
Баъд баъд аз сари ў беш аз 14 њазор пайкараву нимпайкараи ўро канданд, китоби "муќаддасаш"-ро агар ошкор ба оташ накашанд њам, пинњонї ин корро анљом медињанд, портретњои бешумораш аз љодаву хиёбонњо канда партофтанд. Бегонањо на, духтураш, ки ба љои ў президент шуд. Вай писарбачаи замони Сталин буд, наврасии худро дар айёми Хрушев пушти сар гузошт, дар замони салтанати Брежнев ба зинањои аввалини ќудрат расид ва чун Горбачёв сари кор омад, бо истифода аз "перестройка"и ў тадриљан Туркманистонро соњибистиќлол кард ва ќудратро комил ба даст гирифт. Куљо шуд он зўри бозуи Сталин, шахспарастињои Брежнев? Куљоянд он пайкарањои баланду он китобњо? Марди одї ва шахси тасодуфе дар сиёсат набуд. Вале бадбахтии ў дар он буд, ки иштибоњашро медонист, аммо пайи ислоњаш намекўшид. Борњо таъкид мекард: "Аз мадњияњо ман омодаам ба ќаъри замин фурў равам. Охир њамаи сурудњо дар бораи мананд. Аз шарм намедонам чашмонамро куљо гурезонам...". аммо боз њам аз шахспарастї лаззат мебурд. ФОЉЕАИ ЯТИМ Сафармурод Ниёзов, ки бо унвонњои Туркманбошї (сарвари њамаи туркманњо), Сардор, яъне доњї, Сафармурод Туркманбошии њамеша Бузург шуњрат дошт, 19-феврали соли 1940 дар дењаи Ќипчоќи вилояти Ишќободи Туркманистон ба дунё омад. Дар бораи падараш маълумоти даќиќ вуљуд надорад. Ба гуфтаи худи ў, исми падараш Отамурод Аннаниёзов буд, њанўз Сафармурод дар батни модар буд, ки дар зиндон мурдааст. Аммо бино ба маълумоти расмии библиографї падари ў соли 1941 ихтиёрї ба љанг рафтааст ва 24-уми декабри соли 1942, чун фармондењи як гуруњи хурд барои озодсозии Ќафќоз ба њалокат расид. Вале тибќи маълумоти дигар падараш дар дењаи Чиколаи Осетияи Шимолї ба асорат афтодааст ва аз љониби фашистон кушта шудааст. Модараш Гурбонсултон -эдље њамроњ бо бародаронаш Муњаммадмуроди дањсола ва Ниёзмуроди шашсола дар заминљунбии Ишќобод (соли 1948) ба њалокат расиданд. Сафармурод ятим мемонад ва дар хонаи ятимони Ќизил - Арват тањсил ва ба камол мерасад. Баъди хатми мактаби миёна вай аллакай дар кумитаи иттифоќњои касабаи кормандони иктишофоти геологї ба фаъолияти корї оѓоз мекунад. Соли 1962 ўро ба узвияти КПСС ќабул мекунанд, ки он замон узви њизб будан барои пайдо кардани љойи кори хуб сабаб мешуд. Фаъолияти кории ў баъди соњиби дипломи олї шудан аз корхонаи Кирови Ленинград оѓоз шудааст. Соли 1976 тањсил дар мактаби олии њизбиро ѓоибона ба анљом расонадааст. Соли 1980 котиби аввали њизби коммунисти шањри Ишќобод ва соли 1984 инструктори Кумитаи марказии Њизби коммунист буд. Соли 1985 Раиси Шўрои вазирони Љумњурии Сотсиалистии Туркманистон, аз 21 декабри њамон сол то 16 декабри соли 1991 Котиби аввали Њизби коммунисти Туркманистон буд. Аз 1986 то 1990 узви Бюрои сиёсии Кумитаи Марказии Њизби коммунист буд. Бо пош хўрдани СССР ў кишварашро соњибистиќлол эълон карду чанде нагузашта онро СММ њамчун давлати бетараф эътироф кард. Барои кишвари 21-июни соли 1992 вай ягона номзад ба курсии президентї буд, ки сарвари Туркманистон интихоб гардид. Эълон шуд, ки 99,5 дарсади сокинон ба љонибдории ў овоз доданд. 22-октябри соли 1993 бо ќарори Маљлиси Туркманистон вай сарвари њамаи туркманњо эълон шуд, ки баъдан ин унвон "Туркманбошии Бузург" номида шуд. ПРЕЗИДЕНТИ ЯКУМРЇ Миёнањои дуюми соли 1993 ташаккули сохтаи худи ў - Њизби демократии Туркманистон (Њизби коммунисти пешин) пешнињод кард, ки салоњиятњои Ниёзов бидуни интихобот то соли 2002 тамдид карда шавад. Моњи январи соли 1994 аксари сокинони ќобили райъ дар як њамапурсї ин ѓояро пазируфтанд. Ягон кишвари
ДИКТАТОР ки ба террори Туркманбошї муттањам шуд ва аз соли 2002 то ба имрўз сарнавишти номуайяне дорад. мегўянд, баъди шиканљаи зиёд соли 2007 њалок шуда буд.
ТУРКМАНБОШЇ
Худкомае, ки баъди президентиву маргаш барои зану фарзандаш дар Туркманистони ободу зебо љой ёфт нашуд Аврупо интихоботњои ўро эътироф намекард, аммо барои ў фарќе надошт. Худи Туркманбошї дар оѓоз зидди он буд, ки президенти якумрї эълон шавад. Вай дар љаласаи Шўрои куњансолон гуфт, ки њаќ надорад конститутсияро вайрон кунад ва пешнињод кард, ки охири муњлати президентии ў-соли 2002-ро интизор шаванд, шояд он ваќт тавонанд муайян кунанд, ки президент кї бошад. Баъдтар маълум шуд, ки дуруѓ мегўяд. Солњои 1995-1995 кам набуданд пешнињодњое, ки Сафармуродро шоњ эълон кунанд ва Туркманистонро шоњигарї. Вале Шўрои куњансолон, ки аз ќабилањои гуногун ташкил шуда буд, ин пешнињодро напазируфт. Моњи декабри соли 1999 Шўрои олии Туркманистон ќарори президенти якумриро содир кард. Соли 2002 вай ба худ унвони маршалро љоиз донист, дар њоле, ки як рўз њам хизмати њарбї накарда буд. Бозињояш ба њама маълум буданд. Моњи ноябри соли 2002 ба љони Сафармурод Ниёзов сўиќасд сурат гирифт, њарчанд худи сарвар осебе надид, вале бо ин бањона аз мухолифони сарсахташ - Борис Шайхмуродов, вазири умури хориљї ва Имомбердї Иќлимов, вазири кишоварзї халос шуд. Ин дуро зиндонї кард ва сарнавишташон то ба њол номаълум аст. Ин табадуллотро ба Русия нисбат доданд, аммо ў боре дар ин бора изњори назар накард. Сафармурод Ниёзов аввалин дорандаи унвони Ќањрамони Туркманистон ва медали тиллои "Алтин Ай" ("Моњи тиллої") буд. Соли 2004 вай аз гирифтани шашумин унвони Ќањрамони Туркманистон даст кашид. "Ба туркманњо хоксорї хос аст ва ман низ чунин мењисобам, ки шашумин бор гирифтани унвони ќањрамонї љоиз нест",- гуфт вай дар љаласаи парлумони кишвараш. Саисхонаи ў садњо аспи тозии зоти ахалтекин дошт ва парки мошинњояш дорои дањњо лимузинњои гаронбањо буд. Худи ў боре иќрор шуд, ки 3 миллиард доллар сармоя дорад ва онњоро дар бонуфузтарин бонкњои Аврупо, аз љумла дар Дойче банки Олмон нигоњ медорад. Вай таърихи туркманњоро худ дубора навишт, дар биёбон майдонњои яхї бунёд кард, таќвими нав љорї намуд. Таќвими љадиди турманї, ки аз соли 2002 то соли 2008 амал кард, љолиб буд. Вай моњњоро бо забони туркманї номид. Чунончї, январро Туркманбошї номид, мартро Наврўз, ба апрел номи модарашро гузошт, май Махтумќулї шуд, август Алп-Арслон, сентябр "Руњнома" ва ѓайра. Рўзњои њафта низ дигаргуна номида шуданд: душанберо Ba?g?n (рўзи асосї), сешанберо ?a?g?n (рўзи љавон), чоршанберо Ho?g?n (рўзи бобарор) ...ном кард. Академияи илмњо, театр, сирк, китобхонањоро барњам дод. Телевизионњои мањвораї ва кабелї мамнуъ шуданд, дастрасї ба интернет мањдуд буд. Вай хеле ба зудї дигарандешон ва мухолифони сиёсї, њамчунин афродеро, ки донишманд буданд, ё зиндонї кард ё аз кишвар бо фишор берун ронд. Вай мегуфт, ки ба Осиёи Марказї мањз њамин сиёсати њокимият ба кор аст.
ЊАЙКАЛЊОИ ТИЛЛОИИ ЎРО БО ФАРМОНИ ДУХТУРАШ КАНДАНД МУЉОЗОТ АЗ ДИДИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ Сафармурод Ниёзов барои мухолифони сиёсии худ, вазирони шўрида ва муттањамон ба вањњобият зиндони вижаеро дар биёбони тасфон сохт, ки Ovadan-depe (Теппаи хушманзара) номида мешавад. Он дар 70 километрии љанубу ѓарбии Ишќобод, дар биёбони Ќароќум љой гирифтааст. Мегўянд дар тарњрезии он худи Туркманбошї ширкат кард ва сохтмонашро зери назорат дошт. Дар замоне, ки Ниёзов зинда буд, мансабдорони навтаъинро ба тамошои ин зиндон мебурданд, то ошубу исён барояшон дарси ибрат шавад. Ин зиндон низоме дорад, ки ягон мањбаси олам надорад. Рафту агар кадоме аз мањбусон худро љароњатдор мекард, сардори зиндон худ ба он захм намак мепошид. Дар зимистон сард аст, системаи гармидињанда надорад, тобистон гарм, чун боз њам системаи сардкунї надорад. Дар дањ рўз як маротиба оббозї барои зиндониён иљозат аст ва он њам шабона бо оби сард. Бошандагони он тамоми муњлати будубош аз иртибот бо олами берун мањруманд, хешовандони онњо иљозаи мулоќот надоранд, рўзномаву маљалла нест, радио намешунаванд, телевизион тамошо намекунанд. Ба созмонњои байналмилалї аслан иљозат нест аз он дидан кунанд. Ба истилоњ "камерањои кўзпушт"-и он њамагї 120 см баландї доранд, ки инсон дар онњо наметавонад бо ќомат рост роњ равад. Онњое, ки тамоми умр аз озодї мањрум шудаанд, заљри зиёд дода мешаванд. Аз љумла зери пояшон сўзан мегузоранд, бо барќ шиканља мекунанд, таљовузи љинсї мекунанд, доруњои психотропї медињанд. Ба хешовандонашон дар бораи маргашон хабар намедињанд ва љасадашонро барнамегардонанд. Яке аз мањбусони он собиќ вазири умури хориљии ин кишвра Борис Шайхмуродов буд,
МАРГИ НОГАЊОНЇ, ИНТИЌОЛИ ЌУДРАТ Сиёсатшинос, доктори илмњои таърих Артём Улунян дар тањлиле аз системаи сиёсии Туркманистони замони Ниёзов менависад: "Ин системаи сиёсие буд, ки як инсон барои худ сохта буд. Шахсияте, ки муносибати хасмона бо мардуми худ дошт ва ба њеч ваљњ пеши касе њисобот намедод. Мудњиштар аз њама ин роње ба нокуљо буд. Системаи сиёсии ў худкомагї ба маънои аслаш буд, низоме, ки њаёти иќтисодї ва љамъиятиро дар сар то сари кишвар назорат мекард". Солњои охир шадидан бемор буд, аз дарди дил ва ќанд ранљ мебурд. Борњо дар Олмон табобат гирифтааст. Мутахассисони олмонї њамеша дар бараш буданд. Бо онњо духтури дандонаш, ки муовини Сарвазираш карда буд, сару кор дошт. Эълон шуд, ки 21-уми декабри соли 2006 аз олам даргузашт, рўзи 24-ум президентро дар зодгоњаш дењаи Ќипчоќ (15 киломтераи Ишќобод) ба хок супурданд. Аммо асрори марги ў ногушуда аст. Њарчанд тањлилгарон мегуфтанд марги Туркманбошї кишварро ба ноамнињо мекашад, аммо њокимият басо орому осоишта ба дасти президенти кунунї гузашт. Тибќи Конститутсия мебоист иљрокунандаи вазифаи президент то инихобот раиси парлумон Овозгелдї Атоев мебуд. Вале ногањон маълум шуд, ки зидди ў парвандаи љиноятї оѓоз шудаву тафтиш дар љараён аст. Аз ин рў Гурбонгулї Бердимуњаммадов, ки он замон ноиби сарвазир буд, иљрокунандаи вазифа таъин шуд. Ин коро ў дар њамдасти ба роњбари муњофизони Туркманбошї амалї кард. Бахт ба рўяш хандид, дар аввалин "интихобот" боз њам бо аксари овозњо президенти Туркманистон интихоб шуд. Инак, њудудан дањ сол аст, ки навбати њокимият аз ў ба каси дигар намегузарад ва гумон аст гузарад. Ахиран, аниќтараш 8-январи соли равон Бердимуњаммадов пешнињод кард, ки Ќонуни асосии кишвар бозбинї шавад. Њарчанд љузъиёти он расонаї нашуд, вале коршиносон њадс мезананд, ки сарвари Туркманистон шояд роњњои ќонунии њузур дар ќудратро хоњад љуст. БАЪДИ МАРГИ ДИКТАТОР Њамагї баъди чанд моњи даргузашти Сафармурод Ниёзов барои решакан кардани нишонањои шахспарастињои ў иќдомњои муассир анљом гирифтанд. Охири моњи майи соли 2008 дар шањри Туркманобод як пайкараи азими Ниёзовро барканданд. 3-уми майи њамон сол тасмим гирифта шуд, ки Арку Нейтралитет аз маркази Ишќобод ба канорањои он кўчонида шавад. 18-уми январи соли 2010 бо дастури президенти амалкунанда Бердимуњаммадов Арку Нейтралитети 75-метра, ки дар болои он пайкараи баландтарини Сафармурод Ниёзов ќомат афрохта буд, канда шуд. Аз суруди миллї ва савганди садоќат исми Туркманбошї гирифта шуд, пайкарањо ва нимпайкарањои ў тадриљан бардошта шуданд. Омўзиши "Руњнома" дар макотиб дигар њатмї набуд. Рўзи занон аз рўзи таваллуди модари Туркманбошї дубора ба 8-уми март баргардонида шуд. Туркманистон ба таќвими пешини худ баргашт, њафтањову моњњо дубора ба асли ќадима номгузорї шуданд. "Руњнома"-ро аз фурушгоњњо ва китобхонањо барчиданд ва акнун харидан ва мутолиаи китоби сарвари нави ин кишвар Бердимуњаммадов "Ба ќуллањои нави пешрафт" њатмї шуд. Аз соли 2009 пулњои нави туркманї интишор ёфтанд, ки дигар расми Туркманбоширо надоштанд. Аз 1-уми апрели соли 2010 китобхонањо, ки замоне бо фармони Ниёзов дар баста буданд, дубора дарњои худро ба рўйи хонандагон боз карданд. Њоло њам њар сол 21-уми декабр дар Туркманистон Рўзи президенти аввалини кишвар таљлил мешавад, њатто соли 2012 ба оромгоњи ў воќеъ дар зодгоњаш дењаи Ќипчоќ зиёрати умумї ташкил карда шуд. Ду метр ба дарозї ќабр дорад. Туркманистон, ки газу нафти зиёдро дорост, њамоно побарљост. Ахалтекинњо чун солњои пеш аз миллати туркман муаррифї мекунанд, туркмандухтарњо њамоно аз духтарњои зебои Осиёи Марказї мањсуб мешаванд, аммо нишони шоестае аз пешвои миллати туркман - "Туркманбошии Њамеша Бузург" нест. Њамсараш ба хориља гурехт. Духатараш дар Русия зиндагї мекунад. Танњо писараш фирории сиёсї аст. Бобољони ШАФЕЪ
ДАР САРИ СОЛ
9
тика ва саноат Гул Шералиро дар хотир доранд. Вазир, ки ќонун "Дар бораи ангишт" -ро муаррифї мекард, мавриди бархўрди ногањонии "одами худї" ќарор гирифт: - Чаро таи дањ соли ахир вазорати энергетика натавонист як нерўгоњи барќи њароратї бунёд кунад? Дар њоле, ки дар ин замина созишномањо низ ба имзо расида буданд. Агар ин созишномањо иљро мешуданд, имсол мардуми Душанбе бо оби гарм ва нерў таъмин мегардид! Депутат Шарифов бо интиќодоти зиёд унвонии ин вазорат гуфт дастовардњое, ки Тољикистон дар бахши энергетика дорад, ба Гул Шералї ва кормандони он бастагї надоранд. Зеро ин њама мањсули кори президент Рањмон аст. Шояд гирифтани номи президент дар ин њол барои депутат самимона буд (ба њар сурат, ў худро парвардаи мактаби сиёсии Рањмон медонад), ё барои дифоъ аз худ (Зеро Сўњроб Шарифов ва хеле аз дигарон њам хуб медонанд, ки Гул Шералї барои љаноби Рањмон одами бегона нест). Пайомади љавобњои худро Гул Шералї баъдтар эњсос кард. Ваќте ин бањс дар расонањои хабарї бозтоби густурда ёфт. Аз ин љост, ки пагоњаш дар сайти вазорат посухномаи њисоботгунае ба нашр расонд ва Сўњроб Шарифовро бо он муттањам карданї шуд, ки њарчанд дар мансабњои баланд кор кардааст, аммо "ё иттилоъ надорад ва ё ба сиёсати давлату њукумат
19 январ аз марги нобањангоми Сўњроб Шарипов - собиќ рањбари Маркази тадќиќоти стратегии Тољикистон ва собиќ вакили Маљлиси намояндагон як сол сипарї шуд. Ба назар мерасад, ки набуди сиёсатмадоре дар сатњ ва маќоми ин шахсият барои кишвари мо њар лањза эњсосшаванда аст. "Нигоњ" тасмим гирифт сабабњои ин њолатро баъди як соли фавти Сўњроб Ибронович ба риштаи тањлил бикашад... СЕ МИССИЯИ СЎЊРОБ Пайдоиши Сўњроб Шарипов дар командаи президент Эмомалї Рањмон як падидаи хос ва то љое истисної ба шумор мерафт. Зимнан, бояд зикр намуд, ки номи ў дар ибтидои солњои 2000-ум расонаї шуд. Мањз дар ин давра ў бо назарњои хоси коршиносонааш дар расонањои хабарии ватаниву хориљї пайдо гардид. Дертар, чун ба дастгоњи иљроияи президент ба кор шурўъ кард, якбора ба шахси хомўш табдил ёфт. Хомўшие, ки маънињоро дар худ љо медод... Агар мо, дар маљмўъ, фаъолиятњои Сўњроб Шариповро раддабандї кунем, онро имкон дорад ба 3 давра таќсим кард: 1) ибтидои солњои 2000-ум (замони чун тањлилгар ва баъдан корманди Дастгоњи президент пайдо шуданаш); 2) соли 2006 (даќиќтараш пеш аз маъракаи интихоботи президентии соли 2006); 3) соли 2011 (замоне, ки ў ба парлумон интиќол ёфт). Њарсеи ин давра махсусиятњои вижаро дар худ љо медињанд. Масалан, ибтидои солњои 2000, хоса пас аз њаводиси 11 - уми сентябри соли 2001, вазъияти умумии минтаќа шакл иваз намуд. Афѓонистон ва он чи ки дар ин кишвар мегузашт, барои Тољикистон ва мамолики дигари Осиёи Марказї њушдор медод, ки минтаќаро тањаввулоти љиддї интизор аст. Ёдовар мешавем, ки то ин замон њукумати Тољикистон њамкории танготанг танњо бо Русия дошт. Президент Рањмон, њатто дар як матлаби худ дар нашрияи "Независимая газета" (соли 2000) ба Кремл ошкор гуфт, ки Душанбеи расмї аксари корхонањои давлатиашро бо он умед хусусї накардааст, ки интизор дорад русњо ба онњо маблаѓгузорї мекунанд. Сўњроб Шарифов, ки нав аз Маскав омада буд, ин замон бештар тариќи расонањои хабарї, аз љумла телевизионњои њукуматї тањлилгарї мекард ва кўшиш менамуд вазъиятро барои љомеа ва њукумат дуруст арзёбї кунад. Дуруст аст, ки аксари ин тањлилњо "призмаи русї" - ро мемонаданд. Шояд натиљаи њамин буд, ё њар чизи дигар, ки андактар ў барои кор ба дастгоњи президент даъват гардид... Интихоботи президентии соли 2006-и Тољикистон дар марњалаи бисёр њассоси вазъи минтаќавию љањонї баргузор шуд. Ин замоне буд, ки вазъи геополитикии Осиёи Миёна њар замон таѓйир меёфт. Чунин ивазшавии њолат бештар ба он иртибот дошт, ки њукуматњои кишварњои минтаќа тамоилњои сиёсии худро зудзуд дигар мекарданд. Ќирѓизистон аллакай як инќилобро аз сар гузаронида буду њанўз маълум набуд, ки рў љониби Кохи Сафед дорад, ё Кремл. Ўзбекистон пас аз њодисањои моњи майи Андиљон якбора пушт ба Ѓарбу рў ба Русия кард. Тољикистон низ як сол пеш бо Русия масъалаи сарњадбонони ин кишвар дар марз бо Афѓонистонро бознигарї кард. Бар илова, мавзўи сохтмони нерўгоњи Роѓун бо Русия ба бунбаст рафту дар муносиботи ду кишвар таѓйир ба вуљуд омад. Дар чунин лањзаи њассос неруњои нисбатан љиддии сиёсии Тољикистон низ гўё забон як карда бошанд, ки аз ширкат дар интихоботи президентї даст кашиданд. Интихобот ба њар њол баргузор шуд, вале минбаъд бояд фазо таѓйир меёфт. Ин замоне буд, ки Сўњроб Шарипов роњбари Маркази тадќиќоти стратегии назди Президенти Тољикистонро ба зимма дошт. Ин марказ муассисаи давлатии илмию тадќиќотї, иттилоотию тањлилї ва машваратї ба шумор рафта, бевосита ба Президенти Љумњурии Тољикистон тобеъ аст. Вазифањои асосї ва умдаи Марказ аз тањлил ва пешгўии равандњои иљтимоию сиёсї, иќтисодї ва маънавию фарњангии љомеаи Тољикистон иборат мебошанд. Мусалламан ин марказ фаъолиятњое њам дорад, ки мањз ба маркази асосии ќабули ќарор - Президенти кишвар ироа мешаванд. Сўњроб Шарипов дар замоне, ки ин муассисаи давлатиро роњбарї мекард, мегуфт муаллифи Консепсияи ислоњоти сиёсї ва конститутсионї дар кишвар мебошад, ки мувофиќи ин санад бояд баъзе аз ваколатњои президент ба нафъи порлумон ва сарвазир кам карда шаванд. Ин санад ба ќавли Сўњроб Шарипов дар дасти президент ќарор дошт ва то охири умр изњори умедворї кард, ки ба порлумон пешни-
“НИГОЊ”, ЧОРШАНБЕ №42 (475), 20. 01. 2016
ДУРБИНИ ЊУКУМАТ
Чаро њукумат Сўњроб Шарипови дигар надорад? њод хоњад шуд (гумон накунам таѓйир додани Ќонуни асосї, ки њоло бањсаш идома дорад, ба лоињаи Сўњроб Ибронович ягон умумият дошта бошад). Бар илова, ў бо сўњбатњои нисбатан ошкори худ он замон бисёрињоро ба њайрат овард: њукумати Тољикистон гўё ба ин васила исбот кардан мехост, ки ба унсур ва арзишњои демократї вафодор асту Ѓарб набояд инро нодида гирад. Аммо аљиб ин буд, ки пас аз интихобот ва шакл гирифтани њукумати нав њам "њарорати интиќодии" Сўњроб Шарипов поин намерафт. МУНАЌЌИДИ НАЗДИКОНИ ПРЕЗИДЕНТ Кор то љое расид, ки ў аз интиќоди маќомоти њукумати Тољикистон, хоса наздикони президент (аз љумла Њасан Асадуллозода) низ худдорї намекард. Шарипов бовар дошт, ки барои "дасти дароз" доштани афроди наздики Эмомалї Рањмон ва пайвандони ў худи маќомоти марбута ва менталитети мардум мусоидат кардааст. Њолати парадоксалии дигар замоне барои тањлилгарон пайдо шуд, ки Сўњроб Шарифов гуфт, дар Тољикистон унсурњои авторитаризмро мебинад. Лањзањое низ буданд, ки љаноби Шарифов аз камбудињои президент Рањмон њам худдорї накард. Аз љумла, ваќте журналистон аз ў пурсиданд, ки оё президент ягон камбудї надорад? Шарипов чунин посух дод: "Љаноби президент камбудї дорад. Ў инсон аст. Ман фикр мекунам он кас камтар суст њастанд ба муљозоти онњое, ки фасодкорї мекунанд. Раиси љумњур бисёр одами мењрубон аст. Гоњо њамин хислаташон дар корашон таъсир мегузорад... Фикр мекунам, ки њамин хислати мењрубонии он кас нисбат ба фасодкорњову дуздњо аст, ки корњои ношоиста карда имиљу обрўи давлату миллатро паст мезананд". Бовуљуди њамаи он мушкилоте, ки Сўњроб Шарипов дар бораашон сўњбат мекард, ў мегуфт ба президент вафодор асту то ваќти зарурат барои ў хизмат хоњад кард. СИПАРИ ЊУКУМАТ На танњо дар масоили ватанї, балки хориљї њам Шарипов нуктањоеро мегуфт, ки бисёрињоро дар њайрат меовард. Аз љумла, мањз ў буд, ки мавзўи ба монополия табдил додани бензини Тољикистонро аз сўи "Газпром" ба бањс кашид ва онро барои кишвари мо хатарбор унвон намуд. Ваќте мавзўи пойгоњи низомии Русия ва њамкорињои њарбии ду кишвар ба бањси гарм табдил ёфт, Сўњроб Шарипов буд, ки мегуфт Кремл сањми Тољикистонро нодида мегирад. "Зеро дар Тољикистон маљмааи "Окно" -и Русия ќарор дораду њангоми ягон кишвари абарќудрат ба Русия њамла кардан, эњтимоли ба Тољикистон њамла кардани он аз назар дур нест". Дар масъалаи истифодаи Маскав аз "ќартаи муњољирон" низ Шарипов мавзўъро ба пањлўи мантиќдоре рў ба рў кард. Ў гуфт ихрољ кардани муњољирони тољик аз Русияро фањмида на-
метавонад. "Масалан, дар Амрико миллионњо эронї ба сар мебаранд, аммо дар куљо шунидаед, ки њукумати ИМА онњоро барои мушкил доштанаш бо режими Тењрон аз хоки худ пеш карда бошад?". Њини пайдоиши "ќазияи халабонњо" дар соли 2011 Сўњроб Шарипов танњо аз маќомдорони баландпояи тољик буд, ки на фаќат ба шарњи њодиса пардохт, балки онро барои дарёфти манфиат ба њукумат "самти нав" дод. Ба таври дигар, бетафовутии маќомоти русї, хоса сафорати Русия дар Душанбеву вазорати корњои хориљии ин кишварро дар 8 моњи боздошти халабонњо ба гунае шарњ дод, ки доирањои тањлилї ба фикр рафтанд. Инро метавон "омили дуркунанда" (отвлекающий маневр) номид, ки дар сиёсатњои љањон зиёд истифода мешавад. Чун халабонњо рањо шуданду аммо мавзўи равобити ду кишвар њамоно печида боќї монд, Шарипов навишт, ки Тољикистону Русия дигар наметавонанд аз рўи режими ќаблї кор кунанд, балки ба формати нави муносибат ниёз доранд. Аммо ин формат кадом асту бояд чи гуна бошад, ў шарњ надод... Замони расмиёт додани асноди заминњои ба Чин додаи Тољикистон ва дубора гарм шудани ин мавзўъ низ Шарипов ба майдон баромад ва боз њам аз мавќеи њукумат ва президенти худ њимоят кардан хост. Ў гуфт, агар Тољикистон ин заминњоро ба Чин намедод, эњтимол Пекин тасмим мегирифт, ки бо зўри силоњ онњоро соњиб шаваду дар он сурат кишвари мо бохти бештаре медошт. "ЊАМЛА" -ЊОИ ПАРЛУМОНЇ Cоли 2011 аз курсии рањбари МТС барканор шудану муддаї гардидани Сўњроб Шариповро ба курсии Маљлиси намояндагон њаргуна шарњ доданд. Гуруње гуфтанд, ки азбаски "аз бинї боло" гап зад, "љазо" гирифту "бадарѓа" шуд. Онњое њам буданд, ки мегуфтанд бо бурдани Сўњроб Ибронович ба парлумон, њукумат мехоњад "нони" Кабириву Њусайниву Шабдолову Исмоил Талбаковро, ки зиёд њарф мезаданд, "нимта" кунад. Ишорањое њам буд, ки тасмими њукумат аз интихоби Сўњроб таќвият додани парламентаризми миллї ва љомаи демократї пўшондан ба он аст. Њарчї буд, ё не, бисёрињо то њанўз "њамла" - и депутат Сўњроб Шарифов ба вазири энерге-
дар робита ба энергетика бањои беасос медињад". Ба ќавле ўро гўё "подставит" карданї шуданд. Вале депутат Шарифов низ паст намеомад. Ў зимни ташрењи дархости худ ба хабарнигорон мегуфт "То њол ба саволи ман посух надоданд. Ман гуфтанї њастам, ки кор кунанд. Обрўи худро дар назди миллату давлат паст назананд". Шахсияти озод, яъне аз касе муттањам не! Ин гуна бархўрди як нафари њукуматї бегуфтугў савол ва њатто мавзўеро ба вуљуд меорад, ки сабаби аслии ѓаюрии Сўњроб Шарифовро бояд аз куљо дарёфт? Коршиносон чунин мустаќилияти директори МТС-ро дар кул чунин шарњ медињанд: 1) ў ба сифати "дудбаро" хизмат мекард, яъне гоњњо бо мусоњибањои Сўњроб Шарипов љомеа гўё мутмаин мешуд, ки њукумат дар бораи мушкилоту масъалањои онњо огоњ асту роњи њалро љўёст; 2) Азбаски муттањамї аз касе надорад, бинобар ин забони дароз ва сари баланд дорад. .. Дар тиб доруе бо номи панатсея њаст, ки онро дармон ба њама намуди беморї меноманд. Ба назар чунин менамояд, ки Сўњроб Шариповро њукумат ба амсоли ин дору истифода бурдан мехост: њар куљо мушкил пеш омад, ўро мефиристоданд! Шояд ин њама ба саломатии худорањматии Сўњроб беасар намонду ўро аз байни мо зуд бурд. Аммо њаёти кўтоњ ва фаъолиятњои ў дар њукумат нишон дод, ки чунин шахсиятњо барои њар њукумат хеле заруранд. Хоса дар шароити имрўз, ки дар сиёсатњои хориљии худ њукумат аз нав танишњоеро эњсос мекунад. Аммо фаъолияти Сўњроб Шарипов нишон медињад, ки агар њар кадом аз вазирон ва масъулини њукумат дар маќоми худ як нафари арзанда, њирфаї ва то андозае мустаќил бошанду сиёсату тиљоратро омехта накунанд, имкон дорад, ки ба дарки умќи масъалањо рафта, бисёре аз мушкилоти љомеаро њал намоянд. Муттањам набуданро дар ин њолат мебояд ба маънии заводу корхона надоштан ва умуман ба тиљорат машѓул нашудани як мансабдори давлатї фањмид. Оё ин гунањоро дар кабинаи њукумат мо дигар мебинем? Ёдат ба хайр, Сўњроб Ибронович!
Раљаби МИРЗО
МУХТАСАРИ ТАРЉУМАИ ЊОЛ Сўњроб Шарифов, доктори илмњои сиёсатшиносї. Мактаби миёнаро дар Душанбе ва донишгоњро дар Маскав ба итмом расонидааст. Рисолаи номзадиро дар Маскав (соли 1993) ва докториро дар Душанбе (соли 2000) дифоъ кардааст. То соли 1998 дар Маскав кору зиндагї мекард. Дар ташкили нахустин маркази фарњангии тољикон бо номи "Суѓдиён" дар охирњои солњои њаштодум дар Маскав ширкат кардааст. Сипас ба Душанбе даъват мешавад. Чанд муддат дар Маркази тадќиќоти стратегї ба њайси мудири шўъба кор карда, баъдан дар Дастгоњи иљрояи президенти Тољикистон ба фаъолият мепардозад. Ќабл аз ба маќоми раиси Маркази тадќиќоти стратегии назди президенти ЉТ таъин шудан, ба њайси ёвари президент кор кардааст. Падараш Имрон Шарифов, профессор, доктори илми таърих буд, ки чанд соли пеш даргузашт. Сўњроб мегуфт, замоне падараш дар докторантура тањсил мекард, ў њамроњ бо модараш хиёбонњои шањри Душанбе ва даромадгоњњои биноњои нўњошёнаи мањаллаи 65-и пойтахтро тамизу тоза мекардааст. Нахустин маошро ў дар синфи 8, ваќте дар таътили тобистона дар корхонаи "Тољикторгмаш" кор мекард, дарёфт кардааст.
10
“НИГОЊ”, ЧОРШАНБЕ №42 (475), 20. 01. 2016
ТОП - 5 Панљ расонаи фазосоз: khovar.tj, news.tj, ozodi.org, ozodagon.com, tojnews.org,
РОЊИ КУШОДАИ РУСТАМИ ЭМОМАЛЇ Љолибтарин матолиби як њафтаи охир дар ТОП-5 бахши тољикии Интернет (Тољнет)
Њафтае, ки сипарї шуд матбуоти кишварро бештар баррасии тасмими парламон барои ворид сохтани таѓйироту иловањо ба Конститутсияи кишвар саргарм доштааст. Пурбањстарин ва пурхонандатарин матлаби Тољнет дар ин њафта тањлилњое дар ин мавзуъ будааст. Ба назар мерасад таваљљуњи асосии коршиносон ва расонањо ба муњимтарин нуктаи пурбањс: поин бурдани синну соли курсии президентї љалб шуд ва аксаран бар ин хулоса расидаанд, ки њадафи вакилон ва њукумати кишвар боз кардани роњ ба писарбузурги президент Рустами Эмомалї аст ва на чизи дигар. Матлаби "Азия-плюс" бо номи "2020: отец или сын?", ки рўзи 17-уми январ рўзи шабака омад, то баъд аз зуњри сешанбе, 19-уми январ 13431 нафар мурур карданд. Нашрия дар ин маќола бањси синну соли номзад, таѓйирот ба Конститутсияро ба чолиш кашидааст. Аз љумла менависад: "Пештар ВАО навишта буданд, Рањмон писари худро чун меросхўр омода мекунад ва барои ин як монеаи аслї вуљуд дорад, ки он фарќияти синнусолї дар Конститутсия аст: номзад ба президентї бояд аз 35-сола љавонтар набошад". Њоло Рустами Эмо-
малї 28 сол дорад ва то соли интихобот ба синни 33 медарояд. Ду матлаби серхонандаи сомонаи радиои "Озодї" низ дар њамин мавзуъ аст. Аввалї "Таѓйири Сарќонун: Барои њама ё ба хотири Рустами Эмомалї" ном дорад ва онро то баъд аз зуњри рўзи сешанбе, 19 январ 12 њазору 765 нафар хонда буданд. Дар ин матлаб аксари коршиносоне, ки дар суњбати хабарнигор ширкат кардаанд, њадафи аслиро дар иштирок ва интихоби писари президент Рустами Эмомалї дидаанд. Аз љумла, Нуралї Давлат, коршинос ва муаррихи тољик гуфтааст, ки дар марњилаи кунунї ва бо назардошти шароити кунунии фаъолияти љавонон дар арсаи сиёсї, касе аз љавонони аз 26 то 30-сола имконияту заминаи пешбарии номзадиашро дар соли 2020 ба маќоми президентии Тољикистон надорад, ба љуз аз Рустами Эмомалї - писари феълан 28-солаи раисиљумњури Тољикистон Эмомалї Рањмон, ки бо кору фаъолият дар маќомњои гуногуни њукуматї зинањоро яке паи дигар ба боло ба сўи курсии аввали раёсат мепаймояд". Матлаби дуюми ин сомона "Аз 35 ба 30. Кушодани роњи Рустами Эмомалї ё..?"
ном дошт ва онро то зуњри рўзи сешанбе 12280 нафар хонда буданд. Дар ин матлаб низ њамин масъала баррасї мешавад ва на танњо коршиносони мустаќил, балки аксари касоне, ки дар њошияи он шарњ навиштаанд, бар ин назаранд, ки парламон бо роњандозии як њамапурсї њатман ин корро анљом медињад ва роњи писари президентро барои курсии раёсати љумњурї боз мекунад. Серхонандатарин матлаби сомонаи Тojnews "Зараррасони № 1. 150 млн сомонї хисорот ба буља дар як сол" ном дошт, ки 14-уми январ рўйи сањифа омад ва то баъди зуњри рўзи сешанбе онро 8065 нафар хондаву баъзењо ибрози назар карда буданд. Ин маталб аслан бозчоп аз шумораи гузаштаи "Нигоњ" буд ва дар бораи вазъи нобасони фурудгоњи шањри Душанбе, ширкати "Тољик-Эйр" ва раиси он Халиков бањс мекард. Вале матлаби "Амонуллоњ Њукуматуллоњ бо 6 тани дигар нафаќаи њангуфташро њифз кардааст", ки рўзи 18-уми январ рўйи сањифа омада буд, то баъди зуњри сешанбе 6 њазору 411 нафар мурур кардаанд. Ин маќола дар бораи нафаќањои чанд соњибмансаби пешин бањс мекард, ки бо вуљуди эроди Президент дар љаласаи солонаи гузашта аз тафтиши маќомот гузаштаву онро њифз кардаанд.Њоло дар Тољикистон 7 нафар нафаќаи калон мегиранд, ки маблаѓи нафаќаашон аз 8 њазор сомонї то беш аз 10 њазор сомониро ташкил медињад, ки яке аз онњо Амонуллоњ Њукуматуллоњ, собиќ рањбари КВД "Роњи оњани Тољикистон" мебошад. Назокат Одиназода, муовини аввали директори Агентии суѓуртаи иљтимої ва нафаќа дар сўњбат ба TojNews гуфт, ќаблан дар кишвар 9 нафар нафаќаи зиёда аз 10 њазор сомонї мегирифтанд, баъд аз интиќодоти президент њамагї нафаќаи маъюбии 2 нафари онњо ќатъ шудааст
Њафтаи гузашта сомонаи њафтаномаи "Фараж" чанд матлаби пурхонанда дошт. Яке аз онњо "Вазир сардухтури таваллудхонаи №1-ро аз вазифа гирифт" мебошад, ки дар бораи бо фармони вазири тандурустї аз вазифа барканор шудани сардухтури таваллудхонаи №1 -и пойтахт Њаќназарова ва љонишинаш Сурайё Иззатуллоевна бањс мекунад. Нашрия менавишт, ки "чанде пеш Прокуратураи ноњияи Исмоили Сомонї дар робитаи ба шикояти як зани њомиладор нисбати номбурдањо парвандаи љиноятї боз кардааст". Ин матлабро то зуњри рўзи сешанбе 2847 нафар хонадаву баъзењо андешањои худро дар њошияи он навишта буданд. "Номаи собиќ Прокурори генералї ба Президент"-ро, ки њафтаи гузашта таќрибан њамаи нашрияњои мустаќил интишор дода буданд, аз сомонаи ин њафтанома 2154 нафар хондаанд. Ин номаи Солењљон Љўраев ба Сарвари давлат дар бораи баъзе ќонуншиканињое њикоят мекунанд, ки чун адвокат онњоро мушоњида кардааст. Аз матолиби њафтаи сипаришудаи ожонсии давлатии "Ховар" "Њаљнома-эњдо ба Пешвои миллат", шеъри шоир Давлат Сафар пурхонанда унвон шудааст. Ин шеърро, ки ба муносибати њаљљи умраи Президент Эмомалї Рањмон ва пайвандонаш бахшида шудааст, то баъди зуњри рўзи сешанбе 655 нафар хонда буданд. Матлаби дигар серхонандаи ин нашрия "Вазифањои нави Руќия Ќурбонова, Амиршо Миралиев ва дигар собиќадорони ЊХДТ" ном дорад. Тавре аз номаш пайдост, ин собиќадорон баъди нафаќа дар ЊХДТ ба вазифањои масъул таъин шудаанд, то таљрибањои худро ба љавонон омўзанд. Маводи мазкурро то зуњри рўзи сешанбе 597 нафар мурур карда буданд.
Бобољони ШАФЕЪ
БАЊСИ ЗИНДА. ЧАРО БЕ ШУМО? Матлабе, ки дар Тољнети ин њафта бештар мавриди бањс буд, ба хулосаи Гуруњи байналмилалии буњроншиносї ихтисос дошт, ки Тољикистонро ба оќибатњои фишорњои дохиливу тањдидњои берунї њушдор медод. Ин хабарро аксари расонањои чопиву электронии њафтаи гузашта интишор доданд. Дар сомонаи "Озодї" бисёрињо дар њошияи он шарњњои гуногун навиштаанд. Муњтавои ин матлаб он буд, ки Гуруњи байналмилалии буњроншиносї (International Crisis Group - ICG) дар тозатарин гузориши худ дар њаљми 16 сањифа вазъи Тољикистонро тањлил мекард ва кишвари моро "фаќиртарин кишвари Осиёи Марказї" меномид ва мегуфт, ки он "ба фишори хатарборе њам дар дохил ва њам аз берун рўбарў шудааст." Чуноне гуфтем, ин хабар дар аксари расонањо мунташир шуд ва аз баррасии он худдорї мекунем. Танњо чанд пайнавиштро дар њошияи он интихобан чоп мекунем. Бандаи Аллох: Хар давлате ки фишорро пеш гирифт чи он давлат исломи бошад чи гайри исломи бо чунин холат ру хохад овард рнз: Ин созмон максадшон ноороми сохтани вазъ дар Точикистон ва давлатхои мисли мо, агар ин дафъа љанг шавад њамин ЊНИТ тарфдоронаш худшона дигар кас муарифи карда, чанг меандозан мисли солњои 92, ки бо номи вовчик ин даъфа е толибон е ИГИЛ меган хдшона эронихо кумак мекунанд. Фаррух аз Душанбе: Кори ин созмонхо чанг андохтан нест, балки хакикатро гуфтан аст…ана хамин хомуши аст, ки Точикистон рушд намекунад..вакте ки рушд нест мардум рохи халоси аз ин факириро аз берун мечуянд…25 сол шуд, ки ваъдаи хушку
ФИШОРЊОИ ДОХИЛЇ АЗ ТАЊДИДЊОИ БЕРУНА ХАВФНОКТАРАНД холи… Точикистонро ин созмонхо не, балки хешутаборбозиву ноадолатихои иктисодиву ичтимої, ки чомеаро фасодзада кардаасту умеди мардумро аз зиндагии хуб канда аст, ноором карда истодааст. Њоло хам барвакт, ки лачоми ин бедодгарихоро бикашанд вагарна окибаташ ба хайр бошад… Беном: 1000000 млн процент хакикати талхи Точикистонро навиштаанд. Точик: ХУДОЁ давлати моро орому осоишта ва пок аз чашми душман нигох дор ва рохбаре ато кун ки ѓами миллату якпорчагии давлати худро нигохубин кунад ва моро аз ин машакати ин рузе ки болои мардуми точики бо ору номус омадааст аз даргохи покат Худоё кумак мехохем, ки имруз кариб 45 фоизи мардуми точик дар мухочири мехнати хастан. Худоё кумак кун то ки давлати мо пур аз файзу баракат ороми росткавли пок домани ва барои рост хидояташон куни... Лаќай аз Кулулапушта: Маълумотномаи ICG нисбати ЉТ комилан дуруст, агар проблемаи асосї мањалгароии бесобиќа ва робитаи хешутаборбозї, авлодбозиро низ дар хабарашон дарљ мекарданд, маълумот пурратар мешуд, тањлилњо нишон медињад, ки агар љаноби Рахмон хешутаборбози, шахсиятпарастї, чоплусї, тангназарони чашмтанги бехиради маќомотро яктарафа накунад, љумњурї ба ботлоќи бетаги шармандагиву коррупсия бештар ѓутаввар ме-
гардад. Абдурахмони Назарзода: Матни тахия ва пешкаш намудаи "Гурухи Бухроншиносон"-ро аз матлаъ то ба мактаъи он, бо диккат хондам. Вазъи Точикистонро, дар холи имруз,чи аз нигохи сиеси ва чи иктисоди, бухроншиносон вокеъан хам, дуруст барраси намудаанд. Аз он икдоме, ки хукумати ЧТ тайи солхои ахир рохандози кардааст, ягон натоичи дигарро интизор наметавон шуд. Саркуб кардани ХНИТ ва аз парлумон танг намудани мавкеъи намояндагони он ва минбаъд иттихоми эшон ба чурмхои экстремизм ва терроризм, фишор аз болои гуногунандешон ва мутадайинон, таъкиби волидон ва наздикони ашхоси раъйи мухолиф худ далели кофист, ки аз харобии "МУХИТИ МАЪНАВИИ" чомеъаи точикон ва махрумияти шахрвандон аз хукукхои мукаррарии граждани (тибки сарконуни ЧТ), дарак бидихад! Рости гап банда, шомили ягон гурухе ва ё харакате нестам ва чун фарзанди точикам, наметавонам аз ин икдоми тангназарон нодидагири бикунам. Тарафдори оромиву амният дар кишвари худ хастам. Хуб мебуд, ки хукумати Точикистон, тактикаи идораи Давлат бо роххои репрессия ва аноияшро тагйир бидихад! Иброхим: Инхоро созмонхои чахонии фитнагаро меноманд, ки Кабирии назди онхо рафта сар ба сачда фуруд оварда ва гуфта, ки барои рехтани хуни мардуми мусалмони точик барои курсию љоњ шуда тай-
ёрам. Мурочиат ба мардуми мусалмони точик хушёр бошед ва акли солимро ба кор баред то ин ки Кабирию хамммаслаконаш ки хизматгори Эроне ки дар чангхои солхои пешин даст дошт боз ба фитна накашанд. Беном: Хатарро аз берун намебинам. Аммо бисёрхо хеле боз мехоханд, ки дар Точикистон чанг хезаду, онхо дар шакли дуст "барои бехбудии зиндагии мардуми Точикистон" вориди майдонт чанг шуда, манфиатхои худро ба даст оранд. Дар хамин шакл хафи беруна буд ва мемонад. Аммо тахдиди бузург дар худи дохили мамлакат, ба амнияти Точикистон чой дорад. Мардуме, ки аз кори хкумат рози нестанд , руз аз руз зиёд шуда истодаанд. Сабабхояш: набудани чои кор, ваъдахои пучи рохбарони давлат, пулситонихои саросари, беадолати, ташвики ахмаконаи "зндагии хуб" (бо нишондодани хушахои ангур, дар холе ки дар баъзе махлхо оилаи дехоти дар 0.01 ? 0,04 га замин зиндаги мекунанд), ноумеди ба оянда, нобаробарии сатхи зиндагии одами захматкаш ва мансабдори фасодкор ва монанди инхо. Тољик аз Кулоб: Фишорњои дохилї аз тањдидњои беруна дида хавфноктар аст! Аз ин фишорњо истифода бурда тањдидњои беруна зудтар ба маќсадњои нопоки худ мерасанд!!! Одил: Хакикат холро гуфтааст,ба кавли русхо"констатация фактов".
САЊФАИ ВОЛИДОН Абдуфаттоњ Њотамов ба эњтимоли зиёд дар љомеаи имрўзаи Тољикистон шахси ношинос нест. Бо таъсиси мактаби муштараки Русияву Тољикистон бо номи "Њотам ПВ" ва шуњрати шогирдонаш дар арсаи илму маърифат ўро ин љомеаи хаставу нимбемор бештар шинохт. Вале оё роњи расидан ба ин шуњрат осон буд? Њаргиз на. Замоне, ки њамагї панљ сол дошт, ихтиёрї ба мактаб рафт, њарчанд иљоза надоданд, вале бо касоне, ки синнашон ду сол аз ў бузургтар буд, нишаст ва саргарми омўзиш шуд. Муаллимон њам дигар монеъ нашуданд, номашро њарчанд дар журнал нанавиштанд, вале ќатори дигарон аз ў низ талаб карданд, барояш њарфи савод омўхтанд. Ёд дорад он муаллими куњансолро, ки тобистон назди падараш омад ва гуфт, ки писарат њарчанд синнаш хурд аст, вале чун талаби дониш дорад, монеъ нашавад, бигзор имсол бихонад. Ва падар њам розї шуд. Дар синфи панљ тањсил мекард, ки ба кори колхоз љалб шуд. Чун бародараш муаллим буду модараш бемор ва раиси колхоз мегуфт як нафари шумо бояд дар кори колхоз бошед, ноилољ ў рафт. Вале боз њам монеъа: бригадир гуфт ту хеле хурдсолї, ки кори колхоз кунї, бори вазнин бардорї. Вале Абдуфаттоњ посух дод, ки агар гўштї гирад, бригадирро ба замин хоњад хобонд. Ин љасорат буд, њарчанд медонист, ки амаки бригадирро бо љуссае панљ баробар аз ў бузургтараш њаргиз наметавонист ба замин занад. Хастагии рўзонаи кори колхоз дар мавсими тобистону тирамоњ шавќи ўро ба омўзиши илм накушт, балки бо талоши бештар кўшид ба омўзиш идома дињад. Касе ўро тањрик намедод, балки худ мехост њалли мушкилтарин масоилро омўзад. Завќи илми риёзї бештар аз дигар фанњо буд. Вай шабона мисолу масъалањоро њал мекард, рўзона ба муаллим нишон медод, њидоят мегирифт. Вале
11
меро мемонад, ки шабонарўз бедор ва чашм ба роњи саволи шогирд аст. Дар он аз чор фанни муњим: риёзї, физика, химия ва информатика њар кас њар ваќте суоле пешкаш кунад, фавран љавобашро пайдо мекунад. Мегўяд, соати 11 шаб хонандае дар як гўшаи дурдаст дар њалли ин ё он масъала дармемонад. Ворид шудан ба сомонаи мактаб кофист, ки мушкилаш дар як мижа задан њал шавад. Дар ин сомона на танњо њалли масоили гуногун, балки дар бораи шогирдони ин мактаб, ширкаташон ба мусобиќоти байналмилалї ва дастовардњои онњо маълумоти кофиро метавон дастрас кард. Аммо Абдуфаттоњ Њотамов мегўяд кори сомона њоло нотамом аст ва талош доранд онро боз њам фарогир ва муфид гардонанд. Барои ин њамроњ бо шогирдон пайваста дар фикри таљдиди онем. Суроѓаи он сомона барои њама: trgi.ru
КОРАФТОДАИ ДОНО Сомонаи "Њотам ПВ": омўзгори шабонарўзии беминнат њолатњое кам набуданд, ки дигар муаллимонро њам намеёфт, то саволи дармондаи худро бипурсад, чун дар он мавсим онњо низ саргарми корњои сањро буданд. "Аз синфи 9 ман аллакай њамаи масъалањои физикаву математика ва химияро мустаќилона метавонистам њал кунам. Танњо як роњнамоии муаллим кофї буд, ки донам сухан дар бораи чї меравад. Ва њоло њам агар фикр кунам он дарсњои дар мактаб хонда ва азбаркардаро пеши назар оварда метавонам".
Сояи он воќеъияти замони наврасї, ки барои њалли як масъала ёфтани њидоятгар баъзан соатњо роњпої мекард, аз пеши назараш дур намешавад. Ва чун ба камол расиду худ муаллим шуд, њамеша дар ин андеша буд, ки чї бояд кард, то шогирди наврас дар њалли масъалае мушкил надошта бошад ва омўзгораш њамеша барояш дастрас бошад. Аввалњо талош кард њатто шигирдонаш имкони бо телефон бо ў њамсуњбат шудан, суол кардану посух гирифтан дошта бошанд. Вале ин њам кам буд. На њар шогирд љуръат мекунад нимишабї устодро безобита кунад. Дар њоле, ки њалли масъалаи муњим шояд нимишабї пеш ояд. Билохира, ташкили Гимназияи Тољикистону Русия барои бачањои болаёќат, ки барояш дар оѓоз танњо орзуе беш набуд, дарњои иртиботи њамешагї на танњо бо шогирдони худ, балки бо садњову њазорњо шогирдони макотиби гуногуни кишвар ва њатто хориљ аз онро боз кард. Дар марњилаи баъдии таъсиси мактаб њамроњ бо шогирдонаш сомонаи интернетии мактабро сохт. Ин сомона њоло муалли-
ИНРО БОЯД ДОНИСТ
ВОЛИДОН ДАР БОРАИ ЗУКОМИ АТФОЛ ЧИРО БОЯД ДОНАНД? НИШОНАЊОИ АСОСИИ ЗУКОМ: Табларза; Ногањон баланд шудани њарорати бадан; Заъфи умумї; Сардардї (бештар дар ќисмати пешонї); Дард дар мушакњо; Заъифї, бењолї ва беќарорї; Рафтани оби бинї ба андозаи начандон зиёд дар оѓоз ва бештар шудани он баъдтар; Сулфаи хушк дар аввал ва афзоиши он дар марњилањои баъдї; Маъмулан касоне бистарї мешаванд, ки вазъашон вањим шудааст ва ё беморињои доимиву пешина доранд. Зукомро мешавад дар њоли риояи гигиена дар хона табобат кард. Дар ин сурат риояи ин нуктањо шарт аст: Бояд њамаи тавсияњои духтури муолиљ бидуни таъхир иљро шавад. Хоби шабонаву рўзонаи тифли беморро зиёд кунанд. Ўро бо ѓизои хуб ва пурвитамин таъмин созанд. Зуком бемории маккорест, вай метавонад хеле оќибатњои бад барои инсон дошта бошад. Баъзе аз мушкилоте, ки зуком ба ву-
“НИГОЊ”, ЧОРШАНБЕ №42 (475), 20. 01. 2016
људ меорад, якбора ошкор намешавад, балки баъди 2 ё 3 њафта аз худ дарак медињад. Аз ин рў ба саломатии фарзандонатон бетаваљљуњ набошед. Ба њар нишоне аз зуком эътино кунед. Низоми табобати онро ќатъї риоя намоед. Оё шумо метавонед гўш ба шикваи фарзандатон нињед? Шояд посухи ин соул аз љониби њар падару модар мусбат бошад. Яъне: оре, метавонем. Аммо чї гуна? Профессор Юлия Гиппенрейтер мегўяд дар њама њолатњое, ки кўдак њолати нољур дорад, волидон вазифадоранд тавре вонамуд кунанд, ки гўё дар пањлўи ў ќарор доранд. Дар ин маврид Юлия Геппенрейтер таваљљуњи волидонро ба чор нуктаи муњим, чор шеваи шунидани тифли гирифтори мушкил љалб мекунад: аввал, мегўяд ў, агар шумо мехоњед фарзандатонро бишнавед, пас њатман ба ў рў оваред, ба чашмони њамдигар нигоњ кунед, на ки саргарми кори дигар арзашро бишнавед. Дуюм, ваќте шумо бо кўдаки озурдаву ѓамгин суњбат мекунед, хуб аст, ки савол надињед, балки њарфатон оњанги тасдиќкунандаи њолати ў дошта бошад. Сеюм, хеле муњим аст, ки миёни суњбат
фосила гузоред. Баъди њар луќма миёни суханони кўдак, лањзае таваќќуф кунед. Ин таваќќуф ба кўдак ёрї мерасонад, ки сари њиссиёташ андешад ва њамзамон њисс мекунад, ки ў танњо нест, шумо њамроњаш њастед. Чањорум, дар посухњои шумо муфид аст, ки њолати ў тасаввур шавад. Яъне, шумо тавре њолатро такрор кунед, ки маънои дарки њиссиёти ўро дошта бошад. Масалан, агар фарзанди шумо мегўяд бо фалонї дигар дўстї намекунад, шумо низ мањз њамон мафњумро такрор кунед, на ки ўро савоборон намоед. Ваќте њарфњои ўро такрор мекунед, вай дигар эњсоси бегонагї намекунад ва ба суњбаташ идома медињад. Дар натиља шумо аз хеле асрор огоњ мешавед.
Нуктае чанд аз суњбат бо Абдуфаттоњ ЊОТАМОВ, директори Гимназияи муштараки Тољикистону Русия - "Њотам ПВ" - Кўдаконро бояд такон дод, то бихонанд, шавќи тањсил пайдо кунанд. Ва ин нуктаи собитшударо њамеша пеши назар бояд дошт: касе ёрї намекунад, агар инсон худ кўшо набошад. - Атфол бо волидон ба воя мерасанд ва табиист, ки дар њар кор ба онњо таќлид мекунанд. Бикўшед, то дар оила бо њам мењрубон бошед, то ин мењрубониву шафќат ба фарзандонатон "сироят" кунад. - Кўдак аз сесолагї майли кўча мекунад, вале таъсири хона ба ў бештар аст, то ки таъсири кўча. Чун дар кўча бача лањзањо меистад, аммо дар хона вай тамои рўзу шабашро мегузаронад. - Бисёр кўдакон мехоњанд чизеро аз муаллим пурсанд, вале шарм медоранд, намепурсанд. Чаро? Як сабаби он дар тарбияи оилавист. Дар хона муњитеро фароњам оред, ки тифли шумо ба њар саволаш љавоб ёбад. Ваќте ба суолаш ин гуна посух медињед: њоло ваќти донистани ин нест, пас дар мактаб њам аз пурсишњо ибо мекунад. Метарсад, ки шояд ваќти ин савол њоло нарасида бошад. - Аз он ки ба саволаш посух дода наметавонед, набояд љавоби дурўѓ дињед, балки хуб аст гўед, ки инро ман намедонам, вале мехонам ё мепурсам ва баъд ба ту љавоб медињам. Зеро љавоби дурўѓини шумо замоне фош мешавад ва ин дар зењни кўдак асари нољо мегузорад. - Чандин тан аз шогирдони мо дар Љопон тањсил мекунанд. Ваќте меоянд, аз онњо дар бораи ин кишвар мепурсам. Њарчанд худ аз интернет зиёд мехонам ва медонам. Вале њарфи онњо дигар аст, чун дар он муњит зиндагї мекунанд. Донистан хуб аст, такрор пурсидан низ хуб аст, то инсон пухтатар шавад. - Дар мактабњои кишвар муаллимњои дилсўзу донишманд ва њалиму мењрубон хеле каманд. Як сабаби ташкил нашудани мактабњои намунавї камии ин гуна устодон аст. - Муаллим бояд њамеша дар омўзиш бошад, хосатан дар ин шабу рўз, ки дониши дирўз субњи дигар нав мешавад. Илм босуръат рушд мекунад, бехабарї аз ин пешрафтњо ѓафлат аст. - Бояд дар байни хонандагон ин гуна муносибате њоким бошад, ки бо њам дурўѓ нагўянд, якдигарро фиреб накунанд. Сухани бад нагўянд. Рашк накунанд, ќасосгирї накунанд, ба якдигар њасад набаранд, ки чаро вай медонаду ман не.
12
“НИГОЊ”, ЧОРШАНБЕ №42 (475), 20. 01. 2016
"БУД....НАБУД" Бобову бибињои мо, дар гузашта ва гузаштаи начандон дур, ќабл аз оѓози афсона, муќаддимаи зебое доштанд: "Буд набуд, будгор буд, замин набуд шудгор буд…". Аксари мо мепиндоштем, ки ин ифодањо суханони содаву барои њусни калом ифода мешуданд. Албатта чунин нест! Манзурашон аз " буд" офариниш, аз "будгор"-у "шудгор" Худованд буд. Яъне њарчанд "буд", яъне њастї, замин, кавну макон набуд, вале "будгор"-у "шудгор", яъне Худо (парвардигор, офаридгор, кирдгор) буд. Тибќи сарчашмањои динї, хусусан китобњои осмонї - Тавроту Инљилу Ќуръон, Худованд кавну маконро дар шаш рўз офарид. Дар баробари офаринишоти бељони моддї аз зумраи галактикањо, материкњо, обу наботот, инчунин мављудоти зинда, љину инс, њайвоноту паррандаву хазандањоро њам њаст намуд. Мувофиќи таълимоти исломї Худованд се гуруњи мављуди зиндаи боаќлро офарид: Фариштањоро аз нур ё рушної, Одамро аз гил, ва љинро аз шўълаи оташ. Ва ба дурустї, ки одамиро аз гили хушк, аз лои сиёњи бўйгирифта офаридем. Ва љинро пеш аз ин аз оташи сўзони бедуд пайдо кардем (Њиљр:26-27) Шояд аксари одамон бобати њайвоноту љамоду набот маълумоти даркорї доранд, аммо барои аѓлабашон симову сурат ва њастии љинњо номафњум боќї мемонад. Ин мављуди ѓайриодамї дар сарчашмањо бо номњои љин, љон, (Ќуръон, Рањмон:39,56), Аљина ва Дев омадааст. Дар ин матлаб мо тасмим гирифтем перомуни ин мавзуъ бо такя ба сарчашмањои осмонию заминї ва андешаи донандагони роз пажўњише анљом дињем.
ЉИНЊО АВВАЛ СОЊИБМАРТАБА БУДАНД Тибќи ишораи сарчашмањо, ќабл аз хилќати инсон, нахустмаскунони замин мањз љинњо буданд. Фарзияе мустаъмал аст, ки агар нахустинсонњо Одаму Њаво бошанд, пас нахустљинњо Мориљ ва Мориља ном доштанд. Бинобар ривояти динї љинњо сесад
ПАС АЗ ЊУКМИ СУД Абдулло Њабибов , муовини пешини вазири дифои Тољикистон, мегўяд, ки аз судури ќарори Додгоњи шањри Душанбе дар мавриди аз љавобгарии љиної озод шуданаш њудуди се њафта мегузарад, аммо њанўз маќомот иљозаи дубораи сохтмони масљиди панљваќтаи ўро надодаанд. Додгоњи Душанбе дар охири моњи декабри соли гузашта баррасии ќазияи генерал Њабибовро, ки аз сўи Кумитаи давлатии амнияти миллї барои ѓасби замин муттањам мешуд, ќатъ ва худи генералро аз љавобгарии љиної озод кард. Абдулло Њабибов зимни суњбат бо хабарнигорон гуфт, аз хомўшии маќомот
БАЊСИ БЕШТАР
ЊАДИСИ ЉИН Бинобар ривоёти динї љинњо сесад сол дар рўи замин Худоро мепарастиданд ва баъдан осї шуданд
Абдуќодири АБДУЌАЊЊОР журналист, Директори Китобхонаи шањрии ба номи Абулќосим Лоњутї
сол дар рўи замин Худоро мепарастиданд ва баъдан осї шуданду фасоду нофармонї карданд ва Худованд барои муљозоти онњо фариштањоро ба замин мефиристад. Дар натиљаи набардњои шадид, аксари онњо кушта ва ќисмате аз онњо гурехта, ба дарёву биёбонњо, ѓорњову чоњњову тангнову торикхонањо паноњ мебаранд. Чун барои инсон љисми ноаён доранд, гоњо дар симои њайвоноту наботот ва њатто одамон рўнамої мекунанд. Афзалу бартари љинњо Азозил(иблис) буд, ки бо инояти Худои бузург дар осмонњо соњибмартаба ва бартари фариштагон буд.
Баъдан аз кибру ѓурур нофармонии Офаридгор намуду аз даргањи Ў ронда шуд. Агар бархе аз љинњо имон овардаву мусалмонанд, ќисмати дигаре мустаъмал бо номи шайтонњо хидматгору вафодори иблисанд. Ба ќавле мањз ќисмате аз ин љинњо, яъне шаётин фармонбар ва дар хидмати Сулаймон паямбар буданд. Барои эмин мондан аз љинњо бояд... Барои аз хатари љинњо мањфуз мондан ва ё аз хонаву вуљуди инсон рондани онњо ќироати Ќуръон ва бештар ба забон овардани номњои Худо( бисми-л-лоЊ) тав-
сиа дода мешавад. Ќисмати афзуни љинњо мањз баъди шунидани Ќуръон аз забони паямбар дар шаби "лайлат-ул-Љин" ислом авардаанд. Дар Ќуръони азимушшаън сурае бо номи љин њаст, ки фарзияи болоро таќвият мебахшад: Бигў: "Ба сўи ман вањй фиристода шуд, ки гуруње аз љин гўш нињоданд, пас, гуфтанд: "Ба дурустї мо Ќуръони аљиб шунидем, ки ба сўи роњи рост њидоят мекунад…ва ба дурустї, (љамъе) аз мо гунањкоранд: пас, онон, ки мусалмон шудаанд, роњи ростро ќасд кардаанд; ва аммо гунањкорон барои дўзах њезум бошанд" (Ќуръон, Љин: 1,2,14,15) Аќидае роиљ аст, ки бархе аз ањли тилисм, (на њамаашон) љодугару сењргарон, ки аксаран муътаќиди неруњои сиёњу ањриманиянд, бо љинњо њампаймон шуда, аз баъзе асрор огањї пайдо мекунанд ва гоњо ба амалњои зишт низ даст мезананд. Баракси фариштањо љинњо монанди одамон ба ѓизо эњтиёљ доранд, оиладору кўдакдор мешаванд, шабгарданду торикидўстдор, бадкоранду накўкор, нисбати одамон хеле дароз умр мебинанд ва мемиранд. Онњо низ чун одамон рўзи ќиёмат подошу љазо гирифта, ба бињишт ё дўзах мераванд. Ва боз Худованд донотар аст…
Абдулло ЊАБИБОВ:
МАСЉИДРО ЊАТМАН БУНЁД МЕКУНЕМ! дар мавриди оѓози дубораи сохтмони масљиди панљваќта дар мањаллаи "Автовокзал"-и пойтахт дар њайрат аст ва аммо талош хоњад кард, ки сохмтони масљидро ба поён бирасонад. Ў гуфт, дар ваќти сохтмони масљид ба њеч амали ѓайриќо-
ЛОИЊАИ МАСЉИД ДАР МАВЗЕЪИ «АВТОВОКЗАЛ»
нунї роњ надодааст ва набояд маќомот дар анљоми бунёди ин масљид мушкил эљод кунанд. Абдулло Њабибов мегўяд, то кунун 90 дарсад аз корњои сохтмонии масљидаш ба анљом расидааст. "Ман барои давлати Тољикистон хизмат кардаам ва дар рўзњое иљрои вазифа мекардам, ки вазъи ноамну ноором њукмфармо буд. Мо њанўз дар он рўзњои њассос дар канори президент будем ва барои оромию субот талош мекардем. Барои ба даст овардани љомеаи орому босубот сањми ман њамчун генерали вазорати дифоъ њаст ва то њол пуштибони як љомеаи ќонунманду амн њастам," - гуфт ў. Генерал Њабибов мегўяд, њеч интизор надошт, ки маќомоти интизомї вориди љараёни сохтмони масљиди ў шуда, алайњаш парванда боз мекунанд. Вай афзуд, зоњиран чанд изњори назараш дар њафтаномањои "Азия-Плюс" ва "Нигоњ" дар бораи вазъи кишвар ба маќомот "нафоридааст". "Баъди як мусоњиба бо Радиои Озодї, ки дар он љо аз оѓози масљиди панваќта њарф задам, маро ба Кумитаи
ГЕНЕРАЛИ 75-СОЛА МАСЉИД СОХТАНИСТ давлатии амнияти миллї даъват карда ва гуфтанд, ки маќсад аз сохтмони ин масљид чї аст? Бо њамин ќазияи масљид оѓоз шуд ва сохмтони онро боздоштанд," - мегўяд Њабибов Ў афзуд, баъди ин чандин бор ба бахшњои амнияти шањри Душанбе ва ноњияи Сино барои сохтмони ин масљид даъват шудааст. "Чанд рўз пеш њам боз аз амнияти шањр гуфтанд, ки биёед маслињат кунем. Ман чї маслињат кунам? Дар њоле ки бар асоси ќонун амал кардаам," - гуфт ў. Баррасии парвандаи Абдулло Њабибов рўзи 28 декабри соли гузашта паси дарњои баста дар Додгоњи шањри Душанбе оѓоз ёфта ва 30 декабр ба анљом расид. Маќомоти додгоњ гуфтанд, ба далели ин ки ѓасби замин аз сўи Абдулло Њабибов дар соли 2013 сурат гирифтааст, ин парванда шомили ќонуни афв шуда ва худи ў аз љавобгарии љиної озод аст.
РИО-ДЕ-ЖАНЕЙРО - 2016
“НИГОЊ”, ЧОРШАНБЕ №42 (475), 20. 01. 2016
13
НАРЗУЛЛО ЛАТИФОВ ПЕШНИЊОД МЕКУНАД... Чї бояд кард, ки Тољикистон дар риштаи олимпии варзиш ќањрамони љањон пайдо кунад? Cоли 2016-ум барои варзишгарони олам, аз љумла варзишгарони тољик соли имтињони љиддист. Бењтарин варзишгарони кишвар дар њайати дастаи мунтахаб шарафи Тољикистонро дар Бозињои ХХXI тобистонаи олимпї, ки аз 5ум то 21-уми август дар пойтахти Бразилия - шањри Рио-де-Жанейро- баргузор мешаванд, њимоя хоњанд кард. Аммо то имрўз танњо як варзишгари тољик - Дилшод Назаров дар гурзандозї ба Олимпиадаи Рио - 2016 роњхат гирифтааст. Бояд гуфт, пас аз вохўрии Президенти Тољикистон Эмомалї Рањмон бо варзишгарон дар таърихи 20-уми декабри соли 2010, аз љониби маќомоти давлатї, ташкилоту муассисањо ва соњибкорони ватанї дар шањру ноњияњои мамлакат ќариб 2500 толору майдончањои варзишї ба истифода дода шуд. Инчунин садњо иншооти мављудаи варзишї тармиму таљдид гардид. Вале бо вуљуди баъзе пешравињо, дар соња њанўз мушкилињо зиёд аст ва њалли масъалањо ба кўмаку дастгирии њамаљонибаи Њукумати љумњурї ниёз дорад. "БА ВАРЗИШ ЉАВОНОНЕ РОЊБАРЇ МЕКУНАНД, КИ СОЊАРО НАМЕФАЊМАНД" Њамчун коршиноси соња бар асоси таљрибаи бисёрсола ва мушоњидањои худ барои рушди минбаъдаи варзиш дар љумњурї якчанд пешнињод карданиам. Аз љумла, ба хулосаи ман, таљдиди маќомоти идораи давлатї дар соњаи тарбияи љисмонї ва варзиш, яъне ба Кумитаи љавонон, варзиш ва сайёњии назди Њукумати Љумњурии Тољикистон табдил додани он, мутаассифона, ба идора ва танзими самаранокии фаъолияти соња таъсири манфї расонда, барои рушди минбаъдаи варзиш дар кишвар монеањои зиёд эљод кардааст. Фаъолияти маќомоти идораи давлатї дар соњаи тарбияи љисмонї ва варзиш, бахусус, дар шањру ноњияњои љумњурї хеле заиф гардидааст. Зеро ба он аслан љавононе роњбарї мекунанд, ки дар соњаи варзиш таљриба надоранд ва ин соњаро намефањманд.Аз ин рў ин соњаи муњими со-
лимгардонии ањолї ба соњаи дувумдараља табдил ёфтааст. Ба андешаи ман, сохтори пешин - Кумитаи тарбияи љисмонї ва варзиши назди Њукумати Љумњурии Тољикистон - љињати пешрафти варзиш фаъолияти пурсамартар анљом хоњад дод. Соњањои љавонон ва сайёњї, ки имрўз бо мушкилоти зиёд рўбарў њастанд, дар сурати дар алоњидагї фаъолият кардан, њарчи бештар муваффаќ хоњанд шуд. "БА ШЎРОИ РУШДИ ТАРБИЯИ ЉИСМОНЇ ВА ВАРЗИШ АКНУН САРВАЗИР РОЊБАРЇ НАМЕКУНАД" Бо ќарори Њукумати Тољикистон моњи марти соли 2011 Шўрои рушди тарбияи љисмонї ва варзиш таъсис дода, низомнома ва њайати он тасдиќ шуда буд. Сарвазири мамлакат раиси Шўро, муовини сарвазир, масъули соња ва раиси Кумитаи љавонон, варзиш ва сайёњии Тољикистон муовинони раиси Шўро таъин гардиданд. Ба аъзои Шўро роњбарони вазорату идорањои дахлдор, раисони шањри Душанбе ва вилоятњо, роњбарони як ќатор ташкилотњою федератсияњои варзишї, раисони бонкњо, инчунин, варзишгарони маъруфи тољик дохил буданд. Маќсади ин Шўро, ки бар асоси наќшаи чорабинињо оид ба иљрои дастуру супоришњои Президенти Тољикистон дар заминаи мулоќоташ бо варзишгарони кишвар таъсис ёфта буд, татбиќи пурсамари сиёсати давлатї дар соњаи тарбияи љисмонї ва варзиш, инчунин, њамоњангсозии фаъолияти маќомоти давлатї ва ташкилотњои љамъиятї дар ин самт мебошад. Вале,мутаассифона, дар муддати чањор сол тањти раёсати сарвазир њамагї ду љаласаи Шўро (яке бо роњбарии Оќил Оќилов, соли 2011 ва дигаре бо роњбарии Ќоњир Расулзода, соли 2014) баргузор шудааст. Соли гузашта бошад, бо пешнињоди Кумитаи љавонон, варзиш ва сайёњии Тољикистон њайати Шўро аз нав тасдиќ гардид. Њамакнун ба Шўро на сарвазир, балки муовини сарвазир, ки масъули соњаи варзиш аст, роњбарї мекунад. Дар љаласае, ки 7-уми декабри соли гузашта тањти рањбарии
муовини сарвазири мамлакат Марњабо Љабборї баргузор шуд, муовинони вазирону раисони кумитањо, вилоятњо, бонкњо ширкат доштанд. Яъне сатњи Шўрои љумњуриявї њамакнун паст шуда, дар шањру навоњї ва вилоятњои кишвар низ ба њайати шўроњои мањаллї ба љойи раисон муовинонашон дохил гаштаанд. Ба назари банда бо маќсади татбиќи пурсамари сиёсати давлатї дар соњаи тарбияи љисмонї ва варзиш ва бо истифода аз таљрибаи кишварњои Иттињоди Давлатњои Мустаќил таъсис додани Шўрои тарбияи љисмонї ва варзиш бо роњбарии Президенти Тољикистон мувофиќи матлаб аст. Дарвоќеъ, чунин шўроњо дар бисёре аз љамоњири собиќи шўравї тањти рањбарии президентњои ин кишварњо таъсис ёфтааст, ки барои рушди соња хидмати бузургеро ба анљом мерасонанд. "Варзишгарони маъруфамон Љоизаи Президент нагирифтанд. Чаро?" Барои њавасманд намудани ѓолибон ва љоизадорони мусобиќањои байналмилалии варзишї Фармони президенти Љумњурии Тољикистон аз 9 январи соли 2015 тањти раќами 328 "Дар бораи Љоизаи президенти Љумњурии Тољикистон ба ѓолибон ва љоизадорони мусобиќањои байналмилалии варзишї" ва Ќарори Њукумати Љумњурии Тољикистон аз 1 августи соли 2015 "Дар бораи татбиќи Фармони президенти Љумњурии Тољикистон аз 9 январи соли 2015" тањти раќами 328 ба имзо расидааст. Барои њавасмандгардонии ѓолибону љоизадорони мусобиќањои байналмилалї 24 декабри соли 2015 Амри президенти Љумњурии Тољикистон ба имзо расид.Тибќи амри мазкур ва дар асоси пешнињоди ќарори Комиссияи мукофотпулињои Љоизаи президенти Тољикистон 21 варзишгар, ки ѓолибон ва љоизадорони мусобиќањои байналмилалї мебошанд, бо Љоизаи Президенти Тољикистон сарфароз гардонда шуданд. Маблаѓи умумии љоизањо, ки аз њисоби Фонди захиравии Президенти Тољикистон људо гардид, 673 њазору 750 сомониро ташкил
ТАКОНБАХШИ РЎЗ АЗ ... ...НЕЛСОН МАНДЕЛА, лидери Љумњурии Африќои Љанубї Онњое, ки дар сохтани шахсияташон ба сохтакорї даст мезананд, ё чунин фазоро ба вуљуд меоранд, яќинан инсонњои шикастхўрда ва беморанд. Ќабристони торих дар худ шахсиятњоеро гўрондааст, ки гумон мекарданд зиндагии мардум бе вуљуди онњо як лањза њам чархиш надорад. Баръакс, торихи башарият як гуруњ инсонњоеро ба намоиш мегузорад ва аз онњо ќањрамони њамешагї месозад, ки дар замони њаёташон зиндагии бисёр пурфољиа ва ранљу машаќќатњои зиёдеро паси сар кардаанд. Бо итминони хотир, роњи адолат ва хидмат ба мардуматонро пеша кунед, шояд шумо яке аз идеалњои бузурги насли баъдї бошед!
НАРЗУЛЛО ЛАТИФОВ, РАИСИ АССОТСИАТСИЯИ ЖУРНАЛИСТОНИ РИШТАИ ВАРЗИШИ ТОЉИКИСТОН.
медод. Њаљми як љоиза ба њар як варзишгар аз 6250 то 150000 сомонї буд. Барандагони Љоизаи Президенти Тољикистон дар риштањои олимпї 10 нафар - дзюдо (4 нафар), бокс (3 нафар), варзиши сабук, тирандозї, ќаиќронї дар каноэ - як нафарї ва дар риштањои ѓайриолимпї 11 нафар - таэквондо ИТФ (9 нафар) ва самбо (2 нафар) - буданд. Беш аз чил дар сади вазишгароне, ки бо Љоизаи президент мукофотонида шуданд, намояндагони як намуд - таэквондо ИТФ - буданд, њол он ки ин намуди ѓайриолимпї на ба барномаи Бозињои осиёї дохил аст, на ба барномаи Универсиадаи умумиљањонї ва на ба барномаи Бозињои олимпї. Вале дар риштањои олимпї њамагї чор варзишгари бузургсол - гурзандоз Дилшод Назаров ва муштзанњо Љањон Ќурбонов, Мавзуна Чориева ва Шоира Зулќайнарова - љоиза гирифтанд, шаш нафарашон наврасону љавонон мебошанд. Ба рўйхат дохил нашудани варзишгарони маъруфи мо, ба мисли Комроншоњи Устопириён ва Саидљалол Саидов оид ба дзюдо, Муродљон Тўйчиев оид ба гуштии юнониву румї ва Фарњод Анаќулов оид ба гуштии озод, ки порсол дар намудњои олимпї барандагони медалњои биринљии чемпионати Осиё шуда, ба ќатори дањ варзишгари бењтарини сол дохил гаштаанд, боиси нигаронї аст. Љоизаи Президенти Тољикистон аз аввали соли гузашта таъсис ёфта буд ва бояд натоиљи ба даст овардаи варзишгарони кишвар дар давоми мавсими 2015 ба назар гирифта мешуд. Ба андешаи банда бояд сатњи Љоизаи Президенти Тољикистон баланд бардошта, ин мукофоти олї ба варзишгароне, ки дар Бозињои олимпї ва чемпионатњои љањон дар намудњои олимпии варзиш соњибони медалњо мешаванд, супурда шавад. Инчунин бо Љоизаи Пре-
зидент танњо барандагони медалњои тиллои Бозињои осиёї ва чемпионати Осиё дар навъњои олимпї сарфароз гардонда шаванд. "ЊАМАГЇ 4 МЕДДАЛИ ОЛИМПЇ ДОРЕМ" Тўли солњои Истиќлолияти давлатии Тољикистон мо њамагї чањор медали олимпї (1 тилло Андрей Абдувалиев, гурзандозї, 1 нуќра - Юсуф Абдусаломов, гуштии озод ва 2 биринљї - Расул Боќиев, дзюдо ва Мавзуна Чориева, бокс), 9 медали чемпионати љањон дар риштањои олимпї (2 тилло Андрей Абдувалиев, 2 нуќра Юсуф Абдусаломов ва Дилшод Назаров, гурзандозї, 5 биринљї Абдусалом Њасанов, Шералї Достиев, Анвар Юнусов ва Мавзуна Чориева, њарчор - бокс, Расул Боќиев, дзюдо), 4 медали тилло дар Бозињои осиёї (Дилшод Назаров се медали тилло ва Љањон Ќурбонов) дорем. Дар тамоми таърихи варзиши Тољикистони соњибистиќлол њамагї панљ варзишгари кишварДилшод Назаров - се бор, Юсуф Абдусаломов,Љањон Ќурбонов, Мавзуна Чориева ва Анвар Юнусов якборї - дар навъњои олимпї ќањрамонњои Осиё шудаанд. Вале,мутаассифона, дар муддати беш аз 20 соли охир мо дар риштаи олимпии варзиш ќањрамони љањон надорем. Бинобар ин, ба андешаи ман, ба он намудњои олимпї, ки дар Тољикистон намудњои афзалиятноки варзиш њисобида мешаванд, ба мисли бокс, варзиши сабук, гуштии озод, гуштии юнониву румї, дзюдо, таэквондо ВТФ, футбол ва лижаронии кўњї таваљљуњи хоса зоњир карда, бештар ањамият додан зарур аст. Бояд ба назар гирифт, ки имсол варзишгарони тољик дар мусобиќоти литсензионї оид ба бокс, гуштии озод, гуштии юнониву румї, дзюдо ва таэквондо ВТФ барои ба даст овардани роњхатњо ба Бозињои XXXI тобистонаи олимпї дар Рио-де-Жанейрои Бразилия мубориза мебаранд.
14
“НИГОЊ”, ЧОРШАНБЕ №42 (475), 20. 01. 2016
БА ХОТИРИ ОЯНДА
1
МАЪНИИ ТАСАВВУФ Дар таърифи тасаввуф назарияњои гуногуне дида мешаванд, ки њадафи мо бозоварии пиндорњои зидду наќизи он тасаввуфшиносон нест. Аммо гуфтанист, ки усулан сўфигарї равише аз тариќатњои ботинии диннї дар ислом буда, мавзўи он нест шудани худ ва пайвастан ба холиќи њастї мебошад. Аслан вожаи "сўфї" дар асри IX мелодї, дар бархе сарзаминњои исломї пайдо шудааст Дар бисёре аз луѓатњо тасаввуф пашминапўшї тафсир шудааст ва пайравони ин равияро ба далели сару либоси пашмина пўшидан суфї номидаанд. Ва бисёре аз донишмандони гузашта, аз љумла Ибни Халдун (732 - 808њ. /1353 - 1430м.) сўфиро ба маънои пашминапўш донистаанд, аммо далелњое низ љой доранд, ки "сўфї" шакли арабии вожаи юнонии "софи" (софист), ба маънии њикмат, софистика (файласуфї, донишмандї, донишандўзї) мебошад ва истилоњи тасаввуф њам аз теософия људо шудааст, яъне худошиносї, ё њикмати илоњї. Ховаршиносони овозаманд Р. Николсон (1868 1929) ва Е. Э. Бертелс (1890 - 1957) сарчашмаи асосии тасаввуфро равияи навафлотунї (неоплатонизм) гуморидаанд. Дар ин маврид дар китоби "Осор - ул - боќия" и Абўрайњони Берунї (ваф.с. 440њ. - 1048 мелодї) низ омадааст. Баъзе пайдоиши тасаввуфро вокунише (акс - ул - амале) аз љониби нажоди ориёї дар муќобили истилои арабњо медонанд. Эдвард Браун (1862 - 1926) ва як идда ховаршиносони аврупої љонибдори ин суханњо мебошанд. Браун тасаввуфро ташкилоти зиддиисломї дониста, онро яке аз њизбњои иронинажодон мегуморад. Ховаршиносоне чун Альфред фон Кремер (1828 - 1889), Р. Дози, М. Хортен, Р. Зэнер тасаввуфро баргирифта аз боварињои брањманї ва будоии њиндустонї донистаанд ва бархе (А. Мерке, М. Асин Венсинк, М. Смит Паласиос) онро обишхўри масењият ва монавият муаррифї кардаанд. Дигарон бар ин андешаанд, ки ин вожа аз "сафо" гирифта шудааст, ба маънии покї, равшанї. Чунин андеша низ вуљуд дорад, ки тасаввуф вобаста ба "саф" аст, яъне гўё суфиён дар сафи аввали наздикони худо будаанд. Ва њатто пиндорњое роиљ аст, ки сўфї мансуб ба номи гиёњи нозуки кутоњест унвонии "сўфона", ки ањли тариќат ба хўрдани он ќаноат мекардаанд. Наздик ба яќин аст, ки сўфигарї аслан аз фалсафаи Юнон пайдо шуда, бунёдгузори он файласуфи номии Юнон Платон (Афлотун) будааст. Платон ё Платониюс гуфтањои бисёре дар фалсафаи худ дорад, ки фишурдаи он бо забони сода ин аст: дар љањон он чї њаст њама як чиз аст - худост ва чизњои дигар аз ў људо шудаанд. Равони одамї ба ин љањон омада, пойбанди модда шудааст ва њамин аст ки њамеша бояд аз ин љањон ва аз хушињояш гурезон буда, дар орзўи пайвастан ба он сарчашма, ё мењани худ бошад. Дар ин љањон, агар касе аз худ бехуд гардад, ба он сарчашмаи њастї, ё бењтар гўем, ба Худо тавонад пайваст ва он гоњ дида хоњад шуд, ки "он чї мо мељўем аз мо дур нест, балки дар худи мост". Ба пиндори Афлотун равони одамї аз як љањони озод ва беолоиш фуруд омада, дар ин љањон аз сабаби гирифтори модда шудан, олудагињо пайдо кардааст. Аммо њар он кас ки ба хостањои љисми худ дода нашавад ва ба парвариши равон бархезад, олоиши ў камтар хоњад буд ва касоне, ки бихоњанд аз ин дом рањо ёбанд, бояд аз хушињои ин љањон рў гардонанд ва ба порсоиву гўшанишинї пардозанд. Ин гуфтањои поягузори сўфигарї, Платон чунон ки дида мешавад, гумони шахсии ў мебошад ва кадом бурњону далели устуворе бо худ надорад ва ончуноне ки мегўяд "мо њамагї аз Худоем, аз ў људо гашта ва ба ў бозхоњем пайваст", пояе надорад.
"АГАР КАСЕ АЗ ХУДОСТ, АЗ ХУДОСТ..." Боястї пурсид: шумо ин суханњоро бар кадом появу асос мегўед? Чї далеле барои ин гуфтањоятон доред? Њамчунин ба гуфтањои дигари бедалели ў, ки мегўяд "њар касе бояд аз ин љањон ва аз хушињояш гурезон бошад", бояд пурсид: пас ин љањон бо хушињояш бањри кї офарида шудаанд?! Сўфиён ба ин суханони дигари Платон, ки мегўяд "агар касе аз худ бехуд гардад, ба Худо тавонад пайваст", боястї пурсид: бехудї аз худ чї гуна метавонад бошад?! Ин гуфтањо љуз газофе чизи дигаре нест. Равшан аст, ки агар касе аз Худост, аз Худост. Аммо чун аз Худо мебошї, бехуд шудан барои чист? Ва сухани дигаре, ки "он чї мо мељўем аз мо дур нест, балки дар худи мост" дорои маъноест, ки худое нест ва мо худ худоем ва ин
СЎФИЁН АСЛАН КОРЕ НАМЕКАРДАНД ВА БАРОИ НИШОН ДОДАНИ САДОЌАТИ ХЕШ БА ТАРИЌАТИ СЎФИГАРЇ, АЗ ХУШИЊОИ РЎЗГОР ДАСТ ШУСТАН, ЗАН НАГИРИФТАН ВА АЗ МАРДУМ БО ГАДОЇ НОНУ ПУЛ ГИРИФТАНУ ЊАМЗАМОН МАРДУМРО АЗ ХУРДУ БУЗУРГ ЛАЪНАТКАРДАИ ХУДО НОМИДАН, РАВИЯИ ОНЊО БУД.
СЎФИГАРЇ НИШОНА АЗ РАЊГУМИЊОИ ТОЉИКОН АСТ чизест, ки бисёре аз сўфиён, аз љумла Љалолиддини Румї ба забон овардаанд: Онњо ки талабгори худоед, худоед, Берун зи шумо нест шумоеду шумоед. Чизе, ки накардед гум, аз бањри чї љўед? В - андар талаби гумнашуда бањри чароед? Мо танњо сифатњои Худоро медонем, аммо намедонем Худо чист ва чї гуна аст. Инро медонем, ки њаст ва берун аз ин љањон аст. Ба њар њол мо чун дидаем ин љањон ва ин одамиён ба худии худ натавонанд буд, ба натиљае расидаем, ки дар берун аз ин љањон Худое њаст. Аммо чи гуна метавонем гуфт, ки он Худо њамин одамиёнанд. Дар садањои нахустини ислом, ки донишњои юнониён ва њамчунон фалсафаи юнонї ба миёни мусалмонон ворид шуд, ин пиндорњо низ њамроњи онњо рў ба Шарќ овард ва дар ин љо дар миёни мусалмонон бештар ривољ ёфта, такони бузурге дар саросари кишварњои исломї падид овард. Бисёре аз донишхоњон гуфтањои файласуфи румї Платонро ба унвони "фалсафаи Афлотун" пазируфта, ба он пайравї карданд. Пиндори Афлотун ба маънии одамї бо Худо якест, бисёрињоро хуш меомад. Аз он хушбин буданд, ки худро Худо шиносонанд ва забон ба лофи "Аналлоњ" (ман Худоям) бибаранд. Ин гуфтањо ба зудї дар миёни андакхондагони сабукандеша сару садо берун меовард ва каме гузашт, ки дастањои сўфиён пайдо шуданд ва биниши "вањдати вуљуд" (ё яке будани њастї) ро пањн карданд. Онњо боварии пиру муридиро ба зењнњо коштанд, ки дар њар гурўње як нафар пир бошаду дигарон муридон, зердастони ў ва њар пире бояд хирќа (љома) аз дасти пири дигар пўшад. Бад - ин сон пирони тариќати тасаввуф пайдо шуданд бо даъвое ки ба Худо пайвастаанд. Онњо ба ёвагўињо пардохта, худро дар назди омма чунин менамоёнданд, ки љилави руйдодњои љањон дар дасташон аст ва касеро ки бихоњанд метавонанд боло баранд ва њатто метавонанд ба подшоњї бирасонанд ва касеро бихоњанд, ба нобудї мерасонанд. Мардумро бовар месохтанд, ки ягон роз аз пеши чашми онњо пўшида нест ва њатто забони љонварон барояшон ошкор аст. Гурўњеро "авлиё" номиданд, ки фарњехтагони Худо буда, тавони ба осмон париданро доштанд. Сўфиён аслан коре намекарданд ва барои нишон додани садоќати хеш ба тариќати сўфигарї, аз хушињои рўзгор даст шустан, зан нагирифтан ва аз мардум бо гадої нону пул гирифтану њамзамон мардумро аз хурду бузург лаънаткардаи Худо номидан, равияи онњо буд :Ањли дунё аз кењину аз мењин, Лаънатуллоњи алайњим аљмаъин. Яъне њама одамон аз хурду бузург лаънаткардаи Худо мебошанд. Инро низ бояд ёдовар шуд, ки худи сўфињо вобастагии гузаштаи боварии худро бо Афлотун (Платон) намепазиранд. Онњо дар ин мавзўъ бофтори худро доранд ва нахустин суфї њазрати Одамро мегуморанд. Чуноне яке аз орифони онњо дар ин маврид навиштааст: "Аввал сўфї дар олам Одам буд, алайњиссалом..... Одам муљарраду урён "лаббайкзанон"
аз олами латофату манзили роњат ќасди сафари хок кард. Танаш барањна буд. Гуфтанд: Эй, одам дарюза кун (яъне гадої кун). Аз њар дарахте барге гадої кард ва дарњам бидўхт ва сатри аврати худ сохт. Он баргњои барњамдўхта мураќќаъ буд. Одами њулапўш мураќќаъпўш шуд. Гуфтанд: ба хок раву мусофирї кун. Ба Њиндустон (мулки Сарандеп) рафт сесад сол дар он гармсер талаби узр месохт ва чун оби њасрат аз дидагон мерехт ва бад он гарду ѓубори зиллат аз хотир зоил мекард, то он гањ ки мусафо шуд, ки "Иналлоња истифо Одама" - бад он истифо, тасфия ёфт софї шуд, сўфї гашт" Њамон гуна ки дида мешавад сўфиён равияи худро обишхўри офариниши Одам бознамоёнда, бекориву гадоии хешро "ќонунї кардаанд" ва бо овардани порчае аз сураи "Оли Имрон", ки дар пеш ёдовар шудем, покшавии инсони нахустинро бо покии худ баробар гуморидаанд. Дар оѓози падид омадани сўфигарї, бархе аз пайравони сарсупурдаи он, чун Њусайн бинни Мансури Њаллољ, сангсор, ё ба дор кашида шуданд ва сипас аз ин ки сўфигарї ба мардум бархе осонињо меовард (дар риояи аркони дини ислом ва њамчунон бо танбаливу танпарварї созгор буд), ривољ меёфт ва оњиста - оњиста аз љониби тавонгарон низ пуштибонї ёфт, ки дар маврид он дороён хонаќоњњо бунёд мекарданд, пулу сарват мебахшиданд. Сўфиён барои афзудани маќому манзалати хеш, решаашонро ба ислом пайваста буданд, бад ин сон ки бахше аз ишон силсилаи худро ба Алї бинни Абитолиб ва бархе дигар ба халифа Абўбакр мепайвастанд. То замони истилои муѓул (оѓози асри XIII) сўфигарї дар Ирону Вароруд, Њинд ва Ироќу Сурияву Мисру Осиёи Хурд ва дигар љоњо ривољ ёфт ва мардум саросар бар ивази он ки андешањоро ба омўзиши фанњо ва кашфи илмњои навин равона созанд, дар њама љо хонаќоњњо барпо карда, аз вањдати вуљуд ва пиромуни каромоти фалон авлиё, ки бе амри ишон офтоб барои нурпошї ба осмон нахоњад баромад, газофгўињо мекарданд. (Дар кишвари мо номи бешумори дењот ба унвони "хонаќоњ" гувоњи густариши суфигарї мебошад. Чунончи танњо дар ноњияи Ховалинги вилояти Хатлон се дења унвони хонаќоњро дорад, ки масофаи яке аз дигаре беш аз 4 6 километр нест). Муѓулњо, ки миллион мардњоро ќатли ом намуда, миллион занону духтаронро ба бардагї бурда, саросари кишварњои иронитаборонро торољу вайрон карданд, нахуст чанде аз сўфиёнро низ (ба монанди Шайх Фаридаддини Аттор) куштанд. Вале чун муѓулон диданд, ки пастии андешањои ин мардум то љоест, ки Чингизхони аз хуни онњо љўйњо дуруст кардаро њамчун барангехтаи худо, ё барангехтаи хашми худо ситоиш мекарданд ва бо муѓулон кинае намеварзидаанд, даст аз кишвару давлатдорї 1
бардошта, саргарми сўфигарї мебошанд, дарёфтанд, ки рафтори ишон бар суди онњост. (Яъне сўфиён ба зењнњои тољикон пиндореро коштаанд, ки бар пояи он мардумонро барои даст аз ин љањон шустан, зулму ситам, талаву торољ ва кушту куштори муѓулонро ѓазаби худо бознамоёндан ва зан нагирифтанро ташвиќ мекарданд). Дар ин љо бознависии достони торихи њамлаи муѓулро, ки сўфиён онро ба кушта шудани пири тариќати худ Маљдуддини Ироќї вобаста донистаанд зарур медонем: "Чун Султон Муњаммад Хоразмшоњ чанд сол пеш аз достони муѓул Шайх Маљдуддини Баѓдодии номиро, ки аз бузургони суфия мебуда, ба гуноњи он ки бо модари ў Туркон хотун даромехта буд, дар Хоразм ба об андохт. Замоне, ки достони дилгудози муѓул рух дод, суфиён унвон ба даст оварда чунин гуфтанд: "Худо Чингизхонро барои гирифтани хуни Шайх Маљдуддин фиристод. Чун Маљдуддин кушта шуд дарёи хашми худо ба љўш омад ва муѓулонро ба хостани кинаи ў фиристод". Ва Ањмади Касравї дар мавриди иллати асосии чирамандии муѓул бар мардуми Вароруд, ин гуфтањои Истахриро иќтибос меоварад: "Ман дар Мовароуннањр ба хонаи њар дењгоне, ки рафтам, асберо дар истабл баста, шамшереро аз девор овехта дидам, аммо чї шуд ки 30 њазор лашкари муѓул бо сардории Яма ва Сутай, аз ин сари кишвар даромада аз он сар куштаву торољ карда ва касе муќовимат накарда???" Њамин аст ки замони чирамандии муѓул замони ривољи бештари сўфигарї будааст, ки дар кишварњои Ирону Хуросону Вароруд дастањои бисёр бузурги онњо падид омада, њар кадоме ба гунаи худ мардумро ба гумроњињо мерасонданд. Ривољи сўфигарї то љое расид, ки бархе пирони ин тариќат роњи барнишастан ба тољу тахти подшоњиро љуста, бо ёрии муридон ба орзўњои худ расиданд. Яке аз онњо Ќавомуддин Маръашї, ё Мири Бузург будааст, ки дар Мозандарони Ирон подшоњиро ба даст гирифта буд ва дигаре Шайх Љунайди Сафавї будааст, ки дар роњи ба даст овардани тахти шоњї бо писараш Њайдар кушта шудааст ва саранљом Исмоил писари Њайдар (Исмоили Сафавї) тахти шоњиро ба даст оварда, хонадони сафавиро (1501 1732) бунёд гузошт. Аммо дар замони ин сулола сўфигарї ривољу равнаќ наёфт ва дар оянда низ ба пешрафти бештаре нарасид. Аммо чуноне муаллифи китоби "Сўфигарї" ишора дорад "сўфигарї бо њар бахше аз корњои зиндагонї, бархўрда ва зањри худро ба якояки онњо олўда. Шинохтани љањон ва зиндагонї, худошиносї ва парвариши равон, хирад ва пайравї аз он, дарс хондану донишпажўњї, кору пеша, ободии шањрњову заминњо, хонадориву заношўї, њамаро зањролуд гардонидааст". (Идома дорад)
Абўрайњони Берунї, "Осор - ул - боќия", Душанбе, "Ирфон", 1990, с.229 Браун Эдвард "Торихи адабии Ирон", тарљумаи Ѓуломњусайн Садри Афшор, Тењрон, Нашри марворид, с.1363/1984, с. 243 3 Ин бардоштњо бар пояи пажўњиши донишманди бузурги Ирон, Ањмади Касравї, оварда шудаанд. "Суфигарї", Тењрон 1323 (чопи дуввум), мутобиќ ба соли 1944 мелодї. 2
БАРОИ ЊАМА ДОНИСТАН МЕХОЊАМ
ЛАТИФА
СОЛИ 2015 БА ТОЉИКИСТОН ЧЇ ЌАДАР САЙЁЊ ОМАД? - Аз ВАО иттило ёфтам, ки дар соли 2015 ба Љумњурии Тољикистон зиёда аз 430 њазор сайёњ ташриф овардааст. Чун дар солњои пешин шумораи сайёњони ба Тољикистон ташрифоварда аз 200 270 њазор зиёд намегашт, ростї, хондани ин хабар маро хеле хушњол намуд. Дар робита ба ин пурсиданї њастам, ки ба Точикистон сайёњон аслан аз кадом давлатњо ташриф овардаанд? Аксари давлатњо аз њисоби имкониятњои туристиашон сайёњони зиёдеро ба кишварашон љалб намуда ба пешрафту тараќќиёт ва сатњу зиндагонии мардумонашон заминаи мусоид фароњам меоваранд. Умедворем, ки дар солњои наздик Тољикистон низ бо васеъ намудани имкониятњои туристиаш сафи сайёњонро ба кишвар бештар љалб намуда, дар рушди иќтисоди кишвар ва некўањволии мардум сањмгузор мешавад! Наврўз РАЊМАТУЛЛОЕВ, сокини ноњияи Шоњмансур - Дар соли 2015 ба Љумњурии Тољикистон 463 њазору 712 нафар шањрвандони хориљї ташриф оварда, аз ин нишондод 413 њазору 834 нафарашон ба њайси турист арзёбї мегарданд, ки дар 10 соли охир бесобиќа ва баландтарин нишондод мебошад. Соли 2015 ба рўйхати дањгонаи давлатњое, ки аз њама зиёд шањрвандонашон њамчун сайёњ ба Тољикистон ташриф оварданд инњо дохил мешаванд: 1. Ќирѓизистон; 2. Ўзбекистон; 3.Русия; 4. Афѓонистон; 5.Чин; 6. Ќазоќистон; 7.Эрон; 8. ИМА; 9. Туркия; ва 10. Германия. Аз њисоби 413 њазору 834 нафар сайёњи хориљї хотирнишон мекунем, ки на ба буљети љумњурї, балки ба иќтисодиёти мамлакат 206 миллиону 917 њазор доллари ИМА маблаѓ ворид гаштааст, ки ин нишондод нисбат ба њамин давраи соли гузашта 94 дар сад зиёд мебошад. Дар соли 2015 аз 396 њазору 510 нафар шањрванди Тољикистон, ки ба хориљи кишвар сафар кардаанд 16 њазору 363 нафараш сайёњ мебошанд, ки тавассути ширкатњои сайёњии Тољикистон ба онњо хизматрасонї карда шудааст. Айни њол дар љумњурї 105 ширкати сайёњї амал мекунанд, ки онњо ба туризми воридотиву содиротї машѓул њастанд. Дар доираи андешидани тадбирњои сариваќтии Њукумати Љумњурии Тољикистон оид ба содда кардани вуруди шањрвандони хориљї ба мамлакат ва бартараф кардани монеањои маъмурї барои будубоши бофароѓат дар њудуди љумњурї, тибќи пурсишњо дар минтаќањои туристї ба кишвар гуруњњои нави сайёњон ворид гардида истодаанд. Њамзамон, иштирок дар намоишгоњњои бонуфузи байналмилалии туристї ва муаррифии фаъолонаи мањсулотњои туристии мамлакат дар бозорњои байналмилалї, ба тамоюли љалби туристони хориљї ва шиносоии бештар бо иќтидори туристии мамлакат таъсири мусбї расонида истодааст. Ба саволи Шумо Руслан ШОДИКОВ, муовини раиси Кумитаи љавонон, варзиш ва сайёњии назди Њукумати Љумњурии Тољикистон посух дод.
? НОБОБ Чанде пеш масъулини Вазорати тандурустї ваъда дода буданд, ки дар мамлакат ташхисгоњи ДНК ба кор сар мекунад. Аммо то њанўз хабари таъсисёбии ин Марказро дар ягон љо нахондем. Шояд масъулини тољик пас аз посухи мусбати ДНК и "ќазияи Зайд Саид" дар Русия як ба ѓазаб омаданду баъдан онро фаромўш карданд? Х. С, сокини пойтахт Маълум гардид, ки ин ваъдаи масъулин як тасмими эњсосиву ќасдситонї набуда, дар худ воќеиятњоро љо медињад. Ба њар сурат, 14 январ Маркази озмоиши тиббию генетикии Тољикистон барои аввалин бор ба кор сар кард ва муштариёнаш асосан занњои њомила буданд. Акнун солимии кўдакони батни модар ва бањсњои муќаррар кардани њаќќи падариро њамин марказ муайян мекунад. Шералї Рањматуллоев, сардори раёсати хизматрасонї ба модару кўдак ва танзими оила дар Вазорати тандурустии Тољикистон ба хабарнигорон гуфт, ки дар ин марказ онњо метавонанад занони њомиларо ташхис карда, муайян намоянд, ки љанин дар оянда навзоди солим таваллуд мешавад, ё на. Мутахассисони марказ мегўянд, вазифаи онњо ташхиси нуќси кўдак дар батни модар аст, аммо тасмими ќатъ кардани њомиладорї ба хонавода марбут хоњад буд. Маркази тиббию генетикї бо дастгоњњои муосир муљањњаз буда, аз тавони ташхисњои муњиме њамчун муайян кардани њайсияти падару модар (ДНК) ва вазъи генетикии хонаводањо низ бархўрдор будааст. Мутахассисони геншинос дар ин марказ дар Молдова, Русия ва Эрон тањсил кардаанд.
“НИГОЊ”, ЧОРШАНБЕ №42 (475), 20. 01. 2016
АКСИ ГЎЁ
Бибї ба набера: - Ваќти сулфидан њама ваќт бо дастат дањонатро пўш. Набера: - Натарсед, бибиљон, дандонњои ман дандонњои шумо барин аз дањонам намепаранд. *** Модар ба писари хурсолаш мегўяд: - Писарам њар рўз ба хонаи љўраат нарав. Њамон модари ўро мефорад ё намефорад. Ту бошї бисёр ба хонаи онњо меравї. Писарбача дар љавоб: - Не модарљон, њар ваќте ман ба хонаи онњо меравам, модараш ба ман мегўяд "биё, биё њамин ту намерасидї"...
БА ЉОИ 09 - Хадамоти муњољирати Вазорати мењнат, муњољират ва шуѓли ањолии Љумњурии Тољикистон ба маълумоти њамаи шањрвандони љумњурї мерасонад, ки дар ин хадамот маълумот оид ба шахсоне, ки ба онњо ворид гардидан ба ќаламрави Федератсияи Русия манъ аст, мављуд мебошад. Бинобар ин шањрвандони хоњишманд метавонад тариќи ройгон маълумотњоро аз хадамот ва сохторњои зертобеи он дастрас намоянд. Љињати пешгирии њолатњои номатлуб, аз љумла доир ба дастрас намудани вараќаи муњољиратї дар Хадамоти муњољират гуруњи корї тањти роњбарии сардори хадамот ва сардорони раёсатњо таъсис дода шудааст. Шањрвандон барои гирифтани њар гуна посух метавонанд ба шумораи телефони боварї 225-07-19 мурољиат намоянд. Њамчунин шањрвандон бо ин нишонї ва шуморањои телефонї мушкилоти худро бароварда созанд: Дар шањри Душанбе, кўчаи Айнї, 121, телефон 225-07-19, 95-115-01-16, хиёбони Рудакї, 37, телефон 221-08-34; шањри Ќўрѓонтеппа, хиёбони Вањдат, 523, телефон 8-2322, 2-55-83; шањри Хуљанд, кўчаи Фирдавсї, 120, телефон 83422, 6-51-99; шањри Хоруѓ, кўчаи Ленин, 36, телефон 83522, 2-29-76.
ЧАРО? БИЛОХИРА ЧАНД КМ ХАТТИ САРЊАДИ ТОЉИКИСТОНУ ЌИРЃИЗИСТОН МУАЙЯН КАРДА ШУДААСТ? - Аслан маро њангоми хондани бањсњои марзии Тољикистону Ќирѓизистон як чиз ба њайрат меорад, ки оиди хатти сарњади муайяншуда ё номуайяншудаи ду давлат дар ВАО раќамњои гуногун оварда мешавад.Чаро як раќами аниќу даќиќ навишта намешавад? Дар нигоштањои журналистон гоње дар бораи 470 - 520 ва гоњи дигар аз 530 то 570 километри хатти сарњади муайяншудаи байни Тољикистону Ќирѓизистон матлаб нашр мешавад. Вале, амалан ба таври даќиќ дар ягонљо гуфта намешавад, ки то имрўз чанд километри хатти сарњади Тољикистону Ќирѓизистон муайян шуд. Билохира донистан мехостам, ки айни њол чанд километри хатти сарњади Тољикистону Ќирѓизистон даќиќ муайяну нишонагузорї карда шудааст? Носир ДАВЛАТОВ, сокини ноњияи Рўдакї - Љумњурии Тољикистон дар Ѓарбу Шимол бо Љумњурии Ќирѓизистон 987 километр њамсарњад аст. Дар айни њол аз ин 987 километри хатти сарњад оиди 519,9 километри он љонибњои корї аз Тољикистону Ќирѓизистон ба мувофиќа расидаанд. Яъне то имрўз 519,9 километри хатти сарњад байни Тољикистону Ќирѓизистон делмитатсия шуда, лоињаи созишнома дар бораи он низ дар сатњи гуруњњо омодааст, аммо алњол созишнома барои њукуматњо пешнињод нагардидааст. Ваќте ки созишномаи тартибдодаи гуруњњои кории Тољикистону Ќирѓизистон ба имзо мерасад, вобаста ба он хатти сарњади давлатии муайяншудаи Тољикистону Ќирѓизистон демаркатсия низ карда мешавад. Дар мавриди боќимонда хатти сарњади муайяннашудаи Тољикистону Ќирѓизистон гуфтан месазад, ки онро гуруњњои корї аз њарду љониб пас аз омўзишу баррасї, тањќиќ ва ба мувофиќа омадан бо тартиби боло дар сатњи њукуматњо делмитатсияву делмитатсия мекунанд. Барои маълумоти бештари хонандагони нашрияи "Нигоњ" мафњуми вожањои делмитатсия, демаркатсия ва редемаркатсияро, ки онњо дар забони тољикї низ бо њамин ном истифода бурда мешаванд дар алоњидагї дар поён шарњ медињем: 1. Делмитатсия - нишон додани хатти сарњад дар рўи харита; 2. Демаркатсия - муайян кардани гузариши хатти сарњад дар мањалњо бо нишондоди сарњад; 3. Редемаркатсия - аз нав дида баромадани хатти сарњад. Ба саволи Шумо аз Кумитаи идораи замин ва геодезии Љумњурии Тољикистон посух доданд.
РАЊМАТНОМАИ МАРДУМЇ!
ПАНЉАКЕНТ - АЗ РОЊСОЗОН МИННАТДОРЕМ! - Тайи солњои охир дар Тољикистони азизи мо бисёр роњњо ободу зебо гашта истодааст. Чандин ширкатњои роњу пулсозии дохиливу хориљї дар кишвар роњњоро таљдиду азнавсозї карда истодаанд. Дар ин миён ширкати "Синдзиян бейсин"- и Љумњурии мардумии Чин вижагии хоса дорад. Ин ширкат яке аз ширкатњои љањонї буда, дорои зиёда аз 1000 коргар мебошад, ки 70 дарсади он мутахасисони соња мебошанд. Тўли солњои зиёд аст, ки ин ширкат дар Тољикистон ба обод гардонидани роњњо машѓул аст. Айни замон бахши Тољикистонии ин ширкатро љаноби Тян Вен Љен сарварї намуда лоињањои таљдиди роњњои "Айнї - Панљакент" ва "Душанбе - Турсунзода" - ро ба итмом расонда, лоињаи таљдиди кўчањои шањрњои Ќўрѓонтеппаву Кўлоб, ки онро љаноби Ван Син Ху сардорї менамояд, дар арафаи анљомёбист. Яке аз калонтарин лоињањои таљдиди роњњое, ки аз тарафи ин ширкат ба анљом расид, ин лоињаи таљдиду азнавсозии роњи автомобилгарди Айнї - Панљакент, сарњади
15
Ўзбекистон мебошад, ки се сол таљдид гардида, моњи октябри соли 2015 аз љониби Президенти кишвар расман ба истифода дода шуд. Ширкати "Синдзиян бейсин" дар ин љо вазифаи пудратчии асосиро иљро намуд. Дар ин лоиња Шен Бен Љуин њамчун сарвар ва Ма Йонг њамчун сармуњандис сањми босазои худро гузоштанд. Њамзамон гуфтан ба маврид аст, ки вазири наќлиёти Тољикистон Шералї Ганљалзода, сарварони маркази татбиќи лоиња Негматов М. А , Шоќулов И.С ва сармуњандиси марказ Эраљ Мирзоев њар сари ваќт аз ширкати роњу пулсозии "Синдзиян бейсин" талаб менамуданд то корро бо сифати баланд ба анљом расонанд. Имрўзњо пас аз се соли азнавсозї роњи Айнї - Панљакент хеле ободу зебо гардида, дар канорањои роњ чароѓњои равшанидињанда ва аломатњои роњ насб карда шудааст. Мардуми Панљакенту Айнї, ки солњои зиёд аз ноободу хатарнок будани ин роњ азоб мекашиданд, имрўзњо барои обод гардонидани ин роњ аз Президенти кишвар Эмомалї Рањмон, аз роњбари Вазорати наќлиёти љумњурї ва аз њамаи сохтмончиёни ин роњ миннатдоранд. Иброњим БОБОЕВ, сокини шањри Панљакент
16
ХЕЛЕ ГАРОН
“НИГОЊ”, ЧОРШАНБЕ №42 (475), 20. 01. 2016
МАНГАР, КИ КЇ МЕГЎЯД...
ПЕШНИЊОД
ЊОЉЇ ЭМОМАЛЇ РАЊМОН БО ЊАМСАР ВА ДУХТАРАШ ОЗОДА (АЗ ЧАП)
Абдуллоњи МУЊАЌЌИЌ: ЊАМСАРИ РАЊМОН ПЕШВОИ ЗАНОНИ ИСЛОМИИ ТОЉИКИСТОН ЭЪЛОН ШАВАД Коршиноси умури мазњабї Абдуллоњи Муњаќќиќ пешнињод кардааст, ки њамсари Президент Эмомалї Рањмон ба хотири адои намоз дар дохили Каъбатуллоњ пешвои занони исломї дар Тољикистон эълон шавад. Ў 19-уми январ бо нашри як матлаб дар сомонаи хабаргузории расмии АМИТ "Ховар" гуфтааст, "апаи Азизмо њамсари Президент Эмомалї Рањмон нахустин зани мусалмони тољик аст, ки бо духтаронаш чун Озода, дар дохили Каъбатуллоњ намоз гузориданд ва аз баракати ин макони муќаддаси исломї мушарраф гаштанд. То ин замон дањњо модарон ва бонувони тољик ба зиёрати Њаљ рафта, аммо онњо андар дохили Каъба ворид нагашта буданд." Ба ќавли Абдуллоњи Муњаќќиќ, "андар ин марњила рафтори апаи Азизмо намунаи бењтарин занњои боимон аст. Ў чун модари муъминин њазрати Оиша (рт) ба зиёрати Каъбатуллоњ шитофт. Дар Маккаи Мукаррама ва оромгоњи њазрати Муњаммад (с) дар Мадинаи Мунаварра изњори бандагї намуд." Њамчунин ин коршинос адои маносики њаљ аз љониби њамсари Президентро "рўйдоди таърихї барои занону бонувони тољик падидаи тоза, дарси ибрат, муждаи саъодат" ном бурда, таъкид кардааст, ки "модарон ва хоњарони мусалмони Тољикистони азиз бояд њуввияти миллї, бедории динї, худшиносии худро фаромўш насозанд. Иффату назофати имонии худро њифз намоянд." Абдуллоњи Муњаќќиќ њамчунин хабар додааст, ки дар бораи њамсари Президент "чун нахустин зани њољии мусалмони тољик, бо фарзандони хеш ба зиёрати дохили Каъба ва оромњои
Паёмбари ислом (с) мушараф гаштааст," як китоб иншо менамояд. Ёдовар мешавем, ки Президент Эмомалї Рањмон аз 2-юм то 5-уми январ бо сафари расмї дар Арабистони Саудї ќарор дошт. Зимни ин сафар њамроњи њайати расмї ва њамсараш Азизамоњ Саъдуллоева, духтаронаш Фирўза ва Озода Рањмон, домодаш Љамолиддин Нурализода маносики њаљљи умраро ба љо оварданд. Эмомалї Рањмон бори чањорум аст, ки њаљљи умра мекунад. Ин навбат бори дуюм буд, ки вориди Каъбатуллоњ шуд. "Тољнюс"
"АЗ "НИГОЊ" АЛТЕРНАТИВАИ АХБОРУ НАЗАРЊОРО ЁФТАН МУМКИН" Ваќте њафтаномаи "Нигоњ" дар фазои иттилоотии кишвар пайдо шуд, пеш аз њама хонанда ба ин фикр афтод, ки ин нашрия дар майдони пурраќобати матбуот бо чї фарќ мекарда бошад? Баъди чандин шуморањо дарёфтем, ки аслан маќсад аз таъсисёбиаш, тавлиди манбаи нав ва тозаи як воситаи дигари ахбори омма будааст, то мардум ба рукнњои кишвари демократї њарчї бештар бовар кунанд. Яъне њадафи "Нигоњ" ба вуљуд овардани алтернативаи назарњо буд, ки ба андешаи ман, таи 10 сол ин рисолаташро ба хубї анљом дод. Ин бегуфтугў хеле хуб аст, ки дар "Нигоњ" назарњои гуногунро метавон дарёфт. Ин маънои онро дорад, ки дар Тољикистон на танњо гуногунандешї вуљуд дорад, балки мардуму њукумат ахбору назари њархеларо дарк ва њазм карда њам метавонанд.
МУАССИС: Созмони љамъиятии «ИНДЕМ» («Информатика барои демократия ва рушди миллї»).
Котиби масъул: Абўалї НЕКРЎЗОВ nigoh_tj@inbox.ru
Шўъбаи иттилоот ва сиёсат тел: 600 80 38 Шўъбаи тањќиќот ва тањлил тел: 600 80 38 Шўъбаи иљтимоъ ва иќтисод тел: 600 80 39 Шўъбаи реклом ва огоњиномањо тел: 98 560 86 85
Алимурод ТАЃОЙМУРОДОВ, раиси "Хољагии манзилию коммуналии Тољикистон: - Агар мо њар сол 54 њазор доллари амрикої аз худ кунем, барои пурра таъмин намудани ањолї ба оби ошомидани 85 сол ваќт лозим. Мо њамроњ бо мутахассисон ин масъаларо тањлил карда, ба њукумат пешнињод кардем". -Эъ! Ин будљаи сафарњо ба Ню Йорк ва эълони дањсолаи "Об барои њайёт" аз будљаи таъмини ањолї бо об 10 маротиба кам будааст-мї?! Собит НЕЪМАТУЛЛОЕВ, директори Хадамоти геофизикии Тољикистон: - Марказњои зилзилашиносии Амрико наметавонанд, иќтидори заминларзањои Тољикистонро даќиќ муайян кунанд, чун дар минтаќаи љунбиши замин истгоњњои ченкунї надоранд. Аз ин рў, дараљабандии мо бар асоси мављуд будани истгоњњои зилзиласанљї даќиќтар мебошад. - Зато Амрикову Русия метавонанд, њар куљоеро, ки хоњанд ларзонанд. Баъди ларзондани 8- 9- баллаи онњо ченкунї чї лозим, љаноби академик? Фаридун ЊОДИЗОДА, коршиноси масоили мазњабї: -Ваќте ба рўњониён эътимод надоранд, хеле мушкил аст, ки ба њарфашон гўш дињанд. Њоло мебинем, ки як нафари нохондае, ки сўњбат мекунад, бештар аз як имомхатиб маъруфият дорад. Љавонон њам бештар ба ташвиќоти онњое дода мешаванд, ки аз сафњои ДИИШ бо дониши нохуб сўњбат мекунанд. Ба њамин хотир љойгоњи имомхатибон бояд боло бурда шавад. Онњо саводи хуби сиёсиву динї дошта бошанд, ки ба њарфашон сокинон гўш дињанд.
Фарњод РАЊИМЇ, президенти Академияи илмњои Тољикистон Ман фикр мекунам, дар ин маврид мо бо шахсони тасодуфие, ки ба илм рафта бошанд, вонахўрдем ва имрўз, фикр мекунам ба илм шахсоне мераванд, ки дар вуљуди онњо илм аст, яъне онњо худашонро ба илм мебахшанд. Илм ва олимї ин коре нест, ки аз бањри њавою њавас машѓул шаванд.
Њуринисо АЛИЗОДА, нахустин сармуњаррири маљаллаи "Бонувони Тољикистон":
Њафтанома дар Вазорати фарњанги Љумњурии Тољикистон ба ќайд гирифта шудааст.
- Хуш...Ба њар соли вазириатон њазортагї рост ояд…. дар ду се соли дигар чўпонњои Ёвон њам маљбур мешаванд, ки мисли шумо дар Олмон табобат гиранд. Ё виљдонатон азоб медињаду рўзи 20 - ум худ истеъфо дода, ба мављ -мављи суханони "нек"-и мардум дар њаќќу худу гузаштањоятон хотима мегузоред?
- Ин хел бошад дар назди КДАМ Академияи имомхатибон ташкил кардан зарур…
52 СИФАТИ "НИГОЊ"
Раиси Шўрои муњаррирон: Муњибуллоњ Ќурбон
Нусратулло САЛИМЗОДА, вазири тандурустї: - Дар љое ки кор њаст, мушкилї њам мешавад. Бе камбудї кор намешавад…Њоло дар љумњури 6000 табиб намерасад.
-Хиљ бовари кас намеояд, ки вонахўрда бошед. Як аз янга пурсед-чи? Агар он кас соф дипломатї кунанд, сањар ба оина нигоњ кунед. Шоњмурод Рустам, вазири адлия: Давлат ба ман маоши хеле арзанда таъин кардааст, ки барои њама чиз мерасад, чаро боз пора талаб кунам? Ман њамзамон дар Донишгоњи славянии Тољикистону Русия низ аз фанни њуќуќшиносї, ба хусус дар бораи мубориза бо коррупсия ва љинояти пешнињоди пора ба донишљўён таълим медињам, пас чаро боз пора гирам? -Нагиред, зинњор! Ва муњимтараш надињед!
Дар њафтанома матолибе низ ба нашр мерасанд, ки бо мавќеи идораи он муѓойират доранд. Дар шумора аз аксњое њам аз Шабакаи љањонии Интернет истифода шудааст. Матолиби хусусияти таблиѓотидошта ® метавонанд танњо бо пардохти муайян дар њафтаномаи «Нигоњ» нашр шаванд. Барои дар дигар нашрияњо пурра ё ќисман чоп кардани матолиб ва иќтибосњо аз «Нигоњ» иљозаи хаттии идора ва нишон додани сарчашма дар шакли «аз њафтаномаи «Нигоњ» №_ аз санаи _» њатмист. Њуќуќи муаллифии кулли матлабњои шумора ба идораи њафтаномаи «Нигоњ» ва СЉ «ИНДЕМ» тааллуќ дошта, тибќи ќонунгузории љории Тољикистон ва байналмилалї њифз карда мешаванд. Дар њолати наќзи "Меъёрњои ахлоќии фаъолияти журналистї дар Тољикистон" аз љониби нашрияи мо, бо арзу шикоят метавонед ба Шўрои воситањои ахбори оммаи Љумњурии Тољикистон (Шўрои ВАО - и ЉТ) мурољиат намоед.
Ќимати рўзнома дар фурўши чакана на беш аз 2,5 сомонї Њафтанома дар нашриёти «Мега-принт» чоп мешавад. Ќимати обуна барои як сол - 96 сомонї. Индекси обуна: 68990 НИШОНИИ ИДОРА: Љумњурии Тољикистон, шањри Душанбе, кўчаи Лоиќ Шералї, хонаи 77. Телефон: (44) 600 80 38, 224 25 09