“НИГОЊ”, ЧОРШАНБЕ №44 (426), 27. 01. 2015
Иброњим Усмонов:
1
"Мо тољикем, на форс" САЊИФАИ 8 №44 (426). Чоршанбе, 27-уми январи соли 2015
e-mail: nigoh_tj@inbox.ru
www.facebook.com/nigohtj
БО ШОИР
Во кард зулфу рафт, нигањ пушти бом монд САЊИФАИ 12
ОБУ ОБЁРЇ
Гашти нав: Аз Бишкек ё Тошканд, ё њарду? САЊИФАИ 6
ПОРАНОМА "Парвандаи исфарагињо" ба барканории Шерхон Салимзода чї рабте дорад?
АЊЗОБИ СИЁСЇ
Њизби Кенљаев њизби њамеша ноком САЊИФАИ 7
ПУРБИНИ «НИГОЊ»
Дили модар САЊИФАИ 16
ИСЛОМЊАРОСЇ ВА ИСЛОМСИТЕЗЇ Аз фоли Ванга то изњори назари Меркел САЊИФАИ 10
2
СИЁСАТ
“НИГОЊ”, ЧОРШАНБЕ №44 (426), 27. 01. 2015
Паёми навбатии Президенти Эмомалї Рањмон ба Маљлиси Олии ЉТ одї набуд. Нахуст ин ки санаи ироаи он аз апрел ба январ кўчонида шуду дар шарњи ин амал манобеъи њукуматї гуфтанд, њадаф оѓози соли молї аст, на чизе бешу кам аз ин. Аммо дар асл сабаби "кўчонидани" санаи пешнињоди Паёми солона думравї ба кишварњои њамсоя, мисли Ќазоќистон аст, вагарна, 23 сол боз январ оѓозу декабр интињои соли молї ё њисоботї дар Тољикистон асту 13 сол боз паёмњо ба парлумони касбї пешнињод мешаванд. Албатта, баръакси кишварњои ѓарбї, ки моњи октябр њисоботи молии солонаашонро љамъбаст мекунанд. Аммо 2 соату 16 даќиќаи суханронии навбатии Президент нишон дод, ки пеш овардани санаи паём танњо таќлид ба кишварњои иќтисодашон пешрафта асту бас. Паёми имсола низ мисли солњои гузашта пур аз факту раќам, далелу буњрон, барљастасозии дастовардњо, асоснокунињои хосу вазифагузорињои миллї буд, ки таќрибан тамоми пањлуњои онро дастгоњњои тарѓибгари њукумат гуфтанду намоиш доданд. "Нигоњ" аз такрори онњо худдорї варзида, аз заъфу пўшидагињо ва аљоиботи Паёми Президент њикоят хоњад кард, ки умедворем, дар њукумати феълї ба њайси интиќоди созанда ќабул хоњанд шуд.
ПАЁМЊОИ ПЎШИДА 1. Бори аввал дар таърихи паёмњои Президент, ки то љое таърифи вазъи дохилї ва эълони афзалиятњои сиёсатњои хориљии Тољикистон бояд бошад, Эмомалї Рањмон дар бораи кишварњои ИДМ, пеш аз њама Русия суњбат накард. Дар бораи шарикони стратегї чизе нагуфт. Аммо ду маротиба, бо оњанги манфї аз Афѓонистон ва як бор Покистонро хотиррасон кард. 2. Ў калимае дар бораи ИДМ, СПАД, СЊШ ва дигар созмонњое, ки узвияти Тољикистон дар онњо мушорикаташ дар умури минтаќаву љањонро таъмин мекунанд, ба забон наовард. 3. Эмомалї Рањмон дар баробари тарњњои њамгироии Владимир Путин - Иттињоди гумрукї ва Иттињоди иќтисодии АвруОсиё, ки мавзуи асосии суханронињои президентњои кишварњои дигари ИДМ асту боиси калотарин кашмакашњои геополитикї дар дунё шудаанд, хомўшї ихтиёр кард. 4. Президент ду бор таъкид намуд, ки "ба хољагони хориљї умед набандед" ва даъват кард, ки "сари љойнамоз барои миллат дуо кунед". Ў дар мавриди ин тањдид ё даъватњо чї назар дорад ва кињоро мухотаб ќарор дод, суолест, ки посухашро бояд аъзои парлумон ва мардум худ пайдо кунанд. Дар њоле, ки Паёми солонаи президент мебоист ба муњимтарин масъалањои рўзномаи сиёсати хориљии кишвар - муносибат бо Русия ва тарњњои путинї, сиёсати њукумат дар минтаќа, хоса муносибат бо њукумати нави Афѓонистон ва тањдиду хатарњои исломи сиёсии ќалбакї аз Ховари Миёна посухњои рушан дода, зењнњои мардуми фаъолро ором мекард, мавзеъгирињои пўшида ва норушане рў овард, ки бидуни шубња, мушкилзо хоњанд буд, зеро сиёсат, хоса сиёсати калон номуайяниро намепарварад. Вале ин њамаро наметавон аљобатњои паём номид. Аљоиботи пайём аз нигоњи тањлил инњо буданд.
АЉОБАТЊОИ ПАЁМ 1. Президент зимни ироаи Паём њамагї як маротиба калимаи "буњрон" - ро ба забон овард ва њатто изњори хушнудї кард, ки соли 2014 аз нуќтаи назари иќтисодї хеле хуб анљом ёфт, њарчанд гуфт, ки сеяки мардуми Тољикистон, ё беш аз 2,7 миллион одам фаќрзадаанд, њанўз њам ба таври кифоя ѓизову либос надоранд, ба њаде камбаѓаланд, ки њатто 2 доллар њам дар як рўз барои худ харљ карда наметавонанд. 2. Ѓайриинтизори фаъолони љомеа Эмомалї Рањмон рискњои иљтимої - иќтисодиро, ба љуз аз фишор ба ќурби сомонї, бањогузорї накард, чї расад ба суњбат дар бораи роњњои рањої аз буњрон ва пешнињоди барномаи мушаххаси амал. Балки президент гуфт, њељ кас паёмади ин вазъро пешбинї карда наметавонад, њатто дар кишварњои хориљ. Ў ѓайримустаќим эътироф кард, ки њукумат рискњои иќти-
Паёми Президент: ЗАЪИФ, ПЎШИДА, АЉИБ соди кишвар дар шароити навро намешиносад, намедонад бо буњрони љорї ва эњтимолии оянда чї кор кунад. 3. Њарчанд ў гуфт, ки 52 банди чорабинињо тибќи Паёми соли гузашта иљро гаштаанд, аммо аз 5 -тои он њам ном набурд. Нагуфт, ки чаро вазъи молии 5 ширкати муњимтарини давлатї дар соли гузашта бадтар шуда, "Барќи тољик" дар як ќадам то муфлисшавї ќарор дорад. Нагуфт, ки бахшобахшии маблаѓњои њангуфт ба "Роњи оњани Тољикистон"-у "Тољик Эйр"-ро сабаб чист ва чаро истењсоли пахта ва алюминиум ба пасттарин нишондињанда дар ду дањсолаи ахир расидааст. 4. Президент ин дафъа низ ба муњољирати корї - калонтарин соњаи хољагии халќи мамлакат (то 43 %-и ММД) ва асоситарин манбаъи воридоти асъор ба низоми бонкии кишвар таваљљуњи ночиз нишон дод. Ў дар бораи артиши якмиллионаи (тибќи иттилоии Хадамоти федеролии муњољирати Русия дар моњи январ дар ин кишвар чизе бештар аз 999 њазор муњољирони тољик ќарор доштаанд, ки њудуди 160 њазорашон занњо будаанд) муњољирони корї, ки дар 23 соли роњбари давлат будани љаноби Президент, то њол як намоянда дар Маљлиси намояндагон надоранд, њамонеро нагуфт, ки ба наврасон гуфт. Гузашта аз ин, гуфт, ки 77 шартномаву созишномаи байнињукуматї дар сатњи олї иљро шудаанд. Аммо њар зењн хуб медонад, ки ду созишномаи муњимтарин - оид ба муњољират ва интиќоли бебољи мањсулоти нафтї бо Русия кор надоданд! Њадди аќќали муњољиршавии як тољик аз 400-500 доллари соли 2013 ба 1300-1500 доллари соли 2014 расида, роњи то 200 њазор одам ба Русия мустаќиман ва акнун дањњо њазор нафари дигар ѓайримустаќим баста шуд. Созишнома оид ба воридоти мањсулоти нафтии бебољ мавриди таљовузи Вазорати молия ќарор гирифта, боиси поён рафтани нархи мањсулоти нафтї нагашта, ѓайримустаќим сабаби болоравии нарху наво дар кишвар шуд. Воќеъан, аљобатњои Паёми имсола зиёд буданд, аммо "Нигоњ" ба њамин иктифо карда, ба баррасии заъфњои он мепардозад.
ЗАЪИФТАРИН ПАЁМ Паёми соли љорї аз паёмњои њадди аќал чор соли ахир, аз он хотир заъифтарин буд, ки: 1. Нуќтаи њисоб барои асосноккунии ин ё он нишондињанда ё тамоюл њар дафъа иваз мешуд: гоњ "7 соли пеш...", гоњ "10 соли ќабл" ва њатто "тайи 14 соли ахир". Паёми соли гузашта, як гуна њисоботи фаъолият дар муњлати навбатии президентї буд ва такя ба "фалон солу би-
мадон сол"-ро мебардошт, аммо ин дафъа чї зарурат буд? Бармалост, ки њамчунин зарурат барои пуркунии суханронии як президенти серкор нест, вале спичрайтерњо ё матннависони Президент ин дафъа њам ќурбони низоми тањиясозии паёми солона шуданд. Онњо барои тањияи Паём дар Дастгоњи иљроияи президент дар гуруњи корї љамъ меоянду тибќи анъанаи љорї, њисоботи њар вазорату кумитаро бо замимаи "пешнињодњо" гирд оварда, сипас дар такя ба онњо матни Паёмм навбатиро иншо мекунанд, ки натиљааш "сборная солянка" мешавад. Яъне, таќрибан њич тезиси паём мањсули фикрии дар як маѓз пухтаву расида нест, балки бардошту дидгоњњои вазоратхонаї ё маќомотї мебошанд. Шояд барои њамин зуд фаромўш њам мешаванд, ки зиёд ба мушоњида мерасад. 3. Њарчанд ин дафъа дар Паём муќоисањои пинњон бо иќтисоди Муѓулистон набуданд, аммо арќом ва асосноккунии шубњанок вуљуд доштанд, ки боз њам ин ё он вазоратро фош мекарданд. Мисоли барљаста, харљи 22 млн. кВт-соат энергияи барќї барои кори телефонњои њамроњ буд. Оё имкон дорад њисоб кардани он, ки барои таъмини телефонњои мобилї дар Тољикистон чї ќадар барќ харљ мешавад? Барои ин кадомин нишондињандањо лозиманд? Кадом маќомот инро њисоб карда бошад: "Барќи тољик" ё Хадамоти алоќа? Оё ягон президенти дигар аз њамчунин омор истифода бурда бошад? Инњо суолњоеанд, ки њар шунаванда ё тамошобин ба худ медињад. Бояд ба боварї гуфт, ки ин гуна њисобро амалї кардан њатто дар як хона, як дења ё ноњия на танњо имкон надорад, балки аз нигоњи иќтисодї зарурат њам надорад, зеро сухан аз њаљми истифодаи якунимрўзаи энергияи барќї дар пойтахту дурўзаи кор дар ТАЛКО, ё 1,7 % барќе, ки "Барќи тољик" соли гузашта ба Афѓонистон фурўхтааст,меравад. Аммо андози супурдаи камтарин ширкати мобилї дар соли гузашта беш аз 200 миллион сомонї аст. 4. Дар Паём омада, ки ба 1 миллиону 300 њазор шањрванди Тољикистон замини наздињавлигї дода шудааст. Ин омор шубњаовар аст, зеро гуфта мешавад, њудуди 700 њазор оила дар замони Шўравї замини наздињавлигї доштанду њоло њудуди 300 њазор дар навбатанд. Магар теъдоди оилањои Тољикистон аз 2,3 миллион зиёд шудааст?!! 5. Президент бенињоят љиддї ва бо эњсосоти ба худ хос матни паёмро хонд, ки мушкили асосии кишвар никоњњои хешутаборї будааст. Ва аз матн берун рафта, ин мушкили љомеаро бо барљастатарин шева - наќли як мушоњида нишон дод. Аммо омори мушаххасе ба пояи тадќиќоти илмї аз институтњои маътабар дар ин бора пешнињод нашуд. Тавре аз матни Паём
бармеояд њукумати феълї, њалли масъаларо дар муоинаи тибии саросарии навхонадорон медидааст, он њам дар низоми фасодзадаи соњаи тандурустї. Шояд барои спичрайтерњои Президент, тасаввур кардани муоинаи тиббии ду ё бист нављавон дар поликлиникањои Ишкошиму Мурѓоб , Масчову Понѓоз, Фархору Данѓара ва он њам як њафта пеш аз тўи арусияшон кори осоне бошад, аммо барои як њуввияти тољикї ва мусулмон кори сањле нест. Никоњи хешутаборї мушкили иљтимої аст, вале он њаргиз мушкили миллї нашуда ё шояд дертар ба љомеа омори дигаре пешнињод хоњад шуд. Аммо хотиирнишон кардан ба маврид аст, ки никоњњои хешутаборї ин таљрибаи чор оилаи шинохтаи Тољикистон - Соњибовњо, Њукумовњо, Асаддулоевњо ва Рањмоновњо аст. Њадди аќќал њич кадоме аз оилањои машњуру маълуму Тољикистон ба ин њад келингиру домодбидењи печида надоранд. Ин њам буд, ки дидгоњи Президент дар бораи маориф ва таълиму тарбия ва нахустин мурољиати ў ба наврасони кишвар хеле сутуданї буда, дидгоњу талошњои Ли Куан Ю - асосгузор ва рањбари шарафманди Сингапурро ба хотирњо овард. "Нигоњ" тасмим гирифт, ки дар ин бора матлаб ва ё њатто силсила-матолиби алоњидае тањия сохта, дар амалї сохтани ин самти муњими сиёсати давлатї сањмгузор бошад. Њамин буд, бардошти як нашрияи мавзеъгирияњояш давлатсолорона аз Паёми Президенти Тољикистон ба Маљлиси Миллї, ки мо онро пўшида, аљобатдор ва то љое заъиф дарёфтем.
БА ЉОИ ОХИРСУХАН Дар поёни матлаб, як нуктаи дигарро њам бояд таъкид кард, зеро он барои паёмнависон ва Президент муњим будааст. Сухан аз њуќуќу озодињои мардум ва баргузории интихоботњо меравад. Президент иштироку ѓалабааш дар интихоботи соли 1991 ва узвияташ дар Шурои Олии ЉТ-ро ба ёд оварда, таъкид сохт, ки бо роњи демократї омадааст. Ў танњо ин роњро дуруст њисобида, љиддан таъкид кард, ки ќонунњои интихоботиро набояд наќз кард, аммо ў нагуфт, ки тайи 14 соли таърихи парлумони касбї ЊАТТО ЯК механизм ё протседураи таъмини интихоботи озод ва демократиро дар Тољикистон пешнињод накардааст ва дар кишвар њатто 4 нафаре њам аз шумули озодандешони љомеаи тољик њам нестанд, ки гуфта тавонанд, "мо бо шарофати фалон механизму фалон протседурањои демократї дар фалон интихоботи озоду шаффоф узви парлумони кишвар шудем". "НИГОЊ"
ТАМОЮЛ
“НИГОЊ”, ЧОРШАНБЕ №44 (426), 27. 01. 2015
зад, корманди суд кї буду чї кор кард, ки ў ѓайб зад? Ин корманди суд кї буд, ки чунин имтиёзи махсус дошт? Аммо ин танњо шарњи Агентї аст. Суди олї манзараро батамом дигар тасвир мекунад. Нусратуллоњ Абдуллозода, раиси Суди Олї тайи ин 8 моњ дар њар нишасти матбуотие, ки аз ў дар бораи Низомхон Љўраев мепурсиданд, танњо як посух дошт: инро аз маќомоти тафтишотї пурсед. Ба гуфтаи ў, Низомхон Љўраев дар тафтишоти пешакї ќарор дошт ва масъулияташ низ бо маќомоти тафтишот аст. Њатто вакили дифои Низомхон Љўраев - Бахтиёр Насруллоев аз макони бубубоши муваккилаш хабаре надорад...
САР ТО ПО СУОЛ Аслан "парвандаи Исфара", ки муљрими аслии он Низомхон Љўраев аст, пур аз суол аст. Парванда соли 2007 аз сўи Агентии назорати давлатии молиявї ва мубориза бо коррупсия оѓоз ва соли 2009 анљом шуд. 31 муљрими парванда, ба истис-
3
шида шуданд. Моњи майи соли 2013 Эмом Ѓоибов ва Одил Очиловро, ки аввалї, сарвар ва дуввумї, муовини ў дар гуруњи тафтишотии Агентии назорати молиявї ва мубориза бо коррупсия буданд, низ бо иттињоми фасод ва ришвахоњї боздошт шуданд. Њардуро моњи марти соли 2014 суд аз толор озод кард. Аммо ба зудї ин гуфтугузор пањн шуд, ки Эмом Ѓоибов чї ќаробати хонаводагї ва ё дўстии донишгоњї бо Прокурори генералї Шерхон Салимзода дорад, аз ин хотир, озод шудааст. Аммо ин њарфи он замон буд. Њоло мо шоњиди инем, ки Прокурори генералї њам аз вазифа барканор шудааст. Гузашта аз ин, Шерхон Салимзода дар замони тафтиши "парвандаи исфарагињо" раиси Агентии назорати молиявї ва мубориза бо коррупсия буд. Њатто сабаби барканории Бобољон Бобохонов, Прокурори генералии собиќро, ки њукми "парвандаи исфарагињо" - ро "говсуд" номида буд, мањз ба ин парванда рабт медоданд.
ПОРАНОМА
"Парвандаи исфарагињо" ба барканории Шерхон Салимзода чї рабте дорад?
Ќиссаи "ѓайб задан" ё "фирор" - и Низомхон Љўраев љўшиши оберо мемонад, ки пас аз расидан ба њарорати зарурї буѓ мешавад. Инро изњороти дар асл гурез аз баёни воќеияти маќомоти зидахли Тољикистон, ки бо ќазияи Низомхон Љўраев сарукор доштанду доранд, собит мекунад. Бо гузашти 8 моњ аз фирори собиќ раиси Корхонаи кимиёи Исфара аз мадори баррасињои маќомот ва расонањо маќомоти масъул - Агентии назорати молиявї ва мубориза зидди коррупсия ва Суди Олии Тољикистон наметавонанд шарњеро ба љомиа пешнињод кунанд, ки тахмину гумонњоро батамом аз миён бардорад ва ба ќазияи 7 - солаи "парвандаи исфарагињо" нуќта гузорад. Кор ба љое расидааст, ки љомиа њатто дар барканории Шерхон Салимзода, собиќ Прокурори генералї, боз њам ба Низомхон Љўраев машкук шаваду шарњи Абдуфаттоњи Ѓоийбро санге ба њавлии Нусратулло Абдуллоев талаќќї кунад..
АГЕНТЇ Ё СУДИ ОЛЇ? 8 моњ аст, ки маќомоти зидахл як њарфро такрор мекунанд (мазмунан): Низомхон Љўраев дар њабс набуд, маќомот њаќќи боздошти ўро надоштанд, зеро муњлати њабси пешакии ў - 18 моњ ба анљом расида буд. Ин 18 моњ, яъне 1,5 сол, њатто замони дар боздоштгоњи Маскав нигоњдорї шудани Љўраевро дарбар мегирад. Пас ў дар куљо нигоњ дошта мешуд, ки касе ўро намедид ва њатто расонањо ба ў дастрасї надоштанд, ба истиснои як ё ду маврид, ки он њам бо мусоидати Агентї иттифоќ афтод? Посух як аст (мазмунан): "ў утоќ дошт, ба Агентї меомад, парвандаашро, ки аз аз 150 љилд иборат аст, меомўхт, мерафт. Озод буд, аммо шарт ин
буд, ки аз мањалли зист берун наравад. Парвандааш як моњ пеш аз фирори ў ба Прокуратураи генералї ва аз он љо ба Суди Олї ирсол шудааст. 16-уми июн даъватномаи судро гирифт, аммо дар рўзи мурофиа - 18-уми июн ба суд њозир нашуд". Аз ин зиёдтар шарњ ин аст, ки ўро тањти муњофизат ќарор дода буданд, то душманонаш ба вай осебе нарасонанд? Мантиќан, Низомхон Љўраев хоњ дар утоќе дар кадом як хонаи Душанбе буд, ё љои дигар (инро њам мегуфтанд, ки ў љое не, балки дар бинои Агентї, шафати кабинети раисаш нигањдорї мешуд) тањти назорат буд. Ва њељ куљо фирор карда наметавонист, агар озод мебуд, њамон душманонаш ба ў зарар мерасонданд, чун ба сари бисёре аз афроди на фаќат хурд, балки бузург низ об рехта буд. Бо шањодати ў, прокуророн, судяњо, адвокатњо ва њатто вазир ба суд кашидаву зиндонї шуданд. Аз паси ў њоло ду бародар ва 21 хешу аќрабову њамшањрињояш аз Исфара пушти панљараанд. Ва шояд далоили дигаре њам њастанд, ки барои мо маълум нестанд. Тахмин меравад, ки маќомот ин берабтї дар шарњи фирори Низомхон Љўраевро дуруст дарк мекунанд ва рўз то рўз рўшанињое меандозад, ки ќазияро ториктар, аммо муљрими фирорро номуайянтар мекунад. Посухи раиси Агентии назорати молиявї ва мубориза бо коррупсияи Тољикистон ба суоли рўзноманигорон, ки 26-уми январи соли равон зимни як нишасти матбуотї матрањ шуд, инро собит кард. Абдуфаттоњи Ѓоиб пас аз он, ки ќиссаи озодии Низомхон Љўраевро такрор кард, илова намуд, ки мавсуфро кормандони Агентї пайдо карда, ба корманди суд таслим карданд ва ахирї бо иттифоќи Љўраев рафт ва дар назди Суди Олї ѓайб зад. Ќаблан мегуфтанд, ки даъватномаро аз дасти иљрочии суд гирифта, сипас фирор кардааст. Суол мешавад: агар ѓайб
«
нои Низомхон Љўраев, аз 10 то 25- солї равонаи зиндон шуданд. То ба њол 7 нафар ба озодї баромада, ё љазояшон сабуктар шудааст. Як нафари онњо дар мањбаси Хуљанд љон дод. Ин суол то ба њол норўшан аст, ки чаро њоло саркардаи онњо - Низомхон Љўраев озод аст, аммо онњо на? Худи Низомхон Љўраев 18-уми августи соли 2010 дар Маскав боздошт шуд ва январи соли 2012 Љўраев баъди баромадан аз боздоштгоњ ѓайб зад. Ба зудї дар Тољикистон аз худ дарак дод. Тариќи телевизиони давлатї изњор дошт, ки бо хоњиши худ омад ва ба маќомот таслим шуд. Гуфт, бидуни ягон њуљљат аз Русия тариќи Ќазоќистону Ќирѓизистон ба Тољикистон омад. Ў љинояткори хавфнок, аз љумла дар куштор, азхудкунии маблаѓњои бузург ва таъсиси гуруњи мусаллањ муттањам мешуд. Суол: Чї тур аз њамчунин одам дар марзи 4 кишвар касе аз ў њуљљат напурсид? Ва чї тур ба ТВ осон роњ ёфт? Пас аз бозгашти ў тамоми омилони "парвандаи исфарагињо" ба суд кашида ва муљозот шуданд. Моњи апрели соли 2013 Нур Нуров, додраси собиќи Додгоњи олї, нафаре, ки њукми 31 коршарики Низомхон Љўраев дар "парвандаи исфарагињо"-ро дар соли 2009 содир карда буд, бо љурми "ќаллобї" ба 8 соли зиндон мањкум шуд (ин њукм иљро нашуд). Рустам Олимов, айбдоркунандаи давлатї, муфаттиши Прокуратураи генералї низ бо љурми ќаллобї 10 солу 6 моњ ба зиндон рафт. Ба Бердиќул Расулов, вакили дифоъи парванда барои иттињоми ќаллобї ва сохтакорї 9 сол доданд. Њатто Пирумшо Олимов, бародари Рустам Олимов, ки њамагї як ронанда буд, ба пораситонї ва шарикї дар љиноят муттањам шуда, 7 сол њукми шартї гирифт. Рањбарони гуруњи тафтишотии "парвандаи исфарагињо" њам, бино ба шањодати Низомхон Љўраев, ба суд ка-
Худи Низомхон Љўраев 18-уми августи соли 2010 дар Маскав боздошт шуд ва январи соли 2012 Љўраев баъди баромадан аз боздоштгоњ ѓайб зад. Ба зудї дар Тољикистон аз худ дарак дод. Тариќи телевизиони давлатї изњор дошт, ки бо хоњиши худ омад ва ба маќомот таслим шуд. Гуфт, бидуни ягон њуљљат аз Русия тариќи Ќазоќистону Ќирѓизистон ба Тољикистон омад.
«
ПОРАНОМА - АБЗОРИ СИЁСАТ Њамин тавр, бар асоси "поранома" - и Низомхон Љўраев тамоми омилони "парвандаи исфарагињо" муљозот шуданд. Аммо суолњои зиёде ин љо сар мезананд, ки посухашон мехи охирин ба ин тобут бояд шавад, аммо ба гумон аст, онњоро дастрас кунем. Аз љумла ин, ки ваќте тамоми омилон њам онњое, ки "гуруњи муташаккили тањти рањбарии Љўраев" - ро муттањам карданд, њам онњое, ки њукми онњоро бароварданд ва њатто онњое њам, ки аз эшон њимоят карданд, муљозот шуданд, маълум мешавад, ки дар њукми 31 нафар ќонун наќз шудааст? Аммо чаро њукми онњо бозбинї намешавад? Наќши муфаттишони Агентии назорати молиявї ва мубориза бо коррупсия ва Прокуратураи генералї маълум шуд ва њамагї ба суд кашида шуданд, аммо ин њама ба рањбарони ин нињодњо рабте дошт? Эмом Ѓоибов дар як номаи саркушода, ки аз боздоштгоњ ба номи президент навишт ва моњи майи соли 2013 дар њафтаномаи "Фараж" чоп шуд, њамсабаќиаш бо Прокурори Генералиро зикр карда, гуфт, ки њадафи аслї ў нест, балки тавассути вай мехоњанд барои Шерхон Салимзода "чоњ бикананд." Кї? Ва оё дар шањодатњои Низомхон Љўраев аз собиќ Прокурори Генералї низ "ёдоварї" шудааст? Нињоят оё сабаби барканории Шерхон Салимзода њам "парвандаи исфарагињо" буд ё њаст? Њоло таасуроте касро фаро мегирад, ки бо вуљуди ин њама фољиаву мазњака, ки аз "парвандаи исфарагињо" ва "истифодаи оќилона" - и Низомхон Љўраев бармеояд, ин трагикомедия анљом наёфтааст. Њељ аљобат надорад, ки нафаси шуми он пушти шонањои рањбарони имрўзаи парвандаи марбут ба ў низ њис шавад. Њар чї метавонад иттифоќ афтад, зеро ин њам аљаб нест, ки фардо боз Низомхон Љўраев пайдо шаваду гўяд: "Ватанамро пазмон шудам, бо пои худ омадам, то таслим шавам"... Ин ќисса, намунаи истифодаи поранома њамчун як абзори ќавї дар муњити сиёсии Тољикистон шудааст. Акнун на порахўрон, балки порадењон ё пораљамъкунакон сари порахўрон њукм мекунанд. Бовар намекунед? Ќиссаи боздошту рањоии як масъули ВКХ-ро ба ёд оред... Далери ХАЙРУЛЛОЊ
СЎГВОРЇ
“НИГОЊ”, ЧОРШАНБЕ №44 (426), 27. 01. 2015
4
Яке аз нуктањое, ки дар Паёми ахири Президент ба Парламент садо дод ва дар љомеаи маданї, онро воњимаи мањз хонданд, дар бораи "харљи њангуфт"-и барќ ба телефонњои мобилї буд. Эмомалї Рањмон эътироф кард, ки бебарќињои зимистонии ањолї "камбудї"-и њукумат аст ва гуфт, харољоти барќ дар муќоиса бо даврони шўравї, зиёд шудааст. Вай мисол овард: "...танњо барои истифодабарандагони телефонњои мобилї ќариб 22 миллион киловатт - соат барќ зарур аст...". Дар љомеа, аз љумла, дар шабакањои иљтимої ба ин љумлаи Эмомалї Рањмон эрод гирифтанд, ки чї тавр тавонистааст барќе, ки истифодабарандагони телефонњои мобилї харљ мекунанд, њисоб кунад? Онњое њам буданд, ки њукуматро дар ин боб ба истењзо кашиданд: ваќте њукумат њисоби даќиќи муњољирони кориро дар хориљи кишвар дурусту мушаххас намедонад, аз куљо харљи барќро ба телефонњои мобилї њисоб карда метавонад? Маълум аст, ки худи Эмомалї Рањмон инро даќиќ њисоб карда наметавонист, агар ин кор умуман имконпазир бошад. Ин умуман кори президент нест. Барои њамин дуруст аст, ки масъалагузорї чунин бошад: муаллифони паём воњима карданд, ё хайр? Ва муњимтар аз ин барои чї? Онњое, ки паёми сарвари мамлакатро ба Парлумон омода кардаанд, агар "истифодабарандагони телефонњои мобилї" гуфта, њар яки мову шуморо дар назар дошта бошанд, ин эрод воќеан мантиќї аст, ки: "кї дар Тољикистон тавонистааст даќиќ бишуморад, ки ањолї чї миќдор телефони мобилї дорад? Дуруст аст, як муштарї метавонад 1 телефони мобилї, аммо 10 ё 20 симкорт дошта бошад. Телефонњое њам њастанд, ки 2 ва њатто 4 симкортро дар як ваќт истифода кардан мумкин аст. Ба њар сурат, дар Тољикистон, теъдоди телефонњои фаъоли мобилиро мушаххас кардан имкон дорад. Нињодњое њастанд, ки ин кор барояшон хеле осон аст, аммо њатто ба њисоби миёна ба як телефон чї миќдор барќ харљ мешавад, даќиќ шуморидан кори таќрибан номумкин аст. Харљи барќ дар телефони мобилї вобаста ба навъи он, њадди истифода, миќдори зангњо, истифодаи интернет, мусиќї ва ѓайра фарќ мекунад.
22 млн. кВт Кї ва чаро ба Президент воњима мекунад? муќоиса, мегўянд энергетикњо, фаќат шањри Душанбе дар як шабонарўз панљ маротиба бештар аз ин барќ сарф мекунад. Ба ќавли онњо, агар ин 22 млн киловатт-соат воќеан раќами даќиќ шуморида бошад, пас Неругоњи барќи обии "Норак" дар ним соат метавонад тамоми телефонњои мобилии шањрвандонро барои ду сол бо барќ таъмин кунад. Ва мисол меоранд: дар як соат, масалан, танўри барќї (духовка - русї) - 2,3 кВт, мошини зарфшўї - 1,8 кВт, мўйхушккунак (фен - русї) - 1,6 кВт, ќањвапазак - 1,5 кВат, кондитсионер - 1,0 кВт, чангкашак - 650 Вт, мошини љомашўї, - 500 Вт, яхдон - 188 Вт, Ноутбук - 50 Вт, DVD - 17 Вт барќ сарф мекунанд. Бо коршиносон розї нашудан намешавад. Воќеан, чаро муаллифони Паём, агар воќеан барќро сарфа кардан хоњанд, масалан, пешнињод накардаанд, ки мўятонро бо сачоќ хушк кунед, фен истифода накунед, ё љомашўиро бо даст анљом дињед, ё љорўб харед, чангкашакро истифода набаред? Чаро мањз ба телефони мобилї хира шудаанд? Њол он ки барои барќ додан ба як телефони мобилї, дар як соат 1-4 вт барќ сарф мешавад. Барои муќоиса, барои як ча-
ЧАРО ТЕЛЕФОНИ МОБИЛЇ? Коршиносони мустаќили энерљї ва алоќа аз љо ёфтани ин нукта дар Паёми Президент ба Парламент изњори њайрат мекунанд. Онњо мегўянд, агар воќеан 22 милион киловатт - соат дар як сол ба телефонњои мобилї сарф шуда бошад, шояд муаллифони паём харољоти барќро дар умум дар шабакањои ќабулу пахши алоќа дар назар дошта бошанд. Бо вуљуди ин њам, 22 млн киловатт - соат чандон зиёд ва ќобили мулоњиза дар мавриди сарфи нооќилонаи неруи барќ буда наметавонад. Барои
роѓи барќї (лампочка) 25 маротиба камтар сарф мешавад. Аз ин љо савол ба миён меояд, ки чаро мањз телефонњои мобилї? Барои онњое, ки фаромўш кардаанд, ёдовар мешавем: бори аввал нест, ки Эмомалї Рањмон аз зарари телефони мобилї суњбат мекунад. Вай борњо аз зарари телефонњои мобилї ба саломатии инсон, буљаи оила ва њатто ахлоќи наврасон нигаронї кардааст. Соли 2009, ки баъди як нигаронии Эмомалї Рањмон дар љаласаи њукумат истифодаи ин неъмати асри 21 дар шакли планшет ба талабањои мактаб ва донишљўёни кишвар мамнуъ шуд. Коре бад нашуд, хуб шуд, аммо бо алоќаи мобилї рабт дорад. Вай гуфта буд, ки шањрвандони Тољикистон дар як сол барои телефон 1 милиарду 400 милион сомонї сарф мекунанд. - Барои телефон пул меёбанд, дар њоле, ки ваќте масъалаи пардохти пули барќ мехезад, мегўянд, маблаѓ надорем, - таъкид карда буд ў. Муќоисаи 22 млн. кВт-соат барќ бо њаљми бозори алоќа ва андози ширкатњои мобилї то кадом андоза хандаовару бемантиќ будани ин иддаоро нишон
медињад, ки тавонистаанд ба матни Паёми Президент бор кунанд. Вагарна, бубинед: агар 22 млн (кВт/соат) х 0,126 (сомонї) = 2 772 000 (ду милиону њафтсаду њафтоду ду њазор) сомонї бошад, бино ба иттилои расмї, даромади умумии ширкатњои хусусии алоќа дар соли 2013 ба 1 млрд. 705,2 млн. сомонї зиёда аз 300 млн. доллар баробар буд. Бино ба маълумоти Анљумани ширкатњои мобилии Тољикистон, њаљми андози ширкатњои мобилї дар соли 2013 ба 32 фоизи њаљми даромади умумии онњо баробар шудааст. Агар ба раќамњо бовар кардан мумкин бошад, ширкатњои мобилї ба буљаи давлат дар як сол беш аз 545 милион сомонї - ќариб 100 млн. доллар андоз супоридаанд. Модоме чунин аст, аз ин раќам - 22 млн. кВт ёдовар шудан чї маънї дорад? Њаљми ќариб 2-милиардии бозори алоќаи Тољикистон дарвоќеъ ќобили мулоњиза аст. Њоло кї чї андеша мекунад: муаллифони Паём дар њаќиќат дар фикри сарфаи барќанд, ё ин бозор онњоро љазб кардааст? Фаридун РАЊНАВАРД
САДОИ МАРДУМ
"ПАРВАНДАИ ЗАЙД САИДОВ БОИСИ ЗИНДОНЇ ШУЊРАТ ЌУДРАТОВ ШУДААСТ"
64%
70%
10%
7%
20%
3%
Ин барои ман муњим нест
20%
Фаъолияти касбї: ширкат д ар парвандаи Зайд Саидов
30%
Фаъолияти касбї: ширкат дар парвандањои шиканља
40%
Фаъолиятњои сиёсї
50%
Пораситонї ва миёнаравї
60%
4%
0% 1
2
3
4
5
Ширкат дар парвандаи Зайд Саидов боиси зиндонї шуданї Шуњрат Ќудратов, адокати зиндонии тољик шудааст. Натиљаи як пурсиш зери унвони "Чї боис ба зиндонї шудани Шуњрат Ќудратов шуд?" маълум кард, ки 64 дарсади раъйдињандагон ба гузинаи "Фаъолияти касбї: ширкат дар парвандаи Зайд Саидов" овоз дода, 3 дарсади дигар њам гуфтаанд, ки "Фаъолияти касбї: ширкат дар парвандањои шиканља" боиси зиндонї шудани ин адвокат шуда-
аст. Њамагї 7 дарсади иштирокчиёни ин назарсанљї ба варианти "Пораситонї ва миёнаравї" овоз дода, 20% дигар њам таъкид кардаанд, ки "Фаъолиятњои сиёсї" боиси зиндонї шудани Шуњрат Ќудратов шудааст. Инчунин 4 дарсади ахир гуфтаанд, "Ин барои ман муњим нест". Ин назарпурсии виртуалї бо супориши њафтаномаи сиёии "Нигоњ" аз 21-ум то 27-уми январи 2015 дар сомонаи ОИ "Тољнюс" гузаронида шуда, дар он 853 нафар ширкат Саймуддин ДЎСТОВ кардааст.
ДАЊШАТИ РЎЗ Эмомалї Рањмон зимни љаласаи љамъбастии Њукумати Тољикистон, ки 23-юми январ пушти дарњои баста гузашт, аз ду шахсияти маъруф барои таъини нафаќањои њангуфт ба зердастонашон интиќод кард. Президенти Тољикистон аз Амонулло Њукуматулло, собиќ роњбари КВД "Роњи оњани Тољикистон" ва Тољиддин Пирзода, раиси "Тољиксодиротбонк" ном бурда гуфт, ин нафарон барои ду зердасти худ њазорњо сомонї нафаќа муќаррар кардаанд. Тољиддин Пирзода аввал кўшиш кардааст, ки ба ин суол љавоби рад дињад, вале баъдан бо исрори Президент ќоил шудааст, ки воќеан, ў ин вараќаро имзо кардааст ва њамчунин ў низ бо истифода аз низоми нафаќаи Тољикистон ва махсусиятњои он нафаќаи беш аз 15 њазор сомонї ба ин зан таъин намудааст. Абдулфаттоњи Ѓоиб, раиси Агентии назорати давлатии молиявї ва мубориза зидди коррупсия дар посух ба суоли "Нигоњ" ин хабарро таъйид карда, чунин шарњ дод: - Ба яке аз роњбарони пешини "Тољиксодиротбонк" Наталя Назаршоева 15 њазор сомонї нафаќа таъин кардаанд, ки чор сол ба ин сў пардохт мешавад ва дар умум 718 њазор сомониро ташкил медињад. "Тољиксодиротбонк" ба Наталя Назаршоева дар давоми чанд соли ахири фаъолияташ 17 њазор сомонї маош пардохт кардааст. Њарчанд Абдулфаттоњи Ѓоиб номи Тољиддин Пирзодаро ба забон наовард, аммо номи Амонуллоњи Њукуматуллоро зикр карда, гуфт, мавсуф ба як зердасташ (ба эњтимоли зиёд Мирзоева) 1815 сомонї нафаќа муќаррар карда, дар умум 72 њазор сомонї ѓайриќонунї аз худ шудааст. Вай дар шарњи ин ду маврид гуфт: - Дар њарду маврид њам сохтакорї дида мешавад. Ин ду касро на њамчун нафаќахўри оддї, балки њамчун маъюби гурўњи дуюм расмї кардаанд. Ваќте шахс маъюби гурўњи 2 эътироф мешавад, ў корношоям аст, махсусан дар вазифањои роњбарї. Суоле пайдо мешавад, агар воќеан собит шавад, ки нафаќаи зердастони собиќи Амонуллоњи Њукуматуллоњ ва Тољиддин Пирзода аз роњи сохтакорї таъин шудааст, оё ин ќонуншиканї љавобгарї дорад? Посухи Абдуфаттоњи Ѓоибро чунин буд: - Тафтиш, ки анљом шуд, агар ѓайриќонунї бошад, аввал нафароне, ки гурўњи маъюбиро доданд, сипас корманди Агентии суѓурта, ки ин маблаѓро таъин кардааст, њатман бояд дар назди ќонун љавоб гўянд. Инчунин ин ду нафар маблаѓи нафаќаи дар давоми 4 сол бо роњи сохтакорї гирифтаашонро ба буља хоњанд пардохт. Кўшишњои мо барои гирифтани назари масъулини "Тољиксодиротбонк" ва "Роњи оњани Тољикистон" натиља надод.
"ШАРМАНДАГЇ" "Роњи оњани Тољикистон" ва "Тољиксодиротбонк" пеш аз њама ба он хотир расонаї мешаванд, ки дар садри онњо Амонулло Њукуматулло ва Тољиддин Пирзода, ду чењраи маъруфи Тољикистон ќарор доштанду доранд. Аммо иттилое, ки дар пайи ин Агентии назорати давлатии молиявї ва мубориза зидди коррупсия ба расонањо медињад, вазъи аз ин вахимтарро тасвир мекунад ва кас ба хулосае мерасад, ки низоми нафаќаи Тољикистон ба як бунбаст ворид шудааст. Кор ба љое расида, ки њатто Эмомалї Рањмон, президенти Тољикистон дар њамон љала-
Мутахассиси шуъбаи кадрњои Прокуратураи шањри Душанбе барои ќаллобї, истифодаи маќоми хизматї ва барои худсарона ишѓол намудани ќитъаи замин боздошт кардаанд. Бино ба иттилои дафтари матбуоти Агентии назорати давлатии молиявї ва мубориза бо коррупсия Љамолиддин Исматуллоевич Рустам, зимни фаъолияти хизматии хеш бо истифода аз маќоми хизматии худ, моњи июли соли 2014 даст ба љинояти коррупсионї задааст. Тафтишот муайян кардааст, ки ў "бо роњи фиреб, ба боварии шањрванд Неъмонов Д.И даромада, барои људо намудани 0,07 га ќитъаи замини наздињавлигї аз њисоби заминњои њудуди ЉСШК-и "Мармар", ки дар љамоати дењоти Чимтепаи ноњияи Рудаќї воќеъ аст аз шањрванд Неъмонов
“НИГОЊ”, ЧОРШАНБЕ №44 (426), 27. 01. 2015
5
"НАФАЌАГЕЙТ" Тољикистон "маъюбон" - и солимро муљозот мекунад маслињат кунанд, рафта нафаќаро гирифтан мегиранд. Ин як мушкилии соњаї аст. Дар бонкњои љумњурї њам омори љиноятњои коррупсионї зиёд шудаанд (бонкњо чорумин нињоди фасодзадатарини Тољикистонанд).
ќ ра а ? т ма ад?? о к ан дињ б е Ин м м ња
саи ахири њукумат гуфт, дар низоми нафаќаи Тољикистон корњое ба назар мерасанд, ки боиси шармандагї аст. Воќеан, бино ба иттилои Агентии назорати давлатии молиявї ва мубориза зидди коррупсия, соли 2014 37 њазору 548 нафаќагири маъюб аз ташхиси тиббї гузаронида шуда, аз ин гурўњи маъюбии 10 њазору 827 нафар ќатъ шуд. Ин 10 њазор нафар солњои гузашта ѓайриќонунї нафаќаи маъюбї гирифтаанд. Аз ин 7 њазору 46 "маъюб" пурра солим баромаданд, маъюбии 3 њазору 781 нафари дигар аз як гуруњ ба гуруњи дигар таѓйир хўрдааст. Танњо соли 2014 аз њисоби нафаќаи ѓайриќонунї буљети Тољикистон ќариб 15 млн. сомонї зарар дидааст. Ин њам дар бораи ташхиси тиббии њудуди 38 њазор нафаќахўр сухан меравад, њол он ки дар Тољикистон 619 њазору 900 нафаќахўр ба сар мебаранд. Ва аз суханони Абдулфаттоњи Ѓойиб бармеояд, ки ин нињод як парвандаи бузургеро оѓоз кардааст. Ин парванда на як гуруњ, ё даста, балки беш аз ним миллион нафарро фаро хоњад гирифт ва барои Тољикистон таќрибан як "нафаќагейт" хоњад буд, ки дар зимн миллионњо сомонии дуздидашуда аз буљаи давлатро дорад.
КАМБАЃАЛТАРИН
"ЊАЌЌИ МУРДА" Чанд сол пеш њам Президент Эмомалї Рањмон аз баъзе мансабдорон интиќод карда, гуфта буд, ки барои худ нафаќањои маъюбї ва њангуфт таъин мекунанд. Аммо решаи ин ќонуншиканињо дар куљост? Њасан Зокиров, коршиноси иљтимої мегўяд, сабаби аслии кор ин дар фасодзада будани соња аст: - Њам нафароне, ки дараљаи маъюбї медињанд ва њам онњое, ки нафаќа таин мекунанд, дар баъзе мавридњо бо гирифтани "њаќќ"-и худ њар нафаќаро дар њар њаљми дилхоњ расмї кунанд. Аммо раиси Агентии назорати давлатии молиявї ва мубориза зидди коррупсия мегўяд, мушкилот танњо дар низоми нафаќа нест, балки кормандони бонкњо низ дар фасодзада шудани ин соња "сањм доранд". Ба ќавли ў, њолатњое ошкор шудаанд, ки то 2 - 3 сол нафаќаи шахсони мурдаро азхуд кардаанд: - Пештар дар даврони Шўравї бо книжка нафаќа медоданд, ки расм низ дошт. Имрўз бошад як карта доранд. Ба касе њамон картаро дињанд ва бо корманди бонк
Аммо коршиносон аксарияти кулли ќонуншиканињо дар муќаррар кардани нафаќаро ба гунаи дигар тасвир мекунанд. Њасан Зокиров мегўяд, низоми нафаќаи Тољикистон тавре сохта шудааст, ки дар он маоши чанд соли ахир нишон дода мешавад ва агар чанд соли ахир маоши баланд нишон дода шавад, нафаќа њам њангуфт мешавад. Нафаќахўрони Тољикистон чанд намуди нафаќаро мегиранд, аз љумла, њадди аќал ва суѓуртаи иљтимої. Нишондињандаи миёнаи нафаќа дар Тољикистон пастарин дар ИДМ аст. Њамчунин Тољикистон дар миёни кишварњои ИДМ аз рўи нишондињандаи таносуби нафаќагирон ва кормандон бењтарин нишондињандањоро дорад. Дар њоле, ки ба сари як коргар дар Русия 4 - 5 нафаќахўр рост меояд, дар Тољикистон баръакс бар сари 5 - 6 коргар як нафаќахўр рост меояд. Њаљми нафаќа дар Тољикистон њам боиси нигаронии мардум аст, зеро њадди миёнаи он, ба иттилои Бонки Љањонї, 50 доллари амрикоист ва сабади истеъмолї дар кишвар 435 сомонї, муодили 78 доллар њисоб шудааст. Ин вазъ нафаќахўронро мўњтољи фарзандон ва дар њоли набудани онњо, дигар афроду хонањои пиронсолон мекунад. Нафаќа дар олами мутамаддин ба он хотир дода мешавад, ки шахс бар ивази зањмати тайи зиндагї кашидааш, даврони пириро бидуни мушкил ва дастнигарї ба сар барад. Ин як хобу хаёл барои нафаќахўри тољик аст... Чанд соли пеш Њукумати Тољикистон синну соли нафаќаро аз 60 ба 63 барои мардон ва аз 55 ба 60 барои занон боло бурд, то теъдоди нафаќахўронро бо ин роњ танзим кунад. Боло бурдани синну сол яке аз масъалањои њассосе мебошад, ки дар хеле аз иќтисодњои пешрафтаи дунё низ њамин тамоюлро дорад. Хулоса, низоми нафаќаи Тољикистон норўшанињои зиёдеро дорад ва њоло, ки навбати имтињони ин низом аз љониби маќомоти зидахл расидааст, мунтазир хоњем монд, ки боз чї армуѓонњоеро дар пай хоњад дошт.
Муллораљаб ЮСУФЇ
БОЗДОШТИ КОРМАНДИ ПРОКУРАТУРА БАРОИ ЌАЛЛОБЇ ВА ИШЃОЛИ ЗАМИН Д.И маблаѓи 21 000 доллари амрикої талаб намуд". Њамин тавр ба шањрванд Неъмонов заминро људо карда, ваъда мекунад, ки дар ќитъаи замин сохтумонро оѓоз намояд, баъди анљом додани сохтумон ва гирифтани маблаѓи боќимонда 11 000 доллари амрикої њуљљатњои онро омода карда медињад. Инчунин, корманди прокуратура аз заминњои ЉСШК-и "Мармар" барои худ низ
0,04 га ќитъаи заминро бе ягон њуљљати њуќуќмуайянкунанда ѓайриќонунї ишѓол намуда, худсарона манзили истиќоматї сохтааст. Агентї 9-уми январи соли 2015 нисбат ба Рустамов парвандаи љиноятї бо аломатњои моддањои 247 ќисми 4 банди "б"-и КЉ Љумњурии Тољикистон, (ки љавобгарии љиноятиро барои ќаллобї аз љониби шахс бо истифодаи маќоми хизматї бо расонидани зарар ба миќдори махсусан калон со-
дир намудааст) ва моддаи 338 ќисми 3 банди "а"-и КЉ Љумњурии Тољикистон, (ки љавобгарии љиноятиро барои худсарона ишѓол намудани ќитъаи замин муќарар намудааст) оѓоз кардааст.
6
СУЃД
“НИГОЊ”, ЧОРШАНБЕ №44 (426), 27. 01. 2015
Ўзбакистон оби канали Бузурги Фарѓонаро барои Тољикистон хоњад баст. Ин рудхона, ки байнидавлатї ба шумор меояд ва аз обанбори Тўхтагули Ќирѓизистон оѓоз мешавад, ќисмате аз заминњои ноњияњои Конибодом ва Бобољон Ѓафурови Тољикистонро обёрї мекунад.
ГАШТИ НАВ: АЗ БИШКЕК Ё ТОШКАНД, Ё ЊАРДУ? Камобї чї тур барои њалли ќазияи марзии Тољикистону Ќирѓизистон метавонад истифода шавад? ЗАРИФ ВАЛИЗОДА, САРДОРИ РАЁСАТ
Бино ба иттилое, ки аз манобеъи расмї ба "Нигоњ" дастрас шуд, сабаби коњиш ва њатто ќатъи пурраи оби канали Бузурги Фарѓона (Большой Ферганский Канал) то 80 метр поён омадани захираи оби обанбори Тўхтагули Ќирѓизистон хоњад буд. Ба гуфтаи кишоварзони Конибодом, њанўз соли 2014 ин мушкил сар шуда, аз маќомот њушдор гирифтаанд, ки соли оянда метавонанд ба оби Рудхонаи Бузурги Фарѓона умед набанданд, зеро имсол бориш дар фасли тирамоњу зимистон кам буд ва сатњи оби обанбори Тўхтагул боло нарафт. Ба ќавли онњо, Ќирѓизистон ва Ўзбакистон - ду кишвари болооби канали Бузурги Фарѓона њоло дар андешаи
как ба 12 куб афзуда, имкони обёрии заминњо бештар хоњад шуд.
"Аз риш ба мўйлаб..." њалли беобї дар њудудњои худ њастанд. Тибќи иттилои расмї, ноњияи Конибодом 24 њазор гектор замини кишоварзї дорад, ки умдатан пахта ва сабзавоту ѓалла кишт мешавад. 70 фоиз ё њудуди 14 њазор гектори онро аз Рудхонаи Бузурги Фарѓона обёрї мекунанд. Агар Ўзбакистон оби рудхонаро ба кишвари севвум Тољикистон ќатъ кунад, обёрии беш аз 14 њазор гектор замини Конибодом ва њам заминњо дар ноњияи Ѓафуров мушкил хоњад шуд. Комилљон Султонов, раиси Ассотсиатсияи хољагињои дењќонии ба номи "Њаёт Неъматов" - и ноњияи Конибодом, ки њудуди 700 хољагии дењќониро муттањид мекунад, мегўяд, аз 2000 гектор замини хољагињо 1000 гектор аз канали Бузурги Фарѓона об мехўрад, аммо соли 2014 мушкили об пеш омад ва маљбур шуданд аз дарёи Исфара об гиранд: - Аз канали Фарѓона об кам омад. Зироати дењќонон, аз љумла пахта ва гандум дуруст нашъунамо накард. Фаќат моњи июн як моњ ќабл аз дарави гандум об омад. Раёсати бењдошти замин ва обёрии вилояти Суѓд камбуди об дар канали Бу-
зурги Фарѓонаро таъйид кард. Зариф Вализода, сардори Раёсат ба "Нигоњ" гуфт, њоло заминњои Конибодомро аз њисоби оби дарёи Исфара яхоб мондаанд, то дар мавсими нашъунамо намнокии онњо бештар шуда, њадди аќал як ё ду бори обмонї масраф шавад. Вай афзуд, дар сурати коњиш ё наомадани об аз хориљ аз дарёи Исфара тавассути ду рудхонаи ноњияи Конибодом, яке, Кучкак, ки 6 куб об мебарад ва дигаре, Чорариќ, ки ѓунљоиши 9 куб обро дорад, ба Рудхонаи бузурги Фарѓона об хоњанд рехт: - Њоло тозакунии зањбурњо дар Кучкак ва корњои таъмир дар канали бетонии Чорариќи Конибодом идома дорад, то њаљми ѓунљоиши об аз њисоби дарёи Исфара бештар шавад. Њаљми ѓунљоиши об дар канали бетонї то ба 10 ва дар канали Куч-
«
Аммо ин тасмими масъулин нигаронии кишоварзони Исфараро ба бор овардааст, зеро дар сурати гирифтани оби дарёи Исфара барои заминњои Конибодом мушкили камобии онњоро хоњад афзуд. Тибќи иттилои расмї, њоло ноњияи Исфара 17 њазору 400 гектор замини кишоварзї дорад, ки аз ин 10 њазор гектор замини обї аст. Роњбарони хољагињои дењќонї дар Исфара мегўянд, ки бар асари гирифтани оби дарёи Исфара барои заминњои Конибодом соли гузашта њудуди 1000 гектор замин беоб монд. Ва ин њамон таљрибаи "аз риш мўй гирифта, ба мќлаб часпондан" аст. Аз сўи дигар, иќдоми масъулини идораи об, ки мегўянд, обёрии заминњои Конибодом аз дарёи Исфара таъмин хоњад шуд, суолбарангез аст, зеро агар об дар Ќирѓизистони болоб кам шаваду канали Бузурги Фарѓона беоб монад, оби дарёи
Тахмини дуввум, сохтмони роњи алтернативи ќирѓизњо аз њудуди дењаи Ворухи Исфара талош барои назорати оби дарёи Исфара аст, зеро сарбанд дар њудуди Тољикистон аст. Ин њол барои Ќирѓизистон ин имтиёзро ба вуљуд меорад, ки 1000 гектор замини беоби дењоти Оќсой ва Самарќандакро обёрї кунад.
«
Исфара њам аз он кишвар љорї мешавад. Оби дарёи Исфара аз ќаторкуњњои Ќирѓизистон ва Тољикистон љорї шуда, аз он Бодканди Ќирѓизистон, Исфараи Тољикистон ва Фарѓонаи Ўзбекистон об мегиранд. Ин мушкил реша ба масоили сиёсиро пеш хоњад гузошт ва ба назар мерасад, Ќирѓизистон барои њалли мушкили марз бо Тољикистон аз Ўзбакистон мехоњад истифода кунад. Вагарна канали Бузурги Фарѓона - рудхонаи байнидавлатї аст ва ба тамоми мантиќ, оби он бояд миёни се кишвар баробар таќсим шавад. Аммо ин корро кардан намехоњанд. Чаро? Тахмини аввал ин аст, ки Ўзбакистон мехоњад Тољикистону Ќирѓизистон боз дастбагиребон шаванд, зеро хуб медонад, ки њамаи мухолифатњои сокинони Бодканди Ќирѓизистон ва дењоти Воруху Хољаи Аълои Исфараи Тољикистон мањз дар масъалаи таќсими об сар зада буданд. Тахмини дуввум, сохтмони роњи алтернативи ќирѓизњо аз њудуди дењаи Ворухи Исфара талош барои назорати оби дарёи Исфара аст, зеро сарбанд дар њудуди Тољикистон аст. Ин њол барои Ќирѓизистон ин имтиёзро ба вуљуд меорад, ки 1000 гектор замини беоби дењоти Оќсой ва Самарќандакро обёрї кунад. Вагарна роњи Ворух - Исфара эњтиёљи ќирѓизњоро ба пуррагї мебарорад ва зарурат ба як роњи алтернативї нест. Дар чунин вазъ коршиносони мањал як роњи дигарро њам пешбинї мекунанд, то заминњои Конибодомро аз вартаи хушкшавї рањо ёбанд. Ба ќавли онњо, оберо, ки аз Ботканди Ќирѓизистон љорї шуда, тавассути љамоати Лаккони Исфара ба ноњияи Шосўи Ўзбакистон меравад, мешавад боз дошт ва бо насос ва ќубурњо ба дарёи Исфара љорї кард ва онро ба заминњои Конибодом бурд. Ин кори масрафталаб аст, мегўянд кошиносон, аммо хушкмонии заминњои Конибодому Бобољон Ѓафуров бештар аз ин зиён хоњад овард. Аммо бо ин њама камобї мушкили имрўзу дирўз нест. Ва суоли асосї боз њам ин мемонад, ки чаро мањз соли равон онро Ќирѓизистон ё Ўзбакистон мехоњанд њамчун гаште дар муносибатњои худ бо Тољикистон табдил дињанд? Оё ин аз одоби њамсоядорї хоњад буд?
Ќамари АЊРОР
ГЕНЕРАЛИ РУС: ТОЉИКИСТОН ФОРПОСТ БАРОИ РУСИЯ ДАР МУЌОБИЛИ ТЕРРОРИЗМ
Анатолий Антонов, муовини вазири дифоъи Русия дар мулоќот бо Шералї Мирзо, вазири мудофиаи Тољикистон гуфтааст, ки чолишу тањдидњо барои Тољикистону Русия дар минтаќа ягона мебошанд.
Муовини вазири дифоъи Русия гуфтааст, ки тањкими иќтидори мудофиавии Тољикистон ба маънои тањкими амнияти Русия аст. "Мо ба ин боварем, ки бо тањкими Тољикистон ва таќвияти неруњои мусаллањи он амнияти Русияро мустањкам мекунем",- иброз дошт ў. Анатолий Антонов аз номи Сергей Шойгу, вазири дифоъи Русия гуфтааст, ки ў хоњиш кардааст, ки "њар талоши мумкинро анљом дињед, то дар наздиктарин фурсат неруњои мусаллањи Тољикистон беш аз пеш таќвият ёбанд". Вай ба вазири мудофиаи кишвар итминон додааст, ки вазорати мудофеаи Русия њама чорањои имконпазир-
ро хоњад андешид, то неруњои мусаллањи Тољикистон неруманд, зудамал, касбї бошанд ва бо навтарин ва муосиртарин силоњњо ва техникаи низомї муљањњаз гардонида шаванд. Дар навбати худ вазири мудофиат Тољикистон Шералї Мирзо гуфтааст, ки "дар пасманзараи он чи, ки дар олам мегузарад, аз Укроин то кишварњои арабї, тањримњо ва мушкилоти дигар, ман фикр мекунам, ки мо бояд ба посух омода бошем". Њамзамон бо ин Шералї Мирзо иброз доштааст, ки артиши кишвар бояд ба халќи худ ва њам ба Русия кафолати онро дињад, ки "амнияти онњо таъмин аст".
ИНТИХОБОТ - 2015 Њизби сотсиалистии Тољикистон 15 июни соли 1996 дар шањри Хуљанд таъсис ёфт ва нахустин рањбараш Моњинисо Њорисова буд. Кам касе медонист, ки пушти он Сафаралї Кенљаев, раиси пешини Шўрои Олї, Кумитаи давлатии бехатари (КГБ) - и Тољикистон ва яке аз асосгузорони Фронти халќї меистад. Ва ин њам пўшида набуд, ки Кенљаеви он замон аз ќудрат дур андохташуда мехоњад дар интихоботи президентии соли 1999 ширкат кунад. Дере нагузашта мавсуф соли 1997 рањбарии њизбро ба зимма гирифт. Он замон теъдоди аъзои ЊСТ - ро рањбаронаш 15 њазор њисоб мекарданд. Аммо марги Кенљаев, ки дар пайи як њамлаи мусаллањонаи афроди номаълум дар назди хонааш дар шањри Душанбе ва 8 моњ ќабл аз интихоботи президентии Тољикистон кушта шуд, наќшањои воќеии на фаќат рањбар, балки ЊСТ - ро низ барои омадан ба сари ќудрат барои њамешагї барбод дод. Баъдтар соли 2005 ЊСТ ба Кумитаи њуќуќи башари СММ мурољиат карда, аз љумла хостори тањќиќи марги пешвояш шуд. Соли 2011 њукумати Тољикистон ба дархости СММ посух дод, ки омилони ќатли Кенљаев муљозот шудаанд, аммо исми онњо то ба њол эълон нашудааст.
"Давраи Назриев" Сотсиалистњо аз марги рањбар зуд ба худ наомаданд. Пас аз марги Сафаралї Кенљаев ду моњ Ќурбон Восиев иљрокунандаи вазифаи раиси њизб буд. Ба нишони нобоварї ба Ќурбон Восиев тарафдорони писари Кенљаев - Шералї Кенљаев соли 2000 дар Суѓд анљуман баргузор намуда, ахириро раис интихоб карданд. Давраи ў хеле кўтоњ буд. Пас аз ў амакаш Раљабалї Кенљаев сарвари њизб интихоб шуд. Он замон ЊСТ бояд ба интихоботи порлумонии нав омодагї медид, аммо аз нобасомонињои дохилї натавонист дар порлумон соњиби курсї шавад. Соли 2002 Раљабалї Кенљаев аз раисии њизб истеъфо дод ва моњи августи њамон сол Мирњусайн Нарзиев яке аз чењрањои фаъол раис интихоб шуд. Назриев дар мавќеи мухолифати созанда бо њукумат ќарор гирифт ва то љое нуфузи аздастрафтаи њизбро барќарор кард. Бори нахуст дар Кўлоб ва 14 ноњияи Хатлон бахшњои њизбро таъсис дод. 19 марти соли 2003 ЊСТ зимни як изњорот мухолифати худро ба ворид кардани таѓйиру иловањо ба Сарќонуни Тољикистон эълон кард. Аз миёни беш аз 60 таѓйиру илова, ки бо ибтикори Њизби халќ - демократии Тољикистон пешнињод шуданд, сотсиалистњо дар ќатори ањзоби дигари мухолифи њукумат, аз љумла сотсиал - демократ, нањзати исломї ва демократ, пеш аз њама ба дуи онњо - додани ду мўњлати идоракунии њафтсола ба президент ва аз миён бурдани таълиму табобати ройгон - мухолиф баромаданд. Моњи майи соли 2004 ќариб як сол ќабл аз интихоботи парлумонии соли 2005 ЊСТ шомили Эътилофи ањзоби сиёсї барои интихоботи озоду шаффоф дар Тољикистон шуд. Як моњ нагузашта, сарнавишти ЊСТ ба таври дигар раќам зада, њизб вориди як марњалае шуд, ки батамом обрўву эњтироми онро њамчун як њизби умдаи мухолифи њукумат аз миён бурд. Мавќегирињои ЊСТ дар "давраи Назриев" - ро то ба њол "иштибоњи сиёсї" мехонанд, аммо ў ба "Нигоњ" гуфт, ки он њама њељ иштибоњ набуд, балки он давраро "замони тиллої" ва пур аз ифтихори ЊСТ ва љонибдоронаш медонад.
"Замони Ѓаффоров" 26 июни соли 2004, замоне, ки Мирњусейн Назриев дар Хуљанд буд, бо рањбарии Абдуњалим Ѓаффоров, раиси созмони ЊСТ дар Душанбе ва Ќурбон Восиев, мушовири ваќти президенти Тољикистон, дар пойтахт анљумани ѓайринавбатии њизб баргузор шуд. Анљуман Абдуњалим Ѓаффоров-
“НИГОЊ”, ЧОРШАНБЕ №44 (426), 27. 01. 2015
7
ЊИЗБИ КЕНЉАЕВ ЊИЗБИ ЊАМЕША НОКОМ Пас аз Сафаралї Кенљаев њељ як аз рањбари Њизби сотсиалистии Тољикистон муваффаќ нашуд, ки њизбро ба номаш бигиранд, балки барои он, ки онро як њизби љиддї муаррифї кунанд, њамоно мегўянд: њизби Кенљаев. ро рањбари нав интихоб кард. Мирњусейн Назриев бо мањкум кардани ин анљуман изњор дошт, ки ин ду чор соли пеш аз њизб рафта буданд, аммо Абдуњалим Ѓаффоров, ки акнун худро раиси Њизби Сотсиалисти Тољикистон муаррифї мекард, гуфт, сабаби даъвати анљумани ѓайринавбатї ноўњдабарої ва сиёсати нодурусти пешгирифтаи Мирњусейн Назриев аст. 20 июли соли 2004 Мирњусейн Назриев њукумати Тољикистонро ба дахолат дар корњои дохилии ин њизб муттањам намуд, зеро њам Ќурбон Восиев ва њам Абдуњалим Ѓаффоров (корманди вазорати маориф) кормандони давлатї буда, ба иддаои ў мехостанд ЊСТ - ро "як њизби њукуматї кунанд. Шокирљон Њакимов, коршиноси сиёсї набзи он рўзро дуруст ташхис дода буд: "Дастандаркорони ин амал мехоњанд, њам дар њайъати эътилофи миёни ањзоб халал ворид кунанд ва њамчунин намояндаи худро ба рањбарияти ин њизб оварда, заминаи иљтимоии њизби халќї-демократї, яъне њизби њукуматиро ќавитар гардонанд". Ин гуфтањоро таърихи 11 соли ахири ЊСТ собит кард. Аммо он замон вазорати адлия ба зудї ЊСТ - и Ѓаффоровро сабти ном накард, балки гуфт, њељ якеро ќонунї ва ѓайриќонунї гуфта наметавонад. Ин њам дар њоле буд, ки вазорати адлия ойиномаи њизбро ба номи Мирњусайн Назриев гирифта буд. Дањ рўз ќабл то анљумани ЊСТ - и љиноњи Назриев, ки 14 август баргузор мешуд, бо имзои вазири адлия Халифабобо Њомидов дар нашрияи њукуматии "Љумњурият" огоњї нашр шуд. Ин огоњии љолибтарини таърих буд, ки дар он гуфта мешуд, агар ЊСТ (-и Назриев) то 10 рўзи дигар анљуман барпо накунад, хилофи ойинномаи худ амал мекунад. Баъдтар маълум шуд, ки бо ин калимаи ЊСТ - и љиноњи Назриев хонда шуд. 26 августи 2004 як гурўњи њаштнафарї аз аъзои ЊСТ дар Хуљанд бо номи "гурўњи ташаббускор" конфронси ѓайринавбатї баргузор карда, аввалини раиси њизб Моњинисо Њорисоваро њам аз садорат барканор карданд.
"Даст ба даст" 19 декабри соли 2004 љиноњи Ѓаффоров анљумани пешазинтихоботии парлумонии худро бо пешнињоди 15 номзад ба њавзаи умумиљумњуриявї баргузор кард. Ќарор ќабул кард, ки Мирњусайн Назриев аз сафи њизб хориљ ва њузури њизб дар Эътилофи ањзоби сиёсии Тољикистон ба хотири интихоботи шаффоф ѓайриќонунї њисобида шавад.
Љиноњи Назриев њам анљуман барпо карда, ба њавзаи умумиљумњурявї 5 нафарро пешнињод намуд, яке аз онњо шоир Зиё Абдулло буд. Аммо ин рўйхатро Комиссияи марказии интихоботи Тољикистон ќабул накард, зеро аз Халифабобо Њомидов, вазири адлияи Тољикистон нома гирифт, ки дар он љиноњи Ѓаффоров расман ЊСТ эътироф шуда буд. 27 декабр љиноњи Назриев аз вазири адлия барои ќонуншиканї ва мудохила ба фаъолияти ЊСТ ба суд мурољиат кард. Аммо Суди Олї мактуби Назриевро расман 17 январи соли 2005 сабт намуд. Даъво њам ќонеъ нашуд. Љиноњи Ѓаффоров дар интихоботи 27 феврали соли 2005 ягон љой нагирифт, аммо муовини раисаш Ќурбон Восиев аз натиљањои он изњори ќаноатмандї кард ва интихоботро ситоиш, ки бо риояти меъёрњои байналмилалї сурат гирифт. ЊСТ дар ин интихобот 0,3 дарсад, камтар аз њамаи њизбњои дигар овоз гирифт. Дастобадастї бо њукумат натиљае надод.
"Unhappy end" анљоми бад Даврони нокомињои ЊСТ бо ин анљом наёфт. Љиноњи Назриев то интихоботи парлумонии 2010 кўшиш ба харљ медод, ки дар ќатори ањзоби дигар, бахусус сотсиал - демократ худро дар сањнаи сиёсї нигоњ дорад, аммо тавре њоло ба назар мерасад, ин талошњо на фаќат онро ба љое нарасонданд, балки ба љузъе аз Њизби сотсиал - демократ табдил доданд. Дар интихоботи парлумонии 1 марти соли равон Мирњусейн Назриевро ЊСД аз рўйхати ягона пешнињод кард. Шералї Кенљаев то ба њол такя бар љиноњи Назриев мекунад. Ў дар суњбат ба "Нигоњ" гуфт, дар чунин шароит, ки натиљањои интихобот аз ќабл маълуманд ва ањзоб тањти фишоранд, њузур дар майдони сиёсиро зарур намедонад. Љиноњи Ѓаффоров дар интихоботи парлумонии соли 2010 њам ноком шуд. Худи Абдуњалим Ѓаффоров дар ду интихоботи президентии солњои 2006 (он замон номзадии Мирњусейн Назриевро КМИР рад кард) ва 2013 иштирок карда, бори аввал 2, 8% ва бори дуввум њамагї 1,5 фоизи раъйро (4 маротиба камтар аз имзоњое, ки барои номзадї љамъ оварда буд) ба даст овард. Танњо моњи июли соли 2012 ЊСТ - и Ѓаффоров аз љиноњи Назриев даъват кард, ки ба њам оянд. Аммо Мирњусейн Назриев гуфт, то замоне, ки посухи номаи худ аз Кумитаи њуќуќи башари Созмони Милалро, ки соли 2005 фиристода буданд, нагиранд,
ба њам нахоњем омад. Дар ин нома хоста мешуд, ки ба куштори собиќ раиси порлумони Тољикистон, раиси Кумитаи њуќуќи инсони Маљлиси Олї ва асосгузори ЊСТ Сафаралї Кенљаев дар соли 1999, наќзи њуќуќи номзадони ЊСТ ба вакилии Маљлиси Олї дар интихоботи порлумонии соли 2000 баъд аз мавќегирї алайњи райъпурсии умумихалќии соли 2003-юм (бахусус додани ду мўњлати идоракунии њафтсола ба президент, аз миён бурдани таълиму табобати ройгон) расидагї шавад. СММ моњи декабри њамон сол даъвои Мирњусейн Назриев ва Шералї Кенљаевро рад карда, далоили онњоро нокофї хонд. Охирин бархўрди сотсиалистњо моњи майи соли 2013 рух дод, замоне, ки Мирњусейн Назриев бо истифода аз бефаъолиятии раќибаш эълон кард, ки анљумани фавќулодда барпо карда, обрўи давраи Кенљаевиашро барќарор мекунад. Ин хашми Ѓаффоровро ба вуљуд овард. Ќурбон Восиев, муовини раиси ЊСТ, пас аз барканорї аз мушовирии президент раиси Раиси Кумитаи иљроияи њаракати Вањдати миллї ва эњёи Тољикистон таъин шуд ва соли гузашта ин вазифаро низ аз даст дод. Абдуњалим Ѓаффоров дар ин муддат то куљое дар зинањои мансаб пеш рафт, аз тарљумаи њоли ў хонед:
Абдуњалим Ѓаффоров 24 декабри соли 1951дар дар дењаи Кулолии ноњияи Панљакент ба дунё омадааст. Омўзгор. Хатмкардаи факултаи таъриху филологияи Донишгоњи давлатии омўзгории Тољикистон. Дар замони Шўравї дар шўъбаи фалсафаи АИ, Донишкадаи давлатии санъати Тољикистон ва тарљумон дар Афѓонистон кор кардааст. Солњои 1986 - 2002 дар кафедраи педогогика ва психологияи Донишкадаи давлатии санъати Тољикистон омўзгори калон дотсент буд. Солњои 2002-2004 - муовини аввали ректори Донишкадаи такмили ихтисоси кормандони маориф, солњои 20042006 - мутахассиси пешбари шўъбаи забони Вазорати Маорифи Љумњурии Тољикистон. Аз декабри соли 2006 Директори Донишкадаи такмили ихтисоси омўзгорони муассисањои олии касбии назди Донишгоњи миллии Тољикистон аст. Аз соли 1998 аъзо ва раиси ташкилоти Душанбегї ва соли 2004 - раиси Њизби сотсиалистии Тољикистон интихоб шудааст. Соли 1997 рисолаи номзадиро дифоъ намудааст. Асарњо: Асосњои педагогика. Душанбе, 1994 (бо њаммуаллифон); Зан аз нигоњи сиёсати гендерї. - Душанбе, 2006;
8
“НИГОЊ”, ЧОРШАНБЕ №44 (426), 27. 01. 2015
СУЊБАТ
Иброњим УСМОНОВ:
"МО ТОЉИКЕМ, НА ФОРС" Суњбати ихтисосї бо профессор Иброњим Усмонов "Сарнавишти "тољик" - китоби нави профессор Иброњим Усмонов аст, ки дар мањфилњои илмиву сиёсї бањсњоеро њам ба вуљуд овард. Ин шашумин асари ўст, ки сарнавишти таърихии тољиконро инъикос мекунад. Суоли нахустини мо аз муаллиф дар бораи њадафи ин китоб аст, ки чаро ва мањз имрўзњо ба нашр расид: - Ин барои ман мавзўи наве нест, ки фавќулодда даст зада бошам. Ќариб 30 сол аст, ки дар мавзўи сарнавишти миллати тољик матлаб љамъ меорам ва мехоњам онро ба риштаи тањлил кашида, бањо дињам. Пеш аз њама сарнавишти мардуми Осиёи Миёна, бахусус Тољикистону Ўзбекистон ва Ќирѓизистон, ки дар водии Фарѓона марзи муштарак доранд, маро ба ташвиш овардааст. Осиёи Миёна пеш аз њама ватани азалии халќи тољик аст. Ман донистан мехоњам, ки чаро халќи эрониасли тољикро на ќавмњои дигари Осиёи Миёна, масалан, пантуркистњо, соњиби ин ватан њисоб намекунанд ва на як гуруњ љавонони имрўзаи тољик, ки худро "форс" мењисобанд. Ба ин хотир, ин њама солњо ман матлаб љамъ овардам, бахусус замоне, ки дар Афѓонистон кор мекардам, маъхазњои хеле нодирро пайдо намудам. Аз шуруъи бозсозии горбачёвї, ки ба вазъи тољикони Осиёи Миёна бењбуд овард, шахсан истифода кардам. Масалан, то соли 1990 донишљўёни шуъбаи журналистикаи Донишгоњи миллии Тољикистон танњо ба ду вилояти Ўзбекистон - Сурхондарё ва Тошканд (идораи "Њаќиќати Ўзбекистон") мерафтанд. Соли 1990, ки декани факултаи филология будам, донишљўёни шуъбаи журналистикаро ба њамаи вилоятњои тољикнишин - Бухоро, Самарќанд, Ќашќадарё, Фарѓона, Намангон ва Тошканд ва донишљўёни филологияро барои шевашиносї ва фолклоршиносї ба Самарќанд фиристодем. Ва аввалину охирин бор як гуруњро ба таљрибаомўзї ба Донишгоњи Балх фиристодем. Барои донишгоњњои Бухоро китобњои забону адабиётшиносї ва њатто як муаллим њам фиристодем, ки дар он љо дарс дод. Барои аввалин гуруњи тољикии педагогии Донишгоњи Ќаршї бар асоси мактуби ректори он китоб фиристодем. Њатто роњбари онваќтаи Тољикистон Ќањњор Мањкамов як маошашонро барои харидани ин китобњо ба мо доданд. Ман, ёрдамчии Мањкамов - Мадќулов ва рўзноманигор - Аваз Юлдошев он китобњоро бурда, ба Донишгоњи Ќаршї таслим кардем. Хулас, мо њамон ваќт корро сар карда будем. Банда аввалин нафаре будам, ки 19 ноябри соли 1988 барои забони тољикї тариќи
«
њафтаномаи "Газетаи муаллимон" маќоми давлатї талаб карда будам. То он замон касе ин корро накарда буд. Манзури ман, пас аз Љанги бузурги ватанї. Солњои 20 ва 30 ин талошњо буданд. Масалан, Нусратулло Махсум, роњбари ваќти Тољикистон фармон бароварда буд, ки њамаи ѓайритољикњо дар кишвар бояд забони тољикиро донанд. Забони тољикї њамагї чанд соли пеш маќоми давлатї гирифт. Ман чї гуфтаниам? Ин коре нест, ки ман нав даст зада бошам ва минбаъд њам машѓул хоњам шуд, зеро аз замоне, ки тољикон соњиби давлати худ шуданд, аввал, соли 1924 ва нињоят, соли 1991, ба шарофати сиёсатњои њукумати имрўзаи Тољикистон њоло шароит барои истифода шудани неруњои зењнии кишвар барои худшиносии миллї бештар шудааст. Њамин сабаби даст задани ман ба ин мавзуъ шуд. - Аслан, ин мавзўест, ки солњо ба ин сў на фаќат аз тарафи Шумо, балки дигарон њам матрањ мешавад. Аммо ба назар мерасад, ки ин њама кўшишњо барбод мераванд ва боз њам зарурати гуфтану навиштани он пеш меояд, ки ба эњтимоли зиёд таъсир нахоњад кард. Њоло Шумо чї гуфтаниед? Чаро ин мавзуъро муњим мешуморед? - Дар оѓоз як муќаддима меорам. Пас аз милод ба номи Эрон давлат набуд. Аврупоињо Эрони имрўзаро Форс мегуфтанд (Форсро ба хотири бузургдошти Эрони Бузург Пањлавињо соли 1934 Эрон ном карданд). Онњо моро форс намегуфтанд. Ориёї мешинохтанд, аммо суѓдиву бохтарї ва сипас, бухорої меномиданд. Ќаламрави мо барои онњо Трансоксания ё Мовароуннањр буд. Ин муќаддима барои чї буд? Як бор ба атроф нигаред, Ўзбекистон, Ќирѓизистон, Туркманистон ва дигар "истон" - њо кай дар таърих буданд? Кадом мардумро ќирѓизу ўзбеку туркман ном буд? Ин номњо дар адабиёт нестанд, зеро њамаро турк мегуфтанд. Чаро ин ќабилањои турк аз ягона баданаи худ берун меоянду мо не? Онњо бо ифтихор мегўянд, ки фарњангу забони мо туркї, аммо мо ќазоќу ќирѓизу ўзбек њастем. Ё славянњоро бигирем. Булѓор, словен, словак, рус, украин, белорус, чех ва ѓайраву њоказо, "ман рус, словак" ва ѓайраву њоказо мегўянд, на "ман - славян". Њатто бинед, чї талоше миёни ду бародар - русу украин меравад. Ман љонибдори ин нестам, аммо ин талош барои мустаќилият ва њуввият аст. Дар мо чї? Тамоман баръакс. Суол мешавад: чї фарќ аст миёни пантуркисте, ки мегуфт, тољик дар Осиёи Миёна нест ва онњое, ки мегўянд, "мо форсем, на тољик"? Њарду њам будани тољикро дар хонаи азалии худаш инкор мекунанд. Ман
Миллати Тољикистон тољик ё тољикистонї аст, касе набошад, ўзбек аст, рус ё туркман. Ўро дар хориљ њамин гуна мешиносанд. Миллати имрўзаи Эрон форс ё эронї аст, новобаста аз ин, ки озарї, балуљ, лур, курд ё каси дигар аст. Аммо њамчун халќ дар Тољикистон њам тољик њастем, Ўзбекистону Афѓонистону Эрон ва Ќирѓизистону Ќазоќистону Чину Покистон њам.
«
мехоњам, ки тољик ба њаќиќат ва сарнавишти таърихии худ соњиб шавад. Чизе аз ин беш намехоњам. - Тољикистоне, ки Шумо дар назар доред, манзур ќаламрави азалии тољикон, аз нигоњи Шумо, бо њамин Тољикистон мањдуд мешавад? - Манзури ман Осиёи Миёна аст. Асоси тољик дар Бухорову Самарќанд аст. Баќия вилоятњои Ўзбекистонро худатон медонед. Дар вилоятњои Бодканд, Љалолобод ва Ўши Ќирѓизистон ва Чимкенту Љамбули Ќазоќистон њам тољикони тањљої њастанд, на кўчидарафта ё мардикор. Ангелиус, муаррихи голландї њанўз асри 17 ба Хуросон омада, бо њайрат менависад, ки дар кишвари Форс мардум худро тољик мегўянд. Сафири аввалини Британия дар Афѓонистон навиштааст, ки мардуми Кобул пурра тољиканд ва аз он ба шимол њам њама тољиканд... Дар Ўзбекистон, ба њисобњои ман, имрўз 14 миллион бояд тољик бошад. Ман омори соли 1887, 1920 ва 1958 - и ањолии Ўзбекистонро муќоиса карда, ба чунин хулоса омадам, ки њоло дар ин кишвар бояд 40 дарсад тољик бошанд. Дар Афѓонистон њам таќрибан чунин аст. Тољикону њазорањо - тољикзабонњо 45 дарсади ањолии он кишварро ташкил медињанд. Дар Чин сарикўлињо ба сар мебаранд, ки беш аз 60 њазор гуфта мешаванд. Дар Покистон, намедонам касе худро тољик меномад ё не, аммо як зани покистонї дар Аврупо вазир шуда, худро тољик муаррифї кард, яъне њастанд. Дар Эрон њам бовар дорам, ки тољикон њастанд, балки инро ман шахсан дидаам. Як нукта. Бархе шубња мекунанд, ваќте мегўям, ки дар Ўзбекистон 14 миллион тољик њаст. Ислом Каримов моњи июни соли 2000 дар Кохи Борбад гуфта буд: дар Ўзбекистон оилае нест, ки тољикиро надонад ё нафањмад. Ин эътирофи он аст, ки он љо тољикон бисёранд. Љои дигар гуфт, ки мо як халќем, ки ба ду забон гап мезанем. Ин кадом халќ аст? Тољик ё ўзбек? Ин суол аст. Ман танњо њаминро мегўям, ки ўзбекњо њамсояи асосии моянд. Дар тўли таърих мо бо онњо марз надоштем. Марз соли 1997 пайдо шуд, 20 сол њам нагузаштааст. - Бубинед, далелњои Шумо њама бар инанд, ки мардуми ќаламрави эронинажод як мардум њастанд. Шумо ин љо чї фарќеро мебинед? - Бубинед, дар ќадим чор халќ буд: суѓдї, бохтарї, хоразмї ва форс. Ин њама аз як нажод ва решаи умумї њастанд. Ин нукта љои бањс надорад. Аммо савол ин аст, ки чаро сеи аввал бояд набошанд ва ахирї монад? Ин чї раванд аст? Ман њукм карданї нестам, баръакс мутахассисонро барои тањќиќ љалб карданиам, ки чаро њама суѓдї, бохтарї ва хоразмї мираду форсї монад? Аммо аз нигоњи ман, аз ин се бояд чизе монад ва њам мондааст, ки ин мо тољиконем. Маликушшуаро Бањор мегўяд, ки то истилои араб забони асосии мардуми Эрон суѓдї буд, пањлавї ба форсии имрўза камтар монандї дошт. Пас аз истилои араб, ба ќавли ў, то 300 соли дигар забони асосї - дарї (дарборї) буд. Рўдакиву Робиаи
Балхї, Даќиќиву Манучењрї забони худро дарї гуфтаанд, на форсї. "Форсї" (арабњо чунин мегуфтанд) ё "порсї" гуфтан аз Фирдавсї оѓоз шуд, њарчанд "Шоњнома" - ро бо забони дарї Даќиќї шуруъ кард. Пас аз густариши ислом забони дариро, яъне дарбориро, "форсї" номиданд ва то замони манѓитињо дар мадрасањо забони моро "форсї" гуфта, меомўхтанд. Аммо ањли Бухоро њамеша худро тољик меномид. Эсхил, шоири Юнони Ќадим дар асараш "Форсњо" ќаламрави Эрони имрўзаро Форс, аммо Осиёи Миёнаро Ориёно гуфтааст... - Агар Шуморо дуруст фањмида бошам, Шумо бар инед, ки арабу Аврупо аз ѓарб меомаданд, аввал бо форсњо рўбарў мешуданд ва барояшон мардуми сарзамини эронинажод њама форс мешуданд. Ва муѓулњо њам аз шарќ даромада, баќияро тољик мегуфтанд. Дуруст фањмидам? - Бале, зеро воќеан чунин буд, њар кас њамсояи худро мешинохт. Њамсояи арабу аврупоињо форсњо буданд, њамсояи осиёињо - тољикон. Баъдтар ин шинохтњо то љое таѓйир хўрданд. Масалан, њиндуњо моро њамчун тољик ё форс намешинохтанд. Осори Бедилу Зебуннисову Амир Хусравро онњо маданияти ўзбекия њам мегуфтанд, њарчанд забон форсиву тољикї буд ва онњо тољик буданд. Чаро? Зеро ин маданиятро ўзбекњо бурданд ва чун давлат - давлати ўзбекњо буд. Њоло дар тамоми дунё номи миллат аз номи давлат сохта мешавад. Љавонони имрўз байни миллату халќ тафовут намегузоранд. Миллати Тољикистон тољик ё тољикистонї аст, касе набошад, ўзбек аст, рус ё туркман. Ўро дар хориљ њамин гуна мешиносанд. Миллати имрўзаи Эрон форс ё эронї аст, новобаста аз ин, ки озарї, балуљ, лур, курд ё каси дигар аст. Аммо њамчун халќ дар Тољикистон њам тољик њастем, Ўзбекистону Афѓонистону Эрон ва Ќирѓизистону Ќазоќистону Чину Покистон њам. Ман аз љавонони имрўза як хоњиш дорам: руњияи интеллигентиро нигоњ доранд, аммо аз интеллигентии сохта даст кашанд. Моро дар сад соли дигар касе дар љањон форс намегўяд. Њама моро тољик мешиносанд ва ќабул кардаанд. Дар сад соли дигар њам тољикони Афѓонистонро њам "форс" нахоњанд гуфт. Ин љо хизмати марњумон Бабрак Кормал ва Ањмадшоњи Масъуд зиёд аст. Бояд донем. Њељ гоњ тољикони Ўзбекистонро "форс" нахоњанд гуфт, њамеша тољик мемонанд, агар худро нигоњ доранд. Муњољирини тољик аз Афѓонистону Тољикистону Ўзбекистон ва дигар кишварњо дар Амрикову Аврупо ва Русия њељ гоњ худро "форс" муаррифї намекунанд. Зеро ин љо гапи эњтиром аст. Мо бояд пеши бегонагон худро паст назанем. Як гапро намедонам гўям, ё не, аммо мегўям. Он бародароне, ки худро "форс" меноманд, шояд дар њаќиќат форс бошанд, зеро дар Эрон њам тољикон буданд, дар Бухоро њам форсњо зиндагї мекарданд. Майендорф, муњаќќиќе, ки соли 1820 ба Бухоро омадааст, менависад, ки дар Бухоро форсњо зиёданд, аммо аксаран ѓуломони сарватмандонанд. Иддаи дигар њам
“НИГОЊ”, ЧОРШАНБЕ №44 (426), 27. 01. 2015
ро вараќ занед ва бубинед, ки њодисањои он асосан дар Бухорову Балху Зобулу Кобул - Осиёи Миёнаву Афѓонистон мегузаранд. Чаро? Барои он ки бар асоси устурањо Даќиќї ба навиштани "Шоњнома" шуруъ карда буд. Ин аст Эрон. Он Эрон Эрони мост, њељ кас онро аз мо гирифта наметавонад. Зарур ояд мо барои он Эрон, ба ќавли Лоњутї, бо дандонамон мељангем. Ман бо ифтихор адабиёти то Инќилоби Октябрро адабиёти форсиву дариву тољикї мегўям. Бунёди он дар Бухоро нињода шуд. Аввалин шеъри форсї њам дар њудудњои имрўзаи Тољикистону Осиёи Миёна ба вуљуд омад. Масалан, порчањои шеърии "Самарканди кандманд, бад-инат кї афканд", "Оњуи куњї дар даршт чї гуна давадо..", "Аз Хутлон омадия, ба рў табоњ омадия" ва саромадони адабиёти муштараки мо дар Мовароуннањр, пеш аз њама дар Бухорову Самарќанд зуњур кардаанд. Порсї, дарї,
«
9
мазњаби Имоми Аъзам пайравї мекунем. Намозамонро мехондем, одоби мусулмониамонро риоят мекардем. Ба бањсњои шиаву суннї коре надоштем. Њоло, ки бархе љавонон, ба кишварњои исломї рафта, меоянд, тањти таъсири мазоњиби њамон кишварњо мемонанд ва исломеро, ки дар Тољикистон њаст, мехоњанд ба таври худ "ислоњ" кунанд. Сад дар сад мутмаинам, ки ин корро онњо ноогоњона мекунанд. Мо мусулмон њастем, аммо араб нестем. Аз арабњо бештар дар рушди ислом сањм дорем. Ин бояд ифтихори мо бошад, на араб шудану будан. Умуман, дар њама маврид мо бояд аввал тољик бошем. Агар аз паси ину он равем, њам онњо намешавем ва њам эњтироми худро гум мекунем. Инсонеро, ки аслу њуввияти худро њурмат намекунад, бегонапарастї мекунад, ўро касе њурмат намекунад. Моро бояд њамчун тољик шиносанд ва
Дар ташаккули миллати мо форсњову арабњо сањм доранд. Онњо омаданд, бо мо монданд ва тољик шуданд. Њамчунин мо дар ташаккули онњо сањм дорем, бо онњо будему њастем ва шояд форсу араб шуда рафтем. Мо кистем? Љавонони мо дарк карда наметавонанд, ё намехоњанд фањманд, ки ваќте "форс" мегўем, ин њоло мафњуми байналмилалї нест. Миллат аз рўи давлат њоло муайян мешавад, на фарњангу таърих.
«
барои тиљорат, тањсил ё корњои дигар меомаданд. Он замон дар Бухоро аз Чину Њинду Покистон ва дигар кишварњо њам тољирон меомаданд. Шояд аз Эрон зиёдтар меомаданд. Ин љавонон шояд авлоди њамон форсњо бошанд ва њаќ доранд, ки худро форс гўянд. Аммо ин њаќро надоранд, ки шахси гузаштаи худро ба миллат бор кунанд. Ин миллатпарастї нест, хиёнат ба миллат аст. Њатман таъкид мекунам, ки мо - тољикони Тољикистон, Ўзбекистон, Афѓонистон, Ќирѓизистон, Ќазоќистон, Покистон, Чин ва мардуми форс решаи умумї дорем, ба як фарњанг тааллуќ дорем, бо як забон гуфтугў мекунем, забони асримиёнагии њамаи мо то инќилоби Октябр форсї номида мешуд (дар Афѓонистон соли 1966 таѓйири ном кард). Номи ба худ хос набошад, маданият ифода намешавад. Кишварњое њастанд, назири Амрикову Бритониё ва Австралия, ки аз як забон истифода мебаранд, аммо фарњанги њама људо аст. Адабиёти Англия аз адабиёти Англияву Австралия људо аст. Њарчанд забони мо як буд, пас аз асри 15 адабиёти Эрону Афѓонистон ва Тољикистон људо шуд. Адабиёт объекти умумї бояд дошта бошад, ин се кишвар то ба имрўз дар воќеиятњои худ ба сар мебаранд ва воќеиятњои мутафовит доранд. Дар он чї, ки дар Афѓонистону Эрон менавиштанд, Осиёи Миёна набуд. Дар адабиёти Афѓонистон Эрону Тољикистонро намебинед. Дар он чї, ки ин љо менавиштанд, он ду набуданд. Њоло инро њам мегўянд, ки фарњанги мо эронї ё форсї аст. Ин тур нест. Ман мегўям, ки фарњанги мо - фарњанги тољикї аст. Чаро? Саъдии Шерозї дар Шероз, маркази Форс зиста, гуфт, ки "Турки ту бирехт хуни тољик". Чаро "Турки ту бирехт хуни форс, ё эронї не"? - Дар Тољикистон як раванде мушоњида мешавад, ки гуруњњои фикрї мехоњанд ба як олами бузургтар аз тољику Тољикистон тааллуќ дошта бошем, яъне хурд нестем, балки хеле бузургтар бояд муаррифї шавем. Содда карда гўем, тољиконро зери чатри бузургтаре мехоњанд кашанд. Яке, ин гуруњ, ки мегўянд, форсем ва ба олами бузурги форсї тааллуќ дорем. Онњо мехоњанд мо бо мардуми Эрону Афѓонистон бояд пеш аз њама наздик шавем. Гуруњи дигар, онњоеанд, ки тариќи мазњаб, аз љумла љараёнњои мамнуъу номамнуъ, мехоњанд мо - тољикон бештар мусалмон муаррифї шавем ва ба олами бузурги ислом, њатто араб тааллуќ гирем. Арабгарої бахусус дар аќидаи салафињои тољик мушоњида
мешавад, ки Эронро на форс, балки шиа шинохта, дар он хатар ба мазњаби њанафии тољикон мебинанд ё тасаввуфи Мавлонову Њофизро инкор мекунанд. Ва саввум гуруњ мехоњанд, ки мо ба олами рус ё "русский мир" такя занем. Сабаби ин њамаро Шумо дар чї мебинед? - Ќабл аз њама сабаб як аст: имконияти мурољиати олиму донишмандон ба мардум мањдуд аст, дар њоле ки ин гуруњњо бо истифода аз шабакањои иљтимоии интернету расонањои дигар имкони бештари муаррифии андешањои худро доранд. Дар миёни онњо олимон њастанд, аммо аксарияти кулл онњоеанд, ки на ба илму таърих, балки ба эњсос такя мезананд. Аз ин бањсњо намешавад њаќиќати илмиро пайдо кард. Тољик будан ин муќобили форс будан, ба ин ё он мазњаб гаравидан ва рус шудан нест. Тољик будан ин ифтихори онро доштан аст, ки њамин ватан ватани ман - мани тољик аст. Николай Хаников, муаррихии асри 19 - и рус як гап дорад, ки мардуми тољик дар њавзаи Афѓонистон, Эрон ва Осиёи Миёна пурра пањн шудаанд, дар њама љо њастанд, аммо дар љое сарљамъу муттањид нестанд, мисли љазирањо аз њамдигар људоянд, аз ин хотир, бегонањо омада, сарљамъ шуда, худро миллат мегўянд, аммо тољикон на. Он чї Шумо мегўед, исботи њамин аст. Дар ташаккули миллати мо форсњову арабњо сањм доранд. Онњо омаданд, бо мо монданд ва тољик шуданд. Њамчунин мо дар ташаккули онњо сањм дорем, бо онњо будему њастем ва шояд форсу араб шуда рафтем. Мо кистем? Љавонони мо дарк карда наметавонанд, ё намехоњанд фањманд, ки ваќте "форс" мегўем, ин њоло мафњуми байналмилалї нест. Миллат аз рўи давлат њоло муайян мешавад, на фарњангу таърих. Олмонї дар Олмон олмонї аст, аммо дар Австрия, ки ба забони олмонї такаллум мекунад, австриягї аст. Асари олмонї дар Олмон моли адабиёти Олмон, дар Австрия моли Австрия аст, њол он ки њарду бо як забон навиштаанд. Њамин тавр, дар Эрону Афѓонистону Тољикистон ба як забон менависанд, аммо ба се давлат тааллуќ доранд. Дигар, байни Эроне, ки Фирдавсї муаррифї мекунад ва Эрони кунунї фарќ аз замин то осмон аст. Эрони ќадим як давлат не, империяи бузург буд. Љумњурии исломии Эрон он Эрон нест. Дар илми шарќшиносии љањон эроншиносї њаст, аммо форсшиносиву тољикшиносї нест. Эроншиносї тамом мардуми эронинажодро меомўзад. Ман худро сад фоиз љузъ не, соњиби Эрони ќадим њисоб мекунам. Эрони ќадим сарзамини ман аст. "Шоњнома" -
тољикї, њарчи ин адабиётро ном накунем, аз њамаи мост. Мо мардуми эрониасл њастем. Забони форсї як замон номи забони давлатии мо буд, аз мо буд. Аммо дар оянда мо на бо форсиву дарї, балки тољикї бояд пеш равем. Ба љуз Амрико, ки мардуми тањљої надорад, тамоми халќњои љањон номи забонашонро ба номи худ ифода мекунанд. Дар масъалаи русї ва русгарої. Забони русї барои мо забони хориљї аст ва робитаи моро бо љањони берун ба вуљуд меорад. Агар љомиаи мо ба љои русї ягон забони дигарро омода бошад, ки пазирад, ман аз он љонибдорї мекунам. Аммо ин њадди аќал то 50 - 60 соли дигар имкон надорад. Чаро? Барои он ки кишварњои собиќ мустамлика буда, бо ѓосибони худ унс мегиранд ва аз онњо људо намешаванд. Њинду Покистон ќариб 100 сол мустамликаи Англия буданд. Англияро ронданд, аммо забони англисї монд. Кишвари асосии муњољирати мардуми Њинду Покистон њам Англия аст. Туркия кишвари ќудратманд буд, аммо дар масоили байналмилалї бо Олмон мавќеи њамсон дошт. Туркњо асосан ба ин кишвар муњољират мекунанд ва забони олмонї муњимтарин забони хориљї дар Туркия аст. Алљазоирињо мустамликаи Фаронса буданд ва њоло ба Фаронса муњољират мекунанду забони фаронсавї забони давлатиашон аст. Кишварњои собиќ Шўравї, аз љумла мо њам бо Русияву забони русї њастем, зеро дар гузашта мустамликаи ин кишвар будем. Ин, ки мо бо забони русї њарф мезанем, тасодуф ё хориљ аз љараёни таърих нест. Мо ќариб 150 сол дар таркиби Русия будем. Моро истимор њам карданд, ѓорат њам карданд, ёрдам њам карданд, њам сўхтанду њам сохтанд. Аммо мо бо онњо одат кардем, мо якдигарро хуб мефањмем, кам - кам хислатњоямон њам монанд шудааст, аз ин хотир, мо ба Русия меравем ва бояд забони русиро донем. Русњо барои тољикон хизматњои бузург кардаанд, масалан, моро аз шарри пантуркизм наљот доданд. Њазор худашонро дур нагиранд, њатто њамон гурљињо ва мардуми Соњили Балтика русиро медонанд ва ба Русия эњтиёљ доранд. Дар бораи арабпарастї. Бархе мегўянд, ки дар ислом баъзе арзишњои арабї њастанд. Аммо ман чизи дигарро мегўям: дин як чизи муќаддас ва бузург аст. Онро набояд сўистифода кунанд. Ман аз матбуоти Тољикистон на талаб, балки илтимос мекунам, ки дар бораи кашмакашњои мазњабї ва пешвоёни динї аслан матлабе нашр накунанд. Матолибе нашр кунанд, ки инсонњоро ба Худо наздик кунад, на миёни онњо тафриќа андозад. Дар гузашта мо - мардуми тољик хуб медонистем, ки ањли њанафия њастем, аз
эњтиром кунанд. - Фикр намекунед, ки аз ин суханони Шумо эронињо меранљанд? - Чаро аз тољик будани ман онњо ранљанд ва аз форс будани онњо - ман? Маќбараи Ѓаззолї дар Тўс њамагї як - ду километр дуртар аз маќбараи Фирдавсї аст, аммо як гўристони вайронаро мемонад. Ў њам эронї аст, аммо аз ањли суннат аст. Шумо намеранљед? Чаро аз ин ранљанд, ки Саъдии Шерозї дар маркази музофоти Форс зиста, худро тољик номидааст, ё Мавлоно худро тољик мегўяд? Чаро аз ин, ки ман худро тољик меномам, меранљанд ва ман аз он ранљам, ки онњо худро тољик намегўянд? Танга ду рўй дорад, охир. Боре њангоми сафари Эрон аз Машњад ба Нишопур мерафтем. Дар роњ барои харидани банан таваќќуф кардем. Аз кўдаке, ки банан мефурўхт, пурсидам, ки аз кадом ќавмї? Гуфт: Тољик. Хангоми сафари расмии роњбарияти Маљлиси олии Тољикистон ба Шероз соли 1997 остондори вилояти Шероз изњор кард, ки аксарияти мардуми калонсоли Шероз худро тољик меноманд. Дар Тењрон дар конфронсњо ман шахсонеро дидам, ки насабашон ба калимаи "Тољик" ифода мешуд. Аммо дар омори Эрон ягон тољик нест. Мо наранљем? Тољикони Эрон ба мо "њамќавми ман, бухороии ман" гуфта мурољиат мекарданд. Бо ифтихор мегўянд. Охирин маълумот дар бораи тољикони Эронро соли 1975 дар маълумотномаи "Эрон" - и Институти шарќшиносии Шўравї вомехўрем, ки бино ба он, дар Эрон 60 њазор тољик зиндагї мекунад. Њол он ки тамоми Хуросони Эрон дар асрњои 17 - 19 худро тољик мегуфтанд. - Оё дар барномањои њукумати Эрон идеяи иттињоди мардуми эронинажодро мебинед? - Дар барномаи Љумњурии исломї дин болотар аз њамзабонї аст. Њаммазњаб будан муњим аст. Як аспиранти эронї доштам, ки аз занљирзании озарињои Эрон ба ваљд меомад. Дар Эрон мазњаб болотар аз эронинасл будан аст. Инро сохти сиёсии Эрон таќозо мекунад ва ин њаќиќати зиндагии имрўзаи эрониён аст. - Оё миёни мову эронињо ифтихороти муштарак њаст? - Бале, мо бояд аз эрониасл будан ифтихор кунем. Ифтихор аз Форс не, аз Эрони ќадим. Бояд аз тамаддуни бузурге ифтихор кунем, ки Эрони ќадим ба вуљуд овард. 10 аср илм ва адабиёти муштарак доштем. Аз ин ифтихор кунем,ки мо дар ќатори чинињо, њиндуњо, юнонињо, римињо, мисрињо ва мексикоињо тамаддуни башариятро асос гузоштем. Дигар чизеро, ки моро муттањид кунад, намебинам. Сўњбати Фахриддини ХОЛБЕК
10
“НИГОЊ”, ЧОРШАНБЕ №44 (426), 27. 01. 2015
Дар дуввумин њафтаи мољарои "Шарли Эбдо" доирањои сиёсї ва давлатии Фаронса ба масъалаи дигар кашида шуданд. Бино ба иттилои "Le Figaro", романи нависандаи маъруфи ин кишвар Уэлбек Мишел чун равѓанрезї ба оташ дар остонаи чоп аст ё чоп шудаву бояд њамакнун ба фурўш барояд. Сужа ва ѓояи роман он аст, ки Фаронсаро мусалмонон бо сарварии Муњаммад бинни Аббос ишѓол мекунанд ва љомеаи ин кишвар ногузир ба Ислом мегаравад. Дар њамин шабу рўзе, ки афкори исломситезї ва исломњаросї љомеаи ин кишварро фаро мегирад, романи Уэлбек дар доирањои сиёсї мавриди бањсу баррасињо ќарор гирифт. Сарвари Љабњаи миллї Марин Ле Пен, ки худ як миллатгарої ашаддист, гуфт, ки "ин ѓоя метавонад замоне амалї гардад". Вай дар суњбаташ бо радиои France Info аз љумла гуфт: "Китоб дар њоле интишор меёбад, ки дар баъзе манотиќ ва департаментњо бунёдгароии исломї яќинан нерў мегирад". Вале вай мегўяд, њоло ин романро нахондааст ва акнун ќасд дорад бихонад. Франсуа Олланд, президенти Фаронса низ дар њамин суњбат изњор дошт, ки њоло китобро нахондааст ва бояд хонад, чун атрофи он гапу њарф зиёд аст. "Он чї имрўз љасорати адабї номида мешавад, дар асл такрор аст. Дар њар давру замон фиреби назар, таназзул, навмедии идоранашаванда, бадбинии иљборї, ниёзи шубња кардан ба худ будааст". Аммо дабири миллии Њизби чапгаро Алексис Корбер мегўяд, вай аз мавзеъгирии Ле Пен њимоят намекунад. Китоби Мишел Уэлбек дар њаќиќат як фазои тарсу вањмро ба миён меорад, вале кадом як њодисаи љиддитар аз инро ба дунбол надорад, зеро аксари мусалмонони Фаронса меъёрњои љомеъаи дунявиро мепазиранд.
ДУНЁ
ИСЛОМЊАРОСЇ ВА ИСЛОМСИТЕЗЇ
Аз фоли Ванга то изњори назари Меркел
пой меуфтад. Њама талоши мубориза бо ДОИШ ба хотири суќути низоми Асад аст. Ва агар жарфтар ба ин фолзании Ванга назар андозем, боз њам суќути Сурия метавонад муљиби бадбахтии Аврупо шавад, чун љангиёни ДОИШ бояд худро љойе зананд, ки љангу љўш бошад ва дигар чиро интизор будан аз онњо нашояд.
ДАЪВОИ МУБАЛЛИЃ Ба назар мерасад ин аввалин ва охирин омили њарос дар љомеаи Аврупо ва бахусус Фаронса нест. Ахиран Институти медиа мониторинги Ховари Миёна тарљумаи як пора аз мурољиати мубаллиѓи мисрї Салом Абу ал-Футуњро интишор дод. Вай дар суњбати худ бо боварї изњор дошт, ки Хилофати исломї њамаи кишварњои Ѓарбро ишѓол мекунад. Баъзе иќтибосот аз суханони ў: "Миллати ислом боз хоњад гашт. Сарфи назар аз буњрони кунунї ва такаббураш Ѓарб нобуд мешавад. Ончуноне, ки Аллоњ импературињои Византия ва Форсро бо дастони мусалмонон нобуд сохта буд, њамон гуна Ѓарбро бо дастони мусалмонон нобуд месозад. Њамаи кишварњои Ѓарб Исломро ќабул хоњанд кард". Ва дигар: "Аввал ин ки хилофат бозмегардад. Ва баъдан мусалмонон дар шукуфої ва фаровонї зиндагонї хоњанд кард. Иќтисоди мусалмонон ќавитар аз њама хоњад буд. Ман њаќиќатро мегўям. Ба дунболи он футуњоти бузург дар пешанд: мо Итолиёро ба даст меорем. Ќасам ба Аллоњ, ки мо бар Итолиё ѓолиб меоем. Мусалмонон њокимони кишварњои Ѓарб мешаванд..." Ва дар Аврупо пас аз интишори ин матни суханронї воњима пањн шуд: "Баъди чанд сол Аврупо ва пас аз чанд соли дигар њама рўи Заминро исломиён ишѓол мекунанд"? Ва боз: тибќи иттилои хабаргузории туркии "Анозул" сарвазири Туркия Довуд Уѓлу зимни як суханронї дар шањри Сюрих воќеъ дар ќисмати шимолии Шветсария Исломро дар Аврупо дини асосї хонд ва изњор дошт, ки он чуноне њаст, боќї мемонад. Вай назди туркњои муќими ин кишвар сабаби ширкаташ дар рањпаймоии зиддитеррористии Порисро чун намояндаи њукумати Туркия шарњ дод ва гуфт: "Маќсади асосии мо аз ин ширкат изњори мухолифат бо терроризм дар њама шаклу суратњояш буд. Мо бо иштирок дар роњпаймоии Порис ба њама рањбарони кишварњои аврупої њамин паёмро расонидан хостем, ки њаргиз касе њаќи омехта донистани ислом бо терроризмро надорад". Дар њамин суханронї ва баъдан дар чанд мавриди дигар Эрдуѓон ва Довуд Уѓлї чопи карикатурањо ва исломситезї дар Аврупоро шадидан мањкум карданд.
ОПОРТОИДИ РУЊОНЇ
ФОЛИ ВАНГА Як пешгўии Ванга дар 20 соли пеш дар ин шабу рўз дубора дар шабакањои интернетї роњ ёфт ва атрофи он мулоњизањои то њадде илмиву коршиносона сурат гирифтанд. Ва хулосаи чанд тањлил дар ин як љумла ифода мешуд: пешгўињои Ванга амалї мешаванд. Вай он замон дар бораи оѓози Љанги сеюми љањон гуфтааст: Исломињо Аврупоро ишѓол мекунанд, Бародарии сафед Русияро наљот мебахшад. Ин чанд иќтибос аз он пешгўї: "Ба наздикї ба олам ТАЪЛИМОТИ ЌАДИМА њоким мешавад. Аз ман мепурсанд: "Оё он замон ба зудї фаро мерасад"? На, ба зудї фаро намерасад, ЗЕРО СУРИЯ ЊОЛО АЗ ПОЙ НАУФТОДААСТ! Ин баъди 20 сол иттифоќ меуфтад, пештар аз 20 сол ба вуљуд намеояд". Тавре Planetatain менависад, ин пешгўї аз забони Ванга соли 1978 навишта гирифта шудааст. Ва ин љо метавон дар бораи тарљумаи носањењи он низ изњори назар намуд, чун Ванга дорои гўиши хосе буд, ки онро њатто на њар булѓор метавонист ба осонї дарк кунад. Аммо таваљљуњ кардан беманфиат нест. Он солњо аз назари глобалї Сурияро чизе тањдид намекард. Аммо њоло вазъ ба куллї дигаргун шудааст ва њолати имрўзаи Ховари Миёна аз як љанги нави љањонї ово медињад. Аммо Ванга гуфтааст, ки бо суќути Сурия эњёи Русия оѓоз мешавад. Ин бахши пешгўии вай ба мавзўи бахси мо иртибот надорад. Муњим он аст, ки исломиён баъди суќути Сурия ба Аврупо њамла мекунанд ва ба назар мерасад Сурия њам дигар тавре њаст боќї намемонад ва дер ё зуд аз
Масъалаи буњрони њуввият дар љомеъаи исломї ва ѓайриисломї як масъалаи калидї дар тањлили вазъ шумарда мешавад. Аз назари нашрияи туркии "Daily Sabah" "дар шароити имрўзаи тамаддуни аврупої танќиди озодонаи њамаи динњо имконпазир аст, вале фарќияти њалкунанда миёни ин озодињо ва дарки динњо аз љониби мусалмонон вуљуд дорад. Дар олами Аврупо њузури диндорон ва бединњо имконпазир аст, чун масъалаи дин унсури њалкунандаи њуввияти онњо нест. Барои мусалмонон масъалаи дин дар њуввияти онњо як масъалаи муњим ба шумор меравад. Бо радди дин ва эътиќоди мусалмонон аврупоињо њамин њуввиятро рад мекунанд ва бо ин васила имкони њузури онњо дар Аврупоро тањти суол мебаранд. Ба истилоњ, гуногунандешии аврупоиён як њарфи хушку холист. Дар асл дар Аврупо опортоиди динї таљриба мешавад". Чинињо дар ин маврид назари дигар доранд. Бино ба навиштаи нашрияи чинии "Global Times", дар вуљуди халќњои Аврупо
эњсоси бартарият солњои сол реша гирифтааст. Аммо сари ин мавзуъ нашрияи британиёии Socialist Unity жарфтар рафтаааст. Тањлилагари ин рўзнома менависад: "Зидди экстремизм садо баланд кардан танњо замоне маъно дорад, ки њадафи мо шикастани чархаи бепоёни тавлидшуда тавассути фаќр ва ноумедии инсон бошад. Ѓарб солњои дароз оташи низоъ ва барбариятро дар Либї, Ироќ ва Сурия равѓан рехт. Танњо ваќте ки мо аз кардањои худ дар тўли дањсолањо пушаймон мешавем, он ваќт мусалмонон низ барои иќдомоти љавобии худ аз мо пўзиш хоњанд хост. Њукумати Фаронса низ чун давлати Британиё масъули хунрезињо, харљу марљ ва хушунату зўроварї дар Либї ва Сурия мебошад. Њамзамон мо аз муттањидони наздики саудињо мебошем. Мо ба онњо силоњ мефиристем, афродашонро таълими низомї медињем. Мо бо хонаводањои шоњаншоњї дўстї мекунем. Ин дар њолест, ки дар симои саудињо мо бо шайкаи љинояткорон сарукор дорем, ки онњоро сармоягузорї мекунад ва ба сар то сари олам мефиристад. Њеч чизе наметавонад хунрезї дар Порисро њаќ нишон дињад ва агар мо мехоњем он чї дар Порис гузашт, мањкум намоем, пас боястї он чї дар Либї ва Сурия гузашту мегузарад, низ мањкум карда шавад, куштори атфоли бедифоъ дар навори Ѓазза, ки аз номи демократия роњандозї шуд, мањкум карда шавад. Экстремизм зояндаи экстремизм аст. Кай мо инро дарк мекунем?" Ба назар мерасад ин садоњо на њамеша шунида мешаванд. Бахусус, дар Аврупое, ки гумон меравад террори "Шарли Эбдо"-ро ба хотири таќвияти мубориза бо терроризм созмон дод ва имрўз њадафњои нињониеро тарњрезї мекунад.
ИСЛОМ АЗ ОЛМОН АСТ Ягона аз миёни роњбарони кишварњои Аврупо канслери Олмон Ангела Меркел дар гармогармии эътирозњои зиддитеррористии Порис изњор дошт, ки кишвараш Исломро бахше аз љомеаи худ медонад. Вай суханони каме пештар гуфтаи президенти собиќи ин кишвар Кристиан Вулфро такрор кард, ки мегуфт, Ислом чун масењият як бахши људонашавандаи эътиќод барои Олмон аст. Ангела Меркел ба такрор гуфт, ки аз изњори назари Вулф њимоят мекунад. Имрўз дар ин кишвар аз 3,8 то 4,3 миллион нафар мусалмонон зиндагї мекунанд, ки 65 дарсади онњо пайравони мазњаби суннї мебошанд.
Бобољони ШАФЕЪ
ЧЕЊРА Журналисте, ки баъд ба пайроњаи илм рафт. Шояд охири солњои 80 намедонист, ки кадом рўйдоде такон ба равиши зиндагии ў мешавад. Агар медонист шояд он замон сахт ба кори рўноманигорї дода намешуд. Дар Кумитаи давлатии радио ва телевизион, ки оѓоз ба фаъолияти журналистї карда буд, то зинаи Директори барномањои радио расид. Ва баъд онро њам тарк кард, истилоњшинос шуд, кори илмї кард ва билохира дар њамин љода пайроњаи аслии зиндагии худро пайдо кард. Сайфиддин Назарзода 3 ноябри соли 1956 дар дењаи Танобчии ноњияи Совет (њоло Темурмалик)-и вилояти Хатлон ба дунё омадааст. Баъди хатми Донишгоњи давлатии Тољикистон муддати як сол аз тариќи вазорати саноати нефти Шўравї ва чор соли дигар тарљумони неруњои мусаллањ дар Афѓонистон хизмат кардааст. Баъди бозгашт аз моњи октябри соли 1984 то декабри соли 1985 сарлаборанти кафедраи филологияи Эрони факултаи забонњои шарќи Донишгоњи давлатии Тољикистон ва аз декабри соли 1985 то ноябри соли 1990 муњаррири сарредаксияи гуфторњои хориљии Кумитаи давлатии телевизион ва радиои Тољикистон кор карда, дар ривољу равнаќи фаъолияти соња наќши босазо гузоштааст. Котиби созмони њизбї ва узви Кумитаи њизбии Созмони њизби Коммунист дар Кумитаи давлатии радио ва телевизион буд. Аз моњи ноябри соли 1990 то июни соли 1992 корманди калони илмї ва Котиби илмии Кумитаи љумњурии истилоњоти назди Академияи илмњои Љумњурии Тољикистон, аз июни соли 1992 то феврали соли 1993 директори барномањои радиои Кумитаи давлатии телевизион ва радиои Тољикистон, аз моњи феврали соли 1993 то январи соли 2000 муовини раиси Кумитаи истилоњоти назди Академияи илмњои Љумњурии Тољикистон буд. Баъдан муддати се сол
11
ние классических письменных памятников" (Пажўњиши забонии осори хаттии классикї), "Ташаккули истилоњоти иљтимої - сиёсии забони тољикї дар садаи ХХ", "Забон ва вањдати миллї" ва дањњо маќолањои илмиву пажуњишї мебошад, ки солњои гуногун рўи чопро дидаанд. Тўли фаъолияти илмї зиёда аз 170 маќола дар маљаллаву рўзномањои дохиливу хориљї чоп кардааст. Сайфиддин Назарзода њамчунин роњбари мавзуи илмии "Фарњанги русї-тољикї" ва роњбари тањияи "Фарњанги тафсири забони тољикї" (дар ду љилд), "Фарњанги мукаммали забони тољикї (дар 6 љилд) ва "Фарњанги имлои забони тољикї" будааст. Зери роњбарии ў бо дастури Президенти Тољикистон моњи сентябри соли 2008 ду љилди "Фарњанги тафсири забони тољикї" чоп шуд.
САЙФИДДИН НАЗАРЗОДА дар њамин кумита иљрокунандаи вазифаи раис ва аз моњи октябри соли 2004 Раиси Кумита таъин гардид. Аз моњи марти соли 2006 Директори Институти забон ва адабиёти ба номи Рўдакї, аз моњи майи соли 2011 декани факултаи забонњои Осиё ва Аврупои Донишгоњи миллии Тољикистон буд. Аз 15-уми декабри соли 2014 бо амри Президенти Љумњурии Тољикистон Директори Китобхонаи миллии Љумњурии Тољикистон таъин шудааст. Соли 1991 дар мавзўи вобаста ба таърихи лексикологияи забони форсии нав рисолаи номзадї њимоя намудааст. Сайфиддин Назарзода дар тањия ва нашри фарњангномањои зиёди соњавї сањм дорад, ки "Фарњанги мухтасари ис-
"ЉАРИМАГОЊИ МАХСУСИ БДА ЌОНУНЉ ФАЪОЛИЯТ ДОРАД" (Вокуниш ба маќолаи "Шўхљ макун бо ГАИ", "Нигоњ", №41 (423) Маќолаи мазкур дар байни њайати шахсии роњбарикунанда ва кормандони масъули хадамоти роњбонї мавриди муњокимаи умум ќарор дода шуда, далелњо ва ваљњњои дар маќола дарљгардида бо пуррагї зери санљиш ќарор дода шуданд. Ба маълумоти Шумо мерасонем, ки сарчашмаи тавлиди маќолаи мазкур ин аз тарафи ронандаи автомашинаи тамгаи "Мерседес-бенс" раќами ќайди давлатиаш 11-90 СА 01 Ориёфар Толиб Сангинзода вайрон намудани талаботи банди 7.3 Ќоидаињои њаракат дар роњњои Љумњурии Тољикистон ва банди 1.9 Ќарори Њукумати Љумњурии Тољикистон №6 аз 14.01.2010 "Дар бораи тартиби додани иљозати истифодаи воситањои наќлиёт
“НИГОЊ”, ЧОРШАНБЕ №44 (426), 27. 01. 2015
бо шишањои сиёњу хира барои њаракат дар роњ", гаштааст. Номбурда барои вайрон намудани талаботњои дар боло дарљгардида, дар асоси моддаи 330, ќисми 2 - и Кодекси њуќуќвайронкунии маъмурии Љумњурии Тољикистон аз љониби кормандони масъули БДА маводгузорї карда шуда, дар асоси Ќонуни Љумњурии Тољикистон "Дар бораи истењсолоти иљро" №373 аз 20 марти соли 2008-ум маводњо барои иљрои ќарор ба Суди ноњияи Фирдавсии шањри Душанбе ирсол карда шуда, бозпас баргардонидани воситаи наќлиёти ронанда ва њуљљатњои ронандагиаш тибќи тартиби муќарраргардида, дар асоси Ќарори суд бояд сурат гирад.
тилоњоти коргузорї" (соли 1993), "Асноди додраси тафтишоти пешакї" (1994), "Луѓати истилоњоти иќтисодї (русї-тољикї), "Луѓати мухтасари русї-тољикии истилоњоти гумрук" (1999), "Луѓати русї ба тољикии истилоњоти њарбї" (2003), "Фарњанги истилоњоти иљтимої ва сиёсї", (2006), "Фарњанги тафсирии забони тољикї", дар ду љилд (солњои 2008-2010), "Фарњанги мукаммали забони тољикї" љилди аввал, њарфи "А" (2011) аз ин љумла мебошанд. Вай муаллифи асарњои "Аљоиб-ул-махлуќот" ва вожашиносии таърихии форсїтољикї", маљмуаи "Афѓонистони имрўз" (ба забони русї), "Забон ва истилоњот" (Андешањо дар атрофи забони тољикї ва ташаккули истилоњот), "Лингвистическое изуче-
С. Назарзода дар тарбияи кадрњои илмї низ сањми арзанда дошта, 17 нафар унвонљўён тањти роњбарии ў машѓули тањияи рисолањои номзадї буда, 13 нафарашон рисолањои номзадї ва ду нафар рисолаи докторї њимоя кардаанд. С. Назарзода соли 2004 дар мавзуи "Истилоњоти иљтимої ва сиёсии забон тољикї: таърих, гароиш ва дурнамо" рисолаи докторї навишта, онро бо муваффаќият њимоя намуд. Оиладор соњиби панљ фарзанд мебошад. Хизматњои Назарзода чї дар гузашта ва чї имрўз бо нишону медалњо ва ифтихорномањо ќадр шудаанд. Вай барандаи љоизаи ба номи Осимии Академияи илмњои Љумњурии Тољикистон дар бахши илмњои љамъиятшиносї мебошад.
Бояд ќайд намуд, ки нархнома барои амалњои хизматрасонї дар мувофиќа бо Хадамоти зиддињинсории назди Њукумати Љумњурии Тољикистон аз 12.08.11 сол барои нигоњдошти воситањои наќлиёт дар майдончањои махсуси БДА муайян карда шудаанд. Њисоботњои хабарнигор, оиди гуё њамарўза дар майдончаи махсуси БДА боздошт намудани 100 адад воситаи наќлиёт бе асоси воќеъї буда, ба њисоби миёна дар як шабонарўз њамагї аз 8 то 10 адад воситаи наќлиёт барои вайрон намудани талаботњои Ќоидањои њаракат дар роњ боздошт карда мешаванд. Бояд ќайд намуд, ки љаримагоњи махсуси БДА дар асоси шартномаи тарафайн байни соњибмулк - иљорадињанда ЉСК "Сомонсаноат" ва иљорагир ШБДА РВКД дар шањри Душанбе тибќи талаботи меъёрњои њуќуќии Љумњурии Тољикистон фаъолият намуда истодааст. А. НАСИМОВ, сардори Шуъбаи бозрасии давлатии автомобилии РВКД дар шањри Душанбе
ЗИЁНИ МАРКАЗИ БАРЌУ ГАРМИДИЊИИ №1-И ДУШАНБЕ БА "БАРЌИ ТОЉИК" Маркази барќу гармидињии №1-и шањри Душанбе дар мавсими зимистони солњои 2013-14 75 миллион сомонї зарар овардааст. Рустам Рањматзода, раиси ШСХК "Барќи тољик" мегўяд, барои таъмини мардум бо оби гарм ва ќувваи барќ онњо аз њисоби имкониятњои ширкат фаъолияти ин маркази барќу гармидињиро идома дода истодаанд. Рањматзода дар шарњи сабабњои ба зарар кор кардани маркази барќу гармидињии №1-и шањри Душанбе гуфт, на њама мањсулоте, ки ин Марказ истењсол мекунад, истифода мешаванд.
- Мањсулоти истењсолии Маркази барќу гармидињї танњо оби гарм ва ќувваи барќ нест. Он љо буѓ низ дорад. Замони шўравї маркази гармидињї бо иќтидори пурраи истењсолиаш кор мекарданд ва њама мањсулотњои он аз ќабили оби гарм, гармї, ќувваи барќ ва буѓи он истифода мешуд ва он харољотњои худро мепўшонид. Имрўз барќи онљоро истифода мекунем, аммо буѓи онро касе истифода намекунад. Албатта зиёни он ба ширкати "Барќи тољик" бор аст. Барои таъмини мардум бо ќувваи барќ ва оби гарм мо бо зиёни ширкат њам бошад ин марказро истифода мекунем,-мегўяд Рустам Рањматзода.
Раиси "Барќи тољик" роњи ягонаи наљоти ин марказро дар баланд бардоштани тарифњо медонад. Аммо мегўяд, "бардоштани тариф ваколати Њукумати Тољикистон аст. Мо аз њисоби имкониятњои худ кўшиш дорем фаъолияти маркази барќу гармидињиро нигоњ дорем ва мар-
думро бо барќу оби гарм таъмин кунем." Маркази барќу гармидињии шањри Душанбе соли 1968 бо иќтидори 198 МВт ба истифода дода шуда буд. Дар марказ ба сифати сўзишвории асосї гази табиї ва сўзишвории эњтиётї - мазут истифода мешавад.
12
“НИГОЊ”, ЧОРШАНБЕ №44 (426), 27. 01. 2015
БО ШОИР АШЌАМ АЗ ЊАР ТОРИ МИЉГОН МЕЧАКАД... Ашкам аз њар тори миљгон мечакад, Чўбу чахси боми вайрон мечакад. Њаст мусиќии ширин дар лабат, Аз суханњои ту борон мечакад. Пайкарат дар пирањан пўшида нест, Аз њарир ин шир урён мечакад. Љуз њамин дил к-об гардиду нарехт Њарчиро дидем гирён, мечакад. Кист истиќбол гирад з-ин ятим, Ашки ман то хок њайрон мечакад.
ТАКЯ БАР СУХАН ДОРАМ... Бепанањтарин мардам, такя бар сухан дорам Гиряи нињон дорад хандае, ки ман дорам. Шўри гоњ-гоњи ман арзи сарбаландї нест, Мављи рўдборам ман, саљда бар шикан дорам. Шўхињои гуфторам матрањи назокат шуд, Дар бањори эљодам нози сад чаман дорам. Шоири чаманњарфам, лаб агар ки бикшоям, Бўи гул кунад мастат, ѓунча дар дањан дорам.
ДАРЕЃ АЗ ТУ... Мудом гарми њавасрониї, дареѓ аз ту, Чї бехабар зи мусулмониї, дареѓ аз ту. Нашуд, ки гарм шавам зери нурборонат, Ту офтоби зимистониї, дареѓ аз ту. Ба ёди отифаат сўхт боли парвона, Чароѓи базми пушаймониї, дареѓ аз ту. Зи хушксабза шунидам, ки љонибат мегуфт: Ту эй сањоб, на борониї, дареѓ аз ту. Нубуѓи табъи ту, Озар, наёфт љилваи хеш, Ту гўри рањмати раббониї, дареѓ аз ту.
ЧЇ БОЯД КАРД? Яке кўдак Яке кўдак Ба дасташ латтаи андўњ Ѓубор аз кафши бенангии мардум пок месозад, Нигоњаш пур бувад аз яъс, Нигоњаш пур бувад аз дард Ва андешад ба љои ќавмсолорон: Чї бояд хўрд? Чї бояд кард?
ОЗАР САЛИМ Баски такямањрумам, осмон шудам, Озар, Аз ситорањо њар шаб ашканљуман дорам.
БРУ БА ХАЙР! БАРФ Барф омадаву шишагарї овардаст, Дар шишаи ях њусни парї овардаст. Ин ошиќи пири мазњабї аз рањи дур Аз бањри дарахт рўсари овардаст.
ТАЌЛИД Таќлиди касе масоз дар хезу нишаст, Њосил нашавад аз ин туро ѓайри шикаст. Таќлид чу карду чашми тањќиќ надошт, Дар оина дасти рост аз сўи чап аст.
АЙБ АСТ... Айб аст ба гиря доманат чанг занам, В-аз ашк ба шишаи дилат санг занам. Дар ишќ маро њамин рисолат кофист, К-аз хуни дилам лаби туро ранг занам.
ВАЌТЕ КИ ГИРЯ МЕКАРД Дил сурх буд аз таб, ваќте ки гиря мекард, Месўхт дар дили шаб, ваќте ки гиря мекард. Борон, ки оњаш аз дил, чун барк шўъла мезад, Номи ту дошт бар лаб, ваќте ки гиря мекард. Љуз дарси ишќи Маљнун коре дилаш намехост, Лайлї барои мактаб ваќте ки гиря мекард. Одам дар офариниш огањ шуд аз људої, Руњаш даруни ќолаб, ваќте ки гиря мекард. Дил сода буд, Озар, аммо чу тифли бадхў, Ин сода шуд мураккаб, ваќте ки гиря мекард.
БОРОН ЧИ ЌАДАР СУХАНВАРИ ХУБ АСТ... Њар як суханаш латифу марѓуб аст, Борон чи ќадар суханвари хуб аст. Бар раг-раги дил њамезанад нохун Дар њар ѓазалаш нуњуфта ошўб аст. Борон ба дилам намонд гардеро, Љорўби Худост, њузнидилрўб аст. Борон, ки бувад дабираи обї, Аз Арш ба номи хок мактуб аст. Донї, ки чарост ин ќадар љозиб? Ашъори ќаландарони маљзуб аст.
ЊАРФИ БОРОН Хабари марги кї дар њарфи тари борон аст, Ки ба њар чиз нигањ сайр кунад гирён аст. Њама зарданд дарахтони чаман, ин борон Гўиё ашк ба рухсораи беморон аст. Мешавад об дил аз гиряи борон имшаб, Ки чу мусиќии наљвои азодорон аст. Сўхт аз оташу хокистари ў нест падид, Њамчу ман шамъ дар исботи ѓамаш њайрон аст. Њеч кас дар дили ман рахти иќомат нафиканд, Шањр, оре, ки азим аст, вале вайрон аст.
Эй ашки хунгирифта рањо шав, бру ба хайр! Дар пои ёр оби њино шав, бру ба хайр! Меърољи туст пар заданат то ба пои дўст, То ин маќом боли дуо шав, бру ба хайр! Эй сели интизор, ба роњаш инони хеш Сар дењ, камар бубаставу по шав, бру ба хайр! Ваќте ки сар ба санги рањи ёр мезанї Арзи дили шикастаи мо шав, бру ба хайр! Ранги ту худ њикояти мо мекунад хамўш, Яъне забони ањли њаё шав, бру ба хайр!
КАБЎТАРОНА БИЁ Кабўтарона биё, њасрат ошкор кунем, Њадиси ишќ сари гўри рўзгор кунем. Биё ба хотири як њарф -њарфи рўшану хуб Мисоли соиќа падруд бо бањор кунем. Њанўз ифодаи андўњи мо муяссар нест, Агар саросари олам бунафшазор кунем. Шукўњи сабзи дарахтон љамоли ислом аст, Ба њарфи барг дигар мусњаф интишор кунем. Зи бас саломи ту дар остони ту падруд аст, Ба ёди омаданат фикри интизор кунем.
ЭЙ ОШНО Эй ошно, суроѓи маќоми ту омадам, Бо номи он Худо, ки ба номи ту омадам. Сангам мазан, ки хаставу озурдаву њазин Чун кафтаре ба гўшаи боми ту омадам. Эй њарф-њарфи хуб, ки куръони ман тўї, Сайри бањори њусни каломи ту омадам. Монанди мањ, ки мераваду боз мерасад, Эй осмони ман, ба саломи ту омадам.
КАСЕ МИСОЛИ ТУ... Касе мисоли ту, эй нозанин, самимї нест, Гуле набуд, хиромат агар насимї нест. Биё, туро ба диёри ѓазал барам бо худ, Магар муњаббати зебои мо ќадимї нест. Ман аз њикояти сўроху мор фањмидам, Рањи наљоти башар ѓайри мустаќимї нест. Ќасам ба рўшании хотирот аз шаби ишќ, Ки соиди ту кам аз соиди калимї нест. Бурун макун зи дари чашм ашкњои маро, Ки њељ ќисса ѓамангез чун ятимї нест.
БАЪД АЗ ИН ЃАЗАЛХОНИСТ Охири зимистон аст, осмон, ки боронист, Чашми ишќ рўшан бод, баъд аз ин ѓазалхонист. Бевузўъ маё, љоно, пеши мо ба майхорї, К-аз сабўи мо хезад ќул-ќуле, ки ќуръонист. Навбањорро, эй дўст, эњтиром бояд кард, Ин ки сабз мепўшад, бешак аз мусулмонист. Маснавии боронро нест як каломи хушк, Гўї абр њам оњи шоири хуросонист. Навбањор агар ояд,шеъри тоза хоњам гуфт, Сардгуна мерўяд, ин ѓазал зимистонист.
ШАБИ НАБУДАНИ ТУ... Шаби набудани ту моњтоб гум шуда буд, Хазон расидаву фасли шабоб гум шуда буд. Ќасам ба дафтари чашмам, шаби набудани ту Аз ин луѓот њама шарњи хоб гум шуда буд. Чу шамъ по шуда будам ба љустуљўи сањар, Умеди омадани офтоб гум шуда буд. Њиљоб дошт дилам аз вафову мењр, вале Чи эътиќод, ки пушти њиљоб гум шуда буд. Паёми њасрати ман дошт субњи нилуфар, Ба манзиле, ки дар оѓўши об гум шуда буд.
ВО КАРД ЗУЛФУ РАФТ... Во кард зулфу рафт, нигањ пушти бом монд, Сайраш ќасида дошт, вале нотамом монд. Бояд, ки мебурид гулўи бањонаро, Афсўс теѓи саљдаи мо дар ниём монд. Шерўяро ба марги падар гашт рањнамо Хуни шањиди ишќ, ки бе интиќом монд. Дар худ фурў шудан њама љо сайри ишќ нест, Чун гурги тарсхурда, ки андар куном монд. То гўр орзу ба рањат интизор буд, Мо сўхтему ин њавасолуда хом монд. Бў мекашанд дафтари моро занони шањр, Зеро ки атри ишќ фaќат дар калом монд.
ДИГАР АЗ РЎЗГОР ДИЛГИРАМ... Дигар аз рўзгор дилгирам њама рўзаш агар чунин бошад, Рўзгори њама бад асту вале, вой аз ман, ки бадтарин бошад. Талаби илм фарз буду дареѓ рафт аз ёд њарфи Пайѓамбар, Чу гадое равам суроѓ кунун, нону обе агар ба Чин бошад. Мебарандам ба базму медонам андар он љо, ки љои ман набвад, Сотгинам агар нињанд ба каф зањр дар зери сотгин бошад. Нести Офаридгор, эй мард, балки аз мо гуноњкортарї, Шарт набвад, ки ончи мегуем бояд аз самти офарин бошад. Омаду рафту боз омад лек, кор доим чунин нахоњад буд, Њифз созед эътибори хеш, шояд ин бор охирин бошад.
БИРАВ БА ХАЙР! Чи суд куштану з-он баъд хушзабонии ту, Маро њамин ѓами ман бењ, ки мењрабонии ту. Ба кори ишќ тавоно туро бидидам, љуз Атои бўса, ки он аст нотавонии ту. Ба турнањо бинигар, к-ин ќатори сегўша Равона аст чу серўза нављавонии ту. Агарки бар нахўрам аз ту, эй дарахт, чи бок, Ѓанимат аст тамошои гулфишонии ту. Бирав ба хайр, ту эй ашку роз ифшо кун, Хуш омадам, ба Худо, ин хабаркашонии ту. Луѓоти ёди киро пурра мекунї, Озар? Ки гашт сарфи ду-се вожа зиндагонии ту.
СЎГВОРЇ Рўзњо мегузаранд... аз сари мо... аз дили мо мегузаранд. Хабари марги омўзгори мушфиќу мењрубон Пўлод Пўдинаевро шунида ѓамгин шудам. Дилам сўхт. Љигарам об шуд. Ваќте ки ин сатрњоро рўи сафњаи коѓази сафед меовардам, гиря гулўгирам мекард, худро дошта наметавонистам, аз чашмонам ашк љорї мешуд. Чашмонамро бо рўймолча пок мекардаму навиштаамро идома медодам. Боварам намеояд, ки мурдааст. Ў гўё дар назари ман зиндааст. Бо ман гуфтугў дорад. Сояааш њамќадами ман мебошад. Ман бо Пўлод Пўдинаев дар муассисаи тањсилоти миёнаи умумии №46 якљоя кор мекардем. Банда муовини директор оид ба таълиму тарбия будаму Пўлод Пўдинаев омўзгори фанни таъриху њуќуќ. Муаллим дониши ихтисосї дошта, мутахассиси фанни худ буд. Дар сатњи бањои 5 фанни худро медонист. Дар нўњ соати дарси муаллим иштирок кардам. Дарсњояшро бо методњои њозиразамон пурмазмун ва шавќовар мегузаронд. Синфњое, ки муаллим дарс мегуфтанд, сифати тањсилот хуб буда, ба талаботи замон љавобгў буд. Дарсњояш мазмуни як асарро дошт. Муаллим дар утоќи фанни таърих дарс мегуфт, аввалан ба ороиши кабинети таълимї диќќат дод. Саъю кўшиш кард, ки њуљраи таърихро бо асбобњои аёнї, дидактикї , худсохт ва воситањои таълимии техникї љињозонад. Дар дарсњо бошад аз воситањои таълимии мављуда истифода мебурд. Таи 5 соли ахир шогирдонаш низ дар озмунњои ноњиявї, шањрї ва љумњурї аз фанни таърих ширкат варзида, ба гирифтани љойњои намоён ноил мешаванд. Соли 2010 муассисаи таълимї љонишини тарбиявї надошт. Муаллимон њар рўз худашон љамъомади пагоњирўзї мегузарониданд. Ў баландгўякро ба даст гирифта, дар боби одобу ахлоќи хонандагон гап мезад. Синфе, ки давомоташ бад буд, зери танќид мегирифт. Дар муассиса Пўлод Пудинаев сиёсати худ-
“НИГОЊ”, ЧОРШАНБЕ №44 (426), 27. 01. 2015
13
ДАР РЎЗИ МАВЛУДАТ МЕГИРЯМ... ро шинонда буд. Њамаи омўзгорон ва хонандагон аз ў метарсиданд. Муаллим доим таъкид мекард, ки бояд омўзгор нисбат ба хонандагон сиёсат дошта бошад. Агар сиёсат надошта бошад, дарси хуб дода наметавонад ва њангоми машѓулиятњо хонандагон ўро гўш намедињанд, он кўлворе, ки дар худ дорад, ба шогирдон дода наметавонад. Омўзгор Пўлод Пудинаев дорои њамаи хусусиятњои њамидаи инсонї буд. Хонааш, ки дар пеши муассиса буд, дастархонаш барои худию бегона доимо кушода буд. Нафаре, ки ба муассиса меомад, то агар аз хонаи ў як пиёла чой наменўшид, иљозати рафтан намедод. Хислатњои некї ва накўкории ўро мардуми мањаллаи "Њаёти нав" ба њисоб гирифта, депутати ноњиявї интихоб карданд. Пеш аз интихобот як чорвои калон кушта, тамоми мардуми мањалларо зиёфат дод. Дар интихобот раќиби ў намояндаи ЊНИТ Карим Ќосимов буд. Аксарияти мардуми мањалла ба як овоз дар рўзи интихобот ба тарафдории Пўлод Пудинаев овоз доданд. Ва ў нисбат ба раќибаш овози бисёр гирифт. Баъди љамъбасти овозњо ѓалаба ба даст оварда, депутати ноњиявї интихоб шуд. Дањ сол дар мањалла сарвар шуда, кор мекунад. Дар лањзањои тангї дасти фитодагонро мегирифт. Ба мардуми корафтода кўмак мерасонд. Дар ѓаму ѓуссаи мардум
шарик буд. Ин аст, ки мардум чи худию чи бегона дар рўзи маргаш гиря карданд. Ба чашми худ дидам, ки дар ваќти баровардани тобут мардони мањалла чї хел мегиристанд. Пўлод Пудинаев 2 августи соли 1946 дар дењаи Шули љамоати Нусратулло Махсуми ноњияи Рашт ба дунё омада, то синфи 8 дар муассисаи №2-и дења тањсил намудааст. 4 соли дигар дар Омўзишгоњи педагогии шањраки Навободи ноњияи Рашт тањсил карда, онро бо дипломи аъло хатм намудааст. Сипас ба Донишгоњи педагогии ба номи Т. Г. Шевченко (њозира Садриддин Айнї) дохил гардида, баъди 5 сол донишгоњро њам бо бањои аъло ба итмом расондааст. Баъди хатми донишгоњ дар муассисаи миёнаи №46 ба њайси љонишини директор оид ба таълим дар синфњои ибтидої ба кор шурўъ кардааст. Баъди 2 соли фаъолият дар муассисаи зикршуда сарвари муассисаи махсуси шабонаи коргарљавонони №5 таъин мегардад. Њудуди 5 сол дар ин муассиса фаъолият намудааст. Марњум идомаи фаъолияташро дар муассисаи миёнаи №45 шањри Душанбе ба њайси сарвари муассиса оѓоз намуда, наздики 20 сол дар ин муассиса кор кардааст. Бо дархости мардуми мањаллаи Њаёти нав ба мактаби №46 даъват шуда, аз вазифаи сарварии муассисаи №45 ба муассисаи №46 ба њайси директори муассиса таъин гардидааст.
Дар умраш фарзандони хуб тарбия карда, онњоро маълумоти олидор намуда, ба зиндагии мустаќилона гусел намудааст. Яке донишгоњи педагогии ба номи С.Айнї, дуввумї - Донишгоњи аграрии Тољикистон, саввумї Донишгоњи миллии Тољикистон, чањорумї Донишгоњи политехникии Тољикистонро хатм намудааст. Таи 4 соли ахир касалии фишори баланди хун муаллимро азоб медод. Њамроњ ба тўю маъракањо мерафтем, хўрокњои равѓандор хўрда наметавонист, парњез мекард, гўштњояшро ба ман медод. Дар њаќиќат Пўлод Пўдинаев марди хоксор ва мењнатї буд. Дар рўзи маргаш тамоми рафиќон, дўстон, омўзгорон ва хешу таборон омада иштирок карда, барои марњум видоъ намуданд. Марги Пўлод Пўдинаев ба мисли тўй гузашт. Дар ваќти тобутро барои љаноза кардан ба масљиди мањалла бурдан барои гирифтани тобут мардум талош меварзиданд. Медонам, ки мардон намемиранд, дар дилу дидаи мардум боќї мемонанд. Мутаассифона, аз набудани онњо ѓамгинам. Санаи 26-уми январ рўзи мавлуди ўст. Бо он вуљуд, ки бо мо нест, мавлуди ўро барои наздикону дўстон муборакбод мегўям.
Сайвали ШЕРАЛИЗОДА
14
“НИГОЊ”, ЧОРШАНБЕ №44 (426), 27. 01. 2015
ЧЕЊРА
НИГОЊИ МАРДУМЇ
? - И БОБ
“НИГОЊ”, ЧОРШАНБЕ №44 (426), 27. 01. 2015
15
АКСИ ГЎЁ
-Дар Паёми Президент шунидам, ки гўё барќ ба ањолї дар як шабонарўз 12 соатї дода мешудааст. Мо дар ноњияи Панљи вилояти Хатлон истиќомат мекунем, 4-5 соат барќ мегирем дар як шабонарўз. Ман ронандаи таксї њастам ва бисёр ноњияњои вилояти Хатлонро мебинам, он љо низ бар ба ањолї камтар аз 5-6 соат дода мешавад. Оё Тољикистон то њол ба хориљи кишвар неруи барќ медињад? Агар чї ќадар? Идибек НОСИРОВ, сокини ноњияи Панљи вилояти Хатлон -Тољикистон дар соли 2014 ба хориља 1 млрд. 321,7 млн.кВт.соат нерўи барќ содир намудааст. Тољикистон асосан ба Љумњурии Исломии Афѓонистон ва Љумњурии Ќирѓизистон нерўи барќ содир кардааст. Дар соли гузашта ба Афѓонистон 1 млрд. 095 млн. кВт.соат ва ба Ќирѓизистон 226,7 млн. кВт.соат нерўи барќ фурўхтаанд. Нерўи барќ аз Тољикистон асосан дар фаслњои гарм, ки барќи зиёдатї дорад, ба хориљи кишвар содир мешавад. Соли 2012 беш аз 600 млн. кВт.с нерўи барќро бо ќимати 21 млн доллари ИМА ба Афѓонистон содир карда будем. Соли 2013 ин раќам афзоиш ёфта, Тољикистон содироти нерўи барќашро ба ин кишвар ба 666 миллиону 700 њазор кВт.с расонид ва аз ин њисоб 21 миллиону 100 њазор доллар ба даст овардааст. Тољикистон нерўи барќи содиротиашро ба Афѓонистон аз тариќи 2 хати интиќол: яке хати 110 кВт ва дуюмї хати 220 кВт ва бо ду нарх ба анљом мерасонад. Тибќи созишномаи наве, ки байни Душанбе ва Кобул ба имзо расид, арзиши интиќоли нерўи барќи содиротии Тољикистон ба Афѓонистон аз тариќи хати 110 кВт 2.08 сенти амрикої ва аз тариќи хати 220 кВ 3.78 сенти амрикої муайян шудааст. Пеш аз ин дар умум нархи њар 1кВт нерўи барќи содиротии Тољикистон ба Афѓонистон њудуди 3.65 сенти амрикоиро дар бар мегирифт. Аз оѓози соли љорї то аввали ноябр Тољикистон ба кишварњои Ќирѓизистону Афѓонистон 1,2 млрд кВт.с нерўи содир карда, 35,4 млн доллар аз ин њисоб даромад дидааст. Ба саволи шумо аз Ширкати сањњомии кушодаи холдингии "Барќи тољик" посух гуфтанд.
? - И БОБ -Ман дар мактаби тањсилоти миёна, дар синфи 11-ум мехонам. Чанд ваќт шуд, ки дар мактаб овоза аст, гўё имсол хатмкунандагони 12 сол мехонанд. Оё дуруст аст, ки Тољикистон ба низоми таълими 12-солаи њатмї мегузарад? Агар ња, кай? Бењзод БОБОЕВ, сокини шањри Душанбе Макотиби тањсилоти умумии Тољикистон дар назар аст, ки то соли 2018 ба низоми таълимии 12-сола гузаранд. Президенти Тољикистон, муњтарам Эмомалї Рањмон 23юми январ дар паёми солонаашон њам гуфтанд, ки то соли 2018 тамоми мактабњо бо омўзгорон пурра таъмин гардида, низоми таълими 12-сола њатмї карда мешавад. Дар Тољикистон њанўз аз соли 2010 барои гузариш ба низоми таълими 12-сола омодагї доштанд. Ба ин хотир, Парлумони Тољикистон дар соли 2010 ба ќонуни маориф банди наве ворид карда буд, ки барои низоми нави таълим роњ мекушод. Он ваќт Абдуљаббор Рањмонов, вазири пешини маориф гуфта буд, ки кишвар аз соли 2016 низоми 12-солаи таълим мегузарад. Ќаблан низ Президент дар паёмњояш дар бораи зарурати низоми 12солаи таълим сухан карда буд. Гузаштан ба низоми навро барои мутобиќ кардани сатњи таълим ба меёърњои љањонї зарур медонанд. Аммо дар соли 2013, бинобар харољоти њангуфт, барномаи гузариш ба низоми 12-солаи таълим то соли 2020 ба таъхир гузошта шуд. "Нигоњ": Дар посух аз маълуоти расмии Вазорати маориф ва илми Тољикистон истифода шудааст
БА ЉОЙИ 09 Агар аз љониби кормандони Вазорати корњои дохилї ягон ќонуншикание шуд ё бо ин нињоди ќудратии кишвар њамкорї кардан мехоњед, пас, ВКДи Тољикистон барои њамкорї шумораи телефонии раёсату шуъбањои асосии худро дар шањру ноњия ва вилоятњо пешнињод мекунад: Телефони боварии вазири корњои дохилии Тољикистон: 221-2121; Ќисми навбатдории ВКД: 22108-30, 227-98-98; Ќисми навбатдории Раёсати ВКД дар шањри Душанбе: 221-1542, 221- 00- 57; Ќисми навбатдории ШВКД дар ноњияи И.Сомонї: 224-13-06, 22448-74; Ќисми навбатдории ШВКД дар ноњияи Шоњмансур: 223-13-30, 227-80-00; Ќисми навбатдории ШВКД дар ноњияи Сино1: 236- 92-24, 236-8335; Ќисми навбатдории ШВКД дар ноњияи Сино 2: 235-56-88, 236-2238; Ќисми навбатдории ШВКД дар ноњияи Фирдвсї: 233-72-24, 23372-11; Ќисми навбатдории РКД дар вилояти Суѓд: (83422) 6-06-997, 630-38; Ќисми навбатдории РКД дар вилояти Хатлон: (83222) 2-25-15, 2-25-36; Ќисми навбатдории РКД дар минтаќаи Рашт: (83131) 2-17-69, 2-25-55; Ќисми навбатдории РКД дар вилояти Бадахшон: (83522) 2-9114, 2-42-03; Раёсати БДА ВКД ЉТ:221-0016
ЧАРО?
ЧАРО РОНАНДАГОН МУСИЌИРО БАЛАНД МЕМОНАНД? - Чаро ронандагони як ќисми мусофиркашњо нисбати мусофирон беэњтиромї карда, дар дохили салон мусиќиро баланд мемонанд ва бо ин амалашон ба асаби мусофирон мерасанд? Ин сабаб дорад! Сабаби ин пеш аз њама дур аз назорат мондани онњо ва дуруст назорат накардани маќомоти масъул дар соњаи наќлиёт мебошад. Ќарори раиси шањри Душанбе Мањмадсаид Убайдуллоев "Дар бораи ба танзим овардани мусиќї дар наќлиёти шањр" як иќдоми зарурист, зеро бархе ронандагони кишвари мо то њамин дараља бесаводу бемаданият шудаанд, ки буруташонро табар њам намебурад. Ман худам чандин дафъа шоњиди гуфтугуњои зиёде оиди ин масъала шудаам. Рўзе дар хатсайри № 8 пиразане аз ронанда хоњиш намуд: "Писарам, њамон овози радиоро паст монед, бубинед, ба басёрињо маъќул нест". "Апа, ман мошинамро ба пули худам харидаам, мусиќиро чї хеле, ки хоњам мемонам. Агар ба шумо маъќул набошад, фаромада ба дигараш савор шавед!" Рости гап, аз посухи ў ман шарм кардам. Охир ту барои мардум хидматгор њастї, аз пули мардум њавобаландї дорї, чї боз носипосї мекунї?.. Пиразан одами соњибхирад будааст, дигар бо ронанда сухане нагуфт, зеро донист, ки бо як камсаводу беадаб мурољиат карда истодааст. Имрўзњо ба ќарори шањрдории Душанбе нигоњ накарда, боз бисёри ронандањо худписандиву беэњтиромї нисбати мусофирон доранд. Ба баъзеи ин ашхос фањмониданї мешавї, ки ин корат нодуруст аст, охир мусиќї њам љою макон дорад. "Убайдуллоев мошин харида ба ман надодааст, ки радиоро манъ кунад. Хубтараш роњњои нав созад!" - мешунавї аз ин ќабил ронандањо. Ман ба раиси шањри Душанбе як пешнињод доштам: ба љойи "Старекс" -њо автобусу троллейбусњои зиёдтар шаванд, ба шарте ки автобусу троллейбусњо мувофиќи интервал кор карда, чун сангпўшт њаракат накунанд! Он гоњ мебинї, ки тартибу интизом њама дар соњаи наќлиёт њалли мусбати худро пайдо мекунад! Ба ин пешнињод ман шањрдори Душанбењр чї мегуфта бошад? Хуршед ЗОИРОВ, сокини шањри Душанбе
Д И Ќ Ќ А Т! Барои ба саволњои доѓи худ посух гирифтан ба идораи њафтаномаи «Нигоњ» мурољиат кунед. Суроѓа: шањри Душанбе, кўчаи Носирљон Маъсумї-3, назди Хона музейи Мирзо Турсунзода. Ё ба масъули сањифаи "Нигоњи мардумї" бо шумораи телефони 985 60 86 85 занг занед ё бо воситаи смс-паём саволи худро ирсол доред. Њамчунин ба почтаи электронии nigoh_tj@inbox.ru арзу пешнињод ва мушкилоти худро бинависед.
КОМИЛАН «ЉИДДЇ»
“НИГОЊ”, ЧОРШАНБЕ №44 (426), 27. 01. 2015
ПУРБИНИ «НИГОЊ»
ДИЛИ МОДАР -Љонам садќаат, чаро ман ин сирро бояд ифшо кунам? - зан сухани њамроњашро бурида аз љо нимхез шуд-охир, ин кор бо хоњиши худам аст. Маљбурам, илољ нест, шавњарам писар мехоњад. Инак, аз нўги хамир, фатирбо ин суханон ангуштари тилоро берун оварда, дар кафи доя монд ва бо садои хеле паст илова кард- кор, ки хуб анљом гирифт, љавоњироти дигарро њам мегирї! Доя агуштарро ба љайби хилъаташ гузошту берун рафт. Њаво торик шуда буд ва дар хилвати асрорангези шаб катњои хоби ду тифли навзод иваз шуданд. Субњ дар њуљраи њамсоя зани нобиное бо њаракатњои хос парпечи овардаро аз худ дур кард ва гуфт:- Тифли худамро биёваред! -О, њамин тифли шумост-гуфт доя бо овози ларзон- бигир, ношукри накун. На, тифли худамро биёваред! Агар мурдааст, бигўед мурд, агар зиндааст чаро ўро намеоваред?-садои зан аз ѓояти њаяљон меларзид. Доя тарсолуд берун баромад. Чанд даќиќа пас сардухтур вориди њуљраи хоби зан гардид. Салом доду бо мулоимї пурсид: Хоњар, чаро тифлатонро ќабул намекунед? Оне, ки овардед, тифли ман нест-посух шунид ў. Шумо тифлатонро чи гуна мешиносед? Боре ўро надидаед ва баъдан шумо… Сардухтур давоми суханашро гуфта натавонист. Чї нобиноям?- зан шўрид- бираведу навзодонро як-як дароваред ва имтињон кунед, ки мешиносам ё не? Илољи дигаре намонда буд. Навзодро як бори дигар назди зан оварданд ва ў бо чењраи коњидае, ки њоло дар сафедї бо хилъати сардухтур бањс мекард, раддаш кард. Дояи маккор њар бор тифлро неву парпечро иваз
карда, пешорўйи зан ва сардухтур њозир мешуд. Тамом, дигар нест,- гуфт ў ѓолибона, пас аз оне, ки зан бори чандум тифлро рад намуд. Агар дар тарбия мушкил доред, метавонед ариза навишта аз он даст кашед. Мефањмем, шумо нобино, замона бошад душвор шудааст, вале шукр, ки саѓирахона асту барои зиндаятимон љой ёфт мешавад. Зан чи гуфтанашро намедонист. Нафаскашии ноором аз њоли дилаш хабар медод. Нохост гиряи тифле баланд шуд ва зан мисле, ки љони тоза ёфта бошад, гуфт: Сардухтур, хоњиш мекунам, њамин тифли гирёнро шумо худатон биёред, ман ба ин доя бовар надорам! Ваќте ки сардухтур парпечро бо тифле, ки беист ѓаш мекард, наздаш даровард, зан аз љо хест ва нолиш кард:- Биёред ўро, љону љигарамро… Замоне, ки модар тифлро ба оѓўш гирифт, шир аз сурохии пистони берун овардааш фаввора зад.Чун њарду- зан ва тифл аз гиря ором гирифтанд, сардухтур њайратзада пурсид: -Шумо, ки намебинед ва тифлатонро на боре бўй кардаеду на бо даст ламс, чи гуна ўро шинохтед? Зан ором, вале дардолуд посух дод: Њисоби доя, ки рўи чашмњои нобинои ман буд, хато баромад. Дониста бошед, ки модар фарзанди худро на бо чашми сар, балки бо нигоњи дил мешиносад! Сардухтур берун баромаду амр кард, то муљрими иштибоњи рухдодаро ба наздаш даъват кунанд. Дар њуљраи дигар зане духтари навзод дар баѓал интизори талхињои ќисмат гиря мекард. ОЗАР
МАНГАР, КИ КЇ МЕГЎЯД...
16
Муњиддин КАБИРЇ, рањбари ЊНИТ: -Љинояти ин гурўњ (карикатуристњои "Шарли Эбдо") дар он аст, ки фарќ байни паёмбар ва инсони оддиро нашинохтанд ва байни Расул, ки вањйи Худоро меорад ва як сиёсатмадори оддї фарќе намегузоранд. - Одамизод - де... Гурўње байни куфру имон фарќ намегузоранд, фирќае худро њизби Аллоњу дигаронро њизби шайтон медонанд... Вале муттањамтаринњояшон на дини худро эњтиром мекунанду на пайѓомбари дигаронро. Мањдї СОБИР, коршиноси масоили амниятї: -Муњољират дар Тољикистон ин як раванди табиї аст. Ягон нињод барои дуруст ба роњ мондани он коре намекунад. Магар вазорати њифзи иљтимої ва муњољират метавонад, ки бо 16 нафар намоянда дар Русяи барин давлат ин равандро ба тартиб орад ва зери назорати бигирад. - Дар ин шароит аз Ватан, аз хонаву зану фарзанд гурехтани 30 фоизи ањолї, албатта табиї аст. Аммо дар нињодњои мегуфтагиятон Русия барин давлатро њанўз Ватани љонољонашон медонанд. Коршиноседу њамин чизи оддиро намефањмед - мї!? Сумангул ТАЃОЙЗОДА, вазири мењнат, муњољират ва шуѓли ањолї: -Аксарияти корљўён, ки дар хориљ маоши бештар дарёфт мекардаанд, бо маоши ин љо ќаноат намекунанд. - Вазирхонум, ба мантиќи Шумо, фаќат мансабдорони мо ватандўстдор ва шикастанафсанд, ки ба маоши ночизи давлат ќаноат мекунанд. Авлиёед гўё! Амирулло АСАДУЛЛО, раиси шањри Ќурѓонтеппа: -Дар њоли њозир аз шањри Ќурѓонтеппа ду нафар дар Сурия бар зидди нируњои давлатии ин кишвар мељанганд. Яке аз омилњои ба Сурия рафтани љавонон бекорї дар дохили давлат аст. - Чї дар Ќурѓонтеппа њамагї ду нафар бекор буданд гуфтаниед? Эњ, домулло, умуман шумо бењтараш дар сатњи Ќурѓонтеппа гап занед. Масалан, аввал мушкили духтурони шањрро бо сардухтур њал кунед. - Мирослав НИЁЗОВ, сафири фавќулодда ва мухтори Ќирѓизистон дар ЉТ: -Ман Тољикистонро тарк кардам, бо касе хуйрухуш накарда. Барои ин корам, ваќти бозгаштам аз Эмомалї Рањмон танбењ њам гирифтам. Њоло ба ин ќарор омадам, ки бояд ин хаторо ислоњ кунам ва одоби дипломатиро риоят кунам ва дубора ба кори сафирї ба ЉТ пардохтам. -Агар фаќат бо Эмомалї Рањмон хайрухушкунї омада бошед, "скатертью дорога". Вагарна, пушти панљараи сафорат пинњон нашуда, барои ислоњи вазъ дар марзи Исфара ва пешгирї аз ишѓоли замини тољикон кор кунед. Абдуфаттоњи ЃОИБ, директори Агентии мубориза бо коррупсия: -Низомхон Љўраев аз назди бинои Суди Олї фирор кардааст. - Аз куљо фирор карданаш не, бо маслињати кї гурехтанаш муњим аст!
Раиси Шўрои муњаррирон: Саймиддин ДЎСТОВ dustov@mail.ru
Њафтанома дар Вазорати фарњанги Љумњурии Тољикистон ба ќайд гирифта шудааст.
МУАССИС: Созмони љамъиятии «ИНДЕМ» («Информатика барои демократия ва рушди миллї»).
Котиби масъул: Абўалї НЕКРЎЗОВ nigoh_tj@inbox.ru
Шўъбаи иттилоот ва сиёсат тел: 600 80 38 Шўъбаи тањќиќот ва тањлил тел: 600 80 38 Шўъбаи иљтимоъ ва иќтисод тел: 600 80 39 Шўъбаи реклом ва огоњиномањо тел: 918 74 75 79
Дар њафтанома матолибе низ ба нашр мерасанд, ки бо мавќеи идораи он муѓойират доранд. Дар шумора аз аксњое њам аз Шабакаи љањонии Интернет истифода шудааст. Матолиби хусусияти таблиѓотидошта ® метавонанд танњо бо пардохти муайян дар њафтаномаи «Нигоњ» нашр шаванд. Барои дар дигар нашрияњо пурра ё ќисман чоп кардани матолиб ва иќтибосњо аз «Нигоњ» иљозаи хаттии идора ва нишон додани сарчашма дар шакли «аз њафтаномаи «Нигоњ» №_ аз санаи _» њатмист. Њуќуќи муаллифии кулли матлабњои шумора ба идораи њафтаномаи «Нигоњ» ва СЉ «ИНДЕМ» тааллуќ дошта, тибќи ќонунгузории љории Тољикистон ва байналмилалї њифз карда мешаванд. Дар њолати наќзи "Меъёрњои ахлоќии фаъолияти журналистї дар Тољикистон" аз љониби нашрияи мо, бо арзу шикоят метавонед ба Шўрои воситањои ахбори оммаи Љумњурии Тољикистон (Шўрои ВАО - и ЉТ) мурољиат намоед.
Ќимати рўзнома дар фурўши чакана на беш аз 2,5 сомонї Њафтанома дар нашриёти «Мега-принт» чоп мешавад. Теъдод 4 000 нусха Ќимати обуна барои як сол - 78 сомонї. Индекси обуна: 68990 НИШОНИИ ИДОРА: Љумњурии Тољикистон, шањри Душанбе, кўчаи Носирљон МАЪСУМЇ, хонаи 3. Телефон: (44) 600 80 38, 224 25 09 Теъдоде аз њар шумора дар асоси кўмаки техникии (дар шакли ќоѓаз) дафтари САЊА дар Душанбе ройгон таќсим карда мешавад.