“НИГОЊ”, ЧОРШАНБЕ №44 (477), 3. 02. 2016
Дар пушти дари музокирот
1
1 -уми феврал Раиси Маљлиси Миллї ва шањрдори Душанбе ба синни 64 - солагї расид САЊИФАИ 9 №44 (477). Чоршанбе, 3-юми феврали соли 2016
e-mail: nigoh_tj@inbox.ru
-УМ СОЛ БО ШУМО!
www.facebook.com/nigohtj
"ТЕРРОР" И ТАЪРИХ Номгузорињои ѓайримантиќиро чї номидан мумкин аст?
ХУШОМАДГЎИ ПЕШТОЗИ КИШВАР КИРО МЕДОНЕД? Назарпурсии навбатї муносибати бахше аз љомеаи кишварро ба тамаллуќкорї ва хушомадзанњо муайян сохт ЌАЗИЯИ ЗАЙД САИД
СУЊБАТ АЗ ДУР Файзиниссо ВОЊИДОВА:
ДАР АВРУПО МЕДОНАНД, КИ МАРО ДАР ТОЉИКИСТОН "ТАЊДИД" ИНТИЗОР АСТ САЊИФАИ 2
ГУЗОРИШИ РЎЗ
"ГИР МЕФУРЎШЕМ!" Чаро санги варзишие, ки дар замони худ 4 -5 сўми шўравї арзиш дошт, якбора ба дањњо њазор доллар ќиммат пайдо кард? САЊИФАИ 4
БАЊСИ МИЛЛЇ
ОНЊО ЊАМ ИНСОНАНД! Ширкати амрикої дар Айнї дењаеро ба "водии марг" табдил хоњад дод?
БАЧАБОЗИИ СЎФИЁН САЊИФАИ 14
САЊИФАИ 5
Умед Љайњонї, муњаќќиќ
Дастгоњи Раёсати Љумњурии Тољикистон њадаф аз таѓйири номи ин шањру ноњияњо ва обанборро "амалї намудани дархосту пешнињод ва ормонњои ватандўстонаи мардум доир ба барќарор намудани асолати таърихии номњо, тарѓибу ташвиќи анъанањои волои миллї, ба назар гирифтани хосиятњои мањалњои љойгиршавї ва мусоидат ба баланд бардоштани њисси ифтихору сарфарозии ањолї ва хусусан бедор намудани хотираи таърихии насли љавону навраси кишвар аз фарњангу тамаддуни пурѓановати ниёгон ва давлатсозии муосири миллати бостонию созандаи тољик" эълом карда аст. Аммо бархе аз ин номњои пешнињодї на асолати торихї доранд, на бо "анъанањои волои" номгузории тољикї созгоранд ва на хосиятњои мањалњои љойгиршавиро ба назар гирифтаанд. Чунончи: Ноњияи Њисор - шањри Њисор; Нахуст ин ки ноњия бо шањр тавофут дорад. Дигар ин ки номи бостонии шањри Њисор Шумон аст, ки 3 њазор сол торих дорад, на Њисор, ки вожае арабист ва табъан наметавонад бештар аз 1300 сол пешина дошта бошад. Ноњияи Тавилдара - ноњияи Сангвор; Ноњияи Љиргатол - ноњияи Лахш; Ноњияи Љалолиддини Румї - ноњияи Љалолиддини Балхї; Ин "љойном" аслан љойном нест ва аз бех ѓалат аст. Тољикон њаргиз сарзаминеро чунин номгузорї намекарданд. Балки, масалан, Љалолобод ё Љалолия меномиданд. Аммо ин сарзамин дар ќадим Њаловард ном дошта ва бояд њамин љойном зинда шавад. Ноњияи Љиликул - ноњияи Дўстї; Дўстї, ки рўбардор аз Дружба аст, љойном намешавад. Гузашта аз ин, маркази ноњияи Ќумсангир њам Дўстї ном дорад ва такрори љойном ибњому сардаргумї падид меоварад. Ноњияи Ќумсангир - ноњияи Љайњун; Муносиб нест. Љайњун номи арабии Омударё аст. Агар мехостанд "хосиятњои мањалњои љойгиршавї" (њамин ибора њам ѓалат аст) ё вижагињои љуѓрофиёии мањаллро дар назар бигиранд, ин ноњияро мешуд Рўдбор номид. Ноњияи Шўрообод - ноњияи Шамсиддини Шоњин; Номгузории рузбакона аст. Лоаќалл бояд Шоњиншањр мешуд. Шањри Ќайроќќум - шањри Гулистон; Муносиб нест. Гулистон бисёр дорем ва Ќайроќќум як дона. Ин шањрро мешуд Фасоншањр номид, ки фасон ё афсон њамон ќайроќро гўянд. Шањри Чкалов - шањри Бўстон; Муносиб нест ва такрорист. Дар як вилоят ду нуќтаи маскунї набояд њамном бошанд. Аз онљое, ки Чкалов шањри нав аст, мешуд онро суѓдиёна Навекат номид. Ноњияи Ѓончї - ноњияи Деваштич; Девоштич шоњи Панљекат ва подшоњи Суѓд буд ва Ѓончї дар сарзамини Устарўшан љой дорад, ки људо аз ќаламрави Девоштич буд. Агар номе торихї мехостанд, шоњи Устарўшан, ки бо Девоштич њамзамон буд, Човус ном дошт, ки ин ном гунаи суѓдии њамон Ковус аст. Вале ингуна номгузорї куллан ѓалат аст. Обанбори Ќайроќќум - обанбори "Бањри Тољик". Ин ном њам ишкол дорад. Натиља ин ки ин номњо бо Ќонуни конститутсионии Љумњурии Тољикистон "Дар бораи тартиби њалли масъалањои марзию маъмурии Љумњурии Тољикистон" ва Ќонуни конститутсионии Љумњурии Тољикистон "Дар бораи номњои объектњои љуѓрофї" созгор нестанд ва Маљлиси миллии Маљлиси Олии Љумњурии Тољикистон бояд онњоро бознигарї кунад.
2
“НИГОЊ”, ЧОРШАНБЕ №44 (477), 3. 02. 2016
МАВЗУИ АСОСЇ
Вакили мудофеъ ва фаъоли љомеаи шањрвандї дар Тољикистон дар њайате аз намояндагони кишварњои Осиёи Марказї ба Иттињоди Аврупо барои ширкат дар њамоиши "Мусоидат барои бењтар кардани фазо барои фаъолияти љомеаи шахрвандї дар Осиёи Марказї" сафар дошт. Ин њамоиш аз 25 то 29-уми январ дар Брюссел баргузор шуд. Ў дар як суњбати катбї ба воситаи интернет њадафу натиљањои ин сафарашро шарњ дод. - Њадаф аз ин сафар чї буд? - Бо даъвати љониби Иттињоди Аврупо ба Брюссел даъват шудем. То рафтан ба ќалби Иттињоди Аврупо дар бораи ширкаткунандагон хабар надоштам. Дар он љо огоњ шудам, ки аз Тољикистон Шокирљон Њакимов, њуќуќшинос ва муовини раиси ЊСДТ низ даъват шудаанд. Инчунин, намояндањои љомеаи шањрвандї аз Ќирѓизистон, Ќазоќистон ва Ўзбакистон њам буданд. Намояндањои кишварњои минтаќаи Осиёи Марказиро зумраи њуќуќшиносон, фаъолони љомеаи шањрвандї, сиёсатмадорон ташкил медоданд. Њадаф аз даъват тарњрезии барномаи стратегии Иттињоди Аврупо барои муносибот бо кишварњои Осиёи Марказї буд. Намояндагони Иттињоди Аврупо мехоњанд, ки пеш аз тарњрезии барномаи нав бо намояндагони тамоми ќишрњои кишварњои минтаќа суњбат дошта бошанд. - Умуман, меъёр ё критерияи даъват чї буд? - Ба мо ошкоро гуфтанд, ки сари мизи гуфтугў онњо сиёсатмадорон, фаъолони љомеаи шањрвандї, њимоятгарони њуќуќи инсон ва њатто мухолифини њукуматро сарљамъ карда, зимни сўњбати рў ба рў роњи њалли мушкилоти минтаќаро пайдо кунанд. Ошкоро гуфтанд, ки мо 25 сол мешавад, аз њукумат интиќод мекунем, аммо вазъ бењ нашудааст. Гарчанде чанд сол ќабл вазъ нисбатан дар Тољикистон бо муќоиса бо дигар кишварњои минтаќа бењтар буд, аммо њоло бадтар шуд ва ба нуктаи кулминатсионии худ расидааст. Аз ин рў, Иттињоди Аврупо тасмим гирифтааст, барои сарљамъ кардани намояндањои њамаи табаќањои љомеа муосидат намояд , то роњи баромадан аз ин бунбасти иљтимоию сиёсиро дар якљоягї пайдо намоем. - Онњо аз вазъи Тољикистон то чї њад огоњї доранд? - Ба назари ман онњо аз вазъи Тољикистон ва дигар кишварњои минтаќаи ОМ хеле хуб огањанд. Њатто аз мо бештар итттило доштанд. Ба таври мисол, дар бораи њабси адвокатњо Бузургмењр Ёров ва Нуриддин Мањкамов ва айбдор кардани онњо бо љурми ифротгарої, таъкиби аъзоёни ХНИТ пеш аз интихобот ва баъди он, манъи фаъолияти ин њизб ва айбдор кардани узви Раёсати Олии њизб, њодисаи моњи сентябри соли 2015 бо роњбарии муовини вазири дифоъ, мањкум кардани соњибкори маъруф Зайд Саидов, мањбусони сиёсї ва таъќиби шањрвандон аз рўи аќидањои сиёсиашон, дар Истамбул кушта шудани Умаралї Ќувватов ва њатто бањси миёни муфтии Точикистон бо Муњиддин Кабирї марбут ба иштироки онњо дар як конфронси исломї дар Тењрон ва дигар њолатњоеро номбар карданд. Њатто масоилеро гуфтанд, ки ман дар дохили кишвар бехабар будам. Аммо дар њама вохўрињо вакилони парламенти Аврупо ва Иттињоди Аврупо мегуфтанд, ки дар кишварњои минтаќаи Осиёи Марказї вазъи Тољикистон сангинтарин мебошад. - Аз Шумо ва њамроњонатон чиро пурсиданд ва бештар рўи кадом масъалањо таваљљуњ сурат гирифт? - Аз мо ќариб, ки дар бораи вазъи кишварамон намепурсиданд. Њамзамон мегуфтанд, ки дар бораи тамоми мушкилоти кишвар хабар доранд. Аслан мавзуъ ва суол ин буд, ки чї бояд кард, кадом роњњоро истифода бурд, то камбудињои љиддї бартараф ва бењтар намудани вазъ пеш биёяд. Бахусус, чї бояд кард, то додгоњњо мустаќил бошанд, парламент шохаи алоњидаву мустаќил гардад, то ќонунњое ќабул кунад, ки љавобгўи меъёри њуќуќи башар бошад, њуќуќ ва озодињои шањрвандон таъмин гардад ва ѓайрањо.
Файзиниссо ВОЊИДОВА: ДАР АВРУПО МЕДОНАНД, КИ МАРО ДАР ТОЉИКИСТОН "ТАЊДИД" ИНТИЗОР АСТ Гарчанде дар Иттињоди Аврупо бештар ба масоили иќтисодї афзалият медоданд, аммо бо назардошти њодисањои чанд моњи ахир ба хулоса омадаанд, ки стратегияи худро нисбат ба кишварњои минтаќаи Осиёии Марказї таѓйир дињанд. Бештар таваљљўњ ба њуќуќу озодињои шањрвандон, озодии баён, ВАО-и мустаќил, таъќиби шањрвандони аќидаи сиёсидошта, равобити озоду бидуни виза байни кишварњои ОМ, масоили рушди иќтисод ва савдо, назорати маќсадноки истифодаи маблаѓњо институтњои љањонии молиявї ва маблаѓњое, ки барои мубориза алайњи ифротгарої терроризм гардид. Онњо огањии амиќ доранд, ки дар таљрибаи њуќуќии кишвар шиканља истифода мешавад, хоса дар ќазияњои вобаста ба љиноятњои ифротгароию терроризм маќомоти низомии кишвар дунболи оморњо, яъне аз будааш зиёд нишон додани ифротгарої ва тероризм даст ба шиканља зада, зери латукўби љисмонї шањрвандонро маљбур мекунанд, ки дар љинояти содирнакарда иќрор шаванд. Њатто сафири Иттињоди Аврупо оид ба ОМ гуфт, ки бадтарин чиз ин шиканља аст, ки эњтимоли ба љавобгарии љиної кашида шудани шахси бегуноњ ва бо ин љинояткори аслї дар озодї монданаш вуљуд дорад. Аз ин рў, онњо фаротар аз барномањои ќаблии худ тасмим гирифтанд, дар соли 2016 стратегияи ИА- ро марбут ба кишварњои ОМ таѓйир дода, афзалият бештар ба њуќуќи инсон дода шавад. Мо дар навбати худ хоњиш кардем, ки ИА ва Парлумони Аврупо мусоидат намоянд, то лоињаи таѓйиру иловањо ба Ќонуни ЉТ дар бораи матбуоти даврї ќабул нагардад. Зеро бо ќабули он фаъолияти дилхоњ нашрия, ки матлаби интиќодї чоп мекунад ва ё мустаќиланд бо амри прокурор ва ё вазири фарњанг боздошта мешавад. Чунин мањдудсозии фаъолияти ВАО дар пешорўи маъракаи сиёсї, референдуми конститутсионї маънои дањонбандии журналистонро дорад. - Ба андешаи Шумо чаро Иттињоди Аврупо мехоњад, ки стратегияашро нисбат ба Осиёи Марказї иваз кунад? Оё дар оянда аз намояндагони њукумат низ даъват хоњанд кард? - Бале, вакилони парлумони Аврупо гуфтанд, ки дар оянда ба ин њайат њам намояндањои њукуматњои кишварњои ОМ ва њам љомеаи шањрвандї дар якљоягї даъват хо-
њанд шуд. Сафири ИА оид ба ОМ мегўяд, дар нишасти охирин дар Ќазоќистон аз љониби Тољикистон дар бораи вазъиятњои ахири кишваррамон баъзе хоњишу дархостњо ва пешнињодњо буданд, аммо њеч натиљае надод. Бинобар ин минбаъд мавќеи худро љиддтар намуда, дар њолати пеш омадани зарурат тањрим љорї мекунанд. - Фикр намекунед, ки баъди сафар мушкилоти шумо дар Тољикистон бештар мешавад? - Бале, њанўз аз рўзи аввал ин тоифа мардум ба мо ва ба ин чорабинї бо шубња нигоњ мекарданд. Ба воситаи сомонањои иљтимої моро "душмани миллат", "хоини ватан" эълон карданд. Аз ин гурўњ шахсони њангомаљўй тарсе надорам. Сафари мо ба Брюссел аз нахустин рўз шаффоф буд. Њамарўза аз натиљаи вохўрињо, мавзўи гуфтугў, масоили баррасишуда мо тариќи шабакањои иљтимої иттило медодем. Аз ин нишастњо аксњо мегузоштем. Оре, ин як гурўње, ки аз љониби хадамоти махсус барои сомонањои интернетї бо маќсади пахш намудани озодии баён созмон ёфтаанд, то ки рўшанфикрон ва ашхоси алоњида аз фаъолияти маќомот интиќод накунанд. Аз поймолшавии њуќуќи инсон, шиканљаи мардум, тасарруфи тиљорату пулу моли давлат ва дигар љиноятњои бархе аз масъулини ин маќомотњо љомеа хабардор нашавад. Як шањрвандро боздошт намуда, мавриди шиканља ќарор медињанд. Модоме, ки як афсари рутбадор даст ба латукўби шањрванд мезанад, чї фарќе аз авбошу майзадаю нашъманд дорад? - Дар шабакањои иљтимої сафари Шуморо ба интиќод кашида, гуфтанд, ки хатар ба амнияти миллї дорад. Њатто гуфтанд, ки бояд аз воридшавии Шумо ба Тољикистон пешгирї карда шавад. Ин "тањдид" ба азми бозгаштатон ба Тољикистон таъсир надорад? - Бале, дар сомонаи иљтимои як "фейк" навиштааст, ки ман ба амнияти миллї хатар дорам ва њатто барои ворид шудани ман ба ватан пешгирї карда шавад. Фањмост, ки ин тањдидњо баъди аксњои сафари мо пайдо шуд, ки аз рўзи аввал њамроњи мо Собир Валиев буд. Ў як ваќт бо талаби Тољикистон дар Молдова дастгир шуда, додгоњ озодаш карда буд. Ва рўзи охирини нишаст ба мо яке аз мухолифини шадиди њукумати Тољики-
стон Додољон Атовуллоев њамроњ шуданд. Ман дар боло ќайд намудам, ки Тољикистонро расман ман ва Шокирљон Њакимов муаррифї мекардем. Собир Валиев шањрванди Ќирѓизистон мебошад ва Додољон Атовуллоев аз Аврупо даъват шуда буданд. Дар ин маврид суоле ба миён меояд, ки чаро муфтии Тољикистон Саидмукаррам Абуќодирзода дар Тењрон пањлуи Муњиддин Кабирї нишаст? Гарчи Њукумати Тољикистон охиринро террорист медонад, чаро толорро накард? Миёни мову муфтї, ки дар њайати баландпояи њукумат буд, фарќ аз замин то осмон аст. Агар бо мухолифини њукумат вохўрдан љиноят ва хиёнат бошад, пас муфтии Тољикистон ва дигар аъзои њайати њукуматиро барои дар як саф бо Кабирї нишастан њабс кунанд, ман худам довталабона њозир мешавам. Ба даркам намерасад, ки чї тавр ба амнияти миллї хатарнок њастам, модоме ки Тољикистон дар ќиболи 8 млн. нафар ватани ман низ мебошад. Ман як сония бе ватан будан наметавонам. Ман зан, модар њастам, пайваста барои ояндаи фарзандонам, наберањоям кўшиш ба харљ медињам, то соњиби илму дониш ва касб гардида, ба Ватани азизамон хизмат кунанд. Оё дар шароити ноамнї ин имкон дорад? Магар модар мехоњад, ки љангу љидол бошад? Ин њама њангомасозї бо маќсади дањонбандии ман барномарезї шудааст, то ки аз поймолшавии њуќуќи шањрвандон, шиканљаи онњо ва љинояти рўтбадорон дањон накушоям. Ман њуќуќшиносам, барои дифоъ аз њуќуќи шањрвандон кор мекунам. Ягон фаъолияти сиёсї надорам, даъвои мансаб њам надорам. Интиќод мекунам, то ки вазъ бењтар шавад ва ватанамро ободу рушдкарда бинам... Ногуфта намонад, њамон рўзе, ки дар сомонаи иљтимої ин "фейк" навишт, мо субњ бо сафири Иттињоди Аврупо оид ба ОМ мулоќот доштам. Нахустин њарфи сафир ин буд, ки хабар дорад, ки барои бозгашт ба ватан ба ман тањдид шудааст. Яъне, масъулини ИА оид ба иттилоот њамарўза њамаи маълумот оид ба ОМ- ро омўхта, дар љараён мебошанд. Чунин тањдидњо ба ман кам набуд, таъсире њам надорад, ба Ватан бо сари баланд бармегардам! Њеч коре накардаам, ки дар назди Ватан ва миллатам виљдонам азоб дињад.
ХАБАРЊОИ ОХИРИН
“НИГОЊ”, ЧОРШАНБЕ №44 (477), 3. 02. 2016
3
ШАРЊИ РАСМЇ
ЁРДАМЧИИ ПРЕЗИДЕНТ: ТАЪИНИ ОЗОДА РАЊМОН ХИЛОФИ ЌОНУН НЕСТ БА НАЗАР МЕРАСАД, КИ БА ШЕРХОН САЛИМЗОДА «ЌАЗИЯИ САРДОРИ НОЗИРОТИ АНДОЗИ ЊИСОР» ВА «ПАРВАНДАИ НИЗОМХОН ЉЎРАЕВ»- РО БАХШИДААНД
КЎШИШИ НАВБАТИИ ДУР КАРДАНИ ГЕНЕРАЛ НАЗАРЗОДА, КИ НИЊОДАШ АЗ ЉОНИБИ ИМА ПУШТИБОНЇ МЕЁФТ, АМАЛЇ ШУД
ВАЗИФАИ НАВИ ШЕРХОН САЛИМЗОДА ВА ГЕНЕРАЛ РУСТАМ НАЗАРЗОДА Шерхон Салимзода, собиќ Прокурори генералии Тољикистон директори Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президент таин шудааст. Ў дар ин маќом генерал Рустам Назарзодаро иваз кард, ки бо фармони дигари Президент раиси Кумитаи њолатњои фавќулодда ва мудофиаи гражданї шуд. Бино ба иттилои дафтари матбуоти Президент, 2-юми феврал бо фармону амрњои Эмомалї Рањмон як ќатор таѓйироти кадрї амалї гардид. Рањмонзода Усмон Сабз аз вазифаи раиси ноњияи Њисор озод шуда, ба љойи ў Љумазода Шарифљон, ки то ин ваќт мудири Котиботи сарвазири мамлакат буд, иљрокунандаи вазифаи раиси ноњияи Њисор таъин карда шуд. Њокимзода Исматулло Њоким бо сабаби ба кори дигар гузаштан, аз вазифаи раиси ноњияи Шањринав озод шуд ва ба љойи ў Аюбзода Нусратулло Наљмиддин раиси ноњияи Шањринав таъин гардид. Ашўриён Музаффар Ќурбонмуњаммад аз вазифаи сардори Раёсати кафолатњои њуќуќи инсони Дастгоњи иљроияи Президенти Љумњурии Тољикистон озод ва муовини якуми Роњбари Дастгоњи иљроияи Президенти Љумњурии Тољикистон таъин карда шуд. Бобозода Ѓуломљон Љура Сардори Раё-
сати робитањои хориљии Дастгоњи иљроияи Президенти Љумњурии Тољикистон таъин гардид. Абдурањимов Хайриддин Саидович аз вазифаи раиси Кумитаи њолатњои фавќулодда ва мудофиаи граждании назди Њукумати Љумњурии Тољикистон озод ва сардори Саридораи њифзи сирри давлатии назди Њукумати Љумњурии Тољикистон таъин карда шуд. Зуњуров Сайдамир бо сабаби расидан ба синни нафаќа аз вазифаи сардори Саридораи њифзи сирри давлатии назди Њукумати Љумњурии Тољикистон озод шуд. Зоњидї Низомиддин Шамсиддинзода аз вазифаи муовини вазири корњои хориљии Љумњурии Тољикистон озод ва муовини якуми вазири корњои хориљї таъин гардид. Њаќдод Мањмадшариф Мањмуд муовини вазири корњои хориљии Љумњурии Тољикистон таъин карда шуд. Бобоњољиева Лола Садриддиновна бо сабаби расидан ба синни нафаќа аз вазифаи муовини якуми вазири тандурустї ва њифзи иљтимої озод ва ба љойи ў Умарзода Саида Ѓайрат муовини якуми вазири тандурустї ва њифзи иљтимої таъин гардид. Президент Эмомалї Рањмон зимни суњбат кадрњои навтаиншударо ба кору хизмати софдилонаю содиќона даъват кардааст.
БАЪД АЗ ХИЗМАТ
ГЕНЕРАЛ САИДАМИР ЗУЊУРОВ НИЗ БОЗНИШАСТА ШУД Генерал Саидамир Зуњуров аз чењрањои маъруф ва писанди љомеа дар њукумати Эмомалї Рањмон дар синни 65-солагї бознишаста шуд. Бино ба иттилои дафтари матбуоти Президент, 2-юми феврал Саидамир Зуњуров "бо сабаби расидан ба синни нафаќа аз вазифаи сардори Саридораи њифзи сирри давлатии назди Њукумати Љумњурии Тољикистон озод шуд". Ўро дар ин маќом генерал Хайриддин Абдурањимов, ки то ин замон дар вазифаи раиси Кумитаи њолатњои фавќуллода ва мудофиаи гражданї кор мекард, иваз кардааст. Саидамир Зуњуров аз башумор чењрањои њукумати Эмомалї Рањмон аст, ки њамеша аз ў расонањо ва шахсиятњои матрањи кишвар ба некї сухан гуфтаанд. Ўро чун чењраи писандида, њатто чењраи беназири кишвар, нафаре, ки олуда ба фасоду ѓаждињо набудааст, зиёд сифат кардаанд. Њамеша аз ў чун кадри њирфаї ва таљрибадор сухан кардаанд, ки ин сифотро нисбат ба дигар мансабдорони њукумати Тољикистон камтар гуфтаанд. Аз ин рў, дар њар курсию маќоме, ки нишастааст, аз љониби расонањову коршиносон ба гармї истиќбол шуд. Саидамир Зуњуров 20-уми феврали соли 1951 дар ноњияи Фархори вилояти Хатлон ба дунё омадааст. Донишгоњи омўзгориро бо ихтисоси "таърих" ба анљом расонда, фаъолияти кориашро дар соли 1975 дар вазифаи муаллими таърих дар мактаби миёна шуруъ мекунад. Ќабл аз омўзгорї дар сафи нерўњои собиќ Шўравї дар шањри Запорожеи Украина дар солњои 1969-1971 адои хидмат мекунад. Аз соли 1977 њамчун афсар ба сафи хидматчиёни Кумитаи амнияти давлатї (КГБ)-и Шўравї ворид мешавад. Барои такмили ихтисос ва малакаи касбї дар мактабњои махсуси
КГБ дар Минску Маскав тањсил кардааст. Фаъолияташро дар ин соња дар вилояти Кўлоби пешин шуруъ мекунад. Дар солњои 1983 ва 1984 барои иљрои вазифањои хос ба Афѓонистон меравад. Ин замон ба озодкунии асирони Шўравї аз дасти муљоњидин машѓул будааст, ки бо рањбарони муљоњиддин аз љумла Ањмадшоњи Масъуд равобит барќарор мекунад. То њол равобити ў бо Ањмадшоњи Масъуд сари забонњост ва атрофи он нигоштањо низ кам нестанд. Баъдан муовини сардори шуъбаи Раёсати амният дар вилояти Хатлон таъин мешавад. Нахустин раиси Кумитаи амнияти миллї дар њукумати Эмомалї Рањмон мебошад. Дар тирамоњи соли 1992 ба ин вазифа таъин шуд, ки пеш аз он сардори идораи амнияти собиќ вилояти Кўлоб буд. Солњои 1996-1997 вазири корњои дохилии Тољикистон буд. Бо табдили Кумитаи амнияти миллї ба Вазорати амният дар соли 1997 вазир таъин шуд. Дар ин вазифа то соли 1999 кор кард. Дар ин солњо Тољикистон аз камтарин кишварњое буд, ки ба нерўњои шимоли Афѓонистон, ки бо роњбарии Ањмадшоњи Масъуд алайњи Толибон ва Ал-Ќоида менљангид, кўмак мекард. Ин амр ва њамкорї бо нерўњои шимоли Афѓонистонро аз тадобирњои Зуњуров медонанд, ки садди роњи хатар ба Тољикистон ва њатто бозгашти сулњ ба кишвар шуд. Аз соли 1999 муовини сарвазири Тољикистон таъин мешавад, ки маќомоти ќудратиро назорат мекард. Соли 2005 замоне, ки Тољикистон нерўњои марзбонии русро аз соњили дарёи Омў берун кард, Саидамир Зуњуров фармондењи нерўњои марзбонии кишвар таъин шуд. Аз 30-юми ноябри соли 2006 Сардори Саридораи њифзи сирри давлатии назди Њукумати Љумњурии Тољикистон кор мекард.
Содиќ Шоназаров, мушовири калони ёрдамчии Президент оид ба масоили њуќуќї таини Озода Рањмон ба маснади рањбари Дастгоњи иљроияро хилофи ќонун намедонад. Ў дар посух ба суоли хабарнигорон гуфт, ки ба вазифаи рањбари Дастгоњи иљроияи Президент таъин шудани Озодаи Эмомалї хилофи ќонун нест, зеро роњбари дастгоњи Президент бевосита дар итоати Сарвазир мебошад. Шоназаров дар нишасти Агентии зидди фасод гуфт, мутобиќи моддаи 9-и Ќонун "Дар бораи мубориза бо корурсия" танњо дар вазифањое таъини хешовандон манъ аст, ки агар он бевосита тобеи роњбар бошад.Барои њамин мегўяд Шоназаров, Озодаи Эмомалї бевосита ба Президент не, балки ба Сарвазир итоат мекунад. Ин кор мутобиќи ќонун дуруст аст. Тибќи моддаи 9-уми Ќонун "Дар бораи мубориза бар коррупсия" "Шахс дар чунин мавридњо наметавонад ба мансабњои давлатї ё мансабњои ба онњо баробар кардашуда таъин (интихоб) шавад ё дар чунин вази-
фањо бошад: - бевосита дар итоат, тањти назорат ё њисоботдињанда будани мансаби ишѓолшаванда ё ишѓолнамудаи ў ба мансабњое, ки онро хешовандони наздики ў ишѓол кардаанд...". Хотиррасон мешавем, ки Озода Рањмон, духтари Президент Эмомалї Рањмон, ки дар вазифаи муовини якуми вазири корњои хориљї кор мекард, 27-уми январ рањбари Дастгоњи иљроияи Президент таин шуд. Ў дар ин вазифа Бахтиёр Худоёрзодаро иваз кард.
САДОИ МАРДУМ
ХУШОМАДГЎИ ПЕШТОЗИ КИШВАР КИРО МЕДОНЕД? Назарпурсии навбатї муносибати бахше аз љомеаи кишварро ба тамаллуќкорї ва хушомадзанњо муайян сохт Дар ин назарпурсї, ки тањти унвони "Тамаллуќкор (хушомадгў)-и пештози кишвар киро медонед?" баргузор шуд, ному насаби шаш нафар пешнињод шуда буд, ки солњои ќабл бо пешнињодњои мухталиф ба љомеаву њукумат чењраи расонаї шудаанд. Бо пешнињодоти љолиби назири "тартиби пешвозу таъзим ба Пешвои миллат" бо љавобгарии итизомиву њатто љиноятї ва "якпоя хизмати Президентро кардан", албатта. Назарпурсї таќрибан њама гузинањои љавобњои эњтимолиро дар бар мегирифт. Натиљаи ин назарпурсї, ки дар шабакањои иљтимої ба шевањои гуногун баррасї шуд, чунинанд: Наздик ба 60 дарсари иштирокчиён шашгонаро хушомадгўй дониста, вариант (гузинаи)-и "њамаашон тамаллуќкоранд"-ро интихоб карданд. Бо касби 10 % райъ љои аввалро миёни шахсиятњои пешнињодшуда Саидмукаррам Абдулќодирзода, раиси Шўрои уламои кишвар бо ишѓол кард. Абдурањим Холиќов, вакили Маљлиси намояндагон ва як тан аз муаллифони лоињаи Ќонуни ЉТ "Дар бораи асосгузори сулњу вањдати миллї-Пешвои миллат" бо 6 % райъи иштирокчиёни назарпурсї дар љои дуввум ќарор гирифт. Абдуллоњи Муњаќќиќ (пешвои занони исломї хондани њамсари президент) бо 5 дарсади райъ дар љойи севвум, Њикматулло Насриддин (пешнињоди президенти якумрї) бо 2 дарсади райъ дар љои чорум, Абдура-
њим Хайриддин (сар хам кардан дар назди президент) ва Усмон Сабзов (якпоя хизмати президентро кардан) бо касби 1 дарсадї мутаносибан љойњои панљум ва шашумро дар ин назарпурсї касб карданд. Аммо бар хилофи назари респондендони мазкур, 6 дарсади иштирокчиён гузинаи "ягонтаашон тамаллуќкор нестанд"-ро интихоб кардаанд. 10 фоизи дигар гуфтаанд, "танњо шахсони номбаршуда тамаллуќкор нестанд". Њамин тариќ, мешавад хулоса кард, ки бахше аз љомеаи Тољикистон, мисли худи президент Эмомалї Рањмон, ки чанд маротиба дар ин бора расман таъкид кардааст, хушомадгўиро ќабул надорад, њатто агар он дар назари аввал ба манфиати миллату давлат њам равона шуда бошад. Ин назарпурсии ѓайрасмї, ки дар таърихи беш аз садсолаи матбуоти миллї назир надошт, аз 27-уми январ то 2-юми феврали соли 2016 бо супориши "Нигоњ" дар сомонаи Ољонсии иттилоотии "TojNews" гузаронида шуда, дар он 971 нафар ширкат кардааст. Ќайд кардан ба маврид аст, ки њадафи "Нигоњ" аз баргузории ин назарсанљї маърифатї буда, барљаста нишон додани ин зуњуроти барои љомеа ва ахлоќи миллї номатлуб мебошад.
Суоли навбатї: Ба андешаи Шумо Њукумати феълии Тољикистон афкори љамъиятиро ба инобат мегирад?
4
ГУЗОРИШИ РЎЗ
“НИГОЊ”, ЧОРШАНБЕ №44 (477), 3. 02. 2016
Овозаи харидуфурўши "гир" як навъ санги варзишї бо нархи аз 50 њазор сомонї то чандин њазор доллар, он ќадар мардуми Тољикистонро бехуд кард, ки як гурўњи мардум ањолї њама корњояшонро як тараф гузошта, ба љўстуљўи он пардохтанд. Ин сарусадо дар муддати кўтоњ шабакањои иљтимої ва сомонањои пањнкунандаи эълонро аз аксу љумлањои "гир мехарем" ё " гир мефурўшем" моломол кард. Бархењо ба шабакањои иљтимої ќаноат накарда, ба дењот низ сар заданд ва аз мардум ин намуди сангро суроѓ мекарданд. Чаро мардум якборагї ба ин санги варзишї "ошиќ шуданд"? "Нигоњ" кўшиш мекунад ба ин ва суолњои дигар равшанї андозад...
6,5 ГР ПЛАТИНА? Љустуљўйкунандагони ин намуд гирњо бовар доранд, ки дар таркиби он як намуд метали ќимматбањо мављуд аст. Мегўянд дар дохилаш тило ва њатто метали нодири платина дорад. Агар, фаразан ба гуфтаи харидорон бовар кунем, бояд ин гир дар таркиби худ чї ќадар метали нодири платина дошта бошад, ки нархаш то 50 њазор сомонї (6 њазору 25 доллар) ё њатто то 10 њазор доллар боло равад? Њоло як унсия платина (баробар ба 27 грам) дар бозори љањонї 950 доллари ИМА (7600 сомонї) нарх дорад. Аз рўи ин њисоб, бояд як гир дар таркиби худ 6,5 грам платини дошта бошад, то арзишаш 50 њазор сомонї шавад. Яъне истењсолкунандаи ин намуди гирњо гўё дар дохили он 6,5 грам метали нодири платинаро "фаромўш" карда, онро бо нархи 4-5 сўми замони шўравї ба савдо гузоштаанд?
бештари зангу интернет манфиати бештаре мебинанд. 2. Гурўњ ва ашхоси алоњида Таљрибаи бо ин тарз пањн кардани овоза ва ба даст даровардани фоида дар дунё аввалин бор нест. Њикояи "Маймун ва тољир" бењтарин намунаи ин намуди "тиљорат" аст. Барои пурратар фањмидани асли масъала лозим медонем ин њикояро пешкаш намоем: "Тољире бо шогирдаш ба дењае мераванд. Эълон мекунанд, ки ба ќимати 10 доллар маймун мехарам. Дар дења маймун зиёд будааст. Мардум њама ба љангал даромаду маймунњоро љамъоварї карданду ба ќимати 10 доллар фурўхтанд. Май-
"ГИР МЕФУРЎШЕМ!" Чаро санги варзишие, ки дар замони худ 4 -5 сўми шўравї арзиш дошт, якбора ба дањњо њазор доллар ќиммат пайдо кард? сияи вазнабардории Тољикистон дар сўњбат ба "Нигоњ" гуфт, зиёда аз 50 сол аст, ки дар соњаи вазнбардорї кор мекунад, вале ин намуд гирро умуман надидааст.
ГИРРО ЁФТЕМ, ХАРИДОР КУ? Дар љараёни баррасии ин мавзўъ тўли ќариб як њафта, мо кўшиш кардем бо нафароне сўњбат кунем, ки чунин намуд гирро харидаанд ва ё харидуфурўши онро шоњид будаанд. Аммо чунин нафарон пайдо нашуданд. Њатто баъзе аз савдогарони бозори "Султони Кабир" мегўянд, онњо ин намуди гирро бо азобе пайдо карданд, аммо харидоре пайдо нашуд. Дар сомонањои иљтимої низ эълони фурўши ин намуди гирро бо аксњояш метавон дарёфт. Танњо харидор нест... Пас саволе пайдо мешавад, ки овозаи мазкур ба кї даркор?
МОЛИ "ЌИММАТ", ВАЛЕ НОЁБ Бобохон Сангов, дабири кулли Федератсияи вазнабардории Тољикистон зимни сўњбат бо мо гуфт, ин намуди гир солњои 70 - уми асри гузашта аз љониби корхонаи шањри Тулаи Русия истењсол шудааст ва нархи фурўши он њамагї 4 5 сўм буд (ба ќурби онваќтаи доллар чизе зиёдтар аз 3 доллар). Масъулини Федертсияи вазнабардории Тољикистон барои исботи гуфтањои худ дар њузури рўзноманигорон як гири худро майда карданд ва тавре мо мушоњида кардем, дохили он чизе надошт. Мутахассисон мегўянд, таркиби ин намуд сангњои варзишї асосан аз метали чуян таркиб ёфта, онро дар вазнњои 7, 16 ва 24 ва 32 кило тавлид шудааст. Њоло арзиши як гири муќаррарї дар маѓозањои шањри Душанбе аз 100 то 250 сомониро ташкил медињад. Мутахассисон дар посух ба суоли мо гуфтанд, агар ин навъи гир то ин њад серхаридор бошад, чаро заводи истењсолкунандаи он, истењсолашро эњё ва аз нав онро ба фурўш намебароранд?
КЇ МАНФИАТ МЕБИНАД?
САВОЛЕ, КИ ЉОИ ФИКР ДОРАД... Аммо харидорони ин навъи мањсулот намуди гирњоеро талаб доранд, ки њатто мутахассисони соњаи вазнбардорї онро боре надидаанд. Дар њамин њол, нафароне, ки чунин гирњоро љустуљў мекунанд, мегўянд, он тухмшакл буда, њангоми ба замин хобондан дубора бояд рост шавад. Мисли матрёшкањои русї ё мирзодиккаки тољикї. Бобохон Сангов, дабири кулли Федерат-
ДАЪВАТ
Муллораљаб ЮСУФЇ
ТАМОЮЛ
ПАЁМИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ-САРМАШЌИ ФАЪОЛИЯТИ СОКИНОНИ НОЊИЯ 27 январи соли равон тибќи наќшаи муштараки Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Њукумати Љумњурии Тољикистон, Кумитаи марказии Њизби Халќии демократии Љумњурии Тољикистон ва ташкилоти љамъиятии "Гендер ва тараќќиёт" дар ноњияи Тољикобод бо маќсади фањмонидани нуктањои асосии Паём вохўрии судманд баргузор гардид. Дар вохўрї муовини раиси Кумитаи марказии Њизби Халќии демократии Љумњурии Тољикистон Раъно Бобољониён, намояндањои кумита М. Бобоева, С. Бухориева ва намояндаи ташкилоти љамъиятии "Гендер ва тараќќиёт" Вилоят Ма-
Чун овоза пайдо шуд, маълум аст, ки манфиатдоре њам дорад. Масалан, овозаи заминларзаи гўшношуниди моњи январи соли 2009-ро аксарият кори дасти пайравони љараёни мамнуъи "Салафия" донистанд, чун пас аз ќатъи фаъолияташон аз љониби Суди олии Тољикистон пеш омад. Аммо овозаи "тиљорати гир" кори дасти кист ва чї манфиате мебинад? Аз сабаби он ки маќомоти расмии Тољикистон ин мавўъро шарњ надодаанд, чанд фарзияеро пешорўи хонанда мегзорем: 1.Ширкатњои мобилї Маълум аст, ки ин овозањо ба воситаи телефони мобилї ва ё интернет пањн мешаванд ва мардум барои пайдо кардани гир ва гирифтани даромади зиёд ба телефонашон маблаѓи зиёд гузаронда, онро ба љустуљўи гир сарф мекунанд. Дар натиља ширкатњои мобилї аз истифодаи
мун кам шуд. Доштани (ќапидани) маймун душвор гашт. Мардум хаста шуда, оњистаоњиста аз ин кор даст кашиданд. Ин маротиб тољир ќимати маймунро ба 20 доллар мебардорад. Мардум боз ба љустуљўи маймун камар бастанд. Маймунњоро љамъ карданду ба тољир фурўхтанд. Дигар маймун њам ба чашм намерасид. Тољир мегўяд, ки ќимати маймунро ба 50 доллар баровардам. Шумо љамъ кардан гиред, ман ба шањр меравам ва њамин ки баргаштам, њатман маймунњои љамъкардаатонро мехарам. Мардум ба љустуљў баромаданд, аммо дигар маймун њам намонда буд. Дар набудани тољир, шогирдаш ба мардум мегўяд, ки ман маймунњоро ба шумо ба ќимати 35 доллар мефурўшам ва тољир, ки аз шањр омад, маймунњоро ба ў ба ќимати 50 долларї мефурўшед. Мардум њама маймунњоро мехаранд. Рўз мешавад, аммо на аз тољир хабаре њаст ва на аз шогирдаш". 3. "Отвлекаюший манёвр" Андешае њам вуљуд дорад, ки пайдоиши овоза танњо як василаи машѓул доштани мардум аст. Таваљљўњ кунед ба замони пайдоиши овоза: аввали сол (зимнан овозаи заминларза њам моњи январ буд)! Аз моњи декабр то феврал аксари муњољирон дар ватан мебошанд, дењќонон низ кор надоранд ва аксарияти мардон дар навоњї бекоранд. Барои машѓул доштани онњо гурўње ин идеяро фикр кардаанд, то барои мардум "шуѓл"-е пайдо кунанд ва онњо "андешањои нозарур" -ро аз сар дур созанд. Хоса дар замоне, ки мушкилоти иљтимоии мардум зиёд шудааст, ба гуфтаи коршиносон пайдоиши ин гуна овозањо аз љониби хадамоти махсуси њукумат имконпазир аст. Ин гуна њолатњо дар сиёсати љањонї вуљуд доштанд, ки онњоро "отвлекаюший манёвр" меноманд...
љидова иштирок намуда, дар доираи Паёми навбатии Асосгузори сулњу Вањдати миллї, Пешвои миллат, Президенти Љумњурии Тољикистон муњтарам Эмомалї Рањмон ба Маљлиси Олии мамлакат сухан гуфтанд. Њамзамон аз њозирин даъват ба амал оварда шуд, ки фарзандонашонро дар рўњияи хислатњои наљиби инсонї тарбия намоянд, то онњо ояндасози фардои дурахшони миллату давлати хеш гарданд ва нагузоранд, ки фарзандони онњо ба њар гуна њизбу њаракатњои ифротї шомил шаванд. Ховар
ХУДКЎШИИ КОРМАНДИ ТЕХНИКИИ ТЕАТР Як корманди 44-солаи театри ба номи Абулќосим Лоњутї худро овехта, ба њалокат расидааст. Лутфулло Давлатзода, директори театри давлатии академии драмавии ба номи Абулќосим Лоњутї дар тасдиќи ин хабар ба TojNews гуфт, њодисаи худкушии зердасташ 1-уми феврал рух додааст. Ба гуфтаи роњбари театри Лоњутї, ин нафар дар вазифаи басањнагузоранда кор мекард, касе сабабњои худкушии ўро намедонад. Лутфулло Давлатзода аз корманди њалокшудааш тавсиф карда мегўяд "инсони хуб буд, вале касе сабабњои ба худкушї даст задани ўро намедонад. Сабаби худкўшиаш ба фаъолияти кориаш рабте надорад."
Маќомот ба тафтиши њодисаи мазкур шурўъ карда, сабабњои ба худкушї даст задани корманди театри Лоњутиро меомўзанд. Тољнюс
БОНГИ ХАТАР Нома ва аксе, ки аз сўи сокинони дењаи Оби Канапои ноњияи Айнї дар ихтиёри "Нигоњ" ќарор дода шуд, моро сахт такон дод. Дар ин акс Шањриддин Шарифов, сокини севунимсолаи ин дењаро мебинед. Ин кўдак мубталои бемориест, ки ба њама баданаш нуфуз карда, аммо табибон дар табобаташ ољиз мондаанд. Ба ќавли волидонаш, ў аз рўзи валодат то печидан ба ин маризї боре њам бемор нашудааст ва касе њам дар ин дења ба чунин беморї напечидааст. Пизишкони беморхонаи бачагонаи вилояти Суѓд ва њам шифохонаи касалињои сироятии шањри Хуљанд натавонистаанд маризии ўро ташхис кунанд. Касе намедонад, ки ин чї беморї аст...
ДАР ДЕЊАИ ОБИ КАНАПО БЕМОРИИ ТАШХИСНОШУДА БУРУЗ КАРДААСТ
“НИГОЊ”, ЧОРШАНБЕ №44 (477), 3. 02. 2016
5
радиоактивии њудуди вилояти Суѓд, ки аз замони шўравї мерос монда, тибќи бархе оморњо, њомили 550 тон пасмондаи уран њастанд, маблаѓњои бузург зарур асту як нав дарди сари кишвар шудааст. Ба ќавли мардуми Айнї, дар замони шўравї дењаи Работро ба ноњияи Ёвони вилояти Ќурѓонтеппа, њозира Хатлон кўч доданд, зеро ваќте пасмондањои металњои ранга ё моддањои радиофаъоли корхонаи "Анзоб" - ро тавассути ќубурњои металии девораш ѓафс ба партовгоњи сохташуда дар ин дења интиќол доданд, ќубурњо ба зудї аз таъсири партобњои комбинати "Анзоб" фарсуда шудаву аз кор монданд... Аммо мушкили дењаи Оби Канапо як вижагии дигар низ дорад. Он замоне ба вуљуд омад, ки корхонаи "Анзоб" амалан як корхонаи амрикої буд. Моњи сентябри соли 2006 њукумати Тољикистон 51% сањмияњои онро ба ширкати "Comsap" ё "Comsap Comodities Ink" ба ќимати 11 миллион сомонї (он замон муодили беш аз 3 миллион доллар) фурўхта буд. Дар натиља
ОНЊО ЊАМ ИНСОНАНД! Ширкати амрикої дар Айнї дењаеро ба "водии марг" табдил хоњад дод?
"ПАРТОВИ МАРГ" Аз номае, ки бо имзои њудуди 50 сокини дењаи Оби Канапо ба "Нигоњ" расид, маълум мешавад, ки онњо бурузи ин бемории ташхисношударо ба партовгоњи "Анзоб", ширкати дар гузашта муштараки Тољикистону Амрико (собиќ Корхонаи маъдантозакунии Анзоб), њоло пурра амрикої рабт медињанд. Онњо навиштаанд, аз рўзе, ки ин партовгоњ эљод шуд, беморињои занона ва сироятї, назири зардпарвин миёни занон ва кўдакони дења афзудааст. Чанде ќабл дар ин партовгоњ як њодисаи дањшатангез низ рух додааст. Мардум дидаанд, ки як саги дења ба ин партовгоњ ба тасодуф ворид шуда, баъди њамагї чанд рўз мўйњояш батамом рехтаву сипас мурд. Як саги дигар њоло пас аз "зиёрат" - и ин партовгоњ дар њоли љунин ќарор дорад. Парандае њам, ки дар ин "ќаламрави марг" нишаст, рўзи худро дид. Сокинони дења мегўянд, партовгоњ дар маркази дења пас аз он сохта шуд, ки онњо аллакай ин љо маскун буданд ва њоло тона - тона пасмондаи сурмаю симоб дар он нигоњ дошта мешавад. Ба ќавли онњо, масъулини корхона дар оѓоз мехостанд партовгоњро дар канори шоњроњи Душанбе - Хўљанд - Бўстон - Чаноќ дар наздикии дењаи Работ созанд, аммо Кумитаи њифзи муњити зисти Тољикистон захираи ин ќабил партовњо дар масири равуои мусофиронро иљоза надодааст. Аммо, ба ќавли сокинон, соли 2012 њукумати ноњияи Айнї бидуни ташхиси хатари ин партовгоњ барои нигоњ доштани пасмондањои симоб ва сурма дар дењаи Оби Канапо замин људо кардааст. Њол он ки мешуд онро дар љое сохт, ки одамон зиндагї намекунанд. Худи корхонаи "Анзоб" љои махсуси партовпартої дорад.
"БАРХЎРДИ ИНСОНЇ ЛОЗИМ" Сарнавишти сокинони Оби Канапо њамон сатри аввали чистони "элак" - ро, ки њар тољик аз соли аввали тањсил дар мак-
ШАЊРИДДИН ШАРИФОВ таб медонад, ба хотир меорад: "Ин сў равам, мезанї, он сў равам мезанї..." Оби Канапо дењаи навбунёд аст. Сокинони он дар асл зодагони дењаи Махшевади љамоати Фондарёи ноњияи Айниянд, ки соли 2006 дар пайи сел ва ярчфарої ба мањалли бехавф кўч бастанд. Ин хатарњо онњоро њамеша дар камин буданд ва онњо тасмим гирифтанд зодгоњеро, ки хуни нофашон он љо рехтааст ва барояшон хеле азиз буд, бо ќалбњои гирён тарк кунанд. Онњо ба Оби Канапо омаданд. Бо ќарори њукумати ноњия (№ 235 аз 7 сентябри соли 2006) ќитъањои заминро соњиб шуданд ва бо мењнати њалол сар ба сад дар зада, аз љумла ба Русия муњољират карда, оњиста - оњиста ватани навашонро сохтанд. Солњои хеле вазнин буд, аммо онњо мушкилињоро паси сар карда, роњи як зиндагии инсониро пайдо намуданд. Аммо хурсандии онњо дер давом накард. Соли 2012 дар маркази дења партовгоњ сохтанд. Мардум аз ин бимзада шуда ва ба маќомоти ноњиявию љумњурї мурољиат намуданд. Дар паи ин комиссияњои марказию мањаллї ба партовгоњ омада, бо мардуми дењаи навбунёд, аз љумла занњо ва мўйсафедони барљомонда вохўрї гузаронда, инро мехостанд фањмонанд, ки партовгоњ хатар надорад. Мардум ба гуфтаи онњо бовар намекарданд, зеро ба њама маълум аст, ки ки партовгоњ элементњои кимиёвии хатарнок ба саломати инсонро дорад ва безарар буда наметавонад. Њамоно мардум бовар дошт, ки њукумати ноњия ва комиссияи марказї саломатии мардум ва насли ояндаро аз њама чї боло
мешуморанду партовгоњро аз ин мањал бармедоранд. Аммо ин интизороти мардум бењуда буд. Нињоят мошини аввали "партоби марг" ба Оби Канапо омад. Ваќте холї шуд, мардум зуд бўи ногувори онро њис кард. Њавои то соли 2014 софу беѓубори ин дењаи куњистонї ду сол мешавад, ки ѓализу ѓуборолуда аст. Мардум бадоњатан ба рањбарияти корхона шикоят бурданд, ба ин умед, ки шояд чораи њалли мушкил вуљуд дошта бошад. Њар чї њаст, нест, ин як корхонаи амрикоист! Аммо аз Рустам Розиќов, аз сарварони ин корхона чунин посух шуниданд: "Ин замини мост ва ин љойро мо аз худ кардагї!" Онњо аз рањбарияти корхона маъюс шуда, ба њукумати ноњия ба додхоњї рафтанд. Масъулин њарфи онњоро шунида, аммо чунин вокуниш нишон доданд: "Ин корхона ба буљети ноњия даромад меорад!" Ин њам дар њоле, ки гўё мардуми дењаи Оби Канапо андозсупорандаи доимї барои давлат нестанд. Мантиќи масъулини њукумати ноњия ин аст, ки ваќте даромад њаст, саломатии инсон арзише надорад. Ё мешавад онњоро дигар хел фањмид? Ба њар њол, мешавад ё мешуд, ки рањбарияти корхонаи "Анзоб" ва ноњияи Айнї ба ин масъала як гуна бархўрди инсонї ва мутобиќ ба корхонаву њукуматњои асри 21 дошта бошанд. Мањз ин, ки чї коре кунанд, набояд мардум зиён бинад, аммо иќтисоду саноат њам пеш раванд ва буљаи ноњия њам иљро шавад. Вагарна аз њисоби саломатии инсонњо ба даст овардани даромад, иљрои буља ва нињоят нону маош додан ба дигаронро ягон инсон ё љомиаи башарї ќабул дошта наметавонад. Албатта, агар фањмишњо асримиёнагї набошанд! Ин њам дур аз њама гуна ахлоќи инсонї ва давлатдории солим аст, ки дар Оби Канапо як гектар заминро барои партовгоњ људо карда тавонистанд, аммо дењаи навбунёд бунгоњи тиббї ва њатто мактаб, чї расад ба маркази фарњангї, надорад. Талабањо барои дарсхонї ба шањраки Зарафшон мераванд, ки 6 километр фосила дорад!
АМРИКОИЊО ХАБАР ДОРАНД? Зимнан, фољиаи партовгоњњои кимиёї барои ноњияи Айнї ва дигар манотиќи Тољикистон гапи нав нест. Дар хотир дорем, ки партовгоњи Файзобод як мавзуи доѓи расонањои дохилу хориљи Тољикистон буд. Ё худ барои безарар кардани партовгоњњои
Корхонаи маъдантозакунии Анзоб ба ширкати муштараки тољикї - амрикоии "Анзоб" табдил ёфт. Аммо баъдтар амрикоињо баќия сањмияњои корхонаро хариданд ва соњибмулки мутлаќ шуданд. Њоло амрикоињо мудирияти кор дар корхонаро пурра дар ихтиёри худ доранд. Оре, Тољикистон ба сармоягузорї ниёз дорад, бахусус дар ин шароити буњронї, ки иќтисоди кишвар ба чолишњои хеле бузург рўбарў шудааст. Љои бањс нест. Аммо суол ин аст, ки оё як ширкати амрикої ё њар кишваре набошад, метавонад дар Амрико ё Аврупо њамчунин партовгоње дошта бошад, ки ба саломатии мардум зиён орад? Посух, ба истилоњи мардум, хеле кўтоњ аст: ќаврашонро мекананд! Аз ин хотир, ба бовари њамсуњбатони мо аз дењаи Оби Канапо, амрикоињо эњтимолан аз ин вазъ хабар надоранд, агар хабар медоштанд, боварнокарданист, ки вокуниш нишон надоданд. Њамчунин сокинони ин дењаи хурду дури куњистонї бовар доранд, ки президент Эмомалї Рањмон њам агар хабар ёбад, њаќро ба њаќдор хоњад расонд. Онњо аз ин њам умедворї мекашанд, ки раиси вилояти Суѓд Абдурањмон Ќодирї, ки соли 2016 - ро дар вилояти Суѓд "Соли фарди солим" эълон кардааст, ин манбаъи хатар ба саломатии сокинони вилоятро аз дењаи онњо бартараф месозад...
БА ЉОИ ОХИРСУХАН Шањриддин Шарифов, тифли севунимсола, моњи декабри соли 2015 ба ин маризї печид ва то њол дар бемористони вилоятии бачагонаи касалињои сироятї дар Хуљанд бистарї аст. Аз ин беморї сараш варам карда, аъзои баданашро захмњои дањшатнок зер кардаанд. Дуруст хўрок хўрда наметавонад. Бо азоб њаракат мекунад. Нигоњњояш мањзунанд. Ин њама дили як инсонро реш - реш мекунад, аммо шўълачањакњои умед барои сињат ёфтан ва идомаи зиндагї дар чашмони ѓаминаш хира - хира барќ мезананд. Табибон инро баъид намедонанд, ки ин маризї аз таъсири нуру хокистари партови металњои ранга буруз кардааст. Мутахассисони њифзи муњити зист њам бар инанд, ки њамчунин партовгоњњо дар мањалли ањолинишин ва умуман мављудоти зинда безарар нестанд. Дардеро њам, ки падару модар ва Шањриддин мекашанд, худаш медонаду худашон медонанду Худо... Онњо њам инсонанд! Умари ТОЊИР
6
“НИГОЊ”, ЧОРШАНБЕ №44 (477), 3. 02. 2016
142 њазору ... км2
ВАРЗОБ
САРБАНД
АНДОЗИ БАРОБАР АЗ ЌАСРУ КЎШК ВА АЗ КУЛБАЊОИ ОДДЇ
Бо назардошти мавзеи туристї эълон шудани ноњияи Варзоб андоз аз амвол ва хонаву иншоот низ дукарат таъин карда шудааст. Яъне, андози амволи ѓайриманќул дар ин минтаќа аз манотиќи дигар дида як баробар бештар аст. Коршиносон мегўянд, ки нисбат ба моли-
ФИРТАШ РОЗЇ НЕСТ. ЧИН "ТОЉИКАЗОТ"-РО ФАЪОЛ МЕКУНАД
кони бўстонсарову истроњатгоњњои боњашамат љорї кардани андози дукарата мантиќист. Аммо пардохти ин андоз барои афроди нодор, ки аксаран аз мардумони бумии ин мавзеъ њастанд, мушкилзо аст. Масъулони Кумитаи андози Тољикистон низ вуљуд доштани ин мушкилро эътироф мекунанд, аммо ислоњи онро ба чанд далел душвор мешуморанд. Нусратулло Давлатзода, раиси Кумитаи андози андози Тољикистон, рўзи 25 январ дар нишасти хабарияш дар ин бора гуфт, "мо мегўем, ки бигзор соњибони бустонсаро андози дукарата супоранду боќимондањо - не. Лекин инро дар амал љорї кардан мушкил мешавад. Ман медонам, ки сокинони дењот мушкилоти зиёд доранд, аммо барои соњибони бўстонсароњо пардохти ин андоз набояд мушкил эљод кунад." "Озодї"
ПОЙТАХТ
НАРХИ РОЊКИРО ГАРОН МЕШАВАД Назар Одиназода, муовини аввали раиси Хадамоти зиддинњиосорї ба хабарнигорон гуфт, ки соли гузашта дархости КВД "Тољикнаќлиётхадамотрасон"-ро баррасї карда баъзе харољотњои беасосро рад карданд. Аммо дар умум Хадамот барои боло бурдани нархи роњкиро дар шањри Душанбе иљозат додааст. Ин масъули Хадамот нагуфт, ки мушахасан нархи роњкироро дар Душанбе чанд
фоиз боло мебаранд, зеро тасмими нињоиро дар ин бора шањрдории Душанбе мегирад. Точнюс
Њукумати шањри Сарбанд, дар љануби Тољикистон, мегўяд, ки корхонаи бузурги саноатии "Тољиказот" (њоло "Азот") фаъолияти худро баъд аз чанд соли муфлисї ва бекорї дубора ба роњ мемонад. Ќарахон Чилазода, раиси шањри Сарбанд, рўзи 26 январ дар сўњбат бо Озодї гуфт, ки роњбарияти нави корхонаи "Азот" дар марњилаи аввал ќарзи музди мењнатро ба кормандонаш бармегардонад ва онњоро дубора ба кор даъват мекунад. Чилазода афзуд, бо фаъол шудани корхона дањњо сокини шањр соњиби љойи кор хоњанд шуд. Файзиддин Рањмонов, мудири тозатаъини корхонаи "Азот" дар сўњбат бо Озодї гуфт, и масъалаи пардохти музди мењнати кормандон ба миќдори 159 њазор сомонї дар баррасии маќомот ќарор дорад. Коршарики "Азот"-и Тољикистон як ширкати чинї аст, ки мутахассисони он аз моњи августи соли гузашта то њол чандин бор аз корхона боздид кардаанд. Корхонаи "Азот" аз бузургтарин корхонаи истењсоли нурињои минералї дар Тољикистон аст, ки бино бар ќатъи интиќоли гази табиии Узбакистон аз фаъолият бозмонд ва наздик ба 2000 кормандашро ба рухсатии дарозмуддати бемузд фиристод. Файзиддин Рањмонов гуфт, ки ширкати чинии коршарики онњо фаъолияти корхонаро на ба гази табиї, балки бо гази синтезии ангишт ба роњ мемонад. Њоло мутахассисон корњои санљиширо дар мавриди истифодаи ин навъи сўзишворї рўи даст гирифтаанд. Файзиддин Рањмонов гуфт, ки беш аз 90 дарсади кормандони корхонаи "Азот" аз Тољикистон даъват мешаванд ва танњо чанд мутахассиси чинї тарзи кор бо ангишт ва гази синтезиро дар дастгоњои нав ба онњо
меомўзонанд. Аз њукумати шањри Сарбанд гуфтанд, ки агарчи кори онњо бо шарикони чинї шурўъ мешавад, аммо љонибњо ба хулосае наомадаанд, ки чанд дарсади сањмияњо аз Тољикистон ва чанд дарсади дигар аз Чин хоњад буд. Дар сурати ба кор оѓоз кардани ин корхона беш аз 1000 нафар ба кор љалб мешаванд. Ќаблан 75 дарсади сањмияњои корхонаи саноатии "Азот" ба миллиардери украинї Дмитрий Фирташ, 20 дарсадаш ба њукумати Тољикистон ва 5 дарсадаш ба Хайрулло Саидов, писари соњибкори зиндонї Зайд Саидов тааллуќ дошт. Аммо додгоњи иќтисодии вилояти Хатлон соли 2014 ин созишро ѓайриќонунї эълон кард ва ин корхонаи азимро дубора ба ихтиёри давлат гузошт. Чин дар њоле коршарики ин корхонаи бузург шудааст, ки молики ќаблии он Дмитрий Фитраш њанўз њукми давлатї шудани корхонаро эътироф накардааст. Вакилони Дмитрий Фирташ гуфта буданд, ки сармоядори украинї ба додгоњи байналмилалї шикоят хоњад бурд.
ШЎРООБОД
СУЃД
БЕ ТАЊЛИЛИ ХУНУ ПЕШОБ - БА АРТИШ ТАБОБАТИ РОЙГОНИ СОКИНОНИ ХОЊОН ДАР ХАТЛОН
Як масъули раёсати тандурустии вилояти Суѓд гуфт, ки ба далели камбуди маблаѓ бештари даъватшавандањо ба хидмати њарбї бе ташхиси љиддии тиббї сабтином мешаванд. Ин нукта 26 январ аз забони Фахриддин Њакимов дар нишасти "Баќайдгирии ибтидоии њарбї, мушкилот ва роњњои њалли онњо" дар Хуљанд садо дод.Ў гуфт, ки "ба сабаби маблаѓгузорї нашудани комиссариатњои њарбї ва муассисањои тандурустї аксари даъватшавандагон ба хидмати њарбї бе тањлилњои хун, пешоб ва ташхиси шуш ба ќайди ибтидоии њарбї гирифта мешаванд." Њакимов афзуд, бархе њукуматњои шањру ноњияњо барои "муташаккилона" ба роњ мондани маъракаи даъват ба хидмати њарбї њазорњо сомонї пул људо мекунанд, аммо ин маблаѓњо то комиссариати њарбї намерасад. Музаффар Бобољонов, рањбари созмони љамъиятии "Иттифоќи волидайни сарбозон" дар Хуљанд мегўяд, норасоии духтурон дар бархе аз шањру шањракњо, пинњон доштани бархе беморињо аз љонибидаъватшавандањо, мисли бемории рўњонї ва надоштани пешоб низ
боис мегардад, дар шањодатномаи даъватшаванда "сињат" ва "ќобили адои хидмати њарбї" навишта шавад. Ин гуна сарбози бемор аз ќадами аввали хидмат барои афсарону табибон ва наздиконаш дарди сар эљод мекунад ва билохира муњлати хидматро ним накарда, бозпас мегардад. Даъватшаванда бо роњхати комиссариати њарбї бояд бепул табобат карда шавад, вале зоњиран дар Тољикистон табобати бепул дар рўи коѓаз мондааст. Коршиносони суњбати мизи гирди рўзи сешанбе дар Хуљанд гуфтанд, ки дар соли 2015 дар вилояти Суѓд мавридњои љалби иљборї ё "облава"-и љавонон ба хидмати њарбї, ки дар соли 2014 ба ављаш расида буд, хеле кам рух додааст. Ин нишаст тањти унвони "Баќйдгирии ибтидоии њарбї - мушкилот ва роњњалли онњо" аз љониби созмони "Дафтари озодињои шањвандї" ва бо иштироки намояндагони идорањои тандурустї, маориф, муаллимони фанњои омўзиши њарбї, созмонњои љамъиятї ва рўзноманигорон сурат гирифт. Озодї
Сокинони вулусволии Хоњони вилояти Бадахшони Афѓонистон имкон доранд, ки давоми ду соли оянда дар бемористони марказии ноњияи Шўроободи вилояти Хатлон ба таври ройгон табобат бигиранд. Бунёди Оѓохон барои табобати сокинони ноњияи Хоњони вилояти Бадахшони Афѓонистон, ба Бемористони марказии Шўрообод дар њаљми 190 њазор сомонї барои таљњизотњои замонавї људо кардааст. Ин лоиња сар аз соли 2016 роњандозї шуда, то соли 2018 идома меёбад ва дар ин давра сокинони Хоњони Афѓонистон имконият доранд, дар ин бемористон ройгон табобат бигиранд. Табибони ноњияи Шўрообод мегўянд, ки дар он сўи марз бештар занон њини њомиладорї азият мекашанд ва аз набуди табиб, атфол ва ё модаронашонро хатари марг тањдид мекунад. Ниёзмад Љонмадов,љарроњи бемористони ноњияи Шўрообод дар сўњбат ба Радиои Озодї гуфт, бинобар нарасидани табибон дар Хоњон, чандин кўдак дар батни модаронашон фавтидаанд. Зимнан,соли 2013 љониби Тољикистон ба мардуми ноњияи Хоњони Афѓонистон мошини "Ёрии таъљилї" њадя кард, ки ба наљотбахши
беморону ниёзмандони афѓон табдил ёфт. Аммо Мадисмон Саидов, сардори бемористони Шўрообод мегўяд, ки тай ду соли ахир шањрвандони афѓон камтар ба онњо мурољиат мекарданд ва беморонашонро бештар ба маркази вилояти худ ва ё Кобул мебурданд. Ба гуфтаи љаноби Саидов, њоло бо роњандозї шудани ин барнома, аллакай афѓонњо талош доранд беморњояшонро ба Шўрообод биёранд. Ў мегўяд, онњо кўшиш доранд дар назди пуле, ки бо маблаѓгузории Бунёди Оѓохон дар минтаќаи Шоњони Тољикистон ва Хоњони Афѓонистон сохта шуда ва дар он бозори наздимарзї таъсис дода мешавад, бо кўмаки Бунёди Оѓохон як бунгоњї тиббї таъсис бидињанд. Овардани беморони вулусволии Хоњони Афѓонистон ба Шўроободи Тољикистон дар њоле имконпазир шуд, ки њукумати Олмон ба Хазинаи Оѓохон њамчун иљрокунандаи тарњи бунёди пули 162-метра дар ин мавзеъ, беш аз 3 миллион доллар људо кард. Ва њоло сохтмони ин пул ба анљом расидааст, аммо то кунун мавриди истифода ќарор нагирифтааст.
Озодї
БАДАХШОН
РАЊМОНОБОД - ДЕЊАИ НАВ БА НОМИ ПРЕЗИДЕНТ ДАР ШУЃНОН Дењаи навбунёдеро дар ноњияи Шуѓнони Вилояти мухтори кўњистони Бадахшон Рањмонобод номгузорї кардаанд. 30-юми январ Нилуфар Асламшоева, сухангўи њукумати вилоят дар тасдиќи ин хабар ба TojNews гуфт, бо талаби сокинони дењаи навбунёд дења Рањмонобод номгузорї шудааст. "Мардум бо ариза ба унвонии Маљлиси миллї ва њукумати вилоят ин номро пешнињод карданд, ки расман аз љониби нињодњои дахлдор тасдиќ шудааст", - мегўяд Асламшоева. Дењаи мазкур аз њисоби заминњои фонди заминњои ноњияи Шуѓнон барои оилањое, ки аз заминларзаи 7-уми декабри 2015 за-
рар дидаанд, бунёд шудааст. Њоло дар ин дења 84 оила ба сар мебаранд, ки маќомот дар пайи бунёди бинои мактаб, бунгоњи тиббї ва маѓоза аз љониби "Тољикматлубот" мебошанд. "84 оилаи ин дењаро аз номи Президент Эмоммалї Рањмон бо тамоми ашёи рўзгор, њатто бо кмопютер таъмин кардаанд. Дењаи мазкур дар давоми ду моњ бунёд шуда, нахустин манзили он бо ширкати Шукурљон Зуњуров, раиси Маљлиси намояндагон ба истифода дода шуда буд", - мегўяд Нилуфар Асламшоева. Тољнюс
ЭЪТИРОЗ
Љомеаи журналистии Тољикистон аз пешнињоди таѓйиру иловањо ба Ќонуни ЉТ "Дар бораи матбуоти даврї ва дигар воситањои ахбори омма", ки барои баррасї ба Маљлиси намояндагони Љумњурии Тољикистон ироа шудааст, изњори нигаронї менамояд. Дар таѓйироту иловањои пешнињодшуда аз љумла омадааст: "Агар дар мўњлати муайяншуда ќонуншиканињое, ки асоси баровардани амри хаттї ё огоњиномаи хаттї гаштаанд, бартараф карда нашаванд, Прокурори генералии Љумњурии Тољикистон ё прокурорњои тобеи ў метавонанд ба маќоми ваколатдори бањисобгирии воситањои ахбори омма дар хусуси боздоштани фаъолияти воситањои ахбори омма бо ариза мурољиат
"ИН КЎШИШИ ЉОМАИ ЌОНУНЇ ПЎШОНИДАН БА СЕНЗУРА МЕБОШАД!" Созмонњои журналистии Тољикистон бо пахши як изњорот аз пешнињоди таѓйиру иловањо ба ќонуни матбуот нигаронї карданд намоянд. Дар ин маврид маќоми ваколатдори бањисобгирии воситањои ахбори омма њуќуќ дорад фаъолияти воситањои ахбори оммаро ба мўњлати то се моњ боздорад" (таѓйирот ба моддаи 12-1, банди 3) Ин таѓйирот мањдуд кардани озодии баён дар Тољикистон мебошад, зеро ба маќомоти бањисобгирии ВАО ва прокуратура имкони
манъ кардани фаъолияти дилхоњ расонањоро дода, амалан пиёдагардонии тартиби ѓайрисудии манъи кору фаъолияти ВАО аст. Тарњи мазкур кўшиши љомаи ќонунї пўшонидан ба сензура мебошад, ки хилофи Сарќонуни ЉТ аст. Тартиби боздошти фаъолияти расонањое, ки меъёрњои њуќуќиро риоя намекунанд, дар ќонунгузории љорї равша-
"НАЗОРАТ ТО НАЗОРАТ ФАРЌ ДОРАД!" Номаи кушодаи Ќироншоњ Шарифзода ба Фелалиев ва Салимзода
Номаи кушод ба вакилони Маљлиси намояндагони Маљлиси Олии Љумњурии Тољикистон, муовини Раиси Маљлиси намояндагон Фелалиев Акрамшо Саидшоевич ва раиси Кумитаи Маљлиси намояндагон оид ба корњои байналмилалї, иттињодияњои љамъиятї ва иттилоот Салимзода Олимљон Вакилони муњтарам, албатта, аз навиштањои расонањои хабарї тўли њафтаи охир оид ба таѓйиру иловањои аз љониби Њукумати љумњурї пешнињодшаванда ба Ќонуни ЉТ "Дар бораи матбуоти даврї ва дигар воситањои ахбори омма" огоњ њастед. Мусаллам аст, ки њамагуна ќонун, аз љумла ќонуни мазкур, санади таѓйирнопазир нест ва тањаввулу такомули љомеа зарурати ислоњу такмили ќонунгузориро ба миён меоварад. Вале ростї, таѓйиру иловањои пешнињодшаванда бинобар мубњамї ва моњиятан муѓойирї ба руњи Ќонуни амалкунандаи матбуот, водор месозад ба бањс пардозем. Ба њайси як тан аз намояндаи љомеаи журналистї, ки аз раванди ќариб сесолаи тањия ва ќабули Ќонуни ЉТ "Дар бораи матбуоти даврї ва дигар воситањои ахбори омма" огоњ будаву ба сарнавишти Ќонуни мазкур ва њам матбуоти даврї масъулияти маънавї ба дўш дошта, ба шумо, ташаббускорону муаллифони аслии Ќонуни дар тањрири нав ќабулшуда (19 марти с. 2013), мурољиат дорам. Мо, ањли матбуот, кўшишу талошњои ба харљ додаи шумо, вакилони муњтарамро, ки дар рафти муњокимаи тўлонии лоињаи Ќонун бањри њаддалимкон роњ надодан ба саддњои ќонунї ба фаъолияти озоди матбуоти даврї, дар ёд дорем. Њамчунин гуфтанист, ки фаъолияти озоди журналистон дар тўли ќариб се соли амали Ќонуни матбуот, аз муносибати хайрхоњонаи Парламенти Тољикистон, ки аз эњсосу дарки рўњияи демократї бахшидан ба Ќонуни мазкур бар омада, бо дархосту пешнињодоти љомеаи журналистї њамнавост, замина мегирад. Фикр намекунем, ки назорати давлатї ба фаъолияти нињодњои ВАО-ро касе инкор намояд, вале шумо бењтар аз мо медонед, назорат то назорат фарќ дорад. Биёед, бар асоси пешнињодњои њукуматї
мулоњиза ронем. Муаллиф (он)-и пешнињоди иловањо ба Ќонуни Љумњурии Тољикистон "Дар бораи матбуоти даврї ва дигар воситањои ахбори омма" амалашонро "бо маќсади бењтар кардани назорат оид ба фаъолияти воситањои ахбори омма ва таъмину тањкими амнияти иттилоотї" тавзењ медињанд, ки њамоно гумону саволњое пеш меоварад. Гумони ѓолиб њадафи "бењтар кардани назорат" - и чанд нашрияњои мустаќил мебошад, њол он ки њеч кадоме аз онњо аз назорати ќонун берун набудаву хилофи манфиатњои давлату љомеа њарфе нагуфтаанд. Баръакс, дар марњилањои њассоси муносибатњои байналмилалї нашрияњои мустаќил ба њимояи манфиатњои давлату миллат бархоставу њатто аз нашрияњои расмии давлатї дида, ба њукумат наздиктар будаанд. Њамчунин набояд нодида гирифт, ки мављудият ва фаъолияти нашрияњои мустаќил дар Тољикистон имрўз яке аз нишондињандањои љонибдори чандандешии сиёсї будани давлат њисобида шуда, ба афзудани имиљи байналмилалии давлати Тољикистон мусоидат менамояд. Дар љавоби саволњое - Оё дар ин се соли амали Ќонуни мазкур назорат ба фаъолияти ВАО суст буд? - Оё фаъолияти "камназорати" њамон чанд нашрияњои мустаќил набуд, ки бањри тањкими амнияти иттилоотии кишвар бештар сањим њастанд? ба фикрам, ашхоси алоќаманди матбуоти даврии тољик љавоби сањењу даќиќи худро доранд. Аз ин бобат суханро ба дарозо намекашем, зеро њамкасбонамон аз њафтаномаи "Нигоњ" рози дили ањли матбуотро батафсил навиштанд (лутфан мурољиат шавад: "Нигоњ", №43 (476). Чоршанбе, 26-уми январи соли 2016). Барои онњое, ки салоњияти маќоми ваколатдори бањисобгирии воситањои ахбори оммаро дар Ќонуни амалкунанда номуайян мењисобанд ва љонибдори ба он вогузоштани ваколатњое (на салоњият) низ њастанд, тавсия менамоем аввалан, ба сархати 2-юми моддаи 11-и Ќонуни Љумњурии Тољикистон "Дар бораи матбуоти даврї ва дигар воситањои ахбори омма" таваљљуњ намоянд, ки салоњияти маќоми мазкурро "бањисобгирии давлатии воситањои ахбори омма бо маќсади пешбурди Фењристи ягонаи давлатии бањисобгирии воситањои ахбори омма, таъмини шаффофияти фаъолият ва њифзи манфиатњои онњо" мењисобад, на назорати онњо. Баъдан, набояд фаромуш сохт, ки "маќоми ваколатдори бањисобгирии ВАО" тибќи Ќонуни амалкунанда "маќоми ваколатдори баќайдгирии давлатии ВАО" нест ва мантиќан низ наметавонад ваколати боздоштани фаъолияти ВАО-ро ба дўш дошта бошад, тавре ки дар иловаи Моддаи 121 пешнињод мегардад.
Чунин ваколатро агар муаллифони пешнињоди иловањо зарур мењисобиданд, бояд ба уњдаи "маќоми ваколатдори баќайдгирии давлатии ВАО" вомегузоштанд, вале чї гўем, ки онњо фишанги (механизми) назораткуниро дар ќонунњои њамноми баъзе љумњурињои пасошўравї бо њавас дидаанду шояд бо муќаррароти Ќонуни ЉТ "Дар бораи матбуоти даврї ва дигар воситањои ахбори омма" муќоиса накардаанд. Вагарна, медиданд, ки ваколати назорат бар фаъолияти воситањои ахбори омма ва боздошти фаъолияти ВАО дар ќонунњои соњавии дигар љумњурињои њамсоя, аз љумла Россия (м.16-и Ќонуни Федератсияи Россия "Дар бораи ВАО") ва Туркманистон (м.13-и Ќонуни Туркманистон "Дар бораи ВАО"), ба зиммаи муассис ва суд бо даъвои маќоми ваколатдори баќайдгирии давлатии ВАО вогузор гардидааст, на ба дўши "маќоми ваколатдори бањисобгирии ВАО" ё Прокурори генералї ва прокурорњои тобеи ў, тавре муаллифони иловањо мехоњанд. Аз тарафи дигар, муќоиса њам мекарданд, гумон буд, мављуд набудани ибораи "Маќоми ваколатдори баќайдгирии давлатии ВАО" дар лабиринти Моддаи 10-и Ќонуни мазкур, оид ба ин масъалаи "калобаи саргум" фањмиши мушаххасе бахшад. Дарвоќеъ, ёдатон бошад вакилони муњтарам, масъалаи баќайдгирии давлатї ва ё сабти расмии нашрияњо, њангоми муњокимаи лоињаи Ќонун аз мавзуъњои бањсбарангез буд ва бо вуљуди мутаќоид сохтани вакилони дар Гуруњи корї будаи МН, дархосту пешнињоди љомеаи журналистї дар мавриди аз бањри институти баќайдгирї баромадан ва гузаштан ба огоњ намудани маќомоти назоратии давлатї аз таъсиси нашрияњо, "нагузашт". Дархости мо аз воќеияти рўз бармеомад, чун њоло дар Тољикистон нињоди ягонаи давлатии ваколатдори баќайгирии ВАО вуљуд надорад ва вобаста ба навъу намуди нашрияњо се нињод - Вазоратњои адлия (барои шахсони њуќуќии нашрияњои иттињодияњои љамъиятї ва њизбї), "Равзанаи ягона" (барои шахсони њуќуќии нашрияњои тиљоратї) ва Вазорати фарњанг (барои нашрияњои ѓайритиљоратї) бо ин кор машѓуланд. Чунин њолат аз як сў бесарусомонињоеро дар сабти номи расонањои гуруњї ба миён оварда бошад, як сўи дигар бањисобгирии онњо барои дар Фењристи ягона љой додан мушкилї эљод карда, нињоят барои дархости ворид намудани таѓйирот ба Ќонуни матбуот такон бахшидааст. Бо вуљуди ин, сархати 4-уми моддаи 10-и Ќонуни матбуот барњамдињии воситањои ахбори оммаро ба "тартиби муайяннамудаи ќонунгузории ЉТ" муайян менамояд, ки чунин меъёр дар таљрибаи ќонунтањиякунї њолати муќаррарї аст.
“НИГОЊ”, ЧОРШАНБЕ №44 (477), 3. 02. 2016
7
ну фањмо оварда шудааст ва њељ зарурате ба таѓйирот надорад. Дар сурати ќабул шудан тарњи мазкур зарбаи сахте ба матбуоти миллї гашта, раќобатпазирии расонањоро коњиш дода, заминаи мусоидеро барои ѓасби фазои иттилотии Тољикистон аз љониби расонахои хориљї дар марњилаи њассоси мухолифатњои минтаќавию љањонї фароњам меорад. Чунин бархурд амнияти иттилотии кишварро зери суол бурда, њуќуќи мардуми Тољикистонро ба иттилоот ва озодии баён поймол мекунад. Ба хотири њифзи меъёрњои Сарќонуни ЉТ аз Њукумати ЉТ ва Маљлиси Олии ЉТ дархост менамоем, ки аз ќабули таѓйироти пешнињодшуда, худдорї намоянд". Зиннатуллоњи ИСМОИЛЗОДА,раиси Иттифоќи журналистони Тољикистон, Нуриддин ЌАРШИБОЕВ, раиси Ассотсиатсияи миллии воситањои ахбори оммаи мустаќили Тољикистон, Хуршедљон НИЁЗОВ,раиси Шўрои Воситањои ахбори оммаи Тољикистон, Шањло АКОБИРОВА,раиси Ташкилоти љамъиятии "Хома"
Хуб, аз он њам бигзарем ва "Маќоми ваколатдори бањисобгирии ВАО"-ро ба љойи "Маќоми ваколатдори баќайдгирии давлатии ВАО" тасаввур намоем. Дар њамин њол, сархати 1-уми Моддаи 121 -и пешнињодшавандаро метавон тањаммул кард, вале сархатњои 2-юму 3-юми он, ки прокурорњо ба Маќоми ваколатдори бањисобгирии ВАО дар мавриди бартараф намудани ќонуншиканињои ин ё он ВАО бо муќаррар намудани муњлат, огоњномаи хаттї фиристода, дар њолати бартараф нашудани ќонуншиканињо, ба муњлати то се моњ боздоштани фаъолияти ВАО-ро таќозо менамоянд, нусхабардорї аз Ќонуни матбуоти даврони Шўравї дар шакли вайроншудааш асту бас. Гузашта аз ин, дар иловањои пешнињодшаванда љой надоштани меъёри шикояти судии ќарор дар бораи боздоштан ва манъи фаъолияти воситањои ахбори омма боиси ташвишу изтироб аст. Њол он ки мављуд будани чунин муќаррароти ќонун мувозанати меъёрњои њуќуќиро таъмин намуда, умедро ба адолати судї ќавї сохта, пайравии давлату љомеаро аз арзишњои демократї таъкид менамояд. Вакилони муњтарам, бо ибрози мулоњизоти боло, бинобар ба руњи демократии Ќонуни амалкунанда созгор набудан, иловањои пешнињодшавандаи Њукуматро ба Ќонуни ЉТ "Дар бораи матбуоти даврї ва дигар воситањои ахбори омма" наметавон ќобили ќабул њисобид. Вале агар шумо њам бо нокомил њисобидани муќаррароти ба фаъолияти озод ва рушди матбуоти даврии муосир мусоидаткунандаи Ќонуни ЉТ "Дар бораи матбуоти даврї ва дигар воситањои ахбори омма", илољи бењтар кардани назорати фаъолияти воситањои ахбори оммаро дар боздоштан ва манъ намудани фаъолияти онњо мебинед, пас, бо пешнињоди тарњи иловањо ба Моддаи 10-и Ќонуни амалкунандаи матбуот, бар ивази иловањои њукуматї, ба нома нуќта мегузорам. "Моддаи 10-1. Тартиби боздоштан ва ё ќатъи фаъолияти воситањои ахбори омма Фаъолияти воситањои ахбори омма дар њолатњои зайл боздошта ва ё ќатъ карда мешавад: - бо ќарори Муассис; - бо њалномаи суд, ки бар асоси даъвои маќоми давлатии баќайдгирандаи воситаи ахбори омма дар натиљаи вайрон шудани муќаррароти Моддаи 6-и Ќонуни мазкур, содир мегардад. "Моддаи 10-2. Тартиби шикоят дар бораи ќарори боздоштан ва ё ќатъи фаъолияти воситањои ахбори омма 1. Шикоят дар бораи ќарори боздоштан ва ё ќатъи фаъолияти воситањои ахбори омма мутобиќи тартиби муайяннамудаи ќонунгузории ЉТ сурат мегирад. 2. Мухолифи ќонун эътироф гардидани ќарори суд дар бораи боздоштан ва ё ќатъи фаъолияти воситањои ахбори омма, бекор њисобидани ќарорро ба дунбол дорад. Бо бекор њисобидани ќарор дар бораи боздоштан ва ё ќатъи фаъолияти воситањои ахбори омма, зарари ба субъектњои бо тањия, омода ва интишори иттилоот машѓулбуда расида, мутобиќи тартиби муќаррарнамудаи ќонунгузории ЉТ љуброн карда мешавад. Бо эњтиром: Ќироншоњи ШАРИФЗОДА, раиси Ташкилоти љамъиятии "Журналист".
8
“НИГОЊ”, ЧОРШАНБЕ №44 (477), 3. 02. 2016
ДИКТАТОР
САРНАВИШТИ МАХФЇ Зиндагиномаи Ислом Каримов саршор аз маълумоти зидду наќиз аст. Тибќи асноди расмї вай 30-уми январи соли 1938 дар шањри Самарќанд дар оилаи хизматчї ба дунё омадааст. Дар бораи падари ў манбаъњои расмї иттилоъи даќиќ намедињанд. Гузоришгари бахши ќазоќии радиои "Озодї" Брюс Панниер дар матлабе менависад, ки соли 1995 як маълумотномаи муфассал дар бораи президенти Узбакистон дар сомонањои њукуматї интишор ёфта буд, вале баъдан он ногањонї ва бидуни шарњ аз шабакањо њазф гардид. Муаллифони ин муаррифинома менавиштанд, ки Ислом Каримов дар оилаи марди фаќир ва серфарзанди самарќандї ба дунё омадааст ва шашумин фарзанд аз миёни њафт нафар буд. Падараш хизматчии оддии давлатї ва модараш кадбону буд. Муаллифи матлаб солњои 1992-1993 дар Узбакистон кор кардааст ва мешунидааст, ки Каримов дастпарвари хонаи кўдакон буд. Абдулѓанї, ки падари Ислом Каримов дониста мешавад, бино ба навиштаи ин муаллиф, њанўз ду сол пеш аз таваллуди Ислом зиндонї шуда буд. Падари биоложии ў тибќи маълумотњои гуногун ё тољик аст ва ё яњудї. Ваќте Абдулѓанї аз њабс озод шуд, Исломи сесоларо ба хонаи кўдакон доданд. Фурсате баъд љанг сар шуд ва ятимон афзуданд, саѓирхонањо дигар наметавонистанд бачањои зиёдро ѓунљонанд. Ин буд, ки Исломро дубора ба хона оварданд. Ин чанд санадест, ки соле ќабл Брюс Панниер интишор дода буд ва чуноне ишора кардем, инњо расман тайид нашудаанд. Њамчунин њадс зада мешуд, ки ў дар як интернати Панљакенти Тољикистон чанд сол тањсил кардааст. Тибќи маълумоти тарљумаињолї Ислом Каримов соњиби ду дипломи олї ва ихтисосњои механик-муњандис ва иќтисодчї аст. Хатмкардаи Донишкадаи политехникии Осиёи Марказї ва Донишкадаи хољагии халќи Тошканд мебошад. Номзади илмњои иќтисодист. Фаъолияти кории ў сол 1960 аз корхонаи "Ташселмаш" оѓоз шудааст ва соле баъд таѓйири љойи кор кардааст. Солњои 1983-1986 вазири молия, Раиси Госплан ва њамзамон Љонишини Райиси Шўрои Вазирони Љумњурии Сотсиалистии Узбакистон буд. Солњои 1986-1989 Котиби аввали њизби коммунисти вилояти Ќашќадарё (амалан њокими вилоят) ва солњои 1989-1991 Котиби аввали Њизби коммунисти Узбакистон таъин шуд. Солњои 1990-1991 узви Кумитаи Марказии ЊК ва узви Бюрои сиёсии он буд. Сиёсатшиноси рус Аджар Куртов дар суњбате бо "Взгляд" гуфта буд, ки Кремл замоне Каримовро ба љойи Рашидов ва пайравонаш пазируфт, ки донист вай аз кадом як гуруњи муташаккил ва сармоядореву обрўманде намояндагї намекунад. Ин барои Маскав хеле муњим буд. Зеро баъди ќазияи "Парвандаи ўзбакї"-и Гдлян Ўзбакистон дар вазъи ногувор ва муборизањои дохилии ќабилавї ќарор гирифта буд. Вале Каримов, ки зодаи Самарќанд буд, њатто аз ягон гуруњи калони мафёзии он намояндагї намекард. Мисли хеле аз номенклтураи њизбии шуравї зани рус дошт. Бозсозии горбачёвї ва суќути СССР сабаб шуду Каримови самарќандї роњбари бебадал боќї монд. Расман милияташро ўзбак мегўянд. Барои мухолифони ўзбакаш, ки берун аз кишвар панањ бурдаанд, ў тољик аст. Барои нухбагони њукмрони Ўзбакистон роњбари мањалпарасти клани самарќандињо, ки бо тошкандињову фарѓоначиву андиљонињо муросо намекунад.
ЊОКИМИЯТИ МУТЛАЌИ "САМАРЌАНДЇ" Аввалин маротиба 24 -уми марти соли 1990 Шўрои Олии Узбакистон бо аксарияти овози вакилон ўро президенти Узбакистон эълон кард. Ба маънии дигар, дар миёни кишварњои пасошўравии Осиёи Марказї Узбакистон аввалин кишварест, ки ба низоми идории президентї гузашт. Мегўянд он замон Михаил Горбачёв хеле зиёд талош кард, то Каримовро аз ин райъаш гардонад, вале ў бо якравии хос ќарори Шўрои олиро пазируфт. Инак, 25 сол аст, ки президенти ин кишвар аст. Соли 1991 дар Узбакистон интихоботи президентї баргузор шуд ва Ислом Каримов бо дарёфти 86 дарсади овозњо президенти Узбакистон интихоб гардид. Раќибаш роњбари Њизби демократии "Эрк" Муњаммад Солењ њамагї 12,3 дарсади овозњоро ба даст овард. 26-уми марти соли 1995 ваколатњои президентии Ислом Каримов то соли 2000 тамдид шуданд. Мухолифин ўро дар ѓасби њокимият мутањњам хонданд. 9-уми декабри соли 2000 дар интихоботе, ки номзадњои дигар низ дар он ширкат карданд, муљаддадан прези-
ИСЛОМ КАРИМОВ
Худкомае, миллати 30 миллионаеро дар ќабзаи оњанин нигоњ медорад, аммо маљбур аст, духтару набераашро њабси хонагї кунад....
дент интихоб шуд. "Интихобот" -ро ба љуз аз кишварњои пасошуравї касе эътироф накард. Соли 2002 як њамапурсї ба ќонуни интихобот таѓйирот ворид кард ва муњлати даври раёсати љумњуриро аз 5 ба 7 сол дароз намуд. Бо ин Ислом Каримов имкон пайдо кард, ки бори дигар номзадии худро пешбарї кунад ва чун анъанаи шарќии "интихоботи демократї" аз миёни шаш номзад бо дарёфти 90,76 дарсади овозњо президент интихоб шуд. Номзадњои дигарро худаш таъин карда буд. Охирин интихобот рўзи 29-уми марти соли 2015 баргузор шуд ва ин бор низ бо касби 90,39 дарсади "орои мардум" президент интихоб гардид. Ўзбакистони ањди ўро "давлати пулисї" меноманд. Хадамоти амниятии ў ба њич ўзбак имкон намедињад, ки аз њуќуќу озодие њарф занад. Ин гуна мардумон фавран њабс ё террор мешаванд. Дар бораи терорњои ањди Каримов собиќ сафири Инглистон дар Тошканд Крейг Мюррей (солњои 20022004) дар китоби "Куштор дар Самарќанд" маълумоти љолиб дода, њукумати кишварашро дар пиёдасозии сиёсати ИМА дар Ўзбакистон ва чашмпўшї ба љиноёти режим гунањкор мекунад. Мюррей њамчунин аз дўстии Каримов бо ќотили фаластиниён Ариэл Шарон, ки зодаи Тошканд будааст, иттилоъ дода, даст доштани ўро дар наљоти Эдуард Шеварнадзе баъди як табаддулот дар Гурљистон тавассути исроилињо њикоя мекунад.
ДУ ИЗДИВОЉУ ДУ "ДОЃИ ПАДАР" Ислом Каримов ду маротиба издивољ кардааст, вале дар маълумоти расмї ва њатто викепедии ў аз издивољи аввалаш њарф зада намешавад. Манбаъњои ѓайрирасмї, вале наздик ба сарвари Узбакистон мегўянд, ки аввалин зављаи ў Наталя Петровна Кучма буд, ки соли 1964 бо њам аќди никоњ баста буданд. Вале ин издивољ тўлонї наёмад ва ба кадом сабабе, ки њатто пажуњишгарони Каримов аз баёни он худдорї кардаанд, аз њам људо шудаанд. Аз њамсарї бо хонум Кучма Ислом Каримов соњиби писаре бо номи Пётр будааст, ки тибќи маълумотњо њоло дар Маскав зиндагонї мекунад. Ислом Каримов соли 1967 бо корманди илмии Пажуњишгоњи иќтисодиёти АИ Узбакистон Татяна Акбаровна њамхона мешавад, ки то ба ин дам бо њам зиндагонї доранд. Аз никоњи муштарак соњиби ду духтар, бо номњои Гулнора ва Лола мебошанд, ки њарду низ зарфи ин чанд соли охир бо интригањои дарбориву берунидарборї дар сархати муњимтарин ахбори расонањои маъруфи олам ќарор гирифтанд. Гулнора
ду бор шавњар карда, зиндагии пурмољарое дорад. Боре њатто модару хоњарашро ба љодугарї гунањкор кард. Лола дар Аврупо зиндагї дошта, амалан барои мерос гирифтани курсии падар омодагї мегирад. Баъди ќазияи фасоди 750 миллиондолларї бо ширкати "Теле Сонерия" ва эњтимоли њабси духтари калонияш дар ИМА Гулнора ва набераи 12 солааш беш аз ду сол боз дар њабси хонагї нигоњ дошта мешаванд.
САРВАТИ БЕИНТИЊО, СИЁСАТЊОИ КАЛАВАНДА Ислом Каримов аз Иттињоди Шўравї Узбакистони сарватманд ва дорои захирањои бойи энержї, аз љумла конњои тиллову уран ва чашмањои бешумори газиро ба мерос гирифт. Њамин сарвати нимахуфтаву нимакорхўрда ва мавќеъи љойгиршавии он Узбакистонро ба сањнаи талошњои геополитикии абарќудратњо табдил дод. Бо истифода аз њамин бартарият президент Каримов тўли ин 25 сол гоњ ба чапу гоњ ба рост гўйи сиёсат меронад ва гоње бо тамоил бо Русия ѓарбиёнро аз худ дилшикаста мекунад ва гоњи дигар бо тарки Маскав рў ба Ѓарб меорад. Гази ўзбак дар њаљми 12 -16 млрд. метри мукааб ўро барои Маскаву мавќеъи љўѓрофияш барои Пекин хеле муњим кардааст. Вале тўли ин беш аз ду дањсола њамеша рў ба рў ба интиќоди созмонњои байналмилалие мебошад, ки Тошкандро ба наќзи њуќуќи башар, шиканљаи зиндониёни сиёсї, мањдудияти озодињои демократї муттањам мекунанд. Њама гуна мухолифатњои дохилї берањмона пахш карда мешаванд, дар зиндон муттањамин ба мухолифатњои сиёсиро сахт шиканља мекунанд, нохунњояшонро мекашанд, аз сарашон оби љўш мерезанд ва мавриди таљовуз ќарор медињанд. Матбуоти мустаќил ва њизбњои сиёсии мухолиф дар дохили кишвар вуљуд надоранд. Соле ќабл тањлилгар Эрих Фоллат навишта буд, ки бо вуљуди он ки Ислом Каримов барои наќзи њуќуќи башар мавриди интиќодоти шадид ќарор мегирад, вале роњбарони ѓарбї ин њамаро нодида мегиранд. Ўро дар Брюсел бо њама шањомати ќабули як мењмони олиќадр сарвари Иттињодияи Аврупо ба њузур мепазирад, НАТО дар Тошканд дафтари намояндагии худро боз мекунад. Ба маънии дигар Ѓарб дар иртибот ба Ислом Кармов аз меъёрњои дугона кор мегирад: гоње интиќод мекунад ва гоњи дигар муштоќи дидору љамоли ўст. Баъди берун шудани амрикоиён аз Афѓонистон ў аз шарикони муњими ИМА гаштааст.
МУБОРИЗА ЗИДДИ ИСЛОМИЁН Замони талошњои исломї ва оѓози фаъолияти ањзоби динї Ислом Каримов аввалин роњбарони минтаќа буд, ки дар водии Фарѓона бо исломгароён ба муборизаи шадид пардохт. Дар оѓоз вай аз иќдомоти Тоњир Юлдошев (баъдан роњбари Љунбиши исломии Узбакистон), ки бо гуруњаш роњбарони дур аз ѓами мардумро фош мекард, њимоя менамуд, мехост аз неруи исломгароён барои назму субот дар кишвараш истифода барад. Дар Намангон вай бо издињоме, ки пайравони Тоњир Юлдошев љамъ оварда буданд, мулоќот кард, вале амалан худро тањќиршуда дид. Шояд пай бурд, ки майли мардум ба ислом метавонад дар наздиктарин фурсат ўро беобрў созад. Ин буд, ки бо истифода аз хадамоти махсус исломгароёни Тоњир Юлдошевро саркўб ва онњоро маљбур ба фирор аз кишвар кард. Њатто баъди рафтани онњо низ аз мубориза бо чењрањои саршиноси исломии мамлакаташ даст накашид. Дар як муддати кутоњ садњо нафарро бо љурмњои сохта боздошт ва ба зиндон афканд. Чењрањои саршиносе чун ќорї Абдувалї Мирзоев (соли 1995) аз Узбакистон ѓайб заданд ва то кунун аз сарнавишти онњо иттилое дар даст нест. Фазои тарсу њарос дигарандешони на танњо исломї, балки дунявї, аз љумла роњбари демократњо Муњаммад Солењро њам водор кард, ки пой аз кишвар берун гузоранд. Њатто Ректори Донишкадаи исломии Тошканд ва аввалин муфтии Узбакистони соњибистиќлол шайх Муњаммадсодиќ Муњаммадюсуф муваќќатан рў ба фирор овард, дар њоле, ки вай ба ягон љараёни сиёсии ислом њамроњ набуд. Њаводиси моњи майи соли 2005 дар Андиљон нишон дод, ки Ислом Каримов аслан тањаммули эътирозњои мардумиро надорад.
КУШТОРИ АНДИЉОН Садњо нафар дар бархўрд бо маќомоти њифзи њуќуќ куштаву захмї шуданд, ва њазорон нафари дигар зарфи чанд соли оянда ба љурми ба зиндон афканда шуданд. Эътирози Ѓарб муљиби хашми Ислом Каримов шуд. Вай њамаи созмонњои ѓарбиро аз кишвараш берун ронд, муоњадањои амниятї ва њамкорињои низомї бо Амрикоро лаѓв кард. Вале боз њам ин Ѓарб буд, ки дар аввал тањрим эълон кард ва баъд тањримњои худро лаѓв намуд ва талош кард дубора ба дили президент Каримов роњ ёбад. Каримов нишон дод, ки сиёсатмадори прагматик аст ва Кремлину Кохи сафед њам маљбуранд бо ў муросо кунанд.
“НИГОЊ”, ЧОРШАНБЕ №44 (477), 3. 02. 2016
МАВЛУД КАРИМОВ: БА РУСИЯ РАСОНЕД, КИ... Ислом Каримов аз ибтидои эълони истиќлолият дар Узбакистон њисси нафрат ба Кремлин дошт ва метавон гуфт, ки аз он нафрат то њол заррае кам нагардидааст. Соли 2000 дар суњбате бо хабарнигори нашрияи маъруфи "КоммерсантЪ" гуфта буд: "Хоњиш мекунам ба Русия расонед, ки моро њимоя кардан лозим нест. Ўзбекњо имрўз ќодиранд љавобан ба зарба зарба зананд. Мо аллакай соњиби артиши нерўманд дар Осиёи Марказї њастем..." Каме баъдтар боз њам шуљоатмандона эълон кард: "Ўзбакистон ба ягон паймони њарбиву сиёсї њамроњ намешавад, роњ намедињад, ки дар ќаламраваш ягон пойгоњи низомии кишвари хориља сохта шавад ва иљоза нест, ки сарбозонаш дар кишварњои дигар њузур дошта бошанд". Моњи майи соли 2005, ваќте Ѓарб дар иртибот ба њодисањои Андиљон аз сиёсати мардумситезии Ислом Каримов интиќод кард, Путин худро дар пањлуи диктатори Узбакистон зад. Ин пуштибонї муддате равобити Маскав ва Тошкандро нарм кард, вале бо гузашти як фурсати кутоњ, ваќте оташи ноамнї хомўш шуд, Ислом Каримов бори дигар ба Кремл пушт гардонд ва тадриљан ба Ѓарб рў овард. Соли 2012 намоишкорона аз охирин паймон-СПАД хориљ шуд ва њоло дар ягон њамоиши он ширкат намекунад. Аз сўе ин њамаро барои бењбуди равобиташ бо Ѓарб кард, вале аз сўйи дигар дарк намуд, ки аз вуљуди паймоне чун СПАД нафъе ба ин кишвар нест.
"ДАСТИ ТОШКАНД" ДАР ТОЉИКИСТОН Каримов аз роњбарони шуравии Ўзбакистон зери назорат доштани Тољикистонро ба мерос гирифт. Кланњои Шимол бе ў коре намекарданд. Аммо воќеъият ин аст, ки Тољикистони соњибистиќлол аз њар кишвари дигар аз њамсояе чун Узбакистони ањди Каримов бештар зарар дидааст. Каримов њоло њам даъво мекунад, ки дар саркуб кардани исломгароён дар Тољикистон даст дораду дар барќарорсозии сохти конститутсионї дар хизмат кардааст. Мањз ў аз заъифии роњбари ваќти Тољикистон Акбаршо Искандаров истифода бурда, Елтсинро мутаќоид кард, ки дивизияи 201 ро ба тољикон надињанд. Каримов бо пуштибонї аз "Фронти халќї" дар љанги дохилии Тољикистон ошкоро бо тонку тупњояш ва сарбозонаш ширкат дошт ва инро пинњон намедорад. Аммо дар интихоботи президентии соли 1994 Тошканд дар муќобили Эмомалї Рањмон аз номзадии сарвазири собиќи ў Абдумалик Абдуллољонов њимоят кард. Душанбе њамин тавр, Узбакистонро ба њимоят аз се ошўби мусаллањонаи полковник Мањмуд Худойбердиев дар солњои 1996, 1997 ва 1998 ва додани паноњгоњ ба ин полковники саркаш ва тарафдорони ў дар пайи нокомии ин ошўбњо айбдор мекунад. Аъзои њайъати мухолифин дар музокироти сулњи Тољикистон дар хотироти худ менависанд, ки Каримов хеле мехост, то тарафдорони Абдуллољонов низ ба њайси нирўи сеюм ба ин музокирот љалб шаванд. Аммо Русия ин иддаоро напазируфт ва созиши сулњи тољикон моњи июни соли 1997 танњо байни њукумати Тољикистон ва Иттињоди нирўњои мухолифин ба имзо расид. Њамин тавр Ўзбакистон ягона кишвари минтаќа боќї монд, ки Созишномаи сулњи тољикон дар он музокира нашуд. Баъди канор зада шудани Тошканд аз раванди музокироти сулњ, саркўби ин се исёни Худойбердиев, аз маќомњои баланд барканор шудани афроде, чун раиси собиќи вилояти Ленинобод Абдуљалил Њомидов, ки "дасти Тошканд" номида мешуд, фишангњои таъсири мустаќими Каримов ва њукумати ў ба равандњои сиёсї дар дохили Тољикистон то љое коњиш ёфт, вале таъсираш аз берун ба тањаввулоти Тољикистон то имрўз љиддї ба назар мерасанд. Ўзбакистон дар соли 2000 ба ин далел ки гўё љангиёни Њаракати исломии Узбакистон аз ќаламрави Тољикистон ба хокаш њамла мекунанд, марзњояш бо Тољикистонро минакорї карда, низоми раводид љорї сохт. Њукумати Каримов њамин тавр, дар соли 2009 аз шабакаи умумии нирўи барќи Осиёи Марказї берун шуд, ки боиси шадидтар шудани лимити барќ дар Тољикистон гардид. Бар илова, Тошканд содироти газро њам ба Тољикистон ќатъ карда, соли 2012 роњи Тирмиз Амўзанг - танњои масири роњи оњан ба вилояти Хатлонро барчид ва мухолифи шадиди азми Душанбе барои оѓози сохтмони нирўгоњи Роѓун аст. Баъди ду сол диктатор Каримов 80 сола мешавад. Мушкили асосии ў њамоно духтаронашу интиќоли ќудрат аст.
Музокирањо тўлонї буданд. Гоње нарму гуворо, баъзан ба дуруштї мерафтанду мерасиданд. Онњое, ки барои натиљањои босамари музокирот халал меоварданд, кам набуданд. Вале баъзе лањзањои нозуке пайдо мешуданд, ки чун сипар "тир"-њои њарифонро медоштанд. Мо чанд дидаву шунида дорем, ки шоњиди ин гуфтањоянд
ДАР ПУШТИ ДАРИ МУЗОКИРОТ 1 -уми феврал Раиси Маљлиси Миллї ва шањрдори Душанбе ба синни 64 - солагї расид 550х2=1100 Моњи декабри соли 1996, моњи рамазон буд. Музокира миёни Њайати давлатї ва мухолифин дар шањри Ишќободи Туркманистон идома дошт. Як бегоњ роњбари Њайати давлатї Мањмадсаид Убайдуллоев намояндагони гурўњи муњољиронро, ки дар Ишќобод ва навоњии атроф зиндагонї мекарданд, ба ифтор даъват кард. Худаш сухан ронд, чанд тани дигар њам баромад карданд, аз љумла намояндагони муњољирон. Вале сўњбат гарм намешуд, самимї набуд. Касе аз муњољирон ба Убайдуллоев бо овози ѓайритабиї, пур аз яъсу навмедї савол дод: -Раис, рост аст, ки дар Ўзбекистон 550 солагии Темури Ланг љашн гирифта мешавад. Ва саволи дигар: - Ислом Каримов истеъфои Шуморо талаб кардааст? Убайдуллоев аз љой бархест, ки љавоб бидињад. Њамин ваќт ёвараш дар гўшаш гуфт, ки Шуморо дар телефон аз Душанбе мепурсанд. Ў шитобон рафт. Баъди ягон дањ даќиќа баргашт, хушњол буд. Ба љойи аввалааш гузашт, нанишаста ба гап сар кард: -Калон (Президент-С.С.) ба њамаи Шумоён салом фиристод, тез баргаштани Шуморо орзу кард… Баъд њамон шахси саволдодаро дар толор љуста, пайдо сохт ва гуфт: -Додарам, Шумо зиќ нашавед, агар онњо 550 солагиро ќайд кунанд, мо дар пеш љашни 1100 солагї дорем… Дигар њољати шарњ набуд. Дар толор аввал хушњолие пайдо шуд, баъд њама чапак заданд. Дар чењраи бисёрињо табассум пайдо шуд. - Агар маро бубаред, фардо бо Шумо меравам, - гуфт аз толор касе. - Ман њам.
- Ман њам… Рўзи дигар дар фурудгоњ фирориёни зиёде љамъ шуданд. Дар њавопаймои Њайати њукуматї љой барои њамаи хоњишмандон набуд. Ќарор шуд, ки сафорат онњоро бо поезд равон мекунад.
ШОЯД БАЪЗЕЊО НАМЕХОСТАНД, КИ УБАЙДУЛЛОЕВ… Моњи декабри соли 1996 даври навбатии музокирот дар Ишќобод ба охир мерасид. Дар бисёр масъалањо тавофуќ ба даст омада буд. Узвњои њарду њайат њам дар сўњбатњои хоса мегуфтанд, ки рўзњои наздик ќарордод ба имзо мерасад. Бегоњ дар телевизион сарвари Туркманистон Сафармурод Туркменбошї бо хурсандии комил эълон кард, ки "Иншооллоњ дар рўзњои наздик бародарони тољики мо ќарордоди сулњро ба имзо мерасонанд" Баъди ду рўз эълон шуд, ки музокирањо аз нав давом мекунанд. Њайатњо ба шањри Алма-ато мераванд. Ин духўрагињо дар байни муњољирон тухми яъсу навмедї кошт, вале љашни 1100 солагї дили одамонро гарм мекард. Аз имзо гардидани ќарордоди сулњ дар давраи роњбарии њайат аз тарафи Убайдуллоев шояд баъзењо розї набуданд. Ба гуфти мушоњидони давр як сабаби ќатъ шудани музокирањо њамин буд.
КЇ МУСУЛМОНТАР АСТ? Раиси парлумони Љумњурии Исломии Ирон барои њайати намояндагони давлатии гуфтушуниди мухолифони Тољикистон зиёфат ороста буд. Миз шарќиёна оро ёфта хеле ѓанї буд. Худи мизбон дар пањлуи сарвари намояндагони давлатї Мањмадсаид Убайдуллоев менишаст. Гуё ў ќањрї бо-
ТАКОНБАХШИ РЎЗ АЗ ... МОНИС МЕТЕРЛИНК, нависанди белгиягї Агар дар аввалин ќадам муваффаќият насиби мо мешуд, саъйу амал дигар маъно надошт.
Фирўзи Муњаммад
9
шад, ки якпањлу менишаст ва ба хўрок нигоњ њам намекард, ки каме мушавваш ва озурдахотир менамуд, ба хўрокхурї даъват њам намекард Њолатро дида, Убайдуллоев ташаббусро ба даст гирифт. -Бисмиллоњи рањмони рањим, ку бародарон ба хўрок нигоњ кунед! Њозирон муташаккилона ба хўрокхурї шурўъ карданд. Дар андак муддат хўроки аввал - суп ба охир расид. - Худоё шукр,- даст ба рў кашида гуфт Убайдуллоев. Ањли нишаст ба ў пайравї карда, њамовоз шуданд. Хўроки дуюмро оварданд. Чою обмева рехтанд. - Бисмиллоњи рањмони рањим, ку бисмиллоњ кунед,- гуфт Убайдуллоев ба ањли нишаст. Раиси парлумони Эрон зери чашм ба Убайдуллоев, баъд як-як ба ањли нишаст нигоњ карда, њанўз якпањлў менишаст. Хўроки дуюм њам тамом шуд. -Илоњо шукр,- гуён Убайдуллоев даст ба рў кашид. Дигарон низ пайравї карданд. Раиси парлумони Эрон њамаи инро ба ќираи чашм мушоњида мекард, ёварашро бо ишора ба наздаш даъват кард. -Кистанд инњо, магар њамон бародарони исломии Тољикистон бо њамин "кофирњо" мељанганд? -Оре, њаминњоро дар назар доранд. -Агар инњо кофаранд, пас мусалмон кист, ѓуриро (лаъличаро) биёр. Ў рост нишаста ба хўрокхўрї оѓоз кард ва бо Убайдуллоев саргарми суњбат шуд. То охири маљлис нишаст. Мењмононро бо эњтироми хоса гусел кард. Ин њодисаро як рўзноманигори эронї дар як сафарам дар шањри Тењрон ќисса карда буд. Гумон мекардам, ки иѓроќ бошад. Бинобар њамин аз чанд шоњиди ин воќеъа пурсон шудам, аз љумла аз профессор Иброњим Усмонов. Ў ба саволам савол дод: - Њаќиќати пурра аст, шоњидам. Баъзењо наќл карда буданд, ки Убайдуллоев њатто солњои њаштодум дар "партшкола" тањсил мекард, аммо рўза мегирифту намоз мехонд. Магар нашунида будї? Сайљалол САИДОВ
10
“НИГОЊ”, ЧОРШАНБЕ №44 (477), 3. 02. 2016
ТОП - 5 Панљ расонаи фазосоз:
Ин њафта таваљљуњ кардем, ки хонандагони матолиби иќтисодї на камтар аз маводњои сиёсианд. Шояд аз он аст, ки мардум аз вазъи иќтисодии кишвар ва бахусус буњрони молиявї нигаронанд. Матлаби "Азияплюс" "Нацбанк РТ не может согласиться с тем, что "сомони нужно спасать", ки рўзи 28-уми январ гузошта шуда буд, то зуњри рўзи 2 феврал беш аз 9 њазор нафар мурур карда буданд. Ин матлаб аслан посухи Бонки миллї ба мусоњибаи иќтисодшиноси маъруф Њољимуњаммад Умаров буд, ки дар њафтанома чоп шудааст. Иќтисоддони маъруф мегўяд, ки бояд коре кард, то сомонї аз беќурбшавї нигоњ дошта шавад. Муаллифони посух мегўянд, ки сомонї зарфи шаш соли охир нисбат ба доллар њамагї 52% беќурб шудааст, њол он ки рубли тољикї солњои 19952000 757,4% беќурб шуда буд. Дар сомонаи Тojnews зарфи чанд рўзи охир пурбинандатарин матлаб ин саволнома буд: "Тамаллуќкор (хушомадгў)-и пештози кишвар киро медонед"? Онро то зуњри рўзи сешанбе 10867 нафар мурур карда буданд. Азбаски ин пурсиши њафта буд, аксаран ба яке аз чанд тани номбурдашуда овоз додаанд, ки ў тамаллуќкори пештоз аст. Ва маводи дигар "Таѓйироти кадрї: Озода Рањмон рањбари Дастгоњи иљроияи Президент шуд" аст, ки рўзи 27-уми январ рўйи сањифа фомада буд, аз љумлаи пурхонандањо мањсуб меёфт. Тавре аз номаш пайдост, он ба таъиноти нави духтари Президенти мамлакат Эмомалї Рањмон дахл дошт. То зуњри рўзи сешанбе маводро 8868 нафар хондаву бисёрињо андешањои худро низ дар њошияи он навишта буданд. Муруре ба маќолоти њамсон нишон дод, ки барои хонанда ва корбарони шабакањои иљтимої таъиноти кадрї дар кишвар аз ањамияти вижа бархўрдор аст, хоса ваќте аз хонадони президент касеро ба ин ё он вазифа пешбарї мекунанд. Чунончї, маќолаи "Чењранигорие аз Озода рањмон-роњбари нави Дастгоњи Президент",ки сомонаи
khovar.tj, news.tj, ozodi.org, ozodagon.com, tojnews.org, "Фараж" "Рањимзода ба Орипов: "Ѓалтид" не, афтод!" аз 29-уми январ то 2-уми феврал 2159 хонанда љамъ кард. Дар ин мавод сухан аз он мерафт, ки вазири умури дохилии Тољикистон Рамазон Рањимзода дар нишасти матбуотї муовини сардори раёсати амнияти дохилии вазорат Нурилло Ориповро ислоњ кардааст. Гуфтааст, ки "дар забони ноби тољикї вожаи "ѓалтид" дуруст нест ва бояд "афтид" истифода бурда шавад". Инро хонандагон бо шавќ хондаанд ва аз талоши як вазир барои тозагии забони модарї истиќбол њам кардаанд. Дар њоле, ки инро як кўшиши вазире метавон ќаламдод кард, ки мехоњад ба забондонии худ ишора кунад, на чизе аз ин беш. Зеро истифодаи калимаи "ѓалтид" ѓалате нест, ки аз он њангома сохта
ТАВАЉЉУЊ БА ИЌТИСОД, КАДРЊО ВА ИСТИЌБОЛУ ЭРОД БА ЗАБОНДОНИИ ЯК ВАЗИР Инњо буданд мавзуъњои љолибе, ки дар Тољнети ин њафта бештар мутолиа шудаанд ва хонандагони зиёдтарро љамъ оварданд радиои "Озодї" рўзи 27-уми январ гузошта буд, то зуњри рўзи 2 феврал 17853 нафар хонда буданд. Дар сомнаи њукуматии "Ховар" хабари таъини Озода Рањмон ба вазифаи навро то рўзи сешанбе 1 051 нафар мутолиа карданд. Ва љолиб он аст, ки ду матлаби серхонандаи "Ховар" њам ба таѓйироти кадрї алоќаманд буд. Чунончї, гузориши "Таѓйироти кадрї дар њайати Њукумати мамлакат ва дигар маќомоти њокимияти давлатї"-ро 3206 нафар
ва "Вазифаи нави Эркинхон Рањматулозода ва таѓйироти дигари кадрї дар миёни дипломатњои тољик"-ро 1310 нафар хонда буданд. Матлаби "Озода Рањмон ба дастгоњ рафту Хидирзода ба вилоят"-ро, ки сомонаи "Фараж" интишор дода буд, зарфи 1 њафта 1828 нафар аз назар гузарониданд. Ва нињоят: руљуъи як соњибмансаб ва талошаш барои тозагии забон њам метавонистааст сабаби љалби хонанда дар шабакањои иљтимої шавад. Маќолаи сомонаи
шавад. Ин калима дар адабиёти тољик фаровон истифода шудааст ва метаовн дањњо мисол овард. Ба мисли: "Ба хобу ба оромаш омад шитоб, Биѓалтид бар љома Афросиёб" (Фирдавсї) "Kи бигзор, то захми теѓи њалок Биѓалтонидам лоша дар хуну хок" (Саъдї)
Бобољони ШАФЕЪ
БАЊСИ ЗИНДА. ЧАРО БЕ ШУМО? Бањсе атрофи маќолаи тањлилии рўзноманигор ва пажуњишгари тољик Обид Шакурзода дар сањифаи иљтимоии Фейсбук. Ин маќола рўзи 12-уми январ рўйи чоп дид. Муаллиф бо далелњои ќавиву устувор пањлуњои гуногуни њаёт ва фаъолияти сиёсатмадори ањди Шўравї Љаббор Расуловро ба риштаи тањлил мекашад ва дар пасманзараи торикињои замона љузъиёти зиёде аз шеваи зисту зиндагонї ва кору фаъолияти роњбари пешини кишварро рушанї меандозад. "Љаббор Расулов, ки аз сарварони Тољикистони шуравї мебошад, се сол пеш, 10 июл, садсола шуд. Ёд дорам, таљлили 90-солагии ин сарвару сиёсатмадори мо, ба таъбире - хоксорона, аммо дар бинои Театри Айнї баргузор шуда буд. Аз чї бошад, ки дар арафаи садсолагї - бењтарин пайт барои ёдоварї аз корномаву бурду бохтњои роњбарияш, таќрибан сару садое баланд нагашт. Њол он ки сиёсати мо, илму адаби мо муваззаф аст, ки њар як шахсияти миллї ва њар я… Маќола бањси пурмуњтавое дар сањифаи иљтимої дошт, ки мухтасари онро ин љо меорем. Ансор Неъматуллоев: Чи розхое паси пардахо хуфтаанд. Интизори мекашем рузеро, ки хама пардахо бардоштаву хама розхо ифшо шаванд. Азимхон Малахов: Падару модари ман коммунист буданд,фидой буданд,солхои 50 дар равшании мох барои сохтмони ферма хишт мерехтанд, соли91-92 падари зиндаёдам, ки масъули фермаву амволи он буд, хама дороийи фермаро бурда, ба амбори колхоз супорид! Солхои 70 Љ. Расулов ба колхози мо меояд.Соати 5 сахар, бидуни чондорхову колинхову гулпошихову талабахои саф кашидаву попугай! Як худашу ронандаву Волгаи хизматй! Как говорится-комментарии излишни! Сафар Абдуллоњ: Дуруд бар Шумо,бародари гиромї,Обидљон! Навиштаи Шумо матлаби бисёр хуб ва одилона ва холисона ва арзёбии мунсифона аст! Дастатон дард накунад! Кош он њарзанависоне ки худро сиёсатшинос мепиндоранду љуз балегўї коре накардаанд, меомаданд пеши Шумо дарс мехонданд ва навиштанро ёд мегирифтанд ва аз газофагўї даст мекашиданд... Саидшо Акрамов: Обидљони азиз,мисоли равшанро наовардаед, ки баёнгари зиндагонии ин марди Худо дар некнависї буд ва
ЧАРО ЉАББОР РАСУЛОВ "НОБИЃА" НАШУД? ўро ба љовидият пайваст. Хоњарзодаи Расулови некном зиёда аз 20 сол директори совхоз-техникуми овозадори ба номи Ленин ноњияи навбунёди Мастчоњ шуда, дар ободсозии дашти ташналаби Дилварзин сањми калон дошт. Савхози Ленинро машъали ноњияи Мастчоњ кард ва њазорон нафар ин техникумро хатм намуда, дар ноњия вилоят ва республика њамчун роњбар кор кардаанд. Сатторов зиндагонии бенињоят хоксорона дошт ва мутахассиси варзидаи соњаи кишоварзї буд, аммо Љаббор Расулов хоњарзодаи худро дар роњбарї як зина њам боло набурд. Сатторов бошад њеч гоњ нишон намедод ,ки хоњарзодаи Расулов аст. Ин яке аз нишондоди фурутанї ва росткорї Љ. Расулов аст. Марямбонуи Фарѓонї: Бояд њар яки мо ин матлабро дар сањифањои хеш ва ё гурўњњо бознашр кунем. Офарин, дўстам! Shahab Farrokhyar: Љаббор Расулов фарзанди муњити хеш - коммунисти њаќиќї буд, мисли Ленин ё Сталин, ки нони љавин мехўрданду дар фикри сохтмони љомиъаи орї аз истисмору истибдоду фисќу риё буданд. Обидљон, агар наќши Истолинро дар мољарои табартаќсим нодида бигирем ин ки ўву Ленин ањли истибдод набуданд, бароям тозагї дошт. Ќироншоњ Шарифзода: Пас аз сеяк асри зиндагии Чаббор Расулов ин рохбари вакти вокеан мардумии Точикистон, бо чунин самимият иншо гардидани ёднома худ нишони сипосгузории имрузиён ба сарварони гузашта аст. Пас аз сеяк асри дигар, дигарон дар бораи дигарон чи мегуфтаву чи менавишта бошанд? Исфандиёри Назар: Бешак бењтарин ёдномаро нигоштаед бародари азизам Обидљон. Боре аз китобчае дар бораи Энаљон Бойматова хонда будам, ки ин ќањрамонзан наќл мекунад: Ба Масков сафар доштем. Тавассути тайёраи хаткашонї (почта) мепаридем. Њамроњи ман котиби якуми КМПК Тољикистон Расулов низ бо ин тайёра сафар доштанд. Ман, - мегўяд Бойматова, - ваќте дидам, ки Расуловро пинакї бурд, оњиста аз сумкаам картошкаи зери ќўр пўхташударо бароварда, ба пўстканї оѓозидам. Шарм мекардам ки дар пеши Расулов хўроки њамроњгирифтаамро хўрам. Машѓули пўсткунии картошка будам, ки Расулов нарм пурсиданд:
Бомазза аст? Картошкаи пўсткардаамро ба эшон дароз кардам. Мо њамроњ аз ин картошкањо хўрдем... Parviz Rajabov: Якто ба мисли хамин макола дар бораи Турсун Улчабоеви шодравон менавистед хело хуб мешуд. Мирзокул Ходжиматов: Бо вуљуди эњтиромам ба муаллиф ва љонибдорони васфи Љаббор Расулов банда бо аксари хулосањои азизон ризо нестам. Бале, хоксор буд, омиёна мезист, серталаб буд, хешутаборчигии зиёд надошт, 8 ё 10 ордени Ленинро сазовор шуда буд..., вале нобиѓае њам набуду роњбари эљодкору муваффаќе њам набуд. Як винтики система буд, сиёсатмадори балегуйи Кремлин буд, њуввияти миллияш паст буд, њатто хонумаш рус буд, фарњангу фикрронияш њам руст шуда буд...Агар муќоиса бо роњбари Узбекистони њамсоя кунем, ягон дастоварди љиддие надошт барои кишвар, барои халќи тољик. Бо роњбарони љамоњири ќисмати аврупоии шуравї-ку ќиёс намекунам, вале ќафќозињо низ хеле муваффаќтар аз у буданд....Рашидови узбек набзи замонашро сариваќт њис карда ва бо туњфаву пора ба Кремл, бо изофанависї ва сад фиреби дигар кишварашро обод кард, саноатї сохт... Ќодиршои Мурувват: Бародарони киргиз дар мавриди рахбарони даврони шуравии худ интикод намекунанд. Чун медонанд,ки низом хамин хел буд ки мо њамаамон медонем. Исњок Раззоќов ва Усубалиев, ки беш аз 20 соли дар ин љумњурї дар маќоми котиби якуми КМ ПК Ќирѓизистон кор кардаанд,дар даврони навин бо унвони олии Ќиргиз Батир (Ќањрамони Ќирѓизистон) шарафёб шуданд. Раззоќов пас аз марг ва аммо Усубалиев дар замони њаёт буданашон. Масалиев низ ќобили ќадрдонї буда ва ба номаш дењшўрои љои таваллудаш гузошта шудааст. Мирзоќул Њољиматов: Пас ќирѓизњо улгуи моянд? Њамаи роњбарњо ќањрамонанд? Аљиб мантиќе?! Кодиршои Мурувват: Ин назари шахсии банда аст албатта,ба он роњбари кишвар, ки дар замони ў неругоњи обии Нурак ва корхонаи алюминии Турсунзода сохта шудааст, бояд мо имрўзиён эњтиром ќоил бишавем. Мирзоќул Њољиматов: Назари шумо ќобили эњтиром аст, фаќат бидуни истифодаи "бояд". Аќаллан шояд мегуфтед...
Бобољон Шафеъ: Ќирѓизњо дуруст мекунанд, ба гузаштагон набояд санг андозанд. Њар инсон фарзанди њамон замонаш аст ва дар доираи имкониятњои њамон замон кор мекунад. Obid Shakurzoda: Муњтарам Мирзокул, неку амиќ бингаред, Тољикистонро дар як гўшаи фаќрзадаи кўргирањ амдану дониста урус "таъсис дод", то ин миллат пеш наравад ва ваќте ин љумњурї таъсис ёфт, мисли кўдаки бемодару бегањвора аз шањрњои зиндагисозаш -- Самарќанду Бухоро мањрум монд. Бо чунин шаройит Нусратуллоњи Махсум мехост таѓйироте кунад, зада шуд, Ѓафуров бо руњияи миллї сари кор омад, барканор гардид. Улљабоюф низ пой пеш гузошт, ки Душанберо Пориси дуюм мекунад, бо берањмї аз маќом афканда шуд. Аммо Расулов тавонист баќо кунад дар баробари руси мутаљовиз бидуни дуздию чоплусию худбузургнамої. Ин ки хонуми Расулов рус буд, айбе надорад, иљоза дињед њар ки таъомро бо майли худ интихоб кунаду бихурад. Шумо аз Рашидуф тамљид мекунед, ки бо дуздию фиреби умум гўиё бурд кард. Аммо ба назари ман, Рашидуф (на танњо ў балки њар кї њам бошад), ки бо авомфиребию риёю найранг (њамроњ бо силсилаи мардумони диёраш) пахтадуздї пулдуздї кард, ин мояи ањсану ибрат нест, айбу шармандагист (мисле касе ба ман гўяд: ту ќимор бозу киса бурру рўйи дигронро сияњ куну баччаатро бихурону бипўшон. Илоњо мабод чунин нанги ѓайриинсонї на ба ман на ба шумо ва на ба њич кас!) ва ин амали зишти харобкорона ба њич ваљњ фахр њам нест, балки дуруѓу дуздию фањшо якрада ќубњу зишту шармандагистанд. Ва Расулов агар каљ мебуд, дар як опортумони дуњуљрагии бидуни тармим ин гуна фаќирона аз љањон намерафт. Хуш ба њоли рањбаре, ки на дузд бошад, на њарису худхоњу риёкору дуруѓгўй. Дигар, на танњо аз ќирѓиз, балки аз њама мардумон мешавад чизе ибратомўз дарс гирифт. Инсонњои шариф њатман дар њар чоеву дар њар ќавме вуљуд доранд... Haram Gul: Дар Нигоњ маводи хуб буд дар бораи ин ходими барљастаи хоксори сиёсї!!! Мирзоќул Њољиматов:Кирои ваќт сарф кардан аст?
САЊФАИ ВОЛИДОН
“НИГОЊ”, ЧОРШАНБЕ №44 (477), 3. 02. 2016
11
КОРАФТОДАИ ДОНО
"ГУЊАР ОН, КИ АЗ ФАРРИ ЯЗДОН БУВАД... " Љонибек Асрориён падари хубест, ки се писари хушахлоќро ба камол расондааст ва њоло ин се тан донишљўён дар риштањои гуногунанд Љонибеки Асрориён як шахсияти муваффаќ дар пажуњишњои илмї, тањлил ва рўзноманигорист. Солњост, ки дар Кумитаи давлатии радио ва телевизион бахшњои мухталифро сарварї мекунад, барномањои ў миёни шунавандањо аз мањбубияти хосе бархўрдоранд. Илова бар ин вай љомеашиноси шинохта ва муарриху пажуњишгари таърихи миллат аст. Њамеша талош кардааст даст ба кушоишњои илмие занад, ки кам касон машѓули он шудаанд. Аммо ин љо сухан аз Љонибеки олиму, нависандаву рўзноманигор нест. Љонибек падари хубест, ки се писари хушахлоќро ба камол расондааст ва њоло ин се тан донишљўён дар риштањои гуногунанд. Яке аз онњо дар Амрико тањсил мекунад ва шояд моње пеш буд, ки Љонибек њамроњ бо њамсараш вориди Амрико шуд, то бо љараёни тањсили писараш аз наздик ошно шавад. Ин њамон Аврангзебест, ки тариќи озмун идрори як донишгоњи пурнуфузро соњиб гардидааст. Таљрибаи касоне чун Љонибеки Асрориён барои њар касе, ки мехоњад оилаи солим ва фарзандони солењ дошта бушад, омўзанда
аст. Ва дархости сањифаи "Волидон"-и "Нигоњ" шаммае аз ин таљрибаро наќл кард, ки дар зер меояд. Боре ба хона даромадаму Аврангзеб- писари хурдиро гирён дарёфтам. Маълум шуд, ки миёни Анушервону Дориюш ва ў носозї ба миён омадааст. Онњоро ба кавле адаб надодам. Дар андеша будам, ки бо чї дастур онњоро ба ифоќа биёрам? Нахуст ахд намудем, ки ин носозиро модарашон , ки аз кор хаста меояд, нафањмад. Дигар мо мардњо барои шом ягон ѓизои ботамъ мепазем. Њини пўхтани ѓизо аз "Шоњнома" ќиссаи кушта шудани Эраљро аз љониби бародаронаш Салму Тур њикоя кардам. Бачањо маќсадамро фањмиданд ва дигар љанљолу бадбиниашонро вонахўрдам. Худо умрашон бидињад, њар се донишљўянд ва ба њам мењрубон. Дар тўли зиндагии беш аз 25-сола бо хамсарам Њалима камбудии рўзгор, норасої ва мушкилотро дар њузури бачањо мавриди муњокима ќарор надодаем. Агар нољўрие пайдо мешуд, рўйирост ќоил мешудам. Аз ин рў бачањо низ барои харидани чизе шарт намегузоштанд.
ИНРО БОЯД ДОНИСТ!
Дар њузури фарзандон дар ѓайбати касе, бахусус њамсоягон сухан нагуфтаем, бад накардаем. Агар сухане рафта, танњо ба некї. Аз ин рў, муносибаташон бо њамсоягон мењрубонона аст. Ва аз муваффаќияти фарзандони мо њамсоягон низ шод мешаванд. Кам ваќте шуда, ки ба фарзандон даст бардошта бошам. Ба хонданашон назорат мекардем, вале сахтгирии бемантиќ њеч гоњ набуд. Эхсос мекардем, ки аз ин амалњо бачањо барои дур афкандани бори масъулият ба дуруѓгўї одат мекунанд. Њар субњ њангоми аз дар берун шудан ва њолати баргаштан табъам чи гунае, ки бошад, њамсар ва фарзандонамро мебусам. Мо волидайн сайъ мекунем, ки дар назди фарзандон ба лофу газоф камтар роњ дињем. Бе муболиѓа, талош кардаем, ки фарзандон бо нони ба зањмат ба даст овардаамон ба воя расанд. Њеч амал дар олам бе њисоб нест. Ба ќавли
бузурге "Ќадами анкабути сиёњ, рўйи санги сиёњ, дар шаб бењисоб нест". Аз њар сафар барояшон бештар либоси варзишї меовардам, то ки ба варзиш зиёдтар машѓул бошанд. Њар рўзи якшанбе бо фарзандон маводи заруриро харидорї мекардем,якљо ѓизо мепўхтем ва якљо ба гармоба мерафтем. Онњо нозукии фароѓатро низ меомўхтанд. Боре Аврангзеб гуфт : - Гумонам шумо тамоми мењру њунари худро дар дег љо мекунед, ки ѓизо ботамъ мешавад. - Не бачем,- гуфтам, -дар дег аз њама бештар гўшт љо мекунам. Ва гоњо, ки њама љамъ биоем њамин суњбатро ёдовар мешавем. Дар баробари гуфтаву ногуфтањо муњимтарин ва асоситаринро њаким Фирдавси таъкид намудааст: "Гуњар, он ки аз фарри Яздон бувад..."
МАСЛИЊАТ
ХУЛОСАИ 5 ТАЊЌИЌОТЕ, КИ ДОНИСТАН МУЊИМ АСТ
Падару модари хуб буданд муфид аст. Як тањќиќоти олимона, ки соли 2013 анљом шудааст, мегўяд волидоне, ки ваќти зиёди худро бо фарзандонашон мегузаронанд ва бо онњо бештар њамсуњбат мешаванд, худро назар ба модарон ва падарони разил хушбахттар њис мекунанд. Пажуњишњо нишон доданд, ки њар ќадар инсонњо ба њамдигар таваљљуњ менамоянд, њамон андоза эњсоси хушбахтї мекунанд. 2. Волидони сахтгир ба тифлонашон бештар зарар мерасонанд. Тањќиќоти илмї бо ширкати 967 оилаи амрикої нишон дод, ки низоми тарбия бо тањдидњову фармонњо бештар ваќт њосили таассуфбору ѓамангез барои оянда доштааст. "Он тасаввур, ки љиддият дар низоми тарбия њеч таъсире дар ояндаи кўдак нахоњад дошт, иштибоњ аст. Дар бисёр мавридњо волидон чунин мењисобанд, ки дар синни камолот фарзандашон сахтгирињои онњоро мебахшад, чун дарк мекунад, ки ба фоидаи худи онњо буд. Вале тањќиќоти мо нишон дод, ки кина хеле солњо боќї мемонад, њарчанд зоњиран инро вонамуд насозанд
ХАБАРГИРИИ ВОЛИДАЙН АЗ ДОНИШГОЊЕ, КИ ДАР ОН АВРАНГЗЕБ ТАЊСИЛ МЕКУНАД
њам",- менависанд муаллифони пажуњиш. 3. Низоми рўз ба рушди фикрии кўдак асар дорад. Пажуњишгарон 11 њазор тифлони аз 3 то 7-соларо мавриди тањќиќ ќарор додаанд ва хулосае расидаанд, ки атфоли зери тартиби шабонарўзии зист ќароргирифта бештар рушдёфтаанд. Аммо онњое, ки ин гуна низом надоштанд ва волидон барояшон иљозат медоданд, ки то ними шабњо бозї кунанд ва дер бихобанду дер бедор шаванд, дар хониш, аз бар кардани дарсњои њисоб ва њатто малакаи њаракат заъф доштанд. Олимон мегўянд синни то сесолагї барои рушди дурусти маѓзи сар хеле муњим аст, аз ин рў ўро бояд ба зистан дар низом одат кунонд. 4. Суруд хондан бо тифлон бењтарин роњи иртибот бо љањони фарзанд аст. Бо њам хондани тарона болотар аз як шуѓлу ваќтгузаронист. Ваќте волидон бо атфол месароянд тифлон худро хеле хушбахт њисс мекунанд ва ин муљиби иртиботи хуб бо фарзандон мешавад. 5. Падарро аз фарзанд дур карда, модар ба руњияи вай зарар мерасонад. Олимон 181 занеро мавриди пажуњиш ќарор додаанд, ки тифлони то 5-сола доштанд. Ва ба ќароре омаданд, ки он модароне, ки њузури шавњар дар тарбияи фарзандро эњсос мекарданд ва бидуни мањдудият мегузоштанд, ки бо вай дар иртибот бошад, камтар гирифтори афсурдањолї буданд ва баръак, модароне, ки ба шавњарон иљозаи иртибот бо фарзанд намедоданд, хеле шикаставу руњафтода ба назар мерасиданд. Ѓамхорї дар њаќи фарзанд танњо барои тифл лоизим нест, балки ин ба руњияи волидон таъсири манфиву мусбат дорад.
Маъмулан волидон муваффаќияти фарзандашонро аз рўйи одобаш муайян мекунанд. Агар вай ахлоќи баде аз худ нишон дода бошад, гумон мекунанд ин иштибоњи онњо буд. Ва боз агар њамсоя ё каси дигар низ эроде дар ин маврид ба фарзандонашон гирад, дардашон афзун мешавад. Баъзењо хеле ба ѓазаб меоянд, ўро сарзаниш мекунанд, љазо медињанд ва баъзе љазоњо хеле шадиданд, кор њатто ба латукўб мерасад. Аммо њастанд боз касоне, ки аз муаллим домангир мешаванд. Ин ду рави-
АЪЛОХОН БО АХЛОЌИ ХУБ ШАХСИ КОМИЛ МЕШАВАД ши муносибат нодуруст аст. Мо бояд ба сарчашмаи аслии ин ѓазаб таваљљуњ кунем. Агар гумон мекунем ин хатои мо буд, ки бача чунин беадабї кардааст, пас ин ба он маъност, ки мо одамони аслан иштибоњием. Гумон мекунам бењтарин роњ басо оромона ва ботамкин худи бачаро шунидан аст. Бигзор худи ў наќл кунад, ки чї шуда ва чаро ў бар муаллиму муаллим бар ў хашм гирифтаанд. Аз таљриба медонам, ки баъзе бачањо њатто барои ханда даст ба рафторњое мезананд, ки мо онро нољо меномем ва воќеъият њам чунин аст. Вале дар назари худи ў ин рафтори зебост. Дар ин гуна њолатњо волидон бояд ба ў фањмонанд, ки ин кораш ќабл аз њама худи ўро тадриљан беобрў мекунад ва барои муаллимаш мушкилоти дигар пайдо мешавад. Аммо на бо ѓазаб сари ў тохт орем, балки омиронаву ботамкин. Мо бояд њамеша дарк кунем, ки аз ѓазаб мурод њосил намешавад. Шеваи насињати волидон таъсири амиќ ба фарзанд мегузорад, хашми падар ўро метавонад хашин ва мењрубонии вай мењрубон гардонад. Инро набояд фаромўш кард! Аз таљрибаи кор бо атфол ва волидон ба натиља расидам, ки мактаб њаме-
ша бо се шеваи бархўрди падару модар ба ахлоќи фарзандонашон рў ба рў мешавад. Як гуруњ волидон касоне њастанд, ки иртиботи наздик бо мактаб доранд, эродњои муаллимонро дар бораи фарзандашон мешунаванд ва чора меандешанд. Онњо кўшиш мекунанд рафтори нољои писар ё духтарашон дар мактабро дар хона тањлил кунанд ва ин гуна суњбатњои хонаводагї баъди эроди муаллим таъсири хуб доранд. Волидоне њастанд, ки њарчанд эроди муаллимро мешунаванд, талош мекунанд фарзандашонро њимоя кунанд ва ин оянда барои њидояти писар ё духтари онњо наќши манфї мебозад. Гуруњи сеюм аслан на таваљуњ ба ахлоќи фарзанд доранд ва на ба тањсилаш. Инро робитаи мактабу оила меноманд ва њар андоза, ки волидон бо муаллим дар иртибот бошанд, рафторњои фарзандашонро њамарўза пайгирї кунанд, њамон андоза ба ояндаи дурахшони вай метавонанд умедвор бошанд. Зеро доштани дониш барои инсони комил шудан кам аст, бача бояд ахлоќи шоиста дошта бошад ва ба њамин гуна ахлоќ ба камол расад. Истода ТУРСУНОВА, омўзгор
12
“НИГОЊ”, ЧОРШАНБЕ №44 (477), 3. 02. 2016
БАЊСИ БЕШТАР
i
Матлаби ин гўша андешањои шахсї буда, метавонад бо мавќеъи «Нигоњ» муѓойират намояд.
Инсон аз рўзе худро мешиносаду соњибтафаккур аст, пайваста аз хоби дидааш таъбире мељўяд. Одамон, чун хоби асроромезе мебинанд, њадс мезанаду мантиќ мељуянду мурур мекунанду таамуќ меварзанд, то таъбири дилќонеъкунандае барои худ дарёфт намоянд. Нахусттаъвилгарони хоб мањз паямбарон буданд. Муаббирии Юсуф паямбар аз хобњои дидаи мањбусиён ва Фиръавн исботи возењи андешаи фавќ аст.Чун хобњои илоњии паямбарон Иброњиму Сулаймону Исову Мусову Муњамммад(а) ба њама маълуманд, њољат ба иќтибосу такрорро лозим намедонем. Аз 124000 паямбари Худо, ки 366 тоашон мурсаланд (дар Ќуръон 24 нафарашон зикр шудааст), на ба њамаашон Љабраили Амин аз рисолаташон хабар додаву на ба њамаашоназ сўи Худо мусњаф ё китобе омада, баъзешон тавассути вањй дар хоб ба њидояти мардум бархостаанд. Шуѓли љустани таъвили хобњо оњиста-оњиста ба илм табдил ёфту хобшиносон ба худ номи муббиру таъвилгарро гирифтанд. Шоњон дар дарборашон дар ќатори вазирону дабирону ситорашиносон муаббиронро низ маќом доданд. Дар сарчашмањо ва њам хобномањо бештар номњои Дониёли њаким (дар ањди Дориюш ва Куруш) ва Ибни Сирин (Имом Муњамад Ибни Сирини Басрї аз зумраи тобиин, бузургтарин муфассири хоб дар олами Ислом), Имом Љаъфари Содиќ њамчун муаббирони эътирофшуда зикр мешаванд.
СЕ НАВЪИ ХОБ Доноёни рози олами Ислом хобњоро ба хубу бад ва зењнї раддабандї кардаанд. Хобшиносони муосир бошад хобњоро чунин таќсимбандї намудаанд: хобњои Рањмонї, табиї, шайтонї, тафакккурї ё зењнї. Хобњои Рањмонї хоси паямбарону авлиёварастагорону муњибони Худову Расуланду аслан аз ояндаи неку бад паём медињанд. Инчунин хобњоро одамони баргузида низ мебинанд, ки онњоро хобњои вањй ё паямбаро-
ЊАДИСИ ХОБ "Чун ќиёмат наздик шуд, мардум бештар хобњои вањй, ё башоратдор мебинанд" Абдуќодири АБДУЌАЊЊОР журналист, Директори Китобхонаи шањрии ба номи Абулќосим Лоњутї вар гардид, њатман дар робита ба он њаводис хобе мебинад, ки чунин хобњоро хобњои тафаккурї ё зењнї мегуянд. Масалан, сужаи филме ё ќањрамони он шуморо ба риќќат меоварад ва он ќањрамон ё сужаро бо тобиши дигаре дар хоб мебинед.
на њам меноманд. Њазрати Муњаммад(а) таъкид намудааст, ки чун ќиёмат наздик шуд, мардум бештар хобњои вањй ё башоратдор мебинанд. Њамчунин Абуњурайра дар њадисе њушдор медињад, ки Паямбар таъкид доштанд: "Хобњои некро таъбир биљўед ва аз таъвили хобњои бад парњез кунед". Хобњо дар баъзе маврид пуле ва ё воситаи робита мешаванд миёни арвоњ ва инсонњои зинда. Арвоњи гузаштагон ба хотири ислоњи пайвандон, арзи сипосу миннатдорї аз оќибати ин ё он амали хайру шарашон ба хобашон даромада, ба онњо башорате медињанд. Гоњо бо инояти Парвардигори олам бар асари ношукрї аз неъмату атоњои моддию маънавии худовандї, шоњону фармонравоњои золиму бетарањњум, инсонњои худсару мутаккабир хобњои мавњуму њушдордињанда мебинанд. Чунончї,
Намруд тавлиди Иброњимро, Фиръавн мавлуди Мусоро ва ё баъди зуњури Ислом, Хусрав заволи давлаташро дар хоб дидаанд.
ХОБЊОИ ТАБИЇ ВА ШАЙТОНЇ Хобњо, инчунин, тавре баён доштем, табиї низ мешаванд. Масалан, дар хоб ба гўшат садои шахсе, бориши борон, овози љонварон ва ё ќатора, тайёра, наќлиёт мерасад ва тањти таъсири онњо, хобе мебинї. Хобњои шайтонї ба њавову њавас ва нафси њайвонии одамон рабт дорад ва њамзамон аз дараљоти имондории инсон (ањли таќво камтар чунин хобњоро мебинанад) гувоњї медињад. Инсон чун аз руйдоде, хабаре, амале мутаассир шуду ба андешаи амиќ ѓутта-
Таъбири якчанд навъ хобњо аз рўи хобномаи мусалмонї: Саг - душмани заиф. Киштї - наљот ёфтан. Санг - инсони сангдил. Хокистар - кори бењуда. Об - имтињон. Сабзаљот - чизи бењтареро ба бадтар иваз кардан. Дарахти зебо - сухани хубу зебо. Боѓ - амали хуб, сўхтани боѓ ин барбод додани амалњои хуб Тухм - зан. Рўшної - роњи дуруст, торикї - роњи зишт. Зоѓ - одами нопок. Муш - зани гунањкору бадрафтор. Шир - дониш. Ситора - олим. Хурўс- одами машњур. Албатта, чун инсон бењтарин ва нодиртарин офариниши Худост, касе бењтар аз зоти Њак асрорашро намедонад. Ин ки мо гуфтем, танњо чанд фарзияву андешае беш набуд.
БАЪД АЗ САФАР
ДУО Як дўсти муйсафедам се сол ќабл ба зиёрати Хонаи Худо мушарраф гардид. Ваќте ба зиёраташ омадам, ў аз муњимтарин лањзањои сафари худ ба ман наќл намуда, дуо мекард, ки манро низ чунин як сафар насиб шавад. Аммо дўсти мўйсафедам як лањзаеро наќл намуд, ки ин наќли ў маро мутаассир намуд ва мехоњам онро бароятон њикоят кунам. "Ваќте, ки дар Арабистони Саудї аз як шањр ба шањри дигаре тариќи мусофиркаш њаракат менамудем, дар як мавзеъи хушманзарае ронанда мусофиркашро маън намуд ва зоирон ба берун баромаданд. Ќисме об нўшиданд, ќисме ќазои њољат намуда, вузу мекарданд ва бархењо ба манзарањои атроф менигаристанд. Ин дам як араб, ки баъдњо ўро шайх ном гириф-
танд, њамаро ба гўшае даъват намуда, ду донагї китоби Ќуръон туњфа намуд. Зоирини тољикистонї аз ин њиммати шайхи араб хурсанд шуда, чи гуна изњори миннатдорї намудани худро намедонистанд. Њамин лањза, як зоир, ки ёрдамчии роњбаладамон буд, ба як домуллое, ки дар байни зоирон муътабартар њисобида, эњтиромашро ба љо меоварданд, рў оварда гуфт: "њазрати домулло, шайхро дуо дињед!". Њазрати домулло низ интизори ишорат буд, ки даст ба дуо бардошта, бо овози баланд"Илоњи омин!"-гуфт ва њама зоирин дасти дуо бардоштанд. Аммо њазрати домулло њанўз чанд љумлаи маъмулеро, ки зимни дуо додан домуллоњо ба забон меоранд, нагуфта буд, ки шайхи араб њолатро мушоњида намуда,бо овози баланд "ло!" (бас! О.С.) гуфта, њазрати домуллоро аз дуо додан маън намуд. Шояд бархе аз зоирин бори аввал дасти ба дуо бардошташударо боло накарда, поён намуданд. Баъд бо ангушт ба осмон ишора намуда, бо забони арабї чанд љумлаи дигар такрор намуд, ки онњоро роњбалади мо дар да-
руни мусофиркаш бароямон тарљума намуд. Шайхи араб гуфтааст, ки"Бас кун! Худо ба њар аъмоли мо огоњ аст. Њољат ба дуо нест. Агар дуое мехоњї нињонї дуо кунед". Сухани шайхро баъзењо нодуруст њисобиданд, ќисме ўро салафї хонданд ва нафароне, ки шайхро њаќ гумоштанд, ба хотири њазрати домулло зери лаб пичир - пичир кунон садо баланд накарданд…". Ин наќли дўстам маро ба дарёи андеша фурў бурд. Дар атрофи мафњуми дуо фикр кардам. Дуо додану дуо гирифтан ва дуо талабидани мардумро дар љомеаи имрўза пеши назар овардам. Дуоталабњо хайре мекунанду барои ин корашон дуо металабанд. Дуодињандагон доим ба њар коре ба дигарон дуо медињанд. Дуогирандагон ба нафаре инъом карда, дуо мегиранд. Яъне дуоро хариданї мешаванд? Агар мушоњида намуда бошед, имрўз дар намозњои љумъа тариќи баландгуяк номи ин ё он нафарро мегиранд, ки фалонї њамин ќадар маблаѓ хайр намуд, дар њаќаш дуо кунед. Писари фалонча барои ободии масљид аз Русия чунин маблаѓро равон намудааст ва дуо металабад. Њатто руйхати ном ба номи хайркунандагонро як - як номбар мекунанд.
Пас хулоса кардан мумкин аст, ки онњо Худовандро (наъузамбиллоњ) аз хайри дигарон хабардор карданианд? Пас сабаби эълон намудани хайре, ки фалонию фалонї кардааст, чист? Чаро намеандешем, ки он Холиќи ягона, ки аз њар як њаракату нияту аъмоли мо огоњ аст, магар намедонад, ки хайри кардаи мо ба кадом ният аст? Магар дарк накардани ин чиз надонистани ќудратњои Аллоњи ягона ва заифии имони мо ба Ў нест? Дар наќли боло ман имони ќавии шайхи арабро мебинам, ки
вай бовар дорад, хайру садаќоти ўро Худованд дида, ќабул медорад. Бинобар њамин, њољат ба дуо намуданро намебинад. Дар баробари ин, дар ин наќли дўстам як одати маъмулии мардуми тољикро мебинам, ки ба њар як кори неке даст ба дуо мебардоранду аз Худованд талаб менамоянд, ки фалонї кори неке кардааст, ин амали ўро дар номаи аъмолаш сабт намо. Гуё то ин корро накунем, хайри мо ќабул намешуда бошад. Олимљон САФОЛОВ
ВОКУНИШ Агентии назорати давлатии молиявї ва мубориза бо коррупсияи Љумњурии Тољикистон бо маќсади иљрои Фармони Президенти Љумњурии Тољикистон аз 7 феврали соли 2009, №622 "Дар бораи вокуниши шахсони мансабдор ба маводњои танќидї ва тањлилии воситањои ахбори омма" маќолаи "Алфа"-и Ашт. Чаро эътирози Прокуратураи генералиро сарфи назар мекунанд, ки дар њафтаномаи "Нигоњ" №29 (462) аз 14 октябри соли 2015 ба нашр расидааст, мавриди омўзиш ва хулосабарорї ќарор дод. Муайян карда шуд, ки ќаблан ваљњњои дар маќола овардашуда бо аризањои њаммазмуни муаллиф аз тарафи Прокуратураи генералии Љумњурии Тољикистон, Прокуратураи вилояти Суѓд, Прокуратураи ноњияи Ашт, Раёсати Агентии назорати давлатии молиявї ва мубориза бо коррупсияи Љумњурии Тољикистон дар вилояти Суѓд, Шўъбаи Вазорати корњои дохилї дар ноњияи Ашт ва Раёсати Вазорати корњои дохилї дар вилояти Суѓд мавриди санљиш ќарор дода шуда, аз натиљааш ба аризадињанда тариќи хаттї хабар дода шудааст. Њангоми санљиши ваљњи аввали маќола маълум гардидааст, ки 13 декабри соли 2013 дар асоси њукми суди ноњияи Ашт Њољиматов Исматулло Хайруллоевич бо моддаи 117 ќисми 2, бандњои "а, в, ж," Кодекси љиноятии Љумњурии Тољикистон гунањгор дониста шуда, нисбати ў љазои мањрум сохтан аз озодї ба мўњлати 3 (се) сол бо адо намудани љазо дар колонияи ислоњии дорои низомаш пурзур таъин карда шудааст. Бо таъиноти коллегияи судї оид ба парвандањои љиноятии суди вилояти Суѓд аз 14 феврали соли 2014 њукми мазкури суди ноњияи Ашт нисбати номбурда бетаѓйир ва шикояти кассатсионии мањкумшуда беќаноат мононда шудааст. Дар њукми мазкур тамоми кирдорњои содиркардаи Њољиматов И. М. тањлил ва баррасї карда шуда, бањои њуќуќї дода шуда, њукми мазкур ќувваи ќонунї гирифтааст. Санљиши ваљњњои дигари маќола "Директори мактаб... замин таќсим мекунад" ва "Хона барои муовини якуми раис" нишон дод, ки дар асоси аризаи шањрванд Њољиматов Назирљон Хайруллоевич аз 29 майи соли 2014 аз љониби Раёсати Агентии назорати давлатии молиявї ва мубориза бо коррупсияи Љумњурии Тољикистон дар вилояти Суѓд вобаста ба њолатњои мазкур санљиш гузаронида шуда, 15 июли соли 2014 бинобар дар њаракатњои Муминљонов Муњиддин муовини аввали раиси ноњияи Ашт, Абдурањмонов Пањлавон директори МТМУ №20 -и дењаи Сорои ноњияи Ашт ва дигарон мављуд набудани аломатњои таркиби љиноят аз оѓози парвандаи љиноятї рад карда шудааст. Маводи санљишии мазкур ва ќаро-
“НИГОЊ”, ЧОРШАНБЕ №44 (477), 3. 02. 2016
"БА ЉАВОБГАРИИ МАЪМУРЇ КАШИДА ШУД" Вокуниш ба маќолаи "Алфа"-и Ашт. Чаро эътирози Прокуратураи генералиро сарфи назар мекунанд, ки дар њафтаномаи "Нигоњ" №29 (462) аз 14 октябри соли 2015 ба нашр расидааст.
ри бо он ќабулгардида аз тарафи Прокуратураи вилояти Суѓд мавриди омўзиш ќарор дода шуда, бинобар аз байн рафтани зурурият бозпас гардонида шудааст. Баъдан маводи мазкур аз тарафи Прокуратураи генералии Љумњурии Точикистон омўхта шуда, ќарори бо он ќабулгардида-њамчун бармањал ва ѓайриќонунї бекор карда шуда, барои санљиши иловагї баргардонида шудааст. Дар њамин асос ваљњњои дар ариза овардашуда такроран санљида шуда, бо натиљаи он бинобар дар њаракатњои Муминљонов М, Абдурањмонов П. ва шањрванд Ашуров Норбой мављуд набудани аломатњои таркиби љиноят ќарори рад намудан аз оѓози парвандаи љиноятї ќабул карда шудааст, ки он аз тарафи Прокуратураи вилояти Суѓд асоснок ва ќонунї њисобида шудааст. Санљиши ваљњи дар маќола овардашуда оиди аз љониби муовини аввали раиси ноњияи Ашт Муминљонов М. бо сўистифода аз ваколатњои мансабй ѓайриќонунї хусуси кардани бинои маъмурияти собиќ хољагии дењќонии "Роњи нав"-и ноњияи Ашт нишон додааст, ки дар њаќиќат тибќи ќарори Раиси ноњияи Ашт
тањти №14 аз 23 январи соли 2013 бинои маъмурии собиќ КИ "Роњи нав" ба тавозуни шўъбаи ободонии КФД "Хољагии манзилї- комунналї"-и ноњияи Ашт бо арзиши мувозинатиаш супорида шуда, њамзамон ба Муминљонов М. барои истиќомат ордер дода шудааст. Тибќи шиносномаи техникї соњибмулки бинои истиќоматии мазкур Маќомоти иљроияи њокимияти давлатии ноњияи Ашт ба њисоб рафта, Муминљонов М. дар он њамчун истифодабаранда ба ќайд гирифта шудааст. Номбурда дар бинои мазкур, ки дар фонди манзили Маќомоти иљроияи њокимияти давлатии ноњияи Ашт ќарор дошта, ба ў бо ордер барои истиќомат људо шудааст, бе иљозати маќомоти дахлдор сохтмони ѓайриќонунї кардааст. Бинобар ин номбурда барои содир намудани ин кирдораш яъне њуќуквайронкунии маъмурии коррупсионї бо моддаи 661 Кодекси њуќуќвайронкунии маъмурии Љумњурии Тољикистон ба љавобгарии маъмурї кашида шудааст. Санљиши њолати аз тарафи директори МТМУ №20-и ноњияи Ашт Абдурањмонов П. ба Ашуров Н. ѓайриќонунї људо карда додани 36,4 метри квадратй ќитъаи
САНАДЊОИ СУДЇ БО ВАЙРОН КАРДАНИ МЕЪЁРЊОИ ЌОНУН ЌАБУЛ ГАРДИДААНД... Суди Олї љињати иљрои Фармони Президенти Љумњурии Тољикистон Љаноби Олї, муњтарам Эмомалї Рањмон "Дар бораи вокуниши шахсони мансабдор ба маводњои танќидї ва тањлилии воситањои ахбори омма", мактуби кушодаи Њукмиддин Љалолов зери сарлавњаи "Ман кай издивољ кунам?", ки дар рўзномаи "Нигоњ" тањти № 27 (460) аз 30 сентябри соли 2015 ба табъ расидааст, бо омўзиши маводњои парвандаи оилавї мавриди санљиш ќарор дод. Муайян гардид, ки бо њалномаи суди ноњияи Сино аз 17 июли соли 2013 даъвои Њакимова Идимоњ Рањмиддиновна нисбати Љалолов Њукмиддин Файзуддинович ва Далолов Абдулазиз Файзуддинович оиди аъзои оила эътироф намудан ва
13
маскун кардан ба хонаи истиќоматї ќонеъ карда шуда, даъвогар ва фарзандонаш аъзои оилаи љавобгар ЉалоловЊ.Ф. эътироф карда шуда, ба утоќи зисти масоњаташ иборат аз 14, 3 м.м.-и хонаи истиќоматии воќеъ дар шањри Душанбе, кўчаи Маяковский, бинои 1/11, хонаи 53 маскун карда шуда, даъвои муќобили даъвои Љалолов Њукмиддин Файзуддинович нисбати Њакимова Идимоњ Рањмиддиновна оиди кўчонидан аз хонаи истиќоматї бе додани хонаи истиќоматии дигар рад карда шудааст. Бо Ќарори коллегияи судї оид ба парвандањои оилавии суди шањри Душанбе аз 17 июли соли 2013 њалномаи судї бетаѓйир, шикояти кассатсионии љавобгар Љалолов Њ.Ф. бе ќаноат мононда шудааст.
Омўзиши парвандаи оилавї муайян намуд, ки санадњои судии зикргардида бо вайрон кардани меъёрњои ќонунњои моддї ва мурофиавї ќабул гардидаанд. Аз ин лињоз, нисбати ин санадњои судї аз љониби Раиси Суди Олии Љумњурии Тољикистон бо маќсади таъмини ягонагии таљрибаи судї ва ќонуният ба Раёсати Суди Олии Љумњурии Тољикистон эътироз ба тариќи назоратї оварда шуда, масъалаи бекор намудани онњо ва ба баррасии нави судї фиристонидани парванда монда шудааст. Аз натиљаи баррасї иловатан иттилоъ дода мешавад. А. АШУРЗОДА Муовини якуми Раиси Суди Олї
замин нишон додааст, ки моњи августи соли 2013 Абдурањмонов П. бинобар дар њолати садамавї ќарор доштани анборхонаи мактаб бо Ашуров Н. ба мувофиќа омадааст, ки охирон бинои анборхонаро вайрон ва онро аз нав сохтмон карда, ба мактаб месупорад ва маъмурияти мактаб бошад, ин анборхонаро ба Ашуров Н. ба иљора месупорад. Тирамоњи соли 2013 Ашуров Н. сохтмони анборхонаро оѓоз намуда, онро ба итмом нарасонида, ба муњољирати мењнатї ба шањри Тюмени Федератсияи Русия меравад. Бо натиљаи санљиш барои ин кирдораш Абдурањмонов П. бо моддаи 661 Кодекси њуќуќвайронкунии маъмурии Љумњурии Тољикистон ба љавобгарии маъмурї кашида шуда, ќитъаи замини зикргардида ба њолати аввала баргардонида шуда, айни замон њамчун майдончаи варзишии мактаби зикршуда истифода шуда истодааст. Идрисзода И. М, Муовини Директори Агентии назорати давлатии молиявї ва мубориза бо коррупсияи Љумњурии Тољикистон
(Охираш. Аввалаш дар шуморањои ќаблї) Пажўњандаи равияи сўфигарї Ањмади Касравї дар китоби хеш ба зишткорињои сўфиён нафрин хонда, аз китобњои худи ањли тасаввуф, ки достонњои расвої дар онњо ба таври фаровон ба чашм мехўранд, намунањое овардааст, ки мо таваљљуњи хонандагони гаронмояро ба ду лањзае аз онњо љалб карданием: "Ин аст, ки баччабозї (ё ба гуфтаи худашон шоњидбозї), ки аз зишттарин гуноњњост, дар хонаќоњ ривољ медошта ва ин зишттар ба чунон нопокї рахт пўшонида ва онро бо "ишќи худої", ки муддаъї мебуданд, бањам баста гардонида ва љумлаи "ал маљоз ќантара алњаќиќати" (?????? ????? ???????, маљоз пули њаќиќат аст)-ро ба забонњо андохтаанд. Сўфиён бо ин суханњо корњои зишти худро пинњон дошта, ишќварзї бо писарони зеборо, ишќи маљозї унвон кардаанд. Гўё ишон ба руху андоми зебои бачањои навхат танњо менигаранду тамом. Аммо кирдори онњоро дар китобњои бешумор мехонем ва мебинем, ки кадом як ишќи маљозї набуда, ишора ба корњои зишти бачабозї доранд. Аз љумла, дар сарлавњаи достони гароиши Мулло Садро бо амрадон (бачањои ахта шуда), ин сатрњои кароњатбор ба чашм мехўранд: "Ќоидаи алмаљоз ќантара ал њаќиќат ва ишќ ба нављавонони зеборў". Дар он гуфтањо мехонем: "Мулло Садро дар ќисмати поёнии матолиби худ барои исботи ин ки ин ишќ ѓайришавњонист, ба ин далел ки баъд аз љамъ шудан дар зери як лињоф (кўрпа) њам ба ќуввати худ боќист, мегўяд: Орзуи ошиќ наздик шудан ба маъшуќ аст ва чун ин орзу њосил шавад, болотар аз он дархост кунад ва он орзуи хилват кардан ва нишастан бо ў, бидуни њузури њељ кас мебошад ва чун ин орзу бароварда шуда ва маљлис аз аѓёр холї гашт (аз ин љо ба баъд аз гуфтани ин матолиб шармгинам, валекин маљбурам барои равшан шудани ин шахсияти пуровозаи "њикмат", тафаккури вайро аз забони худаш айнан рўи коѓаз биёварам), орзуи дар оѓўш кашидан ва бўсидан дорад. Чун ин њам бароварда шуд, дархости зери як лињоф будан....... Бо ин њама њанўз шавќ ба њоли худаш њаст ва оташи нафас њамон гуна ки буда, барљост ва балки шавќу изтироб афзунї меёбад, чунон ки он шоир гуфта: "Њамдигарро дар оѓўш кашидем ва нафас њанўз иштиёќ меварзид, ки оё пас аз оѓўш кашидан наздиктар шудан њанўз њаст"! Ва шоири ин тариќат Адиб-улмулк Фароњонї амрадонро чун дўшизагон хондааст: Амрадон бинї ту чун дўшизагони шўху шанг, Дида маст аз хоби ѓафлат саргарон аз чарсу банг. Дар китоби дигари онњо омадааст, ки "Шайх Авњадуддин Њомиди Кирмонї, ќудс-ул-лоњу таъоллоњ дар шуњуди њаќиќат тавассул ба мазоњири садре мекарда ва љамоли мутлаќро дар сувари муќайядот мушоњида менамуда". Яъне "шайх соддабозї (баччабозї) мекарда, вале ба зишткории ў љомаи дигар пўшонида мегўяд: зебоии худоро дар рўи љавонони содда тамошо мекарда". Бубинед андозаи густохї ва бешармияшон чї мебуда"?! Дар њамон китоб аз шайх Њомид ин достонро меоварад: "Чун вай дар самоъ гарм шудї, пироњани амрадон (бачањои ахта карда) чок кардї ва сина ба синаи эшон нињодї". Мо бо овардани намунањои боло, аз шарњи бештари ин мавзўъ худдорї мекунем, гарчи намунањо зиёданд ва ѓолибан ба саргузашти бузургони тариќати тасаввуф ишора доранд.
БА АВРУПОИЁН БОВАР НАКУНЕД! Бахше аз ховаршиносони аврупої сўфигариро меситоянд ва ба нигар мерасад, он ситоишњо домњое мебошанд, ки дар зери поњои содадилони иронитабор густурда мешавад. Ањмади Касравї ситоишњои аврупоиёнро гање бо танзу гање бо ќањр чунин намоён кардааст: "Ин монандаи он аст, ки чизи талхеро, ки бихоњанд ба бачае бихўронанд, бузурге (калонсоле) пеш афтад ва чунин гўяд: Бидињед ман бихўрам, бањ - бањ чи ширин аст! Он Урупо, ки, барои љањон он њама донишњо боз намуда ва он њама такон дар зиндагонї роњ андохта, ин њама намунае аз бадии ўст, ки мекўшад тўдањои шарќиро дар нодонињо њар чи бештар ѓутавар гардонад.. Бояд ба ховаршиносони урупої посух дод: "Агар рост мегўї, чаро њамон суханонро ба урупоиён намегўї?! Чаро инњоро бо забонњои урупої наменависї, ки дар миёни урупоиён бипароканї?! Ирониён аз сўфигарї бањрае, ки боясти бурдаанд ва бештар њам бурдаанд. Он "зебоии маънавї", ки мегўї бисёр дарёфтаанд ва дигар љои бозї намонда. Агар инњо чизњои некест, ту ба њаммењанони худ орзу кун". Бояд њељ гоњ фиреби инњоро нахўрд. Шарќиён агар фиреби инњоро хўранд, гузашта аз зиёнњое, ки хоњанд бурд, дар дидаи њамон урупоиён, њамон фиребандагон, њар чї хортар хоњанд гардид.
БАЊСИ МИЛЛЇ
Зафари МИРЗОЁН
"ЊАМДИГАРРО ДАР ОЃЎШ КАШИДЕМ ВА НАФАС ЊАНЎЗ ИШТИЁЌ МЕВАРЗИД, КИ ОЁ ПАС АЗ ОЃЎШ КАШИДАН НАЗДИКТАР ШУДАН ЊАНЎЗ ЊАСТ"!
таасуф, ки тухми ин нооромиву парешонињоро мехоњанд дар кишварњои дигар, аз љумла Тољикистони мо бикоранд. Гумон мекунам хонандаи бархурдор аз зењни ќиёсу тањлил, дарёфтааст, ки дар кишвари тољикон, дар рўзгори мо низ шайхњову авлиёњое, (ба монанди шайх Темур) сар баровардаанд, ки ба дилњои соддадилон роњ пайдо карда бо њамёрии муридону мухлисони худ доми тазвир пањн мекунанд. Чуноне аз намоишњои телевизионї огоњ шудем, макру њилањои пирони навини тариќат аз чашми нињодњои амниятии кишвар пинњон намонд ва гумон мекунам наворњои ба намоиш гузошта њушдоре буд ба мардум, ба маънии "эй мардум, дар асри
БАЧАБОЗИИ СЎФИЁН Фароњам хоњанд нишаст ва бо њам хоњанд гуфт: "дидї, чї сон фиребашон додем". Аммо бахши дигари ховаршиносон ин равияро зишт дониста, чуноне гуфта шуд, фалсафаи онро ташвиќу тарѓиби нигилизм (дунёбезорї) ва мояи асосии вопасмонии фарњангиву иќтисодии шарќиён донистаанд. Барои бознамоёнсозии ин гуфта аз дарёфтањои пажўњишгари шўравї, А. Эделман намунае меоварем, ки ба ќавли ў дар тасаввуфгарої ягон нишонаи иртиќо (прогресс) дида намешавад ва шайхњои маккор дар атрофи худ соддадилонро бо номи мурид гирд оварда, дар њаёти сиёсиву фарњангии кишварњо таъсири сахт мерасонданд. Онњо хурдтарин андешањои илмї ва эљодиро гулўгир карда, бо њилаву тазвирњо њукуматронони аз њад зиёд "озодандеш" ро, ба монанди Улуѓбек, бо дасти писари худаш, аз байн мебурданд, дасисањои нооромиву ноамнињо бунёд мекарданд, љангњои байнихудї ва табадуллоти дарборї ташкил медоданд, дењќонони соддадилро дар корњои кишоварзии худ истисмор карда, риёкорона дар бораи осудагии халќ суханфурўшї мекарданд. Донишманди рус, њамчун намунаи гўёву равшан, гуфтору кирдори сўфии овозаманди замон, пири тариќати Наќшабандия, шайх Хоља Ањрори Валиро ёдовар мешавад. Хоља Ањрори Валї тавонист худро њамчун "авлиё", "шайхи кибор", яъне шайхи бузург ва пуштибони халќ, дар миёни тўдањо шуњратёр созад. Аммо ин "авлиё" молики 1300 дења будааст ва љуз ин дар саросари Вароруду Хуросон дўконњои бешумор дошта, корвонњояш ба тамоми кишварњои машриќзамин рафтуо мекарданд. Бояд донист, ки тариќати сўфигарї ва пирони овозаманди он дар асри атом њам аз зери нигари дастгоњњои љосусии љањонхорони замон дар канор намондааст. Огањон медонанд, ки љањонхорон њатто ба воситаи олимони "Љамъияти љуѓрофиё" и худ ("Географическое общество"), барои тасарруф шудан ба иродаву андешаи мардумони тањљої ("туземцы") чї корњоеро анљом медонанд. Ва пажўњишгарони миллии моро мебояд ба таърифу тавсифњои ховаршиносони љосуси аврупої, ки тасаввуфро дастоварди бузурги андешапешагони гузашта менамоёнанд, фирефта нашаванд, зеро дар ин асри мањву парешонсозии сабукандешони машриќї бовар кардан ба хушкмаѓзињои дар боло оварда, дур аз оќиливу хирадмандист?!
БУЗУРГОН ДАР ДОМИ СЎФИГАРЇ Ин нуктаро бояд донист, ки суфигарї дар ин њазорсола њама чизи парвардаву боистеъдодро, аз сармоядорон то шоирони бузург ва донишмандони овозаманд то подшоњонро ба тариќати худ ё љалб кардаанд, ё љузъи тариќати худ намоёндаанд ва ё чуноне дар боло гуфта шуд, агар чун Улуѓбек донишњои дањриро бар сафсатаи онњо боло медонист, аз байн мебурданд. Бад -
он сон ки девони Њофизро саросар таљаллии тасаввуф дониста, маю маъшуќаи бозтоб намудаи ўро аз замин кашида ба осмон баровардаанд. Аммо Њофиз гуфтааст: Май хўр, ки шайху зоњиду муфтиву муњтасиб, Чун нек бингарї њама тазвир мекунанд. Агар ба достони сарнавишти Иброњим Адњам нек бингарї, хоњї дарёфт, ки сўфиён ба воситаи макру тазвири худ, чи гуна ўро, ки як подшоњи мулки ороста буд, аз роњи кишвардорї бозмонда, ба оворагардиву дарюзагирї водоштаанд. Боре Иброњими Адњам, ки подшоњи Балх буд, дар рўи ќоливу љойнамози махмалин намоз мегузорд, ки аз болои бом садои пои касе ба гўш расид. Подшоњ гуфт: дар болои боми ман кист ва чї мекунад? Аз бом овоз омад, ки "шутури гум кардаи хеш мекобам". Подшоњ гуфт: "шутури гум кардаатро дар болои боми ман љустуљў мекунї?" Он шахс, ки пири тариќат буд, гуфт: Ту дар болои ќолї ва љойнамози махмалин Худо мељўї, чаро ман дар болои боми ту шутур љустуљў накунам?! Он сўфї бори дигар банохост бидуни иљозаи рўзбонон, вориди тахтгоњи шоњ гашта аз ў чанд пурсише намуд, ки Иброњими Адњам дар андешаву хаёл монд ва бори севвум он пир дар либоси фаќри чўпонї, њангоми рамачаронї тасбит кард, ки дарвешї аз подшоњї бартар аст. Дар фарљоми ин се бархўрд бо пири тариќат, Иброњими Адњам тарки шоњї намуда, либоси пашминаи фаќр ба бар кард ва ба кеши сўфигарї гароид.
СЎФИЁН ВА СИЁСАТ Ин аст бозовардањои фишурдае дар пиромуни тасаввуф. Метавон натиљагирї кард дар ин њазору сесад сол, чанд омиле ки дар зиндагии тољикону ирониён таъсир расонда, мояи бадбахтии ин мардумон гардидааст, яке аз онњо њамин сўфигарї будааст. Ањмади Касравї њанўз 63 сол пеш чунин њушдор дода буд: "Сўфигарї мардумро сусту танбалу беѓайрат гардонида, љањонро аз ободї бозмедорад, сомони зиндагиро бањам мезанад ва он гоњ бо њоли имрўзии љањон љангњои паёпае падид оварда, бад - ин сон ки имрўз дар пеши чашми мост, шањрњоро вайрон мегузорад". Ончуноне дида мешавад, пешгўињои ин фозил пас аз дањ сол (солњои 50 уми) садсолаи гузашта дар кишварњои Мисру Сурия намоён шуданд ва имрўз он кишварњо ва дигар сарзаминњои арабнишини љањон гирифтори љангњои бемаънї, боиси харобии кишварњо ва хориву дарбадарии мардумонаш гардидааст ва сад
атом њам аз ин динфурўшони чолок эњтиёт шавед. Онњо бо њассостарин торњои андешаи шумо бозї мекунанд, то ки аз боварињои динии шумо барои худ судљўї кунанд". Пажўњишгарон ва донишёрони донишгоњї (ба вижа андешамандони пойтахт, ки њамвора аз пардаи телевизион сухангустарї мекунанд), осебу зиёни сўфигариро ночиз нашуморанд ва боясти аз худ бипурсанд, ки бо таърифу тавсифи сўфигарї барои миллати худ чї суде мехоњанд дошта бошанд? Магар љавононро панду андарз доданианд, ки аз ин дунё ва аз хушињояш, аз кашфи асрори фанниаш даст бишўем, дар хонаќоњњо гирд оему аз рўзгор канораљўї карда, дар пайи паймудани "њафт шањри ишќ" ва ѓами расидан ба водии фано сар бибарем?! Набояд аз пеши нигар дур дошт, ки гузаштањои торихї ва рухдодњои имрўзин гувоњ бар онанд, ки талошгарони њукуматронї ва дасисакорони табадуллотњои давлатї аз љамъияти сўфиён, ба вижа аз усули "пиру мурид" ба таври фаровон судљўї кардаанд. Мо дар бораи ба тахти шоњї роњ ёфтани сулолаи сафавиён дар боло ишора кардем ва боясти ёдовар шуд, ки чунин коргирињо аз тариќати тасаввуфро торих дар њамкорињои сарвари сўфиён Муњаммад Идрис медонад, ки соли 1951 бо ёрии инглисњо ба тахти шоњии Либия гумошта шуд ва сипас бо сарварии Муаммар Ќаддофї аз тахти шоњї барканор шуд. Чуноне њама огоњем пас аз гузашти солњо, чанде пеш, пайравони тариќати сўфигарї бо роњњои дигар Ќаддофиро ба ќатл расонда, то њанўз дар ин кишвар ва мамлакатњои Мисру Сурия љангњои хунин њамаро ба оташ кашидааст. Дар Чеченистони кунунї њангоми задухўрдњои зидди Русия ба хотири муттањидсозии сафњои худ, пайваста хотираи сўфиёни асри XIX ро ёдовар мешаванд, ки ба муќобили Русия бархоста буданд. Ва дар поён навишторамонро пиромуни бадомўзињои зањролуди сўфиён бо ин пурсиш аз њамватанон ба поён мерасонем: Љои дудилагї нест, ки таблиѓ ва ривољи суфигарї зидди андешањои дањриву дунявї мебошад. Ва касе, ки даст аз њама алоќањои дунявї шуста, орзуњову талабњои дигарро ба фаромушї бисупорад ва танњо дар пайи омодагї барои расидан ба "водии фано" бошад, чї гуна метавонад бо созандагони љомеаи навини Тољикистон њамроњ бошад?! Матлаби ин гўша андешањои шахсї буда, метавонад бо мавќеъи «Нигоњ» муѓойират намояд.
“НИГОЊ”, ЧОРШАНБЕ №44 (477), 3. 02. 2016
i
14
1 "Ќоидаи алмаљоз ќантара алњаќиќати ва ишќ ба нављавонони зебо", бозчоп дар интернет (www.ebnearabi.com) 2 Ањмади Касравї, "Сўфигарї", Тењрон 1323 (чопи дуввум), мутобиќ ба соли 1944 м сањ. 8 3 Њамон љо 4 Њамон љо, с. 8
БАРОИ ЊАМА ?-И НОБОБ
ЛАТИФА
ЊИСОР АКНУН ШАЊР АСТУ ТАВИЛДАРА САНГВОР Президент ваъда карда буд, ки ноњияи Њисорро ба шањр табдил медињанд. Чаро ин иќдом ба дерї сурат мегирад? Ё шояд аз фикрашон гаштанд? Шодї НАЗАРОВ, сокини ноњияи Њисор Ба маълумотатон мерасонем, ки президент Эмомалї Рањмон рўзи аввали феврали имсол номи чанде аз навоњї ва обанбори Ќайроќќумро иваз карда, барои тасвиб ба Маљлиси Миллї - палатаи болоии парлумони Тољикистон пешнињод кардааст. Бар асоси ин пешнињоди президент аз љумла ноњияи Њисор ба шањр табдил дода мешавад. Њамчунин ноњияи Тавилдара - ноњияи Сангвор; ноњияи Љиргатол - ноњияи Лахш; ноњияи Љалолиддини Румї - ноњияи Љалолиддини Балхї; ноњияи Љилликўл - ноњияи Дўстї; ноњияи Ќумсангир - ноњияи Љайњун;ноњияи Шўрообод - ноњияи Шамсиддини Шоњин; шањри Ќайроќќум - шањри Гулистон;шањри Чкалов - шањри Бўстон; ноњияи Ѓончї - ноњияи Деваштич; обанбори Ќайроќќум обанбори "Бањри Тољик" хоњанд шуд.
“НИГОЊ”, ЧОРШАНБЕ №44 (477), 3. 02. 2016
15
АКСИ ГЎЁ
Марде бо чунин мўњтаво барќия менависад: "Москва, Кремл, Ба Ленин. Рафиќ Ленин, ёрї расонед, ки Иванови камбаѓал соњиби хона шавад. Рўзи дигар Ивановро ба идораи дахлдор барои сарзаниш кардан даъват мекунанду мегўянд: Ањмаќ, ту девона шудаї? Магар намедонї, ки рафиќ Ленин кайњо мурдааст. Иванов дар посух мегўяд: - Бале, акнун фањмидам; ваќте ки Ленин ба шумо даркор бошад, ў аз зиндањо њам зиндатар аст, ваќте ки ба Иванови камбаѓал даркор шуд, ў кайњо мурдааст. *** Мењмон: Як чой биёр! Писар: Кабуд ё сиёњ? Мењмон: Кабуд. Писар: Ќиматашро ё оддиаш-
НАМЕФАЊМАМ ро?
РУСЊО БО НИЗОМИЁНИ ТОЉИК МАШЌ МЕКУНАНД Зиёд мешунавем, ки сарњади Тољикистон ноором аст. Мегўянд дар наздикии сарњади Тољикистон бо Афѓонистон Толибони бисёр љамъ шудаанд. Вале "шарики стратегиамон" - Русия нерўњои низомии худро аз Кўлоб, ки ба сарњад наздиканд, ба Лоњур бурд. Яъне русњо моро бо тањдидњои нав танњо гузоштанианд? Ва боз хабарњое пањн шуданд, ки русњо бо Толибон гуфтугў доранд. Ин њама чї маъно дорад? Рўзимади ТОЊИР, омўзгори мактаби №1, ноњияи Восеъ Дар њаќиќат моњи ноябри соли 2015 полки 149-уми пойгоњи низомии 201-и Русия аз шањри Кўлоб ба Лоњур интиќол ёфта буд. Аммо баъдтар гуфтанд, ки ин нерўњоро аз шањри Кўлоб ба гўшаи дурдасттаре равон мекунанд. Баъд чї шуд, хабари дигаре нест. Мутаассифона дар пойгоњи низомии Русия ба хабарнигори мо муяссар нашуд, ки ба ин саволи Шумо посухи мушаххас дарёбад. Дар сафорати Русия низ ин мавзўъро шарњ додан нахостанд. Зимнан хабарњои дигаре дар ин радиф пайдо гардид. Аз љумла, тибќи ин ахбор низомиёни Тољикистону Русия дар Вилояти мухтори кўњистони Бадахшон тамриноти муштарак барои нобудсозии љангљўён баргузор мекунанд. Генерал-полковник Владимир Заруднитский, фармондењи нерўњои Округи њарбии марказии Русия эълон доштааст, ки дар ин тамринот њудуди 1 њазору 500 нафар аз њарбиён ва 500 техникаи њарбї ширкат хоњад кард. Баргузории тамрини њарбии муштарак дар моњи март ба назар гирифта шудааст. Машќи муштараки нерўњои Тољикистону Русия дар ноњияњои наздисарњадї бо Афѓонистон гузаронда мешавад. Дар ин машќњои низомї нерўњои ду кишвар њамкории мутаќобила, мавќеъгирии муштарак барои нобудсозии гуруњњои мусаллањи ѓайриќонуниро дар шароити кўњиро машќ хоњанд кард. Дар њамин њол, ин генерали рус хабар додааст, ки воњидњои кории нерўњои њарбии рус дар пойгоњи низомии кишвараш дар Тољикистон коњиш хоњанд ёфт. Ба гуфтаи ў, пойгоњи низомии 201 ба "бригадный штат" табдил меёбад. Ин тасмим сифати омодагии нерўњоро баландтар хоњад кард,албатта бидуни аз даст додани тавоноии он. Вазифаи пойгоњи њарбї чун форпости Русия дар Осиёи Марказї чун кафили сулњ ва суботи минтаќа бетаѓйир боќї хоњад монд, - гуфтааст Заруднитский. Аммо ў дар бораи теъдоди воњидњое, ки дар Тољикистон ихтисор мешавад, хабар надодааст.
Мењмон: Киматашро. Писар: Хунук ё гарм? Мехмон: Гарм. Писар: Дар пиёла ё дар чойник? Мехмон: Дар чойник Писар: Дар чойники калон ё майда? Мењмон: Дар њеч кадомаш! Об биёр! Писар: Љушидагї ё не? Мехмон: Чушидаги. Писар: Дар чойник ё дир пиёла? Мехмон: Хозир мезанамат! Писар: Бо мушт ё бо лаѓад? Мењмон: Њайвон! Писар: Хар ё саг? Мењмон: Гум шав аз пешам! Писар: Давида ё охиста? Мехмон: Хозир мекушамат! Писар: Буѓї карда, ё бо кордча? Мењмон:Дилам зад аз дасти ту! Мемурам! Писар: Духтурро љеѓ занам ё беморхона барам?
ЭЪЛОН АЗ ЭЪТИБОР СОЌИТ ДОНИСТА ШАВАД ЉДММ "Гален" (Љолинус) Р.М.А. 037216083 аз 10.08.2010 сол бинобар сабаби гум шудани муњр ва сика ва шањодатномаи андоз аз арзиши иловашуда U02 - 00886 аз 25.08.2010 сол аз эътибор соќит дониста шавад.
ДАСТИ ЁРЇ БАРОИ ОНЊОЕ, КИ БА ТАЌДИРИ ИНСОН БЕТАРАФ НЕСТАНД! Дўстони мењрубон ва ѓамхор! Бо хоњиши кўмак ба Шумо мурољиат мекунем! Аз Шумо лутфан илтимос мекунем, то ба њалли мушкили мо бетараф набошед, барои наљоти Ќурбоналї Сайидов кўмаки худро дареѓ надоред. Камтарину оддитарин ёриатон барои наљоти писарамон ќобили ташаккур аст. Писрам Ќурбоналї Сайидов соли 1988 ба дунё омад ва аз замони тифлї маљруњ аст. Ташхиси тиббии ў: микросфалиябо гемипарези самти рости синдроми ташаннуљ бо таъхири рушди зењнї дар гуфтор (микроцефалияс правосторонним гемипарезом судорожным синдромом с задержкой психоречевогоразвития) мебошад. Оилаи камбизоати мо тавони таъмини њамаљонибаи писарбачаи маљруњро надорад. Барои парастори ў мо њамеша муњтољи воситањои гигиенї мебошем. Танњо дар як рўз ба на камтар аз 5 адад пушак (подгузник) ниёз дорем. Дар бораи хариди доруњои маври-
ди ниёз њољат ба њарф нест, умуман тавони молиамон намерасад. Писарбача бо аробаи дастисохт њаракат мекунад ва аз сохтусози нољўри он њамеша изњори нороњатї дорад. Аз фаќру нодорї мо наметавонем аробаи тавлиди корхонањои аробасозї барои маљруњонро бихарем. Дар бораи дарёфти таљњизоти махсус ба хотири њифзи саломатии писарбача њољати гап њам нест. Мо њамеша бо ўем ва талош мекунем ин нороњатиро њисс накунад, вале на њамеша ин ба мо даст медињад. Азизон! Аз ин мусибати мо дар канор набошед. Мо танњо бакўмаки инсонњои наљибу саховатпеша ва савобљў умед дорем. Хоњишмандем њар касе чї ёрие метавонад, бигзор ба андозаи харидории як пушак њам бошад, кумакашро дареѓ надорад! Иртиботњо бо волидони писарбача: тел.: (+992)907 81 44 55, (+992)93 555 65 61 Раљабалї Сайидов Дар Фейсбук: Ќурбоналї Сайидов Суроѓа: Љумњурии Тољикистон, ноњияи Рўдакї, љамоати Чоргултеппа, дењаи Бањористон
НАХОД? "ГЕНЕРАЛ-МАЙОР" БА 10 СОЛ ЗИНДОН МАЊКУМ ШУД Як замон дар телевизион нишон доданд, ки як нафар худро корманди коррупсия муаррифї карда, аз мардум бо фиреб пули зиёде гирифтааст. Наход ин фасодкор "аз об хушк баромада" бошад? Ф. Љумъаев сокини пойтахт Тибќи хабарњои ахир додгоњи шањри Ќўрѓонтеппа Мањмадалї Давлатшоев, сокини 36-солаи љамоати "Заргар"-и ноњияи Бохтарро, ки худро худро генерал-майори Кумитаи федеролии мубориза бо фасоди Русия муаррифї карда ва аз сокинони минтаќа маблаѓњои калон ба даст меовардааст, барои дањ сол равонаи зиндон кард. Њукми додгоњ нисбати Мањмадалї Давлатшоев њафтаи гузашта содир шудааст. Ба гуфтаи манбаъ, њукми додгоњ дар нисбати Мањмадалї Давлатшоев то кунун ба њолати иљро надаромадааст ва наздикон ва вакилони дифони мањкумшуда њаќ доранд, ки аз болои ин њукм ба зинањои болоии додгоњ, шикояти кассатсионї баранд. Мањмадалї Давлатшоев дар таърихи 10-уми сентябри соли 2015 ва тибќи шикояти 8 нафар аз сокинони вилоят аз сўи Ољонсии мубориза бо фасод боздошт шуда буд. Маќомоти Ољонсии мубориза бо фасод он замон гуфта буданд, ки пули ба таври ќаллобї рўёнидаи Мањмадалї Давлатшоев аз 8 сокини вилояти Хатлон 15 њазор доллар амрикоиро ташкил медињад. Он замон гуфта мешуд, ки дар сурати исбот шудани иттињом алайњи Мањмадалї Давлатшоев, ќонун барои ў љарима дар њадди аз 500 то 800 андозаи маоши њадди аќал ва ё то се сол мањрумият аз озодиро пешбинї мекунад. Аммо њоло додгоњ Мањмадалї Давлатшоевро ба дањ соли зиндон мањкум кардааст. Вале маълум нест, ки ин фард чї гуна санади "генерал-майорї"-ро ба даст овардааст ва њамин тавр чигуна мардум ба ин содагї ба доми ў афтодаанд. Гуфта мешавад, Мањмадалї Давлатшоев корманди Комиссияи љамъиятии зидди фасод умумирусиягї дар шањри Ќўрѓонтеппа будааст. Аммо Азизуллоњ Ќурбонов, як масъули Ољонсии мубориза бо фасод дар Хатлон инро рад карда, гуфтааст ин љамъият солњост, ки бо ќарори додгоњ дар Тољикистон фаъолият намекунад.
ХЕЛЕ ГАРОН
“НИГОЊ”, ЧОРШАНБЕ №44 (477), 3. 02. 2016
ЧЕЊРА ДАР ЗИНДАГИИ БАЪДЇ Дар зиндагии баъдии худ, Ман духтари як марди китобдорам, марде шабењи падарам... Духтари модаре, ки мењрубон аст, ангор модари худам, Хоњари духтароне нозанин чун хоњарони ман, Хоњари бародарони дўстдоштанї, Монанди Аливу Комї... Холаи бародарзодањои кучулу номашон Бењону Шерон, Дўстдухтари нози шеър барои њамеша... Аммо маъшуќаи марде, ки шоир аст, Барои ман њар субњ ёсуман меорад, Дар замини лабонам гули бўса мекорад... Ва шеъри сапед менависам дар баёзи гарданаш: Танњо аз ту, Маъшуќаи ту хоњам буд... Дар зиндагии баъдии худ, Ман МОДАР хоњам шуд, Модари тифле фариштахў, Модари духтараке тиломў, Модари бачае зеборў, Модари ду кўдаке, ки паси домонам нињон мешаванд Ва ман мегўям: паричањои ман ку??? УМАР, МОРО БУБАХШ… Умар, эй кўдаки маъсуми тољик, Умар, эй сарнавишти шуми тољик. Умар дар сарзамини барфу борон, Муњољирбаччаи рањгуми тољик. Умар, эй шоири шеъре нагуфта, Дигар дар оѓўши модар нахуфта. Умар, ман мутмаинам ин њаќикат, Пайи зулми фашистонро наруфта.
Адибаи Азиз 30-юми январи соли 1978 таваллуд шудааст. Соли 1995 мактаби тањсилоти миёнаи умумии №3 - и шањраки Обигармро бо медали тилло хатм карда, соли 2001 бахши рўзонаи факултаи журналистика ва тарљумонии ДМТ ва соли 2013 аспирантураи Пажўњишгоњи забон, адабиёт, шарќшиносї ва мероси хаттии ба номи Рўдакї, Академияи Илмњои Љумњурии Тољикистонро ба итмом мерасонад. Феълан дар арафаи њимояи рисолаи илмї ќарор дорад. Узви Иттифоќи журналистон, узви Иттифоќи нависандагони Тољикистон. "Аълочии матбуоти Љумњурии Тољикистон", "Аълочии фарњанги Љумњурии Тољикистон". Китобњои нашршудааш: "Сад барги њиљрон", 2007, Душанбе, "Паррандањои ќафасї", 2008, Москва, "Тулўъ дар бандар", 2009, Душанбе, "Заршохањои ишќ", 2011 ва соли 2012 ба хатти порсї баргардон шудааст. "Шањри зумуррудгун", 2013, Душанбе. Њамчунин дар пойи як достоне бо номи "Шаќоиќи вањшї" нишастааст.
Хешро аз ѓусса сархуш мекунї. Љомро то ќатрањои охирин, Ай пушаймон, аз ѓурури нозарур, Ќиссаи ишќи ѓамангезу навои рафтаро, Аз дилат гўш мекунї, Хастаї, Бишкастаї, Бодаро нўш мекунї.
Умар аз рафтанат тўфони ѓам шуд, Садаф аз бањри рањмат боз кам шуд. Маро ин марги берањмонаи ту, Хате нав дар љабинам тоза зам шуд. Умар, марги ту- марги орзуњост, Далели рафтанатро љўстуљўњост. Худо медонаду он вањшиёнаш, Барои љисму љонат гуфтугўњост.
ИЛЊОМ АЗ МАРСЕЛ ПРУСТ
Умар, моро бубахш, мо нотавонем. Њанўзам давлати хеле љавонем. Дар ин ѓурбатсаро афтону хезон, Ба дунболи адолат мо равонем.
Се суоли «Нигоњ» ба шоир Адибаи Азиз - Агар худатон намебудед, кї будан мехостед? - Ман худамро ба ѓайр аз худам берун тасаввур намекунам. Аммо њар кї мешудам, њатман шоир будам. - Бо шунидани номи кадоме аз шахсиятњои таърихї эњсоси нафрат дар вуљудатон бедор мешавад? - Надежда Крупская! Як бонуе, ки тамоми њастияшро ба зери сояи доњии ваќт бурд. Бону бояд "ман"и худро дошта бошад, ба хељ ваљњ унвони "њамсари фалонї"-ро нагирад. - Тасаввур кунед, ки бо Њазрати Муњаммад (с) вохўрдед. Аз ў чї мепурсидед? - Суоли бањсбарангез аст, аз лињози динї. Бо иљозат онро иваз мекунам. Агар ман њазрати Бурхро бубинам, дасташро рањо накарда, мегўям: Чашмонамро баргардон!
ВИДОЪ Аз канорат меравам, Хушбахт бош! Гўшии манро фаромуш мекунї, Баъди чанде вожањои фейсбук, Акси хонуми дигар, Њарфи хонуми дигар, Лайк мемониву... Бо хамон сабки ќадимї, Шамъро оњиста хомўш мекунї... Баъди чанде бо кадомин духтаре, Дар њавои сарди Рус туи кабак,
52 СИФАТИ "НИГОЊ" Мурод МУРОДЇ, профессор, мудири кафедраи матбуоти ДМТ
"ЊАЉВРО ШАКЛИ ЗАМОНАВЇ ДОД" "Нигоњ" дар низоми матбуоти хусусии Тољикистон симо ва мавќеи хоси худро дорад. Ин симою мавќеъро аз чанд љињат метавон бозгў кард. Якум, "Нигоњ" љуръати хеле баланд дорад ва объективона, љасурона ва дар заминаи факту далелњои муътамад ин ё он мавзўъро думболагирї мекунад. Дуюм, мавзўъњое, ки дар њафтаномаи мазкур мунташир мешаванд, бештар мавзўъњои муњим, мубрам ва дар айни замон дархўри љомеа њастанд. Сеюм, "Нигоњ" дар сафњањои 15 ва 16-и худ як навъ фазои холии публисистикаи њаљвии моро пурра кардааст. Бахусус матолибе, ки дар сафњаи 16 нашр мешаванд, як навъ шакли замонавии маводи њаљвие њастанд, ки мушкилот, камбудї ва норасоињои иљтимоиро хеле пардапўшона, моњирона ва барљой мавриди баррасию инъикос ќарор медињад.
Муњаррир: Абдуазим Љўраев
Њафтанома дар Вазорати фарњанги Љумњурии Тољикистон ба ќайд гирифта шудааст.
МУАССИС: Созмони љамъиятии «ИНДЕМ» («Информатика барои демократия ва рушди миллї»).
Котиби масъул: Абўалї НЕКРЎЗОВ nigoh_tj@inbox.ru
Шўъбаи иттилоот ва сиёсат тел: 600 80 38 Шўъбаи тањќиќот ва тањлил тел: 600 80 38 Шўъбаи иљтимоъ ва иќтисод тел: 600 80 39 Шўъбаи реклом ва огоњиномањо тел: 98 560 86 85
МАНГАР, КИ КЇ МЕГЎЯД...
16
Шавкат БОБОЗОДА, вазири саноат ва технологияњои нави Тољикистон: - Соли гузашта њаљми истењсоли тиллоро бо килою грамаш гуфтему дар бало мондем. Дар ин бора танњо тавассути мактуби расмї иттилоъ медињем.
- Офарин, љаноби вазир! Њамин мактуби расмї људоям технологияи нав гўед. Сарвиноз ЮСУФЇ, овозхони тољик: -Имсол тўю маросим камтар буд. Мардум дар пайи бўњрон мушкил доранд ва кори мо њам аз онњо вобаста аст. Дар мо барои истифодаи суруд дар радио ва телевизион пул пардохт намешавад ва ягона манбаи даромади мо њамин тўю маъракањо аст, ки њоло дигар хеле каманд. - Ња, ба ќадри муњољирону пулашон, ки нарасидед, имсолу соли дигар њатман бо тамошобину раќќосњои мансабдоратон ба кўњи ќоќак зор мешавед -де, хоњарљон! Нусратулло ДАВЛАТЗОДА, раиси Кумитаи андоз: -Ин бањо нисбї буда, интихоби андозсупорандаи бењтарин мушкил шудааст, чун дар кишвар ёфтани андозсупорандае, ки ягон камбудї надошта бошад, хеле душвор аст. - Бо ин сиёсате, ки кумитаи шумо дорад, андозсупорандаи зиндаро ёфтан, худаш хеле гап! Њоло њам, ки дер нашудааст, монеъ нашаведу њукумат ба њамаи боќимондањо ордени "Динозаври аз давраи раисии Давлатзода зинда монда" дињад. Исмоил ТАЛБАКОВ, муовини раиси Њизби коммунисти Тољикистон: -Њизби минтаќавии Ќўрѓонтеппа дар њукумати вилоят буд ва бо мувофиќа ба Донишкадаи энергетикї бурда шуд. Ин роњи судї надорад, њамон бинои њукумати вилоят бинои Њизби коммунистии Тољикистон буд. Чун фармони президент дар бораи милликунонии моликияти њизб шуд, њизби мо њамонљо ќарор дошт, аммо баъди маслињат, ба донишкада рафтем. - Бобои Исмоил, хеле шуд, ки њамада бару бирай, њизбтону хутон дар чое, чї кор мекуне! Назар ОДИНАЗОДА, муовини раиси Хадамоти зиддиинњисории Тољикистон: - Њадафи дар дохили "Тољиктелеком" ташкил намудани Маркази ягонаи коммутатсионї ин монополия набуда, барои таъмини амният аст. -Мефањмем, амнияти пуливу молии Бек Сабурич барои њамаи миллат заррур аст. Боз нагўянд, ки ќудои фулонї аз гушнагї бемадор шуд, ё сохтмонњояшро ќатъ кард.Бигзор бошад, мо муќобил будагимон не. Гулнора ЊАСАНЗОДА, раиси Ољонсии омори Тољикистон: -Дар соли 2015 ба кишвар воридоти орд назар ба соли 2014, 17% камтар шудааст, аммо воридоти гандум ба кишвар 10,8 %нисбат ба соли 2014 зиёд гардидааст. Бояд мо њаминро ќайд кунем,ки мо гандумро ба кишвар ворид намуда, онро орд карда, ба фурўш мебарорем. - Њамин "ќайд карданатон" ягон зарурат надошт, чун њама медонанд, ки агар њамаи гандуми воридшуда орд шавад, мурѓу говњои Алимардонов хока мехўранд. Рамазон РАЊИМЗОДА, вазири корњои дохилаи Тољикистон: - Дар забони ноби тољикї вожаи "ѓалтид" дуруст нест ва бояд "афтид" истифода бурда шавад! - Э, комиш бо ѓалтид гуфтестай?! Ње, садќаи нони Душанбе шавае: не, соњиби котељ шудї, љип дар таги пот, сум проблема нест, касеро хоњї, шаташшап кеси, э, мемурї, забони нофи тољикира ёд гирї!
Дар њафтанома матолибе низ ба нашр мерасанд, ки бо мавќеи идораи он муѓойират доранд. Дар шумора аз аксњое њам аз Шабакаи љањонии Интернет истифода шудааст. Матолиби хусусияти таблиѓотидошта ® метавонанд танњо бо пардохти муайян дар њафтаномаи «Нигоњ» нашр шаванд. Барои дар дигар нашрияњо пурра ё ќисман чоп кардани матолиб ва иќтибосњо аз «Нигоњ» иљозаи хаттии идора ва нишон додани сарчашма дар шакли «аз њафтаномаи «Нигоњ» №_ аз санаи _» њатмист. Њуќуќи муаллифии кулли матлабњои шумора ба идораи њафтаномаи «Нигоњ» ва СЉ «ИНДЕМ» тааллуќ дошта, тибќи ќонунгузории љории Тољикистон ва байналмилалї њифз карда мешаванд. Дар њолати наќзи "Меъёрњои ахлоќии фаъолияти журналистї дар Тољикистон" аз љониби нашрияи мо, бо арзу шикоят метавонед ба Шўрои воситањои ахбори оммаи Љумњурии Тољикистон (Шўрои ВАО - и ЉТ) мурољиат намоед.
Ќимати рўзнома дар фурўши чакана на беш аз 2,5 сомонї Њафтанома дар нашриёти «Мега-принт» чоп мешавад. Ќимати обуна барои як сол - 96 сомонї. Индекси обуна: 68990 НИШОНИИ ИДОРА: Љумњурии Тољикистон, шањри Душанбе, кўчаи Лоиќ Шералї, хонаи 77. Телефон: (44) 600 80 38, 224 25 09