Дабираи порсї, обишхури забони мо
“НИГОЊ”, ЧОРШАНБЕ №45 (376) 5. 02. 2014
1
Борњо гуфтаему боз мегўем, ки аз рўзгори мањрум мондани тољикони шўравї аз хатти миллии худ бад-ин сў мавзўъи бозгашт ба он хат дар миён буда ва хоњад монд... САЊИФАИ 7 №45 (376). Чоршанбе, 5-уми феврали соли 2014
ШОУБИЗ
Садриддину Бањромро кї љанг меандозад? САЊИФАИ 9
МАРДИКОРБОЗОР
Таъини роњбарону "дарди сар"- и мардикорон САЊИФАИ 11
29-уми январ Амонуллои Њукуматулло, рањбари КВД "Роњи оњани Тољикистон" хомўшии тўлониашро шикаст. Дар мулоќот бо рўзноманигорон на танњо дар бораи ќазияи пурњангомаи писарбузургаш дар ду соли ќабл, балки дар бораи садамаи писари дигараш вокуниши тунд нишон дод. Гузашта аз ин, мухотабонашро тањдид карда, паёмњои ошкору нињоне ба нухбагони сиёсии кишвар равон намуд. Ба ќавли мардум, Њукумов кафид. Кафиду баъди он аз вазифа барканор шуд. Имрўз 4-уми феврали соли 2014 Эмомалї Рањмон ахиран фармони аз вазифа барканор кардани Хукумовро имзо кард.
Дањонкалон ТАХТАИ СИЁЊ
Мусулмон ва номусулмон САЊИФАИ 12
ПУРБИНИ «НИГОЊ»
Пулњои Зайд Саидов ва РОКу РЭПи тољикї
"БОЗГАШТ"-И ГЕНЕРАЛ Шералї Хайруллоев чаро ба Эмомалї Рањмон даркор шуд? САЊИФАИ 2
САЊИФАИ 16
2
МАВЗУИ АСОСЇ
“НИГОЊ”, ЧОРШАНБЕ №45 (376) 5. 02. 2014
"БОЗГАШТ"-И ГЕНЕРАЛ Шералї Хайруллоев чаро ба Эмомалї Рањмон даркор шуд?
Эмомалї Рањмон, президенти Тољикистон, 25 январи соли равон Шералї Хайруллоев, собиќ вазири дифоъро ёвари худ дар масъалањои амнияти миллї таъин кард. Ба ин таъинот касе эътибор надод. Воќеан, як таиноти маъмулист. Аммо зоњиран. Дар асл њамчунин вазифа "ёрдамчии Президенти Љумњурии Тољикистон оид ба масъалањои амнияти миллї" вуљуд надошт ва онро эљод карданд. 18 январ Эмомалї Рањмон бо як фармон чанд бахши Дастгоњи иљроияи президентро барњам дода, чанд раёсати нав таъсис дод. Он рўз аз љумла институти мушовирии президент њам барњам хўрд. Ба љои он њайати ёварон иборат аз 5 нафар - дар масъалањои иќтисодї, робитањои хориљї, кадрњо, рушди иљтимої ва робита бо љомеа ва њуќуќї муайян шуданд. "Ёрдамчии Президенти Љумњурии Тољикистон оид ба масъалањои амнияти миллї" дар ин байн набуд. Ин "иштибоњ" гўё ислоњ шуд. 4 феврал маркази матбуоти Президенти Тољикистон хабар дод, ки "ёрдамчиёни президенти Тољикистон" - Эркин Рањматуллоев (сиёсати хориљї), Сайидмурод Фаттоев (равобит бо љомеа), Шералї Хайруллоев (масоили амниятї), Абдуљаббор Азизов (сиёсати кадрї) ва Фаррух Њамраалиев (масоили иќтисодї) ба фаъолият шурўъ карданд. Тавре дида мешавад, дар ќиёс бо хабари ќаблї ба љои ёвари масоили њуќуќї ёвари масоили амниятї зикр мешавад. Маълум, ки таѓйири фикр шудааст, ё дар оѓоз иштибоње буд. Бо ин њама, "ёвари масоили амнияти миллї" - вазифае барои генерал Хайруллоев аст, ё худи президент?
"Намояндаи махсус" Дар асл Шералї Хайруллоев ба иљрои вазифањояш њанўз, мешавад гуфт, ки таъин нашуда, шурўъ кард. Ў бадоњатан ба Исфара рафт. Дар музокироте, ки 28 ба 29 январ дар Исфара миёни Ќирѓизистону Тољикистон сари масоили марзї сурат гирифт, Шералї Хайруллоев минњайси намояндаи вижаи президенти Тољикистон муаррифї шуд. Пас аз музокирот ў бо иттифоќи як чењраи дигари мавриди таваљљўњи љомиаи Тољикистон - Шоњ Искандаров, ки дар асл сарвари шўъбаи милисаи шањри Турсунзода аст, бо сокинони дењоти Хољаи Аъло ва Ворухи ноњияи Исфара мулоќот анљом дод. Мањз дар ин мулоќотњо маълум шуд, ки Тољикистон аз Ќирѓизистон хостааст фосилаи 4,5 километраи байни Хољаи Аъло ва Ворух бо пањнои 500 метрро бар ивази сохтмони роњи Кўктош Оќсой - Тамдиќ хостааст. Ин аввалин пешнињоди воќеї дар музокироти Тољикистону Ќирѓизистон буд, ки ба гумони бархењо, аз намунањои музокирасозии генерал Хайруллоев буд. Зимнан, дар њаводиси Тавилдараву Рашт ва Бадахшон Шералї Хайруллоев бо иттифоќи Шоњ Искандаров музокиракунандагони њукуматї буданд, ки бо гурўњњои даргир сари як миз менишастанд. Њељ яке аз генералњои њукумати Эмомалї Рањмон ин масъулиятњоро ба зимма гирифта наметавонист ва шояд дар асл уму-
«
ман наметавонист ин гуна масъалањоро њал кунад. Шералї Хайруллоев, ки дар доирањои тањлилгарон бештар њамчун "нафари Русия" шинохта мешавад, аз њама ќазияњои бузурги амниятиву сиёсии солњои ахир њукумати Эмомалї Рањмонро ба саломат берун овард. Ин як даъвои пуч нест. Ба љуз Бадахшон, дар Тавилдараву Рашт амалиётњои њукумат муваффаќ буданд ва њадафњо ба даст омаданд. Амалиёти Бадахшон амалан ба нафъи њукумат тамом шуд. Ва дар сурати набудани Шералї Хайруллоев шояд ранги дигар мегирифт ва ба оќибатњои бадтар меовард. Даќиќан, на хубтар. Хуб ин бањси дигар аст ва тањќиќу ваќти бештарро мехоњад. Аз ин хотир, ба "љабњаи марзї" фиристодани Шералї Хайруллоев бењуда набуд ва тавре дида мешавад, музокирот ба марњалаи амалї гузаштааст. То ин дам низ генералњо сари кор буданд ва тавре бармало дида мешавад, натиљае набуд. Њоло далел ин, ки натиља њаст. Ва дар ин сањми Шералї Хайруллоев дида мешавад. Бидуни бањс.
"Нафари Русия" Генерал Хайруллоев барои Эмомалї Рањмон шахси муњим буду њаст. Ваќте, даќиќан, 20 ноябри соли 2012 ў аз вазифаи вазири дифоъ сабукдўш шуд ва ба љояш Шералї Мирзои 46 - сола омад, иддае
Касе инкор карда наметавонад, ки ќирѓизњоро русњо "бод" медињанд. Бењуда нест, ки пас аз сафари пинњонии Николай Бордюжа, дабири кулии СПАД (ОДКБ) Ќирѓизистону Тољикистон њам сари музокирот нишастанд, дар њоле ки то ин дам, бахусус, Ќирѓизистон, ба намоиши зўри низомї гузашта буд.
«
њадс заданд, ки акнун ваќти истироњати генерал расид. 18 сол - аз соли 1995 то 2013 - аз љанги шањрвандї то њаводиси Бадахшон - ў ин нињоди муњимро рањбарї кард. Ва њоло дида мешавад, ки њанўз рисолати генералро тамомшуда щисоб намекардаанд. Пўсткандаи гап, касе љойгузини ў дар сиёсатњои амниятии Тољикистон шуда натавонист. Аз ин хотир, эљоди як вазифа барои ў кори содда аст, аммо зарурї, њатто иљборї. Аз љониби дигар, Ќирѓизистон як кишвари парлумонї ва таври маълум, дасти Русия дар ин кишвар хеле ќавї аст. Баъид нест, ки дар бањсњои марзї ва "воњимањои низомї" - и ин кишваре, ки соли 1999 њатто ба чанд дањ љангии Њаракати исломии Ўзбакистон натавонист коре кунад ва њам чанд инќилобро бо таъсири хориљї аз сар гузаронд, дасти русњо ќавї буду њаст. Касе инкор карда наметавонад, ки ќирѓизњоро русњо "бод" медињанд. Бењуда нест, ки пас аз сафари пинњонии Николай Бордюжа, дабири кулии СПАД (ОДКБ) Ќирѓизистону Тољикистон њам сари музокирот нишастанд, дар њоле ки то ин дам, бахусус, Ќирѓизистон, ба намоиши зўри низомї гузашта буд. Забони низомиёни русро Шералї Хайрулоев надонад, каси дигар дар Тољикистон намедонад. Илова бар ин, соли равон соли хуруљи нерўњои хориљї аз Афѓонистон аст. Мебароянд, намебароянд, аммо њамин тавр мегўянд, вале кї гуфта метавонад, ки сенарияњои аз ќабл эълоншуда (вуруди љангиёну љангњои марзї ва ѓайра) дар робита ба ин хуруљ барои Осиёи Марказї, пеш аз њама Тољикистон, ба марњалаи амал намедароянд? Хулоса, бозгашт муборак, генерал! Фаромарзи ФОЗИЛ
СИЁСАТИ КАЛОН
“НИГОЊ”, ЧОРШАНБЕ №45 (376) 5. 02. 2014
3
БАРКАНОРИИ МУОВИНИ РУСТАМИ ЭМОМАЛЇ Ашўралї Мирзоев, муовини сардори Хадамоти гумруки назди Њукумати Тољикистон бо ќарори Њукумати Тољикистон, баъди њамагй ду моњи фаъолият дар ин вазифа барканор гардид. Дар ин бора як манбаъи TojNews хабар дод. Ба гуфтаи манбаъ Ашўралї Мирзоев имрўз, 4-уми феврал дар баробари Амонуллои Њукуматулло, рањбари КВД "Роњи оњани Тољикистон" аз вазифааш гирифта шуд. Аммо дар бораи барканории Ашўралї Мирзоев дафтари матбуоти президенти Тољикистон аз пахши хабари расмї бинобар сабабњои номаълум худдорї кардааст. Барканории Ашўралї Мирзоев дар пайи боздошти полковник Анвар Хољаев, сардори дидбонгоњи гумрукии "Терминал"-и Раёсати минтаќавии гумрукї дар шањри Душанбе ва Шарифхон Носиров, сарнозири дидбонгоњи гумрукии "Регар"-и Раёсати минтаќавии гумрукии шањри Турсунзода сурат мегирад. Ин ду корманди Хадамоти гумрук барои барќарор намудани як нафар собиќ корманди Хадамоти гумрук ба љойи кори пешинааш аз ў 15 њазор доллари ИМА талаб мекунад. 21-уми январ њангоми гирифтани 13 њазор доллар полковник дар шањри Душанбе боздошт мегарданд. Тибќи маълумоти расмї, ки дар манзили истиќоматии боздоштшудањо кофтукоб гузаронда шуда, зимни гузаронидани корњои тафтишотї аз манзили истиќоматии Хољаев Анвар бо маблаѓи зиёда аз 218 000 њазор доллари амрикої ва як адад љевони оњанин
(сейф) дарёфт кардаанд. Њангоми азназаргузаронии љевон дар дохили он зиёда аз 13 њазор сомонї, њудуди 17 њазор доллар, беш аз 1900 евро пули наќд ва њамзамон бештар аз 778 њазор доллари амрикої њуљљатњои бонкии пасандознамудаи Анвар Хољаев дарёфт ва мусодира шудааст. Бар замми ин, њангоми кофтукови манзили боздоштшуда тирдон ва тирњои яроќи оташфишон, њамчунин 74 номгўй љавоњирот пайдо кардаанд. Ин ќазияро њафтаномаи "Нигоњ" (№44(375) аз 29-уми январи 2014) бо тафсилоти бештар нашр карда буд. Ашўралї Мирзоев аз шогирдони собиќ садори Хадамоти гумрук Гурез Зарипов дониста мешавад. Пеш аз рафтан ў барои худ љойгузин интихоб кард: Сардори Раёсати ташкили мубориза бар зидди њуќуќвайронкунињои гумрукии Хадамот Ашўралї Мирзоев. Ин кадр ба њама талаботи элитаи њозира љавовгў менамояд: аз нигоњи молї боќувват, географияаш муносиб, таљрибаи корї њам дорад.
Рушди карйера, ё мансабивазкунињои Ашуралї Мирзоев дар чанд соли ахир, бахусус дар ду соли гузашта, хеле чашмрас будааст. Аввалњо дар вазифаи сардори шўъбаи Агентии назорати давлатии молиявї ва мубориза бо коррупсия дар шањри Душанбе кор мекард. Баъдан, сардори Раёсати пешгирии коррупсия дар њамин Агентї таъин мешавад. Дар ин вазифа зиёд кор накарда, бо пешнињоди Президент ва тасдиќи вакилон дар моњи ноябри соли 2012 сараудитори Палатаи савдо таъин гардид. Фаъолияташ дар ин нињод њамагї чанд моњ идома ёфт.
МУСОДИРАИ БИНОЊОИ ПИСАРИ ЗАЙД САИДОВ Суди иќтисодии Тољикистон даъвои Агентии назорати давлатии молиявї ва мубориза коррупсяиро дар бораи мусодираи бинои як ошхона ва як маѓозае, ки ба Хуршед Саидов, писари Зайд Саидов, соњибкори мањкумшудаи тољик тааллуќ дошт, ќонеъ карда, биноро ба вазорат баргардонд. Дар ин бора Фаттоњ Саидов, раиси агентї иттилоъ дода гуфт, ќарори суди иќтисодиро дар ин бора дастрас кардааст.
Гуфта мешавад, ЉСК "Тољикатлас", ба фоидаи давлат мусодира шуда, иншооти дигаре, ки ба Зайд Саидов марбут дониста мешаванд, феълан дар баррасии судї ќарор доранд. Фаттоњ Саидов гуфт, моњњои наздик бояд ин ќазияњо њалли худро ёбанд. Мо санљиши бахши иќтисодии Зайд Саидовро нав шуруъ кардем ва дар ин самт аллакай панљ паарвандаи нав нисбат ба ин ќазияњо оѓоз шудааст, ки ба моликияти ў рабт доранд. Ёдрас мекунем, Агении давлатии назорати молиявї ва мубориза бо коррупсия ба Суди иќтисодии Тољикистон даъво бурда, талаб карда буд, ошхонаи бинои Вазорати энергетика ва саноат, ки ба Хуршед Саидов, писари Зайд Саидов тааллуќ дорад, ба ин вазорат баргардонда шавад. Дар робита ба ин ќазия њамсари собиќи соњибкор Латофат Тоњирова ба
суд даъват шуда, њамчунин гуфта мешуд, дар ќазияи мазкур, њамчунин Гул Шералї, ки аз соли 2006, то соли 2013 вазири энергетика ва саноати Тољикистон буд, ширкат дорад. Агентї алайњи њалномаи суди иќтисодии шањри Душанбе шикоят бурда буд, ки соли 2012 ин ќазияро ба фоидаи фарзанди Зайд Саидов њал карда буд. Бинои мавриди бањс маротибаи аввал соли 1999 хусусї шуда, ба Саидањмад Халифаев ном шахс тааллуќ доштааст. Онро соли 2007 Латофат Тоњирова, њамсари собиќи Зайд Саидов харида ва сипас ба фарзандаш - Хуршед Саидов њадя кардааст. Соли 2012 Агентї ба суд даъво мебарад, ки бино ба њолати аввалааш баргардонда шавад. Аммо бинобар сабаби гузаштани муњлати даъво шикояти Агентї аз љониби суди иќтисодии пойтахт рад карда шудааст. Ин ќазия бинобар он ки дар он номи Зайд Саидов вуљуд надорад, дар мурофиаи судии соњибкори шинохта баррасї нашудааст.
Акнун агентии мубориза бо коррупсия даъво дорад, ки њукми соли 2012 бекор шуда, бино ба њолати аввала баргардонда шавад. Ин дар њолест, ки ахиран вакилони Зайд Саидов аз кўшиши ѓасби моликияти зерњимояашон хабар дода, ќисмати нињоии њукми Суди олиро нисбат ба соњибкор фош карданд, ки мусодираи моликияти ўро пешбинї мекунад. Адвокатњои Зайд Саидов мегўянд, суд масъалаи ба таври ѓайриќонунї љамъоварї шудани моликияти Зайд Саидовро баррасї ва муњокима накарда буд. Зиёда аз ин, моддањое, ки тибќи он соњибкорро муттањам кардаанд, ин меъёрро пешбинї намекунанд. Зараре, ки гўё Зайд Саидов дар натиљаи ќаллобї ва пора гирифтанаш расонидааст, суд 400 њазор доллар арзёбї кард, ки бояд соњибкор ин маблаѓро аз њисоби худаш пардохт кунад, на аз њисоби моликияти мусодирашавандааш, - мегўянд адвокатњо. Онњо гуфтаанд, дар њукми Суди олї, нисбати Зайд Саидов гуфта мешавад, ки моликият ба таври ѓайриќо-
Моњи апрели соли 2013 бо сабаби ба кори дигар гузаштан аз вазифаи сараудитор рафт. Дере нагузашта, дар вазифаи сардори Раёсати ташкили мубориза бар зидди њуќуќвайроникунињои гумрукї корро оѓоз кард. Дар њамон вазифае, ки Рустами Эмомалї ќабл аз муовини сардор таъин шуданаш, кор мекард. Дар ин вазифа то охири сол њам кор накард. 30юми ноябри соли гузашта бо сардори Хадамоти гумрук таъин гардидани Рустами Эмомалї Мирзоев муовини ў таъин гардид. Боз ба он курсие гузашт, ки мањз писари Президент менишаст. Азамати ВАЊЊОБ
нунї ба даст оварда шудааст, аммо маълум нест, ки инро суд чї тавр маълум кардааст. Ин масъала дар мурофиаи судї њатто баррасї нашуда буд. Ѓайр аз ин, моликияте, ки ба њабс гирифта шудааст, ба Зайд Саидов не, балки ба наздикони ў тааллуќ дорад. Ин ѓасби рўйирости моликият аз љониби маќомоти њукуматї аст, -гуфтаанд онњо. Агентии назорати давлатии молиявї ва мубориза бо коррупсия, Зайд Саидовро ба он муттањам карда буд, ки дар замони Вазири саноат буданаш 15 иншооти зеринро хусусї намудааст: ЉС "Абрешим", иншооти њавлии Вазорати фарњанг воќеъ дар хиёбони Рўдакии шањри Душанбе, Иттињодияи истењсолии "Тољикзаргарсаноат", бинои ошхонаи маъмурии собиќ Кумитаи давлатии саноатии Тољикистон, Корхонаи хурди "Лаъл", воќеъ дар шањри Душанбе хиёбони Рўдакї , ЉСШК "Тољикатлас" , ЉСК "Электроника-М" , комбинати маъдантозакунии "Такоб", иншооти сохтмонии нотамом воќеъ дар шањри Душанбе кучаи фотењ Ниёзї, Љамъяти муштараки Тољикистону Канадагии дорои масъулияташ мањдуд "Апрелевка", ЉСП "Табаррук", ЉСП КМ "Тољиказот", Комбинати фулузоти нодири шањри Ќайроќум ва ЉСШК "Комбинати фулузоти нодири Ленинободии"-и шањри Ќайроќум. Аммо наздикони Зайд Саидов мегўянд, на худи ў ва на хешу табори Зайд Саидов њич алоќае ба "Тољикзаргарсаноат", ЉДММ-и муштараки Тољикистону Канада "Апрелевка" ва ЉСШК "Комбинати фулузоти нодири Ленинобод"-и шањри Ќайроќум надоранд. Ибодуллоњ ТОЊИР
4
“НИГОЊ”, ЧОРШАНБЕ №45 (376) 5. 02. 2014
Моњинисо Бойматова, сокини шањри Конибодом мегўяд, њељ гоњ фикр намекард, ки рўзе мерасаду фарзандаш ўро ба суд дода, талаб мекунад, ки модар хонаро холї намояд кунанд, дар њоле ки дар рўзњои ќањратуни зимистон онњо бо ду фарзанди дигарашон љои рафтан надоранд.
БА МАН МОДАР ДАРКОР НЕСТ... "Аптека"-и бањсї миёни модару духтар Асли ќазия дар он аст, ки соли 2006 Моњинисо Бойматова сокини дењаи "Мањрам"-и љамоати дењоти Шарифови шањри Конибодом њамроњи шавњараш Юлчибой Бойматов ба њукумати шањри Конибодом ариза навиштанд, ки барои сохтани як дорухона ба онњо замин људо намояд. Аз сабабе ки духтари калониашон Заррина Бойматова, хатмкардаи бахши дорушиносии Коллељи тиббии шањри Хуљанд ва ба гуфтаи худашон корчаллон аст, аз номи ў ба њукумати шањр ариза пешнињод карданд. Њукумати шањри Конибодом баъди як сол соли 2007 дархости онњоро ќабул карда, барои сохтани дорухона ба онњо 6 сотих замин људо кард. Соли 2008 хонаводаи Бойматовњо ба сохтмони ин дорухона оѓоз карданд ва баъди 4 сол соли 2012 онро ба анљом расониданд. Барои сохтани дорухона маблаѓи калон лозим буд. Ба њамин хотир Моњинисо Бойматова ними њавли-
ашро барои сохтани ин дорухона фурўхт. Ў наќша дошт, ки бинои дорухонаро дуошёна сохта, дар ќабати аввал дорухона ва дар ошёнаи дуввум худаш бо фарзандонашон истиќомат мекунад. Моњи марти соли 2013 аз бонк ќарз гирифта, кори дорухонаро оѓоз карданд. Аз ариза барои људо кардани замин сар карда, тамоми њуљљатњо ба номи Заррина Бойматова духтари калони хонавода сабт шуда буд. Аммо моњи декабри соли 2013 Заррина Бойматова аз болои падару модар ва ду хоњараш ба суд шикоят бурда, талаб кард, ки хонаи ўро хола кунанд. Баъди шикоят бо њамроњии адвокаташ омада, бо ќарори суд дари дорухонаро баст ва дар посух ба модараш, ки илтиљо дошт, дар њаќќи мо ин корро накун, гуфт: ба ман модар даркор нест... Худи Моњинисо Бойматова, модари Заррина, дар сўњбат ба "Нигоњ" гуфт, дар ин зимистони ќањратун мумкин аст, бехона гардад. Зеро бо ду духтари дигараш љои рафтан надорад.
МОДАРЕ, КИ БО ДУХТАРАШ ВОРИДИ БАЊСИ СУДЇ АСТ
Апаи Моњинисои 54 - сола мегўяд, гуноњи худаш низ њаст, ки ин дорухонаро ба номи духтараш сохт. Аммо ман њељ ваќт фикр намекардам, ки он духтаре ки ман солњо барои ў ранљ кашида будам, маро аз хона берун мекунад. Дар сўњбат ба "Нигоњ" Зарина Бойматова њамаи иддањои модарашро рад карда, мегўяд, 4 моњ аст, дар хонаи иљора зиндагї дорад, дар њоле модару хоњаронаш дар хонаи ў зиндагї менамоянд. Мо чор моњ мешавад, ки аз квартира ба квартира мегардем. Медонам, ки одамон дар њаќќи ман њар хел хаёлњо доранд. Ягон гуфтаи модарам њаќиќат надорад. Ман 10 сол дар Русия мењнат кардам, то барои мардуми дења дорухона созам. Имрўз шавњар кардаму дар кўча мондам. Модари ман як бор ба ман занг назадаааст, ки ту дар куљої. Баръакс модари ман гуфт, ки аз ин љо мебарої, ман дар ин љо зиндагї мекунам. Модарам худаш хонаву дар дорад. Бо вуљуди ин ман розї њастам, падару мода-
ЗАРРИНА БОЙМАТОВА МЕГЎЯД,, МОДАРАШ ЎРО ПИСАНД НАКАРД
рам њамроњи ман зиндагї кунанд. Аммо онњо назди ман шарт гузоштанд, ки ё шавњаратро интихоб мекунї ё моро. - мегўяд, Заррина. Заррина Бойматова дар идомаи суханаш гуфт, њатман падару модарашро аз он хона мебарорад. -Чанд рўз пеш барои гирифтани либосњои гармам ба ин хона рафтам, аммо хоњаронам маро нагузоштанд, ки ба хона дароям. Падару модарам дар њаќќи ман ноадолатї карданд. Онњо маро маљбур намуданд, то ин корро кунам. Ман дорухонаро барои он мањкам кардам, ки онњо ќадри моро надонистанд. Чор моњ мешавад, ки онњо маро суроѓ намекунанд. Дар ваќти пулдор буданам барои падарум модарам лозим будаму акнун не. Ба гуфтаи апаи Моњинисо, баъди бастани дорухона бисёр доруњо вайрон шуданд ва ў аз бонк, ширкатњои дорурасон пули калон ќарздор шудааст. Намегўем, ки њаќ асту ки ноњаќ. Касеро паст заданї нестем. Њарчанд дар ин ќазия онун ба фоидаи Заррина Бойматова аст, аммо... Аммо илова ба ќонунњои расмї боз ќонунњое њастанд, ки онро ќонуни одамият, инсонгарї ва њаќќи падару модар меноманд.
ДОРУХОНАЕ, КИ МИЁНИ МОДАРУ ДУХТАР БАЊСИ СУДИРО БА ВУЉУД ОВАРДААСТ
"Баю Бай ''хоби ширин, хотираи ќавї ва аќли расо Шўрои воситањои ахбори оммаи Љумњурии Тољикистон (Шўрои ВАО-и ЉТ) нињоди љамъиятии нозир ва танзимгари риояи "Меъёрњои ахлоќии фаъолияти журналистї дар Тољикистон" аст. Барои ошноии бештар бо фаъолияти Шўрои ВАО-и ЉТ сомонаи электронии он www.Odob.tj - ро мутолиа кунед ва дар бобати наќзи "Меъёрњои ахлоќии фаъолияти журналистї дар Тољикистон" аз љониби расонањо эроду шикоят дошта бошед, ба Шўрои ВАО-и ЉТ мурољиат намоед. Суроѓаи Шўрои ВАО-и ЉТ: ш.Душанбе, х.Саъдии Шерозї, 16 (ошёнаи 14). Нишонии электронї: tajmediacouncil@gmail.com Тел: 239-54-07; 904010110 (моб.)
"Баю-Бай" - мањсулоти навоварона буда дар Руссия бемисл аст. Бењуда нест, ки дар давлатњои Руссияву Аврупо харид ба талаботи ин мањсулот барои кўдакон дар љойњои аввал меистад. "Баю-Бай" бедорхобиро аз байн мебарад ва хобро мўътадил мегардонад. Аммо рўзона хобро ба вуљуд намеорад. Ба раванди ќавї шудани хотира ва аќл мусоидат карда, њолати азхудкунї ва омўзишро бењтар месозад. Таркиби унсурњои растаниї хосияти оромибахш дошта, ба афзоиши асабоният - стресс монеа мешавад. Хоњишмандон "Баю-Бай" -ро метавонанд соле то 2-3 маротиб истифода баранд. Тарзи истеъмол: Барои кўдакони аз 1,5 сола боло 15-20-ќатра, 3 маротиба давоми 1моњ Безарар ва одатнопазир аст. Нархаш 23 сомон. Тарзи фўрўш; Хариди он аз дорухонањо ва истеъмоли он бе дорухати духтур иљозат аст.
Муллораљаб ЮСУФЇ
“НИГОЊ”, ЧОРШАНБЕ №45 (376) 5. 02. 2014
Тариќи РМС (Persian Music Channel, ПиЭмСи) - Шабакаи мусиќии форсї пахш шудани клипи Бањром Ѓафурї, овозхони маъруфи попи тољик як хабар мебуд, агар атрофи он бањсе њам ба миён намеомад. Аз рўи иттилое, ки "Нигоњ" дорад, ин бањс миёни худи овозхонон матрањ нашуд, балки дар шабакаи иљтимоии Фейсбук доман густурд. Бањс замоне оѓоз шуд, ки расонањо аз ќавли Бењрўз Зеваров, сарвари ширкати "Топ - медиа" клипи "Биё, ай нозанинам" - и Бањром Ѓафуриро аввалин таронаи тољикї дар РМС муаррифї карданд. Манзур аввалин клипест, ки ба лањљаи тољикии забони форсї садо дод. Ин даъвои Бењрўз Зеваров, ки њоло продюссери Бањром Ѓафурї аст, Садриддини Наљмиддин, овозхони дигари саршиноси тољикро нороњат кард. Ў дар яке аз постњояш навишт, ки њанўз соли 2005, даќиќ 9 сол ќабл, аввалин маротиба бо лањни тољикї дар РМС тарона хондааст. Аљобат дар он аст, ки таронаи "Дигар тоби љафоят надорам" бо оњанги худи Садриддини Наљмиддин ва матни Бањроми Ѓафурї пахш шудааст. Ба назар мерасад, Садриддин аз ин, ки ишораи "аввалин клипи тољикї" ба ў дахл дорад, ранљидааст. Ва ин ранљиши ў беасос нест. Ў аз соли 2005 дар РМС баромад мекунад ва то њафтаи гузашта ягона овозхони тољик буд, ки мавриди эътирофи шабакаи маъруфи пахши таронањои форсї ба шумор мерафт. Бањром Ѓафурї дар бањсњо ба љуз ќабули табрикоти њаводоронаш чизе нагуфт, аммо њис мешуд, ки овозхон намехоњад ба оташи ин тавтиа ё провокатсияи хурд равѓан резад. Бењрўз Зеваров дар суњбат ба "Нигоњ" гуфт, љое дар ин маврид, ки таронаи Бањром Ѓафурї аввалин таронаи тољикї бошад, суњбат накардааст. Ва ин суол, ки "миёни ду овозхони саршиноси тољик кї мухолифат меандозад?", ба миён омад ва хабарнигори "Нигоњ" ба тањќиќи он пардохт.
Ќарордод, ё тарона? 21 январ расонањо дар бораи аввалин ќарордоди расмї миёни "Топ - медиа", ширкати тољикї, ки ба Бењрўз Зеваров тааллуќ дорад ва РМС - Шабакаи мусиќии форсї хабар дода буданд. Бењрўз Зеваров њам мегўяд, сухан дар бораи аввалин ќарордод аст, аммо хонандагон инро њамчун аввалин тарона фањмидаанд. Воќеан, дар баррасињои Фейсбук нафаре бо номи Мумтоз Сафарова ё огоњона, ё ноогоњ ин даъворо ба миён андохт, ки Бањром Ѓафурї аввалин таронаи тољикиро дар таърихи РМС хонд. Андешаи ўро ба зудї аз сафња "рўфтанд", аммо бањс монд, аз љумла Садриддини Наљмиддин вориди он шуд. Овозхони маъруф дар суњбати катбї ба "Нигоњ" гуфт, таронаи "Дигар тоби љафоят надорам", ки соли 2005 бо иттифоќи овозхони эронї - Ашкон тариќи РМС садо дод, аввалин таронаи бо лањни тољикї хондаи ў набуд. Солњои баъд
5
"Акаву додар" Садриддину Бањромро кї љанг меандозад? сурудњои ў - "Аз ѓамат, ай нозанин" (2008), "Номањои људої" (2011) ва "Ѓурбат" (2012) њам бо лањни тољикї тариќи РМС пахш шудаанд. Ба гуфтаи Садриддини Наљмиддин, дар кулл РМС 12 таронаи ўро нашр кардааст ва ба шумули таронањои тољикї, бо лањни эронї - "Нозанин", " Имшаб", "Бибўсам", "Духтари Тољикистон" (бо Рустами Нур), "Девона", "Зиндагї чист", "Људої", "Гулнор" - ро низ тариќи Шабакаи мусиќии форсї садо додаанд. Вай афзуд, клипњои ўро асосан бо талаби мухлисони ў аз Эрону Тољикистон ва Афѓонистон бар асоси паёмњои мобилї ё СМС пахш мекунанд ва њамаи клипњо аз сўи коргардонњои эронии муќими Амрико омода шудаанд.
"Таронаи бародарї" Садриддини Наљмиддин ба "Нигоњ" гуфт, Бањром Ѓафуриро бародари худ медонад ва њамкорињои эшон њанўз аз таронаи "Чил - чил садои борон" оѓоз шуда, то имрўз идома доранд. Ба бовари ў, дар ин миён касоне њастанд, ки бо истифода аз як фурсати кўчак онњоро ба њам "љанг андозанд".
Бањром Ѓафурї њам ба "Нигоњ" гуфт, бањсе, ки ба миён омадааст, кирои суњбатро надорад ва ба муносибати ўву Садриддин, ки воќеан бародарона аст, халал намерасонад. Вай афзуд, дар гузашта њам ўро мехостанд бо овозхонњои дўсташ ба бархўрд кашанд, аммо њама кўшишњо бефоида буданд, зеро маълум буданд, ки кори дасти одамони бадхоњ њастанд ва "бадхоњи касон њељ ба маќсад нарасад". Аз суњбат бо овозхонњои маъруф ба "Нигоњ" маълум гашт, ки њарду паси эљоду рўзгори худанд. Садриддини Наљмиддин њоло дар Лос - Анљелес ќарор дорад ва сари се клипи дигар кор мекунад, ки ният дорад онњоро низ тариќи РМС пахш кунад. Бањром Ѓафурї мегўяд, ба чанд маъракаи бузург, аз љумла муаррифии албоми наваш омодагї мебинад ва њам агар фурсат даст дод паси корњои эљодї ба хориља сафар хоњад кард. Бењрўз Зеваров мегўяд, бино ба тавофуќе, ки миёни "Топ - медиа" ва РМС њосил шудааст, ба љуз Бањром Ѓафурї, дигар овозхонони тољик њам метавонанд ба шабакаи маъруфтарини таронањо форсї роњ ёбанд.
Фарњоди Милод, ки барои њам Бањром ва њам Садриддин оњангу матн навиштааст, мегўяд, "љанљолњои хурде, ки миёни овозхонон иттифоќ меафтад, як бору ду бор нест. Хеле хуб аст, ки аксаран онњо расонаї намешаванд, бахусус мавриде, ки њоло сараш суњбат мешавад. Ќарордоди "Топ - медиа" - ро овозхонони тољик бояд барои роњ ёфтани ба олами бузурги форсї истифода кунанд. Њар ќадар теъдоди онњо зиёд шавад, њамон ќадар таронаи тољикї ба њамзабонон муаррифї мешавад. Ва ин дар навбати худ боис хоњад шуд, ки сатњу сифати мазмуну мундариља, танзими фаннї ва иљрои таронањо њам боло равад. Аввал Садриддин роњ ёфт, њоло Бањром, пагоњ боз дигарон. Ин пешрафт аст ва табиист, ки тавтиањо аз љониби "тоифаи оташбарони дўзах" доман зада мешаванд. Мутаассифона, дар љомиаи мо ин "љангандозињову њасадхўрињо" дар њама соњањо вуљуд доранд. Як расму одат шудааст. Садриддину Бањром водеан номњо, шахсиятњое њастанд, ки ба ин фитнањо дуруст сарфањм мераванд". Афзали СОЛЕЊ
"ДАСТДАРОЗЇ"-И РАИСИ НАВИ ФАЙЗОБОД БА ЉАЙБИ МАРДУМ Дар ноњияи Файзобод бо амри шифоњии раиси Њукумати ин ноњия маоши якмоњаи кормандони муассисањои давлатї, ба суратњисоби махсуси бонкї интиќол дода мешаванд. Бино ба итилои манобеъи TojNews, Имом Мирзоев, иљрокунандаи вазифаи Раиси ноњияи Файзобод гуфтааст, њадаф аз кушодани суратњисоби махсус ба номи Маќомоти иљроияи њокимияти давлатии ноњияи Файзобод, обод кардани ноњия аст ва дар назар аст ин маблаѓњо дар сохтмони иншооти љамъиятї сарф карда шаванд. Ин тасмими иљрокунандаи вазифаи раиси ноњия боиси норизоии мардуми Файзобод шудааст, ки мегўянд маљбурїхоњишмандї бояд маоши якмоњаашон-
ро ба ин суратњисоб бирезанд. Њамчунин манбаъи TojNews, ки хоњиш кард, номашро ифшо накунем, дар назар аст маблаѓ ба ин суратњисоб њамчунин аз соњибкорон ва дигар ќишрњои љомеа, ки ба сохторњо њукумати иљроияи ноњия корафтода мешаванд, барои мисол зойирини маъракаи Њаљ низ љалб карда шаванд. Дар њамин њол, тибќи иттилойи ѓайрирасмї, зойирони Њаљ барои он ки бенавабат роњхати адои фарзи илоњиро дар соли љорї ба даст оранд, бояд ба ин суратњисоб њадди аќал 2000 (ду њазор) доллари ИМА гузаронданд. Сафарбек Нуров, раиси Дастгоњи њукумати ноњияи Файзобод дар суњбат бо хабарнигори TojNews, кушода шудани су-
ратњисоби бонкии махсусро ба номи Маќомоти иљроияи њокимияти давлатї дар ноњияи Файзобод тасдиќ карда гуфт, интиќоли маблаѓ аз хайрхоњон ва саховатмандон ба ин суратњисоб хоњишмандї аст. Вай иттилоъ дар бораи талаби интиќоли 2 њазор долларро ба ин суратњисоб аз довталабони Њаљ бидуни навбатпої рад карда гуфт, ин њар касе имконият ва хоњиш дорад, ки дар ноњия корњои ободонї сурат амалї шаванд, метавонанд ба ин суратњисоб пул гузаронад. Сафарбек Нуров мегўяд, ин кор барои ободии диёр сурат гирифта, ягон нафарро ба интиќоли маблаѓ ба ин суратњисоб маљбур накардаанд. Дар њамин њол бино ба иттилои як
масъули бонки давлатии амонатгузорї, ба ин суратњисоб то имрўз, 4-уми феврал аллакай 60 њазор сомонї маблаѓ ворид шудааст. Манбаъи мо мегўяд, мардуми Файзобод ин амали раиси ноњияро ѓайриќонунї ва "дастдарозии рўйирост ба киссаи мардум" медонанд. Њамчунин дар бораи шикояти чанд нафар ба Прокуратураи ноњияи Файзобод аз болои Имом Мирзоев, иттилоъ дода мешавад. Дар Прокуратураи ноњияи Файзобод ин иттилоъро рад ё тасдиќ накарданд. Имом Мирзоев моњи декабри соли гузашта бо фармони Президент Эмомалї Рањмон, иљрокунандаи вазифаи Раиси ноњияи Файзобод таъйин шуда буд.
6
“НИГОЊ”, ЧОРШАНБЕ №45 (376) 5. 02. 2014
Дар вилояти Суѓд 747 муассисањои фарњангї , аз љумла 347 китобхона, 13 боѓњои фарњангиву фароѓатї , 6 театри касбї, 5 театри мардумї ва 1 флармонияи халќї бо фарогирии 3.5 њазор нафар фаъолият мекунанд, аммо мањсули корашон назаррас нест..
ДАР ШИМОЛ
" ФАРЊАНГИ ХОБ" Ва ё чаро аз 3.5 нафар кормандони фарњанг натиљаи кор нест
Санъати роњгум Ахиран иљрокунандаи вазифаи раиси вилоят Абдурањмон Ќодирї аз фаъолияти кормандони фарњанг дар мулоќоташ бо масъулини соњаизњори нигаронї кард. Ў гуфт, ки имрўз суруди сарояндањо аз матнњои матнњои пасту каммазмун иборатанд ва касе нест, ки онњоро назорат кунанд ва шањр гўё бедарвоза аст, Шўрои бадеї бошад фаъолияти ѓайриќаноатбахш дорад. Ин сарояндањо низ бе ягон чуну чаро сурудњояшонро тариќи телевизион пахш мекунанд. Пеш шўрои бадеї буд, ки сарояндањо ќабл аз сабти суруд матну оњангњояшонро ба он пешнињод мекарданд ва агар матну оњанги хуб дошта бошад, пас иљозат медоданд, ки он тариќи ВАО пешкаши мардум карда шавад, њоло вазъият тамоман дигар шудааст. Њатто овозхононе ки як ё ду суруди дуруст надоранд, соњиби унвон мешаванд, (албатта ин мавзўи дигар аст). Коршиносон њам мегўянд, ки мо истеъдодњои љавон бисёр дорем, махсусан, дар соњаи овозхонї, танњо онњоро тарбия карда, рўи сањна овардан лозим аст. Имрўз мутаасифона замоне шудааст, ки њама чиз вобаста ба маблаѓ аст. Њатто коргардони чорабинињо низ бештар ваќт нафаронеро дар барномањояшон љой медињанд ки аз он манфиат бинанд. Дар телевизион њам вазъият њамин гуна аст ва
Дастаи мунтахаби љавонони футболи Тољикистон (U-21) дар Љоми Иттињод-2014 бо рањбарии сармураббї Мањмадљон Њабибуллоев ширкат ва дар миёни 12 даста маќоми 11-умро касб карда, танњо аз мунтахаби љавонони Ќирѓизистон пеш гузашт. Пеш аз Тољикистон Украина, Русия, Беларус, Эстония, Ќазоќистон, СанктПетербург, Латвия, Литва Молдова ва Москва љой гирифтанд. Футболбозони љавони Тољикистон дар Љоми Иттињод-2014 њамагї 5 бозї карда, ду бозии аввали гуруњиро бо тимњои љавонони Эстония ва Ќирѓизистон мусовї 2:2 анљом доданд. Дар бозии сеюми гуруњї аз дастаи Украина бо њисоби 1-4 шикаст хўрда аз се бозї њамагї 2 имтиёз ба даст овард ва аз гуруњ набаромад. Мунтахаби љавонони Тољикистон дар бозињои Љоми Иттињод-2014, пас аз ду бозї бо натиљањои мусовї ва як бохт барои љойњои 9-12 бо тими љавонони Молдова ба сабќат баромада бо њисоби 1-2 шикаст хўрд. Футболбозони љавони тољик пас аз ду бохти пай дар пай барои гирифтани љойи 11-ум бо тими љавони Ќирѓизистон ќувваозмої намуда, замони асосии бозиро мусовї 1:1 анљом дод ва дар натиљаи зарбазанињои 11-метра бо њисоби 4-2 ѓолиб омаду маќоми 11-умро касб кард. Ин дар њолест, ки ќабл аз оѓози бозињои Љоми Иттињод-2014, Мањмадљон
њар моњ аз фаъолияти худ ба уновнии раёсати фарњанги вилоят њисобот медињанд. Дар љаласаи љамъбастии вилоят корманди раёсати фарњанги вилоят Набиљон Љўраев аз њисоботњи бардурўѓи шўъбањои фарњанги шањру ноњияњо изњори таассуф карда буд. Дар як худи шањри Исфара давоми соли гузашта беш аз 1500 чорабинии фарњангї ташкил карда шудааст, ки њамарўза ба њисоби миёна 4-5 адади рост меояд. Њатто кор то љое расидааст, ки корманди фарњанги шањри Чкалов аз љараёни баргузории ярмарка-фурўши мањсулоти кишоварзї ба номи раёсати фарњанги вилоят њисобот ирсол кардааст, ки чанд бор ярмарка ташкил кардаву чанд миќдор мањсулот пешкаши ањолї карда шудааст.
Театрњои хомўш
аксар сарояндањои "хасакї", ки маблаѓ доранд, роњ меёбанд. Абдуљамил Њошимов, овозхони собиќадор, мегўяд бархе аз санъаткорони њозираро дида, баъзан ваќт аз санъткоро шудагиям њам пушаймон мешавам. Абдурањмон Ќодирї низ дар мулоќоташ гуфт, ки имрўз кормандони фарњанг њама "хобанд". Барномањои консертї низ њамагї бо истифодаи фонограмма мегу-
заранд. Ин њам дар њоле ки чанд сол ин љониб дар бораи манъи истифодаи фонограмма ба истиснои љои махсус сухан мегўем.
Ярмарка фарњанг Ин дар њолест, ки бино ба иттилои расмї дар вилояти Суѓд 747 муасиссањои фарњангї фаъолият мекунанд. Ва
СЕ ЌАДАМ БА ПЕШУ СЕ ЌАДАМ БА ЌАФО
Њабибллоев, сармураббии тими мунтахаби љавонони Тољикистон дар як суњбати рў ба рў бо мо гуфта буд, натавонистааст барои мунтахаби љавонони кишар дарвозабони хуб пайдо кунад. Дар мусобиќоти Љоми Иттињод-2014 танњо Абдурасул Рањмонов, нимњимоятгари мунтахаби љавонони Тољикистон
«
натиљаи чашмрас нишон дода тавонист ва бо 4 гол дар рўйхати нишонзанњои бењтарини мусобиќа маќоми сеюмро соњиб шуд. Роман Муртазоев аз дасти Ќазоќистон ва Руслан Болов аз тими Русия 5 голї ва задаанд ва Андрей Тотовитский аз тими Украина 4 гол задааст.
Футболбозони љавони тољик пас аз ду бохти пай дар пай барои гирифтани љойи 11-ум бо тими љавони Ќирѓизистон ќувваозмої намуда, замони асосии бозиро мусовї 1:1 анљом дод ва дар натиљаи зарбазанињои 11-метра бо њисоби 4-2 ѓолиб омаду маќоми 11-умро касб кард.
«
Њарчанд дар вилояти Суѓд 6 театри касбї ва 5 театри мардумї ва як филармонияи халќї амал кунанд њам, намоишномањои љолиби диќќат надоранд. Дар театри мазњака-мусиќии ба номи Камоли Хуљандї 116 нафар кор мекунанд лекин ягон мањсули корашон ба назар намерасад. Абдурањмон Ќодирї њам дар робита ба ин гуфт, ки мебашхед маош сариваќт пардохт шуда истодаанд, аммо он намоишномањои солњои 80-ум дигар рўи сањна наомаданд, ки тамошобинонро ба худ чалб кунанд. Дар вохўрї бо кормандони фарњанг Ќодирї бањри ислоњи камбудињо сардори раёсати фарњанги вилоятро вазифадор кард. Ориф Набиев сардори раёсати фарњанги вилоят чанде пеш љои Обид Назаровро иваз намуда ба ин курсї нишаст ва бисёрињо аз кадри хуб будани ў њарф мезанаданд, аммо танњо ваќт нишон медињад, ки дар давраи роњбарии ў санъати вилоят то куљо рушд мекунад. Афзали СОЛЕЊ
Тими мунтахаби љавонони Тољикистон, ки соли гузашта дар бозињои Љоми Иттињод-2013 тањти роњбарии сармураббї Мубин Эргашев ширкат карда, дар бозињои гуруњї бар тимњои љавонони Эстония ва Латвия бо њисоби якхелаи 1:0 пирўз шуд. Вале аз тими љавонони Беларус бо њисоби 2:5 шикаст хўрда буд. Њамин тариќ мунтахаби љавонони Тољикистон бо ду пирўзї ва як бохт бо 6 имтиёз ба даври навбатї роњхат гирифт. Дар даври навбатї бо яккачини љавонони Литва раќобат намуда, бозиро мусовї -1:1 анљом дод, вале боз њам дар натиљаи зарбазанињои 11-метрї бо њисоби 2:4 шикаст хўрд. Пас аз ин бохташ дар бозї барои љойњои 5-8-ум аз тими љавонони Молдова бо њисоби 1:3 маѓлуб шуд ва дар бозии охир барои љойњои 7-8 бо тими мунтахаби Ўзбакистон ќувваозмої намуда, ин бозиро бо њисоби 0:2 бохт ва бо њамин дастаи мунтахаби љавонони мо соли гузашта дар бозињои Љоми Иттињод дар љойи 8-ум ќарор гирифта, аз тимњои Эстония, Латвия Туркманистон ва Ќирѓизистон пеш гузашта буд. Дар бозии нињоии Љоми Иттињод2014, мунтахаби љавонони Украина бо тими љавонони Русия ба сабќат баромада, бо њисоби 4-0 ѓолибият ба даст овард ва барандаи Љоми Иттињод-2014 шуд. Соли гузашта низ ин ду тим дар бозии нињоии Љоми Иттињод-2013 миёни њам раќобат карда буданд, ки дар он бозї мунтахаби љавонони Русия ѓолиб барандаи Љоми Иттињод-2013 шуда буд. Ёдовар мешавем, ки мусобиќоти "Љоми Иттињод"-2014 аз 24-уми январ то 2-юми феврал дар Маљмааи варзишию фарњангии "Петербургский"-и шањри Санкт-Петербург баргузор гардид. Ибодуллоњи ТОЊИР
АСОЛАТ
“НИГОЊ”, ЧОРШАНБЕ №45 (376) 5. 02. 2014
7
ДАБИРАИ ПОРСЇ, ОБИШХУРИ ЗАБОНИ МО ЗАФАРИ МИРЗОЁН
Љои шакку дудилї нест, ки дар љањони мутамаддин шахси босаводро нахуст аз нишонањои имлову иншо ва тарзи баёни андешааш мешиносанд. Бахши аъзами њамдиёронамон бар ин гумонанд, ки дар замони пеш шумори бесаводон зиёд буд ва бо пазируфтани хатти русї ба далели осон будани хондану навиштани он хат тољикон босавод шудаанд. Дар ин маврид гуфтанист, ки издиёд (зиёд буданд)-и бесаводон дар давраи пешошўравиро нахуст мебояд дар тарзу усули тадрис (дарс додан)-и он замон ва муносибатњои давлатдорон, яъне амирону хонњои тозию турку муѓул бо саводомўзии тўдањо љуст. Дувум, чун нахустин њадафи мадрасањои ибтидої тадриси Ќуръон буд, њатто омўзиши алифбо аз роњи "ќориазёд" (њифзи ќориёна)-и оёти ин китоби муќаддас сурат мегирифт, ки боъиси бурузи мушкилоти саводомўзї шуд. Чунончи ба љои омўзондани њарфњои алифбо ва сохтани вожањои содае чун "об", "бобо" ва ѓайра шогирдро воме-доштанд, то тўтивор такрор кунад: алиф - забар, алиф - лом - ње, итќї - забар, изѓї - зер ва ѓайра. Савоб ба хатти порсї мусталзими хондану навиштани бисёр аст, то чашми кас бо тасвири вожањо унс бигирад. Дар хатти сириллик танњо бо омўхтани њарфњо ва пайванд додани онњо ба њам баосонї мешавад хондану навиштанро фаро гирифт, вале барои як порсизабон ба он хат босавод шудан амри муњол аст. Яъне барои унс гирифтани чашм бо њуруфи сириллик эњтиёљи шадид ба хондани китобњо нест. Дуруст аст, ки аз нигоњи овошинохтї хондану навиштан ба хатти пириллик (порсии сириллик) осон аст, аммо дар баробари осебњое, ки ин хат ба забони порсї расондааст, ин "бартарї"-и хатти русї њеч аст. Шояндаи ёдкард аст, ки осонию душвории хат наметавонад мизони саводомўзии ин ё он ќавм бошад. Њама огоњанд, ки душвортарин хат алифбоњои тасвирии Жопун (Япония), Куре (Корея), њамчунин хатти кишварњое чун Инглистону Омрикову Фаронса дониста шудаанд. Нависањои жопунию куреї шомили садњо адад мафњуме њастанд, ки ба хотир супурдани онњо кори осоне нест ва дар забонњои инглисию фаронсавї як садо бо ду, се ва гоњ чањор њарф баён мешавад. Аммо магар мардуми ин кишварњоро метавон бесаводу вопасмонда гумошт?! Ва оё мешавад мардуми моро, ки чи дар миёни андакхондањову чи миёни "равшанфикрону ањли илму адаб"-аш ѓалатнигорию хатогўї як амри содаву фарогир аст, босавод донист?! Барои намуна, њар нашрияеро, ки ба даст бигиред, бо тањлилу баррасии имлову иншои маќолањо дар онњо метавон дањњо иштибоњи сарфию нањвї ва имлої пайдо кард. Ошкор кардани иштибоњњои бешумори гўяндањои родюву телевизюн дониши вежае намехоњад, зеро дар њар даќиќаи суханронї чандин иштибоњи
«
Борњо гуфтаему боз мегўем, ки аз рўзгори мањрум мондани тољикони шўравї аз хатти миллии худ бад-ин сў мавзўъи бозгашт ба он хат дар миён буда ва хоњад монд. Пеш аз пардохтан ба асли љустор боястї ёдовар шуд, ки имрўза дар Тољикистон хатти порсиро бо иборатњои "алифбои ниёѓгон", "алифбои арабї" ва "алифбои арабиасоси тољикї" ёд мекунанд. Аммо набояд аз дида дур дошт, ки гузаштагони ифтихорманди мо хатти арабиро комилан бозсозї карданд ва аз он расмулхатте сохтанд, ки "хатти порсї" ном дорад; бо вежагињои худ ва тафовутњои аслию ќатъї нисбат ба хатти арабї. Равшан аст, ки офарандагони бисёре аз хатњо ба монанди насху настаълиќу шикаста форс (тољик) буданд ва ин хатњоро барои забони порсї созгор сохтанд ва танњо номи муътабари ин хат "порсї" аст. овоию вожагонї рух медињад. Барои намуна, як мулоњизаи худро меоварам, ки гувоњи ин иддаъост. Чанд сафњаи маљаллаи "Иртиќо" ва дигар нашрияњои Афѓонистонро аз зовияи наќд мутолеъа кардам ва кўшидам дар имлову иншои матолибашон сањву норасоие пайдо кунам. Аммо, хушбахтона, муяссар нашуд. Яъне Афѓонистон бо вуљуди беш аз сї сол љанг ва муњољирати бисёре аз адибону равшанфикронаш дар навиштору баёни андеша ба балои мо гирифтор наёмадааст. Онњое, ки аз назокати вазнњои арўз огоњанд ва завќу салиќаи баланди шеърї доранд, дарёфтаанд, ки ба далели надонистани хатти порсї дар кишвари мо шеърро бо сакта мехонанд ва шакке нест, ки як фарди ноошно бо хатти порсї наметавонад нигоштањои чењрањои клоссики адабиёти моро беиштибоњ бихонад. Мо мункири ин њаќиќат нестем, ки пас аз пазируфтани ислом каломи арабї њам ба забони порсї нуфуз кардааст. Аммо он чиро, ки аз арабї баргирифтаем, ба ќавли Мењдии Ахавони Солис, "чунон рангу бўи эронї бахшида ва аз они худ сохтаем, ки гўї аз оѓоз мутаъаллиќ ба мо ва гоње њам бењтар аз асл будааст". Дар њаќиќат, мо вожањои бисёреро аз забони арабї хўшачин кардаем, ки онњо бо мурури замон дар забони мо тањлил рафтаанд ва асолати арабии худро аз даст додаанд. Вале баёнгари солиму дурусти ин њаќиќат танњо хатти порсї буда ва њаст. Барои намуна, метавон анбўње аз вожањои муташобењ (омоним)-ро овард, ки дар навишт ба хатти пириллик метавонанд баёнгари хилофи маънии асл бошанд, вале як порсихон дар вуруд ба маънї дучори мушкил намешавад:
Инљониб 400 адад аз чунин вожањои муташобењро гирд овардаам. Мо аз мактаби ибтидої (дабистон) бо калимаи "таърих" дучор меоем, вале мутаваљљењ нашудаем, ки ин вожа ба хатти порсии пеш аз инќилоб њаргиз "ъайн" (сакта) надошта ва маъмулан ба шакли "торих" омадааст. Ё навиштору гуфтори "нашъунамо" ба ин шакл нодуруст аст, зеро ин вожа аз "нашв", яъне пайдо шудан, рўидан, болидан баргирифта шуда ва њарфи "ъ" (сакта) надорад. Бино бар ин, "нашвунамо" хондаву навишта мешавад. Баёни калимаи "нашъа" дар забони навишторї низ ба ин шакл иштибоњи мањз аст ва дар гуфтори мањаллї (нашша) росту дуруст аст. Дар луѓатномањои "Кашф" ва "Ѓиёс" омадааст: "Нашша (бо ташдиди шин) бар вазни "пашша", бењушї ва кундии њавос, ки аз хурдани шароб ва бангу ѓайра пайдо шавад". Иштибоњоти барруста аз хатти пириллик ба андозаест, ки наметавон дар як љустор њамаро баршумурд. Аммо дар љањони имрўз муш-
Онњое, ки аз назокати вазнњои арўз огоњанд ва завќу салиќаи баланди шеърї доранд, дарёфтаанд, ки ба далели надонистани хатти порсї дар кишвари мо шеърро бо сакта мехонанд ва шакке нест, ки як фарди ноошно бо хатти порсї наметавонад нигоштањои чењрањои клоссики адабиёти моро беиштибоњ бихонад.
«
килоти дигаре њам дар ин замина падид омадааст. Кишварњое, ки аз нигоњи саноеъу фанноварї пеш рафтаанд, бо ихтироъу арзаи дастгоњњову абзорњои нав ба кишвари мо на танњо коло содир мекунанд, балки њамзамон дањњо номи тозаро ба забони мо мефурўшанд. Ва агар соњибони ин забон, ки бар курсии маъмурияту масъулият нишастаанд, аз худ ибтикору љањди самимї ба харљ надињанд, забони баирсбурдаи мо дар зарфи ду-се дања дарњаму барњам хоњад шуд ва, ба гуфтаи устод Айнї, ба забони бўќаламун табдил хоњад шуд ва батадриљ ба гўристони забонњои мурда (канори забонњои суѓдию хоразмию озарї) хоњад пайваст. Аз ин рў мо бояд бо андешаву ќалам алайњи њуљуми фарњангии бегонагон муќовимат кунем. Дар ин пайкор бароямон ногузиру њатмист, ки аз дастовардњои њамзабонони эронимон бањра бигирем. Зеро онњо барои нигањ доштани забони порсї тадбирњои дархури таваљљуњ андешидаанд. Барои намуна, чанд истилоњро аз илми роёна (компютер)-у Интернет ва ѓайра меоварем, ки вожагузинони мо њанўз дар фикри пайдо кардани муъодил барои онњо нестанд, вале дар Эрон чандест, ки барояшон вожањову таркибњои љолибу муносиб ёфтаанд ва эй кош, мо низ њавсала бикунем ва аз ёфтањои онњо бањра бигирем. Чунончи имейл "паёмнигор", индекс "намоя", самбул (символ) "намод" ё "рамз", шифт "навбат", факс "дурнигор", фойл (файл) "парванљо", флеш "пайкона", микрофилм "резфилм", микрофон "садобар", макет "намунак", ассистент "дастёр", оператор "корвар", тест "озмуна", филтр "полоя", балкон "айвонак" ва ѓайра. Мутаассифона, забоншиносони тољик дар вожагузинї бештар ба гартабардорї (калька; тарљумаи тањтуллафзї) рў меоваранд ва ё барои баёни њар лафзе, ки дорои як маънї аст, ду-се вожаро ба кор мегиранд. Ба монанди автобиография "тарљумаи њол", дар Эрон "зиндагинома"; проектор "дастгоњи филмнишондињї"; дар Эрон "нурафкан" ё "партавафкан"; прайслист "вараќаи бањодињї"; дар Эрон "бањонома"; индикатор "аќрабаки нишондињанда"; дар Эрон "номанамо" ва монанди инњо. Дар баробари осебњои расида аз таѓйири хат, чунон ки дар боло ишора шуд, гусаста шудани пайванди тољикон бо њамзабонони худ, бавежа дурї аз дониши андўхтаи њамзабонони худ, яке дигар аз зиёнњои асосї ба шумор меояд. Мо, тољикон, танњо гўишварони ин забон нестем. Аммо дар натиљаи дур уфтодан аз осори шарикони њамзабонамон дар Эрону
Афѓонистону Њиндустон бенасиб мондаем ва онњо њам аз осори мо бањра намебаранд. Усулан, агар дар Фарорўд беш аз 12 милюн тољик зиндагї кунанд, дар он њарими њарами забони порсї на камтар аз 100 милюн тан ба порсї гуфтугў мекунанд. Чуноне ки медонем, омили дигари нотавон шудани забони порсї дар Фарорўд дар пайи таѓйири хат људої аз осори пешиниён (клоссикњо)-и форсу тољик аст. Инљониб бо пиндони унвондорони баландљойгоњ, ки гўё њафтод дарсади осори клоссикњоямон ба хатти пириллик баргардон шуда, ќатъан мухолифам. Зеро хуб медонем, ки аз њазорон таълифи пешиниён шумори ночизе ба пириллик баргардон ва мунташир шудааст. Гўётарин гувоњи ин истидлол фаќри китобхонањои шањру рустоњост, ки аз осори пурарзише чун "Бањори Аљам", "Кашф", "Канз", "Шарњи Хоќонї", "Нисоб", "Сирољ-ул-луѓот", "Рашидї", "Фарњанги Љањонгирї", "Љавоњир-ул-њуруф", "Тољ-ул-луѓот", "Шарафнома", "Латоиф-ут-тавоиф" ва соири љилдњои "Бурњони ќотеъ" ва ќомусњои гаронарзише амсоли он, дањњо тазкираву торихнома аз ќабили "Оташкадаи Озар", "Тазкират-уш-шуъаро", "Торихи Байњаќї", "Торихи гузида", "Торихи Вассоф" "Асос-ул-иќтибос", "Меъёр-уш-шуъаро", "Маљмаъ-ул-фусањо", "Миръот-ул-хиёл" ва шумори зиёде аз дастурњои забони порсї ва таълифоти илмии дигар, ки маљол ба овардани номњояшон нест, дар онњо хабаре нест. Ин ганљинаи бебањои эронитаборон дар кишвари Эрон борњо ба хатти порсї бозчоп шудааст. Дар поён изњори таассуф мекунам, ки дар љомеъаи мо њатто соњибназарони соњибном зарурати бозгашт ба хатти порсиро ба далоили ночизе инкор мекунанд. Ва аммо дар сурати ислоњ нашудани ин сањви маргзои садаи бистум тољикон наметавонанд аз саломати забони адабишон бо ифтихор сухан бигўянд. Зеро: Ин хат тайи 1300 сол "чашми хатт"-и тољикон ва баёнгари илму адабашон буд. Таѓйири он ба вайрон шудани зербинои забон анљомид. Хатти порсї љавњари забони мост ва хатти пириллик расмулхатте сиёсї бо ањдофи сиёсист, ки ба фарњанги мо рахна кардааст. Такягоњи забони порсї имрўза Эрон аст; сарзамине, ки пас аз њамлаи муѓул дигар китобњоро ба оташ надод ва порсиро њамвора ба унвони забони кишвардорї арљ нињод ва онро аз садамаи муњлики садаи бистум, ки мо гирифтораш шудем, дар амон дошт.
8
ОМАДАНУ РАФТАН
“НИГОЊ”, ЧОРШАНБЕ №45 (376) 5. 02. 2014
Иќтибосњои љолиб аз нишасти Њукуматулло …"ИмрўзNews" њамиљадай? Барои чї калонотон наёмад? Ин ќадар дурўѓу буњтон мезанен. Ман масъалаи Рустам-да шуморо судда додум, 50 њазор манба бой доден. Ман фаќат як чира асос кардум, њамун ќарори суди олии ФР, ягончии дигаба не. Ман медонум, ки њимоятгари шумо кияй-чияй. Лекин эњтиёт кунен шумо, баљони худтон љавр накунен. Њози ман 50 њазора аз шумо нагирифтам. Ду бор ќарори суд баромадааст, ки бояд 50 њазор сомонї манба тиед. Инба ман зиёдтар даъво мекунам, њозир тафтишот тамом шавад. Айби кї аст, муайян шавад, баъд ман ба њамон журналисте, ки нисбат ба ман гап гуфтаст, тенљ намемонум. Њазрати Саъдї фармудааст, ки "кулухандозро подош санг аст…" Кўлобињои мо як маќол доранд, "оба надида, изораша мебарорад…". Агар гап сари шахсияти ман равад, њар чи мењохед, гуфтан гиред, вале агар гап дар сари фарзандам равад, ман падараш мешавам. Боз такрор мекунам, ки чизе ки ќонун талаб мекунад, ќонунї шавад. Садамаро аз куштор фарќ накунед, вой бар њоли њамон миллату журналистњояш. Шаб, соати 2 њамин садама шудааст. Ман Љаноби Олиба њам гуфтам. 6 соат баъд аз њодиса касе маро хабар накард. Мегуфтанд, ки акаи Њукуматуло ё раис, писари ту њамин корро кардааст. Куљо мебарам ман ўро? 2 моњ зиёдтар як коргарамон барои тањсилаш ва виза даводав кард. Вай бачаи бисёр чаќќон, истеъдоди баланд дорад. Граматиккаи забони русиро аз ман хубтар медона, забони англисиро бурро медона, забони тољикиро њам наѓз медона, бисёр чаќќонай. Бовар мекунед, ман бањамун такя доштум. Фарзанд барои чї аст, бароям љавоб дињед! Фарзанд давомдињандаи умри одамай, русо меган, "наследник"-ай. Наследник ба тољикї чї мешава? (Нидо аз толоринишаст: Ворис, меросхўр…) Ман аз Худованди мутаол як чї илтиљову тавалло дорум, ки ман њалол мурум, фарзандом бурда гўрум кнан. Ман ќарздорум, ки онњоро тарбия кунум. Ман њамчун падараш хабар надорум, ки рулда буд, ё не. Агар њолї як гап шавад, ин фољеа аст, њар як кадоми мо, фарзанд дорем, писар дорем. Бояд бисёр эњтиёт кунем. Ман барои даъво кардан саводи кофї дорум, муњтољи ягон кас нестум. Наход ман њамин ќадар бевиљдон бошум, ки дар Њукумати Тољикистон кор кунуму писарма гирифта грезонум. Њамаи њамин маќолањо ранги як заказай. Писари ман авария кард, манда чї кор доред, ки истеъфо метияд, ё не? Якуми майи њамин сол нафаќа мерасад. Намемонед, ки то нафаќа бестум? Бо гуфтестам, ки ман одами касалиям, кор кардестам. Як кори дигар кунед, тањлил карда бароед, ки кадом корхонаи Тољикистон фаъолияти молиявиаш монанди КВД "Роњи оњани Тољикистон" аст. Мо ќарзи маош надорем, ќарзи андоз надорем. "Барќи тољик" ќарздорай, коргарош 4 моњ шуд, ки маош намегиран, ман ягон газетада намебинум. Њар рўз њафт кас мурдестай. Як кастон даъво намекунен. Чаро маро њамчун шањрванди Тољикистон њимоя намекунен? Соле зиёда аз 200 миллион андози давлатї месупорем. Чи айби якдигаримона кобем, айбљўї кори хуб нест. Гўш кунед, ваќте ки Рустама озод карданд, супориш буд, ки њамун муњлате, ки шиштагияй, њамуна ба назар гирифта, љавобуш тиян. Ман њамуљада даъво кардум. Гуфтанд, ки ира озод мекунему сафед мекунем, мебарї, ту дигар даъво намекунї. Набошад, ин муњлаташро њисоб мекунем. Ту бошїбаљойи ман, чї кор мекунї? Делои љиноии Рустам дасти манба њаст. Ку бинед, ки дар муњлати истода-
Дањонкалон 29-уми январ Амонуллои Њукуматулло, рањбари КВД "Роњи оњани Тољикистон" хомўшии тўлониашро шикаст. Дар мулоќот бо рўзноманигорон на танњо дар бораи ќазияи пурњангомаи писарбузургаш дар ду соли ќабл, балки дар бораи садамаи писари дигараш вокуниши тунд нишон дод. Гузашта аз ин, мухотабонашро тањдид карда, паёмњои ошкору нињоне ба нухбагони сиёсии кишвар равон намуд. Ба ќавли мардум, Њукумов кафид. Кафиду баъди он аз вазифа барканор шуд. Имрўз 4-уми феврали соли 2014 Эмомалї Рањмон ахиран фармони аз вазифа барканор кардани Хукумовро имзо кард.
“
Гўш кунед, ваќте ки Рустама озод карданд, супориш буд, ки њамун муњлате, ки шиштагияй, њамуна ба назар гирифта, љавобуш тиян. Ман њамуљада даъво кардум. Гуфтанд, ки ира озод мекунему сафед мекунем, мебарї, ту дигар даъво намекунї. Набошад, ин муњлаташро њисоб мекунем. Ту бошїбаљойи ман, чї кор мекунї?
“
гиш ягон љода ягон баёнот дора? Вай Русия њаст, ман ягон дахолат карда наметавонум. Як хел гап њаст, ки бояд ман нагўям. Агар ман њамон њуљљатро баЉаноби Олї нишон намедодум, фикр намекунї, ки мана коркунї мемонд? Ман як одами давлатиюму фарзанди ман дар ин вазъият. Ин характери сиёсї дошт. Ман њамон самалёта чї кор дорум? Њамон лётчикора њам намедонум... Имрўз дастгирии бевоситаи Љаноби Олияй, ки ман тоњамин мансаба расидам. Мара дастгирї кардай. Ёрдам кардай, наход, ки њамин ќадар Худозада бошум, ки ватани худумда хиёнат кунум. Дар таърихи давлатдорї аз ватани мо, миллати мо якта президент шудай. Ман бесавод нестум, таъриха наѓз медонум. Аз Исломам њазор бор шукр, бохабарам. Агар пасттарин шањрванд бошум, ман давлату миллатда хиёнат намекунум. Шумо маро ягон маротиба дар телевизион мебинед? Киро намефорад, ки худнамої кунад? Ман медонум, ки соњибтон кияй, кїњимоя мекунад. Ман Тољикистонда зиндагї мекунам. Як рўз Матлубхон Давлатов мегўяд, ки писари ману Убайдуллоев њамин хел кора намекунаду писари ту мекунад. Ман гуфтам, ки ту барин газетаву ваёи иѓвогар надорум. Ман командаи Президент њастум. То рўзе њастум, бо њамин одам кор мекунем. Гирифтани мансаб ё мондан салоњияти Президент аст. Шунидед, ки ман як газета
дорум, ё ягон газетаро ёрдам мекунум? Якуми майда агар насиб кунад, ба Љаноби Олї ариза менависум, ки аз сабаби синну солам ба нафаќа наздик шудан, ман нафаќа меравам. Ина ягон нафаре, ки њаваси вазифа мекунад, тоќат кунад, 1-уми май омада гирифтан гира…
"Њуљум"-и ѓайриинтизори Њукумов Вокуниши Амонулло Њукумов, роњбари КВД "Роњи оњани Тољикистон" ба саволњои журналистон дар бораи садамаи наќлиётии писари 16-солааш ѓайримунатазир буд, аммо њамлаи лафзии ў ба Мањмадсаид Убайдуллоев, раиси Маљлиси миллї ва Матлубхон Давлатов, раиси собиќи Дастгоњи иљроияи Президент њадди аќќал дар чанд соли ахир назир надошт. Роњбари КВД "РОТ" зимни нишасти хабарї ба хабарнигори рўзномаи "Имрўз-News" дарафтода, талаб кард, ки журналист аз љояш хезад. Њукумов, ки аз афташ бисёр мехост, муассисони ин рўзномаро бинад, ба хабарнигор тањдидомез гуфт: "ИмрўзNews" њамиљадай? Барои чї калонотон наёмад? Ин ќадар дурўѓу буњтон мезанен. Ман масъалаи Рустамда шуморо судда додум, 50 њазор манба бой доден. Ман фаќат як чира асос кардум, њамун ќарори Суди олии ФР, ягончии дигаба не. Ман медонум, ки њимоятгари шумо кияй-чияй. Лекин эњтиёт кунен шумо, ба љони худтон љавр накунен...." Лањни тањдидомез ва ишораи ўро дар бораи муассисони пасипардаи "Имрўз-News", њарчанд Њукумов аз ном гирифтанашон худдорї кард, бисёрињо ба Њасан Асадуллозода, раиси "Ориёнбонк" ва хусурбачаи Президент Эмомалї Рањмон самт доданд, ки дарвоќеъ ба ин гуруњи молї наздик будани"Ориёно-Медиа" борњо расонаї шудааст. Њарчанд рањбарияти ин нашрия бо пешнињоди аснод борњо мегўянд, ба Њасан Асадуллозода рабте надорад. Идомаи суханронии раиси "РОТ", ки аз бемории ќанд ва ќалб доштан ва ниёзи њарсолааш ба табобат доштанаш ба худсафедкунї монандтар мешуду миёни журналистон духтур мекофт: "...Ягон духтур њаст..." Риторикаи Њукумов, бахусус "њеч ваќт ба Ватанам хиёнат намекунам! Пасттарин шањрванди ин кишвар њам бо-
шам, ба Ватанам хиёнат намекунам! Чуноне ки баъзењо чанд сол кор мекунаду боз гашта, хиёнат мекунанд...", гуфтани ў ба ањли нишаст аллакай чунон таъсир карда буд, ки дигар касе аз журналистон дар бораи "хоинони Ватан"-и Њукумов напурсид. Њарчанд дар доирањои коршиносї ва журналистї аз дашномњои Њукумов ба суроѓаи президент Ислом Каримов ва он њам дар њузури сафири Ўзбакистону Сарвазири ваќти Тољикистон, ки аз нашинохтани сафири Узбакистон Шоњисломов дар Фурудгоњи Душанбе рў зада буд, ба хубї огоњанд, касе дигар ёрои савол додан намекард гўё. Дар ин нишаст Њукумов њунари суханварї нишон дода, ањли нишастро, ки асосан аз расонањои њукуматї буданд, тавонист тањти таъсир дарорад. Аз ў, ки мегуфт, "падар шуда, то њол намедонам, ки писари ман дар сари рул буд, ё не" њатто напурсиданд, ки Расули 16-сола оё њуљљати ронандагиро чї тавр гирифтааст ва як наврас чї тавр бо 27 њазор доллари ИМА мошин харидааст? Аз Њукумов бояд пурсида мешуд, ки Расул писари њамсари чандумаш аст ва оё сарусадо дар бораи чор зан доштани ў рост аст ё дурўѓ? Аз ўњатто напурсиданд, ки Мањмадсаид Убайдуллоев кадом нашрияњои "иѓвогар"-ро маблаѓгузорї мекунад? Оё Њукумов рўзномањои "Паёми Душанбе", "Вечерний Душанбе"-ро дар назар дошт? Њадаф аз "иѓвогарии" Убайдулоев чист? Дар бораи Матлубхон Давлатов чї? Кадом расонањо ба ў тааллуќ доранд ва ё њадди аќќал зери нуфузаш ќарор доранд? Ба назар мерасад, ки дар њоли њозир, хеле муњим аст, ки вокуниши ин ду шахсияти бонуфуз бањамлаи лафзии Њукумов чї хоњад буд: оё шањрдори Душанбе яке аз наздиктарин нафарони Эмомалї Рањмонро ба суд медињад ё не?
Вокуниш Собиќ мушовири давлатии Президенти Тољикистон, собиќ муовини Сарвазири мамлакат, собиќ роњбари Дастгоњи иљроияи президент Матлубхон Давлатов , ки бољасорат аз рафтори ѓайриахлоќии фарзандонаш Њукумовро истинтоќ карда будааст, чи вокуниш нишон хоњад дод?
“НИГОЊ”, ЧОРШАНБЕ №45 (376) 5. 02. 2014
барои истифодаи дохилї ва ё барои Президент аст, суол боќї мемонад. 2.Њукуматулло ба таъкид зикр кард, ки бо дастгирии Президент ба ин мансаб расидааст. Яъне, мегуфт, ки дар пушти ман Президент ќарор дорад. Агар воќеан чунин асту мансабдороне мисли Њукуматуллоро мањз Президент њимоя мекунад, пас чунин натиља баровардан аз мантиќ берун нест, ки хеши серпул бењ аз миллати бепул. 3.Ў дилпурона аз он гуфт, ки то нафаќа баромаданаш дар вазифааш мемонад. Агар нахоњад, аз вазифа намеравад. Аммо ин бовариаш ба мувољењи шикаст гардид.
Њукумов кї буд, кї шуд?
Оё ў омодааст бо расонањо суњбат кунад? Ин њама интригањои як нишасти матбуотии Њукумов буд, ки њамагї дар чанд даќиќа чењраи аслии ў ва нуфузаш дар сиёсату њукумат ва хонадони президент Эмомалї Рањмонро ифшо карда, тахллусаш миёни мардумро сад дар сад исбот кард.
Классик Њукумов Њукумов њангоми сухан кардан аз классикони адабиёти тољику форсу иќтибос меовард. Аз Саъдї мегуфт, масалњои мардумиро зикр мекард. Ин њама барои нишон додани худаш кам буд, ки ба таърифи писараш - Расул гузашт. Њамон писари ноболиѓаш, ки садамаи автомобилии ў боис ба марг ва љароњат бардоштани дигарон гашта буд. Вале барои љомеаи шањрвандї, ба хулоса аз вокунишњо дар шабакањои иљтимої зиёдтар аз њама таърифи ў аз фарзандаш - Расул сахт расидааст. Тавре дар мардум мегўянд, зоѓњам фарзандашро "сафедакам" гуфта навозиш мекунад, ё мегўянд, фарзандро њамсоя (бегона) таъриф кунад, на волидайн. Таърифи Расул аз забони падари мансабдор, бахусус дар пасманзари садамаи маргбори наклиётии ў, ки љони на як нафар љавонро бурдааст…
Вай фарзандашро донандаи хуби забони англисї ва русї номид. "Граматиккаи забони русиро аз ман хубтар медона, забони англисиро буро медона, забони тољикиро њам нагз медона, бисёр чаќќонай". Баъд аз садамаи маргбори автомобили Расули Амонулло дар хиёбони марказии шањри Душанбе дар сањифањои сомонањои иљтимоии интернет аксњои ў ба гардиш даромаданд. Дар аксњо дида мешуд, ки Расули ноболиѓќалён дуд медоду њамроњаслиња дошт. Инчунин, мукотибае нашр гардид, ки гўё, дар он Расул аз шавќ доштанаш дар рондани мошин то 300 км/соат лоф мезад. Њамаи аз љониби корбарони шабака мавриди интиќоди шадид ќарор гирифт. Амонуллои Њукуматулло дар љамъи хабарнигорон эълон дошт, ки њама умедаш ба њамин писараш буд. Умед дошт, ки дар оянда Расул такягоњаш ва "на-
следник"-аш мегардад. Албатта, ин нишаст танњо баќазияи фарзандони раиси КВД "РОТ" ихтисос наёфта буд. Ў дар бораи дастовардњои ин нињод сўњбат кард. Аз љумла дар мавриди бунёди роњи оњани Тољикистон, Афѓонистон ва Туркманистон аз пешнињоди нодираш њарф зад. Ў бо як дањони пур таъриф зад, ки Кобул барои бунёди роњ тарњеро пешнињод карда буд, ки роњро дароз мекард. Дар мулоќот ў тарњеро пешнињод кардааст, ки дар њудуди Афѓонистон ин роњ бештар аз 200 км-ро ташкил мекунад. Њатто аз рафти мулоќот ёд карда, гуфт, ки баъди ин пешнињод афѓонњо миёни худ бо забони паштўї, ки мо намефањмем, маслињат карда, ризоят доданд. Аммо ин гуфтањои Њукуматулло аз љониби Вазорати корњои хориљии Туркманистон бељавоб намонд. Онњо гуфтањои Њукуматуллоро барои ин тарњ зиёновар хонда, таъкид намудаанд, ки лоињањои бисёрљониба бояд дар асоси меъёрњои байналмилалї бо ширкати њама љонибњо мувофиќа ва тањия гардад. Боз ин акси садо далолат ба он аст, ки гуфтањои рањбари КВД "РОТ" дур аз назокати дипломатї буда, дањонкалоние беш нест. Бигзарем аз ин, ин њама дањонкалонї ва ошкоргўињои Њукуматулло дар паси худ чїпаёмњое дорад?
Паёмњои нињон ва ошкор Аз гуфтањои Амонуллои Њукуматулло мешавад чунин хулоса кард, ки ќазияи фарзандонаш билохира ўро ба нанг оварданд. Мањз ин ќазияњо ўро водор намуданд, ки бо лањни тањдидомез бо хабарнигорон сўњбат намояду алайњи чанд мансабдори баландпоя санги маломат партояд. Аз гуфтањои рањбари КВД "РОТ" чунин натиља бардоштан мумкин аст: 1.Наметавон гуфт, ки рањбари КВД "РОТ" бењуда аз сўњбаташ бо Матлубхон Давлатов, собиќ муовини аввали сарвазири Тољикистон ёд карда, ба таъкид ишора ба он накардааст, мисли Давлатову Убайдуллоев рўзномаи иѓвоангез надорад. Ин таъкиди ў ва идомаи онро чунин фањмидан мумкин аст, ки Њукуматулло бо ин роњ нишон додан мехост, ки дар иерхияи муносибот болотар аз Убайдуллоев, Давлатов ва Асадуллозода ќарор дорад. Ин мессиљ
11-уми майи 1951 дар ноњияи Бохтар таваллуд шудааст. Хатмкардаи Донишгоњи давлатии Тољикистон мебошад. Фаъолияти мењнатии худро дар зодгоњаш чун мудири маѓоза оѓоз намудааст. Сипас, зина ба зина боло рафта, раиси сех, раиси шўъбаи захиравии Заводи консерв, директори Хољагии ангурпарварї будааст. Љанги шањрвандїќатори чандин соњибмансабони имрўза ўро низ боиззат ба тахти роњбарї биншондааст. Соли 1995 аз шањри Ќурѓонтеппа депутати Маљлиси Олї ва баъд аъзои Кумита оид ба илм, маориф ва сиёсати љавонон интихоб шуд. То соли 2002 роњбари ИЉШК "Нафтрасон" ба њисоб мерафт. Дар ин муддат тавонистааст, ки аз худ як чењраи муњим барои њукумат созад. Аз нафарони калидї дар иќтисоди Тољикистон гардид. Атрофи номи ў гуфтугузорњо кам набудааст, њатто ўро бо саховатмандї низ ном мебурдаанд. Аммо дар чанд соли ахир бештар баќањрамони манфии расонањо табдил гардид. Раванди њодисањои солњои ахир заифии рањбарии ўро ба намоиш гузошт. Ќазияњои ду фарзандаш номи ўро аз сархати расонањо дур нагардонд.
Асли ќазияи Рустам Њукумов Рустам Њукумов, писари рањбари КВД "РОТ" моњи июни соли 2008 аз љониби кормандони Хадамоти федеролии назорати муомилоти ѓайриќонунии маводи мухаддир (ФСКН)-и Русия боздошт гардид. Сентябри соли 2010 барои содир кардани љинояти муташшакил судяи шањри Шелковои вилояти Маскав Рустамробарои 9 солу 6 моњ аз озодї мањрум кард. Ў њамчунин ба пардохти љарима дар њаљми 250 њазор рубли русї муваззаф шуд. Расонањои русї ўро шањрванди Русия меномиданд. Баъди бештар аз се соли њабс моњи декабри соли 2011 бо ќарори суди вилояти Маскав аз зиндон рањо гардид. Марњилаи озодшавии ѓайричашмдошти ў ба боздошти ду сарнишини тайёраи Rolkan Investmens Ltd, ки якеаш шањрванди Русия буд, рост омад. Расонањои Русия Тољикистонро ба савдо иваз кардани Рустам халабонњо муттањам карданд. Барои рањоии Рустам Њукумов адвокат 8 маротиба шикояти касатсионї бурдааст, аммо љавоби рад ги-
“
Ў бо як дањони пур таъриф зад, ки Кобул барои бунёди роњ тарњеро пешнињод карда буд, ки роњро дароз мекард. Дар мулоќот ў тарњеро пешнињод кардааст, ки дар њудуди Афѓонистон ин роњ бештар аз 200 км-ро ташкил мекунад. Њатто аз рафти мулоќот ёд карда, гуфт, ки баъди ин пешнињод афѓонњо миёни худ бо забони паштўї, ки мо намефањмем, маслињат карда, ризоят доданд.
“
9
рифтааст. Мањз ќабули шикояти касатсионии адвокат аз љониби Суди зинаи болої дар замони рух додани ќазияи халабонњо дар Тољикистон, он њам бо гузаштани муњлати шикоят фикри савдоро дар расонањои рус таќвият дод. Инчунин, расонањои русї аз он тааљљуб кардаанд, ки чаро ќарори аввалаи судяи шањри Шелково аз сомонаашон ѓайб зад. Ќарори суди зинаи болоии вилояти Маскав дар интернет пайдо шуд. Њамон ќароре, ки Амонуллои Њукуматулло барои пањн кардани он омадааст. Тавре дар ин ќарор омадааст, Рустам Њукумовро суди шањри Шелково њамчун рањбари гурўњи љиної муаррифї кардааст. Дар тарњрезии љиноят, дар дастрас кардани маводи мухаддир бевосита ширкат доштааст. Судя дар асоси шоњидии муфаттишон ўро зиндонї кардаанд. Шоњидон гуфтаанд, ки 18-уми июни соли 2008 шахсан Њукумовро назорат мекарданд ва дидаанд, ки дар мошине, ки ба ў тааллуќ дорад ва тањти идораи ў буд, Фарњод Афѓонов, аз шариконашон, омада бо шахси барои тафтишот номаълум вохўрда, баъдан Њукумов низ бо онњо њамроњ мешавад. Инчунин, дар натиљаи гўш кардани сўњбатњои телефонї ин нафарон ва шахси барои тафтишон номаълум дар бораи интиќоли на камтар аз 10 кг героин ба 23-юми июни њамон сол ба мувофиќа расиданд. Дар интињои ќарори суди зинаи болоии вилояти Маскав омадааст, ки натиљаи думболагирии гуфтугўи телефонии ин гурўњ дар 18-уми июни соли 2008 ба суд пешнињод нашудааст. Дар идома мехонем, ки тафтишот бидуни бањс ширкат доштани Њукумовро исбот накарда, њамчунин пайи ангуштони Њукумов аз љониби тафтишот пешнињод нашудааст. Ва сабти овози гуфтугўи телефонии Њукумов бинобар сифати пасташ дар суд њамчун далел беэътибор дониста шудааст. Натиља, дар чунин њолат њукм нисбат баЊукумов ѓайриќонунї эътироф гардидааст. Дар ин баробар, он версияњое, ки барои рањои Рустам мусоидат кардааст, аз байн нарафтааст. Бо ин њама њанўз њам расонањои русї ба ин аќидаанд, ки халабонњо бо Рустам иваз шудаанд, ки ин фарзияи аввал аст. Баъдан, эњтимоли онро мебинанд, ки дар рањо намудани фарзанди Њукуматулло бо ширкати як олигархи рус, ки бо рањбари КВД "РОТ" наздик аст, маблаѓњои њангуфт масраф шудааст. Фарзияи дигарро худи Њукуматулло бод дод. Ў дар нишасташ гуфт, ки ин ќазия характери сиёсї дошт. Суоле ба миён меояд, ки рањбари КВД "РОТ" чи наќши сиёсие дошта метавонад? Русия ба воситаи фарзанди ў чї таъсире ба Тољикистон гузошта метавонад? Сиёсї кардани масъала аз фарзияњои эњтимолї аст, аз љониби манфиатдорон тарњрезї шудааст.
Ба љои хулоса Агар бо чанд љумла аз фаъолияти 12-солаи рањбарии ў натиљагирї кунем, аз бурдњо бохтњо бештар аст. Бахусус, дар панљ соли ахир. Кифоя аст, ки аз мазлум шудан дар назди Узбакистон, дар рўи ќоѓаз мондани супориши Президент дар соли 2005 дар бораи сохтмони роњи оњани Душанбе-Ќурѓонтеппа-Панљ ва Ќундузи Афѓонистон, аз тарњи бунёди роњи оњани ЌирѓизистонЧин берун гардидани Тољикистон (асосноккунии техникиву иќтисодї (Feasibility study) ќисмати ин тарњ, ки аз Тољикистон мегузашт, аз љониби ширкати "Метро"-и Эрон бо маблаѓгузории ин кишвар дар њаљми 1 млн доллар гузаронда шуд), бо гузашти чандин сол бунёд нагардидани роњи оњани Вањдат-Ёвон ва амсоли ин ёд кард. Инак, Њукуматулло аз вазифа рафт. Аммо ин суол њанўз боќист, ки оё Эмомалї Рањмон "љаноза"-и карйераи Амонуллои Њукуматуллоро хоњад хонд ё на.
а)
10
“НИГОЊ”, ЧОРШАНБЕ №45 (376) 5. 02. 2014
МИНТАЌА
Дар тањќиќоти ахиран интишордодаи худ бонки JP Morgan њолати таѓйирёбии њаљми пул дар кишварњои олам зарфи солњои охирро нишон додааст. Танњо дар нуњ моњи соли гузашта њаљми пули љањонї, ки бо ёрии нишондоди М2 њисоб карда мешавад, аз 63 то 66 триллион доллар афзудааст. Нишондоди (дастгоњи пулї) М2 мављудияти пулњои наќдї, ѓайринаќдї дар суратњисобњои љорї, депозитњои амонатгузорї, коѓазњои арзишноки кутоњмуддати давлатиро дар бар мегирад. Маълум мешавад, ки зарфи камтар аз як сол њаљми пули љањонї 3 триллион доллар ва 4,6 дар сад афзудааст. Тибќи арзёбии мутахассисони JP Morgan аз 3 триллион доллар тахминан 1 триллион доллар ба гуруњи давлатњои ба истилоњ G4 сарозер шудааст. Инњо ИМА, Британияи Кабир, давлатњои минтаќаи евро (17 кишвари Аврупо) ва Љопон мебошанд. Боќї 2 триллион дол-
"ЊУБОБЊО"- И АМРИКОЇ
Баъзе аз сармоягузорон аллакай ба оњистагї ва бе сару садо аз сањмияњо хориљ мешаванд. Ба сифати мисол калонтарин хазинаи мустаќили љањонї -Хазинаи некуањволии миллии Норвегия оварда мешавад, ки дорои 800 миллиард доллар сармоя мебошад.
лар ба дигар кишварњои "миллирадњои тиллої" (Канада, Австралия, Зеландияи Нав, 10 давлати Иттињодияи Аврупо) ва мамлакатњои ќаламрави капитализми љањонї расидааст. Ин резиши азими пул дар рушди иќтисодиёти љањон ва ё њаддиаќал дар суботи иќтисодї тасаввури ѓалат ё фиреби назарро њоким мегардонад. Аммо ин мањз тасаввури ѓалат аст, чун маълумоти расмии мањсулоти умумии дохилї, ки хадамоти миллии омор расонаї мекунад, њолати воќеъиро обуранг медињанд. Бо назардошти рушди таваррумии нархњо Маљмуъи мањсулоти дохилї (ММД) ё афзоиш намеёбад ва ё каме коњиш меёбад. Тарафи баръакси ин раванд коњиши номаълум, вале њамешагии иќтидори харидории воњиди пулии кишварњои гуногун мебошад. ба маънии дигар ин љо метавонад сухан аз беќурбшавии пул равад.
Мусибати "Нармиши миќдорї"и амрикої Њаљми пул дар олам пеш аз њама ба шарофати системаи захиравии Федералии ИМА меафзояд, ки баъди анљоми буњрони молиявї роњ ба самти ба истилоњ "нармиши миќдорї" дар иќтисод пеш гирифта, эълон кардааст, ки иќтисоди амрикоиро бояд барќарор кард ва бигзор ба он дар шакли пулњои арзон ѓизо дод. Ва онњо замоне арзон мешаванд, ки афзун гарданд. Њамагї чанде пеш масъалаи калидї дар илми молиявї принсипи буљаи ба танзимовардашуда ба шумор мерафт ва истифодаи дастгоњњои тавлиди пул барои мањкам кардани шикофњои молиявї ба манзалаи як сўиќасди мудњиштарин буд. Имрўз кўшиш мекунанд дар Амрико аз он ёд наёваранд. Њатто на танњо дар Амрико. Ба монандаи "нармиши миќдорї" имрўз дар Британияи Кабир, Љопон, Аврупо низ барномањо вуљуд доранд. Дар њисоботи солона, ки дар доираи барномаи амрикоии "нармиши миќдорї" гузаронида шуда буд, њаљми пул наздик ба 1 триллион доллар эълон шуд. Ба ѓайр аз барномаи федералии "нармиши миќдорї" боз дастгоњњои тавлиди пул дар назди бисёре аз бонкњои марказї фаъоланд. Махсусан, Бонки марказии Аврупої (БМА), ки барномањои харидории коѓазњои ќарзии давлатњои људогонаи шомили минтаќаи евроро оѓоз намуд. Аз љониби захирањои федералї аллакай ду барномаи "нармиши миќдорї" амалан татбиќ гадид ва аз моњи сентябри соли 2012 барномаи сеюми он роњандозї мешавад. Он
«
Онњо дар навбати аввал метавонанд ба куљо сарозер шаванд? Агар ин љо сухан аз харидории коѓазњои хазинавї равад, пас он масрафоти низомї ва ё пардохти фоизњои ќарзи давлатї буда метавонад. Агар харидории ба истилоњ "коѓазњои нодаркор" бошад, пас ба бозори молиявї сарозер мешавад.
ба захирањои Федералї њар моњ пешнињод намудани њаљми пулї ба миќдори тахминан 85 миллирад долларро пешбинї мекунад. Пулњо ба иќтисод аз роњи харидани коѓазњои арзишок ворид мешаванд: тахминан 45 миллиард доллар дар шакли заёмњои хазинавии Вазорати молияи ИМА ва 40 миллирад доллар коѓазњои гуногун, (ќабл аз њама гаравї) дар бонкњо. Њамин тариќ, барномаи "нармиши миќдорї" на барои ѓизо додани бахши амалии иќтисод, балки барои њукумати ИМА ва бахши бонкии он равона шудааст. Албатта, пулњои Федералии "нармиши миќдорї" метавонанд дар нињояти амр ба сектори амалии иќтисод ворид шаванд, вале на яку якбора, балки бо теъдоди хеле мањдуд. Онњо дар навбати аввал метавонанд ба куљо сарозер шаванд? Агар ин љо сухан аз харидории коѓазњои хазинавї равад, пас он масрафоти низомї ва ё пардохти фоизњои ќарзи давлатї буда метавонад. Агар харидории ба истилоњ "коѓазњои нодаркор" бошад, пас ба бозори молиявї сарозер мешавад. Гумон аст, ин гуна "ѓизодињї" ба иќтисоди амрикої кўмак расонад, то оќибатњои буњрони молиявиро комилан бартараф созад. Аниќтараш баръакс аст, он заминањоро барои ба вуљуд омадани буњрони дигари молиявї фароњам месозад.
Њушдорњои ошкору нињон ва нигаронињои Чин Роњбари пулњои федералии "нармиши миќдорї" Бен Бернанке аллакай чандин маротиба дар мавриди он ки ин барнома метавонад рў ба мањдудият орад ва ё ќатъ гардад, басо эњтиёткорона изњорот дода буд. Њарчанд вай дар ин мавридњо њамеша таъкид њам мекард: "агар дар иќтисоди ИМА нишонањои эњё пайдо шавад". Ин гуна изњори назарњо њамеша ширкаткунандагони бозори молиявиро љиддан ба изтироб меоварданд, онњо оќибати коњиши гардиши дастгоњи тавлиди пулро дарк мекарданд. Тирамоњи соли 2013 њатто ашаддитарин хушбинони рушди иќтисодии ИМА умедњо бар эњёи муљаддади
«
иќтисоди ин кишварро аз даст доданд. Раиси федералии "нармиши миќдорї" Бен Бернанке дигар касеро тарс намедод, ки барнома лаѓв мешавад. Барои ў роњандозии ин гуна таљрибањо дар поёни шуњраташ чун роњбари захоири федералї чї зарурат дорад? Иќтисоди амалии ИМА баъди буњрони молиявии љањонї дубора барќарор нашуд, аммо дар бозори молиявї ба вуљуд омадани нишонањои ошкори "њубобњо" мушоњида мешавад. Ин бештар вазъи охири солњои 1990-ро ба хотир меорад. Бисёре аз маблаѓгузорон ва тањлилгарони молиявї чунин мењисобанд, ки захоири федералї иќтисодиёти Амрикоро наљот намедињад, балки "њубобњоро" пур мекунонад ва онњо на имрўз, балки фардо мекафанд. Оќибатњои ин назар ба авоќиби буњрон дар майдони захирањои ИМА дар охири садсолаи гузашта ва аввали садаи нав нисбатан вазнинтар набуд. Он замон кишварњои ба истилоњ иќтисодашон гузаранда вуљуд доштанд, ки њавобаро ё худ равзана барои бисёре аз сармоягузорон дар бозори хазинањои амрикої гардиданд. Имрўз вазъ дар кишварњои њошияи капитализми љањонї хеле номусоид аст. Њар гуна мањдудсозї ва ё коњиши барномаи амрикоии "нармиши миќдорї" метавонад ин мамлакатњоро ба оќибатњои фалакатбор рў ба рў созад. Вазирони молия ва сарвазирони як ќатор кишварњо ба Вашингтон ва њатто мустаќиман ба худи роњбарони "нармиши миќдорї"и федералї мурољат менамоянд, ки ин барномањоро ќатъ накунанд. Масалан, охири моњи августи соли гузашта роњбарони Бонки миллии Чин ва њукумати ин кишвар аз изњороти Бен Бернанке дар мавриди мањдудсозї ё ќатъи барномањои "нармиши миќдорї" изњори нигаронї карданд ва њатто пешнињод намуданд, ки ин масъаларо дар њамоиши кишварњои бистгонаи саноатии олам, ки
дар Санк-Питербург 5 ва 6 - уми сентябри соли 2013 баргузор шуда буд, муњокима кунанд. Дуруст аст, ки баррасии масъала дар њамоиши ёдшуда ниму нимкола сурат гирифт, чун мавзуъи муњимтарини мавриди бањс буњрони Сурия буд. Ба њар њол метавон њадс зад, ки анљоми "нармиши миќдорї" барои кишварњои ќаламрави капитализми љањонї оќибањои басо пешбининашаванда дошта метавонад.
Пойкўбии иќтисоди амрикої ва пайдоиши "њубобњо"-и нав Пайдо шудани "њубобњо" дар бозори захиравии Амрико ба он маъност, ки сањмияњои ба муомилот баровардашуда ва дороињои амалии омилњои молиявї њар гуна иртибот дар сектори амалии иќтисодиро аз даст додаанд. Иќтисодиёт дар як љой пой мекўбад ва њатто роњ ба таназзул пеш гирифтааст, аммо нархгузорї дар бозорњои захиравї ба самти муќобил њаракат дорад. Ин театри њарзаву сафсатта аз љониби захоири федералї ва барномаи "нармиши миќдорї"-и он пуштибонї карда мешавад. Бисёре аз ВАО аз суханони собиќ узви идории "нармиши миќдорї"-и федералии ИМА Роберт Хеллер иќтибос оварданд, ки бидуни киноя изњор дошта буд: "бозори захиравї хеле наздик ба њубоби нав аст". Ин дар њолест, ки барномаи харидории дороињо аз љониби "нармиши миќдорї"-и федералї таъсири њисшавандаи амалї ба иќтисод надошт. Изњороти Лоуренс Финка, директори генералии калонтарин дар љањон ширкати BlackRock, ки дорои беш аз 4 триллион сањмия мебошад, низ шуниданї буд. Вай низ иброз дошт, ки дар бозори захиравии ИМА "њубоб" шакл мегирад. Њамчуноне муаллифони тањќиќоти JP Morgan мегўянд, баъзе аз сармоягузорон аллакай ба оњистагї ва бе сару садо аз сањмияњо хориљ мешаванд. Ба сифати мисол калонтарин хазинаи мустаќили љањонї -Хазинаи некуањволии миллии Норвегия оварда мешавад, ки дорои 800 миллиард доллар сармоя мебошад. Дар семоњаи сеюми соли 2013 ин хазина харидории сањмияњоро ќатъ кард. Валентин КАТАСОНОВ
“НИГОЊ”, ЧОРШАНБЕ №45 (376) 5. 02. 2014
МАРДИКОРБОЗОР Кучондани "мардикорбозор" - и Хуљанд ин бор аз мањаллаи "Гулистон" ба автовокзали "Роњи Абрешим" супоришї будани ин кор аз љониби роњбари аввали вилоят ба шањрдории Хуљандро рўшан карда, њамчунин ин кор, яъне, таъсиси "мардикорбозор"-и њукуматї маълум менамояд, ки њадаф аз ба дигар љой бурдани ин бозор кушодтар кардани роњи манзил ва коргоњи раисони вилояти Суѓд будааст, ки ин њол аз замони роњбарии Ќосимову Расулзода то Ќодирї эњсос мешавад.
11
СУЃД: ТАЪИНИ РОЊБАРОНУ "ДАРДИ САР"- И МАРДИКОРОН - Э, бово, инља њамунља-мї?
Таъсиси "мардикорбозор"и њукуматї дар Хуљанд Шањрдори Хуљанд Раљаббой Каримов зимни нишасти матбуотї аз интиќол додани "мардикорбозор"-и Хуљанд аз канори мањаллаи "Гулистон" ба мањаллаи 34-уми шањр гуфт, ки ин амал бо маќсади њаракати бехатари воситањои наќлиёт ва њам пиёдагардон сурат гирифтааст. Яъне, њукумат имрўз љоеро ташкил намудааст, ки мантиќан таъсиси "мардикорбозор"и њукуматї њисоб мешавад ва дар он корљўён бе мамониат метавонанд корфармоёнро мунтазир бошанд. Вале фарзия, ки "Гулистон" роњи манзили раиси тозатаъини вилояти Суѓд, Абдурањмон Ќодирї аст ва ба хотири банд накардани роњи ўву дур кардани тўдаи мардикорон аз чашми роњбари аввал кучондани мардикорбозор ба љониби "Роњи абрешим" хеле мантиќї менамояд ва супоришї будани чунин тасмим аз сўи роњбари аввалро табиист, ки дар суханронии мири шањр садо надод. Худ аз худ суоле пайдо мешавад, ки чаро то замони таъини Абдурањмон Ќодирї ба раиси вилоят чунин тасмим аз љониби шањрдорї гирифта нашуд? Маълум аст, ки Раљаббой Каримов њам барои кушодани роњи Ќодирї бояд тасмим бигирад. Зеро амри роњбари аввал, аввал аст! "Мардикорбозор"-и канори мањаллаи "Гулистон", ки акнун ба љои дигар кучонида мешавад, то ба имрўз дар як љои таъин - сањни факултаи "Таърих ва њуќуќ"-и Донишгоњи давлатии Хуљанд ба номи академик Бобољон Ѓафуров барои корљўён ва ё ба истилоњ мардикорон љойгир буд. Гурўње аз корљўёни кироя барои иљрои коре дар паси масљиди ба номи Шайх Муслињиддин рўбарўи бозори марказии "Панљашанбе" и Хуљанд меистоданд. Тадриљан сафи онњо аз њисоби мардуми бекор афзудан гирифт ва
истилоњи "мардикорбозор"-ро маъруф намуд. Яъне, таърихи "мардикобозор" дар Хуљанд аз ин љо ибтидо мегирад.
Фарзияњои таъсиси "мардикорбозор" и њукуматї дар Хуљанд Аммо баъд аз бунёди њавлии муњташами Ќосим Ќосимов, раиси онзамонаи вилояти Суѓд, дар таќрибан 150 метрии бозори "Панљшанбе" "мардикорбозор" и Хуљанд аз мавзеи бозори "Панљшанбе" ба хиёбони ба номи Ленин ва њозира Исмоили Сомонї кучонида шуда буд. Онњое, ки дар чунин "мардикорбозор" барои дарёфти кор меистоданд, наќл мекунанд, ки он ваќт тасмими кучондани бозори корљўён ба љои дигар ба сохтумони њавлии роњбари вилоят баста буд, бинобарин бо дастури шањрдори онваќта Њусейн Љалолов кучондани мардикорбозор сурат гирифтааст. То таъин шудани Ќоњир Расулзода ба маќоми раиси вилояти Суѓд "мардикорбозор" и Хуљанд дар хиёбони ба номи Ленин њудуди 10 сол
фаъолият дошт. Дар ин солњо маълум буд, ки корљўён дар куљо истода кор пайдо мекунанд ва рўзии худу аъзои хонаводаашонро таъмин мекунанд. Барои корфармоён њам ин суроѓа таъин буд. Соли 2007 Ќоњир Расулзода раиси вилояти Суѓд таъин шуд ва дар кучаи ба номи "Мир" манзил гирифт. Бо вуљуди он ки роњи манзили Расулзода назар ба дигарро роњњои шањр хуб ба назар мерасид, аз нав асфалтпўш шуд. Аз он ки хиёбони ба номи Ленин дар рўбарўи роњи манзили Ќоњир Расулзода меистод, сабаби кучондани "мардикорбозор" аз хиёбони Ленин ба мањаллаи "Гулистон" шуд. Он замон сабаби кучондони бозорро њељ кас шарњ намедод. Дар њоле ки хиёбони Ленин ва њозира Исмоили Сомонї дар канори шањроњи марказии Хуљанд аст ва на ба њаракати воситаи наќлиёт монеъ мешуду на ба роњравии пиёдагардон. Танњо њамин ќадар аст, ки њар гоње Расулзода аз манзилаш ба њукумат ва аз њукумат ба манзилаш мерафт, чашмаш ба мардикорон меафтоду ба бозори онњо. Тўли
"АРТРОВИТ" фитобальзам согревающий 125 мл -барои бемории артритњо (буѓумдард), миалгияњо (дарди мушакњо), невралгияњои байниќабурѓавї, невритњо, сарборињои барзиёд ва узвњои такяву њаракат истифода мебаранд. Таркибаш рагњоро васеъ мекунад ва ангезиш ба вуљуд оварда, ба ин тариќ ба бењшавии гардиши хун мусоидат мекунад. Истифодаи малњам аломатњои нотобии буѓумњоро хеле кам мекунад, дард, варам, илтињоб бартараф мешавад. Тавсияњо оиди истифода: Малњамро рўзе 2 ё 3 маротиба дар љои дардмандбудаатон бо њаракатњои мањскунанда молед. Раќам барои алоќа: 95-178-85-08; вилояти суѓд ва ноњияњои он; 92 749 33 47. Аз дорухонањо пурсон шавед.
шаш (2007-2013) соли фаъолияти раиси Ќоњир Расулзода ин бозори корљўён дар "Гулистон" буд, аммо бо таъин шудани Абдурањмон Ќодирї ба курсии раиси вилояти Суѓд "мардикорбозор" боз ба дигар љой кучид. Зеро ин роњбари навтаъини вилоят аз дењаи Кулангири ноњияи Бобољон Ѓафуров ба њукумати вилояти Суѓд тавассути роњи мањаллаи "Гулистон" меояд. Дидани манзараи таљаммўъи корљўён дар бозор, ки бозгўи вазъи бекорї дар вилоятро бармало собит месозад, эњтимол ба ин роњбари нави Суѓд њам хуш наояд.
Баъди Ќодирї "мардикорбозор" ба куљо мекучад? Њоло маълум нест, ки акнун "мардикорбозор" дар мањаллаи 34 -уми шањр чанд сол дар он љо боќї мемонад. Аммо кучондани "мардикорбозор" аз мањаллаи "Гулистон" ба "Роњи абрешим" боиси нигаронии корљўён шудааст. Онњо дар сўњбат бо мегуянд, ки вазъи хароби роњњо ва аз љониби дигар беиттилоъии корфармоён боиси он шуда, ки онњо чанд рўз боз кор пайдо карда наметавонанд. Як нафар аз корљўён, гуфт, ки бо кучондани бозор аз як љо ба љои дигар моро сарсон мегузоранд. Аммо бархеи дигар аз иштирокдорони "мардикорбозор" мегуфтанд, ки љое, ки онњо куч бастаанд, берун аз маркази шањр ва хуб аст, касе акнун монеаъи онњо намешавад. Таъини роњбарони Суѓд боз боиси сурат гирифтани кадом корњо ба љуз кучондани "мардикорбозор" дар Хуљанд шудааст, дар ин бора дар шуморањои баъди дар "Нигоњ" хоњем гуфт. Ќамари АЊРОР
12
“НИГОЊ”, ЧОРШАНБЕ №45 (376) 5. 02. 2014
ТАХТАИ СИЁЊ Ба таваљљўњи Раиси Идораи мусулмонони ЉТ, мўњтарам С. Абдуќодирзода, сарварони мўњтарами Љамъияти Библияи Тољикистон, раиси Кумитаи дин, мўњтарам А. Холиќов, раиси БДА мўњтарам М. Саидов, раиси ЊНИТ, мўњтарам М. Кабирї, шањрдори Душанбе мўњтарам М. Убайдуллоев
Мирбобои МИРРАЊИМ номзади илми фалсафа
Рўзи якшанбе, 19.01.2014 наздикињои соати 14-и пас аз пешин, бо ањли хонавода ба зиёрати Оромгоњи Њазрати Мавлоно Яъќуби Чархї рафтем. Аз кайњо пеш модархонум, њамсар ва бачањо ният доштанд, ки ба зиёрат бираванд ва ман њам фурсатро муѓтанам дониста, ин рўзи бисёр хуби зимистонро интихоб кардам. Ёдам омад, ки охирин бор ба Оромгоњи Њазрати Мавлоно рўзи љанозаи Мавлавии Њиндустонї (Муњаммадљони Ќўќандї) тирамоњи соли 1991 рафта будам… Аз дур нигоњ кардам, ки майдони пеши Оромгоњ хилват аст, зеро дар назди дарвозаи бузург ва дари кўчаки он њамагї як саворї меистоду халос. Мо бист-сї ќадам дуртар аз дарвозаи Оромгоњ савориамонро ќарор ва љой дода, оњиста-оњиста ба дари даромад наздик шудем. Њамин ваќт як савории "Опел" бо суръати хеле тез омад ва дар канори савории дигар, ки рў дар рўи дари (дарича) даромад меистод, таваќќуф кард ва роњи моро баст. Њоло моро лозим меомад, ки каљу рост, ин тараф ва он тараф њаракат карда ва њамзамон модархонумро аз ду даст ва баѓал нигањ дошта, аз байни ду мошин, ки мавќеъияташ аз Пули Сирот њам бадтар буд, бо душворї гузашта, дохили њавлии Оромгоњ шавем. Ростї, чї гуфтанамро намедонистам. Ронандаи савории "Опел" риши бузаки љингалапомонандашро сила ва кулоњи гирди муѓулиашро дар сараш дуруст карда, бо такаббури хос аз он пиёда шуд ва дарњол ба тарафи ќатори мошинњои меваву сабзавот, ки чанд ќадам дуртар аз дарвозаи бузурги Оромгоњ саф кашида буд, давид ва рањорањ дари мошинашро ќуфл кард… Зиёрат ним соат бештар идома пайдо кард ва мо боз оњиста-оњиста модархонумро аз дасту баѓалашон нигањ дошта, аз њамон дари канори чапи дарвозаи Оромгоњ берун шудем. Ду савории пеш дар он љо таваќќуф карда, њоло рафта буд ва ба љои онњо як "Лексус"-и сафед бо шумораи давлатии "ТJ1222АЕ03" ќарор дошт. Лањзае, ки мо аз дари кўчак берун меомадем, ногањон як савории "Мерседес Бенз" бо шумораи давлатии "ТJ7311ВА01" бо дандаи аќиб (яъне "задный ход") рост омада, масири пиёдарањаро ишѓол кард. Ду-се нафар зоири мўњтарам аз он пиёда шуда, бо суръат ба тарафи дари даромад њаракат карданд, ки њамагї ду ќадам фосила дошт. Ронадаи мошин низ пиёда шуд. Љавони хушчењра ва хушлибос, аммо маѓрурнамое буд. Ман дигар сабрамро аз даст дода, бо кароњат ба ронанда гуфтам: - Охир, роњро бастї, бародар! Наметавонистї каме дуртар мошинатро нигањ дорї? Дидї, ки дар пеши дари Оромгоњ ин "Лексус"-и бузург истодааст ва бубин, дар ин майдон он ќадар љойњои холї њаст, ки дањњо мошини майдаву бузург меѓунљад… Сухан нотамамом монд, зеро љавони хуб бо дасташ ба тангнои байни ду саворї ишорат карда, гўиё "роњ"-ро ба мо нишон дод ва
Мусулмон ва номусулмон
бо камоли беэњтиромї ва ѓазаб гуфт: - Мана, аз ин љо гузаштан гир! Дар канори дари сандуќи пушти мошин марди дигаре истода, ба ин манзара гоњ бо њайрат (ва шояд гоње сари суханони ман меандешид!) ва гоњ бо надонам, нигоњ мекард ва мехост чизе бигўяд. Ин мард яке аз наздикони ронанда буд ва ба ин тарафу он тараф нигоњ мекард, ки вазъиятро баррасї намояд ва мавќеъияти худашро баён дорад, ки афсўс чизе нагуфт. Бо чашмонаш медид, ки дар натиљаи канори њам гузоштани ду саворї роњи рафтуомади одамон хеле танг шудааст. Дигар чизе гуфтан намешуд, зеро онњо чањор-панљ нафар буданд ва мо танњо як мард дар миёни хонавода. Ногоњ хонум (њамсар) бар сарам шўрид: - Боз ба сиёсат даст задї?! Нагуфта будам, ки дар љойњои таљаммўъи одамон аз дањонат ягон садои сиёсї баланд нашавад! Ду сол бегуноњ бо тўњмат дар сизо-зиндон нишастанат кам буд? Агар аз номусулмон халос шавї, аз даъвои мусулмон њаргиз халос намешавї. Биё, яктарафа шав, коре карда, аз байни ин ду мошин мегузарем! Дамам ба дарун афтод, зеро агар садо баланд мекардам, њатман хўљаини хона боз "сиёсат"-ро бо иборањои шабењи гурзи кулўхкўб бар сарам мезад. Бо як азобе аз байни "Мерседес Бенз" ва "Лексус" гузаштем. Дигар мошине дар наздикињо набуд, ки ба роњи пиёдаравии мо халал расонад… Дар бозгашт сари ин рухдод андеша мекардам ва дар зењнам масъалаи муњими солњо маро ба худ гирифторкардаи "мусулмон ва номусулмон" зуњур кард. Ёдам омад, ки 20 марти соли 2013 даќиќан соати 13-и рўз аз пиёдарањаи (тротуар) кўчаи Истрав-
«
Намедонам майори БДА ба маънии ин хоњиши мо сарфањм рафт ё на, вале боз чандин бори дигар дидам, ки он "Тойота Ланд Крузер" ва боз як "Тойота Каролла" мањз дар пиёдарања-назди њавлии №19, кўчаи Истаравшан ба арз (кўндаланг, чалипо, поперёк) таваќќуф карда, масири тараддуди шањрвандон дар пиёдарањаро баста буд. Дар дигар пиёдарањањои шањри Душанбе низ ањвол аз ин бадтар њаст, ки бењтар нест ва пиёдарав дар роњи худаш њаќ надорад ќадам бизанад, балки ба зўрї ба роњи мошингард ронда мешавад.
«
шан аз шимол ба тарафи љануб бо аљала њаракат мекардам, то ба љои ваъдагї сари ваќт бирасам. Ногоњ дар назди њавлии шумораи 19, ки "Љамъияти Библияи Тољикистон" ном дорад (рў дар рўи тарабхонаи "Шанхай"), як савории сафеди "Тойота Ланд Крузер" бо суръати барќосо аз роњи мошингард ба тарафи рост печид ва дуруст пеши њаракат дар пиёдарањаро баст. Агар сари ваќт худро нигањ намедоштам, бешубња, бо сару димоѓ ба шишаи "Тойота" бархўрд мекардам. Ин лањза аз савории ќорапаймои "Тойота Ланд Крузер" тарсобачаи ришдоре берун омад ва дари сандуќи аќаби онро боз карда, кисањои (сумкањои салафанї) пур аз харидашро бо такаббур ба даст бардошт. Ман дар пиёдарања рост меистодам ва мунтазир будам, то он тарсобача сари ин амали беандеша ва беодобонааш шояд фикр кунад. Вале њайњот! Бо оромї ба он ронандаи љавон гуфтам: - Љаноб! Чаро роњи пиёдагардро (тротуар для пешехода) бастед? Тарсобача мутакаббирона бо дасташ роњи мошингардро нишон дод ва бо садои њаќоратомез чунин гуфт: - Њо, ана, аз он љо гузашта рафтан гир! Фишори хунам боло рафт, вале худамро нигањ дошта, бо оромї барояш гуфтам: - Ин роњ хонаи шумо нест, бародар! Хонаи шумо дохили њавлии №19 аст! Баробари шунидани ин суханони банда тарсобача ба забони тољикї ва бо лањчаи хоси бачањои "бофарњанг"-и имрўз бароям гуфт: - Э, ту ай кљо омадї? Бирав, њар љо хоњї шикоят кун! Хонуме дар тарафи дигари "Тойота" низ бо кисањои пури харид истода, ба забони даѓали русї ба ман гуфт: - Хайр чї?! Аз он љо гузар! - Он љо роњи мошингузар аст ва ман њаќ надорам дар роњи калон ќадам бизанам. Роњи ман ин пиёдарања аст. Хонуми русзабон мутаваљљењ шуд, ки њол на ба он тољики саргаранг рў ба рў шудааст ва шояд масъалаи ин хатокории писараш (ё корманди љамъият) ба худ ранги дигар бигирад, бо лањни каме ором чунин изњор дошт: - Ин ронанда њоло бача аст. Шояд ба иштибоњ роњ додаст… - Ин бачаи майда нест, балки бачаи бузурги ришдор ва њатто бисёр калон аст ва аќлаш хуб кор мекунад ва гапаш њам калон аст, ки барои роњатии худаш роњи моро баст. Тарсобачаи ришдор дигар чизе нагуфт ва барои нишон додани тавоноии хеш ба тарафи дари њавлии №19 равон шуд, ки аз дарунсўйи (дохил) он љо садои ав-ави саг баланд шуд. Ният дошт, ки дари њавлиро боз карда, сагашро ба берун рањо созад ва ба ин бањс хотима бахшад. Ман дигар ба идомаи ин бањс фурсат ва њавсалае надоштам, зеро њамагї чанд даќиќа ваќт доштам, то худро ба љои ваъдагї бирасонам…
Як рўз пас аз ин рухдод ба кормандони мўњтарами БДА, ки њар аз гоње дар наздикии бинои шумораи 21, кўчаи Истаравшан камин гирифта, вазифаи хешро содиќона анљом медињанд, мурољиат кардам ва хостам, ки онњо ба мошинњое, ки дар пиёдарања таваќќуф ва ё гузошта шудаааст, таваљљўњ дошта бошанд ва аз ин тахаллуфот (чанд акси саворињои нодуруст љо гузоштаро аз гўшии телефони њамроњ барояшон нишон њам додам) пешгирї ба амал оваранд, зеро пиру кампир ва бачањои хурдсол ба иљбор ба роњи мошингард ронда мешаванд ва ин кор дар нињоят оќибати хубе надорад. Афзун бар ин чунин фарњанг (дурусташ, бефарњангї!) дар тамомии шањр густариш пайдо карда, ба мушкилоти дардисарофарин табдил меёбад. Намедонам майори БДА ба маънии ин хоњиши мо сарфањм рафт ё на, вале боз чандин бори дигар дидам, ки он "Тойота Ланд Крузер" ва боз як "Тойота Каролла" мањз дар пиёдарањаназди њавлии №19, кўчаи Истаравшан ба арз (кўндаланг, чалипо, поперёк) таваќќуф карда, масири тараддуди шањрвандон дар пиёдарањаро баста буд. Дар дигар пиёдарањањои шањри Душанбе низ ањвол аз ин бадтар њаст, ки бењтар нест ва пиёдарав дар роњи худаш њаќ надорад ќадам бизанад, балки ба зўрї ба роњи мошингард ронда мешавад. Мо аз овардани мисолњои зиёд дар ин боб, ки шояд садњо сањифаро пур кунад, худдорї менамоем, зеро барои тамошои ин манзара рўзона танњо як бор ба пиёдарањањои гирду атрофи чањорроњи кўчањои Љалол Икромї ва Чапаев, ки бинои ду вазоратхонаи ќудратї он љост, нигоњ кардан кифоят мекунад… Агар назди дару дарвозаи Оромгоњи Њазрати Мавлоно Яъќуби Чархї ба чунин манзараи нороњаткунанда дучор намеомадам, шояд банда низ ба ранги аксарият хомўширо ихтиёр мекардам. Вале, биёед, њоло сари манзараи дигар низ андак андеша намоем: рўзи љумъа, њар љо ки масљид ба роњи бузург наздик аст, ба таваќќуфи мошинњои намозхонони мўњтарам нигоњ кунед. Оё ягон тартиб ва одоб ё эњтироме аз љониби ронандасаворкорони мошинњо нисбат ба њаќќу њуќуќи дигар шањрвандон вуљуд дорад!? Ман аз мўњтарам домуллокалони асосии Тољикистон, љаноби оќои С. Абдуќодирзода ва дигар имомхатибњои масољиди намози љумъа ва њамчунин сарварони гиромии дигар адён ва фирќањо бо камоли эњтиром хоњиш мекунам: як бор пеш аз адои намози љумъа (њангоми адои ибодат, саљда дар дигар адён ва мазоњиб) аз пои минбари масљид (калисо, каниса ва хонањои ибодатї) берун оянд ва ба арзи (поперёк) пиёдарања таваќќуф (порк кардан, парковать) ва дар куљоњо нигањ доштани саворињои пайравонашон нигоњ кунанд ва пас аз он ба ќироати хутбањои хеш пардозанд. Нодуруст гузоштан (неправильная парковка) ва таваќќуфи ѓайримуљози мошинњои намозгузорон на танњо дар пиёдарања (тротуар), балки њатто дар
ТАХТАИ СИЁЊ роњи калони мошингард-назди масољиди шањри Душанбе ба як мушкили њалнопазир ва дардисари воќеї барои мо, шањрвандон, мубаддал шудааст. Агар ба њамаи ин карруфари соњибони мошинњои рангоранг дурусттар нигоњ кунед, он гоњ рўшан хоњад шуд, ки намози љумъа бањона, вале дар амал намоишгоњ ва бозори бедарвозаи мошинњои нав ба нав дар канори роњи калон ва пиёдарања роњанадозї шуда, ки ба як сабќати њамоњангшуда байни сарватмандони имрўз шабоњат пайдо кардааст ва рўз то рўз густариш меёбад. Ин манзарањо инсони соњибхирадро нороњат месозад, ки аз иќомаи намози љумъа ва њатто аз рафтан ба дарунсўйи масољиди расмї худдорї варзад. Худо бубахшад моро, ки пас аз насби дурбинњо дар дарунсўйи масољид дар масъалаи барои ибодат ба он љо рафтан хуб андеша хоњем кард! Барои он ки шањрвандон аз азоби мошинњои дар пиёдарања таваќќуфкарда ва гузошташуда халосї ёбанд, лозим аст, ки дар роњу пиёдарањањои назди масољиди расмї ва Оромгоњи Њазрати Мавлоно ва њамчунин калисову каниса ва хонањои ибодатї дурбинњои назоратї насб карда шавад ва њељ яке аз кормандони БДА дар он гирду атроф њузур надошта бошанд ва аз њар ронанда, ки дар ин амал ба хилоф даст мезанад, љаримањои сангин ситонида шавад. Њазинаи насб ва роњан-
дурбинњо назорат (контроль) бар фароизи динї-мазњабї ва ё фирќавии њар инсон буда, аз назари њуќуќї љойи бањс дорад, зеро мухолифи њуќуќ ва озодињои конститутсионии шањрвандон аст, вале он чї дар роњу кўча ва пиёдарања анљом мешавад, амали иљтимоии онњост, ки бояд посухгў бошанд. Њар амал боз аксуламали худро дорад: сафи намозхонони њаќиќї дар масољид рўз аз рўз камтар хоњад шуд (зеро хоњ нохоњ акси одам дар навор сабт хоњад шуд ва он оќибати хубе надорад ва дар њар лањза метавонанд алайњи њамон шахс истифода шавад!) ва зоњирнамоён бештару унвони "масљиди давлатї" ба куллї дар кайфияти рўњии пайравони ислом сабт хоњад шуд. Агар њадаф аз насби дурбинњо дар дарунсўйи масољид пурра дар назорат нигањ доштани одамон-намозгузорон аст, пас њамон маќоли маъруфи "масљид љои г…з нест" кифоят мекунад. Зеро њар кас, ки ба масљид меравад, ниятиаш иќомаи намоз ва розу ниёз аст ва бо пои тањорат вориди он мешавад. Бо дурбин дар масољид чиро бояд назорат кард?! Агар ба мањзи он ки намояндаи ягон мазоњиби дигари исломї барои адои намоз ба масљид рўй оварад ва њангоми назорат ва бозрасї аз дурбинњо ин далел ошкор шавад, бо он бояд чї кор кард? Хаму рост шудани намозгузорон ва ё худо накарда касе даст ва ё пояшро андак ба тарафи
“НИГОЊ”, ЧОРШАНБЕ №45 (376) 5. 02. 2014
Оё шахси мусулмон розї аст, ки њангоми намоз ва розу ниёзаш ўро аз "чашмаки" дурбинњо наззора кунанд?! Аз нигоњи шаръї ин масъала чї тавр баррасї ва њаллу фасл шудааст?! Уламо ва њукамо, ки ба ин амр њукм содир фармудаанд ва дастур додаанд оё рўи оќибати ин амр ва масоил андешидаанд? Агар посух мусбат аст, пас, бифармоед, ки бар асоси кадом сарчашмаи илмии мўътабар ё ќиёс ва ё иљмоъ? Афзун бар он њаќќу њуќуќи кафолатдодаи Конститутсия барои шањрвандони Тољикистон то чї андоза риоят шудааст ва ё аслан истилоњи "давлати демократии њуќуќбунёд, дунявї, ягона ва демократї" танњо барои зебої ва рўнамої аст? Албатта, зарурат дорад аз Додситони кулли кишвар мўњтарам Ш. Салимзода ва Раиси Суди Конститутсионї мўњтарам М. Мањмудов пурсида шавад, ки мо дар куљо зиндагї мекунем ва оё кафолатњои конститутитсионии мо, шањрвандон, аз тарафи ќувваи иљроия (испольнительный власть) риоят мешавад ва ё танњо бо навиштани моддањо дар бораи озодињо дар Конститутсия кифоят мекунад?! Чаро як имом-хатиб ё хадамаи масљид, ки њамагї чанд сура аз Ќуръон тиловат ва ё ќироат мекунад, наздик ба
«
Агар ба њамаи ин карруфари соњибони мошинњои рангоранг дурусттар нигоњ кунед, он гоњ рўшан хоњад шуд, ки намози љумъа бањона, вале дар амал намоишгоњ ва бозори бедарвозаи мошинњои нав ба нав дар канори роњи калон ва пиёдарања роњанадозї шуда, ки ба як сабќати њамоњангшуда байни сарватмандони имрўз шабоњат пайдо кардааст ва рўз то рўз густариш меёбад. Ин манзарањо инсони соњибхирадро нороњат месозад, ки аз иќомаи намози љумъа ва њатто аз рафтан ба дарунсўйи масољиди расмї худдорї варзад.
«
МАСЉИДИ МАВЛОНО ЯЪЌУБИ ЧАРХЇ дозии дурбинњои назоратї аз њисоби масољиди расмї ва калисову каниса ва хонањои ибодатї пардохт шавад ва калиди он дар бойгонии БДА ќарор гирад ва њељ кас њаќќи пок кардани сабти навори дурбинњоро надошта бошад. Он гоњ хоњем дид, ки байни мусулмон ва номусулмон дар ин кори бисёр содда чї тафовуте њаст ва ё аслан тафовуте нест! Масъалаи таваќќуфи саворињо роњи њалли соддае дорад: бояд ќитъаи замин барои таваќќуфи ройгон дар назди масољид ва сохтмони поркингњои табаќотї дар наќшаи шањрдорї ва масољиди расмї дар дастури корї ќарор бигирад. Танњо ба њамон масољиде иќомаи намози љумъа иљоза дода шавад, ки шароит ва имконият барои гузоштан ва таваќќуфи мошинњои намозгузорони мўњтарамро муњайё кардааст. Албатта, пеш аз намоз бояд фарњанги ронандагї ва мошингузорї (парковать) низ ба мусулмонон таблиѓ шавад ва љо афтад. Дарунсўйи (дохили) масољид, калисову каниса ва хонањои ибодатї насб кардани
дигар гузоштааст ва ё садое аз ў даромадааст? Агар то ба имрўз 365 масљид, аз љумла 51 масљид дар шањри Душанбе, бо дурбинњо муљањњаз карда шудааст ва оянда њатто дар дурдасттарин масљид низ ин нишонаи маданият чашми хешро боз хоњад кард, суол пеш меояд, ки чї ќадар маблаѓ барои "ин каму беш чї маънї дорад?" сарф шуда ва боз сарф хоњад шуд?! Дар рустое, ки њама бошандагонаш якдигарро мешиносанд, насб кардани дурбин дар масљид чї маънї дорад? Магар "Апаи Че" бо дору дастааш нияти ба масљиди расмї ва давлатии мусулмонон њамла карданро дорад ё барои ибодат меояд ва оё ин дурбинњо аз юриши вай пешгирї ба амал моварад?! Оё то ба имрўз дар ягон масљиди кишвар амали террористие анљом шудааст? Терроисти имрўз ањмаќ нест, ки дарунсўйи масољиди кишвар коре анљом бидињад, дар њоле ки њазорон мошин дар љойњои лозиму нолозим рањо шудааст ва њамаи шароиту имкониятњо барои гузоштани бомб ё дастгоњи мунфаљирї дар онњо муњайёст!
2000 сомонї аз буљаи шањрвандон (ба маънои давлат) бояд маош бигирад (афзун бар он даромади масљид ва боз садаќаву закот) ва корманди илмї, номзади илм, доктори илм, устоди донишгоњ, муњандис, муаллим, пизишк ва фаррош-кўчарўб… њамагї 300-400 сомонї? Куљост адолати исломї ва мусулмонї? Гузашта аз њамаи ин: оё аз буљаи давлати ѓайримазњабї гирифтани маош барои имомхатибњо ва хадамаи масљид ЊАЛОЛ аст? Ин пул шояд њаќќи беваву бечора, бемору нодор ва мардуми камбизоат бошад, вале чаро ба коми мусулмон, ки фарќи байни њалол ва њаромро, албатта, ки медонад, биравад?! Ривояте њаст, ки замоне як шахси мусулмон шунидааст, ки кадом як бозаргони худобехабар дар бозори шањр гандуми дуздї мефурўшад. Ин мусулмони парњезкор њафт соли расо нони љав хўрда ва аз фаровардањои орду нони гандум парњез кардааст, то луќмаи поки хешро бо гандуми дуздї наомезад ва нопок насозад. Њол аз уламои мўњтарами исломї суол дорем, ки дар мавриди ЊАЛОЛ ВА Ё ЊАРОМ будани маош барои имомхатибњо ва хадамаи масљид аз буљаи давлати ѓайримазњабї, яъне "светский", чї мефармоянд?! Дар њоле ки дар Конституцияи ин давлат бо хати заррин навишта шудааст, ки низоми он "ѓайримазњабї", яъне "светский" (бар хилофи "клерикальный"="динї") аст. Оё аз хазинаи давлати ѓайримазњабї (лоик) гирифтани маош барои шахси имомхатиби мусулмон, ки худро диндор мешуморад, ЊАЛОЛ аст?! Агар имомхатиб ва хадами масољиди исломї аз буљаи Тољикистон маош мегиранд, пас, чаро поп, падари рўњонї, хохом, кашиш ва рањбари адёну фирќањои дигар аз ин лутфи "давлати демократии њуќуќбунёд, дунявї, ягона ва демократї" мањруманд?! Ба иборати дигар ва ба ќавли Умари Хайём: "Ё раб, ту каримиву каримї карам аст// Осї зи чї рў бурун зи боѓи Ирам аст!" Њол агар кулли пайравони адёни дигар 1% ањолии Тољикистонро (зеро мўд шудааст, ки аксар ваќт 99% ањолии кишварро "мусулмон" ба ќалам ди-
13
њанд) ташкил медињанд, пас, зулм бар љону мол ва зери пўсти нохуни пешвоёни адён ва мазоњиби дигар рафта ва адолати исломї риоят нашудааст. Зеро андозсупорандагони пайрави дигар адён аз 1% бештар њастанд, на камтар. Мо дар бораи адолати иљтимої дар ин сарзамин њарфе намегўем ва њатто њаќ надорем. Вале хоњ нохоњ боз масъалаи ЊАЛОЛ ВА Ё ЊАРОМ будани маош аз ин андоз пеш меояд. Ин љо танњо бо суол посухашро аз сарварони гиромї мехоњем. Агар дурбинњо барои ба таври зинда пахш (пањн) кардани иќомаи намоз ва ибодати шањрвандон дар љањоннамо ва ё интернет аст (албатта, пеш аз пахш ба даст овардани ризоияти онњо лозим аст!), пас, масъала ранги дигар мегирад ва љойи тањсин дорад, вале мањз барои назорат ва контроли намозгузории марду зани мусулмон аст (албатта, маълум аст, ки бе ризоияти худи онњост), љойи таассуф ва нороњатї. Ё шояд ин дурбинњо бо њадафи назорат бар он ки кадом одамон (мардум) барои адои намоз меоянд ва ё на ва агар худое накарда фардо ё пасфардо толибон ба ин сарзамин пои номубораки хешро гузоранд, ин кор ба пешвози онњост ва ба онњо нишон додани ин далел, ки њамаи мо-мусулмонем, касро ба андеша водор месозад, зеро "аз пода пеш чанг кардан" хилофи аќл аст. Як бор бадбахтии сахт аз сарамон гузашт, ки барои њафт пуштамон кифоят мекунад: ёд доред, ки њамагї сад сол пеш дар ќаламрави Аморати Бухоро (Ќўќанд ва Хева низ) вазифаи назорат бар фароизи динї бар ўњдаи амалдороне чун "хуфия, раис, мўњтасиб, аълам, тўќсабо, ќозї, муфтї" (хулоса њар каллае, ки дар сараш аммома дошт ва мансабе аз амир инъом гирифта буд) ва њатто "миршаб" вогузор шуда буд ва онњо низ муроќибату муњосибаи хешро дар берун аз масљид анљом медоданд, на дарунсўйи он. Шояд ќарор аст дар ояндањои наздик дарунсўйи хонаву кошонаи њар як шањрванди кишвар низ дурбинњо насб мешавад ва умедвор бояд буд, ки ангезаи њамагуна дуздиву ришвахорї ва ихтилофу иштибоњ барбод хоњад рафт!? Њазору сесаду анд сол пеш аз ин рўзгор дар хонаву њавлии њар як тољик њатман як араби бадавї маскан гузида, ба ниёкони мо ањкоми исломї меомўхт ва назорат дошт, ки як гом аз доираи ислом берун нанињанд ва як калом аз Ќуръон бештар њарф назананд ва имрўз љои он араби бадавиро дурбини чинї (ё арабї, Дубай) гирифта?! Њатто дар Аморати Бухоро барои имомхатибњо ва хадамаи масљид њељ маоше муќаррар нашуда буд, балки баръакс аз даромади масљид ба Амир њадоё ва тўњфањо (њатто дар бархе маворид тортуќ) мефиристоданд ва даст ба байтулмол дароз намекарданд. Маълум нашуд, ки Аморати Бухоро барои имомхатибњо бењтар буд ва ё он чї имрўз маош тасвиб шуд. Шояд ягон њаљвнигор дар оянда суханони зебои Саъдии бузургворро бо андак таѓйир чунин тафсир кунад: Ибодат ба љуз хўрдани моли халќ нест! Дар омади сухан бояд зикр шавад, ки дар гузашта низ кўшиши нобарор барои назорат ба рафтуомади намозгузорон ба таври музњик дар таърих ба сабт расидааст. Дар як тумани Аморати Бухоро муллои бисёр ќадкўтоњеро ба имомхатибї мансуб карданд. Ин имомхатиб баробари ворид шудан ба сањни масљид дидааст, ки дару дарвозаи масљид барои ќади ў бисёр баланд ва бузург аст. Аз ин манзара бисёр нороњат мешавад ва фармон медињад, њам дарвоза ва њам дари даромади масљидро канда, онњоро аз нав дуруст ва ончунон паст кунанд, ки ў хам шуда аз он бигузарад ва дигар одамон низ мисли ў бояд бо таъзим ва хам кардани сари худ аз дарвоза ва дари масљид убуру мурур намоянд. Ин имомхатиб дўст доштааст, ки мањз хаму рост шудани намозгузорон њангоми вуруд ва хориљ шудани онњо аз дару дарвозаи масљидро тамошо кунад ва њаловат барад, ки ќади бандагони худо аз ќади ў пасттар аст… Вале бо камоли хушњолї эътироф менамоем, ки њатто дар замони њукмронии яккатозии Њизби коммунист низ њељ кас, њатто њељ як аз дастгоњи давлати љонољон љуръат намекард, ки монеи њаќќи њалол ва шањрвандии ибодатгузорон дар дарунсўйи масљид, калисо, каниса ва хонањои ибодатї шавад. Бо вуљуди ѓайримазњабї будани сохтори давлатдорї масљиду калисо ва канисаву куништ љойгоњи муќаддаси хешро њифз мекард, пас, чаро имрўз…
14
“НИГОЊ”, ЧОРШАНБЕ №45 (376) 5. 02. 2014
ИНЊОРО БОЯД ШИНОХТ
НИГОЊИ МАРДУМЇ ЛАТИФА Писари Муллокарим дар тани модараш палтои зеборо дида мегўяд: - Модарљон палтои танатонро падарам хариданд?Модараш дар љавоб мегўяд:-Эњ, писарам ман агар баумеди падарат мешудам ту ба дунё намеомадї! *** Зане ба марди нобино њамсар шудааст. Зан ба шавњари нобинояш мегўяд:- Эймардакљон кош шумобино мешудеду ин зебоии маро дидаоби дањонатон мерафт. Шавњараш дар љавоб гуфтааст:- Эй рута сиёњнакун ту хушрў мешудїмани кура мегирифтї!? *** РўзеподшоњувазирАфандироњамроњгирфтабасаёњатбаромаданд, њаво гарм буд, либоси рўяшонрокашидабаАфандїборкарданд.Подшоњ, Афандиромасхаракарданїшуда, гуфт: - Афандї, як хара бор бардоштед-а! Афандї дарњолљавобдод: - Не, таќсир, боридухара! *** Рўзе Мушфиќї ба дарбори подшоње омада хост, ки ба хонаи хоси амир дарояд. Аммо дарбон роњ надода, гуфт: -Дар хона касе нест. Мушфикї гуфт: -Ман њам медонам, ки дар хона касе нест, аммо ман на ба кас, балки ба подшоњ кор дорам! *** Касе аз Афандїѓалберашро талабидааст.Афандї дар љавоб гуфтааст: - Бо љону дил медодам. Афсўс ки дар ѓалбер об андохта мондаам. - Магар дар ѓалбер об андохта, нигоњ доштан мумкин аст?-тааљубкорона пурсидааст он кас. - Ваќте ки барои надодан бањона лозим шавад, мумкин аст,-љавоб додааст Афандї.
ВОКУНИШ ФУРЎШГОЊЊОИ "СЕКОНД ЊЕНД" ТАЊТИ НАЗОРАТ ЌАРОР ДОДА ШУД! - Хадамоти назорати давлатии санитарию эпидемиологии Вазорати тандурустї ва њифзи иљтимоии ањолии Љумњурии Тољикистон оид ба маќолаи сокини шањри Душанбе, ки дар нашрияи "Нигоњ" №43 аз 22-юми январи соли 2014, тањти сарлавњаи "Аз "Секонд Њенд" эњтиёт шавед!" чоп шудааст чунин иттилоъ медињад. Хадамоти назорати давлатии санитарию эпидемиологї ва зерсохторњои он дар шањри Душанбе оиди фурўши либоси маѓозањои "Секонд Њенд" (дасти дуюм) санљиш гузаронида муайян намуд, ки дар шањри Душанбе 41 адад чунин маѓозањо вуљуд доранд. Ќисман либосњои ба фурўш баровардашуда безарар "дизенфексия" карда шудаанд ва мутаасифона ќисми он бе сертификат ё ягон њуљљати иљозатдињанда ба фурўш бароварда шудааст. Аз тарафи Хадамот оиди ин масъала корњои фањмондадињї гузаронидашуда, чунин маѓозањои фурўши либос ба навор гирифта шуда, рўзи 31-уми январи соли 2014 тариќи Муассисаи давлатии телевизиони Сафина пешкаши шањрвандон гардонида шуд. Фаъолияти ин фурўшгоњњо тањти назорати хадамот ва зерсохторњои он дар кишвар ќарор дорад. Дар баробари ин, фурўши либос дар маѓозањои "Секонд Њенд" (дасти дуюм), ки ба талаботи санитарию гигиенїљавобгу набуда ва бо сертификати сифат таъмин нест манъ карда мешавад. Бо ќарори МНДСЭ-и шањри Душанбе ва зерсохторњои он, фаъолияти 4 маѓозаи фурўши либос муваќќатан боздошта шуд. Санљишњо оиди маѓозањои "Секонд Њенд" (дасти дуюм) бо истифодаи усулњои лабораторї давом дорад. Самариддин АЛИЕВ, сардори Хадамоти назорати давлатии санитарию эпидемиологии Вазорати тандурустї ва њифзи иљтимоии ањолии Љумњурии Тољикистон
ДИЌЌАТ! Барои ба саволњои доѓи худ посух гирифтан ба идораи њафтаномаи "Нигоњ мурољиат кунед. Суроѓа: шањри Душанбе, кўчаи Носирљон Маъсумї-3, назди Хона музейи Мирзо Турсунзода. Ё ба масъули сањифаи "Нигоњи мардумї" бо шумораи телефони 985 60 86 85 занг занед ё бо воситаи смс-паём саволи худро ирсол доред. Њамчунин ба почтаи электронии nigoh_tj@inbox.ru арзу пешнињод ва мушкилоти худро бинависед.
“НИГОЊ”, ЧОРШАНБЕ №45 (376) 5. 02. 2014
15
АКСИ ГЎЁ
НАХОД? ИНСОФ АБАДУЛУМР АЗ МО РАФТ!? Ба тафтиш мебароянд, симњои озодро дар ноњияи мо "ѓарс-ѓарс" мебуранд, ин корњояшонро ба воситаи телевизион намоиш њам медињанд! Аммо њозир ваќти ин кор нест. Моњњои март, ягон њафта пеш аз лаѓви мањдудияти энергияи барќ, њамин ки бўй бурданд, дасту остин бармезананд, яъне бо як тир ду нишон мезананд... - Имрўз аз муассисањои барќашон доимї, аз ќабили бемористонњо, пойгоњњои обкашї, корхона ва дигар иншоотњои муњим ба чор тараф чун торњои анкабут симњои сафед, ба истилоњ "чистая линия" кашида шудаанд, вале на сарварони ин муассисањо, на масъулони шабакањои барќ инро намебинанд. Сањењтараш мебинанду гўё, намебинанд. Охир барои кашидани ин симњо ягон кишоварз ё одами тасодуфї болои симчўб набаромадааст, балки онро мутахассиси соња, бо иљозаи мудири шабакаи барќ кашидааст ва албатта, беподош, њамту, барои шунидани "рањмат" не да! Як дўстам муассисаи серташвишеро сарварї мекунад, боре гуфта буд, ки низоми кораш имкон медињад, ки аз хатти озод бархурдор бошад, аммо дар чандин соли мањдудияти энергияи барќ ин корро накардааст. Ў мегўяд, аз њамсояњои ѓарќи торикї шарм карда ва худро њамрангу њамќисмати эшон намудааст. Аммо чунин "шармгинњо" дар шањри мо оё каманд? Дар ин ду дањсола, ки љабри бебарќї мекашем, шиори даврони Шўравї "Мењнат дар СССР кори шаъну шараф ва ќањрамонист"-ро метавон ба гунаи "барќи озод доштан кори шараф ва ќањрамонист" таѓйир дод. Он замон ба мењнаткашон унвону мукофотњо медоданд, ваќти он нарасидааст, ба ин "Ќањрамонони даврони нав", ки дар сардию торикињо манзилашонро бо њар роњу восита гарму рўшан намудаанд, низ "мукофот" дињем? Ба "фидокорон"-и шабакаи барќ, ки пеши чашми мардуми бебарќ беибо ба хонањои алоњида барќ кашидаанд, чи мукофот дињем? Дуои бади мардуми бемору пирро?! Як корманди пойгоњи обкашї бо исми Каримба пурсиши мо, ки ин симњои чор тараф кашида аз кињоянд, посух нагуфт, аммо таъкид кард, ки њамаи онњо "законный" (ќонунї) кашида шудаанд. Бубахшед, дар асоси кадом ќонун? Дар љомеа ашхоси аслии имтиёздор, ки хидмат ба ин халќу Ватан кардаанд, аз энергияи барќ бебањра мондаанд. Дар мактаби №29-и шањри Конибодом будам, ки якбора энергияи барќ фурўзон шуд. Ба мудири хољагиаш гуфтам, ки хайрият, лоаќалмактаброаз хатти озод бо энергияи барќ таъмин кардаанд. Ў дар љавоб гуфт, фаќат шаб то сањар, ваќте ба касе лозим нест, фурўзон варўзона чун дар њама љо энергияи барќ моли камёб мешавад. Ин њамаро хонда гумон накунед, ки кормандони шабакањои барќ ин њама беадолатї, ба чор тараф бо майли худ сим кашиданњоро мебинанду хомўш менишинанд. Не, онњо њам инсонњои заминиянд, виљдон онњоронизазоб медињад. Њоло бубинед, ба тафтиш мебароянд, симњои озодро дар ноњияи мо "ѓарс-ѓарс" мебуранд, ин корњояшонро ба воситаи телевизион намоиш њам медињанд! Аммо њозир ваќти ин кор нест. Моњњои март, ягон њафта пеш аз лаѓви мањдудияти энергияи барќ, њамин ки бўй бурданд, дасту остин бармезананд, яъне бо як тир ду нишон мезананд, њам мардум ба дилсўзию њамаро ба як чашм диданашон ќоил мешаванду њам моликони барќи озод намеранљанд, зеро чанд рўз пас "об ба лаби љўй баробар" мешавад, яъне,њам "лаъл ба даст меояду њам ёр намеранљад" Аммо, дар мавсими ояндаи мањдудияти энергияи барќ симњои бурида аз сари нав пайваст мешаванд… Меандешам, ки наход инсоф абадулумр аз дили сангини масъулони энергетикаи Тољикистон фирор карда бошад!? Комрон ДОДОХОНОВ, сокини шањри Конибодом
ШЕЪР ТО БА КАЙ ТОЉИК САРГАРДОН МЕШАВАД!? То ба кай дар шањри рус тољик сарсон мешавад, Осиёб бањри сабус то чанд гардон мешавад. Мешавад дар он ѓарибї тољикам бечорае, Дур зї илму донишу фарди нодон мешавад. Лучу урёну гурусна кўдaконаш дар назар, Дар ѓами фарзандону зављааш дида гирён мешавад. Гар наёбад маблаѓе он рўз гирён мешавад, Музди хуб гирад агар шодону хандон мешавад. Гањ фиребаш мекунад соњиби кор бечораро, Ў ба љои рафтааш садњо пўшаймон мешавад. Ў зи дасти душманаш дар он ѓарибї куштаву, Волидайнаш дар ѓамиў сина бирён мешавад. То ба кай гургон бирезан хуни поки тољикон, Аз сари мо зулму љабр кай ба поён мешавад. Сунатулло ШАРИФОВ, сокини шањри Вањдат
МАН ЌАБУЛ НАДОРАМ!
ЧАРО НАРХИ БАРОВАРДАНИ ПАРТОВ ТЕЗ-ТЕЗ ГАРОН МЕШАВАД? - Нозири хадамоти коммуналї нисбат ба моњњои пештар аз мо барои хизматрасонии баровардани партов пули бештар талаб дорад. Ў инро ба ќарори нави раиси шањри Душанбе асоснок мекунад. Оё дар асл њамин хел аст? Охир аз мавриди амалии тарифи пешин чандон муддати тўлоние нагузашта набуд, ки боз нархњо гарон шуд. Чаро нархи баровардани партов дар Душанбе тез-тез боло бурда мешавад? Соро МУЊИДДИНОВА, сокини ноњияи Фидавсї - Бале дуруст аст, аммо на дар њамаи ноњияњои шањри Душанбе.Бо фармоиши Хадамоти зиддиинњисорииназдиЊукуматиЉумњурии Тољикистон, нархи хизматрасонии баровардани партов фаќат дар як ноњияи Фирдавсии шањри Душанбе боло бурда шуд. Акнун сокинони ин ноњия нисбат ба нархи пештара 20 ва 25 дирам бештар маблаѓ пардохт хоњанд кард. Мувофиќи ин фармоиш сар аз 1-уми июни соли 2013 сокинони ноњияи Фирдавсї барои хизматарасонии баровардани партов бояд ба таври зайл маблаѓ пардохт кунанд: Дар хонањои бо ќубури ахлотпарто таљњизонида шуда (мусорпровод) барои як истиќоматкунада (9-10 ошёна) - 2 сомону 20 дирам; - барои хонањои беќубури ахлотпарто - 1 сомону 80 дирам; - барои хонањои ободнашуда (баракњо) - 2 сомону 45 дирам; - барои њавлињои шахсї - 2 сомону 60 дирам. Шањрвандоне, ки њаќќи баровардани партови моњњои охири соли гузаштаро насупоридаанд бояд барои нимсолаи дуюми соли 2013 ва минбаъд мувофиќи ин нишондод маблаѓ пардохт намоянд. Барои сокинони ноњияњои Исмоили Сомонї, Шоњмансур ва Сино тарифњои хизматрасонии баровардани партов чун пешин бетаѓйир боќї мемонанд. Айни њол барои сокинони ноњияњои Исмоили Сомонї ва Шоњмансур њаќќи баровардани партов ба таври зайл аст: Дар хонањои боќубури ахлотпарто таљњизонидашуда (мусорпровод) барои як истиќоматкунанда (9- 10 ошёна) - 1 сомону 70 дирам; - барои хонањои беќубури ахлотпарто - 1 сомону 50 дирам; - барои хонањои ободнашуда (баракњо) ва њавлињо - 2 сомону 20 дирам. Барои сокинони ноњияиСинопардохтињаќќихизматрасониибароварданипартовчунинмуќарраргаштааст: Дар хонањоибоќубуриахлотпартотаљњизонидашуда (мусорпровод) барои як истиќоматкунада (9- 10 ошёна) - 2 сомону 20 дирам; - барои хонањои беќубури ахлотпарто - 1 сомону 80 дирам;- барои хонањои ободнашуда (баракњо) - 2 сомону 45 дирам; - барои њавлињои шахсї - 2 сомону 60 дирам. Ба саволи Шумо, Рустам ИБРОЊИМОВ, мудири шуъбаи коммуналлї ва муњандисии Дастгоњи раиси шањри Душанбе посух дод.
МАН ЌАБУЛ НАДОРАМ!
САНГПУШТ Ё МУСОФИРКАШ? - Дар автобусу троллейбусњои шањри Душанбе мо навиштањои зеринро мехонем: "Шањрамонро фахри дунё мекунем!", "Душанбе шањри сулњу вањдат аст!", "Сокини Душанбе будан ифтихори бузург мебошад!" Њамаи ин навиштањоро садњо одамон мехонанд. Аммо боре фикр мекунем, ки барои амалї шудани ин ниятњои воќеан бузург њамаи мо бояд љиддуљањд намоем. Дар зиндагии њамарўза шањрамонро чїтавр мо фахри дунё мегардонем? Худатон ќазоват кунед: Соати 9.24 ба троллейбуси №12, "ЦУМ-ГИПРОЗЕМ" нишаста, маќсади ба мањаллаи 46 рафтан кардам. Аз назди фурўшгоњи марказї. Дар салон тахмин 8-10 нафар мусофир дорад. Ронанда як љавони мусиќидўст диски арабиро тавре гўш карда истодааст, ки кам монад,худаш ба салон баромада раќс кунад. Омада дар назди бинои "Њазору як майда - чуйда (рў ба рўи собиќ бозори "Баракат") истод. Мусиќиро баландтар монд.Чї тавре, ки киштињо дар бањр лангар мепартоянд, дар бањри беканори наќлиёт, дар канори роњ, мунтазири мусофирон монд. "Охир 20 даќиќа шуд, њай кунед!" -
мусофире, ки дам ба дам ба соаташ назар мекард, ба ронанда хитоб намуд. "Таѓа, иќа саросема бошї, ага, буфро, ба таксї бра!" - посух гирифт. "Ё свет нест?" "Свет њаст, мон одамо дарон, пур шава, ба мерем!" Расо соати 9. 58 троллейбус нињоят ба роњ баромад. Дар њар як истгоњ ањвол чунин буд. Ваќте, ки соати 11.08 ба мањаллаи 46 расидам, хаёлам аз зиёрати Маккаю Мадина, пиёда рафта баргашта омадам. Дар назари ман ин роње, ки дар замони њукумати шўравї, троллейбус онро дар муддати камтар аз 15 даќиќа тай мекард, ба "Роњи бузурги абрешим" байни Тољикистону Афѓонистон дароз намуд. Мехоњам аз масъулини шањр посух бигирам: -Магар бо њамин роњи сангпуштворї хазидани наќлиёти љамъиятї Шумо "Шањри Душанберо фахри дунё мегардонед?" Ман чун сангпуштвор барин њаракату хизматрасонї кардани автобусу троллейбусњоро ќабул надорам! Инљо пойтахт аст! Бояд хизматрасонии наќлиёти љамъиятии он низ ба маќоми шањрљавобгў бошад! Биёед номи зебои Душанбе ва маќоми пойтахт будани онро ба масхара накашем! Неъматулло ТОЛИБОВ, сокини шањри Душанбе
КОМИЛАН ЉИДДЇ
“НИГОЊ”, ЧОРШАНБЕ №45 (376) 5. 02. 2014
ПУРБИНИ «НИГОЊ»
ПУЛЊОИ ЗАЙД САИДОВ ВА РОКУ РЭПИ ТОЉИКЇ Дар фазо абрњои сиёњ пайдо мешуданд ва лањзае нагузашта шамоли сарди зимистон онњоро ба дурињои дур тела медод. Мардум њайрон аз он буданд, ки зимистони имсола дар моњи феврал чї гуна меомада бошад? Мирзодиккак дар роњрави зеризаминии рў ба рўи мењмонхонаи "Душанбе", ки дар он љо теъдоди зиёди рўзномафурўшон ба савдои нашрияњо машѓуланд, ќарор гирифту њамаи маќолаю хабарњоро як-як аз назар гузаронида, њатто ба аксњо аз чапу аз рост назар медухт. Фурўшанда гумон кард, ки Мирзодиккак корманди амнияти миллї аст. Аз ин лињоз ќањрашро бо табассум рўйпўш карду дар бонинаш ба нишонии " мизољ" ба ќавле њам барф мефиристонду њам борон. Дар њоле, ки баѓали фурўшандаи рўзномаю маљаллањо пур аз санг буд, Ѓалтаки каљтоќї пайдо шуд ва вазъиятро ба мисли марзњои Тољикистону Ќирѓизистон ором кард. Љўрањо якдигарро сахт ба оѓўш кашида, беихтиёр якнусхагї њафтаномаи "Нигоњ" - ро харидори кардаанду аз роњрави зеризаминї ба њавои кушод баромадаанд. Онњо айёми донишљўияшонро ба хотир оварда, ба ќањвахонаи дар гузашта "Лола" ворид гаштанд. Хонандаи азиз медонад, ки "Лола" "Роњат" нест ва буда њам наметавонад. Дар толор садои мизољон чунон баланд буд, ки яке дигареро намефањмид. Пешхизмат вазъи љўрањоро пай бурда, онњоро дар њуљраи дамгирии кормандони ќањвахона љой кард. Њуљраи "дамгирї" ба чунон сокит буд, ки ба ќавле агар пашша пар мезад, парзанияш шунида мешуд. Мирзодиккак аз пешхизмат овардани ќањваро дархост карду Ѓалтак бошад як буридагї гулнон фармоиш дод. Њаври ќањва ба њаво мепечиду сўњбати љўрањо торафт ќаймоќ мебаст. Мирзодиккак: - Мо, њукуматињоро, мардум аз ќаду ќоматамон мешиносанд. Агар бо ин ќаду ќоматам камтар гўшту пўст медоштам, ба Дастгоњи Љаноби Олї бе њуљљат ворид мешудам. Афсўс, ки хоњиш асту маблаѓ нест... Ѓалтак: - Хайрият, ки бонуи рўзномафурўш зиёии њукуматї буданатро нафањмид, агар мефањмид, дар сарат ба ќавле чормаѓз мешикаст, чормаѓз. Њамаи њафтаномаю маљаллањоро аз назар гузарондию ман омада ду нусха њафтаномаи "Нигоњ" -ро харидорї кардам. Агар дигарашро мехаридам, ањволат бад мешуд. Мирзодиккак: - Чї хел? Ѓалтак: - Вай хонум бизнесашро бо пулњои Зайд Саид шурўъ намуда, њоло ба кормандону мизољони њафтаномаи " Нигоњ" нигоњи хайрхоњона дорад. Мирзодиккак: - Ѓалтакбой, рўзномафурўшњо, себу нокфурўшњо бо гирифтани ќарзњои хурд корашонро пеш бурдаанду мебаранд. Ман њайрон, ки њамон сарояндагони РОКу РЭПро кињо ва аз куљо маблаѓгузорї мекарда бошанд - а?!! Ѓалтак: - Амиќ медонам, ки имондорњо аз РОКу РЭП безоранд. Муссалам аст, ки онњоро аз "боло" пуштибони мекунанд. Мо ба ивази љонбозї забони тољикиро аз махлутшавї эмин доштему онњо бошанд ба фарњанги миллї чизњоеро ворид карда истодаанд, ки ба мисли вирусњои навбаромад фарњанги беш аз њазорсолаи моро мехуранд. Мирзодиккак: - Њоло ист, мо њукуматињо як "антивирус" месозем, ки њамаи РОКу РЭПро фурў мебарад. Маймунњо, дар мобайни суруди тољикї даромада ба мисли бойевикњои солњои 90-ум дар дастњояшон дастпўшак дошта, аз ќафояшон тир холї мекунанду дуд мебароранде... Ѓалтак: - Љўраљон, агар ба умеди наранљидани дигарњо шавему зери шиори "Суруду мусиќї сарњад надорад", гуфта корро идома дињем, бе сарњад мемонем. Агар хоњед, ки дар оянда писари Ќобилљон "Шашмаќом" сарояду асабњоятон ќабл аз марг ором шаванд, ин масъаларо дар маљлиси оилавї ва њизбї кундаланг гузоред. Мирзодиккак: - Бале, бе ин намешавад! Мана сол то сол бо роњандозї шудани њаргуна технологияи муосир дар роњњо назорат аз болои њаракати наќлиёт пурзўр гашта, садамањои наќлиётї камтар шуда истодаанд, вале љинояткорї дар байни на-
врасону ноболиѓон афзуда истодааст. Ѓалтак: - Ба њаммаш Шумо гуроњкор. Корро суст мондаед. Љавонон ба мисли селаи паррандањо ба муњољирати мењнатї мераванду ба хизмати аскарї бошад, писарони мардуми камбизоатро банд карда мебаред. Дар кадом донишгоњ дидед, ки љавонон баъди хизмати аскарї бо имтиёз донишљў шуда бошад?! Њамааш пул дода донишљў мешаванд. Боло, ки сафедї гирифта, мансаб "бизнес" мекунад, дар поён аз чўб то њарфро мефурўшанду мефурўшанд... Мирзодиккак: - Ѓалтакбой, асабонї нашавед. Ман сад дар сад бо Шумо розї. Ман аз њаминаш шодам, ки мову ту њељ гоњ бо додани сафедї мансаб намегирем ва бо мењнати њалол нон мехурем. Гоњ сер ва гоњњо гурўсна мегардем, то ки мардум бидонанд, ки дунё ба њалолию некї сохта шудааст, на ба њаромию бадї... Дар ин гап пули ќањваро пардохт намову ба ќавле дигар аз бинї боло њарф назанед, вагарна оќибаташ хуб намешавад... Ѓалтак баъди тасалли дўсташ Мирзодиккак ором шуду пули ќањваро пардохт кард. Онњо баъди њисобї намудан бо пешхизматзан ба кўча баромада оњиста - оњиста љониби истгоњи наќлиётї роњсипор шудаанд. Љўрањо баъди чанде аз назар дур шудаанд, вале дар осмон љанги шамолу абрњои сиёњ њамоно идома дошт.
Раиси Шўрои муњаррирон: Саймиддин ДЎСТОВ
Њафтанома дар Вазорати фарњанги Љумњурии Тољикистон ба ќайд гирифта шудааст.
МУАССИС: Созмони љамъиятии «ИНДЕМ» («Информатика барои демократия ва рушди миллї»).
Котиби масъул: Абўалї НЕКРЎЗОВ Шўъбаи иттилоот ва сиёсат тел: 600 80 38 Шўъбаи тањќиќот ва тањлил тел: 600 80 38 Шўъбаи иљтимоъ ва иќтисод тел: 600 80 39 Шўъбаи реклом ва огоњиномањо тел: 918 74 75 79
МАНГАР, КИ КЇ МЕГЎЯД...
16
Ќосимљон ЌОСИМОВ, вазири кишоварзии Тољикистон: - Авлоди мо ќадима аст ва ба ман номи бобоямро гузоштаанд. Њоло њуљљатњоямро барои дигар кардани насабам ба сохтори дахлдор пешнињод намудам. Минбаъд ному насаби ман Ќосими Роњбар хоњад буд. - Ками камаш авлоди шумо 800-900 сола-да, домулло. Лекин ин дигар ба шумо фоида надорад, Њатто агар ному насабатонро Ќосим Роњбари Аъзам њам гузоред. Шабнами СУРАЙЁ, сароянда: - Харољотамонро агар њисоб кунем, дар сарамон мўй намемонад, вале зихнагї намекунем. -Шабнами љун, дилкушодии шумо то Дубайю Ню Йорка маълум аст. То пойњо кор мекунанд, шиори "санъат аз они халќ аст"-ро аз даст надињед. Рањматилло ЗОЙИРОВ, раиси ЊСДТ: - То 20 моњи дигар раисиро канор мегузорам. - Баъд вазири адлия мешавед, ё рост президентиро чут кардагї шумо? Мањмадсаид ПИРОВ, муовини аввали вазири фарњанг: - Рафтани Барзу Абдураззоќов ба нафъи мост чун ў њамчун намояндаи Тољикистон фаъолият мекунад. - Бењтарин бардошт! Ин хел бошад, биёед, аъзои њукуматро бо раисашон Якутия ба муњољират равон кунем. Ин ту як намояндагї карда биёянд аз Тољикистони, ба ќавли худашон, бињиштиямон, акун њамин дами пирињошонба. Табаралї АВСАЌОЛОВ, сокини ноњияи Фархор: - Мансабдор намехоњад зердасташ патриот бошад. Зеро патриот ноњаќињоро чашми дидан надорад. Роњбарони калонсол "шумо њоло љавонед" гуфта, љавононро "ход" намедињанд. Агар "ход" дињанд њам, дар њолати тарс нигоњ медоранд. -Дар номатон садќа, табарвор гуфтед-де! Сайфулло САФАРОВ, муовини аввали раиси МТС: - Ба фикри ман роњбари ЊХДТ, Њаракати вањдати миллї, Пайванд ва дигар созмонњо будани Президент ба манфиати Тољикистон аст. Аслан, њељ меъёре вуљуд надорад, ки як шањрванд роњбари ду ташкилот бошад. Фарз кардем, ман дар замони Шўравї ваќте дар Академияи илмњо кор мекардам, њамзамон 14 вазифаи дигари љамъиятї доштам. - Ба манфиати кї буданашро намедонем, лекин њамин хел буд, ки СССР-ро барњам додед. Абдуќодири АБДУЌАЊЊОР, собиќ директори ТВ "ПОЙТАХТ": - Ваќте телевизиони шањриро сирф ба партов, ба наќлиёт ва ба роњ ва дигар мушкилот ихтисос медињем, ин шабакаро касе тамошо намекунад. - Рост, мушкилот ба кї даркор?! Мушкилоту роњњали онњо зарур мебуд, Шабакаи аввалу "Сафина" ба љои Бобои Файзу раќќосањои "Падида"аз онњо њарф мезаданд.
Дар њафтанома матолибе низ ба нашр мерасанд, ки бо мавќеи идораи он муѓойират доранд. Дар шумора аз аксњое њам аз Шабакаи љањонии Интернет истифода шудааст. Матолиби хусусияти таблиѓотидошта ® метавонанд танњо бо пардохти муайян дар њафтаномаи «Нигоњ» нашр шаванд. Барои дар дигар нашрияњо пурра ё ќисман чоп кардани матолиб ва иќтибосњо аз «Нигоњ» иљозаи хаттии идора ва нишон додани сарчашма дар шакли «аз њафтаномаи «Нигоњ» №_ аз санаи _» њатмист. Њуќуќи муаллифии кулли матлабњои шумора ба идораи њафтаномаи «Нигоњ» ва СЉ «ИНДЕМ» тааллуќ дошта, тибќи ќонунгузории љории Тољикистон ва байналмилалї њифз карда мешаванд.
Ќимати рўзнома дар фурўши чакана на беш аз 2 сомонї Њафтанома дар нашриёти «Мега-принт» чоп мешавад. Теъдод 4 000 Ќимати обуна барои як сол - 78 сомонї. Индекси обуна: 68990 НИШОНИИ ИДОРА: Љумњурии Тољикистон, шањри Душанбе, кўчаи Носирљон МАЪСУМЇ, хонаи 3. Телефон: (44) 600 80 38, 224 25 09 Теъдоде аз њар шумора дар асоси кўмаки техникии (дар шакли ќоѓаз) дафтари САЊА дар Душанбе ройгон таќсим карда мешавад.