Нигох №45 (427)

Page 1

“НИГОЊ”, ЧОРШАНБЕ №45 (427), 4. 02. 2015

1

Нома ба оќилони ЊНИТ САЊИФАИ 8 №45 (427). Чоршанбе, 4-уми феврали соли 2015

e-mail: nigoh_tj@inbox.ru

www.facebook.com/nigohtj

Кампири ШОДИГУЛ: МАНГАР, КИ КЇ МЕГЎЯД

Ман як духтараки соф тољики кўњистониям САЊИФАИ 16

ТАХТАИ СИЁЊ

Монополияи сунъии БДА САЊИФАИ 13

ИНТИХОБОТ

Ѓолиб мешавам, агар њатто овозњои маро "дузданд" САЊИФАИ 6

ПУРБИНИ «НИГОЊ»

Чил муъљиза

"ДАСТИ ШИКАСТААМ САБАЌ ШУДУ ИМТИЊОН"

"ЉИЊОДИ СЕЮМ" Чаро хатари "Давлати исломї"-ро ба Тољикистон набояд нодида гирифт? САЊИФАИ 6

САЊИФАИ 16


2

СИЁСАТ

“НИГОЊ”, ЧОРШАНБЕ №45 (427), 4. 02. 2015

Воридшавии Тољикистон ба иттињодияњои нави путинї - Иттињоди гумрукї ва Иттињоди иќтисодии АвруОсиё аз масоили муњимтарини сиёсиву иќтисодии кишвар дар соли љорї ба шумор мераванд. Нахуст ин, ки бо сабабњои объективї, њар ташаббуси сиёсии Владимир Путин, президенти Русияро дар пањнои ИДМ на танњо нодида гирифта намешавад, балки хатарзо њам њаст. Дуввум ин, ки вобастагии иќтисодии Тољикистон аз муњољирати корї ба Русия бармало аст - ноноварони миллат аз 43 то 51 %-и Маљмуи муњсулоти дохилиро таъмин карда, бинобар њисоби манобеъи гуногун, њамасола аз 3,6 то 4,5 млрд. доллар ба иќтисод ворид месозанд. Акнун, ки воридоти асъори хориљї ба иќтисоди Тољикистонро њатто дар ноњияњои дурадасттарини кишвар њам эњсос кардаанду фављфављ муњољирон аз Русия баргаштан доранд, нарху наво тадриљан боло мераваду сатњи зиндагии њудуди 900 њазор оилаи тољикистонї зери суол ќарор мегирад, шомилшавии Тољикистон ба ин иттињодњо бояд аз зовияњои гуногун баррасї шавад. Тавре аз Паёми имсолаи Президент ва Барномаи амали њукумат барои солњои оянда бармеояд, њукумати феълї роњњали асосии масъаларо дар љалби сармояи чинї мебинад, ки аз нигоњи мо, барои нигоњ доштани нишондињандањои макроиќтисодї муњим ва муфид аст, аммо он ба сатњи зиндагии садњо њазор оилаи тољик таќрибан коре надорад. Пас, дарку шинохти ин пањлуи сиёсати Кремлин ва фоидаву зарари ворид шудан ё нашудани Тољикистон ба он бояд дар тарозуи хиради љомеа ва њукумат чен шавад. Зеро шинохти рискњои ин раванд шарти муњими идораи рискњои сиёсии Тољикистон дар соли љорї мебошад. Бинобар ин, мо кўшиш кардем, ки дар ин матлаб воридшавї ба созмонњои навї путинї аз нигоњи манфиатњои як муњољири кории тољик, љомеа ва њукумат баррасї созем. Њамин рўзњои сарди феврали соли 2015 барои як муњољир ва корфармои русиягии ў собит аст, ки "њадди аќали муњољиршавї"аз 400 то 500 доллари ИМА-и соли 2013 то 1400 1500 доллари аввали соли 2015 боло рафтааст! Бале, акнун муњољири дар Чертановои Маскав ќарордошта ва муњољиршав аз Булёни Поёни Данѓара медонанд, ки номгўи њуљљатњои зарурї пас аз имзои Созишнома оид ба муњољирати мењнати миёни Тољикистон ва Русия дар октябри соли 2013 бар ивази будубоши 49-солаи низомиёни Русия дар хоки Тољикистон ду маротиба зиёд шуда, ваќти гирифтани онњо се маротиба, ё то 24 - 28 рўз дароз шудаасту барои гирифтани онњо бубояд аз бањри маоши думоњаи муњољир, аниќтараш, маблаѓе, ки ў ду моњ ба хона равон мекард, гузашт. Илова бар ин њарду њам медонанд, ки акнун кор дар Русия сахттар шудааст, зеро даромади муњољир аз сабаби 2,1 2,3 маротиба паст рафтани ќурби пули русї ва коњиш ёфтани бозори сохтмон ва хизматрасонї дар Русия то 50 - 60% коњиш ёфтааст. Аммо оё дохил шудан ба Иттињоди гумрукї ва Иттињоди иќтисодии АвруОсиё ба муњољирони тољик сабукї меорад? Чун мубаллиѓони хориљиву ватании ин тарњњо њамин гуна даъво доранд. "Нигоњ" бар он аст, ки дохилшавї ба иттињодњои нав, ќиммати "њадди аќќали муњољиршавї"-ро поён бурда наметавонад! Зеро табиати ќонунгузории муњољиратии Русия, созишсозии русї ва њукумат дар Кремлин њамин аст: - Дар муњити расонаиву сиёсии русзабон чї њам, ки нагўянд, фалсафа ва моњияти ќонунгузории муњољиратии Русия ба њазмкунии неруи инсонї, минљумла тољикон ва њалли масоили демографї равона шудааст. Он барои дањсолањои наздик иваз намешавад, чун барои њалли вазифањои миллї равона шудаанд; - Созишномањои байнињукуматї бо њукумати олигархии Кремлин њич ќурбе надоранд. Барои исботи ин аќида назар кардан ба таърихи Созишнома оид ба муњољирати мењнатї ва Созишнома барои фурўши бебољи мањсулоти нафтї миёни њукуматњои Тољикистону Русия ва натиљањои онњо бас аст. Баъди созишномаи аввал наздик ба 200 њазор ё 20-22 % муњољирони кории тољик аз њаќќи ворид шудан ба Русия мањрум карда шуданду бо имзои дуюмї дере нагузашта нархи мањсулоти нафтї аз пешина болотар рафт; - Њукумати феълии Русияро сиёсатшиносон клептократия ном мебаранд, ки маънияш њукуматдорї ба хотири сарватманд шудани

МУЊОЉИРИ ТОЉИК ВА СОЗМОНЊОИ ПУТИНЇ худу хешу табору ёру ошноњост, он на њамеша дар њифзи манфиатњои миллї ва шарикони табииву стратегияш аст. Бо он ки тољикон шарикони табийии ќавии рус њастанд, ба ёд биёред, юриши Олег Дерипаска ба Тољикистон ва мушкилсозии чандсолаи ўро, ё тањољуми лафзии Геннадий Онишенкоро, ки хушкмеваи Тољикистонро ифлос мехонду акнун ба њайси мушовири Путин хостори воридшавии меваву сабзавоти Тољикистон аст. Ин њукумати Путин, ки дар муносибот бо Тољикистон њамеша ба зурї такя мекунад, дар масъалаи муњољирати корї ба муќовамати шадиди афкори љамъиятї сару кор дорад, ки аз хоставу интизорињои тарафдорони ашаддии Путин бармеояд ва Кремлин онро нодида гирифта наметавонад. Ин тавр, ки бошад (мо хеле шод мешудем, агар касе баръакси ин тезису гуфтањоро бо далелу арќом исбот менамуд) мо бояд бо худфиребдињї машѓул нашавем. Мушкилоти пешомада дар танзиму идораи муњољирати корирро худ њаллу фасл намоем. Шеваву абзори танзими давлатии муњољирати корї, њатто дар њамин вазъи баде, ки моро ба он њукумати феълї оварда расонидааст, зиёданд. Чанде аз онњоро ба љомеа, бо умеде, ки зимни барррасињо "пухта расанд", пешнињод месозем: 1) Ба бозори ќарз ворид кардани 100-150 њазор микро-кредитњои нав бо фоизњои паст, яъне меъёри бозтамвили Бонки миллї + 12%, ва ё боз њам хубтар аз он бо ќиммати 1012% солона барои 3-4 моњ бо имкони љуброни буљавии талафоти бонкњо. Андозаи микро-кредит аён аст. Маблаѓ ќобили тањаммул; 2) Поён бурдани нархи чиптањои роњи оњан ба 30-40%. Бо даромадњои воќеъие, ки КВД "РОТ" дорад, ин кор имконпазир аст, пас чї зарурат дорад барои Президент хўрондани Мирзоалиев ва Соњибов ба воситаи ин 4 оффшори дар тани КВД "РОТ" љойгирифта?! Магар ба њукумат тавлиди ду Њукумови бўзбала ва саломат лозим аст? Ба назар мерасад, ки на; 3) Поён бурдани нархи чиптањои њавопаймо ба 25-35%. Њам ширкати давлатии "Тољик Эйр" ва њам "Сомон Эйр", ки дар назорати њукумат ќарор доранд, ба ин ќодир њастанд. Боќимондањо кўшиши ба олигополия баробар шуданро мекунанд. Ба низоми кории нав гузаронидани Фурудгоњи байналмилалии Душанбе њам аз манфиат холї нест. Ширкати давлатї ин дукони шахсї нест. Он бояд дар њамчунин вазъ дар хизмати миллату давлат бошад, на як гуруњи манфиатбардорон бо њама азизияшон назди њукуматдорон; 4) Сода (сањл) намудани дастрасї ва поён бурдани нархи хадамоти давлатї ба муњољирон. Вазорати корњои хориљї набояд шиносномањои ба 5-6 доллар харидаашро бо нархњои 10-40 маротиба гаронтар фурўшад. Консули генералї Ашраф Гулов метавонад фасодро дар нињоди зертобеъаш то 70-80% кам намояд. Тарбияву зарфиятњои молияш имкон медињанд. Сафорат дар Русия метавонад мададгораш бошад; 5) Мушкилот ва вазифањои миллї таќозо мекунанд, ки барои идораи калонтарин соњаи хољагии халќи мамлакат (сањм дар иќтисод 4351 % ММД) вазорати калонтарин дар Њукумат - Вазорати муњољират бо 220-240 нафар ходим таъсис дода шавад. Зеро нашудааст, ки ба идораи давлатии фаъолияти 900 њазор-1,1 млн. муњољири корї, ки сеяки одамони аз ни-

«

ТАЉРИБАИ ЯНУКОВИЧИ РЎ БА КРЕМЛИН НИШОН ДОД, КИ ДАР ДУ КУРСЇ ШИШТАН ИМКОН НАДОРАД гоњи иќтисоди фаъоли кишварро ташкил медињанду ба иќтисод то 4,5 млрд. доллар асъори ворид мекунанд, 39-44 кас машѓул бошаду барои идораи давлатии њудуди 1400-1500 њофизу раќќосаву мутриб беш аз 110 кас аз будља маош гиранд. Дар баробари ин, ихтисор намудани њайати кории идораву муассисањои камсамари њукуматї мувофиќи маќсад мебуд; 6) Ташкил намудани 10-15 гуруњи корї оид ба баргардонида гирифтани ќарзњои муњољирон дар њар як округи федералии Русия, зеро ки беш 30% -и фонди музди мењнатии муњољирони мо аз тарафи корфармоёни беинсоф пардохт намешавад. Њаљми ин пулњо назаррасанд, њамасола таќрибан 1,2 миллиард доллар. Таќрибан боз њамин ќадар, яъне 31-32 %-и маблаѓи ба даст гирифтааи муњољирон, ё 1,2-1,3 млрд. доллар ба сифати "халоспулї" аз љониби хадамоти назоративу тафтишотии Русия ситонида мешавад, боз њам самти кори идораи самараноки муњољирати корї аст; 7) Кластерњои Сохтмон, Металургия ва Истихрољи маъдан, Кишоварзї ва Туристиро ба муддати 5-7 сол афзалияти миллї эълон

Зеро нашудааст, ки ба идораи давлатии фаъолияти 900 њазор-1,1 млн. муњољири корї, ки сеяки одамони аз нигоњи иќтисоди фаъоли кишварро ташкил медињанду ба иќтисод то 4,5 млрд. доллар асъори ворид мекунанд, 39-44 кас машѓул бошаду барои идораи давлатии њудуди 1400-1500 њофизу раќќосаву мутриб беш аз 110 кас аз будља маош гиранд.

«

кардан зарур аст. Ба ин соњањо љалб намудани ќарзњои калону арзони чинї бо услуби "сармоя бар ивази конњои мушаххаси маъдан" ва маблаѓгузории сарилоињавии аз баррасињои мардумї гузашта мувофиќи маќсад ба назар мерасад; 8) Гузаронидани ислоњоти замин ва осон намудани дастрасии мардум ба заминњои кишоварзї, чарогоњњо ва ќитъањои замин барои сохтмон. Чаро бояд мардум дар Истаравшан барои њар садяк замин 3-5 њазор доллари аз муњољират овардаашонро дињанду дар Файзобод як гектар заминро барои боѓпарварї ба 4 њазор доллар харидорї намоянд?! Њукумати феълї бояд эътироф созад, ки чорводорию боѓпарварии аля-алимардоновї дигар натиља намедињанд. Агар медоданд, нархи лањми гов дар кишваре, ки њар сеяки ањолї, ё 2,7 миллион одамаш дар як рўз камтар аз 2 доллар харљ мекунанд, ба 45 сомонї ё 8 доллар намерасид. Анори 4-8 доллараи Афѓонистон бозорњои кишварро пур намекард... ...Хуллас, баъди амалисозии њамин гуна иќдомот ва сиёсати нави иќтисодиву кадрї мешавад, поёни соли љорї ва ё њатто бањори соли 2016 ба хулоса расид: ба иттињодњои путинї шомил шавем ё на? Агар, ња бо шарту шароит муносиб. Агар не, пас барои аз объекти сиёсатњои минтаќавию љањонї ба субъекти муносибатњои байналхалќї табдил шудан боз бояд барномарезии миллї кард.

Ќиёми НУР


ТАМОЮЛ

“НИГОЊ”, ЧОРШАНБЕ №45 (427), 4. 02. 2015

Њодисаи 8-уми январи соли равон дар дафтари кории раиси ноњияи Файзобод, ки дар натиља дасти Шодигул Ќарахонова, як занро шикастааст, сару садоњои зиёдеро дар љомеа ба вуљуд овард. "Нигоњ" тасмим гирифт, ки ин њодисаро аз забони ин модари љабрдида бозгў кунад. Суоли нахустини мо њам ин буд, ки ќиссаи 8 - уми январ чї тавр рух дод: - Ман соли 1998 шавњарамро аз даст додам. 7 писару як духтарро ба воя расонидам. Ваќте шавњарам аз дунё гузашт, фарзанди хурдиам 4-сола буд. Як бачаам дар хидмати њарбї ва яке дигараш мактабхон буданд. Зиндагї мушкил буд, дар бозор нон мефурўхтам. Дар ваќту соаташ 4-тои онњоро ба хидмати њарбї фиристодам. Њоло ду нафари онњо бо зану фарзандашон аз маљбурї иљорашин ва бояд дигаронро њам хонадор кунем. Шукри Худо як зиндагии фаќирона дорему ба касе кордор нестем. Мисли њамин њамќишлоќињоямон. Моњи ноябр номи писарам Муќимљон барои соњиби замин шудан дар газетаи "Набзи Файзобод" баромад. Хурсанд шудем, ки ў соњиби замин мешавад. Ў дар ваќти ќуръакашї, ки дар толори љамоати худамон - Мењробод гузашт, дар беморхонаи Ќарияи Болои шањри Душанбе бистарї буд. Рўзи таќсимоти замин љавоб гирифта, омад. Аммо дубора саломатиаш бад шуда, ўро боз ба беморхона бурданд. Бо ин њол, ба номи як ќуръа ё 0,5 га ќитъаи замин људо карданд. Ваќте аз беморхона омад, таъйин карданд, ки фалон рўз заминњо таќсим мешавад. Ин бачам, ки дар шањри Вањдат иљоранишин аст, њар рўз омада, мерафт, то ки њамон ќитъаи замини ба номаш баромадаро људо карда дињанд. Ахирњои декабри соли гузашта дар ќатори дигарон ба Муќимљон њам 0,5 га замин људо карда доданд ва баъди нисфирўзї омада, онро аз дасташ гирифтанд. Гуфтанд, ин замин ба дигар одам тааллуќ дорад. Инљо њар кас кўшиш мекунад, ки љои хубтар гирад. Раиси љамоат, ки дар њайъати њамон комиссия будааст, ба бачаам гуфтааст, ки дар дигар љо барои худат замин људо карда медињем. Он рўзро дуруст ба хотир надорам, лекин аз њамон рўз то 8-уми январ бачаам Муќимљон меравад Вањдату меояд Файзобод. Њар рўз гапаш њамин, "очаљон, як бало карда њамин заминамро људо карда дињанд, як хонача сохта, аз иљорнишинї халос мешавам". - Модари арљманд, 8 - уми январ, ки гуфтед, субњи он рўз чї њодиса шуд? - Муќимљон фањмидаст, ки тамоми аъзои комиссия оид ба заминтаќсимкунї 8-уми январ дар љамоат љамъ мешаванд, назди онњо омада, хоњиш кардаст, ки рафта, ќитъаи заминашро нишон дињанд. Нарафтанд. Њуќуќшиноси њукумати ноњия гуфтааст, ки "Муќимљон, ту њамин халќро њурмат мекунї, ки мо аввал заминњои онњоро таќсим кунему баъд аз туро рафта, људо карда дињем?". Муќимљон "албатта", гуфта, хона омад. Худам рафта табари њамсояро овардам. Муќимљон ба хотири нишонагузории замин чанд чўбро майда карду њамроњи бел дар баѓољи мошин монда, рафт. Вай рафта, интизор шудааст. Комиссия дар ошхона хўрок хўрда баромаданд. Баъди нисфирўзї масъулон ба Муќимљон гуфтаанд, ки он замине, ки нишонаш дода буданд, љанљолї аст. Инро шунида гуфтааст, ки "шумо ё аз лафзатон гаштед ё ягон бало доред. Ин хел, ки бошад, ман пеши раиси ноњия рафта, аз болои шумо шикоят мекунам". Баъди он хона омад. Гуфт, оча, биё њамроњи ман назди раиси ноњия меравем. Гуф-

3

ти ягон кас саркашї кардагї нестанд. Раис гуфт, ки медонед, ки њаљ рафтан 4 њазор доллар аст, ман њамин Ѓуломалиро бепул њаљ равон кардам... - Ин Ѓуломалї кї аст ва раиси ноњия кадом заминњоро дар назар дорад? - Ѓуломалї, технадзори ноњия аст, ба фикрам. Раис заминњои худаш дар ноњияи Ёвонро дар назар дошт. Ба њамин хотир гуфт, ки ин Ѓуломалї дар ин ноњия ќадр надорад, ё бачањо гапашро намегиранд, чї хеле њаст ки 10 рўз интизор шудам, гандуми ман нодаравида монд. - Баъд чї шуд? - Баъди њамин гапњо раис њуќуќшинос ва архитекторро фарёд карду онњо омаданд. Пурсид, ки замини њамин Ќарахонов Муќим чї хел шуд? Њуќуќшинос гуфт, ки мо оиди бесарии ин одам санад тартиб додем, ў бо мо муомилаи хуб накард. Раис пурсид, ки санад ку? Њуќуќшинос гуфт, ки дар мошин. Раис гуфт, ки рафта биёр! Миёни инњо чї шудааст, ман надидаам, вале мардуми ќишлоќ њама буданд: сатхтгўї шудааст. Аъзои комиссия дар љавоб ба талаби Муќимљон, ки замини маро ба кї додед, санад тартиб дода будаанд. Њуќуќшинос аз дар баромаду раис аз курсиаш хеста назди Муќимљон, ки рост меистод, омада гуфт, ки "... ту бо буќќа будаї, бо ту каштал мегирифтаї, каштали њаминро дар њамин љо бигир, ки ман бинам!" ШОДИГУЛ ЌАРАХОНОВ

Кампири ШОДИГУЛ:

"ДАСТИ ШИКАСТААМ САБАЌ ШУДУ ИМТИЊОН" Суњбати ихтисосї бо Шодигул Ќарахонова, модаре, ки мегўяд, раиси Файзобод тасодуфан дасташро шикастааст там, "хайр, майлаш, бачам. Барои њамин замину ободї, ки бошад, меравам ќатит..." -Оё шумо пеш аз ин раиси ноњияро дида будед, ўро мешинохтед ё на? -Не, мо якум бор ба идораи раиси ноњия рафтем, соат 14-и нисфирўзї буд. Дар ќабулгоњ номамро навиштанд. Пурсиданд, барои чї омадї? Гуфтам, пеши раиси ноњия. Гуфтанд, ки раиси ноњия нестанд. Пурсидам, кай меояд? Гуфтанд, ки бегоњї меояд , баъди аср меояду њатман одамонро ќабул мекунад. Баъди он мо гашта, хона омадем ва бегоњи рўз њамроњи Наљмиддин ва Муќимљон район рафтем. Дар ќабулгоњ нишаста будем, сардухтури ноњия даромаду аз котибаи раис пурсид, ки мумкин аст, дароям? Котиба гуфт, ки њамин љо интизор шавед. Сардухтур гуфт, ки ман барои ў дору овардам, дароям? Котиба гуфт, хайр, дароед. Сардухтур назди раиси ноњия даромада, баъди баромадан тарафи мо узрхоњї карда, гуфт, ки "бахшиш, ман ваќти шуморо гирифтам!". Дар њамин асно як намояндаи њукумат боз як мўйсафеди дигареро овард, ки гўё соати 7-и шом њамроњи раис вохўрї дорад. Мўйсафед њамон љо нишаст. Ин бача баромада гуфт, ки раис иљозат додааст, дароед хола! Ман пеш-пеш ва аз ќафои ман бачањоям - Наљмиддин ва Муќимљон, њар сеямон назди раис даромадем. - Раиси ноњия шуморо чї хел ќабул кард?

- Раис дар боло нишастагї ва дар се курсии холї дар ин тараф мо нишастем. Ман вафотхати шавњари худорањматиамро, ки дар Роѓун садама карда, вафот карда буд, дар пешаш мондам. Ба ў гуфтам, ки раис њаминро хонда, бо шароити зиндагии мо шинос шавед ва баъд суол кунед, мо љавоб медињем. Онро хонда, сипас ба бачањо дароз кард, якеашон хеста, онро гирифтанд. Пурсид, чї масъала доред? Гуфтам, ки раис узр, мо дар ин новаќтї назди шумо омадем. Мо назди шумо ба масъалаи замини наздињавлигї омадаем. Њамин кори дар боло зикршударо наќл кардам. Гуфтам, ќитъаи замине, ки охирин бор ба Муќимљон људо карда шуд, надоданд, љояш номаълум шуд. Раис пурсид, ки кадом бачаат? Гуфтам, ки њамин Муќимљон, ки њамроњам аст. Раис аз ў пурсид, ки чї кор мекунї? Муќимљон гуфт, ки раис, ман комбайнерам. Раис гуфт, ки ња, њамон комбайнерї?! Худат будї, ки ман Ѓуломалиро равон карда будам, нарафтї замини маро бидаравї? Муќимљон гуфт, ки не. Ман набудам, акаам буд. Раис тарафи ман нигоњ карда гуфт, ки "бачаи ту хатои бузург кард, беаќл бача будааст! Одамњо Худо мегўянд, ки моро раиси ноњия кор бифармояд, як кор супориш дињад, ки мо кори раиси ноњияро бикунем. Ин бачаи ту беаќл бача будааст...". Ман дар љавобаш гашта гуфтам, ки раис њамин сол намурему зинда бошем, бачањом хизмататро мекунанд. Бачањои ман ягон бор аз хизма-

Муќимљон дар гапњо њайрон шуда, гуфт, ки раис ин кор ин хел набуд, мардум шоњиданд. Раис ором нашуда, гуфт "... ту нагў, ки ман буќќааму ман ин љо буќќагї мекунам, ман буќќањои Файзобода мешканам!". Њаминро гуфта,- зерманањи Муќимљонро тоб дода, рафта дар љояш нишаст. Муќимљон сарашро хам кард. Баъди он раис боз аз љояш хеста омада, гуфт: "Эй аблањи хар, эй сагбача!", тарафи њуќуќшинос гашта гуфт, ки "ин лаънатї мастай", юрист гуфт, ки не, маст нест. Тарафи ман гашта гуфт, ки "эй садќаи номи модарит кунад! Бо бачаи девоната гирифта, пеши ман овардаї!". Дањшат кашидаму чизе нагуфтам. - Ваќте раис безобита шуд, бачањо ягон хел аксуламал нишон надоданд? - Не, фаќат Муќимљон инро шунида, ба раис гуфт, ки "очаи маро ин хел нагў. Ин очаи ман чор бачаашро хизмат равон кардагї аст. Чї гуноњ кардааст, ки ту очаи маро ин хел гап мегўї?!" Раис рафта, дар курсиаш нишаст, боз хеста омада гуфт, ки "ту сагбачара ман дандоната мешканам".. Ман ба њуќуќшинос ва архитектор гуфтам, ки "раиса ќапед, бо бачаи маро назанад!". Раиси ноњия омада, аз манањи Муќимљон, ки аллакай нишаста буд, гирифт. Муќимљон нишастагї ва раис росто, як ваќт нигањ кардам, ки нафаси бачаам намеояд, хиррос карда истода5


4

ИНТИХОБОТ

“НИГОЊ”, ЧОРШАНБЕ №45 (427), 4. 02. 2015

Алим Шерзамонов:

ЃОЛИБ МЕШАВАМ, АГАР ЊАТТО ОВОЗЊОИ МАРО "ДУЗДАНД"

Кумитаи марказии интихобот ва раъйпурсии Тољикистон дар баќайдгирии номзадии Алим Шерзамонов, рањбари ЊСДТ дар Вилояти мухтори Кўњистони Бадахшон кашолкорї мекунад. Дар суњбат бо "TojNews" сиёсатмадор дар бораи сабаби монеъагузорињои КМИРТ ба ширкаташ дар интихоботи парлумонї наќл кард. - Ба назари Шумо, чаро номзадии шуморо барои баќайдгирї рад карданд, барои ширкат дар интихоботи парлумонї? - Аввал ин, ки баќайдгирии номзадии маро танњо аз њавзаи ягонаи љумњуриявї, яъне аз рўйхати њизбї рад карданд. Ман бояд то 15-уми январ ба КМИР, ба Душанбе меомадам ва аз имтињони забони давлатї мегузаштам. Аммо аз сабаби он ки ман бояд аз њавзаи якмандатаи №41 - и Хоруѓ номзадиямро пешбарї мекардам, ба пойтахт рафта натавонистам.

Ман 15-уми январ имтињони забони давлатиро дар Хоруѓ супурдам ва дар ин бора ба КМИР хабар дода будам. Аммо бо вуљуди ин њам, онњо иддао карданд, ки агар дар КМИР имтињон месупоридам, маро аз њавзаи якмандатї ба њисоб гирифтан имкон дошт, аммо баръакс номумкин будааст. Та-

«

Њукумати Тољикистон андози аксизии ширкатњои мобилї ва интернетро аз 3 дарсади муваќќатї ба 5%-и ќонунї табдил дод, ки расман аз ибтидои соли 2015 љорї шуд. Коршиносони соња мегўянд, њукумат чорањое меандешад, ки ба љои рушди соња, ба заифшавии он мусоидат мекунад. Ѓафурљон Иркаев, раиси Анљумани ширкатњои мобилии Тољикистон, мегўяд, њукумати Тољикистон ин навъи андозро аз аввали соли 2011 дар њаљми 3% љорї кард ва гуфта мешуд, ки он муваќќатї аст, аммо њоло мебинем, ки на 3%, балки 5 фоизи онро ќонунї мекунад: - Ин андоз ба таври доимї аз муштариёни ширкатњои мобилї ва интернет ситонида хоњад шуд. Њол он, ки хидматрасонињои техкниву коммуналї ва иљорапулї дар Тољикистон ба фарќ аз солњои ќабл ќиматтар шудааст ва ширкатњои мобилї маљбуранд, ки тамоми харољоти худро аз њисоби кисаи муштариён пўшонанд. Ассомиддин Атоев, раиси Анљумани ширкатњои интернетрасон, мегўяд, сабаби асосии чунин чорањои заифкунандаи мавќеи Тољикистон дар сатњи минтаќаву берун аз он "надидани беша аз барои дарахтон" аст: - Соддатар карда гўем, авлавият доштани њадафњои тактикї (соњавї) нисбат ба њадафњои стратегист. Яке аз њадафњои стратегии давлат баромадан аз бунбасти коммуникатсионї мебошад. Рушди бозори ватании технологияи иттилоотї ва комуникатсионї (ТИК) дар сатњи минтаќа ба ин њадаф басо хуб мусоидат карда метавонад. Лек њадафи тактикии пур кардани буља имрўз авлотар аз азудани иќтидори фардо дониста мешавад. Талъат Нўмонов, коршиноси масоили фанноварии иттилоотї, мегўяд, нархи хизматрасонии дастраскунандагони алоќаи мобилї гаронтар шуд, вале бинобар он, ки технологияњои муосир дар як љой намеистанд ва тез рушд меёбанд, дастраскунандагони алоќаи мобилї доимо дар бењбуд намудани технологияњои худ мебошанд ва ин дар њолати худ ба пешкаш намудани хизматрасонињои нав меорад:

риќи њавзаи якмандатї бошад, бо сабабњои номаълум маро то њол ба ќайд намегиранд. - Яъне, барои имтињон Шумо бояд ба Душанбе ба КМИР меомадед? Ва барои он, ки имтињонро дар Хоруѓ супурдед, шуморо ба ќайд намегиранд? - Бале, аз рўйхати њизбї фаќат. Барои њамин маро ба рўйхати њизбї роњ надоданд. Тибќи њавзаи якмандатї айни њол аз панљ номзад танњо ман имтињони мазкурро гузаштаам, њарчанд тибќи ќонун баъди 15-уми январ имтињон гирифтан мумкин нест. Мантиќан, тибќи ќонун, фаќат ман имкон дорам, ки номзад ба вакилї дар ин њавза бошам. Аммо тавре маълум аст, дар мо ќонун барои њама нест. Мансабдорони мо бо мантиќ њам чандон дўстї надоранд. - Аљиб аст, аз шумо чиро пурсиданд ва кї шуморо имтињон кард? - Имтињонро доктори илмњои филология, профессор Офаридаев ќабул карданд. Имтињон бо иш-

тироки аъзои комиссияи њавзаи интихоботии якмандатии Хоруѓ №41 гузашт. Ман тарљумаи њоламро навиштам, матни пешнињодкардаи онњоро хондам ва ба саволњои онњо посух гуфтам. Мавзўи саволњо озод буданд. Имтињонро бо муваффаќият супурдам, дар ин бора прокотол тартиб дода шуд. - Раќибони худро медонед, кистанд онњо? - Бале, медонам. Дарин Љањонафрўз аз Њизби ислоњоти иќтисодї, Акрамшо Фелалиев аз Њизби халќї - демократї, Сайёрамо Замирова, ки ба таври худпешбарї аз ЊХДТ пешнињод шудааст ва боз як нафари дигар аз њизби аграрї аст, ки ному насабашро дар ёд надорам. - Боварї доред, ки имкони дар ин интихобот ѓолиб омадан доред? Агар ња, аз куљост ин боварї? - Агар њадди аќалл 80 фоизи интихобот воќеї сурат гирад, албатта, имконияти ѓолиб шудан дорам. 80% яъне чї? Агар њатто 20

Агар мухтасар гўем - ноадолатињои њукумат нисбати мардум. Баробарии њама назди ќонун, мустаќилияти суд ва судяњо, бозбинии меъёрњои конститутсионї, бахусус дар самти мањдуд кардани салоњияти шохањои алоњидаи њокимият, мубориза бо фасод, коњиш додани яккањокимиятї дар кишвар...

«

дарсади овозњои маро "дузданд" њам, ман ѓалаба карда метавонам. Мутаассифона, дар баќайдгирї кашолкорї карда, ба ман то њол шањодатномаи номзадї надодаанд. Бинобар ин, то њол аз фармоиши баннеру љињози дигари тарѓиботї худдорї карда истодаам. - Агар барои ширкат дар интихобот роњ надињанд, чї мекунед? - Мебинем, ки боз чї бањона меёбанд. Агар роњ надињанд, шояд ба суд мурољиат кунам. - Чї шуморо ба сиёсат мекашад? Шахсан шумо ба мардум чї пешнињод карда метавонед, агар депутат шавед? - Агар мухтасар гўем - ноадолатињои њукумат нисбати мардум. Баробарии њама назди ќонун, мустаќилияти суд ва судяњо, бозбинии меъёрњои конститутсионї, бахусус дар самти мањдуд кардани салоњияти шохањои алоњидаи њокимият, мубориза бо фасод, коњиш додани яккањокимиятї дар кишвар... Бозбинии ќонунгузорї дар соњаи андоз ва бисёр ќонунњои дигар, ки ба рушди соњањои иќтисодї ва истењсолот, љалби сармоягузорї ба иќтисоди мамлакат рабт доранд. Суњбати Екатерина ПАСТОРОВА

"УНСУРИ ИМПЕРИАЛИСТЇ" Њукумат расман андози аксизиро аз ширкатњои мобилї боло бурд

- Мувофиќи ќонуну ќоидањои иќтисодї ворид намудани хизматрасонињои нав ин арзон намудани хизматрасонињои пешинаро дар назар дорад. Аз ин сабаб корбарон гарон шудани хизматрасонињои дастраскунандагони алоќаро њис накарданд. Ба њар њол, ман њис накардам. Маќомот ширкатњои мобилиро чї тавр мебинанд? Ассомуддин Атоев: "Бењтараш муносибати на маќомоти давлатї, балки кормандони давлатї ва ширкатњоро тасвир кунем. Онњо дар ченакњои гуногун љойгиранд. Ширкатњои мобилї дар иќтисоди бозор кайњост

муќимї шудаанд, ки сиёсати давлатї онро таќозо мекунад. Кормандони давлатие, ки чунин тасмимњо мегиранд, муњољир омадаанд аз иќтисоди наќшавии шуравї ва ба инњо њамчун унсурњои империалистї менигаранд. Гарчанде хуб мефањманд, ки ин тасмимњо хилофи сиёсати давлатанд. Гўё хабар надоранд, ки шуравї кайњо адо шудааст. Талъат Нумонов: "Агар њадаф аз боло бурдани ин намуди андоз пур намудани буљаи давлат бошад, ин иќдоми нек аст, чун аз буљаи давлат маблаѓ ба мактабњо, бемористонњо ва њалли дигар мушкилињои иљтимоии Тољикистон људо карда мешавад.

Агар ин иќдом барои кам намудани истифодаи алоќаи мобилї бошад, ин амри мањол аст, мо аллакай бе ин намуди алоќа худро намешиносем. Бењтараш вазоратњои фарњанг, маориф, корњои дохилї бо кумитаи њифзи муњити зист, шуѓли ањолї, тандурустї ва њифзи иљтимоии ањолї, хадамоти алоќа дар маслињат бо якдигар барномаи тарбияи фарњанги истифодаи алоќаи мобилии замонавиро коркард намоянд, то фарњанги корбарони ин намуди алоќа баланд шавад. Ќаблан, Анљумани ширкатњои мобилї аз гаронии андозбандии ширкатњо ба раиси Кумитаи андоз изњори нигаронї карда буданд, ки дар умум андозњои онњо беш аз 32%-и даромади умумиро ташкил дода, гаронтарин андоз дар минтаќа мањсуб мешавад. Айни замон теъдоди умумии муштариёни ширкатњои мобилї дар Тољикистон беш 11 миллин нафар сабти ном шуда, вале њудуди 7 миллиони онњо муштариёни фаъолро ташкил медињанд. Шикатњои мобилии Тољикистон калонтарин андоздињандањои Тољикистон мањсуб шуда, бино ба иттилои ѓайрирасмї, соли гузашта чор ширкати хусусї ба буљаи давлат беш аз 540 млн. сомонї пардохт кардаанд. Андози аксизї, ё молиёти иловагї дар тамоми дунё асосан бо њадафи коњиш додани масрафи молњое ситонида мешавад, ки мардум бо истифодаи онњо муњити зистро олуда месозанд. Барои мисол бензин, солярка, мазут, нўшиданињои спиртї, сигарет ва ѓайра. Тољикистон шояд аз ягона кишварњое дар дунё бошад, ки ситондани молиёти аксизї аз алоќаи мобилї ва интернетро љорї кардааст.

Амруллоњи НИЗОМ


НАБЗИ РЎЗ

“НИГОЊ”, ЧОРШАНБЕ №45 (427), 4. 02. 2015

5

"БАРЌИ ТОЉИК" 23 МИЛЛИОН СОМОНЇ МАОШ МЕДИЊАД Ширкати "Барќи тољик" беш аз 12 њазор корманд дорад, ки маблаѓи моњонаи музди мењнаташон 23 миллион сомонї будааст. Њудуди 900 корманди ширкати "Барќи тољик" аз кор озод шудаанд.

ЌУВВАТОВ ОЗОД ШУД Пас аз њабси ќариб думоња Умаралї Ќувватов, рањбари боздоштшудаи "Гурўњи 24", созмони мухолифи њукумат, ки дар Тољикистон экстремистї эълон шудааст, њамроњи се тан аз љонибдоронаш аз њабс дар Туркия озод шудааст. ар ин бора аввал њамсари Ќувватов, бегоњии рўзи сешанбе - 3 феврал дар шабакаи иљтимої хабар дод. Баъдтар дар суњбати телефонї Умаралї Ќувватов ин иттилоъро таъйид кард. Вай гуфт, ки субњи рўзи 3 феврал пас аз њудуди 50 рўзи боздошт озод шудааст ва маќомоти Туркия барои боздошташ аз онњо узрхоњї кардаанд. "Тасмим гирифтем, ки Туркияро тарк кунем, вале ба кадом кишвар рафтанамонро бо мулоњизоти амниятї њоло наметавонем бигўем", - гуфт ў. Умаралї Ќувватов њамроњи се тан аз љонибдоронаш - Њусейн Ашуров, Абдурашид Њомидов ва Суњроб Тўраев 19уми декабри соли гузашта дар шањри Истанбули Туркия боздошт шуда буданд. Дар пайи боздошти Ќувватов ва њамроњонаш маќомоти тољик хостори истирдоди ў ва њамроњонаш ба Тољикистон шуда буданд. Вале гурўњњои мудофеъи њуќуќи башар аз давлати Туркия хостанд, ки ў ва њамроњонашрро ба Тољикистон

13 аст. Аз љоям нимкола хеста, гуфтам, ки "раис дастатро бигир, бачаамро куштї, охир! Њамон заминат даркор нест. Бачаамро аз њамин љо соќу саломат љавоб дењ, гирифта мебарам ва њамон заминат даркор нест..." Баъд яке дасташро гирифта шапид, чиро зад надидам, фаќат як тараќастро шунидам, дастам дард карду дилам бењузур шуд, гўшњоям шув гуфту дигар њеч касро надидам. Њамин ќадар гуфтам, ки "вой дастам", лекин нафањмидам, ки чї шудааст. Ваќте чашмонам кушода шуд, дидам, ки Муќимљонро Наљмиддин ва њамон архитектор дукаса гирифта, тугмањояшро боз карда, берун бурдан мехоњанд. Пурсидам, чї шуд? Гуфтанд, ки оча, њеч гап нашудааст. Муќимљон дар њамон љо ѓалтид, ягон љояш намељунбид. Ўро дар рўи "кресло" кашида шинонданд. Касе занг задааст, ки духтур омад. Духтур муоина карда, гуфт, ки фишораш то 180 баланд шуд. Њуќуќшинос "Муќимљон, Муќимљон корњо њал шуд" мегуфт. Ваќте ўро ба берун бароварда, духтур мебурданд, раиси ноњия як - ду бор гуфт, ки "...биёед, як маслињати дуруст кунем", гуфтам, ки "бачаамро ин хел кардед, акнун заминро чї кор мекунам? Ман заминро барои бачаам мегирифтам. Бачаамро ин хел кардї, дигар замини ту даркор нест. Замин аз худат!". - Аз Милисахона берун шуда хона рафтед? - Не. Баъди он моро дар мошин савор карда, њамроњи ду корманди милитсия ба шўъбаи корњои дохилї бурда,

истирдод накунад. Умаралї Ќувватов, ки аз тољирони наздик ба элитаи њукмрон мањсуб мешуд, бино ба изњороташ, дар пайи ихтилофњо миёни ў ва наздикони Президент Эмомалї Рањмон, тобистони соли 2012 Тољикистонро тарк кард. Дар Маскави Русия моњи августи њамон сол "Гурўњи 24"-ро таъсис дод ва ба фаъолияти оппозитсионї даст зад. Худро молики асосии "Фароз" - яке аз ширкатњои фурўши сўзишворї дар Тољикистон муаррифї кард, ки аз љониби наздикони рањбари давлат "ѓасб шуд". Баъди ин Умаралї Ќувватовро дар Тољикистон ба фасоди молї ва гаравгонгирї муттањам карданд. Моњи декабри соли 2012 њангоми сафар ба Имороти Муттањидаи Араб Ќувватов дар шањри Дубай боздошт шуд. Њарчанд давлати Тољикистон он замон њам дархости истирдоди ўро кард, аммо суди Дубай ба ин дархост эътиное накард ва пас аз нўњ моњи боздошт Умаралї Ќуввтаов озод шуда буд.

Рустам Рањматзода, раиси ширкати "Барќи тољик" мегўяд, ин кормандон аз аттестатсия нагузаштанд ва аз кор озод шуданд. Ба гуфтаи ў, "ќабл аз таљдиди "Барќи тољик" шумораи кормандон зиёда аз 13 њазор нафарро ташкил медод. Баъд аз таљдиди сохтори ширкат шумораи кормандон то 12 њазору 100 нафар кам карда шуд". Ин њам дар њоле, ки дар бузургтарин корхонаи саноатии Тољикистон - КВД "ТАЛКО" камтар аз 10 њазор одам кор карда, фонди моњонаи маоши онњо камтар аз 11 миллион сомонї мебошад. Рањматзода мегўяд, ки маоши миёнаи кормандони "Барќи тољик" 1220 сомониро ташкил медињад ва ширкат аз маоши кормандон дигар ќарздор нест. Фонди музди мењнати "Барќи тољик" дар як моњ 23 миллион сомониро ташкил медодааст. Аммо дар њоли 23 мил-

Кампири ШОДИГУЛ:

"ДАСТИ ШИКАСТААМ САБАЌ ШУДУ ИМТИЊОН" Суњбати ихтисосї бо Шодигул Ќарахонова, модаре, ки мегўяд, раиси Файзобод тасодуфан дасташро шикастааст гуфтанд, ки баёнот нависед. Дастам дард мекард, лекин дар ваќти баёнот навистан дилам ба бачаам банд буд. Духтур омада, њамон љо дар милисахона доруяш дод. Садое баланд шуд, ки гуфтанд, овози сардори милиса аст, ки фармон медод, ки ин бачаро ба беморхона баред. Муносибати милисахо хуб буд. Фањмиданд, ки чї гап шудааст. Ба фикрам, аз прокуратура њам касе омад. Духтурњо доруву дармон карданду ањволи Муќимљон бењтар шуд. Дарди дастам як тараф. Дар милисахона аз рафтанам назди раис њазор бор пушаймон шудам. Сад фикр дар сарам омад. Мо њамеша дар телевизион Љаноби Олиро мебинем, ки сари ятимонро сила карда, онњоро дастгирї мекунад, мисли падар ѓамхорї мекунад, агар медонистам, ки раиси ноњия ин хел одам аст, асло назди вай намерафтам. Намояндаи президент гуфта, ба њамин сари сафедам хеста рафтам. Ин кору бора дида, худи њамон шаб, баъди њодиса ба Суд-

медэкспертизаи шањри Вањдат омадем, гуфтанд, ки сањар биёед. Шаб то сањар дастам дард кард, њамсояро даъват кардаму доруи таскиндињанда гузаронид. Сањар рафта, ташхис кардем, ки дастам шикастагї будааст. Латхўрии Муќимљонро њам њуљљат карданд, духтурон. Ростї гап, хоњ аз тарс буд ё чизи дигар, ки даъво њам накардем. Чанд рўз пас фањмидем, ки Прокуратураи генералї ин кора месанљидааст, лекин њич љой нарафтем. Баъди он ки ба Душанбе даъватамон карданду баёнот додем, бо маслињати адвокат ариза навиштем ба Прокурори генералї. Муфаттиш Иброњимзода ном одам будааст. Ману писаронамро пурсид, њарчи буд, њамонро наќл кардем. Гуфтам, ки њамин хел фалокат шуд. Аз фалокат гурез нест. Дар бинои њукумат видео будааст, њар коре гузашт, сабташ будааст. Адвокатамон Бузургмењр Ёров гуфт, ки Прокуратура ин видеоро доштааст. Санљиш њамон рўзњои ивазшавии Прокурори генералї

лион будани фонди маоши 12 њазору 100 одам маоши миёна бояд 1983 сомониро ташкил дињад. Ин њам дар њолест, ки миёнањои моњи январ бархе аз нозирони ширкат мегуфтанд, ки маоши семоњаашонро нагирифтаанд. Таљдиди сохтори ширкати "Барќи тољик" моњи майи соли 2012 шурўъ шуда буд. Бо ќарори Њукумати Тољикистон Шўрои нозирони "Барќи тољик" бо роњбарии Сарвазир таъсис ёфт. Бар асоси барномаи таљдид, "Барќи Тољик" бояд ба се нињоди алоњида, тавлидкунанда, интиќолдињанда ва таќсимкунандаи нерўи барќ људо шавад. Таљдиди "Барќи тољик" то соли 2018 бояд амалї гардад. Тавре ба назар мерасад, муборизањо миёни гуруњњои људогаи њукуматї барои назорати амвол ва даромадњои "Барќи тољик" ваќтњои охир шиддат гирифтааст.

ба охир расида будааст. Њоло фармони Прокурори генералии навро интизор будаанд. Гуфтанд, як одами нав аст. Ин кори мо-ку барои худаму бачањоям як умр сабаќ шуд, лекин барои ин одами нав њам имтињон. Чї фикру чи кор мекунад, намедонам. Мо њоло њам њич даъво надорем. Метарсам, ки боз бачањоямро ѓам надињанд. То њамин рўзњо интизор будем, ки њадди аќќал њамин раиси љамоат, ки 600700 ќадам дуртар аз хонаи мо аст, як маротиба аз дарамон медарояду ањволпурсї мекунад, вале касе наомад. Ростї гап, њич гоње бо милисаву прокурору журналист сару кор надоштем, рўямон дуд мекунад. Метарсам, ки мардум бачањома айб накунанд, ки "дасти очатона шикастанд", "кампири Шодигула заданду авлодош хапанд..". Насиби њамин хел рўзњои нохуб будааст.. Ин ќадар азобе, ки дар њамин кор кашидам, дар њамин ќадар соли саѓиракалонкунї накашида будам. Якум бор журналистњо занг зада буданд, гуфтанд, "њаќ ба њаќдор мерасад, њоло њамин ќадар журналистњо омада мераванд, ки...". Њамин худат якум одамї... Њар балову ќазое буд, гузашт. Умед аз Худову бандањои њаќпараст дорем, тамом. - Муносибати маќомот бо шумову фарзандонатон хуб аст? -Шукри Худо хуб аст. Калонњову одамњои хуб зиёданд дар ноњияи мо. -Сипос, модарљон барои суњбати самимї. Худованд ба шумо шифои комилу ољил дињад. Суњбати Амруллоњи НИЗОМ


6

СИЁСАТИ КАЛОН

“НИГОЊ”, ЧОРШАНБЕ №45 (427), 4. 02. 2015

"Давлати исломї" ё ДИИШ (Давлати исломии Ироќу Шом) "амир" ва Шўрои 12 - нафараи гуруњи "Хуросон"- ро эълон кард. Созмон хабар дод, ки дар марзњои Покистону Афѓонистон 10 њазор љангї љамъ кардааст. Ин артиш барои њамла ба сарзамини таърихии Хуросон, ки гўё Покистон, Афѓонистон, шимолу шарќи Эрон, 5 кишвари Осиёи Марказї, ѓарби Чин ва Њиндро дарбар мегирад, пешбинї шудааст. Покистону Афѓонистон ин хабарњоро таблиѓоти кишварњои хориљї хонданд. Њукуматњои Осиёи Марказї вокунише накардаанд, аммо бино ба иттилои расонањо, Ўзбакистон кишварњои љомиаи њамсудро даъват кардааст, ки барои таќвияти марзњои Тољикистону Туркманистон кўмак кунанд. "Нигоњ" ду соли ахир аз эњтимоли як њамлае зиёд суњбат кардааст, ки аз самти љануб ва аз сўи "интернатсионали созмонњои террористї" ба Осиёи Марказї, пеш аз њама Тољикистон, ки тўлонитарин марзро бо Афѓонистон дорад, анљом мегирад. Аслан ин гапи нав нест, балки реша дар сиёсатњои љањонии 30 соли ахир дорад, ки ќудратњо мехоњанд љањонро аз нав таќсим кунанд. Аммо ангезањо кадоманд ва то куљо рўъёи артиши "девњои маст" - и "Давлати исломї" - ташкили хилофати исломї - амалишаванда аст? Менељерони давраи сеюми "љињод" аз ин тарњ чї интизорї доранд?

"Из" - и Эрон Ба шеваи хадамоти љосусї ё менељерони "љињод", "ривоят" - и "Хуросон" - ро моњи сентябри соли гузашта бори аввал "New York Times" пешнињод кард. Нашрияи амрикої он замон "Гуруњи Хуросон" - ро хатарноктар аз "Давлати исломї" номид, танњо ба як далел, ки ќасд дорад дар Амрикову Аврупо амалиёти террористї анљом дињад. Асосгузораш Мўњсин Ал-Фазлї, зодаи Кувайт аз афроди наздики Усома ибни Лодан, рањбари кушташудаи "Ал - ќоида" муаррифї шуд, ки ба даъвои нашрия, аз њамлаи 11/09/01 ба Амрико аз ќабл хабар дошт ва пас аз он ба Эрону миёнањои соли 2013 ба Сурия рафт. "Ривоят", ба њамин минвол, "из" - и Эронро дар "Хуросон" кашф кард, зеро аз ин ќабл расонањои амрикої мегуфтанд, миёни Эрон ва "Ал - ќоида" дар Сурия тафоњуме вуљуд дорад. Ба иттилои онњо, Ёсин ал - Сурї шабакаи эронии "Ал - ќоида" -ро аз дохили Эрон роњбарї мекард. Суриро соли 2010 маќомоти Эрон боздошт намуданд. Фазлї љойгузини Сурї дар Эрон шуд. Вай аз сарватмандони араб пул љамъ оварда, барои "Ал-Ќоида" ба Сурия мефиристод. Амрико соли 2012 ба сари Фазлї 7 миллион доллар љоиза муќаррар кард. "Стратег" - и "Ал - ќоида" Санафї Ал Наср, зодаи Саудиро низ моњи сентябри соли гузашта амрикоињо аз рањбарони "Хуросон" муаррифї карданд. Аммо "Хуросон" дар Амрикову Аврупо амалиёти террористї анљом надод, балки њоло аз Вазиристони Шимолї садо баланд мекунад. Ишорањо ба "из" - и Эрон ботил баромаданд. Илова бар ин, як њайати рањбарии комилан мутавофит аз гузашта ба номи Шўрои "Хуросон" муаррифї мешавад, ки дар миёни 12 узв ягон араб нест. Ин гуруњи комилан дигар аст, ё ба майдон бозигарони нав омаданду ќисмати нави "ривоят" оѓоз мешавад?

"Љињоди пашту" "Хуросон" тарњи нав дар идомаи таќсими нави љањон миёни ду урдугоњи бузург дар

ЊОФИЗ САИДХОН - «АМИР»-И «ХУРОСОН»

"Љињоди сеюм" Чаро хатари "Давлати исломї" - ро ба Тољикистон набояд нодида гирифт? минтаќа - Амрико, Инглис, Арабистони Саудї ва Покистон, аз як тараф, ва Русия, Њинд, Чину Эрон аз љониби дигар аст. Њайати рањбарии он собит мекунад, ки тибќи пешгўињои мо, урдугоњи аввал дар ин љанг пеш аз њама ба паштунњо такя мекунад, чун ин мардум дар ду давраи ќаблии "љињод" худро боэътимодтарин матрањ карданд. "Амир" ва баќия 11 узви Шўрои "Хуросон" њамагї паштунанд. Се нафар паштуни Афѓонистон ва баќия аз манотиќи ќабиланишини Хайбар Пахтунхваи Покистон мебошанд. Њофиз Саид Хон, "амир" - и мавриди эътибори "халифа" -и худхонда Абубакри Баѓдодї, собиќ фармондењи Тањрики Толибони Покистон (ТТП) дар минтаќаи Оракзай аст. Интихоби ў нишон медињад, ки дар асл неруњои дигар дастандаркоранд. Саид Хон дар Сурияву Ироќ наљангида, Баѓдодиро њам надидааст. Танњо соли равон бо "Давлати исломї" байъат кард. Ў як фармондењи минтаќаии ТТП буд. Аммо тибќи "ривоят", интихоби "амир" - и "Хуросон" аз ќавми оракзай бењуда нест. Калимаи "оракзай" маънои "писари гумшуда"-ро дорад. Тибќи ривояти паштунњо, онњо авлоди Самандар Шоњ, писари гумшадаи шоњи Эрони ќадим, мантиќан, тибќи "ривоят" меросдори Хуросони таърихианд. Муовини Саид Хон Абдулрауфи Ходим, мутавалдиди соли 1980, зодаи Њилманд, фармондењи Толибони Афѓонистон буд, ки соли 2001 боздошт шуда, ба Гуантанамо интиќол ёфт. Соли 2007 дар суди Амрико ваъда дод, ки ба ватан баргашта, ба дењќонї машѓул мешавад. Баргашт, аммо ба зудї боз бо Толибон пайваст ва муовини Мулло Умар интихоб шуд. Ин њам љуз як "ривоят" - и дигари истихборотї чизе беш аз ин наметавонад бошад.

"Интернатсионал" Толибони Афѓонистон дар "Хуросон" гум мешавад. Аз ин ба баъд созмонњои террористии дигари минтаќа, назири Њаракати исломии Ўзбакистон (Осиёи Марказї), Лашкари Тайиба (Њиндустон, Љамму ва Кашмир), Ит-

тињоди љињоди исломї (Вазиристон, ки дар Ўзбакистону Олмон амалиёти террористї анљом додааст), Њаракати исломии Туркистони Шарќї (Шинљону Уйѓури Чин), Тањрики Толибони Покистон (Покистон, Њинд ва Афѓонистон), Аморати Ќафќоз (Русия), чандин гурўњи хурду бузурги дигар ва ба эњтимоли зиёд, Њизби тањрир, аввалин мубаллиѓи идеяи хилофати исломї дар Осиёи Марказї пас аз 1300 сол низ дар "Хуросон" њазм хоњанд шуд. Агар пуштибонии Русия аз "Љамоати Ансоруллоњ" - и Тољикистон ботил бошад, ин созмон низ ба ин "интернатсионали созмонњои террористї" шомил мешавад. Суоли мантиќї ин аст, ки чаро зарурати бо "Хуросон" иваз кардани Толибон пеш омад? Ин суол њоло дар миёни мањфилњои коршиносии Афѓонистону Покистон зиёд матрањ мешавад. Посух њам оддї аст, аммо барои расидан ба умќи он бояд хеле дуртар рафт. Амрико њанўз аз ибтидои муборизањояш барои гегемонияи љањонї тарњи хилофати исломиро дар наќша дорад. Толибон танњо аморати исломї мехостанд ва дар мањдудаи Афѓонистон, аммо њоло ин руъёи амрикої, ки як хилофати исломї алайњи Русия ва Чинро ба вуљуд орад, дар барномаи амали "Давлати исломї" рехта шуда, "Хуросон" танњо як музофоти он аст. Аслан "амир" - у "аморат" њарфи нав нестанд. Менељерони "љињод" ин ду вожаро аз оѓоз мекўшанд, ки "мўд" ва дар маѓзњои љањониён љой кунанд. Њоло њам боз аз ин вожањо кор гирифта мешавад. Аввалин "амирон" замони љињод алайњи Шўравї дар Афѓонистон эълон шуданд. Рањбарони њафт танзими сиёсї - низомии Афѓонистонро дар оѓоз "амир" мехонданд, аз љумла Бурњонуддини Раббониро амири Љамъияти исломї ва ё Муњаммад Исмоилхонро амири Љамъияти исломї дар Њирот чунин ном мебурданд ("амир" њанўз њам дар баробари номи Исмоилхон истифода мешавад). Аъзои тамоми созмонњои террористї рањбарони худро "амир" хитоб мекунанд. Аз ин хулоса мешавад, ки тарњи эљоди "аморатњо" ва бар сари онњо "амирон" дар дохили як хилофати бузург, тавре дар замо-

ни халифањои араб буд, эњёи атрибутњои низомњои худкомаи ќадиму навини салафимаоби олами араб аст. Агар то 10 - 15 соли пеш аќидаи хилофати исломї њазён ва масхараомез садо медод, тарњи "Давлати исломї"таърифи коршиносонро дар бораи "љињоди глобалї", ки гоњо љињоди глобалии салафї низ унвон мешавад, таѓйир дод. Њоло се давраи "љињод" бо пуштибонии Амрико ва думравонаш дар олами исломро мушаххас мекунем, ки ин тањаввулро нишон дињад. АВВАЛ, љињод алайњи Иттињоди Шўравї дар Афѓонистон - 1979 - 1988. Вазифаи муљоњидони Афѓонистон рондан ва яќин кардани пошхўрии Шўравї буд. Дар натиља мустамликањои Русия - Аврупои Шарќї, Соњили Балтика, Ќафќоз ва Осиёи Миёна озод шуданд. Амрико њама судро аз ин "љињод" бардошт. Аммо ин таваќќуъро, пеш аз њама аз Гулбуддин Њикматёр, амири Њизби исломии Афѓонистон дошт, ки муљоњидин бо истифода аз шароити мусоид ба Осиёи Марказї њаракат мекунанд ва ин аќидаи хилофатро ба миён меорад, аммо Ањмадшоњи Масъуд дар наќши њамкори Русияву Эрон ва Чину Њинд монеаи иљрои ин тарњ шуд (Ѓарб баъдтар тариќи Њизби тањрир таблиѓи хилофати исломиро дар минтаќа ба роњ монд). Тайи 13 соли њукумати Њомид Карзай њарфи аввалро дар Афѓонистон муљоњидон мезаданд, аммо њукумати вањдати миллии Ѓанї - Абдулло собит мекунад, ки замони онњо ба охир расид. Њељ як аз вазири ин њукумат муљоњид нест. Пеши рањбарони муљоњидин њоло танњо як интихоб аст, ё бо урдугоњи тањти рањбарии Амрико бошанд, ё вориди барномањои мухолифонаш - Русияву Эрон ва Чину Њинд шаванд. Вагарна чун Гулбуддин Њикматёр ба њошия ронда хоњанд шуд. ДУВВУМ, "љињод" барои забти Афѓонистон, кишвари гузаргоњи лўлаи гази Туркманистон - Афѓонистон - Покистон (1994 - 2001). Ин тарњ ба зиммаи Толибон афтод. Онњо бояд Бурњонуддини Раббониро, ки Амрико, Инглис ва Покистон ўро дастнишондаи Русияву Эрон мехонданд, аз ќудрат дур карда, Афѓонистонро тањти назорат мегирифтанд. Толибон аз уњдаи ин вазифа баромаданд, аммо


АМНИЯТИ МИЛЛЇ дуни мусоидати Арабистони Саудї, лидери кишварњои нафтфурўш ва њомии ќавиаш Амрикову лўлањои транзитии Туркия имконнопазир аст. Аммо то куљо иљрои барномае, ки супоришгарон пеши "Хуросон" гузоштаанд, амалишаванда аст, бахусус онњоро рўёрўї бо ќудратњои матрањи минтаќа - Русияву Чин ва Эрон интизор аст?

хостањои Амрикоро бароварда накарданд. Баръакс, онњо Ал - Ќоидаро паноњ доданд, ки рањбараш Усома ибни Лодан ба тасмими њукумати Арабистон дар мавриди љой додани пойгоњи низомии Амрико дар ќаламраваш мухолифат карда буд. Менељерони "љињод" ба ў ин имкониятро доданд, ки ба Афѓонистон ояд, то баъдтар - соли 2001 бањонаи вуруди онњо ба ин минтаќа шавад. Толибон бояд Аморати исломии Афѓонистонро таљриба мекарданд, ки натавонистанд. Ин аморат аввалин музофоти як хилофати исломї мешуд, ки нашуд. Соли гузашта ин тарњро дар Ховари Миёна роњандозї карданд. Толибон бо рањбарии Мулло Умар то охирин лањза - эълон шудани Шўрои "Хуросон" кўшиданд, ки ташаббусро дар минтаќа дар даст гиранд, аммо тавре маълум мешавад, тирашон хок хўрд. Интихоби менељерони "љињод" сари "Хуросон" ќарор гирифт. Зимнан, рўзи 31 январ "халифа" - и худхонда Абубакри Баѓдодї рањбари Толибон Мулло Умарро як рањбари "аблањ ва бесавод" хонд, ки дигар зарфияти рањбарии "муљоњидин"-ро надорад. Ин хабар, ки аз сўи расонањои амрикої нашр шуд, ин паёмро дорад: Толибон тарњи анљомшудаанд ва барои онњо дигар сармоягузорї намешавад. Аз ин хотир, фармондењонаш сафњои онро тарк карда, бо "Давлати исломї" байъат карданд. СЕЮМ, љињод барои хилофати ягона, ки мўљиби суќути Русия шуда, захирањои табииашро дар ихтиёри Амрико ќарор медињад ва рушди иќтисодии Чину Њиндро бозмедорад, балки онњоро тобеи Вашингтон мекунад. Бо эълони Шўрои "Хуросон" ва тањти фармондењии Абубакри Баѓдодї ќарор гирифтани созмонњои террористии фаъол дар Њинду Покистону Афѓонистон ва Осиёи Марказиву Чину Ќафќоз марњалаи сеюми "љињод" - ро оѓоз мебахшад. Рањбарони "Хуросон" ба сароњат иброз медоранд, ки аз "Давлати исломї" - сарватмандтарин созмони террористии љањон, ки њамарўза аз захирањои нафти Ироќ 3 миллион доллар фоида мегирад, кўмаки молиявї мегиранд. Аммо инро касе пўшида наметавонад, ки тиљорати нафт низ би-

Хатти аввал: шимоли Афѓонистон Бино ба гузоришњое, ки аз вилоятњои љанубии Афѓонистон - Кунар, Љалолобод, Зобул, Њилманд, Фароњ ва њатто Лугар мерасанд, "Хуросон" - и "Давлати исломї" аллакай фаъолиятњои худро шуруъ кардааст. Њукумати Афѓонистон бо онњо коре намекунад. Аз ин хотир, хатти аввал ба марказ вилоятњои тољику њазоранишин - Бомиён, Дойкунди, Парвон ва Кобул мекўчад, ки аз нуќтаи назари дифоъї, њељ гоњ манотиќи устувор набуданд. Панљшер агарчи дар љанги алайњи Толибон ќалъаи мустањкам буд, дар "љињод" - и сеюм ањамият нахоњад дошт, зеро ин дафъа њадаф на Афѓонистон, балки Осиёи Миёна аст. Хатти асосии љанг боз њам ба шимол Балху Њирот ва Ќундуз мекўчад. Бадахшон низ ба онњо хоњад пайваст, зеро дар ќаламрави он љангиён пойгоњњои худро чанд сол аст, ки фаъол кардаанд. Шояд аз ин хотир аст, ки дар Балх ба њамин наздикї гуруњи 5 - њазорнафараи "Марг" - и алайњи ДОИШ иборат аз тољикону њазорањо аз худ дарак дод. Фармондењони љињодї - Атомуњаммади Нур, Исмоилхон ва Бисмиллоњхон дар Балху Њирот ва Ќундузу Панљшер ва Генерал Бобољон дар Бадахшон метавонанд рањбарии амалиётњои низомиро ба зимма гиранд, он њам ба шарте, ки Русияву Чин ва Эрону Њинд онњоро сармоягузорї кунанд. Нафаре, ки барои шимоли Афѓонистон муњим ва дар марзњои Афѓонистон бо Ўзбакистону Туркманистон генерали ўзбак Абдурашиди Дўстум аст, ки њоло муовини аввали раиси љумњури Афѓонистон аст. Ў аз душманони ашаддии Толибон буд, аммо

“НИГОЊ”, ЧОРШАНБЕ №45 (427), 4. 02. 2015

њоло коршиносони Афѓонистон ўро дар наќши як њамкори ИМА мебинанд, ки бояд барои убури дарёи Ому ба "Давлати исломї" кўмак кунад ("Нигоњ" сабабњои инро дар шуморањои ќаблї муфассал шарњ дода буд ("Нигоњ", №43 (425), аз 21 январи соли 2015). Дар таќвияти он матлаб хабари охирин аз Ўзбакистонро метавонем далели ѓайримустаќими он шуморем, ки ўзбакњо ва Ўзбакистон дар пайи як муоњадаи нонавишта аз тарњњои ИМА дар минтаќа мехоњанд њадди аксари истифодаро кунанд. Хадамоти Амнияти Миллии Ўзбакистон ба матбуот гуфтааст, далелњое дар даст дорад, ки ДОИШ бањори соли 2015 дар ќаламрави Ўзбакистон чанд амали террористї анљом доданист. Ин манбаъ гуфтааст, барои тањкими марзњои Тољикистону Ќирѓизистон бояд кўмак кард, зеро марзи Ўзбакистону Афѓонистон ба андозаи кофї мустањкам аст. Инро агар як фазосозї пиндорем, пас мешавад хулоса кард, ки роњи "Хуросон" ба сарзаминњои нафту газхези Ќазоќистону Русия аз тариќи Туркманистону Тољикистон пешбинї шудааст.

Хатти дуввум: Марзи кишварњо Дар њоли суќути хатти аввал кишварњоро зарур меояд, ки хатти дифоиро дар марзњои худ ташкил кунанд. Эрони шиа ба ин зањри салафї позањри худро дорад, даргирї бо "Давлати исломї" барояш масъалаи њаёту марг аст. Чин тамоми имконоташро истифода мекунад, то ќадами ДОИШ ба марзњояш нарасад, Шинљону Уйѓурро ба њаракат надарорад ва аз њамон дањлези Осиёи Марказї ба сўи Русия њаракат кунад. Аммо чанд амали террористии як - ду соли ахир дар Шинљону Уйѓур нишон медињад, ки зуњури ДОИШ дар дохили марзњои Чин низ эњтимолияти зиёд дорад. Дар њоли таљаммуи теъдоди назарраси љангиёни "Давлати исломї" ё "Хуросон" пушти симтўрњои марзи Осиёи Марказї ва Афѓонистон кишварњои узви ИДМ, СПАД, Созмони њамкорињои Шонгњой, пеш аз њама, Русияву Ќазоќистон неруњои худро

ХАРИТАЕ, КИ ИДЕОЛОГЊОИ ДИИШ МЕБИНАНД

7

ба ин минтаќањо интиќол медињанд. Аммо шимоли Афѓонистон ва љануби Тољикистону Ўзбакистон ва Туркманистон метавонад ба майдони љанг табдил ёбад, ки дар вазъияти кунунї аслан "болои сўхта намакоб" аст. Ин њадс зада мешавад, ки ИМА мањз бо пешбинии заъфи иќтисодии Русия ва дар пайи он мушкилоти иќтисодии кишварњои Осиёи Марказї "девњои маст" - ро сар дињад. Камбинии хатари "Давлати исломї" њам дар ин тарафи Ому дида мешавад. Аммо далели барљаста он аст, ки њамон Сурияи аз лињози низомї ќавї бо ин хатар коре карда натавонист, њарчанд дар ќаламраваш пойгоњи низомии Русия њаст ва пуштибонии онро њам дорад. Кор њам ба љое расид, ки "Давлати исломї" худро хилофат эълон кард ва њоло ба манотиќи дигар, аз љумла Осиёи Марказї мехоњад юриш кунад.

Ихтилофи Кобулу Исломобод "Давлати исломї" дар Ховари Миёна бо пуштибонии молии Амрико, Арабистони Саудї, Инглис ва њамоњангии Туркия ба вуљуд омад. Фаъолиятњои беш аз якунимсолаи ин созмон бармало мекунад, ки менељерони "љињод" комилан аз нањваи нави давлатсозї кор гирифтаанд. "Давлати исломї" дар як ќисмати Сурия ва як ќисмати Ироќ ташкил шуд. Аммо дар мавриди "Хуросон", ки бо маболиѓи Амрико, Арабистони Саудї ва Инглис арзи вуљуд мекунад, як ихтилоф вуљуд дорад. Ин њам он аст, ки наќши калидї - иљрои тарњ ба кї дода мешавад: њукумати вањдати миллии Кобул, ё Покистон? Аз нигоњи тањлилгарон, агар њадафи "Хуросон" Афѓонистон аст, бидуни бањс, наќши аќибгоњро Покистон мебозад, аммо агар њадаф ин тарафи Омуст, пас ба таври худкор, бояд аќибгоњ Афѓонистон бошад. Кобулу Исломобод барои ба даст овардани ин имтиёз, ки дар зимн миллардњо долларро дорад, мубориза мекунанд. Ва дар рафтори онњо нишонањои заминасозї барои њузури "Давлати исломї" дида мешавад. Масалан, Покистон иљоза дод, ки шохаи ДОИШ ё "Давлати исломї" - "Хуросон" дар ќаламраваш арзи вуљуд кунад. Дафтари марказиаш дар иёлати Балучистони Покистон љойгир аст. Њамчунин Афѓонистон коре барои љилавгирии густариши "Давлати исломї" дар ќаламраваш намекунад ва барои ин аз сўи мухолифонаш танќид мешунавад. Аз љумла маќомоти амниятии Зобул хабар доданд, ки њудуди 150 хонаводаи хориљї бо зану кўдаконашон омада, дар ќисматњои аз назорати давлат беруни вилоят сукунат ихтиёр кардаанд ва бо худ силоњњои вазнин ва маводи тарканда доранд. Суол мешавад, ки чаро Покистону Афѓонистон бо он вуљуд, ки неруњои ќавии амниятї доранд, алайњи аввалин гуруњњои "Давлати исломї" дар ќаламравашон иќдом ба амалиёти низомї намекунанд? Коршиносони њарду кишвар сари ин иттифоќи назар доранд, ки њукуматњо дар ин гирудори бузурги ќудратњо мехоњанд шарик бошанд, то ба њамон сарнавиште дучор наоянд, ки дар гузашта муљоњидин ва Толибон доштанд. Далери ХАЙРУЛЛОЊ

САДОИ МАРДУМ 60,00%

ЃАЛАБАИ ЊИЗБИ НАЊЗАТИ ИСЛОМЇ ВА РАЪЙДИЊИИ ЭЪТИРОЗЇ

55,46%

50,00%

21%

12,58%

Ба њељ кадомаш!

0%

7%

Њизби халќї-демократї

1,4%

Њизби сотсиал-демократї

0,47%

Њизби сотсиалистї

0,35%

Њизби нањзати исломї

0,47%

Њизби коммунистї

10,00%

Њизби аграрї

20,00%

Њизби демократї

30,00%

Њизби ислоњоти иќтисодї

40,00%

0,00% 1

2

3

4

5

6

7

8

9

Натиљаи як пурсиши виртуалї зери унвони "Агар якшанбеи наздик интихобот баргузор шавад, ба кадом њизб раъй медињед?" маълум кард, ки 55,4 фоизи иштирокчиён ба Њизби нањзати исломї овоз медињанд. Дар назарпурсї номи 8 њизби сиёсии Тољикистон вуљуд дошт, аммо иштирокчиён ба њизбњои аграрї (4 овоз), демократї (3), ислоњоти иќтисодї (4), сотсиалистии Тољикистон (1) райъ додаанд, ки 0,1 фоизро њам ташкил намедињад. Њизби комунисти Тољикистон 1% (11 на-

фар) ва Њизби сатсиал-демократи Тољикистон 7% (61 нафар) раъй гирифтаанд. 21 фоизи дигар варианти эътирозии "Ба њеч кадомаш"-ро интихоб кардаанд. Ин назарпурсї аз 29-уми январ то 3-юми феврали соли 2015 бо супориши њафтаномаи сиёсии "Нигоњ" дар сомонаи TojNews гузаронида шуд. Дар он 842 нафар иштирок кардааст. Сомонаи TojNews рўи платформаи озоди Друпал сохта шуда, дар райъпурсињои њар як иштирокчї танњо як маротиба раъй дода метавонад.


8

“НИГОЊ”, ЧОРШАНБЕ №45 (427), 4. 02. 2015

Мехостам ин номаро ба унвони раиси ЊНИТ, љаноби Муњиддин Кабирї бинависам, зеро он касро шоиста ба эњтиром медонам ва аз чењраи тољиконаи пуртамкинашон пайдост, ки ба арзишњои милливу мењанпарастї дар дил љойгоњи вижа додаанд ва яќин аст имтиноъ варзидани аъзои њизбашонро аз кунишу вокунишњои ношоиста, мояи бохирадии он кас медонам. Аммо аз ин ки мо хешро дар нигањбонии якпорчагии зодбуми хеш ва осоиши мардуми зањматкаши содабину динпаноњаш вомдор медонем, нагуфтани биниши хешро, дар пиромуни ифроту тафрити бархе дингустарон, дар дарозои саргузашти њазоруанд солаи тољикон, гуноњ мепиндорем. Он чи дар ин гуфтор омадааст, баргирифта аз њосили мутолиаву баррасињо, тањлилу ќиёси гузашта бо ин замони носозгори муќовиматњои дингароии гарданшикан ва бархе њамсонињо бо рўзгори тираи пурошўбу фољеабори тољикон мебошад. Бояд хонандагони гиромии љавонро огоњ созам, ки инљониб соли 1991 ва моњи марти соли 1992 маќолањое навишта будам унвонии "Тавозуъњои зоњид макри сайёд аст…" ва "Њама љо хонаи ишќ аст чи масљид, чи куништ", бо мурољиаву њушдор ба сарварони љараёни дингустарии он рўзгор (аз љумла љаноби Акбари Тураљонзода), ки дар сањифањои рўзномаи "Тољикистони шўравї" интишор шуда буданд, баёнгари паёмади фољиабарангези даъвати мардум ба майдонњои сиёсї барои барнишастан ба курсии давлатдорї. Њадафам љалби таваљљуњи шахсиятњое буд, ки сиёсати норости дингурезии Иттињоди Шўравиро василаи барошуфтани тўдањо сохта, мардуми динпаноњи тољикро ба майдонњо гирд оварданї буданд, аммо бинобар кўрии сиёсї - ноогоњї ва нотавонї дар тањлили вазъи сиёсии љањону љањонхорон ва нашинохтани душманони дар камин нуњуфта, хатари мардуми бепаноњро ба чоњи хуношоми даргирињо ва нокомињо дарафкандан эљод мекарданд. Њама медонем, ки фарљоми он талошњо ба фољеаи нобахшидание овард, ки захмњояш дар пайкари ин миллат њанўз њам дард меоварад. Албатта, дар сафи шоистагоне, ки мардумон ба гуфтањояшон гўш фаро дињанд, набудам ва нестам ва тањлилњои ночизамон гарде њам коро набуду нест, вале чуноне гуфта шуд, шахси умр ба хондан сарф кардаро боиста аст гумону дарёфтњояшро пеши дидори дигарон гузорад. Шояд чанд касе пайдо шаваду биниши бандаро дуруст дарёбад ва чанди дигареро аз ифроту тафрит дар мазњабгароиву тундравињои динї боздорад. Ва инак он чи гуфтанист ба њамвандоне, ки аз мењри ба дин парварда, дар атрофи конуни сиёсие бо номи њизб гирд омадаанд ва талош доранд, то аз роњи њукуматронї љомеаи дањриро ба љомеаи динї иваз кунанд, нахуст дар бораи вожаи "њизб" ёдовар мешавам, ки ин вожа танњо ишора ба гурўњњои дини ислом дошта, хурдтарин њамсоние бо калимаи аврупоии "партия" надорад (чи дар "Ќуръон" ва чи дар донишњои вожашиносї; Ќуръон дар сурањои 58, ояи 22 ва 11 ояи 17 вожаи "њизб" - ро љо додааст, вале на ба маънои гурўњи сиёсї, яъне партия. Њатто Ќуръоншинос ва муфассири ин китоби осмонї Имон Прохорова чуноне дар тафсироташ гуфтааст, аз коргирии вожаи "партия" худдорї варзидааст, зеро он дархўри баёни маънии "њизб" нест). Огањон медонанд, ки дини ислом љуз аз мазњабњои "шиъа" ва "суннї", ба фирќањои бешуморе фасл шудааст, ки бахше аз онњо дар тариќати худољўйї аз њам дар фосилањои дур ќарор гирифтаанд. Њанўз Њофизи бузургвор дар он замон шумори миллатњои диниро њафтоду ду адад бозгуфта буд: Љанги њафтоду ду миллат њамаро узр бинењ, Чун надиданд њаќиќат рањи афсона заданд. Дар ин љо таркиби "надидани њаќиќат" ро чунин шарњ бояд дод, ки дар роњпаймоии маънавї расидан то ба њаќиќат душвор ва номумкин аст, зеро њама њаќиќатњо нисбианд, љуз њаќиќати мутлаќ - Худо. Ва Хайёми бузург ба ин маънї гуфтааст: Ќавме мутафаккиранд дар мазњабу дин, Ќавме мутањайиранд дар шакку яќин. Ногоњ мунодие дарояд зи камин, К - эй бехабарон роњ на он асту на ин. Њатто аз замони хилофати Баѓдод то имрўз миллате (њизбе) побарљост, бо номи

АНДЕШАИ ХОС

"Лафзия", ки аќидааш чунин аст: "Ќуръон" каломи ќорист, на каломи иллоњї" (Астаѓфуриллоњ!) Ё миллати дигаре ба унвони "Махлуќия" аќида доранд, ки "Ќуръони маљид" ва "Таврот", "Инљил", "Забур", махлуќанд (Астаѓфуриллоњ!). Ва ё њазор сол боз њизбе вуљуд дорад унвонии "Ибрийя" бо боварие, ки "Муњаммад Расулаллоњ, салаллоњу алайњи ва олињи ва саллама, марде буд оќилу њоким, на расул" (Астаѓфуриллоњ!). Сониян, дар мавриди њизбњои, яъне партияњои динї бояд ба якборагї гуфт, ки мардумони ба дин таасуб доштаро дар конуни сиёсие, ки асолату вижагињои аврупої дорад, ба унвони њизби динї гирд овардан ва бад - он васила талоши сари њукумат кардан, кори на он ќадар хирадмандона аст. Чунин њамоиши сиёсї дар тафриќазої миёни бовармандони дин афзоиш бахшида, љамъе аз динпаноњонро ба њамдигарситезї ва рањгумї вомедорад. Чаро чун ки дар нињоди мусалмони узви њизби динї набуда, дудилагие ба миён меояд, ки мусалмони асил ўст,ё онњое, ки ба кеши њизбї гароидаанд. Дигар ин, ки то он љойе иттилоъ дорам, њадаф аз бунёди нањзати исломї бедорсозии мардум барои арљгузорї ба дини муќаддаси ислом ва водоштани њукумат ба густаришу љонибдории динпаноњону дингустарї мебошад, ки гумон мекунам, њоло дигар ин њадафњо амалї шудаанд, чунончи дар кишвар шумори масљидњо аз шумори мактабњо

«

Њилаи аз њама корои онњо имрўз то ба њассосияти вахим расондани мардуми мусалмон, ба вижа љавонони акнун ба худошиносї майл пайдо карда мебошад. Онњо барои дар чашми мардуми љањон вањшиву барбарї бознамоёндани мусалмон, аз љавонони шарќї дастањое тартиб медињанд, ки аслан бар асари таълими махсус гирифтори бемории рўњї гашта, симову пўшоку кирдорашон баёнгари барбарият мебошад.

«

камтар нест, донишгоњ ва мадрасањои динї дарњои худро барои љавононе, ки мехоњанд умри хешро ба таќво ва омўзиши аркони дини ислом бубахшанд, боз шудаанд, њукумат ба имомони масљидњо маоши њармоња медињад, шумори њољиёни кишвари мо дар нисбат ба кишварњои мусалмонии Иттињоди Шўравии собиќ ва бархе кишварњои дигари мусалмонї (ба њар сари ањолї) бештар аст. Њамчунон ќавми тољик, ки табъан худољўву худотарс аст, ѓолибан њама хостњои муњимтарини динро, ба вижа донистану пазируфтани андешаи тавњид, намозгузориву рўзадорї, сафари њаљ, хулоса аз хондани азон дар гўши навзод, то хатнаву никоњу расми љаноза ва хайру худоиро саросар риоят дорад ва дар давлате, ки сарвараш худ ба дин вафодор аст, касе ба посдории рукнњои дини мубини ислом мухолифат надорад. Пас метавон гуфт, нањзати исломии дар солњои 80 - 90 бунёд шуда, рисолати худро анљом додааст ва он сўйи корњо боястї ба омўзгорони бодониш ва ањли таќвои ботарбияту боандеша вогузошта шавад. Ман ин гуфтањоро бад - он сабаб овардаам, ки садсолаи 21 садсолаи давлатњои мазњабї нест, зеро имрўз хатари љангњои мазњабї дарвозаи љањони дингустариро дар кўбидан аст. Ва шигифтангез он аст, ки дар пушти дингустарони кўтоњандеши нахондаву андакхонда ва фаќењони аз сиёсати геополитикии љањонхорон дар дурї ќарор дошта, чи нерўњои хуношоме љой нагирифтаанд; аз комплекси саноатии њарбї (тавлиди силоњ ва фурўши он), то мафияи фурўши силоњ, аз мафияи тавлид ва фурўши маводи мухаддир то тундгароёни фошистї, аз мутаасибини ложаи масонї, то сайњюонистони ошўбгаро, аз арабгароёни мутаасиб то миллатгароёни паштуниву пантуркистї ва пантурониву панузбакї. Њилаи аз њама корои онњо имрўз то ба њассосияти вахим расондани мардуми мусалмон, ба вижа љавонони акнун ба худошиносї майл пайдо карда, мебошад. Онњо барои дар чашми мардуми љањон вањшиву барбарї бознамоёндани мусалмон, аз љавонони шарќї дастањое тартиб медињанд, ки аслан бар асари таълими махсус гирифтори бемории рўњї гашта, симову пўшоку кирдорашон баёнгари барбарият мебошад. Њоло дигар комгор шудаанд, ки дар Аврупову Амрико ва Љопону Австралия, агар касе мусалмонро бубинад, њатман гумони нахустин бар он мекунад, ки дар муќобилаш кушанда, ё тарконандаи эњтимолї воистодааст. Аврупоиву амрикої акнун кўдакашро дар синни наврасї њушдор медињад, ки аз мусалмон њазар бояд дошт. Корхонањои Чин љойнамоз, тасбењ, тоќии араќчин, офтоба, василањои электронї барои ба осонї аз ёд кардани ояњои Ќуръон ва дигар армуѓонњои вобаста

ба динхоњї тавлид мекунанд. Яъне, бахше аз фарангиёну номусалмонон автомату тиру туфанг тавлид мекунанд, то ки ба мусалмонон бифурўшанд, бахши дигар василаи тоату намозгузорї месозанд, то ки мусалмонон бихаранду њар чи бештар ба ибодат шуѓл биварзанд ва албатта, аз автомашина то дандонхилолу гўшпоку фархак (памперс), сосискаи њалоли истењсоли Канада, кулчањои ќандиву ширинињо ва ќањваву чой ва доруву дармонњо ва садњо њазорон колои дигар истењсол карда, бозори мусалмононро таланбор мекунанд. Барои онњо њассосияти динпарастии мусалмонон нињоят муњим аст, њатто зиндагисоз аст. Агар мусалмонон бо њам дар ситез намебуданд, ин дањњо њазор коргоњњои тавлидгари автомату тиру танку туфанг аз кор бозмемонданд. Миллионњо коргар љойи корашонро аз даст медоданд, буљаи давлатњояшон касод мешуд. Агар њассосияти мусалмонон ба риояи тамоми нозукињои дини худ коњиш ёфта, онњо низ рў ба андешањои техникиву иноватсионї меоварданд ва худашон тавлидгари трактору обкашаку њавопаймову компутер ва соири василаи рўзгор мешуданд, иќтисоди аврупоиён варшикаста мешуд. Агар дар кишварњои мусалмонї оромиву осудагї фароњам ояд, роњи фурўши аслиња ва героину нашъаи онњо баста хоњад шуд. Ин аст, ки имрўз њатто дар гардиши пули аз даромади њуљљољ ба хазинаи Арабистони Саъудї ворид шуда, тољирони яњудитабори кишварњои аврупоиву австралияї њамсоз мебошанд. Њамин аст, ки Арабистони Саъудї ба кишвари хоњарону бародарони мо, Ирон, ки љумњурии исломист, некбин набуда, бо арабгароии хеш бањона мељўянд, ки њатто номњои љуѓрофиёии садњо сол дар љањон пазируфта шударо, љилваи арабї бахшанд (Дар нигар дорам талоши арабгароён барои таѓйири ном кардани Халиљи Форс бо Халиљи Араб.) Соли гузашта Арабистони Саъудї ба кишвари Покистон 1,5 миллиард доллар ёрии молї расонд, аммо на ба Афѓонистони љангзадаи гирифтори фитнаи бузургихоњони покистонї. Ончуноне ба мушоњида мерасад, ислоњотхоњони мо сурудањои Муњаммад Иќболи Лоњуриро њанўз дар солњои ошуфтабори 90ум шиор мекарданд ва байти "Аз хоби гарон хез" - ро њамвора ба забон меоварданд. Онњо гумон доштанд, ки даъвати Иќбол аз мардуми Шарќ барои аз хоби гарон бархостан, ба даст силоњ бардоштану зидди ѓарбиён воистодан аст. Онњо дарнамерафтанд, ки Аллома Иќболи динпаноњ ишора ба вопасмонии шарќиён аз тамаддуни пешрафтаи љањонї аст. Дили ин фозили равшанбин бар он доѓ мегашт, ки маѓрибиён шираву шарбати заминро гирд оварда, ба фарзандонашон мехўронанд, барояшон фазои осоишу оромишу


“НИГОЊ”, ЧОРШАНБЕ №45 (427), 4. 02. 2015

НИГАРОНЇ

9

НОМА БА ОЌИЛОНИ ЊНИТ омўзиш фароњам меоваранд, вале машриќї барои тар кардани гулўи кудаки бемораш гање наметавонад об пайдо кунад, њар тифли севвумаш ба беморие гирифтор аст. Њамин аст, ки Иќбол бо дард мегўяд: Мусалмон фоќамасту жандапўш аст, Зи кораш Љабраил андар хурўш аст. Биё наќши дигар миллат бисозем, Ки ин миллат љањонро бори дўш аст. Масъала вопасмонии андешаи машриќї аз прогресси илмї - техникии замон мебошад. Мавзўъ ин аст, ки дар он рўзгоре, ки љавонони амрикоиву аврупої ва љопониву њиндї андешањояшонро мутамарказ сохта, дармеёбанд, ки љирми (массаи) офтоб 99, 8% ро ташкил карда, тамоми маљмуъи системаи офтобї, ба шумули замину астереоидњо 0, 2% онро созмон медињанд, ё ќонуни гравитатсия имкони парвози одамро ба осмон пешгўйї дорад ва ё аз маводи кимиёвии мушаххас аэрозолеро тавлид метавон кард, ки бо пош додани он пардаи аз чашм нињон њосил гардида, намегузорад тири туфанг ба хат - радиуси муайяни сарбоз љой гирифта ворид шуда, ба пайкари ў кора кунад ва монанди он њазорон кашфиёту дарёфтњо, аммо дар ин љо андешаи љавононро ба омўзиши достони Юсуфу Зулайхо, ё дар ояњои Ќуръони муќаддас љустуљў намудани ќонунњои физикаи шуоъ, кайњоншиносї, генетика ва монанди он њикматњои фаннї њидоят мекунанд, дар сурате, ки паёми Худованд ба тарбияи равонии мардум нигаронида шудааст, на ба ибъод дар кашфи ќонунњои физикиву кимиёвї. Яъне, динпаноњу динпараст будан ба сони нону об хўрдан њатмї мебошад, вале андешањоро чуноне дар масали машњури мардумї омадааст, сўйи љустуљўи бутта равон кардан лозим аст, то онро мањкам дошта, аз афтидан ба ѓори бетаг эмин бимонї (Худо бигў, вале буттаро мањкам бидор). Дар оѓози ин гуфтор ишора доштем, ки тољикситезони дар камин нахуфта дар дарозои њазорсолаи диноварии миллати мо мањз бо дасти дастнишондањо ва фаќењони дарсхондаи Баѓдод, миёни иронитаборон ихтилофњо барангехта,бинои давлатдории тољиконро борњо вожгун сохтаанд. Пас аз Паямбари ислом, ба вижа пас аз чирамандии бани Уммия ва сипас бани Аббос нотавонбинии халифањои араб ба тољикон, умуман ба иронитаборон оѓоз ёфт. Аз ќатли Абў Муслими Хуросонї то тањрики туркони сањронавард бар зидди хонадони Сомониён ва барафкандани Оли Сомон гувоњи муборизаи шадиди арабњо барои аз миён бурдани њуввияти миллї ва забони озодзодагон буд. То ки ин гуфтањоро кажандешон бепоя намоён насозанд ва онро бофтаи инљониб надонанд, рў ба навиштањои торихдонони овозаманд оварда, аз далелњову мадракњои онњо намунае чанд пеши дидори хонандагони гиромї меоварем. Аз љумла дар бораи иллати асосии суќути давлати Сомониён, доктор Муњаммадамини Риёњї навиштааст: "Суќути давлати Сомониро ба иллати нохушнудии хилофати Аббосї аз вазъи иљтимоъию фарњангии ќаламрави Сомониён, махсусан, пойтахти онњо Бухоро бояд донист. Хилофати Баѓдод аз як сў миёни хонадонњои њокими Сомониён, Оли Бўя ва Оли Зиёр ихтилоф меандохт ва аз сўйи дигар, бо дасти фаќењони дарсхондаи Баѓдод ва ѓуломону сардорони турки худ ба тањрики туркони ќарахонї ва фаќењо-

ни Бухоро бар зидди Сомониён мекўшид. Саранљом фаќењони Бухоро ва ѓуломони турк бар зидди амир Наср ибни Ањмад шўриданд ва дар соли 331 (952) муљиби барканории ў шуданд. Дар он воќеъа иддае аз саркардагону дарбориён аз дами теѓ гузаштанд, ки аз љумлаи онњо Љайњонии вазир буд, ки муттањам ба зандаќа ва илњод (бединї) буд". (Маќолаи "Рўзи Фирдавсї ва "Шоњнома". Аз рўзномаи "Иттилоъот", шуморањои 24 - 26, моњи исфанди с. 1376; 15 - 17 марти с. 1998). Дар он маќола њамчунон омадааст: "Ваќте туркони хатої ба Бухоро њамла карданд, фаќењони Бухоро фатво доданд, ки "чун муњољимон мусалмонон шудаанд, бо онњо набояд љангид" ва бад - ин сурат, мўљиботи суќути давлати Сомониро фароњам оварданд". Мо дар навишторњои пешини худ дар мавриди рўзгори шикасти давлати Сомониён бо дасти туркони ќарохонї аз самти шимол ва туркони сабуктегинї аз самти љануб ва љосусињои халифањои араб барои барошуфтани он туркзодагон бар зидди тољикон борњо ёдовар шуда будем ва дар ин љо аз навиштаи торихнигори барљаста Абўмансур Абдулмалики Саъолабии Нишопурї (961 - 1037) намунаеро меоварем. Ба навиштаи Саъолабї, "Абўмуњаммад Абдуллоњи Восиќї, аз бозмондагони Восиќ - халифаи Аббосї, ки ба назди туркон рафта буд ва дар Буѓрохон нуфуз ёфта буд, дар 382 (1003) хони туркро ташвиќ ба лашкаркашї ба Бухоро кард. Агарчи Буѓрохон дар Бухоро бемор шуду баъд аз тарки он љо дар миёни роњ даргузашт, аммо дигар умеде ба баќои хонадони Сомонї намонд" (Саъолабї, "Ѓарар ахбор - Мулук - ул - Фурс", Т. 1365 - 1986, с.429). Дар соли 389 (1008) турки халлухї (ќарлуќї) Арслон Илг ба Бухоро њамла кард ва сипоњи Сомониён ва мардуми шањр барои дифоъи пойтахт бархостанд, аммо фаќењони Бухоро, омўхтагони мактаби дингустарии Баѓдод, ки ба дастурњои халифаи арабгаро гўш фаро медоданд, њамчун дастовез барои ислом пазируфтани номусалмонони халлухї, муќовимат бо душманонро хилофи шаръ эълом карданд. Аммо касе њам нагуфт, ки пас њуљуми ин навмусалмонон ба сарзамини мусалмонон чаро хилофи шаръ нест? (Баргирифта аз маќолаи устод Муњаммадамини Риёњї, дар рўзномаи "Иттилоъот", шуморањои 24 - 26 исфанди с. 1376 - 15 - 17 марти с. 1998), унвонии Рўзи Фирдавсї ва "Шоњнома" ) Шоистаи ёдоварист, ки фаќењон ќатли омњои лашкари Чингизро дар асри XIII "ѓазаби худо" эълом дошта, мардумро аз муќовимат бо муѓулњо бозмедоштанд. Ќатли омњои тољикону иронитаборонро аз дасти Темурланги ѓаддор, поксозии сарзамин аз мункирони дин, бознамоёнда, ўро "Њазрати Амир Темур" хонданд, њол он ки ў бо номи ислом тамоми марказњои исломиро ќатлу ѓорат намуда буд: "… тамоми пойтахтњои исломро мавриди нињеб ва ќатлу ѓорат ќарор медињад. Амир Темур Исфањонро табдил намуд ба ќатлгоњ ва љасаду љанозаи мардуми бегуноњ дар саросари он шањр афтода буд". (Рене Гроссе, (1885 - 1952), "Императории сањронавардон", баргардони Абдулњусайни Майкада, Т. 1368 - 1989, с.711). Шўрбахтї дар он аст, ки ин кушту кушторњои мусалмонони тољик аз тарафи мусалмоннамоёни бегона, бо заволи салтанати те-

«

Муллоњои мансуб ба ќабоил ва вобаста ба дастгоњи љосусии инглис бо нашри мавозеъи динї, тољикони асиршударо мустављиби эъдом ва вољибулќатл мебошанд, љилва доданд. Мутобиќи ин фатво сари тољикони озодаро аз баданашон људо мекарданд, то адолати исломї ва ваљоиби шаръї татбиќ гардад." (Р. Рањин, "Ягонагии забони форсї дар дењкадаи љањонї"., Шўрои фарњангии Афѓонистон, 1389 - 2010, с.20)

«

муриён ба поён нарасид, балки дар замони фармонфармоии шайбониёну манѓития бо шевањои гуногун идома ёфт ва дар дањаи аввали асри XX бо фатвои рўњониён дар Хуросон (Афѓонистони имрўзин) шиддати дигар касб кард. Торихи куштори тољикони шимоли Афѓонистонро, пас аз ќатли Њабибуллоњи Калаконии тољик, профессор Расули Рањин чунин бозгў намудааст: "Рўњониёни динфурўш, ки динро барои маќосиди сиёсї ва ширакашии иќтисодї ба гаравгон гирифта буданд, худ дар саркўби тољикони бедифоъ ширкат карданд ва њазорон фатвои диниро мабнї бар кофар будани тољикони шимолї содир карданд. Муллоњои мансуб ба ќабоил ва вобаста ба дастгоњи љосусии инглис бо нашри мавозеъи динї, тољикони асиршударо мустављиби эъдом ва вољибулќатл мебошанд, љилва доданд. Мутобиќи ин фатво сари тољикони озодаро аз баданашон људо мекарданд, то адолати исломї ва ваљоиби шаръї татбиќ гардад." (Р. Рањин, "Ягонагии забони форсї дар дењкадаи љањонї"., Шўрои фарњангии Афѓонистон, 1389 - 2010, с.20) Метавон аз чунин далелу мадракњои торихї сањифањои фаровон пур кард, аммо биму шигифтињо дар он аст, ки бархе рўњониёни миллатфурўш, ки динфурўш низ њастанд, имрўз фазои њамон иштибоњоти нобахшидании торихиро мехоњанд густурда созанд. Ба чунинњо бибояд гуфт, ки падарони мо исломро на барои он пазируфта буданд, ки дар оянда ќавм бо арзишњои миллиаш ба нестї бурда шавад, худољўйї ба њамдигарситезї кашида шавад. Чунинњоро то ба сар барнињодани салла ва ришмониву пўшидани љомаи рўњонигарї боястї дар мавриди рўњоният ва таќво дарс омўзонд. Ва агар ин омўзањоро аз динпарасти бохирад наомўхта бошад, чунин нахондаву андакхондаро ба минбару маљлис роњ набояд дод. Донишманде фармудааст "њар чи инсонро ба сулњу

ЗАФАР МИРЗОЁН сафо, оромиву осудагї наздиктар месозад, рўњонитар аст. Таќво, яъне азхудгузарї, инсондўстї аст ва касе њаќ надорад, ки имони як фарди дигарро зери савол ќарор дињад". Дарвоќеъ, инсон дар назди Худо масъул аст, зеро аз ў баромада ва ба ў меравад, аммо дар назди каси дигар масъул нест. Зидди давлату њукумат ошуфтани дингустарон аз он рў хатари маргбор дорад, ки дин ба эњсосу андешањои нињоят нозуки инсонњо сару кор дорад ва барангехтану ба бистари худкушї равон кардани одамони андакхонда ва ноогоњони фалсафаи дин, кори на он ќадар мушкил аст. Паёми Худованд саросар ба созандагї ишора дорад, аммо фаќењу мавъизахони бадкунишу кажандешу тангназар метавонад аз роњи коргирии каломи Худованд тудањоро ба партобгањи ошуфтагињо тела дињад. Аммо давлат наметавонад њатто ба хотири густариши ормонњои демократї ба чунин таблиѓоти пурхатар роњ дињад. Дин дар њама замонњо бо давлат њамкор буд. Аз торих медонем, ки њар гоњ диноварон аз њамкорї бо давлат рў тофтаанд ва ангушти ишора ба барангехтани мардум кардаанд, давлат онњоро саркўб кардааст. Чуноне ки њанўз шоњ Ќубод,соли 528 мелодї бо маздакиён пайваста, ба таѓйири ойини давлатдорї пардохт, вале писари ў Хусрав (Анушервон) падарро зиндонї карда, љашне орост ва дар он базм диноварони маздакиро гирд оварда, дар њузури мўбади мўбадони зартуштї ва усќуфи (епископи) масењиёни иронї дастури њамла ба маздакиёнро дод ва 12 њазори ононро ба сони дарахт сарњояшонро ба замин гўр карду дасту пойњояшонро берун монд. Ё дар оѓози садсолаи XX Мустафо Камол (Ататурки љумњурисози Туркия) баробари љилави њукуматдориро ба даст гирифтан чанд њазор тундгароёни диниро ба дор овехта, чанд њазори дигарро ба зиндонњо афканда буд. Ё худ амир Амонуллохони шоњи Афѓонистон чун инони фармонравої ба даст гирифт, садњо муллоњои тундгароро ба дор кашид, ё гирифтор ба занљиру завлонаи зиндон кард. Ин гуфторро бад - он сабаб пеши рў меоварем, ки замоне, ки мо дар онем, њассосиятњо ба дин дар нисбат ба садсолаи гузашта хеле афзудааст ва аксари тољикони мо дарнамераванд, ки ин њассосиятњо ба осиёби бадхоњони дини ислом ва миллати тољик об мерезанд. Ва навиштори хешро бо ин байти Њаким Фирдавсї, ки пойдории динро танњо дар хирадгарої донистааст, ба поён расонда, ба аъзои њизби нањзат бозандешињо ва бознигарињои сиёсї орзў мекунам: Њар он дин, ки бошад ба хубї ба пой, Бар он дин бошад хирад рањнамой.

"Нигоњ" умедвор аст, ки рањбарияти ЊНИТ ин номаи зиёии тољикро бе вокуниш нахоњанд монд. Дар навбати худ, мо омодаем, посухи масъулони ЊНИТ ё љонибдоронашонро њам рўи чоп биёрем


10

“НИГОЊ”, ЧОРШАНБЕ №45 (427), 4. 02. 2015

ГЕОПОЛИТИКА

ДАР МОТАМИ СССР

Русия аз ноумедї такя ба Чин ва Туркия мекунад Моњи январи соли 2015 низ ба поён расид. Соли 2014 аз Русия ахбори зиёде расида буд, ки на њамаи он мавриди тањлил ќарор гирифт. Мушкилоти Русия ба њадде афзун шуд, ки суолотеро аз ќабили бо иќтисоди љањон ва сиёсатњои байналмилалї чї пеш хоњад омад, ба миён овард. Њамаи он аз инќилоби моњи феврали соли 2014 дар Укроин шуруъ гардид. Дар ќиёс ба як соли пеш аксари тањлилгарон хулосаи њаводиси Русияро хеле бо таъхир интишор медињанд. Ва агар ба рўйдодњои соли гузашта нек бингарем, пас мебинем, ки ин њама аз тањаввулоти моњи феврали Укроин оѓоз шудааст. Баъди њамроњсозии Ќрим кишварњои ѓарбї бар зидди Русия тањримњои иќтисодї роњандозї краданд. Маскав ба ин тањримот посух дод, дар шарќи Укроин миёни неруњои давлатї ва људоихоњон даргирињо оѓоз шуданд. Ва ин масъала пеш омад, ки оё Русия мудохилаи низомї кардааст ва ё на. Дар ин миён њавопаймои мулкї сарнагун карда шуд, тањќиќи он шуруъ гардид. Бо гузашти як сол аз рўйдодњои хунин дар Укроин бештар аз 5 њазор нафар кушта шуданд. Президенти ИМА Барак Обама бо ифтихор эълон кард, ки сиёсати Путин Русияро ба партгоњ њаво дод, тањримњо натиља медињанд. Худи Обама, ки ахиран дар интихоботи парламонї шикаст хўрд, бо нерўи доллар хешро нигоњ медорад. Бидуни шак, бори иќтисоди љањониро Амрико хоњад кашид, чун умедњои тавсеъаи иќтисоди Чин самара надоданд ва рушди ин кишвар мутаваќќиф гардид. Ин буд, ки ИМА муваффаќ ба касби пирўзї шуд. Баъзењо бар ин назаранд, ки ИМА, ки Аврупо ва Укроинро ба мубориза зидди Русия даъват мекунанд, намехоњад бо ин кишвар мушкил дошта бошад. Бино ба гуфтаи собиќ вазири дифоъи ИМА Чак Њейгел дар дарозмуддат Русия барои ИМА душмани хатарнок ба шумор меравад, аз ин рў талош меравад, ки ба рўёрўии бештар аз ин роњ дода нашавад. Ба назар мерасад, ба сарвари Кохи Сафед ин суханони Њейгел писанд наёмаданд. Аммо як нуктаи дигарро наметавон нодида гирифт: сарватњои иќтисодї барои демократия хеле ва хеле муњиманд.

«

ХАТАРОТИ ЉАЊОНЇ: АВРУПО, РУСИЯ ВА ЧИН Коршиносон бар ин назаранд, ки буњрони Русия танњо барои ин кишвар кушанда нест. Он ба њамаи иќтисоди љањонї таъсир дорад. Сандуќи байналмилалии асъор дурнамои рушди иќтисодии оламро аз 3,8 то 3,5 дар сад муайян кардааст. Агар ИМА меъёри фоизи асосиро боло бардорад, эњтимолияти он вуљуд дорад, ки рушди иќтисодї дар бисёре аз мамолик рў ба коњиш меорад. Ва агар иќтисоди Русия аз њам фурў пошад, ин зарбаи муњлике ба иќтисоди Аврупо хоњад зад. Ва на танњо Аврупо, балки дигар ќудратњои энержї, аз љумла Эрон, Бразилия, Венесуэла, Нигерия низ дар маърази хатар ќарор мегиранд. Бо гузашти як сол роњи хуруљ аз мушкилот бо Русия ва лаѓви тањримот пайдо нашуд ва њатто вазъ тайи чанд рўзи охир бад шуду бењ нашуд. Аз сўйи дигар сиёсатмадорони обрўманди олам њамоно намехоњад Русияро ба ин иштибоње, ки кардааст, бубахшанд. Ќонунњои љањонї ба он далолат мекунанд, ки марзњоро наметавон бо ќувваи низомї таѓйир дод. Русия бо њамроњ кардани Ќрим ва њамла ба ќисмати шарќии Укроин ин ќонунро наќз кард. Хатари дигар он аст, ки на њамаи кишварњои аврупої нисбат ба Русия мавзеъгирии ягона доранд. Дар арзёбии хатарњои љањонї ширкати консталтингии Eurasia Group мањз бесуботии сиёсї ва иќтисодї дар Русияро муќаддамтар аз њар чизи дигар гузошта буд. Хатар аз Русия дар љойи дуввум ва рушди заъифи иќтисоди Чин дар маќоми сеюм ќарор дошт. Ва далелњои дигаре барои ни гаронї вуљуд доранд: гузариши Љопон ба иќтисоди дефлятсионї, муљаддадан пайдо шудани мушкилоти бо Юнон, дурнамои буњрони Укроин, мушкилоти олами ислом ва ѓайра. Аммо бештар аз њама олам аз адами ягонагї дар Аврупо нигарон аст. ПУТИН ТО БА ЊОЛ ДАР МОТАМИ СССР НИШАСТААСТ Аввали моњи январ, ваќте ба дафтари кории маљаллаи фаронсавї њамла сурат гирифт, сиёсатмадорони шинохта дар роњпаймої ба хотири њифзи озодии баён

Ба эњтимоли зиёд ин рўйдод ба он хотир буд, ки озодињои демократї њифз карда шаванд, аммо барои бисёре аз одамон ин њамла як навъ њушдоре буд, ки аз Аврупо даъват мекард барои муќовимат бо њар гуна хатарот муттањид шавад.

«

ширкат карданд. Ба эњтимоли зиёд ин рўйдод ба он хотир буд, ки озодињои демократї њифз карда шаванд, аммо барои бисёре аз одамон ин њамла як навъ њушдоре буд, ки аз Аврупо даъват мекард барои муќовимат бо њар гуна хатарот муттањид шавад. Тањлилгарон бар ин назаранд, ки дар ин рўйдод якбора се рукни аслї ба ларза даромад: иќтисоди бозорї, демократия ва њокимияти мутлаќ дар ИМА. Дар натиља Ѓарб то њадде боварї ба худро аз даст дод. Ваќте чунин мешавад, тарс ва нобоварї ба љањони хориљ рушд мекунад. Амалкарди Русия нисбати Укроин ва куштори Порисро дар як радиф мегузоранд. Њам ину њам он ба низомии пазируфташудаи ќонунњои аврупої муѓойиранд. Аз ин рў, њар тањдиди беруна чун тањдид ба тамомияти арзии Аврпуо шинохта мешавад. Тибќи иттилои ВАО-и Укроин ва кишврањои ѓарбї Русия ба људоихоњони шарќї кўмаки њарбии техникї мерасонад ва њарчанд Маскав инро такзиб мекунад, вале Ѓарб ва Укроин њамаи далелњои раднопазирро дар даст доранд. Амали Русия чун таљовуз ба хоки кишвари њамсоя арзёбї мешавад. Ба назар мерасад, ки Путин то ба њол дар мотами СССР нишастааст ва њамоно бар ин назар аст, ки ќудрати минтаќавї бояд кишварњои њамсояи худро назорат кунад. Ва хулосаи мафњуми "Путин илати аслии шарри љањонї" низ аз њамин љост. Ман гумон намекунам, ки иќтисоди Русия рў ба таназзул меорад, чун маќомоти ин кишвар талош мекунад ва њама чорањои мумкинро меандешад, то садди роњи ин шавад. Гузашта аз ин, вазъ метавонад таѓйир кунад. Аммо агар ќабл аз ваќт иќтисоди он таназзул намояд, пас метавон бар ин назар буд, ки таъсири он аввал ба Укроин мерасад. Ваќте, ки Аврупо њам ба дарки ин нукта мерасад, ки пулњои барои Укроин масрафкардааш ба як чоњи бетаг рафтаву фоида наовардаанд, мутаваљљењи зарарњои худ аз ин буњрон хоњад шуд. Вале мебояд дар назар дошт, ки новобаста аз вазъи Укроин бисёрињо аз вазъи воќеъии иќтисоди Русия бехабаранд. Ин аст, ки Русия барои сармоягузорон кишвари пурхатар ба шумор меравад. ЛОИЊАЊОИ НОФАРЉОМИ ПУТИН: БО ЧИН Ё БО ТУРКИЯ? Ва дар поёни ин навиштањо мехостам каме дар бораи захирањои табии Русия ва лоињањои наќлиётии он, ки боз њам аз арзиши ояндаи нафт вобаста мебошанд, суњбат кунам.

Заминањо барои коркарди чашмањои нафтиву газии Сибири Шарќї арзиши баланди њар бушка нафт (70-80 доллар) буданд. Аммо нархњо якбора таѓйир ёфтанд ва акнун биёрињо дар бораи зараровар будани ин лоињањо њарф мезанад. Њарчанд маълум аст, ки нархи нафт дар як поя боќї намемонад ва ќимматњои имрўзаи 40 - 50 доллар ба њар бушка таѓйир меёбанд. Вале барои роњандозии ин гуна лоињањо њаддиаќал бояд маълум бошад, ки кай ин арзишњо боло мераванд. Нуктае, ки касе наметавонад пешгўї кунад. Аммо сарнавишти ин лоињањои русї вобаста аз он аст, ки оё Чин дасти кўмак дароз мекунад ё на. Агар худи Русия ин лоињањро сармоягузорї кунад, пас масрафоташ ба њадди тасаввурнашаванда боло меравад. Вале бо ширкати Пекин Маскав метавонад хушбин бошад. Аз сўи дигар Русия низ аз коњиши суръати рушди иќтисодии Чин нигарон аст, аз ин рў шубња дорад, ки ин кишвар шояд дар сармоягузории лоињањои газиву нафтии Сибири Шарќї иштирок накунад. Ахиран Русия аз ширкаташ дар лоињаи байналмилалии "Южний поток", ки мебоист ба Аврупо газ интиќол медод, даст кашид. Аммо ин на аз сабаби таъсири нархи нафт дар бозори љањонї буд, балки Путин ба ќароре омад, ки њамкорињояшро бо Иттињодияи Аврупо мањдуд созад. Як нашрияи ѓарбї ахиран навишт, ки лоињаи ёдшуда ба он хотир иљро нашуд, ки Аврупо низ мехоњад вобастагии худ аз гази Русияро коњиш дињад. Вале ин њадафест, ки ба зудї муяссар намешавад. Баъди эълони Путин дар мавриди даст кашидан аз лоињаи "Южний поток" Туркия вориди сањнаи бозї шуд. Ба назар мерасад, њадафи Маскав низ он буд, ки самти њаракати гази худро дигар кунад. Дар ин миён Раљаб Тайип Эрдуѓон низ моњирона вазъро хост ба манфиати кишвараш истифода намояд. Ин кишвар аз хеле ваќтњо талош мекард, ки њама хати интиќоли нафту газ ба Аврупо (аз Ќафќоз, Осиёи Марказї, Русия ва дар ояндаи наздик њатто аз Ховари Миёна) аз Туркия убур кунад. Дар Шарќ Чин ва дар Ѓарб Туркия: эњтимол дорад ин љо хеле нуктањои заъф њам мављуданд, аммо ба назар мерасад президент Путин бо истифода аз њамкорињо бо сарварони Туркия ва Чин пояњои сиёсати нави байналмилалиро асос мегузорад. Шояд мо тасаввур намекунем, ки таѓйирот дар сиёсати ин кишвар то кадом њад бузург аст. "JB Press", Љопон


“НИГОЊ”, ЧОРШАНБЕ №45 (427), 4. 02. 2015

ЧЕЊРА Масъулони "Babilon-M" мегўянд, Кумитаи андоз то анљоми бањси додгоњї њаќќи бастани суратњисобњои онњоро надорад. Кумитаи андоз барои ситонидани ќарзи ин ширкат ба бонкњо нома фиристодааст. Бењзод Файзуллоев, раиси ширкати мухобиротии "Babilon-M" мегўяд, Кумитаи андози Тољикистон то анљоми бањсњои додгоњияшон, њаќќи бастани суратњисоби онњоро надорад. Ў гуфт, "BabilonM" дар ин замина аз Додгоњи олии иќтисодї санад гирифтааст. Кумитаи андози Тољикистон бо ирсоли як нома ба бонкњои кишвар аз онњо хостааст, 337 миллион сомонї ќарзи ин ширкатро ба нафъи онњо биситонанд. Љаноби Файзуллоев рўзи 3 феврал дар як сўњбати ихтисосї бо Радиои Озодї ибтидо ба ин масъала дахл кард ва аз љумла гуфт: - Кумитаи андоз мехоњад, суратњисоби моро дар тамоми бонкњо мањкам кунад, то ки дуруст фаъолият карда натавонем. Ба фикри мо, ин ѓайриќонунї аст. То замоне ки бањсњои мо дар судњои иќтисодї идома дорад, бояд суратњисобњои мо мањкам набошад. Он маблаѓе, ки Кумитаи андоз аз мо талаб дорад, бо он розї нестем ва барои њамин бањс дорем. Аз он маблаѓе, ки Кумитаи андоз аз мо талаб кард, додгоњ бо ќарори худаш 3 миллиону 228 њазор сомониашро бекор кард ва дар њоли њозир 337 миллион "ќарз" боќї мондааст. Дар сурати мањкам кардани суратњисобњо, мо дигар ягон амалиёти молиявї гузаронида наметавонем. Маблаѓњо њамааш ба андоз меравад. Аз рўи ќонун дар сурати мањкам шудани суратњисоб, мо танњо пардохтњои њатмии давлатї, ба мисли пардохти пули барќро, анљом медињем. Аммо мо аз Додгоњи олии иќтисодї низ њуљљат дорем, ки дар он гуфта мешавад, то анљоми бањсњои судї Кумитаи андоз њаќќи мањкам кардани суратњисобњои моро надорад.

«

11

Бењзод ФАЙЗУЛЛОЕВ:

"КУМИТА ЊАЌЌИ БАСТАНИ СУРАТЊИСОБЊОИ МОРО НАДОРАД" Радиои Озодї: Аслан Кумитаи андоз аз кадом њисоб ширкати Шуморо ќарздор кард? Дар кадом асос? Бењзод Файзуллоев: "Кумитаи андоз ахиран марњилаи солњои 2011-20122013-ро тафтиш кардааст. Содда карда фањмонам, Кумитаи андоз гуфтааст, агар Шумо дар њамин давра нархњоятон 1 сомонї не, 2 сомонї мешуд, њамин ќадар андоз мешуд. Шумо, ки нархатонро 2 сомонї накардед, мо њамин миќдор андозро њисоб мекунем, ба болояш љарима ва фоизашро зам менамоем. Бо њисоби онњо 217 миллион сомонї андоз, 50 миллион љарима ва 73 миллион сомонии дигар фоизњояш шудааст. Мо ба масъулини андоз фањмондем, ки нарх-

Содда карда фањмонам, Кумитаи андоз гуфтааст, агар Шумо дар њамин давра нархњоятон 1 сомонї не, 2 сомонї мешуд, њамин ќадар андоз мешуд. Шумо, ки нархатонро 2 сомонї накардед, мо њамин миќдор андозро њисоб мекунем, ба болояш љарима ва фоизашро зам менамоем.

«

номањои мо бо Хадамоти зиддинњисорї мувофиќа шудааст. Гузашта аз ин, мо дар бозори алоќаи мобилї танњо нестем, раќобат зиёд аст, наметавонем нархоямонро баланд бардорем. Аммо њамаи ин ваљњњо ва далелњои моро рад карданд. Суд њам далелњои моро ба инобат нагирифт. Тасаввуроте ба вуљуд меояд, ки Хадамоти зиддиинњисорї барои онњо вуљуд надорад. Агар ин тавр бошад, биёем мо њамаи тарофањоямонро дар Кумитаи андоз мувофиќа кунем! Мо зиёда аз 10 сол шуд, ки дар Тољикистон фаъолият мекунем, наход мо ќонунњои љории кишварамонро надонем. Хирсро дар сирк дар муддати як сол велосипедрониро ёд медињанд, наход мо аз хирс бењтар нафањмем!" Радиои Озодї: Ин бањсњои додгоњї бо Кумитаи андоз то кунун ба фаъолияти ширкат чї таъсир расондааст? Бењзод Файзуллоев: "Мо чандин бор дар суњбат бо масъулини андоз гуфтем, то анљоми бањсњои судї суратњисоби моро мањкам накунед. Мо бо конрагентњоямон шартномањои зиёд дорем, њаќќи

онњоро бояд дињем пули иљораро дињем. Чунки дар сурати бастани суратњисобњо, фаъолияти мо мањдуд мешавад, муфлис мешавем." Радиои Озодї: Дар пасманзари ин бањсњо дар мањофил ин андеша низ садо медињад, ки ин формон аз зинањои боло аст. Вагарна Кумитаи андоз мустаќилона љуръат намекунад бо ширкати бузурге чун "Babilon-M" чунин рафтор кунад. Назари шумо чист? Бењзод Файзуллоев: "Ман сад дар сад гуфта метавонам, ки дар ин љо бањс танњо байни мо ва Кумитаи андоз аст. Лекин дар ин маврид Кумитаи андоз аз тамоми имкониятњояш истифода мекунад. Мумкин мераванд, ба судяњо гўянд, ки ин пули буља аст. Дар ин сурат судяњо низ тарафи моро намегиранд ва онњо парвандаро ба дурустї баррасї карда наметавонад." Мирзонабии Холиќзод, Абдулло Ашўров, Радиои "Озодї"

НИГАРОНИИ БИЛЛ ГЕЙТС АЗ РУШДИ "МАЃЗЊОИ СУНЪЇ" Билл Гейтс, яке аз поягузорони ширкати Microsoft бар ин назар аст, ки инсоният бояд аз рушди сареъи фаннї нигарон бошад. Нашрияи Business Insider бо такя ба гуфтањои Билл Гейтс навиштааст, ки маѓзи маснуъї метавонад зиндагонии моро дигаргун созад. Дар як суњбати интернетї ба Билл Гейтс дар бораи таъсири маѓзи маснуъї ба њаёти инсон суол карданд. Ў посух додааст, ки ба андешаи ў айни замон маѓзи маснуъї ба башарият тањдид намекунад, вале дар оянда ин назария метавонад таѓйир ёбад.

"Ман аз љумлаи касоне њастам, ки маѓзњои сунъиро хатар барои инсон медонанд. Дар оѓоз мошинњо ба љойи мо кор хоњанд кард, вале дар ин марњила онњо чандон доно нахоњанд буд. Бо гузашти чанд дањсола мошинњо донотар мешаванд ва онњо метавонанд барои мо мушкилот эљод кунанд. Ман намедонам чаро бисёре аз одамонро ин ба ташвиш намеорад",- навиштааст дар идомаи посухаш Гейтс. Аз ин пештар астрофизики британиёї Стивен Њокинг изњор дошта буд, ки кўшиши сохтани маѓзи сунъї ба вуљуди башар амалан тањдид мекунад.


12

“НИГОЊ”, ЧОРШАНБЕ №45 (427), 4. 02. 2015

Бо доктори илмњои биология ва фарматсевтї, профессор Ѓуломќодир Бобиев басо тасодуфан шинос шудем. Дар нашри идонаи "Нигоњ" бахшида ба 90 солагии пойтахт бо иштибоње аз љониби банда исми эшон ќатори фавтидагон дар соли 1996 уфтодааст. Баъди таќрибан як њафтаи чопи нашрия эшон ба идора омаданд ва бо њамин аввалин шиносоии мо њам оѓоз шуд. Аммо ин тасодуф моро бо шахсияти воќеъан камназир ошно кард. Инсоне, ки дар ду ришта рисолаи докторї навиштаву дањњо пажуњиши илмї карда, барои донишљўёни макотиби оливу хонандагони мактабњои миёни чандин китоби дарсї таълиф кардааст ва аз љумлаи мувффаќтарин олимони муосири илми биология ва дорусозї эътироф шудааст. Суњбати мо аз дилгармиву дилсардии мутахассисони љавон ба кори илмї оѓоз шуд. Маъмулан хеле кам иттифоќ меуфтад, ки кадри љавон дар муњити илмї зуд љойгоњ пайдо кунад. Њолатњое зиёданд, ки аз набудани шароит ва пуштибонї нашудани ѓояњои илмї мутахассисони љавон тарки майдони илм мекунанд. Ё саргарми корњои дигар аз доира хориљ мешаванд. Хостам бидонам, ки ў ин марњиларо чї гуна тай кардааст. - Барои дар майдони илмї љойгоњ ёфтан ман низ марњилаи дарозу сангинро паси сар кардам. Њануз дар курси якум ман бо тавсияи устод Фирўз Њакимов, ки он замонњо дотсенти кафедраи химияи ѓайриорганикї буданд, барои кор ба озмоишгоњи илмии Пептид тавсия шудам. Бояд тазакур дод, ки озмоишгоњи мазкур ба тадќиќотњо дар соњаи синтези пептидњо машѓул буда, барномаи илмии он аз тарафи марказ тањрезї ва маблаѓгузорї карда мешуд, ки аз ањмияти калони тадќиќотњои дар он гузаронидашуда шањодат медод. Аслан, дар марказњои илмии љањонї љалби љавони лаёќатманд ба ковишњои илмї аз курсњои поёнї оѓоз меёбад. Донишљўёни ќобилятдор дар марказњои илмї бо олимони варзида ва донишманд кор карда, аз онњо донишњоеро, ки на маъмулан њамаи онњо дар китобњои дарсї ва илмї дарљ мешаванд, меомўзанд. То њадде ки дар баъзе донишгоњњои маъруфи љањонї рисолаи дипломии донишљў беш аз рисолаи номзадї нуфуз пайдо мекунад. Аслан боварї ба неруи худ яке омилњои муњим ва њалкунанда дар ковишњои илмї аст. Таљрибаи њаётии минбаъдаи ман онро бисёр хуб тасдиќ мекунад. - Муддате дар Маскав кор кардед ва муњити илмии Маскав чї таъсире ба камолоти Шумо дошт? - Ман соли 1985 ба Маркази умумиттифоќии илмии кардиологии Иттињоди шўравї, ки тобеъи Академияи илмњои тиббии Иттињоди Шўравї буд, ба њайси таљрибаомўз-ковишгар фиристода шудам. Маркази мазкур дар таркибаш якчанд пажўњишгоњњои илмї -тадќиќотї дошта, бо асбобу таљњизоти навтарини илмї ва олимони варзида таъмин буд. Аз ањмияти калони ин Марказ он шањодат медињад, ки роњбарияти онваќтаи Иттињоди Шуравї дар он муолиља мешуд. Дар пажўњишгоњи Маркази мазкур, ки ба он академик Титов роњбарї мекард, ба тадќиќот шурўъ кардам. Мувофиќи маслињати пешакї роњбарии илмии ман бояд академик Титов мешуд. Вале ман пас аз чанде кор дар Марказ муаяйян кардам, ки дар соњаи синтези пептидњо мутахассиси бењтарин номзади илмњои химия, ходими калони илмї Владислав Исакович Дейген мебошад. Дар як суњбат ўро розї кунонидам, ки роњбари кори илмии ман шавад. Вале боз як мушкилоти дигар пайдо шуд. Дар он замон номзади илм њуќуќ надошт, ки роњбари илмии рисолаи номзадї бошад. Вале ба ин нигоњ накарда, Титов, ки аъзои Комиссияи олии аттестационии (ВАК) Иттињоди Шуравї буд, ќарори ВАК-ро

СЎЊБАТ

Профессор БОБИЕВ:

"ОЛИМ ЌАДР НАДОРАД" - Барои татбиќи ѓояњои илмї ба сармоягузорони калон ниёз њаст. Аммо Тољикистон имрўз ин гуна имкон дорад, ки лоињањои гароннархи тадќиќотњои илмиро маблаѓгузорї кунад? - Тољикистон имрўз имкон дорад, ки лоињањои калони илмиро маблаѓгузорї кунад, вале мутаасифона, маблаѓгузорї на чандон оќилона сурат мегирад. Аслан он натиљањои илмие, ки ман ва олимони дигари тољик дорем, мањсули давраи шўравист. Дар давраи истиќлолият аввал имкон надоштем, ки тадќиќотњои илмиро маблаѓгузорї кунем. Минбаъд бошад, аз рўи инерсия ин сиёсатро давом додем. Барои нигоњ доштани потенсиали илмї бояд ба илм маблаѓи на камтар аз 2 дар сади мањсулоти умумии миллї људо карда шавад. Барои рушди илм бояд на камтар аз 3 дарсади мањсулоти умумии миллї људо карда шавад.

ПОЯЊОИ МУЊИТИ ИЛМЇ ЗАИФ ШУДААСТ рољеъ ба тасдиќи мавзўи рисолаи номзадии ман ва роњбари он тасдиќ шудани Дейген В.И. гирифт. Умуман, омадан ба Маскав ва дар њалќаи чунин устодони бузург пеш бурдани тадќиќоти илмї њам мояи ифтихор буд ва њам ба ояндаи пажуњишњои ман таъсири амиќ расонд. Ин таассурот шабењи он аст, ки шумо барои зиндагонї аз дењаи хурде ба як шањри бузург кўч мебандед. - Шумо дар риштаи биология рисолаи докторї навиштаед. Аммо чї сабаб шуд, ки ба тиб руљуъ кунед? - Дуруст. Ковишњои илмии ман дар соњаи синтези пептидњои хурдмолекулаи аз назари биологї фаъол сурат гирифт. Моддањои аз назари биологї фаъол моддањоеанд, ки бо воридшавиашон ба организми зинда метавонанд ба фаъолияти ин ё он узви организм таъсир расонанд, бинобар ин метавонанд дар тиб мавриди истифода бошанд. Аз ин сабаб ин тадќиќот дар сарњади илмњои химия, бология ва тиб љойгиранд. Вобаста ба он, ки дар рисолаи навишташуда кадом љанба бартарї дорад, рисола дар њамон соња њимоя карда мешавад. Ибтидо дар ковишњои илмии ман синтези пептидњои хурдмолекула мавќеи асосї дошт. Бинобар ин рисолаи номзадии ман, ки ба ин тадќиќот асос ёфта буд, дар риштаи химия њимоя ва ба ман дараљаи илмии номзади илмњои химия дода шуд. Сипас, дар тадќиќотњои илмиам ба омўзиши хосиятњои пептидњои хурдмолекулаи аз назари биологї фаъоли синтезкардаам пардохтам. Ин силсила тадќиќот дар рисолаи докториам љамъбаст карда шуданд, ки бо сабаби дар он бартарї доштани љанбаи биологї дар риштаи биология њимоя карда шуд ва ба ман дараљаи илмии доктори илмњои биологї дода шуд. Баъдан ба омўхтани хосиятњои табобатии педпидњои хурмолекула шурўъ намудам. Тадќиќотњо нишон доданд, ки ин моддањои њосилшударо чун доруњои танзимкунанда ва ба эътидоловарандаи масуният истифода бурдан мумкин аст. Дар асоси тадќиќоти минбаъда вояњои муолиљавї ва хосиятњои дигари фармокологии моддањои њосилшуда омўхта шуда, дар асоси онњо се доруи танзимкунанда ва ба эътидоловарандаи масуният пешнињод карда шуд. Ин тадќиќот муњтавои рисолаи доктории манро дар соњаи форматсия ташкил намуданд ва пас аз њимояи

он ба ман дараљаи илмии доктори илмњои фармасевтї дода шуд. "ЌОДИРАНД ДОРУИ ЗИДДИ СПИД СОЗАНД…" - Дар оѓози рўи кор омадани Тимотсин шумо дар сўњбате дар расонањо гуфта будед, ки ин ќадаме бузурге дар роњи сохтани дору зидди СПИД ва саратон аст. Шумо чиро дар назар доштед? Магар тадќиќоте дар ин замина дар љараён аст, ки умедвор кунад тољикон чун ворисони Сино доруи зидди фољеаи башарии СПИДро созанд? - Аслан "Тимотсин" доруест барои барќарорсозии муќовимати табии организм ба беморињои мухталиф. Ман бар ин назар будам ва њоло низ муътаќидам, ки њифзи системаи муќовимати бадан ба њар гуна беморињо як мушкили умдаи башарист ва махсуси як миллат ё як кишвар нест. Замоне, ки мо ба ин тањќиќоти густарда даст мезадем, њамеша эњсос мекардем, ки башар замоне бештар бемор шудааст, ки ќобилияти раќобатпазирии бадан ба вирусњои беморизоро аз даст додааст. То ин замон талош мешуд ин мушкил аз роњи истифода доруњои гуногуне, ки дар пояи интерферон сохта шуда ва хеле гарон њам буданд, бартараф карда шавад. Вале боз њам ин талошњо на њамеша самаровар буданд, баъзан беморон бо њамон дарди ќадима то охири умр мубориза мебурданд, шояд заррае бењбудї эњсос мекарданд, вале дар маљмуъ самара камтар буд. Дар ин росто бемории саратон беморие мебошад, ки он дар натиљаи халалдор шудани тартиби муназами аминокислотахои муайян дар занљири КДН ва халалдоршавї дар сатњи молекулавї ба вуќуъ меояд. Бемории СПИД бемории уфунатист. Уфунати СПИД ба организм ворид гардида, т-њуљайрањоро нобуд намуда, кори низоми масуниятро фалаљ мегардонад. Фалаљ шудани низоми масуният ба он оварда мерасонад, ки уфунати дилхоњ барои беморони мубталои СПИД марговар аст. Аз он сабаб, ки доруњои пешнињокардаи мо (тимогар, тимотсин ва тимофер) доруњои тазим-кунанда ва ба эътидоловарандаи низоми масуният мебошанд, эътимоди мо бар он аст, ки ин доруњо зидди СПИД ва саратон метавонанд коргар шаванд. Дар ин замина тадќиќотњо дар љараёнанд ва мо аз онњо умеди калон дорем

Дар давраи истиќлолият, чуноне ки манбаъњои омори давлатї нишон медињанд, ба илм маблаѓи таќрибан 0, 1 дар сади мањсулоти умумии миллї људо карда мешавад. Худатон ќазовот кунед, ки чї гуна дар бораи илм ва рушди он сухан рондан мумкин аст. - Умуман муњити имрўзаи илмиро дар Тољикистон чї гуна арзёбї мекунед? - Аз назари ман муњити имрўзаи илмї нисбат ба гузаштаи шўравї хеле заиф ва тангтар шуда истодааст. Даргузашти олимони варзида ва шинохта ва ба илм кам ворид шудани љавонон пояњои муњити илмиро заиф кардааст. Имрўз олим дар љомеаи мо ќадр надорад, љомеаи имрўзаи мо ба илм ниёз надорад, бинобар ин љавонони боистеъдод њаргиз ба илм майл намекунад, зеро маоши олим талаботи оддитарини рўзгори онњоро таъмин карда наметавонад. - Шумо њам мисли дигар сокинони кишвар солњои љангро пушти сар гузоштед. Он солњо чї мекардед ва умуман љанг, ба руњияи олим чї таъсир дорад? - Ман барои амалї намудани орзуњои деринаам моњи августи соли 1992 ЉДММ "Занд"-ро ташкил намудам, ки фаъолияти асосияш бояд тадќиќотњои илмї дар соњаи пептидњои хурдмолекула ва тањияи доруњо дар асоси онњо мебуд. Вале оѓози љанги шањрвандї ба кори мо садама зада, амалї шудани орзуњоямро ба чандин солњо ќафо партофт. Љанг ва хусусан љанги шањрвандї њељ гоњ ба пешравии илм мусоидат намекунад. Дар ин давраи мудњиш на танњо умеду омолњои мо, балки зиндагии мо дар зери хатар буд ва тамоми муборизаи мо барои зинда мондан буд. Ман дар ин давра мањз дар нитиљаи гурезогурези ањолии осоишта ба беморие мубтало гардидам, ки аз оќибатњои он њоло њам рафъ нашудаанд. - Њоло саргарми кадом коред? - Њоло ман бо њамкоронам хосиятњои биологии доруи нави тањия кардам "Тимоарг"-ро тадќиќ карда истодаем. Доруи Тимоарг пайвастаи мураккаби дипептиди изолейтсил-триптофан (H-Ile-Trp-OH) бо иони нуќра мебошад ва аз он умедњои зиёд дорем. Мусоњиб Бобољони ШАФЕЪ


ТАХТАИ СИЁЊ Дар бораи ќурби Ќарори Њукумати Љумњурии Тољикистон № 6 аз 14 январи соли 2010 "Оид ба ворид намудани таѓйиру иловањо ба баъзе ќарорњои Њукумати Љумњурии Тољикистон" ва замимаи он "Тартиби додани иљозати истифодаи воситањои наќлиёт бо шишањои сиёњу хира барои њаракат дар роњ" ва суъистифодаи он аз љониби шахсони манфиатдор андеша меронем. Лоињаи ќарори мазкур дар арафаи иди Соли нав тањия гардида, пас аз ду њафтаи ид ќабул гардидааст. Аммо аз замони ќабул гардиданаш то њоло (дар муддати беш аз 5 сол) дар нашрияи расмии Њукумати Љумњурии Тољикистон рўзномаи "Љумњурият", њамчунин сомонањои расмии Президенти Љумњурии Тољикистон, Вазорати адлияи Љумњурии Тољикистон, Вазорати корњои дохилии Љумњурии Тољикистон, Агентии миллии иттилоотии Тољикистон "Ховар" ва ё дигар нашрияву њафтаномаву рўзнома ба чоп нарасидааст. Яъне, ин ќарори Њукумати Љумњурии Тољикистон санадест, ки аз он танњо доираи муайяни шахсони манфиатдор, пеш аз њама кормандони масъули Бозрасии давлатии автомобилї хабар доранд ва ба манфиати худ истифода менамоянд. Чаро ин ќарор то имрўз ба нашр нарасидааст? Њол он, ки интишори ќарори мазкур дар нашрияњои расмї, воситањои дигари ахбори омма ё бо тарзу воситањои дигар расонидани ин санад ба маълумоти њамагон, аз љумла бо воситањои электронї, имконият додан ба њамаи шахсони манфиатдор барои шиносої бо мазмуни он ва интишор кардану ба маълумоти омма расонидани ќарори мазкур њатмї мебошад. Аз сабаби он, ки ќарори мазкури Њукумати Љумњурии Тољикистон ва замимаи он интишор нагардидааст ва ба маълумоти омма расонида нашудааст, мутобиќи муќаррароти сархатњои дуюм ва сеюми моддаи 4, ќисми 1, сархати панљуми моддаи 6, сархати якуми моддаи 60 ва моддаи 61 - и Ќонуни Љумњурии Тољикистон "Дар бораи санадњои меъёрии њуќуќї" ва банди 5 - и "Тартиби интишори расмии санадњои меъёрии њуќуќии вазоратњо, кумитањои давлатї ва дигар маќомоти давлатї", ки бо Ќарори Њукумати Љумњурии Тољикистон аз 1 октябри соли 2009, № 532 тасдиќ гардидааст, њамчун санади меъёрии њуќуќии мавриди амал ќарор нагирифта, оќибатњои њуќуќї надорад ва барои танзими муносибатњои њуќуќии дахлдор, татбиќи љазо нисбат ба шањрвандон, шахсони мансабдор ва шахсони њуќуќї асос шуда наметавонад. Ба таври расмї интишор нагардидани Ќарори Њукумати Љумњурии Тољикистон № 6 аз 14 январи соли 2010 "Оид ба ворид намудани таѓйиру иловањо ба баъзе ќарорњои Њукумати Љумњурии Тољикистон" ва замимаи он "Тартиби додани иљозати истифодаи воситањои наќлиёт бо шишањои сиёњу хира барои њаракат дар роњ", ки дар натиљаи бепарвої ва хунукназарии кормандони масъули Дастгоњи иљроияи Президенти Љумњурии Тољикистон, Вазорати адлияи Љумњурии Тољикистон ва Вазорати корњои дохилии Љумњурии Тољикистон сурат гирифтааст, набояд бар зарари халќ бошад. Чуноне ки аз хабари рўзномаи "Љумњурият" бармеояд, бо маќсади иљрои ин ќарор дар муддати кўтоњ аз 6 њазору 312 ронанда дар њаљми 14 миллиону 359

«

МОНОПОЛИЯИ СУНЪИИ БДА Ё ќарори Њукумат ќурб надорад?! - Падарљон, чўбдасти шумо њам сењрнок њаст-ња?

њазору 800 сомонї маблаѓ љамъоварї гардидааст. Омори даќиќ оид ба маблаѓњои дар муддати 5 сол пардохтшуда дар ихтиёри БДА "Амонатбонк" ва БДА ВКД Љумњурии Тољикистон ќарор дорад, ки ин сохторњо онро маълум намекунанд. Агар ронандагони љаримабасташуда аз муќаррароти ќонун хабар медоштанд, дар бораи ба онњо баргардонидани маблаѓи љаримаи супоридаашон ба суд мурољиат менамуданд. Дар ин сурат маблаѓ бояд аз њисоби кї ба онњо баргардонида мешуд? Аз њисоби Њукумат? Не, чунки Њукумат вазифаи худро оид ба тањияи лоиња ва ќабули ќарор иљро намудааст, аммо масъулони интишори санади меъёрии њуќуќї, ки ба њайати Њукумат шомил нестанд ва вазифаи аслиашон ба таваљљўњи омма расонидани санадњои меъёрии њуќуќист, вазифаи худро иљро накардаанд. Оё ин масъулон омодаанд, ки гуноњи худро эътироф намоянд ва маблаѓњои ѓайриќонунї ситонидашударо баргардонанд? Фикр мекунам, ки ин масъулон на танњо барои эътирофи камбудии худ омода нестанд, балки бо тамоми роњу воситањо барои гунањгор намудани худи ман "чорањои дахлдор" меандешанд. Масалан, яке аз чунин шахсон сардори ШБДА РВКД дар шањри Душанбе А.Насимов аст, ки дар шумораи 44 (426) њафтаномаи "Нигоњ" (аз 27-уми январи соли 2015) дар вокуниши худ "Љаримагоњи махсуси БДА ќонунї фаъолият дорад" ба маќолаи ман "Шўхї макун бо ГАИ..." ("Нигоњ", № 41 (423) аз 7уми январи соли 2015) љавоб гуфтааст. Ман дар охири маќолаи худ таъкид

Њоло бо маќсади суханро ба дигар тараф бурдан дар бораи мошини ман сухан рондани А. Насимов бар хилофи муќаррароти моддаи 15 КМЊМ Љумњурии Тољикистон мебошад, ки ба саволи асосї - Чаро БДА майдончаи љаримавиро ба монополияи сунъї табдил додааст? - љавоб надињад.

«

карда будам, ки "Ман дар ин љо "камбудї"ро дар даруни нохунак гирифта, бо ин набудани камбудиро таъкид кардам, аммо оид ба моњияти кор сухан нарондам, яъне сирри тафтишоти пешакї ё судро ошкор накардаам, танњо дар мавриди беасос будани маблаѓи майдончаи љаримавї бањс кардам ва аз эродгирандагон низ хоњишмандам, ки суханро ба дигар тараф набурда, дар бораи маблаѓи майдончаи љаримавї гап зананд". Аммо эродгиранда А. Насимов дар вокуниши худ боз њам суханро ба дигар тараф бурда, сабаби дар як шабонарўз 9 сомониву 60 дирам муќаррар гардидани арзиши майдончаи љаримавии БДА-ро шарњ надодааст. Чаро дар истгоњњои муќаррарї барои як шабонарўз нигоњ доштани наќлиёт аз 1 сомонї то 3 сомонї супоридан лозим асту барои майдончаи љаримавии БДА дар як шабонарўз 9 сомониву 60 дирам?! Прокуратураи генералии Љумњурии Тољикистон, Хадамоти зиддиинњисории назди Њукумати Љумњурии Тољикистон, Агентии назорати давлатии молиявї ва коррупсия, Палатаи њисоби Љумњурии Тољикистон чаро чунин монополияи сунъї ва сохтаи БДА-ро нодида мегиранд?! Агар ба сухани А. Насимов бовар кунем, ки дар майдончаи љаримавии БДА дар як шабонарўз то 10 мошин нигоњ дошта мешавад, пас 9,60 сомонї х 10 мошин = 96 сомонї х 365 рўз = 35040 сомонї мешавад. Худи њамин њолат дар истгоњи муќаррарї бо назардошти њисоби миёнаи аз 1 то 3 сомонї чунин аст: 2 сомонї х 10 мошин = 20 сомонї х 365 рўз = 7300 сомонї. Барои майдончаи љаримавии БДА дар як шабонарўз ба њисоби миёна 76 сомонї ва барои як сол 27740 сомонї барзиёд пардохтан зарур аст. Ин маблаѓи кам нест, нафаќаи 185 нафар ё маоши 140 нафар корманди ёрирасон аст. Сардори давлат дар њар суханронии худ бо маќсади некўањволии халќ ва

“НИГОЊ”, ЧОРШАНБЕ №45 (427), 4. 02. 2015

13

љалби ќувваи корї таъкид менамояд, ки љойњои кор афзун карда шаванд, аммо ШБДА РВКД дар шањри Душанбе маблаѓи њангуфтеро беасос њар моњу њар сол аз худ менамояд ва маќомоти назоратї аз ин њолат парво надоранд. А. Насимов дар вокуниши худ сабаби беш аз се маротиба зиёд муќаррар гардидани маблаѓи майдончаи љаримавиро шарњ надода, бо маќсади гумроњ намудани хонанда оид ба мошини ман сухан рондааст. Доир ба нигоњ доштани мошини шахсии худ бояд ќайд намоям, ки боздошти он аз таърихи 18 ноябри соли 2014 то њоло ѓайриќонунї сурат гирифтааст. А. Насимов ба банди 1.9-уми Ќарори Њукумати Љумњурии Тољикистон № 6 аз 14 январи соли 2010 истинод карда, дар айни замон меъёри банди 1.11.-уми онро сарфи назар менамояд, ки мутобиќи он мўњлати иљозатнома аз рўзи додани он дар давоми як соли таќвимї эътибор дорад. Яъне, мўњлати иљозатномаи мошини ман то 31 декабри соли 2014 давом мекард, аммо А. Насимов бар хилофи меъёри банди мазкур мошини маро дар санаи 18 ноябри соли 2014 ба таври ѓайриќонунї ва беасос боздошт намуда, то њоло иљозат намедињад, ки онро аз љаримагоњ барорам. Ман аз болои ќарори ѓайриќонунї ва беасоси ШБДА РВКД дар шањри Душанбе оид ба љаримабандї ба суди ноњияи Синои шањри Душанбе мурољиат кардам ва суди мазкур тањти раисии судя Вализода Р. бо иштироки намояндаи ШБДА дар санаи 13 январи соли 2015 мурофиа гузаронида, ќарори бар хилофи муќаррароти КМЊМ Љумњурии Тољикистон ќабулкардаи ШБДА РВКД дар шањри Душанберо бекор кард, аммо А. Насимов дар ин хусус лаб намекушояд. Њоло бо маќсади суханро ба дигар тараф бурдан дар бораи мошини ман сухан рондани А. Насимов бар хилофи муќаррароти моддаи 15 КМЊМ Љумњурии Тољикистон мебошад, ки ба саволи асосї - Чаро БДА майдончаи љаримавиро ба монополияи сунъї табдил додааст? љавоб надињад. БДА бо маќсади дарёфт намудани маблаѓи барзиёд монополияи сунъї сохта, дар ин зимн манфиати молиявии худро аз имиљи Њукумати Љумњурии Тољикистон боло мегузорад, зеро парво надорад, ки чунин монополияи сунъї ва нархгузории беасос ба эътибори кории Њукумати Љумњурии Тољикистон таъсири манфї мерасонад. Њамчунин, ба ШБДА РВКД дар шањри Душанбе ва ба сардори он А. Насимов сухани Президенти Љумњурии Тољикистон Љаноби Олї Эмомалї Рањмон бетаъсир аст, ки борњо таъкидан садо додааст: "Наќлиёти шахсї имрўз дигар нишонаи боигарї ва худнамої нест, балки воситаи њаракат мебошад. Ба эътибор гиред, ки аскари шањрвандон барои харидории мошини шахсї на танњо маблаѓњои шахсии худро, ки бо араќи љабин ба даст меоранд, истифода менамоянд, њамчунин барои ба ин орзую њаваси чандсолаи худ расидан аз бонкњо ва ё аз шахсони алоњида ќарз мегиранд. Бинобар ин, бояд тавре кор кунем, ки некўањволии халќ бењтар гардад, на ин, ки шањрванд аз нодорї ва ночорї ба фурўхтани мошини шахсиаш маљбур шавад". А. Насимов дар вокуниши худ ќайд намудааст, ки баргардонидани мошини ман дар асоси ќарори суд бояд сурат гирад, аммо дар ин зимн намегўяд, ки чаро дар муддати беш аз 75 рўз маводи омодакардаи худро ба суд намефиристад?! Агар мошин муддати зиёд дар майдончаи љаримавии БДА нигоњ дошта шавад, оё соњиби он маљбур намешавад, ки барои пардохти маблаѓи беасос муќарраршудаи майдончаи љаримавї мошинашро ба БДА супорад?! Толиби ОРИЁФАР


14

ЧЕЊРА

“НИГОЊ”, ЧОРШАНБЕ №45 (427), 4. 02. 2015

Академик Њайдар Сафиев 5-уми феврали соли 1950 дар шањри Кўлоб дар оилаи коргар ба дунё омадааст. Њайдар Сафиев аз љумлаи мутахассисони шинохтаи кишвар дар соњаи химия ва технологияи моддањои ѓайриорганикї аст, ки аввалин шуда дар Тољикистон ба таври мунтазам дар муддати 35 сол тањќиќоти комплекиси коркарди ашёи минералї ва партовњои саноатиро ба роњ мондааст. Вай соли 1956 ба мактаби миёнаи №2 шањри Кўлоб дохил шуда, соли 1966 мактаби миёнаи №5 ин шањрро бо медали тило хатм кардааст. Пас аз хатми мактаби миёна дар соли 1966 ба Иниститути политехникии Тољикистон дохил шуда, баъди се соли тањсил ба Иниститути политехникии шањри Киеви Љумњурии Украина гузаронида мешавад. Соли 1972 Донишгоњи политехникї ва Донишгоњи патентшиносии шањри Киевро бо дипломи аъло ба охир мерасонад. Аз соли 1972 то 1973 ба сифати лаборант, ассистенти кафедраи кимиёи Донишгоњи техникии Тољикистон фаъолият кардааст. Аз соли 1973 то 1977 аспирант, ходими илмии Донишгоњи политехникии шањри Киев шуда, кор кардааст. Соли 1977 рисолаи номзадиашро дар шањри Мински Љумњурии Белоруссия дифоъ намуда, соњиби унвони номзади илмњои техникї гардид.

ЊАЙДАР САФИЕВ Аз соли 1977 то 1982 ба њайси муаллими калон ва мудири кафедраи Донишгоњи давлатии Кўлоб ифои вазифа кардааст. Аз соли 1982 то соли 1987 вазифаи муовини мудири шўъбаи илм, техника, мактабњои олї ва миёнаи махсуси Шўрои Вазирони Љумњурии Тољикистонро ба ўњда дошт. Аз соли 1987 то 1998 ба сифати мудири шўъбаи коркарди ашё ва партовњои саноатии Пажўњишгоњи кимиёи ба номи В.И. Никитини Академияи илмњои Љумњурии Тољикистон кор карда, њамзамон дар ин давра соли 1997 рисолаи докториашро њимоя мекунад. Аз соли 1998 то соли 2001 ба њайси муовини Сардори шўъбаи техникии заводи алюминийи Тољикистон кор кардааст. 20-уми сентябри соли 2001 ба вазифаи Саркотиби илмии Академияи илмњои Љумњурии Тољикистон интихоб шуд. Вай њамзамон, солњои 2000-2010 узви Раёсати Академияи илмњои Љумњурии Тољикистон буд. Аз соли 2001 то соли 2005 дар вазифаи ректори Донишгоњи давлатии милли Тољикитсон кор кард.

Аз соли 2006 то соли 2009 ба њайси Мушовири Президенти Тољикистон Эмомалї Рањмон оид ба масъалањои илм ва технологияи муосир фаъолият мекунад. Аз 20-уми ноябри соли 2009 инљониб директори Муассисаи давлатии "Пажўњишгоњи илмию тањќиќотии металлургия"-и КВД "Ширкати алюминийи Тољик" мебошад. Бо Ќарор Комиссияи олии аттестатсионии Федератсияи Русия соли 1991 унвони ходими калони илмї, соли 1997 унвони доктори илми кимиё ва соли 1999 унвони префессориро соњиб шудааст. 11-уми феврали соли 2000 узви вобастаи Академияи илмњои Тољикистон ва интихоб шудааст. Аз ноябри соли 2014 узви пайвастаи АИ ЉТ мебошад. Њайдар Сафиев муаллифи зиёда аз 350 корњои илмї буда, аз он љумла 12тояш монография ва китобњои дарсї мебошанд. Дастовардњои илмии Њайдар Сафиев бо зиёда аз 30 шањодатномаи муаллифии СССР, патентњои Авруосиёгї, патентњои Федератсияи Русия ва Љумњурии Тољикистон тасдиќ гардидаанд.

Тањти роњбарї ва мушовараи ў 8 диссертатсияи номзадї ва 4 докторї њимоя шудааст. Соли 2001 бо Љоизаи давлатї ба номи Абўалї ибни Сино дар соњаи илм ва технология сарфароз гадид. Соли 2002 барандаи Љоизаи байналмилалии ЭКО оид ба илм ва технология шудааст. Оиладор, соњиби 4 фарзанд мебошад Бобољони ШАФЕЪ


НИГОЊИ МАРДУМЇ

?-И НОБОБ

“НИГОЊ”, ЧОРШАНБЕ №45 (427), 4. 02. 2015

15

АКСИ ГЎЁ

РОЃУН КАЙ БА КОР МЕДАРОЯД? Хабари хуш шунидам, ки то соли 2018 Роѓун ба истифода дода мешавад, оё ин дуруст аст? Исмоил РАСУЛОВ, сокини ноњияи Љалолиддини Румї Ду трубинаи аввали Неругоњи барќи обии Роѓун дар назар аст, тибќи наќша то соли 2018 ба истифода дода шавад. Њукумати Тољикистон тасмим дорад, ки сохтмони ин неругоњро аз њисоби сармояи дохилї анљом дињад. Фаќат ба сохтмони садди НБО "Роѓун" 600 млн доллари ИМА маблаѓ зарур аст. Барои ба истифода додани 2 трубинаи аввал њудуди 2 млрд. Доллар сармоягузорї мебояд. Соли гузашта ба сохтмони НБО "Роѓун" беш аз 1 млрд. 340 млн сомонї људо шуда, дар назар дар соли 2015 аз буљаи мамлакат ба он 1,6 млрд сомонї људо шавад. Ба саволи Шумо Кумитаи сармоягузорї ва идораи давлатии Тољикистон посух гуфт.

?-И БОБ ЧАРО СУРЪАТИ ИНТЕРНЕТ СУСТ АСТ? Дар хона интернет гузарондем, ваќтњои охир суръати интернет чунон паст шудааст, ки ба ѓайр аз чанд сомонаи давлатї, ба ягон сомона ворид шудан имкон надорад. Чаро? Сабаби паст будани интернет метавонад гуногун бошад. Барои ислоњи вазъ, ба ширкати дастраскунандаи интернет занг зада, кўмаки техникї талаб кардан мумкин аст. Сустшавии интернет воќеан моњи ноябр њамагї 2-3 рўз идома дошт, ки он њам барои насби таљњизоти нав буд. Барои бењтар кардани сифати хизматрасонї таљњизоти "СТМ1" насб карда шуданд, ки ба трафики Ќирѓизистон равона шудааст. Мо аз 2 давлат хати интернетро ворид мекунем, яъне алтернатива дорем. Агар аз тарафи Ќирѓизистон ягон мушкилї шавад, мо ба воситаи Ўзбакистон њамаваќт интернет гирифта меистем. Ба саволи Шумо Музаффар ЊИММАТОВ, раиси ЉСК "Тољиктелеком" посух гуфт.

?-И БОБ

БА БОЃЧА ПУЛ ДИЊЕМ Ё НЕ? Тартиби пардохти маблаѓи боѓчањо дар пойтахт чї гуна аст? Масалан, кўдаки мо беш аз як моњ ба боѓчаи №73 нарафт, чунки бемор буд ва дар ин бора маълумотномаи духтур њам њаст. Оё мо бояд маблаѓ боѓчаро пардохт кунем ё не? Роњбарияти боѓча мегўянд, ки бояд маблаѓ дињем, то кадом андоза ин аз рўи адолат аст? Моњдона Д., сокини шањри Душанбе - Агар дар бораи нотоб будани кўдак маълумотнома дошта бошед, њаќ доред, ки маблаѓ барои боѓчаро пардохт накунед. Ин њаќќи Шумо аст ва касе њаќ надорад барои ин кор фарзанди шуморо аз боѓча биронад. Барои хориљ кардани кўдак аз боѓча сабабњои бисёр асоснок ва муњим заруранд. Дар њолати мављуд будани маълумотномаи тиббї, дар бораи он ки тифл дар њаќиќат бемор буд ва муолиља гирифтааст, маблаѓи боѓча пардохт карда намешавад. Дар њоли њозир, дар пойтахт маблаѓи якмоњаи боѓча барои як кўдак 10 сомонї аст. Аммо, њоло ќариб дар тамоми боѓчањо ва муассисањои томактабї бо волидайн шартнома дар бораи хизматрасонињои иловагї баста мешавад. Илова бар 10 сомонї, боз 40-50 сомонї вобаста ба шартномаи волидайн бо маъмурияти боѓча ба хизматрасонињои иловагї гирифта мешавад. Дар як моњ, маблаѓи парастории як кўдак дар боѓча 60 сомонї арзёбї мешавад. Бояд таъкид кунам, ки ин дањ сомонї маблаѓи асосї танњо ба харољоти хўроки кўдакон пешбинї шудааст. Маоши кормандон ва дигар харољоти коммуналии боѓча, асосан ё аз њисоби суратњисоби махсуси Раёсати маорифи шањр (буљаи шањри Душанбе) ва ё аз њисоби маблаѓњои волидайн пардохт карда мешавад. Ба саволи Шумо Ситора БОБОХОНОВА, масъули Раёсати маорифи шањри Душанбе посух гуфт.

ЧАРО? ДАВРИ ГОВОН РАФТУ ИНАК ЊОЗИРОН ГУСОЛААНД Ин ситамкешон, ки вањми зиндагиро њолаанд, Дар талоши худкўшињо, шўълаи љавволаанд. Умрњо шуд њарфи дарди ошнои гўш нест, Кўњкан то бенафас шуд, кўњњо бенолаанд. Њалќе аз худ рафту акнун зикри ишон меравад, Корвони хобро афсонањо дунболаанд. Даъвии мардони ин аср, инфиоле беш нест, Шер меѓурранду чун вомерасї бузѓолаанд. Сард шуд дил аз дами ин пањлавонони ѓурур, Рустаманд аммо баѓалпарвардањои холаанд. Дилсиёњї як ќалам ойинадори суњбат аст, Гар њама ањли Хуросонанд аз Банголаанд. Љумла бо рўи мулоим ќатраанд аммо чї суд, Чун ба минои дил афтоданд яксар жолаанд. Њамчу дандон бањри изо, васлу њаљршон якест, Гар њама яксола меоянду гар садсолаанд. Бо уруљи љоњи ин афсурдагони бемадор, Бар лаби њар бом чун хишти куњан табхолаанд. Чашм агар дорад тамизи њусну ќубњи эътибор, Зангиёни љома гулгун, навбањори лолаанд. Бедил аз хурду бузургаш бењ, ки бардори назар, Даври говон рафту инак њозирон гусолаанд. Пешнињод аз Бењрўзи Забењулло, сокини шањри Душанбе

МАН ЌАБУЛ НАДОРАМ? КОНИ АНГИШТ МОЛИ КИСТ? Њоло дар бозорњо ангиштро бо халта мефурўшанд, мардум маљбуранд, 15-20 кг ангиштро бо нархи 30-35 сомонї харидорї кунанд. Мардум аксарият барои яклухт харидани миќдори басандаи ангишту њезум маблаѓ надоранд, савдогарон низ инро медонанд, баъзењо њар њафта ангишт мехаранд. Њезум њам бо дарзањо фурўхта мешавад, ки хеле гарон аст. мардум дар зимистони сард барќ надоранд, хонаро бо њарчї рост омад гарм мекунанд. Бисёрињо аз кўча њатто баклашкањои холиро љамъ карда мебаранд, ки ин албатта ба тозагии шањру хиёбонњо то љое боис мешавад, аммо њамин чанд рўз маро як фикр машѓул медорад. Мантиќан, Љумњурии Тољикистон ватани њар яки шањрвандони он аст. Захирањои он бояд ба манфиати омма, одилона ва сарфакорона сарф шавад. Агар ангишт, конњои ангишти Тољикистон њам моли тамоми мардуми Тољикистон бошад, чаро њадди аќалл ваќти зимистон ин конњо ба манфиати мардуми камбизоат истифода нашаванд? Чаро бояд ангишт бояд аз љониби нафароне фурўхта шавад? Чї магар мардуми камбаѓал ба сарватњои табиї њаќќи камтар аз сарватмандону тољирон доранд? Ман ингуна сўистифода аз сармояро бар муќобили мардуми камбаѓал, дар ваќти зимистон, ки мардум маљбуранд ангишт бихаранд, ќабул надорам. Бигзор раисони њукуматњои ноњияњо ва шањрњо, агар воќеан дар фикри зимистонгузаронии мардумашон бошанд, њар кадом ноњия гуруњњои алоњидаи зимистонгузаронї ташкил карда, дар якљоягї бо сохторњои марбут, ангишти Тољикистонро аз конњо биёранд ва бо нархе, ки аз кон меояд ба мардум расонанд. Наход мо њаќ надошта бошем, ки сарвати ватани азизамонро бо нархи воќеан дастрас, бе иштироки љаллобону ќаллобон гирифта истифода барем? Мо њам шањрванди њамин ватан њастем-ку? Сарварбї БАРОТОВА, сокини муваќќатии шањри Душанбе

БА ЉОЙИ 09 Агар ба роњбарияти њукумати Тољикистон арзу шикоят доред, ё аз онњо изњори сипосу миннатдорї кардан хоњед, ба нишонињои зерин мурољиат кунед.

Веб-сайт: http://www.prokuratura.tj/ Телефонњо: Юсуф Рањмон, Прокурори генералї (992)2360891, 2357874, 2355424, 2351131, 2361063, 2360973

ЊУКУМАТИ ЉУМЊУРИИ ТОЉИКИСТОН Нишонї: Љумњурии Тољикистон, шањри Душанбе, хиёбони Рудаки 80 Котиботи Президенти Тољикистон - Телефон (+992)37 221 25 20 Веб-сайт: http://www.president.tj/

ЊУКУМАТИ ШАЊРИ ДУШАНБЕ Нишонї: Љумњурии Тољикистон, шањри Душанбе, хиёбони Рўдакї 48 Телефон: (992 37) 2232076 Факс: (992 37) 2232076 E-mail:dushanbe80@yahoo.com

Сарвазир, Ќоњир Расулзода, тел: 2377 (992)37 2216681, 2211871 Муовини аввали Сарвазир, Муродалї Алимардон, тел: (992)37 2215956 Прокуратураи генералии Тољикистон Нишонї: Љумњурии Тољикистон, шањри Душанбе, хиёбони А.Сино

Д И Ќ Ќ А Т! Барои ба саволњои доѓи худ посух гирифтан ба идораи њафтаномаи «Нигоњ» мурољиат кунед. Суроѓа: шањри Душанбе, кўчаи Носирљон Маъсумї-3, назди Хона музейи Мирзо Турсунзода. Ё ба масъули сањифаи "Нигоњи мардумї" бо шумораи телефони 985 60 86 85 занг занед ё бо воситаи смс-паём саволи худро ирсол доред. Њамчунин ба почтаи электронии nigoh_tj@inbox.ru арзу пешнињод ва мушкилоти худро бинависед.


КОМИЛАН «ЉИДДЇ»

“НИГОЊ”, ЧОРШАНБЕ №45 (427), 4. 02. 2015

ПУРБИНИ «НИГОЊ»

ЧИЛ МУЪЉИЗА - Танњо дар Тољикистон кормандї БДА метавонад нигоњаш ба худраву ронанда 15 мегапиксел ва хотирааш барои сабти раќами худравњо зиёда аз 8 гб бошад. - Танњо дар Тољикистон андоз на мисли дигар давлатњо њамагї 13%-ро ба давлат месупорї, балки њамагї 13%-ро худат мегирї. - Танњо дар Тољикистон тољик метавонад ба эбола гирифтор шуда, сињат ёбад ва фикр намояд, ки каме шамол хўрда буд. -Танњо дар Тољикистон бо арзон шудани сўзишворї нархи дигар мањсулот ќимат мешавад. - Танњо дар Тољикистон "петеушник" метавонад якбора вазир шавад. - Танњо дар Тољикистон нафаќа метавонад аз 30 то 3000 доллар бошад. - Танњо дар Тољикистон метавонанд бо љурми таљовузи номуси духтари беномусе айбдорат намоянд, ки ўро бори аввал мебинї. -Танњо дар Тољикистон бо нафаќаи 30 доллар нафаќахўр зинда мемонад. - Танњо дар Тољикистон метавонад Ќулмаќбоев Турмоќбой тољиконро ба фахр, гиромидошт ва худшиносии миллї њидоят намояд. - Танњо тољик метавонад бо маошаш дар муњољират њам оилаи худашро, њам падару модарашро, њам зиндагии корманди "Хадамоти Муњољират"-ро, њам оилаи пулиси минтаќавиро, њам зиндагии корманди фурудгоњро, њам маоши миёнарави кордењро таъмин намояд. - Танњо дар Тољикистон мўдтарин касб - "таксирон" аст. - Танњо дар Тољикистон мард аз мушкилот гурехта Русия меравад ва аз њамонљо мушкилотро њал менамояд. - Танњо дар Тољикистон ваќте бо забони адабї њарф занед, аз шумо мепурсанд: "Иъ, шумо тољик не???". - Танњо дар Тољикистон вазир метавонад дар як моњ бо маоши 3 њазор сомонї ќасри 3-ошёнаи 300 њазор доллара созад. - Танњо дар Тољикистон кўдак пеш аз хоб филми тасвирии "Маша и медвед"-и урусро набинад хобаш намебарад. - Танњо дар Тољикистон бо айби телефонњои дастї мардум аз барќ танќисї мекашад. - Танњо дар Тољикистон наврасон, ки гоњ мошиншўй, гоњ "пакетфурўш", гоњ пулчинаки мусофирбар, гоњ обфурўш, гоњ нонфурўшанд, бозорро аз маркетологњои аврупої њам хуб медонанд. - Танњо дар Тољикистон дар навбати гирифтани замини наздињавлигї 700-ум мешавию пас аз се сол 698-ум мешавї. - Танњо дар Тољикистон агар чор сомонї надошта бошї "шлагбаум" кушода намешавад ва фарзандонат дар вай тарафи "пулчинак"-у ту дар ин тарафи он хоб меравї.

- Танњо дар Тољикистон "дафтарчаи мењнатї" дар набудани ту њам худаш кор кардан мегирад. - Танњо дар Тољикистон омўзгор як умр кор карда, 22 сол интихоботњоро обу лой намуда, сипас дар пирї 125 сомонї нафаќа мегирад. - Танњо дар Тољикистон метавонї дар фурудгоњ пул дода- пул дода аз њамааш гузариву танњо ваќти парвоз эълони "Агар аз шумо пул талаб намоянд, ба раќамњои зерин занг занед"-ро бубинї. - Танњо дар Тољикистон "баќлашка"-и оби сўзон манбаи гармидињї дар зимистони ќањратун метавонад бошад. - Танњо дар Тољикистон нон метавонад дар гулўят дармонда, ба марг расонад. - Танњо дар Тољикистон одамон ба ду гурўњњои "ќонун барои мо" ва "ќонун барои шумо" таќсим мешаванд. - Танњо дар Тољикистон мегўянд "..и буват, мо маданиятамон баланд, ..и ачат" - Танњо дар Тољикистон гўшњо, чашмњо, аќлњо њатто телевизорњо сатњи баланди 9 - 12 баллаи "њамду санохонї"-ро тоќат менамоянд. - Танњо дар Тољикистон дониш метавонад бо баландии "каблук", сатр ва "галстук" алоќаманд бошад. - Танњо дар Тољикистон худрави 9-нафараи "старекс" 11-нафар ва "газел"-и 11-нафара 17-нафар мекашонад. - Танњо дар Тољикистон "баклашка"-и оби гарм метавонад баданро сўзонда, изи дарзмолро гузорад. - Танњо дар Тољикистон иштироки фаъолонаи котиба дар бистари раис ўро дар кўтоњтарин муддат вакил менамояд. - Танњо дар Тољикистон барќдории паштуние дар Афѓонистон бењ аз барќдории тољики худ аст. - Танњо дар Тољикистон доштани таѓо 1:0 дипломи сурху кабуду норинљиро мезанад. - Танњо дар Тољикистон аз омад-омади ДИИШ парвое надоранд ва њатто умедворанд, ки онњоро аз зулм рањо хоњанд кард. - Танњо дар Тољикистон аз Президенту вазиру сарвазир то мухолифину рўзноманигори озодандеш танњо дар фикру ѓами кисаи худ бошад. - Танњо дар Тољикистон агар дар фикри мардум шавї, аз 9 то 30 сол зиндонї мешавї. - Танњо дар Тољикистон дигар ашки ватандўстї намерезад. - Танњо дар Тољикистон бо шунидани суруди миллї дар бадан мурѓак намедавад. - Танњо дар Тољикистон ба бозор медароию тани одамонаро бо сарњои рубоњу шаѓолу гургу мушу гову хару сагу мору барра мебинї. - Танњо дар Тољикистон …

МАНГАР, КИ КЇ МЕГЎЯД...

16

Маѓфират ХИДИРЗОДА, раиси Кумитаи кор бо занон ва оила: - Ташхиси пешазникоњии духтарон метавонад ба кам шудани њолатњои људошавии оилањо ва талоќ мусоидат кунад... - Савол аз толор: Муаллима, мебахшед, дар њоли 200 сомон будани дўхтани пардаи бакорат.., эъ, мебахшед барќароркунии... нархи справкањоро чандї кунем?

Мирзои САЛИМПУР, журналист: - Албатта, нуфузи кунунии Убайдулллоев њоло дигар ба њадде нест, ки дар поёни солњои 90 ва ибтидои солњои 2000 - нуќтаи ављи нуфузи сиёсиаш - дошт, вале боз њам ў як мењвари муњим дар эътилофи њокиме, ки асосан намояндагони Данѓараву Фархор ва Хуљандро дар бар мегирад, боќї мемонад. - Мебахшед, миёни ин се мањал ягон 66 љои дигар њам нест, ки мо мардум њам ба эътилофатон дохил шавем?

Солењљон ЉЎРАЕВ, собиќ и.в. Прокурори генералии Тољикистон: - Ваќти роњбарии Шерхон Салимзода ягон кори хотирмон надидам. Вай фактњое, ки барояш пешнињод мешуд, нодида мегирифт. Шахсан ман бо ариза ва далелњои шайъї ба ў мурољиат карда будам, ки коррупсияро дар Суди олї ва зинањои болоии њукумат исбот мекард, аммо вай ба њамаи онњо чашм пўшид. - Сахт нагиред, ако! Он ваќто садора пеши чашмошона шира гифтагї буд, акун нав сињат шуда истодиянд, ки ...дигар фо-и-даш на-до-ра!

Абдувањњоб СОБИРОВ, устоди Йога: - 8-уми майи соли гузашта 80солагиамро таљлил кардам. Њоло ба љуз аз ќиёфаам њамаи узвњои даруниам љавон шуда истодаанд. Баданам мисли бадани љавонњо чандир аст, њатто аз онњо њам чандиртару боќувват. Дар сарам аз нав мўйњои сиёњ баромаданд. Тибќи он барномаи тамринии йога, ки пеш гирифтаам бояд 200 сол умр бинам. - Шумо, ки дар Дубай зиндагї доред, шояд умри 200-сола њам дар назаратон кам тобад. Ин љо мардум ба шумо механданд, ки баъди 50-солагї ин одам 150 соли дигар чї кор мекарда бошад.

Шабнами СУРАЙЁ, сароянда: - Ман як духтараки соф тољики кўњистониям ва њамаи тољикистонињоро дўст медорам. - Э, офарин бонуи гиромї! Мо њам шуморо дўст медорем.

Раиси Шўрои муњаррирон: Саймиддин ДЎСТОВ dustov@mail.ru

Њафтанома дар Вазорати фарњанги Љумњурии Тољикистон ба ќайд гирифта шудааст.

МУАССИС: Созмони љамъиятии «ИНДЕМ» («Информатика барои демократия ва рушди миллї»).

Котиби масъул: Абўалї НЕКРЎЗОВ nigoh_tj@inbox.ru

Шўъбаи иттилоот ва сиёсат тел: 600 80 38 Шўъбаи тањќиќот ва тањлил тел: 600 80 38 Шўъбаи иљтимоъ ва иќтисод тел: 600 80 39 Шўъбаи реклом ва огоњиномањо тел: 918 74 75 79

Дар њафтанома матолибе низ ба нашр мерасанд, ки бо мавќеи идораи он муѓойират доранд. Дар шумора аз аксњое њам аз Шабакаи љањонии Интернет истифода шудааст. Матолиби хусусияти таблиѓотидошта ® метавонанд танњо бо пардохти муайян дар њафтаномаи «Нигоњ» нашр шаванд. Барои дар дигар нашрияњо пурра ё ќисман чоп кардани матолиб ва иќтибосњо аз «Нигоњ» иљозаи хаттии идора ва нишон додани сарчашма дар шакли «аз њафтаномаи «Нигоњ» №_ аз санаи _» њатмист. Њуќуќи муаллифии кулли матлабњои шумора ба идораи њафтаномаи «Нигоњ» ва СЉ «ИНДЕМ» тааллуќ дошта, тибќи ќонунгузории љории Тољикистон ва байналмилалї њифз карда мешаванд. Дар њолати наќзи "Меъёрњои ахлоќии фаъолияти журналистї дар Тољикистон" аз љониби нашрияи мо, бо арзу шикоят метавонед ба Шўрои воситањои ахбори оммаи Љумњурии Тољикистон (Шўрои ВАО - и ЉТ) мурољиат намоед.

Ќимати рўзнома дар фурўши чакана на беш аз 2,5 сомонї Њафтанома дар нашриёти «Мега-принт» чоп мешавад. Теъдод 4 000 нусха Ќимати обуна барои як сол - 78 сомонї. Индекси обуна: 68990 НИШОНИИ ИДОРА: Љумњурии Тољикистон, шањри Душанбе, кўчаи Носирљон МАЪСУМЇ, хонаи 3. Телефон: (44) 600 80 38, 224 25 09 Теъдоде аз њар шумора дар асоси кўмаки техникии (дар шакли ќоѓаз) дафтари САЊА дар Душанбе ройгон таќсим карда мешавад.


Turn static files into dynamic content formats.

Create a flipbook
Issuu converts static files into: digital portfolios, online yearbooks, online catalogs, digital photo albums and more. Sign up and create your flipbook.