“НИГОЊ”, ЧОРШАНБЕ №45 (478), 10. 02. 2016
Сирољиддин АСЛОВ: "ДАР РУСИЯ ФАЌАТ ПРОБЛЕМАЊОИ МУЊОЉИРОНИ МЕЊНАТИИ ТОЉИКОН АСТУ ХАЛОС?"
1
САЊИФАИ 5 №45 (478). Чоршанбе, 10-уми феврали соли 2016
e-mail: nigoh_tj@inbox.ru
-УМ СОЛ БО ШУМО!
www.facebook.com/nigohtj
АЛФОНСУ ШАЊВАТПАРАСТ ДАР БАРОБАРИ ЌУРБОНЇ
Додољон АТОВУЛЛОЕВ:
"РАЊМОН САД БОР АЗ ШУМО ХУБТАР АСТ..." НОМА БА ПРЕЗИДЕНТ
ЁДИ ДЎСТ
"МАРТИН ИДЕН" - И ТОЉИК Журналистони тољик бори аввал 10 -уми феврал зодрўзи Акбари Саторро бе њузури ў таљлил мекунанд САЊИФАИ 9
ДИКТАТОР
МУАММАР ЌАЗЗОФЇ Худкомае, ки ўро њатто таппончаи тиллої наљот надод... САЊИФАИ 8
НОПИСАНДИИ "ТОЉИКСОДИРОТБОНК" Ё чаро Суди Олии иќтисодї аз ќонун њифз карда наметавонад? САЊИФАИ 5
ПЕШ АЗ ЧОПИ ШУМОРА
Надежда АТАЕВА: ИЌТИСОДИ ВОЌЕЇ
БАЪДИ "ЛЕНТАБУРЇ" -И ПРЕЗИДЕНТ САЊИФАИ 7
МУРОФИАИ 13 УЗВИ РАЁСАТИ ЊНИТ ОЗОД СУРАТ ГИРАД! САЊИФАИ 15
Марям ДАВЛАТОВА, љомеашинос
Муносибати байни љинсњо дар Тољикистон тўли солњои ахир љиддан таѓйир хўрда, тамоюлњои нав, назири аз њисоби занњо зистан (алфонсизм), "туйњои сода", серзанагї ва ќонеъ намудани шањват то никоњ шакл мегиранд... Мутаасифона, ин бардошт андешаи як феминист ё як бонуи ранљида аз мардон нест. Хулосаи мутахассисони соња аст, ки аз чандин тадќиќот бармеояд. Эътирофи умум аст, ки муносибатњои байни љинсњо айни замон дар кишвари мо ба тазоди мураккабе гирифтор шудаанд. Дар љомеа аз як тараф кўшиши барќарор кардани шакли асримиёнаи он њукмронии мутлаќи иродаи мардона ба назар мерасаду аз тарафи дигар хеле таѓйир ёфтани нуќтаи назари занону мардон ба мавќеъ ва маќоми худ, њамчунин ба њамдигар. Мутахассисон њоло таѓйири наќшњои гендерии маъмулии занону мардонро дар њамаи љанбањои њаёти љомеаи суннатии мо - тољикон таъкид менамоянд. Тибќи ќолабњои зењнии мардуми мо, мардон таъминкунанда, њомї, масъули њалли масоили иљтимоии оила ва амсоли ин, занон парваришгари фарзандон ва аъзои оила, масъули ободии манзил мебошанд. Зарбулмасалу маќолњои мардумї бењтарин нишондињандаи ин ќолабњоянд. Барои мисол, метавон чанд зарбулмасалро ёдрас намуд: "дар хонае зан нест, бидон сўзан нест", "мард нест, гард нест", "сарфаи сари оташдон, савдогари Њиндустон", "ака бошад, њоким бошад, апа бошад бой бошад", "оча дорї, маѓзи поча дорї". Чунин таќсимоти наќшњои гендериро њамчунон дар анъанањои миллї низ дидан мумкин аст. Равшантарин намуна маросимњои тўйи арўсї мебошад. Тибќи анъанаи исломиомехтаи тољикон ба зиммаи љониби домод тамоми харољоти тўйи њар ду тараф, сару либоси арўс, туњфа барои наздикону мењмонони љониби арўс ва маблаѓи иловагї барои харољоти дигар, њаќќи шир гузошта мешуд. Тарафи арўс барои домод ва ањли оилаи ў сару либос, барои навхонадорон љињози хона тањия мекард. Њамаи ин дар доираи имкониятњои тарафайн сурат мегирифт ва вобаста ба давру замон андозаи худро дошт. Харољоти асосиро ба зиммаи мард гузоштани анъанањо сабабњои љиддии худро дошт. Аввалан омили таъмингарии мард, баъдан љуброн кардани талафоти духтардор, ки як нафар узви оиларо, ки мададгор ва ќувваи кории оила мебошад, ба хонаи дигар мефиристад, аз љумлаи сабабњои асосї ба шумор мерафтанд. Дар мавриди мањр ќонунњои шариат ва њадисњо тафсири худро низ доранд, вале муњим он аст, ки љомеаи мо бахши асосии харољотро ба зиммаи мард мегузошт. Аммо њоло вазъ ба шиддат дигар мешавад. 14
2
“НИГОЊ”, ЧОРШАНБЕ №45 (478), 10. 02. 2016
2-юми феврал дар шабакањои иљтимої баёнияи "Гуруњи 24" ва созмони "Љавонон барои эњёи Тољикистон" - ду созмони дар Тољикистон эксремистї эълоншуда пахш гардид. Дар он зикр мешуд, ки аз ин пас онњо аз њайати эътилофи "Анљумани нерўњои созандаи Тољикистон" берун мешаванд. Сабаби ин тасмим дар "камранг гардидани фаъолияти эътилоф", "адами масъулон дар майдони сиёсат", "мухолиф будани рањбарияти эътилоф ба аќидањои ин ду њаракат", "набудани эљоди стратегияњои пешрафт" ва "набудани фаъолияти пурсамари рўзмарра" эълон шуд. Онњо њамчунин зикр карданд, ки идома додани фаъолият дар доираи ин эътилоф боис ба "коњиш ёфтани мањбубият миёни љавонон" хоњад гашт ва фаъолияти он ду созмон камранг мегардад, њарчанд гўё дар гузашта "бисёр назаррас буд". Аз ин рў, аъзои ин ду созмон "њамоно дар ањди худ устувор буда, роњи Умаралї Ќувватов ва Маќсуд Иброњимовро идома медињанд". Илова ба ин хабар дода шуд, ки дар љаласаи ќаблии шўро Сўњроб Зафар раиси "Гурўњи 24" ва Њусейн Ашўров муовини ў, Муњаммадсобир Абдуќањњор раиси созмони "Љавонон барои эњёи Тољикистон" ва Маъруф Лангарчиев муовини ў интихоб гардидаанд. Ин њам дар њоле, ки зарфияти ин гуруњњо, ањдофи сиёсї, стратегияву барномаи амал ва манобеи молии фаъолияташон њатто барои сиёсатшиносон номаълум боќї мемонанд. Аз корномањои аъзои ин гуруњњо, ки њамчунин теъдодашон номаълум аст (маъмулан хадамоти махсус ва коршиносон њатто теъдоди љангиёни ин ё он созмону њаракатро даќиќ њам набошад, маълум месозанд), фаќат фаъолшави нисбї дар шабакањои иљтимої, пеш аз њама Одноклассники ва Фейсбук ба назар мерасад, ки дар зењн субъектњои амалро муборизони маљозї ё виртуалї ба намоиш мегузорад... Аз хабари аввали марбут ба ин гуруњ чанд соате нагузашта буд, ки журналисти мухолифи Њукумати Тољикистон, ки феълан роњбари Анљумани нерўњои созандаи Тољикистон аст - Додољон Атовуллоев, дар сафњаи фейсбукиаш навиштаи зерро љо дод:
МАВЗУИ АСОСЇ ЌАНОАТИ СЕЮМИ "ГУРУЊИ 24"
Додољон АТОВУЛЛОЕВ:
"РАЊМОН САД БОР АЗ ШУМО ХУБТАР АСТ..."
Ихтилоф дар байни мухолифони маљозии Њукумат аз куљо пайдо шуд ва чї маъно дорад?
кил ёфтаасту аъзояшон низ дар ин мамлакат кору фаъолият доранд, аз таѓйиротњои ахир розї нестанд. Ва аслан онњо роњбарону аъзои гуруњро, ки дар Аврупову Туркия ба сар мебаранд, ќабул надоранд. Зеро "онњо аз номи созмон суистифода карда, бо њар роњу васила аз созмонњои хориљї маблаѓ ва грантњо мегиранд, ки ин ба косташавии обрўи созмон оварда мерасонад". Њамчунин тибќи хабари чопшуда Фахриддини Ќурбон роњбар ва Шокирљон Файзуллоев муовини ў интихоб шудаанд. Дертар Шокирљон Файзуллоев, ки воќеъан шахси воќеъї будааст, дар сафњаи фейсбукиаш навишт, ки хабари узвият ва њатто муовини рањбари "Гуруњи 24" интихоб буданаш комилан дурўѓ аст. Худи њамон рўз шахси дигари воќеъї ба ќазия рушанї андохт.
"ДАРСЊОИ НОХОНДА" 1. Дарёфтам, ки агар барои "ѓулом" эњтиром бигузорї, бар гарданат савор мешудааст; 2. Дарёфтам, ки агар бо фурўмоягон хоксору фурўтан бошї, хоки роњат менамудаанд; 3. Дарёфтам, ки агар сагбаччае ба сўят аккос бизанад, дамдамааш на аз он будааст, ки туро мехоњад битарсонад, балки порсаш аз тарси худаш асту бас; 4. Дарёфтам, ки тарбияти ноањл гирдакон хостан аз дарахти бед будааст; 5. Дарёфтам, ки "њар он љойе, ки Муњаммад аст, дар он љой Абўлањаб низ будааст". Дарёфтам! Аммо дер. Дери дер...Д.А." Ин навишта бањсњои гармеро дар шабакањои иљтимої ба миён овард. Баъзењо инро ба маъное њам фањмиданд, ки акнун Атовуллоев ким - чизеро фањмидаву худро аз бањсњои сиёсї канор мегирад. Аммо бархўрди онњое, ки гўё асли масъаларо дарк карда буданд, комилан дигар буд. Нафаре, ки бо имзои Салман Муслимов дар Фейсбук назар менавишт, зуд ба "њуљум"- и Атовуллоев гузашт ва навишт: " Магар ѓулом одам нест? Магар сухани њаќќа гап заданї шавад, сагбача мешавад? Канї он адли бародарона? Магар шумо нагуфта будед, ки ман адолатро боло медонам, имрўзњо њар хел сару садо ба кадом хотир? Шумо ба мо намефањмонед њаќиќатро? Ин аст хатогии шумо!". Ба ин ќаноат накарда, дертар илова кард: "Аз пушти Сулаймону Собиру Шарофиддин обрўи анљуман рехт, њама гапа берун карданд, номи сафеди анљумана ана њамин афрод мисли Собиру Сулаймону бо ду се нафари дигар сиёњ карданд. Роњбари анљуман чораи ин хел афродро њам бинед ! Њамая бо як чашм дидан даркор, бародарони муњољиру мазлум ба ќавли Собир гўсфанд нестанд, онњо бародаранд, онњо њам тољиканд, на ќирѓиз". Мустафо Ањмадов ном нафари дигар, ки низ дар Фейсбук доим аз навиштањои Додољону атрофиёнаш пуштибонї мекард, якбора ба таънаи Атовуллоев гузашт: "Њамин Гурўњи 24 туро одам кард! Имрўз бошад аз пушташон санг мезанї!". "Эстафетаи интиќод" -и Атовуллоев ба дасти нафаре афтод, ки дар Фейсбук худро
Шомгоњи рўзи 3-юми феврал боз њам дар сафњаи фейсбукии Атовуллоев "Ќарорњои Анљумани нерўњои созандаи Тољикистон" пайдо шуд, ки аз 6 банд иборат буд. Се бандаш умумї ва боќимонда то љое мушаххас буданд: Шўрои сиёсї аз нав таъсис меёбад, дар садади таъсиси як телевизион њастанд ва Муњаммад Расул (Муњаммад МММ) љонишини рањбари Анљуман таъин гардида, то муайян гардидани сохтор тамоми масъулият бар дўши ўст. Як рўз аз миён гузашт. Гўё тамоми масоил њалли худро ёфтанд, агар рўзи 5-уми феврал дар сафњаи фейсбукии Фахриддин Ќурбон ном корбари шабака "хабари фаврї" пайдо намешуд. Дар ин хабар омада буд, ки он рўз "Гурўњи 24" дар пойтахти Русия љаласаи ѓайринавбатї барпо карда, ду масъала: интихоби роњбари нав ва аъзои шўро, тасдиќи наќшаи корї дар соли 2016-ро баррасї кардаанд. Ба гуфтаи онњо, чун ин гуруњ аввал дар шањри Маскав таш-
"Минбари Халќ" эълом кардааст: "Бале, њамин мубориза шуморо обрўманд кард, аммо шумо барои мансаби шахсиатон инора ѓулом номидед!". "Абдуллоњ Амин" ном корбари дигари Фейсбук аз ин њам сахттар гирифт. Ў ба Атовуллоев таъна зад, ки њич гоњ ин ќадар одам дар атрофи журналисти собиќ пайдо нашуда буд, ки пас аз пайвастанаш бо "Гуруњи 24" гирдаш љамъ омаданд ва афзуд: "Ман доимо фикр мекардам, ки чаро бо вуљуди ин ќадар "мубориза" Атовуллоев дар ин мудати тўлонї доимо танњо аст? Баъзе чизњоро њис мекардам, аммо бовар надоштам... аммо афсўс, тахминњои мављуда асоснок будаанд. Дили садњо љавононе, ки нав бедор шуда буданд, шикастед. Ваќт неку бадро аниќ месозад. Шумо ба ин дилшикастагии мо љавобгўед!"
"ДЕВОРЊОИ НАМКАШ" ВА "МАНСАБ" ДАР ФЕЙСБУК Аслаш масъала хеле љиддї будааст, ки Атовуллоев боз садо баланд кард: "Азизон! Ин навишта танњо андеша аст ва ба касе дахл надорад. Дар умум. Ба ононе дахл дорад, ки бардагиро пазируфтаанд. Ва ба сиёсат дахле надорад. Ман њайронам, ки чаро мисли девори намкаш баъзењо ин суханонро ба унвони худ пазируфтаанд..." "Њофиз аз Шероз" ном корбари дигар, ки низ дар гузашта аз љонибдорони Атовуллоев ба њисоб мерафтааст, ошкор эълом кард, ки
дар умќи навиштањои ў киро дарёфтааст ва гуфт Додољон набояд ба корњои дохилии "Гуруњи 24" дахолат кунад, ў танњо бояд масъулияти раисии Анљуманро ба љо орад. "Ваќте њама овоз доданд, ки Шарофиддин (Гадоев) озод шавад, ту њаќ надорї муќобили раъйи аксар. Агар рањбари доно мебудї, дар байни худатон њал мекардед". Атовуллоев боз њам зуд посух дод, ки ў зидди тафриќаву људої буд, аммо "дигарон табадуллот карданд" ва инро бидуни машварат расонаї намуданд. Ў низ аъзои "Гурўњи 24" -ро ба нотифоќї муљрим донист ва гуфт "агар мушкиле доштед, пас бояд байни худ њал мекардед". Дар посух ба ин Абубакр Њофизов ном корбари дигар боз њам айбро сўи Атовуллоев бурд ва гуфт, ки намефањмад чї гуна мешавад, ки як роњбар муовинашро ба хиёнат муттањам кунад. Атовуллоев дар љавоб онњоро ба "беодобї" муљрим донист ва навишт: "Рањмонов сад бор аз шумо хубтар аст...". Сипас, бањс ранги мањал ва њатто мансаб гирифт. Корбароне Атовуллоеву Гадоевро "мансабталош" хонданд. Вале Фаридун Ватандор бо се суол посух дод: "Ту девонаї?", "Кадом вазифа?", "Вазифа дар Фейсбук?"... Шом наомада, "Гуруњи 24" ба ду ќаноти маљозї таќсим шуд ва арзишњои худро ба маърази тамошои умум гузошт. Аммо ба нигоштаи корбаре "таќсимшавии њуљайра давом доштааст".
"ЉАВОНОН РОЊБАРИ АБАДЇ НАМЕХОЊАНД" Нуриддин Ризої ном корбари дигари Фейсбук њам аз тањаввулоти охир дар гуруњ эътироз карда буд нигошт. "Мавќеъи банда бо раъйи аксарияти шўро аст ( барканории масъулини куњна ва дасткашї аз анљуман) . Гуруњи Русия њаќиќат надошта ва њеч рабте ба мухолифин надоранд. Умуман, асли мушкили гуруњро дар се нуќта мебинам: 1. Камранг гаштани фаъолияти "Гуруњи 24" зери парчами анљуман. 2. Идома ёфтани бемории Гадоев ( таќрибан 6 моњ тўл кашид ) ва нопадид гаштани ў аз сањнаи сиёсї. 3. Дахолати роњбарияти анљуман ба масоили дохилии "Гуруњи 24" ( бахусус баъд аз тасмим шўро барои барканории раис ва муовини гуруњ). Њамон шўрое, ки баъди марги Умаралї Ќувватов, Гадоев ва муовини ўро интихоб кард, њамон шўро тасмими барканории ўро гирифт. Агар роњбари анљуман бетарафиро интихоб мекард, кор то њад намерасид ва тасмими хориљ шудан аз анљуман гирифта намешуд. Њолати баамаломада барои мо як љињати мусбат дошт: Исботи ин ки њеч рањбаре абадї нест, ё кор мекунї, ё бартараф мешавї! Пайѓом ва талаботи љавонони имрўз њамин аст ва инро исбот карданд...". Ташхиси Ризоиро фаъоли дигар гуруњ, боз њам шахси воќеъї Собир Валиев рад кард.
13
МАВЌЕИ УСУЛЇ Вокуниши сињати њукумат Тавре хонандаи њушманд дар ёд дорад, дар шуморањои гузашта, "Нигоњ" ба кўшиши талоши бюрократї љињати љорї кардани сензураи маъмурї аз љониби Вазорати фарњанг нигаронї кард. Вокуниши мо наметавонист дигар бошад, зеро мансабдорони алоњида мехостанд, бе баррасињои љамъиятї ба Ќонуни ЉТ "Дар бораи матбуот ва дигар воситањои ахбори омма" таѓйирот ворид карда, соњиби абзори нави фишор болои расонањои мустаќили кишвар шаванд, ки мутаассифона теъдодашон аз 6- 8 адад њам кам аст. Љомеаи журналистии Тољикистон бо пахши изњороти муштараки созмонњои журналистї ин ќабули ин таѓйиротро љорї кардани сензура хонда, аз Њукумати кишвар ва Маљлиси намояндагон дархост карданд, ки масъалаи ворид кардани таѓйирот бознигарї шавад. Маљлиси намояндагони дар иљлосияи рўзи 3-юми феврал масъаларо ба шеваи ѓайримуќаррарї баррасї карда, ќабули таѓйиротро мавќуф гузошт. Ин њам дар њоле, ки рўзи 2-юми феврал Маљлиси намояндагон бо пахши як хабари расмї аз мавќеъи баръакс иттилоъ пањн карда буд. Шояд њамин буд, ки коршиносон соња њадс заданд: тасмим дар Дастгоњи иљроияи Президент гирифта шудааст, ки аз вокуниши сињати Роњбари нави Дастгоњи иљроия Озода Рањмон ва Ёвари Президент оид ба масъалањои иљтимої ва робита ба љомеа Абдуљаббор Рањмон далолат мекунад. Чї њам набуд, парлумон нигаронии њукумат ва љомеаи шањрвандии кишварро ба инобат гирифта, муќаррар кард, ки гуруњи кории парлумон зери роњбарии муовини Раиси МН Абдуљаббор Азизї масъаларо бо намояндањои ваколатдори љомеаи журналистї баррасї карда, роњњали мушкилотро ёбанд.
ПЕШНИЊОДИ ЖУРНАЛИСТОН Чор созмони журналистї: ИЖТ, Шўрои ВАО, АМРМТ ва "Хома" бо баргузории њамоише тањлили лоињаи ќонуни соњавиро тањия карда, ба парлумон ироа намуданд. Ќарор аст, ки њамин рўзњо он ба парлумон пешнињод гардад. Мухтасари ин пешнињод, ки зимни тањияи он асос маъкулаи "аз доираи пешнињоди Вазорати фарњанг берун нарафтан" буд, чунин аст: Таѓйирот зарур нест, аммо агар њатмист, пас бояд чунин бошад: "Агар дар муњлати муайяншуда ќонуншиканињое, ки асоси баровардани амри хаттї ё огоњиномаи хаттї гаштаанд, бартараф карда нашаванд, Прокурори генералии ЉТ ё прокурорњои тобеи ў ё маќоми ваколатдори бањисобгирии ВАО њуќуќ дорад ба суд бо аризаи даъвогї дар хусуси боздоштани фаъолияти ВАО мурољиат намояд". Инчунин созмонњои журналистї бо истифода аз фурсат пешнињод кардаанд, ки "Меъёрњои ахлоќии фаъолияти журналистї дар Тољикистон", ки моњиятан ва амалан институти худтанзимкунии фаъолияти ВАО мебошад, тариќи ворид сохтани таѓйирот ба сархати 4-уми моддаи 29 хусусияти њатмиро гирад. "Нигоњ" дар баробари ин пешнињодот мавќеи хоса дошт, ки баёни оммавии онро бинобар содоќати њайати эљодии нашрия ба принсипи шаффофияти фаъолият зарур медонем. Умедворем, њамкасбони гиромї, ки амали моро хуш мепазиранд ё њадди аќќал дар доираи фарњанги чандандешї ба он бархўрд мекунанд.
“НИГОЊ”, ЧОРШАНБЕ №45 (478), 10. 02. 2016
3
ДАРМОН БАРОИ "ЧАШМУ ГЎШИ ХАЛЌ" Ё кадом таѓйирот дар ќонунгузории љории соњавї бенињоят заруранд, вале Њукумати кишвар ва вакилони Маљлиси Олии Љумњурии Тољикистон ба дарки онњо њанўз нарасидаанд? МАВЌЕЪИ ХОСИ "НИГОЊ" Шўрои муњаррирони нашрия бар ин аст, ки ворид кардани чунин таѓйирот ба ќонуни амалкунанда такрори моњияти ќонунгузории мавчуда дар бораи прокуратура буда, амалан љонибдорї аз "феодализми соњавї" ва гунаи ќаноатманд кардани "иштињои бюрократї" мебошад. Ба масал он "њам гўсфандон сињат бошанду њам гургон сер" аст. Аммо мо бар онем, ки чунин бархўрд сињат нест. Чунин амалкард эътироф накардани институти нотисфикатсия - таљрибаи љории љањонї дар бањисобгирии матбуот буда, хилофи фалсафа ва њарфи ќонуни љории матбуоти миллї мебошад. "Нигоњ" ба њайси як институти фаъоли љомеаи шањрвандї наметавонад ба ин тартиб созишкорї кунад, чун сухан аз арзишњо, ќонун ва манофеи милливу давлатї меравад. Мо посбони арзишњо ва ќонуният њастем. Моро ба серии гургон коре набуду нест. Њамчунон, ки гўсфанд набудему нахоњем шуд. Мо бо зуњуроти мухталифи "феодализми соњавї" созиш карда наметавонем. Намехоњем! Таѓйирот ба ќонунгузории љорї, хоса дар тарњи мањдудкунанда шарт нест ва он њич мушкили љомеаву њукуматро њал карда наметавонад. Ќонунгузории матбуоти Муѓулистон аз 4 модда ва 6 љумла иборат аст, ки барои фаъолияти озоди беш аз 200 рўзномаву маљалла, 43 шабакаи радио ва 36 телевизиони миллї шароит фароњам овардааст. Њар ноњияи ин мамлакатро соњиби 5-6 расонаи касбї кардааст. Иќтисоди мо - тољикон аз иќтисоди муѓулњо 2,5-2,7 маротиба заъифтар аст, аммо чаро бояд бозори расонаиямонро 20 -25 маротиба аз муѓулњо заъифтар кунем? Барои амбитсияњои чанд мансабдор? Њич зарурат надорад. Баъди 5 -6 сол аз онњо касе ёд њам нахоњад кард, аммо институтњои демократиро њифз кардан барои рушди миллї шарт аст. Пешнињоди хусусияти ќонунї додан ба "Меъёрњои ахлоќии фаъолияти журналистї дар Тољикистон", ки тавре болотар ишора кардем, институти худтанзимкунии фаъолияти журналистї буда, минљумла ба њалли то судии бањсњу ќазияњои равона шудааст, ќобили ќабул нест. Зеро барои побарљо шудани ин институт 56 сол, зањмати дањњо сарсупурдаи журналистика ва садњо њазор доллари ИМА кўмаки Иттињоди Аврупо ва дигар донорњо зарур буд. "Нигоњ", ки бо њама гуна зуњуроти сонсур, минљумла худсонсурї муќобилат мекунад, онро барои нокифоя будан ва маблаѓгузории хориљияш чанд сол эътироф намекард. Бо комил
шудани худи Меъёрњо ва шевањои идораи он, мо се сол зиёдтар аст, ки онро эътироф ва софдилона татбиќ мекунем. Аммо хусусияти ќонунї бахшидан ба Меъёрњоро бекор кардани институти худтанзимкунї дониста, бењурматї ба љомеаи журналистии љањонї ва андозсупорандагони аврупої медонем. Онњое, ки мехоњанд, ин институтро бекор кунанд, бояд њадди аќќал маблаѓњое, ки созмонњои журналистї аз аврупоёин гирифтаанд, баргардонанд. Акси њол бадахлоќї мебуд. Оё мешавад, аз бадахлоќї кор гирифта, дар молњои зењниии миллиямон талаби риояи Меъёрњои алоќиро кунем? Магар дуздеро намемонем, ки ба фарзандаш мегўяд: "Писарам, дуздї накун!"?. Агар на, пас ворид сохтани ин таѓйирот ба ќонунгузорї низ салоњи кор нест. Дар баробари ин, "Нигоњ" бар он аст, ки таѓйирот ба ќонуни амалкунанда зарур аст.
ЧОР ТАЃЙИРОТИ ЊАЁТАН МУЊИМ Таѓйироти ба манфиати матбуоти миллї ва њифзи амнияти иттилотии Тољикистон равона шуда, ки муњимтарини онњо аз назари мо инњоянд: 1. Барњам задани низоми мављудаи бањисобгирии ВАО- и чопї, хоса дар бахши таъини муњлати иљозатномањо аз љониби Вазорати фарњанг, ки талаботи зиддиќонунї аст. Воќеъият ин аст, ки Вазорати номбурда ба як ВАО муњлати иљозатномаро барои ду солу барои дигарї барои панљ сол медињад. Ин меъёр "душохаи фасод" буда, далел аз фасоднокии худи ќонун аст. Ќонуни хуб набояд барои фасодкорон имкон фароњам дорад. Аз љониби дигар, Тољикистон ба њадде давлати ќавї шудааст, ки њама гуна бањисобгириро бе робитаи мурољиаткунанда бо мансабдор љорї намояд. Робитае, ки маъмулан ба фасод мебарад; 2. Ќонунгузор бояд таъсиси ВАО аз љониби шањрвандони хориљї ва шањрвандони бе табааро комил гардонад. Сањми онњоро дар ВАО бо 20-25 % мањдуд сохта, таъсиси ожонсњои иттилотиро барои онњо манъ созад. Њамчунин шањрвандони хориљї набояд сармуњаррир ё муњаррири масъули ВАО -и миллї бошанд. Ќонунгузор бояд соњаи телевизион ва радиошунавонии миллиро соњаи стратегї эълон карда, ширкати хориљиён дар онро танзим намояд. Ин таљрибаи байнулмиллалї аст ва бо назардошти вазъи имрўзаи љањон шарти њифзи амнияти иттилоотї ва рушди матбуоти миллї гаштааст. Њамчунин мањдудсозї дар ИМА, Олмон, Њиндустон, Русия, Ќазоќистон ва Чин амал мекунанд. Мо, ки аз ИМА-ву Њинду Чин зўртар нестем;
3. Дастгирии молии давлатї, ки моддаи 5-и ќонуни амалкунанда пешбинї намудаасту амалан танњо дар баробари расонањои њукуматї пиёда мешавад, бояд бознигарї шавад. Механизми дастгирии молї возењу равшан навишта шуда, маќоми амаликунандаи он - Комиссияи њукуматї ё маќоми дигар дар ќонунгузорї дарљ гардад. Давлати ќавии миллї набояд миёни "Нигоњ"-у "Љумњурият", "Фараж"-у "Адабиёт ва санъат" тафриќа андозад. Якеро маблаѓгузорї кунаду дигареро пайваста тафтишу танзим. Бозбинии сиёсати дастгирии молии ВАО њатман ба бознигарии сиёсати телевизионњои давлатї ва мутмаинем ислоњоти сохторї оварда мерасонад, ки бинобар набудани раќобат аз телевизионњои кишварњои њамсоя хеле аќибмонда ба назар мерасанд. Примитив менамоянд; 4. Забони давлатии тољикї бояд дар њудуди Тољикистон ќонунан забони реклом гардад. Забони рекломи имрўза ба истилоњи донишманди фарњехта Умеди Љайњонї, рўзбакї асту русї. "Продаётсия"- ву "продаюся"-е, ки њар рўз аъзои њукумат ва вакилони парлумон бо он дар маркази фарњангии тољикон -Душанбе вомехўранд, адами сиёсати њифзи забони давлатї дар муњити расонаї аст. Дар беш аз 200 ширкати ватанї, ки мустаќиман ё ѓайримустаќим дар бозори 15-18 миллиондоллараи рекломи Тољикистон (бањои коршиноси шинохта Шералї Љўрабоев) ягон забоншинос ё шарќшинос кор намекунад. Њамчунин зарурат нест. Барои КВД -и "Самбуса" касе муљозот намешавад. Бо љорї кардани меъёри њатмии 70 -80 % њаљми реклом ба забони давлатї дар ВАО заминаи молии рушди забони давлатї фароњам омада, наќшу љойгоњи Њукумати феълии Тољикистонро дар рушди забони реклом ба телевизиони афѓонистонии "Тулўъ" наздик мешавад. Албатта, таѓйроти дигаре њам њастанд, ки бозори ВАО- и кишварро тадриљан дигар карда, муњити расонаиро сифатан нав ва ба талаботи замона љавобгў мекунанд. Ормонњои миллии моро дар ин соњаи муњим бароварда мекунанд. Аммо ин чањор самтро "Нигоњ" афзалиятнок мењисобад. Мо, мањз њамин гуна таѓйиротро дармон барои "чашму гўши халќ" (ибораи Эмомалї Рањмон) медонем. Омодаем, ки њар як пешнињодамонро ба тафсил асоснок сохта, ба гуруњи кории парлумон ва масъулини Дастгоњи иљроияи Президент пешкаш созем. Зеро мо ба он боварем, ки ин масоил аз мушкилоти миллии мо њастанд ва табиист, ки мушкилоти миллї кўшишу талошњои миллиро таќозо мекунанд. "Нигоњ"
САДОИ МАРДУМ
57%: ЊУКУМАТИ ФЕЪЛЇ АФКОРИ ЉАМЪИЯТИРО БА ИНОБАТ НАМЕГИРАД Аксарияти пурсидашудагони як назарпурсї бовар доранд, ки Њукумати феълии Тољикистон афкори љамъиятиро ба инобат намегирад. Дар ин назарпурсї, ки тањти унвони "Ба андешаи Шумо њукумати феълии Тољикистон афкори љамъиятиро ба инобат мегирад?"баргузор шуд, 57 дарсад гузинаи "Ќатъиян не! Њатто ягон маркази назарсанљї надорад"-ро интихоб кардаанд. 26% гуфтаанд, дар таљриба надидаанд, ки Њукумати феълї афкори љамъиятиро ба инобат гирифта бошад. Аммо бар хилофи назари респондендони
мазкур, 8 дарсад бовар доранд, ки Њукумати феълї афкори љамъиятиро ба инобат мегирад, зеро "бе ин давлатдорї намешавад." 4 дарсади иштирокчиён муътаќиданд, ки Њукумат дар ваќти тасмим гирифтан баъзан афкори љомеаро ба инобат мегирад. 5 фоизи респондендон изњор доштаанд, ки дар ин бора чизе намедонанд. Ин назарпурсї аз 3-юми феврал то 9уми феврали соли 2016 бо супориши њафтаномаи "Нигоњ" дар сомонаи Ољонсии иттилоотии "TojNews" гузаронида шуда, дар он 774 нафар ширкат кардааст.
Суоли навбатї: Оё ба референдум баровардани маќоми Фаромарзи ФОЗИЛ худмухтории вилояти Бадахшон зарур медонед?
4
“НИГОЊ”, ЧОРШАНБЕ №45 (478), 10. 02. 2016
"ПАЗИРОИИ ДИПЛОМАТЇ" 4-уми феврал тахминан соати 9:20 дар мањалли љойгиршавии идораи хабаргузории TojNews њафтаномаи "Нигоњ" нерўи барќ мурд. Дар мањаллаи мо мурдани нерўи барќ, ки њамагї чандсад метр дуртар аз ќароргоњ ё манзили Президенти Тољикистон, дар ќалби Душанбе љой дорад, як амали маъмулї аст. Хомўш шудани нерўи барќ азмамро барои ширкат дар нишасти хабарии Сирољиддин Аслов, вазири корњои хориљии Тољикистон ќавитар кард. То ин ваќт барои рафтан ба нишасти љаноби вазир дудила будам. Њатто тибќи мувофиќаи пешакї исми ду њамкорам барои иштирок дар нишасти вазир номнавис шуда буданд. Нишасти хабарии вазир соати 10:00 оѓоз мешавад, бояд то ин замон худамро ба бинои вазорат расонам. Ваќте ба бинои вазорат наздик шудам, дарњои калони бинои вазорати корњои хориљї боз буданду якчанд мошини марбут ба намояндагињои хориљї дар назди он ќарор доштанд. Маълум буд, ки кормандони вазорат мењмононеро аз корпусњои дипломатї ќабул мекарданд. Аз дари пас њамроњи чанд рўзноманигор вориди бино шудам. Чанд бону ва як корманди милиса дар назди дар рўзноманигоронро ќабул мекарданд. Баробари аз дар ворид шудан бонуњо бо чењраи боз њатто њар як рўзноманигорро бо исмаш ном гирифта, аз ќайд мегузаронанд. Воќеан, бароям хеле хуш буд, ќариб њама хабарнигоронро мешиносанд. Гузашта аз ин, муносибати корманди милиса, ки асбобњои наворбардориро аз назар мегузаронд, аз бонуњои пурлутф камї надошт. Одатан ба муносибати даѓал ва бепарпоёнаи корманди милиса, ки посбони дари дигар идорањо низ мебошанд, одат карда будем. Чунин ба назар мерасид, милисаи њозир бо таъсири дипломатњо хеле муаддабона рафтор мекард. Намешавад, њамаи инро нодида гирифт... Њар чанд нафар хабарнигорро бонуе то толори нишаст роњнамої мекард. Њама бо усули дипломатї. Њатто ваќте дар толор бо телефони њамроњ суњбат мекардам, як љавон зоњиран њамсину соли худам, бо табассум менигарист. Ваќте суњбатро тамом кардам, ба вараќае ишора кард, ки дар гўшаи девор бо аломати суњбат бо телефони њамроњ манъ аст, насб шуда буд. Љавон чунин рафторе мекард, ки аз "беодобиат" шарм дорї. Воќеан, барои телефонро ба бино даровардан, танњо бо шарти навор ва акс гирифтан аз рафти нишаст иљозат дода буданд... НИШАСТИ ХАБАРЇ НЕ, МАЪРАКАИ МУЊИМ! Дар назди даромадгоњ ва дохили толор низ журналистонро гуруњи калони масъулини вазорат пешвоз мегирифтанд. Нишасти хабарї ба як маъракаи муњим дар вазорат монанд буд. Аз хабарнигорон хоњиш карда мешуд, ки дар ќатори 2,3 ва 4-ум нишинанд. Ќатори аввал барои масъулини вазорат дар ќаторњои баъдї намояндагони корпусњои дипломатї менишастанд. Конфронси вазир бо њузури намояндагони корпусњои дипломатии маќими Душанбе баргузор шуд. Дар ин миён сафири Русия дар Тољикистонро низ дидан мумкин буд. Дар толор се овеза барои намоиш гузошта буданд. Рањбарони раёсату дигар масъулини вазорат бо намояндагони корпусњои дипломатї дар толор њозир буданд. Дар минбар ду курсї гузошта шуда буд. Вазир њам бо гузашти 10 даќиќа аз ваќти муайяншуда ба толор ворид шуд. Давоми 5 соли охир шояд анќариб дар њамаи нишастњои хабарии вазири корњои хориљии Тољикистон, чї дар замони Њамрохон Зарифї ва чї дар замони Аслов (дуюмин нишасти хабариаш аст) ширкат карда будам. Аммо ин нишаст бо тамоми шукўњи пешвозгириву истиќбол ва сатњи ташкилиаш аз гузаштањо хеле фарќ мекард. Дар минбар вазир ва муовини сардори департаменти иттилоот ва тањлили вазорат љой гирифтанд. Ба фарќ аз нишастњои хабарии дигар нињодњо дар пањлуи вазир барои намояндаи Дастгоњи иљроияи Президент љой набуд. Ба гуфте њама аз рўи наќша пеш мерафт, ба љуз ин ки Мањмадшариф Њаќдодов, ки ба тозагї муовини вазир таъин шуд, баъди оѓози нишаст, пас аз вазир вориди толор шуд. ЉУМЛАЕ, КИ "МАНСАБДОРИ ЊУКУМАТЇ" БУДАНИ АСЛОВРО НИШОН ДОД Сирољиддин Аслов, вазири корњои хориљии Тољикистон суханашро бо мурољиат
ГУЗОРИШИ РЎЗ
Сирољиддин АСЛОВ: "ДАР РУСИЯ ФАЌАТ ПРОБЛЕМАЊОИ МУЊОЉИРОНИ МЕЊНАТИИ ТОЉИКОН АСТУ ХАЛОС?" Вазири корњои хориљии Тољикистон нишасти матбуотиашро бо суол љамъбаст кард. Хабарнигори "Нигоњ" њам пас аз ин пурсиш аз ў як суоли муњимро пурсиданї буд...
ба намояндагони расонањо ва корпусњои дипломатї шурўъ карда, њамагиро хайрамаќдам гуфт. Љумлаи баъдии вазир дар бораи вазъи љањони имрўз буд, ки дар пайи нооромї дар гўшањои олам ба вуљуд омада, вазир шиддатёбии буњрони иќтисодї соли 2015-ро барои кишварњои олам "соли душвор" номид. Аммо љумлаи сеюм ба мисли њар як мансабдори њукуматї садо: "Аммо сарфи назар аз њамаи ин кишвари мо тањти роњбарии хирадмандонаи Президенти Љумњурии Тољикистон, Пешвои миллат, муњтарам Эмомалї Рањмон тавонист бо њифзи суботу оромиш ва ризояти миллї барномаву наќшањои худро амалї сохта, ба натиљањои назаррасе дар заминањои рушди иљтимої ва робитањои байналмилалї ноил гардад". Вазир бори дигар таъкид ба он кард, ки сиёсати дарњои бози Тољикистон бењтарин равиш аст. Аслом соли 2015-ро барои сиёсати хориљии Тољикистон соли бобарор донист. Дар ин сол Эмомалї Рањмон 14 сафари хориљї доштааст, ки аз он 12-тоаш сафари корї, як сафари расмї ва як сафари давлатї мебошад. Аз ин миён Эмомалї Рањмон 4 бор ба Русия рафтааст. Њар сухани вазир ба таври онлайн дар экран бо се забон: тољикї, русї ва инглисї намоиш дода мешуд. Дар пањлўям рўзноманигор Исфандиёри Одина менишаст, ки аз њомиёни сарсахти забни форсї-тољикист. Ќариб нукта ба нукта навиштањоро пайгирї мекард, танњо як ѓалатро аз навиштањо пайдо кард, он њам "ташаббус" дар як љумла бо як "б" навишта шудааст. Исфандиёри Одина ба тољикидонии кормандони вазорат нисбат ба дигар нињодњо бањои баланд медод... Вазир суњбаташро дар бораи њамкорињо бо кишварњои хориљї аз Русия оѓоз кард. Гуфт, ки дар муносиботи хориљии мо Русия мавќеъи хоса дорад. Аз "рушди бемайлон"и њамкорињо бо Маскав сифат кард. Њамчунин, аз густариши равобит бо Ќазоќистон, Ќирѓизистон, Туркманистон ёд кард. Дар бораи Ўзбакистон гуфт, ки дар ин сол муносибот "такони тоза"-е касб карда, њавасмандии љониби Тољикистонро барои тавсеаи раванди муносибот эълон дошт. Аз тавсеаи муносибот бо Белорус ва дигар кишварњои ИДМ низ дар як љумла ёд кард. Суњбати вазир аз ИДМ ба кишварњои Аврупо ва Амрико кўч баст. ИМА-ро аз шарикони боэътимоди Тољикистон номид. Баъдан, аз њамкорињо бо Иттињоди Аврупо ва кишварњои ѓарб як-як њарф зад. Баъд аз Аврупо вазир дар бораи муносибот бо кишварњои минтаќаи Осиё ва Африќо суњбатро оѓоз кард. Аз чанд кишвар ба унвони кишварњои калидї ва шарикони анъанавї ёд карда, аз муносибот бо онњо мухтасар њарф зад. Аз љумла аз муносибот бо Чин, Афѓонистон, Њиндустон, Љопон, Покистон, Эрон ва кишварњои Ховари Миёна чанд љумлаї сифат кард. Аммо аљиб буд, ки вазир аз њам-
корињо бо Туркия умуман чизе нагуфт. Дар зењнам як суол дар бораи муносибот бо Русия доштам, суоли дигар њам пайдо шуд. Магар њодисањои охир боис ба коњиши фењрести дўстони хориљии Тољикистон шудааст, ки вазир умуман аз муносибот бо Туркия сухан накард? Дар њоле, ки Туркия аз шарикони муњими тиљоратии Тољикистон мебошад. Њисоботи вазир дар бораи њамкорињо бо созмонњои хориљї идома дошт. Ба фарќ аз дигар нишастњои хабарї, ки агар њисобот дароз шавад, журналистон садо баланд мекунанд, дар ин љо њама хомўшона гўшу њуш буданд. Яќинан, ин ба он хотир буд, ки хориљињо низ дар нишаст њузур доштанд. Вазир дар интињои њисоботи тулониаш соли 2015 барои вазораташ соли таърихї донист, чун дар ин сол Консепсияи сиёсати хориљї ќабул шудааст, инчунин фармони Президент дар бораи таъмини татбиќи сиёсати ягонаи хориљии Тољикистон ќабул гардид. ТАРЉУМАИ ШИРИНИ "СУДИ ОЛЇ" Суоли нахуст дар бораи бањси Тењрону Душанбе буд. Њарфњои вазирро дар бораи муносибот бо Эрон бо як љумла њам мешавад хулоса кард: мо ягон мушкил надорем, агар Муњиддин Кабирї дар њамоише дар Тењрон ширкат намекард. Вазир гуфт, ки "ваќте дар бораи мубориња алайњи ифротгароиву терроризм сухан мегўем, бояд стандартњои дугона вуљуд надошта бошад. Њамаи амалњои мо шаффоф бошанд...". Зимнан, ваќте вазир дар бораи њодисањои моњи сентябр суњбат мекард, аз Суди Олї ба унвони Додгоњи Миллї ном мебурд, ки хеле ширин садо медод... Аслов изњори умед кард, ки "минбаъд кишвари бо мо дўсту бародар дар як самти тарозу манфиати як террорист ва њизби ифротгароро намемонаду дар самти дигари тарозу манфиати як миллати бародар ва миллати расмиро намемонад". Таъкид дошт, ки як нафар монеъи дўстиву бародарии мо шуда наметавонад. Дар бораи амалиётњои низомии Русия дар Сурия љаноби вазир бо пўштибонї аз мавќеъи Маскав њарф зад, ки њамааш дар чањорчўби ќонунњои байналмилалист. Вазир таъкид дошт, ки амалиёти Русия бо дархости њукумати расмии Сурия сурат гирифтааст, ки назари мо мусбат аст... Вазир дар бораи ихтилофот дар музокироти сулњи Сурия ба ин назар аст, ки наќши аъзоёни доимии Шўрои амнияти СММ нињоят муњим аст. "Албатта яке аз ин кишварњо Русия мебошад, барои њамин роли Русия бенињоят муњимм аст". Даќиќан аз њамин ваќт барои суол додан даст мебардоштаму аммо сарфи назар мешуд. Нишасти вазир наздик ба ду соат идома ёфту анљомашро эълон карданд. Аммо дастамро поин накардам, садо баланд
кардам, ки "як суол" билохира вазир иљозат дод, ки суол дињам. САВОЛЕ, КИ АСЛОВ .... ФАРОМЎШ КАРД Њамон шабу рўз Анатолий Антонов, муовини вазири дифоъи Русия ба Душанбе омада буд. Ў бо маќомоти тољик дар бораи кўмак ба артиши Тољикистон њарф задааст. Суоли ман њам аз вазир чунин буд: "Љаноби вазир, Шумо аз Русия ба љуз ин, ки шарики стратегї аст, гуфтед, ки дар сиёсати хориљии Тољикистон аз аввлавиятњо бархурдор аст. Аммо се сол аст, ки русњо аз кўмаки низомї ба артиши Тољикистон њарф мезананду дар амал татбиќ намешавад. Бахусус, баъди имзои созишномаи тамдиди њузури пойгоњи 201-и Русия дар Тољикистон эълон шуд, ки Русия ба артиши мо ба маблаѓи 200 миллион доллар кўмак мекунад ва њузури муњољиронро сода мекунад. Аммо чаро то њол дар сатњи њарф боќї мондааст?" Албатта, зимни ироаи суол сафири Русия низ дар толор нишаста буд, садо додани ин суол нигоњњое ба сўи ман дўхта шуданд. Посухи вазир: "Ман ба ин нуќтаи назар розї нестам, ки фаќат дар сатњи гап вуљуд дорад. Дар њаќиќат Русия шарики стратегии мо аст. Дар масъалањои низомї ва њифзи сарњад, мубориза алайњи терроризм, сепаратизм (намедонам љаноб кадом сепаратизмро дар назар дошт - А.А.) мо бо Русия њамкории хуб дорем... Албатта, аксари ин кўмакњоро на дар сатњи дуљониба, њатто дар чањорчўбаи Созмони ањдномаи амнияти дастаљамъї ва дигар созмонњо мегирем..." Вазир аз њамкорињо бо Русия сифат мекарду њеч бовар надоштам, ки аз Аслов чунин посух мегирам. Оњанги посух аз тасвир берун буд, дипломати таљрибадор њатто ба эњсосот дода шуд. Хулас, вазир гуфт, ки мо аз Русия кўмак мегирем... Оњиста нидо баровард, ки дуюм суол чи буд? Гуфтам, њузури муњољирон сода нашуд... Вазир: "њузури... њузури... як чиро бояд ќайд кард, ки шумо журналистед, бубинед, ки муносибат пеш аз њама бо тољикон чї шуд дар Русия. Барои чї шумо њаминро наменависед, ки 10 сол пеш чї буд 5 сол пеш чї буд ва имрўз чист? Хай насибаш будаст, як тифли гўем панљмоњаи тољик гузашт, аксарияти љамъиятчиёни Русия барои љонибдории фарзанди тољик хестанд... Шумо фикр мекунед, ки дар Русия фаќат проблемањои муњољирони мењнатии тољикон асту халос?" Вазир идома медоду танњо як суол маро гиљ мекард, ки бояд медодам: Љаноби Аслов, Шумо чиновники таъиншуда аз Кремл њастед, ё вазири давлати Тољикистон?
Абдуазими АБДУВАЊЊОБ
НОМА БА ПРЕЗИДЕНТ
“НИГОЊ”, ЧОРШАНБЕ №45 (478), 10. 02. 2016
5
Муњтарам, Љаноби Олї! Кафили њуќуќњои мо - шањрвандони кишвар! Бањси судии оилаи мо - Азизовњо бо "Тољиксодиротбонк" аз соли 2013 оѓоз шуд. Ин ќазия мавзуи тадќиќоти журналистии нашрияи "Нигоњ" гашт. Асли ин ќазия пурпечутоб дар њафтанома тањти унвони "Тилисми Тољиксодиротбонк" бозтоб ёфту билохира, моњи октябри соли 2014 Суди Олии иќтисодии Тољикистон ба он нуќта гузошт. Њадди аќќал он замон фикр мекардем, ки нуќта гузошта шуду бањси чор манзили мо њалли худро ёфт. БАЊСИ ЧОР МАНЗИЛ Бо Ќарори марњиллаи кассатсионии Суди Олии иќтисодї аз 8-уми октябри соли 2014 "Тољиксодиротбонк" ўњдадор шуд, ки њуљљатњои манзилњои истиќоматии мо шањрвандон Ќ.Азизов, М.Искандаров ва А.Искандаровро, баргардонад. Сухан дар бораи њуљљатњои чањор манзил дар шањри Душанбе ва як бинои ошхона дар ноњияи Варзоб меравад. Амволи номбурда дар гарави "Тољиксодиротбонк" буданд, ки бо ќарори мазкури суд шартномаи гарави онњо ѓайриќонунї дониста шуда, бекор гашт. Тибќи ќарори мазкур њуљљатњои манзилњои истиќоматї воќеъ дар ш.Душанбе кўчаи Рўдакї 178 њуљраи 3, ш.Душанбе кўчаи Рўдакї 131 њуљраи 3, ш.Душанбе кўчаи Бохтар 65\2 њуљрањои 21 ва 22, манзили истиќоматї воќеъ дар ш.Душанбе кўчаи Н.Мухаммад-4 "а" њуљраи 69 ва нуќтаи хўроки миллї, воќеъ дар ноњияи Варзоб, љамоати дењоти Варзобќалъа, дењаи Зимчуруд, ки дар нигоњдории ЉСК "Тољиксодиротбонк" дар н.Ёвон мебошанд, ба Азизов Ќамарулзамон Астанович, Искандаров Азиз Ќурбонович ва Искандаров Мењрубон Ќурбонович, бояд баргардонида шаванд. Ќарор аз рўзи ќабулаш эътибори ќонуниро пайдо кардааст. Дар асоси ќарори мазкур барои баргардондани њуљљатњо ба мо вараќаи иљро дода шуд. Зуд ба таври хаттї ба филиали ЉСК "Тољиксодиротбонк" дар н.Ёвон мурољиат намудем. Зеро њуљљати манзилњо мањз дар ин филиал ба гарав гузошта шуда буд. Посух филиал ин буд, ки њуљљатњо дар дар сарбонки ЉСК "Точиксодиротбонк" дар шањри Душанбе нигоњ дошта мешаванд. Барои баргардондани њуљљатњо мурољиатњои хаттиамон ба роњбарияти "Тољиксодиротбонк" бидуни натиља анљомид, њатто посух њам надоданд. ШИКОЯТНАВИСИИ БЕБАРОРИ БАНК Зимнан, баъди тасвиби ќарори мазкур ЉСК "Тољиксодиротбонк" нисбат ба санади мазкур ба Суди Олии Иќтисодї бо шикояти назоратии навбатї мурољиат кард. Суди Олии иќтисодї бо Таъиноти тањти №15/01 аз 05.01.2015 шикояти бонкро рад кард. Дар бонк ба хубї дарк карданд, ки адолати судї ба нафъи онњо нест. Боз њам њуљљатњои хонањоро надоданд. Моњи январи соли 2015 барои иљроиши ќарор ба Суди Олии иќтисодї шикоят бурдем, ки дар натиља "Тољиксодиротбонк" барои саркашї аз супордани њуљљати манзилњо 26-уми январи њамон сол љарима шуд. Аммо дар марњилаи кассатсионии Суди Олии иќтисодї 18-уми феврали 2015 ин љарима ба муњлат иваз шуд. Бо таъиноти Суди Олии иќтисодї "Тољиксодиротбонк" уњдадор шуд, ки дар давроми 10 рўз, яъне то 28-уми феврали 2015 ќарори 8-уми октябри 2014-ро иљро кунад. Аммо бонк њамоно шикояти назоратї менавишту Суди Олии иќтисодї рад мекард. Дар моњи апрели соли гузашта низ шикояти бонк рад шуд. Дар ин баробар ба аризањои хаттии мо низ аз 16.10.2014, 25.11.2014 ва 20.02.2015 њеч посухи мусбате набуд.
НОПИСАНДИИ "ТОЉИКСОДИРОТБОНК" Ё чаро Суди Олии иќтисодї аз ќонун њифз карда наметавонад? ДУ БАЊОНА Мутасаддиёни бонк барои барнагардондани њуљљатњо ду бањона пеш меоварданд: Якум, мегуфтанд, ки шикояти назаротї бурдаанд. Дар њоле, ки тамоми шикоятњои назоратиашон рад шуда, барои боздошти иљроиши санади судї таъиноте вуљуд надошт; Дуюм, мегуфтанд, ки аз љониби Прокуратураи генералї вобаста ба аризаашон санљиш оѓоз шудааст. Вале ин санљиш барои боздошти иљроиши санади судї бањона шуда наметавонад. Такрор њам шавад, таъкид карданием, ки барои боздошти иљроиши санади судии мо ягон асоси ќонунї вуљуд надорад. Асос барои чунин рафтор танњо хоњиши рањбарияти бонк буд, ки аз иљроиши санади судї саркашї мекард. ЉИНОЯТ ЊАСТ, ЉАВОБГАР НЕ... Нисбат ба ин ќазия ва саркашии рањбарияти бонк ба унвонии рањбари Агентии назорати давлатии молиявї ва мубориза бо коррупсия мурољиат кардем. Пас аз гузарондани санљиш аризаи мо боз ба Прокуратураи генералї ирсол шуд. Бо гузашти муддатњо то њол аз тарафи Прокуратураи генералї на чорае дида шудаасту на ба муаллифи ариза хабаре додаанд. Чанд бор њам аз худ суол кардем, ки шояд Прокуратураи генералї бахши њуќуќии "Тољиксодиротбонк" шуда бошад? ... Ин њама дар њоле, ки мутобиќи моддаи 16-и Кодекси мурофиавии иќтисодии Љумњурии Тољикистон, иљроиши санадњое суди иќтисодие, ки эътибори ќонунї пайдо кардаанд, барои њамаи маќомоти њокимияти давлатї, дигар маќомот, ташкилот, шахсони мансабдор ва шањрвандон њатмї мебошад ва дар тамоми ќаламрави Љумњурии Тољикистон бояд иљро карда шаванд. Иљро накардани санадњои судї, њамчунин иљро накардани талаботи судњои иќтисодї боис ба љавобгарие мегардад, ки дар Кодекси мазкур ва дигар ќонунњо муќаррар шудааст. Њамчунин, мутобиќи моддаи 4-и Ќонуни Љумњурии Тољикистон "Дар бораи истењсолоти иљро", иљрои санадњои судие, ки ќарздорро барои содир намудани амалњои муайян (худдорї намудан аз содир намудани амалњои муайян) ўњдадор менамояд, аз чониби судњо бо тартиби муќарарнамудаи ќонунгузории мурофиавии
гражданї, мурофиавии иќтисодї ва Ќонуни мазкур амалї карда мешавад. Тибќи ин талаботи ќонун Ќарори кассатсионї бояд аз тарафи суд ба иљро расонида шавад. Дар асоси Кодекси мурофиавии иќтисодии Љумњурии Тољикистон пас аз огоњ кардани љавобгар вобаста ба иљрои санади санади аз тарафи суд бояд оид ба љавобгарии љинояти кашидани љавобгар чорањо андешида шавад. Мутобиќи моддаи 363-и Кодекси љиноятии Љумњурии Тољикистон, њукм, њалнома ё санади дигари эътибори ќонунї пайдонамудаи судро ќасдан иљро накардани намояндаи њокимият, хизматчии давлатии хизматчии маќоми худидораи мањаллї, инчунин хизматчии муассисаи давлатї, ташкилоти тиљоратї ё дигар ташкилот, инчунин ба иљрои онњо монеъ шудан, љавобгарии љиноятї пешбини гардидааст. Љинояти мазкур аз лањзаи дар мўњлати муќарраршуда иљро накардани њукму њалномањо ва санадњои дигари судї (баъд аз огоњии хаттї ва гузариши мўњлат) ба охиррасида њисоб мешавад. Баъд аз як солу чор моњ фањмидем, ки нишондодњои њама ин ќонунњо барои рањбарияти "Тољиксодиротбонк" њич будааст. Мо, ки љиноятро мебинем, аммо маќомот љинояткорро намеёбад. ЉАРИМА ЊАМ АСАР НАКАРД Баъди чанд мурољиати такрории мо Суди Олии иќтисодии Тољикистон бо таъинот аз 16-уми ноябри соли 2015 ЉСК "Тољиксодиротбонк" -ро барои иљро накардани ќарори суди кассатсионї аз 8уми октябри 2014 ба андозаи 20 нишондињанда барои њисобњо (800 сомонї) љаримабандї баст, ки бонк љаримаро пардохт кард. Аммо бонк санади судии мазкурро низ сарфи назар намуда, мисли пеш аз иљрои ќарори касатсионї саркашї мекунад. БЕЭЊТИРОМЇ БА ЌОНУН ВА СУД Мутобиќи Конститутсия (Сарќонун)и Љумњурии Тољикистон, Тољикистони азизи мо давлати соњибихтиёр, демократї, њуќуќбунёд, дунявї ва ягона мебошад. Њама дар назди ќонун ва суд баробаранд. Аммо хулоса ва таљрибаи андўхтаи мо аз ин ќазия ин аст, ки нафарони
тавоно ва дастдарозе чун рањбарони "Тољиксодиротбонк" метавонанд арзишњои раддаи аввали ќонуниро низ, ки аз Сарќонун маншаъ мегирад, сарфи назар кунанд. Бо ин амалњо онњо беэњтиромиашонро нисбат ба ќонунгузории Љумњурии Тољикистон ва Суди Олии иќтисодї ба намоиш гузоштаанд. Нишон медињанд, ки хоњишу иродаи онњо болотар аз адолати судї ќарор дорад. Албатта, ба иљро нарасонидани санади судї ва ё монеъ шудан ба санади судие, ки эътибори ќонунї пайдо кардааст, нодида гирифтани арзиш ва унсурњои умдаи љомеаи демократї, њуќуќбунёд ва ќонунмењвар мебошад, аммо зиёдтар аз ин баёнгўи табиати инсонњо ва роњбарон њам будааст. Роњбароне, ки дар баробари шањрвандон ва ќонун гузашт карда наметавонистаанд Аммо аламовараш он аст, ки ин гуна рафтор ба низоми судии кишвар, ба низоми иљрои љазо, рељаи ќонуният ва тартиботи њуќуќї бетаъсир буда наметавонад. Охир, сухан аз беэњтиромї ба Ќонуну Љомеа аст, на аз беэњтиромии бонкирњо аз мо, ки ниёзе ба њурмати онњо надорем. Воќеъан, мо эътироф мекунем, ки рањбарони "Тољиксодиротбонк" аз мо зўртар будаанд, аммо оё аз ќонуну суд њам? Наход Судии Олии иќтисодиву Прокуратураи генералї аз ќонун њимоят карда натавонанд? Чї сабаб шудааст, ки онњо саркашии бонкро нодида мегиранд? Чї нимкосае зери ин коса нињон аст? Бинобар ин, аз Шумо, Љаноби Олї, Асосгузори сулњу вањдати тољикон, Пешвои миллат эњтиромона хоњиш менамоем, ки ба ин ќазия дахолат намуда, санљиши ин њолатро ба зиммаи Ёвари Президенти Тољикистон оид ба масъалањои њуќуќї вогузор намоед. Ќ. АЗИЗОВ М. ИСКАНДАРОВ А. ИСКАНДАРОВ P S: Аз масъулони Дастгоњи иљроияи Президенти Тољикистон бо дилу љон эњтиромона хоњиш мекунем, ки номаи имдоди моро ба Суди иќтисодиву Прокуратураи генералї равон накунанд, ки як солу чор моњ баъд низ ќазия њал нахоњад шуд.
6
“НИГОЊ”, ЧОРШАНБЕ №45 (478), 10. 02. 2016
142 њазору ... км2
ЊАЙВОНИ НОДИР
ДАР МЎЪМИНОБОД
АРЗИШИ ШИКОРИ 1 БУЗИ МОРХЎР 40 000$
Соли гузашта се шикорчии хориљї барои сайди се бузи морхўри (пармашох) морхўр, ки њайвони нодири даштї мањсуб мешавад, иљозатнома дарёфт
карданд. Онњо барои шикори бузи пармашох дар мавзеи Даштиљуми ноњияи Шўрообод 40 њазор доллари амрикої пардохт кардаанд. Соли 2015 аз њисоби иљозатнома барои шикори се бузи пармашох 562 њазору 964 сомонї даромад њосил шуд. Ин нуктаро Шамсиддин Рањимов, сардори Раёсати њифзи муњити зисти вилояти Хатлон зимни нишасти матбуотї таъкид намуд. Ба гуфтаи ў, агар дар соли 1992 шумораи бузњои пармашохи морхўр дар Даштиљум ба 300 сар мерасид, тайи солњои охир ин теъдод афзоиш ёфта, њоло ба 1400 сар расидааст. "Соли 2016 тибќи наќша барои шикори танњо 5 бузи пармашох иљозат дода хоњад шуд", - афзуд Ш. Рањимов. АМИТ "Ховар
ФАБРИКАИ МУРЃПАРВАРЇ МУФЛИС ШУД Бузургтарин фабрикаи парандапарварии ноњияи Мўъминобод, ки соли 2011 аз сўи президент мавриди истифода ќарор гирифта буд, њамагїбаъди як соли фаъолият аз кор мондааст. Ин корхона барои истењсол ва ба бозор ворид кардани мањсулоташ аз "Фононбонк" 2 миллион сомонї ќарзи дарозмуддат гирифт, аммо ба далели ба фурўш нарафтани мањсулоташ муфлис шуд. Болои ин, фоизи ќарз 1,5 милион сомонии дигар ба ќарзњои фабрикаи
мурѓи Шўрообод зам кард ва онро аз пой даровард. Ин фабрика дар замони Шўравї 10 коргоњ дошт ва њатто корхонањои паррандапарварии Файзободро бо мурѓу тухм таъмин мекард. Баъди муфлисшавии фабрика соњибкорони эронї корхонаро тарк карданд, аммо соњибкори мањаллї Рањмулло Амонов, барои пас гардондани ќарзи ин корхона дар додгоњи иќтисодї бањс дорад. "Озодї"
СОЗИШИ ЉИНОЯТЇ
НАВРАСОН БА НАШЪАЉАЛЛОБОНИ АФЃОН ЊАМСИНФАШОНРО БА ГАРАВ МОНДААНД
Кумитаи давлатии амнияти миллии Тољикистон хабар додааст, ки Алишери Абдуњафиз, соли таваллудаш 1998, хонандаи синфи 11, мактаби тањсилоти миёнаи раќами 11-и дењаи Ёли ноњияи Шўрообод ва Рањималии Шариф, соли таваллуд 1997, донишљўи соли якуми Литсейи касбии хизмат ва туризм, зода ва истиќоматкунандагони дењаи Ёли љамоати ба номи Мањмудови ноњияи Шўрообод бар ивази маводи мухаддир рафиќ ва њамдењаашон Ањмадшоњ Шерови 18-соларо ба нашъаљаллобони афѓон ба гарав гузоштаанд. Кормандони Кумитаи давлатии амнияти миллї њарду наврасро боздошт карда, "тибќи нишондоди Рањималии Шариф
аз дохили пинњонгоњи махсус, воќеъ дар мавзеи "Дашти ришќа"-и дењаи Ёли ноњияи Шўрообод се халта маводи мухаддир бо 55 бастаи дорои бўйи махсус ошкор кардаанд". Ин нафарон иќрор шудаанд, ки "онњо бо ќочоќчии афѓон Назрихудо валади Пањлавондарё созиши љиноятї баста, бар ивази маводи мухаддир рафиќ ва њамдењаи худ Ањмадшоњ Шеровро (соли таваллудаш 1997) ба нашъаљаллобони афѓон ба гарав гузоштаанд". "Кормандони КДАМ бо баргузор намудани амалиёти махсус Ањмадшоњ Шеровро аз асорати гурўњи ќочоќчиёни афѓон тањти роњбарии Назрихудо валади Пањлавондарё озод карда, ба Ватан баргардониданд", - омадааст дар хабари расмии КДАМ. Ташхис муайян кардааст, ки маводи мухаддири аз Рањималии Шариф мусодирашуда 17 килограмм афюн ва 15 њашиш буда, вазни умумии онњо 32 килоро ташкил медињад. Њоло нисбат ба Рањималии Шариф ва Ањмадшоњ Шеров, бо дастрасии моддањои 335, 200, 165 ва нисбат ба Алишери Абдуњафиз бо дастрасии моддаи 200, нисбат ба шањрванди Афѓонистон Назрихудо валади Пањлавондарё бо дастрасии моддањои 335, 289 ва 200 Кодекси љиноятии Љумњурии Тољикистон парвандањои љиноятї оѓоз шуда, тафтиш идома дорад. "Тољнюс"
ФИРЕБ НАХЎРЕД!
80 000 РУБЛИ ЌАЛБАКЇ Зимни гузаронидани чорабинињои фаврї-љустуљўїаз љониби кормандони милитсия марди 31-солаи ноњияи Мастчоњ њамчун гумонбар дар тайёр кардан ва ба муомилот баровардани пул ё ќоѓазњои ќиматноки ќалбакї дастгир шуд. Аз гумонбаршуда ба миќдори 80 њазор рубли русии ќалбакї дарёфт ва мусодира гардид, ки онњоро мехост дар бозорњои шањри Хуљанд ба муомилот барорад. Нисбат ба гумонбаршуда бо моддаи 281 ќисми 1 Кодекси Љиноя-
200 ЊАЗОР СОМОНЇ БАРОИ РУШДИ ЊУНАРЊОИ ДАСТЇ Дар соли равон 30 гранти Маќомоти иљроияи њокимияти давлатии вилояти Суѓд, аз љумла 7 грант њар яке 10 000 сомонї, 5 грант њар яке 8 000 сомонї ва 18 грант њар яке 5 000 сомонї барои рушди њунарњои дастї ва мењнати хонагї људо мешавад.Ин тадбир бо маќсади эњё намудани њунарњои миллии ниёгон, бо љои кор таъмин намудани занону духтарон,
дастгирии рушди њунарњои дастї ва мењнати хонагї, аз ќабили ќолинбофї (таблофарш), кешбофї, атласу адрасбофї, читгарї, сўзанидўзї, ќуроќдўзї, дўхти тоќињои миллї, мўњрабофї, сабадбофї, гањворасозї, сандуќсозї, заргарї, ќаннодї, косибї ва гулпарварї роњандозї мешавад. АМИТ "Ховар"
ДАР ЊИСОР
АЛИМАРДОНОВ ФАВТИД. ЉАНГИ ЌУДОЊО ХОТИМА МЕЁБАД? Муноќиша миёни ду ќудо барои таќсими љињози арўсї, ки рўзи якшанбеи 31уми январ дар дењаи Нилуи ноњияи Њисор ба марги Абдусамад Алимардонови 70сола оварда расонд, баъдан низ дар масљиди љомеи ба номи Эшони Сайдалии Дењаи Нилу идома кард. Њидоятулло Холов, аз наздикони марњум Абдусамад Алимардонов, бевосита аз дохили масљид бо Faraj.tj дар тамос шуда ва бањсу мунозираи тарафњоро гўш ва сабт намудем. Дар назар буд, аз љониби Прокуратураи ноњияи Њисор ва шуъбаи милиса намояндагон бояд иштирок менамуданд ва ба бањси миёни собиќ ќудоњо хотима мегузошт, вале ба ќавли Холов, танњо як намоянда аз шўъбачаи милисаи Алмосї ширкат намудаасту халос. Дар охири бањс имомхатиби дењаи Нилу тарафњоро ќасам додааст, ки то аз љониби маќомоти тафтишотї ба охир расонидани ќазия ду авлод бо њам љангу зано-
занї нахоњанд кард. Ќаблан Њасан Алимардонов, писари марњум Абдусамад Алимардонов дар сўњбати телефонї гуфт, 8-моњ ќабл оила барпо кардааст, вале њамагї 5 моњи аввал бо њамсараш зистааст. Ў мегўяд, ки дар ин муддат њамсараш нисбат ба ў ва волидонаш бењурматї мекардааст. - 31-уми январ ќариб соатњои 15-и нисфирўз тарафи арўс њамроњ раиси мањалла барои бурдани љињоз омаданд, мо ягон монеагї надоштем. Раиси мањалла дар дохили хона бо падарам, ки бемор буд, сўњбат доштанд. Њамин ваќт тахминан 16-18 нафар хешу табори занам ба хона зада даромада, ман ва 4 нафари дигар аз аъзои хонаро зери лату кўб гирифтанд. - гуфтааст Њасан. Ба гуфтаи Њидоятулло Холов Абдусамад Алимардонов, мўйсафеди 70-сола аз зарби муштњо бењуш шуда, ними шаби њамон рўз дар беморхона ба њалокат расидааст.
МУШКИЛИ ЉИДДЇ тии Тољикистон парвандаи љиноятї оѓоз гардида, тафтиши њодиса идома дорад. "Тољнюс"
ФОЉИА
ЗУЊРО ХУД ВА ЧОР ФАРЗАНДАШРО БА ДАРЁ АНДОХТААСТ Зуњро Мањмуродова, як сокини 25-солаи шањри Норак худ ва чор фарзандашро ба дарёи Вахш андохтааст. Бино ба иттилои Раёсати умури дохилии шањри Норак дар пайи ин ќазия, ки 5 феврал ба вуќўъ пайвастааст, њамаи 5 нафар - Зуњро
ЭЊЁ
ва Маърифат (панљсола), Рафоат (чорсола) ва дугоникњояш Кибриёву Хадича (дусола) ба њалокат расидаанд. Манбаъ мегўяд, њоло далели ба ин кор даст задани Зуњро, ки дар рустои Сабур мезист, маълум нест. Озодагон
"МУРДАЊОРО ДАР КУЉО ГЎРОНЕМ?" Сокинони дењањои Дўстї, Дўстї-2 ва Њалќаљари ноњияи Бохтар аз њоло тарс доранд, ки дар гармии аввали бањор сатњи оби рўди Вахш боло рафта, боз ба ќабристони дењаи онњо "њуљум" хоњад кард. Онњо мегўянд, ки дарёи Вахш аз назди мазори дењаашон гузашта, њар сол то 50 метр ќаламрави ин мазорро њамроњи љасадњо фурў мебарад. Ин мазор дар њудуди се гектар замини рустои Дўстии ноњияи Бохтар љойгир буда, сокинони ин се дења љасади наздиконашонро аз соли 1945 боз дар он љо ба хок месупоранд. Сокинон гуфтаанд, ки дар замони шўравї дар дарёи Вахш корњои соњилмустањкамкунї сурат мегирифт ва имкон намедод, оби
дарё ба мањалли ањолинишин биравад. Аммо баъди истиќлолият ин кор сурат намегирифтааст. Бархе сокинон гуфтаанд, ки баъди шуста шудани мазор љасади пайвандонашонро пайдо накардаанд. Ба гуфтаи Толиб Касиров, имом-хатиби масљиди дењаи Дўстї бо машварати муллоњо то 20 мурдаро аз хок канда дар як ќабр гўрондаанд. Љамшед Холиќов як масъули идораи њолатњои фавќулодда дар Хатлон гуфтааст, ки тибќи барномаи вижаи соњилбандии мавзеъњое, ки зери хатари рахнашавї ќарор доранд, бояд соњилбандї гузаронида шавад, аммо аз куљо ин барнома шурўъ мешавад, маълум нест. "Озодї"
ИЌТИСОДИ ВОЌЕЇ -
Њамасола ба иттилои расмї дар кишвар аз 200 то 300 њазор љойи нави корї ташкил мешавад. Вале баъзе аз мунтаќидон ташкили љойњои нави кориро фаъолияти тарѓиботии Њукумат дониста, мегўянд аслан дар кишвар ин ќадар љойи корї ташкил намешавад. Соли гузашта дар Тољикистон 205 њазор љойи нави корї ташкил шудааст, ки аз он танњо 30 фоизаш доимї аст. Инчунин соли равон њукумат наќша дорад, ки 300 њазор љойи нави корї таъсис дињад. Аммо ба гуфтаи коршиносон, ќувваи ќобили мењнат дар Тољикистон зиёдтар аз 3 миллион нафар аст ва ин 300 њазор љойи кор ќариб баробар ба 10 фоизи он мебошад, ки шубњаовар аст. Зеро чунин мизони таъсиси љои кор на танњо барои кишварњое мисли Тољикистон, балки барои кишварњои тараќќикарда њам ѓайримумкин мебошад. Аз љумла, муовини раиси Њизби коммунист Исмоил Талбаков мегўяд, хоса дар шароити имрўзи бўњронї дар як сол таъмини 10-15 фоизи мардум бо љойи кор хеле мушкил аст.
"70 фоиз љойи кори муваќќатї" Дар ду соли ахир дар Тољикистон зиёда аз 457 њазор љойњои нави кории доимї ва мавсимї ташкил шудааст. Аммо мушкили аслї инљо дар муваќќатї ва мавсимї будани ќисмати зиёди ин љойњои корї ё ќариб 70 дарсади он мебошад. Гулнора Њасанзода, директори Агентии омор бо таассуф аз кам будани теъдоди љойњои кории доимї дар кишвар мегўяд, "мо кишвари аграрї њастем ва барои њамин ќисмати зиёди љойњои корї дар хољагињои дењќонї таъсис дода мешаванд ва аз њамин сабаб онњо мавсимї мебошанд. Дар соли гузашта 44 њазор љойи кори доимї таъсис дода шудааст." Маќомот мегўянд, аксари љойњои кории муваќќатї ва мавсимї, ки ќариб 70 фоизи љойњои кориро ташкил медињад, бо оѓози корњои дењќонї ва сохтмонњо шурўъ шуда, дар охирњои фасли тирамоњ он аз байн меравад. Инчунин як сабаби зиёд шудани љойњои нави корї ба ќавли масъулин, зиёд шудани хољагињои дењќонист. Тибќи омори расмї, дар давоми 5 соли ахир теъдоди хољагињои дењќонї дар кишвар 2,1 фоиз ё 64 њазор зиёд шудаанд, ки ин низ ба назари маќомот ба зиёд шудани теъдоди љойњои нави корї мусоидат кардааст. Дар муќобили ин иддао, коршиносон мегўянд, ташкили хољагињои дењќонї дар заминаи хољагињои калонњаљм маънои ташкили љойи нави кориро надорад. Зеро коргарони хољагињои дењќонии навтаъсис ќаблан низ дар њайати хољагињои калон кор мекарданд ва танњо љойи корашон таѓйир ёфтааст. Ба гуфтаи онњо, танњо дар он сурат метавон дар бахши кишоварзї љойи нави корї таъсис дод, ки агар заминњои нав азхуд карда шаванд.
Маќомот њам ба эљоди љойњои корї шубња доранд Иддаои масъулин дар бораи афзоиши љойњои нави кор дар њолест, ки бино ба омо-
Офарин! Се кас кўшиш як нафаратон як љои
7
карда, бо рафтани корї офаридед!
Роњи њал чист? Коршиносон мегўянд як роњи њалли масъала дар љалби пардохтњои иљтимоии муњољирони кории тољик аз Русия ба Тољикистон аст. Ба гуфтаи онњо муњољирони кории тољик њамасола ба ватан зиёда аз 3 млрд. доллар маблаѓ мефиристанд ва аз ин њисоб 30 дарсадаш дар Русия њамчун андози иљтимої нигоњ дошта мешавад. Дар сурати љалби ин миќдор маблаѓ, ба гуфтаи коршиносон ду манфиат ба даст меояд: нахуст, масъалаи таъминоти бахши иљтимоии буљет то љое њалли худро пайдо мекунад ва њукумат имкони бозбинии пардохтњои иљтимої дар дохили кишварро метавонад таѓйир дињад. Дуюм, муњољирон њангоми ба синни нафаќа расидан, аз њисоби ин пардохтњояшон дар пиронсолї соњиби нафаќаи хуб хоњанд шуд. Тибќи ќонунгузорї, агар шањрванд таљрибаи корї надошта бошад, пас давлат ба ў танњо нафаќаи иљтимоиро дода метавонад, ки он хеле ночиз аст ва ќариб 80 сомониро дарбар мегирад.
ЉОЙЊОИ КОРИ "КОЃАЗЇ"
Баъди "лентабурї" -и Президент
Њар сафари Президент ба минтаќањо ба кушодашавии чандин корхонањо шурўъ мешавад. Буридани лентаи рамзии фаъолияти
Ба эљоди љойњои нави корї, њатто масъулин бо шубња менигаранд... ри расмї танњо дар 9 моњи соли гузашта 20 њазор соњибкори инфиродї тарки ин пеша карда, патент ё шањодатномаи соњибкориашонро бекор намудаанд. Масъулини Агентии омор зоњиран ба даќиќ будани раќами афзоиши љойњои корї шубња доранд ва мегўянд, соли равон наќша доранд, ки бо таъсиси як комиссия то куљо њаќиќї будани ин љойњои кориро бисанљанд. Дар Прокуратураи генералии Тољикистон низ мегўянд, соли гузашта чандин љойњои кории бардурўѓро ошкор кардаанд. Аммо онњо мушахассан нагуфтанд, ки соли гузашта чї ќадар љойњои кории "коѓазї"-ро ошкор карданд.
51 њазор нафар дар 205 њазор љойи кор, кор наёфтанд! Маълум аст, ки агар љои кори нав пайдо шуд, сафи бекорон њам коњиш меёбад. Дар соли гузашта Вазорати мењнат, муњољират ва шуѓли ањолї 72 њазор 521 нафарро њамчун корљўй ба ќайд гирифта, ба 51 њазору 252 нафари онњо маќоми бекорї додааст. Ин њам дар њоле, ки дар кишвар соли гузашта 205 њазору 556 љойи корї таъсис ёфтааст. Бо як љумла агар гўем, 51 њазор нафар бекор натавонистанд дар 205 њазор љойи корї барои худ манбаи ризќу рузї дарёфт кунанд. Инчунин дар сомонаи таъсисдодаи Вазорати мењнат барои дарёфти љои кор бо нишони www.kor.tj дар соате, ки мо ворид шудем (31.01.2016. 16:08) зиёда аз 5 њазор вакансия барои љойи кор мављуд буд. Суоле пайдо мешавад, ки дар кишваре, ки 51 њазор бекори расмї дорад, инчунин зиёда аз 1 мил-
лион шањрвандаш дар муњољират аст, пас 5 њазор љойи кор чаро холист? Гуфта мешавад яке аз сабабњо камии маош аст. Њоло камтарин музди мењнат дар Тољикистон 296 сомонї, музди миёна 862 ва музди аз њама баланд дар бахши воќеии иќтисодиёт чизе зиёдтар аз 2 њазор сомониро ташкил медињад. Дар назар аст, ки аз моњи июли соли равон музди мењнат аз 15 то 25 дарсад боло равад. Дар сайти www.kor.tj барои љойњои кории пешнињодшуда аз 275 сомонї то 1320 сомонї маош таъин шудааст.
Андози баланд монеи ташкили љойи кор Тањлилгарон мегўянд, андозњои баланд, бахусус андози иљтимої соњибкоронро аз ташкили љойњои нави корї бозмедорад, зеро онњо маљбуранд барои њар коргар то 25 фоизи маоши онро пардохт кунанд. Аз ин хотир, тибќи мушоњидањои мо, агар дар як корхона 6-8 нафар кор кунанд, пас танњо 2 ё 3 нафарро расман ба ќайд мегиранд ва боќимондањо тариќи шартнома ва бе кушодани дафтарчаи корї фаъолияти мекунанд. Исмоил Талбаков мегўяд, ин тартиб ба корфармо мувофиќ аст, чун коргари кироя маоши њаррўза гирифта, бо гирифтани маоши њаррўза рањбари корхонаро "аз дарди сарњо" озод месозад. Аммо масъулин мегўянд наметавонанд андозњои иљтимоиро паст кунанд, зеро баъдан мушкили пардохти нафаќа пеш меояд.
БОРИ АВВАЛ Раёсати нерўњои марзбонї дар вилояти Суѓд овехтани парчами Ќирѓизистон дар болои хонаи ду сокини љамоати Овчї-Ќалъачаи ноњияи Бобољон Ѓафруров аз сўи марзбонњои ќирѓизро "амали барќасдона" номид. Генерал Муњаммад Љаъфаров, сардори раёсати нерўњои марзбонї дар Суѓд, ба хабарнигорон гуфт, ки дар њоли њозир дар робита ба ин масъала музокираи раёсатњои марзбонии Тољикистону Ќирѓизистон оѓоз шудааст ва масъалаи мазкур баррасї хоњад шуд. Ў афзуд, то замони аломатгузории дењаи Овчї-
“НИГОЊ”, ЧОРШАНБЕ №45 (478), 10. 02. 2016
Байраќи Ќирѓизистонро дар хонаи тољикон овехтанд Ќалъача њеч тараф даъвои ба худ таалуќ додани онро надорад. Ёдовар мешавем, ки таќрибан 30-40 марзбони ќирѓиз рўзи 6 феврал вориди хоки Тољикистон шуда, дар болои манзили зисти Муњаммадалї Абдулвалиев ва Абдуѓаффор Љалолов - сокинони љамоати Овчи Ќалъачаи ноњияи Бобо-
љон Ѓафуров - парчами кишварашонро насб кардаанд. Шоњидони айнї дар бораи ин њодиса хабар дода ва гуфтанд, ки марзбонњои ќирѓиз иддао кардаанд, манзили Муњаммадалї Абдувалиев дар хоки Ќирѓизистон аст ва соњибаш бояд онро холї кунад. "Озодї"
корхонањо ва дигар муассисањо аз љониби Президент дар кишвар ба њукми анъана даромадааст. Аммо чандин маротиба баъди кушодашавии корхонањо аз љониби Эмомалї Рањмон, хабарњое дар бораи ќатъи ин корхонањо низ пањн шуданд. Аз љумла соли 2011 Президент Эмомалї Рањмон дар шањри Кўлоб аз як корхонаи пойафзолбарорї дидан карда, ба фаъолияти он оѓоз бахшид. Масъулин ба Президент гуфта буданд, ки дар ин корхона ќариб 300 нафар ба љои кори доимї таъмин шудаанд. Аммо баъди рафтани Президент хабарњое дар бораи ќатъи ин корхона расонаї шуд. Ба иттилои баъзе аз расонањои хабарї баъди рафтани Президент корхона аз фаъолият бозмонду таљњизоти васлшударо канда... ба Душанбе бурдаанд. Инчунин дар худи њамон сол Президент дар ноњияи Мўъминобод корхонаи мурѓпарварии бо номи "Якарча"-ро ба истифода дод. Сафаралї Зокиров, раиси ваќтии ин ноњия ба Президент гузориш дода буд, ки дар корхонаи нав 50 нафар аз мардуми бумї ба кор фарогир гаштаанду аз 500 то 600-сомонї маош мегиранд. Баъди як соли кушодашавиаш ин корхона низ аз кор монд ва ќариб њамаи коргаронашро љавоб дод. Њоло ин корхона аз "Фононбонк" 3,5 миллион сомонї ќарздор аст. Аз ин хотир, ба гуфтаи тањлилгарон роњи њалли бекорї ва ташкили љойњои нави корї танњо дар имтиёз додан ба соњибкорон ва бардоштани монеањои сунъї аз сари роњи онњо иборат аст. Муллораљаб ЮСУФЇ
8
“НИГОЊ”, ЧОРШАНБЕ №45 (478), 10. 02. 2016
Њафтаи гузашта дар шабакањои иљтимої як навори видеої дар гардиш шуд, ки бозёфте аз љузъиёти охирин нафасњои зиндагии полковник Муаммар Ќаззофї унвон мешуд. Онро њанўз 4 сол пеш, ваќте полковникро боздошт карданд ва бо шиканља ќатлаш намуданд, бардоштаанд, вале то кунун касе онро надида буд. Муаммар Ќаззофиро дар ин навор дар болои мошин шиканља мекунанд, вай бо сару рўйи хуншор, бо вуљуди он ки љонаш аз зарбу лат месўзад, вале наъра мезанад ва муќовимат мекунад... Шахсе, ки 42 сол кишвареро бо низоми шадид идора мекард, имрўз хору залил буд ва мушт мехўрду лагад, ба сару рўяш бо мили силоњу, дасту пояшон мезаданд. Замоне ў шоњ Идриси маризро суќут дод ва ўро мустабид номид. Бо гузашти 42 сол ўро мустабид хонданду бо хорињо ќатлаш намуданд. Вай тўли ин муддат шоње нашуд, ки бо иззату икром ба хокаш супоранд. Шояд хорие, ки ба малик Идрис дода буд, аз дигарон дид. Яке аз духтаронаш баъди пахши ин навор мардумро ба мубориза даъват кард, то бархезанду ќассоси пешвои миллати худро бигиранд. Аммо дар љавоб чизе нашунид... ХУДКОМАЕ БО ЗОДРЎЗИ НОМУАЙЯН Сол ва рўзи таваллудаш чун зодрўзи аксари диктаторон даќиќ нест. Мегўянд вай ё соли 1940 ба дунё омадааст ва ё соли 1942, ё 7-уми июн ва ё 19-уми июн ва ё њатто тахмин мекунанд, ки эњтимол меравад таваллудаш ба тобистон ё тирамоњ (моњи сентябр) иттифоќ уфтода бошад. Он чи даќиќ аст, макони таваллудаш: хиргоњи Вади-Жараф, дар хонаводаи бадавињои мутааллиќ ба ќабилаи барбариёни алќаззофї. Ва аз он солњои тифлї ёдкарде дорад ба ин шакл: "Мо фарзандони биёбон дар хаймањои худ бист километр дуртар аз соњили бањр мезистем ва худи ман овони бачагї аслан дарё надида будам". Муаммар фарзанди охирин ва писари ягонаи хонадон буд. Бобояш соли 1911 мустамликадорони итолёвї кушта буданд. Ќаззофї соли 1961 факултаи таърихи донишгоњи Бенѓозиро хатм намуд. Худи њамон сол ташкилоти пињонкореро созмон дод, ки њадафаш сарнагунсозии шоњигарї дар Миср буд, моњи октябр дар Сабњо тазоњуроти љавонон барои пуштибонї аз инќилоби Алљазоир шуруъ шуд, ки сарварии онро Ќаззофї ба уњда дошт. Соли 1965 коллељи њарбии Бенѓозиро хатм кард ва соњиби рутбаи лейтенант шуд, як сол баъд давраи омўзишии њарбиро дар Британия хатм намуд, барояш рутбаи капитан доданд. Ин табаддулот рўзи 1 сентябри соли 1969 аз њамла ба Бенѓозї оѓоз шуд. Он замон шоњ Идриси I дар Туркия худро муолиља мекард. Аввалин мурољиати Ќаззофї ба сокинони кишвараш: "Шањрвандони Либия! Дар посух ба орзуву ормонњои муќаддасе, ки ќалбњои шуморо лабрез кардааст, љавобан ба талабњои њамешагї ва пайвастаи дигаргунї ва эњёи маънавї, муборизаи дурударози шумо ба хотири њамин ѓояњо, нерўњои њарбии вафодор ба шумо ин вазифаро бар душ гирифтанд ва режими мустабид ва фасодзадаро сарнагун сохтанд". РОНДАНИ НЕРУЊОИ ХОРИЉЇ, ЉОРЇ ШУДАНИ ЊУКМИ ШАРИАТ 16 - уми октябри њамон сол Муаммар Ќаззофї дар гирдињамоии мардум ширкат кард ва панљ принсипи аслии сиёсати худро эълон намуд, ки муњимтарин он манъи фаъолияти њама ањзоби сиёсї ва пурра аз хоки кишвар берун рондани пойгоњњои њарбии хориљиён буд. Ва ў ба ањдаш вафо кард. 16-уми январи соли 1970 сарвазири Либї ва вазири мудофиаи он таъин шуд ва аввалин коре анљом дод, берун кардани њама неруњои хориљї аз ќаламрави кишвар буд. Ва то 31-уми марти соли 1970 пойгоњи њарбии Британия, 11-уми июн калонтарин пойгоњи њарбии амрикоињо аз Уилус-Филд берун шуд. Охирин сарбози хориљї 7-уми октябри соли 1970 хоки Либиро тарк кард, ки он артиши 20 њазорнафараи Италия буд. Ва ин рўз дар Либї "Рўзи интиќом" ном гирифт. Соли 2004 дар љараёни боздиди сарвазири ваќти Италия Силвио Берлусконї Ќаззофї ваъда дод, ки "рўзи интиќом"-ро ба "рўзи дўстї" иваз мекунад, вале ин ваъда то абад ноиљро монд. Миёни солњои 1969-1971 њамаи бонкњои хориљї ва заминњое, ки Италия аз худ карда буд, њамчунин ширкатњои нафтии хориљиро миллї кард.
ДИКТАТОР кор бармегашт, хастагиро эњсос намекард. Бо хонаводааш љиддї рафтор мекард, тибќи меъёрњои шариат мезист. Вай сармоя љамъ намекард ва фарзандонаш њам амволи ѓайриманќул надоштанд. Вале дўст медошт, ки либосњои зебо пўшад. Вай њамаи урфу одатњои исломиро иљро мекард, тибќи ќонуни Ќуръон, ки њанўз аз бачагї аз бар карда буд, мезист. Ќаззофї бахши азими фоидаи нафтро вай сарфи некуањволии халќ карда буд. Коргарони оддї дар замони ў беш аз 6 њазор фунт стерлинг ва роњбарони ширкатњо то 30 њазор маош мегирифтанд. Либї њатто дар рушди иќтисодї аз Британияи Кабир њам гузашта буд. То суќути низоми шоњаншоњї 73 дарсади сокинони Либї бесавод буданд. Танњо дар дањсолаи аввали њокимияти худ Ќаззофї 220 китобхона, 25 маркази интишори дониш, наздик ба 20 маркази миллии фарњангї, 40 клуби варзиш боз кард. Соли 1977 сатњи бесаводї то 51 дарсад коњиш ёфт. Аз соли 1970 то 1980 дар ин кишвар беш аз 180 њазор хона
МУАММАР ЌАЗЗОФЇ Худкомае, ки ўро њатто таппончаи тиллої наљот надод... Моњи ноябри соли 1971 Шўрои инќилобї дар њамаи ќонунњои Либї таљдиди назар кард ва ќонунњои шариатро дар дастури корї ќарор дод. Дар кишвар истењсол ва истеъмоли шароб ва ќимор манъ шуд. 15-уми апрели соли 1973 Муаммар Ќаззофї инќилоби фарњангї эълон кард, ки муњтавои он аз панљ бахш иборат буд: лаѓви њама ќонунњои замони подшоњї ва иваз намудани онњо бо ќонунњои шариат; табъид ва таъќиби њамаи коммунистон ва консерватороне, ки зидди инќилоб буданд; таќсими силоњ ба одамон барои њифзи музаффариятњои инќилоб, ислоњоти маъмурї, баланд бардоштани масъулияти мансабдорон ва коњиш додани коѓазбозї ва дигар амалњои бюрократї; истиќбол аз афкори исломї, барњам задани њамаи ѓояњое, ки аз хориљ ворид мешаванд ва ба меъёрњои исломї мувофиќ нестанд. Вай мегуфт, ба фарќ аз инќилоби фарњангии Чин дар Либї таѓйироте набуд, танњо ин ки ба асли худ баргашт, ба фарњанги исломиву арабї рў овард. Вале Ќаззофї њамвора дар пайи ислоњот буд. "Китоби сабз" -и ў чун барномаи амал буд ва дар он Муаммар Каззофї ѓояњои исломиро амалан татбиќ кард. 2-уми марти соли 1977 "Деларатсияи Сабњо" ќабул шуд, ки шакли нави идории давлатиро бо номи Љумњурии Сотсиалистї Халќии Арабї эълон намуд. Шўрои фармондењии инќилобї ва њукуматро барњам дод. Ба љойи он институтњои муносиб ба љумњурї ташкил намуд. Вазоратњоро котиботи халќї номид ва сафоратхонањои ин кишвар дар хориљ низ бюрои халќї номида шуданд. Аз он ки Либї кишвари халќї буд, сарвар надошт. Дабири кулли Конгресси умумии миллї худи Ќаззофї интихоб шуд ва чор тан аз њарбиёни наздик ба ў ба он шомил шуданд. Моњи октябри соли 1978 вай инќилобро аз њукумат људо кард. "ПУШАЙМОН НЕСТАМ, КИ АЗ МАНДЕЛО ПУШТИБОНЇ КАРДАМ..." Ќаззофї ошкоро аз муборизањои миллї озодихоњї пуштибонї мекард, зарур меомад силоњ ва пул медод. Ва ба интиќодоти байналмилалї, ки ўро ба пуштибонї аз терроризм муттањам мекард, посух медод: "Ман мубориза барои озодихоњиро дастгирї кардам, на ки гуруњњои террористиро. Ман Манделоро пуштибонї кардам, Сэма Нуйомуро, ки баъдан президенти Намибия шуд. Ман њамчунин Созмони озодибахши Фаластинро дастгирї кардам. Имрўз ин одамонро бо як љањон ифтихор дар Кохи Сафед ќабул мекунанд. Вале маро террорист меноманд. Ман аз он ки Манделоро пуштибонї кардам, пушаймон нестам. Ва агар мустамликадорї ба ин кишварњо дубора баргардад, ман боз њам муборизаи озодихоњиро пуштибонї хоњам кард". МУХОЛИФОНАШРО "КАЛЛАМУШЊО" МЕНОМИД Ќаззофї бо мухолифонаш бархўрдњои шадид дошт ва дар аксар мавридњо онњоро
ДАЊЊО ЊАЗОР ЛИБИЁИЊО БА КЎЧАЊО РЕХТА АКСЊОИ АСОСГУЗОРИ ЉАМОЊИРИЯРО СЎЗОНДАНД... љисман нобуд кардааст. Дар аввалин иќдомаш вай ањзоби сиёсиро мамнуъ эълон кард ва ягона њизбе, ки фаъолият мекард, Иттињоди сотсиалистии арабї буд. Соли 1972 ќонуне ќабул кард, ки тибќи он њама гуна эътисобу гирдињамоињои коргарону донишљўён низ мамнуъ эълон гардид. Моњи августи соли 1975 баъди табаддулоти ноком яке аз наздикони Ќаззофї, вазири тарњрезии тањќиќоти илми Умар Моњайшї ба Тунис фирор кард ва аз он љо ба Миср рафт. Баъдан ўро дар Марокаш боздошт карданд ва ба Троблус истирдод шуд. Бино ба ахбори СРУ ўро замоне, ки аз зинањои њавопаймо поён мешуд, ќатл карданд. Баъди ў дањњо тани дигар аз касоне, ки ба ин табаддулот гумонбар мешуданд, бо њаёти худ падруд гуфтанд. Аз соли 1980 зиёда аз 15 мухолифони бадарѓашудаи Ќаззофї дар Италия, Британия, Олмони Ѓарбї ва ИМА кушта шуданд. Љабњаи миллии наљоти Либї, ки аз љониби сафири собиќи ин кишвар дар Њинд Муњаммад Юсуф ал-Маѓориаф сарварї мешуд, гуфта буд, ки аз соли 1969 то 1994 343 нафар аз љумлаи мухолифон ва интиќодгарони режими Ќаззофї кушта шуданд. Аммо Ќаззофї амалњое њам анљом дода, ки тааљљуббарангезанд. Чунончї, 3 марти соли 1988 дастур дод, ки 400 зиндонии сиёсиро аз мањбаси "Абу Садим" озод кунанд. Дар шоњидии издињоми бисёрњазорнафара худ савори булдозер дари мањбасро шикаст ва садо зад: Шумо озодед! Ва онњо бо хушнудї аз он берун шуданд ва гуфтанд: Муаммар, ки дар биёбон таваллуд шуда буд, зиндонро чун биёбон ба замин њамвор кард. Ва баъди чанд рўзи дигар рўйхати дигарандешонро, ки бояд зиндонї мешуданд, пора кард. Мегўянд вай рўзе 16-18 соат кор мекард, њамагї ду соат истироњат дошт ва боз сари
сохта шуд ва 80 дарсади эњтиёљмандон, ки дар хаймањо ва тањхонањо мезистанд, бо љойи зист таъмин шуданд. МАРГИ ДИКТАТОР Марг ба суроѓи Муаммар Ќаззофї замоне омад, ки "бањори араб" ба кишвари ў низ сироят карда буд. Мухолифонаш бо истифода аз вазъ ва пуштибонии хориљиён њама кўшишњоро анљом доданд, то ўро бетахт кунанд. Вале вай то охирин лањзањо таслим нашуд, чун низомии сарсахт ба ќудрат расид ва бо њамон њол аз ќудрат рафт. Дар охирин мурољиаташ ба халќи Либї гуфт: "Ман њеч гоњ ин сарзаминро тани танњо намемонам. Ман доњии инќилобам ва то ќатраи охирини худ мељангам ва шањид хоњам шуд. Мо либиёињо ба Амрикову Британиё муќовимат кардаву пирўз омадаем ва имрўз њам таслим нахоњем шуд". Ва нињоят 20-уми октябри соли 2011 боздошт шуд ва бо шиканљаву хорї бидуни мурофиаи судї ба ќатл расид. Гуфта мешавад ўро мухолифинаш аз даруни лўлае ёфтаанд, ки бо либосњои жулида пинњон шуда буд, вале дар дасташ таппончаи тилої дошт... Марги Ќаззофї ва сарнавишти ў нишон дод, ки бо гузашти чил сол Ѓарб натавонист шикасти шармандавори худро фаромўш кунад. Инќилобњои арабї ёди мустамликадорони собиќро ба Либия бурд. Гарчанде мардуми ин кишвар фориѓ аз њар гуна инќилобњо буданд, вале демократхоњон ба ёдашон оварданд, ки ин Ќаззофї њам мисли Муборак худкомаву њокими дарозумр аст ва бояд љояш ва низомаш иваз шавад. Аммо паси пардаи ин иддиоњо њамон ќасос буд. Ва рўйдодњо тавре шуданд, ки Ѓарб мехост: њамон њамлањои заминиву њавої ва билохира шикасту ќатли Ќаззофї.
Бобољони ШАФЕЪ
“НИГОЊ”, ЧОРШАНБЕ №45 (478), 10. 02. 2016
ЁДИ ДЎСТ
"МАРТИН ИДЕН" - И ТОЉИК Журналистони тољик бори аввал 10 -уми феврал зодрўзи Акбари Саторро бе њузури ў таљлил мекунанд Пас аз марги дўстам директори генералии ЉДММ "Чархи гардун", раиси Иттифоќи журналистони Тољикистон Акбаралї Сатторов аниќ дарк кардам, ки њар кас ба ин дунёи фонї барои анљоми рисолате меояд. Таври маълум, солњои навадуми ќарни гузашта бо оѓози муќовимати шањрвандї дар кишварамон ќариб њама соњањо, аз љумла матбуот, фалаљ гашта, мардум муддате хондани рўзномаю маљалларо аз ёд бурда буданд. Аммо ў, љавони бисту нўњсола, нотарсона ва шояд ба дарки масъулият дар назди мардуму кишвари азизамон њафтаномаи "Дайджест-пресс"-ро таъсис дод. Он асосан аз интихобу љобаљогузории матолиби рўзномањои Русия иборат буд. Мардуми љангзадаю њайрону тарсон аз нав ба рўзномахонї одат карданд ва нафарони зиёде аз њисоби фурўши ин њафтанома ќути лоямут ёфтанд. Чї љои пинњон кардан, тиљорати нашрияву рўзномафурўшї дар Тољикистон аз њамин љо оѓоз ёфт. Ёд дорам, он ваќт бадхоњони Акбаралї, аз љумла бархе њамкасбонаш гоњо пинњонию сарбаста ва гоњо ошкор ўро таъна мезаданд, ки гўё вай "аз њаво пул меёбад". Акбаралї њарчанд аз ин гапњо зиќ намешуд, лекин гоњо ба шўр меомаду мегуфт: "ин аввали кор аст, каме маблаѓ љамъ шавад, њатман рўзномае ба забони тољикї хоњам нашр кард". Баъди ду сол, воќеан њам, њафтаномаи "Чархи гардун" ва пасонтар њафтаномањои дигари ў яке аз паи дигар нашр шуданд. Феномени Акбаралї дар чї буд, ки ўро дар зиндагиаш дўст медоштанду рўзи љанозааш њама, њатто бадхоњонаш, ашк рехтанду афсўс мехўрданд? Ба андешаи банда пеш аз њама дар дасткушодиаш. Дар њама давру замон мардони сахї мањбуби мардумон буданд. Акбаралї дар солњои душвори навадум ба бисёр нафарон дасти кўмак дароз кард. Хислати дуюме, ки ўро ба њамкасбон ќарин кард, хайрхоњиву љавонмардиаш буд. Ваќте бисёр њамкасбон
дорам, ки баъд аз сари ман касе сўи фарзандону пайвандонам ангушт ишора карда наметавонад, ки луќмаи њаром хўрдаам, ё ба касе хиёнат карда бошам!"… Ёди Акбаралї Саттор маро њамеша ба сўи ќањрамони асари Љек Лондон - Мартин Иден мебарад, ки зиндагиномаашон шабењи њамдигаранд. Ба назарам Акбаралї низ мисли Мартин Иден аз ин дунё бениёз рафт. Тамоми лаззату талхињои зиндагиро чашид ва гўё дунё барояш дигар бемаънї намуд. Аз ин рў, њатто маргро низ мардона пазируфт. Рўњат шод ва хонаи охиратат обод бод, дўсти нотакрор! Акбар АБДУЛЛО, ёвари Раиси Иттифоќи нависандагони Тољикистон
МОРО БУБАХШ, АКБАР!.. (Гуфтугўи Ортиќи Ќодир бо дўсти зинданом)
ба ў пайравї карда, дар фикри таъсиси рўзномаи хусусї афтоданд, вай аз сидќи дил ба эшон рањнамун шуд ва њатто рўзњои аввал ёрии моддї расонд. Сеюм, Акбаралї инсони дилёбу дилсўз буд. Ба њайси раиси Иттифоќи журналистони Тољикистон ёриаш ба бисёр њамкасбон, пеш аз њама собиќадорони матбуот расидааст. Ў ин иттифоќи фалаљшударо аз нав эњё карда, журналистонро (чї аз нашрияњои њукумативу соњавї, чї хусусї) дар атрофи худ љамъ овард. Барояш мањалгарої бегона буд. Њама фарзандони минтаќањои гуногуни кишварамонро дўст медошт. Ёд меорам, ки солњои 1997 ё 1998 маљмўъаи шеърњои дўсти шоирам Низом Ќосим (Раиси феълии Иттифоќи нависандагони Тољикистон) бо номи "Ќаламњой" чоп гардид ва нусхаеро чун рамзи эњтиром ба дасти Акбаралї Сатторов расонд. Баъди вараќ гардондани маљмўа Акбаралї бо њайронї аз Низом Ќосим савол кард, ки чаро теъдоди китоб њамагї 200 нусха аст? Аз ин саволи ногањонї Низом
Ќосим мисле, ки дар њолати хиљолат афтод, вале бидуни риё љавоб дод, ки "имконияти бештар надоштам". Акбаралї њолати Низом Ќосимро пай бурда, њарфе нагуфт. Вале рўзи дигар дар шоњидии ман корманди хољагидори худ Хайриддинро даъват намуда, супориш дод, ки миќдори коѓази заруриро ба чопхона бурда дињад ва 300 нусхаи дигар аз ин китоб чоп кунад. Ман борњо шоњиди чунин амалњои самимона, дилсўзона ва беѓаразонаи Акбаралї нисбати њамкасбон ва дигар мардуми одї гардидаам. Ин гуна аъмол, дар асл, меъёри зиндагї ва рисолати инсонии ў интихоб гардида буд. Акбаралї дар умри кўтоњи пурбаракати худ тамоми шебу фарозро тай намуда, ба маънии аслии зиндагї расид ва мавќеи худро чун шахсият муайян ва дар љамъият пайдо кард. Баъзан дар њалќаи дўстони наздикаш бо забони худ иќрор мешуд, ки " Ман аз мурдан наметарсам! Њади аќалл бовар
ГЎЁ БА САФАРИ ХИДМАТЇ РАФТААСТ... Анќариб 200 рўз аст, ки Акбари Саттор бо мо нест 10 феврал рўзи мавлуди Акбар аст. Дар ин рўз њамасола утоќи тангаш навбатпої мешуд, то Раисро бо мавлуд табрик гўянд. Аслан рўзњои дигар њам утоќи кориаш аз мењмон пур буд, аммо он рўз хос ба њисоб мерафт. Эњсосоте њосил мешуд, ки зодрўзи Акбаралиро тамоми ГЖК ва ними Душанбе таљлил мекунанд. Одамони комилан мухталиф бар иловаи журналистон, устодони донишгоњ, вазири собиќу амалкунанда, прокурор, духтури ким - кадом поликлиника, ситораи эстрада, рассом, генерал, мансабдори сатњи гуногун, Нависандаву Артисти халќии СССР, хулоса намояндагони тамоми ќишрњои љомеаро дар таљлили зодрўзи Раис вохўрдан имкон дошт. Инкор намекунам, шояд њар кадомашон бо сабабу ѓаразњои гуногун ба утоќи ў меома-
9
данд: яке мехост матлабе оид ба ў дар яке аз нашрияњо чоп кунанд, дигарї баръакс, мехост Раис мусоидат намояд, ки маќолаи интиќодиеро, ки нисбаташ навиштаанд, аз нашр боздорад, савумї шояд мехост дар мањфили хуб њузур пайдо кунад. Аммо аксарият ба он хотир меомаданд, то бо Ў бошанд, шўхињояшро бишнаванд, табъашон бештар хуш гардад... Воќеан њам, Акбарро њамагї дўст медоштанд. Барои ошкоргўиаш, барои саховаташ, барои шўхињояш, барои одамро хуб фањмиданаш. Акбар ќиссагари хуб буд, хотираи ќавие дошт, ки њаводиси дањсолањо пешро њифз мекард ва бо љузъиёту хеле ширин наќл менамуд. Барои њамин, мавлуди Ў танњо аз нўшбод иборат набуд, ќиссањои љолиб аз хотирањои гуногун, ки бо иштироки Ў сурат гирифтаанд
ТАКОНБАХШИ РЎЗ АЗ ... Сайдамир ЗУЊУРОВ, собиќ вазири амният ва корњои дохилии Тољикистон: Бо сари баланд ба нафаќа баромадан худ як давлати калон аст. Ман аз ин чиз бисёр хурсанд њастам. Шукронаи халќу миллату ватан мекунам, ки нисбати ман эњтиром доранд. Њар коре, ки аз дасти ман меояд, барои ин халќу миллату ватан дареѓ намедорам.
ШЎХИЊОИ АКБАРРО ЊАМА ДЎСТ МЕДОШТ
ва садои хандаи доимии њозирин дар мањфил њамеша ѓулѓулаафкан буд... Акнун 5 моњ шуд, ки мо ин ќиссаву шўхињоро намешунавем, аммо њамоно бовар надорем, ки Ў аз мо батамом рафтааст. Дар зодгоњаш аллакай мактаберо ба номи Акбаралї Сатторов гузоштаанд, вале ба назари мо чунин менамояд, ки Ў ба сафари хидматии навбатї рафтаву ба наздикї бармегардад... Аслан имрўз набояд ѓамгин буд. Зеро ў маъюсиву ѓамро дўст намедошт. Пас, биёед бахшида ба мавлудаш нўшбоде мегўему ќадањ мебардорем. Ба хотири ёдбудаш низ... Умед БОБОХОНОВ, рањбари гурўњи расонањои "Азия плюс"
Акбар, бародари азиз! Њељ гумон надоштам, ки ман барои ту сўгнома менависам. Фикр мекардам, ки дўстиву њамкорињои ману ту ва хотирањои бештаре дар ин масир њоло дар пеш асту идома хоњад ёфт... Марги нобањангому ногањонии ту њамаро ѓафлатгир кард. Чанд моњ мешавад ба даст коѓазу ќалам мегирам, вале дастам барои навиштани хотироту андешањо пеш намеравад... Эњсоси ба њам печидаи дард ва хиљолат монеи азмам мегардад. Худоё, наход Акбар... Акбари шўху зиндадил, Акбари инсондўсту айшпарвар, Акбаре, ки зиндагиро барои мардона зистан дўст медошт, Акбаре, ки зиндагиро барои дигарон, барои атрофиён, барои пайвандонаш, барои фарзандонаш, барои ёру дўстонаш дўст медошт... даст аз зиндагї шуста бошад?... Наход Акбаре, ки зиндагиро барои њастї дўст медошт рењлат ба олами нестї карда бошад?!... Акбаре, ки ба дарди њазорон дардмандон марњаму дармон гашта буд, наход ба дарди худ дармон пайдо накард?! Наход Акбаре, ки мушкилу ниёзи њазорон эњтиёљмандеро бароварда метавонист, дар њалли мушкили хеш ноилољу бечора монда бошад?!... Наход Акбаре, ки дар љумњурї ва берун аз он њазорон ёру ошно дошт ва Акбаре, ки як луќма нонро танњо хўрда наметавонист, дар чорроњаи таќдир танњо монда бошад?!. Ин суолњо дардноку хиљолатзо мебошанд. Ин суолњо рўњан азобам медињанд. Охир ман њам яке аз дўстони ту будам! Туе, ки замоне ба ман барои аз вартаи танњоиву ноумедї берун омадан кўмак карда будї!.. Аввали солњои 90-ум дар асари љангњои шањрвандї кор дар театр ва умуман фаъолияти эљодї моњияти хешро коста буд. Бо ин сабаб ва иллати баъзе мушкилоти рўзгор ( асосан рењлати се нафар азизонам) ман маљбур шудам, фаъолияти худро дар театр ќатъ кунам. Дар тўли ќариб як соли бекорї ба як њолати рўњафтодагиву ноумедї дучор омада будам ва азоби танњої низ мекашидам. Рўзњое буданд, ки аз хона мебаромадаму ба куљо рафтану чї кор карданамро намедонистам. Дар яке аз чунин рўзњо, аниќтараш 11марти соли 1996 ту маро дар назди театри опера ва балет аз роњ боздоштиву ањвол пурсидї. Вохўрии онрўзаи мо дар рўзи иди матбуоти тољик бароям як инояти таќдир буд. Ман он рўз бори аввал аз зиёфати дўстонаи ту бархурдор гаштам. Он рўз рўзе буд, ки ту аз сари нангу номус ба раѓми ѓайбату бадгўињои иддае аз бахилону нотавонбинонат ният карди, ки дар холигоњи иттилоот аввалин нашрияи тољикии мустаќили матбуоти навини тољикиро таъсис бидињї. (Ваќте, ки барои таљлили рўзи матбуоти тољик масъулин машварат меоранд, тасмим мегиранд, ки њамаи сармуњаррирони нашрияњои давлатї ва сармуњаррири ягона нашрияи хусусии русї "Дайжест-пресс"- Акбари Сатторро низ даъват намоянд, то гурўњи тадорукот созмон дињанд. Нафаре бо тамасхур иддао мекунад, ки: "Дайжест-пресс" њафтаномаи эљодї нест ва маводи нашрияњои русиро гулчин карда ба табъ мерасонад, аз ин хотир Акбари Сатторро наметавон сармуњаррир номид." Ин њарфњо ба гўши ту расида буданд ва дар таъсиси њафтаномаи тољикї азми ту аз сари номус хеле ќавї буд.) Ва маро даъват намудї, ки дар ин амри хайр, дар ин иќдоми муборак дар пањлўи ту бошам. Баъди ду рўз дар њафтаномаи русии "Дайжест-Пресс" ба ифтихори 40-солагии зодрўзи ман табрикоти пурмењреро ба чоп расондї. Њамин тавр ман бо њидояти ту бори аввал ба бинои 16-ќабатаи нашриёти "Шарќи озод" омадам ва таќдири худро чанд сол ба матбуот, ба фаъолияти рўзноманигорї пайвастам. (Идома дорад)
10
“НИГОЊ”, ЧОРШАНБЕ №45 (478), 10. 02. 2016
ТОП - 5
ТОЗИЁНАИ ДИГАР БА САБРИ КАБИРЇ
ститутсияи (Сарќонуни) Љумњурии Тољикистон воридшаванда ба Конститутсияи (Сарќонуни) Љумњурии Тољикистон" буд. Хабарро дар "Ховар" то баъди зуњри рўзи сешанбе 852 нафар хонда буданд. Матлаби "Ихтилоф дар миёни роњбарони "Гуруњи 24"-ро, ки рўзи 4-уми феврал дар сомонаи TojNews рўйи чоп омад, то зуњри рўзи сешанбе 9900 нафар хонда буданд. Пурхонандатарин матлаби аввали ин њафта дар сомонаи "Азия-плюс" хабари ба ќаллобї муттањам шудани бародари Раиси Хадамоти гумруки Тољикистон Абдуфаттоњ Ѓоибов Наљмиддин Саидов буд. То зуњри рўзи сешанбе
Ёде аз рўйдоди Шарора дар 27 соли пеш, ки дар баъзе расонањо, аз љумла дар сомонаи радиои "Озодї" интишор шуда буд, хотироти мардумро зинда кард ва таваљљуњи сокинони кишвар баёнгари он нукта аст, ки онњоро беш аз њар чизи дигар сарнавишти духтараки зиндамонда аз ин фољеа ба худ кашидааст. Куљо шуда ва њоло чї мекарда бошад? Шарора, ки муљизаосо аз гањвораи хоб берун афтод ва падару модараш зери хок шуданд, имрўз бонуи 27-сола ва соњиби хонаву дар ва се фарзанд аст, ки дар шањри Душанбе зиндагонї мекунад. Аз хурдї то имрўз бисёрињо баробари диданаш аввал аз пулу суратњисобе мепурсанд, ки 27 соли пеш ба номи ў кушода шуда буд. Пуле, ки ў бояд дар 18солагї мегирифт, вале то имрўз дар борааш маълумоте надорад. Ин матлабро радиои "Озодї" 3-уми феврал дар сањифа гузошт ва то зуњри рўзи 9-уми феврал 11 њазору 207 нафар онро мурур кардаву бисёрињо изњори назар ва њатто хотироти худро дар њошияи он навишта буданд. Баъди ѓайбати тўлонї бори аввал Райиси Њизби сотсиал-демократии Тољикистон, њуќуќшиноси маъруф Рањматилло Зойиров дар радиои "Озодї" суњбат кард ва андешањояшро дар бораи сабри Кабириву баста шудани ЊНИТ ва чанд масъалаи дигар иброз дошт. Ин мусоњиба, ки рўзи 3-уми феврал рўи чоп омад, то баъди зуњри рўзи сешанбе 10 њазору 36 нафар хонанда дошт. Ин њафта њам пурбањстарин мавод дар сомонаи "Озодагон" њамон матлаби Абдуллоњи Муњаќќиќ буд, ки мегуфт ба њамсари Эмомалї Рањмон унвони пешвои занони мусалмон дода шавад. Дар њошияи ин матлаб 36 нафар шарњ навиштаанд ва аксари онњо мухолифати худро ба ин пешнињод иброз доштаанд. Аз љумла Рустам ном хонанда менависад: Ин пешнињоди як нафар аст ва њеч гоњ мавќеи давлат нест. Аммо ин чи гапай, ки њамаатон ба хонаводаи президент часпидед. Бас кунед. Агар нисфи имкониятњои онњоро медоштед, чи корњое намекарден. Ба хонадони президент, ки њамагї таќаводору боимонанд, дастдарозї накунед. Бо худодо-
да ситеза накун, зеро ўро Худо додаст". Ба маводи дигари ин сомона "Норозигии сокинони Бадахшон аз "ношукрї"-и раис аз кўмакњои Оќохон" 27 нафар изњори назар кардаанд. Гуфта мешавад, ки суњбати ошкорои Шодихон Љамшед, раиси вилояти Бадахшон бо рўзноманигор Шарифи Њамдампур, ки кўмакњои Бунёди Оѓохонро ба вилоят ночизу эњсоснашаванда хондаст, норозигии бархе аз сокинони вилоятро ба вуљуд овардаст. Шодихон Љамшед дар ин суњбат аз хисороти зиёди офатњои ахири табиї ба мардуми вилоят ёд оварда, гуфтааст, њукумат сари ваќт зарардидањоро бо шароити хуби зиндагї таъмин намуд. Дар ин баробар кумакњои Бунёди Оќохонро ба зарардидагон хеле ночиз хонда, таъкид кардааст, мардум њам инро њис карданд. Раиси вилоят њаљми маблаѓгузории Бунёди Оќохонро ба вилоят дар соли гузашта 5-8 миллион сомонї арзёбї намуда, илова кардааст, ин сирф маблаѓњои фонди Оќохон нест: "Ин маблаѓњои донорњост, ки бо фонди Оѓохон њамкорї мекунанд". Аз сомонаи давлатии "Ховар" ин њафта хонандагонро бештар хабари "Дањшат: хонандагони мактаби миёна ба ивази маводи мухаддир њамсинфи худро ба афѓонњо гарав монданд" ба худ љалб кардааст. Сухан аз ширкати хонандагони мактаб дар муо-
РАИСИ ЊИЗБИ МАМНУЪШУДАИ НАЊЗАТИ ИСЛОМЇ ДАР ПАЙГАРДИ ЌОНУНЇ ЌАРОР ДОРАД милоти ѓайриќонунии маводи мухаддир меравад, ки њамсолу њамсинфи худро ба афѓонњо гарав монда, маводи мухаддир гирифтаанд. Дар амалиёти маќомоти њифзи њуќуќ гаравгон озод карда шуд ва њоло тафтишоти ин њодиса идома дорад. Рўйдоди мазкур њафтаи гузашта иттифоќ уфтода буд ва яке аз хабарњои пурхонанда ва љолиб дар расонањо буд. Чун њодиса ба зоти худ нодир буд. Наврасон чи гуна тавонистанд ба гаравгон гузоштани њамсабаќи худ иќдом кунанд? Оё ба ин кор калонсолон даст надоранд? Ин хабарро дар "Ховар" то баъди зуњри рўзи 9-уми феврал 814 нафар хонда буданд. Хабари дигари пурхонандаи ин расонаи давлатї "Суди конститутсионии ЉТ лоињаи таѓйиру иловањоро ба Конститутсия мутобиќ донист" ном дорад, ки чуноне аз номаш пайдост, дар бораи мурофиаи судии конститутсионї аз рўи пешнињоди Маљлиси намояндагони Маљлиси Олии Љумњурии Тољикистон "Оид ба муайян намудани мувофиќати лоињаи таѓйиру иловањои ба Кон-
онро 10259 нафар хонда буданд. Хабаргузорї истинодан ба маќомоти додситонї иттилоъ дода буд, ки Наљмиддин Саидов, раиси намояндагии "Тољиксодиротбонк" дар Данѓара ва бародари Абдуфаттоњи Ѓоиб ба "ќаллобї" муттањам мешавад. Маводи интишоркардаи ин сомона дар бораи парчами ќирѓизон дар боми ду сокини ноњияи Бобољон Ѓафуровро то баъди зуњри рўзи сешанбе 6874 нафар хонда буданд. Ин хабар дар њамаи расонањои кишвар интишор шуда буд. Ва ахиран Вазорати корњои хориљии Тољикистон ба Ќирѓизистон нота фиристод, ки дар он аз љумла гуфта мешавад: "Чунин амалњои ѓайриќонунї хилофи созишњои аз љониби Комиссияи байнињукуматї оид ба делимитатсия ва демаркатсияи сарњади Тољикистону Ќирѓизистон, ки ба наздикї ба пешравии назаррас дар муайян кардан ва созгории сарњади давлатї миёни ду кишвар баста буд." Бобољони ШАФЕЪ
БАЊСИ ЗИНДА. ЧАРО БЕ ШУМО? Њафтаи гузашта TojNews як матлаби изтиробангезро бо номи "Ширкати амрикої дар Айнї дењаеро ба "водии марг" табдил хоњад дод"аз њафтаномаи "Нигоњ" бозчоп кард, ки то баъди зуњри рўзи 9-уми феврал онро 16 њазору 485 нафар хонда буданд. Ин маќолаи такондињанда аз номаи 50 сокини дењаи Оби Канапо њикоят мекунад, ки мегўянд онњо бурузи ин бемории ташхисношударо ба партовгоњи "Анзоб", ширкати дар гузашта муштараки Тољикистону Амрико (собиќ Корхонаи маъдантозакунии Анзоб), њоло пурра амрикої рабт медињанд. Онњо навиштаанд, аз рўзе, ки ин партовгоњ эљод шуд, беморињои занона ва сироятї, назири зардпарвин миёни занон ва кўдакони дења афзудааст. Хонандагон ба ин матлаб вокуниш нишон доданд ва дар њошияи он шарњњои зиёд навиштанд, ки интихобанд намунањо меорем: Исфандиёри Назар: Ман ин фољианомаро дар њафтаномаи "Нигоњ" хондам... Њатто намедонам чи бигўям. Метарсам, ки аслан њеч маќому пояе дар кишвар ба ин тарафи масъала - ба марги муфољо рў ба рў истодани сокинони ин дења таваљљуњ нахоњанд кард. Басо фољиањо гузашту надидам, ки изњори таслияте шуда бошад... Вазорати тандурустї набояд дар ин маврид хомўш биншинад.
КУЉОЯНД ЉАВОНОНИ "ОЯНДАСОЗ", КИ ТАЗОЊУРОТИ ЗИДДИАМРИКОЇ СОЗМОН ДИЊАНД?
Њамчунин мардуми ноњия бояд садо баланд кунанд - агар ширкат амрикоист ё чинї ё тољикї бояд љуброни ин фољиаро ба так-таки сокинони дења пардохт - он њам љуброни тамоми умр! Ва ба љои безарар кўчонидани онњоро таъмин намояд. Исмоили иброњим: Бо Исфандиёри Назар мувофиќам.
Гост: Ба сафири нави Амрико њам мурољиат кунед Askar: Бояд њамон ширкати амрикої ин кўдакро барад дар Амрико табобат карда, ба ватан баргардонад. Албатта, тамоми харљњои пулї бояд аз њисоби ин ширркат пардохт шаванд. Танњо дар ин сурат чорањои партовњоро мебинанд. Тољик: Чаро ононе, ки худу бехуд дар назди сафоратхонањои чанд кишвар тазоњуроту баромад карда, тарафдори сулњу амнияту осоиштаги тољикону Тољикистон буданд, ин љо хомўшанд? Чаро намеравед тазоњурот ташкил кунед? Синољони Точик: Дар ин љо гуфта шудаст, ки Амрикойињо хабар надоранд, бисёр хандаовар аст. Амрикойї аз њама чиз бохабар аст. Амрикойї мефањмад бо кї сару кор дорад. Бо касоне, ки танњо дар фикру хаёли долларанд, Амрикойї аз њар њол истифода мекунад, аз оби гилолуд моњї мегиранд. Зардушт: Салом ба њама. Бунёди корхонањо ва рушди њамарўзаи онњо ин таъмини љойи кор ва амнияти иќтисодии љомеъа мебошад. Шумораи корхонањои
коркарди маъдан ва кимиёвиро зиёд бояд кард, чунки иќтисод ба саноати чунин корхонањо ниёзманд аст, вале аз таъмини амнияти озуќавори ва муњити атрофе, ки корхонаи саноати кимиёвї дар он љо вокеъ аст, набояд чашм пўшид, чунки ин ду омил асоси љомеъаи солим буда, ва ин коргоњњ тааллуќ ба ин љомеъа доранд. Бо эњтиром Зардушт. Мањмудхон Бурњонов: Ин масъала яке дигар аз силсиламасоили мудњишест, ки бепосух хоњад монд. Мушкили љомеъаи Тољикистон ин аст, ки њукумат ва раёсати кишвар ба дастони як гуруњи белаёќат ва бепарво аз дарди мардум афтодааст. Эколог: Чаро коментарњои маро чоп намекунед???? Зардушт: Точнюс офарин! Хеле инсонњои шарифед, ин моем, ки хокбарламу ишкам бар замин гаштем... хомушу лак... Абдулло: Љавонони "ОЯНДАСОЗ" марњамат ба пеши сафорати Америка рафта митинг кунеду аз "МАРДУМУ МИЛЛАТ" дифоъ кунед! Ё бояд ин бор њам аз БОЛО киш-киш шавед?!
“НИГОЊ”, ЧОРШАНБЕ №45 (478), 10. 02. 2016
САЊФАИ ВОЛИДОН
11
КОРАФТОДАИ ДОНО
"МУЊИТИ ДУХТАРОНА"-И АБДУМАЛИК Абдумалик Ќодиров, журналисти маъруф ва тањлилгари шинохта аз љумлаи онњоест, ки аз љумлаи фарзандон танњо духтар дорад. 4 духтар. Азбаски зиёд мешунавем, ки дар баъзе оилањо ба хотири таваллуди духтар бањсњое пайдо мешаванду боиси парокандагии оила њам мегарданд, тасмим гирифтем "ретсепти хушбахтї"-ро аз "муњити духтарона" -и ў бишнавем. -Мегўянд писар дар пиронсолї дасти падар мегирад, волидонро саробон мешавад. Вале њодисањоеро зиёд медонем, ки писарон ба љойи дар пањлуи пирон будан, даст ба корњои ношоиста мезананд ва ќадру обрўи волидонро кам мекунанд. Вале ин воќеъият аст, ки тарбияи як фарзанди духтар дар ќиёс ба писар хеле зањмат мехоњад. Писарро, ки калонтар шуд, метавон ба њоли худ гузошт, вале намешавад, ки духтар ба њоли худаш гузошта шавад. Озод будани духтар ба фарњанги мо бегона аст. Вай бояд озод, вале њамеша зери назорат бошад, -мегўяд ў. Аввалин духтари онњо соли 1985 ба дунё омад. Он замон Абдумалик дар шањри Хомси Сурия кор мекард. Муждаи навзод як њафта баъд расид ва дўстонаш дар Димишќ тасмим гирифтанд ин пайѓоми хушро бо њам ќайд кунанд ва ба шодии Абдумалик шарик шаванд. Бегоњии љумъа, ки аз Хомс ба Димишќ меомад, дар роњ автобус ба садама дучор шуд ва ў низ ќатори дигарон захм бардошт. Ва чун ба Димишќ расид, аввал ўро ба бемористон бурданд, то љароњаташро дўзанд ва сипас сари
дастурхони муборакбодии шањбонуяш нишастанд. Ин лањзаро хуб дар ёд дорад ва њамеша чун сухан аз таваллуди фарзанди аввал равад, онро пеши назар меорад. Аз ў мепурсам: "Маъмулан интизории писар бештар аз фарзанди духтар аст. Худи ў чї интизорї дошт ва паси њам таваллуд шудани духтарон руњияи ўро намешикаст?" Посухи ў: "Ин воќеъият аст, вале он ки духтар муњаббати бештар дорад, хастагии руњиро мебарад ва имкон намедињад дар бораи чизи дигар бияндешед". Муддати бештар аз сї сол Абдумалик дар муњити духтаронаи хонавода зиндагонї мекунад. Ва мегўяд ин ба худ як лаззати дигар њам дорад ва инро одамоне, ки дар оила њам писар доранд ва њам духтар, камтар эњсос мекунанд. "Як нуктаро тасаввур кунед: шумо ягонаед дар њалќаи панљ љинси латиф. Ва њар кадоми онњо дар муњаббату изњори мењрубонї бо якдигар сабќат мекунанд. Ва бо духтарон зистану муњаббати онњоро эњсос кардан, роњат њам дорад",- мегўяд ў. Оё буда њолатњое, ки миёни зану шавњар бањси писару духтар шуда ва вокуниши хонум чї будааст?, -мепурсам аз Абдумалик. Ў бо табассуми хос гуфт: "Табиист, ки њолатњое ин гуна суњбатњо рух медоданд. Нороњатии хонумро эњсос мекардам. Њамсарам ба ман чанд бор пешнињод кард, ки ваќтро аз даст надињам ва агар дилам писар мехоњад, њоло ки имкон дорам, издивољи дигар кунам. Вале
ХУШБАХТЇ БО ЧАЊОР ДУХТАРИ ДОНОВУ ЗЕБО
посухи ман њамеша ин буд, ки "бароям њар фарзанд азиз аст ва ман як тори мўйи ин духтаронамро ба дигар кас иваз намекунам". Гумонам рафт, ки шояд алоќањои хешовандї сабаб шудаанд, ки Абдумалик натавонист аз ин хонум људо шавад ва ё ишќу муњаббати љавонї буд, ки посаш дошт. Аммо таќрибан на ин буду на он. Дуруст, онњо хеши дур њам њастанд, вале он наметавонист сабаби пайванди њамешагї шавад, агар дар миён муњаббат намебуд. Абдумалик мегўяд, њамсараш ба синну сол хеле аз ў хурд буд ва онњо наметавонистанд ба њам ошиќ шаванд. Хонаи онњо дар мактаб-интернате, ки Абдумалик тањсил мекард, наздик буд ва табиист, ки равуо дошт. Аммо ин духтар он замон тифлак буду Абдумалик мактабхон. Ва бо шўхї мегўяд, ки "њатто гањвораи ўро љунбондаам". Вале замоне, ки бояд издивољ мекарду духтари дўстдоштааш ўро ба истилоњи имрўзиён "кидат" кард, бо тавсияи хешон бо њамин бону њамхона шуд. "Иштибоњ накардам, пушаймон нестам. Агар имконе мешуд, ки зиндагиро аз нав шурўъ кунам, боз њамин њамсарамро ихтиёр мекардам, бигзор боз њам чор духтари дигар мекард. Зеро маро гумон аст, ки зани дигаре
МАСЛИЊАТ Ангезаи руљуъ ба ин савол номае шуд, ки ахиран ба идораи "Нигоњ" расид. Модари се фарзанд бо исми Манзура навишт: "Намехоњам бо наќли пурраи як пора аз сарнавишти хонаводаи худ, ваќти шуморо гирам. Дирўз ошкор кардам, ки писарам дуздї кардааст. Вай њоло дар синфи сеюм мехонад ва метавон гуфт, ки кўдак асту беаќлї кардааст. Аммо дар урфият "тухмдузд шутурдузд мешавад мегўянд". Метарсам, ки ин ба одат табдил шавад ва боз њам метарсам, ки бо накуњишу бо зарбу лат ба руњияи ў зарар расонам. Аммо чї бояд кунам? Шумо доред мутахассисе, ки ба ман маслињат дињад"? Дар даст њамин нома ба устоди кафедраи равоншиносии факултаи фалсафаи Донишгоњи миллии Тољикистон Мањмадулло Давлатов мурољиат кардем. Инак, посух: -Мушоњидањои равоншиносї нишон медињанд, ки дуздї худ як рафтори номатлубест ва агар дар овони хурдї барои рафъи он чорањои зарурї андешида нашавад, шахс тадриљан ба бемории руњии "клептомания" (лаззат бурдан аз дуздї) гирифтор мешавад. Кадом омилњо кўдакро ба дуздї тела медињанд? Омўзишњои иљтимої-психологї пеш аз њама сабаби дуздии кўдаконро дар рафтори нодурусти падару модар муайян намудаанд. Аз њад зиёд сахтгир будани волидайн, зуд-зуд муќоиса намудани фарзанд бо бародаронаш, бо фарзандони њамсоягон, бо рафиќонаш метавонад яке аз сабабњои ба дуздї даст задани ў гардад. Фишори равонї ба фарзанд, шаргузорї: "фалон корро накунї, ба ту фалон чизро намехарам" ва ё "кисапулиат намедињам" гуфтани эшон метавонанд омилњои дигари сар задани ин хислатњои ношоиста шаванд. Њолатњое њастанд, ки атфол ба худ боварї надоранд ва хештанро беќадртар аз дигарон мебинанд ва мехоњанд ба дигарон баробар шаванд, вале волидайн ё имкон надоранд ва ё аз масрафњои бењуда худдорї мекунанд. Агар кўдак худро дар чашми дигарон беќадр њисс кунад, метавонад чизњои маъќулашро дуздида, худро шахси зарурї нишон доданї шавад. Вай аввал аз њамёни волидон медуздад ва ин баёнгари он нуктаест, ки падару модар натавонистанд муњаббати худро ба ќалби ў љо кунанд, то вай аз бадї дар њаќи онњо худдорї намояд. Бо воситаи дуздї кўдак бо рафиќонаш худро
ЧАРО КЎДАКОН ДУЗДЇ МЕКУНАНД? бузург ва пулдор љилва медињад. Бухлу њасад омили дигари даст задан ба аъмоли нољост. Баъзан мушоњида мекунем, ки кўдак ба бародар ё њамсолону њамсинфонаш њасад мебарад ва барои раќобат метавонад даст ба дуздї занад ва ба андешаи кўдакии худ гўё бо ин васила аз онњо ќасд мегирад. Бароварда нашудани ниёзњои физиологї ва руњї сабаби дигари даст ба дуздї задани кўдак шуда метавонад. Њамин тариќ волидайне, ки дар фарзандашон ин амалњоро мушоњида намуданд, набояд бо рафтору муносибати нодуруст корро бадтар накунанд, балки бо маслињату машварат бо равоншинос, аввал омилњо ва сабабњои даст ба дуздї задани фарзандашонро пайдо кунанд ва сипас, барои рафъи он тибќии тавсияњои мутахассис чора андешанд. Ва чун ин хоњарро мо надидем ва њамсуњбат нашудем, танњо метавонем чанд тавсияи умумї дињем: - набояд фарзандашонро бањудаву бењуда сарзаниш кунанд; - њамеша бояд аз суханњои тавњиномезу лањни тањќиромез худдорї кард. Дониста бошед, ки тавњину тањќир зояндаи њисси нафрату адоват аст;
- њаргиз дар тасмимгирї шитоб накунед, ошкор шудани як амали дуздї њарчанд хеле нороњанкунанда аст, вале поёни кор нест. Онро мешавад ислоњ кард, танњо сабурона. Чун инсон хатокор аст, хоса кўдак. - ба маќсади ислоњ кардани фарзанд истифода аз шиканља, латукўб, фишор, љорї кардани мањдудиятњо кори оќилона нест ва илм инро манъ мекунад. - муњимтар аз њама он мењру муњаббате, ки фарзанд ташнаи он аст, баргардонед, то ба шумо муњаббат кунад ва чун даст ба кори бад мехоњад занад, аввал обрўи шуморо пеши назар орад. Ва боз: Чуноне ишора рафт, мутахассисон маслињату машварати даќиќро танњо баъди омўзиши пурраи вазъ ва омилњои дохиливу берунии таъсиррасон ба афкору рафтори кўдак дода метавонанд. Шумо метавонед дар сурати зарурат на танњо ба ин савол, балки ба њама мушкилоти равонї аз хизмати равоншиносони кафедраи психологияи факултаи фалсафаи Донишгоњи миллии Тољикистон, ки дар шањраки донишљўён (маъруф ба Љазира) љойгир аст, истифода кунед.
метавонист тањаммул кунад. Имкониятњои зиндагиро, ки ў бароям фароњам меорад, гумон аст каси дигар карда тавонад. Мо бе ишќбозї ва дўстдорї хонадор шудем, вале муњаббат баъд пайдо шуд ва хеле пойдор омаду поянда". Ин чор духтар ба камол расиданд. Аввалї дар Донишгоњ тањсил мекард, ки хонадор шуд ва муддате барои тарбияи фарзанд аз тањсил канор рафт. Дуюмї Донишгоњи политехникиро бо бањои аъло ва дипломи сурх хатм намуд. Њоло ў низ хонадору соњиби як фарзанд аст. Духтари сеюмаш дар Малайзия хонд, њоло дар хазинаи Сорос кор мекунад ва духтари чорумаш донишљўи Донишгоњи тиббї аст. Абдумалик аз духтари кенљааш њам умедњои зиёд дорад ва мегўяд аз он ки шавќ ба ин касб дорад, духтури хуб мешавад. Ва инак, ў акнун на танњо падар, балки бобои се набераи дустрў њам мебошад, ки яке аз онњо писар аст.
ИНРО БОЯД ДОНИСТ!
ТИФЛИ ЧОРСОЛА БОЯД ЧИРО ДОНАД? - Дар чорсолагї бача бояд мевањоро тавонад аз њам фарќ кунад ва њатман бояд донад, ки онњо чї гуна мешаванд ва кай мепазанд. Хом хўрдани мевањо чї зарар дошта метавонад. - Бояд ў номи њашаротњоеро, ки бештар дар хонаву кўча мебинад, донад. Ва њатто бояд гуфта тавонад, ки онњо чї гуна њаракат мекунанд, кадомашон парвоз мекунанд, кадомашон хазида мераванд ва ѓайра. - Вай бояд њайвоноти хонагиву бачањои онро донад, номашонро аз худ кунад, бо гурба ё саги хона тавонад, ки бозї кунад. - Тифли чорсола бояд фаслњои солро донад. Аз суратњо фарќ кунад, ки зимистон кадом аст ва бањору тобистон кадом. Бояд фазилати њар фасли солро хеле кутоњ донад ва баён крада тавонад. - Вай раќамњои аз 1 то дањро тавонад, ки њисоб кунад. Бо суратњо раќамњоро то 5 ва баръакс тавонад љобаљо гузорад.
ТАЪЗИЯ Њайати эљодии нашрияи «Нигоњ» ба журналисти шинохта Абдуќаюми Ќаюмзод нисбати даргузашти нобањангоми ЊАМСАРАШ таъзия баён намуда, ба бозмондагони марњум сабри љамил хоњонанд.
12
“НИГОЊ”, ЧОРШАНБЕ №45 (478), 10. 02. 2016
БО ШОИР
ФИРДАВСИ АЪЗАМ Гиря кардем ба њоли диламон хандиданд Ишќро аз дили хунпораи мо дуздиданд Мо алораѓми ѓами хеш муњаббат кардем Мисли саг љаф зада гирди сари мо чархиданд Мо дили ойинаро дасти рафоќат додем Сангро љойи дили хеш ба мо бахшиданд Каљдилоне ки ба њар љой нигањ мебурданд Хешро аз нигањи ойина каљ медиданд Оќибат њеч касе чатри њимоят нагушуд Мисли борон шуда аз ќисмати худ бориданд Он ќадар бекасу бесояву берўњ шуданд Охараш аз худу аз сояи худ тарсиданд
Ноз кун ширинѓазал бас ноз дорад чашми ту Њисси лаззатовари шањноз дорад чашми ту Менавозад рўњро дидори гарми чашмњот Як нигањ ширинии овоз дорад чашми ту Кори њайратоваре дар чашмњоят дидаам Духтари пайѓамбарї? Эъљоз дорад чашми ту Дар нигоњат хондаам ашъори наѓзи Хољаро Љилвањои гулшани Шероз дорад чашми ту Пушти чашмони сиёњат рушанї хобида аст Як чаман, як боѓ чашмандоз дорад чашми ту Мебарад атри нигоњат аќлу њушамро, магар Шишаи атри ѓазалро боз дорад чашми ту Интињои ин ѓазалро мешавад ин гуна гуфт Боз сад шеъри дигар оѓоз дорад чашми ту
*** Зи чашмњои ту имшаб сурур мерезад Зи гармии нафасат атри њур мерезад Гумон кунам ки ту аз бастагони мањтобї Ки аз ду чашми булури ту нур мерезад Назар ба моњ макун, рашки осмон сахт аст Ки обруи мањ аз роњи дур мерезад Ба њар куљо ки туйї мањфили тараб барпост Ба њар куљо ки туйї мављи сур мерезад Маро ба сењри нигоње ба хеш даъват кун Хушо ба њисси њузурат ки шур мерезад
*** Дар гузаргоњи ин шаби манњус чашмњоро чароѓ хоњам кард Дастњои сапеда кутоњанд, шамъро чилчароѓ хоњам кард Кас наовардааст шодиро ба нињонхонаи дили ѓамгин Бо њамин шеърњо ба осонї хешро тардимоѓ хоњам кард Шаб сиёњ асту рушаної нест, осмон моњро куљо бурдаст? Дар фазое ки ѓарќи торикист, кирмро шабчароѓ хоњам кард Ёдњоро вараќзанон дидем, њеч кас њам суроѓи мо нагирифт Дар паси кўчањои хотирањо,
***
ИЛЊОМ АЗ МАРСЕЛ ПРУСТ 1. Агар Шумо Президент мебудед, фармони №1 - атон чї мебуд? - Масъулияти Президент будан бисёр сангин аст, аз ин рў намехоњам Президент шавам. 2. Њодисаи низомие, ки Шуморо тасхир намуд, кадом аст? - Њаводиси моњи сентябри Тољикистон аз ѓайриинтизортарин њодисае буд, ки сар зад ва кулли љомеаи кишварро ба њайрат овард. 3. Бадбахтиро чї гуна тафсир мекардед? - Бадбахту бадбахтї мафњуми доманадор аст. Аз як зовия, бадбахт касест, ки љуз худбинї ва озору зулм дар њаќи дигарон чизе намедонад. Аммо ман фикр мекунам њамаи инсонњо њадди аќал як рўз воќеан бадбахттарин одами рўи замин њастанд ва ин таљрибаро бо тамомї ноумедї ва дасткутоњї эњсос мекунанд. Њатто сарватмандтарин одамњо, оќилтарину номдортарин одамњо њам ин таљрибаро аз сар мегузаронанд. Воќеан гоње хеле бадбахт њастем.
хештанро суроѓ хоњам кард Танг шуд то њузури ќофияњо дар фаросуи ин ѓазалгуна Лољарам аз барои ќофияе бозњоро калоѓ хоњам кард *** Вањ ки имшабро пур аз эъљоз кардї, нозанин, Љилвањои хешро танноз кардї, нозанин. Диданат дар раќс меорад дили хобидаро, Хилватамро бас танинадоз кардї, нозанин. Зиндагиро дўст медорам барои диданат, Бас ки имшаб чашмро ѓаммоз кардї, нозанин. Лањзањоро бо њузурат ѓарќи шодї кардаї Ишќро дар дида чашмандоз кардї, нозанин. То ки гуфтам дўст медорам туро, беихтиёр, Њисси ноби ишќро иброз кардї, нозанин. Баъди он додам ба дастат себи сурхи ишќро, Себро аз ман гирифтї, гоз кардї, нозанин. *** Ин тоифа он гуна ки гуфтанд, набуданд Як умр фаќат хеш сутуданду сутуданд
МУХТАСАРИ ШАРЊИ ЊОЛ Фирдавси Аъзам 21-уми ноябри соли 1984 дар рустои Худгифи Сояи ноњияи Масчоњ чашм ба љањон кушодааст. Фориѓуттањсили риштаи забонњои хориљии Донишгоњи давлатии Хуљанд ва мутарљими забони англисист. То кунун навиштањо ва чакомањояш дар нашрияњои Тољикистон ва торнамоњои мухталифи Эрону Афѓонистонмунташир шудаанд.
Гуфтанд хилофи њама пушидадаронем Аммо худашон панљараеро нагушуданд Гуфтанд ки мо ошиќи оинадилонем Аммо ки ѓубори дили моро назудуданд Умре ба сароидани мадњия нишастанд Як рўз ѓаму ѓуссаи моро насуруданд Инњо ки ба пиндори шумо ходими халќанд Њамвора паи мансабу њам давлату суданд Дар љомаи мардони худо љилва намуда Дидї ки чи дањшат ба сари халќ намуданд! Бар масљид агар омадаї, нек назар кун Аз рўи риё ин њама дар њоли суљуданд Дар партави мардони хирад бош, ки зеро Онњо ба яќин лоиќи тањсину дуруданд
ЊУКУМАТИ ЧОРУМ Бо фармони Президент Эмомалї Рањмон муњлати њабси журналист Аминљон Гулмуродзода як сол кам карда шудааст. Аминљон Гулмуродзода дар бахши русии сомонаи "Фараж" кор мекард. Хусрав Аюбов, адвокати Аминљон Гулмуродзода ба TojNews гуфт, Фармони Президенти тањти №616 аз 18-уми январи соли 2016, як соли њабси журналистро кам кардааст. Адвокат мегўяд, ки дар посух ба дархости онњо аз Сармаркази иттилоотї-тањлилии ВКД маълумот додаанд, ки фармони мазкур ба онњо расида, аллакай дар амал татбиќ шудааст. Аминљон Гулмуродзода, фарзанди марњум Пайванди Гулмурод, собиќ устоди факултаи журналистикаи ДМТ бо њукми суди ноњияи Исмоили Сомонии пойтахт моњи августи соли 2015 барои ду сол мањбас шуда буд. Маќомоти амниятии Тољикистон Аминљон Гулмуродзодаро тибќи моддаи 340, ќисми 2, банди "а"-и Кодекси љиноятї "сохтакории шиноснома, бо маќсади истифода
ПРЕЗИДЕНТ ЯК СОЛИ МАЊБАСИ ЖУРНАЛИСТРО БАХШИД аз љониби худи сохтакор ё шахси дигар, њамчунин истифодаи њуљљатњои бараъло ќалбакї, такроран" муттањам мекарданд. Парвандаи љиноятї нисбат Аминљон Гулмуродзода аз љониби Раёсати Кумитаи давлатии амнияти миллї дар шањри Душанбе боз шуда буд. Адвокат Хусрав Аюбов мегўяд, њоло намедонад кадом мурољиати онњоро Президент ба инобат гирифта, як соли мањбасро бахшидааст. Ќаблан Ситора Сатторова, њамсари Аминљон Гулмуродзода аз Президент хоста буд, ки ба ќазияи шавњараш расидагї кунад. Ў дар як нома ба унвонии Президент аз вазъи оилавиаш ёд карда гуфта буд, ки "соњиби 2 духтарча мебошам, ки яке аз онњо маъюб (гирифтори бемории аутизм) буда, аз љињати асабоният ва њарф назадан моро сахт нига-
рон кардааст. Аз сабаби бемории духтарам хонашин буда, ба нигоњубини ў машѓул мебошам. Харољоти якмоња ва таъмини кўдаки маъюбам наздики ду њазор сомонї дар як моњ аст." Шермуњаммади Шоњиён, раиси Суди Олии Тољикистон дар нишасти матбуотиаш гуфта буд, ки дар бораи ин ќазия огоњ нест, њатман думбол хоњад кард. Хуршеди Атовулло, рањбари "Фараж" дар бораи иттињомот нисбат ба Аминљон Гулмуродзода гуфта буд, ки "гўё соли 1989, ки њанўз ба балоѓат нарасида буд, бо кўмаки падараш, собиќ декани факултаи журналистикаи ДМТ, шодравон Гулмуродзода Пайванди Гулмурод аз бахши САЊШ-и ноњияи Ленин (њозира Рўдакї)-и ЉСС Тољикистон
шањодатномаи таваллуд дастрас кардааст, ки он, ба гуфтаи маќомоти тафтишоти пешакї, ќалбакї мебошад. Дар идомаи парвандаи љиноятї омадааст, ки Аминљон гўё бо истифода аз ин шањодатнома аз маќомоти корњои дохилии ноњияи Рўдакї соли 1998 соњиби шиноснома шудааст ва онро дар чанд њолат њангоми ба кор ќабул шудан истифода намудааст".
ФАРЊАНГИ ЌАДР
“НИГОЊ”, ЧОРШАНБЕ №45 (478), 10. 02. 2016
13
40 СОЛИ ЯК МЕЪМОР Олими маъруф Рустам Муќимов 70 сола мешавад "Меъморї касб нест- тарзи зиндагист!" "Њар меъмор њатман шоири бузургест. Ў бояд мутарљими замони худ бошад". Фрэнк Ллойд Райт, меъмори амрикої "Ба назарам чунин менамояд, ки ман меъмор таваллуд шудаам. Албатта фаромўш намекунам, ки соли 1969 шўъбаи меъмории Донишгоњи политехникии Тољикистонро хатм кардаам. Ва инак тамоми зиндагии худро ба ин донишгоњ бахшидам. Дуруст, ду соли хизмати аскарї ва ду соли дигареро, ки дар Сарраёсати меъморї - банаќшагирї фаъолият доштам, бояд аз ин њисоб берун кард. Ин ќисмати кор, њарчанд бисёр кўтоњ буд, аммо ба ман касби хуб -шањрсозиро сабаќи муфид дод. Аслан аз рўи хулосаи ман меъморї ин касб нест, тарзи зиндагист: бояд њама ваќт дар андешаи кори худ буд, зиндагиро бояд доим нав дид ва ба он чизе илова кард! Масалан худи ман, њанўз аз замони донишљўї зери таъсири суњбатњои устодам С. Г. Хмелнитский ба меъморї ва мероси ниёгонамон шавќ пайдо кардам. Њеч аз хотирам намеравад, ки ў мани донишљўи соли 4 -умро њамроњаш барои санљиши муљассамаи олими бузурги Шарќ Мир Саид Алии Њамадонї ба Кўлоб бурд. Соли 1975 пас аз хатми донишгоњ, устод тавсия доданд, ки дар экспедитсияњои археологии Институти таърихи Академияи илмњо ба сифати меъмор иштирок намоям. Аз ин ба баъд, инак 40 сол аст, ки зиндагии ман ба илми меъморї ва мероси таърихї - фарњангиамон иртибот гирифт. Ин касб барои ман то андозае ќарин гашт, ки ќариб тамоми оилаамон ба меъморї пайвастанд. Њамсарам Салия Мамаљонова низ
13
"ТАБАДУЛЛОТ БО ДАСТИ РУСИЯ"? Собир Валиев дар ин гуруњ шахси шинохташуда аст. Њанўз замони интихоботи парлумонии соли 2015 дар пушти дарвозаи хонаи падараш дар Душанбе бо њуруфи калон касе "ХОИН" навишта буд. Баъдан ў дар Молдова бо дархости маќомоти тољик боздошт гардид, аммо ба зудї рањо ёфт. Собир Валиев ба он аст, ки "ин њама як ихтилофи кўчак аст ва бо дасти бегона тарњрезї шуда. Дар асл њич њарфи љиддї нест, рањбарият њамон аст, ки буд: Шарофиддин Гадоев рањбар ва ман муовинаш. Ин њама сару садо бе њузур ва огоњии мо сурат гирифтааст. Ин замоне буд, ки мо дар мулоќот бо аъзои парлумони Иттињоди Аврупо будем. Ваќте ман дар Брюссел дар нишасти намояндагони парлумони Иттињодияи Аврупо бо њизбњо ва фаъолони љомеањои мадании кишварњои Осиёи Миёна иштирок доштам, баъд аз он нишаст, якбора дар Фейсбук хондам, ки чанд нафар эълон кардаанд, ки гўё дар "Гурўњи-24" таѓйирот эљод шуда ва рањбар ва муовинашро сабукдўш кардаанд. Он њам бидуни ягон хабар бо Шарофиддин Гадоев- рањбари гурўњ ва муовини вай, ки банда њастам. Номи ин корро фаќат метавон табаддулот гузошт. Атовуллоев њам мисли дигарон аз тариќи Фейсбук хабардор шуд, намедонист. Пас љаласаи он чанд нафар тибќи ойинномаи дохилии мо њеч расмият надорад.Тахмин мекунем, ки ин љо дасти Русия бошад. Чандин агентњоро њам ошкор кардем. Масъалаи пулї умуман дар миён нест. Њарчи кардем, аз љайби худам буд. Оре, Ша-
меъмори касбист. Ў њам номзад ва доктори илм аст. Духтарњоям Сайёраву Саодат низ касби ману модарашонро интихоб карданд. Сайёра соли 2013 дар Бишкек рисолаи докторї њимоя кард. Саодат низ ба њимояи рисолаи докториаш омодагї мегирифт, мутаассифона марги нобањангом соли 2014 ўро аз мо људо кард". "Мо услуби хоси меъмориамонро маълум накардаем" "Асари бењтарини меъморї њамчун шањодати зиндаи њаёти гузашта дар зиндагии муосир аст" Ханс Георг Гадамер, файласуфи олмонї "Њоло бањсњо дар бораи меъмории навини пойтахтамон зиёд ба гўш мерасанд. Мутаассифона Душанбе њарчї бештар аз гузаштаи худ канда мешавад. Бар илова, он ранг ва айнияти худро аз даст медињад. Оре, мо медонем, ки пойтахтро бояд нав кард, ба замон мувофиќ кунонд. Аз ин хотир, аз бањри биноњои пастошёна гузашта, иншооти осмонбўс месозанд. Дуруст аст, ки мавќеи љуѓрофии пойтахт имкон намедињад, ки дар он маркази нави маъмурї бунёд кунем. Аз љониби дигар намедонем, ки то куљо биноњои нави баландошёна ба иќтидори обу корезї ва дигар пањлуњои муњими шањрсозї мувофиќ аст. Набояд фаромўш кард, ки дар шањр иншооти таърихї ба камї њам бошад, вуљуд доранд. Ин биноњоро бояд њифз кард, њарчанд онњоро шоњасари илми меъморї гуфтан низ мушкил менамояд. Аз љумла, ба њисоби ман, дар пойтахт биноњои Театри опера ва балети ба номи Айнї, китобхонаи собиќи ба номи Фирдавсї (њоло Палатаи њисоб),вазорати адлия (солњои 30-юм кумитаи халќии замин ба њисоб мерафт), ду бинои 3 -ошёнаи манзили зист аз ду тарафи бинои Акаде-
РУСТАМ МУЌИМОВ АЗ ДАСТИ ПРЕЗИДЕНТ ЉОИЗАИ БА НОМИ РЎДАКИРО ЌАБУЛ МЕКУНАД мияи илмњо (онњо њам бинои таърихии солњои 30-юманд), мењмонхонаи "Вахш", бинои феълан ТВ "Сафина", чойхонаи "Роњат", муљасаммаи Ленин дар боѓи шањрї (он њифз шудааст) ва њайкали Рўдакї дар назди Донишгоњи кишоварзї ба ќатори ёдгорињои таърихї дохил мешаванд. Иншооти таърихиро кї бояд маълум кунад? Фикр мекунам комиссияи муштараке бояд бо роњбарии Вазорати фарњанг ва дар њайати он љамъ овардани кормандони Институти таърих, коршиносони вобаста ба тањкурсигузорї, зилзилашиносон, экология, меъморї, санъатшиносон таъсис дод, то онњо њама пањлуњои масъаларо арзёбї кунанд. Ба андешаи инфиродии ман, то имрўз дар Тољикистон, аз љумла шањри Душанбе услуби хоси меъморие, ки айният ва намуди шањрро маълум кунад, вуљуд надорад. Аз ин хотир, то имрўз дар байни меъморон оид
ба чигунагии ранги миллии шањрсозиамон фикри ягона нест. Иттифоќи меъморони Тољикистон чанд бор барои меъморони љавон озмун эълон кард, семинарњо гузаронд, аммо њамоно андешаи ягонаи комил пайдо нашудааст. Он ки дар биноњо аз њисоби семент, бетон ва санг шаклњои ороишї пайдо шудаанд, њалли масъала нест! Симои бино дар намунањо (узор) не, бояд дар шакли меъморї- фазоии он пайдо шавад, ки бояд аз стереотипњо озод бошад. Стереотипњое, мисли ин ки њатман ќабати якуму дуюми бино аз марказњои савдову маишї иборатанд... Ба ёди ман соли 1979 мерасад, ки яке аз пирони меъмории кишвар Всеволод Веселовский тањти унвони "Меъмории Тољикистон чї гуна бошад?" дар матбуот матлаб навишту бањсњоеро ба миён овард. Мутаассифона чунин бањсњоро имрўз намебинем, њарчанд зарурати бештаре барои ин пайдо шудааст."
МУХТАСАРИ ШАРЊИ ЊОЛ Муќимов Рустам Самадович. Доктори илми меъморї, профессор. Узви Иттифоќи меъморони СССР ва Тољикистон (1975), академики Академияи меъмории Тољикистон, Академияи байналмилалии меъмории кишварњои Шарќ, аъзо -корреспонденти Академияи муњандисии ЉТ, барандаи Љоизаи давлатии ба номи Рўдакї дар бахши меъморї (соли 2014). Ноиби президенти Академияи меъморї ва сохтмони ЉТ (1995). Муаллифи беш аз 400 корњои илмї, аз љумла 15 монография ва дастурњои таълимї (аз љумла дар њаммуалифї). Асарњо: "Меъмории Тољикистони шўравї" (1987), "Меъмории Тољикистон" (1990), "Мероси меъмории Хуљанд" (1993), "Масљидњои Тољикистон" (1994), "Истаравшани кўњан" (2002) ва ѓ.
Додољон АТОВУЛЛОЕВ:
"РАЊМОН САД БОР АЗ ШУМО ХУБТАР АСТ..." Ихтилоф дар байни мухолифони маљозии Њукумат аз куљо пайдо шуд ва чї маъно дорад? рофиддин муддати дароз бемор буданд. Аммо мо ин хабарро расонаї накардем, то душманро хурсанд насозем. Аммо онњо њатто акси бемории ўро дар интернет гузоштанд...Њоло он ки замони бемории роњбар њама корро ман анљом медодам ва дар ин бора тариќи шабакањои иљтимої ба Шарофиддин, аъзо ва љонибдорон њисобот медодам. Умуман ин њодиса барои мо як дарс шуд, мо акнун аз шахсони ноошнову тасодуфї канораљўї мекунем. Аз њама муњим, оё айб нест, ки барои мансаб ва вазифа, ин ихтилоф ва тафриќаро роњ андохтанд? Оё шарм намедоранд аз ин кор? Ва асосан, барои кадом мансаб шумо ин кори бадро кардед? Оё фаќат ба хотири ин ки дар Фейсбук ва Зелло яке аз шуморо раис ва дигаритонро муовин гўянд? Ин чанд нафар фикр кардаанд, ки њамаи дунё дар фазои маљозї ва Зелло хулоса шудааст ва дунёи њаќиќиро фаромўш кардаанд. Чашмонатонро кушоед. Дунё, фазои маљозї нест. Воќеан бо ин кор худашонро шарманда карданд. Аз њама аљобат ин буд, ки хабари мазкур дар сайти Анљумани нерўњои созанда мунташир шуд. Гап сари ин аст, ки яке аз бародарон рамзи сайтро ба Нуриддин (Ризої) дода буд, ба вай эътимод карда буд. Зеро ки мо намедонистем инњо ќасди табаддулот доштаанд. Аммо Нурид-
дин њам шарм надошта, ба амонат хиёнат кард ва худсарона ва бидуни маслињат бо рањбари Анљуман, дар сайти расмии Анљуман ин хабарро пахш кард". Шарофиддин Гадоев, ки рањбари феълии ин гуруњ дониста мешавад, низ рухдодњои ахирро табаддулот номид ва нигошт, "чунки чунин шахсиятњо барои мо ношинос њастанд ва мо хеле тарафдороне дар Маскав дорему бо онњо њамарўза дар тамос њастем. Умуман, ман фикр мекунам ин ихтилоф сунъї буда, пас аз фаъолмандии мо ва њузуру мавќеъ пайдо карданамон дар доирањои сиёсии Аврупо аз љониби гуруњњои манфиатдор роњандозї шудааст". Њамин аст, ќиссаи ихтилоф дар ин гуруњи мамнуъ эълоншуда, ки ба фаъолияти виртуалї машѓул аст.
ИНРО ЊАМ ДОНЕД Хотиррасон мешавем, ки "Гурўњи 24" аз љониби Умаралї Ќувватов моњи августи соли 2012 дар Маскав асос гузошта шудааст. Ў шаби 5-уми марти 2015 дар Истамбули Туркия аз љониби афроди ношинос ба ќатл расонда шуд. Баъди ў муовинаш Шарофиддин Гадоев рањбари "Гурўњи 24" ва Собир Валиев муовини ин созмон эълон шуданд. Чунин ба
назар мерасад, ки асли ин гурўњро чанд тан аз љавонњое ташкил медињанд, ки дар хориљ ба сар мебаранд ва аслан тариќи шабакањои иљтимої, назири Фейсбук ва радиои Зелло фаъолият мебаранд. Аммо аксари онњо бо номњои рамзиву сохтае мисли "Хофиз Аз Шероз", "Faridun Vatandor", "Суруш Солех", Dodohan Ganiev ва амсоли ин амал мекунанд. Таќрибан њич яке аз навиштаву гуфтањояшон, ки асосан оњанги зиддињукуматї ва гоње њам мазњабї доранд, аз 10 -12 "писандидам" зиёд бањогузорї карда намешавад. Зимнан, Суди Олии Тољикистон 9-уми октябри соли 2015 "Гуруњи 24"-ро ташкилоти экстремистї ва фаъолияти онро ѓайриќонунї эълон кард. Баъдан, нафароне низ бо иттињоми узвият дар сафи ин созмон боздошт ва зиндонї шудаанд. "Љавонон барои эњёи Тољикистон" -ро бошад Маќсуд Иброњимов таќрибан њамон замон таъсис дода буд. Онњо чанд гирдињамоињое дар Русия ташкил карданд. Ахиран роњбари ин гурўњ як муддат нопадид шуд ва баъдан хабарњое пайдо гашт, ки ў дар Тољикистон асту бо њукми суд 17 сол равонаи зиндон гардидааст. "Нигоњ"
14
“НИГОЊ”, ЧОРШАНБЕ №45 (478), 10. 02. 2016
1 Як тадќиќоти интернетї, ки аз љониби ТЉ "Маркази сиёсати гендерї" баргузор гашт, ин нуктаро собит сохт. Дар тўли ин тадќиќоти дарозмуддат дар сайти шиносої 107 нафар мард мавриди мусоњибаи амиќ (усули тадќиќот) ва давра ба давра ќарор гирифтанд. Пурсидашудагон намояндагони гуруњњои гуногуни синнусолї ва иљтимої буданд. Аз нигоњи синну сол онњоро чунин тасниф кардан мумкин аст:16-28 cола; 29-48 сола;49 ва боло; Тадќиќот ба хотири муайян кардани дараљаи алфонсизм (аз њисоби занон зистани мардон) гузаронида шуда буд. Маќсади иштирокчиёни сайтњои шиносої аз истифодаи чунин сайтњо маъмулан бунёди муносибатњои сабуку осон, бе уњдадорї ва масъулият мебошад. Вале сабабњои равонии гуруњњои таснифшуда аз њам фарќ доранд. Дар гуруњи аввал, ки асосан аз љавонони муљаррад иборат аст, маќсади шиносої асосан кунљковї, ќонеъ намудани талаботи зиёди шањвонї, ки аз ѓалаёни њормонњо сар мезананд, муќаррар гардид. Суњбат бо намояндагони ин гуруњ сода, бе муќаддимањои дароз сурат мегирифт. Дархостњои онњо ошкоро баён мегардиданд. Дар байни онњо хоњишмандони пайдо кардани таљрибаи муносибатњои мањрамона пеш аз бунёди оила низ мављуд буданд. Масъалаи интихоби њамсар ин љо вуљуд надошт, зеро аз суњбатњо маълум мегардид, ки мусоњибон аксаран дар ин маврид мустаќил нестанд, гузашта аз он љуръат ва малакаи шинос шудан бо духтарон дар њаёти воќеиро надоранд. Дар ин гуруњ алфонсизм равшан ба назар намерасид, њарчанд аксаран дар анкетањои худ ба зимма нагирифтани харољоти касеро таъкид мекарданд. Мушкилии бештари равонї дар гуруњи дуюм ба назар мерасид. 90 фоизи ин гуруњро мардони оиладоре ташкил мекарданд, ки аз њаёти мањрамонаи худ бо њамсаронашон ќонеъ набуданд. Вале донишу малака ва њамзамон љуръату хоњиши омўзондани њамсарони худро ба нозукињои ба худашон маълумро надоштанд. Фоизи камтари онњоро мардони аз оила људошуда ташкил мекарданд. Вале ин мардон њам барои бунёд кардани муносибатњои љиддї њолати омодагї надоштанд, суњбатњо чун дар гуруњи аввал барои пайдо кардани шарики мањрамонаи бе харољот, бе уњдадорї ва бе масъулият сурат мегирифтанд. Дар ин гуруњ аксаран њангоми пурсишњо кўшиш мекарданд, ки имконоти моли њамсуњбатро бидонанд, доштани хона, мошин, љойи кори зани њамсуњбат барояшон муњим буд. Аз ин гуруњ танњо 3 нафар омода буданд, ки барои харољоти мулоќот бо маъшуќаи эњтимолї, аз ќабили даъват ба тарабхона маблаѓи муайянеро сарф намоянд. Танњо як нафари онњо аслан барои таъмини чунин маъшуќа, бо ў бастани никоњи мусулмонї, ё пўшондани баъзе харољоти дигари ў омодагии худро баён кард. Ниёзи гуруњи сеюм, мардони миёнсол аз истифодаи сайт љустуљўи њамдил ва њамсуњбати хуб аз шумори занон буд. Ин мардон дар давраи хулосањои худ аз зиндагї, аз љумла зиндагии оилавї ќарор доштанд ва ба сайт асосан аз сабаби надоштани ќаноатмандї дар ин маврид рў оварда буданд. Аксари онњо худро дар ин маврид ноком мешумурданд, пурсишњо нишон доданд, ки онњо
БАЊСИ МИЛЛЇ дар мавриди интихоби њамсар озод набудаанд, ќисман ќурбониёни никоњи маљбурї буданд. Ба саволи "магар њамсаратонро, ки њоло бо њам наберадор шудаед, дўст намедоред?" аксаран "намедонам", "не", "ин ањамият надорад", "одат кардаам" гуфтанд. Ин гуруњ мардон мулоќотљў набуданд, вале дар анкетањояшон "харољоти касеро ба зима намегирам" - ро таъкид намудаанд. 2 нафари онњо, ки аз оилањояшон људо шуда буданд, хоњиши баробар таќсим кардани харољоти њамзистї, ё зиндагї карданро дар манзили њамсари ояндаашон баён намуданд. Ин тадќиќот воќеан костагии хислатњои мардонагиро дар тинати мардони наслњои гуногуни тољик равшан инъикос менамояд. Костагии мардонагї дар зиндагии њаррўзаи оилањои мардуми мо мушкилоти зиёдро эљод мекунад. Ин падида дар њамаи оилањои мушкилотдор дар шаклњои мухталиф ба назар мерасад. "АРЎС БА ИВАЗИ 2000 ДОЛЛАР" Хатари дигар торафт шакли оммавї гирифтани ин падида мебошад. Далели ин гуф-
раи мењмонони тарафи домодро маъмулан 120 нафар тарафи арўс 30 нафарро ташкил мекунад. Дар њолати табъи дили тарафи домод набудани љињози арўс таънаву маломат ба сари арўси љавон мерезад. Имрўз њатто мисолњое, ки тарафи домод ба духтардор рўйхати анљоме, ки бояд онњо ба хонаи домод баранд, пешнињод мекунад ва њолатњое, ки арўси љавонро бо сабаби иљро нашудани ин шарт аз хона меронанд, низ вомехўранд. Дар ВАО ќазияи љавоне, ки арўсњои љавонро ба нобокирагї туњмат карда аз хона мерондаасту тамоми љињози гаронбањоро, ки табиист, ки нархашон аз 2 000 доллари додаи ў чанд карда бештар аст, аз худ мекардааст, низ баррасї шуда буд. Ин љавон 2 оилаи духтардорро бо чунин роњ ѓорат намудааст ва танњо духтари сеюм макри ўро тариќи суд ошкор ва њаќиќатро рушан кардааст. Ин ягона њолати расонаї шудани факти дар мафкураи љомеаи суннатии мо љой гирифтани мавќеи алфонсї, касодии арзиши мардонагї бошад њам, мушоњидањои њаррўза мисолњои зи-
Марям ДАВЛАТОВА, љомеашинос
АЛФОНСУ ШАЊВАТПАРАСТ ДАР БАРОБАРИ ЌУРБОНЇ
таро барои мисол дар туйњои муосир дидан мумкин аст. Тарзи таќсими харољоти тўйњои суннатї 6-8 сол пешро мо пештар тасвир кардем. Вале имрўз таќрибан дар њама манотиќи кишвар барои оилањо аз ќишрњои гуногун раванди хостгориву тўй хеле "сода" гардидааст. Тарафи домод барои харољоти умумии тарафи арўс 2 њазор доллари амрикої, ё каме бештар маблаѓ медињад ва умед ва баъзан талаб дорад, ки арўс ба хонаи ў љињози хуби гаронбањои њозиразамон биёрад. Дар таќсими даъватномањо ба тўйи арўсї шумо-
МАЪМУЛАН КЕЛИН БАРОИ ТОЉИКОНИ ИМРЎЗА НА ФАРЗАНДИ ХОНАДОН, БАЛКИ ХИДМАТГОРИ ХОНА АСТ
ёди дигарро барои њар кадоми мо пешнињод менамояд. Бо вуљуди назорати нисбатан сахти маќомоти марбута аз болои риояи Ќонун "Дар бораи танзими расму анъанањо" мушкилоти сахти љомеа дар мавриди оиладор кардани љавонон, ки бори гаронеро ба зиммаи духтардор мегузорад, њанўз кам нашудааст. Тўйњои "тошкандї" дар вилояти Суѓд яке аз мисолњои рўшани ин ќазия аст, ки сару садоро дар ВАО низ барагехта буд, зеро он баъзан боиси хонасалот шудани оилањои духтардор мегардад. "АРЗИШЊОИ ДИНИВУ ДУНЯВИИ ОИЛА" Њолати дигари нигаронкунанда мавќеи занону мардон дар мавриди талоќњост. Њангоми вайрон шудани оилањо саволи асосие, ки мардонро ба ташвиш меорад, даъвои эњтимолии зан барои манзил ва алимент мебошад ва онњо тамоми чорањоро барои занро аз њуќуќњои молумулкї мањрум карданро меандешанд. Азбаски љавонони тољик аксаран аз нигоњи иќтисодї мустаќилият надоранд ва њатто дар њолати даромади хуб доштанашон маъмулан харољоти он дар ихтиёри волидонашон мебошад, баробари ба миён омадани њарфи људоии оила, арўс, ки модари фарзандони он хонадон аст, якбора ба душмани ашаддї табдил меёбад, њама дар симои ў ѓосиберо мебинанд, ки ба хонаву дари онњо чашм ало кардааст. Ва на њамеша ин оќибати мушкилоти моддии оилањои мост. Дар оилањои сарватманд њам дар чунин маврид одатан касе вазифањои шариативу инсонии шавњар ва падарро дар мавриди таъмини ин
модар ба хотир овардан намехоњад. Бањсњои зиёди молумулкии байни оилањои људошуда аксаран поймол гардидани њуќуќи зани талоќшударо нишон медињанд, ки баъзан бо кўдаконаш дар кўча мемонад. Њолатњои маскун намудани зани талоќшуда бо фарзандонашон дар хонаи падари кўдакон низ сарчашмаи садњо мушкилоти дигар мегардад. Њолатњои худкушии ин гуна занон нуќтаи нињоии ќазияњои мазкур шуда метавонанд. Албатта дар мавриди талоќ танњо мардон гунањгор буда наметавонанд, занон низ бо сабабњои гуногун боиси вайроншавии оила мегарданд, вале мушкилоти бањсњои молумулкї аксаран ба њам монанданд. Номавзунии муносибатњои байни љинсњо вазъи носолимро дар оилањои мо метавонанд устувортар намоянд ва таъсири он ба насли наврас хатарзост. Зеро ба маќоми иљтимоии гендерии худ мутобиќ набудани хислату характери инсон ўро ба њар кў, њамљинсгароиву оилабезорї метавонад бибарад. Љомеањои ѓарбї пешорўи ин мушкилот бечора мондаанд, арзиши оила дар фарњанги онњо кайњо костаасту барќарор кардани он барояшон як муаммои печидае гаштааст. Дар љомеаи суннатии мо хушбахтона њанўз оила њамчун сохтори муњиму бебадали тарбияи инсон боќї мемонад, муносибатњои хешу таборї аз арзишњои волои мардуми мост ва онро мебояд њифз намуд. Зиёда аз он метавон гуфт ки шояд мањз љомеањои суннатии шарќї имрўз метавонанд муњим будани ин сохторро инъикос ва таъкид намоянд ва барои бозгаштани љомеаи љањонї ба муќаддасоти он сањм бигиранд. Аз ин дидгоњ, љомеаи тољиконаи мо арзиши хосса дорад, чун он дар худ арзишњои диниву дунявиро ба њам пайваста тавонистааст, ки инро дар оилањои солими мо ба хубї дидан мумкин аст. Чунин оилањо њам ба арзишњои суннатї эњтиром мегузоранд ва њам аз донишњои замонавї ба хубї бархурдоранд, аз ин рў онњо дар тарбияи фарзандон мушкилоти зиёд надоранд ва аз њама муњимаш фарзандони ин оилањо мавќеи иљтимоии худро бењтар мешиносанду ба он мутобиќ њастанд. Гузаронидани тадќиќотњои вижаи љомеашиносї барои омўхтани таљрибаи чунин оилањо ва тарѓиби васеи он метавонад яке аз чорањои муассир дар роњи њифзи оила ва муќаддасоти он бошад. Чунин амал метавонад чун "илољи воќеа пеш вуќўъ бояд" бошад, зеро раванди љањонишавї дар њоли омода набудани мову надоштани садди муќтадири фарњангї дар зењни мардум барои пешгирии њама гуна падидањои номатлуб, метавонад ба бунёди оилаи тољик зарбаи љонкоњ бизанад.Љомеаи имрўз ва њукумати кишварро зарур аст, дар ин самт барномарезии мушаххас оѓоз намуда, талошњои умумиллї пиёда кунанд.
ПЕШ АЗ ЧОПИ ШУМОРА
“НИГОЊ”, ЧОРШАНБЕ №45 (478), 10. 02. 2016
15
Надежда АТАЕВА:
МУРОФИАИ 13 УЗВИ РАЁСАТИ ЊНИТ ОЗОД СУРАТ ГИРАД! Суди олии Тољикистон субњи дирўз, 9 феврал, ба баррасии парвандаи 13 узви раёсати олї ва шўрои сиёсии њизби њоло мамнўи нањзати исломї шурўъ кардааст. Ин мурофиа паси дарњои баста љараён дорад. Аммо дар Суди олї ба далели махфї будани парвандаи ин 13 нафар шурўи муњокимаро тасдиќ ё такзиб накарданд. Ин мурофиа дар њоле оѓоз ёфтааст, ки ба навиштаи расонањо, рўзи 8 феврал Анљумани "Њуќуќи инсон дар Осиёи Марказї" (AHRCA), марказаш дар Фаронса, аз Иттињодияи Аврупо, Иёлоти Муттањидаи Амрико, Созмони Амният ва Њамкории Аврупо ва созмонњои дигари байналмилалї даъват кардааст, то аз маќомоти Тољикистон анљоми муњокимаи мунсифона ва бози парвандањои аъзои баландпояи њизби мамнўъи нањзати исломї (ЊНИТ)-ро таќозо кунанд. Надежда Атаева, рањбари Анљумани "Њуќуќи инсон дар Осиёи Марказї" рўзи 8 феврал дар сўњбат бо хабарнигорон гуфт, ончї ки дар робита ба парвандањои зидди аъзои баландпояи ЊНИТ дар Тољикистон мегузарад, хеле нигаронкунанда аст ва љалби таваљљўњи љомиаи байналмилалї, аз љумла аъзои Шўрои њуќуќи башари СММро таќозо мекунад: "Мо аз љомиаи байналмилалї даъват мекунем, ки аз њукумати Тољикистон баргузории муњокимаи мунсифона ва озоди ин парвандањоро таќозо кунад. Ба назари мо, пушти дарњои баста бар-
по кардани ин додгоњ ба ин маъност, ки маќомот мехоњанд камбуди далелњои кофї алайњи афроди муттањамро аз љомиа рўпўш кунанд. Њукумати Тољикистон бояд бар ўњдадорињои байналмилалиаш амал кунад. Яке аз чунин ўњдадорињо риояи меърњои демократї, аз љумла таъмини муњокимаи одилонаи парвандањо дар додгоњњои ин кишвар аст." 13 узви раёсати ЊНИТ - муовинони раиси њизб Саидумар Њусайнї ва Муњаммадалї Њайит, њамчунин Абдуќањњори Давлат, Рањматуллоњи Раљаб, Зубайдуллоњи Розиќ, Муњаммадалии Файзмуњаммад, Њикматуллоњ Сайфуллозода, Ќиёмиддин Авазов, Зарафо Рањмонї, Мањмадшариф Набиев, Абдусамад Fайратов, Саттор Каримов ва Воњидхон Ќосидинов - рўзњои 16-17 сентябри соли 2015, билофосила баъди анљоми амалиёти зидди гурўњи мусаллањи генерал Абдуњалим Назарзода дастгир шуданд. Маќомоти Тољикистон Њизби нањзати исломї ва рањбаронаш, бо шумули раиси њизб Муњиддин Кабириро, ки дар хориљ ба сар мебарад, ба даст доштан дар ин ошўб айбдор карданд. Додгоњи олии Тољикистон рўзи 29 сентябр њизби нањзати исломиро ба рўйхати созмонњои террористї шомил карда, фаъолияташро дар кишвар расман манъ кард. Аммо намояндагони ЊНИТ, аз љумла Кабирї ва аъзои боздоштшудаи раёсаташ даст доштани худ дар ошўби генерал Назарзодаро рад мекунанд ва мегўянд,
ин исён танњо бањонае барои бастани фаъолияти ин њизби мухолиф шуд. Сафаралї Мирзозода, додситони њарбии Тољикистон ва рањбари гурўњи тафтиши парвандаи ошўби Абдуњамли Назарзода рўзи 8 феврал дар суњбат бо хабарнигорон гуфт, дар маљмўъ 199 парванда алакай ба додгоњ фиристода шудааст: "Аз ин њисоб 172 парванда ба гурўњи Њољї Њалим ва боќимонда ба аъзои њизби мамнўи нањзати исломї марбут аст. 40 тани дигар дар љустуљўи байналмилалї ќарор доранд." Аммо дар баёнияи Анљумани "Њуќуќи инсон дар Осиёи Марказї" омадааст: "Иттињомот алайњи аъзои ЊНИТ танњо бар пояи шањодатњоест, ки дар натиљаи шиканља ба даст омадааст. Бо ин вуљуд додситонї айбномаро имзо карда ва парванда ба додгоњ ирсол шудааст. Љаласаи додгоњ пушти дарњои баста баргузор шуда ва ба ин тартиб, наќзи муќаррароти ќазої аз чашми ањли љомеа пинњон мемонад." Надежда Атаева дар сўњбат бо Озодї бо ишора ба љараёни тафтишот, аз љумла гузоришњо дар бораи шиканљаву бадрафторї нисбат ба аъзои боздоштшудаи ЊНИТ, фишору таъќиби наздикони онњо боздошти дастикам ду вакили мудофеъ, ки ба њимоят
аз онњо љуръат карданд, ва таъини адвокатњои ба ном "давлатї" барои ин боздоштшудањо, мегўяд, дар ѓайри сурати баргузории додгоњи боз ва одилона созмонњои њомии њуќуќ аъзои боздоштшудаи ЊНИТро мањбусони сиёсї эътироф кунанд. Рўзи 8 феврал дар остонаи шурўъи муњокимаи аъзои ЊНИТ хабар расид, ки маќомот вакили мудофеъ Љамшед Ёровро аз њаќќи вакилии Муњаммадалї Њаит, муовини раиси ЊНИТ барканор ва ба љои ў як адвокати "давлатї"-ро таъин кардаанд. Бино ба иттилои Анљумани "Њуќуќи инсон дар Осиёи Марказї", то имрўз дастикам 8 узви ЊНИТ - раиси бахши ЊНИТ дар ноњияи Фархор Њасан Рањимов (9 соли зиндон), Зайниддин Юсупов (10 сол), Асомиддин Абдурањмонов (10сол), Таваккал Бобоев (18 сол), Рустам Эмомов (17 сол), Умаршо Давлатов (15 сол), Мањмадалї Исломов (5 сол) ва Завќибек Рањмонов (4сол) мањкум ба зиндон шудаанд. Дастикам 6 узви дигари ин њизби дар Тољикистон мамнўъ мамнўъулсафар шуда, дањњо узви дигари ЊНИТ, аз љумла Муњиддин Кабирї, Саидиброњими Назар, Шоњнаими Карим, Ќамариддин Афзалї, Хайрисо Саидова, Неъматулло Амонбеков, дар љустуљў ќарор доранд.
ХЕЛЕ ГАРОН
“НИГОЊ”, ЧОРШАНБЕ №45 (478), 10. 02. 2016
ОНЊОРО БОЯД ШИНОХТ
МЕЪМОРИ ИСТИЌЛОЛИЯТИ ТОЉИКИСТОН Тоњири АБДУЉАББОР:
Имрўз мо аз файзи истиќлоли кишвар, аз озодии нисбие, ки дорем, шукр мегўем. Аммо 25 сол пеш дар ин сарзамин аслан номи истиќлол вуљуд надошт., зимоми њукуматдорї њам ба дасти мо набуд. Мардуме њам доштем, ки худ ба истиќлол душманї меварзиданд ва ин тоифа шояд њанўз њам бошанд. Дар ин радиф мардоне њам буданд, ки хеле барваќт ормони истиќлолро ба сар мепарвариданд ва барои расидан ба ин армони бузург тарњњое мекашиданд. Дар ин миён садои аз њама баландро Тоњири Абдуљаббор дошт. 3 бор тарњи Эъломияи Истиќлолро њам навишт. "Микрофони 6" -и парлумонро ба микрофони дўстдоштаи мардум табдил дод. Аммо ў, њатто замони дар ќудрат будани мухолифин даъвои курсие накард. Пас аз Созишномаи сулњ гуфт, муросои бидуни мансабро мехоњад. Зиндагии хоксоронаро пазируфт ва ахиран 21 апрели соли 2009 дар зодгоњаш даргузашт. Меъмори Истиќлоли Тољикистонро на танњо, њатто ба ягон љашни расмии истиќлолият даъват накарданд, њатто дар рўзи љанозааш њукумат як сугвориро љоиз надид. Агар умр баќо мекард, Тоњири Абдуљаббор имрўз, 10 феврал, 70 -сола мешуд. "Нигоњ" тасмим гирифт дар назардошт бо ин санаи муборак барои озодихоњон чанд иќтибоси муњимеро аз суханронињои гуногуни Тоњири Абдуљаббор пешкаши хонанда гардонад: "Агар њатто шайтон аз истиќлолияти Тољикистон пуштибонї кунад, мо ба ў њамкорї мекунем..." "Соли 1988-89 буд. Ман бо њамкории баъзе аз ёрон Консепсияи мустаќилияти иќтисодии Тољикистонро тањия намудам, ки он дар рўзномаи "Љавонони Тољикистон" чоп шуда буд. Баъдан варианти алтернативии "Эъломияи истиќлолияти Тољикистон"-ро навиштам ва ба Шўрои Олї пешнињод кардам, ки матни он њам дар рўзнома чоп шуда буд. Њангоми бањсу баррасии мавзўъ дар љаласаи Шўрои олии Тољикистон, пас аз он ки варианти пешнињодкардаи моро напазируфтанд, ман варианти савуми Эъломияи истиќлолияти Тољикистонро пешнињод кардам, ки онро њам напазируфтанд. Аммо пас аз як сол он пешнињод аз љониби Шўрои Олї пазируфта шуд ва 9 сентябри соли 1991 истиќлолияти давлатии Тољикистон расман эълон шуд". "Созмони мардумии Растохез њељ гоњ дар талаби ќудрати сиёсї набуд ва нест. Мо борњо таъкид намудем ва ин нукта дар барномаи мо низ зикр шуда, ки маќсади Растохез таѓйир додани системаи сиёсии Тољикистон ва эљоди чунин низоми мардумист, ки дар он њукумат ба мардум тааллуќ дошта бошад". "Аз дидгоњи фарохтар, мубориза барои озодї - як навъ муборизаи доимї байни нируњои некию бадї аст. Танњо нируњои бадї, яъне инсонњои бад мекўшанд, ки дигаронро зери фармони худ оранд ва бар дигарон њукумат кунанд. Инсонњои нек, баръакс, мехоњанд, ки њама озод бошанд". "Табиист, ки дар љомеаи аќибмонда њамаи масъалањо ба фаъолияти њукумат бастагї дорад, яъне онњое, ки бевосита машѓули њамин гуна корњо њастанд. Љомеаи мо њанўз аз зинаи анъана берун наомадааст. Мардуми мо њанўз дарк накардаанд, ки мањз онњо, яъне мардум, соњиби ин кишваранд ва њукумат бояд хизматгори онњо бошад ва тавре бояд тавре рафтор намояд, ки хостањо ва манофеи мардум њифз шавад. Аслан мардум бояд
бигўянд, ки њукумат чи корро ба тартиб анљом бидињад. Мутаассифона мо одат кардаем, ки њукуматро як чизи дар болои љомеа ќарордошта арзёбї бикунем ва имкон бидињем, ки њарљї мехоњад бикунад ва њарчї нахоњад, накунад. Ин тарзи фањмиш хоси љомеаи аќибмонда ва низомњои истибдодию тоталитарї аст. Дар мо то њанўз дарк накардаанд, ки мањз онњо њукуматро мехуронанду мепўшонанд. Пас, бояд мардум бигўяд, ки мо ин гуна назму низомеро ва кадом њукумату њукуматдоронро мехоњем". "Ба фикри ман, њатто агар Президент як барномаеро тарњрезї мекунад, онро бояд ба мардум пешнињод кунад. Њар њизбу њаракат ва њар шањрванди ќаторї њам бояд барномаи худро ба мардум пешнињод кунад ва мардум бояд бигўяд, ки онро ќабул мекунад ё не. Хусусияти як љомеаи солим ин аст, ки њар њарф ба мардум гуфта шавад ва пас аз ин ба амалї карданаш шурўъ бикунад". "Назари ман ин аст, ки инќилоб ќобили содир нест. Ин кори њар кишвар аст, њар мардум аст. Ягон кишвар дар дунё њељ ваќт инќилоберо содир накарда ва наметавонад бикунад. Агар, фаразан як тањаввулот ё табаддулоте њам боис шавад, вале он оянда надорад. Инќилоб дар Тољикистон ё њар кишвари дигар, танњо дар зењни мардум бояд бошад. Яъне тањаввулот, дигаргунињо дар зењни мардум бошад ва агар мардум онро битавонад, амалї кунанд". "Вижагињои ањзоби сиёсии Тољикистон дар он аст, ки ќариб њамаи онњо "аз боло" сохта шудаанд ва баёнгари афкору манофеъи табаќоту аќшори мухталифи љомеа нестанд". "Албатта, ман фикр намекунам ормонњое, ки мо дар мавриди истиќлоли Тољикистон дар авоили дањаи 1990 доштем, сад дар сад ба даст омада бошад. Аслан истиќлолияти давлати Тољикистон, ки мо бањри он талош кардем, барои ин буд, ки мардум озод бошанд. Бо камоли таассуф, метавон гуфт, ки имрўз њам дар Тољикистон он чизњое, ки мо мехостем, яъне озодии кишвар, озодии инсонњо ва озодии афроди љомеъа, ба таври комил ба даст наёмадааст".
Шокирљон ЊАКИМОВ, њуќуќшинос, муовини раиси ЊСДТ:
МАТЛАБЊОЯШ БА ЗАВЌИ ЗИЁИЁН МУВОФИЌАТ МЕКУНАД! Бештар дар маркази таваљљўњи «Нигоњ» масъалањои иљтимоию иќтисодї ва геополотикї ќарор мегирад. Тањлилу тањќиќашон касбї аст ва воќеан ба завќи хонанда ва бахусус рўшанфикрони тољик мувофиќат мекунад. Ман орзу мекунам, ки бо вуљуди раќобат ва муносибатњои бозоргонї дар шароити имрўза «Нигоњ» сабки худро нигоњ дорад.
Муњаррир: Абдуазим Љўраев
МУАССИС: Созмони љамъиятии «ИНДЕМ» («Информатика барои демократия ва рушди миллї»).
Илёс ИДРИСЗОДА, муовини директори Ољонсии назорати давлатии молиявї ва мубориза бо коррупсия: - Ришвахорон бо кадом навъи асъор пора мегиранд? Ин савол саволи иѓвогарона аст, гирифтани пора бо њар асъор ба ќайд гирифта шудааст. Пора пора аст! Гарчанде ки ќурби доллар боло рафта бошад њам, пора њамоно бо доллар пешнињод мегардад. Вале бо сомонї низ пора ба ќайд гирифта шудааст. - Бале, иѓвогарона аст, вале танњо барои порагирон. Шумо чаро алов гирифтед? ... Агар аниќ бо доллар гиранд, хайрият будааст: о, аќќалан дар як самти муњим субот њифз шудааст. Тољиддин ПИРЗОДА, раиси "Тољиксодиротбонк": - Ќобилияти харидории ањолї кам шуд, гардиши мол поин рафт ва дар натиља барои мизољон бозгардондани ќарзњои бонк мушкил гардид. Гузоштани пасандозњои бонкї кам гардида, якбора мизољон хостори гирифтани пасандозашон аз бонк шуданд. Барои ин бонк дар бархе њолатњо натавонист сариваќт ва пурра уњдадорияшро иљро кунад. - Акнун Худо гўед, ки 20 - 22 њазор мизољону 20 -30 нафар миллионерњои боќимонда пушти дари бонкро нагиранду вазири молия дўстияшро бо шумо наканад.
52 СИФАТИ "НИГОЊ"
Њафтанома дар Вазорати фарњанги Љумњурии Тољикистон ба ќайд гирифта шудааст.
МАНГАР, КИ КЇ МЕГЎЯД...
16
Котиби масъул: Абўалї НЕКРЎЗОВ nigoh_tj@inbox.ru
Шўъбаи иттилоот ва сиёсат тел: 600 80 38 Шўъбаи тањќиќот ва тањлил тел: 600 80 38 Шўъбаи иљтимоъ ва иќтисод тел: 600 80 39 Шўъбаи реклом ва огоњиномањо тел: 98 560 86 85
Толибшохи САЙИДЗОДА, собик узви Раёсати ЊДТ, директори феълии мактаб дар н. Рудакї: - Чаро Кабирї ва ёронаш, ки сад бор барояшон гуфтанд мављудияти њизби динї дар љомеаи дунявї метавонад омили хатар ва бесуботї бошад, напазируфтанд, инро нодида гирифтанд ва гуш ба карї заданд? - Чунки мисли шумо аз њукумат умед доштанду сабр гуфта, сари кафида зери тоќї мегаштанд. Сумангул ТАЃОЙЗОДА, вазири мењнат, муњочират ва шуѓли ањолї: - Муњољирони баргашта дигар хоњиши ба Русия рафтанро надоранд, зеро имкони дар дохили кишвар ёфтани љои кор пайдо шудааст. - Бонуи арљманд, ки ин ки хешовандони мансабдоратон њар ду - се сол пас барои шумо љои кору мансаби нав фароњам меоранд, маънии онро надорад, ки барои 300400 њазор одами дигар њам љои кор њаст. Олим САЛИМЗОДА, раиси Кумитаи Маљлиси намояндагон оид ба масъалањои байналмилалї, иттињодияњои љамъиятї ва иттилоот: - Ин лоиња (Лоињаи таѓйирот ба Ќонуни "Дар бораи матбуот ва дигар ВАО") бо њадафи бењтар кардани назорат оид ба фаъолияти воситањои ахбори омма ва таъмину тањкими амнияти иттилоотї тањия шудааст. - Назоратчї шудем, гўед. "Доимо яксон намонад, њоли даврон ѓам нахўр!" гуфтаанд бузургон. Ин шо Аллоњ, баъди вакилї ба риштарошак зор шуданатонро медидагистем, мулло Олимљон! Шодихон ЉАМШЕД, раиси ВМКБ: - Љинояткорон аз дохили "система" гап мегиранд. Баъзе чизњое барои онњо ошкор аст, ки њайрон мешавам, ки аз куљо ин гапњоро мегиранд. Ман дар доираи мањдуд љаласа мегузаронам, аллакай барои онњо маълум аст. - Боз њамон кампи электруники зеризаминии Бобаки Занљонї дар ихтиёрашон набошад?
Дар њафтанома матолибе низ ба нашр мерасанд, ки бо мавќеи идораи он муѓойират доранд. Дар шумора аз аксњое њам аз Шабакаи љањонии Интернет истифода шудааст. Матолиби хусусияти таблиѓотидошта ® метавонанд танњо бо пардохти муайян дар њафтаномаи «Нигоњ» нашр шаванд. Барои дар дигар нашрияњо пурра ё ќисман чоп кардани матолиб ва иќтибосњо аз «Нигоњ» иљозаи хаттии идора ва нишон додани сарчашма дар шакли «аз њафтаномаи «Нигоњ» №_ аз санаи _» њатмист. Њуќуќи муаллифии кулли матлабњои шумора ба идораи њафтаномаи «Нигоњ» ва СЉ «ИНДЕМ» тааллуќ дошта, тибќи ќонунгузории љории Тољикистон ва байналмилалї њифз карда мешаванд. Дар њолати наќзи "Меъёрњои ахлоќии фаъолияти журналистї дар Тољикистон" аз љониби нашрияи мо, бо арзу шикоят метавонед ба Шўрои воситањои ахбори оммаи Љумњурии Тољикистон (Шўрои ВАО - и ЉТ) мурољиат намоед.
Ќимати рўзнома дар фурўши чакана на беш аз 2,5 сомонї Њафтанома дар нашриёти «Мега-принт» чоп мешавад. Ќимати обуна барои як сол - 96 сомонї. Индекси обуна: 68990 НИШОНИИ ИДОРА: Љумњурии Тољикистон, шањри Душанбе, кўчаи Лоиќ Шералї, хонаи 77. Телефон: (44) 600 80 38, 224 25 09