СИЁСАТ
“НИГОЊ”, ЧОРШАНБЕ №46 (428), 11. 02. 2015
2
СПЕКТАКЛИ ИНТИХОБОТЇ Аз "нури илоњї" - и коммунист Исмоил Талбаков ва фатвои шариатии сотсиалист Абдуњалим Ѓаффоров то шиорбозињои ЊХДТ - ву тарѓиботи њукуматии ЊНИТ
Хабарнигори "Нигоњ" як рўзашро сарфи он кард, ки барои ширкат дар мулоќоти рањбарони њизбњои сиёсї ба Ќўрѓонтеппа рафта ояд. Он чї ў шуниду диду сабт кард, бидуни шубња, маљмўи муаммоест, ки анљумани сиёсатшиносони варзидатарини сайёраи Замин, шояд Коинотро дар њайрат гузорад. Худ ќазоват кунед. "Занони исёнгар" - и ЊНИТ
Шиору овезањои дигар њизбњо нест. Суолњо њам аз микрофонњо беист мисли борон "мерезанд". Дар вохўрии њизбњои сиёсї дар шањри Ќурѓонтеппа таваљљуњи асосии интихобкунандагон ба Муњиддин Кабирї, роњбари ЊНИТ, буд. Њарчанд ин "таваљљуњ" низ аз ќабл тањрезишуда ба назар мерасид. ЊНИТ њам "занони исёнгар" - и худро дорад...
Кинотеатри "Ватан"-и Ќўрѓонтеппа. Толореро, ки мањалли мулоќот бо интихобкунандагон буд, шиору овезањои Њизби халќї - демократї (ЊХДТ) ва аксњои калони раисаш Эмомалї Рањмон оро медоданд. Дар толор, ба истилоњ, сўзан партоед, ба замин намеафтад, зеро њама љойњо банданд. Њатто одобе, ки як љавонмард хезаду ба бонуе љой дињад, риоя намешуд. Ваќте Муњиддин Кабирї, роњбари ЊНИТ, сухан мекард, шиорњои ЊХДТ дар дасти интихобкунандањо боло мешаванд. Аз сабаби он, ки тахта ё рекањои шиорњо вазнинанд, њамагї то болои сари интихобкунандагоне, ки онњоро мебардоранд, боло мешаваду халос. Зўрашон барои тўлонитар доштани онњо намерасад. Худо корашонро осон мекунад: нафарони дар паси онњо нишаста, "поён кунед, мо намебинем, халал мерасонед", гуфта, онњоро водор мекунанд, ки боз шиорњоро поён кунанд.
Аз эњё то фатво Вохўрии якљояи њизбњои сиёсї, ки аз тарафи Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсї ташкил шуд, њама рањбарони онњоро љамъ овард. Њар як раиси њизб 10 даќиќа барномаи пешазинтихоботии худро муаррифї кард. Рустам Латипов, роњбари Њизби аграрї, гуфт, сафи њизбашро зиёиён ва дењќонони асил ташкил медињанд ва бино ба барномаи пешазинтихоботии он, эњёи Тољикистон дар рушди соњаи кишоворзї аст: - 74 дарсади ањолї дар дењот зиндагї мекунад ва 21 дарсади Маљмўи ањсулоти
дохилиро мањсулоти кишаварзї ташкил медињад. 40 дарсаде, ки ба Русия ба муњољират мераванд, сањмияи замин доранд. Аз ин рў, интихобкунандагон ба мо овоз дињанд, соњаи кишоварзиро эњё мекунем. Исмоил Талбаков,муовини роњбари Њизби коммунист, оид ба 50 дарсад моликияти давлатї гардонидани моликияти хусусї, аз руйи адолати иљтимої набудани маош суњбат кард: - Соли љорї аз таъсисёбии Њизби коммунист 90 сол сипарї мешавад. Ањолї бо 500 сомонї маоши њадди аќал чї тавр кўдакашро ба боѓча барад? Ё шартномаи тањсил дар мактабњои олї дањчанд баробари маоши њадди аќал аст, ба њисоби миёна 100 доллар. Оё ин адолати иљтимої аст? Пайи ќадами Президент дар Тољикистон сулњ шуд, ЊКТ дар ин радиф њамеша ин сиёсати президентро дастгирї мекунад. Шумо ба интихобот равед ва барои бењбудии оянда ба ЊКТ, ки тањти раќами 4 аст, раъй дињед. Рањматулло Зоиров, роњбари Хизби сотсиал - демократ, оид ба мустаќил будани шохаи суд ва аксари порлумонро ташкил додани ЊХДТ суњбат карда, таъкид намуд, ки набояд душмантарошї кунем. Ва Бангаледешро мисол овард, ки "бо вуљуди ањолии бузург доштанаш аз камтарин масоњати заминаш кишварашро таъмин мекунад. Аммо чаро Точикистон накунад? Агар хоњад мекунад!". Абдуњалим Ѓаффоров, раиси њизби сотсиалистї аз Куръон, сураи "Моида", ояи 33 мисол овард: "Њар нафаре, ки ба Тољикистон њуљум мекунад, бояд кушта шавад" (аљабо, сотсиалистњо њам "мазњабї" мешаванд?). Муњиддин Кабирї аз Эмомалї Рањмон, Президенти кишвар ва Сайид Абдулоњи Нурї ситоиш кард, ки миллатро ба ин рўзи амн ва сулњу субот расониданд ва миннатдорї кард, ки "ташаккур ба роњбарияти кишвар ва КМИР, ки имрўз моро ин љо якљо љамъ оварданд ва мо якдигарро мешунавем". Саидљаъфар Исмонов, роњбари Њизби демократ, Анвар Таѓоймуродов, номзад аз Њизби халќї - демократї ва Рустам Ќудратов, муовини раиси Њизби ислоњоти иќтисодї низ барномањои пешазинтихоботии худро муаррифї карданд. Дар толор, ки наздик ба 1000 интихобкунанда омада буд, аз 11 суол 10 тояш ба Муњиддин Кабирї дода шуд. Су-
олњо атрофи фаъолияти њизб, сару либоси бонувони нањзат, ифтрогарої ва ѓайра буданд: - Чаро бонувони њизб либосњои арабї ва туркї мепўшанд? - ЊНИТ дар кабудизоркунии Тољикистон чї наќш дорад? - Назари шумо оид ба маќолаи Мулло Абдурањим? - Чаро љавонон ба кишварњои арабї ба љанг мераванд? Ва ѓайра. Агар намояндаи КМИР ваќти саволдињиро мањдуд намекард, эњтимол теъдоди суолњо ба Муњиддин Кабирї аз 20 њам мегузашт. Ваќте сафи суолдињандагон зиёд шуд ва роњбари ЊНИ хоњиш кард, ки ба роњбарони њизбњои дигар њам суол дињанд, намояндаи КМИР 5 даќиќа барои суолњо муќарар кард. Як интихобкунанда пешнињод кард, ки дарси маърифати ислом ва одобнома дар мактабњои миёна љорї карда шавад. Баъди пешнињод ба роњбарони њизбњои сиёсї хитоб кард, ки "дар рўйи Муњиддин Кабирї "нури илоњї" зиёдтар аст ва иншоолоњ, пирўзї бо ўст". Толор бо кафкубињои бардавом аз ин пешнињод истиќбол гирифт (онњое, ки барои ЊХЖТ омада буданд, ё ЊНИТ?) Исмоил Талбаков посух дод, ки "нури илоњї" на танњо дар Кабирї, балки дар тамоми мо њаст". Њамин тавр, суолњо ба рањбари ЊНИТ, ки љавобњои даќиќ ва мантиќї меёбанд, имиљи њизб ва рањбарашро "поён" мебаранд. Ин бењтарин "технологияи нави сиёсї" аст. Ва боз як нукта: њангоми суханронии Саидљаъфар Исмонов дар толор як шиори њизби ў баланд шуд... Вохўрињо дар асоси ќонун ва риояи регламет сурат мегиранд. Агар боз њам КМИР имконият фароњам орад, ки њамаи њизбњои сиёсї ба толорњо бо шиорњо ва суолњои худ ворид шаванд, раванди интихобот шафофтар мешавад. Чаро нашавад? Кабирї он ќадар аз њукумат ситоиш мекунад, ки њама фикр мекунанд, намояндаи ЊХДТ аст! Њамин тавр, ин вохўрї бо интихобкунандагон ба таќвият ва боло рафтани обрўи сиёсии ЊНИТ мусоидат кард. Муаллифон шояд фикр карданд, ки бо саволњои аз ќабл омодашуда Кабириро "боб карданд" латма мезананд. Мењрубон ОРИФЇ
10,00%
1,92%
4,75%
2,57%
10,79%
Барои ман фарќ надорад
20,00%
24,80%
Њоло дар ин бора маълумоти дуруст надорам
30,00%
Як созмони сирф исломї аст
40,00%
"ДИИШ ТАРЊИ ЃАРБУ ЯЊУД БА ХОТИРИ САРКЎБИ МУСАЛМОНОН АСТ?"
53,08% Созмони сирф суннї бар муќобили шиањост
50,00%
Тарњи ѓарбу яњуд ба хотири саркўби мусалмонон аст
60,00%
Ташкилоти озодихоњи мусалмонони суннимазњаб аст
САДОИ МАРДУМ
1,54%
0,00% 1
2
3
4
5
6
7
Натиљаи як пурсиши виртуалї маълум кард, ки беш аз 53 дарсади раъйдињандагон созмони "Давлати исломии Ироќу Шом (ДИИШ)"-ро "тарњи Ѓарбу яњуд ба хотири саркўб кардани мусалмонон" медонанд. Назарпурсии ахир тањти суоли "Аз ДИИШ чї тасаввуЊамзамон 10,79% (84 нафар) аз ширкаткунандагороте доред?" маълум кард, ки 53,08% (413 нафар) гузини пурсиш TojNews гуфтаанд, ки "Њоло дар ин бора маънаи "Тарњи Ѓарбу яњуд ба хотири саркўби мусалмонон лумоти дуруст надорам" ва 1,54 дарсад (12 нафар) - и аст"-ро интихоб карда, 24,80 (193 нафар) ба гузинаи "Соахир њам таъкид доштаанд, ки "Барои ман фарќ надозмони терористї аст, ки аз Ислом сўиистифода мекурад." над", раъй додаанд. Ин назарпурсї бо супориши њафтаномаи сиёсии Аз љамъи иштирокчиёни ин назарпурсї, ки теъдода"Нигоњ" аз 4 то 10-уми феврали соли 2015 тавассути шон ба садњо нафар мерасид, њамагї 1,9% (15 нафар) сомонаи иттилооти Ољонсии иттилоотии TojNews гузагуфтаанд, ДИИШ "Як созмони сирф исломї аст". 4,75 ронида шуда, дар он 778 нафар иштирок кардааст. дарсад (37 нафар) онро "Ташкилоти озодихоњи мусалмоСомонаи "TojNews" рўи платфорами Друппал сохта нони суннимазњаб ва 2,57% (20 нафар) "Созмони сирф шуда, дар он њар як иштирокчї танњо як маротиба райъ суннї бар муќобили шиањо" хондаанд. дода метавонад.
ЌАЗИЯ
“НИГОЊ”, ЧОРШАНБЕ №46 (428), 11. 02. 2015
3
МУЗАФ(Ф)АРОВА КИСТ? - 2 Ваќте мегўянд: "дузди зўр соњиби говро мебандад" Зане, ки дар моњи шарифи Рамазон писари ноболиѓи њамсояашро латукўб карда, ба рўйи марди рўзадор туф карда буд, зане, ки ѓайриќонунї шишањои мошинашро сиёњ карда, ба корманди милиса итоат намекард ва њатто корманди БДА-ро дар рўбарўи ќасри Президент зада буд, зане, ки аз чангаш директори таваллудхонаи №1-и шањри Душанберо танњо милисањо халос карда тавонистанд,... њафтаномаи "Нигоњ"-ро ба суд додааст. ТУФ БА РЎЙИ МАРДИ РЎЗАДОР Хонандаи њушманди "Нигоњ", албатта, аллакай шинохт, ки гап дар бораи кї меравад. Бале! Музаффарова Наргис Мирзобадаловна, љавонзани душанбегї, соњибкори маѓозаи "Элита", ки дар бораи кирдорњои авбошонааш дар маќолаи "Нигоњ" - "Музаффарова кист?" ("Нигоњ",№32, аз 5-уми ноябри соли 2014) љабрдидагон, шоњидони њодиса ва маќомоти ќудратї наќл карда буданд, "Нигоњ"-ро ба паст задани шаъну шараф муттањам карда, мехоњад 32 њазор сомонї зарари маънавї рўёнад. Ин њолат маќоли маъруфи мардумиро ба ёд меорад, ки мегўянд: "Дузди зўр соњиби говро мебандад". Дар матлаби мазкур, аз љумла дар бораи ин ки чї тавр Музаффарова барои он ки Шуњрат Абдуњомидов, соњибкори маѓозаи дигари воќеъ дар кўчаи Рўдакї мошинашро назди маѓозааш (њарду дар њамсоягї маѓоза доранд) мондааст, онњоро тањќир ва тањдид карда, писари ноболиѓашро латукўб кардааст, наќл карда мешуд. Шуњрат Абдуњомидовро, ки мехост ноболиѓро аз чанги ин зан рањо кунад, ин зан бо њаќоратњои ќабењтарин дашном дода, дар шоњидии бисёрї ба рўяш туф кардааст. Албатта, ин мард, њадди аќал барои њимояи писараш, метавонист аз зўрї истифода кунад, аммо моњи шарифи Рамазон ва рўзадорияш сабаби истињола ва андеша карданаш шудааст, зеро мусалмонон муътаќиданд, ки дар моњи ибодату савоб ва рањої аз оташи дўзах ба васвасаи шайтон дода шудан нашояд. Абдуњомидов салоњ донист, ки мубориза бо ќонуншиканиро ба маќомоти њифзи њуќуќ њавола ва њуќуќашро тибќи ќонун њимоя кунад. Дар аризаи дастаљамъї ба Вазорати корњои дохилии Тољикистон, ки аз номи Шуњрат Абдуњомидов ва кормандони 5 маѓозаи воќеъ дар хиёбони Рўдакї, хонаи 66, шоњидони њодиса гуфтаанд: "...шањрванд Музаффарова мунтазам љанљолу хархаша карда, бо суханњои ќабењ ва миллатгароёна онњоро тањќир карда, ба онњо тањдид мекунад. Вай худро як нафари нотарс гирифта, ба ким-кадом ќувваи номаълум такя мекунад, ки гўё ба ў иљозат медињад рафтори авбошона кунад. 12уми июли соли 2014 вай аз њиссиёти авбошї фарзанди ноболиѓро латукўб ва падарашро тањќир кард...
Бинобар ин аз шумо хоњиш мекунем, нисбати Музаффарова чорањои маъмурї андешида аз кирдорњои авбошонаи ў моро халос кунед...". "Нигоњ" он замон ин ќазияро аз тамоми манобеъи дастрас тањќиќ карда, маќолае навишт, ки акнун боиси ба суд мурољиат кардани ин зан шудааст. Зане, ки худро "ман бо Алимардонов кор кардаам"-у "маро одамони машњури Душанбе мешиносанд" муаррифї мекунад. Воќеан, бо таќзои касбї мо "контингент"-и шиносњои ўро аз Дастгоњи иљрои Президент сар карда, то касалхонаи беморињои руњии Кўктош маълум намудем, ки бањси дигар аст. Аммо њоло Музаффарова дар баробари "Нигоњ" чї даъво дорад? ДАЪВОЊОИ БЕАСОСИ МУЗАФФАРОВА Аз аризаи даъвогии Музаффарова ба Суди ноњияи Исмоили Сомонии пойтахт бармеояд, ки ў чор даъво дорад: як њарфи "ф" -ро зимни зикри фамилияи ман нанавиштаанд; аксамро хира чоп кардаанду мардум маро намешиносад; газета раддия чоп накард; ман авбошињо содир накардаам, балки як авбошї буд. Ин даъвоњоро Музаффарова "асос" карда, аз "Нигоњ" талаби 32 њазор сомонї зарари маънавї дорад. Шуруъ мекунем аз баррасии даъвои ахир. Бо вуљуди ин ки Музаффарова ба кирдори содиркардааш зимни тафтишот ва мурофиаи судї иќрор шудааст, вай даъво дорад, ки аз сарлавњаи маќола бармеояд, ки ў якчанд љинояти авбошї содир кардааст. Њол он ки тавре дар боло гуфта шуд, мутобиќи санади судие, ки эътибори ќонунї пайдо кардааст, Музаффарова ба се љиноят гунањгор дониста шудааст, ки яке аз онњо, воќеан, авбошї мебошад. Бар замми ин, замони чопи маќола, бинобар мактуби расмии Прокуратура ба "Нигоњ", сухан воќеан аз авбошињо мерафт. Њамчунин Музаффарова тибќи моддаи 328-и Кодекси љинояти Тољикистон муттањам дониста шудааст. Аммо Музаффарова бар он аст, ки нозири калони БДА-ро дар љойи љамъиятї, дар њузури нозирони дигари БДА њаќорату дашномњои ќабењ додан, задан, шаъну шарафи касро паст задан авбошї
мањсуб намешудааст. Музаффарова даъво дорад, ки дар маќола насаби ўро нодуруст бо ташдид дар њарфи "ф" Музаффарова навиштаанд, њол он ки насабаш - "Музафарова" бо як "ф" навишта мешавад. Ин даъвои Музаффарова хўрдагирие беш нест, зеро ин калима тибќи Ќонуни имлои забони давлатї навишта шудааст. Даъвои дигари Музаффарова аз ин њам хандаовартар аст. Вай даъво дорад, ки сураташ дар нашрия хира чоп шуда, бинобар ин, касе њатто ўро нашинохтааст. Модоме, касе ўро нашинохта бошад, чигуна маќолаи "Нигоњ" ба шаъну эътибори кории ў халал ворид кардааст? Вай дар бораи кадом зарари маънавии ба ў расида шикоят мекунад? Даъвои дигари Музаффарова ин аст, ки дар бораи рад кардани чопи раддия "Нигоњ" на шифоњї ва на хаттї ба ў маълумот надодааст. Аммо дар аризааш ба суд рўирост дурўѓ менависад, ки "5-уми ноябри ноябри соли 2014 бо сармуњаррири њафтанома дар бинои "Рўдакї Плаза" вохўрдам ва хостам сабаби чоп нашудани маќолаамро муайян намоям...". Аввал ин, ки то 5уми ноябр посухи Музаффарова ба идораи нашрия нарасида буд ва ў наметавонист он рўз дар хусуси сабабњои чоп нашудани "маќола"и пур аз туњмату буњтонаш, ки нашраш тибќи ќонун манъ аст, мурољиат кунад. Дарвоќеъ, Музаффарова Наргис ва адвокаташ ба дафтари "ИНДЕМ"- муассиси "Нигоњ" омада буданд, аммо на 5-уми ноябр, балки хеле дертар ва ваќти вохўрї бо се корманди "Нигоњ" , баъди шунидани ваљњњои Шўрои муњаррирони "Нигоњ" дар бораи рад кардани чопи раддия дар асоси бандњои 1 ва 2-и
Моддаи 6-и Ќонуни ЉТ "Дар бораи матбуоти даврї ва дигар воситањои ахбори омма" (ташвиќи зулму зўроварї), ба ѓазаб омада, тартиботи љамъиятиро вайрон карда, дар њузури кормандони Ожонси иттилоотии TojNews дашноми ќабењ карда, баромада рафт. Бо назардошти он ки ба иќрори худи Музаффарова ўро хешовандонаш маљбурї дар касалхонаи беморињои руњї муолиља карда будаанд, кормандони "Нигоњ" аз бањри даъво гузаштанд. Барои мо, ки таљрибаи зиёди журналистї дорем, ин гуна даъвоњои беасос, хоса аз љониби нафаре, ки инъикоси љиноятњояш дар "Нигоњ" боиси даъвоњои гражданї ва талаби љуброни зарар шудааст (њамсояи Музаффарова ўро ба суд дода, даъвои товони зарари маънавї дорад) љои тааљљуб надорад, аммо он, ки Суди ноњияи Исмоли Сомонї аризаро бо њамин гуна даъвоњои подарњаво ва он њам бе пурра супурдани бољи давлатї ба истењсолот ќабул кардааст, љойи нигаронї аст. Ин ќазия ва даъворо тањлил карда, "Нигоњ" стратегияи муњофизатие сохтааст, то бесоњиб набудани журналистони нашрия ва умуман журналистикаи тољикро собит созад. Ариза дар бораи баргардонидани аризаи даъвогии Музаффарова ба судя Низамов аллакай пешнињод шуда, гуруњи корї аз адвокатњои ќавї созмон дода шудааст. Мо, ки ба њаќиќат ва тантанаи адолати судї бовар дорем, љомеаро мутмаин месозем, ки аз мо дар ташвиш набошад. Аммо ин ки дар баробари зане мисли Музаффарова кормандони БДА, прокуратура ва шањрдории Душанбе заъифу нотавон менамоянд, бояд љои нигаронии масъулин ва љомеа, хоса сокинони пойтахт бошад.
ГЎШИ "БЕСОЊИБ"-И КОРМАНДИ БДА ВА АФВИ НОЉО Умед Њусейнзода, Прокурори ноњияи Исмоили Сомонї, мегўяд, 6-уми августи соли 2014, нисбати Наргис Музаффарова бо аломатњои моддаи 212, ќисми 1, моддаи 237, ќисми 1, моддаи 328, ќисми 1 ва моддаи 330, ќисми 1 - и Кодекси љиноятии Љумњурии Тољикистон парвандаи љиноятї оѓоз шуда буд. Баъд аз анљоми пешбурди тафтиши парвандаи љиноятии мазкур Музаффарова Наргис ба љавобгарии љиноятї кашида шуда, нисбаташ бо моддаи 212, ќисми 1, моддаи 237, ќисми 1 ва моддаи 328, ќисми 2-и Кодекси љиноятии Тољикистон айб эълон карда шуда, 30юми октябри соли 2014 парвандаи љиноятї бо тасдиќи фикри айбдоркунї барои моњиятан баррасї намудан ба суди ноњияи Исмоили Сомонии шањри Душанбе ирсол шудааст. Баъди кашолкории беш аз семоња, билохира Музаффарова ба айби худ иќрор шуда, тибќи ќонуни авф аз љавобгарї озод шудааст. Ў ин кирдорашро њоло њам инкор намекунад. Вай њамчунин ба гуноњаш иќрор аст, ки корманди БДА-ро задааст. Аммо тавре аз посухаш ба маќолаи "Нигоњ", ки 10уми ноябри соли 2014 ба идораи нашрия ворид шудааст, бармеояд, ин зан то њол амалњои худро њаќ ва раво медонад. Моњиятан, афв, яъне аз гуноњи Музаффарова гузаштани Суди ноњияи Исмоили Сомонї, ба ин зан дарси ибрат нашудаааст, зеро расман боз њам даъвои њаќ буданашро њангоми латукўби корманди БДА асоснок карданї шудааст.
13
4
ИНТИХОБОТ
“НИГОЊ”, ЧОРШАНБЕ №46 (428), 11. 02. 2015
Дар бораи ин, ки Шайх Темур, Эшон ё Махдуми Темурљон мавриди таваљљўњи маќомоти ќудратї ќарор гирифтааст, "Нигоњ" њудуди як соли пеш хабар дошт. Аммо ин интизорро надошт, ки рўзе ўро "мардумфиреб" ё "ќаллоби динї" хоњанд хонд, бахусус, ваќте аз сатњи баланд пуштибонї мешуд... Њаќиќат ва дурўѓ Шайх Темурхон, Эшон ё Махдуми Темурљон як шахсияти шинохта ё расонаї дар ќиёс бо уламои исломии Тољикистон, он гуна, ки Эшони Нуриддин, Њољї Мирзо ва Эшони Абдухалил њастанд, нест. Асосан дар миёни муридон ва мардуми водии Њисор шинохта шуда буд. Дар муаррифии филми мустанади "Шабакаи аввал" тањти унвони "Ривояти Шайх Темур" ў Темурхон Сатторов, зодаи соли 1950 и шањри Вањдат муаррифї мешавад, ки соли 2012 номашро ба Саидмањдихон табдил дода, "худро миёни муридон "Мањдии охирзамон", ба ибораи дигар, "пайѓамбари Охируззамон" эълон кардааст (зимнан, касе дар филм ин даъворо эътироф накард). Дар пайи суњбатњои мо бо собиќ муридон ва онњое, ки Шайх Темурро мешиносанд, воќеиятњои дигар ошкор шуданд. Ба ќавли онњо, филми мустанад њаќиќату дурўѓи худро дорад. Аксари муридонро Шайх Темур бо он љалб мекард, ки на авлиё, балки сўфї аст ва ба хотири бардоштани "файз" онњо роњи манзили ўро пеш гирифта, пас аз чанд ваќт дармеёфтанд, ки дар муаррифии ў воњимаву таблиѓот, бештар аз њаќиќат аст. "Зоњиран Эшони Темурхон 100 не, 200 дарсад сўфї ё авлиёст. Рафтор, гуфтор, тарзи зиндагї ва хонаву дари ў воќеан сўфиёна аст. Аммо ба ботин каромот ё ќаробате, ки як сўфї бо Худованд дорад, надорад" - мегўяд муриди собиќи ў, ки пас аз се сол тарки пир кард ва дар љустуљўи пири дигар шуд. Вай мегўяд, вобаста ба замона ањли тасаввуф низ зоњиран таѓйир мехўранд, аммо ба ботин бояд њамон гуна, ки тариќат таќозо мекунад, бояд бимонанд. Масалан, ба гуфтаи ў, Эшони Темурхон аз муридонаш таќозо мекард, ки њатман бо саллаву мањсиву љома ва риши ќайчинокарда бошанд, то дар онњо нафс ва худнамої кушта шавад, аммо дар фасли тобистон, бахусус либоси ѓафс ба тан кардан азиятњои худро дорад, бахусус, ваќте мурид ба дараљаи зарурї нарасида бошад. Шайх Темур дар овони љавонї аз муридони охирин сўфии маъруфи Тољикистон ва авлиёи њаќиќї Эшони Абдурањмонљони Элокї буд. Њамсуњбатони мо мегўянд, тахминан аз суњбату њамнишинињои он Њазрат дар ибтидо Шайх Темур файз гирифта буд, аммо ин пешрафт баъдњо ўро ѓарра кардаву ба иштибоњоте рўбарў кард, ки ўро ба ин анљом оварданд. Онњо мегўянд, як сўфии воќеї майл ба шањвату зан надорад, оиларо танњо барои идомаи насл, ки ќонунњои табиату Худованд таќозо мекунанд, барпо медорад. "Сўфї инсони бениёз ба дунё, талабгори охират, берун аз сиёсат аст. Зарурат ба карру фарру мошинњои дакаданг, чї расад ба мошинбўсї надорад, балки аз ин кори мардум сахт озурда мешаваду муридонро аз ин эњтиромњои зоњирї боз медорад" - мегўяд муњаќќиќи тасаввуф ва илова мекунад: "Тасаввуф ягона тариќатест дар ислом, ки даъват надорад. Он наворњое, ки дар шабакањои интернетї аз "мањофили зикри сўфиён" пахш мешаванд, реклама аст ва ба тасаввуфи асил рабте надорад, балки бадном кардани он аст. Тасаввуф "Њизби тањрир" ё салафия нест, ки инсонњоро бо даъват, њатто зўриву ќатлу куштор ба ислом гаравонад. Баръакс, дар тасаввуф њар касеро, ки њаваси њалќа ё мањфилњои сўфиёнро мекунад, мекўшанд дур андозанд, зеро медонанд, ки ин роњ ба зоњир содда аст, аммо хеле тўлонї ва пур аз машаќќат аст. Ин гуна мисолњо дар "Маснавї" - и Мавлоно ва осори бузургтарин намояндагони андешаву адабиёти форсу тољик фаровон дучор меоянд. Масалан, он ќисса,
ШАЙХ ТЕМУР: ЌАЛЛОБ Ё СЎФЇ? ки сўфиён хари як рањгузарро мефурўшанд. Ин њама дар рафтори Шайх Темур нест, баръакс, дар ў зоњир ва таблиѓот бештар аст ва ин ба он маъност, ки ў авлиё њам нест, ки дуояш мустаљоб шавад". Шайх Темур пайрави тариќати наќшбандия аст, ки аз сўи Бањовуддини Наќшбанд дар Бухоро асос гузошта шуда, дар тамоми минтаќа - аз Осиёи Марказї то Њинду Покистону Чин густариш ёфтааст. Миллионњо мусалмон худро пайрави ин мактаб медонанд, аммо касони ангуштшумор њастанд, ки дар ин мактаб ба мартабаи устодї ё авлиёї расида бошанд. Муњаќќиќони тасаввуф мегўянд, пас аз Эшони Абдурањмонљон дар Тољикистон нафареро наметавон ном бурд, ки ба мартабаи баландтарин расида бошад. Аммо аз Шайх Темур ин гуна муаррифї мешуд, ки гўё ба ин мартаба расидааст. Бо ин вуљуд, аз навори телевизион бармеояд, ки мавсуф "одампарастї" - и муридонашро дуруст намењисобад. Њамсуњбатони мо њам мегўянд, парастиши ношоистаи пир пеш аз њама таќсири муридон аст ва дар њама њол, сўфии њаќиќї бояд аз ин гуна мањфилњо канораљўї кунад.
Муридони "сатњи баланд" Аз нигоњи сиёсатмадорон, ќазияи "Шайх Темур" вижагињои худро дорад, ки бархеро на њар кас метавонад дарк кунад. Он чї ба назар мерасад, пахши ин навор дар арафаи интихоботи парлумонии 1 март аст ва зоњиран он ќишреро, ки таваљљўњ ба Њизби нањзати исломї доранд, мухотаб ќарор додааст. Аммо азбаски дар ин гузориш ЊНИТ зикр намешавад, хулосаи аслї њамоно ба намоиш гузоштани фанатизму гумроњињои мусалмонони тољик аст, ки аз эътимоду боварии онњо як "ќаллоби динї" сўистифода мекунад. Дар гузориш ишора ба муридону эътиќодмандони сарватманду соњибмансаби Шайх Темур шуда, аммо аз онњо ном гирифта намешавад. Ва њељ гоњ нахоњад шуд, зеро онњо дар гузашта ва њоло њам дар маќомњои баланд кор мекунанд. Ва замоне, ки ў дар дурбини таваљљўњи маќомоти ќудратї ќарор гирифт, аз љониби онњо њимоят мешуд. Маълум аст, ки онњо дар раддањои поёнии ягон маќомот кор намекарданду намекунанд. Аммо ин, ки Шайх Темур фош шуд, ба ин маъно буда метавонад, ки пуштибони ќавитарин аз вазифа рафт ва дигар касе монеа шуда натавонист. Мардуми мањал яке аз мансабдорони сатњи баландро ном мегиранд ("Нигоњ" ба хоти-
ри эњтироми шахсият исми ўро зикр намекунад), ки то дењаи сукунати Шайх Темур роњ боз кардааст ва барои робитааш бо ў аз вазифа барканор шудааст. Ё якеи дигар, ки ба таври њамешагї ба ў инъом медод, то "барояш дуо кунад", њанўз сари кор аст. Суоле њам халќ мешавад, ки "оё ин мансабдорон "ќаллобї" - и Шайх Темурро намефањмиданд?" Њамсуњбатони мо аз љумлаи муњаќќиќони тасаввуф мегўянд, њељ гоњ фањмида наметавонистанд, зеро дар ин тариќат як хонандаи синфи якум метавонад аз Барак Обама ё шоњони Саудиву Эрон огоњтар бошад. Ва онњо мегўянд, инро њам наметавон ќазоват кард, ки дар њоли сињат надоштани њадсу гумонњо ва далоил дар бораи "ќаллобї" - и як сўфии асил барои дастандаркорон бо чї хатм мешавад, "зеро илми њаќ дар илми сўфї гум шавад"...
"Девона" Дар тўли таърих тоифае вуљуд доранд, ки аз девонагї ва ё бузургманишї худро "пайѓамбар", "авлиё", Мањдиву Муњаммаду Исо ва Путину Брежневу... эълон кардаанд. Маъмулан ин гуна афродро касе кор намегирад, зеро бино ба ташхиси пизишкон, аз аќл бегона ё девона шинохта мешаванд. Онњо дар пайгарди ќонун ќарор намегиранд ва касе онњоро њам зиндонї намекунад, ба љуз ин ки ба бемористони руњї фиристанд ё тавсия дињанд. Як ќазияи маъруф дар Русия буд, ки Григорий Гробовой худро "Масењ" ё зиндакунандаи мурдањо муаррифї карду чанде вирди забони расонањо буд, аммо дар нињоят соли 2006 бо иттињоми "ќаллобї" ба зиндон фиристода шуд, зеро ташхис собит кард, ки ў девона нест ва огоњона мардумро гўл мезад. Мантиќан, ваќте девонањо соњиби нуфузу ќудрат мешаванд, ин худ ташхиси як љомиа барои солимї аст, ки то куљо як аз аќл бегонаро парастиш кардаву манзалат медињад. Вагарна њамон пойндозињо ба пешвози маќомоти расмї дар Тољикистон як таљрибаи оддї аст, аммо инро огоњона ба нишони эњтиром ба президент, сарвазир ё раиси ноњия аз рўи таомул ё расму русуми пазироии миллї анљом медињанд. Заруратњои сиёсї ва низом низ инро таќозо мекунад ва мо хулоса мекунем, ки "зарур бошад, раво бошад". Аммо парастидани оне, ки мегўяд, "пайѓамбар" ё Мањдии Охирзамон аст, аз сўи мардум ва њатто роњбарон љои андеша дорад ва ин суолро мегузорад, ки то куљо ин љомиа сињатманд аст?
"Як ќадам то..." Маќомоти давлатї, тавре аз филми "Ривояти Шайх Темур" бармеояд, аз густариши фанатизм дар миёни мардум нигарон њастанд, аммо ин ташхиси расмї бояд фаротар равад ва ба истилоњ, "мўйро аз хамир људо кунад". Сухан дар бораи тасаввуф меравад, ки волотарин дастовардњои фикрї, њатто моддии мардуми тољикро мањз намояндагони он бунёд нињодаанд. Ибни Сино (Шайхурраис), Љалолиддини Румї, Њофиз, Саъдї, Камол, Хайём, Бедил, Љомї ва дањњо тани дигарро бидуни овардани лаќабњои "Шайх" - у "Мавлоно" ёдоварї кардан беэњтиромї мебуд. Аз ягон тољик пўшида нест, ки ин бузургон дар илму адабиёт ва фалсафаи форсу тољик ва олами ислом он тараф истад, балки тамоми башарият чї сањм доранд. Сўфї Муборакќадам, як сўфии маъруф дар Бадахшони Тољикистон асри 19 коѓазеро ихтироъ карда буд, ки дар дарбори Шоњи Сафед аз сифаташ ангушти њайрат газида буданд. Аз ин боб, мисолњои фаровонеро метавон овард, ки танњо барои зикри дастовардњои тасаввуф сањифањо заруранд. Дар замони Шўравї мактабњои анъанавии тасаввуф, ки аслан ба сиёсат кор надоранд, ба истилоњ, андешаи "дил ба ёру даст ба кор" - ро шиори худ ќарор медињанд, то њадди имкон дар њудудњои тољикнишини Осиёи Марказї саркўб ё заъиф карданд. Ин аст, ки њоло мардум аслро аз љаъл фарќ намекунад. Аммо њоло асри 21 аст. Дар рўзњои мо душмани ашаддии тасаввуф - салафия сар боло карда, дар олами ислом рушд мекунад, ки дар зимн арабгарої дорад, зидди тамаддуни тољикї аст ва се аср ба ин сў дар хидмати хадамоти љосусии Ѓарб ќарор дода шудааст. Ин љараён дар Ироќу Сурия тамоми зиёратгоњњои бузургонро тарконданд ё ба оташ кашиданд. Замони Толибон њатто Муљассамаи Буддои Бомиёнро, ки аз сарватњои миллии Афѓонистон ва башарият ба њисоб мерафт, нобуд карданд. Њамчунин душмании ашаддиро бо тасаввуф доранд ва ин ба он маъност, ки онњо осори тамоми бузургони зодаи тасаввуфи мо, ифтихороти моро батамом ба оташ хоњанд кашид. Мо хуб мекунем, ки аслро аз љаъл људо мекунем, аммо набояд гузорем, ки боќимондањои тасаввуф дар Тољикистонро ба ин бањона аз миён барем. Ин як кўшиши бењуда буду хоњад буд.
Далери ХАЙРУЛЛОЊ
ШАРИКИ РУШД
“НИГОЊ”, ЧОРШАНБЕ №46 (428), 11. 02. 2015
Имрўз кўмаки грантии солонаи USAID ба Тољикистон ба њисоби миёна таќрибан ба 30 миллион доллари амрикої рост меояд ва аз ин лињоз, Тољикистон яке аз гирандагони калонтарини кўмаки USAID дар Осиёи Марказї мебошад. Шарокат њама ваќт хосияти калидии робитаи мо бо Тољикистон аст ва он дар маркази њар амалу суханамон меистад. Ин њамкорї бо Њукумати Љумњурии Тољикистон бо њадафи ташаккули рушди Тољикистон ва мардуми Тољикистон, ки бањрабардори асосии ин њамкорї мебошад, барпо шудааст. Форуми рушд, ки ин њафта аз љониби Њукумати Љумњурии Тољикистон гузаронида мешавад, барои USAID фурсати муњимеро фароњам меоварад, ки њамаи барномањои мо бо барномаи рушди Тољикистон мувофиќ бошанд. Дар якљоягї бо дигар донорњо мо ташаббуси Љумњурии Тољикистонро аз гузаронидани ин чорабинї ќадрдонї мекунем ва умед дорем ба он сањми худро мегузорем. Њамзамон, оѓози расмии стратегияи нави USAID ин равобитро боз њам мустањкам менамояд ва ба сатњи баландтар мебарорад. Агар ба аќиб назар кунем, барои таърихи як мамлакат бист сол шояд муддати дароз нест. Вале азбаски ман шахсан со-
Барои ман њамчун роњбари Ољонсии ИМА оид ба рушди байналмилалї (USAID) дар Осиёи Марказї боиси ифтихору имтиёз аст, ки рўзи 10 феврали соли љорї дар "Форуми рушди Тољикистон2015" ва дар маросими оѓоз бахшидани стратегияи нави USAID дар Осиёи Марказї, ки 12-уми феврал дар Душанбе баргузор мегардад, иштирок намоям. Форуми рушд имкониятњои муњимро барои Њукумат ва ташкилотњои донорї фароњам оварда, дар он афзалият, дастоварду мушкилот пешнињод ва баррасї мешаванд. Ин ба мустањкам намудани њамоњангсозї мусоидат намуда, айни замон, ба Тољикистон дар расидан ба њадафњои рушди кишвар дар якљоягї бо ташкилотњои донорї мусоидат мекунад. Стратегияи нави рушди USAID барои Осиёи Марказї маќсади мазкурро дастгирї намуда, дар навбати худ, барномаю
Љонатан ЭДДЛТОН:
"БАРОИ РУШДИ ТОЉИКИСТОН ТАЛОШ МЕКУНЕМ"
ЗАНЊОИ НОЊИЯИ БОХТАР ПОМИДОРЊОЕРО, КИ АЗ ГАРМХОНАЊОЯШОН ЉАМЪ КАРДАНД, НИШОН ГУЗОШТА МЕПЕЧОНАНД.
лоињањои USAID-ро дар Тољикистон дар тўли панљ соли оянда бо "харитаи роњ" таъмин менамояд. Дар сатњи шахсї бошад ман яке аз аъзоёни њайати намояндагии аввалини USAID, ки 20 сол пеш якум дафтари USAID-ро дар Тољикистон кушода буданд, мебошам ва аз барои ин њавасу ўњдадориам барои ноил шудан ба муваффаќият дар Тољикистон баланд аст. Дар он замон ман дар вазифаи мутахассиси хурди USAID фаъолият мекардам ва њанўз њам он ваќтеро дар ёд дорам, ки мо аввалин кормандро дар Тољикистон ба кор ќабул кардем ва шартномаи иљораи якум ин дафтари худро имзо кардем, ки он дар бинои дуошёнаи кабудранг дар хиёбони Рўдакї, дар наздикии боѓи Ботаникї љойгир буд. Дар сатњи касбї бошад, махсусан ин боиси хушнудист, ки то чї њад USAID ва Тољикистон дар давоми ду дањсолаи охир ба комёбињо ноил гардидаанд. Он сафарњои нахустин ба Тољикистон дар аввали солњои 1990-ум ба талошњои кўмаки башардўстонаи USAID дар вилояти Хатлон ва дигар ноњияњо равона буданд ва он замон давлати Тољикистон аз оќибатњои харобиовари љанги дохилиро барќарор мекард. Он замон дурнамои
5
љои воридоти маводи ѓизої аз хориљи кишвар соњаи кишоварзї гуногуншакл шуда, њосилнокї дар Тољикистон баланд шавад. Дигар барномањо ба такмили касбии мутахассисон дар Тољикистон, хусусан дар соњаи тандурустї ва маориф равона карда шудаанд. Њамчунин USAID дар умум барои мусоидати равобити наздик байни Тољикистону давлатњои њамсоя саъю талош мекунад. Ин на танњо давлатњои Осиёи Марказї, балки кишварњои Осиёи Љанубї њам мебошанд. Савдо, об ва энергетика дар ин талошњо махсусан наќши бузург мебозанд. Масалан, имрўз барномањое барои тањкими равобити тиљоратї байни Тољикистону Афѓонистон ва Покистон дар љануб татбиќ мешаванд. Њамин тариќ, USAID Котиботи лоињаи CASA-1000-ро маблаѓгузорї менамояд, ки њадафаш сохтани
®
лњои аввали истиќлолияти Тољикистонро мушоњида кардаам, аз дидани дастовардњои имрўзаи кишвар хеле шодам. USAID аз аввали ин сафар шарики Тољикистон буд ва мо умед дорем дар солњои оянда низ ин њамкориро идома дињем.
ДУХТАРИ МАКТАБХОН БО ИФТИХОР КИТОБИ ДАРСИИ ЗАБОНИ ТОЉИКИРО НИШОН МЕДИЊАД, КИ АЗ ЉОНИБИ ЛОИЊАИ ОЉОНСИИ ИМА ОИД БА РУШДИ БАЙНАЛМИЛАЛЇ (USAID) “ХОНИШ БАРОИ КЎДАКОН” ОМОДА ВА НАШР ШУДААСТ.
ЗАНЊО МАЊСУЛОТИ КОНСЕРВ КАРДАШУДААШОНРО БАЪД АЗ ИШТИРОК ДАР ДАВРАИ ОМЎЗИШИ НИГОЊДОРИИ МАЊСУЛОТ АЗ ПЎСИДАН ДАР ШАРОИТИ ХОНА, КИ ДАР ДОИРАИ ТАШАББУСИ “ОЗУЌА БА ХОТИРИ ФАРДО” ГУЗАШТААСТ, НАМОИШ МЕДИЊАНД.
њамкорињои иќтисодї мањдуд буд, бозор њанўз тараќќї наёфта буд, роњ, кўпрук ва дигар инфрасохтор дар баъзе ќисматњои кишвар хеле њам ба таъмир ниёз доштанд. Дар муќоиса бо он замон имрўз барномаи USAID дар талоши он аст, ки ба
хати интиќоли барќ мебошад, ки дар навбати худ шароити содироти нерўи барќ аз Тољикистон ба Покистон дар моњњои тобистон, ки дар ин давра дар Тољикистон истењсоли барќ ва дар Покистон талабот ба он зиёд мешавад, муњайё мегардонад.
МАЪЛУМОТИ «НИГОЊ»: Љонатан Эддлтон роњбари минтаќавии USAID дар Осиёи Марказї мебошад ва фаъолияти онро дар Тољикистон, Туркманистон, Ўзбекистон ва Ќазоќистон идора мекунад. Ќаблан ў дар вазифаи Сафири ИМА дар Муѓулистон; намояндаи USAID дар Иттињоди Аврупо; намояндаи калони ѓайринизомии ИМА дар Ќандањори Афѓонистон; роњбари дафтари USAID дар Покистон ва Камбоља кор кардааст.
6
Бањси судии БДА-и шањри Душанбе бо адвокати тољик сирри "калон"-и БДА-ро фош кард. Маълум шудааст, ки ќарори њукумат дар бораи додани иљозатнома барои сиёњ кардани шишањои мошин њанўз дар ягон расона нашр нашуда, дањњо милион сомонї љаримаи ронандагон барои "ѓайриќонунї" сиёњ кардани шишањо худ амали ѓайриќонунї будааст. Толиби Сангин, њуќуќшинос ва адвокат, аз Акбар Насимов, сарвари Шуъбаи Бозрасии Давлатии Автомобилии шањри Душанбе ба прокуратураи шањри Душанбе бар асоси чор моддаи Кодекси љиноии Тољикистон шикоят бурдааст. Мављудияти ин шикоятро дар прокуратураи шањри Душанбе тасдиќ карданд, аммо аз ироаи тафсилоти муњтавои аризаи шикоятї њам адвокат ва њам муфаттиш ба хотири мурооти сирри тафтишот худдорї карданд. Толиби Сангин ба TojNews гуфт, сабаби мурољиаташ ба прокуратура боздошти ѓайриќонунии мошини шахсии ў шудааст, ки њудуди 80 рў ба ин сў дар љаримагоњи муваќќатии БДА - и шањри Душанбе нигоњ дошта мешавад. Ба ќавли ў, 18 ноябри соли 2014 кормандони БДА мошинашро ба бањонаи он, ки муњлати иљозатномаи шишаи сиёњаш гузаштааст, бо як ќарор боздошт карданд, њол он ки санаи муњлати иљозатнома 31 декабри соли 2014 буд. Вай мегўяд, ба суди ноњияи Синои шањри Душанбе мурољиат кард, ки 13 январи соли 2015 ин ќарорро бекор кард, аммо то ба њол Шуъбаи БДА ќарори судро ба назар намегирад ва мошини ўро дар љаримагоњ нигоњ медорад. Адвокатро њаќќи љаримагоњи БДА низ нигарон кардааст, ки дар як шабонарўз 9 сомониву 60 дирам барои як мошин муќаррар шуда, пардохти он низ ба зиммаи ронанда аст. Вай мегўяд, ин нархнома низ љои шубња дорад ва аз маќомоти Прокуратура, Хадамоти зиддиинњисорї, Агентии назорати давлатии молиявї ва коррупсия ва Палатаи њисоби Љумњурии Тољикис-
«
БЕЊУКУМАТЇ
“НИГОЊ”, ЧОРШАНБЕ №46 (428), 11. 02. 2015
ДАЊЊО МИЛИОН ЉАРИМАИ ЃАЙРИЌОНУНИИ БДА Ё кї чопи ќарори №6-и Њукуматро фаромўш кард?
тон хостааст, ки онро тањќиќ кунанд, зеро истгоњњои муќаррарї барои як шабонарўз аз 1 то 3 сомонї мегиранд, аммо љаримагоњ се маротиба зиёд меситонад. Дар шарњи ин мавзуъ дар Шуъбаи БДА - и шањри Душанбе ба TojNews иттилое пешнињод накарданд, аммо як њафтаи ќабл Акбар Насимов, сарвари Шуъбаи БДА - и Раёсати ВКД - и Тољикистон дар шањри Душанбе зимни як посухи катбї ба њафтаномаи "Нигоњ"
Мављудияти ин шикоятро дар прокуратураи шањри Душанбе тасдиќ карданд, аммо аз ироаи тафсилоти муњтавои аризаи шикоятї њам адвокат ва њам муфаттиш ба хотири мурооти сирри тафтишот худдорї карданд.
«
гуфтааст, автомашинаи тамѓаи "Мерседес-бенс" (11-90 СА 01), ки ба Ориёфар Толиб Сангинзода тааллуќ дорад, барои вайрон намудани талаботи банди 7.3 - и Ќоидањои њаракат дар роњњои Љумњурии Тољикистон ва банди 1.9 - и Ќарори Њукумати Љумњурии Тољикистон "Дар бораи тартиби додани ичозати истифодаи воситањои наќлиёт бо шишањои сиёњу хира барои њаракат дар роњ" боздошт шудааст. Аммо Толиби Сангин мегўяд, банди 7.3 - и Ќоидањои њаракат дар роњњои Љумњурии Тољикистон доштани притсепро дар назар дорад, ки мошини ў аслан надошт ва Ќарори Њукумати Љумњурии Тољикистон умуман ќувваи ќонунї надорад. Вай мегўяд, Ќарор "Дар бораи ворид намудани таѓйиру иловањо ба баъ-
зе ќарорњои Њукумати Љумњурии Тољикистон" аз 14-уми январи соли 2010 ва замимаи он "Тартиби додани иљозати истифодаи воситањои наќлиёт бо шишањои сиёњу хира барои њаракат дар роњ" бо гузашти беш аз 5 сол дар нашрияи расмии Њукумати Тољикистон - "Љумњурият", сомонањои Президент, Вазорати адлия, Вазорати корњои дохилї, Агентии миллии иттилоотии Тољикистон "Ховар" ва ё дигар нашрияву њафтаномаву рўзнома ба чоп нарасидааст. Адвокат мегўяд, ин ќарор танњо ба доираи муайяни шахсони манфиатдор, пеш аз њама кормандони масъули БДА дастрас аст ва табиист, ки онро ба манфиати худ истифода мекунанд ва суол њам ин аст, ки чаро ин ќарор то имрўз ба нашр нарасидааст? Рўзномаи "Љумњурият" ќаблан хабар дода буд, ки бо маќсади иљрои ин ќарори Њукумати Тољикистон дар муддати кўтоњ аз 6 њазору 312 ронанда дар њаљми 14 миллиону 359 њазору 800 сомонї маблаѓ љамъоварї гардидааст. Омори даќиќ оид ба маблаѓњои дар муддати 5 сол пардохтшуда дар ихтиёри БДА "Амонатбонк" ва БДА ВКД Љумњурии Тољикистон ќарор дорад, ки ин сохторњо онро маълум намекунанд. Аммо Толиби Сангин мегўяд, азбаски Ќарор "Дар бораи ворид намудани таѓйиру иловањо ба баъзе ќарорњои Њукумати Љумњурии Тољикистон"аз 14 январи соли 2010 ва замимаи он "Тартиби додани иљозати истифодаи воситањои наќлиёт бо шишањои сиёњу хира барои њаракат дар роњ" панљ сол инљониб нашр нашудааст, ќувваи ќонунї надорад ва маќомот бояд сари андеша кунанд, ки чї тавр маблаѓи афроди љаримашуда дар ин муддатро баргардонанд. Умари ТОЊИР
ПАХШИ ЃАЙРИЌОНУНИИ РАДИО АЗ ПОЙГОЊИ ЊАРБИИ 201 "Звезда" - радиои Вазорати дифоъи Русия, ки то моњи майи соли 2013 дар Тољикистон тариќи мављи 103.6 FM пахш мешуд, ба ќавли шунавандагон, аз 25 январи соли равон дигарбора ба пахши барномањояш шуруъ кардааст. Аммо Самад Њикматов, муовини раиси Кумитаи радио ва телевизиони Тољикистон, ба TojNews гуфт, њамчунин иљозаро барои пахши ин радио дар Тољикистон надодаанд ва њоло ин мавзуъ дар маќомоти зидахл мавриди баррасї ќарор гирифтааст. Вай афзуд, иљозати пахши барномањои радио ва телевизион дар ќаламрави Тољикистон тибќи ќонунгузории ин кишвар бояд бошад ва "Звезда" њељ санади расмие барои фаъолият на-
"Звезда" - радиои вазорати дифоъи Русия, пахши барномањои худ дар Тољикистонро аз Пойгоњи њарбии 201 аз сар гирифт, аммо маќомот мегўянд, дар њоли ќатъ накардани пахши ѓайриќонунї расонаро ба додгоњ хоњанд кашид. дорад. Радиои "Звезда" ба Ширкати радиотелевизионии неруњои мусаллањи Русия тааллуќ дорад ва соли 2005 ташкил шудааст. Ба љуз Русия дар Тољикистон ва Украина пахш мешавад. Барномањои радиои "Звезда" тариќи мављи 103.6 FM аз Душанбе то вилояти Хатлон дар гузашта тариќи фиристандањои пойгоњи низомии 201 - и Русия дар Тољикистон пахш мешуд. Маркази радио ва телевизиони пойгоњи низомии 201-и Русия аз соли 1996 ба ин сў дар Тољикистон фаъолият дорад ва тибќи иттилои вазорати корњои хориљии Тољикистон, на-
шрияи "Солдат России" низ ба ин пойгоњ тааллуќ дорад. Тибќи муќаррароти ќонунгузории Тољикистон, Маркази телевизион ва радиои пойгоњи 201 њаќќи пахши барномањояшро танњо дар њудуди худи пойгоњ дорад. Масъулини "Телерадиоком", нињоди масъули пахши амвољи Кумитаи радио ва телевизиони Тољикистон низ аз азсаргирии пахши "Звезда" изњори беиттилотї мекунанд. Аммо Хадамоти бозрасии Кумитаи радио ва телевизиони Тољикистон, ки масъули назорати пахши радио ва телевизионњо дар Тољикистон аст, мег-
ўяд, њоло ба масъулини пахши "Звезда" ва њам дафтари марказии он њушдор додаанд, ки аз пахши ѓайриќонунии радио дар Тољикистон худдорї кунанд ва дар њоли иљро нашудани ин талаб аз "Звезда" ба суд шикоят хоњанд бурд. Масъулини пойгоњи 201 дар ин бора шарње пешнињод накарданд. Пахши барномањои "Звезда" дар Тољикистон замоне аз сар гирифта шуд, ки 26-уми январ Анатолий Иванов, муовини вазири дифоъи Русия ба Душанбе омад, то бо маќомоти тољик масъалаи кўмаки низомии кишвараш ба Тољикистонро баррасї кунад.
ИНТИХОБОТ - 2015
Tribun.tj, сомонаи расмии Њизби халќї демократии Тољикистон, пайдоиши њизбро танњо бо як љумла зикр кардааст: "дар нимаи аввали соли 1993 президенти кишвар Эмомалї Рањмон ѓояи Њизби халќии Тољикистон (њоло ЊХДТ) - ро пешнињод кард". Дар шарњи ин маълумот баъдтар Мўсо Асозода, раиси ваќти Дастгоњи ЊХДТ гуфт, ѓояи таъсис њизб дар муќобили Њизби Коммунист, ки ягона ва муассиртарин њизби расмии он рўзњо буд, аз Эмомалї Рањмонов бар омад: "Бояд њизбе ба вуљуд меомад, ки бино ба Конститутсия, њадафи асосї - љомеаи демократии њуќуќбунёди дунявиро бисозад ва сулњу суботро ба љомиа баргардонад". Аммо ба гуфтаи муаррихон, Њизби халќии Тољикистон моњи декабри соли 1994 вориди сањнаи сиёсї шуд ва рањбараш Абдулмаљид Достиев, муовини раиси Шўрои Олї буд. Замони зуњури ин њизб дар Тољикистон љанги шањрвандї идома дошт ва ба истиснои Њизби Коммунист, расман њизби дигаре набуд. ЊХТ як њафта баъд аз баргузории анљумани нахустинаш 15-уми декабри соли 1994 дар вазорати адлияи Тољикистон расман сабти ном шуд. Аммо ЊХДТ, он замон ЊХТ, як њизбе набуд, ки мисли имрўз дар тамоми шохањои њукумат нуфуз дошта бошад. Дар интихоботи парлумонии 26-уми феврали соли 1995 аз 113 курсї њамагї 5 - тояшро тавонист соњиб шавад. Пирўз Њизби коммунист буд: 60 љой. Аммо ба ин "парлумони љангсолорон" 70 дарсад фармондењи Фронти халќї ё нафарони тањти њимояи онњо омаданд. 7-уми сентябри соли 1996 шумораи аввалини нашрияи њизб - "Минбари халќ" бо теъдоди хеле кам - таќрибан 3 њазор нусха ба нашр расид, аммо дар ќиёс бо дигар нашрияњои њизбї даврони вазнини он дер давом накард. 25-уми июни соли 1997 дар анљумани III аш Њизби Халќї ба Њизби халќї - демократии Тољикистон табдили ном кард. 10-уми марти соли 1998 президент Эмомалї Рањмон узвият ва пас аз як моњ раёсати онро ба даст овард. Мањз аз њамон замон ЊХДТ - ро њизби њоким меноманд ва замони "ќудраткушоињо" - яш њам фаро расид... Рањбари њизб Эмомалї Рањмон дар интихоботи президентии соли 1999 бар намояндаи Њизби нањзати исломї - Давлат Усмон, ки ширкаташ дар интихобот маљбурї шуд, бо касби 97.6 дарсади оро пирўз омад. Мухолифини дигари Эмомалї Рањмон - Сайфиддин Тўраев аз Њизби адолатхоњ, ки баъдан баста шуд ва Султон Ќувватов аз Њизби тараќќиёт, ки нињоят сабти ном нашуд, умуман ба сабќати интихоботї роњ дода нашуданд. ЊХДТ дар интихоботи Маљлиси Намояндагони соли 2000 аз 63 курсї соњиби 38 тояш шуд (31 дарсад аз гузашта зиёд) ва дар парлумон фраксияи худро ташкил кард. 22-юми сентябри соли 2001 дар Анљумани VII - и њизб "стратегия ва тактика" - и љадиди ЊХДТ "дар давраи созандагї" тарњрезї шуд. Соли 2003 дар пайи як раъйпурсии умумимардумї муњлати президентї ба ду њафтсола тамдид шуд ва раиси ЊХДТ ин њуќуќро пайдо кард, ки дар ин даврањо низ номзадии худро пешнињод кунад. Интихоботи парлумонии соли 2005 ЊХДТ - ро дар баробари раќибони куњна, аммо воќеиятњои љадид ќарор гирифт. Дар Гурљистону Ќирѓизистон интихоботњо бо "инќилобњои ранга" ва таѓйири њукуматњо анљом
“НИГОЊ”, ЧОРШАНБЕ №46 (428), 11. 02. 2015
7
ЊИЗБИ ЊОКИМ Њизби халќї - демократї дар як муддати кутоњ тамоми зимоми ќудрат - аз зинањои поёнтарин то президентиро дар Тољикистон ба даст гирифт. Аммо кам касе ба ин бовар дорад, ки ин њама ба шарофати аќидањо ё идеологияи њизб бошанд... ёфтанд. ЊНИТ - ро акнун Муњиддин Кабирї, рањбари љавон, сарварї мекард, на Саид Абдуллоњи Нурї. Рањматулло Зойиров, мушовири мустафъии Эмомалї Рањмон зарфиятњои Њизби сотсиал - демократашро имтињон мекард ва кўшиш ба харљ медод, ки як эътилофи ањзоби мухолифи њукуматро ба вуљуд орад. Аммо ЊХДТ ором нанишаст. Њизби сотсиалист, ки бо сиёсатњои њукумат мухолифат доштанд, дар пайи "табадуллот" - и дохилї ба њизби њоким њамоњанг шуд. Раиси Њизби демократи Тољикистон Мањмадрўзї Искандаров фирор кард ва њизб бидуни сарвар дар интихобот ширкат намуд. Њизби ислоњоти иќтисодї, ки соли 1995 таъсис ёфта, умуман наќше дар љомиа надошт, дубора таљдид шуд ва дар њамдастї бо њизби дигар - аграрї, ки нав таъсис ёфт, њарду барои њимоят аз сиёсатњои њукумат дар бари ЊХДТ ќомат рост карданд. Дар ин интихобот ЊХДТ батамом ќудрати худро ба намоиш гузошт: аз 63 курсї 49 - тояшро соњиб шуд (ЊКТ - 4, ЊНИТ - 2) ва 5 номзади мустаќиле, ки пирўз омаданд, низ ба ин њизб наздикї доштанд. Ањзобе, ки дар сангари ЊХДТ буданд - сотсиалист, аграрї ва ислоњоти иќтисодї умуман љой нагирифтанд. Онњоро танњо дар интихоботи парлумонии соли 2010 "розї" карданд. Эмомалї Рањмон, раиси ЊХДТ, соли 2006 барои њафт соли дигар президенти Тољикистон интихоб шуд. Аммо тањаввулоти сиёсии пас аз интихоботи парлумонии соли 2010 дар Тољикистон собит мекунанд, ки ЊХДТ пас аз ин пирўзињои пайдарпай аз соли 2000 то 2006 каме "аз худ рафт". Он замон сиёсатшиносони мустаќил мавзеъгириву дастовардњои њизбро маъмулан ду бањо медоданд: а) њизб идеология надораду пушти авторитети рањбараш пинњон аст; б) њизб номиналї асту дастовардњояшро њукумати иљроия бо дастрасї ба "фишори маъмурї" таъмин мекунад. Дар интихоботи парлумонии соли 2010 ЊХДТ бо он вуљуд, ки 70,6% - аз 63 курсї 44 - тоашро "соњиб шуд" ва ба баќия ањзоб нањзати исломї, коммунист, ислоњоти иќтисодї ва аграрї 2 - љої дод, амалан пеши рањбарият ва љомиа заъфи бузурги хешро ошкор кард. То ба њол намояндагони њизби нањзати исломї ва иддае аз коршиносон мегўянд, ки дар ин интихобот агар боз њам захирањои маъмурии њукумати Эмомалї Рањмонро истифода намекарданд ва интихобот шаффоф баргузор мешуд, ЊХДТ бозиро ба ЊНИТ ва дигар ањзоби мухолиф бой медод. Он интихобот ин нигарониро ба вуљуд овард, ки то интихоботи навбатии парлумонї дар соли 2015 њукумат фишор алайњи ЊНИТ ва мухолифони дигарашро афзоиш дињад, зеро ин як воќеияти фаротар аз муборизањои њизбї арзёбї шуд.
Воќеан, агар Эмомалї Рањмон ва захирањои маъмурии њукуматаш набошанд, ЊХДТ чї кор њам карда метавонад? Аксари коршиносон зарфиятњои ѓоявии њизбро барои пирўзї бар мухолифонаш нокофї арзёбї мекунанд. Ба аќидаи онњо, азбаски ЊХДТ њизби њоким аст, мантиќан, њар дастоварде, ки њукумати Тољикистон дорад, аз ин њизб аст, аз љумла сохтмони роњу корхонањо, нерўгоњу дигар иншоотњои бузург, ки бо маблаѓи сармоягузорони хориљї ё буљети Тољикистон роњандозї мешаванд. Буљет аз њисоби тамоми андозсупорандагони Тољикистон шакл мегирад ва аъзои танњо њизбњо дар кишвар њамагї њудуди 350 њазор нафар њисоб мешаванд. Ё сулњу суботе, ки дар кишвар пас аз љанги дохилї низ ба дастовардњои ЊХДТ рабт дода мешавад, њол он ки кормандони маќомоти ќудратї афроди ѓайрињизбї ба шумор меоянд. Аз ин хотир, иттифоќи назари коршиносон ба ин аст, ки дастовардњои њукумати Эмомалї Рањмонро, ки раиси ЊХДТ аст, наметавон дастоварди њизбаш хонд, њарчанд аксари кулли аъзои њукумати марказиву мањаллї дар Тољикистон узви ин њизб њам бошанд. Зоњиран такя бар захирањои маъмурї барои ЊХДТ ин мушкилро дар набарди иттилоотї ба вуљуд овардааст, ки тамоми фасоди идориву бекорї, паёмадњои ногувори муњољират, наќши ѓайримуассири љомиаи шањрвандї ва дигар камбудињои њукумати имрўза низ ба ЊХДТ рабт дода шавад. ЊЊДТ бойтарин њизби Тољикистон буда, тибќи маълумоти ѓайрирасмї, њамасола то 5 млн. сомонї буљаи њизбї дорад. Аммо дар корзори идеологї ва иттилоотї худро ташаккули босамар нишон намедињад. Баръакси ЊНИТ, дар контентофарии миллї дар бахши тољикии интернет наќш надорад. Дар 5 шабакаи маъруфи иљтимої, ки то 2 миллион тољикистониро ба њам овардаанд, сањфа ва мањфилњои ба ном зиндаву серхонанда надорад, балки пайваста маззамат шуда, мавриди хандахариш ќарор мегирад. Дар миёни 20-гонаи маъруфтарин шахсиятњои шабакањои иљтимої, љонибдорони ЊЊДТ нестанд. Пешвоёни афкори љамъиятї дар шабакањои иљтимої аз ЊХДТ сухан намекунанд ё нигоштањояшон оњанги манфї дорад. Ин њам дар њоле, ки њамасола аз њисоби обунаи ихтиёрї - иљборї, ки тавассути маќомоти њокомияти иљроия амалї мегардад, ЊХДТ беш аз 4 миллион сомонї маблаѓ љамъ меорад, ки камтар аз 30% -и он барои харољоти худи нашрия ва рўзноманигорони он масраф мешавад. ЊХДТ њамчунин дар бонкњо пасандоз дорад. Созмони љавонони њизб бо номи "Созандагони Ватан", ки 27 -уми июли соли 2011 таъсис ёфт, низ љойи комсомоли пешинро гирифта натавонист. Дар ин майдон, ки имрўз тамоюли љиддитаринаш радикалшавии мазњабии љаво-
нон мањсуб ёфта, барои пешбурди ѓояњои ЊХДТ, пеш аз њама, ѓояи сохтмони як давлати дунявию демократии њуќуќбунёд, монеањо эљод мешавад, њизби њоким барномаи мушаххаси муассир надорад. Ин њам дар њоле, ки нашрияи њизб "Минбари халќ" наздик ба 50 њазор нусха нашр мешавад, ки аксари кулл тариќи обуна ба хонандагон дастрас мешавад ва аз тиражи умумии на фаќат нашрияњои њизбї, балки мустаќил низ бештар аст. Аммо дар афкорсозї наќши боризе надорад. Сомонаи "Минбари халќ" бесамар менамояд. Истинод ва иќтибос аз ин расонањо дар ВАО ва шабакањои иљтимої таќрибан ба чашм намерасад. Кумитањои иљроияи ЊХД дар шањри Душанбе ва се вилоят - Суѓд, Хатлон, Бадахшон ва чанд навоњї низ соњиби нашрияњои худанд. Њизб сомонаеро дар шабакаи љањонии интернет тањти унвони tribune.tj фаъол кардааст, ки рўзи тањияи ин мавод аз он 39 нафар дидан кардаанд. Дафтари марказии ЊХДТ дар "Кохи Вањдат" - маркази шањри Душанбе љойгир аст. Оё њизб барои истифодаи амволи давлатї маблаѓ месупорад, ё на, маълум нест. Маќоми олии њизб Анљуман ба њисоб рафта, Кумитаи иљроияи он, ки маъмулан аз мансабдорон иборат аст, Дастгоњи марказии иљроия дорад. Дар он камтар аз 15 нафар кор мекунанд. Њаљми маоши њизбии онњо наздик ба маоши корхонањои саноатї мебошад. Маоши рањбарияти њизб ва харољоти Дастгоњи иљроияи он махфї нигоњ дошта мешавад. Пас аз Абдумаљид Достиев, ки ѓайрирасмї асосгузори њизб мањсуб мешавад, масъули пешбурди корњои њизбї муовини раиси њизб аст, ки дар оѓоз ба уњдаи Давлаталї Давлатов ва сипас Сафар Сафаров вогузор шуд. Њарду њам тафаккури ќолабї дошта, аз насли куњнаи коммунистњо мањсуб меёфтанд ва акнун аз майдони сиёсат канор рафтаанд. Њоло ин масъулият ба дўши Саймурод Фаттоњзода, собиќ мушовири Президент оид ба рушди иљтимої ва робита ба љомеа вогузошта шудааст, ки масъули идеологии њукумат ба шумор меравад. Коршиносон дар таъини ў як гуна истењзоро мебинанд: "Бењтарин идеолог, ки бошї, марњамат дар фронти идеологї кор кун". Аз замони таъини Фаттоњзода дар ин вазифа дар ЊХДТ тањаввулоти љиддие ба назар намерасанд. Дар кул он вазъе, ки имрўз ЊХДТ дорад, батамом аз њукумат ва Эмомалї Рањмон вобастагї дошта, абзори асосияш "захирањои маъмурї" мањсуб мешавад. Ба эътирофи умуми коршиносон, бо дигар шудани њукумати феълї ин њизб низ мисли дањњо њизби дигари њоким дар пањнои ИДМ аз байн хоњад рафт...
Фаромарзи ФОЗИЛ
“НИГОЊ”, ЧОРШАНБЕ №46 (428), 11. 02. 2015
8
СЎЊБАТИ РЎЗ
Исњоќ ТАБАРОВ: "ЗАЙД САИД АЗ "ДУШАНБЕ ПЛАЗА" 6 МИЛЛИОН ЗИЁН ДИД" Суњбати ихтисосї бо Исњоќ Табаров, адвокати Зайд Саидов, соњибкори зиндонии тољик
- Агентии назорати давлатии молиявї мубориза зидди коррупсия мегўяд, дар сохтмони "Душанбе - плаза" норасоињоро ошкор кардаву зерњимояи Шумо Зайд Саидовро ба азхудкунии маблаѓ аз сохтмони он айбдор мекунад. Иддае ба ин гуфтањо шак доранд, иддае њам мегўянд, ки бо назардошти воќеиятњои Тољикистон даъвои Агентї метавонад дуруст бошад. Асли гап чї аст? - Аввал, мехоњам ба таърихи ин сохтмон назар афканем. "Душанбе - Плаза" сохтмони љашнии 20 - солагии Истиќлолияти давлатии Тољикистон буд. Њоло баландтарин бино дар кишвар аст. Масоњаташ беш аз 40 њазор метри муррабаъро ташкил медињад. Дар майдони аз назари сохтмон мањдуд сохтани муосиртарин маљмаа, ки ба эътирофи умум, аз љумла коршиносони хориљї, ба талаботи сатњи љањонї мувофиќат дорад, мањорати зиёдро талаб мекунад. На њар ташкилоти сохтмонї дар Тољикистон аз ўњдаи ин кор баромада метавонад. Хориљињо то њол бовар намекунанд, ки ин иншоот бо камтар аз 40 миллион доллар ва баландтарин сифату кўтоњтарин мўњлат то њадди истифода бо тамоми асбобу анљом ва мебелњояш сохта шудааст. Њукуматдорон, бахусус шањрдорї, хуб медонанд, ки ваќте лоиња ва сметаи харољоти "Душанбе-Плаза" маълум шуд, аксар ширкатњои машњури Тољикистон аз сохтмони он даст кашиданд, зеро аз он на танњо фоидае барояшон намемонд, балки бо ин маблаѓи људошуда сохтани иншоот аслан ѓайриимкон аст. Ќаблан Зайд Шерович ёдовар шуда буд, ки њатто меъмори ин бино - Зуњуриддинов чанд бор ўро таъкид намудааст, ки ба масъулин расонад: агар фармоишгар ба њар як метри мураббаъ њадди аќал аз 1600 доллари амрикої камтар маблаѓ људо кунад, розї нашавад, зеро зарари зиёди иќтисодї хоњанд дид. Барои ин таъкидњо Зуњуриддинов аз Раиси шањр њам гап шунида будааст. Мутаассифона, ба замми нокифоя будани маблаѓ, мураккабии сохтмон, мўњлати ба истифода додани иншоот низ, тавре гуфтам, хеле кўтоњ буд, чаро кї дар Тољикистон иншоотњои сохтмониро ба фењрасти иншоотњои љашнї ворид намудан мўд шудааст ва чун дар пеш љашни 20 - солагии истиќлолият буд, бо бањои љон бошад њам, бояд сохтмони онро зуд ба итмом мерасонданд. Вале,
«
ба ин нигоњ накарда, бунёди бино бо сифати аъло ба анљом расид. Офтобро, мегўянд, бо доман пўшидан натавон. Дар дохилу хориљ коршиносон аз сохтмони ин маљмаа дар шарту шароити ёдрасшудаи вазнин ба ваљд омадаанд ва ангушти њайрат мегазанд. Инро маќомот медонад, вале ба гумони он, ки мардум намефањмад, худро ба нодонї мезанад. Оре, маќомот медонад, ки фаќат ва фаќат ширкатњои сохтмонии худї нозбардори њукумати моянд. Магар ин тавр нест? Масалан, сохтмони бинои мењмонхонаи "Шератон" дар Душанбе соли 2005 оѓоз ёфт ва чанд моњ пеш ба итмом расид. Сохтмони он нўњ сол давом кард. Сохтмони "Душанбе Плаза" соли 2009 шурўъ ва соли 2011 анљом шуд. Мисоли дигар: оиди оне, ки бинои "Душанбе-Плаза" бо он мураккабии меъмориву муњандисї, тангии љойу мўњлат, маблаѓи ночиз дар ќиёс бо биноњои дигар ба анљом мерасид, бунёди мењмонхонаи "Сирена" низ ба охир расида буд, ки барои њар метри мураббааш 3300 доллари амрикої харљ шудааст. Ё ба њар як метри муррабаъи бинои "ТСЕЛЛ", ки аз љониби њамин ширкати "Тољ-Сохтмон Байналмиллал" сохта шудааст, 1600 доллари амрикої харљ шудааст, ки харољоти сохтмону меъмориву
Дар дохилу хориљ коршиносон аз сохтмони ин маљмаа дар шарту шароити ёдрасшудаи вазнин ба ваљд омадаанд ва ангушти њайрат мегазанд. Инро маќомот медонад, вале ба гумони он, ки мардум намефањмад, худро ба нодонї мезанад.
«
ороишиаш нисбатан хеле содда аст. Албатта, ин маблаѓњо аз буљаи шањр набуд, вале манзурамон он аст, ки бо вуљуди хусусиятњои меъмории нисбатан соддаи "Сирена" ва "ТСЕЛЛ" дар муќоиса бо он сохтмони "Душанбе-Плаза" хеле мураккаб ва серхарљ буд. Њатто гурўњи сохтмончиёни русиягї дар сўњбат бо Раиси шањр инро тасдиќ намуда буданд. Ба ќавли онњо, агар "Душанбе-Плаза" дар Русия сохта мешуд, барои њар метри мураббаи он аз 2500 то 4000 доллар ва бештар аз он сарф мешуд, њол он ки Русия камбудии маводи сохтмонї ва мушкилоти интиќоли онро аз дигар кишварњо надорад. Њатто дар маркази Душанбе дар сохтмони баъзе биноњои истиќоматї барои як метри мураббаъ то 1200 ва аз ин њам зиёдтар маблаѓ мепурсанд, њол он ки шароити муносиби зист дар онњо аз сокинон боз маблаѓи иловагиро таќозо дорад, яъне њамагї 50 - 60 фоизи корњо дар он иљро шудаанду халос. Такрор мекунам, ки барои сохтмону ороиш ва тамоми таљњизоту мебел, яъне чуноне мегўянд, "под ключ", њудуди 1000 доллари амрикої бо назардошти андозу њама харољотњо људо шудааст, ки ба аќидаи аксар сохтмончиён, иљро ношуданист ва аз маблаѓњои худашон сохта ба истифода додаанд. - Президент Эмомалї Рањмон, 6 сентябри соли 2011 зимни суханронї дар маросими ифтитоњи "Душанбе Плаза" ќайд намуд, ки барои сохтмони ин бино 164 миллион сомонї харљ шудааст. Љойе њам хондем, ки ин маб-
лаѓро наздики 160 миллион нишон додаанд. Агентї мегўяд, шахсони масъули "Тољ-Сохтмон-Байналмилал" бо роњњои ѓайриќонунї сохтмони иморатро ба 184, 8 миллион сомонї ба анљом расондаанд, яъне ба буља 38 миллион сомонї зарар расидааст... - Дар ин љо ягон азхудкунии маблаѓ дида намешавад. Оддитарин таваљљўњ ба хусусияти ќонуну ќоидањои танзимкунанда ва мушаххасоти сохтмони иморати зикршуда имкон медињад фањмида шавад, ки ин гуна "азхудкунї" аслан ѓайриимкон аст. Ширкат дар тендер ѓолиб омадааст ва ба ин касе шубња надорад. Маблаѓи сохтмон њамонест, ки муќаррароти тендеру шартномаи дар асоси он басташуда дар назар доранд. Харољоти маблаѓњоро маќомоти дахлдори чи шањриву чи љумњуриявї беист тамоми муддати сохтмон назорат мекунанд. Тамоми корњо, маводњои ороиш бо маслињату мувофиќаи фармоишгар, меъмор анљом дода мешавад. Бе мувофиќаву иљозати меъмору фармоишгар идома ва анљоми кор имкон надорад. Иншоотро комиссияи давлатї ќабул мекунад ва шукўњу шањомату бањрабардорї аз он имрўз мояи ифтихори њукуматдорон аст. То он даме, ки аз мољарои сиёсии марбут ба шахсияти Зайд Саидов дараке набуд, худи Агентї пас аз санљиши думоњаи гузаронидааш тариќи санади расмї эълом дошта буд, ки ягон эрод ба сохтмон надорад. Худатон ќазоват кунед, ширкати "Тољ-Сохтмон-Байналмилал" дар ин иншоот бар зарари худаш кор мекунад, пас чї гуна дар бораи аз
“НИГОЊ”, ЧОРШАНБЕ №46 (428), 11. 02. 2015
БАЊС Чаро он мутахассисоне, ки он замон фаъолияти ширкатро санљида буданд, ба љавобгарї кашида намешаванд? Чунки ба љавобгарї кашидани онњо пардаро аз рўи асрори зиёд метавонад бардорад. Умуман, се сол мешавад, ки на аз љониби мудирият ва на фармоишгар ягон камбудии љиддї дар иморат ошкор нашудааст ва аз ягон маќомот низ арзу шикояте ворид нагардидааст. Сифати хуби корњои сохтмонї аст, ки аксар чорабинињои сатњи њукуматї дар ин бино мегузаранд. Такроран мегўям, дар биное, ки маблаѓ дар асоси шартнома ба номгўи корњо ба пудратчї дода мешаваду анљом ёфтану сифати ин корњоро фармоишгар ва комиссияи давлатї ќабул мекунанд, чї гуна азхудкунї љой дошта метавонад? - Агентї мегўяд, ба љойи паркет дар баъзе љойњо ламинат истифода шудааст ва нархи паркет њам аз будаш зиёд нишон дода шудааст. Инро чї гуна шарњ медињед?
худ кардани маблаѓ фикр мекунад, мантиќ куљост? Ба таври дигар гўем, ин маблаѓи тендерї дар асоси шартнома маблаѓи ширкат аст ва ў вазифадор аст ўњдадориашро иљро кунад, ки он иљро шудааст, пас чиро азони худ кардааст? - Нињоят, "Тољ-Сохтмон Байналмиллал" чї ќадар зиён дид? - Њудуди 6 миллион доллар. - Агар зараровар буд, чаро ширкат бунёди иншоотро ба ўњда гирифт? - Бале, тиљорати зарароварро дидаву дониста касе ба ўњда намегирад. Агар њаљми зарари калоне, ки бунёди иншоот ба ширкати овард, дар оѓоз дарк мегардид, ширкат ба ин иќдом даст намезад. Таљрибаи љањонї аст, ки ширкатњо ба хотири реклама ва нишон додани тавоноии худ маблаѓњои зиёд сарф мекунанд, баъдан аз љониби фармоишгар ваъда дода шудааст, ки норасоии маблаѓро дар пружањои дигар љуброн мекунад ва боз: 1) корњои бузурги сохтмониро дар худ таљриба мекунанд, коргарон муддате бо кору маош таъмин мешаванд, 2) нуфузу мартабаи ширкатро дар љумњурї ва берун аз он бунёди иншооти баландтарину бењтарин, яъне беназир дар кишвар, алалхусус дар мўњлати баѓоят мањдуд таќвият медињад. Шањрдорї бо назардошти шарту шароити сангини сохтмон натавонист таваљљўњи ширкатњои дигарро љалб созад ва ноилољ бо хоњишу илтимос ба ширкати номбурда рў овард. Дар асл, боварї дорам, агар сохтмони иншоот фоидаовару осон мебуд, бо вуљуди ба меъёрњои њирфаиву тахассусї љавобгў будани ширкати "ТољСохтмон-Байналмилал", ин шараф њаргиз насибаш намешуд. Бисёрињо медонанд, ки бозори гарми ин соња "бесоњиб" нест… Ин љо масъулияти шањрвандиву ватандориро набояд сарфи назар кард ва касе аќаллан гар заррае тасаввурот аз сифатњои ахлоќии Зайд Саидову фарзандонаш дорад, медонад, ки ишора ба омили мазкур муболиѓаву танњо ба хотири суханпардозї нест. Ва, нињоят, бо зарари калон мувољењ шудани сохтмон дар љараёни корњо, бахусус зимни корњои ороишиву муњанддисї ва муљањњазгардонї аз худ дарак дод. Барои мисол, бо дархости шањрдорї асбобу анљому таљњизоти камарзиши пешбининамудаи лоињаи сохтмон бо навъу намудњои гаронќимати аврупої харида шуд. Вале њолати мазкурро, яъне сермасраф шудани арзиши корњои сохтмониро Агентї дидан намехоњад… Мо зимнан меъёрњои бештар иќтисодиву ахлоќии посух ба суоли Шуморо раво дидем. Вале ваќте зарурияти ќазовату арљгузории гуноњу
«
Ширкат дањњо намуд корњоеро ба зарари худ тибќи шартнома иљро кардааст, ки нархи сметавиаш ба маротиб аз нархи бозориаш кам аст, ки он ба дањњо миллион сомонї мерасид, Агентї аз он чизе намегўяд.
савоб истинод ба талаботу ќонунро таќозо дорад, биёед, аз њамин мантиќ истифода кунем ва ба яке аз шартњои тендер рў орем, ки тибќи он, агар ширкати ѓолиб дар рафти сохтмон зарари иќтисодї бинад њам, сохтмони иншоотро ба анљом расонда, онро месупорад. Аз ин шарт роњи гурез нест, зеро ќисми 2, моддаи 456 - и Кодекси граждании Љумњурии Тољикистон мефармояд, ки таѓйир додани нарх пас аз бастани шартнома танњо дар њолатњо ва тибќи шартњои пешбининамудаи шартнома, иљозат дода мешавад. Яъне, шартнома агар иљозат надињад, нархро таѓйир дода намешавад. Ба замми ин 2 принсипи асосии муомилоти гражданї вуљуд дорад, ки яке ба таври дахлдор анљом дода шудани ўњдадорињо ва дигаре номумкин будани радди яктарафаи иљрои ўњдадорист (моддањои 330-331 Кодекси гражданї). - Агентї ду санљиш гузаронд. Натиљаи санљиши аввал ин буд, ки сохтмон њељ камбудие надорад. Аммо санљиши дуввум, ки пас аз њабси Зайд Саидов сурат гирифт, камбудии зиёдеро ба миён овард. Чаро ду санљиш натиљањои комилан мутафовит доранд? - Бале, чуноне изњор намудам, ќабл аз ба майдони сиёсат ворид шудани Зайд Саидов худи њамон Агентї ќариб 2 моњ рафту натиљањои сохтмонро санљида, чунин камбудие ошкор накард. Иддаои минбаъдаи гунањгоркунандааш бошад, танњо далели фармоишї будани ин иќдом аст. Чанд суоли дигаре низ беихтиёр пайдо мешавад: агар санљиши пешина љиноятро дарёфт ва ё онро рўпўш карда бошад, куљост гунањгору гунањгоркунанда? Магар иддаои имрўзаи Агентї, ки сарфи назар аз дурусту нодуруст донистани яке аз он санљишњояш, ки аслан корношоямии худашро далел аст, асос барои санљиши њамаи он нафару ширкату мавзуоте нест, ки ќаблан худи ў санљидааст? Биёед, пас чунин аст, аз Агентї талаб намоем, ки бо њамон мантиќе, ки истифодаашро алайњи Зайд Саидов раво донист, дигаронро низ санљад. Ќабл аз њама њамон ширкату њамон бинову иншоотеро, ки бо ќарори Њукумат муњими давлатї дониста шуда, аз андоз озод шудаанд. Ё суоли дигар: магар ањамияти "Душанбе-Плаза", ки давлатист, аз баъзе аз бинову иншоот ањамияти кам дорад, ки дар ин рўйхати имтиёздорони њукуматї буданд ва ё њастанд?
«
- Он намуди паркете, ки њама айбро дар он мекобанд, маъмулан дар иморатњои ањамияти давлатї ва љумњуриявї дошта истифода шудааст. Танњо ваќтњои охир ин намуди паркет пањн шуд, дар баробари дигар иншоотњои муњими давлатї дар бинои "Душанбе- Плаза" низ аз ин намуди паркет истифода бурда шудааст. Эњтимол меравад, ки дар як ошёнаи "Душанбе - Плаза" аз паркети нисбатан камсифат истифода шудааст, ки он аз љониби таъминотчиёни сохтмон дар фурсати бисёр мањдуд њатман бо мувофиќаву розигии меъмору мутахассисони фармоишгар сурат гирифтааст. Табиист, ки на њар масъули таъминот ё сохтмончї сифату назофати паркетро мефањмад. Мањз барои ин меъмору мутахассисони фармоишгар њастанд, ки он паркет њаст ё дигар масолењи сохтмонї ё ороишї, дида, иљозаи истифодаашро медињад. Баъдан онњо њастанд масъулу мутахассису молшинос. Дар бораи нархи паркет бошад, оё мантиќї аст дар шароити иќтисоди бозорї, ки њар рўз нархи молњо иваз мешаванд, баъд аз 2 - 3 сол як намуди паркетро оварда бигўї, ки ин паркети харидаи 3 сол пеши ширкат чанд буд. Њол он ки фармоишгар онро дар доираи харољоти тендериву шартномавї ќабул кардааст. Ба њар њол, боз њам такрор мекунам, зимни сохтмон ва ваќте ки биноро ќабул карданд, њолати мазкурро касе пинњон накардааст ва карда њам наметавонист ва вобаста ба хусусиятњои сохтмону хулосањои ќаблан изњоршуда дар гўшаи хаёли касе набуд, ки онро камбудї донад. Ширкат дањњо намуд корњоеро ба зарари худ тибќи шартнома иљро кардааст, ки нархи сметавиаш ба маротиб аз нархи бозориаш кам аст, ки он ба дањњо миллион сомонї мерасид, агентї аз он чизе намегўяд. Ин мартабаро танњо имрўз аз ноилољї, ваќте маќомотро зарурат пеш омадааст, ки "таги нохун чирк кобанд", раво диданд ва њадаф истифода аз сатњи пасти маърифату саводи одамонест, ки ба самараи ин гуна "кофтану ёфтанњо" метавонанд бовар кунанд. - Парвандаи нав алайњи Зайд Саидов, ки аз 75 љилд иборат аст ва ба Додгоњи олии Тољикистон фиристода шудааст, умуман аз чї иттињомот иборат аст? - Парвандаи мазкур айни замон дар Суди Олии Тољикистон дар марњилаи омўзиш ќарор дорад. Алайњи Зайд Саидов аз рўи моддањои 245, ќисми 4 - азо-
9
нихудкунї ё исрофкорї), 314, ќисми 2 (сўистифода аз ваколатњои мансаби), 340, ќисми 2 (сохтакорї), 262, ќисми 3 (ба расмият даровардани маблаѓњои пулї ё амволи дигари ѓайриконунї ба даст овардашуда) ва 292, ќисми 2 (саркашї аз супоридани андозњо ва пардохтњо аз шахси њуќуќї) - и Кодекси љиноии Љумњурии Тољикистон айб эълон карда шудааст. Ин иќдоми навбатии Агентї алайњи Зайд Саидов давоми мантиќии боз њамон амали густурдаи маќомоти давлатист, ки маќсад аз он бадному беобурў кардани ин шахси наљиб бо истифода аз њама гуна тарзу усулњои номатлуб аст. Тафсилоти ин амалиёт ва тањлили натиљањои ќаблиаш тавассути матбуот дастраси хонандагон гардидааст. Чун далели дигаре дар ин зимн боист ёдовар шуд, ки њангоме сохтмони бинои "Душанбе-Плаза" љараён дошт, Зайд Саидов раиси Ассотсиатсияи истењсолкунандагон ва соњибкорони Тољикистон буд, ширкати "Тољ-Сохтмон-Байналмилал" бошад, як узви он. Муассиси ширкат фарзанди ў Хайрулло мебошад ва худи Саидов њам мегўяд, ки муносибаташ ба ин ширкат аз муносибат ба ширкатњои дигару дигарон ягон тафовуте надошт, зеро ширкат роњбари ќонунии худро дошт. Ин роњбар дар асоси оинномаи ширкат аз тамоми салоњиятњо бархурдор буд. Њатто санљишњои ќаблї низ собит сохтааст, ки Саидов дар ягон њуљљату шартномањои ин ширкат ба њайси директори генералї ё нафари масъули дигар имзо накардааст. Яъне, тибќи ќонун, ў ягон ўњдадорї, ки асос барои иддаои имрўзаи Агентї алайњаш шуда тавонанд, надоштааст, додани машварат ва сањом будани худро дар ин љамъият ва љамъиятњои дигари аъзои Ассотсиатсия инкор намекунад. Вале ин чиз низ Агентиро садди роњ нашуд ва маќоли "зарур бошад, раво бошад" -ро барои худ дастур хонда, дар соњаи њуќуќи љиної истилоњи "роњбари ѓайрирасмї" -ро ихтироъ намуд ва Зайд Саидовро лоиќи ин мартаба донист. - Дар нишасти матбуотии охири худ Абдуфаттоњи Ѓоиб гуфт, ки барои рўбарукунии зерњимояи Шумо бо Мањмадсаид Убайдуллоев ва Матлубхон Давлатов љавоби рад додааст. Шумо чунин дархосте карда будед ё не? - Дар њаќиќат дар рафти тафтишоти пешакї дар марњилаи анљомёбии он аз љониби ман ва зерњимояам Зайд Саидов дархост дар бобати пурсиши Раиси шањри Душанбе Мањмадсаид Убайдуллоев шуда буд, на рўбарўкунї). Гузаронидани њаракати тафтишотии рўбарўкунї бо шоњидон Гул Шералї, Давлаталї Саидов, Матлубхон Давлатов ва як катор шоњидони дигар, ки дар ширкати сохтмонии "Тољ-Сохтмон-Байналмилал" фаъолият мекунанд, пешнињод шуда буд. Мутаассифона, маќомоти тафтишот ин дархости моро бе ягон асоси ќонунї ва воќеї рад намуда, изњор дошт, ки гўё ин ашхос ба парванда ягон иртибот надошта бошанд. - Тибќи хабарњои охирин шумо ба СММ мурољиат кардед. Он мурољиатномаи шумо аз чї иборат аст? - Моњи декабри соли 2014 љониби њимоя баъди гузаштани тамоми марњилањои судї дар Тољикистон, ки натиљаи онњо ѓайриќаноатбахш буд, ба Кумитаи хифзи њуќуќи инсони СММ, ки дафтари он дар Женева аст, мурољиат намуд. Ба унвони ин кумита тамоми ќарорњои судї, далелњои хаттие, ки љониби њимоя дар рафти баррасии парванда љамъ оварда буд, дар њаљми 265 сањифа ирсол гардид. Эътимоди комил дорем, ки мурољиати мо мавриди баррасї ќарор гирифта, оиди он ќарори дахлдор ќабул карда мешавад. Суњбати Фаромарзи ФОЗИЛ
10
“НИГОЊ”, ЧОРШАНБЕ №46 (428), 11. 02. 2015
Шўришчиёни шиъимазњаби Яман ќудрати идории ин кишварро билохира ба даст гирифтанд. Рўзи љумъаи гузашта парламонро мунњал карданд ва аз таѓйири ќарибулвуќуъи ќонунии асосї хабар доданд. Бино ба гузоришњои расида ќарор аст маќомоти нав дар ин кишвар муддати як сол амал мекунад ва он "давраи гузор" номида мешавад. Намояндаи ин њаракат Љамол алСаудї гуфтааст, ки "мо кумитаи инќилобї ва шўрои гузори миллї таъсис медињем. Он дорои 551 узв хоњад буд, ки ќарор аст парламони мунњалшударо иваз кунад. Вазифаи президент дар давраи гузор бо шўрои президентї иваз карда мешавад. Ин шўро иборат аз панљ узв хоњад буд, ки аз љониби Шўрои миллї интихоб мегардад". Шўришчиён аз љумлаи шиъиёни зайдии Яман кохи раёсати љумњурии ин кишварро охири моњи январ ишѓол карда буданд. Президент ва њукумати Яман дар оѓоз эълон намуданд, ки ба истеъфо мераванд, вале баъдан дар тасмим худ таљдиди назар карданд. Њусињо ба њукумат шарт гузоштанд, ки ба маќомоти идорї намояндагони мухолифони давлатро љой дињад, вале баъдтар аз ин пешнињод њам даст кашиданд ва њукуматро пурра ба даст гирифтанд. Дар айни замон баъзе аз њизбњои сиёсї ѓасби њокимият ва табаддулоти давлатиро мањкум намуданд. Дар баъзе шањрњои ин кишвар тазоњуроти мардумї дар љараён аст. БОЗИИ ЌУДРАТЊОИ МИНТАЌА Аммо ба назар мерасад, ишѓоли пойтахт ва як бахши бузурги ќаламрав вазъро ором намекунад. Эњтимоли он вуљуд дорад, ки ин кишвари дорои 25 миллион ањолї гирифтори як љанги дохилии парешону пароканда шавад ва ба майдони њарбу зарби ќудратњои минтаќавию љањонї табдил ёбад. Зеро Яман њамеша аз нуќтаи назари љуѓрофї ва сиёсатњои дугонаи сарваронаш манфиатњои давлатњои ќудратталаби минтаќаро ба њам задааст. Гоњ майл ба блоки Амрико кардаву гоњи дигар аз сиёсатњои Кремли замони Шўравї њимоят намудааст. Худи њамин калавишњои сиёсї ин кишварро ба маркази таваљљўњи мамолике ќарор додааст, ки дар минтаќа иддиои бузургманишї мекунанд. Бино ба навиштаи тањлилгарон њадафи аслии даст ба ѓасби њоикимият задани њусињои яманї дифоъ аз њуќуќи аздастрафтаи шиъиёни ин кишвар дар љараёни конфронси муколамаи миллї дар ду соли пеш буд, ки ба назар гирифта нашудааст. Шиъињо дар Яман тибќи омори ироашуда бештар аз 45 дарсади ањолии ин кишварро ташкил медињанд, вале дар љараёни ташкили њукумат баъди сарнагун шудани Алї Абдуллоњ Солењ дар моњи феврали соли 2012 манфиати онњо зери по шудааст. Он замон чунин мавзеъгирї комилан ба манфиати Арабистони Саудї ва кишварњои ѓарбї мувофиќат мекард ва имрўз, ки њусињо ќудрати сиёсиву идориро дар ин кишвар ба даст гирифтаанд, ба Эрон имкон медињад, ки мавќеъи Арабистонро дар самти љанубу ѓарбии минтаќа заъиф кунад. ИМА, Британияи Кабир ва кишварњои узви Шўрои њамкорињои давлатњои араби Халиљи Форс (ШЊДАХФ) дигар натавонистанд низоми фурурафтаи президент Абдураббињї Мансур Њодї дар Яманро њифз кунанд. Дар ин миён ИМА ва Арабистон дар мубориза бо терроризм дар Ироќ амалан Русия, Эрон ва Сурияро аз сањна дур карданд. Аммо ин иќдом ба он анљомид, ки "Давлати исломї" дар ќисмати шимолу шарќи Сурия неру гирифт. Ин дар њолест, ки тибќи иттилои ахири ВАО њадафи аслии ДОИШ на Ироќу Сурия, балки Арабистони Саудї ва дигар шоњигарињои нафтхези њавзаи Ховари Миёна аст. Агар ин тарњ амалї гардад, пас ин ба он маъно хоњад буд, ки ИМА ва муттањидонаш аз Иттињодияи Аврупо ва Арабистони Саудї муборизаро бо Русия барои ба даст овардани захирањои энержии олам бохтаанд. Аз сўи дигар рўйдодњои
ЉАЊОН
ЯМАН: БОЗЇ БО ШИЪИЁНИ ЗАЙДЇ Тасарруфи њокимияти як кишвар аз љониби гуруњи мазњабие, ки сеяки ањолии онро ташкил медињад, чї оќибате хоњад дошт?
ахир муљиби хашму ѓазаби шоњигарии Арабистон шуда, ки дар талошњои Эрон зери њокимияти шиъиён ќарор додани њама захоири энержии минтаќаро аз тариќи муттањидонаш дар Яман, Њизбуллоњи Лубнон, Ироќ, Бањрайн ва Сурия мебинад. Арабистони Саудї на як бору ду бор Эронро ба маблаѓгузории шўришчиёни шеъа гунањгор донистааст. Риёз бар ин назар аст, ки Тењрон дар нимљазираи Араб пойгоњи шеъа бунёд карданист. Арабистон худро кафили амнияти ин минтаќа медонад ва дахолати њар кишвари дигарро аслан ќабул надорад. Тањлилгарони вазъи амниятии минтаќа бар ин назаранд, ки барои Эрон беназмињое, ки Амрико ва муттањидонаш дар њавзаи кишварњои Халиљи Форс роњандозї кардаанд, ќобили ќабул нест. Ин боз дар њолест, ки худи Эрон зери бори тањримњои ѓарбї мондаву талоши берун шудан аз он дорад. Бунёди камонаки шеъа метавонад як сиёсати тарњрезишудаи Тењрон бошад, ки то Лубнону Ироќу Сурия ва Бањрайну Яманро дар бар гирад. Гузашта аз ин муборизаи ИМА, Британияи Кабир, Фаронса, Арабистони Саудї, Аморати Муттањидаи Араб, Ќатар ва Урдун бо "Давлати исломї" метавонад ба Эрон гўшзад кунад, ки ин як иттињоди суннимазњабон бо пуштибонии бегонагон дар мубориза бар зидди шеъањо аст ва на аз ин беш. Чуноне ахиран чанде аз нашрияњои чопи Тењрон ДОИШ-ро як абзори суннї бар зидди шиъиён хонданд. ИШТИБОЊИ АМРИКО ВА МУТТАЊИДИИ ШИЪИМАЗЊАБОН Аз сиёсатњои иштибоњии ИМА минтаќаи Ховари Миёна гирифтори љангу љидоли мудњиш шудаву то ин дам миллионњо нафар хонабардўш ва садњо њазор куштаву захмианд. Вашингтон созмондињандаи "Ал-Ќоида", "Толибон" ва ахиран ДОИШ аст. Худ месозад ва худ ба харобии онњо масрафоти њангуфтро сарф мекунад. Вале ин сохтану сўхтанњо пеши сиёсатњои ќудратталабона њељанд. Мањз Амрикост, ки шоњигарињои Халиљи Форсро пуштибонї мекунад ва ин шоњон сабабгори наќзи њуќуќи башар дар сарзаминњои хешанд. Ба андешаи Рашод Абузакї, тањлилгари мисрї мањз њамин пуштибонињо ва њамин сохтанњову сўхтанњо
љомеаи шеъаи олами исломро бештар муттањид кард ва дур нест он рўзе, ки онњо зери як ливо вориди амал мешаванд. Вале љомеаи суннинишин бо он ихтилофи назаре, ки бо њам доранд, дар муќовимат ољиз мемонанд. Чун ќудратњо ноилољ аз минтаќа берун мераванд ва дар ин гирудор танњо оне пирўз мемонад, ки кишварашро сохтааст, на ки дастнигари бегонагон кардааст. Ва ин созанда Эрон аст. ЊУТИЁН КИСТАНД? Гуруњи Њутї, ки аз љониби имоми худхонда Њусейн ал-Њусї сарварї карда мешавад, бар асари шаш амалиёти бобарори неруњои давлатї бо сарвари Алї Абдуллоњ Солењ миёни соли 2004-2009 комилан аз сањнаи сиёсиву низомии кишвар берун андохта шуда буд ва дигар чун неруи низомї хавфе барои њокимияти ваќт надошт. То оѓози инќилобњои арабї ин гуруњ дар яке аз фаќиртарин вилоятњои Яман дар шакли як созмони динии шиъиёни зайдї фаъолият мекард. Соли 2011 ќатори дигар гуруњњои зидди режими Солењ њутиён низ ба Санъо бо парчамњои зиддиамрикоиву шиорњои зиддидиктаторї ворид шуданд.
Муддати ду соли дигар њутиён ќатори дигар неруњои низомиву сиёсии Яман дар маркази кишвар њузури густарда доштанд ва аз моњ ба моњи дигар ин њузурашон обу ранги дигар мегирифт. Билохира, 21-уми сентябри соли гузашта бо шиорњои "Марг бар Амрико! Марг бар Исроил, лаънат бар яњуд", пойтахти Яман шањри Санъоро ишѓол карданд, идорањои вазоратњои калидиро тањти тасарруфи худ дароварданд. Президенти солманди ин кишвар Абдураббињї Мансур Њодї дар ќасри худ дар муњосира монд, вале баъди як гуфтушуниди тўлониву созанда њукуматро бо њутиён ќисмат кард. Њарчанд миёни ду љиноњи даргир муоњадаи сулњ ба имзо расид, вале кишвар оромишро аз даст дод. Гуруњи шиъиён бо бањонаи мубориза бо терроризм торафт ќаламрави тањти тасарруфи худро васеъ мекард ва ин муљиби норозигии президенти амалкунанда шуд. Вай дар як суханронї иброз дошт, ки њич гуруње њаќи мубориза бо терроризмро дар ин кишвар надорад, магар артиши миллии он. "Аз њутиён даъват мекунам, ки аз масъулият худро канор нагиранд ва барои ишѓоли Яман бањонањо пеш наёранд. Њич касе њаќ надорад зидди террор амалиёти низомї роњандозї кунад, илло артиши миллї",- гуфт вай дар як мурољиаташ аз тариќи телевизиони давлатї. Аслан ѓояи ташкили "Имомати зайдї" дар марзњои то соли 1962 амалишаванда аст. Ин боз дар њолест, ки њусињо њоло Санъо ва кулли ќаламрави шимолро зери назорат доранд. Дар оѓоз онњо ќасд дошатанд аз президенти амалкунанда Абдураббињї Мансур Њодї мансабњои калидии њокимиятро ба даст оранд. Вале ба назар мерасад њоло ниёзе ба ин надоранд, чун кишвар амалан дар тасарруфи онњост. Аммо барои Эрон муњимтар аз ин бозињо лаѓви тањримоти иќтисодии Ѓарб аст. Аз сўи дигар метавонад аз он ба унвони фишор ва маќеъи ќудрат дар муколама бо Ѓарб истифода кунад. Бобољони ШАФЕЪ
P.S. Бегоњии сешанбе, ваќте ин матлаб омода ба чоп мешуд, хабар расид, ки зери сарпарастии СММ њутиёни Яман бо гуруњњои дигари сиёсиву низомї дар мавриди сарнавишти баъдии парлумон ба мувофиќа расидаанд. Бино ба иттилои шабакаи телевизионии Al Arabiya парлумони ин кишвар ба фаъолияти худ идома медињад ва гуруњњо ба мизи музокарот хоњанд нишаст.
“НИГОЊ”, ЧОРШАНБЕ №46 (428), 11. 02. 2015
ЧЕЊРА Аз љумлаи равандагони роњи пешиниён ва эњёгари матбуоти озод дар кишвар аст. Замоне, ки њама саргарми ёфтани як бурда нон буданду фикри рањої аз гураснагї дар сар мепарвариданд, вай дар андешаи он шуд, ки чї гуна мардуми дурафтода аз маърифатро бори дигар ба мутолиаи рўзномаву маљалла баргардонад. Ва муваффаќ њам шуд, њарчанд барои ин лозим омад хеле зањмат кашад, як бахши азими дороињои худро сарф кунад. Ва ин 20 сол пеш буд, замоне, ки вай нав ба 30 ќадам мегузошт... Акбари Саттор (Акбаралї Сатторов) 10-уми феврали соли 1965 дар дењаи Мортепаи ноњияи Њисор дида ба олам боз кардааст. Соли 1982 баъди хатми мактаби миёнаи раќами 25-и ноњияи Њисор ба тавсияи устоди мактаб ба факултаи филологияи тољики Донишгоњи давлатии ба номи В.И.Ленин дохил шудааст. Аз миёни тањсил ба хизмати њарбї даъват шуда, аз моњи июни соли 1983 то
11
нат ёбанд, аз фурўши "Дайджест пресс" ќут меёфтанд. Тадриљан заминаи таъсиси рўзномаи тољикии "Чархи гардун" низ фароњам омад ва 25-уми апрели соли 1996 аввалин шумораи он аз чоп баромад. Тавре Суњроби Зиё мегўяд: "Бо оѓози нооромињои сиёсї дар Тољикистон, хелењо ангушти иттињомро ба суи матбуот ва рўзноманигорон мекарданд. Ба бовари онњо дар аланга гирифтани оташи љанги дохилї сањми матбуот ва журналистон њам кам набуд. Чунин пиндорњо ва вазъияти нобасомони сиёсї ва иќтисодї боиси дилсардии мардум нисбат ба рўзномаву маљалла ва радиову телевизион шуд. Вазъият ба њадде ногувор буд,ки нашрияњои тољикї таќрибан надоштем. Дар чунин шароите бањори соли 1996 Акбари Саттор иќдом ба таъсиси њафтаномаи "Чархи гардун" кард. Ва мењри хондани нашрияро дубора дар дили хонандањо љой намуд".
АКБАРИ САТТОР моњи июли соли 1985 дар сафи Ќуввањои мусаллањи СССР хизмати аскарї кардаву баъди бозгашт ба тањсили худ идома додааст. Аммо сар аз соли сеюм, аниќтараш аз соли 1987 дар факултаи журналистикаи Донишгоњи давлатии шањри Ленинград (њоло Санк-Петербург) тањсил намуда, соли 1990 онро хатм кард. Фаъолияти мењнатиашро аз рўзномаи он замон машњури "Тољикистони Советї" оѓоз мекунад. Баъди њамагї чор моњ ба рўзномаи "Садои мардум" гузаштаву аз моњи ноябри соли 1990 то ноябри соли 1994 хабарнигор, мудири шуъбаи сиёсат, њаёти байналмилалї ва њуќуќи ин рўзнома буд. Пешаи рўзноманигорї дар он замони пур аз љангуљўш муносиб наёмад ва њатто хатарнок њам буд. Аз сўи дигар иддае дар сар задани љанги дохилї матбуот ва журналистонро муќассир медонистанд. Ин буд, ки ў муддате ба кори тиљорат машѓул шуд. Аз хориљ мол меовард ва дар дохил мефурўхт. Бо гузашти њудудан ду сол бори дигар ба журналистика рў овард. Вале на дари "Љумњурият"-ро куфт ва на ба идораи "Садои мардум" рафт. Ваќте тасмим гирифт ба пешаи худ бармегардад, дар сар андешаи таъсиси нашрияи мустаќил ва хусусиро дошт. Ва боз дар чунин замоне! Вале аз роњаш нагашт ва дере нагузашта "Дайджест пресс"-ро таъсис дод ва дар он матолиби чопшуда дар нашрияњои русии Маскавро бозчоп мекард ва бо иловаи гўшаву сањифањои рекламавї ба фурўш мебаровард. Бо ин васила чанд нафар аз љумлаи журналистони кишварро бо љойи кор таъмин кард, илова ба ин афроде, ки аз бекорї дар он солњо намедонистанд худро андармони чї коре кунанд, ки бурдаи нони бемин-
"Чархи гардун" журналистони зиёдеро, ки бекору парешон ва аз нобасомонии замона дар ранљњои руњї андармон буданд, дубора гирд овард, умедро дар умќи синаи онњо фурўзон кард. Яъне, мегуфт, ки њаќиќат намемирад, то даме инсон нафас мекашад, умед њам зинда аст. Ва ў тадриљан мактаби журналистикаи худро поягузорї кард, ки имрўз бидуни шак касе наметавонад ва њаќ њам надорад бидуни омўзиши мактаби журналистии Акбари Саттор таърихи журналистикаи муосирро бинвисад. Тавре дар номаи табрикии созмонњои журналистии кишвар омадааст, "насли нави сарварон ва муассисони матбуоти хусусї Хуршеди Атовулло, Сайёфи Мизроб, Раљаби Мирзо, Љумъаи Мирзо, Ортиќи Ќодир, Равшан Махсумзод, Боймурод Шарифзода, Њабибулло Ёров, Њикматулло Рањматов, Раънои Мубориз, Мањмадалї Маќсадуллоњ, Наљмиддини Шоњинбод" дар мактаби ў "дарси менељмент ва сарварии матбуотро ёд гирифтаанд". Аз сол ба соли дигар теъдоди нашрияњои вай афзуданд. Аз 18 -уми ноябри соли 1994 то ба имрўз директори генерали ЉДММ "Чархи Гардун" аст, ки илова ба ин њафтаномаи хонданї боз нашрияњоеро аз ќабили "Вечерний Душанбе", "Авиценна", "Дайджест пресс", "Аладдин" , "Анушервон", "Зан ва мард"-ро зери як ливо ба њам овардааст. Акбари Саттор замоне сарварии Иттињоди журналистонро ба уњда гирифт, ки созмон дар њоли варшикастагї ќарор дошт. Бо гузашти солњо ва бо талошњои зиёд муваффаќ шуд, ки он ба як ташкилоти пешрафта табдил шавад. Ва имрўз дар њама рўйдоди вобаста ба њаёти журналистї аз аввалинњо шуда садои Акбари Саттор шунида мешавад.
Вай дар бораи имрўзу фардои матбуоти кишвар зиёд меандешад ва илова ба тарњрезињо дар нашрияњои хусусиаш дар бораи озодии баёну андеша, наќши созандаи матбуот дар рушди кишвар, њифзи њуќуќи журналистон муњокимаронињои љолиб дорад. 2- юми декабри соли 2013 дар як њамоиш бахшида ба натиљаи тањќиќоти дастовардњои ВАО ва матбуоти Тољикистон Акбаралї Саттор иброз дошт, ки агар вазъ чунин идома кунад, ду сол баъд эњтимол дорад дар кишвар матбуоти озод боќї намемонад. Вай гуфт зарурати он ба миён омадааст, ки намояндагони нашрияњои мустаќил бо ирсоли номае ба сардори давлат таваљљуњи ўро ба фишорњо болои матбуот ва таъќиби журналистон љалб намоянд. Вай борњо таъкид кардааст, ки ВАО ин оинаи мамлакат аст ва фишору таъќиб обрўи байналмилалии кишварро ба сифр баробар мекунад. Акбари Саттор миёни љомеаи журналистии кишвар аз обруи вижа бархўрдор аст. То ба имрўз аз маъдуд сарваржурналистонест, ки дар борааш њарфи кажу нораво шунидаву гуфтаву навишта нашудааст. Тавре Суњроби Зиё мегўяд, "Акбари Саттор аз чењрањои мондагори журналистикаи даврони истиќлоли Тољикистон аст. Ў мувофиќи имкон ва тавоної њамеша ба доди хабарнигорон ва нашрияњо мерасад. Вай миёни кормандони нашрияњои давлатї ва ѓайридавлатї, миллї ва хориљї тафовуте намегузорад. Шояд Акбаралї нуќоти заъфе њам дошта бошад, аммо кору рафтор ва гуфтораш хислатњои неки ўро миёни мардум ва љомеаи журналистии кишвар барљас-
татар кардаанд". Журналист Илњоми Љамолиён Акбари Сатторро њампешаи худ медонад ва мегўяд дербоз ўро мешиносад. "Он, ки ў яке аз поягузорони матбуоти мустаќили Тољикистон, соњиби чандин расона, журналисти пуркору серѓайрат ва Раиси иттифоќи журналистон мебошад, бањсе нест. Аммо муњим чизи дигар аст. Акбаралї Саттор барои матбуоти тољик ва рушди журналистика хизматњои арзанда ва шоиста адо намудааст. Бо вуљуди ин боре њам намоишкорї намекунад ва даст сари сина зада, намегўяд, ки манам фалонї. Аз њама муњимаш ў дўст, њамкасб ва раиси мењрубон асту хеле самимї. Аслан, ба самимияти журналистон бисёрињо эътимод надоранд, аммо ман ба самимияти Акбаралї ва ба мавќеи ў бовар мекунам". Акбари Саттор ташаббускори чандин лоињаи бунёдї барои рушди журналистикаи муосир ва тарњњои љолиби бунёди журналистикаи њирфаї дар кишвар аст. Бо ташаббуси ў иќдомњои нахустин барои омодасозии ќомуси журналистикаи тољик, ки дарбаргирандаи њам таърихи бунёди он ва њам очерку лавњањо рољеъ ба чењрањои муваффаќи журналистика дар мамлакат мебошад, гирифта шудааст ва имрўз сари ин тарњ корњои бунёдї шуруъ шудаанд. Ва ќарор аст ин энсиклопедия аввал дар шакли электронї омода шавад ва дар фурсати муносиб дар ќолаби як китоби хонданиву љолиб интишор ёбад. Акбаралї Саттор оиладор ва соњиби чор фарзанд аст. Бобољони ШАФЕЪ
ДУ ШАЊРВАНДИ ТОЉИКИСТОН ДАР ДОХИЛИ ВАГОН ДАР ВОЛГОГРАД СЎХТААНД Ду шањрванди Тољикистон бар асари оташсўзї дар як вагони металї воќеъ дар шањраки Самофаловкаи ноњияи Гродишенкои вилояти Волгогради Русия ба њалокат расидаанд. Тибќи иттилои "Комсомолская правда", рўзномаи чопи Маскав сўхтор нимишабии 10-уми феврал сар задааст. Кормандони идораи сўхторхомўшкунии шањр муддати ќариб як соат талош кардаанд забонаи оташро хомўш кунанд. Ва дар љойи њодиса љасади сўхтаи ду нафарро пайдо кардаанд. Сабаби сўхтор њанўз тафтиш нашудааст, вале тахмин мекунанд, ки шояд аз печи барќї сар зада бошад. Наталя Кунитская, намояндаи раёсати тафтишотии
ноњия ба хабарнигорон гуфтааст, ки "њалокшудагон шањрвандони Тољикистонанд, ки дар мавсими тобистону тирамоњ дар заминњои фермери мањаллї кор мекарданд ва зимистон ба корњои хољагии ў ёрї мерасониданд. Ин ду тан муддати дањ сол ба инљониб дар ин мавзеъ кору зиндагї мекарданд ва аз љумлаи муњољирони ѓайриќонунї буданд. Он шаб онњо дар дохили вагон шароб нўшидаву хобидаанд. Аз рўи ин њодиса парвандаи љиноятї оѓоз шудааст". Алњол њуввияти шахсони њалокшуда муайян нашудааст ва иттилои расмие аз созмонњои муњољирати кишвар низ нарасидааст.
12
“НИГОЊ”, ЧОРШАНБЕ №46 (428), 11. 02. 2015
ТАНЊО ТУЙЇ Оѓўши туст пайкари нози бањор, зан, Андоми туст оинаи обшор, зан. Ялдотарин шаб аст шаби мўйи нозукат, Рўят сафотарин сањари беѓубор, зан. Гармии офтоби ѓазалњои ман туйї, Дар љони ман шарораи сўзони нор, зан. Дар пайкарат нуњуфта абири њазор гул, Бишќуфта дар замини лабат лолазор, зан.
БО ШОИР Нозуктар аз хаёли парињост пайкарат, Гесў-т дилпазиртар аз мўи обшор. Бону, тамомии ту бувад лаззату њузур, Яъне, туи бињишти гулафшони Кирдугор? Ман шоири ту, ошиќи ту, лоиќи туам, Бањри ман офарида туро Офаридгор! САПЕДА Ба Кирдугор, ки эъљози Кирдугори манї, Ба рўзгор, ки инъоми рўзгори манї.
Бе ту нафас барои кашидан намерасад, Дилбастагии ман туйї дар рўзгор, зан.
Зан! Эй сањифаи зебои достони њаёт, Шукўњи шеъру ѓазалњои обдори манї.
Танњо туйї саодати будан ба зиндагї, Танњо туйї маро ѓазали мондагор, зан.
Њазор ѓунча назокат даруни як љилдї, Њазор чашма сафои, ки обшори манї.
ШОИР БИБАНД ЛАБ... Дар боѓњо таровати борон намондааст, Дар синањо њавои бањорон намондааст. Гарданфарозњо њама гардан шикастаанд, Як марди сарбаланд ба даврон намондааст. Девони шикваро ба њузури кї мебарї? Ваќте ки эътимод ба девон намондааст. Хушкидааст хайру сахо дар диёри ман, Як зарра зар ба рўди Зарафшон намондааст. Аз ифтихори хушк ба љое намерасем, Рифъат, ки дар забони ниёгон намондааст. Рустам куљост? Хоки Ватанро дифо кунад, Якпорагии марзи Хуросон намондааст. Бар вожањои сабзи дилат ку таваљљуње? Шоир, бибанд лаб, ки ѓазалхон намондааст. ЭЙ РЎД, МАГАР... Эй чашма, зи чашми кї бурун сар задаи боз, Афѓони киро об дар ин дар задаї боз. Ишќи чи касе карда зи худ бехудат, эй об, Сар бар камару дашту куњу љар задаи боз. Эй мављи шитобон, кї рабудаст ќарорат? Бо ёди висоли кї чунин пар задаї боз?
Чароѓи лолаи лабњои ту хамўш мабод, Ки моњтоби фурўзони шоми тори манї. Сапеда медамад аз ќуллаи гиребонат, Сапедпайкари ман-субњи беѓубори манї.
АБДУМАЛИКИ АБДУЉАББОР Дилам, ки тунд задан дорад, аз муњаббати туст, Азизи ман, ки ба љои диливу ёри манї.
Бону, ба пеши чашмат агар нек ё бадам, Ман хотири ту аз њама хубон буридаам!
Зи пой то ба сар эњсосоварї, яъне Такондињандаи илњоми тозакори манї.
Лутфу назокати бадани мањваши туро Дар шеъри сабзи худ ба хати зар кашидаам.
Ба њаќќи ишќ, ки то бошї, њамдами ман бош, Ки аввалиниву њам охирин нигори манї.
Шодам, ки бо њазор каму костии ишќ Аз хештан гузаштаву бар ту расидаам.
ШАЊРИ БЕЌАРОР Атри бањори тоза дамад аз канори ту, Ин љо тамоми шањр бувад беќарори ту.
ЊАМДЎШ МЕКУНАМ Ман љом, љом, љом туро нўш мекунам, Ман ќисса, ќисса, ќисса туро гўш мекунам.
Борон зи шару шўру љунунњои ту пайдост, К-аз косаи гул бодаву соѓар задаї боз.
Танњо на ман асири љамоли ту гаштаам, Њатто,ки њусн мешавад ин љо хумори ту.
Мадњуш мешавам чу тани нозуки туро Ман бор, бор, бор, ки оѓўш мекунам.
Чун роњи худат ёфтї, эй ќатраи кўчак, Бо беадабї пушт ба модар задаї боз.
Ин гуна, ки таљассуми борони бебањост, Шеъри ман аст сатри лаби обдори ту.
Ман гарм, гарм лаб ба лабат бурдаву туро Пас боѓ, боѓ, боѓ суманпўш мекунам.
Эй рўд, магар дар ватанат љой надоданд, К-ингуна дари кишвари дигар задаї боз?
Бўи тани ту мевазад аз шеърњои ман, То пурѓазал бувад баѓали атрбори ту.
Дандон, ки мезанам ба саропои пайкарат, Ман дашт, дашт гулшани гулљўш мекунам.
Эй сабзаи мижгон, ки дамидастї чу найза, Бар зидди адў даст ба ханљар задаї боз.
Эй зан,ба номи поки Худо, дўст дорамат! Кулли навиштаам бувад оинадори ту.
Ман даст, даст љисми туро ламс кардаву Бо набзи хеш њамдилу њамдўш мекунам.
Дарёи Зарафшон, ту ба кї зар бифишонї? Медонї ба даргоњи кї сар дарзадаї боз?!
Љуз хоки рањ нашуд зи ѓами ишќат, эй дареѓ, Ин хоксор-ошиќи овозадори ту!
Ман танг, танг, танг туро мекашам ба бар, Аз шањди ишќ пас аз он бењуш мекунам.
Эй Абдумалик, аз равиши шеъри ту пайдост, Аз ишќи касе хома ба дафтар задаї боз. ЮМНИ ЃАЗАЛ Мехостам даруни дилат ошён кунам, Номи туро ба юмни ѓазал љовидон кунам.
БЕ ТУ ДИЛАМ Бе ту дилам шикастаю дилгир мешавад, Аз ѓуссаи љањони даѓал пир мешавад. Чун дурии хузури ту эњсос мешавад, Эњсоси шеъргўии ман пир мешавад.
Њар шамъ, шамъ, ки набувад шом пеши мо, Ѓайри чароги чашми ту, хомўш мекунам. Бар поси ишќу њурмати поки Худо, туро Хокам ба сар, агарки фаромўш мекунам. ЁД КАРДАМАТ Эй дур аз ду дида, биё, ёд кардамат, Чун шеъри баргузида, биё, ёд кардамат.
Мехостам, ки бахт бибахшам барои ту, Яъне туро маликаи рўи љањон кунам.
Дар кўчахои шањр ќадамњо, ки мезанї, Овози по-т шеъри љањонгир мешавад.
Аммо нахостї, бале, аммо нахостї, То як -ду њарфи ошиќиямро аён кунам.
Оинаи мунири диламро шикастаї, Ин зарфро ки гуфт, ки таъмир мешавад?
Гар бим аз шабони сиях бодат, эй азиз, Бо лашкари сапеда биё, ёд кардамат.
Гуфтам, ки дўст дорамат аз хеш њам зиёд, Аммо чи гуфтї? Гуфтї: -Туро бенишон кунам.
Бисёр хастаам, зи ту хоњам бурам, вале Бар пойи дил њавои ту занљир мешавад.
Бо пайкари сапед ба ноз, эй бањори ишќ, Чун субњи навдамида биё, ёд кардамат.
Њатто, ки офтоби ѓазал кораат накард, Ман бо чи роњ калби туро мењрубон кунам?
Ман аз сукути талхи ту хондам, ки рафтаї, Акнун бинои ишќ сарозер мешавад.
Мирам ба лаб газиданат, эй обшори њусн, Аз шарм лаб газида биё, ёд кардамат.
Гар рафтани ман орзўи љовидони туст, Ин бор меравам, ки туро шодмон кунам.
Нољо, ки ишќи поки маро тард кардаї, Як рўз хоњї љуст, вале дер мешавад.
Бе ту даруни синаам оњ аст, бар сарам, Оњи дилам шунида биё, ёд кардамат.
Дигар равам ба майкадаву бо дуои сабз Аќди никоњи духтари разро ба љон кунам. Девонагии шоириямро ба ман бубахш, То бо ѓазал ѓамони диламро баён кунам.
ДЕР МЕШАВАД Ишќи туро ба хуни дилам парваридаам, Бо дасти хома наќши туро офаридаам. Кўчондаам малоњати њусни туро ба шеър, Яъне, туро ба боѓи дилам оваридаам.
Аз ёд кардам ояти нози туро дигар, Эй нозанин, расида биё, ёд кардамат! БАЊОР ХОЊАМ ШУД Агар ба бистарам ойї, бањор хоњам шуд, Чу гул зи бўи хушат атрбор хоњам шуд.
ХАНДАИ БАЊОР Мављи табассуми ту бувад хандаи бањор, Оре, бањор њусни туро созад интишор.
Аз пайкарат, ки анбари кўњсор медамад, Чун бод накњати баданатро шамидаам.
Агар зи лутф гузорат ба сўи ман афтад, Зи бўи атри танат масти њор хоњам шуд.
Эй зан, тани ту оинаи барфи тозарўст, Андоми туст пайкари дарёи беканор.
Печида дар нињоли пур аз нози ќоматат Занбурвор лаъли лабатро газидаам.
Худо накарда, агар мирам аз ѓами ишќат, Чароѓи машъаладори мазор хоњам шуд.
Ваќте ки њусни сабзи туро шеър мекунам, Дилрезањои ман бишавад наѓзу обдор.
Бо дасту чашму лаб сањару шому чоштгањ, Эй зан, бањори сабзи танатро чаридаам.
Агар мадад бикунад бахти сабзи сабзи сабз, Ба шањри сабзи дилат шањриёр хоњам шуд.
Аз домани ту атри сањар мекунад зуњур, Аз љайби ту сапеда дамад поку беѓубор.
Њам пайкари хаёли туро кардаам баѓал, Њам бо пари хаёл ба сўят паридаам.
Бурї агар зи раќибу маро нигор шавї, Ба даври доманат, эй гул, нигор хоњам шуд.
СУЊБАТИ ДОЃ
“НИГОЊ”, ЧОРШАНБЕ №46 (428), 11. 02. 2015
13
"ТАМАЛЛУЌ БО МАЊАЛГАРОЇ ДАР ИНКИШОФ АСТ" Мењмоншо Шарифзода: Тамаллуќ ва хушомадгўї дар Тољикистон нисбат ба рањбарияти њукумат њарфи нав нест. Бахусус дар арафаи маъракањои муњими сиёсї тамаллуќ бештар мешавад. Хабаргузории TojNews мањз дар њамин бора бо љомеашинос Мењмоншо Шарифзода суњбат кард. TojNews: - Муносибати Шумо ба тамаллуќ? Мењмоншо Шарифзода: - Тамаллуќ нишонаи шахсияти нопурра аст. Аз ин гуна мардум њамчун паразит ва худпараст њам ном мебаранд, ки аз мањдудаи манфиатњои худ ва авлоди худ дуртарро намебинанд ва барои ин манфиат ба њама кор тайёранд. Тамаллуќкор касест, ки роњи худшиносї ва худсозиро нарафтааст ва дар фарњанги воќеии Тољикї дар ин роњ инсон бо такя ба дониш ва таљриба: а) худро месохт ва тарбия меёфт, б) љањонбинии солими инсон шакл мегирифт ва муносибати солим ба дигарон ва ба љањон дошт, ва в) ин пояи озодї ва хушбахтии ў буд, ва саодати њар ду љањон барои Тољик дар ин роњ њосил мешуд. TojNews: - Оё илми сиёсатшиносї тамаллуќро раддабандї кардааст? Мењмоншо Шарифзода: -Аслан аз Арасту то Ибни Сино ва аз ў то Фуко ва Исая
13 Вай менависад: "Дар бораи итоат накардан ба корманди БДА Љабборов А. ќайд мекунам, ки дар њаќиќат ман ўро задам, вале њолате, ки ин кирдорро содир кардам, ба Шумо маълум карданиям, ки калиди автомашинаро аз ман неву аз дасти шавњарам кашида гирифтааст ва ваќте, ки ман ба назди автомашинаам омадам, ў аллакай дар сари чанбараки автомашинаам нишаста буд. Ман ба ў гуфтам, ки аз автомашинаам барояд ва ман худам автомашинаамро ба дигар љой мебарам, вале корманди БДА Љабборов А. аз сари чанбараки автомашинаи ман нахест, њамин тавр, корманди БДА Љабборов А. нисбати ман зўроварї карда автомашинаамро њай карда бурдан мехост, дар ин хусус худи ў дар тафтишоти пешакї чунин нишондод додааст. Вале боз њам бо сабабњои номаълум ба кирдорњои корманди БДА на аз тарафи прокуратура, на аз тарафи Шумо бањои дурусти њуќуќї дода нашудааст...". ТУЊМАТ БА ДИРЕКТОРИ ТАВАЛЛУДХОНА ВА ДУРЎЃЊОИ "БЕМОР" Музаффарова, кирдори содиркардаи дигарашро дар бораи дарафтоданаш ба директори таваллудхонаи №1-и пойтахт, ки "Нигоњ" маълум карда буд, рад намекунад. Дар посух ба маќолаи "Нигоњ" Музаффарова иќрор шудааст, ки воќеан ба назди Њаќназарова рафтааст: "Оиди латукўби директори таваллудхонаи №1-и шањри Душанбе Матлуба Њаќназарова низ гуфтание дорам, ки шояд диќќати мардумро љалб кунад. Ин зан, ки савганд ёд кардааст, бояд медонист, ки ба ў зани бемор мурољиат кардааст ва ў бояд фавран ба ин зани бемор, яъне ба ман ёрии аввалиндараљаи тиббї мерасонид. Вале афсўс, ки чашмони Њаќназарова М. дар натиљаи гирифтани вазифаи баланди сардухтур хира шуда, ёрии худро ба бемор нарасонида, аз утоќи кориаш пеш кард... Мањз њамин њолат маро водор кард, ки такроран ба назди Њаќназарова даромада, ба ў фикрњои дар дилам љамъомадаро изњор намоям. Ман њамин тавр њам кардам ва танњо ба рўи мизи кории Њаќназарова М. як шаппотї зада, ба ў оиди савганди хўрдааш хотиррасон кардам. Шояд Њаќназарова М. аз шарму изояш ба маќомоти њифзи њуќуќ мурољиат накардааст...". Зиёда аз ин, Музаффарова на танњо
Берлин ахлоќ ва худшиносиро яке аз пояњои сиёсат шинохтаанд. Дар ин бора шояд тањќиќоти алоњида вуљуд дошта бошанд. Фикр мекунам, барои чунин тањќиќот Тољикистон метавонист матн (контекст) - и хубе бошад. Яке аз мавзуъњоест, ки бояд тањќиќ шавад ва шуъбањои сиёсатшиносии донишгоњњо ва Академияи улум бояд ба он машѓул бошанд. TojNews: - Оё дар асри 21 тамаллуќ танњо моли Шарќ аст ё дигар тамуддунњои љањонї њам аз он ба хубї истифода мекунанд? Мењмоншо Шарифзода: - Таммалуќ моли умумиинсонист. Вале дар љомеањое, ки таркибњои солим доранд ва њаёти инсонро ба сатњи воќеан муносибатњои тамаддунї расонидаанд, ин маризї камтар аст. Дар љомеаи Тољикистон аслан тамаллуќ дар якљоягї бо мањалгарої ва фасод дар њоли инкишоф аст. Мардуме, ки аз мањдудањои мањалли худ набаромадаанд, имрўз дар мавќеъњои калидии нињодњои давлатї кор мекунанд ва яке аз унсурњои пешравии онњо дар мавќеъгирињо ва муносибатњо ин њамин тамаллуќ аст. TojNews: - Кадом тарзи тамаллуќ дар байни мансабдорони тољик бештар рушд кардааст? Мењмоншо Шарифзода: - Тарзњо ва сифатњои тамаллуќ, ки ба њама маълум њас-
танд. Барои манфиати худу наздикон ин гурўњ мефурўшанд, медињанд, "мемиранд", ба њар чиз, ки хоњед табдил меёбанд, то ба њадаф расида бошанд. Вале нишонаи ба система табдил ёфтани ин пастї дар Тољикистон ин аст, ки онро мо бисёр хуб дар сањифањои рўзномањо дар баромадњои ин мардум мебинем, ки ба хотири мавќеъ ва мансаби худ, барои њар чї, ки бемаънист, онњо маънї метарошанд. Яъне дурўѓгўї яке аз хусусияти аслии тамаллуќкор аст ва дар Тољикистон дурўѓ дар сатњи олї гуфта мешавад... TojNews: - TojNews тасмим гирифтааст, ки антирейтинги хушомадагўёни тољикро тартиб дињад, оё ин шеваи кор метавонад пеши роњи ин падидаро бигирад? Мењмоншо Шарифзода: - Бале, њар чї ошкортар шавад аз болои он ѓалаба кардан осонтар аст. Фикр мекунам, ин иќдом њисси номус ва шармро дар вуљуди мансабдорони тољик бедор мекунад, ки њар кї ба ин кор даст мезанад, шарофати инсонии худро зери суол мебарад ва бунёди шахсияти худро аз байн мебарад. Вале ин корро намекарданд, агар бунёди солими шахсият медоштанд. TojNews: - Ба назари Шумо, љобаљогузории кадрњои лаёќатманд ва соњибта-
хассус дар курсињои њукуматї метавонад дар коњиш додани он мусоидат кунад? Мењмоншо Шарифзода: - Фикр мекунам, метавонад. Чароки инсонњое, ки дониш ва таљрибаи воќеии ин ё он касбро доранд, дар бунёди шахсияти онњо унсурњое мисли озодї, ихтиёр ва ирода хуб инкишоф ёфтааст ва дар муносибатњо дар љомеа аз ахлоќи инсонї пайгирї карда метавонанд. TojNews: - Кадом роњи мубориза ва таъсиргузории бештареро нисбат ба ин падидаи манфї пешнињод мекунед? Мењмоншо Шарифзода: - Ин як барномаи пурра ва фарогирро мехоњад. Аслан барои аз ин маризии ба система табдилёфта халос шудан пеш аз њама таркибњои љомеаро солим ва мутањкам кардан даркор. Суњбати Амруллои НИЗОМ
МУЗАФ(Ф)АРОВА КИСТ? - 2 Ваќте мегўянд: "дузди зўр соњиби говро мебандад"
БАРОИ МУЗАФФАРОВА ЌОНУН ВУЉУД НАДОРАД
ин рафторашро дуруст мењисобад, балки Њаќназароваро ба "сўистифода аз вазифа" муттањам кардааст. Њол он ки Матлуба Њаќназарова ба "Нигоњ" гуфта буд, ки Музаффарова аз ў маълумотнома дар бораи исќоти њамл талаб кардааст. "Мо маълум кардем, ки ин зан њомиладор набуд ва наметавонист исќоти њамл шуда бошад. Мо маълумотномаи ќалбакї намедињем. Ба ў мо ингуна маълумотнома надодем. Агар ин љо мебудед медидед, ки ин зан бо мо чї кор кард, чї суханњое, ки нагуфт, хулоса агар кормандони милиса намешуданд, ман намедонам њолам чї мешуд. Зўри муовинам њам ба ин зан нарасид. Њаќоратњое, ки ин зан кард, ман ба забон оварда наметавонам. Тањдид кард, ки ту намедонї ман кистам, њозир занг мезанам, медонї туро чї кор мекунанд", гуфт Матлуба Њаќназарова. Музаффарова дар посухаш гуфтааст, ки назди директори таваллудхона барои маълумотнома дар бораи исќоти њамл нарафтааст, балки бемор будааст ва ёрии таъљилї ниёз доштааст.
Дар љойи дигари посухаш Наргис Музаффарова менависад, ки "ман маълумотномаи бачапартої нагирифтаам, гирифтанї њам набудам, ман танњо барои ба љойи ќаблиаш гузоштани "спирал"-и занона мурољиат кардам ва ин амалро барои ман духтурон иљро кардаанд....". Яъне, маълум мешавад, ки беморї ва ниёзаш ба "кўмаки фаврии аввалиндараљаи тиббї" боз як дурўѓи дигари Музаффарова аст? Пас ин чї беморї ва чї гуна бемор будааст, ки директори таваллудхонаро аз њамлааш кормандони милиса халос карда бошанд? ТУЊМАТ БА ВАЗИР Дар "раддия"-аш Музаффарова менависад: "Шумо њатто Вазири корњои дохилии Љумњурии Тољикистон Рамазон Рањимзодаи Њамроро бадном кардаед, ки гўё ў барои ман маълумотнома оиди исќоти њамлро дастрас карданї шудааст..." Дар маќолаи "Нигоњ" чунин навишта нашудааст ва ин туњмати мањз, муѓризона ва бо истифодаи номи вазири корњои дохилии
Тољикистон нисбати њафтанома аст. Акнун барои хонанда њољати шарњ додани ин намонд, ки чаро раддияи Музаффарова Наргис Мирзобадаловна дар њафтанома нашр нашуд, чун дар доираи ќонун масъалаи њалшуда аст. ЧАРО? Аммо барои мо - ањли эљоди "Нигоњ" масъалаи матрањ ин аст, ки кї ва чаро имкон медињад, ки ин зан дар хиёбони марказии Душанбе, дар рў ба рўи СУМ дар моњи шарифи Рамазон писари ноболиѓи њамсояашро латукўб намояд, ба рўйи марди рўзадор туф кунад, мошини шишањояш ѓайриќонунї сиёњкардаро дар 20метрии кўчаи протоколї ѓайриќонунї нигоњ дорад, пайваста ба соњибону фурўшандањои маѓозањои њамсояаш даѓалї кунад, ба корманди БДА итоат накарда, дар рўбарўи ќасри Президент милисаро занад, бо директори таваллудхонаи №1-и шањри Душанберо дар њузури њамсари кадом як мансабдори воломаќом дастбагиребон шуда, тањќир кунад??! Ин њам амалњое, ки фош шудаанду чандини дигар дар њоли тањќиќанд. Магар маќомоти прокуратура, ВКД ва шањрдории Душанбе масъули назорати иљрои якхелаи ќонунњо, њифзи тартиботи љамъиятї, таъмини амнияти сокинони пойтахт ва имиљи пойтахт нестанд? Ё шояд барои соњибкори маѓозаи Гуловњо ќонунњои дигар љорї кардаанду мо бехабар мондем? Агар, ња, пас дар даромадгоњи маѓозаи "Элита" бояд овезаеро бо навиштаљоти зерин насб кард: "Эњтиёт! Инљо ќонунњои Тољикистон амал намекунанд!". Онро дида, шояд "Нигоњ" дар бораи музаффаровањо нанависад? Шояд, аммо ваъда дода наметавонем. Чаро не, метавонем! Ваъда медињем, ки агар аз охирин зиндамондањои беяроќи пойтахти азизамон њам монем, ки дар баробари ин гуна одамон ва љиноятњои онњо хомўш нахоњем монд! "Нигоњ"
14
“НИГОЊ”, ЧОРШАНБЕ №46 (428), 11. 02. 2015
ЧЕЊРА
НИГОЊИ МАРДУМЇ
?-И БОБ
“НИГОЊ”, ЧОРШАНБЕ №46 (428), 11. 02. 2015
15
АКСИ ГЎЁ
- Рост аст, ки дар ноњияи Куњистони Масчоњ шањраки нав сохта мешавад. Мехостем дар ин бора маълумоти пурра пешнињод мекардед, ки ин шањрак дар куљо сохта мешавад? Оё ба ниёзмандон замин њам људо карда мешавад ё не? Акрамбой Наљмиддинов, сокини ноњияи Масчоњ -Шањраки нав дар дашти Рогиф дар масоњати умумии наздик ба 20 гектар бунёд ёфта, дар он иншооти гуногуни иљтимоиву хизматрасонї, аз ќабили бинои маќомоти иљроияи ноњия, хонањои истиќоматї, милитсия, прокуратура, муассисањои маорифу тандурустї, марказњои гуногуни савдо ва хизматрасонї, автоволкзал, чойхона бунёд хоњад ёфт. Дар марњилаи аввал аз њисоби Њукумати кишвар ва маќомоти иљроияи њокимияти давлатии вилояти Суѓд наздик ба 10 миллион сомонї мабалаѓњои зарурї људо гардида, бо маќсади таъмини шањрак бо оби нўшокї аз њисоби маќомоти иљроияи њокимияти давлатии вилоят 1,5 миллион сомонї људо гардидааст. Ба ин мавзеъ аз сойи Каллахона бо ќубурњои баландфишори 250 мм ба масоњати умумии 7,2 км об оварда мешавад. Њамчунин аз ќисмати болоии шањрак барои шањрвандони эњтиёљманд заминњои наздињавлигї људо мешаванд. Ба саволи Шумо аз дафтари матбуоти вилояти Суѓд иттилоъ доданд.
?-И БОБ - Чаро дарахтњои калону сояафкани назди Театри опера ва балети ба номи С. Айнї бурида шуданд? То љое медонем, ин љо ягон сохтмони калон дар назар дошта нашудааст, фаќат роњро аз нав месозанд. Оё мумкин аст бо бањонаи аз нав сохтани роњ дарахтњои садсоларо, ки зеби ин мањалли шањр буданд, берањмона буранд? Тобистон ин мањалла њам бедарахт монда, дар хонањо аз нарасидани њаво ва бўйи ѓализ мардум азоб хоњанд кашид. Оё ин бо иљозати њукумати шањри Душанбе шудаистодааст, ё барои њезум? - Дар бораи буридани дарахтон дар љойњое, ки таъмири пураи роњњои мошингарди пойтахт идома доранд, бояд гуфт, ки решаканкунии дарахтон ногузир аст. Дарахтони ин љо нињоят калонанд ва решањои онњо тамоми низоми коммуникатсияро хароб кардаанд. Ќабати мумфарши роњњо ва бахусус роњравњоро вайрон кардаанд. Агар онњоро решакан накунем, кори кардаи роњсозон бефоида мешавад. Ѓайр аз ин, дар азнавсозї ва таъмири пурра, роњњо васеъ карда мешаванд, ки бе буридани дарахон ин кор ѓайриимкон аст. Аммо бояд ќайд кард, ки дар љойи дарахтњои бурида мо дарахтони нав - дарахтони пањнбарг мешинонем ва аз арча, ки солњои ќаблї бисёр шинонда мешуд, парњез мекунем. Барои мисол дар кўчаи Неъмат Ќаробоеви шањри Душанбе, дар рости бозори "Саховат" ин навъи дарахтон шинонда шуда, аллакай хуб нашъунамо гирифтаанд. Дар ин љо њам роњ васеъ карда шуда, дарахтони калон решакан шуда буданд. Аз ин рў, дар бораи парњез кардан аз дарахтори арчашакл, мо андешаи љомеаи шањрвандиро ба инобат гирифтем ва дарахтони сояафган шинонда мешаванд. Ба саволи Шумо Суњроб МИРЗОЕВ, сардори Раёсати сохтмон, азнавсозї, таъмири љорї ва пурраи роњ ва пулњо дар шањри Душанбе, посух гуфт.
ЛАТИФАЊО
"МОЉАРОЊОИ КИОЉЇ" ДАР ТЕАТРИ ЉАВОНОН
МОЊТОБ Муаллим: - Бачањо, канї кї мегўяд, аввалин бор кї ба Моњтоб баромада буд? Шогирд: -Падари ман... Муаллим: -Чї хел? Шогирд: - Номи модарам Моњтоб аст.... МАЁЗОР МЎРЕ, КИ... Ба Афандї мегўянд, як мисра шеър ба њарфи "Н" бигў, афандї гуфт: - Наёзор мўре, ки донакаш аст... - Боз гуфтанд, ба њамфи "М" бигў, гуфт: - Маёзор мўре, ки донакаш аст... Гуфтан ба њарфи "Б"... - Биёзор мўре, ки донакаш аст... Гуфтанд бо њарфи "Х" бигў! Афандї, ки ба ѓазаб омада буд, гуфт: Хари ањмаќ, наёзор муре, ки донака аст... ДАРАХТ АЗ КУЉО? -Мебахшед, акољон, Шумо дарахтро дида, куљо Шимолу куљо Љануб буданашро гуфта метавонед-мї? - Албатта, арча бошад, Шимол, нахл палма бошад, Љануб-де, уко... Ња, гуфтагї барин, бангдона бошад, Афѓонистон, пахта бошад - Ўзбакистон, њичи набошад Ќирѓизистону агар њамаи њамин гуфтагињо бошад - Тољикистон, љони ако!
БА ЉОИ 09 "БЕМИЁНАРАВ" ДАР ХИЗМАТИ ИСТЕЪМОЛГАРОН Бахши нави сомонаи Њукумати шањри Душанбе "Бемиёнарав" фаъол шуд, ки ба ќабул ва баррасии шикоятњои истеъмолгарони пойтахт машѓул аст. Дар сомонаи мазкур, бо нишонии www.bemiyonaravho.tj њар нафар метавонад аз маводи пастсифат, хизматрасонии нодуруст ва ё муносибати даѓалона аз љониби фурўшандаю масъулони бозор, маѓозаю дўконњо ва ѓайра ба масъулини дахлдори шањри Душанбе шикоят кунад. Ба њамкорї бо ин бахши сомона, аз љумла кормандони маќомоти мубориза бо коррупсия, шуъбањои тандурустї, фарњанг, маориф ва њифзи иљтимоии ањолї масъул карда шудаанд, ки ба мушкили шумо ба таврї фаврї расидагї хоњанд кард.
ТЕАТР
Рўзњои 10-13-уми феврал Театри давлатии љавонони ба номи Мањмудљон Воњидов намоишномаи "Мољароњои Киољї", аз рўи асари њамноми драмматурги Фаронса Карло Голдониро ба намоиш мегузорад. Намоишномаи мазкурро коргардни маъруфи тољик Бањодур Миралибеков ба сањна гузоштааст. Асари мазкур дар бораи њаёти аљоиби мардуми Киољї, шањраке дар Венетсия наќл мекунад. Он бори нахуст соли 1961 дар њамон љо ба сањна гузошта шуда буд. Забони махсус ва пур аз танзи ин асар, ки ба умќи андешаю эњсос, бовару эътиќодњои мардуми оддии шањраки Киољї, урфу одати онњо сари кор дорад, то њол аз намоишномањои муваффаќу дидании театрњои љањонї аст. Наќшњои асосии намоишномаро Диловар Неъматов, Суњроб Љанљолов, Моњпайкар Ёрова, Гулбибї Абдулхайрова, Сабзагул Ќурбонова, Далер Мирхонов, Манучер Њабибов, Шодї Солењ, Абдулмуъмин Шарифї, Ањлиддин Њасанов, Зарина Бадалова, Ойимхол Ќаюмова бозї мекунанд.
Д И Ќ Ќ А Т! Барои ба саволњои доѓи худ посух гирифтан ба идораи њафтаномаи «Нигоњ» мурољиат кунед. Суроѓа: шањри Душанбе, кўчаи Носирљон Маъсумї-3, назди Хона музейи Мирзо Турсунзода. Ё ба масъули сањифаи "Нигоњи мардумї" бо шумораи телефони 985 60 86 85 занг занед ё бо воситаи смс-паём саволи худро ирсол доред. Њамчунин ба почтаи электронии nigoh_tj@inbox.ru арзу пешнињод ва мушкилоти худро бинависед.
БА ЉОИ 09 - Њангоми набудани энергияи барќ ё садама дар хатти интиќоли барќ дар њудуди шањри Душанбе метавонед ба шуморањои зерини телефонии Шабакањои барќи шањри Душанбе ва сохторњои ноњиявии он дар ноњияњо занг зада мушкилоти ба миён омадаро сари ваќт бартараф созед! ЉСК "Шабакањои барќи шањри Душанбе" ширкати зертобеи ШСХК "Барќи тољик": Директор Аттоев С.К, Тел: 221-86-89, 95-177-40-71, танзимгар: тел.701-84-02; Шабакањои барќи ноњияи Исмоили Сомонї: Сардор-Нуров О., тел: 985-56-02-09, танзимгар: 227-10-50, 227-10-51; Шабакањои барќи ноњияи Шоњмансур: Сардор- Рамазонов Х., тел: 985-42-02-79, танзимгар: 227-10-12, 227-10-13; Шабакањои барќи ноњияи Сино: Сардор- Мањмадшоев М., тел: 95-133-88-35, танзимгар: 236-10-14, 236-10-17; Шабакањои барќи ноњияи Фирдавсї: Сардор- Кишваров Д., тел: 985-56-02-08, танзимгар: 231-10-24, 231-10-21.
КОМИЛАН «ЉИДДЇ»
“НИГОЊ”, ЧОРШАНБЕ №46 (428), 11. 02. 2015
ШАЊРВАНД МЕПУРСАД
ХОЛИСОНА ВА ЃАМГИНОНА БЛАТЕР ОМАД, РУСТАМ КАЙ МЕОЯД?
МАНГАР, КИ КЇ МЕГЎЯД...
16
Абдурањим ХОЛИЌОВ, раиси Кумитаи кор бо дини назди Њукумати Тољикистон: - Ў (Эмомалї Рањмон дар назар аст), мисли як ситораи бахт, як рўшноии фарањбахш аз миёни мушкилию монеањо, торикию зулмот на танњо солим гузашт, балки бо ѓами халќ, фикри мардум ва умеди наљоти миллат шарик ва њамдастон шуда, аз рўњи ниёгони миллат ѓизо гирифта, бо нияти неки худ аз мадади Худованд бањраманд шуда, мисли офтоб зимистони ќањратуни миллатро ба бањори сарсабз табдил дод. - Бо ин сабку услуби нигориш, бояд худро дар жанри фантастика месанљидед. Бешубња, ба панљгонаи бењтарин нависандагони ин жанр, дар ќатори Жюл Верн ва Ден Симмонс ќарор мегирифтед. Номзадиатонро бењуда ба вакилї дар Парлумон пешбарї кардед - дия... Рањматулло САФАРЗОДА, раиси ноњияи Хуросон: - Мо роњбарон баъзан ваќт камбудињоро намебинем ва ваќте рўзноманигорон ин камбудии моро ошкор мекунанд, мо онро дарк мекунем. Ин бењтарин кўмак ба маќомдорон аст. - Ин иќрори шумо, ба шаъну эътибори калимањои роњбар ва маќомдор латмаи сахт ворид мекунанд. Зиракии сиёсиро аз даст надињед...
Мо - мухлисони ашадии футбол аз вилояти Хатлон байни ноњияњо барои тамошои дастањои футболамон рафтуомад мекунем, холисона ва ѓамгинона дарди дил мекунем ва ба ин суханњоямон пурра љавоб мегўем, агар хато бошад. Бо таклифи раиси Федератсияи футболи Тољикистон Рустами Эмомалї дар шањри Санк-Петербурги Русия Блатер - подшоњи футболи љањон ба Душанбе омад. Тамоми тољикистониён аз ин шод гаштанд. Инчунин бо роњбарии Рустамљон дастаи яккачини мо бо дастаи "Шалке-04"-и Олмон, ќањрамони љањон вохўрї гузаронид, ки шоњид будем ва хурсанд шудем. Соли 2014-умро роњбари давлатамон Эмомалї Рањмон соли футбол эълон кард. Ин иќдомро танњо мансабдорони Душанбе, ё аз тарси вазифа бошад, ё барои ваќтхушкунии худашон бошад, хуш пазируфтанд, дастањо ташкил карданд. Аммо дар њайати Федератсияи футбол таѓйироте ба ѓайр аз дастаи "Далерон" - и Ўротеппа ва "Хайр"-и Вањдат дида нашуд. Боз њамон дастањои дилгиркунандаи бемухлис. "Вахш"Регар -Тадаз", "Равшан" ЦСКА - Помир", "Хуљанд" њунарнамої карданду халос. Аз ноњияњо, ки раисонашон роњбариро танњо дар гузаронидани чорабинињои фарњангї ва плани андозсупорї мебинанд, ягон дастаро ба лигаи олї бароварда натавонистанд. Бинед, ду шањри калон - Ќурѓонтеппа ва Кўлоб, дастањои овозадори худ - "Вахш" ва "Равшан"-ро дастгирї накарданд. Оќибат ин дастањо ба поён фаромаданд ва бигузор дар лигаи 1-ум бозї кунанд. Аз ноњияи Њамадонї барои тамошои футбол, ки барои Љоми Тољикистон дар байни дастањои "Њосилот"-и Фархор ва "Истиќлол"-и Душанбе шуд, рафтам. Ба бозингарони дастаи "Њосилот", ки бепул бо бозии 4/1 финал баромаданд, офарин мегўям. Баъди тамошои бозї аз мухлисони "Истиќлол" дар роњрав пурсидам, ки "бозї чї тавр гузашт?", аз љумла як зан чунин љавоб дод: "О, боже мой, я себя в Лондоне почувствовала, в районах надо развивать футбол!" Дар газетањои варзишї, ки танњо аз Англия ва Италия маќола чоп мешавад, њатто графики лигаи 1-умро ба назар намегиранд. Нописандї нисбат ба ин дастањои ноњияњо мекунанд. Сармурабии дастаи "Равшан"-и Кўлоб дар газетаи "Варзиш-Спорт" гуфтааст, умед дорад, ки дастањои "Саройкамар" ва "Кўктош" маблаѓ намеёбанду мо боз дар Лигаи олї мемонем. Ана ёбеду гиред акнун! Имсол номуси ватандории ин ноњияњоро зинда бошем, мебинем. Њол он ки дастаи "Равшан"-и Кўлоб имконияти садфоизаи худро аз њисоби мухлисонаш бе ёрдами бойбачањо дорад. Имсол барои раисони ноњияњо вазнин мебошад, чунки њама боз ба чорабинињои сиёсї - интихоботи вакилон саргардонанду футбол аз байн меравад ва ба мо танњо Худо баракат дихад. Месси, Роналдо, Самир Насриро ба љойи Дилшод Восиев ва Фатњуллоев дар шабакањои давлатии телевизион тамошо мекунему халос. Кумитањои варзиши ноњияњо баумеданд, ки ягон бойбачаи тољик пайдо мешаваду дастаро маблаѓгузорї мекунад, не, бародарон, бойбачањои тољик барои писаронашон ва на-
берагонашон сохтмони ќасрњоро ба охир нарасонидаанд. Њоло нишон додани боигариашонро дар тўю тамошо ва масљидсозї мебинанд, дигар намедонем дар як ќишлоќ, ба кадомаш равем. Мо аз ин бойбачањо хафа нестем ва бой шудан њам осон нест. Халќ њамаро медонанду мефањмад. Хулоса, мо аз омадани Блатер дар њайати Федератсияи футбол - Лигаи олї аз ноњияњои бепули камбаѓал истифодашавандањо, ба ѓайр аз дастањои "Хайр" ва "Далерон", дигар таѓйироте надидем. Хаёл кардем, ки камаш 1518 дастаи Лигаи олї бозї мекунанд. Инчунин хаёл кардем, ки дастаи "Помир"- Душанбе, ки то њоло рекламаи Тољикистон буд ва мемонад, зинда мешавад ва раќиби хуби "Истиќлол" ба монанди "Барселона" ва "Реал" - Мадрид мешавад. Мумкин "Истиќлол" инро нахоњад ва худашро ягона дар Тољикистон даста њисоб кунад. Инашро њам хуб њис мекунем ва медонем. Маќсад аз навиштани ин матлаб њамин аст, агар Рустами Эмомалї раиси Федератсияи футбол ба ноњияњо, ба монанди падараш, њар сол сафари корї кунад ва ба раисони ноњияњо, ки худашонро раиси 1-2- сола њисоб мекунанд, гапу корро фањмонад, њамаи дастањои футбол зинда мешаванд. Мухлисе аз ноњияи Восеъ мегўяд, ќишлоќи "Гулистон"-и ин ноњия 300 хољагї (буна) дорад, агар њар яке 5 сомонї дињад, 1500 сомонї, ѓайр аз хољагињои дехќонї, заводу фабрикањо, мешавад. Мард ба хотири наберааш, писараш хоњад - нахохад пул медињад. Дар њар ноњия 50 - 60 ќишлоќ бошад, камаш 200 - 250 сомонї мешавад. Инчунин байни ќишлоќњо мусобиќањо, ё байни љамоатњо барои пулљамъкунї мусобиќањо гузаронида шавад. Танњо ташаббускор лозим аст. Орзуи дигарамон ин аст, ки дастањои футболи тољик дар Лигаи Олї камаш 18 - 20 - то шавад. Дастањои "Чашма", "Эсхата", "Исфара", "Њосилот", "Њулбук", "Панљшер", "Сарњадчї", "Помир" - Душанбе ба лигаи олї роњхат гиранд. Инчунин дастаи "Истиќлол"-ро аз њисоби дастањои футболи љањон пур кунанд. Чунки "Истиќлол" ба монанди "Реал" - Мадрид мебошад. Мо хафа нестем ва тарафдорї мекунем, чунки бозингарони хуб ва боинтизом дорад. Дастањои лигаи 1-умро камаш 25-30-то аз ду - се вилоят ташкил кунанд ва 3 даста боло раваду 3 даста поён ояд, ба монанди Русия ва Фаронса. Ин орзуњои мо ваќте амалї мешаванд, ки Рустами Эмомалї ба ноњияњо сафар кунад, набошад ин суханњо ба монанди афсона њисоб карда мешавад ва футболи тољик њич ваќт тараќќї намекунад. Дар охир мо мухлисони дастањои "Далерон" - Ўротеппа, "Хайр" - Вањдат, "Истиќол" -Душанберо табрик мекунем ва мехоњем "Саройкамар" - Кўктошро дар лигаи олї бубинем. Каримов А., аз ноњияи Восеъ, Шарипов Б., аз ноњияи Њамадонї, Сафаров Ш., аз ноњияи Фархор ва Алиев Д. аз ноњияи Панљи вилояти Хатлон
Раиси Шўрои муњаррирон: Саймиддин ДЎСТОВ dustov@mail.ru
Њафтанома дар Вазорати фарњанги Љумњурии Тољикистон ба ќайд гирифта шудааст.
МУАССИС: Созмони љамъиятии «ИНДЕМ» («Информатика барои демократия ва рушди миллї»).
Котиби масъул: Абўалї НЕКРЎЗОВ nigoh_tj@inbox.ru
Шўъбаи иттилоот ва сиёсат тел: 600 80 38 Шўъбаи тањќиќот ва тањлил тел: 600 80 38 Шўъбаи иљтимоъ ва иќтисод тел: 600 80 39 Шўъбаи реклом ва огоњиномањо тел: 918 74 75 79
Бузургмењр ЁРОВ, адвокат, номзади ЊСДТ ба вакилї: - 13-уми январи соли 2015 тамоми њуљљатњои дахлдорро ба њавзаи мазкур супорида будам, вале бо гузашти 27 рўз њанўз њам масъулини ин њавза мегўянд, ки ваќт нашуд, то аз Вазорати корњои дохила маълумотнома дар бораи доѓи судї доштан ё надоштани шумо дастрас кунем. - Вакил шуда чї кор мекунед? Ё шумо њам дигар безор шудед аз мардум ва мехоњед ба љамъияти тугмачапахшкунакњои Тољикистон пайвандед? Њуљљатуллоњ ФАЃОНЇ, сафири Љумњурии исломии Эрон дар ЉТ: - Ман умедворам, њамаи масъалањои дар наќб љойдошта дар ин сол њалли худро хоњанд ёфт. Ва мутахассисони эронї кори худро хуб анљом хоњанд дод. - Мо њам 20 сол боз умед мекардем, ба хулосае омадем, дигар њамин корро њам накунем. Шумо, ки навкоред, њоло аз баъзе чизњо хабаратон нест, оќо. Мењмоншо ШАРИФЗОДА, љомеашинос: - Тамаллуќ нишонаи шахсияти нопурра аст. Аз ин гуна мардум њамчун паразит ва худпараст њам ном мебаранд, ки аз мањдудаи манфиатњои худ ва авлоди худ дуртарро намебинанд ва барои ин манфиат ба њама кор тайёранд. - Албатта дар бораи хусусияти паразитизм ва худпарастї бо шумо розї нашуда намешавад, аммо мафњуми "мањдудаи манфиатњо" бањузур бањс кардан мумкин, зеро солњои ахир ин манфиатњо аз њар мањдуда берун рафтан доранд... Бењзод ФАЙЗУЛЛОЕВ, раиси ширкати "Babilon-M": - Содда карда фањмонам, Кумитаи андоз гуфтааст, агар Шумо дар њамин давра нархњоятон 1 сомонї не, 2 сомонї мешуд, њамин ќадар андоз мешуд. Шумо, ки нархатонро 2 сомонї накардед, мо њамин миќдор андозро њисоб мекунем, ба болояш љарима ва фоизашро зам менамоем. Бо њисоби онњо 217 миллион сомонї андоз, 50 миллион љарима ва 73 миллион сомонии дигар фоизњояш шудааст. - Шумо њам гўед, ки агар андоз намешуд, Кумитаи андоз њам намешуд, мо њам андоз намесупоридем, барои њамин мо андоз - пандоз намесупорем...
Дар њафтанома матолибе низ ба нашр мерасанд, ки бо мавќеи идораи он муѓойират доранд. Дар шумора аз аксњое њам аз Шабакаи љањонии Интернет истифода шудааст. Матолиби хусусияти таблиѓотидошта ® метавонанд танњо бо пардохти муайян дар њафтаномаи «Нигоњ» нашр шаванд. Барои дар дигар нашрияњо пурра ё ќисман чоп кардани матолиб ва иќтибосњо аз «Нигоњ» иљозаи хаттии идора ва нишон додани сарчашма дар шакли «аз њафтаномаи «Нигоњ» №_ аз санаи _» њатмист. Њуќуќи муаллифии кулли матлабњои шумора ба идораи њафтаномаи «Нигоњ» ва СЉ «ИНДЕМ» тааллуќ дошта, тибќи ќонунгузории љории Тољикистон ва байналмилалї њифз карда мешаванд. Дар њолати наќзи "Меъёрњои ахлоќии фаъолияти журналистї дар Тољикистон" аз љониби нашрияи мо, бо арзу шикоят метавонед ба Шўрои воситањои ахбори оммаи Љумњурии Тољикистон (Шўрои ВАО - и ЉТ) мурољиат намоед.
Ќимати рўзнома дар фурўши чакана на беш аз 2,5 сомонї Њафтанома дар нашриёти «Мега-принт» чоп мешавад. Теъдод 4 000 нусха Ќимати обуна барои як сол - 78 сомонї. Индекси обуна: 68990 НИШОНИИ ИДОРА: Љумњурии Тољикистон, шањри Душанбе, кўчаи Носирљон МАЪСУМЇ, хонаи 3. Телефон: (44) 600 80 38, 224 25 09 Теъдоде аз њар шумора дар асоси кўмаки техникии (дар шакли ќоѓаз) дафтари САЊА дар Душанбе ройгон таќсим карда мешавад.