Нигох №47 (378). Чоршанбе, 19-уми феврали соли 2014

Page 1

Дар таърихи "Барќи Тољик" сањифаи наве боз шуд, ки ба хусусигардонии нерўгоњњо, аз љумла НБО-и «Норак» оварда мерасонад...

“НИГОЊ”, ЧОРШАНБЕ №47 (378) 19. 02. 2014

1

САЊИФАИ 3 №47 (378). Чоршанбе, 19-уми феврали соли 2014

ШИНОХТИ МИЛЛАТ

Cустаносир: Ошнои ношинос САЊИФАИ 7

ХАБАРЊО АЗ ШИМОЛ

Made in Tajikistan аз…Амрико!? САЊИФАИ 6

Сухангўи дастнорас Чаро сиёсатсозињои иттилоотии њукумати Тољикистон "Љавоби ањмаќ - сукут!" аст? БО ШОИР

Ман њамон Равшан, њамон Љамшед ман САЊИФАИ 12

ПУРБИНИ «НИГОЊ»

Ќайчибизнес ё наќшаи нави Мирзодиккак САЊИФАИ 16

"Шторм-333" амалиёти ќатли Амин ва сабаќи таърих САЊИФАЊОИ 8-9


2

“НИГОЊ”, ЧОРШАНБЕ №47 (378) 19. 02. 2014

Њайати нави Њукумати Тољикистон низоми кории марокизи матбуотиро аз миён бурд. Ва љои њељ гуна бањс нест, ки дар набардњои иттилоотї дар сатњи минтаќаву љањон њам маѓлуб мешавад. Мисоли барљаста набарди иттилоотиест, ки сари даргирии 11-уми январ дар марзи Тољикистону Ќирѓизистон ба вуќўъ пайваст ва њељ як аз нињодњои дохил дар ин ќазия - Раёсати марзбонии Кумитаи давлатии амнияти миллї, вазоратњои корњои дохиливу хориљї, наќлиёт ва нињоят худи Дастгоњи њукумати Тољикистон заъфи бузурги худро ба намоиш гузоштанд. Он шабу рўз њељ як аз ин нињодњо натавонист љомиаи љањониро лоаќал ба мавќеи Тољикистон ошно кунад, ки даргирї дар њудуди мањз Тољикистон сурат гирифтааст, на Ќирѓизистон. Албатта, "хомўшї" - и Душанберо бархе тањлилгарон "эњтиёткорї" ва "вазнинї" арзёбї карда, гуфтанд, ки ин ба нафъи маќомоти тољик аст. Аммо њоло

ПУШТИБОНИИ ИТТИЛООТИИ ТОЌОН МАМИТОВ АЗ МУРОДАЛИ АЛИМАРДОН ЊАМОН ЌАДАР ФАРЌ МЕКУНАД, КИ ГЎСФАНДИ ЊИСОРЇ АЗ МЕШИ МАЊИНПАШМ

СУХАНГЎИ ДАСТНОРАС њам Тоќон Мамитов, муовини нахуствазири Ќирѓизистон марзбонони тољикро барои задани "ханљар аз пушт" муттањам мекунад ва ин рўшан мекунад, ки дар ваќти зарурї набарди иттилоотї бохта шуда будааст. Ин мансабдори ќирѓиз, ки њайати кишварашро дар музокироти марзї бо Тољикистон сарварї мекунад, як нафари ба матбуот дастрас аст ва вобаста аз ин минбар мавќеи кишварашро њимоят мекунад. Рањбари њайати музокирот аз љониби Тољикистон Муродалї Алимардонро танњо дар чанд аксе, ки бо Тоќон Мамитов дорад, дидаем. Дигар на касе ўро дидаасту на шунидааст. Гўё ин кас умуман сухан гуфта наметавонад ва шояд њатто намедонад чї гўяд. Вазорати корњои хориљї дар оѓози даргирї як изњорот пахш кард. Дигар њељ. Ба њамлањои иттилоотии Бишкек ва њам нотањое, ки аз он сў ба ин вазорат омаданд, чї посух дода шуд, њатто кормандони маркази матбуоти ин нињод посухе надоранд. Њатто нишасти матбуотии нимсолае, ки бояд вазорати корњои хориљї баргузор мекард ва бояд ќадду ќомати базеби вазири навро медидем, низ баргузор нашуд. Шараф Файзуллоев, сарвари Ситоди Раёсати марзбонии КДАМ як маротиба мавќеи Тољикистонро баён кард ва бо њамин пушти парда рафт. Њарчанд ба ў маќомоту матбуоти ќирѓиз дарафтоданд, дигар садое аз ў берун наомад. Дар љамъбасти бањсњои иттилоотї сари њодисањои марзи Тољикистону Ќирѓизистон як нукта бояд зикр шавад: "хомўшї" ба нафъи кор аст (њоло ин нафъ маълум нашудааст!), бале, аммо гуфтугў тариќи матбуот усули кори асри нав ва як шеваи мутамаддини пеш бурдани набарди иттилоотист. Фаќат дастгоње зарур аст, ки ин корро карда тавонад. Аммо дар умум бањси марзї бо Ќирѓизистон гардиши куллие дар шинохти дастгоњњои таблиѓотї ва иттилоотии њукумати Тољикистон буд. Дар ин набард ноомодагї маълум шуд. На фаќат ноомодагї, балки набудани нерў њам рўшан шуд. Ва дар кул таљрибаи ним соли ахир нишон медињад, марокизи матбуотї дар низоми кории нињодњои давлатии Тољикистон дар њошия ќарор дода шудаанд ва наќше дар пеш бурдани сиёсати иттилоотии давлат надоранд. Њоло, як - як мурур мекунем ба ин, ки чї тањаввулоте дар ин замин тайи солњои ахир мушоњида мешавад. Шурўъ

Чаро сиёсатсозињои иттилоотии њукумати Тољикистон "Љавоби ањмаќ - сукут!" аст?

«

бо омадани Рамазон Рањимов ў њам ба як сухангўи дастнорас табдил ёфт. Ресурси дигари вазири пешина дар "Ейша плас" њам дуруст истифода намешавад. Ин гумони моро, ки гап дар вазир аст, сухангўи ВКД таъин шудани Садриддини Љалолиддин њам собит мекунад.

кунем аз вазорати корњои хориљї. То соли гузашта маркази матбуотї - Департаменти иттилоот ва тањлили вазоратро Давлат Назриев рањбарї мекард. Мавсуф рўзноманигори њирфаї, дар гузашта сармуњаррири њафтаномаи "Љавонони Тољикистон" буд, аммо ба ќавле, бештар мўи сарашро дар марказии матбуотии вазорати корњои дохилї кардааст. Ўро ёвари сафир дар Белорусия таъин карданд. Ба љои ў Абдулфайз Атоев омад. Мавсуф дар рўзноманигорї танњо таљрибаи кор дар нашрияњои мањаллии вилояти Хатлонро дорад ва асосан дар сафоратњои Тољикистон дар Эрону Афѓонистон ифои вазифа кардааст. Аммо омаду чї шуд? Мушоњидаи шахсии мо аст, аммо як хулоса дорем: пас аз рафтани Давлат Назриев мешавад гуфт, ки маркази матбуоти вазорати корњои хориљї њам аз байн рафтан дорад. Дар вазорати корњои дохилї ба назар мерасад, заъфи маркази матбуотї на ба худи сухангўйњо, балки ба вазирон рабт дорад. Абдурањим Ќањњоров вазир буд ва Мањмадулло Асадуллоев, сухангўи вазорат. Ахирї, фаъолтарин сухангўй буд, бахусус дар амалиёти нерўњои њукуматї дар Рашт, ки солњои 2010 - 2011 роњандозї шуд, набарди иттилоотиро ба нафъи њукумат анљом дод. Аммо бо омадани Рамазон Рањимов ў њам ба як сухангўи дастнорас табдил ёфт. Ресурси дигари вазири пешина дар "Ейша плас" њам дуруст истифода намешавад. Ин гумони моро, ки гап дар вазир аст, сухангўи ВКД таъин шудани Садриддини Љалолиддин њам собит мекунад. Мавсуф дар гузашта њам суханўйи вазорат буд, аммо ба монанди имрўз дастрас буд. Дуруст аст, ки пас аз омадани Рамазон Рањимов сомонаи ВКД фаъол шуд, аммо гоњ гоњ иттилоеро пахш мекунад, ки ширкати ин вазоратро дар набарди итти-

«

лоотии дохилу хориљ нишон дињад. Бахусус, дар масъалаи шиканљаи боздоштшудагон ВКД набардро ба манобеъи дигари иттилоотї њамеша бохтаасту мебозад. Вазорати рушди иќтисод ва савдо њам дар замони вазирии Ѓулом Бобоев сухангўи хуб дошт, аммо пас аз омадани Шариф Рањимзода маркази матбуотии он њам ба маънои томаш аз миён рафт. Шояд ба он хотир, ки аксаран худи рањбарони ин вазорат барои рўзноманигорон дастрас њастанд. Аммо ин њам дар њоле, ки агар онњо ба матбуот зарур оянд. Инро, ки онњо њам бояд матбуотро тањрик дода истанд ва сиёсатњои худро пўшиши иттилоотї дињанд, шояд касе дарк намекунад. Зеро дар ин байн бањсњои муњими иќтисодї, назири Созишномаи интиќоли маводи нафтї, бо Русия буданд ва њам дањњо чолишњои дигаре, ки иќтисоду савдои Тољикистон дорад. Вазорати энергетика ва саноати собиќ њам дар замони Гул Шералї амалан маркази матбуотиашро барњам дод, њарчанд сомонаи худро фаъол кард, аммо он љо гоњ - гоњ хабаре пахш мешавад. Њол он ки мавзўи нерўгоњњову Роѓуну Сангтўдањо хеле муњиманд. Ва тасаввур кунед, алайњи сиёсатњои энергетикии Тољикистон дар хориљ чї ќадар матлаб нашр мекунанд, аммо нињоде дар дохил нест, ки ин муќовимати иттилоотиро ташкил кунад! Айнан чунин суханонро метавон дар бораи вазорати дигари муќим - наќлиёт гуфт. Як замон Ато Мирхољаро њамчун сухангўи ин нињод мешинохтем ва ба суолњои худ посух дарёфт мекардем. Аммо пас аз ў умуман маълум нест, ки вазорати наќлиёт маркази матбуотї дорад, ё не? Баромадан аз бунбасти коммуникатсионї яке аз се авлавияти њукуматист, аммо ин кўшишњо аслан пўшиши иттилоотї надоранд.

Вазоратњои молия ва фарњанг низ нињодњои муњим маркази матбуотї доранд ё надоранд, низ маълум нест. Кумитаи дин нав соњиби сухангўй шуд, њарчанд дар гузашта рањбаронаш дар ин замина, бахусус дар доираи барномањои алайњи Тўраљонзодањо ва ЊНИТ фаъол буданд. Мутаассифона, кор бо расонањоро мансабдорони мо, шояд ба он хотир, ки аксаран ањамияти иттилоро, ки "љањонро идора мекунад", намефањманд ва фикр мекунанд, ки расонањо барои таблиѓот њастанд, на пўшиши иттилоотї додани умуман равандњои имрўзаи љомиа. Фикр мекунанд, як хабари беарзиш дињанду њама онро нашр кунад, аммо ин хабар чї ањамияту вазн дорад, муњим нест. Танњо нињоди љиддї барои љомиа иттилои љиддї пешкаш мекунад. Дар ин замина, кори марказњои матбуотии Бонки миллї, вазоратњои дифову тандурустиву маориф ва кишоварзї, Хадамоти муњољират ва ширкати "Талко" - ро хубу ќаноатбахш метавонем арзёбї кунем. Онњо воќеан самимона мекўшанд, ки дар љараён бошанд ва фаъолиятњои худро пўшиши иттилоотї дињанд. Ва њамон ќадар бо рўзноманигорон њамкорї мекунанд, ки барояшон таъин шудааст. Масоили мубрам, доѓ ва сиёсатсозе њастанд, ки бояд матрањ шаванд, аммо њамкорони њукуматиамон ба мо мефањмонанд: аз ин зиёд салоњият надоранд. Нишастњои матбуотиро вазорату нињодњои Тољикистон танњо ба хотири фармони 622 буданаш риоя мекунанд. Тасаввур кунед: дар ним сол њамагї 1 соат ваќт људо мекунанд ва њамон њам бо хондани њисоботи роњбарон мегузарад. Мешавад бо ин роњ сиёсати иттилоотии њукумати Эомалї Рањмонро сохт? Хулосаи мо ин аст, ки дар соњаи сохтани сиёсатњои иттилоотии њукумати Тољикистон масъулин чуќур андеша кунанд. Аммо њоло як чї мегўем, вазъи имрўза таќрибан чунин аст: "Љавоби ањмаќ - сукут!" Аммо мо гуфта наметавонем ки ин љо кї ањмаќ аст? Мо ё њамкорони њукуматии мо? Фаромарзи ФОЗИЛ


ЊУШДОР 200 миллион сомонї ва ё муодили 40 миллион доллари амрикої маблаѓи андози ширкат ва бонкњои тиљоратии дар њудуди вилоят буда чандест, ки ба буљаи вилояти Суѓд пардохт намешаванд. Њамчунин маблаѓњои бузурги андозњо ба љое, ки ин користонњо расман ба ќайд гирифта шудаву фаъолият мекунанд, пардохт нагардида, балки ба марказ мераванд. Ин њол то андозае норизоятии баъзе аз нухбагони идорї ва ањшли фањми Суѓдро ба вуљуд наоварда наметавонад, зеро ин маблаѓњо боиси сохтмони як идда иншоотњои љамъиятии мањаллї шуда, дар рушди соњањои дигари вилоят низ замина гузошта метавонистанд. Кормандони соњањои иќтисоди вилояти Суѓд, ки њич намехоњанд дар ин бора расман суњбат кунанд (онњоро фањмидан мумкин) дар шарњи ин масъала изњор мекунанд, ки мутамарказонида шудани андози ширкатњое назири Тсееl ва бонкњои тиљоратї дар мувофиќа бо онњо сурат нагирифтааст, балки ташаббуси марказ аст. Онњо мегўянд, ки баъд аз "марказонидани" андозсупорандањои бузурги Суѓд, ки кам ё беш аз 200 миллион сомонї аз буљаи вилоят "гурехт". Бар пояи маълумоти дарёфтї "марказонидани пардохт"-и андозњо аз Тссел оѓоз шуда будааст ва таърихчаи худро дорад. Беш аз дањ сол пеш ширкати "Сомонком" (92-рамзи симкортњои ширкат дар вилояти Суѓд) дар шањри Хуљанд ба ќайд гирифта шуд. Бале, њамон ширкате, ки соле пеш бренди худро бо Тсееl иваз намуд. То нав шудани бренд дар шањри Душанбе дугоники ширкат бо номи "Индиго Тољикистон" (93-рамзи симкортњои ширкат) фаъолият дошт, ки чандин сол боз андозсупорандаи бењтарини мамлакат мањсуб мешавад. Њоло ширкати "Тсееl" дар саросари Тољикистон филиалу намояндагињои худро дорад ва яке аз ширкатњои муваффаќ мањсуб мешавад. Мувофиќи ахбори тоблуњои рекломавияш дар Хуљанд беш аз ду миллион муштарї дорад ва миёни дигар ширкатњои мобилї дар Тољикистон дорои муштариёни аз њама зиёд ба њисоб меравад. Даромади солонааш њам беш аз 50 миллион доллар аст, ки асосан ба сањњомони хориљияш меравад. Бо нав шудани бренд, андозсупории ширкат њам "марказонида" шуд ва њам пардохти андозњояш аз мањалли сабт, ки шањри Хуљанди вилояти Суѓд мебошад, ба Душанбе кўчид. Ин раванд ЉСК "Бонки Эсхата" ва намояндагии дигар бонкњои тиљоратии Тољикистон: "Ориёнбонк", "Агроинвестбонк" ва "Амонатбонк"-ро низ дар канор нагузошт. Њарчанд таљрибаи маъмули љањонї аст, ки ширкат дар мањалли сабти номаш андоз месупорад. Љамъияти сањњомии "Бонки Эсхата" соли 1994 бо гирифтани иљозатномаи Бонки миллии Љумњурии Тољикистон дар шањри Хуљанд шурўъ ба фаъолият оѓоз кард. Баъд аз чанд сол намояндагии он дар шањри Душанбе ифтитоњ ёфт. Аммо њоло ќисмати бештари андози ин бонк, ки марказаш дар шањри Хуљанд мебошад, на ба буљаи вилояти Суѓд, балки ба буљаи љумњурї пардохта мешавад. Тибќи маълумоти расмї танњо дар соли 2012 "Бонки Эсхата" 36 млн. 851 њазору 590 сомониву 88 дирам андоз пардохт кардааст. Аз ин њафт миллион доллари пардохтшуда: андоз аз амволи ѓайриманќул- 65 њазору 687 сомонї, андоз аз фурўши чакана-8 њазору 534 сомонї, андози замин- 4 њазору 682 сомонї ва андоз аз воситаи наќлиёт-9 њазору 762 сомонї, љамъ 88 њазору 666 сомониву 26 дирам ба буљаи вилояти Суѓд расидааст, ки њамагї 2,5 % њаљми умумии маблаѓи андозњои супурдаи ин ширкатро дарбар мегирад. Ин масъаларо расман њич нињод, њатто худи Нозироти андозсупорандањои калон- ма-

«

“НИГОЊ”, ЧОРШАНБЕ №47 (378) 19. 02. 2014

3

"КАФЛЕСАК"

Ва ё чаро вилояти Суѓдро аз андозњои бузургаш мањрум мекунанд?!

ќоме, ки танњо андозсупорандањои калон дар Кумитаи андози кишварро назорат мекунад, шарњ додан намехоњад. Њол он ки "марказонидани" баъзе намуди андозњо аз андозсупорандагони мањал хилофи Ќонуни буља мебошад. Зеро ќонунгузории љорї, фарзи мисол пардохт намудани андоз аз арзиши иловашуда (ААИ) ба буљаи марказиро шарт намедонад. Вале коршиносон бар онанд, ки марказонида шудани чунин андозњои бузурги вилоят ва таъсис ёфтани шўъбае бо номи Нозироти андозсупорандагони калон дар Кумитаи андози назди њукумати љумњурї бесабаб нест ва њадаф назорати андозњои бузурги кишвар аз љониби баъзе нафароне алоњида буду њаст. Вагарна таъсиси андозсупорандагони калон ва миёна чї маъно дорад?! Чанд сол пештар бо њамин шева шањри Душанберо низ аз андозсупорандагони бузург "сабук" карда буданд. Таъсисёбии ин раёсат таърихи тўлоние надорад ва њоло ин ду воњиди Кумитаи андоз дар вилоятњои љумњури намояндагї дораду ба Раёсатњои нозироти андоз тобеъ набуда, балки тобеъи худи Кумитаи андоз њастанд. Тасодуфан ё не, онро Ашраф Гулов-домоди президенти кишвар ва писари Гул Шералї роњбарї мекунад. Нозироти андозсупорандагони калон маблаѓи бузурги андозсупорандагонро назорат мекунанд, ки њадди аќали он аз 10-15 миллион сомонї ибтидо мегирад. Яъне њар андозсупорандае, ки 2-3 миллион доллар даромад дорад, бубояд зери на-

Мувофиќи ахбори тоблуњои рекломавияш дар Хуљанд беш аз ду миллион муштарї дорад ва миёни дигар ширкатњои мобилї дар Тољикистон дорои муштариёни аз њама зиёд ба њисоб меравад. Даромади солонааш њам беш аз 50 миллион доллар аст, ки асосан ба сањњомони хориљияш меравад.

«

зорати ин маќом бошад. Ин њам дар њоле, ки пештар гуфта мешуд, њар соњибкори ватании сармояаш аз 5 млн. доллар зиёд зери назорати махсус аст. Ин њам кам набуд, ки соли гузашта дар Кумитаи андоз Шўъбаи нозироти андозсупорандагони миёна ташкил шуд. Ин шўъба андозњои аз 500 000 сомонї болоро зери назорат мегирад. Ин тасмимњо ба чї равона шудаанд ва дар сатњи миллї чї натиља хоњанд дод, ваќт маълум хоњад кард, аммо зарари ин тасмимњо дар вилояти Суѓд аллакай эњсосшаванда мебошад. Равона шудани маблаѓи андозсупорандањои калон ва он њам дар њаљми 200 миллион сомонї ба буљети марказ ба њаљм ва суръати корњои сохтмонї ва дигар тарњњои мањаллї, ки буљети вилоят ин њамаро дар ваќти тасдиќ пешбинї мекунад, таъсири амиќи манфї мерасонад. Њол он ки динамикаи љамъшавии андозњо ва њаљми буљети вилоят хеле хуб буд. Мисол, буљаи вилояти Суѓд соли 2011 њамагї 480 миллиону 740 њазор сомонї буду соли 2012 ба 612 миллион сомонї баробар гашт. Агар соли 2013 буљети вилояти Суѓд 832 миллиону 388 њазор сомони иљро шуда бошад, соли љорї дар њаљми 1 миллиарду 38 миллиону 700 њазор сомонї пешбинї шудааст. Агар он 200 миллион сомонї маблаѓи баъзе намуди андози ширкати Тсееl ва бонкњои тиљоратии дар њудуди вилоят фаъолиятбаранда ба буљаи вилоят ворид карда мешуданд, тўли ин се - чор соли охир вилояти Суѓд рушди дигаре медошт. Охир, сухан аз 500-600 миллион сомонї ё 100-120 миллион доллар меравад. Вале аз он, ки ин маблаѓ дигар ба буљаи мањал ворид карда намешаванд, чандсад миллион сомонї аз буља, аз љумла, аз бахши сохтмон, ки асоси рушд ё драйвери рушди иќтисодии њар шањр ё ноњияњои вилоят мањсуб меёбад, ихтисор мешавад. Тибќи иттилои шўъбаи сохтмон дар њукумати Суѓд соли сипаришудаи 2013 барои ин-

шоотњои сохтмонї 44 миллион сомонї људо шуда буд, ки аз ин 10 миллиону 500 њазор сомонї аз буљаи марказї ва 33 миллиону 500 њазор сомонї аз буљаи худи вилоят буд, вале андозљамъкунии хуб имкон дод, ки ба маблаѓи 158 миллион сомонї корњои сохтмонї ба иљро расонида шаванд. Сохтмони "Ќасри варзиш" ба маблаѓи 65 миллион сомонї дар канори варзишгоњи 25 њазорнафара дар шањри Хуљанд, "Кўдакистони президентї" ба маблаѓи 26 миллион сомонї дар канори руди Сир, варзишгоњ дар шањри Исфара бо маблаѓи 22 миллиону 800 њазор сомонї, варзишгоњ ва сохтмони бинои литсей ва хобгоњ барои хонандагони болаёќат дар Хистеварзи ноњияи Бобољон Ѓафуров ба маблаѓи ќариб 20 миллион сомонї аз зумраи иншоотњои чашмраси сохташудаи 2013 дар Шимоли кишвар буданд, ки бидуни шубња ифтихори њамаи миллат мебошанд. Ин сохтмонњо њамагї аз њисоби маблаѓи буља ва имкониятњои молии вилоят ќомат афрохтаанд. Наќши марказ дар ин тарњњо њамагї 6,5 %-и маблаѓ мебошаду тамом. Ба иттилои шўъбаи сохтмон дар њукумати Суѓд соли 2014 бояд 240 иншоот, ба мисли мактаб, муассисањои фарњангї ва дигар иншооти муњим ба иљро расонида шаванд. Ба истифодадињии лоињаи хатти оби нўшокии Овчї Ќалъача -Хуљанд њам дар соли равон мавриди бањрабардорї ќарор дода хоњад шуд. Барои иљрои ин наќшањо харљи њамагї 40 миллион сомонї пешбинї шудааст, ки аз ин 33 миллион аз буљаи вилоят ва 15, 5 миллион сомонии он аз буљаи љумњурї ихтисос дода мешаванд. Табиист, ки вазифањои роњбари давлат гузошта барои њукумати Суѓд муњимтарин самти кор буданд ва ин буд, ки андозљамъкунї дар сатњи хеле хуб буд. Бубинед, ки соли 2013 буљаи вилояти Суѓд 832 миллиону 388 њазор сомонї ва буљаи љумњурї зиёда аз 12,2 миллиард сомонї раќам зада мешуд, ки назар ба соли 2012 буљаи вилоят (612 миллион сомонї) 35,9 % ва буљаи љумњурї (10,3 миллиард сомонї) њамагї 18, 5 % афзоиш дошт. Соли 2014 буљаи вилояти Суѓд 1 миллиарду 38 миллиону 700 њазор сомониро пешбинї намудааст ва буљаи љумњурї 12 миллиарду 700 миллион, ки боз њам нисбат ба соли 2013 суръати афзоиши буљаи вилоят бо 24,7% аз 12,4% - и љумњурї фарќ дорад. Ин њам дар њолест, ки њама даромади маќомоти судї, прокуратура, Хадамоти гумрук, Тољикстандарт ба буљаи љумњурї пардохт карда мешаванд. Тибќи иттилои Хадамоти гумрук дар вилояти Суѓд соли 2013 танњо аз њаљми умумии гардиши молї 1-милиарду 707 миллион сомонї пардохти гумрукї ситонида шуд, ки ин нисбат ба давраи соли 2012, 514 миллион сомонї зиёд буда, то 43,2% афзоиш ёфтааст. Тибќи Ќонуни буља, андоз аз арзиши иловашуда бояд ба мањал пардохт карда шавад, аммо дар амал чунин нест. Хуб, агар бар ивази андоз аз арзиши иловашуда танњо 10 %-и инчунин маблаѓњо, ки баробар ба 170 миллион сомонї аст, ба буљаи вилоят аз њисоби Раёсати хадамоти гумрук дар ќаламрави Суѓд пардохт шавад, бечунучаро ин амал метавонад иљрои як идда лоињањои бузурги бинокориро такон бахшад. Хуллас, муттамарказонидани баъзе намуди андози ширкат ва корхонаву маќомот дар вилоятњо ва иљро нагардидани талаботи ќонунгузории мављуда ба масал њамон "кафлесак" аст. Андозњои бузург ба марказ, ки каллаву шиками "кафлесак" равон мешаванду "думи он" дар мисоли вилоятњои кишвар борику беафзоиш боќї мемонад. Дар давлати њуќуќбунёд набояд чунин бошад.

Ќамари АЊРОР


4

МУШКИЛИ РЎЗ

“НИГОЊ”, ЧОРШАНБЕ №47 (378) 19. 02. 2014

Дар хиёбони Неъмат Ќвробоев назди бозори Султони Кабир ва шояд дар дигар љойњои серодами шањр ва баъзе навоњињои дигар њам лавњи бузурге аз фарши гарм таблиѓи бозаргонї мекунад. Навишта шудааст, ки як метри мураббаи фарши гарм 40 сомонї арзиш дорад. Дар хонаи мо, ки тифл њаст, ба ќарор омадем, аќаллан як манзили нишастамонро фарши гарм гузаронем. Пешакї њисоб кардем, ки ин њуљраамон дањ метри мураббаъ ва барои он 400 сомонї зарур будааст. Ман дар соњаи буљавї кор мекунам ва ба ѓайр аз моњона дигар љойи даромад надорам, бинобарин њамин 400 сомониро дар ду моњ љамъ овардам. Ва ба ширкати дахлдори рекламадода занг задам. Соате нагузашта намояндаи ширкат ба хона омад. Ва ман боз пурсидам, ки дар њаќиќат, як метри мураббаи фарши гарм 40 сомонї аст. Намоянда тасдиќ кард ва илова намуд, ки нархи фарши гарм алоњида асту нархи пулти он дигар мебошад. Чун ман дар њайрат задам, кунљкобї кардам, ки магар чунин њам мешавад, ки як чизро ба ду таќсим намуда, ба њар яки он алоњида нарх гузоранд. Ў шарњ дод, ки ин пулт якчанд тарзи кор ё режим дорад; њаво на он ќадар хунук шавад, метавонед ба тарзи сабуки кор гузаронед ва ё баръакс, агар њаво сард ояд, ба тарзи пуршиддат мегузаронед... Аз таърифи зиёд дар дилам андак шубња даромад ва пурсидам, ки оё њамин хел њам мешавад, ки пултро алоњида фурўшанду фарши гармро алоњида. Боз мунтазири љавоб нашуда, пурсидам, ки ин пулти хушкору пухтакор чанд пул аст. Посухам дод, ки пулт ё идора њамагї 250 сомонї арзиш дорад. Њайратам афзуд ва аввал гуфтам, ки ин пули шаш метри фарши гарм аст ва боз суолаш додам, ки магар пулту фарши гарм як чиз нестанд. Пурсишамро нафањмид. Маљбур шудам, шарњ дињам. Додарам, тасаввур кунед, ки ман аз фурўшгоњ ба 1000 сомонї телевизор харидам. Фурўшанда мегўяд, ки ин асбоб номаш "идора" (пулт) аст. Шумо бо ин ќариб ду њазор шабакаро интихоб карда метавонед. Боз ин идора метавонад рангу вусъати оинаи нилгуни шуморо рушану бенур ва хурду калон кунад. Ба замми ин овозашро метавонад пасту баланд созад. Пас фурўшанда ба тугмачањои њаррангаи пулт ишора карда, мефањмонад, ки ѓайр аз ин ин идора боз дањњо намуди амалро иљро карда метавонад. Бинобарин нархи идора њамагї 200 сомонї аст! Устои ширкат худро ба нодонї зад ва гуфт, ки њанўз њам маќсади маро пай набурдааст. Пурсидам, ки ягон бор телевизор харидї. Бо ишораи сар ња гуфт. Оё барои пулташ алоњида пул додї? Гуфт, на. Ин тавр бошад, чаро ту барои идора пул мегирї? Боз кам не, бисёр не, 250 сомонї талаб дорї. Њол он ки пулти ширкати ту танњо се ё чор амалиётро иљро мекунад, вале идораи телевизор аз пулти ту дањњо баробар зиёдтар амалиётро иљро

Фарши гарму њилаи хунук Барои пули мардумро гирифтан ширкатњо роњњоеро мељўянду меёбанд, ки дањони одам воз мемонад

«

Ин тавр бошад, чаро ту барои идора пул мегирї? Боз кам не, бисёр не, 250 сомонї талаб дорї. Њол он ки пулти ширкати ту танњо се ё чор амалиётро иљро мекунад, вале идораи телевизор аз пулти ту дањњо баробар зиёдтар амалиётро иљро карда метавонад. Яъне, онњо низ бояд ба пулташон нарх гузоранд?

карда метавонад. Яъне, онњо низ бояд ба пулташон нарх гузоранд? Ман бори нахуст дар зиндагиам мебинам, ки як асбоб ё таљњизотро ба ду таќсим карда, барои худаш як нарх ва барои пулташ дигар нарх гузоштаанд. Додарљон, ин "таљриба"- и нодири нестандарљањонро касе нафањмад, вагарна дигарон њам ин роњи љалби мизољро ёд мегиранд. Масалан, ќандилњои навбаромад аксарашон бо пулт идора мешаванд ва фардо наздашон равем, онљо низ ба пулти ќандилњо алоњида нарх мегузоранд. "Ака, ман барои пулт нарх намондаам. Ман як усто њастам, ки супориш шавад, меоям, нарху наворо ба соњиби хона мегўям ва агар маъќул гардад, чен мекунам ва баъд фаршро мечаспонем. Ин гапњоятро ба ман нагўй. Њоло агар ба шартњои гуфтаам розї бошї, фаршро мечаспонем. Гуфтам, на ман њамон 650 сомонии ту талабкардаро надорам. Барои ин боз як

«

моњ кор карданам даркор аст, то ки он 250 сомонї захира кунам. Њамин тавр, корамон барор нагирифт ва фарш начаспондем. Хайрият, њаво њам гарм шуд ва имсол њољат ба фарши гарм намонд. Албатта, чунин "таљриба" ё кисаафшонї танњо дар Тољикистон рўй медињад, вагарна, фарши гарм бе њамон пулт чизе нест ва баръакс идора бе фарш ба касе даркор нест. Ширкат метавонист, таблиѓ кунад, ки як метри мураббаъ чил сомонист, вале пулташ 250 сомонї мебошад. Он гоњ нафаре, ки танњо чор ё панљ метр гузаронидан мехоњад, маљбур аст, аз нархи фарш танњо барои пулташ зиёдтар пул дињад. Шояд аз њамин сабаб нархи пултро пинњон намуда, танњо нархи фарши гармро реклама мекунанд? Зеро масалан, агар нависанд, ки як метри фарши гарм 40 ва боз пулт 250 сомонї аст, он гоњ ман барин кормандони

ЗОЛОТОЙ КОНЕК Як тир ду нишон! -барќарор намудани эрексия; -афзоиши раѓбати шањвонї ва тобоварии шањват; -таќвияти мукаммалї ва равшании эњсоси шањват; -ба меъёр даровардани њаёти љинсї. Золотой конёк маљмўи гиёњї буда ба бењтар гардонидани вазъи простатит таъсири хубе мерасонад. Дар кафедраи урологии Академияи тиббии Русия ш. Москав ва дигар муассисањои бонуфуз аз санљиши аъло гузаштааст. Ба табибони ботаљриба дар сомона савол дињед; www.zolotoikonek.ru Истифода; 2 таблетка њангоми хўрок. АЗ ДОРУХОНАЊО ХАРИДОРЇ НАМОЕД!

Абўалї НЕКРЎЗОВ

буљавї фикр мекунем, ки шинонем ё не. Гўё, дар Њукумати ЉТ кадом нињоди танобкаше њаст, ки њар замон рекламаи ин ё он ширкатро месанљанд ва агар Ќонун дар бораи рекламаро куљое рахна зада бошанд, љазо медињанд. Чанде пеш кадом ширкати мобилиро барои наќзи ќонун љазо њам дода буданд. Аммо ин ширкат муддатест, ки бо њамин тарз: арзон нишон додани нархи фарши гарм таблиѓи бозаргонї дорад, вале танобкашон ба ин реклама таваљљуњ надоранд. Њикмат дар чї бошад? Шояд хонањояшон гарм астукорашон ба ин ширкат наафтода ва ё шояд хабар надоранд? Агар ин тавр бошад, пас ман расман ба ин нињоди танобкаш мурољиат мекунам: илтиљо дорам, то зимистони дигар ќонунї будани чунин рекламаро як дида бароед, вагарна... Вагарна чанде мегузараду шоњиди чунин радду бадал мешавем: Кироякаше мизољеро аз бозори "Корвон" то ба мањаллаи Ќарияи Болои Душанбе меорад ва мусофир мепурсад: - Ака, чанд пул мешавад? - Чил сомонї. - Чї??? Наход аз "Корвон" то ин љо чил сомонї шавад?! - Акаљон, њаќќи оварданам 25 сомонї ва 15 сомонї барои бензин, ки аз бозор то ин макон истифода шуд. - Ман дар умри нимасраам бори аввал шоњиди он мешавам, ки таксирон барои бензин њам пул мегирифтааст. Он 25 сомониро барои чї мегиред? Понздањи он барои хидмат ва дањаш барои маводи сўхт нест?Инсоф њам даркор аст! Дањ ангуштро баробар ба дањон зада, чил сомонї гуфтан дуруст нест! - Чаро не? Дирўз ман ба хона фарши гарм часпонидам. Кормандони ширкат пулташро алоњида ба пул заданду фарши гармро алоњида. Мо аз онњо чї камї дорем? Рањмат САЛИМОВ, сокини шањри Душанбе


ИЌТИСОДИ МИЛЛЇ Марњалаи нав Ибтидои њафтаи равон суратњисоби "Барќи Тољик" аз ЉСК "Ориёнбонк" ба Бонки давлатии "Амонатбонк" интиќол ёфта, аллакай, муносиботи пулии ширкат дар "Амонатбонк" шуруъ гардидааст. Сухан дар бораи миллионњо сомонї меравад, ки дар атрофи "Барќи Тољик" давр мехўранд. Албатта, кўч бастани суратњисоби "Барќи Тољик" аз "Ориёнбонк" ба "Амонатбонк" бидуни бархўрди гурўњњои молии бузурги кишвар буда наметавонад, охир сухан аз дастрась ба беш аз 200 миллион доллари бе назорати давлатї монда меравад. Инак, сарнавишти ширкати "Барќи Тољик"-ро дар фурсати барояш номувофиќ, дар њолате, ки рў ба рўи буњрон ќарор дорад, ба марњалаи нав ворид карданд. Аммо кї? Дар паси ин ќазия кињо ќарор доранд? Оё манфиатбардорњои наве ба "бозии бузург" шуруъ карданд? Чаро "Ориёнбонк" аз охўрча дур карда шуд? Зўри кї ба ин гурўњи моливу саноатии бузург расид? Суратњисоби "Барќи Тољик" дар њоле ба "Амонатбонк" мегузарад, ки ќарзи ин ширкатро дар назди "Ориёнбонк" наздики 500 миллион сомонї арзёбї мекунанд. Дар шарњи ин масъала масъулини "Барќи Тољик" худдорї мекунанд. Аз љумла Нозирљон Ёдгорї, сухангўи ширкат мегўяд, ки ин масъаларо тобиши сиёсї надињед. Воќеан, дар паси ин масъала чи ќазияи сиёсї буда метавонад ва чї тобиши сиёсї мегирад?

«

5

ЉАНГИ ФИЛЊО Охири њафтаи гузашта дар таърихи "Барќи Тољик" сањифаи наве боз шуд, ки минбаъд таќдири ширкат ва нерўгоњњои кишварро раќам хоњад зад...

Тобиши сиёсї!? Барои равшан кардани ин масъала, аз таѓйироти кадрї дар њукумати нав бояд руљуъ кунем. Ахири соли гузашта, моњи ноябр Љамшед Норинов, ки муовини раиси вилояти Суѓд буд, раиси "Амонатбонк" таъин гардид. Раиси нав давоми 6 сол аз соли 2006 то 2012 дар вазифаи муовини вазири молия фаъолият мекард. Аз нафарони наздик ба Љамолиддин Нуралиев, муовини аввали вазири молия ва домоди Президент дониста мешуд. Дар чанд соли ахир маротибаи аввал арзёбї мегардид, ки раиси "Амонатбонк" берун аз доираи нуфузи Њасан Асадуллозода, раиси "Ориёнбонк", додари њамсари Президент таъин шуд. Зоњиран чунин ба назар мерасид, ки "Амонатбонк" ба зери ќаноти Љамолиддин Нуралиев ва вазири нави ў Абдусалом Ќурбонов гузашт. Ќарзњои бузурги "Барќи Тољик", аз љумла ќарзи маоши чандмоња ва њолати молии ногувори ширкат яке аз мавзўњои љаласањои ахири Њукумат мегардад. Бо ташаббуси вазири молия, албатта. Пас аз он масъалаи ба "Амонатбонк" гузаштани суратњисоби "Барќи Тољик" пеш меояд. Тавре маълум, "Барќи Тољик" ширкати сањњомї буда, ба буљаи давлат нигоњ намекунад. Вазифадор нест, ки суратњисобаш дар Бонки давлатии "Амонатбонк" бошад. Танњо дар як сурат имконпазир медонанд, ки бо фишори вазорати молия "Барќи Тољик" метавонад суратњисобашро ба бонки давлатї интиќол дињад. Вазорати молия нозири маблаѓњои буља буда, аз пардохткунандагони њаќи нерўи барќ талаб карда метавонад, ки маблаѓро ба буља гузаронанд. Онро метавон њамчун пешпардохти андоз, ё ќарзи андоз ќабул кард. Инчунин, Вазорати молия бо кафолати Њукумат ба "Барќи Тољик" 289 миллион сомонї ќарз додааст. Аз эњтимол берун нест, ки ин маблаѓ бо боз гардидани суратњисоб дар "Амонатбонк" гузашта бошад. "Амонатбанк"-и давлатї ин кооро сиррї медонад ва шарњ додан намехоњад. Дар њамин њол, ќарзи "Барќи Тољик" аз миллиард сомонї убур кард ва вазъи имрўзаи ширкат умеди мардумро ба барњам додани лимит дар зимистон ба сирф баробар мекунад. Аммо мубориза барои "Барќи то-

“НИГОЊ”, ЧОРШАНБЕ №47 (378) 19. 02. 2014

МУЊОРИБА БАРОИ ХУСУСИГАРДОНИИ НБО -И «НОРАК» ОЃОЗ ШУД... љик" (хонда шавад барои хусусї кардани НБО-њо, хоса НБО-и "Норак") ки бояд ѓайридавлатї шаванд, мисли бебарќ мондани 6 миллион ањолї кори осон нест.

Ќарз андар ќарз "Барќи Тољик" аз бузургтарин ќарздорњо дар назди буљаи Њукумат мебошад. Нусратулло Давлатов, раиси Кумитаи андоз, эълон дошта буд, ки ќарзи ширкат дар назди буља ба 398 миллион сомонї расидааст. Инчунин, ширкат аз нерўгоњи "Сангтўда-1" беш аз 427 миллион ва аз нерўгоњи "Сангтўда-2" 131 миллион сомонї ќарздор мебошад. Тибќи маълумоти расмї беш аз 20 миллион сомонї маоши кормандонашро напардохтааст. Масъулини ширкат мегўянд, ќарзи дебитории ширкат дар интињои соли гузашта ба 884,6 млн. сомонї баробар будааст. Аз љумла, корхонањои хољагии об (обёрї барои обу лой кардани пул аљаб љоест) - 246,7 млн. сомонї, корхонањои соњаи кишоварзї - 54,3 млн. сомонї ва ањолї (Абдулфаттоњи Ѓойиб бар он аст, ки "Барќи тољик" дурўѓ мегўяд) 342,6 млн. сомонї ќарздор мебошанд. Ин њам дар њолест, ки Агентии назорати давлатии молиявї ва мубориза бо коррупсия эълон кард, ки дар ќарзњои дебитории ширкат изофанависиро кашф кардааст. (Э, кош дар хариди молњо бо нархњои њангуфту ба дисконти 40-60 % фурўњтани ќарзњои "Барќи тољик" мекофт) Ба маълумоти Агентї дар асл ќарзи муштариёни шањри Душанбе ба њолатњои 1-уми январи 2012 њамагї 39,4 млн. со-

Норинов, ки муовини раиси вилояти Суѓд буд, раиси "Амонатбонк" таъин гардид. Раиси нав давоми 6 сол аз соли 2006 то 2012 дар вазифаи муовини вазири молия фаъолият мекард. Аз нафарони наздик ба Љамолиддин Нуралиев, муовини аввали вазири молия ва домоди Президент дониста мешуд. Њоло њам иљрогари иродаи дигарон аст.

«

монї ва дар 1-уми апрели соли 2013 62,9 млн. сомониро ташкил медињад. Аммо ин ќарзњо дар њисоботи мусоњибии ширкат беасос 2-3 баробар зиёд 96,8 ва 120,6 млн. сомонї нишон дода шудааст. Пас маблаѓи истифодаи нерўи барќ куљо мераваду бо ин ќадар сохтмони неругоњњои хурд нерўи барќ куљо мешавад?

Нерўи барќ куљо мешавад? Тибќи маълумоти расмии "Барќи Тољик" њаљми истењсоли нерўи барќ дар соли 2013 беш 14 млрд. 193,6 млн.кВт.соатро ташкил додааст. Ин ба љуз нерўи барќест, ки ширкат аз "Сангтўда-1" ва "Сангтўда-2" харидорї намудааст. Аз "Сантўда-1" дар њаљми 1 млрд. 994,4 млн.кВт.соат ва аз "Сангтўда2" дар њаљми 716,7 млн.кВт.соат харидорї шудааст. Дар умум, 16 млрд.904,7 млн.кВт.соат (ќариб 17 млрд. кВт.соат)-ро ташкил медињад. Талафоти технологии нерўи барќ дар соли 2013 ба 14,9% (гўё 2 млрд. 525,4 млн.кВт.соат, ки рўсиёњие беш нест) баробар будааст. Ин њама ба истиснои нерўе, ки аз нерўгоњњои хурду миёна истењсол мешавад. Аз ин њисоб наздики 1 млрд.кВт.соат дар соли 2013 нерўи барќ аз Тољикистон ба Афѓонистон 937,4 млн.кВт.соат ва ба Ќирѓизистон 27,9 млн.кВт.соат содир кардаанд. Ба њисоби коршиносон бо чунин истењсол бояд дар Тољикистон танќиси нерўи барќ эњсос нашавад. Чаро? Соли 1989 дар Тољикистон зиёда аз 19 млрд.кВт.соат нерўи барќ истењсол шудааст. Вазъи онваќтаи саноати Тољикистон ба маротиб аз њоло бењтар буда, аз љумла, заводи алюминиуми "Талко" бо иќтидори пурааш фаъолият мекард. Аз истеъмолгарони асосии нерўи барќ ба њисоб мерафт. Њоло "Талко" нисбат ба он солњо 5-6 млрд.кВт.соат камтар нерўи барќ истеъмол мекунад, инчунин дигар корхонањои саноатї аз байн рафтаанд, пас ин миќдор нерў бояд кифоя бошад.

Мегўянд, људо шудан аз шабакаи ягонаи барќии Осиёи Марказї низ бояд бањона набошад. Чунки Тољикистон аз Ўзбакистон њамагї дар фасли зимистон 300 млн.кВт.соат нерўи барќ мегирифт. Чандин маротиба дар матбуот масъалаи ќочоќи нерўи барќ ва об дар Тољикистон бардошта мешавад, аммо ин гуфта аз љониби касе рад нашудаву барои исботи он љонибе азм накардааст. Дар вазъи бади молиявї ќарор гирифтани ширкатро низ беасрор гуфтан нашояд. Чун нерўи барќи истењсолгардида, бехаридор нест. Ба маълумоти расмї маблаѓи њисобишудаи нерўи барќ дар соли 2013 беш 1 млрд. 275,8 млн.сомонї мебошад, ки аз ин њисоб 1 млрд. 70,9 млн.сомониаш ё наздик ба 350 миллион доллар љамъоварї гардидааст. Бигзарем аз ќарзњои бузург, бо ин 27-30 миллион доллар даромади моњона чаро коргарони "Барќи тољик" бемаош мемонанд? Ин суол љавоб дорад: њама дар фикри аз худ кардани маблаѓњои ширкатанду ба даст овардани сањмияњои неруггоњњои бузурги Тољикистон. Бале, њанўз, тобистони соли 2011 ќарори Њукумати ЉТ "Оид ба тасдиќи Наќшаи инфиродии таљдиди сохтори ШСХК "Барќи Тољик" барои солњои 2011-2018" баромада буд. Дар маљлиси васеъи Њукумат Президент супориш дод, ки корњои таљдиди ширкат тезонда шавад. Мањз, пас аз ин супориш гардишњои нав дар сарнавишти ширкат пеш омад. Иваз шудани бонки хизматрасон барои "Барќи тољик" аз зумраи онњост. Зеро гуруњњои нави моливу бонкии дигар низ мехоњанд ба прихватизатсияи "Барќи тољик" њамроњ шавад. Муборизаи ин гуруњњо бо чї меанљомад, њануз маълум нест.

Паёмад Барои таљдиди сохтори "Барќи тољик" ширкати бритониёии "Corporate Solutions" љалб шудааст. Айни њол, гурўњи кории "Барќи Тољиќ" бо ин ширкати англисї кор бурда истодаанд. Сохтори нави идоракунии "Барќи тољик" тањия ва ба Шўрои нозирони Њукумат пешнињод шудааст. Аз љумла, ширкат ба ширкатњои барќистењсолкунанда, интиќолдињанда ва фурўш таќсим хоњад шуд. Асрори талошњо ба воситаи гузарондани суратњисоби ширкат ба "Амонатбонк"ро дар таљдиди ширкат љустан мумкин аст, ки аз ду сарчашма маншаъ мегирад. Аввал, баъди таљдиди сохтор гардидани ширкат идоракунии нерўгоњњо низ мустаќил мегарданд. Аз луќмањои тайёр барои гурўњњои манфиатхоњ мешаванд. Талоши зери нуфўз гирифтани ширкат аз њоло зери чашм кардани нерўгоњњоро дидан мумкин аст. Дуюм, зери даст гирифтани гардиши маблаѓи "Барќи тољик" мебошад. Амалан, пули наќдро ба бонк ворез мекунад. Ба гуфтаи њолдонњо ваќте суратњисоб дар "Ориёнбонк" ќарор дошт, нафароне, ки ба "Барќи Тољик" мањсулот мефурўхтанд, бо бахшидани то 30-40%-и ќарзашонро ба миёнаравњо мефурўхтанд. Дасти дарози рањбарияти "Ориёнбонк" маблаѓи ширкатро то љое њифз мекард. Акнун, ин гардиш бо эњтимол дар дасти гурўњњои нави молї ба маротиб болотар рафта, таќдири номуайяне ин маблаѓњо ва муњити сиёсии кишварро интизор аст, зеро филњои азими иќтисодї зидди њам дандоз тез кардаанд.

Азамати ВАЊЊОБ


6

“НИГОЊ”, ЧОРШАНБЕ №47 (378) 19. 02. 2014

Дар Кодекси нави андоз аз 22 номгўи пешина 10 адад боќї монда бошад њам, соњибкорони Шимоли кишвар мегўянд, дар асл ягон таѓйирот ва ё имтиёзи бештар ба истењсолотчиён дода нашудааст. Аз рўи маълумоти расмї њудуди 10 дарсади бозорњои дохилии шањри Хуљандро мањсулоти либосвории истењсоли ватанї ташкил медињаду халос. Ин дар њолест, ки танњо дар шањри Хуљанд 7 корхонањои калони саноатї ба истењсоли мањсулоти нињої, яъне либосворї машѓуланд. Бар замми ин 20 коргоњњои хурди дузандагї низ амал мекунанд ва аз рўи тањлилњо беш аз 90 дарсади мањсулоти ин корхонањо ба хориљи кишвар содирот мешавад. Њарчанд ин мањсулот нархи арзон ва сифати баланд дошта бошанд њам, дар бозорњои дохилї харидор надоранд, вале дар хориљи кишвар ба он талабот хеле зиёд аст. Гуфта мешавад, ки солона то њудуди 100 миллион сомонї корхонањои шањри Хуљанд ин гуна мањсулоташонро ба хориљи кишвар содирот мекунанд ва ин раќамњо низ сол аз сол афзоиш меёбанд ва танњо имсол нисбат ба соли гузашта ба маблаѓи 20 миллион сомонї содироти мањсулот зиёд шудааст.

ДАР ШИМОЛ

MADE IN TAJIKISTAN АЗ…АМРИКО!? Ва ё чаро мањсулоти худї бозоргир нестанд Шояд камхаридор будани мањсулоти онњо аз он аст, ки молашонро таблиѓ намекунанд. Аммо соњибкорон аз он њарос доранд, ки ваќтке молашон "реклама" шуд, њатман кормандони андоз "аз гиребонашон" медоранд.

Ќочоќ ва андоз Бино ба маълумоти ѓайрирасмї, имрўз он либосе, ки аз хориљи кишвар ба Тољикистон меояд, аксарият тариќи ќочоќ вориди бозорњои мо мешавад ва ба назари коршиносон њам то ин роњ аз тарафи масъулин љилавгирї карда нашавад, наметавон мањсулоти дохилї ба бозор роњ ёбад.. Дигар масъалае ки соњибкоронро нигарон кардани системаи андозбандї дар Тољикистон аст. Њарчанд имрўз дар Кодекси нави андоз аз 22номгўи пешина 10 адад боќї монда бошад њам,соњибкорон мегўянд, дар асл ягон таъѓирот ва ё имтиёзи бештар ба соњибкорони истењсолотчї дода нашудааст. Дар дигар кишварњо ба соњибкорон имтиёз медињанд ва як муддати муайян онњоро аз андозбандї озод мекунанд, вале дар мо....

Дизайни тољикї Ба назари коршиносон ягона роње ки барои серхаридор шудани мањсулоти худї дар бозори дохилї мусоидат карда метавонад, ин дизайни хуб доштани либосворї ва ворид намудани технологияњои нави замонавї дар корхонањо буда метавонад. Маќсуд ЗИЁБОЕВ,раиси кулли Палатаи савдо ва саноати вилояти Суѓд, мегўяд,набудани технологияњои нав ва ба таври замонавї истењсол нашудани мањсулот дар бисёре аз корхонањо сабабгори он шудаанд, ки мањсулоти пастсифати хориљи кишвар ки танњо ороиши хуб доранд, бозоргир шаванд. Дар сўњбат њам яке аз фурўшандагони маѓозаи фирмавї дар шањри Хуљанд гуфт, ки аксар аз ин маѓоза калонсолон либос мехаранд ва дар баробари ин љавононе, ки танњо эњтиёљ ба либосњои пахтагин доранд, ба ин љо меоянд. Аз рўи мушоњидањо низ маълум гашт, ки аксаран либосњои ба фурўш гузошта, ба истилоњ,

Ќадами нахустин намуди "классикї" доранд, на замонавї. Ин њолатро яке аз сабабњои камхаридор шудани мањсулот арзёбї мекунанд.

Тўњфа аз ИМА-MADE IN TAJIKISTAN Анвар ХОЉАЕВ,як сокини Хуљанд, мегўяд, ба наздикї яке аз дўстонам ба ИМАсафар дошт ва њангоми баргаштан аз он љо барои мо њамчун тўњфа як шими љинс овард, он истењсоли ватанї буда, дар он MADE IN TAJIKISTANнавишта шудааст. Ростї,

СУЃД: ЊАМХОБААШ ОЛОТИ МАРДИИ МИЛИСАРО БУРИД Аз рашку њасад, њамхобаи корманди Шуъбаи пешгирии љинояткорї миёни љавонон ва ноболиѓони ВКД дар шањри Исфара олоти мардии ўро бурида, милиса зинда мондааст.

Бино ба талаботи меъёрњои ахлоќї, мо аз овардани ному вазифаи Ф.Х. худдорї мекунем. Бино ба иттилои манобеъи TojNews, Ф.Х. дар њоле аз олоти мардиаш мањрум шудааст, ки њамхобаи ў, С.Х., сокини шањри Конибодом, ки гўё њамсари дуюмаш низ будааст,

аз рашку њасад ба њамсари ќонунии милиса олоти мардии ўро буридааст. Ин њодиса 21-уми январ дар њоле рух додааст, ки Ф.Х. дар назди њамхобаи дуюмаш њамсари худро таъриф кардааст. Таърифу тавсифи њамсараш милисаро аз олоти мардї мањрум кард. Рашку њасади њамхобаи дуюмаш боис шудааст, ки зан узви таносули милисаро буридааст. Дар робита ба ин ќазия Прокуратураи шањри Конибодом нисбати С.Х. парвандаи љиної оѓоз кардааст. Нисбати С.Х. бо дастрасї ба ќисми 1-и моддаи 110-и Ќонуни љиноии Тољикистон (ќасдан расонидани зарари љисмонї) парванда оѓоз шудааст. Дар Раёсати ВКД дар вилояти Суѓд мегўянд, њоло Ф.Х. бо сабаби дар рухсатии табобатї ќарор доштанаш муваќќатан аз иљрои вазифаи хидматї озод карда шудааст. Хайруллои ДАЛЕР

боварам наомад ва дўстам гуфт, ки ба ин гуна либосњо ки сирф аз пахтаанд, дар Амрико таваљљўњ хеле зиёд њаст ва дар баробари ин серхаридор низ. Аммо дар шањри Хуљанд бошад, таваљљўњи мардум ба ин гуна либосњо кам аст. Тањмина РАУФОВА,фурўшандаи мањсулоти фирмавї,низ изњор дошт, ки бештар аз ин маѓоза нисбат ба сокинони мањаллї мењмонон аз шањри Душанбе ва хориљиён харидорї мекунанд.Аљобат њам дар он аст, ки агар як шими љинсе, ки аз нахи сунъї омода шудаву аз хориљи кишвар ворид шудааст дар бозор ба њисоби миёна аз 70 то 200 сомонї арзиш дошта бошанд, дар маѓозањои фирмавї нархи ин гуна либосњо, ки аз пахта омода шудаанд, њамагї аз 50 то 70 сомонї фурўхта мешаванд. Мирзоаъзам МАЌСУДОВ,коршиноси мањаллї, пешнињод дорад, ки бояд ин гуна корхонањо маѓозаи фирмавии худро дар дохили шањр бештар кунанд ва барои муарифии молашон онро "реклама" намоянд.

Ду сол ќабл аз ин тасмим гирифта шуд, ки дар мактабњои тањсилоти умумї барои хонандагон либоси ягона љорї карда шавад. Дар паи ин иќдом роњбарони мактабњо ўњдадор шуданд, ки бо коргоњњои дўзандагї шартнома баста, аз он љо барои хонандагони мактабњо либос фармоиш дињанд. Њарчанд, ки ин амал дар аввал њар гуна сару садоњоро байни мардум ба вуљуд оварда бошанд њам, вале имрўз натиљаи мусбат дод. Чун агар аз як тараф мањсулоти пахтаи худї коркард шудаву бо сифати баланд ва нархи дастрас пешкаши тарбиятгирандагон шуда бошад, аз тарафи дигар миллионњо сомонї, ки њамасола барои харидории либосворї ба буљаи кишварњои њамсоя мерафт, ба буљаи Тољикистон вордид гашт. Хулоса, то кадом андоза масъулин бањри ислоњи ин муаммо кўшиш намуда, соњибкоронро дастгирї мекунанд, танњо ваќт нишон хоњад дод. Афзали СОЛЕЊ


ШИНОХТИ МИЛЛАТ

“НИГОЊ”, ЧОРШАНБЕ №47 (378) 19. 02. 2014

7

CУСТАНОСИР: ОШНОИ НОШИНОС МЕЊМОНШОЊ ШАРИФОВ

З-ин њамрањони сустаносир дилам гирифт Шери Худову Рустами Дастонам орзуст. Румї Дар маќолоти илмии англисї чунин истилоњеро метавон хонд, ки дар бораи рўйдоде ва ё маъние менависанд: "…cries out to be explained" , яъне, ин ё он маънї " гиря дорад, ки шарњ дода шавад". Ва рўйдоди маънавие, ки имрўз дар воќеияти мо на гиря, балки нола дорад, ки шарњ дода шавад, маъниест, ки онро бо калимаи "сустаносир" метавон баён кардан. Њолати имрузаи зиндагї ва cатњи фикри мо ва хусусан, фикри фалсафии мо, дар њама таркибњои љомеъаи мо равшан гуфта истодааст, ки "давраи тиллоии сустаносир фаро расидааст". Ин намуд инсонро, яъне сустаносирро, мутафакирони зиёди мо то Мавлоно ва баъди ў њам шинохта ва тавсиф кардаанд, вале вазъ ва сатњи имрўзаи фикр ва воќеъияти мо исботи њастии фаъолонаи ўст.... Ва њастии њамин сустаносир аст, ки дар мо мафњумњои Худї, њаќиќат, ќудрат, озодї, њуввият, сиёсат, фарњанг дигар дар раванди њаёти мо маънии аслии хешро гум кардаанд. Мавлоно гуфта буд, ки "инсон устурлоби њаќ аст ва мунаљиме мебояд то ин устурлоб бидонад" ва акнун метавон гуфт, ки шинохти (тафсири) ќањрамони даврони мо - сустаносир ин сабаби шинохти тарзи тафаккури паст ва љањонбинии бе љањони имрўзаи Тољикон метавонад бошад... Оё имруз барои файласуфони тољик имконе њаст, ки мавќеъи муайяни фикрии хеш (метафизика), феноменологияи хеш, яъне тољрибаи зиндаи њаёт ва воќеъияти хешро дошта бошанд ? Оё онњо метавонанд аз њаќиќате дифоъ кунанд, ва дар баробари Њаќ ва халќ љавобгариеро њис кунанд? Оё ин мавќеъи фикрї метавонад аз воќеъияти онњо сар зада бошад ва оё воќеъият ва фикру хайёлоти мардум метавонад аз фикри мутаффакирон насибае дошта бошад? Ин саволот решањои амиќи сиёсї - таърихї ва равонї - фалсафї дошта, посух ба онњо метавонад, табиати бўњрони фарогири дирўз ва имрўзаи тољиконро рўшан намояд. Муаллиф бар он аст, ки яке аз сабабњои ин буњрони зикршуда ин бегонашавии онњо аз тарзи суннатии тафаккурест, ки бунёди сохтмони Худї (шахсият), роњњои шинохти Њаќ ва њаќиќат, љањонбинї, фарњанг, санъат ва муносибати онњо бо дигарон буд.

эй у т ї т - Кис ос ? н и ш но

Ва ин ќисса, ки гўё, тољикон ќавми сахтазобдидаи таъриханд ва хўйи ѓуломї гирифтаанд, худ он ќадар амиќ нест, чаро ки инсонњои огоњ ва азобдида хўйи ѓуломї намегиранд, балки аз сахтињо бештар меомўзанд ва таљриба меандўзанд ва инсонњои озод дар њама давру замон ва хусусан дар рўзгорњое, ки сахт зери фишорњои гуногунанд, соњиби мавќеъи фикрии хешанд. Як муддате, ки тољикон ба афсонањои ѓайр дар бораи худ бовар карданд, замоне буд, ки онњоро аз роњи аслии сохтмони Худї ва тафаккури асл дур карданї шуданд, то дигар ба Њастї, Њаќиќат ва Њаќ алоќа надошта бошанд. Хушбахтона, ин наќшањо пурра амалї нашуданд ва "он ќадањ бишкасту он соќї намонд"(Аттор) ва баъди пош хўрдани Шўравї умеде дар дили мардум зинда шуда буд, аммо акнун маълум гашт ки њанўз њам барваќт аст дар бораи истиќлоли фикрї, ки бунёди истиќлоли асл аст, сухан кардан, зеро вазъи имрўзаи фикрї ва зиндагие, ки ќисме аз файласуфон ва ба ном зиёиёни тољик, ки Румї ин намудњоро 'сустаносир' хонда буд ва онњоро њар давре, хољае нав њамљун ноќил истифода мекард ва мекунад, гувоњи

ин фикр аст. Имрўз њам ин намудњо бо суханбози мардуми хешро дар пардаи пиндор нигоњ дошта, бо он чи дар таърихи онњо гузашту мегузарад, танњо дигаронро гунањгор медонанд, вале ягон бор ба худ рўй наовардаанд, ки худ киянд ва чаро дар банди маризињои таърихї мондаанд ва чаро дирўз якдигарро эљодкорона ва вањшиёна нест карданд ва имрўз ба чи кор машѓуланд ва оё ин њама гандумнамоиву љавфурўшињо ба ягон бадбахтии дагар намеорад. Ва мављудияти ин одамакњо нишондињандаи он аст, ки тољикон ба он арзиши бунёдї, ки тољикро Тољик месохт, яъне ба фикр кардан, ба фикри фалсафї ё њакимона њанўз њам бегона мондаанд. Аз фарњанги офаридан ва офаридани фарњанг, ки аз фикр кардан ва амал кардан иборат буд, дур шудаанд. Хонандагони муњтарам бояд дар хотир дошта бошанд, ки ваќте мо дар бораи тафаккури суннатї њарф мезанем, маќсади муќобилгузории як падидаи суннатиро бо падидаи модерн (нав) надорем, њарчанд метавон ин корро кард ва дид, ки равиши фикрии суннатии мо фарогир буд ва то љое афзалияти худро имрўз њам нигоњ

"ИДЕАЛ" - дар њаќиќат хароб мешавед! "Идеал"-фитомаљмўи гиёњњї буда ба љабидани равѓан дар организм монеа мешавад, холестеринро аз меъда бароварда ба таљзияи он мусоидат мекунад; -таъсири нарми дарунронї дорад; -хориљшавии моддањои зарароварро аз организм метезонад; Бемислии ин даво дар натиљаи тањќиќотњо дар Маркази тибии Идораи давлатї дар назди президенти РФ (Москва) тасдиќи худро ёфтааст. Дар интернет "Идеал"-ро љўё шавед ва худ шоњиди таъсирнок будани он гардед. ИСТИФОДА: Ба калонсолон (Марду-зан) аз 1-то3 донача1 бор дар як рўз шабона њангоми хўрок. Ба духтур дар сомона савол дињед: WWW.IDEAL-FIGURA.RU Нархи фурўш; 85сомонї Аз дорухонањои шањр пурсон шавед!

доштааст. Дурї аз тарзи тафаккури суннатї ва њам аз фикри навин ва умуман аз фикру амали асл боиси пурќуват шудани хаёлот ва тассавуротњои кўчаву бозор дар љањонбинии файласуфњои мо шудааст. Ба хусус имрўз мебинем, ки файласуф худ њамон љахонбинии умумии омро дорост, ќобилияту ѓунљоиши зери шубња ва савол гузоштани воќеъиятро, ки ин љањонбиниро меофарад, надорад. Њоло он ки фалсафа худ боиси ташаккули љањонбинии асл мешавад. Мафњумњои "судур"(боло рафтан) ва "нузул"-и (фуруд омадан) фалсафаро акнун бо таљрибаи ба мансабе расидан ва аз он озод шудан мањдуд кардаанд. Масалан, боре чун роњбари пажуњишгоњеро аз тарафи ќудратмандони давр таъин карда буданд, њамкораш мегуфт ки "ў худаш аз боло омада аст ва медонад..." ва дигарон бо тасдиќ чунон калла мељунбонданд, ки гўё "Љабраил аз пеши Худованд омада бошад". Ин мисол ва он рафтору кирдори ин њакимтарошон нишондињандаи дар ин љомеа беарзиш шудани њам аќл ва њам имон аст. Љањонбинии файласуфони мо аз љањонбинии ом кам фарќ мекунад - ва агар соњиби таљрибаи мустаќили њастї ва њаќиќат мебуданд, онњо, албатта, соњиби ќудрат ва нуфуз мебуданд ва он гоњ медонистнд, ки агар болое аст, он боло онњоянд. Олимони ин миллат шояд як чизро фаромўш кардаанд, ки барои зиндагии мардум љавобгарии азим доранд ва низом, инкишоф, озодї, тараќќї ва адолати љомеа аз дониш ва таљрибаи онњо пиёда мешавад, на аз болои дигар... Онњо дар болоеанд, ки ба њастї ва њаќиќат имкони амалї шудан медињанд. Вазифаи мутафакирони асл ин болоро, яъне он фазои озод ва мустаќили фикриро ташкил кардан аст, ки дар он барои ба зери шубња гузоштан, танќид кардани рўњи замони хеш ва сохтани дониши нав имкон бошад ва он гоњ зиёиён метавонанд, њам дар долонњои њукумат ва њам мисли пайѓамбарони тавротї ва баъзе аз уламои тољик, берун аз дарвозањои шањр барои њаќиќат ва халќ хидмати самимї ва содиќона кардан. Мутаассифона, мушкилотњои имрўзаи "боло" њам аз њамин сустаносирњост ... Аз рўи тањлили љањонбинии ( олами арзишњо, идеалњо, идеяњо, эњсосот ва хаёлоти мо) тољикон метавон ба хулосае омад , ки ин ќавм замоне фикри мустаќил дошт ва аз роњњои шинохти худї, њаќиќат, њастї ва табиат бархурдор буд. Мутаассифона, чанд ваќт боз бо он тарзи таффакур ва роњњои шиноњт ва бархурд бо њастї ва воќеият бегона шудааст... Њоло гуруње сустаносир ва њашавї (таќлидкор, дар бораи онњо Љоњиз мегўяд "Мо худ хурокро њазм мекунему њашавињо хуроки њазмкардаи дигаронро...") аз пушти ин халќ ва ин миллат лофи соњибфикрии (фалсафаи) ин миллатро мезананд, дар бораи "зиёї" ва "равшанфикр" бањсњо барпо мекунанд, вале аз њолату воќеъияти ин ќавм, дарди ў ва маргу зиндагии ў фикри дуруст надоранд. Ва ин њам ќисми љањонбинї ва сиёсатї ин ќавм - тољикон шудааст, ки юсуфони хешро ба чоњ андохта, аз файласуфони хеш чун аз чароѓакњои каммасраф барои 'равшан кардани' ин чоњ истифода мекунанд, вале дар хусуси эњёи фикр, ки сарчашмаи аслии пешравии њама тарафњои њаёт аст њаракат намекунанд....

нд ва


8

ДАР ОИНАИ ТАЪРИХ

“НИГОЊ”, ЧОРШАНБЕ №47 (378) 19. 02. 2014

15-уми феврали соли 1989 лашкари шуравї аз Афѓонистон берун шуд. Сивупанљ сол моро аз он рўйдоди нангини таърих људо мекунад. Рўйдоде, ки на танњо барои Афѓонистон ва мардуми он, балки барои њамсоягонаш ва умуман башарияти худогоњ дарси ибрат бошад. Бахусус, барои он ќавму миллатњое, ки худро дастнигар ва мутеъи низомњои худкомаи кишварњои ќудратманд кардаанд. Муруре ба се дањсолаи таърихи Афѓонистон кофист, ки ин њаќиќат ошкортар дарк шавад. Дар ин се дања ду ќудрати љањонї: Иттињоди Шўравии собиќ ва ИМА дахолати мустаќим дар умури дохилии Афѓонистон доштанд. Ва ин се дања дарсњои омўзандае доранд, ки ёдоварї аз онњо метавонад сабаќи хубе барои имрўзиён бошад. Ба назар мерасад роњбарони Афѓонистон сар аз дањаи шастуму њафтодуми асри гузашта хоставу нохоста сар зери бори гарони вобастагї аз ќудратњои олам гузоштаанд ва имрўз њам он чун анъанаи коммунистони пешин идома дорад. Коре, ки баъди пирўзї Эрони исломї накард ва чун бо роњи истиќлолияти андеша афкор ва сиёсати мутаќил гом зад, имрўз аз муваффаќтарин кишварњои минтаќа аст. Аммо дар Афѓонистон њарчанд инќилобњоро њам марњила ба марњила эълон карданд ва табаддулоти худро тай шудани марњилаи дигари инќилоби пирўзшуда медонистанд, сатњи дарки давлатдорї њамоне монд, ки буд. Аз миёни њама чор роњбари то пирўзии муљоњидин: Нурмуњаммад Таракї, Њафизулло Амин, Бабрак Кармал ва Наљибулло сарнавишти талхтарин насиби Амин шуда буд. Аз миёни ин чор нафар танњо Кармал бар асари беморї соли 1996 дар Маскав даргузашт, вале сеи дигар ба зиндагонии худ фољеабор поён доданд. Њафизулло Аминро сарнавишти Таракї пеш омад, вале фољеаи Амин мудњиштару таассуфбарангезтар буд. Њарчанд дар марњилањои дигар роњбарони баъдї ва ин ибрат нагирифтанд. Амин аз наздиктарин шогирдон ва муваффаќтарин сиёсатмадорони омўзишдидаи Нурмуњаммад Таракї буд. Вале аз шогирдони бевафо ва љоњталаб, ки билохира теѓи адоват ба рўи устодаш кашид. Александр Пузанов, сафири Шўравї дар Афѓонистон то соли 1979, ки шинохти комиле аз Таракї ва Амин дошт, дар хотироташ менависад: "Ман ба шумо мегўям, ки Амин хеле марди оќил буд. Хели шахсияти кордону корчаллон ва донишманд буд. Таракї ўро аз њама шогирдони дигараш соњибистеъдод ва вафодор медонист, ба вай пурра бовар дошт, њатто мегўянд бештар аз худаш ба Амин бовар мекард". Вале ин шогирд баъди як интригаи дарборї, ки њатто Брежнев онро тафриќаи њизбї номид ва нома кард, ки ба он хотима дињанд, устодро ба ќатл расонд. Далелњо меоваранд, ки бо дастури Амин љонишини сардори Гвардияи президентї оид ба масоили сиёсї Рузї Таракиро бо болишт нафасгир намуд ва кушт. Ва бо гузашти њамагї се

моњ ин сарнавишт ба сари худи Амин омад, вале дањшатноктар ва мудњиштару фољеабортар аз он.

"Мо Аминро як чењраи зиддиамрикої медидем…" Муаррихон ва тафсирнависони воќеъоти Кобули охири солњои 70-и асри гузашта бо такя ба ёддошти њамзамонон, далелњои њуљљатї ва шањодати шоњидон ин гуна ќаламдод кардаанд, ки њарчанд Амин садоќати бемисл ба њизбаш дошт ва Шўравиро такягоњи аслии худ медонист, баъди табаддулот ва ќатли Таракї боварии Кремлро аз даст дод. Њафизулло Амин баъди пирўзї террори бозмондагону пайвандон ва пайравони Таракиро оѓоз кард, ки ин Маскавро нигарон сохт. Њатто хоњиши Маскавро дар мавриди ќатл накардани Таракї иљро нанамуд, њарчанд ваъда дод, ки мўе аз сараш кам намешавад. Шўравињо Аминро гумоштаи СРУ эълон карданд, вале далели ќотеъ ва раднопазир дар ин бора вуљуд надорад. Як дипломати олирутбаи амрикої, ки солњои дароз дар Афѓонистон кор кардааст гуфта буд: "Бале Амин дар ИМА бо пули мо тањсил кардааст, вале мо ўро њамеша як чењраи зиддиамрикої медидем. Мо тааљљуб мекардем, ваќте шўравињо мегуфтанд, ки вай гумоштаи амрикоињост". Доктори илмњои таърих Юриё Кузнетсов, ки солњои 1979-1987 чун мушовири сиёсї дар Кобул кор крадааст, дар хотироташ менависад, ки шањодати мустаќими агенти СРУ будани Амин вуљуд надорад, танњо як навиштаи ў, ки дар вараќе пайдо шудааст: "шумораи телефони агенти СРУ дар Њинд фалонї". Аммо њеч ваќт касе наметавонад њатто тахмин кунад, ки ин иттилоъ чаро ба вай лозим буд". Александр Пузанов низ комилан ин гуна иддиоро, ки гўё Амин зидди Шўравї буду љосуси Амрико рад мекунад ва мегўяд Амин боре ба њайати ворида аз СССР гуфта буд: "Ман њатто шўравитар аз шумоям". Вай дар наќша дошт, ки конститутсияи Афѓонистонро дигаргуна, ба мисли ќонуни асосии Шўравї тањия кунад, ки дар он тезиси диктатураи пролетариат вуљуд дошта бошад, мехост тадриљан Афѓонистонро ба як давлати шабењи Иттињоди Шўравї, мураттаб аз паштунињову тољикон ва балуљињо табдил дињад. Ба гуфтаи шоњиди айнии дигар, генерал-майор Василий Заплатин, мушовири сардори Раёсати кашф Њафизулло Амин њамеша 7 ноябр ва 9-майро љашн мегирифт ва дар ин ду љашнвора вай ба худ он иљозаро медод, ки сад грамї водка нўшад, вале дар идњои дигар аслан наменўшид.

Тарњи барканории Амин дар сатњи Бюрои сиёсии КПСС кашида шуд Билохира ќарор шуд, ки дар кутоњтарин фурсат Њафизулло Амин аз ќудрати сиёсиву низомии Афѓонистон барканор ва як шах-

КРЕМЛ БА ШАРИКИ СТРАТЕГИАШ ЗАЊР ХЎРОНИД, АММО ЊАФИЗУЛЛОЊ АМИН НАЉОТ ЁФТ... си мусоид ба њадафњои Маскав сари кор оварда шавад. Ин номзад Бабрак Кармал буд ва номзадии ўро Юрий Андропов дастгирї мекард. Табаддулоти Кобул ва ќатли Таракї Аминро ба идомаи муќовимати исломгароён ва мухолифони дигараш њушдор медод. Аз ин рў вай њам ба мисли пешгузаштаи худ аз Маскав таќозои ёрии низомї намуд. Аммо Кремл ин пешнињод ва ин даъватро ба нафъи худ истифода кард. Тарњи барканории Амин бояд зудтар омода мешуд ва бо истифода аз бебандубории эњтимолие, ки мухолифонаш метавонистанд роњандозї кунанд, ин наќша мебоист амалї мегардид. Аввали моњи декабр ба истилоњ "баталони мусалмонон", ки тобистони њамон сол аз њисоби сарбозону афсарони зодагони Осиёи Марказї таъсис шуда буд, ба Кобул эъзом карда шуданд ва тасмими ќатъии бартараф кардани Амин дар љаласаи Шўрои сиёсии КМ КПСС дар таърихи 12 декабри соли 1979 гирифта шуд. Сарвари раёсати "С" (хадамоти љосусии ѓайрисмї) Ю.Дроздов, ки дар Кобул буд, хеле баъдњо гуфтугўяш бо Андроповро пеши назар меорад, ки 27 декабр тахминан соати 15 бо ваќти мањаллї иброз доштааст: "Намехостем, вале бояд кард" ва илова кардааст: "Туро на ман мефиристам" ва баъд њамаи аъзоёни Бюрои сиёсиро ном гирифтааст, ки бо ў дар њамон утоќ нишаста буданд. Яъне, тасмими вуруд ба Афѓонистон дар сатњи олї гирифта шудааст ва дигар љои шубња намонда буд, ки роњбарияти Шўравї мехост бо барканории Амин авзоъи

минтаќаро зери назорат гирад ва аз вуруди амрикоињо, ки тахмин зада мешуд, љилавгирї кунад. Бино ба гуфтаи ин шоњиди њодиса онњоро ба пўшидани сару либоси афѓонї омўзиш доданд. Албатта, онро танњо дар майдони машќњо мепўшиданд ва пеш аз бозгашт ба ќисми њарбї дубора сару либоси њарбии худро ба бар мекарданд. Рустам Турсунќулов, яке аз фармондењони гуруњњои зудамал мегўяд: "Ќабл аз њар чизи дигар њайати миллии бригадаи зудамал тааљљуббарангез буд. Њамаи онњо ўзбак, тољик ва туркман буданд. Њатто афсарони он кулан аз сокинонии Осиёи Марказї интихоб шуда буданд. Танњо фармондењи взводи зенитї Василий Праута украин буд. Вале вай њам хеле кам ба славянитаборон монандї дошт. Василий мўйлаб мемонд ва агар суњбаташ набошад, фарќ кардани насабаш басо мушкил буд. Аз сўи дигар ин ќисмро водор карданд, ки рондани мошинњои зирењпўшро омўзанд, истифода аз норинљакандози АГС17 ва огнемёти "Рис"-ро омўзониданд. Дар ќисми таъминоти тиббї духтуроне љалб шуда буданд, ки амалиётњои кучаки љарроњиро тавонанд роњандозї кунанд. Њамаи ин баёнгари он нукта буд, ки воњиди низомии мазкур мебоист хеле пинњонкорона амал мекард, ягон навъи техникаи вазнини љангї набояд ширкат менамуд. Њайати шахсии взводи ман иборат аз 44 нафар буд ва ин боз дар њолест, ки тибќи ќоида гуруњи таъиноти махсус мебоист на бештар аз 7 то 12 нафарро ташкил медод".

АРТИШИ ШЎРАВЇ БО ТАЛАФОТИ ЉОНИИ БЕШ АЗ 15 ЊАЗОРА ВА 50 ЊАЗОР ЗАХМЇ АФЃОНИСТОНРО ТАРК КАРДА, БЕШ АЗ 1 МИЛЛИОН НАФАР КУШТА АЗ МАРДУМИ БЕСИЛОЊИ БУМИРО БОЌЇ МОНДАНД


СУРАТИ СИЁЊ

“НИГОЊ”, ЧОРШАНБЕ №47 (378) 19. 02. 2014

9

"Шторм-333" амалиёти ќатли Амин ва сабаќи таърих

ПИСАРИ 11-СОЛАИ ПРЕЗИДЕНТ АЗ ЗАХМИ НОРИНЉАКЕ, КИ БА УТОЌИ ПАДАРАШ ПАРТОВ ШУДА БУД, ДАР ЊАМИН ЌАСР ЊАЛОК ШУД, АММО ЊОЛО КАМ КАСОНЕ ДАР АФЃОНИСОН ЁФТ МЕШАВАНД, КИ БА АРВОЊИ ПАДАРУ ПИСАР ДУО ХОНАНД... Роњандозии амалиёти вижаи безараргардонии Амин марњилањои хосеро тай кард. Аввал заминањои табии ин њамла муњайё шуд, то ба вуруди сарбозону афсарони бештар ба кохи Раёсати љумњурї шубњаеро ба бор наёрад. 14 декабр баталони 345-и полки парашютї- десантї ба таќвияти баталони 111 фиристода шуд, ки аз 7 июли соли 1979 тайёрањои њарбї-боркаши шўравиро њимоя мекард. Њамзамон бо ин Бабрак Кармал ва чанд тан аз њампаймонњои ўро пинњонї ба Афѓонистон оварданд ва онњо муддате њамроњ бо сарбозони Шўравї дар Багром монданд. Аввалин сўиќасди нофарљом, вале барои амалї шудани наќшаи шўравињо мусоид зидди Амин 16 декабр сурат гирифт. Аммо он ба њадде ноком буд, ки мушовирони Шўравї лозим донистанд фавран Кармал ва њамроњонашро ба Иттињоди Шўравї баргардонанд. Ин сўиќасд бањонаи дигар шуд ва Маскав бо маќсади таќвияти амнияти президенти Афѓонистон неруњои тоза ворид кард. Низомиён ва хадамоти амниятии Шўравї фурсатталабона ва басо зираконаву њушёрона кор мебурданд. Ба муљарради вуруди сарбозони њифозатии кохи Раёсати љумњурї неруњои хушкигард ва десантї аз Белорусия ба округи њарбии Туркистон, аз љумла Тољикистон ва Узбакистон ворид карда шуданд. 25 декабр аллакай вуруди нерўњои Шўравї ба Афѓонистон оѓоз гардид. Аввалин коре, ки анљом гирифт, масдуд кардани њаракати њавопаймоњо дар фурудгоњи Багром буд ва бо як муќовимати басо кутоњ бо низомиёни афѓон назорати комили авзоъ дар атрофи кохи раёсати љумњурї ба дасти шўравињо гузашт. Њамла ба ќасрро полковники КГБ Григорий Иванович Бояринов, сардори курсњои такмили ихтисоси њайати афсарони КГБ СССР сарварї мекард, ки дар љараёни ин њамла кушта шуд. Ширкаткунандагони онро ба ду даста: "Гром" (Раъд), ки иборат аз 24 нафар буд ва аксари онњо љанговарони омўзишдидаи "Алфа" буданд ва "Зенит", иборат аз 30 тан, афсарони таљрибадори захирањои махсуси КГБ буданд. Љанговарони ба истилоњ "баталони мусалмонон" тањти фармондењии майор Х.Холбоев дар раддаи дуюм ќарор доштанд. Ва ин калонтарин гуруње буд, ки аз 520 нафар иборат буд. Њамлакунандагон сару либоси афѓонї ба бар карда буданд. Рамзи њамдигарфањмї "Яша""Миша" буд. В.Крючков: "Шахсе, ки хокаро ба таоми Амин њамроњ кард, корманди ѓайрирасмии мо буд".

Нисфирўзии 27-уми декабр, њангоми истеъмоли ѓизои чошт Њафизулло Амин ва атрофиёнаш худро нољўр дарёфтанд. Њатто Амин аз њуш бирафт. Њачанд касе ба ин эътино накард, вале он як чорабинии тарњрезикардаи КГБ буд. Њамсари Амин фармондењи горди президентиро фавран даъват намуд ва ў ољилан бо сафорати Иттињоди Шўравї дар тамос шуд ва ба ёрї даъват кард. Мањсулоти хўрокворї, аз љумла шарбатњо ба ташхиси лабораторї ирсол карда шуданд, ошпазњоро, ки ба шањодати генерал-майор Александр Ляховский сарварашон узбак буд, филњол дастгир намуданд. Ба ќаср гуруњи духтурони Шўравї ва афѓон ворид шуданд. Духтурони Шўравї, ки аз амалиёти вижа огоњї надоштанд, ба Амин мадади аввалия расонданд. Ваќте ў ба њуш омад, бо садои канда-канда пурсид: "Чаро ин њодиса дар хонаи ман рух дод, ин кори дасти кї буд"? Резиденти КГБ дар Британияи Кабир Олег Гордиевский дар китоби худ "КГБ: нигоњ аз дохил", ки бо њаммуаллифии Кристофер Эндрю навиштааст, исми сарошпазро Михаил Толибов гуфтааст, ки аз љумлаи кормандони шуъбаи 8-уми КГБ будаст. Ва баъдан инро В.Крючков низ тайид кардааст: "шахсе, ки хокаро ба таоми Амин њамроњ кард, корманди ѓайрирасмии мо буд".

Амин бовар намекард, ки шўравињо њамла карданд Амалиёти "Шторм-333" соати 19:10 бо фаъолияти гуруњи тахрибкорон оѓоз гардид ва аввалин коре, ки анљом шуд, воситањои алоќаро дар Кобул аз кор бароварданд. Њамла баъди 20 даќиќа шуруъ шуд. 15 даќиќа пештар баталони мусалмонон мушоњида кард, ки дар кохи раёсати љумњурї бонги хатар зада шудаву омодагї мегиранд. Тирпаронї аз њар љониб оѓоз гардид. Амин ба тањлуќа уфтод ва аз адъютанти худ дархост кард, ки зуд ба шўравињо хабар расонад, онњо кўмак мекунанд. Ва чун адъютант хабар дод, ки мањз шўравињо њамла мекунанд, Амин дар хашм шуд ва садо баланд кард: "Дурўѓ мегўї, набояд чунин бошад". Њафизулло Амин бо ду фарзанди ноболиѓаш ва наздик ба 200 муњофизон ва хизматчиёни њарбии кох кушта шуданд. Њамчунин њамсари вазири умури хориљии Афѓонистон Валї, ки он њангом дар кох њузур дошт, ба ќатл расид. Њамсари президент бо духтараш захмї ва зиндонї шуданд, аммо баъдтар аз њабс озод ва ба Иттињоди Шўравї рафтанд.

Аз ин рўйдод хотироти зиёде то ин замон нашр шудааст, ки ба сурати умум дањшати он лањзањоро пеши чашми хонандаву шунавандааш меорад. Аз хотироти яке аз њамлакунандагон бо номи Николай Берлев: "Бачањо ба ошёнаи дуюм баромаданд ва утоќи кори ўро боз карданд ва ба он норинљак партов карданд. Онњо дар роњрав пеш мерафтанд, ки аз аќиб Амин бо шорти адидас ва пироњани нафис берун љањид. Гумон мекунам вай аллакай шадидан захмї шуда буд". Фарзияи дигаре њам вуљуд дорад, ки Аминро зинда дастгир карда, савори лимузини сиёњ ба сафорати Шўравї дар Кобул оварданд. Аммо ин як фарзияи тайидношуда аст. Духтарбузурги Амин шањодат додааст, ки падарашро зинда набурданд, балки сарбозе омад, ки дар даст акси ўро дошт ва пурсид, Амин куљост. нишон доданд, ки ин аст президент ва ба љои он ки кўмакаш кунад, аз автомат сўяш оташ кушод ва њалокаш кард. Шоњидон мегўянд љасади ўро гилемпеч карданд ва аз ќаср хориљ намуданд. Вале то ба имрўз љои дафни сарвари ваќти Афѓонистонро касе даќиќ намедонад. Он шабу рўз рўзномаи "Правда" навишта буд: "Дар натиљаи боло гирифтани ѓазаби мардум Аминро суди адолатноки инќилобї ба ќатл расонд".

Ќатли писараки 11-солаи президент Шаби 27 ба 28-уми декабр сарвари нави Афѓонистон Бабрак Кармал аз Багром ба Кобул омад. Дар мурољиати худ ба мардуми Афѓонистон Кармал рўйдодро зинаи дуввуми инќилоб номид. "Ман бо камоли боварї ба њама ањли љањон иброз медорам, ки занљираи истибдод-режими Њафизулло Амин ва пайравони вай дар ќалби Осиё мањв гардид". Дар њамлаи оншаба ниме аз муњофизони кох (1700) нафар таслим шуданд, вале бахши муњими он ба муќовимати худ идома медод. Њатто "баталони мусалмонон"ро лозим омад, ки бо боќимондањои муњофизони кохи раёсати љумњурї як шабонарўзи дигар дар набард бошад. Аммо дар ин миён ќатли писараки 11солаи Њафизуллоњ Амин хеле дањшатангез аст. Шоњиди ин рўйдоди хунин Рустам Турсунќулови узбак дар суњбате дар бахши русии ВВС аз муќовимати муњофизони Амин ситоиш мекунад, ки бачањои хуб омўзишдида буданд ва то охирин лањзањо муќовимат карданд. Њарчанд њамла барои онњо

ногањонї буд, вале онњо тавонистанд неруи худро ба намоиш гузоранд. Турсунќулов мегўяд писари 11-солаи президент аз захми норинљаке, ки ба утоќи падараш партов шуда буд, њалок шуд. Дар оѓоз ўро бо захми шадид диданд, вале шояд аз хунравии зиёд писарак љон дод. Турсунќулов иќрор шудааст, ки фармони Маскав буд, ки касе зинда намонад, вале зану боз духтари Амин зинда монданд, њарчанд онњо низ захмї шуда буданд.

Ба љои охирсухан Љомеаи байналмилалї табаддулоти он шабу рўзро дахолати Шўравї дар умури Афѓонистон номид ва кушта шудани президентро шадидан мањкум карда шуд. Бо гузашти солњо њарчанд то замони хуруљи Шўравї аз Афѓонистон ин кишвар ду президенти дигарро дид, вале оламиён онњоро дастнишондаи Кремл хонданд. То рўи кор омадани њукумати муљоњидин бо сарварии Бурњониддини Раббонї на Кармал ва на Наљибулло чун њокимони ќонунии Афѓонистон эътироф нашуданд. Моњи апрели соли 1980 наздик ба 400 кормандони КГБ барои хизматњояшон дар ин табаддулоти нангин бо ордену медалњо ва унвонњои ифтихорї мукофотонида шуданд. Он шабу рўз њамла ба Афѓонистон ќарзи интернатсионалистї унвон шуд ва аз он ба баъд ширкаткунандагони муњорибањои Афѓонистон чун љанговарони интернатсионалист эътироф ва имрўз њам аз имтиёзњои вижа бархўрдоранд. Баъди рењлати ширкаткунандагони Љанги Бузурги Ватанї ифтихороти ќањрамонї насиби њамин интернатсионалистон хоњад буд. Ин афрод њар коре карданд ё накарданд, чун дифоъкунандаи манфиатњои мењан арзёбї мешаванд. Аз он ки љанг дар Афѓонистон хостаи онњо набуду иљборї фиристода мешуданд, маъзуранд ва он ки аз имтиёзот истифода мебаранд, далели ќадршиносии љоннисорињои онњост, ки ќарзи худро дар назди Ватани онваќта иљро намуданд. Фољеаи Амин чанд дарси омўзишие барои имрўзиён дорад, ки муњимтарини он ин аст: Њокимон саргами њукмфармої ба ќавму ќабила ва њаммиллатони худ дарк намекунанд, ки бозичаи дасти ќудрате шудаанд. Ва боз: Онњо ин вобастагиро кўмак мепиндоранд ва бехабар аз онанд, ки сарнавишти Њафизулло Амин ба сари њар њокими вобаста омаданист ва ќудратњои љањонї дўсти касе нестанд.

Бобољони ШАФЕЪ

«


а)

10

“НИГОЊ”, ЧОРШАНБЕ №47 (378) 19. 02. 2014

МИНТАЌА ЌАТЛИ САРДОРИ МАЊБАСИ КЎЛОБ АЗ ЉОНИБИ МАЊБУС

ДАРГУЗАШТИ ПРОФЕССОР ХУДОЙНАЗАР АСОЗОДА Субњи дирўз 18-уми феврал, профессор Худойназар Асозода, бар асари бемории ќалб, пас аз љарроњї дар беморхонаи "Шањраки тиббї"-и пойтахт дар синни 73-солагї аз дунё даргузаштанд. Профессор, доктори илмњои филология ва узви Иттињоди нависандагони Тољикистон Худойназар Асозода 25-уми декабри соли 1941 дар дењаи Момайии ноњияи Балљувони вилояти Хатлон таваллуд шудааст. Соли 1998 ба узвияти Иттињоди Нависандагони Тољикистон ва соли 2010 ба узвияти Иттињоди Журналистони Тољикистон пазируфта шудааст. Соли 1960 Омўзишгоњи педагогии шањри Кўлобро хатм карда, аз соли 1960 то соли 1963 ба сифати омўзгори мактаби миёна дар ноњияи Колхозобод кор кардааст. Баъдан соли 1963 ба Донишгоњи Давлатии Тољикистон (њозира ДМТ) дохил шуда, соли 1968 онро ба итмом мерасонад. 1968-1970-лаборанти калони кафедраи забони тољикии, 1971-1973-аспиранти кафедраи адабиёти советии тољики ДДТ, дар айни замон сафари хидматї ба Афѓонистон ба сифати тарљумон, 1976-1978-ассистент, муаллими калони кафедраи адабиёти советии тољик, 1978-1981-тарљумони гуруњи мушовирини Шўрої дар назди Њукумати Афѓонистон, 1981-1985-муаллими калон, дотсенти кафедраи адабиёти советии тољик, 1985-1988-докторанти Институти шарќшиносии Академияи Илмњои ИЉШС, 1989-1992-дотсент, профессори кафедраи назария ва адабиёти навини форсии тољикии ДДТ, 1992-1993-муовини аввали ректори донишкадаи забонњо, 1993-1996-мудири кафедраи назария ва адабиёти навини форсии тољикии ДМТ, 1996-1999-декани факултети филологияи ДМТ, 1999-2004-мудири кафедраи забонњои Донишкадаи андоз ва њуќуќ, 2005-2008-Ректори ДДОТ, 20082010-профессори кафедраи назария ва адабиёти навини форсии тољикї, 20102012-мудири кафедраи назария ва адабиёти навини форсии тољикии ДМТ будааст. Худойназар Асозода 14 -уми июни соли 1974 рисолаи номзадиашро оид

«

ба мавзўи "Симои синфи коргар дар адабиёти советии тољик" ва 17-уми феврали соли 1989 рисолаи докториашро дар назди Шўрои дифои Институти шарќшиносии Москва дар ин мавзуъ њимоя намудааст. Аз моњи январи соли 2013 профессори кафедраи назария ва адабиёти навини форсии тољикии Донишгоњи Миллии Тољикистон мебошад. Китобу монографияњои зерин мањсули эљодиёти ў мебошанд: -"Симои коргар", "Воќеияти зиндагї ва љамъбасти бадеї", "Инкишофи жанрњои насрї дар адабиёти дарї", "Ташаккули системаи жанрњои насрї дар адабиёти Афѓонистон ба забони дарї", "Ташаккули жанрњои бузурги насрї", "Адабиёти Эрон дар садаи XX", "Адабиёти тољик дар садаи XX", "Чењрањои фарњангї", "Сотим Улуѓзода ва фољиаи ў", "Абулќосим Фирдавсї дар шинохти Сотим Улуѓзода", "Содиќ Њидоят ва дунёи эљоди ў", "Саргузашти устод Лоњутї ". Солњои 90-уми асри гузашта ба тањќиќи се шохаи адабиёти форсї даст зада, китобњои "Адабиёти форсї ва се шохаи он", дар ду љилд китоби "Адабиёти садаи XX -и форсии тољикї"-ро ба табъ расонид, ки дар онњо осори манзум ва насри достонии даризабони Афѓонистон њарљониба тањлилу баррасї шудааст. Асозода ба асоси маводи амалии "Адабиёти тољик дар садаи XX" ќариб доир ба њаёт ва эљодиёти њамаи шоирону нависандагони тољик маќолаву рисолањо таълиф намудааст, вале ба њаёту эљодиёти устод Садриддин Айнї таваљљўњи хоса дорад. Рисолањои "Устод Айнї дар шинохти Сотим Улуѓзода", "Иловањо ба шарњи њоли устод Айнї", "Воќеият, сиёсат ва Садриддин Айнї", "Зиндагинома ва осори Садриддин Айнї", "Садриддин Айнї дар миён њаст ва хоњад буд" далели ин гуфтањоянд. Соли 1998 ба узвияти Иттињоди Нависандагони Тољикистон ва соли 2010 ба узвияти Иттињоди Журналистони Тољикистон пазируфта шудааст. Абўалї НЕКРЎЗОВ

Рисолањои "Устод Айнї дар шинохти Сотим Улуѓзода", "Иловањо ба шарњи њоли устод Айнї", "Воќеият, сиёсат ва Садриддин Айнї", "Зиндагинома ва осори Садриддин Айнї", "Садриддин Айнї дар миён њаст ва хоњад буд" далели ин гуфтањоянд.

«

Умар Ќаюмов, сардори мањбаси Кўлоб аз љониби яке аз мањбусони ин муассисаи ислоњї бо истифода аз дукода (ќайчї) кушта шудааст. Сартароше, ки шаш моњ пеш барои њамла ва куштори яке аз мизољон дар сартарошонаи шахсияш ба 17 соли зиндон мањкум шуда буд, ваќте мўйи сари сардори муассисаро кўтоњ мекард, ба ў њамла карда, бо дукода ба сару гардани Умар Ќаюмов задааст. Бино ба иттилои Вазорати корњои дохилии Тољикистон, 16-уми феврал соатњои 15:40 даќиќа мањкумшуда Умед Тешаев, соли таваллудаш 1984, сокини шањри Кўлоб, дар утоќи кории сардори муассиса њангоми паст кардани мўйи сар бо дукодаи дар дасташ буда, як маротиба дар ќисми сар ва 16 маротибаи дигар дар бадани сардори муассисаи ЯТ 9/4 Сарраёсати иљрои љазои љиноятии Вазорати адлияи Љумњурии Тољикистон полковники адлия Ќаюмов Умар, соли таваллудаш 1948, сокини ноњияи Восеъ задааст. -Дар натиља Умар Ќаюмов зарари вазнини љисмонї бардошта, њангоми ба беморхона бурдан, дар роњ ба њалокат расидааст. Нисбати њодисаи мазкур парвандаи

љиної оѓоз гардида, тафтишот идома дорад, -иттилоъ медињад, манбаъ. -Умед Тешаев ќаблан бо њукми Суди вилояти Хатлон барои содир намудани љинояти куштор ба муњлати 17 сол мањкум шуда буд. Тафтишот мегуфт, ки вай 31-уми августи соли гузашта дар сартарошхонаи шахсияш дар пайи як муноќиша бо шањрванд Алиев Абдурасул Абдурањмонович, соли таваллудаш 1963, номбурда бо корд 54 маротиба ба узвњои баданаш зада, дар натиља Алиев љароњатњои вазнини љисмонї бардошта, дар љойи њодиса ба њалокат расидааст. Ибодуллоњи ТОЊИР

БА ДЕЊЌОНОНИ ЌУМСАНГИР КАРТОШКАКОРЇ ДАР ЊАВЛЇ МАМНУЪ ШУД

Агар соњибони хољагињои дењќонии ноњияи Ќумсангири вилояти Хатлон, дар заминњои наздињавлигиашон картошка кишт намоянд, онњо љарима баста мешаванд.

Хол Рањмон, раиси ин ноњия ба масъулини идораи кишоварзї дастур додааст, ки дар сурати ошкор намудани чунин њолат дењќононро дар њамдастї бо маќомоти корњои дохилї ба љавобгарї кашида, љарима банданд. Бо тасдиќи ин хабар Хол Рањмон, раиси ноњияи Ќумсангир ба TojNews гуфт, ки њадаф аз супориши мазкур зиёд намудани майдони кишти картошка дар ноњия ва аз худ кардани ин бозор дар минтаќа мебошад. -Агар мо ба соњибони хољагињои дењќонї иљозат дињем, ки дар заминњои наздињавлигиашон картошка кишт намоянд, онњо дар хољагињои дењќониашон ин зироатро намекоранд", -мегўяд Хол Рањмон. Мувофиќи ин дастури раиси ноњияи Ќумсангир, бояд њар хољагии дењќонї дар майдони аз 0,30 то 1 гектар картошка кишт намоянд. Дар сурати риоя нагардидани ин дастур низ соњибони хољагињои дењќонї ба љавобгарї кашида - љарима баста мешаванд. Рустами САФАР

Шўрои воситањои ахбори оммаи Љумњурии Тољикистон (Шўрои ВАО-и ЉТ) нињоди љамъиятии нозир ва танзимгари риояи "Меъёрњои ахлоќии фаъолияти журналистї дар Тољикистон" аст. Барои ошноии бештар бо фаъолияти Шўрои ВАО-и ЉТ сомонаи электронии он www.Odob.tj - ро мутолиа кунед ва дар бобати наќзи "Меъёрњои ахлоќии фаъолияти журналистї дар Тољикистон" аз љониби расонањо эроду шикоят дошта бошед, ба Шўрои ВАО-и ЉТ мурољиат намоед. Суроѓаи Шўрои ВАО-и ЉТ: ш.Душанбе, х.Саъдии Шерозї, 16 (ошёнаи 14). Нишонии электронї: tajmediacouncil@gmail.com Тел: 239-54-07; 904010110 (моб.)


ECONOMICS

Дар донишгоњњои бузурги олам њам устодон бештар донишљўёнеро дўст медоранд, ки зиёд меомўзанд. Дар зиндагии баъдидонишгоњї низ мањз ин гуна афрод дастболо мешаванд. Зеро баъди панљ соли тањсил донишгоњ дипломро ба њама медињад, вале танњо касе бурд мекунад ва соњиби кори хуб мешавад, ки зиёд омўхтаву таљриба андўхтааст. Дар Нетворк маркетинг низ музаффарият бо онњоест, ки зиёд талош мекунанд ва бештар меомўзанд... Садњо њазор одамон дар кишварњои гуногун ин навъи фаъолияти љолиби диќќатро интихоб мекунанд. Сабаби аслии он хеле оддист: Нетворк маркетинг ин имкониятест, ки ба њама, новобаста ба сатњи маълумот, таљриба, њолати оилавї, љинс ва синну сол дода мешавад; ин роњи имконпазирест, ки дар нињояти кор шахсро дар тиљорат, зидагии шахсї ва сарвату давлат комёб ва муваффаќ мегардонад, аз нигоњи равонї, љањонбинї ва дарки оламу одам рушд медињад. Муддати бештар аз њафтод сол аст, ки тиљорати шабакавї ин гуна имкониятњои бартаридоштаро пешнињод мекунад: хатари кам, шароити ќобили ќабули оѓоз намудани кор дар сатњи касоне, ки таљрибањои гуногун доранд. Ва њар рўз одамони зиёде ин бартариятро барои худ кашф мекунанд ва аз он ба нафъи хеш истифода мекунанд. Вале ба њамаи ин нигоњ накарда, баъзе одамон ба ин консепсия бо нобоварї менигаранд. Эњтимол аз он аст, ки инсонњо ба таври куллї ба принсипи кори тиљоратњои шабакавї ошно нестанд. Ваќте мо ба дарки ин ё он чиз нарасем, бароямон бовар кардани он хеле мушкил мешавад. Ва ин љо мехостем ѓоибона аз њамаи шумо, хонандагони азиз суол кунем: ваќте Шумо дар бораи тиљорати шабакавї меандешед, ба чї фикру мулоњиза дода мешавед? Оё Шумо ќувваи худро дар ин тиљорат санљидаед? Ё шояд шумо дар бораи он аз дўстатон ё кадом хешовандатон чизе шунида бошед? Ва ё кадоме аз њамсоягонатон дар ин тиљорат ноком шуд ва њоло аз Шумо мехоњад, ки ба он машѓул нашавед? Ва ин пўшида нест, ки одамон маъмулан аз гузаштаи инсонњо ибрат мегиранд ва зери таъсири он гузашта тасмим мегиранд. Бе он ки посухи Шуморо ба суолоти матрањшуда интизор шавам, мехоњам дар бораи тиљорати шабакавї бо Шумо ѓоибона вориди суњбат гардам ва то љое Худованд муваффаќ медорад, хонандаи азизро аз ин навъи тиљорат огоњ созам, ки он чист ва чї имконоти воќеъї дорад. Албатта, дар њамин бахш дар бораи сабабњои комёбиву иллатњои нокомї њам хоњам гуфт, то барои њамагон рушан шавад. Ва суоли нахустини ман њам ин аст: ЧАРО ОДАМОН ТИЉОРАТИ ШАБАКАВИРО ИНТИХОБ МЕКУНАНД?

Хатари камтарин, соњиби корхонаи хусусї шудан Маъмулан ширкатњои маркетингї дар ќиёс ба он ки шумо дар бозор дуконеро роњандозї ва онро бо моло коло пур карда, тиљорати худро шуруъ мекунед, пешнињди хубтаре доранд. Дар тиљорати шабакавї бисёр ваќт бо андаке сармоя метавон тиљорати худро оѓоз кард. Чунки дар њама намуди саноати тиљорати шабакавї ба харидорї намудани мањсулот барои истифода худ, њамчунин шахс соњиби њаќќи намояндаи ширкат мешавад, ки амсоли маѓозаест дар олами Интернет. Вале фаромўш накунед, ки ба муљарради имзои муоњада бо ширкати тиљорати шабакавї шумо соњиби коргоње мешавед, ки худатон њам сардор ва њам коргари онед. Ба шумо лозим намеояд, ки барои ин коргоњатон њисобчї кироя кунед, директор, мудири анбор ва ё коргарони дигар дошта бошед. Ягона чизе аз шумо талаб мешавад, ин он аст, ки тиљорати худро бо дасти худ бисозед. Илова бар ин дар њар тасмимгирї шумо озодед. Зеро тиљорати маркетингї њамин озодии комилро бароятон медињад. Шумо дар љое кор мекунед, ки мехоњед, бо њар кас, дар куљо ва њар ќадар мехоњед, мулоќот ва суњбат ме-

“НИГОЊ”, ЧОРШАНБЕ №47 (378) 19. 02. 2014

Бузургтарин имконоти таърихи башар-2

кунед. Сардор нест, корманд надоред, ки онњоро назорат кунед ва ё шумо пеши касе њисобот дињед. Шумо худ шарикони тиљоратии худро интихоб мекунед ва мустаќилона тиљорати худро тарњрезї менамоед. Дар ин тиљорат иљборие вуљуд надорад.

Тиљорати њамагонї ва даромади номањдуд Ба ин тиљорат њар кас новобаста ба синну сол ва љинс, маълумот ва мансубияти мазњабї метавонад даст занад. Дар он инсон метавонад бо њаќи вурудии хеле кам он миќдор пуле кор кунад, ки имкон дорад. Даромадњои он мањдудияте надоранд. Дар ИМА 20% миллионерњо тиљорати худро дар асоси маркетингњо ба роњ мондаанд. Њар ќадар шумо дар як ширкат зиёд кор мекунед, њамон андоза фоида ба даст меоред. Бисёре одамон тиљорати шабакавиро мањз барои њамин интихоб мекунанд. Њамзамон бо ин бисёре аз одамон ба хотири сафарњои зиёд ин намуди маркетингро меписанданд. Шумо метавонед бо поягузории тиљорати худ дар шањрњои зиёд бештар имкони сафар дошта бошед. Ва ё метавонед барандаи сафарњо аз худи ширкат шавед ва дар бењтарин маконњои сайёњии олам бо чунин одамоне муваффаќ сайру саёњат кунед.

Ин тиљорати байналмилалист Ин тиљоратро метавон дар бисёр кишварњо поягузорї кард, зеро муоњада бо ширкатњои тиљоратии шабакавї имкон медињад одамонеро љалб кунанд, ки дар мамолики дигар зиндагонї мекунанд. Бисёре аз одамон ташкилотњои бисёрњазораи худро мањз дар мамолики гуногун месозанд ва дар аќсои олам сафар мекунанд. Баъзан ба тиљорати шумо касоне аз кишварњои дигар ворид мешаванд, зеро инсонњо хоставу нохоста хешовандон ва дўстони худро дар ин ё он гўшаи дигар олам пайдо мекунанд. Дар њалќаи шумо одамони касбу корашон гуногун пайдо мешаванд, ки суњбат бо онњо њамеша бароятон маълумоти нав медињад, љањонбини шуморо васеъ месозад. Ин бартарии тиљорати шабакавист, чун инсон метавонад бо одамони зиёд аз кишварњои мухталиф, пайравони динњои гуногун ва инсонњои касбу корашон мухталиф муколама кунад. Бо ин тиљорат машѓул шуда, шумо дар њар гўшаи Сайёра дўстони зиёде пайдо мекунед ва њамин дўстёбї худ лаззати аљибе дорад. Чуноне Љон Каленч мегўяд "чизи асосии тиљорати маркетингї ин пайдо кардани миллионњо дўстони нав аст".

Омўзиш ва пуштибонї Ин тиљорат омўзиши пайваста дорад. Лозим меояд њамеша дар пайи омўзиш бошед. Ва барои он ки ба ќуллаи баланди комёбї расед, шуморо лозим меояд, ки аввал донишљў бошед. Аз дарсњо ќафо намонед, муаррифињо, семинарњо ва рўйдодњои муњими ширкатро аз мадди назар дур наяндозед. Замоне шумо худ устод мешавед, аз ин рў ба пурсидан аз одамони муваффаќ одат кунед, њама чизро бидонед ва баъд амал намоед. Тавре Љим Рон гуфтааст, "Мо ба танњої наметавонем комёб шавем". Гузашта аз ин, тиљорати шабакавї имконе фароњам меоварад, ки оилањо бо њам кор кунанд. Хонаводањое, ки дар ин тиљорат бо њам ва муштарак дар як система амал мекунанд, назар ба касоне, ки ба танњої фаъолият доранд, муваффаќтаранд. Тасаввур кунед, ки шумо барои боз кардани нонвойхона бояд аввал мањорати нонпазиро омўзед, дар акси њол он нонпазхонаи бо масрафи зиёд сохташуда дарди сари худатон мегардад. Пас ќабл аз роњандозии нонпазї бояд инсон аввал онро биёмўзад. Дар тиљорати маркетингї низ њамин ќоида њукмфармост. Шумо замоне муваффаќ мешавед, ки бештар омўзед. Барои ин як мисоли хеле рушан меорам. Дар варзишгоњи машњуре зиёда аз 100 нафар муштзанї ва ё гимнастика меомўзанд. Вале аз миёни ин беш аз 100 нафар танњо 3 ё 4 нафаре дар мусобиќот дастболо мешавнд, ки илова ба машќњои маъмулї машќ мекунанд ва ваќти бештари худро дар тамрингоњњо мегузаронанд. Ё худ, дар донишгоњњои бузурги олам устодон бештар донишљўёнеро дўст медоранд, ки зиёд меомўзанд. Ва дар зиндагии баъдидонишгоњї низ мањз ин гуна афрод дастболо мешаванд. Зеро баъди панљ соли тањсил донишгоњ дипломро ба њама медињад, вале танњо касе бурд мекунад ва соњиби кори хуб мешавад, ки зиёд омўхтаву таљриба андўхтааст. Дар Нетворк маркетинг низ музаффарият бо онњоест, ки зиёд талош мекунанд ва бештар меомўзанд.

Љолибињои дигар, бењбуди вазъи саломатї Шумо њатто тасаввур намекунед, ки дар ин тиљорат фаъолият намуда, чї лаззатњое аз он мебардоред. Њар ќадар дар он зиёд фаъолият дошта бошед, њамон андоза бароятон мароќангезтару хуштар мегузарад. Баъзан хеле љолиб аст инсон бингарад, ки одамон ваќте беш аз он њадде, ки орзу доштанд, пул кор мекунанд, чї

11

®

гуна зуд таѓйир меёбанд. Албатта, таѓйирот ба љониби мусбат: муњаббат ба инсонњо, дасти сахо доштан, хуб пўшидану хубтар зиндагонї кардан ва ѓайра. Ин тиљорат феълу атвори инсонњоро зуд таѓйир медињад. Ошної бо фалсафаи он шуморо ба муњаббат доштан ба зиндагї, олами атроф, ватану миллат ва хешону пайвандону дўстон водор мекунад. "Агар шумо таѓйир ёбед, пас олами атроф бароятон дигаргун мешавад",- мегўяд Љим Рон. Гузашта аз ин дар ин ширкат кор карда, шумо метавонед бо истифода аз маводњои бењбудбахшандаи вазъи саломатї, тавонмандї ва заъфи љисмонии худро бењбуд бахшед. Ин дар њолест, ки маводњои бењдоштии ширкат бо арзишњои муносиб дастраси шумо мегарданд. Ва ин љо мехоњам як нуктаи басо муњимро зимнан таъкид кунам. Ин тиљорат бешак тиљорати асри 21 аст ва касоне, ки мехоњанд њампои ин аср бошанд, бояд муњим будани онро дарк кунанд. Тиљоратест, ки ба он њама, бахсус донишљўён, занони хонанишин, касони бе шуѓли доимї, бемаълумот метавонанд машѓул шаванд. Метавон онро тиљорати њамагонї номид, ки ба зудї соњиби даромади хуб ва зиндагии шоиста шаванд. Ва агар хеле содда њарф занем "Нетворк маркетинг" як усули замонавии фурўш ва ё хизматрасонї мебошад, на чизе аз ин беш. Ва аз ин хубињо зиёд метавон гуфт, аммо гумон мекунем дар суњбати аввал њамин кифоя аст. Ин нукта њам аз касе пўшида намонад, ки дар Тољикистон низ ин ширкатњо фаъолона амал мекунанд ва зарфи камтар аз як дањсола ва шояд каме бештар аз он фаъолият дар тиљорати маркетингї њаёти бисёре аз сокинонро таѓйир додааст. Садњо нафар даст аз муњољират шуставу бо кор дар ин ширкатњои ризќи худ ва фарзандонашонро меёбанд, дасти дармондагонро мегиранд, бо амалњои хайр ба дигарон дарси ибрат мешаванд. Инњо кадом ширкатњоянд ва чї мекунанду чї медињанд? Оё рост аст, ки Мегафону Тселл њам аз усулњои тиљорати шабакавї истифода мебаранд? Боз кадоме аз ширкатњои тиљоратии кишвар ва хориљ аз он аз усулњои Нетворк маркетинг хубу истифода мебаранд ва соњиби даромад мешаванд? Ба ин саволњо басо муфассал, бо пешнињоди мисолњои рушану далелњои раднашаванда дар маќолаи баъдї љавоб хоњам гуфт. Амир АСАНОВ, пиар-менељери Ассотсиатсияи фурушњои мустаќил


12

“НИГОЊ”, ЧОРШАНБЕ №47 (378) 19. 02. 2014

БО ШОИР *** Бањор ханда мезанад миёни хандањои ту, Насим менавозадам ба нузњати навои ту

*** Шаби 1001-ум беќарор хоњам шуд, Ва Шањрзоди ту, эй Шањриёр хоњам шуд.

Салом, найнавози ман, њабиби нойи рози ман, Найи дили њазини ман шукуфта аз садои ту

Гирифта њалќаи заррини моњ аз дастат, Ба аспи ёлсапедат савор хоњам шуд. Агар, ки шарму таби духтарона бигзорад, Миёни замзамаи "ёр-ёр" хоњам шуд. Маро ситораи чашмат намудааст афсун, Ба ёди азми кадомин диёр хоњам шуд? Тамоми умр чу моњи асал шавад ширин, Агар ба кунљи лабат њамљавор хоњам шуд. Навори њофизаат дастгоњи аккосист, Бигир акси маро, мондагор хоњам шуд! Ва бар њаќиќати ин ќиссаам намо бовар, Ки рўи њарфи дилам пойдор хоњам шуд!..

Њадиси пурфасона шуд, ќимори ошиќона шуд Зи бурди љон буриданам, фитоданам ба пои ту Чигуна бозгў кунам бароят арзи њоли худ, Дубора вопасам бидењ, ки дар туам ба љои ту Зудуданист ин нафас, ки бе ту мекашам абас, Вале бигў кадом кас зудоядам њавои ту?! Ба поси Ишќ омадї суроѓам, эй бузургвор, Мани њаќир меравам зи доманат барои ту... *** Ёдам кун ончунон, ки фаромўш кардаї... (А.Бедил) Ёдам макун, чу ѓайбати ман дар миёна нест, Пеши туям, ќазовати ту одилона нест

БО МАН ЌАРОР БИГЗОР Бо ман ќарор бигзор дар остони ѓурбат, Бо ман ќарор бигзор ќабл аз ќарори турбат. Наврўзи мо чу тай шуд, даврони фасли дай шуд, Кай омад ишќ, кай шуд дар интизори ќурбат?

Мурѓи дили маро ќафаси ќалбат орзуст, Сайёди ман, ниёз ба тадбири дона нест

Бигзор дасти соат бе мо равад пасу пеш, Бо ман ќарор бигзор бо соати дили хеш. Њатто барои як бор бо ман ќарор бигзор, То мумкин аст дидор, то њаст фурсате беш.

Афсона бофтам нафасе мисли Шањрзод, Дидам њаќиќат аст, шабењи фасона нест

Бо ман ќарор бигзор, бо ман ќарор бигзор, Андар сароби рўъё, ё пилки чашми бедор.

Шањнози Беназир ИЌРОР Ман њамон Равшан, њамон Љамшед ман, Бо тамасхур он, ки мегўед, ман! Муттањам дар кулли бадбахтиятон, Решаи сад љурм, ё сахтиятон. Баски тољикам, гуноњам ин бас аст, Он, ки русиро надонад, нокас аст! Рўсияњтар нест дар Русия кас, Аз барои рўсапедон дастрас. Бо мусалмонии худ Исотарам, Чун салиби халќатонро мебарам! Сояам сангинтар аз љони шумо, Гунгу кўру кар чу виљдони шумо! Дасту по занљири ќонунам бибаст, Ќоматам дар зери бори он шикаст. Бар худ итминону бовар доштам, Аз њамин рў китфу сар бардоштам! Дасти имдоди Ватан не бар сарам, Менаљустам мењраш аз моиндарам. Ман барои хештан гаштам падар, Мењнату кўшиш намудам мўътабар! Эй, ки љўёи мазоёи* навї, Ё барои њизб орои** навї, Ё маќомоти њариси ришвахўр, Ташнаи хуни манеду носабур! Мекунам њар лањза бо маргам набард, Дар талоши зиндагиям њамчу мард. Рўњи ман бошад шикастинопазир, Чењраи фарзанду зан кардам далер! Ман ки њастам, бартарам аз доштан, Одамам, то одамат пиндоштам! Њаќќи инсонии ман аммо куљост?!.. Бо кї бояд гуфт њаќќам носазост?.. Ёдгоре аз њаќи дуздидаам Бошад ин девору хишти чидаам. Ин биноњои шиноси носипосЊайкале аз ќањрамони ношинос! Ман вале худ бенишону ном не, Ин нишони нуќтаву фарљом не! Номи худро бар љигарбандам дињам, Шаъни инсонї ба фарзандам дињам! Њамчу аљдоди бузургу номдор Ин манам созандаву бунёдкор! Шањриёри зодаи хуршед ман, Аз табори равшани Љамшед ман!!! *** Ваќте ки шукуфа рахт бардорад, Пайѓоми бањорро кї меорад? Парвонаи ман, бигў, ки бинвисам, Аз рози диле, ки дўст медорад. Сад боли шикаста мешавад тармим, Як бўса лабат чу бар лабам корад! Хаттест маро ба лавњи пешонї, Хаттот куљост, нуќта бигзорад? Ё халќ кунад дубора парвона, Гулбарги маро паре бипиндорад…

Гар ошиќонае бисурудам барои Дўст, Ангушти рад манењ, ки чаро орифона нест? В-ар Каъба њам биёяду гирдам кунад тавоф, Гўям бирав, ки љони маро майли хона нест Бозомадам, ки чашми азизе паём дод: Як лањза интизор кам аз љовидона нест.. Эй ишќ, эй бањонаи зебои буданам, Пайдо шудиву дигарат аз ман бањона нест! *** Рўзе, ки шабехун зад ишќи ту ба хуни ман, Бишкаст ѓурурамро иќболи нагуни ман Як љодаи аќлонї бо бурљи ќамар пайваст, Фоли кафи дастам шуд тасвиби љунуни ман. Эй ёр, паёматро бо ќосиди рўъё гў, Роёна чї медонад асрори даруни ман? Монанди Одиссеят љоду бикунам, аммо Дар лафз намегунљад се њарфи фусуни ман. Атрофи ту мечархад манзумаи хуршедї, Эй мењри туам љорї андар рагу буни ман! Бигзор, ки барчинам асбоби вуљудамро, Бе ту надињад маъно ѓавѓову сукуни ман... Таќдир раќамњо зад, то бигзарам аз ишќат, Подош њаминам бас: хуш бош бидуни ман!.. ЌАСАМ Аз он дам, ки то чашм бикшода будам, Миёни асирон ман озода будам Ба дунёву уќбо ќаноат накардам, Чу андар "љањони севум" зода будам. Ба фарќи љабинам фари ориёист, Зи насли Фаредун, Каёнзода будам. Бинои тамаддун агар ќомат афрохт, Манаш аввалин хишт бинњода будам! Аз он дам, ки то чашм бикшода будам, Миёни асирон ман озода будам... Ватанро дубора њамесозам обод, Ба дастони хешаш ќасам дода будам!!!.. *** Агар вуљуди туро иттифоќу бас гирам, Чигуна њарфи диламро зи хеш пас гирам? Бидењ замонати хотир, ки айни рўъёї, Ки пушти айнаки обї суроѓи кас гирам. Ќасам ба барќи нигоњат, ки кард иршодам, Ќасоси ишќ аз ин пири булњавас гирам! Туро, ки болу парамро рабудаї, хайр аст, Ки гўшае зи дилат љо чу дар ќафас гирам. Дилам њавои туро карду ман надонистам, Биё, ки умри маниву туро нафас гирам...

Аз баъди бисту як ќарн умре, ки бе ту шуд хор, Дар ин нафас, ки њатто танњоиям нашуд ёр, Бар ќасди дањри ѓаддор: бо ман ќарор бигзор!.. *** Бигзор, аз хомўшият ово бигирам, Чун оњ дар буѓзи гулўят љо бигирам. Овоз дењ, то њамчу Юнус моњиёнро Дар рўдњо бигзораму дарё бигирам. Њарчанд дур аз ту суоле бељавобам, Њар бор аз як буданат маъно бигирам. Эй кош, чун нинии ашки орамида Дар гоњвори дидаат маъво бигирам. Магзор, њукми сарнавишти бебадалро Ин бор бе чуну чаро эњдо бигирам. Савганд бар Ишќе, ки Одамро биёмўхт, Ин љурмро аз гардани Њавво бигирам!!! *** Гўш бинењ ба пардаи њар нафасе, ки баркашам, Дарди саросари башар бањри ту як нафар кашам. Синаи осмон чун танг шуд аз амонаташ, Бори гарони Ишќро зери дилам магар кашам. Оњ, чаро намешавад маънии ошкорро Чун мањи њоладор дар вожаи мустатар кашам? Завраќи умри ман агар менарасад ба соњилат, Даст ба дасти мављњо њаљри туро ба бар кашам. Њиммати бањргунаат тўри мане агар нашуд, Моњии обгирро тўъма чаро бадар кашам? Они маниву нестї, љони маниву кистї? Эй ки туро нафас-нафас аз дилу аз љигар кашам… *** Њубутамро ба меъроље набозам, Ба боли ќудсиён дасте наёзам. Њаќиќат пасту боло кай шиносад? Худовандо, салоњатро бинозам. Паноњам дењ, ки љуз пушти ниёзат Зи њар чї пешам ояд, бениёзам. Бисўз, эй ќалби оташтар зи дўзах, Ки бо нањри бињиште менасозам!

ДАМИ ВОПАСИН Ба ёди устод М.Осимї Маро бигзор, то аз ќисмати мењан сухан гўям, Ба њар як зарра хокаш оламе дар анљуман гўям. Лабамро тар намуда чашмаи ширинлабаш, то ман Њадиси хунбањои захмњои Кўњкан гўям. Агар нашнохт доѓи лолаи дилро диле бедард, Паёми оташи Иќболро андар чаман гўям. Гусастам банд-банду ќатра рўи ќатра боридам, Ки аз пайванди љони миллати ошуфтатан гўям. Башар маъзур дорад рењлати фарзанди тољикаш, Аљал нагзоштам ояндагонро илму фан гўям. Худоё, сарнавиштамро агар ранги дигар созї, Њамоно ман Ватан гўям, Ватан гўям, Ватан гўям!...

Намедонам, чаро мўъмин шуд олам Зи домони вуљуди бенамозам… Чунон обастанам аз дарди Марям, (Ки њољат нест дар ифшои розам). Масењи ИШЌро дар ман дамиданд, Киро гўям ба покии баёзам?..

*мазоё- манзур мазиятњо ё имтиёзњои иљтимоист, " социальные льготы"; **оро ё ороъ- љамъи раъй, овоздињї;


ТАХТАИ СИЁЊ

“НИГОЊ”, ЧОРШАНБЕ №47 (378) 19. 02. 2014

13

СТРАТЕГИЯИ ДУЗДЇ Ваќте аз Эраљи Амон, дўст ва њамкору њамкасбам, ки баъди сарсонињои иљоранишинї дар пойтахт, билахира маљбур шуд ба муњољирати корї ба Русия равад, хостам ба ватан баргардад, намедонистам, ки ба ин зудї аз ин кор пушаймон хоњам шуд. Кор кун, додарам Эраљ. Хуб кор кун! Натиљаи ин даъвати интернетї аз Эраљи Амон, котиби масъули њафтаномаи "Нигоњ", ки як моњ пеш баъди чанд соли дарбадарии иљоранишинї дар пойтахт маљбур шуд, мисли њазорњо нафари дигар ба муњољирати корї ба Русия равад, ноумедкунанда буд. Даъвати маро аз Эраљ, ки аз ў хостам њарчї зудтар ба Ватан баргардад, дар Фейсбук дўстон шарњ доданд ва њама ќариб ба як мазмун: "Мон, Эраљ кор кунад, зеро дар Тољикистон дар сад сол њам соњиби хона шудан номумкин аст! Ва ин њукми касоне буд, ки бо вуљуди аќли расову маълумоти олї ва маоши нисбатан боло доштану зањматњои шабонарўзї солњои зиёд, баъзан њатто дар як ваќт дар ду љойи кор, ё њанўз иљоранишинанд, ё нав аз ин дарбадариву хокбарсарї халос шудаанд. Метавон дањњо нафаронеро номбар кард, ки дар пойтахт на як дањсола зиста, баъди мўй сафед кардаву резондан бо чї роњњое дар пойтахт соњиби чанд њуљра шудаанд ва бархе то њол имкони харидани манзили зистро наёфтаанд. Соли гузашта њукумат дар ќатори кормандони милитсия, вазорати мудофиа ва кумитаи амният ба њаљвнигорони гуруњи "Лањзањои гуворо" хона дод. Ин шароит як наслро не чандин насли квартирантњои тољикро пир кардааст. Миёни онњо олимон, журналистон, нависандагону шоъирон кам нестанд. Ояндаи наздик дар шароити куњна шудани фонди манзилї дар кишвар чанд насли дигар, насли муздурони муњољир дар умќи ин буњрон фурў хоњанд рафт. Мушкили манзили зисти доимї хоси аксари дўстону њамсолњои ман аст, ки дар дења кори доимї надоранду дар пойтахт љой. Аммо чаро касе, ки воќеан маошаш аз моњонаи расмии як вазири тољик зиёдтар асту камтар не, барои дар ватани худ соњиби манзили зист шудан, бояд дипломро ќавли маъруф, ба сандуќи кампири момааш баљо кунаду ба њаммолї ба Русия равад? Оё Њукумати Тољикистон барои њал кардани њамин масъала, - таъмини љавонон бо љойи кор ва манзили зист чї наќшањо дорад? Оё касе дар њукумат дар њамин андеша њаст ё не? Шояд њоло касе ин сатрњоро мехонад, барояш бисёр аљиб аст посухи ин саволњо. Хеле аљиб ва њамзамон хеле ноумедкунанда буд, натиљаи ин пурсуљў.

Сиёсати дуздї Дар њукумат, аз афташ дар бораи таъмин кардани љавонон бо љойи кору манзили зисти доимї, бигзор бо роњан-

«

- Тоб додан даркор, бародар!

- Ин зиндагї чї мешуда бошад-а?!

Моддаи 34-и Сарќонун таъкид мекунад: "Модару кўдак тањти њимоя ва ѓамхории махсуси давлатанд" - яъне, њар як модару кўдак бояд тањти њимояи давлат, дар "шароити зиндагии арзанда ва инкишофи озодона" - (Сарќонуни Тољикистон, моддаи 1) бошанд. Моддаи 36-и Ќонуни асосї мегўяд: "Њар кас ба манзил њуќуќ дорад. Ин њуќуќ бо роњи сохтмони манзили давлатї, љамъиятї, кооперативї ва хусусї таъмин карда мешавад". Механдед? Ё гиря гулўгиратон кард? Нахандед, ин њарчї набошад, Сарќонун (Конститутсия) аст. Ин шиносномаи Миллат! Мефањмед?

Ман намефањмам

дози ипотека натанњо ягон наќша надоранд, балки дар ин бора умед бастан њам дар ояндаи њадди аќал 5-сола нашояд. Ва шояд на барои он ки ин чизро намехоњанд. Шояд дар саре аз сарњои калон-калони долонњои њукуматї низ ин фикр мечархад, ки замоне мешаваду љавонони тољик њам дар ватани хеш соњиби нони бемалол ва њам соњиби хона шаванд. Ба онњо дигар зарурати ба Русия рафтану њаммолї кардан намонад. Аммо ин ки Њукумати Тољикистон дар сиёсати давлатї дар масъалаи љавонон, њадди аќал барои 5-солаи оянда ягон наќша стратегияи худї надорад, факт аст. Санаде бо номи Стратегияи сиёсати давлатии Тољикистон дар бораи љавонон то соли 2020, њанўз 4-уми октябри соли 2011, бо ќарори Њукумати Тољикистон ќабул шуда будааст. Ин санадро ба забони тољикї пайдо накардам, аммо дар сомонаи Маркази миллии ќонунгузории назди Президенти Тољикистон ба забони русї: "Стратегия государственной молодежной политики в Республике Таджикистан до 2020 года" њаст. Сабаби ба тољикї тарљума нашудани ин санадро пай бурдан мушкил нест. - Он мисли чандин ќонунњои дигар рўйбардор шудааст. Њатто рўйбардор не, ин њамон ќонун аст ва фаќат дар он ба љои "РФ" "ЉТ" гузоштаанд. Баъзе нук-

Аз худамон техника надорем, барои њамин баъзан корњоямон ба сустї пеш меравад. Агар як трактор мехаридем, хеле аз мушкилотамон њал мешуд.

«

тањоро аз Паёми Президент дар аввали ин санад овардаанд. Хулоса, гўё, ин стратегия ба тољикї мувофиќа шудааст. 60 дар сади ин санад, ки ба раиси Њукумати Тољикистон пешнињод шудааст ва Эмомалї Рањмон зераш имзо кардааст, љумлањое мебошанд, ки айнан, бидуни кадом таѓйирот аз Лоињаи русии ин санад, "Стратегия молодежной политики в Северо-кавказском Федеральном Округе" мебошад. Муаллифон, даќиќтараш асардуздоне, ки ин лоињаи ќонунро рўбардор кардаанд, шояд њатто ба тарљумаи он фурсату нерў сарф кардан нахоста бошанд. Бо стратегияи дуздї, ки барои мо њар мафњумаш бегона аст, кадом масъалаи љавононро њал кардан мумикн аст? Ман шахсан шак дорам, ки касе дар њукумати Тољикистон натанњо ба роњњои амалї шудани, ба ном стратегияи давлатї, балки ба маънои он сарфањм равад. Баъди ин, оё дар бораи он ки дар ин "стратегияи давлатї" калимаи муњољират - миграция њамагї як бор гирифта шудааст, њарф задан чї њољат дорад? Оё меарзад ба "муаллифон"-и њамин стратегия аз Ќонуни асосии Тољикистон ёдовар шавем? Не албатта!

Ќонуни хандаовар Ба назарам, ёдоварї аз ин моддањо дар чунин њол, хеле хандаовар менамоянд: Моддаи 1-и Ќонуни асосї мегўяд: "Тољикистон давлати иљтимої буда, барои њар як инсон шароити зиндагии арзанда ва инкишофи озодонаро фароњам меорад".

Иќтисоди Тољикистонро бо аќл дарк кардан душвор шудааст. Маоши пасттаринро дар соњаи сохтмон нисбати кишварњои пасошўравї мо дорем. Аммо нархи манзил дар мо аз дигарон гаронтар аст. Чаро? Фикр намекунам, ки барои сохтмони як метри мураббаъи манзили зист ширкатњои сохтмонї бештар аз 700800 доллар сарф кунанд. Ширкатњои давлатї дар Тољикистон дар соњаи сохтмони манзилї сањм надоранд. Сабаби биноњои баланди беодаму хобгоњњои пуродами пойтахт њамин аст. Се-чор сол пеш то расонаї шудани ин мавзуъ, дар Душанбе одамон дар оѓилњои "Боѓи њайвонот" мезистанд. Барои њамин њама бо як овоз мегўянд, ки дар Тољикистон сад сол кор карда хона харидан мушкил аст. Дар пойтахт шояд бояд дусад сол кор кард, то як оилаи љавон соњиби хона шавад. Тибќи маълумоти оморї, пойтахти Тољикистон, нархи манзил бино ба маълумоти оморї нисбат ба Ашќобод, Бишкек ва Тошканд гаронтар аст. Пас аз Алма-Ато-и Ќазоќистон Душанбе дуюмин шањри гаронтарин дар Осиёи Марказї мањсуб меёбад. Алма-Ато дар миёни панљ пойтахти давлатњои Осиёи Марказї гаронтарин шањр мањсуб ёфта, ба њисоби миёна ќиммати манзил барои як метри мураббаъ дар ин шањр 2 њазору 250 доллари ИМА мебошад. Ин дар њолест, ки дар Душанбе як метри муррабаъи манзил ба њисоби миёна бештар аз 1 њазору 375 доллари ИМА ќиммат дорад. Дар њоле, ки ин раќам дар Ашќободи Туркманистон 1 њазору 333 доллар, дар Бишкеки Ќирѓизистон 1 њазору 170 ва дар Тошканди Ўзбакистон њудуди 950 долларро ташкил медињад. P/S: Як нукта агар ногуфта монад, номардї хоњад буд. Дар ин стратегия, бигзор њатто дуздї, ё "гургї" бошад, дар як љо, дар як љумла масъалаи дастрасї надоштани љавонон ба манзили зист ва ќарзњои манзилї (ипотека) гуфта шудааст. "Муаллифон"-и стратегияи давлатии сиёсати љавонон дар Тољикистон иќрор шудаанд, ки мушкили асосї рушд накардани механизми ќарзњои манзилї - ипотека аст. Онњо њамчунин гуфтаанд, ки тањлил карда ба хулосае омадаанд, ки барои дањсолаи оянда бояд сиёсати нави муносибат бо ќишри љавонро дар Тољикистон ихтироъ кунанд. Ин чї стратегия хоњад буд? Боз як стратегияи дуздї? О, ману њазорон љавонони дигар мамлакат наметавонанд зимни амаликунии як стратегияи дуздї соњиби манзил шаванд... Фаридуни РАЊНАВАРД


14

“НИГОЊ”, ЧОРШАНБЕ №47 (378) 19. 02. 2014

Ба Эмомалї РАЊМОН, Президенти Љумњурии Тољикистон, Абдулфаттоњи ЃОИБ, директори Агентии назоратии давлатї ва мубориза бо коррупсия ва ВАО - и дохиливу хориљї Ассалому алайкум! Мўњтарам Эмомали Рањмон, ба Шумо ман, Холмуродов Абдулло Асоевич, истиќоматкунандаи шањри Норак, кўчаи Я. Мирфозилов, хонаи 28, оиладор, соњиби ду фарзанди ноболиѓ, маълумот - олии иќтисодї, ки њоло бо њукми суди ноњияи Шоњмансури шањри Душанбе аз 21 январи соли 2010 бо моддањои 244, ќисми 2, 249, ќисми 4, бандњои а, в - и Кодекси Љиноии Тољикистон ба мўњлати 19 сол мањрумї озодї бо низоми махсус махкум шудаам, мурољиат карда истодаам. Ба Шумо ман дар тариќи рўзномаи "Нигоњ" (17-уми апрели 2013) тањти унвони "Адолати гаранг, ё чаро судя Тошев номи Тољикистонро бо туњмату дурўѓ олуда кард?" мурољиат карда будам. Аз нашри он матлаб шаш моњ гузашт. Ба ман 6-уми маи соли 2013 љавоби Вазорати адлияи Љумњурии Тољикистон расид. Дар он гуфта шудааст, ки ман ба суди болої шикоят бурда метавонам. Мутаассифона, њисоби шикоятњои ман ба судњои болої ва дигар маќомотњои давлатї гум шудааст. Мутаасифона, ба маќолаи чопшуда на раиси Суди Олї ва на директори Агентии назоратии давлатї ва мубориза бо коррупсия вокуниш нишон надоданд. Гўё фармони № 622 - и Президенти Љумњурии Тољикистон барои онњо вуљуд надорад. Бо умеди адолат ба Шумо мурољиат кардаам. Шикоят аз болои судя Тошев низ кардаам, ки ба ќувваи ќонунї даромадани њукми судро интизор нашуда, дар рўзномаи "Дайджест-Пресс" аз санаи 24. 02. 2010 мањз дар он рўзе, ки Суди шањри Душанбе шикояти кассатсионии маро дида баромад, маќолае бо номи "Охотники за иностранцами" - ро чоп кард. Дар он дурўѓро бо њаќиќат олуда карда, маро гунањгори марги директори намояндагии ЗАО "Зарубежводострой" А. Антипов эълон кард. Шахсе, ки дар њавопаймо дар баландии 10 000 метр аз сактаи дил вафот кардааст. Судяе, ки 13 сол пеш маро бо

-Алло, ман ба куљо афтодам? - cадо дод овози мањини духтар. - Ба оѓуши ман, ширинакам! - њозирљавобї намуд соњиби телефон. - Ту худут кистї, ки аз овозут маълум, сад сол боз занро надидаї? - Ту худут кистї, ки занг мезанї? -Ман Зўњро, аз шањр. Шавњарум ба Русия рафту як Маша ёфт, панљ сари сол аст, ки тани танњо шабњоро рўз мекунам. Чорта чаќ - чаќ кунем... -Оњ, фидои техникаи њозиразамон гардам! Шумо, Зўњрољон, омада-омада ба дењаи Суѓдиёни Яѓнобдара афтидед. Ман - Амиршоњ, марди танњо. Ман њам мисли шумо шабњо болиштро оѓўш карда, дар орзўи ойимчаи таранге мехобам. Чї хуб мешуд, ки мо њар ду якљо... - Амиршоњ, романтикаро партою аз њаќиќат гап зан! Чанд зан дорї? - Зуњро сухани Амиршоњро бурид. - Ту барин мардакњо бисёр маро гўл зада, зани чоруму панљум карданианд, вале ман инро намехоњам. Исто, ки ту чандсолаї? Ба ѓайри мардиат, хонаю дар, боѓу роѓ, мошину пошин, пул - мул дорї? -Синну сол ин љо чї дахл дорад? Муњимаш зан мехоњам. Агар зан медоштам, дар ин соати 3 - и шаб бо шумо сўњбат намекардам… *** -Алло? Ким шумо? -Ман, Мансур… -Исто, ман бо ин фоњиша гап занам! - зани Мансур аз дасти шавњараш телефонро кашида гирифт. - О ту, …кї?! Дар ин нисфишабї чаро мардаки зандорро бесаранљом мекунї? Ба њурмати Худо, нишониата аз оператори Вайвилону Билаъйн, ё ана, ў Туселл ёфта, аштаќ маштаќатро мебарорам! Њоло ту бо собуни ман… -Телефонаша кушт. Намондї да, занак, камтар…

ФАРЁДИ ДУ ЊАМВАТАН

"ТОШЕВУ "СОМОН ЭЙР" АЗ МАН ЧЇ ФАРЌ ДОРАНД?" - Холм уродо омада аст, ам в ба номи т у баст мо чун ае ба ту д ода на њуљљат надо метаво рї, нам...

њукми "тайёрии хиёнат ба давлат" мањкум карда буд, ба талаботи ќонуни Љумњурии Тољикистон оиди сирри давлатї №339, аз 14 декабри 1996 чашм пўшида, худ санади экспертизаи №1 аз 8-уми феврали соли 2000 ро "ихтироъ" карду њукми худро ќонунї гардонд. Дар маќолааш судя Тошев маро дурўѓгўву љиноятпеша ном кард, лекин баъд ин корњояш Тошев аз ман чї фарќ дорад? Шикоят аз болои ширкати њавопаймоии "Сомон Эйр" ва Давлатов Ѓоибалї, Кабиров С. ва Валиев А. дорам, ки сањмияњои маро

бе розигии ман хариданд ва маблаѓи онро ба ман напардохтанд, ки дар асл азхудкунии моликияти шахсї аст. Ягон шахси њуќуќї, ки дар боло номбар шудаанд, дар рафти тафтишоти шикояти ман ба Агентии назоратии давлатї ва мубориза бо коррупсия аз 21уми маи соли 2012 њуљљати тасдиќкунандаи пардохти маблаѓи сањмияњоро ба ман пешнињод накардаанд. Њуљљате, ки Абдулхайров Ёќуб, корманди Агентї ба ман пешкаш кард, на таърих ва на маќсади маблаѓи пардохтро дошт.

ШИРКАТЊОИ ДАЛЛА -Њозир ман ту сарсафеди занбозро њам боб мекунам!.. - њамсараш ба мўйи сари шавњараш чанг зад... *** Соат 12 - и шаб. Телефони мобилї занг мезанад. Њамсарам суоломез ба рўям менигарад; яъне, кист дар ин беваќтии шаб? Магар ягон маъшуќа ёфтї, чї бало? -Алло? Ман Мењрафзунам. Мехоњам бо Шумо шинос шавам. -Чандсолаї? -21. -Э духтари хушрў, ту камтарак хато кардї; раќами мўйсафеди 65 - соларо гирифтї. Ту бо ин синну сол барои ман мисли набера, не, не, абера мешавї… -Овозатон мисли љавонмардони 25 - сола ба гўш мерасаду… -Э духтари хушрўяке! Овоз - овоз асту …

Њамсарам чанг зада телефонро мегираду бо раќиби рањдур ба љанги иттилоотї дар меафтад: -О, ту, байтали љираннадида, шарм намекунї, ки ба хонаи мардаки зану кўдакдор занг мезанї? О, ин ки фара медошт мо худамон вай мекардем. Э, наход … Телефонро ба ман баргардонида мегўяд: -Хомўш кард фоњиша дастгоњашро! Бар падари… *** Бале, бар падари њамаи ин бевањои телефонбозу операторони худозада нафрину лаънати дунё бод! Фаќат дар Тољикистон ширкатњои мобилї шумораи телефонњоро мисли кадую пиёз ошкоро, дар рўйи њавои кушод метавонанд савдо кунанд. Дар дигар давлатњо шумораи телефони муштариро ба ѓайр аз оператору

Ин "расходний ордер" бо маблаѓи 9900 сомонї бо имзои ману сармуњосиб Валиев А. буд. Вале Валиев А. дар вазифаи сармуњосиб то 1-уми маи соли 2009 кор кардааст, аммо амалиёти харидории сањмияњои "Феникс Нетворк" аз тарафи ширкати "Сомон Эйр" ва Ѓоибалї Давлатов дар таърихи 30-юми июни 2009 амалї шудааст. Бо ин њуљљатњои ќувваи ќонунї надошта ва нишондодњои бардурўѓ шикояти ман ба Агентии назоратии давлатї ва мубориза бо коррупсия ќатъ гашт. Дар суњбат бо ман корманди Агентї Ёќуб Абдулхайров дар таърихи 7 -уми августи 2012 аз марги бародарам Холмуродов Шодї Асоевич дар Масква дар санаи 17 июли 2012 афсўс хўрд. Ва ин мањз пеш аз он иттифоќ афтод, ки шодравон бояд оиди шикояти ман мавриди бозпурсии маќомот ќарор дода мешуд. Њайрон аз онам, ки чаро се нафари бо Шодї дар рўзи маргаш буда, пурсида нашуданд ва њуљљату чизњои шахсияш ба шахси бегона дода шуданд, ки аз он то њол дараке нест. Аз зангњои телефонї бо тањдидњо ба њамсарам Абдулхайровро хабардор кардам, вале ў гуфт, ба милиса мурољиат кун. Дар байни мани дурўѓгуй, дузду роњзан ва ширкати "Сомон Эйр"-у Ѓоибалї Давлатов ягон фарќе њаст? 7 сол пеш дар маросими ќабули вазифаи Президенти Љумњурии Тољикистон мўњтарам Эмомали Рањмон Шумо гуфта будед, ки пушту паноњи њар як шањрванди Љумњурии Тољикистон мешавед, лек таљрибаи талхи ман акси њолро нишон дод. Ноумед шудаам. Њоло ба ин хулоса расидам, ки дар љомеаву давлати мо вазифа, хешутаборї ва пул наќши асосї мебозанд ва талаби адолатро аз даргоњи Худо мекунаму халос. Бо эњтиром, Абдулло ХОЛМУРОДОВ, мањбус 14. 02. 2014

Худованд, дигар љонзод намебинаду намедонад. шумора намечинад… Танњо дар Тољикистони мо шабу рўз "хато" карда, раќами туро њар як пишаку гурба, мушу калтакалос, тутиву чилпо… , умуман, аз мўрча то филу каркадан мебинанду истифода мебаранд. Сабаб дар чї бошад? Шояд айби тољирон аст, ки фурўши телефони мобилиро дар сарзамини тољдорон хеле барваќт роиљ кардаанд? Шояд гуноњи Хадамоти муњољират бошад, ки натавонист, беш аз 1 миллион марди зандору безани тољикро дар Ватан ба кор таъмин намояд? Ё занони тољик гунањкоранд, ки шарму виќори шарќиёнаро пушти по зада, умри худро бешавњару бе фарзанд сипарї кардан нахоста, ба њамсари 10 - 15 - ум њамоѓўш шуданианд? Ё гуноњи ширкатњои мобилианд, ки мисли даллањо њазорон раќамњои телфонњоро рўи тахтањо часпонида, онњоро дастраси мардум гардонидаанд? Рустами ТИЛФОН


НИГОЊИ МАРДУМЇ ?-И НОБОБ

ЧАРО? ЧАРО ОЗМУНИ ЗАБОНИ АРАБИРО АЗ НИЗОМИ МАОРИФ ХОРИЉ КАРДАНД?

ТАЪЛИМИ ДИНИРО ДАР КУЉО БОЯД ГИРИФТ?

Чанд рўз пеш бо яке аз дўстонам вохўрдам, ки омўзгори забони арабист. Бо як хотири парешон арз кард, ки имрўз шогирдонамро ба озмун бурда будам, аммо афсўс, ки иштирок карда натавонистем. Пурсидам: чаро? Дар љавоб гуфт, ки забони арабї аз озмун бароварда шудааст. Ба дўстам сабаби хориљ кардани забони арабиро дар он дидаанд, ки аз љониби баъзе муллоњо корњои бадахлоќона анљом дода шудааст. Албатта, ин гуна амал боиси тааљуб аст. Оё бо хориљ кардани забони арабї аз озмун ин махлуќоне, ки дар зоњир лиќоби мусулмонї доранду ботинашон машваратгоњи шайтон аст, оё бадахлоќон ислоњ мешуда бошанд? Ман, ки худ донишљўям, мехоњам ѓазалиёти Мавлавии Љунунї, ашъори шайх Аттор, асарњои Абдулќодири Бедилу Њофизи Шерозї, пандњои Абдурањмони Љомиву ќасидањои Абўабдуллоњи Рўдакї, рўбоиёти Умари Хайёму "Гулистон" - и Саъдї Шерозї дар нусхаи асл, яъне, бо хати форсии арабиасос мутолиа намоям. Як намунаеро барои мисол аз ашъори Муњаммад Иќболи Лоњурї меорем: Њар гиёње, ки аз замин рўяд, Вањдању ло шарика лањ гўяд. Дар ин љо агар адабиётшинос дониши забони арабї надошта бошад, бо кадом васила аз уњдаи тафсири ин байт мебарояд? Пас бояд забони арабиро омўхт, зеро ки он чиз ки аён аст, хољат ба баён нест. Чаро забони арабї дар Тољикистон чун забони байналмилалї шинохта нашаваду дар муассисањои таълимї ё ин ки мактабњои миёна дарс дода нашавад? Хулоса, њадаф танњо омўхтани хатту забони арабисту дигар њељ! Ё бо омўхтани хатту забони арабї њадаф бароварда намешавад? Абўбакри АЊМАД, донишљўи бахши дуюми Донишкади исломии Тољикистон

- Мехоњам, ки фарзандам дар баробари дониши дунявї саводи динї низ дошта бошад. Худам аз уњдаи он намебароям, ки ба ў таълими динї дињам. Тибќи ќонун ба масљид рафтани наврасон манъ мебошад, дар назди домуллоњо њам мумкин нест. Дар куљо бояд фарзандам таълими ибтидоии диниро гирад? Акбар МИРЗОЕВ, сокини шањри Душанбе - Вобаста ба саволи Шумо дар мавриди гирифтани маълумоти динї барои наврасон: Дар Љумњурии Тољикистон Гимназияи исломии назди Донишкадаи исломии Тољикистон ба номи Имоми Аъзам Абуњанифа Нуъмон ибни Собит амал мекунад, ки дар он 2245 нафар хонандагон аз синфи 1 то синфи 11 бо тањсил фаро гиифта шудаанд. Дар гимназияи мазкур баробари барномањои аз љониби Вазорати маориф ва илми Љумњурии Тољикистон тартиб ва тасдиќшуда, инчунин барномањои таълимоти дини ислом дарс дода мешаванд. Шањрвандони Љумњурии Тољикистон маълумоти олии диниро пас аз хатми мактаби миёна дар Донишкадаи исломии Тољикистон ба номи Имоми Аъзам Абуњанифа Нуъмон ибни Собит гирифта метавонанд. Айни њол дар донишкадаи мазкур 2197 нафар донишљўён дар бахшњои рўзона ва ѓоибона тањсил менамоянд. Ба саволи Шумо Љумъахон ЃИЁСОВ, муовини якуми раиси Кумитаи оид ба корњои дин, танзими анъана ва љашну маросимњои миллии назди ЊЉТ љавоб дод.

“НИГОЊ”, ЧОРШАНБЕ №47 (378) 19. 02. 2014

15

АКСИ ГЎЁ

ХАЙРАНДЕШ: ВОЙ БАР ЊОЛИ ИТТИФОЌИ НАВИСАНДАГОН, КИ МИРЗО БОЌИЗОДА БО КИТОБИ 5 КГ-АШ ВА УМРИ 70-СОЛААШ ЊАНЎЗ ЊАМ УЗВИ ИТТИФОЌ НЕСТ!

ВОКУНИШ

?-И НОБОБ

ЛАТИФА

ЧАРОЃАКЊОИ РОЊНАМО ДАР ТАВОЗУНИ КИСТ? - Мехоњам донам, ки чароѓакњои роњ дар тавозуни РБДА ВКД ЉТ аст ё Вазорати наќлиёти Тољикистон? Чароѓакњои роњнамо дар Тољикистон молу мулки кї ба њисоб меравад ва бояд кї аз болои чароѓакњои роњнамо назорат бибарад? Абўбакр ЉЎРАХОНОВ, сокини ноњияи Ёвон - Бо ќарори собиќ Шўрои Вазирони ЉШС Тољикистон тањти № 57 аз 21-уми феврали соли 1986 дар љумњурї корхонаи давлатии љумњуриявии махсусгардонидашудаи васлу истифодаи назди Раёсати БДА ВКД Љумњурии Тољикистон ташкил гардидааст. Корхонаи мазкур пешбурди корњоро дар соњаи ташкили њаракат дар роњ, љињати љињозонидани кўчаю роњњои автомобилгарди маркази шањру ноњияњо бо воситањои техникии танзими њаракат дар роњ анљом медињад. Дар зертобеъи он, корхонањои фаръї дар вилояти Суѓд, минтаќањои Ќурѓонтеппа ва Кўлоби вилояти Хатлон, минтаќаи ноњияњои тобеи марказ ва ќитъаоти шањри Душанбе дохил мешаванд. Корхонањои мазкур дар шањри Душанбе, марказњои вилояту шањру ноњияњои љумњурї сохтмони иншоотњои чароѓакњои роњнамо, гузоштани аломатњои роњ, нишонагузорї намудани хатњои уфуќї ва нигоњдошти воситањои техникии танзими њаракат дар роњро иљро менамояд. Дар дигар роњњои автомобилгард иљрои чунин корњоро муассисањои зертобеъи Вазорати наќлиёти Љумњурии Тољикистон амалї менамоянд. Ба саволи Шумо аз Вазорати корњои дохилии Тољикистон посух доданд.

- Хола, ширатон маззаи об дорад- ку. - Э не љони ширин, мо ба шир об њамроњ намекунем. Баръакс, ба об шир њамроњ мекунем. ***** - Њой њамсоя! О вай бўзатона аз назди панљара дуртар бандед. Намебинед вай алафњои аз панљара гузаштаи полезамро хўрда истодааст. - Э-э њамсоя, ин ќадар зихнагї накунед, чорпанљ тор алафи аз панљара гузаштаро хўрдааст-хўрдааст -дия. Ин ќадар мурѓњои шумо аз панљара гузашта , дар оѓили бўзи ман тухм гузошта мераванд, ман њељ чиз намегўям ку! ***** Субњ зан аз хоб бармехезад ва дар оинаи барќад дурудароз ба афту андоми худ менигарад… Сипас, бо ќирраи чашм ба шавњараш, ки ѓарќи хоб аст, нигариста, ѓолибона фишшос мезанад: - Љазои ту њамин аст! ***** Зане ба шавњари хасисаш гуфт: - Саломатии модарам хуб нест. Розї бошї, модарамро ба хона биёрам? - Ба фикрам,- саросемавор гуфт мард, - худат ба назди модарат равї, хубтар мешавад. Њољї АБДУЛЛОЕВ, сокини ноњияи Фирдавсї

ИНРО БОЯД ДОНИСТ! - Мувофиќи ќарори Маљлиси миллии Маљлиси Олии Љумњурии Тољикистон њанўз аз соли 2000-ум номи як ќатор вилоят, шањр ва ноњияњои Тољикистон иваз карда шуданд. Ба як ќатор нуќтањои ањолинишин маќоми "шањрак" дода шуд. Њоло ба хонандагони азизи нашрияи "Нигоњ" рўйхати вилоят, шањр ва ноњияњои ивазшудаи Тољикистонро бо рўзу моњу соли он пешнињод мекунам. Инро бояд њама донад, зеро он як санаи таърихи кишвари мост! НОМИ ПЕШИНА 1.Вилояти Ленинобод 2.Шањри Ўротеппа 3.Ноњияи Нов 4.Ноњияи Октябр 5. Ноњияи Фрунзе 6. Ноњияи Марказї 7. Ноњияи Бешкент 8. Ноњияи Совет 9. Ноњияи Хољамастон 10.Ноњияи Москва 11.Ноњияи Ѓозималик 12. Ноњияи Данѓара 13. Шањри Кофарнињон 14. Ноњияи Ленин 15. Ноњияи Дарбанд 16. Ноњияи Ѓарм 17. Ноњияи Файзобод 18. Дењаи Обикиик

НОМИ НАВ вилояти Суѓд (10-уми ноябри соли 2000) шањри Истаравшан (10-уми ноябри с. 2000) ноњияи Спитамен (21-уми ноябри с. 2003) ноњияи Исмоили Сомонї (28-уми апрели с. 2000) ноњияи Сино (21-уми ноябри с. 2003) ноњияи Фирдавсї (21-уми ноябри с. 2003) ноњияи Носири Хисрав (12-уми феврали с. 2004) ноњияи Темурмалик (12-уми феврали с. 2004) Абдурањмони Љомї (12-уми феврали с. 2004) ноњияи Мир Сайид Алии Њамадонї (12-уми феврали с. 2004) ноњияи Хуросон (12-уми феврали с. 2004) шањраки Данѓара (29-уми майи с.2000) шањри Вањдат (7-уми апрели с. 2003) ноњияи Рўдакї (21-уми ноябри с. 2003) ноњияи Нўробод (7-уми апрели с. 2003) ноњияи Рашт (28-уми апрели с. 2001) шањраки Файзобод (29-уми майи с.2000) шањраки Обикиик (16-уми июли с.2003)

Саодат ШАРИФОВА, сокини нохияи Синои ш. Душанбе,донишљўи Донишгоњи миллии Тољикистон

Муњтарам сармуњаррир ва њайати тањририя! -Маќолаи шањрванд Муњаммад Фармонзодро тањти унвони "САЊШ дар орзуи ѓулом кардани тољикон" хонда, мавриди баррасии умум ќарор додем. Аввалан мехоњем ба иттилои Шумо расонем, ки аз шањрванд Муњаммад Фармонзод ба бахши САЊШ-и ноњияи Шоњмансури шањри Душанбе ягон ариза оиди гирифтани шањодатномаи таваллуд барои фарзандаш мурољиат нашудааст. Дар дафтари ќайди САЊШ-и ноњияи Шоњмансур, ки дар он њамаи мурољиатњо сабт мешаванд, чунин шахс ќайд нашудааст. Аз ин сабаб мо наметавонистем ба ў ягон маслињат оиди иваз намудани ному насаби фарзандаш дињем. Оиди баќайдгирии давлатии асноди њолати шањрвандї, ба маълумоти Шумо мерасонем, ки мувофиќи банди 1 моддаи 20-уми Ќонуни Љумњурии Тољикистон "Дар бораи баќайдгирии давлатии асноди њолати шањрвандї" насаби кўдак њангоми баќайдгирии таваллуд бо насаби падару модараш сабт карда мешавад. Масалан, агар Муњаммад Фармонзод, аз сабабе, ки ў њамчун "Фармонзода" насабгузорї шудааст, фарзандаш низ њангоми баќайдгирии таваллуд њамчун "Фармонзода" ќайд карда мешуд. Аз њафтаномаи "Нигоњ" хоњиш мекардем, ки дар оянда њангоми чопи чунин матлабњо даќиќнигор бошанд. Бо эњтиром, Моњира КАРИМОВА, мудири Бахши сабти асноди њолати шањрвандии ноњияи Шоњмансури шањри Душанбе

БА ЉОИ 09 - Хадамоти муњољирати Вазорати мењнат, муњољират ва шуѓли ањолии Љумњурии Тољикистон ба маълумоти њамаи шањрвандони љумњурї мерасонад, ки дар ин хадамот маълумот оид ба шахсоне, ки ба онњо ворид гардидан ба ќаламрави Федератсияи Русия манъ аст, мављуд мебошад. Бинобар ин шањрвандони хоњишманд метавонанд тариќи ройгон маълумотњоро аз хадамот ва сохторњои зертобеи он дастрас намоянд. Љињати пешгирии њолатњои номатлуб, аз љумла, доир ба дастрас намудани вараќаи муњољиратї дар Хадамоти муњољират гуруњи корї тањти роњбарии сардори хадамот ва сардорони раёсатњо таъсис дода шудааст. Шањрвандон барои гирифтани њар гуна посух метавонанд ба шумораи телефони боварї 225-07-19 мурољиат намоянд. Њамчунин шањрвандон бо ин нишонї ва шуморањои телефонї мушкилоти худро бароварда созанд. Дар шањри Душанбе, кўчаи Айнї, 121, телефон 225-07-19, 95-11501-16, хиёбони Рудакї, 37, телефон 221-08-34; шањри Ќўрѓонтеппа, хиёбони Вањдат, 523, телефон 8-2322, 2-55-83; шањри Хуљанд, кўчаи Фирдавсї, 120, телефон 8-3422, 6-51-99; шањри Хоруѓ, кўчаи Ленин, 36, телефон 8-3522, 2-29-76.

Д И Ќ Ќ А Т! Барои ба саволњои доѓи худ посух гирифтан ба идораи њафтаномаи «Нигоњ» мурољиат кунед. Суроѓа: шањри Душанбе, кўчаи Носирљон Маъсумї-3, назди Хона музейи Мирзо Турсунзода. Ё ба масъули сањифаи "Нигоњи мардумї" бо шумораи телефони 985 60 86 85 занг занед ё бо воситаи смс-паём саволи худро ирсол доред. Њамчунин ба почтаи электронии nigoh_tj@inbox.ru арзу пешнињод ва мушкилоти худро бинависед.


КОМИЛАН ЉИДДЇ

“НИГОЊ”, ЧОРШАНБЕ №47 (378) 19. 02. 2014

ПУРБИНИ «НИГОЊ»

ЌАЙЧИБИЗНЕС Ё НАЌШАИ НАВИ МИРЗОДИККАК Садои занги телефон Ѓалтакро, ки чанд шабу рўз барфи Душанберо ихтиёран, бе пулу моњона, њамту аз рўи садоќат ба пойтахти азизаш тоза мекарду сахт монда буд, ба худ овард. Ў даст дароз карда, телефонро аз рўи миз гирифт: - Алло! Гўшам ба шумо, марњамат! Мирзодиккак: -Ѓалтакбой! Соат нуњу аллакай хобї? Ѓалтак: - Барќро, ки хомўш мекунанд, маљбурем љойгањ дароем. Ростї аз бебарќиву секс безор шудаем, вале чї илољ? Мирзодиккак: - Вањ...кошки, мо душанбегињо њам ба њамин шабњо расем. Каљтоќї, аз хабарњои нав дарак дорї? Аз рўи шунидам, дар Душанбе барои коштани картошкаю љуворимакка замин људо шудааст. Агар ягон хешу табор, наздиконат бошанд, ба Душанбе биёр. Ин љо њосили наѓз рўёндан мумкин... Ѓалтак: -Бо ягон ќонуни нав ќабул кардед, шумо, њукуматињо? Мирзодиккак: -Одами хуб ба нашри ќонун мунтазир нашуда, худаш амал мекунад, мисли Бек Сабурич. Надидї, ки ин марди Худо назди бинои баландошёнаи Хадамоти алоќа пиёзу гашнич коридааст. О, барои њамин дар Душанбе дигар парвариши чорвои њархела, гову мол иљозат нест... Ѓалтак: - То гашничхои бобои Бекро начаранд? Мирзодиккак: -Ба фикрам, халќи Ќумсангиру Даштиљумро бояд ба пойтахт кўчонид, зеро эшон дар он љо аз беобию бекорї ба љон расидаанд. Наќшаи Ќосими Рањбарро иљро кардан даркор: ў ба Калон ваъда додаст, ки имсол беш аз 1 миллион тонна картошкаи худї истењсол мекунад. Намедонам, чї хел… Бозорњои моро саросар картошкаю мањсулоти покистонию чинї ва афѓониву эронї гирифтаасту.. Ѓалтак: - Гапи кўњна-ку: Алимардони буродару Ќосими берахбар њарчї хоњанд навиштан мегиранд, рўи коѓаз. Ба калонашон њамин маъќул. Дигар навигарї нест? Мирзодиккак: -Навигарї лак андар лак! Аз њама муњимаш занони мо, авлодони Дилором - кампир фаъол шуда истодаанд!!! Худи дирўз, дар Исфара як зани љасур олоти мардии милисаро бо теѓ бурида партофтааст. Ќандаша занад. О, њамин милисањо ба љони мардум задаанд: "облава" - ю шиканљаву њою њуяшон гўши фалакро кар намудааст. Ѓалтак: -Рост гуфтї, ана Хуан Мендез боз роњбари давлатро ба њолати нобоб мондааст... Мирзодиккак: -Оњи мардуми бечора мегирадашон, њамаашон ахта шуда, ба њарами бойњо меафтанд. Дар замони пештара "Милисаи ман - њимоятгари ман!" мегуфт мардум. Алњол бошад "Худо накунад, ки корат ба милисаю духтур афтад!" мегўянд. Милисањо ба муњофизони сарватмандон камар бастаанду назарашон халќи бечораро намегирад дигар. Ѓалтак: -Дўстам, о, олоти мардї ба милиса чї даркор?! Дубинка доранд, кифоя. Ин милисаи исфарагї њам дубинкаашро эњтиёт карда, аз буридани асбоби асосиаш шояд заррае парво накунад. Муњимаш дубинкаву шањодатномаву пагонњояшро набуранд, бе маош њам ризќу рўзиашро мисли кирми даруни лой пайдо мекунад. Лекин журналистони "Сафина" њиммат карда, ин милисаи зангаштаро агар ба студия даъват мекарданд, хеле хуб мешуд; акнун ў мисли иштирокчиёни љанги Берлин мактаб ба мактаб гашта, ба шогирдон аз боби дўстиву рафоќат, якзанагию якрўягї, якдилию якроњагї дарси одобу хирад хоњад омўхт. Мирзодиккак: -Њамсари ин милисаро ёфта, ордени "Љасорат" ё "Шараф" додан даркор! Бечора занак дид, ки дигарон ибо карда, "дар сари вазифаи њукуматист, пагон дорад" гўён худро дур мекашиданд, натарсида, адаби шўрапўштро бо дастони худаш додааст! Ќандаша занад! Мегўянд, ки барои зани дуввум доштанаш.. Ѓалтак: -Астаѓфируллањ гуй! Мирзодиккак: -Људо љањлам омадагї, намегўям. Хабари дуввумро гўш кун - бо дукода (ќайчї) куштани сардори мањбасхонаи Кўлоб аз љониби як нафар мањбусро шунидї? Ѓалтак: -Не, нашунидаам. Канї, гап зан, шумо њукуматињо дар таги замин мор њам љунбад, мефањмед. Рости

гап, ба мо, мардуми оддї, шабу рўз аз ТВ-и Тољикистон ба љуз суруду арѓушти њофизону раќќосањо чизи дигарро нишон намедињанд. Бовар кун, дўстам, ман як одами каппа - калон, омада - омада, имрўз ба раќќосањои Љумъахони Сафар ошиќ шудаам. Гўйї ману раси телевизионро ба љуз алвонљи куртањои васеи гулдухтарони чаканпўш чизи дигар њеч ташвиш намедињад. Мана, худи њозир ту дар бораи ким-кадом "туремшик" сўњбат дорї, аммо ман хандаи раќќосањоро тасаввур дорам.. Мирзодиккак: - Ними мансабдорон аз пушти раќќосањои "Падида"-ву ту аз пушти... Ѓалтак: - Мирзољон, аз ёдат наравад, ки ту бо телефон суњбат дориву амният гўш мекунад туро... Мирзодиккак: - Гўш кардан гирад, ман аз амнияти худамон ягон сир надорам! Ту, ошно, кам ТВ тамошо куну ба њаёти реалї нигоњ кун. Акнун нархи ќайчї (дукода) яку якбора боло рафт, агар "хватка"-и соњибкорї медоштї, соњиби пулу моли зиёд мегаштї; мардум дар њама љо ќайчї суроѓ карда гаштааст, бинобарин нархаш њам боло рафт... Ѓалтак: - Э, нее?! Мирзодиккак: - Ња! Фавран шањр биё! Як мошин ќайчї харида, ба Кўлобу Ќурѓонтеппа мебарем. Ѓалтак: -Кўлоб мешаваду Ќурѓонтеппа не, бачањои Чапаев намемонанд...Њукумов конкуренти сахт аст... Мирзодиккак: - Даври њукумовњову намемондагињо гузашт, дўстам. Зинда бод ќайчї! Њамин њоло хеста шабошаб биё, то як ду мошин бор ба Бадахшон њам равон кунем. Ѓалтак: -Бозори зур ёфти-ку.. Мирзодиккак: - Чї фикр кардї, дўстат пучоќи банан аст?! Ман аллакай дар Яккачинор дўкон кушодам. Асосан корду дукода, табар ва белу шохї савдо мекунам. Фурўшандаам њар бегоњ халта - халта пул ба њавлиам оварда мемонад… Ѓалтак: -Рост мегўї?! Мирзодиккак: - Бале Мирзољон. Ман бовар доштам, ки як рўз не, рўзи дигар халќ аз хоб бедор мешавад, њисобро бо золимон баробар хоњад намуд. Ту мардони њимматбаланди миллат - Восеъ, Темурмалик, Спитамен, Деваштич, Рустаму Фарњод ва садњо дигар ќањрамонњоро ба хотир ор! То замоне ки ба зулму ситам тоќат мекунї, њамоно он меафзояд, ин дарси таърих аст… Мегўянд, ки об ваќте аз сар гузашт, тамом: кўњро њам зада талќон мекунад! Сазои ин сардорро, ку як тан дод, пас љуброни миллион - миллион мардуми саргаштаи тољикро, ки дар тамоми љањон сияњрўю бахтбаргашта гаштааст, кї медода бо… Ин дафъа садои телефонии ду дўстро овози "хррррррр……..хррррр….", мисли гўш кардани "Урупои озод" - и солњои 80 - уми асри 20, ки мављњои радиоро мезаданд, халалдор намуд. Ѓалтак: -Алло? Њеч њарфе ба гўш намерасад… Мирзодиккак: -Алло! Касе суњбати моро гўш карда истодааст, чї? Гуфтї-ку, дар ин шањр бо телефон арзи дил карда намешавад, тамоман… Рабинович (аз эфир): -О, шумо каме шарм доред, мо дар давраи Шўравї ин хел маслињатњоро бо телефон он тараф истад, њатто бо занамон, дар кунљаки ошхона гуфта наметавонистем! Шумо расо гузаронедед-ку... Ѓалтак: -Як даќиќа…Рабинович? Рабинович: - Бале, домулло Ѓалтаки данѓарачї, ман њастам. Ѓалтак: -Э, бар падари Кохи сурхат лаънат, ту кай ин балоњои ба сари мо овардаатро мебарї?! О, 20 сол шуд! Мурдем аз бебарќиву бегазиву бадахлоќиии сартосариро... хррррррр……..хррррр…Сабил монад, алоќа канда шуд, вагарна як ду гапи обдор ба арвоњи Естсину Козиреву Примакову Путин мегуфтам.… Мирзодиккак суњбати Рабинович ва Ѓалтакро шунида ба кун заду гўшї аз дасташ афтид. ? дигар маљоли хестан надошт, вале ирода карда садо баровард: -Пахтагул Панљсолаевна-аа-а!Азизам бардор маро, ки њангам канд. Пахтагул Панљсолаевна, ки Мирзодиккаки болои фаршро дида, будуни тааљљуб ва садое ўро рўи њарду даст бардошту суи рахти хоб бурд. Мирзодиккаки бедор аз мењрубонии зани тољик њаловат бурду худро ба хоб андохт, мисли њама мардони ин миллат, ки бедоранду худро ба хоб меандозанд.

Раиси Шўрои муњаррирон: Саймиддин ДЎСТОВ

Њафтанома дар Вазорати фарњанги Љумњурии Тољикистон ба ќайд гирифта шудааст.

МУАССИС: Созмони љамъиятии «ИНДЕМ» («Информатика барои демократия ва рушди миллї»).

Котиби масъул: Абўалї НЕКРЎЗОВ Шўъбаи иттилоот ва сиёсат тел: 600 80 38 Шўъбаи тањќиќот ва тањлил тел: 600 80 38 Шўъбаи иљтимоъ ва иќтисод тел: 600 80 39 Шўъбаи реклом ва огоњиномањо тел: 918 74 75 79

МАНГАР, КИ КЇ МЕГЎЯД...

16

Мењмоншоњ ШАРИФОВ, донишманди тољик: - Ин њам маълум аст, ки аз наќби Хатлону Истиќлол дида, таъсири наќби Фасоду Мањалчигї бештар аст. Дар наќбњои баъдї намояндагони њукумат фаъоланду дар даву тоз. - Ташбењи олї, аммо бовар кунед, дар даву тоз нестанд, балки дармондаанду аз бењавогии мањали тангашону дуди ѓализи фасод њоли баде доранд. Шерхон САЛИМЗОДА, Прокурори генералии Тољикистон: - Агар шахс љиноят содир накарда бошад, додгоњ ўро мањкум намекунад. - Шуморо њамчун ягона њуќуќшинос дар дунё, ки ба ин гап бовар дорад, ба Китоби Гиннес бояд шомил кард. Лозим бошад, њуљљатњояшро ба забони инглисї таёр кунем? Шодї ШАБДОЛОВ, раиси ЊКТ: - Мо бояд аз байни мухолифони худ бењтаринњоро интихоб намуда, ба маќомњои баланд таъин кунем ва бинем, ки онњо ба ваъдањои худ то чї андоза содиќанд. - Зинда бошад бобои Зигмунд Фрейд: њама сирњоро фош кардед-ку, раиси њизби мухолиф! Рафиќи коммунист, шумо аз байни мухолифин не, аз байни худатон бењтаринњоро интихоб карда, бепул ба маќомњои баланд таъин кунед, мардум дуои љонатонро мекунанд. Лора ТАК, ноиби раиси Бонки љањонї дар умури Аврупо ва ОМ: - Ташхиси фаннию иќтисодии сохтмони нерўгоњи барќи обии "Роѓун" то миёнањои соли љорї ба анљом хоњад расид. - Ин ваъдаи шумо мисли ваъдаи раисњои мо набошад?! Инњо ваъда карда буданд, ки то соли 2012 Роѓунро бо нохуну ангушт њам месозем. Давлат УСМОН, собиќ вазири иќтисоди Тољикистон: - Дар бозори сўзишвории Тољикистон фаќат ширкати "Газпром"-и Русия "дасти дароз" дорад. - О, дасти њукуматашон, ки болои њукумати мо дароз шуд, ки дасти ширкату ширкатчањояшон њам ин тараќу ун тараќчаба њам медарод-де. Раљаббой КАРИМОВ, раиси шањри Хуљанд: - Дар мамлакатњои Ѓарб касе, ки якчанд километр роњро мумфарш кунад, ба ягон мавзеъ номаш гузошта мешудааст. Мо њам дар шањри Хуљанд ин иќдомро пеш хоњем гирифт. Касе, ки 5 ё 10 километр роњро мумфарш кунад, кўчаро ба номи ў мегузорем. - Эње, акои Раљаббой, ин кўчањои Анвари ромашкаву Нусрати бетурсуку Рањмони рашнаги Гуляи теппача муборак шавад! Шоњрух САИДОВ, раиси дастаи фуболи "Истиќлол": - Барои духтарчаам ман омодаам, ки њамин њозир хона харам ва тамоми њуљљатњои даркориро ба номаш гузаронам. Вале ба модараш не. Ман баъди огањ шудан аз рафтори ў дигар ба вай бовар надорам ва намехоњам, ки дар ин шабу рўз духтарчаам бо ў бошад. - "Мазан дари кас, ки групповой мекубанд дарвозаатро" таъкид кардааст маќоли тољикї.

Дар њафтанома матолибе низ ба нашр мерасанд, ки бо мавќеи идораи он муѓойират доранд. Дар шумора аз аксњое њам аз Шабакаи љањонии Интернет истифода шудааст. Матолиби хусусияти таблиѓотидошта ® метавонанд танњо бо пардохти муайян дар њафтаномаи «Нигоњ» нашр шаванд. Барои дар дигар нашрияњо пурра ё ќисман чоп кардани матолиб ва иќтибосњо аз «Нигоњ» иљозаи хаттии идора ва нишон додани сарчашма дар шакли «аз њафтаномаи «Нигоњ» №_ аз санаи _» њатмист. Њуќуќи муаллифии кулли матлабњои шумора ба идораи њафтаномаи «Нигоњ» ва СЉ «ИНДЕМ» тааллуќ дошта, тибќи ќонунгузории љории Тољикистон ва байналмилалї њифз карда мешаванд.

Ќимати рўзнома дар фурўши чакана на беш аз 2 сомонї Њафтанома дар нашриёти «Мега-принт» чоп мешавад. Теъдод 4 000 Ќимати обуна барои як сол - 78 сомонї. Индекси обуна: 68990 НИШОНИИ ИДОРА: Љумњурии Тољикистон, шањри Душанбе, кўчаи Носирљон МАЪСУМЇ, хонаи 3. Телефон: (44) 600 80 38, 224 25 09 Теъдоде аз њар шумора дар асоси кўмаки техникии (дар шакли ќоѓаз) дафтари САЊА дар Душанбе ройгон таќсим карда мешавад.


Turn static files into dynamic content formats.

Create a flipbook
Issuu converts static files into: digital portfolios, online yearbooks, online catalogs, digital photo albums and more. Sign up and create your flipbook.