“НИГОЊ”, ЧОРШАНБЕ №47 (480), 24. 02. 2016
1
32 ТРИЛЛИОН НИЊОЛУ ЌАЛАМЧА ДАР 2 СОЛ Чаро Тољикистон ба љангали калон табдил намеёбад? САЊИФАИ 7 №47 (480). Чоршанбе, 24-уми феврали соли 2016
e-mail: nigoh_tj@inbox.ru
-УМ СОЛ БО ШУМО!
www.facebook.com/nigohtj
ОСИЁИ "МАЊАЛ" ТО КАЙ ХОЊАД ГАШТ? Давлатњои пешрафта дар андешаи шањрвандсозиянд. Мансубияти ќавмї, динї ва љуѓрофиёии ин шањрвандон муњим нест...
"ЌАРТАИ БАДАХШОН"
Чаро далеле барои мухторият намондааст?
БАЊСИ ДАВОМДОР
АНДЕШАИ МУХОЛИФ
ИСЛОЊОТИ КОНСТИТУТСИОНЇ Ё ОРМОНЊОИ АМАЛИНАШУДА? САЊИФАИ 3
ДИКТАТОР
ЉАВОНТАРИН ВА ЃАДДОРТАРИН ХУДКОМАИ ОЛАМ САЊИФАИ 10
ТАСАВВУФ - БИЊИШТИ ГУМШУДАИ ТОЉИКОН САЊИФАЊОИ 8-9
ФАРОМЎШНОШУДА БИДУНИ ШАРЊ
ЁЌУБ САЛИМОВ СИРРИ ЗИНДОНЇ ШУДАНАШРО ОШКОР МЕКУНАД? САЊИФАИ 4
БАРКАНОРИИ МУФАТТИШИ ПАРВАНДАИ ЗАЙД САИДОВ САЊИФАИ 3
Салим АЮБЗОД, журналист ва тањлилгар
Ин мавзўи њассос ба њамагон ошност, вале кам касон омодаанд, дар бораи он ба гунаи љиддї суњбат кунанд. Бисёрињо хомўширо "сад тило" медонанд, вале гумон аст, сукут роње ба сўйи бењбуд бошад. Мавзўъ мањалгароист, ки ба гуфтаи нависандаи тољик Њабиб Саид дар шакли вирус ё ангали "М" ба тамоми рагњои љони миллат хазида, онро бемору нотавону беирода ва њатто то љое ноумед кардааст. Бархе ин њолро нодида мегиранд, бархи дигар љиддї намешуморанд, ќисме онро "навбати осиё"и як тараф дар посух ба тарафи дигар медонанд ва афроди ангуштшуморе нигаронанд, ки "посух ба посух" то куљо хоњад расид. Шубњае нест, ки "бомбаи соатї"-и ангали "М" њанўз дар замони шўравї гузошта шуд. Бахше аз кишвар, ки дар поёни садаи XIX бо ишѓол шуданаш аз тарафи Русияи подшоњї нисбатан дар њоли рушд буд, зимни мањалгароии сулолаи рањбар пешрафти бештар дид ва бахши дигар аз фарти камтаваљљўњї дар њоли нобаробар монд. Давлатмардон замоне ба ислоњи хато пардохтанд, ки шўравї дар бистари марг буд.
КЕШИ МАЊАЛ Умеди хаёлпарастони солњои 1990, ки истиќлоли кишвар ва иќтисоди озод давои ин беморї хоњанд шуд, ба бод рафт. Баръакс ангали "М" яке аз абзорњои љанги солњои 1992-97 шуд ва тафриќаро амиќтар кард. Вале ончї имрўз мегузарад, на танњо такрори хатои гузашта, балки афзудан ба он ва насби "бомба"-и ба маротиб бузургтаре шумурда мешавад. Шиноси деринаам, яке аз мансабдорони тољик, дар суњбати хусусї ин њолатро њамоно "талоши дастёфт ба рушди баробар" номид. Вай гуфт: "Як чизро фањм, ки як давраи таърихї ба поён расида, давраи нав сар шудааст ва вазифаи мо аз њамаи њукуматњои пешина вазнинтар аст, зеро мо бояд миллатро созем". Аммо чунин "миллатсозї" чандон сањењ ба назар намерасад, зеро миллатро на гурўњи мансабдорони як минтаќа, балки њамаи нињодњои давлат, порлумон, ањли илму дину фарњанг, мардум ва љомеаи шањрвандї дар якљоягї месозанд. Шояд аз ин љост, ки то њол талошњои миллатсозї, агар њам њастанд, бенатиљаанд ва бахше аз сокинони кишвар худро њошиянишину бесоњиб, бегона ва нозарур њис мекунад. Намояндагони дин умадатан дар хидмати давлатанд, ањли фарњанг гирифтори мушкилоти худ, љомеаи шањрвандї бештар ба ном вуљуд дорад. Сатњи бархе аз "миллатсозон" низ аз ояндаи хубе хабар намедињад.
"КИМЧИЗАТСИЯ"-И КИШВАР Яке аз тоифаи "миллатсозон", ки чанде пеш ба маќоми баландтаре соњиб шуд, дар мулоќот бо сафири Амрико исрор кардааст, ки барои тањсил дар ИМА бештар љавонони минтаќаи ў интихоб шаванд. Дар барќияаш, ки Викиликс онро фош кард, сафир чунин дархостро "аљиб" номидааст. Гузорише нашр шуда буд, ки буљаи яке аз ноњияњои Тољикистон бо љамъи буљаи 13 ноњияи дигар баробар аст. Расонањои ахбори ом таносуби ањолии ноњияњо ва мансабдорони давлатиро, ба ќавли Љумъа Давлатов, раиси Ољонсии хидмати давлатии вобаста ба раёсатљумњури Тољикистон, "кимчизатсия"-и кишвар номиданд.
14
2
“НИГОЊ”, ЧОРШАНБЕ №47 (480), 24. 02. 2016
МАВЗУИ АСОСЇ
«БЕ ШАМОЛ ШОХИ ДАРАХТ НАМЕЉУНБАД» 19-уми феврал Ато Мирхоља, муовини раиси Иттињоди нависандагони Тољикистон, дар сафњаи фейсбукиаш хитоб ба раиси Кумитаи радио ва телевизион Мањмадсаид Пиров изњори нагаронї аз он кард, ки телевизионњо огоњона ба љои "Вилояти Мухтори Кўњистони Бадахшон" ибораи "вилояти Бадахшон" - ро ба кор мебаранд. Инро мешуд хўрдагирии як нафаре њисобем, ки бо сухан сарукор дорад ва мехоњад хатои имлої ислоњ шавад, агар дар зимни мурољиаташ ишорањое пинњону ошкор ба "хатои сиёсї" намедошт. Ато Мирхоља дар доирањои сиёсї ва рўзноманигорї аз афроде шинохта мешавад, ки њамеша аз мавќеи њукумат аланї њимоят мекард ва њатто дар ноамнињои соли 2012 дар Хоруѓ сарварони гуруњњои мусаллањ дар Бадахшонро мавриди интиќод ќарор дода буд. Њоло, ки ин зодаи Бадахшон ровиёни телевизионњои кишварро ба огоњона тањриф кардани номи расмии вилоят муттањам мекунад, бидуни шак, ин суол пеш меояд, ки нигаронињои ў аз куљо маншаъ мегиранд? Бахусус, ки: 1) расонањои дохилу хориљи Тољикистон солњост, ки ба љои "Вилояти Мухтори Куњистони Бадахшон" ибораи "вилояти Бадахшон" ва њатто танњо калимаи "Бадахшон" - ро истифода мекунанд; 2) дар забони рўзноманигорї кутоњ кардани иборањои дурударози сиёсї ба манзури баён ё фањми осони онњо таљрибаи оддї аст, масалан, ба фарќ аз њуљљатњои расмї "Љумњурии Тољикистон" - "Тољикистон", "Федератсиони Россия" "Русия", "Љумњурии халќии Хитой" - "Чин", "Кумитаи андози назди њукумати Љумњурии Тољикистон" - "Кумитаи андоз" ном бурда мешаванд. То ин замон касе аз ин ихтисорот нороњат нашуда, норизоиятї њам накарда буд. Аз љумла, Ато Мирхоља, ки таљрибаи рўзноманигорї низ дорад ва ќаблан муовини сардабири рўзномаи расмї - "Љумњурият" буду њоло њам муовини раиси Иттињоди нависандагони Тољикистон аст, хуб медонад, ки забони рўзноманигорї забони озод аст ва ин ихтисорот тањрифи амдї ё огоњона нест. Ба ин далоил ва бо назардошти фаъолшавии чандин тан аз зодагони вилоят дар шабакањои иљтимої пеш аз чопи матни таѓйиру иловањо ба Сарќонун мо метавонем хулоса кунем, ки онњо аз чї гапе хабар доштанд. Бањсњое, ки дар шабакањои иљтимоии интернет сари мурољиати Ато Мирхоља ба раиси Кумитаи радио ва телевизион сурат гирифтанд, сарнахи нигаронињои онњоро ба дасти мо медињад. Ба назар мерасад, сухан дар бораи он меравад, ки дар толорњои њукуматї андешаи таѓйир додани маќоми расмии ВМКБ сайр мекунад ва ин гуфтугузорњо Ато Мирхољаро њамчун як нафари расмї ба ин андеша овардааст: "Аввалњо фикр мекардам, ки шояд сањв мекунанд ё танбалї. Пас аз муќоисаи рафтори дастандаркорони телевизионњо бо Паёми Пешвои миллат, Президенти Љумњурии Тољикистон ба Маљлиси Олї ва лоињаи "Таѓйиру иловањо ба Конститутсияи (Сарќонуни) Љумњурии Тољикистон" ва баъзе санадњои дигар ба чунин хулоса омадам, ки дастандаркорони телевизионњо ба ин ѓалат амдан, огоњона ва маќсаднок роњ медињанд". Аз ин гуфтањои адиб хулоса мешавад: ў интизор дошт, ки дар паёми президент ба Маљлиси Олї ва лоињаи "Таѓйиру иловањо ба Конститутсия" ва "баъзе санадњои дигар" -и ба мо номаълум, масъалаи статуси мухторияти Бадахшон матрањ мешавад. Ин, ки мегўяд, "дастандаркорони телевизионњо ба ин ѓалат амдан, огоњона ва маќсаднок роњ медињанд", чї маъно дорад? Оё ин ишора ба он нест, ки њамоно мавзўи мухторияти Бадахшон аз барномањои њукумат лаѓв нашудааст? Яъне њукумат ба ин тарњи шўравї бархўрди дигаре дошта метавонад.
"ЌАРТАИ БАДАХШОН" Чаро далеле барои мухторият намондааст? ТАРЊИ ШЎРАВЇ Ин гуна вокунишњо бењуда нестанд ва агар ин мавзуъ дар мањфилњое дар сатњи олї баррасї мешаванд, низ бењуда буда наметавонад, бахусус ваќте ба таърихи ин мухторият мурољиат мекунем. Ин таърихи беш аз 90 - сола, њатто ќадимтар аз он, моро водор мекунад, ки ба умќи масъала таваљљуњ кунем. Чаро Бадахшон мухтор шуд, аммо то ба рўзњои мо таѓйири маќом накард ва ба вилоятњои дигари Тољикистон баробар нашуд? "Вилояти мухтор" аз кашфиётњои болшевикњо дар солњои 20 - уми асри XX аст. Њукумати тозатаъсиси Шўроњо пас аз Инќилоби Октябр ба зудї дар њудуди собиќ Шўравї ба ташкил додани њудудњои миллї - маъмурї дар шакли љумњуриву вилоятњои мухтор шурўъ кард. Њамин тавр, ќалмиќњову ченченњо, буряту муѓулу хакасу адигею черкасњо, осетинњо, дар умум, њудуди 30 ќавму миллияти дохили худи Русия дар оѓоз вилояти мухтор доштанд. Ќараќирѓизњо - ќирѓизњои имрўз то соли 1936 аввал вилояти мухтор, сипас љумњурии мухтор доштанд. Ќароќалпоќистон аз соли 1925 то 1930 вилояти мухтор дар њайати Ќазоќистон, аз соли 1932 љумњурии мухтор дар њайати Русия буд ва аз соли 1936 дар њайати Ўзбакистон аст. Яке дигар аз ин вилоятњои мухтор барои арманињои Ќаробоѓи Куњї соли 1921 дуруст дар марзи Арманистон ташкил шуд ва то соли 1991 дар њайати Озарбойљон буд (њоло Љумњурии Ќаробоѓи Куњї, аммо расман шинохтанашуда дар њайати Арманистон аст). Яке аз хунинтарин љангњое, ки дар ќаламрави Иттињоди Шўравї пас аз фурўпошиаш ба вуќуъ пайваст, мањз љанги Арманистону Озарбойљон сари њамин вилояти мухтор буд. Ин ду кишвар Ќаробоѓи Куњиро аз худ медонанд ва ду њамсоя то ба њол бо њам душманї меварзанд. Сарнавишти Бадахшон њам љолиб аст. Дар ибтидо соли 1923 Маскав онро њамчун вилояти мухтор дар њайати Љумњуриии Мухтори Туркистон ташкил кард. Соли 1924 љавонмардоне, назири Шириншоњ Шоњтемур, ба Бюрои сиёсии Њизби Коммунисти Иттињоди Шўравї мурољиат карданд, ки Бадахшонро ба Љумњурии мухтори Шўравї Сотсиалистии Тољикистон њамроњ кунанд. Соли 1925 Вилояти Мухтори Бадахшони Куњї дар њайати ЉМШС Тољикистон ташкил шуд.
Тайи 90 соли ахир вилоятњои мухтори Русия батадриљ ба љумњурињои алоњидаву мухтор табдил ёфтанд. Њоло аз мањсули таърихие ба номи "вилояти мухтор" - и болшевикњо, ки дар љањон назир надорад, танњо ду вилояти мухтор, яке, Вилояти Мухтори Яњудї дар Русия ва дигарї, њамин Вилояти Мухтори Кўњистони Бадахшони Тољикистон боќї мондаанд. ИШТИБОЊ Ё ТАВТИА? Дар муаррифињои Шўравї мухторият ба ќавму миллиятњое дода мешуд, ки аз миллатњои титулдор ё аксариятњои миллї ба теъдод кам буданд ва бадоњатан мухторият бояд њуќуќу манофеъи онњоро таъмин мекард. Аз ин нуќтаи назар додани мухторият ба мардуми Бадахшон, ки 95% тољиканд, суолангез буд. Аммо таблиѓоти шўравї њамеша бар ин таъкид мекард, ки "халќњои Помир" (памирские народы) мардуми махсусанд ва аз тољикон фарќ мекунанд. Њарчанд онњо аз ќабл иттилои сањењ доштанд, ки дар асл чунин нест. Аз љумла дар як санад тањти унвони "Њисоботи котиби Агентии сиёсии Русия дар Бухоро Р. Черкасов дар бораи сафари хизматї ба бекигарињои Помири аморати Бухоро дар соли 1904" ба сароњат омадааст, ки мардуми Помир сарбасар худро тољик ё тољикони кўњистон мехонанд. "Забони умумї (ва модарии ањолии Помир) лањљаи бадахшонии забони форсї аст, ки аз дањ нуњ нафари ањолии бекигарї, ба шумули занон ва наврасон ба он балад њастанд. Ин забони мукотиба аст. Ба ин забон китобњои муќаддаси тољикон навишта шудааст ва њамаи афроди босаводи Шуѓнон, Вахон ва Рўшон аз адабиёти классикии форсї бохабаранд. Забонњои мањаллї хатти худро надоранд..." - навиштааст Р. Черкесов. Аммо ихтилоферо, ки ин фиристодаи вижаи Агентии сиёсии Русия дар Бухоро зикр мекунад, фарќияти мазњабии тољикони кўњистон аз баќия ањолии Аморат, пеш аз њама тољикони водињо аст. Мардуми Бадахшон њамеша дар баробари сиёсатњои Аморати Бухоро ба хотири суннї кардани худ њассосият нишон медоданд, аз ин хотир, мекўшиданд, ки ба Русия паноњ баранд. Дар њисоботи Черкасов бармало зикр шудааст, ки агарчи
мардуми Бадахшон дар тобеияти Аморати Бухорост, садоќат ба пири худ Султон Муњаммад Шоњ Оѓохон дорад ва тайи њар 2 - 3 сол ба шањри Бомбайи Њиндустон, мањалли зисти ў закот мефиристад. Оѓохон тариќи нома дар Бадахшон њам пирњои мазњабро таъин мекард ва њам маслињатњои худро барои баќои исмоилиён ироа менамуд. Черкесов мегўяд, ки шахсан номаи ўро ба эшони Сўчон Саид Мурсал дидааст, аммо Эшон нагузоштааст, то ў ин номаро аккосї кунад. Дар яке аз чунин номањо Султон Муњаммад Шоњ ба исмоилињои Бадахшон маслињат додааст, ки ба хотири њимояти худ аз њукуматњои суннии Афѓонистон ва Бухоро аввал, ба инглисњо ва сипас, ба русњо такя кунанд. Аз ин навиштаи фиристодаи рус бармеояд, ки русњо амдан на њамеша мардуми Бадахшонро аз амлокдору навкарони амир њимоят мекардаанд. Амири Бухоро њам муваффаќ шуда буд, ки навкарони худро аз њисоби мардуми Бадахшон низ таъин кунад ва онњо низ даст ба ѓорати мардум мезаданд. Аммо Черкесов инро пўшида намедорад, ки њадафи сафараш ба Помири Ѓарбї пеш аз њама маълум кардани он буд, ки то куљо робитаи исмоилиёни Бадахшон бо пирашон дар Њиндустони тањти султаи инглис ба манфиатњои Русия дар амри раќобат бо Инглистон хатар дорад. Хулоса, ваќте русњо медонистанд, ки ањолии Бадахшон тољиканд, дар дохили давлати тољикон ташкили вилояти мухтори боз њам тољикон ба кадом хотир буд? Ин њам дар њоле, ки њељ як аз вилоятњои мухтори Иттињоди Шўравї на аз рўи дину мазњаб, балки мансубияти миллї таќсимбандї шуданд. "ТАФРИЌА АНДОЗ..." Бидуни бањс, ин њамон сиёсати дуруст андешидашудаи "тафриќа андозу њукм рон" аст, ки русњо аз соли 1895, замони таќсими як Бадахшони 99% тољикнишин ба ду Бадахшон миёни Афѓонистону Аморати Бухоро, санги тањдоби онро гузошта буданд. Аз он чї дар замони шўравї иттифоќ афтод, бахусус, дар мухолифат нигоњ доштани тољикони исмоилимазњаб бо тољикони суннї метавон хулоса кард, ки ин як барномаи тарњрезишуда барои њамеша дар чанг нигоњ доштани Тољикистон,
БИДУНИ ШАРЊ марзи нуфузи Русия бо раќибони стратегиаш, дар гузашта, Инглистон ва њоло ворисаш Амрико буду њаст. Бахусус, дар дунё њељ як ќаламрави мухтор мисли Бадахшон (њудуди 45%) ќариб нисфи њудуди як кишвари мустаќилро ташкил намекунад. Њамчунин, дар 11 кишваре, ки исмоилињо зиндагї мекунанд, њељ яке мухторият надорад. Худи ин далел бармалост, ки мардуми Бадахшон њамеша мавриди таваљљўњи ќудратњо хоњанд буд ва лаѓви мухторияти Бадахшон пеш аз њама барои худи мардуми вилоят масъалаи њаётї аст. Ќаробоѓи Куњї ин воќеиятро собит кард ва пайдо шудани шиорњои "Ќароќалпоќистони озод" дар шабакањои русї низ абзорест, ки сиррашро фаќат дар Кремл медонанд. Дур намеравем, 11-уми апрели соли 1992 дар айни заминасозињо барои як љанги шањрвандї дар Тољикистон Шўрои намояндагони мардумии ВМБК якљониба вилояти мухторро Љумњурии Мухтори Бадахшони Куњї эълон кард, ки аз љониби Шўрои Олии Тољикистон эътироф нашуд. Аммо нашрияи "Бадахшон" чанд муддат худро минбари Љумњурии мухтори Бадахшон муаррифї мекард. Он замон як њайат њам барои матрањ кардани ин мавзуъ ба Душанбе омад. Яке аз ин нафарон, ки ќаблан њамсуњбаташ будам ва нахост номашро зикр кунам, гуфт, ин мавзуъ чї тавр ба миён омад ва дар сатњи маљлиси вилоят матрањ шуд, кам кас огоњї дорад, аммо барои ў хуб маълум аст, ки ибтикор аз хориљ буд, на дохил. Ин нафар, ки яке аз афроди маъруфи вилоят аст, гуфт, дар замони шўравї ихтилофњои замони Аморати Бухоро, ки миёни тољикони куњистон ва манѓитињо вуљуд доштанд, аз хотирањо шуста шуданд. "Мардуми Бадахшон 97% дарсад соњиби дипломи макотиби олї ва дар Иттињоди Шўравї аз рўи саводнокї дар маќоми аввал меистоданд. Мо зуд дарк кардем, ки моро мехоњанд ќурбонї кунанд. Агар суст меомадем, на фаќат Бадахшон, балки Тољикистон - ватани мо низ барои дарозмуддат ноамн мешуд. Дар Душанбе ба мо фањмонданд, ки раванди њамгироии мо бо баќия мардуми тољик аллакай њал шудааст. Воќеан, дар замони шўравї вазъи иќтисодии мо бењ шуд. Шурўъ аз Шириншоњ Шоњтемур то Давлати Худоназар шахсиятњое дар сатњи минтаќаву љањон муаррифї шуданд, ки на Бадахшон, балки тољиконро муаррифї карданд. Мутаассифона, њоло назири салафињо неруњое низ дар камин њастанд, ки бар пояи мазњаб мехоњанд миллати тољикро порча - порча кунанд. Њар иќдоме аз Хоруѓ ё Душанбе ба хотири тањрик додани Бадахшон алайњи марказ мешавад, донед, ки як тарњи бузург матрањ аст ва решаи хориљї дорад, на дохилї", гуфт њамсуњбати мо. Сар аз соли 2008 дар Бадахшон ихтилофоти љиддие ба миён омаданд. Дар ин миён гуруње аз Маскав, ки худро намояндаи Њизби демократи Тољикистон муаррифї карданд (аммо рањбарияти ваќти ЊДТ гуфт, ки бо ин номњо узв надоранд), ба Кремл мурољиат намуданд, ки дар ВМКБ 40% шањрвандии Русияро доранду Маскав бояд барои њимояи онњо тад-
бир андешад. Ин њамон замоне буд, ки Осетияи Шимолї ва Абхазистон аз Гурљистон эълони људої карданд. Соли 2012, ваќте нерўњои њукумат озими ВМКБ шуданд, ихтилофоти дигар ба вуљуд омад. Масъаларо бояд аз ин нуктаи назар љиддї ќабул мекардем, ки њукумат њатто дар солњои љанги шањрвандї кўшиш надошт нерўњои низомиашро ба ин минтаќа равон кунад. РЎ БА ОЯНДА Дар бораи мухторияти Бадахшон мо замоне суњбат мекунем, ки њамаи ихтилофњои таърихиву мазњабии меросмонда аз манѓит ва њам сиёсатњои "тафриќа андозу њукм рон" - и Маскав аз миён рафта, минтаќа бо терроризми байнулмилалї дасту панља нарм мекунад. Тарњњое њам, ки ба хотири кашидани Тољикистон ба як љанги мазњабї кашида шуда буданд, ноком монданд. Таърих худ собит кард, ки танњо як давлати воњид метавонад манофеъи худро таъмин кунад, на дастњо ва дастнишондањои хориљї. Истиќлолият барои вањдати миллї заминањои мусоид фароњам овард, агар худхоњї ва баландпарвозињои бархе гуруњњои молиявї - иќтисодї сарфи назар шаванд. 25 соли истиќлол нишон дод, ки афсонањои "људоихоњї" ва "мазњабї" - и эљодшуда барои Бадахшон, на фаќат алайњи Тољикистон, балки тамоми минтаќа нигаронида шудаанд. Соли 2009 дар пойтахти Тољикистон бузургтарин маркази исмоилињо дар Осиё сохта шуд. Дар расми ифтитоњи он шахсан пешвои исмоилињои љањон - Имом Оѓохони VI ва Президенти Тољикистон Эмомалї Рањмон ширкат карданд. Панљ маркази дигар дар Лондон (Британия), Лиссабон (Португалия), Ванкувер (Канада), Дубай (Аморати Муттањидаи Араб) ва Торонто (Канада) љойгир шудаанд, ки умдатан диаспорањои исмоилињоро дарбар мегиранд ва мисли Тољикистон ватани аслии онњо ба њисоб намераванд. Ин рамзи вањдати миллати тољик дар асри 21 аст, ки таќвияти давлатдории миллиашро рўи даст гирифтааст. Сари дурнамои иќтисодии Бадахшон, ки бо се кишвари минтаќа - Чин, Покистон ва Афѓонистон њаммарз аст, коршиносон хушбин њастанд. Њарчанд њукумати феълї дар ин самт ба таври бояду шояд фаъол нест, аммо дер ё зуд ин вилоят масири тиљоратии Осиёи Марказї бо Чину Покистон хоњад шуд. Хулоса, њоло њељ далеле барои нигањ доштани мухторияти Бадахшон намондааст. Мо ва мардуми Бадахшон як миллатему як дин дорем. Таърих собит кард, ки бањси мазњаб боќимондаи феодализм ва барњам задани суботи кишварњо дар асри 21 аст. Аммо имтиёзталабон ва квотахоњоне њастанд, тавтиањое низ дар каминанд. Пас мавќуф гузоштани ин масъала то замони муайян салоњи кор аст, то бадхоњони Тољикистон "ќартаи Бадахшон" - ро ба бозї надароранд. Танњо чизе, ки ниёз дорем, њалли масоили иќтисодї ва таъмини рушди миллї аст. Далери ХАЙРУЛЛОЊ
“НИГОЊ”, ЧОРШАНБЕ №47 (480), 24. 02. 2016
3
ПАС АЗ САРУ САДО
БАРКАНОРИИ МУФАТТИШИ ПАРВАНДАИ ЗАЙД САИДОВ Фирдавс Ниёзбадалов, муфаттиши парвандањои пурсарусадои чанд соли охир дар Агентии назорати давлатии молиявї ва мубориза бо коррупсия аз кор барканор шудааст. Дар тасдиќи ин хабар аз Агентии назорати давлатии молиявї ва мубориза бо коррупсия ба TojNews гуфтанд, охири њафтаи гузашта муфаттиши калон Ниёзбадаловро бо фармони Рустами Эмомалї, директори Агентї аз кор озод кардаанд. Дар бораи сабаби барканории Фирдавс Ниёзбадалов дар Агентї танњо гуфтанд, ки "ин љобаљогузории кадрњост". Ин дар њолест, ки адвокат Солењљон Љўраев, собиќ прокурори генералии Тољикистон аз маќомот хоста буд, ки алайњи ин муфаттиш парвандаи љиноятї боз карда шавад. Исми Фирдавс Ниёзбадалов зимни тафтиши парвандаи Зайд Саидов, соњибкор ва сиёсатмадори зиндонии тољик расонаї шуда буд. Ў яке аз муфаттишони парвандаи мазкур буд. Шуњрат Ќудратов, адвокати зиндонї ва вакили дифоъи Зайд Саидов гуфта буд, ки дар њузури зерњимояаш ўро Ниёзбадалов лату кўб карда, дашномњои ќабењ додааст. Адвокат Шуњрат Ќудратов моњи июли соли 2013 алайњи Ниёзбадалов ба маќомоти корњои дохилї дар ноњияи Фирдавсии пойтахт ва баъдан ба Прокуратураи генералї шикоят кард. Ќудратов дар мусоњиба бо хабаругзории "Озодагон" њодисаи лату кўб шуданашро чунин наќл карда буд: "Ин њодиса баъд аз вохўрии рў ба рў бо соњибкор Окушев (тољири ќазоќистонї, ки аз болои Зайд Саидов шикоят кардааст) рух дод. Рўзаш даќиќ дар ёдам нест. Дар он вохўрї ба љуз ман, муфаттиш Ниёзбадалов, Зайд Саидов, Окушев ва котиби дуюми сафири Ќазоќистон дар
Тољикистон буданд. Мењмонон баромаданд ва Фирдавс Ниёзбадалов дар шоњидии Зайд Саидов маро тањќир кард. Ман посух додам ва ў боз њам зиёдравї кард". Инчунин, Ниёзбадалов тафтиши парвандаи Фахриддин Зокиров, яке аз дигар адвокатњои Зайд Саидовро, ки тобистони соли 2014 боздошт шуда буд, пеш мебурд. Моњи январ низ адвокат Солењљон Љўраев, собиќ прокурори генералї бо нашрия як мактуби кушода ба унвонии Президент гуфта буд, ки Ниёзбадаловро ўро ба хиёнат ба давлат туњмат кардааст. Солењљон Љўраев, ки њимояи парвандаи Ин Сюандэ, директори ширкати "Сад дарё"-ро пеш мебурд, дар ин мактубаш аз маќомот талаб кард, ки нисбат ба Ниёзбадалов парвандаи љиноятї боз карда шавад. Зеро ўро дар сохтакорї дар парвандаи Ин Сюандэ муттањам медонист. Солењљон Љўраев баъди ин ќазия аз адвокатии Ин Сюандэ, ки ба пешнињоди ришва ва дуздии 39 миллион сомонї муттањам мешавад, дур карда шуд.
БОЗ РИШ...
"МАЌСАДАШОН НООРОМ СОХТАНИ ТОЉИКИСТОН МЕБОШАД" Дар пайи нашри хабарњо дар бораи боздошти ду савдогари бозори "Корвон" барои ришњояшон, 23-юми феврал сомонаи расмии вазорат баёния нашр кард. Дар баёнияи вазорат гуфта мешавад, ки "нафарони боздоштшуда аъзоёни ташкилотњои террористї, экстремистї буда, маќсадашон ноором сохтани вазъи сиёсї дар љумњурї мебошад". Таъкид мекунад, ки "маќомоти корњои дохилї танњо нисбати афроде, ки даст ба љиноят
зада, бо амалу кирдори худ хатар ба љомеа эљод мекунанд, сару кор мегирад". "Он шањрвандон дар бозори "Корвон" на барои риш мондан, балки бо гумони шомил гардидан ба њизбу њаракатњои ѓайриќонунии террористию экстремистї, дастгир шудаанд", - омадааст дар хабари ВКД. 22-юми феврал сомонањои наздик ба гуруњњои мухолифи њукумати Тољикистон хабаре пахш кардаанд, ки гўё ду тољири бозори "Корвон"-ро барои риши баландашон боздошт кардаанд.
САДОИ МАРДУМ
53% ЃИЗОИ ОИЛААШОНРО КАМ КАРДААНД Бўњрони иќтисоди ба шањрвандони Тољикистон таъсир расонда, онњоро маљбур кардааст, ки њатто ѓизои оиларо кам кунанд. Аксарияти пурсидашудагони як назарпурсї (53%) изњор доштаанд, ки бо таъсири бўњрони иќтисодї ба њадде маљбур шуданд, ки ѓизои оиларо кам кунанд. Дар ин назарпурсї, ки тањти унвони «Оё буњрони иќтисодї ба шумо таъсир расонд?» 41 дарсади дигар гуфтаанд, буњрон то 50% даромади онњоро кам кард. Аммо бар хилофи назари респондендони мазкур, 4 дарсад бо интихоби гузинаи
«Умуман, эњсос намешавад» баён доштаанд, ки таъсири буњронро њис накарданд. 1 дарсад бовар доранд, ки буњрон даромади онњоро зиёд кард. Њамчунин 1 фоизи дигари пурсидашудагон гузинаи «Чї хел буњрон?»-ро интихоб кардаанд. Ин назарпурсї аз 17-уми феврал январ то 23-юми феврали соли 2016 бо супориши њафтаномаи "Нигоњ" дар сомонаи Ољонси иттилоотии "TojNews" гузаронида шуда, дар он 851 нафар ширкат кардааст.
Фаромарзидоред? ФОЗИЛ Суоли навбатї: Ба кадоме аз бонкњо камтар эътимод
4
“НИГОЊ”, ЧОРШАНБЕ №47 (480), 24. 02. 2016
24 -уми феврали соли равон аз истирдоди Ёќуб Салимов, собиќ вазири корњои дохилї, сафири Тољикистон дар Туркия, раиси Кумитаи гумрук аз мањбаси "Лефортово" -и Маскав ба Душанбе 13 сол сипарї шуд. Ў њамин ќадар соли умрашро њатто на дар мањбас, балки боздоштгоњи №1-и Тољикистон сипарї мекунад. Талошњои наздикону адвокатњояш барои интиќолаш ба мањбас натиља надоданд. "ЁЌУБ ТАНЊО БА ТАРБИЯИ ФАРЗАНДОН МАШЃУЛ МЕШАВАД" Модари пираш Ашўрбї Салимова моњи октябри соли 2011, ки њанўз зинда буд, нишасти матбуотї ташкил карду гуфт: "Мехоњам, як сол -ним соле, ки умр дорам, хўљаинњо фикри бачаи мана кунанд. Рањбари давлат ба шири модараш ќасам хўрд, чї, магар модари ў модару мо модар нестем? Њатто одамкушњоро дар ин байн озод карданд, барои чї бачаи мана озод намекунанд? Ёќубљон дар њаќќи роњбари давлат ягон гандагї накард. Ма мегуфтам, ки 2 бача дорам. Президента баробари бачаи худам медонистам. Агар њич чиро фикр намекунанд, њодисањои Ленинобода (сўиќасд ба Президент дар Суѓд соли 1997) ба ёд намеоранд?" Писари Ёќуб Салимов - Абубакр, ки низ дар он нишаст њузур дошт, хеле оромона изњор намуд: - Мо зидди њукумат ягон гап надорем. Иљроиши ќонунро мехоњем. Танњо мехоњем падарамро ба колонаи ислоњї гузаронанд. Ў дар миёни 4 бетон дар хунукист, одаме, ки чанд бор тир хўрда буд, на ёрии тиббї мебинад, на ягон чизи дигар. Њуќуќи инсон мегўянд, аммо нест. Дар њамон љо шиштай мардак, пир шудаст... Дертар Ашўрбї Салимова аз дунё гузашт. Ёќуб натавонист њатто дар љанозаи ў ширкат кунад. Як ваќтњо овозае низ пайдо шуд, ки Ёќуб дар мањбас даргузаштааст. Ин овоза низ ба зудї рад гардид. Садриддин Шарифов, сардори СИЗО-и шумораи 9/1 рўзи 1-уми марти соли 2014 зимни сўњбат бо хабарнигорон чунин овозањоро "иѓвогарона" хонд. Ў гуфт, бо тамоми масъулият баён медорад, ки Ёќуб Салимов сињату саломат аст ва ба адои давраи љазои худ идома медињад. Вай афзуд, ки њамарўза шахсан аз њоли ў хабардор мешавад ва вазъи саломатиаш хуб аст. Аз ибтидои соли равон овозањои дигаре пањн шуданд, ки Ёќуб Салимов ба озодї баромадааст. Аммо, 30-юми январ зимни нишасти матбуотии Прокуратураи генералї, Раљабалї Пираков, сардори шўъбаи назорати иљрои ќонун дар муассисањои ислоњї гуфт, Ёќуб Салим феълан дар муассиси тафтишотии Вазорати адлия адои љазо дорад: "То анљоми муњлати љазояш ќариб як сол мондааст. Бо адо намудани муњлати љазо аз боздошт озод мешавад." Ин њам дар њоле, ки пайвандонаш гуфтанд, пас аз рањої Ёќуб танњо ба тарбияи фарзандон машѓул хоњад шуд. Њатто дар як суњбаташ соли 2013 дар нашрияи СССР аз боздоштгоњ гуфт, аз сиёсатњои Президент Рањмон дастгирї мекунаду дар интихоботи президентии он сол мардумро барои интихоби ў ташвиќ мекунад...
ФАРОМЎШНАШУДА
ВАЗИРИ СОБИЌИ КОРЊОИ ДОХИЛА ЊОЛО 61-СОЛА АСТ
ва онро ба њељ ваљњ табадуллоти давлатї номидан њам мумкин нест: "чї гуна мешавад њамла ба як ќисми њарбї табаддулоти давлатї бошад?". Ёќуб Салимов дар суњбатњои худ бо хабарнигорон то боздошташ дар Маскав худро раиси Њизби љумњурихоњони Тољикистон муаррифї мекард ва то ин ваќт китобе њам навишта буд, ки дар он аз њукумати кишвар сахт интиќод менамуд. Ахиран моњи июни соли 2003 дар Маскав боздошт шуд ва 24 феврали њамон сол ба Тољикистон истирдод гардид. Соли 2005 ба 15 соли зиндон мањкум шуд, аммо то кунун бо вуљуди даъвоњои зиёд дар боздоштгоњ нигањдорї мешавад ва ба зиндон фиристода нашудааст. Дар пайи татбиќи Ќонуни афв дар соли 2011, ду сол аз мўњла-
13 СОЛИ МАЊБАС
Ёќуб Салимов сирри зиндонї шуданашро ошкор мекунад? Хулоса, таи ин 13 сол номи Ёќуб Салимов њамеша дар сархати хабарњо љо дошт. "Нигоњ" тасмим гирифт бори дигар њаёт ва фаъолиятњои ўро аз нав ба баррасї гузорад, то ба ин васила маълум шавад, ки ин шахсият чї гуна ба як нафари хабарсоз табдил ёфт?
МАНСАБДОРЕ, КИ НА САРВАТ ДОШТ, НА ЭЊСОСИ МАЊАЛГАРОЇ Њарчанд дар бораи фаъолиятњои сиёсии Ёќуб Салимов хеле кам њарф мезананд, бояд иќрор шуд, ки њаводиси 26 соли ахир боиси пайдоиши номи ў дар забонњо гардид. Аввалин маротиба исмаш дар њаводиси февралии соли 1990 пайдо шуд. Ўро яке аз саркардањои ин њаводис дониста, як муддат зиндонї њам карданд. Аммо Амирќул Азимов, ки он замон тафтиши ин њодисањоро дар Прокуратураи генералї ба уњда дошт, чанде пеш иќрор шуд, ки Ёќуб аслан бегуноњ буд ва њатто рўзњои баргузории ин њодисањо дар Тољикистон набудааст. Бори дигар номи ў замоне сари забонњо афтод, ки дар моњи апрели соли 1992 барои љилавгирї аз бархурди ширкаткунандагони гирдињамоии ба истилоњ "Майдони Шањидон" ва "Майдони Озодї" дар хиёбони марказии ба номи Ленин бо гуруње аз љонибдоронаш гирдињамомадагонро ба хештандорї ва барои њалли мусолиматомези ихтилоф даъват мекарданд ва њамроњ бо Ѓаффор Мирзоев, Исматча ва дигарон дар мобайни ду майдон хайма заданд. Вале баъд аз ављ гирифтани оташи љанг миёни неруњо, Ёќуб Салимов ин бетарафиро канор гузошта, ба Фронти халќї пайваст. Ў дар љараёни ин љангњо ба яке аз фармондењони асосии Фронти Халќї ва ба яке аз наздикони Сангак Сафаров табдил ёфт, ки дар овардани њукумати кунунї наќши аслї бозї кардааст. Гуфта мешавад, яке аз хислатњои њамидаи Ёќуб ин будааст, ки аслан дар вуљудаш мањалгарої надошт. Дар атрофаш њамеша љавонони ванљї, ѓармї, кўлобї њузур доштанд. Бо назардошти ба як шахсияти таъсиргузор табдил ёфтанаш моњи ноябри соли 1992 дар иљлосияи 16-уми шањри Хуљанд маќоми вазири дохилаи Тољикистонро ба даст овард. Вай дар ин маќом то соли 1995 фаъолият кард.
МОДАРИ ЁЌУБ ДАРГУЗАШТ, ВАЛЕ ПИСАРАШ ИН ТОБИСТОН ОЗОДИИ ЎРО ИНТИЗОР АСТ
Дар ин давра њам созмони иљтимоии "Бохтар"-ро таъсис дод ва дар доираи он ба ањли адабу фарњанг кўмаки моливу моддї мерасонд. Зимнан, аз ќумандонњои машњури он замон ба њисоб мерафт, ки аслан думболи љамъ овардани сарвату дорої накўшид, ба њар њол, ягон корхона ё иншоот ба номи ў гирифта намешавад.
ЁЌУБРО КЇ Ё ЧЇ БА ЗИНДОН БУРД? Дар њамин њол, ба дунболи пайдоиши сару садоњо дар бораи саркашии вай аз иљрои баъзе фармонњои президент, гуфта мешуд, хостанд ўро муддате аз Душанбе дур баранд. Яъне ба Ёќуб Салимов мансаберо пешнињод кунанд, ки њам боиси ранљиши вай нашавад ва њам дасташ аз дахолат дар умури кишвар кўтоњ шавад. Чунин кор ташкили сафоратхонаи Тољикистон дар Туркия ва вогузор кардани ин сафорат бар души Ёќуб Салимов дониста мешавад. Аммо бо гузашти як сол дубора баргашт ва раиси Кумитаи гумруки Тољикистон таъин шуд. Ду сол баъд, тобистони соли 1997 неруњои тањти фармони ў вориди як рўёрўї бо нерўњои давлатї шуданд ва ў Тољикистонро тарк кард. Ў ба нигањдории силоњ, кўшиши табаддулоти давлатї ва таъсиси гурўњи мусаллањ муттањам мешуд. Њарчанд баъдан дар мусоњибањояш борњо изњор намуд, ки дар ин ќазия ў умуман гуноњ надорад
ти адои љазои ў кам шуда, интизор меравад, имсол аз зиндон озод шавад. Тањлилгарон мегўянд, дар ќазияи Ёќуб ва сабабњои пайдоиши он мешавад 4 фарзияро тахмин зад; 1. "Њукумат аз њамон ваќт худро ќудратманд нишон дод ва ба дигарон паём дод, ки њељ нерўи саркашро тоќат надорад, агарчи он сањми арзанда дар сохтусози ин њукумат дошта бошад" 2. "Ёќуб - љабрдидаи дасисањои дохилиќасрї шуд", яъне касон ё гуруњњои дигар, ки ќудрати ояндаи кишварро дар дасти худ медиданд, хостанд аз як шахсияти ќавии дигар халос шаванд. 3. "Ёќуб - ќурбонии хадамоти махсуси хориљї гардид", яъне абарќудратњо аз имконоти ў сўистифода карда, кадом масъалањояшонро бо Душанбеи расмї њал намуданд. 4. Ёќуб шояд амбитсияњои сиёсї дошт, аммо бетаљрибагии сиёсї нишон дод ва њамин тавр аз сањна берун гардид Вале кадоме аз ин фарзияњо метавонад комил бошад, ё баръакс шояд асли гап тамоман дар љои дигар аст, танњо худи Ёќуб медонад, ки то чанд моњи дигар ва ба эњтимоли ќавї то баргузории раъйпурсии ислоњи Ќонуни асосї ба озодї мебарояд. Аммо ў пас аз рањої дар ин бора суњбат мекунад, ё не? Азамати ВАЊЊОБ
СИЁСАТ
“НИГОЊ”, ЧОРШАНБЕ №47 (480), 24. 02. 2016
5
ИСЛОЊОТИ КОНСТИТУТСИОНЇ Ё ОРМОНЊОИ АМАЛИНАШУДА? Ваќте Президенти Тољикистон на њаќќи пароканда кардани парламентро дорад ва на аъзои Њукуматро таъин ва аз кор озод карда метавонад...
Бо дар назардошти таљрибаи замони Шўравї бо маќсади таъмини кафолати устувории Конститутсия тањиягарони он дар соли 1994 тартиби ќабул ва ворид намудани таѓйиротро ба Конститутсия мураккаб карданд. Вале боиси таассуф аст, ки дар 22 соли амали ин санади њуќуќию сиёсї бори сеюм раъйпурсї љињати ворид намудани таѓйиру иловањо ба Конститутсия баргузор мегардад. Бидуни шак ин Конститутсия воќеияти ваќтро инъикос намуда, заминањои њуќуќиро барои рушди муносибатњои нави иљтимоию сиёсї ва иќтисодию фарњангї ба вуљуд овард. Номукаммал аст, мухолифатњои зиёд дорад, вале њамзамон имкониятњои он то њол пурра истифода нашудаанд. Бинобар ин, мантиќан дуруст мебуд, ки баъд аз анљоми ваколатњои институтњои асосии њокимияти давлатї дар соли 2020 зарурати ќабули матни нави Конститутсия баррасї мешуд. Аммо дар њоли њозир бо истифода
аз њуќуќи ташаббуси ќонунгузорї аъзои Маљлиси миллї ва вакилони Маљлиси намояндагони Маљлиси Олии Љумњурии Тољикистон бо риояи тартиби муќарраргардида матни лоињаи тайиру иловањоро ба Конститутсияи Љумњурии Тољикистон ба раъйпурсии умумихалќї пешнињод карданд. Бинобар ин мувофиќи маќсад донистам, ки бо дарки масъулияти шањрвандї ба ин маъракаи муњими сиёсї бетафовутї зоњир накарда, дар бораи тарзу усули баргузории раъйпурсї ва моњияти ислоњоти пешнињодшуда ба таври мушаххас ибрози аќида намоям: 1. Шакли муњокимаи лоињаи таѓйироту иловањо ба Конститутсия ба талаботи шароити замони муосир мувофиќат намекунад. Бањсу мунозирањои љиддї ва самимию ошкоро эњсос намешавад. Тарзу усули вохўрињо ба таври монолог ва бидуни иштироки шањрвандон ва њизбњои онњо, ки аќидаи дигар доранд гузаронида мешавад. Чунин тарзи ташкили
ЉОЙИВАЗКУНИИ КАДРЊО
кор на танњо ба инкишофи њаёти љамъиятї дар асоси равияњо ва мафкурахои гуногун мусоидат намекунад, балки бисёрњизбї ва ташаккули фарњанги сиёсиро низ халалдор намуда, ба иштироки фаъолонаи шањрвандон дар њаёти сиёсї ва идораи давлат мусоидат намекунад. 2. "Шакли идораи Љумњурии Тољикистон президентї мебошад" (моддаи 1, ќисми 2). Тањлили ваколатњои шохањои њокимияти давлатї аз он гувоњї медиханд, ки Тољикистонро баъд аз ќабули таѓйиротњои пешнињодгардида низ љумњурии президентї гуфтан мумкин нест. Зеро ки Президенти Тољикистон њаќќи пароканда кардани парламентро надорад, мустаќилона наметавонад аъзои Њукуматро таъин ва аз кор озод кунад, инчунин президент сохтори Њукумат ва сиёсати онро муайян намекунад. Таљрибаи сиёсии Тољикистони муосир нишон медињад, ки дар низоми њокимияти давлатї Президент ва маќомоти иљроия дар муќоиса аз маќомоти намояндагию ќонунгузорї ва судї авлавият дорад. Тањлилу баррасии омилу сабабњои объективию субъективии масъалаи ишорашуда мавзўи алоњида аст. 3. Таѓйироти ба ќисми 3 моддаи 61-и Конститутсия пешнињодшуда бар хилофи моњияти давлати њуќуќбунёд аст. Тафсири Конститутсия салоњияти истисноии Суди конститутсионї бояд бошад. Дар акси њол татбиќи усули таљзияи њокимияти давлатї, ки асоси онро механизми нигоњдорї ва мувозинат ташкил медињад риоя намегардад. 4. Моњияти таѓйироти ќисми 5-и моддаи 65, ба Президент њамчун "Пешвои миллат" имконият медињад, ки дар инти-
Њакимов ШОКИРЉОН, доктори илмњои њуќуќшиносї хоботњои минбаъда низ њамчун номзад ба маќоми Президент бидуни ягон мањдудият иштирок кунад. Бо дар назардошти сатњи дониши њуќуќї ва фарњанги сиёсии љомеа мавриди амал ќарор додани ин меъёр бисёрњизбї ва раќобати сиёсиро халалдор намуда, ба имконияти баробари иштироки шањрвандон дар идораи давлат низ мусоидат намекунад. 5. Бо дар назардошти тартиби ташаккули Маљлиси миллї онро маќомоти олии намояндагї гуфтан мумкин нест. Воќеияти бисёрњизбї, сатњи раќобати сиёсї, вазъи иќтисодиёти миллї ва механизми идораи маќомоти мањаллии њокимияти давлатї ва худидоракунї, инчунин сохти шакли давлат онро таќозо менамояд, ки Маљлиси миллиро барњам дода, парламенти касбї ва доимоамалкунандаи якмаљлиса таъсис дода шавад. 6. Бо он ваколату салоњият ва масъулияте, ки дар њоли њозир сарвазири Љумњурии Тољикистон дорад барои нигоњ доштани ин маќом низ дар низоми маќомоти иљроияи њокимияти давлатї ягон зарурат нест. Њамин тавр, тахлили моњияти таѓйиру иловањо ба Конститутсияи (Сарќонуни) Љумњурии Тољикистон, ба хусус масъалањои хусусияти усулї дошта аз он гувоњї медињанд, ки Конститутсияи амалкунанда боз њам номукаммалу ноустувор ва мухолифатњои он бештар гардида, зарурати ќабули Конститутсияи навро таќозо мекунад.
ТАЌДИРИ МУХОЛИФ
Роњбарони фурудгоњњои байналмиллали иваз шуданд
Рањоии Шабнам Худойдодова аз зиндони Белорус
Бино ба иттилои дафтари матбуоти Президент, 22-юми феврал бо ќарорњои Њукумати Тољикистон роњбарияти фурудгоњњои Хуљанд, Ќўрѓонтеппа таѓйир ёфтаанд. Мањмудзода Маъруф, ки дар вазифаи вазифаи Директори генералии "Фурудгоњи байналмилалии Хуљанд" кор мекард, бо сабаби ба кори дигар гузаштан, аз вазифааш барканор ва ба љои ў Ќурбони Алимардон ба ин вазифа таъин шудааст. Бо ќарори дигари Њукумат Леонов Михаил Констан-
Шабнам Худойдодова, аз фаъолони созмони мамнуъ дар Тољикистон "Гуруњи 24" аз мањбасе дар Белорус озод шудааст.Ўро моњи июни соли 2015 дар истгоњи роњи оњан дар Брести Белорус боздошт карда буданд. Созмонњои байналмилалии њифзи њуќуќи инсон борњо аз Белорусия талаби рањоии ўро карданд. Шабнам Хайруллоевна Худойдодова зодаи шањри Кўлоби Тољикистон буда, соњиби як фарзанди ноболиѓ мебошад. Гуфта мешавад, ки вай дар Русия зиндагї мекард ва дар шабкањои иљтимої аз иќдомоти неруњои мухолифи давлати Тољикистон, аз љумла "Гуруњи 24" пуштибонї мекард. Соли гузашта навишт, ки маълумоте дарёфт кардааст, ки гўё дар назиктарин фурсат рабуда хо-
тинович аз вазифаи Директори генералии "Фурудгоњи байналмилалии Ќўрѓонтеппа" барканор ва ба љои ў Мањмудзода Маъруф таъин шуд. Њамчунин, Холназаров Бањодур Мањмадназарович, ки дар вазифаи сардори Хадамоти назорати давлатии фаъолияти фармасевтии Вазорати тандурустї ва њифзи иљтимоии ањолии Тољикистон кор мекард, бо сабаби ба кори дигар гузаштан аз ин вазифа озод шудааст. Ба љои ў Султон Бекмуродзодаро таъин кардаанд.
њад шуд. Шабу рўзе, ки Маќсуд Иброњимов асосгузори созмони Љавонони Тољикистон барои эњёи Тољикистон нопадид ва дар зиндони Душанбе пайдо шуд, Шабнам дар ќасди дарёфти паноњандагии сиёсї шуд, вале дар Белорус боздошт гардид.
6
“НИГОЊ”, ЧОРШАНБЕ №47 (480), 24. 02. 2016
142 њазору ... км2
ТАМОЮЛИ БАД
АДВОКАТ ЭЪТИРОЗ НАДОРАД
ТАМАЪЉЎИИ МАРДИ 50-СОЛА АЗ МАЪШУЌААШ БАРОИ ШАРМАНДА НАКАРДАН ДАР ИНТЕРНЕТ
ЭЪЛОНИ ЊУКМИ 13 СОКИНИ НОРАК БАРОИ БОЛО КАРДАНИ ПАРЧАМИ ДОИШ
Вазорати корњои дохилии Тољикистон нисбат ба як марди 50-солаи ноњияи Бобољон Ѓафуров барои "тамаъљўї" парвандаи љиноятї боз кардааст. Дафтари матбуоти Вазорати корњои дохилї хабар додааст, ки марди 50-сола њоло дар боздоштгоњ ќарор дорад. Ин мард ба он муттањам мешавад, ки "моњи сентябри соли 2015 бо зани 37-солаи сокини њамин ноњия муносибатњои мањрамона намудааст. Сипас, бо тањдиди он, ки ин муносибатњоро тавассути интернет дар назди њама ошкор мекунад, бо роњи тамаъљўї аз зани номбурда маблаѓи 300-сомонї гирифтааст". Дар ВКД мегўянд, "баъди чанде, ў ин кирдори љинояткоронаи худро идома дода,
Додгоњи вилояти Хатлон рўзи 17-уми феврал њукми худ дар нисбати 13 тан аз сокинони шањри Норакро, ки барои барафроштани парчами гурўњи "Давлати исломї" муттањам мешуданд, эълон кард. Бар пояи ин њукм, мањкумшудањо аз мутаносибан 10 то 25 соли аз озодї мањрум шудаанд. Ѓулом Бобоев, вакили дифои чањор тан аз ин мањкумшудагон рўзи 18-уми феврал дар сўњбат ба Радиои Озодї гуфтааст, ки њукми додгоњ дар нисбати онњо мунсифона аст ва худи ў эътирозе надорад. Вай афзуд, ки зерњимояњояш метавонанд то ќувваи ќонунї гирифтани ин њукм, ба зинањои болоии додгоњї шикоят баранд. Ин дар њолест, ки хонаводањои мањкумшудагони њукми додгоњ дар мавриди наздикони худро ѓайримунсифона медонанд. Зеро ба бовари онњо, наздикони онњо ноогоњона даст ба ин амал задаанд ва додгоњ бояд
моњи январи соли 2016 боз бо роњи тамаъљўї маблаѓи 1000-сомонї гирифтааст". Нисбат ба далели мазкур парвандаи љиноятї оѓоз ёфтааст. TojNews
БО ЌАРЗ БАРОИ 32 СОЛ
њини содир кардани њукм, инро ба назар мегирифт. Парвандаи 13 сокини Норак, ки моњи августи соли гузашта ба иттињоми овехтани парчами гурўњи "Давлати исломї" дар даромадгоњи ин шањр боздошт шудаанд, дар авохири моњи январ барои баррасї ба додгоњи вилояти Хатлон фиристода шуда буд. Инњо аксаран мардњои оиладор буда, љавонтаринашон 21 сол ва бузургтаринашон 74 сол дорад.
ВАЌТЕ ДУХТУРОН НАМЕРАСАНД
ДАР НУРОБОД ПУЛИ 800-МЕТРА МЕСОЗАНД ДАР ДАНЃАРА ДОНИШГОЊИ ТИББЇ Вазири наќлиёти Тољикистон Шералї ТАЪСИС ДОДАНИАНД Ганљалзода, муовини cарвазири кишвар Иброњим Азимов бо намояндањои ширкати "Институтстройпроект"-и Русия тарњи сохтмони пули 800-метра бар фарози дарёи Сурхобро баррасї кардаанд. Ба гуфтаи Шералї Ганљалзода ин ширкати Русия дар мулоќоти дирўза 6 тарњи сохтмони пули 800-метра бар фарози дарёи Сурхоб дар ноњияи Нурободро муаррифї кардааст. Ў афзуд, тарњњои ин ширкат аз нигоњи фанї писанд аст, вале онњо тарњњои ширкатњои кишварњои дигарро низ баррасї хоњанд кард. Гуфта мешавад ин пул дар роњи мошингарди Нуробод - Саритоши Ќирѓизистон сохта мешавад. Бонки осиёии рушд њанўз 10 сол ќабл дар чањорчўби барномаи CAREC маблаѓгузорї барои бунёди ин роњ маблаѓ људо кардааст. Ин бонк се барномаи барои Тољикистон муњими тармими роњи Душанбе - Нуробод - Саритоши Ќирѓизистон, бозсохти лўлањои гази минтаќа ва бозсозии шабакоти барќрасонии Тољикистонро сармоягузорї мекунад.
Барои татбиќи марњалаи аввали тармими роњи Душанбе - Нуробод - Тољикобод ва то марзи Ќирѓизистонро 15 миллион доллар кўмак расонда ва бо имзои як ќарордоди дигар таањњуд дода, ки марњалаи дуввуми ин барномаро бо њудуди 30 миллион доллар ќарзи нав таъмини молї хоњад кард. Ќарзи нави Бонки Осиёї боимтиёз буда, барои 32 сол дода мешавад.
БАЪДИ ЛАТУКЎБ
ДАР ПАНЉАКЕНТ МИЛИТСИОНЕРЊОРО 8,5-СОЛЇ МАЊБАС КАРДАНД Тавре як сарчашма аз маќомоти ќудратии Панљакент хабар медињад, Суди шањри мазкур нисбати Худойбердиев Тоњир ва Равшанов Матлубро, ки дар латукўби Ѓоибов Фарњод сокини дењаи Ёрии шањри Панљакент гунањкор дониста шуда буданд, 8 соли 6 моњ аз озодї мањрум кардааст. Ёдрас мешавем, ки моњи
октябри соли 2015 Прокуратураи шањри Панљакент аз боздошти ин кормандони ШВКД-и Панљакент хабар дода буд. Ин ду кормандони милитсияи шањри Панљакент дар латукўби Фарњод Ѓоибов даст дошта, ахирї бо бардоштани љароњати вазнини љисмонї ба беморхона бистарї мегардад.
ЉИНОЯТИ ПАГОНДОР
ДАР КЎЛОБ ЊАМ ДУ МИЛИСАРО БОЗДОШТАНД Агентии назорати давлати молиявї ва мубориза бо фасод ду афсари пулисро ба иттињоми ришваситонї ва њабси як сокини Њамадонї боздошт карда, парвандаи якеро ба додгоњ фиристодааст. Гуфта мешавад, Шодї Каримов - муфаттиши шўъбаи корњои дохилии Шўрообод ва Зокир Назаров - лейтененти милисаи Њамадонї њангоми гирифтани ришва дастгир шудаанд. Љомї Ашўров, муфатиши парвандаи Зокир Назаров мегўяд, ин лейтенанти милиса бар илова барои њабси ѓайриќонунии Љумъахон Ойањмадов, сокини ноњияи Њамадонї низ муттањам мешавад. Ба ќавли Ашўров, "ин маъмури пулис њатто Ойамањдовро барои корњои шахсияш истифода кардааст." Ин сокини рустои Гулистони ноњияи Њамадонї дар се рўзи боздошт ва чанд моњи баъди он василае барои ришваситонї ва тамаъљўї
Президент Эмомалї Рањмон дар Паёми солонааш ба парламент супориш дода буд, ки то оѓози соли нави тањсил дар вилояти Хатлон муассисаи олии тиббї ба роњ монда шавад. Дар вазорати маориф ва илми Тољикистон мегўянд, ки донишгоњи тиббї дар ноњияи Данѓара то оѓози соли нави тањсил ба фаъолият шуруъ мекунад. Дар навбати аввал то 200 довталабро ќабул хоњад кард. Гуфта мешавад, ки Донишгоњии тиббии нав дар Хатлон дар бинои Донишгоњи давлатии Данѓара, ки аз соли 2013 инљониб фаъолият мекунад, љойгир хоњад шуд. То таъини ректор дар ин муассиса Убайдулло Ќурбон, рек-
тори Донишгоњи давлатии тиббии Тољикистон ба номи Абуалї Ибни Сино иљрокунадаи вазифаи ректор хоњад буд.
ЌУДРАТИ ХУДО
ГЎСФАНДЕ БО СЕ ПОВУ ЯК ЧАШМ ДАР ДАРВОЗ Дар дењаи Жорфи ноњияи Дарвози ВМКБ гўсфанде барра зойидааст, ки се пову як чашм дорад. Аз чанд аксе, ки "Озодагон" аз як корбари Фейсбук дарёфт кард ба сароњат дида мешавад, ки ин барра се пову як чашм дорад. Шариф Мукаррамов, номзади илмњои биологї ба "Озодагон" гуфт, ки ин гуна њодисањо нав нестанд ва дар таљрибањои илмї бисёр во мехўранд. Ба назари ин олими тољик барои муайян кардани ин њодиса бояд заминањои парвариши ин гуна њайвонот омўхта
шаванд. Ин олим мегўяд, ки њатто инсонњо бо чунин навоќиси љинсї таваллуд мешаванд.
АНДОЗРО НАСУПУРДУ...
СОЊИБКОРИ САРБАНДЇ 3 СОЛ ЗИНДОНЇ ШУД Суди шањри Сарбанд як соњибкори мањаллиро барои пардохт накардани андоз ба муддати се сол равонаи зиндон намудааст. Тибќи иттилои маќомоти вилояти Хатлон Сафаралї Авѓонов, ки аз 31-уми марти соли 2013 ЉДММ "Дилшод Авѓонов"- ро дар шањри Сарбанд кушода буд, бо љурми напардохтани андоз дар њаљми махсусан калон ба муддати се сол аз озодї мањрум карда шудааст. Ин соњибкор бо иттињоми пешнињод накардани эъломияњои андоз оид ба даро-
маду харољоти мањсулоти воридкардааш ва дигар манбаъњои андозбандишавандаро ба миќдори калон пинњон намудааст. Гуфта мешавад њаљми хисороти ба давлат расонидаи ин соњибкор 1174307 сомониро дар бар мегирад. Бо њукми суди шањри Сарбанд аз 29 январи соли 2016 Сафаралї Авѓонов барои саркашї аз пардоти андозњо аз шахси њуќуќї ба муддати се сол аз озодї мањрум карда шудааст.
ПАС АЗ МУЊОЉИРАТ аз волидонашон шудааст. Баъди сарсониву саргардонии зиёд ва мурољиат ба вакили дифоъ ба модари Љумъахон Ойањмадов муяссар шудааст, ки ба тамаъљўии муфаттиши шўъбаи умури дохилии ноњияи Њамадонї хотима дињад. Яке аз њамкорони Зокир Назаров- Шодї Каримов муфаттиши шўъбаи умури дохилии ноњияи Шўрообод низ бо айни иттињом, яъне тамаъљўї ва ришвахорї боздошт шудааст ва тањќиќи парвандаи љиноии ў идома дорад.
ДАР СУЃД ГОВДУЗДЇ АВЉ МЕГИРАД Ба ќавли чанд сокини шањраки Чилсолаи ноњияи Зафаробод ваќтњои охир дуздї ва тањдиди рабудани гову молашон аз љониби афроди номаълум зиёд ба чашм мерасад. Аммо як љавон аз шањраки Чилсола дар сўњбат бо хабарнигорон бо таассуф гуфтааст, ки дуздї дар шањру ноњияњои дигари вилояти Суѓд низ боиси нигаронии мардум гаштааст. Ба гуфтаи ў пас аз сўњбат бо чанде аз дўстонаш аз ноњияњои Бобољон Ѓафуров ва
Мастчоњ фањмидааст, ки дар ин навоњї низ рабудани гову мол ба ќайд гирифта шудааст. Гуфта мешавад, яке аз сабабњо бозгашти муњољиронеанд, ки аз Русия ба кишвар омадаанд ва ё "депорт" шудаанд, чун дар зодгоњашон ба пойи бекориву сарсонї печидаанд. Набудани љойи кор, камбаѓаливу камбизоатї, рўзгори вазнину тоќатфарсо бархе нафаронро маљбур ба он мекунад, ки даст ба дуздї бизананд.
САБЗУ ТАЛХ
7
фиребї - нињоли хушкфурўшї то ба кай идома меёбад?" Боѓбонони таљрибадор низ тасдиќ мекунанд, ки солњои ахир нињолњои таќаллубї дар бозор зиёд ба фурўш бароварда мешавад. Акмал Норов, як дењќон аз ноњияи Ёвон мегўяд, давраи аз тухм баромадан ва то ба бозор баровардани нињол њассостарин давраи он мебошад ва бояд корхонањои нињолпарварї ба чанд ќоидаи асосї риоя кунанд, дар акси њол нињоли онњо баъди чанд муддат хушк хоњад шуд. Аз љумла, ин њамсуњбати мо гуфт, "корхонањои нињолпарварї кўшиш мекунанд, ки дар масоњати кам нињоли зиёд парвариш намояд. Онњо дар як миќдор замин берун аз ќоида донаи зиёд мепошанд ва нињолњо дар масоњати бисёр наздик наметавонанд хуб нашъунамо ёбанд. Бояд ваќти харидан сокинон хуб диќќат дињанд ва бењтар мешуд то бо њам-
17-уми феврал мавсими нави нињолшинонї дар Тољикистон расман оѓоз шуд. Дар ин рўз Президент Эмомалї Рањмон дар атрофи Ќасри миллат бо дасти худ чанд нињол шинонд ва расонањои расмї инро оѓози маъракаи нињолшинонї дар кишвар арзёбї карданд.
ТАНЊО ИМСОЛ: 283 ЊАЗОРУ 133 БЕХ НИЊОЛ! Аслан дар Тољикистон одат кардаанд, ки охири фасли зимистон ва аввали фасли бањор маъракаи калони нињолшинонї бо иштироки Президент оѓоз ёбад. "Шинонда шудани њазорон бех нињолњои сояафкану мевадињанда бо ташаббуси раиси ин ё он ноњия ё маќомот" љумлае мебошад, ки аз моњи феврал то охири моњи март дар телевизионњо тољик садњо бор садо медињад. Дар ин ваќт, аз кормандони маќомоти давлатї сар аз карда, то хонандагони мактаб њама ба нињолшинонї сафарбар мешаванд. Мисле, ки мусобиќа бошад. Аммо аз байн чанде нагузашта, хабарњо дар бораи хушк шудани аксари нињолњои шинондашуда ба расонањо роњ меёбад. Баъзе аз шоњидон мегўянд, масъулини њифзи иљтимої дар ноњияњо баъди иљрои "амр"-и нињолшинонї дигар нињолњои бечораро ба Худо месупоранду аз онњо хабар намегиранд. Иддаое, ки масъулин онро бошиддат рад мекунанд. Тањлилгарон низ таъкид меварзанд, ки нињолшинонї дар Тољикистон як маъракаи таблиѓотї аст ва аксар ваќт ба хотири иљро шудани фармон сурат мегирад. Дар акси њол, агар 50 фоизи дарахтони шинонда хушк намешуд, Тољикистон имрўз ба љангали калон табдил меёфт. Суол њоло ин аст, ки чаро маблаѓњои зиёд дар самти хариди нињолњо ба "осмон" мераваду касеро парво нест? Бино ба иттилои расмї дар 2 соли ахир дар Тољикистон 32 триллиону 886 миллиарду 721 миллион нињол ва ќаламча шинонда шудааст, ки аз ин 84 фоизаш сабзида, 16 фоизаш дар њоли хушкшавї ќарор дорад. Танњо дар моњи январи имсол дар мамлакат 283 њазору 133 бех нињол шинонда шудааст. Коршиносон ва боѓбонони таљрибадор мегўянд, омори маќомот дар бораи сабзиши 84 фоизи нињолњои шинондашуда сањењ нест. Зеро дар Тољикистон таљрибаи зиёд хушк шудани нињолњо, њатто нињолњои аз хориља овардашуда зиёд аст. Барои мисол аз шоњбулутњои белгиявї дар пойтахти кишвар оварда мешавад, ки соли 2014 шањрдории Душанбе бо харљи 22 миллион сомонї аз Белгия 1400 дона шоњбулут оварда, дар кўчањои асосии пойтахт шинонд. Њар як аз ин дарахтони белгиявї ба ќурби онрўза 1500 долларї нарх доштанд. Аммо аз байн чанд моње нагузашта, шоњбулутњо рў ба хушкшавї нињоданд ва тибќи маълумотњои бадастовардаи мо то моњи январи соли гузашта ќариб 800 адади ин дарахтон хушк шудаанд. Маќомот сабабњои ин њолатро айбро ба Ўзбакистон бор карданд, вале сарусадоњое њам дар бораи риоя нашудани техникаи шинондидани ин дарахтњо пайдо шуд... Аз бањри дарахтони хориљї бигзарем, аммо чаро нињолњои парваридаи дохилї низ баъди 2-3 моњ ба њаёт "падруд" мегўянд? "Чаро дарахти хољагињо хушк намешаваду аз давлат мехушкад?" Шоњмурод Њасанов, як боѓбони таљрибадор аз вилояти Суѓд дар сўњбат ба "Нигоњ"
“НИГОЊ”, ЧОРШАНБЕ №47 (480), 24. 02. 2016
32 ТРИЛЛИОН НИЊОЛУ ЌАЛАМЧА ДАР 2 СОЛ Чаро Тољикистон ба љангали калон табдил намеёбад? гуфт, хушк шудани нињол чанд сабаб дорад. Аз љумла, нодуруст шинонидани нињол, бесифат будани он, нигоњубин накардани нињолњо ва ѓайра. Аммо аз миёни ин сабабњо Бобои Шоњмурод беањамиятиро сабабгори аввали хушк шудани нињолњо арзёбї мекунад: - Нињолњоро баъди шинондан касе назорат намекунад ва маќомоти давлатї њамчун мутасаддї ба ин нињолњо ањамият намедињанд. Нињолро мешинонанд ва фикр мекунанд, ки дигар кор тамом... Бобои Шоњмурод барои исботи гуфтањояш гуфт, "он дарахтоне, ки дар хољагињои дењќонї ё аз љониби боѓбонон шинонда мешаванд, чаро сабз мешаванду нињолњои шинондаи мардум ва маќомоти давлатї не? Ин њамааш аз беањмиятии дарахтшинонњо аст. Ваќте њаво то 35 дараља метасфад, сангро даст кунед, дастатон месўзад, њалоли он дарахтон бод, ки сари ваќт об намехўранд." Як масъули мањаллї дар вилояти Хатлон, ки бидуни зикри номаш суњбат мекард, ба мо сабаби дигареро пеш овард: - Нињолњоро на дењќонони касбї, балки намояндагони касбу кори гуногун мешинонанд ва шояд дар ваќти шинондани онњо ќоидањо риоя намешаванд. Инчунин таѓйирёбии иќлим ва якбора гарму хунук шудани њаво низ аз сабабњое мебошад, ки ба хушкшавии нињолњо мусоидат мекунад.
НИЊОЛ БОЯД ЧЇ ТАВР НИГОЊБИН ШАВАД? Мо аз Шоњмурод Њасанов, боѓбони таљрибадор хостем то тарзи дурусти шинонидани нињол ва нигоњубини онро барои хонандаи "Нигоњ" бозгў намояд: - Пеш аз шинонидани нињол бояд ба решаи он нигоњ карда, чуќурї бояд кофт. Одатан он дар њаљми 60 см кофта мешавад ва то пайванди нињол бояд таги хок бошад. Баъд шинондан бехи нињолро бо пой хуб њамвор карда, баъд об мемонед. Бояд баъ-
ди њар 3 рўз як маротиба об бидињед. Дар мавсими тобистон 3 маротиба бояд ба нињол озуќа дод. Барои хуб расидани навдањои нињол, агар селитра дињанд, хубтар аст. Њамин хел коркардњоро дар як ваќт анљом дињед, дарахт хушк намешавад. Агар имкон бошад, дар фасли зимистон 2 маротиба яхоб монед, дарахт беиллат ба воя мерасад.
НИЊОЛЊОИ ХУШКИДАИ БОЗОР Гуфта мешавад, агар бетаваљљўњии маќомот як сабаби хушк шудани дарахтон бошад, пастсифат будани нињолњо низ аз омилњои дигари ин мушкил аст. Чанде пеш рўзномаи расмии "Љумњурият" аз номи як сокини Душанбе навишта буд, ки дар бозорњо баъзан нињолњои аллакай хушкида ва пастсифат ба фурўш бароварда мешавад. Ба ќавли ин сокини пойтахт , ў аз дењаи Охљари ноњияи Восеъ ду нињол овардаву аз шањр 20 нињол харидааст. "Он ду сарсабз гардиду ин бист хушк. Бармеояд нињолњоеро њам ба фурўш мегузоранд, ки аллакай хушк шудаанд. Ин мардум-
роњии ягон нафари таљрибадор ин корро анљом дињанд." Аммо нињолпарварон ин иддаоро рад карда мегўянд, сокинон дар тарбияи нињол худ таљриба надоранд ва осонакак гуноњро ба сари мо мепартоянд. Бояд гуфт, ки њамасола Агентии хољагии љангал њудуди 3 миллион нињол парвариш карда, то 1,5 миллиони онро ба фурўш мебарорад. ... Маъракаи густурдаи нињолшинонї дар њоле амалї мешавад, ки Тољикистон дар солњои ахир аз як кишвари содиркунандаи мева ба кишвари воридкунанда табдил ёфт. Имрўзњо дар бозорњои кишвар себ, нок, анор ва анвои зиёди мевањоеро вохўрдан мумкин аст, ки аз хориљ барои мо ворид мешавад.
Муллораљаб ЮСУФЇ БА ЉОИ ЛАТИФА: Агар дар њавлиат дарахти магнолия надошта бошї, дар Њукумати Тољикистон вазифа намегирї.
БУЊРОНИ ДАВОМДОР Бино ба иттилои дафтари матбуоти БМТ, дар бозорњои "Шоњмансур", "Султони Кабир", "Фаровон", Фурўшгоњи марказии "СУМ", маркази савдои "Садбарг" барои анљом додани амалиёти мубодилавї 10 адад марказњои нави хизматрасонї ифтитоњ кардааст. Њоло дар Тољикистон ба иттилои расмї, дар хазинањои 121 ташкилоти ќарзї, 434 филиали онњо, 1265 маркази хизматрасонии бонкї ва 1464 нуќтаи интиќоли маблаѓ шањрвандон метавонанд асъорњои худро иваз кунанд. Дар БМТ мегўянд, танњо дар якуним моњи соли равон шумо-
ДАР ДУШАНБЕ 10 НУЌТАИ МУБОДИЛАИ АСЪОР БОЗ ШУДААСТ раи филиалњо ва марказњои хизматрасонии бонкии ташкилотњои ќарзї 28 адад зиёд шудааст. Теъдоди марказњои хизматрасонии бонки дар њоле зиёд мегардад, ки 1-уми декабри соли гузашта Бонки миллї дари тамоми саррофињои хусусиро баст ва фаъолияти онњоро дар кишвар манъ кард. Тасмими бастани
саррофињои хусусї дар пайи якбора баланд рафтани ќурби доллари ИМА сурат гирифт ва БМТ дар ин кор саррофињоро гунањкор кард. Аммо баъди бастани нуќтањои мубодилаи асъор низ тамоюли пастравии ќурби асъори миллї-сомонї идома кард ва њоло ќурби расмии 100 доллари ИМА ба 7.87 сомонї баробар аст. Ќурби дол-
лар дар бозори сиёњ то 8,5 сомонї дакка мехўрад. Њамчунин корафтодањо мегўянд, дарёфт кардани доллар дар бонкњо хеле мушкил аст.
8
“НИГОЊ”, ЧОРШАНБЕ №47 (480), 24. 02. 2016
БАЊСИ ДАВОМДОР
ТАСАВВУФ -
ИБТИДОИ РОЊ ЊАСТ, ИДОМААШ НЕСТ Ин, ки дар Тољикистон пайравони тариќатњои ќодирия ва наќшбандия вуљуд доранд, ба ин маъно нест, ки тасаввуф њам њаст. Ин, ки зикри хуфия мекунанду љањрия, ба он маънї нест, ки бо њамин сўфї будани эшон анљом ёфта бошад. Зикр аз марњалањои ибтидоитарини "роњи ишќ" аст ва расидан ба "маъшуќ" "њазор соли дигар" ваќт мехоњад. Ибтидои роњ њаст, идомааш нест. Мо то њамин ибтидо меравем. Бухорову Самарќанд - "шањрњои ишќ" ва сарзамини бурузи дањњо сўфї Тољикистони таърихиянд, на Тољикистони кунунї. Воќеият њоло ин аст, ки мо мактаби тасаввуф надорем. Хонаќоњ ё мањфили сўфиён нест, агар њаст, он ќадар њаст, ки на фаќат дида, балки њис намешавад. Пиру муриди воќеъї њам нестанд, агар њастанд, ба сиёсат, иќтисод ва иљтимоъ омили таъсиррасон намебошанд. Он чї мо дорем, ё њастем, ба ном аст, на асл. Аммо њар инсонеро, ки дидед "гуфтори нек, кирдори нек, пиндори нек" дорад, агар сўфї њам номида намешавад, пиндоред, ки сўфист. Оне, ки бо мењнати њалол ризќу рўзии фарзандонашро меёбад, фосид нест, фурўтану шикастанафс аст, ѓуруру ифтихори пуч надорад, "намеранљад ва намеранљонад", халќи Худоро ба манфиати хеш намефиребад, дурўѓ намегўяд, дар њар кор нияти пок, хуллас, як зиндагии холисанлиллоњ дорад, инсон аст ва њам сўфї - растагор. Аљиб ин аст, ки 99 фисади мардум худро аз ин љумла медонанд... Агар ману мо ё туву шумо чунин нестем, айби тасаввуф нест. Ваќте матлаби Зафари Мирзоён дар бораи сўфигариро мехондам, ин андешањо аз сарам мегузашт. Мо дўст дорем гуноњи худро ба сари чизе занем, ки нест. Замоне, ки фасод мисли "љунуни нотамоме" дар рагу равони љомиа Рахш меронад, "њама офоќ пур аз фитнаву шар", иќтисод фалаљ асту сиёсатњо ноком, ахлоќу иљтимоъ расво, худкомагињову мусулмонкушињо, фаќри саросарии моддиву бадтар аз он маънавї, мардумозориву мардумфиребї љомиаи мо, давру бари мо ва дар умум олами исломро фаро гирифтаанд, айби Обамаву ибни Лодан, ДОИШ - у Асаду Путин на, балки тасаввуфест, ки нест. Тасаввуф - тариќати инсонсоз ба ин фољиањои инсонї чї муносибат дорад? Сангпаронињо бар сари тасаввуф, агар аз сўи ќавмњои дигар мешуд, мефањмидем, ки чаро чунин аст. Аммо ваќте як тољик ин корро мекунад, айни бехабарї аст. Аксари кулли ифтихороте, ки тољик дошту дорад, аз тасаввуф буду њаст. Ба ин воќеияти таърих, бахусус, такя задан ба навиштањои афроде назири Ањмади Касравї, донишманди эронї, ки дар замони режими динситези Ризошоњи Пањлавї дар Эрон зиндагї кардаанд, интихоби оќилона нест. Бо ин вуљуд, матлаби Зафари Мирзоёнро идомаи он силсилаи маќолоте метавон њисобид, ки аз оѓози таърих алайњи сўфиён менависанд. Агар тасаввуф намебуд, ислом ин ќадар муќовим набуд. Њатто номусулмонњо иќрор шудаанд: "Тасавуфро бигирї, ислом заиф мегардад..." (Ошо) Банда нуктањоеро, ки кирои бањс кардан нестанд, зикр намекунам. Аммо нуктањое њастанд, ки нодида гирифтанашон кори љавонмардона нест.
"ЉАБЊАИ МУЌОВИМАТ" Донишмандоне, назири Касравї ва Мирзоён, ањли тасаввуфро ба он муттањам мекунанд, ки бо ташвиќу тарѓиби дунёбезорї ва дурї љустан аз мубориза 1000 сол боз
БИЊИШТИ ГУМШУДАИ ТОЉИКОН
Хондани ќиссаи тасаввуф ба гўши онњое, ки аллакай онро нафањмидаанд, фоида надорад. Касоне, ки сўфиро намебинанд, гумон набаранд, ки "беша холист". Касе њаст, аммо "пайдои пинњон". Худнамоиву бодигариву љилва дар миёни ом кори сўфї нест. Хоља Бањоваддини Балогардон гуфта буд: "Дар шуњрат офат аст!"
монеъи тањаввулоти сиёсиву иќтисодии мо мешуданд. Посухи ин нокомињоро дар як љумла метавон хулоса кард: дар асл њукуматњо буданд, ки монеаи рушди љомиањо ба сўи озодї, истиќлол ва худгардонї мешуданд. Њаќиќати таърих ин аст, ки дастгоњњои ќавии ќарохониву Султон Мањмуд, Чингизу Темур ва Шайбониву Сафавиву Манѓит ва руњонияти расмии онњо олами исломро ба харобї кашиданд. Њар касе сар боло кард, назири Сарбадорону Мањмуди Торобї, саркўб шуд. Идомаи ин муќовимат ба мањви физикии миллат мерасонд. Молу амволатро, ки аз худ карданд, њуввиятатро низ хоњанд гирифт. Бењокимиятї бояд моро ба фаромўшхонаи таърих мепартофт. Тасаввуф љабњаи эълоннашудаи муќовимати мо алайњи истилои 1000 - солаи мо буд. Чанд мисоли рўшан меорем, ки барои шинохти њуввият ва ифтихорсозии тољикони имрўз муњим аст. Имоми Аъзам, мулаќќаб ба Сўфии Кўфї, пири тољикон, ки аз мазњаби њанафиаш беш аз нисфи мусалмонони љањон пайравї мекунанд, мансаби ќозии хилофатро ба он хотир ќабул накард ва дар ин роњ шањид шуд, ки дар љорї кардани шарри халифа Мансур бар сари мардум хизмат накунад. Мансур ўро зањр дода кушт, аммо номи ў садсолањо ба ин сў њамчун рамзи адолат ва љавонмардї монд ва садњо миллион нафарро дар љањон илњом медињад. Хоља Бањоуддин ё Хољаи Бузург, "балогардони Бухоро", асосгузори наќшбандия, тариќати тасаввуф аст, ки аз асри 14 ба ин сў дар се ќитъа - Африќо, Осиё ва Аврупо њукм меронад. Љуѓрофиёи густариши ин тариќате, ки бар нубуѓи тољик бунёд ёфтааст, аќлногир аст: Осиёи Марказї, Афѓонистон, Покистон, Њинд, Туркия, Балкан, Арабистон, Поволже, Ќафќози Шимолї, Сибири Ѓарбї, Индонезия, Малайзия, Сейлон, Калимантан, љазирањои Сулу ва Африќо... Дар Эрон асри 19 њатто шиаи наќшбандия низ пайдо шуд ва собит шуд, ки тасаввуф дар як мазњабу дин мањдуд намешавад. Наќшбандия ливои муќовимати миллатњои мазлум алайњи низомњои истибдодї шуд. Масалан, наќшбандияи муљаддадия асоси идеологияи љињод алайњи Британия ва Иттињоди Шўравї дар Њинду Покистон ва Афѓонистон буд. Истиќлолхоњони курдро дар шўриши соли 1879 наќшбандияи холидия руњ медод (яке аз гуруњњое, ки соли 2003 алайњи таљовузи Амрико ба Ироќ ќомат рост кард, "Љайши Наќшбандї" аст). Густариши ин тариќат аз Њиљоз ба Индонезия ва Малай-
зия ба асрњои 16 - 17, замоне рост меояд, ки ин кишварњо барои озодї аз мустамликаи Бритониёву Њолланд мубориза мебурданд. Соли 2014 дар Малайзия аз забони сокинони ин кишвар шунидам, ки мегуфтанд, ислом роњи наљоти онњо аз шарри Чин ва Њинд аст. Пойгоњи идеологии муридизми Доѓистону Чеченистон дар мубориза бо истилои русњо низ наќшбандия буд. Имом Шомил худ сўфии наќшбандї буд. Ваќте ин матлабро омода мекардам, фењристе аз 107 шайху авлиёи Чеченистон дар ду асри гузашта ба дастам афтод. Аз ин теъдод 100 нафар наќшбандї ва баќия ќодирї њастанд ва дар њасби њоли онњо омадааст, ки эшон њамагї ањли таќво ва мубориз буданд. Њољї Сўфї, пири тариќати наќшбандї, ки ингушњоро мусулмон кард ва дар баќои ин миллат сањм дорад, ифтихори ин мардум аст. Аљобат дар он, ки њарду асосгузори ду љараёни тасаввуф дар Тољикистон, яке Абдуќодири Гелонї, зодаи Гелони Эрон ва дигаре, Бањоуддини Наќшбанд, зодаи Бухоро, тољику форс њастанд. Бо насаби Наќшбанд дањњо хонавода дар Афѓонистону Покистону Њинд зиндагї мекунанд. Пайравї аз тариќати эшон чеченњоро дунёбезору ѓулом накард, балки онњоро дар муборизаашон алайњи истибдоди чандасраи русњо ва њам вањњобињо ё салафињои солњои 90 - ум илњом бахшид. Њоло мебинем, ки чечену доѓистонї чї мардуманд, чун пайравони асил њастанд, на љаълї. Мактабњои тасаввуф ба манофеъи њукуматњои дастнишондаи Ѓарб хатар доштанд, аз ин хотир, солњои 20 - уми асри 20 мањз онњоро дар саросари олами ислом омоч ќарор доданд. Танњо дар Истамбул 52 маркази наќшбандї вуљуд дошт, ки соли 1925 њама баста шуданд ва Камол Отатурк њудуди 3 њазор шайху авлиёро ќатл ва хонаќоњи Мавлонои Рум дар Ќунияро муддате пулисхона кард. Болшевикњо низ дар Ќафќоз ва Осиёи Марказї пеш аз њама макотиб ва пирони тариќатро ба ќатл расонданд. Пас аз ин бо тољик чї шуд, мавзўи бањси дигар аст. Мунтаќидони тољики тасаввуф асосан аз њамон идеологияи шўравї ё салафияи такфирии навзуњур илњом мегиранд. Њамон манбаъњое, ки миллати моро саркўб карданд ва чизе барояш надоданд. Парвардагони мактаби шўравї дар ин њама љањонгирии тариќатњое, ки реша дар дилу аќли тољикї доранд, густариши ислом ё ба истилоњи худи онњо, "арабият" - ро мебинанд, аммо инро намебинанд ё дидан намехоњанд, ки дар мактабњои эшон ба форсї дарс мегуфтанд ва пешвоёни дини ин кишварњо, њатто дар
замони шўравї дар Бухоро таълим мегирифтанд. Масалан, яке аз фанњои таълимї "Забони форсї" буд. Салафињо тасаввуф (хонда шавад - мазњаби Имоми Аъзам) дар Тољикистонро душмани аслии густариши арабият мењисобанд, ки пўшиши исломї дода мешавад. Асрњо ин таблиѓот вуљуд доштанд. Њоло давраи љадиди њамла ба тасаввуф бо истифода аз маболиѓи њангуфти ќудратњои хориљї алайњи ислом идома дорад. Њадаф куштани асолат ва њуввияти мо аст.
"ИМПЕРИЯ" - И ХОЉА АЊРОР Намунаи барљастаи як руњонї ва давлатмарди тољик дар асрњои миёна Хоља Ањрори Валї, ё Њазрати Хоља, аз намояндагони барљастаи наќшбандия буд, ки дар асри 15 зиндагї мекард ва ба эътирофи муаррихони дохиливу хориљї, 40 сол њокими воќеии Мовароуннањр буд. Ў низоми муѓуливу турктозии давлатдорї, истисмори мардум аз сўи њукуматњоро ба чолиш кашид ва гуфт: подшоњ бояд чунон њиммат дошта бошад, ки "тамомати муслимин дар роњат бошанд". Ў 40 сол нагузошт, ки наберагони Темур Мовароуннањр ва мардумашро ба хоку хун кашанд. Мегуфт, вазифаи аввали шайхони тариќат гирифтани дасти мардуми ранљур аст, на ба риёзати дарвешї нишастан. Бо истифода аз нуфузи худ бар Темуриён барои њалли мушкилоти иќтисодии мардум худ даст ба кор шуд. Аз марзњои Ќазоќистон то Афѓонистони имрўз ў 400 замин, 64 дења, 30 боѓи беруназшањрї, 11 хонаи шањрї, дањњо дўкони косибиву тиљоратї, тиму осиё дошт. Даромадњои "империяи иќтисодї" - ашро барои сармоягузории мадрасањо - мактабњои он замон, масљидњо, маоши устодону имомони масљиду ходимони онњо ва кўмак ба мардуми фаќир харљ мекард. Он макотибу масољиде, ки дар онњо бо забони тољикї амри маъруф мекарданду дарс медоданд. Мегуфт, "шарт нест, ки сўфї нодор бошад, муњим аст, ки ба сарваташ дил набандад", сарват дар даст бошад, на дар дил. Хирољу андози давлатро медод, аз нигоњи Кумитаи андози имрўз, андозсупорандаи бовиљдон буд. Њамин тавр, Хоља Ањрор бо истифода аз 40 соли ќудрати воќеї барои садсолањо барои баќои асолати тољикї замина гузошт. Шайбониён ва пас аз онњо манѓитиён низ ба "империяи иќтисодї - фарњангї" - и Хоља Ањрор ѓараз нагирифтанд. Болшевикњо бо барњам задани ин мактабу мадраса ва масљидњо то љое дар нобудии њуввияти тољикї даст ёфтанд (дар бораи Хоља Ањрор таваљљуњ кунед ба матлаби "Император - Хоља Ањрори Валї" ("Нигоњ" №49 (431), 4-уми марти соли 2015). Њоло, агар хории тољик, забону фарњанги тољикро дар дохилу хориљ мебинед ва дар оянда хоњед дид, "муваффаќият" - њои њамон сиёсатанд.
СЎФИЁНИ АДАБИЁТ Руњи "Сўфии Куфї", њазрати Имоми Аъзам, мададгори мо бошад! Се мисоли дигарро аз ду асри пеш низ меорем, ки гарчи бузург нестанд, аммо дар њофизањои мардум њанўз барљастаанд. Яке, Халифа Њасани Раштї дар водии Зарафшон аст, ки аз дарё канал кашида, садњо гектар заминро обёрї кард ва васият навишт, ки ўро сари роње ќабр кунанд, то зуд аз сўми чорпоён гум шавад. Дигарї, Сўфї Муборакшоњ аз дењаи Ямѓи Вахони Бадахшон буд, ки аз устоде дарс нагирифт, аммо олиму хаттот, мутрибу шоири бењамто буд. Мубораки
“НИГОЊ”, ЧОРШАНБЕ №47 (480), 24. 02. 2016
ДАРХОСТИ МУХЛИС
Дар идеологияи тасаввуф нуктањои љолибе њастанд, ки зоњиран бо воќеиятњои кунунї "ба љанг афтодаанд". Масалан, тасаввуф космополитизм ё љањонватаниро тарљењ медињад, ба истилоњ, "њама љо мулки Худост". Ифтихор аз нажод, дину мазњаб ва миллатро рад намекунад, вале намеписандад, зеро кофару муъмин, сиёњу сафеду зард, Арабу Аљам, тољику ўзбак ва русу амрикої њама "халќи Худоянд". Воќеан, эњтироми дину нажод ва миллатњои дигар магар кори бад аст? Албатта, не, балки ин кор намунаи барљастаи инсоният ва нишонаи камоли як инсон аст. Аз паси љанозаи Мавлонои Балх намояндагони тамоми динњои љањонї рафтанд ва бар сўги ў нишастанд. Сиёсатњои СММ, ки бар "бани одам аъзои якдигаранд" асос ёфтааст, њамоно пойбандї ба ин арзишњои умумибашариро нишон медињад. Ва боиси ифтихор аст, ки андешаи "сулњи кул" ва њамзистии осоиштаи инсоният мањсули фикрии тољикони сўфї, назири Мавлавии Балхї 1000 сол боз орзуи башарияти пешрафта буд ва дар рўзњои мо, ки аз бархўрди тамаддунњо ва њатто љанги сеюми љањон суњбат мешавад, њамоно як ормони инсоният мемонад. То омадани аврупоињо олами ислом марз надошт, як сарзамини воњиди маънавї буд. Имом Бухорї дар Бухоро тавлид ёфта, дар Арабистон хок шуд. Шайх Камол дар Хуљанд зиндагиро оѓоз кард ва дар Табрез ба анљом расонд. Мир Саид Алии Њамадонї њам дар Кўлоб макони охираташро пайдо кард. Мавлоно Яъќуби Чархї дар Афѓонистон зода шуда, дар Тољикистон бо зиндагї падруд гуфт. Толибони илм пеши як устод дар Баѓдоду Њиљоз ва пеши дигаре дар Бухорову Њирот дарс мегирифтанд. Роњњои расидан ба Њаќ онњоро пухта ва муътабар мекард... Аммо беш аз як аср аст, ки вазъ таѓйир хўрдааст. Кишварњои исломї миёни њам симхорњои барќї кашиданд. Он сарзамини муштарак ба давлатњо таќсим шуд. Тољикистон њам љойи худро ёфт. Њоло аз мо, на каси дигар вобаста аст, ки худро чї гуна матрањ мекунем. Дасти моро кї гирифтааст? Касе не. Пас майдону дави аспи мо.
Тасаввуф ягона тариќатест, ки бар хилофи даъвои Зафари Мирзоён, даъват надорад. Мавсуф подшоњи Балх Иброњими Адњамро мисол меорад, ки сўфиён бо "макру тазвир" ўро аз подшоњии "мулки ороста ва кишвардорї бозмонда, ба оворагардиву дарюзагирї водоштаанд". Чї макру тазвир? Шабе, ки Иброњими Адњам болои бом намоз мехонд, шарфаи пои касеро шунид. Ваќте пурсид, ки ин шахс чї кор мекунад, посух шунид, ки дар болои бом шутур мекобад. Иброњим дар њайрат меафтад, ки шутури касе болои боми подшоњи Балх корест шигифтовар. Он шахс мегўяд, љустани Худо дар болои љойнамоз низ њайратовар аст. Оё ин даъват аст? Ба он даъватњое, ки аз минбарњои масљиду ибодатгоњњо мешаваду таблиѓгарони ислом ва динњои дигар дар саросари олам монанд аст? Дар ин даъватњо фарќ надорад, ки инсон кисту сатњи худошиносиаш дар кадом њад аст. Муњим ин, ки ин шахс мусулмонї, насроният, кришноитї, Њизби тањрир, салафия ва ѓайраро пазирад. Ва ќудрату дастњое њастанд, ки инчунин даъватро сармоягузорї мекунанд. Видеоњое, ки дар шабакањои интернетї аз мањофилї ба ном самоъ ва зикри сўфиён аз сўи мухолифон ба хотири сиёњ кардани онњо гузошта мешаванд, мањз он даъватест, ки фањмида мешавад. Сўфиён худро њељ гоњ реклама намекунанд, агар њамчунин сўфиро дидед, донед, ки сўфї нест, зеро тасаввуф зотан ба даъват эњтиёљ надорад. Пирон ба мунтахабон, онњое, ки Худоро љустуљў мекунанд ва рањгум задаанд, аломат мефиристанд, назири ќиссаи болої. Пирони тариќат онњоро худ пайдо мекунанд, то дасташонро гиранд. Њанўз муриде пиреро пайдо накардааст, пир аст, ки ба ташнаи тасаввуф номаълум наздик меояд. Онњое, ки њаваси сўфигариро мехўрданд, на фаќат ќабул, балки њатто бо тавњину њаќорат ронда мешуданд. Сўфиён аз вуруди афроди тасодуфї ба сафњои худ љилавгирї мекунанд. Сифат муњим буд, на миќдор. Дар "Маснавии Маънавї" - и Мавлоно дар ин робита ќиссаи як нафаре омадааст, ки бо хар ба хонаќоњ омада, сањар дармеёбад, ки сўфиён харашро фурўхтаанд ва айшу нўше, ки шаб дошт, аз њисоби хараш буд. Аз нигоњи онњое, ки тарбиятдидаи мактабњои зидди тасаввуф, бахусус шўравиянд, фурўхтани хари кас ѓорату роњзанї аст, аммо аз нигоњи сўфиён ин паёмро дар зимн дорад: ба њар куљое, ки туро интизор нестанд ва тоби суњбаташонро надорї, сар махалон! Инчунин ин барои он шахс аз таваккул, тасодуфи сафар, хайр, молу чизпарастї ва ѓайра имтињон буд. Сўфї њамеша муридро дар имтињон ќарор медињад, вагарна мурид пеш намеравад. Тасаввуфро касе сармоягузорї намекунад. Агар њамчунин коре дар миён бошад, он тасаввуф нест. Сўфї танњо касе мешавад, ки барои ёфтани Худову худ омода шудааст. Вазифаи пир роњнамоии ўст, то тариќати Њаќ алайњи тариќатњои сохтаву љаълї идома пайдо кунад. Афроди тасодуфиву љаълї ба Њаќ намерасанд, балки ин љараёнро касиф месозанд. Сўфиро сўфї мешиносаду ќадр мекунад. Агар сўфие муаррифї намекард, гумон буд, ки мо аз бузургии бузургвороне чун Мавлонои Балх то Њазрати Абдурањмонљону Эшони Њаќ огоњ мешудем. Аз ин сабаб ваќте дар "васфи" сўфиён сухан мегўем, бояд эњтиёт шуд. Падари Расул Ѓам-
затов гуфта буд: "Бо Шомил кор нагир!" На Шомили ќањрамон, балки сўфї. Иброњими Адњам подшоњи Балх буд, яке аз дањњо. Аммо таърих њељ яке аз онњоро дар хотир надорад. Фаќат ўро дар ёд дорад он њам на ба он хотир, ки аз подшоњї даст кашиду муфлис шуду машњур гардид, балки ба ин хотир, ки аз подшоњї барои Худо ва дарёфтани асли худ даст кашид. Мисолеро, ки таърих кам дар ёд дорад...
"СОЌИЁ, БИДЕЊ ЉОМЕ..." Шаробе, ки аз Рўдакї то Хайёму Њофизу Љомї тавсиф мекунанд, оё воќеист ё ирфонї? Зафари Мирзоён бар ин аст, ки ин шароби воќеист, масту майхонаву шаробу кабобу мутрибу раќќосаву, аз нигоњи ислом, мањфилњои фисќу фуљур вуљуд доштанд. Тасаввур мекунем, Шероз, Нишопур, Бухорои асримиёнагї ё Љумњурии Исломии Эрон ва њукумати Толибони замони моро, ки тањти рањбарии муллову оятуллову охунду мавлавињо њастанд ва дар Кобулу Ќандањору Тењрон ресторанњоеро, ки "стриптиз" - у майнўшиву "мусиќии зинда" доранд. Оё ба аќл рост мегирад? Не, албатта. Шояд дар асрњои миёна, замоне, ки барои дуздї даст ва барои ќатл сар мезаданду барои зино сангсор мекарданд ва майхора даррашап мешуд, буданд мањофиле, ки риндону айёшон љамъ мешуданд ва њар кори ѓайришаръиро анљом медоданд. Аммо тасвиреро, ки аз ин мањфилњо Њофизу Румї медоданд, дар шакли рубоиву ѓазал ба мардум мерасиданд ва моњиятан тарѓиби фисќу фуљур буданд, пас суол мешавад, чаро онњоро барои тарѓиби фањш љазо намедоданд? Хуб гуфтем, ки чунин буд. Пас чаро дар рўзњои мо, ки тарабхонае бе араќу коняк нест ва шоире њам кам аст, ки нанўшад, мисраъеро дар сатњи Њофиз намехонем? Мастии зоњирї инсонро хароб мекунад, шароби ботинї ўро обод. Забони ѓайбро он масте мефањмад, ки аќлу дили њушёр дорад. "Марди Худо маст шавад бе шароб..." мегўяд Мавлавї. Пас шароби ирфонї вуљуд дорад! Мушкил ин, ки онро дар тарабхонањои мо намефурўшанд ва шоирони мо нўш накардаанд.
АРСАИ ДАСТОВАРДЊО Ваќте мегўянд, тасаввуф нагузошт иќтисод, илму санъату фарњанг пеш равад, њазён аст. Шуруъ аз Шайхурраис Буалї Сино то Шайх Љомї њар дастоварде, ки илми тољик дорад, аз шайхњои тасаввуф аст. Њељ кас ин суолро намегузорад, ки чї тавр Шайхурраис тавонист дар умри кутоњи худ астроном, химик, геолог, олими мантиќ, палеонтолог, математик, физик, шоир, равоншинос, психолог, файласуф, муаллим ва табиб бошад ва дар 40 сол 450 асари мондагор нависад? Боз чї асарњое! Кофист танњо "Ал - ќонун" (дар 5 китоб) - ро мисол орем, ки асрњо китоби рўимизии табибони љањон
Ин матлаб андешаи шахсї буда, бо мавќеъи «Нигоњ» муѓойират дорад.
"ХАЛЌИ ХУДО"
ТАРИЌАТИ БИДУНИ ДАЪВАТ
буд. Бубинед, Сино шогирдонро дарс мегуфт, мардумро муолиља мекард, пас аз омадани Султон Мањмуд рў ба фирор оварда, ваќти худро дар дарбадарї мегузаронд, аз як шањр ба шањри дигар рафтан рўзу моњ мегирифт, хатару тањдидњо ва хастагињо дошт, аммо 456 китоб навишт, ки бештари онњо љилдњоро ташкил медоданд! Чї тавр имкон дорад? Аз куљо ваќт меёфт? Аксари уламои мо солњо як китоб менависанд, ки касе онро на фаќат намехонад, балки аз он хабар надорад. Мушкили онњост, ки мегўянд, Абўнасри Форобї, Абурайњон Берунї, Насириддуни Тусї, Умари Хайём, Мавлоно Љомї... ва дањњо дигар олимоне, ки имрўз ифтихори илми тољик њастанд, ба тасаввуф рабте надоштанд. Агар онњо аз мактаби тасаввуф намегузаштанд, ба ин мартаба намерасиданд. Танњо тасавуф имкониятњои ботиниву зењниро мекушояд... Умуман, танњо инсоне, ки дили поку руњи беолоиш дорад, дар њама љода муваффаќ аст. Бигзор, сиёсатмадор бошад, иќтисоддон ё соњибкор, агар тавонист бо дилу нияти нек даст ба амал шавад, муваффаќ хоњад шуд. Ваќте зиндагии Ањмадшоњи Масъудро меомўхтам, љое надидам, ки ўро сўфї гуфта бошанд. Аммо дар рафтори ў як фармондење, ки бо љангу куштор њамеша рў ба рў буд ва дар лањзањои њассостарин низ ба арзишњои инсонї арљ мегузошт, нишонањои бањрамандї аз тасаввуф дида мешавад. Аз нигоњи ў, на фаќат мањбусони њарбї, балки хоинону коммунистони бедин ва Толибон муздурони хадамоти истихборотї низ каромати инсонї доштанд. Њамеша "Девони Њофиз" - ро дар љайб дошт. Њадди аксар мекўшид, ки ќонунњои Худоро риоя кунад, љињодаш ќуръонї бошад ва ба ин васила ќаноати Худову халќи Худоро њосил кунад. Аз ин хотир, дар ќиёс бо љињодиёни дигар муваффаќ ва муътабар буду монд. Банда бо ањли эљод, назири овозхонњо Фарњоди Дарё, Далер Назаров, коргардон Барзу Абдураззоќов, нависанда Азизи Азиз, рўзноманигор Абдуќаюми Ќаюмзод суњбатњо доштам. Он чї дар онњо бештар њис мешавад, њамон сафову тозагии руњ аст, ки шахси онњо ва офаридањои онњоро аз дигарон фарќ мекунонад. Онњо кори худро самимона, бо дили пок иљро мекунанд ва ба њарфи дили худ гўш медињанд, тавре, ки Бетховен кар буд, аммо оњангњои љовидона офарид, ё Ван Гог, ки девонааш мехонданд ва расмњояшро мисли як чизи бекор ба тањхона мепартофтанд, вале кори Худоро бинед, ки ин "мусор" њоло ба миллионњо доллар харидорї мешавад! Бовар дорам, олимоне њам, ки бо дили поки орї аз бухлу њасад ва кинаву кудурату худнамої, холисанлиллоњ, ќадам ба љодаи илм мегузоранд, мисли Шайх Буалї муваффаќ мешаванд. Шоироне њамчунин низ мисли Хайёму Њофизу Љомї ашъори мондагор менависанд. Њоло дар асри 21, замони љањонишавї, ки фарњангњоро мисли аждањо фурў мебарад, мо ба сиёсатњои солим, иќтисоди ќавї, осори илмї, шеър, тарона, намоишномаи театрї ва њар навгоние, ки тољиксоз ва Тољикистонсоз бошад, ниёз дорем. Умуман, њар инсоне, ки новобаста аз касбу кор, мўзадўз аст, муњандис, устои барќу сантехник, дањмарда ё дењќон, милиса ё каси дигар, агар "дил ба ёру даст ба кор" бошад, хор нахоњад шуд. Љомиа њам гул - гул мешукуфад. Тасаввуф низ ин аст, ки инсон аввал инсон шавад, худро бисозад, то дигарон низ сохта шаванд. Аламовар аст, ки љомиањои пешрафтаи ѓарбї тибќи ќонунњои тасаввуф истеъдодљўву истеъдодпарвар њастанд, аммо вазъ дар мо баръакс аст. Бешак, тасаввуф бињишти гумшудаи мост.
i
Вахониро "Леонардо да Винчии Ямѓ" меноманд. Коѓазе, ки ў аз чўб ихтироъ кард, Шоњи Сафеди ваќтро ба ваљд овард. Ў фармон дод, ки Сўфї Муборакшоњро ба Маскав оранд ё сирри коѓази ўро харанд. Аммо то ин, ки русњо ба Вахон оянд, сўфї дунёро тарк карда буд. Саввумї Њољї Яъќуб аз Ховалинг аст, ки аз таъќиби болшевикон ба Чањоби вилояти Тахори Афѓонистон рафт. Он љо бо кўмаки мардум каналњо кофта, кишоварзиро руш дод ва як мадраса њам бунёд намуд. Мутаассифона, мо фаќат сўфиёнеро мешиносем, ки дар адабиёт њастанд. Буданд онњое, ки бо касбу кори дигар машѓул буданд, масалан, Амири Кулол, Абубакри Нассољ, Абулњасани Саббоѓ, Бобо Обрез... Мањз саркўби тасаввуф ва дар баробари он сўхтани китобњои мо ва аз байн бурдани хати форсї дар замони репрессияњои сталинї ба њуввияти тољикон зарбаи муњлик ворид кард. Онњое, ки миллати моро сохтанд ва муаррифї карданд, назири Имоми Аъзам, Хоља Бањоуддин, Хоља Ањрори Валї, Мавлонои Балх ва садњо бузургвори мо "шайхњои иртиљої" муаррифї шуданд, зеро душманони ин миллат хуб медонистанд, ки чї нерў ва чї касон монеаи густариши нуфузи онњо дар минтаќа њастанд.
9
Фахриддини ХОЛБЕК
ТАКОНБАХШИ РЎЗ АЗ ... Барзу АБДУРАЗЗОЌОВ, коргардон Ба назари ман, вазифаи як рўшанфикр дар љомеъа љуз тафаккур ва тавлиди андеша нест. Ба мисли як шамъ, ки вазифаи он равшан кардан аст, на сўзондан, вазифаи ман огоњ сохтани мардум аст!
10
“НИГОЊ”, ЧОРШАНБЕ №47 (480), 24. 02. 2016
Фарзанди диктатори Куриёи Шимолї Ким Чен Ир, ки баъди фавти падар ба ќудрат расид ва дар кўтоњтарин муддат ба яке чењрањои хунини таърихи башар табдил ёфт. Аз њокимони замон золимтар аз ў касе ёд намешавад, ки њатто тавонист шавњари аммаи худро бо мудњиштарин шева ба ќатл расонда, њамсарашро дар хона зиндон кунад. Аз сўйи дигар њокимест, ки тўли ин чор соли охир пайваста дар маркази таваљљуњи расонањои олам аст. Њамеша дар њоли љангу тањдид бо њамсоягонаш аст, шахсест, ки ошкоро истифода аз силоњи атомиро чун омили фишор ба љомеаи байналмилалї истифода мекунад. Ва яќинан аз ў метарсанд, чун метавонад сари љањл чанд бомбро ба Амрикову Аврупо партов кунад. Дорои њама увонњои олии кишвараш аст, њарчанд љавонтарин сарвари олам мањсуб мешавад. Ўро сарвари олї, пешвои њизб, артиш ва халќи Љумњурии мардумїдемократии Куриё меноманд. Сарфармондењи олии артиши халќии Куриёст, Дабири аввали Кумитаи марказии њизби кор, маршал, вакили парламони Куриё мебошад. Писари сеюми Ким Чен Ир ва набераи Ким Ир Сен аст, ки баъди марги падараш расман "меросхўри бузург" эълон гардид. Ва чуноне ишора рафт, дар олам љавонтар аз ў њокими кишваре нест. Соли 2012 маљаллаи Time бар асоси як овоздињии маљозї ўро одами сол эълон карда буд. ЗОДРЎЗАШ ПЕШ АЗ ЌУДРАТ ЉАШНИ МИЛЛЇ ЭЪЛОН ШУД Солу рўзи таваллудаш даќиќ нест. Мегўянд 8 январи соли 1982, 1983 ё 1984 ба дунё омадааст. Ва дар чандин манбаъњои расмиву ѓайрирасмї рўзи валодаташро њам гуногун меоранд. Маълумоти расмї дар бораи љузъиёти тањсил ва овони љавониву наврасиаш вуљуд надорад. Хадамоти љосусии Куриёи Љанубї гуфтааст, ки Ким Чен Ин мактаби байналмилалиро дар шањри Берни Швейсария хатм кардааст. Аз соли 2002 дар донишгоњи ба номи Ким Ир Сен ва донишгоњи њарбии ба номи Ким Ир Сен тањсил кардааст. Маъмулан дар низомњои коммунистї ва ё пайравони ин гуна низомњо зинањои њокимият аз долонњои њизб тай мешаванд ва Ким Чен Ин низ истисно набуд. Овозањо дар бораи љойнишини падар эълон шудани Ким Чен Ин аз соли 2006 пањн шуданд, ин замоне буд, ки ба роњбарони њизби кори Куриё нишонањо бо тасвири Ким Чен Ин таќсим карданд. Ду сол баъд фармони падараш њам дар мавриди сарвари њизб таъин шудани ў содир шуд. Манбаъњои огоњ мегўянд Ким Чен Ин њанўз аввали соли 2007 љонишини падар таъин шуда буд, на оѓози соли 2009. Сар аз соли 2008 сохтани ќароргоњи навро барояш шурўъ карданд. Моњи январи соли 2010 хабаргузорињо истинодан ба нашрияи Кореяи Љанубї Daily NK хабар доданд, ки 8-уми январ зодрўзи Ким Чен Ин љашни миллї эълон гардид. Ва ин худ таъкид ба он мекард, ки маќомот ба интиќоли ќудрат аз падар ба писар тадриљан омода мешаванд. ЊУКУМАТИ БИДУНИ ТАЃО 17-уми декабри соли 2011 падараш Ким Чен Ир аз бемории ќалб вафот кард, вале хабари фавти ўро ду рўз баъд эълон карданд. 24-уми декабр нашрияњои њизбї хабар доданд: "Мо бо чашмони хунбор ќасам ёд мекунем, ки Ким Чен Ин сарфармондењи олї ва пешвои мост". Шаби 31-уми декабр Бюрои сиёсии Кумитаи Марказии Њизби кори Куриё ўро расман Сарфармондењи олии нерўњои мусаллањ эълон намуд. Он шабу рўз баъзе хабаргузорињои мўътабар, аз љумла ВВС истинодан ба манбаъњои худ дар њукумати Куриё иттилоъ дода буданд, ки дар оѓоз Ким Чен Ин давлатро якљо бо таѓояш (аслан шавњари аммааш) Чан Сон Тхек идора хоњад кард. Вале чунин нашуд. 15-уми апрели соли 2012 Ким Чен Ин бори аввал дар сафороии њарбї ба муносибати 100-солагии бобояш Ким Ир Сен назди мардум чун роњбар зоњир шуд. ТАЊДИД БА ИМА Куриёи воњид баъди Љанги дуюми љањон ба ду кишвари ба њам душман људо шуд ва яке роњи сотсиалистии рушд ва дуюмї роњи амрикоии тараќќиётро пеш гирифт. Аз он замон то ба имрўз ин ду Куриё њамеша дар њолати љанг ќарор доранд, њатто муоњадае, ки миёни онњо барои худдорї аз њамла имзо шуда буд, баъди сари ќудрат омадани Ким Чен Ин лаѓв шуд. Охири соли 2012 Куриёи Шимолї ба клуби ќудратњои њастаї шомил гардид, вале ба зудї ду ќатъномаи Шўрои амнияти СММ-ро наќз намуд ва муљиби нобоварии љомеаи байналмилалї шуд. Моњи феврали соли 2013 сеюмин озмоиши њастаии худро бо муваффаќият анљом дод. Шўрои амнияти СММ шадидан эътироз кард ва тањримњо зидди ин кишварро ташдид бахшид. Аммо Куриё тањдид кард, ки ба ИМА зарбаи атомї хоњад зад. Бо лаѓви созишномаи ада-
ДИКТАТОР мияташ њамагї дањ нафарро кушт. Вазири умури хориљии Куриёи Љанубї Юн Бен Се дар мавриде гуфта буд, ки њокимияти Ким Чен Ин бар пояи террор асос ёфтааст, аз ин рў сокинонаш њамеша дар фикри фироранд. Соли 2015 дар пойтахти Куриёи Шимолї фурудгоњи нав ба истифода дода шуд, вале дар маросими расмии ифтитоњ меъмори он Ма Вон Чун њузур надошт. Мегўянд каме пештар аз маросим бо фармони Ким Чен Ин меъмор кушта шуд, зеро тарњи он барои сарвар маќбул наёмадааст. Ким Чен Ин мегуфт, ки тарњи меъморї љавобгўи мутобиќ ба њуввияти милии Куриё нест
КИМ ЧЕН ИН Љавонтарин ва ѓаддортарин худкомаи олам
ЌАТЛ...БАРОИ ПИНАК ДАР ЉАЛАСАИ ЊУКУМАТ Аз ин пештар хабар дода мешуд, ки Ким Чен Ин фармон дод аммаи худ Ким Ген Хиро зањролуд кунанд. Дар ин бора CNN бо истинод ба суханони як фирорї аз Куриё иттилоъ дод. Ин манбаъ гуфтааст, ки сарвари Куриё баъди чанд моњи ќатли шавњари ў, таѓояш Чан Сон Тхек њамсари ўро њам фармон дод бикушанд. Зеро Ким Ген Хи аз марги фољеавии шавњараш хеле ба риќќат омада буд ва наметавонист ѓазаби худро пинњон нигоњ дорад. Низоми Пхенян дар замони њокимияти Ким Чен Ин бештар аз пештар пўшида шуд ва њамин сиррї будани сиёсатњои давлатдорї муљиби пањн шудани овозањои зиёд мегардид. Дар хориљи ин кишвар маълумотњои сиррии ќатли афрод аз фирориён мерасад ва ба њарфи онњо зиёд таваљљуњ карда намешуд, чун маъмулан норозиёни фирорї ба хотири муњим будани худро љилва додан метавонистанд њар гуна овозањоро чун њарфи рост ба арзи расонањо расонанд. Ин буд, ки баъди тањлилњо ва ташхисњои зиёд хадамоти љосусии Сеул овозањои ќатли аммаи Ким Чен Инро рад кард. Журналистон гоњо дар мавриди куштори шахсиятњо зиёдаравї мекарданд. Аз љумла муддати чор моњ овозаи ќатли њамсари сарвари Куриё Ли Сол Чжу пањн шуд. Баъди чор моњ Ким Чен Ир бо њамсараш зоњир шуд ва овозањоро барњам зад.
ми њамла ба ќаламрави ду Куриё хатари як љанги нав дар минтаќаро зиёд кард. Ин кишвар борњо эълон кард, ки омода аст аз силоњи атомї даст кашад ва барномањи њастаии худро мутаваќќиф созад. Танњо ба он шарт, ки аъзои дигари "клуби њастаї" низ аз силоњи атомии худ даст кашанд. Аммо табиист, ки на Русия ва на Чин ва ИМА омода нестанд ин шартро бипазиранд. Аз ин рў Пхенян низ наметавонад ва намехоњад даст аз барномањои њастаии худ бишўяд. "АКНУН ДЕЊЌОНОН НИМИ ЊОСИЛРО БА ДАВЛАТ МЕДИЊАНД" Њокимият дар Куриёи Шимолї авлодист, он аз Ким Ир Сен ба писараш Ким Чен Ир гузашт ва њоло зимоми амр дар дасти набераи ў Ким Чен Ин ќарор дорад. Мегўянд Ким Чен Ир хеле марди соњибмаълумот ва донишманд буд, вале шахспарастї барояш имкон надод, ки донишу малакаи худро пурра истифода барад. Тўли солњои њокимияташ вай гоњ падарашро "президенти абадї" эълон мекард ва гоњи дигар конститутсияи кишварро Кимирсеновї меномид ва гоње солшумории Куриёро аз зодрўзи Ким Сен Ир њисоб мекард. Вале дар ќиёс ба ў Ким Чен Ин равиши дигаргунаи њокимиятро пеш гирифт. Дар оѓози кор Ким Чен Ин чандин зиндони мањбусони сиёсиро расман баст, вале касеро озод накард, балки ба зиндонњои дигар интиќол дод. Вай ба ислоњоти соњаи кишоварзї даст зад ва дар ин кор муваффаќ буд. Муњтавои ин ислоњот он буд, ки ду оила метавонист худ тавлидкунандаи мањсулот бошад, на ки танњо колхоз ба ин њаќ дошта бошад. Дењќонон њуќуќ пайдо карданд, ки ба давлат ниме аз њосилро дињанд, на њамаи онро. Ва ин муљиби боло рафтани њосилнокии заминњои кишт шуд. Яъне, дењќонон талош мекарданд, њосили бештар ба даст оранд, то барои худашон низ њиссаи бештар монад. Ислоњот Куриёро то њадде аз гуруснагї наљот бахшид ва идомаи он метавонад бештар муфид бошад. Дар соњаи саноат низ таќрибан њамин равиш љорї шуд. Яъне, роњбарони мањаллї њуќуќ пайдо карданд маоши кормандонашонро худ таъин кунанд ва бахше аз мањсулоти тавлидшударо фурўшанд. Тезиву тундии сарвари нав Куриёи Шимолиро метавонад дар кўтоњтарин фурсат дар инзивоъ ќарор дињад. Дар оѓоз Чин яке аз шарикони аслии тиљоратии Куриё буд. Вале баъдтар Ким Чен Ин тарсид, ки замоне таъсири Чин сиёсї нашавад. Аз ин рў намояндагонашро ба кишварњои дигар, љињати пайдо кардани шарикони эътимодї фиристод. Сиёсати ин кишвар аз оѓоз пурсидани пул пул аст. Пештар баъзе момолики худкифо ва сарватманд ин Куриёи Шимолирро кўмакњои молї мекарданд, њарчанд таќрибан њамаи мамлакатњои лагери сотсиалистї ба дархосташ посухњои рад медоданд. Њоло бошад таќрибан ягон мамлакат њозир нест иртибот гирад, чун медонанд, ки Ким Чен Ин метавонад зуд хашм гирад
ТАЪЗИМ БА АКСЊОИ ПЕШВОЁНИ МИЛЛАТ ва сармояи маблаѓгузоронро аз худ намуда, худи онњоро аз кишвар ронад. Ин аст, ки тадриљан шарики боэътимоде барояш намондааст. "ПЕШВОИ МИЛЛАТ" ЊАМЕША ЊАЌ АСТ... Дар ин кишвар пешвои миллат њамеша њаќ аст ва гар касе эътироз мекунад, пас ба зудї љойи худро дар яке аз се зиндони мањбусони сиёсї таъиншуда мебинад. Ин дар њолест, ки тањлилгарон баќои низомро дар ислоњоти созандаи иќтисодї мебинанд. Аз имрўз баъзе манбаъњо аз шиддат гирифтани муќовиматњо њарф мезананд ва агар ислоњот самара наорад, пас метавонад норозигї ављ гирад. Аз сўйи дигар гуруњи норозиёни номенклатураи њизбї, ки бидуни асос барканору бознишаста шудаанд, метавонанд дар њоли зарурат ба сафи норозиён пайванданд. Миёни онњо касоне, ки дар байни мардум обрў доранд, кам нестанд. Ким Жён Гу, як тањлилгари куриёии муќими Амрико гуфтааст, ки "Ким Чен Ин воќеъан мехоњад ислоњоти фарогир роњандозї кунад, вале бароии он одамоне лозиманд, ки дар бораи рушди кишвар кор кунанд, на касоне, ки дар бораи наљоти худ меандешанд. Дар њоли диктатураи хунин одамон метарсанд, ки ташаббус нишон дињанд. Ва ин барои ояндаи Куриёи Шимолї хеле хатаровар аст". Вай дар кўтоњмуддат худро чун роњбари хунхор ба љомеаи кишвараш ва оламиён муаррифї кард. Пешгузаштагони ў низ дўст медоштанд хуни мухолифонашонро резанд, вале ин корро ба оњистагї анљом медоданд. Ким Чен Ин ин њамаро хеле зуд ва саросемавор анљом медињад. Вай пайваста вазирони муњимро иваз ва сардорони раёсатњоро дигар мекунад. Баъзењоро ба нафаќа мегуселонад, рутбаи њарбии иддаеро пас мекунад, баъзењо ногањониву асроромез ѓайб мезананд. Зарфи чор соли њокимияти худ Ким Чен Ин 70 нафарро ќатл кард, ин дар њолест, ки падараш зарфи се соли аввали њоки-
Ќатли вазири 66-солаи мудофиа Хен Ен Чхол як хабари пурсарусадое буд. Мегўянд ўро дар машќгоњи њарбї дар њузури садњо тан бо истифода аз силоњи зенитї куштанд. Хадамоти љосусии Куриёи њамсоя мегўяд вазирро бегоњии 28уми апрел баъди намоиши консертии гуруњи эстрадии "Моранбон" боздошт карданд ва ду рўз баъд бидуни мурофеаи додгоњї ва тафтишот ќатл карданд. Расман хоини ватан эълон намуданд, вале дар асл љурмаш он будааст, ки дар љаласаи сарвари Куриё пинак рафтааст. Мегўянд, Ким Чен Ин уќдањое аз ў дар ќалб дошт. Вазир ба худ иљоза медод, ки дар баъзе масоил бо сарвар бањс кунад ва њатто баъзе дастурњои ўро иљро намекард 120 ЊАЗОР МАЊБУСИ СИЁСЇ Соле ќабл ин хабар расонаї шуд, ки эњтимол дорад сарвари Куриёи Шимолї ба додгоњи байналмилалї кашида шавад. СММ сарварони ин кишварро ба наќзи њуќуи башар ва шиканљаву ќатли њамвататнонашон муттањам кард. Тањлилгарон мегуфтанд, ки дар Куриёи Шимолї теъдоди мањбусони сиёсї аз 80 то 120 њазор нафаранд. Ин аст, ки СММ тањдид кард сарварони Куриёро барои љиноят алайњи инсон ба Додгоњи байналмилалї супорад. Тањлилгарони байналмилалї эълон карданд, ки Ким Чин Ин ѓаддортару ноинсонтар аз падари худ аст. СММ як гузориши наздик ба 400 сањифаро расонаї карда буд, ки аз шиканљаву азоб ва ќатлњои дањшатнок, таљовуз ба номуси зиндониён, одамрабої, мањдудияти ѓайрибашарии хўрок барои муддати тўлонї дар Куриёи Шимолї њикоят мекард. Дар њисобот, ки бар пояи њудудан 200 мусоњиба бо собиќ мањбусон сурат гирифтааст, гуфта мешавад, ки "наќзи њуќуќи башар дар Куриёи Шимолї дар олам беназир аст".
Бобољони ШАФЕЪ
САЊФАИ ВОЛИДОН
“НИГОЊ”, ЧОРШАНБЕ №47 (480), 24. 02. 2016
11
КОРАФТОДАИ ДОНО Њудудан се сол пеш њар ваќте мехостам тарзи дурусти навишти ин ё он калимаро бо хати форсї бидонам, ба утоќи кории Шерѓозї Саодатќадамов сар мезадам. Ва њамеша мушкилам зуд осон мешуд. Дар як доираи муњташами сарбозиву афсарї аз маъдуд касонест, ки бо расмулхати форсї аз наздик ошност, бе иштибоњ менависад ва бе иштибоњ мехонад. Ва њоло њам, ки хостам дар бораи хонадони ў чанд њарфе нависам, њамин ба ёдам расид. Шерѓозї Саодатќадамов хатмкардаи факултаи шарќшиносии Донишгоњи давлатии Тољикистон аст, вале ба назар мерасад пайроњаи Наљмонов ва дигар устодони каломи бадеъ ўро ба худ накашид, роњи вай баъди хизмати дусолаи њарбї ба њайси тарљумон дар Афѓонистон дигар шуд. Аз орзуњои дилаш бехабарам, зеро ваќте мо шинос шудем, вай аллакай ними умрашро чун афсари умури дохилї сипарї карда буд. Аммо гумон мекунам шояд мехост пажуњишгар њам бошад, чун завќи тањќиќ дорад, шояд дилаш пайроњаи падарро њам мекашиду мехост омўзгори матрањи кишвараш бошад. Вале солњои хизмат ихтиёроти ў ба дасти комсомол шуд. Ва мањз бо тавсияи комсомол-бахши љавонони њизби ягона ва њокими коммунист либоси афсарї ба бар кард ва то ба имрўз дигар он либосро аз тан накашид. Шерѓозї дар хонаводаи ањли саводу китоб по ба арсаи њаёт гузоштааст. Бобоњои падариву модариаш аз љумлаи Шоњномахонон, Њофизу Бедилхонони минтаќа буданд. Падараш Мамадќадам умре омўзгори забон ва адабиёти тољик буд, муддати тўлонї сарварии мактаби дењаро ба уњда дошт, чашми садњо сокинонро ба олами пурѓановати илму фарњанг боз кард. Модараш Гулѓунча њам бо вуљуди он ки бе дипломи олї буд, вале хату саводи хуб дошт, аз наќли шавњар ва волидонаш ба
ИНРО БОЯД ДОНИСТ!
БУЊРОНИ ПАНЉСОЛАГЇ: ЧАРО ВА ЧЇ БОЯД КАРД? Атфол маъмулан дар синни панљсолагї гирифтори аввалин буњрон дар зиндагии худ мешаванд. Аз ин рў равоншиносон маслињат медињанд, ки волидон ва калонсолон бояд тањаммул дошта бошанд, чун бидуни ин буњрон пушти сар намешавад. Сабабњои ин буњрон: - бачаи панљсола наметавонад ба шахси болиѓ бадал шавад, њарчанд хеле талош мекунад; - пўсти маѓзи сараш рушд мекунад, вай идора кардани њиссиёти худро меомўзад; - ба дарки љинси худ мерасад, фарќияти худро аз љинси муќобил мефањмад; - ба хаёлот дода мешавад, тасаввуроташ дар бораи њаёт дигаргун мешавад. Ва њар сабабе дар миён бошад ё набошад, шумо вазифадоред тавре рафтор намоед, ки ин буњрон ба осонї ва ноаёну бидуни таъсир ба њиссиёти кўдак пушти сар шавад. Набояд ўро назди духтур ё равоншинос баред, набояд бо ин амал ўро тарсонед. Ин худ мегузарад. Ин буњрон дар як ваќти номуайян оѓоз мешавад ва метавонад чанд њафта ва њатто чанд моњ идома кунад. Нишонањои ин буњрон: - вай дамдузд мешавад ва дигар бо шумо гап намезанад; - аз њама чиз метарсад ва ба худ нобовар мешавад; - метавонад асабї ва хашин ва бе ягон сабабе њаяљонзада шавад; - ба калонсолон таќлид карданро меомўзад; - талаб мекунад, ки ба ў њуќуќњои дигар њам дода шавад ва барои соњибистилолият шудан мубориза мебарад. Бидонед: Буњрони панљсолагї ногузир аст! Пас чї бояд кард? Тавсияњои муфидро дар шумораи ояндаи "Нигоњ" хонед.
ОИЛАИ САОДАТЌАДАМОВЊО
ХОНАВОДАЕ, КИ УМРЕ БО КИТОБ АСТ... Аз 4 фарзанд дутоаш мактабро бо медали тилло хатм мекунад фарзандон "Шоњнома" ќисса мекард, абёте аз Њофиз мехонд. Дар ин хонадон рафи китоб чун дастурхони пурнон муќаддасу мукаррам дониста мешуд. Онњоро аз хурдї ташвиќ мекарданд, ки њамаи ин китобњоро бояд хонанд. Ва мехонданд, сари њар њарфу њиљо бањс њам мекарданд. Он бањсњои кўдаконаро њоло њам ёд дорад ва имрўз, ки дар синни камолот аст, мегўяд сароѓози донишу маърифаташ њамон бањсњо сари китобњо буданд. Ва њамин бањсњо буданд, ки бародарон Шоњназар, Сабзќадам, Мирзоќадам ва хоњарашон Накубахтро дар љустуљўи донишу маърифат ба пойтахт оварданд, хонданд, соњиби маълумоти олї ва касбу кор шуданд. Барои Шерѓозї низ баъди хатми мактаб њаёти донишљўї шуруъ шуд ва боз њам ин панљ солро дар оѓўши гарми китоб сипарї кард. Омўзиши хат ва забони ниёгон роњи ўро бештар рушан намуд, хеле китобњои ќадимаро аз бойгонии китобхонањо пайдо кард ва хонд.
Ќисмат Шерѓозиро бо Некбахтсултон пайваст, бонуе, ки дар хонаводаи мардони фарњангї ба камол расидааст. Њамаи бародарони ў низ соњиби маълумоти олї ва аз љумлаи шахсиятњои обрўманди диёрашон њастанд. Ин ду тан њамон анъанаи хонаводагии худро ба фарзандонашон эњдо карданд, то чароѓи маърифати авлодї хомўш нашавад. Шерѓозї мегўяд агар кўдак бо китоб калон шавад, умре бо он мемонад ва ин китоб аст, ки инсонро шараф мебахшад, ахлоќи накуро дар замираш шакл медињад. Китоб аст, ки соябони рафтору кирдори накўст. "Ман њар ќадами фарзандонамро дар мактаб назорат мекардам, аммо на барои он ки аз рафторашон шубња доштам. Мехостам онњо дар мактаб низ чуноне бошад, ки дар хонаанд. Бо вуљуди он ки хеле серкор будам, вале дар кумитаи падару модарони мактаб узвият доштам, пайваста дар љамъомадњои он ширкат мекардам, бо роњбарони синф ва муаллимони фарзандонам дар иртибот будам, њамеша аз њолашон мепурси-
дам. Ин пайгирї ва ин назорат хеле муњим аст". Худованд барои Шерѓозї ва Некбахтсултон чор фарзанд: ду духтару ду писар дод ва онњо талош карданд њамон анъанаи хонаводагии тарбияи фарзандонро ба тифлонашон бахшанд ва як љузъи муњими он ташвиќ ба китоб буд. Мањз назорати пайваста, пайгирии њамешагї, бо њам нишастану бањсњои хонаводагии илмиву фарњангї буд, ки аз чор фарзанд ду нафари онњо мактаби миёнаро на ки бо бањои аъло, балки бо медали тилло хатм карданд. Њоло аз ин чор тан се нафарашон: Шерзод, Иброњим ва Мавзуна соњиби маълумоти олиянд ва духтари чорумашон Ситора донишљўи бахши олмонии Донишгоњи славянии Тољикистон аст, спипендияи баланд мегирад ва њоло омодагї дорад, ки семоња Олмон таљрибаомўзї равад. Аз Афѓонистон хотироти зиёд дорад, вале дар њар суњбат аз даврони хизмати аскарї дар ин кишвари њамсоя вай аз китобњои нодир њарф мезад ва мегуфт аз фалон китобфурўшї фалон китоб суроѓ кардам ва ёфтам. Медидам, ки ў китобро бењтарин сарват дониставу нодиртарин китобњоро љуста ба Ватан овардааст. Вай њар гоњ аз падараш ёд кунад, љевони пур аз китоби ўро ба хотир меорад ва имрўз њам як љевони бузурги китобро на танњо ба чор фарзанд, балки ба наберагонаш мехоњад њадя кунад. Мегўяд, ман њамин сарват дорад, ки моли њамаи онњост.
МАСЛИЊАТ
ФАРЊАНГИ ФАРОМЎШЇ: ЧЇ ГУНА АЗИЗИ РАФТАРО АЗ ЁД БУБАРЕМ? Зиндагї ба гунае сохта шуда, ки инсон аз рафтани яке аз наздиконаш муддатњо ба худ намеояд ва њатто иддае аз инсонњо хеле ба мушкил гузаштаро фаромўш мекунанд. Баъзан барои он ки дарёи зиндагиро ба маљрои пешини он баргардонанд, њатто моњњову баъзан солњо мегузаранд. Аммо равоншгиносон мегўянд одам бояд талош кунад, ки гузаштаро зудтар ба боди фаромўшї супорад, то ба ояндаи худ тавонад дуруст андешад. Марњилаи шокї аз чанд сония то ба чандин њафта метавонад идома дошта бошад. Дар ин њол инсон хобашро аз даст медињад, худро нохушбахт тасаввур мекунад, наметавонад ба њаракоти ќаблиаш идома дињад. Марњилаи дигари он дард аст, ки метавонад 6-7 њафта идома кунад. Ин марњилаест, ки инсон даргузашти он азизашро пайваста ба ёд меорад. Вале баъди он марњилаи бозгашт шуруъ мешавад, хоби аз чашмон парида бармегардад, иштињо дубора барќарор мешавад, тадриљан инсон ба зиндагии бе ў будан одат мекунад. Чї муддате метавон бо гузашта зист? Равоншиносон мегўянд аслан як сол ё аз он њам камтар, вале ин њама аз њадди њиссиёти кас вобаста аст ва ба он ки шахси аз олам рафта то куљо ба ў наздик буд. Аз ин рў, маслињат медињанд равоншиносон, агар дўсти шумо чанд муддате дар бораи ин талафот њарф занад, гиря кунад, аксашро тамошо кунаду аз ё хотирањо наќл кунад, дилгир нашавед. Чун ин њам мегузарад. Оё бояд гузаштаро фаромўш кард?
Оре, посух медињанд мутахассисон. Ин аслан имконпазир нест, вале инсон талош кунад, ки аз гузашта танњо чизњоеро дар хотира биспорад, ки муњим ва муфиданд. Дар амал ба мо хеле мушкил аст, ки хубро аз бад људо кунем, бахусус хубињову бадињои шахси рафтаро. Маъмулан аз рафтагон њама ба некї ёд мекунан ва њатто љињатњои манфии рафтори онњо гоњо мусбат ба назар мерасад. Мо метавонем гузаштагонро бубахшем? Албатта, метавонем. Њатто асоси њамаи динњоро бахшандагї ташкил медињад, яъне бахшидани љурму гуноњи пешиниён, Ислом хислати бахшандагиро аљри бузург ваъда кардааст. Ва равоншиносон мегўянд дар ин њолат шумо ранљишњоро канор гузоред, фавтидаро бубахшед ва ин хаёли шуморо роњат мебахшад, осуда мешавед. Вале агар худро дар назди фавтида гунањгор медонед, пас талош кунед аз ин гуна њиссиёт худро дур гиред ва њамзамон кўшиш намоед ба иштибоњоте назири он роњ надињед. Яъне, камбудии худро дарк кунед, бубинед, ки ў рафт ва шумо аз ў натавонистед узр пурсед. Пас ин водор мекунад, ки ба ин нукта мутаваљљењ шавед: гузаштагон барнамегарданд, пузиши иштибоњот замоне лози манд, ки ба он зарурат аст. Пас такрори хатои пешин номумкин аст. Аз сўйи дигар равоншиносон таъкид мекунанд, ки аз худхоњї даст кашед, худро андармони корњое кунед, ки шуморо аз андешањои ботил дур нигоњ доранд. Аз љумла, ба кўдаконатон мењрубонї кунед, бо онњо нишинед, дарс тайёр кунед, таоми хуштамъ
омода созед, ба хешованди пирсолатон занг занед, то вай худро танњо њисс накунад. Боз чї кор бояд кард, то азизи рафтаро фаромўш созанд? Аммо одамон шевањои зиёди кам кардани таъсири шахси рафта ва зудудани хотирот ва бо ин васила худро дур нигоњ доштан аз стрессро таљриба кардаанд. Иддае њама нишонањои марњум, аз љумла сару либос, китобу дафтари ўро ба дигарон таќсим мекунанд, номањошяро месўзонанд, аксњояро нобуд мекунанд. Иддае дигар њатто љойи истиќомати худро дигар менамоянд, то ин ки њамаи хотироташон пок шавад. Вале боз њам на њамеша ин ёдњо рафтанианд. Пас дар ин њолатњо равоншиносон мегўянд шумо бояд аз шеваи "дурї аз назорат" истифода куне. Яъне чї? Шумо наметавонед хонаеро, ки он шахси наздикатон вафот кард, фаромўш созед. Зарур аст зиёд вориди он шавед, наметавонед онро тарк кунед. Пас бояд дигаргунињои тадриљї ворид намоед. Масалан, мешавад, ки ќолини девор, акс ё гарнитури онро иваз намоед. Таъмири љузъи гузаронед ва тадриљан њолати ќаблиро дигаргун созед. Дуюм, фикран иртиботатонро аз ў барканед. Ваќте дар он утоќ гаштугузор мекунед, худро озод њисс намоед, аввал каме ва баъдан бештару бештар бидуни андеша дар бораи марњум гардиш кунед. Ин имкон меињад, ки тадриљан ёдњо раванд. Њамеша дар бораи корњои онрўзаи худатон андешед, на дар бораи лањзањои бо ў буданатон. Инсонњо баъзан дар он хона бўйи марњумро њисс мекунанд, сураташро пеши назар меоранд. Талош кунед гўш ба мусиќии фораме андозед, филми љолибе тамошо кунед ва ѓайра. Дар маљмуъ, доштани фарњанги фаромўшии азизи гузашта барои њар инсон зарур аст.
12
“НИГОЊ”, ЧОРШАНБЕ №47 (480), 24. 02. 2016
БО ШОИР
ШОИРАИ РАЊИМЉОН Аз љабри ин соат, њамин фурсат, Ки беохир њамегирям. Барои соати дарси бадомўзе, Барои марги мармузе... Наљот! Аз ин њама ањвол метарсам, Аз ин афтодани яхчол метарсам. Барои мурдаи хеш дар набарди пайкари озурдаи хеш, Бад-ин минвол метарсам. Ман аз он ки надорам завќ бар њич мол метарсам, Метарсам! Наљот! Аз офати ин бор, Аз ин рўъёи дањшатбор, Аз ин шармандагї, О,вањ, Аз ин девор! Аз ин девори бас мубњам, Аз ин афсурдани кам-кам. Аз ин ашке, Аз ин шабнам! Аз ин шабнам,ки як фурсат, Хулоса аз шукуњи нам, Барояш сахт нофањмо, Фаќат аз гунаи гул обрў дорад, Ва як муддат њаёту нимаи рўз орзу дорад... Амон аз дасти хуршед, Амон аз офтоби ќатли шабнам, Амон аз як шуъо, ки мањви шабнамро њамеша љустуљу дорад!!! Наљот аз ин даќиќа Ин хаёлу оњу воњу тарсу вањме Ва хатми дарку фањме!!! Љодугар бо ришта-ришта ришта мебандад, Сарнавишти мову ту гўё, ки механдад. Гўиё гумгаштаи мо мешавад пайдо, Љодугар бо ин фасона медињад фандат.
ИЛЊОМ АЗ МАРСЕЛ ПРУСТ 1. Махсусияти аслии худатон кадом аст, ки дигарон намедонанд? - Аввал мебурам, баъд чен мекунам. Хуб нест. Вале натонистам тарк кунам, одат аст. 2. Ќањрамонњои дўстдоштаи њаёти воќеиятон киро мењисобед? - Њар касе њолати мурданњои эњсос тавонист дари диламро, эњсосамро моњирона бикўбад, ба сурати ќањрамони зиндагиам шинохтамаш. 3. Марги худро чї гуна тасаввур мекунед? - Њис мекунам марги ман аз мушкилии сарам хоњад буд. Зиёд инро хоб дидаам ва фол кушодаам. Як љўгї чунин гуфт ва мушкил дорад сар мезанад.
*** Гиря макун, ки сурмаи чашмони ту селоба мешавад, Ѓам бо арўси хоњиши ман васл мекунад, Њамхоба мешавад. Гиря макун, ки дафтари ман ранг мезанад, Аз оби чашм чашми ќалам кўр мешавад, В-ин оњани иродаи ман занг мезан. Гиря макун, азиз, Чун офтоб мерасї бар осмон ту низ, Дасти ту бар фалак гули "Аржанг " мезанад... *** Љодугар садњо гирењ дар ришта мебандад, Сарнавишти мову ту гўё, ки механдад. Гўиё гумгаштаи мо мешавад пайдо, Љодугар бо ин фасона медињад фандат. Фоли ў њазёнтар аз оне, ки момоям, Аз дигар аз ќабр бархезад, аз он дунё Дар ягон афсона рост охир намеояд , Гўиё гумгаштаи мо мешавад пайдо. Љодугар бо ду бари рўи сиёњи хеш, Беибо мебофад аз нав иштибоњи хеш. Ки ту охир аз манї дар охири ќисса, Мебарї дар сояњои ман паноњи хеш. Сењри ў гўё, ки як рўз, оњ месозад, Рањм чо дар синаи санги ту, медонї!? Гўиё гоње китоби розњоямро , Ќиссањоямро ту мехонї ба осонї. У намедонад, ки њарферо набишносї, Бесаводї дар дабистони хаёли ман. Ришта - ришта риштањои љодугар месўхт, Ноумеди нотамом овард фоли ман. *** Ман ин бор аз њуљуми марг метарсам, Ки номардона ояд бар суроѓи ман. Њамин њоло, ки ман ин зиндагиро дўст медорам, Њамин њоло,ки ман бо душмане ёрам. Ман инак зиндагиро нек омўхтам, Рањам инак амон уфтод, Кунун як зан барои ин љањон уфтод!!! Маро як торсаке кофи буд охир, лек Аду аз нотавонї зад, Агарчи ногахони зад, Барои љовидонї зад!
*** Аљаб коре, замоне маргро бо њарчї ќиммат дошт, мехостам, Замоне тобутамро дар хаёли хеш оростам. Инак оташ задам он орзуро андаруни тобути хушбоварињо, Нестам аз сарсарињо... Ман имрўз дар ќабулгоњам аљалро рад месозам, Ба пушти дар тамоми наќшаи оламтаконамро ќабул дорам, Кунун дар дафтари дил бўи гул дорам... Ману ин зиндагї бо шартнома бо њамем инак, Ки як дамро ба ѓафлат, њарфи њарза, хоби тўлонї НАМЕСОЗЕМ! Ба шарте шартнома як халал аз ман ва ё ў буд, Тамоми шартњову наќшањоро бо њама анљом, Ба пеши пои марги нобањангом, Оњ,мебозем... *** Намозамро ќазо кардам, Намози мењрабониро ќазо кардам. Набурдам дона-дона донаи тасбењи номашро Накардам зикр,оре,носазо кардам. Зи ман ќањрист, медонам, Бањона аз дуо месозаду бо даст рўяшро, Панањ аз мо њамесозад, Дигар бо мо намесозад. Ва садхо ракъати нохондаи ќалбаш, Ќазоиро намехоњад. Дигар њадди нафас мењроби ў бо ман, Фазоеро намехоњад. Гунањкорам. Ќазо кардам намозамро. Нагуфтам дар дами хилват ниёишњову розамро,
МАРЗИ НОМАЪЛУМ Ќирѓизистон ба шањрвандони Тољикистон, ки дар дењоти назди марз зиндагї мекунанд, роњи осони дарёфти шањрвандиро пешнињод кардааст. Барои дарёфти шањрвандии Ќирѓизистон танњо шиноснома ва санади љойи истиќомат кофї аст. Пешнињоди шањрвандии давлати њамсоя дар њолест, ки бањсњои марзї бар сари заминњои атрофи дењањои љамоати Чоркўњи Исфара , дењоти љамоати Овчї-Ќалъача ва Хистеварзи љамоати Бобољон Ѓафуров ба поён нарасидааст ва бо вуљуди мулоќотњои бамаротиб љонибњо натавонистаанд то њол раванди аломатгузории марзро ба анљом расонанд. Аксари сокинони дењоти наздимарзї мегўянд, љониби Ќирѓизистон масъалаи заминњои бањсиро хеле
Пешнињоди шањрвандии Ќирѓизистон ба тољикњои сокини минтаќањои бањсї љиддї гирифтааст ва њоло шањрвандони Тољикистон , ки аз замони Шўравї заминњои мавриди бањсро истифода мекунанд ва дар он љо боѓ бунёд кардаанд, иљозаи кор надоранд, магар ки шањрвандии Ќирѓизистонро бипазиранд. Эргашбой Љўраев, раиси љамоати Овчї -Ќалъачаи ноњияи Бобољон Ѓафуров ба Радиои Озодї гуфтааст, ки воќеан, мурољиатњо барои аз ќайд берун шудан ва гирифтани шањрвандии Ќирѓизистон вуљуд дорад, вале њоло онњо ба касе чунин иљозат надодаанд.
Аммо Абдухалил Шарифов , муовини раиси љамоати Чоркўњи ноњияи Исфара мегўяд, сокинони љамоати онњо ба чунин даъватњои љониби Ќирѓизистон љавоби рад додаанд. Як маќоми мањалии ноњияи Лайлаки вилояти Бодканди Ќирѓизистон дар сўњбати телефонї ва бидуни муаррифиии худ ба "Озодї" гуфт, ки шарти гирифтани шањрвандї барои онњоест, ки мехоњанд, заминњои ин кишварро доимї истифода кунанд. Ў гуфт, ин пешнињод ба хотири даст назадани сокинони Тољикистон ба марзшиканї матрањ шудааст.
МУХТАСАРИ ШАРЊИ ЊОЛ Шоираи Рањимљон 31-уми марти соли 1977 дар шањри Вањдат таваллуд шудааст. Аз 10 солагї шеър мегўяд. Хатмкардаи факултаи филологияи точики ДМТ. Солиёни зиёд дар Радиои Тољикистон ба сифати муњаррир фаъолияти корї дошт. Аввалин намунаи шеърњояш соли 2003 бо номи "НАХУСТИН НОМАЊОИ ДАРД" интишор шуда, соли 2013 китоби дигари шеърњояш тањти унвони "ВОПАСИН НОМАЊОИ ДАРД" пешкаши њаводоронаш гардид. Соли 2012 бо машварати адибони љавон њамчун шоири суруднавис узви Иттифоќи нависандагони Тољикистон гардид. Ў бо њунармандони машњури кишвар њамкории ќавї дорад.
Набурдам даст то сўяш, Напурсидам ниёзамро. Кунун у кофари ишќаш њамехонад, Мани бо эътиќоди сад карат рафтан ба сўяшро, Мани бо итминон сад ракъате рафта ба рўи љонамозаш, Љустучўяшро... Ман аз оташ наметарсам! *** Љањаннам љои бадкор аст. Ман охир мењрабонтар аз гули хуршед биншастам, Дари он љо, ки нокусу калисову салибу дигару дигар, Барои љовидони сахт барбастам. Рањи мењроби чашмашро ба мижгон ламс месозам, Дару девори масљиди нигоњашро ба оби дида мешўям. Ва ўро љовидони шамс месозам! Ибодатро ба таъхире намемонам, Дигар тасбењ дар ѓафлат намемонад, Аз оятњои беањдї, ба раѓми сураи њиљрон, Намози носазоиро намехонам. Тањорат медињам дилро, Намози дўстдорї нагзарад...о вањ? Ќазоиро њамехонам!!!
ТАБЛИЃ
“НИГОЊ”, ЧОРШАНБЕ №47 (480), 24. 02. 2016
13
Солњои ахир ба бозори Русия ва кишварњои ИДМ ширкатњои фурўши мустаќим аз кишварњои минтаќаи Осиё - Уќёнуси Ором (ОУО) ворид шуданд. Корпоратсияњои байнулмилалии маъруф, назири QNet ва Тян-ши (Tiens) мањсулот ва техникаи фурушро пешнињод мекунанд, ки худро дар Осиёи Љанубї ба таври олї муаррифї кардаанд. Тањлили пешнињодњои ширкатњои ОУО нишон медињад, ки асосан, новобаста аз экзотикаи пайдоиш, онњо мањсулоти аз лињози фанноварї олисифатро, ки муваффаќона дар Шарќу Ѓарб фурўхта мешаванд, пешнињод мекунанд. Њоло минтаќаи Осиё - Уќёнуси Ором (Asia/Pacific) аз рўи њаљми фурўши мустаќим дар љањон љои аввалро мустањкам аз худ кардааст. Бино ба иттилои Федератсияи љањонии анљуманњои фурўшњои мустаќим - WFDSA, сањми он 45% - и њамаи мањсулоти фурўхташударо ташкил медињад. Ин мавќеъият ба шарофати маъруфияти тиљорати шабакавї ва ширкати густардаи ањолї (ин љо беш аз нисфи њамаи фурўшандагони мустаќими љањон љойгиранд), њамчунин навъњои зиёди мањсулоти пешнињодї ба даст омадааст.
ПЕШНИЊОДИ ШИРКАТЊОИ ФУРЎШИ МУСТАЌИМ ДАР ОУО
®
DLC As/Pacific
P-Life As/Pacific
+ + + + +
Cosway As/Pacific
+
QNet As/Pacific
7 +
њодат медињад. Аз се ду њиссаи ин номњо аз рўи схемаи "Бренди љањонї. Индонезия" ё "Бренди љањонї. Филиппин" ва ѓайраву њоказо иборатанд. Албатта, Эйвон, Эмвэй, Мэри Кей, Орифлейм ва дигарон ба ОУО бо мањсулоти худ омаданд. Онњо бозори худро сохтанд, аз ин хотир, њиссаи мањсулоти амрикої ва аврупої то ба имрўз ќисмати умдаи фурўшњои мустаќимро ташкил мекунад. Ширкатњои ѓарбї ба Малайзия, Индонезия, Филиппин ва Таиланд моли худ, њамзамон фарњанг ва технологияи фурўши мустаќимро оварданд. Онњо монданд ва то ба имрўз дар соњилњои осиёии Уќёнуси Ором њамон косметика, љавоњирот, зарф, кимиё ва техникаи маишиеро мефурўшанд, ки дар Атлантика ва Бањри Миёназамин ироа мекунанд. Њамзамон онњо монандии бозорњоро аз рўи сохтор, сегменти асосии молї ва ќоидањои љорї таъмин мекунанд.
Oriflame EU
Натиљаи умумї: Ороишот Атриёт Љавоњирот Bath&Body Хўрока/нўшокї Соатњо БАД, Wellness Нигоњубини пўст Техникаи маишї Техникаи кимиёї Бижутерия Маълумот Сайёњї Бозича, китоб Нигоњубини мошин
БОЗОРЊОИ ФУРЎШИ МУСТАЌИМ, МОНАНДЇ ВА ВИЖАГИЊОИ ПЕШНИЊОДИ ШИРКАТЊОИ ОСИЁЇ
Mary Kay USA
Amway USA
ХУСУСИЯТЊОИ УМУМЇ ВА САБАБЊОИ МОНАНДЇ Аз нигоњи аввал чунин менамояд, ки мањсулоти ширкатњои МЛМ (Мултилевел маркетинг, ё тиљорати гуногунсатњ) дар минтаќаи Осиё - Уќёнуси Ором (Asia/ Pacific) бояд ба таври куллї аз Аврупо, ИМА ва Амрикои Лотинї фарќ кунад. Бо назардошти фарќиятњои бузург дар менталитет, анъанањо, одатњо, ин табиї менамояд, аммо дар асл онњо умумиятњои зиёд доранд. Сабаби монандии навъњои мањсулот дар таърихи ташаккули ин бозор нуњуфтааст. Њаќиќат ин аст, ки дар шакли муосир он худ ба худ ба вуљуд наомадааст, балки аз сўи ширкатњои ѓарбї сохта шудааст. Ин асосан дар чоряки охири асри 20 иттифоќ афтод, ваќте тиљорати шабакавї марзи ќитъањоро убур ва сайри љањонии худро шурўъ кард. Он замон намояндагињои амрикої ва аврупої ба таври густарда зеркорхонањои худро дар Филиппин, Индонезия, Малайзия, Сингапур ва Тайван боз карданд. Таљрибаи аввал зуд нишон дод, ки минтаќа дурнамои бењтарин дорад. Ѓояи тиљорати шабакавї, ба гуфти Виљай Эсваран, ширкаткунандаи он тањаввулот ва њоло асосгузори QNet, дар Осиёи Љанубї - Шарќї бо хушнудї пазируфта шуд. Шабакањои таъмин зуд ќомат афрохтанд, тиљорат љон гирифт ва ба зудї соњаи нав ба таври нињої шакл ёфт. Имрўз дар бораи он давра рўйхати анљуманњои фурўши мустаќими ин кишварњо бармало ша-
7 + + + +
8 + + + +
11 +
8 + +
9
8
+ +
+ + +
+ + + +
+
+
+ + +
+ +
+
+ +
+ +
+ +
+ + +
+
+
+ +
+ + + + +
+
+ +
+
ФАРЌИЯТ ВА ВИЖАГИЊО Тавре дар боло гуфта шуд, ањолии минтаќаи Осиё - Уќёнуси Ором ѓояњои тиљорати шабакавиро бо хушї пазируфтанд. Шабакадорони худї авлавияти усули нави тиљоратро дарёфтанд ва ба навъњои озмудашудаи моли ѓарбї молњои хоси мањаллиро илова намуданд. Ба љумлаи онњо метавон њамаи он чиро, ки ба биоэнергетика ва тибби шарќї рабт доранд, шомил кард. Дар оѓоз барои ин зарур буд молњои анъанавие, ки саломатиро бењбуд мебахшиданд, табъи касро бењ мекарданд ва нерўро боло мебурданд, аз тариќи саноатї истењсол ва бастабандї шаванд. Баъдтар ин самт дастгирии ќавии тањќиќї шуд ва ба соњаи муосире табдил ёфт, ки воситањои зидди пиршавї ва дигар доруњои муфидро истењсол мекард. Маълумоти умумиро дар бораи навъи мањсулоти ширкатњои ОУО метавон аз љадвали поин пайдо кард. Барои муќоиса ба он ширкатњои Ѓарбї ва Шарќї бо фењристи васеъи пешнињодот ворид шудаанд. Тањлили сохтори пешнињодоти лидерони соња имкон медињад дар бораи монандии нисбии онњо хулоса кунем. Навъњои моли ширкатњои осиёї як ё ду мавќеъ зиёд аст, аммо бо итминон метавон фаќат дар бораи як гуруњи фарќкунанда - воситаи нигоњубини автомобил сухан гуфт. Њама гуна маводи иловагї ба равѓан ва сўзишворї ба таври аъло омода ва ба таври мустаќим дар Осиё фурўхта мешаванд, дар њоле ки дар Ѓарб њамчунин кор ќобили ќабул нест. Вазъ чунин аст, ки масалан, сомо-
наи "Amway Филиппин" њамин гуна молро пешнињод мекунад, аммо дар сомонањои Amway барои ИМА ва Аврупо он нест. Метавон чунин њисобид, ки ширкатњои гуногунсоњаи ѓарбї майл ба фурўши мањсулоти созанда ва хадамоти љањонгардї надоранд. Њељ аљобат надорад, ки дар чунин шароит пешгоми навъњои мол мањз ширкати осиёии Qnet мешавад. Он таќрибан тамоми навъњои молеро, ки дар рўйхат њаст, истењсол мекунад ва мефурўшад, ба љуз атрњову воситањои шустушўй. ФУРЎШЊОИ МУСТАЌИМ ШОЊРОЊИ ЊАРАКАТИ ДУЉОНИБА Равандњое, ки миёни Ѓарб ва Шарќ равонанд, дар соњаи тиљорати шабакавї якљониба набуданд. Ширкатњои ѓарбї ба ОУО бо мол ва техникаи собити фурўш омада буданд. Онњо муваффаќ буданд ва имрўз ба таври оммавї рангубор (косметика), техника ва кимиёи маишии брендњои љањониро мефурўшанд. Аз дигар тараф, ширкатњои ѓарбї ин љо ѓоя ва таркибњое барои молашон алайњи пиршавї, таќвияти саломатї, идораи вазн ва боло бурдани табъи инсон дарёфт карданд. Лидерњои осиёии фурўшњои мустаќим дар навъњои моли худ њамаи самтњоро муттањид карданд, аз ин хотир, пайдоиши чунин ширкатњо дар бозори Русия ва ИДМ, бидуни шак, муфид аст. Ин ба истеъмолгар воситањои нави бењбуди сифати зиндагї, њамзамон имкониятњои нави ба даст овардани даромадро фароњам мекунад.
14
БАЊСИ МИЛЛЇ
“НИГОЊ”, ЧОРШАНБЕ №47 (480), 24. 02. 2016
1 Аввали моњи январи имсол Љумъа Давлатов дар нишасти хабарияш "кимчизатсия"-ро рад карда, гуфт, "дар таъини мансабдорон бўе аз мањалгарої нест." Вай арќомеро овард, ки гўё 40 дарсади 18 704 хидматчии давлатї зодагони вилояти Хатлон, 24% зодагони Суѓд ва 8,6 дарсад намояндагони Бадахшонанд. Агар ин омор њамчунин таносуб дар сатњи сарварии вазорату кумитањоро нишон медод, шояд манзара рўшантар ва "кимчизатсия" комилан рад мешуд. Ё баръакс, комилан тасдиќ. Ба њар тартиб, ўро офарин бояд гуфт, ки мавзўъро расонаї мекунад. Албатта, одамон зодгоњашонро дўст медоранд ва гўё ин як дилбастагии табиист. Вале ваќте онњо мехоњанд, аз ин пайванд бањрабардорї кунанд, чун њама амали нопок он ба фањшу фасод мекашонад. Зодгоњ чист? Як силсила шахсонеро мешиносем, ки дар водии Вахш зода шудаанд. Аммо онњо на зодгоњи њаќиќии хеш, балки зодбуми пешини падаронашонро мепарастанд. Дар љанги дохилии Тољикистон низ онњоро зодгоњи падарон аз њам људо мекард, на зодгоњи њаќиќияшон. Ба назар мерасад, мањал бештар наќши парчам ё "исми шаб" ("парол")-ро мебозад. Вале оё парчам барои кадом майдон ва "исми шаб" барои кушодани кадом дар, худашон медонанд.
ДУРЎЃИ МАНФИАТОМЕЗ Дар як сўњбат бо журналист ва нависандаи маъруф Петр Вайл, ки яке аз дўстону њамовардони Иосиф Бродский буд ва аз худ китоби нодире бо номи "Нубуѓи макон" ба мерос гузошт, аз ў пурсида будам, дилбастагї ба мањаллеро далел чист? Гуфта буд: "Одамон ваќте зодгоњи худ ё шањру дењеро дўст медоранд, пеш аз њама на барои зебої ё вижагињои он аст, балки ба хотири инсонњоест, ки шахс дар ин љо дидааст, њамнишин шудааст, бо онњо хуш гузарондааст. Ин эњсосоти онњо ба таври нохудогоњ ба рўйи мањалли љуѓрофї кўчонда мешавад ва мањал маќоми асосї мегирад." Пас, ин афроде, ки дар хунашон ангали "М" доранд, метавон гуфт, бештар дар фикри худанд, то ѓами мањал. Ва њамон гуна ки худхоњии онњо ба рўйи ин ё он мањал хуршедвор метобад, ранљишу озори хусусии онњо низ нохудогоњ бар фарози зодгоњи "озордињандагон" соя меафканад. "Маро бад дид, зеро фулонљоиям", "фулонљоињо бисёр одамони баданд"... Як шоири маъруфи мо ошиќи Эрону Афѓонистон буд, вале чун аз намояндагони ин ду кишвар дар раќобат барои љойи кор шикаст хўрд, гуфт, марзи ононро бояд симхор кашид. Ё рањбаре гуфтааст, њамеша гумон мекард, мухолифонаш аз фулон ноњияанд, баъд аз зуњури як-ду нафар аз минтаќаи дигар гуфт, акнун донист, кињо дар кишвар душманони аслии ўянд. Ба касофати як ё чанд нафар душман хондани ин ё он мањал ва нафрат варзидан нисбат ба сокинони он њамчунон ситоишу парастиши минтаќае, бешак аз ангали "М" дарак медињанд ва олудагони онро шабењи дуздон мекунад. Дигаронро бояд ѓорат кард ва адлу додро поймол. Битамом зидди ормони ниёкон. Бадтарин њолат ваќтест, ки аз ин ангал бо њадафњои сиёсї ва судљўињои тангназаронаи хусусї истифода мешавад ва насли калонсол амдан зењни љавонони бегуноњро зањролуд мекунад. Ваќте як љавон танњо ба мањзи њамдиёрї вазифа мегирад ва њамсоли аз ў дањњо бор донотараш дар Русия кўчарўбї мекунад, ё њунарманде бепуштибону бегона мондаву ронда мешавад ва бењунаре ба курсї менишинад, донед, ки ангали "М" дар рагњои касе бозї кардааст, ки ба унвони "хидматгузори халќ" ба маќом роњ ёфт ва аммо ба ин халќ носипосї мекунад. Ва њамзамон нољавонмарона дар паси номи мањалли худ пин-
њон мешавад. Ба ин тартиб иддаои мањал дурўѓест барои рафъи ниёзњо ва расидагї ба холигоњњо ва нокомињои хеш. Он бештар уќдаи норасидагї ва камзарфист. Ё таќлиди ойинавор аз амалкарди бегонањое, ки дар тўли садањо дар ин ќавм људої андохтанду њукумат карданд. Аз ин љост, ки онњо бештар ба тафовутњо такия мезананд, то умумиятњо.
ФАРОТАР АЗ ЯК ДЕЊА Садаи 21 ангошти ќолабї ё стереотиперо, ки тољикон дилбастаи зодгоњи худанд, ба њам зад. Њоло садњо њазор нафар дар кишварњои гуногун ба сар мебаранд. Шояд ин ангошти замони шўравиро душворињои кўчондани кўњистониён ба водињо ё хусумат ба аќвоми њамсояи кўчї шакл додаанд, чун далели таърихї надорад. Ќисман зимни тохту-
шањр ба танг меояд ва дар љустуљўи покию роњат ба дењааш бармегардад, аммо чизеро, ки мељуст, он љо њам намеёбад. Мефањмад, ки на аз муњит, балки аз худ фирор карданист. Коре ношуданї. Одамон ба њар куљо, ки раванд, мушкилоти худро бо худ мебаранд. Ва хотирањои худро. Ва њам, агар сироят дида бошанд, ангали "М"-ро низ. Ба навиштаи Њабиб Саид, тољикон мањалгароии худро ба Русия низ кўчондаанд. Ин њам дар њоле ки гуфта мешуд, дар мусофират одамон бештар ба ќадри њамватани худ хоњанд расид. Бовар дорам, дар муњољират њам зодгоњпарастї фаќат як шиори судманд барои афродест, ки аз обњои тираи он моњї медоранд, мардуми солим бояд аз он парњез љўянд. Чаро шиор? Зеро аксаран њамин гуна ашхос шиори ватанхоњї низ мезананд. Ду чизе ки зидди њамдигаранд.
Салим АЮБЗОД, журналист ва тањлилгар
ОСИЁИ "МАЊАЛ" ТО КАЙ ХОЊАД ГАШТ? Давлатњои пешрафта дар андешаи шањрвандсозиянд. Мансубияти ќавмї, динї ва љуѓрофиёии ин шањрвандон муњим нест...
този аљнабиён ва њам бо орзуи азалии зиндагии бењтар ниёкони мо дар пањнои бузурге аз соњилњои Волга то халиљи Банѓол ва аз Шинљон то Мисру Марокаш њамеша дар њаракат будаанд. Сокинони Тољикистони имрўза, агар дуруст тањќиќ шавад, пайвандњое бо Фарѓонаву Бухоро ё Марву Балх доранд. Бархе аз ќурбониёни ангалро шояд ноќаноатмандї аз муњит ба ишќи зодгоњ андохтааст. Њамчун охирин паноњгоњ. Агар чунин нест, аз ин њама ситоишу "оњу воњ" чї мехоњанд? Он њам нолањое аз дурии садњо фарсах. Яке нишаста дар Веллингтони Зелонди Нав ба номи зодгоњи худ сафња боз мекунад. Сафњањои "Фулони ман", "Фулонљоро дўст медорам", "Чакидањои фулонљої", "Ишќи ман - фулонљо" ба ќавле лаб задаанд. Њар рўз аксњои кўњу дараву шаршара ин сафњањоро пур мекунанд. Агар ин њама нерў барои пажўњиши масъалае ё роњандозии хайрияе ба харљ мерафт, шояд фоидаи бештар меовард. Солњо пеш нависандаи чирадасти тољик Муњаммадзамони Солењ дар "Афсонаи дењи матрук" наќќошеро тасвир кард, ки аз хусумату сахтињои фазои
Мањалгаро наметавонад ватандўст бошад, чун дар пайи баробарии њамватанони худ, ќатъи назар аз мањал ва ќавмияти онњо нест. Дар нињояти амр, ин њол ба манфиати давлатдорону давлатдорї низ нест ва роњи лаѓжонест ба вартаи хатар. Вале љомеа њамеша механизме дорад, ки онро аз ангалњо пок мекунад. Љомеа мањалгароёнро ба интихоби сахте рўбарў хоњад кард. Ё бо њама ё људо аз њама. Агар роњи аввалро баргузиданд, бояд ботини худро поку озода кунанд ва назди виждон ва номуси худ узр хоњанду савганд дињанд. Агар роњи дувумро баргузиданд, бояд аз номи миллат ва бо номи миллат њарф заданро ќатъ кунанд. Орзуи дили ман њамин аст, ки мањалгароён ба гурўњњое монанди махавњо табдил ёбанд, ки њамаи мардуми солим на танњо аз даст додан ба онњо, балки њатто аз диданашон њазар кунад. Он гоњ шояд ин мараз аз љомеаи мо дур шавад, зеро њељ кас махав будан намехоњад.
ИНСОНГАРОЇ БАРОИ ЊАМА Давлати Тољикистон солњои охир ба хурдтарин љузъиёти њаёти мардуми худ,
мисли номгузорї ба фарзанд ё саломатии арўсу домод ва ѓайра дахолат мекунад. Аммо фурсате оё нарасидааст, ки иттињоми "мањалгарої" дар ќонуни љазо њамин гуна даќиќ ва муфассал пешбинї шавад. Дар омади гап, њоло дањњо нафар аз рањбарон ва аъзои њизби манъшудаи нањзати исломиро аз љумла ба мањалгарої айбдор мекунанд. Њизбе, ки дар талоши ќудрати сиёсї ба њимояти сокинони кишвар умед мебаст, чї гуна метавонад, мањалгаро бошад? Љузъиёти иттињом чист ва оё метавонад ба афроди дигари иљтимої ва њатто давлатї низ рабт гирад? Маълум нест. То њол оё ягон нафари масъул бо чунин иттињом муњокима шудааст ва далел чї буда? Оё мансабдоре, ки аз сафири Амрико хоњиши "аљиб" кард, ба наќзи ин банди ќонун роњ надод? Суолњои бељавоб. Чун ќонунњо акнун хурдтарин љанбаъњои њаётро низ фаро мегиранд, шояд Ќонуни танаввуъ ё Ќонуни баробарии мањалњо њам зарур аст, ки бино бар он сањми њар ноњия дар маќомоти давлатї бояд њамвазни шумори ањолии он бошад? Агар ноњияе 10 њазор сокин дорад, 1 вазир ва агар дигарї 20 њазор - 2 вазир? Ё худ ноњияе, ки беш аз њама ба буљаи давлат маблаѓ меорад, соњиби квотаи бештар дар идораи давлатї гардад, чун њаќ дорад? Хуб, агар маќсад, ба гуфтаи шиноси ман, "миллатсозї" ба маънои nationbuilding аст, бояд њамин гуна бо истифода аз таљрибањои љањонї гомњои њисобшуда гузошт. Давлатњои пешрафта дар андешаи шањрвандсозиянд. Мансубияти ќавмї, динї ва љуѓрофиёии ин шањрвандон муњим нест, балки лаёќату тавонмандї, ќонунсолорї ва сањми онњо дар пешрафти мамлакат. Барои ин ба њамаи мањалњо таваљљўњ бояд яксон бошад ва касе худро бенасибу бегона њис накунад. Оре, душвор аст ва азхудгузаштагї мехоњад. Аммо ќањрамонї ва номи таърихист! Ба њар тартиб, њанўз њам фурсате њаст, ки хатоњои деринаву баъдина ислоњ, фазо бозу наву наврўзї шавад ва ангали "М" аз таркиби хун зудуда гардад. Зеро давои саратон њанўз ёфт нашудааст ва танњо як чиз аст, ки бе ман њам медонед.
“НИГОЊ”, ЧОРШАНБЕ №47 (480), 24. 02. 2016
15
РАЊМАТНОМАИ МАРДУМЇ
СУЛТОН ВАЛИЕВ - ДЎСТИ ЖУРНАЛИСТОНИ ТОЉИК Мегўянд, "Ваќт худ доварест, ки њама амалу беамалињоро бањогузор аст!". Имрўз ман аз нафаре ёдоварї кардан мехоњам, ки акнун дар курсии мансаб нест. Сухан аз Султон Валиев меравад, ки таи се сол ва то соли 2013 раиси ноњияи Восеъ буд. Ў як роњбари ба мардум дастрас ва инсони хоксор ба њисоб мерафт. Ў њамчунин бо он дар ёди мардуми ноњия боќї мондааст, ки баъди эродњои зиёд нисбати муљассамаи ќањрамони халќи тољик Восеъ, ки чењрааш мўйсафеди 80-90 солаи ботамкинро мемонад, Султон Валиев дарњол аз пайи ислоњи хатои солњои 70-уми асри бист содиргашта шуд ва дар якљоягї бо рўзноманигорони ноњия чењраи Восеъро мувофиќ бо синну соли марди њузарбу ѓаюри 40-сола дар муљассамаи дигар аз нав омода намуд. Аз махсусиятњои дигари кории Султон Ва-
лиев дар арафаи 11 -уми март иди касбии журналистон метавон онро зикр намуд, ки бањри рушду нумўи ноњия рўзноманигоронро њамеша ба њамкорї даъват менамуд. Зимнан, њар сол дар арафаи санаи 11-уми март бахшида ба Рўзи матбуоти тољик бо рўзноманигорони ноњия вохўрї гузаронида, ба нишони арзи эњтиром хизмати ќаламкашони ноњияро дар самти рушди он бо тўњфањои хотиравї ќадр мекард. 100 солагии Иди матбуотро бо иштироки Раиси ИЖТ марњум Акбари Саттор ва журналистони маъруфи кишвар дар маркази ноњия хеле бошукуњ таљлил намуда будем. Бо ин навиштаи кўтоњ гуфтан мехоњам, ки ба њар як роњбар пас аз рафтани ў бањо додан дуруст ва воќеї мебуд. Бовар дорам, ин нуктаро њама роњбарони меомадаву мерафта амиќ дарк мекунанд.
ВО - АЉАБО!
"ФУРЎШГОЊИ МАРКАЗЇ" БА ИХТИЁРИ ДАСТГОЊИ ПРЕЗИДЕНТ ГУЗОШТ Тибќи ќарори њукумат, ки Эмомалї Рањмон ахиран имзо намуд, њаќќи идораи 100 фоизи сањмияњои Маркази савдои Тољикистон ба ихтиёри Раёсати хољагидории Дастгоњи иљроияи президент гузошта шаванд. Президенти Тољикистон дастгоњ ва Кумитаи сармоягузорию идораи амволи давлатиро муваззаф кардааст, ки давоми як моњ масоили ташкилию њуќуќии ин равандро анљом дињанд. Ин њам дар њоле, ки маблаѓи сањмияњои беш аз 400 сањњом то њол пардохт нашудаанд.
Фурўшгоњи марказии Душанбе, ки соли 1960 сохта шуда, бо номи "СУМ" маъруф буд, 8 декабри соли гузашта, расман ба Маркази савдои Тољикистон табдили ном кард. Ин иншоот соли гузашта бо даъвои Кумитаи сармоягузорї ва идораи амволи давлатї, ки гўиё солњои 90-уми асри гузашта нодуруст хусусї гардонда шудааст, бо ќарори Додгоњи иќтисодии Тољикистон дубора ба моликияти давлат баргардонда шуд.
Зимнан, 5 - уми март мушовири давлатии дараљаи 1 Султон Валиев зодрўз дорад. Ў дар ноњияи Ховалинг ба дунё омада, баъди хатми мактаби миёна солњои 1970-75 дар Институти педагогии ш.Кўлоб, соли 1965 дар Донишгоњи аграрии Тољикистон тањсил карда, солњои 19771995 дар вазифањои директори интернати №33, муовини директори Иттињодияи таљрибавии агросаноатии "Ховалинг", директори автобазаи №4-и н.Ховалинг, директори кулли Иттињодияи агросаноатии истењсолии вилояти Хатлон кор кард. Соли 1995 ба вакилии Маљлиси Олии ЉТ, даъвати якум, солњои 2000-2003 вакили Маљлиси намояндагони Маљлиси Олии ЉТ интихоб
шудааст. Солњои 2003-2013 бо фармони Президенти ЉТ ба њайси раиси ноњияи Ховалинг, муовини аввали Вазири кишоварзї ва њифзи муњити зисти ЉТ, раиси ноњияи Восеъ таъин гашт. Соли 2010 узви Маљлиси Миллии Маљлиси Олии ЉТ интихобаш намуданд. Аз соли 2013 то моњи апрели соли 2015 муовини роњбари Дастгоњи ММ МО фаъолият кард. Султон Валиев бо Ордени Шараф дараљаи 1 (соли 2006), медали љашнии "20-солагии Истиќлолияти давлатии Љумњурии Тољикистон" (соли 2011) ќадрдонї шудааст. Рўзимади ТОЊИР, омўзгор, узви ИЖТ
ХЕЛЕ ГАРОН
“НИГОЊ”, ЧОРШАНБЕ №47 (480), 24. 02. 2016
ОНЊОРО БОЯД ШИНОХТ
ЃОИБ САФАРЗОДА
Гуфта будам туро, ки тунд марав, Тунд рафтї, бубин, куљо рафтї... Ба хатои њама бишўридї, Худ чаро аз љањон хато рафтї? Аз рањи кўњ омадї ба сухан, Аз сухан рафтї боз бо рањи кўњ. Як љањон шодї ваъда кардї, лек Рафтию монд як љањон андўњ. Дўстам, дўсти гаронборам, Дар дилат розњои дунё монд. Бори куњњо кашиданї будї, Бори умрат ба дўши куњњо монд... Ин сатрњо ба Устод Лоиќ Шералї мансубанд, ки дар бораи Ѓоиб Сафарзода гуфта буд. Шояд њоло баъзењо бо њайрат пурсанд, ки Ѓоиб Сафарзода кї буд, ки Лоиќ дар борааш ин ќадар босўз мегўяд? Хотиррасон мешавем. Дар Тољикистон, то охири солњои 80-ум ягон бор норозигињои оммавї барои додани маќоми давлатї ба забони тољикї ба миён наомада буд. Ба фарќ аз тољикон, дар љумњурињои дигари собиќ Иттињоди шўравї равшанфикрон хеле барваќт дар муќобили русикунонии Маскав садо баланд карда буданд. Масалан дар Озарбойљон њанўз дар охири солњои 50-ум ба Конститусияашон таѓйирот ворид карда, забони худро давлатї эълон карданд. Чанд сол баъди ин тасмим як гурўњи беш аз 20 нафараи љавонони равшанфикри тољик ба назди раиси Президиуми Шўрои олї Мањмадулло Холов рафта, талаб мекунанд, ки дар ќаламрави Республикаи Советии Сотсиалистии Тољикистон забони тољикиро давлатї эълон кунад. Дар байни онњо Ѓоиб Сафарзода низ буд. Холов љавононро ба утоќи кории худ даъват мекунад ва бо онњо сўњбат меорояд. Дар охири ин сўњбат чунон ки ширкаткунандагони ин эътироз баъдњо дар хотироти худ зикр карданд, рўзњои баъдї онњоро ба КГБ даъват карда, огоњї доданд, ки дигар чунин номаъќулї накунанд. Новобаста аз ин, танњо нафаре, ки аз номгузории русї дар шањрњову дењањо ибрози нигаронї мекард, шоир ва журналисти варзидаи солњои 60-уму ибтидои солњои 70-ум шодравон Ѓоиб Сафарзода буд. Ў дар соли 1968 дар рўзномаи марказии "Тољикистони советї" маќолае зери унвони "Номи зебо ними њусн" чоп мекунад, ки он сару садои зиёдеро ба вуљуд меорад. Муаллифи ин маќолаи љанљолбарангез он ваќт њамагї 28 сол дошту ба сифати мудири шўъба дар ин рўзномаи
бонуфузи Тољикистон фаъолият мекард. Зимни эродњои худ ў дар маќолаи "Номи зебо ними њусн" менависд, ки чї зарурат дорад ду ноњияи шањри Душанберо номњои безеби Роњи оњан ва Марказї бимонем? Чаро номи кўчаи "Лоњутї" "Лаути" шудаасту номи "Лутфи" "Лютфи" ва "Яккачинор" "Яккачинарский?",-мепурсад муаллифи маќола. Ё чаро номњои зебои бисёр колхозњоро, ки "Дўстї", "Сарњадчї", "Ѓалаба" ном доранд, "Дружба", "Пограничник" ва ё "Победа" номем? Ў њамчунин таъкид мекунад, ки њељ зарурате вуљуд надорад, ки "Норак"-ро ба русї "Нурек" гўему "Њисор"ро "Гиссар" ва "Нов"-ро "Нау". Аммо Ѓоиб Сафарзодаро дар миёни роњбарияти љумњурї касе љуръат накард, ки дастгирї кунад, баръакс, ба ў фишор оварданд, узвияташро ба Њизби коммунист напазируфтанд. Муњаррири рўзнома Њалим Ашўровро њамчун миллатчї аз вазифа сабукдўш карданд. Кор то љое расид, ки ваќте Ѓоиб Сафарзода ба шањри Кўлоб меравад, яке аз шоирони мањал, ки бо ў дўстї дошт, "сархўр"-аш меномад. Ин ишора ба он буд, ки барои маќолаи ў Њ. Ашўровро аз кор гирифта буданд. Њамин тариќ, Ѓоиб Сафарзода тани танњо монд. Баъди ў солњои тўлонї дигар касе љуръат накард, ки ба њимояи забони тољикї маќолае бинависад ва ё аз минбарњои баланд онро њимоя кунад. Чунин шароит баъди 16 -17 соли марги фољиаомези ў фароњам омад. Ин "шоири сархўр" ва тавонои мо, агар умр вафо мекарду соли 1972 "садама" рух намедод, 20 -уми феврал 76 сола мешуд. .. Ѓоиб Сафарзода дар ќарияи Муллољони ноњияи Восеи вилояти Кўлоб аз хонаводи кишоварз ба дунё омадааст. Соли 1957 баъд аз хатми мактаби миёнаи зодгоњ озими Сталинобод (Душанбеи имрўза) гардида, донишљўи факултети таъриху филологияи Институти омўзгории ба номи Шевченко (њоло Ќандил Љураев) мешавад. Соли 1962 бо хатми донишкада ба сифати корманди бахши адабиёти рўзномаи "Тољикистони Советї" ба фаъолият мепардозад. Солњои донишљўї дар эљоди шеър шуѓл меварзад, ки ба поёни солњои панљоњум иртибот мегирад Нахустин маљмўаи ашъори ў "Корвони орзу" ном дошта, таърихи соли 1969-ро дорад. Бархе аз намунањои хуби шеъри Ѓоиб Сафарзода дар маљалањои "Садои Шарќ", "Хорпуштак" ва баргузидањои "Туњфа" (1963), "Суруди октябр" (1967), "Наврўзї" (1968) ва ѓайра рўи чопро дидаанд. Тамоми осори назму наср ва тарљумањои Ѓоиб Сафарзода баъд аз вафоташ бо ибтикори шахси фарњангї ва њамдењаи ў - Шоњњайдар Ёдгорї тањти унвони "Мероси љавонї " (1978) нашр шуд. Шодравон чанд тарљумае аз намунањои шоирони арманиву литвонї анљом додааст. Ѓоиб Сафарзода публисисти хуб њам буд. Ин шоири умедбахшу ояндадор соли 1973 дар шоњроњи Кўлоб- Душанбе, дар минтаќаи аѓбаи Шаршар бо мошини шахсиаш ба љарї рафт ва љањони њастиро падруд гуфт. Дар бораи ин фољиа сарусадо зиёд буд. Онро сохта низ меноманд. .. Дар дењаи Кадучии ноњияи Восеъ мадфун аст.
52 СИФАТИ "НИГОЊ" Рањим МАСОВ, академик:
"МАТЛАБЊОЯШ АЗ РЎИ ЊАВОВУ ЊАВАС ТАЊИЯ НАМЕШАВАНД" -Њафтаномаи "Нигоњ" барои ман як чизи нав аст. Маводи ин нашрия на аз рўи њавою њавас, балки аз сидќи дил тањия ва чоп мешаванд. Ман зиёд мушоњида кардаам, ки кормандони "Нигоњ" кўшиш мекунанд, то сањифањои њафтанома аз шумораи ќаблї бењтар бошад. Дар умум шодам, ки ин нашрия имрўз дар фазои иттилоотии Тољикистон нашр мешавад.
Муњаррир: Абдуазим Љўраев
Њафтанома дар Вазорати фарњанги Љумњурии Тољикистон ба ќайд гирифта шудааст.
МУАССИС: Созмони љамъиятии «ИНДЕМ» («Информатика барои демократия ва рушди миллї»).
Котиби масъул: Абўалї НЕКРЎЗОВ nigoh_tj@inbox.ru
Шўъбаи иттилоот ва сиёсат тел: 600 80 38 Шўъбаи тањќиќот ва тањлил тел: 600 80 38 Шўъбаи иљтимоъ ва иќтисод тел: 600 80 39 Шўъбаи реклом ва огоњиномањо тел: 98 560 86 85
МАНГАР, КИ КЇ МЕГЎЯД...
16
Мариус ФОССУМ, намояндаи минтаќавии Кумитаи Њелсинкии Норвегия дар Осиёи Марказї: - Мухолифини тољик ва вакилоне, ки аз онњо намояндагї мекунанд, тањти њамла ќарор доранд. Дигар ваќти изњори нигаронињо кайњо гузаштааст. Њоло ваќтест, ки шарикони байналмилалии Тољикистон, бо шумули Амрико ва Иттињодияи Аврупо ба президент Рањмон паёми рўшан бифиристанд: Таъќибот дигар бидуни пардохти нархаш нахоњад монд. - Як љањон ташаккур, муњтарам Мариус Фоссум! Кўмаки техникии Амрико ва беш аз 250 миллион еврои Иттињоди Аврупоро ќабул карда, уњдадор њам мешавем. Хоњиш мекунем, нархро каме бардоред. Аќќалан, 40 %, зеро харољот зиёда шуда истодааст. Имзо: њукумати дўстдоштаи шумо. Абдуманон ДОДОЕВ, раиси дастгоњи КМИРТ: - Њамапурсї шаффоф ва демократї хоњад гузашт. Ин раъйпурсии аввал нест, ки мо баргузор мекунем. Ин њамапурсии сеюм аст, ки дар онљо чунин масъала гузошта шудааст, ки оё Шумо таѓйиру иловањоро ќабул мекунед, ё не? - Њамон нафаре, ки ба љояш шуморо таъин карданд, њамин хел мегуфт. Намедонед бо ў чї шуд? Сирољиддин АСЛОВ, вазири корњои хориља: - Аксари сокинони мо мусалмон њастанд, аммо дар миёни онњо дарсади муайян афроди мутаассиб њаст, ки ба аќидањои бегонаи мазњабї бовар мекунанд. Дасисабозони мазњабї аз ин вазъият мехоњанд сўиистифода кунанд. - Аксари мансабдорони мо њам мусулмоннанд, аммо дарсади муайян афроди муттасиб њаст, ки ба аќидањои бегонаи атеистї бовар мекунанд. Дасисабозони дањрї аз ин вазъият ва њаќќи мардум мехоњанд сўистифода кунанд. Абдуѓаффор ЌУРБОНОВ, сухангўи Бонки миллї: - Агар бонкњои эронии мустаќар дар Тољикистон имконот ва сарчашмањои молї дошта бошанд, "сандуќњои ќарзї"ашон бузург бошанд, метавонанд дар шањру навоњии Тољикистон бахшњои худро боз карда ва ба соњибкорони мањаллї ќарзњои хурд дињанд ё ба ин монанд амалиётро анљом дињанд. Дар сурати пешнињоди ќарз бо фоизи каму муддати дароз муштариёни онњо зиёд мешавад. Бонки миллии Тољикистон аз ин гуна иќдоми љониби Эрон истиќбол мекунад. - Пулњои Бобаки Занљонї тамом шуданд-чї бало! Парвиз МУЛЛОЉОНОВ, тањлилгар: - Аксар кормандони расмии мо зодаи шўравї њастанд ва дар он давра кор кардаанд. Тамоми рафтори онњо аз сиёсати шўравї об мехўрад. - Cода нашавед, ако! Кормандони расмии мо аз њамтоёни шўравияшон дањ сару гардан болоянд: шўравињои мегуфтагии Шумо дар 70 сол пораи дар як сол мегирифтаи инњоро наситонидаанд. Урмас ПАЭТ, узви парлумони Аврупо: -Ман шахсан пешрафти њизбњои сиёсї ва созмонњои љамъиятиро њамчун тањдид ба амнияти давлатии Тољикистон арзёбї намекунам. Таъмини амнияти давлатро баробар бо равандњои демократї пеш бурдан мумкин аст. Онњоеро, ки бо сиёсати њукумат розї нестанд, якбора тањдид ба амнияти давлат эълон кардан дуруст нест. - Њушатон њаст-мї, шумоя? Кї гуфтааст, ки якбора?! Пайваста ва њар касеро, ки хоњанд. Гап байни худамон, фаќат мегуфтанд, боке набуд: зиндон њам мекунанд!
Дар њафтанома матолибе низ ба нашр мерасанд, ки бо мавќеи идораи он муѓойират доранд. Дар шумора аз аксњое њам аз Шабакаи љањонии Интернет истифода шудааст. Матолиби хусусияти таблиѓотидошта ® метавонанд танњо бо пардохти муайян дар њафтаномаи «Нигоњ» нашр шаванд. Барои дар дигар нашрияњо пурра ё ќисман чоп кардани матолиб ва иќтибосњо аз «Нигоњ» иљозаи хаттии идора ва нишон додани сарчашма дар шакли «аз њафтаномаи «Нигоњ» №_ аз санаи _» њатмист. Њуќуќи муаллифии кулли матлабњои шумора ба идораи њафтаномаи «Нигоњ» ва СЉ «ИНДЕМ» тааллуќ дошта, тибќи ќонунгузории љории Тољикистон ва байналмилалї њифз карда мешаванд. Дар њолати наќзи "Меъёрњои ахлоќии фаъолияти журналистї дар Тољикистон" аз љониби нашрияи мо, бо арзу шикоят метавонед ба Шўрои воситањои ахбори оммаи Љумњурии Тољикистон (Шўрои ВАО - и ЉТ) мурољиат намоед.
Ќимати рўзнома дар фурўши чакана на беш аз 2,5 сомонї Њафтанома дар нашриёти «Мега-принт» чоп мешавад. Ќимати обуна барои як сол - 96 сомонї. Индекси обуна: 68990 НИШОНИИ ИДОРА: Љумњурии Тољикистон, шањри Душанбе, кўчаи Лоиќ Шералї, хонаи 77. Телефон: (44) 600 80 38, 224 25 09