“НИГОЊ”, ЧОРШАНБЕ №48 (430), 25. 02. 2015
1
Саидмурод ФАТТОЊЗОДА, муовини якуми раиси ЊХДТ:
“Танњо худам ва Худо медонад, ки ба кї овоз медињам” САЊИФАИ 8 №48 (430). Чоршанбе, 25-уми феврали соли 2015
e-mail: nigoh_tj@inbox.ru
www.facebook.com/nigohtj
ОКУНИШ
Рост аст, ки вазир ба назди мардум меравад? САЊИФАИ 15
МО ВА ЉАЊОН
"Арўс" барои сомонї: Доллар, Юан, Рубл... САЊИФАИ 10
СУЊБАТ БО ЯК ЉАНГЇ
Чаро муљоњиди тољик барои Укроин мељангад? САЊИФАИ 11
ПУРБИНИ «НИГОЊ»
Нигаронињои Ѓалтак аз ташхиси бакорати духтарони арўсї САЊИФАИ 16
- Парлумон бидуни мо дуруѓи бузург хоњад буд
- Сиёсати иќтисодии њукумат номуваффаќ аст
- Тарафдори сиёсикунонии дин ва ислом нестам
- Мо барои танќиди Президент наомадаем...
4 суњбат бо 4 раис ЭШОНИ НУРИДДИН ВА ОБАМА. "ПОЙЊОИ БОРИК КЇ ДОРАД?" САЊИФАИ 7
2
“НИГОЊ”, ЧОРШАНБЕ №48 (430), 25. 02. 2015
ИНТИХОБОТ - 2015
Рањматилло Зойиров:
“МО АЗ ФИШОРЊО ИЛЊОМ МЕГИРЕМ” Суњбати ихтисосї бо раиси Њизби сотсиал - демократи Тољикистон - ЊСДТ як навбат изњор дошт, ки интихоботи парлумониро тањрим хоњад кард. Дертар аз раъятон гаштед, гуфтед, ки на. Ин калавиш аст, ноустуворї ё чї? - Дар ЊСДТ ноустуворї ва ё калавиш аслан вуљуд надорад. Ваќте интихобот шурўъ нагардида, бо њар роњ фишору мањдудият болои мо тањмил шуд, њатто Анљуман ва конфронсњои њизбиро доир карда натавонистем, чун њукумат имкон надод, бар изофа бархе аз фаъолони њизбиро тањти таъсири равонї ва њатто љисмонї ќарор доданд, 25 - 30 нафаре, ки тавассути фењристи њизбї ва ё њавзањои якмандатї омода барои пешбарии номзадии худ буданд, бархеашон љабран даст кашиданд, ба замми ин, алайњи муовини раиси ЊСДТ Шўњрат Ќудратов њукми беадолатона ва ноинсофона содир карданд, барои рафъи ин мањдудиятњо бо ќарори раёсати Шўрои сиёсї ширкати худ дар ин маъракаро ба нишони эътироз муваќќатан боздоштем. Мо таъкид доштем, ки агар ба ин масоил равшанї андохта нашавад, тањрими интихобот барои њизби мо боз хоњад монд. Аз ин хотир, масъалаи даъвати Анљумани фавќуллодда доир ва тањрими интихобот эълом њам дар миён буд. - Масоили ташкилї гуфта, чиро дар назар доред? - Якум, номзадњо аз фењристи њизби мо тањти фишори сахт ќарор гирифтанд. Фишорњои гуногун, вобаста аз шахсияти номзад. Ба бархе тавассути наздикон ва љойи кор фишор ворид карданд. Мо дар фењрист 8 љавони то 34 - соларо пешбарї карда будем, ки аз онњо 4 нафар ба фишорњо тоб наоварда, аз номзадї даст кашиданд. Дар баъзе маврид аз кор сабукдўш кардани онњоро ба миён гузоштаанд. Дуюм, имкони баргузории конфронсњоро ба мо надоданд, аризаи фаъолони њизбро барои сабти ном ба њайси номзад нагирифтанд ё кашол доданд. Ин гуна њолатњо дар навоњии Љомї, Данѓара, Хуросон ва Конибодом ошкоро буд. Дар Конибодом раиси созмони ЊСДТ дар ноњияро даъват карда, масъули амниятї ошкоро гуфтааст, ки шумо як одами бузургу солдида, чї тавр бо як одами паст ва љинояткор - Зойиров њам-
«
корї мекунед. Ин њолати хосро ба Шермуњаммади Шоњиён, раиси КМИР расондам. Масъалаи њабси Фирдавс Соњибназаров ва њукми ноодилонаи Шўњрат Ќудратов пеши мо истода буд, ки бояд онњоро њам муайян мекардем. Ман ба маъмурияти маќомоти гуногун ва КМИРТ њам ба таври катбї ва њам шифоњї нома навишта, вазъро тавзењ кардам. Дар натиља ќисме аз масоилро тавонистем њаллу фасл намоем ва ба бархе рўшанї андозем. Фишорњо нисбати аъзои мо ќисман бартараф карда шуданд. 28-уми январ дигарбора Шўрои сиёсии њизб љаласа ва масъалаи тањрими интихоботро лаѓв кард. - Њоло шумораи номзадњои ЊСДТ ба чанд расид? - Аз рўйхати 22 - нафараи њизбї 13 нафар боќї монд. 9 нафар, аз љумла Алим Шерзамонов, раиси созмони ЊСДТ дар ВМКБ ва Рањим Рањимов, раиси созмони мо дар Суѓд дар санљиши забонї натавонистанд ширкат кунанд. Аввалї аз Хоруѓ ва дуввумї аз Маскав ба Душанбе натавонистанд оянд. Сайидаброр Давлатов, намояндаи мо дар Дангара ва намояндаамон дар Кўлоб тањти таъсири хешу таборњо аз ширкат дар сабќати интихоботї даст кашид. Фирдавс Соњибназаровро бар асоси мактуби Прокуратураи генералї ба Комиссияи марказии интихобот аз фењристи њизб берун карданд ва ѓ. Хулоса, 2-юми феврал КМИР 13 нафарро сабт кард. Барои онњо 65 шахси боэътимод тавассути КМИР тасдиќ карда шуданд. Аз 13 номзади њизбї ду нафар - хонум Улфатхонум Мамадшоева, дотсенти Донишгоњи славянї ва Нигина Шоназарова, ду маълумоти олї доранд (њуќуќшинос ва филолог). Баќия Амнияти Абдуназар, ноиби раиси њизб, Мараим Абдуманофов, ки бо лаќаби "Елсин" дар Ашт ва вилояти Суѓд машњур аст, Бузургмењр Ёров, адвокати машњури Тољикистон, Мањмурод Одинаев, фаъоли њуќуќи башар аз Њисор, Далершо Мањмадшоев аз Вањдат, Файзиев Файзулло аз Хуљанд, Мирмўњсин Миряњёев аз Истаравшан, Диловаршо Љўраев, писари хурдии овозхони номвари тољик Акашариф Љўраев ва Рањматилло Зойиров њастем. 5 нафар аз њавзаи инфи-
Мушоњидањои мо нишон медињад, ки дар љумњурї ба љои ЊХДТ маќомоти њифзи њуќуќ, аз љумла КДАМ амал мекунанд. Њатто Маркази тадќиќоти стратегї сад дар сад ба манфиати ЊХДТ кор мекунад. Дар Шоњмансур ќариб 20 нафар аз МТС-и президентї дар мулоќоти интихоботї њузур доштанд.
«
родї пешбарї кардем, њарчанд мехостем 13 нафар бошем. Аз ин 5 номзад танњо Шокирљон Њакимов ва Алим Шерзамонов аз Конибодом ва Хоруѓ ба ќайд гирифта шуданд. Бузургмењр Ёров, Мањмурод Одинаев ва Фирдавс Соњибназаров радди салоњият шуданд. - Шонси њизбро барои пирўзї чї хел мебинед? - Шонси хуб дорем. Метавонем фраксияи салоњиятдори њизбро дар парлумон таъсис дињем ва ба кишвар хидмат намоем. Ман ба пирўзии Алим Шерзамонов ва Шокирљон Њакимов сад дар сад бовар дорам. Ин ду нафар њатман дар парлумон ЊСДТ-ро намояндагї хоњанд кард. Албатта, агар дар овозшуморї ѓиромбозиву њаромкорї нашавад. Мутаассифона, натиљаи интихобот аз иродаи сиёсии њокимияти иљроия вобаста аст ва дар ќитъањои интихоботї асосан намояндањои ЊХДТ њастанд. Аммо њадафи аслии мо ба парлумон роњ ёфтан ва њизби парлумонї шудан аст, то садои љомеаи шањрвандиро ба парлумон расонем. Њадди аќал бояд ду намоянда дар МН дошта бошем. - Бо ин њама кашмакашињои сиёсї теъдоди аъзои ЊСДТ кам шуд ё афзуд? - Кам нашудааст ва хеле зиёд њам нашудааст. Ба оњистагї, вале устувор пеш меравем. Таќрибан 60 дар сади аъзои њизб дар муњољирати корї дар Русия ва Ќазоќистонанд. Аммо як пешравии љолиб дар ин авохир ин аст, ки ќаблан ЊСДТ-ро њизби се минтаќа мегуфтанд. Дар пойтахт, Куњистони Бадахшон ва вилояти Суѓд маќому љойгоњи бењтар доштем. Њозир ошкоро ва бо сари боланд зикр мекунам, ки баъди интихоботи президентї дар навоњии тобеи марказ ва моњњои ахир дар навоњии вилояти Хатлон њам тарафдорони мо ба шумора афзуданд. Дар интихоботњои ќаблї мо дар фењристи њизбиамон довталабњоро аз Данѓара, Кўлоб ва Фархор надоштем, вале ин навбат мо аз ин навоњї номзадњоро ба маќоми вакилии парлумон дарёфт кардем, ки дастоварди калон барои мо мањсуб мешавад. Њоло аз Данѓара, Кўлоб, Фархор, Ховалинг, Њамадонї, Кўлобу Мўминобод афроди боэътимод дорем, ки барои расонидани ѓояњои њизб ва барномаи он ба мардум мубориза мебаранд. - Чаро њукумат мухолифини худро тањти фишор ќарор додааст? Ин аз таќвияти нерў ва густариши пойгоњи иљтимоии ањзоби мухолиф аст, ки њукуматро тарс додааст, ё баръакс, онњоро заъиф њисобида, писанд намекунад?
- Њарфи дуруст ва мардона ин аст, ки њарду њизби мухолифи имрўза - ЊСДТ ва ЊНИТ на камтар аз ЊХДТ љонибдор доранд, дар љалби орои мардум хеле ва хеле пешрафт кардаанд. Давоми 23 соли њукумати имрўза мушкилоти мардум кам нашудааст. Эњсос мешавад, ки њукумати феълї ва њизби њоким ба худ боварро гум кардаанд. Аз ин хотир, аз як тараф, аз ањзоби мухолиф тарс доранд, аз дигар сў, ба нерў ва тавони њизби худ боварї надоранд. Бубинед, аз як тараф Президент худро кафили баргузории интихоботи шаффоф эълон мекунад, њатто мегўяд, ки барои тамоми ањзоб шароити яксони ширкат ва таблиѓоту ташвиќот дода мешавад, аммо ба ЊСДТ њатто толор ё иљозат надоданд, ки баннерњои нисбатан бузургњаљми ањзоби мухолиф дар љойњои таљаммўъи ањолї овехта шавад, аммо барои ЊХДТ дар ин замина монеа нест. Мушоњидањои мо нишон медињад, ки дар љумњурї ба љои ЊХДТ маќомоти њифзи њуќуќ, аз љумла КДАМ амал мекунанд. Њатто Маркази тадќиќоти стратегї сад дар сад ба манфиати ЊХДТ кор мекунад. Дар Шоњмансур ќариб 20 нафар аз МТС-и президентї дар мулоќоти интихоботї њузур доштанд. Бархеро медонам, ки узви ЊХДТ нест ва низ на шахси боэътимоди ин њизб ва на номзади он аст. Мояи афсўсу надомат аст, ки назокат ва фаросати сиёсии афроде чун онњо ошкоро лагадмол шудааст ва њарфи дили худро гуфта наметавонанд. - Дар маъракаи кунунии пешазинтихоботї, ба назар мерасад, ЊНИТ бештар зери зарба аст ва барои Њизби сотсиал - демократ имкони маневрњо бештар фароњам шудааст. Шумо чї фикр доред? - Ин масъала нозукии худро дорад. Айни замон болои ЊНИТ фишор овардан дар расонањо ва радиоњову ТВ-њо танќид ва њатто њарфи набударо ба бараш бастан осонтар даст медињад. Ин љо ба муллоњо часпиданд, ба баъзе аз инсонњои нобакор часпиданд ва азбаски шумораи узви ЊНИТ бештар аст, аз миёни онњо пайдо кардани чунин одамон ва айбу таќсир осонтар аст. Аммо нисбати ЊСДТ, ки мо аз њисоби шумора њам камем, њам сифатнок, њам одамони нобакор камтаранд ва аксарият њуќуќшиносу соњиби маълумотанд, дар чунин њолат њукумат маљбур аст, ки нисбати мо бо дигар усулњо амал кунад. Маъракаи "љосуссозї"-ро ба ёд оред. - Аз љињати иделогї Шумо бо ЊХДТ наздикед, охир... - Мо аз љињати идеологї мухолиф нестем, аммо ихтилоф дар расидан ба
ИНТИХОБОТ - 2015
ањдоф дорем. Ба ЊСДТ тўњмат бастан мушкил аст, аз ин хотир, мекўшанд њизби моро "њизби шимолињо", "њизби бадахшонињо", "њизби ўзбакњо" гуфта муаррифї кунанд ва бо тўњмат мањкум намоянд. Барои њамин усулњое, ки нисбати мо ба амал меоранд, бештар хусусияти конфиденсиалї дорад. Пинњонї ба мо таъсир мерасонанд, то аз тавозун берун кунанд. Фишор меоранд тавассути наздикон, ба воситаи бадном кардани раиси ЊСДТ ва ѓ.њ. Мо 31 узви Шўрои сиёсї дорем. Бо њамаашон амалњои, ба истилоњ "профилактикї"-ро на як бору ду бор доир ва фишору зўргўї карданд. Њадафи асосї ин аст, ки аъзои Шўроро аз раиси њизб људо кунанд, байни роњбарият зиддиятњо ба миён оваранд. Ваќтњои охир дар ќиёс бо корњое, ки пештар мекарданд, мисол, ба офис њамла меоварданд, дар назди дафтар тазоњурот ташкил мекарданд, беиљозат вориди ќароргоњ шуда, љаласањоро барњам мезаданд, усулњои дигарро истифода мекунанд. Ба раиси њизб њамла карданї ва њатто заданї мешаванд... - Дар љаласањо? - На, дар кўча, дар њавлиам њатто. Танњо моњи январи с. 2015 се бор. Ин њодисањоро бо аъзои Шўрои сиёсї муњокима карда, аз расонаї кардани он худдорї кардем, то нагўянд, ки Зойиров дар остонаи интихобот барои худаш реклама карда истодааст ва имиљ сохтанист. Соли гузашта се бор ба дафтари њизб њамла карданд, моњи январи имсол се бор ба худам. Миёнаи январ як бор хостанд, маро латукўб кунанд. Чањор рўз пас боз чунин талош такрор шуд. 25-уми ян-
вар њам. - Инњо кї буданд? Албатта, аз шумо њамчун њуќуќшинос мепурсем, ки шинохти касбї доред. - Њар навбат њар хел одамњо буданд. Фарќ мекарданд. Бори охир аз њад гузаронданд. Бегоњии 25-уми январ ду мард ва ду зан омаданд. Азбаски ман одами дастрасам, њар касе барои машварати њуќуќї ояд, ќабул мекунам, ин чор тан низ ба њамин бањона омада, гуфтанд, ки як чиро пурсидан мумкин њаст ё не? Дар ќади кўча, назди хонаи худам. Хайрият, сагам бо ман буд. Сагро дар љояш бастам. Мардњо ва як зан дар фосилаи ягон 15 метр аз ман дур истоданд, аммо чашмашонро аз ман намеканданд. Яке аз занњо наздам омад. Аз гирду атроф ё мањаллаи мо набуд. Олуфта, либосњояш замонавї, тахминан 35 - сола. Наздик омад. Гуфтам, чї мехостед, гўш мекунам. Фосилаи ману ў як - якуним метр монда буд, ки доду фарёд зада, худро ба замин партофт. Садояш ба дараљае вањшатнок буд, ки ду - се њамсоя аз тирезањояшон сар бароварданд. Худро ба замин партофтани ў ба ин маъно буд, ки гўё ўро ман зада афтонда бошам. Дар ин ваќт се нафари дигар - ду мард ва як зан, ки гуфтам, тахмин 15 метр дуртар аз ман буданд, яке, дар даст трубаи оњанї ва дигарї дар даст як корди калон ба самти ман давиданд. Ман худро таќрибан ду метр ќафотар гирифтам. Ин ваќт саги ман як зўр зада, њалќаи занљири худро бароварду якбора ба сўи њамлаварон давид. Барои он ки саг ин занро нахояд, ё захми дандон назанад, занљирашро фавран ба даст гирифтам, ки њарду дасташро боло карда, баробари ќади одам баланд шуд. Зани бо ли-
“НИГОЊ”, ЧОРШАНБЕ №48 (430), 25. 02. 2015
босњои "шик", ки худро пеши пойи ман афканда буд, хашму ѓазаби сагро дида, тирвор аз љо хест ва ба ќафо нанигариста, ба тарафи он ду мард, ки ба њимояти ў ва задани ман бо трубаву корд омадан доштанд, давид. Њоло дар хона корњои тармим идома дорад ва њар куљо белу каланду дигар асбоби корї - пањну парешон. Ман дастаи як бели шикастаро гирифтам. Саг бо тамоми ќувва маро тарафи онњо кашола карда мебурд. Илоље карда сагро доштам. Њамлаварон гурехтанд. Вазифаи онњо, якум, дискредитатсия, ё беобрў ва дуввум, латукўб кардани ман буд. Сипас овоза меандохтанд, ки Рањматилло Зойиров як занро задаасту ду мард ба њимояти зан ўро лат кардаанд. Ман бо сароњат ва ќотеъият эълом медорам, ки бо ин роњ таъсир расонидан ба ман ѓайриимкон аст. Мо аз фишорњо адреналин ё илњом мегирем. Њар сафар, чї ќадар фишоре, ки ба ман меоваранд, њамон ќадар нерумандтар, устувортар мешавам. Ин њоло як мисол аст. Як мактуби калон бо зикри 50 бурњону далели наќзи ќонун унвонии Кумитаи амният, Додситонии кулл ва Вазорати умури дохилї барои санљида дидани онњо омода кардаам, ки њамин шабу сањар мефиристам. - Пеш аз интихоботи парлумонї маълум шуд, ки шумо ќории Ќуръон њастед. Ин масъаларо шарњ медињед? - Танњо њамчун маълумот, азбаски ман ин масъаларо ба таблиѓу ташвиќи интихобот вобаста накардаам ва нахоњам кард. Аз соли 1968 то 1970 мактаби Ќорї Зиёуддинро хондаам. Ин шахсияти бузургвор он замон муфтии Осиёи Миёна ва Ќазоќистон буданд. Писара-
3
шон раиси мадрасаи исломии шањри Бухороро бар ўњда доштанд. Дар њаќиќат он дабистонро дар 12 - солагї хатм кардам ва ќории Ќуръон шудам. Он замон њам таълими динї ва њам дунявї гирифтам. Аз пайи улуми њуќуќ рафтам. Бобокалонам Хоља Ањрори Валї ду писар доштанд. Яке илмро пеша кард, дигарї, роњи динро гирифт. Масалан, Наќибхони Туѓрал аз писари хурдии Хоља Ањрори Валї њастанд. Ман аз авлоди писари калониашон, ки илмро пеша карданд. Дар хонаводаи Хоља Ањрор - љадди бузурги ман - њам илм ва њам дин баробар таълим дода мешуд ва њарду устувор пеш мерафт. Падару модару гузаштагони Хоља Ањрор њама дар Боѓистон, зодгоњи ман бузург шудаанд. Боѓистон то соли 1959 ба Ќазоќистони Љанубї ворид мешуд. Барои њамин ваќте банда дар тарљумаи њол менависам, ки зодаи Ќазоќистони Љанубиам, дуруст аст, зеро баъд аз соли 1959 ба вилояти Тошканд тањвилаш доданд. Тањсилро дар мактаби ба номи Садриддин Айнии дењаи Боѓистон шурўъ кардам. Ањолии Боѓистон танњо тољиканд, ўзбак, ќирѓиз, ќазоќ ва туркман зиндагї намекунанд. Мактаби миёна њама ваќт бо забони тољикї буд. Аммо, мутаассифона, њоло танњо ду ё се синфхонаи тољикї дорад, дигар њама ўзбакї шуд. - Номи мактаб њам? - Не, таѓйир накард. Ба номи Устод Айнї боќї мондааст. - Њозир њам сурањои Ќуръонро азёд медонед? - Албатта. Аммо, то њоло, ѓайр аз ањли хонавода ва дўстони наздик ќуръонхонии маро касе шоњид нашудааст. Донистан ва риояи Куръон озодии эътиќод ва виљдон аст, на барои худнишондињї. - Дар сўњбати телевизиониатон гуфтед, ки Ислом пок аст ва онро ба сиёсат олуда намекунам. Шуморо дуруст фањмидем? Фикр намекунед ин мавзеъгирї ба ЊНИТ сахт мерасад? - Ман фикр намекунам, ки ин њарфњо ба ЊНИТ њам бад расад. ЊНИТ агар њамчун сарчашма дар ин ё он њолат Ќуръон ё суннатро истифода мекунад, ин бевосита олуда кардани дини Ислом нест. Дини Ислом дар њаќиќат муќаддас аст. Ва ин муќаддасотро мо бояд, ки ба сиёсат ё дигар чизњое, ки аз рўи манфиатњои субъективї амалї гардонида мешавад, дар ин соњањо истифода накунем. Дини Ислом дар њаќиќат аз нигоњи маънавиёти мо, аз нигоњи бевосита фарњанги мо истифода шуданаш лозим аст. - Ба њар сурат шумо тарафдор нестед, ки Ислом вориди сиёсат бошад? - Ман тарафдор нестам. Меёру арзишњои динї дар сиёсат ба манфиати мардум, њамчун яке аз меъёрњои иљтимої бояд бечунучаро истифода шавад. Аммо, исломикунонии сиёсат мазмуни тамоман дигарро дорад ва тафсири махсус ва алоњидаро талаб менамояд. "НИГОЊ"
САДОИ МАРДУМ
18%
8%
На, аз “Тселл” аст, наметавонам
17% Бале, аз ман “Тселл” аст, метавонам
2%
На, аз ман “Мегафон” аст, наметавонам
12%
Бале, аз ман “Мегафон” аст, метавонам
На, аз ман “Вавилон” аст, наметавонам
15%
Бале, аз ман “Вавилон” аст, метавонам
4%
На, аз ман “Билайн” аст, наметавонам
Бале, аз ман “Билайн” аст, метавонам
20%
62%-И КОРБАРОНИ ШИРКАТЊОИ МОБИЛЇ БА "ЁРИИ ТАЪЉИЛИИ ТИББЇ - 03" ЗАНГ ЗАДА НАМЕТАВОНАНД Як пурсиши виртуалї маълум кард, ки беш аз 62%-и корбарони ширкатњои мобилї наметавонанд аз телефонњои њамроњи худ ба "Ёрии таъљилии тиббї - 03" занг зананд. Ин пурсиш тањти унвони "Оё Шумо дар њолати зарурї бо телефони њамроњ ба "Ёрии таъљилї" занг зада метавонед" маълум кард, ки 4 дарсади иштирокчиён ба варианти "Бале, аз ман "Билайн" аст, метавонам" раъй дода, 15%-и дигар гуфтаанд, ки "На, аз ман "Билайн" аст, наметавонам". Инчунин 20 дарсади респондентони ин назарпурсии виртуалї ба гузинаи "Бале, аз ман "Вавилон" аст, метавонам" овоз дода, 12 дарсади дигар ба варианти "На, аз ман "Вавилон" аст, наметавонам" раъй додаанд. Аз љамъи корбарони ширкати мобилии "Мегафон" њамагї ду дарсади иштирокчиён варианти "Бале, аз ман "Мегафон" аст, метавонам" - ро интихоб карда, 17 фоизи
дигараш гуфтаанд, ки "На, аз ман "Мегафон" аст, наметавонам". 8 дарсади иштирокчиёни ин назарпурсї, ки аз мизољони ширкати "Тселл" њастанд, гуфтаанд, ки "Бале, аз ман "Тселл" аст, метавонам" ва 18%-и дигари онњо таъкид кардаанд, ки "На, аз "Тселл" аст, наметавонам". Ин назарпурсї бо супориши нашрияи сиёсии "Нигоњ" аз 18-ум то 24-уми феврал дар сомонаи Ољонсии иттилоотии "Тољнюс" гузаронида шуда, дар он 649 нафар иштирок кардааст. Сомонаи "TojNews" рўи платфорами Друппал сохта шуда, дар он њар як иштирокчї танњо як маротиба аз як компютер овоз дода метавонад.
4
ИЌТИСОД
“НИГОЊ”, ЧОРШАНБЕ №48 (430), 25. 02. 2015
Бонки миллии Тољикистон мегўяд, интиќоли маблаѓњои воридотии муњољирони кории тољик аз Русия 8 дарсад коњиш ёфт. Тибќи оморе, ки Бонк пешнињод мекунад, соли 2014 ба љумњурї 3,9 миллиард доллари ИМА маблаѓ ворид шудааст, ки аз соли 2013 8,3 фоиз кам аст. Масъулини Бонки миллї дар шарњи ин мегўянд, коњиши бесобиќаи нархи нафт дар бозори љањонї, тањримњои сиёсию иќтисодии давлатњои Ѓарб алайњи Русия, таъсири онњо ба паст шудани суръати рушди иќтисодиёт, кам гардидани љойњои корї дар ин кишвар ва беќурбшавии нињоят зиёди ќурби рубли русї нисбати доллари ИМА ба ин њол оварда расониданд. Ќисмати зиёди муњољирони тољик дар Русия кор мекунанд ва тавассути бонкњо бе кушодани суратњисоби бонкї бо рубли русї маблаѓи зиёд интиќол дода, њудуди 50 дарсади маљмўи мањсулоти дохилии Тољикистонро таъмин мекарданд. Ќисмати бузурги ин маблаѓ бо доллар ворид мешуд. Аммо Русия пас аз тањримњои Ѓарб интиќоли долларро манъ кард ва муњољиринро лозим омад, ки маблаѓњои худро бо пули русї фиристанд. Њоло бино ба иттилои Бонки миллї, аз њаљми умуми маблаѓњое, ки аз Русия ворид шудаанд, 89,1% рубли русї, 10,8% доллари ИМА ва 0,1% евро аст. Аммо Иззатулло Лаълбеков, раиси Ассотсиатсияи бонкњои Тољикистон, ба "Нигоњ" гуфт, њаљми интиќоли пули муњољирон аз Русия ба Тољикистон коњиш наёфтааст, онњо ба њамон андозаи солњои ќаблї пул фиристодаанд, аммо чун ќурби рубл дар баробари сомонї ва доллари ИМА коњиш ёфтааст, дар ваќти баррасї ва бањисобгирии маљмуи маблаѓњои интиќолии воридшуда бо доллари ИМА њаљми онњо кам баромад. Мушкил танњо коњиши ќурби рубл, пули мавриди истифодаи муњољирин нест, балки коњиши даромадњои мардуми Тољикистон ва дар пайи он карахт шудани тиљорату дигар мушкилот њам њастанд. Аз ин хотир, бархе коршиносон дар баробари доллар зарурати зуд ба муомила ворид кардани юани Чин ва рубли русї њастанд, то ќурби сомониро нигоњ доранд.
ЮАН алайњи доллар Бонки миллии Тољикистон мегўяд, истифодаи юан ва сомониро дар тиљорат бо Чин меомўзад. Ба гуфтаи Абдуљаббор Ширинов, раиси Бонки миллї, дар роњандозии мубодила бо юан тибќи ќонунгузории асъор ва санадњои меъёрии амалкунанда, ягон мањдудият барои мубодилаи асъори хориљї дар бозори дохилї нест: - Мушкил дигар аст. Айни замон дар бозори дохилии асъори мо мубодилаи васеъи сомонї бо юани Чин шуруъ нашудааст. Имрўз анъана шудааст, ки тољирони мо аз Чин бо доллар мањсулот ворид мекунанд, зеро чинињо њам танњо бо доллари ИМА мол мефурўшанд. Низоми бонкї бо пул сару кор дорад. Ин кор саросемагиро намепазирад, бояд аз рўйи масали "њафт бор чен куну як бор бур" амал кард. Абдуљаббор Ширинов аз таљрибаи додугирифти пулиашон дар биржаи асъо-
"АРЎС" БАРОИ СОМОНЇ:
ДОЛЛАР, ЮАН, РУБЛ... ри Маскав мисол оварда, мегўяд, як муддати муайян тамоми корњоро ба анљом расонида, аввалин хариду фурўши сомониро бо рубли русї дар биржаи Маскав гузаронидем, вале то имрўз заминањои васеъ кардани амалиёт муњайё нашудаанд. Чин яке аз шарикони муњими иќтисоди Тољикистон буда, гардиши мол миёни ду кишвар, бино ба омори Тољикистон, ќариб 700 миллион ва бино ба омори Чин, зиёда аз 1 миллиард долларо ташкил медињад. Тиљорати миёни ду кишвар бо доллар сурат мегирад.
Юан ё рубл? Коршиносон мегўянд, соњибкорон аз он љињат ба юан таваљљўњ надоранд, ки устувории доллар хубтар аст. Табаралї Ѓаниев, коршиноси соњаи иќтисод, мегўяд, пул њам дар ќатори дигар молњо бозор ва харидору фурушандаи худро дорад: - Агар соњибкорони мо, ки ба моли чинї сарукор доранд, чораи бо пули ин кишвар њисобаробаркунї надошта бошанд, пас маљбуранд, ки аз доллар истифода баранд. Харидору фурўшанда барои њисоббарорбаркунї бо юан аз њарду тараф мављуд аст. Дар сурати бо доллар додугирифт шудани мол миёни Тољикистону Чин бозори мо аз вобастагии дол-
лар баромада, ба вобастагии юан медарояд. Дар њар сурат соњибкорон муайян мекунанд, ки бо юан додугирифт кунанд ё не. Агар додугирифт бо юан фоидаовар бошад, пас чаро не? Бигзор бошад. Ин њам дар њоле, ки юан харидор дошта бошад. Ба назари Ѓаниев, худи Чин барои додугирифт бо пули худ манфиатдор аст, аммо дар ин љо чанд омил вуљуд дорад, ки ба ин кор монеа мешавад: якум, соњибкорони мо бо додугирифт бо доллар одат кардаанд ва намехоњанд бо юан њисоббаробаркунї дошта бошанд; дуюм, соњибкорон мебинанд, ки устувории доллар хуб аст ва пулашон намесўзад, барои њамин рў ба доллар меоранд, агар доду гирифт бо юан мавќеъ пайдо кунад, тољир бовар мекунад, ки ин пулро дар дилхоњ ваќт иваз карда мешавад. Аммо коршинос Саймиддин Дўстов мегўяд, дар њоли њозир ба роњ мондани савдо миёни Тољикистону Русия бо рубли русї зарурати бештар дорад: - Моњи январи соли љорї, њадди аќал дар чор бонки низомофари Тољикистон њаљми маблаѓњои интиќолдодаи муњољирони корї аз 21 то 30% нисбат ба январи соли гузашта ва то 28-32% нисбат ба моњњои дигар кам шудааст. Бар замми ин, њоло то 80 %-и маблаѓро муњољирон бо рубли русї интиќол додан доранд, ки
идомаи тамоюли баръалои охири соли гузашта аст. Коршиносон мегўянд, њукумат ва БМТ ин иттилоъро фош кардан намехоњанд, аммо воќеъияти иќтисодиро зиёд пинњон кардан имконнопазир аст, зеро соли 2014 мо њамагї њудуди 980 миллион доллар содирот, яъне манбаъи воридшавии асъор доштем, ки нисбат ба солњои гузашта хеле кам буд. Саймуддин Дўстов мегўяд, нишондињандањои боло далели буњрони љиддии норасоии асъор дар иќтисоди миллї аст, ки то квартали чорум ба њадди нињоии худ мерасад. Норасоии доллар аллакай эњсос мешавад: - Бозори сохтмону хона ва њатто мошин рў ба коњишанд. Ин вазъ дахолати фаврии Њукумати Тољикистонро талаб мекунад, аммо, мутаассифона, нињодњои иќтисодї хомўшї ихтиёр кардаанд. БМТ ва Њукумати кишварро зарур аст, ки њамин шабу рўзњо бо Русия созишномаи байнињукуматї баста, њадди аќќал воридоти мањсулоти нафтї ва ѓизоро ба рубли русї ба роњ монанд. Ба ин васила, мешавад то 500-700 миллион долларро њифз кард. Рискњои сиёсии ин самти кор дар ќиёс ба гузаштан ба юани чинї камтар ба назар мерасанд. Амруллоњи НИЗОМ
БОРИШИ БАРФ ВА ФУРОМАДАНИ ТАРМА ХОРУЃРО ДАР МУЊОСИРА ЌАРОР ДОД Дар натиљаи бориши барфи зиёд ва фуромадани тармаву кўчиши барф дар роњњои шањри Хоруѓ ба самти Душанбе, Мурѓоб ва Ишкошим њаракат ѓайримумкин шудааст. Бино ба навиштаи сомонаи нашрияи мањаллии "Импулс", маќомоти вилояти Бадахшон Ситоди доимоамалкунанда ташкил кардаанд. Дар љаласаи нахустини он нињодњои дахлдор супориш гирифтаанд, ки барои дар њолати зарурї ба минтаќаи амн кўчондани сокинон ба њоле омодабош ќарор дошта бошанд.
Дар пайи бориши барф ва фуромадани тарма дар микрорайони Ниводаки Хоруѓ ду манзили истиќоматї пурра хароб шудаанд. Талафоти љонї нашудааст, аммо як соњибхоназан аз пояш захм бардоштааст, ки дар бемористон бистарї мебошад. Шанбеи гузашта њудуди 50 оиларо ба минтаќањои амн интиќол додаанд. Ба гуфтаи мутахассисон, бориши барф то рўзи 26-уми феврал идома меёбад.
ИНТИХОБОТ - 2015 - Њангоми маъракаи интихоботї ба аксари шањру навоњї сафар доштед. Оё мардум аз барномаи ба истилоњ, "антинањзат" - и се соли ахир то куљо таъсир бардоштаанд? - Эњсос мешавад, ки аз ин барнома аъзои њизб таъсир бардошта, эњтиёткор шудаанд, аммо мардуми оддї на он ќадар, бархе њатто хабар надоранд. Ин барнома натиљаи баръакс њам додааст. Тољикон табиатан зидди зулманду аз мазлум њимоят мекунанд, њатто онњое, ки љонибдори ЊНИТ нестанд, аз ин сабаб, ба мо хайрхоњанд ва мехоњанд њамкорї кунанд. Аммо нуктаи муњим, мо эњсос кардем, ки мардуми кишварро ба ду ќисмат кардаанд: мухолифон ва хайрхоњони ЊНИТ. Дар умум, ин барномаро номуваффаќ мењисобам, балки шикастхўрда. - Кадом шањру навоњї бештар ва кадомињо камтар таъсир дидаанд? - Ягон минтаќа, шањр ё навоњиеро наметавонам ном барам, ки тањти таъсири ин барнома рафта бошад. Наметавонем якеро мухолиф ё дигареро комилан хайрхоњи Нањзат хонем. Вазъ он гуна аст, ки то барнома буд. - Аз рўи мушоњидањои мо, ЊНИТ дар вилояти Хатлон (масалан, бинои Кинотеатри шањри Ќўрѓонтеппа) ва шањри Душанбе (љилавгирї аз "занони исёнгар"дар ќароргоњи њизб ) то љое тавонист, ба барномањои ќаблан тарњрезишудаи раќибонаш посух гўяд. Аммо дар Суѓд ин кор таври матлуб анљом нашуд. Оё инро интизор доштед ва ЊНИТ барои љилавгирї аз њамчунин њамлањои равонї омодагї дида буду дар оянда мебинад? - Ростї, аз ин вазъ огоњтар аз ман касе нест, зеро дар даруни њодисањо будам. Онњое, ки барнома ва сенарияњо месохтанд, њатто иљрогаронро соат ба соат таѓйир медоданд. Мо њељ барномае алайњи онњо надоштем ва кадом зарурате њам вуљуд надошт. Дар Кўлобу Ќўрѓонтеппа савол медоданд, мо љавоб медодем. Баъд сенария таѓйир хўрд. Чунин буд, гуфтанд, ки савол бошад, аммо посух не. Ба мо умуман имкони суњбат надода, фазоро тавре сохтанд, ки шўру маѓал ва асабоният њоким буд, на оромиву фарњанги сиёсї. Суолдињандагон, њатто якдигарро эњтиром намекарданд. Масалан, нафаре суол кард ва чун ба посух додан шуруъ кардам, гуфт: ман посухи Шуморо медонам. Гуфтам, агар донед, чаро мепурсед? Дар вилояти Суѓд мошини моро микроавтобусњои њомили занону љавонон дар њамаи мулоќотњо пайгирї мекарданд. Дар њама мулоќотњо ин гуруњи "десантї" њузур дошт. Аслан бо мардуми Исфараву Хуљанд, Масчоњу Ашт ва Истаравшан мулоќот надоштем. Танњо бо њамин гуруњ буд, ки дар љараёни сафар моро њамроњї кард. - Ба назари Шумо, ин фаъол шудани мардум ё љавонон ва бефарќ набудани онњо ба сиёсат нест? - Агар чунин бошад, хеле хуб аст. Агар чунин нест, яъне сохта аст, бад. Чаро? Як донишљў чї тавр ва аз кадом њисоб се рўз дунболи намояндагони як њизби сиёсї мегардад ва дар њамаи мулоќотњо ширкат мекунад? Маро посухи рањбарони Донишгоњи Хуљанд дар њайрат андохт, ваќте барои мулоќот бо донишљўён аз онњо дархост кардам, посух чунин буд: истифодаи донишљўён дар равандњои сиёсї хилофи ќонун аст. Агар чунин њаст, чаро донишљўёни ин донишгоњ ба номи ман мактуб навиштанд ва дар њамаи мулоќотњо ширкат карданд? Чунин духўрагињо дар ин сафар ошкор шуданд. - Фикр намекунед, ки шояд микроавтобусњои њамроњ ба хотири таъмини амнияти шумо буданд? - На! Барои амнияти мо маъмурони давлатї эъзом шуда буданд. Бо истифода аз фурсат ба кормандони ВКД изњори ташаккур мекунам, ки амнияти моро хуб анљом доданд, хеле муаддабона рафтор карданду моро то аѓба расониданд, на мисли он "десантчињо". - Ин интизорро доред, ки фишорњо ба ЊНИТ пас аз интихобот њам идома меёбанд? - Чунин як интизориро дорем. Аммо агар ин барномаи дарозмуддат бошад ё
Муњиддин КАБИРЇ:
“НИГОЊ”, ЧОРШАНБЕ №48 (430), 25. 02. 2015
5
- Оё боз ягон аъзои ЊНИТ силоњи пинњонї дорад? - Пас аз сулњ хазорњо мил силоњ ва танку тўпро ба њукумат таслим кардем. Як њизбе, ки ин корро кард, оё бо як силоњ, бигзор сад силоњи пўсида, чї кор карда метавонад? Љалолиддини Мањмуд бармањал аз њамон њамсояаш хоста буд, ки силоњро бурда супорад ё нобуд кунад. Аммо миёни келини хонадону њамсояаш љанљоле афтода, ки ў ин хабарро ба маќомот расондааст. - Љое гуфтед, ки фарзандони устод Саид Абдуллоњи Нурї бояд њамчун рамзи сулњ дар парлумон бошанд. Ин андешаи Шумост ё поя бар ин овозањо дорад, ки њамчунин пешнињодро президент Э. Рањмон додааст? - Ин гуна пешнињодро ба мо касе накардааст. Биниши худи ЊНИТ аст, ки фарзандони марњум Устод бояд дар парлумон бошанд. Худи онњо њам алоќа доранд ва њам Муњаммадљони Нурї ва њам Руќия Нурї афроди шоистаанд. - Оё ин непотизм ё хешутаборчигї нест? - Ба њељ ваљњ. Хешутаборчигї дар њоле мешавад, ки кас сари кор бошаду наздиконашро ба вазифањо љалб созад. Устоди марњум нестанд, аз ин хотир, фарзандонаш њамчун афроди мустаќил вориди сањнаи сиёсат шудаанд.
"ПАРЛУМОН БИДУНИ МО ДУРУЃИ БУЗУРГ ХОЊАД БУД" Суњбате дар њошияи ќабл аз интихобот бо Муњиддин Кабирї, раиси ЊНИТ то соли 2020 идома кунад, пас иштибоњи бузурге хоњад буд. Дар баробари ифротгароии исломї ифротгароии дунявї шакл мегирад. Аслан сабреро, ки пеша кардаем, аз нотавонї нест, балки бовари мост, ки охири роњ пирўзист. Мехоњанд сабрамон ба охир бирасаду моро ба як фитна ворид карда, ба оламиён бигўянд: бубинед, ЊНИТ њизб нест, балки як созмони ифротист. Аммо њамоно сабр мекунем, то дастандаркорон бубинанд, ки кори бењудае мекунанду он гунае нестем, ки дидан мехоњанд. - Ин фикр зиёд шунида мешавад, ки ЊНИТ мусалмонони Тољикистонро ба њуљљатдору бењуљљат таќсим кардааст. Ё худро Њизби Аллоњ меномад ва ин суолро мекунанд, ки пас дигар ањзоб чигуна њизбанд? - Ин як мантиќи ѓалат аст. Аз рўи ин мантиќ, фаќат аъзои Њизби демократро демократ метавон хонду дигаронро не. Ё танњо аъзои Њизби халќї - демократї халќу демократ нестанд. 75%-и мардуми кишвар кишоварзанд, на фаќат аъзои Њизби аграрї. Ин тафсири примитив барои аќлњои примитив аст. Њоло ба мардуми Тољикистон инро фањмонидан мехоњанд, ки гўё моем соњиби Ислом дар Тољикистон, на дигарон. Дар њоле ки чунин даъво надорем, танњо як њизби сиёсем, ки бар асоси арзишњои милливу динї ва љањонї фаъолият мекунем. Њоло як модари тољик тавре суол мекунад, ки гўё ман њам раиси ЊНИТ, њам раиси Кумитаи дин ва њам муфтї, умуман масъули тамоми умури динї дар кишвараму дар фаъолияти имомхатибон, корњои Шайх Темур, рафтани љангиёни тољик ба Сурия ва ѓайраву њоказо љавобгар. Дар њоле ки умури диниро Кумитаи дин ва Маркази исломї идора мекунанд, на ЊНИТ. - Шайх Темурро аз хешовандони Шумо медонанд. Њатто гарданбандњои кабудиЊНИТ - ро њам "иќтибос" аз саллаи кабуди пайравони ў мегўянд... - Аз вуљуди Шайх Темур танњо аз расонањо хабар ёфтам. Шахсиятњои бузурге, назири Эшони Абдурањмонљон, Эшони Тўраљон, Эшони Абдухалилу Домулло Њик-
матуллоњро мешинохтам, аммо аз ин кас кадом хабаре надоштам. Аммо дар ин ки ЊНИТ - ро ба он кас рабт медињанд, њељ аљобатеро намебинам. Ваќте шуморо ба ДИИШ ва њаводиси Сурияву Ироќу Украина, њатто нашъаманд шудани љавонони тољик рабт медињанд, зикри ЊНИТ дар баробари Шайх Темур њам аљобате надорад, бахусус, ки ба тасодуф саллааш ранги кабуд асту рамзи ЊНИТ осмонї. Тавре мегўянд, барои мардуми фурсатталаб ин як "бозёфт" аст. Аммо ман як чиро мехоњам фањмам, чаро ваќте шайху муллоњо бо макомот муносибати хуб доранд, гапе нест, аммо њамин, ки коре карданд, ба ЊНИТ рабт дода мешаванд? Чаро хубињои онњо аз дигарон ва бадињояшон аз ЊНИТ аст? - Њангоми маъракаи интихоботї Љалолиддин Мањмудов, узви Раёсати Олї ва намояндаи ЊНИТ дар КМИР боздошт шуд. Тавре изњорот додед, њанўз аз соли 2013 медонистед, ки ў дар куљо силоњ дорад. Аммо чаро чорае надидед? - Ростї, он кас њамагї як рўз ќабл дар ин маврид њарф зад, ки маќомоти масъул соли 2013 ин силоњи пўсидаро пайдо карда, гуфта будаанд, ки гапе несту њамааш њал. Њоло мехоњанд онро аз дигар матрањ созанд. Њамроњ бо Љалолиддини Мањмуд назди Шермуњаммади Шоњиён, раиси КМИР рафтему вазъро фањмондем. Ишон гуфтанд, њал мекунем. Рўзи дигар Љалолиддини Мањмуд наздам омаду гуфт, маќомот даъват доранд. Гуфтам, њатман раведу њамкории хуб кунед. Рафтанду барнагаштанд. Фикр мекунам, ваќте соли 2013 силоњ пайдо мешаваду имрўз онро рў мекунанд, ба ин маънист, ки "зарур шуд". Њоло мехоњанд таваљљўњи љомеъаро аз интихобот ба як ќонуншиканї љалб кунанд. Агар ба омор нигаред, алайњи маќомот ва аъзои њизбњои дигар 1500 парвандаи љиної ва маъмурї боз шудааст. Аммо як њолате, ки дар ЊНИТ ошкор шуд, тариќи расонањо масъалаи марказї ќарор мегирад ва онро боризтар нишон додан мехоњанд, ки танњо ЊНИТ љиноят мекунад.
- Агар Устод Нурї мебуданд, розї мешуданд? - Ба њељ сурат. Он кас замоне раиси КОМ буданд, ин њуќуќро доштанд, ки 30%и аъзои њукуматро пешнињод кунанд. Аммо барои фарзандону бародарони худ вазифае надоданд, балки дигаронро тарбия карданд. Имрўз чаро мо ба хотири эњтироми ин гуна шахсият барои фарзандонаш роњро боз ва кўмак накунем? - Бино ба ин овозањо, эњтимолан дар њукумати оянда Шумо вазифа мегиреду ду нафари дигар, бо шумули писари устод Нурї - Муњаммадљони Нурї вориди парлумон мешаванд... - Воќеан, ин гуна овозањо зиёданд. Мо барои мулоќот бо љаноби Президент дархост фиристода будем, аммо посух нагирифтем. Ќариб њар рўз як овоза мешунавем, яке моро дар кунљи зиндон мебинаду дигаре дар курсии вазирї. Савумї, бастани њизбро пешбинї мекунаду чањорумї, нисфи парлумонро ба Нањзат медињад... - Сабаби ин шоеапароканињоро дар чї мебинед? - Аз нигоњи ман, пайдо шудани ин гуна овозањо аз ношаффофии равандњои сиёсї дарак медињад. Аз ин хотир, коршиносону сиёсатмадорон тањлиле ба љуз аз гумону тахмин беш надоранд. - Нињоят, пас аз ин њама пешгўињо, ки ЊНИТ дар парлумон 2 љойи анъанавиро мегирад ва умуман намегирад, чї пешбинї ва аз ин њама чї хулоса бардоштед? - Ваќте барои ЊНИТ дар парлумон љо нест, пас ягон њизб бояд ба парлумон наравад. Агар мо љой нагирем, ин дуруѓро пинњон кардан имкон надорад, зеро хеле бузург аст. Имкон надорад, ки ба раъйи мардум ин ќадар таќаллуб сурат гирад. Ба њар сурат, аќли солим пирўз мешавад, зеро дар доираи ќонунњои Тољикистон кор карда, кишвари худро дўст медорем. Ин боварро агар дошта бошанд, ки бо бастани ЊНИТ аъзояш узви ањзобе мисли "халќї - демократї", "сотсиалист" ё "демократ" мешаванд, иштибоњи бузург мекунанд.
6
“НИГОЊ”, ЧОРШАНБЕ №48 (430), 25. 02. 2015
- Ба минтаќањои Тољикистон сафар кардед, оё мардум чї шинохте аз Њизби ислоњоти иќтисодии Тољикистон доранд? - Њизби ислоњоти иќтисодї (ЊИИТ) ро мо барои худ на, барои мардуми Тољикистон сохтаем. Як гуруњи олимони соњањои гуногун ба ин хулоса омада будем, ки њизби мо барои рушди иќтисодии Тољикистон зарурат ба такмили ќонунњо ва ќонунгузорї аст. Консититутсия иќтисодро муайян мекунад, аммо раванди худи иќтисод агар бо меъёрњо, ќонунњо, зерќонунњо татбиќ шавад, он гоњ иќтисоди комил ва одилона, ки ба манфиати аксарияти мардум бошад ба вуљуд меояд. - Оё мардум мепурсанд, ки чаро ислоњоти иќтисодии мо бисёр кунд аст ва њизби Шумо чї посух медињад? - Барои мардум ин муњим аст, ки зиндагиаш хубу хуш гузарад, ягон хафву хавотирї аз ояндаи фарзандон ва кишвар надошта бошад. Ваќте дар бозорњо нархњо боло мераванд, ањромњои асосии иќтисодї ба тариќи бояду шояд фаъолият надоранд, сатњи зиндагї паст мешавад, ин мардумро ба ташвиш овардаву ояндаро барояшон номуайян кардааст. Мардумро афзоиши бекорї ва бекорон нигарон кардааст, онњо интизори њар чї тезтар љои кори муносиб пайдо кардан њастанд. - Њизби Шумо чї гапе дорад, ки он аз дигар њизбњо фарќ мекунад? - Њокимияту моликият ду муайянкунанда њастанд. Масалан, агар моликият ба нафъи як гурўњ ё ин, ки дороњо хидмат кунад, њокимият њам ба њамон гурўњ нигаронида мешавад ва ин модели иќтисоди капиталистї аст, ки Тољикистон интихоб кардааст. Аммо мо мегўем, њар як шахсе, ки имконияти кор кардан дорад, бояд соњиби моликият бошад, ки барои вай даромад орад. Њукумат њам ба нафъи њар як шахс равона шуда бошад, он гоњ озодии иќтисодї таъмин карда мешавад. Бинобар ин, мо дар барномаамон ќайд кардаем, ки агар мо иќтисоди пешрафта ва мардуми хушбахт доштан мехоњем, вазифаи асосии њукумати Тољикистон соњибмулк кардани њар як фардест, ки ќобилияти корї дорад. Барои мисол, агар коргари корхона худашро молики ин корхона њис накунад, самаранокии кораш боло намеравад. Сарватњои Тољикистон ба тамоми тољикистониён мерасад. Барои мисол, замин. Имрўз дар Тољикистон одамњои пулдор заминњоро гирифта, ба дигарон иљора додаанд, аммо давлат аз онњо манфиат намегирад. Фоидаро аз замин њамон пулдор мегирад. Ин аст, ки кишоварзии мо на ба дасти соњибони аслї, балки пулдорњо гузашт, аз ин хотир рушд намекунад. - Иќтисоддонњо ва њатто маќомот инро пўшида намедоранд, ки Тољикистон ба сўи як буњрони шадид равон аст. Маблаѓи муњољирин моњи январ то 30% кам шудаву 89 %-и маблаѓи муњољирон ба рубли русї фиристода мешавад, мардум ќобилияти харидориашонро гум карда, тиљорат њам кунд шудааст. Шумо ё Њизби ислоњоти иќтисодии шумо чї чорањои фавриеро дар ин њол рўи даст мегирифтед? - Яке аз чорањои фаврї ворид кардани юан, пули Чин ба муомилоти тиљорї дар баробари сомонї аст, зеро ќисмати умдаи воридоти мо аз ин кишвар аст. Ин њол моро аз вобастагии доллар ва эњтимоли боло рафтани ќурби он дар баробари сомонї нигоњ медорад. Доллар ва ќурби онро аз берун идора мекунанд. Агар сомонї ва юан вориди муомила шаванд, моро аз вобастагии доллар рањо карда, некўањволии мардумро таъмин мекунад. Ин хатари сиёсї надорад. Доллар компоненти сиёсї дорад ва ба маќсадњои сиёсї метавонад болову поён бурда шавад. Юан не. Дуюм, барои нигоњ доштани раванди ихрољ ё хуруљи муњољирини кории тољик бо њукумати Русия вориди музокироти љиддї шавем. Русия дар ќисмати Шарќи Дур барномањои бузург дорад. Мо
ИНТИХОБОТ - 2015
Олим БОБОЕВ:
буси олимони иќтисод буд ва њадафи мо сањм гузоштан дар эљоди як илм ва худи иќтисоди миллї аст. Мутаассифона, ќонунњои мо дар ин самт асосан интиќолї њастанд ва бар асоси грантњо ба вуљуд меоянд. Њатто Сарќонуни мо интиќолї аст. Мо бар инем, ки муносибатњои дохилии иќтисодии худамонро омўхта, ќонун тањия кунем. Масалан, дар мо муњимтарин воќеиятњои иќтисодї, ки аз менталитатамон бармеоянд, омўхта нашудаанд. Аз љумла, постулати иќтисоди Ѓарб бар номањдуд будани талабот ё истеъмоли инсон асос ёфтааст. Дар мо мањдудият њаст. Мо исроф дорем, њаром асту њалол, савоб асту убол. Ислом намегузорад, ки мо аз њад сарватманд шавем ва инро бо закот мањдуд мекунад. Ин њама њаќиќати худро доранд, ки наметавонам дар як мусоњиба шарњ дињам, аммо барои ба вуљуд омадани як иќтисоди миллии одилона ва давлатдории миллї њатмї њастанд, дар акси њол, мо ба чизе муваффаќ намешавем. - Яъне Шумо сиёсатњои иќтисодии њукуматро номуваффаќ мењисобед? - Бале, дар расидан ба як иќтисоди миллї. Барои чї натавонист? Низоми яккањизбї ба ин њол овард. Њоло нозир
"СИЁСАТИ ИЌТИСОДИИ ЊУКУМАТ НОМУВАФФАЌ АСТ" Cуњбати ќаблазинтихоботї бо раиси Њизби ислоњоти иќтисодии Тољикистон метавонем яке аз онњоро ба иљора гирифта, неруи кориамонро дар он машѓул дорем. Сеюм, тадбире, ки бояд фаврї гирифта шавад, љалби мардум ба тиллошўї аст. Мешавад дар дарёњои Зарафшон, Панљ ва ќисмати Бадахшон мардумро ба ин кор љалб кард, то њам захираи арзї бой шавад ва њам як ќисмати бузурги мардум соњиби як бурда нон шаванд. - Шикоят аз фишори маќомот аз вижагињои ин интихобот аст. Оё ба намояндаи ЊИИТ низ фишор меоранд? - Албатта, магар бе фишор мешавад? Дар чанд ноњия барои аъзои њизби мо маќомоти мањаллї дар Хатлону Душанбе ва дигар љойњо шароити мулоќот бо мардумро фароњам накарданд. Мо ба КМИР њам шикоят бурдем. Ин гуна бархўрд аз тафаккури пасти сиёсї ва њуќуќї аст. Њанўз бархе ин даркро надоранд, ки низоми демократї бар бисёрњизбї пойдор ва ин ба рушди кишвар зарур аст. Дар њизб хатарро мебинанд. Ваќте дар бањси фикрї заъф нишон медињанд, бо ин роњњо - фишору монеагузорињо ин заъфи фикрии худро мепўшонанд. - Њизбњои дигар мегўянд, ки њазорњо узв доранд, аз 10 то 230 њазор нафар. ЊИИТ чї ќадар аъзо дорад ва асосан кадом ќишри ањолиро ба сафњои худ љалб мекунад? - 31 њазору 169 нафар. Дар саросари кишвар дафтари мањаллї дорем. Асосан тањсилдида, ба љуз иќтисоддонон, њуќуќшиносу духтуру намояндагони дигар соњањои илм њастанд. Умдатан аъзои мо зиёиянд. - Дар интихоботи парлумонї чанд номзад доред? - Аз њавзаи умумї 6 нафар, ки 5 нафарашон доктори илм њастанд ва аз њавзањои якмандата дар Њисор, Шањринав, Вањдат, Душанбе, Панљ, Вахш, Восеъ, Бадахшон ва дигар шањру навоњї 12 нафари дигар пешнињод шудаанд. - Интихобот як маъракаи серхарљ аст. Оё харољоти худро аз кадом њисоб пўшидед? - Аз њисоби аъзои њизб, ки соњикбор ва хеле муваффаќ њам њастанд, дар ин
маърака 200 њазор сомонї кўмак гирифтем. - Њамчун иќтисоддон чї назар доред: барои як номзад то ин, ки як таблиѓоти хуб барад, чї ќадар маблаѓ лозим аст? - Ин њам аз тафаккури сиёсии љомиа вобаста аст. Агар пешрафта аст, харљи кам, агар пастмонда аст, харљи зиёд зарур аст. Мо кам харљ мекунем ва кам суд мебардорем. - Низоми интихоботиро чї гуна мебинед? - Ѓайриилмї аст. Мо аз рўи низоми мажоритарї кор мекунем. Ин чунин маъно дорад, ки аз 100% - и ањолї 50% дар интихобот ширкат мекунанд ва як нафар бо касби 50% + 1% аз њамон 50% интихоб мешавад. 75% - и дигар дар њошия мемонанд, ки табиист, бо 25% дар мухолифат хоњанд буд. Мо, яъне ЊИИТ, њанўз ќабл аз интихоботи президентї пешнињод карда будем, ки сари ин низом таљдиди назар шавад. Яъне се нафаре, ки се маќоми аввалро мегиранд, њукуматро таќсим кунанд, тавре, ки дар таљрибаи Афѓонистон дидем. Бо ин восита раъйи 90 дарсади ањолї ба назар гирифта мешавад. Дар Ѓарб мардум инро ќабул доранд, ки як нафар чун пирўз шуд, пазиранд, аммо дар мо чунин нест. Ин кор натиљаи бад дод: Гуруњњои ѓайрирасмии норозї пайдо шуданд. Љавонњо ба мухолифати носолим њам мегузаранд. Сабаби инќилобњо ва ноамнињо њам њамин мешавад. - Албатта, шунидаед, ки сиёсатшиносон њизби шуморо "кисагї" меноманд. Аз ин намеранљед? - Не, чаро ранљам? Њама њизбњои љањон "кисагї" - янд. Дар ИМА ба љуз ду њизб љумњурихоњон ва демократњо, боз 15 њизби дигар њаст. Аммо ширкатњои фаромиллї ва миллиардерон сари љумњурихоњон ва олигархњои молиявї ба демократњо сармоягузорї мекунанд. Муњим ин аст, ки "киса" дар куљо аст. Дар дохил бошад, манфиати дохилї, дар хориљ бошад, манфиати хориљиро њизб њимоят мекунад. - Воќеан, мегўянд, ки Муродалї Алимардон сарпарсти молии њизби шумо аст. Ин њаќиќат дорад? - Не, Муродалї Алимардон ба њизби мо рабте надорад. Ин аз аввал ташаб-
њам аз як њизбу ќозиву прокурор њам. Сарќонун мегўяд, ки идеологияи ягон њизб идеологияи давлатї нест. Мо пешнињод кардем, ки монополияи сањнаи сиёсї аз љониби як њизб набошад. Ќонун бояд теъдоди аъзои њизбњоро мањдуд кунад, масалан, аз 100 њазор нафар зиёд набошад. 8 њизб дорем, набояд яке аз дигаре бештар узв дошта бошад. Дар мавриди њалли ин ё он масъала эътилофи ањзоб ба вуљуд ояд. Ин тавр намешавад, ки як њизб 200 ва дигарї, 20 њазор узв дошта бошанд. Монополияи як њизб ќобили ќабул нест. Таљрибаи муваффаќи ИМА чунин аст, ки ду њизби умдаро ба вуљуд оварданд, то яке майдони сиёсиро натавонад, ки монополия кунад. - Ќариб њама дар бораи исломи сиёсї суњбат кард, наметавонем назари Шуморо дар ин бора напурсем... - Ман дар бораи "Давлати исломї" гуфтанї њастам. Ин тарњи тањмилкардаи Ѓарб сари кишварњои исломї аст. Чаро? Давлат ва Ислом ду воќеияти ба њам зиданд. Идеологњои ѓарбї, ки модели низоми давлати исломиро пешнињод карданд, мегўянд, давлати исломї мардумашро ба бињишт мебарад, аммо Худои Таъоло дўзахро њам офаридааст, пас то куљо ин мантиќист, ки давлат тавонад њамаро ба дўзах барад? Эрон давлати исломї шуд, аммо адолатро натавонист барќарор кунад, њоло њам давлатдории Эрон тањти суол аст. Касе намедонад, ки агар ин низом барњам хўрад боз чї давлате љойгузини он хоњад шуд. Давлат як нињоди њуќуќї, таркибї ва њудудї аст, вазифааш маљбур кардани одамон ба иљрои ќонунњои давлат ва назорат аз болои онњост. Аммо дар Ислом ё умуман дин маљбурият нест. Худо инсонро озод офаридааст ва интихоби ўро дар дин озод гузоштааст, хоњад ќабул мекунад, нахоњад не. Ќабул кунад, роњи бињишт боз мешавад, накунад, дари дўзах. Ислом дини Худо аст ва танњо Худо онро њифз карда метавонад. Боз мегўям, ки ѓарбињо бо тањмили ин низом мехоњанд Исломро трансформатсия, ё дигар кунанд, коре кунанд, ки аз Ислом чизе боќї намонад, балки пора-пора шавад.
МАЗЊАБ Эшони Нуриддинљон Тўраљонзода мегўяд, Каъбаро дар Охируззамон, на имрўз тахриб мекунанд. Руњонии шинохтаи тољик дар бораи вайрон шудани Каъба аз дасти як марди њабашї дар њоле изњори назар мекунад, ки расонањои Эрон аз вайрон шудани Хонаи Худо аз дасти Барак Обама, президенти феълии ИМА суњбат карданд. Эшони Нуриддинљон ин нуктаи назари хешро рўзи 12 феврал дар посух ба суоли як корбари сомонаи хонаводаи Тўраљонзодањо - turajon.org изњор доштааст. Хонандае бо номи Сулаймон аз ў пурсидааст, ки "оё њадиси "Каъбаро марди њабаша вайрон мекунад" дуруст аст?" Дар посухи Эшони Нуриддинљон омадааст, ки ин ривоят дар њадиси сањењ омада ва Паёмбар (с) гуфтаанд: "Каъбаро марде аз њабаша, ки пойњои борик дорад, вайрон мекунад" (Ривояти Бухорї ва Муслим). "Шорењони њадис гуфтаанд: ин воќиъа дар охири замон рух медињад. Замоне, ки њамаи мусалмонон вафот мекунанд ва дар руйи замин танњо кофирон боќї мемонанд. Сипас ќиёмат бар онњо ќоим мешавад" - омадааст дар посухи Эшони Нуриддинљон. Ќабл аз ин, 10 феврал, сомонаи "Субњи Тўс" суханронии Њуљљатулислом
Мањдии Тайиб, сарвари Пойгоњи стратегии Аммор (созмоне, ки барои муќобала бо "љанги нарм" алайњи Эрон ташкил шудааст) - ро нашр кардааст, ки мегўяд, президенти ИМА Барак Обама Маккаро зеру забар мекунад. Вай, ки дар љамъи афсару сарбозони Сипоњи посдорони Эрон суњбат мекард, гуфт, "агар Имоми Замон дар Машњад зуњур мекард, мо њич мушкиле надоштем, аммо зуњур дар Макка амн нест". Ба ќавли ў, Обама њама силоњњои њастаиро дар даст дорад
“НИГОЊ”, ЧОРШАНБЕ №48 (430), 25. 02. 2015
7
Миср ва Покистону Афѓонистон низ аз худ дарак дода, аз кишварњои Осиёи Марказї сарбоз мегирад. Аз нигоњи коршиносон, ин гуруњ бо сармоягузории хадамоти љосусии Аврупову Амрико ва Исроил рўи кор омада, амалан заъиф кардани мавќеи Эрону Русия ва Чинро дар олами Ислом дорад. Коршиносон бар инанд, ки ривоятњои исломиро ќудратњои љањон, аз љумла ИМА, барои пиёда кардани ањдофи худ истифода мекунанд ва ин тарњњои худро пўшишњои асотирї медињанд, то барои гуруњњои дастнишондаи худ аќида сохта, њаќиќатро аз онњо пўшанд. Барак Обама, президенти Амрико, ки африќоитабор ё ањли њабаша аст, бори аввал соли 2008 ва бори дуввум соли 2012 президенти Иёлоти Муттањидаи Амрико интихоб шуда, аз љониби падар мусалмон, аммо худ пайрави насроният аст.
ЭШОНИ НУРИДДИН ВА ОБАМА.
"ПОЙЊОИ БОРИК КЇ ДОРАД?"
ва "чун он Њазрат зуњур кунад, баъд аз чанд даќиќа Макка нобуд хоњад шуд". Дар ин робита Эшони Мањмудљон, бародари Эшони Нуриддинљон, 16 феврал зимни посух ба суоли як корбари дигари сомонаи turajon.org ба номи Алї,
«
ки пурсидааст: "Оё Њазрати Исо бо Њазрати Мањдї дар як аср меоянд?" посух додааст. Ба ќавли ў, "Њазрати Исо ва Њазрати Мањдї дар як аср меоянд, вале тибќи ањодиси сањењ аввал Њазрати Мањдї зуњур мешавад, сипас Њазрати Исо аз осмон нузул мекунад ва аз пушти Мањдї намоз мегузорад". Мусалмонони љањон ба хуруљи Мањдї - Имоми Охирзамон бовар доранд. Ба ривояти адабиёти исломї, ў дар оилаи Абдуллоњ ва Омина, њаммонанди хонаводаи Паёмбари ислом (с) таваллуд шуда, дар шањри Макка зуњур мекунад, дар љањон њукумати исломро барпо мекунаду инсоният мусулмон мешавад. Њамчунин насрониёни љањон ба зуњури Њазрати Исо бовар доранд, ки замоне фуруд омада, ва дар љањон оромиву субот ба вуљуд меояд. Ривоятњои динии ањли олам дар њоле муљиби бањсњо мешаванд, ки дар Ховари Миёна гуруњи "Давлати исломї" зуњур карда, барпо кардани хилофат дар ќаламравњои мусалмоннишинро њадаф ќарор додааст. Ин гуруњ дар Либияву
Президенти Амрико Барак Обама 18 феврал дар як анљумани мубориза бо ифротгароии хушунатомез дар Кохи Сафед, ки се рўз идома кард, гуфт, Амрико на бо Ислом, балки неруњое мељангад, ки ин динро тањриф мекунанд.
«
Президенти Амрико Барак Обама 18 феврал дар як анљумани мубориза бо ифротгароии хушунатомез дар Кохи Сафед, ки се рўз идома кард, гуфт, Амрико на бо Ислом, балки неруњое мељангад, ки ин динро тањриф мекунанд. Барак Обама ин суханонро дар шарњи амалиёти низомие гуфт, ки кишвараш зидди гурўњи "Давлати исломї" дар Сурияву Ироќ рўи даст гирифтааст. Аммо суханони ўро на њама самимона ќабул мекунад, зеро таърихи 20 соли ахир шоњид аст, ки ИМА механизмњои ба вуљуд овардани гуруњњои овозадори террористї дар олами исломро хуб балад аст. "Ал - Ќоида", "Толибон" ва ѓайраро мањз ИМА ба вуљуд оварда, онњоро истифода ва дар ваќти зарурї худ саркўб кард, чун хуб медонанд чї тур онњоро нобуд кунад, ба истилоњ, "феъли харро соњиби хар медонад". "Давлати исломї" - ро њам ИМА ва Аврупо алайњи Башшор Асади Сурия роњандозї карданд. Аз ин хотир, то ба охир расидани муњлати президентии Барак Обама, ки соли оянда хоњад буд, ба суханони Эшони Нуриддинљон ва Њуљљатулислом Мањдии Тайиб наметавон шак ё эътимод кард. Њељ набошад то он замон маълум мешавад, ки пойњои борик кї дорад: он марди њабашаи устураї, ё ин марди њабашаи воќеї?
АФЗОИШИ ШУМОРАИ МУЊОЉИРОНИ КОРИИ ЧИН ДАР ТОЉИКИСТОН
3 ДУХТАР ДАР ХУЉАНДУ ЌУРЃОНТЕППА ВА ИСТАРАВШАН БЕДАРАК ШУДААНД
Дар соли 2014 теъдоди муњољирони кории Љумњурии Мардумии Чин дар Тољикистон нисбат ба як соли пеш 31% зиёд шудааст. Ба иттилои Абдулло Ќодирї, сухангўи Хадамоти муњољирати Тољикистон теъдоди муњољирони кории Чин дар Тољикистон ба 5 њазору 86 нафар мерасад. Ин њам дар њолест, ки шумори муњољирони чинї дар Тољикистон дар соли 2013 3 њазору 861 нафарро ташкил медод. Ба гуфтаи ў, аз 5 њазору 86 нафар муњољири чинї 2 њазору 300 нафари онњо дар соњањои гуногун кор карда, 2 њазору 786 дигараш мутахассисони баландихтисос мебошанд.
Дар давоми се рўзи охир се духтар дар шањрњои Хуљанд, Ќурѓонтеппа ва Истаравшан аз хона баромада, дигар барнагаштаанд. Сомонаи вазорати корњои дохилии Тољикистон хабар додааст, ки ин духтарон аз 17 то 20-сола мебошанд. Дар хабар омадааст: "Санаи 21.02.с.2015, ба ШВКД дар шањри Хуљанд шањрванд Муллоев Дилшодљон соли таваллудаш 1992, истиќоматкунандаи мањалаи 3, мурољиат намудааст, ки санаи 18.02.с.2015, соати 18.40-даќиќа хоњараш Муллоева Дилфуза соли таваллудаш 1995, аз хона баромада то њол барнагаштааст. Инчунин ба ШВКД дар шањри Ќуронтеппа шањрванд Акрамова Гавњар соли
Аммо дар њамин њол, теъдоди муњољирони корї аз Эрон дар соли 2014 586 нафар ва дар соли 2013 330 нафарро ташкил медод. Аз Туркия дар Тољикистон дар соли 2014 410 ва соли 2013 354 нафар кор мекарданд. Теъдоди муњољирон аз Афѓонистон дар соли 2014 840 нафарро ташкил медињад, ки нисбат ба соли 2013 34 нафар зиёд мебошанд. Дар Хадамот мегўянд, Њукумати Тољикистон то њол дар соли 2015 барои муњољирони хориљї квота људо накардааст. Вале дар соли 2014 -7 њазору 668 (2013-6342) нафар шањрвандони хориљї барои гирифтани иљозати корї ба Хадамоти муњољират мурољиат карда буданд.
таваллудаш 1971, сокини кўчаи Айнии шањри мазкур мурољиат кардааст, ки санаи 20.02.с.2015 соати 12:00-даќиќа, духтараш Акрамова Насиба соли таваллудаш 1996, аз хона баромада то њол барнагаштааст. Њамин тариќ ба ШВКД дар шањри Истаравшан шањрванд Љабборов Абдуќањњор соли таваллудаш 1952, истиќоматкунандаи љамоати дењоти Гули Сурх, мурољиат намудааст, ки санаи 19.02.с.2015, соати 10:00-даќиќа набераи ноболиѓаш Ганљинаи Икромзод соли таваллудаш 1998, аз хона баромада то њол барнагаштааст. Барои пайдо намудани шахсони бедарак гумшуда аз љониби кормандони милитсия чорабинињои љустуљўї идома дорад".
8
“НИГОЊ”, ЧОРШАНБЕ №48 (430), 25. 02. 2015
АНДЕШАИ ХОС зим аст, ки идеологияи њизбро маљмуъи афкору андешаи аъзоёнаш муайян мекунанд. Пас ѓояи ташкилоти сиёсї мањсули назарњои шахсияњои алоњида мебошад. Яъне, сиёсатмадорон барои он пешсафи љомеа њастанд, ки онњо гузаштаю имрўз ва фардоро бањогузорї карда ва тасмими сариваќтию дуруст гирифта метавонанд. Барои њамин онњо бо номи "лидери сиёсї" ёд мешаванд. Ваќте ки онњоро гўш мекунанду ба гапашон амал мекунанд, пас онњо сиёсатњоро низ муайян ва мушаххас мекунанд. Аммо дар шароити кунунї ањзоби сиёсї бояд дар заминаи меъёрњои демократї фаъолият дошта бошанд. Њамзамон дар њалли масъалањои мубрам бояд назари дигарон ба эътибор гирифта шуда, ќарори дастљамъона ќабул гардад. - Мухолифони Шумо ин интиќодро мекунанд, ки раќибони ЊХДТ -ро маќомоти ќудратї тањти фишор гирифтаанд ва КМИР барои ЊХДТ кор мекунад. Ин даъвоњо дурустанд? - Не, ин иддаоњо билкулл ѓалатанд. Дар ин бобат мо њам мешунавем, лекин, ба ќавли шумо, мухолифони мо далелу арќоми ќотеъ манзур карда наметавонанд. Ваќте ки маќомоти интизомї як узви њизбро (тафовут надорад, ки аъзои кадом њизб аст), барои аъмоли зиддиќонунї ё умуман риоя накардани ќонун ба муљозот мекашанд, ин бояд маънои онро надошта бошад, ки ба њизб фишор оварда шудааст. Марњамат, маќомот ва сохторњои дахлдор њастанд, дар сурати ќонуншиканї ва
Саидмурод ФАТТОЊЗОДА:
“ТАНЊО ХУДАМ ВА ХУДО МЕДОНАД, КИ БА КЇ ОВОЗ МЕДИЊАМ” Суњбати ихтисосї бо муовини якуми раиси Њизби Халќии Демократии Тољикистон дар атрофи интихоботи ќарибулвуќуи парлумонї ва вижагињои баргузории он - Ширкати ЊХДТдар интихоботи парлумонї замоне рост омад, ки Шумо ба муовинати аввали Раиси њизб омадед. Ва табиист, ки асосан бо интихобот банд будед. Њизб дар ин ду моњи "вазнин" чї кор кард? - Воќеан њам дар як марњилаи пурташвиши омодагї ба интихоботи Маљлиси Олии Љумњурии Тољикистон ва маљлисњои мањаллии вакилони халќ вориди маъракаи интихоботї шудам. Дар Анљумани 12-уми Њизби Халќии Демократии Тољикистон бо пешнињоди Раиси муаззами њизб муњтарам Эмомалї Рањмон номзадии маро ба сифати муовини якуми Раиси ЊХДТ вакилон - аъзои Кумитаи Иљроияи Марказии њизб пазируфтанд ва интихоб намуданд. Аввал, ин як масъулияти бузургест, ки дар ин давра бар дўши ман гузошта шуд. Дуюм, барои боварї ба маќомоти олии њизб, вакилон - аъзои Кумитаи иљроияи марказї изњори сипос менамоям. Дар ин мудатдар баробари шиносої бо кормандони масъули Дастгоњи КИМ ЊХДТ ва комиљроияњои минтаќавї барои амалї намудани ќарорњои Анљуман, омода кардани маводњои таблиѓотии интихоботї, омўхтани номзадњои эњтимолии њизб ба Маљлиси Олии Љумњурии Тољикистон ва маљлисњои мањаллии вакилони халќ, њамчунин ба њалли дигар масъалањои дохилињизбї машѓул шудем. - ЊХДТ имсол аз кадом шевањои нави тарѓибот кор гирифт? - Ин талаби замонаст, ки ба мафкураи инсон аз нигоњу мавќеи тоза бархўрд намуда, таъсир расонем. Њоло техника ва технологияњои нави замонавї вориди зиндагии инсонњо шудааст. Дигар ба мафкураи одамон бо тарзу услуби куњна муносибат кардан таъсири муассир надорад. Масалан, дар айни замон мардум аз васоити ахбори оммаи электронї, шабакањои интернетї, сомонањои он ба таври васеъ истифода мебаранд. Њоло дар Тољикистон ќариб чор миллион нафар аз интернет истифода мебаранд. Ман сари ин масъала андеша намуда, ба ќароре омадам, ки барои чї аз ин воситаи дастраси њамагонї истифода набарем. Бинобар ин, тасмим гирифтам, ки аввал, ягон маводи бунёдии њизбро аз тариќи васоити ахбори омма интишор намоем ва сипас, ба истифодаи васоити электронии ахбор гузарем.
Маќолаи барномавии моро баъди чоп шудан дар нашрия ва сомонаи электронии њизбамон нашрияњои зиёди матбуотї ва электронї бознашр карданд ва ё онро шарњу эзоњ доданд. Таваљљуњ карда бошед, ду њафта боз ин мавод ва дигар матолиби њизбии мо фазои иттилоотии мамлакатро пурра гардондааст. Дар муќобили он ё дар баробари он дигар ањзоби сиёсї матолиби љолибе интишор надоданд. Аќаллан барномањои худро шарњу эзоњ дода натавонистанд. Ин бурди мо шуд, ки ваќту фазои хабарии љумњурї ба манфиати мо кор кардан дорад. Агар ба маводњои таблиѓотиамон бањо дињем, он тамоми бозори иттилоотиро фаро гирифт. То имрўз беш аз 1,5 миллион маводи таблиѓотї, ба шумули буклету таќвиму вараќањо, мусаввараю шиору овезањо интишор дода, ба мардум таќсим карда шудааст. Ин корро мо боз идома медињем. Нашрияи ранга ва љолибу зубдаи "Элита" як шумораро пурра барои таблиѓи Барномаи пешазинтихоботии ЊХДТ ва барномањои номзадњои мо ихтисос дод. Ташкилоти љамъиятии љавонон "Созандагони Ватан" ба интишори паёмак-СМС-њо аз тариќи шабакањои мобилї машѓул шуд, ки таъсири мусбати худро ба маъракаи пешазинтихоботї гузошта истодааст. Дар ин паёмакњо мо гапи зиёд интишор намедињем, балки бо як шиор ё даъват ба интихобот ва љонибдорї аз ЊХДТ ба муштариён ахбор медињем. Дар ин маврид ман ба шабакањои мобилие, ки моро фањмиданду ба истиќболи мо рафтанд, сипосгузорї мекунам. Ба замми ин мо аз ваќти ройгон људонамудаи Комиссияи марказиии нтихобот ва раъйпурсии љумњурї дар шабакањоителевизионї самаранок истифода бурда истодаем. Дар ин маврид њам мо аз њарифони сиёсии худ пеш гузаштем. Ба андешаи ман, барнома ва намоишњои мо хеле љолиб ва диданї буданд. Дар ин бобат ман назари мардум ва мутахассисонро низ баён карда истодаам. Гузашта аз ин, њазорњо нусха ролик - дискњои таблиѓотии њизбро нусхабардорї намуда, дар миёни интихобкунандањо пањн кардем. Бо интихобкунандањо садњо мулоќоту вохўрињо гузаронда, аз усулњои санљидашудаи таблиѓоти "кўча ба кўча" ва "хона ба хона" ба таври самаранок истифода карда истодаем.
Дар баробари ин якчанд чорабинињои оммавї, иќдомњои љолиб, ба монанди иншои озод, мањфилњои саволу љавоб ва озмуну мусобиќањои фарњангию варзишї доир намуда истодаем. Њамаи ин тадбирњо барои нуфузи бештар пайдо намудани Њизби Халќии Демократии Тољикистон дар байни мардум мусоидат хоњад намуд. - Ба ин њарфњо, ки мегўянд, ЊХДТ ба обрўи Президент Эмомалї Рањмон такя мекунад ва дастгоњаш заиф аст, чї мегўед? - Мусаллам аст, ки фаъолияти њар кадом њизб дар пояи кору амал, донишу малака, мањорат ва неруи сафарбаркунандаи пешвоёнаш устувор мебошад. Мо алоќамандони њизб аз он ифтихор дорем, ки сарварии ташкилоти сиёсии моро сиёсатмадоре чун Эмомалї Рањмон бар дўш доранд. Ин њаќи ќонунии Љаноби Олї мебошад, ки њизби таъсисдодаи худро рањбарию рањнамої мекунад. Лекин дар мавриди корношоям ва заиф будани Дастгоњи њизби мо мухолифон хато мекунанд. Њамаи кормандон, ба истиснои дусе нафар љавонони нав ба кор омада, дар фаъолиятњои њизбї таљрибаи кофї доранд. Ѓайр аз ин, дар ду моњи гузашта мо Дастгоњи њизбро бо кормандони њирфаї ва соњибистеъдоду ташаббускор такмил додем. Барои ман тафовут надорад, ки кадом корманд аз куљост, балки аввалтар аз њама ба сифатњои кордонї ва мањорату истеъдодаш бањо медињам. Гумон мекунам, дар интихоби худ нисбати кадрњо то имрўз хато накардаем. Мо як команда њастем, ки дар раъси он Љаноби Олї Эмомалї Рањмон ќарор доранд. Бинобар ин, обрў ва нуфузи Рањбари њизб ба пешрафти фаъолиятњои мо ва дар маљмуъ барои пешрафти љумњурї мусоидат мекунад. Њамзамон бояд хотирнишон намуд, ки Рањбари кишвару пешвои њизби мо ба хотири фароњам овардани шароити баробари фаъолияту таблиѓот барои њамаи ањзоб таъкид менамоянд, ки аз ному маќоми ў сўистифода накунанд. - Устод, умуман ин заруратро мебинед, ки ЊХДТ, манзур аъзои њизб, аќидањои њизб бояд сиёсатњоро муайян кунанд, на роњбаронаш, ё афроди алоњида? - Ташаккули назару аќидаи як ташкилоти сиёсї марбут ба иќдому ташаббуси кулли аъзои њизб мебошад. Аз ин љо њадс задан ло-
ё чуноне мегўянд, "фишороварї" мурољиат кунанд. Онњо мебинанд, месанљанд ва хулоса мебароранд. Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии љумњурї тибќи ќонун нисбати њамаи њизбњо хайрхоњ аст ва муносибати баробар дорад. Ин вазифаи нињоди мазкур аст, ки тибќи талаботи ќонун санадњоро санљида бинад ва сипас ќабул кунад. Агар барои нодурустии ягон њуљљат шахсеро гардонда бошад, ин маънои онро надорад, ки нисбати њизб дар маљмуъ мушкилот дорад. - Дар шабакањои иљтимої, пеш аз њама, Фейсбук, эњсос мешавад, ки ба матолиби ЊХДТ ва аъзои он кам таваљљуњ мешавад, агар инро нагўем, ки ќариб умуман намешавад. Сабаби инро дар чї мебинед? - Ман ба ин фикр розї шуда наметавонам, ки дар шабакањои иљтимої, аз љумла Фейсбук ба матолиби марбути Њизби Халќии Демократии Тољикистон кам эътибор дода мешавад. Мо аз ин сањифа ба таври густурда истифода мебарем. Мо дар интернет чанд сањифа ё худ сомона дорем. Сомонаи мо бо номи "ТрибунТљ", "Созандагони Ватан" ва сомонањои минтаќавии мо дар вилоятњо ва шањру навоњии мамлакат фаъол мебошанд. Воќеияти дигареро набояд фаромўш кард, ки аъзо ва љонибдорони мо намояндагони табаќањои мухталифи љомеа мебошанд ва аксаран дар музофотњо умр ба сар мебаранд. Онњо асосан аз васоити ахбори омма, радио ва телевизион, нашрияњои њизбї ахбор дастрас мекунанд. Аммо истифодабарандагони сањифањои интернетї асосан љавонони шањрнишин њастанд. Зимнан, бояд гуфт, ки дар маъракаи ахири таблиѓотии интихоботї љонибдорону алоќамандони мо низ аз шабакањои иљтимої ба таври васеъ истифода бурда истодаанд. - Инро зиёд мешунавем, ки интихобот шаффоф намешавад ва дар интихобот пирўзии комилро њизби њоким - ЊХДТ ба даст меорад. Ба ин фикр розї њастед? - Аввал ин ки фикри мазкур гапи нав нест. Дар њар интихобот мо ба чунин назарњо дучор мешавем. Воќеияти дигар ин аст, ки дар мавриди бањогузорї ба интихобот мо ба хулосањои мухталиф рў ба рў мешавем. Иддае аз нозирони интихоботї ба шумули Созмони њамкорињои Шанхай, Иттињоди давлатњои мустаќил ва дигар ташкилотњои мустаќил ба интихоботи мо бањои мусбат мегузоранд ва онро озоду шаффофу демократї арзёбї мекунанд. Аммо Созмони амнияту њамкории Аврупо ва нињодњои марбут ба он ба интихоботњои мо эродњои љузъї гирифта, онњоро ѓайришаффоф
“НИГОЊ”, ЧОРШАНБЕ №48 (430), 25. 02. 2015
ИНТИХОБОТ - 2015 бањо медињанд. Ба фикри ман, чунин бањогузорї марбут ба меъёрњо ва стандартњои аврупоии баргузории интихобот мебошад. Лекин дар зимни чунин бањогузорї далелњои ќотеъ намеоранд. Арќоми овардаашон њамагї љузъї мебошанд. Масалан, иддао мекунанд, ки як нафар ба љои ду ё се узви оилааш овоз додааст. Вале дар ин маврид мисоли мушаххас оварда наметавонанд. Ин далел ё худ воќеият, ки њизби мо дар интихоботњо ба пирўзї мерасад, ба иродаи сиёсї ва раъйи додаи мардум иртибот мегирад. Масалан, ман вориди ѓурфаи интихоботї шуда, танњо худам ва Худо медонад, ки ба кадом номзад овоз медињам. Дар ин маврид љои шакку шубња набояд бошад. Кулли электорат њамин њуќуќро дорад. Аз љониби дигар он чи ки дар интихоботњо мо ба пирўзї мерасем ва аксарияти курсињоро соњиб мешавем, ба обрў ва нуфузи фарогири Њизби Халќии Демократии Тољикистон дар миёни мардум ва барномањои созандаи он вобаста аст, ки интихобкунанда онњоро мепазирад ва ба љонибдориаш овоз медињад. - Њар њизб як пешбиние аз натиљањои интихобот дорад. Чї фикр мекунед, ЊХДТ чанд љой дар парлумони оянда хоњад дошт? - Њизби мо бонуфузтарин ташкилоти сиёсии кишвар мебошад. Њам аз нигоњи обрў, шумораи аъзо ва њам наќшаю њадафу барномањояш дар љомеа пешсаф аст. Бар замми он, садњо њазори дигар љонибдору алоќаманд дорем. Сохторњои њизбии мо дар саросари мамлакат ба таври доимї фаъолият мекунанд. Бо мардум пайваста мулоќоту вохўрињо мегузаронем, мушкилоту ниёзмандињои онњоро баррасї ва њаллу фасл мекунем. Аммо ин ки чї ќадар курсиро соњиб мешавем, ба иродаи худи интихобкунанда вобаста аст. - Њизбњои мухолиф - нањзати исломї, сотсиал-демократ, сотсиалисту дигарон, ЊХДТ-ро раќиби аслии худ мешуморанд. ЊХДТ кадом њизбро раќиби асосї мењисобад? - Дар сањнаи сиёсии кишвар бо эътимоди комил гуфтан мумкин аст, ки мо њанўз њарифи ќудратманд надорем. Аммо бисёр мехоњем, ки дар баробари Њизби Халќии Демократии Тољикистон ањзоби мухталифи сиёсии бонуфуз бошанд ва муштаракан ин Ватани азизро ободу зебо гардонем. Зиндагии мардумро арзанда ва шоиста намоем. Ин рисолати њар кадом њизби сиёсї бояд бошад. Дар баробари талош намудан барои манфиатњои њизбию гурўњї бояд манофеи умумимиллиро дар мадди аввал гузоранд. Дар ин маврид назари мо бо масъулини ташкилотњои байналмилалї њамсон аст. Дар як мулоќоте, ки ба наздикї бо коршиноси интихоботии САЊА доштам, низ мавсуф бо таассуф изњор дошт, ки ањзоби дигари сиёсии Тољикистон дар њоле, ки имрўз "гармї" -и маъракаи интихоботї аст, фаъол нестанд. Пас чї љои раќиби ќудратмандро љустан? - Дар мулоќоти рањбарону намояндагони њизбњои сиёсї саволи аз њама зиёдро ба рањбари ЊНИТ - Муњиддин Кабирї медињанд. Ин њол ин андешаро ба вуљуд намеорад, ки ин њизб барои ЊХДТ раќиби асосї дар интихобот хоњад буд? - Не, ман фикр мекунам, ки сабаби инро дар дигар љо бояд љуст. Аввал ин, ки мардуми бофарњанги мо аллакай дида ва санљидааст, ки ин њизби исломї дар давоми фаъолияти тўлониаш барои ободию осудагии Тољикистон хидмати ќобили мулоњизаеро анљом надодааст. Ва "саволборони" оѓои Кабирї дар мулоќоту вохўрињо асосан дар атрофи њамин масоил чарх мезанад. Дуввум, мардум дарк намуд, ки дар љомеаи мусулмонї онњо ба як њизби сиёсии ба ном боз исломї эњтиёљ надоранд. Чуноне ки медонед, дар Мурољиатномаи ба наздикї интишордодаи Раёсати Шўрои уламои Маркази исломии Тољикистон ба таври возењ таъкид шудааст, ки "мутаассифона, дар љомеаи имрўзаи љањон, сарфи назар аз њамаи огоњкунињои мазкур чї бисёранд њизбу љунбишњо, гурўњу дастањое, ки ба худ унвони исломиро часпонидаю шиорњои исломиро боло карда, ин дини поку бегазандро ба арсаи муборизањои сиёсї миёни ќуввањои мухталиф мекашонанд. Њамагон бояд бидонанд, ки ислом ба њељ гуна њизб ниёз надорад. Ислом дар табиати худ фарогирандаи тамоми мусулмонон аст. Дигар чї лозим људої ва тафриќа андохтан дар миёни мусулмонони як мамлакат? Дар моварои таърих мо чунин мухолифату зиддиятњо ва оќибатњои ногувори онро борњо дидаем...
9
- Маъракаи пешазинтихоботї чї тавр мегузарад? То ба њол дар кадом ноњияву шањр будед? - Мо маъракаи таблиѓи интихоботиро аз вилояти Суѓд сар кардем, дар чандин шањру ноњияњои ин вилоят будем. Рости гап ягон мамониат аз љониби маќомот нисбати мо набуд. Комиссияњои округї барои мо мулоќот ташкил карданд ва мо њизбњои сиёсї дар он озодона иштирок кардем ва бо мардум вохўрдем. Дар баъзе љойњо худашон омада талаб карданд, ки вохўрем. Дар вилояти Суѓд њатто дар телевизиони СМ-1, ки чандин ноњияњои атроф низ онро тамошо мекунанд сўњбат низ кардем. Мавзўи сўњбати мо бештар дар бораи сохтори мављуда, парлумон ва ояндаи Тољикистон буд. Мо бе ягон монеагузории маќомот вараќањои таблиѓотии худро байни мардум пањн кардем. Њатто дар бозорњо гашта, вараќањои таблиѓотии њизбамонро ба дасти тољирон додем. Ќабул карданд, њељ кас нагуфт, ки даркор нест. Мо дар чанд минтаќаи шањри Хуљанд, ноњияи Бобољон Ѓафуров, Мастчоњ, Айнї, шањрњои Конибодом, Исфара ва Истаравшан будем. Њоло бошад рањсипори вилояти Хатлон њастем.
Шодї Шабдолов:
"МО БАРОИ ТАНЌИДИ ПРЕЗИДЕНТ НАОМАДАЕМ..." Суњбати ќаблазинтихоботї бо раиси Њизби коммунист - Шуморо дар кадом минтаќањо бештар хуб ќабул мекунанд, манзур аќидањои њизби Шуморо? - Дар њама љо. Аммо дар баъзе љойњо баъзе "одамони навбаромад" њатто намедонанд, ки барномаи пешазинтихоботї чї аст. Ба љои барнома мегўянд, ки чаро шумо ба Президент њар чиз мегўед. Аммо мо ба онњо гуфтем, ки мо барои танќиди Президент наомадаем, танњо барои пешнињоди барномањои худ омадем. Ба онњо гуфтем, ки агар дар бораи барномаи пешазинтихоботии мо суол дошта бошед, суол дињед. Маъќулатон бошад овоз дињед, маъќулатон набошад, хат занед. Дигар њамин бањсњоро тарафи дигар накашем, мо ба ин кор надорем. Ин љо маъракаи интихоботи президентї не, балки маъракаи интихоботи парлумонї аст. Барои њамин њама њизбњо озодона барномаи худро пешкаш мекунанд, ба суолу љавоби интихобкунандагон посух медињад. Дар умум дар њама љо моро хуш ќабул карданд. - Кадом ќишрњои ањолї ба њизби Шумо бештар таваљљўњ доранд? - Онњое, ки бекор мондаанд. Фабрикаю корхонањо валангор, мардуми бисёре зану мард муњољир. Чандин њазор гоњ кор ёбанд, гоњи дигар намеёбанд. Бозорњои моро молњои хитоию туркї пахш кардаанд. Дар соњаи иљтимої имрўз кор бештар дар мактабњо ва беморхонањо аст. Дар саноат ќариб, ки љойи кор нест. Ана њамин ќишр бештар ба мо таваљљўњ доранд ва барномањои моро ќабул мекунанд. Чунки дар барномаи мо омадааст, ки корхонањое, ки бо пули ночиз хусусї шуда, аз фаъолият бозмондаанд ва ягон љои корї надоранд, ба давлат баргардонида шаванд, то ки давлат онњоро худаш соњибї ва бо техникањои зарурї таъмин кунад, то онњо ба кор дароянд. Ин чиз ба мардум бисёр мефорад. Дар корхонањое, ки 15 - 20 њазор одам пеш кор мекард, имрўз ба ѓайр аз як посбон дигар кас кор намекунад. Мардум чї мегўянд? Маса-
«
лан, дар шањри Конибодом: њама корхонањо валангор шудаанд. - Ин бор ба мардум чї гапи нав гуфтед, ки онњоро ба худ љалб кунед? - Давлати мо то ба ин талаву торољкунї иљозат надињад, чї замин бошад, чї корхона. Инро солњои пеш низ гуфтаем. Гапи наваш њамин, ки мо бояд ба Иттињоди иќтисодии Авруосиё дохил шавем. Агар дохил шавем, муњољирони мо соњиби њуќуќ мешаванд. Дар мулоќоти мо бо интихобкунандагон як ронанда баромад карда, гуфт, дар Русия 20 сол боз ба ронандагї машѓул аст, то њол њуљљати ронандагии Тољикистонро дар Русия эътироф намекунанд. Њуљљатњои ронандагии Арманистон, Ќазоќистон ва Ќирѓизистонро эътироф мекунанд, аммо аз Тољикистонро не. Ин интихобкунанда ба Ќирѓизистон рафта, њуљљати ронандагии ин кишварро гирифта, баъдан дар Русия фаъолият кардааст. Агар мо ба Иттињоди иќтисодии Авруосиё дохил шавем, њуљљати ронандагї ва дигар стандартњо баробар мешаванд, баъд ин муњољирон њуќуќ пайдо мекунанд ба љои дилхоњашон раванд. Дигар ба тањхонаю хукхонањо дар фасли зимистон овора нашаванд. Барои интихобкунандагон ин чизро шарњ додем, ки ин чї аст. Њиндустон, Эрон, Туркия ва дигар кишварњо ба Иттињоди иќтисодии Авруосиё майл доранд, чаро Тољикистон майл надошта бошад? Роњи наздики аз чандин мушкилот халос шудани Тољикистон њамин аст. Чор - панљ пардохти гумрукї аз байн меравад, мол арзон ворид ва арзон содир мешавад. То сарњадњои берунии ИДМ. Инро ба мардум содда карда фањмонем, онњо инро хуб мепазиранд. Онњое, ки муњољир шуда, азоби онро дидаанд моро ба як эњтиром гўш мекунанд ва ќабул њам доранд. - Чаро дар шабакањои иљтимоии интернет Њизби коммунист ќариб, ки вуљуд надорад? Њол он ки њазорњо љавону интеллектуалњо дар ин шабакањо њастанд... - Интернет дар дасти мо нест, соњиб до-
Дар мулоќоти мо бо интихобкунандагон як ронанда баромад карда, гуфт, дар Русия 20 сол боз ба ронандагї машѓул аст, то њол њуљљати ронандагии Тољикистонро дар Русия эътироф намекунанд. Њуљљатњои ронандагии Арманистон, Ќазоќистон ва Ќирѓизистонро эътироф мекунанд, аммо аз Тољикистонро не.
«
рад. Аз кадом расонањои хабарии интернетї, ки ба мо занг мезананд, мо ба онњо сўњбат мекунем, дар Интернет меравад. Лекин мо ин хел имконият надорем, фейсбукњоро кушоему њазор-њазор маводро љамъ карда, дар Интернет пахш кунем. Ин хел имконият надорем. Молияи мо суст. - Сармоягузории маъракањои пешазинтихоботии Шумо аз кадом њисоб аст? - Якум аз њисоби кисаи худ. Мо аз њисоби маоши худ 4 њазор гаравпулии интихоботї ва боз 3 њазор барои таблиѓот супоридем. КМИР низ барои таблиѓот ба мо кўмак кард. Дигар надорем. Ягон бизнес њам надорем, ки даромад гирем. - Назари Шумо ба ин, ки интихобот аллакай ба нафъи Њизби халќии демократї њал шудааст, чї аст? - Њоло касе намедонад, ки интихобот ба нафъи кадом њизб анљом меёбад. Инро интихобкунанда муайян мекунад. Фаќат вазифаи участкањои интихоботї ин аст, ки ба таќаллуб роњ надињанд, баъдан худи халќ инро маълум мекунад. Албатта, ЊХДТ имконияташ дигар аст, телевизиони давлатї доранд, онњое, ки дар Њукумат кор мекунанд, номи интихоботро њам нагиранд дар ТВ баромад мекунанд ва њама онњоро мебинанд. Мо њамаамон инро мефањмем. Лекин кўшиши мо њам ин аст, ки дар Парлумони оянда танњо як њизб фраксия надошта бошад. Бояд 2 ё 3 фраксия вуљуд дошта бошад, ки ќонунњо муњокима шаванд. Дар ин сурат, сифати ќонун ва камбудињои њозир камтар мешаванд. Ба ин суолњо Шодї Шабдолов посух нагуфт: "Дар интихоботи парлумонии соли 1995 Њизби коммунист 60 љой гирифта буд, њамон замон њам Президент Эмомалї Рањмон буд, аммо соли 2010 њамагї 2 љой гирифтед. Чаро чунин шуд? Ин маънои онро дорад, ки нуфузи Њизби коммунист коњиш ёфтааст? Чї интизор доред: Њизби коммунист дар парлумон чанд љой хоњад гирифт? Устод, аз рўи бархе тањлилњо дар Бадахшон бештар ба Њизби сотсиал - демократ, дар навоњии тобеи марказ, водии Рашт - Њизби нањзати исломї бештар нуфуз доранд. Ягон минтаќае њаст, ки Њизби коммунист бештар аз њама љонибдор дошта бошад?"
10
“НИГОЊ”, ЧОРШАНБЕ №48 (430), 25. 02. 2015
БАЊСИ ЊУКМРОНЇ
ЊИКМАТИ 18 БОЛО Аз соли 1950 инљониб ба 77 сарвари кишварњои ѓайридемократї муяссар гардид, ки њокимиятро 18 сол ва ё бештар аз он дар даст нигоњ доранд. 15 пешво аз 77 кишвари ёдшуда то њол сари ќудрат мебошанд. Аз 62 мамолики боќимонда 18 њокими дарозумр (29%) дар замоне, ки сари ќудрат буданд, фавтиданд ва боз 4 нафари дигар ба иллати бад шудани вазъи саломатиашон худро барканор карданд. 25 тан аз ин роњбарон ё 40 % маќоми худро бар асари инќилоб, сўиќасд, табаддулот ва ё дахолати хориљї аз даст доданд ... Соли 2018 ба ќудрати Владимир Путин 18 соли пур мешавад. Чї гуна ва кай вай дару девори Кремлинро тарк мекунад? Посухи ин саволро касе намедонад. Масъалаи рафтани вай эњтимолан на дар интихоботњои озод ва раќобатї ва њатто дар натиљаи ким - кадом раванди ѓайридемократї, вале ќонунї њал мешавад, балки ба як шеваи дигаре, ки алњол барои мо маълум нест, анљом мегирад. Вай метавонад сари тахташ бимирад ва ё онро бар асари инќилоб ё табаддулоти давлатї тарк намояд. Имкони он њам боќї мемонад, ки ихтиёриву довталабона зимоми амрро аз тариќи интихобот ва ё њатто истифода аз роњњои демократї ба љойнишинаш вогузор кунад. Эњтимолияти ин рўйдодро метавон аз арзёбии кишварњои дигаре, ки њукмронии худкомагиро пушти сар гузаштаанд, дарёфт. Сар аз нимаи дуюми асри гузашта ба 77 сарвари кишварњои ѓайридемократї муяссар гардид, ки њокимиятро 18 сол ва ё бештар аз он дар даст нигоњ доранд (ин омор шоњигарињо ва 5 пешвои мамолики демократиро, ки тавонистаанд беш аз ваќти муайян дар
«
сари ќудрат бошанд, дар бар намегирад). Понздањ пешво аз 77 кишвари ёдшуда то њол сари ќудрат мебошанд. Аз мамолики боќимонда (62) 18 њокими дарозумр (29%) дар замоне, ки сари ќудрат буданд, бо сабабњои табиї аз олам рафтанд ва боз 4 нафари дигар ба иллати бад шудани вазъи саломатиашон худро барканор карданд. 25 аз ин роњбарон (40 дарсад) маќоми худро бар асари инќилоб, сўиќасд, табаддулот ва ё дахолати хориљї аз даст доданд. Рафтани ихтиёрї ва ё конститутсионї, масалан, бохтан дар интихобот ва истифода аз имкониятњои маъмурї барои њифзи њокимият на ба њар кас даст медињад. Аз ин роњ танњо 15 сарвар ё худ 24 дарсад аз шумори умумии њокимони дарозумр истифода кардаанд. Њар соли боќї мондан дар сари њокимият имкониятњои рафтан бо роњњои осоиштаро аз байн мебарад. Аз 39 сарваре, ки муддати 24 сол ва њатто зиёда аз он дар сари ќудрат буданд, танњо њафт нафар тавонистанд "ба хубї" аз ќудрат раванд. Ин њам дар ќиёс ба 21 сарваре, ки "бо бадї" тарки вазифа кардаанд. Яъне, бар асари
Стратегияи баќои сиёсї (бевосита ва ё рамзї) нобуд сохтани шахсиятњои сиёсии мустаќил ва аз байн бурдани институтњоеро дар назар дорад, ки метавонанд ба интиќоли ќудрат мусоидат намоянд.
«
табаддулот ва ё дигар амалњои зўроварона. Путин имкон дорад боз 25-30 соли дигар сари њокимият боќї бимонад. Ѓаризањои њирфаї аз њама охир мемиранд ва тибби муосир имкон дорад бисёре аз беморињоеро, ки пештар марговар дониста мешуданд, табобат кунад. Торих њодисањои зиёдеро ёд дорад, ки сарвароне дар синну соли хеле пирї њам ќудратро дар дасти худ нигоњ доштаанд. Аз ќабили Иосиф Броз Тито (њокими Югословї) ва Чан Кайшї (сарвари Чин ва баъдан Тойвон), ки дар синни 87-солагї замоне фавтиданд, ки дар сари ќудрат буданд. Њастингс Банда президенти давлати африќоии Малавї буд, ки то 96-солагї њокимият кард. Роберт Габриэл Мугабеи 91-сола то њол сари ќудрати Зимбабве-кишваре, ки бар асари њукмронии дурударози ў ба таври комил вайрону валангор шудааст, нишаставу њокимият мекунад. Дар мавриди дарозумрии љисмонии Путин ворисияти ирсии ў њикоят мекунад. Падараш 88 сол умр дидааст ва модараш дар синни 87-солагї аз олам рафтааст. Њарчанд умри дарози волидайн наметавонад пешгўикунандаи умри тўлонии фарзанд бошад. Рафтани Путин чун рафтани њар њокими дарозумри дигар бастаи хатароти хушунатбор ва зўрооварист. Стратегияи баќои сиёсї (бевосита ва ё рамзї) нобуд сохтани шахсиятњои сиёсии мустаќил ва аз байн бурдани институтњоеро дар назар дорад, ки метавонанд ба интиќоли ќудрат мусоидат намоянд. Ин ба хотири мушкил гардонидани шаклгирии иттињоде тарњрезї мешавад, ки ќудрати пуштибонї аз номзади алтернативиро дорад. Њамзамон њадаф дорад гузаришро душвор созад ва нагузорад, ки масъалаи таѓйири њокимият масъалаи рўз шавад. Ин хатаротро њам метавон мавриди арзёбї ќарор дод. Сар аз нимаи дуюми асри ХХ 44 њолате ба ќайд гирифта шуда буд, ки диктаторе, ки 18 сол ва ё бештар аз он дар сари њокимият буд, ваколатњои худро ќабл аз он ки маргаш фаро расад, бо сабабњои табиї вогузошт. Тибќи маълумоти маркази тањќиќотии амрикоии Center
for Systemic Peace дар 10 њолат аз 44 њолат ин сарварон (якбора ва ё соле баъд) бар асари чанги шањрвандї, беназмињои оммавї ва дигар зуњуроти сиёсии хушунатбор аз ќудрат даст кашидаанд ва дар аксари ин мавридњо сабабори марги бештар аз 500 нафар шудаанд. Дар Ироќ бошад дахолати хориљї сурат гирифт ва муљиби он гардид, ки сарвараш эъдом шавад ва ба љанги тўлонї ва харобиовар доман зада шавад. Дар се њолати дигар (дар Конго, Руандо и Либиё) љанги шањрвандї муљиби иваз шудани њокимият, талафоти азими љонї гардид ва то њатто тамомияти арзии ин кишварњоро зери хатар ќарор дод. Бахт ба рўи мамолике, ки сарваронашон мехостанд аз пирї дар бистари њокимият бимиранд, бештар хандид. Марги ягон нафар аз ин 18 њокими дарозумр муддати як соли оянда сабабгори хушунати сиёсї нашуд. Аммо дар ду кишвар аз миёни ин мамолик љангњои дохилии хонумонсўз хеле баъдтар сар заданд: масалан дар Сурия баъди 11 соли марги Њафиз Асад ва дар Югословї низ баъди 11 соли марги Броз Тито. Оё метавон дар њоли мављудияти чунин хатарот ба ќатъи ќудрати Путин ноил шуд? Риски алтернативї ба эњтимолияти зиёд президентии якумра аст, ки ба назар мерасад арзиши он дар ин дарозмуддат хеле болотар бошад. Пардохтњо ба ин њисоб аз њоло аён аст: фасоде, ки бо чунин як сарвар решакан нахоњад шуд, тахриб ва ё барандохтани њамаи институтњои мустаќилинтихобњо, судњо, академияи улум, табдил додани ВАО ба абзори зўроварї, нобоварї ва таљовуз, боло бурдани масрафоти амниятї бар зарари сармояи рушди инсонї ва иљтимої. Љанг дар Укроин аллакай муљиби њалокати садњо, агар њам њазорњо набошад, шањрванди Русия гардид ва муљиби зиддияти хеле сангин бо Ѓарб шуд. Чунин аст њазинаи мо барои ќабули парадигмањо дар чањорчўби он ки Путин алтернатива надорад. Аз сол ба соли дигар ин њазина танњо рушд хоњад кард. Алексей ЗАХАРОВ, дотсенти ВШЭ Русия vedomosti.ru
СУЊБАТИ ДОЃ
“НИГОЊ”, ЧОРШАНБЕ №48 (430), 25. 02. 2015
11
Њайдаршоњ ЗАЙДОВ:
"МУЉОЊИДИ ТОЉИК ДАР УКРАИНААМ" Њайдаршоњ Зайдов соли 1975 дар шањри Душанбе таваллуд шудааст. Факултаи рўзноманигорї ва тарљумаи Донишгоњи миллии Тољикистонро соли 1997 хатм намуда, то соли 2002 дар як ќатор расонањои ахбори Тољикистон кор кард ва ба Украина рафт. Дар нашрияњои украинии "Галитски контракти", " Главред" масъули хабарњои Осиёи Марказї буд. Аммо бо шуруъи љанг дар шарќи Украина њамаро як сў гузошта, ба љабња рафт. Њоло дар яке аз полигонњои Украина хизмат мекунад. TojNews аввал сабаби ин тасмими ўро пурсид:
- Ин тавр мегўям - барои рўзноманигорї дигар љойи кам монд. Нашриёт ва медиањолдингњое, ки дар онњо кор карданї нестам, руњияи кремлгарої доранд. Њоло рўзноманигори мустаќил њастам. Аз хати аввали љабња гузориш мекунам. Маро ба љабња нагирифтанд, њарчанд аз рўзњои аввали сафарбаркунї ихтиёран ариза навишта будам. Њоло мефањмам, ки аз он чї ман мекунам, нафъи хеле бештар ба њамон љанговарон ва мардуми мулкї мерасад. Аммо агар зарурат пеш ояд, њатман дар сафи сарбозони Нерўњои мусаллањои Украина хоњам буд. - Њайдар, ту - тољик. Аммо дар Украина русњо ва украинињо мељанганд. Фикр намекунї, ки ин љанги ту нест? - Дар Украина љанги русу украин нест. Љанги ду низом аст. Дар миёни ихтиёриёни баталёнњои Украина теъдоди русњо зиёд аст. Намояндагони дигар миллатњое, ки Украинаро ватани дуввум кардаанд, низ зиёданд. Инњо ўзбак, тотор, чечен, арман, белорус ва ѓайраанд. Ман гуфта наметавонам, ки ин љанги ман нест. Ин љанг аз дигар љангњои шањрвандї фарќ дорад. Ба мо њамла карданд. Инро аз эњсос намегўям. Дар њудуди Украина артиши Русия амал мекунад. Далелњо вуљуд доранд, худ њам шоњидам. Ба ном мудофеъин њамагї 60% - и сокини вилоятњои Донетск ва Луњансканд. Њамонњо њам шањрванди Русияанд. Дар бораи силоњњое, ки дар Украина набуду њоло дар љангњо истифода мекунанд, чизе намегўем. Кремл аслан намехоњад, ки Украина аз минтаќаи нуфузаш берун шавад ва ба ин хотир, неруву маблаѓро дареѓ намедорад.
- Оё дар ин бора фикр кардї, ки агар Русия дар љанги пирўз ояд, њоли ту чї мешавад? - Фикр кардам. Русия пирўз намеояд. Агар воќеиятро гўям, ин барои ман љињод аст, ман муљоњидам, зеро барои њифзи замину хона ва Ватани худ мељангам. Украинњо дар ин бора аз мардуми дигар фарќ мекунанд, метавонанд бой дињанд, аммо намешавад бар онњо пирўз шуд. - Шањрванди Украинаї? - Бале. Аммо гап дар будану набудани шиноснома нест. Бисёрињоро медонам, ки шањрванд нестанд, аммо дар њайати неруњои мусаллањи Украина мељанганд. - Оилаат њам дар Украина аст? - Бале, њамсарам, ки аз русњои Украина аст ва фарзандонам бо мананд. Дар шањри Бердичевеи вилояти Житомир, 160 - километрии Киев зиндагї мекунем. - Ту дар љангњо ширкат мекунї? Инро аз аксњое мегўем, ки бо автомат ва либоси низомї њастї... - На, ин аксњо аз тренинги омодагии тактикї њастанд. Афродеро тамрин медињем, ки даъватномаи њарбї доранд ё ихтиёрї ба љабња мераванд. Дар доираи тамринњо тирандозї, тибби тактикї, усули пушти сар кардани стресс аз шоки равонї ва дигар чизњоро меомўзем, ки сарбози нав даъватшуда бояд донад. Чизе монанд ба курси кутоњу муассири љанговари љавон. Аммо бояд илова кунам, ки мисли ман волонтерњо њам дар ин љанг кушта мешаванд. Ўро мекушанд (ин гуна маворид њастанд) ё асир мегиранд. - Њайдар, ту дар Тољикистон зода шудї. Донишгоњи миллии Тољикистон-
Эй дењаи азиз, эй Шаватки солору куњан, инак бањор омадааст, аммо чаро ту бебаргу берангї? Мањзунї, ки акнун додари ман дар синаи поки ту ба рухсор ниќоби хок кашидаву дар олами дигар орамидааст?! Эй дењаам, љўйњоят шарфаву туѓён надоранд, чаро? Боѓњоят сабза надоранду урёнанд, кўњњоят сарду карахту бењуш, парандањоят болупаррехтаву хомўш. Чаро, эй дења? Оё аз ѓуссаи модари ман љомаи њузн ба сар кашидайї? Ва эй модарам, гумкардафарзанди ба ѓам пайванд, ин абри ѓусса аз куљо дамид? Ин армуѓони 80-солагият буд, ки аз аз сўи водии Вахш, аз сўи Душанбе фарзандат Абдуќањњор савори аспи чўбин сарду хомўшу бесадо љонибат барои видоъи охир меояд?! Эй нокоми солманд, муборакат бод ин мусибат ва эй оњуи тирхўрдаи захмї, муборакат бод, ки дур мондї аз фарзанд! Модар, медонам рўзњо ба мазор меойї, ба водии хомўшоне, ки танњо Худои хешро бо худ доранду бас. Чї гуна аз хона бархезї ва чї гуна ба роњ барої? Чї гуна вориди мазор шавї ва чї гуна дар сари гўри фарзанд дузону занї? Модар, чї гуна ин садои фарзанди ноком - Абдуќањњорро аз ќалби хоки тира бишнавию тањаммул кунї:
ИН МАНАМ БАР САРИ ХОКИ ТУ, КИ ХОКАМ БАР САР!
ро хатм кардї. Чаро аз Тољикистон рафтї? - Он замон дар Тољикистон њар гуна дигарандешї таъќиб мешуд. Ман дар ТВ "Сомониён" муњаррир будам ва на як бору ду бор барои гузоришњои худ бо намояндагони "боло" суњбатњои на он ќадар хуш доштам. Маќомот ба кори мо зиёд халал мерасонданд. Барои роњандозии шабакаи "Пойтахт" кўмак кардам ва умед доштам, ки ба њисоб мегиранд. Чун фурсат омад, фањмидам, ки ё низомро бояд таѓйир дод, ё љои зистро иваз кард. Ман роњи дуввумро интихоб кардам. Зимнан, майдон дар Украина њам аз он сар шуд, ки халќ хост низомро иваз кунад. - Тољикон асосан ба Русия мераванд, аммо ту чаро Украинаро интихоб кардї? - Модарам аслан аз Украина аст. Дар Русия он замон шароити зиндагї бадтар буд. Шањрњо ва марказњои бузургро дар назар надорам. Дар вилоятњои Саратов ва Рязан будам. Таассуроти ѓамангез дорам. Русњо худиро хуш надоранд. Русњои худро. Ватандўстии онњо забонї аст. Намегўям, ки дар Украина шароити зиндагї дар навоњии дурдаст сабук аст, аммо аз
(дар сўги бародарам Абдуќањњор) Вањ, ки њар гањ, ки сабза дар бўстон Бидамидї, чї хуш шудї дили ман! Бигзар, ай дўст, то ба ваќти бањор Сабза бинї дамида бар гили ман!... Эй мактаби дења, ёд дорї, Абдуќањњор шогирди ту буд? Ё фаромўш кардї, ки аз домани фазли ту дар шањрњои азиму донишгоњњои бузург ошён гирифт? Устоди фанни риёзї шуд, ахиран дар дар литсеи ноњияи Шањритус директор буд, дањњову садњо шогирдон парвардаву ба пањнои зиндагї гусел карда, ки акнун дар гўшањои кишвару берун аз он кору хидмат мекунанд. Мактабам! Ёд дорї, ин шогирди рањдурат њар гоњ ёди дењу модари азиз мекард, ба остони ту њам ќадам мемонду дар рўбарўи устодони азиз аз ифтихороти хеш њикоят мекард ва мудом ифтихор аз ту мекард?... Шунидам, дар рўзи марги додарам Абдуќањњор аз
мактаб ин садо меомад: Дареѓо, ки бе мо басе рўзгор, Бирўяд гулу бишкуфад навбањор. Басе тиру даймоњу урдибињишт Биёяд, ки мо хок бошему хишт! Модарам, чї кунам, ки дар ин рўзњо пањлўят нестам, дар канорат нестам, то даст ба дастат нињаму њавлї бароям, ба кўча равам, ба мазор равам. Додар, чї кунам, ки сарнавишт маро њам ѓариби дур аз дењ кардааст; њаќ дорї, озор кунї, ки куљост аппаи мењрубон, ки имрўз сабзаи хоки маро тамошо кунад? Бале, чї кунам, дур мондаам, ки дар сари гўри додар нишинаму оњ кашам: Кош, к-он рўз, ки дар пойи ту шуд хори аљал, Дасти гетї бизадї теѓи њалокам бар сар,
он чї дар Русия аст, кас хулоса мекунад, ки ин гуна танњо душманро бад мебинанд. - Мо иттилоъ дорем, ки дар сафи љангиёни ЛНР ва ДНР тољикон њам мељанганд. Инро медонї, ки он љо бо тољики худат њам мељангї? - Дар бораи тољикони он тарафи љабња маълумоти даќиќ надорам, аммо аз ин хабар дорам, ки аксари ихтиёриён дар Русия зархарид ё кироя њастанд. Онњоро мефањмам - маблаѓи калон пешнињод мекунанд. Шахсан маро њам мехостанд ба сафи ДНР љалб кунанд, 5000 ва њармоња то 1500 доллар маош ваъда карданд. Ман бародарони худро мањкум намекунам, аммо мехоњам ба онњо ин њарфро расонам, ки ин пул барои љангидан намеарзад ва онњоро ба Украина даъват мекунам. - Худат пул намегирї? - Не, не, баръакс. Аксаран пули худро харљ мекунам, то чизе бихарам, масалан, барои дастпоккун, ширинї ё ягон чизи дигар, ки бачањо аз љабња хоњиш мекунанд. Ман охир љињод дорам, барои хонаву дар ва Ватани худ мељангам?!
То дар ин рўз љањон бе ту надидї чашмам, Ин манам бар сари хоки ту, ки хокам бар сар! Модарам, оташи њаљру доѓе, ки аз вуљуди ту шуъла мезанад, сартопои маро низ печидааст. Ту хоки додарамро бубинию шояд андаке њам тасаллї ёбї, аммо ман дур аз шумоњоям ва ба як бор мурдани додар акун сад бор мемираму боз зиндаам... Чора чист аммо? Банда - миранда ва Худованд моро барои рафтан ба он љањон офарида. Пас, бузургтарин давову дармони дили пураламу хунчакони мо бояд таваккул ба Худованди карим бошад, аз даргоњи рањмати Ў таманно кунем, ки додарамро дар љавори рањмати бекаронааш гирифта бошад. Ваќте бо Худо бошем, танњо нестем, мањљуру мусибатзадаю ранљур нестем. Зеро: Чун шудї зебо бад-он Зебо расї, Ки рањонад руњро аз бекасї! Парвариш мар боѓи љонњоро намаш, Зинда созад мурдаи ѓамро дамаш! Бибисоро ХОКИРОЕВА, ш. Душанбе.
12
“НИГОЊ”, ЧОРШАНБЕ №48 (430), 25. 02. 2015
StatusLokalis (мавќеї): …кўтоњии пои чап ба 2 см баробар мебошад. Харобшавии мушакњои рони чап нисбат ба рост ба 1,5 ва дар соќ ба 1 см баробар мебошад. Торњои асаб ва рагњои хунгард бетаѓйир дар акси R- НИИ кос тангшавии сатњи буѓуми косу рон, деструксияи сараки рон ва хукаостеофитњои канори аз чап мушоњида мешавад. Ташхис: Коксартрози диспластикї аз чап. Контрактураи омехтаи буѓуми косу рони чап. нишондод: …њолати умумии бемор сину соли бемор ба назар гирифта шуда, лозим дониста шуд, ки бо бењискунии спиналї љарроњии эндопротезитоталии буѓуми косу рони чап гузаронида шавад…
ТАБЛИЃ ®
Бемористони Ибни Сино:
МО БАРОИ СИФАТ ВА НАТИЉА ФАЪОЛИЯТ МЕБАРЕМ!
Ин намунае аз ташхис ва нишондоди дафтари сабти таърихи беморон аст, ки дар шуъбаи ортопедї ба мо нишон доданд. Мутахассисони шуъба иброз намуданд, ки аксар ваќт беморон ба онњо ваќте мурољиат мекунанд, ки кор аз кор гузаштаву беморї кўњна (музмин) шудааст. Њангоме, ки мо суњбат мекардем, марде ворид шуд. Аз Фахробод омада будааст. Њамсарашро њашт сол боз табобат кардаву натиљаи дилхоњ ба даст намеомадааст. Пас аз ташхису табобати мутахассисони Бемористони Ибни Сино аллакай худро бардаму солим эњсос намуда, аз пизишк иљозаи рухсатї мехост. Пизишк Ќурбоналї Мирзобеков пас аз навиштани доруву дармони зарурї раќами телефони мардро навишта гирифт ва гуфт: -Њанўз барои шодиву нишот барваќт аст. Пас аз бисту панљ рўз боз бояд аз ташхис гузаронем. Мард бо камоли адаб хайрухуш намуду суњбати мо идома ёфт.
Бахши ортопедии Бемористони Ибни Сино чї афзалиятњо дорад ва кадом беморињоро табобат мекунад? Дар ин маврид сўњбате доштем бо Мирзобеков Ќурбоналї Саидбеговичмутахассиси бахши ортопедии Бемористони Ибни Сино Шуъбаи тибби клиникавї - шуъбаи љарроњиест, ки ба омўзиши таљриба ва ташхису табобати бељошавию зарар дидани системаи буѓумии косу устухону мушак машѓул мебошад. - Сабаби пайдоиши ин беморињо чист? - Асли пайдоиши беморињои вобаста ба ортопедия натиљаи бо нуќс тав-
валуд шудан, оќибати љароњат бардоштан ва табобат надиданњо мебошад. Дар аксар маврид сариваќт табобат нагирифтан ин гуна беморонро ба маъюбї оварда мерасонад. Хушбахтона, Бемористони Ибни Сино дорои навтарину бењтарин таљњизот аст, ки ташхису табобатро мутахассисони дар сатњи љумњурї ва берун аз он шинохташуда, ба таври фаврї ва бо камоли масъулият анљом медињанд. - Дар муддати кўтоњ мо тавонистем бо расонидани хидматњои сатњи баланд ва анљом додани љарроњињои ортопедї ва шикастагињои мураккабу нозук боварї ва розигии табобатгиран-
дагонро ба даст орем. Дар ин бахш танњо соли гузашта 30 љарроњии мураккаб гузаронида шуд, ки њамааш бо мувафаќият анљом ёфт. Аз љумла амалиёти эндропротез (иваз кардани буѓум ё гузоштани буѓуми сунъї) дар буѓуми косу рон ва зону хеле хуб анљом дода шуд. Инчунин насб ва роњандозии љарроњии гузоштани штифти интрамедулярї њангоми шикастани устухонњои соќ ва рон гузаронида шуд, ки дар кишвар бесобиќа мебошад. Таљњизоти замонавї ва тарзу усули табобати мо шароитеро фароњам месозад, ки бемор зуд фаъол карда мешавад. - Бештар варзишгарону нафароне, ки ба мењнати љисмонї машѓуланд, ба шумо мурољат мекунанд ё...? - На танњо онњо. Њолатњое мешавад, ки баногоњ инсон мелаѓжад, мувозинаташро гум карда меафтад, лат мехўрад, барои њамин кўдакону пиронсолону дигар намояндагони ќишрњои љомеа низ ба мо мурољиат мекунанд. Шоирону нависандагон, њофизону кормандони соњањои гуногун аз хидмати тибии мо истифода бурдаанду мебаранд. Дар бемористони мо тамоми
шароити табобат мављуд аст. Зикр бояд намуд, ки љарроњї ва осебшиносї яке аз ќисмњои муњими тибби варзишї мањсуб меёбад. Тибби варзишї маљмуъаи илми биологї тиббї мебошад, ки таѓйироти организми варзишгарро дар тамоми њолатњо мавриди омўзиш ќарор медињад. Маълумоти зарурии варзишї доштани духтури ортопед дар ин марњила ба ў кўмак мерасонад. Аслан ортопедияро бе табобати љисмонї, масњи варзишї тасаввур кардан мумкин нест, зеро табобати љисмонї - тарбияи бадани бемор њолати равонии ўро низ хуб намуда, имкон медињад, зудтар шифо ёбад. Тамоми дастгоњњои машќї, ки барои тарбияи љисмонии беморон истифода мешаванд аз хориљи кишвар ворид карда шудаанд, ки ба меъёрњои байналмилаллї љавобгў мебошанд. Дар Бемористони мо теъдоди духтурони ботаљрибаву баланддараља бисёр аст. Аз натиљаи табобати мо њамаи он нафароне, ки инљо табобат гирифтаанду мегиранд, розиву ќаноатманданд! Мо барои сифат ва натиља фаъолият мебарем!
Маълумоти бештарро аз сайти расми Бемористони Ибни Сино http://ibnisino.tj/ метавонед пайдо намоед.
Амруллои НИЗОМ
Бориши барф дар ноњияњои љануби Тољикистон кишоварзонро ба ташвиш овардааст. 24-уми феврал дар ноњияњои Ќубодиён, Шањритус ва Носири Хусрав барфи нахустин борид, ки кишоварзон онро "барфи ѓайриинтизор" меноманд. Ба гуфтаи сокинони мањаллї дар 5 соли охир ёд надоранд, ки дар ин шабу рўз, ки дењќонон дар сањро машѓули кор мебошанд, барф борида бошад. Ба гуфтаи бобои Бердимурод, роњбари яке аз хољагињои дењќонї дар ноњияи Носири Хусрав, дењќонони ин минтаќа бисёре аз зироатњоро кишт
НИГАРОНИИ ДЕЊЌОНОН АЗ БАРФИ АВВАЛ ДАР ШАЊРИТУЗУ ЌУБОДИЁН кардаанд, агар сармо чунин идома кунад, эњтимоли хунук задан низ вуљуд дорад. "Њамасола ин шабу рўзњо мо дењќонон дар як ќисми заминњоямон кишти пиёз, картошка, сабзї, гандум ва ѓайраро мегузаронем ва имсол њам чунин кардем, аммо тарс аз он дорем, ки мењнати кардаи имсолаамон барбод мераванд", - мегўяд ў. Аммо Неъмат Гулбоев, сардори идораи кишоварзии ноњия мегўяд, ин
сардї ба дењќонон хисорот намеорад: "Инљо пеш аз њама эњтимоли сармо хурдани зардолу ва бодом мављуд мебошад, чунки ин навъи дарахтон ба пурагї гул кардаанд, ба замми ин агар дењќононе, ки картошкаи шинонидагиашонро беш аз 8 сантиметр зери хок накарда бошанд, онњо низ мумкин аст аз ин сардињо хисорот бинанд. Ба боќимонда навъњои зироат ва дарахтон ин хунукї таъсир расонида наметавонад".
ТАХТАИ СИЁЊ
“НИГОЊ”, ЧОРШАНБЕ №48 (430), 25. 02. 2015
13
ТУРИСТ ВА ТУАЛЕТ Гуруњи сайёњони Кувайт аз Душанбе то Кўлоб њољатхона наёфтаанд, то ќазои њољат кунанд. Ин хабар, ки дар сомонаи Тољнюс пахш шуд, шабакањои иљтимоиро тарконд. Зубайдулло Зубайдов, сафири Тољикистон дар Кувайт аз вазъи шармовари соњаи туризм нигаронї карда, гуфт сайёњони араб тўли беш аз се соат, аз Душанбе то ќалъаи Њулбук, маљбур буданд, ќазои њољат накунанд, зеро дар роњ ягон њољатхона наёфтаанд. Љаноби Зубайдов ин нуктаро 20-уми феврал дар мењмонхонаи "Шератон"-и Душанбе, зимни дуюмин љаласаи муштараки ширкатњои сайёњии Тољикистон ва Кувайт изњор кард. -Дирўз гурўње аз сайёњони кувайтї ба хотири боздид аз ќалъаи Њулбук ба шањри Кўлоб сафар кардаанд. Мењмонон дар давоми ин сафар, ки рафту баргашти он то 400
км роњро ташкил медињад, аз Душанбе то Кўлоб дар роњ ягон њољатхона наёфтанд, ки ќазои њољат кунанд. Агар воќеан мо хоњем, ки рушди ин соњаро дар Тољикистон равнаќ бахшем, бояд тамоми шароитро ба назар гирифта, сатњи хизматрасонињои худро аз фурудгоњ сар карда, то замони гусели мењмонон бењтар кунем. Сафири Тољикистон инчунин ба ширкатњои сайёњии ватанї ваъда дод, ки омодааст самимона ва бидун ташаккур дар ин соња бо онњо њамкорї кунад. Зубайдулло Зубайдов гуфт, ки дар наздиктарин фурсат бо њамкории ширкатњои сайёњии кувайтї як хатсайри чартерии
Кувайт-Тољикистон роњандозї хоњад шуд ва агар ширкатњои ватанї ва Кумитаи љавонон, сайёњї ва варзиши кишвар тавонанд, ки хостањои сайёњони кувайтиро дар сатњи баланд бароварда созанд, метавонанд њам фоида хуб ба даст оварданду њам чандин љойњои нави корї фароњам созанд. Маврид ба зикр аст, ки ањолии Кувайт 1 млн. 200 њазор нафарро ташкил дода, солона ба њисоби миён 4 сафари сайёњатии хориљї доранд. Агар Тољикистон дар самт муваффаќ шавад, метавонад сайёњони 6 кишвари Халиљиро низ ба худ љалб кунад. Амруллоњи НИЗОМ
БАЪЗЕ АЗ НИГОШТАЊО АЗ ФОРУМИ ТОЉНЮС ВА ШАБАКАЊОИ ИЉТИМОЇ: Фарид: Дигар сафирњо ними кори Зубайдовро намекунанд. Дигар сафирон реклама мекунанду халос. Сафири мо дар Туркия тољир шудааст, аз њисоби визањо молу мулк љамъ кардааст. Аз МИД (Вазорати корњои хориља) касе ба Сафорати ЉТ дар Анќара рафтан намехоњад, сабаб танњо сафир аст, сафирро дигар кунанд, њама мераванд. Мусофир: Дар њаќиќат дар ин масир Душанбе-Кулоб њољатхонаи љавобгў ба талабот нест. Як хочатхона дар нахдикихои Норак замоне буд, аммо хеле бадбуй ва ифлос. Айб аст бешухи. Шарофиддин Хаки: Зубайдов сад дар сад њаќ аст! Модоме, ки мо даъвии ба минтаќаи сайёњї ва туризм табдил додани Тољикистони азизро дорем, пас барои эњтиром ва нишондодани маданияти хеш бояд дар сари роњњое, ки сайёњонро ба љойњои таърихї мебаранд, њатман бояд њочатхонањои замонавї сохт. Ростї, аз њамватанону њаммиллатони хеш орам меояд, ки аз дастгирии ин иќдом санги маломат мезананд. Шояд аксари мо ба ѓайp дењкадаву ноњияи хеш дигар љоеро надида бошем, лек мардум дидаанд, ва мехоњанд, ки ватанашон обод бошаду бомаърифат. Бењуда сарвари давлат нагуфта буд, ки пеш аз оне, ки мо сайёњонро даъват намоем, бояд барои ќабули онњо тамоми шароитро фароњам оварем. Ва сохтани њочатхона низ яке аз он аст, њамдиёрони азиз. Вай хоњ дар Айнию Панљакент бошад ва хоњ дар Кўлобу Бадахшону Ѓарму Њисор. Дар тамоми кишварњое, ки ба сайёњиву туризм сару кор доранд, онњо дар сари роњњояшон њочатхонањои тозаву озода ва пулаки-
Дар се рўзи охир дар роњњои тобеъи ширкати IRS дар натиљаи резиши барф ва тарма 5 нафар ба њалокат расидаанд. Бино ба иттилои масъулини Кумитаи њолатњои фавќуллода ва мудофиаи гражданї, дар шоњроњи Душанбе-Чаноќ кормандони масъули наљотдињї ба корњои кофтукобї барои дарёфти љасадњои фавтидагон машѓул мебошанд. Дар Кумита мегўянд, 23-юми феврали соли равон соати 11:45 даќиќа, дар километри 158-ум шоњроњи ДушанбеХуљанд дар минтаќаи аѓбаи Шањристон дар њудуди ноњияи Айнї автомашинаи боркаши тамѓаи "Газел" ба чуќурии 50 метр сарзер шуда, зери тарма мондааст. Ронандаи Њайдарљон Шокиров, истиќоматкунандаи ноњияи Бобољон Ѓафу-
ро низ ба роњ мондаанд. Дар худ назокати инсониро ќоим бошем. Бањс њам ба инсони бо адаб зебандааст.... Фарид, Њисор: Њамин мардак, гапи њаќќа гуфтааст.О ваќте, ки як мењмонро даъват менамоию вайро ба љойњои таърихї мебарї, бояд вай рањорањ њаловат кунад. На ин, ки барои дарёфти њољатхона ба кўњ давад ё дар пушт дарахтеву на медонам боз куљое нишинад ё дар назари зану хоњари мо рост истода ќазои њољат кунад. Ай мардаки хуб, Зубайдулло ин пешнињодатро бояд мо мардум пазирему бояд дар љойњои зарурї чунин њољатхонањоро созем. Чї љои ранљидан. Аз гапи њак меранљем... Шодибой, Гарм: Дар тамоми давру замон ва дар тамоми дунё мардумонро аз рўи њољатхона, њамом , бозор ва роњу мењмонхонањояшон бањо додаву маданияташонро ќадр кардаанд. Муњтарам сафир гапи њаќро гуфтааст. Ва он бояд ислоњ шавад.Мо ки даст ба сина зада даъвии ориёои мекунем пас бояд сазовори маданияту фарњанги ориёї бошем. Кош њамаи сафирон чун Зубайдов мебуданд. Мо бисёр сафиронеро медонем, ки ба ѓайри гами худ чизи дигареро намебинанд. Самак, Душанбе: Ташаккур Зубайдулло! Мо то ба он дарачаи мехмонкабулкуниву мехмонгуселкуни мерасем, ки ...Як бор сафар карда ранчи сафарро кашанд, Гапу харфи хамун Хуршеди айниги дигар мешавад. Вакте ки садхо километро таймекунию барои дастшуи ва ё тахоратшикани чой намеёби, он вакт мефах-
ми ки гап сари чист!!!! Дилшод: Муњтарам сафир ин мењмонњои шумо мусалмон будан ё ѓайри мусалмон! Дар шоњроњи Душанбе-Кўлоб на камтар аз панљ масљид дар сари роњ вуљуд дорад, ки аз њама дур аз роњ будааш бист е сї метрро ташкил медињад ва њар рўз мардуми мусофир аз тањоратхонањои ин масољидњо истифода мебаранд, ё ин ки мењмонњоятон дар унетазњои тилои тањорат шикаста, дилашон нашуд аз ташнобхонањои мо истифода баранд! Баходур: Дилшод, Худо гуй, ки мехмонњо хатто ба тахоратхонаи масчиди марказии пойтахт надароянд.. Юнусов Юнус: Агар њар як сафири Тољикистон чун Зубайдулло Зубайдов кор мекард, Тољикистони мо хеле рушд мекард. Он чї ин бародари азиз гуфтааст, њазор фоиз дуруст аст. Мо хештаншинос бояд бошем.. Шумо, ки њангома мехоњед, фарњанги миллиро як сў гузошта, валвала барпо мекунед. Ин аз рўи адолат нест!!! Лаќайќул: Фабрикањои калонтарин дар минтаќа месозанд, вале дар 24 сол њочатхона намесозанд??!! Ба арабњо мефањмонданд, ки ќад-ќади ин роњ "Ориёї"-њои асил бо таърихи 200000000- сола зиндагї мекунанд. Содиќ: Барои мењмонон ва мусофирон њочатхонањои љамъиятї як мушкилист. Дар баъзе љо њољатхона нест, дар љои дигар бошад њам дар њолати антисанитарї ќарор дорад. Ягона њољатхонањои пулакї каму беш ба тозагиву санитарї љавобгўянд. Ман пешнињод мекунам,ки њаммаи њољатхонањои љамъиятї пулакї (50 дирам) карда шавад. Аксари ањолии кишварамон дењотињо мебошанд ва бештари онњо њатто аз истифода бурдани њољатхонањои унитаздор ё обї на-
ЊАЛОКАТИ 5 НАФАР ДАР РОЊЊОИ ЗЕРИ НАЗОРАТИ IRS ров дар љойи њодиса ва мусофири он Усмон Шокиров дар беморхона ба њалокат мерасад. Инчунин, 22-юми феврали соли равон соати 11:30 даќиќа дар шоњроњи Душанбе-Чаноќ дар аѓбаи Шањристон автомашинаи боркаши гази моеъи тамѓаи "Дулан" зери тарма монда ба чуќурии 800850 метр меафтад. Дар натиља ронанда ва 2 мусофири дохили автомашинаи мазкур Иномљон Мирмухамедов ва Илњом Мирмухамедов истиќоматкунандагони мањалаи Чашмаи шањри Хуљанд зери
тарма монда, беному нишон гаштанд. Кумитаи њолатњои фавќуллода ва мудофиаи гражданї аз тамоми шањрвандон мехоњад то бе зарурият ба минтаќањо сафар накунанд. Кумита аз ронандагон мехоњад то бе занљирбанд сафар накунанд ва маводњои аввалия аќалан барои як рўзро њамроњ дошта бошанд. Ин њодисањо дар роњњое ба вуќуъ пайвастаанд, ки нигоњдории онро ширкати пулчинаки "Innovative Road Solutions" (IRS) ба ўњда дорад.
метавонанд. Агар дар телевизион оид ба мавзўи этика барномањо пахш мекарданд хуб мешуд. Аскарали: "Уребча" њамрањат бар, Ваќти сафар ба Хатлон, Ё тарафи Зарафшон, Ё чу равї Бадахшон, Њатто Њисори Шодмон, Холї нарав бародар, "Уребча" њамрањат бар. Уребча - ин наљот аст, Ваќти ќазои њољат. Уребча - ин барот аст, Ваќте надорї тоќат. На дар рањи Зарафшон, На дар рањи Бадахшон. На дар рању рўи Рашт, На Ќурѓану на Хатлон, Љойи ќазои њољат, То нашавї маломат. Уребчањои калон, Баред ба худ ба Хатлон. Баред ба худ уребча, Ба Рашту бар Бадахшон. Дўст: Ин мушкил роњњал дорад. Зимни тањияи регламентњои техникї, ТУ ва ГОСТњои вобаста масалан ба НФС-њо, ошхонањо ва њатто масљидњо андозаи њатмии туалету тањоратхонањо, масолењи сохтмонии онњо ва меъерњои санитариву эпидемиологии онњоро бояд љорї кард. Ана баъд мебинед, ки чойхонаи "Роњат" дар марказ, "Газпромнефт-Тољикистон", Фароз ё Умед-88 дар НФС-њояшон туалетњои ба меъёр љавобгў месозанд. Раисони Душанбе, Хуљанду Ќурѓонтеппа сар кунанд, дигарон њатман пайравї мекунанд.
14
“НИГОЊ”, ЧОРШАНБЕ №48 (430), 25. 02. 2015
ЧЕЊРА
НИГОЊИ МАРДУМИ СУОЛИ БОБ
“НИГОЊ”, ЧОРШАНБЕ №48 (430), 25. 02. 2015
15
АКСИ ГЎЁ
РОСТ АСТ, КИ ВАЗИР БА НАЗДИ МАРДУМ МЕРАВАД? Шунидам, ки бо дастури Президент Эмомалї Рањмон вазири корњои дохилї Рамазон Рањимзода барои мулоќот ба назди мардум мерафтааст. Агар ин дуруст бошад ин мулоќотњо кай баргузор мешаванд? Абдувакили АБДУРОЗИЌ, сокини вилояти Суѓд Дар посух ба ин суоли Шумо аз Вазорати корњои дохилии Тољикистон гуфтанд, ки мўњтарам Рамазон Рањимзода, вазири корњои дохилии Тољикистон 14-уми март барои мулоќот бо сокинон ба вилояти Суѓд мераванд. Тибќи наќшае, ки вазири корњои дохилї 21-уми феврал тасдиќ кардаанд, дар як сол ба њар минтаќаи кишвар 4 маротибаї ба мулоќоти мардум мераванд. Аз соати 9 то 12 арзу шикояти сокинонро хоњанд шунид. Ба суоли шумо аз Маркази матбуоти ВКД посух доданд.
АЗ КУЉО ФАТВО ГИРЕМ? Дар оилаи мо тайи чанд њафтаи ахир бањсњои гуногуни оилавї зиёд шудааст. Ба хотири гирифтани фатво ва ё посухњои дурустї мазњабї ба кї ё ба куљо мурољиат кунем? Мастураи Муњибзод, сокини шањри Душанбе Дар Тољикистон Раёсати фатвои Маркази исломии кишвар ягона нињоди расмии фатводињанда шинохта шудааст, шумо метавонед барои гирифтани фатво ба онњо мурољиат кунед. Бар илова, имомхатибони масљидњои љомеи кишвар бевосита ё бавосита ба суолњои мазњабии мурољиаткунандагон посух медињанд. Инчунин дар шабакаи љањонии Интернет сомонаи хонаводагии оилаи Тўраљонзодањо - turajon.com амал мекунад ва бародарон Эшони Нуриддинљон, Њољї Акбар ва Мањмудљон Тўраљонзодањо низ ба суолњои корбарон ва муридону мухлисони худ љавоб мегардонанд. Ба суоли Шумо масъули бахши дину мазњаби нашрияи "Нигоњ" љавоб дод.
"БАРЌИ СИЁСЇ"-РО ЌАБУЛ НАДОРАМ! Њукумати Тољикистон дар давоми ду њафта ѓайри интизори мардум тасмим гирифт, ки лимити нерўи барќро дар саросари кишвар дар рўзњои охири моњи феврал барњам дињад. Аввал лимитро ба 12 соат расонданд, баъд дар як рўз 19 соат карданд, њоло эълон карданд, ки 28-уми феврал дар саросари кишвар лимити нерўи барќро барњам медињанд. Дар чанд соли охир маротибаи аввал аст, ки дар Тољикистон мавсими бебарќї ба ин зудї барњам дода мешавад. Њар сол бањона пеш меоварданд, ки сатњи оби Нерўгоњи обии барќии Норак поин буда, то зиёд шудани боришот ва зиёд шудани оби дарёњо наметавонанд, мардумро бо нерўи барќ таъмин кунанд. Масъулини ширкати "Барќи тољик" имсол аз паст будани сатњи об лаб накушоданд. Аммо њоло чунин метобад, ки аз фазои "гарм"-и маъракаи пешазинтихоботии парламентї, ки 1-уми марти соли 2015 баргузор мешавад, барфњои куњњо об шуда, обанбори Норакро пуроб кардаанд? Маълум аст, ки лаѓви лимити нерўи барќ ќабл аз интихоботи парламентї баромада, аз тасмимњои сиёсист. Аз ин бармеояд, ки агар ба Њукумат зўр ояд, мардумро ба 24 соат нерўи барќ дар 4 фасли сол таъмин карда метавонад. Њамчун як шањрванди ин кишвари соњибихтиёр асло аз чунин тасмимоти сиёсї ва нерўи барќи сиёсишударо ќабул надорам! Бигзор, барќе, ки бўи сиёсат аз он мерезад, дар хонаи ман набошад! Таппак зинда бошад! Мурод САНГИНОВ, собиќадори таппаксўз
?-И НОБОБ ОЃОЗИ ТАЊАВВУЛОТ Сабр кун то фасли ревоси дигар, Эй замин бар носипосии башар. Мерасад фасли нузули ояњо, Марг меборад ба ин бедояњо. Як нафар бархоста њамроњи бод, Такя дода бозуяшро бар чакод. Як нафар, ки дар њамин наздикињост, Як нафар, ки номи ў фардои мост. Мерасад чун моњ дар шабњои мо, Мешавад љорї ба "Ёраб"-њои мо. Рўзу шабњо мефурўзад барќро, Мечинад аз дида хоби Шарќро. Мо ба ў то боѓи ирфон меравем, То ба зери чатри найсон меравем. Боѓи лодан мекунад эљод ў, Даштњоро вусъати иршод ў. Мекунад мамнуъ зулми хорро, Мебарад аз зењн истисморро. Зулфиќори барќи найсон моли ўст, Боѓњо авќофи байтулмоли ўст! Њар куљо анбори пуртиру туфанг, Меситонад хашмноку бедиранг. Меситонад хунбањоро аз Шаѓод, Мезанад оташ ба тухми ќавми Од. Мекунад тадфин ў шамшерро, Менамояд њабс ќавми серро. Медињад аз дида абри навбањор, То бисозад даштњоро обшор. Менамояд фикри Неронро аќим, Темучину ланги Темурро дуним. Рўдњоро Рўдакихон мекунад, Бодњоро Анваридон мекунад!* Ў расули ростини сорњост, Ў сукути сокити минќорњост. Барзагови нурро бандад умоч, Базри бисмиллоњ мепошад ба Чоч. То Фаластин мекушояд роњро, Мефурўзад ломпи бисмиллоњро. Њар сари сархўрро сар мезанад, Њарки бархезад, мукаррар мезанад. Ў амини ормонњои ман аст, Ў яќине дар гумонњои ман аст. Номи ўро ман шунидам дар ќунут, Ашки ўро дидаам дар захми тут. Сабр кун то фасли ревоси дигар, Эй замин, эй ростї, Уммулбашар! 4-уми июни соли 2001
?-И НОБОБ
БА САРИ ОИЛАИ ЧОЛОВЊО ЧЇ ОМАДААСТ? Чанд ваќт мешавад, ки дар расонањои мустаќил дар бораи оилаи пурнуфузи Чоловњо хабару гапњои зиёд нашр мешаванд. Як рўз мехонем, ки фарзанди Ќурбон Чолов гузаштааст, пайи ин хабар кўр нашуда, дар бораи даргузашти худи Ќурбон хабар хондем. Њоло дар бораи боздошти бародари Ќурбон Чолов хабарњо пањн шуд. Агар имкон бошад, мегуфтед, ки воќеан ба сари ин оилаи маъруф дар Кўлоб чи њодиса омадааст? Бекназар МУЊАММАДЇ, сокини вилояти Хатлон - Воќеан, як соли охирро барои оилаи Чоловњо давраи вазнин гўем, хато нест. Ва он хабарњое, ки Шумо зикр кардед, асоси воќеї доранд. Њамагї чанд рўз пеш Љавњаршо Чолови 45-сола, бародари Ќурбон Чолов, собиќ фармондењи Фронти халќї бо иттињоми нигањдорї ва ќочоќи маводи мухаддир боздошт шуд. Маќомот гуфтаанд, ки њангоми кофтукоби хонааш 900 грамм маводи мухаддир ёфтаанд. Њоло ў дар боздоштгоњи муваќќатї нигањдорї мешавад. Маротибаи аввал нест, ки Љавњаршо ба зиндон меравад. Барои "ќаллобї" дар соли 2012 низ зиндон шуда буд, ки пеш аз муњлат љавоб шуд. Инчунин, њоло нисбат ба панљ узви ин хонаводаи пурнуфуз парвандаи љиної кушода шудааст, ё дар мањбас мебошанд. Давлат Чолов як бародари онњоро як сол ќабл бо иттињоми он, ки љавононро ба Сурия љалб мекунад, зимни сафар ба Туркия дастгир кардаанд. Маќомот гуфта буданд, ки ў аз Туркия ќасди сафар ба Сурияро доштааст. Ин иддаоро Давлат рад кард ва бо пардохти љарима озод шуд. Давлат низ пеш аз ин дар соли 2003 бо иттињоми таљовуз ба номус ва куштор мањбас гардида буд, ки баъди озодї ба тиљорат машѓул буд, мегўянд. Ба љуз Давлат ва Љавњаршо аз ин оила Зиёратшо, Сулаймон ва Фирдавс дар мањбас мебошанд. Моњи декабри соли 2014 писари Ќурбон Чолов - Панљшери 31сола бо сабабњои номаълум аз дунё гузашта буд. Панљшер молики бозори "Панљшер" дар Душанбе дониста мешуд. Исми ў њам бо содир кардани љиноят расонаї шуда буд. Як пиёдагардро бо худраваш маљрўњ карда, бо љарима аз љавобгарї озод шуда буд. Панљшер пас аз як моњу чанд рўзи марги падараш - Ќурбон Чолов аз дунё гузашт. Њамон ваќт мегуфтанд, ки ў пас аз марги падараш хеле дилсард буд. Ќурбон Чолов дар синни 54 - солагї аз дунё гузашт. Ќурбон ва Султон Чоловњо дар парламенти соли 2005 - 2010 вакил буданд. Ба њамагон маълум аст, ки ин хонавода барои таќвият ёфтани њукумати кунунї дар Фронти халќї љанг карда буданд. Ин аст, маълумоти мухтасар аз вазъи ин хонавода дар як соли охир.
АРЗИ МИННАТДОРЇ Мо ба ширкати "Расул-сохтмон" барои муњайё кардани шарту шароит дар ваќти сафари Њаљљи умра миннатдории худро баён медорем. Ин ширкат дар ваќти сафари Њаљљи умра тамоми шароитро барои мо муњайё кард. Мехоњем ба воситаи њафтаномаи "Нигоњ" арзи миннатдории худро ба ин ширкат расонем. Бо эњтиром оилаи Љабборовњо
КОМИЛАН «ЉИДДЇ»
“НИГОЊ”, ЧОРШАНБЕ №48 (430), 25. 02. 2015
ПУРБИНИ «НИГОЊ»
НИГАРОНИЊОИ ЃАЛТАК АЗ ТАШХИСИ БАКОРАТИ ДУХТАРОНИ АРЎСЇ Ѓалтак ба маљлиси падару модарон ба мактаб омад. Вай овезаи назди дари ин мактаби вайрону валангорро дида, хулоса кард, ки муаллимаро барои бесаводии фарзандаш љанг намекунад. "Бењтараш, бачаро аз ин оѓил гирифта, ба ягон љойи ободтар супорам", - аз дил гузаронд ў. Њоло мардуми ин љо, ки дар њамин мактаби замоне обод хонда, ба ќавле, одам шудаанд, баъзеи онњо њар рўз як "љип" иваз мекунанд, бояд намояндаи худро дар Парламент - як шохаи њокимият интихоб кунанд. Онњо њамин мактаби вайронаро дида, бояд дар бораи ин номзадњо чї фикр кунанд? Њич не, агар дар њукумати ноњияи Рўдакї, аќаллан як одами дилсўзи ин мардум мебуд, магар ин мактаб ба оѓилхона табдил меёфт? Ба фикру хаёл ѓарќ шуд Ѓалтак. Њамин ваќт чашмаш ба дўсташ Мирзодиккак афтод, ки дар баѓал як даста вараќаи тарѓиботї сўи ў меомад. - Офтобед, ба Худо! Офтобед, дўстам! - бо лабханди тамасхуромез гуфт Ѓалтак ба дўсташ Мирзодиккак. Суњбати онњо дар сањни њамин мактаб давом кард. Мирзодиккак: - Ња, дўстам, имрўз воќеан офтобї шуд, кори моро Худо њам осон кард. Зимистон њам рањми мардуми моро мехўрад, - вонамуд кард, ки гўё манзури дўсташро аз офтоб гуфта тавсиф карданаш нафањмида бошад. Ѓалтак: Фаќат нагў, ки нафањмидї чаро "офтоб" гуфтам. Аввал касеро, ки таърииииф(!) карданї шаванд, мегуфтанд, ки "девонаааашай!" Њоло, баъди ин ки њизбатонро ба офтоб ташбењ додед, мегўянд "офтоообай!". Мирзодиккак: - Кинояатро фањмидам, дўстам. Њамин одататро дўст намедорам, ростї гап. Аслан њамаи шумо њамин хел, ба чизњои майда - чуйда диќќат медињед. Хайр, чї офтоб гуфтанд, магар офтоб аз "девооонаш" хубтар нест? Ѓалтак: - Албатта, офтоб бењтар... Хафа нашаву бояд ба касоне, ки ин ташбењро дар њаќќи њизб фикр карда бошад, ќоил шуд... Њизб офтоб, роњбари њизб "ситораи бахт"... Шумо чї, аъзои њизб метиорит будагистед - дия!? Мирзодиккак: - Интихобот 1-уми март аст, дар мактаб чї кор мекунї, дўстам, - боз гапро ба дигар сў бурданї шуд. Ѓалтак: - Ман ба маљлиси падару модарон омада будам, ба интихобот умуман намеоям, чунки бовар дорам, ки офтоб ба интихоб кардан ниёз надорад... Мирзодиккак: - Боз сар шуд, масхара накун. Бисёр газетањои оппозитсионї мехонї, дўстам, вагарна ин гапњоро намезадї. Интихобот ќарзи шањвандии њар шањрванди Тољикстон аст. Ќарз, мефањмї?! Ѓалтак: - Ќарз? Исто, ки дина дар телевизион њам ин гапро шунида будам, аммо нав фикр кардам, ин гапатон чї маънї дорад. Шумо аз мо ќарз мепурсед, ки овоз дињем, то ки баъд шумо депутат шуда, онро ба мо - мардум баргардонед? Ё мо ќарздорем аз Шумо ва бояд онро ба шумо баргардонем? Мирзодиккак: - Ин хел саволњоро фаќат ту дода метавонї! Ба сари ягон кас ин фикр намеояд. Ѓалтак: - Офтобї гўй! Мирзодиккак: Хайр шуд, бас... Ѓалтак: - Ширкат дар интихобот ќарз -парз нест, ихтиёрї аст. Фарз кардем, агар ман надонам, ки кї номзад аст, чї хел, гуфтаи мардак, "таваккал ба бузи кал" гуфта овоз дињам? Намеравам ба интихобот. Яъне, ин њаќќи ман аст, агар беш аз 50 дарсади нараванд, интихоботро аз сар баргузор мекунанд. Телевизионњои давлатї бошад, дурўѓ мегўянд, фиреб медињанд мардумро, ки гўё ќарзи шањрвандї бошад. Мирзодиккак: -Ту чї хел наметарсї аз ин суханњоро гуфтан... Ѓалтак: - Тарс тарсу лекин гуфтани сухани њаќ, ќарз аст, ана, ќарзи шањрвандии ман ва ман баринњо аст.
Мирзодиккак: - Ба љойи ту як каси дигар мебуд, зада пеш мекардам. Ту дўстамї, ба ту чї хел маъќул, мо аз Шумо ќарз пурсидем. Ана ба номзадњои мо овоз дењ, мо ба шумо тавассути ќонунњое, ки манфиатњои шумо њифз мекунанд, зиндагии осоишта ва сулњу оромиро дар кишвар таъмин мекунанд, ќарзатонро бармегардонем. Маъќул? Ѓалтак: - Ќонунњои шумо, гуфтаи у мардак, ки темаи алоњида аст. Офтобљонам, дигар ин ки мехоњанд, ќонун ќабул карда, ташхиси бакорати духтарњоро пеш аз никоњ њатмї кунанд. Рост мї? Њар рўз дар бораи никоњи хешутаборї ва таваллуди зиёди кўдакњои носолим гап мезанетон дар телевизион. Боз раиси кумитаи занонатон гуфт, ки ташхиси бакорат агар њатмї шавад, талоќ кам мешавад. Мирзодиккак: - Рост мегўяд, љавонњои мо занро гирифта, баъд нодухтар гуфта, буроварда пеш мекунанд. Справка дошта бошад, дигар наметонад ин корро кунад. Ѓалтак: - Офтобам, аввал ин ки кї њисоб кардааст, ки чанд фоизи талоќ барои нодухтарї будааст? Кї њисоб кардааст, ки чї ќадар кўдаки носолим тавалуд шуда, ки сабабаш даќиќ никоњи хешутаборї будааст? Кї инро тањќиќу тањлил кардааст. Ягон кори илмї њаст дар ин бора? Ё ягон авлиё гуфтааст ин гапро? Ман фикр мекунам, ки ин ќонунњо наметавонанд масъалаи кўдаки носолим ё талоќи зиёдро њал кунанд. Ин ќонунњо, барои агар ќабул шаванд, боз як манбаи даромади "офтобињо"и шумо мешавад. Худат як фикр кун, Мирзо, духтарро пеш аз тўй ташхис кардед, ки духтар буромад. Аммо баъди справкаро гирифтан, то шаби аввал кор расво шавад, домоди бечора чї кор кунад? Мебахшед, пањлўи дигари масъала ин аст, ки аз "офтобињо" кї розї мешавад, ки духтарашро уреб монда ташхис кунанд? Айб њам шавад, байни пойи духтар набояд кори ањли љамоат бошад. Ин поймол кардани њуќуќи инсон аст, консе та консов-э! Мирзодиккак: - Корат фаќат айбљўї! Дар њамин шароит њукумат њам ба дастгирї ниёз дорад. Мардум бояд ин љињатро њам ба назар гирад. Мана, аз дина сар карда барќро ба ањолї зиёд кард, боз чї кунад? Ѓалтак: - Офтоби ман, 12 соат барќ медоданд, 13 соат шуд, як соат зиёд, њамин њам кирои худтаърифкунї дар телевизион мекунад? Айб аст дар асри 21. Айб, мефањмї?! Мирзодиккак, ки аз раиси комиссия њавза супориш ва ба баста вараќаи тарѓиботии ЊХДТ-ро бо ширешу скотч гирифта, мебоист тамоми мањалларо аз он пур кунад, лањзае ба фикр фурў рафту, аз паси дўсташ Ѓалтак давид, ки аллакай ба дарвозаи мактаб наздик шуда буд...
Раиси Шўрои муњаррирон: Саймиддин ДЎСТОВ dustov@mail.ru
Њафтанома дар Вазорати фарњанги Љумњурии Тољикистон ба ќайд гирифта шудааст.
МУАССИС: Созмони љамъиятии «ИНДЕМ» («Информатика барои демократия ва рушди миллї»).
Котиби масъул: Абўалї НЕКРЎЗОВ nigoh_tj@inbox.ru
Шўъбаи иттилоот ва сиёсат тел: 600 80 38 Шўъбаи тањќиќот ва тањлил тел: 600 80 38 Шўъбаи иљтимоъ ва иќтисод тел: 600 80 39 Шўъбаи реклом ва огоњиномањо тел: 918 74 75 79
МАНГАР, КИ КЇ МЕГЎЯД...
16
Абдуманнон ДОДОЗОДА, раиси дастгоњи КМИР: - Аз будљаи давлат, дар умум (барои интихоботи парлумонї) 240 њазор сомонї људо шудааст, њамчунин дар баробари ин њизбњои сиёсї метавонанд барои тарѓибот маблаѓи худашонро сарф кунанд. - Дар ИМА ба мазњакаи "Пингвинњои Мадагаскар" 130 милион доллар харљ карда, 400 миллион доллари соф ба даст оварданд. Лекин ба депутатњои шумо, дар ќиёс бо пингвинњо, 40 њазор њам исроф менамояд, не? Рањматилло ЗОЙИРОВ, рањбари ЊСДТ: - ЊСДТ 7,5 њазор аъзо дорад. Аъзоњаќќии моњонаи њизб 50 дирамро ташкил медињад. - Тшш.... Раиси андоз нафањманд, ки ... Абдуњалим ЃАФФОРОВ, рањбари Њизби сотсиалистии ЉТ: - Агар аъзои њизб њаќќи узвиятро напардозанд, мо чї хел кор мекунем? Мо мемурем. Њарчанд њизби моро баъзе дўстону сарпарастон дастгирї мекунанд. - Кампири Гулсунбї, Худо биомурзадаш, фаќат мегуфт, баъзан марг аз зиндагї бењтар аст... Марњамат, мисоли зинда! Саидљаъфар ИСМОНОВ, рањбари Њизби демократии ЉТ: - Дар интихобот 28 њазор сомонї гаравпулии номзадњоро пардохт кардем. Боз 200 њазор сомонї ба тарѓибот, барои нашри газетаву плакатњо сарф шудааст. Боз маблаѓ барои сафарњои пешазинтихоботї зарур аст, барои наќлиёт, бензин, хўрок... - Ѓайри Шумо ягон каси дигар њизбанда мондагиш њай-мї? Усмон СОЛЕЊ, мудири шуъбаи тарѓибот ва иттиллоти ЊХДТ: - Барои тарѓиби ЊХДТ мо чанд ширкати мобилиро њам љалб хоњем кард, то мардумро бо ирсоли SMS ба раъйдињї ба ин њизб ташвиќ кунанд. - Худо сари ќудољона аз санг гардонад, гўед мулло. Лозим шавад Бег Сабурович-ку MMС-и сурати номзадњоро њам ташкил мекунанд. Муњаммадкарими ОРЗУ, узви Ситоди интихоботии ЊНИТ: - Мо бо телевизиони СМТ дар бораи ба ЊНИТ људо кардани ваќти эфир шартнома бастем... - СМТ аз њамин рўзаш њам мемонад гўед, домулло. Исмоил ТАЛБАКОВ, муовини рањбари ЊКТ: - Њизби коммунистии Тољикистон 45 њазор аъзо дорад. Њаќќи узвияти њизбї 1 фоизи маошро ташкил медињад, аммо онњо ин маблаѓро ба њадди имконашон пардохт мекунанд. - Парво накунед, акаи Исмоил! Њамин хел Иттињоди иќтисодии Авруосиёи Путинро таблиѓ карда гаштан гиред, аз њамон 1 фоиз њам худатон мемонеду њам баќия коммунистон.
Дар њафтанома матолибе низ ба нашр мерасанд, ки бо мавќеи идораи он муѓойират доранд. Дар шумора аз аксњое њам аз Шабакаи љањонии Интернет истифода шудааст. Матолиби хусусияти таблиѓотидошта ® метавонанд танњо бо пардохти муайян дар њафтаномаи «Нигоњ» нашр шаванд. Барои дар дигар нашрияњо пурра ё ќисман чоп кардани матолиб ва иќтибосњо аз «Нигоњ» иљозаи хаттии идора ва нишон додани сарчашма дар шакли «аз њафтаномаи «Нигоњ» №_ аз санаи _» њатмист. Њуќуќи муаллифии кулли матлабњои шумора ба идораи њафтаномаи «Нигоњ» ва СЉ «ИНДЕМ» тааллуќ дошта, тибќи ќонунгузории љории Тољикистон ва байналмилалї њифз карда мешаванд. Дар њолати наќзи "Меъёрњои ахлоќии фаъолияти журналистї дар Тољикистон" аз љониби нашрияи мо, бо арзу шикоят метавонед ба Шўрои воситањои ахбори оммаи Љумњурии Тољикистон (Шўрои ВАО - и ЉТ) мурољиат намоед.
Ќимати рўзнома дар фурўши чакана на беш аз 2,5 сомонї Њафтанома дар нашриёти «Мега-принт» чоп мешавад. Теъдод 4 000 нусха Ќимати обуна барои як сол - 78 сомонї. Индекси обуна: 68990 НИШОНИИ ИДОРА: Љумњурии Тољикистон, шањри Душанбе, кўчаи Носирљон МАЪСУМЇ, хонаи 3. Телефон: (44) 600 80 38, 224 25 09 Теъдоде аз њар шумора дар асоси кўмаки техникии (дар шакли ќоѓаз) дафтари САЊА дар Душанбе ройгон таќсим карда мешавад.