Нигох №48 (481). Чоршанбе, 2-юми марти соли 2016

Page 1

“НИГОЊ”, ЧОРШАНБЕ №48 (481), 2. 03. 2016

1

"Гўё дар фаъолияти сохтору маќомоти давлатї ягон камбудї нест"

Эмомалї РАЊМОН:

САЊИФАИ 3 №48 (481). Чоршанбе, 2-юми марти соли 2016

e-mail: nigoh_tj@inbox.ru

-УМ СОЛ БО ШУМО!

www.facebook.com/nigohtj

КАМБУДИ МАРДОНАГЇ Чаро зани имрўза марди љасуру боѓайрат тарбия намекунад?

ДАР АЪРОФ Мулло Абдурањим чиро фањмида бошад? ФАРОМЎШНОШУДА

ДИКТАТОР ХУДКОМАЕ, КИ ПАС АЗ 25 СОЛИ ЊОКИМИЯТ, ДАР РЎЗИ ИДИ ЌУРБОН КУШТА ШУД САЊИФАИ 8

ТОП - 5 ХУШНУДЇ АЗ РАФТАНИ ФИРДАВС НИЁЗБАДАЛОВ: ЗИЊЇ РУСТАМИ ЭМОМАЛЇ! САЊИФАИ 10

ИЌТИСОДИ ВОЌЕЪЇ

ПРОКУРОРИ БОЗИЊОИ СИЁСЇ Чаро акнун аз Сафаралї Кенљаев ёд намекунанд? САЊИФАЊОИ 4

110 ДОЛЛАР АЗ 1 КИЛЛО НАХИ ПАХТА САЊИФАИ 7

СИЁСАТИ КАЛОН

11 ТАЊДИД БА ТОЉИКИСТОН САЊИФАИ 5

Марям ДАВЛАТОВА, љомеашинос

Аз ман хоњиш карданд, то чизе бинависам, ки дар он ба саволи "Чаро зани имрўза марди љасуру боѓайрат тарбия намекунад?" посух бошад. Савол ба масъалаи доѓи љомеаи муосири мо ва аслан ба њамаи таърихи инсонї ишора дорад. Ин масъала иљрои яке аз рисолатњои муњимтарини инсон ва баќои насл аст. Худи масъалаи баќои насл, яъне арзишмандии фарзанд барои инсон дар љомеаи мо аз нигоњи љањонбинї ва фарњанг мушкил надорад. Њар тољик яке аз вазифањо ё ќадамњои муњими рўзгори худ - бунёди оила ва таваллуди фарзандро дорад ва барои иљрои он тамоми љомеа кўшиш мекунад. Барои љомеаи тољик инсони бе оила ва оилаи бефарзанд комил нестанд. Мехоњам махсус таъкид намоям, ки ин арзиш на дар њамаи љомеањои љањони имрўза чунин мартабаву манзалат дорад. Оила ва фарзанд барои бархе аз кишварњо арзиши классикии худро барваќт аз даст додаанд. Он љо муносибатњои озоди байни зану мард маќоми бештар пайдо кардаанд, ки дар ин доира фарзанд на њамеша љой мегирад. Оила њамчун муттакои инсон низ дар чунин њолат рисолати худро адо намекунад ва одамон метавонанд солњо бо аъзои оилаашон (дар њолати мављудияти он дар шакли анъанавї) аслан муошират ё муносибат надошта бошанд. Инсон метавонад яккаву танњо бизияд ва бимирад, ё дар ињотаи дўстону рафиќон ё њамкорон ва аз ин оилааш бехабар бимонад. Барои љомеаи имрўзаи мо хушбахтона арзишњои асосии оила побарљост ва метавон гуфтан, ки фарњанги тољикон дар ин маврид шояд аз љазирањои камшуморест дар уќёнуси пурталотуми фарњанги љањонї. Ин њолат масъулияти љомеаро бояд як бар сад дар мавриди њифзи он биафзояд, зеро ин миллат аз ин дидгоњ метавонад аз муњофизони ин арзиш барои тамаддуни љањонї низ бошад. Ман аз саволи ба ман вогузоршуда дуртар рафтам, вале маќсад ќадам ба ќадам ба он љавоб гуфтан аст, зеро фарзанди њамаљониба солим, ки дорои заминаву малакањои хушбахтисту нерўи ба зимма гирифтани масъулияти рўзгори хеш ва њалли масоили љомеаро дорад, танњо дар оила ба дунё меояд ва ташаккул меёбад. Вале на дар њар оила. Савол ва хавотирии вогузоршуда бештар аз сифати насли инсонист ва ман бисёр мехоњам ба ин пурсиш љавоби муфассале дошта бошам. Саволи пешомада њамчунон яке љанбањои мушкилоти гендерии љомеаи мо - танњо ба зан марбут донистани масоили оила ва хосса тарбияи фарзандро рўшан мекунад. Ин ќолаби зењнии љомеа, албатта заминањои хеле ва хеле љиддї дорад. Модар нерўи аљибу нотакрори бунёд кардани муњиту фазои оиларо дорост, сарфи назар аз дараљаи тањсилот, тарзи тарбия ва ѓайрањо. Маќоми ин нерў дар бунёди сиришти фарзанд бебадал ва нотакрор аст. Зеро табиат тарзе инсонро офаридаст, ки мањз модар дар давраи муњимтарини ташаккулёбии характеру сиришти фарзанд - аз лањзаи дар рањим пайдо шудан то сесолагї (тибќи тањќиќоти мутахассисон вазъи равониву љисмонии модар се сол пеш аз пайдо шудани љанин низ ба фарзанди оянда таъсиргузор аст) наќши баранда дорад. Њељ кас ва њеч чиз модарро дар ин давра барои фарзанд беозору бехатар иваз карда наметавонад. Тамоми ин 4 сол кўдак воќеан як ќисми таркибии вуљуди модар аст, яъне ў аз њавои модар нафас мегирад, аз ѓизои модар ѓизо мегирад, аз шодиву нишоти ў нерўи зиндагї, љасорату дилпурї мегирад ва аз эњсоси хастагиву нотавонии модар дар тинаташ њисси тарсу ноумедї, зиндагибезориро рушд медињад. Пас хоњу нохоњ меоем ба сари мавзўи вазъи зан дар оилаи муосири тољик.

14


2

“НИГОЊ”, ЧОРШАНБЕ №48 (481), 2. 03. 2016

Њар гоњ Абдурањим Каримов, маъруф ба Мулло Абдурањим дар мањфиле зуњур мекунад, бояд интизор дошт, ки паёмеро бо худ дорад. Он чї бисёрињоро 25 феврал ба мањфили "Гуфтугўи тамаддунњо" - и профессор Иброњим Усмонов кашид, мањз ин интизор буд, ки бароварда шуд. Мулло Абдурањим аз сатњи ин мањфил огоњ буд, ё не, маълум нест, аммо пас аз суњбати ќариб дусоата эњсос мешуд, ки дарёфт, ба ќавли масалнависи маъруфи рус Крилов, "на ба оѓили гўсфандон, балки сагхона" афтидааст. Эњтимол ин мушкилтарин мањфили зиндагии Мулло Абдурањим буд. Ба ў на фаќат мухолифин, њатто онњое, ки аз мавќеи њукумат таблиѓи беамон мебаранд ва мантиќан бо ў дар як сангар ќарор доранд, таваљљуњ он тараф истад, балки тарањњум њам накарданд.

"ВАЌТЕ ЭМОМАЛЇ БА ЌУДРАТ РАСИД..." Ваќте дебочаи ў "аз бисмиллоњ" то "аммо баъд" садо дод, касе њам аз кунљи толор луќма партофт: "ин кас амри маъруф карда истодааст?" Домулло ба ин эътибор надод. Суханро аз он шурўъ кард, ки аз асосгузорони Њизби нањзати исломии Тољикистон (ЊНИТ) буд ва ѓояњои ин њизбро мањз ў ба собиќ вилояти Кўлоб бурд. Њар гоњ мегуфт, "мо њаќиќатро намедонистем", ба ин маънї, ки номаъќул кардем, хато карда будем, њозиринро ба ин хулоса меовард, ки њаќиќати љанги дохилии домулло њамоно эълони тавбаву тазарруъ аз рањбарї ва узвият дар ЊНИТ аст. Пеш аз он, ки паёми аслии суњбаташро ошкор кунад, Мулло Абдурањим эътироф кард, ки тобистони соли 1992 ўро рањбарони мухолифини ваќт барои овардани силоњ ба Афѓонистон фиристоданд. "Пиёда аз Дарвоз ба Афѓонистон гузаштем. Он љо моро Ѓуломмуњаммади Ориянпур, устоди Ањмадшоњи Масъуд ќабул кард. Ваќте њадафамонро фањмид, зуд гуфт, ки шумо ба доми хориљињо афтидаед, ба роњи хато меравед, мо 20 сол боз мељангем, аммо кишварамонро ором карда наметавонем. Ориянпур тариќи мухобара бо Ањмадшоњи Масъуд дар тамос шуд ва аз мову маќсади мо хабар дод. Масъуд њам гуфт, ки коратон хато аст, аммо гуфт, ки се - чор рўз пас ба Тахор меояд ва бо мо мулоќот мекунад" - ба хотир меорад Мулло Абдурањим. Њамин тавр, Мулло Абдурањим то омадани Масъуд фурсат меёбад, ки "њаќиќатро фањмад". Ориянпур ба ў "Кашф - ул - асрор" - и Имом Хумайнї, рањбари Инќилоби исломии Эронро барои мутолиа медињад. Мулло Абдурањим "бори аввал" бо кўмаки устоди Ањмадшоњи Масъуд дарк мекунад, ки хатои исломиёни тољик чї будааст. Мањз инро, ки исломиёни Тољикистон аз мазњаби шиа пайравї мекардаанд, ЊНИТ- ро Эрон сармоягузорї мекардааст ва Эрон оташи љанги дохилии Тољикистонро дар додааст.

МАВЗУИ АСОСЇ малї Рањмон сулњ кунад. Кор то љое расид, ки дар барномаи "антинањзат" - и се соли ахир умуман аз исломиёни тољик дар симои ЊНИТ пуштибоние зоњир накард. Мулло Абдурањим замоне Эронро муттањам ба дар додани оташи љанги шањрвандї мекунад, ки дар равобити он бо Тољикистон тањаввулоти љиддї ба назар мерасанд. Пеш аз њама, пазироии Муњиддин Кабирї, раиси ЊНИТ аз сўи Оятуллоњ Хоманаї, рањбари Инќилоби исломии Эрон, он њам пас аз террористї эълон шудани ЊНИТ аз сўи њукумати Тољикистон Душанбеи расмиро сахт ранљондааст. То ин замон маќомоти расмии Эрону Тољикистон ин дуруштињоро њамвор карданд, аммо суњбатњои Мулло Абдурањим, нафаре, ки чанд сол ба ин сў њамчун як абзори муњим алайњи ЊНИТ хизмат мекунад, баёнгари њанўз паст нашудани њамон њавл аст.

"МОШИНЊОИ ПУЛ"

АБДУРАЊИМ КАРИМОВ, МАЪРУФ БА МУЛЛО АБДУРАЊИМ

Мулло Абдурањим паёмеро, ки бояд мерасонд, расонд, аммо натавонист эътимод ба далоилашро ба вуљуд орад. Бахусус, ширкатдорони "Гуфтугўи тамаддунњо", дар њоли њозир

ДАР АЪРОФ Мулло Абдурањим чиро фањмида бошад? Дар таќвияти ин иддао Мулло Абдурањим ду мисоли дигар њам зад. Яке ин буд, ки замони гирдињамоињои соли 1992 арабе ба майдони "Шањидон" меояд ва дархости мулоќот бо Сайид Абдуллоњи Нурї мекунад. Ба ќавли ў, дар майдон араб ба хаймањои Њизби демократ, Растохез, Лаъли Бадахшон аслан таваљљуњ накарда, пеши хаймаи ЊНИТ меистад. Мулло Абдурањим мегўяд, шахсан ўро ба назди Нурї бурд ва тарљумони онњо буд. Ба ќавли ў, араб "ба зону зада", аз Нурї зориву илтимос мекунад, ки аз њамкорї бо Эрон даст кашад. Нурї мегўяд, ки мо барои исломї шудани Тољикистон мубориза мебарем ва арабњо аз "бахилї" намехоњанд, ки исломи мо аз онњо бењтар бошад. Мулло Абдурањим суханони ў дар мавриди "бахилии арабњо"-ро тарљума накарда, мегўяд, ки мо бо коммунистњо мубориза дорем ва араб мегўяд, ки коммунистњо бењтар аз эронињоянд. Мисоли дуввум аз мулоќоти аввалини рањбарони мухолифини тољик дар раъси Сайид Абдуллоњи Нурї бо Бурњонуддин Раббонї, президенти ваќти Афѓонистон дар Кобул зада шуд. Дар ин мулоќот Раббонї аз Нурї мепурсад, ки раиси ЊНИТ кист? Нурї посух медињад: - Муњаммадшариф Њимматзода. Раббонї мепурсад: - Шумо чї вазифа доред? Нурї мегўяд: - Ман рањбари маънавии њизбам. Ва, ба ќавли Мулло Абдурањим, Раббонї он замон мегўяд, ки Шумо шиа шудаед, бояд низоми рањбарии њизбатонро таѓйир дињед, зеро фаќат шиањо рањбари маънавї доранд. Мисолњое, ки Мулло Абдурањим дар таќвияти шиа будани ЊНИТ ва наќши Эрон дар љанги дохилии Тољикистон овард, мањфилро, ба истилоњ, "зинда кард" ва тањрик дод. Фарзияе, ки ў дар ихтиёри ширкатдорони

мањфил мегузошт, воќеан љолиб буд. То ин замон наќши Эрон дар љанги дохилии Тољикистон гоњ - гоњ, он њам сарсарї дар расонањо зикр мешуд, аммо њељ як аз рањбарони љонибњои даргир расман дар ин бора изњори назар накарда буд. Дар ин бора, ки Русия ва Ўзбакистон омилони аслии љанги дохилии Тољикистон ном бурда мешуданд, зиёд гуфта шуд, вале дар бораи Эрон њамчунин иддаоњо набуданд. Албатта, онњое, ки солњои 1991 - 1992 гузоре ба майдони "Шањидон" доштанд, хуб дар ёд доранд, ки аз шиорњои мухолифин бўи шиорњои инќилоби исломї меомад. Масалан, шиори "Золимин, золимин, марг ба найрангатон!" илњом аз "Амрико, Амрико, марг ба найранги ту!" - и Инќилоби исломї буд. Ё аз рўи наќли Мулло Абдурањим, Алиакбар Вилоятї, вазири хориљии Эрон соли 1992 ваќте ба Душанбе омад, мухолифин ўро дар фурудгоњи Душанбе бо нидои "Салли ало Муњаммад (с), Вилоятї хуш омад!" пешвоз гирифтанд. Фиристодањои Тењрон тариќи телевизиони Тољикистон дар бораи чї тавр сохтани љумњурии исломї суњбат мекарданд. Ё ин њам буд, ки як гуруњи љавонони рўшанфикри тољик он замон барои тадрис ба Эрон эъзом шуданд. Мулло Абдурањим њатто пешнињоди номзадии Давлати Худоназар, коргардони маъруфи тољик ба мансаби президентиро низ аз таќозоњои Эрон медонад. Аммо воќеияти таърих ин аст, ки Эрон дар баробари Русия дар набарди Тољикистон пирўз наомад. Баръакс, ваќте дар Тољикистон нафаре бо номи Эмомалї ба ќудрат расид, руњу илњоми тоза гирифт ва бо њукумати Тољикистон равобити танготанг ба роњ монд. Эрон ИНОТ - ро маљбур кард, ки бо њукумати Эмо-

ПРОФЕССОР ИБРОЊИМ УСМОНОВ МУЛЛО АБДУРАЊИМРО МУАРРИФЇ КАРД

ягона мањфили сиёсї ва љиддї дар Тољикистон, олимон, коршиносон, рўзноманигорон, сиёсатмадорони собиќ, хуллас, афроди огоњ аз воќеиятњои љанги дохилї њастанд ва онњоро наметавон бо тањрифи воќеиятњо итминон дод. Масалан, ў гуфт, ки ба Афѓонистон барои овардани силоњ рафт, аммо Ањмадшоњи Масъуд ин силоњро надод. Дар асл, тавре дар таърихномањо омадааст, мухолифин он замон ин силоњро ба даст оварда буданд. Њамчунин як шоњиди ин ќазия Фазлуллоњ Муљаддадї, яке аз рањбарони Љамъияти исломї, њизбе, ки Бурњонуддини Раббонї рањбарї мекард ва Ањмадшоњи Масъуд фармондењаш буд, дар гузашта намояндаи парлумони Афѓонистон ва волии вилояти Лугар аст. Ў дар яке аз суњбатњояш бо расонањо аз муљоњидини тољик ситоиш карда гуфта буд, ки ваќте ба онњо автомату норинљакандоз (гранатомет) пешнињод кардем, автоматро гирифтанд, аммо гранатометро на. Гуфтанд, ки мо намехоњем Тољикистонро мисли Афѓонистон харобазор кунем. Абураб Расули Сайёф, яке аз чењрањои љињодии Афѓонистон, ки то ба њол шахсияти матрањ аст, низ дар яке аз суњбатњояш муљоњидини тољикро барои афѓонњо "намуна" оварда буд. Ин ду нафар номњои мушаххасро зикр карданд, ки овардани онњоро зарур намедонем. Ин далели Мулло Абдурањим, ки тарљумони суњбати Нурї бо он араб буд, низ шубњаангез аст, зеро њангоми суњбат ў чанд маротиба гуфт, он замон саводи кофї надошт ва дар факултаи илоњиёти Донишгоњи Кобул илм омўхтааст. Њамзамон шубњаангез аст, ки саводи арабии Нурї, рањбари маънавии ЊНИТ, як њизби исломї аз як узви оддии ин њизб паст буда бошад. Ваќте аз Мулло Абдурањим суол шуд, ки "оё дар љанги дохилии Тољикистон Русия, Ўзбакистон ва кишварњои арабї наќш доштанд?" мавсуф изњори беиттилотї кард, аммо љое њам огоњона ё ноогоњона зикр намуд, ки аз кишварњои арабї маболиѓи њангуфт "мошин - мошин" ба рањбарияти ИНОТ мерасид, аммо ў њамчун як фармондењи оддї он "мошинњои пул" - ро намедид. Ё инро њам гуфт, ки Хаттоб, террористи маъруфи араб, "муовини мо" буд. ИНОТ аз оѓоз Русия ва Ўзбакистонро пуштибони Фронти Халќї медонист, аммо бехабар будани як фармондењи матрањи он аз ин суњбатњо, пўшидани воќиеят аст. Њамзамон Арабистони Саудї ва Покистонро бархе доирањои расмї ва коршиносї аз сармоягузорони аввалини мухолифини исломии Тољикистон ном мебаранд, њарчанд то ба њол дар ин бора тафсилоте нашр нашудааст.


БИДУНИ ШАРЊ

“НИГОЊ”, ЧОРШАНБЕ №48 (481), 2. 03. 2016

Ин нукта низ љолиб аст, ки солњои 90 - уми асри гузашта ЊНИТ - ро ба вањњобї ё салафї будан муттањам мекарданд ва њоло Мулло Абдурањим аз гароишоти шиагии он шањодат медињад... Њељ имкон надорад як њизб миёни ду душмани ашаддї - салафињо ва шиањо, ё Саудї ва Эрон таќсим шавад. Шояд ба ин сабаб, коршинос Парвиз Муллољонов дар изњориназарњои Мулло Абдурањим гароидани ў ба љараёни салафияро кашф кард.

"БА "ЗАСТАВАИ 12" МАН ЊУЉУМ НАКАРДААМ" Мулло Абдурањим ширкаташ дар њамла ба дидбонгоњи 12 - и неруњои марзбони Русия дар Шўрободро, ки соли 1993 иттифоќ афтод, низ рад кард. Њарчанд дар як мулоќоти президент Эмомалї Рањмон бо уламои дини Тољикистон ў ба њамла ба ин дидбонгоњ эътироф карда буд. Вай гуфт, Нурї мегуфт, ки њамла кунам, вале ман розї намешудам, аз ин хотир, маро ба Покистон фиристоду мулло Яњё, муовини ман ба дидбонгоњи 12 њамла овард. Њамла ба дидбонгоњи 12, ки 25 сарбози русу тољикро кушта ба љой гузошт, намоёнтарин "корнамої" - и Мулло Абдурањим дар ИНОТ буд. Ин њамла дар сатњи рањбарии ваќти Русия ин андешаро ба вуљуд овард, ки бо мухолифини тољик бояд сулњ кард, вагарна ин гуна њамлањои онњо барои русњо дардисари бузургеро эљод хоњад кард. Мулло Абдурањим ќаблан њам гуфта буд, ки дастури ин њамла аз сўи Саид Абдуллоњи Нурї, рањбари ИНОТ содир шуда буд. Он замон масъулини ЊНИТ гуфтанд, ки ин ибтикори худи Мулло Абдурањим аст, зеро мегуфт, Кўлоб ќаламрави нуфузи ўст ва касеро роњ нахоњад дод. Аммо дар мањфили "Гуфтугўи тамаддунњо" Султон Њамад, аз чењрањои ваќти ИНОТ, гуфт, ки Мулло Абдурањим дар асл дар ин њамла шахсан ширкат надошт ва дар суњбатњои рањбарони ИНОТ мегуфтанд, ки ў бењуда худро таъриф мекунад. Мантиќан, њоло муњим нест, ки Мулло Абдурањим шахсан дар он њамла ширкат дошт, ё не. Усома ибни Лодан низ шахсан дар њамлаи террористї ба Маркази тиљорати љањонї њузур надошт...

БАЙНИ ОБУ ОТАШ Ин, ки Мулло Абдурањим дар собит кардани далоили худ заъф нишон медод ва бо мантиќ ошної намекард, то љое ќобили дарк аст, аммо инро њељ дарк намешуд кард, ки чаро афроди наздик ба њукумат њам дар мањфил сари ў фишор оварданд. Масалан, нафаре хеста аз ў дар шакли суол талаб кард, ки оё аз кардањои худ пушаймон аст ва аз мардум пўзиш мехоњад ё не? Ё љавоне њам ўро бармало муттањам кард, ки "табассумњои кўдакї" ашро аз лабонаш дуздидааст. Касе аз Мулло Абдурањим љонибдорї намекард - на онњое, ки мавќеашро намеписандиданд ва на њам онњое њам, ки мебоист барои ба њадаф расидани паёмаш кўмак мекарданд. Ин чї маъно дошт, то љое фањмост, аммо барои гуфтан нест. Ба як љумла, Мулло Абдурањим дар аъроф, байни обу оташ монда буд. Худаш ин вазъро чї гуна бањо дод, суолест, ки посухаш барои худаш муњим аст...

Фаромарзи ФОЗИЛ

ПРЕЗИДЕНТ АЗ ТИМИ КЎЊНАИ ТЕЛЕВИЗИОН КОРИ НАВ МЕХОЊАД...

Эмомалї РАЊМОН:

3

парешон нишастан аст, ки ин камбудии љиддии коргардонњо низ мебошад. Наттоќони барномањои иттилоотї аксар ваќт гектарро аз садяк, миллиардро аз миллион, килоро аз тонна фарќ намекунанд, ки ин иборањо дар эфир борњо садо додаанд. Номи шањрњо ва минтаќаву давлатњои љањон аз забони наттоќони шабакањо хато, бо задаи бемаврид ва мантиќан нодуруст талаффуз мешаванд, ки ин аз надоштани касбияти гўянда гувоњї медињад". Ба андешаи Президент "дар барномањои иттилоотї низоми фаврият, яъне фавран расонидани хабар нест ва рўйдодњое, ки шабакањои љањонї соатњо инъикос менамоянд, дар телевизионњои мо баъди як шабонарўз, њаљман хеле кам инъикос мешаванд ва дар аксари мавридњо матни тарљумаи

"ГЎЁ ДАР ФАЪОЛИЯТИ СОХТОРУ МАЌОМОТИ ДАВЛАТЇ ЯГОН КАМБУДЇ НЕСТ" Президент Эмомалї Рањмон аз фаъолияти ѓайриќаноатбахши шабакањои телевизионии Тољикистон интиќод карда, чанд нуќси фаъолияти шабакањоро ном бурд. 1-уми март зимни ифтитоњи шабакањои телевизионии "Варзиш"-у "Синамо" ва Академияи васоити ахмбори умум Президент дар суханрониаш гуфт, ки албатта, барномањои имрўзаи телевизионро "бо намоишњои панљ - дањ соли пеш муќоиса кунем, албатта, мебинем, ки сатњи омода намудани барномањо ва касбияти коргардону журналистон бењтар шудааст, вале хеле кам". Ў њамчунин таъкид кард, ки "одоби касбии рўзноманигорї, холисона баррасї намудани масъалањои дар љомеа рухдода, беѓаразона инъикос намудани онњо, симои зоњирї ва риояи меъёрњои љањонии соња бояд ќатъиян риоя карда шавад". Ба гуфтаи Президент, "чунин ба назар мерасад, ки мањсули тафаккури эљодї, истеъдоди асили офарандагони ѓизои маънавї барои тамошобин ва шунаванда њанўз њам ба дараљаи ќонеъкунанда нест". Бо хитоб ба рањбарони шабакањои телевизионї ва тањиякунандагони барномањо Эмомалї Рањмон чанд масъала ва нуќсњоеро ном бурд: "Аввалин нуќсе, ки дар барномањо мушоњида мешавад, сифати пасти тасвиру навор мебошад, ки аз набудани наворбардорони касбї гувоњї медињад. Борњо ба роњбарони Кумитаи телевизион ва радио ва дар суњбатњои алоњида бо худи наворбардорон низ таъкид намудаам, ки аз болои худ кор кунед, ихтисос ва мањорати касбии худро такмил дињед, вале мутаассифона, ин масъала то ба њол њалли худ-

ро наёфтааст. Ба сару либос ва њаракатњои шахсони сабтшаванда, яъне онњое, ки дар эфиранд, кам ањаммият дода мешавад ва ин камбудї њатто дар ваќти танзим низ бартараф намегардад. Камбудии сару либос, њаракатњои нољо ё дигар њолатњое, ки бояд рўи навор набошанд, дар экран тез-тез ба мушоњида мерасанд, ки ин боиси аз даст додани тамошобин, паст задани шаъну шарафи шахс ва костагии завќи зебоипарастии бинанда мегардад. Бе омодагии пешакї барои тањияи намоиш нишастани журналистон масъалаи аз њама асосї мебошад. Ин масъала низ борњо гуфта шуда буд, вале њоло низ мебинем, ки як нафар имрўз барномаи кишоварзї, фардо барномаи мусиќї, рўзи дигар аз иќтисодиёти љањон ва бўњрони молиявї суњбат мекунад". Президент пешнињод кард, ки "ин камбудї агар аз нарасидани кадр бошад, пас бояд журналистон њанўз аз курсии донишљўї ба тахассусњои алоњида људо карда шуда, ба таври маќсаднок доир ба масъалањои иќтисодиву њуќуќї, њарбиву сиёсї, фарњангу маориф ва дигар бахшњо маълумоти кофї пайдо кунанд ва њангоми суњбат аз умумигўињое, ки мардум аз онњо дилбазан мешаванд, худдорї намоянд". Ў њамчунин ровиёни телевизионро ба тозиёнаи танќид кашид: "Камбудии дигаре, ки аз љониби ровиёни барномањо зуд - зуд ба назар мерасад, худнамоии бемаврид, худро њамадон вонамуд кардан ва риоя накардани маданияти суњбат, бемаврид буридани сухани мусоњиб, гўш накардан ба суханони њамсуњбат ва дар рафти барнома хотир-

онњо низ пурра фањмо нест, аз ин сабаб мардум иттилооти даќиќро аз дигар шабакањо мељўянд. Набудани ѓояи ягона ва мавзўи даќиќ аз масъалањои дардноки барномањост, ки журналист атрофи якчанд мавзўъ сарсарї омода мешаваду ба тамошобин чизе гуфта наметавонад. Њатто баъзан олимону академикњоро сухан гуфтан намемонад. Дар сатрњои равон соатњо хатоњои имлоиву техникї меравад, вале касеро парвое нест. Ороиши замонавии барномањо, интихоби мусиќии академї ва халќї, васфи рўзгори ашхоси дар њаќиќат сазовори эњтироми љомеа ва чењрањои замони соњибистиќлолї, тарѓиби тарзи њаёти солим, эњёи анъанањои миллї ва сару либоси ороставу зебои миллї хеле кам ба мушоњида мерасад. Аз муњтавои баъзе барномањо ва таърифу тавсифи бемантиќи баъзе ашхос чунин хулоса мебарояд, ки гўё дар фаъолияти сохтору маќомоти давлатї, хусусан дар мањалњо ягон камбудї нест. Њол он, ки доир ба љараёни татбиќи барномањои давлатї, лоињањои давлатии сармоягузорї ва иљрои ќонунњо аз љониби сохтору маќомоти гуногун, аз љумла аз тарафи хизматчиёни давлатї бењтарин маводу барномањои тањлилї омода кардан мумкин аст". Хотиррасон мешавем, ки ин бори аввал нест, ки шабакањои давлатии телевизионии Тољикистон мавриди интиќоди Эмомалї Рањмон ќарор мегиранд, аммо бовуљуд дигаргуние дар фаъолияти онњо пеш намеояд. "Нигоњ" дар шуморањои навбатии худ сабабу омилњои ин њолатро баррасї хоњад кард. Муллораљаб ЮСУФЇ

САДОИ МАРДУМ

31% БА "ТОЉИКСОДИРОТБОНК" ЭЪТИМОД НАДОРАНД Аксарияти пурсидашудагони як назарпурсї гуфтаанд дар миёни бонкњои кишвар аз њама кам ба "Тољиксодиротбонк" эътимод доранд. Дар ин назарпурсї, ки тањти унвони "Ба кадоме аз ин бонкњо камтар эътимод доред?" баргузор шуд, унвони 9 бонки кишвар пешнињод шуда буд. 31 фоиз гуфтаанд ба "Тољиксодиротбонк" эътимод надоранд. Гурўњи дигари респондентон (18%) эътимоди камтари худро ба "Ориёнбонк" нисбат додаанд. Њамин тавр дар ин назарпурсї, "Агроинвестбонк" (13%), "Амонатбонк" (10%) ва Бонки

"Эсхата" (8%) гуфтаанд ба ин бонкњо эътимод надоранд. Се бонки дигар "Спитаменбонк", "Тољпромбонк" ва "Фононбонк" мутаносибан 7%и райъ ба даст оварданд. Аз миёни бонкњои пешнињодшуда танњо 1 дарсади иштирокчиён гуфтаанд ба "Соњибкорбонк" эътимоди камтар надоранд. Ин назарпурсї аз 24-уми феврал то 1уми марти соли 2016 бо дархости њафтаномаи "Нигоњ" дар сомонаи Ољонсии иттилоотии "TojNews" гузаронида шуда, дар он 917 нафар ширкат кардааст.

Суоли навбатї: Бањои шумо ба фаъолияти «Шабакаи аввал»-и Фаромарзи ФОЗИЛ

телевизион?


4

ФАРОМЎШНАШУДА

“НИГОЊ”, ЧОРШАНБЕ №48 (481), 2. 03. 2016

25 сол пеш номи аз њама машњури Тољикистон Сафаралї Кенљаев буд. Ин исм ќариб дар њама мањфилу суњбатњо батакрор зикр мегардид. Бањори он сол, њатто гўё ба хотири ў ба майдон омаданд, то пуштибонии мардумї ва курсии дуввуми давлатро соњиб гардад. Аммо имсол, ваќте 18 -уми феврал зодрўзаш буд ва агар 30 -юми марти соли 1999 кушта намешуд, ба 74 солагї мерасид, касе ёдаш накард. Ва на танњо имсол. Солњост, ки аз ў дигар ёд намекунанд. "Нигоњ" тасмим гирифт, ки сабабњои инро дар як матлаби тањлилї ба баррасии хонандагон бигзорад...

ПРОКУРОРИ БОЗИЊОИ СИЁСЇ Чаро акнун аз Сафаралї Кенљаев ёд намекунанд? нахустини Тољикистон Мањкамов, ки бо овоздињїдар парламент ин мансабро ишѓол карда буд, аз вазифа рафт. Аммо Кенљаев, ки ба Мањкамов мегуфт, агар ў аз президентї истеъфо бидињад, ў њам аз вазифа меравад,ба ваъдааш вафо накард.

Миёнаравии Соњибназарову Тўраљонзода Фаъолияти сиёсии Сафаралї Кенљаев камтар аз як дањсоларо фаро гирифт. Ў дар ибтидои солњои 90-ум вориди сиёсат шуд ва чунон ки худаш дар як мусоњиба бо орўзномаи "Љумњурият" дар тобистони соли 1992 изњор медорад, ќаблан сиёсатмадор набуд... Ин воќеият аст, ки С. Кенљаев то замони ворид шудан ба сиёсати калон танњо дар системаи прокуратура фаъолият дошт ва њанўз дар синни 33 -солагї прокурори яке аз ноњияњои калонтарини пойтахт- ноњияи Фрунзе (њоло Сино) гардид. Аммо бозсозии Горбачёв шароит фароњам овард, ки С. Кенљаев мандати депутати Шўрои олии Љумњурии Шўравии Сотсиалистии Тољикистонро ба даст оварад ва ба фаъолияти сиёсї бипардозад. Дар парламенти Тољикистон, ки асосан аз "партхоактив" иборат буд, ў ба зудї эътироф гардид, зеро њуќуќшиноси касбї буд. Ин замоне буд, ки Горбачёв нияти ташкил додани давлати њуќуќбунёдро дар сар мепарварид, бинобар ин, њуќуќшиносони ботаљриба дар парламенти Иттифоќ ва љумњурињои миллї мисли обу њаво зарур буданд. Парламенти Тољикистон низ дар ибтидои солњои 90-ум ду њуќуќшиноси варзида дошт, ки яке аз С. Кенљаев ва дигаре Н. Њувайдуллоев буданд ва њарду то тирамоњи соли 1991 њамчун сиёсатмадори сатњи умумиллї шинохта мешуданд. Љои шубња нест, ки агар бозсозї намешуд, шояд С. Кенљаев шанси депутат шудану вориди сиёсат шуданро пайдо намекард. Зеро, ваќте интихоботи Шўрои олии Тољикистон эълон гардид, С. Кенљаев муовини Прокурори Осиёи миёна дар наќлиёт буд, бинобар ин ў ба номенклатураи Тољикистон њатто дохил намешуд. Аслиддин Соњибназаров, яке аз њамсафони номбурда дар парламенти онваќта мегўяд, ки идеяи ширкати С. Кенљаевро дар интихобот мањз ў дода буд. Ба гуфтаи ў, ваќте бори нахуст ин идеяро ба С. Кенљаев пешнињод кардааст, ахирї гуфтааст, ки дар шањри Душанбе пирўз шуданаш номумкин аст, вале дар дењот ўро намешиносанд. Аммо А. Соњибназаров ба ў пешнињод мекунад, ки аз њавзаи Љўйбодоми ноњияи Ленин (њоло Рўдакї), љое, ки онљо зода шудааст, номзадиашро пешнињод кунад. Ваќте ки номзадиашро пешнињод мекунанд, маълум мешавад, ки "боло" С. Кенљаевро дар парламент дидан намехостааст. Дар чунин шароит Соњибназаров ва ќозикалон Њољї Акбар Тўраљонзода, ки он ваќт дар љумњурї обрўи калон дошту бо С. Кенљаев иртиботи наздик, котиби якуми ноњияи Ленин - Шарифовро розї мекунанд, ки барои пирўз шудани ў ёрї расонад. Шарифов дар посух мегўяд, ки Кенљаев танњо дар сурате пирўз шуда метавонад, ки фаворити ин њавза, ки яке аз афроди бонуфузи мањал буд, номзадиашро бозпас бихонад. Ин нафар ба хотири Соњибназаро-

Дар командаи Набиев

САФАРАЛЇ КЕНЉАЕВ ву Тўраљонзода розї мешавад, ки аз тамоми љонибдоронаш даъват кунад, ки раъйи худро ба С.Кенљаев дињанд ва дар натиља, аз байни 5-6 нафар номзад пирўзї насиби ў мешавад.

Муборизаи ду прокурор Њамин тавр, то тирамоњи соли 1991, яъне то замони баркандани њайкали Ленин, Кенљаев ба фраксияи нирўњои демократї шомил мегардид, њарчанд ки нобоварї ба ў пештар шурўъ шуда буд. Шурўъ аз њамин айём, ў њамроњи Нурулло Њувайдуллоев, раќибаш дар интихоботи прокурори љумњурї ба як љониби сангар, ки онро Рањмон Набиев сарварї мекард, гузашта, дар муќобили нерўњои ба истиллоњ демократї ќарор гирифтанд. Баъдњо Кенљаев эълон дошт, ки ў њељ гоњ бо нерўњои демократї набуд, аммо таърих гувоњ аст, ки ўву Рањмон Набиев то шурўъи ихтилофи ошкор дар таърихи 23-юми сентябри соли 1991 бо Соњибназарову Њољї Акбари Тўраљонзода дар як фраксия буданд. Мухолифати оштинопазири Набиев ва гурўњї ў, ки чењрањои асосиаш ду прокурор - Кенљаеву Њувайдуллоев буданд, бо мутањиддини дирўзаи эшон Тољикистонро ба коми оташи љанги шањрвандї тела дод. Дар натиља, њарду њуќуќшиносњои варзида кушта шуданд. Набиев њам дар иљлосияи 16-уми Шўрои олї ба барои њамеша аз мансаб барканор шуд ва 11 -уми апрели соли 1993 ба таври мармуз дунёи фониро тарк кард.

Сиёсатмадоре бидуни иттифоќчї Аслан нахустин бор номи Кенљаев дар сањнаи сиёсї дар Пленуми 17-уми Комите-

ТАКОНБАХШИ РЎЗ АЗ ... Барак Обама, Президенти ИМА: Дар њар кишваре, ки роњбаронаш ба таърифу тавсифи худ машѓул њастанд, иљоза медињанд, ё чунин фазоеро ба вуљуд меоранд, ки ВАО аз онњо барои љомеа муќаддасот бисозад ва аз танќидњо мењаросанд, ин гуна роњбарон барои њамеша шикастхўрдаанд. Таърихи башарият шоњид бар расвоии ингуна афрод њаст!

ти Марказии Њизби коммунисти Тољикистон аз забони Мирбобо Миррањимов, ки яке аз нахустин муборизони роњи озодї дар љумњурї буд, садо дод. Мавсуф зимни суханронии худ пешнињод кард, ки дар Комиссияи Шўрои олї рољеъ ба омўзиши воќеоти фољиабори бањманмоњи соли 1990 њамчунин муовини прокурори наќлиёт Сафаралї Кенљаев шомил карда шавад. Баъдан С. Кенљаев дар яке аз иљлосияњои парламент Гузориши комиссияро ќироат кард. Дуруст аст, ки дар ин гузориш бисёр масъалањои норўшан ба таври объективї инъикос шудаанд, вале он аз камбудї низ орї набуд. Гузашта аз ин, Кенљаев Гузориши комиссияро дар иљлосияи Шўрои олї пурра нахонд ва ин то љое обруи ўро дар миёни ќишри равшанфикр ва мухолифони Ќањњор Мањкамов коњиш дод. Баъдтар, рўзи 12-уми феврали соли 1991, њамон рўзе, ки мухолифон мехостанд ёдбуди фољиаи хунинро баргузор кунанд, ѓайричашмдошт Мањкамов Сафаралї Кенљаевро раиси Комитети назорати ќонунњо дар назди президент таъин кард. Табиист, ки чунин таѓйирот дар фаъолияти сиёсии Кенљаев дўстони демократашро норозї кард, вале ба хотири рахна эљод накардан дар сафњои худ хомўширо авлотар донистанд. Раванди баъдии њодисањо дар фаъолияти сиёсии Кенљаев таѓйироте љиддї ворид кард. Масалан, баъди суќути ГКЧП ў дар муќобили Ќ. Мањкамов мавќеи оштинопазир гирифт, ки мо инро дар иљлосияи Шўрои олї дида будем. Ин иљлосия ду рўз давом карду мустаќиман аз тариќи телевизиони Тољикистон пахш гардида буд, бинобар ин, аксарияти касоне, ки ба сиёсат таваљљўњ доштанд, мухолифати шадиду оштинопазирро диданд. Яъне, Мањкамов ќариб ду рўз пофишорї кард ва эълон дошт, ки аз ГКЧП љонибдорї накардааст, аз љониби дигар, як гурўњи дигар, ки мехост ўро њатман барканор кунанд. Дар гурўњи дуюм Кенљаев ва дўстони ў - Назрулло Дўстов, Љўрабек Муродов хеле фаъол буданд. Онњо бидуни шак муттањиддини Набиев њисоб меёфтанд, вале худи Набиев ором нишаста, сањнаи муборизаро тамошо мекард. Азбаски барои барканор кардани Мањкамов овозњо намерасид, вакилони Шўрои олї ба Конститутсия таѓйирот ворид карданд. Тибќи ин таѓйирот барои сабукдўш намудани президент 50 фоиз љамъи як овоз кофї эълон карда шуд. Дар натиља, президенти

Сафаралї Кенљаев яке аз нафарони хеле муњим дар командаи Рањмон Набиев њисоб меёфту барои баргардондани собиќ роњбари Тољикистон, ки тирамоњи соли 1991 аз вазифа барканор шуда буд, наќши муњим бозид. Чуноне Кенљаев дар мусоњибањо ва китобаш "Табаддулоти Тољикистон" менависад, идеяи баргардондани Набиевро ба сиёсати калон ба ў Љ. Муродов пешнињод кардааст. Гўё Љ. Муродов гуфтааст, ки собиќ роњбари љумњурї барои рушду нумўи Тољикистон хеле зањмат кашида буд, вале баъди таъин шуданаш ба вазифаи раиси Кумитаи њифзи табиат дилшикаста шудааст ва агар ба сиёсати калон баргардад, барои мардум хизматњои зиёдеро анљом медињад. Њамин тариќ, ба фишорњои зиёди роњбарони Њизби коммунист нигоњ накарда, Кенљаев раиси ситоди интихоботии Набиев мешавад ва ў дар ин муборизаи шадид пирўз гардид. "Ман сардори штаб интихоб шудам. Кор бурдем ва зањматамон барабас нарафт. Њарчанд роњбарони њамонваќта ва сарварони њизби коммунист ба ман фишори рўирост меоварданд, ноумед нашудем, натарсидем" навишта буд Кенљаев. Дар гурўњи љонибдорони Р. Набиев Њољї Акбар Тўраљонзода низ буд. Дар тирамоњи соли 1991 ваќте ки ќарори Шурои олии љумњурї дар мавриди интихоботи президентї содир мегардад, фраксияи демократї тасмим мегирад, ки дар муќобили Ќ. Мањкамов номзадии Р. Набиевро пешнињод кунад. Аммо Ќ. Мањкамов бо касби 130 овоз аз 220 раъй президенти Тољикистон интихоб мешавад, вале тавре зикр кардем, дар натиљаи шикасти ГКЧП дар Маскав ў аз мансаб барканор мешавад. Парламенти љумњурї ќарор ќабул мекунад, ки интихоботи парламентї дар Тољикистон ба таври овоздињии умумихалќї доир шавад. Маъракаи пешазинтихоботї нишон дод, ки хоњишмандони курсии президентї кам нестанд. Дар миёни онњо Кенљаев низ буд, аммо ўдар маќолае зери унвони "Ман љонибдори Рањмон Набиев" бо сароњат эълон дошт, ки ў номзадии худро бозпас гирифтааст, бинобар ин, аз онњое, ки ўро љонибдорї мекунанд, хоњиш мекунад, ки ба Набиев райъ дињанд. Як њафта пас аз ѓолибияти Набиев, С. Кенљаевро вакилони мардумї раиси Шўрои олї интихоб карданд, аммо баъдан дар натиљаи мухолифати шадиде, ки дар миёни њамсафони дирўза шурўъ гардид, дар Тољикистон оташи љанги шањрвандї аланга гирифт. Гуфта мешавад яке аз омилони асосии даъвати сессияи 16 мањз њуљуми Кенљаев ба Душанбе гардид. Аммо дар иљлосия, ваќте мансабњои калидї интихоб мешуданд, Кенљаев "ѓайб" зад. Бовуљуд, муддате бо њукумат њамкор буд. Дар курсии Раиси Кумитаи оид ба ќонунгузорї ва тартиботи Шўрои Олї менишаст. Њамзамон Њизби сотсиалистии Тољикистонро ташкил карда буду раисаш ба њисоб мерафт. Аммо 30 -юми марти соли 1999, њангоме, ки аз кор бармегашт, њамроњи муњофиз ва ронандаи мошинаш дар пеши хонааш кушта шуд. Нуралї ДАВЛАТ, махсус барои "Нигоњ"


СИЁСАТИ КАЛОН Љањон дар њоле аз тањдидњои нав сўњбатро оѓоз кардааст, ки дар Тољикистон мавзўъњои тањдидбарангез солњо боз мавриди бањсњост. Хоса, пас аз пайдоиши "бањори араб" мавзўъ боз њам љиддитар мегардад. Аммо ба фарќ аз кишварњои дигар, ба гуфтаи коршиносон, мавзўъњои тањдидкунандаи Тољикистон "кўњна" шудаанд. Ба он маънї, ки ин масъалањо солиёни дароз роњи њал наёфтаанд ва њоло, ки љањон дар бораи тањдидњои худ сўњбат мекунанд, мо набояд интизори кадом тањдиди пешгўинашаванда бошем. Махсусияти асосии кишвари мо он аст, ки тањдидњоямон аксаран эњсосшавандаанд. "Нигоњ" дар њамкорї бо коршиносон тасмим гирифт, номгўи 11 мавзўи рамзиеро, ки аз онњо "бўйи тањдид" меояд, ба баррасї кашад.

Тањдиди 11 Зимистон поин ёфт. Ин фасли сол дар њаќиќат барои кишвари мо аз чанд лињоз метавонад вижа њисобида шавад. Аз ин љост, ки доираи коршиносони Русия тариќи расонањои хабарї пеш аз чанд зимистон бошавќ ва ба таври худ маънидорона эълон карданд: "Тољикистонро зимистони шадиде интизор аст". Гап сари он меравад, ки дар Тољикистон њангоми фасли сармо мушкилоти таъмини нерўи барќ солњо боз хатм намеёбад. Њукумат мегўяд, истиќлолияти энергетикиро ба ќатори се мавзўи стратегї њамроњ кардаасту бо бунёд шудани неругоњи "Роѓун" ва сохтани неругоњњои хурд масъала њалли худро пайдо хоњад кард. Вале Ўзбекистон ба сохтмони ин неругоњи пуриќтидор шадидан мухолифат дорад. Аммо Тољикистон танњо неругоњи "Роѓун" надорад. Ба ѓайри ин "Сангтўда1" ва "Сангтўда-2" њам дорад. Аввалї бо сањмияи аз рўи маълумоти гуногун аз 75 то 86 фисадаи русњо акнун бунёд шуда бошад њам, гуфта мешавад барои Тољикистон таќрибан манфиат намеорад. Неругоњи дуюм, ки бо усули биотї аз љониби эрониён сохта шуд, ба муддати 14 сол барои эшон хидмат хоњад кард. Воќеан, агрегати аввалини он расман ба кор сар кард, аммо амалан њамоно хомўшист. Ба ќавли баъзе аз коршиносон, ин гуна њолат ба муносибати на чандон самимонаи ваќтњои ахири Душанбеву Тењрон рабт дорад. Хулоса, њукумат бо бањсњои печдарпечи худ гирифтор асту мардум дар зимистон азоби алими бебарќї мекашад ва умеду интизорињои одамон аз ваъдањои дусолаву сесолаи њукумат то поинтарин њадди эътимод расида. Ин торикї наметавонад тањдиди ноаён, аммо хеле рўшан барои Тољикистон надошта бошад.

Тањдиди 10 Мушкили дигари Тољикистон маориф аст. Тайи 20 соли ахир ин бахши муњим таќрибан ба њоли худ гузошта шуд. Аз солњои аввали истиќлолият, ки мамлакат ба љанги шањрвандї печида буд, метавон то љое чашмпўшї кард. Аммо пас аз 19 соли Созишномаи истиќрори сулњ ва ризоияти миллї низ гўё маориф ба сифати бахши авлавиятнок пазируфта нашуд. Њарчанд буљаи маориф њамасола боло меравад, аммо њамоно то 40 њазор муаллими макотиби њамагонї маълумоти олии пурра надоранд. Ба иќрори як профессори ДМТ миёни донишљўву муаллими донишгоњ фарќ намондааст, ки натиљаи сиёсати нодурусти кадрї аст. Дар ибтидо ба назар чунин мерасид, ки гўё волидон њам ба сифати таълиму тарбияи фарзандони худ таваљљўњи хосе надоранд, балки бо сабабњои мушкилоти зиёди иљтимої тавони дар ин росто иќдом намуданро аз даст додаанд. Њоло насле ба миён омад, ки "калон шавам, "боевик"/ прокурор/ судя хоњам шуд", барои онњо шиор буд. Дар шањрњо волидайн фаъоланд. Далели ин њолат бо маблаѓњои зиёд љо кардани фарзандон дар литсейњои собиќи муштараки туркиву тољикї метавонад бошад. Баъдан, гимназияи "Њотам ПВ" таъсис ёфту бо натиљањои назарраси хонандагонаш маъруфияти зиёд касб кард.

Њоло чандин мактабњои хусусиву давлатї ташкил шудаанд, ки маънии дарки сифати таълиму тарбияро дорад. Вале бовуљуд, маќомоти њукуматї бештар ба маорифи миллї "таъмири косметикї"-ро зарур медонанд, ба љои он ки ба умќи масъала ворид шаванд. Натиља њамин аст, ки як навъ дилсардии мардум аз бахши маорифи кишвар пайдо гардида, наврасони зиёдеро ба мактабњои ѓайримиллї ва ахиран донишгоњњои бонуфузи хориљї мебарад. Ин аз як љониб метавонад пањлўи мусбат намо шавад. Аммо дар асл ин ќисмати бузурги интеллектуалии навест, ки то андозае аз кишвар дилсард гардида, ба Ватан баргаштан намехоњанд. Аз љониби дигар, онњое, ки имконоти моливу моддии љо кардани фарзандони худро дар макотиби муосир надоранд, тасмим гирифтанд, ки онњоро ба мадрасањои мазњабии ватаниву хориљї дохил намоянд. Њукумат замоне ба умќи масъала расид, ки теъдоди ин гурўњњо афзоиш ёфтанд. Ахиран иќдом гирифта шуд, ки маъракаи баргардонии онњоро ба Тољикистон оѓоз намоянд. Ќисмати бузурге баргаштанд, вале пас аз муддати кўтоње

мегиранд. Ин љо дафъатан тањдиди аслї чи ба иќтисодиёти кишвар ва чї ба амнияти Тољикистон ба миён меояд: чун имсол буњрони молии љањонї пеш омада ва акнун дар Русия низ бархўрд бо муњољирон мушкилтар аз он хоњад буд, ки то ин замон. Яъне, тањдиди аслии мо на дар дохили кишвар, балки дар њазоркилометрањо аз марзи Тољикистон вуљуд дорад. Ин њам дар њоле, ки гуфта мешавад аксари шањрвандони Тољикистон, ки ба Сурия рафтаанд, мањз аз Русия ба он ворид шуданд. Масъалаи дигари тањдидзое, ки ба мавзўи муњољирон дахл дорад, куштори берањмонаи тољикон дар Русия аст. Тайи чанд соли ахир дар Русия њатто сари тољикистонињоро мебуранд, ки дар мамлакат вокуниши љиддиро ба бор овард. Њатто кўшишњои дар назди сафорати Русия ташкил кардани намоишњои эътирозї пайдо шуданд. Аз њамин хотир, њукуматро зарур аст, ки тадбирњои њарчи зудтар дар мамлакат таъсис додани љойњои кориро андешаду барои шањрвандони худ дар ватан шароити созгор

11 ТАЊДИД БА ТОЉИКИСТОН боз рў љониби мадрасањои ќаблї оварданд. Зеро шароити вуљуддошта онњоро дигар ќонеъ намесозад. Дар маљмўъ, агар њукумат барои њалли мушкилоти соњаи маориф љиддї машѓул нашавад, имкони аз даст додану ба гурўњњои иртиљої ва бегона пайвастани ин насл мусоидат хоњад кард, ки натиљааш маълум аст: барои онњо эњсоси ватандўстиву ватанпарварї боќї намемонад!

Тањдиди 9 Дар бораи сатњи баланди ришваву фасод дар Тољикистон солњо боз мегўянд. Њам дар дохил ва њам дар хориљ. Пас аз таъсисёбии Агентии мубориза бо коррупсия ва љиноятњои иќтисодї њукумат гўё гуфтан мехост, ки њама зарфиятњои худро барои мубориза бо ин љараён масраф кардааст. Вале то њанўз аз боздошти "нањангњои калон" хабаре нест. Боздошти "моњичањое" аз ин бањр дар мисоли раиси кумитаи замини ноњияву раиси љамоат ва муаллиму табибон андешањоро дар бораи фасодзада будани маќомоти давлатї кам накард. Бардошти умумии як коршиноси байналмилалї аз сатњи фасоди Тољикистон баъдан дар як матлаб чоп шуд, ки чунин маънї дошт: "Дар тамоми дунё одамон барои анљоми кори ѓайриќонунї ба мансабдорон ришва медињанд. Махсусияти коррупсия дар Тољикистон ин аст, ки одамон барои анљоми корњои ќонунї бояд пора дињанд". Ин ки маќомот дар бораи имкон надоштани барњамзании комили фасод борњо сўњбат кардаанд, дуруст аст, аммо дар љањон формулаи хосаи мубориза бо ин падидаи номатлуб вуљуд дорад: Бояд фасодро аз љинояти камхавфи сердаромад ба љинояти серхавфи камдаромад табдил дод! Танњо дар ин сурат, имкони коњиши самимонаи мубориза бо фасод ба њамагон рўшан мешавад. Вагарна коррупсия ба сифати тањдиде боќї мемонад, ки Тољикистонро њар лањза домангир аст.

Тањдиди 8 Мо намедонем, ки моро кадом бањоре интизор аст, агарчи зимистонамон хушк буд. Яъне, чун кишвари мо аграрист ва таъмини озуќа аслан аз њосилнокии хољагии ќишлоќ вобаста аст, њар замон имкони сар задани њодисањои табиї вуљуд дорад ки барои соњаи кишоварзии кишвар зарари назаррас бирасад. Бозори ѓизои кишвар инњисорї аст. Аз равѓани пахта, то гўшти мурѓу шакарро ашхоси алоњида контрол мекунанд, ки њукумат ба онњо хич таъсире надорад, агар баръакс набошад.

Тањдиди 7 Агарчи бањор фасли кишту кор аст, аммо дар мо ба љои донаи умед пошидан аксари мардон дар ин фасл роњи муњољиратро пеш

ба вуљуд биёрад. Дар сурати акс, ин теъдоди бузурги муњољирон ба абзори сиёсии давлат ё созмонњои гуногуни бегона табдил хоњанд ёфту дар дохил њам обрўи њукуматро бештар коњиш хоњад дод. Воќеан, чанд сол пеш аз љониби баъзе аз доирањои ба Кремл наздик пешнињоди таъсиси Њизби муњољирон садо дод, ки муњимияти мавзўъро ошкор мекунад. Хоса, ваќте мегуфт ин њизби таъсиснаёфта њизби пуриќтидори нањзати исломии Тољикистонро "ба як нул хоњад зад", моњияти масъала боз њам амиќтар мешавад..

Тањдиди 6 Таъмини мањсулоти нафтї низ барои кишвари мо ягон дурнамои муайян надорад. Њар замон дар ин самт имкони бўњрон вуљуд дорад. Чун "тиллои сиёњ" дар организми љомеа наќши хунро дорад, пас бояд мо њамеша "донор"-и беминнате дошта бошем. Масъаларо дар Тољикистон гўё замоне дарк карданд, ки Русия нисбат ба кишвари мо бољи хос муќаррар кард. Гуфта шуд, ки ин иќдом барои зиёдтар кардани нобоварї ба њукумат дар натиљаи боло рафтани ќиматњо сурат гирифтааст. Стратегњои њукумати Тољикистон даъво пеш оварданд, ки Русия бозори сўзишвории кишварро ба монополия табдил додаасту бояд аз ин пешгирї кард. Вале роњи дигари алтернативї пайдо нашуд. На Эрон ва на Туркманистону Ќазоќистон бо сабабњои айниву зењнї ин мушкили Тољикистонро њал карда натавонистанд. Бунёди корхонаи сўзишворї дар Данѓара номаълум аст,ки то куљо мушкилотро кам мекунад.

Тањдиди 5 Таъмини ќонуният ва адолати судї дар Тољикистон торафт зери суол ќарор мегирад. Бисёре аз њомиёни њифзи њуќуќ бар онанд, ки Худое накарда, рўзе пайомадњои он инфиљореро дар љомеа ба вуљуд орад. Силсилаи лату куб ва шиканљаи боздоштшудањо, "љазои авлодї" ва мољароњои судї, парвандањои бељавоб торафт вазъиятро дар ин самт муташанниљ сохтааст. Ќазияи халабонњои рус дар соли 2011 ба њамагон мустаќилият надоштани системаи судии кишвари моро нишон дод. Аммо пеш аз ин фирориёни мањбасхонаи Кумитаи амнияти давлатї низ ин иќдоми худро ба њукмњои тўлониву ноадолатонаи судяњои Тољикистон нисбат дода буданд. Ќазияи давлатикунонии СУМ њамаро дар њайрат гузошт. Яке аз муассисони бозори "Ином" пас аз њал нашудани мушкилоташ дар суд ќариб дар Душанбе митинг ташкил мекард. Тањлилгарон дар бораи таќрибан њукми сафед содир накардани судяњо ва њукми на камтар аз 15 сол содир кардани онњо барваќт њушдор дода буданд. Вале њукумат бо кадом сабабе дар ин бахш ислоњоти љиддї карданї нест. Иљозаи њабсро аз маќомоти прокуратура ба судяњо

“НИГОЊ”, ЧОРШАНБЕ №48 (481), 2. 03. 2016

5

низ вазъро бењ накард, зеро дар шароити номустаќилии судяњо ва фасодзадагии онњо, ки дар ин бора зиёд мегўянд, фарќ надорад, ки иљозаро ки медињад: суд ё прокурор?

Тањдиди 4: Пойгоњи низомии Русия дар Тољикистонро бархе аз маќомоти давлатї ва коршиносон ба сифати суботи кишвар маънидод карданї мешаванд. Вале тањлилгарони мустаќил борњо изњор доштаанд, ки њузури низомии як кишвар дар хоки мамлакати дигари мустаќил, аввалан истиќлолияти дуввумиро зери суол мебарад, ва дуюм, сатњи сармоягузории кишварњои дигарро бамаротиб коњиш хоњад дод. Танњо ёдоварї аз рўзњои "ќазияи халабонњои рус" аз љониби баъзе маќомоти рус изњорот дар бораи "аз маќари дивизияи 201 то ќасри президент 10 даќиќа ваќт аст", љиддияти масъаларо рўшан ва тањдидбарангез будани ин неруњо дар Тољикистонро ошкор кард.

Тањдиди 3 "Њамсоя ба њаќќи Худо баробар аст", "Њамсояро интихоб намекунанд", "Тољику узбек як миллатанд, ки бо забонњои гуногун њарф мезананд". Ин таърифњое мебошанд, ки аз љониби Душанбеву Тошканди расмї борњо садо додаанд. Вале дар асл мушкилоти љиддитарини феълии Тољикистон мањз бо Узбекистон аст. Бастани роњњо, ќатъ кардани воридоти гази табиї, манъ кардани мањсулот барои неругоњи "Роѓун", вуљуд доштани низоми раводид бо Тољикистон масъалањои хеле љиддї њам бошад, аммо мисле, ки ба онњо акнун одат кардаем. Мушкилоти марзї бо Ќирѓизистон, ки то наздикињо бо он умуман "проблема" надоштем,боз њам масоили минтаќавиро љиддитар бозтоб медињанд. Пас, Душанбеву Тошканду Бишкек то куљо ин мушкилотро љиддї мегиранд ва оё имкони сўистифода аз ин њолат аз сўи фурсатталабон вуљуд дорад, саволњоеанд, ки масъаларо дар сурати њал нашуданаш, ба тањдиди дигар монанд мекунанд...

Тањдиди 2 Мавзўи роњи пулакї дар Тољикистон нав набошад њам (5 сол шуд), аммо махсусиятњои аљибе дорад. Аввалан роњи пулакї бидуни вуљуд доштани роњи алтернативї пайдо шуд, ки одамонро аз њаќќи интихоб мањрум намуд. Дуюм, соњиби ин ширкати пулчинак то њанўз эълон нашудаву дар бораи он тахмину фарзияњо бисёранд. Сеюм, маъракаи расмии ифтитоњи он аз якуми апрели соли 2010 оѓоз шуд. Ин замоне буд, ки дар Ќирѓизистони њамсоя нооромињо шурўъ шуданду ахиран бо барканории президенти собиќ хатм ёфтанд. Сокинони ноњияи Варзоб нисбат ба пулакї кардани роњи байни ду дења чандин маротиб иќдом дар шакли гирдињамої ташкил карданд ва то муддати муайян масъалаи худро то љое њал карданд. Аммо то њанўз сабабњои афзоиши нархи мањсулот мањз ба роњи пулакї нисбат дода мешаваду дар ќисмати шимоли мамлакат низ норозињоро афзуда. Њукумат бошад, тавре рафтор мекунад, ки гапи љиддие нест ва баръакс ќонуни нав дар бораи консессияњоро ќабул кард, ки эњтимоли афзоиши ин гуна иќдомњоро ба вуљуд меорад.

Тањдиди 1 Хавф ё тањдиди бузургтарини Тољикистон ба гуфтаи коршиносон дар он иртибот дорад, ки њукумат њарчї бештар аз мардум канортар меравад ва хостањои мардумро сарфи назар мекунад. Мардум доим дар интизори таѓйироти куллианд. Хоса дар бахши љобаљогузории кадрњо ва авлавият пайдо кардани намояндагони як мањаллу ноњия дар ин самт. Интизори асоси имсол буд, аммо таѓйироти аввал нишон доданд: њукумат ислоњоти љиддї карданї нест. Инро ба ду омил нисбат медињанд. Яке, ба назар гирифтани хостаи мардум гўё маънии гузаштро дораду баъдан хостори онњо зиёдтар мешавад, ки њукумат инро намехоњад. Ва дуюм, бозгардонидани пайвандони "рафиќони кўњна" ба "командаи нав" гўё њамаро ќонеъ мекунад. Аммо маълум аст, ки ќонеъ кардани њама ва барои њамеша танњо дар як њолат имконпазир аст: агар тасмимњо љиддиву самимона гирифта шаванд, на рамзиву бо њадафњои хос. Вагарна чашмпўшї аз хостањои мардум дар мисоли кишварњои арабї нишон дод, ки пайомади хубе надорад. Њоло њам, ки дер нашудааст, моро мебояд ин риску тањдидњоро ба фоидаи давлатдории милливу љомеа идора кунем.


6

“НИГОЊ”, ЧОРШАНБЕ №48 (481), 2. 03. 2016

142 њазору ... км2

ИЌДОМИ НАВ

ДАР НАВБАТИ ЯК ПОРЧА ПОЯНДОЗИ ЭМОМАЛЇ РАЊМОН Аз пояндози пеши пойи Эмомалї Рањмон, президенти Тољикистон, дар ноњияи Њисор ба Бибисайрамой Кароматуллоева, сокини љамоати Алмоиси ин ноњия њамагї як порча сони сафед ё сафедии пояндоз расидааст. Ин матоъро ў бо ният барои тўйи фарзанди хурдиаш гирифтааст ва пораеро њам баъд аз хоњишњои зиёд ба њамсояааш додааст. Ў дар суњбат бо хабарнигорон гуфтааст, ки "мо онро ба ин маќсад гирифтем, ки фарзандњоро тўй кунему пеши пойи онњо партоем. Ба монанди Љаноби Олї бадавлату басавлат шаванд."Аз маќомоти љамоати Алмосї ба Бибисайрамой ваъда додаанд, ки аз матои аслии пойандози президент њам, ки бахмали сурх буд, барояш тибќи дастури президент як пора "табаррукї" медињанд. Таќдими матои пеши пойи президент ба

занони аз синни 60 болои ноњияи Њисор дастури худи президент Эмомалї Рањмон аст. Ў зимни сафари ахираш ба љамоати Алмосии ноњияи Њисор барои бунёди як боѓ, баъди гузаштан аз рўйи пояндозе, ки беш аз 200 метр дарозї дошт, масъулонро муваззаф кард, ки ба њар зани солманд аз номи ў ба андозаи 3 метр аз ин матоъ таќдим кунанд. Масъули бахши кумитаи кор бо занони ноњияи Њисор њоло бо тањияи як рўйхат мехоњанд, ки матои пеши пойи президентро ба занони болотар аз 60-сола ва фаъоли ноњия бидињанд. Маќомоти мањаллии ноњияи Њисор мегўянд, маъмулан зимни чунин сафарњои президент ба ноњия зери пойи ў ќолин партофта мешуд, аммо ин бор ба хотири аввалин сафараш баъди зиёрати хонаи Худо, барояш пояндоз аз матои бахмали сурх густурдаанд.

зидент барои таќсими матоъ ба занон, онњое, ки дар ин љамъомад њузур доштаанд, њар кадом талош кардаанд, ки барои худ як порчаи аз онро бигиранд ва дар дасти масъулон њам як ќисмати на чандон зиёди ин матоъ боќї мондааст.

МАЪРАКАИ БЕ ЊАРОРАТ

АЗ ПОЁН ТО БОЛО

ВАЌТЕ ПАДАР БА ПИСАР МАНСАБ МЕДИЊАД Дар панљ соли охир бори аввал Агентии назорати давлатии молиявї ва мубориза бо коррупсияи Тољикистон дар минтаќаи Кўлоб мансабдоронеро ошкор кардааст, ки ба наздикони худ вазифа додаанд. Нуриддин Боев, як масъули ин Агентї дар Кўлоб гуфтааст, дар соли 2015 чањор чунин мансабдорро ошкор кардаанд, ки онњо фарзандону њамсари худро дар вазифањои калидї таъин намудаанд. Ба ќавли Боев, дар пайи ошкор шудани ин њолат наздикони чор мансабдор, ки ба онњо њисоботдињанда буданд, аз маќом барканор шудаанд. Гуфта мешавад, Ќадаммурод Каримов соли 2010 дар вазифаи сармуњосиби кўмаки аввалияи тиббї-санитарии ноњияи Њамадонї таъин шуда ва писараш Зафар Асоевро ба вазифаи муњосиби молу ашёи њамин нињод таъин кардааст. Њамчунин Давлат Имомов, сардори раёсати молияи ноњияи Ховалинг писари худ Иброњим Имомовро ба вазифаи сармутахасиси шўъбаи хазинадорї ба кор ќабул кардааст. Дар мавриди дигар, Саймуртазо Самиев, сармуњосиби филиали "Амонатбонк"

Аммо масъулони кор бо занони ноњияи Њисор мегўянд, ки барои таќсими баробари пояндози президент маљбуранд на 3-метрї, њамон тавре президент хостааст, балки ба њар зан як пораи хурде аз онро таќдим кунанд. Гуфта мешавад, баъди даъвати пре-

дар ноњияи Мўъминобод бародараш Сайидакбар Рањимовро ба вазифаи мутахассис оид ба корњои бонкї ќабул намудааст. Инчунин, Убайдулло Файзуллоев, сардори маркази ташхиси байтории шањру навоњи Кўлоб њамсараш Идигул Тешаеваро бо фармони худ мудири хољагї таъйин кардааст. Ба гуфтаи Нуриддин Боев дар њамаи ин чањор њолат, афроди таъйиншуда ба сардорони худ њисоботдињанда буданд. Бинобар њамин, ба таъкиди љаноби Бобоев, онњо пешнињод карданд, ки афроди таъйиншуда, ки наздикони рањбаронашон ба њисоб мерафтанд, аз вазифањо сабукдўш шаванд. Тибќи ќонунгузории Тољикистон, афроде ки дар вазифањои роњбарикунанда кор мекунанд, њаќќи таъини хешовандони худ ба вазифањои калидии нињоди зертобеи худро надоранд. Аммо ин ќонун дар мавориди зиёд амалї намешавад ва бархе аз мансабдорон афроди наздики худро ба вазифањои калидї таъин мекунанд, ки дар назди худ њисоботдињанда њастанд.

"БА ИЉОРА МЕДИЊАМ!"

БЎЊРОН ДАРИ МАЃОЗАЊОРО МЕБАНДАД

ИНТИХОБОТИ 10 АПРЕЛ. БИДУНИ ШИРКАТИ МУХОЛИФИН Аз 7 њизби сиёсии сабтиномшудаи Тољикистон танњо чањор њизб вориди корзори интихоботи миёндаврї барои ду курсии холишудаи порлумон шуданд. Абдуманнон Додозода, раиси дастгоњи Кумиссиюни марказии интихобот ба хабарнигорон гуфтааст, ки муњлати ахири сабти номи номзадњо 25 феврал буд ва танњо ањзоби халќии демократї, аграрї, демократї ва сотсиалистї номзадњои худро сабти ном кардаанд. Додозода афзуд, ба љуз аз номзадњои ин 4 њизб ду номзади мустаќил низ аз њавзаи якмандатї сабти ном шудаанд. Њизби коммунисти Тољикистон дар пешнињоди номзадњои худ натавонистааст ба хулосаи зарурї бирасад ва худдорї кардааст. Њамин тавр, 10 апрел дар ду њавзаи интихоботї - њавзаи раќами 1-и ноњияи Фирдавсии Душанбе ва раќами 16-и ноњияи Љаббор Расулов - барои ду курсии холимондаи парлумон интихоботи миёндаврї баргузор мешавад. Абдуњалим Ѓаффоров, раиси Њизби сотсиалистии Тољикистон низ дар суњбат бо Озодї гуфтааст, ки дар њавзаи якмандатии Фирдавсии пойтахт номзадии Таманно Раљабова ва дар њавзаи Љаббор Расулов устоди донишгоњи Хуљанд Матлуба Умароваро пешнињод мекунанд. Дар Њизби демократи Тољикистон гуфтаанд, ки ин њизб Њикматулло Саидиён, муовини раиси њизб ва дар гузашта рањбари њизби сабтнашудаи Вањдатро ба унвони номзад дар интихобот пешнињод кардаанд. Усмон Солењ, раиси бахши иттилоот ва тањлили Њизби халќї-демократии Тољикистон ќаблан ба хабарнигорон гуфта буд, ки дар њавзаи раќами 1-и ноњияи Фирдавсї номзадии декани факултаи њуќуќши-

носии Донишгоњи миллї Эмомалї Насриддинов ва ба њавзаи Љаббор Расулов рањбари дастгоњи њукумати ноњияи Зафаробод Алиљон Саидзодаро пешнињод хоњанд кард. Њизби мухолифи сотсиал-демократ ќаблан гуфта буд, ки дар интихоботи миёндавраии моњи апрел ширкат хоњад љуст. Вале ин њизб дар нињоят ягон номзадашро пешбарї накард. Тасмими баргузории интихоботи миёндаврї дар љаласаи 4 феврали Кумиссиюни марказии интихобот ва раъйпурсии Тољикистон гирифта шуд. Барандањои ин интихоботи миёндавраї дар Маљлиси намояндагон курсињои холимондаи Мањмадалї Ватанзода ва Комилљон Салимзодаро хоњанд гирифт. Мањмадалї Ватанзода моње пеш ёрдамчии раисиљумњури Тољикистон оид ба масъалањои њуќуќї ва намояндаи президент дар Маљлиси олї ва Комилљон Саидзода раиси ноњияи Љаббор Расулов таъин шудаанд. Ба њамин далел Маљлиси Намояндагон ваколати ин ду вакилро ќабл аз муњлат ќатъ кард.

МАВЌЕИ НОМУАЙЯН Бўњрони давомдори иќтисодї бозори як замон гарми моликони дўкону фурўшгоњњоро, ки барои тољирон ба иљора дода мешуд, дар шањри Хуљанд сард кардааст. Њоло дари дањњо дўкону фурўшгоњњо баста шуда, ба болояшон навиштаљоти "Ба иљора медињам"-ро насб кардаанд. Хабарнигорон танњо дар мањаллаи 19уми маркази вилояти Суѓд њудуди 15 фурўшгоњи холиро баршумурдаанд, ки соњибонашон интизори иљорагирњо нишастаанд. Ќаблан ин фурўшгоњњо боз буда, ба сокинон маводи ѓизої, маводи техникии рўзгор ва бозичањои бачагона пешнињод мекарданд. Масъулони идораи андоз гуфтаанд, ки ин вазъ саросарї нест. Парвиз Хошоков, аз масъулони бахши баќайдгирии соњибкорон дар раёсати андози Хуљанд, гуфт, агар дар моњи феврал дар маркази вилояти Суѓд 90 соњбикори хурд фаъолияти худро расман ќатъ намуда бошад, дар иваз наздики 140 нафар патенти соњибкорї гирифтаанд.

Вай, аммо баста шудани бархе маѓозаву ба иљора гузоштани љойи онњоро тасдиќ кард ва гуфт, аз ќабл соњибкони дўконњо нархи иљораро бо њисоби бо доллар таъин мекарданд ва дар пайи боло рафтани ќурби доллар иљорапулиро ба сомонї кам накарданд. Аз ин рў, бархе тољироне, ки дўкону маѓозањои хурду бузургро барои тиљоратњои хурд ба иљора гирифта буданд, тиљорати худро ба бозорњои бузург, назири "Сомонбозор"-у "Назари нек" кўч доданд, ки арзонтар ва ё барои давраи аввал ройгон аст. Дар њамин њол, бархе аз мусоњибон, ки маѓозаи худро баста ва ба иљора гузоштаанд, мегўянд, бо ин ки аз эълони ба иљора гузоштанашон чанд њафта мегузарад, вале њанўз иљорагири нав пайдо накардаанд. Њамаи онњо мегўянд, мунтазири он нишастаанд, ки бўњрони иќтисодї њарчї зудтар ба поён бирасаду оњи сабук бикашанд.

ФАЪОЛИЯТИ 133 МАСЉИДРО ДАР НОЊИЯИ РЎДАКЇ МАНЪ КАРДААНД Дар ноњияи Рўдакї фаъолияти 133 масљидро ѓайриќонунї дониста, фаъолияташонро ќатъ кардаанд. Бино ба иттилои расмї, ин масљидњо бидуни њуљљатгузории зарурї бунёд карда шудаанд. Њоло бинои масљидњои мазкур бо ќарори раиси ноњия ба мактабњои тањсилоти миёнаи умумї, муассисањои томактабї, бунгоњњои тиббї, толори варзишї, марказњои фарњангї, компютерї ва дўзандагї мубаддал шудаанд. Аз љумла, дар љамоати дењоти Роњатии ноњия фаъолияти се масљид ќатъ шуда, ба муассисаи томактабї табдил гардиданд. Тибќи маълумоти маќомоти Тољикистон, њоло дар кишвар зиёда аз 4 њазор масљид расман фаъолият мекунад. 8-уми феврал дар нишасти Прокуратураи генералї гуфта буданд, ки тибќи тањлили маќомот барои ќонеъ кардани талаботи динии мардум ин масљидњо кофї мебошад. Санљиши маќомоти Прокуратура дар соли гузашта 600 масљидеро ошкор кардааст, ки бидуни ќайди расмї фаъ-

олият доранд. Њоло дар Тољикистон танњо дар мањаллањое ба бунёди масљидњои нав иљозат хоњанд дод, ки дар наздикии аз 50 то 100 метри он масљиди дигар мављуд набошад. Дар 2 соли ахир 1032 масљид дар минтаќањои Тољикистон ба марказњои фарњангию фароѓатї ё ба истилоњ ба љойњои љамъиятї табдил дода шудааст.


ВОЌЕИЯТИ ИЌТИСОД Бо расидани фасли бањор мавсими кишти мањсулотњои кишоварзї, аз љумла пахта дар Тољикистон шурўъ мешавад. Соли гузашта истењсоли пахта дар Тољикистон ќариб 100 њазор тонна коњиш ёфта буд. Бино ба омори расмї, соли гузашта дар кишвар 270 њазору 41 тонна пахта истењсол шуд, ки нисбат ба як соли пеш 99 њазор тонна кам аст. Пахта яке аз 2 мањсулоти асосии содиротии Тољикистон аст ва њукумати кишвар низ дар самти зиёд кардани кишти он ќарорњои зиёде ќабул кардааст. Пас чаро истењсоли он дар кишвар коњиш меёбад?

Ќодирї: Чаро Ўзбекистон пахтаро кам мекунаду мо не? Тољикистон кишвари аграрї буда, дар даврони шўравї таги 1 миллион тонна пахта истењсол мекард. Аммо бо барњам хўрдани шўравї ва оѓози љанги шањрвандї дар Тољикистон ин соња рў ба таназзул нињод. Агар соли 1991 дар Тољикистон 825,1 њазор тонна пахта истењсол шуда бошад, пас дар соли 2015 ин раќам то 270 њазор тонна поин омад. Чї омилњо боис шуд, ки пахтакорї дар Тољикистон таназзул кард? Коршиносони соњаи иќтисод, монополия шудани тиљорати пахта аз љониби як гурўњ, ќиммат шудани нархи маводњои сўзишворї ва нурињои минералї, паст шудани сатњи таъминоти обро аз омилњои аслии коњиш ёфтани истењсоли пахта дар Тољикистон медонанд. Ба гуфтаи мутахассисон, дењќони тољик имрўз заминро гирифта, намедонад чї кор кунад. Тавре яке аз коршиносони Академияи илмњо зимни суњбат бо мо гуфт, "дењќонон агротехникаро дуруст истифода намебаранд, об ва дигар нурињои минералиро дар ваќташ намедињанд ва њамаи ин ба кам шудани њосил оварда мерасонад. Дар Тољикистон чизи аз њама муњим барои пахта гармї мављуд аст, вале дењќонон аз самаранок истифода намебаранд." Дар њамин њол дењќонон мегўянд, њарчанд имрўз давлат ба онњо замин људо кардааст, аммо бо нарху навои нурињои минералї, ки имрўз њаст, наметавон пахта кишта карда, аз он фоида ба даст овард. Бањодур Ёров, як дењќон аз вилояти Суѓд 1,5 га замин дорад ва то 3 соли пеш ў пахтакор буд, вале њоло аз кишти он даст кашида, бештар чормаѓзи заминї мекорад. Ин дењќон мегўяд, аз 1,5 га замин то 6 тонна чормаѓзи заминї мегирад ва агар онро бо нархи 5 сомонї фурўшад пас 30 њазор сомонї маблаѓ ба даст меорад, ки ин маблаѓ харољоти ўро мепўшонад. Аммо агар ў дар ин замин пахта кишт кунад то 4 тон шояд пахта гирад ва агар њар килои онро хом бо нархи баланди 4 сомонї њам фурўшад пас 16 њазор сомонї ба даст меорад. Мушкилоти дигар ба гуфтаи дењќонњо ин аст, ки ваќте пахтаро барои коркард ба завод медињед, бо бањонаи пастии сифат, ё бањонањои мисли ин маблаѓи дењќонро кам медињанд. Инчунин дар ваќти гирифтани

ТАСЊЕЊ Дар матлаби 32 триллион нињолу ќаламча дар 2 сол. Чаро Тољикистон ба љангали калон табдил намеёбад?-и шумораи гузашта (№47 (480) иштибоњ роњ ёфтааст. Гап сари ин аст, ки дар њисоботи Кумитаи њифзи муњити зист оид ба нињолшинон?, ки ба Нигоњ ирсол шуд, омори нињол ва ќаламчањо на људо, балки якљоя буд (ба акс нигаред). Дар ин сурат, раќам зиёда аз 32 триллионро дарбар мегирифт. Баъдан маълум шуд, ки бо иштибоњи техникии масъулин, муаллиф ба хато роњ додааст. Њамин тавр, дар 2 соли гузашта дар

“НИГОЊ”, ЧОРШАНБЕ №48 (481), 2. 03. 2016

7

110 ДОЛЛАР АЗ 1 КИЛЛО НАХИ ПАХТА Чаро дар Тољикистон њанўз њам пахта "ашёи хом" аст?

маблаѓ кормандони андоз ва об онљо њозир мешаванд ва ќарзашонро талаб мекунанд. "Дар натиља барои дењќон маблаѓи фоидаовар боќї намемонад" мегўянд дењќонњо. Дар њамин њол, ба гуфтаи коршиносон таваљљуњи хоси маќомоти њукумат метавонад боис ба рушди соњаи пахтакорї гардад, он чи ки феълан эњсос намегардад. Шоњидон њол, наќл мекунанд, ки дар љаласаи љамъбастии соли 2014 раиси вилояти Суѓд Абдурањмон Ќодирї зикр мекунад, ки "Сарвазири Ўзбекистон Шавкат Мирзиёев зимни суханрониаш гуфтааст, ки онњо истењсоли пахтаро коњиш медињем. Пас чаро мо ин корро накунем?". Гуфта мешавад њатто ба бархе раисони навоњии пахтакор супориш њам медињад, ки кишти пахтаро кам кунанд. Дар натиља вилояти Суѓд соли чорум аст, ки дурнамои истењсоли пахтаро иљро намекунад. Њатто ин дурнамо њар сол 369 301 тонна, 270041 тонна ва 99 260 тонна мутаносибан коњиш меёбад.

кишвар на 32 триллион, балки 3 млн. 288 њазор нињол ва 1 млн. ќаламча шинонда шудааст. Бовуљуд, муаллифи матлаб аз хонандагони нашрия бахшиш мепурсад.

"Манфиаташро дигарон мебинанд" Иддаои масъулин дар мавриди кам кардани кишт ва истењсоли пахта ин пастравии нархи пахта дар бозори љањонист. Мањмадтоњир Зокиров, вазири кишоварзии Тољикистон дар нишасти ахири хабариаш гуфта буд, "паст рафтани нархи пахта дар истењсоли пахта таъсири манфї расонд. Инчунин гармселњои зиёди фасли тобистон ва фаъолияти номўътадили хољагидорї низ ба нашъунамои пахта бетаъсир намонд. Нурињои минералї низ ќиммат шуданд, мумкин оби полезї нарасид. Дењќон њамон ваќт пахта мекорад, ки њама шароиташ муњайё бошад ва мо кушиш мекунем, ки њама шароитро муњайё кунем,-мегўяд вазири кишоварзї." Аммо тањлилгарон ба ин назаранд, ки барои истењсоли пахта дар Тољикистон шахсони зиёд ранљ мебаранд, вале азбаски ин мањсулот аслан дар шакли ашёи хом ба хориља меравад, фоидаи онро дигарон мебинанд. Одил Нуров, коршиноси масоили иќтисодї мегўяд, "мо одат кардаем, ки пахтаро љамъоварї карда, зуд фурўшем, аммо мо намедонем ки пахтаро бепул дода истодаем. 7-8 моњ мардону занон зери офтоби сўзон дар замини пахта кор мекунад. Ќувваи корї, хўрока, сўзишворї сарф мешавад, вале дар натиља агар маблаѓи ба даст омадаро њисоб кунем пахта бенињоят "дирам" мешавад. " Ин коршинос роњи њалро дар он мебинад, ки "бояд бо соњибкорони хориљї дар дохили кишвар корхонаи коркарди муштарак таъсис дода, коркарди нахи пахтаро дар дохил зиёд кунед. Дар ин сурат сафи дењќонони пахтакор чандин маротиба зиёд меша-

вад. Пахтакор шабу рўз мењнат мекунад, агар донад, ки мењнаташ дар њаво намемонад." -Дар ИМА аз 1 кило нахи пахта то 110 доллар фоидаи соф ба даст меоранд. Мисол тагпўшњои (майка) босифати ширкати "NICE" то 80 доллар нарх дорад, ки вазни он њамагї 120-130 грамро ташкил медињад. Аз 1 кило нахи пахта то 3-4 чунин тагпўш метавон истењсол кард. Як кило пахтаи мо бошад, њамагї 1 доллар ё каме зиёдтар аз он ба фурўш меравад. Аз ин чиз хулоса баровардан зарур аст, ки чаро коркарди пахта дар дохили кишвар ба роњ монда шавад,мегўяд ин коршинос. Ба гуфтаи Собир Вазиров, иќтисодшиноси дигар тољик, дар мавриди роњандозии коркарди пахта давлат аллакай чорањо андешидааст ва танњо масъалаи сармоя ва њимояи бозор зарур аст. "Дар масъалаи манфиат аз коркард, барои мисол агар 1 тонна нахи пахта таќрибан имрузњо 13001500 доллар бошад, пас баъди коркарди он то мањсулоти нињої 1 тонна мањсулоти аз пахта 10 њазор-20 њазор доллар мегардад. Пас метавон тасаввур кард, ки чї фоида дорад." Њукумати Тољикистон дар самти коркади пахта чандин корњоро анљом додааст. Аз љумла, соли 2007 "Барномаи коркарди пурраи нахи пахтаи дар Љумњурии Тољикистон" ќабул шуд, ки бояд то соли 2015 амал мекард. Тибќи ин барнома тавлиди мањсулоти пахтагин дар дохили кишвар зиёд гашта, њазорон нафар ба љои кор таъмин мегардад. Инчунин соли 2012 Њукумат бо тасвиби як ќарор ба зиёда аз 10 корхонаи коркарди пахта имтиёзњои андозї дод. Аммо ин имтиёзњо то куљо амалї шуданд? Чаро чандин корхонањои коркарди пахта сарфи назар аз имтиёзи андозї боз калонтарин ќарздорони Кумитаи андоз мубаддал шуданд? Љамъияти сањомии шакли пушидаи "Олим-текстайл"-и ноњияи Мастчоњ яке аз 12 корхонае мебошад, ки тибќи ќарори њукумат аз имтиёзњои андозї бархўрдор гардид. Ин корхона моњи марти соли 2011 ташкил шуд, вале дар давоми 5 соли аввали фаъолият аллакай аз андоз 17,1 миллион сомонї ќарздор аст. Дар натиља пахта аз Тољикистон њанўз њам дар шакли мањсулоти хом ба хориљ содир мешавад. Масалан, соли гузашта Тољикистон ба хориљ ќариб 108 њазор тонна нахи пахтаро бо ќиммати 144 миллин доллар ба хориљ фиристондааст. Тавре мегўянд, "об дар хонаву мо ташналабон мегардем"...

Муллораљаб ЮСУФЇ


8

“НИГОЊ”, ЧОРШАНБЕ №48 (481), 2. 03. 2016

ДИКТАТОР

"Баъди фурурафти офтоб шабњои сиёњ фаро мерасанд, вале дуду чанг шањрро пўшида. Ту зери ин осмони гардолуд нафасгир мешавї. Рўзњо бадал ба шаб шудаанд. Ситорањо наметобанд, моњ нест. Танњо чизе, ки мешунавї, ин нола аст..." Порае аз як навиштаи Саддом Њусейн дар зиндон.

Соли 1991 парчами нави Ироќ ќабул шуд ва Саддом дар он бо дастони худ "Аллоњу Акбар" навишт. Ин парчам то замоне вуљуд дошт, ки Саддом зинда буд. Солњои њокимияташ пайкарањои зиёд ва расму портретњояш гўшаву канори шањрњо, идораву муассисањоро оро медоданд, ваќте боздошт ва эъдом шуд, њамаи онро барканданд. Дар гўшаи экрани телевизион њатман акси ў канори масљид љо дода шуда буд ва ваќтњои намоз наворе аз ибодати сарварро намоиш медоданд. Аз соли 1998 то охир рўзњои таваллудаш ин доњии худхонда њамеша масљидеро ифтитоњ мекард. Рўзи таваллудашро ба иди миллї табдил доданд, њар сол 26уми август навбати табрики сарвар ва доњї садњо метр тўл мекашид. Матбуот, радио ва телевизиони Ироќ муаззаф шуда буданд, ки Саддомро бояд чун доњии миллат муаррифї кунанд, бунёдкунандаи мактабњо ва бемористонњо, ѓамхори ягонаи халќу миллат, сутуни баќои давлат, сабаби саломатии мардум эълон намоянд. Лањзањоеро намоиш медоданд, ки одамон дастони ўро мебўсиданд, мактаббачагон шеърњое дар бораи ќањрамонињову хизматњои ў месуруданд. Њамаи китобњои дарсї бо акс ва суханони ў чоп мешуданд, дар рисолањои илмї њатман аз хизматњои ў ёд мешуд, иќтибосоти фаровоне аз суханронињояш меоварданд. Бисёре аз корхонаву муассисањо, силоњњо ва навоњии кишвар ба номи ў номгузорї шуда буданд. Њатто Кувайти ишѓолиро "Ал-Саддомия" номиданд. Ва чун ў доњии милат буд, телефони вижае дошт, ки мардум мустаќим бо ў

Саддом Њусейн чењраи зиддунаќиз аст. Дар Ироќ ўро чашми дидан надоштанд, метарсиданд ва гоње дар њаќаш дуои хайр њам мекарданд. Солњои 1970 аз ў машњуртар одам дар Ироќ набуд ва маъруфияташ замоне афзуд, ки сатњи зиндагии мардум боло рафт. Вай тавонист боигарињои нафтиро, ки мутааллиќ ба амрикоињо буд, миллї кунад ва сармояи ба дастмеомада аз нафтро сарфи некўањволии мардум ва рушди иќтисодї созад. Вале, чун президент интихоб шуд, кишварро ба бунбаст расонд, он њама рушди бесобиќаи иќтисодї зарфи як дањсола нобуд гардид. ДИКТАТОРИ ВАЛАДУЗЗИНО? Чун њамаи диктаторњои олам бачагии пушмашаќќат дорад. Исмаш Саддом Њусейн Абдулмаљид ат-Тикратист. 28-уми апрели соли 1937 ба дунё омадааст. Дар бораи падараш тахминан чизе намедонист. Бино ба баъзе маълумот падараш Њусейн Абдулмаљид шаш моњ пештар аз таваллуди ў ѓайб зада буд, баъзењо мегўянд, ѓайб назад, балки мурд ва гуруње бар инанд, ки вай аз њамсараш људо шуда буд. Овозањое низ буданд, ки Саддом аслан валадуззино буд ва бо ин ном вай падаре надошт. Бародари калонии ў дар синни 12-солагї аз бемории саратон фавтид. Модараш аз ин ба риќќат омад ва њолати ногувори асабоният саломатии ўро метавонист ба хатар рў ба рў созад. Мехост дар њомилагї аз Саддом људо шавад, ба њадде њолати руњияш бад шуд, ки даст ба худкушї њам мехост занад. Ин буд, ки бародари ў Хайруллоњ Саддомро ба тарбияи худ гирифт. Вале муддате пас барои ширкаташ дар шўришњои зиддибританиёї Хайруллоњ ба њабс гирифта мешавад. Модари Саддом ноилољ ба бародарбузурги шавњари собиќаш Иброњим издивољ мекунад. Аз зиндагии муштарак соњиби як сегоник ва як дугоник мешаванд. Вале азбаски падарандар камбизоат буд, бачагии Саддом дар гурўснагиву мањрумиятњо пушти сар мешавад. Иброњим ўро тањќир мекард, мезад, дашном медод. Дар ин миён таѓояш Хайруллоњ аз зиндон рањо мешавад ва Саддом аз хона ба Тикрит фирор мекунад ва бо кўмаки Хайрулло вай мактабро хатм мекунад. Расман аз соли 1979 президенти Ироќ интихоб шуд, њарчанд аз чанд соли пеш, ки дар вазифањои гуногуни њизбиву давлатї буд, кишварро мањз Саддом идора мекард. ЉАНГ БО ЭРОН. ПУРТАЛАФОТТАРИН ЉАНГИ ЉАЊОН Номи Саддом Њусейн замоне бештар сари забонњо печид, ки ба Љумњурии исломии Эрон њамла кард, мехост ќомати инќилоби навпои исломиро дар њамсоякишвар бишканад, ќудрати оятуллоњоро дар минтаќа заъиф созад ва пинњон њам намедошт, ки бахше аз хоки Эронро бояд ба Ироќ њамроњ созад. Ин буд, ки баъди саркўб кардани мухолифонаш ва њатто коммунистон ва таќсим намудани ќудрати идорї миёни бастагонаш, ба Эрон њамла кард. Ин љанг њашт сол идома кард, Саддом Эронро натавонист бишканад, зеро дар миёни љанг вай бо курдњои ќаламрави кишвараш низ дар набард шуд, зидди онњо силоњи кимиёвї истифода кард, њамзамон бо ин ба таъќиби мухолифонаш, ќабл аз њама шиъиён ва курдњои људоихоњ идома дод. Љанги Ироќ бо Эронро коршиносони ѓарбї мудњиштарин ва пурталафоттарин љанги таърихи башар баъди Љанги дуюми љањон номиданд. Ин љанг ќарзи хориљии Ироќро ба бештар аз 80 миллиард доллар расонд. Њама талошњояш барои пардохти сариваќтии ќарзњо баръабас рафт. Чун вай бо Эрони шиамазњаб мељангид, умед дошт аъроби суннимазњаб дар канораш ќарор мегиранд ва њаддиаќал ќарзњояшро мебахшанд, вале иштибоњ мекард. Ягон кишвар на дар шарќ ва на дар Ѓарб њозир нашуд ќарзи Ироќро бубахшад. Гузашта аз ин, касе дигар ќарзи имтиёзнок њам намедод. Ин љанг ба зиддияти курдњои људоихоњ бо њукуматњо таъсир расонд. Курдњои Эрон дар симои Саддом муттањиди худро диданд ва ба ў кумак карданд. Эрон бошад ба хотири фишор болои Саддом бо пулу силоњ курдњои ироќиро таъмин кард. Соли 1982 Саддом бо Туркия барои муборизаи муштарак бар зидди курдњо созишнома имзо кард. Ин шартнома ба ду љониб иљозат медод, ки курдњоро дар ќаламрави якдигар то 17 километр таъќиб кунанд. Аз сўйи дигар курдњо муваффаќ шуда буданд, ки дар ќисмати шимолии Ироќ манотиќи калонеро тањти назорат гиранд. Ироќ аз тарси њамлаи эро-

САДДОМ ЊУСЕЙН Худкомае, ки пас аз 25 соли њокимият, дар рўзи Иди Ќурбон кушта шуд нињо бо ёрии курдњо неруњои азими худро ба ин минтаќа эъзом кард ва дар як муддати кутоњ то 182 њазор курдњо (асосан мардон) ба самти номаълум бурда шуданд. Танњо баъди марги Саддом гўрњои дастаљамъии онњоро пайдо карданд. Соли 1990, баъди ду соли анљоми љанг бо Эрон Саддом дастури њамла ба Кувейтро содир кард, мехост ин кишвари сарватмандро ба худ њамроњ кунад. Вале Амрико ва муттањидонаш дар кўтоњтарин фурсат артиши Ироќро аз Кувейт берун ронданд ва њатто дар дохили Ироќ барои нобудсозии инфраструктураи њарбии он амалиётњои љангиро ба роњ монданд. Ин муљиби мусибатњои зиёд болои мардум шуд. Соли 1991 шиъиён ва курдњо зидди Саддом даст ба шўриш заданд, вале неруњои давлатї онњоро берањмона саркўб намуданд. Бино ба оморњо дар ин љангњо дар Ироќ њадиаќалл 100 њазор нафар кушта шуданд. Ироќ назорати чандин мањалњои курднишинро аз даст дод. Ѓарб тањримњои шадид љорї кард ва њамаи ин фишорњо боис гардид, ки Ироќи замони Саддом дигарбора ба худ наёмад. БО ЊАМСАРИ ЧОРУМАШ АЙШИ ШОЊОНА НАДОШТ Саддом Њусейн чор маротиба издивољ кардааст. Њамсари аввалин ва то охир дўстдоштаи ў Сољида, духтари таѓои ў буд. Онњоро замоне бо њам номзад карданд, ки Саддом 5-сола ва Сољида 7-сола буд. Танњо баъди ба синни балоѓат расидан расман хонадор шуданд. Аз Сољида вай соњиби ду писар ва се духтар шуд. Њамсари дуюмаш зани президенти ширкати њавопаймоии "Ироќ-Эйруэйс" буд. Онњо соли 1988 шинос шуданд ва баъди чанд рўз Саддом аз вай талаб кард, ки занашро талоќ дињад. Писартаѓояш, бародари Сољида зидди ин издивољ шуд, вале каме баъдтар асроромез дар сонењаи њавопаймої њалок гардид. Соли 1990 вай бо Нидал ал-Њамдонї њамхона шуд. Ва тирамоњи соли 2002 вай бори чорум издивољ кард. Њамсари чорумаш бо номи Имон Њувайш 27 сол дошт. Вале чун кишвар дар остонаи њамлаи амрикоињо ќарор дошт, бо Њувайш айши шоњона њам насибаш нашуд. "МЕХОЊАМ АЗ ХУНИ МАН ЌУРЪОН КИТОБАТ КУНАНД" Саддом вазифањои калидиро танњо ба хешовандонаш бовар мекард. Аммо соли 1995 бародарони хунии ў генерал Њусейн Камол ва сарњанг Саддом Камол бо духтарони президент Рогад ва Раъно аз Ироќ ба Урдун фирор карданд ва дар дафтари намояндагии СММ њама асрори њокими Баѓдодро фош намуданд. Њатто гуфтанд, ки Саддом силоњи ќатли ом месозад.

Ин рўйдод Саддомро дар њоли ногувор андохт ва ба обрўи ў дар дохил ва хориљ зарбаи сахт зад. Зеро вай одат карда буд, ки асрорашро танњо наздиконаш донанд. Баъдан Сддом ба онњо пешнињод кард, ки баргарданд ва авф хоњанд шуд. Онњо дар њаќиќат бозгаштанд, дар оѓоз гўё чизе нашуда буд, вале фурсате баъд ин хабар расонаї шуд, ки хешовандони дар њоли ѓазаб аз онњо ќасос гирифтанд. Саддом Њусейн мусалмони суннимазњаб буд ва њар мушкиле дар кишвараш баъди сари ќудрат омадан дошт, ба њамин иртибот мегирифт. Ироќ мамлакатест, ки суннињову шиањо дўш ба дўши њам зиндагонї мекунанд, вале дар тўли таърих борњо шудааст, ки зиддиятњои мазњабї муљиби ќатлу хунрезињо шудаанд. Саддом соли 1980 зиёрати хонаи Худо рафт ва бо бадраќаи шоњи Саудї Фањд њаљ кард. Ва телевизиони ин кишвар гаштаву баргашта лањзањои хотирмони зиёратро намоиш медод. Соли 1997 дар шастсолагии худ хаттотонро супориш дод, ки аз хуни ў Ќуръонро китобат кунанд. "Њаёти ман саршор аз хатар аст, хатарњое, ки ман бояд хуни худро барои он бирезам. Мехостам њоло ки њастам, касе аз хуни ман Ќуръон китобат кунад",-мегуфт ў. Муддати се сол хун супурд ва дар остонаи 63-солагї билохира анљом шуд ва онро ба доњї туњфа карданд. Вай хоњ намоишкорона буд ва хоњ самимї ба масољиди ањли ташайюъ мерафт, бо сарварони шиањо дидор мекард, аз хазинаи шахсии худ барои ободонии ибодатгоњњои шиъиён пул медод ва бо ин васила сарварони мазњабро ба худ наздик мекард. Ва ин њол то замоне идома кард, ки ба Эрон њамла бурд. 40 МЛРД ДОЛЛАРЕ, КИ ПАЙДО НАШУД Маљаллаи амрикоии "Форбс" соли 2003 навишта буд, ки сарвари Ироќ баъди шоњи Арабистон Фањд ва султони Бруней дар сарватмандї дар љойи сеюм ќарор дорад. Он замон сармояи шахсии ў 1 миллиарду 300 миллион доллар раќам зада мешуд. Аммо баъди сарнагун шудани Саддом вазири молияи њукумати гузор Алї Алауї сармояи диктатори Ироќро 40 миллиард доллар эълон кард. Хадамоти љосусии Амрико солњо ин пулњоро љуст, вале љойе наёфт. Саддом Њусейн ифтихори миллї њам дошт. Моњи майи соли 1990 вай ба мамолики араб пешнињод кард, ки як љабњаи муттањид барои боздоштани таљовузи Ѓарб ба Ховари Миёна созмон дињанд. Вале Њуснї Муборак, президенти ваќти Миср зидди ин пешнињод баромад. Муборак мегуфт, талоши арабњо бояд башардўстона бошад ва набояд сиёсати тарс додан ба дигарон коргар шавад.

дар тамос мешуданд ва арзи њол мекарданд. Вале каме баъд онро барњам дод. "МАН БА НАЗДИ ОФАРИДГОР БО ЌАЛБИ ПОК ВА ДАСТОНИ ТОЗА РАЊСИПОРАМ" Њокимияти саддомии Ироќ моњи декабри соли 2003 ба поён расид. Ин рўзе буд, ки хоине аз љумлаи ёронаш ва ё хешовандонаш ба амрикоињо љойи будубошашро ифшо кард. Дар амалиёти боздошти Саддом Њусейн амрикоињо 600 сарбози ќисми таъиноти махсусро равона карданд. 13-уми декабр дар тањхонае воќеъ дар рустои Ад-Даур, 15 км дуртар аз Тикрит боздошт шуд. Њини боздошт ду автомати Калашников, туфангча ва 750 њазор доллар дошт. Дар суњбат ба хабарнигрон намояндаи њарбиён дар бораи лањзаи боздошт гуфт: "Чунин тасаввур мешуд, ки хеле хаста шудааст ва ба таќдираш њам тан додааст". Муддати се сол дар боздоштгоњ монд, то њукми додгоњ барои эъдомаш хонда шавад. Ўро рўзи иди Ќурбон ќатл карданд. Саддом Њусейнро чун дигар мањбусон нигоњ медоштанд, хўроки хуб медоданд, наѓз мехобид, зиёд китоб мехонд, бахусус Ќуръон зиёд тиловат мекард, ибодат менамуд. Аз сарнавишташ шиква намекард, танњо чизе ки талаб дошт, муносибати инсонворона бо ў буд. Дар камера танњо миз, курсї ва кати хоб гузошта буданд. Бо иљозаи нозирон расми ду писари кушташудаи худ Удей ва Кусейро овехт. Нозирон бошанд дар пањлуи онњо акси Бушро њам гузоштанд. Ба ў танњо 45 даќиќа иљозат буданд, ки чизе нависад. Менавишт, њатто шеър њам эљод мекард. Сержанти нозир ёдовар шудааст: "Барояш таомеро медоданд, ки ба мо медоданд, танњо хўроки аз хук омодашударо ба ў намедоданд. Аммо чипсиро дўст медошт, метавонист соатњо онро истеъмол кунад". Сарбоз Роберт Эллис гуфтааст, ки вай танњо духтаронашро ёд мекард, писарони кушташудаашро аслан ба ёд намеовард. Аммо боре гуфт, ки онњо барояш дар њамин њол намерасанд. Ба ќатлгоњ њам бо сари баланд рафт, либоси сафед пўшид. Њатто ваќте дар чархбол мерафт, хоњиш кард, ки чашмонашро набанданд, то Баѓдодро охирин бор бубинад. "Ман ба назди Офаридгор рањсипорам, бо ќалби пок ва дастони тоза. Ман чун љанговар меравам ва барои Ироќ ва халќи он худ ва хонаводаи худро ќурбон мекунам",- мегуфт вай батакрор. Ваќте зери дор бурданд, боз њам гуфт: Зинда бод Ироќ, поянда бод љињод, зинда бод уммат! Зинда бод Фаластин! Нест бод хоинон!"

Бобољони ШАФЕЪ


“НИГОЊ”, ЧОРШАНБЕ №48 (481), 2. 03. 2016

РАНДАИ «НИГОЊ» Бозори "249 сомона". Ба дасти сабки журналистон чунин ном гирифт, бозори ЉДММ "Ањмад Шариф" дар 70 километрии шарќи Душанбе, ки ањамияти мањаллї дорад. Акнун он Маљмаи давлатии савдои "Истиќлол" шудааст. Гуё бо њамин ин ќиссаи давомдор хотима ёфт. Нафароне шояд бо соњибкорони пирўзаш нафаси сабук кашиданду тантанаи адолатро ба соњибкорон муборакбод гуфтанд. Аммо худи љараёни њаводис ва пайомадњои миллии он муњимтар ба назар мерасанд. Нахуст ин њаќиќат ва ин адолат танњо баъди ду соли талош натиља додааст ва як нуктаи хеле арзишнокро ба намоиш гузошта: њеч талоше бењуда нест, агарчи нокомињо фаровон дорад. Ва ин нуктаро чанд соњибкори файзободї ба гўши дигарон мерасонанд. Њоло Гаражи хољагии давлатии ба номи А. Назирови љамоати дењоти Мискинободи ноњияи Файзобод, ки дар он 13 сол боз бозори ѓайриќонунї фаъолият мекард ба хољагии давлатї баргардонида шуд. Дар заминаи он Маљмаи савдои "Истиќлол" дарњои худро ба рўйи эњтиёљмандон боз кард. Ва боз чї дари бозе! Нархи њамаи хизматрасонињоро дар ќиёс ба соњибони пешин 50 % поён бурд. Аммо роњи тайкардаи онњо љолибтар аст. ДАР СУДИ ИЌТИСОДЇ 25-уми феврал марњилаи касатсионии Суди Олии иќтисодии Тољикистон њалномаи зинаи поёнии судиро дар бораи бекор кардани протоколњои музояда ва ќарори њукумати ноњияи Файзобод аз 12-уми феврали соли 2001 тањти №46-ро батаѓйир боќї гузошт. Се моњ пеш, даќиќтараш 23-юми ноябри 2015 Суди Олии иќтисодии Љумњурии Тољикистон бо бекор кардани протоколњои музояда ва ќарори њукумати ноњияи Файзобод гаражи хољагии давлатии ба номи А. Назиров, ки њудуди 2 га заминро ташкил медињад, ЉДММ "Ањмад Шариф" гирифта, ба мувозинати хољагии давлатї баргардонда буд. Сухан дар бораи ќонуншикание меравад, баъди 15 сол дар мурофиаи судї ошкор шуд. Исбот шуд, ки соли 2001 бо ќарори њукумати ноњияи Файзобод (раис Абдуќодир Давлатов) тањти №46 парки автомобилии хољагии давлатии тухмипарварии ба номи Абдулвоњид Назиров, воќеъ дар љамоати дењоти Мискинобод ба сокини мањал Ањмад Шарипов фурўхта мешавад. Хариду фурўши амволи хољагии давлатї миёни се хешу табори наздик, аниќтараш се узви як хонадон: муовини раиси ноњия Рањимов Мансур (њоло раиси шањрчаи Файзобод), додараш Дилшод Ањмадов (раиси њамонваќтаи хољагии давлатии номбурда, њоло сармутахассис дар Вазорати кишоварзї) ва падарашон Ањмад Шариф тариќи баргузории музоядаи ѓайриќонунї сурат гирифтааст. Бо њамин падар бо ду писари мансабдораш парки автомобилї ё гаражи совхоз дар њудуди 2 га заминро, ки атрофаш бо 700 метр девори сангини баланд ињота шуда буд, бо анбору боксњояш њамагї бо 249 сомонї мехаранд. Дар соли оянда дар њудуди парки автомобилї бозори "Ањмад Шариф" ташкил карда мешавад. Баъди 14 сол суд исбот кард, ки "музояда" бе чопи эълон дар нашрияњо, бе пешнињоди лоту ширкати раќиб баргузор шуда, њатто шартномаи хариду фурўши амволи давлатї, ки ќонун пешбинї кардааст, баста нашудааст. Зиёда аз ин, тибќи Ќарори Њукумати Тољикистон ин гуна иншооти хољагии давлатии тухмипарварї бояд умуман фурўхта намешуд! Гузашта аз ин, дар њудуди гараж бозори ЉДММ "Ањмад Шариф" ташкил шуд, вале ягон њуљљати њуќуќмуайянкунанда надоштааст. Гарчи чанд соњибкор бо иљозати маъмурияти бозор бо пардохти пул ба рањбарияти он, аз њисоби маблаѓњои худашон маѓозањо бунёд кардаанду чанд љои гараж бозсозї шудааст. Њамаи ин ва дигар иншооти дохили бозорро бидуни ягон њуљљати меъморї бунёд кардаанд. На танњо иншоот њатто худи бозор бо ќарори собиќ раиси ноњия Имонназари Каримиён (то соли 2014 раиси ноњия буд) бидуни њуљљат (!) фаъолият мекардааст. Њамаи ин ифшо намешуд ва амвол ба тавозуни давлат намегузашт, агар чанд соњибкор барои даст ёфтан ба њаќиќат талош намекардаанд. Кистанд онњо?

ОЃОЗИ ЌАЗИЯ Соњибкорон, сокинони љамоати дењоти Мискинобод Бахтиёр Нуралиев, Абдулмаљид Одинаев, Амин Нуралиев ва Раљабмурод Рањимов. Чор нафаре, ки аз садњо тан намояндагї мекарданд. Ин амали хилофи ќонун шояд боз дергоњ ошкор намешуд, агар соњибони бозор ба ваъда вафо мекарданд ва ба соњибкороне, ки аз њисоби худ ва ќарзњои бонкї бозори онњоро обод карда буданд, бењурматиро равон намедиданд. Ба иќрори худашон, ин тољирон барои бунёди маѓоза дар дохили бозори "Ањмад Ша-

меояд. Вале суоли матрањ ин аст, ки чї тур зарфи ин дањ-дувоздањ сол чор маротиба роњбари хољагї дигар шуд, вале касе аз онњо иќдом накард, ки моликияти давлатї ба давлат баргардонида шавад? Чаро масъулон дар ин муддат боре њам аз худ суол накарданд, ки чи тавр як хољагии бузург бо корхонањои ободаш ба таври ѓайриќонунї хусусї мешудаасту касе хабар надорад!? Чи хел мешудааст, ки мењнати њазорон нафар ва чанд наслро ба 249 сомонї фурўшанду прокуратура, Агентии мубориза бо коррупсия ва дигар маќомоти зидахл аз он хабар набошанд ва агар бўйе аз наќзи ќонун шунидаанд, чаро натавонистанд барои

9

зори ЉДММ "Ањмад Шариф"-ро ба Маљмаи савдои "Истиќлол" табдил доданд. Овозаи давлатї шудани бозор соњибкорони собиќро дубора баргардонд, њаёти нав барои тољирон оѓоз шуд, як низоми мутамаддини бозордорї тадриљан дар њоли шакл гирифтан аст. Шўрои КВДТ ба номи А.Назиров ахиран нархномаи нави хизматрасонињои Маљмааи савдои "Истиќлол"-ро низ тасдиќ кардааст, ки бамаротиб аз нархномаи бозори собиќ "Ањмад Шариф" арзонтар мебошад. Барои ќиёс ва маълумот ин нархномаро дар зер меорем. Нигаред ба љадвали поён. Директори хољагии давлатии ба номи А. Назиров Эмомидин Насриддинов мегўяд, ки "Шўрои коллективи мењнатии хољагї ин нархњоро барои соли 2016 тасдиќ кард ва ин ањдро њеч кас вайрон карда наметавонад. Илова бар ин, Шўро ќарор кард, ки 24 соњибкоре, ки наху-

БАЊСИ ХУСУСЇ, КИ АЊАМИЯТИ МИЛЛЇ ДОРАД риф" аз 1000 то 7 000 доллар ба рањбарони бозор дода, замин мегиранд. Бо ќарз гирифтан аз бонкњо њар яке дар дохили бозор маѓозањои масолењи сохтмонї бунёд мекунанд. Масъулини бозор бародарон Дилшод Ањмадов ва Собир Ањмадов ваъда медодаанд, ки баъдан маѓозањоро ба номи соњибкорон њуљљатгузорї хоњанд кард. Аммо рўзњову моњњо мегузаштанду онњо на ин, ки маѓозањоро ба номи соњибонашон њуљљатгузорї намекарданд, балки талабњои нав ба навро пеш мегузоштанд. Ба љуз он, ки соњибкорон тамоми ўњдадорињоро дар назди нозироти андоз, шабакаи барќ, хадамоти зидди сўхтор, экология ва дигар маќомоти давлатї ба љо меоварданд, ба Ањмадовњо моњона то 400 сомонї пардохт мекарданд. Аммо њар замоне соњибкорон талаби иљрои ваъда мекарданд ва мехостанд корашон њуљљативу ќонунї бошад, ба гуфтору рафтори даѓал рўбарў мешуданд, њатто ба тањдид мегуфтанд, ки маѓозањои худро аз бозор канед ва берун шавед. "Њоли дигар савдогарони бозор низ аз мо бењ набуд. Аз он, ки дањњо њазор сомонї дар ин љо сарф карда будем, наметавонистем ба осонї бозорро тарк кунем. Ин буд, ки даст ба иќдоми дигар задем, барои њуљљатгузорї кардани маѓозањоямон ба њукумати ноњия додхоњї рафтем", мегўянд онњо. Аммо дар њукумат маслињат доданд, ки ин масъала аллакай як масъалаи додгоњист ва бояд бо ариза ба суд мурољиат кунанад ва чунин њам карданд. Ваќте ба суди иќтисодї рафтанд ва арзи матлаб карданд, ќазияњои нав пеш, дар љараёни баррасињои додгоњї ќонуншиканињои бештар ошкор шуданд. Маълум шуд, ки дар ин бозори бесару сомон на танњо маѓозањои онњо, балки парки автомобилиро њам ѓайриќонунї аз худ карда будаанд. Гузашта аз ин худи њамин бозор бо њама иддиоњои болохонадори соњибонаш, аслан њуљљатгузорї нашуда ва ѓайриќонунї амал мекардааст. Ќазия акнун аз долонњои суди иќтисодї њам берун рафт, он расонаї шуд ва дар натиља моликияти давлатие, ки њамагї чанд сол пеш ба ивази 249 сомонї аз худ карда буданд, дигарбора ба соњиби аслии он - давлат баргардонида шуд. Муддати 14 сол ин бозор моли касоне мањсуб меёфт, ки бо амалњои ѓайриќонунї љайби худро пур мекарданд. МАЌОМОТ ЊАМ БАЪДИ 14 СОЛ ЯХИ ХОМЎШИРО ШИКАСТАНД Метавон аз тантанаи адолат шукргузор буд, метавон гуфт, ки агар талош солим бошад ва мантиќи талош риоя шавад, њаќиќат рўйи об

ифшои он талош кунанд? Њалномаи судї объектњои хусусигардондашударо ба давлат баргардонд, бозор њам давлатї шуд. Вале оилаи Ањмадовњо, ки ин њама солњо бо наќзи њама ќонунњои љорї моликияти давлатро аз худ карданд ва беш аз як дањсола аз он сармоя љамъ оварданд, њоло оромиро дубора аз даст доданд. Њамоно њалномаи Суди олии иќтисодиро нодида мегиранд ва бо њар гуна овозапароканињои беасосу бемантиќ ба фаъолияти Маљмаи савдои "Истиќлол" монеъањо эљод мекунанд, ќиссаи дигарест. Аммо натиља чї шуд? ДАРЊОИ БОЗИ "ИСТИЌЛОЛ" БА РЎЙИ МАРДУМ Баъди њалномаи Суд Олии иќтисодї бо ќарори Маљлиси Шўрои колективи мењнаткашони Корхонаи воњиди давлатии тухмипарварии А.Назиров, ки парки мошинњо он буд, бо-

стин шуда маѓозаву дукон сохта, ду љои кории нав меофаранд, барои як сол аз иљорапулї озод карда мешаванд. 48 соњибкоре, ки то Иди ѓалаба як љойи кории нав ба ќайд мегиранду онро як сол њифз мекунанд, барои як сол 50 % сабукї мегиранд. Гўштфурўшоне, ки дуконњояшонро кошикорї ё кафел мекунанду яхдон насб мекунанд, барои ду сол аз пардохти иљора озод мешаванд. Њамчунин мо тасмим гирифтем, ки ба њамаи соњибкороне, ки ѓизои тайёр ва гўшт мефурўшанд, ба тариќи ройгон як маротиба либоси кории махсус ва 10 ададї дастпўшак дињем, то фарњанги кор ва хизматрасонї дигар шавад. Кўшиш мекунем, ки маљмаи "Истиќлол" сазовори ному дар хидмати халќ бошад". Хуллас, соњибкорон ѓалаба карданду хољагии давлатї ба соњибкорону бозоршинњо сабукї дод. Аммо ин њам поёни ќазия нест. Ожонси тадќиќоти журналистии "Нигоњ" чанд моњи охир атрофи ин ќазия тадќиќот бурда, бо назардошти муњимм будани ин ќазияи судї дар низоми бозорсозї дар Тољикистон наќши прокурорњо, судяњо, кормандони Агентии назорати давлатии молиявї ва мубориза бо коррупсия ва њатто нашрияву журналистони алоњидаро мушоњида мебурд, асноди заруриро мўшикофона меомўхт. То ба суолњои зерин посух ёбад: Чї сабаб шудааст, ки дар Тољикистон соњибмулкон бозорро аз њисоби соњибкорону иљоракорон сохта, њуќуќи онњоро ба моликият эътироф намекунанд? Чаро прокурорњо ин навъи ќонуншиканињоро нодида мегиранд? Чї сабаб гашта, ки масъулони Агентї ба фасод дар бозорсозї таваљљуњ надоранд? Кадом нашрияњо ва кадом журналистон бо ин гуна ќонуншиканињо чи бархўрд доранд? Чаро муборизаи дусола ва ѓалабаи чор соњибкор барои тамоми љомеа муњим аст? Ба ин суолњо посух меёбем то маърифати њуќуќии дањњо њазор бозорнишинњои Тољикистон боло равад. Адолат тантана кунаду ќонуният њифз шавад. "Нигоњ"

НАРХНОМАИ хизматрасонињои Маљмаи савдои "Истиќлол"-и КВДТ ба номи А. Назиров (барои соли 2016)

Намуди хизматрасонї Чекпулї Ворид шудани мошин ба бозор Савдо аз болои мошинњои сабукрав Савдо аз болои мошинњои миёна Савдо бо мошинњои калони боркаш Иљораи љои савдо дар растањо (2 метр) Иљораи дукон Иљораи маѓоза Иљораи контейнер Хизматрасонї дар “Растаи иљтимої” Иштирок дар ярмаркањои мавсимї

ЉДММ “Ањмад Шариф”

Маљмаи савдои “Истиќлол” 3 сомонї ройгон 5 сомонї 7 сомонї 10 сомонї 12 сомонї/моњ

10-15 сомонї 1 сомонї 10-15 сомонї 15-20 сомонї 25-30 сомонї 50 сомонї/моњ

75 сомонї/моњ 199 сомонї/моњ 75 сомонї/моњ ройгон

250 сомонї/моњ 400 сомонї/моњ 200 сомонї/моњ набуд

ройгон

набуд


10

“НИГОЊ”, ЧОРШАНБЕ №48 (481), 2. 03. 2016

ТОП - 5

ХУШНУДЇ АЗ РАФТАНИ ФИРДАВС НИЁЗБАДАЛОВ: ЗИЊЇ РУСТАМИ ЭМОМАЛЇ! Бахши тољикии интернет дар њафтаи сипаришуда чанд бањси пуршўр дошт, ки яке ширкати домулло Абдурањим Каримов дар мањфили "Гуфтугўи тамаддунњо ва дигар хабари барканории муфаттиши парвандаи соњибкори муваффаќ Зайд Саидов. Дар њарду маврид њам ширкаткунандагони бањс ба таънаву мазаммат ва санову тањсин пардохтаанд. Хабари пояндози "табаррукии" Президенти Тољикистон Эмомалї Рањмон ба пиразанњои њисорї пурхонандатарин матлаби сомонаи радиои "Озодї" дар њафтаи сипаришуда буд. Президенти Тољикистон дар љараёни сафараш ба ноњияи Њисор аз маќомоти давлатї хостааст, то пояндози ба истиќболи ў андохтаи худро ба бонувони солмонди ин ноњия таќсим кунанд. Сокинон гуфтаанд, ки порчањои "табаррукиро" ба ниятњои нек нигоњ хоњанд дошт. Хабарро аз сомонаи "Озодї" то зуњри рўзи якуми март 11 њазору 890 нафар хондаву сабти видеоии онро тамошо карда буданд. Ин њафта хабари таккондињанда рафтани њамсари дуюми Гулмурод Њолимов Њумайро Мирова бо чор фарзандашба назди шавњараш ба Сурия буд. Њумайро Мирова собиќ корманди ВКД ва сарвари дафтари матбуотии Хадамоти гумрук дар замоне, ки дар рухсатї буд, бо чор фарзандаш аз Тољикистон берун шуд ва њоло шояд ба Сурия расида бошад. Хабар дар сомонаи "Озодї" рўзи 26-уми феврал роњ ёд ва онро то зуњри рўзи 1-уми март 11476 нафар хондаву дар њошияи он назароти хешро навишта буданд. Аз пурхонандатарин матлаби њафтаи гу-

заштаи сомонаи Тољнюс "13 соли мањбас. Ёќуб Салимов сирри зиндонї шуданашро ошкор мекунад?", буд, ки рўзи 24-уми феврал рўйи чоп омад ва то зуњри рўзи 1уми март онро 16 њазору 729 нафар хонда буданд. Маќола бозчоп аз њафтаномаи "Нигоњ" буд ва тавре аз номаш пайдост, дар бораи Ёќуб Салимов, вазири умури дохилии пешин аст, ки ду ё се моњ пас бояд аз зиндон озод шавад. Сабабњои зинадон шудани ин озодмард њамоно асрори нуњуфтаанд ва муаллифи маќола мепурсад, ки оё ў ќодир хоњад буд парда аз ин асрор бардорад ва ё баъди рањої аз зиндон гўшанишин мешавад? Хабари дигари серхонандаи ин сомона "Фирдавс Ниёзбадалов, муфаттиши парвандаи Зайд Саидов аз кор ронда шуд" аст. Њафтае ќабл дар бораи барканории Фаррух Ниёзбадалов, муфаттиши парвандаи пуровозаи соњибкори муваффаќи тољик Зайд Саидов пахш гардид. Бо фармони Рустами Эмомалї ин муфаттиш аз кор озод шуд, вале маќомот сабаби ин барканориро шарњ надоданд. Хабар, ки рўзи 23-уми феврал интишор ёфт, то зуњри рўзи якуми март 8631 нафар хондаву бисёрињо атрофи он мулоњизањои худро њам навиштаанд. Муруре ба шарњи хонандагон ин њаќиќатро пеши назарњо љилвагар мекунад, ки миллат адолатро аз беадолатї фарќ мекунад ва аксари мардум њамоно бар ин назаранд, ки Зайдро бо љурмњои сохтаву бофта зиндонї кардаанд ва яке аз касоне, ки ба ин беадолатї роњ кушод, њамин муфаттиши барканоршуда буд. Ва љолиб он аст, ки аксари касоне, ки дар њошияи ин хабар шарњ навиштаанд, инро хизмат ва поккории писари Президент Рус-

тами Эмомалї медонанд. Аз љумла Иззат ном корбари интернет дар њошияи ин хабар менависад: "Офарину сад офарин, Рустамљон. Хасу хошокњоро, ки дарёи зиндагии мардумро ифлос мекунанд ва мардумро ноумед месозанд, сўзонед. Барои Шумо тани сињату барори кор мехоњем, додарам". Киром ном корбари дигар нигоштааст: "Макун бо дигарон, ки туро пеш ояд". Њамсарону фарзандони Зайд Саидро бадбахт карда, аз зани дуюмаш Шахло шатта хурд"! Матлаби пурхонандаи аввали њафтаи "Азия-плюс" дар бораи харидуфурўши узвњои бадани инсон дар Тољикистон буд. Муаллиф менавишт, ки Тољикистон пайвандсозии узвњои баданро таљриба мекунад ва барои ин шароиту воситањои зарурї фароњам оварда шудаанд. Аммо нархи ин амал назар ба дигар кишварњои пасттар аст. Њазорон нафар наметавонанд аз ин гуна кумакњо бањравар шаванд, чун донорњо нестанд. Аввалан дар Тољикистон хариду фурўши узвњои бадан манъ аст ва агар касе њам ин корро мекунад, пас бояд ройгон кунад. Дуюм, буридани узви бадани шахси мурда ва фурўхтани он аслан барои ин миллат номумкин ва амали ѓайриахлоќист ва њатто дар мавридњои зарурї њам ба табибон иљозаи колбадшикофї дода намешавад. Тањлили ин вазъ ва љустуљўи роњњои њалли мушкил дар

БАЊСИ ЗИНДА. ЧАРО БЕ ШУМО?

ЭРОН БУД, КИ БА СУЛЊ ТАШВИЌ МЕКАРД ВА ЊАМ ТО ОХИР КАНОРИ ТОЉИКИСТОН МОНД Њамчуноне ишора шуд, як бањси пуршўри Тољнети ин њафта ширкат ва суханронии мулло Абдурањим Кармов дар мањфили "Гуфтугўи тамаддунњо"-и Иброњим Усмонов буд. Муњтавои онро ёдрас намекунед, чун дар матбуот бозтоби густарда дошт. Дар зер аз назароти корбарон иќтибосњо меорем, ки аз бањси сомонањои "Озодагон, "Озодї" ва сањифаи Фейсбук гирифта шуданд. Ќумандон: Ин мулло Абдурањим чї хаёлот мегўяд: "Роњбар якто мешавад зананда 100 то њарчи зертобеъонам заданд дар номи ман (роњбар ) навишта шуд гуё ман задам (постгоњи 12). Чаро дар номи Нурї ё Њимматзода нанавиштанд? Чун аз ту роњбартар буданд аз мантиќи суханат бояд он ѓалаба ба номи роњбари асосї мемонданд. Роњбари асосии ЊНИТ-ку худат набудї . Бо ин гапњоят худро рўйи об баровардї, акнун спецслужбаи Русия думболи ту мешава. Саид: њамин одама пешбарї кунед ба љоизаи Нобел Гаага: Мулло Абдурањим! Бисер баромад накун, ки Русия даракта ёбад, барои заставаро гулулаборон карданат, дастгир карда, ба мањбаси Лубянка меорад. Холо мебинб, ки дар љустуљўи байналхалќии. Русњо њатман ин корро мекунанд. Албатта,тайёриатро бин! Восе ба ѓазост имрўз: Ў њамчунин дар танишњояш бо Мулло Њайдар дар охири солњои 80-уми асри гузашта дар Кўлоб, Њизби нањзати исломиро гунањкор кард, ки гўиё ўро маљбур мекардаанд, зидди Мулло Њайдар баромад кунад: "Мардумро љамъ карда, зидди Мулло Њайдар дар масљиду љанозањо баромад мекардем. Мулло Њайдар гуноњ надошт. Маро нањзат маљбур мекард". Фардо ин, ки бобояш ба Восеъ худаш ба ХНИТ хиёнат кардаанд хоњад гуфт: манро хукумат маљбур кард вагар на ман чунин намегуфтам. Хилватшоњ Мањмуд: Тавба, тавба, њазор бор тавба.

Махди Собир: Афсўс, ки ин мавлавї барои љиноятњои содиркардааш назди ќонун љавоб нагуфт. Асосгузори вовчику юрчик аст. Сари миллат фалоктњои зиёде овард, аммо аз об хушк баромад. Мехмон: Аллоњ љ.љ худаш медонад, ки имрўз муслими њаќиќї кам мондааст. Ва њам дину њам имонро барои вазифа мансаб мефурўшанд. Бори дигар дуо кунед, ки мо тољикон аз имон хато нашавем. Охиратро фикр кунем. На ин ки њизби шиањоро ва демократњоро !!! Далер: Салом дўстон. Шахсан дирўз дар мусоњибаи Мавлавї Абдурањим иштирок доштам ва њама суханњояшро хуб гуш кардам. Ба назари ман эшон инсони хуб њастанд, чун ки гуноњњояшро иќрор намуда љавонони мамлакатро аз он роњи баде, ки интихоб намуда буд, пешгирї мекунад, ин аз мардонагии Мавлавї нишон медињад. Точик чорроха: Хайф! Махфили Гуфтугуй тамадунхо хам рейтингаш нол, подахона гашт. Аз љаноби Усмонов то ин хад интизор надоштам. Шоњид: Мулло Абдурањим мегўяд, "Маро нањзат маљбур мекард", аммо њоло њукумат ўро маљбур мекунад магар? Ињсон Суфиев: Камтар њайё кардан даркор агар шумо дар ваќти њамла дар рпостгоњи 12 дар Покистон будед, баъдан чаро изњори таассуф накардед. Дар њамон ваќт ки ин ќадар инсонњо њайф шудан Хоркаш: Э мулло Абдурањим! Фаромўш кардї, ки аз пушти ту чандин шербачањои Кўлоба вовчик гуфта даступо шикастанд?! Фаромўш кардї, ки чандин шерои нарри Кўлоб аз пушти ту шуда тир хўрдаанд?! Панду насињатњои худатро дар бораи дурўяњо фаромўш кардї?! Nurali: Бародаро бас кунед кохи гузаштаро бод кардан ин тоифа, ки солхои 90 2000 дар бесаранљомињо иштирок кардаанд, њамаш гунањкоанд, чунки сабаби њама гапу хабар онњоанд. Рав дам гир домулло, мон мардум аз пай як тика нонаш шавад. Умед: Мавлавиро ман аз наздик меши-

носам. Бисёр инсони хуб, мењанпараст, донишманд мебошад. Фарзандонро дар роњи росту адолатпарварї тарбият кардааст, ки ба ватани хеш мисли падарашон хидмат доранд. Ин намуд инсонњо ангуштшуморанд, ки хатогињои хешро иќрор шуда ва аз мардум узрхоњї намоянд. Наим: Хазорњо бор рањмати Худованд бар Шумо бод домулло Абдурањим! Мард шудеду њаќиќатро гуфтед. Худованд иншааллоњ гунањњои Шуморо омурзиш мекунад. Кухистонї: Домуло! Шумо агар љиддиян пушаймон мешудед, ки гуфтед 70% дар Афѓонистон фањмидед, бояд он ваќт аз ЊНИТ даст мекашидед. Аз хисоби 30% мансаб гирифтед. Чаро он вактхо агар, ки пушаймон шуда будед, аз мансаб даст накашидед? Ин гуфтахои шумо замонасози мебошад ва шумо одами хуб нестед. Агар дар он вакт ХНИТ дастболо мешуд, шумо хечгох пушаймон набудед. ДЖОН КЕРРИ: Ин мард дар асоси сулњ ва вањдат бастан њамон чорчўбаро нигоњ дошт. Гуфт ки ман дигар ба ошубњои сиёсї даст намезанам. Бар ваъдаи кардагияш 100% ичро намуд. Кабирї мегуфт ки сабр кунед - сабр кунед лекин дием, ки сабраш бо чї баромаду чи наќшањо доштааст. Шоњид аз Сари ѓор: Дар гуфтањои домулло њарфи хато нест. Hanafi аз Barzakh: Дар боѓи дустии халќњо санги ёдгории шањидоне ки ќурбонии ин мавлавї шуда буданд њаст.Табиати ин одам њамон љо хулоса мешавад. Дар донишкадаи исломи њарфи асосиаш зидди Оќохони 4 ва Эрон аст. Њаводорони салафиаш дар мадраса инро дастгирї мекунанд Узбак аз Тошканд: Парвиз Мулочонов сад фоиз рост мегўяд. Дар Тољикистон њанафї намондаст. Беватан: Шумо њама дар хуни ин милат љавобгў хастед. Имрўз дигар ваќти сиёњу сафед кардан нест. Ваќти сарљаъм кардани миллат аст. Кучаруб.Лубянка: Мулло Абдрањим! Хаппу ором якљо бишин, ки Русия даракатро наёбад. Заставарову њалокшудагонро онњо фаромўш накардаанд.Агар фањманд, каме олудаї ба Аллоњ ќасам, бо кувваи "спецназ"у бо чархболњои њарбї, ба тањхонаи СИЗОи ФСБ-и Россия дошта меоранд.

ин сомона хонандаи зиёд дошт. Матлаберо, ки 28.02.2015 гузошта буданд, то зуњри рўзи сешанбе 9436 нафар мурур карда буданд. Матлаби дигар серхонандаи "Азия-плюс" "Установлена личность няни, убившей девочку в Москве" ном дошт ва онро то зуњри рўзи сешанбе 11745 нафар хонда буданд. Маќола дар бораи сарбурии як зодаи Самарќанди муќими Русия Гулчењра Бобоќулова меравад. Матлаб иртиботе ба Тољикистон надошт, вале њангомабарангезии он муљиби таваљљуњи бештари хонандагон шудааст. Ин њафта низ аз "Ховар" хонадагон бештар дар бораи таѓйиротњои кадрї матлаб љустаанд. Аз љумла гузориши "Таъиноти кадрї" аз 25-ми февралро то зуњри рўзи 1уми март 1 њазору 351 нафар ва матлаби њамному њамсонро аз 22 феврал 1216 нафар хонад буданд. Ин нишон медињад, ки таѓйироти кадрї як масъалаи таваљљуњбарангез барои хонадагони шабакањои иљтимоист. Сомонаи "Озодагон" шумори хонандагони матолибашро оморгирї намекунад, вале бахши "Пурбањстаринњо" дорад, ки дар он маводњои аз њама пуршарњро нишон медињад. Ин њафта пурбањстарин матлаби он гузориш аз ширкати Мулло Абдурањим дар нишасти "Гуфтугўи тамаддунњо" буд. Дар њошияи ин гузориш то зуњри рўзи сешанбе 46 нафар шарњњо навишта буданд. Ва дувумин матлаби пурбањс "Интиќоди ноиби Бонки миллї аз таќлид ба либоси бегона" ном дошт. Воќеъан таваљљуњи як бонкдор ба тарзи либоспўшии бонувон тарошаи аз бом уфтодаро мемонд ва интизор њам мерафт, ки хонандагони шабакањои иљтимої вокуниш нишон дињанд. Сухан аз он меравад, ки ноиби раиси Бонки миллии Тољикистон Сирољиддин Икромов моњи феврал дар силсиламулоќотњояш бо кормандони бонкњо аз вазъи сиёсии љањон гуфтааст ва зимни сухан рондан дар мавриди низоъњои байнидавлативу байнимазњабї дар бораи шевањои либоспўшии занон њарф зада, рўсариро таќлид ба фарњанги бегонагон унвон кардааст.

Бобољони ШАФЕЪ

АНОНС "ЉАВЊАРИ ЊАСТЇ" - МАЊФИЛИ ШЕЪРУ ТАРОНАИ ХОСИЯТИ ЗАРАФШОНЇ ВА ОРТИЌИ ЌОДИР

Ба муносибати Рўзи модарон мањфили шеъру таронаи њунармандони мардумии Тољикистон Хосияти Зарафшонї ва Ортиќи Ќодир баргузор мешавад. Ба гуфтаи масъулини чорабинї, мањфили шеъру тарона тањти унвони "Љавњари њастї" дар толори театри драммавїакадемикии ба номи Лоњутї баргузор мешавад. Дар он шеъру сурудњо аз "Модарнома"-и Лоиќ Шералї, Эраљ Мирзо ва ашъори Фарзонаи Хуљандї, Низом Ќосим, Камол Насрулло, Озарахш ва дигарон сароида хоњад шуд. Замони баргузорї: 6-уми марти 2016, соати 14:00. Барои маълумоти бештар ба шуморањои телефонии (+992) 221 43 76 ва 93 333 31 51 мурољиат кунед.


САЊФАИ ВОЛИДОН КОРАФТОДАИ ДОНО "Ин ваќтњо дар бораи Зарифмоњ бисёр андеша мекунам ва ба хулосае меоям, ки ў дар одамгарї аз ман болост. Ман нисбат ба ў на њама ваќт одилона рафтор мекунам. Охир ў дар бораи ман, барои бењбудии кору бори ман ба чї мушкилињо ва мањдудиятњо расид, ќаноатмандиро пеша гирифт. Фарзандон ягона умеди ўянд. Маро шояд њоло њам дўст медорад, аммо нињоят ноаён, хомўшона ва номаълум. Ман бояд аз пайи хушбахтии вай бошам ва бењбудии зиндагиаш. Аќалан дар оянда, ваќте соњиби хонау дар шавем. Бисёр метарсам, ки ўро аз даст дињам (Ин мабод!). Зиндагии ман бе ў хеле коњида, хушк ва бемаънї мешавад. Ман дар одамгарї бояд аз ў сабаќ бардорам. Дар муносибати худ бо ў бисёр чизњоро бояд дигар кард. Бо ў бештар мењрубон бояд буд. Охир муњаббати вай такони бузурге буд дар зиндагии ман..." Ин як пора хотира аз дафтари нотамои хотироти Сайидмуроди Ёриён, дўст, њамкор ва њамќалами арљмандам. Журналисти хушќалам, ковишгари маъно, муњаќќиќ ва забоншиносе, ки нав ин пайроњаро мехост тай кунад. Вале орзуњояш нотамом монданд, чун умри кўтоњаш ин орзуњо њам кўтоњ буданд. Вале њоло сухан на дар бораи ўст, сухан дар бораи њамсари ў Зарифмо, ки зикраш дар ин як пора хотира омад. Ин навиштаи 15-уми марти соли 1989, 27 сол пеш. Замоне, ки Сайидмуроди марњум дар мактаби њизбї тањсил мекард ва як поси шаб ин сатрњоро дар бораи хонавода ва фарзандонаш рўйи коѓаз овардааст. Тарсида, ки њамсарашро аз даст медињад, вале бехабар аз он ки доси аљал хушаи умри ўро дарав мекунад ва на ў, балки Зарифмо бо фарзандон бесаробон мемонанд. Аз ин талафоти гарони хонаводагї 23 сол сипарї шуд ва ин субњ, ваќте бо Фарида, духтари дуюми ў суњбат мекардам, санаи 3-уми январи соли 1993-ро ба ёд овард. Шомгањон занги дар садо баровард, Сайидмурод дар даст Њушанги якунимсола дарро боз кард ва мили автоматро пеши чашмонаш дид. Гуфтанд, ки тиф-

ИРОДАЕ, КИ ЎРО ЗИНДА ДОШТ лро рањо кун ва бо мо биё. Рафт ва њамин охирин рафтани ў шуд, 23 сол гузашт, аз ў хабаре нест. Кї бурд, куљо бурд, чаро бурд, касе намедонад. Ин суолњо тўли ин 23 сол бељавобанд. Ў рафт ва бори сангини хонавода ба шонањои Зарифмо фурў рехт. Ормонњо ва орзуњо шикастанд, зиндагї маљрои худро барои ин хонадон дигар кард. Зарифмо ин лањза дарк кард, ки чї масъулияти азиме ба шонањояш чун бори гарони як куње уфтод. Ягона писар њоло тифли сари даст, боќї њама духтаранд ва духтардорї бори сангини дигар дар ин замон аст. Аз ин зиндагї Худованд барояшон 4 фарзанд дод. Ва акнун Зарифаморо лозим меомад њам тарбияи онњоро бар дўш дошта бошад ва њам ва њам коре кунад, ки гурўснаву ташна ва барањна намонанд. Имрўз ваќте аз он рўзњои сахт ёдаш мео-

яд, њамеша неконро њам пеши назар меорад. Инњо пайвандони ўву шавњари мрањумаш буданд, таѓоњову амакњо ва бобоњои фарзандонаш, ки дар сахтињо дасти онњоро гирифтанд. Ва баъде, ки Саида, духтурбузургаш мактаби миёнаро хатм кард, дар дилаш шўълаи дигар фурузон шуд. Саида бояд донишљў мешуд, чун Сайидмурод ин гуна орзу дошт. Барои Зарифмо њар орзуи он љавонмарг, он рафиќи аввалину охирини њаёташ орзуи худ буд ва бо вуљуди мушкилоти хонаводагї боз њам талош кард ў бихонад ва хонд. Ба факултаи филология њуљљат супурд, дохил шуд, мехост мисли падар забоншинос ё адабиётшинос шавад. Ва ба дунболи ў Фарида ба воя расид ва ў низ ба њамон факулта дохил шуд, ў низ хост дунболи касби падар равад. Ба орзу расид, њоло љонишини директор дар

МАСЛИЊАТ

11

мактаби раќами 87 аст. Њушанг низ бо њамин пайроња рафт, аммо дар филологияи рус тањсил мекунад, забони Пушкин меомўзад. Дар ин миён Њумо њам соњиби касб шуд, дўзандагї омўхт ва њоло ки ба шавњар баромадааст ва соњиби як писар њам шудааст, дўзандагї мекунад, бо зањмати худ аз хони Парвардигораш нон мехўрад. Фарида он рўузњои талхро бештар ёд дорад. Њарчанд кўдак буд, вале медид, ки модараш субњ соати 4 аз рахти хоб бедор мешуд ва аллакай соати 5 дар љойи кораш њозир буд. Вай баъде, ки дид бо пули боѓча наметавонад рўз гузаронад, даст ба кори рўбандагї зад. Аз љумлаи кормандони бахши низофати шањрдорї шуд, субњи бармањал мерафт, кўчарўбї мекард ва боз бармањал бармегашт, то фарзандонашро ба мактаб гусел кунад ва боз равад дунболи кораш. Зимистонњои сарду пурбарф мушкилтарин рўзњои корї барои онњо буд, лозим меомад њатто шохи дарахтонро таконанд, то аз барфи вазнин нашкананд. Фарида мегўяд модараш шахси соњибирода аст ва њамин иродаи ќавї ўро дар баробари ин мушкилоту ин сахтињо ва мусибатњои дигари оилавие, ки баъди сари падар омад зинда нигоњ дошт. Ягона муттакои ў умеди њамешасабз дар зиндагї буд. Соатњое њам буданд, ки ба ёди рўзњои љавонї мегирист, ѓам дилашро мефушурд, вале муњаббат ба фарзандон ўро сари по нигоњ медошт. Вай мебоист барои амалї шудани орзуи ду нафар талош мекард, як пайкари нањиф бори орзуи ду танро бояд мекашид. Имрўз он њама тифлакони дирўз ба камол расиданд, њама соњиби оилаву фарзандони хешанд. Вале дар ин синну соле, ки бояд шањди меваи нињолњои расидаро чашад, гоњо сар ба бистари беморї мегузорад, фишори сахт азияташ мекунад ва дигар он нерўи корї надорад, дар хона менишинад, роњи писари ягонаву духтарону наберањоро мепояд, ки аз дар дароянд, бо шўру ѓавѓои худ фазои хонаи сокитро пур кунанд. Чун ин хона њамеша бо садои кўдак файз дошт. Бобољони ШАФЕЪ

ИНРО БОЯД ДОНИСТ!

НИЗОМИ БАЊО ДАР МАКТАБ: ОЁ ЗАРУР АСТ ОНРО ТАЃЙИР ДИЊАНД? Ин бањси чанд соли охир аст. Пешнињод мешавад, ки низоми бањогузорї дар макотиб таѓйир дода шавад. На чору панље, ки њоло гузошта мешавад, балки мисли дигар кишварњои мутараќќї бояд ба низоми бисёрбалла ва аниќтараш садбалла гузаранд. Бањсе, ки поён надорад, бахусус дар љомеаи имрўзи Тољикистон, ки муддати беш аз 90 соли охир њамин тарси бањогузорї дошт, яъне севу чору панљ ва баъд ду. Солњои 2000 дар кишвар як маъракаи таблиѓоти таѓйир додани низоми арзёбии дониши хонандагон роњандозї шуд. Барномањои тартибдодаи М.Лутфуллоевро бекор карда, як гуруњи корї барномањои навро тањти роњбарии фондњои хориљї рўйи кор оварданд. Як бор ба тарзи пурра омўзед, ки мо чиро ба даст овардем ва онњо чиро? Дуруст аст, ки фонду ташкилотњои хориљї ба мо мадади моддию молї мерасонанд ва аз ин љињат аз онњо миннатдорем. Ёрии таълимї, тарбиявї ва маърифатї њам мерасонанд, ки ин масъалаи дигар аст. Бештари ходимони масъули онњо маълумоти педагогии касбї ва таљрибаи амалии ин низомро надоранд. Онњо асосан аз омўзгорони мо истифода мебаранд. Мо бояд дар кор бисёр бомулоњиза бошем. Аз таќлид дурї љўем. Аќидањои худро бо зўрї ба омўзгор бор накунем. Муаллим дар интихоби усули таълим озод аст. Бояд педагогикаи уму-

“НИГОЊ”, ЧОРШАНБЕ №48 (481), 2. 03. 2016

мии худї, педагогикаи мардумї, равоншиносї, физиология, ирсият, дидактикаи мо њам мавќеъ ва маќоми худро дошта бошад. Акнун дар бораи низоми бањо. Аслан бањо ин љо гуноње надорад. Бахусус, бањогузории "5"-балла. Сабабњои он аз нигоњи ман инњо буда метавонанд: соњиби молу мулк шудани наврасон, фањмиши устувор надоштани наврасону љавонон аз арзишњои миллї; камфаъолии омўзгорон ва љомеа, коњиши њузур њаловат ва фароѓат, љойи кор наёфтани хатмкунандагон, зарфияти фикр, зењн, маданият нутќ, муњаббат, дўстї, муносибатњои фардї ва инсонї, зиёд шудани фарќият дар байни одамони бой ва камбизоат ва ѓайра. Имрўз муаллимони мо аксар занонанд. 54% (ба љойи 37% солњои 80-и асри гузашта)-ро ташкил мекунанд. Ќариб 40 дарсади муаллимон маълумоти олии пурра надоранд, бештарашон кам мехонанд, нисбатан фориѓболу каммасъулиятанд. Модоме чунин аст, пас метавон гуфт, ки шояд баъзе аз онњо ба дониши шогирдонашон аз низоми бањогузории 5-балла низ боњои воќеъї дода наметавонанд. Илова бар ин, ними онњое, ки маълумоти олї надоранд, баъди хатми мактаби миёнаю олии касбї (бештар занњо) дар кори педагогї танаффус доштаанд. Дар ин њолат ба ин низом гузаштан маъно надорад. Соли 2001 дар назди мактабњо шўрои

ЧЇ ГУНА МЕТАВОН КЎМАК КАРД, ТО БУЊРОНИ ПАНЉСОЛАГЇ ПУШТИ САР ШАВАД?

сарпарастон ва соли 2005 шўрои љамъитї ташкил карда буданд. Дар 60-70 дарсади мактабњо ин шўроњо амал намекунанд. Масъалаи аттестатсияи кадрњои педагогї ба тарзи имтињон мегузарад. Бањо як ченаки тахминиест, ки мо ба воситаи он дониши шогирдонро арзёбї мекунем. Шояд нисбї њам бошад. Аз ин лињоз, хоњед -нахоњед дар ин кор камбудињо мешаванд. Умуман аз нигоњи ман хонандагонро гунањгор донистан хуб нест. Бањоро муаллим медињад. Ман боварї дорам њамаи онњое, ки тањсил кардаанд ва ба воситаи низоми 5-балла бањо гирифтаанд, аз он зарар надидаанд. Биёед, чизе ки бо мо њаст, онро вайрон накунем. Ин навсозињо њам мушкилию нофањмињои зиёдро ба бор меоранд. Баъд њар навигарие, ки мехоњем љорї кунем, аввал ба таври таљриба дар чанд мактаб санљем, натиљагирї кунем ва баъд тасмим гирем. Њ. ИСКАНДАРОВ, омўзгор

Бо писар ё духтаратон бештар њамсуњбат шавед, дар бораи комёбињо ва номуваффаќиятњои вай ва нокомињояш пурсед. Пурсед, ки рўзаш чї хел гузашт, бо ў дар њар мавзуъ њамсуњбат шавед. Агар тифли шумо намехоњад рўзона бихобад, пас ба ў фањмонед, ки хоби рўзона хеле муфид аст. Барояш он шароитро фароњам оред, ки кор калонсолонро анљом дињад Агар мехоњед чизеро барояш манъ кунед, пас ќотеъ набошед, барояш роњњои алтернативиро пешнињод ккунед, бигзор имкони интихоб дошта бошад. Ин њам барои он лозим аст, ки вай асабї нашавад ва якравї накунад. Агар вай бо бародар ё хоњараш даѓалї мекунад, онњоро њаќоррат мекунад ё мезанад, пас бояд фањмонед, ки ин хилофи низоми зиндагї дар хонаводаи шумост. Бояд ба ў равиши дўстї бо бародарону хохањронро омўзед. Фарзандатонро дўст доред, муњаббатро барояш омўзед, бигзор дўст доштанро аз шумо ва њамсаратон омўзад ва ин омўзиш барояш омўзиши тамоми умр хоњад буд.


12

“НИГОЊ”, ЧОРШАНБЕ №48 (481), 2. 03. 2016

ЌАСИДАИ ТОЉИК Љовид сабз бодо нахли баќои Тољик, Ё Раб, бикун иљобат аз ман дуои Тољик, Нони њалол хўрдаст аз хони зиндагонї, Набвад ризои Эзад дур аз ризои Тољик. Њар љо ки њарф гўяд, мењр аст муњтавояш, Оњанги сулњ дорад, тори садои Тољик. Њар хор гашт хоњар, барбар бишуд бародар, Љое, ки рехт соя, боли њумои Тољик. Гардад варо њама рўз Наврўзи чењраафрўз Олам агар пазирад њолу њавои Тољик. Аз сидќи хеш бошад тољи сари футувват, Њаргиз касе надида кибру риёи Тољик. Хорї мабод асло дар ќисматат, бародар, Берун агар ки кардї, хоре зи пои Тољик. Нафрўшад, ар дињандаш ганљи тамоми олам, Оне ки карда бошад, фањми бањои Тољик. Оби зулоли чашма оинаи дили ўст, Омўст як нишони људу сахои Точик. Њар гањ ки гуфт бояд њарфе барои миллат Љуз ин сухан нагўям: Љонам фидои Тољик!

ИЛЊОМ АЗ МАРСЕЛ ПРУСТ 1. Агар имкони дарёфти танњо як чизеро дошта бошед, ки њоло надоред. Мехостед он чї бошад? Хотираи ќавї, то њама чизњои хондаамро дар ёд гирифта тавонам. 2. Аз 24 соати як шабонарўз мањз кадом соат писандидаи Шумост? - Соати дидори дўст, ваќташ муњим нест. 3. Љуръататон барои гуфтани чї ва ба кї намерасад? - Банда аз моли дунё њамин љуръатро дорам, ки њарчиро лозим донистам, ба мухотабам мегўям. Албатта ба љуз дархости кўмаке, ки сазовораш нестам.

БО ШОИР Бо њарки нотавон аст бисёр мењрубон аст, Њатто надида мўре, боре љафои Тољик. Дунё, ки "Маснавї" -хон гаштаст, мекунад боз Чашми замона рўшан аз нав љилои Тољик. Ќурбони ту бародар, як лањза гўш медор,

ОЗАР САЛИМ Њарфе ду-се бигўям аз ибтидои Тољик. Ин ки ба мењр мекард аз мењри дил ибодат Бидњад хабар зи љони пур аз сафои Тољик. Ин марзу бум аз оѓоз будаст мањди номус Бо Рустами ягона, он аждањои Тољик. Он нобародарон, ки аз зумраи Шаѓоданд Карданд сози мотам мењру вафои Тољик. Гардад њадиси Рустам дар ин сухан хулоса Њилм асту ќалби сода асли хатои Тољик. Бар гўши рањнавардон дар даштњои таърих Мерехт сози ирфон бонги дарои Тољик. Мансурро сари дор овард агар "аналњаќ" Дар љуш Даљла омад рўзи љазои Тољик Бар сидќи мо Паямбар мекард кай ишора Огоњ агар набудї ў аз дањои Тољик. Дар пањнаи Хуросон њамсояњо бидонанд Фарњангу мазњабу хат бошад атои Тољик. Бе њич моњвора садсолањо аз ин пеш Кардаст фатњи гардун аќли расои Тољик. Озодазодагиро аз ёди худ набурдаст, Аз сарви эътиќод аст, оре, асои Тољик.

ИМКОНИ МУВОФИЌ

Гўянд њар куљое мадњу санои Тољик. Гирам агар наёбї ќолию бистари ќў, Ёбї китоби Њофиз андар сарои Тољик. То њаст "Шоњнома" бошад тањамтанона Дар арсагоњи њастї њар иддаои Тољик. Доранд ањли ислом мењри Абуњанифа Маќбули хосу ом аст яъне ки ройи Тољик. Тўфон чу кард Чингиз бурданд ањли маънї Киштии худ саломат бо нохудои Тољик. Озодазодамарде то дар љањон намонад Дидаст хок пушта аз куштањои Тољик. Кафро чу арѓувонї бинам ба хеш гуям Доѓи дилест, бешак, барги њинои Тољик. Тољик бо маъонї тавъам, ки гашт бошад Суру азои дониш суру азои Тољик. Додем мо ватанро, аммо ватангадоён Кардан њич коре оё барои Тољик? Њам аз ватан рабуданд, њам аз сухан рабуданд, Монданд ин ќабила умре гадои Тољик. Ќомуси рози љон аст оњанги "Шашмаќомаш" Шуд шашљињат фарогир савту навои Тољик. Савти "Фалак" фалакро пур кард аз ниёиш, Њамсуњбати Худо буд бо ў ниёи Тољик.

МУХТАСАРИ ШАРЊИ ЊОЛ Озар Салим соли 1968 дар ноњияи Восеъ таваллуд ёфтааст. Факултаи забон ва адабиёти Донишгоњи омўзгории Кўлобро хатм карда, чанд сол роњбари маркази матбуотии Раёсати корњои дохилии вилояти Хатлон буд. Айни њол дар шањри Ќўрѓонтеппа зиндагї дорад ва котиби масъули бахши Иттифоќи нависандагон дар минтаќаро ба дўш дорад. Аз соли 2008, њамзамон сардабири маљалллаи " Мактаб" аст, ки муассисаш Раёсати маорифи вилояти Хатлон мебошад. Озар муаллифи китобњои "Намози бедорї", "Як саљда гул", "Сарви дуъо", " Ирфони њино", "Гуфтугўи нахлу моњ" ва " Хурмои эътиќод" аст. Оиладор, соњиби 7 фарзанд мебошад.

Аз кули ифтихорот моро њамин ќадар бас Њаргиз касе нагирад дар шеър љои Точик. Аз махзани њаќиќат дар партави тариќат Меёфт дурр зењни Бедилкушои тољик. Тољик имоми шеър аст, он ки шавад суханвар Љое ба саф наистад љуз аз ќафои тољик. Он бењ, ки нуќта монам, зеро намерасад кас Бо пиллаи ќасида то кибриёи тољик.

РОЊИ ПУЛАКЇ

ТОЉИКИСТОН ЉОЙИ ТУРКИЯРО МЕГИРАД? Соњибкорони тољику рус дар як њамоиш роњњои чигуна афзоиш додани содироти меваю сабзавот аз Тољикистон ба Русия ва Ќазоќистонро баррасї карданд. Ин њамоиш рўзи 26 феврал дар шањри Ќайроќќум баргузор шуд ва дар кори он рањбарони сї ширкати харидор ва содиркунандаи меваю сабзавоти Тољикистон њузур доштанд. Бархе аз иштирокдорони њамоиш гуфтанд, ки дар пайи ба сардї гароидани муносиботи Русия ва Туркия, Маскав ният дорад, ки интиќоли меваю сабзавотро аз Тољикистон афзоиш дињад. Михаил Кораблин, намояндаи тиљоратии Русия дар Тољикистон низ гуфт, Туркия њудуди дањ дарсади меваю сабзавоти мавриди ниёзи Русияро ба ин кишвар ворид мекард, вале дар пайи сард шудани муносибати байни ин кишварњо интиќоли мањсулоти кишоварзї аз он кишвар ба Русия то њадди аќалл коњиш ёфтааст. Кораблин афзуд, "меваю сабзавоти Тољикистон дар Русия писандида аст ва харидор дорад, зеро табиї аст ва генаш таѓйирдода нест. Бидуни истифодаи зањрдоруњо парвариш мешавад, таъму маззаи хуб дорад. Танњо мушкил нигањдории хуб аст, ки фикр мекунам, илољашро хоњем ёфт."

Оина њам нагирад монанди ў канорат, Дунёи мењр бошад оѓўши вои Тољик. Дар чорсўи дунё фарњанги ошноист Њам рањкушои тољик, њам мутаккои Тољик. Дар Балху дар Бухоро чун гавњараш дурахшид Бигрифт рўи олам нуру зиёи Тољик. Кофист Ибни Сино то бе ягон бањона

Анвар Яъќубї, муовини раиси њукумати вилояти Суѓд, њангоми суханронї дар њамоиши рўзи 26 феврал гуфт, солњои охир соњибкорони тољик барои содироти меваю сабзавоти кишвар дар Чину њавзаи Халиљи Форс барои худ љойи по дуруст мекарданд. "Вале дар њама њолат Тољикистон хоњони густариши њамкорињои судманд дар ин самт бо шарикони анъанавиаш, ба хусус Русияву Ќазоќистон аст," - афзуд ў. Ба гуфтаи Анвар Яъќубї, дар соли 2015 бо вуљуди сармозании гули дарахтони мева ва талаф ёфтани ќисми зиёди мева дар вилояти Суѓд аз ин минтаќа ба Русия 170 тонна меваю сабзавот, аз љумла њудуди 70 тонна меваи хушк содирот шудааст. Чанд рўз пеш Президенти Тољикистон низ таъкид кард, ки кишвар содироти меваю сабзавот ба Русияро то се баробар афзоиш бидињад.

РОНАНДАИ "ЗЎР", КИ ПУЛИ IRS-РО НАДОДА, СИЛОЊИ МИЛИСАРО СИТОНДАСТ Вазорати умури дохилии Тољикистон аз боздошти ронандае хабар дод, ки дар нуќтаи пулљамъкунии ширкати IRS дар ноњияи Шањристон аз додани маблаѓ саркашї ва ба масъулини ширкат носазо гуфтааст. Ба иттилои манбаъ, ин ронанда њамчунин силоњи сержанти милисаро, ки ба кумаки кормандони IRS омадааст, бо зўрї гирифта, фирор намудааст. Њодиса шаби 15 феврал, таќрибан соати 22:40, дар постгоњи раќами 4-и IRS, воќеъ дар километри 178-уми шоњроњи Душанбе-Чаноќ рух додаст: "Ронандаи автомашинаи "Опел", ки аз самти ноњияи Айнї ба Шањристон њаракат мекард, аз пардохти маблаѓи саркашї карда, сўи ходимони амниятии посгоњ, ки аз пешаш омадаанд, њаракат кардааст. Сержант Љавњар Носиров, ки дар хизмат ќарор доштаст, бо мушоњидаи њолати мазкур барои њалли ќазия њозир шудаст. Аммо ронанда ба талаботи сержанти хадамоти давлатии муњофизат итоат накарда, бо зўроварї яроќи сержант - автомати Калашниковро гирифта, фирор намудаст".

Маќомоти умури дохилї афзуданд, ки дар пайи таъќиб ронанда аз уњдаи воситаи наќлиёт набаромада, ба пастхамие сарозер шудааст: "Баъди боздошт муайян шуд, ки наќлиёт тањти идораи Ањмадалиев Ренат Ѓолибовичи 32-сола, истиќоматкунандаи ноњияи Спитамен ќарор доштааст, ки ў ки ќаблан барои муомилоти ѓайриќонунии воситаи нашъадор дар Русия суд шудааст". Ба иттилои манбаъ, феълан алайњи ин ронанда, ки худ низ гирифтори бемории нашъамандї аст, барои зўроварї ва муќовимат нисбати намояндаи њокимият парвандаи љиної боз шуда, тафтиш идома дорад.


ТАБЛИЃ Бозори љањонии фурўшњои мустаќим тайи солњои 2012 - 2015 рушд мекунад ва боло меравад ва ба ин минвол, ќобилиятњои мутобиќшавиашро ба вазъи буњронї ба намоиш мегузорад. Аксаран намудњои мањсулоти фурўшї њамзамон афзоиш ёфта, аммо дар гуруњи пешгомон равандњое таќвият мебинанд, ки тавозуни маъмулиро дигар мекунанд. Аз рўи иттилои WFDSA, то соли 2014 њаљми љањонии фурўшњои мустаќим аз 180 миллиард доллар боло рафт. Бармалост, ки ширкатњои МЛМ (мултилевел - бисёрљабња) ба зуњуроти буњронї бархўрди њушмандона карда, ќобилияти рушди худро дар шароити мураккаб таќвият бахшидаанд. Дар натиља бозори фурўшњои мустаќим на фаќат истодагарї кард, балки суръати афзоиши њайратовар дар сатњи 6,4% - ро ба намоиш гузошт. Умдатан ин ба шарофати ќудрати бархўрдкунии ширкатњои байнулмилалї ба даст омад. Бозигарони ботаљриба, назири Oriflame - и аврупої, Avon ва Herbalife - и ИМА, ширкатњои QNet ва Tiens (Тянши) аз Осиёи Љанубї - Шарќї тавонистанд хисороташон дар як бозорро бо муваффаќиятњояшон дар бозори дигар љуброн кунанд. Бори дигар бахши фурўшњои мустаќим дар ќиёс бо соли гузашта мањсулоти бештарро истењсол кард ва муваффаќона фурўхт. Ин гуна муваффаќият боз њам эњтироми бештарро ба вуљуд меорад, агар инро њам ба назар гирем, ки он бо кадом як зуњуроти фантастикї, навгонињои ќаблан диданашуда, ки њамагонро љалб кунад, рабте надошт. Чизе хориќулодда набуд, магар ин, ки ширкатњо сидќан ба афзоиши навъњои бозоргир ва муосирсозии мањсулоти худ машѓул шуданд. Тиљорат кўшишњои худро сари самтњои ояндадор мутамарказ карда, равандњои соњавии аллакай мављудро таќвият бахшид.

“НИГОЊ”, ЧОРШАНБЕ №48 (481), 2. 03. 2016

13

соли аввал нест, ки аз рўи суръати рушд пешгом аст ва ин мавќеъ эњтимолан дар ояндаи наздик нигоњ дошта мешавад. Пешгомони бозор ба ин бахш ањамияти бузург ќоиланд ва њадаф доранд љиддан барои он талош кунанд. Аз љумла, ба ќарибї дар бораи тарњњои баландпарвозонааш дар ин соња ширкати маъруфи фурўшњои мустаќим Qnet хабар дод. Манобеъи расмии ширкат дар бораи ин њадаф - пешгомии љањонї дар бахши мањсулоти саломатї изњори назар карданд ва дар бораи иќдомњои љиддї дар ин самт низ гуфтанд. Раќобат дар ин самт хеле баланд аст ва раќибони QNet дар ин набард Avon, Amway ва Herbalife хоњанд буд. Дар

®

БАХШСОЗИИ БОЗОРИ ФУРЎШЊОИ МУСТАЌИМ ДАР СОЛЊОИ 2012 - 2015

СОХТОРИ ФУРЎШЊО АЗ РЎИ НАМУДЊОИ МАЊСУЛОТ Мутахассисони Федератсияи байналмилалии Анљумании љањонии фурўшњои мустаќим (WFDSA) тамоми намудњои мањсулот ва хизматрасонињои пешнињодшавандаро ба дањ намуди асосї таќсим мекунанд. Дар миёни онњо ороишот ва муроќибати шахсї, либос ва лавозими љонибї (аксессурањо), маводи ѓизої ва нўшокї, муроќибати манзил ва василањои фароњам овардани шароит, асбобњои молиявї, мањсулоти барномавї ва ѓ. њ. (нигаред ба расми 1) махсус људо шудаанд. Он чї, ки аз рўи бархе тасаввурот ба намудњои бунёдї ворид нашуд, ба гуруњи универсалии "дигар" људо шудааст. Ин гуна табаќабандї хусусияти умумикунї дорад ва фаќат ба бахшсозї ё сегментатсияи молњо равона шудааст. Бар асоси он дар бораи таќсими истењсолкунандагон хулоса кардан дуруст намебуд, зеро он фаќат сањми мањсулоти ягон намудро дар њаљми умумии мањсулот тасвир мекунад, на теъдоди ширкатњое, ки дар ин бахш фаъолият доранд. ТАЃЙИРОТ ДАР ГУРУЊИ ПЕШГОМОН Дар расми 1 бахшсозии бозори фурўшњои мустаќим дар солњои 2012 ва 2014 пешнињод шудааст. Маълум аст, ки ваќтњои охир ягон таѓйироти фарогир набуд, аммо таќсимбандии намудњои пештоз идома дорад. Масалан, "ороишот", "мањсулоти хонагї

ва колоњои бодавом" (Household Goods & Durables), "муроќибат дар манзил" (Home Care) ва бахши "дигар" якдарсадї коњиш ёфтаанд. Бахши "либос ва лавозими љонибї" (Clothing & Accessories) ду дарсад поин омадааст. Ин шаш дарсади хисорот гум нашуда, миёни намудњои дигар њамчун илова таќсим шудаанд. Онњо ба бахшњои ками "обу барќ" ва "хадамоти молиявї" рушди якдарсадаро додаанд, аммо бадоњатан чор дарсад бахши пештози "саломатї" (wellness) - ро боло бурдаанд. Таќсимбандї дар сохтори фурўшњо пурра ба равандњои љањонї дар таѓйири талабот мувофиќат мекунад. Имрўз дар навбати аввал мањсулоти саломатї барои тарзи солими њаёт (wellness), таъминоти барномавї ва асбобњои молиявї муштарии зиёд доранд. Мањсулоти саломатї

њамчунин мавќеъгирї бояд хабарњои аљиберо аз ин бахш интизор бошем. ДУРНАМОИ РУШДИ СОХТОРИ ФУРЎШЊОИ МУСТАЌИМ Дар умум сохтори фурўшњои мустаќим нисбатан мўътадил мемонад. Таносуб миёни чањоргонаи пештоз ва намудњои дигар амалан бетаѓйир боќї монда, аммо дар дохили гуруњи писандидањо тавозун ба таври назаррас ба фоидаи намуди "велнес" таѓйир мехўрад. Вижагии фарќкунандаи ин бахш њиссаи бузурги ширкатњои осиёї аст. Онњо тибќи анъана дар соњаи њама гуна мањсулоти зидди пиршавї, иловањое, ки табъи инсон ва табодули моддањоро бењ мекунанд, њамчунин намудњои зиёди дигар ќавї њастанд. Имрўз намояндагони пурэнержии тиљорати осиёї, назири Tiens ва Qnet бо як шўр бозорњои Аврупо, Шарќи Наздик, Осиёи Марказї ва Африќоро аз худ мекунанд. Онњо эњтимолан бахши велнесро дар раъс ќарор хоњанд дод, зеро онњо мањсулоти навро ба "бозорњои куњна" мебаранд ва аз бозорњои нав миллионњо харидори навро меоранд. Дар натиља фурўш дар ин бахш тезтар аз дигар бахшњо рушд мекунад. Баъид нест, ки дар ояндаи наздиктарин ин бахш пешгоми бахшњои имрўз "ороишот ва муроќибати шахсї " - ро танг хоњад кард. Алена ЗЕВЯКИНА


14

“НИГОЊ”, ЧОРШАНБЕ №48 (481), 2. 03. 2016

1 "ТИФЛ ВАЌТЕ ЉАСОРАТ ПАЙДО МЕКУНАД, КИ..." Вазъи зани тољик дар љомеаи муосири тољик, ки дар бунбасти пайванди анъана ва арзишњои навин мондааст, њанўз њам маќоли "дар миёни 4 дарё тахтабандам кардаї, боз мегўї, ки доман тар накун, њушёр бош"- ро ба хотир меорад. Бояд иќрор кард, ки фаъолияти љомеаи гендерии кишвар тайи 20 соли охир дар зењни мардум бетаъсир намондааст. Барои ин як назари сатњї ба матбуот аќаллан ба мавзўи инъикоси мушкилоти фоњишагарї кофист, ки бубинем, ки соњибќаламон аз бе тањлил мањкум кардани занони фоњиша ба љустуљўи омилу сабабњои иљтимоии ин падидаи дарднок гузаштаанд ва ин кори кам нест. Вале њалли мушкилоти оилањо њанўз аз вазифањои сангину бунёдї боќї мемонад. Барои иљрои рисолати бузурги инсонї тавлид ва тарбияи инсони ѓаюру масъулиятшинос, ки дар њалли мушкилоти зиндагї даступо намехўрад, аз шикастњо афтодарўњ намегардад, танњо муњаббати модар кофї нест, зеро муњаббати модар, агар модар соњибмаърифату фазилат набошад ва ин муњаббатро, ки ќавитарин навъи муњаббати инсонист, идора карда натавонад, эњтимоли худкома ва аз ин рў барои худу љомеа камманфиат ва њатто хатарнок тарбия ёфтани фарзанд як падидаи воќеист. Тарафи дигари ин масъала наќши падар аст. Дар масъалаи рушди мардонагї дар нињоди фарзанд наќши падар нисбат ба наќши модар пешсафтар аст. Зеро фарзанд, агар оини муњаббатро аз модар биомўзад, хазинаи равонии худро аз ин сарчашма њамеша шодоб дорад, дороии иљтимоии тинаташро пеш аз њама аз падар мегирад. Ин љо дар мадди аввал шинохти олами берун аз оѓўши модар, берун аз муњите, ки танњо байни волидон ва фарзанд љой дорад, дар назар аст. Зеро мањз дар њамин маврид љасорат зоњир мешавад ва инкишоф меёбад, дар њолате, ки инсон берун аз муњити одатии худ ќарор дорад. Танњо дар њолате ки кўдак ру ба рўи олами барояш ноошно ќарор мегирад ва дасти тавонои падарро дар дасти худ њис мекунад, малакаи нотарсї дар замираш сабз мешавад, танњо дар њолате ки баъд аз баргаштан ба олами одатии оила, модар ўро дар ин нахустин амалаш дастгирї мекунад, барои либоси ифлосшуда ё дарида, дер мондан ва амсоли ин "гуноњњои" тифлї танбењу дашном намедињад, балки љиддї, вале бо мењр эњтиёткориву даќиќкорї, интизому сарфаи ваќтро дилгир нашуда такрор ба такрор мефањмонад, љасорат нерў мегирад ва тадриљан ба дарахти тавоное табдил меёбад. Зеро решаи љасорат њисси муњаббат ва бехатарист. Инсони баркамол ба хотири муњаббат метавонад, кореро иљро кунад, ки дар вазъи дигар ба он даст намезанад. Кўдак ин амалро дар њолати худро комилан бехатар њис кардан иљро карда метавонад. Азбаски новобаста ба синну соли инсон хотирањои тифлї рўшантани хотирот ва ќавитарин барномањои зиндагї боќї мемонанд, норасоии њисси муњаббат ва бехатарї дар давоми ташаккулёбии фарзанд решањои љасоратро мехушконанд. Бењтарин намунаи тарзи дурусти рафтори волидонро мо дар рўзгори устод Айнї пайдо карда метавонем. Ёддоштњои устод махсусан он давраеро, ки айёми тифливу наврасии нависандаи бузургро дар бар мегирад, њамчун дастури тайёри тарбияи писар ба мардум пешнињод кардан мумкин аст. Падари устод Саидмуродхоља, бо вуљуди серкориаш тамоми масоили тарбия ва тањсили писаронро љиддї ва собитќадамона роњбарї мекард. Дар корњои рўзгор писаронашро њамроњ мегирифт ва нозукињои корро меомўхт. Барои мисол дар њикояи "Деви њафтсар" устод усули аз дили кўдак баровардани тарсро аз тарафи падар инъикос кардааст. Ба ин тариќ, агар падар инсони аз нигоњи иљтимої ба камол расида бошад, фарзандро новобаста аз љинсаш ба ин олам ќадам ба ќадам ошно мекунад ва модар дар ин раванд дидгоњи фарзандро бо муњаббат рўшантар менамояд. Таъсири равониву иљтимоии модар ва падарро дар даврањои гуногуни синну солии фарзанд адабиёти равоншиносї хеле хуб муайян кардааст, вале њоло њатто донистани њамаи ин вижагињо мушкилоти оилаи тољикро дар мавриди тарбияи фарзанд њамчун инсони комил њал намекунад, зеро вазъи иљтимоии мардону занони мо дар оила ва берун аз он таѓйироти љиддї мехоњад.

БАЊСИ МИЛЛЇ ВАЌТЕ ТО 40 -СОЛАГЇ АЗ ВОЛИДОН ИЉОЗАТ МЕГИРАНД... Мушкили љиддии оилањои тољик пеш њама барои иљрои вазифањои иљтимоии модарона ва падарона омода набудани хонадоршавандагон аст. Камбуди равонии мардонагї дар тинати мардони љомеа ва фаъолии баъзан бенизому маљбурии иљтимоиву иќтисодии занон имкони ин гуна муназзам тарбия кардани фарзандро аз байн мебаранд. Модаре, ки бо азоб як бурда нони фарзандро кор карда ба хона меорад, њангоми дидани либоси даридаи писараш, ки ќадаме дар роњи љасорат мегузорад, дида ба дањшат меояд, на танњо кўдакро танбењу сарзаниш мекунад, балки баъзан худаш гиря мекунад ва ин њама ба фарзанд табиист, ки таъсири хуб надорад. Падаре, ки солњо дар бари фарзандон нест, њангоми аз муњољират омадан њам бештар бо хешу аќрабо ва дигар масоили авлод машѓул асту бо фарзандонаш чї ќадар суњбат кардааст ё не дар хотири касе намондааст, баъзан як тим-

Минбаъд дар табиати онњо лоќайдї, бетафовутї бештар зоњир мешавад. Дар чунин вазъи равонї инсони наврас наметавонад орзуњои воло дошта бошад, назди худ маќсаде бигузорад ва барои он талош намояд. Иродаи ў, ки василаи асосии расидан ба маќсадњо ва рањидан аз мушкилоти зиндагист, метавонад дар њоли нимфалаљ ќарор бигирад ва то охири умр чунин бимонад. ВАЌТЕ МУАЛЛИМАЊО АЗ МУАЛЛИМОН БЕШТАРАНД... Камбудии мардонагї ва фишори њамешагї сари фарзандон дар давраи ташаккулёбї берун аз оила низ роњандозї мешавад, чун њамаи узви љомеа мањсули тарбияи оила аст ва онро ба тарзи худ татбиќ менамояд. Сохтори муњими дигар дар ин масъала маориф, ки соњибрисолату соњибваколати муќарраршуда ва маошхўри тарбия аз њисоби љомеа (буља) мебошад, ки аз табаддулотњои азим хеле зарар дид ва тайи чанд соли ахир гўё рў ба бењбудї

КАМБУДИ МАРДОНАГЇ Чаро зани имрўза марди љасуру боѓайрат тарбия намекунад? соли падар асту бас. Њатто дар оилањое, ки падарон муњољир нестанду оилањо то андозае солим ба шумор мераванд, мардон на њамеша намунаи мардонагї барои фарзандон буда метавонанд. Зеро оилаи серќишраи тољик ба мардон як давраи дуру дароз салоњияти ќабул кардани ќарорро дар мавриди масъалањои оила намедињад ва марди љавон баъзан то 40 солагияш барои њар ќадамаш аз падару модари худ иљозат мегирад ва барои ин ё амалаш дар њузури њамсару фарзандонаш аз аъзои калонсоли оила танбењу дашном мешунавад. Дар зењни кўдак ин њама эњсоси њаќириву нотавониро ба вуљуд меоварад, ё агар ў аз руи мизољи худ гармхун бошад, тамоми нерўи равонї ба эътироз равона мешавад ва ин гуна фарзанд, ки воќеан нерўи ќањрамонии табиї дорад, ба исёнгар дар дохили оила табдил меёбад. Сар задани исёни фарзанд волидон ва дигар аъзои оиларо нигарон мекунад, онњо ба љойи шинохтани сарчашмаи исён ва бартараф кардани он бо такя ба ќолаби "ман калонсолтарам, пас ман њамеша њаќ њастам" аз њар љониб кўшиш мекунанд ки чунин фарзандро бишкананд. Њолатњои аз оила дилмонда шудану солњо бо бањонаи муњољират барнагаштани аксари љавонон кам нестанд, яке аз сабабњо метавонад ин љо нуњуфта бошад. Маъмулан ба дастгоњи ифротгароён кашида шудани ин гуна љавонон њам кори душворе барои он гуруњњо нест, зеро љангу њарб талаботи равонии ќањрамониро, ки аз љониби оила саркўб шудааст, ќонеъ мегардонад. Падидаи хатарзои дигари љомеаи муосири тољик он аст, ки камбуди мардонагї аз насл ба насл бозтавлид мешавад. Писаре, ки дар оилаи носолим тарбия ёфтааст ва мардонагияш рушд наёфтааст, баъди падар шудан њамм њатто дар њолатњои муќаррарии зиндагї масъулияти рўзгору фарзанддориро ба зимма намегирад. Азбаски муњаббати модарона хусусияти ѓаризавї дорад, ѓайр аз ин ќолабњои гендерии љомеа ќариб тамоми масоили фарзанддориро ба зиммаи модар мегузорад, модар хоњу нохоњ барои њалли мушкилоти оила дар доираи тавони худ мепардозад. Њатто батамкинтарин зан њам дар чунин њолат ба шиддати сахти равонї ва љисмонї гирифтор мешавад. Хоњ нохоњ њолатњои ба сари чунин марди нотавон фарёд задан, хархаша барпо кардани модарон сар мезанад. Ваќте фарзандон нотавонї ё бемењрии падарро њис мекунанд, ё беќадрии модарро дар њолатњои зўроварии хонаводагї мебинанд, њамаи арзишњои волое, ки онњо бояд тавассути ин ду ќањрамони асосии зиндагияшон бигиранд, беќурб мегарданд.

гузоштааст. Агар аъзои оила маъмулан дониши педагогї надошта бошанд, ин љо мутахассисони соњибтањсил фаъолият доранд, вале бо вуљуди ислоњоти тўлкашидаи соњаи маориф, мактаб дорои чанд хусусиятест, ки њељ ба рушди мардонагиву љасорат дар фарзандон, хосса дар писарон мусоидат намекунад. Аввалан таркиби њайати муаллимони мактабњо, хосса синфњои баъди ибтидої. Бе љустуљўи маъдумоти оморї њам метавонем бигўем, ки шумораи занон он љо аз мардон хеле зиёдтаранд. Барои писараке, ки дар хона намунаи мардонагї надораду дар мактаб њам онро пайдо намекунад камбуди мардонагї дар тинаташ амиќтар љой мегирад. Барои духтаракон њам, намунаи доимии зани њамеша фаъол, ки на дар њамаи њолатњо ин фаъолият пайваста бо нафосату назокату нармии гуфтору рафтор ва дигар хислатњои занона зоњир мешавад, барои дар оянда барои њамсар ва модари хуб шуданашон мусоидат намекунад. Зеро љасорати занона шакли хоси зуњур дорад, вале дар љомеаи мардсолор занон ноилољ рафтори ба ном мардона яъне дуруштиро ќабул мекунанд, зеро љомеа ва хосса менталитети мардум мањз њамин гуна рафторро нишонаи ќатъият ва нерў эътироф кардааст. Ба ибораи мардумї љомеаи мо, љомеаи "зулмпарвар" аст ва нармии зан дар иљрои вазифањои љамъиятї метавонад боисии нокомии ў бигардад. Мисоле аз адабиёти гендерї: Чанд сол пеш мушоњида шудааст, ки як гуруњ аскарони як мамлакати ѓарбї аз шабона дар њудуди ќисми худ берун баромадан метарсанд. Баъди тањќиќи ин њодиса маълум мегардад, ки дар мактабњои тањсилкардаи ин љавонписарон ягон омўзгори мард набудааст. Ин мисол водор мекунад, ки сари он андеша намоем ва ба мувозинати њайати омўзгорон дар мактабњо таваљљуњ намоем. Ин масъала албатта ба мушкили дигар баланд бурдани нуфузу эътибори касб ва маош дакка мехўрад. Мушкили дигари соњаи маориф ќолаби куњнашудаи кормандони он, ки тибќи он сиришти кўдак бояд дар ќолабњои таъинкардаи љомеа љой карда шавад ва ин ќолаб озодии афкори шогирдро комилан истисно мекунад. Озодии афкор ин љасорати зењн аст ва устоди хуб онро нашикаста, балки роњнамої мекунад, ё ба ибораи дигар шогирд машъалест, ки устоди фозил онро меафрўзад. Мисолњои аз љониби яке аз вазирони пештараи маориф дар назди омма тањќир шудани шогирдонро барои тарзи либоспўшї ВАО борњо инъикос карда буданд. Чунин тарзи рафторро он замон кормандони мактабњои олї њам ќисман "аз худ

Марям Давлатова, љомеашинос

карда" буданду "самаранок" истифода мебурданд ва шояд њоло њам љой дошта бошад. Њатто дар њамин масъалаи либос њам ба шогирд роњнамо будан лозим аст, вале масъулини тарбия барои кори худро осон ва вазифаи худро бо њамин тариќ иљрошуда њисобидан мекўшанд масъалаи хеле њассос ва нозуки тарбияро ба таври зўрї њал намоянд. Дар ин миён фаромўш мешавад, ки њар як шогирд як олами хос аст ва муносибати инфиродї мехоњад. Бо вуљуди фаъолияти њамешагии Донишкадаи бозомўзии муаллимон, ки воќеан як сохтори муњим дар рушди лашкари калони омўзгорон аст, дар барномањои кории он гумон аст, ки равоншиносии (психологияи) синну солї, гендерї, рафтор ва одоби муаллим ва монанди ин мавзўъњо бошанд, ки дар он махсусиятњои равонии насли имрўза омўзонда шаванд, то муаллим бидонад, ки навраси соли 2016 аз навраси ним аср пештара фарќ дорад ва тарзи кор њам бояд дигар шавад. Њарчанд дарси маърифати оиладорї аз соли тањсили 2015 дар мактабњо љорї шудааст, вале маълум нест, ки дар кадом сатњ мегузарад, оё масоили гендерии тарбияро дар бар мегирдад ё не ва дар мавриди тарбияи писаракону духтаракон муаллимоне, ки худашон мушкилоти зиёде дар ин маврид доранд, муаммоњоро чї гуна њал мекунанд. "ЊАТТО ВАЌТЕ МАОРИФ МУШКИЛОТИ ЗИЁД ДОРАД..." Нињоят фишанги муќтадири дигаре, ки соњаи маориф дорад, имкони бевоситаи кор бо падару модарон аст. Ѓайр тамоми намудњои маъмулии кор бо падару модарон, ки маъмулан аз гузаронидани маљлисњо барои љамъ кардани маблаѓ барои ягон эњтиёљоти мактаб ё даъвати волидон њангоми низомро халалдор кардани шогирд иборат аст, корњои дигар њам кардан мумкин аст. Вазорати маориф имрўз сохтори ќариб аз њамаи љанбањо муќтадирест ва метавонад, ки дар заминаи мактабњо барои волидон вобаста ба синну соли фарзандонашон курсњои таълимии равоншиносї, бигузор аз њисоби худи волидон ташкил намояд. Бо ин роњ шояд баъзе масъалањои зикршуда ќадам ба ќадам њалли худро пайдо намоянд. Дар њар сурат, њама чиз аз оила оѓоз меёбад ва он љо њам анљом мепазирад. Њатто дар њолати њамаи мушкилоти соњаи маориф, оилаи солим барои саволњои дар мактаб бељавоб мондаи фарзанд љавоб ёфта метавонад, дар мавриди зарурї бо устодони фарзанд тариќи машварату маслињат њамкорї мекунад, оилаи носолим бошад масъулияти тарбияро комилан ба дўши мактаб гузошта њангоми сар задани мушкиле бо муаллимон даст ба гиребон мешавад. Оилаи муосири тољик њоло ба дастгирии њаматарафа ниёз дорад ва на њамеша мушкилоти он камбизоатист. Сохторњои масъули соња: Вазорати маориф ва илм, Кумитаи кор бо занон ва оила, Вазорати фарњанг, Кумитаи радио ва телевизион, Кумитаи љавонон бояд наќшањои муштараки кор дошта бошанд, барои тањия ва татбиќи он мутахассисони соњаи љомеашиносиву равоншиносї ва педагогикаро љалб намоянд, дар ин тадбирњо масъалаи тарбияи љасорату мардонагї дар нињоди насли љавони миллат ба таври њирфаї матрањ бигардад. Ин мавзўъ албатта дорои љузъиёти ихтисосии зиёде низ њаст, вале дар доираи як маводи мухтасар танњо муњимтарин нуктањоро имкони рушан кардан дорем, аз ин рў њоло бо ин иктифо мекунам ва умедворам, ки ба саволи бароям вогузоршуда љавоб гуфта бошам.


ПАЖЎЊИШИ ОЛИМ Яке аз хусусиятњои фарќкунандаи "Нигоњ" аз дигар нашрияњои даврии кишвар сањифаи охири он аст. Ин сањифа маъмулан аз ду жанр - памфлет ва луќма иборат аст. Яъне нигоњи хоси "Нигоњ" ба рафтору гуфтори одамон бо василаи танз аст. Танз дар сањифаи охири њафтаномаи "Адабиёт ва санъат" низ мављуд аст, аммо жанри он хислати бештари адабї дорад. Њаљви публитсистї дар "Фараж" (Гуфтед? Мегўянд), "СССР" (латифањо) ва дигар нашрияњо низ ба табъ мерасад. Аммо њар кадом равишу сабки худро доранд. Истифодаи дурусти гўишњои тољикиро дар њамин сањифаи "Нигоњ" мебинем. Худи рўзнома бо забони адабии тољикї нашр мешавад, аммо дар сањифаи 16 хеле устодона аз шеваи халќї истифода мекунад. Њаде ки асоси ин сањифа аст, ба ин сабк имкон медињад, зеро калима, ибора, нидо ва дигар унсурњои лафзи халќї матнро шаккарин ва пуртаъсир мекунанд ва эљодкорони памфлет ва луќмањои "Нигоњ" аз ин имконият фаровон ва устодона истифода менамоянд. Луќмаи "Нигоњ" табиист -хандидан ба мантиќи сухани гўянда, хандидан ба дурўѓ ва њам гоње бо киноя ќувват додани он чи ровї гуфтааст. Њар луќма аз се унсур сурати гўянда, сухани гўянда ва маќсади "Нигоњ" иборат аст. Сурати гўянда гўё бо суханаш муќоиса мешавад, ки ин таъсири луќмаро меафзояд. Мавќеи "Нигоњ" ба ќонун, мантиќ ва одоб устувор аст. Ин луќмањо аз рўйи соња ба ду гурўњ таќсим менамоем: луќмањои ба мавзўи байналхалќї ва мавзуи ватанї бахшидашуда. Мавзўъњо њељ ваќт мањдуд нестанд. Зеро муњим на танњо мавзўъ, балки шахсияти гўянда низ њаст. Он њар ќадар шинохта бошад, луќма њамон ќадар серталаб, серхонанда ва актуалї мешавад. Жанри луќма дар баробари фелетон, памфлет ва эпиграмма аз жанрњои љолиби гурўњи жанрњои бадеї - публитсистї ба шумор меравад. Баъзењо онро жанри тањлилї низ медонанд. Луќма бояд муассир

“НИГОЊ”, ЧОРШАНБЕ №48 (481), 2. 03. 2016

15

ЛУЌМАЊОИ "НИГОЊ" БА ЌОНУН, МАНТИЌ ВА ОДОБ УСТУВОРАНД! ва нишонрас бошад, яъне сухане ки ба он писханд мешавад, даќиќ бошад. Муаллифи луќма аз имкониятњои гуногуни баён чун киноя, писханд, факту далел, тањлил ва дигар унсурњои бадеї ба таври фаровон истифода менамояд. Зеро луќма бо тамасхур ба саволи "Наход?" љавоб медињад. Масалан, дар луќмањои зерин: "Шукурљон Зуњуров, раиси Маљлиси намояндагони МО ЉТ: - Ниме аз вакилон низ касалии ќанд доранд. -Яъне љаноби спикери парлумон, Шумо гуфтанї, ки мо як парлумони касал дорем, ки ќонунњои касал мебарорад?" ("Нигоњ" 25.11.2015) Луќма аз љињати њаљм кўтоњ ва дароз мешавад. Луќмаи кўтоњ љавоб дар њаљми як ибора ва ё як-ду љумла мешавад, вай тањлил надорад, моњияти вай дар хандидан аст. Луќмањои "Нигоњ" ба гурўњи якум, яъне кўтоњ дохил мешаванд ва як-ду намунааш ин аст: "Башшор Асад, президенти Сурия: -Бомбаборонњои Русия боис шудааст, то вазъияти неруњои њукуматї хеле бењтар шавад. Баъди ба даст овардани сулњ мардуми Сурия бояд маро њамчун президент интихоб кунанд, зеро онњоро ояндаи хубу нек дар пеш аст. - Акаи Башшор! Э туву њамин курсият аз сарат монад! О як кишвари осудаву орому ободро љазир кардиву њоло њам дар фикри курсиї? Худо гў, ки амният ояду ба ягон кас вазифаро дода рав, ки њамаро расво кардї!" ("Нигоњ" 25.11.2015) "Абдуњалим Ѓаффоров, роњбари Њизби сотсиалистии ЉТ: - Агар аъзои њизб њаќќи узвиятро на-

пардозанд, мо чї хел кор мекунем? Мо мемурем. Њарчанд њизби моро баъзе дўстону сарпарастон дастгирї мекунанд. - Кампири Гулсунбї, Худо биомурзадаш, фаќат мегуфт, баъзан марг аз зиндагї бењтар аст…Марњамат, мисоли зинда!" Луќма њамон ваќт муассир мешавад, ки объекти гуфтугў шахсияти шинохта бошад. "Ќањрамонони" луќмањои њафтаномаи "Нигоњ" чењрањои гуногуни соњањо чун вазирон, вакилони Маљлиси Олї, роњбарони корхонаву муассисањо, роњбарони њизбњо, санъаткорон, њунармандони шинохта ва шахсиятњои машњури хориљї мебошанд. Луќманавис ваќте муваффаќ шуда метавонад, ки асрори кори онњо, фактњои онњоро донаду ин њамаро барои муќобилиятгузорї ба гуфтаи охири онњо истифода карда тавонад. Луќмањои соли 2014-2015 чоп кардаи њафтаномаи "Нигоњ" аз љињати хислат ба се гурўх људо мешаванд: луќмањое, ки фикри "ќањрамон"-ро рад мекунад ва дуюмї бошад фикри "ќањрамон"-ро идома медињад. Дар њолати дигар бошад, тариќи суол ва љавоби редаксия сурат мегирад. Бештар ду навъи аввал истифода мешаванд. Ин андешаро луќмањои зерин исбот мекунанд: "Муъмин Ќаноат, шоир: - Зиёї бояд аз паси пулу сарват надавад. Ба таърих нигоњ кунед, ки Рўдакї бой набуд, њатто њамсар надошт. Бузургони мо дар гузашта сарват надоштанд. Фирдавсї, Њайём сарват надоштанд. Лекин онњо чизе офариданд, ки бо гузашти солњо замона аз байн набурд. - Бар мардуми бенанг сухан њайф аст,

устод, худро хаста накунед", ё "Фотима Ѓуломова, њунарманди шинохта: - Шояд љуѓрофиёи ман сабаб шудааст, ки аризањои дар 30 сол навиштаи ман барои гирифтани унвон дар бойгонињо чанг зада, мехобанд. Падари ман иронї аст… - Муаллимаљон, пул бошад мушовирони кадрї як бало мекунанд: Њиљ ки нашуд, мегўянд, ки Эрон њам ба Шар-шару Пистамазор ва онсутар наздик будааст-ку". Муаллифони њафтаномаи "Нигоњ" њунари хуби эљодї доранд ва мањсули корашон муассир аст, вале баъзан дар суханашон оњанги сахт эњсос мешавад, ба истилоњ мазаро аз ќайла мегузаронанд. Имконияти дигархелтар баён намудани фикр вуљуд дорад, шояд ба он такя карда, суханашонро гўянд бењтар, касбї мешавад. Дар жанри луќма унсури асосї киноя аст ва истифодаи он эњтиёт ва диќќат мехоњад, мабодо ки ба киноя такя намуда, баёнро ба дуруштї расонанд. Мафњуми кинояи луќмаро профессор Усмонов И.К. чунин шарњ медињад: "Луќма бе киноя навишта намешавад. Киноя мањкум кардан, хандидан, писханд задан ба њолу аќидаи дигарон мебошад ва на зиёдтар аз ин". Фикр мекунам, ки иќдоми пешгирифтаи њафтаномаи "Нигоњ", ки њамеша дар сањифаи охир барои луќма љой нигоњ медорад, ба хислати ин њафтаномаи љиддї мувофиќ аст, ба њаќиќатгўї мебарад, ба сафи хонандагон афзоиш мебахшад. Сатираи ин кинояњо зиндагихоњ ва омўзанда аст. Наргис УСМОНОВА, номзади илми филология, муаллимаи ДМТ


16

ХЕЛЕ ГАРОН

“НИГОЊ”, ЧОРШАНБЕ №48 (481), 2. 03. 2016

МАНГАР, КИ КЇ МЕГЎЯД...

ОНЊОРО БОЯД ШИНОХТ Абдунабї Сатторзода 27 - уми феврали соли 1941 дар дењаи Варзикандаи ноњияи Панљакент зода шудааст. Баъд аз хатми мактаби њаштсолаи дења аз соли 1954 то соли 1958 дар омўзишгоњи педагогии шањри Панљакент дарс хондааст. Сипас ба ДДТ ворид гардид, онро соли 1963 ба анљом мерасонад. Аз соли 1963 то соли 1993 дар ДДТ аввал ба сифати лаборант, баъд аспирант, устоди кафедраи адабиёти классикии тољик ва мудири њамин кафедра ифои вазифа намудааст. Дар ин фосила як муддати муайян мудири шўъбаи танќиди адабии маљаллаи "Садои Шарќ" (нашрияи Иттифоќи нависандагони тољик) (1967 1968), командири ќисми њарбии 3408 Вазорати умури дохилаи собиќ Иттињоди Шўравї (1969 - 1971) ва докторанти Донишгоњи Москва (1970 - 1980), устоди Пуњантуни Кобул (1985 - 1987) буд.

Абдунабї САТТОРЗОДА:

"ВАЌТЕ АЗ ТАЉРУБАИ СУЛЊИ ТОЉИКИСТОН БЕХАБАРАНД..." Сатторзода доктори илмњои филологї ва узви Иттифоќи нависандагони Тољикистон мебошад. Миќдори маќолаву рисолањои илмї ва адабиаш аз 160 зиёд буда, дар дохил ва хориљ аз Тољикистон, аз он љумла дар Эрон, Афѓонистону Амрико, Шветсия, Русия, Ќазоќистон, Озорбойљон, Украина, Ўзбекистон ва ѓайра нашр шудаанд. Абдунабї Сатторзода аз љумлаи 10 нафар аз муассисони ЊДТ (10 августи соли 1990) мебошад ва аз њизби мазкур дар музокироти сулњи байни тољикон (1994 - 1997) намояндагї мекард. Наќши ў дар шомил гардидани ЊДТ ба љараёни музокирот ва боќї мондани он дар њайати ИНОТ калон аст, зеро мањз Сатторзода буд, ки ба намояндагї аз ЊДТ зери санади сарнавиштсози "Пешнињодњо дар бораи њалли мусолимматомези низои низомї ва сиёсї дар Тољикистон" (7 декабри соли 1993) имзо гузошт ва санади мазкур асоси музокироти таърихї миёни ИНОТ ва њукумати Тољикистон гардид. Аммо солњои охир, хоса пас аз интихоботи парлумонии соли 2000 -ум Сатторзода, мисле, ки аз узвият дар ЊДТ канор рафт. Аммо фаъолияти Абдунабї Сатторзода ба њайси узви зеркомиссияи сиёсии КОМ муассир ва назаррас буд. Њамзамон мавсуф ба сифати сиёсатмадор ва донишманд дар њаёти сиёсї, иљтимої, илмї ва фарњангии љумњурї фаъолона ширкат менамояд. Ў дар дар чандин конфронсу семинарњои илмии умумиљумњурї ва байналмиллалї гузоришњо дошт. Абдунабї Сатторзода аз соли 1993 иштироккунандаи доимии муколимаи тољикон дар чањорчўбаи конфронси Дартмут якљо бо сиёсатшиносон ва дипломатњои варзидаи амрикої ва русї мебошад. Сатторзода тибќи сањмияи сї дар сада 17 марти соли 2000 ба вазифаи муовини вазири корњои хориљии ЉТ таъин гардида буд. "Мантиќан мебоист, ки кишварњои минтаќа пас аз анљоми бобарори раванди сулњ дар Тољикистон барои њалли низоъњои дохилї ва хориљии хеш аз ин таљруба истифода мекарданд. Лекин афсўс, ки ин тавр нашуд. Баръакс, онњо дар њалли низоъњои мав-

људа ва навзуњур тавре рафтор мекунанд, ки гўё аз таљрубаи сулњи Тољикистон бехабаранд ва усулеро пеш мегиранд, ки нодуруст буданашон кайњо, аз љумла дар раванди сулњи тољикон, ба исбот расидааст. Маълум мешавад, ки кишварњои минтаќа бар он боваранд, ки роњи аз њама муносибу мувофиќ ва санљидашуда дар муносибат бо њарифони сиёсї њамоно истифода аз зўр ва ќудрати давлат аст. Барои онњо роњи муколамаву музокира бо мухолифон, бо тарафи муќобил ва даргир, аз як тараф, душвор ва дарди сари зиёдатї намояд, аз тарафи дигар, гўё онњоро дар назари њарифонашон заъиф ва нотавон вонамуд хоњад кард. Ин иштибоњи мањз аст. Зеро муколимаву музокира, муросову мадоро бо њарифон, тарафи дигар агарчи дар њаќиќат чандон осон нест, ягона роњи дурусту рост мебошад ва њаргиз нишонаи аљзу нотавонї нест. Зеро сулњу оштї кори далерон ва оќилон аст" навишта буд ў. Профессор Сатторзода яке аз тартибдињандагони маљмўаи санадњои "Пайки Оштї" (Душанбе, 1998), тарљумони "Меморандумњо ва эъломияњои муколамаи тољикон дар чањорчўбаи Конфронси Дартмут" (Москва, 1997) ва китоби Њ. Сандерс ва Г. Чуфрин "Раванди сулњи омма дар амал" (Душанбе, 1998, Дипломатияи муосири тољик (2006) (бо Талбак Назаров) аст. Миќдори маќолаву рисолањои илмї ва адабиаш аз 160 зиёд буда, дар дохил ва хориљ аз Тољикистон аз он љумла дар Эрон, Афѓонистон, Амрико, Шветсия, Русия, Ќазоќистон, Озорбойљон, Украина, Ўзбекистон ва ѓайра нашр шудаанд. Мавсуф донандаи забонњои форсї (дарї), русї ва узбекї буда, ба забони англисї мехонад ва сўњбат мекунад. Абдунабї Сатторзода барои хизматњои арзандааш дар барќарории Сулњу субот дар кишвар бо фармони Президенти Тољикистон бо ордени "Шараф" мукофотонида шудааст. 27 -уми феврал ба синни мубораки 75 ќадам гузоштанд. Ањли эљоди «Нигоњ» мавлуди эшонро ба наздикону ихлосмандон, њамсафону шогирдон ва худи соњибљашн муборакбод мегўяд!

52 СИФАТИ "НИГОЊ" Гулрухсор САФЇ, Шоири халќии Тољикистон:

«БА НИГОЊИ ДИГАРОН МОНАНД НЕСТ! - Пеш аз њама бояд гуфт, ки номи «Нигоњ» хеле љолиб аст. Нигоњ худаш њаќиќатљўй мебошад, зебоиро дўст медорад, мебинад ва тафсир мекунад. Бо нигоњи даќиќи худ њар чизе мебинад, њамонро мегўяд. «Нигоњ» ба нигоњи дигарон монанд нест ва равиши худро дорад. Ин сифати бисёр муњим аст.

Муњаррир: Абдуазим Љўраев

Њафтанома дар Вазорати фарњанги Љумњурии Тољикистон ба ќайд гирифта шудааст.

МУАССИС: Созмони љамъиятии «ИНДЕМ» («Информатика барои демократия ва рушди миллї»).

Котиби масъул: Абўалї НЕКРЎЗОВ nigoh_tj@inbox.ru

Шўъбаи иттилоот ва сиёсат тел: 600 80 38 Шўъбаи тањќиќот ва тањлил тел: 600 80 38 Шўъбаи иљтимоъ ва иќтисод тел: 600 80 39 Шўъбаи реклом ва огоњиномањо тел: 98 560 86 85

Муродзода Дўстмурод Њайит, Раиси Шўрои адлияи кишвар: -Масъалаи ворид намудани таѓйиру иловањо ба Конститутсияи (Сарќонуни) Љумњурии Тољикистон талаби замон буда, барои таќвияти равандњои демократикунонию дигаргунсозињо дар љомеа ва фароњам овардани шароити зиндагии арзанда барои њар як инсон мусоидат хоњад намуд. -Мебахшед, "зиндагии арзанда барои як инсон гуфтед" ё "њар як инсон"? Сирољиддин ИКРОМОВ, муовини раиси Бонки Миллї: -Имрўзњо њолатњоеро дучор мешавем, ки насли наврас аз нодонї ба урфу одат ва либоспўшињои мардуми бегона таќлиди кўр-кўрона мекунанд, ки ин амалњо боиси норозигї дар љомеаи суннатї гаштааст. - "Буз гўсфанда хадидагї боин" ин гапи шумо, ки пиљаку гарданбанди инглисча пўшидед кимба таъсир мекунад, мистер банкир?! Бењтараш њамон костюми 3 зањор доллария фурўшеду 300 наврасба куртаи миллї харед. Сулаймон ЌАЮМОВ, сокини ноњияи Восеъ, ки дар ќатли Умаралї Ќувватов, бунёдгузори "Гуруњи 24" гунањкор дониста шуд: - Худоё, ман ин љиноятро содир накардаам! - Кадомашро? Зањр додан ба зану кўдакон ё тир парондан? Бењтараш њардуяшро ба гардан гир, ки баргаштањо ба сарат нараванд. Суњроб РАУФОВ, директори "Шабакаи якум"-и телевизиони Тољикистон: -Чї ќарорњое, ки вобаста ба минтаќањо дар парламент ќабул мешаванд, мо аз рўи он амал мекунем. Агар шумо ба титрњои барномаи "Ахбор" таваљљуњ дода бошед, ин ном (ВМКБ) чї гунае, ки њаст, њамон гуна пахш мешавад. - "Бањонаи марди г...н дуѓи туруш, нони љавин". Гап байни худамон њамон "Бадахшон" дурусттар аст. Зебуннисо РУСТАМОВА, камонвари машњури тољик: -Имрўз варзишгарони тољик бо мушкилоти зиёд рўбарў њастанд. Ба иллати камбуди молї наметавонанд ба мусобиќоти байналмилалї хуб омодагї бигиранд. Њол он ки варзишгари њирфаї бояд бо хона, маошу шароити хуби тамрин таъмин бошад. -Эњ, апаи љў! Дењќонон, коргарон, хидматчиён, соњибкорон, муллимон, духтурон... хуллас њамаму дар банди камбуди молиему бай хонаву маошу шароит ниёз дорем. Бениёз фаќат онњоеанд, ки ба референдум машѓуланд. Сирољиддин АСЛОВ, вазири корњои хориљии Тољикистон: -Ман аз кишварњои Америкаи Лотинї ва њавзаи Ќариб даъват мекунам, ки номзадии Тољикистонро дар Шўрои СММ оид ба масъалањои иќтисодї ва иљтимої (ECOSOC) барои солњои 2017-2019 дар интихоботе, ки 14-уми июни 2016 дар Маљмаи Умумии СММ баргузор мегардад, дастгирї намоянд. -Бењтараш Мирзоалї Болтуев ё Бахтиёр Худоёровро барои њисобгирии овозњо ба СММ равон кунед. Гуфтаи рафиќ Сталин аз ёдатон рафт-чї? "Муњим не чї хел овоз медињанд, муњим, ки кињо мешуморанд" гуфта буданд он бузургворатон!

Дар њафтанома матолибе низ ба нашр мерасанд, ки бо мавќеи идораи он муѓойират доранд. Дар шумора аз аксњое њам аз Шабакаи љањонии Интернет истифода шудааст. Матолиби хусусияти таблиѓотидошта ® метавонанд танњо бо пардохти муайян дар њафтаномаи «Нигоњ» нашр шаванд. Барои дар дигар нашрияњо пурра ё ќисман чоп кардани матолиб ва иќтибосњо аз «Нигоњ» иљозаи хаттии идора ва нишон додани сарчашма дар шакли «аз њафтаномаи «Нигоњ» №_ аз санаи _» њатмист. Њуќуќи муаллифии кулли матлабњои шумора ба идораи њафтаномаи «Нигоњ» ва СЉ «ИНДЕМ» тааллуќ дошта, тибќи ќонунгузории љории Тољикистон ва байналмилалї њифз карда мешаванд. Дар њолати наќзи "Меъёрњои ахлоќии фаъолияти журналистї дар Тољикистон" аз љониби нашрияи мо, бо арзу шикоят метавонед ба Шўрои воситањои ахбори оммаи Љумњурии Тољикистон (Шўрои ВАО - и ЉТ) мурољиат намоед.

Ќимати рўзнома дар фурўши чакана на беш аз 2,5 сомонї Њафтанома дар нашриёти «Мега-принт» чоп мешавад. Ќимати обуна барои як сол - 96 сомонї. Индекси обуна: 68990 НИШОНИИ ИДОРА: Љумњурии Тољикистон, шањри Душанбе, кўчаи Лоиќ Шералї, хонаи 77. Телефон: (44) 600 80 38, 224 25 09


Turn static files into dynamic content formats.

Create a flipbook
Issuu converts static files into: digital portfolios, online yearbooks, online catalogs, digital photo albums and more. Sign up and create your flipbook.