Нигох №4 (385). Чоршанбе, 16-уми апрели соли 2014

Page 1

Ќањрамони миллї: Туз дар баробари шаш

“НИГОЊ”, ЧОРШАНБЕ №4 (386), 16. 04. 2014

1

Тољикистон барои пеш бурдани муњиммтарин соња дар иќтисоди кишвар ба кї такя мекунаду Ўзбакистон онро ба кї бовар кардааст? САЊИФАИ 4 №4 (386). Чоршанбе, 16-уми апрели соли 2014

e-mail: nigoh_tj@inbox.ru

www.facebook.com/nigohtj

ШАХСИЯТ

"Шоњсутуни зарњалпечи санъати тољик" САЊИФАИ 7

ДАРДИ МАНСАБ

Њикмати "дарозумрї"-и роњбарон дар чист? САЊИФАИ 11

ФОЉИАИ ШЎРООБОД Ба садои гиря наздик шуда, Љамолиддин чўбу шиферњоро яктарафа кард. Ў манзараеро дид, ки басо дарднок буду њам хурсандї меовард: ду дасти шахшудаи зани љавон берун аз лой тифлаки таќрибан яксолаашро сўи осмон бардошта буд... Љамолиддин кўдакро аз рўи дастони модар бардошт. Гуиё дастони бози Лолаи 30-сола худ мегуфтанд, ки духтарчаамро бигиред... ПОСДОРЇ ПОСДОРЇ

Фрай дар куљо бояд хок шавад? САЊИФАИ 10

ПУРБИНИ «НИГОЊ»

Ќиссаи Мирзодиккак дар Кўлоб САЊИФАИ 16

БОЗ ЯК МАРГИ МАРМУЗ Ё чаро мардум аз милиса метарсад?


2

“НИГОЊ”, ЧОРШАНБЕ №4 (386), 16. 04. 2014

ОФАТИ ТАБИЇ

ФОЉИАИ ШЎРООБОД Модари тифл, ки Лола ном дошт, ба њангоми зери лой љон додан фарзандашро бо ду даст боло мебарад, то ба ў газанде нарасад. Њамин тавр, дар ваќти наљоти ин кўдак дастони Лола берун аз лой фарзандашро дошта, шах шудаанд… 13-уми апрели соли равон хабари фољеаи шоми Шўробод барќвор дар саросари кишвар пањн гардид. Нависандаи ин сатрњо субњи барваќт ба Шўробод рафт. Овозањои гуногун, ахбори парешону вањим, воќеан касро ба ташвиш меовард. Њангоми њаракат ба самти Шўробод, аз шањри Норак нафаре бо номи Аслам, зодаи Ноњияи Шўробод, ки феълан дар Норак иќомат мекунад, ба худрави мо нишаст. Ў гуфт, дар ин фољиа љиянаш (духтари хоњараш) бо номи Миљгона бо ду кўдакаш зери лой мондаанд. Аслам афзуд, Миљгона наљот ёфтаву феълан дар њолати вазнин дар бемористони шањри Кўлоб бистарист, аммо ду тифлаки ў дар зери лой љон додаанд. Ин хабари мудњиш, вале танњо даќиќ буд. Роњи Шўробод хеле вазнин буд. Ба дењаи Одинабойии љамоати Саричашмаи ноњияи Шўрообод расидем. Аз маркази ноњия то ба ин дења худравї мо аз тариќи роњи харобгаштаву селзада бо сад азоб пеш мерафт (нигаред ба аксњо). Анбўњи мардум бо чењрањои мањзун сар-сари роњ љамъ омада буданд. Ќалбњои пур аз дарди мардон, нолаву фиѓони пиру љавон, чењрањои офтобсўхта, тифлакони њайрону саргардон ва оњи модарони синабирён муњити фољеаборро вањимтар мекард. Бо чандин нафар њамсуњбат шудам. Тадриљан рафти њодиса рўшан мешуд...

Жолаи бесобиќа ва шоми хунини Шўробод Баъди соати 13-и 12- уми апрел бориши жола шурўъ гардида, лањза ба лањза шиддат мегирифт. Сокинони дењаи Одинабойї, ки манзилњояшон дар ќади селроња буд, аз хавфи љон ба ташвиш афтоданд, зеро фољиаи бањори соли 2010, ки боиси марги чанд тан аз сокинони ин мањал гардида буд, њанўз аз ёду хотироташон нарафтааст. Миљгона як тан сокинони ин дења, ки хонаашон дар ќади сангоб буд, аз њавли љон

писаронаш Сайёди панљсола ва Бунёди нуњсоларо гирифта, ба хонаи њамсояашон бобои Ќурбон, ки дуртар аз ќади сел, дар домани кўњ буд ва хавфи сел ба он тањдид намекард, рафт. Шаш нафар аъзои оилаи Нурмуњаммад низ, ки њамсояи бобои Ќурбон буданд, хонаи ўро љойи амн интихоб карда, њаминљо буданд... Жола њамоно бошиддат меборид. Садои бориш мудњиштар мешуду жолао торафт калонтар... Шом мешуд. Акрабаки соат аз 19 гузашт. Дар хонаи Ќурбон 15-нафар хурду калон дар дохили як њуљра аз тарс пањлуи њам менишастанд. Њаво хунук буд. Њама бехабар буданд, ки аз шиддати боришоти борону жола баъди чанд даќиќа кўњпорае мелаѓжад.... Баъди шом ќуњпораи азим канда шуда, њамон њуљраро бо худ мебарад.... 15-нафар њамагї зери лой монда, аз одамону Парвардигорашон наљот металибанд... Аз дигар ќисматњои кўњ низ ярч сарозер мешуд....Лойи ѓализ одамонро фурў мебурд.. Дањшати ин манзара дар ќолаби тасвир

намеѓўнљад, вале сокинони дигари дења ин њамаро бо чашми худ медиданд. Нафаре аз онњо танњо Миљгонаро дид, ки то миёнаш зери лой талоши љон мекард. Њолати рўњии Миљгона дар он лањзаи њавли љон тасаввурнопазир аст: ваќте сокинони дења барои наљоти ў талош мекарданд, ў наметавонист худро аз зери лой чанд сантиметр њам берун кашад.... Чанд куњпора сўяш кўчида, намегузошт, ки одамон наљоташ дињанд... Њамдењањояш љонашонро ба хатр гузошта пеш меомаданду аќиб мерафтанд, пеш меомаданду аќиб мерафтанд... Сари як тан аз занони зери лой монда болои шиками Мижгона буд... Модари љавон эњсос мекард, ки ки гуна њамосоязанаш зери лой љон ба љаббор супурд.. Дасти ў сахт месухт, охир ў њангоми кўчиши кўњ назди бухорї меистод ва лой як дасташро ба бухории пур аз оташ часпонида буд... Миљгона калима арз мекарду аз Худо мадад мепурсид.... Дар нињоят кўшишу талоши њамдењагони хайрхоњаш натиља дод: онњо Миљгонаро наљот доданду љойи бехатар оварданд. Њоло Миљгона бо дили пурдарду љигари рехта дар бемористони шањри Кўлоб бистарист… Ба чењрањои њамдењагони Миљгона менигарам, номњои наљотдињандагонро мепурсам... Аммо ин барои онњо муњим нест. Онњо њама ќањрамонанд... Он шоми мудњишу вањим аз шиддати садои кучиши ярч ва боришоти жолаву ѓурриши раъд шабањи марг дар рўбарўйи њар нафари ин мардону занони кулобї механдид. Аммо ин ѓаюрон натарсиданд.. Он шаб баъди Миљгонаро наљот додан, то хеле хомўш мешуданду гўш ба замин менињоданд....

Худфидоии Лола ва наљоти кўдак Алимадов Љамолиддин, сокини дењаи Одинабойї мегўяд, ки соати 12-шаб, баъд аз оне, ки борону жола монд, њамроњи бародараш

Омидљон ва њамсояааш Наљмиддин ба хонањои мардуми дења мераванд, то аз ањволи онњо хабардор шавад. Дилмуроду Акобир (сокинони њамин дења) низ ба онњо њамроњ мешаванд. Љамолиддин мегўяд, њангоми аз назди манзили зери лоймондаи Ќурбон гузаштан, овози гиряи кўдакро шунидем: -Харобаи хонаро ба чароѓи дастї рушан кардем. Њаракат ба самти он хона имкон надошт ва сахт хатарзо буд, аммо гиряи имдодхоњонаи кўдакро шунидему ба лой даромадем. Љамолиддин пеш-пеш мерафту дигарон аз пасаш дар лойи ѓализ ѓуттазада боэњтиёт њаракат мекарданд. Ба садои гиря наздик шуда, Љамолиддин чўбу шиферњоро яктарафа кард. Ў манзараеро дид, ки басо дарднок буду њам хурсандї меовард: ду дасти шахшудаи зани љавон берун аз лой тифлаки таќрибан яксолаашро сўи осмон бардошта буд... Љамолиддин кўдакро аз рўи дастони модар бардошт. Гуиё дастони бози Лолаи 30-сола худ мегуфтанд, ки духтарчаамро бигиред... Он шаб то домони субњ касеро хоб набурд. Рўзи дигар овозаи ин фољиа тамоми дењоти ин музофотро фаро гирифт ва шумори зиёди мардум аз чор тараф барои кўмак меомаданд. Борону жола њам бас карда буд.

Ќурбониёни як шаби сержола Аз зери манзили Ќурбон љасади 13-нафарро аз се оила берун кашиданд, ки баъдтар шахсияти эшон муайян гардид. Шаш нафар аз хонаводаи Нурмуњаммад Исмоилов, яъне њамсараш Мустафоќулова Холисамоњ, соли таваллудаш 1956, духтараш Исмоилова Њофизамоњ, соли таваллудаш 1980, келинаш Афѓонова Мањтовбї, соли тавалудаш 1987, наберааш Мењрубони Муњиддин, соли тавалудаш 2004, наберааш Гулбарги Тољиддин, соли тавалудаш 2005, наберааш Исмоилова Таманно, соли таваллудаш


ФОЉИАИ МИЛЛЇ

ГАЊВОРА ЊАМ БАРОИ ТИФЛ СИПАР НАШУД... 2013. Аз оилаи Ќурбон Носиров бошад 5-нафар, яъне њамсараш Носирова Марворид, соли тавалудаш 1947, писараш Носиров Хусравшо, соли тавалудаш 1983, келинаш Орзуева Лола, соли тавалудаш 1983, наберааш Бахтиёри Сафаралї, соли тавалудаш 2009, наберааш Носирова Шукрона, соли тавалудаш 2013 ва ду нафари дигар аз оилаи Самад Азиев, яъне писараш Сайёд Самад, соли тавалудаш 2009, писараш Бунёди Самад, соли тавалудаш 2005 дар пайи лаѓжиши кўњпора зери лойу гил монда, њалок шуда буданд. Дар миёни фавтидагон як тифлаки навзод њам буд, ки дар дохили гањвора мехобид. Саймўъмин Шерхонов, як сокини дигари ноњияи Шўробод баробари огоњ шудани аз ин њодиса субњи 13-уми апрел ба дењаи Одинабойї омада буд, гуфт, ки гањвораро худи ў берун овардааст.

Фиѓони бобои Ќурбону Самад Сокинони дења мегўянд, ваќте он субњ бобои Ќурбон аз пойтахт ба Шўробод омад ва касе аз ањли хонаводаашро наёфту манзилашро фурўрафтаву зери лой дид,ончунон наъра кашид, ки фиѓони љигарсўзаш мурѓони саморо гирён кард... Ањволи Самад Азиев, ки ду гулписарашро аз даст дод ва њамсарашро дар њолати вазнин пайдо кард, аз Ќурбон камтар набуд. Дар миёни ин куњњо касе набуд, дар баробари ин ду марди куњистонї ашк нарезаду нола накунад… Роњи мошингард низ вайрону валангор шуда, хатти барќ њам хароб аст. Сокинони Шуробод мегўянд, бориши дарозмуддати жоларо бу чунин тартиб ёд надоранд. Њарчанд њодисаи мудњиш дар дењаи Одинабойї дар аввали шаби 12-уми апрел рух дод, то рўзи дигар сокинони чашм ба роњи наљот он шаби вањимро бо сад дард сипарї карданд.

Талафоти љонї дар Восеъу Њамадонї Бар асари боронгарињои шаби шанбе ба якшанбе дењањои љамоати Тугараки ноњияи Восеъ ва љамоати Чубеки ноњияи Њамадонї њам зиёни љиддї дидаанд. Эшмуродов Некрўзи 15-сола сокини дењаи Бўзхонаи ноњияи Њамадонї ва Муродова Муњаррамаи 6-сола

3

РОЊЊОИ ДУШВОРГУЗАРИ ШЎРООБОД

сокини дењаи Тугараки ноњияи Восеъ зери девор монда, ба њалокат расидаанд. Мувофиќи маълумоти пешакї дар пайи ин офат беш аз 200 сар моли майда ва калони шохдори сокинон низ дар љамоати Зарбдори Кўлоб талаф ёфтааст. Боришоти шаби 12-ум ба 13-уми апрели соли равон ба дењањои Арабњо, Пистамазор, Яллабулї, Мишкорон ва њамсояњои низ онњо зарари сахт расонидааст. Фарход Сангимадов, сокини дењаи Пистамазор ба мо гуфт, ки бар асари ин офат манзили зисти онњо пурра хароб шудаву 5 гову беш аз 20 сар моли майдаашонро сел бурдааст. Њамин гуна садњо сар чорвои мардум талаф ёфта, хонањояшон ќисман ва ё пурра хароб шудааст. Фарњод мегўяд, фаромадани селу ярч, роњи манзилашонро хароб кардаву хати барќро њам ќатъ намуд, аммо меафзояд ў, то рўзи 14-уми апрел касе аз масъулини њокимияти мањаллии Шўробод ва љамоати Пистамазор ба суроѓи онњо наомад. Дар натиља сокинони љабрдида ноилољ аз тариќи роњи харобгашта зану фарзандонашонро гирифта, тарки Пистамазор мекунанд. Дар ќисмати дуюми рўзи 14-апрел масъулини маќомоти њолатњои изтирорї ва милиса ба кўмаки боќимондањо мерасанд.

Тавре мушоњида мешавад, њоло мардуми зарардидаро дар љойи бехафв дар хаймањо љой кардаанд. Вале аз њар хонавода як нафарї њамоно дар дењаи Пистамазор, ба хотири нигоњубини молу чорвои боќимонда истодаанд. Агарчи он љо мондан нињоят хатарнок аст, аммо мардуми камбизоат и ин мањар намехоњанд дороињои ночизашонро њам аз даст дињанд. Дар дењаи Одинабойї тамоми манзилњо зарар дида, се хона пурра зери селу ярч мондааст. Дар онњо зиндагї кардан номумкин аст ва эњтимоли фурўрезии манзилњои боќимонда њар лањза вуљуд дорад. Аксари сокинон аз вазъи пешомада изњори нигаронї мекунанд ва аз шароити вазнини зисташон дар ташвишанд. Инљо суоли матрањ ин аст, ки чаро баъд аз оне ки бо Њукумати кишвар, барои сокинони ин минтаќа дар љойњои бехавф ќитаъаи замин људо кард, онњо накучиданд?

-На раиси љамоат, на вакил ва раиси Шўробод касе ба суроѓи мо нарафт. Мо нафањмидем, ки чаро онњо наомаданд, танњо бегоњии рўзи 14-ум бо кўмаки кормандони маќомоти ќудратї роњњоро тоза карда, мардумро наљот доданд. Раиси љамоату раиси њукумати ноњия тамоман ба назди мо наомаданд,-гуфтанд чанде аз сокинони зарардидаи ин дењот. Аз Фарњод пурсидам, ки раиси њукумати ноњия ва раиси љамоати Пистамазор шояд аз сабаби вайронии роњ натавонистанд ба дењаи онњо бираванд, аммо ў гуфт: "Агар вайњо рафтан мехостанд, ягон чиз бањона намешуд. Дар ваќти фољеаи Кўлоб Президенти кишвар, бо њамин ќадар обрўву вазифааш мўза пушида, ба назди халќ рафт. Инњо њам агар мехостанд, меомаданд.".

кунанд: "Онњо њамаро аз таќдир медонанд. Баъзеашон барои кўчидан розї мешаванд, вале бархеи дигар розї намешаванд. Њарчанд бо онњо фањмонида мешавад, ки ин љо зиндагї хатарнок аст, онњо мегўянд, ки њар чї дар насиб бошад, мебинем. Дар насибамон мурдан бошад, дар дигар љой њам мемирем. Лекин мувофиќи наќшаи њукумати љумњурї оњиста-оњиста ањолї ба љои бехавфтар кўчонида мешаванд". Ин њам дар њолест, ки аксари њамсўњбатони ман аз минтаќаи офатзада мегўянд, барои бунёди манзил дар заминњои људошуда маблаѓи зиёд зарур буд, ки онњо надоштанд. Љамоати Саричашма дар ду соњили як рўдхонаи кўчак љойгир шудааст ва бо вуљу-

Барои кўчидан пул нест Дар њамин робита Саидањмад Пириев, сардори Раёсати њифзи иљтимої ва шуѓли ањолї дар минтаќаи Кўлоб, ки масъулияти муњољирати дохилии сокинонро низ ба ўњда дорад, мегўяд, аксари сокинони зери хавф ќарордошта намехоњанд, љои зисташонро тарк

Алимардон дар Шўробод Рўзи дигар барои рафъи оќибатњои офатњои табиї дар минтаќа, бо дастури Президенти Тољикистон гурўњи корї таъсис дода шуд, ки аз муовини сарвазир Муродалї Алимардон, њайати вазорати умури дохилї, тандурустї, њифзи иљтимоии ањолї, наќлиёт ва роњбарияти Кумитаи њолатњои фавќулодда иборат буд. Гурўњи корї љињати кўмак расонидан ба зарардидагон, тариќи чархбол субњи 13-уми апрел ба љои њодиса њозир шуданд. Њоло ин њайат дар садади кўмак ба осебдидагон њастанд. Феълан барои рафъи хисороти ба амаломада ва мадад расонидан ба зарардигон Ситоди љумњуриявї ёрии аввалияро ба љабрдидањо мерасонад. Комиссияи давлатие низ дар он љо фаъолият дошта, барои бартараф кардани хисороти ба амал омада техникањои заруриро сафарбар намудаанд. Аммо шўрободињо танњо зарардидагони он шабу рўзи сербориш нестанд.

“НИГОЊ”, ЧОРШАНБЕ №4 (386), 16. 04. 2014

ди он ки ба ин рўдхона оби кам љорї мешавад, аммо дар фасли бањор ва мавсими боришот он пур аз об ва сабабгори осеб дидани мардум мегардад. Њамсин тариќ, боронњои пай дар пайи рўзњои 12-13-уми апрели соли 2014 ба сокинони шањри Кўлоб ва ноњияи атрофи он, яъне Восеъ, Мўъминобод ва Шўрообод хисороти зиёде ба бор овард, ки дар натиља њудуди 15 нафар кушта ва панљ захмї барљо гузошт. Дар баъзе љамоатњои дењот сел ва дар баъзеи дигар ярч фаромада, дар маљмуъ њудуди 320 оила зарар дидаанд. Тавре Ориф Нозимов, масъули дафтари матбуоти Кумитаи њолатњои фавќулодда ва мудофиаи шањрвандии кишвар мегўяд, корњои бартарафкунї ва барќарорсозї бо дастгирии Њукумати Тољикистон, маќомоти иљроияи њокимияти вилояти Хатлон ва ситоди њолатњои фавќулода ва мудофиаи гражданї бо љалби техникањои лозимї идома доранд. Њамчунин заминњои корами кишоварзї хароб шуданд, ки комиссияи махсуси маќомоти давлатї дар айни замон хисороти расидаро муайян менамояд. Сел ба сокинони дењањои Ѓарабдара, Шулулу ва Боѓињабиби љамоати дењоти Балхобии ноњияи Муъминобод низ хисорот овард, ки дар натиља 23 иншооти ёрирасони хољагї, 800 метр роњи мошингард ва пулњои байни дењањо, 3 км хатти оби нўшокї, як бунгоњи тиббї, 57 сар чорвои хурду калони хонагї низ дар он талаф ёфта аст. Инчунин 12 апрел ба се дењаи љамоати дењоти Зарбдори шањри Кўлоб ба 4 хонаи истиќоматии шањрвандон обу лойќа даромад. Њангоми аз чарогоњ баргаштани подаи ањолї 160 сар моли майда ва 15 сар чорвои шохдори калон дар селоба монда нобуд гаштааст. Дар дењаи Панљосиёби љамоати дењоти Зарбдор ба 4 хонаи истиќоматї ва 15 иншооти ёрирасон ва заминњои наздињавлигии шањрвандон обу лой даромадааст. Ба иттилои манбаъ, расонидани мадад ба зарардидагони ноњияњои Шўрообод ва Восеъ идома дорад. Бахусус рўзи 13-уми апрел соати 22:10 ба оилањои зарардидаи ноњияи Шўрообод 60 хайма барои зисти муваќќатї, 300 кг орд, 150 кг шакар, 150 кг биринљ, 90 кг макарон, 60 литр равѓани растанї дода шуд. Инчунин 10 њазору 779 литр сўзишвории дизелї ба ноњияи Восеъ фиристода шуд. Ёрињои аввалияи Созмони Миллали Муттањид низ дар њаљми як тонна сўзишворї барои бартаф кардани хисороти ин офати табиї ба зарардидагон расонида шудааст. Ориф Нозимов, њамзамон гуфт, ки дар баробари ин минтаќаи зарардида, эњтимоли он њам вуљуд дорад, ки боришњои пай дар пайи бањорї бо фаромадани ярч ба минтаќањои Вилояти мухтори кўњистони Бадахшон, вилояти Хатлон, вилояти Суѓду ноњияњои тобеи марказ низ тањдиди хатар кунад. Феълан комиссияи давлатие барои муайян кардани он минтаќањо ва андешидани чорањои фаврї дар ин самт амал мекунад. Абдурањими УМАРИЁН, Душанбе-Шўробод-Душанбе


4

“НИГОЊ”, ЧОРШАНБЕ №4 (386), 16. 04. 2014

БЕ ПАРДА лисшавии он бо њамин низоми идорї масъалаи чанд моњи наздик аст.

Хисороти берун аз њисоб

ЌАЊРАМОНИ МИЛЛЇ: ТУЗ ДАР БАРОБАРИ ШАШ Тољикистон барои пеш бурдани муњиммтарин соња дар иќтисоди кишвар ба кї такя мекунаду Ўзбакистон онро ба кї бовар кардааст? Дар як моњи ахир талошњои пайдарпайи рањбарияти нави Корхонаи воњиди давлатии "Роњи оњани Тољикистон" барои забон ёфтан бо рањбарияти Ширкати давлатии сањњомии роњи оњани "Ўзбекистон темир йуллари" бенатиља анљом ёфтааст. Бино ба иттилои дарёфтї, рањбарияти КВД "РОТ" хостори равон намудани як њайати баландпоя ба Ўзбакистон буда, барои ба даст овардани ризояти мизбон мактуб ирсол намудаанд. Аммо номаи расмии љониби КВД "РОТ" аз љониби њамтоёнашон аз Тошканд бепосух монда, хоњиши онњо барои вохурии нафарони аввал рад шудааст. Маротибаи аввал нест, ки талошњои КВД "РОТ" ба чунин сарнавишт дучор мегарданд. Шумораи чунин мактубњои равоннамуда дар замони собиќ рањбари ширкат Амонулло Њукуматулло шумурда нашудааст. Ин њам дар њолест, ки якчанд ширкати ўзбакистонї дар Тољикистон шарикони боэътимод љуста, хоњони њамкорї дар њамлу наќли борњо аз Тољикистон мебошанд. Ба назар мерасад, ки дигар асрори ношунидание дар ин миён љой надорад, ки чаро њамкорї карда наметавонанд? Чаро роњиоњанчиёни Ўзбакистон њамтоёни тољикашонро ќабул надоранд? Чаро ба њама камбудињои КВД "РОТ" роњиоњанчиёни Ўзбакистон бояд гунањкор бошанд? … Албатта, аз омили сиёсї чашмпўшї намекунем. Вале кофист, ки як назар ба он афканем, ки љониби Тољикистон барои пеш бурдани муњиммтарин ширкат дар иќтисоди кишвар ба кї такя мекунаду Ўзбакистон ин ширкаташро ба кї бовар кардааст?

Шаш vs Туз Аз октябри соли 2002 инљониб Ширкати давлатии сањњомии роњи оњани "Ўзбекистон темир йуллари"-ро Ачилбой Жуманиёзович Раматов сарварї мекунад. Ба гуфте, устухони ў дар миёни ќаторањо шах шудааст. Фаъолияти кориашро соли 1980 дар вазифаи ёрдамчии ронандаи тепловоз оѓоз кардааст. Соли 1988 баъди хатми Донишгоњи муњандисии наќлиёти роњи оњан дар вазифаи усто корро оѓоз карда, ба вазифањои муовини сардори сехи тепловоз, сардори сехи таъмири ќаторањои Заводи тепловозтаъмиркунии Ташканд мерасад. Аз марти соли 1995 директори генералии "Узжелдоррем-

маш" таъин мегардад. Дар ин вазифа 6 сол карда, ба вазифаи менељер ва сармуњандиси ширкати "Роњи оњани Ўзбакистон" гузаронда мешавад. Баъди як сол рањбари ин корхонаи бузурги Ўзбакистонро ба ўњда мегирад, ки то кунун рањбари он мебошад. Дар замони рањбариаш ба чењраи калидии њукумати Ислом Каримов табдил меёбад. Баландтарин унвонњои кишварашро ба даст овардааст. Соли 2000-ум Ходими хизматнишондодаи саноати Љумњурии Ўзбакистон мегардад. Дар соли 2007 ордени барои "Хидматњои фидокорона" (Фидокорона хизматлари учун) ва соли 2011 бо ордени "Эл-юр њурматї" (Эњтироми Ватану халќ) сазовор дониста мешавад, ки аз болотарин нишони Ўзбакистон мебошад. Шумораи ордену мукофотњояш бо ин ба итмом намерасад. Раматов дар пайи хизматњояш бо болотарин мукофоти давлатии Ўзбакистон мушарраф гардонда мешавад. Моњи августи соли 2013 аз љониби президенти кишвараш Ќањрамони Ўзбакистон эълон гардида, ба ў медали "Ситораи тиллої" дода мешавад. Барои мушарраф гардидан ба мукофоти олии Ўзбакистон талошњояш дар роњи бой гардондани хазинаи давлаташ дар ин самт беасар нест. Масъулини роњи оњани Ўзбакистон, баръакси њамтоёни тољики худ аз соли 2002 боз барои роњ кушодан ба кишварњои Осиё ва расидан ба бандарњои Покистону Халиљи Форс талош доранд. Бунёди роњи оњани "Хайратон-Мазори Шариф"-и Афѓонистон аз ќабили чунин тарњњои њамсоякишвар мебошад, ки онро њам бо маблаѓи љалбшуда аз Бонки рушди Осиё (бо маблаѓгузории Љопон) ба маблаѓи 170 млн доллари ИМА амалї шуд ва хеле аз бозорњои Афѓонистон, аз љумла бозори стратегии мањсулоти нафтиро зери контроли Узбакистон бурд ва сањми ширкатњои тољикиро дар ин бозор ночиз кард. "Ўзбекистон темир йуллари" аз соли 2002 инљониб њамвора барои аз вобастаии њамсояњояш берун шудан роњњои оњани нав месозад. Тавонистааст, ки њудуди 1000 км роњи оњани нав дар Ўзбакистон бунёд намояд, ки вобастаии Тошкандро аз Туркманистону Ќирѓизистону Ќазоќистон ва њатто Тољикистон камтар кунад. Аз љумла,

тарњи нави Ўзбакистон барои бунёди роњи оњан тариќи аѓбаи Камчик, ки маркази Ўзбакистонро бо вилоятњои водии Фарѓона мепайвандад, намунаи чунин гуфтањост. Агар ин роњ бунёд гардад, ахирон вобастагии Ўзбакистон аз роњи оњани Тољикистон низ ба итмом мерасад. Њоло корњои сохтмонї дар наќби мушкили ин роњ идома дошта, дар назар аст, ки роз соли оянда мавриди истифода ќарор мегирад. Ин дастовардњо ва дањњо талошњои Раматов ўро Ќањрамони Ўзбакистон гардонда, дар баробари њамтоёни тољикаш ўро чун туз дар ќиболи шаш дар бозии карта ба намоиш мегузорад.

Шашакњо ё хизматгорњо КВД "РОТ"-ро аз соли 2002 то ибтидои моњи феврали соли равон Амонулло Њукуматулло рањбарї мекард. Дар бораи кї будану ба чї дастовардњо ноил гардидани собиќ рањбари КВД "РОТ" зиёд гуфтанду навиштанд. Аммо наметавон аз ќазияи вазифаивазкунї дар КВД "РОТ" ёд накард. Дар давоми як моњ ду маротиба (!!!) рањбари ин ширкат иваз шуд. Ибтидо ба љои Амонулло Њукуматулло Асадулло Зоиров таъин шуд. Ин таъиноти ѓайриинтизор дар њафтаномаи "Нигоњ" (№46 (377) аз 12-уми феврали 2014) дар маќолаи "Миллати тамошобин" бозтоб гардида буд. Пешбинишаванда буд, ки ин таъинот дер намепояд. Дар доирањои сиёсиву коршиносї аз дипломњои ќалбакї сару садоњое пањн гашту истеъфо ногузир намуд. Се њафта њам нагузашта, ба љои Зойров Комил Мирзоалиев, ки "одами Мањмадзойир Соњибов" унвон мешавад, курсии рањбариро соњиб гардид. Ин таъинот, маѓз-маѓзи сиёсати кадрии њукумати феълиро ба намоиш гузошта, далели баръалои набудани дарку фањмиши стратежии иќтисоди миллї мебошад. Дар аќл ноѓунљиданист, ки таъиноти кадрї дар муњимтарин соњаи иќтисоди миллї ва он њам дар ин марњилаи њассос ба хостањои гуруњї ва оилавї тобеъ бошанд. Ин таъинот ивазкунии шашро ба њафт дар баробари туз мемонад, ки њеч таѓйироте нест, гўем, бењтар хоњад буд. Чунин муносибат ба як соњаи калидї барои иќтисоди Тољикистон аст, ки хисороти ширкат кайњо марзи миллионњо долларро убур кардаасту муф-

Њамасола шоњиди он будем, ки рањбари КВД "РОТ" аз кам гардидани молкашонї, зиёд нашудани даромад ва амсоли ин хабар медод. Њарчанд барномаи "Ахбор" ва он њам барои як кас аз дастовардњои бузурги КВД "РОТ" иттилох пахш мекард, аниќтараш ба чашмони роњбари давлат хок мепошид. Аммо њаќиќати њол дигар буд. Аз љумла, соли 2013 њаљми боркашонї дар ширкат њамагї 6 миллиону 735 њазор тоннаро ташкил дод, ки нисбат ба як соли ќабл 1 млн. 670 њазор ва нисбат ба 4 соли ќабл 7 млн. 811 њазор тонна (!) камтар њисоб шудааст. Дар баробари ин, нархи роњ барои ширкатњои ватаниву хориљї боло мерафту фоида аз миллионњо тонна бори Ўзбакистон, ки Шимоли Тољикистонро убур мекард, ба фоидаи чанд ширкати оффшории маълум мутаалиќ ба кї мерафт. Таваљљўњи мусофирон ба хизматрасонии роњи оњан низ сол ба сол коњиш ёфт. Соли 2013 ширкат 509,7 њазор мусофир кашондааст, ки нисбат ба соли пеш 43,9 њазор нафар камтар аст. Ба њамаи ин танњо Роњи оњани Узбакистон сабаб гардидааст? Не, зеро ширкати узбакистонї низ ба боло рафтани њаљми боркашонї њавасманд аст ва он ки ширкатњои наздик ба Роњи оњани Ўзбакистон дар Тољикистон мизољ мекобанд, далели ин гуфта аст. Ба гуфтаи собиќ рањбари "РОТ" боздошти беасоси ќаторањои Тољикистон аз љониби Ўзбакистон боис ба он шудааст, дар соли 2012 ба ширкат 50 млн доллар хисорот ворид гардид. Дар нимсолаи 2013 ин хисорот 15 млн доллар эълон гардид. Аммо сармояи шахсии ў чї ќадар зиёд шуд? 15,20 ё 50 млн дар як сол? Гузашта аз ин, нархномањои хизматрасонии роњи оњан њар сол ба маротиб афзуда, боис ба ворид намудани хисорот ба буљаи кишвар шуд. Аммо тими иќтисодии њукумат, ки њамагї дастнигари Амонулло Њукуматулло буданд, боре ба роњбари давлат нагуфтанд, ки ваъдаи назди президент додаи роњбари РОТ љињати љуброн кардани зарари корхонањои ватанї чи шуд?! Боло бурдани тарифњоро коршиносон буѓї кардани иќтисоди кишвар унвон карда буданд ва њамин тавр њам шуд. Аммо ин њама барои тими иќтисодии Њукумати Тољикистон сабаќ шуд ё не? Бардошт аз ду моњи фаъолияти рањбари нави "РОТ" ва муносибати тими иќтисодї ба ин соњаи муњим чунин аст, ки муносибат таѓйир нахурдаасту њамоно ба онњое такя мешавад, ки сатњашон бо њамтоњои ўзбакашон ќиёснопазир буда, ба зудї бењбудиеро интизор шудан аз онњо, хушбоварї њам не, балки соддалавњї ё буњунарист. Зеро танњо бењунарњо дар иќтисод имкон медињанд, ки баъди ќабули Барномаи давлатии "Стратегия рушди Тољикистон барои солњои 2009-2015" ва дигар шудани вазъ дар соњаи муњимтарини иќтисоди миллї-роњи оњан рискњои эњтимолиро бањо надода, чорањои зидди буњронї наандешида, ба барномаи давлатї ягон таѓйирот ворид накарда, ба "Ўзбекистон темир йуллари" имкон дињанд, ки аз њисоби субъектњои хољагидори Тољикистон дар ду сол беш аз 1 млрд. долларро (!) дар суратњисоби махсуси Вазорати молияи Ўзбакистон љамъ оранд. Бале хонандаи арљманд, Ачилбой Жуманиёзович Раматов мањз барои њамин хизматњо ба болотарин унвонЌањрамони миллии Ўзбакистон мушарраф шудааст. Бояд эътироф кард, ки воќеъан ў дар ин бозињои иќтисодиву сиёсї туз аст, ки дар баробараш шашњову њафтњо-хизматгорњоро таъин кардан салоњ нест. Шубњае нест, ки сиёсати кадрии Њукумати Тољикистон ба таѓйироти љиддї ниёз дорад. Њамчунон, ки низоми идораи калонтарин ширкатњои давлатии ба зону зада: "Роњи оњани Тољикистон", "Тољик Эйр", "ТАЛКО", "Барќи тољик", "Тољикгаз" бояд бозбинї шуда, фаъолиятњои онњо шаффоф ва ба стандартњои байналмиллалї мувофиќ гардонида шавад. Ин ширкатњо моли мардуми Тољикистонанд ва халќ њаќ дорад, ки аз таќдири онњо бипурсад. Абдуазими АБДУВАЊЊОБ


ЊУЌУЌИ ИНСОН

ЉУНАЙДУЛО ЊОМИДОВ, ПАДАРИ МАРЊУМ НИЗОМИДДИН

“НИГОЊ”, ЧОРШАНБЕ №4 (386), 16. 04. 2014

канљаро дидан мумкин буд. Ду доѓи кабуд дар гарданаш нишонаи он аст, ки ўро буѓї кардаанд", - наќл кардааст Љунайдуло Њомидов ба хабаргузории Азия-Плюс. Илова ба ин Љунайдулло Њомидов дар сўњбат ба "Нигоњ" мегўяд, доду фарёди писарамро сокинони назди шуъба шунидаанд. Маќомот то њол ин њодисаро шарњ надодаанд. Танњо Юсуфљон Юсуфзода, прокурори ноњияи Вахш дар сўњбат ба хабаргузории TojNews гуфтааст, Прокуратураи ноњияи Вахш дар робита ба ин њодиса парвандаи љиноятї оѓоз кардааст. Прокурори ноњия мегўяд, айни њол Низомиддин Љунайдов мавриди экспертизаи судї ќарор гирифтааст. Ва бинобар халал нарасонидан ба рафти тафтишот аз ироаи маълумоти бештар худдорї кард. Баъдан маќомот эълон карданд, ки

БОЗ ЯК МАРГИ МАРМУЗ Ё чаро мардум аз милиса метарсад? Абдурањмон Каримов сардори ШКДи ноњияи Вахш: куштани ягон кас зарурат надорад. Тољикистон соли 92 нестай. Мо дар љомеаи пешрафтаи дунё зиндагї мекунем. "Љасади писарам тамоман барањна дар долони милисахона буд. Ва дар тамоми баданаш нишонањои шиканљаро дидан мумкин буд. Ду доѓи кабуд дар гарданаш нишонаи он аст, ки ўро буѓї кардаанд..." Дар айни шурў шавќи љавонї, дар синни 26-солагї баъди 1 рўзи боздошт кормандони Шуъбаи корњои дохилии ноњияи Вахш Низомиддин Њомидовро зинда ва сињату саломат боздошт намуда, рўзи дигар љасадашро ба волидайнаш доданд. Ин њам боз як "рекорд" дар Тољикистон гардид, зеро ќаблан нафарони латукўбшуда то чанд рўзе зинда мемонданд.

Боздошти духтур бо гумони дуздї Асли воќеа дар он аст, ки бегоњии 30 ба 31-уми март кормандони Шуъбаи корњои дохилии ноњияи Вахши вилояти Хатлон Низомиддин Њомидов, як сокини 26солаи ин ноњияро, ки ќаблан муњољири мењнатї будаасту ду моњ пеш аз муњољират баргашта, дар маркази тиббии ноњияи Вахш фаъолиятро оѓоз карда будааст, бо гумони дуздї дастгир карданд. Ба гуфтаи падари Низомиддин, Љунайдуло Њомидов намояндагони Шуъбаи корњои дохилии ноњияи Вахш субњи 30-юми март барои гузаронидани амалиёти љустуљўйї ба хонаи онњо омаданд. Кормандони ШКД-и Вахш бе нишон додани ягон њуљљат хонаи онњоро кофтукоб карданд. -Охирон маротиба шаби аз 31-уми март ба 1-уми апрел ўро духтур зинда дида буд. Ў гуфтааст, ки саломатии Низомиддин хеле бад аст ва бояд ўро ољилан ба беморхона баранд… Ўро куштанду боз то 1-уми апрел ба ман љасадашро надоданд. Ман чанд соат дар дами дари ШКД истодам, лекин ба назди писарам маро иљозат надоданд", наќл кард падари фавтида. Љунайдуло Њомидов илова кард, ки дар тани фарзандаш нишонањои марги иљборї дида мешавад: ќабурѓањояш шикаста, дар пушташ, дастонаш ва гарданаш доѓи кабуди латма дида мешавад. "Онњо мегўянд, ки фарзанди ман худро бо тањпўшаш овехта куштааст. Гўиё ин корро дар боздошт-

5

фати ин навор хеле паст буда, чењрањо дар он хуб шинохта намешаванд. Дар ин навор љасаде нишон дода мешавад, ки онро њамчун љасади Низомиддин муаррифї мекунанд. Марде ки гўё Љунайдулло Њомидов падари љавони њалокшуда болои љасад дода фарёд бардошта, мегўяд, "бо дасту пои худам аз хона пешат кардам. Аз хона пешат кардам то дигар араќ, нахўрї, наркотик назанї." Њамчунин дар ин навор тирезаи боздоштгоње нишон дода мешавад, ки дар он як тагпўш (майка)-и мардона овезон аст ва гуфта мешавад, ки Низомиддин худашро бо ин тагпўш овехтааст. Кадри асосие ки дар навор гаштаю баргашта нишон дода мешавад, ин ќафаси синаи Низомидди мебошад, ки ягон пайи латкўб надорад. Аммо дар аксе ки падари Низомиддин ба расонањо додааст, дида мешавад, ки тахтапушти маќтул аз зарби латукўб сиёњ шудааст. Инчунин дар ин навори таќрибан 3 - даќиќагї вараќаи хулосаи ташхис бо имзои коршиноси судии тиббї Эсанов К. нишон дода шудааст, ки сабаби марги Низомиддинро дар фишурда шудани роњњои нафас арзёбї мекунанд. То њол маќомот расман тасдиќ накардаанд, ки ин наворро онњо пахш карданд ё не. Аммо Љунайдулло

парванда алайњи навбатдори ШКД-и Вахш Зайниддин Назриев тибќи моддаи 322-и Кодекси љиноятї оѓоз шудааст. Аммо Абдурањмон Каримов сардори ШКД-и ноњияи Вахш дар як тамоси кўтоњи телефонї ба "Нигоњ" иддаои падари маќтулро дар бораи ба њалокат расидани писараш аз дасти кормандони ин нињодро рад кард. Ў гуфт: куштани ягон кас зарурат надорад. Тољикистон соли 92 нестай. Мо дар љомеаи пешрафтаи дунё зиндагї мекунем. Зебо Ќосимова вакили мудофеъи хонаводаи Њомидовњо мегўяд, "агар воќеан Низомиддин худкушї накарда бошад, пас чаро маќомот аз додани вараќаи хулосаи ташхис худдорї мекунанд?" МАРЊУМ, НИЗОМИДДИН ЊОМИДОВ гоњи муваќќатї карда бошад. Оё имкон дорад, ки бо як тањпўш одам худро кушад? Ман ин боздоштгоњи муваќќатиро надидаам ва барои њамин гуфта њам наметавонам, ки оё дар он љо имкони худкушї вуљуд дорад ё не. Аммо љасади писарам тамоман барањна дар долони милисахона буд. Ва дар тамоми баданаш нишонањои ши-

«

Навори бањсбарангез Латукўб ва ба њалокат расидани Низомиддини 26-сола дар њоле мавриди баррасии љомеаи Тољикистон ќарор дошт, ки дар шабакаи иљтимии Ютюб наворе аз љониби Наљмиддин Фозилов пахш шуд, ки дар он расонањои кишвар бахусус хабаргузории "Азия-плюс"-ро ба дурўѓгўї муттањам мекарданд. Пеш аз он ки ба шарњи љузъиёти навор гузарем бояд гуфт, ки си-

Ба гуфтаи падари Низомиддин, Љунайдуло Њомидов намояндагони Шуъбаи корњои дохилии ноњияи Вахш субњи 30-юми март барои гузаронидани амалиёти љустуљўйї ба хонаи онњо омаданд. Кормандони ШКД-и Вахш бе нишон додани ягон њуљљат хонаи онњоро кофтукоб карданд.

«

ЗОЛОТОЙ КОНЕК -Як тир ду нишон! - барќарор намудани эрексия; - афзоиши раѓбати шањвонї ва тобоварии шањват; - таќвияти мукаммалї ва равшании эњсоси шањват; - ба меъёр даровардани њаёти љинсї. Золотой конёк маљмўи гиёњї буда ба бењтар гардонидани вазъи простатит таъсири хубе мерасонад. Дар кафедраи урологии Академияи тиббии Русия ш. Маскав ва дигар муассисањои бонуфуз аз санљиши аъло гузашта аст. ба табибони бо таљриба дар сомона саволдињед; www.zolotoikonek.ru Истифода; 2 таблетка њангоми хўрок. АЗ ДОРУХОНАЊО ХАРИДОРЇ НАМОЕД!

ЉОИ ЭЊТИМОЛИ ДОРКАШИИ НИЗОМИДДИН Њомидов мегўяд, "ин навор сохта аст ва Низомиддин ў на араќ мехўрду на маводи мухаддир истифода мекард." -Писари ман духтури тозагї буд. Чї гуна духтур њам араќ мехўраду њам маводи мухаддир истифода мекунад? Дигар ин ки ман писарамро аз хона пеш накардаам, кадом падару модар писарашро аз хона пеш мекунад. Њамааш бардурўѓ аст, њамаашро харидагї њастанд. Ин корро маќомот аз пеши худашон кардагї њастанд,- мегўяд падари маќтул. Ба њалокат расидани Низомиддин дар ШКД-и Вахш мавриди баррасии прокуратураи Хатлон ќарор дорад. Ахиран Љунайдулло Њомидов ба Шерхон Салимзода, прокурори генералии Тољикистон, низ мурољиат карда, хостори расидагї ба ќазияааш шуда буд. Бояд гуфт, ки њалокати Низомиддин дар ШКД-и ноњияи Вахш дар Тољикистон бори аввал набуда, чандин боздошшудагони дигар низ ба тарзи мармуз ба њалокат расиданд. Намунаи барљастаи аз ошёнаи 3юми бинои ШКД-и Исфара афтидани шодравон Умедљон Тољиев узви ЊНИТ буд, ки ахиран бар асари њамон латукўб дар беморхона љон дод. Ба монанди ин ќазияњои Бањромиддин Шодиев, Сафаралї Сангов ва дигарон низ мисол шуда метавонанд. Умари ТОЊИР


6

“НИГОЊ”, ЧОРШАНБЕ №4 (386), 16. 04. 2014

МУЗОФОТ Ба таваљљуњи Раиси вилояти Хатлон

"ЧАШМУ ГЎШ" ЧЇ ЊОЛ ДОРЇ?! Намозгузорони масољид ба нашрияи ноњиявии Бохтар обуна шудаанд ё њадис аз њоли табоњи рўзномањо ва муассисони фориѓболи онњо дар Хатлон Ба назар чунин мерасад, ки рўзномаи мањаллї барои аѓлаби шањрдорони вилояти Хатлон фаќат ба хотири"Хоља, боѓ дорї? Дорам!" гуфтан лозим асту бас, чун эшон15-16 сол боз дар муќобили мушкилоти рўзафзуни ин "чашму гўши халќ"сиёсати "бихўру намир"-ро ихтиёр кардаанд. Ва таассуфангез ин аст, ки боиллати чунин бархўрди носолими масъулинфазои иттилоотї дар минтаќањо як ќадар холїба назар мерасад ва он аз доираи назорати нињодњои алоќаманди давлатїлањза ба лањза берун рафтан дорад.

Муассис яку мушкил њазор Рўзномањои музофотї асосан аз се сарчашма - аз маблаѓи ихтисосмедодаи маќомоти иљроияи мањаллии њокимияти давлатї, обуна ва реклама метавонанд бароварда созанд. Алъон, мутаассифона, дар њудуди вилоят љаридаи расмии шањриву ноњиявие вуљуд надорад, кидар азхудкунии маблаѓњои манбаъњои зикршудабаробар комёб бошад. Аз ин лињоз, њама нашрияњозерасоси молиявии бисёр заиф доранд, ки ин хоњ-нохоњ ба мазмуну мундариљаашонбетаъсир намемонад. Њамин тавр, тибќи баррасие, ки момустаќиман то моњи март анљом додем, маблаѓгузорї ба рўзномањо аз тарафи муассисон хеле кам буда, барои њељ кадоми онњо,чуноне ќонунан њаќ доранд, кифоя нест. Масалан, масъулини маќомоти иљроияи шањри Норак чандин сол боз ба идораи рўзнома иљозаи кушодани суратњисоби аз маќомот људоро надода, имсол 20 њазор сомонї ва соли рафта њамагї 15 њазор сомонияш додаанд, ки ин танњо барои пардохти музди маоши сар-

муњаррир ва як корманди дигар кифоят мекардаастубас.Зимнан, боиси нигаронист, ки дар аксар маврид идорањои молияи шањру навоњї аз рўйи як банди харљномаи солона, яъне,маош ба рўзномањо маблаѓ људо менамоянду халос. Ва ин аз иддаои масъулини нињоди мазкур будааст, ки нашрияњо бояд дигар ниёзњои иќтисодияшонро аз њисоби эълону реклама ва маблаѓи обуна бароварда созанд. Бањсбарангез намебуд, агар аз ин њисобњоалоќадри талаботи идорапулѓун мешуд. Аммочуноне сармуњарриронзимни суњбати телефонї изњор доштанд,дар њоле ки эълону рекламаба љуз аз шањрњои Кўлобу Ќўрѓонтеппа бо љамъ шудани њамагї 2-3 њазор сомонї дар дигар љойњо ќариб вуљуд надорад. Дар ноњияи Бохтар танњо аз њисоби намозгузорони масољид ба нашрияи ноњиявї 350 нусха обуна шудаанд. Албатта, онњоро маљбур кардаанд,вагарна ин газетаи ноњиявї кайњо муфлис мешуд, ба мисли ноњияи Шањритус, ки ба газетаи ноњиявии "Субњи Шањритус" як нафар њам обуна нашудааст! Хайрият, дар ин ноњия ањли ибодатро барои наљот додани газета сафарбар накардаанд. Дарвоќеъ, њар сухане, ки инљо гуфта шуд, ба раѓми моддаи 5-и Ќонуни Љумњурии Тољикистон "Дар бораи матбуоти даврї ва дигар воситањои ахбори омма", ки дастгириидавлатиивоситањоиахбориоммаро"батаври маблаѓгузориимаќсаднок, кўмакимолиявївадигарнамудњо" замонат медињад, амал кардани муассисонро инъикос намудан буд. Вале бањри комилан зоњир кардани фориѓболии эшон маљбурем аз зикри якчанд бесомонии дигари дар назари аввал сабук низ истињола наварзем.

МИЛИСАПУЛЇ Дар идораи њукуматї занро дар њиљоб медидам ва ба худ меандешидам, ки ин рухсат аз љониби худи вазир бошад ва ё нармиш дар сиёсати ба ќавли Мирзодиккак њукумати љонољонамон... Чанде пеш ман ба як идораи њукуматї бо коре даромадам. Дар дафтар муњосибе таваљљўњамро ба худ кашид: зани тахмин чилсола мањљуба буд. Дар њайрат задам ва боварам намеомад, ки дар идораи вазорат зане бо њиљоб нишастааст. Агар вай паси мизи корї наменишаст,гумон мекардам, ў њам мисли ман корафтодае буд. Фурсате гузашт ва дар ин муддат чанд нафар омада, аз ў чизеро дар бораи корашон мепурсиданд ва ў ба њар яки онњо љавоби мукаммал медод. Чун кунљкобї боло гирифт, наздаш рафтам, пурсидам, ки оё воќеан њиљобаш аслї аст ё аз рўи муд. Гуфт, ањли ибодат аст ва ба њаљљи фарзї њам рафтааст. Ёддошташ задам, ки муво-

фиќи сиёсати Њукумат дар идорањои давлатї кормандон бояд њиљоб напўшанд. Ва ин дастур ё фармони дањонї то имрўз риоя мешавад. Ва ў аввалин зане буд дар сатри аврат дар идораи давлатї. Магар мањљуба аз ин сиёсат огањ нест ва дар вазорат фишораш намеоранд, ки ба дафтар бе њиљоб ояд. Гуфт: проблема њаст, вале тањаммул мекунам, зеро шахси аввал, яъне, вазир кордорам нест. Нохост чизе ёдаш расиду гуфт, ки дар Рўзи модарон худи вазир ифтихорнома супорид... Аз он идораи вазорат хурсанд баромадам, зеро бори нахуст дар чанд соли охир дар идораи њукуматї занро дар њиљоб медидам ва ба худ меандешидам, ки ин рух-

Аз вокуниш ба танќид ќадри кас кам нашавад Дар истинод ба ќавли сармуњаррирон, агар давлатмардони шањри Ќўрѓонтеппа ва ноњияи Восеъ солњои ахир дар пайи маќолањои танќидиву тањлилї хеле кам вокуниш нишон дода бошанд, мансабдорони шањру навоњииСарбанд, Бохтар, Хуросон, Љалолиддини Румї, Ќумсангир ва Балљувон ба ин гуна матолиб умуман аксуламал зоњир накардаанд, ки ин мўљиби нигаронист. Маќсади журналист аз интиќоди нафаре ё муассисае ислоњи вазъ аст. Агар ба маќолаи вай љавоб ирсол бигардад ва ў онро ба хонандааш манзур намояд, агар мавзўи матрањкардааш аз љониби раиси ноњия зимни ягон љаласа мавриди муњокимаву файсалаќарор бигирад ва "сипос"-аш бигўянд, ў руњу илњоми тоза гирифта, матлабњоисамимивиисозандаи дигареро њам рўйи коѓазмеорад. Дар акси њол, журналист дилозурда шуда, минбаъд дар интихоби мавзўъ бо дастудили сард амал хоњад кард, ки ин, пеш аз њама, ба манфиати муассис нест. Охир муроди муассис аз таъсиси нашрия моќабл доштани минбари таблиѓотї бањри хеш ва чароѓи маърифат бароиањли љамоатчигии ноњия аст.

сомонаи расмии хеш мегардид, агар дар назди редаксияњо мањфилњои рўзноманигорони љавон созмон меёфт, агар соле як бор миёни рўзномањои музофотї озмун эълон мегардид, агар маъракаи обуна ба рўзномањои музофотї аз љониби маќомоти зирабти вилоят наззора мегардид, агар ба њар як рўзнома имкони иќтисодї даст медод, то бањри љалби муштариёни нав аз сари њар як шумора 100-200 нусхаро туњфа кунад, агар ходимони эљодии ѓайри ихтисос ба бозомўзии касбї фаро гирифта мешуданд, нуран ало нур мегашт ва матбуоти даврии музофотї низ то як андоза љоннок мегардид ва дар љараёни рушду камоли соњавї ќарор мегирифт.

Адами мотив шањрдорро бо газетаи худ бегона кардааст

Бањри бењбуд бахшидан ба кори рўзномањо ба мањзари масъулини Њукумати љумњурї, маќомоти иљроияи вилояти Хатлон ва шањру ноњияњо якчанд пешнињод дорам. Агар дар назди Њукумат барои матбуоти даврї аќаллан зершўъбае таъсис меёфт, агар бањри вусъати кори љаридањои шањриву ноњиявї барномаи давлатие рўйи кор меомад, агар њар як нашрияи музофотї соњиби

Дар сурати бе маќсади муайян бањри коре иќдом кардан он ё носара иљро мешавад ё баръакс мўљиби сар задани ягон проблема мегардад. Манзурам, мањз сарфањм нарафтани он мотиве, ки аз љониби Њукумати љумњурї бовар карда бар дўши раисони шањру навоњї вогузор шудааст, њамакнун боиси зуњури мушкилоти рўзафзуни љаридањои музофотїгардидааст. Охир мављудияти рўзнома дар њар шањру ноњия, ќабл аз њама, нишонаи бармалои демократия ва озодии сухан мебошад. Шањрдор тавассути он метавонад доир ба корњои иљрокардааш маќолањои њисоботї манзур созад, ки ин, бешак, гувоњи шаффофияти идоравї аст. Бо ин маќсад дигар намояндагони нињодњои давлативу љамъиятї низ имкон доранд аз минбари рўзнома истифода бибаранд.Масъулон бо кўмаки газета метавонанд арзи мардумро

сат аз љониби худи вазир бошад ва ё нармиш дар сиёсати њукумати азизамон. Гумон маро ба фарзияи аввал наздик кард. Њамоно рањорањ меандешидам, ки чї љасур вазире будааст, ки ба ходимаи њиљобдораш ифтихорнома додааст! Афсўс, наметавонам номи он вазорату вазирро нависам, зеро метарсам, ин њарфњо бар зарари эшон мешавад, чунки айнан чунин мисол дар дигар њолат рўй дода буд. Нафаре аз њукумат дар бунёди масљиди нав сањм гузошт ва ман хостам, аз ин њиммати эшон нависам. Ў андак шўрида, гуфт: мехоњї, ман дар њамин љойам кор кунам? Дар њайрат задам, ки наход сањмгузорї дар бунёди ибодатгоњ боиси аз кор рондани ходими њукуматї гардад. Чун дид, ман ба пурсишаш бовар надорам, шарњам дод, ки ту табиати баъзе роњбарони ин њукуматро намедонї... Ба њар њол, ман хушнуду ќаноатманд будам, ки дар байни вазирон аќаллан як нафар будааст, ки ба диндории ин зан эњтиром гузоштааст... Бо њамин андеша ќадам мезадам ва ёдам расид, ки ваќ-

ти намози зуњр расида. Зуд ба як масљиди панљваќтае, ки дар наздикии он вазорат буд, даромадам. Хайрият, дари он во буд. То љойе, ки ман медонам, ин саљдагоњро њар замон мебанданд, чунки њуљљати расмї дар бораи сабт надорад. Барои он надорад, ки сокинони он мањал он ќадар ба масљиду ибодат раѓбат надоранд ва ањли ибодати он аслан аз он биноњои чорошёнаи гирду атроф нестанд, балки аз њар гуна дўкону користонњои атрофу акнофанд. Њар бор ба ин ин ибодатгоњ ворид шавам, онро хеле муназзаму тоза меёбам ва њадисе ёдам меояд, ки тозагї низ љињод аст. Чун намоз ба охир расид, имом хоњиш кард, ки биистем. Баъд гуфт, ки барои тоза нигоњ доштани масљид онњо ду нафарро маъош медињанд ва њар нафаре тавонад, мадад расонад. Ба ќадри њол назди имом пул љамъ шуд. Баъди намоз мо бо як шиносам, ки дар як корхонаи назди ин масљид кор мекунад, берун баромадем. Гуфтам, ки магар намозхонњо худашон бо навбат наме-

Чанд "агар…"

бишнаванд ва бе он ки шиква то ба маќомоти вилоятиву љумњуриявї бирасад, фавран њаллаш намоянд. Агар нашрия дурусту комил фаъолият намояд, фазои иттилоотии мањал аз танишњои бади расонањои фаромарзї њифозат карда мешавад, ки ин дар ноњияњои сарњадии сокинонаш бо њамсоякишварњои Тољикистон њамзабонбисёр муњим аст.Бањри пањнсозии забони давлатї,гузоштани далелу манбаъњо барои таърихва тарбияи рўзноманигорону адибону аккосон низ рўзнома бењтарин васила мањсуб меёбад. Дигар пањлўи масъала ин аст, ки газетаи музофотї низ љаззобияти худро дорад.Яъне рўзномањои вилоятиву љумњуриявїбо он вазифањоибузургтаре, ки доранд, наметавонад дар њар як шањру ноњия кўча ба кўча гашта, дар хусуси корномаичењрањои барои сокинони ноњия шинос маќола нависанд. Лек нашрияи мањаллї аз уњдаи ин кор ба хубїмебарояд. Мањз ба њамин хотир дар баъзе кишварњо њатто як кўча, оила, фирма, бозор ва њоказо соњиби љаридаи хусусї мебошанд. Хуллас, ин рўзномањо бо он потенсиали дохилие, ки доранд, метавонанд сиёсати давлату Њукуматро дар мањалхеле хуб роњандозї сохта, аз манфиатњои миллї на кам аз дигар њамтоњои марказиашон њимоят намоянд. Агар ба раисони шањру ноњияњои вилояти Хатлон чунин дастёри беминнат даркор бошад, пас бояд фориѓболиро як сў гузошта, нашрияњояшонро дурусттар дастгирї намоянд. Зокири МУРОДИЁН, Аълочии матбуоти Тољикистон, шањри Ќўрѓонтеппа

тавонанд, масљидро тоза кунанд. Дар лабони њамроњам табассум давид. Гўё, ў аз сирре хабар дошт. Пурсидам, ки чаро табассум мезанад. "Аслан, он пуле, ки љамъ мешавад, на ба љайби имом дарояду на ба кисаи он ду нафар, чунки он ду умуман нестанд. Дар њаќиќат, худи намозгузорон тозагиро риоя мекунанд ва нафаре барои тоза кардани масљид моњона намегирад. - ба њарф оѓозид шиносам. - Њар замон милиса барои тафтиш меояд ва санади сабти масљидро мепурсад. Аз сабаби он ки ин хонаи Худо њуљљат надорад, милисањо тањдиди бастани он мекунанд ва мегўянд, ки ба шумо фалон рўз мўњлат ва дар ин муддат њуљљатњоро омода кунед. "Њуљљат" ана, њамин пулест, ки имрўз имом љамъ овард. Баъзан "њуљљатљамъкунї" тўл мекашад ва дари ибодатгоњро то замони тањия гардидани он санад, яъне, милисапулї мебанданд." Кош, аќаллан аз хонаи Худо пул намечиданд... Сафои СОДИЌ


ШАХСИЯТ њури туркману ўзбек Бобомурод Њамдамов, Шералї Љўраев, Ѓуломљон Ёќубов ўро барњаќ "устод" ном бурданду бархеи дигар "нобиѓа" ва ё ба ибораи равоншод Зафар Нозим "Шоњсутуни зарњалпечи санъати тољик" гуфтаанд. Дар урфият низ мегўянд, ки "ќадри зар заргар бидонад" ва ин љо ба ёдам расид сухангўйии њунарманди нотакрор устоди шодравон Одина Њошим, ки барои табрики дўст ва њампешаи худ рўзи 13 марти соли 1987 ба ифтихори биступанљсолагии фаъолияти овозхонии Љўрабек Мурод рўйи сањна омада, ба њозирини дар толор буда, мурољиаткунон чунин гуфта буд: "Ман аз Кўлоб барои дўсти њунармандам гули наврўзї овардам (Устод Одина Њошим бо дастагули пур аз мењру муњаббат дўсти худро гулборону муаттар сохт). Ман аз солњои 60-ум бо Љўрабек Муродов њамкорї дорам. Хато намекунам, агар гўям, ки бори аввал њунари ўро дар толори театри тобистонаи пойтахт дидам. Ў он ваќт бо як рубоб суруди Боймуњаммад Ниёзовро мехонд. Ман ба консерт њамроњи падарам омада будам. Бобои Њошим (ќиблагоњи устоди зиндаёд Одина Њошим-А.С., Х.Х.,М.С.) ба ман гуфт: "Одинаи љун, минбаъд ин бача кї медонад, ки чї мешавад, вале њаминаш аниќ, ки ояндаи санъати тољик ба ун кас мансуб аст". Моњи майи соли 1979 дар дуввумин сафари њунариаш устод Љўрабек Мурод, дар сањнаи консертии "Кобул нандори" суруди "Дили модар"-ро иљро намуд, ки пас аз фарљоми он Ањмад Зоњири љавон ва чусту чолок бо дастаи гул ба сањна баромад ва ўро сахт ба оѓўш гирифта гуфт: "Ман њам ба мисли Шумо њофиз њастам. Ман њам ба васфи Модар бисёр сурудњо дорам ва мехонам, вале тарзи оњанг ва овози Шумо маро хеле мутаассир кард. Мазмуни сурудатон њам бисёр олист. Ташаккур аз Шумо!" Нависандаи чирадаст Мењмон Бахтї соли 1985 њамчун сардори дастаи њунарии намояндагони Тољикистон барои ширкат дар фестивали СССР ба кишвари Њиндустон сафар Соли 52- ум аст, ки рўйи сањнаи толорњои кишвари азизамон ва сањнаи толорњои љањониро њунару истеъдод ва овози хушу сурату сирати зебову нотакрори устод њољї Љўрабек Мурод зинат додаву медињад ва эшон сафири ишќ, чењраи намоёни миллати тољик дар аќсои олам аст. Тўли ин солњо устод кишвари азизи худро, ки илоњмбахши њунари ўст, дар арсаи љањон муаррифї кардаву мекунад. Ин аст, ки ўро дар кишвари Њинд "Раљ Капури советї", дар Афѓонистони њамсоя "Ањмад Зоњири шўравї ",дар Исроил "Мањбуби Худо" ном бурдаву мебаранд ва дар Амрико гуфтаанд, ки : "? Артисти халќии љањон аст". Сурудњое, ки ў месарояд дорои драматизму лиризми пок, ифода ва образњои диќќатљалбкунанда буда, шоирона сайќал ёфта, ба онњо овоз ва ифодањои таъсирноки соњибмактаб њамрадиф мегарданд. Устод Љўрабек Мурод сарояндаи љўянда ва нисбат ба касби худ серталаб аст. Ў пайваста санъати мусиќии гузаштаю имрўзаи миллатамонро бо як њисси шавќмандї меомўзад. Махсусан, намунаи овозњои њофизони халќї ва њирфаии тољик Њољї Абдулазиз, Содирхон, Домулло Њалим, устод Шодї, Акашариф Чўраев, Бобоќул Файзуллоев, ки ба ќарта сабт шудаанд, љамъ намуда, унсурњои бо худ хос ва характерноки вокализми халќї-профессионалии тољикро ба комёбињои навинаш пайваста меомўзад. Ин аст, яке аз чашмгиртарин асрори шуњратёрии ў дар љодаи санъат. Љўрабек Мурод ба маънои пурраи сухан эљодкори њаќиќии санъат мебошад. Зеро ин абармарди дунёи санъат дар иљрои њар як суруди нав тарафњои тоза ба тозаи истеъдоди худро ба мухлисон зоњир мекунад. Пешравии ўро, њатто, аз суруд то суруд ва аз оњанг то оњанг метавон мушоњида намуд. Дуди чароѓ хўрдану дандон болои љигар гузоштан ва зулмотро ба субњ бадал намудан гувоњи умри 52- солаи санъаткории ўст. Мањз њамин сўхтанњову сохтанњои устод дар роњи эњёи санъати мусиќї ва овозхонии аљдодонамон боис гардид, ки номи муборакаш вирди забонњову сабти китобу ќомусњои зиёде гардад. Аз љумла, соли 1998 љилди якуми китоби бисёрљилдаи тарљумаињолї дар Москва тањти унвони "Дар тамаддуни имрўза, кї кї аст?" аз чоп баромад. Китоби мавриди назар фарогири 3 боб буда, ќисматњои "Инсони асри ХХ", "200 нафар арбоби барљастаи имрўз" ва "Хазинаи тиллої"-ро дарбар мегирад. Боиси ифтихори бузург ва сарбаландии мо тољикон аст, ки дар байни 200 нафар шахсиятњои барљастаи љањон, аз ќабили санъаткорони бузург Людмила Зыкина, Иосиф Кобзон, Алла Пугачёва, Филипп Киркоров, Валерий Леонтев, Лариса Долина њунарманди мањбуби мо, устод Љўрабек Мурод низ љой гирифтааст. Њунари овозхонию такаллуми бурро ва имову ишорањои нишонраси устод Љўрабек Мурод бо ахлоќи њамидааш тавъам гардида,

“НИГОЊ”, ЧОРШАНБЕ №4 (386), 16. 04. 2014

7

сия Александр Серов ва њамчунин сароянда ва оњангсози саршиноси озарбойљонї Пўлод Бул- Бул оѓлї ба шањри Душанбе барои табрики устод худ гувоњи ин даъвост. Устод Љўрабек Мурод табиатан марди худогоњу худшинос ва худошинос аст. Зеро ў дар замони Шўравї, дар замоне, ки тољик чандон худшинос набуд, ё барои худшиносї монеањои зиёде дошт, яке аз чењрањое буд, ки дар минтаќаи Осиёи Марказии он ваќта ва њам дар кишварњои дигари Шўравї сухани тољикї, фарњанги тољикї, оњангу суруди тољикиро боло бурд ва муаррифї намуд. Дар хотирањои рўзноманигори чирадаст ва соњибќалам Ќироншоњ Шарифзода омадааст, ки : "Устод Љўрабек Муродро дар ?збекистон, дар минтаќањои тољикнишини он љо њамчун як њофизи мардумии тољик, як намояндаи фарњанги он медонистанд, мепазируфтанд ва эњтиром мекарданд. Бо истифода аз ин обрўю эътибор Љўрабек Мурод њам дар мактабњои тољикнишини Ўзбекистон, љануби Ќазоќистон, он ќадар хизмате кардаанд, ки бо ќалам гуфтан душвор аст". Дар баробари ин њама бояд таъкид намуд, ки устод Љўрабек Мурод барои ин миллату ин Ватан хизмати арзандаву шоистаеро ба сомон расондаву рисолати фарзандиашро сарбаландона иљро карда меояд. Вале мансабдорони бефарњангу чаласаводе, ки рўйи курсии роњати њукумат нишастаанду ба ѓорати халќу кишвари хеш машѓуланд, аз сањнаи толорњои калони кишварамон дур кардаанду мехоњанд, ки номаш ва њунарашро ба кўйи фаромўшї супоранд. Њол он ки буданд нафароне, ки њамеша ба сўйи њукумати феълии кишвар санги тањќир меандохтанду аз ноуњдабароияш ба чор тараф љор мезаданд, вале чи мегўед, ки имрўз онњо аз љониби њукумат бо ордену туњфањои гаронќадру хонањои истиќоматии замонавї таќдир шуданду онњое, ки њамеша бањри пойдории ин кишвару ин миллат љонбозињо карданд, аз назарњо дур мондаанд. Охир ин кинатузони љоњилу бехирад фаромўш кардаанд, ки офтобро бо доман пўшонидан намешавад. Ба

"Шоњсутуни зарњалпечи санъати тољик" Устодро мансабдорони бефарњангу чаласаводе, ки рўйи курсии роњати њукумат нишастаанду ба ѓорати халќу кишвари хеш машѓуланд, аз сањнаи толорњои калони кишварамон дур кардаанду мехоњанд, ки номаш ва њунарашро ба кўйи фаромўшї супоранд. Аз чандин кишварњои хориљ барои вай хона, боѓу бўстон ва дигар шароитњои олї ваъда доданд, вале устод хоки диёрашро ба чизе иваз накард... дар ошёни мењру муњаббати устод Мирзо Турсунзода љойгоњи шоистаро пайдо намуд ва ин бузургвор бо ифтихор ва ситоиш аз њунару мањорати ў забони тањсину офарин кушода мегўяд: "Ман ба бисёр кишварњои Шарќу Ѓарб сафар кардам, бо ањли адабу ањли њунари он мамлакатњо њамсўњбат њам шудам. Аз сурудхонињои мутрибони шўњратёри кишварњои Арабу Аљам, Њинду Покистон Умм Ќулкум, Абдулвањњоби Мисрї, Фирўзаи Лубнонї, Салим Мурод, Ризо Алї, Фаррух Љилолии Ироќї, Муњаммад Рафеъи Њиндустонї, Муњаммадризои Шаљариёнї Эронї ва дигар бузургворони санъати овозхонї лаззати беандоза гирифтаам. Махсусан, њамеша садои нафису дилангези Љўрабек ва сурудхонињои ў бо лањнњои "Гулъузорам", "Гиря", "Савти мунољот", "Чоргоњ" ва ѓайра гўё њамсафу њамнафаси ман буданд. Аз њофизони муосир Љўрабек ягона касест, ки шеърро гўёву расо мехонад, муроди шеъру оњангро ба дилу маѓзи шунаванда мерасонад. Ман ба ростї, аз хонишу ромишгарињои ў њаловати беандоза мебарам. Дўстон, Љўрабекро бо чашми кам мабинед. Халќи мо хушбахт аст, ки Љўрабек барин сарояндаву мутриби нотакрор дорад ". Ин љо дар хусуси њунари овозхониву хунёгарии устод Љўрабек Мурод ба чунин бардошт расидем, ки ў воќеан мактаби зиёда аз њазорсолаи овозхониву мусиќории гузаштагонамонро омўхтаву рушду инкишоф дода ва дар замони мо тавонист, ки инќилоби љадидро дар ин соња ба вуљуд орад. Мањз њамин хизматњои беназири ў буданд, ки устодони њирфаии ин соња њунармандони маш-

карда, дар сафарномааш чунин лањзањоро ёдовар мешавад: "Барои дастаи мо њодисаи фавќулода ва хурсандибахш, ин вохўрии мо бо Љўрабек Муродов ва дастаи он буд. Ба мо аён гашт, ки онњо дар њайати фиристодагони комсомоли Умумииттифоќ ба ин љашн омадаанд. Он лањзањо хурсандии мо њадду канор надошт. Аз забони њиндуњое, ки онњоро роњбаладї доштанд, пайваста номи Раљ Капурро шунида, њайрон мондем ва сабаб пурсидем. Онњо бо камоли эњтиром Љўрабекро нишон дода, ќисса карданд, ки дар њузури 50 њазор тамошобин Љўрабек Муродов бо актёр ва режиссёри номии Њиндустон Раљ Капур суруд хондаанд. Раљ Капур бо ихлосдории тамом сетори олиљанобашро ба Љўрабек таќдим кардааст. Ман аминам, ки ин ќисса он шабу рўз дар сар то сари Њндустон пањн гардид…" Аз ин ишорањои фавќї бармеояд, ки устод Љўрабек Мурод дар њунари овозхонию оњангсозии халќамон бешак инќилоб кард. Устод Љурабек Мурод њофизи соњибмактаб аст ва зиёда аз сад шогирдонаш кайњо миёни љомеа соњибном шудаанд. Устод дар замони соњибистиќлолии кишварамон мактаби шашмаќомхононро (таъсиси ансамбли "Нури Хуљанд", 1998) дар шањри Хуљанд асос гузошт. Таљлили љашни 70- солагии ин хунёгари бузурги миллат бори дигар собит намуд, ки устод дар миёни њамкасбон чи мартаба ва чи маќомеро соњиб аст. Зеро дар он рўзњо ташриф овардани њунармандони бузурги кишварњои њамсоя, аз љумлаи Њунарпешаи Иттињоди Шўравї Иосиф Кобзон, сароянда ва оњангсоз Юрий Антонов, Њунарпешаи халќии Ру-

ќавли устод Лоиќ шумо шикамборањое њастед, ки барои нафсатон шарафу номусатонро ќурбон месозед. Барои шумо мафњуми миллат, Ватан, фарзанду зан дурўѓ аст, ки дурўѓ. Зеро шумо на нанг дореду на номус, на виљдон дореду на шараф... Шояд "Њамеша бо Ватан будам..." унвон гирифтани консерти навбатии устод Љўрабек Мурод, ки рўзи 27.04.2014 дар Кохи филармонияи давлатии ба номи Акашариф Љўраев баргузор мегардад, бори дигар њушдор додан ба сарварони бесари кишварамон бошад. Зеро устод Љўрабек Мурод Ватанро нињоят дўст медорад ва њатто дар солњои љанги шањрвандии кишварамон низ бо вуљуди дидани тањќирњо Ватанро тар накард, дар њоле ки аз чандин кишварњои хориљ барои вай хона, боѓу бўстон ва дигар шароитњои олї ваъда доданд, вале устод хоки диёрашро ба чизе иваз накард. Њусни маќтаи ин нигошта бењтар аз гуфтаи худи устод Љўрабек Мурод: "Санъаткор хидматгори халќ аст. Ман њамеша љонибдори дўстии халќњоям, сулњ ва одампарастї дину оини ман аст. Агар сулњ, дўстї ва осоиштагї миёни мардум набошад, ман худро њаргиз осуда њис карда наметавонам" ва фармудаи дўсти шоираш Лоиќ, наметавон чизи дигареро баргузид: Њар кас, ки буд дар паи озори Љўрабек, Њељ аст дар баробари осори Љўрабек... Онњо, ки ёр будаву ноёр гаштаанд, Донанд љуз Худо набувад ёри Љўрабек. Амирњамзаи САИДОЛИМ, Холмуњаммад ХОЛОВ, Мирзомурод САИДОВ


8

ВОКУНИШ

“НИГОЊ”, ЧОРШАНБЕ №4 (386), 16. 04. 2014

НАЌШ ВА МОЊИЯТИ АНДОЗ ДАР ЊАЁТИ ЉОМЕА НАЗАРРАС АСТ Вокуниш ба маќолањои њафтаномаи "Нигоњ" "Кафлесак" (аз 19.02.2014, №47 (378), муаллиф Ќамари Ањрор), "Андози "худї" ва "бегона" (аз 26.02.2014, (№48 (379), муаллиф Садриддини Комил) ва "Кодекси мухолиф" (аз 05.03.2014, №49 (380) аз номи њафтавор) Боиси ќаноатмандист, ки ваќтњои охир дар рўзномањо дар мавзўъњои андоз ва андозбандї маќолањо ба табъ расида истодаанд. Зеро наќш ва моњияти андоз дар њаёти љомеа воќеан њам назаррас ва бенињоят муњим аст ва месазад, ки ба хотири бо ќонунгузорї ва системаи андоз њарчи бештар огоњ намудани шањрвандон ва андозсупорандагон, баланд бардоштани сатњи фарњанги андозсупории андозсупорандагон, дар якљоягї љустуљў ва дарёфт намудани роњњои боз њам бештар дастгирї намудани соњибкорї, фароњам овардани фазои боз њам мусоиди сармоягузорї пайваста дар мавзўи андоз ва андозбандї сухан гўем ва маводњо рўи чоп биёрем. Њамзамон, бисёр боиси таассуф аст, ки дар аксар маврид маќолањое, ки дар мавзўъњои андоз ва андозбандї нашр мешаванд, дар сатњи дахлдор асоснок карда намешаванд, муаллифони онњо аз вазъияти имрўзаи ќонунгузорї ва маъмурикунонии андоз ва хизматрасонї ба андозсупорандагон огоњ намебошанд, дар онњо дар асоси мисолњои алоњида барои њолати молиявї ва андозбандиву андозсупории тамоми андозсупорандагон хулосањои нодуруст ва тањрифнок бароварда мешаванд ва бинобар њамин маълум аст, ки онњо мутаносибан воќеиятро дуруст инъикос наменамоянд ва мутаассифона як ќисмати хонандагони ноогоњро ба иштибоњ мебаранд. Маќолањое, ки бо номњои "Кафлесак", "Андози "худї" ва "бегона" ва "Кодекси мухолиф" дар њафтаномаи "Нигоњ" нашр шудаанд, аз он гувоњї медињанд, ки муаллифони онњо аз ќонунгузории андоз, ќонунгузорї дар бораи молияи давлатї, аз љумла, тартиби тањияи Буљети давлатї, принсипњои муќаррар намудани сохтори маќомоти андоз, њолати андозбандии андозсупорандагон ва дигар пањлуњои маъмурикунонии андоз тамоман огањї надоранд. Зиёда аз ин, онњо хоњиши огоњ шуданро њам надошта, мехоњанд бо муњокимаронињои беасос њангомањои беасосро ба миён оваранд. Аммо, сарфи назар аз ин ва ба хотири ба хонандагон расонидани њаќиќати њол, Кумитаи андоз ба чунин хулоса омад, ки ба баъзе муњокимаронињои маќолањо, ки ба самти фаъолияти маќомоти андоз дахл доранд, вокуниш нишон дињад.

Дар бораи таъсиси Нозироти андозсупорандагони калон ва мањалли пардохти маблаѓи андозњо. Таъсис ёфтани Нозироти андозсупорандагони калон яке аз падидањои аввалини ба таљрибаи байналмилалї мутобиќ намудани сохтори маќомоти андоз ба њисоб меравад. Зеро таљрибаи

байналмилалї аз он гувоњї медињад, ки зери назорати як воњиди сохтории алоњида ќарор додани фаъолияти андозсупорандагоне, ки њаљми муомилоташон нисбат ба дигар андозсупорандагон калон мебошад ва ќисми зиёди буљет аз њисоби андозњои пардохтаи онњо пур мегардад, њам ба манфиати кори маќомоти андоз буда ва њам барои фаъолияти муназзами чунин андозсупорандагон мусоидат менамояд. Нозироти андозсупорандагони калон дар заминаи Шўъбаи назорати фаъолияти корхонањои азими љумњурї, ки њанўз дар соли 1996 ташкил шуда буд, тибќи Барномаи миёнамўњлати Љумњурии Тољикистон мутобиќи ќарори Њукумати Љумњурии Тољикистон аз 31 декабри соли 1999 тањти №508 таъсис дода шудааст. Барои муайян намудани корхонањои калон, ё худ корхонањое, ки бевосита зери назорати Нозироти андозсупорандагони калон ќарор дода мешаванд, меъёрњо муќаррар карда шуданд, аз ќабили њаљми даромади умумї аз фурўши мол, иљрои кор ва хизматрасонињо, њаљми маблаѓњои умумии солонаи њисобшудаи андозњо ва дигар пардохтњои њатмї, шумораи кормандони субъектњои хољагидор ва амсоли он, ки аз рўи онњо андозсупорандагон ба номгўи корхонањои калон ворид карда мешаванд. Аз љониби Нозироти андози алоњида назорат намудани фаъолияти андозсупорандагони калон имкон дод, ки дахолатњои беасос ба раванди кори онњо аз байн бурда шавад. Ќобили ќайд аст, ки мањз дар Нозироти андози андозсупорандагони калон нахустин барномањои компютерии маќомоти андоз тањия ва мавриди истифода ќарор дода шуданд ва дар њамин асос барои рушди минбаъда ва татбиќи технологияи иттилоотї дар маќомоти андоз заминагузорї карда шуд. Мутобиќи талаботи моддањои 68 ва 158 Кодекси андози Љумњурии Тољикистон андозсупорандагоне, ки берун аз мањалли љойгиршавии воњиди асосии худ инчунин воњидњои алоњида таъсис додаанд, ўњдадоранд, ки маблаѓи андозро тибќи тартиби муќаррар гардида ба буљетњои мањалли љойгиршавии воњиди асосї ва њар як воњиди алоњида пардохт намоянд.

Мафњуми воњиди алоњида дар моддаи 56 Кодекси граждании Љумњурии Тољикистон ва ќисми 35 моддаи 17 Кодекси андози Љумњурии Тољикистон шарњ дода шудааст. Тибќи талаботи ќисми 5 моддаи 68 Кодекси андози Љумњурии Тољикистон андози даромад ва андози иљтимої нисбат ба шахсони воќеие, ки дар воњидњои алоњидаи шахсони њуќуќї кор мекунанд, бояд ба буљетї мањалли љойгиршавии воњидњои алоњида бо дарназардошти таќсими маблаѓњои ин андозњо байни буљетњои љумњуриявї ва мањаллї мутобиќи ќонунгузории буљетии Љумњурии Тољикистон супорида шаванд. Ќонунњои Љумњурии Тољикистон "Дар бораи буљетњои давлатии Љумњурии Тољикистон барои солњои дахлдори молиявї" тибќи Ќонун "Дар бораи молияи давлатї" тањия карда мешаванд, ки дар рафти он маќомоти иљроияи марказї ва мањаллии њокимияти давлатї, аз љумла, вилоятњо иштирок менамоянд.

Доир ба санљишњои андоз. Воќеан санљишњои андоз яке аз самтњои назарраси фаъолияти маќомоти

андоз ба њисоб мераванд. Њамзамон бояд ќайд намуд, ки њамасола танњо фаъолияти таќрибан 3-4 фоизи андозсупорандагоне, ки дар маќомоти андоз ба ќайд гирифта шудаанд, ва танњо дар доираи талаботи ќонунгузории андоз тањти санљиши андоз ќарор дода мешаванд. Дар соли 2013 дар натиљаи санљишњои гузаронидашуда дар њаљми 374 млн. сомонї кам њисоб кардан ва пинњонкунии андозњо ошкор карда шудааст ва андозсупорандагон дурустии ин раќамњоро тасдиќ намуда, ба санадњо имзо гузоштаанд ва аллакай 80 фоизи маблаѓњои мазкурро ба Буљети давлатї пардохт њам намудаанд. Зиёда аз ин, раќамњои мазкур пўшида набуда, дар Резаахбори Кумитаи андози назди Њукумати Љумњурии Тољикистон, ки њангоми гузаронидани нишасти матбуотї вобаста ба натиљаи фаъолият дар соли 2013 рўзи 28 январи соли љорї доир гардида буд, љойгир карда шуда, ба њамаи намояндагони ВАО, ки дар ин чорабинї иштирок доштанд, дастрас гардонида шуд. Ваќте, ки аз љониби њафтавор ба ин пањлўи кор таваљљуњ зоњир карда намешавад, пас маълум мегардад, ки он барои худ вазифа гузоштааст, ки танњо дар бораи санљишњои гўё, беасос муњокимаронии беасосеро рўи коѓаз биёрад. Дар мавриди санљишњои андоз ва тартиби гузаронидани он бори дигар иттило медињем, ки бе истисно њамаи санљишњои андоз дар асоси тартиб ва даврияту мўњлатњои муайяннамудаи Кодекси андози Љумњурии Тољикистон гузаронида шуда, риояи ќонунгузорї дар ин ќисмати фаъолият аз љониби Прокуратураи генералї санљида мешавад. Инчунин, бо маќсади пешгирї намудани ќонунвайронкунињои андоз, кам кардани шумораи санљишњои беасос ва њавасманд намудани андозсупорандагони бомасъулият дар Кумитаи андоз барномаи компютерии "Бањисобгирии хавфњо" тањия ва љорї карда шудааст, ки дар асоси он аз рўи њисоботњои андозии пешнињоднамудаи андозсупорандагон ва инчунин дигар маълумотњои аз маќомоти ваколатдор дастрасшуда нишондињандањои фаъолияти андозсупорандагон бо таври автоматикї коркард шуда, дар асоси меъёрњои муќарраршуда андозсупорандагон ба гурўњњои алоњида, яъне андозсупорандагоне, ки дар фаъолияташон хавфи баланди риоя накардани ќонунгузории андоз ва андозсупорандагоне, ки дар фаъолияташон хавфи нисбатан пасти риояи нагардидани ќонунгузории андоз вуљуд дорад, људо карда мешаванд. Яъне, ба истилоњи дигар, дар навбати аввал фаъолияти он андозсупорандагоне тањти санљиши андоз ќарор дода мешавад, ки ба вайронкунии ќонунгузории андоз роњ додаанд, аз љумла эъломияњои андозии худро сари ваќт пешнињод накардаанд, маблаѓњои њисобшу-


ВОКУНИШ даро дар њаљмњои пурра ва сари ваќт пардохт наменамоянд, таносуби гардиши маблаѓњояшон барои як корманд нисбат ба нишондињандањои миёна дар соња паст мебошад, фаъолияташонро пайваста бо зарар љамъбаст менамоянд ва ѓайрањо.

Дар бораи тартиби оѓоз намудани фаъолияти соњибкорї (таъсис додани ширкат) ва имтиёзоти андозї. Баќайдгирии давлатии соњибкорони инфиродї ва шахсони њуќуќї, ба истилоњи дигар, оѓози фаъолияти соњибкорї, дар Љумњурии Тољикистон аз 1 июли соли 2009 дар асоси Ќонун "Дар бораи баќайдгирии давлатии шахсони њуќуќї ва соњибкорони инфиродї" тибќи принсипи соддакардашудаи "Равзанаи ягона" ба роњ монда шудааст, мутобиќи он соњибкорони инфиродї дар мўддати то 3 рўз ва шахсони њуќуќї то 5 рўз ба ќайд гирифта мешаванд. Бинобар ин, суханони Садриддини Комил дар бораи "Кушодани њатто оддитарин ширкат дар Тољикистон кори осон нест" тамоман асоси воќеї надорад. Њамин тариќ, ќонунгузории љорї, аз љумла, Кодекси андози Љумњурии Тољикистон дар тањрири нав њаргиз оѓози фаъолияти соњибкорї ва умуман шароити соњибкориро мушкилтару вазнинтар накардааст. Зеро аз номгўи андозњо андоз аз фурўши чакана хориљ карда шуд, њамзамон тартиби дар асоси музди мењнати номиналии миёнамоњона њисоб намудани андози даромад ва андози иљтимої, ки норозигии як ќисмати соњибкоронро ба миён оварда буд, бекор карда, дар асоси музди мењнати воќеї њисоб намудани маблаѓи андозњои мазкур ба роњ монда шуд, то соли 2017 давра ба давра 2 фоиз кам намудани меъёри андози фоида, дар соли 2015 50% кам намудани меъёри андоз аз истифодабарандагони роњњои автомобилгард ва аз соли 2017 аз номгўи андозњо хориљ намудани он муќаррар карда шуд. Вобаста ба ќисмати маъмурикунонии андоз бояд ќайд намуд, ки тартиби ба тариќи электронї пешнињод намудани эъломияњо такмил дода, шакли эъломияњои њамаи намудњои андозњо барои бо ин тартиб пешнињод наму-

дани онњо мутобиќ гардонида шуд, ки дар натиља андозсупорандагон метавонанд бе ташриф овардан ба маќомоти андоз эъломияњои худро пешнињод намоянд, ки ин на танњо ваќти андозсупорандагонро сарфа менамояд, балки алоќаи бевосита бо корманди маќомоти андозро истисно намуда, ба њамин васила пайдоиши омилњои коррупсиониро мањдуд месозад, шумораи умумии моддањо аз 359 адад то 329 адад ва шумораи истинодњо (яъне њолатњои аз як модда ба моддаи дигар њавола намудан) аз 384 адад то 176 адад, шумораи эъломияњои андоз то 41 фоиз, шумораи њисоботњои андозї то 86 фоиз ва шумораи умумии пардохтњои андозї то 43 фоиз кам карда шуд. Њамзамон, сифати хизматрасонї ба андозсупорандагон пайваста бењтар шуда, номгўи хизматрасонї дар сатњи замонавї васеътар гардида истодааст ва ѓайрањо. Бо маќсади дастгирии истењсолоти дохилї барои чунин субъектњо меъёрњои андоз тибќи низоми соддакардашуда (5% ба љойи 6%) ва андоз аз фоида (15% ба љойи 25%) пасттар муќаррар карда шудааст. Далели возењи вазнин нагардидани шароити соњибкорї пас аз мавриди амал ќарор дода шудани Кодекси андоз дар тањрири нав дар он аст, ки мутобиќи маълумотњо аз Фењристи ягонаи давлатии шахсони њуќуќї ва соњибкорони инфиродї дар љумњурї ба њолати 1 январи соли 2014 дар маљмўъ 206 512 субъектњои хољагидор фаъолият намуда истодаанд, аз љумла 31 353 адад шахсони њуќуќї, 74 201 нафар соњибкорони инфиродии тибќи Патент фаъолияткунанда, 31 657 нафар соњибкорони инфиродии бо Шањодатнома фаъолияткунанда, 68 957 адад хољагии дењќонї бе таъсиси шахси њуќуќї ва 344 адад филиал ё намояндагињои шахсони њуќуќии хориљї. Муњимтар аз њама дар соли 2013, яъне дар соли нахустини мавриди амал ќарор доштани Кодекси андози Љумњурии Тољикистон дар тањрири нав, мувофиќи маълумотњо аз Фењристи ягонаи давлатї, шумораи умумии субъектњои хољагидоре, ки амали баќайдгирии давлатиро гузашта, дар айни замон фаъолият доранд, 16563 адад зиёд шудааст. Вобаста ба муњокимаронињо оид ба муфлис гардидани 113 корхона бояд

“НИГОЊ”, ЧОРШАНБЕ №4 (386), 16. 04. 2014

таъкид намуд, ки тибќи тартиби муќаррарнамудаи ќонунгузорї ягон корхона њуќуќи мустаќилона муфлис эълон кардани худро надорад ва ин амал танњо ба воситаи суд иљро карда мешавад. Дар ин сурат метавонад њолатњои таљдиди корхонањо, ба њамдигар якљоя шудан ё бо сабабњои гуногун ќатъ гардидани фаъолият љой дошта бошанд, ки аз муфлисшавї фарќ доранд. Дар њар сурат набояд фаромўш сохт, ки њолатњои нав ба ќайд гирифтани корхона, таљдиди он, ќатъ намудани фаъолият ва муфлисшавї дар иќтисодиёти њама кишварњои равандњои табиї буда, ба онњо бояд дар њамбастагї бањо дода шавад. Дар бораи дигар ќисматњои маќолањо низ гуфтанињои бисёре њастанд, ки ваќти зиёдеро мехоњанд, аммо мехоњем оиди як эроди дигар дар бораи гўё сари ваќт набурдани корњои фањмондадињї изњори аќида намоем. Њанўз дар семоњаи чоруми соли 2012, яъне, њангоме ки Кодекси андози Љумњурии Тољикистон дар тањрири нав ќабул шуда, аммо њоло мавриди амал ќарор дода нашуда буд (аз 1 январи соли 2013 мавриди амал ќарор дода шуд), доир ба шарњи муќаррарот ва ќарори Њукумати Љумњурии Тољикистон аз 31.08.2012, №451 (дар бораи тартиби андозбандии соњибкорони инфиродї) зиёда аз 250 семинар - машварат, бештар аз 40 барномаи телевизионї ва 11 барномаи радио доир карда шуд. Доир ба шарњи муќаррароти Кодекси андози Љумњурии Тољикистон дар тањрири нав дар давраи аввал семинармашваратњо ноњия ба ноњия ва бо назардошти саволњои њангоми гузаронидани семинар-машваратњо ба миёномада, мурољиати андозсупорандагони алоњида, маќомоти давлатї ва ассотсиатсияњову иттињодияњо давраи дуюми семинар-машваратњо соња ба соња гузаронида шуд. Илова бар ин, бо назардошти шумораи зиёдро ташкил намудани соњибкорони инфиродї (зиёда аз 70 фоизи андозсупорандагон) ва таъмини пардохти андози замин, андоз аз молу мулки ѓайриманќул ва андоз аз воситањои наќлиёт аз тарафи ањолї, аз љониби маќомоти њудудии андоз бевосита дар бозорњо, марказњои калони савдо, љамоатњои шањраку дењот зиёда аз 180 вохўрињо,

9

семинар - машваратњо ва дигар корњои тавзењотию фањмондадињї доир карда, рафти корњои анљомдодашуда тавассути шабакањои мањаллї манзури бинандагону шунавандагон гардонида шуд. Саволњои дар рафти семинар-машваратњо бамиёномада вобаста ба такроршавї ва муњимияти онњо гурўњбандї гардида, ба онњо љавобњои мушаххас тањия карда шуда, дар Њафтавори соњавии "Бољу хирољ" ва дар сомонаи расмии Кумитаи андоз љойгир карда шуд, ки барои тамоми шањрвандон ва андозсупорандагон дастрас мебошад. Бо маќсади ба андозсупорандагон дастрас намудани ќонунгузории андоз Кодекси андози Љумњурии Тољикистон дар тањрири нав дар њаљми 50 њазор адад чоп карда, ба вазорату идорањои дахлдор, маќомоти иљроияи мањаллии њокимияти давлатї, инчунин ташкилоту муассисањо ва андозсупорандагон ройгон таќсим карда шуд. Љињати дар амал дуруст татбиќ намудани ќарори Њукумати Љумњурии Тољикистон аз 31.08.2012 тањти №451, муќаррароти ќарори мазкур тафсир карда, дар шакли китобчаи алоњида дар њаљми 40 њазор адад, "Дастури мухтасар доир ба андозбандии соњибкорони инфиродие, ки бо шањодатнома фаъолият менамоянд" дар њаљми 20 њазор адад ва "Дастури мухтасар доир ба фаъолият бо патент" дар њаљми 50 њазор адад ба чоп расонида, ба тариќи ройгон дастраси идорањои дахлдор, маќомоти иљроияи мањаллии њокимияти давлатии вилоятњо, шањру ноњияњо, шањрвандон ва соњибкорон гардонида шуд... Ва дар соли 2013 љињати дар амал дуруст ва пурра татбиќ намудани муќаррароти ќонунгузории нави андоз дар шањру ноњияњои љумњурї аз љониби маќомоти андоз бештар аз 1900 семинар - машварат ва вохўрињо бо соњибкорон ва шањрвандон гузаронида шуд ва њоказо. Вокунишро бо њамин љамъбаст намуда, дар охир чунин ќайд менамоем, ки агар шањрвандон, андозсупорандагон ва аз љумла, муаллифони маќолањои номбурда, хоњиш пайдо карда, ба сомонаи Кумитаи андоз мурољиат намоянд, пас ба аксари кулли саволњою эродњои худ љавоб меёбанд. Юсупов П. С, муовини раиси Кумитаи андози назди Њукумати Љумњурии Тољикистон

МАВЌЕИ КУМИТАИ ДИН БО МАРКАЗИ ШИКОЯТ БЕ ЌАНОАТ МОНД ИСЛОМЇ МУВОФИЌ АСТ Кумита оид ба корњои дин, танзими анъана ва љашну маросимњои миллии назди Њукумати Љумњурии Тољикистон маќолаи њафтаномаи "Нигоњ" - "Мурда, аз манї?!" - ро мавриди баррасї ќарор дода, иттилоъ медињад, ки дар ин робита

Маркази исломии Љумњурии Тољикистон бо такя ба сарчашмањои муътамади мазњаби њанафї ќарори дахлдор ќабул намуд, ки матни он дар сомонаи расмии Кумита - www.din.tj љой дода шудааст. Дар ин маврид мавќеи Кумита бо мавќеи Мар-

кази исломї комилан мувофиќ мебошад. Љумъахон ЃИЁСОВ, муовини якуми раиси Кумита оид ба корњои дин, танзими анъана ва љашну маросимњои миллии назди Њукумати Љумњурии Тољикистон

ВЕНОРМмалњам бар зидди варикоз. ВЕНОРМ воситаи самаранокест барои истифода њангоми бемории варикоз, тромбофлебит. Эњсоси вазниниро рафъ месозад, хастагии пойњоро аз байн мебарад ва намуди зоњирии пўстро бењ мегардонад; Ба њомиладорон ва ба онњое, ки касбашон бо сарбории калон ба пойњо ва камњаракатї вобаста аст тавсия дода мешавад. Истифодабарї: Дар 1рўз 2 бор ба чойњои бемор молидан лозим, давоми 30 рўз Тавсияњои умумї; Кам кардани вазн. Даст кашидан аз ќабули ваннањои љўш. Пўшидани пойафзоли пошнањояшон пасттар аз 3-4 см. Бастани бинтњои эластикї (танњо нишаста пойро бинтпеч кунед.) Тел: Душанбе 95-178-85-08; в. Суѓд ва ноњияњои он 927-4933-47 Мањсулот дорои сертификат аст. Истењсолкунанда Руссия Аз дорухонањо дастрас намоед.

Љињати иљроиши фармони Президенти Љумњурии Тољикистон аз 7-уми феврали соли 2009 тањти №622 "Дар бораи вокуниши шахсони мансабдор ба маводњои танќидї ва тањлилии воситањои ахбори омма" маќолаи "Ба доди ман кї мерасад, ки дар нашрияи "Нигоњ" №41 (372) аз 8уми январи соли 2014 нашр шудааст, мавриди баррасї ќарор гирифт. Зимни санљиш муайян гардид, ки бо њукми суди ноњияи Ашт аз 20-уми январи соли 2014,

Парпиќулов Исомат Њамроњќулович бо моддаи 237 ќисми 3 банди "а"-и Кодекси љиноятии Љумњурии Тољикистон гунањгор дониста, ба ў дар раводиди њамин модда љазо дар намуди мањрум сохтан аз озодї ба муњлати 5 (панљ) сол бо адои љазо дар колонияи ислоњии дорои низомаш пурзўр таъин шуда, бо дастрасии моддаи 71-и Кодекси љиноятии Љумњурии Тољикистон љазои таъиншуда ба муњлати 5 (панљ) сол мањрум сохтан аз озодї нисбати Парпиќулов И.Њ шартан татбиќ карда нашуда, нисбати номбурда 3 (се) сол муњлати санљиш муќаррар карда шудааст. Парванда аз рўи шикоятњои кассатсионии љабрдида Мадумаров З.Р, мањкумшуда Мадумаров Н.Р. њимоятгари ў Тўраев А.А. ва мањкумшуда Парпиќулов И.Њ дар суди марњилаи кассатсионї мавриди баррасї ќарор гирифта, бо таъиноти коллегияи судї оид ба парвандањои љиноятии суди вилояти Суѓд аз 3-юми марти соли 2014 њукми мазкур бетаѓйир, шикоятњои кассатсионї бе ќаноат мононда шудааст. Бо эњтиром, Юсупов А. И, раиси Суди вилояти Суѓд


10

“НИГОЊ”, ЧОРШАНБЕ №4 (386), 16. 04. 2014

ПОСДОРЇ

ФРАЙ ДАР КУЉО БОЯД ХОК ШАВАД? Њуљљатулислом Мўсавии Буљнурдї, раиси Бунёди Доиратулмаорифи Исломї, ки гуфта мешавад, васии профессор Фрай низ мебошад, ахиран дар номае ба Њасани Руњонї аз ў хост дар иљрои васияти эроншиноси шинохта таъхир накунад. Фарњангиёни љосус

Бо гузашти бештар аз 20 рўз аз фавти эроншиноси маъруф Ричард Фрай њанўз њам мањалли ба хоксупории вай номаълум боќї мондааст. Ошиќи Зояндаруд, ки замоне аллома Алиакбари Дењхудо барояш лаќаби "Эрондўст" дода буд, мехост ўро дар њамин мавзеъи Исфањон дафн кунанд. Њатто 3-4 сол пештар президенти ваќти Љумњурии Исломии Эрон Мањмуди Ањмадинажод бо назардошти хидматњои шоёнаш дар эроншиносї ва тањќиќотњои арзишмандаш дар шинохти фарњанги Эрон ва алоќамандиаш ба хоки Эрону мардуми эронинажод хонаеро дар Исфањон аз номи давлати ин кишвар туњфа карда буд. Баъди он ки хабари бањсњои парламонї дар Эрон сари васияти марњум расонаї шуд ва иддае аз вакилон ўро ба љосусї ба нафъи Амрико муттањам карданд, бањсњои гарме дар сањифаи иљтимоии Фейсбук ба чархиш даромад. Адабиётшиноси маъруф, доктор Сафар Абдуллоњ пешнињод кард: "Оё намешавад, ки мо њама ба масъулини Тољикистон мурољиат бикунем, то тани ин марди шариф ва донишманди беназирро, ки тамоми умри худро сарфи мутолиа ва тањќиќ ва пижуњиши таърихи мо карда ва ошиќи содиќи фарњангу тамаддуни миллати мо будааст, ба Тољикистон биёваранд ва дар љое муносиб, масалан дар канори устод Айнї ва Бобољон Ѓафуруф ба хок супоранд? Бовар дорам, бо ин амали хеш обрў ва эътибори кишварро боло мебардоранд. Душанбе, агарчї Исфањон нест, боз њам гўшае аз он фазои фарњангї ва тамаддуние аст, ки устод Ричард Фрай дўст медошт ва борњо ба ин шањр сафар карда буд". Ва аксари касоне, ки ба ин бањс шарик шуданд, аз пешнињоди Сафар Абдуллоњ пуштибонї карданд, гарчанде эњсос мешавад, мушкили иљрои ин амри савобро низ њамагон дарк мекунанд. Њамин Сафар Абдуллоњ дар њошияи бањсњо боз навишт: "Фољиъаи миллии мо таъасуб аст, варна миллионњо эронї аз Худо мехоњанд, ки хоки шарифи ин марди бузург зиёратгоњи соњибдилон бо-

шад... Кош Душанбе ба чунин зиёратгоњи ошиќони фарњангу тамаддуни миллї табдил шавад"!

Њамчуноне ишора рафт, таърихи хадамоти истихборотии олам њодисањои зиёдеро медонад, ки маъруфтарин шахсиятњои фарњангї, адибон, сарояндагон, њунармандони кинову театр ба нафъи ин ё он кишвар љосусї кардаанд. Википедия исми дањ нафар адибони шинохтаи инглис; Афра Бен, Грэм Грин, Даниэл Дефо (муаллифи "Робинзон Крузо"-и машњур), Љон Ле Карре (муаллифи 17 роман), Томас Эдвард Лоуренс, Комптон Маккензи, Кристофер Марло, Сомерсет Моэм, Стелла Римингтон (директори пешини М6) ва Ян Флемингро ёд мекунад, ки ба нафъи кишварашон ва ё бар зидди он дар ин ё он манотиќ љосус буданд. Аз миёни русњои фарњангї исми Александр Грибоедов, Денис Давидов, Владимир Арсенев, Георгий Брянсев, Мария Будберг, Зоя Воскресенская, Овидий Горчаков, Владимир Карпов, Михаил Люби-

раи васияти Ричард Фрайи амрикої ин чанд масъаларо низ ёдрас карданд. Яъне, агар Фрайро мо дар Душанбе хонаи охират мебахшем, пас бояд талош кунем Лоњутї низ оварда шавад, чун ин низ иљрои васияти майит мешавад. Ин дар њолест, ки хидмати Лоњутї дар рушди адабиёт ва санъати тољик хеле болотар аз хадамоти арзишманди Ричард Фрай мебошад.

Оё Тољикистон метавонад Фрайро бипазирад? Метавонад, вале мантиќ далолат мекунад, ки ба чанд ваљњ сарони њукумат аз ин кор худдорї мекунанд. Аввалан, дар миён обрўи Эрон, шарики стратегии Тољикистон аст. Агар Тењрон ин корро намекунад, пас Душанбе баъид аст ба хотири эњтироме, ки ба роњбарони Эрон дорад, ин корро анљом дињад. Дуюм, агар Ричард

Чї гуна барои адвокат ќонун хамиртуруш мешавад?

Аз Фрайи љосус то Фрайи олим

Аслан чандон ба назар намерасад, ки Эрон дар дафни Фрай дар ќаламраваш, ки васияти худи марњум аст, мушкил дошта бошад. Мушкил дар таассуби иддае аз вакилони мардумист, ки олими барумандро ба љосусї муттањам мекунанд. Њарчанд на эшон ва на касони дигар мадраке дар даст надоранд, ки омаду рафти Ричард Фрай ба Эрон њадафе љуз пажуњиши илмї дошта бошад. Агар ин гуна гумоневу назаре мебуд, аз вуруди ў дар ќаламрави Эрон љилавгирї мекарданд. Ин дар њолест, ки чї замони шоњ ва чї баъди вай хадамоти истихборотии Эрон муќтадиртарин хадамот дар минтаќа мањсуб мешавад. Бахусус, њассосияти эронињо ба вуруди фарди амрикої ба хоки ин кишвар њар гумонро ботил месозад, ки Фрай љиддан омўхтаву тањќиќ нашуда бошад. Њамсари марњум Эден Набї иддои баъзе доирањои иттилоотии Эронро такзиб кардааст ва гуфтааст, ки шавњараш њич гоњ гумоштаи CIA-хадамоти љосусии Амрико набуд ва ба он хидмат намекард. Вале хонум Эден таъкид њам намудааст, ки Ричард замони љанги дуввуми љањон алайњи Олмони фашистї љосусї кардааст ва инро худаш низ пинњон намедошт. Худи Ричард Фрай агар љосусиаш бар зидди Олмонро дар солњои љанги дуюми љањон расман иќрор кардааст, вале баъдан дар Њинд њам ба нафъи СРУ маълумот љамъ карданашро иброз доштааст. "Нигоњ" аз суњбати марњум бо коргардони маъруфи тољик Сафарбеки Солењ иќтибос оварда буд. "Мегуфт як замоне дар Хинд дар як ваќт бо Бобољон Ѓафуров кор мекарданд. Пурсидам, ки аслан ба чї кор машѓул будед, посух дод: ''Ман барои СРУ, Ѓафуров барои КГБ иттилоъ љамъ мекардем''. Вале дар њар маврид далеле дар бораи љосусии ў ба нафъи Амрико дар Эрон ё њар кишвари форсзабон вуљуд надорад.

ОРОМГОЊИ ШОИРИ МУМТОЗИ ФОРС АБУЛЌОСИМ ЛОЊУТЇ

БОНУ ЭДЕН НАБЇ, ЊАМСАРИ РИЧАРД ФРАЙ

мов, Юрий Колесников, Алексей Коробисин, Анатолий Яновский ва боз чанде дигаронро ном мебаранд, ки дар замони худ на як солу ду сол, балки баъзе тамоми умр хидмат ба нињодњои амниятї кардаанд.

Васияти Лоњутиву Айниву Нуриву Фрай Баъдї Ричард Фрай дар матбуоти тољик аз васияти шоири шањири эронитабори тољик Абулќосим Лоњутї ёд карданд, ки њоло ѓарибгўр дар Маскав аст. Мансури Суруш дар навиштае аз васияти марњум ёд кард, ки гуфтааст, агар дар Эрон сиёсат таѓйир ёбад, љасади ўро ба Кирмоншоњ баранд ва канори волидонаш ба хок биспоранд. Вале агар низом њамоне монд, ки њоло њаст, пас ўро ба Тољикистон баранд, ки ватани дуввуми аљдодии ўст. Аммо баъди даргузашти адиби оламшумул касеро ёд аз васияти ў наёмад ва њоло дар ќабристоне дар Маскав мадфун аст. Мегўянд устод Айнї низ васият карда буд, ки дар Самарќанд гураш кунанд. Вале имрўз ў дар гўшаи боѓе ба номи худаш, дар канори Душанбе оромиш ёфтааст. Марњум Сайид Абдуллоњи Нурї васият карда буд, ки љисмашро канори устодаш Мавлавии Њиндустонї ба хок биспоранд, вале њукумат иљоза надод ва њоло ў дар гўшае аз ќабристони Сари Осиё ба хок супурда шудааст. Ва ин гуна мисолњо зиёданд. Аввали њафтаи љорї корбарони Фейсбук зимни изњори назар дар бо-

Фрай дар Тољикистон ба хок супурда шавад, хоставу нохоста масъалаи овардани Лоњутї ба миён меояд. Ва нињоят, тавре сиёсатшинос Шокирљон Њакимов мегўяд, "Масъалаи мазкур на танњо љињати сиёсию фарњангї, балки љанбањои њуќуќї низ дорад. Агар дар васият макони мушаххас ишора шуда бошад, пас имконияти ба давлати сеюм овардани љасад ва ба хок супоридани он камтар мешавад. Барои амалї намудани чунин нияти нек вазорати корњои хориљї ва вазорати фарњанг албатта бо љалби рањбарияти сиёсии кишвар бояд хеле зањмат кашанд. Дар акси њол ин њадаф татбиќнашаванда аст"

Ва нињоят: Ваќте ин маќола омода мешуд, аз Эрон боз ин хабар расид: Њуљљатулислом Мўсавии Буљнурдї, раиси Бунёди Доиратулмаорифи Исломї, ки гуфта мешавад, васии профессор Фрай низ мебошад, ахиран дар номае ба Њасани Руњонї аз ў хост дар иљрои васияти эроншиноси шинохта таъхир накунад. Доктор Муњаќќиќи Домод низ аз давлат хостааст, ки "шањомат ба харљ дињад ва таслими фазосозињо нашавад". Њамсари Ричард Фрай, хону Эден Набї шояд аз муќовимати волии Исфањон дар мавриди њассосияти гуручўби шавњараш дар Зояндаруд нигарон буд, ки ахиран иброз дошт, ки марњум Шерозро њам на камтар аз Исфањон дўст медошт ва ин ду минтаќа аз хоки Эрон оромгоњи ў буда метавонанд. Бобољони ШАФЕЪ


ДАРДИ МАНСАБ Чи гуна афроди тасодуф ва нафарони берун аз ноњия макони зист дошта, аз заминњои ноњияи Абдурањмони Љомї барои сохтмони манзил (ё бизнес) соњиби замин гаштаанд, њарфе намегуем, аммо ба ин мавзўъ бармегардем. Ноодилона ва то андозае аз рўи "омили љуѓрофиё" пеш бурдани сиёсати кадрии сатњи болоии Њукумати имрўзаро њама медонад ва њољат ба такрори он нест. Дар ин матлаб мехоњем дар бораи љобаљогузории кадрњо ва ба мансабњои роњбарии сатњи мањалї таъиннамоии онњо дар мисоли ноњияи Абдурањмони Љомї њарф занем. Маълум аст, ки раисони навоњї муовинонашонро дар мувофиќа бо маќомоти болої, аз љумла, Президент (дурустараш Ёрдамчии он кас ва ёрдамчињои Ёрдамчї аз Дастгоњи иљроияи он) таъин менамоянд ва маљлиси вакилони халќи навоњї ин таъинотро тасдиќ ва ё рад мекунад. Аммо суоли матрањ ин аст, ки як муовини раиси ноњия ва ё мансабдори дигаре то чанд муддат метавонад дар вазифаи хеш боќи бимонад? Зеро чунин ба назар мерасад, ки дар сиёсати кадрии сатњи мањал ин принсип, яъне, аз уњдаи вазифањои ба зимма дошта, баромадан ва ё набаромадани мансабдорони мањаллї њељ наќшеро иљро намекунад. Ба ибораи дигар мансабдорони сатњи мањал ба истиснои раисони ноњияњо новобаста аз мувафаќияти корашон бо њар роњу воситае дар мансабњои хеш боќї мемонанд, агарчи дар роњбарї ноуњдабаро ва нолоиќ њам бошанд. Масалан муовини раиси ноњияи Љомї Холмуродов Неъматулло зиёда аз 10 сол боз дар њамин вазифа буда, соњаи кишоварзї ва ба истифодабарии заминро роњбарї мекунад. Бо бовари баъзењо гуё Холмуродов мутахассиси хуби соњаи аграрї мебошад. Хуб, шояд чунин бошад, аммо дар ин ноњия агар нафаре пайдо шавад, ки бидуни маълумотњои дуруѓини оморї бо далел бигўяд, ки дар муддати 10 соли муовинияш Холмуродов 1(як) га замини шўршуда ва ё корношоямро ба истифода дода, мардум фалон ќадар мањсулот аз ин замин руёниданд, мо аз он кас расман узр мепурсем. Аз фаъолиятњои 10 - солаи муовин њамин ќадар дар зењнњои мардуми ноњия боќї мондааст, ки ба њайси раиси комиссияи таќсимоти заминњои наздињавлигї ин маъракаи муњимро ѓайриодилона, бе њисобу китоби дуруст ва ѓайрињирфаї ќисман анљом дода, норозигии шадиди ашхоси ба як порча замин муњтољро ба бор овард. Шояд аз њамин сабаб бошад, ки раиси ноњия Сулаймонзода А. лозим шумоЯк гурўњ аз донишљўёни Донишгоњи давлатии њуќуќ, бизнес ва сиёсати Тољикистон мегўянд, масъулини донишгоњ аз онњо талаб доранд, ки илова ба маблаѓи шартнома боз андоз аз арзиши иловашуда {НДС}-ро низ пардохт намоянд. Масъулини Донишгоњи давлатии њуќуќ, бизнес ва сиёсати Тољикистон ба донишљўён гуфтаанд, барои семоњаи ахири тањсили 2013-2014 бояд њар яки онњо 200 сомонї пардохт кунанд ва илова ба ин аз соли тањсили оянда маблаѓи шартномаи онњо аз 3,500 сомонї ба 4,100 ва њатто аз он зиёд хоњад шуд. Онњо дар сўњбат ба "Нигоњ"ибрози нигаронї карданд, ки бе ин њам маблаѓи шартнома барои онњо гарон аст ва онњо њайронанд, ки чаро маблаѓи андоз аз арзиши иловашуда низ ба болои онњо бор шуд. Диловар, як донишљўи курси севвуми ин донишгоњ, зимни баёни мушкилоти худ ба "Нигоњ" гуфт, падарам дар муњољират кор мекунад ва илова ба худам боз бародарам низ донишљў њаст, акнун намедонам 400 сомониро аз куљо ёбам. Зеро дар сурати пардохт накардан маро хавфи хориљ шудан низ тањдид мекунад. Чаро андоз аз арзиши иловашуда на аз њисоби донишгоњ, балки аз њисоби донишпўён пардохт мешавад дар њоле, ки донишгоњ истеъмол кунанда аст на онњо? Дар навбати худ донишљўён мегўянд аз арз кардан ба маќомоти болої метарсанд, зеро мумкин аст, масъулини Донишгоњ болои онњо фишор оранд. Масъулини Донишгоњи давлатии

15- СОЛ ИНЉОНИБ ДАР САРИ МИНБАРЕМ!

Њикмати "дарозумрї"-и роњбарон дар чист? Чаро раиси ноњия дар чор - панљ сол иваз мешаваду муовини раис не? рид, ки муовини дигари худ Ѓафуров Ф.ро ба љои Холмуродов раиси комиссияи таќсимоти замин дар ноњия таъин кунад. Вале чї мегуед, ки ин љойивазкунї њосили љамъро таѓир надод. Яъне, бо ин таъинот низ мушкили мардум њал нагашт ва ба ќавли баъзе аз онњо "аз таги борон гурехта, ба таги барф мондем". Аз њолатњои чи гуна афроди тасодуф ва нафарони берун аз ноњия макони зист дошта, аз заминњои ноњияи Абдурањмони Љомї барои сохтмони манзил (ё бизнес) соњиби замин гаштаанд, њарфе намегуем. Чун ин мавзўи дигар аст ва мо њатман ба он бармегардем. Биёем сари маќсад. Бо ин њама оё роњбарияти ноњия ва вилоят лозим намешуморанд, ки фаъолиятњои 10 солаи мансабдорони сатњи мањаллї ба гунаи мисол Холмуродов Н.-ро тањлил карда, аќќалан мансабашро иваз намоянд, то њамин кадр худро дар дигар маќом нишон дињад. Шояд манфиати фаъолияти кориаш дар дигар мансаб ба љомеа бештар расад. Ба ѓайр аз ин бовар нокарданист, ки дар ноњияи Абдурањмони Љомї дигар нафаре пайдо нашавад, ки бахши аграрии ноњияро бењтар аз Холмуродов нафањмад ва ё роњбарї карда натавонад. Бояд ќайд кард, ки баъзе аз раисони љамоатњои шањраку дењоти ноњия низ бештар аз як дањсола дар њудуди љамоатњои худ роњбар буда, њељ ба назар на-

мерасад, ки аз ин маќомњояшон њадди аќќал барои "дамгирї" ба муддати соле даст кашанд. Боз њам барои мисол раиси љамоати шањраки Абдурањмони Љомии ноњия Сайфиддинов ќариб 20 сол боз дар њамин вазифа кор мекунад. Њамин тариќ раиси љамоати дењоти Иттифоќ Ќосимов Б. зиёда аз 10 сол, раиси љамоати дењоти Калинин Муњаммадиев Н. анќариб 10 сол ва раиси љамоати 50-солагии Тољикистон Ѓуломов М. бештар аз 11 сол боз дар маќоми раиси љамоатњо фаъолият мекунанд. Њолдонњо мегуянд, ки њатто дар чанд маљлисе прокурори навтаъини ноњия Ќосимов Х. низ аз муддати дуру дароз раиси љамоат будани нафарони дар боло номбаршуда, изњори нигаронї карда, тавсияњои муфиде њам барои мулоњиза ба эшон ироа кардааст. Бо масъулияти пурра мегўем, ки мо бо ин нафарон њељ ѓаразе надорем, вале аз рўи кадом хусусият ва ё меъёр ин љанобон бештар аз як дањсола дар як вазифа фаъолият мекунанд? Аз роњбарони вилояти Хатлон мепурсам, ки оё дар њудуди ин љамоатњо дигар нафари кордидаю донишманд ва ташкилотчие нест, ки љойгузини ин раисони дерина гарданд? Ва суоли аз њама асосї ин аст, ки њамин раисони љамоатњо дар муддати раисиашон бо ташабусси худ чї амали

“НИГОЊ”, ЧОРШАНБЕ №4 (386), 16. 04. 2014

11

созандаеро ба анљом расонидаанд, ки дуруѓи "ивазнашаванда" будани онњоро рост мекард. Аз нигоњи мо сањми раисони љамоатњо ва дигар масъулон дар ободу зебо кардани диёр, сохтмону азнавсозии маѓозаю иншоотњо ва нуќтањои савдо танњо дар он аст, ки ба соњибкорон онњо, ба ќавли худашон, порчаи замин "људо" мекунанд. Воќеан, ибораи "људо кардан"-и ќитъаи замин барои сохтмони чизе ба мардум хело зебо ва шодкунанда мебуд, агар, њамин "људо кардан" дар ивази маблаѓ ё чизи дигаре намебуд. Ќайд кардан ба маврид аст, ки албатта, дар њар як љамоати дењоти ноњия нафарони босавод, кордон ва назару дидгоњи замонавї дошта њастанд, ки аз уњдаи раиси љамоат ё дигар вазифаи масъулиятнок будан мебароянд. Бубинед, њамасола аз ноњияи Абдурањмони Љомї дањњо нафар, шояд зиёдтар аз 150-200 нафар љавонон ба мактабњои олии кишвар дохил шуда, соњиби ихтиссосњои гуногун мегарданд. Дар як дањсола шумораи мутахассисони љавоне, ки макотиби олиро хатм мекунанд, аз ноњияи Абдурањмони Љомї ба њисоби миёна 1500-2000 нафарро ташкил медињад. Пас оё аз ин љамъияти, ба ќавле, дипломдорон 5-10 нафаре ёфт намешавад, ки фарзи мисол як љамоати дењот ё шуъбаю идораи дигареро роњбарї намоянд? Оё роњбари дастгоњи раиси ноњия ва сардори идораи маорифи ноњия чунин омор ва ё тањлилеро ба даст доранд, ки муаянкунандаи шумораи љавонони ихтиссосманди дањсолаи охир донишгоњу донишкадањоро хатмкарда бошад? То кори раиси ноњияро дар таъину љо ба љо гузории кадрњои дониши замонавї дошта осон намоянд. Мутмаинан метавон гуфт, ки дарёфти чунин омор ва ё фењрести мутахассисони саводнок аз ноњияи Абдурањмони Љомї фаразан барои дастгоњи раиси ноњия, идораи маориф ё масъули дигаре њељ мушкиле надорад, бадбахтона мушкилї дар ќартаи "санги сиёњї" ва ё "ошнои дерина" набудани нафарони дар ин фењрист сабтшуда мебошад. Ба андешаи мо барои паст намудани њолатњои коррупсионї ва ба хотири рушди иќтисоду иљтимоиёт кайњост ваќти он фаро расидааст, ки роњбарияти вилоят ва ноњия барои иваз намудан ё ротатсияи кадрњо таљдиди назар кунанд. Њамчунин њамагон медонем, ки аксари раисони ноњия ва вилоятњо дар муддати 4-5 сол иваз мешаванд ва ин албатта њикмати худро дорад. Хело хуб мешуд, агар, њамин њикмат ба мансабдорони дигари сатњи мањаллї низ дахл медошт. Њомидљони ФОЗИЛ

КОДЕКСИ МУШКИЛЗО Ё чи тавр Кодекси нави андоз ба зиндагии донишљўён низ таъсири манфї расонд? њуќуќ, бизнес ва сиёсати Тољикистон расман аз шарњи масъала худдорї карданд, аммо як корманди он бидуни бурдани номаш гуфт, донишгоњи онњо пурра аз њисоби шартномаи пардохтмекардаи донишљўён фаъолият мекунад ва онњо дигар роњи даромаде надоранд, ки андоз аз арзиши иловашударо пардохт кунанд. Дар њамин њол, Сайвалї Ќодиров, њуќуќшиноси Вазорати маорифи Тољикистон дар сўњбат ба мо гуфт, тибќи Кодекси нави андоз дар муассисањои таълимї андоз аз арзиши иловашуда татбиќ шудааст. Ў мегўяд, агар донишгоњ маблаѓи андоз аз арзиши иловашударо аз њисоби донишљўён напардозад, мумкин аст, ин ба маоши муаллимон таъсири бад расонад. - Моддаи 4-уми Ќонунгузории Тољикистон дар бораи маориф мегўяд, ки муассисањои таълимї аз љињати молиявї мустаќил мебошанд. Байни муассисањои таълимї ва донишљў шартнома ба имзо расида, бо розигии тарафњо дар

он таѓйирот ворид карда мешавад. Дар шартномаи тарафњо гуфта мешавад, ки бо таѓйири ќонунгузорї метавонад маблаѓи шартнома таѓйир хўрад. Агар донишљў нисбати ин масъала ягон норозигї дошта бошад, метавонад талаб намояд, ки дар кадом асос ў маблаѓ месупорад. Масъулини донишгоњ бояд талаби маблаѓро асоснок кунанд. Худи донишљўён низ рад намекунанд, ки дар шартномаи онњо дар бораи таѓйир ёфтани маблаѓ банди махсус љой дорад. Аммо онњо мегўянд, њадди аќал 50-100 сомон талаб кунанд, на 200 сомонї барои 3 моњи ахири тањсил ва 600-700 сомонї зиёд кардани шартномаи онњо барои соли ояндаи тањсил. Талаби маблаѓи зиёдатї аз донишљўён барои пардохти андоз аз арзиши иловашуда дар Тољикистон гапи нав нест. Соли гузашта масъулини Донишгоњи давлатии тиљорати Тољикистон аз донишљўёни бахши ѓоибона дар нимсолаи дуввуми тањсил талаб карда буданд, ки илова ба маблаѓи шартнома 100 долларии дигар супоранд, дар акси њол он-

њоро аз иштирок дар дарсњо мањрум хоњанд кард. Муминљон Шарифов, ректори Донишгоњи давлатии тиљорати Тољикистон, он ваќт гуфта буд, онњо барои андоз аз арзиши иловашударо пардохтан дигар роњи даромад надоранд. Ба гуфтаи ректори Донишгоњи давлатии тиљорат, онњо аз пеши худ аз донишљўён маблаѓи зиёд талаб накардаанд, балки ќабули Кодекси нави андоз ва татабиќ шудани андоз аз арзиши иловашуда бар болои муассисањои олии касбї, онњоро ба ин маљбур кард. Талаби маблаѓи зиёд аз донишљўён ва нофањмї миёни онњову Донишгоњњо бори дигар нишон медињад, ки Кодекси андоз ниёз ба дигаргунї дорад. Дар Кодекси андозе, ки то соли 2012 амал мекард, андоз аз арзиши иловашуда барои донишгоњњо вуљуд надошт. Бо татбиќи андоз аз арзиши иловашуда бар болои Донишгоњњо њоло маълум нест, ки боз кадом мушкилоте ба сари донишљўи тољик хоњад омад. Зеро њоло ин оѓози кор аст. Муллораљаб ЮСУФЇ


12

“НИГОЊ”, ЧОРШАНБЕ №4 (386), 16. 04. 2014

БО ШОИР Гулноз (Тоирова Гулноз) 13 феврали соли 1973 дар дењаи Хайрободи ноњияи Мастчоњ пой ба арсаи њастї гузоштааст. Хамткардаи Донишгоњи давлатии Хуљанд ба номи академик Бобољон Ѓафуров бо ихтисоси омўзгори фанни забон ва адабиёти тољик. Омўзгор мактаби миёнаи №23-и ноњияи Мастчоњ буд ва муддате корманди рўзномаи "Нилуфар". Њоло котиби масъули Шўрои Њаракати љамъиятии вањдати миллї ва эњёи Тољикистон дар вилояти Суѓд ва мушовири илмии маљаллаи "Паёми Суѓд". Китобњои Гулноз бо номи "Ашки ширин", "Аз нигоњ то шеър", "Парвози дунё" ва "Шаб дар паси ман буд" интишор шудаанд. Нишони фахрии љамъияти "Дониш", Љоизаи ба номи Имом Њумайнї (Эрон), Љоизаи давлатии Шањриёр (Эрон) ва Љоизаи давлатии адабии ба номи Камоли Хуљандро сазовор гардидааст. Аз соли 2005 Узви Иттифоќи нависандагон ва аз соли 2010 узви Садорати он мебошад.

Гулноз КАДОМ ОЯНДАИ БЕ МАН? Кадом Кадом Кадом Кадом

оянда бар ёдат расиду рафтї аз ин шањр? ояндаи бе худ? ояндаи бе ман? фардои беимрўз дар озодии мањдуд?

Агар дирўзтар аз зочаи бечашмаке будам, Тўи фардотарин як орзуи рўшани парвоз, Ки аз ман мешавад оѓоз. Кадамњои дили ман соњати мемунтањои дашти њиљронро муайян мекунад имшаб. Ту, бумиранги ман, ин бор бе андешаи бозомадан, бо ќасди љони офтоб рафтї, ки дастонам ба ёди дастњоят сахт мегирянд, дур аз ман. Дилам дар рў ба рўи бетуият узр мепурсад, барои он нафасњое, ки бигзаштанд бе ёдат, барои он ки умре њифз мекардам туро аз худ, туро аз ту. Аз он шоме, ки бо ту љовидонро кардаам таќсим, Худо њам аз тасодуф монда буд бо ман. Ва номам, чун садои охарини олам аз нуги забоне карда буд парвоз,бе овоз. Маро бењуда аз он роњ гардондї. Маро бењуда ,эй Дунё садо карди аз оѓўши љисми худ рањо кардї. Љавоби чашмњоямро магў, Чун сабр њам аз чорроњи интизорї рафт. Бароям то њамеша гиря кун, ки Тахту точи ишќдорї рафт.

ЧАРО ПАРРАНДАЊО БЕ МАН ПАРИДАНД? Имшаб мисоли оина ноёб гаштаї, Ашёи нодирї, ки адамтоб гаштаї. Як беша хома гашту њама абр шуд вараќ, То мењвари ѓазалкадаи тоб гаштаї. Рафтан гумони омадан аст, эй њамеша нур, Њатто ба њолате, ки ту мањтоб гаштаї. Исторабарканори ман аз худ шунидаї Оё, ки шабтарин сухани хоб гаштаї. Сарпўши бањр нест, фитодї ба рўи мављ, Андўњи як гуле ба сари об гаштаї. Дидам, барои дасти дуои дарахти ишќ, Чун соя хоб кардаву мењроб гаштаї. Бо ин њама накўйии дастону чашму дил, Маљмўаи таљассуми одоб гаштаї. Љони сањарсадои ту дар ман нишастааст, Яъне ту низ мењани Афтоб гаштаї. ***** Эй чашми ќањвагунаи оинаошно, Дар мо чї дидаї, ки нагардї зи мо људо. Њамњоли мо мабош, ки дарёиродаї, Моем дашти пуршуда аз абрпорањо. Аз ањди сангу оина фардо намондааст, На, балки њаст сангу набинам дигар сафо. Оре, дареѓи дил, ки зи ѓам пора мешавад, Оре, дареѓи оинањои худонамо. Эй шоњиди тасодуфи њар рўйдоди рўз, Эй офтоби гармнигоњи дари фазо. Бо ман бимон, ки субњ биёяд ба ваќти худ, Бо ман бимон, ки нашнавам аз шабтарин наво. Бо ман бимон, ки оинањо зиндагї кунанд Бо ман бимон, ки моњ наафтад ба зери по.

***** Тамоми шабравон имшаб расиданд, Нагуфтанд он чиро ки боз диданд... Ба толоре, ки фурсат хоб медид, Маро чашмони ту аз дур диданд. Садои дастњоямро ду дастат, Дар анбуњи нафасњо мешуниданд. Тамоми гулпаракњои хаёлат Ба боли худ насиме мевазиданд Миёни панљањо-т рањ буд то ман… Њамоно чашмњоям мечакиданд. Даруни мављи гарми издињоме , Бидуни чашми ту нуре начиданд. Ва дастони ту њаљми дури манро. Ба сањни бовари худ медамиданд. Ду боли орзу рўида он шаб, Шабе, ки ошиќон дил мекашиданд. Надонистам, ки дар субњи рањойї, Чаро паррандањо бе ман париданд? ***** Сафар гом мезад дар оѓўши роњ… Садое, ки мехўрд алвонљ моњ… Тасаввур кун, ин роњњо нестанд, Тамоми ќадамгоњњо нестанд. На роњи њавоист, не роњи об, Фаќат офтобест рўи сароб. На бўи рањи оњану даштњо, Ки орад насиме ба гулгаштњо… Ба љуз роњи дилдодагони абад, Ки бе миннати пой поён шавад. Дињад нома бар ќосид, аммо чи сирр Расад пеш аз он нома бар номагир? ***** Фаќат барои ту боз омадам зи танњої, Фаќат барои ту то моварои митрої. Бигў, чї ќадр ба он чашм осмон дорї, Ки гањ ситора дамад, гоњ моњи тиллої. Бањор чист?-Њамон офтоби содаи мо, Зи худ бурун шудану завќи даштпаймої. Ба жуз даруни дили ту кужо панањ љўям, Ба љустуљўи ман омад њазор зебої. Само чу маљмўаи нурњои рангин шуд, Ба дастгоњи љањон аст риштаорої. Шарора рехт зи парвезани мању имшаб, Ба пеши панљара рўидам зи рањпої. Ба дил шароб бигиру ба наздам о, эй дўст, Бигў, ки масти манї, бе шароб меої. Биё, зи пайрањаи ќиссањо гузар созем, Дар он њамосаи такрорњои танњої. ***** Чашми ман дар водии хуршед анќо мекашид, Сад дил андар риштаи ларзони дунё мекашид. Дар канори ёдњоят об гаштам оќибат, Рў ба рў наќќош буду расми дарё мекашид. Як ќадам берунтар аз мо водии сарвода буд, Як мани дигар дар он љо руњи фардо мекашид. Баски дар санљоби ёдат хоб будам то сањар, Ишќ тасвири диле дар хатти рўъё мекашид. Баста шуд хилватгањи унс аз ѓуруби офтоб, Осмон бори садоќатро ба фардо мекашид. Тоблуи аљз мепурсидам аз Монии ѓам, Моварои чашм ашкеро чї зебо мекашид. Гуфтам, эй наќќоши нобино, њамеша зинда бош, Лањзае, ки офтоби шоми сањро мекашид. Эй сар ба сар аз даъвии дил хеста ёдат, Сад лола фиристодаам аз гиря ба бодат. Як зиндагї аз ишќи ту гуфтам, нашунидї, Ту ѓарќаи нашнидану ман ѓарќаи одат. Чашм оинаи зиндаву гарми нигањи ту,

Дил коргањи њасрату мењру ѓаму шодат. Бе фосила дурам зи ту, эй рањгузари хун Чархе зану боз о ба дил айёми ибодат. Сад барги дил аз рањгузари бод парида, То кунљи ѓуруб омаду афтод шањодат. Шуд гиря илољи нафаси мултамаси мо, Дар зери муњит монд сари Ќофи иродат. Боре зи накўкории бархоста, эй ман, Шод о, дари њасратгањи оини рашодат. Аз дил талаби рухсати чашмони ту бархост, Ларзид мању ахтари шабњои саъодат.

ВА ОСМОН БА ХУД ОМАД Ва як њиљоб парид Аз тањољуми сояи нафаси бањр Ба хиёбони бефосилаи мањтоб. Он љо фарози ќарнњост: Дарахтест , Ки решањош Зи ќишрњои асрњо гузаштаву Расидаанд Ба нахустин донаи њаводиси олам. Ва тугмањои шармгини ќабое Рехтанд, Мўйќапакњо Зи мўйњои ќањвагуна Фитоданд. Фариштае Зи рўи бањр гузар кард, Парниёнии пироњанаш Пайкари зиндагониро пўшид. Шаб, эй шаби бидуни тоби арѓавонї, Замони вокуниши осмон Ситорањо чї наво доранд? Чї орзуи наљибе ба хеш мегўянд Мунтазирони рўзгор, Фитодагони лаљанзор? Навои арѓануни олам буд Ва њисси дур шудан аз шаќоватам омад Ба ёд вардам Даште пур аз ќафас Ќафасњо Пур аз паранда Парандањо Пур аз ѓам. Ногоњ аз эъљоз Ќафасњо кушуда шуданд, Сањнаи дунё пур шуд аз парранда. Ва осмону ман Дар ногоњ Ба худ омадем. Барои ќатраи обе Чињил сатил ба чињил ноќаи ситабр бибояд баст, њавои аровандро Огандаи садои наљот бояд кард: Садои сатил, Садои зангўла, Садои шутур, Ки абрњо зи осмон афтанд. Хумори кўњу шаби лолабониям омад Ва ёд овардам Парандаке саросар аз нумўи сабзи шаќоиќ. Навасоне сурх , Дар ќаламрави шукуфойист. Њар куљо њаст шаќоиќ Рўњи Сўњроб дар он мазраи гарм аст.


НОМАИ ИМДОД

“НИГОЊ”, ЧОРШАНБЕ №4 (386), 16. 04. 2014

13

Ба Роњбари Дастгоњи иљроияи Президенти Љумњурии Тољикистон Худоёров Б. Т. Ба раиси Суди Олии иќтисодии Љумњурии Тољикистон Мансуров Н. М.

7 САВОЛИ ЯК ИСФАРАГЇ Эњтиромона илтимос менамоям, ба саволњои зерин љавоб гардонед: 1. Њукумати шањри Исфара бо Ќарори худ соли 1999 ќитъаи заминро ба корхонаи хурд вобаста намуд ва корхона Сертификати њуќуќии истифодаи замин шуд. Аммо Суд бо истифодаи ќонунњои навбаромади Љумњурї соли 2009 ќарори раиси шањрро бекор кард. Оё ин дуруст аст? 2. Объекти маориф - лагери пионерї дар музояда фурўхта шуд, ќарори њукумат, ки масоњати лагери пионериро муайян мекард, вуљуд надошт. Ин њолат сабабгори муноќишаи давомдор мебошад. Оё сарњадро муайян накарда, объект фурўхта мешавад? 3. Њукумати шањр соли 1990 бо ќарори худ ќитъаи заминро ба корхонаи хурд барои фаъолияташ људо кард ва корхонаи хурд ба ин, масоњат сертификати њуќуќи истифодаи замин гирифт. Баъди гузашти 6 сол дар асоси кадом ќонун ќарори раиси шањр ѓайриќонунї њисобида мешавад? Магар талаботи моддаи 91 Кодекси замини Љумњурии Тољикистон дигар шудааст? 4. Ташкилоти давлатї барои истифодаи иморати маблаѓи колхозњо сохта шуда, аз баланси бухгалтерияи ташкилот берун буда ва солњои тўлонї бекорхоби-

даро барои истењсоли мањсулоти ниёзи мардум бо ќарори худ корхонаи хурд ташкил намуд ва иморати бекорхобидаи вайрону валангорро ба мувозинаи корхонаи хурд гузаронид. Корхонаи хурд фармони роњбари ташкилоти давлатиро иљро намуда, маблаѓ сарф кард, мањсулот баровард, фурўхт, ба коргарон музди мењнат ва ба давлат маблаѓи андоз дод. Оё бе розигии коллектив ин объектро дар музояда фурўхта мешавад? 5. Мутобиќи кадом ќонуни ЉТ амволи колхози ба амволи давлат гузашт? 6. Ѓолибони музояда амволи корхонаи хурд (њозираи ЉММ)-ро дар идорањои давлатии дахлдор (нотариус ва ѓайра) ба рўйхати амволи харидагиашон дароварда натавониста бошанд њам, Суд талаби онњоро дуруст шуморида, ќарор баровард. 7. Наход ќонунњои ЉТ барои онњо хамиртуруш бошанд? Роњбарони азиз, синни ман аз 77 гузашт. Шуморо њурмат ва эњтиром мекунам, барои таъмини тинљиву осоиштагї аз роњбарони давлат миннатдорам, аммо њифзи молу љонамро фарз медонаму эњтироми ќонунро болотар аз њама чиз. Инсонњо дар мавриди коргузорї ва хатогињо њам роњ медодаст, роњбари асил

њамон кас будааст, ки хатогињоро фањмад, дар ваќташ ислоњ кунад, ман чунин мешуморам, ки нисбати даъвои ман хатогї рух додааст. Аз ин рў, илтимос менамоям, ноњаќ бошам, дар асоси ќонунњо исбот карда шавад, то аз шикоят кардан даст кашам, агар не, њаќќи њалоламро тибќи ќонун њифз кунед.

Ба Шумоён дар фаъолиятатон пешравї, сарбаландї ва комёбињоро аз Парвардигор илтиљо менамоям. Аз Бахтиёр Табарович эњтиромона хоњиш менамоям, ки баррасии мактуби мазкурро тањти назорати худ ќарор дињанд. Бо эњтиром Директори ЉДММ "Шарора" ш. Исфара А. ЃАФУРОВ


14

ЧЕЊРА

“НИГОЊ”, ЧОРШАНБЕ №4 (386), 16. 04. 2014

ИНЊОРО БОЯД ШИНОХТ То ин замон шахсан шоњид набудам, ки дарёфти унвони доктори илм барои як бонуи тољик вокунишњои густардаро ба дунбол дошта бошад. Сањифаи иљтимоии Фейсбук моломол аз табрики Њалима Хушќадамова буданд. Њар касе заррае агар ўро мешинохт, бо паёме муборакбодаш мекард. Ин дар њолест, ки шояд соле дањњо тан дар кишвар ин унвонро дармеёбанд ва ноаён мемонанд. Ин мужда аввали ин њафта расид, њарчанд гумон мекунем, њимояи рисолаи доктории ў моње ќабл сурат гирифта буд. Одати худтаърифкуниву њангома надорад, аз ин рў, ин рўйдод аз назари наздиконаш њам дур монд, вагарна касе ба ВАО иттилоъ медод. Ва њоло сухан аз ўст, аз журналисти собиќадор ва дар гузаштаву имрўз маъруф. Њалима Отамбековна Хушќадамова 1 майи соли 1954 дар шањри Хоруѓ ба дунё омадааст. Баъди хатми мактаби миёна ба Донишгоњи давлатии Тољикистон ба номи Ленин, њоло Донишгоњи миллии Тољикистон, дохил шудааст ва риштаи рўзноманигории онро соли соли 1976 хатм кардааст. Солњои 1976-1989 хабарнигор ва баъд сармуњаррири рўзномаи "Комсомоли Тољикистон" (имрўза "Љавонони Тољикистон") ва "Пионери Тољикистон" буд. Аммо баъдан кори журналистї ва педагогиро ба њам омезиш дод, саргарми навиштани рисолаи номзадиву докторї шуд ва дар љода муваффаќ гардид. Солњои 1990-1993 аспирантураро хатм намуд, дар мавзуъи "Инъикоси њолати иљтимоии занон дар ВАО-и Тољикистон. Муњтавиёти тањќиќоти тањлилї" рисолаи номзадї њимоя кард. Солњои 1993-2004 сухангўи Сафорати Тољикистон дар Маскав буд, баъ-

ЊАЛИМА ХУШЌАДАМОВА дан хабарнигори маљаллаи масковии "Натсионал", маљаллаи байналмилалии занон "WE/МЫ - диалог женщин", хабарнигор ва сарвари бюрои масковии Ожонсии иттилоотии "Ховар", хабарнигори махсуси њафтаномаи "Москвичка" буд. Узви Ассотсиатсияи байналмилалии "Бонувони журналист", роњбари комиссия оид ба ВАО-и Шўрои љамъиятии назди Сафорати Тољикистон дар Русия мебошад. Муаллифи бештар аз 40 маќолањои илмї ва зиёда аз 1000 маќолањои публистистї, очерку лавњаву гузоришот мебошад. Барандаи озмуни ВАО-и электронї бо номи "Њамкуорињои башардўстона барои рушд" дар соли 2012 ва озмуни байналмилалии журналистон "Русский мир-2005" аст. Узви Иттињоди нависандагон ва журналистони Тољикистон, дотсенти кафедраи кишварњои Осиёи Марказї ва Ќафќози Донишгоњи давлатии Маскав ба номи Ломаносов аст. Соњиби ду духтар (Манижа 36-сола ва Мадина 31-сола) ва як писар (Манучењр 27-сола) мебошад. Се сол ќабл, ваќте бори аввал суроѓаашро ёфтам, барояш паём додам, ки куљост. Зеро баъди тўфони солњои 90 бењтарину азизтарин дўстону устодони худро намедонистем куљоянду чї кор мекунанд. Ва Њалима ин посухро баъди як салому пурсиши самимї ирсол кард: "Дар Маскав иќомат дорам бо ањли байт, дар Донишкадаи кишварњои Осиё ва Африќои Донишгоњи давлатии Маскав ба њайси устоди риштаи тољикшиносї машѓули корам. Њамрохи ду шарќ-

шиноси машњури рус њаммуалифи китоби дарсии "Учебник таджикского языка для стран СНГ" (иборат аз 2 ќисм, дар ДДМ, ш. Маскав соли 2009 чоп шудааст) мебошам. Забони тољикиро аз рўйи ин китоби дарсї дар донишкада ба донишљўёни русзабон ёд медињам. Албатта, кори рўзноманигориро њам давом дода истодаам. Дар ин љо як ситод рўзноманигорони ИДМ-ро сарљамъ кардааст, њамроњ ба сафарњои хидматї мебароем, ин навъи маводамро дар НИАТ "Ховар" чоп мекунанд. Бо матбуоти Русия, албатта, алоќаи наздик дорам…." Бале, моломоли самимият буд ин посухи кутоњаш. Мисли њамон самимияте, ки бо мо љавонони пас аз донишгоњї дар "Комсомоли Тољикистон" мекард. Маќолањои моро тањрир менамуд ва роњи вуруд ба матбуотро нишон медод. Ва ин басо муњим буд барои як рўзноманигори навсафар. Журналисти маъруфи рус, собиќ љонишини раиси Кумитаи радио ва телевизиони Тољикистон Владимир Захватов дар сањифаи Фейсбуки худ аз шунидани хабари соњиби унвони доктори илм шудани Њалима Хушгќадамова ба ваљд меояд ва менависад: "Њалимаро дар Донишгоњи давлатии Тољикистон ва баъдан дар замони кор дар матбуоти љавонон мешиносам. Журналисти сатњи олї, инсони хуб, донишманд, накукор аст… Ман ифтихор мекунам, ки бо чунин як шахсе њамкор будам. Дипломи доктори илм ин тамоман чизи дигар!!! Ба Њалима Хушќадамова паёми табрикиву эњтиром ва тањсину њисси ифтихори маро расонед".

Унвони доктори илм барои Њалима дар Маскав як мояи ифтихор барои тољиконе шудааст, ки дар муњољират ба сар мебаранд ва аз таблиѓоти дурўѓину аз нохун чирк кофтанњои Андрей Малахов барин журналистон ба танг омадаанд. Корбари шабакаи Фейсбук Солоњуддин Амонї бо ифтихор ин љумларо менависад: "Апаи Њалима! муборак бошад. Бо Шумо фахр мекунам. Акнун Малахови лаъин бинад, ки тољик Њалима њам дорад". Ва шояд Салоњуддин бехабар аз он бошад, ки Малахов на танњо Њалима, балки дањњо тани дигарро медонад, ки на танњо мо тољикон, балки дигар ќавму миллатњо эњтиромашон мекунанду фахр доранд. Вале барои барномањои њангомасози ў тољиконе лозиманд, ки тавонанд объекти масхара бошанд. Ба табрики њамагонї мо низ шарикем. Унвони илмї муборак бошад Њалимабону Хушќадамова! Бобољони ШАФЕЪ

ОЗМУН БАРОИ АККОСОН-ХАБАРНИГОРОНИ ЉАВОН: ДАВРАИ ОМЎЗИШИИ ФОТОЖУРНАЛИЗМ Муборакшоњ Гулљонов, аккоси барљаста ва дорои таљрубаи чандрасонаї

Конун (Бунёд)-и байналмилалии Олимпур барои ширкат дар давраи омўзишии фотожурнализм озмун эълон мекунад. Давраи омўзишї аз 19 то 23-юми майи соли љорї дар шањри Душанбе баргузор хоњад шуд.

Талаботи озмун ва меъёрњои интихоб Барои ширкат дар озмун довталабон бояд асноди зеринро барои мо бифиристанд: 1. Шарњи њоли мухтасар (CV)-и шомили таљрубаи корї 2. Нусхаи шиносномаи довталаб 3. Шарњи кутоње дар мавзуъи "Интизороти ман аз ин давраи омўзишии фотожурнализм чист" (Дар ин навишта довталаб мухтасар тавзењ медињад, ки чаро дар ин давраи омўзишї ширкат мекунад ва аз донишњои андўхтааш дар кадом самт ва чи гуна мехоњад истифода барад.) 4. Фиристодани 10 акс бо тамаркуз бар як мавзўъ, ки достоне фарњангї ва ё иљтимоъиро, ки Шумо дар зењн доред, баён кунад. Њадаф аз ин аксњо ин аст, ки ошнойии Шуморо бо аккосї ва тамаркузи Шуморо бар як мавзўъ нишон дињад.

Њадаф аз баргузории давраи омўзишї Ин давраи омўзишии фишурдаи панљрўза ду њадафи назарї ва амалї дорад: 1. Бањсу гуфтугу дар бораи асосњои журнализми чандрасонаї ва боло бурдани сатњи дониши њирфайии ширкаткунандагон аз роњи мурури усули њирфайии рўзноманигорї, ошної бо намунањое аз корњои фотожурнализм дар дунёи имрўз, гуфтугу дар бораи наќши расонањои диљитол ва ояндаи расонањое, монанди рўзнома, радио ва телевизион. 2. Бо њар ширкаткунанда ба сурати амалї руи ин мавзўъњо кор хоњад шуд; истифодаи бењтар аз акс барои сохтани маводи чандрасонаї; шеваи истифода аз акс дар шабакањои иљтимоъї, таъкид бар љанбањои ќонунї ва ахлоќї ва хутути ќирмиз (сурх), копї ройт ё њуќуќи маънавии аккосон, наќши телефонњои њамроњ дар журнализми чандрасонаї ва саранљом, тањияи гузориши чандрасонаї бо истифода аз аксу видео ва садо бар асоси достоне љолиб ва љаззоб дар бораи як мавзўъи иљтимоъї ва фарњангї ба интихоби Шумо. (Бењтарин корњои ширкаткунандагони давраи омўзишї дар сойти Конуни Байналмилалии Олимпур ба нашр хоњанд расид.)

Давраи омузишї барои чи касоне муфид аст? Ин давра, ки ба забони тољикї ва русї баргузор мешавад, барои њамаи журналистоне аст, ки бо расонањои чопї, савтию тасвирї ва интернетї кор мекунанд ва бо навишта, садо ва тасвир сару кор доранд.

Мавзуъњои калидии давраи омўзишї Барномаи давраи омўзишї таркибе назарї ва амалї аз бењтарин ва тозатарин донишњо ва таљрубањои мављуди

расонаї аст. Мураббиён (тренерон) ва омўзишдињандагони варзида ва ботаљруба дар соњаи расонањои ватанї ва хориљї, ки ин давраро хоњанд гузаронд, иборатанд аз: Исфандиёри Одина, хабарнигори ВВС ва дорои таљруба дар кори таълими чандрасонаї Боќири Муъин, мудири сойти фарњангї ва чандрасонайии ЉадидОнлайн Девид Мортон, дорои таљруба дар мудирияти расонаї, журнализм ва аккосї Заур Дахте, аккос ва филмбардори ботаљруба ва устод дар омўзиш

Љоизаи кор Ба 3 кори бењтарине, ки ширкаткунандагон дар давраи омўзишї тањия мекунанд, љоизаи пулї дода хоњад шуд.

Замони дарёфти дархостњо Лутфан дархостњои худро то соати 17:00 рўзи 12 майи соли љорї бо имейл ба нишонии info@tajikmultimedia.org барои мо бифиристед. Барои ошнойї бо кори омўзишдидагони даврањои пешин ва низ гузоришњои чандрасонайї метавонед ба ин сафња руљўъ кунед: www.jadidonline.com


НИГОЊИ МАРДУМЇ

“НИГОЊ”, ЧОРШАНБЕ №4 (386), 16. 04. 2014

15

АКСИ ГЎЁ

?-И НОБОБ

ПИСАРАМРО ЧИ ХЕЛ БА МАКТАБ-ИНТЕРНАТ ДОХИЛ КУНОНАМ? - Писарам дар яке аз мактабњои шањри Душанбе дар синфи 5 бо бањои ќаноатбахш мехонад. Ному насабашро бо сабаби маълум намеорам. Аммо ў каме душвортарбия аст. Бањудаву бењуда дод мезанад. Гоњу ногоњ њамсояњоро дашном медињад. Аммо хушбахтона ин одатњояшро дар мактаб намекунад. Духтури дармонгоњи мањалламон мегўяд, ки писаратонро ба мактаб-интернати махсуси Вазорати маориф барои тањсил ва ислоњи вазъаш биспорем. Дар аввал ба ин тасмим розї набудем. Аммо айни њол барои ояндаи њаёти писарам ба ин ќарор омадем, ки ўро ба ягон мактаб-интернати Вазорати маориф биспорем. Бигўед, ки барои ин чї кор кардан лозим аст? Ба куљо мурољиат кунем? Маблаѓи тарбияту тањсил чанд сомонї аст? Саодат АБДУЛЛОЕВА, сокини ноњияи Шоњмансур - Низоми таълиму тарбияро дар мактаб-интернатњо Низомномаи намунавии муассисањои таълимии типи мактаб-интернат дар Љумњурии Тољикистон, ки бо ќарори ЊЉТ аз 30юми июни соли 2007, тањти №347 тасдиќ шудааст,муайян менамояд. Ба муассисањои таълимии типи мактаб-интернат кўдакони зерин ќабул карда мешаванд: - кўдакони ятим ва кўдаконе, ки аз сарпарастии падару модар мањрум шудаанд; - ба таври истисно фарзандони модарони (падарони) танњо ва камбизоат; - кўдаконе, ки вобаста ба шароити њаёту мењнат, саломатии падару модар (ё шахсоне, ки онњоро иваз мекунанд), ба тарбияи љамъиятї муњтољанд; - кўдакони ятиме, ки аз сарпараст ва ѓамхорї, муњити оила ба таври доимї, ё ин ки муваќќатан мањрум шудаанд. Барои дар мактаб - интернат ва хонаи кўдакон ба таълим љалб намудани хонандагон њуљљатњои зеринро омода намуда, дар дафтари шахсии тарбиягиранда нигоњ доштан зарур аст: 1. Ќарори маќомоти мањаллии њокимияти давлатї оид ба додани роњхат ба мактабинтернат бо муњри нишони давлатї (нусхаи асл). 2.Шањодатномаи таваллуд (аслаш) ё ќарордоди комиссияи тиббї оид ба тасдиќи синну соли кўдак (дар њолати набудани шањодатнома). 3. Маълумотномаи тиббї дар бораи саломатї (Ф-26). 4. Њуљљат дар бораи маълумот. 5. Натиљаи (акт) омўзиши шароити зисти кўдак. 6. Њуљљатњои падару модар ё шахсони онњоро ивазкунанда (нусхаи вафотхати падару модар, мањрум будан аз њуќуќи падару модарї, њукм ва ќарори суд, маълумотнома дар бораи беморї ё кофтукови падару модар, модари танњо ва њуљљатњои тасдиќкунандаи набудани падару модар, инчунин надоштани имконияти тарбияи фарзандони худ). 7. Роњхат ба мактаб-интернат (аз Вазорати маориф ва илм ва муассисањои тобеи он). 8. Маълумотнома дар бораи шумораи хоњару бародар, хешони наздик ва љойи истиќомати онњо. 9. Рўйхати ашёњои пас аз фавти падару модар боќимонда ва маълумот дар бораи шахсоне, ки барои нигоњубини онњо љавобгаранд. 10. Њуљљатњо дар бораи ба мерос мондани хона. Дафтарчаи нафаќагирии кўдакон, нафаќагиранда, нусхаи ќарори суд оид ба гирифтани нафаќа (алимент) барои кўдакон аз тарафи падару модар ва ё шахсони онњоро ивазкунанда. Ба саволи Шумо, Мањмудхон ШОЕВ, сардори Маркази матбуоти Вазорати маориф ва илми Љумњурии Тољикистон посух дод.

НАХОД?! НОЗИРОТИ АНДОЗИ НОЊИЯИ СИНО ТО КУЉО ЊАЌ АСТ? - Аввали моњи апрели соли љорї барои супоридани андозњои моњи март ба Нозироти андози ноњияи Сино рафтам. Нозири њисоботро ќабулкунанда гуфтанд, ки масљиди Шумо аз моњњои ќаблї ќарздор мебошад. Ман гуфтам: - Охир маблаѓњои андозро њар моњ дар ваќташ пардохт намудаам. Шумо аз ин хуб огоњ мебошед. Зеро вараќањои њисобот ва нусхаи расиди расмї (квитансия) -ро ба Шумо њар моњ пешнињод менамоем. То њамин рўз мо тамоми маблаѓњои андозро ба суратњисоби Нозироти андози ноњияи Сино супорида омадем. Корманди Нозироти андози ноњияи Сино дар љавоб гуфт, ки аз сабаби он ки маблаѓњои супоридаи банда наќдї буд, бонкњо онро дар њисобашон ќабул намекардаанд ва аз њамин сабаб масљиди моро ќарздор баровардаанд. Аз ин љавоби корманди нозироти андоз њељ чиз нафањмидам. Чи хел бонкњо маблаѓи андозро ќабул намекунанд ё намекардаанд? Ин дар њолест, ки ман маблаѓи андози масљидро ба суратњисоби нозироти андоз дар бонк супоридаам ва дар даст расид дорам.Ман нафањмидам пули андозро чї хел мо бояд пардохт кунем. Бинобарин њамин ман аз раиси муњтарами Кумитаи андози назди ЊЉТ чаноби Нусратулло Давлатов фањмидан мехостам, ки минбаъд масљиди љомеъи мо маблаѓњои андозро дар куљо ва чи гуна бояд пардохт намояд? Таќдири маблаѓњои супоридаи мо дар моњњои ќаблї чї мешавад? Магар маблаѓњои ќаблан пардохткардаамон сўхтанд? Кадом корманди нозироти андоз зарари расонидаашро барои масљиди мо љуброн мекунанд? Зеро дар ваќти супоридани маблаѓњои андоз ягон корманди нозироти андоз моро аз ин навоварињои ахири Нозироти андози ноњияи Сино огоњ накардаанд. Масљиди љомеи мо маблаѓњои андози 25 дарсада ва андоз аз даромадњои хайриявиии масљидро дар куљо ва ба чї тариќ бояд супоранд? Љаноби Нусратулло Давлатов ин чи хел мешавад, ки мо андози масљидро биспорем, боз ба мо корманди андоз бигўяд, ки маблаѓи наќдии пардохткардаамон њисоб карда намешавад? Аз Шумо эњтиромона хоњиш дорем, бигўед, ки дар асоси кадом моддаи Кодекси андози Љумњурии Тољикистон маблаѓи пардохтнамудаамон њисоб карда намешавад? То куљо ин расмиёти нави Нозироти андози ноњияи Сино ба талаботи Кодекси андози Љумњурии Тољикистон љавобгу аст? Мунтазири посухи одилонаи Шумо њастем! Комилљон ЌОДИРОВ, имомхатиби масљиди љомеи мањаллаи Мењрободи ноњияии Синои шањри Душанбе

ЛАТИФА - Барои ба омўзишгоњ дохил кардан як гусола кушта, чанд касро зиёфат додаму ту бошї, аз имтињон афтидї. - гуфт падар ба писараш. - Хасисї накарда, гов мекуштед, - шояд дохил мешудам, - гуфт писар. *** Посе аз шаб гузашта буд. Дар тангкўчае роњзан сари роњи рањгузарро мегирад ва бо корд тањдид мекунад: - Зуд пули кисаатро ба ман дењ! - Ман корманди давлатиям. - Ин тавр бошад, пулњои худамро баргардон! *** Марди амрикої лоф мезанад: - Зани ман химча барин борик! Марди фаронсавї њам таъриф мекунад: - Зани ман хас барин сабук! Марди тољик сар мељунбонад: - Ин занњои шуморо то хаскашак ба даст нагирї, ёфта наметавонї!

ДИЌЌАТ! Барои ба саволњои доѓи худ посух гирифтан ба идораи њафтаномаи "Нигоњ" мурољиат кунед. Суроѓа:шањри Душанбе, кўчаи Носирљон Маъсумї-3, назди Хона - музейи Мирзо Турсунзода. Ё ба масъули сањифаи "Нигоњи мардумї" бо шумораи телефони 985 60 86 85 занг занед, ё бо воситаи смс-паём саволи худро ирсол доред. Њамчунин ба почтаи электронии nigoh_tj@inbox.ru арзу пешнињод ва мушкилоти худро бинависед.

РАИСРО ГАРДЕМ РАИСРО... БЕШ АЗ 10-СОАТИ КОРЇ РАНГУБОРКУНИИ ИН ТРАНСФОРМАТОР ДАР НАЗДИ КЎЧАИ ЛОИЌ ШЕРАЛИИ ПОЙТАХТ, ОН ЊАМ БА ХОТИРИ ОМАДОМАДИ РАИС ИДОМА ДОРАД. 14-04-2014, ДУШАНБЕ-РЎЗИ КОРЇ. ДАР АВВАЛИ ЊАФТА ИН ХЕЛ ЊОДИСАЊОРО ТАНЊО ДАР ДУШАНБЕ ДИДАН МУМКИН...

ВОКУНИШ

ХУНИ ДОНОРИИ ШАЊРВАНД ГИРИФТА МЕШАВАД - Муассисаи давлатии "Маркази љумњуриявии илмии хун" барои дастовардњои назаррас дар соњаи матбуот ва инчунин љињати иљрои фармони Президенти Љумњурии Тољикистон аз 7-уми феврали соли 2009, тањти №622 " Дар бораи вокуниши шахсони мансабдор ба маводњои танќидї ва тањлилиии воситањои ахбори омма" арзи сипос намуда, ба Шумо маълумотро оиди матлаби њафтаномаи "Нигоњ" "Ман ќабул надорам! Хуни маро гиред!" тањти №49 (380) аз 5-уми марти соли 2014 ва масъалагузории он дар муњлати муайяншуда маълумоти зеринро пешнињод менамояд. Бо маќсади санљиши далелњои дар маќола дарљ гардида, санаи 4-уми апрели соли 2014 табибони муассисаи давлатии "Маркази љумњуриявии илмии хун" ба филиали "Маркази илмии хун" воќеъ дар шањри Кўлоби вилояти Хатлон ташриф оварда, масъалаи мазкурро мавриди тањлил ва баррасї ќарор доданд. Тибќи дастури мутахассисон аз шањрванд Хољаев Маљнун, соли таваллудаш 1945, хуни донорї бо миќдори зарурї гирифта шуд. Инчунин ба ў ва дигар донорони хун, ки ба маркази номбурда ташриф оварда буданд, нисбати ањамияти хунсупорї баъд аз синни 65 солагї корњои фањмондадињї гузаронида шуд. Ба шањрванд Њољаев Маљнун тавсия дода шуд, ки дар муњлатњои муќарраргардида барои супоридани хуни донорї ба филиали Маркази илмии хун воќеъ дар шањри Кўлоб њозир гардад. Ў аз баррасї ва натиљаи масъалаи арзнамудааш розї буда, ќаноатмандии худро ба таври хаттї (баёнот замима мегардад) тасдиќ менамояд. Бо эњтиром, А.А.ОДИНАЕВ, директори генералии Муассисаи давлатии "Маркази љумњуриявии илмии хун"-и Вазорати тандурустї ва њифзи иљтимоии ањолии Љумњурии Тољикистон

РАЊМАТНОМАИ МАРДУМЇ! - Муњтарам Нусратулло Файзулло, вазири тандурустї ва њифзи иљтимоии ањолии Љумњурии Тољикистон ва муњтарам Саймиддин Дўстов, раиси Шўрои муњаррирони нашрияи "Нигоњ" ба маълумоти шумо мерасонам, ки дар рўзи 4-уми апрели соли 2014 табибони Маркази љумњуриявии илмии хун ба суроѓаи ман яъне шањри Кўлоб бо маќсади гирифтани хуни донорї ва гузаронидани муоинаи тиббї омаданд. Баъди муайян кардани њолати саломатии ман аз тарафи табибони Маркази љумњуриявии илмии хун дар меъёри муайян хуни донорї гирифтанд ва ба ман маълумоти пурраи зарурї дар бораи ањамияти хунсупорї баъди синни 65-солагї фароњам оварда шуд ва корњои фањмондадињї низ гузаронида шуд. Ман аз фурсати муносиб истифода бурда, барои ваќташонро дареѓ надоштан, дар муддати кўтоњ ба мушкили ман дармон бахшидан ва гиромї доштани ќадри одамият ба Нусратулло Файзулло, вазири тандурустї ва њифзи иљтимоии ањолии Тољикистон, Саймиддин Дўстов, раиси Шўрои муњаррирони нашрияи "Нигоњ", Азиз Одинаев, директори генералии Маркази љумњуриявии илмии хун, Фотима Ѓоибова, сардори Маркази матбуоти Вазорати тандурустии Тољикистон ва духтурони њозиќу даст ба кор минатдории самимонаи худро расонида, ба њамаи Шумо сарбаландиву сарфарозиро таманно дорам! Бигзор, чи орзуи неке дар дил доред, љомаи амал пўшад! Њамеша комёбу муваффаќ бошед! Маљнун ХОЉАЕВ, сокини кўчаи Шамсиддин Шоњини шањри Кўлоб

?-И НОБОБ ДАР ДАРМОНГОЊ ДАФТАРИ ТИББИАМРО ГУМ КАРДАНД! - Дармонгоњ ё табибе агар дафтари тиббии шањрвандро гум кунад, ки љавобгар мешавад? Оё дар Вазорати тандурустии Тољикистон ба мисли идорањои САЊШ-и Вазорати адлияи Тољикистон дубликати дафтари бемориро дар ягон бойгонї нигоњ медоранд? Дар яке аз дармонгоњњои шањри Душанбе дафтари бемории маро гум карданд. Агар ба ягон беморие гирифтор шавам, ба кадом беморхонае мурољиат накунам, мегўянд, бе дафтари беморї ё таърихи бемории пешинаатон табобати дуруст кардани шумо душвор аст. Акнун бигўед, чї кор кунам? Алї ЊАМИДЗОДА, сокини шањри Душанбе - Шањрванди муњтарам, дар мавриди гум кардани вараќа ё дафтари сабти тиббии шахсї (картаи тиббї) аз љониби корманди дармонгоњ, шумо метавонед ба муассиса ё дармонгоње, ки дар ќайди он њастед ва сабтњои ташрифи дармонгоњии шумо дар он љо мањфуз буд, мурољиат намоед. Дар мавриди гум кардани картаи беморї аз љониби табиб ё сабтгоњ, дармонгоњ вазифадор аст, ки онро дубора барќарор намояд. (Агар шумо даќиќтар мегуфтед, ки дар кадом дармонгоњ, дар кадом шуъба ва ё аз љониби кадом табиб дафтари сабти шахсии шумо гум шудааст, масъулони Раёсати тандурустии шањри Душанбе имкон доштанд бароятон ёрии бештареро пешнињод созанд). Ба саволи Шумо Фотима ЃОИБОВА, сардори маркази матбуоти Вазорати тандурустї ва њифзи иљтимоии ањолии Љумњурии Тољикистон љавоб дод.


КОМИЛАН «ЉИДДЇ»

“НИГОЊ”, ЧОРШАНБЕ №4 (386), 16. 04. 2014

ПУРБИНИ «НИГОЊ»

Боздошти Мирзодиккак дар Кўлоб Мирзодиккак хост бо тайёраи АН- 2 аз фурўдгоњи шањри Кўлоб ба шањри Душанбе парвоз намояд. Бо шунидани дархости Мирзодиккак бонуи чиптафурўши фурўдгоњи байналмилалии Кўлоб дар њайрат монда, зуд ба Кумитаи амнияти миллї хабар дод. Лањзае нагузашта Мирзодиккак аз толори интизории фурўдгоњи шањри Кўлоб ѓайб зад. Ѓалтак барои гусел кардани дўсташ омад, вале ўро пайдо накард ва барои дарёфти зиёигенерали њукуматї ба масъулини фурўдгоњ мурољиат кард. Баъди токопўи зиёд Ѓалтак дўсташ Мирзодиккакро дар назди муффатиши корњои махсусан вазнини прокуратураи шањри Кўлоб дарёфт намуда, дар њайрат афтод. Хайрият, ки сари ваќт дўсташро пайдо намуд, вагарна баъди дар расонањо чоп шудани даъвои муффатиши нохондаи дипломхаридаи замони истиќлолият, Мирзодиккак боќимондаи умрашро дар пањлўи очаи Ќобилљони нањзатї не, балки дар паси панљара, пеши Ѓаффор Седой мегузаронид. Парвандаи бозшуда нисбати Мирзодиккак баъди даъвои Ѓалтак пўшида шуд. Онњо ба истгоњи автомобилии шањри Кўлоб омаданд, то ки дубора ба бало гирифтор нашаванд. Љўрањо дар назди истгоњи автомобилии шањри Кўлоб дар як ошхонаи сокити назарногир нишаста, аз пешхидмат овардани якчанд чалпакро дархост карданд. Бо чалпаки серравѓану чойи кабуди сард сўњбати љўрањо атрофи муњољирати корї, ояндаи љавонону фасод чунон чархид, ки дар охири сўњбат љўрањо суруди " Чархофалако, маро ба чарх овардї"- ро замзама карданд.. Мирзодиккак: - Ќандаша занад, њукумат ва давлати Тољикистон! Дар як давраи кўтоњи таърихї њамаи тайёрањои фурўдгоњи Кўлобро иваз кардаасту мани зиёї бехабар мондаам, ки тайёраи АН-2 аз истифода баромааст. Њама айби чойхонаи "Роњат", ки бештари ваќт дар он љо сўњбат мекунем. Ман агар дар расонањо мехондаму аз тариќи телевизион дар бораи ќаът шудани хатсайрњои Кўлоб- Душанбе, КўлобХовалинг мешунидам, њељ гоњ аз чиптафурўши фурўдгоњ парвози АН - 2 ба Душанберо пурсон намешудам. Хайрият ту омадї, вагарна барои ин суоли бељоям маро террористи Сурия эълон карда, рўзноманигорон нашрияњои њукуматї аз ин хабар пул кор мекарданду устухонњои ман дар мањбас пўсида мерафт. Ѓалтак: - Мирзољон, ба андешаи "боло" гапи онњо гап асту гапи мо "калоча", вагарна аз бештари нашрияю маљаллањои маљбур обунаю харобкунандаи буљети давлат дида, сўњбати озоди мову ту садњо маротиб бењтару ба манфиати љомеъа наздиктар аст. Мана, аз фаромадани ярч дар ноњияи Шўрообод чанд ваќт гузашта бошад њам, то ба имрўз масъулин аз додани иттилоъ мисли об аз оташ парњез мекунанд, ки мабодо як љумлаи гуфтаашон дар нашрияњои давлатию тиљоратї хато равад, аз вазифаю зиндагї бебањра мемонанд. Мирзодиккак: - Ин тавр нагўед, нањ назанед, зиндагии имрўза садай! Хатогї шаваду аз кор бигиранд, шахси масъул дар љой дигар кор карда, ризќашро пайдо мекунад. Ў бо вазифа аќди никоњ надорад... Њоло, ки мардум пул доранд, Русияву Дубай мераванд. Мана, ман, ки пул надорам, дар Кўлобљон кай маротибаи ахирон буданамро ёд надорам. Аввал мардум ба хориљи кишвар ба воситаи ќатора мерафтанд, њозир ба тайёра меравандеее! Ѓалтак: - Рост, аввалњо ба хориљи кишвар фаќат мардњо мерафтанд , њоло марду зан мераванд, то ки пул оварда, андозњои ба душашон бор-

шударо супоранд. Агар онњо бо ин роњ буљаи давлатро пур накунанд, бо ин саноату кишоварзї, бо ин роњбарону тарзи роњбарї мардум он тараф истад, масъулони мо бо хешу аќрабояшон даст ба гадої мезананд. Мирзодиккак: - Ѓалтакбой, нархи чиптаи тайёра ба ќавле "дандоншикан" асту ќисме харобу хазон онро харидорї карда, майли рафтан ба муњољирати мењнатиро доранд. Мана, кормандони фурўдгоњ якчанд нафарро барои камбудї дар њуљљатгузорї бозпас гардониданд. Онњо чунон зиќ шудаанд, ки монеду равад. Худоё тавба, мегўед, ки Русия падарашон асту Дубай модарашон. Ѓалтак: - Љўраљон, аз ноилољї мардум ба ин рўз расидааст. Дар Русияю Дубай барои мардакову занакњо пойандоз намеандозанд. Њар ќадам гапи носазо мешунаванд, вале дандон ба дандон монда, хомўширо ихтиёр мекунанд. Барои аз ин бало халос шудан мебояд, ки дар љумњурї ва хориљ аз он кадрњои болаёќатро тайёр кард, вагарна ањволамон бад мешавад. Мирзодиккак: - Мо бист сол боз кадрњои худиро тайёр карда истодаем.. Дигарон мебояд аз таљрибаи мо сабаќ бигиранд. Ќисме аз кадрњо барои ишѓоли вазифањои пешнињодшуда номнавис шудаанд. Мо бо истифода аз таљрибаи давлатњои тараќикарда дунё озмун мегузаронем. Саволњое медињем, ки љавобашонро худамон намедонем. Ѓалтак: - Рост, њоло дар кишварамон теъдоди зиёде аз њисоби буљети давлату маблаѓњои волидайн соњиби диплом шуда, бо ин васила аз хидмати аскарї гурехтанд. Њоло дипломњояшон дар љомадону худашон дар мардикорї. Инак, пулњои дар тўли 4 - 5 соли тањсил ришва додаашонро аз имтињон то диплом дар Русия љамъ карда, баъд бо дипломи олию каллаи холї мансаб мехаранд. Тўли ин солњо Шумою њукумати љонољонатон насли наврасро чунон тарбия кардаед, ки њалли њамаи масъалањоро бо додани пул пайдо мекунанд. Ба хун даромадааст, табобаташ људо њам душвор... Мирзодиккак: - Ѓалтакбой, њамин кару фари ректорони донишгоњ, декану деканчањо аз раисони шањру ноњияњо њатто аз вазирњо зиёдтар аст. Мегум, "боло" њаминро медониста бошад ё не?! Ѓалтак: - Бештари масъулони "боло" донишгоњњоро дар давраи соњибистиќлоли ва њам дар замони шўравї ѓоибонаю бо додани пора тамом кардаанд. Аз ин лињоз касе, ки касеро вазифа медињад пора мегирад. Касе, касеро дохилу хориљ кунад бетаъма намекунад. Баъадн хеле аз дипломњои болоњо њам ќалбакї аст, дўстам. Мирзодиккак: - Љўра, ман гумон доштам, ки "боло" дар ин кор сањм надорад, пас маълум мешавад, ки нархи санљиш, имтињон, кори курсї, кори дипломї ва рисолањои номзадиро вазифатаќсмкунандањо дар "боло" мегузоштаанд. Пулљон бошад, хар њам мулло мешудаас-де!! Ѓалтак: - Мансаб хоњї, ту њам мардикорї рав, баъди покории омада раис мешавї. Мана, чанд нафар дар Русия љорўбкаш буд, њоло раиси мањалла ва њољї шудаанд. Љўрањо баъди њисобї кардан бо пешхидмати ошхона ба роњ баромаданд. Баъди чанде Мирзодиккак савораи таксї љониби Душанбе рафту Ѓалтак ѓарќи андешаи фардои зиндагї ба роњи мумфарш баромад. Борон беист меборид. Аз ѓуриши тундар ва боридани борони сел мардуми камбизоат дар изтироб афтода будаанд ва роњи наљот мељўстанд. Аъзои њукумат бошад, њамагї дар хоби ѓафлат буданд: Охир, онњо медонанд, ки то њаст Алимардон "дежурний" аст.

Раиси Шўрои муњаррирон: Саймиддин ДЎСТОВ dustov@mail.ru

Њафтанома дар Вазорати фарњанги Љумњурии Тољикистон ба ќайд гирифта шудааст.

МУАССИС: Созмони љамъиятии «ИНДЕМ» («Информатика барои демократия ва рушди миллї»).

Котиби масъул: Абўалї НЕКРЎЗОВ nigoh_tj@inbox.ru

Шўъбаи иттилоот ва сиёсат тел: 600 80 38 Шўъбаи тањќиќот ва тањлил тел: 600 80 38 Шўъбаи иљтимоъ ва иќтисод тел: 600 80 39 Шўъбаи реклом ва огоњиномањо тел: 918 74 75 79

МАНГАР, КИ КЇ МЕГЎЯД...

16

Умари ШЕРХОН, рўзноманигор ва адиб: - Наход дар 12 моњ 2 даъфа (на 4 маротиб) вохўрї бо журналистон кори сангин бошад? Ин њам дар њоле ки замони ахир мўд шуда, ки ќисмате аз вузаро ба нишастњои матбуотї муовинони хешро мефиристанд. Шон ваќташон набудааст… - Барои аъзои њукумати кунунї хеле сангин аст, зеро замони ахир мўд шудааст, ки намояндагони бењунару камњунари як мањал аз вузаро мешаванду саводи кофию њунари назди мардум љавоб гуфтан надоранд. Шон ваќт доранд, аќлу љуръат намерасадашон... Муллозуњур ТОЊИРЇ, табиби мардумї: - Хиёнати зан се сабаб дорад: камбудии иќтисодї, номењрубонии шавњараш ва аз љињати шањвонї ќаноатманд набудан. Аксари мардњо шояд ин гапро шунида, ба њайрат меафтанд, вале њаќиќат љои бањс надорад. - Хиёнати мардњо њам се сабаб дорад: аз љињати шањвонї ќаноатманд набудан, номењрубонии њамсарон ва вазъи хуби иќтисодї. "Тарангин" даркор - дия, ако! Мањмадшариф НОЗИМОВ, вакили Маљлиси намояндагони МО ЉТ: - Дар мавриди њифзи њуќуќи моликият шахси норизо аз њуќми додгоњ метавонад ба додгоњи дигар шикоят бубарад. Њукми додгоњро танњо додгоњ метавонад бекор кунад. Мо шубња набояд бикунем. Агар њар номутахассисе дар ин маврид назари худро бигўяд, дар љомеа бесарусомонї мешавад. - Мардум ба ќонун шубња надоранд, аммо мушкил ин аст, ки ноодамњое манфиатхоњї карда, ќонунњои нодепутатњо ќабул кардаро зери по мекунанду носудяњое бо як занги телефонии номансабдоре њалномањои ѓайриќонунї мебароранд. Бунафша РАЉАБОВА, сароянда: - Бо мардони хориљї ошиќї кардану муваќќатан занашон шудани духтарњои тољик ѓазабамро меорад. Магар мардњои тољик мурдаанд, ки духтарњои мо бо бегонањо ошної мекунанд?! - Бале, мурдаанд, ба он маънї, ки кампуланду мисли эронињову афѓонњо пайсаи зиёд харљ карда наметавонанд. Баъдан, зери партави сиёсатњои хирадмандона, аксаран дар муњољиратанду мардак намерасад, хоњари љу-у-н... Зубайдулло ХОЛОВ, сароянда: - Мењмонро тољи сар мекунам, зеро мењмон ояд, файз аз ќудумаш меборад. Њар чизе хост, наздаш мегузорам, то нагўяд, ки ин њофиз бисёр хасис будааст. -Чї сухани волову чї арзишу чї дарки маънињо! Шумо бењамтоед, Зубайдуллои азиз... марњамат карда, суроѓаи хонаатонро гўед-чї...Кай мењмонї биёем? Муњиддин КАБИРЇ, раиси ЊНИТ: - Њоло ба ѓайр аз чинињо дигар сармоягузорон ба Тољикистон таваљљуњ надоранд. Танњо чинињо љуръат мекунанд, шояд ба хотири он аст, ки раисиљумњур бевосита дар ифтитоњи корхонањо ширкат мекунад. -О, њаминро дониста, намешуд, ки як зани хитої гиреду лентаи сурх харида дар ифтитоњи бозори Турсунзода, љанобро даъват кунед?!

Дар њафтанома матолибе низ ба нашр мерасанд, ки бо мавќеи идораи он муѓойират доранд. Дар шумора аз аксњое њам аз Шабакаи љањонии Интернет истифода шудааст. Матолиби хусусияти таблиѓотидошта ® метавонанд танњо бо пардохти муайян дар њафтаномаи «Нигоњ» нашр шаванд. Барои дар дигар нашрияњо пурра ё ќисман чоп кардани матолиб ва иќтибосњо аз «Нигоњ» иљозаи хаттии идора ва нишон додани сарчашма дар шакли «аз њафтаномаи «Нигоњ» №_ аз санаи _» њатмист. Њуќуќи муаллифии кулли матлабњои шумора ба идораи њафтаномаи «Нигоњ» ва СЉ «ИНДЕМ» тааллуќ дошта, тибќи ќонунгузории љории Тољикистон ва байналмилалї њифз карда мешаванд.

Ќимати рўзнома дар фурўши чакана на беш аз 2 сомонї Њафтанома дар нашриёти «Мега-принт» чоп мешавад. Теъдод 5 000 Ќимати обуна барои як сол - 78 сомонї. Индекси обуна: 68990 НИШОНИИ ИДОРА: Љумњурии Тољикистон, шањри Душанбе, кўчаи Носирљон МАЪСУМЇ, хонаи 3. Телефон: (44) 600 80 38, 224 25 09 Теъдоде аз њар шумора дар асоси кўмаки техникии (дар шакли ќоѓаз) дафтари САЊА дар Душанбе ройгон таќсим карда мешавад.


Turn static files into dynamic content formats.

Create a flipbook
Issuu converts static files into: digital portfolios, online yearbooks, online catalogs, digital photo albums and more. Sign up and create your flipbook.