“НИГОЊ”, СЕШАНБЕ №50 (381) 11. 03. 2014
Иброњим Усмонов:
1
СЕНЗУРА НЕСТ, АММО... САЊИФАИ 8 №50 (381). Сешанбе, 11-уми марти соли 2014
САЛАФСИЁСАТ ПОРТРЕТИ СИЁСЇ
Њукумати Тољикистон сари салафия таљдиди назар мекунад?
Коммунистон бояд љаноза нашаванд? САЊИФАИ 5
СУХАНИ ЗАНИ ШУЉОЪ
Ѓарб њама ваќт маро дастгирї мекунад САЊИФАИ 4
БО ШОИР РОЗИЯ
Давлат њамаам, бистари гулљўши ту бас САЊИФАИ 12
ПУРБИНИ «НИГОЊ»
Муаммои њамсари Мирзодиккак ва хоњарони иѓвогар САЊИФАИ 16
НАБАРДЊОИ ПАШТУНЇ Талоши дурронињо ва ѓилљоињо барои даст ёфтан ба ќудрат дар Афѓонистон чї тавр сурат мегирад?
2
ГАШТИ СИЁСЇ
“НИГОЊ”, СЕШАНБЕ №50 (381) 11. 03. 2014
Вазорати корњои дохилии Тољикистон 9-уми марти соли равон аз боздошти се узви љараёни салафия хабар дод. Бино ба ин манбаъ, се сокини дењаи Саричашмаи ноњияи Нуробод ба гумони узвият дар ин љараёни мамнўъ боздошт шудаанд. Дар гузориши телевизионї, ки ВКД пахш кард, боздоштшудањо аз пайвастан ба ин њаракат изњори пушаймонї намуда, аз љавонони тољик даъват карданд, ки ба њизбу созмонњои бегона напайванданд ва аз мазњаби расмї - њанафї рўй нагардонанд. Ин як хабари оддие беш намебуд, агар собиќаи муносибати њукумати Тољикистон бо салафињо нуктањои љолиберо дар зимн намедошт ва њам дар замони рўёрўињои хашину хунбори ќудратњо дар Сурияву Украина пеш намеомад.
Аз Эшон то мушовир Суди Олии Тољикистон салафияро њанўз моњи январи соли 2009 мамнўъ эълон карда, дар пайи ин панљ нафарро њам равонаи зиндон намуд, ки яке аз онњо Эшони Сирољиддин буд. Ахирї 24 июни соли 2013 пеш аз муњлат аз зиндон озод шуда, эълом дошт, ки њељ гоњ салафї набуд ва њамеша аз мазњаби њанафї пайравї мекард. Њоло Эшони Сирољиддин ба яке аз љонибдорони ашаддии сиёсатњои динии њукумати Тољикистон табдил ёфта, дар ин маърака гоњ - гоњ аз худ дарак медињад, бахусус, аз ин аќида, ки ислом ба њизб ниёзе надорад, пайваста тариќи матбуот суњбат мекунад. Аммо дар доирањои коршиносї рањоии Эшони Сирољиддин ва њам чор нафари дигаре, ки бо ў зиндонї буданд, бардошти дигар доштанд. Ба ќавли онњо, њукумати Тољикистон дар баробари салафињо сиёсати нармтареро пеш гирифтааст. Аммо њељ яке гуфта натавонист, ки ин нармиш чаро ва ба кадом хотир буд. Ин норўшанї дер давом накард. 15 августи соли 2013 зимни як нишасте, ки тањти унвони "Муносибати давлат ва дин" дар Кохи Вањдати шањри Душанбе баргузор шуд, Саидмурод Фаттоев, мушовири давлатии президент оид ба масъалањои робита бо љомеа гуфт, Тољикистон наметавонад ба љараёни "Салафия" фишор орад. Сабаби инро њам мушовири давлатї чунин шарњ дод, ки салафия мазњаби аслии Арабистони Саудї ва бархе дигар кишварњои Халиљи Форс аст ва бархўрди шадид ба он метавонад муносибати Тољикистонро бо он кишварњо халалдор кунад. Расонањо ўро чунин иќтибос карданд: "Ваќте мо дар мавриди ин гуна љараёнњо сухан-
САЛАФСИЁСАТ
Њукумати Тољикистон сари салафия таљдиди назар мекунад?
ронї мекунем, бояд эњтиёт кунем. Албатта, ин љараёнњо дар мо мамнуъ эълон карда шудаанд. Вале мо бояд њангоми суханронї дар нисбати ин гуна њизбу њаракатњо бояд эњтиёткор бошем, чунки бархе аз ин равияњо дар кишварњои Халиљ њизбњои расмии давлатї мањсуб мешаванд ва мо бояд коре кунем, ки ба иззати нафси онњо нарасем". Њарчанд дар шабакањои иљтимоии интернетї афроди наздик ба њукумат алайњи салафињо муборизаи беамон доштанду доранд, пас аз ин нармишњо дар кўчањои шањрњои Тољикистон, аз љумла Душанбе, ришњову шалворњои кўтоњи салафї озодона њаракат мекарданду мекунанд. Њукумати Тољикистон њам бо њукуматњои Арабистони Саудї, Ќатар ва Аморати Муттањидаи Араб - "сегонаи салафї" - кишварњои сарватманду сармоягузори эњтимолї муносиботи њасана дорад. Ин кишварњо њанўз солњои 50 - уми асри гузашта зимни имзои ќарордодњои стратегї бо Амрико ин имтиёзро њосил карда буданд, ки барои фаъолиятњояшон дар тамоми љањон озод хоњанд буд. Аз ин нуќтаи назар, онњо барои густариши вањњобият дар Покистону Афѓонистон дар замони таљовузи Шўравї ва 20 соли ахир дар кишварњои пасошўравї Русияву Осиёи Марказї дасти дароз доштанду доранд. Яъне барои њукумати Тољикистон роњандозии нармиш бо салафия
«
пиёда кардани ќаробатњои танготанг ва муњимтару фаротар аз доираи мазњабї буд. Акнун, ки дигарбора аз боздошти салафињо дар Тољикистон хабар пахш шуд, ба он маънист, ки нармињо ба дуруштї табдил шудаанд ва ё "фасли дўстдорињо" бо "сегонаи салафї" -и Амрико дар пасманзари њаводиси Сурияву Украин ба поён омад?
Аз Сурия то Чолов Дар асл, ба назар мерасад, барномаи муборизаи њукумат бо салафињо дар боздошти Давлат Чолов, аз хонадони маъруфи Чоловњо дар Кўлоб бештар зоњир мешавад. Мавсуфро маќомот ба он муттањам медонанд, ки љавонони тољикро тариќи Туркия ба Сурия мебурд ва онњо аз љониби мухолифини њукумати Башшор Асад љанг мекарданд. Њарчанд дар бораи салафї будани Давлат Чолов иттилое нест, аммо маълум аст, ки сафарбарии љангиён аз саросари дунё ба Сурия тариќи маболиѓи бузурги њомиёни салафия роњандозї мешавад. Љанги Сурия амалан љанги њукумати шиаи Башшор Асаду пуштибононаш - Эрону Русия ва мухолифони суннї аст, ки умдатан вањњобї ё салафї њастанду аз сўи Амрикову Арабистони Саудї ва дигар кишварњои Халиљ маблаѓгузорї мешаванд. Хадамоти љосусии Русия дар гузашта эълом дошта буд, ки теъдоди љангиёни кишварњои ИДМ дар Сурия аз марзи њазор нафар гузаш-
Барои њукумати Тољикистон роњандозии нармиш бо салафия пиёда кардани ќаробатњои танготанг ва муњимтару фаротар аз доираи мазњабї буд. Акнун, ки дигарбора аз боздошти салафињо дар Тољикистон хабар пахш шуд, ба он маънист, ки нармињо ба дуруштї табдил шудаанд ва ё "фасли дўстдорињо" бо "сегонаи салафї" -и Амрико дар пасманзари њаводиси Сурияву Украин ба поён омад?
«
тааст. Агар дар гузашта ин як иттилои љосусї ва пўшида буд, њоло дар дастраси тамоми расонањо ќарор дорад ва Суди Олии Тољикистон то ба њол 5 донишљўро бо иттињоми ширкат дар љангњои Сурия равонаи зиндон кардааст. Бо ин вуљуд, њоло рўшан мешавад, ки љињоди љўшандаи глобалии салафї дар ќаламрави Сурия намегунљад ва ин танњо як тамрини "намоишномаи бузурги геополитикї" аст, ки дар дигар кишварњо њам эњтимол ба "сањна" гузошта шавад. Дар Русия тирамоњи соли гузашта як силсила амалиёти террористї ба вуќўъ пайвастанд ва президент Владимир Путин рўйрост ишора ба Арабистони Саудиву дастпарварони террористаш карда, гуфта буд, ки бањои ин њамаро хоњанд пардохт. Њоло, ки равуои маќомоти Душанбе ба Маскав ва аз он љо ба ин сў бештар мешавад, Украина њам дар остонаи љанги дохилї аст, илова бар ин, номи Тољикистон њам вирди забони коршиносони љањонист, ин хулоса њам љон дорад, ки нармиш бо салафия ва дигар созмонњои шарики мухолифини њукумати Сурия хатари љиддитар касб кардааст ва ба истилоњ, "салафсиёсат" - и дигаре бояд пеш гирифта шавад. Аз ин љо хулоса мешавад, ки њоло њукумат мухолифини ошкорашро њам тањти таъќиби шадид ќарор додаву пинњонкоронро њам намегузорад, ки нафаси озод кашанд. Ва аз вазъи бастаи имрўз дар кишвар њукмрон њис мешавад, ки кадом як њаракатњое љараён доранд ва њукумат бидуни огоњї ва мушорикати љомиа онњоро њам мудирият мекунад… Далери ХАЙРУЛЛО
ПЕШ АЗ ВУЌЎЪ - Устод, гарчи суњбатамон дар арафаи рўзи матбуоти тољик аст. Мехостам, ошкортар суњбат мекардем, то мо дар посухи Шумо акси фаъолияти худро медидем. Муњити расонаии Тољикистон дар тасвири Шумо чи њолате дорад? - Муњити иттилооти дохилии Тољикистон аз як системаи бисёр печидаи воситањои ахбори умум: ахбори расмї, ахбори њизбњои сиёсї, ахбори мустаќил иборат аст. Имрўз дар шакли умум њаёти њаррўзаи љомеаро гўё пурра ифода мекунанд. Гўё пурра ифода мекунад, гуфтани ман, ба он маъно аст, ки дар навиштањо њамачї хусусияти озод дорад. Лекин озодии комил дар он аст, ки њамон навиштањо дар амал татбиќ шаванд, яъне иљро шаванд. Барои танќидњои гуфташуда, ягон ќуввае бошад, ки барои ислоњаш талош кунад. Барои идеяњои пешнињодшуда, нерўе бошад, ки барои татбиќаш кўмак кунад. Нерўе бошад, ки барои ќадр кардани чизњои ситоишшуда кўшиш кунад. Дар њамин чиз як навъ мушкилї аст. Дар худи навиштањо, дар баёни фикр озодї ва инъикоси пурраи муњити љомеа њаст. Агар ба ифодаи дигар гўем, публисистикаи мо, яъне, матни навишташавандаи мо, худи матн озод аст. Касе чизи пешакї навишташударо тањрир ва сензура намекунад. На дар матбуоти расмї ва на дар матбуоти ѓайрирасмї. Ин албатта, нишони озодии матбуот аст. Вале он чи ки гуфта мешавад, дар татбиќи он на њамеша амали зарурї ба миён меояд, дар ин њолат, озодии публисистика њаст, озодии пурраи матбуот эњсос намешавад. Журналистика ба ќуввае табдил ёфтанаш даркор аст, ки ба гапи вай маќомњои расмї гўш кунанд. Њатто он чизе, ки дар "Љумњурият" ва дигар нашрияњои расмї чоп мешавад, татбиќаш муш-
3
ПРОФЕССОР УСМОНОВ ДАР АРАФАИ РЎЗИ МАТБУОТИ МИЛЛЇ 11-УМИ МАРТ АЗ МУЊИТИ РАСОНАГИИ КИШВАР ФОШГЎИЊО ДОШТ
Иброњим Усмонов:
СЕНЗУРА НЕСТ, АММО... ё чаро забони тољикї дар реклама забони мурда аст? кил аст. Ин чи њолат њаст? Ин чунин њолат аст, ки имкони баёни фикр фароњам омад, лекин имкони дар заминаи он таѓйир додани љомеа ва пеш бурдани љомеа њанўз ба вуљуд наомадааст. Аз ин нуќтаи назар, мо андаке ба матбуоти њамсонамон дар дунё камтар монандї дорем. Тасаввур кунед, як матлабе дар ягон нашрияи аврупої пайдо шавад, атрофи ин дар маќомњои болої њам гуфтугў ба вуљуд меояд. - Ин айби журналистика аст, айби љомеа аст, ё ягон чизи дигар? - Ба гумони ман, сабаби ин пухта нарасидани нерўњои сиёсии дохили кишвар аст. Дар дохили кишвар (на фаќат дар Тољикистон, аз љумла, дар аксар кишварњои собиќ Шўравї) вазъияти дохилии сиёсї њанўз сабзида нест. Дар мафкураи мо њизб ин нерўи сиёсии инќилобї мебошад. Дар фањмиши умумии дунё њизб ин ќувваи сиёсии давлатсозанда аст, шарт нест, ки њизбе ба ќудрат омад, инќилоб кунаду системаро таѓйир дињад. Њизбњое буданашон даркор, ки як маќсади умумї доранд, барои пешрафти Тољикистон, инкишофи иќтисодии кишвар, рушди љомеа кўшиш мекунанд, аммо кадом якравиашон аз њамдигар фарќ доштанашон даркор. Чунин њизбњо надорем. Матбуоти озоди мо такягоњи њизбї надорад. Барои њамин, њанўз матбуот ба сифати матбуот боќї монда истодааст, љомеа ба сифати љомеа боќї монда истодааст. Робитаи байни инњо чандон ќавї нест. - Муњити расонаї, матбуот чї мушкилот доранд? - Аз нигоњи сиёсї гуфтам, набуди такягоњи умумї. Аз љињати дигар пахлўи касбии матбуот њам таъсир мекунад. Маќолањои танќидие, ки дар матбуоти мо чоп мешаванд, хусусияти масъалагузории умумї доранд. Чизи ислоњшаванда масъалагузории мушахасро мехоњад. Чизи мушахасро ислоњ карданаш мумкин. Дар матбуоти мо умумигўї бисёртар аст. Масалан, мушкилоте, ки дар масъалањои миллї, муњољирати корї, судњо ба миён мегузорем, њамааш айни як гап такрор мешавад. Дар бораи муњољирон менависанд, аз мушкилоти онњо њарф мезананд. Рост менависанд, ки русњо муњољиронро тазйиќ мекунанд, азоб аст. Аммо чи кор кардан даркор, роњи халосї дар чист? Кадом матбуоти мо дар ин самт роњ нишон додааст? - Матбуот вазифааш иттилоъ расондан ва мушкилиро матрањ кардан аст. Барои роњи
“НИГОЊ”, СЕШАНБЕ №50 (381) 11. 03. 2014
њалро нишон додан журналист мутахассис нест, њукумат нињодњои масъул дорад. Шумо ба ин гуфта мувоффиќ нестед? - Матбуот бо навиштан ваќте вазифаи худро ба анљом мерасонад, ки ќувваи дигаре пайдо шавад, ки мушкили ошкоркардаи матбуотро истифода барад. Канї њамон ќудрат? Дар шароити мо, ин функсияи суд буданаш даркор. Дар Аврупо суд навиштаи матбуотро истифода мебарад. Аммо нерўњои дигар њам судро истифода мекунанд. Дар мо суд ба ќуввањои гуногун тобеъ нест. Ин хуб аст. Пас суд ин корро бояд иљро намояд. Агар воќеаи инъикосгардида, ањамияти иљтимої-сиёсї дошта бошад, ба сиёсати дохилї ба зиндагии мо таъсир расонад, суд љиддан ба он машѓул шуданаш даркор. Суд ба ин њаќ њам дорад, имкон њам дорад ва мутахассисони хуб њам дорем. Татбиќи ин чаро бошад, ки кам аст. Ин алакай аз салоњияти матбуотфањмї берун аст, ба салоњияти давлатдорї тааллуќдорї марбут аст. Чаро чунин шудааст, гуфтанаш душвор аст. - Дар идомаи ин гуфтањоятон ва мушкилоти расонањо як чиро мехоњам зикр кунам. Имрўз, барои як расона журналисте, ё худ кадре даркор аст, ки навор гирифтан, сабт кардан, навиштан, акс бардоштанро тавонад, њатто аз уњдаи монтаж кардан барояд. Аммо намебинем, ки дар як сол њеч не 10 нафар чунин кадр факултањои журналистикаи мактабњои олии моро хатм кунад. Бар болои ин як гуна дигаргунї дар факултаи журналистика ба назар мерасад. Инчунин, Президент супориш дода буд, ки Академияи ВАО ташкил шавад. Мегўянд, ин Академия дар назди Кумитаи радио ва телевизион ташкил мешавад, ки як нињоди таблиѓотии њукумат аст. Дар назди он ташкил намудани чунин Академия ояндаи онро аллакай маълум кардааст. Аз њамин муносибат худ маълум аст, ки дар њукумат то чи њад фањмиши миллии ин масъала вуљуд дорад. - Барои ман њам, масъалаи таълим ва тарбияи кадрњои журналистї душвор аст. Мутаассифона, имрўз дар системаи таълимии журналистикаи мо љои журналистика бисёр танг шудааст. Дар факултет ва шўъбањои журналистикае, ки мо дорем, ба њадде, ки аз наќшаи таълимиашон хабар дорам, филология аз журналистика бештар аст. Баъзењо мегўянд, ки фарќаш
чист, ки ту чи хондї. Физик, химик њам агар истеъдодаш бошад, журналисти наѓз мешавад. Њо, истеъдодаш бошад, одами нахонда њам журналисти хуб мешавад. Навишта метавонад. Навиштан барои матбуот ин њанўз журналистика нест Чи тавр ба омма расондан ин журналистика аст. Роњи расондан ба мардум, ин њунар, касб аст. Навиштан истеъдод аст. Журналистикаро њеч кас дигар карда наметавонад. Аммо имрўз дар Тољикистон журналистикаро филология карда истодаанд. Ба ќарибї плани таълимии яке аз ихтисосњоро дидам, журналист назарияи адабиёт мехонад, назарияи публисистика намехонад. Озодии матбуот, анвои матбуот, ин чизњо барои журналист муњимманд, ё шеъру ѓазалу адабиёт? Омўхтани жанр дар плани журналистикаи имрўзаи мо нест. Методикаи таълим дар мактабро дар журналистика дарс медињанд. Журналист муаллими мактаби миёна мешавад? Барои журналист методикаи таълим чи даркор аст? Ин гуна мисолњо нишон медињад, ки системаи таълимии журналистии мо бо роњи журналистика не, бо роњи адабиёт, ё педагогика рафта истодааст. Журналист-педагок тайёр кардан мехоњанд. Мо аз ин замон барваќт гузаштаем. Як замон буд, ки физика њам илми фалсафа њисоб мешуд, аз он људо шуд. Як замон дар фалсафа психология, сиёсатшиносї њам дохил мешуд. Њоло њамааш алоњида шуданд. Журналистика њам дар марњилаи аввал ба таърих ва филология такя мекард. Ин марњалаи аввал буд, аз ин чиз баромадем. Функсияи журналистика дигар шуд. Мо ба аќиб баргаштанием, боз дар њамон чањорчўбаи пешина. Ба сари касе, ин фикр омада бошад, ин сар ба манфиати журналистика кор накард. Ман намегўям, ки ин гуноњ ва љиноят аст. Инро маќомот муайян мекунанд. Аммо ин на ба манфиати журналистикаи њукумат аст, на мустаќил. Ин ба манфиати одаме нест, ки ў журналист шудан мехоњад. Барои журналистшаванда, пеш аз њама аќида доштанро ёд додан даркор. Одаме, ки журналист мешавад, аќида доштанаш даркор ва бояд аќидаашро њимоя кунад. Одаме, ки ба журналистика меояд, барои аќидаро нигоњ доштан истифода мешавад. - Ба раванди миллишавии матбуот чї бањо доред? Барои як хонандаи њушманд мушкил нест дарки он, ки кадом нашрияи мо ба кадом мањал бештар гаравиш дорад…
- Мутаассифона, бўи мањал дар матбуоти мо эњсос мешавад. Бештар дар бораи матбуоте, ки хусусияти мустаќилї дорад, гуфта истодаам. Њади аќал ба муаллифњояш нигоњ кунед, бештар хусусияти як мањалро ифода мекунад. Дар баъзе сарлавњагузорињо њам омили мањал эњсос мешавад. Сўистифода аз номи шахсиятњои бузург низ дар масъалаи мањал зиёд аст. Журналистон худашон ба гуфтан љуръат намекунанд, онњоеро, ки аз чизе ранљидаанд, онњоро истифода бурдан мехоњанд. Онњоеро, ки як умр барои ин миллат хизмат кардаанд, њамонњоро њам талош мекунанд, ки ба намояндаи мањал људо намоянд. Матбуоти миллї он аст, ки дар бораи миллат ба шакли кулл гап занад. Барои ман, миллат њамчун шакли калимаи пештараи "давлат" аст. Бонки давлатї доштем, Бонки миллї мегўем. Донишгоњи давлатиро Донишгоњи миллї мегўем… Мо калимаи миллатро ба маънои давлатамон истифода бурда истодаем. Миллати тољик он касе, ки ба давлатдории тољик тааллуќ мегирад. Баъд мафњуми дигар халќи тољик онњое, ки бо забони тољикї гап мезананд, онњо њам дар Тољикистон њастанд ва берун аз Тољикистон њам њастанд. Онњо њамзабонњои мо мебошанд. Њар матбуоти мо, ки миллатро таќсим накунад, Љумњурии Тољикистонро ба минтаќањо таќсим накунад, халќро таќсим накунад, њамаи мардуми тољикро эътироф кунаду ќабул кунад, њамон матбуоти миллии мо аст. Ин ду равия дар шароити њозира сахт аст. Матбуоти миллї њамон матбуотест, ки миллати тољикро њамчун миллат ва њамчун халќ фањмад, дастгирї кунад ва муќобили вай чизе нанависад. Дар Русия матбуоте нест, ки нависад, ки мо рус нестем, дар Тотористон наменависанд, ки мо тотор нестем, дар Молдовия нест, матбуоте, ки гўяд, ки мо молдован нестем, мо румин њастем, ё чизи дигар. Дар мо њаст, мегўянд, ки мо тољик нестем… - Сатњи таъсири расонањои хориљї расонањои моро то куљо мерасонад? Албатта, ташкилот, ё созмону давлате, ки аз як расона пўштибонї мекунад, бењадаф нест. Аз ин миён бахши тољикии "Озодї" бо сармояи њудуди 1,6 миллион доллар фаъолият мекунад. Хабаргузории "Азия-Плюс" маълум аст, ки дар бозори реклама наќши умда дорад. Хабаргузории "Ховар" давлатист... - Матбуоте, ки бо грант ва рекламаи дигарњо кор мекунад, ин матбуот пурра аз грантдињанда ва рекламадињанда вобастаї дорад. Њамин ки ду-се чизе дар муќобили гратдињандањо пайдо шуд, гранташонро њам намедињанд ва реклама њам намедињанд. Матлабњои бахши тољикии радиои "Озодї" дар чанд нашрияи мо айнан бо њамон шакли аввалааш нашр мешавад. Ин аз як тараф плагиат, дўздї аст. Аз тарафи дигар ин баёнгари он аст, ки инњо муассисањои пайванди онњо њисоб мешаванд. Яъне сањифањояшонро аз њамонњо пур мекунанд. Дар шартномаи ёрие, ки аз онњо мерасад, шояд гапе њам бошад, ки фалон категорияи материалњои моро истифода бурданатон даркор. Чунин чиз буданаш њам мумкин аст. Аз рўи чизе, ки мехонам, ба њамин фикр њастам. Чандин маротиба дар ваќташ гуфтам, ки радиои "Озодї" хусусияти таблиѓотии зидди тољи-
14
“НИГОЊ”, СЕШАНБЕ №50 (381) 11. 03. 2014
4
МУШКИЛИ ЌОНУНЇ
4-уми марти соли равон Мишел Обама њамсари Барак Обама президенти ИМА ба Ойнињол Бобоназарова, собиќ номзад ба мансади президентии Тољикистон ва раиси созмони "Перспектива+" љоизаи "Шуљоати зан"-ро таќдим кард. Соњиби љоизаи "Шуљоати зан" гардидани Ойнињол Бобоназарова бори дигар номи ўро ба сархати расонањо баровард. Баъди баргашт аз Амрико хабарнигори "Нигоњ" бо хонум Бобоназарова сўњбате анљом дод, ки фишурдаи онро манзури шумо мегардонем. Љоиза ва Иди модар ба Шумо муборак бошад! -Ташаккури зиёд. Лутфан ќисса мекардед, ки сафари шумо ба Амрико чї гуна сурат гирифт? Оё хабар доштед, ки љоиза хоњед гирифт? -27-уми феврал маро ба сафорати ИМА дар Душанбе даъват карда гуфтанд, ки барои як љоиза шумо пешнињод шудаам ва бояд рўзи 1-уми март ба ИМА сафар кунам. Аммо дар сафорати ИМА нагуфтанд, ки ин чигуна љоиза буд, танњо гуфтанд, ки дар ИМА њамаашро мефањмонанд. Аз рўи барнома бояд ман аз 1-ум то 17-уми март дар ИМА мемондам, аммо ман гуфтам, ки имкони 17 рўз истодан дар ИМА-ро надорам, агар хоњед барои ду-се рўз ба ИМА меравам. Онњо низ ба ин розї шуданд. Дар он љо ман фањмидам, ки сафоратхонањои ИМА дар бораи занњои фаъоли дунё маълумот гирдоварї мекардаанд ва ба Департаменти давлатии Амрико пешнињод мекунанд. Барои ин љоиза номзадии бисёр нафарон пешнињод шуда, баъдан комиссияи махсус номзадњоро меомўзад ва хулосаи худашро ба Департаменти давлатии ИМА пешнињод мекунад ва Департамент онро тасдиќ мекунад. Баъди тасдиќи Департамент ѓолибон эълон мешаванд. Дар бораи ин ки чаро ба Шумо ин љоизаро доданд, чї фикр доред? Фикр мекунед барои кадом коратон, масалан, пешбарии номзадиатон ба интихоботи президентї, таљрибаи зиёди кориатон дар ташкилотњои байналхалќї, ё чї? -Дар Тољикистон хеле занњое њастанд, ки лоиќи ин љоиза мебошанд. Ин љоизаи танњо љоизаи ман нест. Ин љоизаи занњое, мебошад, ки мубориз њастанд, барои мардум коре мекунанд. Албатта, имконияти ба њама занњои љасур додани ин љоиза нест. Маро асосан њамчун њимоягари њуќуќи инсон ба ин љоиза сазовор донистанд. Аз сабабе ки солњои зиёд ба њимояи
МИШЕЛ ОБАМА ЊАМСАРИ БАРАК ОБАМА ПРЕЗИДЕНТИ ИМА БО ОЙНИЊОЛ БОБОНАЗАРОВА
Ойнињол Бобоназарова:
ЃАРБ ЊАМА ВАЌТ МАРО ДАСТГИРЇ МЕКУНАД њуќуќи инсон машѓул њастам ва хусусан, дар масъалаи муњољирати мењнатї, дар масъалаи шиканља, дар масъалаи зўроворї нисбати занњо ва масъалањои дигари њуќуќї ман кор кардаам. Дар маросими љоизасупорї низ асосан ба ин нукта таъкид мекарданд. Аммо он љо як љумлаи дигар њам гуфтанд, ки хонум Бобоназарова моњи ноябри соли 2013 кўшиши сабти ном кардан ба номзадии президентиро низ кардааст. Аммо асосан њамчун њимоячии њуќуќи инсон маро ба ин љоиза лоиќ донистанд. Оё даст ёфтани Шумо ба як љоизаи љањонї ва он њам аз сўи Амрико то куљо зиндагии Шуморо таѓйир дод? -Зиндагии ман њељ таѓйир намеёбад. Фаќат масъулияти ман зиёдтар мешавад. Бисёр нафароне ки фикр мекунанд, ман зани хеле шуљоъ њастам назди ман бо мушкилотњое меоянд, ки ман бояд ба онњо кўмак кунам. Аммо як шуљоъ будан мушкилотро њал намекунад. Чунки ваќте режимњо авторитарї аст, њуќуќи инсон бисёр ваќт поймол мешавад ва баъзан кўшиш њам, ки мекунед мумкин аст иљро намешавад. Ман ѓайр аз зиёд шудани масъулият дигар таѓйиротеро дар зиндагии худ эњсос намекунам. Зиндагии ман чи тавре ки пеш буд, њоло њам бо њамон роњ аст. Бо бону Мишел Обама танњо лањзањои љоизасупорї рў ба рў шудед? Оё пас аз он њам мулоќот доштед? Назари Шумо дар бораи њамсари Президенти ИМА чї аст?
-Пеш аз супурдани љоиза якљоя бо 9 нафар занњои дигаре ки ба ин љоиза сазовор дониста шуда буданд, як вохўрии на он ќадар тўлонї доштем. Инчунин ман бо масъулони Шуъбаи кор бо Осиёи Марказї ва Тољикистонии Департементи давлатии ИМА мулоќотњо доштам. Њамсари Барак Обама бо вуљуди зани раќами яки ИМА буданаш ботаккабур набуд. Хеле оддї рафтор мекард ва хеле самимї сухан мегуфт. Аз суханрониаш маълум буд, ки як љањонбинии хеле васеъ дораду инсонро сарфи назар аз куљо буданаш ќадр мекунад. Ман дар шахсияти Мишел Обама як хонуми бомаърифат, оддї ва як хонуме ки барои вай њама дар як сатњ аст дидам ва њис кардам. Баъди соњиби љоизаи "Шуљоат" шуданатон ин сарусадоњо њам буданд, ки пешбарии номзадии шумо ба мансаби президентї бо дастгирии Ѓарб сурат гирифтааст. Шумо чї назар доред? -ИМА ва Аврупо маро њама ваќт дастгирї кардааст ва ин њам ба хотири он аст, ки њуќуќи инсон барои онњо ањамият дорад. Онњо доим эълон мекунанд, ки мо мехоњем, дар њама љо њуќуќи инсонро њимоя кунем. ИМА аз аввалинњо шуда, эълон кард, ки интихоботи президентии Тољикистон шаффоф набуд, интихобот баробарњуќуќиро таъмин накард ва ѓайра. Ин як чизи оддї аст барои Ѓарбу Аврупо. Ѓайр аз давлатњои собиќ Шўравї дигар давлатњои Ѓарб аз њуќуќи инсон њимоя мекунанд. Ваќте маро як бор њабс карда буданд (соли 1994-Нигоњ) барои ман пеш
аз њама Ѓарб талош кард, на ягон тољике дар Тољикистон ё аз давлатњои ИДМ. Дар њар куљои дунё нафареро ѓайриќонунї љазо бидињанд, онњо садо баланд мекунанд. Шумо аз њисоби Иттињоди нерухои ислоњотхоњи тољик ба мансаби президенти пешбарї шудед. Назари Амрико дар бораи ИНИТ чї гуна аст? -Мо дар ин масъала сўњбати хоса надоштем. Барои онњо аљиб буд, ки чи гуна як њизби исломї аз номзадии зан пуштибонї кардааст. Ин якумин таљриба дар љањон аст. Чунки Беназир Бњутторо на њизбњои динї, балки њизбњои дунявї пешнињод карда буданд. Ин бисёр чизи хуб аст, ки нањзатињо як демократро пешнињод карданд. Ин ќолабшиканї буд. Онњо асосан дар ин бора аз ман суол карда буданд. Аз ин ба баъд боз ба сиёсат сарукор хоњед гирифт? Масалан, дар интихоботи парлумонї ширкат мекунед? Ё ба ягон њизб мепайвандед? -Ман њанўз тасмим нагирифтаам, ки дар интихоботи парлумонї иштирок мекунам ё не. Аммо ман дар сиёсат будам, њастам ва мемонам. Чунки зиндагї худаш сиёсат аст. Њар коре, ки мекунем, худаш сиёсат аст. Сиёсат нисбати оила, сиёсат нисбати давлат. Наметавонам, ки аз ин сиёсат гурезем. Нафароне, ки мегўянд, ман дар сиёсат нестам, хато мекунанд. Инсон њар рўз дар сиёсат аст. Муллораљаб ЮСУФЇ
3%
Б арои м ан ф арќ над орад
Н ам едонам
25%
О ѓози буњрон дар О си ёи М ар казї
14%
Љ уб рони бохт д ар С ури яву Укроин
П еш гирии хатар аз А ф ѓон истон
44%
3%
Њиф зи ам н ияту субо т дар Тољи кистон
САДОИ МАРДУМ
ПУРЗЎРКУНИИ ПОЙГОЊИ 201 - ДАЛЕЛИ ОЃОЗИ БУЊРОН ДАР ОСИЁИ МАРКАЗЇ? Пурзўркунии пойгоњи низомии Русияро дар Тољикистон аксарият далели оѓози буњрон дар минтаќаи Осиёи Марказї мењисобанд.
11%
Дар ин бора натиљаи пурсиши ахири “Нигоњ”, ки тўли як њафтаи ахир дар сомонаи Ожонси иттилоотии TojNews - www.tojnews.org баргузор шуд, далолат мекунад. 45 дарсади ширкатдорони ин пурсиш ба саволи: “Пурзўркунии пойгоњи низомии 201-уми Русия дар Тољикистон далели чист?” гуфтаанд ин далели оѓози буњрон дар Осиёи марказї аст. Дар њамин њол, 25 дарсади пурсидашудагон бар ин назаранд, ки омили аслии пурзўркунии пойгоњи низомии бузургтарини хориљии Русия љуброни бохти ин кишвар дар њодисоти ахири Сурия ва Укроин аст. Дар ин пурсиши ѓайрирасмї, ки беш аз 900 нафар
ширкат карданд, 14 фоизи респондентњо дар посух ба ин савол гуфтаанд, пурзўркунии пойгоњи 201 бо њадафи “Пешгирї аз хатарњои Афѓонистон” роњандозї шудааст. Ин назарсанљї њамчунин маълум кардааст, ки 11 дарсади пурсидашудагон пойгоњи њарбии Русияро кафили амният ва субот дар кишвар медонанд. Онњо дар посух ба ин савол гуфтаанд, тасмими пурзўркунии пойгоњи низомии Русия бо њадафи њифзи амният ва субот дар Тољикистон гирифта шудааст. Њамчунин 3 дар сад дар ин назарсанљї гуфтаанд, посухи ин саволро намедонанд ва 3 дарсади дигар посух додаанд, ки ин масъала барояшон муњим нест ва фарќе надорад.
ЧЕЊРА
“НИГОЊ”, СЕШАНБЕ №50 (381) 11. 03. 2014
5
(Идома аз шумораи гузашта)
Баъди як сол њољї Акбар Тўраљонзода дар мавриди он ки чаро аз таъсиси Њизби нањзати исломї дар тирамоњи соли 1990 љонибдорї накард, дар мусоњибаи худ бо "Мегаполис-экспресс" гуфт, ки акнун ваќти он расидааст, ки номи ташкилкунандагони Њизби нањзати исломиро дигар пинњон надоранд. Ба ќавли ќозикалон муассисони Њизби нањзат наздиктарин дўстон ва њамфикрони ваянд, аммо он ваќт, ки дар љумњурї ќонунњо дар бораи озодии виљдон, дар бораи ташкилотњои љамъиятї ва Ќонун дар бораи матбуот ќабул нашуда буданд, дар хусуси таъсиси Њизби исломї ба онњо тавсия додааст, ки њатман каме сабр кунанд, зеро саросемагї метавонист њама ќуввањои зиддиисломии љумњуриро муттањид кунад. Аммо дар њамин ваќт ќозикалон ва Шўрои уламо тасмиме гирифтанд, ки коммунистону наздикони онхоро воќеан њам дар муќобили Ќозиёт ва Њизби сабти номнашудаи нањзати ислом ќарор дод. Сухан дар бораи фатвои чаноза накардани коммунистон буд, ки агар хеле мулоим карда бигўем, дар чомеа норозигии зиёдеро ба вучуд оварда буд. Дар ибтидои солњои 90-ум теъдоди аъзои Њизби коммунисти Тољикистон ба 125 њазор мерасид ва агар дар хонаводаи њар як коммунист аз 4 ё 5 аъзои оила иборат мебуд, теъдоди пайравони Ленину пайвандонашон шояд ба садњо њазор мерасид. Вобаста ба ин фатво дар рўзномаи "Љавонони Точикистон" рўзи 30-юми марти соли 1991 маќолае зери унвони "Ба њар мазњаб, ки бошї, бош накукору бахшанда" чоп шуд. Дар он маќола гуфта мешуд, ки имом -хатиби ноњияи Ленин (њоло Рўдакї) Азимов Лаќай њозир нашудааст, ки рузи 5уми январи њамон сол пиразани фавтидаеро чаноза кунад, зеро майит муаллима ва узви Њизби коммунист будааст. Дар натича, мурда дар рузи сармои зимистон болои замини барфпўш мемонад, вале баъдан як нафари дигар пайдо мешавад ва чанозаи пиразани фавтидаро мехонад. Дар маќола њамчунин гуфта мешуд, ки ваќте аз имом-хатиб пурсиданд, ки ба чи далел чунин рафтор кардааст, ў муддате сар ба зер афканда, баъди хомушии тулони чунин посух гуфтааст: -Ќозии мусулмонон Турачонзода фатво баровард ва ба њамаи хатибон эълон кард, ки ба коммунистњо чаноза хонда нашавад. Чунон ки дар маќола зикр мешавад, баъди ин њодиса аз дигар ноњияњо, аз љумла, аз Њисору Регару Кўлоб низ хабар расидааст, ки имом-хатибон аз чаноза кардани аъзои Хизби коммунист саркашї кардаанд. Худи њољї Акбар Турачонзода баъдан дар њамон мусоњибаи худ ба хабарнигори "Мегаполис-экспреес" дуруст будани содиршавии ин фатворо тайид мекунад.
Мулло Хайдар мухолифат нишон медињад Азбакси ин фатво норозигии зиёдеро ба вучуд овард, њољї Акбар Тўраљонзодаро раиси Шўрои Олї Ќадриддин Аслонов даъват намуда, хоњиш мекунад, ки Шўрои уламо ин тасмими худро лаѓв кунад. Тафсилоти ин мулоќотро рўзномаи он замон машњури "Комсомольская правда" дар як маќолае инъикос мекунад. Чунон ки муаллифи маќола зикр мекунад, ќозикалони љумњурї ба раиси парламенти Точикистон гуфтааст, ки љањонбинии коммунистї иљозат намедињад, пешнињодњои мусулмонњо татбиќ шаванд. Сухан дар бораи рўзи истироњат эълон кардани рўњои Иди ќурбон ва Иди рамазон буд, бинобар ин, ќозикалон бекор кардани фатворо дар бораи нахон-
Намояндаи Козиёт дар Кўлоб латукуб мешавад?
ЌОЗИКАЛОН Коммунистон бояд чаноза нашаванд? дани чанозаи аъзои Њизби коммунист раво надидааст. - Бигузор парламент ва ё њукумат талабњои моро ќонеъ кунад, он гоњ, агар зарур шавад, њар рўз садњо нафарро њамроњи билети њизбиашон ба роњи охират тибќи талаботи ислом љаноза мекунем. - Мо ин ќадар мурдаро аз куљо пайдо мекунем?,- пурсидааст бо тааљљуб раиси Шўрои Олии љумњурї (маќолаи "Подпольный обком действует", рўзномаи "Комсомольская правда", 23-юми марти соли 1991). Ба ин фатво мулло Њайдар Шарифзода-имом-хатиби шањри Кўлоб, вакили мардумї дар Шўрои олї тавассути рузномаи парламентии "Садои мардум". Ки аз 1-уми январи соли 1991 ба чопи мерасид, посухи расмї дод. Номбурда дар маќолаи худ "Љанозаи коммунистонро кї мехонад?" (Садои мардум. 19 январи соли 1991) мухолифати худро нисбат ба ин фатво ошкор чунин баён дошт. "…Ќозии мўњтарам Тўраљонзода, ки фатвои нахондани љанозаи коммунистонро баровардааст, оё дили њар коммунистро пора карда, дида бошад? Дар тўли 70 сол, ки барои њамаи мусулмонон адои ањкоми шариат вазнин буд, коммунистон ба ин вазнинї нигоњ накарда, махсусан аз рўи иљроиши вазифа нигоњ накарда, њамчун фарзанди мусулмон ба дорулбаќо бо љаноза рафтанд", Мулло Њайдар Шарифзода дар идомаи ин маќолаи худ навишта буд, ки "ќозии мўњтарам Њољї Акбар Тўраљонзодаро бисёр њурмат менамоям ва аз њузури мўњтарам илтимос дорам, ки бо мас-
лињати њамдигар кор кунем ва исломро ба роњи низоъи байни мусулмонон истифода накунем. Мабодо, ки ин амал дар оянда боиси зарари ислому мусулмонон гардад". Њољї Акбари Тўраљонзода дар њамон мусоњибаи худ ба "Мегаполис-экспресс" зикр мекунад, ки баъди чанд муддат фатвои љаноза накардани коммунистонро лаѓв кард, зеро бељаноза гўрондани онњо шармандагї мешуд. Ќозикалон дар мусоњиба мегўяд, ки "воќеан, њама шахсони чумњурї то имруз ба ичрои њамин расм гуронда мешуданд. Ин расм баъзан аќаллан пинњонї сурат мегирифт". Агар дар даврони Шўравї дар Точикистон њатто роњбарони Њизби коммунистро ошкору пинњонї чаноза мекардаанд ва инро ќозикалон медонистааст, пас чи зарурат дошт фатвои чаноза накардани онњо? Бубинед, ќозикалон дар мусоњибаи худ бо "Мегаполис-экспресс" иддао медорад, ки ў дар соли 1991 барои он аз таъсиси Њизби нањзати исломї чонибдорї накард, то ки коммунистон дар муќобили ин созмони сиёсї муттањид нашаванд. Ба назари ман, фатвои Шурои уламо дар мавриди чаноза накардани коммунистон аз худдории ќозикалон дар мавриди эътирофи Њизби нањзати исломї ба Њизби нањзат зарари бештар дошт. Гузашта аз ин, баъди содир шудани ин фатво як теъдоди азими чомеаи Точикистон њам дар муќобили Ќозиёт ќарор гирифт ва њам дар муќобили шахси худи њољї Акбар Турачонзода.
Равобити миёни ин ду руњонии бонуфузи точик баъди ќозикалон интихоб шудани њољї Акбар Турачонзода тира гаштааст. Њарчанд ба ќавли мулло Њайдар, ў дар мадрасаи Мири Араб чанд моње ба ќозикалони оянда дарс гуфтааст ва ўро шогирди худ мешумурдааст. Яке аз масъалањои бањснок миёни мулло Њайдар ва ќозикалон масъалаи эътирофи расмии Њизби нањзати ислом ва ба сиёсат дахолат кардани мусулмонон буд. Аммо њољї Акбар Тўраљонзода баъди 21 сол дар як мусоњиба бо радиои "Озодї" ба ихтилофи худ бо мулло Њайдар ишора карда, мегўяд, ки Ќозиёт маќсад дошт ин руњониро аз вазифаи имомхатибии шањри Кўлоб гирифта, дар љои дигар таъин кунад. "Мо аз инљо намояндаи худро фиристодем, то ў эълон дорад, ки мулло Њайдар аз вазифа барканор гардида, ба љои ў бародараш таъин шудааст. Худи мулло Њайдарро имом-хатиби ноњияи Мўъминобод интихоб карданд. Онњо намояндаи моро роњ надоданд, бинобар ин, мо аз онњо ранљидем, онњо аз мо". Дар ин маврид мулло Њайдар ба њафтаномаи "Миллат" гуфтааст, ки намояндаи Ќозиёт Худойбердї Эгамбердиев, ки барои эълони барканор шудани ў аз вазифа ба Кўлоб омада буд, њаргиз мавриди латукўб ќарор нагирифта буд. "Латукўбаш накарданд, аммо ќасди латукўбро доштанд, занозанї њам шудааст, ки милиса пеши роњи издињомро мегирад ва дар Идораи Кумитаи иљроияи вилоят пинњонаш мекунанд". Ба кавли мулло Њайдар, ў хабар надоштааст, ки намояндаи Ќозиёти љумњурї Х. Эгамбердиев ба Кўлоб омадааст, бинобар ин, ваќте ки аз ин њодисаи нохуш хабар меёбад, зуд ба он љо расида, Х. Эгамбердиевро халос карда, ба Душанбе мефиристад.
Ќозикалон эътироф мекунад Нуктаи муњиме, ки дар иртибот ба ихтилофњо бояд зикр шавад, ин аст, ки то баргаштани њољї Акбар Тўраљонзода ба Тољикистон дар соли 1988 ва ќозикалон таъин шудани ў дар Кўлоб мухолифатњо миёни худи мулло Њайдар ва мулло Абдурањим шурўъ шуда буданд. Султон Мирзошоев, котиби якуми Њизби коммунист дар собиќ вилояти Кўлоб, дар ин маврид дар як мусоњибаи худ бо њафтномаи "Точикистон" чунин мегуяд: "Миёни мулло Абдурањим ва мулло Њайдар сари бинои маќбараи Мирсайид Алии Њамадонї љанљол мерафт. Њарду тараф мурољиат намуд, ки биноро ба онњо дињам. Ман талаби онњоро ќатъан рад намудам ва гуфтам, ки маќбара осорхона, иншооти таърихї, моликияти љумњурї мебошад, ба њељ кас дода намешавад. Њамон давра Амонулло Ашуровро, ки раиси шањр буд, ба Ўротеппа фиристодам, ки барои таъмири маќбара усто биёрад. Устоњои чирадаст овард ва мо ба таъмири он шурўъ кардем". Ба ихтилофи ин ду руњонии Кўлоб ќозикалони чумњури њољї Акбар Турачонзода низ кашида мешавад. Ў аз мулло Абдурањим, ки аз чењрањои саршиноси Њизби нањзати исломї дар минтака њисоб мешуд, чонибдорї кард. Аммо солхо баъд дар як мусоњибаи худ бо њафтаномаи "Нигоњ" козикалон чунин иброз дошт: "Ба хулосае, ки ман дертар ба он расидам, хадамоти Ўзбакистон аз ихтилофњо миёни ману Њайдар Шарифзода ва њамчунин, ихтилофњои шадиди нањзатињои Кўлоб бо роњбарии Мулло Абдурањим ва Њайдар Шарифзода хабар дошт ва аз ин хуб истифода бурд". Идома дорад Нуралї ДАВЛАТ
6
“НИГОЊ”, СЕШАНБЕ №50 (381) 11. 03. 2014
НОМА АЗ СУЃД
Ба таваљљўњи Президенти Тољикистон-Эмомалї Рањмон, Прокурори генералии Љумњурии Тољикистон - Салимзода Шерхони Одина, Сардори Агентии назорати давлатии молиявї ва мубориза бо коррупсияи Љумњурии Тољикистон - Абдуфаттоњи Ѓойиб
НОМАИ ДОД Ва ё чаро касе кирдорњои падару писар Алиевњоро дар ноњияи Љаббор Расулов пешгирї карда наметавонад?
вњо ќарор гирифта ва ночор чунин маълумотнома ба онњо додааст. Маълум шуд, ки чанд нафар аз коркунони љамоати Њаёти нав ва идораи бойгонии њукумати ноњия зери фишори онњо маълумотномањои бардурўѓ додаанд, ки бо ин роњ соњибмулки хонаи ман шуданро сохтааст. Њуљљатњои хонаро, ки аз соли 1971 дар он модарам зиндагї мекарданд, аз дасти мудири бойгонии ноњия гирифта, ном ва насаби модарамро хат зада ва ба љои он ном ва насаби худро гузоштаанд. Руйдоди ин њолатро баёноти Нарзулло Отабоев мудири бойгонии њукумати ноњия тасдиќ мекунад. Њол он ки Алиевњо аз соли 1971 дар дењаи Гулхонаи ноњия зиндагї мекунанд ва аслан сокини дењаи Ќурѓонча нестанд. Онњо барои замини њавлї дастдарозї карда ва мехоњанд дар он сохтмон карда онро ба нархи гарон ба фурўш гузоранд. Пас аз марги модарам (30.04.2003) њама аъзои оила барои ба мерос гузоштани хона ба номи ман розї шудаанд. Баъди воќиф шудан аз чунин кирдори падару писар Алиевњо бо ариза ба прокуратураи вилояти Суѓд мурољиат намудам. Прокуратураи вилоят тафтиши ин ќазияро ба Раёсати агентии назорати молиявї ва мубориза бо коррупсия дар вилоят вогузор намуд. Прокуратураи вилоят дар якљоягї бо Раёсати Агентии зидди фасод дар Суѓд дар чорчўбаи ќонун аризаи маро њаматарафа, пурра ва холисона дида баромаданд, аммо чорае љиддие надиданд. Шояд сабаби тарси масъулин аз нашрияи Алиевњо аст?
Тарс аз "Њуќуќ"?
Масъулини гиромї, њамватанони азиз! Аслан, ман як инсони одї њастам ва маќоланависї пешаи ман нест. Вале аз беадолатињои шахсоне, ки њамеша дар пайи манфиат њастанду бо њар васила шањрвандон, оилањои онњо, љамъият ва њатто бархе аз коркунони давлатро зери таъсири худ дароварда, амалњои нољо мекунанд, ба дод омада, маљбур шудам, ки ќалам ба даст бигирам, то маќомоти ќудратии марказиро огоњ созам. Ман аз болои ду хешам: Турсуналї ва Ойбек Алиевњо шикоят дорам ва мехоњам аъмоли онњоро фош созам.
Чи гуна ва чаро падару писар ба ман дарафтоданд? То соли 2004 ба сифати сармеъмор дар њукумати ноњияи Љ. Расулов кор кардаам. Моњњои июн-июли соли 2013 Алиев Турсуналї ба назди ман омада хоњиш кард, ки замини як љойро барои наберааш мехоњад гирад, вале раиси ноњия ба ин розї нашуда истодааст. Ў аз ман хост, ки дар бораи раиси ноњия ва њуќукшиноси МИЊД ягон факт ёфта дињам, то ки ў бо истифода аз он тавонад онњоро танќид кунад. Ман гуфтам, ки њоло ман дар кори љамъиятї њастам ва намедонам, ки њукумати ноњия ба чи кор машѓул аст...Хуллас, муло-
им не гуфтам. Аз њамон ваќт хусумати падару писар нисбати ман оѓоз шуд. Зеро ман бо надодани факти ба онњо даркорї кори онњоро гўё дастгирї накардам. Аз миён ду се моњ сипарї шуд ва ман ба корњои касбии худам машѓул будам. Аз моњи сентябри соли 2013 сар карда, Алиевњо раиси љамоати Њаёти нав Рањмоналї Нуралиевро розї кунонда, аз ў маълумотномаи ќалбакї ба номи худ оид ба тааллуќ доштани манзили модариам, ки њавлї дар асл ба ман тааллуќ дорад, мегиранд. Маълумотномаи ќалбакиро ба КФБТ (МБТИ)-и ноњия пешнињод карда, шиносномаи техникї месозанд. Рўзи якшанбе, ки 1-уми сентябр буд, коргари КФБТ-и ноњияро гирифта, ба хонаи мо воќеъ дар дењаи Ќурѓонча, кўчаи Садриддин Айнї 18 рафта, оинаи тирезаи хонаи маро шикаста, бе иљозат ба он ворид шуда, бе иштироки сокинон њамин њавлї масоњати хонаро чен карда, дар асоси он барои гирифтани шиносномаи техникї муваффаќ мешаванд. Корманди КФБТ-и ноњия Юсупов Олим дидаю дониста, ки дар хона касе нест дару дарвозаи хона махкам аст, ба хона аз болои девор даромада, њавлиро чен кардааст. Оё ин амалу рафтори корманди КФБТ-и ноњия Юсупов О. дар доираи ќонун аст? Не, албатта. Он рўз дар хонаи мо њељ кас набуд,
зеро њамсарам дар кор буд, ду писарам донишљўянд ва писарчаам ба мактаб рафта буд. Худи ман њам, ки корњои сохтмонии шаш синфхонаи иловагї дар мактаби шањраки Пролетарро ба иљро расонида будем, он рўз барои супоридани корњои сохтмонї ба комиссияи вилоятиву љумњуриявї рафта будам. Дар ин бора, наворњо мављуд аст, ки дар он рўз, яъне, 1- уми сентябр, барои ман ифтихорномаву туњфањо таќдим намудаанд. Турсуналї ва Ойбек Алиевњо аз ин фурсати холигии хонаи мо истифода бурда, бо њамроњии корманди корхонаи давлатї ба он ворид шуда ва бо роњи ќалбакї њуљљат тартиб додаанд. Аммо дар ин бора ман дертар фањмидам. Моњи октябри соли 2013 ба ман аз њукумати ноњия хабар доданд, ки "хабар доред, ки соњибмулки хонаи ту нафарони дигар шуда истодаанд". Маълум кардам, ки онњо барои њукумат њуљљатњои омодакардаи худро пешнињод кардаанд. Инро фањмида, даступо хўрдам. Ба раиси љамоат мурољиат кардам, ки "шахсан медонед, ин хона солњост, ки ба ман тааллуќ дорад, пас чаро њамчунин маълумотномаи бардурўѓ ба онњоро додед"? Раиси љамоат Рањмоналї Нуралиев бароям наќл кард, ки зери фишори Алие-
"ЛОШАДИНАЯ СИЛА" - ИНТИХОБИ СИТОРАЊОСТ! Лера Кондра, - сарояндаи рус, њунарманд ва барандаи телевизион: Барои нигоњубини мўйњоям ман танњо аз шампуни "Лошадиная сила" истифода мебарам. Ба ман ин шампунро дар яке аз чорабинињо њамчун тўњфа таќдим намуданд. Аз њамон ваќт ин љониб ман њељ аз истифодаи он дилканда наметавонам. Барои чї? Ба фикрам барои он, ки "Лошадиная сила" бењтарин шампун аст! Таркибаш аз гиёњњои шифобахши гуногун ва коллагену ланолин бой аст. Таъсирашро аллакай баъди бори авал истифода намудан мебинї. Чанде пеш дар як маљаллаи бонуфуз хондам, ки њатто актёри шинохтаи љањон Сильвестр Сталлоне фармоиш додааст, ки барояш аз Руссия шампуни "Лошадиная сила" оранд. Боз як сири дигар;… хасташавии пойњоямро њам ман тавассути малњам(гел)-и "Лошадиная сила" рафъ менамоям. Таъсираш олиљаноб! Њангоми дард шаб онро то миён мемолам, субњ аз хастагї осоре намемонад. Шумо њам санљида бинед, пушаймон намешавед! Њангоми молидан бо плёнка худро печонед ва дар њамин њол 30 -60 даќиќа бихобед. Нархи як флакон малњам дар дорухонањо аз 80 то 88 сомон буда барои 10-15 даври муолиља кифоя аст.
бино карда, купрукхо сохта, об бароварда,
Фикр мекунам, хеле аз мардуми ноњия имрўзњо аз падару писар Алиевњо то дараљае бимнок шудаанд, ки ба кавле "касе пашшаи онњоро киш гуфта" наметавонад, зеро ин ду нафар дар ноњия њафтаномаеро бо номи "Њуќуќ" таъсис дода, онро бо маќсадњои худ истифода мебаранд. Ак тањлили сарсарї одам мефањмад: ин нашрия бо маќсади амали намудани ѓарази шахсї таъсис дода шуда, танњо ба манфиати Алиевњо хизмат мекунад, на ба халќу љомеа. Ашхосе, ки дар њафтаномаи "Њуќуќ" бесабаб беобрў шудаанду љабрдидаанд, ба маќомотњои салоњиятдори ноњияи Спитамен аз болои матолиби њафтанома шикоят бурдаанд, ки њоло аз онњо ном бурданро зарур намешуморам. Бале, падару писар-Турсуналї ва Ойбек Алиевњо як идда мутахассисони варзидаро аз кор "равонданд", ки аризањои шикоятияшон њоло дар дасти маќомотњои њифзи њуќуќ мављуд аст . Инро ман хуб медонам, зеро бо ман хешу табор њастанд. Афсус, ки ин суханњоро ман пештар нагуфтам. Њоло ваќту соаташ расидааст, ки ниќобњо бардошта шаванд. Падар ва писар сокинони ноњияи Љ. Расулов мебошанд, ки то ин замон борњо аз худуди ноњия бо бањонаи ташкил намудани нуќтаи хизматрасонї ќитъањои замин гирифта, вале дар асл гирифтани замин воситаи пулкоркунї ва пур кардани кисањои онњо гаштааст. Ба љои ташкилу ба роњ мондани нуктањои хизматрасонї онњо замини гирифтаашон ва хизматрасонињоро бо маблаѓи гарон ба шањрвандон фурўхтаанд, ки њоло чунин хизматрасонињо дар њудуди ноњия амал накарда, бо таъиноти дигар истифода мешаванд. Мўњтарам масъулини маќомтњои салоњиятдори кишвар, ростї намедонам, ки маќомоти њифзи њуќуќи ноњияву вилоят чї водор кардааст, ки аз кирдорњои Алиевњо чашм пўшанд, њарчанд гумон мекунам, ки метарсанд. Аммо то ба кай метарсем?.. Бо интишори ин матлаб аз шумоён масъулони олимаќоми нињодњои ќудратии кишвар таќозо менамоям, ки як комиссияи вижа таъсис дињед, то кирдорњои Алиевњо, ки боиси зарари ман в адигар шањрвандон шудааст, тафтиш гашта, бањои дурусти њуќуќї гиранд. Њусанљон АЛИЕВ, сокини дењаи Ќурѓончаи ноњияи Љаббор Расулов
ТАЌДИРИ ШИНОС Њабс гирифтани Фахриддин Зокиров, яке аз се тан вакилони Зайд Саидов, соњибкори шинохта, собиќ вазири саноат ва рањбари сабиномнашудаи "Тољикисони нав" аз љониби Агентии назорати давлатии молиявї ва мубориза бо коррупсия ба вокунишњои тунде дар љомеа рў ба рў шуд. Њамзамон, Суди ноњияи Фирдавсии шањри Душанбе низ тавассути судя Акрамов, рўзи 7-уми март ба кормандони ин агентї иљоза дод, ки Фахриддин Зокиронро то ду моњи оянда дар њабс нигањ доранд ва ваќти ќироати ин ќарор судя гуфт, ки бояд дар муддати ин ду моњ парвандаи вай тањќиќ карда шавад. Фахриддин Зокиров, яке аз вакили пуртаљрубаи Зайд Саидов дар умури иќтисодї аст, ки дар аксар парвандањои иќтисодии марбут ба зерњимояшон ва наздикони Зайд Саидов аз эшон намояндагї мекард. Ба гуфти вакилони Зайд Саидов, шаби 7-уми марти соли 2014, соати 01:00 пас аз наздик ба 13 соати пурсиш дар бинои Агентии назорати давлатии молиявї ва мубориза бо коррупсия аз љониби кормандони ин агентї Ф. Зокиров бо иттињоми ќаллобї ба њабс гирифта шуд. Фахриддин Зокиров бо иттињоми моддаи 247 КЉТ ќисми "4) Ќаллобие, ки: а) дар њолати рецидиви махсусан хавфнок; б) ба миќдори махсусан калон содир шудааст,бо љарима ба андозаи аз як њазору чорсаду шаст то ду њазору яксаду навад нишондињанда барои њисобњо (аз 58560 то 87600сомонї) ё мањрум сохтан аз озодї ба мўњлати аз њашт то дувоздањ сол бо мусодираи молу мулк бо мањрум кардан аз њуќуќи ишѓоли мансабњои муайян ё машѓул шудан ба фаъолияти муайян ба мўњлати то панљ сол ё бидуни он љазо дода мешавад. (ЌЉТ аз 21.07.10. №617)" ба њабс гирифта шудааст. Пас аз расонаї шудани ин хабар нухуст Рањматилло Зойиров, Раиси Њизби Сотсиал-демократи Тољикистон ва Консорсиуми юридикї бо пахши як изњорот ба њабс гирифтани Фахриддин Зокировро оѓози "љанг" бар алайњи вакилони мудофеи њуќуќи шањрвандон унвон кард. Дар ин изњорот омадааст, ки : Муборизаи бисёрсолаи њукумат ба муќобили њар гуна гуногунандешї дар Тољикистон неруи тоза мегирад. Элитаи њоким низ имрўз ба муќобии вакилони мудофеъ, муњофизони њуќуќи инсон, касоне, ки дар њифзи арзишњои башарї ќарор доранд, даст ба иттињомоти тоза задааст. Мисоли рушани ин боздошти Фахриддин Зокиров, як тан аз вакилони мудофеаи Зайд Саидов мебошад. Ба гуфтаи Рањматилло Зойиров тайи як моњи охир фишор болои адвокатњои Зайд Саидов, бахусус болои Шуњрат Ќудратов ва Фахриддин Зокиров зиёд шудааст. Вай боздошти Зокировро ѓаразомез хонда, аз љомеаи шањрвандии Тољикистон ва њуќуќшиносон хостааст, ки дар ин ќазия бетараф набошанд. Ба гуфтаи раиси Њизби Сотсиал-демократии Тољикистон тафтиши парванда бо банди 4-и моддаи 247 ба салоњияти Прокуратураи кишвар дохил мешавад, на ба салоњияти Агентии назорати давлатии молиявї ва мубориза бо коррупсия! Њамчунин Њизби нањзати исломии Тољикистон (ЊНИТ) низ бо интишори баёнияе ба њабс гирифтани Фахриддин Зокировро бо шадидтарин лањн мањкум кардааст: "Рањбарияти ЊНИТ равандњои ахири доирањои маълуми њукуматиро, ки ба мањдуд сохтани гуногунандешї ва озодфикрї равона шудаанд, хилофи меъёрњои њуќуќи конститутсионї дониста, ин гуна амалњоро шадидан мањкум менамояд. Љомеъаи кишвар дар њоли омодагирї ба интихоботи парлумонї ќарор дорад ва рушди гуногунандешию њимоя аз он бояд асли муборизањои интихоботї дониста шавад. Вале чунин ба назар мерасад, ки мубориза алайњи гуногунандешї нерўи тоза пайдо карда, доирањои манфиъатхоњ, њатто ба боздошти вакилони мудофеъ, онњое, ки аз њимояи њуќуќи инсон ва дигаре аз арзишњои конститутсонї садо баланд мекунанд, дастдарозї мекунанд. Мисоли рўшани он, боздошти Фахриддин Зокиров, як тан аз вакилони мудофеъи Зайд Саидов аст, ки субњи барваќти имрўз мавриди боздошти маќомоти ќудратї ќарор гирифт. Раванди бањси ќазияи Зайд Саидов ва ошкор шудани таќаллубкорињои њуќуќї дар ин ќазия, бахусус баъд аз њукми ноодилонаи суд шањодат аз он медод, ки маќомоти шарики бањс дунболи ќассос мегарданд. Омили асосї њам ангезаи сиёсї доштани
“НИГОЊ”, СЕШАНБЕ №50 (381) 11. 03. 2014
7
ИСЊОЌ ТАБАРОВ ВА ШУЊРАТ ЌУДРАТОВ, ВАКИЛОНИ ДИФОЪИ ЗАЙД САИД ПАНОЊГОЊИ СИЁСЇ МЕЉЎЯНД...
«ЌАСОСИ АГЕНТЇ» Ба вакилони Зайд Саид кї ва чаро тањдид мекунад? парвандаи Зайд Саидов аст, ки Фахриддин Зокиров, яке аз вакилони мудофеъи нафари мањкушуда мебошад. Ин ќазия њам чењраи аслии доирањои манфиъатхоњро ошкор кард, дар њоле ки онњо бояд њомиёни ќонуну адолат бошанд". Дар ахир ин баёни ЊНИТ омадааст: рањбарияти ЊНИТ пайваста аз барќарории адолат ва суботи љомеъа њимоят кардааст ва њимоят хоњад кард. Ба ин хотир амали онњоеро, ки бо иќдоми бемаънии хеш ба беадолатї роњ дода, боиси халал ворид кардани суботи љомеъа мегарданд, мањкум менамояд, зеро беадолатї ба бесуботї мебарад". Дар њамин робита, 7-уми март, соати 14:30 даќиќа низ Шуњрат Ќудратов ва Исњоќ Табаров вакилони Зайд Саидов, дар як нишасти матбуотї дар вокуниш ба њабс гирифтани Фахриддин Зокиров-њамкорашон онро идомаи фишорњои маќомот дониста, эълом кардаанд, ки: "бо сабаби ба додгоњ кашидани Абдулфаттањи Ѓоиб, раиси Агентии назорати давлатии молиявї ва мубориза бо коррупсия, маќомоти ин агентї мо аслан тўъмаи интиќом шудаем, аз мо ќасос мегиранд". Дар изњороти онњо омадааст: "Вазъи ногувори мо, бахусус баъд аз он, ки ин шахсро барои моро тањќиру тўњмат карданаш ба додгоњ кашидему аз ў љуброни зарари маънавї талаб намудем, бењуда ба миён наомадааст. Далели ќотеъонаи дастраскардаамон аз хусуси он, ки љинояткор на Зайд Саидов, балки масъулини худи Агентист, ки хулосаи ташхисро сохтакорї намуда нафари бегуноњро тўњмат задаанд, сабаби дигари ќасосгирист". Дар ин нишасти хабарї вакилони мазкур таъкид кардаанд, ки дар сурати такро-
«
ри чунин фишорњо аз сафоратхонањои кишварњои хориљї дар Тољикистон дархости паноњангии сиёсї хоњанд кард. Дар рафти ин изњорот низ Шуњрат Ќудратов ва Исњоќ Табаров эълом кардаанд, ки субњи 7- март бо зерњимояшон Зайд Саидов дар зиндон вохўрда, љараёни ин мољароро ба ў наќл кардаанд ва дар љавоб Зайд Шерович гуфтааст, ки пас аз дар бањси парвандањои иќтисодии ў ва пайвандош, ки айни замони бо арзиаи даъвогии Агентии назорати давлатии молиявї ва мубориза бо коррупсия дар суди иќтисодї давом доранд, дигар касе иштирок накунад ва таъкид доштааст, ки бигзор маќомот дар алоњидагї дар ин бора тасмим бигиранд. Чун, ки ба назари эшон вуљуди адвокат ва ё намоянда дар ин бањсњои иќтисодиаш чизеро таѓйир намедињад. Ба итилои манбоеи мо, Фахриддин Зокиров чанд сол пеш аз бонке ба маблаѓи њудуди як миллион доллар барои корхонаашон ќарз гирифта, 600 њазор доллари онро баргардонида, боќимонда маблаѓро камкам бармегардонидааст. Инчунин ба гуфти Шуњрат Ќудратов ва Исњоќ Табаров, њамкасбони Зокиров ин бањси ќарздор будани Фахриддин Зокиров собиќаи чанд сола дошта, дар Суди иќтисодии кишвар низ баррасии он идома дорад. Њамчунин дар њамин робита вакилони дифоъи Зайд Саидов таъкид доштаанд, ки: "Шаби имрўз соати 01:00 даќиќа Фахриддин Зокиров, ки якљоя бо мо њимояи њуќуќу манфиатњои Зайд Саидовро дар робита ба тафтишу баррасии парвандањои љиноятиву иќтисодї бар ўњда дорад, аз љониби Агентии назорати давлатии молиявї ва мубориза бо коррупсияи Љумњурии Тољикистон пас аз пурсупоси тўлонї ба њабс гирифта
Ба итилои манбоеи мо, Фахриддин Зокиров чанд сол пеш аз бонке ба маблаѓи њудуди як миллион доллар барои корхонаашон ќарз гирифта, 600 њазор доллари онро баргардонида, боќимонда маблаѓро кам-кам бармегардонидааст.
«
шуд, њарчанд иддаое, ки боиси чунин вокуниш аст, љуз бањонаву вонамудкунии љиноят чизи дигаре нест. Гўё, мавсуф тариќи ќаллобї аз баргардонидани ќисме аз маблаѓњои аз бонк ќарзгирифтаи корхонаашон саркашї карда бошад. Зимнан амалиёти тиљоратии чанд сол пеш анљомдодашудае дар назар аст, ки њатто санљиши маќомоти марбута, аз љумла, худи њамон Агентї ќаблан собит намудааст, ки асари љиноят дар он умуман мушоњида намешавад. Нисбат ба хатаре, ки вобаста ба ќазияи Зайд Саидов мо - вакилони дифоъи ўро тањдид мекунад, пайваста изњори нигаронї кардаем. Мурољиати пешинаи расмиамон аз ин хусус ба маќомоти амниятиву прокуратура далели њамин ташвишу нигаронист. Манбаи ин хатару тањдид дар бисёре мавридњо худи Агентии мазкур аст, ки барои бадномкуниву тарсонидани мо аз имкониятњои маъмуриаш бо як густохии гўшношунид истифода мекунад. Ва чанд њафтаи охир шиддати фишору тазъиќ бамаротиб афзуд. Тањдиди сўиќасд ба љонамон тариќи телефон аз љониби ашхоси номаълум, кўшишњои бофтаву сохтакорона тобиши љиноят додани њодисаи садамаи ночизи наќлиётї, ки бо яке аз мо - Шўњрат Ќудратов рўх додааст ва нињоят таъќиби љиноятиву њабси Фахриддин Зокиров далели он аст, ки алайњи мо нерўи тавонои ќудратие сафарбар шудааст, ки барои саркўб карданамон аз њељ гуна амали номатлубу нангин њазар намекунад. Ба гуфти коршиносон, ин бори аввал нест, ки Агентии назорати давлатии молиявї ва мубориза бо коррупсия аз салоњиятњои худ фаротар ќадам гузошта, ба кору парвандањои иќтисодии афроди алоњидае дахолат мекунад. Эшон дахолат кардани Агентии назорати давлатии молиявї ва мубориза бо коррупсияро дар парвандањои иќтисодии марбут ба Охунов ва Зайд Саидов барои худ далел меоранд. Аммо маќомоти ин агентї дахолатњои худро дар ин парвандањои номбурда ќонунї унвон кардаанд.
Љамоли КОМИЛПУР
8
МУШКИЛИ СОХТА
“НИГОЊ”, СЕШАНБЕ №50 (381) 11. 03. 2014
ТАЛОШИ ДУ ЊАЌДОР Гардиши нав дар ќазияи «Рўзи сиёњи таксист». Дастгоњи иљроияи президенти Тољикистон ба таќдири Мирзо Каримов ва њамсараш Саломат - ќањрамонони силсиламатлаби тањќиќоти журналистии «Нигоњ» таваљљуњ зоњир кард...
МИРЗО ВА САЛОМАТ КАРИМОВЊО, РЎЗИ КУШОДАШАВИИ БОЗОРИ «ГАНЉИНА», ДАР СОЛИ 2005 ГУМОН НАДОШТАНД, КИ «ПОДСТАВА» МЕШАВАНД
Оѓози санљиши фаъолияти раиси бозори "ганљина" Дастгоњи иљроияи Президенти Тољикистон ќазияи шикояти соњибкорони бозори "Ганљина"-ро аз болои директори генералии он Саидалї Амиров тањти назорат гирифта, баррасии ќазияро ба Агентии мубориза бо фасод вогузор кардааст. Соњибкорони собиќи бозори "Ганљина"-и пойтахт, масъулини ин бозорро ба як ќатор ќонуншиканињо дар гузашта, аз љумла, ба кўшиши таљовуз ба номуси як зан, ки гўё, бо супориши роњбарияти ин бозор сурат гирифтаст, муттањам мекунанд. Бино ба гуфтаи ќањрамони матлаби тадќиќоти журналистии «Рўзи сиёњи таксист», ки хонандаи доимии «Нигоњ» аз он огоњ аст, нисбати Саидалї Амиров ба прокуратураи шањрї њафт аризаи шикоятї ворид шуда, баъди боздошти Мирзо, соњибони ин аризањо аз шикоят даст мекашиданд. Дастгоњи иљроияи Президент ба Агентии назорати давлатии мубориза бо коррупсия дастур додааст, ки шикояти соњибкорони ин бозорро ба баррасї гирад. Мактуб бо имзои Бахтиёр Худоёрзода, раиси Дастгоњи Президент ба Абдуфаттоњи Ѓоиб, раиси Агентии назорати давлатии молиявї ва мубориза бо коррупсия бо муњри махсуси сурх фиристода шудааст. Дар он дастур дода мешавад, ки аз натиљаи санљиши ин бозор ба муаллифони мурољиат ва дастгоњи Президент маълумоти муфассал ирсол кунад. Соњибкорони собиќи ин бозор Саломат Каримова ва Мирзо Каримов, ки ќањрамони марказии силсиламатлабњои маркази тањќиќоти журналистии њафтаномаи "Нигоњ" дар ќазияи "Рўзи сиёњи таксист" буд, ба президент Эмомалї
над, ки ман љиноёти дигари ўро њам
Рањмон мактуби кушод нашр карданд. Мирзо Каримов мегўяд, дар ин ќазия, ки соли 2009-ум вай 16 рўз дар боздоштгоњи Шуъбаи корњои дохилї дар шањри Норак бо иттињоми даст доштан дар ќочоќи маводи мухаддир мавриди њабсу лату кўб ќарор доштааст, Саидалї Амиров ва нафарони ба ў наздикро гамонбар медонад. Дар Бозори "Ганљина" гуфтанд, ки Саидалї Амиров, директори генералии Бозори "Ганљина"-и пойтахт феълан дар Тољикистон нест. Бино ба наќли манобеи огоњ, вай дар Дубайи Амороти Муттањидаи Араб ба сар мебарад ва як моњи ахир ба Тољикистон наомадааст.
Аз мактуб ба Эмомалї Рањмон Дар мактуби кушода ба Эмомалї Рањмон Саломат Каримова, тамоми воќеае, ки ба сараш омадааст, муфассал наќл кардааст: "...Њамчун соњибкор дар бозори "Ганљина" -и пойтахт кор мекардам. Соли 2002 бозор барњам хўрд ва моро ба бозори "Корвон" кўчониданд. Дар бозори "Корвон" бе ягон мамониат ба мо замин људо карданд ва мо барои худ љой сохтем. Соли 2003 њуќуќшиноси бозори нави "Ганљина" Фатњулло Пўлотов маро барои аз нав барќарор кардани бозори "Ганчина" даъват кард. Пас аз сўњбат моро бригадир интихоб намуданд. Мо дар аввал сохтмонро бе ягон њуљљат оѓоз кардем. Баъдан маъмурияти бозор бо мо шартнома баста, њамаамон имзо кардем, аммо ба мо нус-
«
хаи онро надоданд. Пеш аз оѓози сохтмон директори генералии бозор Амиров Саидалї бо бригадирњо мачлис карда, гуфт, ки аз рўи наќшаи кашидаи архитектураи шањр бозор ба арзиши 250 - 300 долларї барои њар як нуќтаи савдо сохта мешавад. Тибќи дастури ў маблаѓро барои сохтмон, њар як тољир медод, вале маъмурияти бозор ба онњо забонхат намедод. Њамин тавр, мо барои аз нав барќарор кардани бозор ба мардум хабар додем ва рўйхаткунї сар шуд. Мо дар аввал аз њар як шахси номнависшуда 200 доллар, ки ба 630 сомонии онваќта баробар буд, мегирифтем ва масолењи сохтмонї меовардем. Ягон бор касе аз мо барои овардани масолењи сохтмонї њуљљат напурсидааст. Њар бригадир участкаи худашро месохт. Њамин, ки трубањои аввалини бозор рост шуд, Саидалї Амиров маљлис карда гуфт, ки бозор то моњи августи соли 2003 кушода мешавад ва мо бояд яктогї гўсфанд харида, ба дасти масъулони фирма супорем, то онњо ваќти кушода шудани бозор тўи калоне барпо кунанд. Њамин тавр, зиёда аз 40 сар гўсфандро харида, ба дасти масъулони "Ганчина" супоридем ва то њоло њеч кас намедонад, ки он гўсфандњо куљо шуданд. Хулоса, тамоми бозор аз њисоби маблаѓи гурўње, ки ба ном "бригадир" меномиданд, сохта шуд. Аммо пас аз анљоми кор оњиста- оњиста маблаѓњои сарф намудаашонро барнагардонида, онњоро аз бозор ронданд. Ин дар њоле, ки њар рўзи чоршанбе маљлиси њафта гузаронида мешуд. Онро маљлис њам гуфтан нашояд, зеро аслан аз тањќиру њаќорат иборат буд. Бар илова, дар маљлисњо аксари ваќт аз сари нав таќсимоти масолењи сохтмонї барои тањхонаву маѓозањо ва инчунин дару тиреза ба гардани бригадирон бор карда мешуд. Як ваќти дигар Амиров эълон кард, ки њукумати шањр барояш сохтани як њаммомро "бор" кардааст ва агар онро насозем, кушодани бозорро иљозат намедињад. Баъдан маълум шуд, ки ин њаммомро барои худаш дар мањаллаи 63 сохтааст. Амиров худро он ќадар ќавї медид, ки ба тањќиру њаќорат ќонеъ нашуда, баъзе аз бригадирњоро лату кўб њам мекард. Танњо овардани лату кўби бригадире бо номи Љалол ва Илњом дар ин бора кифоят аст...
Тўйи калон Сохтмон тамом шуд, аммо онро намекушоданд. Баъдтар гуфтанд, ки аз Хадамоти оташнишонї барои мувофиќат
Њамин, ки трубањои аввалини бозор рост шуд, Саидалї Амиров маљлис карда гуфт, ки бозор то моњи августи соли 2003 кушода мешавад ва мо бояд яктогї гўсфанд харида, ба дасти масъулони фирма супорем, то онњо ваќти кушода шудани бозор тўи калоне барпо кунанд.
«
накардани бозор иљозат надодаанд. Ахиран 9 апрели соли 2005 Амиров аз њисоби бригадирон тўйи калон карда бошад њам, бозорро накушоданд. 10 уми апрел бо фармони Амиров як ќатори дўконњои ман, аниќтараш сектори 4, ќатори 3 аз тарафи чап, чаппа карда шуд. Он замон ман дар моњи 9-уми њомиладор будам, гирякунон гуфтам, ки дар ин ќатор пули бисёр сарф кардаам. Амиров ба ман гуфт, "ѓам нахўр, бе кандани ин ќатор њуљљатњои бозорро имзо намекарданд. Пас аз кушодани бозор роњи њаллашро меёбем". Њамин тариќ боз аз мо пул љамъ намуда, аз сари нав тўй доданд ва бозорро кушода бошанд њам, ќатори ман ба гўшаи фаромўшї рафт. Баъди фиребхўрињо ман ин ќаторро дубора аз њисоби худам сохтам. Баъди шартгузорї Саидалї Амиров, ки иљро карданашон ѓайриимкон буд, мо маљбур шудем, ки 1-уми ноябри соли 2006 бо аризаи шикоятї ба суди ноњияи Фирдавсї мурољиат кунам. Аммо баъдтар фањмидам, ки суд парвандаро ба судя Ќурбонов Сафаралї бовар кардааст, ки ў њамдења ва дўсти Амиров будааст. Дар натиља корро судя якљониба ва ба фоидаи Амиров њал кард. Дар ин муддат ба таври асроромез юристи "Ганљина" Пўлотов Фатњулло ва сармуњосиб Ќурбонов фавтиданду дар мурофиаи судї ба љои Амиров юристи нави бозор Абдуллоев Њайдулло иштирок мекарду њама даъвои маро њатто новобаста аз њуљљатњои дар дастам буда беасос мехонд. Хулоса, дар мурофиа гуфтам, ки дигар илољ нест, меравам ба Президент мурољиат мекунам. Аммо баъди аз дари суд баромаданам, Муњаббатов Ќурбон ва юристи бозор наздам омада гуфтанд, ки ба њеч куљо шикоят набарам, зеро Амиров тамоми маѓозаю нуќтањои савдои маро бармегардонад. Ман њам ба умеди он, ки дар рўзи сахти зимистон бо ду кўдаки хурдсолам дар хона ором менишинам, ба назди Амиров С. рафтам. Ў маѓрурона гуфт, ки "дидї, аз дастат њеч коре наомад" ва љои 19, 20, 21-ро холї карда гуфт, ки "ин њам барои он ки бо саѓирањоят аз гурўснагї намурї!".
Ќиссаи тањдид ва 6 гўсфанду 30 дукон Дидам, ки масъала њал намешавад, ба Дастгоњи иљроияи Президенти Љумњурии Тољикистон ариза навиштам. Аризаи маро ба Прокуратураи генералї ва аз он љо ба прокуратураи шањрї равон карданд. Дар натиља њамон њалномаи суди ноњияи Фирдавсиро дастгирї карда, ба ман љавоб гардонданд, ки гўё, њалномаи суди ноњия аз рўи адолат бароварда шудааст. Баъди ин норозигї баён карда, дар прокуратураи шањрї ба ќабули Мухаббатов Ќ. даромадам ва ў гуфт, ки "ба
“НИГОЊ”, СЕШАНБЕ №50 (381) 11. 03. 2014
9
«
номи худам ариза навишта биёр, њал мекунем". 20 марти соли 2007 ба номи прокурори шањр Муњаббатов Ќ. М. ариза навиштам. Аввали августи соли 2007 бори дуюм ба Дастгохи иљроияи Президент ариза навиштам, зеро аз прокуратураи шањр посухе набуд. Њамин тавр, 5 сентябри соли 2007 сардори шўъбаи тафтишотии парвандањои љиноятии махсусан муњими прокуратураи шањри Душанбе Сангов Љ. М. ќарор бо аломатњои 24 ќ. 4 банди "Б" 295 ќ. 1 КЉ ЉТ нисбати Амиров Саидалї парвандаи љиноятї оѓоз намуд ва онро ба муфаттиши калони шўъбаи тафтишии парвандањои љиноятии махсусан муњими прокуратураи шањри Душанбе Пўлатов Умед Тоштемирович супорид. Муфаттиш дар њаќиќат зањмати зиёде кашид, дар натиља Амиров Саидалї шояд аз кушодани парвандаи љиноятї андаке њам бошад андеша кард ва 5-уми ноябри соли 2007 маѓозаеро, ки аз худаш харида будам, холї карда дод. Њамчунин аз 2500 долларе, ки барои занаш Амирова Идимоњ 2 нуќтаи савдо харида дода будам, 1000 доллашро баргардонид, ки бурда аз ќайди прокуратура гузаронидам. 6 гўсфанди ба хонааш бурда ва 30 нуќтаи савдое, ки бо тањдид аз ман гирифта буду њар яке аз он 2500 доллари амрикої нарх дошт, гардонида додан намехоњад. Фикр мекунам, Амировро то љое нотарсии ман њам ба ташвиш меовард. Ў хеле хуб медонад, ки ман љиноёти дигари ўро њам медонам. Аз љумла, кўшиши таљовузи як бонуи дигарро, ки бо супориши ў сурат гирифта буд...
«
БОЗОРИ «ГАНЉИНА» БО ПУЛУ МЕЊНАТИ СОЊИБКОРОН СОХТА ШУДА, БА ТАЛАБОТИ БЕХАТАРЇ АЗ СЎХТОР ЉАВОБГЎ НЕСТ
Пеш аз оѓози сохтмон директори генералии бозор Амиров Саидалї бо бригадирњо мачлис карда, гуфт, ки аз рўи наќшаи кашидаи архитектураи шањр бозор ба арзиши 250 - 300 долларї барои њар як нуќтаи савдо сохта мешавад.
Дар ин бора он замон парванда њам кушода буданд, аммо љинояткор љазо нагирифт. Зеро, тавре Амиров доим мегўяд, "зўри њељ кас ба ман намерасад!". Њолати кор њам ба гунае сурат мегирифт, ки гўё дар њаќиќат зўри ягон нињод ба Амиров намерасад. Барои мисол метавон ќиссаи гирифтани маѓозаеро, ки аз Муњиддинова Салима ба тариќи зўроварї гирифта буданд, овардан кофист.
Кї Амировро пуштибонї мекунад? Бубинед, ки прокуратураи шањр рафта, дари онро мўњр зад, аммо субњи дигараш мўњри задаи онњоро канда партофтанду корашонро давом доданд. Пас маълум мешавад, ки мўњри Прокуратураи шањр пеши Амиров ва дастааш ќурбе надорад? Ќисса кўтоњ, баъди муборизањои бардавоми мо санаи 8-уми июни соли 2009 ќарори прокуратураи шањри Душанбе оид ба њаракатњои ѓайриќонунии директори генералии ЧДММ "Ганчина" Амиров С.Т. бо ќарор бо аломати моддаи 247, ќ. 4, банди "б" 295 ќ. 1 Кодекси љиноии Тољикистон парвандаи ќаблан ќатъшударо аз сари нав оѓоз карданд. Ва баъди 5 рўзи ин, аниќтараш 13 июни соли 2009, дар шањри Норак шавњарам Мирзохонро бо 830 грамм гашиш "подстава" намуданд. 16 рўзе, ки Мирзохон
«
дар ШКД шањри Норак мањбасї буд, ман ба тамоми маќомот ариза навиштам, аммо натиљае надод. Баъдан ин ќазияро тањќиќоти журналистии њафтаномаи "Нигоњ" бо номи "Рўзи сиёњи таксист" ба мардум ва маќомот пешкаш карданд. Ахиран исбот шуд, ки Мирзо бегуноњ асту ду корманди УБНОН - и вилояти Хатлон, яъне сардораш Солењов Сафаралї ва муовинаш Тошев Иброњимљон, ки дар "подстава" иштирок доштанд, њукми судї гирифтанд. Њоло мо далелњое дар даст дорем, ки ин њодиса мањз бо иштироку дахолати Амиров Саидалї сурат гирифтааст... Моњи май соли 2010 ба ќабули Шерхон Салимзода , Прокурори генералї, даромада будам. Он кас ваъда дод, ки њатман чорањои ќонунї мебинем, вале баръакс, чопи маќолаи "Рўзи сиёњи таксист"-ро, ки тамоми сирру асрори милитсия, ки љинояти вазнини фармоиширо ошкор мекард, бо мактубаш ќатъ намуд ва парвандаи љиноятиро боздошт. Дар ин муддат бародарони Саидалї чандин бор ба мову шиносе гуфтанд, ки "ягон кор карда наметавонед, њамаро харидаем". Моњи марти соли 2011 дар телевизиони "Сафина" дар Наврўзи Кангурт дидам, ки Салимзода Шерхон бо њамроњии Амиров Саидалї ва бародараш Амиров Файзалї рост меистоданд. Баъди ин, мо дигар ба Прокуратураи генералї боварї надорам.
"ПЛОСКИЙ ЖИВОТ" (Шиками њамвор) Алакай дар бораи ин мањсулоти гиёњї андешаи бисёрињоро пурсида будам. Баъди як моњи истифода фикри ман чунин аст - ОН БЕЊАМТОСТ! Ман ягон ваќт чунин шиками зебову њамвор надоштам. На аз варзишу на аз парњез. Мушакњои шикамам мустањкам буданду аммо њељ наметавонистам равѓани онро дур намоям. Баъд аз истифодаи ин даво мушкилам њал шуд. Танњо шикамам њамвор шуд на дигар љойњои баданам. Як моњ рўзе 2 њаббї истеъмол намудам. 45 сомонї -аз дорухона харидорї намуда будам ва фикр мекунам нархи он гарон нест барои онњое, ки чї ќадар хоњиши харобкунии шикамро доранд.
САИДАЛЇ АМИРОВ ЊОЛО ДАР ДУБАЙ АСТ Инчунин муфаттиши Прокуратураи генералї Мунавваров Мањмадсалим низ танњо ба манфиати милисањо ва Саидалї Амиров кор кардааст. Вагарна, тавре гуфтам, мо њуљљатњое дорем, ки обро ба лаби љўй баробар мекунанд... Аз љумла, мо сабти чандин суханронињоро дорем, ки амали пешакї тарњезишуда будани "подстава"-ро ошкор мекунанд ва нусхаи ин сабтњоро ба шумо мерасонам. Њоло дар маќомот ва маъмурияти Бозори "Ганљина" касе ќазияро расман шарњ додан намехоњад. Дар бозори мегўянд, Саидалї Амировро надидаанд ва намедонанд дар куљо аст. Бино ба итилои ѓайрирасмї, вай феълан дар шањри Дубай ба сар мебарад ва беш аз моњи ахир ба Тољикистон наомадааст. 19-уми феврал, масъулини сўхторнишонии пойтахт Бозори "Ганљина" баста, гуфтанд то рафъ шудани камбудињои он ва таъмини талаботи бехатарии сўхтор фаъолияти бозор ќатъ карда шудааст. Аммо баъди як рўз, дари бозор бозор ба рўйи соњибкорону харидорон боз шуд. Чї хел? Бо кадом роњ? Ва кадом камбудињо буданд, ки дар муддати камтар аз як шабонарўз рафъ шуданд? Аз посух ба ин саволњо маќомот саркашї мекунанд. Далери ХАЙРУЛЛО
10
“НИГОЊ”, СЕШАНБЕ №50 (381) 11. 03. 2014
ЊАМСОЯ
НАБАРДЊОИ ПАШТУНЇ Талоши дурронињо ва ѓилљоињо барои даст ёфтан ба ќудрат дар Афѓонистон чї тавр сурат мегирад? Даст кашидани Ќаюм Карзай, ё "Карзайи дуввум", аз ширкат дар интихоботи президентии Афѓонистон ба нафъи Залмай Расул њадсу гумонњо дар бораи барљой мондани њокимияти "дудмони Карзай" ё "Карзайњо" - ро ботил баровард, аммо идомаи њузур ва таъсири дурронињоро то дарозмуддат таъмин кард. Ин интихоботи президентии Афѓонистон њам амалан муборизаи ду ќавми муњими паштун - дурронињо ва ѓилљої (ѓилзайї) - њо хоњад буд. Охири оѓоз Карзайњо - Њомид, Ќаюм, Мањмуд ва дигарон, њоло ќавитарин хонадони Афѓонистон мањсуб мешаванд, агарчи њамагї тобеияти Амрикоро доранд, аз зарфиятњои баланди молї дар кишвар бархўрдор њастанд. Расонањои Ѓарб на як бору ду бор ин хонадонро ба назорати тиљорати маводи мухаддири Афѓонистон муттањам карда буданд , ки гардиши солонааш , ба њисобњои СММ, беш аз 30 миллиардро дарбар мегирад. Тавре, ки дар Тољикистон аз мансубияти ин ё он иншооти бузург ба хонаводае ишорат мекунанд, дар Афѓонистон њам њудудњои калони саноатї ва тиљоратњои бузург ба Мањмуд Карзай рабт дода мешавад. Аммо ба нафъи Залмай Расул, муддаии 71 - солаи маснади президентї дар Афѓонистон даст кашидани Ќаюм Карзай танњо ба хотири нигоњ доштани нуфузи молии ин хонадон нест. Решаи ин иттињод як аст: нигоњ доштани њукумати дурронї ё абдолињо ва шурўъи як анљоми нав аст.
"Дурри дуррон" Дурронињо ("дурри дуррон" - ин унвонро ба онњо эронињо дода буданд) ё абдолињо 16% ё 5 миллиони ањолии Афѓонистонанд. Аммо аз соли 1747, замоне, ки Ањмадшоњи Абдолї, асосгузори Афѓонистони имрўза, аввалин Луи Љирга - Маљлиси Олии паштунњоро љамъ кард, дурронињо худро вори-
«
си бебањси рањбарии ин кишвар медонанд. Ин даъвои онњоро ѓилљоињо баќияи бузурги паштунњо ќабул надоранд ва аз ин хотир, тайи таърихи 300 соли ахир, бахусус як асри гузашта муборизаи онњо барои ќудрат ошкору нињон идома дорад. Шурўъ аз Ањмадшоњи Абдолї то даврони коммунистї њамаи шоњу амирони Афѓонистон аз ќавми дурронї буданд, ба истиснои як соли њукмронии Њабибуллоњи Калаконї, маъруф ба Баччаи Саќќо, ки тољик буд. Аммо бо шикасти њукумати Сардор Довудхони дурронї аз сўи рањбари халќиёни коммунист - Нурмуњаммад Таракї њукумат дар Афѓонистон аз дасти дурронињо рафт. Таракї ва ба дунболи ў Њафизулло Амину Доктор Наљибуллоњ, ки бо зўри Шўравї ќудратро дар Афѓонистон гирифтаву нигоњ медоштанд, њамагї ѓилљоиянд. Пас аз суќути режими Доктор Наљибуллоњ ќудратро дар Афѓонистон боз тољик - Бурњонуддини Раббонї гирифт ва њукумати ў њам аз сўи "амиралмуъминин", рањбари Толибон - Мулло Умар суќут ёфт. Ахирї њам ѓилљої аст. Њомид Карзай дар ќиёс бо дурронињои як асри охир - аз Абдурањмонхон то Зоњиршоњу Муњаммад Довуд, ки њамагї аз боракзайињо буданд, аз пўпалзайињо аст. Залмай Расул аз боракзайињои дурронї аст. Ба њамин минвол, 10 номзаде, ки барои курсии президенти Афѓонистон талош мекунанд, њамагї ё аз дурронињо ва ё ѓилљоињо намояндагї мекунанд. 5 апрели соли равон ба майдони раќобат дурронињо - Залмай Расул, Сардор Муњаммад Наим (набераи бародари Сардор Довудхон), Доктор Абдулло Абдулло, Гулоќо Шерзай ва ѓилљоињо - Ашраф Ѓанї Ањмадзай, Довуд Султонзуй, Абдулраб Расули Сайёф, Ќутбуддин Њилол, Абдулрањим Вардак, Њидоят Амин Арсалоњ ворид мешаванд. Даст кашидани Ќаюм Карзай аз сабќати интихоботї ва пайвастани ў ба Залмай Расул далели ин буда метавонад, ки то 5 апрел номзадњои дигар њам ба якдигар бипайванданд, то нерўмандтар шаванд. Ин њам истисно намешавад, ки эътилофњо ё љабњагирињо мањз аз рўи мансубият ба ду ќавми бузурги паштун сурат гирад. Дар ин байн Доктор Абдулло Абдулло метавонад истисно шавад, зеро
10 номзаде, ки барои курсии президенти Афѓонистон талош мекунанд, њамагї ё аз дурронињо ва ё ѓилљоињо намояндагї мекунанд. 5 апрели соли равон ба майдони раќобат дурронињо - Залмай Расул, Сардор Муњаммад Наим (набераи бародари Сардор Довудхон), Доктор Абдулло Абдулло, Гулоќо Шерзай ва ѓилљоињо - Ашраф Ѓанї Ањмадзай, Довуд Султонзуй, Абдулраб Расули Сайёф, Ќутбуддин Њилол, Абдулрањим Вардак, Њидоят Амин Арсалоњ ворид мешаванд.
«
ПАРЛУМОНИ «БАБРЊОИ МЕЊРУБОН» бо он вуљуд ки падари ў аз дурронињои Ќандањор аст, бештар як тољик ва парвардаи мактаби Масъуду Раббонї шинохта мешавад.
Вижагињои афѓонї Дурронињо ва ѓилљоињо як вижагии хос доранд. Дурронињо ба он далел, ки Ањмадшоњи Абдолї аз фармондењони аршади њукумати Эрони Нодиршоњи Афшор буд, робитаи хуниву танготанг бо эронињо ва тољикон доранд. Бењуда нест, ки дар канори Залмай Расул њоло матрањтарин чењраи тољики Афѓонистон (пас аз фавти Маршал Ќосими Фањим) - Ањмадзиё Масъуд, бародари бузурги Ањмадшоњ Масъуд њаст. Ањмад Зиё соли 2004 ба 2009 ноиби президент Њомид Карзай буд ва пас аз соли 2009 љойи ўро Муњаммад Ќосими Фањими тољик гирифт. Ѓилљоињо дар навбати худ хотираи хуши таърихї аз туркњо доранд. Мањз сулолаи Ѓилљої асрњои миёна бо кўмаки туркњо дар шибњи ќораи Њинд њукумат дошт ва Бобури темурї њам империяи худро дар он љо бо кўмаки ѓилљоињо барќарор кард. Ин гумон њам бепоя нест, ки Абдурашид Дўстуми ўзбак њангоми њукумати Раббонї дар Кобул бо Гулбиддин Њикматёри ѓилљої иттињод баста, њоло ноиби Ашраф Ѓанї Ањмадзайи ѓилљої аст. Ба њамин минвол, ѓайрипаштунњо тољикону ўзбакњо, њазорањо ва дигарон дар набардњои дурронї - ѓилљої њамоно паллаи тарозуро нигоњ хоњанд кард. Ва тавре ба назар мерасад, ба истиснои тими Доктор Абдуллоњ , њамагї бо ин воќеият, ки рањбари Афѓонистон бояд паштун бошад, муросо кардаанд.
Эрониву туркї Вижагии дигари ин талошњо барои ќудрат дар Афѓонистон њимояти Эрону Покистон аз ин ду ќавми паштун аст.
Эрон ба далоили таърихї бо дурронињо муносибати хуб дорад, бахусус дар замони њукмронии Њомид Карзай эронињо дар Афѓонистон имтиёзњои хуб доштанд ва њатто якравињои президенти кунунї аз имзои санади њамкорињои стратегї бо ИМА - ро то љое аз ин таъсир медонанд. Дар навбати худ, Покистон аз ѓилљоињо њамеша њимоят кардаву мекунад. Ба гунаи мисол, њимояти Покистон аз Гулбуддин Њикматёр дар замони таљовузи Шўравї ва њам њукумати Толибон пеш аз њама реша дар ќаробати танготанги ѓилљоињо бо Исломобод дорад. Ѓилљоињо њамеша абзори пешбурди манофиатњои кишварњои хориљ будаанд. Ва ба љуз Покистон онњо аз њимояти Арабистони Саудї низ бањра мебурданд, ки душмани бетаѓйири Эрон дар минтаќа аст. Њоло, ки дар Афѓонистон бозињои пасипардагї ташдид меёбанд, њарфи ќудрати матрањтарин - Амрико низ хеле муњим аст. Дар суњбатњои худ номзадњои афѓон њамагї эълом доштанд, ки дар њоли интихоб шудан дар ќиёс бо Њомид Карзай омодаанд Созишномаи њамкорињои низомии стратегии Афѓонистону Амрикоро имзо кунанд. Ин њол то љое номзадњоро ба Кохи Сафед љаззоб кунад, аз сўи дигар, интихоби онро њам мушкил хоњад кард. Аммо нигорандаи ин сатрњо бар ин аст, ки демократ Дуктур Залмай Расул, аз тими Зоњиршоњ ва бидуни гузаштаи назарраси љињодї, номзади мавриди истиќболи Амрико буда метавонад, агар фикри фишори мустаќим ба Эрон дар авлавиятњои сиёсаташ дар минтаќа набошад. Ин интихоб њам чолишњои худро ба дунбол дорад, ки Амрикоро лозим аст воќеиятњоро аз рўи аќли солим бањогузорї кунад. Ањмади ОРОМОН, коршинос
БИЗНЕСИ НАВ Аввалин кор дарёфти маълумоти муфассал аст. Ба он бояд таваљљуњ намуд, ки ин ширкат чанд сол ба инљониб дар бозори љањонї фаъолият дорад, дар чанд давлати олам намояндагињо боз кардааст ва муштариёнаш чї миќдоранд, њаљми фурўши моњонаву солонаи мањсулоташ чанд аст. Албатта, ин маълумотњоро намешавад яку якбора пайдо кард. Барои ин муњлате лозим то инсон љамъоварї кунад, тањлил намояд ва ба хулосаи даркорї ояд. Вале набояд фаромўш кард, ки гирдоварии маълумоти ёдшуда, тањлилу тањќиќи он дар оянда барои худи шумо муфид хоњад буд. Бо ин шумо њам ваќти худро сарфакорона истифода мебаред, њам хоњед донист, ки пули худро ба чї масраф мекунед ва њам њайсияту шуњрати худро нигоњ медоред. Ба дигар маънї дарки дурнамои ширкат шуморо дар остонаи интихоб ќарор медињад ва шумо интихоби дурусти худ дар зиндагиро танњо баъди њамин пайдо мекунед. Ва баъд: аз касе, ки шуморо ин имкони тиљоратиро муаррифї мекунад, иљозат бигиред, ки бо дистрибюторњои дигар њамсуњбат шавед, то маълумоти дигар ва комилтарро аз онњо низ ба даст оваред. Дар ваќти суњбат бо онњо кўшиш кунед, ба суолњои худ бештар љавобњои мантиќї ва ба фањми идроки худ мувофиќро пайдо намоед. Кўшиш кунед њамсуњбати шумо бо шумо хеле ошкор бошад ва ба њар саволатон посухи муфассал дињад, то он замоне, ки худатон аз он ќонеъ шавед. Бештар дар бораи ширкат, њадафњо ва услубу шеваи кори он пурсед ва баъд савол кунед, ки дар њоли њамшарик шудан шумо аз он мушаххасан чї хоњед гирифт. Албатта, шахсе, ки шуморо тавсия додааст ва ширкатро муаррифї кардааст, аллакай ин гуна маълумотњо бароятон додааст. Вале шумо барои итминони хотир бори дигар аз њамкорони вай бипурсед. Ин боис мешавад, ки шумо дониши пурратару васеътар мегиред. Аз њамсуњбатонатон суол кунед, ки оё ин ширкат узви Ассотсиатсияи фурўшњои мустаќим ва Ассотсиатсияи байналмилалии бозорёбии шабакавї њаст ё на? Агар имкон бошад бо намояндагони ширкат мулоќот кунед ва аз намояндаи расмии он маълумоти бештар ва пурратар гирд оваред. Ба вохўрињои корие, ки омўзишњои дистрибюторон мегузарад ва имкониятњои тиљоратї муаррифї ва ё омўзонида мешавад, ширкат намоед. Касбияти ширкатро арзёбї кунед. Бо чашмони худ бубинед, ки он то кадом њад дарсњои мантиќиву замонавии омўзишї дорад ва ин омўзишњо то куљо ќонеъкунанда ва илмиву муассиранд.
Аз чї мефањмед, ки ин ширкат пирамида аст ё не? Ин хеле масъалаи муњим аст. Яъне, донистани шеваи кори ширкате, ки шуморо тавсия додаанд, зарур аст. Ва чуноне дар суњбати гузашта гуфта будем, дар пирамидањо барои он ки инсон вориди ширкатњо шавад, аввал бояд ба кадом њадафи номаълум пул биспорад. Дар тиљорати шабакавї бошад, инсон аввал бо ширкат, таърихи таъсис, фаъолиятњои он, тарњњои тиљоратї, шевањои молрасонї ва дарёфти моли талабшуда, хислатномаи мол ва ѓайра ошно мешавад. Яъне, ќабл аз он ки мол харидорї кунад, аввал ширкатро мешиносад, бо он аз наздик ошно мешавад, то комил барояш маълум гардад, ки кадом молро чаро мехоњад бихарад ва аз кадом роњ ба дасташ меафтад. Ва агар дурусттар таваљљуњ шавад дар ин росто тиљорати шабакавї ва тиљорати суннатї бо њам умумият доранд, ки пай бурдани он зањмати зиёд намехоњад. Масалан, тољир агар муштариёнашро ба маѓоза, тарабхона, сартарошхона, фурушгоњи мошинњо ва ѓайра даъват накунад, молњои худро пешнињод нанамояд, вай аслан соњиби пул намешавад ва њатто муфлис мегардад. Яъне, шарти тиљорат ин бозорёбист. Њар ќадар ва мизољонашро бештар "љалб ва даъват мекунад" њамон андоза соњиби фоида мегардад. Аз суњбатњо бо намояндагони расмї, дистрибюторон ва афроди дигар шумо албатта ба суоли пирамидаи молиявї будан ё набудани ширкат маълумот њосил мекунед. Вале барои он ки боз њам шубњањои худро барњам дињед ва дониши худро дар ин замина васеъ намоед ва пурра кунед, чанд нишонаи пирамидаро бароятон бозгў мекунем. Дар суњбати гузашта низ ишорањое дар ин замина доштем ва њоло онро комилтару пурратар мекунем. Нишонаи аввал, мављуд набудани мањсулот барои тиљорат аст. Тиљорати шабакавї ќабл аз њар чизи дигар мањсулоти тиљоратї ва ё хизматрасонињои дигар дорад. Агар дар ташкилоте, ки шумо даъват шудаед, ин гуна мањсулот вуљуд надошта бошад, пас ин пирами-
“НИГОЊ”, СЕШАНБЕ №50 (381) 11. 03. 2014
11
БОЗОРЁБИИ ШАБАКАВЇ - ТИЉОРАТИ БЕЊТАРИН Чиро бояд донист то дар ширкатњои маркетингї мушкилот пайдо нашавад? даи молиявї аст. Ва ё ба сифати мањсулот ашёе пешнињод мешавад, ки комилан беарзиш аст. Мисоли равшани он пирамидаи ба њамагон маълуми "МММ" мебошад, ки дар он "ваучерњо"-коѓазњои камарзише, ки ќиммате надоштанд, њузур пайдо карда буданд. Нишонаи дуюм, фоида аз њисоби љалби сармояи дигар одамон, аммо на фурўши мањсулоти мушаххас. Сеюм, ишора ва ё таъкиди даъваткунандаи "пештар аъзо шав - бештар ба даст овар! Њатто кореро њам анљом надода!!!" мебошад. Ин шиори басо пањншуда дар доирањои "пирамидачиён" аст. Онњо ба шумо мегўянд: "зудтар аъзо шав, вагарна ба ќарибї њамааш аз байн меравад". Аммо шумо ба ин дода нашавед, бомулоњиза бошед, замоне омўзед, ки он чист. Чорум, тарњи тиљоратии номуайян ва пардохтњои номушаххаси комиссионї. Дар системаи МП (системае, ки бояд пул ба даст овард) чизе фањмо нест. Яъне, шумо намедонед аз чї фоида ба даст меоред! Бештар ваќт "ќолиби" њамешагї ва шубњаовар амал мекунад. Панљум, харидории бахше аз чизи комилан номаълум. Масалан, пешнињод мекунанд, ки метри мураббаъ хонаро бихаранд ва соле баъд он хонаро пурра аз худ кунанд. Шашум, њар моњ ва ё њар семоња њатман бояд мањсулот бихаред! Дар тиљорати воќеъии шабакавї шумо бо ихтиёри худ ва барои эњтиёљи шахсии худ фаќат як маротиба ва њар ваќте мехоњед мањсулот мехаред! Ва ин шаш нишонаро бо ширкате, ки тавсия шудаед, ќиёс кунед ва агар яке аз ин аломатњоро пай баред, пас бидонед, ки он пирамидаи молиявї аст. Пас зудтар дур шудан аз он ба манфиати худи шумост. Вале дар ширкатњои маркетингї чї? Директор оид ба масъалањои корпоративии ширкати байналмилалии QNET Зањир Мерчант дар суњбат аз шаш нишоне ном бурд, ки ширкатњои тиљорати мустаќимро аз ширкатњои пирамидавї фарќ мекунонад. Аввалан фурушњои мустаќим талаб мекунанд, ки ширкаткунандагон пеш аз он ки фоидаи калон ба даст оваранд, зањмат кашанд. Дуюм, ширкатњои фурўши мустаќим мањсулоти сифатнок савдо мекунанд, ки мувофиќ ба талаботи бозор аст. Сеюм, QNET теъдоди одамонеро, ки аз фурўш маблаѓњои комиссионї мегиранд, мањдуд месозад. Ин имкон медињад, ки барои њамаи ширкаткунандагони фурушњои муста-
ќим имкониятњои баробар фароњам ояд. Ѓайр аз ин QNET барои љалби аъзои нав њаќи комиссионї пардохт намекунад. Сохтори фурушњои мустаќим пардохти подошњо барои фурўши мањсулоти онро дар мадди назар дорад.
Панири безањмат куљост? Оре, дар ширкатњои маркетингї низом ва њам талабот комилан чизи дигар аст. Барои расидан ба комёбї талоши яксолаву дусола кофї нест. Њар ширкате, ки имрўз худро муваффаќ дар бозорёбии шабакавї медонад, роњи на камтар аз дањсоларо тай кардааст. Ва яке аз ин ширкатњо QNET мебошад, ки бидуни шак аз љумлаи ширкатњои матрањ ва муваффаќи љањонист. Ширкати байналмилалии QNET ба њимояи расмии шуњрати худ идома медињад. Истидлол ё аргументи аслии намояндагони ширкаттиљорати фурушњои мустаќим бо пирамидањои молиявї умумияте надорад. Ширкат аз љониби зодагони Малайзия сохта шудааст ва дар бозори фурушњои мустаќими кишварњои рў ба рушди серањолитарин бахши Сайёра бо муваффаќият фаъолият ва маќоми пешвої дорад. Истидлол ё аргументи асосии ширкати QNET њамин аст. Дар њаќиќат агар ин тавр намебуд, ѓулњои бузурги тиљорати байналмилалие чун Карл Айкан ва Уоррен Баффет аксияњои бузургтарин ширкатњои шабакавї, аз љумла Oriflame ва ё Herbalife-ро харидорї намекарданд. Зеро махсусияти фаъолиятњои QNET аз фаъолияти ширкатњои номбурда фарќияте надорад. Чанде пеш директор оид ба масъалањои корпоративии ширкати QNET Зањир Мерчант изњор дошт, ки тиљорати онњо комилан расмист. Ѓайр аз ин вай бовар кунонд, ки ќонун дар бораи мубориза бо пирамидањои молиявиро, ки барои тозакунии бозори чахони аз ширкатњои беинсоф ёрии амалї мерасонад, пуштибонї мекунад. Зеро тиљорати фурушњои мустаќими аз даст ба даст ин тарњи њаннотї нест, балки тиљорати расмист, ки имкон медињад одамон аз фурўши мањсулот фоида ба даст оранд. Аммо, чуноне Зањир Мерчант итминон медињад, дар айни замон QNET фаъолиятњои худро дар бисёре аз кишварњои мутараќќї ба роњ мондааст.
Хуб, QNET чї мефурўшад? - Ширкати мо молњои аълосифат ва хизматрасонињо оид ба нигоњубини пўст сар кар-
да, то соатњои швейсарї ва љавоњирот, ки дар Фаронса, Олмон, Швейсария, Кореяи Љанубї, Туркия ва ИМА тайёр карда мешаванд, мефурўшад,- мегўяд Зањир Мерчант. - Мањсулоти мо аз назорати љиддї мегузарад ва сифати онњо дар муътамадтарин лабораторияњо тасдиќ мешаванд. Аз соли 1998 ба инљониб Qnet ширкати пешрафтаи Осиё дар фурушњои мустаќим аст ва мањсулоти худро барои миллионњо харидорон дар сар то сари љањон пешнињод менамояд. Дар дуввумин дањсолаи таъсиси худ ширкат ба як созмони бузурги тиљоратии олам табдил мешавад, ки ба ѓайр аз марказњояш дар Малайзия, Сингапур ва Њонконг дар наздик ба 30 кишвари олам намояндагињои расмии худро ифтитоњ кардааст ва дар бисёр давлатњо ширкатњои шарики худро дорад. Ѓояи аслии он чунин аст: ба дигарон низ имкон бояд дод, то худро дарёбанд. Дар Тољикистон кори QNET аз тарафи намояндагии расмии он амалї мегардад, ки 13 марти соли 2008 ба ќайд гирифта шудааст. Ширкат андоз месупорад ва аз мизољони худ пуштибонї мекунад ва љонибдори фаъоли рушди соњибкории хурд дар кишвар мањсуб мешавад. Чанде пеш намояндагии ширкати байналмилалии QNET дар Тољикистон даст ба як амали бесобиќаи хайрия барои кўдакон зад. Ба Ассотсиатсияи волидони кўдакони имконияташон мањдуд музди мењнати яксолаи се омўзгор: мутахассиси гуфтори дармонї (логопед), физиотерапевт ва муаллими мусиќиро пардохт кард. Соли гузашта њамчунин ба хонаи пиронсолон ва бепарасторони "Батош" ба маблаѓи бештар аз 15 њазор сомонї мошинњои либосшўї, либосхушккунї ва дигар асбобу анљоми ниёзи бошандагонаш таќдим намуд. Њамзамон бо корњои дигари хайриявї гузаронд, ки дар мавридаш рољеъ ба њар кадом метавон муфассал суњбат кард. Дар поёнии ин бахш ва ќабл аз шуруъи мавзуъи дигар, ки руљуъе ба шевањои кор дар ширкатњои маркетингї хоњад буд, мехостам як бори дигар ин нуктаро таъкид кунам: ДАР ТИЉОРАТИ ШАБАКАВ? БОЯД КОР КАРД!!! Панири безањмат танњо дар мушќапак метавонад бошад! Вале њатто дар он њам барои он панир касе пул додааст!
Амир АСАНОВ, пиар-менељери Ассотсиатсияи фурўшњои мустаќил
12
“НИГОЊ”, СЕШАНБЕ №50 (381) 11. 03. 2014
БО ШОИР Фориѓуттањсили факултаи филологияи Донишгоњи Миллї (Университети Давлатии Тољикистон),. Дар радиои Љумњурї ба њайси муњаррири барномањои љамъиятї-сиёсї ва њамзамон муњаррири барномаи "Фирўза" барои занон, баъдан дар рўзномаи "Тољикистони Советї" ("Љумњурият") ва дар вилояти собиќ Ќурѓонтеппа, муњаррири барномањои русї ва дар рўзномаи русии "Кургантюбинская правда" фаъолият кардааст. Аз соли 1989 ба њайси мудири шуъбаи аснод ва иртибои комичроияи вилояти Хатлон. Аз 1992 то1997 фирорї ва баъдан боз ба њайси мудири шуъбаи аснод ва иртиботи Вазорати иќтисод, ва дар вазифањои дигар кор кардааст. Солњост, ки иљборан Аврупоро барои иќомат интихоб кардааст. Дар гуфтани анвоъи шеър, махсусан дар жанри рубоиву дубайтї, дасти тамом дораду дар хилоли навиштањояш тасовири бадеъу нав ба чашм мерасанд.
РОЗИЯ САЙФУЛЛОЕВА ЭЙ ЁР Аз ѓурбати хешу ту шикоят дорам, Аз ранљи Ватан ба ту ривоят дорам. Дилгирам аз ин замонаи бемиќдор, Эй ёр, бибин, аз ки њикоят дорам.
Бурдї дилу дину љону њўшам аз сар, Эй муждаи навбањор! Бо ман бинишин.
МАЊРУМ Мањруми зару симу љалои Ватанем, Ѓамкушта ба дурї аз барои Ватанем. Аз ќисмати сахту шўри пешонї, дареѓ, Мо дар Ватани хеш гадои Ватанем!
ТОАТ ЊАМААМ Давлат њамаам, бистари гулљўши ту бас, Тоат њамаам чашми хатопўши ту бас. Дар њалќаи зулфам нарасад дасти насим, Аз дилшудагон бароям оѓўши ту бас.
ЯК БОРИ ДИГАР Дур аз Ватанам ѓариб худро бинам, Умрест, ки музтариб худро бинам. Оё бувад он рўз, ки дар хоки Ватан Як бори дигар насиб, худро бинам?
БО ТУ БА ХУДО Ман мењри туро чу тифлаке парвардам, Бо ту ба Худои дил ибодат кардам. Бе ту њамаи фусул сардам шуда буд, Бо ту ба дили љањон бањор овардам.
БИГЗОР ЃАМИ ТУ Ин киштаи ман агарки њосил ѓам дод, Аз дўсту аз ѓамаш накардам фарёд. Аз сахтии зиндагї нагуфтам њарфе, Бигзор ѓами ту боду то бодо бод! БО НАЃМАИ ХУД Рудам, ки њамеша наѓма эљод кунам, Бо наѓмаи худ номи туро ёд кунам. Дурї зи ману маро зи хотир бурдї, Ман лек ба ёди ту дилам шод кунам. АЗ ДУРЇ Аз дурии ту хурушу овоз шудам, Аз ишќ чунин баландпарвоз шудам. Њарчанд њикояти ѓарибе дорам, Эй дўст, ман аз ишќи ту оѓоз шудам.
ГУЛЊО ЊАМА Гулњо њама афкори маро мешукуфанд, Эњсоси дили зори маро мешукуфанд. Гулњо њама лабханди пур аз мењри диланд, Дар дил нигањи ёри маро мешукуфанд. КУЉОЇ? Эй шуълаи мо карда ту хомўш, куљої? Эй баста зи мо дидаву оѓўш, куљої? Мо номи ту чун оя фаромўш накардем, Эй сураи худ карда фаромўш, куљої?
ХУДАТ МЕДОНЇ Муштоќи туям, ёр, худат медонї, Аз чи шудаам хор, худат медонї. Аз љаври туям хаста, худам медонам, Гўям зи ту? Бигзор… Худат медонї.
ДУР АЗ ТУВУ… Дур аз туяму вале ту њамрози манї, Маскунии дидаи дили бози манї. Бо дурии ту ѓарибиро месанљам, Эй бе туву бо ту, боли парвози манї.
ДАР СИНАИ ИШЌ Аз љаври ту дар синаи ишќ оњ шудам, Чун рўзи дароз рафта бегоњ шудам. Бо номи ту ман ќадам нињодам бар роњ, Бо ишќи ту дар нињояти роњ шудам.
АФРЎХТА Афрўхтаам чу шамъ, парвона куљост? Дилбохтае, ки бошад афсона, куљост?
БАЊОРИ ГУЛПАРВАР Пажмурда шудам,бањори гулпарвар ку? Озурда шудам, боѓи нишотовар ку? Аз љаври замона бас љафоњо дидам, Айём куљову ман куљо,бовар ку? ЧУН ОШИЌИ ЗОР Чун ошиќи зор гуфтї: бо ман бинишин, Дар боѓ ба сабзазор бо ман бинишин.
Бо мушкили бењадду њисобе ѓарќам, Оне кашад мушкили ин хона куљост? ЧУ ЗОЛ Аз мўя чу мўйи Зол гардид мўям, Шуд хира чароѓи чашми чун оњуям. Бисёр фалак аз пайи ранљам кўшид, Бо ин њама ѓам надид хам абрўям! ЁДИ ВАТАН Њар гоњ ки ёди кишварамШарќ кунам, Бо оњи љигарсўз таби барќ кунам. Хоњам ки ба умќи мављи ороми Дунай, Андуњу шаби ѓарибиро ѓарќ кунам. РУЊИ ЌАРИН Арвоњи ќарин, Дар бистари замин Зиёданд.... Онњо хамўшу гоњ саргардон, Онњо Гање чу моњ, Гоњо чу обире дар роњ. Бо онњо тавон ба маљлисе биншаст, Њам метавон ба онњо раќсид, Њам метавон ба шодї май нўшид. Инак, Таронае танин андохт... Арвоњи мову ту ба њам оянд, Дасти ману ту гуна месоянд. Ин љо вуљуди фосила нопайдост, Ин љо сукут маънии ѓавѓост. Эй руњи ошно, Танњо намон маро, Дар хилвати дилам, Руњи ќарин туї, Њам аввалин туї, Њам охирин туї!
ХУШ ОМАДЇ Љоно, ба базми хусравї, Дар боѓи назми пањлавї, Чун тарзи гуфтори наве, Хуш омадї, хуш омадї! Бо нарм-нармии наво, Чун ѓунча рангин аз њаё, Бо чашми поку порсо, Хуш омадї, хуш омадї! Чун Вомиќу Узро шудем, Маљнун шудем, Лайло шудем, Чун омадї ту, мо шудем, Хуш омадї, хуш омадї! Холї намудам рияро, Аз ѓусса ин ќофияро, Инак, бигў Розияро: Хуш омадї, хуш омадї! ДИДОР Рў ба рў нишастем, Бо ќалби пур аз мењр... - Чи турї, азиз? - Хубам. - Ман њам… - Барои дидор, як ќадањ... На бисёр... - Ту љуфтатро пайдо кардї? - Бале,.. - Хуб. Маро чи кор? , оре! Ин чи суол? - Дар ёд дорї?.. - Ёд дорам... - Ман низ... - Ба гузашта салавот, биё! Бидуни ашк. - Биё! - Ин ќадањро бинўшем чун ѓамбодаи беинтињо... Оњ! Ахгар шудам, Хокистар шудам.. Бод хокистарро бурд...
ТАХТАИ СИЁЊ ... Ба ќавли Бибизулхумор Ёќубова, онњо аввал гумон карданд, ки марги хоњарашон муќаррарї аст. Аммо њангоме, ки мехоњад ба ќисми рўйи хоњараш нигоњ кунад, хушдомани хоњараш мамониат нишон дода, намегузоранд, ки ўро бубинанд. Бизулхумор мегўяд: - Њангоми ба хона даромадан хушдомани хоњарам бо дидани мо гиряву навњаро баланд карда, аз келинаш ситоиш мекард, аммо ваќте хостам хоњарамро монеа эљод кард. Ба мамониати ў эътибор надода, ба хоњарам дурустар нигоњ кардам ва дидам, ки дар таги манањ ва аз ноњияи гардан поёни хоњарам осори чизе пахшуда мављуд аст. Ба назарам, ин шахсе набуд, ки худашро дор кашида бошад ва гўё бо дасти шахсе ё ягон предмети дигар таги манањ ва аз ќисми гардан поёни хоњарам пахш карда бошанд. Ваќте ин изњоро дидам, ду њамроњ хоњарам ва њамсояамон шах шуда, чизе гуфта натавонистанд. Аммо ман худамро гум накарда, аз хушдомани хоњарам бори дигар пурсидам, ки хоњари ман чї хел мурд. Ў дар љавоб бо лањни даѓал гуфт, ки хоњарат худашро дар "подвал" овехтааст. Аммо пеш аз ин хусури хонадон - Ќодир Алиев "аз ошёнаи дуюм ба замин афтида вафот кард" гуфта буд...
Фарзияи хусур Шоми рўзи 13-уми феврал њангоми суњбати телефонї Ќодир Алиеви 63сола ба мо гуфт, ки њангоми сар задани њодиса, яъне худкушии келинаш дар хона набуд: - Дар хона набудам, писари дигарам - Њикмат низ набуд. Дар хона танњо келин, писарам, њамсарам, наберагонам, келини дигарам ва дигарон буданд. Ман аз ин духтар (ишора ба маит аст) ягон шикоят надорам. То рўзи ин њодиса шудан боре ба ман ё дигарон бо дуруштї нигоњ накардааст ва баланд гап назадааст. Худованд бо келин шудани ин духтар дар хонадони мо ба мо хушбахтиро дод, аммо боз гирифт. Ман аз келин кардани ин духтар ризо будам. Забонам намегардад, бигўям, ки ў худкушї кард. Ман њам ба хона омада, аз забони набераам Бањриддини 9 - сола шунидам, ки мегуфт, модарам ба берун баромад. Ў он њангом ба шавњараш - Насрулло хўрок кашида, ба берун мебарояд. Писарам Насрулло дар хона будааст. Аммо ваќти берун (њавлї) баромадани келинам набераам Бањридини 9-сола низ аз паси модараш ба берун мебарояд. Ваќте келинам Бањриддинро дар берун ме-
«
МАРГИ АСРОРОМЕЗИ МАВЉУДА Шаби 1 ба 2-юми феврали соли равон Мављуда Алиева, модари се фарзанд, пас аз 11 соли зиндагии муштарак вафот кард. Аммо наздиконаш бар инанд, ки ў бо аљали худ намурдааст... бинад, мегўяд, ту ба хона даро, ки њаво сард аст, хунук мехурї (рўзи 1-феврал бо боридани барфи бесобиќа хунукии шадид њукмфармо будааст.) Лекин набераам майли ба хона даромадан намекунад. Келинам инро дида, ба ин кўдаки хурдсол мегўяд, ки боз аз паси ман ба анљомхона надарої. Келинам дар анљомхона ба њамин кор даст задааст. Ваќте ки писарам Насрулло то дергоњ наомадани њамсарашро пайхас мекунад, ба њавлї мебарояд, ўро њамаљо мекобад, нињоят дар анљомхона ўро мебинад, ки бо банд худашро овехтааст. Насрулло занашро аз банд рањо карда, ба анљомхона модарашро оварда, якљоя бо модараш келинамро ба хона меоранд. Нињоят бо омадани писари дигарам - Њикмат ба хона маитро ба хонаи хоби худаш медароранд. Писарам Насрулло тамоми ин муддат аз њодисаи шуда, бисёр мањзун менамуд. Ў фарзияи дигар гўё ба наздикони маит гуфта бошад, ки "хоњаратон аз ошёнаи дуюм афтида, њалок шуд" - ро инкор карда, гуфт, ки ин гапро ман нагуфтаам. Аммо ман дар њаќиќат фарзияи "аз болои кат афтида, вафот карданаш" - ро ба наздикони маит гуфтам. Инро инкор намекунам, чунки аз забони яке аз наберагонам њамин гапро, ки
- Ин хоњари ман бо Насрулло як рўзи сиёњ дошт. Насрулло њамсарашро фаќат мезад. Њама љояш сиёњ буд. Агар ба хона Мављударо меовард, соатакї меистод, боз мебурдаш. Ягон маърака мекардем, омада наметавонист. Лекин хоњарам њамин дарду азобошро ба мо намегуфт. Ваќте мегуфтем, чаро гап намезанї, мегуфт, ки напурсед ва оби чашмонаш ба рўяш мешорид…
«
гуфта буд, "модарам аз кат афтид" шунида будам. Аммо баъдан ба ман гуфтанд, ки ин кор дар анљомхона шудааст. Албатта, њељ кас фарзанди худашро њељ гоњ бад намегўяд. Аммо њамин ќонуни мо аз рўи китоби Ќуръон навишта шудааст. Рўзи сар задани ин њодиса хонадони мо њељ чизро пинњон накарда, ба муфаттиш ин хабарро мерасонанд. Аммо наздикони маит мегўянд, на хонадони Алиевњо, балки хонадони Мављуда худашон аввал барои тањќиќи ин њодиса ба маќомоти њифзи њуќуќи ноњияи Њисор мурољиат карданд. Ќодир Алиев то реструктизатсия шудани Вазорати мелиоратсия ва захирањои оби Тољикистон сардори Раёсати истифодабарии иншоотњои обї буд. Алњол ба сабаби ташкил шудани Вазорати энергетика ва захирањои об дар тобеияти шуъбаи кадри ин вазорат ќарор дорад. Њамчунин Ќодир Алиев мегўяд, ки кормандони маќомот келинашро аз назар гузаронида, сурат низ гирифтанд: - Ман тўли ин муддате, ки ин духтар дар хонаи мо буд, ягон бор надидаам, ки бо писарам Насрулло љанљол шуда бошад, ё нашунидам, ки љанг карда бошанд. Албатта, мард беруни хона аст, агар фаразан љанг шуда бошанд њам, намедонам. Аммо ман тасдиќ намекунам, ки дар њар оилае, ки зану мард њамсар мешаванд, боре љанг нашуда бошад ё намешуда бошад. Дар њолати писари ман инро танњо Худо медонад.
Зулми шавњар? Аммо хоњарбузурги маит Муњайё Каримова мегўяд, ки Мављуда њамеша аз
“НИГОЊ”, СЕШАНБЕ №50 (381) 11. 03. 2014
13
зиндагиаш менолид: - Ин хоњари ман бо Насрулло як рўзи сиёњ дошт. Насрулло њамсарашро фаќат мезад. Њама љояш сиёњ буд. Агар ба хона Мављударо меовард, соатакї меистод, боз мебурдаш. Ягон маърака мекардем, омада наметавонист. Лекин хоњарам њамин дарду азобошро ба мо намегуфт. Ваќте мегуфтем, чаро гап намезанї, мегуфт, ки напурсед ва оби чашмонаш ба рўяш мешорид… Хулоса, худорањматии Мављуда аз зиндагї фаќат аз шавњараш норизо буд. Мегуфт, ки агар Насрулло маст шавад, дар назари ў мо мисли як сагем. Агар кашиданї наёбад, бад аст, биёбад њам аз он њам бадтар. Инљо саволе ба миён меояд, ки оё маќомоти њифзи њуќуќи ноњияи Њисор иддаои ду хоњарбузурги марњум Мавчударо, ки гўё Насрулло маст мешудааст, ба инобат мегиранд? Оё баъди ба амал омадани ин њодиса Насруллоро аз ташхиси наркологї гузаронидаанд ё не, саволест, ки ба онњо маќомоти њифзи њуќуќи ноњияи Њисор посух хоњанд дод.
Бурунории љасад Нобоварї ба марги илоњии Мављуда Алиева сабаб мешавад, ки кормандони њифзи њуќуќи ноњияи Њисор дар таърихи 12-уми феврали соли 2014 бо ризоияти падари маит - маитро барои гузаронидани амалиёти экскуматсия аз хок берун кунанд. Љамшед Хўшов, таѓои Мављуда Алиева, мегўяд: - Ваќте ки ман љиянамро дар хок мондам, рўйяшро худам њуй кардам, хун набуд. Бовар мекунед, худаш рўяшро сўи ќибла кард. Ман ўро ба хок мондаму берун баромадам ва гўрро мањкам кардам. Имрўз (12-уми феврал) прокурори ноњияи Њисор ќарор баровард, ки экскуматсия мекунем. Хулоса њамин сањар аз прокуратура занг заданд, ки биёед, мо ба гўристон омадем. Ќаврканњо ќавр канда истодаанд, кормандони ШКД ва прокуратураи ноњияи Њисор њаминљоянд… Хулоса, ќаврро канда, лањадро боз карданд, гуфтанд, кї даруни ќабр медарояд. Ман гуфтам, таѓояш манам, худам даромада, мебарорам. Даромадам даруни лањад ва даромадан замон дидам, ки кафани болои дањан пури хуни тар аст. Њайрон шуда, сирро бой надодам, бачањоро гуфтум, ки биёед, бардорем. Бачањо њолро дида, гуфтанд, ки "таѓо, дањонаш пури хун аст. Маитро баровардем, аз дањону биниаш хун меомад. Кафан аз хун тар буд… (Идома дорад)
14
НАБЗИ РЎЗ
“НИГОЊ”, СЕШАНБЕ №50 (381) 11. 03. 2014
2 кистонї дорад. Гап дар бораи бахши тољикиаш меравад. Онњое, ки мегуфтанд, ки муаллим ин чизро нодуруст маънидод мекунад, ваќте ба сари худашон душворї омад, навиштанд, ки ин радио радиои љосусї мебошад. Моро маљбур мекард, ки чи чизро нависем. Таќрибан, 18 сол пеш дар ИМА бо аввалин муњаррири бахши тољикии ин радио Михаил Даниелов вохўрдам. Гуфтанд, ки ин радио ѓарази аслиаш вайрон кардани СССР буд, таќрибан ба маќсадаш њам расид. Акнун, ѓаразаш таќсим кардани минтаќањои боќимонда аст, - ин фикри он кас аст. Ваќте ки ањвол дар Тољикистон љангї буд, барномањо бо забонњои кишварњои њамсояро кам карданду соати Тољикистонро зиёд карданд. Ваќте вазъият дар кишварњои њамсоя вазнин шуд, соатњои барномањои онњоро бештар карданд. Ин радиои зудтаъсиррасонанда аст… Имрўз њам њамин функсияаш њаст, лекин имрўз бахши тољикии "Озодї" дандонаш кунд шуда истодааст. Кадом як чизе дандонашро равѓан карда истодааст. Шояд пайт поида истодааст, ё ягон чизи дигар аст. Хушбахтона, ба муњити мо таъсир расонда наметавонад. - Яке аз бањсњои доѓи расонаї дар ваќтњои охир бањси муњаррири "Азия-Плюс" Олга Тутубалина буд. Воќеан, "Нигоњ" ду сол ўро журналисти сол эълон карда буд, ки арзанда њам њаст. Аммо як пањлўи дигар њамин ќазия ба назари ман аљиб метобад. Як нафаре, ки забони зиёии ин миллатро намедонад, навиштаву асарњои ўро хонда наметавонад. То куљо њуќуќи маънавие дорад, ки аъмоли ин зиёиёнро ба баррасї кашад? Дар ин баробар, он зиёиёне, ки худро дар навиштаи Тутубалина шинохтаанд, љои гап надоранд. Назари Шумо дар бораи ин ќазия чист? - Аввалан, эътибори журналистї-публисистии Тутубалина ба њаде буд, ки маќомњои расмии њукуматї ба њар журналист мусоњиба намекарданд, бо ў мусоњиба медоданд. Мавзўъњое, ки ў менавишт, на њар журналисти дигари тољик менавишт. Њеч ваќт дар ин миён касе ба шубња наомад, ки ин рус нисбат ба мо тољикон бештар эътибор пайдо кард. Мо як журналисти тољикистонї ќабул кардем. Масъалаи миллиро гуфтед, дар бораи миллї њамин ќадар гуфтам. Баъд, аз тарафи дигар њар чизе, ки дар Тољикистон мебарояду дар бораи Тољикистон мебарояд, ин азони Тољикистон аст. Бо масъалаи
Иброњим Усмонов: СЕНЗУРА НЕСТ, АММО... ё забони тољикї дар рекламаи тољикї забони мурда аст? забонї људо кардан имкон медошт, мо гумон намекунам, ки олими тиб Абуалї Ибни Синоро тољик гуфта метавонистем. Гумон намекунам, ки Темур Зулфиќоровро тољик, Чингиз Айтаматовро ќирѓиз, Темур Пулодовро тољик, Отахон Латифиро журналисти тољик меномида бошем. Барои њамин аз нигоњи забони људо намекунам ва људо кардан њам намехоњам. Акнун дар бораи суоли Шумо. Оё дар маќолаи Олга Тутубалина њамаи зиён њамин хел гуфта шудагї, ё онњое, ки аќидаи мустаќил надоранд, чунин ном бурда шудаанд? Маќоларо хондам. Ба андешаи ман чунин аст, ки муаллифи маќола дар бораи њамаи зиёиёни тољик чунин андеша надорад. Љумлаи ўро чунин фањмидам, ки онњоеро, ки аќидаи худро надоранд, аќидаи худро њимоя карда наметавонанд, онњое, ки даркору нодаркор, чизњое мегўянд, ки танњо ба манфиати як гурўњ ва ба манфиати зиндагии худашон бошад, онњо њаминхел њастанд. Ба он чизе, ки гуфтаанд худамро шарик намебинам. Ба њаде, ки худамро медонам, њеч ваќт худамро поймол накардаам. Њеч ваќт аќидаамро ба касе нафурўхтам, ба касе имкон надодам, ки аз ман њамчун воситаи фикр истифода кунанд. Чаро ба он категория худро ворид кунам? - Устод, њоло Тољикистон дар муњити расонаии минтаќа наќше надорад. Дар зиндони иттилоотии бегонањо ќарор дорем. Намешавад, ки Њукумат барои рушди расонањои хабарї, аз љумла, барои бозкушоии сањифањо бо забонњои минтаќа дастгирї кунад. Чаро "Озодагон"-ро барои боз намудани бахше бо њуруфи лотинї ва забони тољикї кўмак накунад, ё барои TojNews чунин коре накунад? - Аслан, мехостам, ки шабакаи телевизионии "Љањоннамо" барои минтаќа як бахше дошта бошад. Чун барномањояш англисї, русї ва тољикї њаст, имкон дорад. Он ваќт ин шабака
метавонист, мардуми тољики минтаќаро фаро гирад. Бисёр мехостам, ки рўзномаи "Озодагон" хусусияти Осиёи Миёнагї дошта бошад. Чунки дар солњои аввали нашраш чизњое дошт, ки хусусияти интеллекти миллї дар он ифода мешуданд. Ба шавќ мехондам. Ба фикрам ба муассисонаш гуфта будам, ки ба њамин нашрия хусусияти Осиёи Миёнагї дињем, манфиати тољикони ОМ дошта бошад, ба муќобили њеч њукумат равона нашавад. Балки барои манфиати халќи тољик равона шавад. Љонибдори ташкили рўзномаи минтаќавие њастам. Вале инро њукумат карда наметавонад. Агар инро њукумат ташкил кунад, дахолати Тољикистон ба корњои дохилии давлати дигар мешавад. - Дар бораи бахше дар шабакаи "Љањоннамо" гуфтед. Бо забонњои русї, англисї, арабї ва англисї барнома пахш мекунанд. Љамъи умумии онњо аз љамъи барномањои ахбор бо забони тољикї бештар аст. Аммо таъсири он ба њеч баробар аст. Шабакаи телевизиони "Тулўъ" дар миёни тамошобинони Тољикистон аз шабакањои дохилї мањбубтар аст. Шабакањои ба њам монанди бетаъсир ба кї даркор, бењтар нест, ки ин имкону зарфият барои ташкили телевизиони минтаќавї сарф шавад? - Њоло агар як телевизион дошта бошем, ки манфиатњои тољикони минтаќаро њимоят кунад ва соф ба масъалањои фарњангї машѓул шавад, ба масъалањои идеологї даст назанад, ин ба манфиати кишвари мо мебуд. Дар шароити набудани мактаби миёнаи тољикї дар Ўзбакистон вазифаи мактабро иљро мекард. Дар шароити мављуд набудани муњити забонии тољикї дар Ўзбакистон ин вазифаи муњити забониро иљро мекард. Як сухани президенти Ўзбакистон Ислом Каримовро дар моњи июни соли 2000 дар Душанбе ёдоварї карданиам. Ў гуфт, ки дар Ўзба-
кистон оилае нест, ки забони тољикї надонад, ё нафањмад. Ин як навъ эътирофи он аст, ки чи ќадар нуфуси Ўзбакистон тољикидон аст, ё тољик аст. Дар асари баста шудани сарњад ва ходисањои минбаъда муњити тољикї мањдуд шуда истодааст. Тољикидонї мањдуд шуда истодааст. Барои пешгирї аз ин раванд, телевизион даркор аст. Боз такрор мекунам, ки ин њукуматї набошад, бењтар аст. Њастанд тољиконе, ки дар ин соња имкони кор карданро доранд. Имкони онњоро истифода бурдан, ба манфиати миллат аст. - Ба тољикикунонии бозори реклом чї назар доред? Љамъи рекламањое, ки дар як нашрияи ѓайритољикї нашр мешавад, ќариб баробар ба тамоми рекламањое мебошад, ки дар нашрияњои њамсонаш бо забони тољикї нашр мешаванд. - Асоси рекламаи пулдор рекламањои ташкилотњои хориљї мебошад. Онњо аксарашон дузабона рафта истодаанд. Забони тољикї дар рекламаи тољикї забони мурда аст. Бисёр забони бад аст. Як шогирдам дар масъалаи PR кори номзадї навишта истодааст, аз љумла, як ќисматаш наќши реклама дар забони тољикї аст. Яъне, тарљумаи тањтуллафзие, ки дар рекламаи тољикї истифода мебаранд, боиси вайроншавии забон шуда истодааст. Ба ин Кумитаи забон ва истилоњот бояд таваљљўњ кунад. Реклама пеш аз њама бо забони тољикї бошад, баъд ба забони русї тарљума шавад. Аслан, ин мафњум дар ќонуни матбуот як дафъа истифода шуда буд, ки аввал маќола ба забони тољикї шавад, баъд ба забони русї тарљума гардад. Инро барои он ворид карданд, ки баъзе маљаллањо дузабонї буданд, то маќоларо ба забони русї нанависед, ќабул намекарданд. Пас ба тољикї тарљума мешуд. Барои њамин, ки аз ин ќолаб барорем, ин нуктаро ворид кардем, ки аввал бояд ба тољикї навишта шавад. Ба реклама њам њамин корро кардан даркор, ки аввал ба тољикї навишта шавад, баъд ба забони русї баргардон намоянд. Як ќисмати нашрияњои тољик, ки ба њаёти иљтимої алоќаманд њастанд, онњо русихон мебошанд. Он чи ки матбуоти тољикї чоп мекунад, на њамеша ќонеъ мекунад. Онњо чизњои љиддитар суроѓ мекунанд ва гумон мекунанд, ки чизњои љиддитар дар "Азия-Плюс" бештар аст, нисбат ба нашрияњои дигар. Барои њамон ба забони русї мурољиат мекунанд. Асоси рекламаи русї дар "Азия-Плюс" аст.
Абдуазими АБДУВАЊЊОБ
НИГОЊИ МАРДУМЇ
“НИГОЊ”, СЕШАНБЕ №50 (381) 11. 03. 2014
15
АКСИ ГЎЁ
ЧАРО? ЧАРО ДАР ФАЙЗОБОД АЗ МОШИНЊОИ БОРКАШ ЉАРИМА СИТОНИДА МЕШАВАД? - Як њафта ќабл аз роњи ноњияи Файзобод, аниќтараш аз байни дењаи Бўстон (собиќ Ќарабулоќ) тавассути мошини "Камаз" мегузаштам. Дар ин љо дидбонгоњ ташкил шудааст. Нозири он мошини маро манъ кард. Бе муаррифї аз ман дархост кард, ки барои бори аз меъёр зиёд љарима супорам. Њарчанд гуфтам, биё, аввал њам мошин ва њам бори онро дар тарозу баркашем, аммо ў розї нашуд ва аз ман 36 сомониву 60 дирам љарима ситонид. Ба расиди додаи нозири ин дидбонгоњ зењн монда дидам, ки дар он навишта шудааст: "КВД Маркази хизматрасонї-сертификатсонии дар соњаи наќлиёти Вазорати наќлиёти Љумњурии Тољикистон". Одатан ман дар мошини "Камаз" - ам то 10 тонна бори муштариёнамро бор мекунам. Ин дар њолест, ки дар Тољикистон роњи пулакии "IRS" амал мекунад, боз ин КВД Маркази хизматрасонї-сертификатсонии дар соњаи наќлиёти ВН ЉТ чи хел корхона аст, ки аз соњибони мошинњои боркаш маљбурї маблаѓ меситонад? Оё нозирони њамчунин дидбонгоњњо ќонунан аз мо љарима меситонанд ё њамту барои кисаи худ? Ин гуна корхонањо кай таъсис ёфтанд, ки мо ронандагони воситањои наќлиёти боркаш хабар надорем? Агар билфарз љаримаситонии нозирони ин дидбонгоњ ќонунї бошад, бояд аз чї миќдор бори аз меъёр зиёд љарима ситонанд? Фарњод УСМОНОВ, сокини дењаи Сангчашмаи ноњияи Њисор, ронандаи наќлиёти "Камаз" - Дар њаќиќат, дар километри 36-уми ноњияи Файзобод дар роњи Душанбе - Рашт - Љиргатол - сарњади Ќирѓизистон бо фармоиши Вазорати наќлиёти Љумњурии Тољикистон тањти № 142 аз 26-уми июли соли 2013 дидбонгоњи боркашии воситањои наќлиётї ташкил шудааст. Дар асоси љадвали навбатдории шабонарўзї, ки аз тарафи Корхонаи воњиди давлатии "Маркази сертификатсиякунонии кор ва хизматрасонии соњаи наќлиёт" тасдиќ гардидааст, дар моњи феврали соли 2014 коршиносњои дидбонгоњи номбурда Эмомов Э. Њамоидинов А. ва Самиев Б. навбатдорї менамоянд. Маблаѓи 36,60 сомонии аз шањрванд Фарњод Усмонов гирифташуда ин маблаѓи љарима набуда, балки маблаѓи хизматрасонї аз баркашии воситањои наќлиёти боркаш мебошад. Эксперти истгоњи баркашї Самиев Б. бинобар иљро накардани тартиби санљиши воситаи наќлиёт тариќи тарозуи вазнченкунї ва худро муаррифї накардан дар нуќтаи назоратї аз љадвали навбатдорї дар моњи март барканор карда шуда, инчунин дар нисбати вай аз тарафи роњбарияти вазорат муљозоти интизомї татбиќ гардидааст. Минбаъд низ барои дар фаъолияти ояндаи коршиносон роњ наёфтани камбудињо тамоми чорањои мушаххас андешида мешаванд. Ба саволи Шумо Хайрулло АСОЗОДА, вазири наќлиёти Тољикистон посух дод.
ЧАРО? ЧАРО АНДОЗИ ИЉТИМОЇ МЕСИТОНАНД? - Дар хољагии дењќонии ба номи Њотам Ќурбонови ноњияи Ѓончї 4400 сањмдор кор мекунанд, ки њар якашон дорои 0,20 га заминанд. Аз ин 0,03 га обї ва 0,17 га лалмї. Андозњои муќарраршуда ва њаќќи иљораро барои истифодаи замини эњтиётї супорида меоянд. Ибтидои соли равон кормандони андози ноњия талаб доранд, ки њар сањмдор бояд њар моњ ба андозаи 15 сомонї (барои 7 моњ) андози иљтимої супоранд. Њол он ки ягон сањмдори мо аз хољагии дењќонї маош намегирад. Ин талаб то куљо ќонунист ва тартиби пардохти андози 15 сомонї аз сањмдорони хољагии дењќонї чи гуна аст? Чаро аз мо маљбуран андози иљтимої меситонанд? Рустам ЊАСАНОВ, омўзгор, сањмдори хољагии дењќонии ба номи Х. Ќурбонови ноњияи Ѓончї - Мутобиќи банди 2-и ќарори Њукумати Љумњурии Тољикистон аз 2юми декабри соли 2009 тањти № 656, њар як аъзои хољагии дењќонї (фермерї) аз љумла, роњбари хољагии дењќонї (фермерї), ки шахси њуќуќї намебошад, бояд суѓуртаи иљтимої карда шуда, аз рўи меъёри то рўзи 30-юми декабри соли 2012 ба маблаѓи 15 сомонї дар як моњ ва баъд аз 1уми январи соли 2013 ба маблаѓи 10 сомонї дар як моњ андози иљтимої супорад. Њамзамон, аъзоёни хољагињои дењќонї (фермерї), ки дар заминњои лалмї фаъолият мекунанд баъд аз ворид намудани таѓйиру иловањо ба ќарори мазкур (пас аз 03.08.2013) бо андози иљтимої ба муњлати 7 моњ ба андозбандї љалб карда мешаванд. Ба саволи Шумо Нусратулло ДАВЛАТОВ, раиси Кумитаи андози назди Њукумати Љумњурии Тољикистон посух дод.
ЧАРО? ЧАРО ОБИ БАЊРЊО ШЎР АСТ? - Бисёре аз мардум, шўрии обии бањрњоро хуш надоранд ва мепиндоранд, ки агар оби бањрњо ширин буд, бењтар буд. Чаро оби бањрњо шўр аст, бо он ки њамаи дарёњое, ки дар рўи замин ба дарёњо мерезанд, дорои оби ширин њастанд. Чї касе ин намаки фаровонро дар оби бањр рехта ва чаро рехтааст? Ин намак аз куљо омада? Оё тамом шуданї нест? Муќовимати оби шўр дар баробари фосид шудани оби ширин, бештар аст. Агар оби уќёнусњо ширин мебуд, хатари фосид шудан ва вайрон шудани онњо бисёр буд. Агар оби бањрњо фосид шаванд, зиндае дар рўи кураи замин боќї нахоњад монд. Бўи бади об, мављуди зиндаеро боќї нахоњад гузорад. Оби фосидшудаи бадбўй бењтарин љо барои рушди њашарот, ба вижа њашароти самимї аст. Он ваќт аст, ки њашарот ва агар ин тавр шуд њељ мављуди зиндае дар рўи замин боќї нахоњад монд. Оё шўр шудани оби дарёњо нишонаи њукумати ирода ва илму аќл дар дастгоњи офариниш нест? Оё касе ки ин илму аќлро надошта, дар оѓози пайдоиши љањон метавониста ба ин диќќати илмї пай бурд, ки муќовимати оби шўр дар баробари фосид шудан аз оби ширин, бештар аст? Њаргиз! Оё шўр шудани обњои дарёњое, ки аз борони ширин реша гирифта аст, нишонаи ќудрати бузург нест? Ќудрате, ки бар асари мењр ва њифозати љони зиндагон, ин падидаи бузургро ба кор бурда аст. Инњо њама нишонаи Худованди Мутаол аст, ки њамаи чизро дуруст ва ба љои худ ќарор дода аст. Шањриддин АМИНОВ, сокини ноњияи Варзоб Ислом Мирзоеви гиромї! Шуморо бо фарорасии зодрўзатон табрик мегуем ва ба Шумо тамомии хушињои зиндагиро орзу дорем! Бигзор, чї орзуи неке дар дил доред, љомаи амал пўшад, њамеша дар лабонатон табассум гул бикунад, дар дилњоятон оромиш маскан бигирад ва дар дидањоятон фарањ шукуфта бошад! Њамеша комёбу муваффаќ бошед! Бо эњтиром, дўстатон Њамидулло
ЛАТИФА ВОХЎРЇ Ду њамсабаќ баъди 10 соли хатми донишгоњ вомехўранд. Яке ба дигарї: - Манижа, шунидам, ки ту дар почта кор мекунї ва ба мактубњо тамѓа мегузорї. Ин кори якрангу дилгиркунанда аст... - Не, Дилоромљон! Хато мекунї, якранг нест! Њар рўз санаи рўз иваз мешавад! ЭЪЛОН ДАР РЎЗНОМА Љавонони танњоро мељўем. Сину сол аз 18 то 27. Оиладор бошад њам мешавад, аммо аз як фарзанд зиёд надошта бошад. Ќад, вазн, ранги мўйу чашм,мазњаб ва бурљи толеънома муњим нест. Бо эњтиром: Комисариати њарбии ноњияи Гулобод. ЗАГС Љавон: - Хуш, љонакам, кино рафтем, боѓи ботаникї рафтем, дискотека њам рафтем, дигар куљо равем? Духтар: - ЗАГС… ХОСТГОРЇ Духтар ба дўстписараш мегўяд: - Ба падарам гуфтам, ки ошиќи ман шоир аст, вай бисёр хурсанд шуд. - Падарат шеърро дўст медорад? - Не, охирин љавоне, ки мехост маро ба занї бигираду падарам ўро аз дари хонаамон берун кард, боксёр будааст. ИЌДОМИ НАВ Зан бо овози баланд фарёд мезанад: - Боз либосу љўробњоятро дар тамоми хона пањн кардї? Шавњар: - Ин аксияи нав аст: "Њамаи либосњоро љамъ кун ва барои лабсурхкунаки нав пул бигир".
МАН ЌАБУЛ НАДОРАМ! ТАЊЌИРИ ДИРЕКТОРИ МАКТАБРО ЌАБУЛ НАДОРАМ! - Баъди хатми факултаи журналистикаи Донишгоњи миллии Тољикистон дар соли 2012 аз 17-уми сентябри 2012 бо фармони мудири шуъбаи маорифи шањри Ќурѓонтеппа ба њайси љонишини директор оид ба корњои тарбиявии мактаби миёнаи №6-и ба номи Лоиќ Шералї таъин шудам. Баробари ин дар ин мактаб њамчунин омўзгори фанни забон ва адабиёти тољик кору фаъолият дорам. Моњи январи соли 2013 директори мактаб Мањбуба Мадрањимова таъин шуд. Ман тули чор моњ бо собиќ директори мактаб Муъмин Саймиддинов кору фаъолият намуда, ягон гапи даѓал нашунида будам. Муъмин Саймиддинов маро њамеша дастгирї мекард. Аммо директори нави мактаб бошад тўли як сол мешавад, ки бо ман муносибати хуб надорад. Директори нав ба љойи он ки кадри љавонро роњнамої кунад, баръакс ў маро дар назди колективи омўзгорон сиёњ мекунад . Яке аз тањќирњояш њељ аз ёдам намеравад, ки гуфта буд "Ту журналист, ѓайрихтисос мебошї, собиќаи корї надорї, журналист омўзгор шуда наметавонад." Тањќирњояш яксў бар замми ин се маротиба мешавад, ки маоши маро бе асос ихтисор мекунад. Њамчунин ў ѓайриќонунї бе фармони мудири маорифи шањри Ќурѓонтеппа маро аз вазифаи љонишини директор оид ба корњои тарбиявї гирифта, ба вазифаи корњои таълимї гузаронид. Дар ин кор Солења Ќосимова муовини раиси шањри Ќурѓонтеппа низ даст дошт. Бањонаи Солења Ќосимова он буд, ки гўё, кадрњои љавон хонандагонро тарбия карда наметавонанд. Айни замон ман дар басти дуюм ним ставка муовини диретор оид ба корњои таълимї њастам. Як баст 551 сомонї, ним баст 275 сомонї маош дорад. Маро њамчунин аз кабинет мањрум карданд. Боиси нигаронист, ки муовини раиси шањри Ќурѓонтеппа Солења Ќосимова бе асос ба кору фаъолияти ман дахолат мекунад. Бо далели он ки моњи сентябри соли 2013 њукумати шањри Ќурѓонтеппа бинои дуоёшнаи мактабро садамавї эълон карда буд, Солења Ќосимова супориш дод, ки се синфи 1 ќабул кунанд. Аммо ин тавр нашуд. Њашт синфи 1 ќабул карданд. Дар њар як синф аз 32 то 36 нафар рост меояд. Барои ќабули њар як синфи 1 аз 50 то 150 сомонї аз волидонашон гирифта шуд. Директори мактаб мисли кондуктор аст. Як соле, ки директор иваз шудааст, сифати таълиму тарбия паст рафт. Мутаассифона, директори мактаб омўзгоронро ба худиву бегона људо намудааст. Њамчунин дар њамин моњи феврал аз маоши ман 151 сомонї гардониданд. Њамин моњ њамагї 728 сомонї маош гирифтам. Айни њол 15 соати дарс дорам ва роњбари синфи 5-и "Д" мебошам. Оиладор, соњиби ду фарзанд мебошам. Агар њар моњ беасос аз маоши ман гардонидан гиранд, оё бо њамин маоши нокифоя мешавад зиндагиро пеш бурду ва бо дили гарм ба хонандагон дарс дод? Ман тањќири директори мактаб ва муовини раиси шањри Ќурѓонтеппаро ќабул надорам! Абдукарим ЃАЮРОВ, омўзгори синфи 5-и д-и мактаби миёнаи №6-и шањри Ќурѓонтепа
БА ЉОИ 09 Гуруњи эљодии "F1[iMDOD]-IT SERVICES" бо маќсади фароњам овардани минбари эљоду иттињод ва боз сохтани дари фазлу маърифат, шуруъ аз соли 2011 инљониб, барои кулли мактабиёни тољик ва омўзгорону волидайни эшон интернет-портали maktab.tj-ро фаъол гардонидааст. maktab.tj - аввалин ва беназиртарин интернет-портал барои муњассилини тољик бо забони тољик, maktab.tj - барои шумост ва аз они шумост. Мањз бо назардошти њамин љињат маъмурони maktab.tj њамаи хонандагони мактабњои миёнаи тањсилоти умумии пойтахт ва дигар шањру ноњияњои кишварро бобати боз њам ѓанитар гардонидани муњтавои интернет-портал бо матолиби љолибу хонданї ба њамкорї даъват мекунад. Муњасилин метавонанд тариќи почтаи электронии мо: infof1imdod.tj ва ё шумораи телефонии 918-94-32-31, (44)600-61-30 бо маъмурони maktab.tj тамос барќарор намуда, њама он пешнињоду дархост ва ё дигар матолиби мувофиќ ба бахшњои гуногуни сомонаро ба мо ирсол намоянд. Њамкорї бо maktab.tj ба нафъи худи шумост!
Д И Ќ Ќ А Т! Барои ба саволњои доѓи худ посух гирифтан ба идораи њафтаномаи «Нигоњ» мурољиат кунед. Суроѓа: шањри Душанбе, кўчаи Носирљон Маъсумї-3, назди Хона музейи Мирзо Турсунзода. Ё ба масъули сањифаи "Нигоњи мардумї" бо шумораи телефони 985 60 86 85 занг занед ё бо воситаи смс-паём саволи худро ирсол доред. Њамчунин ба почтаи электронии nigoh_tj@inbox.ru арзу пешнињод ва мушкилоти худро бинависед.
КОМИЛАН «ЉИДДЇ»
“НИГОЊ”, СЕШАНБЕ №50 (381) 11. 03. 2014
ПУРБИНИ «НИГОЊ»
МУАММОИ ЊАМСАРИ МИРЗОДИККАК ВА ХОЊАРОНИ ИЃВОГАР Дар Рўзи таъсисёбии Артиши миллї очаи Ќобилљони нањзатї, Пахтагул Панљсолаеваи коммунист, шавњараш Мирзодиккакро досу болѓа тўњфа намуду сари бедарди ўро ба дард овард. Охир ин танњо тўњфа не, балки муаммо тўњфа буд ва Мирзодиккак мебоист дар зери коса нимкосаи бударо муайян мекард. Барои њалли ин муаммо маѓзи генерали њукуматї басандагї намекард. Ў ба кумаки дўсташ Ѓалтаки каљтокї сахт ниёз дошту мехост зудтар ўро пайдо намояд. Намедонам таъсири шўъоњои офтоб бошад ё фарорасии бањори нозанин, ки Мирзодиккак наќшаашро таѓйир доду хост ба Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Њукумати Љумхурии Тољикистон даромада, аз онњо љавоби муаммо -тўњфаро пурсон шавад, вале њодисањои рўзњои ахир; муњосираи дафтари кории ЊСДТ дар шањри Душанбе, монеъагї дар баргузории љаласаи ЊНИТ дар шањри Кўлоб аз љониби гурўње аз занњо ба ёдаш расиду самти њаракаташро таѓйир дод. - Онњо ба сари Тилло Тиллоевич садо баланд карданд. Агар симои ман ба занњои Кумита маъќул наояд, сию ду дандонамро мешикананд, - худ ба худ меандешид Мирзодиккак Диккакович. Ў барои дарёфти посух роњ сўи бозори Шоњмансурро гирифт. Боз зери таъсири бањор бонуи хушсалиќаеро диду думболагираш шуд, то ки дар љойи хилвате марому маќсадашро баён намояд. Зани зебо ба растаи љорўбфурўшњо даромаду нигоњи Мирзодиккак ба дўсташ Ѓалтаки ќаљтоќї афтод, ки ахирон дастаи љорўбро ба мизољон савдо заду пулашро ба љайбаш халонид. Мирзодиккак ќабл аз салому алейк ба дўсташ Ѓалтак гуфт: - Ман одами одди не, марди некќадаму серрўзї њастам. Пайи ќадамам расиду љорўбњоятро мизољон талла карда хариданд. - Онњо фањмиданд, ки Генерал ба назди дўсташ меояд, аз ин лињоз њамаи љорўбњоямро хариданд, то ки суњбатамон сариваќтї дар ошхонаи бозори Шоњмансур дар сари як пиёла чой шурўъ шавад. - гуфт Ѓалтаки ќаљтоќї ва дўсташро гарм ба оѓўш кашид. Љўрањо вориди ошхона гашта, ба пешхидмат фармоиши овардани як чойнак чой, 4 дона ќанду 100 грамм ќаймоќро додаанд. Онњо рў ба рўи њам нишаста, деги суњбаташонро чунон тафсонданд, ки дар он сумалак ба љўш меомад. Мирзодиккак: - Ќандаша занад њукумат 60 дарсади кадрњоро иваз кард. Акнун дар њукумат кор мешаваду ишками мо сер. Ѓалтак: - Ањсан ба Шумо бо ин аќлу хиради азалиятон. Њукуматро иваз мекунем гуфта, ягон бачаву кача, язнаву пазна, домоду помод, додарарусу подарарус ва њамшањрию пањмдаршањриро фаромўш накарда, ба сари ќудрат овардед. Вайњо дуздида сер шуданду акнун навбати инњо - ња!? Мирзодиккак: - Девор афтад, дарун афтад. Мо хуб медонем, ки як рўз не як рўз, њамаи ин сарвату давлат аз даст меравад. Ѓалтак: - Њамин хел гўед. Боз мо ба умед, ки њар яки мо соњиби ин хоку Ватан њастему дар њимояву роњбарияш њуќуќњоямон баробар. " Хондани мо хондани бењуда будай" рост будааст?
Мирзодиккак: - Њамин хел тассавур кунед, вале худатон ба умеди раиси нашаведу занатон орзўи зани раисиро накунад. Мо њамаи курсињои роњбариро кафшер кардагї, кафшер! Гапи зиёд занед, занњои иѓвогар меоянду сию ду дандонатонро мешикананд. Мана, Тилло Нуќраевичро чунон тарсонидаанд, ки ў аз гуфтани номи онњо худдори мекунад... Юсуфи нањзатї ба истиќболи собиќ ќумондон ФХ намебаромад, ба сараш санги осиёбро чарх мезанониданд. Ѓалтак: - Медонам, шумо њукуматињо аз надоштани саводи сиёсии бонувон ба манфиати халќ не, ба манфиати худатон истифода мекунед. Мана, гурўњи хоњарон солњои 90 -ум бо ин васила куртаи чанд рўзноманигорро барои ба љойи калимањои русї истифода намудани калимаю иборањои тољикї даронида буданду дар майдони "Озодї" барои њаросиданамон аз марги бемањал, ба дањонамон њам "об" мерехтанду њам "пору"... Мирзодиккак: - Бењтарин, њар сањар ваќти шўстани дандонњоятон њамон хоњаронро ёд мекунеду онњо бошанд, ќисме дар гўру ќисме дар муњољирати мењнатї аз кардаашон сахт пушаймонї мекашанд. Мана, каму беш не, зиёда аз 100 њазор хоњарон дар Русия ба корњои паст даст задаанду мо њукуматињо бошем шукронаи язнањоро мекунем, ки барои мо гармхонаю њаммому наќб сохтанд. - Љўраљон, чойро нўшида, барои њалли тўњфа - муаммои очаи Ќоблљони нањзатї ба ман ёри расон. Коммунист- Пахтагул Панљсолаевна дар Рўзи љашни Артиши миллї ба ман досу болѓа туњфа кардааст. Ман даравгару оњангар набошам? Аќалан китоб тўњфа мекард, медонистам, ки њамсарам аз зиёї будани шавњараш ифтихор дорад... Ѓалтак; - Генерал Мирзодиккак, дар куљо пинњон шудани "террорист"- њоро дар ноњияи Рашт аз Душанбе истода мушахасс кардию ба маънои тўњфаи додаи зављаат сарфањм нарафтї -ња! Он кас бо ин тўњфааш аз њукумату таќсими ноодилонаи курсињои роњбарї изњори нигаронї кардааст. Имрўз љавононе ба курсии роњбари роњ ёфтаанд, ки мўзаи аскарї напўшидаанд. Њукуматињо бояд наѓз донанд, ки бегонагон марзро ба мисли худињо дифо намекунанд. Онњо њам маќсади сиёсї ва њам маќсади дарёфти фоидаро доранд... Мирзодиккак: - Рўзњои ахир янгаат китоби Сталину хотирањои генерал Жуковро мехонд. Бо ин васила дониши сиёсияшро васеъ кардааст. Шояд дар интихоботи оянда депутат интихоб шавад -ња?! Агар Вазири дифоъ шавад, рубтаи генералии манро тасдиќ мекунанд. Ана баъд бачањои кўча маро дидан њамоно "Салом, генерал" мегўянд... Љўрањо бо ин нияту орзуњои Мирзодиккак сўњбаташонро ба поён расонида бо пешхидмат њисобї карда, аз љой бархостанд. Онњо љониби истгоњ ќадам мезаданд. Зиндагї бо омадани фасли бањор торафт ширину гуворо мешуд. Њаво торафт метафсид муѓчањо мешукуфтанд. Дар фазо абрњои сафед аз боридани борони найсон дарак медоданд. Паррандањо аз мамлакатњои гарм ба Тољикистон бармегаштанду Одинаи тољик барои дарёфти ризќ талоши рафтан ба мулки бегонаро дошт.
Раиси Шўрои муњаррирон: Саймиддин ДЎСТОВ dustov@mail.ru
Њафтанома дар Вазорати фарњанги Љумњурии Тољикистон ба ќайд гирифта шудааст.
МУАССИС: Созмони љамъиятии «ИНДЕМ» («Информатика барои демократия ва рушди миллї»).
Котиби масъул: Абўалї НЕКРЎЗОВ nigoh_tj@inbox.ru
Шўъбаи иттилоот ва сиёсат тел: 600 80 38 Шўъбаи тањќиќот ва тањлил тел: 600 80 38 Шўъбаи иљтимоъ ва иќтисод тел: 600 80 39 Шўъбаи реклом ва огоњиномањо тел: 918 74 75 79
МАНГАР, КИ КЇ МЕГЎЯД...
16
Олга ТУТУБАЛИНА, муњаррири нашрияи "Азия плюс": - Њич касро тањќир накардаам, баръакс наќши њаќиќї ва љойгоњи зиёиёнро дар љомеаи имрўза, бо истифода аз иќтибоси маълуму борњо нашршудаи Ленин, зикр кардам. - Рост мегўед, ба љуз аз ленинчии дигар - Бозор Собир њеч касро тањќир накардаеду ин "зиёиён" заррае њам њаќ надоштанд, ки ба суд мурољиат кунанд. Аммо бигўед, ки як љумла њам аз мавзеъгирињову мусоњибањову маќолаву асарњои зиёиёни тољик ба забони давлатї нахонда, чї тавр "наќши њаќиќї ва љойгоњи"-и онњоро маълум кардед? Шумо худатон наљасшинос-мї ё фолбин? Рањматилло ЗОЙИРОВ, раиси ЊСДТ: - Мардњое, ки садо баланд мекарданд, касе маро намешинохт. Њатто ваќте ман худамро муаррифї кардам, онњо мегуфтанд, ки "Рањматилло Зойиров кист?". Агар суроѓаро намедонанд, маро намешиносанд, пас куљо омаданд? - Эњ, бало занад: сифати кори хадамоти амниятї њам паст шуда бурафтаст-ку! Суњроб ШАРИФОВ, вакили Маљлиси намояндагон: - Русия бо он амале, ки кард, дар сиёсат дигар бо Ѓарб баробар намешавад. Тољикистон сиёсати Русияро дар Осетияи Љанубї ва Абхозистон дар ёд дорад. Аз ин хотир, дар муносибат бо Русия мо набояд беэњтиётї кунем. - Мабодо-ку њукуматамон наќшаи ба Кафќозу Урал њуљум кардану ба Тољикистон њамроњ кардани Махачќалъаву Челябинскро надорад? Саттор ТУРСУН, нависанда: - Озодии сухан, озодона ба масљид рафтан, аз дастовардњои мост. Аммо он ки љавонон бештар рўй ба масљид меоранд, ѓолибан аз тарс аст. - Устод, ягон роњи газетахону китобхон кардани одамон бо истифода аз тарс њаст? Панљваќта не, дуваќта њам бошад, барои мову шумо шудан мегирад. Муњаммадшариф НОЗИМОВ, вакили Маљлиси намояндагон: - Гарчанде ба мо маълум аст, ки захирањои нафту газ дорем, вале сабаби то њол љиддї муносибат накардан дар мављуд набудани ќонун аст. - Ба мо њам маълум, ки њукумату парлумони ѓайриљиддї бо ќабули як ќонун љиддї намешаванд. Ё шумо њамаи мардуми кишварро аъзои Њизби солдалавњони Тољикистон мебинед? Усмон СОЛЕЊ, сухангўи ЊХДТ: - Нобасомонињои солњои 90-ум буд, ки атрофи биноњои маќомоти давлатї ба панљарањо гирифта шуданд. Он солњо шахсони номаълум ба идорањои давлатї бењудаву бетартиб зиёд ворид мешуданд. Њамзамон панљарањо на танњо барои нигоњ доштани амният, балки барои поймол нашудани гулзори атрофи њамон бино низ буд. - Боз мо фикр кардем, ки ин шиѓу панљарадеворњо барои эмин мондан аз шарри аз гову гусолаву хару хингил аст. Ё ин њам серияи навбатии сериали "гўзи раис буй надорад" дар иљрои шумост? Изатулло ШАРИФЗОДА, сардори Раёсати корњои ислоњии ВА ЉТ: - Ман генералам. Ин унвонро ман аз кўча нагирифтаам. Солњои тўлонї аз афсари оддї сар карда, дар сафи милиса кор кардаам. Генерал њељ ваќт дурўѓ намегўяд. - Инро ба касе гўед, ки шуморо нашиносад!
Дар њафтанома матолибе низ ба нашр мерасанд, ки бо мавќеи идораи он муѓойират доранд. Дар шумора аз аксњое њам аз Шабакаи љањонии Интернет истифода шудааст. Матолиби хусусияти таблиѓотидошта ® метавонанд танњо бо пардохти муайян дар њафтаномаи «Нигоњ» нашр шаванд. Барои дар дигар нашрияњо пурра ё ќисман чоп кардани матолиб ва иќтибосњо аз «Нигоњ» иљозаи хаттии идора ва нишон додани сарчашма дар шакли «аз њафтаномаи «Нигоњ» №_ аз санаи _» њатмист. Њуќуќи муаллифии кулли матлабњои шумора ба идораи њафтаномаи «Нигоњ» ва СЉ «ИНДЕМ» тааллуќ дошта, тибќи ќонунгузории љории Тољикистон ва байналмилалї њифз карда мешаванд.
Ќимати рўзнома дар фурўши чакана на беш аз 2 сомонї Њафтанома дар нашриёти «Мега-принт» чоп мешавад. Теъдод 4 000 Ќимати обуна барои як сол - 78 сомонї. Индекси обуна: 68990 НИШОНИИ ИДОРА: Љумњурии Тољикистон, шањри Душанбе, кўчаи Носирљон МАЪСУМЇ, хонаи 3. Телефон: (44) 600 80 38, 224 25 09 Теъдоде аз њар шумора дар асоси кўмаки техникии (дар шакли ќоѓаз) дафтари САЊА дар Душанбе ройгон таќсим карда мешавад.