Нигох №50 (480). Чоршанбе, 16-уми марти соли 2016

Page 1

“НИГОЊ”, ЧОРШАНБЕ №50 (483), 16. 03. 2016

1

Соли нав, Наврўзи љањонї муборак! №50 (483). Чоршанбе, 16-уми марти соли 2016

e-mail: nigoh_tj@inbox.ru

-УМ СОЛ БО ШУМО!

www.facebook.com/nigohtj

МАТБУОТ ВА МИЛЛАТСОЗЇ Аз матбуот ва расонањои хабарї дар давлатдории миллї чї гуна метавон истифода кард?

ЧЕЊРАЊОИ СОЛ МАВЗЎИ АСОСЇ

ФАРОМЎШНОШУДА

ЎРО ЊАТТО "ЊАМРОЊОНАШ" ДЎСТ НАМЕДОШТАНД САЊИФАИ 5

ИЌТИСОДИ ВОЌЕЇ

"ФИРОР" -И ЧОЙ АЗ ДУШАНБЕ Чаро арзиши «хўроки дўстдоштарини тољикон» якбора боло рафт? САЊИФАИ 7

ДЕВИД КАЙЕИ «БЕРАЊМ» САЊИФАИ 2

Шералї Ризоён, сиёсатшинос

Љойгоњи матбуот дар миллатсозї ва давлатсозї аз мавзўњое ба шумор меравад, ки дар љомеањои пешрафтаи дунё дар бораи он корњои зиёди илмї анљом дода шудааст. Дар љомеаи кунунии мо, ки раванди бозгашт ба асолат ва эњёи миллї баъди ба даст овардани истиќлолияти Тољикистон фаъолтар гардида ба таври густурда омўхтану тарњрезї намудани роњу равиши устувор кардани давлатдории миллї имконпазир шуд, масъалаи мазкур чанд вазифаро дар назди муњаќќиќони ватанї мегузорад, ки барои таќвияти минбаъдаи соњибихтиёрии давлатии Тољикистон муњиманд. Матбуот маќоми фавќулоддаро дар раванди давлатсозї ва миллатсозї доро буда, яке аз унсурњои муњими ташаккулдињанда, устуворкунанда ва рушддињандаи он ба шумор меравад. Дар самти мазкур сармояи иљтимоии матбуот ва таъсири он ба рушди миллї аз масъалањои марказї мебошад ва мо онро шартан ба чањор ќисмат таќсим намудем: арзишњои миллї, забони миллї, давлатдории миллї ва њуввияти миллї. Перомуни шарњи мафњуми миллат андешањои гуногун вуљуд дорад ва соли 2012 дар Маркази тадќиќоти стратегии назди Президенти Љумњурии Тољикистон маљмўаи илмие бо номи "Муќаддама ба назарияи миллатшиносї" нашр гардида буд ва дар ин китоб мактабњои он низ муаррифї шудаанд. Баррасии назарияњои муосири миллат нишон медињад, ки дар замина байни олимони кишварњои дунё мавќеи ягона вуљуд надорад ва донишмандон аз мавќее дастгирї мекунанд, ки бозтобкунандаи воќеияти миллати онњо мебошад. Аз ин рў, барои пайдо намудани љавоб ба суоли марказии матлаб: "миллат ва матбуот ба њам чї пайвандї доранд?" мо бо такя ба бархе аз назарияњои маъруфи љањонї, хусусан аќидањои олими бритониёї Бенедикт Андерсон кўшиш менамоем бо нуктањои зер посух гўем ва иштироки матбуотро дар миллатсозї метавон ба чунин бахшњо таќсим намуд: Забонсозии (эљоди забони расмї ё забони адабї) матбуот Раванди мазкур бевосита бо иштироки матбуот ба вуљуд омад, ки онро мо дар ташаккулёбии забонњои имрўзаи аврупої дида метавонем. Аз назари Бенедикт Андерсон, ин шароит бо рушди капитализми чопї бо забонњои гуногуни аврупої имконпазир гардид ва њамзамон дар ин замина миллат хеле маъруф гашт. Зеро барои дарёфти бозори фурўш сармоядорон нашрро бо забонњои мањаллї оѓоз намуданд, ки бевосита ба ташаккули њуввияти хонандагон таъсир расонид. Дар раванди забонсозї, муттањид намудани гўиш ё лањљањои гуногуни забонњои Аврупо, наќши калидиро капитализми чопї (мушаххасан истењсолоти он, яъне китоб, рўзнома ва ѓайра) мебозад, ки дар натиљаи пешнињоди мањсулоти худ умумияти забони чопиро дар њудуди муайяни зиндагии соњибони забон фароњам оварда, забони маъмурии давлатиро мустањкам мекард. 14


2

“НИГОЊ”, ЧОРШАНБЕ №50 (483), 16. 03. 2016

Чаро њукумат аз даъвати Гузоришгари вижаи СММ наметавонист чизи дигареро интизор бошад? Маълум кардан бисёр душвор аст, ки њадафи Њукумати Тољикистон аз даъвати Гузоришгари вижаи Созмони Милали Муттањид ба кишвар чї буд. Дуруст аст, ки дар шароити феълї ин корро накарда њам наметавонист, чун сару садо дар хориљи мамлакат оид ба он чи, ки дар Тољикистон мегузарад, якбора ва хеле зиёд гардид. Шояд бо назардошти њамин нукта њукумат тасмим гирифт, ки "боди пуфак" -ро кам кунанд. Аммо то куљо ин муяссар гашт? Ё, баръакс то куљо "пуфак" якбора "дам" кард? Сухан дар бораи сафари Гузоришгари вижаи Созмони Милали Муттањид оид ба таќвият ва њимоят аз озодии фикр ва баён Девид Кайе ба Душанбе меравад, ки аз 3-юми март оѓоз шуда, 9-уми март ба поён расид. Гуфта мешуд дар натиљаи ин сафари шашрўза Гузоришгари вижа бо масъулони давлатї, аз љумла вазирони адлия, фарњанг ва корњои дохилии Тољикистон мулоќоту гуфтугўњо анљом медињад. Њамчунин дидорбинии вай бо намояндагони созмонњои ѓайридавлатї, журналистон ва васоити ахбори умум низ дар назар буд. Хабар дода мешуд, ки ин Гузоришгар дар мавриди натиљањои сафараш гузориш тањия мекунад ва пешнињодњои худро барои рушди озодии фикр ва баён дар Тољикистон, рушди љомеаи шањрвандї ироа хоњад намуд. Дар назар аст, ки ин гузориш моњи июни соли 2017 дар Шўрои њуќуќи башари Созмони Милали Муттањид муаррифї шавад. Пешопеш ба хонанда маълум менамоем, ки ин гуна Гузоришгарон як ќисмати таркибии он чизе дониста мешавад, ки Тартиби вижаи Шўро оид ба њуќуќи инсонаш ном мебаранд. Тартиботи вижа бошад нерўмандтарин нињоди коршиносони мустаќил оид ба њуќуќи инсон дар низоми СММ ба њисоб рафта, мониторингњояш дар назди Шўро оид ба њуќуќи инсон бисёр љиддї гирифта мешаванд. Ин гуна намояндагон то љое дар худ љиддият доранд, ки онњо њатто корманди СММ ба шумор намераванд ва новобаста аз дилхоњ њукумат ё созмонњо амал мекунанд. Аз њамин хотир Гузоришгарон њатто барои анљоми корњои худ маош њам намегиранд. Дэвид Кайе, ки ба Тољикистон омад, Гузоришгари махсус моњи августи соли 2014 таъин гардида буд. Сафари ў дар њоле сурат гирифт, ки сару садо дар бораи Тољикистону равандњои сиёсияш дар хориљ хеле зиёд шудаанд. Хоса, "њаводиси моњи сентябри соли 2015", боздошту фишор ба адвокатњо, њомиёни њуќуќи башар, масдуд кардани сомонањои интернетї ва ѓайрањо ин сару садоро бештар мекарданд. Илова ба ин, пешопеши омадани Кайе Њукумати Тоќикистон якбора масъалаи таѓйиру иловањо ба ќонун "Дар бораи матбуот ва дигар воситањои ахбори омма"-ро дониста ё надониста ба бањсњо ва њатто то парлумон кашид, ки он ба прокуратура имкони ќатъи фаъолия-

МАВЗУИ АСОСЇ

ДЕВИД КАЙЕИ «БЕРАЊМ»

ти нашрияњоро медод. Ин амал, шояд ба он хотир "дониста" унвон мегирад, ки гўё дар Душанбе њангоми омадани Гузоришгар фикри ўро "ба сўи дигар" бурдан мехостанд ва аз "бањсњои љиддї" -е назири ќатъи фаъолияти ЊНИТ, боздошти фаъолону узви Раёсати онро пешгирї кардан мехостанд. Чун, шояд ба ин назар буданд, ки ин Гузоришгар, ки аз самти фаъолияташ пайдост, бештар масоили озодии матбуот ва баёнро ба баррасї мегирад. Аммо Дэвид Кайе мисле, ки барои њамаи кор фурсат ёфт....

"Фишорњои байналмилалї" и дар Душанбе эњсоснашуда Аслан Њукумати Тољикистон мебоист рухдодњои аввали соли равонро њамчун "фишори байналмилалї" ба унвони худ ќабул мекард. Бањои Созмони байналмилалии Freedom House ё Хонаи Озодї дар охирњои моњи январ аз вазъи озодї дар Тољикистон ва интиќод кардани онрову аз љумлаи кишварњои "ноозод" хонаданаш, њанўз маънои њама гапро надошт. Чун чунин хулосабардорињо анќариб њамасола сурат мегиранд ва Тољикистон дар гузориши солонаи ин созмон солњо боз дар радифи 10 мамлакати аќибмондае чун Афѓонистон, Ироќ, Туркманистону Ўзбакистон дар заминаи таъмини њуќуќу озодињои мардум љой гирифтааст. Аммо бори аввал буд, ки дар гузориши солонаи ин созмон, ки рўзи 27уми январ дар торнамоаш мунташир шуд, ба фишору мањдудсозии фаъолияти мухолифон тавассути интихоботњои ѓайришаффоф дар Тољикистон ишора гардид.

Бештар аз ин, бояд аз даъвати як гурўњ намояндагони ањзоби мухолиф ва фаъолони љомеаи шањрвандии Тољикистон, назири Шокирљон Њакимов ва Файзинисо Воњидова дар миёнањои январ ба Брюсел, дар Душанбе ба ин хулоса мерасиданд, ки "дар Баѓдод нотинљист". Хоса, ваќте дар ќатори онњо њамчунин мухолифи сарсахт Додољон Атовуллоев (Анљумани нерўњои созандаи Тољикистон) ва Собир Валиеви ("Гуруњи 24", ки дар кишвар экстремистї эълон шудааст) барои њукумат номаќбул низ дар ин нишастњо ширкат доштанд. Бинобар ин, њатто ваќте пеш аз омадани Девид Кайе масъулини њукумат ба пайвандони бархе аз боздоштшудаи узви Раёсат ва фаъолони ЊНИТ иљозаи дидорбинї доданд, "раги одамгарї" -и ў наљумбид, њукуматро сахт танќид кард. Ба гунае, ки мухолифин гуфтанд, "чунин "шердилї" -ро солњо боз аз љониби нињодњои ѓарбї касе нисбати њукумати Тољикистон нашунида буд...".

Девид Кайе чї гуфт? Гузоришгари вижаи СММ Тољикистон зимни нишасти матбуотиаш ба њеч кас "рањм накард" ва гуфт Тољикистон дар як нуќтаи сарнавиштсозе аз замони суќути Иттињоди Шўравї ќарор дорад. Ба гуфтаи ў, кишвар метавонад он дастовардњоеро, ки дар роњи озодии баён тайи 25 соли ахир ба даст овардааст, комилан аз даст дињад. Ў пеш аз њама ба назарпурсї ва ё референдуми ислоњи Ќонуни асосии Тољикистон, ки ќарор аст рўзи 22-юми майи соли љорї баргузор шавад, бархўрди сахт кард.

Девид Кайе гуфт ин чорабинии сиёсї бидуни муколамаи зарурї сурат гирифта ва назарњои мухолиф ба њукумат аслан шунида намешавад. Вай афзуд: "Чун њоло љомеаи шањрвандї ва васоити ахбори омма, инчунин њизбњои мухолиф, ки ќариб боќї намондаанд, зери фишор ќарор доранд, шаффофияти баргузории референдум зери суол аст. Барои њамин, дар изњороте, ки нашр шуд, ман баён кардам, ки бигзор ин раъйпурсї баргузор нашавад". Ў гуфт, ин матлабро ба маќомоти Тољикистон ба миён гузошта, дар шарњи он гуфтааст, ки таѓйиру иловањо ба мањдуд кардани фаъолияти ањзоби мухолифи њукумат равона шуда, таќвияти ќудрати президентро мадди назар дорад. Ба гуфтаи ў, далели дигар ин аст, ки раъйдињї дар шароити таъќибу фишорњо ба ањзоби сиёсї, бахусус динмењвар, созмонњои љамъиятї ва матбуоти озод мегузарад ва баррасињои судии пас аз раъйдињї мањдуд шудаанд. Гузоришгари вижаи СММ, бо таъкид бар ин ки њукумати Тољикистон "вазъи амниятии кишвар ва мубориза бо терроризму экстремизмро њамчун бањона барои расидан ба њадафњои худ истифода мекунад ва озодии баёнро мањдуд месозад". Дар гузорише, ки ў њамчун тавсиянома ба њукумати Тољикистон ироа кардааст, вазъи кунунии ањзоби сиёсї, созмонњои љамъиятї ва васоити ахбори умум муфассал ба баррасї гирифта шудааст. Вай вазъро хеле нигаронкунанда хонда, ба таъќибу фишорњо алайњи ањзоб, созмонњо ва расонањо, ки аз љониби њукумати Тољикистон ворид мешаванд, ишо-


ПЕШ АЗ ЧОПИ ШУМОРА рањои рўшан кардааст. Дар ин гузориш омадааст, њукумати Тољикистон бо истифода аз ќонунњои мубориза бо терроризм (1999) ва экстремизм (2003) Њизби нањзати исломии Тољикистон ва "Гуруњи 24" - ро террористї ва экстремистї эълон кардааст. Њамчунин ќазияњои боздошти Зайд Саидов, ки мехост њизби нав бунёд кунад, Шуњрат Ќудратов, вакили дифоъи Зайд Саидов ва куштори рањбари "Гуруњи 24" низ дар ин гузориш бозтоб шудаанд. Гузоришгари вижаи СММ гуфт, маќомоти Тољикистон хоњиши ў дар мавриди мулоќот бо аъзои боздоштшудаи ЊНИТ - ро рад кардаанд. Ў махсусан махфї сурат гирифтани тањќиќоти парванда алайњи аъзои боздоштшудаи ЊНИТ-ро мавриди интиќод ќарор дода, афзуд, ки талошњояш барои мулоќот бо нањзатињои боздоштшуда натиља надод. "Махфї гузаштани чунин парвандањо имкони худсафедкунињоро надорад. ВАО ва љомеаи шањрвандї бояд аз ин парвандањо маълумоти кофї дошта бошанд" хулоса кард ў. Девид Кэй афзуд, дар њоли њозир ду эроди умумї дорад: "аввал ин ки њукумат вазъи амниятии кишвар ва мубориза бо терроризму экстремизмро њамчун бањона барои расидан ба њадафњои худ истифода мекунад, озодии баёнро мањдуд месозад." Ба гуфтаи Кэй, њукумат бояд барои худ мушаххас кунад, ки экстремизму терроризм чист? Ў изњори боварї намудааст, ки таъмини озодии баёну аќида сарчашмаи рушди шахсї ва муътадилию субот дар љомеа мебошад. Дар гузориши ў омадааст, њарчанд масъулин мегўянд, моддаи 30 - и Конститутсияи Тољикистон озодии баёнро кафолат додааст, аммо рўзноманигорони тољик тањти фишорњои мустаќим ќарор дошта, ба хотири фирор аз онњо рў ба худсонсурї овардаанд. Дар ин гузориш аз эљоди мањдудиятњо дар шабакаи интернетї, аз љумла масдуд шудани Фейсбук, ВКонтакте, Ютуб ва Твиттер низ гуфта шудааст. Tellia Sonera, соњибмулки ширкати Tcell гузориш додааст, ки њукумати Тољикистон аз ширкат бастани 84 сомонаро таќозо кардааст. Гузоришгари вижаи СММ мегўяд, аз таѓйирот дар ќонунњои Тољикистон дар баробари созмонњои љамъиятї низ нигарон аст. Дар суњбат бо ў намояндагони созмонњои љамъиятї аз он шикоят кардаанд, ки маќомот манбаъњои сармоягузорї ва фаъолияти онњоро тањти назорат гирифтаанд. Дар ќисмати охири гузориши ў аз мањдуд шудани озодињои динии мардум сухан меравад. Дар гузориш омадааст, њарчанд моддаи 26 - и Конститутсияи Тољикистон озодињои динии шањрвандонро кафолат медињад, мардон барои риш ва занон барои њиљоб таъќиб мешаванд. Девид Кайе гуфт, ин гузориш дар ихтиёри Кумитаи њифзи њуќуќи башари СММ гузошта мешавад ва маќомоти Тољикистон моњи майи соли равон дар љаласаи Шўрои њуќуќи инсон далоили худро дар баробари он ироа хоњанд

кард. Вай гуфт, љомеаи шањрвандии Тољикистон бояд њис кунад, ки пуштибон дорад. Кайе ба њадде сахт гуфт, ки шояд дар Душанбеи расмї касе интизор надошт. Баъди интиќоди Љон Керрї ин дуюмин мавзеъгирии шадид дар баробари њукуматњои ОМ буд.

"Вокуниши сабук"-и Ватанзода Ягона вокуниш ба ин гуфтањои Гузоришгари СММ хеле дер ва он њам аз љониби Мањмадалї Ватанзода сурат гирифт. Вакили пешини Маљлиси намояндагон ва ёвари навтаъини бахши њуќуќї ва ќонунгузории Президенти Тољикистон, намояндаи Президент дар парлумони кишвар зимни суњбат бо хабарнигорон гуфт, Девид Кайе - гузоришгари вижаи Созмони Милали Муттањид ќабл аз он, ки дар бораи баргузор кардан ва ё накардани референдум дар Тољикистон њарф занад, "бояд меандешид, ки дар чї шароит чунин њарфро баён мекунад". Ба гуфтаи Ватанзода референдум дар Тољикистон бар асоси ќонун ва раъйи мардуми кишвар сурат мегирад. Вай афзуд, намояндаи СММ агар зарурати баргузории ин референдумро намедонад, ин фикри ўст, ки чї гуна андеша дорад. Ватанзода ба њадде номафњум гуфт, ки њатто барои тањлилгарон то охир маълум нашуд, ки ў чиро дар назар дорад. Дар њамин њол Дэвид Кайе низ пеш аз он, ки Душанберо тарк кунад, гуфт њамкориро бо Њукумати Тољикистон идома медињад. Њоло фањмидани ин њам осон нест, ки Душанбе бо ин гуна "интиќодгари сахт", ки чанд ваќти охир ёд надорад, дигар дар кадом мавзўъ суњбат карданист. Ва карданї њам њаст? Коршиносони мустаќил мегўянд, њукумати феълї аз ин гуна мавзеъгирињо имунитет дораду "ин њам мегузарад".Љонибдорони њукумат низ таќрибан њамин аќидаро доранд. Аммо суоли матрањ ин аст, ки оё зарурате буд, ки њукумат корро ба ин њадд расонад? Фаромарзи ФОЗИЛ

3

ЌАЗИЯИ ДАВОМДОР

ФАРЗАНДИ ДУЮМИ ИСЊОЌ ТАБАРОВ НИЗ БОЗДОШТ ШУД

Терроризм бањона шудааст? Ёдовар мешавем, ки Љон Керрї, вазири хориљаи Амрико моњи ноябри соли 2015 дар шањри Остонаи Ќазоќистон бо ишора ба суистифодаи роњбарони худкомаи Осиёи марказї аз мубориза алайњи терроризм эълом дошт, ки мубориза бо терроризм наметавонад ба унвони бањонае барои саркўбии мухолифон истифода шавад. Пеш аз ин, дар моњи октябри соли гузашта, Департаменти давлатии ИМА гузоришеро интишор намуд, ки дар он њукуматдорони Тољикистон "барои саркўб кардани мухолифони сиёсї ва ходимони дин бо бањонаи мубориза бо тундгароён" мавриди интиќоди шадид ќарор гирифта буданд". Ногуфта намонад, ки гузориши Кайе бељавоб намонд. Хоса бахши вобаста ба референдуми он...

“НИГОЊ”, ЧОРШАНБЕ №50 (483), 16. 03. 2016

Маќомоти интизории Тољикистон фарзанди дуюми Исњоќ Табаров, яке аз вакилони дифои Зайд Саидовро боздошт карданд. Ба гуфтаи Исњоќ Табаров, маќомот писари ў Далер бо иттињоми хабар надодан дар бораи љиноят гумонбар медонанд. Далер Табаров бо он гумонбар дониста мешавад, ки дар як суњбат аз ќасди љиноят огоњ шуда, вале ба маќомот хабар надодааст. Њоло нисбати ў бо моддаи 347 (Хабар надодан дар бораи

љиноят)- -и Кодекси љиноятии Тољикистон парвандаи љиноятї кушода шуда, худи ў ба њабси пешакї гирифта шудааст. Дар сурати тасдиќи гуноњаш Далер аз 500 то 1000 нишондињанда (аз 20 то 40 њазор сомонї) љарима ё ба муддати ду сол зиндонї хоњад шуд. Аммо Исњоќ Табаров иттињом алайњи фарзандашро рад карда, боздошти Далерро "боз як фишори навбатї ба фаъолияти вакилии" худ медонад. Ба ќавли Табаров, писараш дар шањри Санкт-Петербург ќарор дошт ва кормандони маќомот ба хонаи онњо омада, ўро пурсидаанд. Далер бо даъвати падараш аз Русия баргашта ба Раёсати мубориза бар зидди љиноятњои муташаккили ВКД меравад. "Ба ман гуфта буданд, ки ўро барои бозпурсї мебаранд, вале бурданду дигар љавобаш надоданд",мегўяд Исњоќ Табаров. Далер писари дуюми Исњоќ Табаров мебошад, ки аз љониби маќомоти Тољикистон боздошт мешавад. Ќаблан Суди шањри Вањдат Фирўз Табаров, писари 27-солаи Исњоќ Табаровро бо иттињоми "зархаридї" ва "даъвати оммавї барои аз роњи зўроварї таѓйир додани сохти конститутсионии Тољикистон" ба 13,5 соли зиндон мањкум карда буд.

АРТИШ - 2016

ОЃОЗИ МАВСИМИ ДАЪВАТИ БАЊОРЇ БА АРТИШ Бо фармони Президент Эмомалї Рањмон даъвати бањорї дар соли 2016 ба сафи Ќуввањои мусаллањ аз моњи апрел шуруъ хоњад шуд. 15-уми март фармони Президент Эмомалї Рањмон "Дар бораи ба эњтиёт рухсат додани хизматчиёни њарбие, ки муњлати муќарраргардидаи хизмати њарбиро адо намудаанд ва даъвати навбатии шањрвандони солњои таваллуди 1989-1998 Љумњурии Тољикистон ба хизмати њарбї" содир шуд. Ба иттилои дафтари матбуоти Президент, фармони мазкур аз 7 банд иборат мебошад. Њамин тавр хизматчиёни њарбие, ки муњлати муќарраргардидаи хизмати њарбиро адо намудаанд, моњњои апрел-майи соли 2016 аз сафи Артиш ба эњтиёт рухсат дода шаванд. Њаминчунин, моњњои апрел-майи соли 2016 шањрвандони љинси марде, ки ба синни 18-солагї расидаанд ва шањрвандони синни калонтари Љумњурии Тољикистон, ки њуќуќи ба таъхир андохтани муњлати даъват ё озод будан аз даъват ба хизмати њарбиро надоранд, барои хизмат ба сафи артиш даъват карда мешаванд. Бо фармони мазкур "Вазорати мудофиаи Љумњурии Тољикистон, раисони комиссияи

даъвати Вилояти Мухтори Кўњистони Бадахшон, вилоятњо, шањри Душанбе ва шањру ноњияњо даъвати шањрвандонро аз њисоби даъватшавандагони ба таври даќиќ интихобшуда ба ќўшунњои сарњадї, Гвардияи миллї ва ќисмњои њарбии таъиноти махсус, бо дарназардошти хусусияти хоси хизмат дар ин воњидњо ва дар навбати аввал пуррагардонии онњо бо иштироки намояндагони маќомоти амният ва корњои дохилї амалї намоянд". Раисони шањру ноњияњо ба "даъвати мутташаккилонаи шањрвандонро ба хизмати њарбї" муваззаф шудаанд. Тибќи банди 6-уми фармон Вазорати фарњанг, Кумитаи љавонон, варзиш ва сайёњї, Кумитаи телевизион ва радио, бояд омодагї ва рафти даъвати шањрвандонро ба хизмати њарбї ба таври васеъ инъикос намяонд, инчунин хизмати њарбиро дар Ќуввањои Мусаллањро њамчун вазифаи муќаддаси њар як шањрванд тарѓибу ташвиќ намоянд. Вазорати тандурустї ва њифзи иљтимої барои муоинаи назоратии тиббии даъватшавандагон муваззаф шудааст, ки табибону мутахассисони ботаљрибаро сафарбар намояд.

САДОИ МАРДУМ

29%: РАСОНАЊОИ ЃАЙРИДАВЛАТИИ ТОЉИК ЌИСМАН ОЗОДАНД Аксарияти пурсидашудагони як назарпурсї гуфтаанд, расонањои ѓайридавлатии тољик ќисман озоданд. Дар ин назарпурсї, ки тањти унвони Расонањои ѓайридавлатии тољикро мустаќил мешуморед? баргузор шуд, 29 дарсад гуфтаанд, ба расонањои ѓайридавлатии тољик ќисман озод њастанд. Аммо бар хилофи назари респондендони мазкур, 26 дарсад изњор доштаанд, ки Ќатъиян не! њамаашон метарсанд. Инчунин ба гуфтаи 15 фоиз расонањо бўи мустаќилї њам надоранд. Ба боварии 12 дарсади дигар расонањои ѓай-

ридавлатии тољик барои мустаќил шудан бояд талоши бештар кунанд. 11 дарсад гузинаи Бале, рањмат ба љуръаташон ва 4 дарсади дигар гузинаи Ња, хуб, ки њаминљо њастандро интихоб кардаанд. 5 дарсади иштирокчиён гуфтаанд, барои онњо мустаќил будан ё набудани расонањо фарќ надорад. Ин назарпурсї аз 9-уми март то 15-уми марти соли 2016 бо супориши њафтаномаи "Нигоњ" дар сомонаи Ољонсии иттилоотии "TojNews" гузаронида шуда, дар он 708 нафар ширкат кардааст.

Суоли навбатї:Оё мехоњед соли нави мо аз Наврўз оѓоз ёбад? Фаромарзи ФОЗИЛ


4

ГУЗОРИШИ РЎЗ

“НИГОЊ”, ЧОРШАНБЕ №50 (483), 16. 03. 2016

Таљлил аз 11-уми март - Рўзи матбуоти тољик нишон дод, ки журнализми тољик ба "марњилаи нави рушди таърихї"- табдил ёфтан ба ќишри осебпазири љомеа расида, аксарияти журналистон кунун омодаанд зери навои њар доираву карнай бираќсанд...

Саргумии пешоњангон Ду рўз пеш аз љашн панљ даъватномаро ба идораамон расондаанд. Дар он "лутфан даъват" мешуд, ки дар маљлиси тантанавї ва барномаи адабї бахшида ба Рўзи матбуоти тољик, ки 11-уми марти соли 2016 соати 16:00 дар Театри љавонони Тољикистон ба номи М.Воњидов баргузор мегардад, ширкат кунем. Баробари ба даст гирифтани даъватнома суоле дар зењнам омад, чаро танњо аз номи вазорати фарњанг? Чун даъватнома аз номи вазорати фарњанг буд. Яъне масъули асосї вазорати фарњанг аст. Инчунин, чаро чорабиние, ки њамеша дар маркази шањр дар театри ба номи Лоњутї мешуд, ин навбат ба толори кўчаки Театри љавонон кўчидааст? 11-уми март аз вазоратхонањову ташкилотњо низ ба унвониамон табрикот мерасид. Аз љумла аз вазорати мудофиа бо имзои љаноби вазир, аз хадамоти гумрук бо имзои љаноби сардор, аз бархе ширкатњои мобилї... Дасти њар яке аз пайѓомрасонњоро самимона мефишорам... Дар идора фазои идона эњсос мешавад. Таќрибан њама бо либоси наву расмї омадаанд... Фазои маљозї- макони будубоши виртуалии таќрибан њама журналистон тафовут дорад. Дар паёму навиштањои хабарнигорону кормандони расонањои чопї, бахусус мустаќил сардаргумї эњсос мешавад. Гўї аксарият њайронанд, ки дар ин рўз њамдигарро тањният бигўянд, ё тасаллї дињанд... Дидам, ки чанде аз њамкасбони маъруф дар соњили пурхарсанги ѓам лангар андохта, пасту баланд, афтону хезон ва орому башиддат ба њамдигар- мотамдорони бидуни љаноза тасаллият мегўянд. Муборизони пешоњангу талошгарони се-чор соли пешро нашинохтам. Аммо чун хондам, ки чандин тан аз солорони журналистикаи миллї дар ин њамоиш ширкат намекунанд, зарураташро намебинанд, худро ба даст гирифтам. Ќарор кардам, ба ин мањфил равам, то дигаронро њам бубинам.

Љой барои .... Аќрабаки соат ба 16:00 наздик мешуд, ки ба назди Театри љавонон расидам. Садои карнайу доира баланд буд. Талош кардаанд, ки фазои идона, даќиќтараш туёна офаранд. Дар беруни бинои театр одам кам буду сим-сим борон мезад. Ба толор ворид шудан замон фањмидам, ки на борон балки њамагон барои љой гирифтан ба ба толор даромадаанду љой намерасад. Журналист, адиби њаљвнигор, масъули Иттифоќи журналистони Тољикистон Наљмиддин Шоњинбод дар як тараф донишљўдухтаронро аз љояшон берхезонда, мегуфт, "мо шуморо даъват накардаем". Садои як устоди љавони факултаи журналистика низ баланд мешуд, ки донишљўёнро даъват кардаанду онњо барои њамин ба љои дарс ин љо омадаанд... Бархе курсињоро холї карданд. Боз њам љой намерасад. Љой намекобам, чун ба худам иљозат намедињам, ки ба љои як духтар нишинаму ў аз толор берун шавад. Ба ќарор омадам, ки то охир рост хоњам истоду гузорише менависам. Донишљўён бо димоѓи сўхта аз дар берун шудан доранд. Бо берун шудан мебинанд, ки дар беруни бинои театр устодашон, профессор Мурод Муродї, муњаќќиќи шинохта Ќироншоњ Шарифзода, журналистони варзида Раљаби Мирзову Мањмадалии Маќсадуллоњ ва чанд тани дигар њам ба толор роњ наёфтаанд... Беш аз 30 нафар љой надоранду рост меистанд. Ба толор журналист, драматург, адиб Нур Табаров ворид шуданд. Њама роњ кушоданд.

ВАЗИР ОРУМБЕКЗОДА БО РАИС ИСМОИЛЗОДА

нарасида, Зинатуллоњ Исмоилзода риштаи суханро ба даст гирифт. Раиси ИЖТ табрик гуфту ба журналистон "ќалами бурро ва парвози баланди мурѓи илњом" таманно кард. Ба худ андишидам: "Парвардгоро, агар дар ду мањфили дигар бо чунин сатњ ширкат кунам, як боли дигари мурѓи илњомам низ мешиканад...". Муовини вазири маориф суханро ба даст гирифт. Масъули як вазорати муњимми кишвар њатто табрики содаро аз рўи вараќ ќироат карда, ба хондани гузориш гузашт. Он њам канда-канда мехонд. Ба рост истодањо назар кардам. Барои ман барин нафаре, ки якуним соат рост истодааст, тоќат кардани ин њама осон нест. Эњсоси эътирозам боло гирифту беихтиёр ќарсак задам. Чанд нафари дигар њамроњ шуданд. Муовини вазир фањмид. Сурх нашуда, хонданашро ќатъ кард... Давлат Сафар, сардори Раёсати табъу нашри вазорати фарњанг сухани кўтоње кард. Суханронии ў вижагї дошт: аз марњум Акбари Саттор ёд кард. Пои хастаи чапамро пештар монда, ба пои рост такя кардам, ки маѓзам эътироз кард: "Эњ, Акбар, Акбар... канї он табассумњову хандањову мањфилороии Ту?!....". Ба

ЉАШНИ .... ВАЗОРАТИ ФАРЊАНГ

Устод синчакорона ба толор нигаританду рост ба назди вазири фарњанг рафтанд. Љаноби вазир њам аз љо баланд шуда, эшонро пешвоз ва њатто љойи холї дар гўшае барояшон ёфтанд. Чун назди даромадгоњ меистам, ќариб њама аз назди мо мегузаранд. Њунарманд ва донишманд Љўрабек Назриев баробари ба толор ворид шудан садо баровард, ки намешавад дар њамин курсињо дунафарї биншинанд. Барои Љўрабек Назриев ва чанд тани дигар чанд курсї оварданд... Садои марѓуладори марњум Мањмудљон Воњидов дар толор танинандоз буд. Рубоињои Хайёмро ќироат мекард. Соат ба 16:10 наздик шуду сабти садои Мањмудљон Воњидов ќатъ шуд, идомаи рубоии "Чун бода хўрї зи аќл бегона машав, ..." нима монд. Ба љои танини садои Мањмудљон Воњидов садои ровии ношиносе баланд шуду мањфил оѓоз ёфт.

Айнї "љосуси Эрон"? Дебочаи мањфил тибќи муќаррароти нонавиштаи замони мо аз шукронаву санохонї иборат буд. Ровї суханашро ба итмом расонду чароѓњо хомуш ва торикї толорро фаро гирифт. Дар экране зери садои мусиќї устод Садриддин Айнї намудор шуд ва наворњои куњна ба намоиш баромаданд. Ба худ гуфтам, шояд аз рўзњои ташкилшавии матбуот ёд кунанд. Аммо ба зудї бепоя будани чунин андеша ошкор шуд. Ин шурўъи намоишномае дар бораи Садриддин Айнї будааст.

ТАКОНБАХШИ РЎЗ АЗ ... Алмазбек АТАМБОЕВ, Президенти Ќирѓизистон: Дар Конститутсия мо бояд таѓйироте ворид кунем, ки кафолат дињад, ки кишвар ба ќафо барнамегардад, ба ин мамлакат дубора системаи идораи ќабилавиву хонаводагї барнамегардад. Вазифаи ман он аст, ки њама чорањоро бинам, то дар Ќирѓизистон интихоботи озоду демократї баргузор шавад!

Дар бораи намоишнома чизе намегўям, чун театршинос нестам. Аммо меарзид, ки њунари њунарманди тавоно Таѓоймурод Розиќовро, ки наќши Айниро меофарид, росто истода тамошо кунам, гарчи барои тамошои сањнаи театрї наомада будам. Сањна ибтидо аз мухолифати устод Айнї ба намоиши шукронаи ислоњталабон дар аморати Бухоро дар даврони амирии Олимхон, баъдан талошњои ў барои зинда нигоњ доштани номи тољик ва дигар муборизањои устод иборат буд. Дар ин намоишнома сухане шунидам, ки то њол дар ягон љо нахонда будам, устод Айниро барои дўстї бо Абулќосим Лоњутї ба љосусии Эрон муттањам мекунанд... Кам касон буданд, ки дар ин ваќт толорро тарк мекарданд. Шояд бори нахуст дар чанд соли ахир ин толор чунин серодам буд. Чашмам ба руњонии маъруф Исмоил Пирмуњаммадзода афтид, оњиста аз дари пањлўї толорро тарк карданд, нафаре гуфт, "ваќти намози аср шуд". Расо баъди 1 соат 17:15 намоиш ба анљом расиду то њол ба дарки ин ин нукта нарасидам, ки њадаф аз ин намоишнома чи буд? Чї месиљ ё ишорањо дошт ин намоишнома ба журналистони тољик? Бахши дуюми мањфил шурўъ гардид.

Табрикот ва "ќарсаки нољо" Ровї Вазири фарњанг Шамсиддин Орумбекзодаро ба минбари рўи сањна даъват кард. Вазир баробари ба минбар расидан ба наздаш Зинатуллоњ Исмоилзода, раиси тозатаъини Иттифоќи журналистон ва нафареро, ки муовини вазири маориф ва илм ном бурданд, даъват кард. Ному насаби эшонро эълон накард. Бо онњо як масъули дигари вазорати фарњанг низ буд. Сухани љаноби вазир бо табрикот оѓоз ва бо он идома ёфт, ки намоиши мазкурро "дар њамкорї бо шумо тамошо кардем. Танњо дар замони истиќлол имкон пайдо кардем, чунин намоишро тамошо кунем...". Нигоњам устод Бањриддин Камолиддиновро љуст. Он кас бояд дар толор бошанд. Фањмам ба мантиќи вазир

худ омадам, ки маросими љоизасупорї оѓоз шуд.

Спонсори журналистика? Супурдани ифтихорномаву медалњо шурўъ шуд. Вазорати фарњанг чанд тан аз собиќадоронро ќадрдонї кард. Бо эълони исми собиќадоре Шамсиддин Орумбекзода интизор намешуд, ки мўйсафед аз кунљи толор ба минбар бирасад, худ ба пешвозаш мерафт. Ин амали вазир бо кафкўбињои самимї истиќбол мешуд. Ман њам самимона ќарсак задам. Ифтихорномањои вазорат, медалњои "Аълочии матбуот"-у "Аълочии фарњанг", дипломњои Иттифоќи журналистон таќдим шуд. Роњбарияти "Љумњурият" ба њамкорон ва собиќадорони нашрия туњфањо таќдим карданд. Рањмоналї Ќурбонзода, сармуњаррири "Љумњурият" зимни таќдими тўњфа меъёри интихоби гирандаи туњфаро низ эълон кард. Бо пешнињоди Иттифоќи журналист ё бо пешнињоди факултаи журналистика, чунин бармеомад, ки ў аз пеши худ ин нафаронро интихоб накардааст. Ў ба ду донишљў низ туњфа таќдим кард. Њар навбат њам ў зикр мекард, ки "муассиси мо Рањбари давлат аст". Ќадрдонї гўё вазн мегирифт. "Садои мардум" њам туњфањо таќдим кард. Аммо ба зудї ањли толор дарёфт, ки сармуњаррири "Садои мардум" Самариддин Асозода тўњфањоеро месупурд, ки болои борхалаи онњо номи ширкати пулчинаки роњи Душанбе-Хуљанд IRS-и "соњибаш номаълум" нигошта шудааст. Вуљудамро эњсоси шарм фаро гирифт. Гўё "Садои мардум", нашрияи Маљлиси Олии ЉТ наќши дафтари матбуоти IRS-ро иљро мекард... "Аљаб содагї кардї, акаи Самариддини дўстдоштанї!". Овозхон Љамшед Исмоиловро ба сањна даъват карданд. Мусиќиву садои хуби њунарманд, ки тољикияташ эњсос мешуд, дар толор танинандоз шуд. Дигар тоќати рост истодан надоштам. Баромаданї шудам. Ин замон толор њам оњиста -оњиста холї мешуд...

Абдуазими АБДУВАЊЊОБ


ЧЕЊРА Барои ман навиштани ягон матлаб ин ќадар мушкил набуд, ки њоло. Зеро дар бораи шахсияти истисноие мисли Отахон Латифї њич гоњ нанавишта будам. Мушкилтар аз ин бароям он аст, ки акнун дар бораи ў бояд дар замони гузашта нависам. Оне, ки барои Ватан зиндагї намуд, эљод кард ва мубориза бурд. Воќеан њам, ў Ватанашро бењад дўст медошт! Дар борааш маротибаи сеюм аст, ки менависам. Бори аввал -моњи марти соли 1996, ваќте Латифї шастсола шуда буд. Аммо он навиштаро дар љое чоп кардан имкон надошт. Ба унвонии ягон нашрияи Тољикистон фиристодани он матлабро зарур надонистам. Эњтимол ягон рўзнома барои чопи матлаб дар бораи љашнвораи як мухолифи њукумат љуръат намекард. Њамин тавр љашни шастсолагиаш назарногир, бе ягон тантанаву љашни хос сурат гирифт. Мисли панљоњсолагиаш. Агар чопи як хабари Тољикта "Дар бораи ќадрдонии мухбири махсуси "Правда" бо Ифтихорномаи Президиуми Шўрои Олии Тољикистон" ро сарфи назар кунем. Тамом! Њукумат бо чанд љумлаи обшўста хидматњои ўро љашн гирифту бас. Њеч гуна маъракаи хосу чопи матлабњо дар борааш набуд. Њол он ки он замон баргузории чорабинињои љашнї барои шахсиятњои шинохтаву ношинохта як амри маъмулї буд. Ин корро њатто онњое њам мекарданд, ки хидматњояшон ночиз, ё осорашон ањамияте надошт. Аммо Латифї Латифї намебуд, агар шабнишинї бахшида ба љашни худ мекард. Журналисте, ки номаш вирди забонњо буд, одаме, ки дар борааш ривоятњо мебофтанд ба маъракањои расмї ниёз надошт. Истеъдоди фавќулоддаи журналистї, хислатњои олии маънавї ўро ба як шахсияти машњур, рамзи адолат табдил доданд. Ва ў дар њама замонњо ба касе монандї надошт. Аз рўи виљдон зиндагї мекард ва эљод менамуд. Мисли дигарон шудан натавонист.

Журналисти модарзодї Хатмкардаи факултаи журналистикаи Донишгоњи Ленинград аввали солњои 60 муддати кутоње дар яке аз нашрияњои руссзабони кишвар кор кардааст. Матлабњои ў муњарриронро девона мекард. Тарзе ки Отахон менавишт, навиштан мумкин набуд. Муњаррир билоохира њукмашро содир кард: аз шумо журналист намебарояд, метавонед касби дигар кобед! Вале журналисти модарзодї будани Отахон зуд рўйи об омад. Пас аз очерки "Помири бидуни эњсосот" вай ба њайси мухбири хусусии осиёимиёнагї ва мухбири махсуси "Комсомолская правда" дар Осиёи Миёна ва Ќазоќистон ба кор рафт. Баъд аз ин акси ў 16 соли расо лавњаи "Хабарнигорони бењтарини мо"-ро дар идораи нашрияи "Правда" зеб медод. Њар ваќте ки журналист Отахон Латифиро ба хотир орам, фикр мекунам: дарвоќеъ эљодиёти ў таърихи Тољикистони муосир аст. Ин таърихро бояд донист. Ин матлабњои таърихиро бояд љамъоварї кард. Бигзор чандин китоб шавад, бояд нашр кард. Бигзор журналистони навомўз зистану навиштанро аз ин матлабњо омўзанд. Эљозу эљоди муаллифони худодод пас аз ќарнњо њам хонанда пайдо мекунанд. Ба фарќ аз шеър матлаби газета як рўз умр мебинад. Зеро журналистро мебояд масъалањои доѓи рўзро нависад. Вале газетаи куњна метавонад то дер њам даст ба даст гардад. Дар Тољикистон шуморањои "Правда", ки матлаберо бо имзои Отахон Латифї нашр мекард, њамингуна буданд. Хусусияти эљодиёти Латифї њам дар њамин аст, ки њатто матлабњои начандон муњимаш њам дергоњ дар хотир мемонданд. Ман дањњо матлабњои калонњаљму тањлилї ва нигоришњои хурдашро метавонам номбар кунам, ки дар замони шўравї нашр шуданд, аммо то њол ањамияти љамъиятии худро аз даст надодаанд.

Кор бо факту далел Вай натанњо фактро меомўхт, тањќиќ мекард. Дониш ва мафкураи тањлилї ба ў имкон медоданд, ки дар пасманзари факти ночизе зуњуроти муњимеро бубинад. Ман на як бор шоњид будам, ки ў барои исботи мушоњидаи назарногире матлаб љамъоварї мекард. Дар њайрат мемондам: ин чї даркор? Вале баъд аз чанд сол ваќте дар "Правда" очерки "Сарбанд"-ашро хондам, то куљо муњим будани ин фањмидам. Дар он матлаб вай зарурати ворид кардани таѓйи-

“НИГОЊ”, ЧОРШАНБЕ №50 (483), 16. 03. 2016

5

фин ўро чашми дидан надоштанд. Сабаби ин натанњо ин буд, ки назари онњо бо Латифї дар мавриди ояндаи кишвар як набуд. Ваќте Кумисиёни оштии миллї ба кор шурўъ кард (Латифї зеркумисиён оид ба ислоњоти конститутсиониро сарварї мекард) дар ИНОТ ба хомталоши мансабњо, тибќи квотаи 30-и сар шуд. Њар касе, ки аз ў чизе вобаста буд, талош мекард, то одами худро пешбарї кунад. Латифї ба ин њама чашм пўшида наметавонист. Вай борњо таъкид карда буд, ки чунин сиёсати кадрї ба мухолифин обрў намеорад. Устод Отахон Латифї орзу дошт, то замоне зиндагї бикунад, ки мардуми мо аз дарди мањалгарої рањо шуда бошад. Вай мехост, ки мо њамдигарро ба кўлобиву ленинободї, ѓармиву ѓайраву њоказо таќсим накунем. Њанўз ваќти тазоњуротњои соли 1992 Латифї њамроњи Лоиќ Шералї, Акбар Турсун, академик Рашид Рањимов ба назди тазоњургарон дар майдонњои Озодиву Шањи-

ЎРО ЊАТТО "ЊАМРОЊОНАШ" ДЎСТ НАМЕДОШТАНД Агар Отахон Латифї кушта намешуд, 18 -уми март 80 -сола мешуд ротро ба лоињаи сохтмони НБО "Роѓун" исбот карда буд. Фањмидам, ки њар матлаби латифї метавонад баъди панљ, дањ ва понздањ сол идома ёбад. Аз охирњои солњои 60-ум вай беш аз 20 сол масъалањои неругоњњои обии бузургро омўхт ва чандин силсила матлабњо нашр кард. Очерки "Сарбанд" як навъ натиљагирии тањќиќоти тайи ин солњо буд. Њунараш ба ў имкон медод, ки бори тањќиќоти азимеро ба як сањифаи газета ѓунљонад. Ин матлаб боиси вокунишњои зиёд шуд. Роњбарияти кишвар ва Вазорати энергетикаи СССР-ро даступохўрда кард. Кумитаи марказии Њизби коммунистии Тољикистон аксуламали шадидеро зидди ин матлаб ташкил кард. Маљлиси њайати кормандон забон як карда, матлабро мавриди интиќод ќарор доданд. Кам касон шояд аз ин як пораи зиндагиномаи Латифї хабар доранд, ки чи тавр ў дар охири солњои 60-ум водии Вахш-ро, ки "Гавњари Тољикистон"-аш мехонанд, аз нобудшавї наљот дода буд. Дар умќи Госплани ИЉШ лоињаи мудњиши сохтмони як НБО ба наќша гирифта шуда буд, ки дар иќтидор аз БНО Норак бузургтар буд. Тибќи ин наќша мебоист ќариб дар тамоми масоњати водии Вахш ба бањри сунъие пайдо бишавад. Ањолии ниммилионии ин љоро бошад ба Ќаршии Ўзбекистон кўчонданї буданд. Интиќод аз ин лоиња суде намебахшид. Ин кор натиљаи баракс медод ва муаллифони лоиња онро зудтар амалї мекарданд. Он ваќт Латифї, хабарнигори хусусии "Комсомолская правда" аз худ хираду ќањрамонї нишон дод. Тањти рубрикаи "Ба диќќати Госплани СССР" ў матлаберо нашр кард, ки дар он бемантиќии оѓози боз як сохтмони азимро дар њоле, ки неругоњи Норак анљом наёфтааст, собит мекард. Сарфи неруву мавод анљоми кори њарду лоињаро ба солњои зиёд аќиб мепартофт. Совмини СССР ба ин матлаб вокуниш нишон дод ва интиќоди журналистро пазируфт. Ќарор шуд, ки тамоми неруву тавон ба сохтмони НБО "Норак" сафарбар карда шавад. Бо гузаштани ваќт лоиња ба фаромўшї рафту водии Вахш аз хатари нобудшавї эмин монд.

Ноиби сарвазир Отахон Латифї Бадбинии мансабдорони давр нисбат ба Латифї баъд аз он ки вай дар Пленуми Кумитаи марказї рўирост КГБ-ро дар њодисањои фољиавии соли 1990 айбдор кард ва истеъфои роњбари ин нињод Петкелро талаб кард, бештар шуд. Баъд аз ин дар СК ва КГБ талош карданд, то ўро ба ташкили бетартибињо муттањам созанд ва аз ноиби сарвазир халос бишаван.

ЛАТИФЇ ДАР БАЊАМОМИИ РОЊБАРОНИ ИТТИЊОИ НЕРУЊОИ МУХОЛИФИН ВА РОЊБАРОНИ ДАВЛАТУ ЊУКУМАТЊО ВА ЊАМЧУН НЕРЎ ЭЪТИРОФ ШУДАНАШОН НАЌШ БОЗИДААСТ.

Дар съезди Њизби коммунистї дар моњи майи соли 1990 роњбари КГБ Петкел талоши дубора кард, то номи Латифиро ба бетартибињо часпонад ва ўро назди њайати нав бад кунанд. Дар љавоб ба Петкел Латифї факт аз пайи факт ўро рад мекард, дурўѓашро фош намуд. Геннадий Веселков - котиби дуюми СК, ки ин съездро роњбарї мекард, ѓазабашро бо табассуми сохта пинњон кардан мехост. Вай намедонист чи тавр Петкелро аз шармандагї рањо кунад. Ва баъд як гуруњ бо роњбарии Рафиќа Мўсоева ба кўмаки Петкел камар бастанд. Онњо беист дод мезаданд: "Ба Латифї сухан дода нашавад!!!". Веселков ба худ омад ва гапи Отахонро бурид: "Ваќти Шумо тамом шуд!" ("Ваше время истекло!"). Дар солњои охири њаёташ Отахон Латифї сиёсатмадор буд, њарчанд, ки пештар њам тавассути эљодааш ба њаёти сиёсии кишвар дахл мекард, таъсир мерасонд. Номи Латифї, ки ба тамоми фазои пасошўравї маълуму маъруф буд, њамчунин дар бањамомии роњбарони Иттињои неруњои мухолифин ва роњбарони давлату њукуматњо ва њамчун нерў эътироф шуданашон низ наќш бозидааст. Ќариб дар њар санаде, ки ИНОТ пањн мекард, услуби Отахон Латифиро шинохтан мумкин буд. Аммо барои чї бошад, ки шахсиятњои хеле таъсиргузор дар ин иттињоди мухоли-

дон меомаданд, назди ѓармиву кўлобиву њоитиву ленинободиву хуљандї не, назди тољикон меомаданд. Лидерони майдонњо онњоро бо сардї гўш мекарданд, онњо бо ин муносибаташон мефањмонданд: шумо кї њастед, то моро биомўзед? Латифї кишварро тарк кард, ба сиёсати фаъол гузашт, чунки мехост дар ба њам овардани љонибњои даргир мусоидат намояд. Аммо њар кас, ки он ваќт кишварро тарк кард, "душмани халќ" мањсуб мешуд. Мероси эљодии Отахона Латифї, журналисти барљастаи тољик, асосгузориравияи нав дар журналистикаи тољик, нависанда ва публитсист, сиёсатмадор ва ходими љамъиятї љузъе аз фарњанги муосири мо, дастоварди миллии мост. Наход мо онро ба фаромўшї месупорем? Маљмуи маќолаву очеркњои устод китоби рўимизии журналистони љавон мешуданд. Њамсари Отахон Латифї Манзура Муњсиновна ду китоб бахшида ба гиромидошти устод ба чоп расонд, ки дар онњо ёддоштњои дўстон, иќтибос аз матлабњои Латифї љо дода шудаанд. Вале ин кам аст. Мо набояд фаромўш кунем, бояд њифз кунем. Фаромўш кардан бадахлоќист! Саломиддин МИРЗОРАЊМАТОВ, Алмаато, махсус барои "Нигоњ"


6

“НИГОЊ”, ЧОРШАНБЕ №50 (483), 16. 03. 2016

142 њазору ... км2

НАМУНАИ ИБРАТ

28 МИЛЛИОН ДОЛЛАР ДАР 10 СОЛ

ТЎЙ БАЪД АЗ 60 СОЛИ ИЗДИВОЉ

Арафамоњ Сафарова ва Љўра Таѓоев, зану шавњари 80 ва 90-сола аз ноњияи Данѓара пас аз 60 соли зиндагии якљоя дубора болои тахти домодию арўсї нишастанд. Њукумати ноњияи Данѓара ин љуфтро њамчун намунаи ибрати оиладорї баъди 60 соли зиндагии якљоя бо як тўи "тиллої" ќадрдонї кард. Арафамоњ Сафарова мегўяд, барои шавњараш 11 фарзанд таваллуд кардааст ва бо гузашти солњо њанўз њам ошиќи ў аст. Ў мегўяд, дар як чорабинии муњим партияи коммунистї дар соли 1954 ќарор буд, ки раќси кабутарро иљро кунад, вале Љўра Таѓоев, ки он ваќт њамкораш буд ва ба њайси навозанда кор мекард, ўро дуздида ба худ њамсар кард: "Ман як њаваскор дар сањна будам ва дар сањнањои њунарии ноњияњои Балљувону Ховалинг мераќсидам. Рўзе шањри Кўлоб омадам. Дар он дастаи раќсї мо 9 духтар ва 4 писар мераќсидем. Ман раќси кабўтарро иљро мекардам. Ин муйсафеди "хулиган" маро дуздид ва бо худ бурд. 7 рўз маро дар як хона дар ноњияи Варзоб нигоњ дошт. Ман

танњо мондам. Ваќте баргашт, маълум шуд, ки барои дуздидани ман ўро зиндонї кардаанд. Сипас њамроњ аз он љо ба ноњияи Данѓара омадем." Љўра Таѓоев њоло 90 сол дорад ва баъди издивољ бо Арафамоњ солњо ба њайси навозанда ва омўзгори мусиќї кор кардааст. Арафамоњ Сафарова боифтихор гуфт, ки китобњои шеъри худро бо номи "Њаваси пирї", "Њаёти пурхурўш" ва "Арафамоњи Балљувониям" ба нашр расондааст, ки њамааш њосили муњаббати софу беѓашаш мебошад. Дар баробари шеъру суруд, тарбияи фарзанду нигоњубини шавњар, хонум Арафамоњ инчунин њамчун як дўзандаи њунарманд њам ном баровардааст. Ќуроќу гўлдўзї, рафидаю кўрпача, чодару болиштњое, ки Арафамоњ Сафарова медўзад, барои дањњо љавоне, ки дар мањаллаи Турдиеви ноњияи Данѓара њастанд, табаррук хонда мешавад. Ў гули сари сабади мањфилњост ва њељ маросими интихоби арўс дар атроф бидуни даъвати ў барпо намешавад.

ШАЊРИ ТОЗА

ЉАЛБИ МУАЛЛИМЊО БА НАЗОРАТИ ПАРТОВГОЊЊО Аз ин баъд атрофи партовгоњњои шањри Душанберо, ки дигар андохтани партов дар он рўзона манъ аст, дар баробари кормандони манзиливу коммуналї, њамакнун омўзгорон њам навбатдорї ва назора мекунанд. Дар бархе аз ноњияњои шањр муаллим ва фаррошони мактаб муваззаф шудаанд, партовгоњи мањалњои назди мактабро нигоњубин кунанд ва нагузоранд, то сокинон ва махсусан кўдакону наврасон дар он ба таври бенизом ва дар ваќту соати номуносиб, партоб андозанд. Ба гуфтаи омўзгори як мактаби шањр маъмулан то соати 10-и субњ намояндаи хадамоти коммуналї ё бахши тозагии ноњияњо ва сар аз соати 10 то 15-и рўз омўзгорону фаррошон ба навбат ба ин кор љалб мешаванд. Онњо атрофи партовгоњњоро назора намуда, миёни мардум дар мавриди риоя намудани тозагї, корњои фањмондадињї мегузаронанд. Дар шўъбаи маорифи ноњияи Фирдавсии шањр мегўянд, љалби муаллимон ба назорати тозагии мањаллаву мактаб дар доираи як маъракаи экологии шањр сурат мегирад ва дар

ќатори кормандони дигар соњањо, омўзгорон њам бояд ба таъмини тозагї дар пойтахт сањм гузоранд. Аммо ба гуфтаи Рањмоналї Табаров, мудири шўъбаи маорифи ноњия Фирдавсии шањри Душанбе, мактабњо фаќат дар њафтае як бор ба ин кор љалб мешаванд ва он њам иљборї набуда, довталабона сурат мегирад. Дар њамин њол Сайфиддин Шарипов, муовини раёсати маорифи ноњияи Шоњмансур гуфтааст дар ин ноњия омўзгорону масъулини мактаб танњо барои бурдани корњои фањмондадињї миёни сокинони мањалњои назди мактаб ва волидони хонандањои худ љалб шудаанд ва ба гуфтаи ў, дар мавриди навбатдории муаллимон дар партовгоњњо, ягон дастури вижае аз љониби њукумати шањр ё шўъбаи маориф, содир нашудааст. Њукумати шањри Душанбе барои андохтани партов дар партовгоњњои шањр, 6 соат ваќт муайян кардааст. Тибќи дастури шањрдорї, сокинон бояд партови хонањои худро танњо аз соати 17 то соати 23:00 ба партовгоњњо бароранд ва онњое, ки ин ќарорро риоя намекунанд, љарима мешаванд.

КЎМАКИ БЕШ АЗ 500 ЊАЗОРДОЛЛАРИИ ЉОПОН БА ТОЉИКИСТОН Љопон барои бахшњои маориф, тандурустї ва иљтимоии Тољикистон ба миќдори 535 њазору 331 доллар кумаки билоиваз људо хоњад кард. Дар ин замина рўзи панљшанбеи 10 март дар Сафорати Љопон дар шањри Душанбе Такашї Камада, кордори ин сафорат ва намояндагони 6 ташкилоти Тољикистон тарњњои кумакрасониро имзо кардаанд. Бино ба иттилои Сафорати Љопон дар Тољикистон, ин маблаѓ дар бунёди мактаб дар дењаи Навдии ноњияи Рашт, бозсозии бахши корхонаи протезию ортопедии Душанбе дар шањри Хуљанд, мактаби миёна дар ноњияи Деваштич, харидории таљњизоти тиббї ба Маркази љарроњии рагу ќалби Тољикистон, бунёди мактаб дар ноњияи Сангвор ва бозсозии

мактаб-интернати ятимон дар ноњияи Вахш масраф хоњад шуд. Зимнан, аз соли 1996 то ба њол давлати Љопон дар Тољикистон 352 тарњи иљтимоиро ба маблаѓи умумии 28,5 миллион доллари амрикої сармоягузорї кардааст.

БИДУНИ ШАРЊ

ШАРЊИ ВКД ДАР БОРАИ БОЗДОШТЊО ДАР ШАЊРИ РОЃУН Масъулини вазорати корњои дохилї бо нашри як хабарнома гуфтаанд, ки "чанде аз сокинони шањри Роѓун (ва нафаќат аз ин шањр) барои шомилшавї ба гуруњњои ифротгарої-экстремистї дастгир ва баъзе шахсон барои пурсиш њамчун шоњид ба сохторњои маќомоти корњои дохилї даъват карда шудаанд". Баёнияи ВКД дар пайи хабари боздошти чанд тан аз сокинони дењаи Ќалъаи нав ва шањри Роѓун нашр мешавад. 9-уми март чанд тан аз сокинони минтаќа дар назди бинои ШКД ноњияи Фирдавсии шањри Душанбе гирд омада, талаби рањоии наздиконашонро карда буданд. Ба гуфтаи онњо, дањњо нафар аз пайвандонашонро маќомот боздошт кардаанд ва то њол сабаби боздошташон

маълум нест. Аммо Вазорати корњои дохилї дар хабарномааш мегўяд, ки "ин гуна хабарњо ягон асоси воќеї надоранд, чунки бе нишон додани сарчашмаи иттилоотї пањн шудааст". Њамчунин, вазорат љамъ шудани сокинонро дар назди ШКД рад карда навиштааст, ки "касе аз пайвандону наздикони онњо дар назди ШВКД ноњияи Фирдавсї љамъ наомадаанд ва ќонунгузории Љумњурии Тољикистон чунин љамъшавии ѓайриќонуниро манъ намудааст, ки инро мардум медонанд. Бояд тазаккур дод, ки ин њама чорањои андешидашуда аз тарафи маќомоти корњои дохилї ва дигар маќомоти њифзи њуќуќ бањри амнияти шањрвандон, тинљию осудагии мардуми Тољикистон равона гаштааст".

"БАРОИ ИТОАТ НАКАРДАН БА ПУЛИС" Додситонии Исфара алайњи як сокини ин ноњия, ки аз боздошти занони њиљобпўш тавассути маќомоти пулис норизої карда, ин манзараро бо телефони њамроњаш наворбардорї намудааст, парвандаи љиної боз кардааст. Оќил Шарипов, сокини 31-солаи љамоати Сурхи ноњияи Исфара ба думболи пахши навораш аз боздошти занони њиљобпўш ба шабакаи Интернет рўзи 20 феврали соли равон аз љониби пулиси Исфара дастгир шудааст. Тавре Анвар Рањмонзода додситони Исфара ба хабарнигорон гуфтааст: "Парвандаи љиноятї нисбат ба Шарипов Оќил мутобиќи банди 189, ќисми 2- и Кодекси љиноятї, яъне "барангехтани кинаю адовати миллї, нажодї, мањалгарої ва ё динї" боз карда шудааст. Мо ўро дастгир кардем, њоло дар боздошт аст. Корњои тафтишотиро пеш бурда истодаем." Љаноби Рањмонзода дар посух ба ин савол, ки оё алайњи Шарипов танњо барои наворгириаш аз љараёни даъвати иљбории за-

МУАЛЛИФИ НАВОРИ БОЗДОШТИ ЗАНОНИ ЊИЉОБПЎШ ДАСТГИР ШУД нони њиљобпўш ба идораи пулис ва норизояташ аз ин кори пулис айбдор дониста шуд ё кадом гуноњи дигаре низ содир кардааст, гуфта, ки "дар кирдори вай њамин љинояти мутобиќи банди 189 њаст. Лекин њоло њифзи сирри тафтишотї намегузорад, љузъиёти онро ошкор кунам." Дар ин навор, ки њоло дар шабакаи Интернет чарх мезанад, як корманди пулис ду зани њиљобпўшро зўран ба сўи микробуси сафеде мебарад. Як љавонзани дигар аз дохили микроавтобус дар посух ба саволи наворбардор мегўяд, ки онњоро ба хотири њиљобпўш буданашон ба идораи пулис мебаранд. Ва наворбардор мегўяд, ки бубинед, аз назди беморхонаи Исфара занонеро, ки сатри аврат доранд, дошта мебаранд:

"Аврат мумкин нест... Мана бинетон. Мана ин государство (њукумат) !" Як манбаъ аз шўъбаи корњои дохилии Исфара-1 дар суњбат бо Радиои Озодї гуфтааст, пас аз нашри ин навор дар интернет, Оќил Шарипов аз манзилаш дастгир шуд ва барои "барои итоат накардан ба пулис" алайњаш парвандаи маъмурї боз гардид. Додгоњи Исфара Шариповро бо ин айб барои 7 рўз "боздошти маъмурї" фармуд. Вале пас аз бозомўзии ќазия ва анљоми замони боздошт, нисбат ба Оќил Шарифов бо иттињоми "барангехтани кинаю адовати миллї, нажодї, мањалгарої ва ё динї" парвандаи љиної боз карда шуд. Ба гуфтаи ин манбаъ, њоло тањќиќи ин парвандаро додситонии Исфара пеш мебарад. Додгоњ мўњлати боз-

дошти Шариповро 2 моњи дигар тамдид кардааст. Дар њамин њол, Файзинисо Воњидова, вакили дифои Оќил Шарипов, мегўяд, бо зерњимояаш мулоќот дошт ва дар кирдори вай "аломати љиноят"-ро намебинад: "Вай мегўяд, ки дар њаќиќат тасодуфан дар маркази шањри Исфара манзараи боздошти иљбории занони њиљобпўшро дар давлати њуќуќбунёд ва демократии Тољикистон дида, ба њайрат афтод. Ва ба њаяљон омада, норизо шуд ва бо мобилаш навор гирифт. Вале Шарипов мегўяд, ки нисбат ба сиёсати давлат ва њукумати Тољикистон ягон норизої надорад. Мегўяд , дар њолати њаяљонзадагї шояд гапњои пасту баланд њам гуфта бошад. Вале зерњимояам бо наворгирии боздошти занони њиљобпўшу норизоияш аз ин кори маќомоти пулис чї гуна адовати милливу динї барангехтаст?Ман дар кирдори зерњимояам инро намебинам."


ИЌТИСОДИ ВОЌЕЇ Аз тасмими шањрдори Душанбе дар бораи назорат кардани нархи чойи хушк дар бозорњои пойтахт як моњ сипарї шуд. Масъулини бозорњо мегўянд, дар ин муддат тавонистанд нархро мўътадил нигоњ доранд, аммо фурўшандагон изњор медоранд ки агар ањвол њамин тавр рафтан гирад, онњо аз фурўши чой даст мекашанд.

"Хоњї њамин, нахоњї љойро холи кун" 15-уми феврали соли равон Мањмадсаид Убайдуллоев, раиси шањри Душанбе дар љаласаи шањрдорї бо интиќод аз камфаъолиятии нињодњои дахлдор гуфта буд, њолатњое ошкор карда шуданд, ки аз љониби бархе аз субъектњои молинтиќолдињанда нархи мањсулоти ниёзи аввалия, аз љумла чойи хушк бе ягон заминањои иќтисодї ба маротиб боло рафтааст. Шањрдори Душанбе ин амалро поймол шудани њуќуќњои истеъмолкунандагон хонда буд. Баъд аз эроди Мањмадсаид Убайдуллоев масъулини бозорњои пойтахт аз фурушандагони чой талаб карданд, ки нархи мањсулоташонро аз 17-18 сомонї боло нафурўшанд. Масъулини шањрдорї гуфта буданд, тибќи њисоби онњо 1 кг чойи хушк бо тамоми харољоташ то пойтахт 17 сомонї мешавад ва савдогарон набояд нархро беинсофона зиёд кунанд. Дар пайи эроди шањрдорї ба назар мерасид, ки дар бозорњо фурўши чойњои ќиммат манъ гардид... Ин њам дар њоле, ки давоми 2 моњи ахир дар бозорњои пойтахт нархи 1 кг чойи хушки муќаррарї то 35-40 сомонї ва нархи чойњои басифаттар то 150-200 сомонї боло рафта буд. Инчунин дар Супермаркетњо нархи 1 кг чой то 600 сомонї арзиш дорад. Њоло дар бозорњои Душанбе асосан чанд намуд чойи хушк фурўхта мешавад, ки нархи он 17-18 сомонї аст. Аъзам Њомидов, як фурўшандаи чой мегўяд, нарх аз онњо вобаста нест ва ваќте чойро аз яхлутфурўш ќиммат мехаранд, наметавонанд онро арзон фурўшанд. "Масъулини бозорњо талаб доранд, ки бояд арзиши 1 кг чойи хушк аз 18 сомонї боло набошад. Вале шахсан ман 1 кг чойро аз бозори "Фаровон" 28 сомонї харидаам ва агар онро 18 сомонї фурўшам, пас зарар мебинам. Њоло чойи харидаамро дар хона нигоњ медорам, агар вазъ њамин тавр давом кунад, пас маљбурам фурўшандагиро тарк кунам." Аммо масъулин дар радди гуфтањои фурўшандагон мегўянд, онњо њамаљињата ин масъаларо дидаанд ва нархи муайяншуда барои савдогарон зараровард нест. Як масъули бозори "Шоњмансур", дар сўњбат ба "Нигоњ" гуфт, "фурўшандагон бо бањонаи баланд шудани ќурби доллар якбора нархро зиёд карданд ва ин кор ба зарари сокинони пойтахт аст. Мо њоло назорат карда истодаем ва намегузорем ки нархи 1 кг чой аз 1718 сомонї боло равад. То имрўз савдогарон ин дастурро риоя мекунанд ва чойро аз нархи муќарраршуда ќиммат намефурўшанд. Касе агар аз нархи муайншуда баланд фурўшад, аз ў талаб мекунем, ки ки љойро холї кун." Аммо ваќте аз ин масъули бозор пурсидем, ки агар фурўшанда аз яклухтфурўш чойро ќиммат гирад, пас чи гуна онро метавонад арзон фурўшад, ў чунин посух дод: -Савдогароне ки аз якхлутфурўшон чойро ќиммат гирифтаанд, бигзор дубора онро баргардонанд ва дигар нагиранд. Агар савдогарони чаканафурўш чанд муддат аз харидории мањсулоти ќиммати якхлутфурўшон даст кашанд, пас онњо маљбур мешаванд нархро поин оранд.

“НИГОЊ”, ЧОРШАНБЕ №50 (483), 16. 03. 2016

7

"ФИРОР" -И ЧОЙ АЗ ДУШАНБЕ Чаро арзиши «хўроки дўстдоштарини тољикон» якбора боло рафт?

"Нархро 50 -60 маротиба ќиммат кардаанд!" Раванди баландшавии нархи чой дар кишвар њанўз аз соли гузашта оѓоз шуда буд. Тибќи маълумоти Агенти омори назди Њукумати Тољикистон, соли гузашта нархи чойи кабуд дар кишвар 16,8 фоиз афзоиш ёфтааст. Саволе пеш меояд, ки сабаби таѓйир дар нархи чойи хушк чї бошад? Мастон Шарипов, муовини директори "Бозори дењќон" мегўяд, тибќи тањлили онњо воридкунандањои чойи хушк 1 кг чойро бо арзиши аз 9 то 13 сомонї оварда, ба мардум бо нархи гарон мефурўшанд: "Тањлили мо нишон дод, ки аз истењсолкунанда то воридкунанда 50-60 маротиба нархи чойро ќиммат кардаанд! Агар мо нархро танзим накунем, инсоф аз фурўшандањо дуртар меравад". Бархе аз коршиносон ин иќдоми шањрдориро дуруст медонанд, чун њукумат бояд баъзе фишангњое дошта бошад, ки танзими нархњоро имкон дињад. Дар навбати худ, чунин тасмим дар шароити кишварњое мисли Тољикистон, ки худ истењсолкунанда нестанд, метавонад чанд пайомади ногувореро пеш орад. Аз љумла, камшавии чой. Мушоњидањои мо нишон доданд, ки дар њафтаи аввали содир шудани ин дастури шањрдорї, дар бархе бозорњои Душанбе чойи хушк якбора камчин шуд ва фурўшандагон аз савдо кардани он худдорї карданд. Пайомади дигар ин хоњад буд, ки дар сурати аз назорати маќомоти салоњиятдор дур мондан, имкон дорад ба кишвар чойи бесифат ва барои мардум зараровар ворид гардад. Ин њам дар њоле, ки чой яке аз нўшокињои асосї барои мардуми Тољикистон аст. Аз ин

хотир, ба гуфтаи тањлилгарон, дар баробари истифода аз фишангњои танзими нарх, бењтар мебуд дар Тољикистон аз василањои гуногуни иќтисоди бозаргонї, аз љумла додани имтиёзњо ба фурўшандагону воридкунандагони мол, њангоми баланд шудани нархњо, дода мешуд.

"Чойи хуб мехоњед? Њаст, аммо дар "прилавка"" Хабарнигори "Нигоњ" хост муайян кунад, ки дастури шањрдорї то куљо иљро мешавад ва чї вазъеро ба миён овардааст. Барои муайян кардани ин мо сар задем ба бозорњои "Шоњмансур" ва "Фаровон". Тањлили мо аз бозори "Шоњмансур" яке аз бозорњои калонтарини хўрокворї дар Душанбе оѓоз шуд. Дар растаи фурўшандагони чойи хушк дар ин бозор ќариб 10 нафар ба фурўши ин намуд мањсулот машѓул буданд. Дар назди њамаи онњо навишта шуда буд, ки чойи хушк 17-18 сомонї аст. Аз чењраи гирифтаи фурўшандагон њис мешуд, ки онњо аз кори худ норозианд. Чойњо дар наздашон гузошташударо низ сифатнок гуфтан мумкин нест. Аммо савдогарон бо ишорањои хос ба харидорон маълум мекарданд, ки онњо чойи сифатнок њам доранд, аммо на дар рафњо. Ин ишораи савдогаронро дида, мо худро харидор вонамуд сохтем. Назди нахустин чойфурўш омада, хоњиш кардем, ки аз хориља мењмон меояд ва барои мо чойи хушки аълосифат лозим аст. Ў ба ин тарафу он тараф нигоњ карда, аз зери раста љойгираки дар дасташ бударо пур карда ба мо як намуд чойро нишон дод. Он савдогар гуфт, ин намуд чой аз Њиндустон буда, "сейлон" ном дорад ва нархаш 60 сомонї аст.

Вале мо тавре вокуниш кардем, ки ин чойи мехостаи мо нест. Фурўшанда аз нигоњи мо пай бурда, бо њамон љойгираки дасташ аз як халтаи дар пушташ буда, чойи дигареро нишон дод ва гуфт нархаш 80 сомонї аст. Мо боз њам аз ў пурсидем, ки дигар намуд надорад? Ў боз аз халтаи дар пушташ буда, як намуд чойи дигарро барои мо пешнињод кард, ки 110 сомонї нарх доштааст. Мо аз ў сипосгузорї карда, ваъда додем, ки дигар савдогаронро њам дида, боз ба наздаш меоем. Назди фурўшандаи дигар рафта, боз худро харидор муаррифї кардем ва хоњиш кардем, ки барои мо чойи аълосифат пешнињод намояд. Ин савдогар њам ба мо њамон намуд чойњоеро пешнињод кард, ки нархашон аз 40 то 110 сомонї буд. Савдогари дуюм як намуд чойро "сейлон бергамол" гуфт, хеле зиёд таъриф кард ва ба гуфтаи худаш хориљињо асосан аз ин намуд чой менўшанд, вале нархи 1 кг чойи "таърифї" 100 сомонї будааст. Њамин тавр мо аз 2 савдогари дигар низ хабар гирифтем ва онњо низ чойњои хушки сифаташ нисбаташ хубро ба мо аз зери раста бароварда пешнињод мекарданд. Ваќте аз онњо суол кардам, ки чаро чойњои хушкро дар зери раста пинњон мекунед, онњо мегуфтанд, фурўши он манъ аст ва агар масъулини бозорњо фањманд, барои онњо мушкил эљод хоњанд кард... Баъд аз бозори "Шоњмансур" мо роњ пеш гирифтем ба бозори "Фаровон", ки дар пойтахт њамчун бозори яклухтфурўшї маъруф аст. Нархи чой дар ин бозор низ 17-18 сомониро ташкил медод. Дар ин бозор низ мо худро харидор муаррифї карда, аз фурўшандањо суроѓи чойњои аълосифат кардем. Аммо дар ягон љо мо ин намуд чойро пайдо накардем. Саид, як фурўшандаи бозор гуфт, баъди дастури шањрдорї онњо њамаи чойи хушки аълосифатро ба вилояти Суѓд фиристонданд. Дар вилояти Суѓд бошад нархи чой аз 20 сомонї шурўъ шуда, то 70 сомонї мебошад. Њамчунин пурсуљўи мо нишон дод, ки нархи чой дар кишварњои истењсолкунандаи он, масалан Њиндустон таѓйири зиёд наёфтааст. Азљумла нархи як халта чойи хушки 500 граммаи навъи "Taaza" аз 140 рупия ба 137 рупия (16 сомонї) арзон шудааст. Инчунин нархи як халтаи 1 килограммаи чойи машњури "Taj Mahal" аз 430 рупия ба 422 рупия (ќариб 50 сомонї) ва нархи чойи 500 граммаи "Red Label" аз 233 рупия ба 229 рупия (26 сомонї) арзон карда шудааст. Дар Хадамоти гумрук то замони ба чоп супурдани матлаб ба саволњои мо вобаста ба миќдори водироти чой ва таносуби он бо чанд моњи пеш посух надоданд. Њамин тавр, номаълум мемонад, ки сабаби аслии гароншавии нарх дар куљост ва аз ин њисоби номуайянї мардуми оддї, ки истеъмолкунандаи аслии чойанд, боз чї ќадар дар ташвиш хоњанд монд...

Муллораљаб ЮСУФЇ


8

“НИГОЊ”, ЧОРШАНБЕ №50 (483), 16. 03. 2016

АЗ НАВРЎЗ

ЧЕЊРАЊОИ СОЛ "Нигоњ" аз рўи анъанае, ки дорад, дар охири њар сол ва дар арафаи соли нави хуршедї чењрањои мардумиро эълом медорад. Интихоби чењрањоро ин дафъа, пешопеши Наврўз 50 тањлилгару соњибназарон, ки дар сохторњои гуногуни њукумат ва созмонњои иљтимої, расонањои хабарии дохилу хориљ кор мекунанд, анљом доданд. Бањо ва хулосагирии онњоро њоло пешкаши хонандагон менамоем.

СИЁСАТМАДОРИ СОЛ: ЭМОМАЛЇ РАЊМОН Эмомалї Рањмон сиёсатмадори бидуни бањси доирањои тањлилии мавриди назари мо дар соли нав ќарор гирифт. Аммо дар камтарин њолат соњибназарон аз гирифтани унвони "Пешвои миллат" ва имкони ширкати бемањдудаш дар интихоботњои минбаъдаи президентї ёдовар шуданд. Балки ба хулосаи онњо "дар ин як сол тавонист ба пуррагї нерўмандтарин оппозитсияи даруниро комилан шикаст дињад ва оппозитсияи берунаро, ки ба тозагї сар баланд мекард, низ хунсо намояд ва нагзорад, ки онњо ба њам оянд". Иловатан, ќудрати худро дар дохили кишвар басиљтар гардонид ва ислоњотеро роњ андохт, ки заминањои нигањ доштани ин ќудрат дар дасти худ ва наздиконашро фароњам меоранд. Њамаи ин талошњоро њам бидуни садо баланд кардани љомеаи байнулмилалї тавонист анљом бидињад, ки ин њам њунар мехост ва њам ваќту сиёсати байнулмилалї ба нафъаш буд". Яке аз соњибназарон њамчунин навишт, ки Эмомалї Рањмонро бояд барои он њам сиёсатмадори сол унвон кард, ки "ба дигарон имконият надод". Ин гуна бањову хулоса шояд дар назардошт бо њамон таъбирест, ки мегўянд "сиёсат ин имконоти як нафар ё гуруњи одамонест, ки назорати рафтору кирдори шањрвандон ва љомеаро доранд". МАНСАБДОРИ СОЛ: МАЊМАДСАИД УБАЙДУЛЛОЕВ, Њангоми интихоби Раиси Маљлиси Миллї ва шањрдори Душанбе соњибназарон ба чанд нукта таваљљуњ доштанд. 1. Ў "мансабдори бавиљдон" аст, чун ќаблан эълом дошта буд, ки пас аз тамом шудани мўњлати раисии маљлиси вакилони халќи пойтахт, аз кор меравад ва њамин тавр дар иљлосияи аввалин, ваќте вакилон ўро боз њам раис интихоб карданд, иќрор шуд, ки аризаи истеъфояшро навишта буд, аммо президент ба он имзо нагзоштааст. 2. "Њанўз њам мансабдори дигаре ба мисли ў эњтироми љомеаи шањрвандиро ба даст наовардааст, чун ягона њамкории муваффаќона бо институтњои љомеаи шањрвандї

дар Тољикистонро мањз ў дорад". 3. "Ташаббускор аст". " Дуруст аст, ки вазъи феълї низ намегзорад, ки мансабдоре аз худ ибтикор нишон бидињад. Аммо Убайдуллоев баъзан ба худ чунин иљозатро медињад" навиштааст яке аз соњибназарон. ИЌТИСОДЧИИ СОЛ: ? Шояд дар назардошт бо вазъи буњронии мамлакат бошад, ё њар чизи дигар, ки коршиносон дар эълом кардани шахсияти иќтисодчии сол аз эњтиёт сахт кор гирифтанд. Албатта шахсиятњои назири профессор Њољимуњаммад Умаров (барои пешгўињояш оид ба беќурбшавии пули миллї), директори Институти иќтисоди Академияи илмњо Лутфулло Саидмуродов (барои тањияи барномаи зиддибуњронї) низ дар анкетањо љо доштанд. Аммо ин бањогузорињо ба њадде набуданд, ки имкони пурраи маълум кардани ѓолиби ин номинатсияро пеш орад. Ба љои ин "ќањрамонњои рамзї" -е чун "муњољири корї" ва "саррофи одї" овози бештар доштанд. Аз њамин хотир, "Нигоњ" тасмим гирифт дар ин бахш ѓолибияти касеро эълом надорад... БОНКДОРИ СОЛ: МУРОДАЛЇ АЛИМАРДОН Албатта ин ки Муродалї Алимардонро 1-уми апрели соли гузашта (дар рўзи ханда) бо фармони Президенти Тољикистон аз вазифаи муовини сарвазир барканор ва баъдан бо ќарори Шўрои нозирони "Агроинвестбонк" раиси ин бонк таъин карданд, касе шўхї надонист. Зеро ў яке аз шахсиятњои калидии њукумати Эмомалї Рањмон ба њисоб меравад, хоса дар соњаи бонкдорї. Ин таѓйирот њам дар њоле сурат гирифт, ки ду соли пеш Сандуќи Байналмилалии Пул (СБП) бо нашри як гузориш дар мавриди "Агроинвестбонк" гуфта буд ин бонк, ки соли 2012 дар остонаи муфлисшавї ќарор дошту давлат онро "наљот" дод, њанўз њам дар њолати ногувор ќарор дорад. СБП ду соли пеш гуфта буд, ки бо вуљуди рекапитализатсияи "Агроинвестбонк" ва садњо миллион сањми давлат, дар ин бонк њанўз њам норасоии маблаѓ љой дорад. Сандуќи Байналмилалии

Пул "Агроинвестбонк"-ро бори зиёдатї барои буљаи давлат арзёбї карда, пешнињод карда буд, барои ба эътидол овардани вазъи ин бонк мутахассисони хориљї љалб гарданд. Аммо ба љои ин њукумат Муродалї Алимардонро ба роњбарї овард, ки гуфта мешавад дар таъсису фаъолияти ин бонк наќши муњиме дорад. РУЊОНИИ СОЛ: ЊОЉЇ АКБАР ТУРАЉОНЗОДА Ба эњтимоли ќавї мушкилтарин бахши "Чењраи сол" барои соњибназарон маълум кардани ин номинатсия ба њисоб мерафт. Зеро соли гузашта нофањмињои зиёдеро дар пай дошт. Ин соле буд, ки њукумат аз як сў барои "иќдомњои зиддидиниаш" аз љониби мухолифон ва созмонњои байналмилалї маломат мешунид, аз сўи дигар рањбарияти кишвар аз сохтмони "масљиди бузургтарини минтаќа" дидан намуда, баъдан оилавї ба њаљ рафтанд. Дар бањогузорї коршиносон ин масоилро зикр мекарданд ва ишора доштанд, ки дар ин шароит касеро арзанда намебинанд, ки тавониста бошад бо њама мавќеъгирињои номуайян бархўрди таъсиргузор намуда бошад. Бо ин њама, дар байни шахсиятњои ёдшуда исми Њољї Акбар Тўраљонзода бештар аз дигарон буд. Ин њам дар њоле, ки як соли ахир ин шахсияти шинохтаи сиёсї -динї анќариб лаб ба хомўшї бурда буд. Акнун на масљиди оилавиашон, ки дар гузашта аз машњуртаринњо ба њисоб мерафт, фаъол асту на њатто сомонаи онњо. Пас чї метавон хулоса кард? Њатто хомўшии Тўраљонзода аз њарфу садои дигарон маънои љиддитар дорад? ОЛИМИ СОЛ: СВЕТЛАНА ГЕРАСИМЕНКО Бештари пурсидашудагон дар ин бахши чењрањо аз Светлана Герасименко ном бурданд. Номи ин олимаи ниматољикистониву нимаукраинї шояд мадди назари онњо ќарор гирифт, ки моњи апрели соли гузашта ин ковишгари кайњонии аврупоии "Розетта", ки њамакнун дар мадори наздик ба ситораи думдори Чурюмова- Герасименко 67Р ќарор

дорад, партови газ ва чангро дар сатњи болоии он кашф кардааст. Ситораи думдори Чурюмова-Герасименко 67Р, ки як лундаи ковоки мураттаб аз ях ва чанги диаметраш 4 км мебошад, дар айни замон ба Офтоб наздик мешавад ва ќабати болии он беш аз њар ваќти дигар гармтар мегардад. "Розетта" наздик ба 100 километр дуртар аз ин ситораи думдор ќарор дорад ва пайваста аз он расмњои љолибу диданї аз таѓйироти ин љирми осмонї ирсол менамояд. Тибќи иттилои ахиран расонашуда дарозии гази ихрољшуда наздик ба 900 метр буда, суръати њаракати он њашт метр дар як сония мебошад. Љолиб он аст, ки партови газ аз ќисмати торики комета, ки нури Офтоб намерасад ва рушної дар он дида намешавад, сурат гирифтааст. Ин дар њолест, ки олимон мегўянд бахши фаъолиятноки он мебоист рў ба самти Офтоби он мебуд, на ки дар љониби торикаш. Ситораи думдори 67Р бо суръат ба Офтоб наздик мешавад ва ќарор аст нуќтаи њаддиаќали наздикї ба онро то 13-уми август тай кунад. Дар ин рўз вай дар дохили мадори Миррих дар масофаи наздик ба 189 миллион км аз Офтоб ќарор хоњад гирифт. Гуфта мешавад, ки моњи март масъулини парвоз ковишгарро аз мањалли љойгиршавии ситораи думдор хеле дуртар бурданд, чун чанг ва партови газ ба системаи гардишгарии он халал мерасонд. Маврид ба ёдоварист, ки ситораи думдори Чурюмова - Герасименко 23юми октябри 1969 аз љониби ахтаршиносони Шўравї Клим Чурюмов ва Светлана Герасименко кашф шуда буд. Светлана Герасименко соли 1973 бо даъвати Институти астрофизикаи Академияи илмњои Тољикистон ба Душанбе омад ва муќими ин шањр шуд. Њоло дар њамин пажуњишгоњ ба омўзиши љирмњои осмонї, бахусус ситорањои думдор идома медињад. Соли гузашта дар рўзи ирсоли ковишгари "Розетта" бо маќсади идомаи тањќиќоти илмї ба космодроми Куруи Квианеи Фаронса даъват шудаву муддате аввалин паёмњои онро аз ситораи думдори Чурюмова-Герасименко назорат кард. ЖУРНАЛИСТИ СОЛ: МИРЗОНАБЇ ХОЛИЌЗОД Хабарнигори радиои "Озодї" њарчанд солњои охир матлабњои мисли ќаблии худ "сахт" наменависад, аммо бештари пурсидашудагон ба њунари хабарсозии ў бањои баланд додаанд. Гуфта мешавад мањз манбаъњои хабарии Холиќ-


“НИГОЊ”, ЧОРШАНБЕ №50 (483), 16. 03. 2016

ТО НАВРЎЗ зод радиои "Озодї" -ро њамоно ба расонаи таъсиргузору фазосози муњити сиёсї -иттилоотии Тољикистон нигоњ доштааст... АДВОКАТИ СОЛ: БУЗУРГМЕЊР ЁРОВ Бузургмењр Ёров - адвокати машњури Тољикистонро пурсидашудагони мо вакили мудофеи сол баргузидаанд, ки бегуфтугўст. То ин замон, агар ў њимояи "парвандањои пурсарусадо" -ро ба ўњда дошт, пас аз "њаводиси сентябрї" мањз ў ба гуфтаи тањлилгарон "дилу гурда карда, Кумитаи дифоъ аз боздоштшудањои ЊНИТ"-ро ба ўњда гирифт. Аммо 28 сентябр барои бозпурсї ба идораи пулис даъват шуду бо њамин то њол дар СИЗО боќї мондааст. Аммо аз онљо низ сару садояш баланд мешавад. Сомонањои мухолифин мактубњоеашро нашр мекунанд, ки аз дохили СИЗО навишта шудаанд ва воќеиятеро мегўянд, ки барои дигарон нав аст. Созмонњои љањонии дифоъ аз њуќуќ ба љонибдориаш садо баланд карданд. ОППОЗИТСИОНЕРИ СОЛ: ШАБНАМ ХУДОЙДОДОВА Шабнам Худойдодова як фаъоли созмони дар Тољикистон мамнўи "Гурўњи 24", ки њудуди 8 моњро дар зиндони Беларус сипарї кард, ба иќрори пурсидашудагони мо оппозитсионери сол дониста мешавад. Ў як сокини 30-солаи шањри Кўлоб аст , ки аз љониби њукумати Тољикистон бо иттињоми "даъватњои оммавї барои фаъолиятњои экстремистї" ва "ташкили созмони экстремистї" дар љустуљўи љиної ќарор дошт. Љузъиёти озодшавии ў низ расман шарњ дода нашудааст, вале аз рўи иттилои њомиёни њуќуќи инсон, Худойдодова бинобар ангезаи сиёсии парвандааш тањти њимояи созмонњои байналмилалї ќарор дорад. Шабнам Худойдодова эътироф кард, ки узвияти ў дар созмони мамнўи "Гурўњи 24" соли 2014 огоњона сурат гирифта, ў бо истифода аз шабакањои иљтимої њукумати Тољикистонро танќид ва аксу видеои таљаммуи "Гурўњи 24"- ро ошкоро, бо номи худаш аз њамин пойгоњњои пахш мекард. То боздошташ дар марзи Беларус, дар моњи июни соли 2015 Худойдодова њамроњ бо хоњари бузургаш дар СанктПетербург ба парастории пиронсолон машѓул буд ва аз ин њисоб ба хонавода ва фарзандаш кўмак мекард. СОЊИБКОРИ СОЛ: ГУЛБАЊОР МАЊКАМОВА Гулбањор Мањкамова, муовини аввали Ташкилоти хурди ќарздињии "Имон интернешнл", ки то ин замон њам дар доирањои тањлилї маъруфшуда буд, имсол њамзамон вакили Маљлиси вакилони халќи вилояти Суѓд интихоб гардид. Ин нуктаро коршиносон зимни бањогузорї ба номинатсияи "Соњибкори

сол" яке аз муњимтаринњо донистаанд. Гулбањор Мањкамова 44 сол дошта, 19уми сентябри соли 1971 дар шањри Хуљанд таваллуд шудааст. Соли 1988 баъди хатми мактаби миёнаи №22 ба Донишгоњи давлатии Хуљанд ба номи академик Б.Ѓафуров ба факултаи забон ва адабиёти рус дохил шуда, онро соли 1993 хатм кардааст. Соли 2005 њамин донишгоњро бо ихтисоси иќтисодчї бо дипломати аъло хатм кардааст. Номзади илмњои таърих ва антропология мебошад. Фаъолияти кориашро аз соли 1993 дар вазифаи омўзгори кафедраи забони русии муосир дар Донишгоњи давлатии Хуљанд шурўъ карда, аз соли 1998 ин љониб Директори генералии Ассотсиатсияи миллии занони соњибкори Тољикистон мебошад. Њамзамон солњои 2005-2008 дар вазифаи Љонишини аввали директори генералии Фонди байналхалќии ќарздињии хурди "ИМОН" ва аз соли 2008 то ин љониб ба њайси Љонишини аввали директори генералии ЉДММ ТАЌХ "ИМОН ИНТЕРНЕШНЛ" аст. Инчунин, Барномаи байналмиллалии омўзишии "Роњбарї барои рушди устувор"-ро хатм карда, дорандаи стипендияи "Барномаи мубодилавии минтаќавии ACCESS" дар Донишгоњи Колумбия, Ню Йорк, ИМА мебошад. Барои такмили ихтисос ва малакаи рањбарї дар чандин семинару тренингњо дар кишварњои гуногун ширкат кардааст. Аз љумла иштирокчии барномаи дусолаи "Зан ва мавќеи он дар рушди устувор", LEAD International, ИМА; Омўзиши "Банаќшагирии тиљорат ва тарњрезии молиявї", Маркази молиявии хурди Полша, ш. Тбилиси, Гурљистон; Семинари таљрибавии "Бањогузории таъсиррасонї ба мизољ", SEEP, Вашингтон, ИМА; Давраи таљрибаомўзї дар бонки молиявии хурди "ACLEDA", Камбоља; Тренинги "Маблаѓгузории хурди устувор" дар ш. Турини Итолиё ва ѓайра будааст. Соли 2012 нахустин озмуни љумњуриявии "Фарањ" - бењтарин зани соњибкор дар Тољикистонро ташкил кард, ки минбаъд дар ду сол як маротиба дар миќёси љумњурї бо ташаббуси Ассотсиатсияи Миллии занони соњибкори Тољикистон баргузор мешавад. МИЛИСАИ СОЛ: ФИРЎЗ РАЊМАТОВ Номи сержанти милиса дар Хуљанд Фирўз Рањматов, ки 23 октябри соли гузашта як зани 38-соларо, ки ќасди худкўшї кардааст, аз марг наљот дод, расонаї шуд ва њамин тавр тибќи назарпурсии мо маќоми аввалро дар ин бахш гирифт. Баъдан бо нишони сарисинагии "Аълочии милитсия" ќадрдонї гардид. ВАРЗИШГАРИ СОЛ: ДИЛШОД НАЗАРОВ Дилшод Назаров имсол њам хуштолеъ буд, зеро на фаќат дар чандин ќувваозмоии байнулмилалї соњиби медали тилло шуд, балки нахустин варзишгари тољик буд, ки ба дарёфти роњхати Бозињои XXXI тобистонаи олимпии соли 2016 дар Рио-деЖанейрои Бразилия муваффаќ гардид. Дилшод Назаров соли 2014 ва 2015 њам бењтарини варзишгари сол дар Тољикистон эълон шуда буд. Ў аз љумла соли гузашта дар 14 мусобиќаи байналми-

лалї ширкат карда, дар 12-тояш медал ба даст овард. АДИБИ СОЛ: ИСФАНДИЁРИ НАЗАР Исфандиёри Назар, ба эътирофи соњибназарон "бидуни тардид аз мондагортарин шоирони муосири тољик аст. Аз зумраи шоироне нест, ки тавќи чоплусиву дастнигарї бар гарданашон часпидааст. Сухану њарфашро, мавќеву њадафашро њеч гоњ асири синаи танг накардааст. Ошкор мегўяд, љасорати хоси худро дорад. Осораш далел бар он аст, ки болотарин ашъори иљтимоии даврро мегўяд". Болотар аз ин, њамчун шоир аз мардум ва дарди љомеа људо нест. Фарзанди замони худ аст ва дар бастагї бо њар рухдод њатман дарди худро бо назм ифода мекунад. ДИПЛОМАТИ СОЛ: МИРЗОШАРИФ ЉАЛОЛОВ Мирзошариф Љалолов, ба эътирофи соњибназарњои пурсидашуда, "на танњо бо љавонии худ, балки бо эњсоси баланди ватандўстї ва робитаи ќавиаш бо љомеаи шањрвандї, хоса тариќи шабакањои иљтимої нишон дод, ки дар муњити дипломатии мо нафарони арзанда кам нестанд". Хотиррасон мешавем, ки љаноби Љалолов сафири Тољикистон дар Њиндустон аст. ЊУНАРМАНДИ СОЛ: ЌУРБОНИ СОБИР Ќурбони Собир наќшњои хотирмон басо зиёд офаридааст, вале аз назари соњибназарон наќши Юсуф аз намоиши "Юсуфи гумгашта...."-и Фаррух Ќосим, Тартюф аз намоишномаи "Тартюф"-и Жан Батист Молер, Лир аз "Шоњ Лир-и Шекспир, Яго аз "Отелло"и Шекспир, Темурмалик аз "Нангбардори Хуљанд"-и Мењмон Бахтї, "Шапарак хоб дид", аз рўи асари Темур Зулфиќоров, ки коргардони хушсалиќа Барзу Абдураззоќов тањия кардааст, "Љазирбод"и Љумъа Ќуддус, ки Д.Убайдуллоев ба сањна гузоштааст, муваффаќтарин офирадњои сањнавии ў мањсуб мешаванд. Мухлисонаш ўро дар синамо низ зиёд дидаанд ва чењрањои мондагоре, ки дар филмњои: "Дар орзуи падар","Ормонњо", "Пой дар гил","Ал-Бухорї, "Синон", филмњои эронии "Шукрона", "Дар чашми бод", филми русии, "Если не мы то кто?, филми ќазоќии "Ќара маёр" офаридааст,

9

дергоњ дар хотири бинандагонаш наќш бастаанд. Рўзноманигор ва њунарманди тољик Фарњоди Милод бар ин назар аст, ки "мањорати њунарии Ќурбони Собир аз сањнаи "Ањорун" ба мардум муаррифї шуд. Вале баъди "Ањорун" дар њар театре, ки кор кард, барои мухлисонаш чењраи шинос шуд. Зеро аксаран наќњояшро бо мањорати баланди касбї мебозад. Сардабири "ИмрўзNews" Назири Нусрат мегўяд, то чанд "ваќти пештар Ќурбони Собирро танњо ба унвони як њунарманди фарњехта мешинохтам. Аммо баъди як мусоњиба, ки дар рўзномаи "ИмрўзNews" нашр шуд, андешаи ман дар бораи ин њунарманд таѓйир хўрд. Илова ба њунари волои сањна, дар каломи ў андешањои солими сиёсату давлатдориро дидам, ки кам андар ками мардони њунар аз он бархўрдоранд". Ќурбони Собир дар ин сўњбат аз наќши фарњангу маърифат дар бўњрони сиёсї миёни Узбакистон ва Тољикистон ёд мекунад, манфиатњои милливу минтаќавиро чун як сиёсатмадор ба риштаи тањлил мекашад. САРОЯНДАИ СОЛ: ЉОНИБЕК МУРОДОВ Номи овозхони љавон Љонибек Муродов мањз баъди дар бораи ба иљтимоъ ва сиёсат рўй оварданаш бисёртар маъруф гардид. Хоса бо сароидани суруди иљтимоии "Айлон" дар сархати хабарњои ВАО-и дохилию хориљи кишвар ќарор гирифт, ки ин нуктаро соњибназарон махсус ишора карданд. Коргардони сол: коргардони театрї Барзу Абдураззоќов, коргардони синамо Муњиддини Музаффар Барзу Абдураззоќов, коргардон, аз фаъолтарин чењрањои љомеаи шањрвандии Тољикистон. "Нафаре, ки бидуни тардид метавон намоди рўшанфикрї, таљассумгари набзи љомеа номид. Болотар аз ин, њама касоне, ки бо Барзу камтарин шиносоиро доранд, ба ў як сифатро ќоиланд: инсони комил. Ба тавоної, њунармандї, назокат, љасорату дониш ва малакаи коргардонии ўро, њатто нотавонбинњояш ќабул доранд. Њама ўро эътироф доранд. Њатто дар хориљи кишвар. Бубинед намоишномањои ў дар Ќирѓизистону Ќазоќистон ва Русия низ ќадрдонї мешаванд. Мутаассифона дар ватанаш ба ќадри ўву ў баринњо намерасанд" навиштанд соњибназарон. Муњиддини Музаффар бошад бо филми "Кин" -и худ, ки моњи гузашта нахустнамоишаш дар Кохи Љомї сурат гирифт, нишон дод, ки кинои тољик номњои муаррифинашудаи дигар њам дорад.

ЉОИЗАИ МАХСУС "ИФТИХОРИ ЉОМЕАИ ШАЊРВАНДЇ": ФАЙЗИНИСО ВОЊИДОВА Ин љоизаи хосро аксарият мањз ба Файзинисо Воњидова сазовор донистанд. Зеро мањз ў буд, ки дар бастагї бо њама масоили рўзмарра нотарсида мавќеи худро ошкор кард. Илова ба ин, тариќи фаъолиятњои адвокатиаш њамеша парвандањоеро ба уњда мегирад, ки дигарон љуръат намекунанд. Бештар аз ин, пас аз мулоќоти роњбарияти Иттињоди Аврупо дар Брюселл њарчанд тањдидњои лафзие ба унвонаш сурат гирифтанд, зимни як мусоњибааш бо TojNews эълом дошт, ки аз касе муттањаммї ва сари тарс надораду бо сари баланд ба Ватан бармегардад!


10

“НИГОЊ”, ЧОРШАНБЕ №50 (483), 16. 03. 2016

Метавон ўро аз зумраи хунрезтарин чењрањои Ховари Миёна дар замони муосир номид. Сарваре, ки њузураш роњатдињанда нест, вале бо вуљуди садњо мушкили амниятї, ќатлу куштор, хонавайронињову шањрњову рустоњои валангор, миллионњо шањрванди овора дар сар то сари олам худро бозичаи дасти сиёсатмадорони ќудратталаби олам кардааст. Вай њамеша парчами озодии Фаластин дар даст дошт, аз террори исроилињо интиќод мекард, њамлањои яњудиён ба Фаластинро зери тозиёнаи танќид мегирифт, вале њоло ки худ сабабгори вайронии кишвараш шудааст, ин њамаро њаќ медонад. Вале дар њоли имрўзаи Сурия сарнавишти Ироќу Либї нињон аст, ќудратњо ќасди нофармонии њокимони ин мамоликро гирифтанд ва кишварњои ободро ба харобазор табдил доданд, дар њоле наметвон њадс зад, ки сарнавишти Саддому Ќаззофї низ дар ќисмати Башор навишта ё на.

Тахаллус барои маълум нашудани "писари диктатор" Башор Асад 11-уми сентябри соли 1965 дар шањри Димишќ таваллуд шуд. Он замон падараш генерал Њофиз Асад фармондењи нерўњои њавоии Сурия буд. Волидонаш аз пайравони аќалиятњои динии алавитњо мањсуб мешуданд. Падару модараш мансуб ба ќабилањои гуногуни алавитї буданд. Башор панљсола буд, ки падараш дар Сурия табаддулот кард ва сарварии ин кишвар ва роњбарии њизби Баасро ба уњда гирифт. Башор тањсилкардаи литсеи муштараки арабиву фаронсавии "Њуррия" дар Димишќ аст. Соли 1988 факултаи тиббии донишгоњи Димишќро бо ихтисоси "духтур-офталмолог" хатм кард ва муддате дар бемористони њарбї кор кард. Соли 1991 ба Британияи Кабир рафт, то донишу таљрибаи тиббии худро такмил кунад. Дар хориљи кишвар вай барои худ тахаллус интихоб намуд, то касе пай набарад, ки ў писари диктатори Сурия аст. Вай дар њамоишњои илмии байналмилалї иштирок мекард ва дар канори офталмология вай њамчунин информатикаро низ меомўхт. Муаллифони асарњо дар бораи Сурия ва тањлилгарони сиёсии масоили Ховари Миёна менависанд, ки дар оѓоз Њофиз Асад писарбузурги худ Басилро љойнишини худ интихоб карда буд ва ўро омода мекард. Вале соли 1994 Басил бар асари суќути њавопаймо љони худро аз даст дод. Ин замоне буд, ки Башор дар Лондон саргарми тањсил буд. Вай баъди ин фољеа ба Сурия баргашт ва ба академияи њарбии шањри Хомс дохил шуд. Онро соли 1995 хатм кард ва дар рутбаи капитан баталони тонкиро фармондењї кард. Баъдан фармондењи горди љумњурї шуд, ки њамзамон барояш рутбаи њарбии полковникї дода шуд. 10-уми июни соли 2000 падараш Њофиз Асад баъди 30 соли њокимият тарки олам кард ва рўзе баъд вазифаи президентї ба Башор гузашт, ноиби президент Њаддом ба ў рутбаи генералї дод ва њамзамон сарфармондењи нерўњои мусаллањ таъин намуд.

Ў ЊАМ СИННУ СОЛИ ПРЕЗИДЕНТИРО ТАЃЙИР ДОДА БУД Интихоби ў ба маснади президентї барќосо сурат гирифт. Аввал парламон конститутсияи кишварро таѓйир дод ва синну соли президентро аз 40 то ба 34 таѓйир дод. Баъд аз нуњ рўзи дигар Дабири кулли њизби Баас интихоб шуд ва њафтае пас парламон ўро президенти кишвар интихоб кард. 10-уми июл, яъне баъди як моњи марги падараш дар Сурия њамапурсї доир шуд ва Башор Асад бо дарёфти 97,29 дарсади овозњо райиси љумњур интихоб гардид. 27-уми майи соли 2007 дар Сурия дуюмин њамапурсї, ки танњо як савол дошт, баргузор шуд. Пурсида мешуд: Оё шумо ба Башор Асад бовар доред, ки то соли 2014 мамлакатро идора кунад? Табиист, ки "бовар" мекарданд ва 97,62 дарсад ўро шоистаи сарварї донистанд. Њофиз Асад сарваре буд, ки сиёсатњои хориљии худро бар пояи зиддияти Арабу Ис-

ДИКТАТОР

БАШОР АСАД ХУДКОМАИ ЊАНЎЗ ТАШНАИ ЊОКИМИЯТ роил бунёд кард. Соли 1967 дар љанги шашрўза Исроил бахше аз ќаламрави Сурияро ишѓол намуд ва талоши Њофиз Асад барои бозпас гирифтани баландињои Љавлон дар соли 1973 бидуни натиља анљомид. Ва Башор Асад њамон сиёсати падарро давом дод ва расман эълон кард, ки идомаи роњи падар роњи сиёсии ўст. То ба имрўз аз љумлаи њамон сарварони љомеаи Араб аст, ки аз давлати яњудї талаб доранд ба марзњои то соли 1967 баргардад. Аз сўйи дигар вай њам "Њизбуллоњ"-и Лубнон ва њам "Њамос"-и Фаластинро пуштибонї мекард ва як сабаби аслии зиддият миёни Вашингтон ва Димишќ њамин гаравиши Асад ба дифоъ аз арабњои мазлум ва сарзаминњои ишѓолшуда буд. Соли 2002 Кохи Сафед Сурияро ба рўйхати кишварњое шомил кард, ки "Мењвари бадї" меномад. Вай бо Саддом Њусей иртиботњои наздик дошт ва тибќи иттилои СММ то соли 2003 Ироќро бо силоњ таъмин мекард, њатто вайро ба он муттањам мекарданд, ки силоњи ќаїли оми Ироќро дар ќаламрави худаш нигоњ медорад ва ба диктатори баѓдодї кўмаки њарбї мекунад. "Бањори араб" њоли Сурияро њам танг кард, мухолифонаш ба по хестанд, майдондорињо ба шўриши мусаллањона гузашт. Вале ў мисли Њуснї Муборак ва њокими Тунис таслим нашуд, балки муќобили мухолифонаш сангар гирифт. Зеро медонист, ки аз ќудрат рафтани ў танњо њадафи хориљиён нест, балки хоњ равад ва хоњ бимонад мушкилаш бо Амрикову Аврупо њал намешавад. Љанги дохилї, нерў гиифтани ДОИШ дар ќаламрави Сурия, аз даст рафтани ќаламрави калон боис шуд, ки Русияро аз муттањидони худ донад. 6-уми марти соли 2014 бо ирсоли барќия ба Путин аз ѓасби Ќрим пуштибонї кард, дар Ассамблеяи генералии СММ зидди ќатъномаи Ќрим овоз дод. Бо њамин васила ба Кремл пайём дод, ки мунтазири равобити наздиктар ва умеди кўмак дорад.

ИСЛОЊОТИ ТАРСОЛУД Инќилобњои араб ва кўчиши он ба Сурия пояњои салтанати диктатории Асадро низ ларзонд. Вай ноилољ шуд даст ба ислоњот занад. Кўшид бо роњандозии як силсила таѓйироти сиёсї садди роњи бурузи ноамнињо шавад. Вале натавонист, тарњи беруна бештар ба вайронии низоми ў таъсир кард, мухолифон ин њама талошњоро нодида гирифтанд. Башор ва падараш Њофиз Асад дар вазъияти фавќулодда њокимият доштанд, ки аз соли 1963 эълон шуда буд. Ин ќонун иљозат намедод, ки дар кишвар гирдињамоињо со-

змон дода шавад, озодињои шањрвандиро мањдуд мекард, нашрияњои озод нметавонистанд фаъолият кунанд, ѓайр аз Баас фаъолияти дигар њизбњо манъ буд. Башор Асад вазъи фавќулоддаро лаѓв кард, эълон намуд, ки интихоботи озоди демократї хоњад гузаронд. Курдњои суриёї аз љумлаи бењуќуќтарин мардуми ин сарзњамин мањсуб мешуданд. Аз соли 1962 ин мардум дар ќаламрави Сурия атбоъи хориљї шумарда шуданд ва аз њеч њуќуќи башарї бархўрдор набуданд, чун замоне аз Туркия сарозер шудаву дар ин сарзамин иќомат гузида буданд. Бисёри онон ин ќаламравро њатто зодбуми худ мешумарданд. Дар радифи масоили дигар Башор Асад даст ба њалли масъалаи курдї зад. Вай эълон намуд, ки ба беш аз 300 њазор сокинони курдтабори кишвараш маќоми шањрвандї ва шиносномаи суриёї медињад. Вале бо вуљуди њамаи ин тазоњуроти зиддидавлатї, ки бештар аз берун тањрик мешуд, ќатъ намегардид. Тазоњурот ба хушунат печид, мардум мусаллањ шуданд ва даргирињо миёни сарбозони давлатї ва шўришчиён оѓоз шуданд. Сурия дар гирдоби мављи ноамнињо печид. Шиорњои истеъфои Башор Асад ва њукумати ў афзуданд. 18-уми майи соли 2011 ИМА зидди Башор Асад тањрим эълон намуд, панљ рўз баъди дигар 13 тан аз мансабдорони Сурия аз љониби Иттињодияи Аврупо тањрим шуданд ва њамаи сармояњои онњо дар бонкњои аврупо масдуд гардид. Њатто амакаш, собиќ ноиби президент Рифат Асд эълон карда, ки дар ин њол Башор наметавонад дар ќудрат боќї бимонад. Мухолифони Асад аз љониби ИМА, Иттињзодияи Аврупо, арабњои суннимазњаб, Туркия пуштибонї мешуданд, њатто дар Истамбул Шўрои миллии худро ташкил карданд. Дар мусоњиба бо Sunday Telegraph Башор Асад ин њамаро мубориза миёни ислом ва панарабизми дунявї унвон кард ва Ѓарбро њушдор дод: "Сурия макарзи минтаќа аст. Њар гуна ноамнї дар Сурия минтаќаро фаро хоњад гирифт. Шумо мехоњед заминларзаеро ба вуљуд оваред, мехоњед Афѓонистони дигар ва дањњо Афѓонистонро ба вуљуд оваред".

УМРЕ ТАШНАИ ЊОКИМИЯТ, ЊАТТО БА ЌИММАТИ ХУНИ ЊАЗОРОН Љанги шањрвандї дар Сурия пањлуњои зиёд дорад ва мебояд љиддан тањлил шавад. Вале њадафи маќолаи мо тањлили фаъолияти Башор Асад аст. Башоре, ки мебинад њузураш рўз аз рўз муљиби резиши дарёи хун мешавад, вале намеравад. Ќудрат барои соњибмансабони шарќї чизест, ки ома-

данд, набояд раванд. Њатто дар њамин њолат љангї низ вай борњо хостори ќатъи амалиёт ва баргузории интихоботи демократї шуд. Вале чун номзадии худи ў гузошта мешуд, касе моил набуд љангро гузораду омодаи интихобот шавад. Моњи январи соли 2014 вай дар суњбат бо хабаргузории AFP дар мавриди эњтимолияти ширкат накарданаш дар интихоботи президентї гуфт: "Ман ин љо сабаберо намебинам. Чаро ман бояд ширкат накунам? Агар афкори љомеа ба љониби номзадии ман майл кунад, пас ман њатман дар интихобот номзадии худро пешбарї мекнуам. Метавон гуфт, ки шонсам зиёдтар аст". Моњи декабри соли 2015 дар суњбат бо рўзноманигор Том Кляйн (Tom Kleijn) мегўяд: "Агар онњо (ѓарбиён) рафтани маро мехоњанд, пас бояд аз роњи интихобот ин корро анљом дињанд. Агар онњо халќи Сурияро бовар кунанд, ки алтернативаи бењтарин доранд ва ман гузинаи бењтарин барои оянда нестам, пас ман чун президент меравам". Худи њамон моњ вай дар мулоќоташ бо сенаторони рус дар Димишќ гуфт: "Онњо (яъне, мухолифонаш) муддаї шудаанд, ки 70 дарсади хоки Сурияро дар даст доранд. Пас чаро майли ширкат дар интихобот намекунанд, то ин 70 дарсад ройи мардумро ба даст оранд?" 28- уми апрели соли 2014 раиси парлумони Муњаммад ал-Ляњом эълон кард, ки Башор Асад дар интихобот ширкат хоњад кард. Ва ин интихобот доир шуд. Дар он се номзад: Башор Асад, вакили парламон аз блоки Љабњаи халќї Моњир Абдулњафиз Њаљар ва сарвари созмони Ташаббусњои миллии ислоњот Њасан Абдул ан-Нурї ширкат карданд. Табиист, ки бурд аз Башор буд ва ройи 88,7 дарсади мардум ба номи ў навишта шуд. Худ тасаввур кунед: дар мамлакате, ки сар то по дар оташи љанг месўзад, мардум овораву дарбадаранд, гуруњњои гуногун иддиои њокимият мекунанд, дарёи худ љорист, як нафар эълон мекунад, ки боз њам њудуди 90 дарсад хостори боќї мондани ў дар курсии раёсати љумњурианд.

ЉУРМЕ НА КАМТАР АЗ МИЛОШЕВИЧ Асадро ба љиноёти љангї муттањам мекунанд. Њатто Стивет Рапп, сафири ИМА оид ба масоили муњим љиноятњои ўро зиёдтар аз љиноёти Слобадан Милошевич дар Сербистон ва Чарз Тейлор дар Либерия медонад ва мегўяд мисли ин ду Башор низ метавонад дар курсии додгоњи байналмилалї шинонда шавад. Худи Асад иддиои хориљиёнро дар мавриди истифодаи бомбњои бушкаї рад мекунад ва мегўяд њаргиз даст ба чунин иќдоме назадааст. Ин дар њолест, ки истифодаи ин гуна бомбњо ба ќайд гирифта шудаанд. Моњи марти соли 2015 созмони "Табибони бидуни марз" дар гузорише Башор Асадро ба марги беш аз 600 духтур дар Сурия муттањам кард ва навишт, ки 97 дарсад фавтидагон бар асари бомбборони тайёрањои Асад ва исобати бомбњо ба шифохонањо кушта шудаанд. Дар маърўзаи "Шабакаи суриёии њуќуќи инсон" омадааст, ки аз 56 куштори дастаљаъї 49 куштор мансуб ба артиши давлатии Сурия аст. СММ ва чандин созмонњои њифзи њуќуќи байналмилалї низ Асадро ба куштори мардуми осоишта гунањгор кардаанд. Дар суњбати ёдшуда бо Том Кляйн (Tom Kleijn) иќрор мешавад, ки њар рўз Сурияро то 4 њазор нафар тарк мекунад ва теъдоди паноњандагони ин кишвар ба 4,3 миллион нафар расидааст. Њатто агар љиноёти ќаблиро сарфи назар кунанд, танњо даъвати Русия кофист, ки Башор Асад ќотили миллаташ эълон шавад. Аз охири соли гузашта, то ин аввали бањор њавопаймоњои русї шањру рустои Сурияро ба хоку хун кашиданд, бо бањонаи саркўбии ДОИШ мухолифони Асадро аз пойгоњњояшон берун андохтанд, онњоро аз нигоњи низомї заъиф сохтанд, то Башор Асад дар муколамаи сулњ дасти боло дошта бошад. Вале ин њама ба ивази хуни њазорон нафар ба даст омад. Башоре, ки иддиои пирўзї бар мухолифонаш мекунад, аз болои дарёи хуни бегуноњон, шањру рустои харобшуда салтанати меросии худро тамдид мекунад.

ХОНАВОДАИ БАШОР АСАД Њамсари ў Асмо, духтари табиби дил, шањрванди Британия Фаввоз Ањрас аст. Аввалњо гуфта мешуд, ки Башор ва Асмо дар Лондон шинос шудаанд, вале дар як мусоњиба худи Асмо инро рад кард ва гуфт, ки хонаводаи онњо аз ќадим бо њам равуо доштанд ва ин дўстии кўдакї ба ишќи љавонї бадал шуда. Њоло онњо соњиби се фарзанд: духтаре бо номи Зейн, писароне бо номњои Њофиз ва Карим.

Бобољони ШАФЕЪ


“НИГОЊ”, ЧОРШАНБЕ №50 (483), 16. 03. 2016

САЊФАИ ВОЛИДОН Азизи Азиз барои љомеаи Тољикистон шахси ноошно нест, бахусус барои он доирае, ки китоб мехонанд ва ба таълими насли наврас сарукор доранд. Аз муваффаќтарин адибони кўдакнависи кишвар аст, ки бештар аз 200 афсонаву 130 њикояи хонаданї навиштааст. Теъдоди китобњояш шояд ба 30 наздик шуда бошанд. Ва љолиб он аст, ки њикояњои ў то ин замон бо чандин забони олам, аз љумла русї, инглисї, гурљї, ќирѓизї, узбекиву чехї тарљума шудаанд. Њоло дар остонаи шунидани хабари чопи китобаш бо њуруфи форсї дар Эрон аст. Гумон мекардам як сирри муваффаќияташ дар иншои њикояњои дилчасп таљрибаи кораш дар мактаб бошад, чун њам кори омўзгорї кардаву њам ба мактабњо зиёд даъват мешавад ва бо атфол суњбат мекунад. Вале то љойе иштибоњ њам карда будам. Чун худи ў мегўяд: "Барои он ки асаре нависї, то кўдак хонаду фањмаду дар хотир бигирад, муаллим будан шарт нест. Гап дар сари он ки кўдакро модар хонанда мекунад, на адиб, њатто адиби хуб. Бовар дорам, ки як мактаб омўзгор аз ўњдаи хонанда кардани лоаќал як шогирд намебароянд, то замоне, ки модар дасту остин барзада, фарзандашро таълим надињад. Ин фикр хатост, ки вазифаи мактаб таълим додан асту вазифаи падару модар - тарбият. Ба ёд оред, ки ваќте Фирдавсї "Шоњнома"-ашро ба Султон Мањмуд манзур кард, чанд тангаи камарзиш гирифт ва шоир дарѓазаб шуда, гуфт: Агар модари шоњ бону будї, Маро симу зар то ба зону будї... Фирдавсї ба куљо, ё ба киву чї ишорат кардааст? Ба он ки дар таълиму тарбияи кўдакон бештар аз њама модар масъул аст. Вай аз сафараш ба Куриёи Љанубї ёд меорад ва мегўяд, "дар мактабњои Куриё дар як синф 50-60 шогирд тањсил мекунанд, аммо аксарият, гоњо њама хушсаводанд. Ваќте пурсуљў кардам, дарёфтам, ки дар кори таълиму тарбия модарон аз омўзгорон зиёдтар масъулият доранд. Дар оила омўзгор басо зиёд эњтиром ва ќадр мешавад. Ба ќавле, як пойи модар њамеша дар мактаб аст. Агар муаллим аз тањсили фарзанд эроде бигирад, модар њаргиз эътироз намекунад. Сухани муаллим барои оила ќонун аст. Дар мо аксарияти модарон, шояд 90 фоиз, мактабро маконе мењисобанд, ки аз шўру шавќуни фарзанд фориѓа-

11

Азизи АЗИЗ: ДАР ЉОПОН МУАЛЛИМРО НОСАЗО ГУФТАН ГУНОЊ АСТ! шон мекунад. Борњо шунидаам, ки модарон аз фаро расидани рўзи якшанбе изњори ташвишу нороњатї кардаанд. Замоне маќола навишта гуфта будам, ки мактабњои мо муовини расмї, ба ќавле, маошхўри директор дошта бошанд, то њушу ёди волидон, бахусус модаронро ба таълиму тарбияи фарзандашон машѓул дорад". Азизи Азиз китобхониро пояи аслии савод медонад ва хеле гуфтанињое дар ин маврид дорад. Аз љумла аз кишвари Љопон ёд мекунад, ки агар фарзанд дар њаќќи муаллимаш сухани носазо гўяд, балки аз ў норозї бошад, волидон њамон рўз мотам мегиранд. "Муаллимро носазо гуфтан гуноњ аст он љо. Ё хонандаи синфи 6-7 он љо соле аз 120 китоби бадеї имтињон месупорад, модарон вазифадоранд назорат кунанд, ки ин китобњоро фарзандашон ёфта хонад. Вале дар мо баръакс, волидон њамеша тарафи фарзандашонро мегиранд. Рўзе чанд соат дар мактаб будани фарзанд барои модарон комилан кифоя аст, онњо коре надоранд, ки фарзанд чї хонду чї гирифт. Боре ба Тољикистон нависандаи бачањои кишвари Ирон Њадя Шарифї мењмон шуд. Ман рўзе ўро роњбалад будам. Гуфт, ки ба хонааш бояд занг занад. Он замон телефони мобилї набуд. Мо ба почта рафтем. Њадя Шарифї ба писараш, ки Сиёмак будаст, занг зада пурсид: "Китобро хондї?" Сиёмак љавоб дод: "Бале, хондам!" Он гоњ Њадя фармуд, ки аз фалон љой китоби дигарро гирифта хонад. Ман аз Њадя пурсидам: -Сиёмак чандсола аст? Гуфт: -Шашсола... Ва ин китоби 58-ум буд, ки имсол Сиёмаки шашсола ба даст гирифтааст! Њуш аз сарам парид. Кадом модари тољик

аз кишвари дигар танњо ба хотири китоб ба фарзандаш занг мезанад? Оё дучор шудаед? Аз ин сабаб хонандагони мо бесаводанд. Савод ин нест, ки хондаву навишта метавонї. Манзурам ташнаи савод, њамеша омўзанда будан аст. Бачањои мо бесаводанд, барои он ки оила бесавод аст, бахусус, модарон бесаводу бетарафанд. Бесаводанд барои он ки оила бесаводу бетараф аст. Њама кўшиши мактаб натиљаи дилхоњ намедињад. Агар модар вазифаи худро адо карда натавонад, кўдак бесаводу бадбахт ба воя мерасад. Дуруст, ки фарзанди баъзе модарони бетарафу бепарво гоњо босаводу хушбахт ба воя мерасанд. Ин аз он сабаб аст, ки баъзан, хушбахтона, онњо дар мактаб, ё баъди хатми мактаб ашхосеро вомехўранд, ки ба онњо роњи дурустро нишон едињанд, дурусташ, вазифаи модарро ба ќадри тавону имконият адо мекунанд. Аммо на њар фарзанд мураббии мувофиќро дар зиндагиаш вомехўрад. Ман љонибдори ќабули Ќонун дар бораи масъулияти падару модар дар тарбияи фарзандам. Ин ќонун њанўз комил нашудааст. Илова металабад, талабот ба волидон чунон сахт ва љиддї бошад, ки модарон мактабро њаргиз фаромуш накунанд, зеро таълиму тарбия хусусияти иљборї доранд. Агар ба ихтиёри худ гузорем, ягон кўдак дарс намехонад, њатто ба мактаб намеравад. Ин ривоят ишора ба хусусияти иљборї доштани таълим аст. Боре ањли дења ба сањро мерафтанд. Онњо аз назди хонаи њакиме гузаштанд. Њаким пурсид: -Куљо равонаед? Гуфтанд: -Хушксолї омадаст. Ду моњ шуд борон намеборад. Меравем, ки дуо кунем, то Худованд борон фиристад. Њаким дар ќатори мардону занон кўдаконро диду њайрон шуд:

-Кўдаконро дар њавои майнасўз ба сањро чаро мебаред? Гуфтанд: -Кўдакон бегуноњанд. Дуояшон дафъатан мустаљоб мешавад! Њаким хандиду љавоб дод: -Агар дуои кўдакон мустаљоб мешуд, дар олам муаллим намемонд... Пас, барои бесаводии фарзандонамон муаллимонро не, падару модарон, бахусус модаронро бояд масъултар ва љавобгар донем. Модар ки чунин шуд ва талаб кард, муаллим худ омўзгор мешавад ба маънои асли ин калима. Муаллим худ масъулият њис мекунад ва албатта, омўзгор мешавад ба маънои асли ин калима. Аз беѓамии муаллимон омўзгорон азият мекашанд. Ман хондаам ва шунидаам, ки дар њар замон устод ќабл аз ќабули фарзанд ба мактабаш аввал волидони ўро мешинохт. Дар байни халќ низ баъзе маќолњо машњуранд, ки ишора ба масъулияти модарон доранд. Масалан, духтареро келин кардан хоњанд, мегўянд: "Очаашро бину бачаашро гир!" Ё "Оча чї гуна - бача намуна!" "Гандападар одам мешаваду гандамодар не!" Афсўс, ки ин маънињо њаргиз ба эътибор гирифта намешаванд.

ПАЖУЊИШИ ЯЊУДИЁН Орзуи њар падару модар аст, ки фарзандаш донову зирак ва соњиби идрок бошад. Ин аст, ки ба њамин умед баъзан барояш њатто китобњои зиёд мехаранд. Аз сўйе дуруст њам мекунанд, ки фарзандро ба китобхонї ташвиќ менамоянд. Вале ба истилоњ "ретсепти" дигар њам њаст, ки тифлро аз хурдї метавонад донишманд кунад. Вале барои ин боз њам ширкати волидон шарти асосист. Ва ин танњо сухани холї нест, балки пажуњиши донишмандони итолёвист, ки ахиран расонаї шуд. 1. Бо садо хондан. Чор муњаќќиќи маркази тибби кўдаконаи шањри Синсинати Дания амалан исбот кардаанд бо садо хондан мустаќиман ба рушди маѓзи сари кўдак таъсир дорад. Дар ин раванд он минтаќаи маѓзи сар фаъол мешавад, ки ба ќабули садо, тасаввурот ва дарки садо љавобгар аст. Гузашта аз ин бо садои шунаво хондани китоб кафолати он аст, ки тифлон ваќте ба камол мерасанд, бењтару бештар саргарми китобхонї мешаванд. Љули Грос-Люс, Мередит Вест ва Эндрю Кинг аз донишгоњи Айвова низ таљриба кардаанд ва ба хулоса расидаанд, њатто оддитарин садоњо ба ташаккули кўдак таъсир дорад. "Ваќте кўдакон ба омўзишу дарки калимањо шурўъ мекунанд ва аввалин њарфро ба забон меоранд, модаран зуд мутаваљљењ мешаванд, гўё тифл бо онњо дорад суњбат мекунад. Ва бо ин садо ваќте китоб хонда мешавад, таъсири бештар дорад",- менависанд онњо. Оддитарин шеваи одат кунонидани тифл ба мутолиаи китоб, ин якљо бо ў хондани китоб аст. 2. "Ташаккур" гуфтанро омўзонед. Хулосаи тањќиќоти дигаре, ки дар сомонаи маљаллаи "Forbes" интишор ёфтааст, нишон медињад, ки оддитарин њисси миннатдорї хеле љанбањои мусбат дорад. Ба забон рондаи "ташаккур, рањмат" саломатии равониву љисмониро бењтар мекунад, хашиниро коњиш медињад, хобро бењтар месозад ва њатто сабабгори он мешавад, ки инсон дўстони бештар пайдо кунад. Аз ин рў бояд ба рафтори атфол таваљљуњ кард, арзёбии кори хуб ва изњори ташаккур ба онро бояд омўзонд.

7 "РЕТСЕПТ"-И ИЛМИИ ДОНИШМАНД ШУДАНИ КЎДАК

тўли як њафта се кори хуб анљом дињанд ва ё интихобан ба се макони нав раванд. Бачањое, ки кори хуб анљом доданд, миёни њамсолонашон ангуштнамо шуданд. Ва ин ба раванди омўзиши онњо низ таъсири хуб расонд. Маълум мешавад, ки тарѓиби кори нек ва тањрик ба он, муњаббатро меафзояд ва бо ин васила муаллим синфро муттањид мекунад. 7. Гуфтугў кунед. Маѓзи сари кўдак таврест, ки њама он чи дар атроф мегузарад, ќабул мекунад ва њарф задан, роњ рафтанро њам танњо дар алоќамандї бо олами атрофаш меомўзад. Ин ба он маъност, ки тифл њарф задан, гўш карданро ба шеваи шумо меомўзад ва ёд мегирад. Баъди ин њама омўзишњо вай ба тарзи худ гап заданро ёд мегирад. Муњим он аст, ки бо тифл суњбат кунед, талош куунед дуруст талаффуз кунад, дуруст роњравї омўзад, дуруст дарк карда тавонад.

ТАВСИЯ 3. Тахайюлоти онњоро рушд дињед. Донишгоњи Тел-Авив миёни бачањои 6-9-сола як таљриба гузаронд. Олимон хостанд донанд, ки људої аз объектњо ба тафаккури атфол чї таъсир дорад. Ба бачањо тасвирњое аз мизи онњо то Кайњон ва баръаксро нишон доданд ва баъдан тести оддие пешнињод карданд, ки сатњи даќиќиятро муайян мекард. Ширкаткунадагоне, ки диданд чи гуна олами хурдакаки тасаввуроти онњо то андозаи Кайњон васеъ мешавад, назар ба онњое, ки олами худро дар њамон мизи нишасташон мањдуд медонистанд, натиљањои бењтар нишон доданд. Ин аст, ки олимон мегўянд, мулоњизањо ба берун ва на ба дохил кўдаконро водор ба андешаронї мекунад. 4. Ба бозињои рўимизї машѓул шавед. Бо бозињои рўимизї шумо кўдаконро меомўзед, ки баранда ва ё бозандаи боифтихор бошанд. Њамзамон онњо стратегияи кайфият аз бозиро пайдо мекунанд. Бахусус бозињое бо-

шанд, ки атфолро ба њисоб водор кунанд, онњоро маљбур созанд, ки барои баранда шуданд, ба фикр њам дода шаванд. 5. Таваљљуњи атфолро ба табиат љалб кунед. Journal of the Study of Religion, Nature and Culture робитаи дуљонибаи бачањоро бо табиат омўхт ва маълум кард, ки ваќтгузаронии оддї кўдакро маљбур мекунад худро нисбатан бењтар рўњбаланд њисс кунад. Бачањое, ки њафтае 5-10 соат ваќти худро дар њавои кушод мегузаронанд, бозї мекунанд, мегўянд иртиботи руњї бо заминро њисс кардаанд ва барои њифзи табиат худро масъул медонанд. Њар андоза, ки атфол дар берун ваќт мегузаронанд, вале на бењуда, њамон андоза он ба саломатии онњо таъсири мусбат мерасонад. 6. Нишон дињед, ки накуї ќадрдонї мешавад. Олимони донишгоњи Калифорния натиљаи як таљрибаи худро ба оламиён расонданд. Онњо бачањои синфњои 9-11 дар 19 кишвари оламро омўхтанд. Ба онњо супориш доданд, ки

ИБОРАВУ ЉУМЛАЊОЕ, КИ БОЯД БА ТИФЛАКАТОН ЊАМЕША ТАКРОР КУНЕД: Тифлакон дўст медоранд, ки шумо муњаббати худро изњор намоед. Доим, њамаеша, шаб ва рўз, дар хона ва дар кўча. Пас бигўед: Ман туро бењад дўст медорам. Туро дўст медорам, њатто агар аз ман дар ќањр шавї Дўстат дорам њамеша, њатто агар дур аз ман бошї. Муњаббати ман њамеша бо туст. Агар ба ман мегуфтанд, ки њар кўдакеро дар ин олам интихоб кун, ман боз њам туро интихоб мекардам. Ман туро њатто атрофи Моњ, ситорагон ва то Замин дўст медорам. Ба ман бозии имрўза бо ту хеле писанд омад. Ту ягонаи манї. Коре, ки ману ту бо њам мекунем, ба ман хеле писанд аст. Бо ман њамроњ бош доим, љони ман.


12

“НИГОЊ”, ЧОРШАНБЕ №50 (483), 16. 03. 2016

БО ШОИР

РУСТАМИ ВАЊЊОБ Чанд шеъри кутоњ аз маљмўаи "Салом" СУРАТ Шаб, ки борони видоъи моњи исфанд, Сангро мешуст чун ойинањо пок, Осмон мафтуни њусни дашту сањро Њар даме бо дурбини барќ Акс мебардошт аз хок. ДОМГУСИЛ Риштаи ожир ларзид, Хез бигрифт аз каминаш тортан, аммо… На доме, не шикоре, Дар њаво пар мекашад шоњину дар чанголи ў торе. БЕНИЁЗЇ Маънои баланд чун "Аналњаќ!" Ороиши тољи дор гардад. Шамшер барањна чун дурахшад, Гулњои наём хор гардад. ЊУШДОР Дўстам! Такаббури ту чист? Шохае зиёдатї Бар дарахти Зиндагист. Гар бар он нишаста бошї, (Инчунин мабод) Зуд ё ки дер, Ногузир, Сарбазер Хоњї уфтод. Њар ќадар баландтар, Дардмандтар. РИВОЯТ Сири ту асири туст, То ки дар замири туст. Чун бурун шуд аз замир, Ту асирї, ў амир. САБКИ КАБК Дар пойи баёзи Манучењрии Домѓонї На ироќию на хуросонї Бартар аз лафзи одамиву парист. Устодо, ту љони гўёї, Сабки шеъри ту сабки кабки дарист.

ИЛЊОМ АЗ МАРСЕЛ ПРУСТ 1. Дар кўдакї ва рўзњои аввали эљодатон ба чї бовар доштед, ки баъдан ин бовар њосил нашуд? - Шукри Худо, ки њарчи талаб кардам аз Худо, Бар мунтањои њиммати худ комрон шудам. (Њофиз) 2. Кадом вазъияти бароятон мушкил бояд пеш ояд, ки Шумо барои вайрон кардани ќонун розї шавед? - То њол ман ќонунеро надидаам, ки талабаш аз виљдон бештар бошад. 3. Тасаввур кунед, ки ба нимљазираи касногузар имкони рафтан пайдо кардед. Се чизе, ки њамроњатон мегирифтед, чї мебуд? - 1. Бовар 2. Бовар.3. Бовар.

РОЗ Намедонам, Чи дасте боз Чи тарње тозаро бар сафњаи хоки куњан резад, Ки њар гањ Ањраманро мекунам нафрин, Басе з-онон, Ки худро ёвари Њурмузд мехонанд, Зи ќаъри љонашон фарёд мехезад. ШОИР Ту чун парандаї: Њар сол Як бор љома мекунї, Валек љомаат Њамеша покиза аст. Ту чун парандаї: Якумр Як чома1 мехонї, Валек чомаат Њамеша тоза аст. ЉАФО Кас ба љони касе љафо накунад, Ончунон ки кунад ба љони хеш. Љони њар кас паси њисори танест В-они ту бо ту, даст карда ба пеш. ЉОВИДОНА Дар он љое сухан аз љовидонист, Чї љои бањси пирию љавонист? Нигорино, гули пироњани ту Њамоно нусхаи Аржанги Монист. ХОС ВА ОМ Нишаста даври оташ мањфиле шод, Сухан аз њикмату фарњанг доранд, Вале аз партави ларзони оташ Дар он сў сояњошон љанг доранд. АСОЛАТ Оре, Мо асилтарин фарзандони Одамем, Зеро Њар ѓизоеро бо нон мехўрем, Њатто палавро... Њатто ѓамро, Њатто ќасамро. САДОЌАТ Шаб тираву сарду дил зи уммед тињї, Пажмурда нишот чун гули тирмањї. Сад дўст ба як њарфи тасалло пайѓом Медод ба ман: К-ин тирашабонро сањаре аз пай њаст. Он ёр вале Чун шамъ биёмаду ба пешам бинишаст, Лаб муњр ба мум, Гўгирд ба даст. "СИЁЊГЎШ" Аз Одам кам њунар доранд дар ёд, Њама он як гуноњашро бигўянд. Гули Наврўз бо сад ноз омад2, Њама гўши сиёњашро бигўянд. ИМОН Мањкуми сад гунањ, захмини њарфи зишт, Аз хонаќоњ дур, безор аз куништ. Љойи китобаи санги мазори хеш Дар вопасин нигоњ

Бо неши теѓи чашм Бар осмон навишт: "Падруд, эй азиз, Дидор дар бињишт". ЊИММАТ Мо зи андешаи оне ки мабодо ба назар хурд шавем, Гиряро дар дили худ мебандем, Осмонро, ки чунин биме нест, Бинигар чун ба фиѓон, бо фаварон, аз дилу љон мегиряд. Шарм бодат, мутакаббир дили ман, Осмон мегиряд! ИЛОЊАИ ЃАЗАЛ Ин ѓизолро нигар, Ин ѓизолро бубин, ки яшми3 чашми ў Шоирони чанд ќарнро Лол кардааст. Аз худои мењрбони хеш Беш аз ин чи хоњї, эй башар?! Ў ки сайди ин илоњаи ѓазал Турфа шоњкори хешро барои ту њалол кардааст. Чома - шеър, суруд. Номи дигари гули сиёњгўш - гули наврўзї аст. 3 Яшм - санги сиёњи љилодор. 1

2

МУХТАСАРИ ШАРЊИ ЊОЛ Рустами Вањњоб 5-уми майи соли 1960 таваллуд шудааст. Соли 1983 бахши филологияи Донишгоњи давлатии Тољикистонро хатм кардааст. Соли 1984 ба аспирантураи ДДТ дохил шудааст. Аз њамин сол дар донишгоњ ба унвони муаллим ва њамчунин, дар рўзномаи "Тољикистони советї" (мухбир) ба кор шурўъ кард. Солњои 1991-1992 котиби масъул ва муњаррири маљаллаи "Фарњанг" буд. Аз соли 1994 то 2006 дар Донишгоњи улуми инсонии Бишкек устоди забон ва адабиёти форсї буд. Баъди бозгашт ба Ватан соли 2007 ба Донишгоњи миллии Тољикистон ба кор даромада, аз он ваќт то кунун дар кафедраи назария ва адабиёти навини форсии тољикии Донишгоњи милии Тољикистон фаъолият мекунад. Њамчунин, масъули бахши назм ва наќди адабии маљаллаи миллии адабии "Садои Шарќ" мебошад. Соли 2008 дар мавзўи "Тањаввули поэтикаи вазн ва ритми шеъри муосири тољик" рисолаи номзадї дифоъ намуда ва ин рисоларо бо такмил ба сурати дастури таълимї ба чоп расондааст. То кунун ду дафтари шеъри Рустами Вањњоб бо номњои "Калимањо" (1990) ва "Шањри Хуршед" (2008) аз чоп баромадааст. Барои маљмўаи "Шањри Хуршед"аш Рустами Вањњоб барандаи Љоизаи адабии ба номи Мирзо Турсунзода шудааст. Соли 2012 Маљмўаи маќолањояш бо унвони "Адабиёт ва фарњанги миллї" аз тарафи нашриёти "Адиб" ба чоп расид. Мунтахаби ањодиси Паёмбари акрам (с)-ро тањия ва ба забони русї тарљума кардааст. Шумораи зиёди маќолањои илмию адабї ва иљтимоиро дар нашрияњои ватанї ва хориљї ба чоп расондааст.

ТАБЛИЃ Дарки аниќи сатњи иќтисодии кунунии минтаќа, ќабули ќарорњо, њаётан муњим аст. Нишондињандањои макроиќтисодї таъсироти чї тавр кормандони њукумат буљаи миллиро тањия мекунанд ва чї тавр корпоратсияњои калон дар соњаи коркарди конњо ва идоракунии захирањои табиї сармоягузорї мекунанд, мусоидат мекунад. Дар сатњи микро, фањмиши иќтисодиёт ба соњибкорони хурд барои муайян кардани ваќт ва васеъ намудани амалиётњо ё баланд бардоштани нарх кўмак мерасонад. Дар сатњи инфиродї, иќтисодиёт нуктаи муњим барои ќарори ќабул кардани оид ба тањсил дар Донишгоњ мебошад. Чї тавр шумо њаќќи тањсилро пардохт мекунед? Оё ин пардохт ба он меарзад? Оё талабот ба малакањои навомўхтаи шумо њаст? Оё имконоти таъмин бо љои кор вуљуд дорад? Оё бо гирифтаниунвони донишгоњ, пас аз хатми тањсил, вазъи иќтисодї ва шахсии шумо бењтар мешавад? Сарфи назар аз нооромињоињои бозорњои љањонї, дар кишварњои Осиёи Марказї дар солњои охир,рушди баланд дар соњаи иќтисодиёт ба назар мерасад.Дар дањсолаи охир,

ЧАРО ШУМО БОЯД ДОРОИ УНВОН ДАР СОЊАИ ИЌТИСОДИЁТ ДАР ОСИЁИ МАРКАЗЇ ГАРДЕД? афзоиши солона ба ќадри нўњ дарсад зиёд шуд, ки ин афзоиши баландтарин дар љањон аст. Захирањои табиї, соњаи кишоварзї ва тиљорати молњо,заминањои асосии ба њаракат даровардани ин афзоиш мебошанд. Тааљљубовар нест, ки бо бењтар шудани сатњи иќтисодї, талабот ба мутахассисони соњањои иќтисодиёт ва савдои байналмилалї рў ба афзоишаст. Донишгоњи Осиёи Марказї, барномаи асосии бакалаврии Иќтисодиро дар посух ба эњтиёљоти иќтисодии минтаќа тарњрезї кардааст. Барномањои ДОМ, љавобгў ба талаботи бозор буда ба донишљўён маљмўи малакањои њамаљонибаи тањлилї ва амалї, ки ба онњо имконоти фаъолият дар корњои бонкї, тиљорати байналмилалї, молияи шахсї ва корпоративї ва сиёсатро медињад.

Барномаи нодири иќтисодии ДОМ, ихтисосњои иќтисодии соњибкориро пешнињод мекунад.Тавассути пажўњиши њаматарафаи бозор, ДОМ норасоињои љойдошта дар соњаи таълими иќтисодї барои донишљўён дар минтаќаро муайян мекунад: теъдоди хело кам имконияти ташакулли малакањои соњибкориро доранд. Донишљўёни бахши иќтисодии ДОМ, барои ба дастрасї ба курсњои муоссир оид ба иќтисодиёти соњибкорї, соњибкории иљтимої ва дарки воситањои зарурї, барои амалї намудани идеяњо ба соњибкории фаъол ва устувор имконият доранд. Хатмкунандагони бахши иќтисодиёти ДОМ, њам барои дарёфти љойи кор ва њамзамон ташкил кардани љойњои нави корї,имконият пайдо мекунанд. Дар рафти тањсил дар барнома, донишљўён дастрасї ба навоварињо ва лабораторияи

соњибкорї ва шароит барои оѓози кори соњибкорї доранд. Тавассути таљрибаомўзии пардохтшаванда ва лоињањои машваратї, донишљўён инчунин шабакаи њамкоронро таъсис медињанд, ки он мутахассисони соњаи иќтисодиёти кишварњои Осиёи Марказї ва мукин аст аз хориљи кишваррофаро мегирад, ки он барои такмили мањорати устувори касбї, пас аз хатм кўмак мерасонад. Њамаи љузъњои барномаи иќтисодиёти ДОМ,тавре тарњрезї шудааст, ки донишљўёнро њамаљониба бо дониши мушаххас омода намуда, барои ба кор бурдани нерўи кории худ васоњибкори муваффаќ шудан кўмак мерасонад. Барои маълумоти иловагї ва бештароиди чї тавр барномаи Иќтисодиёти ДОМ метавонад ба шумо кўмак кунад, ба сомонаи зер ташриф оред:www.ucentralasia.org/admissions, бо почтаи мо admissions@ucentralasia.org, ё тавассути телефон ба +996 770 822 901 (Љумњурии Ќирѓизистон) +992 93 999 99 64 (Тољикистон) +7 777 822 3948 (Ќазоќистон) занг занед.


ТАХТАИ СИЁЊ Чї гуна дар бораи ќонуният њарф занем, ваќте моликияти як шањрванди Тољикистонро ѓайриќонунї ба шањрванди кишвари хориљї "тўњфа" мекунанд? Ростї намедонам ин навиштаи ман то куљо метавонад ба њалли мушкилам мусоидат мекунад. Зеро то ин замон таќрибан зинае намондааст, ки мурољиат накарда бошам, аммо посухи њама як аст: хомўшї! Ба њар њол, чун дар Тољикистон соли гузаштаро "Соли оила" эълон карда буданд ва гуфта мешавад ба зану модар њанўз эњтиром ќоиланд, бештар аз ин мегўянд ќонуният њамоно побарљост, боз ќалам ба даст гирифтам. Хоса, аламовар ин аст, ки моликияти як шањрванди Тољикистони соњибистиќлолу њуќуќбунёдро бо роњи ѓайриќонунї "њомиёни њуќуќ"-и њаммењанам мехоњанд ба шањрванди кишвари дигаре "туњфа" кунанд. Амали зишту нољавонмардонаи ин нафарон ба њаддест, ки, боварї дорам, барои давлату миллат боиси шармандагист, ин беобурўгиро шояд кам касе то ин дам ёд дорад. Ќасду дастдарозї ба молу мулкам кардаанд ва ин амал тарзе сурат мегирад, ки гумон мебарї таљовузгаронро ба ѓайр аз нафси баду хабис Худованди мутаъол хислату хулќиёти дигареро насиб надониста. Манзурам таќдири Љамъияти Сањњомии Пўшидаи "Рос Азия Инвест" аст, ки соли 2007 таъсис ёфтааст ва 51% њиссаи он ба шањрванди Русия, 49%-аш бошад, ба њамсарам Саидов Зайд Шерович тааллуќ дорад. Ширкати мазкур дар кўчаи Мирзо Турсунзодаи шањри Душанбе - он љойе, ки замоне дўконњои кўњнаи фарсуда љойгир буданд, маркази дилхушиву савдоро бо номи "Маркази савдои пойтахт" бунёд намуд. Маросими ба истифода дода шудани ин марказ бо њузуру њидояти Президенти Тољикистон Эмомалї Рањмон ва шањрдори Душанбе Мањмадсаид Убайдуллоев сурат гирифт... Аммо пас аз муттањам донистани шавњарам ва бегуноњ ба паси панљара бурдани ў иншооти мазкур низ ба мушкил гирифтор гардид. Аз љумла, бо њукми Суди Олии Љумњурии Тољикистон аз 26 декабри соли 2013 њиссаи њамсарам дар ЉСП "Рос Азия Инвест", ки ба рўйхати Агентии назорати давлатии молиявї ва мубориза бо коррупсияи Љумњурии Тољикистон ворид гардида буд, ба фоидаи давлат мусодира шуд. То ин дам низ, яъне то эълон шудани њукми суд, даромади ширкат аз иљораи Маркази зикршуда дар њаљми 49%-и њиссаи њамсарам ба суратњисоби њамон агентї интиќол меёфт, зеро бо ќарори агентї ба њабс гирифта шуда буд. Бо маќсади аз њабс озод намудани амвол ва бо истифода аз њуќуќу масъулияти њамсарї ман 26 июни соли 2014 бо даъво ба суди ноњияи Исмоили Сомонии шањри Душанбе мурољиат намудам. Вале то ба имрўз таќдири ин мурољиат маълум нест, чун аз суд љавобе нагирифтаам. Аммо 21 феврали соли 2016 ба намояндаи ман Исњоќ Табаров нусхаи њалномаи суди ноњияи Исмоили Сомонии шањри Душанбе, ки санаи ќабул шуданаш гўё 2 сентябри соли 2015 аст, пешнињод гардид. Тибќи ин њуљљат гўё тањти раисии муовини раиси суди номбаршуда аризаи даъвогии шањрванди Љумњурии Ќазоќистон Окушев Серикбол Тулеханович баррасї шуда бошаду аз њисоби Саидов З.Ш. ба фоидаи ин шахс як

“НИГОЊ”, ЧОРШАНБЕ №50 (483), 16. 03. 2016

13

400 ЊАЗОР ДОЛЛАРЕ, КИ ЯКБОРА 1 МИЛИОН "ШУД" миллиону сиву нўњ њазору шашсаду њаштоду як (1039681,01) доллари амрикої рўёнида шудааст. Ин дар њолест, ки њанўз 26 декабри соли 2013 бо њукми суд ба фоидаи Окушев С.Т. аз њисоби Саидов З.Ш. рўёнидани њамагї 400 њазор доллари амрикої муќаррар шуда буд. Њамин тавр, бо њалномаи сохтакоронаву мурофиаи дар асл вуљуднадошта судиљрочии суди ноњияи Исмоили Сомонии шањри Душанбе Асадуллозода А. бо ќарори худаш аз 15 январи соли 2016 49% њиссаи њамсарам Саидов Зайд Шеровичро дар ЉСП "Рос Азия Инвест" ба номи шањрванди Љумњурии Ќазоќистон Окушев С.Т. расмї кунонида, ин шахсро соњибмулк эътироф мекунад. Аз ин хусус низ танњо 25 феврали соли 2016 намояндаам Исњоќ Табаров аз ЉСП "Рос Азия Инвест" хабар меёбад. Дар асоси њукми Суди Олии Љумњурии Тољикистон аз 26 декабри соли 2013 тамоми амволи ба рўйхатгирифташудаи шавњарам - мањкумшуда Саидов З.Ш. ба фоидаи давлат мусодира шуда буд. Аз љумла 49% сањмияњои дар ширкати "Рос Азия Инвест" доштааш низ. Яъне њукм давлатикунонии сањмияњоро дар назар дорад. Пас чї гуна судиљрочї ин сањмияњоро аз рўйхат берун намуда, онњоро ба соњибмулкии шањрванди Ќазоќистон Окушев С.Т. додааст? Ин њам дар њоле, ки мувофиќи Оинномаи ЉСП "Рос Азия Инвест" бегонакунии сањмияњо ба ѓайри иштирокчиёни он иљозат дода намешавад.

Маљбурам боз такрор намоям: дар њукми суд аз 26 декабри соли 2013 зарари гўё ба Окушев С.Т. расонидаи шавњарам 400 њазор доллари амрикої муайян шуда, љуброни он аз њисоби мањз худи Саидов З.Ш бояд таъмин бишавад. Вале чї гуна ќарзе, ки њаљмаш бо њукми эътиборпайдокардаи суд 400 њазор доллари амрикої эътироф шудааст, ба 1039681,01 (як милиону сиюнуњ њазору шашсаду њаштоду як) доллари амрикої табдил меёфтааст? Ин ќудрату тавоноии дар назари аввал сењрангези шањрванди Ќазоќистон Окушев С.Т.-ро бо истифода аз кадом аќлу мантиќи њатто соддатарин метавон маънидод намуд? Ё шояд ин "баландњимматии" маќомоти Тољикистон ба шањрванди хориља, ки бо пушти по задани њама гуна ќонуну ќонуният сурат гирифтааст, њаќќи подош барои "гапгиру гаправо" будани ин шахс бошад? Намедонам... Аз хусуси мурофиаи судие, ки њалнома аз 02.09. 2015 ба он ишора мекунад, на Саидов З.Ш. ва на намояндагонаш тасаввуроте надоранд, зеро касе онњоро аз ин хусуст на огањ кардаасту на даъват. Ин њолат худ далели манфиатдориву алокамандиест барои азонихудкунии ѓайриќонунии сањмияњо. Ихтилофи дигар дар санадњои суду судиљрочист. Аз љумла, мувофиќи њалнома аз њисоби Саидов З.Ш. ба фоидаи Окушев С.Т. 1039681,01 доллари амрикої руёнида шудааст. Судиљрочї Асадуллозода бошад, арзиши сањмияњои ба Саидов З.Ш. дар ЉСП "Рос

МАШЌИ МУШТАРАК

ИНТИЌОЛИ БОМБАНДОЗИ ТУ-22М3 АЗ НОВОСИБИРСК БА ФУРУДГОЊИ АЙНЇ Бомбандози русии Ту-22М3 дар фурудгоњи "Айнї" дар канораи шањри Душанбе ба замин нишастааст. Ба гуфтаи ёвари фармондењи неруњои Округи њарбии марказии Русия, полковник Ярослав Рошупкин, њавопаймоњои русии бомбандоз ва мушакбари Ту-22М3 аз фурўдгоњи њарбии шањри Новосибирск ба фурудгоњи "Айнї"-и Тољикистон барои ширкат дар размоиши муштараки Тољикистон ва Русия фуруд омаданд. Ў гуфтааст, ки тибќи наќшањои ќаблан тарњрезишуда њайати зарбазани њавоии Русия ба урдугоњњои рамзии неруњои мусаллањи ѓайриќонунї дар размоишгоњњои Помири Шарќї партови бомбњои 500 килоиро таљриба хоњанд кард. Неруњои мусаллањи ду кишвар ќарор аст дар ин тамринњо ширкати муштарак дар мубориза бо гуруњњои мусаллањи террористї, равишњои ягонаи но-

будсозии гуруњњои љиної, аз байн бурдани пойгоњњои њарбї ва анборњои силоњи онњоро машќ кунанд. Аз ин пештар хабар дода буданд, ки љангандањои русии Су25СМ ва чархболњои зарбазани Ми-24 ва боркаши Ми-8 низ ба Тољикистон ворид шудаанд ва њадаф таќвияти неруњои њарбии Русия мустаќар дар Тољикистон љињати мубориза бо хатарњои эњтимолии амниятї мебошад. Хотиррасон мешавем, ки аз 15 то 20-уми марти соли равон дар навоњии љануби кишвар тамрини густардаи низомии муштараки неруњои вазорати мудофеаи Тољикистон ва пойгоњи 201 Русия баргузор мешавад. Њудудан 50 њазор нафар низомиёни тољик ва рус зарфи панљ рўз дар дар ин тамринот ширкат хоњанд кард. Машќи низомї дар тамрингоњњои "Лоњур", "Сумбула", "Момирак", "Њарбмайдон" ва "Њалќаёр" хоњад гузашт.

Азия Инвест" тааллуќдоштаро дар ќарораш аз 15.01. 2016 баробар ба 14741439 сомонї муайян намудааст. Пурсида мешавад: ин фарќият, ки амали судиљрочист, ба кадом маънист? Ё шояд ѓаразу манфиати судиљрочї низ ин љо нињон аст? Барои чунин тахминзанињо асос њаст: судиљрочї дар ќарори худ аз хусуси гўё баргузор шудани музояда њарф мезанад, вале чаро аз ин музояда касе хабар надорад, рўзу ваќт ва љойи гузаронидани он махфї мондааст? Боварї дорам барои дарёфти посух ба суолњои зикршуда гузаронидани санљиши пурра ва њаматарафаю беѓаразонаи маќомоти дахлдор кофист. Магар ин њодиса баёнгари вазъи баѓоят дилгиркунандаи ќонуният дар кишвар нест? Наход нафароне, ки худ адолати судиро бояд таъмин кунанд, бахусус муовини раиси суд, рўйиросту густохона даст ба таќаллуб бизананду аз хусуси мурофиаи судие њуљљат омода кунанд, ки ба ќавле ному нишонаш набуду нест? Оё ба шаъни давлате, ки худро демокративу њуќуќбунёд мураррифї мекунад, ин гуна тањќир ба ќонуну ќонуният магар мезебад? Наход миллате, ки хулќиёти њамидаашро мояи ифтихор медонем, лоиќи ин гуна муносибат бошад? Ва кай ин бедодгариву вањшате, ки сари хонаводаам аст, хотима меёбад? Латофат ТОИРОВА, сокини шањри Душанбе, кўчаи Мирзо Ризо, 24


14

БАЊСИ МИЛЛЇ

“НИГОЊ”, ЧОРШАНБЕ №50 (483), 16. 03. 2016

1 Аз истифода бозмондани "забони муќаддас" аз омилњое буд, ки барои рушди забони модарї шароит фароњам овард. Зеро барои љомеа хондани китоб ва рўзнома бо забони фањмо барои худ имкон медод, ки дониш ва љањонбинии худро васеъ намояд. Ин равандро дар якљоягї бо шаклгирии низоми давлатдории миллї баррасї кардан ба маќсад мувофиќ аст, зеро мањз њамчун субъект шинохта шудан дискурси миллатро ба гардиши васеъ ворид намуд. Дар натиља, тањаввулоти иљтимоию сиёсї дар љомеањои аврупої љараёни љиддї гирифт ва баъди Инќилоби кабири Фаронса, ваќте ки дар муддате фаронсавињо аз табаа ба шањрвандон мубаддал гаштанд, миллат иштироккунандаи муњими сиёсат гардид. Зеро фаронсавињо миллат будани худро бо хоњиши худ пазируфтанд (Э. Ренан). Дар пањн ва умумї намудани ин ѓоя наќши матбуот бориз аст ва мањз он имконият фароњам овард, ки миллат устувор гардад ва забони вижаи худро дошта бошад. Забонсозии матбуот, пеш аз њама, њадафи миллатхоњиро дошт ва барои будани миллат он замон омили асосї гардид. Аз он дам то кунун забони матбуот бевосита ба забони гуфтугўї ва адабї таъсир мерасонад. Забонсозии матбуотро вобаста ба моделњои миллатгарої ба ду бахш таќсим намудан мумкин аст, ки њарду аз оѓоз то кунун аз сиёсати воќеї људо набуданд ва барои татбиќи барномањои мушаххаси ќудрати сиёсї равонаанд: Якум, забонсозии адибон, нависандагон, луѓатшиносон, рўзноманигорон ва ањли зиё, ки бо истифода аз зарфияти матбуот дар байни њавзаи соњибони забон пањн мегардид ва оњиста ба меъёрњои умумї табдил меёфт. Дар натиља забон иќтидори дохилии худро устувор мекард ва раќобатпазир мешуд. Дуюм, забонсозии ќудрат, ки бо истифода аз матбуот, маориф ва фарњанг барои таъмин намудани машрўъияти ќудрат амалї карда мешуд. Дар ин љода матбуот наќши пањнкунандаи воњиди умумии забон гашта, аз тариќи маориф он татбиќ мешуд ва наќши таќвиятдињандаро дар дурнамо бозї мекард. Ќудрати сиёсї манфиатдор аз он аст, ки омили асосии суботу устувориаш (ин љо шањрвандон дар назар њастанд) дар доираи њуввияти ягона ташаккул ва рушд намояд. Дар ин љода матбуот як абзори муњими устувории давлат шуморида мешавад, ки њамзамон назарияњои абстрактиро аз шакли тахайюл ба воќеият табдил медињад.

бон муњимтарин бахши њуввияти миллатро ташаккул медињад, ки ба воситаи он миллат ботини худро ба љањониён намоиш медињад. Агар мо наќши матбуотро дар раванди миллатсозї баррасї кунем, маълум мешавад, ки он яке аз абзорњои ташаккулдињандаи миллат будааст, зеро бо истифода аз имконоти дохилии худ тавонистааст умумиятро дар байни намояндагони як миллат ба вуљуд биёрад ва онњоро ба таври мунтазам ба њамзистиву ягонагї даъват намояд. Аз тарафи дигар, рушди матбуот бевосита ба рушди забон пайвастагї дорад, зеро ба кор бурдани истилоњњои нав аз матбуот оѓоз гардида, дар байни соњибони забон пањн мегардад. Аз ин рў, имрўз аксарияти миллатњои мављуда забони чопии худро доранд ва онњо дар њудуди давлат умумиянд, зеро намояндагони ин миллат бо ин забон ташаккул ёфтаанд. Агар мо дар бораи тезиси Э. Ренан оид ба ватанпарастї њамчун яке аз нишонањои миллат зикр кунем, пас маълум мешавад, ки матбуот дар ин љода низ пешсаф аст. Зеро бо истифода аз зарфияти худ ин эњсосотро дар шањрвандон ба вуљуд меоварад ва барои устувор гаштанаш дар њавзаи густаришаш мусоидат менамояд.

Якум, замони давлати сулолавї ё мустамлика будани он. Дар чунин шароит матбуот, чуноне ки дар боло ќайд кардем, бо забонсозї ва њуввиятсозии худ зарурати соњибихтиёр ва соњибистиќлол будани миллатро ба миён мегузорад. Гарчанде миллат вуљуд надошта бошад њам, ѓояи мустаќил будани он аз худаш пештар пайдо мегардад, ки онро мо дар мисоли таърихи сиёсии Аврупо ва мустамликањои он дида метавонем. Дар ин замина миллатхоњї ва давлатдории миллї њамчун ормонњое зоњир мегарданд, ки барои муттањид намудани табаќањои гуногун мусоидат менамоянд. Дар натиља аксарияти ањолї љонибдори ѓояњои мазкур гардида, барои ба даст овардани истиќлолият ё ин ки ба љумњурият табдил ёфтани давлати худ муборизаро оѓоз менамоянд. Дар њар ду њолат мардум ба шањрванди комил табдил мешаванд ва дар натиља миллат њамчун падидаи сиёсї ба вуљуд меояд.

МАТБУОТ ВА МИЛЛАТСОЗЇ

Аз матбуот ва расонањои хабарї дар давлатдории миллї чї гуна метавон истифода кард?

ЊУВВИЯТСОЗИИ МАТБУОТ Наќши дигари матбуотро метавон њуввиятсозї ном бурд, ки ба забонсозї алоќаи ќавї дорад. Зеро баробари ба вуљуд овардани забони умумї, њуввияти умумї низ пайдо мегардад, ки ба устувории машрўъияти ќудрат таъсиргузор аст. Дар ин љода ба андешаи Б. Андерсон капитализми чопї дар раванди забонсозї дар Аврупо худшиносии миллиро бо се тарзи гуногун ба вуљуд овард: Якум, забонњои чопї бунёди заминаи воњиди иртиботиро ба вуљуд оварданд, ки аз забони гуфтугўї боло ва аз забони лотинї поён буд. Мардумоне, ки бо лањљањои гуногуни забонњои инглисї, испанї ва фаронсавї њарф мезаданд, якдигарро бо ин гўишњо намефањмиданд ва ба воситаи забони чопї андешаи якдигарро дарк мекарданд. Дар натиља, одамон мављуд будани њазорњо ва миллионњо соњибони њавзаи забони худро дарк намуданд ва мањз бо пайвасти чоп, ин хусусияти њам айнулаён ва њам диданашаванда шуда, љомеаи миллии тахайюлшавандаро ба вуљуд овард; Дуюм, сармоядории чопї ба забон устувории навро бахшид, ки дар дурнамои дарозмўњлат имконияти ба вуљуд овардани хусусияти ќадимаи онро дошт, ки љойгоњи муњимро дар тахайюлоти зењнии миллат бозї мекунад; Сеюм, сармоядории чопї чунин забонњои ќудратро ба вуљуд овард, ки аз диди шакл аз забонњои пешини маъмурии мањаллї фарќ мекарданд. Барои њар як забони чопї баъзе аз лањљањо бегона буд ва дар натиљаи омехташавї, ин гўишњо хусусияти пешинаи худро аз даст доданд ва ба забони содда табдил ёфтанд. Дар натиља, умумї гаштани забон дар њавзаи соњибони он ба вуљуд омад, зеро за-

ШЕРАЛЇ РИЗОЁН, СИЁСАТШИНОС,

МАТБУОТ ВА ЃОЯЊОИ МИЛЛАТХОЊЇ. ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛЇ Зарфияти дигари матбуот дар ба вуљуд овардан, ташвиќ ва устувор намудани андешањои миллатхоњї ва давлатдории миллї зоњир мегардад. Заминаи амалигардии ин рисолатро мо дар низоми тањаввули муносибатњои байналхалќї мебинем, ки ба пайдо шудани давлатњои нави миллї дар саросари дунё сабаб мегардад. Дар натиља давлати миллї аз њавзаи Аврупо берун гашта, ба падидаи умумиљањонї мубаддал мешавад. Бо истифода аз имконоти мављуда, ки дар замони моделњои гуногуни миллатгарої дар Аврупо ва ќитъаи Амрико ба вуљуд омада буд, давлатњои нави миллї ба абзори устуворкунанда рўй меоваранд, ки яке аз онњо матбуот мебошад. Дар натиља ѓояњои миллатхоњї ва давлатдории миллї тариќи матбуот пањн мешуд ва барои ба вуљуд овардани умумияти миллат истифода мегашт. Имрўз дар саросари љањон матбуот чунин рисолатро иљро мекунад, зеро барои баланд бардоштани њисси ватанпарастии шањрвандон заминаи мусоидро фароњам меорад. Бояд зикр кунем, ки вобаста ба назарияњои мављудаи миллат, миллатгарої ва давлатдории миллї дар баробари абзорњои дигар ѓояњои миллатхоњї ва давлатдории миллї дар се замина ба воситаи матбуот пањн мегарданд:

Дуюм, дањсолањои аввали ба даст овардани соњибихтиёрї ва истиќлоляити сиёсї. Наќши матбуот дар дањсолаи аввали соњибихтиёрї, пеш аз њама, дар заминаи нав матрањ намудани ѓояњои миллатхоњї ва давлатдории миллї зоњир мегардад. Зеро дар раванди ташаккул ва устуворгардии низоми сиёсии давлат баррасии масъалањое, ки усулан бунёдї њастанд, таќозо менамоянд, то дар он аксарияти соњибфикрон ширкат варзанд. Барои њамин матбуот майдони фарохеро барои бањс ба вуљуд меорад, ки њар соњибфикр андешаи худро перомуни ояндаи давлатдорї баён намояд. Мушкилии асосии заминаи мазкур аз он иборат аст, ки бо вуљуди муайян нагаштани ќоидаи бозї, иштирокдороне њастанд, ки зери пўшиши ѓояњои миллатхоњї ва давлатдории миллї бо популизми сиёсї машѓул мешаванд, ки он дар натиља бањсро печидатар намуда, дарёфти роњи дурусти масъала мушкил мегардонад. Амалњои манфитаљўёнаи гуруњњои људогона ба он оварда мерасонад, ки боварї ба давлатдории миллї дар байни ањолї коњиш ёфта, њамчун ѓояи дастнорас (бо печида шудани масъала) шинохта мешавад. Дар ин љода зарфияти дигари матбуот ба кор медорояд ва барои ташаккул додани ягонагии сиёсии шањрвандон кўшиш ба харљ дода мешавад. Онро шартан сармояи иљтимоии матбуот номидан мумкин аст, ки дар њолати зарурї барои рафъи нофањмињо ва ягонагии аќидавї дар бунёди давлатдории миллї хурўљ менамояд. Дар замони мазкур усту-

рањои зиёде пайдо мешаванд, ки аслан заминаи воќеї надоранд, вале аксарият онро њамчун воќеияти гузашта ќабул мекунанд. Чунин шароит бештар дар давлатњои пасоистеъморї дида мешавад. Љомеањои давлатњои пасоистеъморї низ дар љустуљўи табаќањои нухбаи худ мегарданд ва барои кашфи ќадимияти миллати худ ба бознависї ва эљоди таърих шурўъ менамоянд. Дар натиљаи устуворгардии давлатдорї ин масъалањо худ аз худ њалли худро ёфта, дар заминаи фарњанге, ки давлат барои миллат пешнињод менамояд, умумияти шањрвандон ба вуљуд оварда мешавад ва дар ин самт аксарият кї будани худро фаромўш мекунанд (Э. Ренан) ва њуввияти худро аз давлат ва миллати сиёсї медонанд. Дар њалли масъалаи мазкур матбуот бо тахайюли умумияти фарњангї, аниќтараш бо кашфи ќабатњои маънавї миллатро ба вуљуд меоварад, ки дар натиља миллат аз назари фарњанг воњид мегардад. Сеюм, устувории давлат ва ба вуљуд овардани этатизм (миллатгароии шањрвандї). Бо муайян гаштани ќоидаи бозии равандњои дохилии сиёсї дар давлат наќши матбуот баробари абзорњои дигар татбиќкунандаи сиёсати давлатї ва тахайюлкунандаи миллат ба самти ташаккули этатизм равона мегардад, ки дар натиља новобаста аз нажод, забон, дин ва дигар омилњои фарќкунанда, умумияти ањолї дар асоси давлат шакл мегирад. Аксарият бо пазируфтани худ њамчун намояндаи ин миллат аз дастгирињои иљтимоиву иќтисодии давлат бархўрдор мегарданд ва зери њимояи давлат ба њаёти осоишта мерасанд. Этатизм ба ташаккули синфи миёна дар давлат мусоидат мекунад ва мањз он заминаи устувори суботу амният дар давлат мегардад. Этатизм имконият медињад, ки матбуот фаротар аз марзњои худ рафта, шањрвандонро њамчун унсури фаъоли љомеа муаррифї кунад. Дар заминаи матбуот ва дигар абзорњои иштироки шањрвандон дар сиёсат љомеа барои њифзи умумияти худ ва ба таври мунтазам табдил шуданаш њамчун омили муњимми устуворї ва суботу амнияти давлат побарљо мешавад. Хулоса, матбуот дар миллатсозї яке аз унсурњои муњим аст, зеро матбуот ба гурўњи мушаххаси љамъиятї равона гардадааст, ки дар як фазои фарњангию боварї зиндагї доранд ва саодати худро дар рушди љомеа ва давлати худ мебинанд.


НИГОЊИ МАРДУМЇ ?-И НОБОБ - Шањрванде, агар аз њамсоя ё ягон дўсту рафиќаш дар Русия 6 њазор рубли русї ќарз гирифта бошад, ќарзро масалан њангоми вохўрдан дар Ватан дар назди бозор (Бозори марказии шањри Исфара) ба шахси ќарздињанда баргардонад, оё ин амал љиноят дониста мешавад ва шахси ќарзсупоранда ба љазои маъмурї кашонида мешавад? Агар ба љазои маъмурї кашонида шавад, мувофиќи ќонун маблаѓи љарима чанд нишондодро барои њисобњо дар бар мегирад? Насимљон АКРАМОВ, сокини шањри Исфара - Ќабл аз њама, ќайд кардан зарур аст, ки тибќи моддаи 155-и Кодекси граждании Љумњурии Тољикистон дар ќаламрави мамлакат пули миллии Тољикистон воситаи ќонунии пардохт ба шумор меравад ва њамаи њисоббаробаркунињо бо пули миллї сурат мегиранд. Мувофиќи моддаи 541-и Кодекси њуќуќвайронкунии маъмурии Љумњурии Тољикистон дар тањрири нав, барои муомилоти ѓайриќонунї бо асъор шахсони воќеї ба андозаи аз 50 то 100 нишондињанда барои њисобњо (2000 -4000 сомонї), шахсони мансабдор аз 100 то 200 нишондињанда барои њисобњо (4000-8000 сомонї) шахсони њуќуќї аз 300 то 600 нишондињанда барои њисобњо (12000 -24000 сомонї) бо мусодираи ашёи њуќуќвайрокунии маъмурї љарима мешаванд. Тибќи таѓйироти ба ќисми якуми моддаи 286 -и Кодекси љиноятии Љумњурии Тољикистон вориднамуда бошад, нисбати шахсоне, ки баъди супоридани љаримаи маъмурї маротибаи дуюм даст ба мубодилаи ѓайриќонунии асъори хориљї мезананд, љарима ба андозаи аз 200 то 365 нишондињанда барои њисобњо ё мањрум сохтан аз озодї ба

“НИГОЊ”, ЧОРШАНБЕ №50 (483), 16. 03. 2016

15

МАН ЌАБУЛ НАДОРАМ! муњлати ду сол, дар ќисми дуюми моддаи мазкур љарима ба андозаи аз 730 то 1095 нишондињанда барои њисобњо ё мањрум сохтан аз озодї аз чор то шаш сол пешбинї гардидааст. Инчунин, агар кирдори пешбиникардаи ќисми дуюми модда такроран аз љониби гуруњи шахсон бо маслињати пешакї ба миќдори калон содир шуда бошад, љарима ба андозаи аз 1277 то 1642 нишондињанда барои њисобњо ё мањрум сохтан аз озодї ба муњлати аз 7 то 9 сол пешбинї мешавад. Ин таѓйирот аз аз љониби намояндагони Маљлиси намояндагон ќабул гардида, баъди љонибдорї ёфтан аз сўи аъзои Маљлиси миллї ва имзои Президенти љумњурї эътибори ќонунї гирифта, мавриди амал ќарор мегиранд. Тибќи моддаи 340-и Кодекси граждании Љумњурии Тољикистон истифодаи асъори хориљї, инчунин њуљљати пардохт бо асъори хориљї њангоми анљом додани њисоббаробаркунї дар ќаламрави Љумњурии Тољикистон мутобиќи уњдадорињо мувофиќи њолат, тартиб ва шартњои муайяннамудаи ќонун иљозат дода мешавад. Уњдадории пулї бояд бо пули миллї ифода ва пардохт карда шавад. Ба суоли шумо аз Маркази матбуотии Бонки миллии Тољикистон посух доданд.

Соли равон Маркази миллии тестии назди Президент нархи хизматрасониаш барои довталабонро боз њам боло бурд. Ин кор ба фикри ман нодуруст аст. Чунки вазъи молии мардум дар замони буњрони молиявї он ќадар хуб нест, боз болои ин Маркази миллии тестї нархномаашро баланд мебарад. Њоло ман барои фарзандам бояд 200 сомон пардохт кунам. Соли аввал мо њамагї 150 сомонї месупоридем. Инчунин Маркази миллии тестї барои довталабон аз оилањои камбизоат ягон имтиёз надодааст. Барои ятимон имтиёз њаст дар супоридани маблаѓ аммо барои камбизоатон нест.Барои њамин ман баланд кардани нархи хизматрасонии Маркази миллии тестиро ќабул надорам. Усмон АМИНОВ, ноњияи Ѓончї

?-И НОБОБ

МАСЛИЊАТИ МУФИД

Њамасола дар љашни Наврўз 4-5 рўз истироњат медоданд. Шунидам, ки имсол дар љашни Наврўз коргарон истироњат намекунанд? Аслиддини ШАРОФИДДИН, сокини ноњияи Ёвон

Барои як тољики раќобатпазир хондани кадом китобњо зарур аст? Тавсияњо аз Сафар Абдуллоњ, донишманди тољик. "Ёддоштњо"-и устод Айнї, "Тољикон"-и Бобољон Ѓафуров, "Фарёди бефарёдрас"-и устод Лоиќ Шералї. "Шоњнома"-и Фирдавсї, "Таърихи Байњаќї", "Гулистон" ва "Бўстон"и Саъдї, "Хамса"-и Низомии Ганљавї, "Девон"-и Њофиз, "Маснавии Маънавї"-и Љалоллиддини Балхї.

Чун солњои гузашта имсол низ дар љашни Наврўз ањолии кишвар 4 рўз (21,22,23 ва 24-уми март) истироњат хоњанд кард. Дар умум дар моњи март тољикистонињо 13 рўз истироњат хоњанд дошт. Ба суоли шумо аз Федератсияи мустаќили иттифоќњои касабаи Тољикистон посух доданд.

БА ЉОИ 09 Дар ваќти зарурат шумо метавонед ба Вазорати тандурустї ва њифзи иљтимоии ањолии Љумњурии Тољикистон занг занед Вазир: Нусратулло Салимзода 221-18-35 Муовини аввал: Саида Умарзода 221-06-73 Муовин: Наврўз Љаъфаров 221-04-63 Муовин: Насим Олимов 221-41-08 Шўъбаи умумии Вазорат: 221-12-48 Маркази матбуот (44) 600-60-02 ТАЪЗИЯ Њайати эљодии "Нигоњ" аз даргузашти бармањали ќиблагоњии журналисти маъруф Моњсафари Яњё изњори њамдардї намуда, аз Худованди бузург барои падари арљманд фирдавси барин ва ба бозмондагонаш сабри љамил хоњонанд. Мо аз Худоем ва ба сўйи Ў бозмегардем!


ХЕЛЕ ГАРОН

“НИГОЊ”, ЧОРШАНБЕ №50 (483), 16. 03. 2016

ОНЊОРО БОЯД ШИНОХТ

Ортиќи Ќодир:

"ТЕАТР БАРОИ ЊАМАГОН НЕСТ!"

Ортиќи Ќодир 14-уми марти соли 1956 (дар њуљљатњои расмї иштибоњан соли 1957 сабт гардидааст) дар дењаи Нилўи ноњияи Њисор таваллуд шудааст. Соли 1957 дар мактаби миёнаи № 50-и дења ба тањсил фаро гирифта шуда, соли 1974 баъди хатми мактаби мазкур ба Донишкадаи давлатии санъати ба номи устод Мирзо Турсунзода, ба Шўъбаи актёрии факултаи иљрокунандагї дохил мешавад. Солњои тањсил бо 3 нишони фахрии "Барои хониши аъло"-и Иттифоќи љавонони Иттињоди Шўравї сазовор дониста шудааст. Соли 1977 ѓолиби Озмуни умумииттифоќии ровиён ба номи Владимир Яхонтев байни донишљўёни донишкадањои олии санъати ИЉШС ва мамолики сотсиалистї (бо ибтикори КМ ВЛКСМ ва ВТО - Љамъияти умумииттифоќии театрї) дар шањри Ленинград (њоло Санкт-Петербург) мегардад. Солњои донишљўї бо њидояти Комсомоли Тољикистон дар њайати консертии донишкада ва намояндаи КМ комсомол ба ноњияњои собиќ вилояти Ќўрѓонтеппа ба сифати баранда, ровї ва њунарпеша (иљрокундаи наќш дар сањначањои хурди њаљвї) (с.1975) ва соли 1976 дар њайати њунармандони театри ба номи А.Лоњутї дар вилояти Бухорои ЉШС Ўзбакистон ба њайси барандаи консерт ва ровї ба сафари њунарї мебарояд. Аввалин њунарнамоии ў дар телевизион ва радиои тољик аз солњои донишљўияш (1975) оѓоз ёфтааст. Соли 1978 бо роњхати Вазорати фарњанг (ва дархости маъмурияти театр) ба Театри давлатии академї-драмавии ба номи Абулќосим Лоњутї ба кор даъват мешавад. Дар тўли фаъолияти хеш Ортиќи Ќодир дар соњаи театр дањњо наќшњои хурду калон офаридааст, ки намунаи онњо: Шањзода - "Кўзаи гўё"-и А. Абўбакар, Наим - "Ибтидо"-и Ато Њамдам, шоњ "Бахтатро бедор кун"-и Н. Баќозода, вазир - "Саргузашти Ту Ту", вазири мушон - "Ќиссаи аљибу ѓариб"-и Т. Ањмадхонов, Лоњутї - " Ќиёми Лоњутї"-и А. Атобоев, Њомид - "Раъно"-и Н. Исломов ва Ф. Ќосимов, Давлатов - "Љияни хира"-и Ш. Солењ, Обидљон - "Тахти Султонмањмуд"-и Ш. Солењ, Хоља Њофиз "Кабки ќафас"-и Т. Зулфиќоров, Рўдакї - " Рўдакї"-и С. Улуѓзода ва ѓайрањо. Аз соли 1991 то 1995 дар симати актёри Театри навтаъсиси намунавии миниатюрии "Оина"-и идораи фарњанги шањри Душанбе кор кардааст. Аз соли 1996 то 2001 муовини сардабири њафтаномаи "Чархи гардун" буд. Аз соли 1996 узви Иттифоќи журналистони Тољикистон аст. Барандаи Љоизаи Иттифоќи љавонони Тољикистон (соли 1992), Аълочии матбуоти Тољикистон (соли 2013), Њунарпешаи шоистаи Тољикистон (с.1999) ва Њунарпешаи мардумии Тољикистон (с. 2009) мебошад. Дар бораи театри солњои ахир, ў дар яке аз суњбатњои ахири худ чунин андешаронї карда буд: "Албатта, маро дастовардњои Барзу Абдураззоќов чї дар Тољикистон ва чї хориљ хурсанд мекунад. Аловиддин Абдуллоев аз театри Ќурѓонтеппа њунари бисёр баланд дорад

ва яке аз бењтарин њаљвнигорон аст, ки дар худаш аслан њунарро гиромї медорад. Ќурбони Собир, Хуршед Мустафоев, Раљаб Њусейнов ва бисёр њунармандонеро метавон номбар кард, ки дастовардњои бисёр баланди њунарї доранд. Тўли солњои охир театри тољик чандин бор дар фестивалњои байналмиллалї иштирок кард. Дар театри маъруфи "Ањорун" њанўз њам таъсири њунару истеъдоди нотакрори Фаррухи Ќосим дида мешавад ва Сабоњатхон ин пайрањаро идома медињад. Бо вуљуди њамаи ин, инсон ин чизњоро мушоњида карда, хаста мешавад, ки муњити мо муњити театрї нест, мардуми бештар ба њамон њунарњои кўчагиву рањзанї таваљљуњ доранд. Боз агар бархе ситорањои "гумном" консерте гузорад, бо маблаѓњои калон чипта дастрас мекунанд, аммо чиптаи намоишњои театри академикї барои калонсолон 10 сомонї аст. Дар њоле, ки барои тањияи як намоиш чї ќадар зањмату чї ќадар нерў сарф мешавад, вале мардум баъзан дар канор мемонанд. Борњо ба ањли худи эљод, шоиру нависандагон, рўзноманигорон даъватномањо медињї, ки ба намоиш оянд, аммо… Охир театр барои њамагон нест, театр љойи хосон аст, ба театр бояд зиёиёни пешќадам биёянд. Баъзан аз телевизион журналистон ба ман занг зада мегўянд, ки мо мехоњем бо шумо дар бораи театр суњбат кунем. Ман мепурсам, ки охирон намоиши тамошокардаи шумо кадом аст, љавоб медињад, ки ман намоишеро надидаам. Ман њайрон мешавам, ки ў чї гуна бо ман дар бораи театр суњбат мекунад?" "Нигоњ" хунарманди машњур ва яке аз муаллифон ва хонандаи доимии худро бо љашни 60 - солагии зодрўз муборакбод намуда, орзу дорад, ки Худованд он касро ба бењтарин орзуњояш бирасонад!

МУАССИС: Созмони љамъиятии «ИНДЕМ» («Информатика барои демократия ва рушди миллї»).

Шўъбаи иттилоот ва сиёсат тел: 600 80 38 Шўъбаи тањќиќот ва тањлил тел: 600 80 38 Шўъбаи иљтимоъ ва иќтисод тел: 600 80 39 Шўъбаи реклом ва огоњиномањо тел: 98 560 86 85

- Мо, ки ба кисаи Шумо коре надорем, таъсирамон њам ба он мусбат аст, аммо чаро Шумову раисатон даст ба кисаи мову муњољирон мезанед?! Исматулло ШОДИЕВ , роњбари Маркази барномањои байналмилалии Вазорати маориф: -Президент Эмомалї Рањмон дар паёми солонааш гуфта буд, ки танњо Донишгоњи давлатии тиббии Тољикистон аз ўњдаи таъмини кишвар бо кадрњои тибб намебарояд ва њоло ќариб 6 њазор табиб намерасад. Аз ин хотир Русия имсол бо дархости Вазорати маориф ва илм барои шањрвандони Тољикистон бурсияњоро дар ихтисосњои тиббро бештар кард. - Аљаб сиёсати хирадмандона: аз чанд нафар зиёд шудани донишљўёни риштаи тибб дар Русия изњори хурсандї мекунеду аз ин ки чаро њазорон табиби пуртаљриба ба Русия муњољир шудаанд, хомўшед?!

- Бењтараш пурсон шавед, ки чаро мардум хонахез хориља рафтан доранд? Кї ва чї тавр онњоро ба њоле расондааст, ки ба як кишвари бегонаи љангзада рафтанро аз дар Ватан будан авлотар медонанд?

Банда ќариб, ки аксари шуморањои њафтаномаи Нигоњ-ро мутолиа мекунам ва газета барои ман писанд аст. Яке аз хусусиятњои хуби Нигоњ ин аст, ки аз њаёти мардум зиёд менависад ва мардумї аст. Вале баъзан факту далелњои тасдињношуда ба сањифањои њафтанома роњ меёбанд. Барои њамин, агар ба њамин чиз ањамият дињад, дигар газета ягон камбудї надорад.

nigoh_tj@inbox.ru

Љамолиддин НУРАЛИЕВ, муовини авввали раиси Бонки миллии Тољикистон: -Низоми бонкї чунин низомест, ки ба кисаи њар шахс таъсир мерасонад, новобаста аз шаклњои мухталифи асъор. Ба касе пўшида нест, маблаѓњое, ки ворид мешаванд, аз муњољирон аст ва бо асъори хориљї пардохт мешаванд.

Муњаммадризо ХАЛИФАЗОДА, сухангўи Прокурори генералии Тољикистон: -Дар навоњї ва шањрњо љавононе њастанд, ки мехоњанд њамроњи зану фарзандони худ ба Русия раванд ва масъулони љамоат дар мањалњо ва шўъбањои корњои дохилї муваззаф шуданд, ки ба таври фаврї ва бидуни сарусадо, бо онњо сўњбат анљом дињанд ва даќиќ кунанд, ки сафари хонаводагї чї њадафро думбол мекунад. Зеро бисёр љавононе, ки ба Сурия рафтанд, бо бањонаи муњољирати корї озими Русия шуданд ва аз онљо бо таблиѓи миёнаравњо, ба Сурия рафтаанд.

НАШРИЯИ МАРДУМЇ АСТ!

Котиби масъул: Абўалї НЕКРЎЗОВ

- "Э, забон булбул!"- мегўянд хелењо, аммо фоида надорад.

- Бо Исроил дустї карда, барои 9 яњудї дар Душанбе масљид сохта.

Сайидамир ЗУЊУРОВ, генерали мустаъфї:

Њафтанома дар Вазорати фарњанги Љумњурии Тољикистон ба ќайд гирифта шудааст.

Дейвид КАЙЕ, гузоришгари вижаи Созмони Милали Муттањид оид ба озодии андеша ва баён: - Ман тавсия додам, ки раъйпурсии 22 май баргузор нашавад. Зеро ба эњтимоли зиёд ин маърака бидуни бањсу баррасии озод сурат мегирад ва њукуматдорони тољик дар баргузории ин раъйпурсї њадафњои худро доранд. Аз љумла ироаи њаќќи бемањдуд барои пешнињоди номзадї ба раисиљумњури Тољикистон хилофи меъёрњои демократист.

Сирољиддин АСЛОВ, вазири корњои хориљии Тољикистон: -Мо аз талошњои роњбарият ва мардуми Фаластин љињати ноилшавї ба эътирофи байналмилалї пуштибонї мекунем.

52 СИФАТИ "НИГОЊ"

Муњаррир: Абдуазим Љўраев

МАНГАР, КИ КЇ МЕГЎЯД...

16

Аскар ЊАКИМ, Шоири халќии Тољикистон: -Бубинед, як мулло мадарасањои динии замонавиро хатм карда, рафта дар дења чун асри 10 курпачаву болишт монда, бачањоро дарс медињад. Ин дар кадом ќолаб меѓунљад? - Мехоњед, рафта рўи курсї пушти миз шишта, бо бачањо садтагї араќ нўшанд?! Аммо баъд: шумову падаратон замони мактабхонї дар хона мизу курсї доштед?

Дар њафтанома матолибе низ ба нашр мерасанд, ки бо мавќеи идораи он муѓойират доранд. Дар шумора аз аксњое њам аз Шабакаи љањонии Интернет истифода шудааст. Матолиби хусусияти таблиѓотидошта ® метавонанд танњо бо пардохти муайян дар њафтаномаи «Нигоњ» нашр шаванд. Барои дар дигар нашрияњо пурра ё ќисман чоп кардани матолиб ва иќтибосњо аз «Нигоњ» иљозаи хаттии идора ва нишон додани сарчашма дар шакли «аз њафтаномаи «Нигоњ» №_ аз санаи _» њатмист. Њуќуќи муаллифии кулли матлабњои шумора ба идораи њафтаномаи «Нигоњ» ва СЉ «ИНДЕМ» тааллуќ дошта, тибќи ќонунгузории љории Тољикистон ва байналмилалї њифз карда мешаванд. Дар њолати наќзи "Меъёрњои ахлоќии фаъолияти журналистї дар Тољикистон" аз љониби нашрияи мо, бо арзу шикоят метавонед ба Шўрои воситањои ахбори оммаи Љумњурии Тољикистон (Шўрои ВАО - и ЉТ) мурољиат намоед.

Ќимати рўзнома дар фурўши чакана на беш аз 2,5 сомонї Њафтанома дар нашриёти «Мега-принт» чоп мешавад. Ќимати обуна барои як сол - 96 сомонї. Индекси обуна: 68990 НИШОНИИ ИДОРА: Љумњурии Тољикистон, шањри Душанбе, кўчаи Лоиќ Шералї, хонаи 77. Телефон: (44) 600 80 38, 224 25 09


Turn static files into dynamic content formats.

Create a flipbook
Issuu converts static files into: digital portfolios, online yearbooks, online catalogs, digital photo albums and more. Sign up and create your flipbook.