Нигох №51 (433). Чоршанбе, 18-уми марти соли 2015

Page 1

НАВРЎЗ ХУЉАСТА БОД, ЊАМДИЁРОНИ АЗИЗ!

“НИГОЊ”, ЧОРШАНБЕ №51 (433), 18. 03. 2015

1

№51 (433). Чоршанбе, 18-уми марти соли 2015

e-mail: nigoh_tj@inbox.ru

www.facebook.com/nigohtj

НАВРЎЗ БО ШОИРОН

Гул мешукуфад, ин дањани кист? Кї донад? САЊИФАИ 12

ЊУКУМАТ ВА МО

Интизорињо аз Рустами Эмомалї САЊИФАИ 3

СУЊБАТИ РЎЗ

Аз марги дўст ба андуњ нишастаам САЊИФАИ 7

ПУРБИНИ «НИГОЊ»

Њазлњои наврўзї САЊИФАИ 16

ЧЕЊРАЊОИ СОЛ


2

АЗ НАВРЎЗ ТО НАВРЎЗ

“НИГОЊ”, ЧОРШАНБЕ №51 (433), 18. 03. 2015

ЧЕЊРАЊОИ СОЛ "Нигоњ" аз рўи анъанае, ки дорад, дар охири њар сол ва дар арафаи соли нави хуршедї чењрањои мардумиро эълон медорад. Интихоби чењрањо интихоби 15 сармуњаррири ВАО-и Тољикистон бо шумули њукумативу мустаќил аст, ки њоло пешкаши хонандагони мо мешавад.

"СИЁСАТМАДОРИ СОЛ" Суњроб Шарифов

ри буњрони иќтисодие, ки Тољикистонро гиребонгир шудааст, кўшиш намуд, ки роњњои бурунрафтро пешнињод созад. Ў аз љумла хоста буд, ки блоки иќтисодии њукумати Тољикистон ба истеъфо равад, зеро бо ин роњбарияте, ки иќтисод дорад, наметавон буњронро пушти сар кард. "БОНКИРИ СОЛ" Њасан Асадуллозода

Агарчи дари матбуот ба рўи Њољї Мирзо баста набуду ў аз рўзноманигорон дурї мељўст, тањаввулоти ахир дар љањони ислом ўро намегузоранд, ки танњо ба тоату ибодати худ машѓул бошад. Сармуњаррирон ба аксари райъ ўро мардумитарин руњонии сол донистанд. Суњбати ахири ў бо Абухолиди Кўлобї, ё Нусрат Назаров, аз размандагони "Давлати исломї" собит мекунад, ки Њољї Мирзо њамоно дар назари худиву бегонањо шахси муњим аст ва аз мавќеи ў бархе тањаввулотњо вобастаанд.

њимтарин бозигарони майдони матбуоти Тољикистонро мечархонанд. Мавсуф њоло дар радиои "Озодї" кор мекунад ва аз донандагони хуби шевањои истифодаи расонањо аз имконоти шабакањои иљтимої шинохта мешавад. "АДВОКАТИ СОЛ" Шуњрат Ќудратов

"ОЛИМИ СОЛ" Мирзосаид Султонов

Рањматї ягона чењраи хабарсози Њизби халќии демократии Тољикистон буд, ки бо озодандешї ва ростгўї шуњрат дошт. Назарашро на ба манфиати як гуруњ ё њизб, балки манофеи миллии Тољикистон баён мекард. Аз сиёсатмадорони насли нав буд, ки фазои сиёсии кишвар њузури чашмрас дошт. Сўњроб Шарифов, собиќ раиси Маркази тањќиќоти стратегии назди президент ва вакили Маљлиси намояндагони Тољикистон 19-уми январи соли љорї бар асари беморї аз олам даргузашт. Аксар бар инанд, ки љои ў холї шудаву касе монанди ў нест. "ИЌТИСОДЧИИ СОЛ" Њољимуњаммад Умаров

Њасан Асадуллозода, раиси "Ориёнбонк" ва додарарўси Президенти Тољикистон соли гузашта як шахси расонаї набуд, аммо бонке, ки идора мекунад, имсол њам маќоми пешгомї дар миёни дањњо бонку ташкилотњои молиявиро нигоњ дошт. Маъруфтарин тарњи Асадуллозода дар соли сипаришуда "Тахти Наврўз" буд, ки бо баргузории љаласаи ШОС дар саросари олам аз он ёд карданд . Ин бинои хуштарњ ба зудї ифтихори Тољикистон гашт. Аз тарњњои дигари зери назорати ў Бинои масљиди љомеъ барои 100 њазор намозгузор мебошад, ки бунёдаш идома дорад. "Ориёнбонк" зери роњбарии ў њамоно бузургтарин ташкилоти молиявии кишвар буда, нуфузи худи ў низ дар олами сармогузорї рў ба афзоиш аст. "РУЊОНИИ СОЛ" Њољї Мирзо

Чанд бор аст, ки ў бењтарин иќтисоддони Тољикистон унвон мешавад. Ин бењуда нест, зеро 20 соли ахир ягона иќтисоддонест, ки дар мавзуњои доѓ пешнињодњои шахсиашро бештар аз дигар иќтисодонњо Нозим Ишонќулов, Собир Ќурбонов, Табаралї Ѓаниев ва дигарон расонаї мекунад. Ин њам дар њоле, ки баъзењо ўро назарияпардоз медонанду бо хеле аз бањогузорињояш розї нестанд. Имсол дар бароба-

Олими 35-солаи тољик дар Љопон унвони профеcсориро гирифт. Дар Љопон профессор шудан осон нест. Он њам дар соњаи иќтисод ва Љопон яке аз иќтисодњои пешрафтаи љањон аст. Мирзосаид Султонов профессори пайвастаи Донишгоњи Тоњоку Коеки дар шањри Сакатаи Љопон таъин шуд. Ўро устоди риштаи иќтисод эътироф карданд.

Ў агар "гуноњ" - ашро ба гардан мегирифт, авф мешуд, њоло озод буд, аммо нагирифт, чун худро муљрим намењисобид. Пирўз њам наомад, њам нашикаст. Суди шањри Душанбе моњи январи соли љорї Шўњрат Ќудратовро ба нўњ соли зиндон мањкум кард. Аммо Суди олї рўзи 3-юми март ин њукмро то 3 солу 8 моњ поин овард. Ќудратов дар назарпурсии сардабирони расонањои њукумативу мустаќил 12 райъ ба даст овардааст, ки худ баёнгўи вазъи њол аст. "ОППОЗИТСИОНЕРИ СОЛ" Умаралї Ќувватов

"ЖУРНАЛИСТИ СОЛ" Каюмарси Ато Каюмарси Ато, журналисти љавон собиќ сардабири сомонаи "Озодагон", тайи як муддати кутоњ тавонист як гуруњеро ба вуљуд орад, ки њоло яке аз му-

Рањбари "Гуруњи 24", мухолифи сарсахти Њукумати Тољикистон, 5-уми март дар шањри Истамбули Туркия кушта шуд. Инро амали террористї унвон карданд. Иљрогарон маълуманд, аммо фармоишгар маълум нест. Умаралї


АЗ НАВРЎЗ ТО НАВРЎЗ Ќувватов танњо мухолифи њукумати Тољикистон дар дањ соли ахир аст, ки дар айни мубориза ва дар роњ ба маќсад кушта шуд. "СОЊИБКОРИ СОЛ" Санавбар Абдуллоева

старини алюминиум дар бозори љањонї ва фишорњои иттилоотии њадафмандона аз дохилу хориљ хеле зиёд буданд. Ў тавонист ба бањси 7сола бо "Русал" ва олигархи рус Олег Дерипаска хотима гузошта, рискњои сиёсиро дар муносибатњои Тољикистону Русия паст барад. Бо талошњои ў КВД "ТАЛКО" ягона ширкати давлатї дар Тољикистон гашт, ки дар он низоми идории корпоративї љавобгўй ба сертификатии аврупоии ISO 9001 љорї шуда, аудити байналхалќии ин ширкати давлатї пайваста дар сомона пахш шуд.

Ў варзишкорест, ки солњо боз барои Тољикистон медалу ифтихорот меорад. Ў пирўз меояд ва гимни Тољикистон дар њар кишваре набошад, садо медињад. Боре аз ватандўстї лоф назадааст, аммо ўро борњо ба кишварњои хориљ даъват намуданду ў ќабул накард. Дилшод Назаров дарвоќеъ ифтихори Тољикистон аст.

“НИГОЊ”, ЧОРШАНБЕ №51 (433), 18. 03. 2015

3

дуни бањс, бузург аст. Ин, ки миллат ва низом то куљо ба њамчунин њунармандон ниёз дорад, аз он вобаста аст, ки ба Аловуддин Абдуллоев чї гуна муносибат мекунад. Сардабирони ВАО ўро њунарманди мардумї дарёфтаанд. "САРОЯНДАИ СОЛ" Љўрабек Муродов

"АДИБИ СОЛ" Гулрухсор Сафї

"МАНСАБДОРИ СОЛ" Рустами Эмомалї

Хонум Абдуллоева рамзи як зани мубориз барои њимоят аз њуќуќњои як соњибкор ва моликияти ў аст, ки чанд сол ба ин сў бо наздикони афроди баландпоя даст ба гиребон аст. Бањси ў бо Муњибулло Саъдуллоев, додарарўси президент, ки то ба њол нињої нашудааст, ўро ба як чењраи расонаї табдил дод. Њарчанд тамоми маќомот аз ў љонибдорї намекунанд, ин модари чор фарзанд барои њаќќи худ ќонунмандона мубориза мебарад. Њама сахтињои соли сипаришуда, минљумла њабси шавњараш мавќеъи ин бонуи соњибкорро таѓйир надоданд. "МЕНЕЉЕРИ СОЛ" Шералї Кабиров

Писарбузурги 28 - солаи президент Эмомалї Рањмонро, ки раиси Агентии назорати молиявї ва мубориза бо коррупсия таъин шуд, нуњ тан аз сардабирон роњбари муваффаќи Кумитаи гумрук донистаанд. Њарчанд мегўянд, дар ин таъинот њељ кори ѓайричашмдоште нест, аммо хеле аз аљобатњо дар он аст. Ба њар мансабе, ки Рустами Эмомалї наравад, як тањаввул аст ва ин рушдро танњо онњое метавонанд бинанд, ки дар њаќиќат метавонанд.

Китоби "Дигар ишќ" - и Гулрухсор барандаи озмуни вазорати фарњанги Тољикистон "Озмуни љумњуриявии китоб 2014" эълон шуд. Аз замоне, ки ў гули сари сабади мањфилњо буд, то ба њол њамоно ваќте сухан аз шеъру адаби тољикї меравад, бидуни бањс, симои ў пеши назар менамояд. Гулрухсор Сафї бо ин ки беш аз 20 сол боз мисли садњо њазор тољикон љойи кор надорад, мањбуби дилњост.

Мэтри мусиќии тољик имсол бо писараш Љонибек ва Валиљон Азизов шеъри маъруфи шодравон Лоиќ Шералї - "Ало, шодоб соњилњо" - ро дар жанри эстрада хонд. Синни њунарманди бузург аз 70 гузашта, аммо њамоно шукуњу шањомати як овозхони тољик ва таронаи тољикиро њифз мекунад. "КОРГАРДОНИ СОЛ" Носир Саидов

"ЊУНАРМАНДИ СОЛ" Аловуддин Абдуллоев

"ВАРЗИШГАРИ СОЛ" Дилшод Назаров

Раиси Шўрои директорони КВД "ТАЛКО" соли сипаришуда муваффаќ шуд, ки истењсолоти алюминий ва 10 њазор љойњои кориро дар Тољикистон њифз кунад, њарчанд фишори нархи па-

ЉОИЗАИ МАХСУСИ "ИФТИХОРИ ЉОМИАИ ШАЊРВАНДЇ" Барзу АБДУРАЗЗОЌОВ Барзу аз камтарин намояндагони ќишри зиёии кишвар буд, ки дар соли гузашта низ мавзеъгирињои шањрвандї дошт. Таќрибан њич масъалаи муњими љамъиятї набуд, ки коргардони шинохта дар бораи он андешаашро нагуфта бошад. Ў сиёсати њукуматро дар бахши давлат ва миллатсозї нокомил дониста, унсурњоеро назири ќавмпарстиву мањалгарої, фасодкориву хешутаборчигї ба шеваи хос мазаммат кард. Ў ба таъкид мегуфт: њукумат аз мардум дур шудаасту баъзе аз сиёсатњояш, назири сиёсати фарњангї ба њадде заъифанд, ки миёни зиёиён ва њукумат тарќиши бузурги эстетикї ба вуљуд омадааст. Дар баробари ин, ў Барзу Абдураззоќов њамон тасвиреро метавон овард, ки дар бораи Ањмади Дониш гуфта буданд: "Ситорае дар тирашаб".

Агар ў намебуд, њаљви тољик ба як сањнаи њарзагўї ва масхараи њаљв табдил меёфт. Њунарманде, ки њама наќшњои сенарияашро худ иљро мекунад ва дар як суља чанд кас мешавад, би-

Соли 2014 филми "Муаллим"-и Носир Саидов бо љалби њунарманди маъруфи эронї - Мањнози Афшор рўи навор омад. Ин филм баъди солњои зиёд барои тамошобини тољик њунарманди нотакрор Марат Ориповро баргардонд. Ин филм ўро "Коргардони сол" кард.


4

СИЁСАТ

“НИГОЊ”, ЧОРШАНБЕ №51 (433), 18. 03. 2015

Муњиддин Кабирї, раиси Њизби нањзати исломии Тољикистон, боз ба хориља рафт. Ин овозањо вуљуд доранд, ки ба ў маслињат додаанд, бењтараш дар хориљ аз кишвар бошад, аз њамон љо фаъолиятњои њизбашро идора кунад, як - як омада, равад, кофист. Аммо оё ў њамчунин хоњад кард? Оё роњи дигар њам дорад?

СЕ РОЊИ КАБИРЇ

Озод Ин овозањоро мо дар њоле мешунавем, ки рўзи панљшанбеи гузашта хабарнигорони "Нигоњ" дар чањорчўби нишасти умумиљумњуриявии "Нур" - бузургдошти асосгузорони ЊНИТ - Сайид Абдуллоњи Нурї ва Муњаммадшариф Њимматзода бо Муњиддин Кабирї мавзўи фаъолиятњои баъдиашро низ матрањ карданд. Вай гуфт, њафтаи оянда (16уми март) ба шањри Куала Лумпур - пойтахти Малайзия сафар дорад, он љо њудуди 10 рўз дар ду нишасти байналмилалї (Форуми Осиё барои сулњ ва рушд (Asian Forum for Peace & Development) ва Анљумани сеюми байналмилалии "Вањдати уммати исломї", ки аз тарафи Њизби исломии Малайзия (PAS) ва дафтари Абдулњодї Аванг, муовини рањбари Иттињоди оламии уламои мусалмон ташкил шудааст) ширкат мекунад, сипас, ба як кишвари дигар ва он њам љињати ширкат дар як конфронси байналмилалии дигар хоњад рафт. Вай афзуд, сипас ба дидори фарзандонаш ба Туркия хоњад рафт ва ин њама њудуди як моњ ваќт мегирад. Раиси ЊНИТ гуфт, ваќте узви парлумон буд, ин гуна фурсатњоро надошт, наметавонист дурусттар дар нишастњои байналмилалї ширкат кунад, акнун ин озодиро дорад. Дар гузашта рањбари ЊНИТ аз љониби мухолифонаш ба ин муттањам мешуд, ки ба љои ин, ки дар парлумон нишаста, барои мардум хизмат кунад, сол аз 12 моњ дар сафар аст. Муњиддин Кабирї борњо ба ин иддаоњо посух дода буд, аммо бори охир дар суњбат бо мо гуфт, ду моњи ќабл омори парлумонро дар бораи ширкати намояндагон дар бањсњо ва матрањ кардани мушкилоти мардум таваљљуњ карда, дарёфт, ки њељ як аз аъзои парлумон тайи 5 соли гузашта он гуна фаъол набуд, ки ў. Ин иттилоъро дар парлумон рад ё тасдиќ кардан нахостанд, балки гуфтанд, барои кори депутатї ба касе љоиза надодаанд. Аммо Кабирї воќеъан љоиза дарёфт кард. На, аз парлумон на, аз бањси парлумони мондан ё намондани њизб.

Љоизадори доно Он рўз, ки дар њамоши ЊНИТ будем, маълум шуд, ки масъулини Ситоди пешазинтихоботии ЊНИТ озмун баргузор карда будаанд. Бино ба он, њар кас натиљаи интихоботи парлумониро дуруст пешгўї кунад, соњиби љоиза мешуд. Ду нафар дуруст

Абдуљаббор Азизї дар Маљлиси намояндагон муовини аввали раис интихоб шуд. 17-уми март дар љаласаи нахустини Маљлиси намояндагон даъвати панљум Абдуљаббор Азизї, ки то 16-уми март дар вазифаи ёрдамчии Президент оид ба кадрњо кор мекард, муовини аввали Шукурљон Зуњуров интихоб шуд. Абдуљаббор Азизї аз њавзаи умумиљумњуриявї аз ЊХДТ дар интихоботи якуми марти соли равон ба парламент омад. Дар рўйхати њизбї аз ЊХДТ дар маќоми аввал ќарор дошт. Дар ибтидо интизор мерафт, ки дар курсии муовини аввал хоњад нишаст.

РАИСИ ЊНИТ АЛЊОЛ ДАР МАЛАЙЗИЯ ЌАРОР ДОРАД

пешгўї карданд, ки яке раиси њизб будааст. Яъне, Кабирї медонистааст, ки нањзатињо ба парлумон роњ намеёбанд. Вале ў боз чиро медонад? Шояд аз байн рафтани њизбро њам?

Агар ЊНИТ набошад... ЊНИТ се сол аст, ки тањти таъќибу фишорњои маќомоти мухталиф ќарор дорад. Њарчанд њизб мустаќим маќомоти алоњидаро муттањам кард, аммо њељ яке аз онњо боре њам инро, ки як барномаи вижаи аз сањна хориљ кардани њизбро рўи даст дошта бошанд, таъйид накарданд. Тайи ин муддат дањњо матлаб тариќи расонањои давлатї ва њам мустаќили тањти назорати њукумат нашр шуда, гап то "мактубњои дастљамъонаи зањматкашон" аз минтаќањои мухталифи Тољикистон њам расид. Чандин рањбари раддаи болову поини ЊНИТ ба љавобгарии љиної кашида шуданд. Дар арафаи интихоботи парлумонї дар бораи дину исломи сиёсї суњбат кардан њатто миёни мухолифин, њамсангарони билќувваи ЊНИТ, аз љумла ЊСДТ, "мўд" шуд. Гўё њама дар баробари ЊНИТ ќомат рост карданд. Ин њама таблиѓот нињоят ба ин овард, ки њарфи бастани ЊНИТ матрањ шавад, зеро бар хилофи бовари рањбарони ЊНИТ, ки Ислом худ сиёсат аст, ин даъво пеш омад: Ислом набояд ба сиёсат олуда карда шавад, хоса барои манфиати гуруњї. Муњиддин Кабирї дар шарњи ин, ки "ЊНИТ - ро банданд, чї мешавад?" гуфт, агар чунин

шавад, чизе намешавад, зеро њамагї ду коѓази шањодатномаи вазорати адлияро аз њизб мегиранд, аммо аќидаи њизбро наметавонанд гиранд. Вай афзуд, дар њоли пароканда шудани нисфи аъзои ЊНИТ, нисфи љонибдорони асили дигар боќї мемонанд ва бо онњо кор кардан осон мешавад. Муњиддин Кабирї бар ин аст, ки агар Худованд як дарро баст, дари дигарро боз мекунад, њар баста шуданро боз шудани дигар дар пай аст ва ЊНИТ фурсат пайдо мекунад, то нафаси дигар кашад, такмил ёбад ва дигарбора баргардад. Ин хушбинї аст ё чизи дигар? Љавоб ба ин суол осон нест. Аммо хушбинии рањбари ЊНИТ - ро метавон то љое дарк кард. Ин њизб соли 1993 пас аз шуруъи љанги дохилї аз сўи Суди Олии Тољикистон баста, њамин тавр, соли 1999 пас аз љанг аз дигар сабти ном шуд. "Агар ЊНИТ набошад, шояд ин ба нафъи гуруње тамом шавад, аммо даќиќан ба нафъи миллат тамом намешавад" - мегўяд Кабирї. Вале агар ин хушбинї неву чизи дигар бошад, пас танњо њизби мазњабиро дар пањнои Шуравї чї интизор аст? Роњбари феълии онро чї?

Сероња Коршиносон барои ЊНИТ се роњро пешбинї мекунанд, ки дуи аввал ба фирор бастагї дорад. Яке, ба истилоњ, фирори мутамаддин. Бино ба он, Кабирї дар хориљи кишвар ба

ВАЗИФАИ НАВИ АБДУЉАББОР АЗИЗЇ БАЪДИ 14 СОЛИ МУШОВИРЇ Инчунин, Акрамшо Фелалиев ва Хайринисо Мавлонова муовинони раис интихоб шудаанд. Ќаблан, дар парламенти гузашта Амиршо Миралиев муовини аввал, Шањбоз Мерганов ва Назира Ѓаффорова дар вазифаи муовин буданд. Њамагї аз ЊХДТ мебошанд. Ба љуз Абдуљаббор Азизї раис ва муовинонаш дар Маљлиси намояндагон даъвати чорум вакил буданд.

Абдуљаббор Азизї, ки 60 сол дорад, бо ихтисоси муњандис Донишкадаи хољагии ќишлоќи Тољикистон (соли 1976) хатм карда буд. Баъдан, Донишкадаи андоз ва њуќуќро бо ихтисоси њуќуќшинос (соли 2001) ва Академияи хизмати давлатии назди Президенти Федератсияи Русияро бо ихтисоси менељери идоракунии давлатї (2005) ба итмом расонидааст.

сар мебарад, аз он љо фаъолиятњои њизбро назорат мекунад, аммо њизб дар Тољикистон аз хати кашидаи њукумат берун намешавад. То фурсати муносибе барои бозгашт фароњам наояд. Ин роњи камхатар аст. Дуввум, фирор ба хотири хуфиякорї. Бино ба он, Кабирї дар иддаоњо гўё ба сиёсатњои Тољикистон бефарќ аст, дар онњо иштирок намекунад, аммо амалан бо пинњонкорї машѓул шуда, њадафњои исломи сиёсиро дунболагирї мекунад. Ин роњ рискњои зиёд дорад. Роњи сеюм, истодан дар Тољикистон ва њамон тавре, ки имрўз њаст, идома додан ба фаъолияти камсамар. Аз нигоњи коршиносон, ин роњи бадтарин барои Кабирї хоњад буд, зеро дар бархўрд бо ўву њизбаш њамон сиёсатњое пиёда мешаванд, ки дирўзу имрўз мешаванд. Зеро идомаи мантиќии сиёсати мављуда ночиз ва мањв кардани Исломи сиёсї дар кишвар аст. Аммо ба назар мерасад Муњиддин Кабирї дар интихоби њељ як аз ин роњњо саросема нест. Шояд ў тасаввуру бардоштњои дигаре дорад? Чї њам набошад, назди Муњиддини Кабирї, шахсияти матрањ, донишманд , дипломати бењамто, суханвари барљаста ва як тољики мазњабї вазифае масъуле меистад: Ў бояд муњимтарин ќарор дар умрашро ќабул кунад. "НИГОЊ"

Соли 1995 аз вазифаи муовини раиси ноњияи Данѓара Мушовири Президенти Љумњурии Тољикистон оид ба масъалањои кадрї таъин мешавад. Соли 2000 вакили Маљлиси намояндагон буд, ки баъди як сол дар соли 2001 Мушовири давлатии Президенти Љумњурии Тољикистон оид ба сиёсати кадрњо таъин шуд, дар ин вазифа то 16-уми марти соли 2015 фаъолият дошт. 22 январи соли 2014 бинобар таљдиди сохтори Дастгоњи иљроияи Президенти Љумњурии Тољикистон вазифа ба Ёрдамчии Президенти Љумњурии Тољикистон оид ба масъалањои кадрњо таѓйир ёфт. Фаромарзи ФаромарзиФОЗИЛ ФОЗИЛ


КАДР

“НИГОЊ”, ЧОРШАНБЕ №51 (433), 18. 03. 2015

ИНТИЗОРИЊО АЗ РУСТАМИ ЭМОМАЛЇ Ба мансаби роњбари Агентии назорати давлатии молиявї ва мубориза бо коррупсия таъйин шудани писари 28солаи Президент Эмомалї Рањмон, њатто агар ќонун дар Тољикистон фаъолияти хешони наздикро дар њукумат иљозат медод, бањснок мебуд. Ин љо гап њатто дар синну сол, шахсият, мањбубияту њирфаият ва њатто маќсаду имкониятњои номзад нест. Чунин таъйинот мантиќан бањснок аст. Натанњо ќонун, балки мантиќи "мубориза бо коррупсия" ба ин зидд аст, ки мубориза бо коррупсия аз таъйини хешони наздик ба мансаб шуруъ шавад. Чї њам набошад, ин таъинот маълум кард, ки интизорињо аз писарбузурги президент Эмомалї Рањмон гуногунанд. Иќрор бояд кард, ки ин даъфа дар бораи мансаби нави писари президент кам касон изњори назар карданд. Коршиносон гуфтанд, ин таъйинот пешгўишаванда буд, яъне ѓайриинтизор набуд. Онњо њадс заданд, месељљи асосии ин таъйинот иродаи сарвари мамлакат аст, ки мехоњад писараш вориси курсии ў бошад. Дар њамин њол, коршиносон таъкид карданд, ки Рустами Эмомалї дар њар нињоди ќудратї-иќтисодї на бештар аз ду сол, бе наќшаю супориши љиддї фаъолият карда, ин танњо барои таљрибаандўзии ўст, ки барояш дар оянда кор хоњад дод. Бар замми ин, њадди аќал ду сабаби дигар

«

аст, ки бино бар онњо Рустами Эмомалї бояд аз раисии Кумитаи гумрук мерафт: 1) Гумрук наќшаи моњњои январ ва феврали соли љориро иљро карда натавонисту тамоюли коњиш ёфтани импорт ва иљро нагаштани наќшаи солона баръало шуданд; 2) Русия тадриљан фишор болои Тољикистон љињати ворид шудан ба Иттињоди гумрукї ва Иттињои Авруосиёро афзудан дорад, ки барои раиси Кумитаи гумрук рискафзо ба назар мерасид. Чанде њам гуфтанд, ки Рустами Эмомалї, воќеан дар Кумитаи гумрук то љое муваффаќ њам шуд, зеро њадди аќќал наќшаи соли 2014-ро барзиёд иљро карду таѓйироти љиддии кадрї гузаронида, хеле аз одамони Гурез Зарифро аз кумита берун андохт. Коршиносони дигар бар ин назаранд, ки ин таъйинот нишони афзудани нобоварии Эмомалї Рањмон ба нафарони наздиктаринаш чун Абдуфаттоњи Ѓойиб аст, ки ахиран ба љойи ў писарашро ба вазифаи рањбари Агентии назорати давлатии молиявї ва мубориза бо коррупсия таъйин кард. Абдуфаттоњи Ѓоийб, ки дар се-чор соли ахир Агентиро сиёсатзада карда, асосан ба мухолифони њукумат, назири Зайд Саидов, Умаралї Ќувватов, Шуњрат Ќудратов ва "бесоњибон"-е

Таљрибаи афзудани нуфузи фаворитњо, мисли марњум Мањмадназар Солињов, рањматї Хумдин Шарипов, Амиршо Миралиев, Бобољон Бобохонов, Шерхон Салимов ва дигарон нишон медињад, ки баъди ба ќулла расидан он њатман поён меояд ва њатто ба марг, њабси хонагї ва кунљи фаромўшї њукм мешавад.

«

мисли Муаттара Љўраева ва Чурабек Охунов машѓул буд, дар мубориза ба коррупсия нокомро мемонд, вале нуфузаш дар баробари дигар роњбарони нињодњои ќудративу назоратї, ба истиснои КДАМ хеле боло рафта буд. Таљрибаи афзудани нуфузи фаворитњо, мисли марњум Мањмадназар Солињов, рањматї Хумдин Шарипов, Амиршо Миралиев, Бобољон Бобохонов, Шерхон Салимов ва дигарон нишон медињад, ки баъди ба ќулла расидан он њатман поён меояд ва њатто ба марг, њабси хонагї ва кунљи фаромўшї њукм мешавад. Гуруње аз коршиносон њам гуфтанд, ки Рустами Эмомалї дар њаќиќат метавонад муборизаи воќеиро бо фасод дар сатњњои болоии њукумат љорї кунад, чунки аз як тараф, љавониву бениёзї ба пулу мол ва аз тарафи дигар, нуфузи падараш ба ў ин имконро фароњам овардааст. Ба њар сурат, ин ду фарзия нигаронї ва сарзанишњои Эмомалї Рањмонро аз фаъолияти роњбарияти собиќи ин Агентї ростин маънидод мекунанд. Ва ваќт нишон хоњад дод, ки доираи фаъолияти Агентї аз боздошти муаллимону табибон болотар меравад, ё хайр. Аммо ин њам аљиб аст, ки касе аз коршиносон, ба фарќ аз чанд соли пеш, ваќте Рустами Эмомалї ба вазифаи муовин ва баъдтар раиси Хадамоти гумруки назди Њукумати Тољикистон таъйин шуда буд, дигар дар бораи вазифагирињои ў ва риояи ќонун дар ин таъйинот њарф намезананд. Дар бораи ин њам, ки ўро бештар чун бозигар ва муассису маблаѓгузори тими футболи "Истиќлол" мешиносанд, то сиёсатмадор ё мансабдор. Синну соли генерал-майори љавонтарини тољикро њам дигар касе ёд намекунад.

5

МАЪЛУМОТИ "НИГОЊ": Рустами Эмомалї 28 сол дорад. 19-уми декабри соли 1987 дар ноњияи Данѓара таваллуд шудааст. Хатмкардаи Донишгоњи давлатии миллии Тољикистон бо ихтисоси иќтисодчї (соли 2008) ва Академияи хизмати давлатии назди Президенти Федератсияи Русия бо ихтисоси њуќуќшинос (соли 2011) мебошад. Фаъолияти мењнатиашро соли 2006 ба њайси сармутахассиси шўъбаи њамкорї бо Созмони умумии савдои Вазорати рушди иќтисод ва савдои Љумњурии Тољикистон оѓоз намуда, солњои 2009-2011 дар вазифаи сардори Раёсати дастгирии соњибкории Кумитаи давлатии сармоягузорї ва идораи амволи давлатии Љумњурии Тољикистон кор кардааст. Солњои 2011-2012 сардори Раёсати ташкили мубориза бар зидди њуќуќвайронкунињои гумруки Хадамоти гумруки назди Њукумати Љумњурии Тољикистон буд. Аз моњи октябри соли 2012 то моњи ноябри соли 2013 дар дар вазифаи муовини Сардори Хадамоти гумрук кор кард ва 30-юми ноябри њамон сол бо ќарори Њукумати Тољикистон Сардори Хадамоти гумрук таъйин шуд. Аз апрели соли 2009 муовини Раиси Иттифоќи љавонони Тољикистон, аз ноябри соли 2009 аъзои Кумитаи муносибатњои байналмиллалии Шурои олимпии Осиё ва аз январи соли 2012 Раиси Федератсияи футболи Тољикистон интихоб шудааст. Ба навиштаи сомонаи расмии Президенти Тољикистон бо забонњои англисї, немисї ва русї озодона њарф мезанад. Рустами Эмомалї ягона фарзанди Эмомалї Рањмон нест, ки дар вазифаи баланди давлатї фаъолият дорад. Озода Рањмон духтари Эмомалї Рањмон дар вазифаи муовини аввали вазири корњои хориљии Тољикистон кор мекунад. Чаро? Шояд ин аз он аст, ки ќонуну беќонунї то њадде зиёд шуда, дигар риояи онњо аз љониби нухбагон натанњо шарт нест, балки номумкин менамояд? Ва хешон њам дар њукумату иќтисод камтар нестанд, то сари њар яки онњо дар алоњидагї шишту тањлил кард? Њар чї њаст, воќеъияти Тољикистон аст, ки журналистони мустаќил танњо онро инъикос карда метавонанду бас. Умари ТОЊИР


6

ТАБЛИЃ

“НИГОЊ”, ЧОРШАНБЕ №51 (433), 18. 03. 2015

ЊАВОИ ХОНА АЗ КЎЧА ХАТАРНОКТАР АСТ!

®

Чаро бояд њавософкунакњои "Air Pure 2" дар манзилу утоќи кории Шумо бошад?

"Арасту дуруст нафас кашиданро муњим медонист, аммо агар имрўз зинда мебуд, ниќоби зидди газ мепўшид" Ин суханони Эндрю Онг, рањбари Департаменти истењсоли мањсулот барои хонаи Њолдинги байнулмилалии Qnet аст, ки дар муаррифии "Air Pure 2" - дастгоњи љадиди соф кардани њаво гуфта шудаанд. Сухан дар бораи асбобе меравад, ки барои соф кардани њавои хона, дафтар ва дохили биноњо бузург меравад. Ширкати Qnet соли равон бар асоси тавсияњои Созмони љањонии тандурустї фурўши њавософкунакњои "Њавои соф 2" ("Air Pure 2") - ро роњандозї кард.

СУХАН АЗ БОБИ ЧИСТ? Моњи марти соли 2014 Созмони љањонии тандурустї (СЉТ) гузориши вижаеро дар бораи "Сифати њаво ва саломатї" нашр кард. Дар он на фаќат дар бораи вазъи њаво, балки таъсири он ба саломатии инсон дар дохили биноњо низ суњбат шудааст. Олуда шудани њаво аз газњои зањрдору хатарнок яке аз паёмадњои фољиабортарини рушди истењсолоти саноатї ба шумор меояд. Созмони Милали Муттањид дар ибтидои њазораи нав санадњои нав ќабул намуда, меъёрњое љорї кард, ки нигоњ доштани газњои зараровар дар њаворо мањдуд мекунад. Назорати иљрои ин меъёрњо натиљањои худро дод, аз љумла доѓ будани мушкил дар шањрњои бузурги ИМА, Аврупо

ва Русияро аз миён бурд. Аммо дар ин миён масъалаи сифати њавои дохили биноњо як тараф монд. Њавои хонањо аз њавои берун хатарноктар шудааст. Дањсолаи ахир созмонњои байнулмилалї, аз љумла Созмони љањонии тандурустї, муносибати худро ба ин мушкил таѓйир доданд. Омўзиши масъала нишон дод, ки "ба љуз олуда кардани њаво дуди дохили бино ба саломатии њудуди 3 миллиард инсон тањдиди бевосита дорад". Илова бар ин, сокинони муосири шањрњо таќрибан 90% ваќти худро дар дохили биноњо мегузаронанд, аммо сифати њаво дар дохили онњо бадтар аз ин аст, ки дар берун аст. Дар Гузориши Бюрои аврупоии Созмони љањонии тандурустї "Ифлоскунандањои алоњида: тавсияњои СЉТ барои сифати њаво дар биноњо" (соли 2010) рўйхати тўлонии моддањои хатарнок ва њамин гуна як рўйхати ќобили таваљљўњи маризињое, ки аз онњо пайдо мешавад, оварда шудааст. Наљосати мухталиф дар њавои утоќњо, хонањо ва дафтарњо сабаби ба вуљуд омадани маризињо ќалб, камхунї, дарди гурда ва ѓайра мешавад. Маълумоти мувассаќ дар бораи олудагии њавои дохили биноњо барои коркарди меъёрњои бењдоштї ва талаботи тарњрезии биноњо заруранд. Њамчунин онњо маълумоти муњими аввалия барои ширкатњое хоњанд буд, ки бо кор-

«

карди њавософкунакњои бештар мукаммали љадид сарукор доранд. Тањлили ин гуна иттилоъ имкон медињад таљњизоте сохта шавад, ки бењтарин натиљаро ба вуљуд орад. Ба ќавли Эндрю Онг, рањбари Департаменти истењсоли мањсулот барои хонаи њолдинги QNet, њавософкунакњои муосир бояд чандзинаї бошанд, "дар онњо бояд чанд фанноварї љамъ карда шавад, ки ба андешаи созандагон, як натиљаи њадди аксарро дар сатњу сифат ва ќимати мувофиќ ба бор орад". Ба љуз ин, худи таљњизот набояд ба худи инсон ягон таъсири манфї дошта бошад, бояд каммасраф бошад ва њангоми софкунии њаво мушкил эљод накунад. Намунањои бењтарини ин гуна таљњизот, ба монанди "Air Pure 2" ба ин гуна талабот љавобгўанд. Њуљљатњои ахири СЉТ, гузоришњои СММ, дигар созмонњои байналмилалї ва љамъиятї дар бораи вазъи њаво дар биноњо ба зарурати њар чї ољил ворид кардани таљњизоти софкунии њавои дохили биноњо таъкид мекунанд. Њавои утоќу дафтарњоро наметавон тавассути назорати њавои берун солим кард, аз ин хотир, соњибони онњо бояд худ ѓамхори саломатии худ бошанд.

"AIR PURE 2" ЧИСТ? Эндрю Онг, рањбари Департаменти истењсоли мањсулот барои хонаи Њол-

Омўзиши масъала нишон дод, ки "ба љуз олуда кардани њаво дуди дохили бино ба саломатии њудуди 3 миллиард инсон тањдиди бевосита дорад".

«

динги байналмилалии Qnet, мегўяд, одамон баробари ба даст овардани њавософкунаки "Air Pure 2" дастгоњеро дар ихтиёр хоњанд дошт, ки аз лињози сифат ва бардошт дар сатњи баланд ќарор дорад: - Агар дар бораи махсусиятњои "Air Pure 2" бигўем, аввал, бояд филтри HPP - ро ёдрас шавем. Ин аз 4 марњала дуввумин марњилаи тоза кардани њаво аст, ки "Air Pure 2" дорад. Филтр электростатикї аст, ки хеле босамар кор карда, осон шуста мешавад, нури зарарнок надорад ва то муддати дароз хизмат хоњад кард. Боз як махсусияти бењамтои њавософкунак ин аст, ки дар он филтри Amezcua истифода мешавад. Ин мањсули аљиби шветсарї буда, "маззаи њавои куњ" - ро медињад ва гарави њисси хуби инсон аст... Ширкати Qnet яке аз ширкатњои љањонист, ки барои тоза кардани њавои даруни биноњо таваљљўњи зиёд кардааст ва дар мањсулоти худ ба меъёрњои байнулмилалї ва тањќиќоти бузургтарини љањонї такя мекунад. QNet танњо њавософкунакњои бисёрзинаиро, ки бар технологияњои пешрафтаи барои њаёти инсонњо бехатар асос ёфтаанд, истењсол мекунад. Омили муњимтарин дар онњо нарх низ њаст. Иоањим Штеффен, директори минтаќаии QNet дар кишварњои ИДМ ва Аврупо, низ дар шарњи ин технологияњо мегўяд, моли мо - интихоби мардумест, ки як бор пардохт мекунанд, аммо ба дарозмуддат аз интихоби худ шод хоњанд буд: - Муњандисони Qnet мекўшанд дар мањсулоти ширкат технологияњои пешрафта ва бехатартарин, эътимоднокии баланд, барои истифода мувофиќ, зебо, дизайни замонавї ва дигар функсияњои љолиби иловагиро муттањид кунанд. Масалан, "Air Pure 2" барои равѓанњои хушбў як ќисмати махсус дорад. Мо бо ифтихор эълон медорем, ки њавософкунаки "Air Pure 2" яке аз бењтаринњо дар љањон аст. Ва умедворем дар ояндаи наздик дигар мањсулоти Qnet - ро, ки ба хонадони њар яки шумо нињояти њузуру њаловатро фароњам кунанд, пешнињод намоем!" Худи њозир Шумо метавонед дар намояндагињои QNet ва сомонаи расмии ширкат њавософкунакњои "Air Pure 2" ро фармоиш дињед.


СУЊБАТИ РЎЗ 10 март Шайх Муњаммад Содиќ Муњаммад Юсуф, собиќ муфтии Осиёи Марказї ва аввалин муфтии Ўзбакистон дар синни 63 - солагї дар Тошканд даргузашт. Бино ба хабарњо, арбоби маъруфи дини минтаќа дар толори варзишии Донишгоњи исломии Ўзбакистон дар шањри Тошканд њангоми бозии баскетбол аз сактаи ќалб фавтидааст. Шайх Муњаммад Содиќ Муњаммад Юсуф аз соли 1989 то 1992 рањбари Идораи динии Осиёи Марказї ва Ќазоќистон буд. Баробари соњибистиќлол шудани кишварњои Осиёи Марказї бо фармони президенти Ўзбакистон Ислом Каримов муфтии ин кишвар таъин шуд. Дар замони Горбачёв депутати Шўрои Олии СССР интихоб шуд ва дар ин давра як мактуб ба Михаил Горбачев, рањбари Иттињоди Шўравї навишта, аз ў мурооти њаќќу њуќуќњои мусалмонони Осиёи Марказї ва Ќазоќистонро таќозо кард. Аз љумла ў хоста буд, ки дар минтаќа маљиду мадрасањо боз шаванд ва мусалмонон барои риояи расму русуми худ озодї дошта бошанд. Њамчунин ў хоста буд, барои мусалмонон роњи њаљ боз шавад. Баъд аз ин нома рањбари Шўравї бо ў мулоќоти бевосита дошт. Горбачёв дар муносибатњояш бо олами ислом ба Шайх Муњаммад Содиќ Муњаммад Юсуф зиёд такя мекард, аз љумла ў рањбари намояндагии муваќќати Иттињоди Шўравї барои ширкат дар музокироти танзимњои афѓонї дар Пешовари Афѓонистон буд. Шайх Муњаммад Содиќ Муњаммад Юсуф узви шўрои чандин созмони байналмилалии исломї, назири "Робитаи љањонии исломї" дар Макка, Анљумани љањонии ањли тасаввуф, Академияи мутафаккирони исломї дар Урдун ва ѓайра буд. Муаллифи дањњо китоб, иборат аз 22 љузъ, аз љумла "Тафсири Њилол" (иборат аз 7 љузъ, њар љузъ 640) мебошад. Дањњо китоб ва сабтњои дискњои исломї тањти назари ў ба нашр расидаанд. Чандин сайт - www.islom.uz, www.quran.uz, www.islam.uz, www.info.islam.uz, www.muslimaat.uz, www.hadis.islom.uz, www.halol.org бо ибтикори марњум ба забонњои русиву ўзбакї роњандозї шудаанд. TojNews аз Њољї Акбари Тўраљонзода, руњонии маъруфи тољик, яке аз дўстони наздики шайхи марњум нахуст дар бораи таърихии ошної бо эшон суол кард: - Банда соли 1972, замоне, ки муњассили мадрасаи "Мири Араб" - и Бухоро шудам, бо эшон ошної пайдо кардам. Он кас як синф аз ман боло мехонданд, аммо дар хобгоњ якљо будем. Хеле инсони хушбахт њастам, ки мисли эшон дўст доштам. Дўсти аз љон њам азизтарам буданд. Мегўянд, ки дўсти хуб аз хеши наздик њам азиз аст. Воќеан, он кас барои ман чунин буданд. - Чї гуна инсон буданд? Сирри дўстии наздики Шумо бо он кас чї буд? - Аввал, љавони муаддаб ва хеле дўстдоштанї буданд. Хеле пешќадам буданд. Аслан сабаби дўстии мо хоксории он кас буд. Як њодисаро њељ гоњ наметавонам фаромўш кунам. Њољатхонаи мадрасаи "Мири Араб" - и Бухоро як њољатхонаи суннатї буд, канализатсия надошт. Шањр, ки буд, аз берун кулўх меоварданд. Њољатхона ду ќуттї дошт, яке барои кулўхи истинљо ва дигаре, барои кулўхњои истифодашуда. Як шаб соатњои 12 буд, ки барои тањорат

«

“НИГОЊ”, ЧОРШАНБЕ №51 (433), 18. 03. 2015

7

1998 он љо монданд. Таълифоташон њам асосан ба њамин давра рост меояд. Мањз дар Либия "Тафсири Њилол" - ро, ки њудуди 3 њазор сафња аст, навиштанд. "Сињоњи ситта" - ањодиси набавиро низ он љо ба забони ўзбакї бо шарњу эзоњ тарљума карданд. Дар њама мавзуъ, аз љумла таърихи ислом, масоили фиќњї, одоби исломї, њаќќи падару модар ва дигар мавзуњои муњим як рисола њатман доранд. Мутаассифона, онњо ба тољикї тарљума нашудаанд, танњо ба забони ўзбакї дар навоњии шимол дастраси мардум мебошанд.

Њољї Акбар Тўраљонзода:

- Њукумати Ўзбакистон асосан руњониён, бахусус зодагони водии Фарѓонаро таъќиб мекард, чун њаракатњои сиёсиву террористї дар ин минтаќа зуњур карда буданд. Он касро чаро даъват кард? - Шайх Муњаммадсодиќ аслан ба сиёсат майле нишон намедоданд, чї расад ба созмонњои ифротї. Бозгашти он кас дар як мулоќоти банда бо президенти Ўзбакистон Ислом Каримов, ки соли 1996 дар Тошканд иттифоќ афтод, матрањ шуда буд. Он ваќт банда њам дар Тољикистон набудам. Худи

"АЗ МАРГИ ДЎСТ БА АНДУЊ НИШАСТААМ" Суњбати ихтисосии TojNews бо Њољї Акбари Тўраљонзода, руњонии саршиноси тољик, дар бораи Шайх Муњаммадсодиќ Муњаммадюсуф рафтам. Бинам дар дастонашон дастак ва як тешаву кулўхњои истифодашударо тоза карда, барои истифодаи дубора ба ќуттї мегузоранд. Љањон дар назарам як тагурў шуд, ба истилоњ, шок шудам. Тамошои ин кор дилбењузуркунанда буд, бахусус, ки кулўх наљосат дошт. Аммо он кас бо њавсала кор мекарданд, гўё як кори маъмулиро анљом медињанд. Пурсидам, чї кор мекунед? Гуфтанд, исроф мешавад, кори савоб аст. Ман њанўз њам дарк намекардам. Гуфтанд, Эшонбобо, бо ин кор одам ѓурури шайтониашро мешиканад, дар худ хоксориро таќвият медињад, ман ба Шумо тавсия медињам, ки ѓуруратонро шиканед. Пас аз ин ман он касро сидќан дўст доштам. Дўст шудем, солњои тўлонї њамроњ будем. Миёнамон "аз они ману аз они ту" набуд. Солњои њиљрат низ робитаамонро нигоњ медоштем. Ваќте ректори Донишгоњи исломии Тошканд таъин шуданд, ман мударрис будам. Солњое, ки ќозї будем, кўшиши зиёд ба харљ додем, ки он кас муфтї шаванд. 1 миллион нусха Ќуръонро њам дукаса муштарак оварда будем. Дўсти хонаводагї будем. Солњое, ки дар Тошканд мехондам, ба хонањои якдигар равуо доштем. Њавлиеро, ки дар Тошканд доштам, ба њамон кас фурўхтам. Онро барои бародарашон гирифтанд. Њамсарашон духтари Исмоил Махдуми Андиљонї буданд, ки солњои 60 - ум муовини муфтии Осиёи Марказї ва Ќазоќистон буданд. Як оилаи хоксору ботаќвои исломї доранд. - Оё аз саломатиашон шикоят мекарданд? Агар варзишгар буданд, дар 63 солагї фавтиданашон суолангез нест? - Он кас варзишро зиёд дўст доштанд, ба љуз баскетбол, шиновариву футболбозї њам мекарданд. Бори охир моњњои октябри соли

Ман ба он кас тавсия додам, ки аз бањри варзиш гузаранд, зеро дар ин синну сол организми инсон ин гуна вазнинро наметавонад бардорад. Гуфта будам, ки як - ду соат роњ гарданду шиноварї кунанд. Одам ваќте футболу баскетбол мекунад, бо шавќи бозї вазниниро намефањмад, аммо ба саломатї таъсир метавонад расонад.

«

гузашта њамроњ дар Киши Эрон истироњат мекардем. Ман ба он кас тавсия додам, ки аз бањри варзиш гузаранд, зеро дар ин синну сол организми инсон ин гуна вазнинро наметавонад бардорад. Гуфта будам, ки як ду соат роњ гарданду шиноварї кунанд. Одам ваќте футболу баскетбол мекунад, бо шавќи бозї вазниниро намефањмад, аммо ба саломатї таъсир метавонад расонад. - Оё ба маросими љанозаи он кас даъват шудаед? - Бале, даъват шудем, аммо рафта наметавонам. Аламовар аст, ки наметавонам. Алами ман аз ин аст, ки дунё чунин аст. Наметавонам, ки на ба љанозаи дўсти наздиктаринам равам, на ба фотињааш. Воќеан, барои ман рўзи сахт аст. - Шайх Муњаммадсодиќи Муњаммад Юсуф дар исломи минтаќа чї сањм доранд? - Дар асри њозир касеро намедонам, ки ба монанди он кас хизмат карда бошад. Теъдоди китобњояшон ба 125 адад мерасад. Ќисми зиёди он ба забони русї тарљума шуда, панљ - шаш маротиба бознашр шудааст. Нашриёти худро доштанд. Як портали бузурги интернетї ва студия доранд. Як писар доранд, аммо кори дањ писарро мекунад. Ќариб 15 нафар танњо дар сомонањояшон кор мекунанд. Ќариб аксари имом - хатибони Ўзбакистон шогирди он кас њастанд. - Замоне ба Арабистони Саудї фирор карда буданд. Сабабаш чї буд? - Њиљрати он кас ахирњои соли 1993 иттифоќ афтода буд. Ќасд доштанд, ки он касро ба њабс гиранд. Маљбур шуданд, тавассути Ќазоќистон ба Арабистони Саудї раванд. Дар Макка таќрибан як сол зиндагї карданд. Аз он љо ба Туркия рафтанд, дар Истамбул сукунат ихтиёр намуданд. Азбаски Муаммар Ќаззофї зиёд эњтиромашон мекард, он касро ба Тароблус (Триполи) даъват кард. Як дўсти муштарак доштем бо номи Муњаммад Шариф, ки ректори Донишгоњи даъвати исломї буд ва њаќќи устодї њам ба мо дошт. Таќрибан ахирњои соли 1994 Шайх ба Либия рафтанд ва то соли

Ислом Каримов пешнињод кард, ки ошноятонро гўед, баргардад, аммо ба шарте, ки ба сиёсат кор нагирад. Мо гуфтем, он кас умуман сиёсї нестанд, аммо оянд шояд Шумо он касро њабс кунед, аз ин хотир, расман даъват кунед, ки љомиа њам хабар дошта бошад. Њукумати Ўзбакистон њам даъвати расмї кард ва Шайх пазируфтанд. Зиндагии баъдиашон собит мекунад, ки ба ќавлашон вафо карданд. - Муносибаташон ба љараёну созмонњои навбаромад дар Осиёи Марказї чї гуна буд? - Он кас мухолифи њама гуна љараёну созмонњои нав буданд. Танњо рушди мазњаби Имоми Аъзамро мехостанд. Бахусус мухолифи салафињову афроде буданд, ки андешаи "доишї" доранд. Комилан мухолифи бо зўрї тањмил кардани аќидаву дидгоњњои динї, коммунистї, либераливу ѓайраву њоказо буданд. Мо дар ин бобат мавќеи муштарак доштем. Њанафии сад дар сад буданд. Фиќњро хеле хуб медонистанд, чун устодони хуб доштанд ва худ њам зиёд дарс додаанд. - Дар интернет баъзе аксњои эшон ба Рамазон Ќодиров нашр шудааст. Ва њоло хабар нашр шуд, ки Рамазон Ќодиров як кўчаро дар Грозний ба номи он кас хоњад гузошт. Бо ў чї муносибат доштанд? - Рамазон Шайхро хеле эњтиром мекард. Падараш Ањмад Ќодиров шогирди он кас буд. Худи Њољї Ањмад њам ба устодаш эњтироми зиёд дошт. Аксар китобњояшон, ки ба русї тарљума мешаванд, бо сармоягузории Рамазон чоп шудаанд. - Шумо гуфтед, "солњое, ки дар њиљрат будем". Сухан дар бораи њиљрати муштараки њардуи Шумо меравад, ё чї? - Не, сухан дар бораи 5 соли њиљрати ман ба Эрон ва он кас ба Туркияву Либия меравад. Он кас ду - се маротиба пеши ман омада буданд, ман як бор ба Истамбул ва се бори дигар ба Либия ба аёдаташон рафта будам. Суњбати Фаромарзи ФОЗИЛ


8

“НИГОЊ”, ЧОРШАНБЕ №51 (433), 18. 03. 2015

ЁДИ ОН ДЎСТ

Зебуннисо ИМОМЁР:

БА УМЕДАМ, КИ ИМОМНАЗАР БАРМЕГАРДАНД... - Ман њам зани ёш бигирам, чум? Занак аз чењраи коњида ва љисми лоѓарам чашм наканда, маслањат дод: - Магарам ягон бузбалаи дигар њам киро кунї... Аввал, як пурсиданї шудам, ки бузбала чї даркор, вале баъд чї даркор будани ўро дарк кардаму зунукам гирифт. - Аввалин фарзандатон кай ба дунё омад? Чанд фарзанд доред? - Мо соли 1975 соњиби фарзанд шудем ва бобоњояш бомаслињат ўро Толеъ ном карданд. Се писару як духтар дорем.

Аз сидќи ту ёди мў ба мў дорам ман, Эй, бо ту њанўз гуфтугў дорам ман. Дар мотамат оби чашми ман хушк нашуд, Аз марги ту буѓз дар гулў дорам ман. Чор мисраъ шеъри гулусўз аз шоири маъруф Бозор Собир дар марги журналисти зиндаёд, њаљвнигори рангинхаёл Имомназар Холназар, ки Наврўзи имсол ба даргузашташ 8 сол мешавад. Ошиќи Наврўз дар рўзи Наврўз муштоќонаву ошиќона ба дидори Дўст шитофт ва садњову њазорњо муштоќони њаљвњои намакинашро умре ба дидагони чор гузошт. Ва имрўз њам љойи ў холист. Бо гузашти 8 сол аз рењлаташ ёдаш дар ќалби дўстону њаводорони каломаш љавон аст. Дар остонаи солгарди рењлаташ суњбате доштем бо њамсари марњум Зебуннисо Имомёр, ки бо каме ихтисор пешкаш мешавад: - Мехостам аз аввалин шиносоиятон ќисса кунед. Чї хотироте аз он рўзгор дар ёдатон монда? - Хотирањоро вараќгардон кардан ѓами хуфтаро бедор кардан аст, ѓами хуфтаро бедор кардан, бори дигар дар гирдоби ѓам печутоб хўрдану фурў рафтан аст. Тобистони соли 1971 буд, дар Ќалъаи Дашт дар таљрибаомўзї будем. Аз субњ то шом хона ба хона мегаштему дубайтию рубої, достону афсона љамъ мекардем. Њар бегоњ мањфил меоростем ва "њосили" гирд овардаамонро сара карда, ба навбат мехондем. Аммо яке аз њамсабаќонамон - Ќурбоналї, ки њунари навозандагию њофизї њам дошт, шеърњои интихобкардаи моро намехонд. Мегуфт, ки ман шоири хоса дорам ва шеърњои ўро мехонам. Ва бисёр бо лањни ширин мехонд : Номањо, њастед гарчи безабон, Лек касро шоду мањзун мекунед. Бо фишори хеш бо зўри тамом Ќалбро аз сина берун мекунед. *** Безабонед, лек бо сўзу гудоз, Дарду ѓам манзил ба манзил мебаред. Безабонед, лек њамчун одамон Рози як дилро ба як дил мебаред...

Баъд донистам, ки он шоири хоса Имомназар будааст, ки ба сабаби дар гурўњи рўзноманигорї шомил будан дар шањр таљрибаомўзї мекард. Таътил анљом ёфт, дарсњо сар шуданд. Байтбараку аскиягўї дар ављ буд. Азбаски Имомназар бисёр шўху њозирљавоб буданд, эшонро сарфи назар кардан номумкин буд. Рўзе набуд, ки ду-се латифаи нав нагўянд. Дар яке аз њамин лањзањо нигоњњоямон ба њам бархўрд. Аз байн чанд муддат гузашт. Рўзе аз рўи мизам чанд сурат ёфтам, аксњои худамро. Тахмин мекардам, ки кори кист. Рўзи дигар дар рўи суратњои нав хатча пайдо шуд бо ин навишта: " I love you!". Дар охир ин гунгакбозињо ба хосгорї анљомид... - Чї чизе буд, ки ду нафари шуморо ба њам овард? - Дар яке аз мусоњибањояшон бо дўст ва бародари арљмандамон Нарзуллоњи Латиф "Њаљв барои ман сипар аст ...", Имомназар чунин гуфта буданд: " ... њисси шашуми одамї эњсоси дарки њаљв дар ваќташ моро муттањиду њамхона карда буд... Банда њамон ваќт њама њамсабаќонро, ба ќавле, гол мезадам ва фаќат як нафар - њамин хонумам маро мулзам карда метавонист..." - Имомназар нагуфтаанд, ки чї гуна хонумашон эшонро мулзам мекард. Гумон намекунам, ки ин сир бошад. - Њељ гуна сир нест, балки ин њикоятњо гувоњи њоланд: Боре баъди ба љароњаташ инсулин пошидану бастан гуфт: - Илоњо, Зебиљон, дастакот дарда набинанд. Намурдам хизматота мегардонам. Илоњо, хурсандии фарзандону наберањота... - Гапаш дар дањанаш гуфтам, э, як дуои хубтар дењ! - Гуфт, масалан, чї хел дуо? - Гуфтам, масалан, бигўй, ки Худо бахти сафеду љуфти муносибат дињад. Ё ки:

БУЗБАЛА Мењмоне худситої кард, ки зани љавон гирифтааст ва афзуд, ки чанд шиноси дигар њам зани ёш гирифтаанд. Баъди рафтани мењмон худситої кардам:

- Имомназар дар хона дар тарбияи фарзандон аз чї равише истифода мекард? - Дар зиндагї њар кас роњи тарбияи хешро дорад. Яке бо навозишу мењрубонї тарбия кунад, дигарї бо задан, бо тарсондан адаб меомўзонад. Фарзандони мо дар оѓўши мењр парвариш ёфтаанд. Имомназар табиатан орому ботањаммул буданд, бахусус дар нисбати бачањо бештар сабр доштанд, ѓазабашонро фурў менишонданд. Ваќте хашм рафт, баъд бо бача гуфтугў мекарданд. Фарзандонро озод тарбия карданд. Њамин хислати падар ба фарзандон њам гузаштааст ва њамон муњити ороми хонадон њанўз њукмрон аст. - Кадом хислатњои Имомназар ба шумо бештар писанд буд? - Хислатњои писандидаашон кам набуд. Баљуръат буданд, якрўву њаќљў ва њаќгў буданд, озодандеш буданд, чоплус набуданд ва табиист, ки чунин касон дар зиндагї азоб мекашанд. Њеч гоњ аз њељ чиз наменолиданд. Бекор монданд, нанолиданд, мусофир шуданд, нанолиданд, аз ранљи ѓарибї бемор шуданд, нанолиданд... Маро њам талќин мекарданду ин байтро мехонданд: Шукр гўйї, неъматат афзун кунам, В-ар нагўйї аз кафат берун кунам. Эшон дар рўзгор сулњхоњу ботањаммул буданд .Чунонки дар ин њикоя, ки бозгўи як лањзаяки ширини зиндагии мост:

КУ БОРША ХЎРЕМ... Имом бегоњї сари миз шишту косаи мастобаро пешаш гузоштам. Бедимоѓ гуфт: - Ваъда карамшўрбо буду... Рости гап карамшўрбо аз ёд баромада буд. Дидам, ки хоњам нохоњам ба коса ќошуќ мезанад, рўњбаландаш карданї шудам: - Пагоњ хомшўрбо пазам-чї? Касе дам назад. Имомро, ки хомшўрбо аз ѓизоњои дўстдоштаи ўст, пурсидам: - Чї гуфтї, дадаш? Аз мастоба чашм набардошта гуфт: - Ку борша хўрем... Дар дўстї дилогоњу бофутувват буданд. Дасти сахо доштанд. Дилсўз буданд... Боре дар бозори Олмотї њодисае рух дод, ки баъдтар латифа шуд:

БАЌИЯ Дар бозори Олмотї Имом ба гадое бист танга (пули ќазоќї) дод. Димоѓи ман сўхт: - Чува њама се тангаву панљ танга медињанд, ту бист танга? Таваљљўњ накард. Боз пурсидам. Гўё нашунид. Дар охири раста дафъатан суол кардам. Халтањои дасташро рўи замин гузошту гуфт: - Ту як лањза њамин љо бош, ман зуд бармегардам. Пурсидам, ки куљо меравї? Гуфт: - Рафта аз гадо сдачи мегирам... Агар бигўям, хислати бад надоштанд, шояд бовар накунед. Одатан, эљодкор бисёр нозук мешавад, иззаталабу эгоист мешавад. Њамин феълњо аз љониби он кас кам њис мешуд. - Кадом ваќтњо эљод мекарданд? - Омад - омади илњом ваќту соати муайян надорад. Аммо одатан, шамъи илњомашон шаб равшан мешуд. Даме, ки илњом шаб "рањгум мезаду" рўзона меомад, "дучори монеа" мегардид. Ва ќаламу дафтар як сў мемонд. Гапи бачањоро нагирифта наметавонистанд. Лањзаи бо Мужда ё наберањо дар бозї буданашон аљаб шириние дошт.

ИЛЊОМ Мужда пурсид: - Дада, илњомуш чияй? - Чї хел фањмонам? ...Масалан... масалан... барои нависанда ин њолатест,ки... Хайрият, ки Мужда худ ба имдодам расид: - Ња, фањмидам, ваќте ки одама сухта мегира... Аз бановаќт омадани илњомашон зарар њам кашидаем. Он ваќт дар шањри Олматї мезистем... Боре дар байни бозор борхалтањои пурро ба замин монданду аз љайбашон ќаламу ќоѓазро бароварда чизе навиштан гирифтанд... Пас хушњол- љамъбасташа ёфтаме-гуфтанду вараќро ќаткунон ба замин нигаристанд, ки харидамон нест... - Наздиктарин дўстони Имомназар кињо буданд? - Аз ин љињат баиќбол буданд. Чун худ поктинату некусияр буданд, дўстонашон њам намунаи бењину бењтарин инсонњо буданд. Чи дар ѓурбат чи дар хона (пас аз бозгашт ба Ватан) мањз њамин дўстони азиз: Сафар Абдуллоњ, Муњибуллоњ Ќурбон, Нарзуллоњи Латиф, Насибљон Амонї, Саидќосим Ќиёмпур, Мунаввари Мунавварзод ва чанди дигар буданд, ки њамеша ба суроѓашон меомаданд. Боре нашудааст, ки Устод Бозор Собир аз Амрико, Салим Аюбзод ва Саидќосим Ќиёмпур аз Љумњурии Чех, Дориюши Раљабиён аз Бритониё ва Насибљон Амонї аз Олмотї омада, Имомназарро надида рафта бошанд... Аз дидори онон хотирашон љамъу рўњашон болида мешуд. Кам касонеро


“НИГОЊ”, ЧОРШАНБЕ №51 (433), 18. 03. 2015

данд ва ўро њатто ба хиёнат ба ормонњои њизб гунањгор менамуданд. Хабар доштед? - Не, хабар надоштам, зеро он рўзњо аз њамдигар дур будем, хонабардўшу дарбадар будем.

"БИЁ БИШИН, МАН ТУРО ЃАНИМАТАМ..."

медонам, ки зањри њалоњили мањалгарої дар хунашон такшин нашуда бошад. Хушбахтона, Имомназар бо ин љумла дўстонашон, ки ном бурдам, побанди мањалгарої набуданд. Дар китоби охиринашон "Аљаб замонањое...", ки оинаи рўзгори мост, симои њар кадом хеле рушан ќаламкашї шудааст. - Мегўянд, худорањматї хеле мењмоннавоз буданд? - Падарашон Њољї Холназар марде буданд саховатманду дарёдил, ки дар мењмоннавозї назир надоштанд. Хонаашон тўйхонаро мемонд. Ва њамин хубињои падар ба Имомназар ва бародаронашон гузаштааст. Хонаи мо њамеша серодам буд. Ќариб њар рўз љамъе аз дўстон ба аёдат меомаданд. Азбаски онон ањли фазланд, дастовезашон њикояте ё латифае буд, ки бо навбат гуфтаву шунида мешуд. Аз њама зиёд акаи Мањмадраљаб (Раљаб Мардон, нависанда), ки марди бозарофату барнодиланд, "дастовез" меоварданд. Он хушгўињо аз љониби Имомназар дар ќолаби њикояти латиф ё латифаи намакин рехта мешуданду аз дањон ба дањон мегузаштанд. Чанд намуна:

БАЊО "Дар рўзномаи "Тољикистони советї" ќиссаи Раљаб Мардон "Асп" чоп шуда, сазовори бањои баланди хонандагон мегардад. Сардабири рўзнома Нур Табаров низ ўро ба њузур пазируфта, навиштаашро ситоиш мекунад ва меафзояд, ки аз пагоњї дањњо нафар, њатто чанд нависандаи баркамол, аз тариќи тилфон ба достони ў бањои хуб додаанд. Акаи Мањмадраљаб мегўяд: - Гумон мекунам, ситоиши ягон нависанда ба бањое, ки Њайрат Шанбезода ба бандаву достонам дод, баробар шуда наметавонад. - Њайрат чї бањо дод?-мепурсад Табаров.

Акаи Мањмадраљаб мегўяд: Њайрат гуфт: бори аввал мебинам, ки хар дар бораи асп ин хел самимї нависад...".

ЯК УМР ЧИЗ БИКАШУМ Занак ин дафъа њам ба акаи Мањмадраљаб эрод гирифт: - Боз дасти холї касалбинї омадї? Раљаб Мардон гуфт: - Шўи ту касали абадияй, баъд ма як умр чиз бикашум? Агар дўсти хушсухану њаљвнигораш, Ањмадшоњи Мањмадшоњ (рўњашон шод бод) мењмонї меомаданд, то дер садои хандохандашон ба гўш мерасид. Сўњбаташон сабќатро мемонд. Соатњо латифа мегуфтанду механдиданд.

"АЗ ДЕМОКРАТ БУДАН ЗАРРАЕ ПУШАЙМОН НАШУДААНД..." - Медонем, ки замоне Имомназари марњум узви њизби демократ буд. Вале рўзгор имтињоноти дигареро барояш пеш гузошт. Њолате буд, ки аз њизбї шуданаш пушаймон шуда бошад? - Пушаймониашонро њис накардаам. Ягон њолат: на таънаи баъзе касон, на сахтии рўзгор дар мусофирату дарбадарї рўњи матинашонро нашикаст. - Мегўянд, то охирин лањзањо асноди њизбро дар даст нигоњ медоштанду дар охир ба Раљаби Мирзо супурданд. Ин чї гуна ќисса аст? - Бале, то дер асноди њизб дар дасташон буд. Мегуфтанд: Ку як шердиле, ки ин њамаро бо дили пур ба ў бисупорам? Ва хушбахтона, њамин гуна љавонмарди пурдил пайдо шуд. Он кас рўзноманигори хушќалам Раљаб Мирзо буданд, ки рўзе ба дидори Имомназар расиданду самимї сўњбат карданд. Пас он аснодро бо дили пур ба эшон супурданд. - Ман медонистам, ки замоне дар Тењрон бо Шодмон Юсуф бањс мекар-

-Дар бораи рўзњои охири њаёти Имомназар наќл кунед. Чињо мегуфтанд? - Ба чашм. Чанд рўз пеш аз даргузашташон буд. -Ман тамом кардам, нуќтама мондам, китобам шакл гирифт, ба бачањо бифиристаш (додарашон Њољї Камолро дар назар доштанд, ки дар Олмотї буданд) чопаш кунанд. Ин китоби "Аљаб замонањое..." буд, ки бо саъйи додарашон рўи чопро диду Имомназар онро надиданд. Њамон шабурўз дар назарам ошуфта менамуданд, андак шитоб њам доштанд. Бойгониашонро тагурў менамуданд, ќиссањои чопнашудаашонро љо-љо ќалам мезаданд. Имомназар навиштањояшонро вараќгардон мекарданду ман хотирањоямро... Гўё дирўз буд. Аз кор шодикунон омаданду гуфтанд: Имрўз бо Фазлиддин Муњаммадиев шинос шудам. Устод маро дида пурсишомез барои салом даст дароз карданд: - Мулло Имомназар?-пурсиданд. Ман љавоб додам: - Мулло Имом гўед, бењтар аст, муаллим! Њам рехтаву равон, њам маъмул. Он кас табассум карданд... Имомназар он рўз нахустмаљмўаи њикояњои њаљвиашон "Њар киву њар чї"ро ба эшон супурданд. Баъди чанде устод онро хонда Имомназарро даъват карда гуфтаанд: - Мулло Имомназар, о шумо нависандаи тайёр-ку! Ман нахустин маљмўаи њаљвиро ќалам назада, то охир башавќ хондам. Ќанд занед! Офарин! Нависед! Нахустин китоби адиби љавон бо пешгуфтори устод Фазлиддин Муњаммадиев чоп шуд. Шиносої бо ин марди наљиб ва бањои баланди адиби тавоно ба кори эљодии Имомназар равнаќ бахшид. Пас, дигар маљмўањояшон "Ман њамин хел одам", "Боре набувад гаронтар аз ор" рўи чопро диданд... Дар миёни дафтарњо яке чашмашон ба навиштаи Шафќат (Дориюш Раљабиён) афтод, дилашон гум зад. Бахудо, ки сахт ёдаш кардаам, ду сол шуд наомадааст... Ва Шафќат ду рўз пеш аз даргузашташон ба дидорашон расид ва сўњбат карданд... Ин вопасин дидор буд, охирин сабти овози Имомназар буд... ... Бисёр мехостанд китоби латифањояшонро тартиб дињанд, дареѓ, ки дард амон намедод. Боре гуфта буданд: - Худо дари илњомро ба рўям кушоду дари сињатиро пўшид. Кош, илњоми додаашро мегирифту сињатиамро бармегардонд. Дилбардориашон кардам: - Шукр, бигў, парвардигор бандаи дўстдорша дард медињад. Гуфтанд:

9

- Охир, дањ сол шуд, ки азоб мекашам, акнун намешавад , ки камтарак туро њам дўст дорад. - Њолате буд, ки бештар аз марг њарф мезада бошанд? - Ин гуна лањзањо буданд, вале авзои маро дида, њамеша гапро ба шўхї мебурданд. Вале ин дафъа... љиддї буд суханашон... . Он шаб њам ба бедорї рафт. Сапеда дамид. Дамодами субњ ѓанабашон бурд. Хостам љушобаи чоќуларо, ки аёсї карда будам, биёрам. Банохост гуфтанд: Ташвиш накаш, дигар фоида надорад, биё бишин, ман туро ѓаниматам... Марг дар паси дар аст, фањмидї, дар паси дар... ...Гуфтам, нафаси хунук накун, њамаро наврўзї даъват кардаї (њар Наврўз пайвандон дар хонаи мо сарљамъ мешуданд) дар паси дар Наврўз омадаст, медонї, Наврўз?!... ... Магар он лањза медонистам, ки то поёни умрашон як моњ не, як њафта не, њатто як рўзаки дигар не, балки њамагї чанд соат мондааст...? - Кї буд сари болинашон њангоме, ки љон месупурданд? - Њељ гоњ танњояшон намегузоштем. Бо келинам Мењрангез бонавбат сари болинашон менишастем... Он лањза њарду њузур доштем. Баъд писарам Ромиш омад... - Сухани охиринашонро ёд доред? - Он рўз чанд бор акаи Муњибуллоњро суроѓ карданд. Одатан, дўстон арафаи Наврўз њамдигарро шодбош мегуфтанд. Як рўз пеш бо Нарзуллоњи Латиф дар сўњбат буданд. Ва бо пањлавонписарамон Толеъљон, ки он рўзњо ба мусобиќаи сењарбаи ќудратии њирфаї Амрико рафта буд, дурудароз гап заданд... ... Гуфтанд, ки Ромишам љавонмард шудааст, Толеъљону Мењрољама ташвиш надињен, дар роњи дуранд... Наврўз расида буд... Соат як мешуд... Телефон паињам занг мезад..., яке акаи Муњибуллоњ буд, дигарї - Мунаввар. Мехостанд Наврўзро муборакбодашон гўянд... Марг пешдастї карда буд... он лањза Имомназар дар назъи љон буданд... - Чї осори чопношуда доранд? - Ду ќисса, як маљмўаи песањо, латифањо ва як тарљума доранд. Њанўз бист сол пеш романи И. Илф ва Е. Петров. "12 курсї"- ро тарљума карда буданд. Як ќиссаашон "Тобистони охирини бачагї" ном дорад. Номгузории ќиссаи дигарашонро ба ман бовар карданд. Азбаски охирон хоњишашон буд, ба љон пазируфта шуд. Ва унвонаш гузоштам "Ман бармегардам". Ба умеде, ки Имомназари зиндадил бармегарданд: Дар хандаи шањдбори кўдакон, Дар хандоханди дилдодагон, Дар базлањои рангини хушдилон, Дар танзи беозори зарифон, Дар хотироти отири пайвандон... Мусоњиб Бобољони ШАФЕЪ

САДОИ МАРДУМ

47% ЌАБУЛИ ЌОНУН ДАР БОРАИ МУЊОЉИРАТИ КОРИРО ЗАРУР НАМЕДОНАНД

15% 10% 5%

15%

7%

Наздик ба 50 дарсади иштирокчиёни як назарпурсии виртуалї муътаќиданд, ки ќабули Ќонун дар бораи муњољират дар Тољикистон зарурат надорад.

4%

Ба ман фарќ надорад

20%

40%

Дар ин бора фикр накардам

25%

31%

Комилан не, зеро дар амал татбиќ намешавад

30%

Не, бе ќонун њам муњољират буд

35%

Ња, Њукуматро дар назди муњољирон ўњдадор мекунад

40%

Бале, фаъолияти ин самтро танзим мекунад

45%

4%

0% 1

2

3

4

5

6

Натиљаи як назарпурсии виртуалї зери унвони "Оё дар Тољикистон ба ќабули Ќонун дар бораи муњољират зарурат њаст?" маъ-

лум кард, ки 40 дарсади иштирокчиёни он ба варианти "Комилан не, зеро дар амал татбиќ намешавад" раъй дода, 7%-и дигар њам таъкид карданд, ки "Не, бе ќонун њам муњољират буд". Њамзамон 31 дарсади иштирокчиёни ин назарпурсї ба варианти "Ња, Њукуматро дар назди муњољирон ўњдадор мекунад" овоз дода, 15 фоизи дигар гузинаи "Бале, фаъолияти ин самтро танзим мекунад" интихоб кардаанд. Аз љамъи иштирокчиёни ин назарпурсї њамагї 4 дарсад ќайд кардаанд, ки ќабули ќонун дар бораи му-

њољират дар Тољикистон "Ба ман фарќ надорад" ва 4 фоизи ахир њам гуфтаанд, "Дар ин бора фикр накардам". Ин назарпурсї бо супориши њафтаномаи сиёсии "Нигоњ" аз 11-ум то 17-уми марти соли 2015 дар сомонаи Ољонсии иттилооти "Тољнюс" баргузор шуда, дар он 615 нафар иштирок кардааст. Сомонаи Ољонсии иттилооти "Тољнюс" дар рўи платформаи Друппал сохта шуда, як нафар аз як компютер ё телефони доно њаќќи як маротиба овоз доданро дорад.


10

“НИГОЊ”, ЧОРШАНБЕ №51 (433), 18. 03. 2015

ДАРДИ ЊОКИМИЯТ

Охири њафтаи гузашта, ваќте ќасд доштам ин маќоларо барои шумораи навбатии "Нигоњ" нависам, мегуфтам, ин гуна сарлавња хоњам гузошт: "Путин куљо шуд"? Вале бо вуљуди муаммоњои зиёд дар атрофи будану рафтани президенти Русия ў пайдо гардид ва суолњои зиёдеро боз њам бељавоб гузошт. Дар мулоќоташ бо њамтои ќирѓизи худ дар Санк-Петербург њатто гуфт, ки "бе ѓайбат њаёт дилгир аст". Муддати як њафтаи охир сару садоњо зиёд дар бораи президенти Русия Владимир Путин шуданд. Сарвари як кишваре, ки иддиои абарќудратї дорад ва дар таъини сиёсатњои љањонї наќши умда мебозад, муддати дањ рўз ѓайб мезанад. Ба гуфтаи Сафири пешини ИМА дар Маскав Майкл Макфол: "Ин чандон дуруст нест, ки сарвари давлат барои чанд рўз ѓайб мезанад, бахусус барои рањбари он кишваре, ки силоњи атомї дорад". ВАО наметавонанд њич маълумоти расмї њатто аз хадамоти матбуотии он дастрас кунанд ва худи њамин зояндаи овозањое дар шабакањањои иљтимої ва воситањои ахбори дохилу хориљ мегардад. Ва ин овозањо гоње ба сурати афсонањо ва гоњи дигар бо тахминњои дур аз воќеъият ва баъзан бо тањлилњои коршиносона рўи сањифаи матбуот мерезанд.

дент ва собиќадори амният, Сергей Собянин, шањрдори Маскав ва Дмитрий Рогозин аз блоки тундгароён сурат гирад. Матбуот дар бораи Игор Сечин низ зиёд менависанд, ки неруњои ќудратии Русия аз ў низ метавонанд пуштибонї кунанд. Тањлилгари рус Павел Фелгенгауэр навишта буд, ки аз миёни њамаи генералњо љонибдори љанг бо Укроин њамин Сергей Шойгу буд. Ва ў шонси бештар барои талош дорад. Шойгу мегуфт, ки њоло Киев омода ба љанг нест ва аз фурсат бояд истифода бурд. Вале баъди тањлилњо Путин ба ќароре омад, ки дар ин марњила оѓози љанги ошкор зидди Киев њалокатбор аст.

Путин набояд бемор шавад? Як фарзияи ѓайб задани Путин аз назари мардум ва расонањо бемории вай буд. ВАО хеле матолиби зиёде дар ин замина интишор доданд. Аз љумла мубталои саратон будан ва аз сактаи маѓзї ба њоли коми афтодани сарвари Русия аз љумла фарзияњое буд, ки якояк аз љониби сарвари дафтари матбуотии вай рад карда мешуданд. Ин дар њолест, ки дар миёни матолиби дар ин замина интишорёфта тањлилњои илмии бемории саратони Путин њам буданд. Дар маќолаи Washington Post Юлия Йоффе, як шорењи хеле маъруфи амрикої менависад, ки "ин буњронро худи

ПУТИН КУЉО БУД? Андар ѓайбу рў задани Президенти Русия

Рабинович: "Аз Бортников бояд пурсид..." Ўро бори охир рўи 5-уми март дар мулоќоташ бо сарвазири Италия Маттео Ренси дида буданд. Баъди он як мулоќоташ бо бонувони кишвараш ба муносибати 8-уми март њам намоиш дода шуда буд. Аммо он замон ВАО кашф карданд, ки ин мулоќот пештар аз 5-уми март сабт шудааст. Рўзњои баъдї аз баргузории дидорњои ѓайрирасмиаш бо мансабдорони давлатї хабар дода мешуд, вале бидуни аксу навор. Њамин боис гардид, ки фарзияву тахминњои зиёде ба миён оянд. Аз љумла, мубталои беморрињои сармохўрдагї, сактаи маѓзї, саратон шудан, ба дунё омадани тифле аз Алина Кабаева ва њатто зиддияти хеле шадид миёни элитаи њоким бар асари марги фољеаомези Борис Немсов ва ѓайра. Сармоядори яњудитабор Слава Рабинович тавсия дод, ки ѓайб задани Путинро сараввал бояд аз Сарвари хадамоти амниятии ин кишвар Александр Бортников пурсид. Таваљљуњи ин тањлилгарро он нукта ба худ љалб карда буд, ки Бортникови дар рўйхати тањримњои Иттињодияи Аврупо ва Канада ќарор дошта, чї гуна бо сафари расмї ба Амрико рафт? "Оё шумо ягон ваќт дидаед, ки инсоне бо ин тањримњо вориди ИМА шуда бошад? Агар манфиатњои миллии ИМА дар миён набошад, њич гоњ раводид дода намешавад, Бовар намекунед? Пас худ инро бисанљед"-мегўяд ў. Ба андешаи Рабинович, Вашингтон наметавонад дар мубориза бо ДОИШ бо Путин њамкорї кунад, вале метавонад аз сарвари хадамоти амниятї истифода намояд. Ва як фарзия марги эњтимолии Путин буд, гўё пинњон медоштанд. Дар гузашта њам марги сарварони Шўравї муддате пи-

«

нњон дошта мешуд ва њамин гуна иттифоќоте ба Путин њам пеш наёмадааст? Ў ку солим буд. Аз сўи дигар, Путинро аз рўзи 5-уми март касе намебинад ва дар таърих ин рўзест, ки Сталин аз олам рафта буд ва марги ў то ба њол муаммост. Ва агар оромона сарнагун карда бошанд? Оё њарбиён омодаи табаддулоти давлатї буданд? Чуноне сафири собиќи Исроил дар Русия Сви Маген дар Твиттераш навишта буд: "Њаракати њарбиён дар атрофи Кремл нишон медињад, ки ё табдили њокимият шуруъ шуда ва ё омодагие сари он меравад". Ё худ Њайдар Љамол, раиси Кумитаи исломии Русия дар суњбат бо телевизиони Гурљистон мегуфт, ки "Путин барканор шудааст, њарчанд зинда аст". Аз Кремл њама гуна овозањо дар бораи бемории Владимир Путинро рад мекарданд. Вай њатто мулоќоти таъиншуда бо Нурсултон Назарбоев ва Александр Лукашенкоро, ки мебоист дар Остона 12уми март баргузор мешуд, лаѓв кард. Муруре ба навиштаи тањлилгарону журналистон дар дохил ва хориљи Русия баёнгари нукоти зиёдест. Гумону њадсњо ва тањлилњои илмии коршиносон бозгўкунандаи он њаќиќати њолест, ки ин шабу рўз дар доирањои наздик ба Кремл њоким шудааст. Буњрон бо Укроин, ки Русияро дар инзивоъ ќарор дод ва тањримњои амрикоиву аврупої тадриљан пояњњои иќтисодии ин кишварро заъиф ва њаёти иљтимои сокинони онро сангин мекунанд, наметавонад мавриди гўмагўњо дар доирањои њоким набошад. Зеро як кишвари дорои собиќаи бузурги таърихї наметавонад то абад бо ниме аз љањон дар зиддият ќарор дошта бошад.

Њатто ѓайбзании Путин метавонад тибќи кадом лоињае сурат гирифта бошад, то омўхта шавад, ки афкори мардум чї гуна мечархад. Шояд Путин мехост донад, ки кадом ќуввањо талоши њокимият хоњанд кард ва кист муддаии курсии раёсати љумњурї. Ва њар тањлилгаре, ки атрофи ин "гумшавї" ибрози назар намуд, беихтиёр Русияи бе Путинро низ пеши назар овард.

«

Русия баъди Путин Њатто ѓайбзании Путин метавонад тибќи кадом лоињае сурат гирифта бошад, то омўхта шавад, ки афкори мардум чї гуна мечархад. Шояд Путин мехост донад, ки кадом ќуввањо талоши њокимият хоњанд кард ва кист муддаии курсии раёсати љумњурї. Ва њар тањлилгаре, ки атрофи ин "гумшавї" ибрози назар намуд, беихтиёр Русияи бе Путинро низ пеши назар овард. Хеле пештар аз ин овозањо Глеб Павловский, яке аз тањлилгарони матрањ дар Русия ибрози назар намуда буд, ки Путин дар садади сохтани "гуруњи делфинњо" мебошад, ки тадриљан ва баъди омўзишњо аз миёнашон љойнишин баргузинад. Яъне, масъалаи иваз шудани њокимият як масъалае нест, ки баъди ѓайбзанињои сохтаи Путин ба миён омада бошад. Аслан дар як љомеаи солим ин гуна афкор бояд бошад ва чун ин умр аст ва њич касе эмин аз марг нест, пас бояд сарварони давлатњо замоне, ки дар ављи ќудратанд, сари ояндаи кишвар баъди онњо андеша дошта бошанд. Пойгоњи лањистонии интернетии Na Temat маќолае интишор дод ва талош карда ба ин саволњо посух гўяд: Путин ѓайб зад. Баъд чї? Русия баъди Путин чї њол хоњад дошт? Ба навиштаи ин нашрия тибќи ќонунњои Русия баъди истеъфои президент вазифањои ў ба сарвазир мегузаранд, вале дар вазъияти кунунии Русия дар њоли рафтани Путин Медведев шонси хеле ками идораи давлатро дорад ва эњтимоли сар задани мубориза барои њокимият хеле зиёд аст. Медведевро Путин сари кор оварда буд ва хуб медонад, ки аз заъф ўро метавон чун лўхтак истифода кард. Чор соли президентии Медведев, ки дар таърихи Русия ба унвони "тандем" ёд мешавад, ин нуктаро собит кард, ки давлатро амалан Путин идора мекард, на ў. Талош барои њокимият баъди Путин ба андешаи тањлилгарон метавонад миёни Сергей Шойгу, вазири мудофиа ва Сергей Иванов, сарвари дастгоњи прези-

Кремл ба миён овард. Агар Песков имкони онро надорад, ки Путинро баргардонад, пас танњо метавонад бањонањои камарзиешро ба мисли сармо хўрдану муддате бистарї шудани ў, вале авзоъро комил дар назорат доштанашро пеш орад". Ба андешаи ин тањлилгар ѓайб задани Путин метавонад ду сабаб дошта бошад. "Аввал ин ки мардони асил бемор намешаванд ва сарвари кунунии Русия худро аз ин љумла медонад. Имиље, ки тадриљан Путинро ба шахспарастї овард, дар ин поя ќарор дорад, ки њич гоње набояд худро заъифу нотавон нишон дињад ва ин барои Русияи имрўз хеле муњим аст. Ана барои чї Путин њич гоње барои ин ё он иштибоњаш узр намепурсад ва агар ќарорашро њам таѓйир дињад, замоне таѓйир медињад, ки љомеа онро фаромўш карда бошад. Дуюм, мушкил он аст, ки касе ба Песков њам, ки мегўяд сармо хўрдааст, бовар намекунад. Ва ин худ боис мешавад, ки мардум сари нукоти дигар андешанд. Яъне, оё дар њаќиќат Путин аз сакта ва ё аз бемории ногањонии дигар рењлат кардааст? Зеро сармохўрдагї барои сарвари як давлат на беморие бошад, ки муљиби ѓайбати дурударозаш аз мањзари ом гардад",- менависад Иоффе. Ба њар сурат то ба ин лањзањо рўйдоди чанд рўзи охир дар ќазияи ѓайбзании президенти Русия ба суолњои зиёде посух надоданд. Аз ин рў њамаи фарзияњо њоло метавонанд љо дошта бошанд: њам беморї, њам талоши табаддулот, њам руњафтодагї аз вазъи кишвар ва андешањо дар танњої сари хуруљ аз ин вазъи буњронї. Њарчи бошад ё набошад чуноне тањлилгари руси муќими Берлин Леонид Бершидский менависад: "Путин тавонист бо ин ѓайбзанї сокинони Русияро ба њолати шефтагї орад. Њам сокинон ва њам њарифонаш аз ин ѓайбат нигарон шуданд. Мисли он аст, ки дар хонавода падар ѓайб мезанад ва фарзандонро нигарон мекунад". Бобољони ШАФЕЪ


МУБОРАК БОД!

ПАЁМИ ХУШИ НАВРУЗЇ!!!

®

Иќдоми Наврўзї аз Бемористони Ибни Сино Ба мардум дасти ёрї дароз намудану амали хайр анљом додан аз суннат ва расми хуби ниёгони башардўстамон будааст. Ба пос ва идомаи ин суннат аз 22 то 29 - уми март бо даъвати роњбарияти бемористон гастроэнтерологи маъруф, доктор Сиёвуш Мансурї ба Тољикистон ташриф меорад! Эндоурологи ботаљрибаву варзида доктор Сайид Њабибуллоњ Мусавибањор низ мањз дар ин рўзњои наврўзї бо истифода аз шевањои

навтарин, дар муддати кўтоњ бемории шуморо шифои ољил мебахшад. Хотиррасон мекунем, ки дар яке аз ин рўзњо сафари хидматиипизишкони гастроэнтеролог ва эндроуролог ба ноњияи Фархор ва сафари эндроурологи маъруф Сайид Њабибуллоњ Мусавибањор ба шањри Хуљанд дар назар дошта шудааст! Имконияти мусоидро аз даст надињед, аз машварату тавсияњои судманди мутахассисони байналмилаллї истифода кунед! Маълумоти бештарро тариќи телефонњои (44) 640 01 02 метавонед дастрас намоед!

НАВРЎЗЇ: ЗИЁФАТИ ОШХОНАВУ ЌАЊВАХОНАЊОИ ХУЉАНД БА МУНОСИБАТИ НАВРЎЗ Дар шањри Хуљанд ба муносибати таљлили Наврўз беш аз 120 ошхонаву ќањвахона сокинон ва мењмононро ройгон мењмондорї хоњанд кард. Бино ба иттилои дафтари матбуоти шањрдори Хуљанд, 21-уми март дар рўзи таљлили Наврўз ошхонаву тарабхона, чойхона ва ќањвахонањои шањр бо таомњои миллї дастурхони наврўзї ороста, пешкаши иштирокдорони чорабинињои наврўзї мекунанд. "Асосан аз љониби ин муасисањо таомњои миллї омода карда шуда, њамчунин ѓизоњои маъмули марду-

ми Хуљанд аз ќабили оши палов, ширбиринљ, мошубиринљ ва ѓайра ба њаводорони хўрокњои миллї пешнињод мешавад", - мегўянд аз њукумати Хуљанд. Дар њудуди шањри Хуљанд 5 тарабхона, 41 ќањвахона, 65 ошхона ва 11 чойхона фаъолият мебрад, ки њамаи онњо дар рўзњои таљлили Иди Наврўз ба мењмонону сокинони вилоят хизмат хоњанд расонд. Соли равон Наврўзи љумњуриявї бо ширкати Президент дар шањри Хуљанд баргузор мешавад. Сафои СОДИЌ

“НИГОЊ”, ЧОРШАНБЕ №51 (433), 18. 03. 2015

11


12

“НИГОЊ”, ЧОРШАНБЕ №51 (433), 18. 03. 2015

БО ШОИР

Рустам ВАЊЊОБ

НАВРЎЗЇ Ало, Наврўзи таќвими Љалолї, Биё, бо он фару фархундафолї Дигаргун соз ањволи башарро, Зудой аз рўйи гетї гарди шарро. Ба бўйи хок Одамро даво кун, Дили моро ба рањмат ошно кун. Ба назме ки дар ў њаргиз халал нест, Туро дар кори ин олам бадал нест. Шукўњи Љоми Љам дар синаи туст, Љабини офтоб ойинаи туст. Майи боќї ту дар паймона дорї, Зи фављи ахтарон парвона дорї, Ки чун дар оташи ту пок сўзанд, Ба сўзи нав љањонро барфурўзанд. Ало Наврўзи таќвими Љалолї, Ки пайки адлу рамзи эътидолї, Сару сомони Сомонї ту дорї, Зињї давлат, љањонбонї ту дорї. Нишоти њикмати Хайём бо туст, Њазор оѓози хушфарљом бо туст. Сиёвушон зи домонат бирўяд, Шамимаш њикмати Сино бигўяд. Насимат сабз созад турбати Бурх, Фурўзад лолазорони Гули Сурх. Гули Сурхе, ки Айнї иќтидо кард, Душанберо Бухороошно кард. Заминњову замонњо бо њам ояд, Њазоре пањлавї чун месарояд. Ватан имрўз чун Наврўзгоњ аст, Ќабои сабзаш аз мењригиёњ аст.

Исфандиёри НАЗАР

КИСТ? КЇ ДОНАД? Гул мешукуфад, ин дањани кист? Кї донад? Шуд зинда чаман, хоки тани кист? Кї донад? Арбоби аѓонї ба чаман масти таѓаззул, Эй наѓмагарон! Ин сухани кист? Кї донад? Эй ѓунча чаро пирањани хеш даридї? Дар пайкари ту пирањани кист? Кї донад? Аз анљуманорои замон кист, ки пурсад? Баъди ту замон анљумани кист? Кї донад? Аз дафтари гул бўйи дили сўхта ояд, Ин сўхтадил аз ватани кист? Кї донад? Эй зан, њама љо аз ту сухан гуфтаму гўянд: Ин булбули боѓу чамани кист? Кї донад?

Зафар СЎФЇ

НИЁИШИ НАВРЎЗЇ Бањорро садо занед, Бањори мондагорро садо занед, Чу хастаам зи ин њама ќарор будани њама, Ба лањни Рустамона он бањори беќарорро садо занед, Ва пеш аз он ки ях занад зи сардї хуни нанг дар рагони мо, Бањори лолаљўши нангу орро садо занед, Бањори растагорро садо занед, Барорро садо занед.

ИДЇ Ин сањар Наврўз шуд, Шањр масти хоб буду бехабар, Наврўз шуд. Гарчи гуфтанду њамегўянд: бо як гул намеояд бањор, Ёри якто баски омад аз сафар, Наврўз шуд, Эй Зафар, Наврўз шуд. Сафарбек СОЛЕЊ

ТУ НАВРУЗИ МАНЇ Сармои зимистон бигзашт, як соли умри ман гузашт. Сездањбадар мерам ба дашт, бар дашту кўњистони Рашт. Чоршанбе Сурї омада, он нору нурї омада, Он роњдурї мерасад, суди сабурї мерасад. Бо Њочифирўз меравам, суроѓи Наврўз меравам. Мерам аз оташ мепарам, то боз шавад болу парам, Андуњу њасратхову ѓам, дарду кудурату алам, Аз дил ба берун метакам, дилро мусаффо мекунам, Боз рўи девори дилам акси туро љо мекунам.

Њар љо бањор чодари гул мекашад ба сар, Он лолањо, ки чидаї дар сангсор нест. Ин гиряњо зи сўзи фироќам надидаї, Ѓам табли шодї мезанаду ѓамгусор нест. Мо њамчу субњу шом ба њам гар намерасем. Дар офтоб ќиссаи шабњои тор нест. Тавлиди баъди марги манї, эй азизи дур, Аз ёдњои гумшуда гарди ѓубор нест.

Aъзам ХУЉАСТА Зеро ту Наврўзи манї, бахти аламсўзи манї, Ангезаи њусни Худо, дар ќалби пурсўзи манї. Зеро ту Наврузи манї, Зеро ту Наврузи манї... Шањрияи АЊТАМЗОД

САД ЌИССАИ ЗЕБО Сад ќиссаи зебої дар дафтари Наврўз аст, Наќши ќалами борон дар мармари Наврўз аст. Савганд ба номи гул, савганд ба фарвардин, Дар чашмаи чашмонам нилуфари наврўз аст. Дар боѓи дили шоир овони гулафшонист Њарфи гулу лолої дар љавњари Наврўз аст, Наврўзи Аљам ёде аз сўи ниёи мост, Љоми Љами мо умре эњёгари Наврўз аст. Дар мазњаби фарвардин зулмот наёбад роњ, Хуршеди фурўзонфар дар минбари Наврўз аст. Ман панљара бикшоям дар лањзаи гулбандї, Атри гули ёси ў ёдовари Наврўз аст. Њулбўйи Ватан бўям, кокуш ба гесўям, Бо гуфти яке шоир ин кишвари Наврўз аст

Эй ошиќон, эй ошиќон... Дар бањорон љома аз тан барканед, Танбарањна љониби сањро равед. Мавлавї Эй ошиќон, эй ошиќон, Наврўзи олам омада, Айёми ишќу ошиќї бар хитаи Љам омада. Хезед бар сањро равед, пироњан аз тан барканед, Шодї кунед, шодї кунед, поёни њар ѓам омада. Дар њастии худ гум шавед, дар Кањкашон анљум шавед, Шўре ба по созед њаме, дарё ба шабнам омада. Љоми сабуњї оваред, то аќл оќилтар шавад, К-ин муњтасиб аз доварї нолону мулзам омада. Андар рикоби ин бањор як ишќи поку беѓаше, Бо накњати бобунањо бар ќалби Аъзам омада. Адибаи АЗИЗ

ТАВЛИДИ БАЪДИ МАРГ… Дигар бањор бе ту бароям бањор нест, Дар сина љуз ѓами ту дили беќарор нест. Фарёдњо, ки мекашам љонам ба лаб расид, Љуз наѓмањои бехудии интизор нест.

Як шањр бе ту холиву берангу мурда аст, Он дам мабод, дўст њаме дар канор нест. Охир Адиба шеваи дерина мекунад, Љуз кўи ту ба сўи дигар рањсипор нест. Фирдавси АЪЗАМ

САЛОМ БОЯД КАРД Ба боѓ, дашт, замин, гул салом бояд кард, Ба эњтироми бањорон ќиём бояд кард. Бањор бо ќадами нек боз меояд, Њузури сабзи варо эњтиром бояд кард. Барои он, ки дилам бо бањор хуш бошад, Нигоњи отифиро эњтишом бояд кард. Бањор мегузарад бо нигоњи иљмолї, Бањори зиндагиро бардавом бояд кард. Бањор ношири ашъори сабзу зебоист, Ки дар љаридаи ў сабти ном бояд кард. Барои ишќ, ки дар синањо бувад бедор, Ба боѓ, дашт, замин, гул салом бояд кард.


ЧЕЊРА

“НИГОЊ”, ЧОРШАНБЕ №51 (433), 18. 03. 2015

13


14

“НИГОЊ”, ЧОРШАНБЕ №51 (433), 18. 03. 2015

ЧЕЊРА


НИГОЊИ МАРДУМИ ЗОДРЎЗ МУБОРАК!

? - И НОБОБ

“НИГОЊ”, ЧОРШАНБЕ №51 (433), 18. 03. 2015

15

АКСИ ГЎЁ

АНДОЗИ АМВОЛРО ЧЇ ТАРЗ ЊИСОБ КУНЕМ? - Чор дар хонаи мо дар њавлиамон, ки аз чор сотих замин иборат аст, љойгир шудааст. Ба ѓайр аз ин чор сотих замин 6 сотих замини назди њавлигї дорем. Њамаи заминњои мо ба категорияи заминњои обї ва ањолинишин дохил њастанд. Хоњишмандем, ки барои мо рўшан намоед, ки андози амвол барои як метри квадратии ин хонаи истиќоматї, андози замини дохили њавлї (4 сотих) ва замини назди њавлигї (6 сотих) - ро чї тарз бояд пардохт кунем? Сабоњат ДАВЛАТОВА, сокини дењаи Гулпарвари љамоати Чимтеппаи ноњияи Рўдакї

АФСОНАИ ЗИНДОН Дар ин як рўзи боронї, ки борон мезанад бар шишаи дил, Ба дунё омадї, эй марди ќобил. Ба дунё омадї фасли бањорон, Бањор орї ба њар як хону манзил. Ки сабзонї дуо дар хонаи дил. Дар ин як рўзи боронї Ки чак - чак мезанад борон Саросар мезанад борон, баробар мезанад борон. Баробар шуд шабу рўзи ту дар зиндон. Муборак рўзи Наврўз, марди зиндон Дарахти пушти панљара дубора сабз шуд, Нигоњи ту даруни хона зард шуд. Дубора ин бањор омаду, туро надид, Надида рўйи ту набераи ту мард шуд. Дар ин як рўзи боронї, ки борон мезанад бар боми ин зиндон. Њамегўяд ба гўши ту садои гиряи борон: - Машав њайрон ту бар ин кори дунё. Бароят мужда овардам ман аз боло, Рањо мегардї ту рўзи аз ин зиндон, Чу њар банде, ки охир мешавад гардон. Рањо мегардї ту рўзе аз ин зиндон, Бароят рўзи нав мехоњад ин борон, Ба љойи ту дар ин як гўшаи зиндон Фаќат афсона мемонад, Њамин афсонаи зиндон

- Мутобиќ ба талаботи ќисми 1 моддаи 273- и Кодекси андоз меъёрњои андози замин дар миќёси вилоятњо ва шањрњо (ноњияњо) бо назардошти минтаќањои кадастрї ва намудњои замин, аз љумла заминњои мањалњои ањолинишин, заминњои зери љангалзор ва буттазорњои мањалњои ањолинишин ва заминњои истифодаи кишоварзї њар 5 сол аз љониби Њукумати Љумњурии Тољикистон муќаррар карда шуда, бо назардошти сатњи таваррум њамасола индексатсия шуда, дар сомонаи расмии Кумитаи андоз (http:// www.andoz.tj) љойгир карда мешавад. Андози замин вобаста ба истифодабарии он ба се гуруњ људо шадааст, ки меъёрњои он низ аз њамдигар фарќ мекунанд. Аз љумла, меъёри андози замин барои минтаќањои кадастрї, меъёри андози ягона барои истењсолкунандагони мањсулоти кишоварзї ва меъёри андози замин дар шањру шањракњо ва ноњияњо. Дар мурољиат ќайд карда шудааст ки замини шањрванд замини наздињавлигї мебошад. Мутобиќ ба талаботи ќисми 3 моддаи 279 - и Кодекси андоз коэффисенти минтаќавии ноњияи Рўдакї барои андоз аз объектњои ѓайриманќул 0,3 пешбинї гардидааст. Бинобар ин, 1м 2 объекти ѓайриманќули Шумо, ки масоњати то 90 м 2 - ро ташкил медињад, ба 0,36 сомонї (1,2 x 0,3= 0,36) баробар мебошад. Агар объекти ѓайриманќули Шумо њамчун иншооти ёрирасон ба њисоб равад, дар ин маврид объекти андозбандї 50% - и масоњати умумии иншооти ёрирасон ба инобат гирифта мешавад. Њамчунин бори дигар ёдрас мешавем, ки дар сомонаи Кумитаи андози назди ЊЉТ меъёрњои андози замин ва андози ягона (ќисмати "Тавзењот") барои њар як шањру ноњияњои љумњурї љойгир карда шудааст, ки андозсупорандагон метавонанд аз он истифода баранд. Оид ба андоз аз объектњои ѓайриманќул бояд ќайд намоем, ки меъёри андоз аз объектњои ѓайриманќул бо истифода аз нишондињанда барои њисобњо барои њар як метри мураббаъ муќаррар карда шудааст. Айни замон меъёри андози мазкур дар шањри Душанбе барои 1м2 маблаѓи 1,2 сомониро ташкил медињад ва метавонад маблаѓи мазкур бо назардошти коэффисент дар шањру ноњияњо таѓйир ёбад (паст шавад). Ба саволи Шумо Нусратулло ДАВЛАТЗОДА, раиси Кумитаи андози назди Њукумати Љумњурии Тољикистон посух дод.

ТАШАККУР БА ВАЗОРАТИ ТАНДУРУСТЇ! 14-уми март дар Маркази тиббии шањри Душанбе бо ташаббуси роњбарияти Вазорати тандурустї ва њифзи иљтимоии Љумњурии Тољикистон ва директори Маркази мазкур Рањмонов С.Б. бахшида ба Соли оила чорабинии умумиљумњуриявї тањти унвони "Хонаводаи солим - миллати солим" баргузор гардид, ки дар љараёни он духтурони соњањои гуногуни тиб шањрвандонро, новобаста аз љои истиќомати доимашон, ќабул намуданд. Ќабул аз соати 8.00 субњ шуруъ гардид. Зиёда аз 500 нафар шањрванд ба Маркази мазкур мурољиат намуданд, ки табибони њозиќ Мирзоев Д., Рањмонов Ѓ., Абдусамадова З., Назаров С., Шоисматуллоев М. ва дигарон онњоро муоина карда, дар њоли зарурат барои гузаронидани ташхисњо рањнамун сохтанд. Њам анљом додани ташхисњо ва њам машварати духтурон ба таври ройгон сурат гирифт, ки шањрвандон аз гузаронидани чунин чорабинии инсондўстона мамнун гардиданд. Месазад, ки чунин чорабинињо њар моњ дар дигар шањру ноњияњои љумњурї низ гузаронида шаванд, зеро ки њам ба саломатии шањрвандон ва њам ба мустањкамшавии оилањо мусоидат менамоянд. Савриддин СОЊИБОВ, сокини нохиияи Файзобод

БА ЉОИ 09

БАЊРИНИССО, ба зодрўзи соњибкор ва сиёсатмадори зиндонии тољик Зайд Саидов

? - И БОБ

ДАР ЉУСТУЉЎИ НАШРИЯЊОИ ЊУКУМАТЇ МОНДА ШУДАМ - Ман дар ягон корхонаи давлатї кор намекунам. Ризќи худ ва фарзандонамро аз давлати Русия дарёфт мекунам. Бо фарорасии сармо дар дењаамон энергияи барќ ба ќавле тухми анќо шуду имкони тамошои барномањои телевизионро аз даст додам. Мехоњам њаррўза аз ќонуну

РАЊМАТНОМАИ МАРДУМЇ

ќарорњои ќабулнамудаи Њукумати Љумњурии Тољикистон огањї дошта бошам. Дар ноњияамон тамоми дўкону растањои рўзномафурўширо пурсидам рўзномањои "Љумњурият", "Садои Мардум" ва њатто "Хатлон" - ро пайдо накардам. Ба маркази вилоят шањри Ќўрѓонтеппа омадам дар ин љо њам дар дўконњонашрияњои њукуматиро пайдо карда натавонистам. Пурсидам як дўстам гуфт, ки нашрияњои њукуматї болои мизи раисони корхонаю муассисањо ѓарам - ѓарам хобидаанду онњо ваќти мутолиаро надоштаанд. Суолам ин аст, ки нашрияњои њукуматї мардумї нестанд? Агар бошанд чаро дар савдои озод нестанд?! Кабири САВЛАТШОЊ, сокини љамоати Гулистони ноњияи Љалолиддини Румї

- Хадамоти муњољирати Вазорати мењнат, муњољират ва шуѓли ањолии Љумњурии Тољикистон ба маълумоти њамаи шањрвандони љумњурї мерасонад, ки дар ин хадамот маълумот оид ба шахсоне, ки ба онњо ворид гардидан ба ќаламрави Федератсияи Русия манъ аст, мављуд мебошад. Бинобар ин шањрвандони хоњишманд метавонад тариќи ройгон маълумотњоро аз хадамот ва сохторњои зертобеи он дастрас намоянд. Љињати пешгирии њолатњои номатлуб, аз љумла доир ба дастрас намудани вараќаи муњољират дар Хадамоти муњољират гуруњи корї тањти роњбарии сардори хадамот ва сардорони раёсатњо таъсис дода шудааст. Шањрвандон барои гирифтани њар гуна посух метавонанд ба шумораи телефони боварии 225-07-19 мурољиат намоянд. Њамчунин шањрвандон бо ин нишонї ва шуморањои телефонї мушкилоти худро бароварда созанд: Дар шањри Душанбе, кўчаи Айнї, 121, телефон 225-07-19, 95-115-01-16, хиёбони Рудакї, 37, телефон 221-08-34; шањри Ќўрѓонтеппа, хиёбони Вањдат, 523, телефон 8-2322, 2-55-83; шањри Хуљанд, кўчаи Фирдавсї, 120, телефон 8-3422, 6-51-99; шањри Хоруѓ, кўчаи Ленин, 36, телефон 83522, 2-29-76.

Д И Ќ Ќ А Т! Барои ба саволњои доѓи худ посух гирифтан ба идораи њафтаномаи «Нигоњ» мурољиат кунед. Суроѓа: шањри Душанбе, кўчаи Носирљон Маъсумї-3, назди Хона музейи Мирзо Турсунзода. Ё ба масъули сањифаи "Нигоњи мардумї" бо шумораи телефони 985 60 86 85 занг занед ё бо воситаи смс-паём саволи худро ирсол доред. Њамчунин ба почтаи электронии nigoh_tj@inbox.ru арзу пешнињод ва мушкилоти худро бинависед.


КОМИЛАН «ЉИДДЇ»

“НИГОЊ”, ЧОРШАНБЕ №51 (433), 18. 03. 2015

ПУРБИНИ «НИГОЊ»

ЊАЗЛЊОИ НАВРЎЗЇ Љавонмарди тољик фирма мекушояд. Рўзи якум дар офис, нав њама љо ба љо шудааст. Ногањон дарро ким, ки мекўбад. Ў худро ба кресло партофта, гўшаки телефонро мегираду бо овози баланд мегўяд: "Дароед!". Марде дар даст сумка медарояд. Љавонмард бо телефон: - Не, имрўз наметавонам, корамон бисёр, клиентњо бисёр, ман шуморо ба навбат менависам. Баъд гўшаки телефонро гузошта аз марди омада, мепурсад: - Бубахшед, кор бисёр клиентњо беист занг мезананд, ба шумо чї хизмат кунам? Марди мењмон дар љавоб: - Ман аз стансияи телефонї омадам. Телефони офисатонро ба шабака пайваст кунам… *** Тумани ѓафс. Зане пушти рули мошин њељ чизро намебинад ва бо габаритњои мошини дар пеш буда рафтан мегирад. Ногањон мошини пешбуда меистад. Зан мошини пешбударо мезанад ва аз мошин бо шаст фаромада, ба сўи ронанда медавад: - Њой мардак, чаро ту мошинро ногањон манъ мекунї? - Бубахшед, бону, ман ба гаражи худам даромадам. *** Дар бозор марде тўтии гўёро мефурўхт, ки дар як пояш лентаи сабз дар дигараш сурх баста шуда буд. Марди харидор мепурсад: - Чаро дар пойњояш лентањои рангоранг баста шудаанд? - Агар лентаи сабзро сахттар кашед, бо русї сухан мекунад, сурхашро кашед, бо англисї… - Агар њарду лентаро сахтакак кашам чї? Тутї ба ѓазаб омада: -Чї мешавад… чї мешавад… дар болои сарат а..аа мешавад. *** Зан ба шабакаи телевизиони занг мезанад: - Илтиљо мекунам, навиштаљоте, ки аз таг медаванд, дигар нишон надињед. Шавњари ман фикр мекунад, ки ин караоке аст, ба сурудхонї медарояд. *** - Ин амрикоињо аљоиб дурусткор, босабр ва одамони нек њастанд. - Ња, ин њатто аз филмњояшон маълум аст. Боевики хунин, ки дар рафти он як - ду њазор одамро ѓарќи хун мекунанд. Дар охир навиштаљоте пайдо мешавад: - Ваќти ба навор гирифтани филм ягон њайвон зарар надидааст. *** Лаби дарё мард бо шаст моњи тиллоии сењрнокро медораду боз озод карда, ба об мепартояд. Њамин тавр, се бор. Бори сеюм моњичаи тиллоии сењрнок тоќат накарда, аз ў мепурсад:

- Эй мард, чаро ту њељ чиз талаб намекунї, кї њастї? - Роман Абрамович… *** Як навъи ќаллобї бо телефони мобилї пайдо шудааст. Барои пурра фањмидан шумо бояд СМС ба раќами 666 равона кунед. Матнашро бо калимаи "ЛОХ" сар кунед. Агар аз якум бор нашавад, 3 - 4 бори дигар такрор кунед (СМС - 1,60 доллар арзиш дорад). *** Бачањо, моњи оянда ман ба шавњар мебароям. Як шабнишинии хурдакак танњо барои одамони наздик мешавад. Тўњфа даркор нест. Танњо љавонмардеро биёред, ки маро ба занї гирад. *** Дар зали суд. - Юнус, чаро ваќти хондани њукм бояд хезї? - Чунки баъди ин дурудароз шиштан даркор. *** - Мардак, ёд дорї, тобистон ба шикор рафта будї ку? - Бале, ёд дорам, чї буд? - Рўбоњи ту занг зада буд. Гуфт, ки њомиладор шудааст. *** Яке аз хешони Пулодбойро дар Афѓонистон раиси радио таъйин карданд. Пас аз се рўз ўро аз кор ронданд. Аз ў сабаб пурсиданд. Гуфт: -Њељ чї, фаќат дар байни азон реклама пахш кардам. *** Љањонгарди олмоние ба ќишлоќи Пулодбой омад ва аз ў пурсид: - Дар ќишлоќи шумо чї чизи аљиб вуљуд дорад? Пулодбой гуфт: - Дар ќишлоќи мо марди пири 125 - солае аст, ки њанўз аз кафи дасти худаш нон мехурад. Љањонгард гуфт: - Ин чизи аљиб будаст, ман бояд њатман бо ў вохурам, чї хел ўро бинем? Пулодбой гуфт: - Ўро дида намешавад. Љањонгард гуфт: - Чаро? Пулодбой љавоб дод: - Падараш ўро намегузорад аз хона берун барояд. *** Пулодбой аз масљид баромада дид, ки калўшњояш нестанд, ба худаш гуфт: - Ман кай рафтам, ки худам нафањмидаам. *** - Оё љанги љањонї мешавад? - Не, намешавад, аммо мубориза барои сулњ чунон ављ мегирад, ки њама ба хок яксон мешавем.

МАНГАР, КИ КЇ МЕГЎЯД...

16

Эмомалї РАЊМОН, Президенти Тољикистон: - Парлумон љои бањс аст. Ё вакилї кунед, ё ба тиљорат равед! - Аз санг садо мебарояду аз вакилони интихобкардаи шумо не, Љаноби олї!

Николай САВЧЕНКО, собиќ роњбари сохтмони НБО-и Роѓун: - Имрўз НБО-и Роѓун нест, аммо бањри Арал хушк шуд. Паст гаштани сатњи оби бањри Арал њанўз њангоми азхудкунии даштњои ташналаби поёноби Амўдарё аз љониби Ўзбекистон оѓоз гашта буд. Аммо доногї карданд, дар њеч куљо дар ин бора њарфе нагуфтанд. - Ин доногии фавќулоддаи онњо не, ба нодонии бемисл марбут аст, дед Николай! Муњиддин КАБИРЇ, раиси ЊНИТ: - Тамоми омилњое, ки имрўз дар даст дорем, мутаасифона барои мо як ояндаи осонро нишон намедињанд, балки як ояндаи душворро нишон дода истодаанд. - Маслињат: Зудтар ин омилњои дастатонро дур партоед! Боз ба фолбинї муттањам накунанд. Њабс кунанд гўрба, кличка мемонанд, "муллои фолбин" гуфта.

Абдњалим ЃАФФОРОВ, раис ва вакили ЊСТ дар Маљлиси намояндагон: - Ин андеша, ки њизби сотсиалистї бо нерўи худ вориди парлумон шуда наметавонад, хатои мањз аст. Ваќте дигарон ба парлумон ворид шуда буданд, мо нагуфтем, ки онњо њеч чиз њастанд. - Инаш њам аз эљодиёти худатон - мї? Ѓарибшо њам гаштааст "ман њаљвнигор" гуфта.

Љамшед ЮСУФИЁН, муовини аввали раиси БМТ: - Мо муайян кардем, ки фарќ миёни нархи харид аз нархи фурўш набояд аз ду сомонї зиёд бошад. Имрўз нархи фурўши доллар дар нуќтањои мубодилаи асъор 6,30 сомонї муайян шудааст. Саррофон њак надоранд, долларро аз ин ќиматар фурўшанд. - Давомашро њам нагуфтед: Баъд милисањо рафтанд... "Валютчикњо" чунон гурехтанд, ки дари дуконашнро баста... Мардуми аз бонкњо ќарздор дар љустуљўи доллар сарсону саргардон...

Олимљон БОБОЕВ, раиси ЊИИТ ва вакили Маљлиси намояндагони МО ЉТ: - Умуман тањлилњо нишон медињад, ки ягон њизб дар дунё ѓайрикисагї нест. Њадаф, ин ки "киса" аз куљо пур мешавад. - Бале, муњим «киса» ва тозагии он аст. Раиси Шўрои муњаррирон: Саймиддин ДЎСТОВ dustov@mail.ru

Њафтанома дар Вазорати фарњанги Љумњурии Тољикистон ба ќайд гирифта шудааст.

МУАССИС: Созмони љамъиятии «ИНДЕМ» («Информатика барои демократия ва рушди миллї»).

Котиби масъул: Абўалї НЕКРЎЗОВ nigoh_tj@inbox.ru

Шўъбаи иттилоот ва сиёсат тел: 600 80 38 Шўъбаи тањќиќот ва тањлил тел: 600 80 38 Шўъбаи иљтимоъ ва иќтисод тел: 600 80 39 Шўъбаи реклом ва огоњиномањо тел: 918 74 75 79

Дар њафтанома матолибе низ ба нашр мерасанд, ки бо мавќеи идораи он муѓойират доранд. Дар шумора аз аксњое њам аз Шабакаи љањонии Интернет истифода шудааст. Матолиби хусусияти таблиѓотидошта ® метавонанд танњо бо пардохти муайян дар њафтаномаи «Нигоњ» нашр шаванд. Барои дар дигар нашрияњо пурра ё ќисман чоп кардани матолиб ва иќтибосњо аз «Нигоњ» иљозаи хаттии идора ва нишон додани сарчашма дар шакли «аз њафтаномаи «Нигоњ» №_ аз санаи _» њатмист. Њуќуќи муаллифии кулли матлабњои шумора ба идораи њафтаномаи «Нигоњ» ва СЉ «ИНДЕМ» тааллуќ дошта, тибќи ќонунгузории љории Тољикистон ва байналмилалї њифз карда мешаванд. Дар њолати наќзи "Меъёрњои ахлоќии фаъолияти журналистї дар Тољикистон" аз љониби нашрияи мо, бо арзу шикоят метавонед ба Шўрои воситањои ахбори оммаи Љумњурии Тољикистон (Шўрои ВАО - и ЉТ) мурољиат намоед.

Ќимати рўзнома дар фурўши чакана на беш аз 2,5 сомонї Њафтанома дар нашриёти «Мега-принт» чоп мешавад. Теъдод 4 000 нусха Ќимати обуна барои як сол - 78 сомонї. Индекси обуна: 68990 НИШОНИИ ИДОРА: Љумњурии Тољикистон, шањри Душанбе, кўчаи Носирљон МАЪСУМЇ, хонаи 3. Телефон: (44) 600 80 38, 224 25 09 Теъдоде аз њар шумора дар асоси кўмаки техникии (дар шакли ќоѓаз) дафтари САЊА дар Душанбе ройгон таќсим карда мешавад.


Turn static files into dynamic content formats.

Create a flipbook
Issuu converts static files into: digital portfolios, online yearbooks, online catalogs, digital photo albums and more. Sign up and create your flipbook.