12 миллион доллар пораи ба кисањо вориднашуда
“НИГОЊ”, ЧОРШАНБЕ №5 (387), 23. 04. 2014
1
Маркази миллии тестии назди Президенти Тољикистон натавонист, ки њадди аќќал 50 дарсади довталабони эњтимолиро љалб кунад. Аммо ѓайриихтиёр исбот намуд, ки низоми маорифи Тољикистон фасодолуда буда, љалб кардани довталабон низоми хоси худро доштааст... САЊИФАИ 3 №5 (387). Чоршанбе, 23-уми апрели соли 2014
e-mail: nigoh_tj@inbox.ru
www.facebook.com/nigohtj
МАВЛУДИ ШОИР
Дар бари фарзанд як соат нишинї бо китоб, Пас њамин аст инќилоб! САЊИФАИ 12
ХАБАР АЗ ШИМОЛ
Рамзи шањри Хуљанд зардолуи сунъї? САЊИФАИ 6
ПУТИНИ ЉАЗЗОБ ПОСДОРЇ АЛВИДОЪ, МАРКЕС!
Даргузашти танњотарин марди Сайёра САЊИФАИ 10
ПУРБИНИ «НИГОЊ»
Замони СССР борону сел набуд САЊИФАИ 16
Кремлин "њамроњшавї"-и нави Тољикистону Осиёи Миёнаро ба Русия чї тавр мебинад?
ИЛТИМОС, БА ПРЕЗИДЕНТ РАСОНЕД Изњороти соњибмулкон ва маъмурияту кормандони бозори "Ином"-и Шањритус дар бораи боз кардани парвандаи љиної ва дахолати ѓайриќонунии "Ќорї" Нусрат ва "Шайх" Мањмадљон ба кори бозор
ОФАТИ ТАБИЇ
“НИГОЊ”, ЧОРШАНБЕ №5 (387), 23. 04. 2014
Владимир Путин, президенти Русия 21-уми апрел Ќонуни тањвили соддаи шањрвандии Русияро имзо кард. Ин санад як рўз ќабл аз мавлуди Владимир Ленин, доњии пролетариат, асосгузори Иттињоди Шўравї, ки соли 1991 пош хўрд, ба имзо расид, нињої ва вориди амал шуд. Иддаи коршиносоне, ки сатњї ва "илмї" меандешанд, ин ќонунро зарурати љилавгирї аз камшавии инсон, ё ба забони илм, мушкили демографї дар Русия арзёбї мекунанд. Аммо чун ин ќонун пас аз "забт" - и Ќрим иттифоќ меафтад, аслан рисолати дигар дорад ва он њам дигарбора "њамроњ кардан" - и Осиёи Миёна ба Русия аст.
људ меоянд ва ба ќавли мардуми тољик, "мард шаву онњоро рон!" Агар кишварњои Осиёи Миёна њамчунин имкон ва наздикї бо Амрикоро медоштанд, шояд зидди њамчунин санадњои дарозмуддат набуданд. Аммо вазъи онњо чунин нест. Ќабл аз њама барои он ки онњо худ мањсули рус њастанд. Русњо онњоро эљод карданд ва ба тавре ки мехоњанд, онњоро идора мекунанд. Акнун рўшан мешавад, ки чаро то ба имрўз Русия кишварњои Осиёи Миёна (Осиёи Марказї - таъбирест, ки русњо дўст надоранд, чун он мањсули сиёсатњои Амрикову Ѓарб аст) - ро аз рўи ќоидаи "наздик наё, ки аз рўят безорам ва дур нарав, ки бе ту наметавонам" идора мекард. Аммо новобаста аз хоњишњои Маскав, Амрикову Аврупо ва Чину Эрон њам дар ин минтаќа ба дастовардњое ноил шудаанд ва бозгашти ахирї ба сўи Русияро мушкил мекунанд. Мантиќан, сиёсатњои душањрвандї, бидуни раводид, њамгироињо дар собиќ Шўравї (ИДМ, Иттињоди Авруосиё, Иттињоди гумрукї, СПАД) то љое кишварњои Осиёи Марказиро дар мадори Русия нигањ доштаанд, вале њамкорињои онњо дар доираи САЊА, Созмони љањонии тиљорат, НАТО ва дањњо
Акс аз caricatura.ru
2
ЌОНУНИ ЉАЗЗОБИ ПУТИН Кремлин "њамроњшавї" - и нави Тољикистон ба Русияро чї тавр мебинад? "Таќсим" Бино ба ќонуне, ки президент Путин имзо кард, нафаре, ки яке аз гузаштагонаш дар њудуди имрўзаи Русия, Русияи подшоњї ва ё собиќ Иттињоди Шўравї кору зиндагї кардааст, метавонад шиносномаи русиро ба даст орад. Ин гуна ашхос соњиби имтиёзњое њам хоњанд буд. Аз љумла, онњо хеле содда метавонанд вориди Русия шаванд ва њаќќи иќомати муваќќатиро ба даст оранд. Аммо ин њама имтиёзњо як "аммо" - и љиддї доранд: њар касе мехоњад шањрвандии русиро содда ба даст орад, бояд аз шањрвандии кишвари худ даст кашад ва дар Русия иќомати доимї ихтиёр кунад. Њуљљатњои афроди довталаб, на шаш, балки дар се моњ баррасї шуда, сари онњо ќарор ќабул карда мешавад. Барои онњое, ки забони русиро медонанд ва дар зиндагии рўзмарра, кору оила истифода мекунанд, комиссияи махсус таъсис мешавад. Ќонуни љаззоби Путин њанўз дар замони баррасї дар Думаи давлатї ва њам аз сўи миллатгароёни Русия шадидан интиќод мешуд. Пеш аз њама онњо аз ин нигарон буданд, ки шиносномаи русї миёни сокинони Осиёи Марказї таќсим мешавад, зеро онњо намедонанд чї тур аз зиндагии мушкил дар ватани худ фирор кунанд. Ин миллатгароён мехостанд, ки шиносномањо фаќат ба русњо ва халќњои муќими Русия дар кишварњои дигар дода шавад.
«
Онњое, ки аз маризии миллатгарої ранљ намебаранд, ин нуктаро зикр карданд, ки "тавозуни геополитикї, ќавмї, касбї ва фарњангї" барњам мехўрад. Воќеан, аз нигоњи онњо, агар 11 миллион муњољир шањрванд шаванд, боз њам дилсўзи кишвари худ хоњанд буд ва дар интихобот ба нафъи Русия раъй нахоњанд дод. Иддае њам дуруст гуфтанд, ки шиносномаи Русия моли тиљорати доирањои зидахл - милисаву дигар маќомот мешавад ва тариќи пораву шиносбозї онњое њам шањрванд мешаванд, ки ќобили ќабул нестанд ва ин як маъракаи густардаи таќсим кардани шиносномањи русї хоњад шуд. Хулоса, мухолифатњо дар Русия ба ќонуни нав зиёд буданд, аммо он њама марњалањоро гузашта, њоло вориди амал мешавад. Яъне, ин ќонун зарур буд ва на фаќат барои имрўз, балки барои фардоњои дигар.
"Шарик" "Забт" - и Ќримро, ки њарфи дўстдоштаи дањони Амрикову Аврупо аст, матбуоту рањбарони Русия "њамроњшавї" талаќќї мекунанд. Бино ба иттилооте, ки дар расонањо пахш шуда буданд, Русия ин њамаро аз ќабл пешбинї мекард ва ин, ки дар як моњ таќдири љазираи Ќримро њал кард, њарфи як моњу се моњ ва њатто як сол нест. Ќрим масъалаи њалшуда аст, аммо он чї, гоњо гуфта мешавад, вале ба он таваљљўњи љиддї сурат намегирад, сар-
Дар асл дар муњтавои њудуди 500 санаде, ки миёни ду кишвар ба имзо расидаанд, њарфе дар бораи ин мушорикат нест. Умуман, дар ягон санад асосњои њуќуќии мушорикати стратегии Тољикистону Русия зикр нашудааст, масалан, дар кадом масоил ва ё самт онњо бояд ба таври стратегї муносибат кунанд.
«
навишти Молдова ва кишварњои Осиёи Миёна аст. Соли 1991 њарчанд Русия њамаро "рањо" кард, дар асл, тибќи њикмати тољикї, ин дароз гузоштани ресмон буд, ки тайи 23 соли ахир оњиста - оњиста кашида мешуд, бахусус дар баробари Тољикистон. Русия нагузошт, ки њарфи шарикии стратегї аз дањони рањбарони ду кишвар афтад. Дар асл дар муњтавои њудуди 500 санаде, ки миёни ду кишвар ба имзо расидаанд, њарфе дар бораи ин мушорикат нест. Умуман, дар ягон санад асосњои њуќуќии мушорикати стратегии Тољикистону Русия зикр нашудааст, масалан, дар кадом масоил ва ё самт онњо бояд ба таври стратегї муносибат кунанд. Аксари њамсуњбатони муаллифи ин сатрњо, аз љумла, аз доирањои сиёсатсозу сиёсатдон, гуфтанд, ки ин шарикї дар њуљљатњои алоњида ва бидуни мушаххас кардани нуктањо баён шудааст. Аммо банда дуруст пай бурдам, ки ин посух танњо фирор аз асли матлаб аст. Кишварњои Халиљ - Арабистони Саудї, Ќатар, Бањрайн ва … њанўз солњои 50 - уми асри 20 бо Амрико ин санади њамкорињои стратегиро ба имзо расонида буданд, ки онњо ба њамин шакли имрўза хоњанд буд ва Вашингтон онњоро њамин гуна бояд ќабул кунад. Њукуматњои авлодї, низомњои шоњиву нимфеодалї ва дигар вижагињои ин кишварњоро мањз бо њамон санад Амрико бар ивази њамкорињо, нафту газ ва ѓайра ќабул карда, аз наќзи њуќуќи зану демократияву интихобот лаб во намекунад. Мисоли дигар Паймони стратегї сари њамкорињои низомиву амниятї миёни Амрикову Афѓонистон аст, ки Њомид Карзай онро имзо накард. Ин паймон њузури Амрикоро дар Афѓонистон ва Осиёи Марказї љовидонї мекунад. Пойгоњњои низомї он тавре, ки дар кишварњои Халиљ њастанд, ба ву-
созмони дигари љањониву байнулмилалї ва албатта, исломї то љое онњоро ба ќутбњои дигар низ наздик карданд.
Тарњи љадид Замона дигар шудааст, аммо на моњияти сиёсатњои хориљии Русия. Ин "хирс" - и абарќудрат њанўз дар асри 19 Осиёи Миёнаро аз дањони "шер" Бритониё кашида гирифта буд, њоло дигарбора мехоњад онро дигарбора ба мадори худ баргардонад. Акнун шубњае нест: Путин "Кали зирак" аст, на "Иван - дурачок". Ў пошхўрии Шўравиро ѓайриќонунї хонд. Њар касе ба ин нукта сарфањм равад, хуб дармеёбад, ки манзур чист. Аз ин хотир, роњандозии Ќонуни тањвили соддаи шањрвандии Русия ќадами дуруст андешидашудаи Кремлу сарвараш аст. Дар интињои матлаб як суњбатеро бо як корманди маркази тањќиќотии Русия, ки зикрашро зарур намедонам, ба хотир меорам. Он кас ба сароњат гуфт, ки агар шумо кишварњои соњибистиќлолед, пас чаро мардуми худро бо кор таъмин карда наметавонед ва аз њисоби мо рўз мегузаронед? Ё чаро Амрикову Ѓарб намеравед? Бењтар аст, ки ба Русия "њамроњ" шавед. Ман фаќат гуфтам, ки ваќт зарур аст, чун кишвари Шумо то ин замон нагузошт, ки мо пушти њалли ин масоил бошем. Ишораи ман ба машѓул доштани њукумати Тољикистон ба масъалањои амниятї буд, шурўъ аз љанги дохилї, то имрўз. Ва њам ба тарњњои њаётї, назири неругоњи Роѓун, ки иљрояшон мустаќим ва ѓайримустаќим аз сўи шариконамон ба таъхир меафтад. Акнун бояд интизори фаъолшавии тадриљии Кремлин дар муњити сиёсиву расонаии Тољикистон шуду тадбир андешид. Фаромарзи ФОЗИЛ
ДАРДИ ЗАМОНА
“НИГОЊ”, ЧОРШАНБЕ №5 (387), 23. 04. 2014
3
12 МИЛЛИОН $ ПОРАИ БА КИСАЊО ВОРИДНАШУДА Маркази миллии тестии назди президенти Тољикистон ба наќша гирифта буд, ки соли хониши 2014-2015 беш аз 90 њазор довталабро љалб намуда, аз абитуриентшавандањо њудуди 3 милион доллар љамъ мекунад. Вале натавонист њадди аќќал 50 дарсади довталабони эњтимолиро ба худ љалб кунад. Аммо ѓайриихтиёр исбот намуд, ки низоми маорифи Тољикистон фасодолуда буда, љалб кардани довталабон низоми хоси худро доштааст... Маркази милли тестї, ки мебоист њуљљатњои довталабонро то 15-уми апрел ќабул кунад, муддати њуљљатсупориро 15 рўзи дигар тамдид кард, вале бо гузашти як њафта низ натавонист 50%-и наќшаашро иљро кунад. Коршиносон омилњои иљро нашудани ин наќшаи Маркази миллии тестиро ба гунањои мухталиф арзёбї карда, аксари онњо бар ин боваранд, ки набудани огоњии комили довталабон ва волидону пайвандони онњо дар ин хусус сабаб шудааст, ки ин иќдоми нави њукумат ва банаќшагирии он ин оид ба усули нави пазириши довталабон ба муассисањои олии касбї њадди аќал 60% иљро нашавад. Ба гуфтаи, онњо теъдоди умумии хатмкунандагони синфњои XI-и муассисањои тањсилоти миёна умумї 102 њазору 961 нафарро ташкил медињад ва инчунин теъдоди умумии хатмкунандањои муассисањои тањсилоти миёнаи ибтидої ва миёнаи касбї мутаносибан њудуди 22 њазор нафари дигарро ташкил дода, бар иловаи довталабони солњои гузашта, ки аз мандат гашта буданд ва имсол ќасди дохил шудан ба муассисањои олии касбиро доранд ва ё ин, ки иддае аз хатмкунандањои донишгоњу донишкадањо, ки ќасди маълумоти дуввум гирифтанро доранд, љамъ ва тањлил намуда, ба њисоби миёна теъдоди довталабонро њудуди 125 њазор нафар маънидод карда, Маркази миллии тестї аз ин њисоб танњо ба 102 њазору 961-теъдоди умумии хатмкунандагони синфњои XI -ро ба наќша гирифтааст. Инчунин теъдоди зиёди онњое, ки майле ба тањсил ва маълумоти олї доранд, онњое, ки бояд маълумоти хуб дошта бошанд, дар муњољирати корї њастанд. Њамасола хатмкунандагони зиёде, ки имкони молии дохил шуданро ба донишгоњ надоранд, ба муњољирати корї мераванд. Теъдоди зиёди онњо дар муњољират ин тасмимашонро ба солњо аќиб мепартоянд. Солњои пеш онњо, ки моњи феврал ба Русия ба мардикорї мерафтанд, аксари онњо ваќту имкон доштанд, то моњњои июн ва июл ба ватан баргашта, њуљљатњои худро ба донишгоњ супоранд. Њоло њам зиди онњо шояд ба њамин фикранд ва намедонанд дар бораи Маркази миллии тестї ва низоми нави имтињоноти дохилшавї ба донишгоњњо. Барои љавонони тољик баргаштан дар моњи апрел ва май маънии боздошт ва маљбуран сафарбар шуданро ба сафи артиш дорад. Онњо метарсанд, баргарданд. Барои њамин теъдоди зиёди онњое, ки бояд њуљљат супоранд, дар муњољирати кориянд. Тибќи иттилои омории Маркази миллии тестї оид ба раванди баќайдгирии довталабон ба имтињонњои марказонидаи дохилшавї барои соли тањсили 2014-2015 довталабони кластери 4: ихтисосњои љомеашиносї ва њуќуќ нисбат ба дигар соњањои илмї коњиш ёфта, то 15-уми апрел њамагї 6535 нафар њуљљат супоридааст. Аммо тибќи иттилои омории њамин марказ довталабони-кластери 5: ихтисосњои тиббї, биологї ва варзишї (риштањои улуми тиббї,
ЗАМОНЕ КИ РОЊБАРИ ДАВЛАТ ММТ-РО МЕКУШОД, ШОЯД ЊАТТО ТАСАВВУР НАМЕКАРД, КИ БА ПОРАХУРОН МИЛЛИОНЊО ДОДДАР ЗАРАР МЕОРАД... химия, биология, агрономї, зоотехния, экология, тарбияи љисмонї ва ѓайра) ду баробари зиёдтар аз кластери 1 зиёд гардидаанд, яъне, довталабони кластери 5 нисбат ба довталабони илмњои љомеашиносї ва њуќуќ (кластери 4) 7022 нафар зиёдтар аз ба ќайд гирифта шуда, дар маљўъ 13557 довталабро ташкил додааст. Довтабони кластери 2: ихтисосњои илмњои иќтисодї ва география(иќтисодиёт, идоракунї, география, демография, логистика ва ѓайра) пас аз довталабони кластери 5 мутаносибан дар љойи дуюм ќарор гирифта, ба он 10849 нафар њуљљат супоридааст. Њамчунин довталабони кластери 1: ихтисосњои табиї ва техникї (математика, физика, дизайн, кори муњандисї, архитектура, кибернетика, технология, астрономия, информатика, механика, метрология, метеорология, геология ва ѓайра), ки дар љои сеюм ќарор доранд, њамагї ба ин тахассусњо 8119 довталаб њуљљат супоридааст. Инчунин довталабони кластери 3: филология, педагогика ва санъат (филология, рўзноманигорї, тањсилоти томактабї, педагогика(тањс.ибтидої), фарњангшиносї, санъат ва мусиќї, китобхонашиносї ва ѓайра) 7865 нафарро ташкил дода, дар љои чорум ќарор гирифтаанд. Дар маљмўъ то 15-уми апрели 2014 дар Маркази миллии тестї оид ба раванди баќайдгирии довталабон ба имтињонњои марказонидаи дохилшавї барои соли тањсили 2014-2015 46925(чилу шаш њазору нуњ саду бисту панљ) 45.57% довталаб њуљљат супорида, 31422 нафари онњоро писарон ва 15503 тани дигарро духтарон ташкил додаанд. Аммо пас аз тамдид кардани муддати њуљљатсупорї аз 16-30-уми апрел ин раќам ба 49593 нафар расида, 48.17%-и наќшаро ташкил додааст. Бинобар иттилои ахире, ки марказ дар ин хусус чоп кард, шумораи довталабон ба таври зайл аст: кластери-1: 8604 (миќдори ќабул:11331, миќдори довталабон: 8604), кластери-2: 11549 (миќдори ќабул:9858, миќдори довталабон: 11549),, кластери-3: 8381 (миќдори ќабул:7335, миќдори довталабон: 8381),, кластери-4: 6882 (миќдори ќабул:3128, миќдори довталабон: 6882), кластери-5: 14177 (миќдори ќабул:5969, миќдори довталабон: 14177),
нафар буда, дар маљмўъ 49593 нафар, 48.17%ро ташкил додааст. Марказ то санаи мазкур аз агар тамоми довталабон (инљо довталабони имтиёздор њам дар ин њисоб зикр шудаанд) ба маблаѓи 150 сомоние, ки барои хидматрасонии ин марказ муќаррар шудааст, тариќи суратњисоби бонкиаш гирифта бошад, дар маљмўъ њудуди 7438950 сомонї мувафиќи ќурби доллар дар бозор муодили 1 430567.85 доллари амрикої ба даст овардааст. Њамзамон Маркази миллии тестї эълон кардааст, ки давраи баќайдгирии иловагї аз 16 то 30 апрели соли 2014 барои довталабоне, ки дар давраи асосии баќайдгирї аз ќайд гузашта буданд, муайян карда шудааст. Дар ин муњлат довталабон метавонанд номгўи ихтисосњои интихобшуда, муассисањои тањсилоти олии касбї, шакл, намуд, забони тањсил ва дигар маълумоти шахсии худро бо пардохти маблаѓ дар филиалњои Бонки давлатии амонатгузории "Амонатбонк" ба андозаи 14,00 (чордањ) сомонї иваз намоянд. Баќайдгирии иловагии довталаб ТАНЊО дар нуќтаи баќайдгирие, ки ў ќаблан дар он сабтином шудааст, ба роњ монда мешавад. Аз маблаѓи муќарраргардида танњо довталабоне, ки падар ва модари онњо дар ќайди њаёт нестанд, озод мебошанд. Ба гуфтаи коршиносон, барои таъсис ва амалигардонии Маркази миллии тестї њудуди 10 миллион доллари амрикої, муодили 48-50 миллион сомонї маблаѓ лозим буд, ки ин миќдор ба се фонд - Фонди Россия - 4,5 млн. доллар, Фонди СОРОС- 2 млн. доллар ва Бонки љањони 2 млн. доллари амрикої ва ин чунин Њукумати Љумњурии Тољикистон дар ин лоиња њудуди 1.5 миллион долларро ташкил медињад. Маркази миллии тестї, дар ибтидо дар назди Вазорати маорифи Тољикистон сабти ном шуда буд. Вале ба гуфтаи коршиносон, чун эњтимоли вуљуди омилњои коррупсионї ахиран оид ба ин марказ, дар долонњои Вазорати маориф, донишгоњњо, факултањо ва Хадамоти назорат дар соњаи маориф аз љониби КДАМ ба мушоњида расида буд, эшон дар ин робита ба рањбарияти Тољикистон хабар дода, баъди он Эмомалї Рањмон дар ин хусус тасмим гирифт, ки ин марказро дар назди президент амал кунад.
Коршиносони мо дар ин хусус ба он боваранд, ки дар маљмўъ бозори дохилшаваии довталабонро ба муассисањои олии касбї дар Тољикистон њудуди 12-16 миллион доллари амрикоии довталабон (таќрибан 80 фоизи дохилшудагон, ки њудуди 30 000 нафарро ташкил медињанд, ширинкомаи ба њисоби миёна 500 долларї медодаанд) гарм нигањ медошт ва дар ин хусус хеле аз омўзгорон, мудирони кафедра, деканњои факулатањо, рањбарияти донишгоњњо ва ѓайра то андозае барои љалби ин маблаѓ сањми худро мегузоштанд ва дастгир шудани чанде аз онњо дар даврањои имтињонсупории довталабон ин гуфтањоро тасдиќ мекунад. Њарчанд Маркази миллии тестї ин бозорро аз байн бурд, худи он низ њангоми ба наќшагирии љалби беш аз 90 њазор довталаб ба хотири ишѓол кардани 37 621 курсии донишљўї ва љалби 150 сомонї аз њар яки онњо, ки њудуди 3 миллион доллари амрикоиро ташкил медињад, гувоњи он аст, ки ин "бозор"-ро ба таври замонавї танзим даровардан мехоњанд. Аммо онњо низоми рекрутинги бозори дохилшавиро ба инобат нагирифтаанд. Коршносон баронанд, ки дар низоми маорифи кишвар низоми хосаи љалбкунии довталабони эњтимолї вуљуд дошт, ки аз манфиатбардорони зинаи аввал мањсуб мешуданд. Ин одамон кормандони гуногуни донишгоњу донишкадањо, пайвандону наздикони мудирони кафедрањо, деканњо, ректорон, нозирони хадамоти назорат дар соњаи маориф ва ѓ. њ. мебошанд, ки ба љалби "мизољон"-и эњтимолї машѓул буда, ќисме аз пораро аз худ мекарданд. Бинобар ин манфиатдор буданд, ки шумори довталабон зиёд шавад. Аммо ба Маркази миллии тестї даст надод, ки њамчунин рекрутчиёнро љалб кунад. Маврид ба зикр аст, ки њамчунин низоми ришваситонї њанўз дар замони Амир Музаффархон дар Аморати Бухоро љорї буда, тасвиру таснифи он дар китоби "Баёноти сайёњи Њинд"и Абдурауфи Фитрат омадааст. Чи њам набошад, ММТ 12-13 милион доллари пора барои дохилшавиро аз љайби порахўрони соњаи маориф дур кард. Акнун масъала ин аст, ки инњо њам роњашонро меёбанд, ё ба Президент содиќ мемонанд.
Љамоли КАМОЛПУР
4
“НИГОЊ”, ЧОРШАНБЕ №5 (387), 23. 04. 2014
ЊУЌУЌ БА ТАЊСИЛ
Як гурўњ аз истиќоматкунандагони дењаи Устунги ноњияи Кўњистони Мастчоњ шикоят доранд, ки масъулони шўъбаи маорифи ноњия ба таълими фарзандони онњо тамоман ањамият намедињанд, кай ваќте хоњанд, дарс медињанд, нахоњанд, не. Масхараи барномаи таълимї Мањмадсодиќ Ѓафуров, як тан аз ин сокинон, зимни шикояти худ ба "Нигоњ" гуфт, худ чўпон аст, лекин бисёр мехоњад, фарзандонаш оянда маълумотдор шаванд. -Рўз то рўз доираи касби чўпонї њам танг шуда истодааст, илова ба ин, машаќќати зиёд дорад. Ман бисёр мехоњам фарзандонам тањсили хуб гирифта, оянда соњиби ихтисос шаванд. Аммо масъулини мактаби дења дар њаќќи мо бузургтарин хиёнатро раво дида, фарзандони моро бесавод гузоштанд. Наход писари
МАОРИФИ БЕСОЊИБ Ё чи гуна барномаи таълимии Вазорати маориф дар Кўњистони Мастчоњ масхара мешавад -Бо сабаби як мољаро на падару модарон хостанд, ки ин муаллимон ба фарзандонашон дарс дињанд ва на ин нафарон хостори дарс додан ба талабагон шуданд. Аз ин сабаб маљбур шудем, рўзи 16-уми сентябр барои ин дења, ки аз марказ 12 километр роњ аст, муаллим фиристем- таасуф мехўрад директори мактаб. Ањмадхўља Розиќов дар идомаи сўњбаташ тасдиќ кард, ки воќеъан баъзе рўзњо бо фармони ў дарс намегузаранд, зеро то дењаи Устунг 5 нуќтаи эњтимолияти тармафарої мављуд аст. Аммо дар шарњи дарс нагузаштан дар рўзњои тирамоњї ин масъул чизе гуфтан нахост.
Писари муаллим ба љои муаллим
ман синфи панљумро хонда, номи худашро ба як азоб навишта тавонад. Ояндаи инњо чї мешавад? Мо магар фарзанди ин миллат нестем, ки касе ба таълими фарзандони мо диќќат намедињад? мепурсад Мањмадсодиќ Ѓафуров. Дар идомаи сухани худ ин сокини Кўњистони Мастчоњ гуфт, њамарўза аз фарзандонаш мепурсад, ки имрўз дарс шуд ё не. Аммо аксари ваќт онњо мегўянд, дарс нашуд ё дарс шуду як-ду соат. Бинобар ин њар рўзеро, ки фарзандонаш намехонданд, ў навиштааст. Аз љумла, соли тањсил дар ин дабистон... 16-уми сентябр оѓоз шуда, боз 2, 4, 5, 7, 16, 18, 20 ва 21-уми ноябр, њамчунин чандрўзї дар моњњои минбаъда дар мактаби дењаи Устунг, шохаи мактаби раќами 11-и ноњияи Кўњистони Мастчоњ дарс на-
шуда будааст. Волидони дигар низ ба гуфтањои Ѓафуров мувофиќанду шикоятњои њамсон доранд. Аммо Ањмадхуља Розиќов, директори мактаби раќами 11-и ноњияи Кўњистони Мастчоњ, ки мактаби дењаи Устунг дар тобеияти он аст, худи волидайни мактаббачагонро гунањкор кард, ки муаллимонро ранљонда, дилашонро аз кори мактаб хунук карданд. Ў мегўяд, ки ин шохаи мактаб дар дењаи Устунг љойгир буда, аз мактаб дар масофаи 12 километр дурї ќарор дорад. Дар њамон ќишлоќи Устунг 2 муаллими маълумоти олидор аст. Мардуми дењаи Устунг ба ин 3 муаллим чи коре кардаанд, ки ин омўзгорон аз дарс додан дар ин филиал худдорї мекунанд.
Наход волидайн худ муаллимонро ранљонида, боз шикоят доранд, ки ба фарзандони онњо касе дарс намедињад? Дар љустуљўи посух ба ин пурсиш бо 3 муаллиме, ки ба гуфтаи директори мактаби раќами 11 Ањмадхўља Розиќов, аз мардуми дењаи Устунг ранљида, аз дарс додан дар ин мактаб худдорї кардаанд, сўњбат кардем. Шафї БАДИЕВ, як тан аз њамсўњбатони мо, иддаои директори мактабро рад карда, гуфт, аз мардуми ин дења ягон ранљише надорад, танњо бо сабаби кўчиданаш ба ноњияи Спитамен дигар наметавонад, дар ин мактаб дарс дињад. Њамсўњбати дигарам Сафар САФАРОВ тасдиќ кард, ки аз дасти шикояти ин мардум, ки гуфтаанд, чаро писараш ба љои ў дарс медињад, аз омўзгорї дар ин мактаб даст кашидааст. - 28-уми декабри сол 2012 як духтарам аз кўњ афтида, бандагї кард. Маросимњои вайро гузарондем, ки таѓоям аз дунё гузашт. Дар ваќти набуданам ба писарам, ки дар синфи 9-ум тањсил мекунад, фармудам, ки ба љои муаллим аз фанни математика ба хонандагони синфњо 5 - 6 дарс дињад. Баъд аз болоям шикоят шуда, ки чаро писари муаллим ба љои падараш дарс мегузарад. Ба њамин хотир аз дарс додан дар филиали мактаб, ки дар назди хонаам аст, даст кашида, ба мактаби асосї, ки аз љои зистам 12 километр дур аст, рафтам - изњор дошт Сафаров Сафар.
Саид ЃАФУРОВ, савумин муаллим, сабаби таълим надодан дар мактабро дар бемасъулиятии волидайн медонад. Ба гуфтаи ў, баъзе аз сокинони дењаи Устунг дар таълими фарзандонашон масъулият њис намекунанд. Аммо аз сабабњои кор накарданаш ў чизе нагуфт. Аммо волидайн таъкид доранд, ки барои бењтар шудани њолати мазкур дари чандин идорањоро кўфтаанд, вале ин мактабу маорифи ноњияро бесоњиб ёфтаанд.
Мактаби бесоњиб? Ба гуфтаи Ањмадхўља Розиќов, директори мактаби раќами 11, онњо чандин бор кўшиш кардаанд, то ин мактаби Устунг аз мувозинати мактаби онњо бароварда, ба мувозинати мактаби 20 ворид шавад, чунки дар 3 километрии ин мактаб љойгир аст. Дар њоле, ки мактаби 11 аз ин филиал дар дурии 12 километр ќарор дорад. Аммо мардуми Устунг инро намехостаанд. Сабаби инро мо дар маорифи ноњия кашф кардем. Мудири маорифи ноњияи Кўњистони Мастчоњ Абдуљалил Ќозиев сабаби аз баланси мактаби 11 бароварда, ба баланси мактаби 20 ворид карданро дар он мебинад, ки худи мактаби 20 ба таълимгарони касбї ниёз дорад. Мутаасифона, ба мо имкон надод, ки назари муаллимони мактаби 20-ро дар ин бора маълум кунем.
Ба љойи хулоса Зимни суњбатњо ба мо маълум шуд, воќеъан њич яке аз љонибњои ин ќазия хостори баста шудани мактаб набуда, њич як нафаре хондани бачањо дар мактабро нолозим намешумурдааст, ки воќеъан дар њамчунин шароит ва муносибат шоистаи тањсин аст. Талаби хирад ва ќонунгузории кишвар њам њамин аст, ки набояд њуќуќи њич кадоме аз шањрвандони кўчаки кишвар ба тањсил поймол шавад. Пас Вазорати маорифи кишвар ва масъулини вилояти Суѓдро бояд чора љуст, то барномаи таълимии ќабулу тасдиќкардаашон дар ноњияи Кўњистони Мастчоњ мавриди масхара ќарор нагирад.
Умари ТОЊИР
НОМАИ ДОД
“НИГОЊ”, ЧОРШАНБЕ №5 (387), 23. 04. 2014
5
ИЛТИМОС, БА ПРЕЗИДЕНТ РАСОНЕД Изњороти соњибмулкон ва маъмурияту кормандони бозори "Ином"-и Шањритус дар бораи боз кардани парвандаи љиної ва дахолати ѓайриќонунии "Ќорї" Нусрат ва "Шайх" Мањмадљон ба кори бозор
САНАВБАР АБДУЛЛОЕВА, КИ 60 %-И САЊМИЯЊОИ БОЗОРИ «ИНОМ»РО ДАР ИХТИЁР ДОРАД, МЕГЎЯД, ШАВЊАРАШ ЗЕРИ ФИШОР АЛЛАКАЙ ЯК БИНОИ БОЗОРРО БА САЪДУЛЛОЕВ «ТЎЊФА» КАРДААСТ Муњтарам намояндагони ВАО ва њомиёни њифзи њуќуќи Тољикистон, ки бешубња ба њуќуќи инсон, аз љумла, њуќуќ ба моликият ва фаъолияти озоди соњибкорї эњтиром ќоилед, арз мекунам, ки мушкилоти љиддие сари ману оилаи мо омада, боиси халалдор шудани њуќуќњои конститутсионии мо шудааст. Як гуруњи муташаккил, ки акнун дар баробари Муњибулло Саъдуллоев дастандаркорони дигари он "Ќорї" Нусрат, "Шайх" Мањмадљон ба мо маълум шуданд, мехоњанд бо истифода аз маќомоти давлатї моликияти моро аз худ карда, аллакай ба таќсими вазифаву љойњо дар бозори хусусии мо шуруъ кардаанд. Мухтасари таърихи мушкилоти ман ин аст: Ман, бо шавњарам Абдуллоев Бурњон, таъкидњои пайвастаи президенти Тољикистон Эмомалї Рањмонро дар мавриди бунёди корхонањо ва бо ин восита бењтар кардани сатњи зиндагии худ ва таъмин намудани ањолї ба љойи корро шунида, маќсад гузоштем, ки дар ин самт яке аэ пешсафон бошем ва идеяњои Љаноби Олиро барои пешбурди кори худ ва таъмин намудани ањолї ба љои кор дар амал татбиќ намоем. Бо њамин маќсад соли 2005 дар музоядаи хусусигардонии амволи давлатї ширкат намуда, биноњои кўњнаи АТП-19-и ноњияи Шањритусро харидем. Бояд таъкид намоям, ки он замон хеле аз дўстону хешовандон барои харидани ин амали моро носанљида гуфта, масхара мекарданд, ки "ин партовгоњ обод намешавад". Дар воќеъ, љоеро, ки мо харидем, дар натиљаи љангњои дохилї як нуќтаи харобшудаи Шањритус мањсуб мешуду партовњои маркази ноњияро ба ин макон оварда мерехтаанд. Вале мо, Абдуллоевњо, ки њафт нафарем, бо иродаи ќавї ва руњияи баланди созандагї ин маконро харидем ва барои ободии ин гўшаи кишварамон камари њиммат бастем. Ман нагузоштам, ки фарзандонам ба Русия муњољират ва њатто тањсил раванд, зеро ба он аќида будам, ки як гўшаи диёрро обод кардану нон ёфтану љойи кор ташкил кардан болотар аз њама чиз аст. Мо, ки табиатан соњибкорем, баъди со-
њибмулк шудан ба ќарор омадем, ки дар њамин макон як бозори замонавию чанд корхонаи хурд бисозем, то садњо соњибкор бо љои кори доимї таъмин гарданду тиљорати мо гардон шавад. Мо барои ободонии ин макон аз пасандозњои худ харљ карда, њамчунин аз хешу табор ва бонкњои кишвар ќарз гирифтем. Шукри дўстону наздикон ва шукри фазои хуби кишвар, мо сохтмони бозорро ќисман иљро кардем. Бо зањмати шабонарўзї мо як љойи ифлосу партовгоњро ба макони ризќу рўзии мардум табдил додем ва имрўз бозор "Ином" ном дораду зиёда аз 1000 нафар дар ин макон ба љои кори доимї таъмин мебошанд. Ман њамаи шуморо ба Шањритус даъват мекунам, то аз коргоњи ободкардаи мо дар ваќти ба шумо мусоид дидан намоед. Кори бозор босубот буда, "Ином" макони дарёфти ризќу рўзии беш аз њазор оилаи шањритусї гаштааст, вале ин макони обод чашми њасудонро љалб кардаасту мо рўз надорем. Дар аввали кор мо аз дўсти шавњарам Муњибулло Саъдуллоев, ки додараруси Президенти Тољикистон аст, барои харидани ин љой маслињат пурсидему ў маслињати беѓаразонаи худро дареѓ намедошт. Аммо баъд аз оне, ки бозори мо ба кор даромад, ин маслињатчии мо комилан ба болои мо савор шуд. Муњибулло Саъдуллоев њар ваќту замон, бењудаву бањуда омада, аз шавњарам пул талаб мекард. Мо њам "хеши одамони муњим" гуфта, "наранљаду балое ба сарамон наояд", давоми ин солњо ба ў ба маблаѓи зиёда 300 њазор доллар пулу мањсулот додем, зиёфаташ оростему "заказ"-њояшро иљро кардем. Мо низ то ќадри имконамон њољаташро мебаровардем. Ду сол пеш Саъдуллоев аз мо талаб кард, ки "бозорро холї кунед". Мо не гуфтему баъди ин тањдидњо оѓоз шуд. Муњибулло Саъдуллоев борњо ба шавњарам тањдид карда, талаб намуд, ки тамоми бозорро ба номи ў гузаронем, вагарна "аз Тољикистон мекўчонемат", чун шавњарам ўзбек асту дар Тољикистон ба љуз аз як хоњар ягон кас надорад, хеле азият кашид. Аз ин њодисањо маќомоти амниятии ноњия огоњ шуданд. Албатта,
шавњарам ба ин шарти дўсти нону намакхўрдааш розї шуда наметавонист, чунки мо тамоми њастии худ, дороии худ ва њатто хонаи худро фурўхтаву ин маконро обод намудем. Њоло аз бонкњо зиёда аз 130 њазор доллари амрикої ќарздорем. Аммо ин њамаро Муњибулло Саъдуллоев ба инобат нагирифта, пайваста моро зери фишору тањдид ќарор дода, даъвои моликияти њалоли мо мекунад. Ин даъвоњои бешармонаро санљида маќомот дидаву дониста мўњри хомўшї ба лаб мезананд, зеро ў хеши Эмомалї Рањмон аст. Аммо таќрибан њама бозорињо мењнату зањматњои моро ба инобат гирифта, аз мо љонибдорї мекунанд. Аз нигоњи ќонунї имрўз ќазияи мо бањси судист, аммо ў тавассути маќомоти тафтишотиву назоратї ба оилаи мо фишор меорад. Њамин буд, ки кормандони Прокуратураи генералї аз ваколатњои хизматии худ баромада, моро тањдид карданд, ки агар бозорро ба Муњибулло Саъдуллоев надињем, шавњарам ва писаронамро бо њар роњу восита њабс мекунанд. Мо ба њамаи ин тоб оварда, ба Прокуратураи генералї исбот кардем, ки дар фаъолиятњоямон њиљ ќонуншиканї мављуд нест. Баъди се санљишу тафтишоти Прокуратураи генералї маълум шуд, ки мо ягон гуноњ надорем.(Ин њуљљатњоро замима кардем) Бо даъвоњои ќалбакї ва аз номи шахсоне, ки шавњари ман дар њаёташ надидааст, туњматњо навишта ба маќомот медињанд. То имрўз се маротиба ба маќомоти прокуратура шикоят бурдаанд, ки ягонтаи он исботи худро наёфтааст. (Замима њаст) Ва дар раванди тафтишот борњо ба мо ишорањо мекунанд, ки "агар оромона зиндагї кардан хоњед бозорро ба Муњиб дињед". Агар субњ прокурор даъват кунад, ки нисфирўзї судя даъват мекунад, шомгоњї ду-се намояндааш ба хонаамон меоянд. Тасаввур кунед, ки мо чї рўзњои душворро аз сар мегузаронем. Чанд рўз ба мо маълум шуд, ки ин кор бо маслињати њамнишинњои Муњибулло Саъдуллоев Нусрат Илёсов, бо лаќаби "ќорї Нусрат" ва Мањмадљон Хољаев бо лаќаби "Шайх" сурат гирифта истодааст, зеро онњо истгоњи бозори моро аллакай ба бародари "Ќорї" Нусрат "туњ-
фа" кардаанд. Ин истгоњи якуми ѓасбшуда аз љониби Ќорї Нусрат ва "туњфа"-и якум аз моликияти мо нест. Шавњарам аз фишору тањдидњои Муњибулло Саъдуллоев чанд моњ пеш ба хулосае омада буд, ки барои аз бало халос шудан, бинои маъмурии дуошёнаи бозорро ба Муњибулло Саъдуллоев маљбуран тўњфа намояд. (Дар ин бора њуљљат њаст, ки замима кардем) Муњибулло Саъдуллоев бинои туњфакардаро ба номи хешаш Достиев Холназар гузаронда, пас аз он ки "туњфаи" худро соњиб шуд, шерак гашта, ба маќомоти судї мурољиат намуд, то тамоми бозорро гирад. Чанд ваќт пештар ин гуруњ истгоњ ва ягона хонаи истиќоматии соњибкори дигар- Нодира Юсуповаро низ дар Шањритус ба њамин роњ аз худ карда, боиси дар кўча мондан ва вайроншавии як оила шуданд. Юсуповњо зуд таслим шуданду акнун сардори хонадон чанд сол боз њатто ба Шањритус намеравад. Аммо мо соли дуюм аст, ки муќобилат дорем. Аз ин маќомот ва он маќомот ва аз ин суд ба он суд. Аммо чун тамоми кори мо тибќи њуљљат ва дар заминаи ќонунгузорї амалї шудааст, айбу гуноње намеёбанд. Ба маълумоти шумо расонам, ки соли 2011 рўзона бозори мо ба коми оташ рафт ва ВАО дар ин бора зиёд навиштанд. Њарчанд аз нисф зиёди бозор несту нобуд шуд, аммо бо иродаи ќавї мо ин бозорро дар муддати як моњ барќарор намуда, зарари мардумро ќисман пардохт намудем. Аз бонкњои кишвар ќарз гирифтем. То корамонро сарбаландона анљом дињем. Муњибулло Саъдуллоев бошад, ба ѓайр аз ин боз даъвоњои бешармонаи худро давом дода, њатто ба љони мо тањдид мекунад. Аз фарзандонам дар ташвишам, ки мабодо чї балоеро ба сарашон бор накунанд. Даъвоњои судияш, ки асоси воќеї надорад, тибќи ќонун ягон кор карда наметавонад, аммо бо роњњои фишору зўроварї моро дар бало мондааст. Саъдуллоев дар раванди суд ба мо пешнињод намуд, ки ба шумо пул медињаму бозорро ба ман дињед. Мо аз он ки 9 - сола мењнатамон барбод наравад, ба њамин шарти Муњибулло Саъдуллоев барои оромона зиндагї карданамон розї шудем, аммо имрўз боз аз раъяш гашта, даъво дорад, ки бозорро бепул мегирад. Ба куљо равем? Чї кор кунем?! Акнун чанд рўз аст, ки аз болои сањњом ва роњбари бозор Абдуллоев Бурњон, ки депутати Маљлиси вакилони халќи ноњияи Шањритус аст, парвандаи љиноятї боз кардаанд, то ў гузашт кунад. Чун ин гуруњи муташаккил диданд, ки аз тариќи зўриву судї намешавад ба маќсад расанд, аз маќомот сўистифода карда истодаанд. Дар натиљаи фишор хеле аз кормандон мехоњанд корро партоянд. Оилаи мо ба он бовар аст, ки Президенти Тољикистон аз ин корњо огоњї надорад, бинобар ин аз шумо - роњбарони ВАО ва журналистони мустаќил эњтиромона хоњиш мекунам, ки бо њар роње, ки набошад, арзи маро ба љомеа ва кафили њуњуќњои соњибмулкону соњибкорони Тољикистон расонед ва ќазияи моро зери назорати љамъиятї гиред. Сањњомон ва кормандони ЉС "Ином": Санавбар Абдуллоева, Сокини ноњияи Шањритус, шањраки Шањритус, Кўчаи Исмоили Сомонї, 1/1 Ином Абдуллоев Зиёдалї Норов Маќсудов Маъруфалї Бурњон Абдуллоев Мањмадсиддиќов Шералї Азимов Мурод Љамъ зиёда аз 400 нафар
6
“НИГОЊ”, ЧОРШАНБЕ №5 (387), 23. 04. 2014
МУЗОФОТ
Чунин як "дарахтшинонии замонавї" шояд ба як бемории музмини саратон табдил ёбад. Њоло либос, ѓизо, гулњои хона, дару девор, гурдаву шушамон, садоќат ва изњори муњаббатњоямон њама сунъї шудаанд. Мардуми дунё роњ сўйи асолат пеш гирифтаанд, вале мо шеваи маснуъии зиндагиро ихтиёр кардаем… Њамасола бо наздик шудани иди Наврўз дар маркази шањри Хуљанд, дар шафати "Майдони ситорањо" дарахти сунъии зардолуе "ќомат меафрозад", ки гўё, саропо гул кардааст. Вале шояд ин саросар "гул-гул шукуфтанњо" барои он идда мардум, ки умре ба дарахтшинониву нињолпарварї машѓул будаанд, хушоянд набошад. Зеро бар танаи ин дарахти оњанин шохњои аз дарахти сарсабзи зардолу буридашуда, насб шуда, сипас ба он шохањо гулњои маснуъии мушобењ ба гули зардолуро мечаспонанд. Бо насби ин дарахт дар маркази шањр барои муддате бар теъдоди он дарахтони маснуъї, ки танњо зебу ороиши зоњирї доранду аз онњо дигар њеч нафъе ба инсонњову табиат нест, як адади дигар зам хоњад мешавад. Ба андешаи соњибназарон,љойи таассуф аст, ки раванди "шинонидан" ва нигањ доштани гулу буттаву дарахтњои сунъї аз дафтарњои кориву мењмонсароњо, хонањои мардум ба кўчањо ва љодањо кўч мебанданд. Дар ибтидо бояд мунсифона зикр гардад, ки ин гулу буттаву дарахтони сунъї дар
ЌАДРИ ЗАРДОЛУ
ЗАРДОЛУ БА ЉОИ "ДАРАХТЊОИ РУСЇ" Рамзи шањри Хуљанд - зардолуи сунъї? кўчањои шањртанњо бо нияти нек шинонида шудаанд, яъне ба хотири зебо вонумуд кардани шањр. Вале суоли матрањ ин аст, ки чаро шањрдорї дар љойњои нисбатан фароху васеътар дарахтони мевадорро намешинонад? Он нафароне, ки дар кишварњои дигар будаанд, ба чашми сар дидаанд, ки чї сон дар ќади кўчањо, дар гулгашту хиёбонњо дарахтони мевадор парвариш ва аз мевањояшон ину он бањраманд мешаванд. Роќими ин њарфњо худ шоњиди он аст, ки дар фасли дай чї сон дар назди маркази маъмурии иёлати Калифорнияи Иёлоти Муттањидаи Амрико, воќеъ дар шањри Сакраменто раддаи дарахтони афлесун саропо ѓарќи мева њастанд ва ба машоми рањгузар пайваста чї накњати роњатафзое мерасонанд. Инљониб аз дўстон бисёр бишнидаам, ки чї сон дар кўчаву хиёбонњои кишварњои аврупої, чун Олмону Венгриява Булѓористон дарахтони мевадињандаи себу олуву нок парвариш мешаванд. Назар ба суханони як тан аз дўстони донишмандам, ки ба тозагї аз Русия баргаштааст, ахиран мири шањри Маскав Сергей Собянин амр додааст,то дар кўчањои марказии пойтахт дарахтони мевадињанда шинонида ва парвариш шаванд. Муовини мудири шуъбаи фарњанг ва иттилооти маќомоти иљроияи њокимияти давлатии шањри Хуљанд Ўлмас Холов иброз дошт, ки зардолу як дарахти аз њама пеш гулкунанда, њамчунин мевадор ва сояафган ба шумор меравад. Ин дарахт рамзи фаро расидани бањор ва иди Наврўз ба шумор меравад. Гулњои зардолу рангоранг мебошанд. Бо пешнињоди профессорон Назирљон Турсунов ва Саид Марофиев дарахти зардолу чун рамзи Хучандшањр ќабул шудааст. -Њар як миллат дорои дарахти муќаддаси хеш мебошад,- иброз медорад сокини Хучандшањр, пизишки маъруф Толиб Исмоил. -Ин рамзњо дар парчам, пул, нишони миллї ва дигар нишонањои давлатдорияшон таљассум ёфтаанд. Дарахти урз(чалѓўза)дар Лубнон, сакура дар Љопон, афро(клен) дар Канада, эвкалипт дар Австралиё, тус дар Русия ва Финланд, булут дар Олмон ва Амрико, кољ дар Шотланд ва ѓайра дарахтони муќаддас ва рамзњои миллї ба шумор ме-
раванд. Барои мо тољикон чунин як дарахт зардолу аст. Пештар, дар солњои баъди љанги дуввумини љањонодамон дар рўзи ид ба сайри теппаи Рухак мебаромаданд ва аз дур бо мењру муњаббати хоса ба дарахтони зардолуи гулњояшон шукуфтаи Хуљандшањр назар меафганданд.Он солњо Хуљанд, воќеан, арўси шањрњо мањсуб меёфт ва тамошои он басо љолиб буд. Дар даврони љанг он дарахтњо мардумро аз гуруснагї наљот дода буданд. Имрўз низ зардолу мањсулоти аз нигоњи роњбурдї басо муњим ба шумор меравад. Зеро он маводи содиротї аст. Фоидае, ки аз содироти он ба хориљи кишвар ба даст меояд, аз фоидаи содироти пахта бештар аст. Муњим он аст, ки нињоли зардолуи пайвандї аз њар навъ дарахти дигар дастрастар ва арзонтар барои харидорї аст. Як бехи онро метавон ба 7 - 10 сомонї бихарид. Ин дар њолест, ки як бех дарахти сўзанбаргро баъзе аз корхонањо њатто бо нархи 200-250- долларї харидорї менамоянд. Бисёрињо бар ин назаранд, ки мевањои дарахти зардолу ва дигар дарахтони самаровар баъди пухта расидан ба замин уфтода, зери пойи рањгузарон ќарор мегиранд, шояд барои њамин дарахтони мевадорро намешинонанд? -мепурсам аз Толиб Исмоил."Дар њоли њозиролимони навъшинос анвоъи гуногуни зардолуро ихтироъ ва кашф намудаанд, ки мева дар шохањояшон хушкида, ба замин намерезад.Мањз чунин навъњоро дар шањрњо бояд бишнонд. Кўшиш бояд кард, ки шохањо ва танаи дарахтон баланд бисабзанд. Дар он сурат онњо сояи бештар афганда, њосили зиёд медињанд. Дарахти зардолу фазои њаворо аз гозњои партобшуда ва дигар маводи зањрогин, ки дар таркибашон сурби марговар низ њаст, тоза менамояд. Меваи ин дарахтонро низ метавон ба роњат љамъоварї кард.-посухам медињад Толиб Исмоил. Тасаввурнопазир ва бењтарин лањзаи шодї аст дидани раддаи дарахтони зардолу дар ду бари кўчаи марказии шањри Хуљанд. Вале имрўз ба љойи зардолу сари њар ќадам дарахтони кољ ва арча мешинонанд. Шояд акнун навбат ба шинонидани ин навъ дарахтон фаро расидааст. Замоне шинонидани "дарахтони русї" роиљ буд. Баъдан марњилаи шинонидани чанорњои шарќї расид.
Шояд замони кољу арча низ бигзарад ва навбати асри зардолу фаро бирасад? Чунончи номзади илми кишоварзї, мудири шуъбаи нињолистони бахши суѓдии Пажуњишгоњи боѓпарварии Академияи Илмњои Кишоварзии Љумњурии Тољикистон Љўрабой Янгибоев таъкид медорад, хуб мебуд, агар ќад-ќади шоњроњњое, ки инфарасохтори зеризаминї надоранд, бо риояи фосилаи мушаххас дарахтони бороваре, чун зардолу, олу, хурмои шарќї, бодом , пистаи хандон ва чормаѓз шинонида ва парвариш шаванд.Њамзамон бо нигоњубини дарахтон, пайваста онро аз таъсири њашароти зараррасон эмин нигањ бояд дошт. Вале дар мавзеъњои нисбатан доманфарохи шањр, дар гулгашту хиёбонњо, дар боѓу бўстонсароњо хуб мебуд дарахтони мевадор шинонида шаванд. Ин дарахтон чун дарахтони дигар боъиси сар задани аллергия намешаванд. - Парвариши дарахтони мевадињанда аз нигоњи экологї низ муњим мебошанд,- ќотеъона изњор медорад олими растанишинос. Онњо ба њайси хатти љангал хидмат карда,намегузоранд,то замин шўрхок ва хароб гардад. Ин гуна дарахтонро, махсусан, дар наздикии љариву пастхамию кўњдоманњо, дарёњо ва кўлњои кўчак ва давродаври обанборњо бештар бояд шинонд. Вале ваќте бо ин њама, агар банохост шањрдорї тасмиме бигирад, ки дарахтони њамешасабз бишнонанд, пас, пеш аз њама, дар мавриди шинонидани дарахтони барои табиати кишвари мо мувофиќу созгор, чун сада ва ё чинори шарќї андеша бояд бикунанд. Ин дарахтон ба одамон ва муњити зист њељ таъсири манфие надоранд. Гузашта аз ин дарахтони мазкур аз нигоњи зоњирї низ назаррабову зебо
буда, ба руњияи мардуми мо наздику ќарин мебошанд. Мутахассисини бахши дарахтшиносїдендрологњо муътаќиданд, ки парвариши зардолу, чормаѓз, ки дарахтони эндемикї ба шумор мераванд, дар канори љодаву шањроњњо ба симои шахи Хуљанд њусну таровати миллї ато хоњанд кард. Ба вижа, чунин зебоии табиї боъиси бештар ташриф овардани сайёњону мењмонони дохиливу хориљї ба ин шањри бостонї хоњад шуд. Ба њамагон рўшан аст, ки аксарияти сайёњон ба кишвари Љопон мањз ба хотири тамошои сакуроолуи љопонї меоянд. Мунсифона агар бигўем, зардолу нисбат ба сакуро боњашаматтар, пурбортар ва зебову назарработар аст.Гузашта аз ин олимон исбот кардаанд, ки зардолу, бавижа, навъи ќандаки он хосияти зидди таъсири маводи родиюактив дорад. Њамасола дар маркази шахри Хуљанд дар фасли дай ва бањор ду дарахти азими сунъї пайдо мешаванд, ки яке арча ва дигаре зардолу мебошанд. Ин дарахтон шояд лањзае чанд ба мардум шодмонї ато бикунанду бас. Вале барои устувор кардан ва кандани онњо маблаѓњои зиёде, ки аз њисоби андозњои мардум масраф мешаванд. Агар бо љойионњо дарахтони зинда, ба вижа, мевадору босамар шинонида ва парвариш мешуданд, одамон тамоми сол аз диданучашидани меваи онњо бањраманд мешуданд, зери он дарахтон лањзае нишаста аз боѓбониву некиву накўкорї њарф мезаданд.Муаллимон шояд дарсњои табиатшиносии хешро зери ин дарахтон баргузор менамуданд! Њамон чароѓакњои рангорангро метавон дар дарахтони боровар низ насб кард. Мушкил дар он аст, ки рањбарони сатњњои гуногуни ноњияњо ба монанди "парчамшинонї" аз иќдоми сарварони болотар пайравї намуда, шояд дар махалњо даст ба "шинонидани" дарахтони сунъї бизананд. Яъне, чунин як "дарахтшинонии замонавї" шояд ба як бемории музмини саратонии бедавову лоилољ табдил ёбад. Чунин як "дарахтшинонии замонавї" шояд ба як бемории музмини саратон табдил ёбад. Њоло либос, ѓизо, гулњои хона, дару девор, гурдаву шушамон, садоќат ва изњори муњаббатњоямон њама сунъї шудаанд. Мардуми дунё роњ сўйи асолат пеш гирифтаанд, вале мо шеваи маснуъии зиндагиро ихтиёр кардаем…
Дориюши РУСТАМЗОД
"АРТРОВИТ" - ФИТОБАЛЬЗАМ СОГРЕВАЮЩИЙ 125 МЛ -барои бемории артритњо (буѓумдард), миалгияњо (дарди мушакњо), невралгияњои байниќабурѓавї, невритњо, сарборињои барзиёд ва узвњои такяву њаракат истифода мебаранд. Таркибаш рагњоро васеъ мекунад ва ангезиш ба вуљуд оварда, ба ин тариќ ба бењшавии гардиши хун мусоидат мекунад. Истифодаи малњам аломатњои нотобии буѓумњоро хеле кам мекунад, дард, варам, илтињоб бартараф мешавад. Тавсияњо оиди истифода: Малњамро рўзе 2 ё 3 маротиба дар љои дардмандбудаатон бо њаракатњои мањскунанда молед. Ракам барои алоќа: ш. Душанбе 918-14-58-58; вилояти суѓд ва ноњияњои он; 92 749 33 47. Нархи фурўш 30 сомонї Аз дорухонањо пурсон шавед.
ЉАШНВОРА Конститутсия заминаи пешравии љомеа ва давлат буда, дар асл њуљљати пешгўии конститутсионй аст. Мањз дар Конститутсия заминахои њуќуќй, иљтимой, сиёсй, ташкилй, иќтисодй ва мафкуравии инкишоф муайян мегарданд. Конститутсия дорои муќаррароти барномавии маќсаднок буда, онњоро бо дарназардошти ќонуниятњои рушди љомеа пешбинї мекунад. Бе љунин пешбинии дурнамои инкишоф Конститутсия наќши худро ба њайси њуљљати таќдирсози халќ иљро карда наметавонад. 6 ноябри соли 1994 халќи Тољикистон баробари ќабули Конститутсия роњи нави инкишофашро интихоб намуд. Аз Конститутсияи Тољикистони соњибистиќлол марњилаи гузариш аз љомеаи сотсиалистй ба шањрвандї ва аз давлати шуравй ба давлати њуќуќбунёд оѓоз гардид. Халќи Тољикистон дар назди худ маќсади бунёди љомеаи шахрвандй, давлати њуќуќбунёд, ривољи хаёти хусусй ва фаъолияти озоди иќтисодиро гузошт. Мањз бо маќсади аниќтару мушахастар намудани роњњои инкишофи таърихй бо дарназардошти равандњои нави инкишофи љамъиятй ба Конститутсияи кишвар солњои 1999 ва 2003 ду маротиба таѓйиру иловањо ворид карда шуданд, ки бесабаб набуд. Тољикистон роњи бунёди љомеаи шахрвандй ва давлати њуќуќбунёдро интихоб намуд. Ин роњи пешравй бештар дар мамлакатњои Ѓарб асрњои зиёд истифода гаштааст ва дар ин љода кишварњои номбурда таљрибаи ѓанй доранд. Аммо бунёди љомеа ва давлати нави Тољикистон-кишваре сурат мегирад, ки дорой одату анъанањои миллй аст. Зарурати муайян намудани заминаи њуќуќи таъмини истиќлолияти давлатии Тољикистон, аз љумла, ќабули Конститутсияи нави Љумњу-
намуд. Тибќи Ќонуни асосї фаъолияти њизбњои характери демократй, динй ва атеистидошта иљозат дода шудааст. Бояд гуфт, ки љунин меъёри конститутсионие, ки фаъолияти њизбњои тамоюли дини доштаро иљозат медињад, дар таљрибаи конститутсионии љањон падидаи нодир мебошад. Ин амр аз мазмуни дар вокеъ демократй доштани Конститутсияи Љумњурии Тољикистон далолат мекунад. Дар асоси ин меъёри конститутсионй дар кишвар таъсисёбй ва фаъолияти озоди њизбњои сиёсй оѓоз гардид. Бо такмили фаъолияти њизбй ва ѓанй гаштани таљрибаи сиёсии онњо солњои минбаъда сатњи фаъолияти њизбй, бешубња, баланд мешавад. Дар айни замон тибќи Конститутсияи Љумњурии Тољикистон мафкураи хељ як њизб иттињодияи љамъиятй, динй, њаракат ва гуруње наметавонад ба њайси мафкураи давлатї эътироф шавад. Ин меъёри конститутсионй заминаи конститутсионии гузариши љомеаро аз мафкураи ягонаи давлати марксистй-ленинй ба гуногунандешии мафкуравй гузошт. Дар солњои истиќлолияти давлатй раванди гуногунандешии мафкуравй дар кишвар бо суръати тоза густариш ёфт.
љањони мутамаддин љой дорад. Ба замми њамаи ин, Конститутсияи Љумњурии Тољикистон ба мисли конститутсияхои давлатњои дигари баъди даврони шуравй дар давраи гузариши љомеа аз сохти сотсиалистй ба давлати њуќуќбунёд, иљтимой ва љомеаи шањрвандй, иќтисоди бозорй ва шаклњои гуногуни моликият ќабул шудааст. Дар ин давра табиист, ки дигаргунињои
“НИГОЊ”, ЧОРШАНБЕ №5 (387), 23. 04. 2014
7
мувофиќ ва боэътимоде, ки имрўз ба шароити мушаххаси Тољикистон љавоб медињад, љумњурии президентї мебошад. Илова бар ин, аксари шахсоне, ки дар муњокимаи лоиња иштирок доштанд, љумњурии президентиро њамчун шакли идоракунии давлати Тољикистон тарафдори карданд. Лоињаи Конститутсияи Љумњурии Тољикистон тибќи ќарори Раёсати Шурои Олии Љумњурии Тољикистон аз 13 апрели соли 1994 ба муњокимаи умумихалќи тавсия гардид. Дар љараёни ба муњокимаи халќ пешнињод кардани лоињаи Конститутсия санади муњими таќдирсоз будани он аз нав эњсос гардид, зеро Конститутсияи нав њамчун санади муњимтарини њаёти давлату љомеа дар пешрафти минбаъдаи кишвар ва муайян намудани сарнавишти халќи Тољикистон асоси устувори њуќуќиро ба вуљуд меовард. Дар муддати зиёда аз ду моњи муњокимаи лоиња аз љониби мардуми кишвар ва њамватанони бурунмарзй бештар аз њаштуним њазор пешнињод ба Шурои Олї ворид гардид. Њамзамон бо ин лоињаи Конститутсия аз љониби як зумра мутахассисони кишварњои љањон аз љумла, Иёлоти Муттањидаи Амрико, Британияи Кабир, Русия ва чанд кишвари дигар бањои сазовор гирифт. Коршиносони Созмони Милали Муттањид, Созмони амният ва њамкории Аврупо ва созмонњои дигари байналмилалй низ ба лоињаи Конститутсияи Љумњурии Тољикистон бањои баланд доданд. Конститутсия аз љумлаи дастовардњои бузурги мардуми Тољикистон буда, заминаи њуќуќии бунёди давлати тозабунёд ва соњибистиќлоли тољикон, шакли ифодаи њуќуќии ормонњои давлатдории милли, њимояи њадафњо ва
АЊАМИЯТИ АРЗИШЊОИ КОНСТИТУТСИОНИ ДАР РУШДИ МАЪМУРИВУ ЊУЌУЌИИ ДАВЛАТ (Бахшида ба 20 -умин солгарди Конститутсияи (Сарќонуни) ЉТ) рии Тољикистон њанўз дар Ќарори Шурои Олии Љумхурии Тољикистон "Дар бораи эълони истиќлолияти давлатии Љумњурии Тољикистон" пешбинй шуда буд. Аммо гирдињамоињое, ки моњњои август ва сентябри соли 1991 оѓоз гардиданд, тањияи лоињаи Конститутсияи навро ба таъхир гузоштанд. Тањия, муњокима ва ќабули Конститутсияи нав пас аз баргузории Иљлосияи XVI Шурой Олии Љумњурии Тољикистон аз нав оѓоз гардид. Иљлосияи мазкур дар барќарор гаштани сохти конститутсионии кишвар наќши бузург бозид. Зеро танњо дар шароити вазъи солими љомеа, фаъолияти муътадили сохторњои њокимияти давлати, таъмини ќонуният ва тартиботи њуќуќй ќабули Конститутсия имконпазир буд. Аз ин љињат, ќонуњо барномањо ќабул шуда, дигар љорабинињои дахлдори давлатй амалй шуда истодаанд. Конститутсия дастоварди миллй буда, муќаддасоти миллй, андешаи давлатдории миллй, истифодаи васеи анъанњо ва осори таърихии миллиро эълон ва таъмин мекунад. Он нахустин Ќонуни асосии давлатй тозабунёд ва соњибистиќлоли тољикон мебошад, ки пас аз таърихи беш аз њазорсолаи аз байн рафтани давлати Сомониён барпо гардид. Дар Конститутсияи Љумњурии Тољикистон забони тољикй љун забони давлатй, мукаддасоти миллй Парчам, Нишон, Суруди Миллй, дахлнопазирии њудуди давлатй Тољикистон, эътибори олии Конститутсия дар низоми хуќуќии кишвар, моликияти истисноии давлат ва имкони истифодаи озоди сарватњои фарњангиву маънавй ифодаи ќонунии худро пайдо намуданд. Дар заминаи ин меъёрњои Конститутсияи Љумњурии Тољикистон дар давоми солњои истиќлолияти давлатй дар кишвар шумораи зарурии ќонунњо ва санадњои дигари меъёрии њуќуќй дар бахши забон, Парљам, Нишон, Суруди Миллй, истифодаи замин ва дигар сарватњои табий, истифодаи осори фарњангй таъмини амнияти миллй ва монанди инњо ќабул карда шуданд. Аз ин рў, Конститутсияи Љумњурии Тољикистон дар таъмини истиќлолияти давлатй ва пойдории давлатдории миллй наќши бунёдй дорад. Конститутсияи Љумњурии Тољикистон аз тариќи раъйпурсии умумихалќй бевосита аз љониби шањрвандони Тољикистон ќабул шуда, азму ирода ва маќсаду мароми халќи Тољикистонро таљассум намудааст. Тибќи Конститутсияи Љумњурии Тољикистон халќ баёнгари соњибихтиёрй ва сарљашмаи ягонаи њокимияти давлатй эълон гардида, раъйпурсии умумихалкй ва интихобот њамчун ифодаи олии бевоситаи њокимияти халќ эътироф шудааст. Конститутсияи Љумњурии Тољикистон заминаи њуќуќии бунёди љомеаи шањрвандй мебошад. Дар асоси он гузариши љомеа аз низоми сиёсии якњизбй ба низоми сиёсии нави бисёрњизбй таъмин гардид. Конститутсия имкон доштани инкишофи њаёти љамъиятиро дар асоси равияњои гуногуни сиёсй ва мафкуравй эълон
Љомеа ба назарияњои нави эьтирофшуда, аз ќабили давлати њуќуќбунёд, давлати иљтимой, таљзияи њокимият, њуќуќи фитрии инсон, тафтиши судии конститутсионй ва монанди инњо рў овард. Њамзамон бо ин рў овардани ањли љомеа ба фарњанги миллй ва осори илмиву бадей ба вукуь пайваст. Дар љомеа омўзишу истифодаи андешаву назарияњо ва намунањои људогонаи осори таърихй оѓоз гардид, ки пештар мамнуъ буданд. Дар раванди омўзиши осори фарњанги љахонию ватанй истифодаи њарчи бештари осори динй низ ањамияти муњим пайдо кард. Мисоли равшани ин раванди воќеан муњими фарњанги - гиромидошти эљодиёти љењрањои намоёни фарханги исломй, аз љумла соли бузургдошти Имоми Аъзам эълон гаштани соли 2009 мебошад. Дар Конститутсияи Љумњурии Тољикистон арзиши олии инсон ва њуќуќу озодињои ў эълон гардидааст. Аз ин љињат, Конститутсияи Љумњурии Тољикистон аз њамаи конститутсияњои замони шуравй тафовути куллй дошта, њамзамон ба конститутсияњои имрўзаи давлатњои демократй ва муќаррароти санадњои байналмилалии соњаи њуќуќњои инсон шабоњат дорад. Конститутсияи Љумњурии Тољикистон њуќуќу озодињои асосии инсон ва шањрвандро эълон мекунад, њамзамон бо ин њуќуќу озодињои инсон ва шањрванд љун мањаки фаъолияти маќомоти њокимияти ќонунгузор, иљроия, мањаллї ва худидоракунй, нишонаи сифати њуќуќи санадхои меъёрии онњо эътироф мешавад. Конститутсия нахустин Ќонуни асосии давлати Тољикистон аст, ки дар он таљзияи њокимият ба њокимияти ќонунгузор, иљроия ва судї, тартиби ташкил, салоњият ва мувозинати байни маќомоти ќонунгузор, иљроия ва суди ифодаи ќонунй ёфтааст. Таљрибаи амалй гаштани ин меъёрњои конститутсионй дар солњои истиќлолияти давлати заминаи ташкилу фаъолияти муътадили њама рукнњои њокимияти давлати гардид. Баъд аз соњибистиќлол гаштани Љумњурии Тољикистон воќеан њам роњ ба сўи эъмори давлати њуќуќбунёд кушода шуд. Яке аз нишонањои давлати њуќуќбунёд ин мављудияти назорати конститутсионй мебошад. Назорати конститутсионй намуди махсуси фаъолияти њифзи њуќуќ, ки аз тарафи маќомоти давлати бо номи Суди конститутсионй ба амал бароварда мешавад ва ба таъмини мувофиќати ќонунњо ва дигар санадњои меъёрии њуќуќй ба Конститутсияи давлат равона карда шудааст. Конститутсияи Љумњурии Тољикистон ба мисли конститутсияњои давлатњои дигари дунё бо пешрафти љомеа, дигаргунињои сифатии њаёти љомеа, дар раванди ислоњоти сиёсиву иќтисодй, иљтимоиву фарњангй ва њуќуќй, табиист, ки таѓйир меёбад, ба он меъёрњои љавобгуи муносибатњои нави љамъиятй илова карда мешаванд. Таѓйиру иловањои Конститутсия дар таљрибаи давлатдории њамаи кишварњои
куллии иќтисодиву сиёсй ва иљтимоиву фарњангй сурат мегиранд, муносибатњои нави љамъиятй ба миён меоянд, њадафњо ва самтњои ислоњоти судї, идоракунии давлатй, иќтисодй, молиявї, кишоварзй ва дигар соњањо мушаххастар мешаванд. Тољикистон њамчун узви љомеаи љахонй наметавонист аз муќаррарот ва таљрибаи љомеаи байналмилалй дар канор бошад. Илова бар ин, охири асри XX ва аввали асри XXI дар љањон буњрони сиёсиву молиявй оѓоз гардида буд, ки то њол идома дорад. Он боиси таѓйир ёфтани наќшањои фаъолияти сохторњои њокимиятй, самтњои фаъолияти давлатй, муносибатњои љамъиятй ва асоси танзими муносибатњои љамъиятй гардид Дар баробари ин, раванди љањонишавй, тезутунд гаштани масъалањои энергетикй, молиявй, захиравй, экологй ва дигарњо ба пешрафти муносибатњои љамъиятй дар дохили њар як кишвар таъсири љиддй мерасонанд. Дар ин раванд вусъати фаъолияти ширкатњои молиявии иќтисоди ва сохторњои бонуфузи молиявию бонкии љањони мутамаддинро низ сарфи назар наметавон кард. Дар баробари ин омилњои љањонї њамчунин як ќатор омилњои дохилй низ арзи вуљуд карда метавонанд, ки зарурати таѓйири Конститутсияро дар њар як кишвар талаб мекунанд. Ин омилњои дохилй, пеш аз њама, бо он муайян мешаванд, ки њар як давлат бо дарназардошти шароити таърихй, захирањои иќтисодй, молиявй, мењнатй, энергетикй ва хусусиятњои осори фарњангии худ пеш меравад. Табиист, ки таъмини пешрафти љомеа дар заминаи шароиту хусусиятњои мањалливу миллй ќабул ва такмили ќонунгузории миллиро талаб мекунад. Дар љунин шароит зарурат ба таѓйиру иловањои Конститутсияи Љумњурии Тољикистон њамчун амри табиї эњсос мешавад. Аз ин љост, ки 26-сентябри соли 1999 ва 22 июни соли 2003 ба Конститутсияи Љумњурии Тољикистон бо роњи раъйпурсии умумихалќй ду маротиба таѓйиру иловањо ворид карда шуданд. Моњи ноябри соли 1993 Президиуми Шурои Олии Љумњурии Тољикистон комиссияи конститутсионй ва гуруњи кориро оид ба тањияи лоињаи Конститутсияи нав ташкил намуд. Ба њайати ин гуруњи кори олимон, кормандони амалй ва коршиносон шомил карда шуданд. Дар давоми шаш моњ гуруњи корй ду лоињаи Конститутсияро омода кард. Як лоиња ба шакли идораи парламентй ва лоињаи дигар ба шакли идорай президентй бахшида шуда буд. Комиссияи конститутсионй дар натиљаи муњокима лоињаи Конститутсияро, ки шакли идораи президентиро њимоя менамуд, маъќул дониста, онро барои муњокимаи умумихалкй дар матбуот нашр кард. Бо дар назардошти мушаххасоти хоси Тољикистон ва бо маќсади муташаккилона гузаронидани ислоњот, инчунин таљрибаи талхи давлатдории собиќи худ аъзои Комиссия ба хулоса омаданд, ки шакли
манфиатњои миллй, осори таърихй ва фарњанги миллй мебошад. Дар Конститутсияи Љумњурии Тољикистон сохибихтиёрї, истиќлолият ва тамомияти арзии Тољикистон дахлнопазирии њудуди кишвар, моњият ва вазифањои давлат, њуќуќ, ва озодињои инсон ва шањрванд, забони давлати, рамзњои давлати ва шакли давлатдории Тољикистон, њадафњои сиёсати дохилй ва хориљии давлат, асосњои иќтисодиву сиёсй, иљтимойву фарњангии давлат ва љомеаи Тољикистон эълон шудаанд. Конститутсияи Љумњурии Тољикистон давлати Тољикистонро љун давлати соњибихтиёр, демократй, њуќуќбунёд, дунявй ва ягона эълон мекунад (м, 1), Ин меьёр љавобгуй њадаф ва талаботи инкишофи љомеаи демократй дар љањони мутамаддин буда, њоло дар конститутсияњои њамаи давлатњои демократии дунё ифода гаштааст. Њамзамон бо ин пуштибонй аз манфиатњои давлати милли, пеш аз њама, соњибихтиёри ва истиќлолияти давлати дар назар аст. Конститутсия давлати Тољикистонро љун давлати иљтимой эълон намудааст, ки дар он барои њар як инсон шароити зиндагии арзанда ва инкишофи озодона таъмин карда мешавад. Бояд гуфт, ки андеша ва назарияи давлати иљтимої љузъи таљрибаи давлатдории љањони мутамаддин буда, дар конститутсияњои давлатњои Аврупо ва кишварњои дигар барои таъмини шароити зиндагии арзандаи њар фарди љомеа нигаронида шудааст. Дар заминаи ин меъёри конститутсионй њадафњо, мазмун ва самтњои сиёсати иљтимоии давлатй Тољикистон муайян шудаанд, миќдори зарури гардонидани меъёрњои конститутсиони ва таъмини пешрафти минбаъдаи љомеа ба вуќуъ пайвастанд. Бо маќсади таъмини волоияти Конститутсия Љумњурии Тољикистон дар низоми њуќуќии кишвар, мутобиќи њамаи санадњои меъёрии њуќуќї бо Конститутсия, фањмиши ягонаи матни Конститутсия, шинос намудани оммаи васеи халќ бо меъёрњои конститутсионї зарурати тањияи тафсири илмию оммавии Конститутсияи Љумњурии Тољикистон ба миён омад. Тафсири илмию оммавии Конститутсия (Сарќонун)-и Љумњурии Тољикистон соли 2009 дар њаќиќат дар њаљми 520- сањифа, зери тањрири Раиси Суди Конститутсионї, академики Академияи илмњо, профессор А.М.Мањмудов аз чоп баромад. Дар охир њамаи шуморо - њамватанони азиз ба муносибати бистумин солгарди Конститутсияи Тољикистони озоду соњибистиќлол - ин њуљљати муќаддасу таърихї самимона табрик мегўям. Исфандиёр СОБИРОВ, мудири кафедраи њуќуќи љиноятии Донишкадаи такмили ихтисоси Вазорати адлияи ЉТ
8
МАВЌЕЪ
“НИГОЊ”, ЧОРШАНБЕ №5 (387), 23. 04. 2014
Бозињои пасипардаи Љоизаи Рўдакї Ѓараз аз Саидќул Билолову Гулназар Келдї, ки ба раёсати Кумита шомиланду ба осонї метавонанд ибрози аќидаву раъйи нодуруст намоянд, ба зањматњои эљодию дастовардњои муаллифон ањамият надињанд ва ба ному кори онњо хати батлон бикашанд. Ин амалњо бештар аз рўи ѓаразњои шахсї нисбат ба муаллифони довталаб сурат мегиранд,-башиддат мегўяд Холањмад Маљидов, узви Кумитаи Љоизаи давлатии ба номи Абуабдулло Рўдакї, Њунарпешаи халќии Тољикистон, сархормейстери Театри давлатии академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнї Чи тавре аксари хонандагон огоњанд, боре дар ду сол Љоизаи давлатии ба номи Рўдакї дар соњањои адабиёт, њунар ва меъморї супорида мешавад. Гирди номзадњо ва онњое, ки ба ин мукофоти давлатї сазовор мешаванд ва ё баръакс мањрум мегарданд, гапу гапчањои зиёд њаст. Њаќиќати рўз он аст, ки ин мукофот обрўи пештараашро, ки бењтаринњои бењтаринњо, ба монанди устодон Мирзо Турсунзода, Сотим Улуѓзода, Лоиќ Шералї ва дањњои дигар сазовор мешуданд, бохтааст, зеро дар байни нафарони боарзиш баъзе беистеъдодњо, ки истеъдоди ошнобозиву мањалбозиро доранд, низ соњиби ин љоиза мегарданд. Сархормейстери Театри давлатии академии опера ва балети ба номи С. Айнї Холањмад Маљидов, ки худ узви Кумитаи Љоизаи давлатии ба номи Абуабдулло Рўдакї аст, чанде пеш дар расонањои русї дар ин бора изњори назар кард. "Нигоњ" наметавонист, ки аз ў напурсад: -Устод Холањмад, аз назари Шумо оё эътибори Мукофоти Рўдакї мувофиќ ба замон аст? -Бале, ба хотири офаридани асарњои барљастаи сазовори эътирофи васеи умум ва аз нигоњи бадеияти олї боло бурдани эътибори Љоизаи давлатии ба номи Абуабдулло Рўдакї ба низомномаи он се маротиба таѓйиру иловањо ворид гардиданд. Љавобан ба ин ѓамхорї мебоист талабот низ бештару бењтар бо меъёрњои касбию эљодї ва мунсифона љорї мегардид. Љойи таассуф аст, ки сол ба сол ба муносибатњои нодурусту ѓайрикасбї обрўву эътибори љоиза коњиш меёбаду поён мефарояд. Ин, албатта, боиси дилсардии эљодкорони асил мегардад ва эътимоди онњоро аз байн мебарад. Дар Низомнома омадааст, ки "Љоизаи давлатии Љумњурии Тољикистон ба номи Абуабдулло Рўдакї барои асарњои барљастаи сазовори эътирофи васеи љамъиятигашта ва аз нигоњи бадеию публитсистї олї дар соњањои адабиёт, санъат, меъморї ва журналистика, инчунин барои сањми бузург дар рушди назария ва амалияи эљодиёти бадеию публитсистї дода мешавад". Дар ин сурат барои интихоби асарњои асилу арзанда мутахассисону эљодкорони варзида бо доштани дилу нияти пок ба тамоми бахшњои ин кумита бояд шомил гарданд. -Пас аз назари Шумо њама нафароне, ки дар ин кумита шомиланд, арзандаанд? - Ба андешаи ман, ба баъзе аз бахшњои кумита чунин афрод ворид нашудаанд, махсусан дар бахши мусиќї ва њунарнамої. Аз њафт нафари ин бахш ду нафари он мусиќиро хуб медонанд. Яке аз ин нафарон Саидќул Билолов, ки њам раиси бахш аст, мањсуб меёбад. Аз рўи ихтисос рубобнавоз мебошад. Оњангњои мелодї (мелодия) эљод мекунад ва бо ансамбли асбобњои халќї (созњои мардумї) сару кор дорад. Яъне, ў ин соњањоро ба дараљаи баланди касбї медонад ва барои овозхонњо ва мутрибон суруду оњангњои љолибу баланд эљод менамояд. Лекин дар соњаи мусиќии касбии љањонї мутахассис намебошад ва ба дастовардњои навтарини он ошно нест,
бинобарин асари асили санъатро шинохта ва бањогузорї карда наметавонад. Фикр мекунам, ки ба ин хотир маро ба бахши мазкур шомил намуданд, аммо дар байни ин њафт панљ нафар мутахассиси ин соња нестанд ва ин ду тамоми саъю кўшишашон низ барои фањмондану шиносонидани асари барљастаи мусиќист, вале оќибат ѓалберро аз об холї баровардан мебошад. Шоир мусиќии асилу касбии љањониро намедонад, намешиносад. Консерваторияи миллии мо нисбатан навтаъсису љавон буда, њанўз ба пояи баланди касбї нарасидааст ва бештар ба "фалак"-у "шашмаќом" ва сурудњои эстрадї мањдуд мегардад. Муроди ин љониб мусиќие аст, ки дар театрњои академии љањонии опера ва балет, консерваторияњои машњуру маъруф, шинохтаву эътироф ё худ дар оркестрњои симфонї, камеравї иљро мегарданд. - Метавон гуфт, ки яке аз сабабњои чунин вазъияти ногувор ин нарасидани мутахассисон касбии мусиќї аст? - Ња, пештар бисёре аз композиторон, мутахассисони соњањои операву балет ва мутрибони барљастаи мо хатмкунандагони консерваторияњои шинохтаву эътирофгардидаи љањонии минтаќавї, яъне, собиќ Иттињоди Шўравї буданд. Ва нарасидани композитороне чун Шарофиддин Сайфиддинов, Дамир Дўстмуњаммадов, Зиёдулло Шањидї, Толиб Шањидї, Фаттоњ Одинаев, Талабшоњ Сатторов дар кишвар бараъло эњсос мешавад ва Театри давлатии академии опера ва балети кишвар дар ин шабу рўз ба асарњои барљаста бисёр ниёз дорад. Асарњои ин чанд композиторони ангуштшумори кишвар дар сатњи баланди касбї танњо дар Театри давлатии академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнї иљро карда мешаванд. Аз ин шумор асарњои ду композитори шинохта, яъне Ќудратулло Њикматов, раиси Иттифоќи композиторони Тољикистон (силсилаи асарњои хорї- оркестрии "Навои истиќлол") ва Амирбек Мўсоев (операи бачагонаи "Афсонаи беша") барои дарёфти Љоизаи давлатии Тољикистон ба номи Абуабдулло Рўдакї пешнињод гардида буданд. Нахустнамоиши "Афсонаи беша"-ро бо тањ-
риру коркарди нав се сол пеш (соли 2010- соли пешнињод ба љоиза дар назар аст) Театри давлатии академии опера ва балети ба номи С. Айнї пешкаши тамошобинон гардонида буд. Онро чун асари арзандаи љоиза Вазорати фарњанги љумњурї пешнињод намуд. Яъне ин амал њам аз љониби Консерваторияи миллии Тољикистон ба номи Т.Сатторов ва њам Вазорати фарњанги љумњурї аз рўи ѓамхорї, дилсўзї ва шинохти масъулияту асари асили мусиќии касбї сурат гирифт, ки мурод аз он пешрафти соња, тавлиди чунин асарњои бачагона аст. - Мо Шуморо њамчун яке аз мутахассисони пуртаљрибаи ин соња мешиносем ва суоли мо ин аст, оё ягон асари худи Шумо њам ба ин љоиза мешнињод шудааст? - Аз Театри давлатии академии опера ва балети ба номи С. Айнї маљмўаи адвории сурудњои муаллифї ва таронањои мардумии "Майли гулзор"-и маро, ки соли 2012 аз тариќи нашриёти "Истеъдод" ба табъ расидааст, барои дарёфти ин љоиза пешнињод намуданд. Дар маљлиси пешбарии асар ба љоиза 358 нафар мутахассиси театр ширкат варзид ва онро дастгирї кард. Вазорати фарњанги љумњурї низ ин пешнињодро писандид. Дар кумита инро нодида гирифтанд. - Вале асари Шуморо ќадр накарданд ва соњиби љоиза нагардидед. Сабаби инро дар чї мебинед? Шояд асар арзиши мукофот надошт? Бо ибораи дигар гўем, асари љаноби Маљидов мунсифона мавриди бањс ќарор гирифт? Оё онњое, ки ба асар бањо доданд, дар сатњи аќаллан як композитор ё хормейстер донишу таљриба доштанд? Агар махфї набошад, ки ба асари Шумо бањо доданд? - Мутаассифона, на. Муносибат дар ин љо на дилсўзона ва аз рўи касбият буд. Як гурўњ шоирон: Гулназар Келдї, Рањмат Назрї, Камол Насрулло ва овозхон Саидќул Билолов, ки њам дар раёсати кумита шомиланд, ба осонї метавонанд он замон ибрози аќидаву раъйи нодуруст намоянд, ба зањматњои эљодию дастовардњои муаллифон ањамият надињанд ва ба ному кори онњо хати батлон бикашанд. Ин амалњо бештар аз рўи ѓаразњои шахсї нисбат ба муаллифони довталаб сурат мегиранд. Асарњои онњоро ба њамаи аъзои кумита ќасдан сари ваќт намерасонанд. Дар ин сурат њар узви кумита чї гуна метавонад, ба хулосаи дуруст биёяд ва аз рўи адолат ќазоват намояду раъй дињад? -Хеле фошгўї кардед, аммо марњамат карда гўед, ки мисолњое оварда метавонед? - Мисолњо зиёданд. Масалан, ман њамчун узви кумитаи мазкур вориди њуљраи кории масъулони он гардидам. Китобњои "Хаймаи Хайём"-и Њадиса Курбонова, Шоири халќии Тољикистон, довталаби љоизаро дидаму хоњиш кардам, ки барои мутолиа ва ошної бидињанд. Масъулон мебоист бо хушнудї ин хоњишро иљро менамуданд, чунки тарѓиб аз љумлаи вазифаи онњост, аммо дар љавоб "Э чї кор мекунї, ин китоб китоб њам нест?!" гуфта, надоданд.
Асарњои тадќиќотии "Уфуќњои тозаи наср"и Атахон Сайфуллоев, "Ќаламњои кўњистонї"и Љонибек Акобиров, "Бозгашт"-и Аброр Зоњир ва "Гулхори чида-чида"-и Мирзо Файзалиро низ надоданд, то мутолиа бинамоям. Њамин тавр, агар муносибат бо муаллифону асарњои довталаб ба љоиза ва аксари аъзои кумита чунин сурат бигирад, аз кадом ќазовати дурусту одилона метавон сухан гуфт? Мехостам, як ё ду њарф дар бораи дигар асарњои пешнињодшуа гўям. Операи бачагонаи "Афсонаи беша"-и Амирбек Мўсоевро ман ба сањнаи театр гузоштам, њамчун хормейстер. Ба дараљаи олї ин спектаклро медонам ва дуруст бањогузорї карда метавонам. На танњо дар байни 21 нафар узви кумита, балки дар миёни 100 мутахассиси соња ќудрату фањмиш дорам, ки ин асарро муаррифї, дастгирї ва пуштибонї намоям. Воќеан, ин асар барои пешбарї ва дарёфти љоиза сазовор мебошад. Силсилаи асарњои хорї - оркестрии "Навои истиќлол"-и Ќудратулло Њикматовро низ, ки барои дарёфти љоиза пешнињод гардиданд, хорњои театри мо - Театри давлатии академии ба номи С. Айнї мањсуб меёбанд. Яъне сатњи ин асарњо ва иљроиши онњо баланд ва касбианд. Дар ин сурат арзандаи дарёфти ин љоизаанд. Маљмўаи нотавии сурудњои муаллифї ва таронањои мардумии "Майли гулзор"и ин љониб низ дар ин шуморанд. Пешнињоди китоби нотавї маънои пешнињоди барномаи консертии дастаи њамсароён мањсуб меёбад. Чунки ин барнома дар китоб љой дода шудааст. Аммо аъзои кумита, аз љумла, овозхон Саидќул Билолов иброз доштанд, ки аъзо ин китобро хондаву фањмида наметавонад, бояд Вазорати фарњанг худи барномаи консертиро пешнињод менамуд. Инчунин он кори хормейстер аст ва аз рўи вазифа бояд сурудњоро такмил дињад. Наход шахсияте чун Саидќул Билолов нафањмад, ки хормейстер асар эљод мекунад? Яке аз композиторони машњури рус Михаил Глинка гуфта буд, ки мусиќиро халќ эљод мекунад, мо онро рангу бор медињем. Ман низ њамин корро кардам, такмил додам. Чунин андешаронї ва муњокимањову баррасињои узвњои кумита, аз љумла раиси бахши соња тамоман нодуруст аст. Ба љуз ин, гўё китоби мазкур иборат аз сурудњои афѓонї мебошаду мусиќињои халќї. Бояд зикр кунам, ки мактабњои олии касбї барои дирижёрњои хор адабиёти нотавии мусиќии миллї надоранд. Магар осон аст мусиќии миллиро чоровоза ва академї намуда, ба барномаи консертї ва китоб дар шакли адвор (нота) љой додан? Ин барои донишљўёну устодони соња, гурўњњои њунарї бисёр муфид аст. Инро бояд донист, вале аз ин миён донандаро метавон пайдо кард? Не! Чї бигўям, љуз фарёду фарёд аз дасти саррофони гавњарношинос?! Ба ин магар мо - мутахассисони соња гунањгорем?! Не, гунањгор онњоянд! Ин амал, ин муносибат гувоњ аз љањолату нофањмии эшон аст. Дар тамоми кишварњои мутамаддини љањон, композиторон, хормейстерон, дирижёрњо - умуман њар нафаре, ки ба мусиќї сару
“НИГОЊ”, ЧОРШАНБЕ №5 (387), 23. 04. 2014
«
Наход шахсияте чун Саидќул Билолов нафањмад, ки хормейстер асар эљод мекунад? Яке аз композиторони машњури рус Михаил Глинка гуфта буд, ки мусиќиро халќ эљод мекунад, мо онро рангу бор медињем. Ман низ њамин корро кардам, такмил додам. Чунин андешаронї ва муњокимањову баррасињои узвњои кумита, аз љумла раиси бахши соња тамоман нодуруст аст.
«
наву беинсофона на танњо љои афсўсу маломат аст, балки нобахшиданист ва хиёнати бузург ба соњаи мусиќии касбї мебошад. Аќаллан аз ин миён агар як нафарро њам барои пешнињоду дарёфти љоиза мепазируфтанд, њељ љойи гилаву шикоят ва норизої намебуд. Ин саррофони гавњарношинос њатто чанд хармуњраеро њам пайдо накарданд, то ба фиреб чун дурњо ба чашми мардум нишон медоданду вонамуд месохтанд, ки вазифаашонро дурусту пурра ба анљом расониданд. Бо вуљуди ин њама асарњои ману Ќудратулло Њикматов яковозиро соњиб гардиданд, яъне, аз миёни чор нафар як нафар овоз додааст, чун виљдонаш нагузоштааст зид овоз бидињад. Оре, агарчи ба ў фишор оварданд. Инчунин иброз доштааст, ки ман ин барномаи њунариро тамошо карда ва дар њайрат афтодам. Пешнињоди сурудњои милливу тољикї дар шакли чоровоза ва академї њаргиз кори осон нест, хосса чун онњоро намояндагони миллатњои дигар низ бо лањни ширину тољикї дурусту бехато месароянд". Дигарон, аз ќабили Камол Насрулло ва Лариса Додхудоева иброз доштаанд, ки барномаи консертиро набояд дар шакли китоб пешнињод менамудам. Ин дар сурате аст, ки аз ин љониб ва Вазорати фарњанг изњор гардид, то њайат биёяд ва барномаи консертиро бубинаду хулосаи дуруст бибарорад. Ба раёсати кумита хаттї низ мурољиат намудам. Аз љумла, дар номаам навишта будам: "Маќсад аз ин яктост - шунавандаро ба дарки асарњои мураккаби мусиќии миллї ва љањонї омода намудан ва тавассути сурудњои дилнавози халќї ва оњангсозони бомањорат тарѓиб кардани хорсарої, ки яке аз омилњои муњими муттањидию њамдилии миллати мост. Мутаассифона, бахши мусиќии Кумитаи љоиза ба ин падидаи тозаи мусиќии касбї ањамияти зарурї надод. Њатто лозим дониста
зидди худашон раиси бахш Саидќул Билолов, шоир Камол Насрулло ва дигар њайати бахш овоз медињанд? Њаргиз! Не, ки не! Бо вуљуди ин "бозї" 10 нафар агар бар зиддам овоз дода бошанд, 10 нафар ба тарафдориам раъй додаанд. Масъулон пас аз ин њам пойро аз узангуи асп нагирифтанд ва изњор доштанд: "Не, гап гапи бахш аст, бахш чун ба ин хулоса омадааст, мо ризоем". Нисбати баъзе аз довталабони дигар низ дар бахшњо ноњаќї эњсос шуд. Мисли ин ки њайат дастуру супориш гирифтаанд, ки бояд ба андешаву пешнињоди ду-се масъул амал кунанду раъй дињанд. Њамин тавр, аз 7 љоизаи муќарраргардида бояд 2 љоиза дода шавад. Тааљљубовар нест?! - "Дилам бар Рўдакї сўзад...." - Бале, хоњ-нохоњ мисраи худи устод Гулназар Келдї ба хотир мерасад: "Дилам бар Рўдакї сўзад". Оре, њам ба Рўдакї ва њам ба љоизааш, ки номашро дорад. Бо чунин њол ва муносибат минбаъд ин љоиза он эътибори пешинашро аз даст медињад. Аз ин рў, мебояд њайати онро аз њисоби мутахассисони асилу нисбатан љавон вобаста ба бахшњо нав кард. Охир ин љоизаи давлатї аст, муносибати љиддию дилсўзонаву боадолатонаро таќозо дорад, на ѓаразбозињое, ки Келдиву Билолов доранд... - Мутаасифона, жанри суњбат имкон намедињад, ки Гулназар Келдиву Саидќул Билолов ба ваљњу далелњои овардаи шумо посух гўянд... - Умедворам, ки шумо ба онњо низ имкон медињед, ки назарашонро иброз кунанд. -Ташаккур барои суњбат ва ошкоргўї. Матлаби ин гўша андешањои шахсї буда, метавонад бо мавќеъи «Нигоњ» муѓойират намояд.
хотири рафъи камбудию норасоињо ва пешрафту рушди њунар бигарданд, на ранљишу андўхтани кина дар дилњо. Љойи таассуф мебошад, ки дар мо њама чизро мепазиранду тањаммул мекунанд, ба љуз њаќиќату сухани рост, агар њам аз рўйи дилсўзї гуфта мешаванд. Оре, дар њузураш низ гуфтаму мегўям, ки Саидќул Билолов дар баъзе мавридхо нољўр мехонад. Ин њаќиќат чун офтоб бар мутахассиси асил рўшан аст ва агар њазор парда бар рўи он бикашад, наметавонад нињонаш бисозад. Исботи он низ душвор нест. - Ин тавр бошад, чаро ўро бисёрињо њамчун сароянда дўст медоранд? - Танќид кардани ман маънои онро надорад, ки ман ўро куллан сиёњ мебинам. Ман иќрор мешаваму мефахрам, ки ў њамчун мелодист њамто надорад. Бисёр мусиќињои љолибу форам офаридааст. Њатто "Таронаи вањдат"-и ўро барои хори академї такмил дода дар китоби ба љоиза пешнињоднамуда - "Майли гулзор" љой додаам. Мусиќињои ў на танњо ба ман, балки ба њама писанд афтодаанд. Сухан дар хусуси иљроиш аст. Нољўр сароидан фољеаи овозхон мањсуб меёбад. Тамоми чизро метавон ислоњ кард, вале дарку шунавоии мусиќї дигар аст. Онро љуз Худо дигар касе, чизе на обод карда метавонад ва на хароб. Инчунин тариќи шабакаи телевизиони "Сафина" дар мавриди дастовардњои овозхони шинохта Файзалї Њасанов иброз дошта будам, ки "дар замони роњбарии ў гурўњи њунарии "Дарё" рушди тоза ёфт; барнома рангин шуд, сатњи касбият болотар рафт, овозхонњову мутрибони љавон љалб гардиданд". Чунин андешаронињо ба иззати нафси роњбари собиќу њозираи "Дарё" Саидќул Билолов сахт расида будааст, агарчи ин њаќиќатро бояд мепазируфт ва шод мегашт. Аз ин рў, ин овозхони шинохта ва роњбари бахши соњаи мусиќї ва њунарнамоии кумитаи љоиза нисбат ба ман ва асарам назари нек ва мусбат дошта наметавонист. Њатто дар маљлис ва овоздињї кворум ба вуљуд наомада буд, яъне аз 7 нафар 4 нафар ширкат варзид. Аќаллан ин шумора бояд ба 5 нафар мерасид, то 75 дарсадро ташкил медод. Хоњ - нохоњ ба сабабњои зикргардида ў наметавонист бо ибрози андешањои неку пурмуњтаво то љойе моњияти асарро барои дигар овоздињандагони ѓайрикасбї бифањмонад ва адолатро љорї бисозад. Тибќи Низомнома довталаби љоиза њуќуќи иштирок дар муњокимаи асарњои соња ва овоздињї надорад. Ба ин хотир ман њуќуќи иштирок дар маљлиси соњавї ва муњокимаву овоздињиро надоштам.
нашуд, ки сурудњои мазкур тавассути консерти зиндаи хор шунида шаванд. Њол он ки аксари аъзои бахш мутахассисони соњањои дигаранд ва моњияти масъалаву зарурати асарњои пешбаришударо танњо бо тамошои консерт дарк карда метавонанд. Аз ин рў, њайати мушовараи вазорат эњтиромона хоњиш менамояд, ки аъзои Кумитаи љоиза барномаи консертии асарњои барои хори академї такмилдодаи Х. Маљидовро зинда тамошо ва гўш кунанд ва дар соњаи барои санъати касбиамон бисёр заруру муњим хулосаи объективона бароранд". Барњаќ, пас аз ин љойи тааљљуб намемонад, ки бахши мусиќї ва њунарнамоии кумита дар сурати ба раъйи худ такя кардану хулоса баровардан андешаву пешнињоди љониберо ба эътибор намегирад. Чунин рафтор магар аз рўи ѓараз нест? Агар дар бахш мутахассисони асил мебуданд, кор бад-ин дараља ва беэњтиромї нисбати мусиќии касбї, њунармандон ва асарњои онњо намерасид. Раиси бахш бояд мутахассиси мусиќии касбии љањонї пазируфта шавад, на худфаъол. Ин бисёр муњим ва зарур аст. - Сабаби комёб нагардидани асари Шумо танњо дар набудани мутахассисони воќеии соњаи мусиќї да њайати љоизадињандагон буд ва ё дигар омилњо низ таъсири манфї расониданд? - Бале. Масалан, Гулназар Келдї, муовини раиси кумита, низ андешањоямро дар мавриди ислоњи як калимаи матни Суруди миллї, аз љумла, баъзе номувофиќатии матну оњанги он борњо иброз дошта будам. Аљаб он аст, ки ислоњи камбудиро аз кина гирифтану бадбинї душвортар медонанд ва як рўзеро барои ќасос интизор мешаванд. Аммо ман аз баёни андешаи дуруст њељ гоњ даст намекашам, чунки он ба хотири пешрафти соња аст. На танњо гуфтам, балки дар ин хусус навиштам. Гулназар Келдї ба ман гуфт, ки бояд ба њангоми овоздињї ва гирифтани раъй дар маљлис њузур надошта бошам. Ин амал дуруст буд, вале баъд найрангеро ба кор бурд, ки њељ интизорашро, хосса аз муаллифи Суруди миллї, надоштанд. Чунин изњор доштааст: "Касе, ки зидди ќарори бахши мусиќї аст, илтимос, овоз дињед!". Магар маќсади ўро дарёфтанд? Ва донистанд, ки андар парда бозињои пинњон бошад? Магар
i
кор дорад, ба озмун ва барои дарёфти љоиза асарњои нотавиро (адворї)-ро пешнињод мекунад. Дарёфти ин њаќиќати одї душворие надорад, аъзо метавонанд тариќи шабакаи интернет ба ин маълумоти дуруст ошно шаванд, аќаллан барои дар оянда такрор нанамудани ин хатоњояшон, чун дигар љомеаи пешрафта нодонию нофањмиро њељ намебахшад. Кї барои аъзои кумита оркестри симфониро бардошта бурдааст? Ва ё хор, дастаи њамсароёнро? Корест ношуданї ва њам роиљ нест. Бо вуљуди ин мо диски барномаи њунариро пешнињод кардем, вале аъзои кумита онро тамошо накарданд, то чунин узрњои бељову беасос наёранд. Аслан аз онњо чаро бояд гила кунем? - Далелњоятон дар бораи мутахассиси воќеии соња набудани аъзои ин кумитаи љоизаи Рўдакї ќавї ба назар мерасанд. Аммо гўед, ки оё ин нафарон, ки ба ќавле, ќиёми зиёиёни тољиканд, ба тамошои опера ва ё балет ба театр мераванд? - Намераванд! Аз ин 21 нафар ба љуз як нафар боре ба театри мо барои тамошо ва шунидани асарњои нав наомадаанд. Саидќул Билолов низ, ки ба соњаи мусиќї сару кор дорад ва аз ин њисоб рўзгорашро пеш мебарад. Операњои тољикиро тамошо намекунаду намешунавад, чи бирасад ба операњои классикию љањонї. Операи тољикии "Абуалї ибни Сино"-ро, ки дар санъати мусиќии касбии миллат як бозёфти нодиру дастоварди бузург мањсуб меёбаду рўи сањнаи театр овардем, ба тамошову шунидани он низ наомад. Дар сурате ки роњбари як гурўњи њунарии кумитаи бонуфуз ба нахустнамоиш ва дигар намоишњои он наояд, метавон аз дигарон гила кард? Инчунин ба пешрафту дастгирии мусиќии касбї чї гуна метавон умед баст? Бо пешнињод ва хоњиши ин љониб либреттои онро Кароматулло Олимов навишт ва Мустафо Бафоев, композитор ва сокину шањрванди Ўзбекистон, мусиќияшро эљод кард. Яъне, мо дар ин масъала аз кишвари њамсоя пешдастї намудем ва муваффаќ гаштем. Муаллифи мусиќии асар тољики бухорої аст. Ў, воќеан, тавонист, ки асари барљаста ва миллї биофарад ва шуњрати мусиќии касбии моро баланд бардорад. Инчунин ба њангоми тањияи намоишнома ширкат варзид, маслињатњои судбахш дод. Аз ѓаразњо низ бояд бигўям, онро наметавон нињон дошт. Ѓаразњо чун натанњо дўстиро тира медоранд, балки монеи пешрафти њамаи соњањо ва эљод, хоса дар мусиќии касбї мегарданд. Оќибати он ногувору бад аст. -Аммо њаќиќат... -Ман њаќиќатро мегуфтам ва мегўям ва аз ин њељ гоњ наметарсам. Ин, албатта, бояд ба
Пас кї асарњои пешнињоднамудаи ман, Ќудратулло Њикматов, Амирбек Мўсоев, Адњам Холиќов ва Рустам Дуллоевро, ки дар сатњи баланди касбї эљод шудаанд, мавриди баррасии касбї ќарор дода метавонист? Аъзои ин соња аз ќудрату фањмиш ва баррасии он дур ва ољизанд. - Хулоса, "Майли гулзор" љоиза нагирифт. Оё чунин муносибат ба дигар асарњои касбї ва њунарпешањои машњуру тавонои тољик низ рух дод ё на? - Дар мавриди "Майли гулзор" ва худам чизе намегўям, аммо наметавонам нисбати дигар њамкасбону њунармандон хомўшу бетараф бошам. Рустам Дуллоев - Њунарпешаи халќии Тољикистонро на танњо дар кишвар, балки берун аз он чун њунарманди боистеъдоду нотакрор мешиносанду эътироф мекунанд. Ў чун њунарманди тољик дар Италия, чи дар Вена фаъолият дорад ва пайваста њунарнамої мекунад, ки ин на ба њар тољику тољикистонї даст додааст. Дар дигар кишварњои пешрафтаву мутамаддини љањон низ консерт доир мекунад ва ин барномањоро сурудњои тољикї низ ташкил медињанд. Яъне тарѓибгари сурудњои тољикї дар тамоми дунё мањсуб меёбад. Ва ё Адњам Холиќов. Мактаби Белкантаро, ки мактаби бењтарини вокали љањонист ва тамоми театрњои љањон, аз љумла театри мо ба ин тарзи сарояндагї пайравї мекунанд, дар хориљи кишвар таъсис дода ва дар он дарс медињад. Бо пешнињоду дастури Президенти мамлакат духтари боистеъдоди миллат Хуљастаи Мирзовалиро дар ин мактаб таълим медињад. Њамчун овозхон низ ин њунарпеша бењамто ва нотакрор аст. Ќудратулло Њикматов чун композитори асил эътирофи мутахассисони соња, чи дар дохили мамлакат ва чи берун аз он гардидааст. Дар мавриди шахсияту асари композитор Амирбек Мўсоев пештар гуфта гузаштам. Фикр мекунам, ки ман дар мавриди баррасї ва муњокимаи асари худам њуќуќи ширкат варзиданро надоштам, аммо бад намебуд, агар назарамро нисбати ин мутахассисон ва асарњояшон иброз медоштам. Шояд назари овоздињандагон ба маънои мусбаташ пас аз муаррифии дурусти мањсули эљодашон дигар мегардид ва дастовардњои чашмгирро нодида намегирифтанд. Чунин муносибати хунсардо-
9
10
“НИГОЊ”, ЧОРШАНБЕ №5 (387), 23. 04. 2014
ПОСДОРЇ
ДАРГУЗАШТИ ТАНЊОТАРИН Чї гуна барои адвокат ќонун хамиртуруш мешавад? МАРДИ САЙЁРАИ ЗАМИН "Дар он дидор Габриэл Гарсиа Маркес ба эљодиёти ман таваљљуњ кард ва хоњиш намуд, ки ватанам Тољикистонро ба ў аз харита нишон дињам..." Аз як њафта пеш, ки хабари марги Габриэл Гарсиа Маркес расид, аз љузъиёти фавти ў то баподории маросими азову падруд њама дар сархати хабарњои олам ќарор дошт. Шояд ин лањзањо хабарсозтарин лањзањои умри башарият бошанд. Инсоне тарки олам кард, ки бо рафтани худ як эњсоси холигии ќалбиро дар умќи синаи бастагонаш гузошт. Нигоранда тўли шояд ним асри охир ин гуна рўйдоди нодирро ёд надорам, ки фавти марде баробар барои њама сокинони олам љигарсўз бошад. Аз замони чопи аввалин китобаш бо номи "Соати шарр" 55 сол, яъне, бештар аз ним аср ва аз нашри романе, ки барояш шуњрати љањонї овард ("Сад соли танњої") 47 сол гузашт. Ва тўли ин муддат парчами офариниши шоњасар барои ганљинаи адабиёти оламро аз даст нагузоштааст. Яъне, олам тўли ин муддат дањњо њазор нависандаву шоирро дид, вале касе аз онњо натавонист ба ќуллаи Маркес бирасад ва то охирин нафаси њаёт ў дар њамин ќулла боќї монд. Мегўянд, баъди "Сад соли танњої"-ву, "Хазони умри Одамхудо" ва "Ба полковник касе наменависад" вай агар чизи дигаре њам иншо намекард, номаш љовидона дар сархати адабиёти олам сабт мешуд. Вале вай навишт, чун медонист, ки њарфи ногуфта зиёд дорад. Медонист, ки ин се шоњасар њам калимоти умќи синаи ўро дар худ наѓунљониданд, аз ин рў, бояд менавишт ва навишт. Маркес аз рўзноманигорї по ба остонаи нависандагї гузошт. То интишори аввалин асари бадеї вай садњо гузоришу тањлилу хабар чоп кард, дар дањњо шањру рустои на танњо ватанаш, балки олам сайр
кард, дар нукоти доѓ буд, бо мардуми забону урфу одаташон гуногун нишасту хест. Њамин пешаи рўзноманигорї буд, ки вай ќитъаи Амрикову Аврупоро ќадам зад. Ва њамин љустуљў ва њамин такопў ўро водор кард, ки чизе фаротар аз гузориш, очерк ва маќола бинависад. Вай аз охири солњои 40 пешаи рўзноманигориро интихоб мекунад ва њарчанд аввалин њикояи худро соли 1947 чоп кард, шояд гумон надошт, рўзе мерасаду повесту романњояш пайи њам чоп мешаванд. Ба гуфтаи яке аз мутарљимони асарњои Маркес Абдуѓаффори Абдуљаббор "шаш сол пеш аз он ки ба навиштани роман шуруъ кунад, дар Мексика ба њайси журналист ва филмноманавис кор кардааст".
"Бегин сазовори Нобели марг аст, на ки сулњ..." Маркес марди сиёсї њам буд, чун рўзноманигор будан хоставу нохоста, олуда ба сиёсат шудан аст. Бо роњбари Куба Фидел Кастро иртиботњои хуби дўстї дошт, вале шояд њарчанд даъват шуд, аз коммунист шудан худро дур нигањ дошт. Аслан ба њизбеву созмоне нагаравид, балки сиёсатмадор барои худ боќї монд. Клинтонро мешинохт, бо Франсуа Миттеран њам ошно буд. Пиночетро чашми дидан надошт. Ва њатто гуфта буд, ки "То ин мард сари ќудрат аст, дигар наменависам". Вале њокимияти Пиночет ба дарозо кашид ва Маркес њам шиорашро таѓйир дод ва гуфт: "Дубора менависам, то сарнагунии ўро бубинам ва ривоят кунам!". Ин буд аслан як роњи сиёсии ў. Вай дубора ба майдони эљод омад, то шоњиди суќути Пиночет бошад ва он рўз њам
фаро расид ва диктатори Чилї бо њама шањомату абзораш сарнагун гардид. Маркес сиёсатњои љањониро хуб омўхтаву бо он ошно буд. Баъди чор соли шоистаи љоизаи Нобел шуданаш кумита љоизаи сулњро ба Менохим Бегин, сарвазири пешини давлати яњудї бахшид. Ва Маркес эътироз кард ва гуфт: "Ў сазовори Нобели марг аст, на ин ки сулњ!"
Аз фаќр менавишт, чун худ фаќир буд Маркес сарватманд набуд, ки бо сармояи худ эњтиёљи худро ба зиндагонї раво созад. Тавре яке аз мутарљимони ў Дагмар Плотс менависад, "Гарсия Маркес зиндагии бихуру намир дошт" ва бо фаќру гуруснагї ва хусумат ошно буд". Ваќте хотироташро мутолиа мекунем, дармеёбем, ки дар оѓоз як њаёти мисли њаёти њар ќаламкаши тољик маъмулї доштааст ва мисли мо аз дўкондорон ќарздор њам мешудааст. Дар ин бора менависад: "Ман пиар-менељер будам ва сенарийњои филмњоро тањриру тасњењ имекардам. Вале барои он ки китоб нависам, мебоист корро тарк мекардам. Ман мошинро ба гарав мондам ва пулњоро ба Мерседес (њамсараш) додам. Њар рўз вай ба ман коѓазу сигор ва њар чизе барои зиндагї лозим буд, ба даст меовард. Ваќте китобро тамом кардам, дидем, ки аз ќассоб 5000 песо ќарздорем. Ин пули кам набуд. Дар атроф њар гуна овозањо пањн шуда буд, ки ман ким-чї хел китоб менависам ва њамаи дукондорон мехостанд дар он ширкат дошта бошанд. Барои фиристодани матни китоб ба ношир 160 песо лозим буд, вале њамагї 80 песо боќї
монда буд. Он ваќт ман миксер ва мўхушккуни Мерседесро ба гарав гузоштам. Вай инро фањмид ва гуфт: "Аќалан китоб хуб мебаромад". Соли 1965 "Сад соли танњої"-ро навишт ва нашрияи Аргентинии "Сурамерикана" онро ба теъдоди 8 њазор нусха чоп кард. Маркес њам умед дошт, ки то охири сол ин теъдодро мефурўшад. Вале ѓайриинтизор он њама ба фурўш рафт ва нашриёт дубораву себора "Сад соли танњої" чоп кард. Баъди ин њар китобе менавишт, зуд ноширу зуд харидор пайдо мекард.
Диктатор дар Амрико дар Осиё низ диктатор аст Нависандаи тољик Абдуќодири Рустам мегўяд, "китобњои Габриэл Гарсиа Маркес њар кадом "воќиаи адабї"-и на танњо сол, балки аср буданд. Устод ин љањонро падруд гуфт, аммо бо китобњои љовидонаи худ: "Ба полковник касе наменависад", "Сад соли танњої", "Хазони умри Одамхудо", "Ишќ дар замони вабо" ва ѓайра то замоне, ки бани башар китоб мехонанд, зиндагї хоњанд кард. Сабки эљодкардаи ў ва чанде аз њамкаломони дигараш аз Амрикои Лотинї, амсоли Хуан Рулфо, Хорхе Луис Берхес, Марио Варгес Лиоса, Отеро Силва ва ѓайра мавсум ба "реализми љодуї" дар солњои 6070 ќарни гузашта боѓи пажмурдаи адабиётро таровати тоза бахшид, дар асл метавон гуфт, ин гуруњ насри љањониро љомаи комилан нав пўшониданд ва ин адабиёт ба насри тамоми кишварњо ва аќвоми олам таъсири амиќ гузошт". Оре, аз миёнањои ќарни 20 талошњои озодиву истиќлолхоњї дар ќитъаи Амри-
ВИЉДОНИ АСР кои Лотин зангулаи тасвирњои нав дар адабиётро ба наво даровард ва дар як муддати кўтоњ касоне соњиби ќалам ва сухан шуданд, ки бо диди тоза мехостанд меъмори маънавии љањон шаванд. Онњо аз мушкили худ менавиштанд, вале дардашон дарди башар шуд. Зеро онњо њамон дардеро доштанд, ки инсонияти ќарни нав мубталои он буд. Субњи рўзе, ки ин маќоларо мехостам бинвисам, бо мутарљими "Сад соли танњої" Абдуѓаффори Абдуљаббор дар утоќи кориаш воќеъ дар Вазорати фарњанг ин пурсишро дар миён гузоштам, ки магар иштибоњ намекунам агар бигўям, Маркес њамон дардеро мехост ифшо кунад, ки башар чї дар Колумбия ва чї дар Тољикистону њар ќитъаи дигар мубталои он буд. Вай посух дод, ки оре, ин дардњо, ки умумибашарї буданд, сатрњои Маркес ба дили миллионњо роњ ёфт". Cиёвуш Љунайдї, ин шоири хуб ва озода низ ин назар дорад: "Њоло, баъд аз гузашти замон ва таѓйири дидгоњу арзишњо, бархўрду бардоштњо ба насри ду ќарни ахир меандешї, рушан мебинї, ки чї гуна адибони Амрикои Лотин бо шуру валвала, бе риё ва бе ибо, зебову пуршањомат, чун "лулиёни шўхи ширинкори шањрошўб", аммо бо таронањои саршор аз ѓаму андуњи љовидонаи башар вориди адабиёти љањон гардиданд. Дар њоле ки ин адабиёт сарфи назар аз падидањои бузург ва хонданї ва монданї рў ба рукуд оварда ва дар чорчўби идеологияњои мунљамид дасту по мезад, "боѓи пажмурдаи адабиётро таровати тоза бахшиданд". Љолиб ин аст, ки инњо зимни ворастагї ва парњез аз њама гуна таълимоти мудаъиёнаи иљтмоъї, инсонитарин ва иљтимоъитарин осорро ба љањон таќдим карданд! Мо, тољикон (шахсан ман) албатта, мадюни устоди азиз Куњзод њастем, ки чї бамавќеъ моро бо осори ин адиб ошно кард". Магар ин сатрњо метавонанд мутааллиќ танњо ба Амрикои Лотину худкомагони он дошта бошанд: "...ваќтњое, ки вай байни оддитарин ташвишњои рўзгор ва муњимтарин корњои давлат фарќе намегузошт-њамаашро як хел, бесаброна ва нињоят бо љиддият иљро мекард, ваќтњое, ки вай эътимоди комил дошт бо воситаи обутоби њарбї одамонро хушбахт кардан ва маргро фиреб додан мумкин аст! Оќибат чї? Як пири фартут. Ва аќл бовар намекард, ки ин пири фартут њамон одамест, ки њукмаш њудуд надошт, њамон одамест, ки агар мепурсид, соат чанд аст, ба ў љавоб медоданд: "Ба шумо соати чанд даркор, генералам!" Ва алњаќ гардиши ваќт дар ихтиёри ў буд; агар лозим бошаду раво донад, фармон медод, ки рўзро шаб гўед ва шабро рўз ва идњои анъанавиро пешу пас мебурд, таќвимро тавре тартиб медод, ки њар сафараш ба ин ё он ноњияи мамлакат ба рўзњои ин ё он ид рост меомад..." Магар метавон гуфт, ки ин сатрњо танњо баргирифта аз њаёти худкомагони Амрикои Лотин аст? Магар ин сабку услубу шеваи роњбарї хоси башар нест?
"Маркес барои тарљумаи романаш ба тољикї даъвои њаќи ќалам карда буд..."
Тољикистон тарљума ва чоп шудааст. Аввалин бор ошноии мо бо Маркес тавассути нависандаи маъруфи тољик Урун Куњзод иттифоќ уфтод. Соли 1983 нашриёти "Ирфон" романи ў "Хазони умри Одамхудо"-ро ба теъдоди 7 њазор нусха аз чоп баровард. Дар суњбат бо муаллифи ин сатрњо Урун Куњзод гуфт, ки аслан ин корро замоне анљом дод, ки бо амри тасодуф муддате дар љойе кор намекард. "Ваќте китоб пурра омода шуд, онро чоп накарданд. Зеро он замон нашриёт тибќи наќшаи ќаблан тасдиќшуда кор мекард ва чун "Хазони умри Одамхудо" ѓайринаќшавї ва бо майли худи ман тарљума шуда буд, чоп нашуд. Аммо соле баъд дар наќшаи кории "Ирфон" дохил гардид ва бо таъхир њам бошад, аз чоп баромад."-гуфт ў. Абдуѓаффор Абдуљаббор, ки се асари адиби оламшумулро тарљума кардааст, мегўяд хеле мушкил буд, ки даст ба ин кор занам. Барои шиносоии бештар лозим омад аввал "Сад соли танњої"-ро 3 маротиба бихонам. Вай мегўяд, "дар ќаламрави Ѓарб ягон асари бадеї, ки дар се дањсолаи охири асри ХХ ба табъ расидааст, то њадди романи Маркес таваљљуњи наќди адабиро ба худ љалб карда натавониста буд. Аз боби шаклу мундариљаву услуби тозакорї ва бозёфтњои асар, гардишу оњангу тобишњои пурљилои он садњо монография, маќолаву эссе ва таќризњо навиштаанд".
"Ба Маркес Тољикистонро аз харита нишон додам..." Нависандаи маъруфи тољиктабори Русия Темур Зулфиќоров мегўяд, ба марњум Габриэл Гарсиа Маркес Тољикистонро аз харита нишон додааст. Темур Зулфиќоров дар суњбати телефонї бо муаллифи ин сатрњо аз мулоќоташ бо нависандаи оламшумул дар Маскав ёд кард. Вай аз љумла гуфт: "Дар он дидор Габриэл Гарсиа Маркес ба эљодиёти ман таваљљуњ кард ва хоњиш намуд, ки ватанам Тољикистонро ба ў аз харита нишон дињам. Вай дар бораи фолклори халќамон пурсид, њис мешуд, ки ба эљодиёти шифоњї таваљљуњ дорад. Аз мутолиаи асарњояш низ метавон инро пай бурд. Ба гуфтаи Зулфиќоров мулоќоти ў бо Габриэл Маркес дар њузури адибони дигар, аз љумла, Евгений Евтушенко, шоири машњури рус сурат гирифтааст. "Евтушенко ба вай гуфт, ки ман низ мисли ў як нависандае њастам, ки девонавор менависам. Маркес аз ман суол кард, ки пас чаро асарњоям бо испанї тарљума нашудаанд. Ман бошам ба Маркес гуфтам, ки ту дар зиндагї аллакай соњиби њама чиз шудї, вале ман чизеро ба даст наовардам. Њарчанд биёре аз асарњои ман ба гумонам хеле арзишмандтаранд… Темур Зулфиќоров низ замоне ба дарёфти љоизаи Нобел пешнињод шуда буд, вале бесоњибї буд ё чизи дигар, ки сазовор дониста нашуд. Баъдан њам кўшишњое дар ин замина сурат гирифтанд, вале боз њам нобарор буданд. Зулфиќоров Маркесро аз шахсиятњое мондагори адабиёти љањонї медонад.
Њамчунон ёдовар шудем, як ќиссаву ду романи нависандаи соњибдил дар
Бобољони ШАФЕЪ
"БАЮ БАЙ ''- ХОБИ ШИРИНУ ОРОМЇ БАР КЎДАКОН… "Баю-Бай" бедорхобиро аз байн мебарад ва хобро мўътадил мегардонад. Аммо рўзона хобро ба вуљуд намеорад. Ба раванди ќавї шудани хотира ва аќл мусоидат карда, њолати азхудкунї ва омўзишро бењтар месозад. Таркиби унсурњои растаниї хосияти оромибахш дошта, ба афзоиши асабоният - стресс монеа мешавад. "Баю-Бай" -ро такроран истеъмолаш мумкин аст. Тарзи истеъмол: Барои кўдакони аз 1,5 сола боло 15-20-ќатра, 3 маротиба давоми 1моњ Безарар ва одатнопазир аст. Нархи фурўш аз 20 то22 сомон. Истехсолкунанда; Руссия. Хариди он аз дорухонањо ва истеъмоли он бе дорухати духтур иљозат аст.
“НИГОЊ”, ЧОРШАНБЕ №5 (387), 23. 04. 2014
11
РУСИЯ БА МУЊОЉИРОНИ ТОЉИК НАФАЌАИ ИЉТИМОЇ ХОЊАД ДОД? Маќомоти Тољикистон созишномаи вижаеро ба њукумати Русия пешнињод кардааст, ки дар сурати ба мувофиќа омадани љонибњо, тибќи созишномаи мазкур шањрвандони Тољикистон аз нафаќаи иљтимоии Русия бархурдор хоњанд шуд. Абдуллоњ Ќодирї, сухангўи Хадамоти муњољирати Вазорати мењнат, муњољират ва шуѓли ањолии Тољикистон, мегўяд, лоињаи "Созишнома ба эътирофи якљояи хулосањои тиббї оид ба њолати саломатии муњољирони мењнатї дар давлатњои аъзои Иттињоди иќтисодии Аврупо ва Осиё (ЕврАзЭС)" тањия гардида, аз тарафи Комиссияи доимии намояндагон дар назди Иттињоди иќтисодии Аврупо ва Осиё (ЕврАзЭС) тасдиќ гардид. Ба гуфтаи Абдуллоњ Ќодирї айни њол ин Созишномаи мазкур дар сатњи мувофиќаи байнидавлатї ќарор дорад. Дар сурати ќабули ин Созишнома шањрвандони Љумњурии Тољикистон низ њангоми ба синни нафаќа расидан ва дар сурати зисти доимї дар њудуди Федератсияи Русия њуќуќ доранд, соњиби нафаќаи ин давлат гарданд. Бояд гуфт, ки мутобиќи моддаи 3-и Ќонуни Федератсия Русия "Дар бораи нафаќањои мењнатї дар Федератсияи Русия", "Шањрвандони хориљї ва шахсони бетабаа, ки доимї дар Федератсияи Русия будубош менамоянд, њуќуќи гирифтани нафаќаи мењнатии ин давлатро доранд. Созишнома дар бораи нафаќаи муњољирон дар њоле мавриди баррасии њукуматњои Тољикистону Русия ќарор дорад, ки Исмоил Талбаков, вакили Њизби коммунистии Тољикистон дар Парлумони кишвар ба давлатњои Созмони ањдномаи амнияти дастаљамъї пешнињод кардааст, ки маблаѓи андозњои иљтимоие, ки шањрвандони Тољикистон дар кишварњои аъзои ин созмон пардохт мекунанд, ваќти ба нафаќа баромадани онњо ба инобат гирифта шаванд.
Исмоил Талбаков пешнињод кардааст, ки маблаѓи андозњои иљтимойии шањрвандони Тољикистон, ки дар кишварњои аъзои Созмони ањдномаи амнияти дастаљамъї пешнињод супорида мешаванд, дар ваќти ба нафаќа баромадани онњо ба инобат гирифта шавад. Ин њам дар њолест, ки Руњуллоњ Њакимов, раиси Агентии суѓуртаи иљтимої ва нафаќаи Тољикисон, моњи январи соли равон, зимни як нишасти хабарї дар Душанбе иброз дошт, ки тибќи супориши Њукумати Љумњурии Тољикистон барои љалби муњољирони мењнатї ба суѓуртаи иљтимоии ихтиёрї ва таъмини нафаќа барои онњо дар назар аст гурўњи корї тањти роњбарии вазири мењнат, муњољират ва шуѓли ањолї таъсис ёбад. Љаноби Њакимов гуфта буд, аз сабаби он ки аксари муњољирони мо дар Русия ва Ќазоќистон фаъолият мекунанд, мумкин аст, миёни Тољикистон ва Русияву Ќазоќистон дар ин созишномањо вижае ба имзо расонида шаванд. Бояд шањрвандонро љалб кунем, ки суѓуртаи иљтимоии ихтиёрї супоранд, то дар оянда нафаќаи хуб гиранд. Агар онњо ба ин гуна суѓурта љалб карда нашаванд, дар оянда нафаќањои ночиз мегиранд. Имрўз дар Тољикистон нафаќаи иљтимої 130 сомониро ташкил медињад, ки ин хеле ночиз аст. Тибќи иттилои расмї, айни њол беш аз 700 њазор шањрвандони Тољикистон дар муњољирати корї дар Русия мебошанд. Ахиран Хадамоти муњољирати Вазорати мењнат, муњољират ва шуѓли ањолии Тољикистон иттилои расмие пахш кард, ки дар он гуфта мешуд, маќомоти марбутаи Федератсияи Русия эълон кардаанд, ки аз аввали октябри соли 2013 вуруди 72 000 нафар шањрвандони Тољикистон ба ќаламрави Русия мамнуъ аст. Ибодуллоњи ТОЊИР
12
“НИГОЊ”, ЧОРШАНБЕ №5 (387), 23. 04. 2014
ИНЌИЛОБ Гар ба бонги бомдодї рахт барбандї зи хоб, Гар расї то коргоњат гарм њамчун офтоб, Гар ту дорї тарњи нобу фикри нобу њарфи ноб, Гар туро пок аст хону хонаву молу њисоб, Гар дињї дар ќитъаи худ пеши виљдонат љавоб, Пас њамин аст инќилоб!
БО ШОИР Ў бифармуд Гавњари Имон, Мо чї миќдор банди имонем? Бо чунин даъвии мусалмонї, Обрўи башар бирезонем. Кай амал кардаем бар њукмаш? Ки кунун аз амал пушаймонем?...
Гар бидони ќадри ваќту, гар шиноси ќадри ёр, Гар ба касби худ расї то зинањои ифтихор, Гар набахшию нагирї ришва дар иљрои кор, Гар ба илму фан намонї аз замони худ канор, Дар бари фарзанд як соат нишинї бо китоб, Пас њамин аст инќилоб!
Ў "Бубин!" гуфту мо намебинем, Ў "Бихон!" гуфту мо намехонем… Пас куљо пайравони Ќуръонем, То куљо уммати мусалмонем?
Нањзати мо гар бувад як нањзати созандагї, Мазњаби мо гар бувад парњез аз паркандагї, Фитрати мо гар бувад инкори фаќру бандагї, Бартар аз ќавму мањал, дар сатњи миллат зиндагї, Гар ба љойи тан кунї фикри ватанро интихоб, Пас њамин аст инќилоб!
Рафтанд рўзгорон чун рўзњои бозї, Гоње ба тангдастї, гоње ба бениёзї. Сабру сукут гоњо маънии иќтидор аст, Аз кўтањии даст аст гоњо забондарозї. Љуз нола барнахезад аз пайкари шикаста, Шояд, ки менавозї рўзе ба дилнавозї.
"НАСЛИ БОЗСОЗЇ"
ИНЌИЛОБИ РАЊНАМО То ѓуломи нафсу муздури шикам бошем мо, Дархури љабру сазовори ситам бошем мо, Фарќ набвад ориёї ё аљам бошем мо, Фањш агар ин аст, мањкуми адам бошем мо, Гар љавонер рањо бахшем аз бангу шароб, Пас њамин аст инќилоб! Ёд дорї "Кўдаке мегашт бо ќуттии худ"? Ин њикоят сарнавишти кўдаки тољик шуд . Ормони насли истиќлол њаргиз ин набуд, Гар тафаккур бандагї бошад аз озодї чї суд? Гар ба сўи худшиносї рў кунад шайху шабоб, Пас њамин аст инќилоб! Гар бишўрї дар хиёбону бисўзї сар ба сар, То нишинад љойи чанди дигаре чанди дигар, Боз кишвар ѓарќи хуну боз миллат дар ба дар… Инќилоби љоњилон њаргиз намеорад самар, Гар рањо ёбї зи банди ин гумону ин сароб, Пас њамин аст инќилоб! Инќлоби Миср љањлу зулмро якбора кард, Инќилоби Шом ними халќро овора кард, "Инќилоби нарм"-и Гурљистон ватанро пора кард, Инќилоби Украина мулкро бечора кард, Мењани мо гар амон монад аз ин мављи хароб, Пас њамин аст инќилоб. Инќилоби њар яки мо ростии кори мост, Рўшании фикри мову дидаи бедори мост, Дасти поку ќалби поку лафзи беозори мост, Инќилоби њар яки мо нанги мову ори мост, Њар яки мо гар ба кори хеш гардад комёб, Пас њамин аст инќилоб!
ИМРЎЗИ МУСАЛМОНОН… Ў "Бихон!" гуфту мо намехонем, З-ин сабаб тўдањои нодонем. Ў "Бубин!" гуфту мо намебинем, Ва ба љањли амиќ мемонем. Ў ба Њарфу Ќалам ќасам гўяд, Мо зи дарсу ќалам гурезонем. Ў ба Ваќту Замон хурад савганд, Мо куљо ќадри ваќт медонем? Ў дусад бор "Илм" фармояд, Мо хурофот пеш меронем. Ў дусад бор "Фикр" мегўяд, Мо ба эњсоси худ хурўшонем. Њукми ў Вањдату Ухувват буд, Лек мо пораву парешонем. Њукми ў поси Ањду Паймон буд, Лек мо сахт сустпаймонем. Ў "Бихезед!" гуфту дар хобем, Ў "Бисозед!" гуфту вайронем, То куљо уммати мусалмонем? Ё куљо пайравони Ќуръонем? Ў бифармуд Покии виљдон, Мо магар ќавми поквиљдонем?
Аз тезии нигоњат тири хаданг резад, Тољикро нашояд оини турктозї. Бо мазњаби тамаллуќ ман оштї накардам, Шояд, ки сар супорам дар дини сарфарозї. Рўъёи њаќпарастї дар хуни мо нишаста, Ин ормон намирад дар "насли бозсозї". Рў аз ту барнатобам сўи фаќењи минбар, Моро фаќат ту бошї муфтиву шайху ќозї. Љуз гавњари яќинат дар сина дил надорам, Гарчанд рўсиёњам гоњо ба бенамозї. Накшод дар нињоят рози нуњуфтаатро, Не шайхи Тафтазонї, не файласуфи Розї. Дар роњи растагорї пайѓоми Рањнамо шуд, Оини худшиносї, фарњанги худгудозї. *** Болотар аз њукумат бошад салоњи давлат Њамчун њабиби давлат, њамчун сипоњи давлат, Ќарзе азим дорам, дар пешгоњи давлат. Асрори мулкдорї "тафсири ин ду њарф аст" , Давлат паноњи мардум, мардум паноњи давлат. Давлат њамин ману ту, ин марзу ин диёрем, Њар санг лаъл бошад андар нигоњи давлат. Њар фард як љањон аст, як узви хонадон аст, Гар бингарї ба мардум аз дидгоњи давлат. Љуз зери чатри давлат миллат баќо наёбад, Таърих худ гувоњ аст аз љойгоњи давлат. Болотар аз раёсат, болотар аз сиёсат, Болотар аз њукумат бошад салоњи давлат. Гар сатњи ормонаш ќавму гурўњ бошад, Бе давлат аст одам дар ављи љоњи давлат. Озодагию давлат инъоми Кирдгор аст, Њар миллате напўшад бар сар кулоњи давлат. Як тора шамъ гаштам, як пора рўшної, То њељ гањ набинам рўзи сиёњи давлат.
ИНЌИЛОБИ МАОРИФ Азим аст тўфони рўњи маориф, Шукўњи ватан аз шукўњи маориф. На узву на љузву на њизбу гурўњам, Маро сабт кун дар гурўњи маориф. Тилої шавад кўњсорони тољик, Агар фатњ созем кўњи маориф. Маро бас бувад ин маќоми муборак, Ки монам чу донишпажўњи маориф. *** На ман кардаам иддаои маориф, Ки таърих донад бањои маориф. Нињон аст он њастии љовидонї, Ба њастии бемунтањои маориф. Малак рашк дорад ба фарзанди одам, Барои саводу барои маориф. Худованд њам бо тамоми шукўњаш, Бихондаст худро Худои маориф. *** Нашояд на марду на зан бе маориф, Ки натвон дигар зистан бе маориф. Њама ќавму миллат, њама дину давлат, Шавад ѓофил аз хештан бе маориф. Бузургии мо љойгоње надорад, Ба асри љањонишудан, бе маориф. Дар ин гирдбоди бузурги љањонї, Муњол аст њифзи Ватан бе маориф.
Бо пешнињоди як даста шеърњои нави Абдуллоњи Рањнамо чанд нуктаи кўтоњро низ ёдрас менамоем. Якум, пас аз чопи чанд шеъри ў дар соли гузашта, хонандагони зиёде тамос гирифта, аз он истиќболи васеъ намуда буданд. Бинобар ин, нашри шеърњои навтарини муаллиф, ки мањз аз тариќи "Нигоњ" бори аввал чоп мешаванд, боиси хушнудии њаводорон хоњад буд. Дуюм, шеърњои нави Абдуллоњи Рањнамо рўњи баланди шањрвандї ва иљтимої дошта, њар яке чун як маќолаи тањлилї њаљми калони мазмунро мерасонад. Дар фазое, ки шеъри холии шиорї зењнњоро пур кардааст, сурудани шеърњои саршор аз андеша ва тафаккур як зарурати миллї мебошад. Хусусан, чунин шеърњое, ки аз љойгоњи шањрвандї, аз дидгоњи рўшанфикрї ва аз мавќеи давлатмењварї офарида шудаанд. Шояд чунин оѓоз шеъри иљтимоии тољикро аз бумбасти амиќи арзишї ва фикрї берун орад. Ва сеюм, ин муаллифи пуркор њафтаи љорї зодрўз дорад, ки нашри ин шеърњо њамчун як сањифа табрики самимона аз тарафи "Нигоњ" пешкаш мегардад. Мавлуд муборак! Саодатманду комгор бошед!
*** Низоми њаёт аз низоми маориф, Маќоми милал аз маќоми маориф. Њамин аст киштии Нўњи набият, Наљоти ту бошад мароми маориф. Агар нек бинї рамузи суханро, Бувад Љоми Љам низ љоми маориф. Наёбем мо эътибори љањонї, Магар аз рањи эњтироми маориф. *** Чї њисси наљиб аст дарди маориф, Љањон њосили коркарди маориф. Ба пешат гузорем зонуи хидмат, Муаллим, ту эй родмарди маориф. Њама сўи мактаб, њама сўи мактаб, Њама рањраву рањнаварди маориф. Набарди њаёту набарди наљот аст, Ба њар фарди миллат набарди маориф. *** Агар бардамад офтоби маориф, Ту бинї шукўњи љаноби маориф. Зи сад НОБ-и барќиву сад садди обї, Азим аст нерўи ноби маориф. Љалоли Фарангу бузургии Маѓриб, Бувад њосилу бозтоби маориф. Агар инќилобе бибояд ватанро, Бибояд њамин инќилоби маориф.
ГАР ЗИ ЊИЗБИ МАНСАБУ ЊИЗБИ МАЊАЛ БЕРУН ШАВЕМ Гар зи њизби мансабу њизби мањал берун шавем, Њамчу миллат, њамчу давлат аз аљал берун шавем. Гар низоми давлати мо бори дигар бишканад, Бе нишон гардему аз љамъи милал берун шавем. Аз баландии сухан сўи амал рў оварем, То зи хориву хиљолат дар амал берун шавем. Дар пайи рўзи наву фасли наву эњёи нав, Њамчу Наврўз аз сари бурљи Њамал берун шавем. Синањоро пок шўем аз ѓубори њамдигар, То зи фикри фитнаву санги баѓал берун шавем. Ѓафлату бенангии мо њадяи таќдир нест, Аз чунин ќаљфањмии њукми азал берун шавем. Насли ман ќурбонии бозии ањли љоњ шуд, Аз санамсозии њар кўру качал берун шавем. Рањнамо, ањли зиёро фикри мансаб хор кард, Нарм-нарм аз ин њавасњои даѓал берун шавем.
ВОКУНИШ Кўмаки раиси ноњияи Њисор Усмон Сабзов ба сокини ноњия расонида шуда, раиси љамоати Чаманзори љамоати дењоти Мирзо Турсунзода Ѓиёсиддинов Лутфиддин, њамсояи кампир Хољаев Мурод ва дигар њамсояњо тасмим гирифтанд, ки аз њисоби худашон тариќи њашар љуйбори обро канда, ба њавлии кампир низ об гузаронанд.
13
ДАСТИ МАДАД БА БИБЇ СИФАТИ 105-СОЛА
Маќомоти иљроияи мањаллии њокимияти давлатии ноњияи Њисор љињати иљрои фармони Президенти Љумњурии Тољикистон аз 7-уми феврали соли 2009, тањти №622 "Дар бораи вокуниши шахсони мансабдор ба маводњои танќидї ва тањлилии воситањои ахбори омма" назари расмии худро дар мавриди маќолаи "Тамошо аз кўр, замона аз зўр" (№41 (372) ) назари расмии худро иброз менамояд. Бањс миёни сокинони дењаи Чаманзори љамоати дењоти Мирзо Турсунзода Тотова Сифати 105 - сола ва Хољаев Мурод, ки њафтаномаи "Нигоњ" бардоштааст, аз љониби раиси љамоати дењоти номбурда Ѓиёсиддинов Лутфиддин ва корманди Кумитаи идораи замин Юлдошев Шарифбек мавриди тањлилу баррасї ќарор дода шуд. Њаќиќати њол чунин аст. Љуйборе, ки аз он об ба њавлии Тотова Сифат мегу-
«
“НИГОЊ”, ЧОРШАНБЕ №5 (387), 23. 04. 2014
Бо супориши раиси ноњия шахсони масъули љамоати дењоти Мирзо Турсунзода мунтазам аз ањвол ва шароити зиндагии Тотова Сифат хабардор шуда, кумак мерасонанд.
«
зашт, ба девори њамсояш Хољаев Мурод наздик аст. Њарчанд роњи њалли ин масъала ба воситаи кандани љуйбори нав амалишаванда бошад њам, саробони Тотова Сифат Ќобилова Муњаббат ба ин таклиф розї нашуда, бо исрор талаб мекунад, ки девори њавлии њамсояаш чанд метр ба дарун дароварда шавад. Назари муаллифи маќола гўё, ки кампир ва саробони ўро маљбур карда бошанд, ки љуйбори наву дар њудуди чил метр девор созанд мутлаќо нодуруст мебошад. Инчунин далели аз љониби Хољаев Мурод азхуд кардани заминњои Тотова Сифат асоси ќонунї надорад. Зеро њангоми санљиш маълум шуд, ки њудуди заминњои наздињавлигии Хољаев Мурод мувофиќи њуљљатњои тасдиќкунанда 15 садякро ташкил медињад ва далели азхуд намудани заминњои њамсоя вуљуд надорад. Баръакс, санљиш нишон дод, ки заминњои наздињавлигии Тотова Сифат мувофиќи асноди мављуда 17 садяк аст, вале дар асл 22 садякро дар бар мегирад. Раиси љамоати номбурда Ѓиёсидди-
нов Лутфиддин, Хољаев Мурод ва дигар њамсояњо тасмим гирифтанд, ки аз њисоби худашон тариќи њашар љуйбори обро канда, ба њавлии кампир низ об гузаронанд. Нисбати оне, ки Хољаевњо ба духтари Ќобилова Муњаббат дастдарозї карда бошанд, фактњо тасдиќ нагардиданд. Бо супориши раиси ноњия шахсони масъули љамоати дењоти Мирзо Турсунзода мунтазам аз ањвол ва шароити зиндагии Тотова Сифат хабардор шуда, кумак мерасонанд. Аз љумла, ба ў 4 халта орд, 15 кг равѓан, 100 сомонї ва дигар маводи ѓизої дастрас гардонда шуданд. Моњи феврали соли равон бошад, аз љониби љамоати номбурда ба ин оила 12 халта ангиштсанг ва ба миќдори 2 куб њезуми тут мадад расонида шуд. Њамзамон дар назар аст, ки дар арафаи идњои Рамазону Ќубон ба ин шахси пиронсол чун дигар табаќањои ниёзманди ањолї мунтазам ёрии моддию молї расонида хоњад шуд. Усмон САБЗОВ, раиси ноњияи Њисор
14
ЧЕЊРА
“НИГОЊ”, ЧОРШАНБЕ №5 (387), 23. 04. 2014
ДАРПЎШУ ДАРКУШО БА КЇ ДАРКОР?
ВАФОТИ ЖУРНАЛИСТИ СОБИЌАДОР ЗАЙНИДДИН НАСРИДДИНОВ
Дар шумораи № 45 (376) аз 5.-2.2014 Бо унвони "Фарњанги хоб" - и маќолаи Аъзам Солењро дар њафтаномаи "Нигоњ" мутоила намуда, хушнуд гардидам, ки хайрият, ба фарњангу фарњангиён эътибор будааст. Баста ба фарњанг якчанд пешнињод дорам. Аввалан, чї хеле ки соњаи маориф, тандурустї ва дигар соњањои мухталиф таљдид гардиданд, соњаи фарњанг низ ниёзи куллї ба таљдид дорад. Чунки мутахассисони соња ба хубї медонанд, ки то њол ба низоми сохти Шўравї кору фаъолият дорем, махсусан бахшњои фарњанги шањру навоињо. Дуввум, Ќонун дар бораи фарњанг (13.12.1997) низ бояд мавриди омўзиш ба таѓйиру иловањо ќарор дорад. Сеюм, коллељњо ва донишгоњњои соњавї, мутахассисоне тарбия намоянд, ки љавобгўи талаботи замон бошанд. Фанни "Клубшиносї" моњияти худро гум кардааст. Клубњои бе мизу курсї, бе дару тирезаи дар тобистон гарму дар зимистони хунук ва мудири клубе, ки маълумоти миёна дорад, вазифааш даркушоиву дарпўшист, ба кї даркор? Чорум, дар ваќти таъини раисони шарњу навоњї ва муовинњои онњо доир ба соњањои фарњангу иљтимоиёт сатњи донишу маърифати онњо дар бораи фарњанг ба назар гирифта шавад, зеро дар собиќаи 30-солаи кориам, мутаассифона, бо онњое њам сару кор доштаму дорам, ки на ин ки соњаи фарњангро мефањманд, балки барномаи рушдро аз барномаи консертї фарќ намекунанду зоњиран ва ботинан аз фарњанг хело ва хело дуранд. Магар бо чунин нафарон
17 апрели соли 2014. Љумњурии Тољикистон. Пирўзї дар "МегаФорум"-е, ки бо ташаббуси ширкати "Мегафон" гузашт, насиби тими Донишгоњи славянии Русия-Тољикистон шуд. Барои иљрои вазифањои озмун - сохтан ва ба њаракат даровардани опсияи интернет бачањо њатто шаклњои ѓайримеъёрии таронаро њам истифода карданд.
санъат рушд менамояд? Албатта, не. Ба њар њол ба вазири фарњанг мўњтарам Орумбеков Ш. пешнињодњоямро њамчун мутахассис ирсол намуда, хоњони онам, ки барои татбиќи онњо сањм хоњанд гузошт. Шодибек УСМОНОВ, Аълочии фарњанги ЉТ ва собиќ мудири бахши фарњанги ноњияи Масчоњ.
Зайниддин Насриддинов, собиќадори журналистика, роњбари ваќти ТољикТА (њозира АМИТ Ховар) вафот кард. Журналисти маъруф баъди бемории тулонї дар синни 84-солагї аз дунё гузашта, маросими љанозааш 19-уми апрел, баъд аз намози пешин дар масљиди Сариосиёи шањри Душанбе баргузор гардид. Марњум Зайниддин Насриддинов дар шањри Душанбе, кўчаи Бохтар 65/1 (собиќ Орджиникидзе) паси чойхонаи Роњат зиндагї мекард. Зайниддин Насриддинов аз собиќадорони журналистикаи тољик буда, корро аз нашрияи ноњиявии Панљакент шуруъ карда, дар нашрияи вилоятии
"Њаќиќати Ленинобод" кор кардааст. Аз соли 1969 то соли 1994 дар вазифаи директори ТољикТА ифои вазифа намуда, аз нафарони калидии ЊК ЉСС Тољикистон дар таблиѓоти њизбиву давлатии замон мањсуб меёфт. Зайниддин Насриддинов њамчунин депутати Шўрои Олии ЉСС Тољикистон буд. Њайати эљодии нашрияи "Нигоњ" ва Ољонсии иттилоотии "TojNews" ба пайвандону наздикони эшон, минљумла рўзноманигори маъруф Шамсиддини Насриддин ва фаъоли љомеаи шањрвандии кишвар Фазлиддин Насриддинов изњори њамдардї намуда, ба онњо сабри љамил хоњонанд.
ДОНИШЉЎЁН ДАР БОРАИ ИНТЕРНЕТИ МОБИЛЇ САРОИДАНД
"Мо ба иљрои вазифа басо бо масъулият наздик шудем,-наќл мекунад ширкаткунандаи тими пирўз Фаридун Замонов. - Ба хотири он ки опсияњои худро барои интернети мобилї пеш барем, навори тасвирї гиифтем ва ба он тарона сабт кардем. Гумон мекунам ин гуна равиши эљодкорона ба маркетинг омили аслии пирўзии мо шуд. Хеле хуб аст ба даст овардани таљрибаи фоидаовар ва шунидани бањои афроди њирфаї". Дар доираи "МегаФорум"-и IV дар назди тими панљ мактаби олї вазифа гузошта шуда буд, ки хати опсияи интернетиро кор карда бароянд. Кори донишљўён аз рўи чандин меъёр арзёбї мешуд: халлоќияти ѓоя, дастрас будани мањсулот, арзиш, роњњои њаракат ва дизайн. Ба њайати доварон директори генералии ширкати СEO Шералї Љурабоев, роњбари шуъбаи илм ва инноватсияи Вазорати маориф ва илми Тољикистон Абдусаттор Одинаев, директори генералии радиои "Имруз News" Мунъим Оламов ва топ-менеджери ширкати "МегаФон Тољикистон" шомил гардиданд. "МегаФон" чандин сол аст, ки пайваста озмун миёни донишљўён мегузаронад ва њар бор садњо ширкатку-
нанда ва мухлисонро љамъ меоварад. "Аллакай имрўз алоќаи мобилї ва интернети мобилї ба як талаботи бунёдї чун хоб ва ѓизо табдил меёбад. Олимон ба ин боваранд, ки аллакай баъди якчанд дањсола њамаи асбобњои маишии мо-чойникњо, телевизорњо ва ё яхдонњо ба интернет васл карда хоњанд шуд. "МегаФон" - пешвои интернети мобилї МегаФорумро ба он хотир мегузаронад, ки бачањоро ба ояндаи сатњи техникиаш ба-
ланд, ки оянда бояд дар он зиндагонї кунанд, омода созад",- мегўяд директори иљроияи "МегаФон Тољикистон" Андрей Шишковский. Њамаи тимњое, ки дар "МегаФорум" иштирок карданд, соњиби љоизаи "МегаФон" шуданд: сертификатњо барои интернет, модемњо, смартфонњои "МегаФон Login" дарёфт намуданд. Ѓолибон бо компютерњои планшетї мукофотонида шуданд.
НИГОЊИ МАРДУМЇ ЛАТИФА Як рўз Гитлер ба яке аз њамнишинонаш њасрат карда, гуфтааст: -Дар фронти шарќї њар рўз чандин генералњои забардасти мо мурда истодаанд, аммо даст намерасад, ки аќалан як нафари онњоро бо тантана гўронем. Њамнишинаш Гитлерро тасалло дода, гуфтааст: -Ѓам нахўред, љаноби фюрер, њама тантанањо дар мотами шумо мешавад. *** Писараки хурдсол дар хона њар су давида, китобњоро аз љевон ба поён мепартояд, либосњоро титу курсињоро чаппа мекунад. Бибияш давида меояд: - Ту чи кор карда истодаї?! - Бозї. - Чи хел бозї?! - Бозии "Занак, калиди мошини ман канї?!" *** Дар автобус кампире ба љавон рў оварда гуфт: - Хоњиш мекунам, љоятро ба ман дењ, пойњоям дард мекунанд. - Шумо дар љавониатон љоятонро ба дигарон медодед? - Набошад чї? - Ана барои њамин њозир пойњоятон дард мекунанд, љавоб дод љавон.
“НИГОЊ”, ЧОРШАНБЕ №5 (387), 23. 04. 2014
15
АКСИ ГЎЁ
?-И НОБОБ УНВОНИ АЪЛОЧИИ ФАРЊАНГ ТАНЊО ХОС БА ЖУРНАЛИСТОН АСТ? - Мехостам оиди унвони "Аълочии фарњанги Љумњурии Тољикистон" маълумот дошта бошам. Додани унвони "Аълочии фарњанги Љумњурии Тољикистон" танњо хос ба рўзноманигорон аст? Оё шањрвандоне, ки рўзноманигор нестанду матлабњояшон пайваста дар бораи илму фарњанг дар нашрияњои даврї чоп мешаванд њуќуќи сарфароз гаштан ба ин унвонро доранд? Умуман, кињо метавонанд матлабњояшонро барои гирифтани ин унвон ба Вазорати фарњанги Љумњурии Тољикистон пешнињод созанд? Саодат ШАРИФОВА, сокини ноњияи Сино - Унвони "Аълочии фарњанги Љумњурии Тољикистон" танњо хоси рўзноманигорон набуда, асосан ба кормандони соњаи фарњанг, ки солњои тўлонї дар муассисањои фарњангї ва санъат зањмат намуда, дар пешрафту рушди фарњанг сањми арзана доранд, дода мешавад. Њамчунин, ба таври истисно ба кормандони соњањои дигар ва нашрияњои фарњангї, ки дар инъикоси рўйдодњо ва масъалањои фарњангї пайваста хабару маќолањо интишор намуда, дар пешрафти соња наќши муносиб гузоштаанд, дода мешавад. Ба саволи Шумо Шамсиддин ОРУМБЕКОВ, вазири фарњанги Љумњурии Тољикистон посух дод.
АФСОНА Ё ЊАЌИЌАТ?! ЌИССАИ МОЊИЧАИ ЗАРВОРЇ - Мард намедонист, ки ин афсона буд ё њаќиќат, ё хоб буд ё бедорї. Рўзе аз бекорї рафт лаби дарё бањри моњидорї. Хушбахтона ба шасташ афтод моњичаи зарворї. Моњичаи зарворї бинмуд лобаву зорї: - Эй марди Худо, аз бањри савоб маро намо рањої. Чи дархост ё мушкиле дорї то тавонам дињам ба ту ёрї. Ё мехоњї дорої? Мард рањо кард он моњичаи зарворї ва гуфт: - Дархостњои ман на шахсї аст, балки дарди дили аксарияти диёрї. ЯКУМ: - Эй кошки, чи мешавад, ки мардуми муњољир дар мулки бегона набинад њељ гоњ азобу шиканљаву хорї. ДУЮМ: - Эй кошки, порадињиву порагирию миёнравї батамом аз байн раваду мушкилот њал шавад бе илтимосу бе љурабозиву бе хешу таборї ва гум шавад хислати мањалгарої! СЕЮМ: - Эй кошки, истењсолу фурўшу истеъмоли машрубот дар сартосари кишвар мамнуъву "сухой закон" шавад љорї. Зеро машрубот калиди њама касофату нохушињост ва марги инсон гўё шавад иљборї. ЧОРУМ: - Эй кошки, њамсоякишварњо бо њам дўст бошанду њамеша дар мушкилот намоянд њамкорї. ПАНЉУМ: - Эй кошки, мошинњои сиёњшиша шаффоф бошанд чу оинаворї. ШАШУМ: - Эй кошки, тезтар ба охир мерасид наќби "Истиќлол"-ро таъмири љорї. Эй кошки, кам мешуд аз њам људошавии навхонадорону булњавасони фирорї. ЊАФТУМ: - Эй кошки, мањсулоти хушсифат фаровон бошаду арзон намоем хариди бозорї. ЊАШТУМ: - Эй кошки, "Барќи тољик" њамеша фаъол гардаду гум шаваду бекорї! НУЊУМ: - Эй кошки, НОБ-и Роѓон тезтар ба кор дарояду аз мо барои ояндагон бимонад ёдгорї. ДАЊУМ: - Эй кошки, дар мамлакат кам мешуд садамаю беморї ва њељ кас ба каси дигар намешуд муњтољу сарборї! Дар љавоб моњичаи зарворї гуфт: - Эй марди Худо, аксарияти дархостњоят аз номи мадуми диёрї њастанд дар арафаи иљрої, ба ѓайр аз бандњои дуюму сеюму панљум. Зеро худам њам ба наздикї аз шасти як моњигири масте, ки бо мошини сиёњшиша омада буд, пора дода? базўр шудам рањої. Хулоса, эй марди Худо, талабу дархости хешро арза намо ба БОЛО, агар ки љуръат дорї ба мисли "Нигоњ"-ворї! Ба гуфтањои ман оё ту сад дар сад боварї дорї? Мард надонист, ки ин афсона буд ё њаќиќат ё хоб буд ё бедорї... Њољї АБДУЛЛОЕВ, сокини ноњияи Фирдавсї
НАХОД?! МУЪМИНОБОД: ДОД АЗ ДАСТИ МУФАТТИШУ ПРОКУРОРУ СУДЯ - Рафиќ Шерхон Салимзодаи Одина, Прокурори Генералии Тољикистон! Ман Назаров Сафаралї, маъюби гуруњи дуюм буда, дар ягон љо кор намекунам. Љарроњии сахт хўрда, дардманд мебошам. Њамагї 130 сомонї нафаќаи маъюбї мегирам. Баъзе рўзњо назди бародаронам, ки дар назди бозори ноњияи Муъминобод ба мубодилаи асъор машѓуланд меравам. Онњо барои рўзгузарониам 1 ё 2- сомонї ба ман медињанд. Рўзи 25-уми декабари соли 2013 назди бародаронам рафтам. Акаам Назаров Умаралї пулу љузвдонашро ба ман дода гуфт, ки инњоро дошта ист, ман як њољатхона рафта меоям. Пас аз чанд даќиќа муфаттиши прокуратура Шамсуллоев бо њамроњии муовини сардори ШКД-и ноњияи Муъминобод Алиев Муњаммадљон бо як нозири ќитъавии бозор аз як мошини "Опел-караван"-и сиёњ фаромада, назди ман омаданд. Онњо маро аз ду тараф чун љинояткор дошта, ба тарафи мошин тела дода бурданд. Дар даруни мошин онњо маро буѓї карда, њаќорату дашном доданд. Ман, ки касалам ба дард омада, фарёд бардоштам. Онњо дањони маро пўшонида, аз болоям зер карда, бо ин њол ба идораи прокуратураи ноњия оварданд. Дар он љо маро ба кабинети прокурор Саидањмадов Љумъаназар дароварданд. Прокурор маро њаќорату дашном дода, гуфт, ки "бо ин муштам яктат мезанам мембрї, ман туро суд мекунам, маъюбї ба худат маъюбї." Баъд гуфт, ки 2 њазор сомонї биёр, туро љавоб медињем, меравї. Шояд прокурор бо ин роњ аз ман пул гирифта, солинавї харида хонааш мерафт. Дар прокуратура маро аз соати 15:00 -и рўз то соати 10-и шаб манъ карда, баъд љавобам доданд. Њамон рўзи 25-уми декабр прокурору муфаттиш 5 њазор сомонї ва 8 њазор рубли русии љузвдони акаамро, ки ба ман дода буд, гирифтанд. Рўзи 26-уми декабр соати 8-и сањар боз маро ба прокуратура даъват карданд. Маро аз соати 8-и сањар то соати 13-и рўз дар он љо манъ карда, њаќорату дашном ва тањдид карда, маљбур намуданд, ки ба протоколи онњо имзо кунам. Дар протокол ба ман туњмат карда буданд, ки гўё, ман дар назди бозор аз гиребони муфаттиш Шамсуллоев дошта, ўро њаќорат карда бошам. Гуфтанд, ки ин протоколро ба суд равон мекунем ва маро аз он љо љавоб медињанд. Оќибат маљбуран имзоямро гирифтанд. Раиси суди ноњия Ашўров Алишер дидани кори маро кашол дода, оварда пас аз 42 рўз онро дида баромад. Манро, ки маъюбаму њамагї 130 сомонї нафаќа мегирам, адвокат гир гуфтанд. 400 сомонї барои хизмати адвокат додам. Аз дасти ў њеч коре наомад. Судя Ашўров А. боз маро гунањкор карда, 400 сомонї љарима баст. Ку адолат, њаќиќат ва ќонун?! Рўзи 4-уми январи соли 2014 ба номи шумо мактуб навиштам, чорае надидед. Аз шумо илтимос мекунам, ки дар њаќќи прокурор Саидањмадов Љ., муфаттиши ў Шамсуллоев, муовини сардори ШКД Алиев М., нозири ќитъавии милиса чорањои заруриро дар асоси ќонун бинед. Сафаралї НАЗАРОВ, сокини кўчаи Темуршо Рањимов-9, ноњияи Муъминобод
БА ЉОИ 09 - Кумитаи андози назди Њукумати Љумњурии Тољикистон барои осон намудани мурољиати андозсупорандагон телефони иттилоърасонї ва хизматрасониро бо шумораи мухтасари 151 фаъол намуд. Акнун андозсупорандагон бе ягон душворї метавонанд бо чидани шумораи 151 аз телефонњои худ, ба бахши иттилоотии (Call-center) Кумитаи андоз пайваст шаванд. Дар бахши иттилоотї аз соати 8.00 то 18.00 ба саволњои андозсупорандагон оид ба андозбандї ва хизматрасонии маќомоти андоз мутахассисон посух медињанд.
Д И Ќ Ќ А Т! Барои ба саволњои доѓи худ посух гирифтан ба идораи њафтаномаи «Нигоњ» мурољиат кунед. Суроѓа: шањри Душанбе, кўчаи Носирљон Маъсумї-3, назди Хона музейи Мирзо Турсунзода. Ё ба масъули сањифаи "Нигоњи мардумї" бо шумораи телефони 985 60 86 85 занг занед ё бо воситаи смс-паём саволи худро ирсол доред. Њамчунин ба почтаи электронии nigoh_tj@inbox.ru арзу пешнињод ва мушкилоти худро бинависед.
«ДУШИ ГИЗАЛА»
МАН ЌАБУЛ НАДОРАМ! МУЊОЉИРИСТОН Ё АЛ - МУЊОЉИРИЯ? - Оё баъди 10-сол дар Тољикистон мутахассис мемонда бошад? Ё боз муњољират, боз диёри ѓаму ѓурбат, боз дурї аз Ватану модар? То ба кай мо муњољир хоњем монд? Хубтараш исми Тољикистонро ба "Муњољиристон" ё ки Ал-Муњољирия номгузорї менамудем хело хуб мешуд. Чунки аз 8 миллион ќариб 2-миллион ањолии ќобили мењнат дар муњољират ќарор дорад. Ба худ суол медињам: То ба кай ин муњољирати мо тољикон давом мекарда бошад? 10, 15, 20, сол ё ки 30? Баъди 10 сол дар Тољикистон кї омўзгору пизишк ва муњандис хоњад шуд? Баъди 10-сол он наслњое ба воя мерасанд, ки дар зери тарбияи бибињову бобоњо ба воя расидаанд. Ин фарзандон чї хел тарбия меёбанд бидуни падару модар? Оё онњо оянда ба ќадри ин миллату сарзамин хоњанд расид? Бинобарин ман муњољирати иљборї ва саросарии хамватанонамонро ба хориљи кишвар ќабул надорам! Асрор ВАЊЊОБОВ, сокини шањри Исфара
РАЊМАТНОМАИ МАРДУМЇ! - Баъзан дар нашрияњо дар ин ё он бора мехонам, вале бовар намекунам, вале њафтаномаи "Нигоњ" дигар будааст. Боре дар гўшаи "Саволу љавоб"- и нашрияи "Нигоњ" хонда будам, ки баъзе гуруњњои ањолї њангоми супурдани тањлил ва ё гузаштани муоинаи тиббї имтиёзњо доранд. Аз љумла, гуфта мешуд, ки супоридани њама гуна тањлил ба кўдакони то яксола бепул анљом дода мешавад.Ман бовар накардам. Рўзи 8-уми апрели њамин сол ман тифлам, ки њанўз яксола нашудааст, барои супоридани тањлил ба духтурхонаи касалињои гузаранда бурдам. Пас аз он ки тањлилро тайёр карданд, ба ман гуфтанд, ки 10 сомонї дињам.Як њафта пеш айнан чунин тањлилро дар беморхонаи "1-ум Советский" ба 5 сомонї гирифта будам. Аз ин фарќият дар њайрат задам ва ба он нафароне, ки пул мегирифтанд, ин суолро додам, ки чаро дар як љумњурї, дар як шањр, дар як хел беморхона ду нарх аст? Чаро як бому ду њаво? Ба ин суолам посух нагирифтам. Пас аз он гуфтам, ки дар њафтаномаи "Нигоњ" навиштаанд, ки тањлилсупорї барои то яксолањо бепул аст ва шумо њаќ надоред, барои тањлили супоридаамон пул гиред, зеро бачаи ман нав ёздањмоња шудааст. Онњо ба якдигар нигаристанд ва чун дар нашрия диданд, аз ман пул нагирифтанд.Баъд назди духтуре, ки барои тањлил фиристода буд, бо натиљаи тањлил баргаштам. Ба ў њам гуфтам, чаро дар беморхона барои тањлили то яксола пул мегиранд, ваќте худи раёсати тандурустї дар газетаи "Нигоњ" мегўяд, ки тифлони то яксола имтиёзњо доранд ва барояшон супоридани тањлилу муоина ва муолиља бепул аст.Ба ин суоли худ љавоб нагирифтам, аммо духтур њам баъди муоинаи фарзандам аз ман пул нагирифт.Хаёлам, оњанги суњбати ман ўро маљбур кард, аз рўи ќонун ва адолат муносибат намуд. Бадии ин пулситонињо дар он аст, дар ягон беморхона, аз љумла, дар Беморхонаи љумњуриявии Ќарияи Боло, пул мегиранд, вале додани расид ё њуљљат дар бораи гирифтани маблаѓи тањлил ё муолиљаро "фаромўш" мекунанд.Ба хаёли ман њар рўз садњо њазор, бале, агар зиёд набошад, ба кисањои бетаги кадом гуруње меравад, зеро чун расид намедињанд, њисобу китоби даромад њам нест ва њам назорат њам маълум нест. Ба њар њол ба Вазорати тандурустї ва њифзи иљтимоии ањолии Тољикистон барои ошкор кардани нархгузориву имтиёзњояшон ва ба идораи њафтанома барои мушкили мардумро осон кардан сипоси бепоён, ки барои насупоридани пули тањлил ва муоинаи духтар мадад расонид. Кош, њар яки мо барои њаќќи худ талош мекардем, он гоњ њам пуламон бењуда намеравад ва њам духтурон бо пули њаром кисаи худу дигаронро пур намекарданд! Бону ЗИЁЕВА, сокини шањри Душанбе
КОМИЛАН «ЉИДДЇ»
“НИГОЊ”, ЧОРШАНБЕ №5 (387), 23. 04. 2014
ПУРБИНИ «НИГОЊ»
ЗАМОНИ СССР БОРОНУ СЕЛ НАБУД Мирзодиккак ва Ѓалтак аз омадани сел дар дењаи " Мењнатобод"- и ноњияи Хуросони вилояти Хатлон бохабар шуда, ѓалтону хезон ба љои њодиса расиданд. Баъди љанљол бо калоншавандањову шунидани гапњои пасту баланд, дидани оби дидаи шашќатори пурсўзу гудози модарону хоњарон, гилањои падарону бародарон, аз рўзи сахту осмони пурабри Хуросон, рост ба њаммоми "Њаловат" - и шањри Ќўрѓонтеппа омаданд. Онњо сару либоси пур аз лойашонро шуста, интизори хушкиданашон шуданд. Шояд барои тафсидани деги сўњбат буд, ки Мирзодиккак як љом оби љав ва 4 дона ќурут фармоиш дод. Ва суњбати љўрањо чунон тафсид, ки гарми буѓхонаро, ба ќавле, ба як нул заде-е-е! Мирзодиккак: - Ќандаша занад, ЊХДТ, зинда бод, Раисаш! Ду нафар аз офат фавтид ва якумин шуда, ду халта орди њизбї ба љабрдидањои сел дар Хуросон расид. Дигарон-чї?! Раиси ЊНИТ мотами бозорашро гирифта, раиси ЊКТ замони шўравї боз аз мурдаю љаноза ќимобу дарди бедавояш њоло њам шифояшро наёфтааст. Раиси ЊСДТ - ро ду бори дигар занакњои љанљолї куфта монанд, оянда љаласањояшро дар рўзњои шодию мотами мардум мегузаронад. Аз ЊИИТ , ЊАТ ва ЊСТ љои гила нест, зеро онњо дар рўзњои интихобот пайдо ва зуд баљо мешаванд, кисагї-де. Ѓалтак: - Шумо њукуматињо дар рўзњои хурсандию мотами мардум њам худатонро реклама мекунед. Ду халта орд овардем, мегўеду ду рўз боз мардуми љабрдида дар хонаи хешу аќрабояшон хобанду ѓизо мехўранд. Њамаи масъулони ноњия интизори онанд, кай аз куљо ёрї мерасад. Њукумат мебояд барои рўзи мабодо захира дошта бошад, захира!? Ба гумонам буду шуди захираи анбори 3 ба 4 љумњуриро Алимардон барои реклама ба ноњияи Шўрообод бурду ба Хуросонињо њатто як хайма њам нарасид, вагарна масљид ситод намешуд!!! Мирзодиккак: - Њозир мо масљидњою имомхатибњоро давлатї кардагї, мулло! Ба ќарибї аз буљаи давлат маош гиранд, баъд љониби ќибла не, љониби њукумати љонољонамон намоз мегузоранд. Ѓалтак: - Мирзољон, дар ноњияи Рашт худатро генерали њукуматї муаррифи карда, љон ба саломат бурдї. Дар замони осоишта дар ноњияи Хуросон худатро журналист муаррифї кардї ва ќариб буд, ки масъулини ноњия туро ба лой тела дода, њисоби мурдањоро аз офати табиї ба се расонанд. Мегум, чї њила кардї, ки масъулин аз ту бахшиш пурсиданд!? Мирзодиккак: - Љўра, њамон акаи фасодзадаи мегуфтагият ба ќисме аз журналистњо сироят кардагї. Масъулин журналистони сиёњро аз сафед хуб фарќ мекардаанд. Љанобон маро дидан њамоно, ба гуфти Бибии Зулайхо, чашмонашон аз косахонаи сарашон баромад, зеро маро боре њам надида будаанду аз "рањматашон" начашонида, иѓвогар гуфтанду ќариб буд, ки ба лой партоянд. Хайрият, як нафар генерали њукуматї буданамро медонистааст. ? ба гўшашон пичир -пичир карду љанобон њамаро як сў гузошта, ўзр пурсиданду барои хўрдани ѓизои нисфирўзї даъват карданд. Нони журналистиро хўрдан осон набудааст. Аввалњо меандешидам, ки чаро журналист Раљаби Мирзо орзуи депутат шуданро мекардааст. Акнун фањмидам, ки аз касаба мегурехтааст. Маро дигар журналист нагўед, ки очаи Ќобилљон беваю Ќобилљони нањзатї бе бозор, эъ, мебахшед бе дадо мемонад. Ѓалтак: - Мегум, ягон асрорашонро медонистаї, вагарна ин ќадар ба ту сахт намечаспиданд?! Мирзодиккак: - Ѓалтакбой, мардум мегўяд, ки кўр як бор дар чоњ меафтадд. Мутаассифона, дар ноњияи Хуросон аз љони
халќ дида, рекламаи ту мегуфтагї заруртар будааст. Мана, соли 2009 -ум дењаи "Чорбоѓ" зери хок монд. Масъулин гуноњро аз гардани худашон гирифта, ба гардани табиат овехтанд. Дар асл агар селгузари зери теппа тоза мешуд, ба хонањои мардум зарари љиддї намерасид. Замоне ки корро шурўъ карданд, ваќт гузашта буд. Обгузари дењаи "Чорбоѓ" -ро каму беш тоза карданду њамсояќишлоќро об бурд. Мардум хун гиристанд. Бо фармони Президентамон замин људо карда, хона сохта додаанд. Мана, 5 обгузари дењаи "Мењнатобод" - ро 23 сол боз тоза накардаанд. Боз гап њамон гап. Онњо гуноње надоранд, табиат хуросонињоро чап гирифтааст... Ѓалтак: - Аз нигоњи худам људошавии маблаѓњо барои тоза намудани љўю зањкашњо ва корњои ободонї аз љониби ќисме аз вазоратхонањо ба вазни мањаллњо људо мешавад. Шумо њукуматињо дар таќсими маблаѓу дар таќсими вазифа устухон надоред. Чї, ба андешаи шумоњо дар замони шўравї борон намебориду сел намеомад? Меомад, вале каму беш масъулият буд. Дењаи "Чорбоѓ" љои фароѓат буд, њоло мазор шуд. Агар масъулиятшиносиятон боло наравад, фароѓатгоњњо мазор шудан мегиранду шумоњо ду халтагї орд дода, худатонро Њотами Той метарошед. Шарм надошта, аз пули соњибкорону будљет дусе хона месозеду баъд сад њазор доллари дигар сарф карда, лентабурї меравед. Мирзодиккак: - Мон њамин гапњоятро! Хайр, чї шудааст?! 2 нафар фавтидаву 170 хона валангор гашта, 6 хона ба нестї рафтаву ягон зироати кишоварзї намонда, чорво ќир шудааст. Даркор шавад, Алимардонов аз як фермааш ин њамаро љуброн мекунад. Њукумати љонољони мо ягон камбудї надорад! Ба њамааш абрњо гунањкор. Ѓалтак: - Рост, бањор боз ногањон, шуморо хабар накарда омад. Абрњо мардуми љамоати Ќизилќаъларо, ки дар лаби дарёи Кофарнињон зиста, оби ошомиданї мехаранд, хурсанд мекунем гуфта, аќлашон нагирифтааст, ки селпартоњо кайњо пур шудаанду њукумати мањаллї ба љойи чорањои пешгирї, замини ќад-ќади селпартоњоро ба мардум фурўхтаанд. Мирзодиккак: - Хайр, бачањои раисњо њам ягон чї хўрданашон даркор-ку.. Ѓалтак: - Њай-њай... Дўстам, ба ту розї нашуда наметавонам... Мирзодиккак: - Ту розї набошї њам, мардум розї, вагарна мегузошт, ки њукумати љонољони ман ин ќадар љавлон кунад?! Ѓалтак: - Рост гуфтї, ба Худо... Љўрањо хестанду њисобї карданї шуданд, ки масъули њаммом аз онњо пул нагирифт. Мирзодиккак суоломез ба Ѓалтак назар андўњта буд, ки њаммомчї гуфт: - Бародарони зиёї, худ нахоста суњбати шуморо шунидаму ба хулоса омадам, ки шумо аз ин ба баъд бояд дар "московское обеспечение" бошед, хадди аќќал дар њамин њаммоми мо. Дўстони ќарин ба ў арзи сипос карданд. Ѓалтак ноайён як 50-сомонї рўи миз гузошту љўрањо аз њаммом берун шуданд.
Раиси Шўрои муњаррирон: Саймиддин ДЎСТОВ dustov@mail.ru
Њафтанома дар Вазорати фарњанги Љумњурии Тољикистон ба ќайд гирифта шудааст.
МУАССИС: Созмони љамъиятии «ИНДЕМ» («Информатика барои демократия ва рушди миллї»).
Котиби масъул: Абўалї НЕКРЎЗОВ nigoh_tj@inbox.ru
Шўъбаи иттилоот ва сиёсат тел: 600 80 38 Шўъбаи тањќиќот ва тањлил тел: 600 80 38 Шўъбаи иљтимоъ ва иќтисод тел: 600 80 39 Шўъбаи реклом ва огоњиномањо тел: 918 74 75 79
МАНГАР, КИ КЇ МЕГЎЯД...
16
Домуллољон ЉАББОРОВ, вакили Маљлиси намояндагони МО ЉТ: - Ман розї нестам, ки Тољикистон рушди иќтисодї надорад. Мо њамасола аз рўи ММД-и кишвар яке аз давлатњое њастем, ки њамаваќт бо фоизи мусбї тараќќї мекунем. - Ња, хуб, лекин маљмўи мањсулоти дохилї (ММД) сари як нафар дар Тољикистон аз Муѓулистон 250 %-у аз Ќазоќистон 1576 % камтар аст. Ња, домулло Домуллољон, расо як њазору панчсаду њафтоду шиш поиз, гўид! Њамин поизи рушдатон бошад, ба Муѓулистон соли 2032 наздик мешавед. Њамон њам агар, 4 миллион муѓулу 42 миллион сар гўсфандашон якбора шах шуда монанд. Сафарбек СОЛЕЊ, коргардони синамо: -Љомеаи имрўзи мо ба њељ филме ниёз надорад. Њама дунболи як пора нонанд. Имрўз мо ба ќавми беандеша табдил шудем. - Нашудем, домулло, балки табдиламон доданд, аммо њатто як филм, роман ва пйеса метавонад вазъро таѓйир дињад.
Абдурањмон ХОНОВ, вакили Маљлиси намояндагони МО ЉТ: - Иќтисодиёти тавонманд њам хоси он кишварест, ки дар онљо суботу амният ва вањдати миллї аст. Суботу амният њам дар он љомеае њаст, ки дар он тањамулпазириву њамдигарфањмї вуљуд дорад. - Мардум аз тањаммули гўшњоро таги тоќї карда, шуморо фањмидан ба љое расид, суботу амният болотар аз њама чиз гуфта, њифз кард, аммо иќтисоди оилавии њукуматињо тавонманд шуда истодаасту мо њамоно камбаѓал! Њамдигарфањмї карда, вазифањоро холї намекунед? Абдурањмон КАРИМОВ, сардори ШКД-и ноњияи Вахш: - Куштани ягон кас зарурат надорад. (марги мармузи Низомиддин Њомидов дар ШКД) Тољикистон соли 92 нестай. Мо дар љомеаи пешрафтаи дунё зиндагї мекунем. - А, бача, и забони адабира ай чо ёдиш грифтай, ита хушру-у-у гав зестай?
Шодї ШАБДОЛОВ, раиси ЊКТ ва вакили парлумон: - Њамон рўзе, ки муљасамаи Ленин дар Душанбе дубора барќарор гардид, фањмед, ки таѓйироти љиддї њам дар сиёсати дохилї ва њам берунї мешавад. - Дидоратон бо доњї то рўзи ќиёмат монд, гўед. Тоњирхон ЃОЗИЕВ, раиси корхонаи "Toљиказот": - Фирташ таваккал кард, аммо бо таваккалаш барои завод хизмати бузурге кард. Мутаасифона, аксњо ва наворњои то соли 1999-ро рўи даст надорем. Агар бо онњо муќоиса кунанд, баъд фарќиятро мебинанд. Онњое, ки диданд, азоб кашиданд, медонанд. - Рост мегўед, ако: аввал Фирташ таваккал кард, акнун, њукумат бо дасти Абдуфаттоњи Ѓойиб таваккал кардан дорад, лекин гўед, ки селитраи ватаниро кай мехарем? Мансур ЊАМИДОВ, роњбари ЉСП "Tcell" : - Ман фаќат ба хотири мењмонњо бо забони давлатї суњбат накардам. - Ничего страшного! Мардуме, ки соли гузашта беш аз 50 миллион долларашонро ба сифати фоидаи соф ба ширкати шумо доданд, потерпят. А русски пословитс говорит "терпит, и значит любит". Тселл денга любит, а забони давлатї не любит, ну и что.
Дар њафтанома матолибе низ ба нашр мерасанд, ки бо мавќеи идораи он муѓойират доранд. Дар шумора аз аксњое њам аз Шабакаи љањонии Интернет истифода шудааст. Матолиби хусусияти таблиѓотидошта ® метавонанд танњо бо пардохти муайян дар њафтаномаи «Нигоњ» нашр шаванд. Барои дар дигар нашрияњо пурра ё ќисман чоп кардани матолиб ва иќтибосњо аз «Нигоњ» иљозаи хаттии идора ва нишон додани сарчашма дар шакли «аз њафтаномаи «Нигоњ» №_ аз санаи _» њатмист. Њуќуќи муаллифии кулли матлабњои шумора ба идораи њафтаномаи «Нигоњ» ва СЉ «ИНДЕМ» тааллуќ дошта, тибќи ќонунгузории љории Тољикистон ва байналмилалї њифз карда мешаванд.
Ќимати рўзнома дар фурўши чакана на беш аз 2 сомонї Њафтанома дар нашриёти «Мега-принт» чоп мешавад. Теъдод 5 500 Ќимати обуна барои як сол - 78 сомонї. Индекси обуна: 68990 НИШОНИИ ИДОРА: Љумњурии Тољикистон, шањри Душанбе, кўчаи Носирљон МАЪСУМЇ, хонаи 3. Телефон: (44) 600 80 38, 224 25 09 Теъдоде аз њар шумора дар асоси кўмаки техникии (дар шакли ќоѓаз) дафтари САЊА дар Душанбе ройгон таќсим карда мешавад.