Нигох №5 (488)

Page 1

“НИГОЊ”, ЧОРШАНБЕ №5 (488), 27. 04. 2016

1

ЊАЌИЌАТ ВА АФСОНАЊОИ ЌАЗИЯИ ЁРОВ Ё кї ва чаро аз адвокати маъруф мањбуси сиёсї месозад? САЊИФАИ 8 №5 (488). Чоршанбе, 27-уми апрели соли 2016

e-mail: nigoh_tj@inbox.ru

-УМ СОЛ БО ШУМО!

www.facebook.com/nigohtj

ЧАРО БА ТОЉИКИСТОН БАРГАШТАМ Абдусалом ОДИНАЗОДА

БАЊСИ ТЕАТРИ МУРДА ТОЉИКОНА

САЊФАИ ВОЛИДАЙН

ПРЕЗИДЕНТЕ, КИ АЗ УЊДАИ ИДОРАИ САРТАРОШУ ЗАНАШ НАБАРОМАД

НАСИБА ДАР МИСРИ АРАБ БА 20-ГОНАИ ЗЕБОСАНАМЊО ВОРИД ШУД САЊИФАИ 6

ЌОНУНИЯТ

САЊИФАИ 10

БО ШОИР

ЭЊТИЁТ! ЊИЛАИ «КОМБИНАТИ ШИРИ ДУШАНБЕ» САЊИФАИ 7

РАМЗИ ХУШБАХТИИ БАРДАВОМИ ЯК ХОНАВОДАИ ХУШБАХТ САЊИФАИ 11

Шаш моњ мешавад, ки њама мепурсанд: "Чаро баргаштаї, Австралия хуб набуд магар?". То њол саргум мезанам ва намедонам чї љавоб дињам љавобе, ки содда бошаду сўњбатро тўлонї накунад. Чаро, ки њар љавобе, ки ман ба њамсўњбатон ироъа мекунам, онњоро ба тааљљуб меораду саволњои љадидеро дар зењни эшон изофа мекунад. "Чањор њазор дулор маош магар хуб набуд?" - ба ман њамчун ба ањмаќ менигаранд. "О њама кўшиш мекунанд аз ин љо гурезанду шумо бошед..." - сарзаниш мекунанд. Дар њаќиќат чаро баргаштам? Њамонро яќин медонам, ки тасмимам ќатъї ва нињої будааст ва тўли солњо будааст, ки дар зењнам пухта мерасидааст. Њамон баром рўшан аст, ки бозгашти ман иќдоме ногањонї набудааст, чї тавре, ки бисёрињо мумкин аст дар оѓоз тасаввур мекардаaнд. "Оќои Абдулсалом, гарав мебандем се моњ тўл нахоњад кашид, шумо аз он љо мегурезед" - мегўяд оќои Алии Биної, муњосиби эронитабор, ќабл аз ихрољи ман аз Австралия. Дар Тољикистон бошад: "А все говорят, вы всё равно через две недели убежите в свою Австралию" - мегўяд хонуми бахши байналмилалии донишгоњ, баъд аз он ки дафъаи дуввум коѓазњои маро бо фармони касе аз боло, хароб кардааст, то ман аз Тољикистон бигрезам. Шукр Худованди мењрубонро, шаш моњ мешавад, хоњиши гурехтан аз ватанро то њол надорам, њатто баъд аз он, ки ин одамон коѓазњои маро дафъаи севввум хароб кардаанд ва, мана, ду моњ мешавад, ки дар ватани худ "нелегал" шудаам. Олиме ба ватани худ баргаштааст ва уро "нелегал" кардаанд, аљаб. Дирўз милитсионере мехост њуљљатњои маро тафтиш бикунад чун " аз рўи гапзаниам" ман шояд хориљї бошам. Мани ањмаќ аз ў нишонии ОВИРро пурсидаам ва фаромўш кардаам, ки ман нелегал шудаам. "Ин гапзании ман ленинободист" - ўро гиљ мекунам - "афѓонї нест". "О ленинободињо дигар хел гап мезананд-ку?". "О Ленинобод калон аст, лањљањои њархела дорад, ин лањљаи Ашт аст" - мегўям ва фикр мекунам оё аштињо чї хел гап мезада бошанд? Дили баъзе аз њамкоронам аз донишгоњ ба ман месўзад ва бо забони гибридии хоси ин донишгоњ ба ман мегўянд "Ничего себе, њаминро мо совсем намефањмем, ки интересно ин чї хел шуд, ки шумо нелегал шуда мондед, шумо-ку тољиктар аз всех нас вместе взятых". "Бо нияте омадаам то ба мардуми худ хидмат бикунам" - мегўям. "Намехоњам истеъдодам барои мардуми бегона масраф бишавад" - илова мекунам. "Донишу таљорибе, ки солњо дар донишгоњњои мухталифи дунё андўхтаам, мехоњам барои мардуми худ сањмгузорї бикунам". "Мо њељ чизи изофа талаб намекунем - маоши боло, квартира, мошин - мо ба хотири пул ёфтан ба ватан наомадаем". "Мо мехоњем ќатори маърака бошем, ќатори дигар муаллимони донишгоњї". Мегўянд: "Э чанд бор њаминро гуфтед, бас будагист!". Мушоњида мекунам, ки одамон ин гапњои маро ё намефањманд ва ё љиддї намегиранд. Хабардор мешавам, ки ба ман дар донишгоњ лаќаб мондаанд - "сумасшедший австралиец" - аљаб. Бале, лаќабе бо истифода аз ибораи русї, ки худаш шохиси табиъати мољарост. Фикр мекунам, чаро ин тавр бошад? Оё дар Тољикистон касе дигар нест ва ё намондааст, ки ин гуна фикрњоро бикунад ва ин гуна як миќдор суханњои… чї гўям, суханњои воло бигўяд?

5


2

МАВЗУИ АСОСЇ

“НИГОЊ”, ЧОРШАНБЕ №5 (488), 27. 04. 2016

Заъифнолии аз њад зиёд то дараљае риќќатовар аст, ки нафрати касро бедор мекунад. Њамчунон, ки њавобаландии беш аз њад ва "касеро ба хасе нагирифтан"-у намоиши ќудрат аз њисси бемасъулиятї ва бељазо мондан. Ба шумо ин эњсос шинос аст, ё не, намедонам, аммо њоло наљотталабии њунармандони театрњои ба номи Маяковский ва Лоњутии пойтахт дар баробари њукумати шањри Душанбе ва Вазорати фарњанги Тољикистон њамин эњсосро ба вуљуд овард. Натанњо дар ман ва чанд нафар њайати эљодии "Нигоњ", балки бисёри аз корбарони шабакањои иљтимої, ки дар бораи ин ќазия изњори назар карданд. Аљаб, вале аслан шўру валвала асосан атрофи театри русии ба номи Маяковский аст, њарчанд расонањо нахуст аз шикояти њунармандони театри ба номи Лоњутї иттилоъ пахш карданд.

БИНОИ ТЕАТРИ РУСИИ БА НОМИ МАЯКОВСКИЙ

БАЊСИ ТЕАТРИ МУРДА Ё аз тамаллуќ ба Пешво, то халачубтарошї барои Кремлин, ки беарзиш будани њунармандони ду театри моро ба намоиш гузошт... Дар нашрияњо, дар сомонањо, дар шабакањои иљтимої њам њунармандони ин театрњо зораву тавалло доранд: "Ба додамон бирасед! Хонаамонро хароб накунед! Илтимос!" Мактуб ба раиси шањр, номаи кушод ба Президент, ба "Пешво", њатто дар Фейсбук аз тамошобин илтиљо карданд, ки ба заъифнолињои эшон њамроњ бишаванд... Њамааш марбут ба биноњои куњнаи ин театрњо дар маркази шањр аст, ки ба гуфтаи њукумат куњна шудааст ва ќарори аз миён бардоштани он аллакай ќабул шудааст. Ин ду театр дар назар аст ба кинотеатри "Тољикистон", ки дар канори шањр воќеъ аст, кўчонида шавад. Толори кинотеатри Тољикистон дар њаќиќат ба талаботи театр љавоб гуфта наметавонад. Он њоло њатто дигар ба талаботи кинотеатр њам љавобгў нест. Он њам куњна аст. Дар маркази пойтахт нест. Дар мањаллаи 65-уми шањр, љойи аз назарњо дурмонда воќеъ аст. Ва шояд кормандони театрњоро, ки одамони дорои табъи нозук ва њассос мебошанд, дар ин масъала фањмидан мумкин бошад, ки намехоњанд, аз дили пойтахт ба њошия бароварда шаванд. Бесабаб нест, ки кўчонидани театрњоро инњо "рўзи сиёњ" номиданд. Фољиа сохтанд, ба ќавле. Ин њам дар њоле, ки чанде пеш зери кафкўбињои бардавоми њамин њунармандон президент Эмомалї Рањмон ба сохтмони "Бузургтарин театр дар Осиёи Марказї" (њафт ошёна, 35 метр баландї, 2500 љойи нишаст) бо харљи дањњо миллион доллар асос гузошту ба љуз аз коргардони бо ризої ва хомўшии њамин њунармандон аз њарду театр дуршуда Барзу Абдураззоќов касе нагуфт, ки дар кишваре, ки 46 %-и одамонаш (4 миллион занону мардону кўдакону пирон!) аз камбудии ѓизо азият мекашанд, ин сохтмони бузург чї зарурат дорад? Касе эътироз накард, ки "Магар намебинед, ки муваффаќтарин театрњои 20 соли ахири дунё њатто бинои доимї надоранд?!" Истиќбол карданд. Ба њукумат сано хонданд. Он замон њукумат амалан эълон дошт, ки "бе нон њам суруд мешавад" ва њунармандон бо хомўшї инро пазируфтанд. Акнун Њукумат чї мегўяд?

"Ягон пораи таърих ..." Мањмадсаид Убайдуллоев, раиси шањри Душанбе зарурати тахриби ин биноњоро

дар љаласаи шањрдорї, ки ба омодагии пойтахт ба 25-солагии Истиќлолияти давлатї бахшида шуда буд, гуфт: "Кўчондани театрњо шарт ва зарур аст. Атрофи вайрон кардани ин биноњо набояд ягон фољиа сохт. Зеро ин биноњо аз чўб сохта шудаанд ва пўсидаанд. Ягон пораи таърихи Сталинобод бо тахриб шудани ин биноњо аз байн намеравад...". Воќеъан, таърихї будани ин биноњо дар ягон аснод зикр нашудааст, њич як созмони љањонї ё ватанї онњоро мероси фарњангї эътироф накардааст, њарчанд њодисањои таърихї дар онњо зиёд рух додаанд. Њодисањои назири аввалин бор Љумњурии мустаќил шудани Тољикистон дар њайати СССР соли 1924. Њодисањои таърихии дигар њам, ки шояд барои тахрибкунандагони биноњои ин ду театр њич ањамияте надошта бошанд. Онњо, ки Наќшаи генералии шањри Душанберо њукми ќонун додаанд, мехоњанд ин макон бозсозї шавад. Бозсозиро њам ягон хеши наздики банда, не, балки ба истилоњ калоншавандањо ва ширкатњои сохтмонии бузурги наздик ба онњо хоњанд кард. Аммо масъулони театрї чї андеша доранд? Барои посух ёфтан ба ин суол назди онњо рафтам.

Сукути пурмаънї Дар театрњо њунармандон иќрор мешаванд, ки дар асл кайњо ба таќдир тан додаанд, ки "хонахароб" хоњанд шуд ва ин ќарорро ќатъ карда наметавонанд. Роњбарияти театрњо дар суњбат бидуни диктофон иќрор мешаванд, ки онњо мансабдори давлатиянд ва набояд зидди амри њукумат њарф бизананд. Бинобар ин сукутро авло медонанд. Аммо ин ба маънои розї будани мудирияти театрњо бо тахриби бино нест. Баъди як силисила суњбатњо муваззафам ба диќќати њукумати шањр ва вазорати фарњанг расонам: Ањли њунар, ки берун аз оњанги доирањои шумо намераќсанд, аз шумо норозиянд, њарчанд назди шумо лол мемонанд! Барои ин норозигї асос њам доранд. Њунармандонро бемасъулиятї ва ба "касеро ба хасе нагирифтан"-њои Шумо ноумед кардааст. Шояд онњо тахриби биноњои театрњоро, ки хонаи худ медонанд, ба ин андоза дарднок ќабул намекарданд, агар њукумати шањр рўирост иќрор мешуд, ки маќсад аз тахриби бино макони биноњо аст, на рафъи

њолати садамавї ё амнияти њунармандон. Онњо ба ин њад гўл нестанд. Хуб мефањманд, ки агар кинотеатри "Тољикистон" дар хиёбони Рўдакї мешуд, онро ба театр намедоданд. Барои онњо ин њама фољиа аст, аммо онро кї барпо кард?

Фољиасоз кист? Вазорати фарњанг аллакай амр додааст, ки намоишномањоро дар театри Маяковский манъ кунанд. Аммо дар театри Лоњутї мегўянд, њоло "онњо ваќт доранд". Дар њоле, ки шароити кори театрњо дар кинотеатри "Тољикистон" умуман вуљуд надорад. Дар вазорати фарњанг мегўянд, ки бинои театри давлатии драмавии русии ба номи Маяковский якошёна аст ва дорои танњо 300 љой мебошад, барои театри замонавї мувофиќ набуда, минбаъд он ба бинои кинотеатри "Тољикистон", ки дорои 500 љои нишаст аст, кўчонида мешавад..." Ва боз, бе эњсоси ягон масъулият, дар ин вазорати таъкид мекунанд: "...доир ба фароњам овардани шароити мусоид љињати фаъолияти муназзами њайати эљодї ташкилотњои дахлдор супоришњои мушаххас гирифтанд ва дар муњлати кутоњтарин чораљўї карда мешаванд. Дар ин замина вобаста ба таќозои фаъолияти театр корњои мутобиќатсозї, насби таљњизоти техникї дар сањна ва толор, љобаљогузории декоратсия, таъмиру тармими утоќњои корї аллакай оѓоз гардид." Хари хоља Насриддинро нахандонед, бародарон! Аввал ин ки театри Маяковский њамин толори 300-нафараашро пур карда наметавонад ва маљбур аст онро бо толибилмони мактабњои русии пойтахт пур кунад. Ин театр рудименти даврони Шуравї аст, ки аксарияти кулли мардум ба он ниёз надоранд. Њунармандони театрњо шояд ба ин њад фољиасозї намекарданд, агар бинои кинотеатри "Тољикистон" аввал ба кори театрњо омода карда мешуд. Њангомаро њунармандони театрњо не, сомонањои интернетї не, балки бемасъулияти мутахассисони Вазорати фарњанг ва шањрдории Душанбе ба вуљуд овард. Ин ќазия, натанњо бемасъулиятї, балки ќадрношиносии ин нињодњо - яъне њукуматро аз театру њунар ва дар умум аз фарњанг

АЗ «МАРВОРИДИ ПУРЉИЛО» ТО «5 ЗАНИ ХОЉА НАСРИДДИН»

ба намоиш гузошт. Оре! Рўшан сохт, ки сохтмони театри бузургтарин дар Осиёи Марказї ќадршиносї аз њунари театрї не, натиљаи њамон гигантомания аст, ки ба тавлиди парчами баландтарину масљиду чойхонаи калонтарин боис шуда буд. Ин ќазия боз як фактро њам рўшан кард, ки набояд ногуфта монад:

Театр бино нест! Њунармандони театрњои мо наметавонанд худро бе њамин бинои куњна тасаввур бикунанд. Ба ин хулоса, банда бо хондани мактуби кушоди њунармандони Театри русзабони Маяковский ба президент Эмомалї Рањмон расидам. Дар ин мактуб њама чиз ёфтан мумкин буд; тамаллуќ, илтиљову зорї, шантаж ва њатто халачўб ба Кремл, то фарњанги театрии русро наљот бидињад. Дар суњбат бо чанде аз њунармандони ин театр назарамро дар бораи мурољиаташон гуфтам. Ќабул карданд, ё не, муњим нест, аммо бо чунин бархўрд ба ќазия ба назарам дили тамошобинро ба даст оварда намешавад. Балки баръакс. Њунар ва театри асил бинои куњна нест, ки онро тахриб кунанд.


НАБЗИ РЎЗ Дар Мактуби кушоди њунармандони театри Маяковский, ки ба Эмомалї Рањмон, ба унвони Асосгузори сулњу вањдат, Пешвои миллат ва кафили њуќуќњои конститутсионї навишта шудааст, ки бинои кинотеатри "Тољикистон" умуман ба кори театр мувофиќ нест ва ин амр ба нобудии театри давлатии ба номи Маяковскии шањри Душанбе оварда мерасонад. Бино ба гуфтаи онњо кўчонидани театр аз маркази пойтахт, ки њоло наќши муаррифгари таъриху њунарро ба сайёњони шањри Душанбе иљро мекунад, ба нобуд шудани фарњанги театрии рус дар Тољикистон оварда мерасонад. Онњо гуфтаанд, баъид нест, ки баъди кўчонидани театр њунармандон, аз ноумедї кишварро тарк бикунанд. Ин мактубро хонда, хулоса мекунед, ки театри Маяковский њунару истеъдоди њайати эљодияш не, њунармандонаш не, балки њамин як бинои куњна аст, ки акнун бо тахриби он њамагї нобуд хоњанд шуд. Ин театр агар воќеан толори куњнае бошад, бењтар аст, ки умуман вуљуд надошта бошад. Бародарон, рафиќон њунармандон, Шумо воќеан фикр доред, ки дар шароити кунунї касеро нобуд шудани фарњанги театрии рус дар Тољикистон азият медињад? Аз он ки шумо кишварро тарк бикунед, пинаки мухотабони шумо халал намеёбад. Дар мисоли коргардони маъруфи тољик Барзу Абдураззоќов, шумо бояд инро аллакай хуб дарк мекардед. Бале, њамон Барзуи коргардон ва шояд муваффаќтарин аз миёни шумо, ки ноадолатї дар баробари худашу эљодиёташ пинаки шуморо халалдор накарда буд. Магар њамон Суњроб МИРЗОЕВ, директори собиќи њамин театри Маяковский нагуфта буд, ки "Бо Барзу, ё бе ў театри мо фаъолият хоњад кард!? Ё шумо ин мусоњибаро фаромўш кардед? Бе њамаи шумо њам театрњо фаъолият хоњанд кард! Њатман касоне ёфт мешаванд, ки худро "њунарманд", "коргардон", "драмматург"номида, дар мурѓхона њам наќш бозї кардан мегиранд. Аз нафарони њунарманду эљодкор љомиа њамеша чизи наву оригинал, эљодкорию рушанфикрї ва мавќеъи шањрвандиро интизор аст. Фикр мекунам, кулли огоњони ин давлату ин љомеъа њам. Аммо касеро, ки дар "рўзњои сиёњ" натавонист чизе бењтар аз мактуби кушод ба "Пешвои миллат" эљод бикунад, ЗИЁЇ ва ШАЊРВАНД (ГРАЖДАНИН) номида намешавад. Инро Маяковский борњо таъкид карда буд. Чунин мактубро соњибкорзани шањритўсие њам, ки бозорашро аз дасташ ба зўрї кашида гирифтанду њамсарашро њабс карданд, менависад. Сањњомони СУМ њам, ки моликияти хусусияшонро давлатї карданд. Ба гумони ѓолиб, шумо аз ин ќазияњо огоњ нестед. Дарвоќеъ њамон зани музофотї ва он савдогарон бењтар навишта буданд. Њунармандони асил ба бинову толор муњтољ нестанд, њамчунон, ки мардуми бедор ба њунармандону театри мурда! Фаридун РАЊНАВАРД

“НИГОЊ”, ЧОРШАНБЕ №5 (488), 27. 04. 2016

юми апрел тамдид гардид. Инчунин, тибќи љадвали тасдиќгардида аз 16-ум то 30-юми апрел даври 1-уми азнавбаќайдгирии довталабон баргузор мегардад. Вобаста ба ин, аз 16-ум то 30юми апрел раванди баќайдгирї ва азнавбаќайдгирїњамзамон ба роњ монда мешавад. - Довталабон мегўянд, ки суолњои тестњо аз рўйи барномаи таълимї нестанд? Оё ин њаќиќат дорад? - Тибќи тартиби муќарраргардида саволу масъалањо аз њар фанни имтињон дар асоси барномаи имтињон тањия мегардад. Барномаи имтињони њар фанни таълимї дар асоси Стандарти давлатии тањсилоти миёнаи умумї ва барномањои таълимї, ки онро Вазорати маориф ва

3

зарад, дар ин кабинет инъикос меёбад. Дигар ин кипас аз анљоми имтињон довталаб китобчаи тестро бо худ мегирад. Пас аз коркард нусхањои вараќањои љавобњои довталаб дар кабинети инфиродияш гузошта мешавад. Љавобњои дуруст (калидњо)-и саволу масъалањои тест дар сомонаи Марказ пас аз баргузории имтињонњо нашр мегардад. Барои истифода љадвалњои мувофиќати холњо ба балњои њар субтест низ дар сомонаи Марказ гузошта мешавад. Бо истифодаи китобчаи тести худ ва вараќа(њо)-и љавобњо (дар кабинети инфиродї) довталабљавобњои худро бо љавобњои дуруст (калидњо)-и саволу масъалањои тест, ки дар сомонаи Марказ пас аз баргузории имтињонњо нашр

Абдувосид ЮЛДОШЕВ: АЗ РЎЙИ БАЪЗЕ ИХТИСОСЊО НАЌШАИ

ЌАБУЛИ ДОНИШЉЎЁН ИЉРО НАМЕШАВАД Њамин шабурўз баќайдгирии довталабон дар Маркази миллии тестї идома дорад. То 22 -юми апрел дар нуќтањои баќайдгирии Маркази миллии тестї њудуди 80 њазор нафар њамчун довталаби тањсил дар муассисањои тањсилоти олї ва миёна ба ќайд гирифта шуданд. Дар Маркази миллии тестї мегўянд, ин раќам нисбат ба њамин давраи соли гузашта 10 њазор нафар - ќариб 15 дарсад зиёдтар аст. Суњбати "Нигоњ" дар робита ба њамин масъала бо Абдувосид Юлдошев -ёвари директори Маркази миллии тестии назди Президенти Тољикистон пешкаши хонанда карда мешавад. - Соли љорї дар низоми имтињонњои марказонидаи дохилшавї, таѓйирот ворид шуд. Дар баробари 8 муассисаи таълимии тањсилоти миёнаи касбї, ки соли 2015 ба низом дохил буданд, имсол боз 18 коллељи самтњои тиббї, техникї ва омўзгорї илова шуданд. Боз кадом таѓйирот дар ин низом сурат гирифт ва њадаф аз ин таѓйирот дар чист? - Дарвоќеъ, ќабули донишљўён аз рўйи гурўњњои маќсадноки коллељњои тиббї низ тавассути низоми мазкур сурат мегирад. Навгонии дигари баамаломада ба гурўњи имтиёздорон дохил кардани он шањрвандони Љумњурии Тољикистон аст, ки хизмати њарбиро дар сафи Ќуввањои мусаллањи Љумњурии Тољикистон адо намудаанд, мебошад. Таѓйироти дигар бекор кардани мањдудияти интихоби забони имтињонсупорї њангоми интихоб кардани ихтисосњои филологї ва филиалњои муассисањои таълимии Федератсияи Россия дар шањри Душанбе ба њисоб меравад. Довталаб, новобаста аз интихоби ихтисосњо аз муассисањои мазкур ва ихтисосњои самти филологї (ё филологияи тољик, ё филологияи рус, ё филологияи ўзбек), ба истиснои субтестњои забони тољикии ќисми А (имтињони умумї) ва забону адабиёти ќисми Б (имтињони ихтисос), дар интихоби забони имтињонсупорї - тољикї ё русї озод аст. Дар соли љорї ба наќша гирифта шуд, ки озмуни таќсимоти такрорї ва даври дуюми азнавбаќайдгирї гузаронида шавад. Яъне, довталабоне, ки интихобњои аввалияи худро иваз кардан мехоњанд, имкон доранд, ки дар даври дуюми азнавбаќайдгирї, ки аз 10 ум то 19 уми июн танњо дар шањри Душанбе доир карда мешавад, низ аз нав сабти ном кунанд. Ќайд кардан бамаврид аст, ки муњлати баќайдгирї (даври асосї), ки аз 1-уми март то 15уми апрел ба наќша гирифта шуда буд, то 30-

илми Љумњурии Тољикистон онро тасдиќ кардааст, тањия мегардад. Барномањои имтињонро аз сомонаи Марказ дастрас кардан мумкин аст. Дар баробари ин, дар сомонаи Марказ маљмўањои саволу масъалањои тест, ки њамчун намуна аз тестњои солњои 2014-2015 иборат аст, љойгир карда шудааст. Њар як хоњишманд имкон дорад, ки онњоро дастрас карда, худ бовар њосил намояд, ки саволу масъалањо дар доираи барномањои таълимии тањсилоти миёнаи умумї тањия шудаанд. Як навгонии барои довталабон фарањбахш дар соли љорї дар имтињонњои марказонидаи дохилшавї ин аст, ки то 15%-и саволномањои тести њар фанни имтињон аз маљмўањои мазкур такроран истифода мешавад. Дар њаќиќат, дар тўли ду соле, ки имтињонњои мазкур доир мегарданд, дар баъзе аз муассисањои таълимї аз рўйи баъзе ихтисосњо наќшаи ќабули донишљўён иљро намешавад. Њолати мазкур, пеш аз њама, аз довталабон вобастагї дорад, ки бо вуљуди таъкидњои доимии кормандони Марказ њангоми вохўрињо, баромадњои телевизионию радиої ва нашри матлабу маќолањо дар дигар воситањои ахбори омма оид ба тартиби дурусти интихоби ихтисосу муассисањои таълимїба хато роњ додаанд. Тавре борњо ќайд карда будем, омили асосие, ки дар ваќти интихоби ихтисос довталаб бояд ба назар гирад, сатњи дониш ва мањорату малакааш аст, зеро баъзе ихтисосњое њастанд, ки бинобар онњоро интихоб кардани довталабони зиёд, дар онњо озмун хеле баланд шуда, баъзан барои 1 љой то 400 нафар довталаб дар озмун иштирок мекунанд, ки ин боиси баланд шудани бали гузариш дар ин ихтисосњо ва аз озмун нагузаштани ќисми зиёди довталабон мегардад. - Шаффофият ва адолати имтињонњои марказонидаи дохилшавиро бо чї далел собит кардан мумкин аст? -Барои таъмини шаффофияти раванду марњалањои гуногуни имтињонњои марказонидаи дохилшавї Марказ тамоми шароит ва имкониятњои заруриро фароњам овардааст. Масъалаи шаффофият, дар њаќиќат, ду тараф дорад. Агар, тарафи якум, ки бевосита аз Марказ вобастагї дорад, фароњам овардани шароит ва имкониятњои зарурї ба њисоб равад, тарафи дуюм, бевосита аз њар як довталаб вобаста аст, ки то кадом андоза аз ин шароиту имкониятњои фароњамоварда истифода менамояд. Масалан, барои њар як довталаб дар шабакаи Интернет дар заминаи сомонаи Марказ кабинети инфиродї кушода мешавад, ки ба воситаи он оид ба натиљањои имтињонњо ва таќсимот ба муассисањои таълимї огоњ мегардад, яъне натиљаи њамаи марњалањое, ки довталаб мегу-

мешавад, муќоиса карда, метавонад холњои бадастовардаашро мустаќилона њисоб намояд. Њар довталабе, ки ин имкониятњоро истифода менамояд,ба натиљаи воќеии кори (имтињони) худ шинос шуда, бовар њосил менамояд, ки касе дар инљараён ба ў ё ба каси дигар кумак карда наметавонад, ба љуз аз донишу мањорат ва малакаи ў. Ба довталабонфарќгузоштанамешавад. Намедонам ин шубњаю нобоварї аз куљопайдо шудааст. Дар низомиимтињонњои марказонидаи дохилшавїтаъсиркардан ба натиљањои имтињонсупории ин ё он довталаб имконнопазир аст. Њар як алоќаманди низом бояд донад, ки тамоми равандњо дар низом бо истифода азтехника ва технологияи муосир бе дахолати омилњои инсонї сурат мегиранд. Шумораи довталабони дар доираи як гурўњи ихтисосњо ба њам алоќаманд метавонад њазорњо нафарро ташкил дињад ва агар дар раванди таќсимоти довталабон ба муассисањои таълимї аз рўйи комбинатсияњои ихтисосњои интихобкардаашон дахолати инсонї сурат гирад, раванди мазкур ба як амали беохиру бенизом табдил ёфта, касе дигар аз уњдаи он нахоњад баромад. Ба ѓайр аз ин, барои худкор анљом додани озмуни таќсимот зарур аст, ки афзалияти интихобњо пешакї муайян карда шавад. Яъне, барномаи компютерї пешакї бояд донад, ки аз якчанд (эњтимол аз 12) ихтисоси интихобкардаашдовталаб дар навбати аввал аз рўйи кадомаш дохил шудан мехоњад ва агар натиљаи имтињонаш барои дохил шудан аз рўйи ин ихтисоси интихобкардааш кофї набошад, пас, дар навбати дуюм натиљаи имтињони ў барои дохилшавї аз рўйи кадом ихтисоси интихобкардааш санљида шавад ва ба њамин тартиб то интихоби охирин.Ќайд кардан лозим аст, ки барои барномаи компютерїњамаи довталабон, новобаста аз баромади иљтимої ё сатњи молиявиашон, як маќом доранд, он њам бошад - довталаб. Њамаи шубњањо нисбат ба шаффофият дар низоми имтињонњои марказонидаи дохишавї аз руйи нофањмї сар мезанад. Довталабон бояд моњияти низоми мазкурро - аз баќайдгирї то эълони натиљањои озмуни таќсимот- бояд худ дарк кунанд. - Шумораи нуќтањои баќайдгирї нисбат ба соли гузашта кам аст ё зиёд? - Соли гузашта њамагїдар 42 шањру ноњия нуќтањои баќайдгирї (доимї ва сайёр) ташкил карда шуда буд. Имсол дар љумњурїдар48 шањру ноњия, аз љумладар 26 шањру ноњия нуќтањои доимии баќайдгирї ва дар 22 шањру ноњия нуќтањои сайёри баќайдгирї ташкил карда шуд. Суњбати Мењрафзуни АБДУЛЛО

САДОИ МАРДУМ

НАЗАРСАНЉЇ: ЌАРИБ 40% АЗ НАБУДАНИ ОЗОДИЊОИ ДИНИРО ЭЊСОС МЕКУНАНД Назарсанљии виртуалии ахири Нигоњ маълум кард, ки ќариб 40 дарсади пурсидашудагон набудани озодињои диниро эњсос мекунанд. Ин дар њолест, ки бепулї њамагї ба 16 фоиз асар кардааст. Дар ин пурсиш, ки дар сомонаи Ожонси иттилоотии TojNews тўли як њафта идома дошт, 750 нафар ширкат кардаанд. Истифодабарандагони ин сомона ба саволи Кадоме аз ин мушкилот шуморо бештар азият медињад? посух додаанд. 17 дарсад дар посух ба ин савол гуфтаанд, ки набудани озодињои динї онњоро азият медињад. Аммо 16 дарсади пурсидашудагон гуфтаанд, бепулї ё кампулї онњоро но-

роњат мекунад. 14 дарсади иштирокдорони ин назарсанљї гуфтаанд аз бекорї ва 11 дарсад гуфтаанд аз набудани манзил азият мекашанд. Набудани озодињои сиёсї низ 11 дарсади ширкатдорони ин назарпурсиро азият медодааст. Бар замии 17 фоизи пурсидашудагон, ки ба набудани озодињои динї ишора кардаанд, 22 дарсади дигар гуфтаанд, њамаи мушкилотњои номбаршударо доранд. Онњое, ки гуфтаанд ягон мушкил надорам, дар ин назарсанљї 9%-ро ташкил додааст. Дар назарсанљии мазкур аз як компютер њамагї як маротиба ва ба яке аз гузинањо овоз додан имкон дошт.

Суоли навбатї: «Ушшоќи Рањмонї»-ро дар васфи Президент дар шашмаќом чї гуна арзёбї мекунед? Фаромарзи ФОЗИЛ


4

“НИГОЊ”, ЧОРШАНБЕ №5 (488), 27. 04. 2016

СУЊБАТИ РЎЗ

Сергей Николаевич АБАШИН:

БАРОИ КРЕМЛ ДЕМОКРАТИЯ ВА ЊУЌУЌИ БАШАР ДАР ОСИЁИ МАРКАЗЇ МУЊИМ НЕСТ, ТО ВАЌТЕ... Суњбати ихтисосї бо Сергей Николаевич Абашин, доктори илмњои таърих, профессори Донишгоњи Аврупоии Санкт - Петербург. -Љаноби Абашин,Сарвазири Русия Дмитрий Медведев изњорот дод, ки ќонунгузории муњољиратро пурзўр кардан мебояд. Ин изњорот чї паёмадњое хоњад дошт барои муњољирон? -Айни њол дар бораи ин ки раиси њукумат чиро дар назар дошт, чизе гуфтан душвор аст. Барои пурзўр кардани ќонунгузории муњољират чї иќдом хоњад шуд, маълум нест. Дар њоле, ки ќонунгузории имрўза имкони муњољиронро барои вуруд ба ФР, кору фаъолият кардани онњо дар соњањои мухталифи иќтисоди мамлакат мањдуд месозанд. Ќонунгузори имрўза њам хеле шадид аст, муњољирон барои камтарин ќоидавайронкунї љарима мешаванд, аз кишвар хориљ карда мешаванд. Ва мо аллакай мебинем, ки ду соли ахир муњољират хеле коњиш ёфтааст. Аз Тољикистон барои мисол њудудан 20 дарсад коњиш ёфт, ки натиљаи буњрони иќтисодї ва пурзўр шудани ќонунгузории муњољират дар Федератсияи Русия. Шояд њукумат омодагї мебинад, ки иљроиши њамин ќонунњоро боз њам пурзўртар кунад. Шояд ин "њавои дањан" бошад, зеро имсол интихоботи парлумонї аст, ки бояд дар тирамоњ баргузор шавад. Ин мавзўъ анъанавї шудааст ва барои популизм - худнамоии пешазинтихоботї бисёр ќулай аст. - Раванди муњољирати корї гуфта дар Русия чиро дар назар доранд? Аз љуљо аст ин тафовут дар шумори муњољирон, аз он љумла муњољирони кории тољик; Чаро њукумати Тољикистон

«

теъдоди онњоро 680 њазор унвон мекунаду Маскав 900 њазор њисоб мекунад? - мухолифини хориљ аз низом, умуан ин теъдодро 1,5 милион медонад, чаро? Дар Русия чанд шањрванди тољик ба сар мебарад? Чї ќадари онњо шиносномањои русї гирифтаанд? -Дар њоли њозир дар Русия њудуди 900 њазор шањрванди Тољикистон доиман будубош доранд. Ин омори расмї аст, ки он зимни вуруд ва ихрољи шањрвандон дар сарњади ФР њисоб карда мешаванд. Аммо њамаи онњо муњољирони корї нестанд. Ќисме аз онњо дар сафорат, консулгарї кор мекунанд, ќисми дигар дар намояндагињои ширкатњои хусусї, барои хондан, барои табобат ва ба дидорбинии наздикон омадањо њам кам нестанд. Миёни шањрвандони Тољикистон онњое њам њастанд, ки ќобили кор нестанд, кўдакон њам зиёданд. Теъдоди воќеии муњољирони кории тољик, шояд 700 њазор нафар бошад. Вале боз як чизро бояд ба назар гирифт, ки ин теъдоди он одамонест, ки дар њудуди Русия дар як замон будубош доранд. Як ќисми муњољирон Русияро тарк мекунанд, ќисми дигар меоянд ва ин ротатсия доиман амал мекунад. Дар муддати як сол, ба назари ман ин раќам ба 1 милион нафар мерасад. Бар замми ин боз 100 њазор нафар шањрвандони Русия њам, ки бо Тољикистон робитањои зич доранд, он љо оила доранд, пќул мефиристанд. (ба њисоби тахминии ман) Инњо њам муњољирони корї мањсуб мешаванд.

Шояд њукумат омодагї мебинад, ки иљроиши њамин ќонунњоро боз њам пурзўртар кунад. Шояд ин "њавои дањан" бошад, зеро имсол интихоботи парлумонї аст, ки бояд дар тирамоњ баргузор шавад. Ин мавзўъ анъанавї шудааст ва барои популизм - худнамоии пешазинтихоботї бисёр ќулай аст.

«

- Ду њафта пештар аз таљлили 9уми май - Рўзи ѓалабаи умумимардумии СССР бар фашизм, њисси миллатгароии русњо дар Русия башиддат боло меравад. Дар як њафтаи гузашта, дар њудуди ин кишвар 13 шањрванди Тољикистон мавриди њадаф ќарор гирифта, 9 нафари онњо кушта шуданд. Ба назари Шумо ин чї сабаб дошта метавонад? Оё ин натиљаи сиёсати тарњрезишуда нест? Умуман дар Русия чї мегузарад? - Хушунат бар пояи бадбинии миллї ва нажодї дар Русия як раванди хеле маъмули солњои ахир аст. Шиддати ин хушунатњо соли 2008 номбар мешавад, тибќи омори расмї, ки баъд аз он њолатњои монанд коњиш ёфтанд. Аммо маргумири шањрвандони хориљї дар натиљаи гирифтани осеб ваќти кор, њодисањои нохуш, ё бо сабабњои љиної зиёд шудааст. Айни њол, гуфтан мушкил аст, ки соли 2016 дар пасманзари буњрони иќтисодї, паст шудани сатњи некуањволї ва албатта популизми сиёсї њисси бадбинии милливу нажодї дубора аланга мегирад ё на. Аммо ин амр аз имкон дур нест. Аммо ин њам истисно нест, ки шояд ин бало мањсули бањсњои шадид дар расонањо бошад. Ваќте ин ќабил њодисањо, дар ВАО бештар мавриди муњокимањо ќарор гирифтанд, аз љумла бо сабаби фаъол шудани диаспорањо, журналистон ва њомиёни њуќуќ дар кишварњое, ки муњољир содир мекунанд. - Дар Душанбе барои ворид шудан ба Иттињоди АвруОсиё ва Иттињоди гумруї саросема нестанд ва барои ин асосњое њам доранд. Аммо Русия чї тасмим дорад? Ва як саволи дигар њодисањои ахири Тољикистон; баста шудани ЊНИТ, фишор ба љомеаи шањрвандї ва монанди инро дар Русия чигуна арзёбї мекунанд? -Ба назари ман дар доирањои сиёсии Русия мавќеи устувор ва якдилонаи

МУХТАСАРИ ШАРЊИ ЊОЛ Серге?й Никола?евич Аба?шин, 8 марти соли 1965 дар Маскав таваллуд шудааст. Таърихнигор, этнолог ва антропологи рус, доктори илмњои таърих, профессори факултаи антропологияи Донишгоњи Санкт-Петербург. Соли 1987 факултаи таърихи Донишгоњи давлатии Маскав, ба номи Ломоносовро хатм кардааст. Соли 1990 аспирантураи Донишкадаи этнографии ба номи Н.Н. МиклухоМаклайи АИ СССР-ро бо ихтисоси Осиёи Марказї хатм карда, ба њайси ходими илмї ба кор ќабул шудааст. Корњои тадќиќотии сањроиро дар Тољикистон, Ўзбакистон ва Ќирѓизистон оѓоз кард. Соли 1997 унвони номзади илм ва соли 2008 докториро њимоя кардааст. Соли 2009 ба њайси корманди хориљии Донишгоњи Хоккайдо дар Саппоро (Љопун) фаъолият дошт. Соли 2013 году ба вазифаи профессори номии Донишгоњи Аврупоии СанктПетербург пазируфта шуд, ки асосан мавзўњои муњољиратро тањќиќ мекунад. Аъзои шўрои муњаррирони маљаллањои илмии "Этнографическое обозрение", "Central Asian Survey ,ва "Cahiers d'Asie centrale мебошад.

ќабули Тољикистон ба ИАО вуљуд надорад. Тарафдорон ва мухолифон њастанд. Ин боис шудааст, ки ин масъала то андозае мавќуф гузошта шуд. Ба њар сурат то берун шудани Русия аз буњрони иќтисодї. Бо вуљуди ин њам, Русия саъй дорад, нуфузашро дар Осиёи Марказї аз даст надињад ва бо доирањои роњбарикунандаи кишварњои ин минтаќа муносибатњои хуб дошта бошад. Сиёсатмадорони рус хеле зиёд ишора карданд, ки барои Маскав муњимтар нигоњдории муносибати хуб бо доирањои њоким дар кишварњои Осиёи Марказї аст, то назорати риояи меъёрњои демократия ва њуќуќи башар. Демократия ва њуќуќи башар барои Кремл мавзўи муњим нест, то ваќте, ки далелњои рўшан надошта бошанд, ки элитањои њукмрон њукуматро аз даст додаанд. Суњбати Фаромарзи ФОЗИЛ

ЗАМОНА Ба шоирони тољик супориш дода шудааст, то дар бораи Президент Эмомалї Рањмон ва корнамоињои ў ѓазалњои тавсифї ва мувофиќ ба њавои "ушшоќ" эљод кунанд. Ѓазали супоришї бо номи "Ушшоќи Рањмонї", ки ба ќалами шоир Муњаммад Ѓойиб тааллуќ дорад, аллакай навишта ва њатто дар шумораи ахири рўзномаи расмии Њукумати Тољикистон "Љумњурият" чоп шудааст. То кунун Аскар Њаким, шоири халќии Тољикистон низ дар васфи Эмомалї Рањмон ѓазале навишта будааст. Онро њофизи шинохта Афзалшоњи Шодї дар њавои "ушшоќ" дар базму чорабинињои ѓайрирасмї сурудааст. Шоирон дар бораи аз кї супориш гирифтанашон сергапї намекунанд, аммо мегўянд ин дастур аз њукумат барояшон расидааст.

ДАСТУРИ ЭЉОДИ ЃАЗАЛЊО ДАР БОРАИ ПРЕЗИДЕНТ ВА АВВАЛИН "УШШОЌИ РАЊМОНЇ" Матни комили ѓазали "Ушоќи Рањмонї"-и Муњаммад Ѓойиб: Расад савти ватандорї зи сози мењри рањмонї, Худоё љамъи моро њифз бинмо аз парешонї. Алови љангро хомўш рўди рањму фањмаш кард, Љањонї шуд зи сулњаш обрўи тољикистонї. Расонад роњи нав бар кўи худ осуда мардумро, Надорад марди рањ дар хоки дил гарди пўшаймонї. Њаловатбахш бошад боѓу гулгашту хиёбонаш,

Ки њар фавворааш орад ба хотир рўзи боронї. Шукуњи љашнњо њам дар тасаввурњо намеѓунљанд, Ки дар тасвирашон ољиз бимонад хомаи Маонї. Биёбон њам гулистон шуд, гулистон Тољикистон шуд, Ризо бошад зи ворис рўњи Исмоили Сомонї. "Ушшоќ", ки аз калимаи ишќ реша мегирад, маънои луѓавияш љамъи ошиќон аст. Дар мусиќї яке аз дувоздањ маќоми мусиќиро меноманд. Сурудњои оњанги "Ушшоќ" ишорат ба зодгоњ мекунанд.

Дар мусиќии классикї, сурудњои "Ушшоќи Самарќанд", "Ушшоќи Душанбе" маъмулу маъруфанд. Ѓазали "Бўйи љўйи мўлиён..."-и Одамушшуаро Абуабдуллоњи Рўдакї, ки мегўянд мири Бухороро ба худ овард ва ба Ватан кашид, њамчунин дар њавои ушшоќ суруда шудааст. Инак, минбаъд дар назар аст, "Ушшоќи Рањмонї" њам дар васфи Президент Эмомалї Рањмон ба њукми анъанаи эљодиёти шоирон ва сарояндагони мо табдил дода шавад. Ќиёми НУР


ТОЉИКОНА

“НИГОЊ”, ЧОРШАНБЕ №5 (488), 27. 04. 2016

1 Ватан…Дўст дорам, ки заминро зери пои худ эњсос мекунам. Ин эњсос дар ѓарибї комилан вуљуд надошт. Сї соли ѓарибї, сї соле, ки дар зери поям заминеро эњсос намекардаам, гўё касе аз зери поям чизеро дур андохта буд. Эњсоси муаллаќї дар њаво, адами маънии шоистаи њаётї. Шиноварї дар бањри Њељистон. Парвоз дар ягона равиши парвозии дастрас - дар фазои маљозии интернет. Зиндагии маљозї ва заъфи сареъи љисмониву ахоќиву ирфонї. Ваќте, ки њамин оњанги афѓониро дар Youtube нигоњ мекардам, гиряам меомад: Дар ин сарои зиндагї, касе ба дар намезанад, Ба дашти пурљафои мо, паранда пар намезанад… Зиндагии шабењи муш дар пушти экрани компютер. Дар гўшаяки кишваре бегона, ки барош арзиши ту "сифр" аст - касе, ки набошї - олим ва ё уборшик. Дар љое дур аз мардуми худ, мардуме, ки барот тўли ин њама солњо бегона шудаанд, ва ту њам барои онњо бегона шудаї. Ва аммо ту инро пай намебарї. Кибру ѓурур ва тарѓиботи ѓарбињо зењни туро тира кардааст. Фикр мекунї, чун ту ин ќадар "крутой" астї, ки ин ѓарбињо туро ба донишгоњи худ даъват кардаанд, пас ту метавонї миллати худатро ќазоват бикунї, онњоро аќибмонда пиндорї ва њатто ба онњо роњ нишон бидињї. Бехабар аз он, ки ин худи ту њастї, ки рањнамоиеро шадидан лозим дорї. Бародари ањли тасаввуф, оќои Томири Даќидии мисрї буд, ки маро њушдор дода буд: "Ту фикр накун, ки ту профессор њастї ва њама чиз зери поят аст, ба худат як назар бикун, ту њељ њастї. Бирав аз одамони дењаат зиндагиро биёмўз". Дўст дорам, ки дењаи зодгоњиам Сўр њамагї 15 дулор аз Душанбе фосила дорад ва дар он љо рафиќони бомаърифату фарњангии ман хеле зиёданд ва аз онњо ман дарси зиндагї меомўзам. Баъзе ваќтњо хоњише пайдо мешавад, ки биравам ќишлоќ ва якду сол ба корњои соддатаре худамро банд бикунам - рўёндани сабзавот, љорўб задани масљиди мањалла, чї орзўи зебо. Оё мерасида бошам рўзе? Њозир-ку, бо ин њоли нелегалї куљо метавонї биравї? Сюрреализм. Дўст дорам, ки дар ватан њузури мардумро эњсос мекунам ва набзи шањрро ламс мекунам. Чењрањои шинос ва худї дар гирду атроф ба зењну рўњи ман оромї мебахшанд ва мегўянд "хаёлат роњат бошад, дар байни худињо њастї, љои нигароние нест". Сўњбат бо одамон осону дилнишину гуворост, чун њарфњоят аз дањон ба таври табиъї ва бидуни талош љорї мешаваду бе њељ машаќќате таваљљуњи њамсуњбатон мегардад. Забони баданият, ки њамсони мардуми гирду атроф аст ба муошират роњатии дигар мебахшад. Њамин даст бар болои сина монда саломгўии мо тољикњо чї зебост. Дўст дорам, ваќте дар кўчањо ќадам мезанам, аз худам нороњат намешавам ва аз рањгузарон њам ибо намекунам. Дар кишваре бегона ту њамеша як миќдор эњсоси нигаронї дорї, ки мабодо ин рањгузарон эњсоси туро озор надињанд, гапе бизананд, ки рўзатро хароб бикунад. Саволи дўстдоштаи эшон, манзурам асосан ѓарбињост, "Шумо аз куљо мешавед?" аст. Мегўї "Тољикистон". "Тогигистон?". "Таљакистон?". "Ин чї аст?". Њељ гоњ фикр намекардам, ки талаффузи номи кишварам ин ќадар мушкил будааст. "Кай ба Тагакистони худ бармегардед?" - ин саволи баъдї њатмист. "Оё шумо Австралияро дўст медоред?" - саволи севвумї њам њатмист ва оњангаш асосан тањдидомез аст, мабодо-ку љавоби манфї бидињї, очаи зоратро нишон меди-

АБДУСАЛОМ ОДИНАЗОДА ХОЊОНИ ЗИНДАГИИ ЊАЛОЛ АСТ

5

мулоим кардааст, додаракам, муборак бошад". Моњи январи соли гузашта буд, ба рафиќи донишмандам оќои Фаромарзи Рустамї аз Диношгоњи Гунбади Ковўс тилфон кардам ва гуфтам, ќабл аз баргаштан ба Тољикистон мехоњам як-ду сол дар Эрон кор бикунам, чун як миќдор њарос дорам, ки дар Тољикистон њолам чї мешуда бошад. Ман ки дар ватан ќаблан на тањсил кардаам ва на кор. Ў гуфт дар Эрон раќобат дар донишгоњњо хеле шадид шудааст, чун донишгоњњои Эрон донишљўњоро хеле хуб тайёр карда истодааст ва љавонони боистеъдоди зиёд ба илм омада истодаанд. Ў гуфт гузинањои бењтар Покистон ва ё Афѓонистон аст, чун дар он љо забони илм ингилисист ва ту бе мушкилї метавонї дар он кишварњо кори илмиатро идома бидињї. Ва баъд каме

ЧАРО БА ТОЉИКИСТОН БАРГАШТААМ њанд. Зиёд мебинї, ки дар мошинњояшон дар зери нигораи дирафши миллии Австралия навишторе доранд: If you don't like it, leave it! - "Агар онро дўст надорї - дафъ шав!". Ана акнун, бубинед, њамчун мусалмон, метавонї кишваре ѓарбиро бечунучаро дўст дорї? Ва агар на, чї бояд бикунї? Посух њамчун рўз рўшан аст. Сї соли зиндагии доимї берун аз Тољикистон, ва аммо эњсосе дорї, ки њељ гоњ ин сарзаминро тарк накардаї. Ва мардум њам туро бегона намегиранд. "Нос дорї, ака? - мепурсад ин акам, ва кафи дасташро назди дањон бурда ишора мекунад, чун мебинад, ки ман як миќдор саргум задаам. "Не…, нос намекашам" мегўяму ханда мекунам. Дар маршрутка кўдаке даст ба ман дароз мекунад "Амаки…", яъне маро ба баѓалат бигир. Падараш ханда мекунад "Чењраи Шумо ранги амакиш аст". Фавран шањри бегонаро ба ёд меорам, ки дар он љо кўдакон аз ту ба њарос меафатанду саъй мекунанд сарашонро дар баѓали падар пинњон бикунанд. Чењраи ту шабењи он њама ќањрамонони манфии телевизиюнњои онњо аст, ки пур аз террористњост. Њувияти тољикї ва муњаббат ба забону фарњангамонро њамеша бо худ барќарор нигањ медоштаам - мисли зиёд муњољирони имрўзаи мо. Фикри баргаштан ба ватан дар як гўшаи дурдасти зењнам њам њамеша њузур дошт албатта ба мисли як наќшаи дур ва камэњтимол. Ва аммо ноогоњона аз худам, пиёдашавии ин наќша як дањ сол ќабл аз ин шурўъ шуда будааст. Ќабл аз њама аз лињози ангоргонї (идеологї). Идроки он мавзўъ, ки мардуми ту, фарњанги ту ва њам дини ту аз дигарон боло њаст-ку кам нест. Ба ин хулоса зиндагии тўлонї дар байни ѓарбињо ва иртиботи наздики корї ва рафиќї бо эшон расонида буд. Ваќте, ки аз наздик мебинї, ки онњо кї њастанд ва фарњангашон чист. Забони форсиам ва иртиботи рафиќиву корї бо афѓонињову эронињо, ин њама боз як ангезаи љиддии дигар бар зењни ман буд, то болои њувиятам ва маънои зиндагиям фикр бикунам. Шиносої бо расонањои форсизабон ва афкору ангоргони онњо маро моту мањбут мекард, ки чї ќадар ин эронињо ва ин афѓонињо як эњсоси пур аз ифтихор

рољиби ќавмашон, фарњангашон ва динашон доранд, чї ќадар ватани хешро дуст доранд. Забони форсии эшон чї ќадар фасењ, нирўманд ва корист. Медидам, ки мана ин як духтараки 12-солаи афѓонї аз як рустои дурдасти Афѓонистан, чї ќадар хуб ба форсї аз тариќи телевизиюн сухан мекунад, афкорашро чї ќадар осон, рўшан ва даќиќ баён мекунад. Бовар кунед, ваќте мебинї њатто баъзе аз шоирону нависандагони тољики мо наметавонанд мисли њамин як кўдак афкорашонро баён бикунанд, шарм андар шарм медорї. Фикр мекунї, ба мо тољикњо чї шуда бошад, худоё? Таваљљуњи бештар ба расонањои форсиву арабї маро ба кашфи олами наве бирасонд, ки то он ваќт нодида мегирифтам - оламе ногањон шинос ва худї. Њамон як мушкилињо, њамон як дарду њасрат ва њамон як дастовардњо. Њамон як ќиёфа, њамон як рафтору гуфтор, њамон як хўроку оњангу суннат ва ќабл аз њама њамон як дину фарњанг. Ин њама мењвари зењнии маро аз Ѓарб ба Шарќ кўчонд - ѓарбзада будем, мусалмонмењвар шудем. Ва шукр Худои Азза ва Љалларо барои рањнамої ва маѓфират. Пас аз сї соли дурї аз Ислом ва сабки њаётии ѓарбї, аниќтараш, кофирї, маѓфирати Худойро бубинед. Албатта то њол имони ман комил нест ва ќодири пурра ба љо овардани суннатњои мусалмонии худро нестам аммо њис мекунам, ки дар роње њастам сирот-ал-мустаќим, иншооллоњ. Бозгашт ба Ислом ин бозгашт ба инсон будан будааст - бовар кунед инро ман бо тамоми њастии худ амиќ эњсос кардаам. Тўли зиндагиам дар байни русњову ѓарбињо ба њайвоне табдил ёфта будам, пур аз кибру ѓурур ва худбинї. Намозгузорињои аввалинам буд, ки гузаштагонро ба ёд меовардаму барошон дуо мекардам ва дар дилам эњсоси дилтангиву пазмонї нисбати зиндањо - бастагони худ дар дења пайдо мешуд, нисбати падар, бародар ва хоњарон. Ва дертар ба зењнат мезад, ки "О, ман таѓоибаччаву холабачча њам дорам-ку, рафиќони мактабї, дўстони мањалла…". Ваќте, ки аз тариќи Viber бо хоњарам Сабза гап мезадам, ў њамчун як зани мусалмони худотарс, отуни ќишлоќ, њолати маро хеле хуб тавсиф карда буд: 'Худо дилатро

истоду… гуфт: "Э бобо, бирав ватанат, Тољикистон бирав, мустаќим, бе њељ андеша, њамон љо бирав! Мебинам, ки барои бозгашт пурра омодаї. Ту, ки дар байни бегонањо худатро гум накардї, дар байни мардуми худат њам љоятро пайдо мекунї, иншоолоњ". Ин суханњо буд, ки тасмими бозгашт ба ватан мисли барќ зењни маро убур кард... Ва инак мо ин љо њастем, дар ватан. Алњамдулиллоњ. Муътаќидам, ин бењтарин тасмими њаётии ман будааст. Бозгашт ба ватанро муњимтарин марњилаи њаётии худ мењисобам. Иншооллоњ, ки њељ як мушкиливу монеъањо ќодир нест, ки маро аз ватан гурезонад. Баръакс, аз азобе, ки беш аз шаш моњ мекашам, розї њастам, чун ин мушкилињо буданд, маро тољиктар, имони маро ќавитар ва муњаббати маро нисбати сарзаминам ва мардумам бештар гардонидааст. Баччањаки китобфурўше аст, номаш Абубакр, дар масљиди Њаёти Нав, бачаи 25-сола, тахминан њамсоли духтари ман аст. Бењтарин аќидаро дирўз њамин баччањаки наљиб ба ман изњор карда буд. "Ваќте, ки Худо ба мо неъмат ато мекунад, мо мегўем "Шукр" ва сар хам мекунем". "Ваќте, ки Худо ба сари мо мушкилињо меоварад, мо мегўем "Њикмат" ва боз њам сар хам мекунем". "Њамин аст тариќати мусалмонї таслим будан". "Худо мушкилињоро бар сари одамони њалол меоварад, то имони онњоро ќавитар гардонад". Њар ваќте, ки мебинам ин баччањак истодааст, наздаш меравам ва аз ў њикмати зиндагї меомўзам. Дўст дорам мардуми наљибу хушгилу фарњангии ватанро. Бењтарин мардуми дунё. Дўст дорам њавои ватанро. Дар ягон љои дунё ин ќадар роњат ва ширин хоб намекардам. Нафас кашиданро дуст дорам. Дўст дорам бўи ватанро, бўе, ки хотироти баччагии маро бармеангезад ва имрўзу гузаштаи маро мепайвандаду шахсияти маро комилтар мекунад. Дўст дорам ранги баргњои рустанињоро, ки ин ќадар сабзи сабз ва дурахшон аст. Табиати ватан манзараи афсонавиеро мемонад. Дўст дорам борони ватанро, њамин гуна якмаром ва ширин-ширин бориданашро. Ба ќавли шоире: Мезанад борон ба шиша, Ќатра-ќатра, ришта-ришта, Сарнавиштам нонавишта…


6

“НИГОЊ”, ЧОРШАНБЕ №5 (488), 27. 04. 2016

142 њазору ... км2

МУХОЛИФИН

КАДР

ГАРДИШИ НАВ ДАР ЌАЗИЯИ СУДИИ НАЊЗАТИЊО

ВАЗИФАИ НАВИ АМОНУЛЛО САЪДУЛЛОЕВ ДАР "БАРЌИ ТОЉИК"

Мурофеаи судии аъзоёни боздоштшудаи њизби мамнуъи Нањзати исломї ба марњилаи дигари худ расид. Дар назар аст њафтаи оянда намояндаи прокуратура талаби худ аз суд барои њабси онњоро эълон кунад. Ба гуфтаи Љамшед Ёров, яке аз вакилони дифои боздошшудањо, рўзи чоршанбе 27-уми апрел айбдоркунандаи давлатї суханронї карда, талаби худро аз суд рўшан мекунад. Баъд аз ин баромади вакилони дифои боздоштшудањо дар назар дошта шудааст ва ќарор аст баъди ин суд барои эълони њукм ба хонаи машваратї равад. Љамшед Ёрова изњори умедворї мекунад, ки шояд онњо аз айби эълонкардаашон даст кашанд ва ё онро каме сабук кунанд. Мурофиаи судии аъзоёни Раёсати Олии ЊНИ 24-уми феврали соли равон дар Суди олии Тољикистон пушти дарњои баста шуруъ шуда буд. Маќомоти Тољикистон ЊНИТ-ро дар ташкил ва амалї гардонидани њодисањои моњи сентябр дар кишвар муттањам мекунанд. Дар пайи он Суди Олии Тољикистон фаъолияти нањзатро дар Тољикистон мамнуъ ва онро ба фењрести њизбњои террористї шомил кард.

Амонулло Саъдуллоев, додарарўси Президенти Тољикистон дар сохтори ширкати "Барќи тољик" соњиби вазифа нав гардид. Бино ба иттилои дафтари матбуоти ширкати "Барќи тољик", Амонулло Саъдуллоев таќрибан 10 рўз пеш ба вазифаи сардори "Шабакањои барќи љануб"и кишвар таин шудааст. Ў моњи августи соли гузашта дар пайи интиќоди Президент аз фаъолияти ширкати "Барќи тољик" аз вазифаи муовини раиси ин ширкат барканор шуда буд. Амонулло Саъдуллоев дар вазифаи муовини раиси ширкати "Барќи тољик" расо як сол фаъолият карда буд. Ќаблан ў аз моњи июни соли 2013 Раёсати

Прокуратураи генералии Тољикистон 17-уми сентябр бо пахши як изњорот гуфта буд, ки Назарзода А.М. тайи солњои охир бо маќсади амалї намудани кирдорњои љиноятии худ бо дастур ва роњбарии бевоситаи раиси Њизби нањзати исломии Тољикистон Кабирї Муњиддин беш аз 20 гурўњи хурди љиноятї ташкил намуда, онњоро бевосита роњбарї менамуд. Тасмими охирин дар бораи њуљумњои мусаллањона давраи моњи августи соли 2015 сурат гирифта, бо ин маќсад тавассути фондњои бо ном хайриявии доирањои муайяни кишварњои хориљї маблаѓњои калони пулї ворид шудааст. 16-уми сентябр 13 тан аз аъзои Шўрои сиёсии нањзатро маќомот боздошт карда буданд. TojNews

фурўши барќ, ки он ваќт нињоди навтаъсис дар "Барќи тољик" буд, рањбарї мекард. TojNews

ИЌДОМ

КИТОБХОНАИ МИЛЛЇ БА МАКТАБИ №46-И ВАРЗОБ 1600 КИТОБ ТАЌДИМ КАРД

ФОЉЕАИ МИЛЛАТ

ЗАНИ 30-СОЛА ДАР МАРКАЗИ ШАЊРИ ДУШАНБЕ ХУДРО ОТАШ ЗАД Вазорати корњои дохилии Тољикистон аз худсўзии зани 30-сола дар маркази шањри Душанбе хабар дод. Бино ба иттилои расмї, сокини ноњияи Фархор дар заминаи рашк ба ин кор даст задааст. "Тахминан соати 18:50-даќиќа, шањрванд Мањмадалиева Нигина Намозовна, соли таваллудаш 1986, зодаи ноњияи Фархор, бо њамзисташ Сафарзода Мансур Хуљавалї, соли таваллудаш 1978, сокини шањри Душанбе, аз сабаби рашк љангу љанљол намуда, бо истифода аз сўзишвории бензин дар кўчаи Н.Ќарабоеви ноњияи Фирдавсии шањри Душан-

бе, наздикии љойи кори номбурда, худро оташ задааст", -менависад сомонаи расмии ВКД. Кормандони Шуъбаи ВКД дар ноњияи Фирдавсї аз њодисаи мазкур огоњ шуда, фавран ба љойи њодиса омада, дар якљоягї бо шањрвандон Мањмадалиева Нигинаро аз марг наљот доданд. Айни замон, номбурда бо љароњатњои ќисман сўхтагии бадан дар Беморхонаи №3 бистарї гардида, вазъи саломатиаш мўътадил ва ба њаёташ хатар тањдид намекунад.

Китобхонаи миллии Тољикистон бо дархости мактаби раќами 46, дењаи Шодоби ноњияи Варзоб ба китобхонаи ин мактаб 1600 адад китоб таќдим кардааст. Бино ба иттилои Шуъбаи маркетинг ва менељменти фаъолияти китобдорї, ки масъули тавзењи ин китобњо будааст, дар маросими таќдим бештар аз 400 нафар устодону хонандагони мактаб њузур доштанд. Хонандагон дар бораи китоб, дониш, фазилати мутолиа шеърхонї карданд, сањначањои љолиб намоиш доданд ва фестивали озмуни китоб низ њамзамон роњандозї шуд.

Дар ин нишаст аз Иттифоќи нависандагон ва дигар созмонњои эљодии кишвар њузур доштанд ва дар суханронињои худ њам иќдоми Китобхонаи миллиро сутуданд ва њам дар бораи китобу китобхонї њарфњои њикматомез иброз доштанд. Инчунин пеш аз анљомёбии мањфил аз тарафи кормандони шуъбаи маркетинг ва менељменти фаъолияти китобдорї ба хонандагони мактаб зиёда аз 300 буклет ва китобчањову вараќањои таблиѓотї таќсим карда шуд. Дар ин нишаст аз Иттифоќи нависандагон ва дигар созмонњои эљодии кишвар њузур доштанд. TojNews

ринњо шомил шуда, маќоми њафтумро ба даст оварда буд. Ў пас аз ѓалаба дар озмуни "Мисс Университет" дар Ќирѓизистон барои ширкат дар озмуни шоистањои љањон роњ ёфта буд. Насиба Наимхонова дар ноњияи Ишкошими вилояти Бадахшони таваллуд шуда, дар шањри Душанбе камол ёфтааст.

Худи ў ќаблан гуфта буд, бо кўмаки барномаи Бунёди рушди Оѓохон барои идомаи тањсил ба Ќирѓизистон рафт. Њоло ў дар курси сеюми бахши тарљумонї аз забонњои англисиву фаронсавии Донишгоњи славяниву ќирѓизии Бишкек тањсил мекунад.

TojNews

ТОЉИКОНА

НАСИБА ДАР МИСРИ АРАБ БА 20-ГОНАИ ЗЕБОСАНАМЊО ВОРИД ШУД Насиба Наимхонова, нахустин намояндаи Тољикистон дар даври 2юми озмуни Miss Eco Universe дар байни иштирокчиёни 56 давлат дар миёни 20 иштирокчии бењтарин љой гирифтааст. Дар ин бора худи Насиба Наимхонова баъд аз 10 рўзи анљоми озмун дар сафњаи фейсбукиаш хабар додааст. Ў навиштааст, "фикр мекунам барои оѓози кор ин натиљаи бад нест, њарчанд ман натиљаи бењтарро мисли касб кардани маќоми 7-ум дар моњи январ интизор будам. Ман бахшиш мепурсам агар ин хабар шуморо нороњат карда бошад. Мехоњам ба њамаи дўстон ва

шахсони хайрхоњ, ки маро дастгирї карданд сипосмандии худро баён созам." Насиба Наимхонова, нахустин намояндаи Тољикистон буд, ки дар даври 2-юми озмуни Miss Eco Universe ширкат намуд. Даври дуюми озмуни Miss Eco Universe аз 29-уми март то 15-уми апрели соли равон дар давлати Мисри Араб баргузор гардид. Ќаблан Насиба Наимхонова дар озмуни байналмилалии World University Peace Service Corps, ки дар Чин моњи январи соли равон баргузор шуд, дар миёни 70 кишвар ба дањгонаи бењта-

TojNews


АНТИРЕКЛАМА

“НИГОЊ”, ЧОРШАНБЕ №5 (488), 27. 04. 2016

7

ЭЊТИЁТ! ЊИЛАИ «КОМБИНАТИ ШИРИ ДУШАНБЕ» Дар маѓозаву дўконњои кишвар мањсулоти нави Комбинати шири Душанбе пайдо шудааст, ки ба молу брендњои истењсолкунандањои маъруфи љањонї сахт шабоњат доранд. Рўи рафњо акнун равѓари маскаи Аркон-ро мешавад дид, ки ба равѓани маскаи сифаташ баланди Анкор монанд аст. Анкор-и хориљї бо ќимати 13-14,5 сомонї барои як баста фурўхта мешаваду тамъи хос ва сифати баланд дорад. Дугоники бегонаи он - Аркон аз 10,5-11 сомонї нарх дошта, тамъаш њамон Равѓани маска-и Комбинати шир аст, ки солњои ахир сифаташ нисбатан бад шуда буд. Чї масъулони Комбинати шири Душанбе-ро ба ин њилаи шаръї водор кардааст, маълум нест. Вазъи буњронї? Раќобат бо истењсолкунандагони мањсулоти ширї аз Шимоли кишвар? Ба Нигоњ даст надод, ки шарњи расмии ширкатро ба хонандагон пешнињод кунад, аммо бори дуюм аст, ки Комбинати шири Душанбе ба ин кор даст мезанад. Моње пештар ин истењсолкунандаи ватанї йогурти Актимилк-ро ба савдо баровард, ки номгузорї ва ороиши зарфи он ба бренди Актимил сахт шабоњат дошт. Ин њам дар њоле, ки брендњои маъруф метавонанд истењсолкунандаи бевиљдонро ба љавобгарї кашанд. Зимни хариди ин гуна мањсулот эњтиёт бошед, то ќурбони њилагарон нагардед!

МАЊСУЛОТИ ТАЌАЛЛУБИИ ЧИНЇ БА БРЕНДЊОИ МАШЊУР


8

“НИГОЊ”, ЧОРШАНБЕ №5 (488), 27. 04. 2016

ТАДЌИЌОТИ ЖУРНАЛИСТЇ

(Аввалаш дар шумораи гузашта) Маќомот љурми дигари адвокат Ёровро сохтани ду њуљљати ќалбакї: мактуби Прокуратураи генералї ва талони ронандагї медонанд. Ќиссаи талон пештар расонаї шуда буд. Дар ин бора поёнтар њикоят хоњем кард, аммо њоло вазнинтарин иттињоми Бузурмењр Ёров.

307-и сиёсї Моддаи 307-и Кодекси љиноии Љумњурии Тољикистон "даъвати оммавї барои бо роњи зўроварї таѓйир додани сохти конститутсионии Љумњурии Тољикистон" ном дорад. Дар банди "г"-и ќисми 2-и он омадааст: "бо истифодаи воситањои ахбори омма ё дар шабакаи Интернет". Моддаи 3071 КЉ Љумњурии Тољикистон "Даъвати оммавї дар ба амал баровардани фаъолияти экстремистї (ифротгарої)" ном дорад. Дар ќисми 2и он омадааст: "Њамин кирдор, ки бо истифода аз воситањои ахбори омма ё дар шабакаи интернет содир шуда бошад". Љинояти махсусан вазнин , ки то 15 сол њукми зиндон доранд. Аммо оё чї далелњое мављуданд, ки бар асоси онњо адвокат Ёровро мешавад ба ин љиноёт муттањам кард? Њамсари Ёров дар ихтиёри тадќиќотчиёни "Нигоњ" номгўи 7 (њафт) матлаби интернетиро вогузошт, ки барои эълони чунин айб "асос" шудаанд.

Њафт матлаб аз Интернет Ин матолиб 4-5 соли пеш навишта шудаанд. Сарлавњањои љиддї ва њангоматалабона доранд: 1. Мурољиати донишљўёни Тољикистон ба Президенти Тољикистон. 26.06.2011. Сомонаи "Иршод" 2. Мурољиатномаи љунбиши "БАС" ба мардуми Тољикистон.18 августи 2011 3. "Семь лет борьбы с банком. Таджикский предприниматель против шурина президента". 21.11.2011. ОЗОДЇ. 4. "Эмомали Рахмон в отставку!" 06.01 2012. 5. "Хоруѓ асоси импичменти Эмомали Рањмон".19 августи 2011 6. "Таджикистан накануне революции". 7. Кто был никем, тот захватил все или почему Президент Таджикистана заслужил вотум недоверия". Фергананюс. 21 апреля 2012 Табиист, ки нахустин суоли мо аз оилаи Ёровњо ин буд: "Маќомот бар онанд, ки њамаи ин маќолањоро Ёров навиштааст?!!" -Не,посух доданд ба як овоз онњо. Равшани Ёрмуњаммад илова кард, ки "ин маќолањоро аз хонаи њамкораш Нуриддин Мањкамов ёфтаанд. Онњо рабте ба Бузургмењр надоранд. Ба гумони мо, Мањкамов мисли хеле аз пирони дигар компютерро намедонаду маќолањоро аз Интернет чоп кардааст, то хонад. Маќолаи ба корњои худашу "Ориёнбонк" дахл доштааш дар ноутбукаш будааст. Ин маќолањои чанд соли пешанд, ки дар њар љои хонаи ў партофта шуда будаанду маќомот онњоро љамъ кардаанд. Ташхиси комлексии забоншиносї, равоншиносї, диншиносї ва сиёсатшиносии мутахассисони Донишгоњи миллии Тољикистон, Донишгоњи давлатии омўзгории Тољикистон ва До-

«

нишкадаи Исломии Тољикистон нишон додааст, ки дар ин маќолањо даъвати оммавї барои дигар кардани сохти конститутсионї ва фаъолияти ифротгарої љой доштааст. Ташхисгарон аз куљо донанд, ки ба љуз аз мусоњибаи Мањкамов дар "Озодї"ин ду нафар муаллифи он маќолањо нестанд. Њардуяш њам саводи лозимии ба русї навиштанро надоранд". - Яъне тафтишот медонад, ки њама матолиб маќолањои интернетї буда, як ададї чоп шудаанд, Ёров онњоро иншо ва пањн накардааст. Онњоро аз хонаи њамкораш Мањкамов ёфтаанд- мепурсем аз наздикони Ёров. Њамсараш мегўяд, "панљтои ин маќолањоро Ёров бори аввал дар парванда хондааст. Аммо муфаттишон кўшиш ба харљ додаанд, ки Бузургмењр њар яки онњоро дар парванда шарњ дињад". Ин њолатњо мо- тадќиќотчиёни "Нигоњ"-ро водор кард, ки њар яке аз ин маќолањоро дар шабакаи Интернет ёфта, тањќиќ кунем. Натиљаи тањќиќро поёнтар меорем, аммо њоло барои хонандаи ноогоњ ќисса кунем, ки Нуриддин Мањкамов кист.

Мањкамов кист ё "бољаи сарвазир" Нуриддинхўља Мањкамов таќрибан барои њар нафаре, ки дар шабакањои иљтимої сањфа дорад, шинос аст. Солњои 2010-2013, се сол ё шояд камтар аз он рўзе набуд, нигоштае набуд, ки зери он Нуриддин Мањкамов посте ё навиштае накорад. Мавзўи нигошта барои Мањкамов муњим набуд. Онњоро "мањкамовнома" мегуфтаанду худи ўро "бољаи сарвазир Ю. К.". Њама навиштањо як муњтаво доштанд: дод аз асти Ю.К. ва носазогўї. Мањкамов он ќадар зиёду беибо ва њатто беадабона менавишт, ки боиси хандахаришу ќањрамони латифањо шуда буд. Дар шабакаи Фейсбук аксарият ўро хуш надоштанд ва гоње њам шухї мекарданд: "Шодиёна. Мардум ним рўз аст, ки Мањкамов чизе намена-

Ба гуфтаи Ёровњо, њафт маќолаи мазкур ва ду шумораи нашрияи "Наљот"-ро маќомот аз хонаи ў ёфта, дар асоси онњо айби нав эълон кардаанд. Дар њамин њол, Мањкамов ягон нишондод зидди Ёров надодааст. Акнун мегузарем, ба тањлили матолиби номбаршуда, ки балои љони Ёрову Мањкамов шудаанд.

«

висад" ё "хайрият, Мањкамов дар зери постам чизе нанавишт". Ў тољири 64- сола аст, ки дар заминаи як бањси судї бо "Ориёнбонк" бо адвокат Ёров шинос шудааст. Тибќи њалномаи судї бонки калонтарини кишвар бояд ба ЉДММ "Бахт"-и Мањкамов чандсад њазор сомонї љуброн медодааст, аммо рад мекардааст. Кашмакашињои чандинсолаи судї ўро то љое марди сиёсї мекунанд ва њарчанд саводи казої надошт (Мавсуф моро бубахшанд, аммо аз нигоштањояшон чунин бармеояд), дар мањфилњои сиёсї ягон-ягон пайдо мешудааст. Ба аќидаи хешовандонаш Мањкамов воќеъан аз сарвазири ваќт Ю.К. љарб дида, ин корро махсус мекардааст, яъне бо сиёсї кардани масъала мехостааст аз соњибони "Ориёнбонк" пулашро ситонад. Бањси судии Мањкамов бо "Ориёнбонк" пас аз њамроњ шудани Ёров соли 2011 бо созиши тарафњо хотима ёфтааст. Љониби дигар пулњои Мањкамовро баргардонидааст. Ба гуфтаи падари Бузургмењр соли 2012 Мањкамову Ёров бо кўмаки Њасан Асадуллозода њољї шудаанд. . Баъди чандин соли бањсњои судї ва талаби адолат ў бо кўмаки Ёров соли 2014 адвокат шуда, то лањзаи боздошт дар њамин симмат буд.

Боздошти Мањкамов Мањкамов баъди як моњи боздошти Ёров бо аризаи љиянаш У.Н. боздошт шуд. Тибќи ин ариза гўё Мањкамов ва Ёров бо ў ањд доштаанд, ки дар баргардонидани ќарзи калонаш аз А.И. кўмак мекунанду ў ба љои маблаѓ ба онњо ду автомашинаи сабукрав дода, фиреб хўрдааст. Баъди чанд рўзи боздошти Мањкамов љиянаш У.Н. аризаашро бозхонд кардааст. Ба гуфтаи падари Бузургмењр ин ќазия басо сода аст, ки мавриди сўистифодаи маќомот ќарор гирифтааст: Љияни Мањкамов аз ду адвокат ёрї пурсидааст, то ќарзи чандсадњазор долларияшро баргардонанд. Онњо бо ў ањд бастаанд. Ќарздор А.И. баъди дахолати адвокатњо дар њузури ќарздењ уњдадор шудааст, ки тибќи тартиби муайян маблаѓро бармегардонад. Љияни хушбахт ба адвокатњо ду мошини сабукрави куњна таќдим кардааст. Баъди чанде ќарздор А.И. ба љияни Маќкамов эълон доштааст, ки "вазъам хеле бад асту агар ќарзатро талаб кунї, худамро меовезам". Ин мољаро боиси муноќиша миёни таѓову љиян ва пешнињоди ариза шудааст. Акнун љиян пушаймон асту таѓо дар зиндон ва Бузургмењ-

ри мо "ќаллоб" эълон шудааст. Мошинњои куњна гўё дар њабс будаанд, вале баъди бозхонди аризаи љияни Маќкамов ба соњибаш баргардонида шудаанд. Аммо айби эълоншударо касе бекор накардааст". Айни њол, Мањкамов дар боздоштгоњ аст. Ба гуфтаи Ёровњо, њафт маќолаи мазкур ва ду шумораи нашрияи "Наљот"-ро маќомот аз хонаи ў ёфта, дар асоси онњо айби нав эълон кардаанд. Дар њамин њол, Мањкамов ягон нишондод зидди Ёров надодааст. Акнун мегузарем, ба тањлили матолиби номбаршуда, ки балои љони Ёрову Мањкамов шудаанд. Сухан аз тафтиаи бегонагон меравад.

Тавтиаи бегонагон, ки "балои љон"- худињо гаштааст Дар оѓоз бояд таъкид кард, ки ба љуз як маќола матолиби дар боло зикргашта то њол дар Интернет дастрасанд ва ягон маќомоти тољик чопи раддия ё кўшиши лаѓв кардани онњоро аз шабака надоштаанд. Матлаби якум "Мурољиати донишљўёни Тољикистон ба Президенти Тољикистон" 26-уми июни соли 2011 дар сомонаи "Иршод" нашр шудааст. Дар сомонаи мутаалиќ ба хадамоти љосусї ё гуруњи ифротии устувори номаълум, ки то њол фаъол аст ва ба њадде ќавист, ки бо чандин забонњо матлаб интишор медињад. Чаро хадамоти љосусї? Зеро коршиносон хуб медонанд, ки дар 1015 соли ахир ягон пойгоњи зиддињукуматї бештар аз чанд моњ фаъол набудааст, аммо ин сомона баръакс. Вижагии кори ин пойгоњ аст, ки "хабарњояшро" ба унвонии муњаррирон, журналистон, фаъолони шабакањои иљтимої, сиёсатмадорону сиёсатшиносон аз тариќи почта низ равон мекунад. Мисли "Њизб-ут-тањрир", ки ба њамин шева то ду-се соли пеш маљалла пањн мекард. Табиист, ки мухотабон њадди аќќал як бор-ду бор ин мактубњоро мекушоянд ва гоње мехонанд. Онњое, ки дар истифодаи интернет аз нигоњи маблаѓу трафик мањдудият доранд, маъмулан маводњои ба онњо равон карданро боргирї мекунанд ё чоп менамоянд, то баъд хонанд. Яъне ба эњтимоли зиёд он дар почта ё компютери дањњо њазор тољикистонї, бо шумули мансабдорони воломаќом њаст. Онро хондан ё чоп кардан ба хотири хондан љиноят нест. (Алњол љиноят нест) Матлаби дувум, "Мурољиатномаи љунбиши "БАС" ба мардуми Тољикистон"


НАРЕЗОНДАВУ НАЧАКОНДА....

“НИГОЊ”, ЧОРШАНБЕ №5 (488), 27. 04. 2016

9

ЊАЌИЌАТ ВА АФСОНАЊОИ ЌАЗИЯИ ЁРОВ Ё кї ва чаро аз адвокати маъруф мањбуси сиёсї месозад?

«

Табиист, ки мухотабон њадди аќќал як бор-ду бор ин мактубњоро мекушоянд ва гоње мехонанд. Онњое, ки дар истифодаи интернет аз нигоњи маблаѓу трафик мањдудият доранд, маъмулан маводњои ба онњо равон карданро боргирї мекунанд ё чоп менамоянд, то баъд хонанд.

«

гана.ру" ба нашр расидааст. Сомонае, ки дар хидмати "неруи нарм"-и Русия мебошад. Матлаб то њанўз барои њамагон дастрас аст. Маќомоти Тољикистон лаѓв кардани онро талаб накардаанд. Мезасад, ки сари он алоњида сухан кард, чун тањлилњо нишон медињанд, ки мањз он "дастак" шудааст, то Ёров ба љиноёти махсусан вазнин - ифротгарої гумонбар дониста шавад.

РАВШАНИ ЁРМУЊАММАД, ПАДАРИ АДВОКАТ БУЗУРГМЕЊР ЁРОВ ном дорад, ки 18 августи 2011 пањн шудааст. "Љунбиш"-и вуљуднадошта, ки хадамоти амниятии кишвар аз он хуб огоњ аст. Вижагии ин "љунбиш", ки тибќи иттилои ѓайрирасмї онро як тољики муќими ИМА "созмон" дода будааст, њамин аст, ки чанд моњ фаъол буду -4-5 "мурољиатномаву" "изњорот" пахш карда, гум шудааст. Дар муњити расонаиву сиёсии Тољикистон ин "љунбиш"-ро касе љиддї нагирифтааст. То ин дам низ ба назар мерасид, ки маќомот низ. Матлаби сеюм, "Семь лет борьбы с банком. Таджикский предприниматель против шурина президента" аст, ки 21октябри соли 2011 дар сомонаи "Фергана.ру" бо истинод ба расонаи расман ба ќайди давлатї гирифташуда"Озодї" бознашр шудааст. Ин маќола тарљумаи мусоњибаи журналист Абдуќаюми Ќаюмзод бо Нуриддинхўља Мањкамов аст, ки пештар, аниќтараш 1-уми октябри соли 2011 дар сомонаи радиои "Озодї" нашр гашта, чунин ном доштааст: "Сад бор рафтам, Њасан Асадуллозода ќабул накард". Дар он Мањкамов аз љониби дигари бањс ва њукумат шадидан интиќод кардааст. Тавре маълум кардем, рањбарияти "Ориёнбонк" вокунише ба ин матлаби "Озодї" надоштаанд. Љавоб нанавиштаанд, раддия њам талаб накардаанд. Ба дархости хаттии "Нигоњ" дар "Ориёнбонк" гуфтанд, ки "...тибќи ќонуни ЉТ "Дар бораи фаъолияти бонкї" дар ин бора маълумот дода наметавонанд". Ин њам дар њоле, ки ин ќазия ба фаъолияти бонкї рабте надорад. Њарчанд "Нигоњ" дар ин маќола њич мавриди халалдор шудани ќонунгузории љориро пайдо накард, онро ба Шўрои ВАО Тољикистон равон намудем, то коршиносони ин нињоди љамъиятии журналистї ба суоли "Оё дар маќолаи замимашуда мазмун ва муњтавои дорои ѓояњои динї, экстремистию террористї:

даъвати ошкоро ва пинњонии барангезандаи кинаю адовати миллї, нажодпарастї, мањалгарої ё динї; даъват ба љињод; даъвати оммавї барои бо роњи зўроварї таѓйир додани сохти конститутсионии Тољикистон; даъватњои оммавї дар ба амал баровардани фаъолияти экремистї вуљуд дорад ё на?" посух гўяд. Посухи мухтасар чунин аст: "... Надорад!". Се матлаби дигар "Хоруг асоси импичмент" аз 19 августи 2011, "Эмомали Рахмон в отставку!" аз 1 -уми июни соли 2012 ва "Таджикистан накануне революции" аз силсилаи матолибе њастанд, ки хусусияти баръалои тавтиа (провокатсия)-и сиёсї доранд. Барои мисол, маќолаи "Таджикистан накануне революции", ки дар сомонаи "Полярная звезда" 1-уми марти соли 2012 нашр шуда буд, зуд дар сомонаи наздик ба ВКХ Русия "Регнум" чоп шуд. Аммо баъди изњороти вазири корњои дохилии Тољикистон Рамазон РАЊИМОВ дар санаи 7-уми марти њамон сол пок карда шудааст. Ёдовар мешавем, ки нашри ин матолиб ба замоне рост меояд, ки Русия фишори иттилоотиро сари Њукумати Тољикистон ба ављи аъло расонида буд. Яъне, бањор ва тобистони соли 2012, чанд моњ пеш аз баста шудани Созишномаи будубоши Пойгоњи њарбии 201и Русияи дар моњи ноябри соли 2012. "Нигоњ" бар он аст, ки ин матолиб љузъе аз фишорњои сиёсии доирањои муайяни Русия мебошанд, на каму на зиёд. Бархўрд ба ин гуна матолиб бояд дар доираи њамин фањмиш сурат гирад ва маќомот набояд аз онњо бар зидди афроди алоњида кор бигиранд. На Ёров, на Мањкамов рабте ба онњо надоранд. Матлаби охирин ва шояд љиддитарин "Кто был никем, тот захватил все или почему Президент Таджикистана заслужил вотум недоверия" ном дошта, 21 апреля 2012 дар сомонаи "Фер-

Кўшиши сиёсикунї ба хотири пул? Ин матлаб ба забони русї иншо шуда, дар таърихи матбуоти миллї назир надорад. Он омехтаи талабњои тиљоратии Нуриддинхўља Мањкамов, иќтибосњо аз ба ном "Протоколи 2030" ва оёти Ќуръон бо забони русї аст. Маќола дар асоси номаи саркушодаи Мањкамов сохта шуда, моњирона сарлавња гузошта шудааст. Њатто як нигоњи сарсарї ба матни он кифоя аст, ки маълум гардад: номаи боз кўшиши дар асоси стратегияи адвокатї ба хотири фишор ба "Ориёнбонк" ва баргардонидаи маблаѓњои Мањкамов тањия шуда, барои ањамияти махсус додан ба он иќтибосњо аз "фошкорињои сиёсї" ва оёти ќуръонї истифода шудааст. Падари Ёров низ ба њамин фикр асту хеле мантиќї чунин изњорї назар кард: "На Нуриддин донандаи Ќуръон асту на Бузургмењр. Њардуяшонро њам то њољї шуданашон дар соли 2011 инсонњои мазњабї гуфта намешуд. Њарду муносибаташонро то њаљравї бо алкогол пинњон намекарданд. На инаш на ваяш матни русї навишта наметавонанд. Мањкамов дар номааш иќрор шудааст, ки ќисмати протоколи сабилмондаро аз сайти Звезда.ру гирифтааст. Ў дар ин мактубаш њукуматро танќид карда, ЊХДТ-ро аз ЊНИТ боло набинед, гуфтааст. "Пулњоямро то рўзи ќиёмат талаб мекунам", - навиштааст. О, танќид љиноят нест-ку. Он ваќт ЊНИТ экстремистї эълон нашуда буд, ки гўем, ња, ќонунро вайрон кардааст. Шумо- журналистон кобед, ки њамин сайти звезда.ру аз кї аст, таги кор маълум мешавад. Ба фикри ман, Мањкамов хостааст ба ин роњ пулњояшро аз "Ориёнбонк" гирад. Аќлаш мегирифт, ба сиёсати калон ќуш намешуд, лекин вайро њам фањмидан мумкин: мегўянд ин сардори оила аз нони хўрдан дар 10 соли судбозї монда будааст. То љое ман медонам, "Ориёнбонк" бо Мањкамов созиш кардаасту маблаѓњояшро додаанд. Оштї, ки

шудаанд ба сифати мукофот Асадуллозода њардуро ба њаљ равон кардааст. Рањмат ба њамон одам, ки созиш кардааст. Дигараш мешуд, намекард. Баъдан, азизонам, охир, пули худро талаб кардан гуноњ набудагист-ку. Писари ман чї айб дорад, ки барои адвокати Мањкамов шудану деларо бурдан бояд 20 сол зиндон шавад, панљ бачааш њайрону саргардон?!! ". Дар ин бахш шарњи иловагиро нозарур дониста, мегузарем ба тањќиќи Звезда.ру.

Изи русї "балои љон"-и тољик Тањќиќи "Нигоњ" нишон дод, ки сомонаи звезда.ру мутаалиќ ба доирањои њарбии Русия мебошад. Ин сомона нахустин шуда, аз номи журналист Сергей Строкан аз нашрияи "Коммерсантъ"аз мављудияти "Протоколи 32-20" санаи 1-уми марти соли 2012 иттилоъ пахш карда, нусхањои онро чоп кард. Он хабарро хеле аз пойгоњњои хабарии Русия зуд пањн карданд. Аммо санаи 6уми март шорењи нашрияи "Коммерсантъ" Строкан ба сафорати Тољикистон дар Маскав нома навишта, ба ў тааллуќ доштани ин маќоларо рад кард. Чанд рўз баъд, Прокуратураи генералии Тољикистон парвандаи љиної боз кард. Хабаргузорињои русие, ки ин хабарро пањн карда буданд, раддия чоп карданд. Сиёсатшиноси тољик Парвиз Муллољонов 20-уми март дар сомонаи "Азия-плюс" гуфт, ки "маќолаи звезда.ру характери провокатсионї дорад", он "ба боз њам мураккаб кардани муносиботи байни њукумат ва ЊНИТ оварда мерасонад". Ин маќола ва њаводиси чор (!) соли пешанд, ки акнун истифодаи чанд иќтибос аз онњо барои Мањкамов ва Ёров дар тањия ва амалисозии стратегияи адвокатї "балои љон" шудаанд. Ин њам дар њоле, ки љониби дигари бањс-"Ориёнбонк" њич даъвое надорад. Њамин тариќ, рўшан шуд, ки Бузургмењр Ёров ба њафт маќолаи ёдшуда рабт надорад. Њич кадоми онњоро нанавиштааст ва навишта наметавонист. Пас, чаро ўро ба "ифротгарої" ва кўшиши таѓйир додани сохти конститутсионї бо роњи зўрї" гумонбар медонанд? Шояд мухолифини фирорї њаќанд, ки мегўянд барои таъсиси Кумитаи њифз аз боздоштшудањои ЊНИТ? Оё Кумита вуљуд дошт? (Давом дорад) «Нигоњ»


10

“НИГОЊ”, ЧОРШАНБЕ №5 (488), 27. 04. 2016

Аз љумла худкомагони кишварњои арабии Ховари Миёна, ки Сурияро муддати 30 сол дар ќабзаи оњанин нигоњ дошт. Як аќалияти мазњабиро ба тахти њокимият овард ва инак аз соли 1970 ин ќавм дар сари идораи давлат аст. Дар Сурия 78 дарсади ањолї суннимазњабонанд ва ин Шаддоди асри 20, ки бо роњандозии табаддулот сари ќудрат омада буд, ба ќатли оми мардумаш бадном шуд. Њатто имрўз њам вогузории ќудрат ба писараш Башор Асадро ѓайриќонунї ва ѓайримантиќї меноманд. Низомеро созмон дод, ки онро имрўз њам тањлилгарон як низоми сохтаи Њофиз Асад меноманд. Бо гузашти солњо инќилобњои мардумї ба ќаламрави Сурия низ расиданд. Замоне буд, ки Њофиз сар ба болини марг гузошта буд. Вале инќилобу хезишњои мардумї ба хоку хун кашида шуданд ва имрўз Сурия ноамнтарин кишвари на танњо дар минтаќа, балки љањон аст. Хонадони ин диктатор њар кори мумкинро анљом дод, то тахту тољи худро ба ивази хуни дањњо њазор тан њифз кунад, мамлакаташро ба дасти русњову амрикоињо ва муттањидони онњо хароб созад. Ин хонадон боис шуд, ки дар ин сарзамини ноамн нерўи тахрибкоре бо номи "Давлати исломї" рўи кор ояд, ки њоло тањдиде ба амнияти љањон шудааст. Ва агар ба асл баргардем, бунёди ин режими бедодгар ва хуношомро њамон Њофиз Асад гузошта буд. Њофиз ал-Асад 15-уми октябри соли 1930 дар хонаводае аз ќабилаи ќалбияи аловитњои Сурия ба дунё омадааст. Вай нуњумин фарзанд ва чорумин аз зани дуюми падараш буд. Падараш Алї Сулаймон, ки тахаллуси Асад (шер)-ро ба худ нисбат дода буд, дар миёни аловитњо шахсияти муътабар ва хеле обрўманде ба њисоб мерафт. Алї Сулаймон бо фаронсавињои ишѓолгар њамкорї мекард. Баъди хуруљи нерўњои фаронсавї аз Сурия аловитњо дигар эътиборе миёни ањолии бумии Сурия надоштанд. Њофиз Асад аз оѓоз як дидгоњи наздик ба дидгоњи коммунистон дошт ва худи њизби Баас, ки аз он пайравї мекард, дар сиёсатњои худ наздикї бо Иттињоди Шўравиро шиор карда буд. Баъди хатми мактаб Асад мехост ба донишгоњи Бейрут дохил шавад, вале падари ў пуле надошт, ки хоњиши писарашро амалї кунад. Аз ин рў соли 1950 вай ба Академияи низомии шањри Хомс дохил шуд. Он замон ин донишгоњ њам соњиби хобгоњи хуб буд ва њам ба донишљўён хўрок медод. Њамзамон бо ин вай ба мактаби халабонии Алеппо низ тањсил мекард ва соли 1955 бо рутбаи лейтенант донишгоњро хатм кард, њамон сол љоизаи бењтарин халабонро ба даст овард ва барои кор ба пойгоњи њавоии Меззаи Димишќ сафарбар шуд. Соли 1954 њарбиён бо роњандозии табаддулот генерал Шишаклиро суќут доданд ва президент Њошим ал-Атасиро сари ќудрат нишонданд. Дар ин замон Баас бо ѓояњои зиддиѓарбии худ ба Њизби коммунисти Иттињоди Шўравї наздик шуд. Соли 1957 Њофиз Асад ба СССР сафарбар шуд ва дар мактаби њарбии идораи њавопаймои МиГ-17 тањсил кард. Соли 1958 Миср ва Сурия ба њам омаданд ва њамаи њизбњои сиёсии Сурия мунњал гардиданд, афсарони коммунистмаоб ихтисор карда шуданд, вале ин ихтисорот ба Асад таъсир надошт. Ваќте рутбаи њарбии капитан гирифт, ба Миср рафт ва якљо бо Њуснї Муборак тањсил кард. Баас, ки баъди мамнуъ эълон шуданаш ба буњрон рў ба рў гардид, узви љавонаш сарвари њизб Мишел Афлокроо гунањгор донистанд, ки бо фармони Носир њизбро ба парокандагї расонадааст. Баъдтар Асад ва чанд тани дигар як Кумитаи њарбирор дар назди њизб созмон доданд, солњои 1958-1959 Асад дар ин кумита наќши калидї дошт. Аммо соли 1961 чун иттињоди Миср ва Сурия пароканда шуд, афсарони Баасро ба истеъфо фиристоданд ва Асад дар вазорати наќлиёт як вазифаи хурдеро соњиб шуд. ТАБАДДУЛОТИ ЊАРБЇ, РОЊ БА СЎИ ЊОКИМИЯТ Табаддулот дар Ироќ Баасчиёни Сурияро низ далер кард ва моњи феврали соли 1963 шуъбаи мањаллии Баас њукукматро ишѓол на-

ДИКТАТОР Соли 1976 нерўњои Сурия худсарона вориди Лубнон шуданд, то ба љонибдорї аз "Њизбуллоњ" дар љанги дохилии ин кишвар шарик шаванд. Дар ин миён Миср бо Исроил муоњадаи дўстї имзо кард ва Сурия дар майдони мубориза бо давлати яњудї танњо монд. Асдад аввал хост дар љанги дохилии Лубнон миёнарав шавад, вале ин ибтикораш ба шикаст мувољењ шуд ва дастури вуруд ба Лубнонро содир кард. Ба сурати умум Асад худро пуштупаноњи "Њизбуллоњ"-и Лубнон ва муборизони Фаластин эълон кард ва гуфт дар муборизаи онњо зидди режии ишѓолгари Ќудс њамаљониба кўмак хоњад кард. ОХИРИ УМР Солњои охири њаёти Њофиз Асад бо шикастњову беморињо ва њатто тањдидњои табаддулот аз љониби наздиконаш супарї шуданд. Моњи ноябри соли 1983 ба диабети ќанд гирифтор шуд, сактаи дил гирифт ва ўро амали љарроњї карданд. Аз њамон замон вай дар фик-

ПАДАРЕ, КИ КИШВАРАШРО БА ПИСАРАШ МЕРОС МОНДА ЎРО БАДБАХТ КАРД

ЊОФИЗ АСАД муд, моњи март барои сарнагун сохтани президент Нозим ал-Ќудсї дастур содир кард. Билохира, баъди чанд талош њокимият ба дасти Баас гузашт. Шикасти арабњо дар љанги шашрўза бо Исроил, ки муљиби ишѓоли Баландињои Љавлон шуд, буњрони њокимиятро дар Сурия ба вуљуд овард. Роњбарони мулкї низомиёнро ба бесалоњиятї муттањам карданд. Эътирозгарон истеъфои Асадро, ки вазири мудофеаи буд, талаб карданд. Аммо аксари аъзои раёсати њизб Њофиз Асадро дар вазифааш боќї гузошт, айбу гуноњ ва заъфи ўро нодида гирифтанд. Њофиз Асад сабаби аслии шикастро бар души њокими ваќт Љадид мегузошти ва мегуфт худи ў аслан љурме надорад, чун фармонњоро Љадид содир мекард. Ин њам дар њолест, ки дар худи Баас ягонагї вуљуд надошт. Асад тадриљан дар зинањои њарбї сабзид, дар як муддати басо кутоњ соњиби рутбаи њарбии генерал-майор шуд ва миёни низомиён обрў пайдо кард. Зиддият миёни Асад ва Љадид мавриди баррасї дар кумитаи њарбии Баас шуд. Аз соли 1967 Асад талош кард мавќеъи худро тањким бахшад. Дар мамлакат амалан дуњокимиятї њукмрон шуд, яке њарбиён бо сарварии Њофиз Асад ва дигар мулкињо тањти роњбарии сарвари амалкунанда Љадид. Дар ин миён њизб дар сафњои худ ва маќомоти роњбарикунандаи њокимияти давлатї таѓйирот ворид кард. Њофиз неруњои мусаллањ ва Љадид хадамоти амниятиро зери назорат дошт ва њизб низ аз љониби ў сарварї мешуд. Асад дар њамаи райгирињои њизбї овози камтарро соњиб мешуд. Аъзои ќатории њизб намехостанд њарбиён ба њокимият дахолат кунанд. Моњи феврали соли 1969 зиддият миёни Асад ва Љадид муљиби бархўрди низомї њам шуд. 25-28 феврал бо фармони Асад ба Димишќ тонкњоро ворид карданд, журналистони мухолифи Асад аз нашрияњои њизбї ва радиову телевизион дур карда шуданд. 2 март сарвари хадамоти амниятї худкушї кард, вазъи ноамне њоким шуд, вале боз њам Асад љуръат намекард њокимиятро ѓасб кунад. 12-октябри соли 1970 анљумани њизби Баас Асадро аз вазифа сабукдўш кард ва Њофиз фавран даст ба табаддулоти низомї зад. Бо фармони Асад њамаи вазирони калидї боздошт ва зиндонї карда шуданд. Ба Љадид ва чанд тани дигар аз шахсони олимансаб вазифањои сафирї дар кишварњои дигарроо пешнињод кард, вале Љадид напазируфт ва ба Асад гуфт: "Агар ман ба ќудрат расмам туро дар кўчањон кашон-кашон мебарм, то даме, ки бимирї". Асад ўро да њабс гирифт ва соли 1993 аз олам даргузашт. 16-уми ноябр Асад аввалин изњороти худро содир кард, табаддулоти ў бе хунрезї амалї шуд. Баъди расидан ба ќудрат Њофиз Асад маќсад гузошт, ки заминњои аздастрафтаро аз яњудиён бозпас мегирад, аз ин рў ба таќвияти низомї пардохт. Аммо чун Сурия дар муњосира ќарор дот, мебоист муттањидон пайдо мекард. Ва яке аз ин муттањидон СССР буд, ки Асад чандин бор бо Леонид Брежнев дар Маскав мулоќот њам анљом дод.

ЊОФИЗ АЛ-АСАД БО ЛЕОНИД ИЛИЧ БРЕЖНЕВ ШАХСПАРАСТЇ Баъди сари њокимият омадан хадамоти махсус ва амнияти кишварашро ба такягоњи аслии аќалияти аловитњо табдил дод. Пайравони мазоњиби дигар, аз љумла суннимазњабоне, ки аксари кулли Суриятро ташкил медоданд, зери фишорњои равониву мазњабї ќарор гирифтанд. Аловитњо дар њамаи мансабњои давлатї таъин мешуданд ва онњое, ки садоќати бештар ба президент доштанд, аз имкониятњои вижа бархўрдор буданд. Асад иќрор буд, ки бештар ба сиёсати давлатдории ў низоми њукмронии Ким Чен Ир-диктатори Куриёи Шимолї таъсир дорад. Сурияи муосирро аксари тањлилгарон низоми сохтаи худи Њофиз Асад медонанд. Зарфи сї соли њокимият тавре њукмронї кард, ки фарќ миёни њукумати президентиву давлат намонд. Њама сохторњо ва бунёди давлатдорї ба дасти хонаводаи ў гузашт ва дигар њама камарзиш шуд. Чун президент вай аз ихтиёроти номањдуд бархўрдор буд, њизбаш БААС аксариятро дар парламон дар даст дошт, сарфармондењи неруњои мусаллањ буд, хадамоти љосусиро тањти назорати шадид ќарор дода буд. Унвонњое аз ќабили Доњї, "Пешвои абадї", "Бунёдгузори Сурия", "Умеди миллат", "Њофизи виљдон", "Мубориз" ва ѓайра ба худ ихтисос дод. Дўст медоранд ўро ба Салоњуддини Аюбї, яке аз кишваркушоёни Ислом монанд кунанд. Матбуот ин сифатњоро ба ў нисбат медод: доно, закї, шуљоъ, мусалмони воќеъї, ки Аллоњ дўсташ медорад". Дар катибаи ќабраш ин оятро аз Ќуръон навиштаанд : "Эй касоне, ки имон овардаед: итоат кунед Алоњро, итоат кунед Расули Ўро ва итоат кунед улуламри худро". 6 -ми октябри соли 1973 нерўњоои муштараки Миср ва Сурия аз марзи Исроил аз тариќи биёбони Синай убур карданд. Дар љанги шадид њарчанд пирўз нашуданд, вале артиши Сурия нишон дод, ки метавонад яке артиши љангї аз худ нишон гузорад. Ва ин љанг љузъиёти дигар ва њатто хиёнати ошкори Анвар Содот, аз муттањидони аслии Асад дорад, ки ин љо љойи гап нест.

ри љойнишини худ афтод. Замоне, ки њоким буд, боре дар мавриди ин намеандешид, ки Сурия мамлакати танњо авлоди ў нест. Дигарон низ њаќ доранд њокимият кунанд. Ин кишвар дар сї соли њокимияти Асад исми интихоботро фаромўш карда буд. Ва агар интихоботе њам баргузор мешуд, ба ном интихобот буд. Бародараш Рифъат баъди бемории Њофиз ба ин натиља расид, ки акнун вай дигар наметавонад мамлакатро идора кунад ва эълон кард, ки дар интихоботи ќарибулвуќуъи президентї номзадии худро хоњад гузошт. Аммо сокинони Сурия дар симои Рифъат намои фасодро медиданд. Неруњои мусаллање, ки дар ихтиёри ў ќарор дошт, миёни сокинон ва њатто роњбарияти мамлакат мањбубияте надошт. Аммо Рифъат умед дошт сарвари ояндаи Сурия мањз ўст. Вале бар асари як интригаи њарбї Рифъат аз вазифањо барканор ва аз кишвар ихрољ карда шуд. Танњо соли 1992 ба Сурия баргашт, вале дигар ягон наќши сиёсї дар идораи давлат надошт. Вале Њофиз Асад шадидан дар фикри љойнишин уфтод ва писарбузургаш Басилро сазовори љойи худ медонист, ўро омода мекард ва миёни мардум њам дигар шаке набуд, ки њокими ояндаи Сурия мањз Басил аст. Соли 1994 Басил бар асари як садамаи наќлиётї ба њалокат расид ва Њофиз Асад ногузир шуд писари хурдии худ Башорро, ки дар Лондон буд, даъват кунад ва такя ба ў андозад. Асад марги Басилро "талафоти бузури мардумї" номид. Охири солњои 10090 саломатии Њофиз Асад рў ба вахомат гароид, вай њатто дигар наметаовнист дар мулоќотњои расмї ширкат кунад ва агар иштирок њам мекард, хеле хаставу нотавон будани худро пинњон намекард. 10-уми июни соли 2000 бар асари сактаи ќалбї аз олам даргузашт. Ва Башор ба ќудрат нишаст, ки инак 16 сол баинљониб њокимият мекунад.

Бобољони ШАФЕЪ


“НИГОЊ”, ЧОРШАНБЕ №5 (488), 27. 04. 2016

САЊФАИ ВОЛИДОН КОРАФТОДАИ ДОНО

ИНРО БОЯД ДОНИСТ!

РАМЗИ ХУШБАХТИИ БАРДАВОМИ ХОНАВОДАИ ЗАФАРИ СЎФЇ Зафари Суфї барои љомеаи Тољикистон шахси ношинохта нест, журналисти муваффаќ, шоири тозагў, одозандеш, шахсиятест, ки њарфаш муроди дили миллат аст. Шахсан њар нигоштаи ўро интизор мешавам, аз њар шеъраш барои худ маънои тоза меёбам. Озодагон ва сомнаи њамномаш яке аз бењтарин нашрияњои кишвар аст, ки зарурат ба ситоиш њам нест, мехонем, мебинем. Вале ин љо сухан на аз шеъри ўст ва на аз нашрияшњои ў. Сухан аз Зафари падар аст. Ду рўз пеш буд, ки Зеварбону духтари ягонаи ин хонадон зери акси падару модари худ дар Фейсбук навишт: Муњимтарин чизе дар тарбияи фарзанд интихоби дурусти падар аст! Фарзанд хеле муњаббат бояд дошта бошад, ки ин гуна љумла дар фазои маљозї бикорад ва шарњи дигарро њам лозим надонад. Ва гуфтам њамин суолро барои бонуи ин хонадон Хумор Амиршоева ирсол кунам: ин чї интихобе буд? Ва посухаш њам расид, хондам, њисс кардам, ки савол хотиротеро аз 25 соли пеш дар умќи дили бонуи хонавода бедор кард ва шояд соатњоеро дар фарозу нишеби рўзгори гузашта сипари карда, то чанд љумлаи мухтасар оварад, ки посух ба савол бошад. Ва дар њаќиќат посух мухтасар, вале фарогиру дархўри чизе буд, ки мехостам. Ин соли 1991 буда, ки ин дуро, ки яке аллакай журналисту дигаре донишљў дар як конфронс ба њам оварда ва аз он таќдирашон раќам хўрдаву аввалин шиносої ба хонадоршавї анљомида. Борњо аз худам њам мепурсам, ки чаро мањз Зафари Суфиро интихоб кардаам? Ва њар бор посухам як аст, зеро ў аз дигарон фарќ мекард. Зафар тамоман нигоњи дигаре ба зиндагї доранд. Шахсе хастанд, ки њаргиз аз роњи интихоб намуда аќиб намегарданд. Ваќте маќсаде пеши рўй мегузоранд то расидан ба он маќсуд аз такопу даст барнамедоранд. Зафар аз мушкилињо наметарсанд, њамеша бар алайњи онњо далерона ба мубориза мебароянд. Хар касе Зафарро мешиносад, ин харфи маро тасдиќ мекунад, ки Зафар ба њама эњтироми хосса доранд ва њамин муносибати мењрубононаю њалимонаашон на танњо ман, балки хелењоро маљзуби худ мекунад. Ќариб 25 сол аст, ки якљоя зиндагї мекунем, аммо ман боре њам аз ў гапи сахт ё пасту баланд нашунидаам, ба бадњарфї одат надоранд ва одамњои бадзабонро њам намеписанданд. Ба фарзандонам низ њамеша тазаккур медињанд, ки гуфтори неку дошта бошанд ва њар њарфа-

ЗАФАРИ СУФЇ БО АЊЛИ ОИЛААШ шонро санљида гўянд то дили касеро наозоранд. Њарфи дурўѓ намегўянд ва дуруѓгўро хеле бад мебинанд. Фикр мекунам хамин ќабил рафторњои њамсарам боис гашт, ки мањз ўро њамчун њамсафари якумраи њаёти хеш интихоб намоям. Бо њамин њам метавон иктифо кард, то суроѓе аз на аз Зафари шоир ва журналист, балки Зафари падари мењрубон барои хонадонро дошта бошем. Вале боз њам: аз ин издивољ њоло соњиби писароне бо номњои Бобољон, Диловар ва Некфар ва духтаре бо исми Зеварбону шудаанд. Ин фарзандон њоло дар зинањои камолот ќадамњои аввалин мегузоранд, Зеварбону донишљўи соли сеюм, писари калонї низ донишљў, аз дуи боќимонда яке имсол мактабро хатм мекунад ва охирї дар синфи 8-ум тањсил дорад. Фикр мекунам асоситарин нуктаи тарбиятдињии њамсарам ин аст, ки эшон дар дараљаи аввал ба фарзандон њамчун шахсият арзиш ќоиланд, ба назару озодияшон эњтиром мегузоранд ва њарфашонро бо диќќат мешунаванд. Дар баробари ин ба волидони худ эњтироми зиёд доранд. Њамеша ба гуфтањои водидонашон гўш медињанд ва саъй мекунанд то онњо њамеша аз эшон розї бошанд. Ману њамсарам њаргиз ба фарзандон нагуфтаем, ки бояд ба мо эњтиром гузоранд ва ё чї тарз муносибат дошта бошанд. Онњо муносибати падарашонро њамчун улгу истифода мебаранд. Волидайнатонро эхтиром кунед, фарзандони шумо низ эњтиром хоњанд кард. Худатон покдоману солењ бошед, то фарзан-

дони солење дошта бошед. Луќмаи њалол дињед, то њалолкор ба воя расанд. Рамзи тарбия намудани фарзанди хуб њамин аст, ки ваќте шахс худро ислоњ мекунад, саъй мекунад иштибоње муртакиб нашавад фарзандони ў низ ба њамин усул амал хоњанд кард. Бону Хумор њам муътаќид аст, ки мушкилот њамсафари њар хонавода њаст ва намешавад, ки инсони ин љомеа буду гарде аз мушкил дар доман надошт. Ва мегўяд, чи гуна аз ин мушкилот рањої ёфтанро њар фард ба таври хеш мебинад. Яке бори гуноњро бар души дигаре мепартояд ва дигаре ба љанљолбардорї мегузарад. Лек мо бо вуљуди њар як мушкилие, ки пеши рў меомад, саъй мекардем ба њамдигар ќаринтар бошем, њар кадомамон мехост бори мушкилии дигариро сабук кунад. Шояд муњимтарин рамзи хушбахтии бардавом дар як хонавода њамин ќабил њамдигарфањмї бошад. Ин рафтори моро дида имрўз фарзандонамон низ кўшиш мекунанд њар ваќт мушкиле пеш ояд, дар њалли он сањм гузоранд ва кўмаки худро ба мо расонанд. Шояд њарфи гуфтанї дар бораи ин хонавода зиёд бошад, чун инњо талхию ширинии зиндагиро њам зиёд чашидаанд. Чун мусофиратњо њам доштанд ва замоне як коса обу як пиёла шарбати ѓарибиро бо њам нўшидаанд. Талхии мусофирату ѓурбатро муњаббат ширин мекунад. Ва њамин муњаббат буда, ки имрўз фарзандонашон аз онњо мехоњанд мерос гиранд ва дар фазои маљозї менависанд: Муњимтарин чизе дар тарбияи фарзанд интихоби дурусти падар аст!

фарзандатон дар мактаб бошад. Метавонад раванди дарсњо маќбулаш набошанд, шояд бо муаллимон кадом ихтилофе дорад. Шояд бо њамсинфонаш муносибаташ тира шудааст. Шояд кадоме аз хонандагони синфњои болої чизе гуфта, ки тарсидааст. Ин гуна сабабњо воќеъият доранд ва мутаассифона рўйдодњое назири ин хеле зиёданд. Вале барои фањмидани њамаи ин услуби пурсишу тањќиќ ба кор намеравад. Аввал хуб омўзед, бо њамсинфонаш суњбат кунед, бо муаллимон. Бо дўстонаш. Њатман вай дар миёни њамсинфонаш касе наздик дорад, ки асрорашро медонад. Аммо ин нуктаро њаргиз фаромўш накунд, ки барои њалли њама мушкилот барои фарзанд кўмаки волидон хеле муњим аст. Вай набояд худро танњо њисс кунад. Ва миёни шумову писаратон бояд боварї бошад. Бояд муносибати шумо тавре бошад, ки вай тавонад асрорашро ба шумо бигўяд. Аз сўйи дигар талош кунед, ки дар ин гуна њолатњои буњронї канораш бошед. Мушкилоташро худатон њал кунед, чун агар метавонист худаш њал мекард. Аз чанд љумлае, ки навиштед, ба назарам расид, ки вай њат-

ман ба ким-кадом мушкиле бархўрдааст, ки худаш наметавонад њал кунад. Аммо чизи дигарро њам фаромўш накунед. Шояд дарсро намедонад, бањои ѓайриќоноатбахш мегирад ва ин ўро дилсард кардааст. Мешавад ин гуна њолат, ки хонанда пайваста надонад ва изо кашад. Дар ин гуна њолатњо њам боз шумо метавонед мушкилашро осон кунед. Бо ў бошед ва гўед, ки дарсро надонистам гуноњ нест, агар хонад, бењтар аз дигарон хоњад донист. Ва худатон ё падараш бо ў нишинед, дарс тайёр кунед. Њатто бо муаллим гуфтугў кунед, ки касе бо бањо руњбаландаш созад, то завќаш бедор шавад. Ин гуна усулњо њастанд ва њатман кор медињанд. Муњим бо фарзанд будани шумост, то танњоиро эњсос накунад. Агар бачањо донанд, ки волидон пуштибони онњоянд, хеле далер мешаванд ва ба тањсил њам бо дилгармї меоянд. Мо дар мактабњои худ ин гуна мушкилињо дорем. Ва ин як чизи маъмулист.

МАСЛИЊАТИ ОМЎЗГОР Њар боре дар ин бора фикр мекунам, тааљљубам бештар мешавад. Писарам дар синфи 4 мехонад, вале мебинам, ки њамеша аз дарсњо ќафо мемонад. Майли рафтан ба мактаб надорад, субњгоњи бо азобе аз хоб бедораш мекунам, бо дили нохоњам меравад. Намедонам чаро? Муњаббат САЛОМОВА, Душанбе Посух: Ин мушкили танњо як хонавода нест. Дар замоне, ки интернет љойи маѓзњоро мегирад ва атфол намехоњанд китоб хонанд, балки соатњо назди компутар бошанд, бозї кунанд, ба Интернет ворид шаванд, бо њамсолонашон њамсуњбат гарданд ва ѓайраву њоказо, аз ин гуна мушкилот зиёдтар гуфта мешавад. Аз номаи модар маълум нест, ки фарзандашон чаро якбора таѓйир ёфтааст. Вале метавон баъзе маслињатњо дод, чун њолати пешомада зиёд вомехўрад ва аз таљрибаи чандинсолаи кори педагогї медонам, ки сабабњо метавонанд зиёд бошанд. Шумо каме ваќт сарф кунед ва ба мактаб равед, шояд сабаби аслии дилсардии

11

Мавлуда НИЁЗОВА, омўзгор

ШАШ САБАБЕ, КИ ФАРЗАНДИ ШУМО НАМЕХОЊАД БА МАКТАБ РАВАД Сабаби аввал: Људої аз волидон барояш дањшат аст. Дар мактаб кўдак худро танњо њисс мекунад, касе аз пайвандонаш бо ў нестанд, ки аз дасташ гиранд, вай акнун калон шудааст ва њамзамон барояш хеле мушкил аст. Барои тифл дањшат аст аз даст додани волидон ва як сабаби саркашї аз мактаб њамин тарс аст. Пас чї бояд кард? Бояд ин нигаронии тифлро дарк намуд ва ўро бовар кунонд, ки шумо њаргиз ўро намепартоед, балки њамеша бо ў хоњед буд. Сабаби дуюм, падару модар намехоњанд ба мактаб раванд. Ин њолатест, ки фарзанди шумо ба дањшат меандозад. Вай тасаввур мекунад, ки мактаб рафтан, дарс хонданд, бањо гирифтан ва муњимтар аз њама сањаргоњон аз хоби ширин бархостан як њолати ногуворест. Пас бояд чї кард? Шумо барои фарзандатон аз мактаб чизњои љолиб ёбед. Ба наќли ў гўш дињед, ваќте вай аз дарсњо, аз суханони муаллимон њикоят мекунад, ба ваљд оед ва тавре вонамуд кунед, ки пештар инро намедонистед. Тавре рафтор кунед, ки вай зарурати мактабро бештар дарк кунад, яъне ў ба мактаб рафту медонад ва шумо намеравед, намедонед. Сабаби сеюм, тарс аз бањои 2. Волидон аз бањои 2-и фарзанд метарсанд ва ўро барои ин сарзаниш мекунанд. Чї бояд кард? Бањоро аслан фаромўш кунед. Бањои дуи фарзанди шумо, рафтору дониши ўро арзёбї намекунад. Бењтараш бо ў машѓулияти иловагї гузаронед, вале њаргиз барои бањо сарзанишаш накунед. Сабаби чорум, волидон тиљорат мекунанд. Яъне, чї? Агар ба мактаб равї, шоколад мехарам. Агар тамоми њафта ба мактаб равї ва бидуни бањои 3 ої, пас охири њафта меравем маѓозаи бозичањо ва бозичаи хуб мехарем. Дар акси њол, на. Ва агар фарзанди шумо ба ин гуна тиљорат одат кунад, бароятон хеле мушкил мешавад, њаддиаќал оянда шумо наметавонед ин корро кунед, чун бо калон шудан нарх њам боло меравад. Чи бояд кард? Тавре рафтор кунед, ки дар тањсил савдо дар миён набошад. Ба фарзанд омўзонед, ки мактаб њатмист ва аз он чизњое меомўзад, ки аз дигар љой наметавонад омўзад. Сабаи панљум, фарзанд наќшаи волидонро иљро мекунад. Баъзан падару модар мехоњанд орзуњои амалинашудаи онњоро фарзанд амалї кунад, мехоњанд, фарзандашон наќшаињои онњоро амалї созад. Оё ин дуруст аст? На! Фарзанди шумо ин шумо нестед, вай каси дигар, бо мафкура, биниш ва назари дигар аст. Нагузоред, ки орзуи амалиношудаи худро ба дастони вай амалї кунед. Бењтар он аст, ки барои амалї шудани хоњиши дили ў талош кунед. Шояд дар њаќиќат касе хоњад шавад, ки шумо мехостед, вале агар касе хоњад шавад, ки худаш мехоњад, пас кўмакаш кунед. Сабаби шашум, синнусоли наврасї. Наврас дар остонаи рушд аст, њам ќад мекашад, њам аќлаш расотар мешавад. Ин њолатест, ки таваљљуњ ба тањсил њам намекунад. Муќовимат мекунад, нгамехоњад ба мактаб равад, бихонад, бинвисад. Чї бояд кард? Тактикаи муносибатро бояд таѓйир дод. Тасввур кунед, ки акнун вай тифл нест, шахсест, ки худро калонсол мепиндорад. Њар ќадар назорати шумо сахттар бошад, њамон андоза вай мекўшад худро ба озодї занад. Дар ин њолат падару модар танњо бояд ба ў бовар кунанд, иљозат дињанд ва ўро бештар бишнаванд.


12

“НИГОЊ”, ЧОРШАНБЕ №5 (488), 27. 04. 2016

БО ШОИР

МАРЯМБОНУИ ФАРЃОНЇ Садо ояд зи умќи хотиротам: Навои номи ту - гулбонги булбул. Ба њар баргаш муњаббатномаи ту Миёни дафтарам хушкидаи гул. Дили ту ошиќи субњи сафо монд? Шаби ман дар назар кони љафо монд... Сањаргоњон куљо бояд шитобам? Гулистонам магар кони вафо монд? Аё њамдарси ман, њоло куљої? Ба хобам мењмон њар шаб чарої? Зи ман рафтї, ба сони одати бад Зи маѓзу ќалбу љон кай мебарої? Ба боѓи сабзи љони ту чу шабнам безаму безам, Гули бањман бигардам, бар баногўши ту овезам. Хуморат бишкану бикшо ба рўям наргиси шањло, Вагарна тундбоде гардаму бо ќањр бистезам. Агарчи раъду барќи ман ба вањм орад вуљудатро, Саропоят кунам тар, шираи љон резаму резам. Ба гирдат то њамегардам ба сони боди саргардон, Гирам дарди сарат, афтам ба зону, боз бархезам. Бубин дунёи зеборо, њама сабзу њама хуррам, Чу булбул њар нафас сад наѓма кун, табъи гуњаррезам! *** Ай Мири Наврўзам, биё, ай гулханафрўзам, биё, Чун ёри њаррўзам биё, хуш омадї хуштар зи пеш, Хуш омадї! Бар зулматистони дилам як дастаи нур омадї, Бо наѓмаи сур омадї, хуш омадї, ай неккеш, Хуш омадї! Њарчанд бас дер омадї, бо њукми таќдир омадї, Шодам, ки чун шер омадї, душман њамеларзад чу меш... Хуш омадї! Номонда буд аз умр беш - рањпо будам маргам њамеш, Чун Пури Сино омадї - љарроњи ќалби реш-реш, Хуш омадї! Ман нўшдору хостам, ман њўшдору хостам, Бар зањр дору хостам, сар то ба по позањри неш, Хуш омадї! Ай подшоњи бањру бар, аз њоли нодорон хабар Боди сабо додат магар? Ман дилфигору ќалбреш... Хуш омадї! Лаб бастаї? Њастї хамўш? Аз чї намесозї хурўш? Овози ќалбамро нуюш: "Ошиќтарам аз пеш беш!" Хуш омадї! Хуш омадї! Хуш омадї!!! *** Ошиќони рўйи Ўро манзили обод нест, Манзилободе чу мо як лањзае дилшод нест. Ихтиёри хешро бо љоншикоре додаем, Љони мо вораставу тарс аз дигар сайёд нест. Чун бињишти насяро бо ними љав байъ кардаем, Тарс дар дил баъди ин аз боди буду бод нест. Шеъри моро куфр хонда муњтасиб дар дарси ишќ,

Суњбаташро чун шунидам, маънї дар бунёд нест. Ќудсиёнро гуфтаї ту: "Аз муњаббат бўй нест!" Њуру ѓилмонро чї гўйї, аз Худояш ёд нест?! Мо, ки дарси Ишќро пеши малак омўхтем, Дар дили мо шавќу мењри мактабу устод нест. Андар уќёнуси маънї ѓўтавар гардидаем, Нохудои киштиро ањволи мо рўшод нест.

*** "Обро аз рўшної кун ќиёс", Сирати мо аз нигоњи мо шинос. Њою њуйи маљлиси унс аз куљост? Гашт пур аз ашки хунполой тос! Ёд кун аз ною аз Мавлои мо, Мўй баркан, њам гиребон аз либос. Мо њариси молу сарват, сер не Чашм моро аз либосу аз палос... Мо худиро пушти по худ мезанем, Гоњ пешипо дињемаш... Алѓиёс!

*** Гетии пажмурдарўю кўзпуштро љоѓар аст, Чашми Маѓриб хун гирифта, тор ќалби Ховар аст. Итминонам кост, шустам дасту дил аз ду љањон, Офарин бар он бигў, то охират бар бовар аст. Рў ба рўйи ноњаќї хуни љигар мо мехўрем, Чашми њаќбин баста дидї? Гўиё он довар аст... Гетии сархуш, бубин, каж дода мегўяд: "Марез!" Чун бубинад дасту дил бо шавќ сўйи соѓар аст. Рахт барбастанд ногањ зодмандон, во дареѓ, Шуд ѓарибї ќисмати ман, ин басе дардовар аст. "Зиндагонї роњаташ дар ибтидою интињост, Ё лањад љойи фароѓат, ё канори модар аст."

Зери чанги пешгомон мондаем, Пасравимон хоси ом(м) асту хавос(с). Мушаки њамсоягон дар гирди Моњ, Муштаки бедирњами мо беќиёс. Љуръати њамсуњбатї бо Мањ куљост? Мо ба чоњи худфиребиву њарос. Чун Шакурї рафт аз мо, во дареѓ, "Олимон"-и мо шуда питзошинос. Тољикам! Ин "пешрафтан" аз куљо?! Аз худї бигрехтан бар чї асос?! Боркаш харро куљо бошад аён Тўбраи саргин ба пушташ ё ривос? Мо, ки насли Одаму Њаввостем, Пас, чї сон бошем бе фикру њавос?

Дўстиро мисли Турсунзода љўй, Забт мекун ќалбњои ношинос. Оташи ќањру ѓазабро паст кун, Оташи ойини мењрат дор пос. "Обро аз рўшної кун ќиёс", Бо нигоњи нек неконро шинос! *** РАНЉУР Так-таки ќалби маро мешунавї? Путк мезанад. Куњканам, аз кони дилам ганљ мекашам. Хиш-хиши килки маро мешунавї? Рўйи барги сабз Дард мекашам, њама дам ранљ мекашам. РАНЉУР Так-таки ќалби маро мешунавї? Путк мезанад. Куњканам, аз кони дилам ганљ мекашам. Хиш-хиши килки маро мешунавї? Рўйи барги сабз Дард мекашам, њама дам ранљ мекашам. ПОСУХАМ ГЎ, ЊАМВАТАН! "Дар Самангон асби Рустам интизори Рустам аст", То зи рўйи њамчу моњи ёри хеш Дар шабистон Рустами дастон, Бурќа бардорад, набардорад камон Кай расад доруламон? Њамзабон! Бетањаммул кун тааммул, чанд ќарн лозим шавад? Посухам гў, њаммињан! Рустамовар модари дањр, То бигирад беамон Ќасди Фирдавсї зи султон. Оварад то як тани дигар Тањамтан, Бетањаммул кун тааммул, чанд ќарн лозим шавад? То дубора чустї худро тусї донад, Бонувони порсояш шањд гиранд Дар дањан. Бо шакарханд То суруди аллаи љонбахш хонанд. Бар забони тифли ноз Шањд монанд Ангубини порсї, Њамватан! Ай љони ман! Бетањаммул кун тааммул, чанд ќарн лозим шавад? Дар Намангон, бар масал, Аз Умархони дигар гар Собире зода шавад, Парварад дар домани пок Моми тусї њамчу Сотим насли хеш, То Улуѓзода шавад, Њамчу "Фирдавсї" нигорад як румон. Њамватан! Ай њамдилу ай њамнигоњ! Бетањаммул кун тааммул, чанд ќарн лозим шавад?

ИЛЊОМ АЗ МАРСЕЛ ПРУСТ

*** Ману ту Замоне мову ту њампарта будем, Ба гулзори муњаббат раста будем. Гулистони муњаббат - мактаби мо, Ду гулѓунча ба як гулдаста будем. Ба њамдигар чунон дилбаста будем, Зи олам гўиё вораста будем. Ту аз ман будиву ман аз ту, ай ёр, Ба бегона дари дил баста будем. Баёзи дафтарам буд аз Њилолї, Дар он гулчини абёту ѓазал буд. Гирифтори румони ошиќона, Зи Моппассан китобат як баѓал буд. Агар бар дањр шоми ѓам намебуд, Ба пиндорам, ки чашми нам намебуд. Душанбе буд, агар њар рўзи њафта, Ба охир "рўзњои дам" намебуд. Шаби ялдо њама шаб буда гўё, Ба ёди рўзи нав девона будем. Яќин дорам, хаёлан њардуи мо, Гање шамъу гање парвона будем. Чу мурѓони чаманоро дами субњ Ба як дам мижагонро баста будем. Ба ботин ќудрати беинтињомон, Ба зоњир андаке мо хаста будем. Ба мактаб, бар масал, аз реша пурсанд, Љавоби мо зи гул буду зи гулбун. Муаллим бо тамасхур ханда мезад, Ману ту сарфиканда, чењра гулгун...

- Чї бештар нафрати Шуморо меорад? - Мебоист, ба адиб на аз нафрату бадбинї, балки аз мењру муњаббат, аз дўстиву рафоќат савол мешуд, ки нашуд. Чї илољ? Таомули "Нигоњ"-ро риоя мекунем. Аммо аз нафрат сухане нест, бояд барои ин боястї мо њадди аќалл ифодаи "хушам нест"-ро корбаст кунем. Суњбати ниќобдоронро намеписандам. Маро одат ин аст, ки то ба чашми мусоњибам нигањ накунам, суњбатро давом дода наметавонам. - Персонажњои таърихї, ки Шумо онњоро чашми дидан надоред? - Отряди пионерии синфи мо ба номи Павлик Морозов буд. Ба мо сарпионервожвтии мактаб дар бораи ин пионери ќањрамон матолиби зиёд иборат аз шеъру њикояву маќолањо пешнињод мекард, то ўро хубтар шиносем, пайраваш бошем. Аммо аз аввал ба дилам ин ќањрамонро роњ дода натавонистам. Бовар намекардам, ки як бачаи 13-сола ќудрате дошта бошад, ки бар муќобили падар хезад ва фурўхтани падари хеш ќањрамонї њисоб ёбад. Имрўз ба мо аён аст, ки Павлик ќурбонии дуљонибаи идеологияи коммунистї будааст. Яъне, ман ќањрамонсозињои бардурўѓро дида наметавонам. Њама гуна "ќањрамонњо"-и сохта ё бозичаи дасти гурўњеанд ё ќурбонии идеологияи замон. Шояд Шумо гумон кунед, ки камина ба моњияти савол сарфањм нарафтам. На, ман

дар атрофи ин пурсиш амиќ фикр рондам ва ин посухро муносиб њам донистам, чунки адабиёт оинаи зиндагист. Ќањрамонсозї кори душворе нест, аммо баъди чанде аз маснади "ќањрамонї" фаровардани он басе дардовар хоњад буд. Чунон ки 19 декабри соли 1948 дар боѓи бачагон, воќеъ дар кўчаи Дружинниковскии шањри Москва муљассамаи Павлику Морозовро њамчун ќањрамон гузоштанду соли1991 онро бо номи хоин аз миён бардоштанд. Аљаб не, ки ин бозињои сиёсї ќалби садњо нафарро ранљонида бошад, аз њаёт дилмонда карда бошад. Њамин тариќ, нависанда њам метавонад бо нируи сухан, њатто, нокасеро касе созад, аммо хонандаи закї њамеша чизи хондаашро бо воќеъият муќоиса мекунад. Аз ёдам намеравад, ки шоире солњои љанги шањрвандї дар кишварамон силоњбадастеро ситоиш карда буд: "Мешунидам, ки Рустами замонї, Чун бидидам, њазор чандонї!" Аммо ку њамон њазор чандон болотар аз Рустами дастон? Боястї аз ин боб биандешем ва ба ќадри ќалами хеш расем. - Парандаи дўстдоштаи Шумо кадом аст? - Дўстдори кабку бедона њастам. Аз овози хушашон роњат мекунам. Аммо имрўз дар манзилам парандаи хонагї надорам, чун наберањо пишакдўстанд.))) Барои майнањо нонреза медињаму худро ором месозам...


ТАХТАИ СИЁЊ Маќсад аз танзими номи кўдакон, рўшантар гўем, маљбур кардани волидайн ба интихоби номи фарзанд аз мањдудаи як рўйхат дар чист, фањмидан наметавонам. Ё шояд дар маѓзи кўчаки мо фалсафаи ѓании Кумитаи забон ва истилоњоти назди Њукумати Тољикистон, ки дар њамин рўзњои мушкил чунин тасмим гирифтааст, намеѓунљад. Аслан дар њамин шабу рўз, ки шиддати буњрони моливу сиёсї, фављи муњољирони бекору бепулро миёни фурудгоњњои Тољикистону Русия, ба ќавле ланка кардааст; Дар шабу рўзе, ки бузургтарин корхонањои саноатї маљбуранд њазорњо нафар коргарро ихтисор кунанд; Ваќте яке аз чор бонки бузургтарини кишвар дар арафаи муфлисшавї ќарор дорад, ки боиси норизоињои њазорон мизољаш шуда метавонад, ин иќдом маќоли мардумии мурдаро монда тутхўрї-ро ба ёд меорад.

“НИГОЊ”, ЧОРШАНБЕ №5 (488), 27. 04. 2016

НОМГУЗОРИИ МАЉБУРЇ, Ё МУРДАРО МОНДА, ТУТХЎРЇ? - Номашро Роѓуншоњ мемонам!

- Мебахшед, аммо исми Роѓуншоњ банд аст. Метавонед Роѓуншоњ2016 ё Роѓуншоњ2030 номаш кунед.

МАЌСАД ЧИСТ? Хуб, ба њар сурат, чунин ба назар мерасад, ки ин тасмим басо љиддї аст. Њадафаш њам чандон ба поксозии забону истилоњот монанд нест. Њарчанд мегўянд, ки маќсад халос шудан аз номњои бегона ва шикаста аст, на манъ кардани номгузории мусалмонї. Изњорот њам медињанд, ки изтироби шањрвандон асос надорад, зеро номи Муњаммад манъ карда нашудааст, балки шаклњои шикаставу кутоњшудаи он, амсоли Мамад, Мањмад, Тошмат ва ѓ. нораво шуданд. Чаро бояд шумо њатман њама чизро манъ кунед? Кї ба шумо њаќ дод, ки барои фарзандони дигарон ном интихоб кунед? Бародарони азиз! Агар њадаф, чунон, ки мегўед, миллї кардани ном, дуруст навиштани он бошад, марњамат рўйхатро аввал такмил дињед, пурра кунед, баъд њамчун тавсия дар идораи САЊШ овезед. Њарки саводи кофї барои номгузорї надорад, бигзор истифода барад. Падару модар њаќ доранд, ки ба фарзандашон номе, ки муносиб мешуморанд, бигузоранд. Шояд бовар кардан мумкин бошад, ки дар соли 25-уми истиќлолияти давлатї яку якбора Њукумати љонољон (бале Њукумат, зеро Кумитаи забон ва истилоњот назди њукумат аст. Ф.Р.) љуръат карда, ба њифзи номи Паёмбар ва сурањои Ќуръони Карим сина сипар намуд. Ва билоохира армонашро шикаст, ки дигар ба фарзандонатон Ёсин ном нагузоред, ки ин номи сураи Ќуръон аст, номи Паёмбарро манъ накардем, марњамат мондан гиред, аммо дар шакли пурра ва дуруст! Номи Ёсин миёни мусалмонон роиљ аст. Мардуми Тољикистон 99 дарсад мусалмон аст. Сураи Ёсинро дар лањзањои аз њама мушкил, ваќти супоридани љон мехонанд. Иборањои ёсинхонї, чилёсин кайњо мисли калимањои арабии Муњаммад, Акбар, Имом, Ањмад ва ѓ. тољикї шудаанд. Талаффузашон њам дар арабї дигар аст, дар то-

љикї дигар аст. Ин калимаро бегона гуфтан мумкин нест. Дар мардум, боварї дорам, ки инро хуб медонед, ба хотири эњтиром ва эњтиёт, ки мабодо ба номи муборак тањќирро раво набинанд, номи нафареро, ки номаш дар асл Муњаммад аст, ё Ёсин аст, ба исми дигар љеѓ мезананд. То њамин њад ин номњо барои мардуми мусалмон арзишманд мебошанд. Дар Тољикистон ягон мафкура мафкураи давлатї њисобида намешавад ва аз њамин лињоз њам, андешањои динї ё мухолиф ба кадом дине, ки бошад, давлатї нестанд ва набояд ба мардум тањмил бишаванд.

ТИМСОЛИ ШУЉОАТ ВА ЗЕБОЇ Саодатшо Матробиён, муовини раиси Кумитаи забон ва истилоњоти Тољикистон ба радиои Озодї гуфт, ки дар фењристи номњо аз исми љонварњо танњо Шер, ки тимсоли шуљоату далерї аст, аз паррандањо Товусу Шоњин ва аз растанињо номњое, ки зебоиро тараннум мекунанд, ворид шудаанд. Аммо истифодаи номи мевањо њамчун номи инсон, ки дар байни мардум роиљ буд, манъ шудаст. Номгузории рўзњои њафта ба истиснои Сешанбеву Якшанбе иљозат шудааст. Сешанбеву якшанбе ё гургу паланг ба шумо маъќул набошад, айби кї аст? Чарху дук ва юѓу сипори замони Даќюнусро дар

телевизион мероси миллї гуфта тарѓиб мекунед. Њама медонад, ки на чарху дўк ва на юѓу сипоратон дигар ба кор намеравад. Атласу чакан ва либоси бадахшониро либоси миллї гуфта чунон тарѓиб кардем, ки нархашон ба осмон рафт. Ин либос акнун экспонати музей аст, то либоси миллї. На њар кас онро харидаву пўшида метавонад. Гелос, ё олуча ном гузоштани фарзанд дар манотиќи алоњидаи Бадахшон меросї аст. Мисли ана њамон либосашон, забонашон, номи падару бобоњояшон аст. Ба он агар шумо не, ањли он љамоат ифтихор доранд, эњтиром ќоиланд. Намехоњам, ки касеро ранљонда бошам, аммо дар баъзе манотиќи Тољикистон номи Саодат-шоро ба мард намегузоранд. Агар ин рўйхатро онњо тартиб бидињанд, бояд номи љаноби Матробиёнро аз фарњангашон хат бизананд? Фаќат ваќте бањс дар њимин бора меравад, аз номњое, назири МЭЛС, СТАЛИН, ИЛЬИЧ, ЯНВАРЬ, ВЛАДЛЕН ва ѓ. њ. гап мезананд. Ин номњоро волидайн ба фарзандонашон аз мастї, бесаводї, ё бефарњангию бегонапарастї нагузоштаанд. Онњоро касе маљбур њам накардааст, ки чунин ном монанд. Онњо ба ин номњо эњтиром доштанд. Эњтироме, ки њоло мутаассифона фарзандонашон нисбати касе дар њукумати кунунї надоранд.

ЉИНОЯТ ВА ЉАЗО

МАЊКУМИЯТИ ДУ ТАН БАРОИ САФАР БА СУРИЯ Ду шањрванди Тољикистон ба хотири ќасди иштирок дар љангњои Сурия ба 6 солии зиндон мањкум шуданд. Бино ба иттилои дафтари матбуоти Прокуратураи генералии Тољикистон ин нафарон мехостанд барои љанг ба Сурия раванд, вале аз љониби маќомотњои интизомии Русия ва Туркия дар роњ боздошт шуданд. Манбаъ мегўяд, Насим Хушвахтов, соли гузашта њангоми дар муњољирати мењнатї дар Русия буданаш бо писари таѓояш Иброњим Заробиддин дар шабакаи љамъиятии интернетии Телеграмма бо дигар аъзои гурўњи террористї бо номњои Ахи ва Мусаб мукотиба намуда, даъвати онњоро оид ба иштирок дар гурўњи экстремистї-террористии

13

Давлати Исломї ќабул ва љонибдорї намудааст. "Номбурда 3-юми феврали соли равон бо маќсади узви ин гурўњи террористї шудан ва дар муноќишањои мусаллањонаи давлати Сурия иштирок намудан тавассути хатсайри Маскав- Истанбул ба давлати Туркия парвоз карданї мешавад. Дар ин њангом Н.С. Хушватов аз љониби кормандони маќомоти амниятии Федератсияи Русия дастгир гардидааст." Инчунин Асрорбек Давлатов, шањрванди дигари Тољикистон бо он муттањам дониста мешавад, ки њангоми дар муњољирати мењнатї будан дар сомонањои интернетии "Одноклассники" сањифаи худро бо номи "АК47Shohmansurec" ва "Зелло" бо номи "Абу Зу-

байр" ба ќайд гирифта, бо шањрванди дигари Тољикистон бо номи "Абдурањмон" дар алоќа шуда, таклифи охиронро дар бобати ба ташкилоти экстремистї-террористии "Давлати исломї" пайвастан ќабул кардааст. 9-уми феврал Асрорбек Давлятов дар роњ ба сўи Сурия аз љониби маќомоти интизомии Туркия боздошт шудааст. Суди ноњияи Исмоили Сомонии пойтахт Асрорбек Давлатов ва Насим Хушвахтовро бо суиќасди љалб ва иштироки ѓайриќонунии шањрвандон дар задухўрди мусаллањона ё амалиёти љангии ќаламрави дигар давлатњо гунањкор дониста, онњоро ба 6 солии зиндон мањкум кардааст.

Муллораљаб ЮСУФЇ

ШИНОСНОМА БАРОИ МО Њоло ман шахсан чор-панљ нафареро медонам, ки соли гузашта, ё њамин сол ному насабашонро дар шиноснома дигар карданд. Чунки аз Русия депорт шуда омаданд ва бо харљи 500 600 доллар шањодатнома, шиносномаашонро иваз карданд, то дубора ба муњољирати корї рафта тавонанд. Ва рафтанд. Кор њам карданд. Бачаи њамсоя нав бо њамин мушкил омадааст, мегўяд дар Маскав се сол ронанда будааст, танњо як маротиба ќоидаи роњро вайрон карда депорт шудааст. Омодааст, ки пул дода ному насабашро дигар кунад. Муњим нест, чи ном, фаќат шиносномаи дигар дошта бошад, то ўро ба ин кишвар ворид кунад. Аммо метарсад, ки изи ангуштонаш назди компютери ФМС ошкораш мекунанд. Як њамсояи дигарам номаш Фурќат буд. Маънои номашро (људої) фањмида, онро ба Абдурањмон иваз кард. Нафари дигареро њам медонам, ки Шодї ном дошта, дар Кундузи Афѓонистон маљбур шудааст, худро Довуд номад. Дар он љо маймунро шодї мегўянд. Як нафари дигарро медонам, ки номаш Толиб буд ва баъди шањрванди Олмон шуданаш онро ба Љоник иваз кард. Мегуфт, ки дар Аврупо аз шунидани номи Толиб ё Толибон сахт ќимобанд. Номе чун Толиб куљову Љоник куљо, -мегўяед Шумо? Аммо барои мардум имрўз муњим ном дар шиноснома нест. Ба ин мардум љойи кор, маоши хуб дар ватан муњимтар аст. Дар шиноснома бигзор Саодатшо ё Ќулмурод бошад. Аз ин чизе таѓйир намеёбад. Бинобар ин њам, агар њадафи ин рўйхатдорон номгузории исломї бошад, натиљае нахоњад дод. Бењтараш коре, ки пештар сар карда будед, ислоњи навиштаљоти кўчаву хиёбонњо, рекламаву эълонњои овезањо дар маѓозаву тарафбхонањо, ба сомон расонед. Инро њам тањти назорат гиред, ки дар шиносномањо номњо хато нараванд, дуруст навишта шаванд. Дар масъалаи дуруст кардани номњои шикаста, кутоњшуда, сад дар сад тарафдорам. Аммо касе њаќќи маљбур кардани касеро дар номгузорї надорад. Аз њама бењтараш низоми маорифро бояд такмил дод, маоши муаллимро бояд боло бурд, шароити мактабњои дењаро ба сатњи зарурї бояд бардошт. То сатњи саводнокии ањолї ба сатњи зарурї нарасад, бо фишору манъ карданњову рўйхатбозї ба натиљае расидан мумкин нест. Фаридун РАЊНАВАРД


14

ТАБЛИЃ

“НИГОЊ”, ЧОРШАНБЕ №5 (488), 27. 04. 2016

Дар навиштањои гузашта тарњи умумии ширкати QNet нишон дода шуда буд, њадафњо ва фалсафаи ширкатро баён крада будем. Барои пурратар тасаввур шудани ин тарњњо мо шуморо бо љањонбинињо ва пазирањои ахлоќии бунёдгузори QNet Видљай Эсваран, дидгоњњои вай дар мавриди фурушњои мустаќим дар иќтисоди љањонї ошно карда будем. Ин маълумот дар маводњои шарњї дар мавриди вазъи соња ва мавќеъи QNet дар рейтинги љањонї пурра карда шуда буд. Дар маљмуъ тасвири ширкат омода аст, то анљом он боќї монда, ки мањсулоташ муаррифї шавад. Дар иртибот ба ин сар аз њамин рўз мо силсилаи нави навиштањоро оѓоз мекунем. Дар он басо мухтасар, вале дар зарфияти дастрас барои њамагон дар бораи мањсулоти ширкати маълумот медињем. Ин корро мо аз бахши ѓизои солим шуруъ менамоем, вале на дар бораи худи мањсулот, аввал дар хусуси он ки онњо ба инсон чї медињанд. КАМЕ ДАР БОРАИ ЃИЗОИ СОЛИМ Илм дар бораи ѓизои солим аз асарњои Герберт Шелтон (Herbert M. Shelton, 1895-1985)-и машњур оѓоз гардид. Дар ќарни XX Шелтон ва шогирдони вай, намояндагони мактаби бењдошт ва дармони табиї назарияи маводи ѓизої бо таркиби муносибро тањия карданд. Ва ин назария муваффаќияти калон дошт. Баъдан профессори Донишгоњи Корнели Амрико Колин Кэмпбелл ба омўзиши фарогиртари ин масъала пардохт ва дар ин замина тањќиќотњои пурарзиштаре анљом дод ва натиљаи онро расонаї кард. Вай пазираи фалсафаи нави ѓизоро навишт ва ба назарияи ѓизои солим мафњумњои навро изофа намуд. Ин хулосањо чунинанд: Ѓизои гиёњї омезиши фоизи зиёди моддањои фоиданокро назар ба њар ѓизои дигар бештар таъмин мекунад; Ѓизои солим наметавонад ба организм зарар расонад; Ѓизои солим амали омилњои манфї ба организмро бозмедорад. Мутобиќ ба ин таърифи ѓизои солим аз QNet: Ѓизои солим ѓизои табиист, ки бо калорияњо тавозун карда шудааст, он њамаи талаботи баданро ќонеъ месозад ва аз мањсулоте таркиб ёфтааст, ки амали фоиданок доранд.

ПАНЉ МУЪЉИЗАИ ЃИЗОИ СОЛИМ АЗ QNET ®

Акнун мо асос дорем ва метавонем наќл кунем, ки ин чаро лозим ва инсон якљо бо ѓизои солим чї ба даст меорад. Ваќте шумо ба тарзи њаёти солим мегузаред, якљо бо баданатон дар руњу љон ва афкоратон таѓйирот ворид мешавад. Барои бадани инсон парњези маъмулї ва машќњои љисмонии оддї кам аст, барои вай ѓизои ба тавозуновардашуда ва дуруст лозим аст. Он дар назди њар гуна парњез афзалияти хос дорад Ѓизои дуруст ва мутавозун дар маљмуъ асоси тарзи њаёти солим аст. Ба бењбудии саломатї машѓул шуда, ба сифати ѓизо диќќат надодан ин њамон аст, ки дар киштї бидуни рањо кардани он аз лангар шино кунї. Барои бењбуди кори бадан мањдудиятњои сахт лозим нестанд, кофист, ки ба он чизи муфиде дода шавад. Дар ин њолат муъљизањо шуморо њамроњї хоњанд кард. Муъљизаи аввал. Афзоиши сатњи энержии дохилї Ваќте шумо дуруст ѓизо мехўред ва аз истеъмоли мањсулоти бефоида даст

мекашед, дарк мекунед, ки нисбатан нерўманд шудаед ва ва метавонед кореро анљом дињед, ки пештар наметавонистед ва ё ќодир набудед анљом дињед. Масалан, шумо метавонед тамоми шабонарўз болидаруњу бардам бошед, корњоеро анљом дињед, вале хастагиро эњсос накунед. Њамеша ваќти хуш дошта бошед ва дар ваќтњои таоми шому субњ зиндадилу кушодачењра бошед. Муъљизаи дуюм. Кайфияти њолатон хуш мешавад Боло рафтани сатњи энержї ба бењбудии кайфияти руњї таъсир мерасонад. Шумо на танњо мављи эњсосоти мусбатро њисс мекунед: шуру шавќе рух мезанад, ки ва ин аз шумо ба дўстону хешовандонатон мегузарад. Стресс вуљудатонро тарк мекунад, вай аз имрўз ба гузашате меравад, ки фаромўшаш мекунад. Олами атроф бароятон зебову назаррабо ва љолибу хуш љилва мекунад. Муъљизаи сеюм. Шумо вазни худро назорат мекунед Ѓизои солим имкон медињад фаъол

бошед, тобовар бошед, њамеша љисму љонатон зери назорати худатон бошад, њамеша худро аз њар гуна тањдидњои фарбењшавї наљот медињед. Тангнафасии шумо њангоми болову поён шудан дар зинањо гум мешавад, роње, ки мехоњед тай кунед, наздик мешавад, метавонед серњаракат бошед ва ё масофаи мавриди назарро ба зудї ва њатто бо давидани бе хастагї тай кунед. Ва љолибтар аз њама: он њама либосњое, ки замоне бароятон танг шуда буданд, дубора муносиби тан ва љисматон мешаванд. Муъљизаи чорум. Имкониятњои нав ва боварї ба худ Хушбинї, фаъолнокї, энержии њаёт, парњез, табъи хуш асоси афзоиши худањодињї ва боварї ба нерўи худатон мешавад. Ѓизои дуруст самарае медињад, ки њатто сигорињо нерўе пайдо мекунанд, ки аз одатњои бад худро рањо созанд. Шумо дигар аз њалли масоили сангин наметарсед ва даст ба иќдомоте мезанед, ки њисси тарсу бимро аз вуљудатон дур созад. Муъљизаи панљум. Хобатон бењтар мешавад Бехобї, камхобї, хастагиву бењолї...Њамаи инњо натиљаи тарзи нодурусти њаёт ва истеъмоли нољои ѓизост. Маъмулан ба ин стресс гунањгор аст. Дар ин њолат инсонро пеш аз хоб интизорињои гуногуни манфї ба изтироб меорад ва нохудогоњ шуруъи рўзи навро ба таъхир андохтанї мешавад. Натиља: субњи хеле сангин ва саломатии бад. Аммо ѓизои солим ин њамаро таѓйир медињад. Мушкилоти хоб низ ба гузашта меравад ва њангоми дуруст ѓизо хўрдан шумо њама шаб бидуни андешаи майдачуйдањои зиндагї орому бароњат мехобед. Зеро њар ќадар шумо бармањал аз хоб бедор мешавед, њамон андоза рўзи нав зудтар оѓоз мешавад, дари имкониятњои нав ба рўятон зудтар боз мешавад ва ин ба шумо имкон медињад, ки хушињои њаёти солимро эњсос намоед. Бовар кунед, ин хеле хуб аст!!!


НИГОЊИ МАРДУМЇ ЛАТИФАЊО

?-И НОБОБ Ростї муносибати баъзе аз духтурони тољик ба бемор бисёр даѓал аст. Баъзе аз онњо худро шоњу табъашонро вазир мегиранд. Оё Вазорати тандурустї ва њифзи иљтимої ин њолатро назорат мекунад? Мехостам пурсам, ки дар соли гузашта ва 3 моњи аввали соли 2016 оё ягон нафар табиб барои хунукназарї аз кор озод шуд ё не? Некбахти ЊАЙДАР, сокини ноњияи Абдурањмони Љомї Дар соли 2015 ва 3 моњи соли 2016 ягон нафар табиб барои хунукназарї аз кор озод нашудааст. Бояд ќайд кард, ки барои вайрон кардани ќоидањои коргузорї, одоби муошират, хизматрасонии тиббї ба модарон ва кўдакон, барои ба таври лозимї омода нагаштани муассисањои тиббї барои давраи зимистону тирамоњи солњои 2015-2016, барои нигоњ доштани дорувории мўњлаташ гузашта ва надоштани сертификат ба роњбарон ва табибони Вилояти Мухтори Кўњистони Бадахшон нисбати 10 нафар, вилояти Суѓд 15 нафар, вилояти Хатлон 18 нафар, шањри Душанбе 13 нафар, муассисањои љумњуриявї 7 нафар чорањои муљозоти интизомї андешида шудааст. Ба суоли Шумо Насим Олимов, муовини Вазири тандурустї ва њифзи иљтимои ањолии Љумњурии Тољикистон посух дод.

?-И БОБ Як њафта мешавад, ки дар бозорњо дигар тухми хориљиро намебинем. Шунидам воридоти тухмро аз хориљ манъ кардаанд. Оё ин дуруст аст? Лола АЗИМОВА, сокини ноњияи Хуросон. Бале, хонандаи азиз ин хабар дуруст аст ва на танњо тухми мурѓ балки воридоти пусти он низ ба Тољикистон манъ гардид. Масъулини Агентии "Тољикстандарт" мегўянд, манъ кардани воридоти тухм ва пўсти мурѓ ба хотири дастгирии истењсолкунандагони ватанї ва љилавгирї аз вуруди мањсулоти пастсифат ба бозор мебошад. Тасмими манъи воридоти пўсти мурѓ дар оѓози соли равон садо дода буд, аммо масъулин акнун воридоти тухми мурѓро низ манъ карданд. Пўст ва тухми мурѓ ба Тољикистон асосан аз Љумњурии Исломии Эрон ва Туркия ворид мешавад. Дар чанд соли ахир дар кишвар чандин фабрикањои мурѓпарварї ба фаъолияти шуруъ карданд, ки ба гуфтаи маќомот ба хотири дастгирии онњо воридоти тухми хориљ манъ шуд. Њоло дар миќёси љумњурї 85 фабрикаи мурѓпарварї фаъолият дошта, дар он зиёда аз 5 миллион сар парранда нигоњбин карда мешавад. Соли гузашта дар кишвар, бино ба иттилои расмї, ќариб 400 миллион дона тухм истењсол шудааст.

15

АКСИ ГЎЁ

Ду донишљў дар як хона иљора менишастанд. Яке аз радиомонии дигараш дилтанг шуду гуфт: -Имшаб радиоатро ба ман иљора дењ. -Чї, ягон барномаи махсусро шунидан мехоњї? пурсид донишљўи якум бо тааљљуб. -Не, мехоњам, ки оромона хоб равам. *** -Ту бекорї? -Не. -Кори шумо бисёр аст? -Ба сархорї њам дастам намерасад. -Шумо чї? -Барои сарбардорї њам ваќт надорем,-то ки сардор ягон кори дигар нафармояд, -коргарон яке аз паи дигаре бањона пеш меоварданд. -Хайр, чї илољ,-дар охир гуфт сардор.- Аз њама камкор худи ман будаам . Барои дамгирї ба Сочї як роњхат омада буд. Маљбур, ки акнун худам равам. *** Беморро аз мизи љарроњї ба палата оварданд. Вай оњи сабук кашида гуфт: -Њазор бор шукр, њамааш наѓз гузашт… -Саросема нашавед, љўра!-пичиррос зад беморе. -Духтур дар шиками ман рўдаи хунгузарониро фаромўш карду барои гирифтани он дубора љарроњї намуд… - Дар шиками ман бошад, ќайчиро фаромўш кард,-ѓурунгид бемори дигар. Дар њамин асно духтури љарроњ дарро кушоду пурсид: -Њељ кас кулоњи маро надидааст? *** Ду рафиќи дерина вомехуранд: -Салом чаро ин ќадар зиќї? -Дандонам дард мекунад. -Назди духтур рав! -Метарсам аз онњо! -Набошад ба стансия рав, дандонатро бо ришта ба вагон баста интизор шав. Ќатора якбора, ки кашид аз азоб озод мешавї. Баъди дў руз боз вомехуранд: -Хайр чї хел, дандонњо чї хел? -Сас то кан! -Шаш дандонатро канд? -Нееее! Сас вагон! А дандонњоямро ронандаи ќатора зада ѓалтонд.

НАХОД?

АСРОРИ НОБУД НАШУДАНИ ЧУКРИВУ ТОРОН ВА СИЁЊАЛАФ Њамаи мо медонем, ки тољирон аз чукри торон, рову рошак ва сиёњалафи куњї њар сол бањор бозорњои шањру навоњии кишварро пур мекунанд. Ба гумон аст, ки касе аз шањрвандони Тољикистон аз ин растанињо начашида бошад. Тољикон дар ѓарибї тамоми нозу неъмати дунёро ёбанд њам, наметавонанд чукрии навкандаи тагисангї ва ё сиёлафи гарми тољикї бичашанд. Натанњо мардум, балки табибон низ аз хусусиятњои табобатї доштани онњо ва таркиби аз витаминњои зарурї бойи ин рустанињои худрўй таъкид мекунанд. Инро дар Тољикистон њама медонад. Медонанд, зеро тўли садсолањо ин растанињо ба фарњанги мардуми мо ворид шуда, яке аз ѓизоњои мавсимии анъанавї табдил шудаанд. Садсолањо мегўему фикр намекунем, ки чаро дар тўли садсолањо ин растанињо нобуд нашудаанд? Сирри ин растанињо дар чист, ки новобаста ба таъќибу ќиркунї аз љониби мардум, ки њар сол, мањз ваќти гулкунї ќир мешаванд. Барои мисол, шикори моњї ваќте тухммонї манъ карда мешавад. Барои сайди моњи дар замони муайян љазо дода мешавад. Зеро шикори моњии бордор ба нест шудани ин љонвари обї, њамчун як намуд оварда мерасонад. Аммо чаро бо растанињое, ки њоло дар бораашон њарф мезанем, чунин њодиса рух намедињад? Њоло агар

“НИГОЊ”, ЧОРШАНБЕ №5 (488), 27. 04. 2016

њатто аз мардуми куњистон пурсед, ки гули сиёњалафро дидааст, ё не, аксарият посух медињанд, ки боре њам ин муъљизаро надидаанд. Чаро? Посух ба ин савол сода аст, мисли сирри ин навъи растанињо, ки тавонистаанд худро аз нобудшавї эмин бидоранд. Гап дар ин аст, ки ин растанињо дар баландињое истењсол мешаванд, ки пойи одам он љо намерасад. Дар баландї, дар љойњое, ки одам аслан по монда наметавонад, куљо расад, харакї рафтаву дарза-дарза даравидаву кашонад, ин растанињо нашъу намо доранд. Њар сол милионњо тухми ин растанињо аз баландї ба поин, ба доманакуњњо мерезанд. Њамон љо месабзанд ва талаботи одамону њайвонотро ќонеъ мекунанд. Њамин аст, ки чукриву торон, рову рошак ва сиёлафи куњї ва шояд дањњо намуди растанињои дигар аз нобудшавї аз дасти одамон эмин мондаанд. Рањмат ШУКУР, нафаќахўр

«ТУРО ДЎСТ МЕДОРАМ!» БО 310 ЗАБОН ДАР ПОРИС (ФАРОНСА)

ОЁ МЕДОНЕД? Ба таври мутавассит шумо дар руз 5 њазор калима суњбат мекунед? Инсон рўзона беш аз бистуњафт њазор ва солона беш аз дањ милиюн мартаба пилк мезанад? Оё медонед, ки дар дунё дар як рўз 15-милиард сигарет кашида мешавад аз љониби одамон. Оё медонед, ки аз њама номи дарозтарин дар љањон аз 1478њарф иборат аст ва барои ин номро ба пуррагї гирифтан 10-даќиќа ваќт лозим буд. Делфинњо монанди гургњо њангоми хоб як чашмашонро боз мегузоранд? Кадимтарин одомсе(сакич) ки чуида шудааст, мутааллик ба нуњ њазор сол пеш аст? 8 даќиќа ва 17 сония тул мекашад то нури хуршед ба замин бирасад? Исми тамоми кореањо бо њамон њарфе, ки оѓоз шудааст, поён меёбад? Чаро вакте шумо атса мезанед мардум ба шумо офияти ёш мегуянд, зеро ба њангоми атса ќалби шумо як милиюним сония меистад? Тўлонитарин хати лулаи газ зери дарёии љањон, интиќоли газ аз Неруж ба Инглистон як њазору дусад километр аст.? Оё медонед, ки пинвингњо дар ваќти хоб њамагї як чашмашонро мепушанду халос.

МАН ЌАБУЛ НАДОРАМ Њамарўза мехонам, ки дар Русия муњољирони моро латукўб мекунанд, мекушанд ва депорт мекунанд. Њафтаи гузашта ин хабарњо боз њам дилгиркунанда буд, бахусус зинда ба зинда гўр кардани як тољик ва ба гулўи муњољири дигари тољик рехтани сирко маро хеле ба дањшат овард. Ба гулўи Асрор Усмонзода, муњољири тољик дар Русия сирко андохта, ўро ба њалокат расониданд. Як муњољири дигарро зинда ба зинда гўр карданд. Ба њисоби ман дар давоми як њафта аз 13 то 21-уми апрел 9 муњољири тољик бо фалокатњои гуногун њаёти худро аз даст дода, як нафари дигараш љароњати вазнин бардоштааст. Ду бародари ман муњољир аст ва ин хабарњо рости ман ва модари пирамро хеле хавотир кардааст. Чун медонам, ки бародарони ман низ дар чунин ањволе дар Русия кор мекунанд ва хатарњои зиёд низ онњоро думболагир аст. Тањќир, латукўб, куштори вањшиёна ва озории муњољирони тољик дар Русия маро хеле ба дард меорад ва ман аслан онро ќабул надорам. Аз нињодњои дахлдор нахуст хоњиш ва баъдан талаб мекунам, ки ба таќдири муњољирон бетараф набошанд. Саидахон ЉОБИРОВА, сокини шањри Истаравшан Барои ба суолњои доѓи худ посух гирифтан ба идораи њафтаномаи "Нигоњ" мурољиат намоед. Суроѓа: шањри Душанбе, кўчаи Лоиќ Шералї-77, назди Хона музейи Мирзо Турсунзода. Ё ба масъули сањифаи "Нигоњи мардумї" бо шумораи телефонии 44-600-80-38 ва 915-89-0357 занг занед. Ё ба воситаи смс-паём саволи худро ирсол доред. Њамчунин ба почтаи электронии nigoh_tj@inbox.ru арзу пешнињод ва мушкилоти худро бинависед.


16

ХЕЛЕ ГАРОН

“НИГОЊ”, ЧОРШАНБЕ №5 (488), 27. 04. 2016

МАНГАР, КИ КЇ МЕГЎЯД...

ИНЊОРО БОЯД ШИНОХТ

ФАЙЗИНИССО ВОЊИДОВА Аз љумлаи маъруфтарин вакилони мудофеа на танњо дар љумњурї, балки дар минтаќа аст. Дониши бойи њуќуќї, бохабарї аз мантиќ, донистани ќонунњои љорї ва љасорати фавќулодда ўро дар љомеа бештар обруманд кардааст. Њамзамон бо ин фаъолтарин корбарони шабакањои иљтимоист, дар бораи њар рўйдод андешаи мустаќили худро дорад. Файзинисо Воњидова 24-уми декабри соли 1963 дар дењаи Хистеварзи ноњияи Бобољон Ѓафуров, дар хонаводаи коргар ба дунё омадааст. Соли 1981 мактаби миёнаи раќами 34, љамоати Ќистакузро хатм кард ва худи њамон сол барои идомаи тањсил ба Душанбе омад ва ба факултаи њуќуќшиносии Донишгоњи давлатии Тољикистон, ки он замон номи Ленинро дошт, дохил гардид. Ваќте аз ў дар бораи интихоби касб суол мекунанд, пеши назараш замони мактабхониаш меояд. Мегўяд он замон се ва њатто баъзан то чор моњ онњоро иљборї пахтачинї мебурданд. "Мо њамеша баъди дарс ва рўзњои истироњат аз субњ то шом миёни раддањои пахта дар сањро будем. Бегоњињо, ваќте мошинњои боркаш моро аз сањро ба хона мебурданд, дар бисёр њолатњо кормандни БДА мошинњоро манъ ва муддати тўлонї бо ронандагону корфармоёни онњо бањс мекарданд. Мо гуруснаву ташна ин њамаро тамошо ва бањсњои дилбазану барои мо ноошноро тањаммул мекардем. Ва боз андешаи он доштем, ки бояд шабона дарс хонему субњ дар мактаб ба саволњои устодон посух гўем. Ин њама моро хеле асабонї мекард. Њамон замон њисс мекардам, ки нисбати мо пахтачинњои наврасу хаста кормандони БДА беадолатї мекунанд. Ин њамаро медидам ва дар дил мегуфтам, ки њатман бояд њуќуќшинос шавам ва муќобили ин бенизомињо мубориза барам",- мегўяд ў. Фаъолияти кориаш аз маќомоти умури дохила шуруъ шудааст ва аз соли 1986 то соли 1995 дар муассисахои зертобеъи ВКД, аз љумла дар Раёсати корњои ислоњї кор кардааст. Аз соли 1995 вакили дифоъ аст. Соли 1990 дар шимоли кишвар аз аввалин касоне буд, ки иќдом ба ташкили Маркази њуќуќи инсон кард. Теъдоди нафарони зерњимояи ў ба садњо нафар мерасанд ва омори даќиќи онњоро ёд надорад. Вале аз парвандањои пуровоза, ки бо талошњои худи ў шахсони муттањам ба ин ё он љиноят сафед шудаву аз боздошт ва пайгирии ќонун рањо шудаанд, ёд дорад. Аз љумла дар бораи парвандаи собиќ вакили мардум дар Шўрои Олї Абдурабї Тоњиров наќл мекунад, ки беасос ба исёни

Мањмуд Худойбердиев муттањам карда буданд. Баъди талошњои зиёд билохира бегуноњии ў исбот шуд ва рањо гардид. Аммо 2-3 сол баъд ба ќасди ќасос ба хонааш як дона автомати Калашников партофтанд ва хостанд ба нигоњдории силоњ гунањгор кунад, вале боз њам ў бегуноњии хешро тавонист исбот намояд. Ё худ аз парвандаи бародарон Њољибоевњо њикоят мекунад, ки барои рўёнидани 15 њазор доллар бардурўѓ ба нигоњдории силоњ айбдор мешуданд, бо талошњои Файзиниссо Воњидова бегуноњ эълон шуданд. Файзиниссо Воњидова њамчунин вакили мудофеаи журналисти ВВС Урунбой Усмонов буд, ки билохира додгоњ бегуноњ эълон кард. Ва чунин парвандањои пуровоза зиёданд, ки бо талошњои ў анљоми мусбат доштанд. Ифтихор њам мекунад, ки тавонист ба дарди дањњо нафар марњам шавад, инсонњоро аз туњмату буњтон ва беадолативу љабри инсонњои дигар наљот бахшад. Ин теъдоди ин гуна афрод дањњо нафаранд, ки аз зиндону боздоштгоњњо рањо шудаанд. Вале ўро чун њамеша таѓйири ахлоќи љомеа дилгир мекунад. Мегўяд мурофиањои судии солњои пеш дигар буданд, судњо то андозае адолат ва ќонунро риоя мекарданд, њоло на чунин атс. " Ин чанд соли ахир аст, ки адолати судї ва мустаќилияти онњо аз байн рафтааст, аммо ќаблан ин тавр набуд. Судњо каму беш дар фаъолияти худ озод буданду адолати судиро таъмин мекарданд. Худ ќазоват кунед, ки чанд сол ќабл зиёд буданд њолатњое, ки агар гуноњ исбот нашавад ва далелњо барои иттињомот ќонеъкунанда набошанд, муттањамин ба ќатл, маводи мухаддир, силоњ ва ѓайраро сафед мекарданд. Ин њозир аст, ки барои як дашном одамро як сол роњии зиндон мекунанд. Ё худ барои он ки як нафар шими кутоњ пўшидаст ё нодуруст намоз гузоштааст, салафї њукм мешавад ва экстремисту тундгаро эътироф шуда, тўлонї ба зиндон андохта мешавад". Файзиниссо Воњидова оиладор ва соњиби 4 писар мебошад.

52 СИФАТИ "НИГОЊ" Додољон АТОВУЛЛОЕВ, журналисти мухолифи Њукумат "Нигоњ"-ро пайваста мехонам. Дар кишваре чун Тољикистон тавлид шудани чунин як "тифл" ва зинда мондани ў худ як мўъљиза аст. Бисёр рўзномањои ба ном мустаќил ба минбари сохторњои ќудратї ва ба ахлотќуттї бадал гаштанд. Обрўи сухан ва журналистика дар ягон давру замон ин ќадр паст нагардида буд. "Нигоњ" тавонист њувияти сухан ва журналисткаро нигоњ дорад. Дар њама давру замон чењраи расона - сардабири он аст. Сардабири он њам худашро сохт ва њам рўзномаашро. Ва њам ў ва њам рўзномаи ў дар љомеаи имрўза дар љойгоње бисёр боло маскан гузидаанд: аз нигоњи мудирият, касбият ва мањорат. Муњаррир: Абдуазим ЉЎРАЕВ

Њафтанома дар Вазорати фарњанги Љумњурии Тољикистон ба ќайд гирифта шудааст.

МУАССИС: Созмони љамъиятии «ИНДЕМ» («Информатика барои демократия ва рушди миллї»).

Котиби масъул: Умари ТОЊИР nigoh_tj@inbox.ru

Шўъбаи иттилоот ва сиёсат тел: 600 80 38 Шўъбаи тањќиќот ва тањлил тел: 93 591 02 01 Шўъбаи иљтимоъ ва иќтисод тел: 600 80 38 Шўъбаи реклом ва огоњиномањо тел: 918 74 75 79

Рустам ЌУДРАТОВ, узви Кумитаи дифоъ ва амнияти парлумон: -Медонед, њар рўз чанд њазор ќонунвайронкунї рух медињад. Чањорпанљ нафар узви як кумита фурсати баррасии њамаи онро надорад. Албатта, ин масъала (сарбозозорї ё дедовшина) вуљуд дорад ва баъд аз баргаштан мо дар љаласаи порлумон баррасї мекунем ва ман ин масъаларо бо маќомоти низомї низ дар миён мегузорам. - Фурсати баррасии мушкили мардумро надошта бошед, шањодатномаи вакилиро супурда, таги ягон боѓ рафта, дам гиред, рафиќ депутат! Абдуманнон ШЕРАЛИЕВ, коршинос: -Боздошт шудани як ду мансабдорои сатњи миёна баёнгари ягон таѓйирот нест. Њамон ваќт мешавад аз таѓйирот њарф зад, ки чанд вазир бо љонишинонаш боздошт шаванду амволашон мусодира шавад. - Бепарво бошед! Њар сари чанд сол ду-се вазирро янима карда, молу мулкашонро тарака мекунанд-ку. Ё шумо чанд вазири мушаххасро дар назар доред? Саидљаъфар ИСМОНОВ, рањбари ЊДТ: -Мо чанд тан аз олимони cоњаи кишоварзиро даъват кардем ва ќисман корњоеро анљом додем. Дар ноњияњо ва мањаллањо маасъалањои кишоварзиро баррасї мекунем ва баъдан аз номи Њизби демократї ман њамчун вакил дар парлумон, ба њукумати кишвар масъалаи ихтисор ва ё дигар кардани сохтори идории кишоварзиро дар миён хоњем гузошт. - Аз расонањо њам даъват кунед, то иќдом шаффоф бошаду худатонро дар ягон пахтазори Раљаббой баста наёбанд, ако. Шокирљон ЊАКИМОВ, њуќуќшинос: -Њамзамон бояд таъкид кунам, ки дар шароити Тољикистон мансаби давлатї асосан барои манфиатњои шахсии мансабдорон истифода мешавад ва агар иродаи сиёсї бошад, парвандањои љиноятиро нисбати аксарияти мансабдорони сатњњои гуногун оѓоз кардан мумкин аст. -Иродаи сиёсї 20 сол боз барои баргузории интихоботу бисёрњизбї пайдо нашуд, барои боздошти мансабдорони худашон таъин карда мешудааст-мї?. Пур содаед, домулло Шокирљон-де! Андрей КОСТЮК, сайёњи укроин дар Душанбе: - Баъзан одамон ба ман пул медињанд ва ман ба онњо мегўям, ташаккур лозим нест. Аммо бисёр ваќт барои он ки онњо наранљанд, мегирам. - Акаи Андрей ин гапро дигар нагўед, ки Русия мо- тољиконро хољагони хориљии њукумати Укроин эълон мекунад. Мубин ЭРГАШЕВ, сармураббии дастаи Истиќлол: - Мо хеле хушњолем, ки боз ба сарзамини Урдун омадем. Солњои ахир мо ба ин љо зуд-зуд меоем, мардум хеле хайрхоњу мењмоннавозанд. Вале, мутаассифона, ин дафъа њарифамон моро мутаассир кард. Аввалан, дирўз ба мо барои тамрин майдони сунъиро пешкаш намуданд, њол он ки бозї дар майдони рўпўшаш табиї баргузор мешавад. Наход, дар шањри бузурге чун Аммон барои як соати тамрин майдони мувофиќ набошад? - Маълум мешавад, ки бозињои пешинаатон онњоро бисёр муттаассир карда будааст-де...

Дар њафтанома матолибе низ ба нашр мерасанд, ки бо мавќеи идораи он муѓойират доранд. Дар шумора аз аксњое њам аз Шабакаи љањонии Интернет истифода шудааст. Матолиби хусусияти таблиѓотидошта ® метавонанд танњо бо пардохти муайян дар њафтаномаи «Нигоњ» нашр шаванд. Барои дар дигар нашрияњо пурра ё ќисман чоп кардани матолиб ва иќтибосњо аз «Нигоњ» иљозаи хаттии идора ва нишон додани сарчашма дар шакли «аз њафтаномаи «Нигоњ» №_ аз санаи _» њатмист. Њуќуќи муаллифии кулли матлабњои шумора ба идораи њафтаномаи «Нигоњ» ва СЉ «ИНДЕМ» тааллуќ дошта, тибќи ќонунгузории љории Тољикистон ва байналмилалї њифз карда мешаванд. Дар њолати наќзи "Меъёрњои ахлоќии фаъолияти журналистї дар Тољикистон" аз љониби нашрияи мо, бо арзу шикоят метавонед ба Шўрои воситањои ахбори оммаи Љумњурии Тољикистон (Шўрои ВАО - и ЉТ) мурољиат намоед.

Ќимати рўзнома дар фурўши чакана на беш аз 2,5 сомонї Њафтанома дар нашриёти «Мега-принт» чоп мешавад. Ќимати обуна барои як сол - 96 сомонї. Индекси обуна: 68990 НИШОНИИ ИДОРА: Љумњурии Тољикистон, шањри Душанбе, кўчаи Лоиќ Шералї, хонаи 77. Телефон: (44) 600 80 38, 224 25 09


Turn static files into dynamic content formats.

Create a flipbook
Issuu converts static files into: digital portfolios, online yearbooks, online catalogs, digital photo albums and more. Sign up and create your flipbook.