Нигох №8 (390). Чоршанбе, 14-уми майи соли 2014

Page 1

“НИГОЊ”, ЧОРШАНБЕ №8 (390), 14. 05. 2014

Дарди Украина: худињо ва бегонагон (назаре аз Душанбе ё худ андешањои пароканда дар њошияи њаводис)

1

САЊИФАЊОИ 8-9 №8 (390). Чоршанбе, 14-уми майи соли 2014

e-mail: nigoh_tj@inbox.ru

www.facebook.com/nigohtj

НАВГОНЇ

"Qnet "пирамидаи молиявї" нест" САЊИФАИ 4

РАФТОР

Садама: Made in USA САЊИФАИ 7

СУЌУТИ КЛАН Зарбањои навбатї ба Алимардоновњо то куљоњо меравад?

ПОСДОРЇ БО ШОИР

Ту мегуфтї, шабони мо сияњ нест САЊИФАИ 12

ПУРБИНИ «НИГОЊ»

Љањонгардии Мирзодиккак ва дарси забони Ѓалтак САЊИФАИ 16

Умаралї ЌУВВАТОВ:

"АГАР ЯК ДАВЛАТИ ХОРИЉЇ ДАСТГИРЇ КУНАД..."


2

САРНАВИШТ

“НИГОЊ”, ЧОРШАНБЕ №8 (390), 14. 05. 2014

СУЌУТИ КЛАН Зарбањои навбатї ба Алимардоновњо то куљоњо меравад? Прокуратураи генералии Тољикистон нисбати яке аз наздикони Муродалї Алимардон, муовини сарвазири кишвар парвандаи љиної оѓоз кардааст. Бино ба иттилои ѓайрирасмї, Наврўз Раљабов, муовини собиќи раиси "Агроинветсбонк", аз сўи маќомот ба сирќати њудуди 1 млн. доллар муттањам мешавад. Дар Прокуратураи генералии Тољикистон оѓоз шудани парвандаи љиної ва идомаи тафтишотро дар бархе аз филиалњои "Агроинвестбонк" ба TojNews тасдиќ карданд, аммо аз шарњи бештари ќазия, бинобар халал нарасонидан ба тафтишот, худдорї варзиданд. Абдуќодир Муњаммадиев, муовини аввали Прокурори генералї 12-уми май дар суњбат ба хабарнигори TojNews гуфт, парванда нисбати "Агроинвестбонк" беш аз як моњ пеш оѓоз шудааст: "Нисбати масъулини чанд филиали ин бонк парванда оѓоз шуда, тафтишот идома дорад. Масалан, яке аз ин филиалњои "Агроинвестбонк" дар ноњияи Љиликўл мебошад. Парванда калон аст. Њоло даќиќ гуфта наметавонем, ки нисбати кї дар кадом бахш парвандаи љиної оѓоз шудааст. Тибќи ќонун, мо масъулияти назорати иљрои ќонунњоро дорем ва њар як ташкилот новобаста аз шакли фаъолияти уњдадор аст, ки ќонунњои љориро риоя кунад".

Нарзулло Соњибов, бародари Мањмадзойир Соњибов, домоди калонии Президент Эмомалї Рањмон ба вазифаи давлатї таъйин шудааст. Бино ба иттилои сомонаи расмии Президенти Тољикистон, Нарзулло Соњибов, "бо Ќарори Њукумати Љумњурии Тољикистон муовини директори Агентии захирањои моддии давлатии назди Њукумати Љумњурии Тољикистон таъйин гардид". Нарзулло Соњибов, 33 сол дошта,

Дар "Агроинвестбонк" ба TojNews гуфтанд, Наврўз Раљабов аз вазифаи муовини раиси ин бонк моњи декабри соли гузашта истеъфо додааст. Бино ба иттилои дарёфтї, тамоми наздикони Муродалї Алимардон, ки аз сањњомони асосии "Агроинвестбонк" мањсуб мешуд, аз кор дар ин бонк "даст кашидаанд". Дар пайи таъйин шудани Суюнхон Рустамов ба вазифаи раиси "Агроинвестбонк" ва ба узвияти Шўрои нозироти ин бонк таъйин шудани Љамолиддин Нуралиев, муовини вазири молия ва домоди президент Эмомалї Рањмон, истеъфои писар, љиян ва домоди Муродалї Алимардон аз "Агроинвестбонк" яке пайи дигар расонаї шуданд. Суннатулло Бобоев, домоди Муродалї Алимардон њоло дар намояндагии "Казкоммертсбанк" дар Тољикистон ба њайси муовини раис кор мекунад. Њамроњ бо ў писари Муродалї Алимардон низ аз кор дар "Агроинвестбонк" даст

«

кашида буд. Абуалї Алимардонови 26сола дар вазифаи муовини раиси Шуъбаи молиёти ин бонк кор мекард. Моњи декабри соли гузашта, дар пайи сару садоњо дар бораи муфлис шудани "Агроинвестбонк" раисаш Алишер Солиев (писари Њаким Солиев, собиќ вазири рушди иќтисод ва савдо) аз маќом барканор шуда, ба љои ў Суюнхон Рустамов, ки муовини вазири кишоварзии Тољикистон буд, таъйин гардид. Баъдтар "Агроинвестбонк" наздик ба 700 млн. сомонї кўмаки њукуматї гирифт, ки бино ба иддаои коршиносон, дар таърихи молиёти кишвар назир надошт, зеро дар 20 соли истиќлолият њич яке аз ширкату бонкњои хусусї ба ин миќдор аз Њукумати Тољикистон кўмак нагирифтаанд. Дар пайи ин кўмак ва пасманзари гузориши Сандуќи Байналмилалии асъор дар бораи эњтимоли муфлисшавии "Агроинвестбонк", 53 дарсади сањмияњои бонки мазкур ба давлат гузашта, бонк

Дар долонњои њукуматї ў зиёфаторои асосии њукумат ба шумор рафта, дар доирањои коршиносї, аз ў њамчун манфиатбардору гардонандаи асосии иќтисоди мамлакат, шуруъ аз савдои мањсулоти филизї ва ѓаллаву орд то сохтмону чорводорї ёд карда мешавад.

«

ВАЗИФАГИРИИ БАРОДАРИ ДОМОДИ ПРЕЗИДЕНТ РАЊМОН роњбари ЉСП "Регаркабел"-и шањри Турсунзода аст, ки ба истењсоли ноќилњои гуногунтамѓаи барќї машѓул аст. Аввали сол љорї дар озмуни шањрии Ќурѓонтеппа - "Бењтарин соњањои

хољагии халќи шањр" Нарзулло Соњибов соњибкори бењтарин дар соњаи сохтмон дониста шуда буд. Пештар Зайнулло, љияни Нарзулло Соњибов ва додари Шамсулло Соњибов - домоди сеюми президент

тадриљан зери нуфузи домоди президент Љамолиддин Нуралиев гузашт, ки аз љияни собиќ роњбари Дастгоњи иљроияи Президент, муовини раиси Маљлиси намояндагони МО ЉТ Амиршо Миралиев мебошад. "Агроинвестбонк" аз моњи декабр то имрўз додани ќарзњои бузург, аз љумла ќарзњои ипотекиро ќатъ карда, бино ба иттилои расмї, ин тасмим муваќќатист ва дар назар аст то моњи июли соли љорї идома ёбад. Њамин тариќ, нуфузи Муродалї Алимардонов, ки аз судбардорони асосии ин бонк мањсуб меёфт, дар "Агроинвестбонк" таќрибан аз байн бурда шуд. Худи мансабдори давлатї сабабњои ин таѓйиротро шарњ надодааст. Муродалї Алимардон аз моњи декабри соли 1996 то соли 2008 ба њайси раиси Бонки миллии Љумњурии Тољикистон кор кардааст. Бо фармони Президенти Тољикистон аз 26-уми январи соли 2008 муовини Сарвазири Тољикистон таъйин шуд. Дар долонњои њукуматї ў зиёфаторои асосии њукумат ба шумор рафта, дар доирањои коршиносї, аз ў њамчун манфиатбардору гардонандаи асосии иќтисоди мамлакат, шуруъ аз савдои мањсулоти филизї ва ѓаллаву орд то сохтмону чорводорї ёд карда мешавад. Номи ў баъди ќазияи машњури "Алимардон-гейт" тавассути матбуоти мустаќили тољикї расонаї шуд. Дар пайи нашри аудити мустаќили Бонки миллии Тољикистон матбуот навишт, ки дар замони роњбарии Муродалї Алимардонов дар БМТ њудуди 800 миллион доллар ќарзи созмонњои хориљї ба воситаи сохтори мутаалиќ ба "Агроинвестбонк", ки "Кредит Инвест" ном доштааст, "ѓайб" задааст. Ин сохтори булаљаб беш аз 1,5 млрд. доллар ќарзњои хориљиро ба 12 ширкатиштирокдорони бозори пахтаи Тољикистон "таќсим" кардааст, ки пушти њар кадоми онњо шахсиятњои бонуфузи њукумат меистоданд. Аммо Алимардонов ин ќазияро пушти сар карда, ба ќавле "аз об хушк баромаду" дубора нуфузашро дар њукумат барќарор кард. Дере нагузашта номи ў дар ќазияи "Ренесанс-Капитал"-и мутаалиќ ба љияни дигараш дубора рў зад, вале ба зудї фаромўш шуд. Айни њол, ў ба њайси муовини сарвазири Тољикистон боз њам гардонандаи тарњњои муњимтарини хољагии ќишлоќ ва иќтисоди миллї буда, дастрасї ба 300 400 миллион доллар маблаѓњои ќарзиву грантиро таъмин мекунад. Аз вижагињои кору кирдори ў, ороиши хонњои шоњона барои мансабдорони сатњи гуногун, раѓбати зиёд ба ѓизову пул ва раќќосаву сарояндањои љавон, љалби нухбагони нав ба молдориву боѓдориву асппарварї ва моил будан ба њамшањрињояш дониста мешаванд. Дар долонњои њукуматї ва доирањои коршиносї бар онанд, ки зарбањои нави ба нав ба клани Алимардоновњо амали махсус тарњрезишуда набуда, балки баёнгўи корношоямии модели муносибати ў бо марказњои таъсиррасон ва гуруњњои нави сиёсиву иќтисодї дар атрофи президенти кишвар мебошад. Ва дар чунин њол чизе намешавад гуфт. Суќути ќудрати дигаре дар пеш аст? Ваќт нишон хоњад дод.

Ќиёми НУР

Эмомалї Рањмон ба вазифаи раиси КВД "Тољиксемент", яке аз корхонањои бузурги кишвар таъйин шуда буд. Бояд гуфт Нарзулло Соњибов додари Мањмадулло Соњибов аст, ки худ писари Њољї Шариф, маъруф ба "Шариф богат" -яке аз чењрањои маъруфи вилояти Хатлон мебошад. Шамсулло Соњибов, манфиатбардорони аслии ширкатњои фурўши сўзишвории "Тољирон" ва "Фароз" дониста мешавад.


АЗ ПАЙИ...

“НИГОЊ”, ЧОРШАНБЕ №8 (390), 14. 05. 2014

3

Умаралї Ќувватов, рањбари "Гурўњи 24" пас аз њудуди 8 моњи канораљўї аз суњбат бо расонањо нињоят дастрас шуд. Вай дар суњбат бо "Нигоњ" гуфт, ки ў аз ќаламрави собиќ Иттињоди Шўравї хориљ шуда, њоло дар љои амне ќарор дорад, аммо њанўз хатарњо ба љони ў поён наёфтаанд. Дар як тамос тариќи Скайп нахуст аз ў мо хостем, ки 8 моњи дастнорасињояш ба расонањоро шарњ дињад: - Аз Дубай, аввал, мехостам ба Маскав биравам, аммо аз дўстонам иттилоъ ёфтам, ки он љо маро "интизоранд". Гуфтанд, бояд Маскав наравам, ки ба љонам хатар дорад. Аз ин хотир, 28-уми сентябри соли гузашта аз Дубай ба Ќазоќистон парвоз кардам. Таќрибан пас аз 10 рўзи будубоши ман дар Душанбе њам маќомот хабар ёфтанд, ки ман дар куљо њастам. Ба ин манзур, як њайати маќомоти ќудратии Тољикистон ба Остона сафар кард ва дар мулоќот бо њамтоёни ќазоќашон талаб кардаанд, ки маро ба Тољикистон таслим кунанд, зеро ду кишвар дуљониба ва дар доираи ИДМ њамчунин шартномаи истирдоди шањрвандон ба ќаламрави якдигарро доранд. Сипас, њайати њукуматии Тољикистон ба шањри Алмаато њам рафт... - Яъне Шумо дар Остона будед? - На, ман ба Алмаато омада будам. Дар Остона ба њайати Тољикистон гуфтаанд, ки мо аз њузури Ќувватов дар Ќазоќистон хабар надорем. Аз ин хотир, ин њайат ба Алмаато омад. Агар таваљљўњ карда бошед, мефањмед, ки ман дар љустуљўи Интерполи Ќазоќистон набудаам. Ин маънои онро дорад, ки маро Интерпол љустуљў намекардааст, балки маќомоти Тољикистон бар асоси созишномае, ки бо Аморати Муттањидаи Араб дорад, дархости боздошти маро содир карда будааст. Њамин корро њамон шабу рўзе, ки ман дар Ќазоќистон будам, онњо карданд, яъне боз санадњои зидди манро ба расмият дароварданд. Дўстони ман ин хабарро ба ман расонданд ва гуфтанд, Шумо дигар наметавонед тариќи њавопаймо, роњи оњан ва дигар масирњое, ки бо билет мешавад берун рафт, аз Ќазоќистон равед. 24-уми ноябри соли 2013 буд. Ман љашни мавлуд доштам. Онњо ба ман кўмак карданд, ки ба Ќирѓизистон равам. Дар марзи ин ду кишвар њам ман дар ягон рўйхат, аз љумла Интерпол набудам. - Тавре худатон мегўед, Шуморо њукумати Тољикистон дар њар куљое њастед, сахт таъќиб мекунад. Аммо ваќте дар бораи Ќазоќистону Ќирѓизистон суњбат мекунем, ин ду кишвари ИДМ њастанд ва муносибатњои онњо бо Тољикистон хеле хуб аст. Шуморо кињо дастгирї мекарданд дар ин кишварњо? - Аввал ин, ки аз њузури ман дар Ќазоќистон маќомоти мањаллї хабар надоштанд. Дуввум, ман дар Ќазоќистон дўстони зиёд дорам, зеро дар ваќташ бо онњо њамкорињои тиљоратї доштам. Онњо маро то њанўз њурмат мекунанд. Саввум, тољирони дигаре, ки дар ин кишвар њастанд ва аз дасти афроди алоњидаи нуфуздор дар Тољикистон зарар дида буданд, низ ба ман кўмак карданд. Инњо онњоеанд, ки ба Тољикистон моли тиљоратї оварда, ба ќавли худашон, аз сўи афроди, масалан, Асадуллозода, Амонуллоњи Њукуматуллоњ ва ѓайра фиреб хўрда, маблаѓњои калонро аз даст дода буданд. Масалан, як нафари онњо ба 8 то 9 миллион доллар шакар ворид карда, ин пулро аз даст дода будааст. Корашонро ба суд бурда, он љо мешуниданд, ки аз кори шумо як ё ду сол гузаштааст, аз ин хотир, мо пули шуморо баргардонда наметавонем. Хулоса, онњо хайрхоњи ман буданд ва мегуфтанд, ки баромадњои маро аз интернет пайгирї карда, бо ман њамфикранд. Онњо ба ман аз маќомоти амниятии Ќазоќистон иттилои заруриро мерасонданд ва мањз онњо ба ман маслињат доданд, ки ба Ќирѓизистон равам, зеро он љо ду маротиба табадуллот шудааст ва озодиву демократияашон њам бештар аст. Њамагї як рўз мо дар ихтиёр доштем, ки аз марз гузарем, њамон рўз санади љустуљўи моро ба гузаргоњњои марзии њам Ќазоќистон ва њам Ќирѓизистон оварда буданд.

Умаралї ЌУВВАТОВ:

"АГАР ЯК ДАВЛАТИ ХОРИЉЇ ДАСТГИРЇ КУНАД..." Суњбати ихтисосии "Нигоњ" бо Умаралї Ќувватов, рањбари "Гуруњи 24" Аммо мо гузаштем ва дар Бишкек дар намояндагии СММ худро сабти ном карда, шањодатномаи фирории сиёсї гирифтем. Мо метавонистем, ки тариќи фурудгоњи Бишкек ба хориља парвоз кунем, аммо ба мо гуфтанд, ки дар он љойњо нафарони њукумати Тољикистон эъзом шудаанд ва ин кор хатар дорад. Моњи декабр мо дар марзи Ќирѓизистон будем. Мо медонистем, ки кадом як амалиёте дар марзи ин кишвар бо Тољикистон мегузарад ва дар Душанбе хавф доранд, ки мухолифини тољик дар Ќирѓизистон љамъ мешаванд. Њамин ташвишро маќомоти амниятии Тољикистон доштанд. Аз ин хотир, бояд марзњо баста мешуданд, ки шуданд. - Дар Ќирѓизистон њам оё буданд нафарони љонибдори Шумо, ки дар гузашта шарики тиљоратии Шумо буданд, ё аз мавќеи сиёсии Шумо љонибдорї мекарданд? - Бале, он љо аз љумлаи мухолифини њукумати Ќирѓизистон, намояндагони парлумон ва мардуми оддї ба мо кўмакњои зиёд карданд. Мо расман дар маќомоти вазорати корњои дохилии Ќирѓизистон сабти ном кардем. Як созмони њифзи њуќуќ ба номи "Атлет" пуштибонии њуќуќии моро таъмин кард ва њатто аз љумлаи мардуми мулкї ба мо муњофиз доданд. Гуфтанд, ки дари хонаатонро бидуни њузури адвокат боз накунед. - Яъне њукумати Ќирѓизистон аз њузури Шумо дар шањри Бишкек хабар дошт? - Бале, хабар дошт. Мо ба онњо њатто гуфтем, ки мо ба таври ќочоќ ба Ќирѓизистон омадем, чун маълум аст, ки хатар ба љони мо вуљуд дорад. Мо ба Вазорати љавонон, шуѓл ва муњољирати Ќирѓизистон мурољиат карда, вазъи худро баён карда будем. Аммо дар њар нињоде, ки мулоќот доштем, масалан, ВКД ё Кумитаи амнияти Ќирѓизистон, ба мо мегуфтанд, мо ба њукумати Тољикистон Шуморо расман намедињем, вале инро кафолат дода наметавонем, ки шуморо аз њамлаи мусаллањонаи гурўњњои нобудкунанда њимоят мекунем. - Дар Ќирѓизистон чанд муддат будед ва кай берун рафтед? - Мо дар шањри Бишкек њудуди панљуним моњ будем, яъне то њамин моњи май. Сипас, тариќи шањри Ўш ба хориљ аз марзњои Иттињоди давлатњои муштаракулманофеъ парвоз кардем.

- Чаро на аз Бишкек? - Мо иттилоъ доштем, ки дар фурудгоњи Бишкек акси ман дар рўйхати љустуљўшавандањо њаст ва аз ин хотир, бо кўмаки дўстон аз Ўш парвоз кардем. - Шумо танњо будед? - Бале, мешавад гуфт, ки танњо будам. - Њамсаратон ба расонањо гуфта буд, ки бо панљ фарзанди ноболиѓ бисёр дар вазъи ногувор ќарор дорад. Бо онњо мулоќот доштед? - Бале, ваќте дар Ќазоќистон будам, онњо омада буданд. Аммо чун ман ба Ќирѓизистон рафтам, рўзи 24-уми декабр хабар ёфтам, ки маќомоти ќазоќ ба оилаи ман муњлат додаанд, то дар муњлати 24 соат он кишварро тарк кунанд. Сабаб ин будааст, ки мањалли сукунати фарзандони ман ба маќомоти амниятии Тољикистон ошкор шудааст ва ќазоќњо гуфтаанд, наметавонем амнияти шуморо кафолат дињем. Агар онњоро дастгир мекарданд, дастгир шудани ман осон мешуд. Аз ин хотир, онњо ба Туркия рафтанд. - Чанд моњи ќабл ин овоза буд, ки Шумо ва Бахтиёр Лангариев, собиќ фармондењи Фронти халќї ва вазорати дифоъи Тољикистон њамроњ њастед. Оё ин њама воќеият дорад? - Не, мо њамроњ нестем. Ин њарфњо дуруст нестанд. Бахтиёр Лангариев њам фарзанди Тољикистон аст. Замоне, ки дар Маскав будам, бо он кас мулоќот доштам. Он кас њам бо мо њамфикр њастанд дар масъалаи вазъи Тољикистон. Назарњои мо фарќ надоранд. Аммо дар ин маврид, ки њукуматро чї хел бояд таѓйир дод, фарќияти мавќењои мо њаст. - Метавонед бигўед, ки ин фарќият дар чист? - Мо мегўем, ки таѓйири њукумат дар Тољикистон бо роњи демократї сурат гирад. Дар моњњои наздик мо ният дорем, ки тариќи расонањо таблиѓотро ба роњ монем, чењраи аслии њукумати Тољикистонро нишон дињем ва њамин тавр, ба њадафи худ - омадани як њукумати нав бирасем. - Аммо Бахтиёр Лангариев чї назар дорад? - Ман ба љои он кас чизе гуфта наметавонам. Инро бењтараш худашон бигўянд. - Њукумати Тољикистон мухолифинашро ба он муттањам мекунад, ки аз пуштибонии хориљињо бархўрдор њастед. Њатто

рањоии Шумо њам дар Дубай бо кўмакњои хориљї сурат гирифтааст. Ин љо бар инанд, ки Шуморо хориљињо истифода мекунанд. Ва шумо - мухолифин барномањои хориљиро иљро мекунед ва ба њукумати Тољикистон хатар доред. Шумо чї мегўед? - Ин гап дуруст нест. Агар ин тавр мебуд, зарурати ба Ќазоќистон рафтани ман набуд ва ё бо кўмаки онњо метавонистам хеле барваќт аз Ќирѓизистон берун оям. Ягон давлати хориљї ба мо силоњ пешнињод накардааст, ки равем ва Тољикистонро ноором кунем. Агар хориљињо дастгирї мекарданд, ман аз њамон Дубай берун намеомадам. Дар њамон љо дастгирї мекарданд ва имкониятњоро дар ихтиёри мо мегузоштанд. Агар як давлати хориљї дастгирї кунад, намегўям, ки бузургњояш, њамин Ќирѓизистон хурд њам кўмак кунад, њукумати Тољикистон ду рўз поида наметавонад. - Љаноби Ќувватов, акнун, ки аз ИДМ берун рафтед, фаъолиятњои сиёсии худро чї гуна ба роњ хоњед монд? Таври маълум, инсоне, ки дар њоли фирор аст, бештар дар ѓами љони худ мебошад. Оё чунин аст? - 15 рўз мешавад, ки мо аз Ќирѓизистон берун омадаем. Дар ин муњлат бо чандин нафар суњбат доштем ва њоло тасмим дорем, ки шурўъ аз охири њамин њафта тариќи расонањо ба таблиѓот алайњи њукумат шурўъ кунем, зеро ба фикри мо, ин њукумат дигар кор карда наметавонад. Дар дурнамо мо омодаем, ки барои эъзом кардани мардум ба майдонњо иќдом кунем. - Бубинед, њаводиси маълум дар Украина ва дар гузашта Сурияву дигар кишварњои араб, муљиби ноамнињои мудаввом шуд. Њатто тамомияти арзии Украина аз миён рафту ба ќавле, ин сарзаминро пора-пораву тарака карданд. Дар Тољикистон њам љанги дохилї буд, ки мардум бозгашт ба онро ќабул надоранд... - Вазъи Тољикистон чунин нест. Акнун намешавад мардуми Тољикистонро бар пояи аќида, мањал ва ѓайра зидди њам шўронд. Мардуми Тољикистон вазъро дуруст мефањмад, медонад, ки ин њукумат кор карда наметавонад ва кор то љанги дохилї нахоњад кашид. Сўњбати Далери ХАЙРУЛЛОЊ


4

“НИГОЊ”, ЧОРШАНБЕ №8 (390), 14. 05. 2014

Тайи 10 - 15 соли ахир дар Тољикистон ширкатњое рўи кор омаданд, ки бо тиљорати комилан ѓайримаъмулї машѓул њастанд. Ширкатњо бизнеси худро тиљорати шабакавї муаррифї мекунанд. Мардум онњоро "пирамидањои молиявї" меноманд. Пеши назари мо, соли 2003 - юм ќазияи "муњрабизнес" - и Љамшед Сиёев ва 2013 - ум "Њафт бурљ" - и Осимљон Маъруфов љилвагар мешаванд, ки аз сўи маќомот баста шуданд, аммо садњо нафар аз 100 то 1000 - њо доллар "сўхтанд". Як соли ахир дар расонањо дар бораи ширкати Qnet (Кюнет), ки дар гузашта "Квеснет" номида мешуд, низ сари забонњо уфтод ва интиќодгарони фаъолияти ширкат аз он низ ба унвони "пирамидаи молиявї" ёд карданд. Иддае њам дар матолиби худ аз фирефта шудани худ дар ширкат гуфтанд, ки ба имиљи ин ширкат зарбаи љиддї зад. Qnet ба манзури ошноии бештари љомиаи Тољикистон аз фаъолиятњояш як саёњати матбуотие ба ќароргоњаш дар шањри Куала Лумпур, пойтахти Малайзия бо ширкати хабарнигорон анљом дод. Хабарнигори "Нигоњ" дар ин сафар зимни як суњбат аз Тамерлан Марзиев, масъули фаъолиятњои Qnet дар Русия ва Осиёи Марказї нахуст хост, то ширкатро муаррифї кунад:

- Qnet чист? Ширкатест, ки 16 сол ба ин сў бо "e - тиљорат", ё тиљорати электронї машѓул аст. Инро дар замони муосир маркетинги шабакавї ё тиљорати шабакавї њам меноманд. Мо бо фурўши мустаќим тариќи платформаи электронї машѓулем. Qnet аз, ба истилоњ, "пирамида" чї фарќ дорад? Барои мо муњим нест, ки як нафар ояд, маблаѓ супорад ва ду нафари дигарро њам орад, ки маблаѓ дињанд. Дар Qnet чунин нест. Кофист, ки як нафар 30 доллар дошта бошад. Ба ин 30 доллар ў метавонад ба платформаи электронии мо дастрасї пайдо кунад ва тайи як сол онро истифода барад. Ширкати мо аз ў талаб намекунад, ки пули калон орад. Барои мо 30 доллар кофист. Ў дар мо сабти ном мешавад ва ба тамоми мањсулоте, ки дар дафтар (оффис)-и виртуалии мо њаст, дастрасї пайдо мекунад. Ў соњиби сомонаи худ мешавад ва аз интернет - маѓоза мањсулоти моро гирифта, тарѓиб мекунад, мефурўшад ва барои њар як фурўш аз мо њаќќ (комиссия) - и худро мегирад. - Яъне ў соњиби мол ва тиљорати худ мешавад? - Бале, ў намояндаи мустаќил (НМ) - и ширкати Qnet мешавад. Бояд зикр кунем, ки мо корфармо нестем. Одамон ба мо мурољиат мекунанд, мањсулоти моро мефурўшанд ва суди худро бармедоранд, яъне даромади иловагї пайдо хоњанд кард. Мо мањсулоти вижаи худро дорем, ки танњо хоси мо аст, ягон ширкати дигар онро надорад. - Намояндаи мустаќил ба маќомоти кишвари худ андоз месупорад? - Намояндаи мустаќил бояд тибќи ќонунгузории кишвараш амал кунад. Андози ўро мо намесупорем. Мо ба ў мол дастрас мекунем. Мо ба ў танњо имкон медињем, ки пул кор кунад. - Расонањои мо дар бораи ин навиштанд, ки мизољон аз сўи кормандони Qnet фиреб дода шудаанд. Навиштанд, ки ба намояндаи ширкат маблаѓи чандсаддоллара дода, моли ночиз гирифтаанд ва аз

ТИЉОРАТИ ШАБАКАВЇ

Тамерлан МАРЗИЕВ:

®

"QNET "ПИРАМИДАИ МОЛИЯВЇ" НЕСТ" Суњбати ихтисосии "Нигоњ" бо Тамерлан Марзиев, мудири шўъбаи пуштибонии глобалии Qnet дар Русия ва Осиёи Марказї

ДАФТАРИ МАРКАЗИИ QNET ДАР КУАЛА-ЛУМПУР ин хотир, худро ќурбонии ширкат мењисобанд... - Бубинед, ман дар ширкат беш аз 4 сол аст, ки кор мекунам. Њоло сарвари шўъбае њастам, ки ба мизољон дар Осиёи Марказї ва Русия хизмат мерасонад. Ин гуна маворид буданд, ки љое касе мизољро фиреб кардааст. Шахсан ман њам дучор омадаам. Мо як шўъбаи махсус дорем, ки ба тартибот дар шабака љавобгар аст. Мо њам бо ин падидањо мубориза мебарем, аммо аз ин њолатњо касе эмин нест. Њастанд нафароне, ки бар асоси чунин њолатњои алоњида хулосањои умумї дар бораи ширкат мекунанд. Аммо мизољон ваќте мегўянд, ки ба касе ба фалон миќдор маблаѓ додаанд, инро њам андешанд, ки чаро ва ба кадом шартњо маблаѓ медињанд. Њол он ки тамоми усулу ќоидањои фаъолияти муштарак бо ширкат дар сомонаи мо њаст, ваќте ў узвият ба даст меорад. Одам бояд донад, ки чаро пул медињад, ба чї тиљорате машѓул аст ва умуман Qnet чї ширкат аст, чї гуна фаъолият мекунад. Як маврид буд. Нафаре ба мо навишт, мехоњад молеро, ки аз мо гирифтааст, баргардонад. Мо пурсидем, аз куљо харид кардї. Гуфт, аз дафтари виртуалї. Мо гуфтем, ќоидаи мо ин аст, ки моли харидоришуда тайи 7 рўз бозпас ќабул карда мешавад, агар то ин муњлат мол барнагашт, мо онро ќабул намекунем. Муњлати он кас аз чанд моњ гузашта буд. Бубинед, тариќи онлайн - маѓоза мизољи мо мањсулоти мавриди назарашро интихоб мекунад, онро супориш медињад, маблаѓаш-

ро мефиристад ва мо тариќи шабакаи худ онро ба дасти ў мерасонем. Агар ин нафар хоњад, ки бо мо кор кунад, метавонад маблаѓи моро ташвиќ кунад ва барои он харидор пайдо кунад, яъне аз маѓозаи худ супориш дињад ва фоизи худро гирад. Њамин ќадар ин љо кор аст. - Њамчун мутахассис тиљорати шабакавї ё электрониро чї гуна муаррифї мекунед? Он чї собиќаву дурнамо дорад? - Тиљорати шабакавї ё электронї бизнеси асри 21 аст. Дар Осиёи Марказї таърихи начандон дур дорад, аммо дар кишварњои пешрафтаи љањон умри он ба сад сол мерасад. Масалан, ширкати Faberlic 85 сол аст, ки дар ин љода бо муваффаќият пеш меравад. Qnet њамагї 16 сол дорад. Ман гуфта наметавонам, ки дар љањон чунин ширкатњо чї ќадар њастанд, аммо танњо дар Малайзия теъдоди онњо бештар аз 200 аст. Дар атрофи бинои мо дар Куала Лумпур чанд ширкати дигар фаъолият мекунанд, ки ба тиљорати шабакавї машѓуланд. Њар ширкат усулу ќоидаи фаъолияти худро дорад... - Тиљорати шабакавї чї љаззобият дорад, ки теъдоди ширкатњо дар ин бизнес меафзояд? - Аввалан, фикри шахсии ман ин аст, ки дар асри 21 њама фаъолиятњо бар пояи интернет пиёда мешаванд. Ман њам зодаи Шўравии собиќ, аз Ингушетия њастам ва њанўз бо эњтиёткорї аз интернет кор мегирам. Гоњњо тариќи интернет харид мекунам, гоњо не. Масалан, ман меваву сабзавотро тариќи интернет харидорї намекунам, аммо њастанд нафароне,

ки ин корро мекунанд. Ман бояд бубинам ва масалан, тарбузро як тап - тап зада, сипас харам. Аммо одамоне, ки дар асри 21 зиндагї доранд, чї кор мекунанд? Дар хона менишинанд, тариќи интернет супориш медињанд ва ширкатњо мањсулотро ба онњо дастрас менамоянд. Ин хеле мувофиќ аст. Бозор ба бозор, дўкон ба дўкон намегарданд. - Яъне фурўшанда ва харидор ба хона мераванд, мол дар анбор меистад? - Бале, агар иќтисод ба њамин минвол рушд кунад, онлайн - маѓозањо ба њамин минвол рушд кунанд, зарурати ба бозор рафтан намемонад. Дар кишварњои мутараќќї ин њама ба њукми анъана медарояд. Ман рафиќоне дорам, ки амалан тамоми харидњои худро дар онлайн маѓоза мекунанд. - Ба собиќ Шўравї баргардем. Мо хориљ шудем аз иќтисодї плонї, ворид шудем ба иќтисоди бозаргонї. Ахирї њам ба як мушкил пеш меравад. Тиљорати шабакавї дар ИДМ чї гуна пеш меравад? - Дар мо њанўз нобаворї ба ин пешрафт вуљуд дорад. Ваќте Шўравї пош хўрд, ширкатњое пайдо шуданд, ки чењраи ин бизнесро хеле бад нишон доданд. Масалан, њамон МММ мисоли барљаста аст. Мардум воќеан "сўхтанд", маблаѓњои худро бой доданд. Њоло чун бо њамин гуна ширкатњо дучор меоянд, дарњол њамон МММ-ро ба хотир меоранд. Аммо дар замони МММ интернет набуд. Њоло мардум бевосита тариќи интернет тамоми маълумот дар бораи ширкату мањсулоташро метавонанд пайдо кунанд. Дар собиќ Шўравї бузургтарин бозор Русия аст. Мо дар Маскав намояндагї дорем. Дар Тољикистон барваќттар ба фаъолият шурўъ карда будем. Дар Ќазоќистону Ќирѓизистон намояндагї дорем. Дар Ўзбакистон будем, аммо баъдтар онњо ќонунњои худро иваз карданд ва дарк кардем, ки ин љо њамоно авлавият ба рушди бозори анъанавї дода мешавад, на тиљорати шабакавї. Аммо асри фанноварињо аст. Кишваре, ки мехоњад ба ќафо бингарад, худро пўшад, муваффаќ намешавад. Ин назари ман аст. Ман њамин тавр мефањмам. - Тамерлан, як хонандаи оддї зуд ин суолро низ матрањ карда метавонад, ки агар њадафи шумо фурўши мањсулоти ширкат аст, чаро онро тариќи маѓозањо намефурўшед, дар ѓурфањо намегузоред ва ё онро дар расонањо таблиѓ намекунед? - Маѓозаву ѓурфањои мо дафтарњои виртуалии мо њастанд. Њар инсоне, ки соњиби калиди ин дафтар аст, ба ин маѓозаву ѓурфа дастрасї дорад. Рекламаи бењтарин, тавре мегўянд, аз дањон ба дањон аст. Ин гуна ширкатњо ба таблиѓот ниёз надоранд. Qnet яке аз чунин ширкатњои ру ба рушд аст. Беш аз 5 миллион узв дар беш аз 100 кишвари љањон дорад. Ин панљ миллион њам фурўшанда, њам соњиби маѓоза ва њам ташвиќгари ширкат њастанд. Онњо њама намояндаи ширкат дар кишварњои гуногун мебошанд. Метавонед ягон ширкати хориљ аз тиљорати шабакавиро ном баред, ки чунин зарфиятњои башарї дошта бошад? - Тољикистон дар сиёсатњои Qnet чї мавќеъ дорад? - Дар Тољикистон мо худро муваффаќ мењисобем. Теъдоди намояндагон ва мизољони мо ба марзи 3 њазор нафар наздик мешавад. Мо бовар дорем, теъдоди онњо меафзояд, агар дар кишвар дастрасии мардум њам ба интернет афзояд. Сол ба сол эътимоди мардуми Тољикистон на фаќат ба Qnet, балки дар умум тиљорати шабакавї бештар мешавад ва мо дар афзоиши љойњои корї дар ин кишвар, иншоаллоњ, сањм мегирем. Суњбати Фаромарзи ФОЗИЛ


ФОЉИА

“НИГОЊ”, ЧОРШАНБЕ №8 (390), 14. 05. 2014

5

Љомеаи шањрвандаии Афѓонистон ба њар василае ба љамъоварии ёриии моддї машѓуланд. Яке аз созмонњои хайриявї бо сандуќи хайрияи сайёр дар бозорњои Кобул ба љамъоварии ёрии наќдї машѓул аст. Хабаргузории Олмон ба наќл аз намояндагони ин созмон навиштааст, ки бар иловаи тољирону дўкондорон, њатто беморону нашъамандон њам худро ѓамшарики бозмондагони ин офати табиї дониста, ба ќадри тавон ба таври наќдї хайр кардаанд. Фољиаи Оби Борик тамоми ќавмњои Афѓонистонро муттањид ва ѓамшарик кардааст. Ихтилофоти байни паштуну тољик, њазораву ўзбак ва ѓайра пеш аз он, ки асосњои иљтимої дошта бошанд, аксар решањои сиёсї доштаанд. Бадахшон дар шимолу шарќи Афѓо-

БАДАХАШОН: АЗ ТЎЙ ТО МОТАМ Дар Оби Борик чї иттифоќ афтод? Бибирезагул, бонуи куњансоле, ки 2 май аз резиши куњ ва фаромадани ярч дар дењаи Оби борики ноњияи Аргуи вилояти Бадахшони Афѓонистон зери хоки гил монда буд, пас аз 8 рўзи хондани љанозааш зинда берун оварда шуд. Аммо на њама чунин сарнавишт доштанд... 2 майи соли 2014 лаѓзиши куњ ва фаромадани ярч дар ин дења садњо нафарро кушта ва беному нишон ба љой гузошт. То њол омори расмии теъдоди љонбохтагони ин њодиса интишор нашуда, бино ба тахминњо, беш 2 њазору 100 нафар кушта ва беному нишон шудаанд ва њудуди 700 хонавода аз манзили зист мањрум шудаанд. Хабаргузории Олмон навишт, ки њудуди 250 нафар аз ќурбониёни ин њодиса дар як тўйи арўсї ширкат доштанд ва замони фаромадани ярч њама ѓофилгир шуда, касе наљот наёфт. 4-уми майро давлати Афѓонистон рўзи мотами умумї эълон кард. Нињодњои дохилї ва хориљии ин кишвар дар саросари олам парчами Афѓонистонро пойин кашиданд. Њукумат пас аз кофтуковњо дар Оби Борик ба ин ќарор омад, ки мањалли резиши куњро ќабристон эълон кунанд ва љанозаи дастаљамъии љонбохтагон хонда шавад. Ин кори њукумат теъдоди зиёде аз бозмондагонро нороњат кард. Њукуматро ба камкорї муттањам карданд. Кишварњо ва афроди алоњида ба кумаки зарардигон шитофтанд. Сокинони мањаллї мегўянд, нињодњои фиристодаи давлат он шабу рўз барои кўмак омода набуданд ва пас аз фаро расидани то-

рикї корњои љустуљўии худро рањо карданд. Телевизиони "Тулўъ"-и Афѓонистон њукумат ва маќомдорон, бавижа президент Њомид Карзайро ба боди интиќод кашид, ки аз љойи воќеа дидан накард. Ин навор "Љаноби олї"-ро маљбур кард, аз Кобул ба Бадахшон сафар кунад. Карзай дар дидор бо осебдидагон гуфт, пешини 2 май аз ин њодиса бохабар шуда, ваъда кард, ки бо мададњои дохилї ва хориљї мардуми зарардидаро танњо нахоњад гузошт. "Худованд моро аз эњтиёљ ба фарде наљот бидињад, вале рўзи мусибат мадад хайр ва хуб аст" гуфт президент. Ба гуфтаи Њомид Карзай, беш аз 3 миллион доллар пули наќд мадади хориљї, аз љумла аз Амрико ва Британияи Кабир, буљаи худи Афѓонистон ба зарардигони ин офати табиї ва њам мардуми дењањои гирду атроф таќсим карда хоњад шуд. Ахиран дафтари матбуоти ў дар Кобул низ эълом кард, ки Њиндустон ва Чин барои зарардигони Бадахшони Афѓонистон ба маблаѓи 2,5 миллион доллари амрикої ёрдам кардаанд. Аммо тавре расонањо хабарї медињанд, на њамаи ин мададњои башардўстона ба зарардидагон мерасанд. Барои мисол, сокини мањал дар мулоќот Њомид Карзай гуфтанд, ки корвони ёрии башардўстонаи Тољикистон (иборат аз 60 тон орд, 10 тон макарон, 20 тон биринљ, 10 тон шакар, 10 тон намак, 10000 литр равѓани растанї, 40000 литр обњои нўшокї, 350 адад рахти хоб, 350 матрас, 350 болишт, 2000 кампал, 3815 либосворї,

10770 литр керосин ва ѓайра) њанўз шањри Файзобод - маркази маъмурии Бадахшони Афѓонистон "ѓорат" карда шудаанд. Ин сокини Оби борик ба Њомид Карзай гуфт: "мо аз дасти вакилон ва калонњоямон рўзи хубе надорем..." Гузоришњои дигар расонањои љањонї њам њокї аз онанд, ки на танњо хеле аз ёрињои башардўстона ба дасти осебдидагон намерасанд, балки њангоми таќсими онњо кашмакашњои зиёд, њатто тирпаронї њам сурат гирифтааст. Осебдидагони ин офати табиї дар њоли њозир беш аз њама аз норасоии оби нўшиданї ва хўрок азият мекашанд ва инчунин ќисме аз онњо зери осмони соф ба сар бурда, то њол сарпаноње барои худ пайдо накардаанд.

нистон ќарор гирифта, дар ќиёс бо дигар минтаќњои ин кишвар аз офатњои табиї осебпазир аст. Аксар одамоне, ки дар натиљаи ин њодиса зарар диданд, аз табаќаи камбизоати љомеа буда, дар хонањои гилие зиндагї мекарданд, ки аз похсадевор рост шудаанд ва ба офатњои табиї, назири заминљунбї ва сел тобовар нестанд. Яке аз далелњои аслии ин офатњои табиї кам шудани дарахтону буттањо дар љангалњо аст, ки мардум барои гарм кардани хонањо ва пухтупази худ аз байн бурдаанд, чун имкони харидории сўзишвориро надоранд... Амруллоњи НИЗОМ

2%

"Чойпулї" ё "Ширинкома"-њо

12%

Фош кардан намехоњам

8%

14%

Аз њисоби дењќонї

9%

40% АЗ ЊИСОБИ МУЊОЉИРАТ РЎЗ МЕБАРАНД

Аз њисоби маош

Аз њар љо кам-кам

10%

Аз њисоби муњољирати корї

Тиљорати хусусї - cоњибкорї

42%

Аз њисоби кори муваќќат ё мардикорї

САДОИ МАРДУМ

Як пурсиши виртуалї маълум кард, ки даромади 40%-и оилањои иштирокчиён аз њисоби муњољирати корї таъмин мешавад.

3%

Бино ба ин пурсиш, ки зери унвони "Даромади асосии оилаи шумо аз кадом њисоб аст?" гузаронида шуд, даромади 42 дарсад (410 нафар)-и иштирокчиёни он "аз њисоби муњољирати корї" ба даст меомадааст. 14 дар сад (135 нафар) даромади асосии оилањояшонро "аз њисоби маош" арзёбї карда, 12 дарсад (119 нафар)-и дигар њам "аз њисоби дењќонї" оилањои худро таъмин мекунанд. 10% (93 тан) зикр карданд, ки "Тиљорати хусусї - cоњибкорї" ва 9 дарсад (90 нафар)-и дигар њам варианти "аз њар љо кам - кам"-ро интихоб карда, 8%(77 нафар) гуфтаанд, даромади

асосии оилањояшон "аз њисоби кори муваќќат ё мардикорї" ба даст меояд. Њамагї 3 дар сад (26 нафар) аз иштирокчиёни пурсиш ќайд кардаанд, ки даромади асосии оилањои онњо аз њисоби "чойпулї" ё "ширинкома"-њо ва 2 дарсад (24 нафар)-и ахир гузинаи "фош кардан намехоњам"-ро интихоб кардаанд. Ин назарсанљии виртуалї аз 7 то 13-уми май бо супориши нашрияи "Нигоњ" дар сомонаи Ољонсии иттилоотии Тољнюс гузаронида шуда, дар он 974 нафар иштирок кардааст.


6

“НИГОЊ”, ЧОРШАНБЕ №8 (390), 14. 05. 2014

ГУНОГУНИЊО

Якуним моњ роњи ВорухИсфара боз буд, аммо рўзи 7 май ин роњ дубора масдуд шуд, то 9 май њамчунон баста боќї монд. Роњи Самарќандак ва Ќаробоѓ њанўз баста аст. Сокинони Исфара наметавонанд аз ин роњ гузашта, ба бозорњои наздимарзї раванд. Ин бор њам ќирѓизњо дар пайи як муноќишаи марзї ба роњбандї гузаштанд. Соатњои 17 - и 7 май як сокини Ворух, ки савори мошин аз Исфара ба Ворух њаракат мекард, дар њудуди дењаи Октябри Хољаи Аъло аз љониби сокинони ќирѓиз мавриди латукўби шадид ќарор гирифт. Бесабаб ва берањмона латукуб шудани ин ворухї сокинони Хољаи Аълоро ба наљоти як тољик тањрик дод. Онњо аввал бетарафона хостанд ўро наљот дињанд, аммо ин натиља надод. Ночор муќовимат нишон доданд ва сокини Ворухро аз зери мушту лагади ќирѓизњо рањонданд. Як гурўњи дигари ќирѓизњо ба мањалли њодиса омада, бо сангпартоињо ба љанљол њамроњ шуданд. Дар натиља дањњо сокини Хољаи Аъло захмї шуда, ба бемористон интиќол ёфтанд. Аз љониби ќирѓизњо низ захмињо буданд. Чанд мошин ва нуќтањои фурўши маводи сўхт низ дар ин зимн оташ зада шуд. Аммо ќирѓизњо даъво пеш оварданд, ки тољикон худ љанг сар карда, онњоро ѓорат карданд. Дар њоле, ки дар мањалли низоъ љанд хонаи ќирѓизњо мављуд буд, ки осеб надидаанд. Боз як муноќиша баъди муноќишањои моњи декабри соли 2013 то ќариб ду - се моњи аввали соли равон ба вуќўъ пайваст. Мардуми наздимарзї, ки тоза аз низову нооромї рањида буданд, боз дучори нохушї шуданд. Ин муноќишањо танњо зарарњои иќтисодї дар пай доштанд. Арзиши маводи ѓизої дар бозорњои наздимарзии Ќирѓизистон ба маротиб гарон шуд. Бо муътадил шудани вазъ гаштугузори мошинњои ќирѓизї дар Суѓд бештар ба назар мерасид. Махсусан, дар роњи канори бозору маѓозањо. Барои исфарагињо њам вазъ мушкили зиёд пеш овард - дањњо нафар аз мардуми бозор наметавонистанд молу мањсулоти худро ба Ворух баранд ва ё аз Ворух ба Исфара оранд.

ОДАМИ "ДАСТИ САВВУМ" Дар асл решаи ноамнињо дар дохили худи Ќирѓизистон аст. Бо зикри ин нукта коршиносон боз меафзоянд, ки дар муноќишањои марзї миёни сокинони Исфараи Тољикистон ва Ботканди Ќирѓизистон "дасти саввум" муассиртар аст. Давлатњои абарќудрат мехоњанд вазъро ноором карда, суд бардоранд. Бино ба манобеъи мо, чанд рўзи охир дар вилояти Бодканд ду гурўњ љамъ омада, ду митинг баргузор кардаанд. Гурўњи аввал мехоњад, ки Љениш Раззоќов, губернатори вилояти Ботканди Ќирѓизистон аз маќоми

- Маќолаи мазкур бо љалби масъулону мутахассисони соња мавриди баррасї ќарор дода шуд. Дар љараёни баррасї маълум гардид, ки дар вилоят зиёда аз 89 корхонањои хурду калони дузандагї фаъолият мебаранд. Аз ин миќдор дар шањри Хуљанд 7 корхонањои калони саноатї ЉДММ "Љавонї", ЉДММ "САТН", ЉДММ "Текстил Сити" ва ЉДММ "Сано" ва ѓайра ба истењсоли мањсулоти нињої машѓул мебошанд. Дар корхонањои мазкур асосан мањсулоти тайёр, аз љумла шиму куртањои мардона ва бачагона истењсол мегардад.Корхонањои соњаи дўзандагї тасмим гирифтанд, ки бо истифода аз таљњизотњои муосир ва мутахассисони баландихтисос, тарроњону дизайнерњо мањсулоти босифат ва аз љињати нарх раќобатпазир истењсол намоянд, ки барои ќонеъ намудани талаботи харидорон мувофиќат кунад. Бо маќсади пешнињод намудани мањсулотњои худ корхонањои дўзандагаи вилоят маѓозањои фирмавии худро дар шањри

"СИЛАВУ СИЛЇ" - И "ДАСТИ СЕЮМ" Ноамнињо дар марзи Тољикистону Ќирѓизистон аз куљо маншаъ мегиранд? худ истеъфо дињад ва ба љои ў Мамет Айбалаев, губернатори собиќ ва њоло 74 - сола дубора сари ќудрат дар вилоят оянд. Гурўњи дигар алайњи ин гурўњ мехоњад, ки Љениш Раззоќов дар маќоми худ боќї монад. Зуњури ин ду гурўњи тозапайдо, ки яке, маќсади барканорї ва дигаре, боќї мондани губернатор Раззоќовро дорад, далели барљастаи ноамн кардани вазъ дар Осиёи Марказї аз сўи коршиносон арзёбї мешавад. Ба ќавли онњо, гурўњи аввал пайравони Тоќон Мамитови барканоршуда аст, ки дар гуфтушунидњои марзї љониби Ќирѓизистонро намояндагї мекард. Шахсияти Мамитов дар ВАО - и худи Ќирѓизистон торик ва, на мусолињакор, балки "провокатор" муаррифї мешавад. Мањз бо кўшишњои бевоситаи ў њодисаи тирпарронї дар марзи Тољикистон бо Ќирѓизистон дар рўзи 11 январ муљиби гуфтугузорњои шадид шуд ва сипас маълум гардид, ки муовини нахуствазир аз он њангома ба нафъи худ ва хољагони хориљиаш эљод кардааст. Ва азбаски хилофи манофеъи миллии Ќирѓизистон "обро лой карда, моњї медошт", аз вазифа ронда шуд. Иддае ўро одами Амрико ва иддае Русия меноманд. Аммо иттифоќи назари коршиносон бар ин аст, ки дастњои ќавии хориљї мехоњанд Осиёи Марказиро ноором карда, таваљљўњи минтаќа ва ИДМ - ро ба ин љо кашанд, то мушкили Украинаро барои ќудратњои дигар осон кунанд.

"МИЛЛАТГАРО"

"МУСОЛИЊАКОР"

Ба ќудрат овардани Мамет Айбалаеви 74 сола чї мантиќ дошта метавонад? Шахсияти Айбалаев барои худи ќирѓизњо ва ўзбакњои Ќирѓизистон дар њодисањои љануби ин кишвар дар соли 2010 хеле маълум аст. Ў яке аз оташафрўзони ин ноамнињо, ки дањњо нафари бегуноњро кушта ба љой гузошта буд, шинохта мешавад. Ўро дар пеш омадани мушкилњо дар љазираќаламравњои Сух ва Шоњимардони Ўзбакистон ва њам тољикони ноњияи Лайлаки худи Ќирѓизистон хеле хуб мешиносанд. Айбалаевро як миллатгарое медонанд, ки дар замони "салтанат" - аш дар Бодканд (солњои 1999 - 2003) тамоми ќудратро ба дасти ќирѓизњо дод ва тавозуни чандасраи њамзистии осоиштаи миллатњои ин вилоят - ќирѓизњо, ўзбакњо ва тољикњоро барњам зад. Соли 2002 дар вилояти Лайлак миёни љавонони тољик ва ќирѓизи Ќирѓизистон муноќиша бархост. Николай Танаев, нахуствазири кишвар хост ба Лайлак ояд, аммо њавопаймои ўро Айбалаев нагузошт, ки дар Бодканд нишинад. Танаев натавонист ба Лайлак ояд. Нуфузи Айбалаев ба дараљае буд, ки маболиѓи буљаи аз њукумати марказї ба Бодканд воридмешударо рўйрост аз худ мекард ва њар касеро, ки сар мебардошт, саркўб менамуд. Акнун ин нафар, ки даст дар ноамнињои соли 2010 дар Ќирѓизистон дорад ва ба осиёби ќудратњо об мерезад, мехоњад дигарбора сари ќудрат ояд. Њадафи ў барангехтани љанг миёни Тољикистону Ќирѓизистон нест?

Љениш Раззоќов , губернатори вилояти Ботканд инсони мусолињакор аст ва љонибдорї аз њалли мусолиматомези ќазияи марзї бо Тољикистон аст. Аз талаби мардуме, ки ба љонибдори аз ў бархостаанд, шахсияти Раззаков дар миёни боткандињои Ќирѓизистон хеле матрањ аст. Ў назар ба губернаторњои пешин њоло сари бењшавии авзои зиндагии мардум кўшиш дорад. Ва ба гуфтаи коршиносони марзї, хостори кадом як ноамнии ба мардум зараровару ба кадом гурўњње манфиятовар нест. Аз ин хотир, мардум худ ташаббус нишон дода, мехоњанд ў дар сари ќудрат боќї монад ва равуо миёни тољикон ва ќирѓизњо бе мушкил сурат бигирад. Зеро аз роњбандии ќирѓизњо пеш аз њама боз худи онњо, ки сокинонии ин кишваранд, зарар мебинанд. Хулоса, силињои "дасти саввум" зери остини Мамет Айбалаев ба сари мардуми навоњии марзии Тољикистону Ќирѓизистон пинњон мондаанд ва силањои дўстиву њамсоядорї дар остини Љениш Раззоќов. Кї пирўз хоњад омад? Ин интихоб дар дасти Алмосбек Атамбоев, раисљумњури Ќирѓизистон ва њам парлумони ин кишвар аст, ваќте фурсати муайян кардани роњбаре барои Бодканд фароњам меояд. Ќирѓизистон киро интихоб мекунад: миллатгаро ё мусолињакорро?

ЊАЉМИ УМУМИИ СОДИРОТ НИСБАТ БА ВОРИДОТ ЗИЁД ШУД (Вокуниш ба маќолаи "Made in Tajikistan" Аз… Амрико!?", "Нигоњ", №47, (378) аз 19-уми феврали соли 2014) Хуљанд дар суроѓаи кўчаи Ленин 238, дар кучии К.Хуљандї (пањлуи маѓозаи АНИС), дар бозори Фаровони ноњияи Бобољон Ѓафуров, дар бозори Корвони шањри Душанбе, дар маркази шањри Душанбе (дар назди маѓозаи Волна) ва инчунин дар фурўдгоњи шањри Душанбе ташкил намуданд, ки њамарўза аз субњ то бегоњ фаъолият мебаранд. Номгўи мањсулотњои ба фурўшгузошташуда ин 5-6 навъ шими мардона бо рангњои гуногун, куртањои мардонаи мавсимї зиёда аз 1415 намуд, нимтанањо 4-5 навъ, либосњои бачагона, занона, мањсулоти талаботи

рўзгор (дастархон, сачоќ, хилъат, љўробњои пахтагї), пидљак, матоъи гуногуннамуд ва ѓайра мебошанд.Мањсулотњои корхонањои ЉДММ "Текстил Сити" ЉДММ "Сано" мањсулотњои тайёри дўзандагї яъне аз коркарди нахи пахта сар карда то мањсулоти нињої бо нишони "Дар Тољикистон истењсол шудааст" истењсол шуда, зиёда аз 95 дарсади он ба хориљи кишвар содирот мешавад, ки ин боиси ифтихори њар фарди тољик мебошад. Њамзамон дар давраи соли 2013 ба ќаламрави гумрукии вилояти Суѓд ба миќдори 6,3 њазор кг бо арзиши 1,9 млн

Ќамари АЊРОР

доллари ИМА либосњои гуногун ворид шудааст, ин нишондод дар семоњаи аввали соли 2014 чунин аст: вазн 127522 кг; арзиш 405352 доллари ИМА. Њаљми умумии содироти либосворї дар соли 2013 ба миќдори 1,3 њазор кг бо арзиши 18,6 млн доллари ИМА ва семоњаи соли 2014 ба миќдори 299 000 кг бо арзиши 4,6 млн доллар ба ќайд гирифта шудааст. Маълумотдои оморї аз он шањодат медињад, ки њаљми умумии содирот аз воридот зиёд мебошад. Дар мавриди таъмини либосњои мактабии вилоят њаминро ќайд карданием, ки аксари мактабњои вилоят дар давоми се соли охир аз мањсулотњои истењсолшавандаи коргоњњои дўзандагии ватанї истифода мебаранд, ки то имрўз мактабњои шањру ноњияњои вилояти Суѓд 92,7 бо либосњои мактабї таъмин шудаанд. Љумъабой САНГИНОВ, муовини аввали раиси вилояти Суѓд


ДИПЛОМАТИЯ Модари Шукрона Абдуллоева, сокини 29-солаи шањри Душанбе, ки моњи феврали соли љорї ўро мошини сафорати ИМА зада, маљруњ карда буд, мегўяд, намедонад ба куљо равад ва аз кї кумак хоњад. Духтар то њол роњ гашта наметавонад. Сафорати ИМА натанњо се моњ боз љинояти кормандашро моњирона пинњон медошт, балки дар табобати духтари тољик аз моњи марти соли љорї кўмаке накардааст. Љиёнбї Неъматова, сокини шањри Душанбе, дар даст як дарза њуљљатњои ташхиси тиббї, протоколи БДА дар љойи њодиса, рўйхати доруворї, аксњои томографї ба идораи нашрияи "Нигоњ" омад. Вай мегўяд, духтарашро 20-уми феврали соли љорї мошини сафорати ИМА дар Душанбе дар гузаргоњи пиёдагарди рў ба рўи литсеи презиентї дар мањаллаи Калинини пойтахт задааст. Мошини сафоратро дипломати амрикої Крипс Чарлз идора мекардааст, ки баъди садама духтарро ба Шуъбаи эњёгарии беморхонаи "Ќаряи боло" бурда, баъди он дигар ўро надидаанд. Модари Шукрона мегўяд, дар маќомот ба ў гуфтаанд, ки љиноят содир шудааст, аммо чора дида наметавонанд, зеро корманди сафорат ба таври истисної дастнорасии дипломатї дорад. Дарвоќеъ, модари Шукрона, ки Худо нокарда маъюби якумрї бимонад, бояд ба куљо мурољиат кунад? Сињатии Шукронаро кї бояд барќарор намояд? Дар ин матлаб метавон барои возењтар шудани иддао, натоиљи ташхисњои љабрдидаро шарњ дод, то хонанда бифањмад, ки Шукрона дар чї њоли вазнине ба беморхона расонда шудааст. Аз њуљљатњои дасти модари Шукрона, ин љо барои мисол, метавон хонд, ки ваќти рух додани садама роњ равшан будааст, њарчанд ки шом буда. Метавон бо њарфи сиёњи рўшан навишт, ки садама дар гузаргоњи пиёдагард рух додааст. Аммо чї њољат, модоме ки се моњ боз касе ба доди ин модари тољик нарасидаасту касе ба ў тасмими кумак кардан надорад. Ин матлаб навишта мешуд, њатто агар натиљаи ин садама ба ин њад фољиабор намешуд. Њол он ки садамаи наќлиётї бо иштироки дипломатњои амрикої дар Душанбе бори аввал нест ва бархе њатто бо марг анљом ёфтаанд.

ЉИНОЯТКОР Ё ДИПЛОМАТ? Он чї бо Шукрона рух додааст, баъди ќариб се моњ расонаї шуд. Маълумоти даќиќ дар даст нест, ки дар садамањои наќлиётии дипломатњои амрикої чанд нафар њалок ё захмї шудаанд. Шоми 29-уми декабри соли 2012 мошини корманди сафорати ИМА дар кўчаи Мирзо Турсунзодаи пойтахт сокини 52-солаи Душанберо зада кушт. Сафорат гунањгори ин садама - Феррер Девид - дипломати дар идораи чанбари мошин ноуњдабарояш, њатто мошини ўро, барои тафтишот ба маќомоти Тољикистон таслим накард. Фаќат њаминро гуфтанд, ки барои тањќиќи ќазияи ин садама, ки дар он шањрванди Тољикистон њалок шуд, муфаттиши амрикоиро ба Тољикистон даъват кардаанд. Баъд чї шуд, шояд сафири ИМА њам надонад, чунки аз ў дигар дар ин бора касе напурсид: таќдир

«

“НИГОЊ”, ЧОРШАНБЕ №8 (390), 14. 05. 2014

7

САДАМА: MADE IN USA

Кормандони сафорати Амрико дар кадом њолат мошин меронанд?

ШУКРОНА АБДУЛЛОЕВА АЗ МОЊИ ФЕВРАЛ ИН ЉОНИБ БИСТАРИСТ њамин будааст, мурдаро зинда кардан намешавад.

ДУХТАРИ ОЊАНИНИ ТОЉИК 23-юми апрели соли 2013, соати 15-и рўз "Љип"-и дипломати амрикої - корманди сафорати ИМА сокини 22-солаи пойтахтро зад. Шоњидон мегуфтанд, духтар сахт маљруњ шудааст. Маќомоти корњои дохилии шањри Душанбе ба Ожонси иттилоотии TojNews гуфтанд, ки нисбати дипломати шортикпўши сафорати ИМА парвандаи љиної оѓоз кардаанд. Сафорати ИМА дар Душанбе гуфт, ки онњо љабрдидаро барои гузаронидани ташхиси тиббї ба Бемористони "Ќарияи Боло" бурдаанд. Ташхис нишон дод, ки љабрдида ягон љароњати вазнин набардоштааст. Дигар касе напурсид, ки њоли духтари 22-солаи тољик чї шуд: муњим, ки намурд!? 17-уми июл таърих такрор шуд. Дар натиљаи садамаи наќлиётї бо иштироки кормандони Сафорати ИМА дар Тољикистон, дар маркази пойтахт ду духтари љавон осеби сахт дида, ба беморхона интиќол ёфтанд. Њодиса дар кўчаи Исмоили Сомонї, наздикии Ќасри Президент, тахминан соати 16: 40 даќиќа рух дод. Мошини тањти аломати дипломатии 004 Д003 ба яке аз так-

Ў хеле хуб медонад, ки ман љиноёти дигари ўро њам медонам. Аз љумла, кўшиши таљовузи як бонуи дигарро, ки бо супориши ў сурат гирифта буд... Моњи марти соли 2011 дар телевизиони "Сафина" дар Наврўзи Кангурт дидам, ки Салимзода Шерхон бо њамроњии Амиров Саидалї ва бародараш Амиров Файзалї рост меистоданд. Баъди ин, мо дигар ба Прокуратураи генералї боварї надорам.

«

сињои кўчаи марказии пойтахт бархўрд. Мусофири такси -, духтари 20 - солаи тољик сахт осеб дид. Ягон кас шубња накард, ки маќоми дипломати хориљї дар мо аз ќонун ва љони инсон арзишноктар аст ва касе дигар аз Эндрюс Башай, гумонбари садама лаб накушод. Дар ин бора њатто наменависанд, ки мабодо аз дастгирињои Сафорати ИМА мањрум монанд? Ин садамањо бо ширкати кормандони Сафорати Амрико њастанд, ки расонањо аз онњо хабар ёфта, дар бораашон гуфтаанд. Худо медонад, ки боз кадом садамањо рух додаву мо аз онњо хабар надорем. Саволе ба миён меояд, ки кормандони сафорат умуман "права" - и ронандагї доранд, ё сари чанбар њушёр менишинанд? Ё худро дар Ироќу Афѓонистон ва Сурия тасаввур мекунанд? Хуб, гуфтем, ки ин њама њодисаи нохуш њастанд, таќдиру балову батари дигар. Инсонигарї чї мешавад? Барои чї сокинони оддии Тољикистон бояд бањои як имзоро дар Конвенсияи Вена дар бораи муносибатњои дипломатї бо хатар ба љону сињатї љуброн кунанд? Онњо гуноњ надорад, ки соли 1961 ин конвенсия ќабул шудааст. Кї бояд сињатии Шукронаро барќарор кунад? Ў бояд маъюби якумрї монад?

НИГАРОНИЊОИ ДУРЎЃИН Журналистонро сафорати ИМА сахт дастгирї мекунад. Фаќат љони одамони оддї барои онњо аз љони мўрча камтар аст. Барои мисол баста шудани сомонаи бахши тољикии Радиои "Озодї", ки воќеан моли ИМА аст, боиси нигаронии сафири "Модари демократия" дар Тољикистон мешавад. Ваќте дастрасиро ба ин сомона рост, ё дурўѓ барои як-ду соат мањдуд мекунанд, Сафорат изњорот медињад: "Мо пайваста нигаронии худро оиди махдудияти шабакањои интернетї ва баста шудани сомонањои хабарї

бо Хукумати Тољикистон матрањ кардаем. Дар бањси озодии интернет, Иёлоти Муттањида љонибдори шафофият аст. Ваќте идеяњо мањдуд ва ё масдуд мешаванд, итттилоот аз байн меравад ва андешањо саркўб мешаванд, њамаи мо аз имконоти шунидан ва табодули назар кардан мањрум мешавем...". Нигаронии Сафорати ИМА боз ваќте меафзояд, ки журналисти дар умраш як китоби тољикї нахонда, тамоми зиёињои тољикро "г..њ" меномад. Ин боиси нигаронии шадиди сафорати ИМА мешавад. "Андешањо набояд саркўб шаванд, озодии матбуоти Тољикистонро бояд чун гавњараки чашм нигоњ дошт, то мабодо бо љаримабандии як журналист барои тањќири тамоми миллат, латма нахўрад. Имкони табодули назар кардан набояд аз байн равад..." даъво мекунад Сафорат. Аммо инсон, љони одам, сињатии шањрвандони Тољикистон барои ИМА ќадри арзан арзиш надорад. Агар имкони табодули назар кардану андешаву озодии матбуоту демократия - њокимияти халќу шаффофият дар кори њукумат барои ИМА ва сафираш дар Тољикистон муњим буданд, сафорат моро дар бораи ин ќазияњо сариваќт огоњ мекард. Агар чунин мебуд, сафорати Амрико дар бораи њар садамаи наќлиётї шањрвандони Тољикистонро огоњ мекард. Пинњон намедошт. Аз рафти тафтишот, ки гўё дар чунин њолатњо муфаттишони амрикої оѓоз мекунанд, њисобот медод... Аммо муттањамона пинњон доштани ин садамањо, нишони ин аст, ки изњороту арзишњое, ки ИМА ин љо талќин мекунад, дурўѓинанд. P/S: Дар сафорати ИМА гуфтанд, аз ќазия огоњанд, вале аз шарњи он худдорї карданд. Фаридун РАЊНАВАРД


8

ТАЊЛИЛ

“НИГОЊ”, ЧОРШАНБЕ №8 (390), 14. 05. 2014

1. Аз ибтидои гирдињамоињо дар майдони Истиќлоли Киев, ки ба тадриљ ба руёрўии мусаллањона табдил ёфтанд ва нооромињо сараввал ќисмати ѓарбї ва сипас манотиќи љануб ва љанубу шарќи Украинаро фаро гирифтанду кишвар вориди раванди беш аз пеш аз даст додани соњибихтиёрї, вањдат ва якпорчагии ќаламрави худ гашт. Дар вокуниши мардуми љумњурии мо ба њамаи ин њодисањо, чун дар тамоми пањнои пасошўравї, ба истиснои Русия, ду вижагї ба назар мерасид. Яке -таъкиди бештар ба наќшу даври Амрикову Русия дар руйдодњои Украина. Дигаре - амалан, ањамият надодан ба давру наќши нухбагони сиёсии худи Украина дар шаклгирии вазъи ногуворе, ки имрўз дар он ќарор дорад. Њам нухбагони њоким ва њам муњолифинашон, ки худ султадорони пешин буданду барои бозгашти дубора ба сари ќудрат талош мекарданд. Дар љумњурињои пасошўравї муттањам намудани бегонагон, хоса абарќудратони замона, дар њамаи норасоињо ва мушкилаву душворињои хурду калони сиёсиву ѓайрисиёсии хеш кайњост, ки ба њукми одат даромадааст. Дур намеравему аз Тољикистони худамон ёдовар мешавем. Таќрибан, аз њамон лањзае, ки тарафайни даргири ќазияи тољикон то андозае барои ворид шудан ба гуфтушуниди сулњ бо њамдигар омода гаштанд, таъкиду исрор бар табиати тањмилии љанги шањравандї дар љумњурї, яъне ягона сабабгори онро донистани ѓайри худињо, низ шуруъ шуда буд. Нодида гирифтани таъсири омили берунаро дар шиддатгирии буњрони сиёсие, ки Тољикистонро њоло пеш аз дарёфти истиќлол фаро гирифта буду моњи марту апрели соли 1992 ба руёрўии майдонњо ва моњи майи њамон сол ба љанги шањрвандї тањвил ёфт, нашояд. Вале њамчунин нашояд нодида гирифтан, ки худи буњрони сиёсї решањои дохилї дошт, нухбагони сиёсиву ѓайрисиёсии љумњурї мунќасиму зидди якдигар шуда буданд ва аз гуфтугўи љиддї ба хотири расидан ба њамдигарфањмї ва њифзи вањдати мардуму кишвар руй метофтанд. Њамин њолати ташаттут ва руёрўии ошкорои нерўњои сиёсии Тољикистон барои њокимият буд, ки барои дахолати нерўњои беруна, хоса абарќудратњо, ки њамеша аз паси таъмини манфиатњои хеш дар атрофу акнофи љањон мебошанд, шароити мусоид фароњам гашт. Табиист, ки онњо ин фурсату шароити мусоиду муносибро барои њимояти манфиатњояшон аз даст додан нахостанду феълан аз даст надоданд ва чаро њам бояд аз даст дињанд.

чанде гузашту байни тазоњуркунандагон дар майдони Истиќлол ва нерўњои њифзи њуќуќи кишвар руёрўии мусаллањона сар заду гирдињамомадагон ба тасарруфи худ даровардани идорањои давлатї пардохтанд. 2. Аврупомайдон ва натиљањои он гувоњи равшани дар давоми беш аз ду дања, ки аз фурўпошии Иттињоди Шўрави сипарї шуданд, аз уњдаи бунёд намудани давлату давлатдории устувори мустаќил набаромадани нухбагони сиёсии Украина мебошад. Низоми давлатдорие, ки ин нухбагон дар давраи истиќлол бунёд намуданд, ба кулли корношоям баромад. Тавре ба назар мерасад, чунин як ноуњдабарої аз вижагињои назарраси нухбагони сиёсии Украина мебошад. Вазъи кунуни ин киш-

шумор бархурдор бошад њам, аз нуќсонњои зиёд низ барї набуд. Яке аз ин гуна нуќсонњоро бояд омода набудани нухбагони љумњурї ба мустаќилона пайдо кардани њалли муносиб барои масъалаву мушкилањои душвору мураккаб, ба вижа масъалањои пурпечидаи сиёсї ва милливу фарњангї, донист. Њамин адами омодагии нухбагони сиёсии Украина ба давлатдории мустаќил буд, ки аз худи лањзаи дарёфти истиќлол ва то ба кунун ин кишвари хеле калону серањолї ва дорои имконоту хайроти зиёд аз оромиву суботи сиёсї бархурдор набуду буњронњои сиёсї падидаи њамешагї дар Украина гаштанд 3. Баъд аз фурўпошии Иттињоди Шўрави нухбагони сиёсиро дар љумњурињои собиќи шўравї

арзишњои тамаддунии хеш, ки дар њазору чањорсад соли ахир, ба истинои чанд дањсолаи ањди шўравї, мабнї ба арзишњои исломї буданд, ин падидаро боис шуданд. Албата, ин равандро боло рафтани шиддати умумии сиёсї дар кишварњои минтаќа дар асари шиддат гирифтани мубориза барои њокимият низ љиддан сањим шуда буд. Њар як шиддатгирии навбатии вазъи сиёсї азми хелењоро аз рустаборону русзабонони њоло њам дудиларо барои тарки кишварњои минтаќа ќавї мегардонду таконе мегашт барои ќабули ќарори нињої оид ба хиљрат кардан аз ин ё он љумњурии Осиёи Марказї. Дар кишварњои пасошўравии каронаи бањри Болтик мушкилаи мазкур бо мусовимати муайян файсала гашт. Тавре ба назар мерасад, русњову русзабонон, агар чизеро дар њамин

Дарди Украина: худињо ва бегонагон

(назаре аз Душанбе ё худ андешањои пароканда дар њошияи њаводис) Ворид будани абарќудратонро дар шаклгирии вазъе, ки имрўз дар Украина ќоим аст, ба њеч ваљњ инкор карда намешавад. Вале муттањам кардани онњоро дар ин амр маъно надорад. Нахуст, аз он лињоз, ки фоида надорад. Пасон, њар кореро, ки эшон дар Украина роњандозї намуданд, ба хотири таъмини манфиатњои сиёсиву амниятии хеш карданд. Яке аз ин абарќудратњо ба хотири боз њам бештар густариш додани нуфузи њаматарафаи худ, ба шумули нуфузи њарбї, дар пањнои пасошўравї ва, мутаносибан, танг намудани доираи нуфузи раќиби њамешагии хеш. Дигаре ба њотири таъмини амнияти миллии худ, зеро кўшишу талошњои раќибашро хатару тањдиди ошкорову мустаќим ба амнияти давлату мардуми хеш, яъне ба эмин мондани онњо аз фаноёбї, медонист. Нињоят, аз он лињоз, ки мушкилаи аслии Украина бештар на дар нияту кўшишу талошњои абарќудратон, балки дар аќидањо ва сулуку рафтори сиёсии худи нухбагони њокиму мухолиф, ба вижа дар дањ соли ахир, комин аст. Њамон нухбагоне, ки аз сари ќудрат мерафтанду боз дубора ба он бармегаштанад ва њеч гоњ аз давлатдориву давлатронї пурра маъзул набуданд. Шаклгирии вазъи кунунї дар Украина аз созмон ёфтани "Аврупомайдон"- гирдињамоии мусолиматомези мардуми норозї аз даст кашидани раиси љумњур Виктор Янукович аз имзо кардани созишнома рољеъ ба роњандози намудани муносибатњо эътилофии байни кишвараш ва Иттињоди Аврупо дар майдони Истиќлоли Киев, шуруъ шуд. Гирдињамомадагон пайвастан ба Аврупоро талаб мекарданд. Дере нагузашта шиори онњо истеъфои њукумат гашт. Боз

варро равост шабењи њолате донист, ки таќрибан сад сол пеш Украина дар он ќарор дошт. Баъд аз пирўзии инќилоби Октябри соли 1917 амалан дар њар як минтаќаи Украина давлату давлатчањои дорои таваљљуњоту гаравишњои гуногуни сиёсиву идеологї - шўравї, миллї, анархистї ва ѓ.њ., пайдо шуданд. Њамаи ин давлату давлатчањо бо њам дар низоъи шадид буданд. Дуруст аст, ки баъдтар Украина аз лињози васеъгии пањно, ќудрати иќтисодї ва вазни сиёсии худ баъд аз Русия љумњурии калонтарин, тавонотарин ва пурнуфузтарини Иттињоди Шўравї гашта буд. Ногуфта низ намонад, ки он шояд ягона љумњурии собиќи шўравие буд, ки ќаламраваш аз соли 1919 - санаи таъсис ёфтани Љумњурии Шўравии Сотсиалистии Украина, ва то соли 1954 беш аз пеш аз њисоби заминњои Русия, Полша, Руминия, Чењославакия густариш меёфт. Охирин замине, ки ин љумњурї соњибаш шуд, нимљазираи Ќрим буд. Соли 1954 вилояти Ќрим бо ташаббуси сарвари ваќти Иттињоди Шўравї Никита Хрушёв, ки аслу насабаш аз Украина буд, аз њайати Русия бароварда ва ба њайати Украина њамроњ карда шуд. Њамаи ин васеву тавонмандшавии Украина танњо баъд аз пойдор гаштани низоми шўравї, ки ба њамаи бесарусомонињо дар љумњурї хотима гузошт ва зери идорадории беруна, яъне зери идорадории маркази давлати шўравї, ќарор гирифтани љумњурї, рух доданд. Албатта, Украина роњбарияти худро низ дошт, вале њамаи ќарору ќадамгузорињои асосї ва аксаран ѓайриасосї низ на дар Киев, балки дар Маскав тасмимгирї мешуданд. Чунин воќеъияти давлатдории шўравї аз фазилатњои сер-

лозим омад масъалаву мушкилањои зиёди ба сари кишвару мардумашон омадаро мустаќилона њаллу фасл намоянд. Яке аз њамин гуна масъалањои басо душвори ањди истиќлол тањвил додани љумњурињое, ки њамагї љузъи давлати абарќудрати шўравї буданд, ба давлатњои феълан милливу соњибихтиёр мебошад. То ба њол њалли ин мушкиларо омилњое мисли полиэтникї (бисёрќавм) њайати ањолии онњо ва ташкил намудани ќавмњои ѓайрибумї ќисмати назарраси ањолиро боз њам душвортар мегардонад. Шояд истиснои ягона аз ин воќеъият Љумњурии Арманистон мебошад, ки имрўз амалан давлати яккаќавм аст. Дар чунини як вазъу њолат бунёд намудани давлати миллии пасошўравиро хатари имконияти сар задании низоъњои тезу тунди байниќавмї њамроњ аст. Дар ин робита бояд ошкоро гуфт, ки омил ё худ масъалаи русї, дар ќатори омилњои дигар, дар бархе аз љумњурињо мушкилаи низоъангези феълї ё имконпазир мебошад. Дар пањнои пасошўравї низоъњои вобаста ба ин мушкила борњо, дар шакли гуногун, бо шиддати гуногун паёмаду натиљањои гуногун, сар зада буданду то ба њол сурат мегиранд. Дар љумњурињои Осиёи Марказї њалли ин мушкила, умдатан, аз тариќи ба тарзи оммавї ва ихтиёран онњоро тарк гуфтани мардуми русу русзабон сурат гирифт. Бад шудани вазъи иќтисодї дар минтаќа, маќоми забони давлатиро касб кардани забонњои мардуми бумї, амалан имкон надоштани њифзи минбаъдаи маќоми имтиёзноки сиёсї ва иљтимоии пешини рустаборону русзабонон, густаришу ривољи раванди баргаштани кишварњои минтаќа ба решаву

давлатњо аз даст дода бошанд њам, ба бадали он чизи дигареро ба даст оварданду аз диди эшон он чизе, ки ба даст омад, аз љумла имконияти будубош дар пањнои ягонаи Иттињоди Аврупо, чизи аз даст рафта - имтиёзоти пешини ношеъ аз мансубият ба ќавми (этноси) рус, маќоми пешбари забони русї ва амсоли онњоро, љуброн мекунад. Дар Молдова боло рафтани шиддат байни Кишинёв ва минтаќаи Вароднестри умдатан рустабору русзабон, билохира ба чолишњои мусаллањона байни тарафайн оварда расонд. Танњо мављуд будан љузву томњои артиши Русия дар ин љузъи собиќ Молдавияи шўравї пеши роњи тањвил ёфтани ин чолишњоро ба низоъи густурдатару мудњиштар гирифт. Дар Гурљистони пасошўравї, ки теъдоди мардуми русу русзабонони ѓайрибумї дар он аслан чандон зиёд набуд, раванди ташакули давлати миллии пасошўравии гурљї низоъњо ва љангњои феълии Тбилисї бо минтаќањои худмухтор дар њайати ин љумњурї мувоќиб буд. Авалин даргирї аз њамин ќабил љанги Тбилисї бо Осатинистони Љанубї дар ањди раиси љумњур Звиад Гамсахаурдия сар зада буд. Даргирии сонї - љанги мушобењ бо Абхазистон, дар ањди раиси љумњур Эдуард Шеварнандзе рух дод. Дар асари мањз њамин љангњо дар ќаламрави Гурљистон омили Русия дар шакли ќарор гирифтани љузву томњои артиши ин кишвар ба њайси нерўи посдори байни тарафњои низоъ пайдо шуд. Дар рафти љанге, ки Тбилисї дар ањди раиси љумњур Михаил Саакашвилї алайњи Осатинистони Љанубї оѓоз кард, артиши Гурљистон, аз љумла посдорони сулњи Русияро зери њамла ќарор дод. Дар натиља, низоъи дохилии


“НИГОЊ”, ЧОРШАНБЕ №8 (390), 14. 05. 2014

Гурљистон ба љанги панљрўза бо давлати Русия тањвил ёфт, ки барои Гурљистон бо аз даст додани якпорчагии ќаламрав анљом ёфт. Осатнистони Љанубї ва Абхазистон, ки тули ќариб ду дањсола амалан људо аз Гурљистон ба сар мебурданд, ба њайси давлатњои мустаќил аз љониби Русия ва баъзе давлатњои дигар шинохта шуданд. 4. Дар раванди бунёд намудани давлату давлатдории нави пасошўравї мањз дар масъалаи дарёфти њалли муносиб барои омили рус ва Русия, њале, ки дар асари он "на сих сўзаду на кабоб", яъне њам давлати нави миллии пасошўравии Украин бунёд гардаду њам дар мардуми рустабору русзабонон аз вуљуди чунини давлату давлатдорї эњсоси хатар пайдо нашавад, нухбагони сиёсии Украина ба њар ду по лангиданд. Дар даври шўравї њамаи масъалањои душворро, ба вижа масъалањоеро, ки ањамияти бунёдиву стратегї доштанд, худи маркази давлати ягонаи шўравї њаллу фасл мекард. Низоми корбарї њамин хел буд. Ин мушкиларо воќеъияте, ки дар як давлат амалан ду кишвару ду мардум, ки аз њамдигар аз лињози гузаштаи торихї, таваљљуњоти сиёси-идеологї, мазњабї, аз лињози забону фарњанг ва равоншиносї фарќ мекарданд, арзи вуљуд дорад - вилоятњои љанубиву љанубу шарќї ва вилоятњои ѓарбї, дучанд мегардонад. Мардуми вилоятњои ќисмати љанубї ва љанубу-шарќии Украина таваљљуњи бештар ба робитањо бо Русия доштанду доранд. Барои аксарияти мардуми вилоятњои ѓарбї отифаи шадиди зиддирусї ва таваљљуњ ба эътилоф бо Аврупо хос аст. Вилоятњои марказї дар як вазъи буферї ќарор доранду њар ду тарафи ба њам мукобил ба он таъсиргузоранд. Идоракунии чунин як давлати мураккаб аз нухбагони сиёсї эњтиёткорї, адами шитобзадагї ва хиради сиёсиро таќозо мекунад. Аз лањзаи дарёфти истиќлол ва то соли 2004 нухбагони њокими Украина кўшиш мекарданд, ки пеши роњи сар задани низоъњоро байни ќисматњои гуногуни кишвар ва мардуми онњоро гиранд. Дар ин солњо нухбагони њоким њаракат мекарданд, ки масъалаи забон омили ноором сохтани кишвар нагардад. Онњо барои беш аз пеш маќоми асосиро ба њайси забони давлатї соњиб шудани забони украинї мунтазам ва пайваста шароити мусоидро фароњам месохтанд. Вале ин корро бо эњтиёткорї ва канорагирї аз фишору шиддатоварї аз њад зиёд дар сатњи расмии давлатї мегузаронданд. 5. Љои пушида нест, ки дар ањди руасои љумњур Леонид Кравчук ва Леонид Кучма ба роњ мондани муносибатњои густурда бо Ѓарб аз авлавиятњои нахустин дараљаи Украина дониста мешуд. Вале, ба њар њол, ин сиёсатмадорон кўшиш мекарданд, ки дар таваљљўњ ба ѓарб як навъ эътидолро риоя кунанд, то кишвар дар ин масъала ба сангарњо људо нашавад. Баъд аз инќилоби норинљии соли 2004 султадорони нави кишвар аз паси тезонидани раванди украинагардонии он ва гаравиши пурра ба Ѓарб шуданд. Дере нагузашту ин навгонињо самарањои талхро ба бор оварданд. Буњронњои сиёсї, ки њар сари чанд ваќт дар кишвар сар мезаданд, акнун падидаи доимї гаштанд. Илова бар ин, Украина мубталои ду "љанги газ" ва бадшавии умумии муносибатњо бо Русия гашт. Болои сўхта намакоб, буњрони молиявї ва сипас иќтисодии оламї, ки соли 2008 сар зад, ба иќтисоди Украина зарбаи сахт расонд. Таъсири њамаи ин омилњо ва доругири дохилї байни худи нухбагони "норинљї" поён рафтани обрўи эшонро боис шуд. Дар интихоботи президентии соли 2010 мардум аз онњо рўй гардонду барои мухолифонашон - Виктор Янукович ва атрофиёни ў овоз дод.

6. Ягона "дастоварди" раиси љумњур Виктор Янукович ва атрофиёнаш тайи чањор соли давлатронияшон ин буд, ки дар Украина ягон тоифаи мардум намонд, ки аз онњо розї бошанд. Норозигии њамагон - аз шањравандони ќатории нодоро то соњибони миллиардњо долларњо, аз раиси љумњур ва атрофиёнаш ба дараљае расида буд, ки, бино ба яке аз рўзноманигорон, дар Украина њодисаи дар навъи худ басо фарид, балки тасаввурнашванда рух дод. Шањравандони нодорову мардуми миёнањол, соњибкорони хурду миёнаву бузрг ва соњибкорони дороманди тавоної, ба истилоњ, "олигарњо", ки дар дар вазъу њолату дигар чизе онњоро ба њам оварда наметавонист, акнун якењо аз поён рафтани зиндагї, дигарњо аз расидагињои нохўши Виктор Януквич ва атрофиёнаш нисбат ба бизнеси онњо ба дод омада, дар як саф, пањлу ба пањлу ва аз як сангар алайњи онњо ќиём карданд. Онњое, ки аз иштирок дар ќиём худдорї намуданд, барои тайиди эшон низ таваљљўње зоњир накарданд. Њамзамон, мудовимати муносибатњои Виктор Януковичро њам бо Ѓарб ва њам бо Русия адами љиддияти лозима хос буд. Масалан, ў худ ташаббускори раванди ворид шудан ба муносибатњои эътилофї бо Иттињоди Аврупо буд. Вале таамулу баррасии амиќу љиддии њамаи паёмадњои имконпазири онро, аз љумла раддулфеъли басо вориди Русияро, лозим надонист. Аз тарафи дигар, дар марњалаи нињоии ин раванд, пас аз он, ки раддулфеъли русї феълан сурат гирифт, аз бастани созишномаи омодашудро бо Иттињоди Аврупо даст кашид. Ин дафъа њам бидуни тааммули раддулфеъли њам тарафдорони баста шудани чунин созишнома дар худи Украина ва вокуниши сиёсии давлатњои Ѓарб. Тарафдорони эътилоф бо Аврупо аз имзо накардани Виктор Янукович созишномаи тањияшавандаро ба ѓазаб омада ба майдони Истиќлоли Киев рехтанд. 7. Дубора ба сари ќудрат расидани мухолифин вазъи сиёсии Украинаро печидатар гардонд ва сабабгори чунини ранг гирифтани раванди умур худи онњо шуданд. Ќарорњои ба њамагон маълуме, ки аз љониби онњо дар гармогармии расидан ба сари њокимият ќабул карда шуданд, аз љониби хелењо дар манотиќи љанубу чануби шарќї Украина њамчун тањдиду тањќири ошкоро талаќї шуданд. Онњо бо тавсифи њокимияти нави дар Киев ва ќарорњову тасмимгирињояш њамчун ѓайри шаръї ба тазоњороту эътирозоти музод даст заданд. Муќовоимат байни тарафайни ќазияи Украина рўз то рўз шиддат мегирифт ва дар нињояти амр то ба ошўби манотиќи ёдоваршуда алайњи њокимияти нав дар Киев ва аз даст додани кишвар якпорчагии ќаламрави хеш расид. Нимљазираи Ќрим аз Украина људо ва ба Русия њамроњ шуд. Њамзамон, таваљљўњи њамешагии нухбагони сиёии Украина ба Ѓарб, ки дар ањди Леонид Кравчук ва Леонид Кучма нисбатан пўшидатар буду дар ањди Виктор Юшенко ва њатто Виктор Янукович басо кушод гашт, аз лањзаи ба майдони Истиќлоли Киев рехтани мухолифин ва тарафдоронашон натанњо ќавї, балки ягона гашту заминаро барои ба таври густурдаву ошкоро дахолат кардани ѓарбтаборон ба умури дохилии кишвар фароњам сохт. Чунин ранг гирифтани кор, албатта, боиси ташвиш, эњсоси тањдиду хатар ва мутаносибан, раддулфеъли муносиби давлати Русия нашуда наметавонист. Дар натиља, Украина майдони доругири Ѓарбу Русия гашту на танњо якпорчагии ќаламрави худ, балки истиќлолу сохиибихтиёриро дар рафтору тасарруфоти сиёсии хеш амалан аз даст дод. Буњрони кунунии сиёсии дар Украина бо

кадом паёмаду оќибатњои нињої анљом меёбад њамоно масъалаи кушод аст. Вале ин буњрон як њаќиќату воќеиятро ба куллї возењ намуд њамон тавре ки ќариб сад сол пеш рўх дода буд, ягона амалкарде, ки нухбагони сиёсии пасошўравии њокиму мухолифи Украина, ки то ба њол дар он хеле "муваффаќ" буданд, эљод намудани мушкилоти сиёсї барои кишвари хеш ва пайдо карда натавонистани роњи муносибу оќилонаи берун омадан аз вазъиятњои ногуворе, ки бо дасти худашон офариданд, мебошад. 8. Яке аз сабабњоеро, ки ин воќеъиятро боис шуд, бояд, тавре дар боло ишора шуд, дар адами омодагии лозимаи нухбагони сиёсии Украина барои мустаќилона идора намудани кишвари хеш дид. Дуруст аст, ки њар сари чанд ваќт дар љумњурињои собиќи шўравї роњбарону сиёсатмадороне, ки кўшиш мекарданд мустаќилона фикр кунанд, райъи худ дошта бошанд ва, мутаносибан, мутобиќи диду фањми худ дар чањорчўби ќонунњои мављуда амал кунанд, пайдо мешуданд ва соњиби обруву эътибори зиёд мегаштанд. Маъмулан, маркази давлатдории пешин аз чуни њолат ба ташвиш меомад. Гоњо сабаби чунин ташвиш, масалан, фаъолияти роњбарони тавоно ва мустаќилгарои Ўзбакистону Озарбойљон, худ ба худ рафъ мешуд. Баъд аз фавти Леонид Брежнев чанд моњ нагузашта буд, ки сарвари ваќти Ўзбакистон Шароф Рашидов низ аз дунё гузашт. Роњбари Озарбойчон Њайдар Алиевро бошад сарвари нави Иттињоди Шўравї Юрий Андропов ба хотири боз њам устувортар гардондани мавќеъи хеш дар сари ќудрат ба Маскав, ба вазифаи муовини сарвазири Иттињоди Шўравї гузаронад. Барои њар дуи љумњурињо яке аз паёмадњои муњимми ин руйдодњо ба сари ќудрат расидани шахсоне буд, ки дар охирин солњои умри давлати шўравї онњоро мубталои буњрони шадиди сиёсї гардонданд. Дар Ўзбакистон танњо баъд аз ба сари ќудрат омадани Ислом Каримов гирифтани пеши роњи густаришёбии буњрони сиёсї, рањоёбии минбаъда аз он ва ба ањди истиќлол аз лињози сиёсї беосеб гузаштани љумњурї имконпазир гашт. Дар Озарбойљон бошад, чунин роњбари нав пайдо нашуд. Њамин буд, ки мардум, ки ба сараш азобњои љанг бо Арманистон ва дар рафти он ишѓол шудани таќрибан сеяки ќалмрави кишвар омаду љумњурї дар остонаи љанги густурдаи шањрвандї ќарор гирифт, рў ба Њайдар Алиев гардонд ва бозгашти дубораи ўро ба сари ќудрат дарњост кард. Гоњи дигар сабаби ташвиш аз роњи сабукдуш кардани роњбари тавоно ва њатто њамагї ташаббускори ин ё он љумњурї рафъ карда мешуд. Тавре, масалан, бо сарвари Ќазоќистон Динмуњаммад Кунаев ва ё сарварони Тољикистон Турсун Улдљабоев ва Рањмон Набиев рўх дода буд. Хушбахтона барои Ќазоќистон рафтани Динмуњаммад Кунаев бо омадан ба сари ќудрат ба њайси сарвазири кишвар Нурсултон Назарбоев љуброн шуд. Боре камина аз мањвораи ба њамагон маъруфи К+, ки мухолифи њукумати Ќазоќистон аст, суњбатеро бо љаноби Виктор Храпуновро ки муддати мадид ба Нурсултон Назарбоев наздик буду вазифањои баландро, аз љумла сарварии вазоратњои энергетика ва њолатњои фавќуллода, шањрдории Алмато ва волигии Вилояти шимолу шарќии Ќазоќистонро бар душ дошту имрўз мухолифи роњбарияти ин кишвар дониста мешавад, дида ва шунида будам. Зимни гуфтањои бисёр ў аз ба сари ќудрат расидани сарвари кунунии Ќазоќистон ёдовар шуд. Мухолифини Нурсултон Назарбоев њамеша таъкид ба он доранд, ки гарчанде сабабгори асосии расиданаш ба мартабањои баланд ва дар

9

ваќти нисбатан кутоњ Динмуњаммад Кунаев буд, у ба њомии худ бовафо намонд. Ба гуфти мухолифин баъд аз оѓози бозсозї дар яке аз пленумњои Њизби коммунистии Ќазоќистон Нурсултон Назарбоев, ки дар он ваќт њукумати љумњуриро сарварї мекард, ѓайричашмдошт даст ба танќидкунии устоди худ дар сиёсат заду ин иќдоми ў боиси касби эътимоди калоншавандагони ваќти Маскав шуд. Аммо Виктор Храпунов дар њамон суњбати худ ривояти тамоман дигарро овард. Ба гуфти ў, дар паси ин амалкард гўё худи Динмуњаммад Кунаев буд, чун яќин медонист, ки ташаббускори бозсозї њатман аз паси аз сарварии Ќазоќистон барканор карданаш мешавад. Лозим буд коре кард, ки њокимият дар кишвар дар дасти нухбагони њоким, яъне намояндагони "жузи" кабир боќї монад. Њамин тавр њам шуд. Маскав эътимоди худро ба Нурсултон Назарбоев гузошт. Ин суханњоро Виталий Храпунов барои маззамати сарвари кунунии Ќазоќистон гуфт. Вале агар гуфтањои ў дуруст бошанд, пас њодисањои рўхдодаро гувоњи на чизи дигар, балки хиради сиёсии њам устод ва њам шогирд бояд донист. Тахмин кардан мумкин аст, ки Динмуњаммад Кунаев ин корро на фаќат барои таъмин намудани баќои нухбаи њоким бимонад, балки, бо назардошти таљрибаи ногувори Ўзбакистону Озарбойљон баъд аз даргузаштани Шароф Рашидов аз дунё ва ба Маскав гузарондани Њайдар Алиев, ба хотири гирифтани пеши роњи гузаштани султа ба дасти касони ноуњдабаро, ки бино ба ноуњдабароии худ метавонистанд Ќазоќистонро ба њолати табоњии комил расонанд, низ анљом дод. 9. Дар Тољикистон, мутассифона, аз оѓози солњои шастуми ќарни гузашта муњити сиёсїмаънавї ва равоншиносие њукмфармо гашт, ки вуљуди сиёсатмадорони ташаббускорро, чи расад ба мустаќилфикру мустаќилрафтор, тањаммул намекард. Нахустин ќурбонии чунини муњит сарвари ваќти љумњурї Турсун Улљабоев буд. Дар ќатори чунин мардум Муњаммад Осимиро, ки нагузоштанд дар роњбарияти сиёсии љумњурї бимонад, Абдулањад Ќањњоровро, ки боло рафтани обрўи ўро байни хосу ом баъзењо хатару тањдид ба манфиатњои гурўњии нухбагияшон медонистанд, Рањмон Набиевро, ки ташаббусњои ў, хоса даст задан ба кандани наќби Анзобро, нухбагони ќарорсози ваќт напазируфтанд, номбар кардан мумкин аст. Њамчунин буданд онњое, ба мисли котиби ояндадори Кумитаи маркази Њизби коммунистии Тољикистон Эргашев, ки ќазову ќадар онњоро бармањал рабуда буд. Њамаи њамин буд, ки Тољикистон, бар хилофи њамсоягонаш дар минтаќа, дар њолати ноомодагии томи сиёсї, идорадорї, маънавиву равоншиносї вориди истиќлол шуд. Оќибати ногувори ин адами омодагї ба њамагон маълум аст - шиддат гирифтани буњрони сиёсие, ки љумњуриро њоло дар марњалаи охири умри давлати шўравї фаро гирифта буд ва моњи майи соли 1992 ба љанги шањравандї тањвил ёфтани он. Зарурати боздоштани хунрезї, ба роњ мондани гуфтугўи тарафайни даргир ба хотири расидан ба сулњи комил, барќарор намудани вањдати миллї ва ба њам овардани кишвари амалан парокандашуда нухбагони сиёсии Тољикистонро водор кард, ки малакаи мустаќилона фикр кардан ва тасмимгириву кадамгузорї намуданро касб кунанд. Бо такя ба ин малака нухбагони сиёсии тољик ќобили паси сар намудани парокандагии давлату миллат шуданд ва асосњои давлати миллии пасошўравиро ки тавонист хатарњоеро, ки ба амният ва худи баќои он тањдид мекарданд, паси сар намояд, гузоранд. Нухбагони сиёсии Украинаро илоље нест, ба ѓайр аз њарчи сареътар аз лињози пухтагии сиёсї, мустаќил будан дар тасмимгирињо ва дарк намудани масъулияти сиёсии худ дар нисбати љумњурии хеш, њеч набошад, ба сатњи нухбагони сиёсии кишварњои Осиёи Марказї расанд. Албатта, агар феълан нияти њифз намудани давлати мустаќилу сохибихтиёри Украинаро дошта бошанд. Шояд душворињое, ки имрўз ин љумњурии пасошўравї аз сар мегузаранд, барои нухбагони сиёсии он мактаби хубе гардад, барои касби таљриба ва малакањову ќобилиятњои барои њифзи истиќлолу сохибихтиёрии лозима. Ба њар њол, таљрибаи Тољикистони худамон гувоњи он аст, ки чунин амрро имконнопазир донистан нашояд. Вале нухбагони кишварњои Осиё Марказї, дар навбати худ, бояд аз њолати ногувори имрўзаи Украина сабаќ омўзанд. Яке аз бардоштњо аз он гўё аст, ки дар оламу пањнои пасошўравї раванди шаклгирии воќеъияти нави сиёсї ва таносуби нави њадафњову манфиатњои абарќудратњо дар љараён аст. Аз ин ба баъд ба гумон аст, ки нодида гирифтани ин воќеъият имконпазир бошад.

Рашид Ѓанї АБДУЛЛО


10

“НИГОЊ”, ЧОРШАНБЕ №8 (390), 14. 05. 2014

МАНФИАТИ МИЛЛЇ

Наздик расидани даври дуюми интихобот дар Афѓонистон ва доѓ шудани муборизаи номзадњо барои касби курсии президентї хоставу нохоста он масъаларо ба миён меорад, ки Тољикистон дар ин талош аз мавќеъи кадоме аз ин ду номзад пуштибонї кунад, то манфиатњои геополитикии худро њифзшуда бинад? Ба љонибдории доктор Абдуллоњи Абдуллоњ, ки маъмулан аз ў ба унвони номзади форстаборон ёд мекунанд, матрањтарин чењрањо, њатто касоне, ки ба элитаи имрўзи њоким наздиканд, мепайванданд. Ин пайвастан њаќиќати дигарро ба намоиш мегузорад, ки метавонад барои Тољикистон орзу бошад: дар Афѓонистони љангзада намунањои аввалини демократияи ѓарбї шакл мегиранд ва мардум ба он одат мекунанд, танњо њамон вожаи "интихоботи озод" метавонад роњи наљот аз њар гуна диктаторї бошад. Дар Афѓонистон агар Карзай бо ченакњои Осиёи Марказї амал мекард, метавонист бигўяд, ки тўли ду давраи интихобот тавонист то њадде суботу оромишро дар кишвар барќарор созад ва интихоб шуданаш барои як давраи дигар мамлакатро аз буњрони амниятї мерањонад. Вале на, гуфт, ки конститутсияро эњтиром мекунад. Меравад, вассалом.

ТАСМИМИ ЗУЛМАЙ ВА ТАЪХИРИ САЙЁФ Аз аввали њафтаи љорї Зулмай Расул, ки дар даври аввал дар касби оро љойи сеюмро ишѓол мекард ва бидуни шак, як шахси таъсиргузор дар сиёсатњои Афѓонистон аст, аз номзадии Абдуллоњи Абдуллоњ пуштибонї кард. Ин дар њолест, ки мавсуф шахси хеле наздик ба президент Њомид Карзай аст. Зулмай Расул, соњиби 11,5 райъи мардуми Афѓонистон бо пайвастан ба тими Абдуллоњи Абдуллоњ таносуби овозњоро ба нафъи муттањидаш таѓйир хоњад дод. Маълум мешавад, ки гуфтушуниди љониби Ашрафѓанї бо Зулмай Расул сари таќсими ќудрати иљроия баъди пирўзї натиљаеро надод, ки ин номзади соњибобрў талаб мекард ва ё интизор буд. Чун пўшида нест, ки ба ин ё он тараф љањидани номзадњои маѓлуб марбут ба он аст, ки дар њукумати оянда кадом симматро соњиб мешавад. Њарчанд њоло њадс задан бармањал аст, вале яќинан тавофуќоте миёни Абдуллоњ ва Зулмай њосил шудааст ва ба љонибдорї аз ў садо баланд кардани шахсияти ба доирањои њоким наздик гувоњи он аст, ки доктор Абдуллоњ дар вазъи хеле муносибтар аз ќабл ќарор мегирад. Ва то њадде ин метавонад тавофуќи усулї миёни Карзай ва Абдуллоњ њам бошад. Зеро дар даври аввал аз номзадии Зулмай ду чењраи дигари таъсиргузор дар сиёсатњои Афѓонистон пуштибонї мекарданд. Инњо бародари Ањмадшоњи Масъуд - Ањмад Зиё Масъуд ва бародари Њомид Карзай - Ќаюм Карзай. Ва яке аз муттањидони дигари ў Њабиба Саробии њазора мебошад, ки дар айни замон волии вилояти Бомиён аст. Аммо то ба ин дам Абдураб Расули Сайёф, номзади дигари шикастхўрда дар даври аввали интихобот мавзеъгирї накардааст. Сайёф яке аз боризтарин чењрањои љињоди Афѓонистон ва дар гузашта аз муттањидони Ањмадшоњи Масъуд аст, ки дар солњои љанг бо Шўравї шўњрати беандоза касб карда буд. Замоне, ки њукумати Раббонї дар Кобул поба-

«

ШАФФОФИЯТУ МАРДУМЇ ГАШТАНИ ИНТИХОБОТИ ПРЕЗИДЕНТИ АФЃОНИСТОН АЊОЛИИ ОСИЁИ МАРКАЗИРО ДАР ЊАЙРАТ ГУЗОШТ

ОРЗУЕ БАРОИ ТОЉИКИСТОН рљо буд, калавише дар мавзеъгириаш надошт ва чун сарвари ќабилаи паштунњои Афѓонистон њамеша аз њукумати марказї њимоят мекард. Сайёф бо Исмоилхон, як фармондењи матрањ ва шинохтаи тољиктабори Шимол дар иттињод аст, ки гуфта мешуд дар сурати пирўзї ба ў курсии ноиби президентиро ваъда карда буд. Аммо тањлилгари тољик Њикматуллоњи Сайфуллозода аз он ки то њол Сайёф дар канор аст ва аз тасмимаш хабар надодааст, як оќибати хушунатбореро пешбинї мекунад. "Оќибати интихоботи президентии Афѓонистон хушунатомез ба назар мерасад. Барои ин гуфтањои хеш далил овардани таќсимбандии аљиби номзадњои ширкаткунанда барои даври дувуми интихобот аст, бахусус шахси Зулмай Расул ва Сайёф. Суоли матрањ ин аст, ки оё заминаи тавофуќи Зулмай Расул ва Абдуллоњи Абдуллоњ чї бошад? Ду номзаде, ки аз нигоњи аќидатї ва дидгоњњои низоми давлатдорї комилан мухолифи њам мебошанд. Баъдан, суоли матрањи дигар ин аст, ки чаро тими Мавлавї Сайёф бо тими Абдуллоњ идѓом нашуданд, дар њоле ки ин ду чењра дар гузаштаи начандон дури даврони љињоду муќовамат дар канори њам буданд, бахусус дар муќовимат бо Толибон?",-мегўяд ў. Бо Абдуллоњи Абдуллоњ аз ин пештар Муњаммадшафиќ Гулоќо Шерзай, ки лаќаби "Булдозер" дорад, пайваста буд ва ин иќдомашро ба хотири "таъмини амният, сулњу субот, њокимияти ќонун, супурдани кор ба ањли кор ва эљоди як њукумати шоиста дар кишвар" ќаламдод кард.

ХАВФИ МИЛЛЇ ШУДАН Ќавмиву миллї шудани интихоботи оянда ва доман задан ба оташи ќавгароиву миллига-

Як сабаби шикасти њокимияти Бурњониддини Раббонї дар охири садаи 20 ва Њабибуллохони Каллаконї маъруф ба бачаи Саќќо дар як ќарн пештар њамин буд. Ва њоло њам ин неруњо дар каминанд. Њарчанд Абдуллоњи Абдуллоњ аз ду реша - паштуну тољик сабз шудааст, вале ў чун форснажод бештар маъруфият дорад.

рої дар Афѓонистон эњтимолияти зиёд дорад. Њарчанд дар ин кишвар дар гузашта масъалаи миллї чандон ошкоро матрањ набуд, вале таърих гувоњ аст, ки ба ќудрат расидани аќвоми ѓайрипаштун боис шудааст, ки неруњои фурсатталаби хориљї ба нафъи худ аз он истифода кунанд. Як сабаби шикасти њокимияти Бурњониддини Раббонї дар охири садаи 20 ва Њабибуллохони Каллаконї маъруф ба бачаи Саќќо дар як ќарн пештар њамин буд. Ва њоло њам ин неруњо дар каминанд. Њарчанд Абдуллоњи Абдуллоњ аз ду реша - паштуну тољик сабз шудааст, вале ў чун форснажод бештар маъруфият дорад. Аз ин рў бо ў пайвастани Зулмай Расул њам шояд ба хотири љилавгирї аз такрори таърих бошад. Ин боз дар њолест, ки коршиносони наздик ба тими Зулмай ба ин нукта сахт таъкид мекунанд ва мегўянд, дар даври дуюм эњтимолияти паштуиву тољикї шудани интихобот зиёд буд ва он ки Зулмай Расул чун намояндаи обрўманди ќавми пашту бо доктор Абдуллоњ эътилоф кард, ба маънои њам эътирофи нерў ва обрўи Доктор миёни сокинони Афѓонистон аст ва њам талоши берун бурдани ин маъракаи сиёсї аз доираи ќавмгароист. Зеро барои Афѓонистони имрўз вањдати мардум хеле муњим аст ва танњо иттињоди ќавму миллатњо метавонад аз тавтиањои хориљиён ин кишварро наљот бахшад. Ба андешаи Њикматуллоњ Сайфуллоњзода њарчанд "масъалаи гароиши миллї дар Афѓонистони замони ќабл матрањ набуд, вале онро доирањои манфиатхоњ пиёда карда тавонистанд. Агарчї ин масъала чандон муассир нест, вале бетаъсир њам нест. Эњтимол ба њам омадани Зулмай ва Абдуллоњ паёми њамшарикии ќавмї бошад, вале онро форсзабонњои рушанфикр ќабул карда наметавонанд".

ТОЉИКИСТОН ЧЇ КУНАД?

«

Аз замони истиќлолияти Тољикистон дар Кобул се маротиба низоми њокимият иваз шуд, вале дипломатияи тољик таѓйироте дар ин дигаргуншавињо эњсос накард. Замони ќудрати Бурњониддини Раббонї замони поягузории сулњи тољикон буд ва пойи Душанберо ба Кобул њамин њадаф кашонд. Ба андешаи таърихнигор ва тањлилгари тољик Нуралї Давлат

"Дар Тољикистон њич гоњ андешаи умумияти тољикї ва форсият дар сатњи њукуматњо вуљуд надошт. Ин ки дар солњои 90-ум Љумњурии Тољикистон бо њукумати Раббониву Масъуд наздик шуд, фишори Русия буд". Баъди омадани Толибон ва хуруљи Раббониву Масъуд аз Кобул иртиботи Душанбе танњо бо эътилофи шимол буд ва он њам бо њадафи доштани иртибот бо сарварони мухолифин, ки дар ин минтаќа аз хоки Афѓонистон мустаќар буданд. Ба ивази ин Душанбе ба Масуъд барои дарёфти кўмакњои Маскав мусоидат менамуд ва Масъуду Раббонї бо фишор мухолифонро ба гузаштњо водор мекарданд. Дар замони Карзай бошад равобити дипломатии ду кишвар ва њатто њамкорињо дар сатњњои гуногун рушд карданд, вале аз набудани њамон андешаи "умумияти тољикї ва форсият", ки Нуралї Давлат мегўяд, њатто ѓояи телевизиони ягонаи форсзабонон амалї нашуд. Ва имрўз њам ки интихоботи Афѓонистон ба марњилаи њассос ворид мешавад, эњсос намегардад, ки Душанбеи расмї аз кадоме аз ин ду номзади ширкаткунанда пуштибонї мекунад. Ва шояд то љойе дуруст њам бошад. Чун дар ин марњилаи давлатдорї такя ба яке ё љиноње зиракии давлатдорї њам нест. Чуноне тањлилгари Маркази тањќиќоти стратегии назди Президенти Тољикистон Мањдї Собир мегўяд: "давлати Тољикистон ба Афѓонистон њамсоягии дўстонаи худро бо назардошти манфиатњои миллии харду кишвар идома медињад. Ва аз њукумати марказии Афѓонистон, ки онро халќ љонибдорї кардааст, муносибати бисёорсамта ва дутарафаро идома медињад. Њар киро халќи Афѓонистон президент интихоб намояд давлати Тољикистон аз он пуштбонї мекунад ва муносибаташро бо њукумати ќонунии марказї ба роњ мемонад. Њукумати Тољикистон љонибдори сулњу салоњ ва оромию амнияти кулли Авфѓонистон аст". Њикматуллоњи Сайфуллозода низ аз њамин мавќеъ њимоят мекунад ва мегўяд "Тољикистон дар мавќеъгирии хеш нисбати раванди интихобот ва натиљаи он хеле њассос бошад, барои мо дўстї ва равобити њасана бо ин кишвари њамсоя хеле муњим аст, новобаста ба он ки чї касе сари ќудрат мерасад. Бояд чунин стротежиеро ихтиёр карда бошем дар ќиболи дурнамои Афѓонистон, чунки оќибати бозињои ду ќудрати љањонї- ИМА ва Русия дар баробари равандњои сиёсии ин кишвар мушаххас нашудаанд. Суханронии паёмомези љаноби Карзай баъд аз мулоќот бо намояндаи хоси президенти Русия ишора аз бозињои дигарест, ки дар Кобул ва атрофи он шакл мегиранд". Аммо ба андешаи Нуралї Давлат "барои Тољикистон аслан њич фарќ надорад, ки дар Афѓонистон кї пирўз мешавад. ин андешањои миллигароёна дар сари њамин 3-4 равшанфикри тољик аст. Миллият дар Афѓонистон хеле љиддист, аммо ин љиддиятро дар Тољикистон дарк намекунанд ва аслан дар фикраш њам нестанд".

Бобољони ШАФЕЪ


МАЗЊАБ ро таъйин кардааст. б) дар боби талоќ бошад, моддаи 104 ќонуни мазкур "талоќ ба тариќи китобатро воќеъ намедонад, магар ба ният" (тибќи мазњаби Имом Молик). Коршиносони њуќуќи кувайтї дар шарњи ќонунии мазкур овардаанд, ки тибќи мазњаби љаъфарї (шиа) талоќи бо китобат, аз љумла, бо навишти телефонї (SMC) ба таври мутлаќ воќеъ намешавад, магар ваќте собит гардад, ки мард нутќ натавонад кард, моддаи 107 ба шавњар њаќќи се талоќ додааст, моддаи 119 - и он бошад ба ќозї њаќќи талоќ доданро медињад, ваќте шавњар нафаќаи занро пардохт накунад, моддаи 120 - уми он низ ба ќозї чунин њаќро медињад, агар шавњар дар макони номаълум ѓоиб бошад ё шавњар гум (мафќуд) бошад, моддаи 126 ба зану мард талаби људошавї, моддаи 127-уми ќонун мањкамаро ва-

“НИГОЊ”, ЧОРШАНБЕ №8 (390), 14. 05. 2014

11

рои кувайтї марди кувайтии бо зани кувайтї издивољкунандаро 4000 динор (1 динори кувайтї муодили 3.55 доллари амрикої (14 њазору 200 доллари ИМА)) ёрї медињад. Тибќи ќонуни ањволи шахсї, њадди поёнї ва болоии мањр баён нашуда, миќдори он вогузор ба таоруф аст, вале аз соли 1960 Маљлиси муроќабаи (назорати) мањр мањронаро миќдори 6000 рупия, њадияњоро ба миќдори 2000 рупия (он замон дар ин кишвар рупия њиндї амал мекард) таъйин карда бошад њам, аз он рўзгор ба ин љониб масрафи мањрона ва харљи тўйи издивољ ба маротиб боло рафтааст. Љавони кувайтї гоњи ихтиёри издивољ нахуст барои зан манзилу мошин ва шофёру ходима ва дигар васоили хонадориро муњайё менамояд, ки на њама метавонанд бардошти он намоянд. Тибќи омори Вазорати адли Кувайт, 65 дар сад монеањои издивољ аз болоравии

НИКОЊУ ТАЛОЌ ДАР КУВАЙТ Доктор Одил Абдуллоњ ал-Фалоњ чиро нагуфт?

Ба номи Худои Таоло. Рўзи гузашта рўзноманигори агентии "Ховар" бо доктор Одил Абдуллоњ ал-Фалоњ, муовини якум (вакил)-и вазири Авќофи Давлати Кувайт, раиси Маркази љањонии "Васатият", ки бо сафари расмї ба Тољикистон ташриф овардааст, мусоњаба анљом дод ва агентї хулосаи онро интишор дод. Зимни мусоњаба доктор ал-Фалоњ оид ба талоќи ба тариќи телефон чунин гуфт: "Аслан дини мубини ислом дар масъалаи издивољ таваљљуњи махсус дорад ва издивољ дар назди Худои таоло нињоят бузург аст. Мусулмонон бояд меъёрњои Худоро риоя кунанд. Њатто дар њолати талоќ ба мардон иљоза дода нашудааст, ки занњоро аз хонаи худ ронанд, зеро шояд бо мурури ваќт зану шавњар дубора ба якдигар моил шаванд. Ба ин васила мушкил бо роњи мусолињатомез њалли худро меёбад. Пас, иљозат нест, ки масалан, дар масофаи дур истода, мард зани худро талоќ дињад. Мутмаинам, ки олимони дин њам ин амалро мањкум мекунанд. Чунки ин амал бештари ваќт бо роњи буњтон ва туњмат сурат мегирад. Шояд касе дар њаќќи он зане, ки шояд дар муњољират аст, бадгўї ва туњмат мекунад. Пас, оё мешавад, ки ба хотири гапи дурўѓ, аз як масофаи дур ва он њам бошад аз тариќи паёми телефонї њамсари худро талоќ дод? Њаргиз не! - Масалан, дар Кувайт њукми талоќ танњо дар суд содир мешавад. Суд бошад, то он ки зану шавњар бо ходими дин ва љомеашинос сари мизи машварат нанишинанд, њукм содир намекунад. Ходими дин ва љомеашинос онњоро аз оќибатњои бади талоќ њушдор медињанд. Дар ин самт мо ба дастоварди назаррас ноил гардидем. Маълум шуд, ки баъзе масоили кўчак боиси људошавии оилањои љавон мешудааст. Натиљаи иљрои ин ќонун нишон дод, ки 60%-и онњое, ки ходими дин ва љомеашинос ба онњо маслињатњо медињанд, аз фикри худ бармегарданд. Аз ин 60% 90 фоизашон зиндагии осоиштаро идома медињанд. Албатта, хуб мешуд, дар Тољикистон низ дастур ё ќонуне бошад, то дар ин самт кор бурда шавад, зеро суботи оила суботи љомеа аст. Комиссияи такмили ањкоми шариат бо принсипи "ба назар гирифтани воќеият ва манофеи кишвар" фаъолият мебарад. Инчунин нисбат ба суоли Шумо њаминро метавонам бигўям, ки шукри Худо, дар ислом танњо як фикри шахшуда нест. Дар ин самтњо мо ба чор мазњаб - њанафї, шофеї, њанбалї ва моликї такя мекунем. Масалан, дар як ќазияи дар ин ё он мазњаб њатто 8-10 роњи

њал нишон дода шудааст ва шахс метавонад аз он роњу усуле, ки ба нафъи ў њасту бо ањкоми дин мухолиф нест, истифода кунад. Агар дар њалли масъала дар мазњаби чоргона роњи њалро пайдо накардем, мо метавонем ба дигар имомон руљуъ кунем". Љињати дарки бењтари масъала мо нахуст ба ќонуни издивољ дар давлати Кувайт назари иљмолї карда, ќазоват ва муќоисањои ќонунї ва мазњабиро вогузор ба хонанда кардем. Ќонуни Кувайт никоњро василаи бунёди оила муаррифї кардааст, ки инсон хоњишу ниёзњои табиии худро ќаноат бахшида, аз осори он вуљуди фарзанду тарбияи иљтимоии вай ва талќини арзишу одатњоест, ки аз сиришту аќида бархоста ва урфи ѓолиб дар љомеа устувораш кардааст. Ќобили ќайд аст, ки низоми ќазоии (судии) Давлати Кувайт то соли 1925 барои њамагон яксон буд. Соли 1925 он ба ду бахш таќсим шуд, яке барои кувайтиён ва бахши дигарро намояндаи Британия барои бритониёињо таъсис дод. Аз таърихи 25. 02. 1960 бештари бандњои ќонуни ањволи шахсї тибќи мазњаби моликї њаллу фасл мешавад. Аз 1.10. 1984 моддањои ќонуни мазкур тањти раќ. 51 дар се боби асосї ва 212 модда ба тасвиб расид. Ќонуни никоњ иборат аз 96 модда ба шумули муќаддамоти никоњ, аркону шароит, анвои никоњ ва осори он ва ќонуни талоќ иборат аз 69 модда ба шумули ањкоми умумї ва талоќ бо хоњиши мард, талоќи мањкама (људо кардан) ва осори талоќ мебошад. Ќонун дар бораи насаб ва нафаќа шомили 47 модда мебошад. Дар маљмўъ, аз назари мутахассисони кувайтї он барои њимояи оила ва арзишњои оиладорї ќонуни комил ва кафили њуќуќњои динї ва шањрвандии эшон мебошад. Дар робита ба масъалаи фавќ, нахуст баъзе аз маводи ќонунии издивољ, сипас баъзе аз моддањои ќонуни талоќро пешкаши хонанда менамоем: а) дар боби издивољ: Моддаи 8-уми "Ќонун-уз-зивољ" -и кувайтї духтарро тарафи аќди никоњ намешуморад, балки валї тарафи аќди никоњ мебошад, моддаи 29 ќонуни мазкур бошад, мувофаќати валї ва духтарро шарти никоњ медонад. Моддаи 7 ба зурї шавњар додани духтаронро манъ карда ва љиноят хондааст, моддаи 30 духтари 25 сола ва бева (зани шавњаркарда)- ро соњиби раъй дар никоњ медонад, вале тарафи аќди никоњ боз њамон валї аст. Моддаи 37 он авлиёро (валињо, падар, бародар, амак, таѓо) таъйин кардааст. Моддаи 11 он бошад, дар маљлиси аќди никоњ танњо шоњидии мардон-

«

Мусулмонон бояд меъёрњои Худоро риоя кунанд. Њатто дар њолати талоќ ба мардон иљоза дода нашудааст, ки занњоро аз хонаи худ ронанд, зеро шояд бо мурури ваќт зану шавњар дубора ба якдигар моил шаванд. Ба ин васила мушкил бо роњи мусолињатомез њалли худро меёбад.

зифадор ба ислоњ кардан дар миёни зану шавњар менамояд, чунонки доктор Абдуллоњ ал-Фаллоњ гуфтааст. Яъне, масъалаи мазкур танњо масъалаи тафриќ (људо кардан аз тариќи суд) аст, на талоќ. Дар моддаи баъдии ќонун, аз љумла, моддаи 127 таъйини ду њакам барои ислоњ ё тафриќ, моддаи 128 шартњо дар бораи шахсияти њакамњо, моддаи 128, 129, 130, 131 дар бораи кори њакамњо ба тафсил сухан рафтааст. Бар матлаби фавќ, яъне масъалаи алоњида будани њар кадом аз ќонунњои талоќ ва тафриќ метавон ќонуни зайлро изофа намуд: ќонун дар бораи осори заношавњарии талоќ ё тафриќ, ки моддаи 150-уми он барои шавњар њаќќи раљъат (баргашт ба никоњи собиќ)-ро медињад ва онро дар се сурат марбут кардааст: раљъат бояд дар њузури (шањодати) ду мард ё як марду ду зан ё дар маќомоти расмї (ишњоди расмї) бошад. Њамчунин тибќи ќонуни ба тасвиб расида, дар таърихи 25уми ноябри соли 2008 дар Давлати Кувайт, пеш аз аќди никоњ маълумотномаи тиббї оиди саломатї аз арўсу домод талаб карда мешавад. Моддаи 26-уми Ќонун синни арўсшавандаро 15 ва домодро 17 сол таъйин ва издивољи бармањалро ќатъиян манъ кардааст, ки бештари талоќњоро коршиносони кувайтї марбут ба он медонанд. Аз омори расмии интишоршуда бармеояд, ки баъди бењбудии вазъи таълим дар охирњои садаи гузашта њолатњои талоќ ва парокандагии оилањо камтар шудааст. Дар бораи таъсири ќонуни таъйини њакамњо метавон ба ин раќами омории Вазор а т и а д л , и д о р аи му ш о в а р а и о ил а таваљљўњ намуд: аз 4357 нафари ба идора мурољаа карда дар соли 2013 мелодї 1421 нафар ба сулњ ва идомаи њаёти оилавї розї шудаанд, ки раќами андак нест. Духтарон ба сабаби издивољи тибќи таќлиду одатї бо писарамў ва дигар хешовандон ба хориљиён ихтиёри шавњар менамоянд. Аз 111 493 сокини ѓайриќонунии соли 2013 дар Кувайт 3195 нафарашон бо занњои Кувайтї издивољ доштаанд. Маљлиси вуза-

«

мањр буда, масрафи миёнаи тўй баробар ба 300 њазор доллари амрикоист. 25 дар сади издивољи љавонон дар соли 2008 бо духтарони ѓайри кувайтї будааст. Тибќи омори Вазорати тахтит (банаќшагирї) 80 њазор духтари аз синни издивољ гузашта ба шавњар набаромадаанд. Ин раќам ба нисбати љамъияти кувайтї, ки дар њудуди 1 миллиону 200 њазор нуфус аст, хеле зиёд мебошад. Њукумат агарчи 20 њазор доллар ба њар домодшавандаи кувайтї ќарз ва нисфи онро бахшиш намояд њам, мушкилии фавќ њалли худро дарнаёфтааст. Ахиран, баъзе аз љамъиятњои хайрия ба монанди љамъияти "ан-Наљот" љињати њалли мушкил тўйи арўсу домодии дастаљамъиро ба роњ андохтанд. Дар баробари ин, уламои динии кишвар ањодиси Расули Акрам (с)-ро дар боби сабукии мањр ва баракати он ба такрор гўшзади љомеа менамоянд. Нуфуси љамъияти Кувайт њамасола дар њаљми 2.2 фоиз рушд менамояд. Агар синну соли љавонони издивољнакардаи аз 24 сол боло дар соли 2008 61 фоизро ташкил дињад, пас он дар соли 2013 65 фоизро ташкил додааст. Дар 5 соли охир шумораи талоќ дар Кувайт 16 фоиз боло рафт, ки дар миёни давлатњои Халиљ љойи аввалро гирифтааст. Ба њар њол, муќоисаи мусоњабаи доктор Абдуллоњ ал-Фаллоњро бо арќоми фавќ аз ањаммият холї нест. Њамчунин, чунонки дар аввали сухан ишора рафт, муќоисаи вазъи ќонунии зан дар Кувайт бо ќонунњои мадании Тољикистон аз як сў ва бо таълимоти мазњаби њанафї дар ихтиёрдории заношавњарї ва њуќуќи зан дар ин таълим аз сўи дигар, мо ва хонандаи азизро метавонад ба нуќтаи муштарак наздик оварад, ки дар солимии љомеа ва саботи оила, дину мазњаб ва ќонуну иќтисод наќши калидї ва таъсиргузор дошта, афроди њар љомеа баёнгари сатњу муставои рушду инкишоф ва фарњангу ахлоќи он љомеаанд. Тањияи Мулло МАЪРУФ, имомхатиби масљиди љомеи "Сари Осиё"


12

“НИГОЊ”, ЧОРШАНБЕ №8 (390), 14. 05. 2014

БО ШОИР Оњ, эй Худо варо ба сўям ор, Ман бе ў бехудои гунањкорам. Аз ќалби ман фаќат фиѓон хезад, Ман дўст, дўст, варо дорам! Бе ў тамоми зиндагї беранг аст, Дил њам даруни синаи ман танг аст. Бе ў бубин, тамоми вуљуди ман, Оинаро ба сурати ман љанг аст! Баргард, эй ки рафтаву сарсонї, Бар зонувони ѓайр сарат монї. Шояд шабе биёї, вале дер аст, Ман мурдаву ту сахт пушаймонї.

МАН ГИЁЊИ РЎИ РОЊАМ… Дар нигоњи ошноён, Як зани исёниам ман. Лолањои баъди борон, Лањзаи тўфониам ман. Дар нигоњи очаи худ, Барфрезони бањорам, Аз нигоњи душмани худ, Буттаи безеби хорам.

АДИБАИ АЗИЗ ЊАВАСБОЗ Ту мегуфтї, шабони мо сияњ нест, Хиёнатњои мардонро гунањ нест. Ту мегуфтї, дар ин сардии зулмат, Маро љуз кулбаи гарми ту рањ нест. Њавасбозї, ту, эй шоир њавасбоз, Ба ман дигар намесозї, намесоз! Чи медонї дар ин шабњои ялдо, Кї бошад то сањар моро, кї њамроз? Бубин торихи машњури љањонї, Маро хуш омад охир ќањрамонї. Тавањњум нест дар афкори ошиќ, Алайњи ќасди зан чї нотавонї. Гуле буд ноз, рашки њар парї буд, Замоне дилбари Искандаре буд. Њинои хун ба каф Рухшона барбаст, Ки шарти ошиќї танњо саре буд. Њама дунёи шеърам моли ишќ аст, Саропои вуљудам њоли ишќ аст. Ќафас танг аст, кай хоњам ќафасро? Паридан дар њавои боли ишќ аст. Маро бо худ бимон, нерў надорам, Рањоям кун, њавои шў надорам. Чї пайвандї дурўѓини муаллаќ, Ки њатто тифлаке аз ту надорам. Худоё! Ошиќам бар марди дигар, Зи дунболаш равам то бар лаби љар. Аз ин пас шоири дигар бирезад, Ба поям лолањои вањшии тар…

ДУШАНБЕ САБЗИ ТИЛОЇ Билохира њар куљое, ки аз гўшаи дунё рафтам, њамеша бо ёди Душанбе будам… Дўст дорам љодањои баргрезону барфрезон ва хиёбонњои атрогину шабнамзадаи гулрезонашро. Њамеша сабз бимонї, ангор пораи бињишт, шањри зумуррудгуни ман, Душанбе! Душанбе, эй бињишти сабзи тилої, Ту чун шеърї ба зебої. Дилошўбї, дилорої, Душанбе дар дилам љої! Душанбе, пардаи шабњои ту печида бо нур аст, Хиёбонњои гулрезат, Пур аз шавќу пур аз шўр аст. Канорат зиндагї афсонаи ширин, Сабоњат аспи маѓрур аст. Зимистон љодањои ту, Арўси нози мастур аст. Бањорон шањри ман бўи дигар дорї, Гуле бар пеши бар, дар остин, дар мўи сар дорї, Даруни синаи худ шеърњои пуршарар дорї… Ба гармо кўдаке бо модараш мегуфт, Маро то обњое гиря дорад, бар, Ки манзур обшорон буд,

Тароватњои дар љон буд. Ќатори обшоронат, Рањи тасвири моро, Чун љамолакњои духтарбачае меруфт. Ба фасли баргрезонат, Ту зарпўшї, зарафшонї, Худо шоњид, ки медонад, Хаёлолуда чун шоир, Намои резаборонї. Душанбе, шањрдорат марди хуршедист, Баландињои парчам, Хатми навмедист…

ВАТАН, ПОРАЕ АЗ ЉИГАР... Ватандорї кори на њар кас бувад, Ватан хоку сангу пари хас бувад. Магў модарам носазо, ноазиз, Дуруштиву ноањлињо бас бувад. Ватан, эй Ватан, эй Ватан, эй Ватан! Маро љону тан, љону тан, љону тан. Шањи шоирон омада бар Ватан, Гулу булбулон дар њавои чаман. Нигар ањди Сомониён зинда шуд, Њунар њар куљо тарњи созанда шуд. Ватан, эй Ватан, эй Ватан, эй Ватан! Маро љону тан, љону тан, љону тан. Чаро офтобї дари шабнам аст, Магар равшанї ибтидои ѓам аст? Мањалбозї шум, Худоро, бимон, Дигар хоки моро људої мапош! Ватан, эй Ватан, эй Ватан, эй Ватан! Маро љону тан, љону тан, љону тан. Ба њар мурдаљоне наояд Ватан, Фаќат як замоне нашояд Ватан! Ватан, порае аз љигарњои мост, Ватан, модари рањнигарњои мост! Ватан, эй Ватан, эй Ватан, эй Ватан! Маро љону тан, љону тан, љону тан. Ватан, пеши поят фуруд сар кунем, Туро сабзу тар, дилработар кунем. Маро дар канорат, бигир, эй Ватан, Вуљудам нисорат, бигир, эй Ватан! Ватан, эй Ватан, эй Ватан, эй Ватан! Маро љону тан, љону тан, љону тан.

ДАР ЗИНДАГИИ БАЪДЇ Дар зиндагии баъдии худ, Ман духтари як марди китобдорам, марде шабењи падарам... Духтари модаре, ки мењрубон аст, ангор модари худам, Хоњари духтароне нозанин чун хоњарони ман, Хоњари бародарони дўстдоштанї, Монанди Аливу Комї...

Холаи бародарзодањои кучулу номашон Бењону Шерон, Дўстдухтари нози шеър барои њамеша... Аммо маъшуќаи марде, ки шоир аст, Барои ман њар субњ ёсуман меорад, Дар замини лабонам гули бўса мекорад... Ва шеъри сапед менависам дар баёзи гарданаш: Танњо аз ту, Маъшуќаи ту хоњам буд... Дар зиндагии баъдии худ, Ман МОДАР хоњам шуд, Модари тифле фариштахў, Модари духтараке тиломў, Модари бачае зеборў, Модари ду кўдаке, ки паси домонам нињон мешаванд Ва ман мегўям: паричањои ман ку???

ИШТИБОЊ БО РАЊГУЗАР Дидори мо ба номи Худо иштибоњ буд, Дидори мо чакомаи талхи гуноњ буд. Гирёну ноларезу пур аз вожаи дурўѓ, Ўро ба љодањои њавасхўрда роњ буд. Маъшуќи ман бо ќади болову дилкаш аст, Айбаш њамин марди кўњистон саркаш аст. Ин рањгузар ба пои дилам санг мезанад, Хокистаре, ки дар таги он кўњи оташ аст. Бо ин, ки ёди ишќи дигар дар вуљуди ман, Бо шоир аст њар нафаси тору пуди ман. Як порае зи ќалб надодам барои ў, Эй коши бе ў будану войи набуди ман. Ин достони кўњнаи берангу мурда аст, Барги хазони номаи бодаш рабуда аст. Эњсосњои бўсаи дуздида шоирам, Оре, ќасам ба ояи Ќуръон набурдааст. Моро бубахш, шоири ояндасози ман, Ором, ки нуњуфта њамин аст рози ман. Бороншабе, ки нома ба номи ту сар шавад, Ашкест мечакад ба ќадамњои нози ман. Боз о, марав, ки пайкари ман интизори ту, Дар сина ќалби ошиќи ман беќарори ту. Ин рањгузар Худо накунад, бо садои худ, Шабњо кушад аз дили шеърам шарори ту.

Ў РАФТ…

Марди хона, хонуми гул, Гандањоро хуби хубам. Нозбў, нози падарљон, Ман тулўе дар ѓурубам, Соати дар рўи девор, Њамсадои гиряњоям. Сояњои ѓамфиребо, Пораи хуршедњоям. Ошнои ношиносам, Бонуи худхоњи хосам. Хокию оташ вуљудам, Шохаи гулрези ёсам. Аз табори офтобам, Обу бодам обигармист, Дўстам бо шўхие гуфт: -Обигармї ориёист. Ман гиёњи рўи роњам, Пардаи абрии моњам. Гар набошад шеърњоям. Ман саропо иштибоњам…

ШАЊРИ ХОКИСТАРЇ Шеър бо хоки рањ баробар шуд, Шоирї њам балои дигар шуд. Нест чун Мирзо шоире боз, Хок дар як тарозуи зар шуд. Дар миёни мањалчиёни тунд, Мекунам шарњи њоли мањзунам. Марг бар ин суоли номардї: -Аз куљої? Зи њалќа берунам! Пушти дарвозањои шоњона, Кўдаки норасида љон медод. Чўљае марги мушро мечид, Бандагї њотамона дон медод. Љомро мезанам ба рўи фарш, Маъбади бегуноњие љўям. Моњро дар дили шаби золим, Давраи сахти шоњие гўям. Шањр чун даврањои антиќа, Кард љодуи љодањои лухт. Дафтарам мурѓи болупарканда, Хонаи офтобро месўхт. Бод мебурд докаи кампир, Мўсафед аз паси хараш мерафт. Духтари бепадар даруни об, Лой дар домани тараш мерафт. Мезанад раъду барќ тобистон, Соли нав барги лола меорад. Љомаи сабз тирмањ пўшад, Фасли гул барфу жола меборад. Ман ба пои барањнаи хуншор, Интиќом аз замона мегирам. Соати регро ба оби зар, Аз лаби бањр хона мегирам.

Ў рафт аз канораму ман мурдам, Аз зиндагї тамом фаромушам. Оњ, эй Худо, варо биёр аз нав, Бо хок њамзабону њамоѓўшам.

Медавам бо садои тўфонњо, Накњати ёсу хоки андўњбор. Мурдаи як муњољири беном, Гиряи талх аз паси девор.

Ў бар лабони хастаи бељонам, Бо ишќ бўсањои љавонї дод. Ў бурд аз канораи ман ѓамро, Лабхандњои шарми нињонї дод.

Рустами мо, ки кулбае медошт, Нози Тањминаро чаро бигзошт? Дар сари гўри интизорињо, Лола аз хуни як писар мекошт.

Бар ман бигў, зане, ки ў хоњад, Маъшуќаи фатони дилошўбест? Ман оташам, шарораи эњсосам, Ў як зани тињидили нохубест!

Нест Сўњроб, нест шери нар, Шањри хокистарии нобовар. Хастаи рўзгори бемаънї, Мезанам рўи фарш як соѓар!


ТАХТАИ СИЁЊ

“НИГОЊ”, ЧОРШАНБЕ №8 (390), 14. 05. 2014

13

Ба таваљљуњи муњтарам Нуриддин Саидов, вазири маорифи Тољикистон Њатто агар гузашт ба муаллиф кунему њарфњоро мувофиќи шарњи ў, яъне, англисї аз 26 њарф иборат буда, бистои он њамсадову шаштои он садонок аст, гўем њам, боз Солињов хато кардааст. Ў дар навиштааш садонок ва њамсадоро фарќ намекунад ва аз ин сабаб њарфи англисии " У" (номаш "вай") - ро дар ќатори њарфњои садонок ворид кардааст. Дар асл чунин нест. Њарфи "Y" овози садонок нест ва буда њам наметавонад, зеро он њарф аст ва мувофиќи усули ин китоб гирему онро овоз шуморем њам,"Y" садонок буда наметавонад, зеро он дар аввал "й" ва дар охир "ї" хонда мешавад ва он гоњ як њарфи дурага ва ё дубањра мешуд; дар аввал њамсадо ва дар охир садонок! Магар ин "ихтироъ" зарур буд? "Ихтироъ"-и дигар ва хеле даѓали муаллиф дар он аст, ки дар муќобили тарљумаи њар як калима тарзи талаффузи онро бо њарфи тољикї навиштааст. Масалан, дар луѓат калимаи "Book" омадааст. Аввал тарљумаи онро ба забони тољикї, баъд ба русї ва пас аз он бо њарфи тољикї "бук" навиштааст, ки ў ин корро набояд мекард, зеро чунин "нони хойида" ба

"Angola", "Anchor", ки дар дарсњо аввал омадаанд, магар осонфањманд? Охир, барои донистани калимаи "Angola" аќаллан дарси љуѓрофияро аввал бояд хонд, барои дарки маънои калимаи "Anchor" бояд аз дарёву бањрнавардї ва киштиронї бохабар буд. Мефањмам, муаллифро њарчи зудтар сањифањоро пур ва чоп карда, ба мактабњо таќсим кардан заруртар будааст, вагарна андак инсофу андеша мекард, ин њол рух намедод. Чун китоб саросема чоп шудааст, ѓалатњо зиёд гузаштаанд ва баъзеи онњо љиддианд ва талабаро рањгум мезанад. Масалан, ба ин љумла, ки дар дарси 61, сањифаи 66 омадааст, таваљљуњ кунед: "Ќоида: Дар љумлањои боло пеш аз исмњо артикли номуайянии "the" омадааст. Он пеш аз исмњои муайян меояд, яъне, пеш аз исме, ки ба мо маълум аст." Артикли "the" њеч гоњ номуайян набуд! Ва ин њам як "навигарї" дар забони англисї шудааст! Баъдан, ваќте дарс мегўем, он њеч гоњ танњо аз луѓатомўзї иборат нест, балки калимањои нав љузъи дарс аст, яъне, дарс бояд матн дошта бошад ва калимањои нав аз он матн бояд омўзонида шаванд.

"НОНИ ХОЙИДА..." Чї тавр чунин китобњои бемантиќу бењадаф ва пастсифат, ки ба ягон чорчўба намеѓунчанд, дар мактабњо роњ меёбанд? Имрўз шумораи хоњишмандони омўзиши забони англисї меафзояд ва ин њам табиист. Бе донистани англисї ба кишварњои хориљї рафтан ва кор кардан маъное надорад. Имрўз англисї забони компутер ва интернет шудааст ва надонистани ин забон бисёр корњое, ки тавассути интернет ба иљро мерасанд, мушкил мегардонад. Ин талаботро ба инобат гирифта, дањњо ва бе муњобот садњо курсњои омўзиши забони хориљї ташкил шудаанд. Аз љумла, китобњои бисёр барои омўзандагони забони англисї пешнињод мешавад. Аммо дар ин роњ на њама муваффаќ мешаванд. Духтарам дар синфи поёнии мактаби миёнаи раќами 92, шањри Душанбе тањсил мекунад ва дирўз яке аз чунин "армуѓонњо"- ро овард: барояш китобчаи "Забони англисї" - и Солињов Ф.Н. ном муаллиферо овард ва гуфт, ин китобро муаллим доданд ва хоњиш карданд, ки њафт сомонї барои он дињам. Каму беш аз ин забон бохабарам ва пеш аз он ки он њафт сомонї дињам, онро вараќ задам. Вараќ мезадаму њайратам меафзуд, зеро онро њаргиз наметавон ба сифати китоби дарсї ва ё луѓатомўзї дар синфњои поён истифода кард. Бо вуљуди ин њафт сомониро додам.Аммо на танњо њафт сомонї, балки як дирам њам намедодам. Зеро барои чунин китоб пул њайф аст. Хонандаи гиромї, медонам, баъзе аз шумоён низ гирифтори чунин њолат шудаед. Фарзандатон аз мактаб китоб меорад ва мегўяд, муаллим барои китоб дањ сомонї талаб кард. Агар ба фарзандатон пул дињед, он китоб намеарзад. Агар пул надињед, фарзандатонро миёни њамдарсонаш муаллим рост карда, таъна мезанад, ки падари њама доду падари ту наход дањ сомонї дода натавонад. Боз баъзе таълимдињандањои даѓал ба ќалби пурэњсосоти кўдак нохун зада, дидї, падарат туро дўст намедорад, бинобарин ба ту пул надод ва миёни њамсинфонат саратро хам кард... Агар пул надињед, фарзандатон бо чашми пуроб наздатон меистад ва ба мактаб намеравад. Нињоят маљбур мешавед, садќаи сар гуфта, пул дињед. Бевосита ба ин китоби забони англисї бармегардем. Пеш аз њама маълумам гардид, ки китоб аз љониби Вазорати маориф тавсия нашудааст. Бовар дорам, ин гуна китоб ба Вазорати маориф пешнињод мешуд, њатман онро на барои чоп, балки ба соњибаш бармегардонданд. Њатто шуъбаи маорифи ноњияи Сино њам аз ин асар хабар надорад, вагарна онњо низ барои фурўши он дар мактаб рухсат намедод. Дар дастури ин китоби "Забони англисї" навиштаанд, ки "барои хонандањои 6 - 9- сола" пешбинї шудааст". Њол он ки китоби дарсии англисї барои синфи 3, ки бо тавсияи Вазорати маориф ба табъ расидааст, аз бењтарин ки-

тоби таълимии забони англисї ба њисоб меравад. Аз фурсат истифода бурда, ба муаллифи он Абдурањмон Саидов изњори сипос мегўем. Дар ин китоб пеш аз њама синну соли шогирдони синфи 3-ро ба инобат гирифта, калимањо осонњазм, аксњои љолиби ранга ва тољикї мувофиќ ба матнњои сабук интихоб шудаанд. Худи ороиши ин китоби англисї хонандаро ба худ љалб мекунад. Китоби англисии Солењов боз якбора ба се синф тавсия шудааст. Муаллиф на синну соли бачаро ба инобат гирифтаасту на принсипњои педагогиро. Аксари дарсњо танњо аз луѓат иборат аст. Одатан ваќте матне ё наќлеро дар забони англисї гузаранд, дар поёни он калимањои душворфањм ва навро медињанд. Чизи дигари дар таълими забон ба бачањои хурдсоле, ки нависандаи ин китоби англисї фаромўш карда ва ё намедонад, ин истифодаи фаровон аз бозиву ва мутобиќ ба он интихоби матни кўтоњи сабук аст. Муаллиф Солењов дар дарси аввал њарфи "Аа" - ро омўзонидан хоста, якбора калимањои ба бачаи шашсола тамоман нофањморо пешнињод дорад. Акнун ба ин луѓатњо таваљљуњ кунед. Китоб бо калимаи "Baker" (нонвой) сар шуда, дар идома калимањои "Whale" (кит), "Cave" (ѓор), "Angola" (Ангола), "Anchor" (лангар) ва дањњои дигар чунин калимањо, ки фањмиши онњо на танњо барои бачањои шаш то нўњсола, балки барои наврасон ва гоње барои калонсолон њам мушкил аст, пешнињод шудааст. Бачаи шашсола аз куљо донад, ки Ангола дар куљосту "лангар" чист. Бовар дорам, агар калимаи охир - "лангар"- ро аз талабаи синфи дањ ва њатто донишљўи мактаби олї пурсед, аксар намедонанд. Агар муаллиф воќеан дилсўзи таълиму тарбия мебуд, дар дарси аввал аќаллан як ё ду сурат ва ё расми ранга чоп мекард, як - ду љумла дар бораи салому алейк медод. Вале муаллиф медонад, ки он гоњ китоб ќимат мешавад ва дар мактаб ба фурўш намеравад. Муаллиф пеш аз он ки ба дарсњо оѓоз кунад, алифбои англисиро додааст. Ва ба хонандаи хурдсол таъкид дорад, ки алифбои англисї аз 26 њарф иборат буда, 20 - аш њамсадо ва 6-и дигар садонок аст. Ростї, дар њайрат задам, ки њарфи англисї боз садоноку њамсадо мешудааст. Барои хондани матн овозњо њастанд ва ин овозњо садоноку њамсадо мешаванд ва инро дар фанни фонетика таълим медињанд. Мувофиќ ба гуфтаи китоби англисї дар забони англисї бист њамсадо њасту шумораи садонокњоро Солењов 6-то нишон додааст, њол он ки дар забони англисї садонокњои яковоза 12 (дувоздањ), дуовоза 8 (њашт) ва сеовоза 2 (ду) буда, љамъ 22 (бисту ду) ! садонок њаст. Ва дар умум 47 (чилу њафт) овоз њаст!

нафъи шогирди мактаб аст. Агар ба талаба тарзи тољикии талаффузи калимаи англисиро дар китоб дињем, он гоњ шогирд дигар ба тарзи талаффузи калима, ки бо транскрипсия дода мешавад, эътибор намедињад. Баъд бо тарзи тољикї талаффузи њамаи калимањои англисиро навиштан имкон надорад, зеро дар англисї овозњое њастанд, ки ифодаи онњо бо њарфњои тољикї имконнопазир аст! Агар чунин тарз хондани матни забони англисро осон ва муфид мегардонид, муаллифони китобњои дарсии англисї барои синфњои тољикї њатман чунин корро мекарданд. Аммо ман дар ягон китоби дарсии на танњо барои мактабњои тољикї, балки ба дигар забонњо навишташуда њам чунин тарзи дарсдињиро надидаам ва дар ягонтои онњо чунин "нони хойида" нест! Ин як љониби масъала аст. Муаллиф навиштаашро ба 87 дарс таќсим кардааст. Сад афсўс, ки аксари дарсњо, яъне, 47 дарс танњо аз луѓати англисї ба тољикї ва русї (нафањмидам, ки чаро тарљумаи русиро додааст. Шояд ин китобро барои мактабњои русзабон ва узбекзабон њам пешнињод мекарда бошад ва аз ин сабаб тарљумаи њар калимаро ба русї њам додааст?). Ва чи тавре баён кардем, боз ин дарсњо аз калимањое иборатанд, ки барои хонандањои синфњои поён ва њатто синфњои боло мушкилњазм њастанд. Масалан, њамон калимаи

Дигар хусусияти педагогї барои бачањои синфњои поён он аст, ки онњо бештар бо дидор, яъне, дидани ин ё он чиз онро меомўзанд ва ёд мегиранд, бинобарин дарси англисї барои њамаи синфњо, махсусан, барои синфњои поён њатман бо аёният ва бозињои гуногун гузашта мешавад. Ва он бояд суратњои ранга ва љаззоб дошта бошад! Аммо ин китоб мисли китоби луѓат асту бас, на китоби дарсї барои хонандагон! Масъалаи дигаре, ки маро хеле нигарон мекунад: чї тавр чунин китобњои бемантиќу бењадаф ва пастсифат, ки ба ягон чорчўба намеѓунчанд, дар мактабњо роњ меёбанд? Албатта, Вазорати маориф ва њатто шуъбањои маорифро мушкил аст назорат кардани нашри чунин китобњо ва чи тавре дар аввал гуфтем, ин китобро Вазорати маориф барои чоп тавсия надодасту шуъбаи маорифи ноњия огањ нест. Барои он ки чунин китобњои хому њадафашон танњо љамъ овардани маблаѓ аст, аввал аз коршиносони Вазорати маориф барои чоп ва дар мактабњои мамлакат нашр кардан тавсия гиранд ва њатман мисли он ки дар китоби англисї барои синфи 3 навиштаанд, аќаллан љумлаи "Бо тавсияи Вазорати маориф чоп шудааст" бояд бошад. Он гоњ њамаи волидон, ки худ забони англисиро намедонанд, вале мехоњанд, ки фарзандонашон забони англисиро омўзанд, бо дили пур њамон њафт сомониро медињанд. Агар пеши роњи ин гуна њаваскорон гирифта нашавад, пагоњ шумораашон зиёд мегардад ва аз назорат берун мемонанд. Бинобарин умедворем, Вазорати маориф пеши роњи пањншавии чунин китобњоро мегирад. Ин аксњо худ гувоњанд, ки кадоме аз ин китобњо бењтаранд.

Сафои СОДИЌ


14

ВОКУНИШ

“НИГОЊ”, ЧОРШАНБЕ №8 (390), 14. 05. 2014

КАМ БУДАНИ МУТАХАССИСОН… Љавоб ба матлаби "Чаро туризми тољикї рушд надорад", №46 (377), "Нигоњ", 12 феврали соли 2014 - Маќолаи мазкур, ки дар он муаллиф бо такя бо таљриба ва мушоњидаву назароти чанд тан аз њамватанон бурду бохти соњаи саёњиро ба риштаи тањлил кашидааст, аз љониби масъулини бахши сайёњии кумита мавриди омўзиш ќарор дода шуд.Бояд тазаккур дод, ки воќеан, имрўз туризм яке аз соњањои љавон дар кишвари мо ба њисоб рафта, дар ташаккули маљмўи мањсулоти дохилї, фаъолнокии тавозуни савдои беруна, таъмини шуѓли ањолї ва таъсиси љойњои кори иловагї наќши арзанда бозида, ба инкишофи соњањои мухталиф аз ќабили наќлиёт ва коммуникатсия, сохтмон, хољагии ќишлоќ, фарњанг, санъат, истењсоли мањсулоти ниёзи мардум ва дигар бахшњои иќтисодиёт таъсири мусбї мерасонад. Љумњурии Тољикистон дорои мероси бойи таърихию фарњангї ва захирањои табиї буда, барои љалби теъдоди зиёди туристони хориљї ба кишвар иќтидори воќеї дорад. Омилњои зикршударо ба инобат гирифта, Њукумати Љумњурии Тољикистон соњаи туризмро самти афзалиятноки рушди иќтисодиёти кишвар эълон намудааст. Мавриди зикр аст, ки масъулини Кумита дар якљоягї бо Котиботи Шўрои машваратии назди Президенти Љумњурии Тољикистон оид ба бењтар намудани фазои сармоягузорї Наќша - чорабинињо оид ба бењдошти фазои сармоягузорї дар соњаи туризмро тањия намуданд, ки дар ин њуљљат кулли масъалањои њалталаби соња аз он љумла, омўзиши имконияти такмили "Ќонун дар бораи туризм" ва бењдошти фаъолият дар самтњои мухталифи туризм инъикос гардидаанд.Додани иљозатномадињии фаъолияти туристї тибќи Низомномаи комиссияи иљозатномадињии фаъолияти туристї дар асоси Низомнома дар бораи хусусиятњои иљозатномадињї ба баъзе намудњои фаъолият тањия гардида, маќсад, вазифа ва тартиби кори комиссияи иљозатномадињии фаъолияти туристиро муайян менамояд. Комиссия фаъолияти худро дар асоси Ќонуни Љумњурии Тољикистон "Дар бораи туризм", Ќонуни Љумњурии Тољикистон "Дар бораи иљозатномадињї ба баъзе намудњои фаъолият", Низомнома дар бораи хусусиятњои иљозатномадињї ба баъзе намудњои фаъолият ва дигар санадњои меъёрии њуќуќї анљом медињад. Њамчунин Комиссия ќарорро дар бораи додан ё надодани иљозатнома дар мўњлати на зиёда аз 30 рўз пас аз ворид гардидани ариза бо тамоми њуљљатњои дахлдор, баъд аз баррасии њуљљатњо гузаронидани ташхисњо, муоинањо ва дигар амалњои зарурї, ќабул мекунад. Дар њолати љой доштани камбудї дар њуљљатњои пешнињодгардида барои гирифтани иљозатнома Комиссия тибќи уњдадории худ ќарорро оид ба надодани иљозатнома, дар мўњлати муайяншуда ба аризадињанда ба таври хаттї хабар медињад.

Яке аз масъалаи доѓи рўзи соња ин норасогии мутахассисњои ихтисосманди техникии соњаи туризм, алахусус роњбаладњо мебошад. Тањлилњо нишон медињанд, ки бо вуљуди таъсис ёфтани бахшњои омодасозии кадрњои соњаи туризм дар макотиби сатњи олї ва миёнаи кишвар, дараљаи дониши кадрњои хатмкунандаи онњо ба талаботи бозори соњавї љавобгўй намебошад. Аксари онњо бинобар сабаби сатњи пасти донишњои касбї ва забонї дар бозори мењнат мавќеи худро ишѓол накардаанд. Агар соли 1999 танњо як мактаби олї мутахассисони соњаи туризмро тайёр менамуд, айни замон шумораи онњо ба зиёда аз 10 то расидааст. Басо кам будани мутахассисони соњибихтисоси соњаи туризм барои расонидани хизматрасонии муносиб ба шумораи афзоишёбандаи туристони хориљї, имкон намедињад. Кумита љињати истењсол ва пахши маводњои таблиѓотї-иттилоотї дар васоити ахбори оммаи миллї ва байналмилалї корњои муайянро ба сомон расонидааст. Алалхусус, дар МД "Телевизиони Сафина", "Љањоннамо", инчунин радиои "Ховар" ва "Имрўз" роликњои тарѓиботї пахш шуда истодаанд. Роликњои иттилоотї ва фањмондадињии маќомоти давлатї, рўзе ду маротиба пахш шуда, боиси васеъ гаштани мафкураи љомеа оиди туристон ва моњияти туризм дар рушди иќтисодиёти миллї, мусоидат карда истодаанд. Аз соли 2010 то инљониб сањифаи интернетии Кумитаи љавонон, варзиш ва сайёњї дар самти туризм бо забонњои русию англисї бо нишони www.visittajikistan.tj ба истифода дода шудааст. Муњтавои он тамоми пањлуњои туризми кишварро фаро гирифта, зиёда аз 60 сањифа матнро дарбар мегирад. Дар баробари ин њар як ширкати амалкунанда дорои сомонаи интернетии худ мебошад. Ќобили ќайд аст, ки "Тартиби нави ба расмият даровардани раводидњои Љумњурии Тољикистон ба шањрвандони хориљї", ки аз моњи апрели соли 2009 мавриди амал ќарор дода шудааст, яке аз тадбирњои такконбахш барои љалби минбаъдаи туристони хориљї ба кишвар арзёбї мегардад. Њуљљати мазкур раводиди туристиро њамчун навъи алоњида муайян намуда, шањрвандони хориљиеро, ки бо ин раводид вориди кишвар мешаванд, агар мўњлати будубоши онњо зиёда аз 30 рўз набошад, аз баќайдгирї дар маќомоти корњои дохилї озод менамояд. Дар баробари ин, аз моњи апрели соли 2009 инљониб субъектњои хољагидори соњаи туризм њуќуќ пайдо намудаанд, ки минбаъд ба намояндагињои дипломатии кишвар дар хориља ва консулгарињо дар манотиќи мухталифи љумњурї мактуб-даъватномаи бевосита фиристанд, ки асос барои додани раводиди туристї ба шањрванди хориљї ба њисоб меравад. Инчунин, руйхати мамлакатњое, ки барои гирифтани ра-

водид бо тариќи соддакардашуда дар Фурудгоњи байналмилалии шањри Душанбе иљозат доранд, аз 68-и тартиби пештар амалкунанда, ба 80 адад расидааст. Тањлилњо собит сохтанд, ки маблаѓи хирољ барои раводидњои мухталиф, аз он љумла туристї вобаста ба басти харољотњои намояндагии дипломатї то 150 доллари амрикоиро ташкил медод ва ин њолат дар баробари дигар омилњо ба љараёни ќабули ќарори туристон љињати сафар ба Тољикистон, таъсири манфї мегузошт. Бо ќабули ќарори зикршудаи Њукумати Љумњурии Тољикистон ва супоридани бољи ягонаи туристї дар њаљми 25 доллари амрикої дар тамоми намояндагињои дипломатии кишвар дар дохил ва хориљи кишвар, боз як ќадами дигар барои паст кардани нархномањои давлатї, ки ба раќобатпазирии мањсулоти туристии кишвар таъсири мусбї мерасонанд, гузошта шуд. Дар маљмуъ, сатњ ва сифати њамкорињои мутаќобила бо Вазорати корњои хориљї, алалхусус бо Раёсати консулии он љињати њаллу фасли масъалањои марбут ба пешбурди соњаи туризм њамчун ибратомўз (намунавї) арзёбї мегарданд. Барои аз байн бурдани монеагињои сунъии маъмурї, баќайдгирии њатмии туристон дар маќомоти Хадамоти шиносномавию баќайдгирии Вазорати корњои дохилии Љумњурии Тољикистон маблаѓи гарони воридшавї ба њудудњои Парки миллї аз 100 сомонї ба 10 сомонї барои як шабонарўз паст карда шуд. Инчунин, гаронии маблаѓи раводиди туристї аз байн бурда шуданд. Ѓайр аз ин, бо маќсади аз байн бурдани њар гуна талаботњои беасоси молиявї, ки садди роњи љалби туристон мегарданд, дар љаласаи навбатии худ Њукумати Љумњурии Тољикистон ќарорро "Дар бораи пардохтњои њатмии истифодаи табиат" аз 1 октябри соли 2002 №388 аз эътибор соќит намуд. Дар ин давра бо ташаббуси Парлумони кишвар ва Њукумати Љумњурии Тољикистон ба Ќонуни Љумњурии Тољикистон "Дар бораи туризм" 3 маротиба таѓйиру иловањо ворид карда шудаанд, ки барои бењдошти фаъолият дар соња созгор мебошанд. Дар ин давра бо дастгирии Кумитаи телевизион ва радиои кишвар, диски туристї дар њаљми 15 даќиќа бо забони англисї тањия гардида, тариќи намоишгоњњои туристї, форумњои инвеститсионї бо иштироки соњибкорони кишвар ва намояндагии дипломатии љумњурї дар хориља, пањн гардида истодаанд. Ёддошти туристї бо маълумоти пурра оиди ќоидањои будубоши шањрванди хориљї дар љумњурї ва нишонњо барои мурољиат дар њолатњои ѓайричашмдошт тањия гашта, њамасола бо теъдоди зиёда аз 8474 аз нашр бароварда мешавад. Маводи мазкур дар муассисањои консулии кишвар дар хориља ва њавопаймоњои миллии мусофиркашонї тавсеа гашта истодаанд. Харитаи туристии Љумњ-

урии Тољикистон бо фарогирии зиёда аз 70 иншооти дорои ањамияти соњавї, маљмўи рўќъањо бо акси мавзеъњои тамошобоби кишвар тањия ва бо забонњои англисию русї аз чоп бароварда шуда истодаанд. Маводњои мазкур дар байни дўстдорони сайру саёњат дар намоишгоњњои туристї, форумњои инвеститсионї бо иштироки соњибкорони кишвар ва тавассути Вазорати корњои хориљии кишвар, тавсеа шуда истодаанд. Тањлилњо нишон медињанд, ки пањн шудани маводњо дар байни дустдорони сайру саёњат дар хориља, сабабгори љалби таваљчуњ ва ташрифи рўзафзуни туристони хориљї гашта истода, ба андозае талаботи рўзафзуни шањрвандони хориљиро оид ба иттилоот аз мавзеъњои туристии Тољикистон, ќонеъ карда истодаанд. Моњи марти соли 2013 аз љониби Форуми умумиљањонии иќтисодї (World Economic Forum), ки ташкилоти бонуфузтарини љањонї оид ба тањлил ва бањогузории фаъолияти иќтисодии кишварњо ба њисоб меравад, ба 4 зина баланд бардоштани мавќеъи Тољикистон, мањсуб меёбад. Коршиносони байналмилалї сиёсати пешгирифтаи 140 кишвари љањонро дар самти "Саёњат ва туризм" мавриди тањлили њамаљониба ќарор дода Тољикистонро њамчун самти туристї,ояндадор арзёбї карданд.Љомеаи љањонї ин маълумотро њамчун падидаи нек арзёбї карда, наќшањои тиљоратии худро оид ба сармоягузорї дар соњаи туризм дар Тољикистон тањрезї хоњанд кард. Яке аз руйдоди муњим ин масли?ати "Globe Spots" барои сафари саргузаштї ба Тољикистон мебошад. Сомонаи интернетии "Globe Spots", ки туристони муста?илро муттањид мекунад, Тољикистонро дар сархати кишвар?ои љолиб барои туристони саргузаштї дар соли 2014 ?арор додааст. Ба иттилои "Globe Spots" Тољикистон баъди Малта дуюмин кишварест, ки барои туристони саргузаштї хеле мусоид мебошад. Манбаъ таъкид мекунад, ки "Тољикистон кишварест, ки бо Аф?онистон, ?ир?изистон, Узбакистон ва Чин ?амсар?ад мебошад ва ?ар туристи дўстдори истиро?ати фаъолро мафтун мекунад." Дар мавриди тољикистониён масъулини "Globe Spots" навиштаанд, ки мисли мардуми дигари Осиёи Марказї хеле ме?рубону ме?мондўст мебошанд: "Манзарањои Тољикистон ягон касро бетараф намемонанд. Бояд кайд кард, ки маслињати сомонаи "Globe Spots" дар манбаъњои гуногуни иттилоотии сатњи љањонї тавсеа ёфта, дар оянда барои ташрифи гурўњњои нави туристї ба кишвар мусоидат хоњад кард. Руслан ШОДИКОВ, муовини раиси Кумитаи љавонон, варзиш ва сайёњии назди Њукумати Љумњурии Тољикистон

ШИКОЯТ ТАСДИЌИ ХУДРО НАЁФТ! (Вокуниш ба матлаби "Тошеву "Сомон-Эйр" аз ман чї фарќ доранд?", "Нигоњ", №47 (378), 19 феврали соли 2014)

- Раёсати Агентии назорати давлатии молиявї ва мубориза бо коррупсияи Љумњурии Тољикистон дар вилояти Хатлон барои дастовардњои назаррас дар соњаи мат-

буот ва инчунин љињати иљрои фармони Президенти Љумњурии Тољикистон аз 7-уми феврали соли 2009, тањти №622 "Дар бораи вокуниши шахсони мансабдор ба маводњои танќидї ва тањлилии воситањои ахбори омма" арзи сипос намуда, ба шумо оиди матлаби њафтаномаи "Нигоњ" - "Тошеву

"Сомон-Эйр" аз ман чї фарќ доранд?" ва масъалагузории он дар муњлати муайяншуда маълумоти зеринро пешнињод менамояд. Зимни санљиши далелњои дар маќола баён гардида маълум гардид, ки мањбус Холмуродов Абдулло Асоевич, аз ин пеш айнан бо њамин ваљњњо ба унвони Президен-

ти Љумњурии Тољикистон ва Агентии назорати давлатии молиявї ва мубориза бо коррупсияи Љумњурии Тољикистон (санаи 1-уми июни соли 2012) аризаи шикоятї ирсол намуда буд, ки он вобаста ба тобеъият аз љониби Раёсати Агентї дар вилояти Хатлон мавриди санљиши амиќ ва њаматарафа ќарор дода

шуда, бинобар сабаби тасдиќи худро наёфтани ваљњои аз љониби Холмуродов А.А. пешнињодшуда, нисбати Валиев А.С., Давлатов Ѓ.Ш (собиќ муассисони ширкати ЉДММ "Феникс-Нетворк") ва Ќувватов Э.Х (муфаттиши РТ ВКД ЉТ), дар асоси талаботи муќаррарнамудаи ќонун ќарори дахлдор ќабул карда шудааст. Бо эњтиром, Генерал-майори адлия, Сангов Љ.Г, сардори Раёсати Агентии назорати давлатии молиявї ва мубориза бо коррупсия дар вилояти Хатлон


НИГОЊИ МАРДУМЇ АКСИ ГЎЁ

“НИГОЊ”, ЧОРШАНБЕ №8 (390), 14. 05. 2014

15

?-И НОБОБ НАМУНАИ ВАРАЌАИ АНДОЗ ПУЛАКЇ ЊАСТАНД Ё БЕПУЛ? - Ман аз хизматрасонии пасти маќомоти андоз шиква дорам. Барои мисол, соњибкор дар назди хазинањои нозиротии андоз аз субњ то бегоњ дар навбат интизорї мекашанд (шўру ѓавѓо барои навбат). Оё наметавонед тартибу низомро дар нозиротњои андоз таъмин созед? Њамчунин соњибкор дар фурўшгоњњои шањр барои нусхабардории як нусхаи вараќаи шаклњои андоз њамагї 30 дирам сарф мекунад. Вале дар нозиротњои андоз њар як шакл бо арзиши аз 1 то 2 сомонї нусхабардорї карда мешавад. Оё ин ноисофї нест? Шумо њисоб кунед, ки барои як соњибкор чанд шакли коѓази андоз лозим аст ва онро бояд њатман ду нусха пешнињод кунед. Бар замми ин, якчанд сомонии дигар барои пур кардани шаклњои вараќањои андоз ва эъломияњо масраф мешавад? Оё дар асл њамин шаклњои вараќаи андоз пулакї њастанд ё бепул? Расман њар яки он чанд сомонї арзиш дорад? Оё метавонед ба њамин масъала равшанї андозед? Амридин ХАЛИЛЗОДА, сокини шањри Душанбе - Хазинањое, ки маблаѓи андоз ва дигар пардохтњоро ќабул менамоянд, филиал ва ё нуќтањои маблаѓќабулкунии БДА ЉТ "Амонатбонк" ба њисоб рафта, пеш аз њама барои сарфа намудани ваќти андозсупорандагон пешбинї шудааст. Аксарияти чунин хазинањо дар биноњои маъмурии нозиротњои андоз љойгир карда шудаанд. Дар назар аст, ки ояндаи наздик тамоми њисоббаробаркунињо бо буљет бо истифода аз терминалњои махсус ва тариќи электронї ба роњ монда шавад. Бинобар ин, ба тартиб даровардани андозсупорандагоне, ки барои пардохт намудани маблаѓи андоз дар назди нуќтањои пулќабулкунї навбат меистанд ба ваколати кормандони андоз дохил нашуда, аз маданияту рафтори худи андозсупорандагон вобаста аст. Оиди аз 1 то 2 сомонї будани нусхабардорї намудани як вараќ њаминро ќайд кардан зарур аст, ки шахсони дар бинои маъмурии баъзе аз нозиротњои андоз ба фаъолияти нусхабардорї машѓулбуда, кормандони маќомоти андоз намебошанд. Фаъолияти нусхабардорї яке аз намудњои фаъолияти соњибкорї ба њисоб рафта, дар асоси патент амалї карда мешавад ва андозаи пардохт барои фаъолияти мазкур тибќи банди 36-и ќарори Њукумати Љумњурии Тољикистон аз 03.08.2013 тањти №361 маблаѓи 240 сомониро (бе назардошти коэффисент) дар як моњ ташкил медињад. Маќомоти андоз шахсони ба фаъолияти нусхабардорї машѓулбударо њамчун соњибкори инфиродї ба ќайд гирифта, њуќуќи паст ва ё баланд намудани нархномаи хизматрасонии онњоро надорад. Ба саволи Шумо Нусратулло ДАВЛАТОВ, раиси Кумитаи андози назди Њукумати Љумњурии Тољикистон посух дод.

ЛАТИФА СИЁЊ НАГУФТЕМ, САФЕД ФАЊМИДЕД? ЗИЁИИ ВОЌЕЇ - Зиёии воќеї њамонест, ки дар бораи чизњои ба ў умуман тааллуќнадошта бисёр фикр мекунад. ЌАЗОВУ ЌАДАР - Аз таќдир њаргиз нанолед! Шояд барои ў низ бо Шумо будан он ќадар хушоянд нест. БЕРЎЗЇ - Мардикори тољик ду дона хлебу як ќуттї сигор харид, дар роњ бо хадамоти пайроњадории милисањои рус вохўрду донист: Насиба надоштааст. ЛОИЊАИ НАВ - Ба парлумони кишвар пешнињод карданд, ки лоињаи ќонуни "Фарќият миёни моликияти шахсиву давлатї"-ро омода созанд. Дар мутолиаи аввал ба лоиња 63 ислоњот ворид гардид. ЯКДИЛЇ - "Пул наметавонад зиёдатї бошад…" - аќида доранд мардум. Ва давлат онњоро дастгирї менамояд: "Набояд мардум соњиби пули зиёдатї бошанд". ШИОРИ СОЊИБКОР - Пул бадбахтї меорад. Он ба мо имкон намедињад, то нозири андозро аз тањти дил дўст дорем. ЊАЌИЌАТИ ТАЛХ - "Сафи мо - муњољирони рондашуда аз 1 млн. нафар гузашт. Ва ин њадди нињої нест… " ТАЊЌИЌОТ - Гуногунандешї дар мамлакат - нишони демократия. Гуногунандешї дар андеша - нишони васвосия. ДИЛХЎШЇ - Зиндагї якрангу дилгиркунанда бошад њам, вале маошаш хандаовар аст. ВИЉДОН - Агар дар вуљуди шумо заррае имону виљдон боќї монда бошад, пас маълум мегардад, ки њанўз мењри курсиву пул дар дилатон љой нашудааст.

Афандї суруд мехонад. Занаш мегўяд: - Илтимос, дигар нахон, овози хуше надорї. Афандї: - Э, ту чиро мефањмї! Агар ду њарфи аввали номам намебуд, Андї мешудам! *** Афандї сахт бемори бистарї мегардад. Писари калониашро наздаш љеѓ зада, аз ў хоњиш мекунад, ки барояш об биёрад, зеро сахт ташна мондааст. Њамин дам рафиќони писараш ўро ба сайр кардан даъват мекунанд. Писараш мегўяд: - Падар ман меравам,ваќт надорам, дўстонам маро мунтазиранд. Писари хурдї, ки наздаш нишаста буд љониби Афандї нигоњ карда, мегўяд: - Додо, дидї, писари калониат гапро гўш намекунад, аз худ рафтааст. Хез, дар ин гапњо ду коса об биёр, якташ аз худат якташа барои ман. *** Хонаи Пулодбойро оташ гирифт. Ў ба маркази сўхторхомўшкунї SMSи "муштарї занги шуморо интизор аст" равон кард, то аз он тараф занг зананд.

ЧАРО? ЧАРО КОНДУКТОРОНИ АВТОБУСУ ТРОЛЛЕЙБУС МУТТАЊМИ 30 ВА 40 ДИРАМИ МУСОФИРАНД? - Дар даврони Шўравї автобусу троллейбус аз соати 5-и субњ корашонро шуруъ карда, соати 23-и шаб ба итмом мерасониданд. Аммо њозир ин тавр нест. Соат 7-и бегоњ нашуда, автобусу троллейбус ба куљое ѓайб мезананд. Баъд мо пиронсолон аз сабаби гарон будани роњкиро ба дигар намуди наќлиёт нанишаста маљбур мешавем пиёда ќадам зада то хона равем. Он њам бошад гоњ-гоње мо ба ягон љо меравем. Боз баъзењо моро масхараву хандида мегўянд, ки "эй пир шудед, як љо нишинед, намешавад". О, мо њам љони зинда дорем. Ањён-ањён барои ѓубори диламонро баровардану армонамонро шикастан ба хонаи фарзандон барои дидорбинии наберагони дўстрўякамон меравем. Айни њол агар пул дошта бошї, метавонї ба мусофиркаши 1 - сомонаву 2 - сомона ё таксии 3 - сомона бањузур нишаста, ба љои лозимиат бирасї. Аммо ашхосе чун мо, ки нафаќаамон зиёд нест, наметавонем аз ин имконият истифода барем. Охир, њар тини мо ба њисоб аст. Дар ин замони ќиматї бо ин нафаќаи ночиз чї тавр зиндагиамонро саришта кунем, ки он боз ба роњкиро бемалол бирасад? Бар замми ин, мо чї тавр метавонем бо дасти холї ба дидорбинии наберагонамон равем? Мо пиронсолон, ана, њамин тавр, њар тинамонро саришта мекунем. Вале ваќте ба автобусу троллейбус савор мешавем, боз ин кондукторон њамон 30 - 40 дирами баќияро ба мо намедињанд. Чи мо магар гадоем, ки боз аз ин кондукторон 30- 40 дирами худамонро биталбем? Чаро аќли худашон кор намекунад, баќияи моро баргардонанд? Мо худамон нафсамонро пас зада, барои худамон чизе намехарем, аммо ин кондукторон ба 30-40 дирами мо зор њастанд. Дахлу харљамонро њамеша њисоб карда, пуламонро базўр нўг ба нўг мерасонем. Чаро аксари кондукторони автобусу троллейбус муттањами 30 ва 40 дирами моанд? Ба хўрдан чї шудед, ки бо лесидани пули мо бой шавед? Равшан МИРЗОЕВ, сокини шањри Душанбе

ЊИКМАТ

ЊАР КОРИ ПАЛИДЕ, КИ БИКУНЕД, БО ШУМО МЕМОНАД - Љавоне солњо боз ба сафар баромада, хабаре аз ў набуд. Модараш дар хона нишаста, дуо мекард, то ў солим ба хона баргардад. Ин зан њар рўз барои аъзои хонаводааш нон мепухт ва як нони изофї њам ба номи писараш мепухт ва онро пушти дар мегузошт, то роњгузар ё мусофири гуруснае онро гирифта бихўрад. Њар рўз марди кўзпуште аз он љо мегузашт ва он нонро гирифта, ба љои он ки сипосгузорї кунад, мегуфт: - Њар кори палиде, ки бикунед, бо шумо мемонад ва њар кори неке анљом дињед, ба шумо боз мегардад. Чун ин марди роњгузари кўзпушт њар рўз ин суханашро такрор мекард, зан нороњат шуда, ба худ гуфт: ин мард на танњо ташаккур намекунад, балки њар рўз ин суханашро такрор мекунад, намедонам маќсадаш чист? Як рўз зан, ки аз шунидани ин суханон бисёр нороњат шуда буд ба худ гуфт, ман бояд коре кунам аз шари ин марди кўзпушти фаќир халос шавам. Нонро зањролуд карду бо дастони ларзон онро пушти дар гузошт. Аммо пас аз чанд лањзае ба худ омаду гуфт: ин чї корест, ки ман мекунам? Дарњол нонро гирифту нони дигаре пухта пушти дар гузошт. Мард чун одат омада нонро гирифту чунин суханонашро такрор карду ба роњи худ рафт. Худи њамон шаб дари хонаи занро касе кўфт. Пиразан дарро кушод. Дид љавони лоѓар ва хамидае бо тани хаставу гурусна ва либосњои порашуда пушти дар истодааст. Зан ваќте хубтар нигарист, дид, фарзанди худаш аст. Гуфт: фарзанди љонам! Туро чї шудааст? Љавон гуфт: модар агар ин муъљиза намебуд наметавонистам худро ба назди шумо бирасонам. Дар роњ ба ин љо чунон гурусна ва нотавон шуда будам, ки дар роњ афтода наздик буд аз њуш биравам. Ногањон роњгузари кўзпуштеро дидам, ки аз дур ба наздам омад ва аз ў луќмаи ѓизое хостам, ў ба ман як нон дод ва гуфт: ин ягона чизе аст, ки њар рўз ман онро мехўрам ва имрўз онро ба ту медињам, зеро ту ба он бештар аз ман ниёз дорї. Ваќте модар ин мољароро шунид, ранг аз чењрааш парид ва ба ёд овард, ки нони зањролуде барои он мард пухта буд, агар ба садои виљдонаш гўш накарда буд ва нони дигаре барои ў напухта буд, чї њоле ба сари фарзандаш меомад. Ин љо буд, ки зан маънои суханони рўзонаи марди кўзапуштро дарёфт, ки мегуфт: - Њар кори палиде, ки бикунед, бо шумо мемонад ва њар кори неке анљом дињед, ба шумо боз мегардад. Умар ШЕРОВ, сокини шањри Душанбе

БА ЉОИ 09 - Кумитаи андози назди Њукумати Љумњурии Тољикистон барои осон намудани мурољиати андозсупорандагон телефони иттилорасонї ва хизматрасониро бо раќами мухтасари 151 фаъол намуд. Мурољиаткунандагон метавонанд бо чидани раќами 151 аз телефонњои худ, ба бахши иттилоотии (Call-center) Кумитаи андоз пайваст шаванд. Дар бахши иттилоотї аз соати 8.00 то 18.00 ба саволњои андозсупорандагон оид ба андозбандї ва хизматрасонии маќомоти андоз мутахассисон посух медињанд.

Д И Ќ Ќ А Т! Барои ба саволњои доѓи худ посух гирифтан ба идораи њафтаномаи «Нигоњ» мурољиат кунед. Суроѓа: шањри Душанбе, кўчаи Носирљон Маъсумї-3, назди Хона музейи Мирзо Турсунзода. Ё ба масъули сањифаи "Нигоњи мардумї" бо шумораи телефони 985 60 86 85 занг занед ё бо воситаи смс-паём саволи худро ирсол доред. Њамчунин ба почтаи электронии nigoh_tj@inbox.ru арзу пешнињод ва мушкилоти худро бинависед.


КОМИЛАН «ЉИДДЇ»

“НИГОЊ”, ЧОРШАНБЕ №8 (390), 14. 05. 2014

ПУРБИНИ «НИГОЊ»

ЉАЊОНГАРДИИ МИРЗОДИККАК ВА ДАРСИ ЗАБОНИ ЃАЛТАК ДАР ШОЊМАНСУР Мирзодиккак аз сард омадани зимистон, селњои пайдарњам, ќимматшавии нарху навои маводи ѓизої, суду судкашињо ва беќурбшавии сомонї дар ќиболи доллари амрикої хаста шуда, мехост барои барќарорсозии саломатияш ва ѓанї гардонидани маълумоти кишваршиносияш аз љойњои таърихии Тољикистони азизаш дидан намуда, дар истироњатгоњњояш каме њам бошад дами беѓам занад. Ў бо њамин маќсаду маромњои дар ќалб доштааш ба назди Кумитаи кор бо љавонон, варзиш ва сайёњии назди Њукумати Љумњурии Тољикистон омад. Мирзодиккак гумон дошт, ки дар ин љо одамони зиёде барои дарёфти маълумоти муфассал барои дидани љойњои таърихию кишваршиносї ва сайру гашт дар кўњу дамани Тољикистон дар навбат меистанд. Омада диду дилаш монд, зеро масъулини Кумита њамаи њастияшонро ба варзишу ба телевизион ба хушомаду таърифу тавсифњои "боло" бахшида, фаромўш кардаанд, ки яке аз хазинаи асосии Тољикистон ин љалби сайёњону кишваршиносон барои љањонгардї аст, ки аз он хазинаи давлат ѓанї гашта, ќисме аз ањолии бекори кишвар бо љои кор ва маоши кофї таъмин мешаванд. Мирзодиккак баъди сариваќт амалї нагаштани тарњи НОБ - и Роѓун умед ба онро дошт, ки њукумати љонољон тамоми ќуввату матонаташро барои рушди туризм равона сохта, бо љалби њазорон сайёњи хориљї имиљи Тољикистонро мисли парчамаш баланд мебардорад. Дар њамин фикру андеша нигоњаш ба марде дарафтод, ки як халта дар китф дошт ва мехост зудтар ба бозор бирасад... Њангоме, ки Ѓалтак халтаи торону рошакро аз китфаш ба замин гузошт, дар рў ба рўяш дўсташ Мирзодиккакро дида, ба ќавле, аз шодї дар куртааш наѓунљид, зеро имкони њам сўњбату њам савдо фароњам омада буд. Љўрањо мазза карда, торон мехўрданд, сўњбаташон торафт ављ мегирифту теъдоди мизољон дучанд, сечанд ва дањчанд мешуд... Мирзодиккак: - Ман аз он дар ташвиш будам, ки Тољикистони мо бањори зебо, обњои муссафо, љойњои таърихии зиёде дораду сайёњон ангуштшумор меоянду мераванд. Афсўс, мо мисли Амрико миллионеру милиардер надорем, вагарна кайњо Барномаи рушди туризм дар кишварамон иљро мешуду њамсояњо медиданду ќоил мешуданд. Ѓалтак: - Рушди љањонгардї дар Тољикистон мисли барномањои моњипарварию боѓпарварї нест, ки бо пулу њашар иљро шавад. Барои рушди соња кадр тайёр кардан даркор, кадр. Мисли ќисме аз кадрњое не, ки баъди сари падараш вазифаро ба мерос гирифта бошад. Ин гуна кадрњо дар донишгоњои бузург бо харљи маблаѓњои зиёд тайёр мешаванд... Мирзодиккак: - Мана, дар донишгоњњои мо чунон ба забономўзї дода шудаанд, ки монеду равад. Агар ин хел намебуд, мо њамаи киноњои туркиро дар як давраи кўтоњи таърихї ба тољикї тарљума мекардем?! Ѓалтак: - Ба фикри ман, агар омўзгорони моро њам дар мактабњо ва донишгоњњо ба мисли омўзгорони литсейњои туркї як маош аз рўи ќоѓазу як маош аз љайби хољањо медоданд, барномаи омўзиши забонњои русию англисї бомуваффаќият иљро мегашту њољати аз давлати Русия даъват намудани муаллимањои забони русї намемонд. Мирзодиккак: - Мана, писари њамсояи мо дар Донишгоњи забонњо мехонад. Ду сол таљрибаи забономўзиашро дар сохтмонњои давлати Русия гузашта, боифтихор соњиби дипом шуд. Ў бо забони русї бо истифодаи 10 калима озод њарф мезанад. Я твою мать козёл, пошёл… Ѓалтак: - Агар бо казёлу пашёл... туризм тараќќї мекард, дар давлати Русия њамаи донишгоњњоро мебастанд. Онњо барои хуб аз бар кардани забони модарияшон солњо тањсил мекунанд ва дар рўзномаю маљалањо, садову симо ва назди мењмонони олиќадр калимаю иборањоеро истифода мекунанд, ки аз шуниданашон кас њаловат мебарад, њаловат... Дар мо бошад дар бархе аз донишгоњњо забономўзиро мазоќ кардаанд, мазоќ. Ѓайр аз фанњои ихтисос дигар њамаи барномаи

таълимиро бо забони модарї мегузаранд. Номаш забономўзию бештари дарсњо ба забони тољикї... Мирзодиккак: - Ин љо айби њукумати љонољони мо нест. Ба њамааш шоирњо гунањкор, зеро онњо навиштанд, ки - " Њар кас, ки ба лафзи худ сухандон гардад, Омўхтани сад забонаш осон гардад". Ѓалтак: - Яъне, ба ќавли мардум, ба дањони мурда калима гузоштанд. Шумо њукуматињо барои як хеши бесаводатон соњиби љои кор шавад, гуфта, аз бањри њамаи чиз мегузаред. Набошад гўлам медонаду кўрам, ки барои аз бар намудани забон бо забони омўхташудаистода њар рўз соатњои зиёд дар назди устоду дар назди оина муошират кардан даркор аст. Дар сурате, ки забон истифода нашавад, забон мемирад. Мана, В. И. Ленин ќариб 90 сол боз на гап мезанаду на менависад. Мирзодиккак: - Љўраљон, ман хаёл кардам, ки чойхонањои миллї созем дар Балљувону Ховалингу Данѓара "сайёњ меборад". Њоло бошад суханњои туро сад дар сад тасдиќ мекунам. Агар пул њам ёбему кадрњои арзандаро ба воя нарасонем, ба ќавли мардум, якамон ду намешавад... Ѓалтак: - Мирзољон, дар халта ягон чукрию торон намонд, њамааш ба савдо рафт. Бењтараш аз ин љо меравем, вагарна ман туро ба савдо мегузорам... Љўрањо бо таъби болида аз бозори Шоњмансур баромаданд. Аз торону обњои газнок ва самбўсањои сари роњ меъдаи Мирзодиккак пур гашта буд. Маќсади њарду њарчи зудтар ва соќу саломат расидан ба манзилњои истиќоматиашон буд. Ин буд, ки бо омадани автобуси нахустин Ѓалтак вориди он гардиду Мирзодиккак бо ишораи даст то замони аз назар дур шудани автобус даст афшонду даст афшонд... Шамоли форами бањорї мевазид. Абрњои сафед дар осмони соф бомаром шино мекарданд. Такопўи мардум нисбати моњњои гузашта хеле зиёд буд, зеро нарху навои бозор ба дараљае дандоншикан буд, ки агар абрњои сафед аз ин нарху наво ва њоли мардуми камбизоат бохабар мешуданд бечунучаро мегиристанд...

Раиси Шўрои муњаррирон: Саймиддин ДЎСТОВ dustov@mail.ru

Њафтанома дар Вазорати фарњанги Љумњурии Тољикистон ба ќайд гирифта шудааст.

МУАССИС: Созмони љамъиятии «ИНДЕМ» («Информатика барои демократия ва рушди миллї»).

Котиби масъул: Абўалї НЕКРЎЗОВ nigoh_tj@inbox.ru

Шўъбаи иттилоот ва сиёсат тел: 600 80 38 Шўъбаи тањќиќот ва тањлил тел: 600 80 38 Шўъбаи иљтимоъ ва иќтисод тел: 600 80 39 Шўъбаи реклом ва огоњиномањо тел: 918 74 75 79

МАНГАР, КИ КЇ МЕГЎЯД...

16

Суњроб ШАРИФОВ, вакили Маљлиси намояндагони МО ЉТ: - Њамла ба вакил љиноят аст, бояд мувофиќи ќонун ќазия тањќиќ шавад. Новобаста аз он ки вакил чї мегўяд, сухани ў ба кї маъќул аст ё не, ба ў дастдарозї кардан љиноят аст. Касоне, ки њамла кардаанд, бояд љазо бигиранд. Фикр мекунам, вазири умури дохилї ва додситонї бояд ин корро зери назорат гиранд. - Фикр карда нашинеду бењтараш ба ВКД ва Прокуроратураи генералї дархости вакилї пешнињод кунед. Ё муассиртар аз ин: як рўз дар парлумон корпартої кунед. Агар љуръат дошта бошед-де! Абдурањмон МАЊМАДОВ, раиси дастгоњи Шўрои амнияти Тољикистон: - Ваќте мо мегўем, ки љавононро аз гаравидан ба роњњои ифротгарої ва терроризм пешгирї кунем, фанни диншиносиро ќатъ кардем. Пас љавонон бо кадом роњ раванд? Бояд дар бораи кадом динњо ва асли он маълумот дошта бошанд? Дин ин худ ахлоќ аст…, …Имрўз њар як вазир, ё муовинаш, бо назардошти тахасусси худ наќшаи барномањои таълимии маорифро пешбинї ё тасдиќ мекунад. Ин хел намешавад! - О, мешудаст-ку! Чї мешавад, ки дар њамин мавзуъ бо "Нигоњ" як мусоњиба ороста, даб-далаи мавзеъгирињои баъзе вазирону кабиронро бурорем? Роњбари давлат бояд донад, ки ин миллат њанўз намурдаасту фикру андешањои алтернативї низ дар ин масоил њастанд. Нозияи КАРОМАТУЛЛО, сароянда: - Дар умрам ягон чизро "прокат" нагирифтаам, надошта бошам, намепўшам, вале моли касеро намегирам. Ба љуз ороишоте, ки фирмањо аз ќабили "Тољик-кристал" барои рекламаи худашон пўшиданашро аз ман хоњиш кардаанд, дигар њама зару зеваре, ки дар консертњо дар дасту гўшу гарданам мебинед, моли худи ман аст. - Ња, хуб! Вале бењтар аст, ки худатонро аз "прокати" 21њо халос кунед. Ато МУЊАММАДИ НУР, волии Балхи Афѓонистон: - Мо бовар дорем, ки интихобот, на дар даври аввал ќавмї буд ва на дар даври дуввум ќавмї хоњад шуд. - На-на, вале бо пирўз шудани доктор Абдуллоњ Абдуллоњ ончунон тољикона зиёфат меороему табли шодї мезанем, ки дар Кањкашон њам мешунаванд. Аз 7-ум то 10-уми июн на танњо дар Мазори шарифу Кобул, балки дар Душанбеву Хуљанду Самарќанду Фарѓона њам туй дорем, туй. Марњамат, биёед. Нури дида тољи сар! Иззат АМОН, раиси Иттињоди љавонони тољик дар Русия: - Ба њељ кас пўшида нест, ки парлумони Тољикистонро хомўштарин парлумон дар љањон меноманд. Тўли таърихи 20-солааш он то њол нисбат ба њеч лоињаи пешнињодшуда аз љониби њукумати кишвар ва ё ќарордодњое, ки аслан ба манфиати давлату миллат набуда танњо манфиатњои гуруњеро њимоя менамояд, садо баланд накардааст. Мисолаш њамон озод кардани IRS аз супоридани андози давлатї бо вуљуди номаълум будани роњбарияти ин ширкат ва низ додани ќисмате аз хоки кишвар ба Чин мебошад. - Фикр мекунед барои депутатњои таъиншуда осон аст, ки зидди домоду духтари президент баромадан?! О, ин бечорањо њам духтару домод доранд: ба онњо њам љои кору хонаву дар сохтан даркор... Додољон АТОВУЛЛОЕВ, мухолифи сарсахти њукумати феълї: - Танњо як чиз мегўям: он њама коре ки ман барои Нањзат кардам, агар бо пул баркашї шояд 25 - 30 миллион доллар арзиш дошт, ки агар њама мухолифинро мефурўхтї, ба ин нарх намешуд. - О, ин хел ки буд, чаро аз Эмомалї Рањмон барои таъсиси нашрияву кор дар Тољиќистон њамагї чандсад њазор доллар талаб кардед?! Мисли Нурї ду се ќарзи бонкиву "Детский мир" гирифта мегаштед шумоям.

Дар њафтанома матолибе низ ба нашр мерасанд, ки бо мавќеи идораи он муѓойират доранд. Дар шумора аз аксњое њам аз Шабакаи љањонии Интернет истифода шудааст. Матолиби хусусияти таблиѓотидошта ® метавонанд танњо бо пардохти муайян дар њафтаномаи «Нигоњ» нашр шаванд. Барои дар дигар нашрияњо пурра ё ќисман чоп кардани матолиб ва иќтибосњо аз «Нигоњ» иљозаи хаттии идора ва нишон додани сарчашма дар шакли «аз њафтаномаи «Нигоњ» №_ аз санаи _» њатмист. Њуќуќи муаллифии кулли матлабњои шумора ба идораи њафтаномаи «Нигоњ» ва СЉ «ИНДЕМ» тааллуќ дошта, тибќи ќонунгузории љории Тољикистон ва байналмилалї њифз карда мешаванд.

Ќимати рўзнома дар фурўши чакана на беш аз 2 сомонї Њафтанома дар нашриёти «Мега-принт» чоп мешавад. Теъдод 5 500 Ќимати обуна барои як сол - 78 сомонї. Индекси обуна: 68990 НИШОНИИ ИДОРА: Љумњурии Тољикистон, шањри Душанбе, кўчаи Носирљон МАЪСУМЇ, хонаи 3. Телефон: (44) 600 80 38, 224 25 09 Теъдоде аз њар шумора дар асоси кўмаки техникии (дар шакли ќоѓаз) дафтари САЊА дар Душанбе ройгон таќсим карда мешавад.


Turn static files into dynamic content formats.

Create a flipbook
Issuu converts static files into: digital portfolios, online yearbooks, online catalogs, digital photo albums and more. Sign up and create your flipbook.