Ё, ТАВБА!
БАЊС
“НИГОЊ”, ДУШАНБЕ №32 (414), 3. 11. 2014
Сањифаи махсуси нашрия бахшида ба 50-солагии шоири тољик. Таќдим ба зиёиёни тољик.
1
Фарзона №32 (414). Душанбе, 3-юми ноябри соли 2014
Фарзона оинаи инсоннамост САЊИФАИ 2
Аз фарши иљтимоъ то арши кибриё САЊИФАИ 3
Дар шеъри ў рўњ дар ќафас озод аст САЊИФАИ 3
Ало бонуи як насли хазонгашта, Њарими орзуњоро ту бонї кун. САЊИФАИ 7
Гуфтугўњо бо фариштаи шеър САЊИФАИ 11
ЗОДРЎЗ ХУЉАСТА БОД! Бо дуруд ба њамаи азизоне ки хонандаи ин шумораи вежаи "Нигоњ" њастанд! Ин шумора маъмулї нест, Шумораест, ки ба эњтиром ба хидматњои бедареѓи Фарзонаи Хуљандї ба фарњангу адаби форсизабонон тањия шудааст. Ман омадам, ки гўям: Ишќ аст миллати ман, Ишќ аст миллати ман, аслу љибиллати ман. Чун номи ман ба номат дар осмон раќам шуд, Бо туст сабз дар сабз милоду рењлати ман. (Фарзона) Шеъри Фарзонабону шеъри андеша аст,шеъре ки аз хонанда ва пижу-
њанда тааммул ва таамуќ мехоњад, шеърест, ки маърифат мебахшад, шеърест, ки хонандаро бо болоњо мекашад... Дар ин мењрнома мо талош кардем матолиберо аз Фарзонабону ва касоне ки дар бораи ин шоири бузурги мо ва ашъораш, ошиќона гуфтаанду навиштаанд, гирдоварї кунем ва табиист, ки матолиб фаровон буд ва мо мунтахабан чоп кардем. Медонем, ки дар бораи Фарзонабону ва шеъри волои эшон борњо гуфтаанду навиштаанд ва боз хоњанд набишт ва "Нигоњ" низ ба офаридањои Фарзона бетараф нахоњад буд. Ва ошиќона пайгирї хоњад кард. Ва то љањон боќист маъшуќону ошиќон низ дар љањон њастанд ва то ошиќону маъшуќон њастанд сурудани шеър низ боќї хоњад буд ва аз он љо ки ба гуфтаи Хоља Њофиз:
Аз садои сухани ишќ надидам хуштар, Ёдгоре, ки дар ин гунбади даввор бимонд. Пас "садои сухани Ишќ" ё ба таъбире ШЕЪР, ки шояд ошиќонатарин, самимонатарин ва дилпазиртарин шеваи расонандаи ин садост, њаргиз сухани малоловар нахоњад буд, ба вежа агар ин садо ба ќавли хољаи Шероз "аз њар забон, ки мешунавам номукаррар аст". Мо масъулони ин тарњи "Нигоњ" ба Фарзонабону, ин бонуи беназири шеъри Тољикистон зодрўзашонро хуљаста бод мегўем ва орзўи саломатї ва комёбї ва хушбахтии эшонро дорем. Сафар АБДУЛЛОЊ Саймуддин ДЎСТОВ
2
САЛОМ
“НИГОЊ”, ДУШАНБЕ №32 (414), 3. 11. 2014
Фарзона (Хољаева Иноят Юнусовна) 3 юми ноябри соли 1964 дар шањри Хуљанд, дар хонаводаи зиёиён ба дунё омадааст. Гузаштагонаш аз бузургони илму адаби на танњо Хуљанди бостонї буданд, балки дар шумори олимону донишмандони тамоми Осиёи Марказї ќарор доштанд. Бобои номдораш Абдуррањим Њољибоев дар айни љавонї 13-уми январи соли 1929 сардори Нозироти халќи Љумњурии Мухтори Сотсиалистии Шўравии Тољикистон ва 21-уми апрели њамин сол сарвари Шўрои нозирони халќи ЉМШС Тољикистон таъин гардида, то шуруъи таъќиботи сталинї охи-
!АБВАТ ,Ё
СЊАБ
Фарзона мањз дар чунин муњити хонаводагии фарњангдўсту фарњангпарвар ба воя расидааст. Ў баъди хатми мактаби миёна дар Донишкадаи давлатии омўзгории Ленинобод ба номи С.М.Киров (њоло ДДХ ба номи академик Б.Fафуров) тањсил менамояд. Дар ин боргоњи маърифат Фарзона аз устодони сухансанљу нуктадон Саъдулло Асадуллоев, Абдуллољон Сатторов, Рањим Тошматов, Фарњод Зикриёев, Ањмадљон Давронов, Саидмурод Њољиев, Абдусаттор Абдуќодиров, Абдуќодир Зоњидов, Мардон Неъматов, Њувай-
Тозабањори умр муборак, таронасози ишќу зебої! ри моњи декабри соли 1933 ин вазифаро бар уњда дошт. Баъд аз он ки 8-уми июли соли 1937 Абдуррањим Њољибоевро ба њабс гирифтанд ва ў 25-уми январи соли 1938 ба туњмати ширкат дар фаъолияти зиддиинќилобии болшевикї ќатл шуд, фарзандонаш бо ранљу азоби зиёд ба камол расиданд. Њарчанд дар Анљумани ХХ Њизби Коммунист санаи 28-уми декабри соли 1957 бегуноњии Абдуррањим Њољибоев исбот шуд, вале пайвандони ў - њамсар ва духтаракони зебову маъсумааш Рафоату Бароат дањсолањо азоби мањрумият ва зањри фарзанди "душмани халќ" буданро чашиданд. Модари шоира Фарзона профессор Бароат Њољибоева аз бењтарин донандагони адабиёти љањонї, бахусус забону адаби рус ба шумор меравад. Ин бонуи соњибфазилат муаллифи дањњо рисолаву садњо маќолоти илмї буда, баробар бо тарбияи фарзандони адабсолор солиёни зиёд ба таълиму тадриси њазорон донишљўён ва аспирантону муњаќќиќони љавон дар Донишгоњи давлатии Хуљанд ба номи академик Бобољон Fафуров машѓул гардидааст. Падари шоира Юнус Хољаев омўзгори таъриху фалсафа буд. Ин марди наљиб дар сомони кори рўзгор ва тарбияи фарзандон њамто надошт. Бино ба навиштаи Бароат Њољибоева ў бо хушдомани худ, яъне њамсари Абдуррањим Њољибоев, ки дар хонаи онњо мезист, муњаббати фарзандона ва мењри бузург дошт. Падари Фарзона дўстдори мусиќї буд, адворро хуб медонист ва чанд афзори мусиќиро наѓз менавохт.
дулло Љалилов, Абдураззоќ Вањњобов, Ўѓулой Ањмадова, Мавлудахон Файзуллоева, Неъматљон Файзуллоев, Неъматулло Њикматуллоев ва дигар омўзгорон илм омўхтааст. Дар такомули шахсияти маънавии Фарзона доктори илмњои филологї, профессор Абдулманнон Насриддинов наќши созанда доштанд. Шодравон Абдулманнон Насриддинов баробари иродат ба њунари нотакрори Фарзона на танњо аз ихлосмандони шеъру гуфтори љонбахшои ў, балки аз мубаллиѓони хулќу атвори писандида, донишу фазилат, биниши поку маърифат, вусъати мутолиа ва камолоти инсонии шогирди хеш буданд. Фарзона соли 1985 баъди гирифтани дипломи Донишкадаи давлатии омўзгории Ленинобод ба номи С.М.Киров дар оѓози фаъолият чанд муддат омўзгори кафедраи байнифакултавии психологияи донишкадаи ёдшуда буд. Солњои 1989 - 1993 дар кафедраи адабиёти классикии Донишгоњи давлатии Хуљанд ба номи академик Бобољон Fафуров ба таълими фанни "Назмшиносї" ("Вазни арўз") ба муњассилини суханшинос иштиѓол варзидааст. Кори эљодиро Фарзона дар идораи рўзномаи "Њаќиќати Суѓд" ("Њаќиќати Ленинобод"-и пешина) оѓоз намудааст. Њангоми фаъолияти хеш дар шуъбаи адабї ва фарњангии рўзнома шоир дар нашри намунаи эљодиёти навќаламони вилоят наќши муассиру созанда гузошта меомад. Њосили њамкории Фарзона бо рўзномаи Маќомоти иљроияи њокимияти давлатии шањри Хуљанд "Тирози љањон" муљиби таъсиси
Мўъмин Ќаноат Фарзонабону аз боадабтарин, хушахлоќтарин шоирони мо њастанд. Шоире аст, ки шеъраш нав аст ва онњое, ки шеъри Фарзонаро тањќиќу наќд кардаанд, шеъри ўро дуруст бањо дода натавонистанд. Ба хотири он, ки ў бо сабки нави шеъри форсї-тољикї менависад. Ва шеъри ў шеъри андеша аст. Шеъри љињодї ва даъватї нест. Шеъри Фарзона, шеърест, ки маънавиёти инсонро, таљаллї мекунад. Ботини инсонро боз мекунад, ва ба ботини инсон сару кор дорад. Ин оинаи инсоннамо имрўз танњо дар дасти Фарзона аст. Тобистони соли равон њамроњи Фарзонабону барои иштирок дар Симпозиуми шеъри форсизабонон дарТењрон даъват шуда будем. Аз Тољикистон ману Фарзонаву Аљамї даъват шуда будем. Бузургдошти Фарзона дар Исфањон шуд. Њамаи мо рафтем. Дар он љо як љамъомади зебое дуруст карданд. Озарахш - шавњарашон њамњам роњї мекарданд. Дар он љо Фарзонаро дар баландтарин сатњ пазируф-
танд. Мардум ањсант гуфтанд. Ба хотири он, ки шеъри ў олист ва забони порсии ў забони бисёр зебо ва асил ва лањни шеърхониаш дилрубо ва гўшнавоз аст! Фарзонаро дар баъзе мањфилњо медидам, дар як муддати кўтоњ. Дар ин сафар ўро озмудам. Дар ин сафар, ки 8 рўз давом кард, бо Фарзона нишасту хези зиёд кардем. Ёди мозї омаду дар бораи тањаввулоти љомеъа, таъсири он ба нависандагон ... суњбат кардем. Фарзона њамон Фарзонаест, ки аз 16, 17- солагї вуљуди худро њамчун шоъир эълом кард ва бо њамон тавозўъ ва зебойї ва малоњати инсонї ва шоъирї пеш меравад ва њоло шоири баркамол ва камназир аст ва аз љињоте беназир! Ин мољароњои дохилии Тољикистон, хушбахтона ба ў асари манфї нарасонидааст. Гўё, ки њеч гап нашуда
бошад. Ва пойдории виљдону имон ва истеъдоди ў хушбахтона мисли бархе њар рўз дигар намешавад. Њар рўз бо даъват, бо хитоби гурўње ба майдонњо намеравад. Майдони худашро дорад. Майдоне дорад, ки аз устод Рўдакии Самарќандї ва Мавлоно ва Камоли Хуљандї нашъат мегирад ва охир надорад. 50-солагии Фарзонабонуро ќалбан, аз самими дил муборакбод мегўям! Дар ин сафар боз огоњ шудам, ки њамчун он љавоне, ки буд 20 сол пеш њамчунон љавон мондааст. Рафтораш, гуфтораш, муносибаташ, шеъраш њамчунон љавон боќї мондааст. Шояд шоирони воќеї њамеша љавониро бо худ дошта бошанд. Умараш дароз бод. Саъодати ў саодати мардуми мост, шинохти адабиёти мост. Кош ин љавониро боз панљоњ соли дигар аз даст надињад!
сањифаи пуровозаи "Аржанг"- гардид, ки имрўзњо низ ин сафњаи шеър њазорон хонанда дорад ва чењрањои тозаи шеъру адаб аз њузуру зуњури хеш муждагонї медињанд. Баъдан Фарзона њамчун мушовири бахши назми шўъбаи вилоятии Иттифоќи нависандагони Тољикистон фаъолият намуд. Бо ташаббуси шоир рўзи чоршанбе мањфили эљодкорони навпардоз доир мегардид. Њоло ин бонуи фазлу дониш, њикмату маърифат, саррофи сухан ва гавњаршиноси истеъдодњо муовини раиси Кумитаи вилоятии љоизаи ба номи Камоли Хуљандї ва Бобољон Fафуров ва узви њайати тањрири чанд рўзномаву маљаллоти бонуфузи кишвар аст. Нахустин шеърњои Фарзона дар рўзномаи "Њаќиќати Ленинобод" соли 1983 дарљ гардидаанд. Минбаъд чакидањои килки маънисозу тасвирпардози ў дар маљаллањои "Садои Шарќ", "Занони Тољикистон", њафтавори "Адабиёт ва санъат", рўзномањои "Тољикистони советї", "Комсомоли Тољикистон", "Газетаи муаллимон", "Садои мардум" чоп шудаанд. Чанде аз офаридањои бадеии Фарзона дар маљмўаи аввалини ў "Тулўи хандарез" (Душанбе, 1987) нашр шудаанд. Маљмўањои дигари ашъори ў бо номњои "Шабохуни барќ" (Душанбе, 1989), "Ояти ишќ" (Душанбе, 1994), "То бекаронањо" (Хуљанд, 1998), "Меърољи шабнам" (Душанбе, 2000), "Як ѓунча роз" (Хуљанд, 2005), "Муњри гули мино" (Хуљанд, 2006), "Сад барги ѓазал" (Хуљанд, 2008), "Саду як ѓазал" (Душанбе, 2011), "Себарга" (Хуљанд, 2011), "Парниёни љон" (Душанбе, 2011) ва ѓайра интишор шудаанд. Соли 2003 мунтахаби ашъори Фарзона тањти унвони "Ќатрае аз Мўлиён", дар се љилд тавассути нашриёти Донишгоњи давлатии Хуљанд ба номи академик Бобољон Fафуров "Нури маърифат" (маљмўан 1360 сањифа) ба чоп расид. Соли 2014 дар нашриёти "Адиб" бо номи "Дарёи сўзон" (Душанбе, 2014) мунтахаби маќолањо ва сафарномањои шоир рўи коѓаз омад. Дар тарљумаи Т.Смертина маљмўаи ашъори ў бо забони рўсї бо номи "Двадцать лепестков" чоп шудааст (Москва, Советский писатель, 1990). Шеърњои ў дар кишварњои хориљии Амрико, Бритониё, Фаронса, Олмон, Покистон, Эрон, Арабистони Саудї, Ироќ чоп шудаанд. Боиси ифтихори мо мухлисону иродатмандони каломи шевои Фарзона аст, ки дар даврони Истиќлолияти давлатї сухандўстони аврупої низ дар тарљумаву нашри ашъори ин суханвари мумтоз эњтимом меварзанд. Дар шањри Лондони Британияи Кабир ба чоп расидани китоби људогонаи "Гулчини ашъори Фарзонаи Хуљандї" (2008, бо забонњои форсиву
англисї) ва зери унвони "Мунтахабот" ("Избранное", 2009) дар пойтахти Белорусия шањри Минск зевари табъ пўшидани ашъори Фарзона мояи фарањмандии тамоми тољикону тољикистониён аст. Дар Љумњурии исломии Эрон якчанд маљмўаи ашъори Фарзона интишор ёфтаанд, аз ќабили "Паёми ниёгон" (1996), "Сўзи нотамом" (2005), "Набзи борон" (2013). Бо алифбои форсї маљмўаи шеъри Фарзона тањти унвони "Сояи ѓазал" дар шањри Самарќанд ба табъ расидааст. Дар Љумњурии Исломии Эрон китоби шоири машњури ќазоќ Абай дар тарљумаи ин суханвари мумтоз соли 1995 ба табъ расидааст. Фарзона дорандаи унвони олии "Шоири халќии Тољикистон" (2001), Љоизаи Иттифоќи нависандагони Тољикистон ба номи Турсунзода (1995), Љоизаи Љавонони Љумњурии Тољикистон (1994), Љоизаи давлатии Тољикистон ба номи Абўабдуллоњ Рўдакї (2008) ва ордени "Шараф" (1999) мебошад. Аз соли 1988 узви Иттифоќи нависандагони Тољикистон аст. Фарзона шоири соњибсабк аст ва ў услуби хосу фардии хешро дар нигориши зеботарин тасвирњо ва тозатарин маънињо бозтоб медињад. Ў мусаввири њамабинест, ки аз саховати андешаву лутфи ќалами ў ягоне аз офаридањои Худованди бузург бенасиб наафтодаанд. Ў аз лутфи Худову шафоати Мустафо, саодати имону шарофати Рањмон, анвори офтобу нози мањтоб, зардии ќоќуву мушки оњу, аз гулњои нозанину рози мањљабин, субњи содиќу ёри мувофиќ, аз њусни чаману мењри Ватан, атри ёсу гули сипос, ишќи оламгиру мурѓи хушнафир, аз ќумрии шабнишину исми аъзами нигин, дафтари таќвиму шеъри тармим, аз хандаи анору сукути чанор, матлаи сабзи бањору милён дили гирифтор ва боз њазорон њолу њодиса, љодаву хатњои гуногуни сарнавишт ва хосияти ботинии мардумони соњиби љањони андешаи мухталиф огоњона, оќилона ва олимона сухан мегўяд. Фарзона офарандаи тољиконатарин шеър аст. Шеъре, ки дар шарёни он хуни миллат озодона љорї мешавад, руњи он оромиш меёбад ва дилаш мураттаб метапад. Ва мо мехоњем, ки њамеша Фарзона бо њамон назофати руњонї, бо њамон нигоњњои мармузи орифона ва бо њамон як хирман гули адаби тољикона бар сари минбарњои баланди сухан биёяд ва бигўяд: Дубора сўи ту боз омадам, салом азизам, Дубора замзамасоз омадам, салом азизам! Бањром МИРСАИДОВ, докторанти Донишгоњи давлатии Хуљанд, ба номи академик Б.Fафуров
Ё, ТАВБА! НАЌД
БАЊС
“НИГОЊ”, ДУШАНБЕ №32 (414), 3. 11. 2014
3
Ин наќд танњо кўшиши љавоб гуфтан ба як саволи "Фарзонаи Хуљандї чї мегўяд?" аст. Дар он њатто саволи "Чаро чунин мегўяд?" нест, чї њољат ба он ки пурсиши "Чї тавр мегўяд?" ба миён гузошта шавад…
Аз фарши иљтимоъ то арши кибриё Абдунабї САТТОРЗОДА, профессор Њама рафтанд, ман чаро наравам? Сўи он Ёри ошно наравам? Гарчи аз хок хоксортарам, Љониби арши кибриё наравам? ("Њама рафтанд, ман чаро наравам?") Биё, бар ќуллањои улвї меърољ мекунем. ("Башорати дигар") Шањбонуи шеъри кунунии тољикї Фарзонаи Хуљандї хонандагону шунавандагон, мухлисону алоќамандон ва њамватанони азиз ва њампешагони ќаламкаши худро дар шеъраш барои рафтан ба олами Боло, љониби арши кибриё, олами малакутї, ошиёни ќудсї, ќуллањои улвї, дурдасти мунаввар, ба олами маънавиёту маърифати фарри ањурої ва сунъи ќуръонї, барои рў овардан ба равзанаи Нур, ба ноњияи Офтобу Моњтобу Ситорагон, ба гузаргоњи Кањкашон, ба тулўъ ва шафаќ, фурўѓистони нопаймуда, барои расидан ба субњ ва дунёи Зебоию Покї, ба бањору фарвардину урдубињишт, ба сабоњати шабнаму борони рањмат ва Фардои нозанин даъват ва тарѓибу ташвиќ мекунад. Эй ки маљрои хаёламро зи борон сўи хуршед мекашї. Маро ба мањмили худ гиру бубар, ба њамон бекаронаи шафаќоѓўшу гуловез -ба дурдасти мунаввар! ("Ба дуррдасти мунаввар") Офтобу Субњу Бањору Борону Шабнаму Гулњову Чашмаву Дарё ва њам Шеъру Ишќ ду мањбуби улвї ва ду њамрањи мањкаманосираш аз шинохтатарин ва нозпарвардатарин чењрањои сурудањои ўянд ва шоира худро бе онњо тасаввур намекунад ва мо шеъри ўро. Вай бо онњо њаммиллату њамшањриву њамдину њаммазњаб мебошад. Бо онњо якљо нафас мекашад, гуфтугў мекунад ва ќадам мезанад, механдаду мегиряд: Њаммиллати хуршедї, Њамшањрии дарёї, Њамдини бањоронї, Њаммазњаби гулњої. ("Њаммилати хуршедї") *** Манам њамшањрии лола, манам њамрустои ёс, Пас аз сад ќарн њам шояд чамам аз водии гулњо. ("Чаман андар чаман гўям муборакбодии гулњо") *** Њамшеваи бањорам, њамшираи шакарнам, Њамвусъати дили мўр, њамњаљми кулли олам. ("Њамшеваи бањорам, њамшираи шакарнам") Ангезаи даъвати Фарзона ба олами Боло, равзанаи Нур, дунёи Зебоию Покї ва Фардои нозанин аз воќеъияти талхи замона - даврони ба истилоњ гузариши "ногоњонї" ва то андозае "иљборї" аз як низоми сиёсї ба низоми сиёсии дигар, яъне аз сотсиализм ба демократия ва паёмадњои вазнин ва номатлуби он, даврони густариши босуръат ва харобиовари равандњои љањонишавї дар љањони нотайёри имрўзї мебошад. Замоне, ки ба марњалањои оѓозини вуруди шоира ба майдони адабиёт ва рушду камолоти шоириаш рост омад ва њоло идома дорад. Шоира аз замона, љомеа ва ањли он бо мафњумњои "замони даранда", "љањони рўсабї", "шањри бевафо", "шањри рангбоз", шањре бо "гўши ќулфбаста", шањре бо "кўчањои бесаодат", "њељзори њарзаву ѓафлат", "мурдоб", "харобаи нањс", "замини олуда", макони "хазону яѓмо", "замони садрў", "хушкистони рўњ", "хиёнатистон", "нишебистон", "тињигоњи таѓофул",
"тињигоњи бетаманної", "билоди мурдадилон", "фазои бемуњаббат", "ќабристони имон", "куфркада", "куфрзор", "љањони мањкамгўш", "панљараи баста", "биёбон", "шўразор", "оинаи чаппа", "куњнаработи номукаммал", "ториктарин ѓор", "чархи фосиќ", "майдони љињоди соњирон", "мактаби љодугарї", "љомеаи бемор", "чамани бемор", "миллати бетўмор", "иљтимои сиёњ", "љомеаи чиркин", "иљтимои олуда", "иљтимои фосид", "иљтимои золим", "иљтимои нањс" ёд мекунад ва мегўяд: Дуртар аз замини олуда, дуртар аз бињишту дўзаху аъроф лона мехоњад парандаи љонам. ("Дар љустуљўи кўчаи њаќиќат") *** Дилам мутањњар нест Дар ин ѓубори иљтимоъ, Дар ин фазои ѓализи тафаккуру эњсос, Дар ин зулмати андешањои бехуршед, Дар ин роњи ношинос дилам мутањњар нест. ("Башорати дигар") *** Бар љомеаи бемор, бар миллати бетўмор Фатвои наљот овар, бемор нашав, модар. ("Бемор нашав, модар, бемор нашав, модар") *** Мебинї, дар ин беобиву бечароѓиву бегазї чї ќадар љомеа чиркин шудааст. ("Матлаъи сабзи зиндагонї") *** Зи ављи худхариву худфурўшї Љањон гаштаст ќабристони имон. ("Сањарнам") *** Андар ин куфркада шабнамаки нинимарг Чї ќадар фурсати будан дорад. ("Рози лоњут") Ин замон, ин љомеа ва ањли ин замону ин љомеа мањдуд ба як кишваре, ба як мамлакате ва ба як миллату ќавме нест. Ин замону ин љомеа ва ањли онњо, ки шоираи тољик мудели адабию њунарии онро бозтоб намудааст, ба замон, ба љомеаи ба истилоњ постиндустарї пасосанъатии муосири љањонї тааллуќ дорад. Вусъати назари ў на танњо кишвари азизаш Тољикистон, Осиёи Марказї, љањони исломро, балки љомеаи љањониро, яъне тамоми ќаламрави Шарќу Ѓарб ва Осиёву Африќоро фаро бар мегирад. Фарзона њушдор аз он медињад, ки дар ин "замонаи мунљамид" (Лоиќ), асри атому компутар, ќарни нави роботї одамакњои њаќире пайдо шудаанд, ки дили роботї, дили дастурї, дили маснўъї, чашмони компутерї, маѓзњои сунъии компутерї, ишќи компутерї, њарфњои љадваливу фикрњои дастурї, тафаккурњои якќолиб ва ё рўњи ибтидої, фикри гиливу лої, маѓзи ќадима, маѓзњои шаболуда, ќалбњои тираи бемуњтаво, фикрњои бетароват, чашмњои беимон, забонњои бевузў, гўшњои нањспазир, љисмњои бедил, тафаккурњои яхбаста ва барфї доранд ва чї будани мењру муњаббат, садоќат, эътимод, нангу номус, орият, њиммат, љавонмардї, одаму одамгариро намедонад ва дар банди хусумату адовату хиёнату фисќу фуљур, љањолат, ќабоњат, пастию разолат, риё, бухлу њасад дар мондаанд. Эй сокини асри љадид! Ба дили маснўи шумо муборак бод Ишќи компутерї. ("Ишќи компутерї") *** Боѓ дилгир шуд аз фалсафањои борон. Кўчањои бесаодат ба зиндагии хокистарранг идома мебахшанд... Дар сутуни эълон аксњои даридаи њунарварон хабари фавти рўњ мегўянд.
Чашмњои хунсард њар нафас мегузаранд аз бари ин аксњои садпора, Њеч як чашм танаффус намекунад. Симфонияи яъси абрњо шањрро хаста кардааст. Пеши дарвозае якчанд марди љомакабуд Баъди бархурд бо њаќиќати марг дар андешањои тираи худ гум шудаанд... Фаќат як кас њаст - девонаи мањаллаи мо. Девонае, ки њеч намедонад: Дар фарњанги зиндагии мардум Вожањои њокиме њаст мисли пул, риё, хиёнат... ...Боѓ дилгир шуд аз фалсафањои борон. Ба љуз он як кас... ("Ба дурдасти мунаввар") *** Њаќиќат мефурўшанд одамакњои љањонхора, Њаќиќат низ коло шуд ба бозори риё, эй дил. ("Шабихун зан ба танњої, баро аз инзиво, эй дил") *** Эй рўзњои рафта, аё бенишонакон, Дар њечзори њарзаву ѓафлат нињонакон. ("Эй рўзњои рафта, аё бенишонакон") Шоира бо сароњат эълом доштааст, ки ингуна одамакњо, лўъбатакњо, суратакњо ва хўсаякњоро ба Дунёи шаффофи худ роњ нахоњад дод: Эй ману манњои дигар! Лўъбатакњо, лўъбатакњои њаќири минбарї, Суратакњо, суратакњои виќорафрўхта аз ѓояти бељавњарї. Хўсаякњо, хўсаякњои њазоррангаву хокистарї. Ман шуморо рањ нахоњам дод бар дунёи шаффофам. ("Дар њавошии тамаддун") Даъват ба сўи Олами Боло, Равзанаи Нур, Дунёи Зебоию Покї ва Фардои нозанин чї даъватест? Ин Олами ормоние, ки Фарзона дар шеъраш барои худ ва хонандагону алоќамаандонаш сохтааст ва њамаро ба он љо мехонад, чї оламест? Њаволагоњ ва ё Гурезгоњ аст, ки шоира мехоњад барои рањої аз фарши иљтимоъ, дунёи касиф ва ањли он ба он љо равад ва алоќамандонашро низ бо худ барад, то даме биосояд "зи дунёву шару шўраш" (Њофиз). "Зењни ман,-навиштааст ў,- њамеша пур аст аз чунин парвоз, аз чунин манзарањои рўъёї, ангорањои румонтикї. Ва ман бе он ки хоста бошам, аз њаќиќати зиндагї мегурезам бо оѓўши он дунёи рўњонии зебо, ки одамњояш, гулу гиёњаш, осмону заминаш бўи наљобат мекунанд" (Фарзона.Дарёи сўзон.-Душанбе,2014, с. 40-41). Ва ё ин гурези ў Роњи њалест барои мушкилоти иљтимои муосир, љањони имрўзї ва ањли он. Фарзона бовар бар он дорад, ки ба воситаи Шеър, Ишќ ва Имон - "њамрањони мањкаманосираш", яъне маънавиёт, илму адаб ва фарњанг метавон мушкилоти љањони кунунї ва иљтимоъро њал намуд ва инсониятро ба сўи "Фар-
Ба Фарзона Дар шеъри ту рўњ дар ќафас озод аст, Дар сабки ту оњ лолаи фарёд аст. "Фарзона" иноятест аз лутфи азал, Фарзонагии ту фарзи модарзод аст.
Гулрухсор Сафї
дои нозанин" рањнамун сохт. Шоира рисолати суханварро дар он дидааст, ки "ё паёми бозгашти муњаббат ба љањоне, ки аз иљтимои нањс олуда шудааст ё зангулаи имон бошад, ки дилњоро аз кина шустушў дињад ва љойгоњи њаќиќат созад...Суханаш дилњои афтодаро аз чоњ то моњ меърољ медињад" (Рўз. "Љавонони Тољикистон", 9 ноябри 2006). Ингуна суханро ў "сухани мумиёї" меномад ва дар хитоб ба њампешагонаш фармудааст, ки "сухани мумиёї бояд гуфт" (Фарзона. Дарёи сўзон.Душанбе, 2014, с.12). Салом, эй Шеър, эй пайки њамеша! Туро ман ќосиди оянда кардам. Натарсидам, дубора Ишќ гуфтам, Ба Имон мурдаамро зинда кардам. ("Паёпай гиря кардам, ханда кардам") *** Мабодо гўямат, эй Ишќ, дар дирўзи ман мондї, Салом, эй навтарини ман, алайке гў зи Фардоям. ("Ба љони ту, ки њиљрон мекунад, ќатли таманноям") *** Эй Шеър, ту ѓуруби маро мекунї тулўъ, Эй Ишќ, ту њаёти маро медињї давом. ("Падруд, эй сабоњати шабнам, салом, шом") *** Биё, эй Шеър, эй овози Фардо! Ба марги ман, ба марги ман зафар кун! ("Маро, эй Шеър, тармими дигар кун") Шоира ният кардааст, ки самои ѓуборолуди дањрро полоиш дињад, бо баду балои замона ба љанг равад, бечароѓонро бар фурўѓистони нопаймудае даъват намояд, тўдаи гумрањро бар љустани имон бибарад, бо иљтимои олуда љињод бикунад, рўњи башарро ба љониби некї бибарад, зиндагии бемантиќро бо паёми латифи хеш мавзун созад, одамонро аз ќайди тафаккури мањдуд ба фарохнои хуршед барад, пирањани доѓи иљтимоъро бо фитрати мунаввари худ бишўяд, ќавми бефардоро ба самти бедорї бибарад, рўњњоро дар љањони берўњ бишўяд, барояшон дари дўкони маърифат боз бикунад, имонњои нимсўхтаро рўшанї бахшад, дилњоро ташхис бикунад, мењрубониро пайдо намояд, зиндагии башарро ба сўи нур бибарад, ба дили ѓамкашидаи мардуми офоќ муждаи рустани сурур бибарад, њамаи муњаббати худро дар ќањтии Имону ќиматии Ишќ ба мардум ройгон бибахшад ва онњоро аз дўкони залолат наљот бидињад, ќалбњои чиркинро собун бизанад, бо тирагї љињод бикунад, љўйњоро ба дарёњо бипайвандад, пиндорњои чиркинро дар ин ѓубористони куфр бишўяд, бар дили бемори халќ як ду њаб њарфи валидолї бибарад ва нињоят фарроши рўњњої шавад. Ў мегўяд: Дили маъсуми ман љињод мекунад Боз бо иљтимои олуда. ("Аз компутер то гандум")
6
4
“НИГОЊ”, ДУШАНБЕ №32 (414), 3. 11. 2014
!АБВАТ ,Ё БО РИВОЯТИ АКСЊО
ФАРЗОНА БО ШОИР ЛОИЌ ШЕРАЛЇ ВА МЕЊМОН БАХТЇ
СЊАБ
БОНУ ФАРЗОНА БО УСТОД МУЊАММАДЉОН ШАКУРЇ
ДАР ЛОНДОН
ФАРЗОНА БО НАВИСАНДА СОТИМ УЛУЃЗОДА
ШОИР БО ЌОЊИР РАСУЛЗОДА СОБИЌ РАИСИ ВАЌТИ ВИЛОЯТИ СУЃД ВА БИЊОЉАЛ РАЉАБОВА, ХОДИМИ СИЁСЇ
ФАРЗОНА БО ЊАМСАРАШ ШОИР ОЗАРАХШ
ФАРЗОНА БО ХОЊАРОНАШ МУАЗЗАМА ВА МАТЛУБА ХОЉАЕВА ВА МОДАРАШ БАРОАТ ЊОЉИБОЕВА
БО ЉУМЪАБОЙ САНГИНОВ МУОВИНИ РАИСИ ВИЛОЯТИ СУЃД ВА ШОИР АЪЗАМИ ХУЉАСТА
Ё, ТАВБА! САДРИ ШОИРОН
БАЊС
“НИГОЊ”, ДУШАНБЕ №32 (414), 3. 11. 2014
5
Фарзонае Алї Асѓари ШЕЪРДЎСТ (Эрон)
Хуљанди бостонї шигифт дорад, њамон гуна ки Маќдисї љуѓрофиёнигори бузурги исломї онро "шигифтангез" хондааст. Ин шањр, ки дар шимоли шарќи Тољикистони имрўзин ќарор дорад, рўзгороне бисёрро аз сар гузаронидааст. Сояи шамшерњои шум хобро бар сокинони он бастаанд ва кушторињои махуфро аз сар гузаронидааст. Дар ин ќарн низ њуввияти моддї ва маънавии онро мавриди тањдид ќарор доданд, то бадон љо ки њатто номи Хуљанд, ки солњо дар арсаи таърих ва фарњанг њузури зинда ва фаъоле дошт, якбора иваз ба Ленинобод шуд. Хуљанд ва Кўлоб ва Панљакент санади њуввияти фарњангии тољикист, љое, ки Одамушшуаро Рўдакї пой ба арсаи њаёт нињод. Имрўз њам мусофире,ки дар паи зиёрати оромљои падари шеъри форсї аст, бояд аз тариќи ин обу хок ба ин мавзеъ бирасад. Фарзонаи Хуљандї дар зумраи љавонтарин шоирони тољик аст, ки тавониста саманди бодпои њунарро роми хеш кунад ва њам инон бо бузургон дар ин арса дарояд, гарчи ин сухан њамвора сидќ на-
Паёми табрикї Саркорхонум Иноят Њољиева (Фарзона), шоири гаронќадри Тољикистон! Панљоњумин солгарди таваллуди саркори олиро, ки аз мафохири шеъру адаб ва фарњанги форсї њастед, ба Шумо табрик ва тањният арз намуда, саодат, саломатии комил ва тавфиќи Шуморо дар хидмат ба фарњангу адаби форсї, ки мероси муштараки ду миллати дўст ва бародари Эрону Тољикистон ва соири кишварњои форсизабон аст, аз Худованди мутаъол бароятон масъалат дорам. Саидмањмуди САДРЇ, Сарпарасти Сафорати Љумњурии Исломии Эрон дар Тољикистон
мекунад, аммо дар бисёре аз маворид сињати он ба исбот расидааст, ки пас аз ин бояд мунтазири халќи осори барљастае аз Фарзона бояд буд, гарчи офаринишњои ў то кунун барои сабти номи ў дар зумраи худокандакоронї шеъри муосири Тољикистон кифоят мекунад. Вижагии муштараки тамоми шоирони муосири Тољикистон посух додан ба бўњрони њуввият аст. Њамаи шоирон ва нависандагони Тољикистон, ки даврони љадидро таљриба кардаанд, фурў рехтани њанљорњои тањмилї, дигардастї дар усули фарњангиро ба чашм дидаанд, дар чашми онон Тољикистон ва ќавми тољик дубора аз аъмоки таърих сар бароварда ва бар он аст то "будан"и хешро исбот кунад. Муњимтарин шохисае, ки бо мадади он метавон њувияти худро исбот ва таъйин ва тавсиф кард, мадад гирифтан аз фарњанг аст. Аз ин рўст, ки дар растохези љадид ќабл аз њар чизе фарњанг ва намуди навиштории он таљаллї пайдо кардааст. Аз паси њазор дубора бузургони адабиёт ва фарњанг ба сањна омаданд ва ниёзњои фарзандони худро посух медињанд. Он гуна ки Фарзона дар пешгоњи Рўдакї месарояд (шеъри "Рўдакї"):ва ё аз забони даќиќї мегўяд: … Мехостам ба мардуми њамдаврон, Гўям зи рафањои љањонсозаш. Пеш оварам њадиси дифоъу нанг Аз мењану сарони сарафрозаш … Аз њамин рўст, ки мењан дар шеъри шоирони ин даврон ба унвони "мазўъи шеър" дармеояд. Камтар шоирї ростини тољикеро метавон, дарёфт кард, ки ба ин маќула напардохта бошад њатто ба ќадре аѓмоз метавон иддао кард, ки таќрибан њамаи шоирони тољик дар ин мавзўъ шеър сурудаанд. Фарзона низ мутаалиќ ба њамин насли шоирон аст, ки сурудањои мењании вай гарчи ба густурдагии дигар шоирони барљастаи тољик нест, аммо аз чунин самимияте бархудор аст, ки вайро дар садри шоирони ин гурўњ ќарор медињанд
аз Хуљанд
Ѓами бузурги ту дорад замири кўчаки ман, Чї сон ѓубори афшонам аз дилат, мењан. Дилам, ки хезаму бирањонамат аз ин зиндон, Вале дар ин сиёњистон куљост он равзан? Бањор рафту гулеро ба гесўвон назадам, Ки пойкуби саворон шуд ин бањори чаман. Туро яке аз дарун хўрд, дигар аз берун Чї содаему надонем дўст аз душман… Таљаллии мењан надзи Фарзона танњо густураи хокии он нест ва бештар зуњур ва бурузи фарњангї дорад, гарчи аз мазоњири моддї ва љозибањои шигифт ин сарзамин низ ѓафлат намеравад, аммо шеъри шуаро аѓлаб таљаллигоњи зуњуроти маънавии фарњанг аст ва густурдае фаротар аз Тољикистонро дар бар мегирад, забони форсї ва офаринишњои фарњангии ин забон таваљљўњот ва дилдодагињост ва ишќ ба ин забон иќлиме пањноварро шомил мешавад. Саъдї аз Шероз, Иќбол аз Покистон, Фирдавсї ва Даќиќї аз Хуросон њозир мешаванд, то такягоњи маънавии шоир бошанд. Шоир дар айни ин ки дар сояи ин дарахти куњансоли соягустар мезияд, аммо мутаалиќ ба иќлиме хас аст, ў тољики Мовароуннањрист, аз њамин љост, ки дар љой-љойи шеъри ў метавон зиндагии мардуми ин сарзамин ва ба таври хос гўиши Хуљанд суроѓ гирифт. Ваќте он абр, абри синахурўш, Пур шавад аз таронаи резон, Дили ман ѓам намехўрад ки чї шуд, Љомаи ба тор овезон, Чї ѓами он ки ашки лўлаи абр, Доѓ зад дар тирезаи шуста, Эй дили сода, эй дили сода, Сухан аз орзу набояд гуфт, Ки шамоли њаводис он њамаро
Решакан карду пош доду рўфт, Сухан аз ѓурбати сиёњи дил аст, Андар ин шањри ошноињо Байни ин хокиёни љўянда, Вой-войи чун ман њавоињо… Тасвире, ки аз љањони пиромун дар шеъри ў тарк мешавад, ривояти замонаи шоир аст бо соярўшанњо ва фарозу фурудњое, ки дар зиндагии рўзмарраи мардум вуљуд дорад. Аммо шоир ба иќтизои табъи шоиронаи хеш љањонро орї аз осудагї мехоњад ва шеъри шоир арсаи ин орзуњост. Сарнавишти Тољикистон бо рўйдодњои талху ширини бисёр њамроњ будааст, аз оѓози торихи мактуб ин сарзамин рўйдодњои талху ширини бисёр њамроњ аз сар гузаронидааст, аммо айёми шодмонагї ва нишот кўтоњ будааст. Бо ин њама миллат зинда мондааст, гарчи душманони бисёре бар арсаи ин сарзамин љавлон намудаанд, аммо он чї боќї монда, рўшанї ва покї ва порсоист ва зењни шеър арсаи ин таманниёти неки инсонї.
Ба Фарзона «Тапад дар барги гул шабнам аљаб ширину мастона, Вале аз чї тапиш дорад дили беишќи Фарзона». Хун шуд зи ашк дил, ки чаро њамчу шабнаме Оѓўши барг љой ба бељо гирифтаї. Гуфтї: Маро тињист дил аз ишќ, пас чї буд Он дил, ки дилбарона ту аз мо гирифтайї. Бо наѓмаву тарона чї дилњо шикофтї, Дар боѓи љон чу сарви равон љо гирифтайї. Али Аскари Фардї 1995
6
НАЌД!АБВАТ ,Ё
“НИГОЊ”, ДУШАНБЕ №32 (414), 3. 11. 2014
3 *** Як тўдаи гумрањро бар љустани Имон бурд, Ин гуна рисолат дошт њастии њаќири ман. ("Пайки малакутї дењ, фархунданафири ман") *** Гар рўњи башарро набарам љониби некї, Њайф аст њамин њастии пучу абаси ман. ("Бар лолаи танњо, ки тапад дар ќафаси ман") *** Дар ин ќарни асабонї Меравам, меравам ба љустуљўи мењрубонї. ("Нотамом") *** Ман дар ин ќањтии Имону ќиматии Ишќ Њама муњаббати худро ба шумо, эй мардум, ройгон мебахшам... Ман дар ин ќањтии Имон дар дил андўхтаам сад хирмани кўњи мењрубониро. ("Башорати нав") Тавре ки дидем, Фарзона бо он ки "дилаки нозуку худхора", "хотироти сахт маљрўњ", "дили садруфўъ" "ќалби шикаста", "њастии одиву миёна" дорад ва "содапиндору кўдакхулќ", "одиву заминї", "хокинињоду њаќназар" ва "нозбунёд" аст ва дар зоњир ором ба назар мерасад, дар асл як вуљуди пур аз фарёдњост ва анљоми рисолати фавќулода бузург ва душвореро ба ўњда гирифтааст ва дар ин роњ соликонаву содиќона ва дилпурона пеш меравад. Эй дил, эй дил чї орзу дорї, Мурдиву боз њоюњў дорї... Дили беишќи ќавм мешўї, Ба Худо кори мурдашў дорї. Ба куљо мебариву мерезї Гиряњо, ки дар гулў дорї. Телефун мекунї ба ќалби Худо Ту, ки бо ѓайб гуфтугў дорї. ("Эй дил, эй дил, чї орзу дорї") Ў дар анљоми ин рисолати бузург умед ба ёрию дастгирии Ёри ошно, Њабиби асрор, Љарроњи ѓайб, Ёри осмонї, Ёри самої, Шањзодаи урдубињиштї, фазли Худо, Дасти мададгор, Азизи субњсиришту рострав, рўњи Њурмузд, Дўст, наъраи Ањуро, Мавло, Башорати ѓайб, Хуршед, Бањор, Борон, Субњ, Рустам, Шеър, Ишќ, Дил дорад ва аз онњо мадад мељўяд: Љарроњи ѓайбро гў, бар кўмакам шитобад, Ором мерабояд хоре, ки дар дарун аст. ("Аќли њазортадбир, тадбири кор чун аст") *** Биё, дар пардаи гўшам садо рез, Биё, Борони рўњонї, биё, рез. Бишў фикри маро бо фикри покат, Ба хоки сифла атри кибриё рез... Ба сидќи ман хиёнат кард олам, Ту арши мардиї, танњо вафо рез. ("Биё, дар пардаи гўшам садо рез") *** Эй кош, барад фитрати мо рањ ба таљаддуд, Ин аст зи даргоњи Худо мултамаси ман. ("Бар лолаи танњо, ки тапад дар ќафаси ман") *** Ќалби шикастаи ман хоњад пизишки дигар, К-аз ѓайб мерасад ў бо пайки мумиёї. Кай пеш мебиёяд бањри ќафаскушої Дасте, ки мебарорад дилро ба рўшної? ("Оинаро шикастам бо љурми баднамої") *** Салом, эй Субњ, эй пайки рањої, Салом, эй Ишќ, эй беинтињої... Ба оѓўши афифат мегурезам. Аз ин ташвишњои иљтимої. ("Саломе ба беинтињої") *** Дўст, Дўст, кўмак кун, бо њам, эй шафаќтаркиб, Ќалбњои чиркинро мезанем собунњо. ("Хаста мешавї рўзе, хаста аз тамаддунњо") *** Зи њамлањои зиндагї гурезаро паноњ дењ, Ту даркушої, эй Сухан, маро ба хон роњ дењ. Гурехтам зи мардумон, зи хеш њам гурехтам, Ба хилвати ту омадам, бимон маро рафоњ дењ. Хазидаам ба кунљи ту зи фисќзори иљтимоъ, Маро иљозати сафар ба офтобу моњ дењ. ("Зи њамлањои зиндагї гурезаро паноњ дењ") Фарзона агарчи ба наќши коргари маънавиёт - адабиёт, шеър, фарњанг, дину мазњаб,
ахлоќ дар њалли мушкилоти љањон ва иљтимои имрўза - бемънавиётї, бефарњангї, фасодии ахлоќ, инсонбадбинї, зиндагибадбинї бовар дорад ва ба он имон овардааст, аз он ки ин мушкилот дар иљтимоъ ва љањон кам нагардидааст ва њал нашудааст, ѓам мехўрад, дард мекашад. Ў афсўс мехўрад, ки ба дастгириаш як Њабиби асрор, як Наљиби бедор намеояд. Дар чунин њолатњо шоира кори кардааш, шеъри гуфтаашро бекора, бетаъсир ва бењуда шуморида, аз нобарорињо ва шикастњои пайдарпаяш дар "набарди нобаробари бењуда" рўњафтода мешавад ва аз ин њама даст кашиданї ва ба гўшаи инзиво рафтанї мешавад. Худро ба каси дар гулўгоњ дармондае монанд мекунад ва "танњотарин мусофири љањон", "мусофири хаста" меномад. Њатто мехоњад ба "њастии бемаънояш" хотима бахшида, бо Шеъру Ишќ, њамроњони доимиаш падруд бигўяд.
Ваќте ки маро чашми нописанди замон тањќир мекунад. Ваќте ки Ќосиди ѓайб, ќосиде, ки хабари зинда будани њаќиќатро дар олам ба башар бояд расонад, таъхир мекунад. Ваќте ки ин фазои бемуњаббат Хуршедро дар осмон дилгир мекунад, куљо гурезам? ("Аз шикаст то нусрат") *** Ман чї бењудаам, ки аз олам маъсумият љустам. Чї ќадар бењуда (Ё на?) иффатамро њифз кардам. Барои кї? Барои завол? Барои фардое, ки чу рўсабї ба покии фаришта механдад.
СЊАБ
Хўрдам ќасам, ки дигар њарфи сияњ нагўям, Имрўз бори садум бишкастаам ќасамро. ("Густурд зиндагонї сад кўча печу хамро") *** Хуршед, ба поён нафаро, туф бикунандат, Њам чашмрабо бошу њам аз чашм нињон бош. ("Сад љурм гирифтї, ки чунин бошу чунон бош") *** Ният кардам, ки љўеро ба дарёњо бипайвандам, Шикаст андар шикаст омад њавасњои њубобиро. ("Бигўяндам, ки камтар гў суханњои китобиро")
АЗ ФАРШИ ИЉТИМОЪ ТО АРШИ КИБРИЁ
Буданам чист дар ин хомўшии бељараќа, Њастии гумшудаам, хандахариши адамам. Чї заифона, чї гунгона, чї номардона Сар фароварда ба ин бохтани дам ба дамам. ("Рехт бар хотираи ёсуманї субњнамам") *** Афсўс як Њабиб намеояд. Як Њабиби асрор, Ки барои нафас кашидани уммед фазое бахшад. Афсўс, ки як Наљиб намеояд, Як Наљиби бедор, Ки ин љавониву пирии бесаодатро муњтавое бахшад. ("Тињї") *** Бори дигар шикаст ёфтаам дар бархўрд бо иљтимои фосид. Хориљ аз љомеаи бадтаркиб, Хориљ аз њалќаи рўини риё, Хориљ аз ишќњои бо хиёнат олуда, Хориљ аз мењрубонии бо тамаъ восил, Берун аз растухези љисмњои бедил, Берун аз тўдаи бемуњтавои овора, Берун аз сайёра. Куљо гурезам?
Барои мардуми беќиблае, ки чирк љустуљў доранд аз гиребони субњ... Гоње андеша менамудам, ки бо чанд ќурси зањрогин ба ин њастии бемаъноям хотима бахшам. Чаро ман бошам, ваќте ки дигар зебої нест, ваќте ки дигар имон нест. Ваќте ки фиреб узви комилњуќуќи дунёст. Ваќте ки хиёнат зи вафо дар мартаба болост. Ваќте ки накўї дар хулќи касе нопайдост. ("Матлаъи сабзи зиндагонї") *** То куљо њамвор рафтї, эй Азизи рострав, Дар гулўгоње ту њам монанди мо дармондаї? ("Оњ, эй дарё, ки дар пои уфуќ сар мондаї") *** Гуфтам ба Шеър омин, хондам ба Ишќ ёсин, Ташвиш кард ташкил дар сина сад ѓамамро. Осон набошад, эй Дўст, дар зењни ин љамоа То фикри дил кашидан андешаи шикамро.
*** Бо хомаи мо кай метавон кард Ислоњи одам, падруд, падруд. ("Эй ёди хуррам, падруд, падруд") *** Дар љустуљўи равзане дар ѓор рањ гум кардаам, Охир барандам бар куљо, беќиблаю мењробњо? ("Њуре нилуфарї") *** Нашустам чирки пиндори касеро, Абаскўшам, тињиям, њечкорам. ("Сањарнам") Бо ин њама Фарзона аз ормонњои олии худ пок намудани љањони нопок ва олуда, иљтимои фасодзада ва бефарњанг ва даъват ба сўи олами Улвї, Боло, Нуру зиё, Зебоию покї ва Фардои нозанин њаргиз даст накашидааст. Ў мисли пешина ба ормонњои худ содиќ аст. Боз боядам рафтан бар саломи Фардоњо, Як чароѓ механдад дар нињояти барзан. ("Кай маро барандозад санги лаънати душман") *** Њолиё ними нафас њаст. Дар кифи кўњна њанўз охирин тањмондаи ишќу њавас њаст. Бояд ин рањро равам То таваллуд, То таљаддуд, То Худо, То Худ! ("То худ") *** Субњи рафтан ба самти шабнам, рафтан ба сўи Имон, рафтан ба самти Туст. Яъне њанўз њам дилам як хона орзуст. ("Субњи кушоди панљарањо") *** Ин наќд танњо кўшиши љавоб гуфтан ба як саволи "Фарзонаи Хуљандї чї мегўяд?" аст. Дар он њатто саволи "Чаро чунин мегўяд?" нест, чї њољат ба он ки пурсиши "Чї тавр мегўяд?" ба миён гузошта шавад. Посух ба ин саволњо ва њам пурсишњои зиёди дигар ва баррасии масъалањое, монанди сабк, шеваи баён ва забон, равишњои тасвир, ба як сухан њунари шоирии ў, њамчунин пайвандњои адабии шоира бо шеъри гузашта ва кунунии форсии тољикї, бо Њофиз, Мавлоно, Лоиќ, Сўњроби Сипењрї, Фурўѓи Фаррухзод, Симини Бењбањонї, иртиботи ў бо ирфон, дину мазњаб, наќши Фарзона дар рушди шеъри муосири тољикї ва навъњои гуногуни он (ѓазал, шеъри нимої ва шеъри сапед), ибтикороти ў дар шеър, пайванди шеъраш бо воќеъият ва ѓайра кори оянда аст ва фурсатњои бештаре мехоњад. Таваљљўњи хосса ба "Фарзона чї мегўяд?" аз он аст, ки, нигоранда бовар бар он дорад, ки бидуни дуруст муайян ва муќаррар намудани тарзи тафаккури шоира, ба истилоњи ў "нигоњу пиндору афкору маъниву љавњару мояву лоия" наметавон ба пурсишњои дигару масъалањои дигари фаъолияти офаринишиаш посухи сањењ дод. Нињоят, кўшиш намудан њанўз маънои онро надорад, ки нигоранда дар љавоб ба саволи гузоштааш тавфиќ ёфтааст. Мавлоно Абдуррањмони Љомї дар чунин маврид фармудаанд, ки "Он чи маќсуд аст, дар иборат намеояд. Он чи дар иборат меояд, адои маќсудро намешояд".
Ё, ТАВБА! КИМИЁИ ДИДОР
БАЊС
“НИГОЊ”, ДУШАНБЕ №32 (414), 3. 11. 2014
Ашъори бону
Фарзона
Дуруд, эй ќосиди фардо, шабат хуш боду рўзат хуш, Навиншоиву ноифшо, шабат хуш боду рўзат хуш. Видоъ, эй рафтаи ширин, шабат хуш буду рўзат хуш, Дуруд ояндаи зебо, шабат хуш боду рўзат хуш. Чї мераќсї даруни хонаќоњи сина рўзу шаб, Дил, эй дил, солики танњо, шабат хуш боду рўзат хуш. Агарчї зери дасти туст, натвонї чашид охир Аз ин ќанду аз он њалво, шабат хуш боду рўзат хуш. Чї гулгардон, чї атрафшон, чї љонољон муњаббат рафт, Ба ёдаш низ салламно, шабат хуш боду рўзат хуш. Ало, инсон, дари баста, ба рўи худ, барои худ, Ту кай во мешавї, кай во, шабат хуш боду рўзат хуш. Муњаббатномањои ман ба унвони Банї Одам Дар он боло бишуд имзо, шабат хуш боду рўзат хуш. ***
ЃАФЛАТ Рўзе, ки нашъањои љавонї бадал шавад Бар раъшањои пирї. Таќвим аз миёнаи майдон кашон - кашон Моро барад ба гўшаи узлат, Бар пушти пардањои фаромўшї, Бар сояи њаќирї, Шояд њамон замон Мо маънии саодати "њоло" - ро Эњсос мекунем. Њоло њанўз на, Њоло бад - ин даводави бемантиќ, Њоло бад - ин таањњуди бењосил, Њоло бад - ин талошу њаёњўи бењадаф Мо хешро нафас ба нафас гўр мекунем, Мо њечро ќадам ба ќадам сур мекунем. Дар сари мост паркушоянда Фикри дарёфтани мартабаву љоизањо. То замони ѓуруби лолаи дил, То худоњофизии њарфњову манзараву суратњо дар бисоти њофизањо. Ту намедонї, эй дили ношукр, Ки субњ љоизааст. Бањор љоизааст. Бирлиони шабнам, Ангубини мањтоб, Атсаи нилуфар аз гулўи нилии об, Њама инояти Парвардигор љоизааст. Ин тамошои бадеъ аладдавом намемонад. Зи баъди сонияе миёни мову олами рўшан фурсати салом намемонад. Пас биё, Биё, чу љоизаи Эзидї, сапедаи субњ, Кабўтарона биё. Зи ѓайб пайки баќо дењ, аё хуљастањузур, Зи бекарона биё. Бишўй ѓафлати маро ба нури огоњї, Ба шодбодии рўзу шаби равона биё. Чањор хонаи дил чанд баста хоњад монд, Биё ба хонаи худ, эй туи ягона, биё. *** Ин кист, ин нишаста дар чиллахонаи дил, Дар чиллахонаи дил њаст он ягонаи дил. Кай тан дињад ба мурдан, бар зиллати фусурдан, Зеро туї, туї, ту узру бањонаи дил. Бо номи Њазрати Њаќ, эй ишќ, аз њамин дам Дил ноздонаи ту, ту ноздонаи дил. Њамњаљми шабнаме шуд љуѓрофиёи фикрам, Хуршеди ман, бифармо бар бекаронаи дил.
Номи маро навиштї аз њошия бурунтар, Номи туро навиштам ман дар миёнаи дил. Танњо ба њурмати ту, бо мўњру рухсати ту Сабзобасабз монад баргу љавонаи дил.
ЊОДИИ ЉОВИДОНА Ваќт бо як зарба Оќилонро Маљнун, Омиронро ољиз, Мўњташамњои осмонпўеро залил хоњад кард. Нозанинонро зишт, зиштњоро љамил хоњад кард. Бин, ки бо даври ќамар Тољњои ифтихоре тавќи лаънат шудаанд. Кисаалвонњо сияњкоса, Бедирамњо соњиби суфраи неъмат шудаанд. Ишќњое ѓулувви хунсардї, Нозњое баднамотар зи кароњат шудаанд. Сарфарозон сарзер, Сарфурўён њама дар ќуллаи иззат шудаанд. Ќосиде мепурсад: Оё њанўз њам Дили ту кор мекунад ё на? Посухаш медињам, ки на, њайњот, Дили ман рафтааст бар таътил. Охир аз саќфи атласї мефитад як ќандил. Охир аз нокуљо ба гўши ќуфлбастаи мо меояд шарфаи Азроил. Бас. Кифоя, Баъд аз ин дар дили худ диски дигар мемонам Диски масрури туро, Ишќ, эй номуташобењтарин ояи дил! Эй фариди осмонї, Аз њама нањси њаводис Пуштибони ягонаи мо бош. Дар ин тариќати зебо, дар ин сулуки муборак ба ќуллаи бузурги инсонї Њодии жовидонаи мо бош! *** Ман омадам, ки гўям: Ишќ аст миллати ман, Ишќ аст миллати ман, аслу љибиллати ман. Чун номи ман ба номат дар осмон раќам шуд, Бо туст сабз дар сабз милоду рењлати ман. Эй зишт бо ту зебо, эй дина бо ту фардо, Танњо ту метавонї ислоњи иллати ман. Дар ин дайи равонї, бе вањйи хаткашоне
7
Чун аст њолати ту, чун аст њолати ман. Чун ишќи Эзид омад, сад ишќи зид фурў рафт, Иззат шуду шараф шуд хориву зиллати ман. Танњо ту мебарої аз ўњда кардани мо, Бар худ намой охир, бар худ њаволати ман. Эй ишќ, кўњнагиям чун бо навият омехт, То растухез кардї тамдиди мўњлати ман.
НЎШБОДИ БЕШАРОБ (ангезае аз "Нўшбоди дигар"-и Анна Ахматова) Гулоб менўшем, Барои офияти гулњо, барои бахти сафедорон, Барои зиндагии хуршед ва њам саломатии борон. Барои хандаи њар кўдак, барои дасти дуои пир, Барои њар куњани зебо, барои њар нави нотасвир. Барои силсилањои субњ, барои ќофилањои шом, Ба эњтироми њамин лањза, ки метапад дили ноором. Барои бањману фарвардин, барои рафтаву оянда, Барои ман, мани нолоиќ, барои ту - туи арзанда. Барои он ки љавонї рафт, валек мўњри мунаввар монд, Бањор рахт кашид, аммо њанўз ѓунчаи дил тар монд. Барои хиттаи аждодї, фазои роињапарварда, Ба шукр, шукри кўњу водї, ба шукри халќи назаркарда. Ало, сапедаи покоин, ало тулўи шакарпора, Иљоза дењ, ки ба љон гўям туро дуруди дигарбора. Дилам бад-ин зарабони тунд чї хоњад аз фалаки нўњту, Барои ман, зи барои ман, барои ту, зи барои ту, Гулоб менўшем. То замоне, ки медињад иљозати гулоб нўшидан Ў, фаќат ў! *** Бигзор зияд як дам хуршед дар оина, Хуршеди мано, хуш бош дар он тарафи сина. Бар шав, ки ту њам бошї њаммартабаи хуршед, Хуршед наметаркад бо бомбаву бо мина. Бо кўчашитобињо ин љумъаву њар љумъа Бозор равї, эй дил, ё масљиди одина. Ишќ омаду шоњона ќонуни дигар овард, Дилро бинамуд озод аз парвариши кина. Ин ишќи бариниро бурдем ба фардоњо, Он ишќи заминиро мондем дар он дина. Аммо ту заминиї, яъне ки бариниї, Сабзї, њама дам сабзї, эй ёди бањорина. Дар кўњнагиям мангар, ин нав шуданамро бин, Наврўзаму мерўям чун гандуми сабзина. *** Њарири љон ба роњат густарам, фармой, модарљон, Бад - он њастии зебо њастиям орой, модарљон. Нарав, сармад бимону офтобона ба рўи мо Дари фардову фардои дигар бикшой, модарљон. Кушоиш хостам дар ин гузаргоњи гирањбаста, Дуъо кун, эй накўфоли муборакрой, модарљон. Чу бахшидан сифоти нозанини туст аз оѓоз, Љањону бевафоии варо бахшой, модарљон. Ба субњи офариниш борњо рафтиву баргаштї, Ту медонї, ба мо баргўй сирри ной, модарљон. Мусалло бофтам аз тору пуди ишќи беифшо, Њидоят хоњам, инак, ќиблаам бинмой, модарљон.
НОМАЕ БАРОИ ХОЊАРАМ ФАРЗОНА Гули гандум, гули гандум, гули гандум. Чи хорї мекашам дар кишвари мардум. Гули наргис, гули наргис, гули наргис. Бад-ин хорї фаромўшам макун њаргиз. Гули савсан, гули савсан, гули савсан, Хуморї гаштаам аз њасрати мењан. Гули ќоќу, гули ќоќу, гули ќоќу, Љавонему хушињои љавонї ку. Ало Фарзона, мо ноком бигзаштем, Ту шеъри тољиконро љовидонї кун.
Ало бонуи як насли хазонгашта, Њарими орзуњоро ту бонї кун. Басо бигзашту ин хуни сиёвушон, Ба рўи љилди девонам намехушкад. Ба оби чашмањои софи кўњистон, Ба чашмонам, ба чашмонам намехушкад. Гули лола, гули лола, гули лола, Чї мегўяд љавони бистуяксола. Гули райњон, гули райњон, гули райњон. Ту њам ёде бикун аз њоли муштоќон. 1994
Абдуллоњ РАЊНАМО
8
КАВКАБАФРОЗ
“НИГОЊ”, ДУШАНБЕ №32 (414), 3. 11. 2014
ЊУШДОР Нафаре рафт ба он сўи пардаи нилї - ба булўристон, То ќиёмат намешавад њамвор њамчунон пуштаи нав пушти кўзи гўристон. Ба рўи мову ту њам дер ё зуд баста хоњад шуд дари ин кўњнасаро ин ѓамистону ин суруристон. Дўст, ин мусиќии ќадимро њанўз мешунавї дар ќафаси синаи ман, Аслан ин кўњнакитобе, ки ду њазорсола мехобад, Навтарин аст, навтарин гузинаи ман. Чист, медонї, чист, медонї кимиёи дидор. Биё, ки чашм кушоем чун дури найсон бо атсаи бањор, Биё, ки оинањоро рањо кунем охир аз њуљуми зангор, бимон, ки ранги ба ранг орзуњои атласї бофад ин дастгоњи бебадали орзубарор. Бар њурмати муњаббат ин хаткашони омадаву н - омада бар љони интизор Бархез, зинда бошем, эй ёр, Бархез, зинда бошем як бор, лоаќал як бор. *** Аз ѓайб сипар дорам, зеро ки туро дорам, Тўмори ќамар дорам, зеро ки туро дорам. Аз шамс ба ќадр афзун, аз бадраи бадр афзун, Ман чизи дигар дорам, зеро ки туро дорам. Шодии дилам, модар, њодии дилам модар, Дар ишќ сафар дорам, зеро ки туро дорам. Пайванди чунин зебо, паймони чунин барљо Бо кулли башар дорам, зеро ки туро дорам. Дар панљараи бозам, дар пардаи овозам Наљвои сањар дорам, зеро ки туро дорам. Дар маљмари чашмонам, дар дайкадаи љонам Як даста шарар дорам, зеро ки туро дорам. Аз љузъ равам то кул, аз зарби дили њар гул Ман наѓз хабар дорам, зеро ки туро дорам. Мењмониву мењмонам, мемониву мемонам, Бо он ки гузар дорам, зеро ки туро дорам. *** Агар иљоза дињї, боз мезиям, эй дўст, Вагарна њар чї кунї амр, розиям, эй дўст. Агар гунањ кунам, аз дўзахи ту бимам нест. Саќар њаросад аз ин худгудозиям, эй дўст. Надонам ин ки бароят чї фарќ хоњад дошт, Агар фарангияму гар њиљозиям, эй дўст. Такаббур аст, ки моро залил месозад, Зи сархамист њама сарфарозиям, эй дўст. Дилам нав асту тааллуќ ба асри сї дорад, Агарчи пайкараи асри мозиям, эй дўст. Ба њаќќи он њама бигзаштањои нуронї Бубахш ќудрати ояндасозиям, эй дўст. *** Дўст, аз будани бемаърифатам њељ мапурс, Эй сафар карда ќабат бар ќабатам, њеч мапурс. Он чї аз халќ нињон аст, зи Њаќ пинњон нест, То туї оинаи шашљињатам, њеч мапурс. Дўш мегуфтамат, аз лутф ба пурсиш фармой, Гўям, инак, ки бикун марњаматам, њеч мапурс.
Ба Фарзона Дар сухан фарзонаї, дар анљуман фарзонаї, Дар миёни сад њазорон њамчу ман фарзонаї. Њар занеро нест њам завќи сухан, њам њусни зан Њамчу шоир камназирї, њамчу зан фарзонаї.
Бозор СОБИР, 2004
!АБВАТ ,Ё
СЊАБ
Сад гунањ дораму шармандаам аз камгунањї, Эй њама рањмату эй маѓфиратам, њеч мапурс. Мубтадои нафасам сураи Алњамди ту буд, Хайр бахшо ба ману оќибатам, њеч мапурс. Ишќ, бар њурмати ширинии њар хотираат Нав ба нав боз бигў тањниятам, њеч мапурс. Бо хаёлат садафи холии ман гавњар баст, Баъд аз ин низ бикун тарбиятам, њеч мапурс.
ХУМОРИ НОШИКАСТА Бобунаи абр пар фиканда, Борони шакар шакар фиканда. Беде, ки амома дошт аз барф, Маљнун шуда бозу сар фиканда. Табрик туро, бањор, табрик, Табрик, њазор бор табрик. Љў сархуши раќси об бошад, Њамшираи офтоб бошад. Гулбонги шукуфтани диламро Боре шунавї, савоб бошад. Ёњуи гули анор табрик, Бар пунбаи гўши ёр табрик. Як бор бубин даруни дилро, Чўбак задани љунуни дилро. Эй барќ, биё, ки барфурўзї Оинаи нилгуни дилро. Эй дил, дили интизор, табрик, Нашкастани ин хумор табрик.
ФАРИШТАИ ФАРВАРДИН (Эњдо ба Симини Бењбањонї) Ба ту салом мефиристам, Ба ту, эй бо парастувон њамсол, Ба ту, эй бо парандаи дили ман њамсин. Ба ту, эй боди шабоњангу боѓи субњойин, Ба ту, фариштаи фарвардин. Ба ту, эй њамќалами сабзтарин ибтикорњои бањор, Ба ту, эй Шоири бунафшапаёму сумансулулу настарандидор, Ба ту, эї ёдгораи куњани зебої, Ба ту, эй асли навї, айни љавонї, ѓулувви барної. Ба ту, эй ѓунчатарин ѓунча дар нињояти шукуфої. Ба ту, эй хуршедї, Ба ту, эй миної. Ростї, сим ба исмиву тило бар сифатї, Бо сањар њамсимо, бо шафаќ њамниятї. Ба ту, эй номи азизат сарлавњаи муњаббату дебочаи таманно. Ба ту, эй њусни хатат тарљумаи ќум - ќуми кабўтарњо. Ба ту, эй њар каломат обинаботї, Ба ту, эй њар паёмат обињаётї, Салом мегўям. Њамчу мафњуми "дўст доштан", эй поянда Феъли замони рафта нахоњї шуд, Феъли замони њоливу оянда. Ту ба вазни сапедаву борон, Ту ба вазни сабзањои навхат дар њарими бекаронаи сањро, Ту ба вазни њиљоии дарозу кўтањи мављи дарё, Ту ба вазни арўзи озод, Ту ба вазни тапиши дил, Тапиши гул, Тапиши бод ѓазалњо гуфтї, Њарчї гуфтї, њама зебо, њама зебо гуфтї. Рўзу шабњои зиндагият низ Њамчунин номукаррару бадеъву шодоб, Њамчунин тозаву навонав бод. Осмон дар сарат њумои саъдпартав бод. Боз њам бостоншиносона Дар нињонхонањои кўњнаи мо Хутути гумшударо рўшан кун. Андарун, андарунтари дили мо Боз њам нишеман кун! Боз њам нах ба нах муњаббати худро Ба њам бибофу пирањан дўз, Барои ќомати Ватан дўз! Боз њам ошиќона бод, ошиќонатарин Ѓазали хоси бењбањонии ту. Боз њам љовидона бод, љовидонатарин Шеъри эрониву љањонии ту!
ТАЊРИР Бахт чист? Мо дар иншои дабистон менавиштем. Бахт - тимсоли њаќиќатёбии афсона аст, Бахт шояд чањ - чањи зангўлаи бедори мактабхона аст, Бахт ину бахт он аст, Дар хулоса менавиштем: Бахт мафњуми азими бебаён аст, Бахт як оинаи бетарљумон аст.
Ростї, дар рўзгори тифлии мо Осмон хушбахт буд. Субњњо, олучањо, њулбўйњо хушбахт буданд, Завраќони коѓазї дар љўйњо хушбахт буданд. Кафтарон дар гўшаи боми падар хушбахт буданд, Наѓмањо дар шохсори навшакар хушбахт буданд. Чашмњо хушбахт буданду тасаввурњо басе хушбахттар, Бегуноњї буд дар оинањои мо мусаввар. Бегуноњї низ бахт аст. Дер шуд, фурсат гузашт, эй дил, Љомаи оина аз зангор садлахт аст. Бахт дар пиндори ширини љавонї Чист ѓайр аз љўшишу парвозу исён. Бахт дар андешаи бетаъми пирист Як нафас осоиши љон. Ёр, эй њодии бахт, Дергањ шуд, мондаї дар зери таъсири бузурги офтоб, Фикрњоят офтобист. Субњаат аз донањои бирлиони шабнам аст, Зикрњоят офтобист. Чун туї оинатаркиб, аз барои ман љамоли бахтро тасвир кун. Марњамат кун бар њаримам, љустуљўњои маро таќдир кун. Эй дабири дафтари хуршед, Хат зан ин норўшании тинатамро, хат ба хат бархон маро, бори дигар тањрир кун. Бори аввал бо дили ман њамсаодат бош. Њамшариат, њамтариќат, њаммуњаббат бош. *** Дил, ба чї рањ адо кунї фурсати даргузорро, Ё ба мушовирї бихон субњи нафасшуморро. Дар чї ѓуруби беравон дар сари шохаи уфуќ Мешунавад њама љањон таркиши як анорро. Ин њама моњу солњо, бо њама ваљду њолњо Ишќ, зи ту шунидаам омадани бањорро. Дар паси ќуфлу панжара, бастаи банди шашдара, Бањри тапиш иљоза дењ ин дили зарбдорро. Тавбаи деркардаам то дари ў расид? На? Тоза ба тоза дидаам рањмати Кирдигорро. Мо залилему мўњташам ишќ аст. Мо равонему муѓтанам ишќ аст. Дар љабини ману љабини ту Он чї шуд аз азал раќам, ишќ аст. Дар мунољоти шаб муњаббат гуфт, Ки самовоти субњидам ишќ аст. Дар тапишномаи дили хушбахт Сактаву садду зеру бам ишќ аст. Кист он, кист он ягонатарин, Он ки аз фарќ то ќадам ишќ аст. Чун бувад бартар аз намоз намоз, Бартар аз ишќ боз њам ишќ аст. Маќтаам нест, матлаъи ишќам, То маро рашњаи ќалам ишќ аст.
БАЊС
Ё, ТАВБА!
ФАСЛИ САБЗ
КЎДАКЇ Ду нафар мерафтанд бо ќадамњои шитобон. Дар кафи нозукашон чанд дирам тобон буд, Дар њамон фасл, ки эњсоси саодат чї ќадар осон буд. Чашмашон чун чароѓони шаби ид муфаррањ, Дилашон-зодгоњи шодии олам, Рўњашон-рўњи ду фариштаи ѓофил зи асли инсон буд. Пайи як кори азим Ду нафар мерафтанд Дўш бар дўшу ќадам бар ќадаму даст ба даст Ба харидории як баста офтобпараст... *** Оему равем гоњу бегоњ, Мирему зием хоњу нохоњ. Эй ваќт, моро ба бод додї Бо рафтани љисмкоњу љонкоњ. Сад зарба задї ба чор рукнам Бо аќрабаи дарозу кўтоњ. Чашми ту муаллифи бањор аст, Эй ќалби ту сардабири даймоњ. Мактуби саломатї фиристам Бар номи азизи асри панљоњ. Сад ќарн гузашту тай нашуд њеч Дар байни ману ту як ќадам роњ. Эй дўст, кунам дуои љонат, Бо он ки наї зи љонам огоњ.
ФАСЛИ САБЗИ ИФТИТОЊ
*** Ишќ меояду дил њам ба задан меояд, Ноќиле аз дили ту то дили ман меояд. Хешро ин њама сар додани мо њад дорад, Охир аз љониби афлок расан меояд. Эй басо рафта, ки дар кўргирањ дармонї, Дўст њам бар сари ту сангфикан меояд. Зиндаам, зинда даруни лањади барфистон, Бо умеде, ки зи нав фасли суман меояд. Ишќро тафриќа магзор, ки бо кўчаи ў, Сўи Њаќ муслиму тарсову шаман меояд. Баъди сад ќарн, ки рафтам, ту ба дунё ої, Дили мову ту, азизам, ба сухан меояд.
ГУНАЊКОР Субњи навхостаи фарвардин Дастгоњи шакарбарор аст. Таассуроти чаман аз сафари хидматии борон чист? Чакидањои чаман дар љаридаи гули садбарг дар њудуди њазор нусха интишор аст. Аз офтоб бипурс, Ки варо чандќарна собиќаи кор аст. Боз њам дар ќафаси синаи дарахти себ Наѓмае бедор аст. Сабаби тунд заданњои дилам? ростї, њељ намедонам, балки таъсири бањор аст. Эй дил, эй дил, фариштаи осї! Мазаи бетапиширо, ки накў донистї, Баъд мефањмї, Ки тапидан чї хушгувор аст. Дўст, эй дўст! Гарчи механдї, ба ту як љумлаи бисёр сода мегўям: дили мову ту, барои ба номи дил носазовор буданаш то ќиёмат гунањкор аст.
*** Ман нотаи офтобро медонам, Шабзамзами моњтобро медонам. Дар фасли бањорхезии љўшишњо Пар-пар задани њубобро медонам. Он ќосиди шодиовари хусрави субњХуршеди тилорикобро медонам. Њарчанд, ки шўра зад дили фартутам, Ширин тапиши шубобро медонам. Одреси дили туро намедонам ман, Кай он рањи касмаёбро медонам, Бар дўш гирифтаам гуноњи њама халќ, Шодам, ки њамин савобро медонам, Аз гум шудани дурри дарун бехабаранд, Ин мардуми гармхобро медонам. Сад барги дили ту хондаам, дигар њељ, Мазмуни њамин китобро медонам. Медонами ман ба љуз намедонам нест, Ту асливу ман њиљобро медонам.
Рўзгоре гуфтам, эй дўст, дар гиребони фалон гул љои шабнам пардаи ѓафси ѓубор аст. Дар фалон оина љавњар нест, зангор аст. Дўст гуфт: Афсўс, афсўс, Фикр мекардам, ки ѓайбат Нест дар барномаи атвори ту. Фикр мекардам, ки љуз нашри сабоњат нест дигар кори ту. Фол медидам, ки бо ту мешавад пиндорњои оддии ман мўњташам, Эй дар анбўњи дайи берўњу ялдои хаёлам ёди худро боз карда нарм чун боли кабўтар, пок чун чашмони нилуфар, чун њарири субњњои исавидам, чун гули Марям. Фикр мекардам, ки инсони азизи ормониям туї, Ќосиди вањйи муњаббат, хаткашони осмониям туї. Фикр мекардам, ки ту оинаи бетарљумонї, Фикр мекардам, ки.., Пас… Пас ту њам... чун дигаронї... -Ман... Ман чї гўям. Пеши чашми њаќнамоят бањри рўшан кардани худ њеч бурњоне надорам. Эй ки аз сад парда он сўро мушаххас мекунї, рў ба рўи инчунин оинаи ботиннамо ѓайри сад љурми намоёне надорам. Дўст, таъзирам бикун. Эй пуропур аз фурўѓи эзидї, як бор таъсирам бикун. Дўст, бо анвори полояндаат тирагињои маро ислоњ кун. Дар њамин садсолагї њам Рўњи ман аз рўњи ту тањрирхоњ аст. Дер шуд, шояд дар ин бефасливу бемавсимї тавба кардан њам гуноњ аст. Дер шуд? На, на, на, њаргиз! Њолиё њам фасли сабзи ифтитоњ аст. *** Бањор мазњари эъљозњои раббонист, Чаман бадеътарин "Љанг"- и њазрати Монист. Бањор, барги гулатро бигиру нохун зан, Ки дар бирешими љонам навои найсонист. Аё муаллифи хуршеду моњу сабзаву об, Зи килкат он чї барояд, њамеша њаќќонист. Бигў, зи љониби худ ман чї метавонам кард, Ки љумла бастаи барномарези пешонист. Агарчи моили куфранд, боз медонам, Ки чашмњои туро њам саводи ирфонист. Киї, ки некии офоќро муфассамаї, Ки дар тамоми сулулат ѓулувви инсонист. Садои рафтани умр аст тиќ - тиќи соат, Чунин давидани ин њарду номусалмонист. Буруни панљара њоло бањори хуршедї, Даруни панљара аммо њавои боронист.
“НИГОЊ”, ДУШАНБЕ №32 (414), 3. 11. 2014
9
*** Њаммилати хуршедї, Њамшањрии дарёї, Њамдини бањоронї, Њаммазњаби гулњої. Њам ѓоибу њам њозир, Њам аввалу њам охир, Бар чашми кї пўшида, Бар чашми кї ифшої. Эй бехабар аз мурдан, Аз зањмати афсурдан, Њам пиртарин пирї, Њам аз њама барної, Дил фохтае бошад, Рањбохтае бошад, Якзайл занад ку-ку Аз лонаяки лої. Эй дўст, алайкам гў, Њар сония пайкам гў, То дил бизанад ёњу Дар ќуллаи зебої. Дар њар назари мункир Њаргиз нашавї зоњир, Дар чашми пазиранда Њастиву њама љої.
ЛАВЊИ ЭЊДОЇ Диламро боз мехонам Зи мањфилњои њазёнии беморон, Зи маљлисњои фурсатсўзи бекорон. Зи њар љамъияти бадгил, Зи зоњиршуставу олудапиндорон, Зи ноёрии ёрон, балки аз ёрии ноёрон. Аз он чашме, ки дар пушти зуљољаш Буѓзи хоно зиндагии љовидон дорад, Аз он рўе, ки бо ойина пайкори нињон дорад, Аз он кўе, ки атри гул надорад, шарфаи пойи хазон дорад, Диламро боз мехонам Зи танњої, Зи хористони андеша, Зи анбўњи ѓубористони андеша. Зи савдоњову аз бозорњо њам, Зи дунё њам, зи дунёдорњо њам, Зи заркўбону заркобон, Зи бетимору бетўморњо њам. Диламро боз мехонам аз ў, яъне аз он зањрангубини ман, Аз он љонсўзи ман, љонсўзи бепарвотарини ман, Зи гўшаш мекашам вопас бирешим бар бирешим, нах ба нах њарфу њиљоямро, дарунтар мељабам дар худ садоямро. Тињї месозам аз зарби шамими ў њавоямро, Диламро боз мехонам, дили дилнорабоямро. Диламро боз меорам Ба дилпурсии њар барфу алаф, њар саъваву гунљишк, ба мењмонии гулњои љабинафрўз бо мўњри ањурої. ба салламнои њар як шаддаи ангури дорої, ба доманбўсии рўзони пар-пардомани дартоз, ба шобоши шабони кавкабафроз. Зи фасли кўњнайи поён ба фасли тозаи оѓоз. Диламро боз мечинам чу до-ре-ми дар адвори навої. Фаќат бар њурмати ишќи ту, эй Оњангсози аввалину охирини ман, Диламро боз меорам чу лавњи сурхи эњдої Ба ту, Љонофарини ман…
Ба Фарзона Хуш бимон дар "Хонаи дил", Шоири фарзонаи дил.
Лоиќ ШЕРАЛЇ, 1987
10
“НИГОЊ”, ДУШАНБЕ №32 (414), 3. 11. 2014
Дастгири НОИЛ, Шоири шањири Афѓонистон Солњои начандон дур дар доирањои адабии Афѓонистон ваќте сухан аз шеъри нав мерафт ва сухан аз наќши зан дар шеър ва адаби форсї, бидуни шак, номи Фурўѓи Фаррухзод пеш аз њама ба забонњои љорї мешуд ва Фурўѓ њам баъд аз нашри китоби "Таваллуде дигар"-аш ба масобаи як шоири исёнгар, суннатшикан ва навпардоз њалаќот ва доирањои адабии форсизабононро дар навардид ва шоири нотакрор дар миёни табори порсизабон шинохта шуд. Фурўѓ дар асри озодагї ва шукуфон ва боландагии забон ва шеъри форсї мезист ва барои баёни аќоид, андешањо, эњсосот ва авотифаш монесаро намедид. Њамасрони Фурўѓ њам кўњњое аз осори бадеї ва дурахшон офариданд ва ба ганљинаи адаб ва фарњанги башарї афзуданд. Аммо чизеро, ки мардуми оддии замони Фурўѓ намепазируфт урёнии сухани фурўѓ ва баёни эњсосоти занонаи ў дар забони шеъри ў буд. Ваќте хонандаи ноогоњ ва пайрави анъанаи љомеаи суннатї, ки занро фаќат зан медонист ва асир дар банди зобитањои фарњангї ва иљтимої, дигар шеъри Фурўѓ барои ў писандида набуд… Кон чун ёди дилангези зане Мехазидам ба дилат пурташвиш Ногањон чашми туро медидам, Хира дар љилваи зебоии хеш. Кош дар бистари танњоии ту Пайкарам шамъи гунањ муафрўхт. Решаи зуњди туву њасрати ман З-ин гунањкории ширин месўхт. Хонандаи он рўз дар бораи ў чї фикр мекард? Шахсияти шоирро чї гунна меёфт? Як шоири суннатшикан, исёнгар, пархошгар ва бебок дар баробари зобитањо, ё як зани майхора ва њавас боз? Фурўѓ ќаќнусе бархоста аз зери хокистари замонањо буд ва фарёди дар гулў хуфта ва дилњои ба орзу дастна ёфтаи Робитањо, Мањастињо, Мењрињо, Махфињо ва садњои дигар ва дар воќеъ фарёди зан дар дили ќарнњо буд, ки дар њаммомњо раг зада шуданд ва дар танњої ва њастрат баргрезони дарахти умрро тамошо карданд.
!АБВАТ ,Ё ДЕБОЧАИ ТАМАННО
СЊАБ
ва насли наврасро рўњи тоза бахшид ва ба ќавли Мавлоно "табиби љумла иллатњо" шуд ва он истиќлолияти Тољикистон тасдити њуввияти миллї кўтоње њаст барои танаффуси тоза кашидан, барои халлоќияти бадсї ва офаринишњои њунарии ў. Фарзона намояндаи насли љавон аст. Намояндаи тасвирњое, ки аз чорчўби тиллої рањои ёфтаанд. Намояндаи насли боланда ва пешраванда, вале дардманд, ки њанўз захмњои пошнањои оњанини гузаштани онњо илтиём наёфтааст. Ба њамин далел, рисолати Фарзона дар баробари маодумаш бештар аз Фурўѓ аст. Фурўѓ танњо ба сарнавишти дардолуди зани иронї ва мањбубияти онњо фикр мекард. Аммо Фарзона њам дар бораи забон, њам дар бораи зан ва њам дар бораи ватани мусибатдида ва мардуми дардманди худ меандешад. Дар ин љо ворисони билистењќоќи давлати Сомонї тоза аз гардунаи торих сар бурун кардаанд. Соли гузашта маљмўае аз ашъори Фарзона ба номи "Паёми ниёгон" ки дар Эрон иќболи чоп ёфт ва шоир як љилди онро ба банда њам иноят фармуданд. Ин китоб њарчанд таљрибањои ибтидоии шоирии Фарзона њаст, аммо инак, ки онро вараќ мезанам, ба ёди Фарзона меафтам ва шинохти ў ва шеърњояш, ки бояд чизе агар андак њам бошад, бинависам ва бо ин, дайни худро дар баробари ин шоири мањбуб ва арљманди тољик адо намоям, даричаи шеъри Фарзонаро мекушоям ва
Фурўѓ, Фарзона ва шеъри имрўз
Вой борон, борон, Шишаи панљараро борон шуст. Аз дили ман аммо чи касе наќше туро хоњад шуст? Осмон сурбиранг, Ман даруни ќафиси сарди утоќам дилтанг Мепарад мурѓи нигоњам то дур. Вой борон, борон пари мурѓони нигоњамро шуст Аз панљараи шеъри Фурўѓ метавон тайфњои рангини шеъри имрўзаро тамошо кард. Дунёро бо њама забонњо, садоќатњо ва самимиятњояш ва бўќаламунињои онро бо њама љафоњо, найрангњо ва кибзу риёњо. Дар шеъри Фурўѓ сухан аз ситоиши самимонаи зебої ва содагї, сухан аз њамдилии инсоне ба инсони дигар аст. Аз паљараи шеъри ў атри дилпазири бањоронро мебўем ва андўњи танњо шуданаш ва ниёзи "мо" шуданашро… Ман дар ин тирашаби љонфарсо, Зоири зулмати гесўи туам. Ва аммо дар Тољикистон, ки имрўз Фарзонаро доранд ва Фарзона шоира аст баландовоза ва мањбуб дар миёни насли имрўз ва садояш дар њама гўшањо ошност ва шеъраш дар њама љўйњорњои њофизањои насли имрўзи тољик љорї, ўро ва шеъри ўро на ба унвони наќд ва тањлил ва арзишёбињои њунарї, балки фаќат ба хотири шиноњти ў ба ёд меоварем, ки агар Фурўѓ ва чунон ќуллаи ављ ва шўњрат боло рафт, Фарзона њам ин ќуллањоро бо душвории бештаре, ки дар пеши ў дорад, дар миёни занони форсизабони минтаќа мепаймояд. Миёни биниши њунарї ва шароити замонии њар ду шоира тафовутњои бисёре њаст. Фарзона дар асри баде бузург шуда, парвариш ёфта ва ба камол расидааст. Асри Фарзона барои халќ ва фарњангї тољик асри торољи маънавият ва асри бењуявитии забони тољикї будааст. Фарзона аз миёни равобити истирорї ва хасмона аз миёни хастагии љонњо ва афсурдагии равонњои вонињода, бар асари ноњамдилињо ва њамзабонињо берун баромадааст. Хушбахтона, дар ин солњо як чиз ва он њам хеле њаёти Фарзона
ѓазалњои ўро мехонам, ки нињоят самимианд ва ошиќона ва рўњи њаммосї њам доранд. Бо њам байтњое аз як ѓазали ўро мехонем ва мебинам, ки дар шатии андешан ў чї мафоњими зебое љорист: Дареѓи фасли шукуфтан, дареѓи фасли ќиём, Ки бодреза шудам чун шукуфаи бодом. Ќаторњо фалаљу роњи осмон баста, Намерасад ба дилам аз дили касе пайѓом, Дигар ба хандаи хуршед эътимодам нест, Ки офтоб чу чашмест сарду хуношом. Фарзона замони худро хуб дарк кардааст ва мехоњад ба дигарон њам бифањмонад, ки ќавли Саъдї хамўшї ихтиёр кунед, зеро ки имрўз ба хандаи хуршед низ эътимод нест ва аз лабњо ба љои шакар зањр мечакад, одамњо дар ќафасњои тиллої мањбусанд ва роњи омин дар осмонњо бастааст ва дилњоро ба дилњо рање нест. Хамўш бош, на њарфе бигўву не бишнав, Ки зањр мечакад аз њар лабе ба љои калом. Шеъри Фарзона тасвире аз замонаи ўст ва ин тасвир нињоят рангї ва зебост. Дар бањоргоњи дили шоир њар гиёњ, сабза бар сабза аст, њама пидром аст, њама бањор аст. Њељ чиз хушк ва мурда ва афсурда нест. Њар чиз дар боландагї ва љушиш аст. Њар ки дар он мењр бандад, сабзу пидром мешавад, бањор мешавад. Ба боргоњи ман о, ба бањоргоњи ман о, Ки гиёњи мењри худро њама сабз, сабз бинї, Њама пурбањор бинї. Фарзона азамат ва шукўњи гузашта ва фарњанги мустаѓнии худро, ки тика-тика ва порапора шуда буд ва онро ба сарзаминњои љуѓрофиёни мухталиф пахш карда буданд, боз талаб мекунад ва мехоњад ин шукўњ, ин ном ва ин сарзамин аз нав зинда гардад. Њаёте даркор аст, ки онро ба њам дўзад ва либоси абрешимии Хуросон ва порсизабонони љањон дубора пайванд ёбад. Ман ин њаётро хоњам, ки даври чарх гардонад. Зи нав тикаву пора ба њам дўзад Хуросонро.
Бо ин аќида Фарзонаро дар њолае аз натсионализм пинњоншуда фикр накунед. Балки ў иттињоди фарњанги тамоми сарзаминеро мехоњад, ки бо шоир мушорикати фарњангї, торихї, забонї, динї ва миллї доранд. Ва ин як дар парешонї мебинад: дар парешонии фикрї ва ормонї, барои њамин аз родмарди пурњунар мехоњад ёрони парешонро љамъ сохта, ба сўи ягонагї ва тавњид рањнамои гардад, ин њам як мумайзани ирфонї ва аќидатии шеъри Фарзона аст: Зињї он родмарди пурњунар, ки ошно созад Даме бо лаззати тавњид ёрони парешонро. Ў ба талаби хуршед меравад, то аз сояњо бигрезад, мехоњад љавњари њастии аслии худро ва уруљи рўњи худро мутаљаллим созад. Бояд фар оравам ман аз ин тањнишастагон, Бояд ба ранги оина љавњарнамо шавад, Берун хазам зи хирагии сояи касон Бо офтоби чархгузин ошно шавам Фарзона дар сарзамини худ партави хуршеди њаќиќатро металабад, бо он ки дар остинњо мор аст ва аз шаш љињат њисорњост, аммо завќи наъра задан ва парвоз кардан дар бињишти орзуњо дар дили шоир зиндааст. Каф аз остин баровар, ки ниёзманди нурам Мањарос асои худро, агар ин ки мор бинї Пури завќ пар кушудан, пури наѓман бињиштї Чї кунї, ки шаш љињатро барии худ њисор бинї. Ин шеърро њарчанд таљрибањои нахустини шоирии Фарзона бошад њам, наёмвари сулњ ва вањдат аст, мўњтавои аниќ ва насими инсонї дорад. Шеъре бидуни паём шеър нест. Шекспир гуфта буд: "шеъре бидуни паём ба себи сурхе мемонад, ки дарунашро кирм хурдааст". Дар шатии шеъри имрўза Фарзона њам метавон моњињои рангини шеърро ёфт, ки ба зоти худ як фасли нав ва роњи нав дар шеъри
имрўзи тољик аст ва ин шеърњо дил бастан ба зиндагї, умеди дар оянда расидан ба рўшанї ва покиро дар дили инсон зинда мекунанд: Пироњани ѓулобї, яъне чї? Яъне дубора дил ба љањон додан. Яъне дубора ба њаваси хуфта оштї кардан. Яъне нигоњи тањзадаро дар офоќ дилбарона густурдан. Ман зи ќисмат розиям аммо, Кош њамболи сабо будам, Бар сари худ ман худо будам. Ѓами мењаї болотар аз њар андўњи дигар барои Фарзона аст. Ѓуборе, ки аз ѓами мењан ба домани дилаш нишаста, ўро афшонда наметавонад, зеро ки сарзаминаш пойкўбї саровон аст. Ба њамин хотир бањоре нест, ки чамани ў гулборон шавад ва гуле, ки зеби гесувони тилоии шоир гардад. Чи дарднок аст, ки мењан ранљур асту мардумаш парешон ва шоир роњи берун рафтан ба дунёи равшанро металабад: Ѓами бузурги ту дорад замири кўчаки ман, Чи сон ѓубори ѓам афшонам аз дилат мењан Бањор рафту гулеро ба гесувон назадам, Кї пойкўби саворон шуд ин бањори чаман, Шаб аст, гўру кавокиб чу устухони майит, Куљост роњи баромад ба олами равшан. Фарзона дар дарду доѓи мењан танњо нест. Андешаи мењнанпарастї дар шеъри шоирони мо решаи кўњна ва дерина дорад Фирдавсї, Саъдї, Камоли Хуљандї ва дигарон ин дарахтро куњанбеху бисёршох сохтаанд. Биноан, Фарзона њам шоири мултазим мутатахир аст ва илтизомаш дар бедорбошњои шеъраш машњуд аст ва малмуз. Шеър барои мардуми тољик монанди ѓизо лаззат ва ањамият дорад. Ва рўи дастархон ва ва хайрухуш карданро њам ба халќи тољик бо бисмиллоњ ва шеър оѓоз мекунанд, ки чї неку анъанаест пазируфтанї.
БАЊС
Ё, ТАВБА! ШИНОХТИ ДУБОРА
П
ас аз ду буќи дароз Фарзона гўширо бардошт ва њамзамон бо садои нафиси ў ѓавѓои дигарро шунидам. Гуфт, ки вай дар ин лањзањо бар бозори гулфурўшон аст ва маълум, ки чандин гулфурўш њар кадом њамзамон гули худро ситоиш мекунад, то Фарзона гули онњоро бихарад. Љумъаи 27-уми феврал. Поёни зимистон ва давраи гулњои бањорї. Чаро Фарзона, ки худ як гулест, мехоњад гул бихарад? Магар мўъљиза нест, ки шаби пешаш дар Прага барф меборид ва ман аз паљара медидам, ки миллионњо барфпораи нафис дар осмон наќшњои минўи мебофтанд. Шаб шаби фариштањо буд. Дарњангом гунудам аз Фарзонаи хандонро дар боѓи зардолуњои шукуфта дидам. Хеле шоду сарзинда буд. Магар муъљиза нест, субњ, ваќте ба ў занг задам, гуфт, ки дар бозори гулфурўшон аст. Аслан чизе намефањмам…
Љовидона ва љодувона "Мўъљиза чист?" - пурсидам аз Фарзона ва аљиб буд, ки бо сар шудани суњбати ў дар гўшии телефон садои мусиќии ношинос ва кайњоние шуруъ шуда, муддате садои худ мусиќивори Фарзонаро њамроњї кард. Фарзона: Ваќте вожаи "мўъљиза"-ро меандешам, дар муќобилаш калимаи сењр пайдо мешавад, ки яке, яъне "мўъљиза" маънии њунару эъљози ростину љовидонаро дорад ва дигаре, яъне "сењр", мазмуни њунари љодувонаи дурўѓину бебаќоро медињад. Мўъљиза њар офаридаест, ки бо илњому ангезаи худовандї бунёд шудааст ва сарчашмаи улвию халлоќї дорад. Њофиз мегўяд: Сењр бо мўъљиза пањлў назанад, дил хуш дор, Сомирї кист, ки кори Яди Байзо бикунад. Дар "Маснавї" њам њикояте омадааст, ки ду нафар аз доної роз мепурсанд, ки асои Мўсо сењр аст ё мўъљиза? Љавоб меояд, ки ваќти хоб будани Мўсо он асоро дуздед. Агар Мўсо беиќтидор шавад, донед, ки асояш асари љодуст, агар аждањо гардаду ба шумо њуљум орад, пас фањмед, ки он мўъљизаи Оллоњ аст. Ба андешаи ман, мўъљиза њар асарест, ки бо ишќи бузургу нотасвир таваллуд мешавад. Худи ишк мўъљизаест, ки инсонњои оддиро низ муаззаму мўњташам мекунад. Пурсидам: Пас, аз нигоњи Шумо, масалан, ањромњои Миср, пайкараи Озодї дар НюЙорк ва ё бурљи Эйфел дар Порис мўъљиза њастанд? Фарзона: Бешак. Бузургтарин мўъљизаи инсонњо ва офаридгор, њамаи ин ёдгорињое њастанд, ки бо гузашти замону баргрези таќдим таѓйир наёфтанду мондагоранд. Аз нигоњи ман мўъљиза њамон осорест, ки аз боду борон газанд наёбад, дерпо бошад ва њамеша ба мардум паёми муњаббат ва пояндагї расонад. Пурсидам: Лањзае, ки инсон, як бандаї хокї, ба мўъљиза рўбарў мешавад, чї лањза аст ва барои чї дидани он ба инсон таъсир мерасонад? Фарзона: Лањзае, ки як инсони оддї дар худ нирўи бузурги илоњї пайдо мекунад, ин ќадар бузург ва муаззам мешавад ва ин ќадар дар худ эъљозњое эњсос мекунад, ки гўё аз ќолаби худ фаро меравад ва уруљ мекунад ва фазоњои густардае дар баробараш боз мешаванд. Њамон лањзае ки илњому ангезаи БОЛО ба вай нозил мешавад, вай метавонад мўъљиза офарад. Масалан, ман хаёл мекунам, ки бузургтарин шеъре, ки классикони мо гуфтаанд, Њофиз гуфтааст, њатман дар њамон лањзаи наљибе гуфта шуд, ки барои вай аз он сў илќо мешуд. Чунонки худ мегўяд. Дар паси оина тўтисифатам доштаанд, Њарчї устоди азал гуфт, бигў, мегўям. Яъне гўё, ки аз БОЛО дикта мекунанд ва ў онро рўнавис мекунад ва ба мову шумо њадия мекунад. Ва њар нафаре њам, ки тозакорињо ва эъљоз мекунад, масалан, ќасри бузург месозад, як бинои мўњташам месозад, њамонро њам њатман, ки бо ќудрати худовандї ва бо он ишќи беназире ки ўро рањбаладу њодї мешавад, анљом медињад. Пурсидам: Фарзонабону, бештар гуфта мешавад, офаридањои азим, монанди ањромњои Миср ё чизњое монанди он, бо бузургию њайбат ва шањомати худ мардумро мафтун мекунанд. Оё мешавад гуфт, ки мўъљиза метавонад кабир ё саѓир бошад? Фарзона: Ман хаёл намекунам, ки мўъљиза хурду бузург бошад. Мўъљиза дар њама њол бузург аст. Масалан, ишќ њам хурд ё бузург намешавад. Њар чизи беназир, ба фикри ман, фаќат мафњуми бузургро метавонад барои худаш бипазирад. Њатто дар њоле, ки сураташ бисёр кўчак њам бошад. Аслан, хеле бузург
“НИГОЊ”, ДУШАНБЕ №32 (414), 3. 11. 2014
11
аст, хеле аз дарун васеъ аст. Як олами акбар аст дар вуљуди њар мўъљиза. Ба ин хотир мўъљиза њатман як осори муаззам, як ёдгории муаззаме, як ёдгории муаззаме њаст, ки аз башар мондааст ва њатман дар он ангезаи худовандї њаст. Бо ин ки Фарзонаро бисёр эњтиром мекунам, ба суханонаш шак меорам. Шояд гуфтањои ў ба гузаштаи дурру тахайюлї пайванд мегиранд, аммо оё дар замони мо мўъљизае мондааст?
Дар кўчаи зебої Пурсидам: ба назари Шумо, дар чанд соли охир, мафњумњои зебої, мўъљиза ва нафосат дар љомеаи мо чи тањаввулеро ба сар бурданд? Фарзона: Њар нафаре ки шеър мегўяд, бузургтарин њадафаш ин аст, ки бо наљибтарин мафњуми олам, яъне зебої бештар иртибот дошта бошад. Аз оѓози офариниш то имрўз њељ гоњ диду шинохти ягонаи зебої вуљуд надошт. Њар халќу њар миллат, њар дину мазњаб, њар фарњанг ва њар фард дар танњої назари мушаххас ба зебої доштанд. Чунонки рамзи моњ хазору дусад сол дар шеъри форсї њамеша тимсоли зебої буд, аммо дар шеъри рус ва дар шеъри Фаранг маънии баръакси онро дошт.
Салими АЮБЗОД равобити заношўйии онњо њар рўз дар нашрияњо чоп мешуд ва аз чї хўрдану чї пўшидан то кадом рўз чї рўњия доштани онњоро њама медонист. Вале фарњанги љомеаи мо дигар аст. Мард - беруни дар ва зан - даруни дар. Аммо он гунна ки Сайидои Рустам менависад, Фарзона (яъне зан) шинохтатар аз Озарахш (яъне мард) аст ва Озарахшро бо вуљуди он ки шоири хедде хуб аст, бархе мехоњанд бештар њамчун "шавњари Фарзона" бишиносанд. Китоби нави Озарахш - "Намози мусофир" нишон додаст, ки ду шоир бо њам дар
Ва айни суол ба як наздиктарин каси Фарзона, хоњараш Матлуба , ки муњаќќиќи эљодиёти Фарзона низ њаст, дода шуд. Посух: "Нармдилї ва хоњиши некї кардан ба њама". Дар он сўњбати рўбарў дар шањри ќадимию сокити Хуљанд, гуфтам, шунидаам, ки шеър дар як њолат бехудї, тањтушшууран ба дунё меояд. Аз љои дигар меояд. Аммо њар касеро, ки пурсидам, фарќеро дар миёни Фарзонаи шоир ва Фарзонаи инсон, Озарахши шоир ва Озарахши инсон ќойил нашуданд. Назари худи Шумо чист?
ГУФТУГЎЊО БО ФАРИШТАИ ШЕЪР Имрўз низ дар Тољикистон ва кулли дунё зебошиносии мардум андаке пояњои умумї ва хеле бештар пояњои хусусию инфиродї дорад. Зеро њама медонанд, ки чашми њам дар пардаи зулмату ќабоњат мебинад. Дар њоле ки чашми зебонигар зишттарин офаридаро њам метавонад эъљози зебої шиносад. Мавлоно мегўяд: Пок кун чашмони худ аз мўйи айб, То бубинї боѓу сарвистони ѓайб. Яъне зебої бузургтарин василаи дил бастани мову шумо ба дунёву зиндагиву инсонњост. Хоса зебоии сиратї, ки хеле амиќтар аз зебоии суратист ва бисёр бобаќотару дерпотар. Ба андешаи ман, зебоии ростин муродифи мўъљиза аст, ки Шумо гуфтед ва як вазифа дорад, яъне ба зиндагонї, ба шахс бори дигар ишќро њадя намудан. Ва дар Тољикистон пояњои зебошиносї, ман хаёл намекунам, ки бисёр таѓйир ёфта бошад. Яъне њамон тавр аст, ки буд. Боз њам њамон пояњои мушаххас, инфиродї ва људогона. Пурсидам: Зебои дар њаёти шахсии Шумо чї наќш дорад ва чї таъсир? Фарзона: Аслан, њарфњое, ки гуфтам назари бисёр шахсии худам ба зебої буд ва њадафи шеър гуфтани ман, манзур аз мавзун кардани калимот низ шояд њамин бошад, ки бо зебої камтарин ошної ёфта бошам, камтарин наќо канам ба њамон љањони бисёр зебо, ки гўё хориљ аз ман љараён дорад ва ман то он њанўз роње наёфтаам. Гўё ман худамро як љазираи барканда аз он љањон медонистам, ки бо василаи шеър ќаламро ва аз њамон пул гузаштам, то ба њамон зебої ворид шавам. Яъне тамоми зиндагии ман рафтан ба сўи зебоист, рафтан ба љустуљўи њамон инсони комиле њаст, ки ман дар орзуњоям тарњ рехтаам ва мехоњам монои ў бошам, мехоњам чун ў расотар шавам, рањ ба рањ мунир шавам, рањ ба рањ мунаввар шавам, рањ ба рањ њарчї фазилати хубе ки он инсони комил ва расо дорад, ман њам барои худ бигирам ва тавонам, ки барои инсонњо некиро, зебоиро, ишќу отифаро муарифї кунам. Фарзона меафзояд: Ман чуноне ки гуфтам, азбас ба зебої ва мўъљиза ягон пайванд надорам, мехоњам ошно шавам. Гуфтам: Хоксорї зебоиро дучанд зеботар мекунад. Андешидам: Гуфтугў бо Фарзона њамеша дилњоро нарму беѓубор мекунад ва ба кас нирў медињад, манзараи бузургтаре аз зиндагии худ ва дунёро бубинад. Сўњбати ў инсонро зеботар мекунад.
Фарзона - њамсари Озарахш Агар Фарзона ва Озарахш дар ягон кишвари ѓарбї умр ба сар мебурданд, тањаввулоти
раќобати шадиданд ва Озарахш мойил ба ин нест, ки дар сояи Фарзона бимонад. Пурсидам, зиндагии ду шоире Фарзона ва Озарахш дар зери як бои оё чї гунна аст? Озарахш: "Зиндагии ду одами оддї, ки фарќе аз дигарон надорад". Фарзона: "Дўсти мо Барзў як андарз доштанд, ки дар ишќ одамон њамдигарро ислоњ намекунад, балки пурра мекунанд ва таќмил мекунанд". Ман: "Агар бо њам муноќиша кунед, оё ин муноќиша низ ба шеър сурат хоњад гирифт?". Фарзона: "Не (механдад), бештар аз худамон озурда мешавем. Аммо агар ранљише њам шуд, дер давом намеканд. Зуд ба ханда бадал мешавад". Озарахш: "Бале, бо шеър, аммо бо шеъри сафед ва бевазну ќофия (механдад). Аммо росташ, бояд ба бонуи худ сипос бигзорам, ки бо ќањрамонї моро тоќат мекунад". (Њама механдем ва чой менўшем. Њуљраи тарабхонаи "Барс" дар шањри Хуљанд сокит аст, фаќат аз берун садоњои мубњаме ба гўш мерасад).
Шоири Шабнамњо. Агар маќсади мо нигоњи амиќ ба шеъри Озарахш мебуд, суоли ўро аз кабўтарњо дар китоби "Намози мусофир" матрањ мекардем, "ки дар андешаи мурѓона маънои паридан чист, фарќи дар айвони масљид ё калисо дона чидан чист?" Ва ё мегуфтем, "шоире бо шабнаме дар барги гул бинвишт". Вале моро бештар равобити инсонии ду шоир ба худ кашидааст ва аз он љо, ки Фарзона мегўяд, "ман њурии нилуфарам, рўйида дар мардобњо". Озарахш мегўяд, "сар барор аз об, эй нилуфар, офтоб омадааст, офтоби ошиќ". Шеъри Фарзона ва Озарахш њамоњангињое дар сатњи забони дил дорад, на дар сатњи забон. Ва ишќ ин љо ба оташе шабењ аст, ки метавонад, њама чизро бисўзад. Тафовути ошкор ин аст, ки Фарзона шоири як шањри классикист ва Озарахш бо дењаи сабзи канори обшорони кўњистони дурр мефахрад. Ва њиммати Њофизи Шерозиро дореду мегўяд, "ман ба ин шањри ќадим (яъне Хуљанд) номи нав хоњам монд, номи туро (яъне Фарзонабод?) Оё ишќи сўзони кўњистони содаи дур, њасрати нооромии ботинї дар шањри бостонї, аммо пурпечутоб аст? Оё кї ба сањро ё боѓи кї табдил меёбад ва ё дўст дорад, табдил биёбад?". Аз Муртазо, наздиктарин дўсти Озарахш, ки мегўяд, як инсони одист ва солњост Озарахшро мешиносад, мепурсем, оё туњимтарин хислати ў чист? Мегўяд: "Тозагии ќалбаш, беѓубории ќалбаш. Вай агар хоњад њам, наметавонад кина бигирад".
Фарзона: "Гоњо, чунонки шумо гуфтед, њаракати бешууронае дар тафаккури мо њангоми гуфтани шеър сурат мегирад. Ба инсоне табдил мешавем, ки хеле - хеле маљзуби шеър аст ва тањти љазаботи ќуввањои болої, дар њолати худбохтагї ќарор мегирад ва ончи мегўяд, худаш њам дар њамон лањазот эњсос намекунад. Масалан, Пушкин мегўяд, ки фаќат дар лањзаи шеър гуфтанаш шоир аст, дигар на. Ва дар њоле ки шеър мегуфт, як шахсияти боазамат ва бошукўњу дастнорас мешуд, монанди нафаре, ки меъроч кардааст ва инсонњои оддї бо њазор даст афрохтан ва бо њазор парвоз то вай намерасанд. Вале дар зиндагї, дар њолати дигар мебинед, ки як нафари хеле муќаррарию маъмулї, ки љурмњояш њам шабењи љурмњои дигаронанд, ё шояд бештар аз дигарон. Аммо Фурўѓ мегуфт, ки шоир бояд нафаре бошад, ки дар тамоми лањазоти зиндагї рўњи шоиронаи худро њифз кунад ва њамеша инсонгаротарин бошад ва њаргиз аз њамон маќоми баланди шоирии худ таназзул накунад". Озарахш: "Як шоир, ба фикри ман, бояд ба дарё монанд бошад. Дарёвор равад, то љоеро сарсабз кунад. Албатта, ин дарё гањгоње аз соњилњои худ берун меравад. Шояд шоир њам ин гуна аст. Шеъраш, афкораш, рафтораш. Аммо дар њама њолат шоир созанда аст ва пайи ободии атрофиёни худ, њамсояи худ аст". Фарзона ба ёд меорад, ки ваќте ба фарзандони худ чизе тўњфа мекарданд, ба дўстони онњо, фарзандони њамсоя низ аз он мегирифтанд, то онњо имтиёзу бартарие надошта бошанд. Ман мепурсам, дар солњои сахти 1993-94 оилаи шоирон чї њоле дошт ва ногањон маълум мешавад, ки Фарзона дар он солњо хайётї мекарду бонуи њамсоя дасткорњои Фарзонаро ба бозор мебурд, то бифурўшад. (Куљоед, љўяндагонии ашёи таърихї!). Ва Озарахш бо муњаббат аз мухлисони шеър ёд мекунад, ки дар он солњо ба хонаи шоирон ѓизо мефиристонанд.
Кўзае пур аз тилло Гуразми Тољикфар навиштааст, оё рост аст, ки президенти пешини Эрон Муњаммади Њотамї ба Фарзона як кўзаи тилло њадя кардааст? Фарзона мегўяд, оре, як кўзаи мунаќќаш, вале на аз тилло, аммо рамзе гаронбањотар аз тилло. Мўњсини Љаббориён мепурсад, ки шоирони мо ба фарзандони худ чї номњое гузоштаанд? Љавоби Озарахш: "Соњиби ду духтар ва як писар њастем ва исмашон Шоњона, Шањнавоз ва Њумоюни чањорсола". Ду суоли дигар ба шеъри порсї дар замонаи сангину оњанин ва электронию диљитол ва ёфтани хонанда дахл дошт.
12
“НИГОЊ”, ДУШАНБЕ №32 (414), 3. 11. 2014
Ромизи АБДУЛЛОЊ, номзади илмњои филологї Фарзона шоираи нотакрор, суханвари боиродаву пурибтикор, бонуи хушсалиќаву пуркор тавонистааст, дар марњалаи нахустини эљодї бо ќувваву тавони хастагинопазираш ба майдони адабиёт ворид гардида, барои анљоми хидматњое дар бозкушоии зовияњои њунарї, назокати каломи бадеї ва боло бурдани завќу табъи шоирї маќоми арзандаеро ба даст орад. Ба таъбири дигар, занони суханвар дар адабиёти форсї чунин мартабаи эљодиро мисли шоира Фарзона кам сазовор гардидаанд. Ў аз хуштолеътарин нафароне ба шумор меравад, ки дар як давраи сабзи адабиёт ба камоли эљодї расида, дар байни бонувони баландмартабаи пешину муосираш, аз ќабили Парвини Эътисомї, Фурўѓи Фарухзод, Симини Бењбањонї, Гулрухсор Сафиева ба гирифтани мавќеи муњим даст ёфтааст. Мо ин љо истилоњи адабиёти сабзро бо камоли љуръат истифода намудем ва, воќеан, њастии устодони шеъру адабамон ба монанди Лоиќ Шералї, Муъмин Ќаноат, Бозор Собир, ки бо гироишашон ба намунањои барљастаи адабиёти љањону классикиамон руњу тавони жанрњои суннатиро тоза намуданд ва, заминаеро барои ривољи шаклњои наву мудернии шеър фароњам оварданд, як андоза ин истилоњ мувофиќ меояд, вале фаро расидани марги устод Лоиќ Шералї муљиби ба љойи руњи гарми сухану дили пурњарфи суханвар ва сурудани дарду њасрати Ватан, ормон, миллат ва имрўзу ояндаи халќ оњиста - оњиста омадани њарфи бељону бемадор гадид. Ин омил ба доираи инкишофи адабиёти бадеї бетаъсир намонд. Шеъри Фарзона оташи афрўзандаи ин хокдон ва зиндадорандаи руњи љовидони устодаш Лоиќ Шералї мебошад. Дар мањфили ба муносибати љашни 50солагиаш, ки дар Иттифоќи нависандагон, ахиран, ба вуќўъ пайваст, шоира Фарзона ба бозгўии хотироти рангинаш аз рўзгори муносиботи устодиву шогирдиаш бо Лоиќ Шералї мепардозад, ки наќши он ба љањони фикрии шоира хеле ќавї будааст. Чи тавре ки дар ин мањфил ёдовар шуд (ва мо ин љо мазмунан наќл мекунем), устод Лоиќ ба шоира Фарзона "Девони кабир"-и Мавлоно Љалолиддини Румиро њадя медоранд ва иброз менамоянд, ки мо як насл шоирон ба шеър дар љодаи сурудани чакомањои ватандустї, ѓаму дарди миллат, якпорчагї ва ѓ. пардохтем, њоло ваќти он аст, шеъри тољик ба инсон ва одампарастї гироиш кунад ва, руњи бегазанди ў ситоиш шавад. Дар назари аввал ин њарфњо сода менамоянд, вале дар асл инњо сода нестанд. Устод Лоиќ Шералї бо эњсоси гарме, ки ба шеър доштанд ва робитае, ки бо чунин намояндагони адабиёт ба монанди Мавлонои Рум барќарор намуда буданд, барномањои муњиму мушаххас дар марњалаи тамоман нави адабї роњандозї мекарданд, ки ба рушди ояндаи шеъри тољик мусоидат менамуд. Шояд якеаш дар раванди вусъатёбии чунин ормонњо њамин интихоби суханваре ба мисли шоира Фарзона бошад.
БО ШОИР!АБВАТ ,Ё
СЊАБ
Аз ќуллаи тафаккур то љаннати тасаввур Бояд сарчашмаи ибтикороти њунарии шоира Фарзонаро дар шеър ва инсонгароиву инсонсарої аз њидоятњои беминнати чунин устодони нотакрораш бозљуст. Шафеъи Кадканї дар китоби "Мусиќии шеър" андешањояшро оид ба љойгоњи шеър баён намуда, "љавониби иљтимоъї ва инсонии шеърро амре мусаллам ва мавриди ќабули њамагон" медонад (38). Дар соли 1987 бо эњсоси пайдошавии чунин тамоюлоти тоза дар шеъри њамин давра, устод Лоиќ ба сарсухани маљмўаи нахустини ашъори Фарзона "Гули Наврўз" чунин унвон гузоштаанд: "Љодае ба диёри одампарастї". Яъне шоира дар коргоњи нахустини эљодиаш "бо пањлугардонињои хайёлангези сухан, суханбозињои ширин, назари поки ошиќона ба зиндагї, ба инсон" (таъбири устод Лоиќ Шералї) ба "љодаи диёри одампарастї" ќадам мегузорад ва ин њодиса дар шеъри муосири тољик як фоли нек буд, зеро бо ворид гардидани чунин чењраи тоза ба адабиёт тамоюлоти эљодї ба "љавониби инсонии шеър" равона шуд. Ин омил, ба ояндаи дурахшони адабиёт ишора мекард ва бо сайќал ёфтани њунари суханварии шоира Фарзона зарфиятњои адабиёти пасазистиќлолиамон њам бештар мегардид. Аз ин љињат, агар гўем, ки муваффаќияти Фарзона дар шеър ин муваффаќияти адабиёт аст, шояд зиёдаравї набошад... Фарзона ба шеър њастиашро офаридааст ва онро тамомтару тамомитари рўзгор, покитар аз офаридањои офаридгор медонад. Профессор Абдунабї Сатторзода бо таъкид ба ин масъала дар маќолаи "Аз фарши иљтимоъ то арши кибриё" менависад: "Офтобу Субњу Бањору Борону Шабнаму Гулњову Чашмаву Дарё ва њам Шеъру Ишќ - ду мањбуби улвї ва ду њамрањи мањкаманосираш аз шинохтатарин ва нозпарвардатарин чењрањои сурудањои ўянд ва шоира худро бе онњо тасаввур намекунад ва мо шеъри ўро. Вай бо онњо њаммиллату њамшањриву њамдину њаммазњаб мебошад. Бо онњо якљо нафас мекашад, гуфтугў мекунад ва ќадам мезанад, механдаду мегиряд". "Фарши иљтимоъ" ишора ба "љавониби иљтимоии шеър" аст, ки дар ашъори Фарзона ба ќавли Абдунабї Сатторзода ба арши кибриё расидааст. Ба ин тамоюл шоирони чанд наслу чандин асри ќабл аз шоира низ гироиш доштанд, вале суханвар ба шевањои махсуси тасвир ва бардоштњои тозааш дар зиндагї, муваффаќ ба корбурди чунин роњу усули бадеї гардидааст. Дар байти Эй дили залили ман, пеши кас мабар њољат, Арљманди олам шуд он ки бениёз омад. Фарзона њарф аз давлати бениёзї меза-
над ва ин албатта як вазифи муњими ќањрамони лирикии ашъори шоира дар ин "фазои бемуњаббат" -и њаёт, ки номаш зиндагї аст, мебошад. Равонї ва дилписандии ин гуна ашъори суханварро наметавон аз фарќияти байни забони адабї ва забони рўзмарраи мардум љўст. Аз истифодаи вазн њам нест. Дар ин байт лањља ва шева ба кор гирифта нашудааст ва ин далели ба забони адабї гироиши бештар доштани шоира намебошад ва њамчунин дар ин байт доманаи корбурди ташбењ истиора, маљоз, киноя ва ѓ.. танг аст ва њатто ба нестї расидааст. Шоира кўшиши бозгўии ягон нуктаи тозаи ирфонї, фалсафї ва иљтимоиро анљом надодааст. Пас чаро њаводорони чунин ашъор ба маротиб меафзояд ва майдони суханвароне, ки дар роњи офаридани маънињои тоза, истифодаи ташбењу истиораву маљозу талмењоти нав то андозае муваффаќанд ва њатто дар кофиясозї њам дасти кам надоранд, танг месозад. Агар сабаби асосии ин суолро бо ќувваву тавони зењниамон дар доираи сохторњои шинохташудаи улуми адабї ва забоншиносї бозљустанї шавем шоирони дигареро ба мисли Фарзона омода мекардем. Адабиётшиносии дирўзу имрўзамон танњо ба баррасии љузъиётњои алоњидаву муайяни ин ё он асари адабї ќодир аст ва метавонад дар бозкушоии нуктањои муњиму фарќкунандаи асарњо ёрмандї созад ва, дар баробари ин, афзалияташонро нишон бидињад. Аммо мавќеи шеъру зењни шоиронаи суханвар дар љое ќарор дорад, ки зовияњояшро наметавон бо ќолабњои улумї адабї боз намуд. Агар, њамин гуна байтро бо њамин усули эљодшуда (на вазну ќолаб) дар зер оварем ва он ишќї бошад, як андоза инсонро ба тањрик меоварад ва вуљудашро эњсоси дигар фаро мегирад: Чу бар њарими дилат рухсати вурудам нест, Бигў, куљост дигар љойи истиќомати ман. *** Дўстро гуфтам: чї дастовез бар пирї барї, Гуфт: бар худ мебарам як доман истихфорро. *** Љомае, ки монд аз мўд, дар навї кўњан гардад, Хуфта зери сандуќам орзўи тањ бар тањ. "Ќањтии имону ќиматии ишќ" ба як давраи вазнини зиндагиамон, ки воќеан њам ба арзиши љон онро дар вуљуди миллати љангзадаамон пайдо карда наметавонистем, тааллуќ дорад. "Лањзањои сарду якранг" низ ишора ба чунин фурсатњои сарду дилгир мекунад. Ба
гўши "кавкабони хамўш" расидани овози гиряи баланд њам бозгўи вазъи руњиву равонии ќањрамони лирикї аст. Бо љома орзуњоро тањ намудану ба сандуќ гузоштани шоира дар шеър ба мавќеи чењраи зани тољик ишора дорад. Дар маљмуъ, инњо бинишњои иљтимоии шеъри Фарзона мебошанд. Ба таъбири дигар, њиссиёти шоира аз вазъи дилгиркунандаи замон њассос мебошад. Хеле амиќ дарк мекунад. Аз ин лињоз агар гўем, ки дар баъзе њолат њиссиёт василаи баёни тафаккури Фарзона аст ѓалат нахоњем кард. Масалан ранги лањзањоро (ки танњо рангро ба воситаи дидан фарЌ мекунем) то ин дам касе надидааст. "Овози гиря" ба гўши "кавокиб" расиданаш ва "хуфтани орзўњо" дар зери сандуќ њама њисомезист. Зеро ба яке аз панљ њисси зоњирї таносуб доранд. … Дар тањлили бадеии масоили инсоният Фарзона ба масъалаи њаётиву муштаракоти ќавму миллатњо ањамияти бештар медињад. Воќеан дар замони тавсеаи илму техника бенизомиву беимонї инсонро дар њазораи сеюм ољизу бетадбир намудааст. Бахусус, дар баробари инкишофи босуръати илмњои замон ин давра дар таърих ба унвони "тамаддуни доної" сабт гардида истодааст, вале боз њам манзалаташро дар назди љомеа ба таври бояду шояд пайдо накардааст. Зеро ба ќавли њазрати Њофиз "зимоми љањон дар дасти ањли донишу фазл" нест. … Њамин тавр, Фарзона дар адабиёти муосир бо офаридани чакомањои дилписанд ва рўи кор овардани тасвирњои наву тоза мавќеи устувор дорад. Бозёфтњояш аз доираи таљрибаву малакаи суханвариаш дарак медињанд. Ин бонуи шеъри тољик бо нашри чанд маљмўаи тозааш бо хати форсї дар Эрон ва тарљумаи сурудањои ў дар Ландан бо забони инглисї ва дар Маскав бо русї на ин ки шеъри имрўзамонро муаррифї намуд, балки бо ин роњ дар татбиќи муносибатњои илмиву фарњангии Тољикистон бо љањони муосир сањми назаррас гузошт. Аз сўи дигар таваљљўњи мутарљимон ва муњаќќиќони хориљї ба шеъри Фарзона танњо мурољиати хушку холї ва ё иљрои масъулиятву вазифа набуда, балки баёнгари ниёзмандии љањони имрўз ба сурудањои рўњнавози шеъри тољик дар асри нав чун гузаштањо дар мисоли ашъори Фарзона мебошад. Пас, месазад, ки Фарзонаро меросбари асили ин бузургон ба шумор оварем, ки ба ќавли худаш битавониста "паёми паёмбарони Аљам"-ро бо фароњам овардан дар зовияи андешањои баландпарвози худ бишнавад ва чароѓи шеъри ноби ононро барои фардоиён фурўзон нигањ дорад.
БАЊС
Ё, ТАВБА! ШИНОХТИ ДЎСТ
“НИГОЊ”, ДУШАНБЕ №32 (414), 3. 11. 2014
13
Абдусамеъ АБДУЌУДДУСЗОДА
БАРОИ ФАРЗОНАБОНУ
ФАРИШТАИ ШЕЪРУ ИРФОН Хосияти оби чашма покиза пайдо шудан, покиза равона гаштан ва покиза зистан аст, мисли хосияти инсоне, ки вуљудашро Худованд бо муњаббат ва њавсалаи тамом офарида, то лаззат аз санъати Худовандии Худ бубарад. Хосияти шабнам њам њамин аст ва фазилати вуљуди азизи шоираи мањбуби мардуми мо Муаллимаи азиз Фарзонаи Хуљандї низ њамин. Яке аз муридони Мавлоно Љалолуддини Балхї дар ситоиши эшон мегўяд, ки "њар сухани Мавлоно ѓазал аст, балки чун роњ бираванд, гарди роњашон низ ѓазал аст" ва бо иродату бовар њамин суханро дар сифати вуљуди азизи Муаллима Фарзона метавонам бигўям, зеро њар пиндор, њар гуфтор ва њар рафтори он кас Шеър асту Њикмат асту
Дамад зи њарфи ту атри бањор Фарзона, Садои туст-садои њазор, Фарзона. Рисолати адабият, ки ройи инсонист, Бигири дар абадият ќарор, Фарзона. Зи барги лолаи кўњист пайкари суханат, Машомро бикунад мушкбор, Фарзона. Бањори шеъри туро тирамањ намеёбад, Ки кўх-кўх бувад арчазор, Фарзона. Бад-он бузургию љоњу маќоми гардуни, Надидаам чу ту як хоксор, Фарзона. Бизї,ба бахти ману мо, њазор сол зиёд, Ки гўйи шеъри тару обдор, Фарзона. Абдумалики Абдуљаббор 28.10.14
Ирфон асту Имон, Самимият асту Муњаббат ба њамагон. Мо мардуми хушбахтем, ки муосири Ситораи дурахшонтарини Шеъру Ирфон дар замони нузули ќадри Инсон њастем. Худованд мардуми писандидаяшро дар соли сахтї танњо намегузорад, ки дар гирдоби ноумедї биѓарќад, дар гирдбоди гумроњї саргардон бигардад ва мерањонад руњи ононро ба воситаи шахси баргузидаи Худ, ки аз каломи ў њарфи њидоят метаровад ва аз саломи ў сулњу саломат ба руњи мо мерасад. Сухани Муаллимаи азизи ман Фарзона Шеър аст ва шеърашон суханест, ки аз Худо расида ва навозиш мекунад гўшњои моро, љонњои моро ва нарму парниёнї месозад дилњои ситамгору сангбастаи моро. Њар ки чанд нафас дар суњбати Муаллима Фарзона бошад, наметавонад дил кандан аз ширинї ва нармии сухани он кас, зеро бо ў гўиё Худо сухан мегўяд ва ба имони ман чунин њам њаст, ки Муаллима аз забони Худо сухан мегўянд. Ваќте бо иштиёќ китобњои ќадима ва ривояту њикояти авлиёву анбиёи ќадимро мехондам ва дар шигифт мепечидам, ки одамони ќадим хушбахт будаанд, ки бо азизони Худо њамнишину њамсухан будаанд ва гоњо низ он навиштањоро афсона мепиндоштам, чун њанўз бо касе, ки аз вуљудаш нишоне аз ориф ва аз суханаш бўе аз ирфон ояд во нахурда будам... Чун нахустин бор бо Муаллима Фарзона рўбарў шудем ва гуфтугў кардем, инќилобе дар љони ман афтод ва аз дилам гузашт: Худоё, дар замони мо њам азизони Ту њастанд! Ва инак 27 сол аст, ки ихлосу иродати рўзафзун дорам ба Муаллима Фарзона - ба Инсони роњнамову рањкушое, ки њангоми роњљўї дар зулмоти роњгумзаданњо чун Ситораи ќибланамо дар имону ихлоси ман бидурахшиданд ва бурданд ба олами Ирфону Шеъру Имон ва дарки шарофати Инсон. Бо иродату ихлосу муњаббату самимияти бародарї ва шогирдї ин шеъри
сипосро ба Муаллима ва Хоњари азизам - Фариштаи Шеър армуѓон мефиристам. *** Фариштаи Покї сухан ба шеваи шаффофи об мегўяд ва лањљаи шабнам. Барои мо зи сафо таронањои тари интихоб мегўяд. Фариштаи Некї сухан зи маънии кори савоб мегўяд ва аз забони Худо Паёми тоза ба ањли китоб мегўяд. Фариштаи Ирфон сухан ба равшании Офтоб мегўяд ва аз таљаллии нур азони бедорї ба гўши мардуми бисёрхоб мегўяд. Фариштаи Танњо њадиси вањдати обу сароб мегўяд ба рамзу розу муаммо ба пурсиши њамагонї љавоб мегўяд. Фариштаи Шеър! Ба мо њамеша паёмовар аз Худо бошї! Сафои оинаи дини Мустафо бошї!
Абдуљаббори СУРУШ
Эй вуљуди хокии аз љилди гул беруншуда, Эй гули рўида аз ќалби зи њасрат хун шуда. "Орзуманди диёри хеш" дигар барнагашт, Бо њама дарду ѓаму армони дар дил ѓуншуда. То њама аз банд банди худ људову бандаем, Пеши арвоњи азизони сухан шармандаем. Хайрхоњињои ќисмат бин, ки бо ашки равон, Дар кавири орзуњо худ ба худ дар хандаем. Дар дили мо нест гўё, љони ман, љони сухан, Дар лаби хомўши мо то нест исёни сухан. Рўњи мо берун щуда аз ќолаби хокии худ, Бехудему бехудо, овањ, ку яздони сухан. Он њама ѓам, ки турову ин њама ѓам, ки марост, Зери як кашкўли кўњу рўи як дасти дуост. Шеърњои ифтихорї дархури дарде наянд, Дар замоне, ки пур аз њангомаи чуну чарост. Хоља гарчи "дар ѓариби љон ба сахтї" дода буд, Лољарам њаргиз сухан афтодаву мискин набуд. Ин замон дар мењани худ мо ѓариб афтодаем, Дарди моро иллати мафкураро хоњад фузуд. То сухан буд, аз барои тољикон сархад набуд, Давлати тољикро андар сухан то њад набуд. Уммати пайѓамбари охирзамон буду вале, Љуз худованди суханро шоире уммат набуд. То гирењ афтода акнун риштаи мафкураро, Алѓараз нодидагиро, махзани мастураро. Рўдакї бегона тобад, Њофизу Хайём низ, Бо забони сохта ботил кунї маъмураро. Бо забони сохта гарми сухансозистем, Бо дили нагдохта масти забонбозистем. Њамзабони мо ба мо бегона тобад ин замон, Њамзабон бинї, ки дар ављи замонсозистем. Дафтари мо зардтар аз чењраи беранги мо, Фитрати мо тангтар аз кулбањои танги мо. Њиммати мо паст рафта дар сари шеъри дарї, Пеши чашми рўшани њамсангару њамсанги мо. Эй насими софи аз ансофи Сайњун рўзада, Эй гули хушбўйи атри ноз бар гесўзада. Кош, бо неруи нав бедор гардад ин замон, Олами печидапои пушти куњ пањлўзада. 1992
14
“НИГОЊ”, ДУШАНБЕ №32 (414), 3. 11. 2014
Дар таърихи адабиёти муосири форсї устод Фарзона аз муваффаќтарин шоироне эътироф шудаанд, ки њам дар шеъри суннатї ва њам шеъри нав бо таљрибањои шоёни њунарии хеш љодањои тозаеро кашф кардаанд. Ин матлаб дар пажўњиши муњаќќиќони на танњо ватанї, балки хориљї њам борњо таъкид шудаанд ва нашри нусхањои форсии дафтари ашъори шоира ва њам тарљумаи китобњои эшон бо забонњои русї, инглисї дар кишварњои Русия, Инглистон ва амсоли ин ба маќоми љањони касб намудани шинохти шеър ва андешаи Фарзона ишорат доранд. Аз муњимтарин авомили тавфиќи устод Фарзона дар адабиёти муосири форсї пеш аз њама иќдом бар вуруди амиќ бар жарфои шеъри кўњан, мутолеаи ва маърифати густардаи адабиёти пешинаи форсу тољик ба шумор меояд. Ин раванди огањї, фарогирї ва маърифати адабиёт ин суханвари мумтозро то љое аз диди фикриву њунарї такмил бахшида, ки дар сурудањои ў пайванди мустаќими рўњонии вай бо аљдоди бузурги худ, мисли Рўдакиву Фирдавсиву Мавлонову Њофиз, Камолу Љомї, Бедилу дигарон эњсос мешавад. Аммо ин пайванду робитаро устод Фарзона дар рањгузори асри љањонишавии имрўз асос мегузорад ва аз аъмоќи таърих ин азизонро бар сарзамини хеш мехонад, то њамроњ бо Шамс "раќси фарангї кунад"-у ба хотири бедории Аљам њамроњ бо халоиќ Мавлавихонї. Њамин фалсафаи аслпайвандї мутобиќ ба ибтикори шинохти бештару пештари гузаштагони адабиёти мост, ки њанўз дар мароњили оѓозини эљодии хеш Фарзонаро ба роњи эљоди силсилаи ашъори "Паёми ниёкон" њидоят намудааст. Ба зоти худ ин маљмўи ашъор воќеан сурати ибтикори Фарзонаро дар заминаи вањдати чанд навъи шеъри суннатї дар батни як силсилаи воњид аз диди мавзўъ пешорўи мо мегузорад, ки њосили маърифат ва андўхтањои ў, огоњии фарох аз фарозу фуруди зиндагонии шуарои соњибноми мо ва маънињои борики каломи эшон мањсуб меёбад. Њамоно оѓози ин манзумаи таркибёфта аз чанд навъи шеърї андешаи ќаблиро дар мавриди пайванди рўњї ёфтани ин суханвари беназир бо бузургони Аљам ва аз дирўзу гузаштањои дур ба имрўз хондани ононро бозгўї мекунад, ки воќеан ин шарофат ва лутфи илоњї на ба њар нафар насиб мешавад ва ба таъбири Бедил ин "оташи беранг њама касро намесўзад": Рўзе паямбарони Аљам пеши чашми ман, Андар намуди пайкарањо рўнамо шуданд. Аз тан ќабои санг фиканданду бо сурўш, Аз ќолаби муљассамањои худ рањо шуданд. Бо лафзи ошно чу ба гуфтор омаданд, Ваќту фазо шабењи ман андар шигифт монд. Дар он миёна оташи бедори Зардуњишт, Дар чашми шаб шукуфтаву анвор мефишонд. Нуктаи муњиме дар аъмоќи ин суханони борвар аз фалсафаи садоќат ба аслу насаб ва пешинаи пурифтихор нуњуфтааст. Устод Фарзона бо ихлосу садоќати хосае, ки нисбат ба ин паямбарони Аљам дорад, бо љасорате аз њузури эшон сухан мекунад, ки аз ќолиби пайкарањои худ бурун омадаву њар яке ба таъбири шоира пеши њамдигар ояти дили лабрези рози худро мегўяд. Танњо Фарзона аст, ки бар асоси њамон пайванди рўњї бо ин паёмбарони Аљам ќодир бар расонидани паёми эшон ба ворисони он бузургон аст ва аслан ин рисолати бузургест, ки худи шоира онро шинохтаву эътироф намудааст: Густохиям фузуду ман имрўз мебарам, Бар ворисони пунба бар гўш он ниёзро. Албатта, тафсири фалсафаи ин силсилаи ашъор хостори бањсе људогона аст ва ба назар мерасад, ки њикмате љовидонаро дар худ нуњуфтааст, ки ба дарку маърифати он бояд иќдом намуд. Њарчанд устод Фарзона дар фароварди он аз камоли фурутаниву инсонияти хеш андарзи аљзи хешро барои имрўзиёну фардоиён тавзењ медињанд, аммо бегумон дар зењни хонандае њамчу ман ин њамон аљзи бедилона аст, ки дар вуљуди хеш иќтидореро соњиб аст ва к-аз пањлўи он роње ба сўи кибриё боз мешавад. Нахустин пайванди Фарзона бо Бедили Дењлавї дар њамин силсилаи ашъори "Паёми Ниёкон" муљассам мегардад. Албатта, мавзўи бањси иртиботи маънавии устод Фарзона бо шеър ва андешаи Абулмаъонї ва ибтикори эшон дар тањаввули суннатњои адабии мактаби Бедил мавзўи бањси муффасал аст, љой дигар дар маќолае аз ин љониб бо тафсилоте нисбатан бештар баррасї шудааст. Аз ин рў, дар ин нигошта танњо бо таваљљўњ ба маърифати шахсият ва андешањои Мирзо Бедил дар шеъри "Паёми ниёкон" матолибе мухтасар арза мешавад. Он гоњ ки дар шеъри "Паёми ниёкон" Абулмаъонї њам ба шарњи њол ва тафсири фалсафањои хеш мепардозад ва нахуст аз њамон
ТАЊЌИЌ!АБВАТ ,Ё
БЕДИЛ
дар љањони шеъри
ФАРЗОНА аљзи иќтидорофарин ва рањпўї ба ављи кибриё сухан мекунад: Нестам аз ањли кибру баршудам то кибриё, Њар дари бикшодаам бар рўи ѓайре во нашуд. Махзани маъностам ё пардадори розњо, Чун ба чашми мушикофон маѓзи ман пайдо нашуд. Љолиб аст, ки ин љо њарчанд дар оинаи тафаккур ва андешаи шоиронаи Фарзона Абулмаъонї њарф мезанад, аммо дар бархурди аввал шинохт ва маърифати муаллифи шеър аз шахсияти шоир ва тавзење бар њаќиќати шоиронагии ў ошкор аст. Масалан, дар байти аввал њарчанд ин каломро зоњиран худи Бедил мегўяд, ки аз ањли кибр нестам ва баршудаам то кибриё, аммо ба назар мерасад, ки воќеан ин маърифати Фарзона аст, дар муќаррар намудани маќоми маънавии Бедил. Он њам ишорате ба байти нахустини Девони Бедил дорад: Ба ављи кибриё к-аз пањлўи аљз аст роњ он љо, Сари мўе гари ин љо хам шавї, бишкан кулоњ он љо. Агарчї Бедил худ роњеро аз тариќи аљз ба сўи кибриё барои мо нишон медињад ва њамзамон талќин мекунад, ки барои муваффаќ шудан дар ин тариќ бояд "сари мўйе хам шавї", аммо дар шинохти Фарзона Абулмаъонї њамоно нафарест, ки ин водиро тай кардааст ва ин садоро аз моварои худ, аз њамон маќоми расида ба ављи кибриё бар мо нидо дармедињад. Ваќте шоира аз забони Бедил ўро чун "махзани маъно" ё "пардадори розњо" муаррифї мекунад, боз њам ин љо ин њарфи Булмаъонї нест, балки шинохте аз Фарзона аст, дар маќоми маънавии Бедил, ки воќеан бар чанд ишороти худ ў њам такя мезанад. Агарчї
Мирзо Бедилро ањли тазкираву тањќиќ Абулмаъонї, яъне падари гуфтаанд ва ин албатта бар ибтикороти ў дар маънишикориву маъниофарї асос меёбад, Фарзона њам бо дидгоње хосаи худ аз забони худи Бедил ин шоири соњибмактабро "махзани маъно" муаррифї мекунад ва њамзамон "пардадори розњо" мешуморад, ки љуз ба чашми мушикофон маѓзаш пайдо намешавад. Ин матолибро бар пояи ишорат ба унвони маснавињои Абулмаъонї, чун "Тури маърифат", "Тилисми њайрат" тафсир мекунад: Баршудам андар суроѓи њаќ ба Тури маърифат, Бо таљаллии дигар тобиду зулматсўз шуд. Боз њам ин нукта ба њамон хусусиятњои аслии шеъри Бедил яъне, печидаву пушида будани суханаш ва њамзамон ба ифодаи худи шоири оинањо хостори фањми тунд будани маърифати ашъори ў ишорат дорад ва аслан сарчашмаи ин шинохт боз њам њамоно сурудањои худи Булмаъонист. Зимнан дар ин муаррифиномаи Бедил аз забони њоли худи ў, ки дидгоњњои хосаи Фарзонаро дар шинохти маќому азамати сухани вай бозтоб мебахшад, баробари зикри асмои чанд маснавии маъруфаш навъе ба ибтикороти њунарї ва навгаройињои сабки сухани шоир таъкид мешавад ва љолиб он аст, ки Фарзона ин маъниро дар каломи худи Бедил бо таъбири зебои шоираи " бо таљаллии дигар тобидани кавкаби шеъри дарї дар љабњаи афлоки ман" тафсир намудааст. Ибораи бо таљаллии дигар тобидан њамоно таљаддуди роњи эљодии Бедилро шарњу тавзењ мекунад, ки ин матлаб њарчанд аз љониби ањли тазкираву тањќиќ таъкид шудааст, аммо дидгоњи хоси шоираи Фарзонаро бар маърифати маќоми адабии Бедил муќаррар месозад:
СЊАБ
Бо таљаллии дигар тобиду зулматсўз шуд, Кавкаби шеъри дарї дар љабњаи афлоки ман. Фарзона дар ин шеър њам маќоми ирфонї ва њам инсонии Бедилро дарёфтааст, чун мутобиќ бар сарчашмањо ва њатто ишороти худи Булмаъонї дар "Чањор унсур" ў замоне аз тариќати маљзубия истиќбол намудаву дар силки пайравони он бо риёзате ба истилоњи урафо шоќќа кўњу куталашро тай намудааст. Аммо бо ин њама рўњи риндонааш дар ќаламрави шеър, ки њамеша алайњи нољуриву нобасомонињои рўзгор, носозгорињо ва њар чї ќобили ќабул ва мувофиќи маќсуд нест, дар љињод аст. Бар њамин асос дар оинаи пиндори Фарзона Бедил низ дар идомаи роњи Мавлоно дунболи љустуљўи инсон аст ва инсони ормониро орзу мекунад: Гар ќаландар будаму сўфї, в-агар мазљубу ринд, Маслакам ирфони инсон буду динам инчунин. Ин адабгоњи маърифати Фарзона холї аз њикмат нест ва бозам сарчашма дар шеъри инсонпарваронаи Абулмаъонї дорад. Он љо ки Бедил аз оштии адён бар пояи фалсафаи сулњи кулл, ки дар айёми ў ба хотири эљоди муколамаи динї ва таблиѓи фарњанги инсонї, оштии мазоњиб ва миллал њарф мезанад, мехоњад ин андешаро дар зењни њам њиндуву њам мусалмон љой кунад, ки ин њама фарќиятњо дар зоњир аст, аммо ботин якест ва ба таъбири Мавлоно "ваќте дарунро менигарему њолро" њамоно андешаи воњид аст ва маънии дуои буту барњаман "ром-ром"- нест, балки њамон "Аллањ-Аллањ" аст: Аз маънии дуои буту барњаман мапурс, Ин ром-ром нест, њамон Аллањ - Аллањ аст. Фаротар аз ин дар робита ба тафриќаи зоњириву забониву фикрї миёни аќвом њам Бедил њамоно њамин матлабро пеш мегузорад, ки ин њама танњо суварист, на сиратї: Ихтилоти халќ љуз жулидагї сурат набаст, Њар ду олам печиши як гесўи бешона буд. Ва ё: Ихтилофи халќ Бедил дар либос афтодааст, В-арна яксон аст хун дар пайкари товусу зоѓ. Танњо дар заминаи њамин як байти устод Фарзона мо метавонем дар худ пай бубарем, ки ин шоири андешапарвари мо то чї њад Мирзо Бедил ва љањони фикрии ўро шинохтааст ва чї миќдор бар кибриёи суханаш роњ кушодааст, то мо њам аз ин роњ биравем ва Абулмаъониро аз ин љодаи рўшан бишносем. Фикр мекунам, ки танњо дар заминаи њамин як бахш аз силсилаи ашъори "Паёми ниёкон" , ки махсуси Бедил аст, чи миќдор андешањои Абулмаъониро устод Фарзона кашфу маърифат кардаву барои сурудани он чи сафарњоеро дар кўњу кутали каломи шоири оинањо анљом додаанд. Њамин огоњї аз ибтикороти Абулмаъонї ва шинохти суннатњои хоси муттакї бар њунари шоиронагии ў, ки боис бар эътирофи мактаби адабии вай аз љониби пасовандонаш гардида, муњимтарин омил дар эљоди ибтикороти њунарї аз љониби Фарзона дар заминаи ин хасоиси муњими шеърї гардидаанд. Албатта, њикмати ќадима аст, ки шоирони тозакору тозаљў њамеша маљмўи иќдомоти хешро бар пояи шинохти ибтикори суханварони пешин анљом додаанд, чун маърифати ростини ин таљаддуди фикриву њунарї метавонад роње рўшану пайдоро барои пасовандони кўшо дар роњи навгаройї њидоятгар бошад. Худи Абулмаъонї бо он њама иќтидори фикрї ва њунарї дар халлоќияти тарзи тоза худро боз њам муриди мактаби Њофиз мешумораду каломи ўро њидоятгар: Бедил каломи Њофиз шуд њодии хаёлам, Дорам умед њар дам маќсуди ман барояд. Ва аммо зимнан ин њидояти каломи Њофиз њамоно Бедилро ба сўи ибтикор ва ибдоъ кашонидааст, чун то он рўзгор њамеша шуаро аз каломи лисонулѓайб истиќбол кардаанду њатто бархе маќоми барояш маќоми хотиматушшуарои њам додаанд. Устод Фарзона њам бо сабаќомўзї аз мактаби ин бузургон ва ба таъбири худи эшон Паёмбарони Аљам воќеан муваффаќ бар ибтикороти тозае шудаанд, ки ин навгароиву нављўї ва њатто ба истилоњ суннатшиканиро дар маљмўи ќаволиби сурудањои эшон, чї аз навъи суннатї ва чї аз навъи шеъри нав метавон ба мушоњида гирифт. Гоњо дар сурудањои Фарзона суннатњои хоси мактаби Мавлоно бо Бедил њам унс мегиранд, ки дар зоти худ падидаи љолиби њунариеро муаррифї месозанд. Нуралї НУРОВ Номзади илмњои филологї, мудири кафедраи адабиёти классикии тољики ДДХ ба номи академик Бобољон Ѓафуров
Ё, ТАВБА! ШОИР ВА МИЛЛАТ
БАЊС
Сиёвуш ЉУНАЙДЇ Зиндагиямро фушурдам дар каломи "Интизор", Интизори он чи андар пардаи авњом монд. Ташнагибахш аст ин нўше, ки номаш "Зиндагист", Њар ки аз он беш лаззатёб шуд, ноком монд. Дар фалсафаи шеъри Фарзона зиндагї як мўњлате бисёр кўтоњ аст байни салом ва падруд. Ин фурсатест, як инсон дар зиндагї дар ихтиёр дорад. Фарзона тамомии ин мўњлатро талош кард, то ин фурсатеро, ки дар фосилаи байни салому падруд дар ихтиёраш гузоштаанд, саршор аз худ кунад. Ин талоши ў талоши муваффаќе буд. "Интизор" яке аз вожањоест, ки басомад ва корбурди он дар шеъри Фарзона бисёр аст. Ин вожа дар шеъри Фарзона њар бор бо маъно, оњанг, рангу бў, зебої ва љилои мухталиф ва нав намоён мегардад. Ман њар ваќте шеърњои Фарзонаро мехонам ва бо ин калима ва дигар калимањои дар шеъри вай калидї аз ќабили "Ишќ", "Зиндагї", "Намоз", "Мењан", "Шањр", "Салом", "Падруд", "Осмон", "Офтоб", "Шабнам" ва аз ин назир дучор мешавам, Фарзонаро чун заргаре мебинам, ки сангњои ќиматии зебое ва ранорангеро пеши худ дорад ва бо диќќат, ишќ ва эњтиёти тамом бо онњо кор мекунад. Ин заргаре устод ва гавњаршинос пайваста талош мекунад, ки зимни њифзи асолати табиї ва зебоии азалии сангњо шакл, љило ва рангу пардози нав дињад. Онњоро маљбур кунад, ки рангу љило ва вижагињои пинњони худро барои хонанда арза намоянд. Намедонам чаро, аммо масалан њамин вожаи "Интизор" дар шеъри Фарзона барои ман њамеша њамсадо ва њамљило бо сангњои ќимматии "Фирўза" ва "Зумуррад" аст. Фикр намекунам, ки далели ин ассотсиатсияи зењнї шабоњати зоњирии вожагони "Интизор", "Фарзона", "Фирўза" ва "Зумуррад" бошад. Ин љо шояд чизе дигар дар моварои шабоњатњои лафзї ва садої аст. Чизе, ки бармегардад ба асолати ибтидоии вожагон, рангњо ва садоњо. Њамон асолати ибтидоии бархурди Инсон бо Санг. Ва талоши Инсон барои дарёфт ва ироаи зебої ва њикмати Санг. Интизори Фарзона танњо як калимаи зебо ва гўё нест. Ин як оламест моломол аз рангњои обї ва сабз, оламе мавњум ва нашинохта, роње ноошно ва ба сўйи номаълум ва нокуљо. Ин интизорест дуљониба. Аз як сў интизоре, Фарзона аз худ, аз зиндагї ва муњити атрофи худ, аз Мењане, ки дар он зода шуда ва ба сар мебрад, аз афрод, мардум ва ќавме, ки дар байни онњо ба сар мебарад. Интизори дарёфти посух ба суоли азалї ва абадии "Ман киям?" "Ба куљо омадаам?", "ба куљо хоњам рафт?" Ва аз сўи дигар интизороти њамон муњити атроф, хамон Мењан, њамон афрод, мардум ва ќавм аз Фарзона доштанд ва доранд. Ѓами бузурги ту дорад, замири кўчаки ман Чи сон ѓубори ѓам афшонам аз дилат, Мењан?! Дилам, ки хезаму бирхонамат аз ин зиндон Вале дар ин сияњистон куљост он равзан?! Бањор рафту гулеро ба гесувон назадам Ки пойкуби саворон шуд ин бањори чаман. Кият ба хуни шањидони сабзмарг оѓушт?! Кият ба гардани афрошта фиганд расан?! Чу Коваест, ки њаждањ писар ба хок супурд, Дареѓи Мењани ман! Водареѓи Мењани ман! Дар илми иљтимоъиёт мафњумест, ки ба тољикї шояд мумкин аст онро "суфориши иљтимоъ" тарљума кард. Манзурам њамон мафњуми "социальный заказ" аст, ки баъдњо ба улуми дигар аз он љумла адабиётшиносї роњ ёфт. Николай Бердяев, файласуф, муњаќќиќи масоили мазњабї ва сиёсии рус, пайрав ва мубаллиги мактаби экзистенсиализм дар Руссия дидгоњи худро дар хусуси падидаи фавќ чунин баён карда аст: "Мушкилоти танњої - аз мушкилоти аслии зиндагии инсон аст. Инсон дар тўли тамоми торихи худ бо танхої, бо он вањшат ки вай љањони сард, бегона ва душман эњсос мекунад, мубориза мекунад. Динро метавон њамчун пирўзї бар танњої ва дарёфти як зиндагии худї ва азиз таъриф кард. Инсон њамчунин дар њунар низ на танњо барои љањон аз танњоии худ ќиса кард, балки талош кард ки онро паси сар гузорад. Ин мавзўи азалї аст, аммо бо таваљљуњ ба таљрубањои тобеи "суфориши иљтимої" ё фармони давлати коммунистї кардани њунар ва адабиёт дар Руссия ањамияти фавќулодда касб мекунад. Ман ќабл аз ин њам дар ин хусус гуфтаам. Бо истифода аз њар мавриди муносиб ва номуносиб. Ин бор низ њайф аст аз ин фурсати муносиб ва ин бањонаи хуб истифода накунам. Бо таваљљуњ ба ин ки Фарзона илова ба Шоир ва Адиби бузрг буданаш, дар воќеъ як падидаи фавќул-одда дар шеъри оламгири порсї аст. Маълум аст, ки њар як давроне шоири худро мепарварад. Аммо ин низ њаст, ки њар шои-
реро, љомеа воќеъияти иљтимои атрофии вай, зиндагии оддї ва рўзмарраи афроди одии давру бари вай ташаккул ва такомул медињад. Як шоир он чиро мегўяд, ки мардум аз ў интизор доранд. Шоир дар воќеъ мутарљими ормон ва хостањои мардуми худ аст. Њоло барои гила ва шиква намегўям, воќеиятро мегўям. Иљтимои Тољикистон чи дар гузаштаи наздик (даврони шўравиро дар назар дорам) ва чї дар њоли њозир хеле њам талабкор ва супоришкунанда набуда ва нест. Иљтимои Тољикистон муштарии шеъри хуб нест, ки аз он чашм пўшидан коре бемаънї мебуд. Агар адибро бо унвони як истењсолкунанда ва арзакунандаи коло яъне шеър бидонем, мардуми тољик бо унвони муштарї ва масрафкунандаи ин коло бисёр сахтгир ва "эрка" нест. Дар ин бозор њарчи истењсол ва ироа мешавад, њамон пазируфта ва ќобили масраф аст. Аз њамин љост, ки мутаасифона ахиран ин бозор пур аз коло ва матоъи бесифат, таќаллубї ва маснуъї шудаст. Дар ин миён нуктае њаст, ки наметавонам аз он бигзарам. Чи дар гузаштаи наздик, ва чи дар њоли њозир дар Тољикистон як муштарии бисёр муассир буда ва њаст, ки гоњ-гоње аз шоир
Худ пушаймонам гањеву гоњи дигар чун њубоб Ифтихоре мекунем бо њастии ночизи худ. Имрўз мо дар Тољикистон ду гурги захмиро дар канори њам дар як ѓор дорем, ки номи онњо шоир ва миллат аст. Ман аз навозиши дастони ёр метарсам, Ки захмњои дилам то њануз хуншор аст. Њар яке аз миллатњои кишварњои пасошўравї, шурўъ карда аз Русия баъд аз шикасти он иттињод дар пайи дарёфт ва тањияи идеологияи миллии худ шуданд. Њоло ман намегўям, кадоме муваффаќ буд ва кадоме номуваффаќ. Назар додан дар ин хусус кори ман нест. Ин мавзўъ феълан мубрам аст ва талошњои миллатњои пасошуравї, ба хусус дар минтаќаи Осиёи Марказї идома дорад. Раванди бисёр љолиб аст ва меарзад, ки мавриди бањсу баррасии коршиносон ќарор гирад. Мутаасифона, дар њоли њозир он чи мушоди мешавад фаъолии "коршинсоне" њаст, ки одил ва беѓараз нестанд. Ин гурўњ аз "коршиносон" ин мавзўи бисёр муњими худшинсии миллатњо дар Осиёи Марказиро тибќи хоста ва фармудахои худ ва корфармоёни худ талаќќї ва баррасї мекунанд. Њоло бигзарем аз он ва баргардем ба мазўи
“НИГОЊ”, ДУШАНБЕ №32 (414), 3. 11. 2014
15
Номи маро раќам зан Бар як алафи "саломуалайк" Бар навинињоли гелос. Бар мурчае, ки дилаки камњаљмаш шояд Аз ќалби мо бузургтар аст Номи маро раќам зан Ба њарчи поку соддаву мастур Ишќ медонї чист? Њосили издивољи ман бо нур. Фарзона бисёр сода ва бисёр зебо, бисёр оддї ва … каме ѓайри интзор вориди ин хонаи кучак ва фаќир ва њаќир бо номи Шеъри Тољик гардид. Бисёр оддї, зебо ва худамонї. Фарзона ба мањзи вуруд ба ин хонаи кўчак ва фаќир ва њаќир бо номи Шеъри Тољик дид, ки дар ин хона чи намерасад. Ў дид, ки ин хонаи шеър баъд аз фурўпошии Шўравї ва њама паёмадњо ва таъокуботи он ниёз ба таљдид дорад. Фарзона шурўъ кард ба таљдид ва такмили ин хона. Њоло дар љињад муваффаќ буд ё хайр, доварї бо мо нест. Довари замон њарфи худашро хоњад гуфт. Гарчї ниёз набошад туро ба ишќи ман, Њастам ниёзмаанди шуъои нигоњи ту. Мастураму аз ишќи ту мастона метапам Девонаи ту њастаму Фарзона нестам.
Номаи ситри сарбигшода њамчун истењсолкунандаи як колои бисёр муњим, (агар ихтиёр ба ман мебуд, ман ин коло, яъне шеърро "колои дорои ањамияти истротежик" эълон мекардам), ёд мекунад, ва супоришњое низ мекунад. Ин муштарї ва ин супоришкунанда њамон давлат аст. Њамон низоми њоким. Албатта ин тур нест, ки давлат биёяд пеши шоир, рў ба рўи ў паси мизи музокира биншинанд ва ќарордори њамкорї имзо кунанд. Аз назари ман, агар њатто дар чунин як формате њамкории давлат ва шоир роњандозї шавад, ба суди њар ду тараф мебуд. Мутаассифона, то љое ман мушоњида мекунам, дар Тољикистон њатто ин њам нест. Дар њоли њозир формат ё шеваи ин њамкорї дар Тољикистон (ва шояд дар аксари кишвархои Шўравии собиќ) аз ин роњ аст, ки давлат мавзуеро, ки дорои ањамияти вижа дар љомеа аст, матрањ мекунад, ин мавзўъ аз њар тариќ, ба вижа расонањои гурўњї таблиѓ мешавад. Баъдан, аз роњњои мухталифи мустаќим ва ѓайри мустаќим ањли эљод, яъне рассомон, наќќошон оњангсозон, овозсозон, коргардонњои театру синамо, нависандагон, шоирон, муљассамасозон, ва … ба ин кампайн љазб мешаванд ва сањми худро дар он мегузоранд ва мегиранд. Њоло аз ин зовия ба солњои Истиќлоли Тољикистон бингарем. Ман аз њамкории шоир ва љомеа намегўям. Ќабл аз ин гуфтаам, ки ин њамкорї ва ин пайванд он ќадар суст, заиф ва ночиз аст, ки ба он наметавон эътимод кард ва аз он интизоре дошт. Шоир ва Миллат. Ин ду имрўз дар Тољикистон чун як љуфти гурги захмї дар канори њам дар як ѓор њастанд. Ронда аз њама љо ва монда аз њама чиз. Ин ду гурги захмї дар канори њам, дар як ѓор танњо ду роње барои њамзистї доранд! Ё бояд захмњои якдигарро бо лесидан табобат ва муолиља кунанд (њамон њолате, ки имрўз байни шоир ва миллатро дар Тољикистон мушоњида мекунем). Ё яке аз ин ду дигариро (заъифтарро) бихўрад, то худ зинда бимонад. Дар ќонуни гургон ѓайр аз ин нест ва роњи саввум вуљуд надорад. Оне, ки аз худ заъф нишон медињад, оне, ки захмї аст, оне ки хуншор аст , бояд аз ин бар биравад… Њоло, ки аз гургон ва ќонуни гургон мегўям, манзурам ин аст, ки Тољикистон ва дар воќеъ тамоми кишварњои шўравии собиќ, солњост, ки дар чорчўби њамон ќонуни гургон ба сар мебарад, ки номи илмї њам дорад: "Муносибати бозорї". Соддатар бигўям "капитализм". Аммо агар дар кишварњое, ки капиталистї будани худро шинохтанд ва ин воќеиятро ќабул доранд, позањри онро низ сохтаанд, ки онро ном "иљтимо" аст. Њамон иљтимо, ки бояд бо шоир супориш кунад, аз шоир интизор дошта бошад ва шоирро маљбур ба навиштани хостањои худ кунад. Мо, мутаассифона ин гуна иљтиморо надорем. Меравам сўеву меоям зи сўи бозрас, Бо салоњи орзуњои љунуномези худ.
худамон. Тољикистон дар ин миён шояд аз "эрка"- тарин фарзандони торих будаву њаст. "Ориёно", "Хуросони Бузург", "Иронвич", "Иронзамин", "Имом Абуњанифа", "Исмоили Сомонї" Њар яке аз ин мавзўоти фавќ метавонист дар ин бист сол истиќлол ба унвони идеяи миллї пазируфта шавад. Њар яке аз ин идеяњо метавонист, барои мардуми тољик њамон рўшноие дар анчара гарад. Аммо, мутаассифона нашуд. Агар аз ин дидгоњ ба ашъори Фарзона бингарем, пур аз паёмњост. Паёмхои нашунида. Салом субхи Бухоро! Салом нафњаи гулњои бостон! Салом, Кавсару Рукниву Мулиёни ман! Чи сон идомати рањ мекунам, ки нолаи най меояд Нолаи гарми устухони ниёгони ман?! Садои хуни маро мешунавї? Албатта дар ин росто корхое дар Тољикистон анчом шуд, ки инсофан наметавон онњоро нодида гирифт. Аммо масъала ин аст, ки натиља чист? Натиља куљост? Њамин муљассамаи, гўё Исмоили Сомонї дар майдони маркази пойтахти Тољикистон? Маъзарат мехоњам аз њамватанон, аммо ин муљассамае, ки боястї самбул бозгашти мо ба њуввияти миллї, идаои мо дар баробари беадолатињои торих мебуд, дар воќеъ аз назари бадеият ва аз дидгоњи зебоишиносї намунаи камоли безавќї ва бесалиќаист!!! Боз њам маъзарат мехоњам, аммо њол чунин аст. Ишќ пўшида чун шањомати гиљљакнавозї нобиност, Номи ин Ишќ Бухорост! Болотар аз вожаи Интизор гуфтам. Фарзона ваќте омад, ки њамагон интизори ўро доштанд. Фарзона бисёр зебо, сода, оддї ва худомонї вориди шеъри тољик шуд. Албатта, садояш дар аввал баланд буд. Барои њамин њам баланд буд, ки бисёр ва бисёр "худомонї" буд. Мо будем, ки интизори чунин падидаеро дар шеър доштем. Ва ў буд, ки талош кард ба ин интизори мо посух гўяд. Албатта, каме кантрол ва назорат бар худаш дошт, ки оё ба њамон љо омадаам, ки мехост? Оё дар ин љо мунтазири ў буданд? Шояд ман иштибоњї ба ин љо омадаам. Шояд ин љо мунтазири ў нестанд? Агар чунин аст, ў њамин холо меравад. Чунин буд Фарзоне, ки вориди шеъри порсї шуд. Аммо ин мењмони ногањонї яке дид, ки ин љо *кайњо* (калимае, ки Фарзона онро вориди шеър кард ва ба он њаќќи будан дар шеъри форсиро эъто кард.) мунтазири ў њастанд. Дар ин хона, дар ин будани ѓарибона кайњо мунтазири Фарзона буданд. Мунтазири оне, ки аз Ў пайѓом меорад, аз оне, ки дар варо ва фаросўи ин њама "њангомахои ночизу бехуда" истода аст. Њамоне, ки гањ-гоње аз он љо, аз бузургии будани аз он љалоли пуршукўњи худ, худ пайѓомњое мефиристад барои афрод, барои мардум.
Имрўз чун ба тозабањорон расидаем, Бо њам расидани ту ман низ дур нест. Аммо чї боядам, ки манам мављи тундрав, Дар синаам дилест, ки Санги Сабур нест! Аз нахустин гомњои Фарзона дар шеър намегўям Иттилои кофї надорам дар ин. Фарзона бояд худ бигўяд, ки аввалин шеърашро кай ва дар чї шароите ва дар чї њолате гуфта аст. Ба назарам барои дўстдорон ва алоќамандони шеъраш дарёфти љавоби ин суол бисёр љолиб хоњад буд. Аммо ин воќеъияте рўшан аст, ки шеър ва адабиёт аз кўдакї муњити Фарзонаро дар худ печида ва ангошта аст. Нахустин шеърњое, ки аз Фарзона дар нашрияњои Тољикистон мунташир мешуд, худ далел ва гувоњи худ буданд ва далолат бар он мекарданд ва гуфовињї медонанд, ки Шоире бисёр ва бисёр тавоно аз худ хабар медињад: Ман ба ранги ин њаёњу хира мемонам, ва мегўям: Вањ! Чи хомўшист, хомўшии љонкоњ! Њар садое, ки к-аз тињигоњи муќаррарњо бурун ояд, садо нест. Њеч нест… Панљаи бе ашке бар гулўям даст меёбад. На! Намегирям! Намегирям! Гиряи ман ин халоро завќи саршорї намебахшад. Болотар из Интизор гуфтам, аз ин падидае, ду сў дорад ва ду тараф. Дар ин росто бояд бигўям, ки дар он замон ва даврои "Интизор" њар шеъре, ки аз Фарзона аз тариќи расонањои он замон чоп мешуд, дар воќеъ як ќиёмате дар дилњои ошиќон ва мунтазиронаш бапо мекард. Он замоне буд ва давроне, ки руњияи Интизор ва эњсосоти Интизор тамоми иљтимои Тољикистонро фаро гирифта буд. Иљтмои Тољикистон интизори чизе, падидае, воќеае тозаро доштанд. Ва ин падида буруз кард. Бо номи бисёр гўёи ФАРЗОНА. Фарзона бо он шеърњои зебо, самимии худ бар ин ќавми мунтазир пайѓом дод, ки ин Интизор бењуда нест, Касе дар роњ аст. Касе меояд... Эй сабзаи Фарвардин, шабнам ба гиребон зан! Боло шаву боло шав! Хуршед ба домон зан! То бод наљунбонад, барге нафитад аз шох То шер бурун ояд, оташ ба найиситон зан! Тайёрасавороне бар Каъба сафар карданд! Эй ошиќи њаќќонї, поро ба биёбон зан! Шаш сў њама борон аст, эй шамси навозишгар Мизроби тиллоиро дар пардаи борон зан! Эй ошиќи хуршедї, олам нигарони туст Майдон њама они туст! Љавлон зану љавлон зан!
16
!АБВАТ ,Ё РУБОИЊО ВА ДУБАЙТИЊО
“НИГОЊ”, ДУШАНБЕ №32 (414), 3. 11. 2014
СЊАБ
Мавлуд муборак, Устод!
Ин васл шудан чист ба љуз фасл шудан В-ин фасл шудан чист-зи нав васл шудан. Худро њама дам ба кимиёят, эй ишќ, Бигдохтаам ба хотири асл шудан.
Эй бехабар аз ёсуманистони дилам, Аз роињаи афифи бўстони дилам. Ин субњ биё, ки субњи дигар гузарад Чањ - чањ задани њазордастони дилам.
Биё чањ - чањ бизан дар ќар - ќаристон, Бикаш ќад - ќомате дар кофаристон. Ба шўри нолаат, эй нойи ошиќ, Зи шарристон бино кун шаккаристон.
*** Бар мўру малах салом дорад дили ман, Як ќофила эњтиром дорад дили ман. Ќалбист, на ќалбакї, аё ќалбшинос, Ишќе, ки ба хосу ом дорад дили ман.
*** Эй шеър, сулуки љовидони дили ман, Дар масљиди арѓувон азони дили ман. Дар њошияи њаёти ман умр набар, Хуш бошу бизї, бизї, миёни дили ман.
*** Дили ту њам љанубї, њам шимолист, Паёмат ояи фархундафолист. Биё, эй њамрикоби абри рањмат, Ки дар андешаи мо хушксолист.
*** Аз лофи бузургиддаоён серам, Аз љилвазании худнамоён серам. Ин ман-мани ман чист, ало ѓофил аз ў, Аз ман-мани манњои амоён серам.
*** Эй кажкулање, ки побарањна шудаї, Як љилва задиву пушти сањна шудаї. Дирўз чу шањна медавидї пайи дузд, Имрўз чу дузд асири шањна шудаї.
*** Ало, эй зодаи нури љалолї, Наї њаргиз љанубиву шимолї. Бад-ин густурдагии бемасоњат Чї хуршедона дар ваљдиву њолї.
*** Онї, ки Худову бандаро нашносї, Дебо талабиву жандаро нашносї. Ботил бувад он чї офарї, эй њама шак, Ваќте худи Офарандаро нашносї.
*** На дарвешї маро бояд, на шоњї, На хуршедї дилам хоњад, на моњї. Маро ин бас, ки бо унвони Инсон Зиям аз рўи ќонуни илоњї.
*** Бубин зулмот дар рўњи мунирам, Биљў чирк аз гиребони њарирам. Агарчи кам зи гарди Боязидам, Гуноњи халќро бар худ пазирам.
*** Мо лоињаи туем, эй Лоињасоз, Ин лоиња такмили ту мехоњад боз. Дасташ гирї, њамеша дасташ гирї, Онро, ки ба сўи ту кунад даст дароз.
*** Туро љўям табассум бар табассум, Туро хонам тараннум бар тараннум. Дар ин жўлидагии маъсиятзор Киї, эй боз њам маъсум, маъсум.
*** Ѓурури ман зи гардунњо баланд аст, Баландии тавозўям дучанд аст. Ѓурури ман ба ањли кибр тозад, Тавозўям ба халќи мустаманд аст.
*** Аз решаи офтоб рустї, эй ишќ, Оинаам аз дарун бишустї, эй ишќ. Сад сол бишуд, њанўз њам дар дили ман Оё ту саломату дурустї, эй ишќ?!
*** Малахро гар малак гўї, чї гўям, Магасро гулпарак гўї, чї гўям. Шакандешо, яќинандеш мебош, Ба номи Њаќ, ки шак гўї, чї гўям.
*** Туро ин нома љўяд шом дар шом, Кабўтар бар кабўтар, бом бар бом. Варо бархон, варо бархон, ки донї Чї тўфон дорад уќёнуси Ором.
*** Мо гумшудагонем, ки љўёи туем, Бељурм наем, агарчи иншои туем. Монии азал, ту наќши мо сохтаї, Монои туем, љумла монои туем.
*** Сулуки ман ба сўи ў дароз аст, Дилам ойинаи љавњаргудоз аст. Ба хоколудагоне чун ману ту Дари аршии истиѓфор боз аст.
*** Башар њам хаста шуд аз љанги адён, Ки мехоњад зияд боре чу инсон. Аљаб набвад низои куфр бо куфр, Аљаб аз њамлаи имон ба имон.
*** Њоло, ки бањори мо саранљом шуда, Сад хайли њавас якояк эъдом шуда. Дилхаста зи бардорузани садсола Мурѓи ќафасии мо кунун ром шуда.
*** Чу ойина зи тасвират шукуфтам, Шафаќкилко, зи тањрират шукуфтам. Чї сармохўрда будам, ишќ, эй ишќ, Зи таъсират, зи таъсират шукуфтам.
*** Ватан, мактуби ишќи нокушода, Ватан, сўзи наљиби беифода. Чї маъсумї, чї пайвандї, чї наѓзї, Чу пањнозори гулњои пиёда.
*** Гар роњи маро касе напўяд, мирам, Атри сухани маро набўяд, мирам. Бахт аст ба рашку кина њам арзидан, Гар ќубњи маро касе наљўяд, мирам.
*** Дили ман аслпаймої биёмўз, Баро аз ширк, яктої биёмўз. Намезебад ба пирї зишт рафтан, Зи пири субњ барної биёмўз.
*** Башоратњои чашмонат нињонист, Ду чашмат ду китоби осмонист. Чї осон буд будан, гар дили ман Туро аз ёд бурдан метавонист.
*** Садбарг, ту баргузидаи гулњої, Сардафтару сарљаридаи гулњої. Эй шеър, чакидаи афифи дили ман, Савганд, ки ту чакидаи гулњої.
*** Диламро як туї, як ту муаллиф, Ало яктотарини бемуродиф. Миёни ўву ман дар њарду олам Туї, танњо туї, эй ишќ, њотиф!
*** Дуї кардам, бубахшо, эй Ягона, Ало яктотарини бедугона. Чу ишќи мо аз аввал мустаќим аст, Наѓунљад ќосиде андар миёна.
Раиси Шўрои муњаррирон: Саймиддин Дўстов Њафтанома дар Вазорати фарњанги Љумњурии Тољикистон ба ќайд гирифта шудааст.
МУАССИС: Созмони љамъиятии «ИНДЕМ» («Информатика барои демократия ва рушди миллї»).
Сањифањои махсуси њафтанома дар зери тањрири доктор Сафар Абдулло рўи чоп омаданд Котиби масъул: Абдуазими Абдувањњоб Сањифабанд: Њамидулло Азизов
Њамон нахуст боре, ки саршори эњсосу таманно вориди дунёи ашъори олињаи шеъру сухан, устод Фарзона гардидам, хешро дар оѓўши бањористоне дарёфтам, ки аз он бурун омадан нашояд. Сайри бињишти сухан, ки онро мањбубаи ќалбњову чашмњо паёмовари муњаббат устод Фарзона, бо лутфи бенињояти Илоњу офарандагии тасвирношудании хеш офаридаанд, пайвастагиву дилбастагиамро ба шеъри олї бештар аз пештар гардонидааст. Њар вожа, њар байт, њар сабзбаргу сурхгулу мењргиёњи эљодкардаи муаллима дар гулистони шеъри муосири љањон латифтарину бонакњаттаринанду руњнавозу мафтункунанда. "Тулўи хандарез"-у "Шабохуни барќ", "Ояти ишќ"-у "То бекаронањо", "Себарга"ву "Мўњри гули мино", "Ќатрае аз мўлиён"у "Парниёни љон"-и устод Фарзона гаронарзиштарин армуѓонест ба љонњову ба дилњои пазиранда, ки вуљуди бањорхоњро њар лањза ба гулистони амбарсиришт сабзоѓўши шеър мебарад . Волотарин гулвожаи ин чаманистон, ки фаротар аз дигар калимањост, вожаи МОДАР мебошад. Хуб метавон дарк кард, ки ин бонуи сиришта аз мењр ва зарра-зарра пайванди субњу нуру ишќ бузургии модарро бо оби гулобу килки муњаббат тасвир кардаанд. Хоксоронаву ошиќона мегуянд , дар васфи модари азиз: Модари љон нозкаши ман ту, Эй сари зонуи ту болини ман, Тоза бикун ранги умеди маро, Субњнажоди шафаќоини ман. Ибтидои розњову нозњои хеш, оѓозу эъљозу парвози хешро аз муќаддамтарину мањрамтарин нафар, яъне модар дониста, бемонанду ба вижа месароянд: Чу бахшидан сифоти нозанини туст аз оѓоз, Љањону бевафоии варо бахшой, модарљон. Ва ё љойи дигар: Шодии дилам, модар, њодии дилам модар, Дар ишќ сафар дорам, зеро ки туро дорам. Пайванди чунин зебо, паймони чунин барљо Бо кулли башар дорам, зеро ки туро дорам. Оре, пайванди устод Фарзона бо шеъру дустдорони каломи мавзун ногусатанист. Зеро ин бањористони бехазон кайхост, ки сарњади дилњоро гузашта љони мунаввари шеърдўстонро тасхир кардааст. Ва, албатта, ки аз гулњои ин бињишти каломи мавзун њазорону њазорону њазороне ба ќадри тавони хеш машоми худро атрогин намудаву ба азизњову азизтаринњо дастагули саодатро омодаву њадя месозанд. Ин лањзањои њумоёнї, ки гулбонуи ишќсиришт, устод Фарзона љашни хуљастаи мелод доранд, самимона муборакбодашон мегўям. Бо ин чанд байти шабнамгун дуруду сано мехонам вуљуди офтобиву нотасвирашонро. Субњ ба хайр, олињаи нозу роз, Шамснињодиву хамўшигудоз. Њамду сано ќалби бузурги туро, Пайки ѓазалњои басо дилнавоз . Шеъри Шумо - мењргиёњи сухан, Накњати гулњои бањори ватан. Зам-замаи дафтари ашъоратон, Карда мусаххар дили садњо чу ман. Њар нафасе, дар рањи шебу фароз, Њамнафасат бод њамон Бениёз Мењри ман анљом надорад, ту њам, Боз бигў, боз бизї, боз боз! Мафтуна НАЗИРОВА, донишљўи соли дуюми донишкадаи хабарнигории Донишгоњи миллии Тољикистон
Дар њафтанома матолибе низ ба нашр мерасанд, ки бо мавќеи идораи он муѓойират доранд. Дар шумора аз аксњое њам аз Шабакаи љањонии Интернет истифода шудааст. Матолиби хусусияти таблиѓотидошта ® метавонанд танњо бо пардохти муайян дар њафтаномаи «Нигоњ» нашр шаванд. Барои дар дигар нашрияњо пурра ё ќисман чоп кардани матолиб ва иќтибосњо аз «Нигоњ» иљозаи хаттии идора ва нишон додани сарчашма дар шакли «аз њафтаномаи «Нигоњ» №_ аз санаи _» њатмист. Њуќуќи муаллифии кулли матлабњои шумора ба идораи њафтаномаи «Нигоњ» ва СЉ «ИНДЕМ» тааллуќ дошта, тибќи ќонунгузории љории Тољикистон ва байналмилалї њифз карда мешаванд. Дар њолати наќзи "Меъёрњои ахлоќии фаъолияти журналистї дар Тољикистон" аз љониби нашрияи мо, бо арзу шикоят метавонед ба Шўрои воситањои ахбори оммаи Љумњурии Тољикистон (Шўрои ВАО - и ЉТ) мурољиат намоед.
Сањифаи махсуси «Нигоњ» ройгон пањн мешавад Њафтанома дар нашриёти «Мега-принт» чоп мешавад. Теъдод 4 000
НИШОНИИ ИДОРА: Љумњурии Тољикистон, шањри Душанбе, кўчаи Носирљон МАЪСУМЇ, хонаи 3. Телефон: (44) 600 80 38, 224 25 09