ЧТ , “ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН”, №01 (9531), 04.01.2018
1
javonon.tj
НАШРИЯИ КУМИТАИ КОР БО ҶАВОНОН ВА ВАРЗИШИ НАЗДИ ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
АВОНОНИ ОҶИКИСТОН
Охирин конфронси “Соли ҷавонон”
№01 (9531), 04/01/2018
e-mail: javonontj@mail.ru
КҶВ: Ҷаласаи васеи ҳайати мушовара доир гардид саҳифаи
3
Сарпарасти “Соли ҷавонон” саҳифаи
5
Ҷавонон мояи ифтихори моянд саҳифаи 6 “Соли ҷавонон” соли таърихист
саҳифаи
8
“Соли ҷавонон” – соли тиллоӣ саҳифаи 10 ВАРЗИШГАРОН: “Соли ҷавонон” соли дастовардҳои олӣ буд
Имрӯз Донишкада бо ғолибони мусобиқаҳои ҷаҳонӣ, байналмилалӣ, минтақавию ҷумҳуриявӣ, яъне бо собиқ хатмкардаҳову дастпарварон ва донишҷӯёни ин боргоҳи муқаддас, аз қабили Дилшод Назаров, Шералӣ Бозоров, Муҳаммад Абдураҳмонов, Парвиз Собиров, Шералӣ Достиев, Акмалиддин Каримов, Мақсадулло Ҷабборов, Анвар Юнусов, Галина Митяева, Сотиболдӣ Ҳайитов, Мурод Тӯйчиев, Дилшоду Фарҳод Восиевҳо, Абдурауф Мусоев, Умеда Ҷӯраева, Наргис Неъматуллоева, Нодира Мирзоева, Азизбек Гулов, Зарриншои Азиз, Баҳодур Қодиров, Фарҳоди Усмонзода, Фарҳод Қуралов, Лутфулло Розиқов, Хушвақт Назаров, Зиёратшо Баротов, Зоиршоҳ Пиров, Хисрави Иқболшоҳ, Низомиддин Сангов, Ганҷина Ҳабибуллоева, Шерзод Нормуродов, Бахтиёр Абдуллоев, Беҳрӯз Набиев, Лола Лиситса ва Хуршед Маҷидов, ки шаъну эътибори кишварамонро дар арсаи ҷаҳон баланд бардошта истодаанд ва даҳҳо тани дигар ифтихор дорад.
саҳифаи
12
2
НАТИҶАГИРӢ
Охирин конфронси “Соли ҷавонон” Дар доираи Фестивал-форуми ҷумҳуриявии “Ҷавонон – пайрави Пешвои миллат”, ки бо ибтикори Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати ҷумҳурӣ ва сарпарастии президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон, муҳтарам Рустами Эмомалӣ аз 25-ум то 30-юми декабр дар шаҳри Душанбе баргузор гардид, дар Китобхонаи миллии Тоыикистон таҳти унвони “Ҷавонон – пайрави Пешвои миллат” конфронси илмии ҷумҳуриявӣ ва намоиши дастовардҳои сохторҳои тобеи Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш дар “Соли ҷавонон” доир гардид. Дар конференсия намояндагони Дастгоҳи иҷроияи Президенти кишвар, Маҷлиси намояндагон, роҳбарони вазорату идораҳои дахлдор, ректорони муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ва олимону муҳаққиқони ҷавон иштирок намуданд. Меҳмонон нахуст аз намоишгоҳи дастовардҳои ҷавонон дидан намуда, аз муваффақиятҳои эшон дар самтҳои гуногун изҳори қаноатмандӣ карданд. Аҳтам Абдуллозода, раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш конфронсро ифтитоҳ бахшида зикр кард, ки эълон гардидани соли 2017 ҳамчун “Соли ҷавонон” нишонаи олии дар меҳвари сиёсати иҷтимоии Ҳукумати кишвар қарор доштани ҷавонон буда, дар ҳаёти онҳо ҳамчун соли тарҳрезӣ ва банақшагирии орзуҳои зебо, устувории мавқеашон дар ҳаёти сиёсӣ ва иҷтимоию иқтисодии кишвар, инчунин, масъулияти басо бузургашон дар ободию созандагии Ватани маҳбуб ҷовидона боқӣ мемонад. Раҳмонзода Абдуҷаббор Азиз, Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа дар мавзӯи “Нақши сиёсати давлатии ҷавонон дар рушди Тоҷикистони муосир” маъруза намуда иброз дошт, ки “Дар асоси иқдомҳои пайвастаи Роҳбарияти олии кишвар насли ояндасози мо “Ҷавонон пайрави Пешвои миллат”-ро шиори худ қарор дода, то ба имрӯз дар маъракаҳои аҳамияти ҷумҳуриявидошта бо масъулияти баланд иштирок карданд, ки ҳар кадоми он дар боло рафтани ҳисси ватандӯстӣ ва ифтихори миллии ҷавонон таъсири мусбат расониданд. Баробари ин ҷавонон дар мавзуъҳои мубрами рӯз, аз қабили аҳамияти Истиқлолияти давлатӣ ва озодӣ, нақши Пешвои миллат дар тарбияи ватандӯстии ҷавонон, моҳияти ваҳдати миллӣ, сулҳу субот, амнияту якпорчагии давлат, ҳифзу ҳимояи манфиатҳои миллию давлатӣ, дӯстию рафоқат, арҷ гузоштан ба таърих ва фарҳанги миллат, эҳёи анъанаҳои миллӣ ва дигар масъалаҳои ҳаётан муҳим дар шаҳру ноҳияҳо, муассисаҳои таълимӣ ва фарҳангӣ конфронсу вохӯриҳои судманд, суҳбатҳои гирди миз ташкил карда, ба ин восита аз як тараф бо ҳамдигар шиносоӣ пайдо намуданд, аз ҷониби дигар мавзуъҳои мазкурро баррасӣ карда, доираи ҷаҳонбинию ҷаҳоншиносии худро васеъ гардониданд. Чорабиниҳои мазкур имкони хубе фароҳам сохтанд, ки ҷавонони минтақаҳо бо ҳам наздик шаванд, аз афкору андешаи якдигар огаҳӣ ёбанд ва муттаҳиду сарҷамъ бошанд”. Гуфта шуд, ки ҷавонон, дар воқеъ, қишри ояндасози кишвар буда, иштироки онҳо дар ҳаёти иқтисодӣ, сиёсӣ, фарҳангӣ ва ҷамъиятӣ боиси рушди мамлакат мегардад. Аз ин рӯ, ҳар қадар барои гирифтани таҳсилот ва аз бар кардани малакаҳои гуногун талош намоянд, ҳамон андоза нуфузи давлатамон дар арсаи ҷаҳон баланд мегардад. Нуриддин Саид, вазири маориф ва илми ҷумҳурӣ зимни баромадаш ба сатҳи донишандӯзӣ ва касбомӯзии ҷавонон баҳои баланд дода, аз ҷумла таъкид кард, ки дар даврони Истиқлолияти давлатӣ дар самти тайёр кардани кадрҳои илмӣ, аз ҷумла дар шуъбаи аспирантура чораҳои зиёде андешида шуданд: “Дар соли 1991 аз миқдори умумии 315 аспирант танҳо 75 нафар таҳсилро хатм намуда, 41 нафари онҳо рисолаҳои номзадӣ ҳимоя карданд. Миқдори докторантон бошад, ҳамагӣ 2 нафарро ташкил дода, дар ин самт умуман қабул, хатм ва ҳимоя сурат нагирифтааст. Вале теъдоди аспирантон аз 315 нафари соли 1991 ба 1313 нафар ва теъдоди докторантон аз 2 нафар ба 318 нафар дар соли 2016 расонида шуд”. Дар конфронс инчунин Мавсума Муинӣ, муовини раиси шаҳри Душанбе, Фарҳод Раҳимӣ, президенти Академияи илмҳо, Шамсиддин Орумбекзода, вазири фарҳанг, Раъно Бобоҷониён, муовини раиси Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон маърӯза хонда таъкид намуданд, ки конфронси мазкур оҳанги ҷамъбастӣ ва як навъ натиҷагирӣ аз “Соли ҷавонон” ва таҳияи нақшаву лоиҳаҳои нав барои соли 2018 мебошад. Хуршед ХОВАРӢ, “ҶТ”
“ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН”, №01 (9531), 04.01.2018
“ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН”, №01 (9531), 04.01.2018
НАТИҶАГИРӢ
3
КҶВ: Ҷаласаи васеи ҳайати мушовара доир гардид 31 декабри соли 2017 дар Маркази ҷумҳуриявии ҷавонон – “Ориёно”, воқеъ дар Наврӯзгоҳи пойтахт ҷаласаи васеи ҳайати мушовараи Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ишироки раиси Кумита, кормандони дастгоҳи марказии Кумита, роҳбарони зерсохторҳои он, сардорону мудирони раёсату бахшҳои кор бо ҷавонон ва варзиши тамоми шаҳру навоҳии ҷумҳурӣ ва директорони мактабҳои варзишии кишвар доир шуд.
Шоу-консерт дар фароварди “Соли ҷавонон” Бо ташаббуси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати ҷумҳурӣ ва сарпарастии президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон, муҳтарам Рустами Эмомалӣ шоми 30-юми декабри соли 2017 бахшида ба ҷамъбасти “Соли ҷавонон” дар Филармония давлатии Тоҷикистон ба номи Акашариф Ҷӯраев таҳти унвони “Ҷовидон бод, ҷавонӣ ва ҷавонон” шоу-консерти идона баргузор шуд.
Қабл аз шурӯи қисмати фарҳангии барнома раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш Аҳтам Абдуллозода ҳозиринро ба муносибати соли нави мелодӣ табрик гуфта афзуд, ки “Ҷавонон, дар воқеъ, насли солиму созанда ва бунёдкору ояндасозӣ мо маҳсуб меёбанд. Дастгирӣ ва ба роҳи созандагӣ раҳнамун кардани онҳо қарз ва вазифаи мо мебошад, зеро ғамхорӣ ба насли ҷавон ғамхорӣ ба ояндаи дурахшони давлату миллат аст. Таҷлил гардидани чунин чорабиниҳо дар дили ҷавонони кишвар дӯстиву рафоқатро афзуда, ононро дар партави як сиёсат ба ҳам меорад. Бояд қайд кард, ки ҳоло мо дар фароварди “Соли ҷавонон” қарор дорем, аммо чӣ тавре Пешвои миллат дар Паёми имсолаашон ба Маҷлиси Олӣ иброз доштанд, ғамхорӣ нисбати ҷавонон бо “Соли ҷавонон” маҳдуд намешавад ва дастгириву ғамхории ҷавонон дар партавӣ сиёсати дурандешона дар солҳои минбаъда низ идома пайдо хоҳад кард”. Дар қисмати бадеӣ-фарҳангии чорабинӣ сарояндагони шинохтаи кишвар Ҷамшед Исмоилов, Шуҳрат Сайнаков, Зикриоллоҳ Ҳакимов, Бахтиёр Исмоилов ва дигар сарояндагон ҳунарнамоӣ намуда, барои аҳли нишаст як маҳфили хубу хотирмонеро барпо карданд. Хуршед МАВЛОНОВ, “ҶТ”
Дар ҷаласа раиси Кумита Аҳтам Абдуллозода ба натиҷаҳои фаъолияти соли 2017 баҳои мусбӣ дода иброз дошт, ки Кумита тавонист, бо сарбаландӣ “Соли ҷавонон”-ро ҷанбаст намоянд: “Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш дар доираи эълон гардидани соли 2017 “Соли ҷавонон”, ки имконияти фаррох баҳри таҳкими асосҳои меъёрию ҳуқуқӣ ва заминаи методию иттиллоотӣ, татбиқи барномаҳои соҳавӣ, дастгирии иҷтимоию иқтисодии ҷавонон, тарғиби тарзи ҳаёти солим, пешгирии омилҳои номатлуб, ахлоқи ҳамида ва фарҳангдӯстию меҳанпарастии ҷавонон тавассути баргузории чорабиниҳои фарҳангию оммавӣ, тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш, муносибатҳои байнисоҳавию байналмилалӣ дар доираи қонуну санадҳои танзимкунанда фаъолияти худро ба роҳ монд. Ҳамин тариқ дар соли 2017 аз ҷониби Кумита, сохторҳои маҳаллӣ, ташкилотҳои система дар ҳамкорӣ бо вазорату идораҳои дахлдор дар самти татбиқи сиёсати давлатии кор бо ҷавонон
17036 чорабинӣ бо фарогирии 4064549 нафар наврасону ҷавонон баргузор намуд, ки сабаби асосии зиёд шудани нишондиҳандаҳо ин аз ҷониби Пешвои муаззами миллат “Соли ҷавонон” эълон гардидани соли 2017 ва дар ин замина афзун гардидани таваҷҷуҳи ҷомеа ба насли ҷавону ояндасози кишвар мебошад. Дар ин замина, дар соҳаи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш, таҳкими тарзи ҳаёти солим ва оммавияти он низ 7836 чорабинӣ баргузор гардид, ки 2 745 999 нафар фаро гирифта шуда, аз ин шумора 537130 нафарашонро бонувон ташкил медиҳанд. Дар маҷмуъ, дар “Соли ҷавонон” дар кишвар дар соҳаи кор бо ҷавонон ва варзиш 24872 чорабинӣ бо фарогирии 6 810 545 нафар баргузор карда шудааст”. Дар идома қайд гардид, ки маҳз президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон, муҳтарам Рустами Эмомалӣ тамоми чорабиниҳои “Соли ҷавонон”-ро зери сарпарастии худ гирифт. Дар доираи сарпарастии муҳтарам Рустами Эмомалӣ зиёда
аз 5 ҳазор чарабиниҳо бо иштироки 1,5 млн. нафар ҷавонон баргузор шуданд. Тамоми кормандони самти кор бо ҷавонон вазифадор шуданд, ки дар муддати кӯтоҳ нақшаи чорабиниҳои худро омода намуда, дар соли 2018, ки “Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” аст, дар ҳамкорӣ бо Кумитаи рушди сайёҳӣ фаъолияти худро ба роҳ монанд. Раиси Кумита изҳори қаноатмандӣ намуд, ки “Бо шарофати чорабиниҳои варзишии “Соли ҷавонон” ва иқдомҳои бунёдкоронаи раиси шаҳри Душанбе, муҳтарам Рустами Эмомалӣ аксар раисони шаҳру ноҳияҳо ба шаҳрдори Душанбе пайравӣ намуда, майдончаҳои зиёди варзишӣ бунёд намуданд, ки ин худ як таҳаввулот аст. Аз ҷониби дигар, дар соли 2017 нисбати солҳои қаблӣ варзишгарони мо Тоҷикистони азизамонро дар арсаи байналмилалӣ даҳҳо маротиба зиёд муаррифӣ намуданд. Чорабиниҳои варзишию оммавигардонии “Соли ҷавонон” буд, ки варзишгарони мо заминаи хуби омодашавиро ба мусобиқаҳои сатҳи байналмилалӣ гирифтанд”. Дар анҷоми ҷаласа як гурӯҳ кормандони Кумита ва ташкилотҳои зерсохтори он, ки дар баргузории чорабиниҳои соли 2017 ширкати фаъолона доштанд, аз ҷониби раиси Кумита бо ифтихорномаву унвонҳои варзишӣ сарфароз гардонида шуданд. Хуршед МАВЛОНОВ, “ҶТ”
4 Ин субҳ вақте ки аз хоб бедор шудам, фикру хаёлам парешону андешаҳоям ҳама дарҳамбарҳам буданд. Мисли нафари роҳгумзада ҳайрон монда, майнаам гиҷ шуда буд. “Имрӯз якшанбе, рӯзи истироҳатӣ. Магар месазад, ки қиматтарин сарват – вақтамро беҳудаву ба хоб сарф кунам? Чӣ бояд кард? Ба китобхонӣ машғул шавам? Не, бояд коре кард, ки руҳану ҷисман ором шавам. Ба хонаи хешу табор равам? Ин ҳам нашуд. Бояд коре кард, ки берун аз қоида бошаду бароям хотирмон. Пас, чӣ бояд кард? Ҳа, ёфтам. Магар айб нест, ки дар пойтахт бошаму аз зебоиҳои он бехабар. Ба тамошои гулгашту хиёбон ва боғу маконҳои тамошобоби пойтахти азизамон меравам...”. Дар охир ба ҳамин қарор омадам. Мисли он ки пайки хуше бароям дода бошанд, бо дили пур аз фараҳу шодӣ ва хушу хурсанд аз хона берун шудам... Тамошои ман аз маҳаллаи бо ном машҳури “Гипрозем” шуруъ шуд. Шитоб накарда, як маром, ба гунае, ки ба корҳои кардаи масъулин баҳо медода бошам, ба ҳар бинои наву бунёдшуда, роҳҳои таъмиргардида зеҳн монда, қадам задам. Роҳ чун оина. Ба тозагиаш-ку ҷои гап нест. Танбашавии мошинҳо низ дигар ба назар намерасад. Зуд ҳис мешавад, ки шаҳри ман ҳар лаҳзаву ҳар дақиқа ба худ қабои нав мегираду аз ободшавиаш дарак медиҳад. Дар истгоҳ мунтазири нақлиёт шудам. Чанд дақиқа нагузашта буд, ки автобуси наву замонавие, ки чанд моҳест кучаҳои шаҳрро зеб медиҳанд, дар истгоҳ таваққуф намуда, мунтазири мусофирони навбатӣ шуд. Аз пайдо шудани ин намуди мусофиркашҳо дар кӯчаҳои шаҳр кайҳо дарак доштам, аммо бори аввал ба он савор мешудам. Он гӯё бори аввал аст, ки ба роҳ мебаромада бошад, наву тоза ва назар ба автобусҳои куҳна хеле роҳат аст. Ҳам дохилаш гарму ҳавояш тоза. Пулчинак гӯё фикрҳои маро хонда бошад, пурсид: - Ҷураҷон, бори аввал ба ин намуди автобусҳо савор шудӣ? - Бале, якум бор, бародар. - Аз ҳайрон–ҳайрон нигоҳ карданат пайхас кардам. Мо ҳамаамон медонем, ки мушкили асосии солҳои охир беҳ нашудани сатҳу сифати хизматрасонии нақлиёти ҷамъиятӣ буд. Дар телевизиону радио ва газетаҳо қариб ҳамарӯза аз
“ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН”, №01 (9531), 04.01.2018
МУШОҲИДА
Шаҳри ҷавонӣ МУАЛЛИФ: ХУРШЕД МАВЛОНОВ, “ҶТ” ин мушкилӣ менолиданд. Ҳаминро раиси шаҳр ба назар гирифта, дар асоси шартнома аз як ширкати Ҷумҳурии Туркия аввал 40 адад ва баъдан 24 адад автобусҳои мусофиркаши тамғаи “ISUZU” -ро ба Душанбе ворид намуд. Ана, аз ҳамин ҳисоб дар хатсайрҳои пойтахт мушкилоти мусофиркашонӣ то андозае ҳал гардида аст. Боз гап-гап аст, ки дар соли 2018 хатсайрҳои шаҳр бо микроавтобус низ таъмин карда мешаванд. Чанд рӯз мешавад, ки бо қарори раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ барои нафақахӯрони аз 75-сола боло хизматрасонӣ ройгон шудааст. - Оҳоо, бисёр хуб-ку. Бовар дорам, ки соли 2018 агар микроавтобусҳо низ ба пойтахт ворид шаванд, мушкилии нақлиёт пурра аз байн меравад... Аз тирезаи автобус зебои шаҳрро бо завқ тамошо карда мерафтам. Қариб дар назди ҳама биноҳо майдончаҳои варзишӣ сохта шуда аст. - Беҳтарин иқдоми шаҳрдорӣ маҳз ҳамин майдончаҳои варзишист. Ҳамеша таъкид мешавад, ки дар замони кунунӣ беҳтарин амале, ки ҷавононро аз беҳудагардию корҳои бад боз медорад, ба варзиш машғул будан аст. Бунёди чунин майдончаҳо айни муддаост,- ба марди дар барам нишаста мегӯям. – Бунёди маконҳои варзишӣ ба мақсад бисёр мувофиқанд. - Бале. Тасаввурнокарданист, ки дар давоми 11 моҳи соли 2017 дар ҳудуди пойтахт зиёда аз 80 майдончаҳои варзишию фароғатии замонавӣ дар назди биноҳои истиқоматӣ бунёд гардида аст. Аз онҳо кӯдакону наврасон ва сокинони шаҳр бе ягон мамоният ҳамарӯза истифода менамоянд. Боз сохтумони чунин майдончаҳои варзишию фароғатӣ дар назар аст. Саргарми тамошо ва суҳбат шудаму чӣ тавр ба хиёбони марказии шаҳри Душанбе расиданамро нафаҳмида мондам. Тасмим гирифтам, ки аз назди фурӯшгоҳи “Садбарг” саёҳатро пиёда идома диҳам. Ҷониби муҷассамаи Исмоили Сомонӣ роҳ пеш гирифтам. Сари ҳар қадам аз зебоиҳо чашмам об мехӯрду ба зеҳнам мегузашт: “Воқеан, имсол Душанбеи мо қабои дигар ба бар кардааст. Дару девори биноҳо, кӯчаю хиёбонҳо, ҳама оростаю пероста ва сабзу хурраму гулпӯшанд. Шояд, онҳое, ки чанд сол ба пойтахт наомада буданд, дар тасаввурашон чунин зебоӣ нағунҷад”. Қадамзанон ба назди муҷассамаи Исмоили Сомонӣ расидам. Дар ин макони Душанбе барои ҷашни соли нави мелодӣ омодагӣ дар авҷи аълост. Дар рӯ ба рӯи Муҷассамаи Исмоили Сомонӣ арчаи солинавӣ бо баландии 25 метр қомат афрохтааст, ки назирашро таърихи Душанбе ёд надорад. Ба як нигоҳ маълум аст, ки ин арчаи идона
аз арчаҳои солинавии солҳои пешин бо ҳашамату зебоияш куллан фарқ дорад. Ин фоли нек ва навиде аз оғози зиндагии шоиставу арзанда ва осудаи мардуми мо дар соли оянд аст. Тасаввурнокарданист, ки шаби соли нав ин ҷо чӣ гуна базмгоҳе барпо шавад. Дақиқ, ангушти ҳайрат ба даҳон хоҳем бурд. Ҳоло ки то соли нав рӯзҳои ба шумор боқӣ мондааст, теъдоди зиёди ҷавонон гирди арчаи зебо акс мегиранду меболанд ва мафтуни хуррамию зебоии пойтахти азизамон мешаванд. Шодию нишоти ҷавононро метавон чунин хулоса кард, ки ин ҳама талошҳои раиси ҷавони шаҳр ба Душанбе ҷавонӣ бахшидааст. Бо ҳамин фикрҳо роҳ ҷониби Боғи Устод Рӯдакӣ пеш гирифтам. Сари ҳар қадам ҷавонҳо бо ҳам нишастаанд. Яке дар ҳавои муттар ва бӯи гулҳои боғ китоб мутолиа дораду яке бо ҳамнишинаш аз дарсу донишгоҳ мегӯяд. Аз ваҷоҳати баъзеи дигарон аён буд, ки ҳамакнун аз китобхонаи зебою пурҳашамати рӯ ба рӯи боғ – Китобхонаи миллӣ фориғ шудаанду мехоҳанд, дар ин ҷои зебо, назди гулҳои рангоранг ва ором каме истироҳат кунанд: “Инҷоро борҳо дидаам, бо вуҷуди он ки бо баъзе навгониҳо ҳамакнун ошно шудам. Ба Боғи фарҳангию фароғатии Садриддин Айнӣ меравам”, - гуфтам бо худ. Ҳангоми дар роҳ рафтанам аз назарам истгоҳҳои бо матоъ печонидашуда дур намонданд: “Аҷиб, магар истгоҳҳоро низ дигар мекунанд?” Ин саволро аз марде, ки назди истгоҳ ба кор машғул буд, пурсидам: - Бале, писарам. Баъд аз рӯнамоии нахустин истгоҳи намунавӣ барои нақлиёти ҷамъиятии шаҳрӣ дар моҳи август бо иштироки раиси шаҳр, муҳтарам Рустами Эмомалӣ, ҳоло бунёди
истгоҳҳои нақлиёти мусофирбарӣ бо ороиши замонавӣ дар хиёбони Рӯдакӣ, кӯчаҳои Айнӣ ва Аҳмади Дониш ба роҳ монда шудааст. Тибқи лоиҳа истгоҳҳои мазкур аз ҷои нишаст, нуқтаи фурӯши маҷаллаву рӯзномаҳо ва кортҳои электронии пардохти роҳкиро, таблоҳои электронӣ барои пешниҳод намудани маълумот ба сокинону меҳмонони пойтахт доир ба замон ва шумораи хатсайрҳо ва таблоҳои таблиғотӣ иборатанд. Дар онҳо нуқтаи хизматрасонии телефони шаҳрӣ насб гардида, ҳудуди истгоҳ тавассути камераҳои мушоҳидавӣ назорат карда мешавад, - гуфт ӯ. - Албатта, истифодаи ин гуна истгоҳҳо ба кӯчаҳои шаҳр ҳусни дигар зам мекунанд, – гуфтаму роҳамро давом додам. Ва билохира ба Боғи фарҳангию фароғатии ба номи С. Айнӣ расидам. Боғи фарҳангию фароғатии С. Айнӣ, ки солҳо боз ба як макони аз диққати омма дурмонда табдил ёфта буд, ҳоло ба яке аз маконҳои истироҳативу тамошогаҳи асосии сокинони пойтахт бадал шудааст. Дохили боғ саросар ҳама гулпӯшу ҳама ҷо пурра навсозӣ шудааст. Дар ҳудуди гулгашт фаввораҳои бо мусиқӣ ҳаракаткунанда ва бо таҷҳизоти равшанидиҳанда сохта, бо чароғакҳои рангин насбу васл шудаанд, ки тавассути барномаи махсус идора карда мешаванд. Дар дохили боғ амфитеатр бо 650 ҷои нишаст омода гардида, 40 баландгӯяк, ки ба хати радиоӣ пайваст мебошанд, ба истироҳаткунандагон руҳу равони тоза мебахшад. Кадом як сарояндаи хушсадо бо тамоми ҳиссиёт мисраҳои зиндаёд Боқӣ Раҳимзодаро дар радио сароида истода буд: Аҷаб шаҳри дилороӣ, Душанбе, Хаёлам зеби дунёӣ, Душанбе.
Шудам сарсабз дар оғӯши меҳрат, Чу дил дар синаам ҷоӣ, Душанбе… Болои курсии истироҳатие нишастаму дар хаёлам васфи Душанбеи азизро кардам: “Бале, бар ҳақ ҳамин тавр аст! Имрӯз Душанбе – пойтахти маҳуби мо ба яқин зеботарин шаҳри дунёст. Рӯз аз рӯз хуррамгардонии кӯчаву хиёбонҳо, бунёди иншооти нав ба нав, майдончаҳои варзишӣ, бо оби тоза таъмин намудани аҳолӣ, нақшаи нави генералӣ, пайваст кардани хонаҳои истиқоматӣ ба системаи гармидиҳӣ, беҳтар гардидани сатҳу сифати хизматрасонии нақлиёти ҷамъиятӣ, кам шудани ҷинояткорӣ дар байни ноболиғон ва дигар тағйиротҳои нав гувоҳи онанд. Бунёди марказҳои бузурги савдои “Ашан”, “Пайкар”, “Рӯдакӣ –Плаза” ва “Ёвар”, бозори “Меҳргон” бо тарҳи муосир камназиранд. Пойтахти азизамон имрӯзҳо бо шарофати Истиқлолият он қадар зебою дилрабо гаштааст, ки дар тасвираш кас оҷизу дар қалам рондан дар мемонад. Ба гуфти шоир: Намоям васфи номатро агар сар, Сухан гул мекунад дар рӯи дафтар. Бо гулгаштҳои зебо, биноҳои барҳаво, фаввораҳои дилрабо, обҳои мусаффо, қасрҳои фарҳангию фароғатӣ, муҷассамаҳои бузургони миллат, ба қавле онро шӯҳраи офоқ гардонидааст. Чун ҷавони дар авҷи камолот буда рӯ ба эҳёву гулгулшукуфоиҳо дорад. Имрӯз Душанбе ба шаҳри ҷавонӣ, шаҳри орзӯҳо, шаҳри ваҳдат, шаҳри нусрат, шаҳри ишқу муҳаббат, шаҳри ормону умедҳо, шаҳри рустанҳову сохтанҳо табдил ёфтааст. Дар фазои пойтахти азизамон саросар кабӯтари орзуҳои ҷавонӣ пар мезанад. Аз Суғду аз хоки Хатлон, дигаре аз хоки зархези Зарафшон ва бадахшию ҳисориро Душанбе кошонаи умеду армон шудааст. Воқеан, макони ҷавонист ин шаҳри ҷовидон: Набошад дар ҷаҳон чун тоҷ бе тахт, Душанбе – пойтахти Тоҷикистон.
“ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН”, №01 (9531), 04.01.2018
“СОЛИ ҶАВОНОН” - СОЛИ ТАЪРИХӢ
5
Дар соли 2017 бо сарпарастии кулли “Соли ҷавонон” раиси шаҳри Душанбе, президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон, муҳтарам Рустами Эмомалӣ зиёда аз 17 000 чорабинӣ барои ҷавонон доир карда шуд. Сарпарастӣ намудан ба ин сол, яъне, фароҳам овардани шароити иқтисодиву иҷтимоӣ ва инфрасохторӣ барои баргузории чорабиниҳои “Соли ҷавонон” яке аз ташаббусҳои беназир ва наҷиби ҷавонмардиву ватандӯстист, ки ба муносибати перзиденти Федератсияи футболи кишвар ва раиси шаҳри Душанбе, муҳтарам Рустами Эмомалӣ ба ҷавонони саодатманди кишвар дар ин соли муборак насиб гардид. Ёдовар мешавем, ки дар робита ба сарпарастии “Соли ҷавонон” аз аввали сол байни Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати ҷумҳурӣ ва президенти Федератсия Ёддошти тафоҳум ба имзо расида буд, ки тиқи он муҳтарам Рустами Эмомалӣ сарпарастии тамоми чорабиниҳои “Соли ҷавонон”-ро ба зима гирифта буданд. МУАЛЛИФ: ХУРШЕД МАВЛОНОВ, “ҶТ” - Бо дарназардошти саҳми ҷавонон дар рушди ҷомеа ва иштироки фаъолонаи онҳо дар ҳаёти сиёсиву иқтисодии мамлакат пешниҳод менамоям, ки соли 2017 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон “Соли ҷавонон” эълон карда шавад, – ин нуқта аз ҷониби Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни ироаи Паём ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 22 декабри соли 2016 зикр гардида буд. Тавре Президенти кишвар изҳор дошта буданд, “Татбиқи босамари сиёсати давлатии ҷавонон аз рӯзҳои нахустини соҳибистиқлолӣ дар меҳвари фаъолияти Ҳукумати Тоҷикистон қарор дорад. Аксарияти аҳолии Тоҷикистонро ҷавонон ташкил медиҳанд, ки онҳо давомдиҳандаи кору фаъолияти насли калонсол, нерӯи созанда ва иқтидори воқеии пешрафти ҷомеа, хулоса, ояндаи миллат ва давлат мебошанд”. Сарвари кишвар афзуда буданд, ки имрӯзҳо дар тамоми соҳаҳои иқтисоди миллии мамлакат, инчунин, дар сафҳои Қувваҳои Мусаллаҳ ҷавонони бонангу номус содиқона хизмат ва кору фаъолият доранд ва дар рушди иқтисоди миллӣ ҳиссаи назаррас мегузоранд. Дар баробари ин, ҷавонон дар дохил ва хориҷи мамлакат дар бахшҳои мухталиф таҳсил карда, соҳиби касбу ихтисосҳое шуда истодаанд, ки барои Тоҷикистон зарур мебошанд. Президенти мамлакат дар ҷараёни ироаи Паём таъкид намуданд, ки “Ҳукумати Тоҷикистон ташаббусу пешниҳодҳои созандаи ҷавононро ҳамеша дастгирӣ намуда, барои амалӣ гардидани онҳо имконият фароҳам меорад. Наврасону ҷавонони моро зарур аст, ки ҷавобан ба ин ғамхориҳо тамоми саъю талоши хешро ба донишандӯзӣ, интихоби касбу ҳунарҳои муосир, ободиву пешрафти сарзамини аҷдодӣ, ҳимояи Ватан, рушди илму техника ва бунёдкорӣ равона созанд”. Баъди эълони “Соли ҷавонон” аз ҷониби Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар баробари сохторҳое, ки ҳадафашон танҳо татбиқи сиёсати давлатии ҷавонон аст, тамоми вазорату кумитаҳо, идораҳои давлатию ниҳодҳои ҷамъиятӣ, муассисаҳои олию касбӣ ва миёна барои дар сатҳи баланд гузаронидани ин соли хотирмон ҷаҳду талош намуданд. Дар ин замина шумори зиёди чорабиниҳо дар сатҳи ҷумҳурӣ ва байналмилалӣ гузаронида шуд, ки бешак, хотирмону диданӣ буданд. Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати ҷумҳурӣ, ки татбиқкунандаи сиёсати давлатии ҷавонон аст, дар доираи эълон гардидани “Соли ҷавонон”, ки имконияти фаррох баҳри таҳкими асосҳои меъёрию ҳуқуқӣ ва заминаи методию иттилоотӣ, татбиқи барномаҳои соҳавӣ, дастгирии иҷтимоию иқтисодии ҷавонон, тарғиби тарзи ҳаёти солим, пешгирии омилҳои номатлуб, тарғиби ахлоқи ҳамида ва фарҳангдӯстию меҳанпарастии ҷавонон тавассути баргузории чорабиниҳои фарҳангию оммавӣ, варзишиву солимгардонӣ, муносибатҳои байнисоҳавию байналмилалӣ дар доираи қонуну санадҳои танзимкунанда фаъолияти худро ба роҳ монд. Ҳамин тариқ дар соли 2017 аз ҷониби Кумита, сохторҳои маҳаллӣ, ташкилотҳои система дар ҳамкорӣ бо вазорату идораҳои дахлдор дар самти татбиқи сиёсати давлатии кор бо ҷавонон бо сарпарастии президенти Федератсия футболи Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ 17036 чорабинӣ бо фарогирии 4064549 нафар
Сарпарасти “Соли ҷавонон” наврасону ҷавонон баргузор намуд. Бо эълон гардидани “Соли ҷавонон” имконияти таъмини иштироки ҷавонон дар тамоми самтҳои ҳаётан муҳим, аз ҷумла соҳаҳои иқтисодию иҷтимоӣ, сиёсию фарҳангӣ, маънавию маърифатӣ фаррох гардид, ки Кумита ва сохторҳои маҳаллии он бо мақсади дар амал татбиқ намудани ин самти афзалиятнок дар доираи Барномаи миллии рушди иҷтимоии ҷавонон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2018 ва Нақша-чорабиниҳои алоҳидаю муштараки Кумита бо вазорату идораҳои дахлдор тадбирҳои муассир андешида, дар доираи он корҳои мухталифи ташвиқотиву таблиғотӣ, иттилоотию маърифатӣ, тарбиявию ахлоқӣ ва меҳнатдӯстию созандагиро роҳандозӣ намуд. Фароҳам овардани шароити мусоид дар самти фарҳангдӯстӣ ва тарбияи ахлоқии ҷавонон яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати давлатии ҷавонон мебошад, ки он тавассути баргузории чорабиниҳои тарғиботӣ ва маърифатӣ татбиқ мегардад. Бо эълон гардидани “Соли ҷавонон” фаъолнокии ҷомеа, махсусан насли ҷавони кишвар дар тамоми самтҳо, аз ҷумла самти фарҳангдӯстӣ низ афзун гардида, бо иштирок дар чорабиниҳои миҳими сиёсӣ, фарҳангӣ-фароғатӣ ва тарбиявию ахлоқӣ саҳми арзишманд гузоштанд. Анъанаҳои миллӣ ва расму ойин яке аз нишондиҳандаҳои муҳим ва муқаддас барои ҳар як миллату давлат ба ҳисоб меравад. Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш бо мақсади таҳкими рукнҳои дӯстию рафоқат ва рушди фарҳангии ҷавонон, ҳамзамон, густариш бахшидан ба анъанаҳои меҳмоннавозии миллати тоҷик ва ошноӣ пайдо намудан аз расму анъанаҳои миллии минтақаҳои кишвар дар якҷоягӣ бо Федератсияи футболи Тоҷикистон ва Вазорати корҳои дохилӣ давоми соли 2017 меҳмонии ҷавононро ба шаҳру ноҳияҳои Турсунзода, Файзобод, Истаравшан, Муъминобод, Ҳисор, Дарвоз, Варзоб, Ховалинг, Балҷувон, Кӯлоб, Роғун, Ёвон ва Панҷакент, бо фарогирии 600 нафар ҷавонон аз минтақаҳои гуногуни кишвар доир намуд, ки дар доираи меҳмонӣ як қатор чорабиниҳои гуногуни маърифатию фарҳангӣ, озмуну виктаринаҳо, шоми ҷавонӣ, аксияву ҳамоишҳои сатҳи баланд, боздид аз ҷойҳои таърихию сайёҳии кишвар ва мусобиқаҳои варзишӣ баргузор гардиданд, ки дар замири ҳар як ҷавон нақши муассир гузошт. Дақиқан, мо тавони онро надорем, ки ин ҷо ҳама он чорабиниҳоро ном ба ном шуморем. Зеро дар ин давра танҳо дар шаҳри Душанбе 838 чорабинӣ (дар ҳамин давраи соли 2016 649 чорабинӣ – 189 чорабинӣ зиёд), бо фарогирии 276 ҳазору 651 нафар (дар ҳамин давраи соли 2016 фарогирӣ 174 ҳазору 98 нафар – зиёд шудани фарогирӣ 102 ҳазору 553 нафар), рушду инкишофи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш 486 чорабинӣ (дар ҳамин давраи соли 2016 340 чорабинӣ – 146 чорабинӣ зиёд), бо фарогирии 385 ҳазору 852 нафар (дар ҳамин давраи соли 2016 фарогирӣ 236 ҳазору 862 нафар – зиёд шудани фарогирӣ 148 ҳазору 990 нафар), дар маҷмуъ, 1324 (дар
ҳамин давраи соли 2016 989 чорабинӣ – 335 чорабинӣ зиёд) чорабинӣ, бо фарогирии 662 ҳазору 503 нафар (дар ҳамин давраи соли 2016 бо фарогирии 410 ҳазору 960 нафар – зиёд шудани фарогирӣ 251 ҳазору 543 нафар) гузаронида шуданд. Ба ҳамин шумор дар дигар манотиқи кишвар низ ҷамъомаду чорабиниҳои фарҳангию маърифатӣ баргузор гардиданд. Дар ин асно танҳо мебояд аз он фахрид, ки “Соли ҷавонон” бо таваҷҷуҳи бевоситаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сипарӣ шуд. Ин ҳама ташббусҳо бошад, аз ҷониби як нафар ҷавони ба ору номуси кишвар – Раиси шаҳри Душанбе, президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон, муҳтарам Рустами Эмомалӣ, ки тӯли сол сарпарасти кулли чорабиниҳои “Соли ҷавонон”-ро бар уҳда дошт, роҳандозӣ шуд. Ҷои баҳс нест, ки чунин талошро танҳо метавонад нафаре анҷом диҳад, ки дар замираш меҳри Ватан ҷӯш мезанад ва ба таври ҳамешагӣ хостори дар руҳияи ватанпарастӣ тарбия ва ба камол расидани насли наврасу ҷавони Ватан аст. Бар ҳақ, сарпарастӣ намудани зиёда аз 17 ҳазор чорабинии фарҳангиву маърифатӣ, ки куллан барои тарбияи насли ҷавон нигаронида шуда буд, амалест боиси таҳсину офарин. Агар хуб мулоҳиза кунем, дар давоми як сол чӣ миқдор аз ҷавонон соҳиби ҷоизаву мукофотҳо гардиданд, чӣ қадар наврасон дар лагерҳову маконҳои истироҳатӣ ба фароғат фаро гирифта шуданд, ба чӣ шумора ҷавононе имтиёзу имкониятҳо дода шуд ва бар он шумора ҷавононе вазифаҳои пурмасъули давлатӣ
супурда шуд, амалест бесобиқа, ки шояд дар ягон гушае аз кураи замин чунин иттифоқе ба вуқуъ наомада бошад. Тавре Беҳрӯзи Хоҷазода, қаҳрамони ҷаҳон оид ба самбо мегӯяд, “Соли ҷавонон” дар ҳаёти натанҳо ман, балки дар ҳайёти оилаи ман, мардуми варзишдӯсти тоҷик фаромӯшнашуданист. Ман миннатдории худамро ба Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва сарпарасти “Соли ҷавонон” муҳтарам Рустами Эмомалӣ мерасонам, ки соли 2017-ро пурра ба ҷавонон бахшиданд. Маҳз чорабиниҳои даҳчанд зиёди варзишии “Соли ҷавонон” буд, ки мо рӯзе, соате аз варзиш фориғ намондем ва дар мусобиқаҳои сатҳи байналмилалӣ Парчами Ватанро парафшон кардем”. Ӯ ягона варзишгар ва ҷавоне нест, ки аз тасмимҳои Роҳбарияти кишвар шукргузориҳо мекунад. Чӣ гунае, ки дар рафти чорабиниҳои бахшида ба ин сол мушоҳида мешуд, дар баробари Беҳрӯз тамоми ҷавонони кишвар аз ин иқдом шукргузор буданд ва пайваста изҳори хушнудӣ мекарданд. Ва пайваста миннатдории худро барои чунин як ғамхории падарона ба Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва баъдан ба сарпарасти кулли “Соли ҷавонон” муҳтарам Рустами Эмомалӣ мерасониданд. Имрӯзҳо тамоми ҷавонони ҷумҳурӣ болида аз онанд, ки дар чунин давлати ободу зебо ҳаёт ба сар мебаранду пайваста мавриди ғамхорӣ ва иноят қарор мегиранд. Яқин аст, ки то ҳастанд, паи ободии Ватан мекӯшанду дастгириҳои ҷавонмардонаи президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон, муҳтарам Рустами Эмомалиро фаромӯш нахоҳанд кард.
6
“СОЛИ ҶАВОНОН” - СОЛИ ТАЪРИХӢ
Рустами ЭМОМАЛӢ, раиси Шаҳри Душанбе, президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон:
“ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН”, №01 (9531), 04.01.2018
- Имсол барои ҷавонон соли хеле муҳиму фарқкунанда буд, зеро бо ташаббусу пешниҳоди Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли 2017 “Соли ҷавонон” эълон гардид, ки барои мо мояи ифтихору сарфарозӣ мебошад. Ин ташаббус бо назардошту дарки амиқи нақшу мавқеи ҷавонон дар рушду созандагии кишвари азизамон сурат гирифтааст. Воқеан, ҷавонон ҳамчун нерӯи созандаи кишвар, такягоҳ, умед ва ифтихори давлату ҷомеа ба шумор рафта, дар рушди соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии Ватани маҳбубамон нақш ва мавқеи басо муҳимро касб кардаанд. Ман бовар дорам, ки ҷавонони кишвар аз уҳдаи иҷрои ҳама вазифаҳои дар наздашон гузошташуда сарбаландона мебароянд ва минбаъд низ кӯшиш мекунанд, ки ба нафъи давлату ҷомеа боз ҳам содиқона хизмат намоянд. Зеро ҷавонон борҳо собит намудаанд, ки дар ҳақиқат пайравони асили Пешвои миллат буда, дар иҷрои ҳама кору масъулият, новобаста аз душвориҳои шароити ҷаҳонишавӣ ва таъсири дигар омилҳои беруна, қодиру тавоноянд. Ман ба ҷавонон итминони комил дорам ва ифтихор мекунам, ки имрӯз ҷавонони мо дар дигаргунсозиҳои ҷомеаи навин фаъолона иштирок карда, дар муаррифии давлати тоҷикон ва баланд бардоштани Парчами Тоҷикистон дар арсаи ҷаҳонӣ нақши шоиста доранд ва “Соли ҷавонон”-ро ҳам бо дастовардҳои зиёд ҷамъбаст мекунанд. Рӯ овардан ба сиёсати ҷавонон ин худ тақозои таърих ва назари хирадмандонаи Пешвои муаззами миллат, Президенти кишвар, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад. Ҷавонони мо бояд ҳисси баланди миллию фарҳангӣ дошта, пояҳои давлатдории миллиро ҳамчун гавҳари ноёб эҳтирому нигоҳ дошта, роҳнамоиҳои созандаи Сарвари давлатро сармашқи зиндагиномаи худ қарор диҳанд. Пайваста бо меҳри Ватан, миллат, давлати соҳибистиқлоли худ ва забону фарҳанги миллии хеш ифтихор намуда, барои ҳимояи дастовардҳои Истиқлолияти давлатӣ, якпорчагии марзу буми он, ҳамеша омода бошанд.
Ҷавонон мояи ТАҲИЯИ ХУРШЕД ХОВАРӢ, “ҶТ”
Абдуҷаббор РАҲМОНЗОДА, Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа: - Ҷавонон дар даврони Истиқлолият мавқеи бештар пайдо карда, дар ҳаёти ҷамъиятии мамлакат нақши фаъол доранд. Онҳо худро ҳомии ин марзу бум дониста, дар ҳифзи он сарбаландона хидмат мекунанд, донишҳои муосирро аз бар карда, бо ибтикороти шоиста ва таҳияи лоиҳаҳои инноватсионӣ баромад менамоянд, дар сохтмонҳои азими кишвар кору фаъолият карда, дар рушди иқтисоди миллӣ ҳиссаи сазовор мегузоранд ва зиракии сиёсиро аз даст надода, дар татбиқи сиёсати ватандӯстонаи Пешвои миллат саҳми боарзиш мегузоранд ва ташаббусҳои созандаро дар мамлакат роҳандозӣ менамоянд. Ҳамин сифатҳои ҳаётдӯстонаи ҷавононро ба инобат гирифта, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли 2017 - ро “Соли ҷавонон” эълон карданд, ки он боиси руҳбаландии ҷавонони кишвар гардид. Ин иқдоми саривақтии Пешвои миллат имкон дод, ки ҷавонон беш аз пеш дар атрофи сиёсати Роҳбари давлат муттаҳид шуда, чорабиниҳои мухталифро доир созанд ва барои пешрафти мамлакати азизамон ғайратмандона заҳмат кашанд. Дар асоси ин иқдом насли ояндасози мо “Ҷавонон пайрави Пешвои миллат”-ро шиори худ қарор дода, то ба имрӯз дар маъракаҳои аҳамияти ҷумҳуриявидошта бо масъулиятшиносӣ иштирок карданд, ки ҳар кадоми он дар баланд рафтани ҳисси ватандӯстӣ ва ифтихори миллии ҷавонон таъсири мусбат расониданд. Баробари ин, ҷавонон дар мавзӯҳои мубрами рӯз, аз қабили аҳамияти Истиқлолияти давлатӣ ва озодӣ, нақши Пешвои миллат дар тарбияи ватандӯстии ҷавонон, моҳияти Ваҳдати миллӣ, сулҳу субот, амнияту якпорчагии давлат, ҳифзу ҳимояи манфиатҳои миллию давлатӣ, дӯстию рафоқат, арҷ гузоштан ба таърих ва фарҳанги миллӣ, эҳёи анъанаҳои миллӣ ва дигар масъалаҳои ҳаётан муҳим дар шаҳру ноҳияҳо, муассисаҳои таълимӣ ва фарҳангӣ конференсияву вохӯриҳои судманд, мизи гирд, суҳбатҳо ташкил карда, ба ин восита, аз як тараф, бо ҳамдигар шиносоӣ пайдо намуданд, аз ҷониби дигар мавзӯъҳои мазкурро баррасӣ карда, доираи ҷаҳонбинию ҷаҳоншиносии худро васеъ гардониданд. Чорабиниҳои мазкур имкони хубе фароҳам сохтанд, ки ҷавонони минтақаҳо бо ҳам наздик шаванд, аз афкору андешаи якдигар огаҳӣ пайдо кунанд ва муттаҳиду сарҷамъ баҳри татбиқи сиёсати созандаи Роҳбари давлат саъю талош намоянд. Ҳамзамон, насли ҷавонро зарур аст, ки минбаъд аз саҳву хатоҳои гузашта дарси ибрат гиранд, муттаҳид шаванд ва якҷоя амал намуда, ба роҳи ягонагӣ ва якдигарфаҳмӣ қадам гузоранд. Идеали сиёсии мо аз ягонагии миллӣ, дӯстӣ, бародарӣ, муттаҳидии ҷавонони кишварамон вобаста аст. Дар сиёсати давлатии ҷавонон риояи ҳамин принсипи сулҳу субот ба сифати яке аз масъалаҳои калидӣ бояд маҳсуб гардад. Яъне ҷавонони Ҷумҳурии Тоҷикистон бояд фаъолияти худро барои устувор гардонидани ягонагии кишварамон ва беҳтар намудани шароити зиндагии халқ равона сохта, пайваста саҳми арзандаи худро дар таҳкими давлати дунявию ҳуқуқбунёд гузоранд.
Эълон гардидани соли 2017 ҳамчун “Соли ҷавонон” дастовардҳои беназиртарину нотакрор дар ҳаёти ҳар як ҷавони саодатманди кишвар мебошад. Чунки онҳо дар ин сол нисбат ба солҳои пешин таваҷҷуҳу ғамхории бештари Пешвои муаззами миллатро насиб гардиданд, ки дар саҳифаи зиндагиашон абадан сабт мешавад ва аз хотирашон ҳеҷ гоҳ зудуда нахоҳад шуд. Дар заминаи ин соли хотирмону таърихӣ андешаҳои чанд тан аз роҳбарони мақомот ва вазорату идораҳои давлатиро манзуратон мегардонем.
- Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон саҳми ҷавонони ифтихорманди миллатро дар рушди ҷомеа ва иштироки фаъолонаи онҳоро дар ҳаёти сиёсиву иқтисодии мамлакат ба назар гирифта, дар Паёми хеш ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон (22 декабри соли 2016) пешниҳод намуданд, ки соли 2017 дар кишвари азизамон “Соли ҷавонон” эълон карда шавад. Ин иқдоми Пешвои муаззами миллат бо чунин далелҳо асоснок гардид: “Татбиқи босамари сиёсати давлатии ҷавонон аз рӯзҳои нахустини соҳибистиқлолӣ дар меҳвари фаъолияти Ҳукумати Тоҷикистон қарор дорад. Аксарияти аҳолии Тоҷикистонро ҷавонон ташкил медиҳанд, ки онҳо давомдиҳандаи кору фаъолияти насли калонсол, нерӯи созанда ва иқтидори воқеии пешрафти ҷомеа, хулоса, ояндаи миллат ва давлат мебошанд”. Сарвари кишвар ҳамчунин изҳор доштанд, ки имрӯзҳо дар тамоми соҳаҳои иқтисоди миллии мамлакат, инчунин, дар сафҳои Қувваҳои Мусаллаҳ ҷавонони бонангу номус содиқона хизмат ва кору фаъолият доранд ва дар рушди САИД Н. С., иқтисоди миллӣ ҳиссаи назаррас мегузоранд. Дар баробари ин, ҷавонон дар дохил ва хориҷи мамлакат вазири маориф ва таҳсил карда, соҳиби касбу ихтисосҳое шуда истодаанд, ки барои Тоҷикистон бағоят зарур мебошанд. илми Ҷумҳурии Бо ҳамин сабаб Ҳукумати мамлакат ташаббусу пешниҳодҳои созандаи ҷавононро ҳамеша дастгирӣ Тоҷикистон: намуда, барои амалӣ гардидани онҳо имконият ва шароити мусоид фароҳам меорад. Бешак, дар ҷавоб ба ин ғамхориҳо наврасону ҷавонони ифтихорманди миллати моро зарур аст, ки тамоми саъю талоши хешро ба донишандӯзӣ, интихоби касбу ҳунарҳои муосир, ободиву пешрафти сарзамини аҷдодӣ, ҳимояи Ватан, рушди илму техника ва бунёдкорӣ равона созанд. - Маълумоти оморӣ нишон медиҳанд, ки Тоҷикистон аз ҷиҳати аҳолӣ дар ҷаҳон яке аз кишварҳои ҷавон маҳсуб меёбад. Ин нерӯи пешбарандаи ҷомеа аз солҳои аввали истиқлолият ифодагари ифтихори миллӣ ва шукргузор аз истиқлолияти давлат ва заминаҳо оид ба рушди имкониятҳои иқтисодии кишвар ба шумор меравад. Ояндаи давлату миллати мо ба насли ҷавон мансуб буда, маҳз ҷавонон дар байни дигар табақаҳои аҳолӣ бештар фаъол, инчунин умеду такягоҳи давлат мебошанд, чунки зиёда аз 60 фоизи аҳолии кишвар ба ин гурӯҳ мансубанд. Воқеан, сатҳи рушд ва нуфузи ҳар як кишвар дар арсаи байналмилалӣ, пеш аз ҳама, ба он вобаста аст, ки ҷавонон то чӣ андоза дорои маърифати сиёсиву фарҳангӣ ва ихтисосу дониши муосир буда, ҳадафу вазифаҳои худро вобаста ба бунёди давлати ҳуқуқбунёд, демократӣ ва дунявӣ дарк менамоянд. Дар ҳақиқат, иштироки ҷавонон дар рушди соҳаҳои иқтисоди миллии кишвар, тарбияи онҳо дар руҳияи худшиносиву худогоҳӣ, ватандӯстӣ, дарки баланди масъулиятшиносӣ, таҳаммулпазирӣ ва инсондӯстӣ, то андозае қонеъ гардонидани талаботи иҷтимоии онҳо, ҳифзи ҳуқуқ ва таъмини манфиатҳо ва мустақилияти иқтисодии ҷавонон дар ҳаёти ҲИКМАТУЛЛОЗОДА Н., рӯзмарраи ин насл хеле муҳим арзёбӣ мегардад. Дар шароити имрӯзаи ҷаҳонишавӣ ва бархӯрди тамаддунҳо вазири рушди иқтисод рушди устувори иқтисодиёти миллиро бе иштироки фаъоли ҷавонон тасаввур намудан ғайриимкон мебошад. ва савдои Ҷумҳурии Дар марҳилаи кунунии тараққиёти Тоҷикистон таваҷҷуҳи рӯзафзун ба соҳаҳои илму маориф, татбиқи васеи дастовардҳои илму техника ва технологияҳои муосир, таъмини робитаи амиқи илму истеҳсолот, риоя ва пос Тоҷикистон: доштани арзишҳои милливу умумибашарӣ, татбиқи босамари нақшаҳои стратегии кишвар равона гардидааст, ки саҳми насли ҷавон дар амалӣ гардидани ин ҳадафҳо калидӣ арзёбӣ мегардад. Ҷавонону наврасони кишварро зарур аст, ки тамоми нерӯи худро барои андӯхтани донишҳои замонавӣ, интихоби касбу ҳунар, рушди илму технологияҳои навтарин, пешгирӣ аз равандҳои номатлуб ва пос доштани дастовардҳои истиқлолияти Ватани маҳбубамон равона сохта, ҷиҳати татбиқи стратегия ва барномаҳои миллию соҳавӣ ва расидан ба ҳадафу афзалиятҳои стратегии кишвар саҳмгузор бошанд. - Ҷавонон дар ҳаёт басо бори гарон — рисолати созандагию бунёдкориро ба уҳда доранд. Зимнан, дар шароити демократикунонии ҷомеа ва бунёди давлати навини миллӣ раванди ташаккулёбии муносибатҳои идоракунӣ ва рушди ҷомеаи шаҳрвандиро, ки тақозои ҷомеаи муосир мебошад, бидуни иштироки ҷавонон тасаввур кардан имконнопазир аст. Дар воқеъ, ҷавонон аз рӯзҳои аввали Истиқлолияти давлатӣ дар ташаккул ва рушди муносибатҳои иҷтимоиву иқтисодӣ ва фарҳангиву сиёсӣ, аз ҷумла соҳибистиқлолии мамлакат, ваҳдати миллӣ, идоракунӣ ва фаъолнокии ҷамъиятии ҷомеа бо иштироки бевосита ва бавоситаи худ саҳм гузоштаанд. Дар ин росто, рисолати асосии насли ҷавон ба он асос меёбад, ки онҳо дар ҳама ниҳодҳо, ҳам дар сафи Қувваҳои Муссаллаҳ, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, маориф, тандурустӣ ва ҳам хоҷагии халқ ҳамчун қувваи ҳаракатдиҳанда аксариятро ташкил медиҳанд, мувофиқан дар тамоми дастовардҳои кишвар ва муносиботи идорӣ саҳмгузор ба ҳисоб мераванд. Қиёмиддин МИРАЛИЁН, Аз ин рӯ, иштироки ҷавонон дар таҳкими муносибатҳои идоракунӣ ва рушди ҷомеаи шаҳрвандӣ дар шароити ҷомеаи муосир, ки пайваста онро Пешвои миллат таъкид менамоянд вакили Маҷлиси намова дар ин росто ташаббусҳои зиёди муназзамро низ пеш гузоштаанд, бомаром ва муносиб яндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон: арзёбӣ мегардад.
“ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН”, №01 (9531), 04.01.2018
“СОЛИ ҶАВОНОН” - СОЛИ ТАЪРИХӢ
Асадулло РАҲМОН, Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаи кадрҳо:
7
- Сиёсати давлатии кадрҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар заминаи сиёсати умумидавлатӣ ташаккул ёфта, бевосита масъалаҳои идоракунии захираҳои инсонӣ, аз ҷумла таҳсил, интихоб, ҷобаҷогузорӣ, пешбарӣ ва истифодаи самараноки кадрҳоро дарбар мегирад. Дар робита ба ин раванди идоракунии давлатӣ ва рушди хизмати давлатӣ, ки қисмати таркибии сиёсати давлатии кадрҳо маҳсуб меёбанд, дар маркази таваҷҷуҳи ҳамешагии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор доранд. Яке аз самтҳои афзалиятноки низоми идоракунӣ татбиқи самараноки сиёсати давлатии ҷавонон арзёбӣ гардида, бо ибтикор ва ташаббусҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ин ҷода пайваста тадбирҳои зарурӣ роҳандозӣ карда мешаванд. Ба ифодаи дигар, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон поягузори низоми идоракунии давлатии муосир ва низоми таҳсили хизматчиёни давлатӣ буда, ҳамчун рукни муҳими ташаккули давлатдорӣ ҷавононро низ фаро мегиранд. Идоракунии давлатии муосир аз кадрҳо талаб мекунад, ки дастовардҳои илми муосири идоракуниро омӯхта, донишу малакаи худро пайваста такмил диҳанд. Барои ин хизматчиёни давлатӣ бояд забони давлатӣ ва забонҳои хориҷиро аз худ карда, малакаи хуби кор бо технологияҳои иттилоотии муосирро дошта бошанд. Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни яке аз суханрониҳояшон таъкид карданд, ки “Дар ҷаҳони имрӯза забондонӣ ва малакаи кор бо техникаи компютерӣ ба яке аз меъёрҳои асосии интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳо мубаддал гаштааст. Ҳоло вақти он расидааст, ки мо низ ин меъёрро дар ҷомеаи худ татбиқ намоем. Албатта, ҳалли ин масъала кори якрӯза нест ва он бояд оқилона, дурбинона ва тадриҷан амалӣ карда шавад”. Умед аст, ки худи ҷавонон ин нуктаро хуб дарк мекунанд ва дар ҷавоби таваҷҷуҳу ғамхориҳои пайвастаи Сарвари давлат бо масъулияти дучанд донишҳои касбии худро баланд мебардоранд ва фаъолияташонро дар низоми идоракунии давлатӣ баҳри рушди соҳаҳои иқтисодию иҷтимоии кишвар равона месозанд.
ифтихори моянд РАҲИМЗОДА Р. Ҳ., вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон: - Дар ҷаҳони муосир рӯ овардан ба кору фаъолияти ҷавонон ва дастгириву ташаббусҳои онҳо аз афзалиятҳои муҳими сиёсати давлатии мо ба ҳисоб меравад. Дар воқеъ, ҳоло ҷавонони мо чун нерӯи бузурги бунёдкору созандаи кишвар эътироф гаштаанд. Аз ин ҷиҳат, мо ҳалли мушкилоту муаммои ҳаёти наврасону ҷавононро самти бунёдӣ ва арзишманди сиёсати иҷтимоии давлат эълон намудаем. Бинобар ин, Тоҷикистон аз нигоҳи синну соли аҳолӣ дар ҳоли рушди доимӣ қарор дошта, аз нисф зиёди аҳолии онро ҷавонон ташкил додаанд. Ба ин хотир, бе иштироки фаъолонаи ҷавонон рушди иқтисодиву иҷтимоӣ ва сиёсиву фарҳангии кишварамонро тасаввур кардан нашояд. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳанӯз дар моҳи марти соли 1994 дар суханронии худ таъкид карда буданд: “Мо бояд дар ҷавонон ҳисси ватандӯстиро парвариш намоем. Онҳо дар чунин рӯҳия ба воя расанд, ки барояшон ҳар як пораи хоки Тоҷикистон азизу муқаддас бошад. Ҳифз кардани онро барои худ шарафи бузург донанд”. Аз ин суханҳои Сарвари давлат зиёда аз 23- сол сипарӣ гардид. Дар ин муддат ҷавонони кишвар ба як қувваи воҳид ва нерӯи пуриқтидори созанда табдил ёфтанд, ки дар таҳсилу кор, пешбурди корҳои илмию эҷодӣ, фарҳангу маданият, варзиш ва иштирок дар чорабиниҳои давлатию ҷамъиятӣ нақши бориз доранд. Имрӯз ба кору фаъолият, мавқеъ ва саҳми ҷавонон дар рушду инкишофи ҷомеа назар карда, моро ҳисси руҳбаландӣ ва ифтихор фаро мегирад, ки ин нерӯи созандаву бунёдкори кишвар метавонад барои ободию гулгулшукуфии мамлакат корҳои бузургро анҷом диҳад. Иштироки онҳо дар мусобиқаҳои бонуфузи ҷаҳонӣ ва соҳиб гардидан ва ҷоизаҳои баланди варзишӣ шаҳодати ғамхорӣ ва таваҷҷуҳи роҳбарияти давлату Ҳукумат ба ояндаи ҷавонон ва солимии ҷомеа дар ҳаёт мебошад. Таъкидҳои Пешвои миллат пеш аз ҳама ҷавонон, падару модарон, омӯзгорон ва аҳли ҷамоатчигиро водор месозад, ки ба таълиму тарбияи насли наврас диққати ҷиддӣ диҳанд.
- Мусаллам аст, ки ҷавонон нисбат ба ҳама қишрҳои ҷомеа бояд бештар фаъол бошанд, ташаббусҳои созанда пешниҳод намоянд, рамзҳои давлатӣ, муқаддасоти миллӣ ва дастовардҳои истиқлолиятро ҳифз карда, парчамбардори сарзамин, марзу бум ва кишвари азизамон бошанд. Пайдост, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон кишвари наврасону ҷавонон мебошад, зеро синни миёнаи аҳолӣ 24 солро ташкил намуда, беш аз 70 фоизро ҷавонон ташкил медиҳанд. Ин аст, ки ҳамасола сафи хизматчиёни давлатӣ аз ҳисоби ҷавонон дар мақомоти давлатӣ афзоиш меёбад. Ҳоло теъдоди ҷавонони то синни 35-сола дар байни хизматчиёни давлатӣ 50 фоизро ташкил дода, 23 фоизи дигар дар ҳайати кадрҳои роҳбарикунанда фаъолият доранд. Сиёсати хирадманСумангул ТАҒОЙЗОДА, донаи Пешвои миллат дар самти дастгирӣ аз ҷавонони кишвар, роҳ додани онҳо ба вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли майдонҳои сиёсиву иҷтимоиву фарҳангӣ, ғамхориву дастгириҳои пайвастаи онон аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон: имрӯз набзи зиндагии кишвар гардидааст. Маҳз дар даврони Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва талаботи ҷомеаи муосир, ташаккул ёфтани низоми идоракунии соҳаи сиёсати давлатии ҷавонон, тағйир ёфтани хусусиятҳои мушкилоти ҷавонон, ташкил ёфтани муносибатҳои байнидавлатӣ ва байналмилалӣ дар самти татбиқи сиёсати давлатӣ дар ин соҳаи муҳими ҳаётӣ солҳои охир якчанд санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва барномаву стратегияҳо қабул гардиданд. Аз ин хотир, бо боварӣ метавон гуфт, ки ҷавонони баору номуси кишвар бо руҳияи пешқадаму созанда ҳамсолони худро ба ояндаи боз ҳам нек роҳнамоӣ карда, барои амалӣ гардидани ҳадафҳои тақдирсози Роҳбарияти Олии кишвар пайваста саъю талош менамоянд. Ҷавонон ҳамчун нерӯи бунёдкору созанда ва давомдиҳандаи насли гузашта, имрӯз дар меҳвари таваҷҷуҳи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор гирифтаанд. Ин аз ҳадафҳои стратегии Ҳукумати ҷумҳурӣ дар самти ҷалби ҳарчи бештари ҷавонони дорои донишу тафаккури созанда дар сохтори идораи давлат мебошад. Дар воқеъ, таваҷҷӯҳ Шералӣ МИРЗО, нисбат ба ҷавонон аз сиёсати даввазири мудофиаи латии онҳо дарак дода, имрӯзҳо бо Ҷумҳурии Тоҷикистон: пуштибонӣ аз ин қишри бонуфузи ҷомеа, ки асоси пешрафт ва рушду тараққиёти бахшу соҳаҳои гуногун мебошанд, аз ҷониби роҳбарияти олии мамлакат тадбирҳои амалӣ роҳандозӣ карда мешавад. Соли 2017ро “Соли ҷавонон” эълон намудани Сарвари давлат низ натиҷаи пайгирӣ аз ин ҳадафҳост. Зеро дар марҳалаи расидан ба сулҳу субот ва то имрӯз ҷавонон бо азму иродаи қавӣ дар баробари насли калонсол дар бунёди давлати ҳуқуқбунёду ҷомеаи мутамаддин ва таҳкими истиқлолияту пойдории Ваҳдати миллӣ саҳми муносиби худро мегузоранд. Онҳо ҳанӯз аз рӯзҳои аввали соҳибихтиёрии кишвар дар бунёди давлати соҳибистиқлол, демократӣ ва ҳуқуқбунёд ба ташаккул ва амалӣ намудани ҳадафҳои бунёдкоронаи кишвар ҳамқадам мебошанд. Масъулияти дифои марзу буми Ватанро то ҳанӯз ҷавонмардони бонангу шуҷои он бар дӯш доранду мамлакати худро аз таҳдидҳои бегона ҳимоя менамоянд. Имрӯзҳо дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳ ҳазорҳо ҷавонони матинирода адои хизмати ҳарбӣ карда, дар болоравии иқтидори мудофиавии мамлакат ва суботу оромии ҷомеа саҳми худро мегузоранд. Онҳо дорои донишҳои замонавӣ буда, аз истифодаи силоҳу муҳимоти ҳозиразамони ҷангӣ хуб бохабаранд ва бо масъулияту маҳорати баланди касбӣ пайи дифои ин сарзамин қарор доранд. Фарзандони муҳофизи ватан аз таҷрибаи талхи кишварҳои ҷангзада сабақ гирифта, ҳамчун як узви ҳифзкунандаи амнияту суботи ҷомеаи башарӣ муқобили ақидаҳои иртиҷоиву бегонапарастии нафарони гумроҳанд ва дар ин самт омодаи мубориза ва муҳофизати ҳар як ваҷаб хоки ватани маҳбуб аз бегонагон ва террористону ифротгароён мебошанд, ки дар шароити кунунӣ андухти ин таҷриба ба ҳар як фарди матиниродаву солимақли кишвар басо ҳам зарур аст.
- Ҷавонон нерӯи пешбаранда, қисмати ҷудонопазир ва қишри асосии ҷомеа буда, дар ташаккулёбӣ ва рушди ҷомеаи шаҳрвандии муосир саҳмгузорони асосӣ ба шумор мераванд. Таъмин ва такмили иштироки ҷавонон дар бунёд ва ободкунии ҷомеаи шаҳрвандӣ ва ба ин восита омода намудани онҳо барои пешбурди ҳаёти мустақилона ва устувор зарурати мубрам дорад. Хиради воло ва сиёсати ОЛИМЗОДА Н. Х., дурбинонаи Сарвари давлат вазири тандурустӣ ва Эмомалӣ Раҳмон тақозо наҳифзи иҷтимоии аҳолии муд, ки солимии наврасону Ҷумҳурии Тоҷикистон: ҷавонон ҳамчун танзимгарони арзишҳои муқаддасотӣ - Истиқлолияти давлатӣ ва Ваҳдати миллӣ зери назорати қатъии Ҳукумати ҷумҳурӣ қарор дошта бошад. Талошҳои пайвастаи ҷавонони имрӯзаи мо ҷиҳати иштироки фаъолона дар рушду нумӯи кишвари азизамон бовар бар он месозад, ки ҷавонони мо бо ҳисси баланди худшиносиву худогоҳии миллӣ ва ифтихор аз давлату давлатдории миллӣ дар оянда низ тамоми нерӯи худро барои ҳифзи дастовардҳои истиқлолият, таҳкими давлатдорӣ, ваҳдати миллӣ, сулҳу субот, рушди минбаъдаи иқтисодиву иҷтимоии Ватани азизамон ва устувор гардонидани мавқеи он дар қатори кишварҳои мутараққӣ сафарбар менамоянд. Дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имрӯз сармашқи асосии кору пайкор ва фаъолияти ҳамарӯзаи ҷавонони соҳаи тандурустии кишвар гардида, онҳо бо афкору андешаҳои тоза баҳри беҳтарсозии солимии аҳолӣ камари ҳиммат бастаанд. Ҳамин тариқ, саҳми ҷавонон дар рушди бахшҳои гуногуни тандурустӣ ва солимии аҳолӣ арзанда буда, дар давоми солҳои охир аз ҷониби онҳо иҷрои ташхису амалҳои мураккаб ба таври васеъ амалӣ карда мешавад. Дар татбиқ намудани кашфиётҳои илмӣ дар амалияи тиббӣ, ворид намудани таҷрибаи пешқадам ва истифодаи технологияҳои муосир дар соҳаи тандурустӣ бошад саҳми ҷавонон сол ба сол бештар ба назар мерасад, ки ин худ гувоҳи рушди босуботи ояндаи тибби тоҷик мебошад.
8
“СОЛИ ҶАВОНОН” - СОЛИ ТАЪРИХӢ
“ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН”, №01 (9531), 04.01.2018
Хонандаи азиз, тавре иттилоъ доред, 22 декабри соли 2016, зимни ироаи Паём Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли 2017-ро “Соли ҷавонон” эълон намуда буданд. Инро мутахассисони соҳаи кор бо ҷавонон ва коршиносону ҷавонони кишвар ҳамчун як “соли таърихӣ”, “гардиши куллӣ” ва “оғози марҳилаи нав” дар сиёсати давлатии кор бо ҷавонон тавсиф менамуданд. Инак, мо ба фарҷоми “соли таърихӣ” расидем. Аслан, татбиқкунандаи сиёсати давлатии кор бо ҷавонон Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аст ва барои ҳамин дар сархати татбиқи кулли нақшачорабиниҳои “Соли ҷавонон” қарор мегирад. Аз ин рӯ, дар фарҷоми “Соли ҷавонон” доир ба ҳадафи эълон доштани он аз ҷониби Пешвои муаззами миллат, мазмуну моҳияташ, нақши он дар ҳаёти ҷавонон ва умуман, мавқеи ҷавонон дар ҷомеа бо раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати ҷумҳурӣ Аҳтам Абдуллозода Рустам мусоҳибае доштем, ки инак фишурдаи он манзуратон мешавад.
А. АБДУЛЛОЗОДА:
“Соли ҷавонон” МУСОҲИБ: ХУРШЕД МАВЛОНОВ, “ҶТ”
- Бо пешниҳоди Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли 2017 “Соли ҷавонон” эълон гардид. Дақиқан, ин ташаббус дар тамоми кишварҳои дунё бесобиқа аст. Чанд сухан доир ба ин иқдом мегуфтед... - Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз рӯзи аввали соҳибистиқлолӣ дар паи баррасии мушкилии ҷавонон ва дарёфти роҳҳои ҳалли онҳо буданд. Дар баробари ин дар баргузории шӯроҳо фикру андешаи худи ҷавононро мешуниданд ва баҳри татбиқи ташаббусҳошон мусоидат менамуданд. Муҳтарам Ҷаноби Олӣ аллакай дар рӯзи 70-уми Роҳбари давлат интихоб шуданашон маҳз бо ҷавонон вохӯрӣ намуда буданд. Дар баробари он ки мулоқотҳои ҳамасолаи Пешвои миллат бо ҷавонон доир мегардад,таҷрибаи дар ҳар як сафар ба минтақаҳои кишвар мулоқот доир намудан бо ҷавонон, шунидани андешаҳои онҳо, дастгирӣ кардан аз ташаббусҳояшон, дастгирӣ кардан аз таълиму тарбия ва таҳсилашон, то ҳадди дастгирӣ ёфтан барои хонадоршавӣ, бо манзили зист ва ҷои кор таъмин кардан як услуби хоси муносибати Роҳбари давлат бо ҷавонони кишвар мебошад. Дар баробари сафарҳои дохилӣ, дар ҳар як сафари хориҷиашон Ҷаноби Олӣ бо донишҷӯёну ҷавонони дар дигар кишварҳо таҳсилу кор мекарда мулоқот доир мекунанд, онҳоро ба баланд бардоштани эҳсоси ватандӯстӣ, такмили ихтисос, савияи дониш, баргашта ба Ватан хизмат кардан ва дар баробари кору фаъолият дар хориҷи кишвар муаррифӣ кардани миллату давлати тоҷик ҳидоят месозанд. Аз ҳамин муносибати доимии Пешвои миллат нисбати ҷавонон хулоса кардан мумкин аст, ки эълони “Соли ҷавонон” иқдоми яку якбораи Роҳбари давлат нест. Ин идомаи мантиқии сиёсати Пешвои муаззами миллат барои дастгирии ҷавонон аст, ки лаҳза ба лаҳза, моҳ ба моҳ ва сол ба сол густариш ёфта истодааст. Соли 2016 Шӯрои миллии кор бо ҷавонон дар назди Президент таъсис ёфт, соли 2017 бошад, пурра ба ҷавонон бахшида шуд. Дар Паёми имсолаашон бошад, таъкид намуданд, ки ғамхории Ҳукумати кишвар ба ҷавонон
бо “Соли ҷавонон” маҳдуд намегардад. Минбаъд низ Ҳукумат ҷавононро дар меҳвари сиёсати худ қарор медиҳад ва пайваста аз ин қишри ояндасоз ҷонибдорӣ менамояд. - “Соли ҷавонон” аз ҷониби ҷавонон чӣ гуна пазироӣ гардид? - Рӯзи 22 декабри соли 2016, ҳамон лаҳзае, ки Пешвои муаззами миллат, дар Паёмашон соли 2017-ро “Соли ҷавонон” эълон намуданд, тамоми вуҷуди моро ҳам шодию нишот ва ҳам масъулияти басо бузург фаро гирифт. Суханони Сарвари давлат то ҳанӯз ва фикр мекунам як умр дар ҳастии мо ҳамчун ифтихори бузург садо медиҳад. Дар ҳамон лаҳзаҳо тамоми ҷавонони шаҳри Душанбе иштирокчиёни Паёмро дар берун интизор буданд. Онҳоро бо ширинӣ, варақаҳо, бо газетаҳо ва бо табрикномаҳо муборакбодӣ мекарданд Худи ҳамон рӯз аллакай дар кӯчаҳои шаҳри Душанбе, дар хиёбонҳои дигар шаҳру навоҳии вилоятҳо ҷавонон ба кӯча баромада, якдигарро табрик намуда, шодиву нишот мекарданд, ки соли 2017-ро Ҷаноби Олӣ ба мо бахшиданд. Онҳо медонистанд ва бори дигар умқан дарк намуданд, ки пуштибони онҳо маҳз Сарвари давлат аст. Аз ҳамон лаҳза дар афкорашон нақшаи чорабиниҳо ва дар замирашон масъулияти дар сатҳи баланд баргузор гардидани Соли ҷавонон тарҳрезӣ гардид. Дар ҳар як шаҳру ноҳия ҷавонон алоҳида ҷамъ шуда, миннатдории худро бо муроҷиатномаҳо ба Пешвои миллат иброз мекарданд. Мушоҳида гардид, ки ба шодиву нишоти ҷавонон тамоми қишрҳои ҷомеа ҳамроҳ гардиданд. Волидон аз шодии фарзандон хушҳол гардиданду устодон аз хурсандии шогирдон. - Ба фаъолияти ҷавонон дар “Соли ҷавонон” баҳои чанд медиҳед? - Бе ягон муҳобот баҳои панҷ. Зеро ҷавонони тоҷик беҳтарин ҷавонони рӯи дунё ҳастанд. Онҳо ҳамчун қувваи баору номус дар замирашон нисбати Ватан меҳру муҳаббати самимӣ дошта, ба арзишҳо ва муқаддасоти миллӣ арҷ мегузоранд, ба ҳаёт нигоҳи ҷиддӣ дошта, дар дил орзуҳои зебои инсониро мепарваранд ва ҳамчун пайравони асили Пешвои миллат созандаю бунёдкор мебошанд. “Соли ҷавонон” нигоҳи
ҷавононро ба зиндагӣ ҷиддӣ кард. Ҳар як ҷавоне, ки дар пайроҳаи “Соли ҷавонон” қадам гузошт, ӯ ҷавонмарди миллату давлат ва хонадони худ буд. Дар тамоми самтҳо ҷавонони мо худро ба хубӣ муаррифӣ намуданд. Чӣ дар ҷодаи илму маърифат, чӣ дар ҷодаи санъату фарҳанг ва чӣ дар ҷодаи варзиш ва майдонҳои бузурги варзишӣ. Зиёда аз 30 ҷавони тоҷик дар олимпиадаҳои ҷаҳонӣ аз фанҳои дақиқ сазовори медали тилло шуда, садҳои дигар сазовори ҷойҳои ифтихорӣ гардиданд. Аммо бар замми ин баҳои асосиро ҷомеа медиҳад. Бояд волидони ҷавонон баҳо диҳанд, ки онҳо дар ин сол чӣ қадар фаъолият доштанд. Давлату миллат баҳо медиҳад, ки онҳо дар соли ҷорӣ чӣ корҳоеро ба анҷом расониданд. - Дар “Соли ҷавонон” дар аксар вазифаҳои роҳбарикунандаи мақомоту идораҳо ҷавонон таъин гаштанд. Саҳми ҷавононро дар вазифаҳои роҳбарикунанда чӣ гуна баҳо медиҳед? Дар давоми солҳои соҳибистиқлолӣ таваҷҷуҳи Пешвои миллат ба кадрҳои ҷавон ба маротиб афзуд. Бо назардошти қувваи ҷисмонӣ ва нерӯи зеҳнии ҷавонон мавқеи онҳо дар хизмати давлатӣ ба маротиб мустаҳкам шуд. Дар доираи сиёсати кадрии Пешвои муаззами миллат ҷавоникунонии ҳайати кадрӣ аз ҳисоби ҷавонон рӯ ба инкишоф ниҳод. Дар вазорату идораҳо, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ ва дигар ташкилоту муассисаҳо масъалаи ба вазифаҳои пурмасъул таъин намудани ҷавонони фаъолу ташаббускор ба ҳукми анъана даромад.Ҷавонони роҳбар аз замони таъин шуданашон ба вазифаҳои роҳбарикунанда содиқ будани худро тавассути кор ва фаъолияти пурсамар нишон доданд. Ҷавонон, дар воқеъ, қишри ояндасози кишвар буда, иштироки онҳо дар ҳаёти иқтисодӣ, сиёсӣ, фарҳангӣ ва ҷамъиятӣ боиси рушди мамлакат мегардад. Имрӯзҳо шояд соҳае дар кишвар мавҷуд набошад, ки дар он фаъолияти ҷавонон ба назар нарасад. Ин қишри ҷомеа дорои имконияти бузурги зеҳниву ҷисмонӣ буда, соҳиби нерӯи созандагиву бунёдкорӣ, илму
дониш, донандагони забонҳои хориҷӣ ва технологияи замонавӣ ба ҳисоб мераванд. Таҷрибаи корҳои созандагиву бунёдкории ҷавонон дар давраи соҳибистиқлолӣ нишон дод, ки ҷавонон дар пешрафти тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷомеа иштироки фаъолона дошта, сиёсати пешгирифтаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллатро ҳамеша ҷонибдорӣ менамоянд ва дар раванди он худ бевосита ширкат ва саҳмгузорӣ мекунанд. Дар шароити сиёсии ҷаҳони имрӯз ягон давлатро бе нерӯи ҳарбӣ ва мудофиавӣ тасаввур кардан ғайриимкон аст. Соҳиби артиши дорои иқтидори баланд амнияту суботи давлатро кафолат дода, заминаи пешрафту ободии кишварро фароҳам меорад. Захираи бузурги чунин артишро ҷавонони аз лиҳози ҷисмонӣ далеру тавоно ва бомаърифату босавод ташкил медиҳанд. Дар ин самт имрӯзҳо ҷавонони далеру шуҷои тоҷик бо дарки қарзи шаҳрвандии хеш дар назди Модар-Ватан, барои таҳкими Ваҳдати миллӣ ва ҳифзи суботи сиёсӣ дар кишварамон дар сафҳои Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ адои хизмат менамоянд. Маҳз ин ҷавонон бо хизмати хеш дар роҳи таъмини амнияти кишвар ва таҳкими соҳибистиқлолии Тоҷикистон саҳми арзандаи ҷавонмардии худро гузошта, барои насли наврас дарси ибрат мебошанд. Маҳз чунин ҷавонон на танҳо бо шиор ва сухан, балки амалан бо ҷону дил ва амали хеш дар ҳифзу ҳимояи Ватан хизмати ҷавонмардона намуда, мактаби бузурги ватандӯстии Пешвои миллатро ҳамчун сабақи бузург дар зиндагӣ маншаи кори худ қарор додаанд. - Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш ҷиҳати дар сатҳи баланд ҷашн гирифтани “Соли ҷавонон” чӣ қадар чорабиниҳоро гузаронид? - Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш дар доираи эълон гардидани соли 2017 “Соли ҷавонон”, ки имконияти фаррох баҳри таҳкими асосҳои меъёрию ҳуқуқӣ ва заминаи методию иттилоотӣ, татбиқи барномаҳои соҳавӣ, дастгирии иҷтимоию иқтисодии ҷавонон, тарғиби тарзи ҳаёти солим, пешгирии омилҳои номатлуб, ахлоқи ҳамида ва фарҳангдӯстию
меҳанпарастии ҷавонон тавассути баргузории чорабиниҳои фарҳангию оммавӣ, тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш, муносибатҳои байнисоҳавию байналмилалӣ дар доираи қонуну санадҳои танзимкунанда фаъолияти худро ба роҳ монд. Аз лаҳзаи аввале, ки “Соли ҷавонон” эълон гардид, маҳз як ҷавони ташаббускор ва хайрхоҳ нисбати насли ҷавон президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон, муҳтарам Рустами Эмомалӣ иқдом намуданд, ки тамоми чорабиниҳои “Соли ҷавонон”-ро зери сарпарастии худ мегиранд. Дар доираи сарпарастии муҳтарам Рустами Эмомалӣ зиёда аз 5 ҳазор чарабиниҳо бо иштироки 1,5 млн. нафар ҷавонон баргузор шуданд. Ҳамин тариқ, дар соли 2017 аз ҷониби Кумита, сохторҳои маҳаллӣ, ташкилотҳо дар ҳамкорӣ бо вазорату идораҳои дахлдор дар самти татбиқи сиёсати давлатии кор бо ҷавонон 17036 чорабинӣ, бо фарогирии 4 миллиону 064 ҳазору 549 нафар наврасону ҷавонон баргузор гардиданд. Дар ин замина, дар соҳаи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш, таҳкими тарзи ҳаёти солим ва оммавияти он низ дар ин давра 7836 чорабинӣ баргузор гардидааст, ки 2 745 999 нафар фаро гирифта шуда, аз ин шумора 537130 нафарашонро бонувон ташкил медиҳанд. Дар маҷмуъ, дар “Соли ҷавонон” дар кишвар дар соҳаи кор бо ҷавонон ва варзиш 24 ҳазору 872 чорабинӣ бо фарогирии 6 миллиону 810 ҳазору 545 нафар баргузор карда шудааст. - Хотирмонтарин лаҳзаҳо дар “Соли ҷавонон” аз нигоҳи Шумо? - Хотирмонтарин лаҳза аз нигоҳи ман 22 декабри соли 2016 аст, ки аз ҷониби Пешвои миллат соли 2017-ро “Соли ҷавонон” эълон намуданд. Ин эҳсосотро бо ягон сухан ва бо ягон забони рӯи дунё маънидод кардан номумкин аст. Лаҳзаи дигари хотирмон ин бо шукӯҳу шаҳомати хосса аз ҷониби сарпарасти “Соли ҷавонон” муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар пойтахти кишварамон шаҳри Душанбе ташкил намудани шоу-консерти идона бахшида ба Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон буд, ки Пешвои миллат ба чорабинии ҷавонон худашон ташриф оварданд. Дар таърихи сиёсати давлатии ҷавонон ин баландтарин сатҳи чорабинии фарҳангӣ барои
“ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН”, №01 (9531), 04.01.2018
“СОЛИ ҶАВОНОН” - СОЛИ ТАЪРИХӢ
ҷавонон буд. Ва дар ибораи “Ҷовидон бод, ҷавонӣ ва ҷавонони Тоҷикистон”, ки Пешвои муаззами миллат иброз намуданд, тамоми меҳру ихлоси Сарвари давлат нисбат ба ҷавонони Тоҷикистон ва ҷаҳониён инъикос ёфт. Агар дар умум нигарем, дар доираи нақшаи чорабиниҳое, ки аз ҷониби Пешвои миллат тасдиқ гардид, 365 рӯзи “Соли ҷавонон” барои мо хотирмон буд. Ин 365 рӯз то абад дар ёду хотири мо бо ҳарфҳои заррин нақш хоҳад баст. Асоси муваффақиятҳои ҷавононро корнамоиҳои варзишгарон ташкил медиҳанд. Аз назари Шумо ҳамчун нафари масъули соҳа, таҳаввулоти асосии “Соли ҷавонон” дар самти варзиш кадом буд? - Беҳтарин чеҳраи варзиши сол Беҳрӯз Хоҷазода аст. Пешвои муззами миллат зимни сафарашон ба вилояти Суғд иброз доштанд, ки пирӯзии Беҳрӯз Хоҷазода дар сабқати ҷаҳонии самбо беҳтарин дастоварди “Соли ҷавонон” маҳсуб меёбад. Бо шарофати чорабиниҳои варзишии “Соли
116-тоашро нуқра, 188-тоашро биринҷӣ ташкил медиҳад. - Аксар варзишгарон аз он хурсанд буданд, ки бахшида ба “Соли ҷавонон” теъдоди мусобиқаҳои варзишӣ зиёд шуд ва ин заминаи хуби омода шудани онҳо ба мусобиқаҳои байналмилалӣ гардид. Оё теъдоди мусобиқаҳои варзишӣ дар соли 2018 нисбат ба соли қаблӣ зиёд мешавад? - Дар “Соли ҷавонон”, воқеан ҳам, чорабиниҳои варзишии мо зиёд буд. Мо ҳар як соат ва дақиқаи “Соли ҷавонон”-ро бе чорабинӣ нагузаронидем. Метавон гуфт, ки нисбати солҳои қаблӣ варзиши тоҷик даҳчанд оммавӣ гардид, вале ин ҳама моро қаноатманд намекунад. Кумита алаккай нақшачорабиниҳоро барои соли оянда омода карда истодааст ва кӯшиш мекунем, ки эстафетаи “Соли ҷавонон”-ро аз даст надиҳем. Дар соли 2018 чорабиниҳои Кумита дар самти оммавигардонии варзиш зиёд мешаваду кам не. Зеро Пешвои муаззами миллат дар Паёми имсолаашон дар самти оммавирадо-
иқдоми пешгирифтаатон дар “Соли ҷавонон” вақт маҳдуд шуду он ба соли 2018 боқӣ монд? - Тамоми идея ва мақсадҳои “Соли ҷавонон” то дараҷае барои мо муқаддас ва гаронарзишанд, ки онҳо барои даҳсолаҳои дигар идома меёбанд. Он мақсадҳоеро, ки Пешвои миллат дар “Соли ҷавонон” дар пеши мо гузоштанд, мантиқи басо баланд ва дурнамои хеле зиёд доранд. Бо шаклу услуби нав баргузор кардани фестивалу озмунҳо ва дигар чорабиниҳои маърифатию фарҳангӣ миёни ҷавонон, тарҳрезии лоиҳаҳои нав, аз қабили “Меҳмонии ҷавонон”, “Дар меҳмонии ректор”, таъсиси мактаби “Пайравони Пешвои миллат” дар назди Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш, дар сартосари кишвар таъсис додани рушди шабакаи волонтёрӣ, таъсиси Маҳфили технологҳои ҷавон, Маҳфили адибони ҷавон, Шӯрои духтарон, Маҳфили ҳаҷвнигорони ҷавон дар назди Кумита идеяҳои наве мебошанд, ки дар “Соли ҷавонон” роҳандозӣ гардиданд. Ва ин идеяву тасмимҳое, ки дар “Соли
ҷавонон” ва иқдомҳои бунёдкоронаи раиси шаҳри Душанбе, муҳтарам Рустами Эмомалӣ, ки аксар раисони шаҳру ноҳияҳо ба шаҳрдории Душанбе пайравӣ намуда, майдончаҳои зиёди варзишӣ бунёд намуданд, ин худ як таҳаввулот аст. Аз ҷониби дигар, дар соли 2017 нисбати солҳои қаблӣ варзишгарони мо Тоҷикистони азизамонро дар арсаи байналмилалӣ даҳҳо маротиба зиёд муаррифӣ намуданд. Чорабиниҳои варзишию оммавигардонии “Соли ҷавонон” буд, ки варзишгарони мо заминаи хуби омодашавиро ба мусобиқаҳои сатҳи байналмилалӣ гирифтанд. Бори нахуст тими мунтахаби самбочиёни кишвар дар Чемпионати ҷаҳон, ки дар шаҳри Сочии Русия баргузор гардид, миёни 93 давлати дунё аз ҳисоби умумидаставӣ дар зинаи дуюм қарор гирифт. Мунтахаби миллии футболи занонаи Тоҷикистон бори аввал дар таърихи худ шомили раддабандии Федератсияи футболи умумиҷаҳонӣ (ФИФА) шуд, тими “Истиқлол” бори дуюм сазовори медалҳои нуқраи Ҷоми AFC (Конфедератсияи футболи Осиё)-2017 гардид. Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар Мусобиқоти интихобии қаҳрамонии футболи Осиё-2019 дар гуруҳи “F” дар зинаи сеюм бо 7 имтиёз аз 5 бозӣ (таносуби тӯбҳо – 9-7) қарор гирифт. Мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон бо 10 имтиёз дар ҷадвали гурӯҳи “В” мақоми аввалро касб кард ва ба марҳилаи ниҳоии Мусобиқоти қаҳрамонии футболи Осиё-2018 роҳ ёфт. Дастаи мунтахаби футзали кишвар низ ба даври ниҳоии Ҷоми Осиё -2018 роҳхат ба даст овард. Дастаи мунтахаби занонаи футболи Тоҷикистон низ роҳхати Мусобиқаи интихобии қаҳрамонии Осиё–2018, ки аз 3-юм то 12-уми апрели соли 2018 доир мегард, дар соли 2017 ба даст оварданд. Инчунин, натиҷаҳои дигаре, ки дар ин соли таърихӣ ба Ватан оварда шуд, аксар таърихӣ буданд. Баъди 42 сол ба Беҳрӯз Хоҷазода муяссар гардид, ки дар “Соли ҷавонон” медали тиллои самбои ҷаҳонро ба кишвар оварад. Дар Бозиҳои Осиё дар толори болопӯшида, ки дар кишвари Туркманистон баргузор гардид, варзишгарони тоҷик бори аввал соҳиби 52 медал гардиданд. Дар “Соли ҷавонон” варзишгарони кишвар аз мусобиқаҳои байналмилалӣ 425 медал вориди хазинаи варзишии кишвар намуданд, ки аз ин 121-тоашро тилло,
нии варзиш ва тарғиби тарзи ҳаёти солим таъкид намуданд ва ин нуктаро мо сармашқи кори Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш дар соли 2018 қарор медиҳем ва кӯшиш мекунем, ки дар соли 2018 варзишро аз ин ҳам зиёд миёни аҳолии кишвар оммавӣ намуда, дар ҳифзи генофонди миллӣ тавассути варзиш саҳми худро гузорем. - Ба андешаи Шумо “Соли ҷавонон” то чӣ андоза дар оммавигардонии варзиш дар кишвар таъсир гузошт? - Барои оммавигардонии варзиш чорабиниҳои зиёд, аз ҷумла машқҳои пагоҳирӯзӣ, тарғиби варзиш ба воситаи видеороликҳо тариқи телевизион, веломарафон, ду маротиба дави миллӣ доир намудем. Маҳз таҳти сарпарастии муҳтарам Рустами Эмомалӣ бо мақсади эҳё, рушд ва амалигардонии бозиҳои миллии варзишӣ ва тарбияи насли наврас дар руҳияи эҳтиром ва арҷгузорӣ ба таъриху анъанаҳои миллии аҷдодон, баргузории ҳамасолаи Фестивали бозиҳои миллии варзишӣ дар се марҳила (маҳаллӣ, минтақавӣ ва миллӣ) дар остонаи таҷлили иди байналмилалии Наврӯз (марҳилаи якум), Ваҳдати миллӣ (марҳилаи дуюм) ва ҷашни Истиқлолияти давлатӣ (марҳилаи сеюм) тасдиқ гардид. Ҳамин тавр, марҳилаи якум ва дуюми Фестивали бозиҳои миллии варзишӣ дар вилоят, минтақа ва шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ аз рӯи 8 намуди варзиш баргузор гардид, ки дар ин чорабиниҳо зиёда аз 26991 (бистушаш ҳазору нӯҳсаду наваду як) нафар варзишгар ва 652355 (шашсаду панҷову ду ҳазору сесаду панҷову панҷ) нафар тамошобинону дӯстдорони соҳаи варзиш иштирок намуданд. Маросими ҷамъбасти солонаи фестивали мазкур бошад, дар шаҳри Душанбе бо иштироки 500 варзишгар ва 15 ҳазор мухлиси варзиш бо як шукӯҳу шаҳомати хосса таҷлил гардид. Дар умум, дар се марҳилаи Фестивали бозиҳои миллии варзишӣ, ки дар “Соли ҷавонон” дар саросари кишвар роҳандозӣ гардид, 27491 (бисту ҳафт ҳазору чорсаду наваду як) нафар варзишгар ва 665355 (шашсаду шасту панҷ ҳазору сесаду панҷову панҷ) нафар ҳаводорони варзиш ширкат намуданд, ки ин аз оммавияти варзиш дар кишвар дарак медиҳад. - Барои кадом чорабинӣ ва
ҷавонон” тавлид гардиданд, дар тамоми давру замон аз ҷониби мо – масъулони Кумита амалӣ гардонида мешаванд. Ба андешаи шахсии ман “Соли ҷавонон” бениҳоят вақти кам дошт. Баъзан орзу мекардем, ки кош як шабонарӯзи мо 50-100 соат бошад, то барои амалӣ намудани нақшаҳоямон вақт кифоягӣ кунад. Вале як нуқта барои мо муқаддас аст, ки таҳти назари неки Пешвои миллат ва чунин як сиёсати хирадмандона тамоми солу моҳ барои тамоми миллати тоҷик ҳамчун айёми зебои даврони ҷавонӣ боқӣ мемонад. - Зиракии сиёсии ҷавонони кишварро чӣ гуна баҳогузорӣ мекунед? Оё ҷавонони мо ба қадри даркорӣ аз равандҳои сиёсӣ огоҳанд? - Танҳо кам гардидани гаравиши ҷавонон ба ҳаракатҳои тундгаро, огоҳ будани ҳар як оилаи тоҷик аз оқибатҳои шомил шудан ба ҳизбу ҳаракатҳои иртиҷоӣ, пешгирии ҷинояткорӣ, кам гардидани ҷинояткорон аз ҳисоби наврасону ҷавонон, баланд гардидани эҳтиром нисбати калонсолон, гиромӣ доштани арзишҳои миллӣ, муқаддас шуморидани фарҳанги миллӣ ва даҳҳо хислатҳои дигар имрӯз дар ҷавонони тоҷик дида мешавад, ки аз зиракии сиёсии онҳо дарак медиҳад. Ҳар як лаҳзае, ки мо бо ҷавони тоҷик суҳбат мекунем, онҳо бо як меҳру муҳаббат ва масъулияти баланд гапи моро гӯш мекунанд. Дар ин ҷараён кору заҳмати мақомоти ҳифзи ҳуқуқи кишвар, дигар вазорату идораҳо ва ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ низ сазовори таҳсин аст. Вақте ки мо дар оромгоҳҳо аксияи “Ба гузаштагони худ эҳтиром мегузорем”ро гузаронидем, он дар замири ҳар як ҷавон ҳисси эҳтиром ба гузаштагонро бедор намуд. Вақте аксияи “Салом, модар! Ман туро дӯст медорам.”-ро баргузор кардем, дар ҳамагӣ ду ҷумла чӣ қадар меҳру муҳаббат миёни фарзандону волидон афзуд. Зиракии сиёсии ҷавони тоҷик дар доираи сиёсати пешгирифтаи Пешвои миллат бо назардошти фароҳам овардани шароитҳои мусоид батадриҷ боло рафта истодааст. Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш баланд бардоштани зиракии сиёсии ҷавонони тоҷикро вазифаи аввалиндараҷаи худ медонад. Дар баробари ин, тамоми вазорату идораҳо дар ин самт ҳамарӯза кор карда исто-
соли таърихист
даанд. Ва баҳри расидан ба ҳадафҳои худ мо чандин чорабиниҳо баргузор намудем ва ин раванд минбаъд низ идома меёбад. - “Соли ҷавонон” бо кадом хусусиятҳояш аз солҳои қаблӣ фарқкунанда буд? - Умуман, ҷавонони тоҷик дар асл, насли хушбахту саодатманд мебошанд, чунки онҳо аз лаҳзаҳои аввали соҳибистиқлолии кишвар то имрӯз аз ғамхорӣ, меҳру муҳаббати беандоза ва дастгириҳои беназири Пешвои муаззами миллат баҳравар ҳастанд. Имсол барои ҷавонон соли хеле муҳиму фарқкунанда ва фаромӯшношуданӣ буд. Эълон гардидани соли 2017 ҳамчун “Соли ҷавонон” нишонаи олии дар меҳвари сиёсати иҷтимоии Ҳукумати кишвар қарор доштани ҷавонон буда, дар ҳаёти онҳо ҳамчун соли тарҳрезӣ ва банақшагирии орзуҳои зебо, устувории мавқеашон дар ҳаёти сиёсӣ ва иҷтимоию иқтисодии кишвар, инчунин, масъулияти басо бузургашон дар ободию созандагии Ватани маҳбуб ҷовидона боқӣ мемонад. Аз аввали солҳои соҳибистиқлолӣ ба ҷавонон диққати махсус дода мешавад. Ҷиҳати фарқкунандаи соли мазкур аз солҳои қабл ин буд, ки дар “Соли ҷавонон” дар партави сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат ба ин қишри ояндасози ҷомеа таваҷҷуҳи дучанд зоҳир гардид, ки тамоми сохторҳои кишвар баҳри дар сатҳи баланд ҷашн гирифтани ин соли таърихӣ фаъолияти худро ба роҳ монданд. Ҳамин гуна таваҷҷуҳу иқдомҳо буд, ки дар “Соли ҷавонон” Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш 24872 чорабинӣ бо фарогирии 6 810 545 нафар баргузор намуд. - Ба фикри Шумо Кумита ба таври бояду шояд ва дар сатҳи зарурӣ ин солро ҷашн гирифта тавонист, ё шояд иқдому ташаббусҳое низ доштед, ки дар “Соли ҷавонон” амалӣ гардонида натавонистед? - Дар тамоми чорабиниҳое, ки мо гузаронидем, ҳадаф ин муттаҳид намудани ҷавонон дар атрофи арзишҳои миллӣ, муқаддас шуморидани Ватану ватандорӣ, масъулияти баланд доштан баҳри аз худ кардани донишҳои замонавӣ, эмин будан аз ҳар гуна ҷараёнҳои номатлуби ҷомеа ва таъмин намудани мустақилияти ҳаётии ҷавонон буд. Дар маҷмуъ, дар баргузории чорабиниҳо мо тавонистем, ки зиёда аз 6 млн. нафарро фаро гирем. Албатта, инсон ба пуррагӣ аз фаъолияти худаш ҳеҷ гоҳ қаноатманд нест. Аммо бо чоп ва тақсим кардани садҳо ҳазор маводи иттилоотӣ, бо дастрасӣ аз рӯзномаи “Ҷавонони Тоҷикистон”, сомонаи рӯзномаву Кумита ва фаъол будан дар шабакаҳои иҷтимоӣ тавонистем, ки ҳамарӯза бо ҷавонони тоҷик дар тамос бошем. Мо дар “Соли ҷавонон” кӯшиш кардем, ки ҳам бо ҷавонони тамоми касбу кор, ҳам ятиму маъюбон, ҳам нафарони дар хориҷи кишвар буда ва ҳам бо нафарони душвортарбия кор кунему дар иртибот бошем. Фикр мекунам, мо тавонистем, ки дар ин самт баъзе корҳои асосиро ба анҷом расонем. Тамоми иқдомҳое, ки ҷиҳати дар сатҳи баланд таҷлил намудани соли 2017 ҳамчун “Соли ҷавонон” ба нақша гирифта будем, хеле дар сатҳи олӣ баргузор гардиданд. Кумита бо дарки он ҳама масъулияте, ки дар соли мазкур ба зимаи хеш дошт, бо тамоми нерӯ талош намуд, то онро хотирмону фаромӯшношуданӣ сипарӣ созад. - Роҳбари давлат дар Паёмашон аз вазъи ногувори ҷомеаи ҷаҳонӣ, бахусус терроризму экстремизм изҳори нигаронӣ карданд. Ва аксари онҳое, ки фирефтаи гурӯҳҳои ифротӣ мешаванд, ҷавононанд. Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш дар ин самт чӣ роҳҳо ва иқдомҳои наверо дар соли 2018 роҳандозӣ ме-
9
намояд? - Дар мулоқотҳои хеш Президенти мамлакат доир ба масъалаи ҷавонон суханронӣ намуда, мудом таъкид менамоянд, ки ояндаи кишвар дар дасти ҷавонон аст. Дар воқеъ, ҷавонон яке аз қишрҳои фаъоли ҷомеа ба ҳисоб мераванд ва рушди минбаъдаи ҷумҳурӣ аз ҷавонон вобастагии калон дорад. Хатаре, ки имрӯз на танҳо ба ҷомеаи Тоҷикистон, балки ба ҷомеаи ҷаҳонӣ таҳдид менамояд, ин шомилшавии ҷавонон ба равияҳои гуногуни экстремистӣ мебошад, ки аъзоёни он бо мақсади ҷудоиандозӣ дар байни мардум ва ангехтани иғвою дасиса миёни мардуми кишварҳои ҷаҳон талош менамоянд. Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш дар барнома ва нақшаҳои соли 2018 чорабиниҳои гуногунро ҷиҳати пешгирии шомилшавии ҷавонон ба гурӯҳҳои ифротӣ баргузор хоҳад кард. Инчунин, корҳои фаҳмондадиҳӣ дар миёни ҷавонон ҷоннок карда хоҳад шуд. Доир ба масъалаи терроризму ифротгароӣ Пешвои миллат дар Паёми навбатиашон зикр намуданд, ки “Дар ҳамкорӣ бо Созмони Милали Муттаҳид, Иттиҳоди Аврупо, Созмони Амният ва Ҳамкорӣ дар Аврупо ва дигар шарикони рушд моҳи майи соли 2018 дар Душанбе баргузории Конфронси байналмилалии сатҳи баланд дар мавзӯи муборизаи муштарак бо терроризму ифротгароӣ ва тундгароии хушунатомез ба нақша гирифта шудааст”. Бовар дорам, ки ин ҳамоиши бузург дар роҳи мубориза бо терроризму ифротгароӣ як гардиши куллиеро ба миён хоҳад овард. - Кӯтоҳ таассуроти Шумо аз Паёми имсолаи Президенти кишвар ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон... - Дар Паёми имсолаашон Президенти кишвар, Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тамоми паҳлӯҳои сиёсати давлатӣ дар соҳаҳои хоҷагии халқро мавриди таҳлили амиқ қарор дода, дар иртибот ба масъалаҳои иҷтимоӣ таъкид намуданд, ки “бо дарназардошти саҳми созандаи ҷавонон дар мамлакат мо соли 2017-ро “Соли ҷавонон” эълон намудем. Ин иқдом дар татбиқи сиёсати давлатӣ оид ба дастгирии ҷавонон нақши назаррас бозид. Ташаббуси мазкур, инчунин, барои боло рафтани ҳисси ватандӯстӣ, ташаккули тафаккури ҷавонон оид ба масъалаҳои ифтихори миллӣ ва худогоҳиву худшиносӣ такони ҷиддӣ бахшид. Боиси қаноатмандист, ки ҷавонони бонангу номус ва боиродаи мо ҳамчун нерӯи созанда дар маъракаҳои муҳими давлативу ҷамъиятӣ фаъолона иштирок карда, дар корҳои ободонӣ ва бунёдкорӣ ҳиссаи сазовор гузошта истодаанд. Ғамхории Ҳукумат нисбат ба ҷавонон танҳо бо “Соли ҷавонон” маҳдуд намешавад. Баръакс, ҳалли масъалаҳои вобаста ба наврасону ҷавонон минбаъд низ самти муҳимтарини фаъолияти мо хоҳад буд”. Ин таъкидҳо аз як тараф ифодагари оғоз шудани марҳилаи нави сиёсати давлатии кор бо ҷавонон ва ғамхорӣ нисбати ин қишри фаъоли ҷомеа буда, аз ҷониби дигар ин суханон бори дигар аз меҳру муҳаббати самимии Пешвои миллат нисбат ба насли наврасу ҷавони кишвар гувоҳӣ медиҳад, ки масъулияти ҳар як корманди мақомоти кор бо ҷавононро баҳри дар сатҳ ва сифати баланд иҷро намудани вазифаҳои хизматӣ ва ҳар як ҷавони кишварро ҷиҳати содиқона амалӣ намудани рисолати фарзандиашон дар назди Ватан тақозо менамоянд. Боварии комил дорам, ки мо якҷо, таҳти сиёсати хирадмандони Сарвари давлат баҳри боз ҳам ободу зебо кардани Ватани маҳбубамон тадбирҳои зарурӣ меандешем. - Барои як суҳбати самимӣ ва пурмуҳтаво ба Шумо изҳори миннатдорӣ менамоем.
10
“ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН”, №01 (9531), 04.01.2018
АНДЕША
“Соли ҷавонон” Дар Паёми Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии кишвар соли 2017 “Соли ҷавонон” эълон гардид. Ташаббус гардидани ин иқдоми наҷиб агар аз як тараф ба рукнҳои иҷтимоӣ-демографӣ ва сиёсӣ-стратегӣ рабт дошта бошад, аз тарафи дигар ҷанбаи таърихӣ дорад. Зеро насли ҷавони кишвар ҳанӯз аз рӯзҳои аввали мустақилияти кишвар дар бунёди давлати соҳибистиқлол, демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ бо ташаккул ва амалӣ намудани самти махсуси фаъолият — сиёсати давлатии ҷавонон давра ба давра ҳамқадами Ҳукумати кишвар буданду ҳастанд. Ба назар чунин расид, ки дар “Соли ҷавонон” ҳисси ватандӯстию меҳанпарастӣ ва созандагии ҷавонон боз ҳам боло рафта, онҳо аз худ чун пайравони асили Пешвои муаззами миллат дарак доданд. Гузашти ин сол бо хусусиятҳои хоси худ дар хотири ҷавонон ҳазорон хотира ва таассуротро ба ёд гузошт. Аз ин рӯ, аз мусоҳибонамон, ки ҳамагӣ ҷавононанд, тавсифи таассуроташонро аз ин соли таърихӣ пурсон гаштем.
Салимзода КАРИМҶОН, роҳбари Клуби волонтёрони Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати ҷумҳурӣ: - Боиси сарфарозист, ки бо пешниҳоди Пешвои ҷавонпарвари миллати тоҷик соли 2017 “Соли ҷавонон” эълон гардид. “Соли ҷавонон” бароям соли музаффариятҳову комёбиҳои беназир буд. Дар ин сол Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзодаро хатм намуда, дар партави сиёсати ҷавонпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Презииденти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба хизмати давлатӣ пардохтам. “Соли ҷавонон” соли минбари ташаббусҳои созанда, соли музаффариятҳои беназир, дастоварду маҳаки эҷоди ҳар як ҷавони равшанфикр буд. Аз ибтидо то интиҳои ин соли таърихӣ аз меҳри Ватан, эътимоду эътиқод ва ҷонфидоию сарсупурдагии ҷавонон ба ин марзу буми кишвар дарак медод. Ҳуввияти миллӣ, ҳифзи арзишҳои миллию дастовардҳои замони соҳибистиқлолӣ, арзишҳои маънавию осори пурғановати шахсиятҳои нотакрори миллати тоҷик бо ташкили чорабиниҳои гуногуни маърифатию фарҳангӣ дар “Соли ҷавонон” барои ҳар як ҷавони кишвар намунаи олии ибрат ва сабақи нотакрори ватандорӣ буд. Фаридаи ДАВЛАТ, донишҷӯи ДДОТ ба номи С. Айнӣ: - Соле, ки сипарӣ мешавад, дар кулвори хотираҳои мо – ҷавонон бо хати заррин навишта хохад шуд. Зеро имсол аз ҷониби Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон “Соли ҷавонон” эълон гардида буд. “Соли ҷавонон” дар баробари таҷлили дигар ҷашнҳои таърихӣ ва дубора эҳёшуда дар сафҳаҳои таърихи Ватани азизамон падидаи наверо ба ёдгор гузошт. Мо – ҷавонони зодаи Истиқлол, ифтихор аз он менамоем, ки ҳамеша Сарвари давлатамон нисбати мо мароқ зоҳир менамоянд. Бинобар ин, моро лозим меояд, ки ғамхориҳои падаронаи Пешвои миллатамонро бо тамоми ҳастӣ қадр намуда, ҷавобан Истиқлолияти давлатии Ватани маҳбубамонро чун гавҳараки чашм ҳифз намоем, донишу маҳорати хешро сайқал дода, бо дилу нияти пок баҳри ободию гулгулшукуфоӣ ва муаррифии Тоҷикистони азиз дар арсаи ҷаҳон талош варзем, то Ватани азизамон то дурҳои дур, то ҷаҳон боқист, мисли имсола бо ҷавонон ҳамеша ҷавону зебо бимонад.
- Боиси ифтихор ва хушбахтии мост, ки маҳз бо шарофати хизматҳои ин абармард – Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон миллати дар гирдоби обу оташ буда аз хатари парокандашавӣ наҷот ёфт ва тоҷик аз сари нав ҳамчун миллати соҳибтамаддун ба ҷаҳониён муаррифӣ гашт. Ва маҳз барои мо – ҷавонон мояи сарбаландист, ки аз рӯзҳои нахустини соҳибистиқлолии кишвар Президенти мамлакат ба мо таваҷҷуҳу бовар доранд ва дар ҳар як вохӯрию суҳбатҳои хеш бо мардум, алалхусус дар паёмҳои ҳамасолаи хеш ба ҷомеаи кишвар дар бораи ҷавонон ва ҷалби онҳо ба илму дониш, ҳунаромӯзӣ ва корҳои ободонию созандагӣ аҳамияти ҷиддӣ медиҳанд. Дар вохурӣ бо намояндагони кишвар 21 майи соли 2005 Президенти кишвар таъкид намуда буданд, ки “Шумо – ҷавонон барои тақдири имрӯзу ояндаи давлату миллат, рушду ободии мамлакат, дар арсаи ҷаҳон ва миёни давлатҳои мутамаддини олам мақоми шоиста ёфтани Тоҷикистони азиз масъулияти бузург бар дӯш доред”. Ин таъкидҳо аз ҳар як ҷавон масъулияти баландро дар пешрафти кишвари соҳибистиқлоламон тақозо менамояд. Зеро Президенти кишвар
кӯшиш карда истодаанд, ки ҷавонон дар дохил ва хориҷ аз кишвар ба таълим фаро гирифта шаванд ва дар оянда мутахассиси хуб шуда, ба халқу миллати худ содиқона хизмат намоянд. Ҳамин аст, ки дар ҷомеаи имрӯза дар кори пешбурди соҳаҳои мухталифи иқтисоди миллӣ мавқеи ҷавонон хеле муҳим аст, чунки ин қишри ҷомеа дорои афкори тозаю нав, нерӯи муҳими пешбарандаи иқтисод буда, истифодаи васеи технологияи муосирро дар истеҳсолот метавонад ба хубӣ таъмин созад. Мавқеи фаъоли ҷавононро дар рушди Тоҷикистони азиз ба инобат гирифта Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли 2017- ро “Соли ҷавонон” эълон доштанд. Ҷавонони мо аз ин таваҷҷуҳи Пешвои миллат руҳу тавони тоза гирифта, ба Модар-Ватан хизмати содиқона намудан, марзу буми онро ҳимоя кардан ва дар ҳимояи манфиатҳои давлату миллат ҳушёр буданро қарзи фарзандии худ медонанд. Мо – ҷавонон, бахусус ҷавонони даврони Истиқлолият ифтихор мекунем, ки як давлати соҳибистиқлол ва Сарвари дилсӯзу ғамхор дорем ва дар тӯли солҳои соҳибистиқлолӣ дар кулли соҳаҳо ба пешрафти азим ноил гардидем, хонаамон обод, зиндагиамон осуда
Руҳафзо ХОЛМАДОВА, донишҷӯ, волонтёри Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати ҷумҳурӣ: - Миннатдории самими хешро ба Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мерасонам, ки як солро дар кишвар ба мо – ҷавонон бахшиданд. “Соли ҷавонон” дар замири ҳар як ҷавон ҳисси худшиносиву худогоҳии миллиро тақвият
бахшид. Ҳукумати мамлакат ба ҷавонон таваҷҷуҳи зиёд дорад. Агар ба саҳифаҳои 26 соли таърихи соҳибистиқлолӣ назар кунем, хохем дид, ки ин ҳама пешравиҳо дар натиҷаи меҳнати пурсамари Пешвои муаззами миллат дар такя ба ҷавонон ва дигар табақаҳои ҷомеа ба даст омадааст. Ҳамчун иштирокчии Паём вақте ки Пешвои муаззами миллат “Соли ҷавонон”-ро эълон намуданд, хурсандии ман ҳадду канор надошт. “Соли ҷавонон” соли пирӯзиҳост. Дар ҳақиқат, бароям бисёр соли хотирмон ва фаромӯшнашаванда буд. Бовар дорам, ки на танҳои барои ман, балки барои тамоми ҷавонони кишвар ин сол хотирмон сипарӣ гашт. “Соли ҷавонон” соли натиҷагирии кору пайкори ҷавонони кишвар дар ҷодаи бунёдкориҳо, ободонии Ватан, кӯмаку ҳамдастии гурӯҳҳо ва табақаҳои мухталифи насли ҷавон буд. Дар ин сол ба бисёр комёбиҳо
Муслиҳиддин БУРҲОНЗОДА, мудири шуъбаи кор бо ҷавонони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шоҳмансур: шуд. Мо вақте чашм ба олами ҳастӣ кушодем, ки халқи мо ба орзуи деринаи худ – Истиқлолияти давлатӣ расида буд. Аз ин рӯ, кулли мардуми Тоҷикистон, махсусан ҷавонон бояд ба қадри ин неъмати бебаҳо, ба қадри ҳар зарра хок ва ҳар катра обе, ки Яздони пок ба мо ато фармудааст, бирасанд ва Ватани азизамон Тоҷикистонро дӯст доранд. Ҷавонон бояд исбот намоянд, ки дар ҳақиқат ҳам ояндаи миллату давлат дар дасти онҳост.
ноил гаштам ва маҳз ҳамин “Соли ҷавонон” буд, ки бо сарпарастии бевоситаи президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон, муҳтарам Рустами Эмомалӣ ва Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати ҷумҳурӣ дар Фестивали дӯстии ҷавонон ва як қатор сафарҳо ба шаҳру навоҳии кишвар иштирок кардам. Маҳз “Соли ҷавонон” имкон дод, ки соҳиби дӯстони зиёд гаштам. “Соли ҷавонон” инак ба анҷом мерасад, вале вазифаи ҳар яки мо аз он иборат аст, ки на танҳо соли 2017-ро “Соли ҷавонон” гӯем, балки тамоми умр кӯшиш ба харҷ диҳем ва тарзе кору фаъолият намоем, ки ҳамасола дар кишвари азизамон “Соли ҷавонон” бошад. Аз ин лиҳоз, ман ҳамчун як ҷавон ҷавобан ба ғамхориҳои падарона ва ҷавонпарваронаи Пешвои миллат кӯшиш ба харҷ медиҳам, то ҳамарӯза ҳиссаи худро дар пешрафти Тоҷикистони азизамон гузорам.
“ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН”, №01 (9531), 04.01.2018
АНДЕША
11
– соли тиллоӣ
Шукрона ҲАКИМОВА, мутахассис оид ба коргузорӣ дар КВД Маркази ҷавонони шаҳри Душанбе: - Ин солро метавонам бо чанд калима чунин унвон диҳам: “Соли тиллоии умри ман”. Боиси ифтихор ва сарфарозист, ки бо ташаббуси Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли 2017 “Соли ҷавонон” эълон гардид ва бори дигар собит шуд, ки Президенти мамлакат воқеан ҳам ба мо – ҷавонон эътмоду таваҷҷуҳи беандоза до-
ранд. Барои мо – кулли ҷавонони кишвар соли имкониятҳо, соли амалӣ гаштани орзуҳо ва соли расидан ба қуллаҳои баландтари мақсуд буд. Дар “Соли ҷавонон” бо сарпарастии президенти Федератсия футболи Тоҷикистон аз ҷониби Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати кишвар як қатор чорабиниҳо, аз ҷумла меҳмонии
Муҳаммади МУСО, донишҷӯи ДДФСТ ба номи М. Турсунзода:
ҷавонони ҷумҳурӣ ба минтақаҳои кишвар баргузор гардид. Ман имконият пайдо кардам, ки ба тамоми минтақаҳои ҷумҳурӣ сафар намуда, аз ҷойҳои таърихиву сайёҳии Ватани маҳбубам дидан намоям. Дар ин сафарҳо бо шумори зиёди ҷавонони дигар минтақаҳои кишвар робитаи дӯстӣ барқарор намудам. Аксари ҷавонон имконият пайдо карданд, ки дар идораҳои давлатӣ соҳиби ҷои кор гардида, дар пайравӣ аз сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат саҳми арзандаи худро дар пешравии давлат ва татбиқи сиёсати давлатии ҷавонон гузоранд. Аз ҷумла ман низ дар ин сол дар КВД Маркази ҷавонони шаҳри Душанбе ба сифати мутахассис оид ба коргузорӣ ба кор даромадам. Дар “Соли ҷавонон” бо дастгирии Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш имконияти ба шаҳри Маскваи Федератсия Русия сафар намудан пайдо гардид. Дар ин сафар ман дар Форуми байналмилалии волонтёри сол, ки муддати 3 рӯз идома намуд, иштирок намуда, дар он ҷо фаолияти волонтёрони ҷумҳуриро муаррифӣ намудам ва хушбахтона, дар байни давлатҳои ИДМ дар марҳилаи финалӣ соҳиби ҷоиза гаштам. Хуллас, ҳар лаҳза, ҳар дақиқа ва ҳар соати “Соли ҷавонон” барои мо ид буд.
Муҳаммадҷони ФАЙЗИМАД, донишҷӯи ДДФСТ ба номи М.Турсунзода: - Соли 2017 барои ман аз бисëр ҷиҳат муаваффақиятҳои назаррасро ба бор овард. Аввалан, мактаби миëнаро бо сари баланд хатм карда, тариқи ММТ ба Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи М.Турсунзода ба таври ройгон дар шуъбаи рӯзноманигори телевизион дохил шудам. Инчунин, натиҷаи ҳамкориҳоям бо рӯзномаи "Ҷавонони Тоҷикистон" буд, ки якчанд мақолаи ҷашниву фарҳангиам дар давоми сол ба чоп расид. Ва метавон гуфт, ки ин худ нахустқадамҳоеанд дар роҳи расидан ба қуллаи мақсуд. “Соли ҷавонон” аз бисёр ҷиҳат барои кулли ҷавонони кишвар фаромӯшнашаванда боқӣ хоҳад монд. Зеро дар ин сол дар соҳаҳои илму фарҳанг, техникаву технология, варзишу сайëҳӣ ва сиëсат пешравиҳои наву саривақтӣ ба вуҷуд омаданд, ки пешбарандаи асосии онҳо ҷавонон ба ҳисоб мераванд. Пешвои миллат ба мо – ҷавонон имкониятҳои хело бузургеро фароҳам овардааст, то ки нерӯи ояндасози миллат баҳри таҳкими дониш ва натиҷагирӣ кардан аз он тамоми имкониятҳоро дошта бошад. Агар ба даҳсолае қабл назар андозем, ин гуна имкониятҳо барои ҷавонон қариб ки ба мушоҳида намерасиданд. Хосса, бахшидани соле маҳз барои ин қишри ҷомеа дар гӯшаи хаëли касе ҳам набуд. Ҳамин аст, ки ҳар гоҳе ҳамнишини шахсони солор мешудам такрор ба такрор афсӯс хӯрда, мегуфтанд: "Э-э-э, дар давраи мо аз куҷо ин хел имкониятҳо буд? Ҷавононро дар он вақт эътироф ҳам намекарданд. Гапи мо дар ҳеҷ ҷо қадр надошт. Шумо ҷавонони ҳозира хушбахтед". Воқеан, мо зодагони замони истиқлолӣ, ҷавонони хушбахтем. Танҳо шоиста ва собитқадам будан, ба худи мо вобастааст. Ҳарчанд, ки “Соли ҷавонон” ба анҷом расид, лек ҳамоно масъулият ба дӯши мо дӯчанд аст. Зеро соли 2017 соли созандаю тақдирсоз ва дар айни замон оғози оғозҳо буд.
- Асосгузори сулҳу Ваҳдати милли – Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳамаи баромадҳояш иброз медорад, ки ҷавонон ин ояндаи давлату миллат мебошанд. Ҷавононро дар руҳияи ватандӯстӣ бояд тарбия намуд, чунки ояндаи давлату миллат дар дасти ҷавонон аст. Маҳз ҳамин боварию эътиқоти Ҷаноби Олӣ нисбати ҷавонон буд, ки соли 2017-ро "Соли ҷавонон" эълон намуд. Халқи тоҷик мудати чандин солҳо орзуи онро мекарданд, ки нафаре пайдо шуда қаҳрамонии Саидмумин Раҳимовро такрор намояд. Хушбахтона орзуи халқи тоҷик баъд аз 37 сол маҳз дар “Соли ҷавонон” амалӣ гардид. Варзишгарони тоҷик Дилшод Назаров ва Беҳрӯз Хоҷазода қаҳрамонии ҷавонпаҳлавон Саидмумин Раҳимовро бори дигар такрор намуда, парчами Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар миқиёси ҷаҳон баланд бардоштанд. Инчунин, дар қатори дастоварди варзишгарон боз наврасони тоҷик низ дар соҳаи илму фарҳанг дар ин сол ба дастовардҳои бузург ноил гардиданд. Аз ҷумла наврасони тоҷик дар давлати Русия дар олимпиадаи зеҳни иштирок намуда сазовори ҷойҳои намоён гардиданд. Ҳукумати кишвар дар сиёсати пешгирифтаи худ ба ҷавонон такя карда, ҷавононро нерӯи созанда ва пешбарандаи ҳаммаи соҳаҳои ҳаётии мамлакат меҳисобанд. Чунки, ободгару муаррифгари миллату давлат ба ҷавонон вобастагии бузӯрг дорад. Имрӯзҳо аз ҳама таваҷҷуҳи бештар ба ҷавонон нигаронида шудааст. Чун тақдири минбадаи кишвар низ дар дасти ҷавонон аст. Мо – ҷавонон бояд ба ин боварию ғамхории Ҳукумати кишвар сазовор бошем. Аз ҳамаи имкониятҳое, ки дар даст дорем истифода намуда донишу малакаи хешро баланд бардошта дар пешрафти Ватани азизи хеш саҳмгузор бошем. Ва исбот намоем, ки "Соли ҷавонон" унвон гирифтани соли 2017 барои мо – ҷавонони Тоҷикистон зебандаву арзанда буд.
ТАҲИЯ: ХУРШЕД МАВЛОН, “ҶТ”
12
“ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН”, №01 (9531), 04.01.2018
АНДЕША
Тавре иттилоъ доред, бо дарназардошти саҳми ҷавонон дар рушди ҷомеа ва иштироки фаъолонаи онҳо дар ҳаёти сиёсиву иқтисодии мамлакат аз ҷониби Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли 2017 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон “Соли ҷавонон” эълон гардида буд. Акнун аз ин соли таърихӣ рӯзҳои башумор боқӣ мондааст. Аз ин рӯ, тавассути як савол аз ситораҳои варзиши соли 2017 таассуроташонро дар робита ба ин соли таърихӣ пурсон гаштем: Беҳрӯз ХОҶАЗОДА: “Соли ҷавонон” дар ҳаёти натанҳо ман, балки дар ҳаёти оилаи ман, мардуми варзишдӯсти тоҷик ва мухлисони самбои кишвар фаромӯшнашуданист. Зеро баъди 42 сол ба ман муяссар гардид, ки дастоварди ҷаҳонпаҳлавони зиндаёди тоҷик Саидмуъмин Раҳимовро такрор намояму медали тиллои самбои чаҳонро ба Ватани азизам биёрам. Ба Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сипосамро мерасонам, ки соли 2017-ро пурра ба ҷавонон бахшиданд. Маҳз чорабиниҳои даҳчанд зиёди варзишии “Соли ҷавонон” буд, ки мо таи як сол ҳатто як рӯз ҳам аз варзиш фориғ намондем. Бахшида ба “Соли ҷавонон” дар сартосари ҷумҳурӣ мусобиқаҳои варзишӣ, ба монанди Фестивали бозиҳои миллии варзишӣ, ки дар даври сеюми он дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе аз намуди гӯштини миллӣ мақоми аввалро ишғол намудам, “Ҷоми Пойтахт-2017”; “Наврӯз-2017”; Инчунин дар ин сол медали тиллои Чемпионати Осиё аз намуди самбо, медали тиллои V-умин Бозиҳои осиёӣ дар шаҳри Ашқободро ба гардан овехтам, ки ин дастовардҳои баланди варзишӣ маҳз дар “Соли ҷавонон” насибам гаштанд. Аввалин бор дар чемпионати ҷаҳон аз намуди гӯштини ҷудо баромад намудам. Баъди қаҳрамони ҷаҳон гардидан дар тамоми чорабиниҳое, ки бахшида ба “Соли ҷавонон” барпо гардид, ба ҳайси қаҳрамон ва меҳмони ифтихорӣ иштирок намудам. Дар баробари дастгириҳои Ҳукумати кишвар, инчунин, соҳибкорони ватанӣ бисёр дастгириҳо карданд. Кумитаи миллии олимпӣ ва Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш ба ман бовар намуда, бандаро ба рӯйхати варзишгароне, ки то Олимпиадаи Токио-2020 аз ҷониби ин ниҳодҳо стпендия мегиранд, шомил намуданд. Шуруъ аз соли 2018 ман омодагиҳоямро ба мусобиқаҳои байналмилалӣ аз намуди гӯштини ҷудо оғоз мекунам. Мақсад шарафу обрӯи кишвари азизамро боз ҳам болотар бурдан аст. Дар охир ба ҳамаи мухлисону варзишгарони тоҷик гуфтаниям, ки ҳамин эстафетаи соли 2017ро аз даст надода, Тоҷикистонро доим дар зинаи якум нигоҳ доранд.
ВАРЗИШГАРОН: “Соли ҷавонон” Бахтовар ҲАСАНОВ: “Соли ҷавонон” барои ман бо комёбиҳо оғоз гардид. Аввалин маротиба миёни калонсолон дар вазни 75 кило аз гӯштини юнонӣ-румӣ қаҳрамони Тоҷикистон шудам. Ин дастовард ба ман имкон дод, ки давоми соли 2017 дар мусобиқаҳои берун аз кишвар Тоҷикистонро муаррифӣ намоям. Бахшида ба “Соли ҷавонон” дар сатҳи ҷумҳурӣ мусобиқаҳои зиёд назар ба солҳои қаблӣ баргузор гардид, ки заминаи хуби омода шуданамон барои мусобиқаҳои сатҳи байналмилалӣ буд. Инчунин, дар чемпионати шаҳри Душанбе, ки бахшида бо эълон гардидани “Соли ҷавонон” баргузор шуд, мақоми аввалро ишғол намудам. Дар Чемпионати Осиё, ки дар пойтахти Ҷумҳурии Ҳиндустон шаҳри Деҳлӣ аз 10 то 14 май баргузор гардид, зинаи сеюмро ишғол намудам, ки ин натиҷаи беҳтарини ман то имрӯз аст. Соли 2017 бо як лаҳзааш дар хотирам бештар нақш бастааст: вақте дар чемпионати Осиё дасти маро довар боло карду эълон намуд, ки дар вазни 75 кило мақоми сеюм насиби варзишгари Тоҷикистон Бахтовар Ҳасанов гардид. Бо ин нишондод меъёри “Ҷоизаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ғолибон ва ҷоизадорони мусобиқаҳои байналмилалии варзишӣ”-ро иҷро намудам. Ин фурсатро истифода намуда, миннатдории худамро ба Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мерасонам, ки варзишгаронро дастгирӣ менамоянд ва мо – варзишгарон кӯшиш мекунем, ки дар соли 2018 аз ин ҳам натиҷаҳои бештарро ноил гардем. Сомон МАҲМАДБЕКОВ: - Имсол бароям соли бобарор буд. Дар давоми соли ҷорӣ нахустин мусобиқаи худро аз Ҷоми ҷудои ҷавонони Африқо дар шаҳри Туниси кишвари Тунис оғоз намуда, медали тилло ба даст овардам. Дар Ҷоми Аврупо миёни ҷавонони то синни 21-сола, ки 19 август дар шаҳри Аради Руминия баргузор гардида буд, низ соҳиби мақоми аввал гардидам ва аз он ифтихор дорам, ки дар ин ду мусобиқа ба туфайли қувваозмоии банда Парчами Тоҷикистони азиз боло гашта, Суруди миллӣ садо дод. Дастоварди дигари хотирмон бароям сазовори ҷои сеюм гаштанам дар мусобиқаи қаҳрамонии Ҷоми ҷаҳон миёни ҷавонон, дар шаҳри Загреби Ҷумҳурии Хорватия мебошад. Ифтихор мекунам, ки ҷавонони тоҷик дар дохил ва хориҷи кишвар тавонистанд, ному шарафи кишварро дар соҳаҳои илм, фарҳанг ва варзиш дар “Соли ҷавонон” баланд бардоранд. Имсол дар соҳаҳои мухталифи варзиш ҷавонони тоҷик ба дастовардҳои бузурге ноил шуданд, ки чанде аз онҳо барои миллати мо таърихӣ буданд. Қаҳрамонии ҷаҳонпаҳлавон Беҳрӯз Хоҷазода дар ришати самбо, ки баъди 42 сол маҳз дар “Соли ҷавонон” амалӣ гашт. Комроншоҳи Устопириён бори дигар дар шаҳри Ҳонгконг қаҳрамони Осиё шуд. Дар варзиши сабук бошад, аввалин бор дар таърихи
Истиқлолият варзишгарони тоҷик Александр Пронженко, Кристина Пронженко ва Одилшоҳ Исматов аз шаҳри Тошканд ва Бишкек медалҳои тилло оварданд. Аз ҳама муҳим ва хотирмон бароям ин истиқболи мухлисонам буд. Аз ин рӯ, бори дигар ба ҳама мақомот ва мухлисонам, ки маро баъди баргаштанам ба Ватан дар фур¬ӯдгоҳ истиқболи гарм ва қадрдонӣ намуданд, аз самими қалб изҳори ташаккур мегӯям. Шаҳриёр ДАМИНОВ: “Соли ҷавонон” бароям пурбарор буд, зеро дар беҳтарин м ус обиқаҳои с а т ҳ и байналмилалӣ Ватанамонро муаррифӣ намудам. Дар ин сол дар ду ҷоми ҷаҳон иштирок намуда, ба даври финалии В ва С расидам, ки ин нишондоди хуб аст. Баъдан, дар чемпионати Осиё дар шаҳри Шанхайи Ҷумҳурии мардумии Чин сазовори зинаи дуюм гардида, меъёри “Ҷоизаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ғолибон ва ҷоизадорони мусобиқаҳои байналмилалии варзишӣ”ро иҷро намудам. “Соли ҷавонон” дар ҳаёти мани варзишгар бо мусобиқаҳою чорабиниҳои хоссааш дар ёд мемонад. Ҷаҳонгир: МАҶИДОВ: - Маҳз бо пайки “Соли ҷавонон” дар соҳаи интихобкардаам ба дастовардҳои бузург ноил гардидам. Аввалин маротиба дар кариераи даҳсолаи варзишиам бо гирифтани холҳои зиёд дар раддабандии Федератсияи байналмилалии ҷудо миёни наврасон садрнишини ҷадвал гаштам. Дидани номи худ дар рӯйхати ҷудочиёни дунё орзуи ҳар як варзишгари наврас аст, ки на ба ҳар кас муяссар мегардад. Аввалин мусобиқаам дар “Соли ҷавонон” бобарор оғоз ёфт, зеро ман маротибаи аввал дар мусобиқаи Ҷоми Аврупо оид ба гӯштини ҷудо то синни 18-сола ширкат намуда, мақоми якумро сазовор гардидам. Пас аз ин моҳи апрели соли ҷорӣ мусобиқаи дуюми байналмилалиам дар шаҳри Тулаи Федератсияи Русия баргузор гардид, ки сазовори медаи тилло шудам. Рӯйдоди таърихии дигар бароям Чемпионати Осиё буд. Ин мусобиқа миёни наврасон 13-14-ум июл дар шаҳри Бишкеки Қирғизистон баргузор гардид. Вақте ки Парчами кишварат дар миёни 70-80 давлати дунё бо садо додани Суруди миллӣ баланд мешавад, ифтихори ватандорист. Имсол маротибаи дуюм аст, ки “Ҷоизаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон...”-ро соҳиб мешавам ва ин дастгириҳоро мо - варзишгарон ҳеҷ гоҳ фаромӯш намекунем. Тибқи нақашаи варзишиам аз соли 2018 омодагиҳоямро ба мусобиқаҳои байналмилалӣ аз намуди гӯштини ҷудо байни ҷавонон оғоз мекунам. Ҳадафи ягона шомил шудан ба рӯихати варзишгарони Олимпиадаи Токио-2020 аст. Ба тамоми дӯстдорони варзиши тоҷик барои дастгириашон изҳори ташаккур намуда гуфтаниям, ки ҳамеша парчамбардори халқу Ватани хеш бошанд!
Акмалиддин КАРИМОВ: “Соли ҷавонон” бароям бо он дар хотир мемонад, ки дар се мусобиқаи берун аз кишвар ба хотири ман Суруди миллиамон садо дод. Ин лаҳзаҳои фаромӯшнашуданӣ дар Чемпионати Осиё, ки дар шаҳри Тошканди Ӯзбекистон, дар мусобиқаи Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, ки дар шаҳри Улянски Русия, дар V-умин Бозиҳои осиёӣ дар шаҳри Ашқободи Туркманистон насибам гашт. Дар шаҳри Сочии Русия чемпионати ҷаҳон аз намуди гӯштини самбо баргузор гардид, ки мақоми дуюмро ишғол намудам. Аз миёни ин мусобиқаҳо бароям навгонӣ он буд, ки дар ҳамин сол гӯштини самбо бори нахуст шомили Бозиҳои осиёӣ шуд. Мо интизори ин мусобиқаро надоштем ва тайёриҳоямон низ ба ин мусобиқа чандон хуб набуд. Бо он сабаб ки бахшида ба “Соли ҷавонон” мусобиқаҳои варзишии дохилиҷумҳуриявӣ зиёд баргузор гардид ва мо дар онҳо иштирок намудем, барои мо як заминаи хуби омодашавӣ ба V-умин Бозиҳои осиёӣ гардид. Ин ҳама ғамхориҳо ва иқдомҳои бевоситаи Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбати варзиш ва варзишгарон аст. Баъди таъсиси “Ҷоизаи Президенти Ҷумуҳрии Тоҷикистон барои ғолибон ва ҷоизадорони мусобиқаҳои байналмилалии варзишӣ” варзишгарони тоҷик чӣ қадар дастовардҳои навро вориди хазинаи варзиши кишвар намуданд. Ман хурсандам, ки ду маротиба соҳиби ин ҷоиза мегардам ва дар оянда кӯшиш мекунем, ки аз ин ҳам қуллаҳои баланди варзишро фатҳ намуда, беҳтарин дастовардҳоро ба номи Тоҷикистони азизамон муҳр занем. Саидҷалол САИДОВ: “Соли ҷавонон” дар ҳаёти варзишиям як саҳифаи нав боз намуд, зеро дар ҳамин сол яке аз орзуҳои асосиям ҷомаи амал пӯшид. Сар карда аз соли 2013, ки дар Ватанамон “Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба гӯштини ҷудо” таъсис ёфт, орзуи барандаи ҷоми мазкур шуданро доштам. Хушбахт аз онам, ки соҳиби 5-умин Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2017 гардидам. Дар баробарин ин, дар “Ҷоми Пойтахт-2017”, ки бахшида ба ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ аз рӯи намуди гӯштини миллӣ баргузор гардид, мақоми аввалро ба даст овардам. Бахшида ба ҷашни Истиқлолияти давлатӣ ва даври сеюми Фестивали бозиҳои милии варзишӣ дар мусобиқаи ҷумҳуриявӣ аз намуди гӯштини миллӣ, ки дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе доир гардид, зинаи якумро ишғол кардам. Соли 2017 бароям соли пирӯзиҳо буд. Зеро дар тамоми мусобиқаҳои сатҳи ҷумҳурӣ аз рӯи намуди гӯштини миллӣ ва ҷудо ба гирифтани мақоми аввал мушарраф шудам. Раҳмон МАҲМАДБЕКОВ: “Соли ҷавонон”-ро бо д а с то ва рд ҳ о е ҷамъбаст намудам, ки орзуяшонро дер боз
дар дил мепарваридам. Аз ин рӯ, метавон гуфт, ки соли хотирмон дар ҳаёти варзишиям буд. Аз аввали сол барои варзишгарони тоҷик шароит фароҳам оварда шуд. Мо-варзишгарон аз ин иқдом ва имкониятҳо давоми сол истифода намуда, дар мусобиқаҳои берун аз кишвар миллату давлатамонро муаррифӣ намудем. Дар мусобиқаи ҷумҳуриявӣ миёни ҷавонон қаҳрамон шуда, ҳуқуқи дар мусобиқаҳои байналмилалӣ иштирок намуданро пайдо намудам. Баъдан дар чандин мусобиқаҳои дохилӣ, ки бахшида ба “Соли ҷавонон” гузаронида шуд, иштирок намудам, ки ин таҷриба ва заминаи хуби омодагиҳоям ба Чемпионати Осиё шуд. Чепионати Осиё 3-4-уми июл дар шаҳри Бангкоки давлати Тайланд баргузор гардид ва дар он парчами ватани азизамро дар зинаи сеюм парафшон намуда, аввалин маротиба меъёри “Ҷоизаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ғолибон ва ҷоизадорони мусобиқаҳои байналмилалии варзишӣ”-ро иҷро намудам, ки аз ин сарфарозам. Баъдан дар шаҳри Хуҷанд бахшида ба “Соли ҷавонон” мусобиқаи байналмилалӣ доир гардид, ки беҳтарин варзишгарон аз кишварҳои гуногун иштирок доштанд. Дар он дар вазни 86 кило мақоми дуюмро ишғол намудам. Ин дастовард маро қаноатманд намекунад, зеро дар ватани худам имкони хуби қаҳрамон шуданро доштам. Вале ноумед нестам. Шуруъ аз соли 2018 тамринҳоямро дар ду баст ба роҳ монда кӯшиш мекунам, ки дар чемпионати ҷаҳон парчами кишварро дар зинаҳои ифтихорӣ парафшон намоям”. Темур РАҲИМОВ: - Соли 2017 назар ба дигар солҳо бароям пурбарор ва хотирмон хотима ёфт. Бобарории сол аз оғози он шурӯъ гардид, зеро бевосита Пешвои миллат соли мазкурро танҳо ба ҷавонон бахшиданд. Ин қарори Роҳбари давлат бе асос намонд ва Ҳукумати кишвар дар ин сол дастгирии ҷавононро дучанд гардонид. Мо сарфароз аз онем, ки дар чунин Ватани соҳиб истиқлол умр ба сар мебарем ва ин ифтихори мост, ки Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба соҳаи варзиш бисёр таваҷҷуҳи хоса доранд. Ҳар як шахс вақте, ки ба варзиш ҳаёти худро мебахшад, ӯ уҳдадор аст, ки дар мусобиқаҳои байналмилалӣ ширкат намуда, парчами ватани азизи худро дар арсаи ҷаҳонӣ муаррифӣ намояд. Ин талошҳои ӯ аз тарафи Ҳукумат бе ҷавоб намемонад. Зеро маҳз бо дастгирии Пешвои миллат соли 2015 “Ҷоизаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ғолибон ва ҷоизадорони мусобиқаҳои байналмилалии варзишӣ” таъсис ёфт. Имсол аввалин маротиба бо ҷоизаи мазкур сарфароз гардидам, ки ин хотирмонтарин лаҳзаҳои варзишиам мебошад. Дар соли -2017 чор ҷоизаи байналмилаиро соҳиб гардидам, ки ин нишондод тавонист дар раддабандии умумиҷаҳонии ҷудо миёни ҷавонон мавқеамро дар зинаи 3-юм қарор диҳад. Нақша дорам, ки аз намуди ҷудо қаҳрамони ҷаҳон гардам.
“ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН”, №01 (9531), 04.01.2018
АНДЕША
соли дастовардҳои олӣ буд Ҷамоллиддин АБДУЛЛОЕВ: - Дар “Соли ҷавонон” ба дастовардҳои назаррас ноил гаштам. Нахустин ғалабаам аз Ҷоми Осиё оид ба гӯштини ҷудо миёни наврасон оғоз гардид. Дар ин мусобиқа бо ҳамаи ҳарифонам зафар ёфта, сазоврори медали тилло гаштам. Пас аз ин пирӯзӣ роҳхати Ҷоми Аврупо оид ба гӯштини ҷудо миёни наврасонро ба даст овардам. Ин мусобиқа дар шаҳри Анталияи давлати Туркия баргузор гардид. Ҳарчанд мусобиқа бароям нобарор анҷом ёфта бошад ҳам, садди роҳи ғалабаҳои минбаъдаам шуда натавонист. Баъди чанде дар мусобиқаи навбатии Ҷоми Аврупо оид ба гӯштини ҷудо ширкат намуда, зинаи 5-умро касб намудам. Ин чорабини дар шаҳри Тулаи Федератсияи Русия ҷараён гирифт. Дастоварди таърихиам дар ин сол мусобиқаи қаҳрамони ҷаҳон оид ба ҷудо миёни наврасони то 18-сола буд. Мусобиқа аз 9 то 13-уми августи соли ҷорӣ дар пойтахти Чилӣ шаҳри Сантяго доир гардид. Дар ин мусобиқаи ҷаҳонӣ 428 варзишгар (230 писару 198 духтар) аз 64 кишвари ҷаҳон иштирок дошт. Дастаи мунтахаби Тоҷикистонро панҷ нафар варзишгар муаррифӣ намудем, ки аз байни онҳо ба ман муяссар гардид, ки медали биринҷии ин чорабиниро ба даст орам. Тими мунтахаби паҳлавонони Тоҷикистон бо як медали биринҷӣ ва як мақоми панҷум дар байни 64 кишвар ҷои 24-умро соҳиб шуд, ки ин лаҳзаҳои фаромӯшнашаванда дар фаъолияти варзишиам аст. Ҷаҳон ҚУРБОНОВ: - Мо - варзишгарон бисёр хурсанд шудем, ки соли 2017 аз тарафи Пешвои миллат, муҳтарам Эм а м а л ӣ Раҳмон “Соли ҷавонон” эълон гардид. Зеро варзишгарони Тоҷикистон аслан ҷавононанд. “Соли ҷавонон”ро ман бо дастовардҳои зерин сипарӣ намудам: Моҳи майи соли 2017 дар Чемпионати Осиё, ки дар шаҳри Тошканди Ҷумҳурии Ӯзбекистон баргузор гашт, сазовори медали биринҷӣ ва соҳиби роҳхат ба чемпионати Ҷаҳон гаштам. Моҳи августи соли 2017 дар давлати Белорусия дар мусобиқаи байналмилалӣ, ки дар он варзишгарон аз 20 давлат иштирок намуданд, мақоми сеюмро касб намудам. Соли 2017 нисбат ба дигар солҳо бартарии зиёд дошт. Бо шарофати ин сол дар ҳамаи шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ бисёр толорҳои варзишӣ, майдончаҳои варзишии нав сохта шуданд, ки ин саҳми хеле балнд барои пешрафти варзиши тоҷик аст. Дар соли 2017 дар ҳама паҳлӯҳои ҳаёт такя ба ҷавонон карданд. Чизи дигари хотирмон дар ин сол бароям сарвари Мактаби варзишӣ таъин шуданам буд. Албатта, дар оянда дар паҳлуи Пешвои миллат рост истода, баҳри муаррифии миллату давлатамон кӯшиш ба харҷ медиҳем.
Зафар ОЛИМШОЕВ: - Имсол ба он хотир бароям хотирмон аст, ки аввалин бор дар Чемпионати ҷаҳонии самбо ҷоизадор шудам. Нисбати солҳои қаблӣ соли 2017 дар мусобиқаҳои байналмилалӣ зиёд иштирок намудем ва натиҷаҳои хуб низ ба даст овардем. Ин ҳама дастовардҳо ба туфайли “Соли ҷавонон” эълон гардидани соли 2017 аз ҷониби Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буд. Зеро дар ин сол мусобиқаҳои варзишӣ нистаб ба солҳои қаблӣ чандин маротиба зиёдтар баргузор гардид ва мо тавонистем таҷрибаи худро барои мусобиқаҳои берун аз кишвар зиёд намоем. Муваффақиятҳоям дар ин сол аз мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оғоз гардид, ки дар вазни 82 кило қаҳрамони Ҷумҳурии Тоҷикистон гардидам. Ин дастовард сабаб гардид, ки давоми сол дар вазни 82 кило дар берун аз кишвар муаррифгари Тоҷикистони азиз бошам. Дар чемпионати Осиё бошад, зинаи сеюмро касб намудам. Дар V-умин Бозиҳои осиёӣ, ки дар шаҳри Ашқобод баргузор гардид, дар даври ниҳоӣ вохӯриро бохтам ва медали нуқраро ба гардан овехтам. Ман ин ҳама дастовардҳоро дар самти варзиши тоҷик аз таваҷҷуҳи бевоситаи Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебинам. Он ғамхорию иқдоме, ки нисбати мо варзишгарон мекунанд, дар ҷавоб мо кӯшиш мекунем, ки аз ин ҳам бештар баҳри обрӯи миллати худ талош намоем. Сорбон ЛАТИФОВ: - Ман пеш аз ҳама миннатдории худро ба Пешвои миллат, муҳтарам Эм о м а л ӣ Раҳмон мерасонам, ки соли 2017-ро “Соли ҷавонон” эълон карданд. Бо шарофати ин сол дар мусобиқоти Ҷоми Ҷахон, ки дар шаҳри Астанаи Ҷумҳурии Қазоқистон аз намуди самбои муҳорибавӣ иштирок намуда, сазовори ҷои 2-юм ва медали нуқра гаштам. Бароям фаромӯшнашуданист, ки бори аввал дар ҳамин сол дар Чемпионати Ҷахон, ки дар шаҳри Сочии Федератсияи Русия баргузор гардид, иштирок карда, соҳиби медали биринҷӣ шудам. Аз ин рӯ, соли 2017 барои ман хело соли бобарор аст. Ҳамчунин аввалин маротиба аст, ки қатори варзигарони дигари муваффақ номам шомили гирандагони “Ҷоизаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ғолибон ва ҷоизадорони мусобиқаҳои байналмилалии варзишӣ” гардид. Ин барои мани варзишгар боиси ифтихори аст, ки Роҳбари давлат ба мо таваҷҷуҳи махсус зоҳир мекунад ва мо ваъда медиҳем, ки бо дастовардҳои худ сазовори ин бовариҳо мегардем. Ҳоҷимашраб РАҲМОНОВ: - Мо фарзандони даврони истиқлол ифтихор аз он дорем, ки дар чунин ватани орому осоишта умр ба сар мебарем. Ба-
рои мо варзишгарон Ҳукумати кишвар ва Пешвои миллат тамоми шароитро фароҳам овардааст. Имрӯз мо - варзишгаронро мебояд, барои баланд бардоштани парчами давлату миллати хеш ва муаррифии он дар арсаи ҷаҳонӣ шабу рӯз заҳмат кашида, қарзи фарзандии худро адо намоем. Боиси ифтихор аст, ки баҳри руҳбаланд намудани варзишгароне, ки бо дастовардҳои байналмилалӣ мушараф гардидаанд, “Ҷоизаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ғолибон ва ҷоизадорони мусобиқаҳои байналмилалии варзишӣ” таъсис ёфтааст. Соли 2017 ба дастовардҳои таърихӣ ноил гардидам. Аз ҷумла моҳи май дар Ҷоми кушоди Осиё миёни ҷавонон оид ба гӯштини ҷудо ширкат намуда, бо медали биринҷии ин мусобиқа ба Ватан баргаштам. Баъди чанде унвони чемпиони Тоҷикистон оид ба гӯштини ҷудо миёни ҷавононро ба даст овардам. Чемпионати Осиё байни ҷавонон дар фаъолияти варзишиам нишондоди таърихист. Мусобиқа 15-16-уми июл дар шаҳри Бишкеки давлати Қирғизистон баргузор гардид, ки бо медали биринҷӣ мушарраф гардидам ва “Соли ҷавонон” бо ин дастовардам дар хотири ман нақш мебандад. Эраҷ АБДУЛЛОЕВ: - Аз диди як варзишгар ва шояд тамоми одамон ифтихори миллӣ замоне боло мегирад, ки Парчами маҳбуби Ватан дар дигар кишвар барафрохта мешавад, ин лаҳзаҳо ифтихори миллии моро ҳадду канор нест. Аз рӯзҳои аввали тамринам дар ниҳодам маҳз ҳамин орзуро мепарваридам, ки ман бояд давлату миллатмаро берун аз кишвар муаррифӣ намоям. Бо вуҷуди он ки дар соли ҷорӣ, чемпионати кишвар байни калонсолон ҷойи дуюм, чемпионати кишвар байни ҷавонон то 23-сола ҷойи якумро гирифтам, аммо ин маро қаноатманд нагардонид. Як даъфа дар чемпионати чаҳон миёни ҷавонон дар Хорватия шикаст хурдам, аммо дар чемпионати Осиё байни ҷавонон оид ба гӯштини ҷудо ҷойи сеюмро ишғол кардам. Ин ҳама бурдро барои худ хеле кам медонам. Ва дақиқан ҳам дар борабри ин ҳама дастгириҳо ҳадяи кӯчак аст. “Соли ҷавонон” дар баробари дигар дастгириҳо бесобиқа аст. Орзуҳое, ки мехостам дар ин сол бароварда созам, мекӯшам ба номи ҳамин сол дар дигар солҳо онҳоро амалӣ намоям. Мегӯянд, “Ҳар сарбоз орзуи генерал шуданро дорад”. Ман ҳам нақшаи асосиам ин аст, ки дар оянда дар кишвар миёни калонсолон қаҳрамон шуда, медали олимпиро ба даст оварам. Фарҳод РАҲМАТУЛЛОБЕКОВ: - Имсол бароям соли пурфайзу бобарор ва хотирмон буд. Зеро дар “Соли ҷавонон” ба се ҷоизае ноил гардидам, ки орзуяшонро ҳамеша дар дил мепарваридам. Эълон гардидани соли 2017 ҳамчун “Соли ҷавонон” аз тарафи Пешвои миллат, Президенти кишвар, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳаёти ҷавонони кишвар як саҳифаи нав боз шуд. Саҳми ҷавонон дар рушди ҷомеа ва иштироки фаъолонаи онҳо дар мусобиқаҳои варзишии
байналмилалӣ бештар гардид. Аз ҷумла баъди ғолибият дар чемпионати кишвар оид ба гӯштини ҷудо байни ҷавонон роҳхати мусобиқаи Ҷоми Осиёро ба даст овардам. Ин мусобиқа дар ҳаёти варзишиам аввалин маҳсуб меёфт ва аз лиҳози камтаҷрибагӣ дар он сазовори ҷои сеюм гардидам. Пас аз ин рақобатҳо маро дар пеш Чемпионати Осиё байни ҷавонон интизор буд ва хушбахтона, дар мусобиқаи мазкур бар ҳамаи ҳарифон пирӯз шудам. Ин аввалин медалли тиллои ман аз мусобиқаи байналмилалӣ буд, ки ба гардан овехтани он дар “Соли ҷавонон” бароям муяссар гардид. Ин лаҳзаро ҳеҷ гоҳ фаромӯш намекунам. Боиси ифтихор аст, ки ғолибони мусобиқаҳои байналмилалӣ дар риштаи варзиш бо Ҷоизаи Президенти кишвар сарфароз мегарданд ва барои ман имсол бори аввал ин ҷоиза насиб гардид. Ин дастгирии Роҳбарияти кишвар барои варзишгарони ҷавон як ҷаҳон эҳсосоти баланди миллӣ мебахшад, ки ҳамеша талош барои муаррифии халқу миллати хеш мекунанд. Ибодулло ИБОДОВ: “Соли ҷавонон” барои он хотирмон аст, ки ман барои аввал дар мусобиқаҳои берун аз кишвар То ҷ и к и с т о н р о муаррифӣ намудам. Солҳои пеш намуди гӯштини Ҷиу-Ҷитсу дар кишварамон маъмул набуд ва мо наметавонистем дар мусобиқаҳои сатҳи байналмилалӣ иштирок намоем. Дар солҳои қаблӣ низ дар сатҳи ҷумҳурӣ натиҷаҳоям бад набуд, вале муаррифии миллат дар арсаи байналмилалӣ бароям дар соли 2017 даст дод. Бахшида ба “Соли ҷавонон” зиёда аз панҷ мусобиқаи сати ҷумҳуриявӣ баргузор гардид, ки дар ҳамаи онҳо фаъололна иштирок намудам. Моҳи феврали 2017 мусобиқаи ҷумҳуриявӣ доир гардид, ки дар вазни 34 килло қаҳрамони Тоҷикистон гаштам. Ин дастовард ба ман имкон дод, ки дар мусобиқаҳои берун аз кишвар Тоҷикистонро муаррифӣ намоям. Чемпионати ҷаҳон миёни ҷавонон дар шаҳри Абудабии Аморати Мутаҳидаи Араб 16-18 апрел баргузор гардид, ки парчами кишварро дар зинаи аввал парафшон намуда, медали тиллоро ба гардан овехтам. Ин шарафи бузург – аввалин мусобиқаи берун аз кишвар ва аввалин медали тиллои Чемпионати Ҷаҳон бароям дар “Соли ҷавонон” даст дод. Аввалин мусобиқаи байналмилалӣ ва соҳиби зинаи аввал гардидан ба муваффақиятҳои баъдӣ роҳи моро боз намуд. Дар мусобиқаи байналмилалӣ, ки дар Қазоқистон баргузор гардид, миёни зиёда аз 12 давлат боз зинаи аввалро ишғол намуда, ба Чемпионати ҷаҳони соли 2018 роҳхат гирифтам. Ин ҳама натиҷаҳо, албатта, аз “Соли ҷавонон” бароям хотирмонанд. Шамсиддин АБДУРАҲМОНОВ: “Соли ҷавонон” барои ман ва Федератсияи гӯштини ҶиуҶитсу хотирмон буд. Баъди эълон гардидани “Соли ҷавонон” варзиш дар ватани мо даҳчанд оммавӣ гардид. Ин фурсатҳоро истифода бурда, мо намуди гӯштини ҷиу-ҷитсуро ба ҷавонон муаррифӣ намуда, аввалин маротиба дар Чемпионати Ҷаҳон Тоҷикистонро аз ин намуди гӯштин намояндагӣ намудем. Дар
13 аввалин ҳунарнамоии худ тавонистам мақоми дуюмро касб намудам. “Соли ҷавонон” соли муаррифии миллати тоҷик дар намуди Ҷиу-Ҷитсу буд. Дар Чемпионати ҷаҳон миёни ҷавонон, ки мо аввалин маротиба ширкат намудем, давлати моро намешинохтанд. Баъдан чанд нафар варзишгарони мо зинаи аввалро ишғол намуданду суруди миллии мо садо дод ва парчами Тоҷикистони азиз парафшон шуд, онҳо омада моро табрик мекарданд. “Соли ҷавонон” бо ҳамин лаҳзаҳояш дар хотирам нақш бастааст. Хурсанд аз он ҳастам, ки бори аввал сазовори Ҷоизаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ғолибон ва ҷоизадорони мусобиқаи байналмилалии варзишӣ шудам. Дар соли 2018 Бозиҳои олимпии Осиё, ки дар шаҳри Ҷакартаи Индонезия баргузор мегардад, гӯштини Ҷиу-Ҷитсу аввалин маротиба шомили ин бозиҳо гардид. Кӯшиш мекунем, ки дар мусобиқаи мазкур парчами ватанамонро дар зинаи аввал муаррифӣ намоем. Фатҳулло ФАТҲУЛЛОЕВ: - Дар “Соли ҷавонон” бисёр хотироти ҷолиб ва дастовардҳои хубе бароям боқӣ монд. Бо дастгирии Пешвои миллат ва роҳбарияти Федератсияи футболи Тоҷикистон имсол дар соҳаи футболи кишвар навигариҳои зиёд ба миён омад. Тими мунтахаби футболи кишвар барои роҳхат гирифтан ба бозиҳои Ҷоми Осиё-2019 вохӯриҳои тақдирсозро гузаронид. Бо дастаи “Истиқлол” то финалӣ бозиҳои Ҷоми КФО-2017 баромадем. Ҳарчанд гирифтани ин ҷом бароямон муяссар нагашт, вале як таҷрибаи хубе шуд. Бо ҳайати тими “Истиқлол” чор маротиба ба бозиҳои финалӣ –Ҷоми ФФТ, Суперҷоми Тоҷикистон, Ҷоми КФО, ва Ҷоми Тоҷикистон баромада, Қаҳрамонии кишвар ва Ҷоми ФФТ-ро ба даст овардем, ки ин худ як дастоварди бузург аст. Ба кулли мардум тоҷик барору комёбиҳо ва ба варзишгаронашон пирӯзиҳои пай дар пайро таманно дорам. Муҳаммадраҳим САРАХОНОВ: - Соли 2017 пур аз комёбиҳову дастовардҳо буд. Зеро ин солро Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҷавонон бахшиданд ва ҷавонону варзишгарон бошанд, тамоми имкониятҳоро истифода намуданд. Мо – варзишгарон ба хотири адо намудани қарзи фарзандии худ дар назди Ватан бо ҷону дил талош намудем. Аввалин дастовардам дар ин сол аз чемпионати кишвар оид ба гӯштини ҷудо миёни калонсолон оғоз гардид. Дар мусобиқаи мазкур сазовори ҷойи сеюм гардида, роҳамро барои мусобиқаҳои ҷаҳонӣ боз намудам. Аз ҷумла роҳхат ба Чемпионати Осиё оид ба гӯштини ҷудо миёни ҷавононро ба даст овардам, ки 16 июли соли ҷорӣ дар шаҳри Бишкеки давлати Қирғизистони баргузор гардид. Дар ин мусобиқа мақоми сеюмро касб намуда, роҳхат ба Чемпионати ҷаҳон байни ҷавононро соҳиб гардидам. Дар он мусобиқа пас аз ду ғалаба ба шикаст рӯ ба рӯ шудам. Ҳарчанд мағлуб гардида бошам ҳам, роҳи маро барои идомаи мусобиқаҳо набастааст. Нақша дорам дар соли 2018 дар мусобиқаи ҷаҳонӣ оид ба гӯштини ҷудо миёни ҷавонон ширкат варзам. Таҳияи Шодихони НАЗАР, “ҶТ”
14 Мурдаро дар байни болохонаи дувоздаҳболора дароз карда буданд. Дару тиреза маҳкам пӯшида буд. Тиреза то нисф аз матои суф пардаи сафед дошт, ки одатан онро дар тирезаи беморхонаҳо истифода мебаранд. Дар хона ба ҷуз ду сандуқу ду даста бор дигар чизе набуд. Бо вуҷуди салқин будани хона дар назди ҷасад як бодбезаки барқӣ беист ба чапу рост тоб хӯрда, шамол медод. Аз таки болишт нӯки корд менамуд. Дар сари болини мурда зани миёнаумре нишаста, ҳар замон бо ҳошияи қарси сафед оби дидагонашро пок мекарду зери лаб пичиррос мезад: - Вой шӯрам хушк шавад, духтарҷон, ин сари сахтамро ба кадом гӯри даҳонво занам, ин шармандагиро ба куҷо барам, ки ба чашми мардум нанамояд. Ту дар ин ҷо ҳайрону мо дар берун дойра зада, рақсу бозӣ дорем. Кошкӣ ман мемурдаму ин рӯзи сиёҳро намедидам. Вой духтаракам! Ҳамин вақт дар оҳиста кушода шуда, ҷавонзани тахмин бисту панҷсисола ворид шуд. - Чӣ кардӣ, оча? – гуфт вай ва оҳи сард кашида, дар бари модар ҷой гирифт. - Чӣ ҳам мекардам, мурдабонӣ карда нишастам. Ин иснодро куҷо мебарем, духтарам? Падари гӯрсӯхтаат ба гапи ман гӯш надод. Ҳамсояҳо фаҳманд, дар ду дунё рӯмона сиёҳ мекунанд. Магар даҳани ин беваҳоро баста мешавад? Пагоҳ аз бинӣ боло гап занӣ, ба рӯят мекашанд, ки мурдаи духтаратон дар болохона зору ҳайрон мехобиду шумо сина ҷунбонда, арғушт мерафтед. - Мо арғушт намерем,- гуфт ҷавонзан. - Ба онҳо чӣ фарқ дорад, ки ту меравӣ ё не. Тӯй - тӯйи мо, мо хурсандӣ дорем-ку! - Хайр, чӣ кор мекунем? - Намедонам, духтарҷон, ҳайрон мондам. Ин падари шумо як умр маро сӯзонд, хӯрдагиамро заҳр, пӯшидагиамро кафан кард. Илоҳӣ дар ду дунё рӯз набинад,- ҳасрат кард модар. – Во духтаракам, духтараки номуродам! Чаро сари мара хам карда рафтӣ! - Чиҳо мегуӣ, оча? Чаро сари мо хам будааст? Шукри худо ягон вақт аз касе пасту забонкутаҳ набудем, гул мехӯрдем, гул мепӯшидем. Ту дар ҳама давраҳои занон бологузар, касе ҳад надорад, ки гапи падарама ду кунад. Мо ҳам дар байни ҳамсолонамон гапамона дар замин намегузоронем.. Хайр, бебарорӣ шуд, кӣ медонад чунин ҳодиса шуданашро. Дили одамизодро фаҳмида нашавад, як сару сад хаёл, гуфтаанд. - Бояд туйро манъ мекардем. - Баръакс - манъ мекардем, обрӯямон мерехт. - Туф кардам ман ба обрӯи тую падарат. Ту аз куҷо медонӣ дарду ғами фарзанда. Нӯҳ моҳ дар қадат бардошта, чандин шабҳоро дар сари гаҳворааш рӯз кунӣ, як лахт гӯшта бо ҳазор орзую умед, ранҷу заҳмат ба сурати як парирух тарбия намоию баъд дар як дам бой диҳӣ. Алам намекунад магар? Э вой!
КИТОБХОНАИ “ҶТ” - Касе меояд,- гуфт ҷавонзан ҳаросон ва ҷаста аз ҷой бархоста, дами дар рафт. Марде ба хона ворид шуд. - Ту дар ин ҷо чӣ кор мекунӣ, Раъно? – пурсид мард аз ҷавонзан ва дарро аз паси худ маҳкам пӯшида, ғазаболуд нигоҳашро ба зан кӯчонд. – Ман ба ту чӣ гуфта будам? Зан ба саволи шавҳар посух надода, сар хам кард. - Нагуфта будам, ки то гузаштани маърака қадаматро ба ин хона намон. Ё ту маро дар назди мардум шарманда кардан мехоҳӣ! - Охир наметавонам,- оби чашмаш шашқатор гуфт зан,- ба дилам ягон хурсандӣ намеғунҷад. Чӣ хел парӣ барин духтарам дар ин ҷо мурда хоб раваду ман дар берун хурсандӣ кунам? Наход ту ҳаминро нафаҳмӣ? Охир ту ҳам падар ҳастӣ, ин духтар аз камари ту рӯидааст. - Ту мехоҳӣ, ки ман мардумро аз ҳавлиям бароварда пеш кунам! Туро дуруст фаҳмидам? Гӯям, ки мебахшед, ман шуморо ба тӯй даъват карда будам, аммо ҳозир ҳамроҳи ман ашк резед… Ҳамин тавр гӯям? Не, хомтамаъ набош, намегӯям. Ҳар азоб як рӯз тоқат мекунед. Медонам,
ба ту баъд ду-се даҳан гап дорам, меҳмонҳоро гусел кунам. Мард ба қаҳр аз хона берун шуд ва ба қафо нигариста, илова кард: - Дигар ман сиёҳии ҳеҷ касро дар болохона набинам. Дарро қуфл зада, калидашро ба ман биёред. Мард аз зинаҳои тахтагин поин шуд. - Хез, оча,- аз оринҷи зан дошт духтараш. – Ҷаҳли дадама медонӣ, баробар нашав. Биё, ба ҳар азоб тӯйи хоҳарама гузаронем, ана баъд гиряву нолаамонро мекунем. - Илоҳӣ ба пайи духтарам равад, дадат. Ин гапи куҷо, а, мурдаро ду рӯз дар хона танҳо нигоҳ дорӣ. Арвоҳи вай ду рӯз сарсону ҳайрон мегардад. На як кас дар ҳаққаш дуо мекунад, на касе дар мотамаш оби чашм мерезад. Рӯсиёҳ мешавем оқибат дар байни хешу ҳамсояҳо. Мардум аз пасамон қир-қир механданд. Аммо дадаи ту дар ғами обрӯи худаш. Арвоҳ мезанад моро, духтарам! Дигар рӯзи хушро намебинем, нони беғам намехӯрем. Чӣ рӯзи сиёҳ омад ба сарамон. Дар сари ҷасади ҷигарбандамон овоз баланд карда наметавонем… Ҳозир нафас дар гулӯям печида, дилам торс мекафад.
- Хоҳарҷонакам,- нолишкунон хам шуда, аз пешонии мурда бӯсид ҷавонзан. – Чаро ин кори бенура кардӣ! Охир вай ба як тори мӯят намеарзад. Во хоҳараки ҳунармандам! Мошини дарздӯзиат дар кунҷи хона ҳайрон монд,- ҳамоно зери лаб нола мекард ҷавонзан. Баъд сар бардошта, ба модараш, ки сукут меварзид, норозиёна гуфт: - Чаро бохабар нашудед, худашро танҳо гузоштед? - Ман аз куҷо медонам, ки қасди худкушӣ дорад. Дина аз хонаи ҳамсоя як қабза ӯсма оварда, дар пештахтаи тиреза паҳн кард, ки пагоҳ ба абрувони Зӯҳро мекашем. Ҳамин пагоҳӣ то саргаҳи кӯчаро об зада, рӯфт. Хурсанд буд, аз чеҳрааш ягон аломати хастагӣ наменамуд. - Хона рӯшан мекардааст. - Моро дар ғафлат мононд, фиребамон дод,- гуфт модар фиқфиқкунон. - Аввал кӣ бохабар шуд? - Худам. Барои дадат аз сандуқ тоқии нав мегирам, гуфта, ба болохона бароям, хона пури хун. - Раги дасташро буридаст… - Ҳа. Ба покуи дадат. Ҳар гаҳ усто биёяд, ба ҳамон покуи худаш ришу
душвор, аммо дигар илоҷ нест. Мо мардума аз дуру наздик ба тӯй даъват кардем, бигзор хурсандӣ кунанд, як даҳон ошашона бе ғам хӯранд, рақсу бозиашона кунанд, ана баъд ихтиёратон. - Ту дил надорӣ, доим гапи худата гузаронидан мехоҳӣ. Ҳамун мардум ҳам муъмину мусулмонанд, мефаҳманд. Наход дар ҳамин рӯзи мусибат биханданд. Онҳо ҳам одаманд, маргу мурда доранд… Ҳамааш баҳона. Ту агар заррае меҳри падарӣ медоштию дар марги духтарат месӯхтӣ, ин гапҳоро намегуфтӣ. - Ту сӯзӣ шуд, ман сӯхта ҳисоб. - Пагоҳ ҳаққу ҳамсояҳо фаҳманд, чӣ мегӯянд. Ин тарафи гапа ҳеҷ фикр мекунӣ! Оё ин корамон мақоли “мурдаро монда тутхӯрӣ”-ро намемонад? - Гап тамом! – мисли дами теғ сухани занашро бурид мард. – Ман шаб ба ту ақлкӯтоҳ фаҳмондам, ки кори бенур шуд, аммо чора надорем. Агар тую духтаронат то пагоҳ овозатона мебароред, баъд аз худатон гила кунед. Гапи ман якто. Хун меҷӯшонам ҳамин ҳавлира. Зуд аз паи дегу табақ шавед, меҳмонҳоро пешвоз гиред. Чеҳраатонро кушоед, ки касе чизеро пайхас накунад. Тӯй ҳам аз худамону мурда ҳам. Туф кунем боз ба рӯи худамон меафтад. Гуфтам-ку, ақаллан то бегоҳ тоқат кунед, қудоҳоро гусел кунем, баъд ихтиёратон. Баъд хоҳед худатонро тарту март кунед. Аммо ҳозир бо нолаю шевани беҷо ҳама кора барбод надиҳед, табъи ҳамаро хира накунед, ба оши бо ҳазор орзую ҳавас дам партофтаамон хок напошед. - Кали баор,- сар бардошт зан. - Пӯш даҳоната! – абрувонашро чину гиреҳ кард мард. – Ман
Дигар тоқат кардан наметавонам. Духтар андешаманд дасти модарро раҳо карда, баргашта нишаст. Вай чанд лаҳза гӯё гуфтаҳои модарашро дар кӯраи андешаи худ мегудохта бошад, хомӯш монд ва оқибат ба ин пешомади бад бовар ҳосил кард магар, ки оҳи бадард кашида гуфт: - Ман намефаҳмам, чаро Фотима ин корро кард. - Духтаракам аз ор мурд… Аслан қудоҳо бори аввал ӯро хостгорӣ омада буданд. Ман аз падарат рустӣ ба модари домодшаванда гуфтам, ки ба ҳар ҳол ҷавонҳо як назар якдигарро бубинанд, ду даҳан суҳбат кунанд. Онҳо ҳам розӣ шуданд ва маслиҳат кардем, ки мулоқот дар хонаи холаат баргузор шавад. Ҳамон рӯз Фотима Зӯҳроро низ ҳамроҳ бурд. Домод дар ҳамон ҷо Зӯҳроро дида, ба вай дил мебандад. Вақте ки қудоҳо бори дуюм омаданд, сад баҳона пеш оварда, Зӯҳроро хостгор шуданд. Аввал падарат хашмгин шуд, мани худозада мобайн даромадам, ки онҳо дар шинохти дугоникҳо, яъне Фотимаю Зӯҳро иштибоҳ кардаанд. - Баъд Фотима чӣ гуфт? - Чӣ ҳам мегуфт, бечора духтаракам. Ҳафташ дар мушташ монд. - Ман аз ин гапҳо хабар надоштам. - Роҳат дур, рӯзгорат вазнин, дар солу моҳ як бор тир барин меоию меравӣ, аз куҷо мефаҳмӣ. Пӯсткандаи гап, мисли ҳамин рӯз падарат гаштаю баргашта таъкид мекард, ки ин гапро аз даҳанатон набароред. Ману Фотима аз тарс ба даҳанамон қуфл зада гаштем. Аммо имрӯз маълум шуд, ки духтарам оқибат ин бори гарони нангро бардошта натавонист.
мӯйлабашро ба тартиб меоваронд, мӯйи сар метарошонд. - Зӯҳро хабар дорад? - Ҳа… Мегуфтанд, ки дугоникҳо дар ун кунҷи дунё бошанд ҳам, дарди якдигарро ҳис мекунанд, рост будаст. Ҳоло ман аз болохона берун нашуда, Зӯҳро давида омад, ки чӣ гап? Мегӯяд, ки худ ба худ раги дасту поям кашида, қариб буд аз ҳуш равам. Баъд якбора Фотима ба ёдаш расидааст. Бовар мекунӣ, хун мекашидааст. - Кош ба умеди ҳамон самбӯсаҳо нанишаста, барвақт меомадам,оҳанги пушаймонӣ кард ҷавонзан. Пазанда дер кард. Ду бор ба хонааш занг задам. - Сараша хӯрад самбӯсааш. - Таъриф мекунанд, барои дастархони занҳо овардам. Хоҳаршӯю ҳарду абусунам меоянд. Худат нағз медонӣ, онҳо дар масхара кардан устухон надоранд, ба думи ака эрод мегиранд. - Акнун чӣ лозим ун самбӯсаҳо. Заҳри баданамон мешавад. Раъно чанд дақиқа андешаманд ба модар нигариста, гуфт: - Аз як ҷиҳат, оча, гапи дадам ҷон дорад. Медонӣ, ки ҳозир чандин хешу табору ҳамсояҳои бахиламон дар тамошои моянд. Агар тӯямон вайрон шавад, онҳо аз хурсандӣ курта-курта гӯшт мегиранд. Ту хаёл мекунӣ, зани амакам ба мо дӯст аст? Хестӣ, ки дар хоб дидаӣ. Як умр гули дастархонамона хӯрда, аз пас ғайбатамон мекунанд. Бовар кун, очаҷон, агар ҳамин маърака вайрон шавад, уно дар дилашон як тӯй барпо мекунанд. Як умр дороии моро чашми дидан надоранд. Бигузор Зӯҳро хушу хурсанд ба хонаи шавҳараш равад, баъд худамон ме-
Сур ва сӯг
“ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН”, №01 (9531), 04.01.2018 донем. Касе аз берун садо кард: - Раъно! Ҷавонзан берун баромад. - Э занак, ку очаат? Дар ҳамин болохона тилло гӯр кардаед, ки аз он ҷо намеҷунбед. Ҳозир магар вақти шиштан аст. Занҳо омаданд, каси аз дасташон дастархона мегирифтагӣ ёфт намешавад. Биё, тезтар. Тавба! Ин хел зани бафурҷара бори аввал мебинам. - Ҳозир,- гуфт ҷавонзан ва баргашта ба хона даромад. – Оча, биё, рафтем. Дарро қуфл зан, ки касе надарояд. - Ту рав, ман аз пасат меоям,гуфт зан, сар набардошта. Раъно рафт. Аз байн чанд дақиқа гузашт, аммо аз модар дарак набуд. Дар ин байн қудоҳо низ расида омаданд. Баробари ба ҳавлӣ ворид шудани домод садои сурнаю дойра баланд шуд. Ҷавонҳо ба рақс даромаданд, қисми дигар давра гирифта, қарс мезаданд. Чанд нафар занону духтарон кафи дастонашонро аз орд пур карда, ба сари меҳмонҳо пошиданд. Зане як лаълӣ қандҳои коғазпечро ба сари домод чошид. Кӯдакон якдигарро телакунон аз байни пойи одамон шириниҳоро чида гирифтанд ва қию чувкунон ҷониби базмгоҳ давиданд. Дар он ҷо чанд нафар мизу курсиҳоро барои шабнишинӣ тайёр мекарданд. Як нафар сарояндае, ки ҳамроҳи ҷӯраҳои домод омада буд, рубобашро ба даст гирифта, ба хондан сар кард: Домода овардем-э, арӯс буро пешвозаш… Ҳавлӣ пур аз рақсу суруд буд, хандаю шӯхӣ буд. Ҳамсоязанҳо, хешони аз дуру наздик омада, аз дили Раъно бехабар ӯро ҳар замон ба рақс мекашиданд. Аммо вай ҳазор баҳона пеш оварда, худро аз давра берун мекард. - Биё, ба ҷойи очат ту ҳамроҳи мо бирақс,- касе духтари дувоздаҳсолаи Раъноро ба рақс даъват кард. Духтарак низ гӯё ҳамин лаҳзаро мунтазир буд, ки зуд ба рақс даромад. Вай маҳин-маҳин мехиромид, чарх мезад. Раъно, ки аз дур давраро назора менамуд, наздик омада, духтарашро ҷеғ зад: - Духтарҷон, давида бибиата ҷеғ зан, чаро ҳаял карданд… Ҳамин вақт аз айвони болохона нолаю шевани зане ба саҳни ҳавлӣ танин андохт: - Во духтараки нозанинам! Маро ба кӣ партофта рафтӣ! Хонаам сӯхт, марду-у-м! Ҳама рӯ ба ҷониби болохона оварда, дар дами дар модари мӯйҳояш парешону ду рухсораш хуншорро дида, дар ҳайрат монданд. Дар як дам садои мусиқию овози сароянда, хандаю шӯхии занону рақсҳои мавзуни духтаракон ва ғалоғулаи кӯдакон хомӯш гашт. Исмат-амак низ лаҳзае чӣ кор карданашро надониста, дар ҷояш ях баст. Баъд якбора ба ҷунбиш омаду ҷониби занаш аз қаъри дил фарёд кашид: - Мекушам! Равшани МАХСУМЗОД, нависанда
“ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН”, №01 (9531), 04.01.2018 (Аввалаш дар шумораи №51, 21.12.2017) Дар мавриди робитаву ҳамкориҳои Донишкада бо донишгоҳҳои олии касбии давлатҳои дигар қайд кардан лозим аст, ки Донишкада аз соли 2007 ба узвияти Ассотсиатсияи байналхалқии мактабҳои олии касбии ҷаҳон шомил гардид ва дар як радиф бо 55 мактаби олии варзишии сайёра Донишкадаро чун макон ва пойгоҳи муқаддаси тайёр кардани варзишгарони бомаҳорати касбӣ ба расмият шинохтаанд. Дар ин замина солҳои таҳсили 2011-2012 ва 20122013 паи ҳам ду кунгураи илмии байналмилалӣ бо иштироки намояндагони беш аз 40 донишгоҳу донишкадаҳои олии ҷаҳон дар Тоҷикистон, бевосита дар Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон ба номи Саидмуъмин Раҳимов доир гаштанд, ки дар он олимон ва аҳли назари варзиш масоили мубрами варзиш, хусусиятҳои гуногунпаҳлӯи онро мавриди табодули назар қарор доданд. Моҳи октябри соли 2015 Кунгураи 5-уми Ассотсиатсияи байналхалқии мактабҳои олии варзишии ҷаҳон низ дар Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон доир гардид, ки ин тадбири воқеан ҳам сиёсию таърихӣ, фарҳангию варзишӣ дар сатҳи баланд доир гардид. Баъди узвият ба Ассотсиатсияи байналхалқии мактабҳои олии касбии ҷаҳон дар навбати худ намояндагони Донишкада дар бисёр конгресҳои байналхалқии илмӣ, аз ҷумла дар кишварҳои Чин, Муғулистон, Русия, Белорус, Арманистон, Қазоқистон, Булғористону Украина ширкат варзида, бо ҳаёти варзишии мактабҳои олии ин кишварҳо аз наздик шинос гардида таҷриба андӯхтанд. Агар ба рақамҳо рӯ орем, давоми 46 соли мавҷудияти худ ин боргоҳи ягонаи олии варзишии кишварро беш аз 34 ҳазор нафар хатм кардаанд ва ин далели он аст, ки ҳайати кадрии Донишкада аз уҳдаи тайёр намудани мутахассисони баландихтисос сарбаландона мебароянд. Баъдан, ба шарофати хатми ҳамасола шӯҳрату эътибори Донишкада дар байни сокинони шаҳру ноҳияҳо боз ҳам афзуд ва барои зиёд шудани сафи хоҳишмандони таҳсил дар Донишкада ва шумораи довталабон мусоидат намуд ва бешубҳа сокинони кишвар мудом аз пирӯзию сарбаландӣ ва муваффақиятҳои ҷолиби номварони варзиши ҷаҳонӣ Зебунисо Рустамова, Андрей Абдувалиев, Саидмуъмин Раҳимов, Аҳтам Раҷабов, Иброҳим Ҳасанов, бародарон Юрий ва Михаил Лабановҳо, Анатолий Старостин, Гавҳар Пӯлодова, Вадим Соков, Хайрулло Назриев, бародарон Алишеру Рустам, Расулу Ҳаким Боқиевҳо, Гулсара Додобоева, Дилшод Назаров, Эрика Шиллер, Муқаддас Набиева ва ба инҳо монанд барҳақ ифтихор менамоянд, ки маҳз онҳо нахустин алифбои варзишро аз Донишкада омӯхтаанд. Имрӯз ному насаби
НИГОҲИ ДИГАР
15
Кохи муҳташами илму ирфони варзиш Ё сухане чанд аз марҳалаҳои рушди Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон ба номи С. Раҳимов бонувони варзишгар Албина Камолиддинова, Фирӯза Зубайдова, Лола Абдуллоева, хоҳарон Фотимаву Зӯҳро Тағоеваҳо, Гулсара Додобоева, хоҳарон Надимаю Мадина Мирзоеваҳо, Лутфияю Фарида Қараеваҳо, Сабоҳат Исмоилова, Мавзуна Чориева, Шаҳло Насриддинова, Дилором Шерова шоистаи таҳсин ва офаринҳост, ки онҳо дастпарварони ин боргоҳи муқаддас мебошанд. Хушбахтона, имрӯз ҳам Донишкада ҳамон анъанаи ғолибиятҳоро идома дода, ҳоло 150 нафар беҳтарин донишҷӯён аз рӯи 15 намуди варзиш узвҳои пайвастаи тимҳои мунтахаби Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошанд. Дар Бозиҳои тобистонаи 29-уми олимпие, ки соли 2008 дар шаҳри Пекини Ҷумҳурии мардуми Чин доир гардид, аз 15 нафар узви даста 9 нафари онҳоро маҳз дастпарварони Донишкада ташкил медоданд. Ва фоли басо нек ҳам буд, ки байни онҳо хатмкардаи Донишкада Расул Боқиев соҳиби зинаи сеюми Бозиҳои олимпӣ ва сазовори медали биринҷӣ гардид. Барандаи медали Бозиҳои олимпӣ дар Лондон Мавзуна Чориева ифтихори на танҳо Донишкада, балки саросари Тоҷикистон аст. Дастоварди Дилшод Назаров дар Бозиҳои навбатии олимпӣ на танҳо тоҷикистониён, балки кулли тоҷикони дунёро шод намуд. Ҳамагӣ чанде қабл мо шоҳиди қаҳрамонӣ - дастоварди бузурги варзишии донишҷӯи ДТҶТ ба номи С. Раҳимов Беҳрӯз Хоҷазода, ки баъди 42 сол дар риштаи гуштини самбо корномаи варзишии ҷаҳонпаҳлавон С. Раҳимовро такрору руҳи ӯро шод намуд, гардидем. Имрӯз Донишкада бо ғолибони мусобиқаҳои ҷаҳонӣ, байналмилалӣ, минтақавию ҷумҳуриявӣ, яъне бо собиқ хатмкардаҳову дастпарварон ва донишҷӯёни ин боргоҳи муқаддас, аз қабили Дилшод Назаров, Шералӣ Бозоров, Муҳаммад Абдураҳмонов, Парвиз Собиров, Шералӣ Достиев, Акмалиддин Каримов, Мақсадулло Ҷабборов, Анвар Юнусов, Галина Митяева, Сотиболдӣ Ҳайитов, Мурод Тӯйчиев, Дилшоду Фарҳод Восиевҳо, Абдурауф Мусоев, Умеда Ҷӯраева, Наргис Неъматуллоева, Нодира Мирзоева, Азизбек Гулов, Зарриншои Азиз, Баҳодур Қодиров, Фарҳоди Усмонзода, Фарҳод Қуралов, Лутфулло Розиқов, Хушвақт Назаров, Зиёратшо Баротов, Зоиршоҳ Пиров, Хисрави Иқболшоҳ, Низомиддин Сангов, Ганҷина Ҳабибуллоева, Шерзод Нормуродов, Бахтиёр Абдуллоев, Беҳрӯз Набиев, Лола Лиситса ва Хуршед Маҷидов, ки шаъну эътибори кишварамонро дар арсаи ҷаҳон баланд бардошта истодаанд ва даҳҳо тани дигар ифтихор дорад.
Вақте сухан дар бораи дастовардҳои рӯзафзуни Донишкада меравад, зарур аст, бо арзи сипосу эҳтиром ва ифтихор номи собиқ сарварони Донишкада Тоҳир Умаров, Репа Фёдор, Иброҳим Ҳасанов, Камонбардор Шукроев, Абдуҷаббор Сатторов, Бурихон Ҷобиров, Абдураҳмон Маҳмадов, Абдулҳаким Розиқзодаро ёдовар шавем, ки дар бунёд, рушду нумуъ ва баланд бардоштани шӯҳрати Донишкада хизматҳои шоиста намудаанд. Тӯли солҳои охир бо роҳбарии доктори илмҳои педагогӣ, профессор Сафаров Шодӣ Асомуродович Донишкада ба дастовардҳои муҳим дар таҳкими раванди таълим, илм, варзиш, корҳои тарбиявӣ ва таҳкими пойгоҳи таълимию илмӣ ноил гардид. Пеш аз ҳама дар раванди такмили сифати таълим дар Донишкада бо мақсади тайёр намудани мутахассисони ба талаботи замон ҷавобгӯ як қатор тағйироти куллӣ ба амал омаданд. Аввалан, компютеркунонии раванди таълим идома ёфта, ташкили марказҳои компютерӣ ва қабули санҷишу имтиҳонҳо тариқи тестӣ - ба воситаи компютер, таъсиси синфхонаҳои компютерӣ падидаи ҷавобгӯи талаботи замон мебошад. Дуввум, Донишкада аз аттестатсияи давлатӣ бомуваффақият гузашт ва имрӯз ин боргоҳи варзиш ва дониш барои тайёр намудани мутахассисон аз рӯи ихтисосҳои бакалавру мутахассис иҷозатнома дорад. Савум, дар як муддати кӯтоҳ масъалаи ташкили кафедра ва факултаҳои нав ҳалли худро ёфтанд. Чаҳорум, дар тӯли солҳои охир тағйиротҳои назаррас дар фаъолияти илмиву варзишии ҳайати олимону омӯзгорони Донишкада ба вуқуъ омаданд. Танҳо дар тӯли чор соли охир дар Донишкада 4 симпозиуми байналмилалӣ, 9 конференсияи ҷумҳуриявӣ ва зиёда аз 40 конференсияҳои донишкадавӣ доир гардиданд. Бояд афзуд, ки давоми солҳои 2009-2016 дар Донишкада зиёда аз 70 навоварии ҷолибу фараҳбахш ба вуқуъ пайвастанд. Бо салоҳдиди раёсат, бо ҷалби сармояи хориҷӣ, варзишгоҳҳои наву замонавии футболи хурд, волейбол, баскетбол сохта шуданд. Осохона, Маркази ҷавонон ва маркази компютерӣ таъмиру таҷдид гардиданд. Бори нахуст бо ибтикори Донишкада соли 2016 Мусобиқаи якуми Осиё байни донишҷӯён оид ба бокс дар Душанбе доир гашт ва боиси ифтихор аст, ки дар ин мусобиқа дастаи яккачини бокси Тоҷикистон ғолиби асосӣ гардид. Инчунин, боиси ифтихор аст, ки дастаҳои мунтахаби волейбол, гамбол, гӯштин, бокси Донишкада солҳои охир мавқеи пешсафиро аз даст намедиҳанд. Инчунин, аз рӯи намудҳои зикргашта варзишгарони Донишкада – устодони
Сафаров Шодӣ Асомуродович, ректори Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон ба номи С. Раҳимов, профессор, доктори илмҳои педагогӣ варзиши Тоҷикистон дар ҳайати дастаҳои яккачини кишвар шарафи варзишии ҷумҳуриро ҳимоя мекунанд. Ҳамзамон, вақте дар бораи бурду бохти Донишкада, аз боби муваффақиятҳо сухан меравад, бояд асосгузорони нахуст пойдевори алифбои онро пеши назар оварем. Дар ин маврид аз боби меҳнати босубот ва арзандаи устодони собиқадори Донишкада, аз қабили Наим Турсунов, Абдулло Муродов, Тоҷимад Суярқулов, Сандон Анваров, Ғиёсиддин Қаюмов, Амирсултон Наботов, Гул Исоев, Тошбой Маркаев, Мирзоёр Ҷумъаев, Зиё Икромов, Назар Бедимоғов, Анатолий Арапенко, Борис Учаев, Владимир Виноградский, Арменак Калашян, Арнол Терказарян, Владимир Сидеренко, Хосият Умарова, Раҳматулло Довудов, Абдуҷалол Халилов, Олга Сарокина, Тошмурод Мустафоқулов, Сафар Комилзода, Бӯрӣ Раҳматов, Наим Исмоилов, Саид Восиев ва даҳҳо нафари дигар саҳифаҳо нависем, кам аст. Бешубҳа, рӯзгор ва корномаи ин фидокорони илму варзиш намунаи ибрат ва сабақи омӯзанда барои наслҳои имрӯзу фардост. Феълан Донишкада барои ба меъёрҳои ҷаҳонии таълиму тадрис мутобиқ сохтани тарбияи мутахассисон кӯшиш ба харҷ дода истодааст. Ҳайати омӯзгорону кормандони Донишкада ба оянда бо дилпурӣ ва эътимоди қавӣ назар андохта, фаъолияти худро барои тайёр намудани мутахассисони баландихтисос ва лаёқаманду сазовор баҳри эҳтиёҷоти ҷумҳурӣ равона кардаанд. Бо сарфарозӣ метавон гуфт,
ки ҷомеаи бисёрҳазорнафараи Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон ба номи Саидмуъмин Раҳимов баҳри татбиқи ормонҳои миллат, баланд бардоштани сатҳи маънавиёт, фарҳанг, тарбияи кадрҳои баландихтисосу садоқатманд пайваста кӯшиш намуда, баҳри ободӣ, шукуфоии Ватан ва ба як кишвари пешрафта, мутамаддин ва мутараққӣ табдил додани Тоҷикистон ва дарёфти мақоми шоистаи он дар ҷомеаи ҷаҳонӣ минбаъд низ хизмат хоҳанд кард. Дар маҷмуъ, бо эътимоди комил метавон қайд намуд, ки тамоми дастовардҳои Донишкада – вусъати таълиму тарбия, афзудани теъдоди факултаҳо ва ихтисосҳо, таҳкими пояҳои моддӣтехникӣ, таълимӣ–тарбиявӣ, варзишӣ ва нерӯи илмӣ-зеҳнӣ натиҷаи фаъолияти самарабахш ва анҷоми муваффақонаи рисолати мактаби олӣ дар шароити кунунӣ, комёбиҳои воқеан бузургу шоиста аз файзи истиқлол мебошанд. Мирзобоқӣ ШАРИПОВ, дотсент, ноиби ректори Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон ба номи С. Раҳимов оид ба тарбия, Корманди шоистаи варзиши Ҷумҳурии Тоҷикистон, Аълочии маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Мавлон ШАРИФОВ, и.в. дотсенти кафедраи ҷомеашиносии Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон ба номи С.Раҳимов, Аълочии маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Аълочии матбуоти Тоҷикистон, узви Иттифоқи журналистони Тоҷикистон
16
“ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН”, №01 (9531), 04.01.2018
ФАРОҒАТИ ҶАВОНОН
Сеҳри хома АМАЛИ МЕҲРОБ АЗИМОВ, “ҶТ”
√ АНДАРЗ
Ҳарчи коштӣ, ҳамон даравӣ ТАҲИЯИ Ш. ЭШОНОВА, “ҶТ”
АҲМАДИ ДОНИШ
√ САЙҚАЛИ
АНДЕША
Ибтидои хуб - нисфи кор. ******** Ҳеҷ кас фавқулода инсони хуб намешавад. Суқрот дӯст аст, вале дӯсти аз ҳама наздик ҳақиқат. ******** Сабр асоси ҳама гуна ҳикмат аст. ******** Хушбахтии худро дар кӯшиши хушбахт кардани дигирон меёбем. ******** Дар бадбахтии худ одамон тақдир, худоҳо ва дилхоҳ чизу касро гунаҳкор медонанду худро не. ******** Ба оташ оташ зам накун. ******** Нотиқони бевиҷдон мекӯшанд, то ҳама чизи бадро хуб нишон диҳанд. ******** Дӯстии қавӣ миёни инсонҳои ҳамхислат сурат мегирад. ******** Хирадманд на барои гуноҳи содиршуда, балки барои пешгирии он муҷозот медиҳад. ******** Вақт ҳамаро бо худ мебарад, солҳои тӯлонӣ ҳам ном, ҳам зоҳир, ҳам хислат ва ҳам тақдирро дигар мекунад. ******** Аблаҳ ду хислат дорад: барои чизҳои бефоида бисёр гап мезанаду барои чизҳое, ки аз ӯ намепурсанд, изҳори назар мекунад. Афлотун
Рӯзнома таҳти рақами 0120/рз аз 22 сентябри соли 2014 дар Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон сабти ном шудааст. Нишонӣ: 734018, шаҳри Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ, 16, ошёнаҳои 1 ва 4
САРМУҲАРРИР
Бахтовар КАРИМОВ
Шоҳи оқилу доное буд, ки кишвареро солиёни зиёд сарварӣ мекард. Оқибат айёми пириаш фаро расиду шоҳ хост, ки меросхӯри худро эълон кунад. Ҳама умедвор буданд, ки он шахс ягон нафар аз фарзандон, хешу ақрабо ва ё пайравони ҳаммаслакони шоҳ хоҳад буд. Вале шоҳ андешаи дигар дошт. Ӯ амр дод, ки ҳама ҷавонони кишварро дар дарбор ҷамъ оваранд. Ва ба онҳо гуфт: - Ман бояд шоҳи ояндаро таъин кунам ва қарор додам, ки ӯро аз миёни шумо интихоб кунам. Ҳама ҳозирон дар тааҷҷуб афтида буданд. Шоҳи солхӯрда сухани худро идома дод: - Ман ба ҳар яки шумо як донаи офтобпараст медиҳам. Шумо онро мешинонед ва дар тӯли як сол онро нигоҳубин ва парвариш мекунед. Сипас бо ҳосили бадастовардаатон ба дарбор бармегардед. Ҳамон нафаре, ки ҳосили бештару беҳтар мегирад, вориси ман хоҳад шуд. Ҷавоне бо номи Линг он ҷо ҳузур дошт. Вақте ӯ доир ба ин супориши шоҳ ба модараш қисса кард, модараш ба ӯ дар шинондани донаи офтобпараст кӯмакаш намуд. Ҷавон ҳамарӯза сар кашидани донаи офтобпарпастро интизорӣ мекашид. Вақт мегузашт. Ҷавонони дигар ба Линг доир ба дастовардҳои худ нақл мекарданд. Дар тубаки Линг бошад, то ҳол чизе пайдо нашуда буд. Ӯ худро беҳунару ноком меҳисобид, дар ҳоле ки дигарон аз ҳосили фаровони худ ҳадс мезаданд. Аз байн шаш моҳ сипарӣ гардид, аммо Линг ҳосиле гирифта
натавонист. Ӯ аз он ки ки ин растании нодирро нобуд сохт, худро маломат мекард. Инак, муҳлати аз ҷониби шоҳ барои онҳо ҷудошуда сипарӣ гардид. Тибқи қарордоди пешакӣ ҳамаи ҷавонон ҳосили дар як сол парваришнамудаи худро оварданд. Линг бошад, ба он ҷо рафтан нахост, аммо модари мушфиқи ӯ гуфт, ки бояд бовиҷдон бошад ва ин мағлубияти худро эътироф намояд. Вақте Линг ба дарбор омад, он ҷо миқдори зиёди ҳосили ғуншударо дид, ки ҷавонони дигар оварда буданд. Шоҳ ба ин ҳама назар карда гуфт: - Кори ҳамаи шумо шоёни таҳсин аст! Шумо ҳосили хубу фаровон ҷамъ овардед. Ҳини суханронии шоҳ Линг кӯшиш мекард, то худро аз чашми ӯ пинҳон созад. Вале шоҳ тубаки холии ӯро мушоҳида намуда, ҷавонро ба назди худ хонд. Ҳама ба тубаки холии Линг, ки ғайри хок чизе надошт, нигариста ба ҳоли ӯ механдиданд. Шоҳ бошад, ногаҳон гуфт: - Ана ҳамин аст вориси ҳаққонии ман! Ҳамаи шумо дар ёд доред, ки баъди як соли ғундоштани ҳосил бояд ба ин дарбор бармегаштед. Аммо касе аз шумо намедонист, ки он тухмиҳои офтобпараст ҳосил дода наметавонистанд, чунки ман онҳоро қаблан пухта будам ва онҳо беҳосил шуда буданд. Аммо бо вуҷуди ин, ҳамаи шумо, ғайр аз ҳамин ҷавон, аз онҳо ҳосил бардоштаву ба ин ҷо овардед. Пас, маълум мешавад, ки
АГАР ШУМО: Дурӯғ бикоред, пас нобоварӣ; Худхоҳӣ бикоред, пас танҳоӣ; Ғурур бикоред, пас таҳқир; Ҳасад бикоред, пас мушкилот; Танбалӣ бикоред, пас таназзул; Ҳирс бикоред, пас талафот; Ғайбат бикоред, пас душманон; Хато бикоред, пас гуноҳ медаравед. АММО АГАР ШУМО: Бовиҷдонӣ бикоред, пас боварӣ; Некӣ бикоред, пас дӯстон; Хоксорӣ бикоред, пас бузургӣ; Суботкорӣ бикоред, пас ғалаба; Мулоҳизакорӣ бикоред, пас ҳамоҳангӣ; Кори вазнин бикоред, пас муваффақият; Бахшиш бикоред, пас сулҳ; Сабр бикоред, пас беҳбудӣ; Эътимод бикоред, пас муъҷиза ба даст хоҳед овард.
√ ЭЪЛОН ТҶ “Кумитаи волидайн ва омӯзгорон”-и МТМУ №40, деҳаи Ҷорбоғи ноҳияи Варзоб(РМА 150003359), ки аз соли 2009 дар нозироти андози ҳамин ноҳия ба қайд гирифта шудааст, фаъолияташро қатъ мекунад. Шиносномаи гумшудаи шаҳрванд Ғуломалиев Хушбахт Саидраҳмонович, ки онро соли 2017 ШКД-и Сино 1 додааст, эътибор надорад. Созишномаи гумшуда дар бораи гузашт кардани ҳуқуқи талабот, ки онро 10.03.2015 идораи нотариати давлатии ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе (№214-221) ба шаҳрвандон Маҳмадиев Нуриддин ва Назаров Комрон додааст, эътибор надорад. Аттестати гумшудаи Каҳорова Моҳира Дониёровна, ки онро соли 1994 МТМУ №25-и ноҳияи Сино (барои хатми синфи 9, С.: АБ и 092585) додааст, эътибор надорад.
ҲАЙАТИ МУШОВАРА:
Абдуҷаббор РАҲМОНЗОДА (Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа), Нуриддин САИД (вазири маориф ва илми Тоҷикистон), Аҳтам АБДУЛЛОЗОДА (раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон).
ҲАЙАТИ ЭҶОДӢ:
шумо он тухмиҳоро иваз кардед ва Линг ягона шахсест, ки ман ба бовиҷдонии ӯ шубҳае надорам. Аз ин рӯ, танҳо ӯ метавонад ҷои маро иваз намудаву подшоҳ ва сарвари шумо бошад. Дар ҳаёти мо ҳама чиз аз рӯи қонун аст. Эҳтиёткор бошед: ҳар чизе, ки шумо имрӯз мекоред, фардо ҳамонро хоҳед даравид. Ҳосили заҳматҳои шумо метавонад рӯзгори шуморо беҳтар ва ё бадтар гардонад, вале он натиҷаи аъмоли шумост.
Толибшоҳи ДАВЛАТ (котиби масъул), Маҳмудҷон УСМОНОВ (муҳаррир), Шодихони НАЗАР (муҳаррири шуъбаи варзиш ва сайёҳӣ), ШАҲЛО ЭШОНОВА (муҳаррири шуъбаи иқтисод ва иҷтимоъ), Хуршед МАВЛОНОВ (муҳаррири шуъбаи иттилоот ва сиёсат), Беҳрӯз ХОЛМУРОДОВ (муҳаррири шуъбаи ҳаёти ҷавонон), Нуруллоҳи ОРИФ, Гулбаҳор РАҲМОНОВА, Хуршед ХОВАРӢ, Шаҳбози АСОМИДДИН, Меҳрубон ИМОМОВА (хабарнигорон), Шеравган ХУРСАНҚУЛОВ (саҳифабанд), Меҳроб АЗИМОВ (рассом), Машҳур ИМОМНАЗАРОВ (хабарнигор, ВМКБ), Шодмон НУРМАТОВ (хабарнигор, вилояти Суғд), Фирӯз АБДУРАҲМОНОВ (хабарнигор, вилояти Хатлон).
•
Ба хотири чандандешӣ матолибе низ ба табъ мерасанд, ки хилофи назари ҳайати эҷодист. Дурустии арқому далелҳо бар дӯши муаллифон аст.
•
Ҳангоми таҳияи хабарҳо аз матолиби интернет низ истифода шудааст.
•
Индекси обуна: 68857
•
Тел: 901 06-41-10, 238-54-14, 238-51-09, 238-53-03
•
Ҳафтанома дар КТН «Шарқи озод» (хиёбони Саъдии Шерозӣ-16) бо теъдоди 4100 нусха ба нашр расид.
•
Ҳисоби бонкӣ: с/ҳ №20202972500232101000, ҳ/х 20402972316264, РМА030000301, РМБ350101626. БДА Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк»