Ҷавонони Тоҷикистон, №47, 2018

Page 1

ЧТ , “ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН”, №47 (9577), 22.11.2018

javonon.tj

1

НАШРИЯИ КУМИТАИ КОР БО ҶАВОНОН ВА ВАРЗИШИ НАЗДИ ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

АВОНОНИ ОҶИКИСТОН

Мо дигар нуронием чун осмони нилгун

№47 (9577), 22/11/2018

e-mail: javonontj@mail.ru

Парчами миллӣ – рамзи соҳибдавлатӣ

саҳифаи

Пешвои миллат – бунёдгузори сиёсати давлатии ҷавонон саҳифаи

Аз Ҷакарта то Бухарест: 16 медали самбочиёни тоҷик

11

саҳифаи

12

саҳифаи

13

Маншаъгоҳи ватандӯстӣ

Парчами миллӣ дар осори адабии тоҷик ҳамчун рамзи мубориза бо душман тасвир ёфта, ҷанговарон зери он лашкари худро муттаҳид месохтанд, худиро аз душман фарқ мекарданд. Аз замонҳои қадим то ба имрӯз мардуми ориётабор зери ливои хеш саф кашида, ватану миллат, забону фарҳанг ва марзу буми аҷдодиро ҳимоя кардаанд. Рангҳои парчам ҳамеша баёнгари муборизаву ҷоннисориҳои фарзандони миллати тоҷик баҳри озодиву истиқлол, бахту саодат ва сарсабзиву шукуфоии кишвари маҳбуб мебошанд. Парчам яке аз муқаддасоти миллии мост, ки дар назди он аз Сарвари давлат то сарбози оддӣ савганди садоқату вафодорӣ ёд мекунанд. Миллату халқиятҳои дунё ба ин рамзи муқаддас бо эҳтиром муносибат намуда, ҷойгоҳ ва макони барафрохтани онро муайян менамоянд. Боиси ифтихору сарфарозист, ки имрӯз дар пешгоҳи бинои Созмони Милали Муттаҳид ва дигар созмонҳои бонуфузи ҷаҳонӣ Парчами Тоҷикистон партавафшонӣ мекунад. Ҳамзамон, парчами миллӣ ҳамчун рамзи давлатӣ ба ифтихори дастоварду пирӯзиҳои фарзандони фарзонаи миллат дар майдонҳои варзишӣ, баробари садо додани Суруди миллӣ барафрохта мешавад.

6

саҳифаи

Афсона ба ҳақиқат мубаддал шуд Рафтори сиёсӣ ва арзишҳои миллӣ

4

саҳифаи

14


2 МАРОСИМИ БА КОР ДАРОВАРДАНИ АГРЕГАТИ ЯКУМИ НЕРУГОҲИ БАРҚИ ОБИИ “РОҒУН” 16 ноябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати иштирок дар маросими ба кор даровардани агрегати якуми Неругоҳи барқӣ обии “Роғун” ба шаҳри Роғун ташриф оварданд. Пешвои муаззами миллат Эмомалӣ Раҳмонро дар Фурудгоҳи муваққатии майдони сохтмони Роғун Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода истиқбол гирифтанд. Ҳамчунин барои иштирок дар ин рӯйдоди таърихӣ намояндагони воломақоми кишварҳои гуногуни олам, аз ҷумла Федератсияи Россия, Ҷумҳуриҳои Италия, Ҳиндустон, Покистон, Афғонистон, Белорус, Украина, Ӯзбекистон, Қазоқистон, Қирғизистон, дигар давлатҳо ва ташкилоту созмонҳои бонуфузи минтақавию байналмилалӣ ба Тоҷикистон ташриф овардаанд. Ба кор даровардани агрегати якуми ин иншооти бузурги гидроэнергетикӣ дар сархати хабарҳои воситаҳои ахбори оммаи байналмилалӣ қарор дорад. Маросими тантанавии ба кор даровардани агрегати якуми Неругоҳи барқӣ обии «Роғун» мустақиман тавассути ҳамаи шабакаҳои давлатии телевизион ва радиои Тоҷикистон пахш гардид. Ҳамзамон ин чорабинии муҳимро бештар аз 200 нафар рӯзноманигорони дохил ва хориҷи кишвар, агентиҳои иттилоотии бонуфузи байналмилалӣ аз Амрико, Италия, Олмон, Россия, Япония, Британияи Кабир, Хитой, Покистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Ӯзбекистон ва дигар давлатҳо васеъ инъикос намуданд. Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нахуст дар маҳалли сохтмони Неругоҳи барқи обии Роғун хатти баландшиддати интиқоли неруи барқи 500 кВ-и “Душанбе-Роғун”-ро бо пахши васлак ба истифода дода, орзуву омоли деринаи миллати тоҷикро ҷомаи амал пӯшониданд. Хатти баландшиддати интиқоли неруи барқи 500 кВ-и “Душанбе- Роғун” дар доираи лоиҳаи “Барқарорсозӣ ва сохтмони хати баландшиддати интиқоли неруи барқи 500 кВ дар ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ” амалӣ шуда, арзиши умумии тарҳ 650 миллион сомонӣ мебошад. Лоиҳаи мазкур моҳи сентябри соли 2017 оғоз ёфта, анҷоми тадбиқи лоиҳа тибқи нақша моҳи августи соли 2021 пешбинӣ шудааст. Сипас Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба фаъолияти Дастгоҳи тақсимкунандаи пӯшидаи элегазии Неругоҳи барқи обии Роғун оғози расмӣ бахшиданд. Корҳои васлгарии таҷҳизоти Дастгоҳи маҷмӯии пӯшидаи тақсимкунии элегазӣ “КРУЭ” ҳанӯз моҳи феврали соли 2018 бо иш-

ҲАФТАИ ПРЕЗИДЕНТ

“ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН”, №47 (9577), 22.11.2018

Бар замини тоҷикон тироки мутахассисони варзидаи маҳаллӣ бо сифати баланд ба анҷом расонида шуда буд. Дар ин иншооти болопӯшида 19 адад дастгоҳи элегазии 500 кВ ва 4 дастгоҳи элегазии 220 кВ насб гардидааст. Интиқоли неруи барқ аз ин иншоот ба системаи ягонаи энергетикии мамлакат тавассути шаш хати барқи ҳавоии 500 кВ сурат мегирад. Ҳамчунин аз таҷҳизоти мазкур тавассути як хати дузанҷираи 220 кВ то Зеристгоҳи барқии шаҳри Роғун неруи барқ интиқол дода хоҳад шуд. Фаъолияти ин маркази муқтадир дар ҳамкорӣ бо ширкати овозадори олмонии Siemens бо сифати баланд бунёд шуд. Маҳз аз ҳамин толор тавассути дастгоҳҳои истеҳсоли ширкати бонуфузи ҷаҳонӣ неруи барқи дар НБО Роғун истеҳсолшаванда ба хатҳои баландшиддат интиқол дода мешавад. Дар дохили бинои КРУЭ 57 полюси васлакҳои элегазии 500 кВ, 99 трансформатори ҷараёнӣ, 30 модули дарозкунанда, 168 адад ҷудокунанда, 48 трансформатори шиддат ва 30 адад маҳдудкунандаи шиддати 500 кВ васл карда шуданд. Дар байни 36 полюс модулҳои мобайнии ҷараёнгузар насб гардидааст. Ҳамаи полюсҳои 500 кВ бо металлоконструксияҳои муҳофизатӣ ҷиҳозонида шудаанд. 16 ноябри соли 2018 дар таърихи давлатдории Тоҷикистони соҳибистиқлол рӯйдоди муҳиму тақдирсоз ба вуқӯъ пайваста, қадами устуворе барои расидан ба истиқлолияти комили энергетикӣ гузошта шуд. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар вазъияти тантанавӣ агрегати яку-

ми Неругоҳи барқи обии «Роғун»ро ба кор дароварданд ва ба фаъолияти ин иншооти бузурги аср, ки ба рушду тараққиёти кишвар мусоидат хоҳад кард, оғоз бахшиданд. Дар маросими ба кор даровардани агрегати якуми Неругоҳи барқи обии «Роғун» коргарони неругоҳ, фаъолону зиёиёни кишвар, ҷавонон, собиқадорони меҳнат, намояндагони корпусҳои дипломатии муқими Душанбе ва коршиносони ташкилоту созмонҳои бонуфузи ҷаҳон иштирок карданд. Баъди ба кор даровардани агрегати якум неруи барқи «Роғун» ба системаи умумии энергетикии мамлакат интиқол дода шуд. Акнун равшанию гармии кохи нури Тоҷикистон – НБО-и «Роғун» ба хонадони тоҷикистониён ворид гардид. Мардуми шарафманди тоҷик ин рӯзро бесаброна интизор буданд. Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар расми мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани аввалин агрегати неругоҳ таъкид доштанд, ки “расидан ба ин рӯзи некро тамоми сокинони Тоҷикистон солҳо интизор буданд ва фарзандони бонангу номуси Ватан – мутахассисону сохтмончиёни баландихтисос барои наздик овардани чунин рӯзи таърихӣ шабонарӯз заҳмат кашиданд. Яъне имрӯз рӯзи равшаниву нур ва расидан ба ормонҳои миллӣ мебошад”. Дар толори мошинҳо Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати ин рӯйдоди таърихӣ-мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани аввалин агрегати НБО “Роғун” дар китоби “Роғун-Кохи нур” соядаст гузоштанд. Дақиқияти кори аввалин агрегати Неругоҳи барқи обии “Роғун”,

ки мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт, бо гузоштани танга муайян карда шуд ва ҳамин тавр кори нахустин агрегати неругоҳ ҷавобгӯи талабот арзёбӣ гардид. Ёдовар мешавем, ки 29 октябри соли 2016 бо иштироки бевоситаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бунёди сарбанди Неругоҳи барқи обии «Роғун» оғоз гардида буд. Ҳамон рӯз Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон паси чамбараки булдозер нишаста, расо якуним соат бо пеш кардани сангу шағал маҷрои дарёи Вахшро бастанд ва ба бунёди сарбанди ин неругоҳи азим ҳусни оғоз бахшиданд. Неругоҳи барқи обии «Роғун», пуриқтидортарин иншоотҳои силсилаи неругоҳҳои рӯди Вахш, аз 6 агрегат иборат аст, ки тавоноии ҳар кадом 600 мегаваттро ташкил медиҳад. НБО-и «Роғун» бо иқтидори 3600 мегаватт (беш аз 17 миллиард киловатт-соат) калонтарин неругоҳи барқи обӣ дар минтақа хоҳад буд. Ин рақам нисбат ба иқтидори истеҳсолии Неругоҳи барқи обии «Норак» якуним баробар зиёд мебошад. «Роғун»-ро Сарвари давлат ҳаёту мамоти мардуми Тоҷикистон номидаанд. Ба фаъолият оғоз кардани неругоҳ рӯйдоди муҳим дар таърихи давлатдории миллати тоҷик аст ва он дар китоби таърихи миллати мо бо ҳарфҳои заррин навишта хоҳад шуд. Зеро барқи аз ҷиҳати экологӣ тозаи неругоҳ эҳтиёҷи ба барқ доштаи Тоҷикистонро комилан конеъ карда, барои инкишофи иқтисодиёти кишвар такони ҷиддӣ мебахшад. Имрӯз агрегати якум ба фаъолият оғоз кард. Соли минбаъда агрегатҳои дигари неругоҳ бо азму иродаи қавии коргарони матинирода ба кор дароварда мешаванд. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти

Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо сиёсати дурандешона ва башардӯстонаи худ барои мардуми кишвар ҳамеша ғамхорӣ менамоянд. Ҳар як ташрифи Сарвари давлат ба майдони сохтмони неругоҳ руҳияи коргарони ин кохи нурофаринро болида мекард ва бараъло мушоҳида мегардид, ки онҳо дастуру ҳидоятҳои Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро оид ба устувору босифат анҷом додани ҳар як амал сармашқи кори худ қарор додаанд. Дар сохтмони неругоҳ бо ҳидоятҳои созандаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон беш аз 25 ҳазор нафар сохтмончиёну муҳандисон ва дигар кормандони техникӣ саҳми арзанда гузоштанд. Корнамоии сохтмончиён барои ба кор даровардани агрегатҳои дигари неругоҳ идома дорад. Бунёду барқарорсозии ин иншооти муҳиму стратегӣ барои таъмини зиндагии сазовори наслҳои имрӯзу ояндаи Тоҷикистони азиз хизмат хоҳад кард. Он барои рушди иқтисодиёт ва дар маҷмӯъ барои пешрафти тамоми соҳаҳои хоҷагии халқи мамлакат заминаи мусоид фароҳам меорад. Баъди пурра ба истифода додани неругоҳ имкон аст, ки дар кишвар даҳҳо корхонаҳои хурду бузурги саноатӣ ифтитоҳ ва ҳазорҳо ҷойҳои нави корӣ таъсис дода шаванд. Дар даврони соҳибистиқлолӣ ба хотири амалӣ сохтани нақшаву барномаҳои созандаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати расидан ба истиқлолияти энергетикӣ ва амалӣ кардани ҳадафҳои неки Сарвари давлат баҳри таъмини зиндагии шоиста барои мардуми шарафманди тоҷик, бо дастуру ҳидоятҳои Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон исти-


“ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН”, №47 (9577), 22.11.2018

ҲАФТАИ ПРЕЗИДЕНТ

фодаи оқилонаву сарфакоронаи захираҳои гидроэнергетикӣ, сохтмону таҷдиди неругоҳҳои хурду бузурги барқи обӣ оғоз гардида, хатҳои баландшиддати интиқоли неруи барқ ва зеристгоҳҳои барқӣ бунёд карда шуданд. Оғози корҳои барқарорсозӣ ва бунёди Неругоҳи барқи обии «Роғун», таҷдиду азнавсозии неругоҳҳои барқи обии «Норак», «Сарбанд» ва «Қайроққум», мавриди истифода қарор гирифтани неругоҳҳои барқи обии «Сангтӯда - 1», «Сангтӯда - 2», Помир – 1, неругоҳи барқи обии «Тоҷикистон» дар баландии 3500 метр аз сатҳи баҳр дар ноҳияи дурдасти Мурғоб, Маркази барқу гармидиҳии Душанбе -2, зеристгоҳҳои барқии 500 киловолтаи «Душанбе» ва «Суғд», хати интиқоли барқи 500 киловолтаи «Ҷануб-Шимол», Дастгоҳҳои тақсимкунандаи пӯшидаи элегазии 220 ва 500 киловолта дар неругоҳи барқи обии Норак,

миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мавзеъи бунёди садди неругоҳ, дар назди шумораи зиёди мардум, ки ба хотири иштирок дар маросими оғози кори агрегати якум ҷамъ омада буданд, суханронӣ карданд. Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон кулли шаҳрвандони кишвар ва ҳамватананони бурунмарзиро бо ин руйдоди муҳим табрику таҳният гуфтанд. Сарвари давлат ба сохтмончиён, бунёдгарони ин кохи бошукӯҳи нур, ки дар майдони заҳмати созанда, саҳнаи нангу номуси миллӣ шуҷоату матонат ва эҳсоси гарми ватандӯстӣ нишон доданд, аз номи тамоми мардуми тоҷик, аз номи худ ва Ҳукумати Тоҷикистон миннатдории самимӣ изҳор намуданд. Таъкид гардид, ки Ҳукумати

истеҳсоли барқи аввал, ки ҳоло мо шоҳиди ин рӯйдоди таърихӣ гардидем, то имрӯз дар дигар иншооти асосиву ёрирасони он низ корҳои зиёде анҷом ёфтаанд. Аз ҷумла, бунёди хатти интиқоли барқи 500-киловолтаи “Душанбе - Роғун” ва зеристгоҳи барқии неругоҳ сохта ва ба истифода дода шуд. “Роғун” имрӯз ва дар оянда низ мояи ифтихори ҳар як фарди Ватан, сарчашмаи ватандӯстиву ватанпарастӣ ва эҳсоси гарми ватандориву сарбаландии мардуми тоҷик хоҳад буд. Дар охир Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бори дигар нури аввал ва нахустшӯълаи чароғистони бузурги миллатро, ки ба ҳар хонадони кишвар расид, ба тамоми мардуми сарбаланди Тоҷикистони азизу соҳибистиқлол самимона табрик гуфтанд. Дар ҷамъомади тантанавӣ ба

халқу Ватан ва талошҳои хастанопазир барои зиндагии беҳтару шоистаи мардум мебошад, ки нафақат истиқлолияти энергетикии мамлакатро таъмин мекунад, дар иқтисодиёти миллӣ ҷаҳишҳо ва пешрафтҳои беназирро ба амал меоварад, балки ба сифати ғояи ҳаётбахши умумимиллӣ ваҳдату иттиҳоди халқи Тоҷикистонро аз азамату пойдории бештаре бархурдор менамояд. Дар воқеъ НБО “Роғун” манзилу дилҳои мардуми моро гарму равшан мекунад, дар рӯдҳои нурофари кишвар неругоҳҳои нави барқ бунёд мешаванд, захираҳои азими энергетикӣ ва азму талоши созандагии халқ бо ҳидоятҳои бузурги Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Тоҷикистонро беш аз ин шукуфонтар месозад ва бо бунёди ин иншооти азим мардуми тоҷик са-

зеристгоҳҳои барқии 220 киловолтаи «Лолазор», «Хатлон», «Айнӣ», «Шаҳристон», «Шаҳринав», «Геран - 2», хатҳои интиқоли барқи 220 киловолтаи «Лолазор-Хатлон», «Тоҷикистон-Афғонистон», «Хуҷанд-Айнӣ», «ҚайроққумСуғд», «Айнӣ-Рӯдакӣ» ва оғози татбиқи воқеии лоиҳаи КАСА – 1000 аз ҷумлаи комёбиҳои бузурги Тоҷикистон дар роҳи расидан ба истиқлолияти комили энергетикӣ мебошанд, ки таҳти роҳнамоии бевоситаи Пешвои хирадманду дурандеш муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон амалӣ карда шудаанд. Бо татбиқи лоиҳаҳои мазкур дар даҳ соли охир иқтидорҳои истеҳсолии системаи энергетикии кишвар 1320 мегават зиёд ва беш аз 1300 километр хатҳои интиқоли барқи баландшиддати 500, 220 ва 110 киловолта мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуданд. Баъди ба кор андохтани агрегати якуми Неругоҳи барқи обии “Роғун” Асосгузори сулҳу ваҳдати

мамлакат аз рӯзҳои аввали соҳибистиқлолӣ ба хотири таъмини рушди устувор тамоми захираву имкониятҳои мавҷударо барои бунёди неругоҳҳо сафарбар намуд. Роҳбарияти давлату ҳукумат амиқан дарк мекарданд, ки “Роғун” омили муҳимтарини пешрафти иқтисодиву иҷтимоии кишвар, зиндагии осудаи мардум, яъне ояндаи ободи Тоҷикистони маҳбубамон мебошад. Корҳои сохтмону васлкунӣ дар Неругоҳи барқи обии «Роғун» бо ҷалби 70 ташкилоту муассиса, пудратчиёни номдори ватаниву хориҷӣ ва шумораи умумии зиёда аз 22 ҳазор нафар мутахассисону коргарон, ки беш аз 90 фоизи онҳо шаҳрвандони Тоҷикистон мебошанд, инчунин, бо истифодаи 3600 мошину механизмҳо амалӣ гардида истодааст. Сарвари давлат таъкид доштанд, ки дар баробари ба истифода супоридани иншооти навбати аввали неругоҳи “Роғун” ва

ифтихори ба кор андохтани агрегати якуми Неругоҳи барқи обии “Роғун” ноиби Президенти Бонки ҷаҳонӣ оид ба минтақаи Аврупо ва Осиёи Марказӣ Сирил Мюллер ва Муовини вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Италия Манлио ди Стефано суханронӣ карданд. Метавон гуфт, ки бо ифтитоҳи агрегати якуми НБО «Роғун» аҳолии кишвар дар тамоми фасли сол бо барқ таъмин шуда, фаъолияти корхонаҳои саноатию истеҳсолӣ дар шаҳру ноҳияҳои мамлакат боз ҳам густариш пайдо хоҳад кард ва иқтидори истеҳсолии Тоҷикистони соҳибистиқлол дар самти тавлиди маҳсулоти рақобатпазиру ба содирот нигаронидашуда боз ҳам афзоиш пайдо мекунад. Ба таъкиди коршиносони байналмилалӣ ибтикори Сарвари давлати Тоҷикистон дар бунёди НБО “Роғун” паёмади шуҷоати фитрӣ, истеъдоди камназири кишвардорӣ, муҳаббати бепоён ба

одати зиёд мебинад.

нури Раҳмон мерасад

ҶАМЪОМАДИ ТАНТАНАВӢ БА МУНОСИБАТИ ОҒОЗИ КОРИ АГРЕГАТИ АВВАЛИ НЕРУГОҲИ БАРҚИ ОБИИ “РОҒУН” 17 ноябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар Наврӯзгоҳи пойтахт дар ҷамъомади тантанавӣ ба муносибати оғози кори агрегати аввали Нерӯгоҳи барқи обии “Роғун” иштирок ва суханронӣ карданд. Нахуст Сарвари давлат кулли мардуми кишвар ва иштирокчиёни тантанаи идонаро бори дигар бо барқи аввали нерӯгоҳи “Роғун” - чароғи равшани хонадони мардуми Тоҷикистон ва ояндаи дурахшони Ватани маҳбубамон табрику таҳният гуфтанд. Президенти мамлакат таъкид доштанд, ки оғози кори агре-

3 гати якуми Нерӯгоҳи барқи обии “Роғун” барои тамоми сокинони Тоҷикистони соҳибистиқлол санаи фаромӯшнашаванда ва рӯзи таърихӣ мебошад. Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба талошҳову тадбирҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар даврони соҳибистиқлолӣ барои мусоидат ба рушди устувор ва таъмини зиндагии шоистаи мардум андешаронӣ карданд. Таъкид гардид, ки баъди барқарор гардидани сулҳу субот дар кишвар, бо вуҷуди вазъи мушкили молиявию иқтисодии мамлакат, сохтмони нерӯгоҳи азиму ҳаётан муҳим оғоз гардид. Зеро бидуни сохтмони Роғун талаботи мунтазам афзояндаи аҳолӣ ва соҳаҳои гуногуни иқтисодиёти кишварро бо барқ қонеъ намудан ва рушди босуботи иқтисодиву иҷтимоии мамлакатро таъмин кардан ғайриимкон мебошад. Яъне нерӯгоҳи “Роғун” омили муҳимтарини рушду тараққиёти минбаъдаи Тоҷикистон ва зиндагии осудаи мардуми он ба ҳисоб меравад. Маҳз бо мақсади таъмин намудани рушди босуботи кишвар ва мунтазам баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии аҳолии он ҳукумати кишвар тараққиёти соҳаи энергетикаи обиро самти муҳимтарину афзалиятноки сиёсати иқтисодии худ ва расидан ба истиқлолияти энергетикиро яке аз ҳадафҳои стратегии миллӣ эълон кард. Таъкид гардид, ки афзоиши табиии шумораи аҳолӣ, корхонаҳои истеҳсолӣ, яъне рушди иқтисоди миллӣ ва афзудани талабот ба нерӯи барқ тақозо мекунад, ки ҳаҷми истеҳсоли он дар кишвар афзоиш дода шавад. Дар 27 соли соҳибистиқлолӣ истеъмоли нерӯи барқ аз ҷониби аҳолӣ сеюним баробар зиёд гардида, ин рақам соли 2017 ба 5,7 миллиард киловатт-соат расид ва имрӯз беш аз 42 фоизи истеъмоли дохилии нерӯи барқ ба аҳолии кишвар рост меояд. Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ташаккул додани маданияти сарфакорӣ дар байни аҳолиро яке аз омилҳои истифодаи оқилонаву пурсамари нерӯи барқ маънидод карданд. Президенти мамлакат “Роғун” - ро манбаи нури ҳар як хонадон, гармии қалби ҳар як фарди Ватан, сарчашмаи иқболу сарбаландии мардуми тоҷик, кафолати рушди босуботи Тоҷикистон ва нуфузу обрӯи давлати соҳибихтиёри тоҷикон номида, ба шаҳрвандони мамлакат, ҳамватанони бурунмарзӣ ба ҳамаи онҳое, ки саҳми ватандӯстонаи хешро дар бунёди иншооти бузурги аср гузоштанд, миннатдорӣ баён намуданд. Чорабинии имрӯзаро ба муносибати оғози фаъолияти аввалин агрегати Нерӯгоҳи барқи обии “Роғун” барномаи бошукуҳи консертӣ ва мушакпарронии бардавом идома дод. www. prezident.tj


4 Парчами миллӣ ҳамчун рамзи муқаддаси давлати соҳибистиқлоламон таърихи чандҳазорсола дорад. Тавре аз сарчашмаҳо бароямон аён аст, қавмҳои ориёӣ ҳанӯз аз давраҳои бостон оини парчамсозиву парчамдориро гиромӣ медоштанд. Парчам яке аз нишонаҳои соҳибтахту соҳибтамаддун будани миллати тоҷик буда, бо тағйир ёфтани шаклҳои давлатдорӣ он низ марҳила ба марҳила шакли худро дигар намудааст. Ҳанӯз аз даврони Куруши Кабир дар рӯи парчам рангу рамзҳои мухталиф тасвир карда мешуд, ки ифодагари миллати муборизу тавоно ва худшиносу худогоҳ будани миллати тоҷик буданд. Миллати тоҷик тӯли ҳазорсолаҳо зери ливои худ саф кашида, ватану миллат, номусу озодӣ, забону фарҳанг ва марзу буми аҷдодиро ҳимоя кардаанд. Нахустин парчами аҷдодӣ ва миллии тоҷикон - Дирафши ковиёнӣ, дирафши бузурги шоҳони асотирии Каёнӣ, таърихи Хаҳоманишӣ, Ашконӣ ва Сосонӣ буд, ки тибқи маълумоти сарчашмаҳо аз замони Фаридун вуҷуд дошта, дар ҳуҷуми араб ба дасти онҳо афтода, нобуд шуд. Гарчанде имрӯз ибтидои зуҳури он ба қавле асотирӣ аст, мавҷудияти он тӯли 1200 сол, яъне то зуҳури ислом ва муқаддастарин дирафши давлатдории эронитаборон маҳсуб ёфтани он собит шудааст. Тавре аз таърихномаҳо медонем, пас аз он ки Коваи оҳангар пешбанди чармини худро дирафш сохт ва зери он мардумро алайҳи Заҳҳоки золим шӯронд ва пирӯз шуд, дирафши мазкур ҳамчун рамзи пирӯзии миллӣ бар

“ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН”, №47 (9577), 22.11.2018

МУҚАДДАСОТ

Парчами миллӣ – рамзи соҳибдавлатӣ

ҳакимони аҷнабӣ миёни қавмҳои ориёӣ муқаддас дониста шуд. Дар он ҳангом мардумони шӯрида Фаридунро бар тахти Эрон нишониданд ва ин дирафшро ҳамчун дирафши хоссаи шоҳ ба ӯ бахшиданд, ки баъд аз ин ҳар шоҳе, ки ба тахт менишаст, он дирафш ба ихтиёри ӯ дода мешуд. Фаридун баъди фавти Кова тамоми дороии ӯро ба фарзандонаш бахшид, вале он дирафшро дар хазинаи давлат ҳамчун фоли нек нигоҳ медошт ва ба ҳар ҳарбе, ки мерафт, онро мекушод ва бо худ мебурд, то зафар меёфт. Дар Таърихи Табарӣ омадааст: “Минбаъд ҳар подшоҳе, ки бар тахти давлати эрониён менишаст, ин дирафшро бо худ медошт ва ҳар подшоҳе аз худ гавҳару ёқуте бар он меафзуд, то пӯст дар миёни он гавҳарҳо нопадид шуд. Пас онро «Дирафши Ковиён» ном карданд. Ва маънии «дирафш» дар паҳлавӣ алам (ливо) буд ва эрониён чизи ларзанда ва рахшандаи тобонро «дирафшон» мегуфтанд ва ҳам ҳар гоҳ, ки онро мекушоданд, ба воситаи дурру гавҳарҳое, ки дошт, дурафшон, яъне рахшандаи тобон мешуд, аз ин рӯ ин калима маъруф ва минбаъд ҳар

дирафше, ки меафроштанд, маҳз бо ҳамин номи «дирафш» маъмул мешуд”. Доир ба шаклу рангҳои ин дирафш низ ақидаҳои мухталифе вуҷуд доранд. Таърихи Табарӣ менависад: «Ин алам аз пӯсти паланг буд ва ба арз ҳашт зироъ ва тӯл дувоздаҳ зироъ», яъне тақрибан чор метр бар шаш метр буд. Дар Луғатномаи Деҳхудо омадааст: “Дирафши мазкур иборат буд аз як қитъаи чармпораи чоргӯшае, ки бар болои як найза насб шуда аз нӯги найза ба пушти он аз тарафи боло пайдо буда ва бар рӯи чарм, ки зеб додашуда ба ҳариру гавҳар буда, шакли як ситорае буда, мураккаб аз чаҳор парра ва дар маркази он доираи кӯчаке ва ҳамчунин дар болои он низ доираи кӯчаке, ки қариб ба яқин ҳамон аст, ки Фирдавсӣ аз он ба «Ахтари Ковиёнӣ» таъбир мекунад. Ва аз тарафи таҳтонии чарм чаҳор реша ба рангҳои мухталифи сурху зард ва бунафш овехта будааст”. Ҳамин тариқ, парчами миллӣ, ки таърихи беш аз сеҳазорсола дорад, дар шаклу намуд ва рангу ҷилои мухталиф ҷилва намуда,

то замони мо омада расидааст. Масалан, аз соли 1920, яъне аз давраи Аморати Бухоро то замони соҳибистиқлолии Тоҷикистон низ парчами миллӣ борҳо ранг ва шакли худро иваз намудааст, ки ҳар кадом баёнгари таъриху тамаддун ва роҳи тайнамудаи миллати куҳанбунёди тоҷик мебошад. Парчами миллӣ дар осори адабии тоҷик ҳамчун рамзи мубориза бо душман тасвир ёфта, ҷанговарон зери он лашкари худро муттаҳид месохтанд, худиро аз душман фарқ мекарданд. Аз замонҳои қадим то ба имрӯз мардуми ориётабор зери ливои хеш саф кашида, ватану миллат, забону фарҳанг ва марзу буми аҷдодиро ҳимоя кардаанд. Рангҳои парчам ҳамеша баёнгари муборизаву ҷоннисориҳои фарзандони миллати тоҷик баҳри озодиву истиқлол, бахту саодат ва сарсабзиву шукуфоии кишвари маҳбуб мебошанд. Парчам яке аз муқаддасоти миллии мост, ки дар назди он аз Сарвари давлат то сарбози оддӣ савганди садоқату вафодорӣ ёд мекунанд. Миллату халқиятҳои дунё ба ин рамзи муқаддас бо

Ифодагари иқболу истиқлолияти давлатӣ Бешубҳа, Парчами миллӣ ифодагари иқболу истиқлол ва иттиҳоду сарҷамъӣ аст. Он ифодакунандаи нангу номус, ватандӯстиву ватанпарастӣ ва ҳуввияти миллии мардуми куҳанбунёду фарҳангии мост. Муҳимтар аз ҳама, он волотарин мақсаду мароми тоҷиконро дар ҷилои рангҳои худ инъикос намудааст.

Эҳтиром ва арҷгузорӣ ба Парчами давлатӣ хамчун муқаддасоти миллӣ вазифаи инсонӣ ва қарзи шаҳрвандии ҳар як фарди бонангу номус ва ватанпарвар мебошад. Парчами миллӣ имрӯз ҳамчун нишони шуҳрату сарфарозӣ, баёнгари ормонҳои миллат ва азму иродаи қавии мардум баҳри ободӣ ва гул-гулшукуфоии кишвари азиз-

мон - Тоҷикистон аст. Аз ҷониби дигар, парчам рамзи ҳаёти осоишта ва сулҳу субот аст. Он умед ба фардои дурахшон аст. Дар ҳақиқат, Парчами давлатӣ боиси ифтихори хурду бузурги халқи тоҷик аст. Агар ҳангоми ташрифи Сарвари давлатамон дар хориҷ он парафшонӣ кунад, пас боз ба ифтихори варзишгаронамон, ба ифтихори

Эҳтироми Парчами давлатӣ ва расидан ба қадри он ҳамчун яке аз рамзҳои муқаддаси Ватани соҳибистиқлол аз ҷумлаи вазифаҳои ифтихорӣ ва қарзи шаҳрвандии аҳли ҷомеа ба ҳисоб меравад ва зарур аст, ки ҳисси ифтихор аз парафшонии он дар сиришту фитрати ҳар як шаҳрванди ватандӯсту меҳанпарасти кишвар доимо пойбарҷо бошад. Эмомалӣ Раҳмон эҳтиром муносибат намуда, ҷойгоҳ ва макони барафрохтани онро муайян менамоянд. Боиси ифтихору сарфарозист, ки имрӯз дар пешгоҳи бинои Созмони Милали Муттаҳид ва дигар созмонҳои бонуфузи ҷаҳонӣ Парчами Тоҷикистон партавафшонӣ мекунад. Ҳамзамон, парчами миллӣ ҳамчун рамзи давлатӣ ба ифтихори дастоварду пирӯзиҳои фарзандони фарзонаи миллат дар майдонҳои варзишӣ, баробари садо додани Суруди миллӣ барафрохта мешавад. Арҷгузорӣ ба арзишҳои миллӣ, аз ҷумла ба Парчами давлатӣ, арҷгузорӣ ба тамоми арзишҳои дирӯзу имрӯз ва фардои миллат аст. Ҷашн гирифтани Рӯзи Парчами давлатӣ ба хотири эҳтиром ва бузургдошти қаҳрамонони миллат, ба хотири онҳоест, ки барои ҳимояи нангу номус ва марзу буми ин кишвар ҷоннисорӣ намуда, забон, фарҳанг ва ҳуқуқи давлатдории ин миллати куҳанбунёдро ҳифз намуда, бегазанд то ба замони мо расонидаанд. Яъне ин эҳтиром ба руҳу равони Куруши Кабир ва Коваи оҳангар, Шераку Деваштич, Исмоили Сомонию Темурмалик, Рӯдакиву Фирдавсӣ ва садҳову ҳазорон абармардони гузаштаи тоҷик аст. Ин ҷашн ҳар фарди баномуси кишварро бори дигар ба ифтихору сарфарозӣ аз давлату давлатдорӣ, таҳкими истиқлолияти миллӣ, ҳифзи дастовардҳои он ва саъю талоши ҳамешагӣ барои ободию озодии кишвар ҳидоят месозад. Муҳаббат ва садоқат ба Парчами давлатии Тоҷикистон ифодагари ҳақиқии эътиқоду имон ба миллат, давлат, сарзамин, тамаддуну фарҳанг ва тамоми арзишҳои миллии халқи тоҷик мебошад. Рӯзи Парчами давлатии Тоҷикистон барои тамоми ҳамватанон мубораку фархунда бошад. Шаҳло ЭШОНОВА, “ҶТ”

ғолибият ва дар ин замина ба хотири нангу номуси ватандории ҷавонпаҳлавонони тоҷик дар давлатҳои гуногуни сайёра парчамамон парафшониву суруди миллиамон садо медиҳад. Пас Парчами миллӣ ифтихори ҳар тоҷик асту парафшонии он дар кишварҳои ҷаҳон боиси ифтихор аст. Равшани МАҚСУД, роҳбари бахши варзишии Коллеҷи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон


“ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН”, №47 (9577), 22.11.2018 Парчами миллӣ яке аз муқаддасотест, ки симои давлатро дар сатҳи ҷаҳонӣ таҷассум намуда, аз ҳастии давлату миллат гувоҳӣ медиҳад. Он рамзи вафодорӣ, рафоқат, шаъну шараф ва таҷассумгари ифтихори ору номуси ватандорист. Аз таърихи халқи тоҷик маълум мегардад, ки Парчам ҳамчун муқаддастарин сармояи давлат, як ҷузъи муҳими таъриху фарҳанги миллати тамаддунсози тоҷик арзиш дорад. Парчами Ҷумҳурии Тоҷикистон 24 ноябри соли 1992 пазируфта шудааст. Ҳамакнун вазъи ҳуқуқӣ, тартиби омодасозӣ, андоза ва корбурди расмии Парчамро Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи рамзҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон” муқаррар мекунад. Ҳамаи ин муқаддасотро ба назар гирифта, дар арафаи ҷашни 20 - солагии истиқлолияти давлатии Тоҷикистон дар маркази пойтахт бо иштироки Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар пояи 165 - метр, ки баландтарин дар ҷаҳон аст, парафшон гардид. Баландии Парчам 30 метр ва дарозӣ ё паҳноияш 60 метр мебошад. Баъди қомат афрохтани Парчам дар шаҳри Душанбе он ба китоби “Рекордҳои Гиннес” ворид гардид. Парчами давлатӣ аз ҷониби бинокорони корхонаи “Алюминсохтмон” ва ширкати байналмилалии “Трайдент Саппот” бунёд гардидааст. Дар зимн бахшида ба ҷашни Парчам аз чанд нафар сокинон доир ба нақши парчам дар рушди давлатдории миллӣ пурсон шудем, ки фишурдааш пешкаш мегардад.

МУЛОҲИЗА

Парчам нишона аз озодии миллати соҳибтамаддуни тоҷик

Султон Ҳамад, рӯзноманигор Парчами миллӣ дар қатори Нишони давлатӣ, Суруди миллӣ яке аз рамзҳои асосии давлатдорӣ ба ҳисоб меравад. Дар даврони муосир дар сиёсати беруниву дохилии давлатдории мо Парчами миллӣ нақши созандаву муфидеро анҷом медиҳад. Дар 27 соли соҳибистиқлолии давлатӣ Тоҷикистони азизи мо таҳти роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти ҷумҳурӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба дастовардҳои беназире ҳам дар таъмини сулҳу суботу амният, ваҳдатӣ миллӣ дар кишвар ва ҳам дар рушди иқтисодиёт, ободу хуррам кардани ин сарзамин ноил гаштанд. Ҳамаи ин комёбиҳову пешрафтҳо таҳти партавафшонии ҳамин Парчами миллӣ ба даст омаданд. Инро ҷомеаи ҷаҳонӣ шоҳид аст. Парчами миллии моро акнун дар ҷаҳон мешиносанд ва чун Парчаме, ки соҳибонаш сулҳдӯсту ободкору созанда ҳастанд, эҳтиромаш мекунанд. Парчами миллӣ вақте, ки партавафшон мешавад ва дар радифаш Суруди миллӣ садо медиҳад, бешак эҳсоси ватандӯстиву ватанпа-

растии ҳар як шаҳрванди баору номусро боло мебарад, ӯро ба ободкориву саҳм гузоштан дар рушду нумӯи Ватан даъват мекунад. Парчами миллиро ҳар як шаҳрванд бояд ҳамчун модар, ҳамчун бародар ва дӯсти азиз эҳтиром кунад. Ҳамеша бо кору амали худ ба он бикӯшад, ки дар ҳама ҷо Парчами миллӣ ба ифтихори ин миллату ин сарзамин, ба бахти ин мардуми бошараф партавафшон бошад! Мафтун Қиматшоев, сармутахассиси Осорхонаи миллӣ Парчами давлатӣ нишонаи нангу номус, ифодагари ҳастию пояндагии давлат ва арзишмандтарин сарвати давлатдорӣ ба шумор меравад. Мардуми мо бо ин ифтихорот ҷилваи парчами сарбафалаки хешро рамзи ҳуввияту огоҳии миллӣ дониста, ба ин рамзи муқаддас шукронаву арҷгузорӣ доранд. Замоне ниёгони мо онро барои ишора кардан ба ҷое ва ҷамъ омадан ба коре истифода бурданд. Замоне чун рамзи муборизи алайҳи золимон Дирафши Ковиёнӣ хонда, мояи ифтихор донистаанд. Ба ин ҳама ҷаззобият онро бо вожаҳои асилӣ қадимаи тоҷикӣ “парчам”-у “дирафш” хондаанд,

ки ин рамзи озодӣ ва давлатдории таърихии тоҷикон будааст. Ифтихор аз Парчам ифтихор аз миллати куҳанбунёд буда, ҳамчун рамзи истиқлолу озодии миллати соҳибтамаддун боқӣ мондааст. Ҳикмати Парчами миллӣ ин эҳёи хотираи таърихӣ ва нишони соҳибдавлативу мустақилияти миллати тоҷик аст. Парчами миллӣ мазмуни амиқи фалсафӣ дошта, омӯзишу шинохти он бошад, ин василаи пайдо намудани андешаву ҳуввият ва устувории пояҳои давлати миллист. Бояд зикр намуд, ки бо ин ҳама имтиҳону ифтихори таърихӣ мо аз он шукрона дорем, ки Парчам имрӯз рамзи озодию худогоҳист ва он барои таҷассуми истиқлол ва ваҳдату бунёдкорӣ заминаи бузурге эҷод карда метавонад. Боиси ифтихор аст, ки дар пойтахти тоҷикон, шаҳри Душанбе майдонҳои Парчами давлатӣ ва Нишони давлатӣ ҳамун рамзи таҷассумгари истиқлоли давлатӣ номгузорӣ шудаанд. Парчами миллӣ нишонаи пойдории давлатӣ ва эҳтироми Тоҷикистони азиз аст. Баракатулло Холмуродов, омӯзгор Таҷлили Рӯзи Парчам барои ҳар яки мо сокинони кишвар боиси ифтихору сарфарозист. Чун ба саҳифаҳои таърих менигарем, маълумамон мегардад, ки дар тӯли таърихи башарият омили аслии давлату давлатдорӣ ва шинохти дилхоҳ миллату давлат маҳз аз парчами он сарчашма мегирад. Имрӯз мо хеле хушбахтем, ки дорои Парчами миллии худ ҳастему он баробари парчамҳои кишварҳои гуногун дар арсаи ҷаҳонӣ болафшон аст. Вазифаи муқаддаси ҳар яки мо сокинони ин сарзамин аз он иборат аст, ки бояд нишони давлатдорӣ ва сулҳу ваҳдат – Парчами миллиро ҳифз намоему барои таҳким ва муаррифии он дар сатҳи байналмилалӣ фаъолияти худро ба роҳ монем. Зеро саодати зиндагӣ ва хушбахтии ҳар яки мо дар ҳаёт аз дӯст доштан ва ҳифз кардани муқаддасоти миллӣ, бахусус Парчами давлатӣ вобаста аст. Ато Собирзода, номзади илмҳои тиб Парчам ҳамчун рамзи давлатӣ дар таърихи давлатдории тоҷикон мақоми хоса дошта, тибқи сарчашмаҳои таърихӣ ин суннати аҷдодӣ таърихи беш аз 400-сола дорад. Ниёгони арҷманди мо ҳазорсолаҳо таҳти парчами хеш саф кашида, ватану миллат, номусу озодӣ, забону фарҳанг ва марзу буми аҷдодиро ҳимоя кардаанд.

5 Бояд гуфт, ки Парчами миллии мо нишона аз таърихи чандинҳазорсолаи халқи бузургамон буда, мардуми ин сарзамин дар ҳар давраи таърихӣ маҳз зери Парчами миллии худ ба ваҳдату ягонагӣ ва пешрафту шукуфоӣ расидаанд. Президенти мамлакат, Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо нишони эҳтирому садоқат ба Парчами миллиамон бо фармони худ аз 20 уми ноябри соли 2009 рӯзи 24-уми ноябрро Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон эълон намуданд. Парчами имрӯзаи давлатӣ яке аз рамзҳои муҳими истиқлолияти миллӣ ва давлатдории муосири мо, таҷассумгари асосҳои таърихӣ ва рамзҳои давлатӣ, инчунин ифодакунандаи мақсаду маром ва орзуву ормонҳои тамоми мардуми Тоҷикистон мебошад. Моро зарур аст, ки рамзҳои давлатӣ, муқаддасоти миллӣ ва дастовардҳои истиқлолиятро ҳифз намоем. Дар ҳаёти сиёсиву иҷтимоии Тоҷикистони азиз бо дасту дили гарм ва нерӯи бунёдкорона ширкат варзем. Амнияти давлат ва шарафу номуси ватандориро ҳимоя карда, худро бо ҳама хавфу хатарҳои номатлуби ҷаҳон эмин нигоҳ дорем ва парчамбардори ин сарзамин, марзу бум ва кишвари муқаддасамон бошем. Аз самими қалб мардуми фарҳангсолори кишвари азизамонро бо ин санаи фархунда таҳният гуфта, баҳрашон бахту иқболи баланд, хушрӯзиву некномӣ ва барору комёбиҳои беназирро таманно дорам. Дилнура Оламова, донишҷӯйи Донишкадаи соҳибкорӣ ва хизмат Парчами давлат муқаддасотест, ки ҳар яки мо тоҷикистониён онро бояд азизу гиромӣ донем. Парчам дар давлатдорӣ нақши муҳим мебозад, ки бо он метавон дар тамоми миқёси ҷаҳон моро шинохт. Имрӯз Тоҷикистони азизи мо соҳиби Парчами калонтарин аст, ки болои сари мо парафшон мебошад ва ҳар фарди тоҷик бояд аз он ифтихор кунад. Имрӯз, ки майдони Парчам дорем, хеле хушбахтем ва ҳамарӯза атрофаш пур аз меҳмонон ва тамошобинон аст. Мебинем, вақте меҳмонон аз хориҷи кишвар ба давлати мо ташриф меоранд, ҳатман, ки аз Парчами осмонбӯсамон дидан менамоянд ва аз бузургиву зебогияш ҳаловат бурда, аксбардорӣ мекунанд, ки ин худ хушнудӣ аст. Мо ҷавонон низ ҳамеша талош мекунем, ки дар ҳама самтҳо парчамбардори давлати худ бошем ва ҳамеша дирафши давлатамонро дар зинаҳои баландтарини дунё парафшон намоем. Рӯзи Парчам ба ҳамаи Тоҷикистониён муборак! Манзумаи Фирӯз, “ҶТ”


6 ПАЙРАВОНИ ПЕШВОИ МИЛЛАТЕМ Бо ташаббуси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати кишвар таҳти сарпарастии Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон муҳтарам Рустами Эмомалӣ, 14 ноябр, дар шаҳри Душанбе конференсияи ҷумҳуриявии илмӣ – назариявӣ дар мавзӯи “Пешвои миллат – бунёдгузори сиёсати давлатии ҷавонон: иштироки ҷавонон дар ҳаёти ҷомеа ва нақши онҳо дар таҳкими муносибатҳои идорӣ” бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ба истифода додани агрегати якуми иншооти азими аср НБО “Роғун” баргузор гардид. Дар конференсия Аҳтам Абдуллозода, раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш, Юсуфӣ Хайринисо, муовини раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Маъмурзода Адҳам, намояндаи Дастгоҳи иҷроияи Президенти ҷумҳурӣ, Фарҳод Раҳимӣ, Президенти Академияи илмҳо, Имомзода Маҳмадюсуф, ректори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, Раҳимзода Султон, муовини якуми вазири энергетика ва захираҳои оби ҷумҳурӣ ва олимону муҳаққиқони ҷавон иштироку суханронӣ намуданд. Аҳтам Абдуллозода, раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати кишвар, зимни ифтитоҳи конференсия аввалан кулли иштирокчиёнро бахшида ба Рӯзи Президент ва ба кор даромадани аввалин агрегати НБО “Роғун” муборакбод намуд. Раиси Кумита дар идома доир ба сиёсати давлатии ҷавонон суханронӣ намуда, иброз дошт: “Иштироки ҷавонон дар раванди созандагӣ ва бунёди давлати навини тоҷикон бисёр муҳим ва аҳамиятнок ба ҳисоб меравад. Зимнан аз рӯзҳои аввали соҳибистиқлолӣ нақши ҷавонон дар ташаккули рукнҳои асосии давлатдорӣ, алалхусус истиқлолияти давлатӣ назаррас мебошад. Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон барои ноил шудан ба дастовардҳои муҳим дар ҳаёти иқтисодию иҷтимоӣ, сиёсию фарҳангии ҷавонон нақши босазо гузошта, ба ташаккули сиёсати давлатии ҷавонон ва тадриҷан фароҳам овардани имкониятҳои васеи рушду такомули ҷавонон дар шароити мураккаби тағйирёбии сохторию ҷамъиятӣ мусоидат намуд, ки саҳми ҷавонон дар ин раванд хеле самарабахш арзёбӣ мегардад. Имрӯз ҷомеаи кишвар

Пешвои миллат – бунёдгузори сиёсати давлатии ҷавонон

ба қудрат ва тавоноии ҷавонони тоҷик дар таҳаввулоти иқтисодию иҷтимоӣ ва умури давлатдорӣ сахт эътимод дорад ва ин нуқта аз ҷониби Пешвои муаззами миллат дар мулоқот бо ҷавонони мамлакат зикр гардида буд”. Таъкид гардид, ки сиёсати давлатии ҷавонон сиёсатест, ки татбиқи он аз сохторҳои гуногуни давлатию ҷамъиятӣ фаъолияти муштаракро талаб менамояд. Аз ҷониби дигар имрӯз ҷавонони даврони соҳибистиқлолии кишвар дар заминаи ҳидояту роҳнамоиҳои падаронаи Пешвои миллат бевосита худашон низ ҳаракат бар он доранд, ки дар пешрафт ва шукуфоии ватани азизамон дар тамоми соҳаҳои хоҷагии халқ хизмати содиқона намоянд. Юсуфӣ Хайринисо, муовини Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар баромади хеш атрофи ба саҳнаи сиёсат омадани Пешвои миллат суханронӣ намуда, нақши Президенти кишварро дар барқарор гардидани сулҳу

ваҳдат калидӣ арзёбӣ намуд. “Баъди пирӯзии истиқлол бархурди хунини гуруҳҳои мухталиф дар ватани мо оғоз шуд. Дар он рӯзгори парешонию парокандагӣ ҷони миллат дар сари риштае ҳамоил буд. Камтарин таъсиру ангезаи дохилию хориҷӣ ин риштаро барои ҳамеша мегусаст ва номи миллати тоҷик аз нақшаи ҷуғрофиё сутурда мешуд. Ҳамдиёрони баргаштабахти мо дар чорсӯи офоқ дар ғамободи ғурбат умр ба сар мебурданд. Ҳоли мардуми дохилӣ низ тараҳҳумхоҳ буд. Дар ҳамин марҳилаи шадидтарини ҳаёт ба ногаҳ офтоби наҷот бо номи Эмомалӣ Раҳмон тулуъ кард. Аз рӯзҳои нахустини роҳбарӣ Президенти кишвар тамоми кӯшишу заҳмати хешро барои поён бахшидани ҷанги шаҳрвандӣ, таҳкими сулҳ ва ваҳдати халқи тоҷик равона сохтан ва дар ин ҷода баъди чанде аз худ гузаштанҳову ҷонбозиҳо муваффақ гардидан”, - иброз дошт дар идома Юсуфӣ Хайринисо. Иштирокчиёни дигари конфе-

ренсия низ доир ба нақши ҷавонон дар идоракунии давлатӣ, ҷаҳду талоши шабонарӯзии Пешвои миллат баҳри расидан ба ормонҳои миллӣ ва ҷавобан ба ғамхориҳои Ҳукумату давлат талошу фаъолияти назаррас намудани ҷавонон ибрози назар намуданд. Маҳмадюсуф Имомзода, ректори ДМТ ба яке аз соҳаҳои пешрафтаю калидии мамлакат табдил ёфтани соҳаи маорифро маҳз аз таваҷҷуҳу ғамхории бевоситаи Президенти кишвар дониста, иброз дошт, ки “таъсиси квотаи президентӣ барои хонандагони болаёқат ва ҷавондухтарони дурдасти кишвар, ифтитоҳи садҳо мактабҳои наву замонавӣ, таъсиси чандин донишгоҳу донишкадаҳои нав, пайваста афзун гаштани маблағгузории соҳаи маориф ва баланд бардоштани маоши устодони таълимӣ баёнгари бархурдории соҳаи маориф аз ғамхориҳои Президенти кишвар мебошад. Бо ибтикори Роҳбари давлат корҳое, ки дар соҳаи маориф иҷро шуданд, барои рушди илми ватанӣ, баланд

“ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН”, №47 (9577), 22.11.2018

рафтани сатҳу сифати таълим, беҳтар шудани заминаи модию техникии муассисаҳои таълимӣ ва дар рӯҳияи ватандӯстӣ ва ҳувияти миллӣ тарбия намудани ҷавонон мусоидат намудаанд”. Бо итминони комил афзуда шуд, ки ба кор андохтани нахустин агрегати иншооти аср ва кохи нури Тоҷикистон НБО “Роғун” дар Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон нишона ва талоши навбатии Пешвои миллат ба сӯйи фардои дурахшон ва созандаи Тоҷикистони соҳибистиқлол мебошад. Аз он меболем, ки аз 21 ҳазор кормандони иншооти бузурги тақдирсоз аксарияти сохтмончиёни он ҷавонон мебошанд, ки саҳми арзишманди хешро дар таъмини ҳадафи стратегии кишвар истиқлолияти комили энергетикӣ гузошта истодаанд. Ҷоннисорӣ, садоқатмандӣ, хештаншиносӣ ва заҳматҳои шабонарӯзии Пешвои миллат бо бунёду мавриди истифода қарор додани ин иншооти азими аср бори дигар ба мо, ҷавонон, исбот менамояд, ки ба ғайр аз мову шумо дигар ягон кас хонаву дар, кӯчаву шаҳр ва ватани моро обод намекунад. Пас биёед, якдилу якмаром барои Тоҷикистони соҳибистиқлол, модар ва ватани маҳбубамон то охирин нафас содиқу ҷонфидо ва пайрави асили Пешвои муаззами миллат бошем. Дар қисмати дуюми конференсия, ки дар он олимону муҳаққиқони ҷавон иштирок намуданд, доир ба ҳаёт ва осори Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маърӯзаҳо намуданд. Олимону муҳаққиқони ҷавон дар рафти баромадҳо иброз доштанд, ки имрӯз ҷавонони мо бо шарофати истиқлолияти давлатӣ баробари олимпиадаҳои дохилӣ дар олимпиадаҳои сатҳи ҷаҳонӣ низ ширкат меварзанд. Танҳо дар нуҳмоҳаи соли 2018 дар маҷмуъ 126 медал (31 тилло, 49 нуқра ва 46 биринҷӣ) ба даст овардаанд, ки боиси ифтихори кулли ҷавонон аст. Ҳамзамон дар ин росто бо ҷоизаи олимони ҷавон бо номи Исмоили Сомонӣ то имрӯз 140 нафар қадрдонӣ гардидаанд, ки аз онҳо 32 нафарашонро бонувони ҷавон ташкил медиҳанд. Бояд имрӯз ҷавонон омӯзанду обрую манзалати худро дар ҷомеа муайян созанд. Зимни маърӯзаҳо гуфта шуд, ки ҳар як дастоварди олимону муҳаққиқони ҷавон маҳз дар натиҷаи дастгириҳои пайвастаи Пешвои миллат ба даст омада, ҷавонон бояд дар тамоми соҳаҳо кӯшиш бар он намоянд, ки Тоҷикистони азиз боз ҳам рушду нумуъ ёбаду дар арсаи ҷаҳонӣ мавқеи он боз ҳам баланд гардад. Дар ин росто қарзи имониву инсонии ҳар як ҷавон ин саҳм гузоштан дар пешрафту тараққиёти кишвар мебошад. Беҳрӯз ХОЛМУРОДОВ, “ҶТ”


“ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН”, №47 (9577), 22.11.2018

МУҚАДДАСОТ

Хуҷаста бод, Парчами коваёнии ман худро нигоҳ дошта, ба наслҳои оянда мерос гузоштааст, то муқаддасоти худро ҳифз ва барои наслҳои минбаъда мерос гузоранд. Агар шахси ватандӯст ва дорои ҳисси миллӣ дошта китоби сардори давлат «Тоҷикон дар оинаи таърих» ё китоби «Авасто»- ро мутолиа карда бошад ба маънии суханони банда расида метавонад. Дар асоси мутолиаи ин китобҳо гуфтан мумкин аст, ки анъанаи парчамдории мардуми тоҷик дар тӯли асрҳои аср инкишоф ёфта, то замони мо расидааст. Ҳатто давлатҳои мусулмоние, ки имрӯз моҳ ва ситораро дар нишони хеш инъикос кардаанд, онро аз мардуми тоҷик омӯхтаанд. Дар замони ҳазрати Муҳаммад ва халифаҳои чаҳоргона то оғози тохтутози араб ба Осиёи

Мафҳуми парчам аз калимаи қадимаи суғдӣ гирифта шуда, маънояш кокул, овеза мебошад. Дар хусуси пайдоиш ва ташаккулёбии парчам ахборот гуногун аст. Баъзе бар он ақидаанд, ки пайдоиши парчам аз номи Коваи оҳангар оғоз гардидааст, ки барои раҳои ёфтан аз зулми Заҳҳок пешдомони оҳангариро ливои мубориза ташкил намуд. Бо маънои дигар парчам аз калимаи «кавӣ» ё «кай»-и халқҳои эрони қадим гирифта шуда, маънояш ливо ё нишони шоҳон мебошад. Дар замонҳои қадим парчам фақат дар ҷангҳои забткоронаи шоҳон мавриди истифода қарор мегирифт, аз ҳамин сабаб онро «нишони шоҳон» меноманд. Таърих гувоҳ аст, ки халқи тоҷик дар тӯли мавҷудияти хеш новобаста аз фарозу нишебиҳои таърих фарҳанги парчамдории

Нишони давлатдорӣ Метавон гуфт, ки Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз рукнҳои асосии муқаддасоти миллӣ маҳсуб гардида, он ифодагари рамзи ҳаёти осоишта, меҳнатдӯстӣ, бахту иқболи сафед, умед ба ояндаи нек аст. Дар радифи муқаддасоти дигар парчам низ таърихи худро дорад ва он дар таърихи кишвардории мо дар мубориза бо душманони аҷнабӣ ифодагари қудрат ва матонати давлат будааст. Дар таърихи қадимаи рамзҳо парчам ба рамзи пирӯзӣ ва сипас ба рамзи давлатдорӣ табдил ёфта буд. Ҳар шахсе ба қудрат мерасид, соҳиби тахту салтанат мегашт, тоҷи шоҳӣ ба сар мениҳод, парчамро азизу муқаддас медонист ва онро баланд меафрохт. Дар «Шоҳнома»-и Абулқосим Фирдавсӣ шоҳ Фаридун парчами худро бо сангҳои қиматбаҳо ва тасвири ситораи чоргӯшаи тиллоӣ ва шилшилаҳои сурх, зард ва бунафш оро дода, онро дирафши ковиёнӣ номид. "Дирафш" аз вожаи дирафшидан, дурахшидан, рӯшноӣ додан, партав афкандан ва тобидан сохта шудааст ва ба маънои парчам, алам, аломату байрақ омадааст. Пас аз пош хӯрдани давлати абарқудрати Иттиҳоди Шӯравӣ дар ҳаёти сиёсӣ ва иқтисодии ҷумҳуриҳои иттифоқ, аз ҷумла Тоҷикистон марҳилаи нав оғоз ёфт. Ҷумҳуриҳои иттифоқ давлатҳои соҳибистиқлолу озод гардиданд ва ин боис шуд, ки ҳар давлати мустақил парчами худро ҳамчун рамзи давлатдорӣ, соҳибихтиёрӣ ва истиқлолияти давлатӣ қабул кунад. Соли 2009 бо ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 24 ноябр Рӯзи Парчами давлатӣ эълон гардид ва ин рӯзи муборак ҳамасола бо шукӯҳу тантана таҷлил мегардад. Бояд зикр намуд, ки рамзҳои давлатӣ шиносномаи соҳибистиқлолии мамлакат буда, тавассути он давлатро тамоми ҷаҳон мешиносад. Рамзҳо мазмун ва моҳияти мушаххаси идеологӣ, ҳуқуқӣ, иҷтимоиву

сиёсиро бар дӯш доранд. Бо эҳсосоти баланд муносибат намудан ба рамзҳои давлатӣ ифодаи муҳаббат ба Ватан аст. Табиатан ҳар инсоне, ки дар дилу дидааш меҳри Ватан ҷой дорад, парафшонии ливои миллӣ ба ӯ эҳсоси худшиносию арҷгузорӣ ба арзишҳои олии ватандориро мебахшад. Чунончи ҳангоми садо додани Суруди миллӣ таппиши қалбҳоямон дигаргун мешавад, вуҷудамонро ифтихор ва шодиву сурур фаро мегирад. Борҳо дидаем, ки ҳангоми боло бардоштани Парчами миллӣ ба ифтихори ғолибият дар мусобиқаҳои варзишии байналхалқӣ аз чашмони варзишгари ғолиб ашки шодӣ мерезад. Истифодаи рамзҳои давлатӣ дар тарбияи насли наврас аҳамияти муҳим дорад, зеро дар ҷараёни тарбия моҳияти рамзҳои давлатӣ, ҳокимияти давлатӣ, хусусияти фарқкунандаи он дар муқоиса бо дигар давлатҳо ба наврасон ва ҷавонон фаҳмонида мешаванд. Бо ин роҳ ифтихори ватандории онҳо боло бардошта мешавад. 12 октябри соли 2017 вакилони порлумони Тоҷикистон ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рамзҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» тағйиру иловаҳо ворид намуданд. Тибқи ин тағйирот, Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки яке аз рамзҳои давлатӣ ба ҳисоб меравад, дар биноҳои маъмурию иҷтимоӣ, маишӣ, корхонаҳо ва манзилҳои шаҳрвандон бо ифтихор истифода бурда мешавад. Яъне дар паи ин тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рамзҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» маконҳои истифодаи Парчами давлатӣ дар кишвар васеъ гардонида шуданд, ки он ба ташаккули худшиносии миллӣ ва ифтихор аз миллату давлатдорӣ мусоидат менамояд. Фаридун ҲОДИБОЕВ, номзади илмҳои фалсафа, дотсенти Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров

7 марказӣ ин халқ аз ин нишон огоҳӣ надоштанд. Аз рӯи шаҳодати асари безаволи «Шоҳнома»-и А. Фирдавсӣ, шоҳ Фаридун аз авлоди Пешдодиён, империяи худро дар байни ворисонаш Салм, Тур ва Эраҷ тақсим намуд, ки дар натиҷа сарзамини Эрон барои Салм бо нишонаи офтоб, сарзамини Тур, ки ҳудудҳои Осиёи марказиро дар бар мегирифт, бо нишонаи моҳи нав ва сарзамини Эраҷ бошад, дарафши коваёниро ливои худ ташкил додаанд. Дар давраҳои минбаъда давлатҳои Каёниён, Ҳахоманишҳо, Ашкониён ва Сосониён низ парчами коваёниро бо рангуборкуниҳо ҳамчун парчами давлатӣ нигоҳ медоштанд. Дар замони истиқлолият низ ин анъанаи аҷдодӣ дар таърихи парчамдории тоҷикон нигоҳ дошта шудааст. Ҳамин тавр таърихи Парчами тоҷикон ҳамоҳанги таърихи давлатдории онҳо буда, пасту баландиҳои зиёдро аз сар гузаронидааст. Насли имрӯзаро зарур аст, ин муқаддасотро эҳтиром намоянд. А. ХУДОИЕВ, сардори шуъбаи назорати сифати таҳсилоти Коллеҷи тиббии ноҳияи Рӯдакӣ

Тоҷикистон нурборон мешавад Бешубҳа, НБО “Роғун” нодиртарин иншоот натанҳо дар минтақа, балки дар ҷаҳон маҳсуб хоҳад ёфт. Зеро сарбанди он дар ҷаҳон баландтарин ба ҳисоб меравад. Миёни кӯҳсорон бунёди сарбанд, бо баландии 335 метр, намунаи заҳмат, матонат ва корнамоии ҳайати мутахассисон, муҳандисону коргарони ин иншоот аст. Неругоҳи “Роғун” пас аз соҳибистиқлолӣ пайваста зери назари роҳбарияти олии кишвар қарор дошт. Баъди он ки дар кишвар сулҳу субот ва оромӣ фаро расид, корҳои бунёдкорӣ дар ин иншоот дубора ва бо заҳмати дучанд ба роҳ монда шуд. Ин неругоҳ дорои шаш чарха буда, ҳар кадом 600 ҳазор квтсоат қувваи барқ истеҳсол мекунанд, ки ин дар маҷмуъ 3,6 миллион квт-соатро ташкил медиҳад. Солона бошад, то 14 млрд. квт-соат қувваи барқ истеҳсол мегардад. Тавре Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз доштаанд, “таҳкурсии асоситарини иқтидори иқтисодии ҳар давлат рушди соҳаи энергетикӣ мебошад”. Дар ин гуфтаҳо ҳикмате нуҳуфтааст. Зеро маҳз соҳаи инкишофёфтаи энергетика имкон медиҳад, соҳоти дигар, аз ҷумла корхонаҳои гуногуни саноатӣ, ки асосан бо қувваи барқ фаъолият доранд, беҳтару хубтар корро ташкил намоянд. Бо ин васила дар истеҳсоли маҳсулоти ватанӣ боз ҳам ҳиссагузор бошанд. Захираи оби обанбори неругоҳ бошад, баробари истеҳсоли қувваи арзони барқ имкон медиҳад, садҳо ҳазор гектар заминҳои бекор хобида шодоб шавад. Натанҳо, заминҳо обёрӣ хоҳанд шуд, ҳамчунин яке аз масоили муҳим, яъне бо оби ошомиданӣ таъмин намудани мардуми минтақа низ ҳалли мусбии худро меёбад. Дар ҷаҳони муосир сокинони як қатор кишварҳо аз беобӣ азият мекашанд. Баҳри Арал хушкидан дорад. Сабаб норасоии об аст. Президенти кишвар, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз минбари баланди СММ борҳо бо ташаббусҳои наҷиб, баҳри сарфакоронаю оқилона истифода бурдани об баромад ва таклифҳои судманд пешниҳод намуд. Акнун, ки иншооти аср, неругоҳи “Роғун” ба фаъолият оғоз мекунад, ҳамагон умед дорем, ин масъала дар минтақа ба хубӣ ҳал хоҳад шуд. Ситора НАЗРУЛЛОЕВА, омӯзгори МТМУ рақами 71-и ноҳияи Шоҳмансури пойтахт


8

ПАРЧАМБАРДОРОН

ДИЛШОД НАЗАРОВ: Парчам шиносномаи ман аст - Ҳамеша орзу мекардам, ки Парчами кишвари азизам дар қуллаи баланди варзиш – Бозиҳои олимпӣ парафшон бошад. Ба хотири парафшонии Парчами кишвар тамоми мушкилиҳои варзишро пушти сар намудам ва бо дастгириҳои бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон билохир миллати сарбаланди тоҷик ба ин рӯз расид ва Парчами кишвари азизамон дар Бозиҳои олимпӣ парафшон шуду Суруди миллии ватанамон танинандоз гардид. Парчам дар ҳаёти варзишии ман нақши ниҳоят калон дорад. Дар тамоми мусобиқаҳо Парчамро бо худ мебарам, зеро Парчам дар хориҷ аз кишвар шиносномаи ман аст. Давоми фаъолияти варзишиям бароям муяссар гашт, ки дар бонуфузтарин мусобиқаҳо Парчамро ба майдон баровардам ва ҳар бор ки ин вазифаро ба зимма мегирифтам, масъулиятам даҳчанд мешуд. Ман ҳар куҷое меравам, Парчамро бо худ мебарам, зеро Парчам маро ба ҷаҳониён шиносонд ва дар навбати худ ба хотири боло бардоштани Парчам ҳамеша талош мекунам.

“ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН”, №47 (9577), 22.11.2018

Парчаму варзишгар муаррифгари якдигаранд ШАҲРИЁР ДАМИНОВ: Арҷ гузоштан ба Парчам ин эҳтиром ба миллат аст - Агар мо дар барои Парчам чӣ қадаре, ки сухан ронем, кам аст. Зеро Парчами давлатӣ дар баробари Конститутсия, Нишон ва Суруди миллӣ аз ҷумлаи муқаддасоти милливу давлати маҳсуб меёбад. Барои ҳар як шаҳрванди кишвар Парчами миллӣ ҳамчун муқаддасот, тимсоли Ваҳдати милливу ягонагӣ буда, он мардумро ба сӯи созандагиву бунёдкорӣ ҳидоят менамояд. Дар зери ливои миллӣ ҳар як тоҷику тоҷикистонӣ дар иттиҳод ва ҳамбастагӣ аз мавҷудияти давлати соҳибихтиёр ва ҷузъи ҷудонашавандаи ҷомеаи ҷаҳон ифтихор мекунад. Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ин росто дуруст таъкид намудаанд, ки дар ҷаҳони муосир ҳар як давлати мустақилу соҳибихтиёр тавассути парчами он муаррифӣ мегардад. Аз ин рӯ, эҳтиром ва арҷ гузоштан ба Парчами давлатӣ маънои эҳтирому арҷгузорӣ ба арзишҳои деринаи таърихӣ ва фарҳангиву маънавии миллӣ ва гузашта аз ин, эҳтироми миллат ва давлату давлатдорӣ мебошад. Ҳамчун варзишгар кӯшиш бар он мекунам, ки Парчами давлатамро дар дигар давлатҳои ҷаҳон ҳамеша баланд бардорам. Тамоми ҳамдиёронро ба Рӯзи Парчам табрик менамоям.

САИДҶАЛОЛ САИДОВ: Парчам муаррифгари мо дар арсаи ҷаҳон аст - Парчам ин нишонаи давлату миллат мебошад. Мо варзишгарон кӯшиш менамоем, ки давлату миллатро олӣ дар арсаи байналмилалӣ муаррифӣ намоем, Парчами давлати худро доимо баланд бардорем. Рӯзи парчамро ман ҳамчун варзишгар ҷашн мегирам. Зеро кӯшиши мо варзишгарон барои ҳамин парчам аст, ки онро тавониста бошем дар арсаи ҷаҳонӣ баланд бардорем. Ман хеле хушбахтам, ки дар чандин мусобиқаҳои байналмилалӣ Парчами меҳанро баланд бардоштаму бо шарофати баланд бардоштани он тамоми иштирокчиён аз ҷой бархостанду эҳтироми Парчами миллати моро ба ҷо оварданд, ки ин барои ман лаҳзаҳои фаромӯшнашаванда аст. Ба тамоми мардуми Тоҷикистон Рӯзи Парчами давлатиро табрику муборакбод мегӯям.

КОМРОНШОҲ УСТОПИРИЁН: Парчам дар соҳаи варзиш рамзи хос аст - Барои ҳар як варзишгар намояндагии давлати худу Парчами он дар хориҷ аз кишвар хеле хуб аст. Ҳангоме, ки варзишгар дар мусобиқаҳои сатҳи байналмилалӣ иштирок менамояд ва сазовори ҷойи аввал мегардад, Парчами давлатам баланд ва Суруди миллӣ садо медиҳад, ки ин беҳтарин лаҳзаҳо дар ҳаёти ҳар як варзишгар ба ҳисоб меравад. Мо варзишгарон пайваста кӯшиш бар он менамоем, ки парчамбардони кишвари хеш бошем. Парчам дар соҳаи варзиш барои мо як рамзи хос аст. Вақте варзишгар бо меҳнатҳои зиёд сазовори ҷои ифтихорӣ мешавад, парчами давлат баланд мегардад, шахсро ҳисси ватандори ва ифтихорӣ миллӣ фаро мегирад. Таҷлили Рӯзи Парчам барои варзишгарон ин ид аст. Зеро дар тамоми дунё аввал Пешвои миллат парчами миллати моро мебардорад ва баъдан варзишгарон. Аз ин рӯ, таҷлили Рӯзи Парчам барои мо боиси ифтихор аст. Дар оянда ҳаракат мекунем, ки парчами миллати худро боз ҳам баландтар бардорем.

БЕҲРӮЗ ХОҶАЗОДА: Парафшонии Парчам аз варзишгар заҳмати шабонарӯзӣ талаб мекунад - Вақте ки ҳар як варзишгар дар мусобиқаҳои сатҳи ҷаҳонӣ иштирок менамояду Парчами меҳанро бо маҳорату малакаи хеш баланд мебардорад, ин боиси ифтихору сарфарозист. Дар воқеъ ягона мақсаду орзуи варзишгар низ ҳамин аст, ки дар мусобиқаҳои ҷаҳонию олимпӣ парчами давлаташ

баланд бардошта шавад. Ман ҳамеша таманнои онро дорам, ки Парчами меҳан, ки нишони озодиву ваҳдат ва

АКМАЛИДДИН КАРИМОВ: Варзишгарон барафрозандагони Парчами миллӣ ҳастанд ва хоҳанд монд - Мо шукрона мекунем, ки чунин ватани азизу маҳбуби соҳибистиқлол дорему дар зери ливои он озодона дар тамоми мусобиқаҳои байналмилалӣ ширкат меварзем ва Парчами ватани худро баланд

сулҳу суботи сартосарист дар тамоми мусобиқаҳои ҷаҳонӣ доимо парафшон гардад. Чун варзишгар ва ҷавони ин сарзамини биҳиштӣ орзуи онро дорам, ки бигузор Парчами Тоҷикистон барои ҳамеша бо шукӯҳу нусрат ва сарбаландии миллати азизи мо дар саросари олам парафшон бошад ва ҳамчун чароғи раҳнамо ва падидаи ҳидоятгар ба сӯи музаффариятҳо боқӣ бимонад. Аз ин рӯ, баҳри баланд бардоштани Парчами азизамон мо бояд ҳамеша саъю кӯшиш намоем.

мебардорем. Имрӯз Парчами навини Тоҷикистон, ки истиқлолу озодӣ, ҳувияти миллӣ ва ҳастии таърихии давлати моро баёнгар аст, чун рамзи меросбарии ин гузаштаи пурифтихор, моро ба сӯи корномаҳои созандаву бунёдкор ҳидоят мекунад. Албатта, боиси ифтихормандист, ки солҳои охир бо дарки чунин рисолатшиносӣ ҷавонони фаъол ва соҳибназари мо бо нишон додани қудрату тавони зеҳниву фикрӣ ва ақлониву ҷисмонии хеш мояи парафшонии Парчами миллии мо дар муҳимтарин нуқтаҳои олам гардидаанд. Дастовардҳои варзишгарон ва намояндагони дигар бахшҳо бори дигар моро итминон мебахшад, ки ҷавонони миллати азизамон бо дарки оини ватандорӣ ва шинохти муқаддасоти миллӣ садоқат ба меҳанро собит намуда, ҳамеша барафрозандагони Парчами миллӣ ба унвони рамзи шукӯҳу ифтихори миллӣ ҳастанд ва хоҳанд монд. Мо варзишгарон кӯшиш менамоем, ки Парчами кишварамон ҳамеша парафшон дар арсаи ҷаҳон бошад. Беҳрӯз ҚАЮМЗОД, “ҶТ”


МУСОҲИБА

“ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН”, №47 (9577), 22.11.2018 Баъди 42соли интизорӣ ҷавонпаҳлавонони тоҷик дар риштаи гӯштини самбо боз таърихро аз нав эҳё намуданд. Ва ин ғалаба барои рушди гӯштини самбо ба мисли боду ҳаво таъсири худро расонид. Ин навбат дар Чемпионати ҷаҳон оид ба самбо Тоҷикистонро 10 паҳлавон муаррифӣ намуд, ки 8 нафар дар самбои варзишӣ, 2 нафар дар самбои размӣ буданд. Чемпионати ҷаҳон оид ба самбо миёни калонсолон аз 9-11 ноябри соли равон дар шаҳри Бухарест, пойтахти Руминия баргузор шуд. Дар ин мусобиқаи мазкур аз ҳунарнамоиҳои таҳамтанҳои тоҷик, бори дигар ҷаҳониён ангушти ҳайрат газиданд. Барои мо муяссар шуд, ки аз ин чемпионат ба хазинаи варзишии кишвар 4 медал (1 тилло ва 3 биринҷӣ) ворид намоем. Хушқадам Хусравов, қаҳрамони чандинкаратаи кишвар ва ҷоизадори мусобиқаҳои байналмилалӣ дар мусобиқаи қаҳрамонии ҷаҳон оид ба самбо, дар вазни то 62 кило баромад намуда, бо чор пирӯзӣ бар рақибонаш аз Доминикан, Булғористон, Гурҷистон ва Украина ба даври ниҳоӣ баромад. Ӯ дар қувваозмоии финалӣ ҳарифи русиягиаш Руслан Багдасарянро шикаст дода, аввалин маротиба унвони қаҳрамони ҷаҳонро ба номи худ мӯҳр зад. Хушқадам, яке аз варзишгарони номдори тоҷик, ки дар партави сулҳу суботи даврони соҳибистиқлолии Ватан ба воя расидааст, маҳз бо дастгириҳои Пешвои миллат натиҷаҳои баланди варзиширо ноил гардида, варзиши миллати тоҷикро ҳам дар дохил ва ҳам хориҷи кишвар муаррифӣ намуда истодааст. Мо бо Хушқадам Хусравов ҷаҳонпаҳлавони тоҷик сӯҳбате доштем. Хушқадам, аввалан Шуморо аз номи ҳайати эҷодии рӯзномаи “Ҷавонони Тоҷикистон” бо пирӯзиатон шодбош мегӯем. Бигӯед, то расидан ба ин натиҷа кадом

Хушқадам Хусравов:

- Кай ва дар куҷо бори нахуст рӯи гилеми набард баромадед? - Падарам Носир Хусрав, ки худ мураббӣ аст, аз овони хурдӣ тавонист, дар дилам ин намуди варзишро ҷой намояд. Дар 7- солагиам ба мактаби варзишии ноҳияи Ванҷ рафта, фаъолияти варзишиамро дар назди падарам оғоз намудам. Вақте соли 2007 аввалин маротиба қаҳрамони Тоҷикистон шудам, маро ба дастаи мунтахаби кишвар ворид карданд. Ҳамон замон сармураббии мунтахаби кишвар Маҳмадшариф Сулаймонов буданд. Таҳти роҳбарии ин мураббӣ то соли 2015 машқу тамрин намуда, ҷоизадори чандин мусобиқаҳои байналмилалӣ гардидам. Пас аз ба нафақа баромадани Маҳмадшариф Сулаймонов то ҳоло дар назди Давлатхуҷа Раҳимов малакаву маҳорати варзишиамро сайқал дода истодаам. - Барои омода шудан ба Чемпионати ҷаҳон, таҳти роҳбарии кадом мураббӣ тамрин доштед? - Пеш аз сафарбар гардидан ба мусобиқаҳои ҷаҳонӣ, масъулини соҳа - Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Федератсияи самбои Тоҷикистон ва дигар мақомот барои мо варзишгарон тамоми имконоту шароитҳои

Ғалабаамро ба Рӯзи Президент мебахшам зинаҳоро пушти сар намудед? - Ташаккур. Ман ҳам ин комёбиро ба Шумо ва тамоми мардуми Тоҷикистон муборакбод мегӯям. Ин дастовард, ки дар арафаи Рӯзи Президенти кишвар ба даст омад, аз ин лиҳоз мехоҳам ғалабаамро ба Рӯзи Президент бахшам. Зеро ғолибият ва пирӯзии мо варзишгарон дар мусобиқаҳои ҷаҳонӣ бевосита аз дастгириву ғамхориҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аст, ки шароити мусоидро барои мо варзишгарон муҳайё сохтаанд. Маҳз эътимоду боварии Пешвои миллат аст, ки мо бо тамоми нерӯ барои баланд бардоштани Парчами кишвари азизамон дар хориҷи кишвар сабқат менамоем ва ҳамаи талошҳои мо варзишгарон ба хотири муаррифии халқу миллати тоҷик мебошад. Ва ҳар як варзишгар орзуи онро дорад, ки дар самти интихобкардааш унвони қаҳрамони ҷаҳонро фатҳ намояд. Барои ин рӯзҳо мо тӯли солҳо заҳмат кашидем, тамрин намудем ва ба чунин дастовард ноил шудем. Дар таърихи сам-

бои Тоҷикистон сеюмин қаҳрамони ҷаҳон ба ҳисоб меравед худи Шумо ин дастовардро чӣ гуна баҳо медиҳед? - Ба ҳамаи мо маълум аст, ки дар таърихи варзиши тоҷик аввалин қаҳрамони ҷаҳон ин устод Саидмуъмин Раҳимов аст, ки соли 1975 дар Мински Беларус ва баъдан Беҳрӯзи Хоҷазода, ки соли 2017 дар Сочии Русия қаҳрамон шуда буданд. Хушбахтона соли ҷорӣ ман низ ба феҳристи Қаҳрамонони самбои тоҷик ворид шудам, ки ин эҳсосот ногуфтанист. Аз соли 2007 инҷониб дар ҳайати тими мунтахаби Тоҷикистон оид ба самбо шомил ҳастам. Хушбахтона дар ин давра панҷ маротиба қаҳрамони Осиё, се маротиба қаҳрамони Ҷоми ҷаҳон ва соли 2013 миёни ҷавонон қаҳрамони ҷаҳон шудам. Аз соли 2014 дар Чемпионати ҷаҳон миёни калонсолон ширкат менамоям ва худи ҳамон сол дар ин мусобиқа, ки дар шаҳри Наритаи Ҷопон баргузор гардид, ширкат намуда, дар вазни 62 кило медали нуқраро соҳиб шудам. Соли 2015 низ Ҷоми олии ҷаҳонро, ки дар пойтахти Русия доир шуда буд, ба даст овардам.

тамринро фароҳам меоранд ва вазифаи дар пешгузоштаи мо ин танҳо бо тамоми нангу номуси тоҷикона ва бо ҷиддияти тому софдилона ба тамрин машғул шудан мемонаду халос. Барои омода шуданам ба мусобиқаи мазкур саҳми мураббиёнам Бозор Носир, Садриддин Обидов, Давлатхуҷа Раҳимов, Хуршед Ҳукуматов хеле калон аст. Барои омода шудан ба Чемпионати ҷаҳон устодонам тӯли як сол дар машқҳои дастаҷамъӣ ва инфиродӣ аз ҷиҳати техникию равонӣ ҳамаҷониба омодаам намуданд. - Аз Сочӣ то Бухарест чӣ дигаргунӣ шуд? - Дар асл гирем, тӯли 1 сол дар ҳаёти варзишиям дигаргунӣ набуд. Дар ин муддат ба машқу тамрин машғул гардида, барои чемпионат ҷиддӣ омода шудам. Дар соли 2017 аз вазни муқаррарии худ 1 кило боло гӯштин гирифтам ва дар вохӯрӣ барои медали биринҷӣ бо ноадолатии доварон аз ин медал маҳрум шудам. Аз ин мағлубият руҳафтода нашуда, бо тамоми қувва ба чемпионати навбатӣ омода шуда, хушбахтона қаҳрамони ҷаҳон

9 гардидам. Як нуқтаро набояд фаромӯш кард, ки дар чунин дастовардҳои мо саҳми роҳбари тозаинтихоби Федератсияи самбо Наҳтуллозода Давлатмурод бисёр зиёд аст. Он кас ҳамроҳи варзишгарон ба чемпионати ҷаҳон рафта, ҳамаи моро дастгирӣ намуданд, ки мо аз чунин дастгириҳои Федератсия бисёр шодем. - Аз нигоҳи Шумо имрӯз варзишгарони тоҷик аз намуди гӯштини самбо дар кадом сатҳ қарор доранд? - Ҳоло дар кишвар миёни ҷавонон гӯштини самбо бисёр маъмул шудааст. Ман фикр мекунам, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ба даст овардани медалҳои байналмилалӣ нисбати дигар намудҳои варзиш дар гӯштини самбо бартарият зиёд аст. Зеро паҳлавонҳои ин намуди гӯштин ҳамасола аз ҷониби мақомотҳои дахлдор ба мусобиқаҳои байналмилалӣ сафарбар гардида,таҷрибаашонро зиёд мекунанд. Умед дорем, ки ҷавонпаҳлавонони тоҷик дар солҳои минбаъда натиҷаҳои бештарро соҳиб мешаванд. - Таманнои Шумо барои мухлисонатон... Орзуи онро мекунам, ки ҳамеша мардуми тоҷик ба Ватани худ содиқ бошанд. Мо – ҷавонон якҷоя барои пойдории сулҳу субот ва оромиву нишот дар ҷомеа бо истифода аз мактаби бузурги ватандӯстиву ватанпарастии Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон заҳмат бикашем то, ки Тоҷикистони биҳиштосои мо ҳамеша ободу сарсабз бошад. Мо варзишгарон танҳо ба хотири парафшонии Парчами ватани азизамон талош варзем. Инчунин тамоми он нафароне, ки моро дар мусобиқаҳои ватанӣ ва ҷаҳонӣ дастгирӣ менамоянд, аз гирифтани ин унвон хушҳол ҳастанду ҳамеша барои рушди варзиш кӯшиш мекунанд, сипосӣ бенадозаамро мерасонам. Кӯшиш мекунам ин натиҷаро боз дар Чемпионати ҷаҳон такрор намоям. - Нақшаҳои ояндаатон? Ҳар як варзишгар орзу дорад, ки дар мусобиқаи баландтарини ҷаҳон иштирок намуда, ҷоизадор гардад. Орзу дорам, ки, аз соли 2019 ба гӯштини ҷудо гузариш намуда, роҳхати Бозиҳои тобистонаи Олимпӣ Токио-2020-ро ба даст орам. Мо ба Шумо муваффақиятҳои нав ба нав орзу мекунем. Бовар дорем, ки шарафу обрӯи давлату миллатро дар мусобиқаҳои сатҳи байналмилалӣ боз ҳам баландтар мебароред. - Ташаккур барои ин таман¬ниёти самимона. Кӯшиш мекунам, ки ба боварии мардуми шарифи ҷумҳурӣ ва мухлисони азиз сазовор бошам. Шаҳбози АСОМИДДИН, “ҶТ”


10

ИНШООТИ ТАҚДИРСОЗ

“ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН”, №47 (9577), 22.11.2018

Кафили рушди босубот Вақте сухан дар бораи дастовардҳои азими иқтисодиву иҷтимоии кишварамон меравад, моро зарур аст, ки ба таърихи гузаштаамон назар афканем: онро биомӯзему таҳлил намоем ва сабақи таърихӣ бигирем. Ба саволи «Моро чӣ гуна ин дастовардҳо даст доданд?» ҷавоби воқеъбинона диҳем. Тавре ҳамагон медонем, баъди пош хӯрдани Иттиҳоди Шӯравӣ дар Тоҷикистон ҷанги шаҳрвандӣ оғоз ёфт, ки кишварамонро дар ҳолати ногувор қарор дода, иқтисодиёти онро хароб кард. Чи хеле ки аз таҳлили мутахассисону олимони иқтисоддон бармеояд, ҷанги шаҳрвандӣ ба иқтисодиёти кишварамон зиёда аз 10 миллиард доллари амрикоӣ зиёни моддӣ овард. Аз ҷониби дигар, гусасташавии риштаҳои ҳамкории шарикӣ байни давлатҳои собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ Тоҷикистонро ба бунбасти коммуникатсионӣ рӯ ба рӯ намуд. Сатҳи бекорӣ дар ин давра ба ҳадди ниҳоии худ расид. Сатҳи камбизоатӣ 80 фоизро ташкил дод, ки дар маҷмуъ чунин вазъият ҳолати хеле ногуворро дар иқтисодиёти миллӣ ба миён овард. Маҳз дар чунин давраи мушкилу ҳассос тақдири миллатро абармарди нотакрор, фарзанди фарзонаи миллат Эмомалӣ Раҳмон ба зимма гирифт. Ӯ аз рӯзҳои аввал кӯшиш намуд, то вазъи сиёсии кишварро осуда намуда, пастравии сатҳи истеҳсолотро боз дорад ва иқтисодиёти кишварро аз вазъи номусоид берун орад. Дар натиҷа, дар муддати на чандон тулонӣ Тоҷикистон ба рушди босуботи иқтисодӣ муваффақ гашт. Тавре аз таҳлили олимони иқтисоддон бармеояд, бахусус баъди ба имзо расидани Созишномаи истиқрори сулҳ ва ризояти миллӣ вазъи иқтисодӣ дар ҷумҳурӣ ба эътидол оварда шуда, иқтисодиёти ҷумҳурӣ рӯ ба барқароршавӣ ниҳод ва шурӯъ аз соли 2000-ум марҳилаи сифатан нави иқтисодиёти мамлакат оғоз шуда, иқтисодиёти кишвар рӯ ба пешрафт овард. Соҳаи саноат дар иқтисодиёти ҳар як кишвар нақши муҳимро иҷро мекунад, зеро рушди соҳаи саноат дар таъмини иқтидори захиравии иқтисодиёт ва равандҳои такрористеҳсоли он, фароҳамсозии устувори иҷтимоӣ, ҳамчунин баланд бардоштани сатҳи некӯаҳволӣ ва сатҳу сифати зиндагии аҳолӣ саҳми босазо мегузорад. Бо дарки ин нукта, бо заҳмату талошҳои Пешвои миллат дар мамлакат даҳҳо корхонаҳои истеҳсоливу саноатӣ солҳои охир дар ҷумҳурӣ, ҳам бо маблағҳои дохилӣ ва ҳам бо ҷалби сармояи хориҷӣ бунёд карда шуда, ҳаҷми маҷмӯи маҳсулоти саноатии Тоҷикистон афзоиш дода шуд. Аз ҷониби дигар, тавассути бунёди ин корхонаҳо даҳҳо ҳазор сокинони кишвар бо кор таъмин гаштанд. Самти дигари муҳими таъмини рушди иқтисодиёти миллӣ ин истиқлолияти энергетикӣ ба ҳисоб меравад. Бо истифода аз мавҷуд будани иқтидори бузурги истеҳсоли қувваи барқ дар ҷумҳурӣ Пешвои миллат ба амалисозии тарҳҳои муҳим дар соҳаи энергетика даст зад, ки муҳимтарини онҳо нерӯгоҳҳои барқии обии Сангтӯда-1 ва Сангтӯда-2, нерӯгоҳи Роғун ва садҳо нерӯгоҳҳои хурди барқӣ мебошанд. Яке аз самтҳои дигари муҳими стратегии таъмини рушди иқтисодиёти миллиро Пешвои миллат аз рӯзҳои аввали фаъолияти хеш баромадан аз бунбасти коммуникатсионӣ қарор дод, ки дар ин самт низ дар ҷумҳурӣ ба дастовардҳои назаррас ноил гаштем. Бунёд ва азнавсозии роҳҳои Душанбе - Кӯлоб - Хоруғ - Кулма – Қарақурум; Душанбе – Қурғонтеппа – Кӯлоб; нақбҳои Истиқлол, Озодӣ, Шаҳристон, Чормағзак; роҳҳои Душанбе - Нуробод - Ҷиргатол – Саритош; Айнӣ –Панҷакент; Душанбе –Турсунзода ва боз корҳои зиёди дигар аз ҷумлаи тадбирҳои анҷомдода дар ин самт мебошанд. Боз метавон дар бораи саҳми Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар иқтисоди миллӣ далелҳои зиёд овард. Муҳимтар аз ҳама, имрӯз тавре ҳамагон шоҳидем, ҳадафҳои стратегии Пешвои миллат, ҳамчун кафили рушди босубот, барои муҳайё намудани шароити ҳар чи беҳтари зиндагӣ барои сокинони кишвар заминаи мусоид фароҳам меоварад. Искандар МИРАЛИЕВ, устоди кафедраи ҷомеашиносии Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон ба номи С. Раҳимов

Кохи нур

Муддати беш аз 27 соли истиқлолияти давлатӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон бо вуҷуди бисёр мушкилоту монеаҳо тавонист таҳкурсии давлати соҳибихтиёри худро гузорад ва ба корҳои азими бунёдкориву созандагӣ шурӯъ намояд. Се ҳадафи бузург: таъмини истиқлолияти энергетики, аз бунбасти коммуни катсионӣ раҳо намудани кишвар ва ҳифзи амнияти озуқаворӣ дар мамлакат зина ба зина таҳким ёфт. Сохта ба истифода додани нерӯгоҳҳои "Сангтӯда-1 '’ва“Сангтӯда-2’' вазъияти энергетикии Тоҷикистонро ба андозае сабук гардонида бошад ҳам, вале масъалаи энергетикиро дар ҷумҳурӣ пурра аз байн бурда натавонист. Ҷихати таъмини минбаъдаи кишвар бо қувваи барқу гармӣ тавассути барқарор намудани нерӯгоҳҳои мавҷуда ва ба кор андохтани иқтидорҳои нав, бунёди хатҳои интиқоли барқ, кам кардани талафоти техникии он, истифодаи сарфакоронаи неруи барқ ва технологияи каммасраф ва аз ҷониби дигар, ба танзими оқилонаи захираҳои обӣ дар минтақа диққати аввалиндараҷа дода мешавад. Дар ҷаҳони муосир ҷалби сармояи хориҷӣ технологияи нав, қувваи зеҳнӣ ва навоварӣ аз масьалаи

муҳим ба шумор рафта, диққати давлатҳои рӯ ба тараққиро ба худ ҷалб менамояд. Се ҳадафи стратегии пешгирифтаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бе ҷалби сармояи хоричӣ имконнопазир мебошад. Бинобар ин Тоҷикистон аз рӯзҳои аввал барои фароҳам овардани шароити муносиби сармоягузорӣ чораҳои лозима андешид ва барои таъмин кардани фазои мусоиди соҳаи сармоягузорӣ талошҳои зиёде намудааст. Доир ба ин масъала як қатор стратегияю барномаҳои муҳим, аз ҷумла Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 қабул гардид. Дар бахши Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030, ки афзалияту самтҳои дурнамои дарозмуддати рушди иҷтимоию иқтисодии кишварро муайян менамояд, беҳбудии фазои сармоягузорӣ, инкишофи бахши хусусӣ ва соҳибкорӣ ҳамчун яке аз самтҳои муҳим муайян гардидааст. Дар Паёми имсолаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ чунин омадааст: «Барои бунёди нерӯгоҳи барқи обии “Роғун”

Давлат ва Ҳукумати мамлакат ба масъалаи сохтмони нерӯгоҳи барқи обии «Роғун» афзалияти махсус медиҳад. Эмомалӣ Раҳмон соли 2017-ум аз ҳамаи манбаъҳо 4 миллиарду 700 миллион сомонӣ харҷ гардид ва дар соли 2018 ба ин мақсад қариб 5 миллиард сомонӣ пешбинӣ шудааст. Илова бар ин, ҳоло барои навсозии системаи энергетикии кишвар ва бунёди инфрасохтори зарурии содироти он татбиқи 7 лоиҳаи давлатии сармоягузорӣ ба маблағи 8,1 миллиард сомонӣ идома дошта, дар маҷмӯъ, барои рушди соҳа беш аз 21 миллиард сомонӣ (яъне 2 миллиарду 400 миллион доллари амрикоӣ) равона гардидааст.» Навбати аввали нерӯгоҳ, яъне чархаи аввал инак ба фаъолият пардохта ва чархаи дуюм моҳи апрели соли 2019 ба истифода дода шуда, нерӯи барқи истеҳсолшуда ба системаи энергетикии кишвар интиқол дода хоҳад шуд. Ҳамин тавр, нури Роғун дастраси ҳар як хонадони мардуми Тоҷикистон гашта, барои расидан ба истиқлолияти энергетикӣ қадами ниҳоӣ гузошта мешавад. Маратҷон ҶАББОРОВ, донишҷӯи Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Fафуров

Ифтихори халқи тоҷик Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тайи солҳои истиқлолияти давлатӣ худро дар идоракунии давлат ва пешбурди самтҳои асосии иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва сиёсии мамлакат муаррифӣ намуд, ки ин боиси ифтихори халқи тоҷик мебошад. Дар ин муддат дар ҳаёти сиёсиву иқтисодӣ ва фарҳангии миллат корҳое анҷом дода шуданд, ки дар амалӣ шудани онҳо нақши Сарвари давлат басо бузург ва ҳалкунанда аст. Шояд касе тобиши мазҳабии калимаи "пешво”-ро пеши назар оварда, ба ин фикр чандон розӣ набошад. Агарчи навад дар сади аҳолии кишвар мусалмон ҳам бошанд, вале чун давлати мо давлати дунявиву ҳуқуқбунёд ва демократӣ аст, пешвои миллат гуфтани сарвари кунунии он хилофи қонунҳои мавҷуда ҳам буда наметавонад ва ин таҷрибаро аллакай давлатҳои мутараққии дунё истифода мебаранд. Аз сӯи дигар, Эмомалӣ Раҳмон дар ҳақиқат қаҳрамони халқи тоҷик аст, қаҳрамоне, ки ният ва маромаш оромии ҳар хонадони мардуми Тоҷикистон мебошад. Президенти кишвар тибқи Конститутсия ягона шахсест, ки аз номи мардуми Тоҷикистон ҳам дар дохил ва ҳам хориҷи кишвар ҳуқуқи сухан гуфтан ва муаррифӣ кардани давлати моро дорад. Таҷрибаи таърихи сиёсӣ ва ҳуқуқии ҷаҳонӣ нишон медиҳад, ки доштани пешвои миллӣ, эътирофи бунёдгузори давлат барои рушди худшиносӣ ва роҳи ҳамвори тараққиёти давлатдорӣ, вобаста ба шароити дохилию байналмилалӣ шарт ва зарур аст. Маҳз барои миллати азиятдида, ранҷхӯрда ва борҳо аз давлатдорӣ маҳрумгардидаи тоҷик дар шароити ҷаҳони ноороми имрӯз доштани пешвои сиёсӣ, эътирофи Асосгузори

сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат ҳамчун рамзи муттаҳидии халқ атрофи ғоя ва андешаҳои ӯ аҳамияти бештари таърихӣ, замонавӣ ва ояндабиниро касб менамояд. Барои мо имрӯз вақт, замона ва манфиатҳои дирӯз, имрӯз ва фардои миллат дар ҳамбастагӣ ин фурсатро фароҳам овардааст. Далели бузургу раднопазири ин иқдом фаъолияти содиқонаю созанда ва аз ҷониби халқ эътирофшудаи Пешвои миллат дар роҳи расидан ба сулҳу субот ва бунёди давлату эҳёи фарҳанги миллат аст. Мо хуб мефаҳмем, ки инсон ба давлати худ дар сурате манфиатовар буда метавонад, ки онро воқеан ҳам, бо ҳастию оромии фарзандонаш, бо зиндагии осоиштаи ҳамватанонаш, бо далерию матонати қаҳрамононаш эҳсос намояд. Ватанро бо ҳама пастию баландиҳои рӯзгори мардумаш, бо ҳама арзишҳои таърихию замонавиаш, бо ҳама мағлубияту музаффариятҳояш, ки барои имрӯзу фардо таъсир дорад, дӯст дорад, аз таҷрибаи он сабақ бардорад ва вазифаю масъулияти муқаддаси худро дар назди фарзандони ояндааш аз ёд набарорад. Ин аст дарси ватандории Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллати мо Эмомалӣ Раҳмон. Вафоҷон ҚУЛДОШЕВ, мудири Бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳияи Деваштич, Содирхон БАҲОДУРОВ, мутахассиси шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Деваштич


АНДЕША

“ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН”, №47 (9577), 22.11.2018 Солҳои 70-уми асри XX барномаи гӯштини самбо дар мактабҳои варзишии Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳ ёфта, аз соли 1975 то ин ҷониб мактабҳои самбои ҷумҳурӣ фаъолияти худро ҷоннок карда, қаҳрамонони ҷаҳонро кашф намуданд. Вақте 19 сентябри соли 1975 дар шаҳри Мински Белорусия паҳлавони тоҷик Саидмӯъмин Раҳимов қаҳрамони ҷаҳон шуд, маҳорату малакаи варзишгари тоҷик ҷаҳониёнро дар ҳайрат гузошт. Баъди ин ғалаба ҷавонони тоҷик ба гӯштини самбо таваҷҷуҳи бештар зоҳир намуданд. Аммо расо 42 сол ба варзишгарони мо муяссар нагардид, ки медали тиллои самбои ҷаҳонро ба Ватан биёранд. Дар ин миён паҳлавонони кишвар ҷаҳду талошҳои зиёд намуда, то се-чор маротиба мақоми дуюмро ишғол намуданд. Билохира 11 ноябри соли 2017 дар Чемпионати ҷаҳон машъали корнамоиҳои самбочиёни тоҷик аз нав фурӯзон гардид. Беҳрӯз Хоҷазода пас аз 42 сол рӯйдоди таърихро такрор намуда, миёни 82 кишвари дунё Парчами Тоҷикистонро боло бардошт ва унвони қаҳрамони самборо дар ҷаҳон миёни варзишгарони замони истиқлолияти кишвар аввалин шуда касб кард. Дар Чемпионати ҷаҳон соли 2017 ҳайати тими мунтахаби кишвар маҳорати баланд нишон дод ва бо 1 медали тиллову 2 ҷои дуюм ва 2 мавқеи сеюм миёни 82 кишвар дар ҳисоби даставӣ мақоми дуюмро сазовор гашт, ки ин дастовард дар таърихи Тоҷикистону Федератсияи самбо бори нахуст ба даст омад. Бо назардошти чунин дастовардҳо Федератсияи самбои кишвар ба мушкилӣ рӯ ба рӯ гашт. Барои эҳё ва бартараф намудани ин мушкилиҳо, моҳи апрели соли ҷорӣ дар толори маҷлисии Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон ҷаласаи Маҷлиси умумии Федератсияи гӯштини самбои Тоҷикистон баргузор гардид ва дар ин ҷаласа Наҳтуллозода Давлатмурод, директори генералии КВД “Ташкили фурӯши амволи давлатӣ”-и Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ раиси Федератсияи самбо интихоб шуд. Роҳбари тозаинтихоб дар ҷаласа барои боварӣ ва интихоб шуданаш ба ҳайси раиси Федератсияи самбо ба вакилон изҳори сипос карда, ваъда дод, ки барои рушди бештари гӯштини самбо ҳамаи имкониятҳоро истифода хоҳад кард. Наҳтуллозода Давлатмурод дар як муддати кӯтоҳ сиёсати варзишпарваронаи Роҳбари давлатро сармашқи кори худ қарор дода, варзишгаронро дар сатҳи байналмилалӣ тайёр ва дар мусобиқаҳои ҷаҳонӣ чеҳраҳои навро муаррифӣ карда тавонист. Натиҷаи нишондодаи Хушқадам Хусравов дар чемпионати ҷаҳон-2018 гуфтаҳои болоро тасдиқ менамояд. Дар робита ба ҳолати феълии варзиши самбо ва фаъолияти Федератсияи гӯштини самбои Тоҷикистон суҳбате бо Наҳтуллозода Давлатмурод, президенти Федератсияи самбои Тоҷикистон

- Тавре мушоҳида мешавад, пас аз таъин шуданатон ба ин вазифа дар соҳаи самбои кишвар пешравиҳои зиёде ба чашм мерасад. Бигӯед, ки бо омаданатон чӣ навгоние ба соҳа ворид кардед? - Воқеан, бо сабаби мушкилиҳои молиявӣ се сол федератсияи самбои кишвар ба Федератсияи байналмилалии самбо аъзоҳаққиро пардохт карда наметавонист. Ва паҳлавонони тоҷик барои роҳхат гирифтан ба мусобиқаҳои байналмилалӣ ба мушкилӣ рӯ ба рӯ мешуданд. Баъди ба ин вазифа омаданам, аввалин коре, ки анҷом додам, пардохти аъзоҳаққӣ ба Федератсияи байналмилалии самбо буд, ки барои бемамониат иштирок

маблағгузорӣ намудем. Варзишгарон ҳам дар ин мусобиқа натиҷаи назаррас нишон доданд. Дар ин давра ба ғайр аз ин дигар мусобиқаҳо буд, ки дастовардҳои варзишгарони мо ба 16 медал расид, ки аз инҳо 2 тилло, 2 нуқра ва 12 биринҷӣ мебошад. - Шумо шахсан дар Чемпионати ҷаҳон паҳлавонони тоҷикро ҳамраҳӣ намудед ва аз ин чемпионат чӣ бардоште кардед? - Чемпионати ҷаҳон, ки аз 11 то 14-уми ноябр дар шаҳри Бухарест баргузор гардид. Ман бори нахуст ба ҳайси роҳбари Федератсияи самбои Тоҷикистон дар ин чорабинӣ ширкат намуда, дар рафти мусобиқа бо президенти Федератсияи байналмилалии самбо, Президенти

яи байналмилалӣ ва сардовар муроҷиат намудам, ки дар рақобати паҳлавони тоҷик хатоиҳо роҳ дода шудааст. Ва дар ин масъала вохӯриҳо ва баҳсу музокира шуд. Мутаассифона, ин мушкилӣ аз тарафи доварон барои мо ба таври мусбат ҳал нашуд. Аз сардовар хоҳиш кардем, ки дар рақобатҳои минбаъдаи варзишгарони мо доварон ба иштибоҳҳо роҳ надиҳанд. Сардовари мусобиқа ваъда дод, ки дар вохӯрии минбаъда ба варзишгарони тоҷик назорати ҷиддӣ медиҳад ва имкон намедиҳад, ки доварон ба иштибоҳ роҳ диҳанд. Мусобиқа идома дошт хушбахтона паҳлавони мо Хушқадам Хусравов дар вохӯрии ниҳоӣ рақиби русашро шикаст дода,

намудани паҳлавонони тоҷик дар мусобиқаҳои байналмилалӣ мусоидат намуд. Фаъолияти дилхоҳ ташкилот аз утоқи корӣ шурӯъ мешавад. Мутаассифона, тӯли даҳсолаҳо Федератсияи самбо утоқи корӣ надошт ва дар аввалин маҷлис бо мураббиён ва кормандони соҳа масъалаҳои утоқи корӣ, сомонаи расмӣ, суратҳисоб, рамзи федератсия ва дигар мушкилиҳо мавриди баррасӣ қарор гирифт. Якҷо бо мутахассисони соҳа ин камбудиҳо дар ду моҳ бартараф шуд. Ҳоло Федератсияи самбои Тоҷикистон сомонаи расмии худро бо номи www.fsambo.tj фаъол намуда, барои мураббиён утоқи кории замонавӣ муҳайё ва рамзи Федератсия таъсис дода аст. Авалин мусобиқа дар давраи роҳбариам ин Чемпионати ҷаҳон байни мактаббачагон буд. Дар ин чорабинии варзишӣ 8 нафар дастпарварони федератсия иштирок намуда, бо 1 як унвони қаҳрамони ҷаҳонӣ 3 ҷои сеюм ба ватан баргаштанд, ки ин ифтихори тамоми мардуми тоҷик аст. Пасон, Бозиҳои осиёӣ буд, ки аз 30-юми август то 2-юми сентябр дар ш. Ҷакартаи Ҷумҳурии Индонезия баргузор шуд. Дар ин мусобиқа якҷо бо Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумат варзишгаронро

самбои Осиё ва дигар роҳбарони федератсияҳо вохӯриҳо гузаронида, баъзе масъалаҳои соҳаро баррасӣ намудем. Натиҷаҳои варзишгарон дар ин чемпионат бисёр баланд буд. Зеро мо тавонистем дар мусобиқа, ки ба 80-солагии Федератсияи байналмилалии самбо рост омад, бо 1 медали тилло ва 3 мақоми сеюм дар байни 80 давлат зинаи сеюмро касб намоем. Бо чунин натиҷа акнун варзишгарони мо ба қатори довталабони асосии чемпионати ҷаҳон ворид шуданд. Дар ҳайати даста имкониятҳои ба даври ниҳоӣ баромадан ҳам мавҷуд буд. Агар иштибоҳҳои доварон намебуд, ин ҷоиза ба Акмалиддин Каримов муяссар мегардид. - Дар ҳақиқат дар чемпионати ҷаҳон ба муқобили паҳлавонони тоҷик, хусусан Акмалиддин ва Хушқадам баъзе ноҳаққиҳои доварон ба назар мерасид, ки ин ҳолат барои варзишгарони мо бетаъсир намонд. Барои ҳалли ин мушкилот чӣ чораҳо андешидан лозим аст? - Вақте, дар рақобати Акмалиддин ва паҳлавони гурҷӣ доварон ба иштибоҳ роҳ доданду паҳлавони моро аз финал маҳрум намуданд, ман доир ба ин масъала ба роҳбарони Федератси-

қаҳрамони ҷаҳон шуд. Ин дастовард бевосита дар арафаи иди тоҷикон яъне Рӯзи Президенти Тоҷикистон ва ифтитоҳи аввалин агрегати нерӯгоҳи барқӣ обии Роғун рост омад. Гуфтан ба маврид аст, ки дастовардҳои паҳлавонони тоҷик дар риштаи самбо аз дастгириҳои бевоситаи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ноил шуда истодааст. Ҳоло мусобиқаҳои ҷумҳуриявиро дар кадом низом мегузаронед. Оё мо метавонем солҳои наздик мизбони чемпионати ҷаҳон оид ба самбо шавем? - Федератсияи гӯштини самбо зимни гузаронидани мусобиқаҳо аз таҷҳизоти замонавӣ ё худ системаи нав истифода мебарад. Вақте дар яке аз мусобиқаҳои шаҳрӣ ширкат доштам аз сатҳу сифати паст гузаштани мусобиқа эрод гирифта, ба мутахассисон иброз намудам, ки талаботи гузаронидани мусобиқаҳо ба стандарти байналмилалӣ бояд ҷавобгӯ бошад ва дар кори доварон шаффофият дида шавад. Дар мусобиқаҳо табло (лавҳаи электронӣ) бошад ва варзишгар ҳар як сонияи мондаро дар он бинаду тамоми қувваи худро ба рақобат бахшад. Ва вақте дар рафти мусобиқа

Аз Ҷакарта то Бухарест: 16 медали самбочиёни тоҷик

11 паҳлавон, ё мураббиаш доир ба ношаффофии ҷараёни гӯштингирӣ норизо бошанд, наворҳои такрориро нигоҳ намуда, аз ҳақиқати ҳол бохабар шаванд. Ин система имконият медиҳад, ки мусобиқаҳои ҷумҳурӣ ба монанди мусобиқаҳои минтақавию байналмилалӣ бо шаффофият баргузор гардида, варзишгар аз рақобати худ қаноатманд шавад. Дар Тоҷикистон барои гузаронидани чемпионати Осиё ва ҷаҳон имконият ҳаст. Соли 2009 дар ҷумҳурӣ мусобиқаи байналмилалӣ ба хотири гиромидошти ҷаҳонпаҳлавон Саидмӯъмин Раҳимов доир гардид, ки дар он пурқувваттарин гӯштингирони ҷаҳон ҷамъ омада буданд. Имрӯз кишварҳои ҳамсояи мо мизбони ин мусобиқаҳои осиёиву ҷаҳонӣ шудаанд. Назар ба дастовардҳои онҳо паҳлавонони мо аз ҷиҳати натиҷаҳо дар пеш истодаанд. Умед ҳаст, ки дар солҳои наздик ин мусобиқаҳо дар кишвар мо мегузаранд. - Имрӯз дар ҷаҳон дар баробари писарон духтарҳо низ ба варзиш тавваҷҷуҳ намуда истодаанд. Ба ин чӣ гуна баҳо медиҳед? - Албатта, Федератсияи самбо тасмим дорад, фаъолияти ҷавондухтаронро ба ин намуди варзиш бештар гардонад. Зеро пештар бо вуҷуди он ки гӯштини самбо дар кишвар тадриҷан рушд меёбад, таваҷҷуҳи духтарон ба он камтар ба назар мерасид. Мутаассифона, имрӯз ҷавондухтароне, ки барои мусобиқаҳои ҷаҳонӣ ҷавобгӯ бошанд, дар тими мунтахаб дида намешаванд. Федератсияи самбо тасмим дорад, барои равнақ ёфтани тими мунтахаби занонаи кишвар чораҳои зарурӣ андешад ва ба ҷавондухтарон дар рафти тамринҳову иштирок дар мусобиқаҳо бартарӣ диҳад. - Барои рушди самбо дар оянда чӣ нақшаҳо доред? - Як чизро бояд, хотиррасон шавам, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Президенти фахрии самбои Осиёи Марказӣ интихоб шудаанд. Аз тарафи Федератсияи байналмилалӣ бо орден ва медали фахрӣ сарфароз гардидаанд. Нақша дорем, ки дар кишвар Ҷоми Президенти кишварро дар сатҳи байналмилалӣ доир намуда, дар он паҳлавонони тамоми ҷаҳонро даъват намоем. Федератсия имрӯз аз тарафи аксари ташкилотҳои ватанӣ дастгирӣ ёфта истодааст. Ба нақша гирифтем, ки дар пойтахт толори махсуси варзишӣ барои самбочиён бунёд намоем. Вақте чунин дастгириҳо аз тарафи Ҳукмати кишвар ва соҳаҳои дахлдор ба варзишгарон расонида мешавад, умед дорем, ки самбочиёни тоҷик ҷавобан ба ин ғамхориҳои давлат дар мусобиқаҳои байналмилалӣ ҳамеша Парчами ватани азизро дар миёни ҷаҳониён парафшон мекунанд. - Мо ба Федератсияи самбо ва паҳлавонони тоҷик комёбиҳои бештарро таманно дорем. - Саломат бошед. Шаҳбоз КАРИМОВ, “ҶТ”


12 Замоне буд, ки Тоҷикистон дар оташи ҷанги шаҳрвандӣ ва ҷаҳолату худхоҳии гурӯҳе аз кӯтаҳандешон, ки барояшон манофеи шахсию гуруҳӣ бартар аз манфиатҳои миллию давлатӣ меистод, месӯхт. На танҳо иқтисоди кишвар, ва пояҳои давлати нав ба истиқлол расида заиф шуда буданд, инчунин хавфи берун шудан аз харитаи сиёсии ҷаҳон ва ё тақсим шудан ба чанд қисмате Тоҷикистонро таҳдид мекард. Маҳз дар ҳамин лаҳзаҳои тақдирсоз нафаре лозим буд, ки баҳри дифои арзишҳои миллию давлатӣ ва наҷоти мамлакат аз заволи тадриҷӣ сина сипар карда, парчами ковиёниро дар муқобили заҳҳокони манқурт боло намояд ва фаридунвор халқу давлатро аз марги муфоҷо наҷот бахшад. Ба бахти кулли тоҷикону тоҷикистониён ва дӯстону некхоҳони давлати мо фарзонафарзанди халқу миллат, нафаре, ки барояш миллат, давлат, истиқлол, ваҳдат, ягонагӣ, сулҳ, субот, пешрафт, халқ, ҳуқуқи инсон ва шаҳрванд мафҳумҳои муқаддас буданд, зимоми давлатро ба даст гирифт. Ҳанӯз аз нахустин лаҳзаҳои раиси Шӯрои Олӣ интихоб шудан, ин марди шариф таъкид намуд, ки “Ман ба шумо сулҳ меорам” ва воқеан

ШОДМОНӢ

“ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН”, №47 (9577), 22.11.2018

Афсона ба ҳақиқат мубаддал шуд

ҳам тавонист дар як муддати назди таърих кутоҳ сулҳу суботро дар кишвар барқарор созад. Истиқрори сулҳу ваҳдати комил дар мамлакат бузургтарин неъмати даврони Истиқлол ва натиҷаи донишу муҳаббати бузурги Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад, ки на танҳо хатари заволи мамлакатро аз байн бурд, ҳамчунин рушди устувори кишварро таъмин кард ва имрӯзу ояндаи пур аз нусрату муваффақиятҳои сиёсию иқтисодӣ ва иҷтимоиро асос гузошт. Собиқ дабири кулли СММ Кофи

Ҷилои озодии миллати тоҷик Парчами ӯст Парчам яке аз рамзҳои давлатдории мост. Эҳтиром ба парчами худ қарзи ҳар як тоҷику тоҷикистониён аст. Дар арсаи ҷаҳон, ҳангоми сафарҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Парчами Тоҷикистонро дар кишварҳои дуре партавафшон мебинем ва аз шаҳди озодии хеш меболем. Ҳангоме варзишгарони мо ҷойҳои намоёнро ишғол мекунанду ба ифтихорашон Парчами моро боло мебардоранд, дили ҳар як фарди ба номусу ватандӯст лабрези шодию фараҳ мегардад. Дар пойтахти ватанамон шаҳри Душанбе Парчами давлати мо дар баландтарин ҷой, дар баландтарин поя овезон аст. Дар қалби мо-тоҷикон бояд ҷои асосиро меҳри ватан гирад. Ватанро дӯст доштан, Парчам ва Нишонашро ҳифз намудан, аз хештаншинос будани мо дарак медеҳад. Парчам соҳибдавлатии миллатро мефаҳмонад. Дар арсаи байналмилалӣ Парчами мо муаррифгари давлати мост. Мо – тоҷикон, миллати тоҷдорро аз рӯи Парчам, Нишон ва Суруди миллии хеш мешиносанд. Фахри тоҷик аз давлатдор будан ва аз Парчаму Нишон доштанаш мебошад. Ҳама хурду калон, олиму деҳқон, хизматчиёни давлатӣ ва ҳарбиён зери Парчам бояд ҳамеша муттаҳид, якдилу як маром бошем. Парчам яке аз муқаддасоти миллии мо ҳасту мемонад. Р. ВАЛИЕВ, лейтенанти хурди КДАМ, қушунҳои сарҳадӣ

Аннан таҷрибаи сулҳофарини тоҷикон бо роҳбарии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро таҳлил намуда, гуфта буд: “Тоҷикистон барои бисёр мамлакатҳои олам нодиртарин намунаи бо роҳи осоишта ҳал кардани низоъҳои дохилиро нишон дод, ки онро саҳми Тоҷикистон дар таърихи сулҳоварӣ гуфтан иштибоҳ намешавад.” Ҷорҷ Буш, собиқ Президенти ИМА пойдории сулҳу иттиҳод дар кишвар, наҷоти давлат аз вартаро маҳсули заҳмату тафаккури бузурги Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дониста, мефармояд: “Эмомалӣ Раҳмон дар замони би-

Чун вазифаи асосии тарбия, ин ташаккули ҳаматарафаи насли навраси дорои одоби ҳамида, маърифатдӯсту ватанпарвар ва аз лиҳози ғоявӣ неруманду устувор аст, ҷашнҳои мактабӣ дар ин маврид имконияти васеъ доранд. Дар таълимгоҳҳо баргузории чорабиниҳои гуногун, аз қабили ҷашни китоб, ҷашни забони модарӣ ва амсоли ин боиси васеъшавии ҷаҳонбинии хонандагон ва афзоиши маърифати эшон мегардад.

сёр муташанниҷ ба кишвараш ва халқаш сарвар гардид. Вале тавонист, халқу миллаташро аз варта наҷот диҳад. Вай дар муддати начандон тӯлонӣ дар мамлакат сулҳ барқарор кард ва ба арсаи байналхалқӣ баромад. Чунин сиёсатмадорон каманд...” Пас аз истиқрои сулҳу ваҳдати комил дар кишвар ва таъмини амнияту суботи сиёсӣ Пешвои муаззам ва беназири миллат барои рушди қитисодию иҷтимоии кишвар ва таъмини зинадагии шоиста ба ҳар як шаҳрванд муҳимтарин тадбирҳоро амалӣ намуд. Дар тӯли 27 соли соҳибистиқлолии мамлакат ҳазорон ҷойҳои нави корӣ таъсис ёфтаву музди маошу

нафақа даҳҳо маротиба боло бардошта шуд. Барои таҳсил ва фаъолияти ҷавонон дар Тоҷикистон муассисаҳои гуногуни таълимӣ ифтитоҳ ва имтиёзҳои махсус муайян карда шуданд. Дар самти амалӣ намудани ҳадафҳои стратегӣ кишвари мо иқдомоти созандаро татбиқ намуда, дар ин ҷода низ муваффақ шуд, ки албатта натиҷаи хираду дониш ва таҷрибаи бузурги Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад. Эҳё ва ба кор даровардани бузургтарин иншооти аср – НБО “Роғун”, яке аз бузургтарин дастовари миллати тоҷик ба ҳисоб меравад. Таърих гувоҳ аст, ки лоиҳаи бунёди ин нерӯгоҳи барои миллату давлати мо хеле муҳим, солҳои тӯлонӣ амалинашаванда ба назар мерасид, вале маҳз бо ташаббус ва фидокориҳои Сарвари давлат, Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон афсона ба ҳақиқат мубаддал шуд. Санаи 16 ноябри соли ҷорӣ рӯзи таърихӣ, пурнишот ва хеле муқаддас аст. Дар ин рӯзи саид мардум ва ҷаҳониён шоҳиди як рӯйдоди бисёр муҳим – оғози фаъолияти агрегати аввалини ин нерӯгоҳи бузурги аср шуданд. Пас аз ғози фаъолияти НБО “Роғун” Тоҷикистон кишварҳои ҳамҷаворро метавонад аз мушкилоти бебарқӣ раҳоӣ бахшад. НБО “Роғун” бо тавлиди 17 млрд килватт/соат нерӯи барқ, 13, 3 км мукааб захираи об, баландтарин сарбанд дар олам – 335 метр бузургтарин иншооти асри Тоҷикистон ва муҳимтарин дастоварди мардуми мо бо роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар даврони соҳибистиқлолии кишвар аст. Дилшод ЗОКИРОВ, раиси КИҲХДТ дар ноҳияи Мастчоҳ

Парафшон бош, Парчам Эҳтиром ба муқаддасоти миллӣ ва бузургдошти онҳо муҳимтарин далели ватандӯстии ҳар фард аст. Ҳар як хонандаи мактаб ва ҳар як донишҷӯ оид ба муқадассоти миллат - Суруди миллӣ, Нишон ва Парчами давлатӣ бояд маълумоти зарурӣ дошта бошад. Ба ин мақсад дар рафти дарсҳо ташкил ва баргузории ҷашни Парчами миллӣ дорои аҳамияти махсус хоҳад буд. Ҳар сол 24 ноябр Рӯзи Парчами Ҷумҳурии Тоҷикистон дар сар то сари кишвар таҷлил мегардад. Дар ин рӯз дар мактабҳо баргузор намудани чашни Парчам айни муддаост. Тарз ва воситаҳои гуногуни баргузории ин ҷашн мавҷуд аст, то дониши шогирдонро нисбат ба Парчам биафзояд ва ҳисси ифтихорашонро нисбат ба ин муқаддасоти миллӣ тақвият бахшад.

Пас аз соҳибистиқлол гардидан Тоҷикистон парчами тозаоростаи худро баланд афрӯхт ва инак чандин сол аст, ки он дар болои сари халқи саодатманди тоҷик чун боли мурғи ҳумо парафшонӣ мекунад. Парчам ҳастиву устуворӣ, бардавомию безаволии миллати куҳанбунёди тоҷик дарак медиҳад. Тахти ҳамин парчам мо як порчагии кишвари худро ҳифз намуда, монеаҳои зиёдеро бартараф сохтем ва ба ваҳдату пирӯзӣ расидаем. Аз ин хотир, ҳар яки мо бояд Парчами Тоҷикистонро чун яке аз рамзҳои давлати пойдори хеш эҳтиром намоему пос дорем ва дар бораи он маълумоти кофӣ дошта бошем. Анзура ЗОҲИРОВА, омӯзгори ММТУ № 94-и ноҳияи Синои пойтахт


“ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН”, №47 (9577), 22.11.2018

E - MAIL: javonontj@mail.ru

Пӯшида нест, ки ба амалҳои зиддиинсонӣ асосан онҳое даст мезананд, ки ҳисси ватандорию миллатпарастӣ барояшон бегона аст. Гирифторӣ ба таассубу ҷаҳолат, ғуломи ақидаи ғайр будан, фармонбардории қавму миллатҳои бегона гаштан аз аввал ба хуни ин қабил шахсон ворид гаштаву онҳоро дар асорати ҳамон ҷойгоҳе нигоҳ медорад, ки ҳазорсола пеш ба сарашон ворид гашта буд. Лек ҳазорҳо сол ҳам гузарад, таърих хиёнаткоронро фаромӯш намекунад, намебахшад ва онҳоро мудом нафрат хоҳад хонд.

ҲНИ созмондиҳандаи бесарусомониҳо дар Тоҷикистон Чунончи даҳаи охири асри гузашта, амалҳои зишту номатлуберо Созмони ғайриинсонии ҲНИ дар кишвар анҷом дод. Солҳои 1992-1997 ҲНИ дар Ҷумҳурии Исломии Афғонистон амал намуда, баъди бастани Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ фаъолияти ҳизб дар Ҷумҳурии Тоҷикистон иҷозат дода шуда, 28 сентябри соли 1999 ва 15 октябри соли 2003 он ҳамчун ҳизби сиёсӣ аз нав ба қайд гирифта шудааст. Баъди ба қайд гирифтани он дар ҳар як воҳидҳои марзию маъмурии кишвар ташкилоти ибтидоии худро таъсис дода, ба ташвиқоту тарғиботаш «камар» бастанд, ки дар як муддати кӯтоҳтарин тарафдорони зиёде пайдо намуд. Дар натиҷа на фақат дар ҷомеа ба қувваи асосии сиёсӣ табдил ёфт, инчунин то ҳадде тақвият пайдо намуд, ки тавонист дар кишвар табаддулоти давлатӣ ва ҷанги бародаркушро ба амал барораду ҳодисаҳои чашмнодидаву гушношунидро ба роҳ андозад. Ҳарчанд таъйиноти асосии таъсиёбии ҲНИ истиқлолияти сиёсӣ, иқтисодию фарҳангӣ, ҳимояи якпорчагӣ ва тамомияти арзии Тоҷикистон, ҳимоят аз иқтирори сулҳ, таъмини ваҳдати миллӣ ва ҳамзистии бародаронаи халқҳои ҷумҳурӣ иборат бошад ҳам, вале баракс аъзоёни он теъдоди зиёди ҷиноятҳои хусусияти террористию экстремистӣ (ифротгароӣ) – доштаро содир намуда, дар байни аҳолӣ норозигиву иғво ва кинаю адоватро барангехтанд. Далели гуфтаҳои боло ҳодисаҳои нангине, ки аз 4 то 17 сентябри соли 2015 дар шаҳрҳои Душанбе ва Ваҳдат аз ҷониби пайравони ин ҳизб ба амал бароварда шуданд, ё ин ки танҳо дар 5 соли охир 45 нафар аъзои Ҳизби мазкур ҷиноятҳои вазнин ва махсусан вазнин, 17 – тои онҳо бошанд, барои содир наму-

дани ҷиноятҳои хусусияти ифротгароӣ ва террористидошта, аз қабили ташкили иттиҳодияҳои ҷиноятӣ ва иштирок дар онҳо, даъватҳои оммавӣ барои бо роҳи зӯроварӣ тағйир додани сохти конститутсионии кишвар ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида шудаанд, шуда метавонанд. Аксарияти уламои огоҳ бар онанд, ки дар ислом ҳизб нест, балки ҳар касе эътиқод ба ягонагии Худованд ва рисолати Паёмбар дошта бошад, ӯ худ узви ҳизби Худо аст, Худованд дар каломи худ фармудааст: «Огоҳ бош, ки ҳизби Худо, ҳароина, растагоронанд». Дар ин радиф Президенти кишвар ҳамеша аз дини мубини ислом дар арсаи байналмилалӣ ва ҷаҳони ислом пуштибонӣ намуда, таъкид месозад, ки: «Ислом ҳамчун яке аз динҳои бузурги ҷаҳонӣ ҳамагуна нифоқу хусумат, куштору ваҳшоният ва ҷабру зулмро маҳкум мекунад. Бинобар ин, кушиши бо ҳар роҳу восита бадном кардани ислом ва мардуми мусулмон, инчунин ба ҳар гуна мухолифату низоъ маҷбуран хислати исломӣ додан аз рӯи адлу инсоф нест. Фаромӯш набояд кард, ки ислом як сарчашмаи мусаффои афкору ахлоқ аст ва аз пайвастани дин бо сиёсат ҷанбаи баланди сулҳпарварона ва инсондӯстонаи он коста мегардад». Ҳамин тариқ, гурӯҳҳои дар боло зикршуда, мусаллаҳ бо супоришҳои хоҷагони хориҷиашон, ақидаҳои бегонаи динӣ – мазҳабиро бо арзишҳои миллӣ махлут намуда, мехостанд, ки ҳадафҳои пушти пардаи дин пинҳонкардаашонро ҳуввияти миллӣ муаррифӣ карда, Тоҷикистонро ба ҷониби торикию ҷаҳолат раҳсипор созанд. 150 ҳазор кушта, зиёда аз 50 ҳазор ятим мондагон, ҳудуди як миллион гуреза, садҳо миллион зарари иқтисодӣ, қалбҳои хунину хотираҳои захмин, хонаҳои

вайрону тифлакони саргардон нишонаҳои дардолуде аз он рӯзҳои мудҳишанд. Хушбахтона, тавассути ҷонбозиҳои як қатор фарзандони меҳанпараст таҳти роҳнамоии хирадмандонаи Пешвои миллат сулҳу оромӣ дар кишвар барқарор шуд. Дар замони ҳукмронии Иттиҳоди Шӯравӣ дар кишвари мо ҳамагӣ 17 масҷид фаъолият намуда, ягон муассисаи таълими динӣ вуҷуд надошт. Ҳамагӣ 25 нафар ба хонаи Худо сафар карда буданд. Пас аз истиқлолияти давлатӣ дар як муддати кӯтоҳ дар кишвар зиёда аз 4090 иттиҳодияи динӣ, ки аз он 4018 ададашро масҷидҳо ташкил медиҳанд, сабти ном шудааст. Бо дастгрии Ҳукумати кишвар Донишкадаи исломии Тоҷикистон ба номи Имоми Аъзам ва як гимназияи дунявӣ-динӣ таъсис ёфт. Имкон фароҳам омад, ки ҳар сол зиёда аз ду ҳазор нафар ҳаҷи умра раванд, инчунин бо ташаббуси бевоситаи сарвари кишвар, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон китоби «Қуръон»-и карим нахустин маротиба ба забони тоҷикӣ баргардонида шуда, зиёда аз 400 ҳазор нусха чоп ва ройгон дастраси мардуми кишвар гашт. Маҳз бо шарофати истиқлолият, ва ташаббусҳои созандаи Сарвари давлат дастовардҳои ҷомеаи озоду демократии мо афзун гашта, талаботи инсонгароёни халқи тоҷик рушд ёфт. Ин буд ки мо дар партави мазҳаби созишпазири ҳанафии ниёгонамон қомат рост намуда, дар баробари эътиқоди худ ба боварию эътиқоди дигарон арҷ мегузорем ва бар зидди ҳадафҳои нопоку ғаразонаи бегонагон агар лозим бошад бо сипар кардани ҷону тан ва ақлу ҳуш муборизаи беамон хоҳем бурд. Исфандиёр БАДАЛОВ, Бахтиёр НАЗАРОВ, омӯзгорони кафедраи таърих, ҳуқуқ ва сиёсатшиносии ДДК ба номи А. Рӯдакӣ

13

Рафтори сиёсӣ ва арзишҳои миллӣ Давоми даҳсолаҳои охир инсоният шоҳиди даҳшатбортарин рафторҳои террористӣ-экстремистии сиёсӣ гашта, паи таҳқиқу таҳлил ва омӯзиши моҳияту хусусиятҳо, сабабабу оқибатҳо ва шаклҳои мухталифи зуҳури ин падидаи зиёновар, кушишҳо ба харҷ дода мешавад. Намояндагони гурӯҳҳои экстремистӣ-террористӣ бо рафторҳои намоишкорона, аз қабили зинда ба зинда сӯзонидан, тарконидан, гаравгон гирифтани шахсони мансабдор, тарконидани биноҳои ҷамъиятӣ ва бо дигар омилҳо, мехоҳанд диққати аҳли ҷомеаро ба худ ҷалб намуда ҳадафҳои сиёсии гурӯҳ ва равандҳоро иҷборан, амалӣ намоянд. Таҳлилҳо бозгӯи онанд, ки ядрои асосии терроризмро сину соли ҷавон аз 20 то 30 сола ташкил медиҳанд. Дар байни онҳо донишҷуён ва дигар табақаҳои аҳолӣ ширкат варзида, намояндагони дигари ин ташкилот то 30- сола буда, аз роҳбарони гурӯҳ ва машваратчиву коршиносон иборатанд. Пушида нест, ки дар ин равандҳо ҷавонони гумроҳ ва зери таъсири ифротиён мондаи бо роҳу васоитҳои мухталиф вориди кишварҳои Сурия ва Ироқ гаштаи ҳамватанони мо низ ба мушоҳида расидаанд.Дар маҷмӯъ 146 оилаҳои тоҷикистонӣ, аз он 21 донишҷӯёни донишкадаҳои олӣ ба давлатҳои Сурия ва Ироқ ворид гардида, дар сафҳои террористони бо ном давлати исломӣ шомил гардида буданд. Аз ин лиҳоз таҳқиқи ҳамаҷонибаи рафтори сиёсии террористон, ки чун вабои аср ҳисобида шудааст, аз мушкилтарин масоили имрӯз ва ояндаи инсоният маҳсуб ёфта, рафъи он аз ҳамбастагиву пайванди афкор ва фаъолияти дастҷамъонаи бошандагони сайёра вобастагии асосӣ дорад. Омӯзишу тадқиқотҳо оиди рафтори сиёсии экстремистон ва террористон дар раванди фаъолият, бозгӯи онанд, ки «маҳкумшудагон»-и ин ҷараёнҳо дар бисёр мавридҳо роҳи бозгашт ба ҳаёти озоду осоишта надоранд. Зеро онҳо мавриди мағзшӯӣ қариб тамоми ниҳодҳои инсониро гум намуда, ба ҷуз вазифа ва ҳадафи дар наздашон гузошта дигар ҷизеро намебинанд. Мавриди куштор ва террор, ҳисси инсонӣ ба табиати ҳайвонӣ табдил меёбад. Бадбахтона фаъолияти террористон дар ҳама шаклу ҳаракат шомил ба рафтори сиёсист. Мавриди таҳқиқ ва таҳлили ҳамҷонибаи рафтори сиёсӣ дар шакли терроризм дар шароити кунунӣ ба чунин хулоса омадан мумкин аст, ки терроризм ҳамчун даҳшатофариниш миллату макони аслӣ надошта, дар шаклу зуҳуроти худ аз як қатор омилу сабабҳои асосие таркиб ёфтааст, ки онҳо барангезандагони ин навъи рафтори сиёсӣ гаштаанд. Муқобилиятҳои ҷаҳонишавӣ, таъсироти гурӯҳҳои ҷиноятпеша, ба мақсадҳои ғаразнок истифода намудани интернет ва ВАО, фаъолияти ҳадафмандонаи шабакаҳои иҷтимоӣ, сабабҳо ва омилҳое ҳастанд, ки ба инкишофи ҳамаҷониба ва паҳншавии рафтори сиёсӣ, дар шакли терроризм заминагузоранд. Намояндагони ин навъи рафтори сиёсӣ дар шакли терроризм андозаҳои маданияти сиёсиро ба ҳисоб нагирифта, дар заминаҳои радикализм ва муносибатҳои дингароёна шуғл варзида, мавқеи худро бо идеалогияи хеш ҳамчун муваффақтарин нуқтаи назар ҳисобида, дигар раванду ҳаракат ва муносибатҳоро барои мушоҳида ва фаҳмиш ба худ эб надида, ҳамаро инкор менамоянд. Дар шароити имрӯза гурӯҳҳои террористон аз лиҳози иқтисодӣ ва таъминоти васоити ҷадиди коммуникатсионӣ аз қисмати зиёди давлатҳо бартарӣ дошта, дар ин замина корҳои зиёдеро ба нақша гирифтаанд. “Яке аз омилҳои густариш ёфтани ифротгароӣ ва терроризм, - иброз медорад, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ин аз ҷониби ташкилотҳои террористӣ васеъ истифода гардидани технологияҳои муосири иттилоотӣ, бахусус, шабакаҳои интернет ба мақсади пешбурди ташвиқоти экстремистӣ, ба сафҳои худ ҷалб намудани аъзои нав, омода ва роҳбарӣ намудан ба амалҳои харобкоронаи онҳо маҳсуб меёбад.” Воқеаи фоҷеабори террористии рӯзи 29-июли соли 2018 дар ҷамоати Себистони ноҳияи Данғара бо қатли бераҳмонаи 4 нафар сайёҳ, ки шаҳрвандони хориҷа маҳсуб меёфтанд, мардуми Тоҷикистонро ба ташвиш оварда буд. Зархаридони хориҷӣ бо истифода аз норасогиҳои ақлии иддае аз ҷавононони ноогаҳ бо содир намудани нангинтарин амал, куштори одамон, мехоҳанд ба оромиву амнияти саросарии мо халал ворид намуда, ҳадафҳои нопоку ғаразолуди худро дар Тоҷикистон амалӣ намоянд. Ин амали мудҳиш дар ҳолате рух дод, ки имсол Соли рушди сайёҳи ва ҳунарҳои мардумӣ эълон гардидааст. Инсон мавҷудоти табиист. Таъсироти идеалогӣ, муҳит, шароитҳои ба амаломада, воситаҳои ахбори омма метавонад, ҳар лаҳзаву дақиқа инсонро аз доираи фаъолияти хеш берун намуда, ӯро вориди дигар фаъолият, аз ҷумла равандҳои экстремистӣ ва террористӣ намояд. Аз ин рӯ ҳамагонро зарур аст, пеш аз ҳама ба муҳтавои ин раванд, ба мақсаду ҳадафҳо шиносоӣ пайдо намуда, ба омӯзиши ин қазия бошуурона камари ҳиммат банданд. Усули аз ҳама беҳтарини мубориза бо экстремизм ва терроризм, ин пешгирии он мебошад. Тарбияи насли наврас дар асоси арзишҳои волои миллӣ, эҳтиром гузоштан ба маданият, таърих ва дастовардҳои инсоният новобаста аз дину мазҳаб яке аз силоҳҳои эътимодноки мубориза ба муқобили экстремизм ва терроризм ба ҳисоб меравад. Тамоми сокинони ҷомеа новобаста аз мансубият ба ҳизб, новобаста ба равияҳои динӣ, вазифадоранд, дар ташаккули тоқатпазирӣ муносибати эҳтиромонаи аъзоёни ҷомеа ба инкишофи илм, маданият, ақидаҳо, анъанаҳо ва эътиқоди якдигар саҳмгузор бошанд. Зеро эътидоли зиддиятҳои сиёсӣ маҳз аз ҳамбастагӣ ва якдигарфаҳмии тамоми сокинони ҷомеа, дар амният ва адолат метавонад рушд намояд. Сафаралӣ СОБИРОВ, директори муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 10–и ноҳияи Ёвон


14

“ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН”, №47 (9577), 22.11.2018

ИНШООТИ ТАҚДИРСОЗ

Кӯҳҳои сар ба фалаки атрофи Неругоҳи барқии обии “Роғун” то нисф ҷомаи сафед ба бар карда буданд. Ҳавои тирамоҳӣ ва вазиши начандон сахти бод дили касро баҳри тамошои кӯҳҳои ҷомапӯш мекушод. Абрҳо чун аспон гала-гала аз болои кӯҳҳо гузашта, ба куҷое ноаён мешуданду навбатро ба нурпошии хуршед медоданд. Осмон ба гунае тоза буд, ки софии об ва кабудии баҳрро мемонд. Ҳаёт дар хурӯш буд. Паррандаҳо шояд аз сардии барфи пеш аз муҳлат боридаи кӯҳ ба поёнҷоҳо мефаромаданд. Нисфирӯзӣ ҳама кормандони неругоҳ баҳри тановули хӯрок ба ошхонаву ҷойҳои худ рафта

Маншаъгоҳи ватандӯстӣ

буданд. Ба ҷуз онҳое, ки мехостанд, каме дигар кор кунанду баъдан сари хон ба зону зананд. Ин тақрибан се ҳафта пеш аз ба истифода додани чархаи аввали Неругоҳи барқии обии “Роғун” буд. Сардори гурӯҳи барқкорон Тоштемур Шодимуродов, ки худ фитратан кордӯстдор ва мутахассиси хеле варзида буд, аз ҷо нимхез шуда ба атроф назар карда, ғур-ғуркунон бо овози нимшунав гуфт: “Бачаҳо, касе Фирӯз

Қувваталиевро надид? Ё ӯ боз мисли ҳаррӯза то аз по монданаш кор мекунад? Ин писар он қадар ба кораш шавқ дорад, ки ҳаваси кас меояд”. Сардори гурӯҳ яке аз бачаҳоро ба назди Фирӯз, ки ҳанӯзам аз кор хастагӣ ва гуруснагиашро ҳис накарда, кор мекард, равон кард: “Каме дигар монд. Баъди чанд дақиқаи дигар тамом мекунам ва зуд ба сари дастархон ҳозир мешавам,”- бо хоҳиш ба нафари қосид гуфт Фирӯз.

Кордӯстдории ин коргари ҷавон дар ниҳоди ҳар фард иштиёқи дар бораи ӯ донистанро бедор мекунад. Ӯ қариб як сол мешавад, ки дар бинои техникӣ дар толори мошинҳо ва толори таҷҳизотҳои барқтақсимкунӣ дар НОБ-и “Роғун” чун барқкор фаъолият мекунад. Фирӯз баъди хатми Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М. С. Осимӣ барои дар амал татбиқ намудани донишҳои назариявиаш, барои кор ба нерӯгоҳ рафт. Ба гуфтаи ҳамкорон дониши васеъ ва ғании омӯхтааш ба Фирӯз даст дод, ки ӯ дар муддати кӯтоҳ нозукиҳои касби хешро аз худ намояду бо таҷҳизотҳои муосир корро хуб сарфаҳм равад. Вижагии дигаре, ки дар Фирӯз мушоҳида кардан мумкин аст, ин бо меҳру садоқат кор кардани ӯст: - Ҳар фард агар касбашро дӯст надорад, ба он меҳр наварзад, корашро ба таври бояду шояд ва бо сифат иҷро карда наметавонад, - гуфт Фирӯз дар суҳбат. – Бояд иқрор шавам, ки ин сифат дар ниҳоди ман маҳз дар НОБ-и “Роғун” пайдо шуд. Пештар гумон намекардам, ки касбу корамро то ба ин ҳад дӯст медорам. Аммо вақте ки ба ин ҷо ба кор омадам, ҳамагӣ коргарон ҳамин хӯву хислатро дар худашон доранд. Бо меҳр кор мекунанд. Мехоҳанд, ки корашон дар сатҳи олӣ бошад. Нуқс надошта бошад. Ва албатта ҳамаи

инро сабабе ҳаст. Вақте Президенти маҳбуби кишвар, Пешвои муззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон худ ки пешкори ҳамин ҷода аст, бе гумону шак мо ҳатман ибрат мегирем ва ба ҳамин роҳ меравем. Ба гуфтаи мавсуф НБО “Роғун” бузургтар аз он аст, ки мо мепиндорем. Чун он имрӯз ба маконе бадал гаштаст, ки чӣ будани бунёдкорию созандагиро дарк мекунем, Ватанро дӯст медорем, бузургӣ ва шаҳомати онро қадр мекунем. Чуноне Фирӯз дар идомаи суҳбаташ иброз дошт: “Албатта, пеш аз ин ҳам ман Ватанамро дӯст медоштам. Аммо гоҳо мепиндорам, ки чун тифли навзод ватандӯстии ман баъди ба Роғун омаданам маншаъ гирифт. Вақте мебинем, ки ҳама аз обод кардани Ватан ҳарф мезананд, заҳмат мекашанд, иродаи матину ҳиси мардонагии худро ба тамом баҳри бунёди бузургтарин ва мондагортарин иншоот дар таърих равона месозанд, худ аз худ меҳрат нисбат ба Ватан даҳчанду садчанд мешавад”. Фирӯз аз он меболад, ки кӯчак ҳам бошад, саҳми худро дар ин иншооти бузурги таърихӣ гузоштааст. Ва тасмим дорад, ки бо ҳамин иродаи қавӣ ва меҳру муҳаббати бепоён нисбат ба кораш, то пурра бунёд гаштани НОБ-и “Роғун” яке аз саҳимони фаъол бошад. Ба Фирӯз ва дигар ҳамроҳони ӯ дар бунёду обод гардонии Ватани маҳбубамон, хосатан НОБ-и “Роғун” барор мехоҳем. Хуршед МАВЛОН, “ҶТ”

Рамзи сарбаландии миллат Бунёди иншооти энергетикӣ дар дарёҳои Тоҷикистон, пеш аз ҳама, ба таъмини тавозун байни масъалаҳои обӣ ва энергетикӣ равона шуда, дар ояндаи наздик бо роҳи паст кардани зарар ва камобиву обхезиҳои эҳтимолӣ дар ҷараёни миёна ва поёноби Амударё табдил хоҳад ёфт. Иншооти мазкур имкон медиҳад, ки дар кишварҳои поёноб обёрии заминҳои нав таъмин карда шавад. Ташхисҳои аз тарафи мутахассисони Бонки ҷаҳонӣ ва олимону коршиносони ҷаҳонӣ амалигардида далели гуфтаҳои боло мебошанд. Манфиатҳои кишварҳои минтақаро ба назар гирифта соли 2007 Ҳукумати кишвар ба Бонки ҷаҳонӣ барои гузаронидани ташхиси байналмилалии лоиҳаи мазкур муроҷиат намуд. Беҳтарин коршиносони ҷаҳонӣ бо воситаи ду ширкати мушовир ва ду гурӯҳи мутахассисони мустақил ба ин раванд ҷалб гардида буданд, ки тавассути машварату пажӯишҳо ва ташкили ҷаласаҳои махсус бо кишварҳои минтақа ҷанбаъҳои гуногуни лоиҳаро ҳаматарафа омӯхта, хулосаҳои худро

пешниҳод карданд. Дар натиҷаи таҳлилҳои гузаронида шуда, соли 2014 бо асосноккунии техникиву иқтисодӣ ва таъсири иҷтимоиву экологии лоиҳа имконпазирии сохтмони неругоҳи “Роғун”-ро тасдиқ намуд. Ҳоло дар шароите, ки ба минтақаи мо тағйирёбии иқлим ва оқибатҳои харобиовари он ба муҳити зист, инчунин нарасидани об зарари торафт калон мерасонад, сохтмони неругоҳҳои барқи обӣ иқдоми оқилонаву самаранок ва фоидаовару безарари истифодаи захираҳои обу энергетикӣ ба шумор меравад. Обанбори “Роғун” танзими бисёрсолаи оби ҳавзаи дарёи Омуро таъмин месозад. Тавассути ин неругоҳ ҷумҳуриҳои Ӯзбекистону Туркманистон дар мавсими обёрии зироат бо миқдори зарурии об таъмин мегарданд. Тоҷикистон дар сиёсати худ аз солҳои аввали соҳибистиқлолӣ ҳамкориҳои минтақавиро, хусусан бо кишварҳои ҳамсояи худ ҳамеша дар мадди аввал гузошта, чунин муносибатҳои дӯстонаро ягона роҳи ҳалли ҳама гуна мушкилот медонад. Гуфтан ҷоиз аст, ки 29 октябри соли 2016 дар шаҳри Роғун бо иштироки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар соҳили дарёи Вахш маросими оғози бунёди сарбанди НБО “Роғун” барпо шуд. Пешвои миллат савори булдозери вазнин аз соати 10 то 11:30

расо якуним соат бо пеш кардани сангу шағал маҷрои дарёи Вахшро дигар карда, ба бунёди сарбанд, ки ҳаёту мамоти мардуми Тоҷикистон мебошад оғоз бахшиданд, ин рӯз дар сохтмони неругоҳи Роғун санаи таърихӣ ном гирифтааст. Ҳоло неругоҳи Роғун натанҳо манбаи нуру рӯшноӣ, балки санги маҳаки номуси миллӣ, шарти иқтидору пойдории давлат ва омили асосии таъмини амнияти миллат ва давлати Тоҷикистон гардидааст.

Мояи ифтихор аст, ки имрӯз бо дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Тоҷикистони соҳибистиқлол дар ин даврони навини инкишофу тараққиёти ҷомеаи ҷаҳонӣ вориди марҳилаи тозаи рушди иқтисоди миллӣ ва иҷтимоиёту фарҳанг мешавад. Р. ИМОМАЛИЕВА, омӯзгори ДДФСТ ба номи М. Турсунзода


“ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН”, №47 (9577), 22.11.2018

15

НАВҚАЛАМ

Рамзи давлатдорӣ Таърихи парчамдории мардуми тоҷик аз аҳдҳои қадим реша гирифтааст. Ва бояд зикр намуд, ки парчамдорӣ далели маърифати баланд, нишонаи анъанаҳои қадимаи тоҷикон ба шумор меравад. Худи парчам барои ҳар як миллате, ки соҳиби давлати хеш аст, рамзи иттиҳод, ягонагӣ ва шуҷоату мардонагӣ будааст. Дар таърихи қавмҳои ориёӣ парчами Куруши кабир ва дирафши Коваи оҳангар басо маълум ва машҳур аст. Давлатҳое, ки мардуми форснажод чун Ҳохоманишҳо, Ашкониён, Сосониёну Сомониён ва ғайра дар тӯли таърих бунёд намудаанд, соҳиби парчамҳои хеш будаанд. Маҳз зери ливои давлатдорӣ, ниёгони баруманди мо баҳри ҳимояи марзу бими азизи хеш зиди истилогарони аҷнабӣ бархостаанд. Пас аз инқилоби Октяр ва ташкили давлати тоҷикон, дар ҳайати дигар кишварҳои шӯравӣ Тоҷикистон баробари дигар муқаддасоти миллӣ, аз ҷумла соҳиби парчами хеш гардид. Баъди пош хӯрдани Иттиҳоди Шӯравӣ ва мустақилият пайдо намудани Тоҷикистон парчам чун яке аз рамзҳои давлатдорӣ дар яке аз ҷаласаҳои Шӯрои олии кишвар аз нав таҳия ва қабул гардид. Ҳамин тавр, ҳар сол рӯзи 24-уми ноябр чун Рӯзи Парчам дар саросари Тоҷикистон таҷлил мегардад. Ҳоло парчами серангаи Тоҷикистон ки дар миёнаш тоҷ ба назар мерасад, ифодагари таърихи давлатдории мардуми тоҷик аз аҳдҳои қадим ба шумор меравад. Агар ранги сафеди парчам аз осмони соф, осоиштагӣ, тинҷию оромӣ дарак диҳад, пас ранги сабз гувоҳи сарсабзии диёр аст. Ранги сурх бошад, ифодагари азму талош, ҷонбозиҳои мардуми тоҷик баҳри ҳимояи марзу буми кишвари хеш аз тохтутозҳои аҷнабиён аст. Зикр намудан бамаврид аст, ки тӯли асрҳо аҷнабиён борҳо ба кишварамон лашкар кашидаанд. Юнону макдуниҳо таҳти пешвои хеш Искандари Макдунӣ, арабҳо, қавмҳои гуногуни турк, тохтутозҳои муғулҳо бо сарварии Чингизхон сарзамини тоҷиконро ба хоку хун оғӯшта намуданд. Аммо мардуми тоҷик баҳри ҳимояи сарзамини хеш бо аҷнабиён муборизаҳои беамон бурдааст. Ҳамаи ин корномаҳои гузаштагонамон дар ранги сурхи парчам ифода ёфтааст. Аз ин хотир, ҳар фарди равшанзамир Парчамро эҳтиром дошта, Рӯзи Парчамро чун рамзи давлатдорӣ таҷлил хоҳад кард Ҳотам РАҶАБЗОДА, раиси Суди ҳарбии гарнизони Душанбе, Рудоба ШАРИФЗОДА, судяи Суди ҳарбии гарнизони Душанбе Дар шароити кунунӣ муносибати кӯдакон бо пул ба яке аз масоили ҷиддӣ табдил ёфтааст. Диҳем ё надиҳем? Агар диҳем, пас чӣ қадар диҳем? Оё кӯдак пулро дуруст сарф карда ва қимати онро медонад? Суолест, ки аксар волидон барои ҳалли он майна об мекунанд. Чун омӯзгор-равоншиноси собиқадор вобаста ба таҷрибаи андӯхтаам мехоҳам ба волидон чанд маслиҳат диҳам. Хуб мебуд агар эшон се шартро риоя намоянд. Умед аст, дар ин маврид ба душворӣ рӯ ба рӯ нахоҳанд шуд. Инак он се шарт: 1. Ҳаргиз ба кӯдакон қатъиян “не” нагӯед, ҳангоме сухан дар мавриди хоҳиши онҳо бобати харидани чизе меравад. Кӯдак бояд доимо умедвор бошад, ки чизи мехостаашро дар шакли туҳфа хоҳад гирифт. 2. Кӯдак бояд маблағи киссагӣ дошта бошад ва мувофиқи майли хеш онро истифода барад.

Ҳар як халқу миллатро маҳз тавассути маданияту фарҳангаш мешиносанд. Афроди замони муосир дар сарнавишти ояндаи хеш фақат ба комёбиҳои маънавии дар тӯли асрҳо ба даст овардааш умед мебандад, зеро худшиносию ҳуввияти миллӣ аз омӯзишу донистани фарҳанги гузашта ва имрӯза маншаъ мегирад. Бинобар ин, омӯзиши фарҳанги халқи хеш баҳри ҳар як фард зарур аст.

Ҳунарҳои мардумӣ ҷузъи фарҳанги миллист

Имсол бо ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам, Эмомалӣ Раҳмон “Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” эълон гардид. Ин иқдом бевосита барои рушду инкишофи фарҳанги миллатамон хеле созгор мебошад. Ҳадафи Ҳукумати мамлакат ин бартараф намудани камбудию норасоиҳо ва рӯ ба рушду нумӯъ овардани соҳаи сайёҳӣ ва инкишоф додани ҳунарҳои мардумӣ мебошад. Зеро маҳз пешрафти соҳаҳои мазкур такони бештаре ба фарҳангу тамаддун ва маданият мебахшад. Маҳз сайёҳӣ муаррифгари давлату миллат дар сатҳи байналхалқӣ маҳсуб меёбад. Санъату ҳунар асоси рушди фарҳангу маданият ва пойдории он ба шумор меравад. Занону бонувони тоҷик аз азал бо ҳунармандии хеш миёни дигар қавму миллатҳо маъруф буда, дӯзандагию

ресандагӣ, бофандагию пазандагӣ - ин ҳама нишона аз ҳунари волои эшон аст. Бузурге фармуда: “Агар хоҳӣ, ки миллатеро аз миён бардорӣ нахуст забон ва сипас фарҳангашро аз байн бар. Чун ба ин муваффақ гаштӣ миллат худ ба худ нопадид мегардад”. Ҷаҳони имрӯз дар ҳоли рушду нумӯъ буда, ҷаҳонишавӣ (глобализатсия) боиси он гардидааст, ки фарҳанги дигар халқу миллатҳо, фарҳанги бою рангини моро иҳота намуда, онро аз худ карданист. Онҳо садди роҳи инкишофи ҳунару фарҳанги халқиамон гашта, молу маводе, ки имрӯз ворид мегардад, ҳам аз ҷиҳати сифат ва ҳам сохт нуқсдору пастсифатанд. Воридоти чунин молу маҳсулотҳо боиси он гаштааст, ки шумораи ҳунармандони мардумӣ сол то сол коста гашта истодаанд. Ҷойи истеҳсолоти худиро дар бозор воридоти бегона ва фарҳанги дигарон

Кӯдакон ва пул

зер намудааст ва таваҷҷӯҳи наслҳои ҷавони ҷомеа ба ҳунаромӯзӣ кам гаштааст. Ҳунарро чашмаи зояндаву давлати поянда гуфтаанд. Ҳунар ганҷи ноёб асту соҳибҳунар ҳамеша муваффақу комёб. Миллате, ки ҳунару ҳунармандонро қадр мекунад, пешсафу номдор аст. Яке аз муаррифгарони халқу миллат ин ҳунармандон мебошанд. Аз ин рӯ, бояд фарҳангу маънавиётро пос дорему онро ташаккул диҳем. Инкишофи фарҳангу маданият дар дасти ҳар фард буда, аз байнбарандаи фарҳанг низ худи шахс мебошад ва маҳз ҳунармандон фарҳангро ташаккул дода, поянда нигоҳ медоранд. Давлате, ки номдору пойбарҷост аз ҳунармандони худ ифтихор дораду ба фарҳанги куҳану имрӯз ва фардояш арҷ мегузорад!

созед. Мушоҳида шудааст, фарзандони аз вазъ ва душвориҳои молиявии волидон бохабар тезтар ба воя расидаю ҳаргиз пулро беҳуда сарф намекунанд. ҲАҚҚИ БАҲОИ ПАНҶ

Мехоҳад ягон ширинӣ харад ё барои хариди чизи писандидааш маблағ ғундорад. Аз 8-10 – солагӣ ҳафтае 3-5 сомонӣ кифоя аст. Пас аз 10-солагӣ мумкин аст, маблағро ду маротиба афзоиш дод. Барои хонандагони синфҳои

болоӣ ҳафтае 20 сомонӣ лозим шуда мемонад (барои наврас бисёр аламовар аст, ки барои духтари ҳамсинфаш яхмосе харида натавонад). 3. Фарзандонро аз вазъи молиявии оила доимо хабардор

Кам волидонеро вохӯрдан мумкин аст, ки донишандӯзии хуби фарзандонро ситоиш намоянд. Аз ин хотир, масъалаи ҳавасмандгардонӣ яке аз масоили муҳими педагогикаи оилавист. Қисме аз волидон шакли “иҷро накардӣ, намегирӣ”-ро сармашқи кори хеш қарор додаанд. Гурӯҳи дигар баръакс, зери шиори “кардӣ, гирифтӣ” амал мекунанд. Кадоме беҳтар? Таҷриба ба дуюмӣ бартарият додааст. Зеро кӯдак ҳавасманд мегардад. Дар аввал соф варзишӣ (доштани муносибати пулӣ бо волидон мароқангез аст), пасон ба он аз комёбию барорҳо шодӣ илова мегардад.

Оламбегим НЕКҚАДАМОВА, донишҷӯи ДМТ Худбаҳодиҳӣ афзуда, баробари он мавқеи тифл дар коллектив афзоиш меёбад. Бо ибораи дигар, агар дар оила тартиби бо пул ҳавасмандгардонӣ барои хониши хуб ҷорӣ шавад, чандон хуб нахоҳад буд. Зеро донишҷӯён барои хуб аз худ намудани дарсҳо идрорпулӣ мегиранд. Дар ҳоли соҳиби баҳои паст шудан он маҳрум мешаванд. Кори анҷомдодаи кӯдаконро ҳаргиз набояд пардохт кард. Масалан, ба мағоза барои харид рафтан ё зарфҳоро шустани фарзанд, ҳамин тавр барои ҳар қадамаш пул диҳем, оқибат нохуб хоҳад буд. Зеро айёми пиронсолӣ, ҳангоме шумо як пиёла об мепурсед, хоҳу нохоҳ аз ӯ ин гуна посухро хоҳед шунид: “Бар ивазаш чӣ медиҳӣ?..” З. ҲОМИДОВА, омӯзгори хонаи кӯдакони рақами 2-юми пойтахт


16

“ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН”, №47 (9577), 22.11.2018

ФАРОҒАТИ ҶАВОНОН

Сеҳри хома

√ АНДАРЗ

АМАЛИ МЕҲРОБ АЗИМОВ, “ҶТ”

Обполо

Рӯзе ба назди мӯйсафеде як шиносаш омада, бо иштиёқ сухан оғоз кард: - Дар бораи яке аз дӯстатон суханони аҷиб шунидам. Ҳозир ба шумо ҳам гуфта медиҳам. - Исто-исто, - гуфт мӯйсафед. - Пеш аз гуфтани шунидаҳоят ин суханҳо бояд аз се обполо, яъне софкунак гузаранд. - Обполо? - ҳайрон шуд мард. - Бале, - гуфт мӯйсафед. – Сухане, ки дар бораи дӯстам мегӯӣ аввал онро аз обполо гузарондан лозим. Обполои якум, ҳақиқат аст. Бигӯй, ки ба ростии суханҳоят боварии комил дорӣ?

- Не, - ҷавоб дод мард. - Ин суханро аз дигарон шунидам. - Яъне, ба ростии ин сухан шубҳа дорӣ. Номи обполои дуюм хубист. Яъне суханат бояд ба хубӣ хизмат намояд. Сухане, ки дар бораи дӯстам гуфтан мехоҳӣ, хабари хуш аст? - Не, баръакс, он хабари хеле бад аст. - Яъне, ким-чӣ хел дурӯғ, ба замми ин хабари бадро гуфтан мехоҳӣ. Аммо дар сухани ту боз имкони аз як обполои дигар гузаштан аст. Сухане, ки гуфтан мехоҳӣ ба ман ягон нафъ меорад? Чӣ қадар фоидабахш аст?

- Ба фикрам чандон фоиданок нест, - саросема шуд мард. - Хуб, сухане, ки гуфтан мехоҳӣ дурӯғ буданаш мумкин. Ба замми он сухани бад ва бефоида бошад, пас чӣ лозим шунидани он? – бо қатъият иброз дошт мӯйсафед. Миш-мишҳоро паҳн намудаю инсони наздикро ғайбат кардан ҳаргиз кори хуб нест. Бо вуҷуди ин чунин «машғулият»-и одамон ҳамеша дар байни ҳамаи тамошоҳо ҷолибтарин будааст. Аз ин «машғулият»-ҳо агар ҳифз намудани инсонро хоҳӣ, ҳамин обполои сеюмро истифода бар. Яъне сухани бе нафъро дар ҷои шунидаат вогузорӣ, беҳтар аст... Таҳияи Муҳаммадраҷаб БЕРДИЁРОВ

√ ОБУНА-2019

Бо “Ҷавонони Тоҷикистон” ҳамеша ҷавон мемонед! ПЕШВОИ МИЛЛАТ - БУНЁДГАРИ КОХИ НУР

√ САЙҚАЛИ

АНДЕША

Ман инсонам ва ҳеҷ чизи одамӣ бароям бегона нест. ******** Тамоми умедам ба худам. ******** Орзуро ба пул намехарам. Дурӯғ дурӯғ мезояд.

********

******** Чӣ қадар одам, ҳамон қадар андеша. ******** Чоплусӣ дӯстонатро зиёд мекунаду ҳақгӯӣ бадхоҳонатро. ******** Чун ҳама хостаҳоятро амалӣ карда наметавонӣ, пас корҳоеро орзу кун, ки аз ӯҳдаашон мебароӣ. ******** Вақте ду кас як корро иҷро мекунад, ин аллакай як кор нест. ******** Ибтидои аблаҳона – интиҳои аблаҳона. ******** Ба оқил ишорае бас. ******** Хирадманд на танҳо ҳозирбин, балки ояндабин низ бояд бошад. ******** Хирадманд ҳамаи корҳоро бояд на бо силоҳ, балки бо сухан анҷом диҳад. ******** Гуфтае нест, ки қаблан нагуфта бошанд. ******** Баҳси ошиқон – эҳёи ишқ. ******** Ишқ инсонро то ҳадди шинохтанашаванда таъғир медиҳад Терентсий Рӯзнома таҳти рақами 0120/рз аз 22 сентябри соли 2014 дар Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон сабти ном шудааст. Нишонӣ: 734018, шаҳри Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ-16, ошёнаи 1

И.В.САРМУҲАРРИР Шодихони НАЗАР

Обуна ба рӯзномаи “Ҷавонони Тоҷикистон” барои соли 2019 оғоз шуд. Нархи обуна аз тариқи идораи рӯзнома барои як сол 115 сомонӣ муқаррар шудааст. Ин арзиш бо назардошти бурда расондан ба нақша гирифта шудааст. Шумо обуна шавед, мо сари вақт рӯзномаро мерасонем. Инчунин, Шумо ба воситаи шуъбаҳои алоқаи шаҳру ноҳияҳо метавонед ба ягона рӯзномаи ҷавонон обуна шавед. Суратҳисоби бонкии рӯзнома: с/ҳ №20202972500232101000, ҳ/х 20402972316264, РМА 030000301, РМБ 350101626 Бонки давлатии амонатгузории Тоҷикистон “Амонатбонк”. Индекси обуна 68857.

√ ЭЪЛОН Шартномаи хариду фурӯши манзил, ки ба шаҳрванд Шамсудин Боев, бо суроғаи кӯчаи Муҳаммадиев, бинои 56, ҳуҷраи 2, ноҳияи Синои пойтахт тааллуқ дошта, дар идораи нотариалии ноҳияи Фрунзе (ҳоли Сино)-и пойтахт, соли 1999 таҳти рақами 8Д-4471 ба қайд гирифта шудааст, бинобар гум шудан, эътибор надорад. Шиносномаи техникии ҳавлӣ, ки онро корхонаи байниноҳиявии техникии ноҳияи Рӯдакӣ соли 2015 ба Пирумшоҳ Давлатов, сокини ҷамоати деҳоти Лоҳури ноҳия додааст, бинобар гум шудан эътибор надорад. Шиноснома, ки онро ШВКД-и ноҳияи Исмоили Сомонии пойтахт соли 2011 ба Хайридин Файзуллоев додааст, бинобар гум шудан эътибор надорад. Дафтарчаи имтиҳонӣ, ки онро Колеҷи технологии ш. Душанбе соли 2017 ба Давлатов Шамшод Хурсандович додааст, бинобар гум шудан эътибор надорад. Номаи камол таҳти рақами 062528, ки онро литсеи тоҷикию туркии шаҳри Кӯлоб соли 1999 ба Салихов Раҳматулло Бобомуродович додааст, бинобар гум шудан эътибор надорад.

ҲАЙАТИ МУШОВАРА:

Абдуҷаббор РАҲМОНЗОДА (Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа), Нуриддин САИД (вазири маориф ва илми Тоҷикистон), Аҳтам АБДУЛЛОЗОДА (раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон).

ҲАЙАТИ ЭҶОДӢ:

Маҳмудҷон УСМОНОВ (муҳаррир), Толибшоҳи ДАВЛАТ (котиби масъул), Манзумаи ФИРӮЗ (муҳаррири шуъбаи иқтисод ва иҷтимоъ), Хуршед МАВЛОНОВ (муҳаррири шуъбаи иттилоот ва сиёсат), Беҳрӯз ХОЛМУРОДОВ (муҳаррири шуъбаи ҳаёти ҷавонон), Шаҳло ЭШОНОВА, Нуруллоҳи ОРИФ, Хуршед ХОВАРӢ, Шаҳбози АСОМИДДИН, Наҷиба МУРОДБЕКОВА, Муниса ДОДОВА, (хабарнигорон), Шеравган ХУРСАНҚУЛОВ (саҳифабанд), Меҳроб АЗИМОВ (рассом), Машҳур ИМОМНАЗАРОВ (хабарнигор, ВМКБ), Шодмон НУРМАТОВ (хабарнигор, вилояти Суғд) Фирӯз АБДУРАҲМОНОВ (хабарнигор, вилояти Хатлон).

Зодрӯз муборак! Шукронаи дӯстрӯяк ба сини ҳафт қадам ниҳод. Ӯро бо ин рӯзи муборак табрику таҳният гуфта, барояш умри дароз, тани сиҳат, хӯшиҳои рӯзгор ва хониши аъло таманно доранд. Шукронаҷон ягона, Шукрона зеби хона. Дар рӯи дунё монад, Номи ӯ ҷовидона.

Бо як ҷаҳон дӯстдорӣ волидон ва наздикону пайвандон

Ба хотири чандандешӣ матолибе низ ба табъ мерасанд, ки хилофи назари ҳайати эҷодист. Дурустии арқому далелҳо бар дӯши муаллифон аст.

Ҳангоми таҳияи хабарҳо аз матолиби интернет низ истифода шудааст.

Индекси обуна: 68857

Тел: 908 85-85-93, 238-54-14, 238-51-09, 238-53-03

Ҳафтанома дар КТН «Шарқи озод» (хиёбони Саъдии Шерозӣ-16) бо теъдоди 3952 нусха ба нашр расид.

Ҳисоби бонкӣ: с/ҳ №20202972500232101000, ҳ/х 20402972316264, РМА030000301, РМБ350101626. БДА Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк»


Turn static files into dynamic content formats.

Create a flipbook
Issuu converts static files into: digital portfolios, online yearbooks, online catalogs, digital photo albums and more. Sign up and create your flipbook.