Ҷавонони Тоҷикистон, №40, 2018

Page 1

ЧТ , “ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН”, №40 (9570), 04.10.2018

javonon.tj

1

НАШРИЯИ КУМИТАИ КОР БО ҶАВОНОН ВА ВАРЗИШИ НАЗДИ ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

АВОНОНИ ОҶИКИСТОН

Рустами Эмомалӣ:

Шербачаҳои тоҷик базми фараҳу шодиро фароҳам сохтанд

№40 (9570), 04/10/2018

e-mail: javonontj@mail.ru

Ахлоқи мардонро дар Душанбе дурбин назорат мекунад саҳифаи 4 Оилаҳои ҷавонро чӣ аз ҳам ҷудо месозад? саҳифаи

5

саҳифаи

6

Душанбе-пойтахти фарҳангии ИДМ Дар ҷангали холӣ рӯбоҳ худро шер медонад! саҳифаи

7

Тоҷикистон ба Ҷоми ҷаҳон-2019 роҳ ёфт саҳифаи

Пайвандгари наслҳо саҳифаи

8

12

Чарли Чаплин ба духтараш дар бобати ҳаҷв чунин гуфта буд: “Дар саҳна ончунон гиристаам, ки мардум маро нафаҳмида ба ҳолам хандиданд”. Аз ин нукта бармеояд, ки ҳаҷв умуман ҷои масхараву ханда набудаву аз рӯи фалсафа ва мантиқ дарду доғи зиндагӣ дар он нуҳуфта аст. Ҳаҷв ба андешаи соҳибназарон ҳолатест, ки ҳар ҷое гиря оҷиз монд, ноилоҷ ҷояшро мегирад. Яъне мо ба нуқсону иллатҳои худ гиря мекунем. Вале, мутаассифона, фурсате фаро расидааст, ки ҳамагӣ гӯшае нишинему ба ҳоли табоҳи ҳаҷви тоҷик бигирйем. Ҳаҷви тоҷик тайи чанд соли охир ба ҳолати хароб мувоҷеҳ шудаву минбари онро ҳар ногузаштае аз кӯчаи ҳаҷвнигорӣ соҳиб шудан мехоҳад. Мо дар ин матлаб танҳо ба як шохаи ҳаҷви тоҷик - сурудҳои ҳаҷвӣ рӯ меорем. Чаро имрӯз сурудҳои ҳаҷвии ҳунармандону ҳаҷвнигорони мо дардхӯри ҷомеа нестанд? Вожаҳои фаҳшу таҳқиромез чӣ гуна ба муҳтавои сурудҳои ҳаҷвии мо ворид мегарданд? Чӣ гуна метавон пеши роҳи интишор ва пешниҳоди сурудҳои ба ном ҳаҷвии таҳқиромезу пастмазмунро гирифт?


2

“ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН”, №40 (9570), 04.10.2018

ҲАФТАИ ПРЕЗИДЕНТ

Сафари расмӣ ба Япония 2 сентябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати анҷоми сафари расмӣ ба Япония сафар карданд. Дар фурудгоҳи байналмилалии Душанбе Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон, Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар шахсони расмӣ гусел намуданд. Дар ин сафар Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро вазири корҳои хориҷӣ, ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои робитаҳои хориҷӣ, вазирони молия, нақлиёт, энергетика ва захираҳои об, раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ, раиси Палатаи савдо ва саноат ва дигар шахсони расмӣ ҳамроҳӣ мекунанд.

Боздид аз шаҳри Хиросимаи Япония 3 октябри соли 2018 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар чорчӯбаи сафари расмӣ ба Япония вориди шаҳри Хиросима шуданд. Дар фурудгоҳи байналмилалии шаҳри Хиросима меҳмони олиқадр, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро намояндагони воломақоми ҳукумати шаҳри Хиросима гарму самимӣ истиқбол гирифтанд. Сафари расмии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хиросима оғоз гардида, дар шаҳрҳои Киото ва Токиои Япония идома меёбад. Дар шаҳри Хиросима Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо нишони эҳтироми баланд ва самимӣ ба таъриху тамаддуни мардуми Япония дар “Боғи ёдбуди сулҳ” дар зери Муҷассамаи ёдбуди қурбониёни бомбаи ҳастаӣ гулчанбар гузоштанд. Дар назди Боғи ёдбуди сулҳ Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро Раиси шаҳри Хиросима Казуми Матсуӣ ва Директори Осорхонаи

ёдгории сулҳи Хиросима Кенҷи Шига истиқбол гирифтанд. Хиросима яке аз шаҳрҳои муосири Япония ба шумор рафта, дар ҷазираи Хонсю ҷойгир аст. 6 августи соли 1945 дар рӯзҳои анҷоми ҷанги дуюми ҷаҳонӣ баъди партофтани бомбаи атомӣ шаҳр пурра хароб гардид. Барои гиромидошти қурбониёни ин шаҳр ва ба хотири фоҷеаи пурдаҳшат дар ин ҷо “Боғи ёдбуди сулҳ” бунёд гардид. Дар як гушаи боғ харобаҳои “Гумбази Гэмбаку”, ки дар вақти таркиш як қисми он боқӣ мондааст, то имрӯз нигоҳ дошта шудааст. Атрофи муҷассама макони сайру гашти сокинону меҳмонон мебошад. Соли 1996 “Гумбази Гэмбаку” ба феҳристи Мероси ҷаҳонии ЮНЕСКО шомил карда шуд. Дар ҳудуди “Боғи ёдбуди сулҳ” ҳамчунин осорхонаи ёдгории сулҳи Хиросима мавҷуд аст, ки дар

Боздиди сарони давлатҳои Тоҷикистону Беларус аз Корхонаи муштараки Тоҷикистону Беларус – Ҷамъияти саҳҳомии пӯшидаи «Агротехсервис» дар шаҳри Ҳисор Рӯзи 29-уми сентябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Беларус муҳтарам Александр Лукашенко дар шаҳри Ҳисор марҳилаи дуюми корхонаи муштараки Тоҷикистону Беларус – Ҷамъияти саҳҳомии пӯшидаи «Агротехсервис»-ро ба кор андохтанд. Дар ин корхонаи муштарак асосан трактор ва дигар таҷҳизоти соҳаи кишоварзӣ васлу насб карда мешавад. Ёдовар мешавем, ки марҳилаи аввали ин корхона моҳи майи соли 2018 бо иштироки сарони давлатҳоПрезиденти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Беларус Александр Лукашенко мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуда, он дар як сол имкони васлу насби 620

тарактори гуногунтамға ва дигар таҷҳизоти соҳаи кишоварзиро дошт. Ба сарони давлатҳо иттилоъ дода шуд, ки дар давоми 4 моҳи фаъолият дар ин корхона 206 техникаву таҷҳизоти кишоварзӣ, аз ҷумла трактори тамғаи «Беларус 82.1" 48 адад, ядакҳо 29 адад, испор 113 адад, сихмола 2 адад, тойбанд 16 адад ва заҳрпошак 2 адад васлу насб карда шуд. Қаблан барои истеҳсоли таҷҳизоти тракторҳои «Беларус80.1», «Беларус-82.1», «Беларус-952» ва васлу насби ядак (прицеп) ва дигар механизмҳое, ки дар соҳаи кишоварзӣ истифода мешаванд миёни ҶСП «Агротехсервис», Ҷамъияти саҳҳомии кушодаи «Заводи тракторбарории Минск» ва ширкати «Бобруйскагромаш» шартномаҳои ҳамкорӣ ба имзо расида буд ва ҷиҳати ба кор андохтани марҳилаи дуюм бо ширкатҳои номбурда барои

истеҳсоли таҷҳизоти тракторҳои «Беларус 80Х» ва «Беларус 512» иловатан шартномаи ҳамкорӣ ба имзо расонида шуд. Инак бо мавриди баҳрабардорӣ қарор додани навбати дуюми Ҷамъияти саҳҳомии пӯшидаи «Агротехсервис» иқтидори пурраи он дар як рӯз ба 6 трактори гуногунтамға баробар гардид. Таъкид карда шуд, ки аз ин пас мутобиқ ба талаботи хоҷагиҳои кишоварзӣ имкон аст дар ин корхона дар як сол беш аз 1700 трактори гуногунтамға васлу насб карда шавад. Истеҳсоли солонаи дигар таҷҳизоти кишоварзӣ аз ҷумла ядак (прицеп) ба 2600 адад баробар гардид. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Беларус Александр Лукашенко аз ҷараёни васлу насби тракторҳо дар сехи калонтарини корхона, ки бо се хати васлу

он муҷассамаҳо ва бисёр дигар нигораҳо барои гиромидошти хотираи қурбониёни фоҷеаи соли 1945 ҷамъоварӣ гардидааст. Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баъди гузоштани гулчанбар дар назди ёдгории қурбониёни фоҷеа ва пас аз шиносоӣ бо осорхона дар китоби меҳмонони фахрӣ соядаст гузошта, ба роҳбарияти осорхона ҳамчун рамзи эҳтиром туҳфаҳои хотиравӣ тақдим карданд. Дар маросими гулчанбаргузорӣ Сарвари давлати Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро намояндагони воломақоми шаҳри Хиросима ҳамроҳӣ карданд. Ин боздиди Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз “Боғи ёдгории сулҳ” нишонаи олии башардӯстӣ ва гиромидошти қурбониёни истифодаи силоҳи қатли ом мебошад.

насби техникаҳои кишоварзӣ фаъолият менамояд шинос шуда, бо кормандони он суҳбат намуданд ва ҳамчунин санҷиши техникии аввалин тракторҳои истеҳсолшавандаро назорат карданд. Масъулон нақша доранд дар оянда ба кишварҳои ҳамсоя, аз ҷумла Ҷумҳурии Исломии Афғонистон низ тракторҳо ва дигар таҷҳизоти кишоварзии дар ин корхона истеҳсолшавандаро содирот намоянд. Аз ин хотир яке аз хатҳои васлу насби техникаҳои кишоварзӣ ба содирот нигаронида шудааст. То имрӯз дар корхонаи мазкур 50 нафар мутахассисон фаъолият доштанд ва баробари ба кор андохтани марҳилаи дуюми он боз 50 нафар сокинони маҳаллӣ бо ҷойи кор таъмин гардида, шумораи умумии кормандон ба 100 нафар расонида шуд. Дар ин ҷо барои омода намудани мутахассисони соҳа шароити хуб муҳайё карда шудааст ва 4 нафар мутахассиси таҷрибадор аз Ҷумҳурии Беларус ба ин корхона даъват шуда, ба омӯзонидани кормандон машғул ҳастанд. Инчунин дар ин давра 2 корманди

ҶСП «Агротехсервис» дар Ҷамъияти саҳҳомии кушодаи «Заводи трактрбарории Минск»-и Ҷумҳурии Беларус аз курси кутоҳмуддати омӯзишӣ гузаштаанд. Ҳамчунин давоми моҳҳои фаъолияти марҳилаи аввали корхона дар ин ҷо бинои марказии техникаҳои беларусӣ бунёд гардида, дар он намоишгоҳи доимӣ ташкил карда шуд. Имрӯз дар ин намоишгоҳ номгӯи гуногуни трактор ва дигар техникаву таҷҳизоти кишоварзӣ ба маъраз гузошта шудааст. Трактору дигар таҷҳизоти дар ин корхона васлу насбшаванда дар шароити Тоҷикистон омӯхта шудааст ва барои истифода дар корҳои кишоварзӣ басо мувофиқ аст. Бояд тазакур дод, ки муносибатҳои дӯстонаи Тоҷикистону Беларус сол то сол рушду густариш пайдо менамояд ва фаъолияти корхонаи муштараки Тоҷикистону Беларус – Ҷамъияти саҳҳомии пӯшидаи «Агротехсервис» дар шаҳри Ҳисор, ки аз ҳар ҷиҳат манфиатовар аст, намунаи олии муносибатҳои тиҷоратии ин ду кишвари ба ҳам дӯст мебошад. www.president.tj


ХАТЛОН

ВМКБ

Вохӯриҳо бо хонандагони мактаби президентӣ Бо максади пешгирӣ намудани амалҳои зишт дар ҷомеа ва фаҳмонда додани муҳтавои суханронии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, масъулини Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши ВМКБ бо хонандагони синфҳои болоии Мактаби президентии шаҳри Хоруғ мулоқот намуданд. Сураҷ Чоршанбиев, сардори раёсат гуфт, ки вохӯрӣ бо толибилмон озоду самимӣ гузаронида шуда, дар он инчунин мавзӯъҳои фаъол будани ҷавонону наврасон дар корҳои ҷамъиятию сиёсӣ, корҳои ободонӣ, чорабиниҳои маърифатию фарҳангӣ - варзишӣ, дуруст ба роҳ мондани донишандӯзӣ, ҳазар кардан аз ҳодисаҳои ҷиноӣ ва ғайра муҳокима гардиданд. Дар охир фикру пешниҳодҳои ҷавонон оид ба гузаронидани суҳбату мулоқот ва минбаъд тақвият додани онҳо дар варақчаҳои махсус ҷамъоварӣ гашта, баҳри тадбирандешӣ ба масъулини раёсат пешниҳод шуданд.

Рустами Эмомалӣ: Шербачаҳои тоҷик базми фараҳу шодиро фароҳам сохтанд Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U -16) оид ба футбол дар рақобати марҳилаи ¼- ниҳоии Чемпионати Осиё-2018 бо шикаст додани дастаи Кореяи Шимолӣ 1:1 (4:2 аз рӯи пеналтӣ) барои худ на танҳо ба сабқати нимниҳоии мусобиқаи мазкур роҳ кушод, балки роҳхати ширкат дар Чемпионати ҷаҳон-2019-ро, ки баргузориаш дар кишвари Перу дар назар аст, ба даст овард. Бо ин комёбии назарраси деринтизор футболбозони дастаи мунтахаби то 16-солаи Тоҷикистонро президенти Федератсияи футболи кишвар Рустами Эмомалӣ табрику таҳният гуфт. Дар номаи табрикотии президенти ФФТ, аз ҷумла омадааст: «Аз номи Федератсияи футболи Тоҷикистон ва шахсан аз номи худам дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистонро таҳти роҳбарии сармураббӣ Зайниддин Раҳимов ба ифтихори дарёфти роҳхати ширкат дар Чемпионати ҷаҳон-2019 (U-17), ки баргузориаш тобистони соли оянда дар кишвари Перу мавриди назар аст, аз самими қалб табрику таҳният мегӯям. Билохира фурсате фаро расид, то аз ҳосили заҳматҳои ҳамвораи душвори хеш ком ширин кунем. Дар ин лаҳзаҳои бекарони фараҳфизо мехостам ба ҳайати бозингарон, ситоди мураббиёну маъмурон бар ивази заҳмати босифату касбиашон изҳори самимонаи қаноатмандию муборакбодӣ бинмоям. Шербачаҳои тоҷик базми фараҳу шодиро барои худ ва ҳама туфайли заҳмати ҳамвораву тоқатхора, таҳаммули ранҷу азоб ва азми қавию қатъию фидокорӣ фароҳам сохтанд. Аҳсан, тими зафармандон! Ин аст тимсоли фидокорию мубориза дар роҳи ҳифзи нангу номи меҳан! Ташаккур ба ҳамаи онҳое, ки дар ин лаҳзаҳо аз дастаи мунтахаби мамлакат пуштибонӣ менамуданд! Ба дастаи мунтахаби сарбаланду пирӯзи футболбозони умедбахши тоҷик дар рақобати марҳилаи нимниҳоии Чемпионати Осиё-2018 кушоиши кор ва авҷу барор таманно мекунам!», — иброз намудааст президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ дар сомонаи расмии ФФТ.

3

АХБОРИ ҲАФТА

“ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН”, №40 (9570), 04.10.2018

Таҷлили Рӯзи Ҷалолиддини Балхӣ дар Дарвоз Ба ифтихори Рӯзи Ҷалолиддини Балхӣ дар маркази ноҳияи Дарвоз - ҷамоати Қалъаи Хумб чорабинии фарҳангӣ баргузор гардид. Дар он роҳбарону намояндагони идораву муассисаҳои маҳаллӣ, Бахши кор бо ҷавонон ва варзиш, аҳли маорифу илм, адибон, омӯзгорону хонандагони МТМУ – и ноҳия иштироку баромад карданд. Мудири бахш Талабшо Аламов қайд кард, ки ҷавонон бояд ашъори бузургони форсу тоҷик, бахусус Ҷ. Балхиро самаровар мутолиа кунанд, зеро он намунаи рӯшани таҳаввули худшиносии мо ба шумор меравад. Инчунин омӯзгорон Фаридун Сафаров ва Нурмаҳмад Буров дар мавзӯъҳои “Ҳаёту фаъолият ва ашъори гаронмояи Ҷалолиддини Балхӣ”, “Маснавии маънавӣ ва нақши он дар тарбияи ҷавонону наврасон” маърӯза намуда, хонандагону ҷавонон бошад шеърҳои пурғановати Мавлоноро қироат карданд. Аз тарафи ансамбли фарҳанги Дарвоз беҳтарин барномаи консертӣ пешкаши иштирокдорон гашт. Машҳур ИМОМНАЗАРОВ, “ҶТ”

ШНТМ

Чорабиниҳои судманд Баргузории суҳбату вохӯриҳои навбатӣ, бо ташаббуси Бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳияи Файзобод дар ҷамоати деҳоти “Ҷавонон” доир гардид. Дар суҳбату вохӯрӣ, ки ҷавонону наврасони ҷамоат ширкат доштанд, дар мавзӯъҳои “Пешгирии ҷавонон аз шомилшавӣ ба ҳизбу ҳаракатҳои террористӣ”,

“Хизмат ба Ватан-Модар қарзи муқаддаси ҳар як шаҳрванд”, “Пешгирӣ аз бемориҳои сироятӣ” ва ғайра ба ҳозирин маълумот дода шуд. Тавре мудири бахши ҷанонон ва варзишги ноҳия Ҷ. Каримов хабар дод, доир шудани чорабиниҳо имкон медиҳад, ҷавонон оид ба масоили гуногун ҳар чи бештар иттилоъ ба даст оваранд.

Ҳашари дастаҷамъона

Бо мақсади сазовор таҷлил намудани 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳру деҳоти Кӯлоб корҳои ободониву созандагӣ вусъат ёфта, ҳашарҳои дастаҷамъона ҳар ҳафта дар кӯчаю маҳалла, деҳаҳо ва ташкилоту муассисаҳо гузаронида мешавад. Дар ин росто ҳафтаи равон кормандони ташкилоту муассисаҳои шаҳриву минтақавӣ, донишҷӯёну

омӯзгорони Донишгоҳи давлатии Кӯлоб, Донишкадаи технология ва менеҷменти инноватсионӣ, коллеҷҳои тиббиву омӯзгорӣ, литсейҳо, муассисаҳои таълимии шаҳр ва сокинони кӯчаю маҳаллаҳо ба ҳашари умумишаҳрӣ баромаданд. Иштирокчиён дар ин чорабинии оммавӣ боғи марказии шаҳрро тоза намуда, инчунин дар рафти он гулгаштҳо нарм карда шуданд.

Гусели наваскарон дар шаҳри Кӯлоб Дар боғи фарҳангию фароғатии шаҳри Кӯлоб, 1 октябр, маъракаи гусели 60 - нафар наваскарон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи ҷумҳурӣ доир гардид. Хайрулло Амонулло, раиси шаҳри Кӯлоб, зимни гусели наваскарон қайд намуданд, ки ҷавонони Кӯлобшаҳр дар ҳама давру замон ҳимоятгари Ватан ва марзу буми он буданд ва барои ҳимояи ҳар як каф хоки диёр мардонавор истодагарӣ намуда, хоки аҷдодиро аз ҳамлаи душманон дифоъ намудаанд. Боварӣ дорем, ки Шумо қарзи худро ҳамчун ворисони бонангу номуси гузаштагони худ бо сарбаландӣ иҷро намуда, амнияти кишварро бо дилу ҷон ҳифз менамоед ва садоқати худро ҳамчун муҳофиз ва такягоҳи боэътимоди Ватану ватандорӣ исбот месозед. Дар охир гуфта шуд, ки хизмат мактаби шарафу номус, мардонагию шуҷоатмандӣ буда, маҳз обу тоби бадан ва ҳамчун шахсият шинохташавии мард аз ҳамин мактаб ибтидо меёбад. Фирӯз АБДУРАҲМОНОВ, “ҶТ”

Мо ҷавонон ҷонибдори тарзи ҳаëти солим ҳастем СУҒД

Аз ҷониби ҷавонони фаъол дар ноҳияи Б.Ғафуров аксияи тарғиботӣ таҳти унвони “Мо ҷавонон ҷонибдори тарзи ҳаëти солим” доир гардид. Аксияи мазкур дар кӯчаву

хиёбонҳо, боғҳои фарҳангиву фароғатӣ ва бозорҳои ноҳияи Б.Ғафуров гузаронида шуда, дар рафти он ба сокинон ва ҷавонон варақаҳои иттилоотӣ доир ба ҳифзи саломатӣ тақсим карда шуданд.

Ашт: Мулоқоти судманд бо ҷавонон Аз ҷониби Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилояти Суғд дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ашт мулоқоти судманд бо ҷавонони ноҳия доир гардид. Мақсад аз баргузории вохӯрӣ, ин огоҳ намудани ҷавонон аз ҳар гуна бемориҳои сироятӣ, хусусан ВНМО/БПНМ, ба ҳисоб рафта, дар рафти он масъулин ба иштирокчиён доир ба оқибатҳои нохуши бемориҳои мазкур иттилоъ доданд. Гуфта шуд, ки ҳар ҷавони огоҳ бояд аз ҳар гуна зуҳуроти номатлуб худро дур нигоҳ дошта, ҳаёти худу атрофиёнро зери хатар нагузорад.

Шодмон НУРМАТОВ, “ҶТ”


4

МАВЗӮИ РӮЗ

- Чанд маротиба мешавад, ки баъди баргаштан аз дарс ҷавонон бо суханони қабеҳ ва рафтори бадахлоқонаи худ, ки ба гуфти онҳо “комплимент” аст, бошандагони атрофро нороҳат мекунанд. Озодона ҳарф мезананд ва дар ҳолати аҳамият надодан ба суханонашон якбора бо суханони дағалу гӯшхарош ба ҳуҷум мегузаранд. Баъзан дар роҳ ҳолатҳое низ мешаванд, ки гаппартоиҳо ба муноқишаи байни ҷавонон оварда мерасонад, - гуфт дар суҳбат донишҷӯдухтаре бо номи Зулфия Сатторова. Зулфия иқрор шуд, ки гарчанде борҳо бо чунин ҷавонон сар ба сар шуда бошад ҳам, вале ба мақомот муроҷиат накардааст. Ӯ аз ҷазо гирифтани ҷавонон ҳангоми гаппартоӣ ва дашном то ҳол огоҳӣ надоштааст. Барои гаппартоӣ ва дашноми духтарон дар ҳоле ҷазо пешбинӣ гардид, ки бонувони ҷавон мактуби шикоятӣ ба раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ барои ҳимояти онҳо аз бадрафтории мардон дар хиёбонҳои пойтахт ирсол намуданд. Ҳоло барои расидагӣ ба чунин шикоятҳои занону духтарон шаҳрдорӣ гурӯҳи корӣ созмон дода, рафтори мардонро 2700 дастгоҳи ба наворгирӣ назорат хоҳад кард. Илова бар ин дар назди милисаи шаҳр назорати махсус аз шикояти бонувон дар ин замина роҳандозӣ шуд. Мактуби мазкур дар шабакаҳои иҷтимоӣ низ корида шуд ва гурӯҳе шикваи бонувон-

√ 7

“ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН”, №40 (9570), 04.10.2018

Ахлоқи мардонро дар Душанбе дурбин назорат мекунад

ро дастгирӣ намуда, гурӯҳи дигар худи духтаронро дар кирдори ҷавонон гунаҳкор мекарданд. Ба гуфтаи онҳо ин тоифаи бонувони ҷавон бо тарзи пӯшидани либоси нимбараҳна ва рафтори ғайриодӣ диққати ҷавононро ба худ ҷалб мекунанд. Вале Зулфия мегӯяд, либоси нимбараҳна доштани духтарон асос надорад ва баҳонае беш нест. Чун пӯшидани либос ва рафтор маънои онро надорад, ки ҷавонон бояд суханони дағал ва рафтори ноҷавонмардонаро нисбат ба онҳо раво бинанд: “Наворҳое, ки дар интернет паҳн гардид ва духтарон аз ҷониби писарон таҳқир шуда буданд, магар онҳо либоси миллӣ ба бар надоштанд? Боз чӣ баҳонаи дигаре меёфта бошанд!”-иброз медорад Зулфия. Тибқи иттило, дар давоми як моҳи охир мақомоти марбута аз муҷозоти се сокини пойтахт барои кирдори бад ё дашноми бонувон

ОКТЯБР – РӮЗИ ОМӮЗГОРОН

Дар ҳақиқат, рисолаи омӯзгор сӯхтану дунёи маърифатро обод кардан аст. Муаллим ба ҳукм боғбонест, ки ниҳолҳои боғи зиндагиро бо меҳру муҳаббат бипарварад. Шахсияти омӯзгор ба хонанда, падару модар аҳли ҷомеа таъсири бузург дорад. Ва хушбахтона, барои беҳтар гардонидани соҳаи маориф ва баланд бардоштани мақоми муаллим аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пайваста диққати махсус зоҳир мешавад. Воқеан, устод, муаллим барои ҳар як шахс азиз ва муътабар аст. Қадри устод аз падар зиёдтар аст. Гар падар моро хӯрондаю пӯшонида калон карда бошад, муаллим моро илму дониш омӯхта, ба зиндагии хушбахтона раҳнамоӣ мекунад.

хабар дода, акс ва навори корҳои ислоҳии онҳоро низ расонаӣ карда буд. Ҳабси чанд ҷавон, акси фаршшӯӣ, рӯбучини ҳавлӣ ва андоваи деворҳои вайрона барои дашном ё гаппартоӣ бисёре аз сокинони ҷавони пойтахтро эҳтиёткор ва хушгуфтор кардааст. Чун бонувоне, ки ба мақомот шикоят кардаанд, рафтори ношоистаи ҷавононро сабт ё ба навор гирифта, дар ихтиёри масъулон мегузоранд. Масъулини Вазорати корҳои дохилӣ мегӯянд, ҳадафи таҳияи чунин мавод таҳқири шахсияти ҳуқуқвайронкунандагон нест. Танҳо ба ин васила пеши рафтори ғайриахлоқиву ғайриқонунии шаҳрвандонро гирифта, адолати ҳуқуқӣ дар байни табақаҳои ҷомеа танзим карда шавад. Раёсати Вазорати корҳои дохилии шаҳри Душанбе хабар дод, ки Муҳаммадҷон Қурбонов сокини 21-солаи пойтахт бо ҷурми

таҳқири донишҷӯи 21-сола Аниса Иброҳимова ба панҷ рӯзи ҳабси маъмурӣ маҳкум шуд. Ба гуфтаи Аниса, ҷавон, ки дар маҳаллаи 1-ум Советский тарбуз мефурӯхт, ӯро дар назди мардум дашномҳои қабеҳ зада, шаъну шарафашро паст задааст. Шумораи чунин ҷавононе, ки бар асоси шикояти духтарон барои бадрафториашон ҳабс ва муҷозот мешаванд, рӯ ба афзоиш дорад. Бояд қайд кард, ки имрӯз ҳамчунин ҷавонон ва дигар шаҳрвандоне, ки тартиботи ҷамъиятиро дағалона вайрон мекунанд, ҳабси маъмурӣ шуда, ба корҳои ислоҳӣ ҷалб карда мешаванд. Ин ислоҳкорӣ ва ҳабс гардидани онҳо барои дигар нафароне, ки нисбати шаҳрвандон кирдор ва дашномҳои дағалонаро раво мебинанд, дарс хоҳад буд. Мушоҳидаҳо низ нишон медиҳанд, ки солҳои охир кирдори бад ва суханони беҷои ҷавонон дар хиёбонҳои пойтахт зиёд шуда, кулли ҷомеаро нигарон кардааст. Ҷомеашинос Мавҷуда Комилова аз он шикоят мекунад, ки ин навъи рафтор, яъне истифода бурдани гапҳои аз фарҳанг берун дар ҷамъияти мо баъди солҳои 2000ум характери хусусият гирифт. Ва бештар дар байни ҷавонписарон ба чашм мерасад. Тавре мавсуф илова мекунад, пештар низ гурӯҳи иҷтимоии хос чунин бадгуфториро истифода мебурдан, вале на бештари қишри ҷомеа, мисли имрӯз. Ҳоло бошад, калимаҳои гӯшхарош ҳамчун вожаҳои иҷтимоӣ истифода мешаванд. Ва ин калимаҳои гуфтугӯии байни калонсолон дар ҷойҳои ҷамъиятӣ гардидаанд. Бонувони фаъол, ки аз рафтору дашноми ҷавонон нигаронӣ мекарданд, мегӯянд баъди боздошт ва пахши акси ин тоифа дар хиёбонҳо ҳоло дигар ҷавонон кӯшиш мекунанд,

Дарёдилу ғамхор муаллим Муаллим. Ин калима барои ҳамаи мо азизу муқаддас аст. Ва ҳар яки мо онро бо оҳанги махсус ба забон меорем. Муаллим ба ҳар гуна эҳтирому қадрдонӣ меарзад. Зеро ҳар кадоми мо хондану навиштан ва одобу рафтору гуфторро аз муаллим омӯхтаем. Дар “Чаҳор китоб” устоди илмро дар қатори падару модар, устоди касб чаҳор пири мушфиқ номидаанд. Дар ҳақиқат дар роҳи омӯхтани илму дониш мақоми муаллим, устод, омӯзгор бузург аст. Устод шабу рӯз дар фикри он аст, ки шогирдонашро дар дунёи илму маърифат бештар баҳравар

гардонад, то онҳо оянда хушбахту осуда зиндагӣ кунанд. Дар фароварди сухан мехоҳам омӯзгорони кишварро ба муносибати ин санаи муҳим табрику муборакбод намуда, ба эшон саломатии бардавом, умри дароз ва дар таълиму тарбияи насли наврас комёбиҳо орзу намоям. Ҳавасхон НИМАТОВ, омӯзгори муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 53-и ноҳияи Восеъ, Аълочии маорифи ҷумҳурӣ

ба ҷавондухтарон аҳамияте надиҳанд. Вале бо тамошои навор ва аксҳои ислоҳшудаи ҷавонон, ки дар расонаҳо паҳн гардид, бо шӯхи аз баҷуръат шудани бонувону духтарон ҳарф мезананд. Гарчанде ин амалҳо то ҳол дар бархе аз маҳаллаҳо ба пуррагӣ танзим нашудааст, аммо умед аст, ба оҳистагӣ бартараф гардад. Ба андешаи Мавҷуда Комилова агар як воситаи аз байн рафтани каҷрафтории ҷавонон ин ҷазои маъмурӣ аз ҷониби мақомот бошад, воситаи дигар таҳримҳои (санксияҳои)- ҷазодиҳӣ, яъне барои истифодаи чунин дашномҳо ба буҷаи давлат ҷарима супоранд. Ин ҳам барои андози давлат мусоидат мекунад ва ҳам ба ахлоқи ҷавон таъсири мусбӣ мерасонад. Зеро ин навъи рафтор дар шуури ҷавонон ҳамчун рафтори одиву рӯзмарра ҷо гирифтааст. Агар пеши ин амал гирифта нашавад, он ҳамчун фарҳанги муошират паҳн мегардад. Аз ин рӯ, ҷазо гирифтани ҷавонони ба истилоҳ гаппарто то андозае ба коҳиши ин амали иҷтимоӣ мусоидат хоҳад кард. Барои коҳиши ин фарҳанг бонувон низ саҳми бузурге доранд, чун дар ҳолати шикоят накардан ин муоширати дағали ҷавонон метавонад боз ҳам бештар гардад. Ҷомеашиносон низ хушнуд аз онанд, ки имрӯз нисбат ба солҳои қаблӣ духтарони тоҷик барои ҳимояи шаъну шарафи худ хеле баҷуръат шуда, ба мақомотҳои марбута бе ҳарос шикоят мекунанд. Баъди таъсиси гурӯҳи вижа дар шаҳрдорӣ бошад бонувони ҷавон боз ҳам ҷасуртар гардида, дар ҳама ҳолат аз шарафи худ ҳимоят мекунанд. Дар воқеъ вақте як бонуи ҷавон аз ҷониби ҷавонписарон мавриди таҳқир қарор мегирад, ӯ бояд чӣ кор кунад? Бояд тамоми ин амалро тоқат кунад? Ҷое шиква накунаду мавриди мазоҳ ва масхараи мардон бошад? На, бонуи тоҷик бояд шуҷоъ бошад. Шарафашро ҳимоят кунаду аз касе ҳарос надошта бошад. Ва бигзор муҷозоти ин тоифаи мардон боз ҳам шадидтар гардад. Манзумаи ФИРӮЗ, “ҶТ”


“ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН”, №40 (9570), 04.10.2018

МУЛОҲИЗА

Нашъамандӣ аз бемориҳоест, ки ҳамасола бар асари он дар саросари олам беш аз 200 ҳазор нафар мефавтанд ва он ба мушкилоти сатҳи глобалӣ расидааст. Дар баробари оне, ки аз ҷониби сохторҳои марбутаи Тоҷикистон нисбати ин масъала диққати махсус равона гардидааст, вокунишҳои сатҳи ҷаҳонӣ, дастгириҳои созмонҳои байналмилалӣ дар кишвар бар зидди ин беморӣ роҳандозӣ мегардад.

Қадр кардани ҳастӣ асоси пешгирии нашъамандист Замони соҳибистиқлолӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ҳарчи бештар коҳиш додани шумори нашъамандон барномаҳои гуногуни сатҳи дохилӣ ва байналмилалӣ роҳандозӣ гардиданд. Яке аз онҳо Барномаи пешгирии паҳншавии маводи нашъаовар дар Осиёи Марказӣ (CADAP) мебошад. Барномаи CADAP 6 баҳри мусоидат ва тақвиятдиҳии сиёсат доир ба паст намудани талабот ба маводи нашъаовар равона шудааст. Барномаи мазкур аз ҷониби Иттиҳоди Аврупо маблағгузорӣ шуда, Консортсиуми кишварҳои Нидерландия, Ҷумҳурии Чехия, Полша ва Олмон, дар якҷоягӣ бо ташкилоти Ҷамъиятии Олмон оид ба ҳамкориҳои байналмилалӣ (GIZ) амалӣ мегардад. Моҳи сентябр як гурӯҳи рӯзноманигорон барои шинос шудан бо таҷҳизотҳои тиббӣ, ба монанди катҳои беморхона, ларингоскопҳо, дефибллияторҳо, мониторҳо барои назорати ҳолати беморон, консентраторҳои оксиген, таҳлилкунандаи нимавтоматии биохимиявӣ ва ғайра ба Маркази вилоятии наркологии шаҳри Кӯлоб дар доираи Барномаи CADAP сафар намуданд. Дар ин сафар пизишк Маҳмадраҳим Малахов, директори Маркази ҷумҳуриявии клиникии наркологӣ ва пизишк Зоир Сабуров, директори Маркази вилоятии наркологӣ рӯзноманигоронро ҳамроҳӣ намуданд. “Мо итминон дорем, ки тибқи лоҳаҳои муштарак дар самтҳои асосии сиёсат оид ба мубориза бар зидди нашъамандӣ самаранокии тадбирҳоро ҷиҳати кам кардани пешниҳод ва талабот ба маводи нашъаовар баланд мекунад, инчунин ба паст кардани таҳдиди нашъамандӣ кӯмак мекунад,”- гуфт пизишк Малахов ба рӯзноманигорон. Ҷомеаи ҷаҳонӣ ба ин масъала ҳанӯз ҳудуди 40 сол муқаддам муборизаи саросарӣ эълон карда буд. Аз ҷониби Ташкилоти умумиҷаҳонии тандурустӣ дар соли 1987 пешниҳод гардид, ки як рӯзе ҳамчун Рӯзи байналхалқии мубориза алайҳи маводи нашъадор қайд гардад. Ин пешниҳод аз ҷониби Созмони Милали Муттаҳид дастгирӣ ёфт ва як рӯзро ҳамчун Рӯзи байналмилалии мубориза алайҳи маводи нашъадор эълон намуданд. Ҳадаф аз таҷлили ин рӯз ташвиқи тарзи ҳаёти солим, диққати ҷомеаро ҷалб намудан

ба мушкилоти нашъамандӣ мебошад. Инчунин ба ҷомеаи ҷаҳонӣ бори дигар гӯшрас намудан аз он ки нашъамандӣ фоҷиаи як оила, шахс ва ё давлати алоҳида нест, балки нашъамандӣ фоҷиаи башарӣ мебошад. Зеро он ба насли инсоният зарба мезанад ва ба генофонди миллатҳо таъсири калон мерасонад. Ҳамасола дар ин самт чорабиниҳо вобаста ба ташвиқу тарғиби тарзи ҳаёти солим, вобаста ба пешгирии паҳншавии бемории нашъамандӣ роҳандозӣ мегардад. Дар ин росто инчунин чорабиниҳои оммавӣ, фарҳангию фароғатӣ ва иттилоотӣ гузаронида мешавад. Маркази миллии мониторинг ва пешгирии нашъамандии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ низ дар самти пешгирии нашъамандӣ дар кишвар фаъолияти рӯзмарра менамояд. Фаъолияти марказ доир ба омӯзиши вазъи нашъамандӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар доираи стандартҳои байналмилалие имрӯз амал мекунанд, равона гардидааст. Вобаста ба баландбардории иттилоотнокии аҳолӣ, ташвиқу тарғиби тарзи ҳаёти солим ва оқибатҳои суиистеъмоли маводи нашъадор аз тарафи мутахассисони марказ дар доираи имкониятҳои мавҷуда вохӯриҳо, семинарҳои омӯзишӣ гузаронида шуда, тавассути ВАО маводҳо тарғиб карда мешавад. Агар ба таҳлилҳои даҳ соли охир доир ба нашъамандӣ дар кишвар назар андозем, маълум мегардад, ки дар умум бемории нашъамандӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯ ба коҳиш ниҳодааст. Коҳиш ёфтани шумораи нашъамандон ин натиҷаи муборизаи

5

Оилаҳои ҷавонро чӣ аз ҳам ҷудо месозад? “Бидуни оилаҳои мустаҳкаму муқтадир ҷомеаи беолоиш вуҷуд дошта наметавонад,”-таъкид намудаанд Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон. Дар ҳақиқат оила мураббии аввалин, роҳнамои ҳаёт, тарбиятгари асосӣ ва асосгузори феълу рафтори ҳар як кӯдак буда, дар баробари манбаи меҳру навозиш буданаш, маркази парвариши беҳтарин истеъдодҳост.

дастаҷамъона ё чорабиниҳои ҳамоҳанггардида ва сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат ва Ҳукумати кишвар дар мубориза бо муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир мебошад. Бояд гуфт, ки ҷиҳати пешгирии ин беморӣ Стратегияи миллии мубориза зидди муомилоти ғайриқонунии маводҳои мухаддир барои солҳои 2013-2020 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардидааст. Натиҷаи ҳамин гуна чорабиниҳо ва қабули қонунҳои дахлдор дар ин самт далели он аст, ки мо тавонистем, то андозае паҳншавии мушкилоти мазкурро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон коҳиш диҳем. Дар даҳ соли охир шумораи умумии беморони нашъаманд ҳудуди 20,6% коҳиш ёфтааст. Шумораи умумии нашъамандон дар кишвар айни ҳол 6888 нафар мебошад. Агар ин шумораро дар ҷумҳурӣ ба синну сол ҷудо намоем, синни аз 18 то 34 сола, ки ба ҷавонон мансуб аст, айни ҳол 20,6 фоизи нафарони гирифтори нашъамандиро синну соли ҷавонӣ ташкил медиҳад, яъне ҷавонон мебошанд. Аз шумораи гирифторони бемории нашъамандӣ, ки 6888 нафарро ташкил медиҳад, 1416 нафараш ҷавононанд. Хулоса, ҳаёти солиму орӣ аз ҳама гуна зуҳуроти номатлубро бояд ҳар як нафар интихоб намояду ҷиҳати солимии худу атрофиён бетараф набошад ва умри хешро қадр созад. Зеро қадр сохтани ҳастии хеш омили аслии пешгирии нашъамандӣ ба ҳисоб меравад. Пас, ҳаёти худро қадр созеду роҳи солимро интихоб намоед.

Мушкилоти ботадриҷ зиёд гаштани пошхӯрии оилаҳои ҷавон аксари моро бетараф гузошта наметавонад. Тибқи маълумотҳои бадастоварда синни аз нисф зиёди оилаҳои ҷудошуда аз 18 то 25ро ташкил медиҳад. Роҳбари Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳасанзода Г. зимни нишасти матбуотӣ дар нимсолаи якуми соли 2018 изҳор дошт, ки шумораи талоқ дар тамоми шаҳру ноҳияҳои кишвар нисбат ба солҳои пешин афзудааст. Шумораи талоқҳои ба қайд гирифташуда дар моҳҳои январ – июни соли 2018-ум 5603 воҳидро ташкил кард, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2017-ум 11,9 фоиз (594 воҳид талоқ) зиёд шудааст. Коэффитсиенти умумии талоқ дар шаш моҳи соли ҷорӣ ба ҳар 1000 нафар аҳолӣ 1,3 воҳид рост омадааст. Маълумоти мазкур аз он шаҳодат медиҳад, ки барои баъзе аз ҷавонони мо пойдории оила чандон муҳим набуда, калимаи “талоқ” амри воқеӣ ва роҳи осони халосӣ аз масъулиятҳоест, ки баъди хонадоршавӣ ба душашон гузошта мешавад. Мутаассифона замоне фаро расидааст, ки зиндагӣ ва нигоҳдошти оила барои бархе аз нафарони масъулиятгурез ба бозичаи даст табдил ёфтааст. Бояд донист, ки тамоми муваффақиятҳои зиндагӣ аз оила оғоз меёбад. Дар сурате, ки агар фазои оила солиму устувор бошад. Дигар паҳлӯи масъала муносибати хубу созандаи волидон ва калонсолон бо навхонадорон мебошад. Дар ин сурат моҷароҳои байни навхонадорон ба хубӣ ҳалли худро меёбад. Аммо имрӯзҳо ба мушоҳида мерасад, ки дар аксар ҳолатҳо ба вайроншавии оилаҳо маҳз худи калонсолон сабаб мешаванд. Гулпарии Давлат яке аз он нафарон мебошад, ки дар синни ҳаждаҳсолагӣ ба таври маҷбурӣ аз сӯи падару модар оиладор шуда, баъди се моҳи зиндагӣ аз шавҳараш ҷудо шуд. Ба нақли худи Гулпарӣ ӯ дар мактаб духтари фаъол буд, бо баҳои хубу аъло мехонд. Бештар дар озмунҳо иштирок мекард. Аз сабабе духтари ягона дар оила буд ба давом додани таҳсилаш дар донишгоҳ волидонаш чандон аҳамият надоданду баъди хатми мактаби миёна ӯро аз деҳаи ҳамсоя шавҳар доданд. Баъди ҷангу ҷанҷоли зиёди оилавӣ маълум шуд, ки шавҳари Гулпарӣ бо духтари ҳамсояаашон робита дораду ӯро ҳам маҷбур оиладор карданд. Бо ҳамин сабаб баъди се моҳи заношӯӣ оилаи онҳо аз ҳам пош хурд: “Ман дуюмбора ба хонаи падарам баргаштам. Аз сабабе ки донишам хуб буд, тавасути Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба донишгоҳ дохил шудам. Ҳоло бошад дар курси 4-ум таҳсил дорам”- мегӯяд Г. Давлат. Ба таъкиди ин ҳамсуҳбати мо ҳеҷ вақт духтар бояд иҷозат надиҳад, ки ӯро ба шахсе, ки худи ӯ намехоҳад, ба шавҳар диҳанд. Меҳринисо Хушбахтова як сокини 54-солаи пойтахт мегӯяд ки имрӯзҳо маҷбурӣ хонадор кардани фарзандон аз ҷониби волидон зиёд ба чашм мерасад: “Ҳеҷ гоҳ падару модари соҳибмаърифат набояд фарзанди худро, хоҳ писар бошад хоҳ духтар, маҷбурӣ оиладор намояд. Вақте ки ҷавонҳо якдигарро намеҳоҳанд, вале интихоб аз ҷониби волидон мешавад, хоҳу нохоҳ оилаи онҳо пойдор намемонад. Чун ба хости худи онҳо нест. Дигар чизе, ки сабаби вайроншавии оилаҳо мегардад, ин ба шавҳар додани духтарони ноболиғ ё барои оиладорӣ тайёр набуда мебошад. Падару модар фикр мекунанд, агар духтари худро ба шавҳар диҳанд қарзи хешро иҷро мекунанд,”гуфт Меҳринисо Хушбахтова. Ба таъкиди равоншинос Эмомназарова М.: “Маҷбурӣ ба шавҳар додани духтарон хатари бузург дорад. Мо бисёри вақт аз ҷавонон талаб ва дар баробари ин таъкид ҳам мекунем, ки дар масъалаи оиладоршавӣ ҳеҷ гоҳ ба саросемагӣ роҳ надиҳанд. Ҳамчунин дар масъалаи интихоб низ. Вақте, ки шахс бо интихоби худ ва бо шавқу ҳавас оила барпо мекунад, дар зиндагӣ шахси хушбахт шуда метавонад. Дар ҷомеаи муосир бо пешрафти ҳамаи техникаю технология бояд ҳар як шахс аз донишҳои психологӣ бохабар бошад ва ба ин гуна хусусиятҳо роҳ надиҳад. Бештар ба маҷбуркунии духтарон оиди шавҳаркунӣ оилаҳое даст мезананд, ки аз ҷомеаи муосир фарсахҳо дур монда ва аз оқибатҳои ин кор боре фикр намекунанд”. Агарчи талоқ ба ҳукми зарурат барои дурӣ аз баъзе паёмадҳои ногувор ба кор бурда мешавад, вале бояд донист, ки он сабаби пош хурдани оилаҳо ва сарсонии фарзандон мегардад.

Хуршед ХОВАРӢ, “ҶТ”

Малоҳат ХОЛМУРОДОВА, “ҶТ”


6 Дар ҷаласаи навбатии Шӯрои сарони давлатҳои Иттиҳоди давлатҳои мустақил (ИДМ), ки 28 - уми сентябри соли 2018 дар Тоҷикистон баргузор шуд, шаҳри Душанбе дар соли 2021 “Пойтахти фарҳангии ИДМ” эълон гардид. Инчунин, дар нишаст мубодилаи афкор оид ба ҳамкорӣ дар чаҳорчӯбаи ИДМ, оид ба масъалаҳои марбут ба сарварии Иттиҳод, сана ва ҷойи нишасти навбатии Шӯрои сарони давлатҳои ИДМ муҳокима карда шуд. Дар рафти вохӯрӣ доираи васеи як қатор масъалаҳои марбут ба рушди минбаъдаи ҳамкорӣ дар соҳаҳои асосии ИДМ баррасӣ гардид. Сарони ИДМ вобаста ба амалисозии барномаи байнидавлатии “Марказҳои фарҳангии ИДМ” дар соли 2021 дар Тоҷикистон мавриди муҳокима қарор дода, қарор қабул намуданд, ки шаҳри Душанбе дар соли 2021 ҳамчун “Пойтахти фарҳангии ИДМ” эълон карда шавад. Ёдовар мешавем, ки пешниҳоди “Маркази фарҳангии ИДМ” эълон шудани шаҳри Душанбе дар соли 2021 дар доираи лоиҳаи Байнидавлатии “Марказҳои фарҳангии ИДМ” дар вохӯрии сарони вазоратҳои хориҷӣ моҳи апрели соли 2017 дар Минск эълон шуда буд. Баъд аз чанд моҳ дар нишасти якҷояи Шӯро оид ба Фонди Байнидавлатии ҳамкориҳои гуманитарии давлатҳо иштирокчиёни ИДМ (ФБҲГ) пешниҳоди мазкур дастгирӣ ёфт. Барномаи Байнидавлатии “Марказҳои фарҳангии ИДМ” бо ташаббуси Шӯрои ҳамкорӣ оид ба ҳамкории башардӯстона ва Фонди Байнидавлатии ҳамкориҳои гуманитарӣ бо иштироки Шӯрои ҳамоҳангсозии фарҳангӣ таҳия шудааст. Мақсади он рушди муколамаҳои байнифарҳангӣ ва муттаҳидсозии иқтидори фарҳангии кишварҳо мебошад. Пас инҷо саволе ба миён меояд, ки эълон гардидани Душанбе ҳамчун Маркази фарҳангии ИДМ барои шаҳри Душанбе чӣ манфиатҳо дорад ва онро бояд чӣ гуна истиқбол намуд? Муовини аввали Маркази татқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Сайфулло Сафаров вобаста ба ин иқдом қайд намуд, ки вақте шаҳр маркази фарҳангии ИДМ эълон мешавад, муносибати он бо дигар шаҳрҳои Иттиҳод боз ҳам наздиктар мегардад. Чунки ба гуфтаи ӯ омаду рафти шаҳрвандони шаҳрҳои ИДМ ба пойтахти фарҳангии он зиёд мешавад, ки ин аз нуқтаи назари иқтисодӣ ва фарҳангӣ фоидаовар аст. Ҳамчунин, он имконият медиҳад, ки дохилшавии фарзандони мо

“ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН”, №40 (9570), 04.10.2018

ҶОМЕА дар донишгоҳҳои дигар шаҳрҳои ИДМ бештар шавад. Ба андешаи С. Сафаров пойтахти фарҳангии ИДМ эълон гардидани Душанбе мақоми онро боз ҳам болотар менамояд ва ҳамзамон, ин иқдом барои ҷалби сайёҳон низ мусоидат мекунад: “Пойтахти фарҳангии ИДМ эълон шудани Душанбе имкон медиҳад, ки боз ҳам бештар шаҳрро тарғиб намоем, ки ин барои ҷалби сайёҳон аз манфиат холӣ нест. Чанд сол пеш шаҳри Кӯлоб низ дар як вақт бо шаҳри Варонежи Федератсияи

тирок карда метавонистанд, баъд аз тағйири лоиҳа марказҳо низ имкони иштирокро пайдо карданд. Дар тӯли солҳо, мақоми асосии "Маркази фарҳангии Иттиҳод"-ро 14 шаҳрҳои ИДМ гирифтаанд. Аз ҷумла, шаҳрҳои Габалаи Озорбойҷон, Алма-атои Қазоқистон, Ульяновск ва Воронежи Россия, Марви Туркманистон, Гомели Белорус, Одессаи Украина, Кӯлоби Тоҷикистон ва дигар шаҳрҳои дорои фарҳанги ғании гузашта ва аслӣ, соҳиб шуда буданд.

гирифта истодааст. Дар баробари ба истифода додани биноҳои истиқоматии ҳозиразамон, кохҳо ва боғҳои бошукуҳи фарҳангию фароғатӣ шаҳри Душанбе дар байни пойтахтҳои давлатҳои аъзои Иттиҳод мақому манзалату хоси худро пайдо намуда истодааст. Миллати тоҷик ва меҳмонон аз боздиди боғҳои фарҳангию фароғатии ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ, Аҳмади Дониш, Абдураҳмони Ҷомӣ, Алишер Навоӣ, Садриддин Айнӣ, Ирам ва Дунёи афсонавӣ ба ваҷҳ

Россия пойтахти фарҳангии ИДМ эълон гардида буд, ки онҳо байни ҳам омаду рафти зиёд намуданд. Нисбати мардуми дигар шаҳрҳои кишвар ҳоло аҳолии шаҳри Кӯлоб дар шаҳри Варонеж имкониятҳои васеъ доранд ва муносибат низ бо ин шаҳр дигар аст”. Мавсуф гуфт, ки аслан бояд ҳамаи шаҳрҳои калони Тоҷикистон, бахусус шаҳри Душанбе бо дигар шаҳрҳои ИДМ наздикӣ дошта бошанд. Албатта шаҳри Душанбе ҳамчун пойтахти Тоҷикистон бо дигар шаҳрҳо алоқа дорад, лекин мазмунан вақте он “Пойтахти фарҳангии ИДМ” эълон мешавад, мақоми он албатта боз ҳам болотар хоҳад рафт. Ба ғайр аз ин он имконият медиҳад, ки сайёҳон аз Душанбе зиёдтар дидан ба амал оваранд. Ҳамчунин шояд соҳибкорон низ зиёд оянд ва сармоягузории худро дар ин шаҳр бештар кунанд, ки ин барои зиёд шудани ҷои корӣ мусоидат менамояд. “Одатан ҳамаи давлатҳо кӯшиш менамоянд, ки ҳеҷ гоҳ бар зарари миллату давлати хеш кор накунанд ва албатта давлати мо низ аз ин истисно нест. Яъне аз эълон шудани пойтахти фарҳангии ИДМ нақшаҳо дар сатҳи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе таҳия мешаванд ва ҳамаи ин ба фоидаи шаҳри Душанбе хоҳад буд”, илова намуд ҳамсуҳбати мо. Феълан барнома бо навбат миёни давлатҳои аъзои ИДМ бо тартиби алифбои русӣ амалӣ мегардад. То соли 2016 дар барнома танҳо шаҳрҳои ғайримарказӣ иш-

Коршиноси масоили байналмилалӣ, мудири шуъбаи Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил(ИДМ)-и Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои АИ ҶТ Маҳмадамин Оймаҳмадов бар он назар аст, ки ин пешниҳод барои мустаҳкам гаштани муносибатҳои сиёсию иқтисодӣ ва фарҳангии мо мусоидат менамояд: Номбурда гуфт, тавре медонем моҳи сентябри соли ҷорӣ дар пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон шаҳри Душанбе вохӯрии навбатии сарони давлатҳои аъзои ИДМ баргузор гардид ва дар он натиҷаи фаъолияти кории ин Иттиҳод дар тӯли соли 2018 ҷамъбаст гардид. Масъалаҳои муҳиме ки дар ин форум пешбинӣ шуд, ин равнақу ривоҷ додани ҳамкорӣ дар соҳаи бехатарӣ, баррасии масъалаҳои башардӯстона, вусъат додони ҷараёни интегратсионӣ, ба имзо расонидани созишнома дар бораи савдои озод, пешбинӣ намудани рушди ҳамкориҳои иқтисодӣ буд, ки онҳо пурра ҳаллу фасли худро ёфтанд. Бо дарназардошти дар сатҳи олӣ гузаронидани ин форум соли 2021 шаҳри Душанбе ҳамчун “Пойтахти фарҳангии Иттиҳоди давлатҳои мустақил” эълон гардид”. Ба гуфтаи М. Оймаҳмадов чунин пешниҳод боиси ифтихор буда, он дар маҷмуъ барои аз ин беш мустаҳкам намудани муносибатҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангии давлатҳои аъзои ин созмон мегардад: “Пушида нест, ки солҳои охир пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикстон симои тозае

омада, барои муҳайё намудани чунин шароити хубу дастраси истироҳатӣ барои сокинони кишвар ба роҳбарияти шаҳрдории шаҳри Душанбе аҳсан гуфтанд”. Мавсуф пешниҳод намуд, ки барои ба ин ном сазовор гаштан ва шукуфоии шаҳри Душанбе бояд талош варзид: “Эълон гардидани шаҳри Душанбе чун “Пойтахти фарҳангии ИДМ” боиси сарфарозии мост ва он моро водор менамояд, ки барои ба ин ном сазовор шудан аз ин беш саъю кушиш намуда, то соли 2021 барои гул-гулшукуфонии пойтахти кишвари азиз саҳми арзандаи хешро гузорем ва тавонем, ки дастовардҳои шаҳрвандони шаҳри Душанбе боиси истифодаи Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил гардад”. Ӯ гуфт, ки боиси ифтихор аст, ки имруз пойтахти Чумҳурии Тоҷикистон бо бисёре аз шаҳрҳои ҷаҳон - Лусака (Замбия), Сана (Яман), Монастир (Тунис), Лаҳор (Покистон), Клагенфурт(Австрия), Боулдер (ИМА), Ройтлинген (Олмон), Мазори Шариф (Афғонистон), Теҳрон (ҲИЭ), Шероз (ҲИЭ), Санк-Петербург (Русия), Минкс (Белорус), Урумчи (Чин), Анқара (Туркия), Сямэн (Чин) бародаршаҳр мебошад. Ба андешаи М. Оймаҳмадов яке аз ҷанбаҳои мусбии ин иқдом дар он аст, ки муносибатҳои тиҷоратӣ, иқтисодӣ, фарҳангӣ рушд карда, инчунин он боиси равнақу ривоҷ ёфтани рушди сайёҳии миллатҳо гардида, сабабгори ба Тоҷикистон ҳарчи бештар омадани шаҳрвандони давлатҳои

Душанбе-пойтахти фарҳангии ИДМ

аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва давлатҳои хориҷи дуру наздик мегардад. Боиси тазаккур аст, ки солҳои 2011-2012 лоиҳа дар шакли озмоишӣ амалӣ гашта буд ва муваффақияти бузург касб кард. Ҳамин тавр 5 декабри соли 2012 сарони давлатҳо Низомномаи барномаи мазкурро тасдиқ намуданд. Низомномаи мазкур санади меъёриест, ки механизми амалисозии барномаи мазкурро дар кишварҳои Иттиҳод муайян мекунад. Ҳуҷҷатро ҳамаи давлатҳо ба ғайр аз Ӯзбекистон ва Украина тасдиқ карда буданд. Соли ҷорӣ, унвони фахрии Маркази фарҳангӣ аз шаҳри Гориси Арманистон, дар соли 2019 дар шаҳри Брести Белорус, соли 2020 шаҳри Шимкенти Қазоқистон ва соли 2021 шаҳри Душанбеи Тоҷикистон сазовор хоҳанд шуд. Мавриди зикр аст, ки Шаҳодатномаҳои аввалини пойтахтҳои фарҳангии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақилро ба Гомели Беларус ва Ульяновски Россия супурда буданд. Дар соли 2012 ду маркази фарҳангии фарҳангҳои ИДМ Остона (Қазоқистон) ва Мари (Туркманистон) эълон шуданд. Дар соли 2013 Остона ва Мари эстафетаро ба шаҳрҳои Габалаи Озарбойҷон, Гюмри Арманистон ва Моглив (Белорус) супурданд. Бо қарори Шӯрои сарони давлатҳои Иттиҳоди давлатҳои мустақил дар таърихи 25 октябри соли 2013 дар шаҳри Алмаато (Қазоқистон) ва Ош (Ҷумҳурии Қирғизистон) мақоми марказии фарҳангии ИДМ дар соли 2014 дода шуд. 10 октябри соли 2014 Бо қарори Шӯрои вазирони ИДМ, Воронежи Руссия ва Кӯлоби Тоҷикистон ҳамчун сармояи фарҳангии ИДМ дар соли 2015 муайян карда шуданд. 16-уми октябри соли 2015 Шӯрои сарони давлатҳои ИДМ қарор кард, ки барномаи "Марказҳои фарҳангии ИДМ”ро дар қаламрави Туркманистон татбиқ намояд, ки шаҳри Дашогузро ҳамчун сарчашмаи фарҳангии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар соли 2016 эълон намояд. Дар чаҳорчӯбаи барномаи "Фарҳангии Иттиҳоди Аврупо" дар соли 2017 мақоми асосии фарҳанги ИДМ ба шаҳри Эянҳа, ки шаҳри дуюми бузургтарин дар Озарбойҷон аст, таъин шудааст. Воқеан эълон гардидани шаҳри Душанбе ҳамчун “Пойтахти фарҳангии ИДМ” боиси ифтихор аст. Аз ин рӯ, ҳар як сокини шаҳри Душанберо зарур аст, ки баҳри ривоҷу равнақи он кӯшиш намуда, фарҳанги шаҳрнишинро риоя намоянд. Инчунин, интизор меравад, ки дар оянда нақшачорабиниҳо оид ба дар сатҳи зарури пешвоз гирифтани ин иқдом роҳандозӣ карда шавад ва он дар соли 2021 пурра амалӣ гардад. Садбарги РАҲМИДДИН, “ҶТ”


“ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН”, №40 (9570), 04.10.2018 Чарли Чаплин ба духтараш дар бобати ҳаҷв чунин гуфта буд: “Дар саҳна ончунон гиристаам, ки мардум маро нафаҳмида ба ҳолам хандиданд”. Аз ин нукта бармеояд, ки ҳаҷв умуман ҷои масхараву ханда набудаву аз рӯи фалсафа ва мантиқ дарду доғи зиндагӣ дар он нуҳуфта аст. Ҳаҷв ба андешаи соҳибназарон ҳолатест, ки ҳар ҷое гиря оҷиз монд, ноилоҷ ҷояшро мегирад. Яъне мо ба нуқсону иллатҳои худ гиря мекунем. Вале, мутаассифона, фурсате фаро расидааст, ки ҳамагӣ гӯшае нишинему ба ҳоли табоҳи ҳаҷви тоҷик бигирйем. Ҳаҷви тоҷик тайи чанд соли охир ба ҳолати хароб мувоҷеҳ шудаву минбари онро ҳар ногузаштае аз кӯчаи ҳаҷвнигорӣ соҳиб шудан мехоҳад. Мо дар ин матлаб танҳо ба як шохаи ҳаҷви тоҷик - сурудҳои ҳаҷвӣ рӯ меорем. Чаро имрӯз сурудҳои ҳаҷвии ҳунармандону ҳаҷвнигорони мо дардхӯри ҷомеа нестанд? Вожаҳои фаҳшу таҳқиромез чӣ гуна ба муҳтавои сурудҳои ҳаҷвии мо ворид мегарданд? Чӣ гуна метавон пеши роҳи интишор ва пешниҳоди сурудҳои ба ном ҳаҷвии таҳқиромезу пастмазмунро гирифт? Злфота шабушк задай, Сари тра ршк задай. О чиқа бадрӯ шидӣ, Кӣ тра ба мшт задай, Ё собуни мшк задай... Ахиран пешниҳоди суруди таҳқиромезе, ки шояд муаллиф суруди ҳаҷвияш мехонад, аз ҷониби ҳаҷвнигори тоҷик Ҳасани Чила мардуми маънишиноси кишварро ба хашм овард. Зеро Ҳасани Чила дар ин суруд, ки дар асоси таронаи овозхони ҷавон Хайриддин Шариф бо номи “Зулфота хам-хам задай” эҷод шудааст, ба таҳқири зан-модар даст задааст. Шояд муаллифи борҳо дар нақлиёти ҷамъиятию бозор ва дуконҳои фиттафурӯшӣ сароидани “Зулфота шабушк задай”-ашро шунида ифтихор карда бошад, “Ман ин қадар мухлис дорам”. Вале бехабар аз он ки аз шунидани ин суруд, фарёди мардуми маънишинос кайҳо ба фалак печидааст. Чанд рӯз қабл ронандаи нақлиёти ҷамъиятӣ ин сурудро бо садои баланд гузошта буд, ки фарёди зани боифате аз миёни мусофирон баланд гардид. Ронанда, ки мебоист аз чунин рафтори нохуби худ аз мусофирон узр пурсад, баръакс воқеӣ будани рафтори худро бо садои дағалона исбот карданӣ мешуд. Чӣ завқи пасте – “Зулфтоа шабушк задай”.

НИГОҲИ ДИГАР Ва ба забон овардани вожаҳои “шабушк” ва “ришк”, ки ҳатто дар гуфтори одӣ нохушоянд аст, дар ин суруд бо ҳузуру ҳаловат истифода мешавад. Дар ҳоле, ки ҳатто ба бадтарин зан раво нест, ки гуем “зулфатро шабушк”-у “саратро ршк задай”. Мақому мартабаи зан чӣ мешавад? Магар сарояндагону шоирон дар шеъру таронаҳои худ занро аз гул нозуктар васф накардаанд? Чаро ин қадар васфияҳо ба Ҳасани Чилла ибрат нашуданд? Оё дар ҷомеа мушкилии дигаре, ки Ҳасани Чилла ба шабушки мӯи сари занҳо маҳдуд шуда мондааст? Магар Ҳасани Чилларо фақат мушкили шабушк доштани мӯи сари занҳо ба ташвиш овардааст? Оё вазифаи ҳаҷвнигороне, ки сурудҳои ҳаҷвӣ месароянд, тавассути матнҳои ҳаҷвӣ бозгӯ кардани мушкилоти рӯз нест? Агар сарта тъ мешушти ба шампун, Тъ Лайли мешудӣ, ман ба ту Маҷнун. На шампун дориву не айнасобун, Ҳама ошиқора кардӣ ҷигархун.

Агар ҳаммом нарай, савна ё ки душ, Тра ҳиҷ кас намегира ба оғуш. Бадбахтона ҳамин гуна сурудҳои кӯчагӣ дар миёни онҳое, ки завқи паст доранд мухлис пайдо мекунанд. Ҳатто ҳамин гуна сурудҳо боис мешаванд, ки муаллифонаш бештар ба тӯю маъракаҳои мардум даъват шаванд. Раҳматулло Каримзода, рӯзноманигори нашрияи “Ҷумҳурият” ба ин маъни таъкид мекунад, ки мутаассифона бештари мо худамон ба чунин овозхонҳо минбар медиҳем: “Агар мо чунин таронаҳои таҳқиромези онҳоро напазирем, онҳо ё аз саҳна дур мешаванд, ё кушиш мекунанд, ки матнҳои баландмазмунро интихоб намояну сароянд,”-мегӯяд ӯ. Дар умум набояд ҳеҷ сарояндаву ҳаҷвнигор ба таҳқири зан-модар роҳ диҳад. Таассуфовар он аст, ки иддаи зиёд муҳри хомӯшӣ бар лаб ниҳодаанду чизе намегуянд. Вақте таҳқири як занро дар суруд мешунавем, пеш аз ҳама худи ҳамон сароянда бояд ҷониби зан, модар, апа ва хоҳари худ ба

мешавад,”-таъкид мекунад Т. Бобоев. Воқеан ҳавҷ танҳо ханда кардан нест. Дар умқи он як гиряи талх нуҳуфта аст, ки як мушкилоти рӯзро инъикос мекунад. Убайдуллои Раҷаб, ҳаҷвнигори машҳури тоҷик роҷеъ ба рисолати ҳаҷв чунин гуфт: “Ҳаҷв бисёр чизи нозуку мушкил аст. Мисли он ки тилопаз вақте тилоро пухта тайёр мекунад, дараҷаи муътадили онро надонад, тило сухта нокора мешавад, ки ба ҳеҷ кас даркор нест. Агар хом монад, дар ин сурат ҳам даркор нест. Яъне меъёрро бояд риоя кард,”-гуфт ин ҳунарманди варзида. Муқимҷон Абдулфаттоев, ҳаҷвнигор, роҳбари театрстудияи “Хандинкамон” дар як суҳбати телевизонӣ масъулияти ҳаҷв ва ҳаҷвнигорон, махсусан онҳоеро, ки ба сароиши сурудҳои ҳаҷвӣ машғуланд, дар инъикос намудани мушкилоти рӯз бузург арзёбӣ намуданд: “Имрӯз мардум маълумоти зиёд доранд. Барои ҳаҷв гуфтан бояд баробари мардум маълумот дошта бошем. Он чизе, ки рӯзмарра аст, бо каме оҳанги

Дар ҷангали холӣ рӯбоҳ худро шер медонад!

ё халои сурудҳои ҳаҷвиро то кай бо “шабушк”-у “ришк” пур мекунем?

Мутаассифона онҳое ба шунидану тарғиб кардани чунин сурудҳо рағбати беандоза доранд, ки завқи ҳамсони Ҳасани Чилларо соҳибанд. Вақте ба шабакаҳои иҷтимоӣ назар меафканем, мебинем, ки шумори бинандагони ин суруд, махсусан дар Ютуб, рӯз ба рӯз меафзояд. Хуб аст, ки ҳунарманди ҷавони мо Ҳасани Чилла холигии ҳаҷви тоҷикро пур мекунад. Вале чӣ пуркардани бемавқеъ! Чаро маҳз бо чунин сурудҳои пуртаҳқиру бемазмун?! Ҳасани Чилла тавассути ин суруд ба духтар таъкид мекунад, ки аз собун ва шампун истифода куну ба ҳамом рав, то муштариёнат биафзоянд. Магар ин тарғиби фаҳш нест? Търа кавалерот кардан фаромӯш, Бӯи расвои тъ чандин каса кушт.

ҳамон шакл хитоб кунад. Ба монанди “мӯи тра шабушк задаст”. Дигар ин салиқа як латмаи калон ба фарҳанг ва расму оини мост. Вақте мо аз фарҳангу маънавиёти волои аз таърих меросмонда ҳарф мезанему ба таҳқиқ миёни мардум он кам ба назар мерасад, ин ҳама мушткӯбиданҳоро зери суол мебаранд. Толиб Бобоев, ҳавҷнигор ва ҳунарманди театру синамои тоҷик, ки муддатҳост намоиши ҳаҷвии “Зикаву Бика”-ашон аз ёдҳо зудуда намешавад, дар суҳбат зикр намуданд, ки мутаассифона имрӯзҳо дар ҳаҷви тоҷик, махсусан дар иҷрои сурудҳои ҳаҷвӣ ҷиддияте дида намешавад. Ба қавли ин ҳунарманди тоҷик маҳз ҷиддият дар ҳаҷв боис мегардад, ки мушкилоти рӯз дар он бозгӯ шаваду мардум биханданд: “Ҳаҷвро бояд ҷиддӣ офарид. Аз ҳамон ҷиддият мазҳака ҳосил

шӯхӣ пешкашӣ мардум кардан лозим. Ҳар як шӯхӣ мегӯянд, дар худ қатрае ҳам бошад ҳақиқат дорад. Агар аз ҳақиқат дур бошад, он афсона мешавад. Чизи дигар ин ки вақте ҳар касе шӯхӣ мекунанд, набояд аз чаҳорчӯбаи одаму одамгарӣ бароянд”. Замоне ду ҳавҷнигори тоҷик, Мастибек Палаев ва Устоқадам Машрабов бо таъсиси гурӯҳи ҳаҷвии “Усто ва Масто” ба сароидани сурудҳои ҳаҷвӣ пардохта буданд. Сурудҳоеро месароиданд, ки ҳам ба қавоиди шеърӣ мувофиқ буд ва ҳам дар он мушкилоти умдаи рӯз ба риштаи ҳаҷв кашида мешуд. Машҳуртарин суруди пешниҳоднамудаи ин гурӯҳ “Ин чӣ гап?” ном дошт, ки дар он мушкилоти дилбастагии духтаронро ба гӯшвори тило ва раванди ба либосҳои урён рӯ овардани онҳо дар шакли ҳаҷв пешниҳод гардида буд.

7 Ин чӣ гап дандони тило муд шуд? Куртаи аз зону боло муд шуд... Натанҳо дар ин суруд, балки дар кули сурудҳои ин ҳунармандон ба мушкилоти рӯз руҷӯе шудааст. Агар дар суруде порахӯрии ревизиорро ба танз кашида бошанд, дар суруди дигар шаробхор шудани мардонро ба риштаи ҳаҷв кашидаанд. Матнҳои сурудҳои мазкур шаҳодат медиҳанд, ки онҳо аз ҷониби шоирони ҳаҷвнависи касбӣ эҷод шудаанд. Як нафар сароянда агар истеъдоди сарояндагӣ дошта бошаду ҳунари эҷоду оҳангбандӣ не, муҳим нест, ки ҳар чизе аз забонаш берун мешавад, сабт кунад. Ҳамин фаҳмиши пасту аз маънӣ ва шеъру шеърият дур будани эшон сабаб шудаасту имрӯз сурудҳои ҳаҷвӣ дар сатҳи кӯчагӣ, аз лиҳози мазмун коста пешкаши мардум гардида истодаанд. Шоди Мурдов, ки пайваста саҳнаҳои хуби ҳаҷвиро пайгирӣ мекунад, ба ин маъни зикр мекунад, ки имрӯзҳо зарурат пеш омадааст, ки овозхонҳои ҳаҷвиясаро бо адибони ҳаҷвнавис ҳамкорӣ намоянд: “Аз дур шудани ҳаҷвиясароҳои ҳирфаӣ ғайрикасбиҳо саҳнаро аз худ карда, барои даромади иҷтимоӣ аз он хуб истифода карда истодаанд,”-мегӯяд ӯ. Ҳойи донишҷӯра бин панҷ сол шидай мехона, Ҳойи диплома мегира балора намедона. Ҳойи ту гуфти малим бепул баҳора мемона, Ҳойи и пули ту гуфти охир мешам девона. Ин порчае аз “суруди ҳаҷвӣ”-и Дустмурод Шарипов мебошад, ки шояд бо назардошти давраи донишҷӯии худ онро сароидаасту қаҳрамонаш худи ӯст. Чун то ҷое медонем ӯ хатмкардаи Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъат мебошад. Аз сурудҳои эшон саволе ба миён меояд, ки тули ҳама солҳои донишҷӯӣ устодони ин донишкада ба Дустмурод ҳамин “ҳунар”-ро магар омӯзониданд? Ӯ ба худ “Дон Жуан” лақаб мондааст ва ин лақабу сурудҳояш бозгӯи он аст, ки ӯ ва ин қабил “овозхон”-ҳо ҳатто ба забони миллат арҷ намегузоранд. Имрӯз аз он ки ин фазо холисту нафаре нест, ки болотар аз онҳо сурудҳои ҳаҷвӣ, мувофиқ ба завқу таъби мардум сарояд, эшон майдондорӣ мекунанд. Бешак суруди ҳаҷвии баландмазмун метавонад, ки мушкилоти умдаи рӯзро дар худ инъикосу дар рафъи он мусоидат кунад. Барои пайдо шудани ин қабил сурудҳо бошад, ниҳодҳои дахлдор бояд садди роҳи сурудҳои ҳаҷвии бемазмуну пастмазмун шуда, дар зиёд шудани ҳаҷвияҳои хубу намакин мусоидат намоянд. Замоне расидааст, ки эшон даст ба кор шаванду пеши роҳи саҳна ва сурудҳои пучу бемаънии чанд тан ба ном ҳаҷвнигори имрӯзи тоҷикро бигиранд. Бахтиёр РАҲМОНИЁН, рӯзноманигор, Хуршед МАВЛОНОВ, “ҶТ”


8

НАВИГАРИҲОИ ВАРЗИШ

“ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН”, №40 (9570), 04.10.2018

Ҷоми Президенти Тоҷикистон 243 паҳлавонро ба ҳам овард Дар Қасри тенниси шаҳри Душанбе 6-умин мусобиқаи байналмилалӣ оид ба дзюдо барои дарёфти Ҷоми Президенти Тоҷикистон оғоз ёфт.

Тоҷикистон ба Ҷоми ҷаҳон-2019 роҳ ёфт

Мусобиқа, ки дуюми октябр ифтитоҳ шуд, 243 паҳлавонро аз ҷумҳуриҳои Қазоқистон, Қирғизистон, Ӯзбекистон, Туркманистон ва Тоҷикистон ба ҳам овард. Дилшод Назаров, муовини раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш зимни ифтитоҳи чорабинӣ меҳмононро хайрамақдам гуфта, ба паҳлавонон муваффақият хост. Ӯ аз ҷумла зикр кард, ки Ҷоми Президенти Тоҷикистон оид ба дзюдо бо дастгирии бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз соли 2013 баргузор мешавад. Мақсад аз баргузории чорабинӣ

рушди гӯштини дзюдо дар кишвар ва муаррифии Тоҷикистон дар сатҳи байналмилалӣ мебошад. Ёдовар мешавем, ки ин мусобиқа солҳои гузашта дар вазни мутлақ баргузор мешуд, имсол бошад, варзишгарон дар вазнҳои маъмулии гӯштини дзюдо миёни мардон: -60 кило, -66 кило, -73 кило, -81 кило, -90 кило, -100 кило, +100 кило қувва меозмоянд. Тибқи муқаррароти мусобиқа қувваозмоиҳои даври финалии ҳамаи вазнҳо 5-ум октябр доир мегардад. Шаҳбоз КАРИМОВ, “ҶТ”

Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон оид ба футбол (U-16) дар даври чорякфинали Чемпионати Осиё-2018 бар тими наврасони ҶХД Корея ғалаба карда, ба нимфинал роҳ ёфт, ҳамчунин ҳаққи иштирок дар Чемпионати ҷаҳон-2019-ро ба даст овард. Вохӯрии мазкур 30 сентябр, дар шаҳри Куала Лумпури Малайзия баргузор шуд. Вақти асосии дидор бо ҳисоби мусовии 1:1 анҷом ёфт. Ба голи задаи футболбози мо Рустам Соиров дар дақиқаи 14 футболбозони Кореяи Шимолӣ тавассути Ри Хуна дар дақиқаи 69 бо гол ҷавоб доданд. Сипас, дар задани зарбаҳои ёздаҳметра бахт ба рӯи футболбозони мо хандид (4:2). Дар задани зарбаҳои ёздаҳметра дарвозабони тими Тоҷикистон Муҳриддин Ҳасанов қаҳрамонӣ нишон дод. Ӯ ду зарбаро баргардонд. Ҳамин тариқ, тими наврасони кишвар ба даври нимфинали Чемпионати Осиё-2018 роҳ ёфта, роҳхати Чемпионати ҷаҳон (U-17)-ро, ки соли оянда дар Перу ба нақша гирифта шудааст, ба даст оварданд. Дар нимфинал 4 октябр шогирдони Зайниддин Раҳимов бо ғолиби ҷуфти Кореяи Ҷанубӣ-Ҳиндустон, ки имрӯз муайян мегардад, вомехуранд. Ёдовар мешавем, ки тими наврасони Тоҷикистон оид ба футбол 11 сол қабл – соли 2007 дар чемпионати ҷаҳон дар Кореяи Ҷанубӣ ширкат карда буд.

Бозии санҷишӣ – 1 октябр дар шаҳри Мински Белорус бо ҳисоби 2:0 анҷом ёфт. Ғалабаи тими ҷавонони Тоҷикистонро Далер Ёдгоров (дақиқаи 15) ва Шериддин Бобоев (дақиқаи 59) таъмин намуданд. 3 октябр дастаҳои ҷавонони Белорус ва Тоҷикистон бори дигар бо ҳам вомехуранд. Дар Чемпионати Осиё, ки аз 18 октябр то 4 ноябр дар Индонезия баргузор мешавад, дастаи мунтахаби ҷавонони кишвар дар гурӯҳи “D” бо дастаҳои ҷавонони Чин (20 октябр), Малайзия (23 октябр) ва Арабистони Саудӣ (26 октябр) бозӣ мекунад. Аз чор гурӯҳ дудастаӣ ба чорякфинал мебароянд. Дар сурати ба даври дигар баромадан тими Тоҷикистон бо яке аз дастаҳои гурӯҳи “С” – Ветнам, Кореяи Ҷанубӣ, Австралия ё Урдун вомехурад. Чор дастаи беҳтарини Чемпионати Осиё-2018 ҳаққи иштирок дар Чемпионати ҷаҳон (U-20)-ро соҳиб мешаванд, ки соли оянда дар Лаҳистон ба нақша гирифта шудааст.

Пирӯзии тими мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон бар Белорус Дар доираи омодагӣ ба марҳилаи финалии Чемпионати Осиё-2018 тими мунтахаби ҷавонони кишвар оид ба футбол (U-19) зери роҳбарии сармураббӣ Мубин Эргашев ба ҳамсолонашон аз Белорус ғалаба карданд. Бозии санҷишӣ Беларус (U-19) – ТОҶИКИСТОН (U-19) – 0:2 Голҳо: Далер Ёдгоров, 15 (0:1). Шериддин Бобоев, 57 (0:2). Тоҷикистон (U-19): Шоҳрух Қирғизбоев, Ҳусейн Нурматов (Султоншо Мирзоев, 82), Ваҳдат Ханонов (Ҳувайдои Гулмурод, 82), Оятулло Сафаров, Алишер Баротов (Сорбон Авғонов, 70), Шервонӣ Мабатшоев (Манучеҳр Сафаров, 61), Далер Ёдгоров (Наимҷон Иброҳимзода, 70), Эҳсони Панҷшанбе (Саидмухтор Азимов, 82), Кароматулло Саидов (Абдулмумин Забиров, 61), Нуриддин Ҳамроқулов (Тоҳир Малодӯстов, 70), Шериддин Бобоев (Шарафҷон Солеҳов, 61).


АНДЕША

“ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН”, №40 (9570), 04.10.2018

Аз 18 август то 2 сентябр соли ҷорӣ дар Ҷумҳурии Индонезия 18-умин бозиҳои тобистонаи Осиё доир шуд. Дар он 81 нафар варзишгарони кишвар дар 16 намуди варзиш ширкат варзида, сазовори 7 медал (4 нуқра, 3 биринҷӣ) гардиданд. Дар ҳайати гирандагони мақомҳои ифтихории мусобиқа номи Шаҳриёр Даминов низ навишта шуд. Шаҳриёр дар мусобиқа оид ба қаиқронӣ, дар намуди байдаркаи якнафара ширкат намуда, дар масофаи 1000 метр медали нуқраи бозиҳоро ба даст овард. Ин ягона варзишгарест, ки дар даврони соҳибистиқлолӣ дар риштаи қайиқронӣ дастовардҳои назаррасро соҳиб шудааст. Инчунин ин варзишгар соли 2015 дар шаҳри Палембанги Индонезия дар намуди каноэи якнафара байни ҷавонон ба масофаи 200 метр мақоми аввалро ишғол карда, қаҳрамони Осиё шудааст ва соли 2017 дар шаҳри Шанхайи Ҷумҳурии Мардумии Чин медали нуқраи чемпионати Осиёро соҳиб шудааст. Доир ба фаъолияти варзишӣ, ҷодаи интихоб карда, нозукиҳои варзиши қайиқронӣ бо Шаҳриёр Даминов суҳбат оростем: - Нахуст тамринро аз футбол шуруъ намудед ва баъди чанд вақт ба риштаи қайиқронӣ гузаштед, интихоби

Шаҳриёр Даминов: Ягона орзуям баланд бардоштани парчами кишварам аст

худи Шумо буд ё каси дигар? - Аз хурдсолӣ, ки ба варзиш шавқу ҳаваси зиёд доштам, дар синни 14 солагӣ бо кӯдаконӣ маҳалла барои тамрини футбол ба Варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе мерафтем. Дар ҳамсоягиамон Зоҳир Набиев, мураббӣ оид ба қайиқронӣ зиндагӣ мекард. Бо хоҳиши волидайн ба ин намуди варзиш рӯ овардам ва то имрӯз таҳти роҳбарии ин мураббӣ тамрин карда истодаам. Аввалҳо барои қонеъ намудани шавқу рағбати кӯдакӣ ба тамрин мерафтам ва оҳиста-оҳиста ин намуди варзиш ба дилам ҷой гирифт. Нахустин маротиба дар намуди байдарка, ки чанд нафар менишинанд, тамринро шуруъ намуда, дар кӯтоҳтарин муддат нозукиҳои ин намуди варзишро аз худ кардам. Аз сабабе, ки ман бо дасти чап ҳаракат менамудам, мураббиам маро аз байдарка ба намуди каноэ гузаронид. Ва дар каноэ як ҳафта таёрӣ дида, дар мусобиқаи ҷумҳуриявӣ ширкат намудем. Дар мусобиқаи мазкур аз намуди каноэ, мақоми якумро сазовор шудам, ки ин оғози ғалабаҳоям ба ҳисоб меравад. Пас аз ин ғолибият ба хотири баланд бардоштани парчами ватани азиз ва муаррифӣ намудани миллати тоҷик дар мусобиқаҳои ҷаҳонӣ ба тамрин ҷиддӣ машғул шудам. Дар даврони соҳибистиқлолӣ дар соҳаи қайиқронӣ ягона нафаре мебошед, ки унвони қаҳрамони Осиё ва дигар ҷоизаҳои байналмилалиро ба даст оварда-

ед, муваффақияти хешро дар чӣ мебинед? - Рости вақте якумин ҷоизаи ин соҳаро ба даст овардам, дар пешам мақсад гузоштам, ки то қуллаҳои баландтарини ин риштаи варзиш талош меварзам. Муваффақияти хешро аввалан аз дастгирӣ ва ғамхориҳои бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебинам. Зеро Роҳбари давлат ҳамеша барои варзишгарон имкониятҳои зиёдро фароҳам меоранд. Ҳамчунин дар комёбиам саҳми мураббиёнам низ бисёр калон аст. - Тамринҳои худро дар куҷо мегузаронед? Дар кишвар шароит барои тамрини Шумо муҳайёст? - Тамринҳоямонро дар “Кӯли ҷавонон” гузаронида истодаем. Ва ин кӯл барои машқҳои умумӣ истифода мешавад. Аммо барои тайёр шудан дар мусобиқаҳои сатҳи байналмилалӣ он ба стандартҳо ҷавобгӯ нест. Мо тамринҳоро пеш аз мусобиқаҳои ҷаҳонӣ дар дарёи Вахш, Норак ва Искандаркӯл баргузор менамоем. Масалан пеш аз Бозиҳои осиёӣ мо машғулиятҳоро дар Искандаркӯл доир намудем ва дар ин мусобиқа то як андоза омода шудем. Дар умум гирем шароити қайиқронӣ дар кишвар дар сатҳи паст қарор дорад, зеро имрӯз мо аз надоштани бошгоҳ танқисӣ мекашем. Бачаҳо аз набудани утоқҳои либосивазкунӣ, ҳоҷатхона ва кӯлҳои махсус

душворӣ мекашанд. Барои рушди ин намуди варзиш дар Тоҷикистон ва омода намудани варзишгарони касбӣ як кӯли ба талаботи мусобиқаҳои байналмилалӣ ҷавобгӯ бунёд гардад, ман фикр мекунам варзишгарони мо аз тамоми мусобиқаҳо бо дастовард ба Ватан бармегарданд. Ҳафтсол мешавад, Шумо дар мусобиқаҳои байналмилалӣ аз номи Тоҷикистон баромад менамоед, варзишгарони тоҷикро чӣ гуна мешиносанд? - Аз соли 2011 дар мусобиқаҳои берун аз кишвар ширкат менамоям ва дар ин мусобиқаҳо бисёр марҳилаҳоро аз сар гузаронидам. Вақте ки мо он солҳо дар мусобиқаҳои байналмилалӣ ширкат менамудем, варзишгарони хориҷ моро рақиб ҳисоб намекарданд. Албатта дар даврони Иттиҳоди Шӯравӣ дар ин ришта варзишгари пурқувват ба мисли Иброҳим Ҳасанов доштем, пас аз ин дар даврони соҳибистиқлолӣ дастоварди назаррас набуд, аз ин ҷиҳат моро чандон эътироф намекарданд. Пас аз соҳиб шудани дастовардҳои байналмилалӣ, қайиқронони ҷаҳон имрӯзҳо моро яке аз ҳарифони ҷиддӣ дар мусобиқаҳо меҳисобанд. Ин албатта бароямон ифтихор аст. - Баъзан ба назар мерасад, ки дар мусобиқаҳои байналмилалӣ нисбати варзишгарон ноадолатиҳо мешавад. Ин ҳолат албатта ба рӯҳияи варзишгарон бетаъ-

9 сир намемонад. Мураббиёни тоҷик дар мусобиқаҳои байналмилалӣ то кадом андоза аз варзишгарони тоҷик дифо мекунанд? Нақши довар дар мусобиқаҳои гуногуни варзишӣ бисёр калон аст. Мо мушоҳида менамоем, ки дар баъзе рақобатҳо ноадолатии доварон ба назар мерасад ва умеди як варзишгар барбод меравад. Дар соҳаи мо довар наонқадар нақш мебозад, зеро мо дар масофаи 1000 метр рақобат кунем, ин вобаста аз маҳорату малакаи варзишгар мебошад. Вақте дар финиш наздик мешавем, тавассути компютер аксбардорӣ мегардад ва инро фотофиниш мегӯянд, ки дар ин ҷо нашқи асосиро компютер мебозад. Зимнан бояд гуфт, ки айни ҳол мо дар ҷумҳурӣ мураббиёни сатҳи ҷаҳонӣ кам дорем. Аз ин сабаб баъзан вақт варзишгарони мо дар мусобиқаҳои байналмилалӣ ба ноадолати рӯ ба рӯ мегарданд. - Федератсияи қайиқронии кишвар барои рушди ин соҳа чӣ корҳоро анҷом дода истодааст? - Федератсия то ҳадди имкон барои варзишгарон кӯмак намуда истодааст. Ҳамасола як ё ду нафар варзишгаронро ба мусобиқаҳои байналмилалӣ равон мекунад. Боварӣ дорем, дар наздиктарин вақт ҳамаи мушкилиҳои федератсия бартараф гардида, ҳайаташро бо варзишгарони касбӣ комил мегардонад. - Дар ҳоли ҳозир ба кадом мусобиқа омодагӣ дида истодаед? - Айни ҳол барои Чемпионати Осиё миёни ҷавонон, ки 18 октябр дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон баргузор мегардад, омодагӣ мебинем. Машқҳои тамриниву таълимиро бо устодон Зоҳир Набиев ва Витали Сарокин дар “Кӯли ҷавонон” гузаронида истодаем. Зоҳир Набиев дастаро омода менамояд ва Витали Сарокин мураббии инфиродиям мебошад. - Ҳаст орзуе, ки то имрӯз бароятон амалӣ нашудааст? - Ягона орзуям ин баланд бардоштани Парчами давлатӣ дар бозиҳои тобистонаи олимпӣ мебошад. То бозиҳои олимпӣ ду соли дигар мондааст ва барои роҳхат гирифтан ба Олимпиадаи 2020, ки дар Токио баргузор мегардад, талош мекунам. - Ба ҷавонони кишвар чӣ гуфтаниед? - Ба ҷавонони кишвар ҳаминро гуфтаниям, ки ҳамеша ба варзиш машғул гарданд, зеро номи миллати тоҷик имрӯз ба воситаи варзишгаронаш дар забонҳои тамоми мардуми ҷаҳон тоб мехӯрад. - Барои суҳбат ташаккур. Ба Шумо бурдборию комёбиҳои назаррас таманно мекунем. Шаҳбози АСОМИДДИН, “ҶТ”


10

5 ОКТЯБР - РӮЗИ ЗАБОН Пайвандгари наслҳо

Донистани забон муқаддам аст

Дар саросари олам дилхоҳ давлат ва миллатро бо муқаддасот ва арзишҳои миллияш мешиносанду ба бузургияш арҷ мегузоранд. Миёни ҳама гуна муқаддасот забони давлатӣ низ дорои ҷойгоҳи махсус буда, он яке аз василаҳои пайвандгари наслҳо ва муаррифгари миллату давлат дар арсаи байналмилал ба ҳисоб меравад. Миллати тоҷик низ аз қадимулайём дорои забони ноби тоҷикӣ буда, ин неъмати бебаҳоро гузаштагони мо дар тӯли асрҳо аз ҳама гуна хавфу хатар эмин нигоҳ дошта, то ба мо оварда расондаанд. Зеро бе забони миллӣ ҳеҷ миллате наметавонад, ки арзи ҳастӣ дошта бошад. Хушбахтона, пас аз ба даст овардани истиқлолияти давлатӣ таваҷҷуҳ ҷиҳати таҳкими забони давлатӣ бештар гардида, дар ин самт қонунҳои дахлдор низ қабул карда шуданд, ки яке аз онҳо Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон” (5-октябри соли 2009) мебошад. Дар воқеъ, забони миллӣ симо ва пайкараи миллат мебошад. Ин симо бояд зебо ва ин пайкар тавоно бошад. Воқеан забони тоҷикӣ яке аз муқаддасоте мебошад, ки муаррифгари миллат асту моро бо оламиён мепайвандад. Бо қабул шудани қонун роҷеъ ба забон мавқеъ ва нуфузи он сол то сол афзун гардида, он ҳамчун яке аз арзишҳои волои фарҳангӣ ҳар сол бо тантана ҷашн гирифта мешавад. Ба таъкиди забоншиносон имрӯз забони тоҷикӣ дар тамоми соҳаҳои хоҷагии халқ амал карда, тамоми соҳаҳо фаъолияти худро аз рӯи забони давлатӣ-забони тоҷикӣ ба роҳ мондааст. Тамоми ҳуҷҷатгузорӣ, эҷоди асарҳои илмию бадеӣ имрӯз ба забони тоҷикӣ сурат мегирад. Ҳар як коре ки мо мекунем, бояд бо забони тоҷикии бенуқс амалӣ намоем. Имрӯз тамоми овезаву шиорҳо ва ҳамаи он чизе ки ба фаъолияти соҳаҳои хоҷагии халқ марбут аст, бо забони адабӣ сурат гирифтааст. Қабули ҳар қонун барои он аст, то соҳае танзим гардаду сокинон ба ҳар гуна зиёдаравӣ роҳ надиҳанд. Қабули қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон” забони давлатиро танзим намуда, дар ин самт идораҳои масъул татбиқи амалии онро назорат мебаранд ва бо мақсади иҷрои бечунучарои он гурӯҳи корӣ таъсис ёфтааст. Бино ба иттилои Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати кишвар дар давоми 27 –соли Истиқлолият талаботи қонуни забон тавонист аз як забони парокандаву қариб рӯ ба таназулниҳодаи тоҷикӣ ба боз як пайкараи зебову тавоное созад, ки метавонад, ҳазорсолаҳои дигар барои ин миллат хизмати шоёне бинамояд. Бо мақсади иҷрои бечунучарои татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон” дар вазорату идораҳо, ташкилоту муассисаҳо, нуқтаҳои савдо ва марказҳои хизматрасонии маишӣ новобаста аз шакли ташкилию ҳуқуқӣ гурӯҳи корӣ оид ба

масъалаҳои ороиши пойтахт ва рекламаву тарғибот дар шаҳри Душанбе таъсис дода шудааст. Гурӯҳи кории мазкур дар давоми 9 моҳи соли равон забони матни 295 ангора ва лавҳаю овезаҳои рекламавии ташкилоту муассисаҳои рекламаистеҳсолкунандагон ва соҳибкорони инфиродиро мавриди баррасӣ қарор дода, онҳоро ба тартиб даровардааст. Инчунин, дар ин давра зиёда аз 10 адад номгӯи маводи иттилоотӣ ва таблиғотии марказҳои хизматрасонии ҳудуди пойтахт бартараф карда шудаанд. Ҳар сол ҷиҳати татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон” санҷишҳо гузаронида шуда, ҷиҳати ислоҳи камбудиҳо чораҳои дахлдор андешида мешавад. Дар ин давра аз ҷониби мақомоти судӣ барои риоя нагардидани муқаррароти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон” бо моддаи 89 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон 30 адад парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ баррасӣ карда шудааст. Қобили зикр аст, ки дар зери сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат дар давоми 27 соли истиқлолияти давлатӣ барои ташаккул ва рушди минбаъдаи забони давлатӣ ва меъёрҳои адабии он тамоми шароити мусоид фароҳам оварда шуда, ҳама гуна маҳдудияту монеаҳо дар роҳи ташаккули забон бартараф гардид ва имрӯз моро бо забони ноби тоҷикӣ дар сатҳи ҷаҳонӣ мешиносанду ба ин муқаддасоти миллӣ арҷ мегузоранд. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайваста дар баромадҳои хеш доир ба ҳифзу гиромидошти забони давлатӣ суханронӣ намуда, дар ин росто гуфтаанд: “Миллати тоҷик нек медонад, ки кулли ганҷинаи адабу фарҳанги мо тавассути забон ҷовидон мондааст ва ба воситаи забон дар арсаи ҷаҳон эътироф ва шинохта шудааст. Забон нишонаи муҳимтарини миллат ва пайвандгари наслҳост. Бузургии миллатро, пеш аз ҳама, аз он эҳсос кардан мумкин аст, ки афроди он забони миллии худро то чӣ андоза ҳифзу эҳтиром менамояд. Ҳар як фарди бонангу номус ва ватандӯсту ватанпарвар ва ҳар шахсе, ки забони тоҷикиро, ҳамчун забони модари худ, дӯст медорад, бояд ин нуктаро бо тамоми ҳастиаш дарк карда, аз рӯи он амал намояд”. Дар роҳи ҳифзу таҳкими забони давлатӣ ва рушду инкишофи он бояд тамоми аҳли ҷомеа масъулият эҳсос намояду ҷиҳати риояи меъёрҳои он кӯшиш ба харҷ диҳад. Зеро забон ни-

“ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН”, №40 (9570), 04.10.2018

шони ҳастии миллат ба ҳисоб рафта, пайвандгари фарҳанги мо ба тамаддуни ҷаҳонист. “Омӯзиш ва арҷ гузоштан ба забони давлатӣ қарзи ҳар як фарди соҳибдилу соҳибмаърифат ва ба ору номуси диёр ба ҳисоб меравад. Албатта чун мо дар погаҳи дари ҷаҳонишавӣ истодаем, бояд бо як ифтихори милливу ватандорӣ ба муқаддасоти миллӣ бо эҳтиром ва вафо назар афканда, ба он арҷгузор бошем, - афзуд Гавҳар Шарофзода, раиси Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати ҷумҳурӣ. – Зеро дар ин туфонҳову гирдобҳои дарпешистода, мо метавонем ҷаҳонӣ шавем, тоҷикона ҷаҳонӣ шавем ва дар ин роҳи тӯлониву хатар забони мо муаррифгари фарҳангу миллати мо дар гузаштаву имрӯза боқӣ мемонад. Аз ин рӯ, ба забон ҳамчун ба пойдевори мустаҳками аз ниёгони сарбаланду сарфарози мо ба мерос омада, дар туфонҳои ноороми таърих пур аз захмҳои зиёде бардошта, бо мурури замон аз дигар забонҳо нашъа гирифта, қариб рӯ ба нестӣ ниҳодабуд, бояд назар бинамоем. Бо ба даст омадани Истиқлолият ва Ваҳдати миллӣ фарзона фарзанди миллат, ки имрӯз Пешвои муаззами миллат шинохта шудааст, ҳомӣ ва наҷотбахши забони давлатӣ, яъне забони тоҷикӣ дар дунё аст. Агар дар олам зиёда аз 7000 забон вуҷуд дошта бошад, танҳо 100-тои он мақоми давлатӣ дорад, ки забони давлатии мо, яъне забони тоҷикӣ дар қатори ин садгона ворид гардидааст ва худ гувоҳ аз хеле қадима будан ва таърихи тамадунни оламро гаҳвораҷунбонӣ кардани он мебошад. Ман ҳамватанони азизамро ба ин Рӯзи муборак табрик намуда даъват менамоям, ки ба гуфтаҳои олими бузурги Аврупоӣ Валтер пайравӣ намоянд, мудом пайи омӯзиш ва эҳтироми забони модарии худ бошанд. Валтер фармудааст, ки “Ҳамаи забонҳои умдаи хориҷиро метавон дар шаш сол омӯхт. Аммо барои ёд гирифтани забони модарӣ тамоми умр ҳам кофӣ нест”. Дар воқеъ, забони модарӣ неъмати бебаҳост ва онро ҳифз бояд кард. Бо сухани зерини Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон метавон ба ин ҳама гуфтаҳо хулоса кард, ки фармудаанд: “Бузургдошти забони давлатӣ ин арҷ гузоштан ба таъриху фарҳанги миллат аст. Аз ин рӯ, зарур аст, ки ҳар як фарди соҳибзабон забони тоҷикиро, ки нишони ҳастии миллат аст, аз худ кунад ва ба воситаи он ҳувият ва фарҳанги миллии худро ҳифзу гиромӣ дорад”. Беҳрӯз ХОЛМУРОДОВ, “ҶТ”

Боиси ифтихор аст, ки забони тоҷикӣ таърихи дурударозро аз сар гузаронида, дар раванди гуногуни омезишёбӣ тавонист, рисолати таърихӣ ва миллии худро нигоҳ дорад. Воқеан, ифтихор аз таъриху фарҳанг, ифтихор аз ҳуввияти миллӣ ва гузаштагони сарбаланди хеш маҳз аз поку бегазанд нигоҳ доштани забони модарӣ сар мезананд, зеро забон хишти аввалини миллат аст. Месазад бо як ифтихормандӣ зикр намоем, ки забони тоҷикӣ яке аз забонҳои муқтадир ва соҳибхати дунё буда, ҳанӯз дар асри Х дар замони давлатдории Сомониён ба мақоми давлатӣ расида буд. Шахсиятҳои бузурги миллат аз ҷумла, чун Рӯдакиву Фирдавсӣ, Саъдиву Камол, Синову Балхӣ, Беруниву Хайём маҳз бо ин забон эҷод намудаву дар густариши забони тоҷикӣ ва ҳимояи он аз олудашавӣ бо дигар забонҳо ва нестшавӣ саҳми бузург гузоштаанд. Эҷодиёт ва дастоварди ин шахсиятҳои таърихӣ ба забони тоҷикӣ дар соҳаҳои фарҳанг, иқтисод, кимиё, ситорашиносӣ ва тиб дар пешрафтатарин кишварҳо, бахусус Аврупо мавриди тарҷума қарор гирифтааст. Бояд бо ифтихор ёдовар шуд, ки тоҷикон дар таърихи гузаштаи худ борҳо тавонистанд забони миллии тоҷикиро аз нестшавӣ эмин нигоҳ доранд. Инро мо дар мисоли лашкаркашиҳои Искандари мақдунӣ, салибдорон, арабҳо, муғулҳо, туркҳо, Русияи подшоҳӣ дида метавонем. Таърих гувоҳи он аст, ки дар асрҳои миёна дар натиҷаи ҳуҷуми арабҳо давлатҳои Миср, Тунис, Марокаш, Алҷазоир ва ғайра аз забон ва анъанаҳои миллии худ маҳрум шуда, ба ҳайати давлатҳои араб дохил шуданд. Вале тавре зикр намудем, забони тоҷикиро гузаштагонамон тавонистанд, ки то имрӯз ҳифз намоянд. Имрӯз забони тоҷикӣ ҳамчун забони устувори озод рӯ ба пешравӣ оварда, рӯз ба рӯз такмил меёбад. Тадбирҳои зиёду мушаххасе дар масъалаҳои забони тоҷикӣ аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пайваста роҳандозӣ гашта истодаанд. Аз ҷумла, қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон” дар таҳрири нав ва ҳамасола санаи 5-уми октябр таҷлили “Рӯзи забон” боз як саҳифаи наверо дар рушду пешрафти забони мо кушод. Имрӯз ба касе пинҳон нест, ки забони давлатӣ мақоми устувор гирифтааст ва ба он ҳеҷ чиз таъсир намекунад. Илова ба ин, дар кишварамон забони тоҷикӣ ҳамчун забони муоширати байни миллатҳо ва халқиятҳое, ки дар ҳудуди ҷумҳурии мо зиндагӣ мекунанд, барои муттаҳид намудани сокинони ватанамон нақши калон бозида истодааст. Дар баробари ин, забон ҳамчун рамзи давлатӣ ва рукни муҳими давлатдорӣ дар пойдории давлат ва ҳифзи фарҳанги миллӣ нақши муҳим дорад. Ба ибораи дигар, забони тоҷикӣ ҳамчун қисми муҳим ва ҷудонапазари фарҳанги миллӣ дар ғанӣ гардонидани фарҳанг ва маданияти моддию маънавии давлатдории тоҷикон асоси воқеӣ гузоштааст. Бояд зикр намуд, ки дар шароити ҷаҳонишавӣ таваҷҷӯҳ ба нигоҳдорӣ ва ҳифзи забони давлатӣ бештар аҳамияти муҳим пайдо мекунад. Дар чунин шароит дар баробари эҳтироми забони модарӣ бешубҳа, омӯзиши забонҳои гуногун тақозои замон ва муҳим буда, рушди минбаъдаи кишварамон аз мутахасссисони забондон вобастагии ногусастанӣ дорад. Зеро бозори имрӯзаи меҳнат маҳз ба мутахассисони забондон ниёз дорад. Боиси хурсандист, ки дар таълимгоҳҳои кишвар барои забономӯзӣ имкониятҳои васеъ мавҷуданд. Китоби асноди таълимӣ ва дастуру луғатҳои зиёди забономӯз, дастрасӣ ба сомонаҳо, китобхонаҳои электронӣ ба хонандагону донишҷӯён имконияти мустақилона аз бар намудани забонҳои хориҷӣ ва илмҳои муосирро фароҳам овардаанд. Бинобар он, насли ҷавони кишвар бо риояи расму ойини аҷдодӣ, гиромӣ доштани фарҳангу забон ва суннати ниёгон ҳарчи бештар дар баробари хуб донистани забони модарӣ барои аз худ намудани забонҳои хориҷӣ бояд талош варзанд. Умуман, забондонӣ муқаддам аст. Раҳматулло ҶОРӮБОВ, устоди Коллеҷи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон


“ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН”, №40 (9570), 04.10.2018

САЙЁҲӢ ВА ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ 11

Тоҷикон аз азал тамаддунофар буданд Боиси ифтихор аст, ки бо истифода аз имкониятҳои мусоиди мавҷуда сол ба сол соҳаи сайёҳӣ дар кишварамон рушд меёбад. Тибқи маълумотҳои расмии масъулони соҳа танҳо дар шаш моҳи сипаригаштаи соли равон ба ҷумҳурӣ аз 135 кишвари дунё зиёда аз 527 ҳазор сайёҳон ташриф овардаанд, ки ин худ нишони рушд ёфтани соҳа дар кишвар аст. Агар ба рақамҳои оморӣ такя намоем, имрӯз дар кишвар зиёда аз сад ширкати сайёҳӣ, чор фурудгоҳи байналмилалӣ, ду ширкати ҳавопаймоии миллӣ, се меҳмонхонаи сатҳи ҷаҳонӣ, 170 меҳмонхонаи ҷавобгӯ ба меъёрҳои байналмилалӣ, марказҳои сайёҳии иттилоотӣ мавҷуданд, ки ба рушди бахши сайёҳӣ дар ҷумҳуриамон мусоидат менамоянд. Тавре шоҳидем, чанде қабл пойтахти азизи кишварамон, шаҳри Душанбе, ки дарвозаи асосии воридшавии сайёҳон ба ҷумҳурӣ маҳсуб меёбад, ба узвияти Федератсияи умумиҷаҳонии шаҳрҳои сайёҳӣ пазируфта шуд. Дар ҳамоиши Федератсияи умумиҷаҳонии шаҳрҳои сайёҳӣ, ки аз 7 то 9 сентябр дар Ҷумҳурии мардумии Чин доир гашт, шаҳодатномаи узвияти шаҳри Душанбе ба ин созмони бонуфуз ботантана супорида шуд. Бояд илова намуд, ки ба Федератсияи умумиҷаҳонии шаҳрҳои сайёҳӣ зиёда аз 130 шаҳри дунё аъзоянд ва ин имкон медиҳад, ки ҳамкориҳои пойтахтамон дар ин бахш бо шаҳрҳои минтақаҳои гуногуни дунё боз ҳам густариш ёбад. Тавре таҷриба нишон медиҳад, тибқи таҳлили коршиносони соҳа, гарчанде бисёре аз сайёҳон бо мақсади шиносоӣ бо имкониятҳои сайёҳии пойтахт ба Тоҷикистон ташриф меоранд, иқтидорҳои сайёҳии минтақаҳои дигари кишвар онҳоро мафтуну ба худ ҷалб менамояд ва дар натиҷа сайёҳати онҳо на танҳо дар пойтахт, балки дар минтақаҳои мухталифи кишвар идома меёбад. Ҳамин тавр, соли равон, ки Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ эълон гардидааст ва солҳои минбаъда пайваста мо, шаҳрвандони кишвар бояд дар заминаи анъанаҳои наҷиби ниёгон барои ҳифз кардани табиати нотакрори Тоҷикистон талош варзем. Фаромӯш насозем, ки аз азал гузаштагонамон мардуми фарҳангсолору фарҳангофар буданд, дар ҳама давру замон ҳамеша ҳунарҳои ба худ хоси миллиро доро буданд. Ҳатто, дар замони бархӯрдҳои таърихӣ миллати тоҷик барои нигаҳдории ҳунар ва суннатҳои аҷдодӣ талошу мубориза мебурданд. Ҳунару ҳунармандии қадимаву таърихии мардумамон, санъату фарҳанги пурғановатамон аз рӯҳияи бузургу эҷодкории халқамон гувоҳӣ медиҳад. Бешубҳа, ҳар як меҳмоне, ки аз хориҷ ба кишварамон ворид мегардад, ба зудӣ шефтаи таомҳои миллии занони тоҷик мегардад. Воқеан, модари тоҷик аз азал ҳунарманд буд. Имрӯз сокинони ҳар як гӯшаи кишвар бо ҳунарҳои мардумии худ машҳури оламиён гаштаанд. Ҳар як минтақа ҳунарҳои худро дорост, ки дар маҷмӯъ кишвари азизамонро ба таври шоиста ба ҷаҳониён муаррифӣ менамоянд. Умуман, имрӯз Тоҷикистони азизамон барои рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумии худ тамоми имкониятҳоро доро мебошад, танҳо мо, сокинон барои муаррифии шоистаи онҳо бо меҳмоннавозии хоси худ саҳмгузор бошем. Муродмад ОЙДӮСТОВ, муовини декани факултаи сайёҳию кӯҳии ДТҶТ ба номи С. Раҳимов

Кулолгарӣ нишоне аз таърихи ғанӣ Ҳунарҳои мардумӣ фарогири ҳамаи қишрҳои ҷомеа буда, ба маҳсули дасти онҳо бояд таваҷҷуҳи ҳамешагӣ зоҳир кард. Дар ин навбат мо низ бояд ҳунарҳои мардумиро омӯзем ва тарғибу ташвиқ намоем. Зеро ҳунарҳои мардумӣ инъикосгари миллати тоҷик дар байни миллатҳои дигар мебошанд. Кулолгарӣ ҳунарест, ки аз лои махсус зарфҳову лавозимоти дигар месозанд. Ин соҳаи ҳунармандӣ дар байни тоҷикон аз давраҳои қадим маъруфу маъмул аст. Аз хоки махсус тайёр кардани зарфро одамон ҳанӯз аз ибтидои давраи неолит (ҳазораи 5 то милод) омӯхта буданд. Барои паҳншавии кулолгарӣ мавҷуд будани хоки мувофиқ мусоидат намуд. Дар асрҳои қадим баъд аз гулханҳои калоне, ки онҳо истифода мебурданд, дарёфтанд, ки гили дар он ҷои гулхан афрӯхта ва алов сӯхташуда нисбатан сахт ва боқувват мешавад. Аз ҳамон замонҳо сар карда одамон ба сохтани чизу чораҳои гилин сар карданд. Оҳиста-оҳиста онҳо ба сохтани ашёҳои дар рӯзгор лозимбуда гузаштанд. Аз ҷумла онҳо косаю табақ, дегу кӯзаҳо ва дигар олотҳои рӯзгор ва бозичаҳоро

Оинаи дурнамои миллат Бахшида ба 60-солагии осорхонаи ҷумҳуриявии таърихию кишваршиносии ба номи Абӯабдуллоҳ Рӯдакии шаҳри Панҷакент Инсоният ҳамеша ба сайру саёҳат, дамгирӣ ва лаззати маънавӣ ниёзманд аст. Ба ақидаи ман беҳтарин истироҳат ва сайру гашти инсон ҳаловат бурдан аз таърих аст. Ва ин ҳиссиёт бештар пас аз боздид ва тамошои осорхонаҳо маълум мегардад. Агар шахс китобро хонда, оид ба таърихи халқ тасаввур пайдо намуда, сипас дарк созад, дар осорхонаҳо он таърихро мебинад. Ҳангоме ки вориди осорхона мешавем, шоҳиди он мегардем, ки аҷдодон ва ниёгонамон соҳиби санъати воло ва фарҳангу ҳунари зебо будаанд. Мо тоҷикон бояд фахр аз он кунем, ки дорои таъриху тамаддуни зиёда аз 5500 сола ҳастем. Дар Тоҷикистони соҳибистиқлоли мо, дар тамоми шаҳру навоҳии кишвар осорхонаҳо фаъолият доранд,

то ки насли имрӯза аз ҳаёт, урфу одатҳо, санъат ва ҳунари аҷдодони худ воқиф гарданд. Дар шаҳри бостонии Панҷакент низ осорхонаи ҷумҳуриявии таърихию кишваршиносии ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ фаъолият менамояд. Осорхонаҳо чун махзани маърифат дар тамоми олам арзи ҳастӣ доранд. Осорхонаи ҷумҳуриявии таърихию кишваршиносии ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ 18 октябри соли 1958 бо қарори Кумитаи марказии ҳизби коммунисти Тоҷикистон ва Шӯрои вазирони РСС Тоҷикистон бахшида ба ҷашни 1100 – солагии қофиласолори адабиёти классикии форсу тоҷик, Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ ифтитоҳ ёфта, ба фаъолият оғоз кардааст. Осорхона аз 3 шуъба ва 8 толори намоишӣ иборат буда, ҳар

толор давраҳои гуногуни таърихро инъикос менамояд. Барои оро додани бинои осорхона меъмор кори худро дар робита бо ҳунармандони халқӣ наққошон, кандакорон, ба роҳ мондааст. Ба осорхона ҳамасола аз тамоми гӯшаву канори дунё меҳмонон ташриф меоранд. Диққати меҳмононро пеш аз ҳама бозёфтҳо аз шаҳраки қадимаи Саразм, қабри маликаи Саразм, деворнигораҳои Панҷакенти қадим, зару зевари занона, сӯзаниҳо, либосҳои миллии қадима, зарфҳои мисину сафолӣ ба худ ҷалб менамоянд. Толори муосири осорхона, ҳамчунин аз соҳибистиқлолӣ ва дастдовардҳои ҷумҳурии мо нақл мекунад. Инчунин, аксу ҳуҷҷатҳо оид ба соҳаи маориф, фарҳанг, тиб ва илмҳои фани муосир маълумот медиҳад. Муассисаҳои таъли-

тадриҷан дар тафдонҳои махсус мепухтанд. Дар ибтидо кулолгарӣ пешаи занон буда, пас аз ихтирои чархи кулолӣ мардҳо ҳам ба кулолгарӣ машғул шуданд. Онҳо аз гилҳои маҳаллӣ бидуни дастгоҳ зарфҳо сохта, дар ҷойи соя хушконида, дар оташдонҳои наздиҳавлигӣ мепухтанд. Барои сӯзишворӣ одатан, порӯи чорпои хонагӣ истифода мешуд. Ба кори кулолгарӣ дар фаслҳои гарми сол машғул мешуданд. Хок ва гили онро кӯзагарон аз ҷойҳои махсус мегирифтанд. Ҳар гуна хоку гил барои зарфсозӣ мувофиқ набуд. Гилро аввал дар офтоб хушконида, бо кӯба мекӯфтанд, сипас онро бо об шӯрида, лой тайёр мекарданд. Баъзан бо гил регро ҳамроҳ менамуданд. Ба гуфтаи ҳунармандон яке аз унсури асосии кори кулолгарӣ ин тайёр кардани лой мебошад.

Лой агар ба таври лозимӣ тайёр нашавад, ашёи сохта нуқс пайдо мекунад. Ҳар қадаре, ки лой бисёр сум карда шавад, ҳамон қадар аз вай маҳсулоти хуб тайёр кардан мумкин аст. Ранги ашёҳое, ки аз кулол омода мешаванд, кулолгарон аз ишқор, маданҳои табиӣ, гиёҳу маҳсулоти ҷонварон тайёр мекарданд. Касби кулолгарӣ дар байни тоҷикон то ба нимаҳои садаи 20 маъмул буд. Бо пайдо шудани маҳсулоти дигар ба монанди оҳан, шиша, тилло, нуқра, мис ва кашф шудани гили сафед – чинӣ (фарфор) гили кулолӣ қиммати худро гум накард. Ҳунармандон чун нишон аз гузаштагон худ ҳунари кулолгариро то замони мо оварда расонидаанд. Бахусус дар “Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” нозуктарин ҷузъиётҳои он аз нав эҳё шуданд.

мии шаҳри Панҷакент дар давраи истиқлол ободу муҷаҳҳаз гардида, дар омӯзиш ва парвариши насли наврас саҳми босазо мегузоранд, гӯшаро аксу собиқадорони ин соҳа зеб медиҳанд, ки эшон ифтихори замонанд. Дар гӯшаи бахшида ба «60-солагии осорхона» аз таърихи фаъолияти осорхонаи ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ нақл мекунад. Бояд гуфт, ки осорхона дар тӯли 60 соли фаъолияташ дар ҷамъоварӣ ва ҳифзу нигаҳдории нодиртарин бозёфтҳои таърихӣ, ёдгориҳои хаттии миллати тоҷик, дастнависҳо аз қабили «Таърихи Табарӣ», «Девон»-и Ҳофиз, «Хамса»-и Низомии Ганҷавӣ, “Маснавии маънавӣ”-и Ҷалолиддини Балхӣ ва дигарон, ки аз таъриху фарҳанг ва тамаддуни халқи тоҷик дарак медиҳанд, саҳми арзанда дорад. Бояд зикр кард, ки кормандони осорхона миқдори зиёди ашёи таърихиро аз байни аҳолӣ ҷамъоварӣ карда, ба маърази тамошо мегузоранду хазинаи ин боргоҳи таърихро ғанӣ мегардонанд. То имрӯз дар хазинаи осорхона зиёда аз 70000 нигора маҳфуз мебошад. Албатта мардуми моро месазад,

ки аз осорхонаҳои шаҳру ноҳияҳо дидан кунанд. Омӯхтани таърихи миллати хеш танҳо барои донистани гузашта нест, балки ин барои шукуфоии фардои ҳар як миллату давлат зарур аст. Яъне миллат бояд аз гузаштаи худ сабақ гирад ва дурнамои ояндаашро муайян созад. Имрӯз мардуми Тоҷикистон ба худшиносӣ ва барқарор намудани хотираи таърихии хеш беш аз пеш ниёз доранд. Агар шахс гузаштаи аҷдоди худро надонад, инсони комил нест. Ин гуфтаҳои бузургони илму адаби мо аз қаъри асрҳо ба гӯш мерасад ва тазаккур медиҳад, ки аз таърихи миллату сарзамин, расму русум ва дину оини худ мудом воқиф бошем. Хулоса, осорхона мояи ифтихори миллати тоҷик ва қадамгоҳи бузургони ҷаҳон буда, кормандони осорхонаи ба номи Абӯабдуллоҳ Рӯдакӣ ҳифзи мероси фарҳангии ниёгонро қарзи муқаддаси худ шуморида, дар баланд бардоштани мақом ва ҳуввияти миллӣ нақши босазо хоҳанд гузошт.

Таҳияи Муниса ДОДОВА, “ҶТ”

Зебинисо ОТАБОЕВА, корманди илмии Осорхонаи ба номи Абӯабдуллоҳ Рӯдакӣ дар шаҳри Панҷакент


12 (Идома аз шумораи гузашта) СОҲИЛИ ДАРЁИ ШИРКЕНТ Баъди чанде, соати 18-у 45 дақиқа мо ба соҳили дарёи Ширкент расида, хайма задем. Мавзеи мо, ҷазираи хурдеро мемонад, ки атрофашро об печонидааст. Масоҳати он тақрибан 10 сотих аст. Дарё аслан аз шарқи мо ба ҷануб ҷорист. Зуд дегдон сохта, аз пайи хӯроки шом шудем. Шом шуда, торикӣ фаромад. Бояд Қурбону Алишер аз моҳигирӣ меомаданд. Зеро дар торикӣ моҳигирӣ дар дарёи пуртуғёни кӯҳӣ қулай нест. Дар кӯҳистон бо шиштани офтоб ҳаво салқин мешавад ва агар либоси гарм напӯшӣ, дар ҳавои кушод нишаста намешавад. Маъруф гулхан афрӯхт. Гулхани хеле боҳашаматшуда, ба ман лагери пионериро ба ёд овард. Дар саршавӣ ва охири ҳар даври лагер гулхан афрӯхта, шоми хурсандӣ мекарданд. Ниҳоят Қурбону Алишер, шип-шилтаи об омаданд. Онҳо ҳангоми ба соҳили дигари дарё гузаштан ба об афтода буданд. Ба ин нигоҳ накарда, хурсанд буданд онҳо: дар қариб як соат 6 гулмоҳӣ сайд карда буданд, ки баъзеашон то ним кило вазн дошт. - Омад кард, вагарна ин миқдор моҳиро бо шаст доштан хеле мушкил аст, - гуфт Қурбон тағйири либос карда. Алишер, ки шими кӯтоҳ дошт, аз хунукӣ дир-дир ларзида, пушт ба гулхан гарм мешуд. Воқеан, гармии гулхан то ҷои нишасти мо, ки тақрибан 3 метр дуртар буд, меомад. Қурбон моҳиҳоро чок карда, дарунашонро тоза кард ва намак карда болои санги калоне, ки сатҳаш тақрибан 1 метри мураббаъ буд, гузошт, то ки обашон таровад. Барои рӯшан кардани дастархон, чароғакро дар шохи дарахт овезон кардем. Имрӯз хеле хаста шудем. Зеро аз субҳ 12 соат дар роҳ будем. Агар як соати истироҳат барои хӯроки пешинро барорем, дар давоми 11 соат 25 километр роҳи мушкилгузарро тай карда, ба ин ҷо расидем. Аз хастагӣ чандон хӯрок хӯрдан намефорид. Вале ба ҳар ҳол ба қадри тавоноӣ хӯроки шом хӯрда, чойи кабуд нӯшидем. Қурбон тасмим гирифт, ки моҳиро дар қӯри гулхан пазад. Барои ин ду санги хиштмонандро дар як гӯшаи гулхан гузошт ва бо кордаш, ки вазифаи табарро низ иҷро мекард, чанд шохи наврустаи бедро, ки рост буданд, бурида болои сангҳо гузошт. Сипас ӯ моҳиҳоро болои ин навдаҳои бед қатор чида, бо оташчӯб лахчаҳоро ба таги моҳиҳо овард. Баъди тақрибан 5-6 дақиқа моҳиҳои болои навдаҳоро чаппа кард, то ки ин тарафаш ҳам дар оташ пазад. Ниҳоят баъди тақрибан 15 дақиқа моҳӣ пухт. Қурбон моҳиҳоро дар як табақи оҳанӣ кашида, болои дастархон гузошт ва гуфт: - Ош шавад, канӣ гиред. Ҳама ба моҳихӯрӣ шурӯъ кардем. Воқеан, моҳии дар қӯр пухта

ДИЁРИ ЗЕБОИ МО шуда хеле бомазза буд. Хӯроки мазкур ба ғайри лазиз буданаш, парҳезӣ низ ҳаст. Пас аз тановули хӯрок боз чанд вақти дигар суҳбат кардем. Ҳамагон аз роҳгардии имрӯза хаста буданд, бинобар ин аз пайи хоб шудем. Саҳар бо дамидани субҳ аз хоб бедор шуда, Баҳузур ношто кардем. Зеро имрӯзро барои худ истироҳат эълон карда будем. Ҳангоми чақ-чақ Қурбон гуфт, ки тақрибан 100 метр аз ҷои исти мо поинтар хирс говеро хӯрдааст. Танҳо каллаву почааш мондааст. - Бале, ман ҳам дидам, тасдиқ кард Алишер. - Ман дирӯз бегоҳ дида будам, гови зардро хирс хӯрдааст, - гуфт Маъруф ва афзуд: - Шаб инро нагуфтам, ки боз Алишер натарсад. Ба говро хӯрдани хирс чанд рӯз

шарқ, дар кӯҳдоман ҷойгир буд. Заминҳои деҳа нисбатан ҳамвор буда, кишт кардан мумкин буд. Аз дарёи Яхоб, ки дар болои деҳа ба дарёи Ширкент мерезад, ҷӯе ба деҳа оварда шудааст. Дар деҳа 17 хона мавҷуд аст, ки даҳтояш болопӯшӣ оҳанӣ доранд. Маълум, ки хонаҳои болопӯшашон оҳанинро дар солҳои охир сохтаанд. Аксари ин биноҳо холӣ буда, ҳатто тирезаҳояшон шиша надоранд. Аввалин хонае, ки дар роҳи мо баромад, навсохт бошад ҳам, ба вазни барфи зимистон тоб наоварда, бомаш чӯкидааст. Дар замони шӯравӣ ин ҷо мардум зимистон ҳам зиндагӣ мекарданд. Ҳоло дар фасли гармо дар се хонаи байни деҳа танҳо се

“ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН”, №40 (9570), 04.10.2018

маконро ҷои зист кардаанд. Шояд сокинони ин деҳа солҳои баъдтар ба ин ҷо омада бошанд. Аз чанд хонаи кӯҳнаи деҳа метавон тахмин кард, ки онҳоро солҳои 60-уми асри гузашта сохтаанд. Ҳамчунин ягон сабаби дигари иҷтимоӣ бошад, ки ин мардум аз дурии беш аз 200 км ба ин ҷо кӯчида, маскун шудаанд. Номи деҳа низ аз он далолат мекунад, ки сокинонаш аз дараи Ромит омадаанд. Дар ин ҷо низ деҳае бо номи Пашми Куҳна ҳаст. Аз лаҳҷаи гуфтугӯи сокинони деҳа низ маълум мешавад, ки онҳо мардуми таҳҷоӣ нестанд. Аз дур моро дида, сокинони деҳа, ду ҷавонмард ба назди хонаҳояшон баромаданд. Роҳи мо низ аз пеши Ҷовид МУҚИМ

Сайри саргаҳи дарёи Ширкент очерки сафарӣ

шудааст. - Ҳа, ҳамин хел, - Маъруфро ҷонибдорӣ кард Қурбон. - Дар ҳар қадам пайи хирс ба назар мерасад. Ин як хирс бошад ё якчандто? – суол кард Алишер. - Аслан хирси нар танҳо, вале хирси мода бо бачаҳояш якҷоя мегардад. Ба фикри ман, ин хирси нар аст, - ақидаашро баён кард Қурбон. - Умуман дар ин мавзеъ хирсҳо зиёданд. Зеро ҷойҳои касногузар ва кам омадани одамон ба ин мусоидат мекунад, - гуфт Маъруф ва афзуд: - Одатан хирсҳо шабона шикор карда, рӯзона истироҳат мекунанд. Ҳоло онҳо хӯроки серғизо хӯрда, барои зимистон хобидан равған мегиранд. - То ба ҳол дар бораи ба чӯпонҳо ҳамла кардани хирс чизе нашунидаам. Падарам ҳам, ки раҳматӣ шикорчӣ буданд, дар ин бора чизе нақл накардаанд, - гуфт Қурбон. – Дар ин ҷойҳо агар хирс девона нашуда бошад, ба одам наздик намешавад... ДЕҲАИ ПАШМИ КУҲНА Сӯбҳи рӯзди дигар Соати 6-у 20 дақиқа ба роҳ баромада, қадқади дарёи Ширкент ба шимолу ғарб равон шудем. Баъди яку ним соати ҳаракат ба деҳаи Пашми Куҳна расидем, ки дар соҳили чапи дарёи Ширкент, дар тарафи

мард: ду ҷавонмарди тақрибан 3540 –сола ва мӯйсафеди аз 65 сол боло дар ҳамсоягии ҳамдигар сукунат доштанд. Дар саҳни ҳавлии ҳар яки онҳо 40-50 қуттӣ замбӯри асал мавҷуд буд. Ба гуфти Қурбон қуттиҳои замбӯри асалро дар даврони шӯравӣ бо чархбол ба ин ҷо овардаанд. Дар деҳа аз 7 то 10 симчӯби худсохт аз дарахти арча ба чашм мерасад, ки симҳояшонро гирифтаанд. Сокинони қаблии деҳа ҳоло дар водӣ, дар деҳаи Асбоби шаҳри Турсунзода, ки дар соҳили дарёи Ширкент воқеъ аст, зиндагӣ мекунанд. Мантиқан деҳаи Пашми Кӯҳна чандон қадимӣ нест. Вақте аз назди қабристон, ки тақрибан ним километр поинтари деҳа воқеъ аст, мегузаштем, дар он ҳамагӣ 5-6 гӯр буд. Ин низ аз он далолат мекунад, ки деҳа куҳна нест. Сокинони он шояд дар аввалҳои асри ХХ ба ин ҷо аз воҳаи дарёи Сорвои дараи Ромит, ки тақрибан дар 100 километрии шарқи Душанбе ҷойгир аст, омадаанд. Аз рӯи баъзе ривоятҳо як гурӯҳ аз ин маҳал барои додхоҳӣ ба амир азми Бухоро кардаанд. Онҳо мебоист аз дараи Қаратоғ тавассути ағбаи Мӯҳра ба Саратоғи Фалғар ва аз он ҷо бо ағбаи Чимтарға ба Панҷакент фаромада, ба Самарқанд ва баъд ба Бухоро мерафтанд. Вале дар кӯҳ роҳро гум карда, ба ин мавзеъ омадаанд. Чун тирамоҳ будааст, ағбаҳо баста шудаанд ва онҳо ин

ҳавлии онҳо, ки хонаҳояшон куҳна ва бомашон лойӣ буд, мегузашт. Қурбон онҳоро мешинохт. Бо онҳо салому ҳолпурсӣ кардем. Ҷавоне, ки хонааш дар байн буд, Алишер ном дошт. Баъд маълум гашт, ки ӯ писари ҷангалбони Боғи миллии Ширкент Абдураззоқ аст. Онҳо ба як пиёла чой муроот карданд. Мо боэҳтиромона рад кардем. Дар ҳавлии ҳамсоя, мӯйсафеде назди қуттиҳои замбӯр ҷумбуҷул дошт. Дар ҳаётаи ӯ тақрибан дар як сотих картошка кишта шуда буд. Пояҳои картошка зарду хушк шудаанд. Маълум, ки ҳосил пухтааст. Мӯйсафед ба пешвози мо назди хонааш баромад. Дар болои деҳаи Пашми Куҳна аз шимол дарёи Яхоб омада, ба дарёи Ширкент, ки аз шимолу ғарб, аз дараи Сандал меояд, мерезад. Мо барои ба дараи Сандал рафтан, аз пули чӯбину сангини болои дарёи Яхоб гузашта ба самти шимолу ғарб, аз соҳили чапи дарёи Ширкент равон шудем. Бояд гуфт, ки дар ҷуғрофия соҳили дарёро на аз мавқеи исти ноқил (шахс), балки аз самти ҳаракати об муайян мекунанд. Пас аз пул гузаштан беш аз ним га майдон мебарояд, ки гирдашро санг гирифтаанд. Дар қариб нисфи он тарҳи ҳавз ба чашм мерасад. Ҳамчунин аз шимолу ғарб тарҳи ҷӯй низ мушоҳида мешавад, ки кӯшиши аз дарёи Ширкент овардани обро нишон медиҳад.

ДАРАИ САНДАЛ Баъди чанде ҳаракат кардан, роҳ аз шахе мегузашт, ки ба ҷарии соҳили дарё пайваст аст. Ин ҷо тақрибан ба дарозии 3 метр шахро сӯрох кардаанд ва ба он чӯб монда пул сохтаанд. Аз болои он боэҳтиёт қадам зада гузаштем. Баъди пул аз пеш дарвозаи чӯбин баромад, ки ба мисли панҷара буд. Вақти ба он ворид шудан, дарро тела диҳӣ, кушода мешуд. Дарвозаи мазкур худ маҳкам шуда, чорвои аз боло меомадаро гузаштан намемонд. Ин дарвозаро чӯпону подабонҳо махсус сохта буданд, то ки гову гӯсфанди аз пода ва ё рама ҷудошуда аз чарогоҳ гурехта наравад. Бо соҳили дарё ҳамвора боло ҳаракат мекунем. Дар пеш кӯҳҳои осмонбӯс менамояд, ки саллаи сафед доранд. Дар дасти рости мо, дар шимол кӯҳҳое қомат рост кардаанд, ки қабатқабат сангҳои сурхчаранг доранд. Кӯҳҳои мазкур аз дур пайкараи одам ва шерро мемонанд. Аз поин ин манзараҳоро дуруст тамошо карда намешавад. Мо аз чанд рӯде мегузарем, ки аз шимол ба дарёи Ширкент мерезад. Калонтарини онҳо аз дараи Мӯмиёкамар ҷорӣ аст. Харҳо аз даруни об дарёро убур карданд. Мо бошад, барои тар нашудани пойафзоламон аз санг ба санг парида, дарёро гузаштем. Баъди чанде ҳаракат кардан, аз пеш майдони холие баромад, ки дар байнаш ду арчаи калон дошт. Дар зери ин арчаҳо сихмолаи оҳанин меистод. Ин ҷо тақрибан ним гектар замини киштбоб барои гандуми лалмӣ буд. Аз он, ки сихмола чандон ба замин нағӯтидааст, метавон тахмин кард, ки солҳои наздик ин замин кишт мешудааст. Мо поини ҳамин майдон, лаби дарёи Ширкентро, ки ин ҷо дарёи Сандал ҳам мегӯянд, ҷои ист қарор додем. Мо аз деҳаи Пашми Куҳна то ин ҷо 4 км ҳаракат карда, соати 9-у 20 дақиқа расидем. Қурбон бори харҳоро дар таги беди лаби дарё фароварда, маркабҳоро ба чаро сар дод. Лаби дарё нам ва чандон барои хаймазанӣ қулай набуд. Бинобар ин Маъруф хаймаро болотар аз соҳил, дар поёни майдон зад. Ман хаймаамро аз борхалта баровардам. Онро ман се сол қабл харида, то ҳол истифода накарда будам. Маъруфу Алишер ба хаймазании ман кӯмак карданд. Хаймаи ман яккаса буд. Онро хитоиҳо магар барои худашон дӯхта буданд, ки ман базӯр меғунҷидам. Мо хаймаҳоро дуруст карда, аз пайи пухтани ношто шудем. Боз консерваи гӯштӣ кор дод. Марҷумакро ҷӯшонида ба он консерва андохтем. Дар ним соат ношто омода шуд. Дар сояи бедҳои соҳили дарё нишаста ношто кардем... (давом дорад)


“ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН”, №40 (9570), 04.10.2018

E - MAIL: javonontj@mail.ru

Хурду бузурги Тоҷикистон ба хубӣ огаҳӣ дорем, ки пуштибону маблағгузор ва сарпарасти ташкилоти экстремистӣ-террористии ҳизби наҳзат ва анҷуману ҷунбишу паймонҳояш кист. Наҳзатиҳо имрӯзҳо бо фош ва ошкор гардидани сӯйистифода аз номи дини мубини ислом ва маблағгузории кишвари хоҷагонашон мехоҳанд номеро ба худ гузоранд, ки дар он номи ислом набошад. Зеро дар тазоҳуротҳои ахири соли 2017 мардум дар Эрон ба охундҳо муроҷиат намуда, иброз доштанд, ки “Мардум гадоӣ мекунад, охунд худоӣ мекунад”. Ё ин ки бо тамошои филмҳои “Решаҳои ноаён” ва “Бозгашт аз ҷаҳаннам” бори дигар собит гардид, ки хоинони миллати тоҷик, яъне наҳзатиҳои гумроҳро чи гуна дастгирӣ менамояд.

Мушҳои хоҷа ба Варшава расиданд Худ қазоват кунед, якчанд хоинони миллат, ки на касб доранду на савод чӣ гуна дар хориҷи кишвар соҳиби толору маҷлисгоҳ барои баргузории ҷаласаву ҳамоишҳои тахрибкоронаашон мегарданд ва ё чи гуна рӯз ба рӯз аз ин кишвар ба он кишвар сафар мекунанд? Мушаххас ва муайян аст, ки ин нохалафонро хоҷагонашон дастгириву пуштибонӣ мекунанд. Чун Кабирӣ медонад, ки истифодаи дини мубини ислом дар замоне, ки мардуми кишвар бо дастгирии Ҳукумати кишвар бо тарҷумаи китоби муқаддаси Қуръони карим ва дигар адабиёти диниву гиромидошти хотираи неки пешвои мазҳаби ҳанафӣ Абӯҳанифа Нӯъмон ибни Сотиб – Имоми Аъзам аз арзишҳои динӣ бохабар гаштанд ва дигар мардумро бо омезиш додани андешаву омоли нопокашон ба сураву оятҳои Қуръони карим гумроҳ карда наметавонанд ва ҳамзамон бо мақсади бори дигар дар Аврупо пайдо намудани хоҷагон номи ташкилоташонро дигар намуданд. Аслан агар ба фаъолияти он нафароне, ки дар зери эъломияи Паймони миллии Тоҷикистон имзо гузоштаанд, шуруъ аз Кабирӣ, Алим Шерзамонов, Шарофиддин Гадоев ва Илҳом Ёқубов назар афканем, маълум мегардад, ки онҳо ҳамагӣ пасмондаҳои ҳамон “наҳзати қалбакии одамон”-и гумроҳанд. Инҳо ҳамон куҳнаандешони гумроҳанд, ки мехоҳанд ниқоби нав, яъне ниқоби демократия ба бар кунанду шеваи нави ҷалби ҷавононро ба сафҳои нопокашон ва гурӯҳҳои ихтилофангезашон дарёфт намоянд. Инҳоро озодандешу, паймонкор ва созмонкор гуфтан нашояд, балки инҳо ҷафокору тахрибкору хатокору ситамкору нобакоранд. Касе дигар ба ин тӯдаи нокасон бовар надорад, зеро ин нохалафон ҳатто ҳавои мекашидаашон бо супориши хоҷагонашон аст. Ҳатто ҳуқуқи озодона гаштану озодона кору зиндагӣ карданро надоранд, зеро инҳо аз хоҷагонашон забонкӯтаҳанд. Ба истилоҳи дигар “Касе пул медиҳад, суруд фармоиш медиҳад”. Барои ин бепаймонҳо Ватану миллату дину мазҳабу зану фарзанду падару модар ҳеҷ арзише надорад. Ширкати инҳо дар кори ҷаласаи САҲА на ба ҳайси сиёсатмадор, балки ба ҳайси хиёнаткору ҳунарманди саҳнаи театр мебошад ва барояшон супориш ҳам аз хоҷаашон шудааст, ки касе бештар ҳунарнамоӣ мекунад ва диққати иштирокдорони ҷаласаро ба худ ҷалб мекунад ҳамон бештар соҳиби мукофот мегардад. Ин нохалафон мисли мушҳое ҳастанд, ки нонрезаи пасмондаи хоҷагонашонро интизорӣ кашида, бо пешниҳоди он ба дилхоҳ кор даст мезананд. Ширкат дар кори ҷаласаи САҲА низ намунае аз онҳост. Фарҳод ВОҲИДОВ

Иттиҳоди қотилин Ҳафтаи сипаришуда, дар пасманзари нишастҳои Созмони амният ва ҳамкориҳои Аврупо иддае аз фосидин ва қотили миллати тоҷик бо сардории Муҳиддин Кабирӣ боз як ташкилоти хиёнатмаоберо таҳти унвони «Паймони миллии Тоҷикистон» таъсис доданд. Паймони мазкур дар замоне созмон ёфт, ки нишасти САҲА ба тамом зидди манфиатҳои давлати Тоҷикистон ва ба ҷонибдорӣ аз ташкилоту гурӯҳҳои террористию экстримистии наҳзат ва гурӯҳаки қаллобони 24 раванд пайдо намуда, ба таври комил маълум гардид, ки ин созмонҳои бо ном демократию ҳуқуқбунёд танҳо ба хотири манфиатҳои гурӯҳии иддае

13

Дасти аҳриманнажодонаи наҳзатиҳо дар қатли сарбозони Ватан Ҳанӯз дарду доғи воқеаҳои хунини ҷанги шаҳрвандӣ аз ёдҳо зудуда нашуда, инсонҳои бадкеш ва гурӯҳу қувваҳои тахрибкор ба монанди ташкилоти террористӣ ва экстремистии Ҳизби наҳзати исломӣ қасди ноором сохтани вазъиятро доштанд ва ба рахна кардани сулҳу ваҳдати миллӣ даст заданд. Рӯзи 19-уми сентябри соли 2010-ум тақрибан соатҳои 12:30 дақиқа дар минтақаи шарқии мамлакат, дар дараи Камароби водии Рашт як автомашинаи хизматии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҳайати шахсӣ, ҳангоми иҷрои вазифаҳои хизматӣ, мавриди оташи шадиди гурӯҳҳои террористӣ қарор гирифт. Дар натиҷаи ин амалиёти террористӣ 23 нафар хизматчии ҳарбӣ ба ҳалокат расида, чанд тани дигар ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардоштанд. Аъзоёни ТТЭ ҲНИ Абдулло Раҳимов ва Аловиддин Давлатов бо лақабҳои «Мулло Абдулло» ва «Алии Бедакӣ» ноҷавонмардона ба корвони Вазорати мудофиа ҳамла намуда, сарбозони навҷавонро олудаи хоку хун карданд. Ин ҳодисаи бавуқӯъомада нишон дод, ки чанд аҳриманнажоде вазъиятро халалдор намуда, қурбонии ҷонҳои ҷавонро ба миён оварданд. Баъди ба вуқӯъ пайвастани ин амали террористӣ, гурӯҳҳои фаврии ҳама мақомоти қудратии кишвар ба ҷои ҳодиса расида, амалиёти дастгиркуниро оғоз намуданд ва ҷустуҷӯи афроди ҷиноятпешаро идома доданд. Дар ҷараёни амалиёти ниҳодҳои қудратӣ бар зидди дастаҳои террористии Алии Бедакӣ ва Мулло Абдулло 36 нафар узви ин даста нест карда шуд. Онҳо рафтанд, вале гунаҳгорони асосӣ, пешвоёни маънавии ТТЭ ҲНИ ҳанӯз пойбарҷоанд ва торҳои нав танидан доранд. Вале рӯзе мерасад, ки онҳо барои аъмоли худ, ҳам дар ин дунё ва ҳам дар охират ҷавоб хоҳанд дод. Пеш аз ҳама, онҳо дар рехтани хуни он бегуноҳоне, ки бо дасти даҳҳо бадкирдороне монанди аъзоёни ТТЭ ҲНИ - Алии Бедакӣ ва Мулло Абдулло кушта шуданд, зоминанд. Ҳеҷ тоату ибодати рӯякие онҳоро аз муҷозоти илоҳӣ наҷот нахоҳад дод. Пайравони ТТЭ ҲНИ натанҳо ба атрофиён, балки ба фарзандони худ низ раҳме надоранд ва онҳоро дар рӯҳияи бадбинии мазҳабӣ ва талқини ақидаҳои ботил тарбия намудаанд. Гуноҳе, ки онҳо дар қатли 23 нафар сарбози бегуноҳ, ҳимоятгари Ватан содир карданд, ҳаргиз бахшида нахоҳад шуд. Дарди шевану нолаи волидайни чашминтизори аскарон, бешубҳа, дар ду дунё домангири чунинҳо мебошад. Дар рафти тафтиши парвандаи ҷиноятӣ оид ба куштори 23 нафар хизматчии ҳарбии Вазорати мудофиа дар водии Рашт аз ҷониби аъзои ТТЭ ҲНИ таҳти роҳбарии Давлатов Аловуддин ва Раҳимов Абдулло муайян гардид, ки раиси бахши ТТЭ ҲНИ дар ноҳияи Рашт Давлатов Ҳусниддин шахсан ба ин иттиҳоди террористӣ шомил гардида, ҳангоми дастрас намудани моддаҳои кимиёӣ барои

садо баланд намуда, манфиатҳои миллӣ, амнияти давлатӣ, оромию субот ва сарнавишти дирӯзу имрӯзи миллатҳоро сарфи назар менамудааст. Муҳиддин Кабирӣ ва пайравони мактаби хиёнаткоронаи ӯ бо паймону паймончаҳои тақаллубияшон талош доранд, ки танҳо вазъи кунунии Тоҷикистонро ноором намуда, бо ин васила сарватҳои аз дастрафтаашонро аз ҳисоби ташкилоту созмонҳои истихборотӣ дубора ҷамъоварӣ намоянд. Аммо барои онҳо танҳо як вазифа дар пеш аст: вазъи кишварро ноором намуда, аз самти Афғонистон неруҳои зархариду ғуломони қотили худро, ки дар

Сурияву Ироқ, Ирону Покистон ва Афғонистон дарси қатлу қитол аз бар намудаанд, вориди хоки муқаддаси Тоҷикистон намоянд. Ин нақша, ки Кабирӣ бо паймону иттиҳоду созмону ташкилотҳояш барои амалӣ намудани он талош менамоянд, ягона роҳи расидан ба сарҳадоти Русия аст, ки ҳам Аврупо ва ҳам Амрико дар сар мепарваранд, то низоъро ба марзи Русия наздик намуда, ин кишвари сарватмандро ба инзивоъ бигиранд. Дар Тоҷикистон ва умуман кишварҳои Осиёи Марказӣ ҳеҷ ҳизбу ҳаракати миллию созанда, ба хотири манофеи гурӯҳию сиёсии худ амнияти давлату сарнавишти миллати худро ба оташ кашидани нест. Танҳо наҳзат асту ҳампаймонҳои хиёнатпешаашон, ки иддае фирефтаи мазҳаби шиа шудаанду қисми дигар ба хотири

гурӯҳи мазкур, баҳри омода сохтани воситаҳои тарканда, дастгир шудааст. Бо ҳукми суди шаҳри Душанбе ӯ аз 21 январи соли 2011 барои иштирок дар иттиҳоди ҷиноятӣ гунаҳкор дониста шуда, ба ҷазои маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати 11 солу 6 моҳ маҳкум гардида буд. Бо далелҳои раднопазир исбот гардид, ки Давлатов Аловуддин фаъолтарин созмондиҳандаи ташкилоти террористӣ ва экстремистӣ Ҳизби наҳзати исломӣ дар водии Рашт буда, зери роҳбарии Мулло Абдулло чандин амали дастаҷамъонаи террористиро ба муқобили сохторҳои низомӣ ва кормандони ҳифзи ҳуқуқ анҷом додааст. Худи ҳамон замон ин кирдори ноҷавонмардонаи аъзоёни ТТЭ ҲНИ - Алии Бедакӣ ва Мулло Абдулло мардуми ноҳияи Раштро ба қаҳру ғазаб овард. Аз тамоми деҳоти дуру наздики ноҳия аҳли зиё, фаъолон ва шахсони обрӯманд ҷамъ омада, нафрати хешро нисбат ба чунин амали ваҳшиёна баён доштанд, ки душманони миллати тоҷик бо мақсади дубора ба оғӯши хоку хун кашидани фарзандон халтаи макру фиребро боз намудаанд. Пайравони ТТЭ ҲНИ - Алии Бедакӣ ва Мулло Абдулло дар бадали чанд танга нангу номус ва имонашонро фурӯхта, бо сад ҳиллаву найранг ҷавонони бетаҷриба ва гумроҳро ба доми хеш афканда, онҳоро барои сарват тамоми ҳайсияти худро ба фурӯш мегузоранд. Агар ба умқи масъала таваҷҷуҳ намоем, маълум аст, ки САҲА бо мавқеъгириҳои машкуки худ имрӯз на ба дифоъ аз ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, балки барои муҳайё намудани заминаҳои мусоиду мувофиқ ҷиҳати ворид шудани неруҳои террористӣ ва экстримистӣ ба сарзамини Тоҷикистон ва минтақаи Осиёи Миёнаро талош менамояд. Агар чунин нест, чаро қатлу куштори бераҳмонаи пайравону аъзоёни ташкилоти террористии ҲНИТ ба инобат гирифта намешаванд? Чаро қаллобию хиёнатҳои иқтисодии сиёсӣ ва таҳдиду таҳқирҳои пайвастаи пайравони Гурӯҳи экстримистии 24, ки бар зидди оромию суботи давлати Тоҷикистон амал мекунанд,

куштани хоҳару бародар, модару падари худашон тарғиб мекарданд. ТТЭ ҲНИ ҳамчун гурӯҳи миллатбезору мазҳабфурӯш дар зери ливои ислом пинҳон шуда, бо кумаки ҷинояткорони дар мактабҳои террористии мамолики маълум тарбиятгирифта, ба хотири як гурӯҳи хаёлпарасти бераҳму беинсоф нияти вайрон намудани оромии кишварро дошт. Ҳайати он дастаҳои ТТЭ ҲНИ аз шаҳрвандони зархарид ва кирояшуда иборат буданд ва бидуни шубҳа, ҳадафи асосии онҳо дар зери ниқоби ғояҳои исломӣ, тира намудани фазои сулҳу оромӣ ва ваҳдату якпорчагии кишвар ва ба майдони фаъолияти гурӯҳҳои тундраву моҷароҷӯйи исломии минтақа табдил додани давлату миллати тоҷик буд. Ҳодисаҳои охири кишвар аз он шаҳодат медиҳанд, ки ҳарчанд аъзоён ва пайравони ТТЭ ҲНИ худро диндори аслӣ, соҳиби имони пок ва ба дин содиқ мешуморанд, вале, дар асл, аз ҳамин чиз дуранд. Зеро ба кишвар назари душманона дошта, ҷои он ки аз кӯчаи илму маърифат гузашта, бо ёрии он чӣ будани ватан ва моҳияти онро бифаҳманд ва осудаҳолона зиндагии хуш гузаронанд, ба ватани худ ба воситаи ақоиду фикрҳои фисқу фасоднок ҳисси нафрат пайдо мекунанд. Салмон СУЛАЙМОНӢ

аз ҷониби САҲА нодида гирифта мешавад. Гузашта аз ин имрӯз кишварҳои Аврупо ба тамоми мазмуну муҳтаво дар чашми оламиён чун сарпарасти терроризму экстримизм муаррифӣ мешаванд. Акнун як масъалаи муҳим ва зудтағйирёбандае ҳаст, ки онро сиёсат ва дипломатия гӯянд ва он ин аст, ки агар тамоми масоили сиёсию иқтисодии абарқудратҳо байни худашон ҳаллу фасл шавад ва Кабирӣ низ дигар ба Аврупо лозим нагардад, пас ин хоинони миллат бо кадом чашму рӯй ба самти Тоҷикистон менигаранд ва назди рӯҳи шаҳидони миллат ва ҷавонону тифлоне, ки бо ҷурми нобахшидании ин ҷамъияти қотилин қурбон шудаанд чӣ посухе мегуфта бошанд? Аслиддин РАҲИМОВ


14 Ҳаво гирифта. Абрҳои сиёҳ дар само хайма зада. Бӯйи борон меомад. Ба само, ба ҳаракати абрҳо дида медӯхтам. Дида медӯхтаму қадам мезадам. Аз дилам гузашт, ки борони сахт меборад. Ба худ гуфтам, бояд қадаммониро тез кард… Ногаҳ бархӯрдану касеро сахт ба оғӯш гирифтанам маро ба ҳайрат овард. Дар рӯ ба рӯям ду чашми шабранг ва чеҳраи гандумгуни бонуи ситорагарме қарор гирифта буд. - Ҳа, ҳушатон дар куҷо… - бо қаҳр гуфт ӯ. Ман бошам ӯро дар оғӯши худ дида дар ҷоям шах шуда монда будам. Ёрои сухангӯӣ надоштам. - Э, маро сар диҳед, айбро намедонед… Ба худ омадаму худро аз ӯ дур гирифтам. Хостам худро сафед кунам: - Айби ман нест, ман ба осмон нигоҳ мекардам. - О, ман ҳам ба осмон менигаристам. - Пас Худованд моро ба ҳам овард… - Шумо аҷаб гапҳое мегӯед… Истед, шумо Шерафган нестед?! - Ҳа, худи худаш… - Гуфтам-а, ҳеҷ гоҳ мо бе нағма дучор намеоем. Ҳоло ҳам рӯзноманигор? -Бале, шумо ҳам то ҳол муаллимаи мактаб? - Не… Ҳоло ман дар вазорати маориф кор мекунам. - Дигар ба пеши поятон нигоҳ карда қадам занед, боз каси дигарро оғӯш нагирад… - гуфту табассум кард… Ман бошам ба чашмони зебои шабранги ӯ менигаристам. Менигаристаму ёди он рӯзҳоро мекардам. - Аз вохӯрии мо чандин сол гузашт-а…. - Ҳа, баъди тӯй дигар вонахӯрдем… - аз чӣ бошад андешаманд ва хаёлӣ гуфт ӯ. - Шумо Шерафган хеле тағйир ёфтаед. - Шумо ҳам пурраю расо шудаед, аз он духтари навчаи чилкокул нишоне намонда, ба ғайр аз чашмони сиёҳи олугӣ. - Умр гузарон, хайр, ман рафтам, то боздид. Садои фораму оҳангноки Фархунда маро ба олами ҷавонӣ бурд… Шаби баҳоре аз хобгоҳи донишҷӯён берун омада, хостам каме сайру гашт намоям. Оҳиста-оҳиста дар хиёбони Борбад қадам мезадам. Ҳаво салқин буд. Моҳ пурра. Вале гоҳ-гоҳ абре онро мехост ба оғӯш гирад. Вале моҳ тан намедод, боз аз паси он нур мерехт. Ногаҳ зарбае ба китф хӯрдам. Фурсати нигоҳ кардан нашуду чанд зарбаи дигар ба сару рӯям фаромад. Ҳис кардам, ки аз чаҳор тараф маро мезананд. Бо дастонам танҳо чашмонамро ҳимоя мекардаму халос. Ҳамин вақт садое ба гӯшам расид: - Эй ноинсофҳо, шумо ин бечораро чаро мезанед, шарм намедоред, ки панҷ кас ба сари як кас ҳуҷум мекунед. Ёрӣ диҳед… Ин садо ба гӯшам ҳалқа шуда буд. Он вақт овози форам хеле пуртаҳлука метофт. Чанд нафар ба ёрии ман расида омаданд. Маро аз замин бардоштанд. - Чӣ гап шуд? - Чаро ҷанг кардед? - Онҳо кистанд? Ман бошам ба он саволҳо чӣ гуфтанамро намедонистам. - Хоҳар ин ҷавон ҳамроҳи шумост? - Ҳа, ҳамроҳи ман. Мо ҳар ду назди обрез рафтем. Ман дасту рӯйи хунолуди худро шӯстам. Ва дар равшании фонуси сари роҳ ба чеҳраи он духтар дида дӯхтам. - Шумо беҳуда худро дар хатар мондед, агар онҳо ба сари шумо ҳуҷум мекарданд, чӣ кор мекардед? - Ҳеҷ кор, ранги шумо сарамро бо дастонам дошта менишастам… Аз ин саволи худ шарм карда хостам ба диққат ба рӯйи ӯ бингарам. Чашмони шабранг

“ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН”, №40 (9570), 04.10.2018

НАСР барқ мезаданд. Худоё ин чӣ нигоҳ. - Шумо, шумо… чӣ ном доред? - Фархунда. - Ман, Шерафган. - Дидам, чӣ тавр шерро афкандед. Ӯ боз маро дар хиҷолат мононд. Сархам гуфтам: - Раҳмат, маро бубахшед… Мо ҷудо шудем. Аз ҳамон рӯз сар карда дар назди устоди муштзане машқ мекардам. Машқ мекардам ба рағми он гуфтаҳо, он муштҳои ба сарам омада, он ҳолати ногувору нотавони хеш. Машқ мекардаму намедонистам, ки он шаб чаро маро заданд, онҳо кӣ буданд. Як шаб бо ду дӯстам аз машқ бармегаштам, ки ба гӯшам садое расид. Садои ошно. - Эй, шумо чӣ кор карда истодаед, сар диҳед додари маро. Ёрӣ диҳед! Мо ҳар се ба сӯйи овоз, ки аз паси буттазо-

ди тағойи Баҳром рафта тамоми фиребу роҳи пулкоркунии милисаҳоро гуфтааст. Хостам ӯро бинам. Дурудароз ба чашмони сиёҳаш дида дӯзам. Лек аз чӣ бошад тақдир моро дигар рӯ ба рӯ намекард. Вале ман ғойибона бо ӯ гуфтугӯ доштам, роз мегуфтам… Рӯзҳо оҳанги умед менавохтанд. Ман ҳар рӯз бо умеди вохӯрӣ дар гулгашту хиёбонҳо гашту гузор мекардам. Ба умед будам, ба умеди чашмони шабранг, ба умеди чеҳраи гарми гандумӣ. Дилам менолид, ҷигарсӯз месурудам: Шабҳо ба алам қадам занаи аз пайи ту, Бо чӯби қалам алам занам аз пайи ту… Гоҳ-гоҳ дӯстонам маро дилдорӣ медоданд. - Бисёр ҷустуҷӯ накун, дигар намеёбӣ. - Чӣ ин қадар месӯзӣ, о, вай духтари шаб буд, дигар пайдо намешавад. - Ту, дӯстам, шабҳоро саҳар кун, саҳарро

Ашки дил дар чашмони шабранг ҳикоя

ри хиёбон меомад, давидем. Ва дар як муддати кӯтоҳ чунон тез ҳарбу зарб шуд, ки гӯё бехабар мондем. Он панҷ нафар дар зери мушту зарбаҳои мо дар замин хоб буданд. Ва аҷиб, ки милисаҳо ҳам ногаҳонӣ пайдо шуданд. Садои ошно ба гӯш расид: - Гурезед! Мо то ҷон доштем, гурехтем… Саҳар омодаи дарсравӣ будем, ки Фархунда омад! - Шерафган, тез аз хобгоҳ баромада равед, ки шуморо милисаҳо ҷустуҷӯ доранд. - Шумо аз куҷо медонед? - Ман аз кори онҳо бохабарам. Ҳамаи ин ҷангу занозаниҳо фармудаи онҳост. Аз пушти чунин кор онҳо пул кор мекунанд. - Чӣ хел? - Аз он панҷ нафар ду нафараш милисаю се нафари дигар оворагардҳои шӯрапушт… - Шумо дақиқ медонед… - Ҳа, додарам гуфт, вай онҳоро мешиносад. Онҳо хостанд, ки додарамро ҳам ба гурӯҳи худ кашанд, вай бечора розӣ намешавад, барои ҳамин… Ҳамин вақт чанд милиса ба хобгоҳ даромада омаданд. Моро пешандоз карда ба милисахона бурданд. Ва ба сари Фархунда ҳам таҳдид карданд: - Агар, ягон гап мезанӣ, аз худат гила кун. Дигар додаратро намеёбӣ. Ману Баҳрому Азиз зери азобу шиканҷаи милисаҳо мондем… Вале пас аз чанд соате тағойи Баҳром, ки корманди амният буд, расида омад. Ҳамроҳаш се нафар ҳарбипӯш буд. Пас аз гуфтушунид ва таҳдиду баҳсҳо моро озод карданд. - Шумо, ҳоло, барои ин кори кардаатон дар назди қонун ҷавоб мегӯед, - гуфт тағойи Баҳром ва ба мошинаш моро шинонд. Дигар Фархундаро надидам. Фақат шунидам, ки ин ҷасорату нотарсии ӯ будааст, ки наз-

шом кун, гирд гарду гирд гард…. баъд мебинӣ, ки пир шудаӣ. - Бо туфайли ишқи он духтар шоир шудӣ… Ман ба суханони онҳо гӯё гӯш ҳам намедодам. Рӯзҳо мегузаштанд… Пас аз таътили тобистона аз деҳ ба шаҳр бармегаштам. Шаб буд. Дар назди деҳе мошини мо вайрон шуд. Мошинро тела дода то назди устохонаи сари роҳ бурдем. Баъди хеле вақт устоҳо мошинро таъмир карданд. Нав ба роҳ мебаромадем, ки духтаре бо модараш назди мо омад. - Шумо ба Душанбе меравед? – пурсид модар. - Душанбе равонем, хола, вале ҷой надорем, мошин нав соз шуд, - гуфт ронанда ва сари чамбараки мошин нишаст. - Чӣ хел, як ҷой ҳаст-ку, - овози шинос ва ширин ба гӯшам расид. Дари мошинро кушодаму тез берун шудам ва ба назди модару духтар рафтам… - Салом… - садоям дар гулӯям печид. - Ҳа, Шерафган, ин шумоед, салом, - гуфта Фархунда бо завқ ба наздам омад. Модар хурсанд шуда: - Ана, боз шинос баромадед, писарам, пагоҳ дарси духтарам сар мешавад. Аз саҳар баромадем, ягон мошини холӣ наёфтем. Духтарамро ҳамроҳ гиред. Хайрият, як духтари дигар ҳам бо шумо ҳаст… - Мошин намекашад, хола, о, вайрон гуфтам-ку? - Як илоҷ кунед, писарам, илоҳо барака ёбед, - модар зора мекард. - Хайр майлаш шинед…. Ману вай паҳлӯ ба паҳлӯ нишастем. Аз Фархунда бӯйи хуши қаланфури гардан меомад. Вале ман мехостам ба чашмони ӯ нигарам… Гоҳ-гоҳ нигоҳи мо ба ҳам бармехӯрд. Ӯ табассум мекард. Нигоҳаш шарарпош

буд… - Шуморо дигар надидам… - Ягон кор доштед… - Не, хостам, бубинам… - Агар беҳуда диданӣ бошед, албатта намебинед…. - Охир… - Чӣ охир, ҷӯянда ёбанда. Баъд он мақолаи шуморо дар газет хондам. Хеле хуб навиштаед. Он ҳомиёни ҳуқуқро соз кардед… - Шумо аз куҷо донистед, ки ман навиштам… - О, хаёл мекунед, ки мо гӯлу гарангем, ҳазор тахаллус дошта бошед ҳам аз сабки навиштаатон ҳис мекунам. - Шумо баробари зебо будан доно ҳам будаед. - Шумо ҳам доно… қаламатон бурро…. Духтарони мо дар орзуи шиносоӣ бо шумо. - А… Шумо чӣ… - Ман… - ба рӯям нигариста - ҳеҷ чиз, о, ман шуморо медонам, мешиносам, боз чӣ? Хомӯш мондам. Аз ин тарзи сухангӯйии ӯ қаҳрам омад. - Ҳа, чаро хомӯш мондед, гап занед… - Дигар чӣ гӯям… - Хайр гап надошта бошед, гӯшҳоямон дам мегирад… Шаб афсона мебофт. Вале ман дигар майли шунидани онро надоштам. Роҳ моро пеш мебурд. Ҳар кас ба андешаҳои хеш банд. Вале ман аз сахтгӯиҳо, бо танзгӯиҳои Фархунда дар ҳайрат будам. Худ ба худ мегуфтам: “Ӯ маро хуш надорад, вале дили ман…” Яке сари ӯ ба рӯйи китфам омад. Фархундаро хоб бурда буд. Аз мӯйи қиргунаш бӯйи хуш меомад. Ман дигар ҳуқуқи ҷунбидан надоштам. Оҳиста ба чеҳрааш нигаристам. Пардаи шаб намегузошт, ки равшан ва дилхоҳ бубинам. Яке дохили мошин равшан шуд. Аз пеш мошин меомад. Ман ба чеҳраи сабзинаи Фархунда нигоҳ карда, аз абрӯи ӯсмакашидааш, аз мижгонҳои зебои ба ҳам омадааш чашм намекандам… Дилам тез-тез мезад. Ҳолате маро фаро гирифта буд, ки наметавон онро бо қалам баён кард. Аз қаъри дилам ин нидо бархост: “Эй, Худоҷон, насиби ман бигардон ин паривашро, ин олиҳаи ишқро… Эй, Худоҷон…” Яке сарашро аз китфам бардошт. Ва мӯяшро хост дуруст намояд. Оринҷаш ба рӯям бархӯрд. - Э, мебахшед, - гуфту сӯям нигарист. - Ҳеҷ гап не, мо ба чунин зарбаҳо одат кардагӣ. - Ҳоло шумо зарбаро аз куҷо медонед, ҳама зарба ба як зарбаи ишқ баробар намешавад. - Кадом ишқ? - Ҳамон ишқе ки аз даст меравад, туро аз ғаму дард сиёҳпӯш мекунад… Он вақт эҳсос кардам, ки ӯ тири ишқро хӯрда, сахт шикаст дидааст. Вале аз кӣ? Ӯ дигар хоҳиши суҳбат надошт. Андешаманд буд. Чашмони сиёҳаш ғам доштанд. Мо ба манзили мурод расидем… - Шуморо гусел кунам? - Ташаккур, худро азоб надиҳед. - Охир боратон вазнин… - Ана, додарам омад… Мошине дар назди мо қарор гирифт. Ӯро шинохтам, Ҳабиб. Қаҳрамони ҳамоншаба… - Ако, шумо ҳам шинед, ман мебарам. - Не, хонаи ман наздик. - Шинед, - гуфта дарро кушод… Аз рӯйи дил не мегуфтам. Лекин дилам мегуфт: «Шин, як лаҳза боз чашмони зебои он дилбарро бубин. Шин, охир…». (Давом дорад) Шаҳобиддин ҲАҚНАЗАР


“ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН”, №40 (9570), 04.10.2018

Кишвари ташаббускор Қариб тамоми сарчашмаи оби нӯшокии минтақаҳои Осиёи Марказиро оби дарёҳои Тоҷикистон ташкил медиҳанд. Ин аст, ки Тоҷикистон унвони “Ҷаннати рӯи замин”-ро ба худ гирифтааст. Зеро об дар дарёҳои Тоҷикистон тамоми чаҳор фасли сол ҳамеша равон аст. Тибқи маълумоти Созмони Милали Муттаҳид дар ҳамоиши панҷуми байналмилалии об соли 2009, истеъмоли оби тоза дар давоми 50 соли охир 3 баробар афзудааст.Дар ҷаҳони имрӯза то ҳол технологияи поксозандаи об барои истеҳсоли маҳсулоти озуқа ва ҳамчунин коркарди оби истифодашуда маҳдуд мебошад. Ҳангоми наандешидани чораҳои саривақтӣ то соли 2030 тақрибан зиёда аз 5 миллиард аҳолии сайёра аз оби тоза маҳрум мегарданд. Алҳол дар сайёра наздики 7,5 миллиард одам ба сар мебаранд. Афзоиши солонаи он бошад, 80 миллион нафарро ташкил медиҳад. То соли 2050 аҳолии сайёра қариб ба 10 миллиард мерасад. Афзоиши босуръати аҳолӣ аслан ба кишварҳои пешрафта ва рӯ ба тараққӣ, ки худ аз норасоии об танқисӣ мекашанд рост меояд. Норасоии об дар минтақаҳои биёбон ва нимбиёбони ҷаҳон ба муҳоҷирати босуръати аҳолӣ мусоидат хоҳад кард. Чунин вазъи ногувори норасоии оби ошомиданӣ, ҳатто метавонад сабабгори даргириҳо ва нооромиҳо дар байни давлатҳои сайёра гашта, дар ҷаҳони муосир майдони навбатии рақобати сиёсиро ба миён оварад. Сиёсат ва назариёти Эмомалӣ Раҳмон доир ба масъалаҳои ҳифзи захираҳои оби тоза ва истифодаи оқилонаю сарфакоронаи он дар минтақаи Осиёи Марказӣ ба андешаи хирадмандона асос ёфтааст. Масъалаи норасоии об набояд маншаи фишору низоъ ва ҷудоӣ гардад, балки ҷустуҷӯи роҳҳои ҳалли ин мушкилоти муштараки минтақавӣ бояд кишварҳои Осиёи Марказиро дар тавсеаи ҳамкориву ҳамдастӣ ва ҳусни тафоҳуми байниҳамдигарӣ иродаи бештар бахшад. Масалан, об дар минтақа ва ҷаҳон аз ҷумлаи масъалаҳои доғи рӯз аст, ки бо иқдомҳои дастаҷамъона дар заминаи эътимоду боварӣ ва риояти ҳусни ҳамҷавориву ҳамкорӣ бояд ҳаллу фасли худро пайдо намояд. Аз ин лиҳоз ҳанӯз моҳи сентябри соли 1999 дар иҷлосияи 54-уми маҷмааи умумии СММ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон изҳор намуд, ки вақти он расидааст, то “таваҷҷӯҳи ҷомеаи ҷаҳон ба проблемаҳои оби тоза ва масъалаҳои ба он вобаста ҷалб карда шавад.” Аз ин лиҳоз Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон худ ташаббускори аввалин ин иқдом шуда, чаҳор ташаббуси байналмилалиро оид ба ҳалли масоили об пешниҳод намуд, ки аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳамаҷониба дастгирӣ ёфтааст. Дар ҳаққиқат Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз рӯзҳои аввали ба сари ҳокимият омадан ҳамеша кӯшишу ғайрати онро дорад, ки Тоҷикистонро ба ҷаҳониён ҳамчун давлати ташаббускор, миллати таъриху фарҳанги ғанидошта ва пайрави арзишҳои инсонӣ муаррифӣ намояд. Ин аст, ки имрӯз ҷомеаи ҷаҳонӣ Тоҷикистонро ҳамчун давлати ташаббускор ва миллати тоҷикро бошад, ҳамчун миллати башардӯст эътироф ва эҳтиром менамоянд. Исфандиёр БАДАЛОВ, омӯзгори кафедраи таърих ҳуқуқ ва сиёсатшиносии ДДК ба номи А. Рӯдакӣ

15

НАВҚАЛАМ

Дар бораи ҷонфидоиву ҷоннисориҳои фарзанди фарзонаи миллати тоҷик, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳри таҳкими Истиқлолияти давлатӣ, Ваҳдати миллӣ, хуррамгардонию гулгулшукуфоӣ, созандагиву бунёдкорӣ ғамхорию раҳнамоӣ агар чанде гӯем боз ҳам кам аст.

Ӯ ҷоннисори миллат аст Дар солҳои 90-уми асри гузашта, кишвари мо – Тоҷикистони азизро душманони миллат тавассути ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ мехостанд, ба пораҳо тақсим намуда, ёдгориҳои таърихӣ, осори пурғановати миллати фарҳангсолор, асолат ва рисолати фарҳангу забон ва расму оини миллии моро аз байн баранд ва давлати тоҷиконро аз харитаи сиёсии ҷаҳон нест намуда, номи миллати тоҷикро аз китоби таърихи башарият нопадид созанд. Дар ин марҳилаи ниҳоят мураккаб барои миллати тоҷик фарзанди фарзонаи миллат ба сари қудрат нишаст ва гуфт, ки “ман барои шумо сулҳ меорам”. Президенти маҳбуби халқи тоҷик муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар як муддати кӯтоҳ бо тадбирҳои оқилона, одилона, орифона ва сиёсати хирадмандонаи хеш тавонистанд оташи ҷангро дар Ватан хомӯш намуда, миллионҳо гурезаро ба хонаҳои хеш баргардонад ва ба ваъдаи додаи худ вафо намояд. Тамоми тадбирҳоро роҳандозӣ намуда, фазои оромиву осудагӣ, тинҷию амонӣ ва сулҳи деринтизори миллати тоҷикро ба халқи тоҷик ҳадя намуданд. Ин ҳама дастовардҳову комёбиҳои Пешвои миллат ба ин замина гузошт, ки халқи шарифи Тоҷикистон хизматҳову ҷонисориҳо, талошу заҳматҳои ин фарзанди фарзонаро дида, ӯро ҳамчун Пешвои худ дар қалбҳояшон ҷой диҳанд. Пешвои миллат ҳамасола бо мақсади аз наздик шинос шудан ба ваъзи зиндагии мардум ва шунидани арзу

дархости шаҳрвандони Тоҷикистон ба минтақаҳои гуногуни кишвар сафар намуда, дархосту пешниҳод ва нияту орзуҳои садҳо ҳазор нафар шаҳрвандонро амалӣ менамоянд. Ҳар як дархосту пешниҳоди ҷомеаро бо диққат гӯш карда, ҷиҳати иҷрои он ба тамоми масъулин дастур медиҳанд ва хушбахтиовар он аст, ки масъалаи мазкурро зери таваҷуҳи доимии хеш мегирад. Ин ҳама ғамхориву таваҷҷуҳи Пешвои миллат ба ҷавонону наврасон, ятимону бепарасторон, қишри калонсоли ҷомеа ба он оварда расонид, ки мардум ҳар чи бештар ӯро дӯст доранд, дар қалбҳои хеш ҷой диҳанд ва сиёсати пешгирифтаи ӯро якдилона ҷонибдорӣ намоянд. Дар ин давра Пешвои миллат ба дурдастарин минтақаҳои кишвар сафар намуда, бо халқи хеш, бо мардуми саодатманди миллати тоҷик суҳбату мулоқотҳо намуда, арзу шикоятҳо ва норасоиву камбудиҳои онҳоро шунида, ҷиҳати бартараф кардани онҳо чораҳои муассир андешанд. Сафари охирини Президенти ҷумҳурӣ ба ноҳияи Мурғоби Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон бори дигар нишон дод, ки ӯ ҳамчун Пешвои миллат рисолати худро дар назди халқ иҷро намуда, барои халқ омодааст, ҷони хешро нисор намояд. Тавре сомонаи расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон менависад: “Субҳи рӯзи 13-уми сентябр дар рӯзи сеюми сафари корӣ дар шаҳру ноҳияҳои Вилояти Мухтори Кӯ ҳистони Бадахшон Асосгузори сулҳу ваҳдати

миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади шиносоӣ бо вазъи зиндагии сокинон, иштирок дар расми мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани як қатор иншооти ҳаётан муҳим ва суҳбату мулоқот бо аҳолии ноҳияи Мурғоб бо сафари корӣ ба ин ноҳияи дурдасттарину баландкӯҳ ташриф оварданд. Мавриди зикр аст, ки аз субҳи содиқ ҳаво дар ҳудуди Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон якбора тағйир ёфта, дар шаҳри Хоруғ борон ва дар ноҳияи Мурғоб барфи шадид борид”. Ба ин хатару таҳдидҳо нигоҳ накарда Пешвои миллат ба ҳайати сарнишинони чархбол супориш медиҳанд, ки “новобаста аз вазъи иқлим ман бояд ба назди халқ равам”. Ин ҷасорати Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бори дигар собит сохт, ки ӯ аз миёни халқ бархостааст ва барои халқ ба сари қудрат омадааст. Ӯ дар миёни халқ маҳбубияти зиёде дорад ва муҳаббати мардум ба Пешвои миллат рӯз то рӯз зиёд гардида истодааст. Самимияти халқро нисбати Пешвои худ ҳеҷ касе, ҳеҷ нерӯе ва ҳеҷ гурӯҳе наметавонад, коста намояд, зеро ӯ ҷоннисори миллат асту марҳами дардҳои миллат. Каримҷон САЛИМЗОДА, мутахассиси пешбари Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Роғун: Сайёҳӣ рушд мекунад Шаҳри Роғун бо осори таърихӣ, манзараҳои зебои табиат, обҳои софу сарди рӯдҳои аз дараҳо ҷоришаванда ва чашмаҳои поку зулол, ҷангалзори дарахтони гуногуни мевадори доманаи кӯҳҳои сарбафалаккашида, боғоти меваҳои шаҳдогин, гиёҳҳои шифобахш, боду ҳавои форам ба рушди сайёҳӣ мувофиқ ва созгор аст. Шаҳр 100 километр дуртар аз пойтахти кишвар ҷойгир буда, дар баландии 21502 метр аз сатҳи баҳр чойгир аст. Дар шаҳри Роғун як меҳмонхона, 6 осоишгоҳ, 4 тарабхонаи ба талаботҳои замони муосир ҷавобгӯ буда, барои сайёҳони дохиливу хориҷӣ хизмат менамоянд. Дар даромадгоҳи шаҳр боғи фарҳангии “Нақб” арзи вуҷуд дорад, ки бо тарҳи хело ҷолиб сохта шудааст. Он сарсабзу хуррам буда, дорои шаршара, ҳавз ва ҷойҳои намоишӣ аст. Он рамзи шаҳри нурофар будани Роғунро ифода менамояд. Таваҷҷуҳи сайёҳон ва меҳмонони дохилию хориҷиро пеш аз ҳама иншооти азими аср - Нерӯгоҳи барқи обии Роғун, шаҳраки Оби гарм ва мавзеи Муллошайх, ки дорои обҳои гарми табиии шифобахш мебошанд, ҷалб месозад. Обҳои мазкур барои бемориҳои ревматизм, пӯст, гирифтагии кӯҳна ва дигар намуди бемориҳо хоситяи шифоӣ доранд, ки ин ҷиҳати рушди сайёҳии муолиҷавӣ нақши созгор гузошта метавонанд. Дараи Гули сурх, дорои кӯҳҳои баланд, харсангҳои калон, чашмаҳои софу зулол ва дарёчаҳои зиёд мебошад, ки дар фасли тобистон бо задани хаймаҳои муваққатӣ барои истироҳати меҳмонони ба ин мавзеъ меомада, пешбинӣ шудааст. Инчунин, дар дарёчаҳо гулмоҳиҳо шино карда мегарданд, ки ба табиати зебои ин манзара ҳусн зам менамоянд. Дараи Хоҷхарф дар иҳотаи кӯҳҳои осмонбӯс ҷойгир буда, дорои обҳои мусаффо, ҷангалзорҳо ва ҳайвоноти ваҳшии гуногун мебошад. Дара дар шафати ҷанубии Нерӯгоҳи барқи обии Роғун ҷойгир мебошад.

Ба андешаи мутахассисон, кӯҳи Яхдон имрӯз низ байни сайёҳон бениҳоят маъруф аст. Бойгарии кӯҳи Яхдонро бошад, кӯлҳо ташкил медиҳанд. Кӯлҳои хурду бузург, камобу серобу афсонавӣ ва гумшуда дар тангноҳои жарф. Ҳар сол ҳазорҳо дӯстдорони табиат ба тамошои муъҷизаи кӯҳи Яхдон омада аз ин манзара дидан мекунанд. Мавзеъҳое, ки барои ҷалби сайёҳон мувофиқ мебошанд, ин Хазинаи Акаҷонбой, дар нуқтаи баландатарини кӯҳи Оқтош ҷойгир буда, марбут ба асрҳои 14 15 мебошад. Бо ташаббуси бунёдкоронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон эълон гардидани соли 2018 “Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” дар шаҳри Роғун 13 дукон барои табақтарошӣ, заргарӣ, бофандагӣ, дутортарошӣ, сартарошхона, дӯзандагӣ, тоқидӯзӣ ва ғайраҳо таъсис дода шуд, ки қисме аз мардум ба ҷои кор таъмин шудаанд. Дуконҳои кушодашуда бешубҳа ба бунёди инфрасохтори сайёҳӣ, пазироии ҳарчи бештари сайёҳон, эҳё ва рушди ҳунарҳои мардумӣ, ба шуғли самаранок фаро гирифтани шаҳрвандон ва баланд гардидани сатҳи зиндагии онҳо мусоидат мекунанд. Оянда дар назар аст, ки дар даромадгоҳи шаҳр харитаи мавзеъҳои сайёҳии шаҳри Роғун насб шавад ва дар он ҷойҳои таърихиву сайёҳӣ ва меҳмонхонаҳо ишора хоҳад шуд. Сокинони шаҳри Роғун дар қабули сайёҳони дохиливу хориҷӣ ва эҳёву густариши ҳунарҳои мардумӣ ва ба ин васила баланд бардоштани сатҳи зиндагии хеш саҳми муносиб мегузоранд. Зикрулло РАҶАБОВ, донишҷӯи факултети журналистикаи ДМТ


16

“ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН”, №40 (9570), 04.10.2018

ФАРОҒАТИ ҶАВОНОН

Сеҳри хома АМАЛИ МЕҲРОБ АЗИМОВ, “ҶТ”

√ АНДАРЗ

Бародарон

Бародарон дар фермаи оилавӣ кор мекарданд. Бародари калонӣ оиладор, соҳиби фарзандони бисёр, бародари хурдӣ муҷаррад буд. Дар охири ҳар рӯз бародарон фоидаи ёфтаашонро баробар тақсим менамуданд. Рӯзе бародари муҷаррад ба худ андешид: «Фоидаро баробар тақсим намудани мо аз рӯи инсоф нест. Бародарам соҳиби фарзанд, масрафаш ҳам зиёд. Ман танҳоям, мувофиқи ин эҳтиёҷи ман чандон калон нест». Пас шабона аз анбори худ як ҷувол гандумро гирифта, оҳиста ба анбори бародараш бурда рехт. Пасон ин кор барояш чун одат шуд. Пайвваста аз гандуми худаш ги-

рифта, ба анбори бародараш рехта меомад. Акааш ба таври худ андеша кард: “Фоидаро баробар тақсим намуданамон, аз афташ дуруст нест. Ман оила, ҳамсар ва фарзандҳо дорам. Онҳо дар пириям ба ман ғамхорӣ менамоянд. Бародарам бошад, танҳост. Дар оянда кӣ ғами ӯро мехӯрад?” Бо чунин андешаҳо бародари калонӣ ҳар шаб аз анбори худаш миқдоре гандум гирифта, ба анбори бародари хурдӣ мерехт. Бо гузашти солҳо бародарон аз ҳеҷ кам нашудани гандуми анборҳояшон ҳайрон мешуданд. Шабе онҳо дар анбор бо ҳам дучор омада, ҳамаашро фаҳмиданд. Ҷуволҳоро партофта, ҳамдигарро ба оғӯш гирифтанд... Таҳияи Муҳаммадраҷаб БЕРДИЁРОВ

Духтарак ва модари бемори ӯ

ЭМОМАЛӢ РАҲМОН

√ САЙҚАЛИ

АНДЕША

Ҳангоми ишқварзӣ ғаму шодӣ мусобиқа мекунанд. ******** Аз маргу ишқ ҳеҷ кас пинҳон намемонад. ******** Инсон чӣ қадар пайвандонашро аз даст дода бошад, ҳамон қадар бо марг рӯ ба рӯ мешавад. ******** Зери гиряи меросхӯр, аксаран хандаҳои хушҳолонае пинҳон аст. ******** Гар падар хуб аст дӯсташ дор, гар бад аст таҳаммулаш кун. ******** Тобеи вазъият будан айб нест. ******** Дигаронро ҳар лаҳза бибахшу худро ҳеҷ гоҳ. ******** Дар бадбахтӣ таъна шунидан вазнинтар аз худи бадбахтист. ******** Аз касе қасос гирифтан, ранҷишҳоро нодида гирифтан беҳтар аст. ******** Хидматҳои дигарон барои ту кардаро фаромӯш накуну хидматҳои барои дигарон кардаатро фаромӯш кун. ******** Ҳеҷ гоҳ таҳаммул ин қадар ба манфиат нест, ба ҷуз ҳангоми ғазаб. ******** Ризоият ҳатто заифро тақвият мебахшад. ******** Сабр метавонад ба шавқ табдил ёбад. Публилий Сир

Рӯзнома таҳти рақами 0120/рз аз 22 сентябри соли 2014 дар Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон сабти ном шудааст. Нишонӣ: 734018, шаҳри Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ-16, ошёнаи 1

И.В.САРМУҲАРРИР Шодихони НАЗАР

Имсол дар моҳи апрел ҳаво чанд рӯз гарм буд. Пасон рӯзҳои боронӣ оғоз ёфт. Якбора тағйир ёфтани ҳаво ба саломатии одамон беасар намонд. Бисёриҳо зуком шуданд. Ман ҳам аз дасти зуком ранҷ мекашидам. Як бегоҳ барои дору харидан дорухона омадам. Одами зиёде навбат мепоид. Ман ҳам берун аз дар навбати худро интизор будам. Ин дам духтараки тахминан нуҳ ё даҳсолае шитобон ба дари дорухона омад. Пеши дар нохост пояш суст шуд, магар ки афтоду зонуяш харош хӯрд. Аз шиддати дард абрӯвонаш ба ҳам ҷафс шуда, дар пешониаш чин падид омад. Ӯ чашмонашро чанд сония пӯшиду сипас башаст вориди дорухона шуд. - Ҳа, духтари акаи Носир, чи гап? – ҳаяҷону шитоби ӯро дида пурсид доруфурӯш. - Доруи очаам тамом шудаст, акаи Давлат...

- Соати чанд бояд дору хӯрад? - Соати 6. Доруфурӯш ба соати бари девор нигоҳ афканд: 17:54. Чанд муштарии дигар ҳам ба соатҳои телефонашон назар карданд. Доруфурӯш ҷониби муштариёни интизори навбат нигарист. Гуё бо нигоҳаш мегуфт розӣ мешавед, ки аввал доруи кӯдакро диҳам. Онҳо ҳам фаҳмидагӣ барин бо ишораи сар розигӣ доданд. Зуд доруеро ба халтача гузошта ба дасти духтар дод ва гуфт: - Мана, хоҳарҷон, Худо шифо диҳад... Сипас ба дафтаре, ки рӯи пештахта меистод чизеро қайд кард... Духтарак ба доруфурӯш, ки ба вай доруро насия дода буд, миннатдорӣ карда, ҳамчуноне, ки бошитоб омада буд, аз дорухона берун шуд. - Ин духтарча, чунон башаст омад, ки аз саросемагӣ назди дар афтида

Башир УСМОН, “ҶТ”

√ ОБУНА-2019

Бо “Ҷавонони Тоҷикистон” ҳамеша ҷавон мемонед! Обуна ба рӯзномаи “Ҷавонони Тоҷикистон” барои соли 2019 оғоз шуд. Нархи обуна аз тариқи идораи рӯзнома барои як сол 115 сомонӣ муқаррар шудааст. Ин арзиш бо назардошти бурда расондан ба нақша гирифта шудааст. Шумо обуна шавед, мо сари вақт рӯзномаро мерасонем. Инчунин, Шумо ба воситаи шуъбаҳои алоқаи шаҳру ноҳияҳо метавонед ба ягона рӯзномаи ҷавонон обуна шавед.

Суратҳисоби бонкии рӯзнома: с/ҳ №20202972500232101000, ҳ/х 20402972316264, РМА 030000301, РМБ 350101626 Бонки давлатии амонатгузории Тоҷикистон “Амонатбонк”. Индекси обуна 68857.

√ ЭЪЛОН

Шиносномаи Абдураҳимов Ҷаҳонгир Аъзамхонович, ки 13 декабри соли 2012 аз ҷониби ШВКД-и ноҳияи Синои шаҳри Душанбе дода шудааст, эътибор надорад.

ҲАЙАТИ МУШОВАРА:

Абдуҷаббор РАҲМОНЗОДА (Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа), Нуриддин САИД (вазири маориф ва илми Тоҷикистон), Аҳтам АБДУЛЛОЗОДА (раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон).

ҲАЙАТИ ЭҶОДӢ:

бошад ҳам, маътал нашуд, – ҳини навбатам омадан пас, пурсидам аз доруфурӯш. - Ҳа-аа, – мад кашида гуфт доруфурӯш. - Модараш бемори қанд аст. Якуним ё ду моҳ пеш падараш Русия мардикорӣ рафт. Ҳамин як фарзанд доранд. Ин духтаракро ҳам бо даводави зиёд нигоҳ дошта тавонистанд. Чанд фарзанди аввалаашон фавтидааст. Ҳеҷ ёдам намеравад, ки барои табобати ин духтарча падару модараш пул наёфтанд. Модар ангуштаринҳояшро фурӯхт ва барои раҳонидани ҷони духтарчааш доруву дармон харид. Кори Худоро бин, имрӯз ин духтарча барои модар дору мебарад. Доруҳоямро гирифта ман аз дорухона берун омадам. Дар гӯшам ҳарфҳои доруфурӯш такрор меёфту пеши назарам бо ҳам ҷафс шудани абрӯвони духтарча, ки баробари ба замин бархӯрданаш пайдо шуданд, намоён буд...

Маҳмудҷон УСМОНОВ (муҳаррир), Толибшоҳи ДАВЛАТ (котиби масъул), ШАҲЛО ЭШОНОВА (муҳаррири шуъбаи иқтисод ва иҷтимоъ), Хуршед МАВЛОНОВ (муҳаррири шуъбаи иттилоот ва сиёсат), Беҳрӯз ХОЛМУРОДОВ (муҳаррири шуъбаи ҳаёти ҷавонон), Нуруллоҳи ОРИФ, Хуршед ХОВАРӢ, Шаҳбози АСОМИДДИН, Меҳрубон ИМОМОВА, Муниса ДОДОВА, (хабарнигорон), Шеравган ХУРСАНҚУЛОВ (саҳифабанд), Меҳроб АЗИМОВ (рассом), Машҳур ИМОМНАЗАРОВ (хабарнигор, ВМКБ), Шодмон НУРМАТОВ (хабарнигор, вилояти Суғд) Фирӯз АБДУРАҲМОНОВ (хабарнигор, вилояти Хатлон).

Ба хотири чандандешӣ матолибе низ ба табъ мерасанд, ки хилофи назари ҳайати эҷодист. Дурустии арқому далелҳо бар дӯши муаллифон аст.

Ҳангоми таҳияи хабарҳо аз матолиби интернет низ истифода шудааст.

Индекси обуна: 68857

Тел: 908 85-85-93, 238-54-14, 238-51-09, 238-53-03

Ҳафтанома дар КТН «Шарқи озод» (хиёбони Саъдии Шерозӣ-16) бо теъдоди 3972 нусха ба нашр расид.

Ҳисоби бонкӣ: с/ҳ №20202972500232101000, ҳ/х 20402972316264, РМА030000301, РМБ350101626. БДА Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк»


Turn static files into dynamic content formats.

Create a flipbook
Issuu converts static files into: digital portfolios, online yearbooks, online catalogs, digital photo albums and more. Sign up and create your flipbook.