ЧТ , “ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН”, №41 (9571), 11.10.2018
javonon.tj
1
НАШРИЯИ КУМИТАИ КОР БО ҶАВОНОН ВА ВАРЗИШИ НАЗДИ ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
АВОНОНИ ОҶИКИСТОН
Дастоварди мо аз дастгириҳои Пешвои миллат аст
№41 (9571), 11/10/2018
e-mail: javonontj@mail.ru
Изҳори сипоси Рустами Эмомалӣ ба мунтахаби наврасони кишвар саҳифаи 4 Давлат ва соҳибкорон шарикони рушди иқтисод саҳифаи
Гуле дар боғи дониш саҳифаи
Ғолибони VI Ҷоми Президенти Тоҷикистон оид ба дзюдо
саҳифаи
Маориф пояи устувори давлат аст
саҳифаи
Тоҷикистон – макони биҳиштӣ
Мо дар замоне зиндагӣ мекунем, ки давраи ҷаҳонишавӣ номгузорӣ шуда, сиёсати печутобёфта, мураккаб ва фитнаангез дорад. Барои тасдиқи ин назар, метавонем давлатҳои Либия, Яман, Сурия, Ироқ ва ғайраро мисол оварем. Ин давлатҳо дар амн ва рушд буданд, вале дар як муддати кӯтоҳ онҳо ба як кишварҳои ҷангзадаю қафомонда табдил ёфтанд. Сабаби ин ҳама бадбахтиҳо инқилобҳои ба ном «рангоранг» аст, ки ба сари ин мардумҳои бечора бо таври сунъӣ оварда шудаанд. Бешубҳа мавҷуд будани созмонҳои пинҳонкор ва сиёсатҳои пасипардагии давлатҳои абарқудрат, ки ин ҳама барномаҳоро тарҳрезӣ мекунанд, муҷиби ташвиши як қатор давлатҳои дигар гаштааст. Зеро онҳоро нигарон кардааст, ки мабодо дар сарзаминҳои онҳо низ чунин инқилобҳо авҷ гиранд, зеро ҳеҷ давлат аз ин эмин нест. Маҳз давлатҳои нави ҷавон ва на бо он қадар иқтисоди пурқувват ва иқтидори лашкар, аз ҷумла кишвари мо. Аз сабаби омилҳои сиёсӣ ва дигар боигариҳои табиӣ Тоҷикистон ҳам дар зери хатари чунин «сенария»-ҳо гирифтор шудааст. Дар зумраи чунин барномаҳо Тоҷикистон яке аз аввалинҳо, ҳанӯз солҳои навадум, пас аз пош хӯрдани Иттиҳоди Шӯравӣ ҷойгир шуда буд. Натиҷаааш бошад, ҷанги шаҳрвандӣ гардид.
саҳифаи
5
6
8
10
15
2 8 октябри соли 2018 дар назди Қасри миллат маросими расмии истиқболи Президенти Ҷумҳурии Ҳиндустон Шри Рам Натҳ Ковинд, ки 7 октябр бо сафари давлатӣ ба Тоҷикистон ташриф оварданд, баргузор гардид. Ба ифтихори пазироии меҳмони олиқадр майдони Қасри миллат идона ороста шуда, парчамҳои давлатии Тоҷикистону Ҳиндустон партавафшонӣ дошт. Горди фахрии президентӣ ва оркестр саф ороста буд. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Президенти Ҷумҳурии Ҳиндустон муҳтарам Шри Рам Натҳ Ковиндро гарму самимӣ истиқбол гирифта, бо болои шоҳсуфаи фахрӣ даъват карданд. Баъди гузориши фармондеҳи горди фахрӣ сурудҳои миллии ҳар ду давлат садо дод. Сарони давлатҳо аз назди сарбозон гузашта, ба парчами давлатии Тоҷикистон эҳтиром ба ҷо оварданд. Маросими истиқболи расмӣ баъди шиносоии сарони давлатҳо бо ҳайатҳои расмии кишварҳо ва гузашти низомии сарбозон анҷом ёфт. ИЗҲОРОТИ МУШТАРАК АЗ НАТИҶАИ САФАР Бо даъвати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон 7-9 октябри соли 2018 сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Ҳиндустон Шри Рам Натҳ Ковинд ба Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид. Зимни сафари мазкур Президенти Ҷумҳурии Ҳиндустон Шри Рам Натҳ Ковинд ва Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар сиғаҳои хосса ва васеъ мулоқот анҷом доданд. Инчунин, Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров ва Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода бо Президенти Ҳиндустон мулоқот карданд. 2. Дар мулоқоти хоссаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Президенти Ҷумҳурии Ҳиндустон ва музокироти васеи ҳайатҳо таҳти роҳбарии Президентҳои ҳарду кишварҳо масоили ҳамкориҳои дуҷониба, минтақавӣ ва байналмилалӣ дар фазои ҳусни тафоҳум ва эътимод, ки ба муносибатҳои ду кишвари дӯст хос ҳастанд, баррасӣ гардиданд. 3. Ду Роҳбар ба робитаҳои амиқи байни ду кишвар, ки дар асоси арзишҳои муштараки инсондӯстӣ, таъриху забон, одобу русум ва санъату фарҳанг асос ёфтаанд, ишора намуданд. Онҳо аз табодули афкори мунтазам дар сатҳи баланд, ҳусни тафоҳум ва эътимоди байниҳамдигарӣ миёни ду ҷумҳурӣ дар тӯли бисту шаш соли истиқрори муносибатҳои дипломатӣ ибрози қаноатмандӣ намуданд. Роҳбарони ду кишвар тааҳҳуди худро ҷиҳати боз ҳам густариш ва тақвият додани ҳамкории стратегӣ барои таъмини сулҳу субот, рушду рифоҳи иқтисодии ду кишвар ва минтақа таъкид доштанд. 4. Ду Роҳбар ҳамаи абзорҳо ва сиғаҳои мавҷудаи дуҷониба, аз ҷумла машваратҳои сиёсӣ, Комиссияи муштараки байниҳукуматии ҳамкориҳои иқтисодӣ, Гурӯҳи кории муштарак оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи мудофиа, Машваратҳо байни Шӯроҳои амният ва Гурӯҳи кории муштарак оид ба мубориза бо терроризмро ҷиҳати татбиқи
ҲАФТАИ ПРЕЗИДЕНТ Сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Ҳиндустон Шри Рам Натҳ Ковинд ба Тоҷикистон саривақтии созишномаҳои дуҷониба, қарорҳо ва барномаҳои мувофиқашуда муҳим арзёбӣ карданд. 5. Бо ишора ба афзоиши таҳдиди терроризм, бунёдгароии динӣ, экстремизму ифротгароӣ ба сулҳу амнияти минтақавию ҷаҳонӣ, ду Роҳбар ҳамкорӣ дар маҳви терроризм дар ҳама шаклҳо ва зуҳуротро таъкид намуданд. Онҳо сарпарастиву дастгирии молиявӣ ва таъмини паногоҳҳо ба террористон дар ҳар гӯшаву канори ҷаҳонро маҳкум намуданд. Онҳо ба қабули ҳарчи зудтари “Конвенсияи ҷомеъ оид ба терроризми байналмилалӣ”-и Ассамблеяи Генералии Созмони Милали Муттаҳид даъват намуда, ба зарурати таҳкими ҳамкориҳои дуҷониба ва бисёрҷониба дар мубориза бар зидди терроризм, экстремизм ва ифротгароӣ таъкид карданд. Дар ин росто, ду Роҳбар зарурати ҳамкориҳои зич байни Шӯроҳои амният ва ниҳодҳои амниятии ду кишварро қайд намуданд. 6. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ишора ба мероси Ҳиндустон ҳамчун сарзамини дорои дину забон ва фарҳангҳои сершумори гуногун ва арзишҳои демократӣ, талошҳои Ҳиндустонро дар самти мубориза бо экстремизму ифротгароӣ баланд арзёбӣ кард. Президенти Ҷумҳурии Ҳиндустон дастовардҳои таърихии Тоҷикистонро дар пешгирӣ аз густариши экстремизму ифротгароӣ дар қаламрави худ ва минтақа, инчунин таъмини сулҳу субот таъкид намуда, давлатдории дунявӣ ва ҳаёти мутамаддинро ҷузъи фарҳанги ғании мардуми тоҷик донист. 7. Ду Роҳбар бо таваҷҷуҳ ба баҳсҳои муфиди ҷаласаи Гурӯҳи кории муштарак дар соҳаи мудофиа дар таърихи 26 июли соли 2018 ба зарурати ҳамкории дуҷонибаи дарозмуддат барои таъмини сулҳу субот дар минтақа таъкид намуданд. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз кӯмакҳои Ҳиндустон дар тавсеаи зерсохторҳо дар соҳаи амнияту мудофиа ибрози сипос кард ва аз ҳамкорӣ дар фароҳам овардани заминаҳо ҷиҳати муқовимату мубориза бо хатару таҳдидҳои муосир истиқбол намуд. 8. Ду Роҳбар бо ишора ба афзоиши умумии табодули тиҷорати дуҷониба дар соли 2017 ишора намуда, таъкид карданд, ки сатҳи гардиши мол, сармоягузорӣ ва фаъолиятҳои иқтисодӣ бо дарназардошти иқтидору арзишҳои рушди иқтисодии ду кишвар қаноатбахш нест. Онҳо хостори тақвияти ҳамкориҳои иқтисодию тиҷоратӣ ва ҳалли мушкилоти мавҷуда дар самти тиҷорати дуҷониба ва сармоягузорӣ шуданд. Онҳо фаъолияти самараноки Комиссияи муштараки ҳамкориҳои тиҷоратӣ, иқтисодӣ, илмӣ ва техникӣ ва Палатаҳои савдо ва саноати Тоҷикистону Ҳиндустонро хуб арзёбӣ намуданд. Онҳо иштироки тоҷирону коршиносони тоҷикро дар теъдоди зиёди намоишгоҳҳо дар Ҳиндустон ва сафарҳои ҳайатҳои тиҷоративу касбии ҳиндустониро ба
Тоҷикистон дар солҳои 2016-2018 қайд карданд. 9. Бо таваҷҷуҳ ба зарурати робитаҳои нақлиётии муносиб ҷиҳати дастёбии комил ба вусъати тиҷорат ва иқтидори иқтисодӣ, Роҳбарон дар мавриди ҳамкории муштарак бо шарикони минтақавӣ ҷиҳати эҷоди механизмҳои лозимаи нақлиётӣ дар асоси меъёрҳои байналмилалӣ, аз ҷумла эҳтиром ба мустақилият ва якпорчагӣ ба мувофиқа расиданд. Дар ин робита, ду Роҳбар ба аҳамияти талошҳои минтақавӣ барои тавсеаи транзит ва долонҳои нақлиётӣ, ки дар рушди пайвастшавӣ байни Осиёи Марказӣ ва Ҳиндустон мусоидат менамоянд, таъкид намуданд. Роҳбарони ҳар ду кишвар омодагии худро баҳри тавсеаи масири байналмилалии нақлиётии коридори Шимол-Ҷануб, ки барои сарфаи вақт ва хароҷоти интиқоли маҳсулот байни Ҳиндустон, кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил мусоидат мекунад, эълом карданд. 10. Ду Роҳбар ба зарурати афзоиши парвозҳо байни Тоҷикистон ва Ҳиндустон таъкид намуданд. Президенти Тоҷикистон бо изҳори миннатдорӣ аз ҳаққи озодии панҷум, ки мақомоти Ҳиндустон ба ширкатҳои ҳавопаймоии Тоҷикистон пешкаш кардааст, хостори кӯшишҳои бештар ҷиҳати мусоидат ба афзоиши парвозҳои мунтазам аз ҳар ду ҷониб гардид. 11. Бо дарназардошти зарфиятҳои мавҷуда, ҳар ду Роҳбар ба сармоягузории мутақобилан судманд дар соҳаҳои саноат ва кишоварзӣ даъват намуданд. Роҳбарон таъсиси Шӯрои муштараки соҳибкоронро ҷиҳати таҳқиқ ва истифодаи имконотҳои мавҷуда барои рушди тиҷорат ва сармоягузорӣ дар соҳаҳои мухталиф, аз ҷумла технологияҳои иттилоотӣ, таҷҳизоти электронӣ, дорусозӣ ва биотехнология, нассоҷӣ, абрешим ва маҳсулоти чармин, саноати кӯҳӣ, гидроэнергетика ва энергияи таҷдидшаванда ташвиқ намуданд. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон сармоягузорони ҳиндустониро барои сармоягузорӣ дар минтақаҳои озоди иқтисодии Тоҷикистон даъват намуд. 12. Роҳбарон афзоиши иртиботи мардум ва табодули фарҳангию омӯзиширо қаноатбахш хонданд. Президенти Ҳиндустон пойбандӣ ба ӯҳдадориҳои Ҳиндустонро ҷиҳати тавсеаи манобеъи инсонӣ ва зарфиятсозӣ аз тариқи Барномаи ҳамкории технологӣ ва иқтисодии Ҳиндустон (ITEC), бурсияҳои донишгоҳӣ дар доираи Шӯрои муносибатҳои фарҳангии Ҳиндустон ва дигар барномаҳои омӯзишиву таҳсилӣ таъкид намуд. Ҳар ду Роҳбар ба муштаракоти фарҳангии байни ду кишвар ишора намуда, аз аҳамияти барномаҳои омӯзишӣ дар доираи Барномаи табодули фарҳангӣ (CEP) барои солҳои 2016-2018 ва чорабиниҳои дигар ёдовар шуданд. 13. Ду Роҳбар ҷиҳати татбиқи лоиҳаҳои муштарак дар соҳаи истифодаи сулҳомези технологияи кайҳонӣ
ба мувофиқа расиданд. Дар ин робита, ҷониби Ҳиндустон омодагии худро ҷиҳати пешниҳоди кумакҳои омӯзишӣ ва техникӣ ба Тоҷикистон изҳор намуд. 14. Ду Роҳбар ҷиҳати тақвияти ҳамкориҳо дар соҳаҳои илму технология, аз ҷумла технологияи иттилоотиву лазерӣ, энергияи офтобӣ ва автоматикунонии саноатӣ даъват намуданд. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз омодагии Ҳиндустон ҷиҳати татбиқи лоиҳаҳои офтобӣ дар Тоҷикистон изҳори сипос намуд. 15. Ду Роҳбар ба мувофиқа расиданд, ки пос доштани хотираи шоири бузурги тоҷик, Қаҳрамони Тоҷикистон Мирзо Турсунзода, ки фасеҳона дар бораи Ҳиндустон навишта, равобити дӯстонаи мардуми Тоҷикистону Ҳиндустонро тавсиф кардааст, дар таҳкими робитаҳои фарҳангии ду кишвар саҳм мегузорад. 16. Ду Роҳбар бо ибрози алоқамандии муштарак ба таҳкими сулҳу субот дар Афғонистон, ҷонибдории худро ба раванди сулҳ ва мусолеҳа бо иштироки қавмиятҳои Афғонистон таҳти раҳбарӣ, идора ва назорати мардуми он таъкид варзиданд. Онҳо аз вазъи амниятӣ дар Афғонистон ва сатҳи баланди хушунат аз тарафи тамоми гурӯҳҳои террористӣ изҳори нигаронӣ карданд. Тоҷикистону Ҳиндустон ҳамкориҳои дуҷонибаву бисёрҷонибаро ҷиҳати мусоидат ба сулҳу субот дар Афғонистон идома хоҳанд дод. Президенти Тоҷикистон нақши мусбии Ҳиндустонро дар кӯмакҳои муассир ба Афғонистон, аз ҷумла сохтмони инфрасохтори иҷтимоиву иқтисодӣ, муассисаҳои идоракунӣ, рушди захираҳои инсонӣ ва чораҳои эътимод баланд арзёбӣ кард. 17. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Президенти Ҷумҳурии Ҳиндустон иштироки фаъоли Ҳиндустонро дар Созмони Ҳамкориии Шанхай (СҲШ) ба ҳайси узви комилҳуқуқ баланд арзёбӣ карданд. Роҳбарони ҳар ду кишвар бо ишора ба аҳамияти СҲШ, ҳамкорӣ дар доираи Созмони мазкур ҷиҳати дастёбӣ ба рушди иқтисодӣ ва амнияти муштаракро таъйид намуданд. 18. Ду Роҳбар ба нақши меҳварии СММ дар ҳалли таҳдидҳо ва чолишҳои глобалӣ таъкид намуда, ҷиҳати ҳалли масоили мубрами ҷаҳони муосир хостори ислоҳоти фарогир дар сохтори СММ шуданд. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дастгирии Тоҷикистонро аз номзадии Ҳиндустон ба ҳайси узви доимӣ дар Шӯрои Амнияти СММ-и тавсеаёфта таъкид намуд. 19. Ҳиндустон ташаббуси Тоҷикистонро оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028” муҳим арзёбӣ карда, Конфронси сатҳи баландро дар Душанбе дар санаи 22 июни соли 2018, ҳамчун қадами навбатии устувор дар сатҳи ҷаҳонӣ барои дастёбӣ ба ҳадафҳои рушди устувор донист. Дар зимн, ба аҳамияти барномаҳои миллии Ҳиндустон,
“ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН”, №41 (9571), 11.10.2018 аз ҷумла “Свачҳа Бҳарат” (тозагии Ҳиндустон), “Намами Ганга” (лоиҳаи тозагии Ганга), “Тарҳи обёрии кишоварзии Сарвазир” ва ғайра, ки ҳадафи асосии онҳо тоза намудани захираҳои об, санитария ва дастрасии мардум ба оби тоза мебошад, ишора гардид. 20. Президенти Ҳиндустон ҷудо гардидани 20 млн. доллари ИМА кумаки бебозгаштро барои Тоҷикистон ҷиҳати татбиқи лоиҳаҳои рушди аз ҳарду ҷониб муайяншуда эълон кард. Президенти Тоҷикистон ба Президент Ҳиндустон барои ин иқдом изҳори сипос намуд. 21. Давоми сафари мазкур санадҳои зерин дар таърихи 8 октябри соли 2018 ба имзо расиданд ва феҳристи он дар ҳузури ду Президент эълон гашт: I. Ёддошти тафоҳум байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Ҳиндустон дар бораи ҳамкориҳо дар соҳаи истифодаи сулҳҷӯёнаи технологияҳои кайҳонӣ барои рушд; II. Ёддошти тафоҳум байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Ҳиндустон оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи идоракунии офатҳои табиӣ; III. Ёддошти тафоҳум байни Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати энергияи нав ва барқароршавандаи Ҷумҳурии Ҳиндустон оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи энергияи барқароршаванда; IV. Ёддошти тафоҳум байни Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати корҳои ҷавонон ва варзиши Ҷумҳурии Ҳиндустон оид ба ҳамкорӣ дар масъалаҳои ҷавонон; V. Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкориҳо байни Академияи илмҳои кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Шӯрои тадқиқоти кишоварзии Ҷумҳурии Ҳиндустон (ICAR) оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи тадқиқоти кишоварзӣ ва омӯзиш; VI. Ёддошти тафоҳуми Шӯрои марказии тадқиқот дар соҳаи тибби юнонии Вазорати аюш (аюрведа, йога, муолиҷаи табиӣ ва юнонӣ)-и Ҳиндустон ва Муасссисаи давлатии таълимии Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Синои Ҷумҳурии Тоҷикистон; VII. Барномаи ҳамкорӣ байни Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Ҳиндустон барои солҳои 2018-2021; VIII. Барномаи табодули фарҳангӣ байни Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Ҳиндустон барои солҳои 2019-2023; Инчунин, Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бунёди байналмилалии Вивекананд Ёддошти тафоҳуми ҳамкориро ба имзо расониданд. 22. Президенти Ҷумҳурии Ҳиндустон Ҷаноби Олӣ Рам Ковинд ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон барои истиқболи гарм ва дӯстона изҳори миннтадорӣ намуда, аз Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон даъват ба амал овард, то дар фурсати муносиб ба Ҷумҳурии Ҳиндустон сафари ҷавобӣ анҷом диҳад. Ин даъват бо арзи сипос пазируфта шуд.
“ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН”, №41 (9571), 11.10.2018
ПАЙРАВОНИ ПЕШВОИ МИЛЛАТЕМ
Дастоварди мо аз дастгириҳои Пешвои миллат аст Дастаи яккачини наврасони 16-солаи Тоҷикистон бо медалҳои нуқраи чемпионати Осиё-2018, 10-уми октябр ба ватан баргаштанд. Футболбозонро дар фурудгоҳи байналмилалии шаҳри Душанбе, Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон Рустам Эмомалӣ, раиси кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш Аҳтам Абдуллозода ва мухлисони бешумори варзиш пешвоз гирифтанд. Бо ворид шудани варзишгарон ба дохили толори фурӯдгоҳ футболбозон бо нишони миннатдорӣ медали нуқраи мусобиқаро ба роҳбари Федератсияи футболи кишвар тақдим намуданд. Баъдан барои ёдоштҳо Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон ва ҳайати даста ба тӯб соядаст монданд. Дар пешгоҳи фурӯдгоҳ, ки ҳазорон дӯстдорони футбол ҷамъ омаданд, Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон Рустам Эмомалӣ суханронӣ намуда, ҳайати дастаи наврасони ҷумҳуриро барои бозии хуб нишон доданашон дар Чемпионати Осиё-2018 арзи сипос кард. “Дар Чемпионати Осиё-2018 миёни наврасон, ки аз 20 сентябр то 7 октябр дар Малайзия доир гашт, тими мунтахаби кишвари мо на танҳо медалҳои нуқра, ҳамчунин роҳхат ба Чемпионати ҷаҳон-2019 (U-17) дар Перуро ба даст овард. Инчунин бо нишондоди бозии олӣ дар мусобиқа бори дигар Тоҷикистонро ба ҷаҳониён муаррифӣ намуд”, - зикр кард президенти ФФТ. Эмомалӣ Аҳмадхон сардори дастаи наврасон миннатдориашро ба пешвозгирандагон, мухлисони футболи тоҷик, инчунин донишҷӯёни макотиби олии мамлакат, ки бо вуҷуди ҳавои боронӣ ба фурӯдгоҳ омада буданд, баён намуд. Ӯ аз ҷумла гуфт: “Рақобат дар Чемпионат бароямон сахту пуршиддат буд, вале мо барои ғалаба талош кардем. Ин комёбиҳо, бешубҳа натиҷаи дастгириҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти кишвар, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон Рустам Эмомалӣ мебошад”. Дастаи мунтахаби наврасон аз фурӯдгоҳ ҷиҳати гулчанбар гузоштан ба пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ ба майдони Дӯстӣ рафтанд. Пасон, дар Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявии шаҳри Душанбе барои футболбозони наврас консерти идона бо иштироки сарояндагони шинохта ва беш аз 15 000 мухлисон доир гардид. Шаҳбози АСОМИДДИН, “ҶТ”
3
4
“ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН”, №41 (9571), 11.10.2018
МАВЗӮИ РӮЗ
Ба Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ Муҳтарам Рустами Эмомалӣ,
Изҳори сипоси Рустами Эмомалӣ ба мунтахаби наврасони кишвар Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон Рустам Эмомалӣ ба тими мунтахаби наврасони Тоҷикистон барои иштироки фаъолона дар Чемпионати Осиё-2018 арзи сипос кард. Дар Чемпионати Осиё-2018 миёни наврасон, ки аз 20 сентябр то 7 октябр дар Малайзия доир гашт, тими мунтахаби кишвари мо на танҳо медалҳои нуқра, ҳамчунин роҳхат ба Чемпионати ҷаҳон-2019 (U-17) дар Перуро ба даст овард. “Ба тими наврасони Тоҷикистон барои натиҷаи беҳтаринашон, ки дар Чемпионати Осиё-2018 дар Малайзия нишон доданд, изҳори сипос менамоям. Бачаҳои мо бозии олӣ нишон доданд ва барандаи медалҳои нуқра шуданд! Даста тавоноии худро на танҳо дар даври гурӯҳӣ, ҳамчунин дар даврҳои плей-офф муқобили беҳтарин дастаҳои Осиё, мисли Кореяи Шимолӣ, Кореяи Ҷанубӣ ва Ҷопон нишон дод. Дар бозии финалӣ муқобили тими Ҷопон шонси тими наврасони мо камтар буд. Вале бозингарон аз тамоми имконияташон то охир истифода бурданд, то сонияҳои охирин талош карданд ва ба мо эҳсоси зиёди гуворо туҳфа намуданд. Чунин мешуморам, ки медалҳои нуқраи Чемпионати Осиё-2018 барои мо арзиши тиллоро доранд. Дар замони баргузории чемпионат дастаро миллионҳо нафар дар Тоҷикистон дӯст дошт, ки ин аз ҳама муҳим аст. Ташаккури зиёд ба ситоди мураббиён бо роҳбарии Зайниддин Раҳимов барои кори арзандаашон. Ҳамчунин, сипос ба мухлисон барои дастгириашон – бе дастгирии онҳо ба чунин натиҷа расидан номумкин буд. Бо истифода аз фурсат ба тими ҷавонони кишвар, ки ба наздикӣ дар чемпионати Осиё дар Индонезия ширкат мекунад, муваффақият мехоҳам”, - гуфтааст Рустам Эмомалӣ дар мусоҳиба бо сомонаи расмии ФФТ.
бо ифтихормандии бузург аз дастоварди беназири футболбозони навраси тоҷик дар Чемпионати Осиё -2018, ки бо як эҳсосоти ҳаяҷонпазир ва нотакрор тамоми сокинони кишвар шоҳиди ҳимояи устувори Ватани азизи худро аз ҷониби футболбозони навраси тоҷик гардиданд, Шуморо ҳамчун ҳодиву раҳкушову раҳнамо ва дастгиру пуштибони тамоми варзишгарон, хосатан футболбозони мамлакат самимонаву меҳрона шодбош мегӯем. Аз лаҳзаҳои роҳбарии Федератсияи футболи Тоҷикистонро ба дӯш гирифтани Шумо, таваҷҷуҳи махсусу дучанд нисбати рушди ин намуди варзиш зоҳир гардида, шумораи ҳавасмандону машқварзон низ ба маротиб рӯ аз рӯз афзуда истодааст. Дастгириҳои пайвастаи Шумо ва эътиборатон вобаста ба инкишофи маънавию ҷисмонии ҷавонон ва омили муҳим арзёбӣ гардидани нерӯи солимии ин қишри пуриқтидори ҷомеа барои давлату миллат собит намуд, ки варзишгарони мамлакат-футболбозони ҷасуру далер ва тавоно дар майдонҳои калони ҷаҳонӣ бо як ғурури ҷавонмардии тоҷикона бо дилпурӣ аз ҳимоятгари мавқеву манзалати хеш устуворона сабқат намуда, шаъну шарафи давлату миллати хешро нигоҳ доштанд. Дар байни давлатҳои Осиёи Марказӣ, иштироки футболбозони навраси тоҷик дар Чемпионати Осиё-2018 шаҳодати он аст, ки роҳбарияти Федератсияи футболи Тоҷикистон ҷиҳати таъмини обутоби ҷисмонӣ, тануманду солиму қавирӯҳ тарбия намудани дастпарварон заҳмату талошҳои пайваста дорад. Бо эътимоди комил метавонем арзёбӣ намоем, ки дастоварду пирӯзиҳои нав ва фатҳи қуллаҳои баландтарини риштаи футболи тоҷик бо роҳбари арзандаву фидокор, варзишдӯсту ҷавонпарвар, муҳтарам Рустами Эмомалӣ футболбозони тоҷикро дар пеш интизор аст. Бори дигар аз самими қалб барои дастгирии соҳаи варзиш ва ғолибияти ҷаҳонии футболбозони навраси тоҷик Шуморо табрику таҳният менамоем. Бо ихлосу самимияти беандоза, раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Точикистон Аҳтам Абдуллозода
Забон нишонаи муҳимтарини миллат ва пайвандгари наслҳо Зери ин унвон дар маҷлисгоҳи Кумитаи миллии олимпӣ бахшида ба Рӯзи забони давлатӣ конфронси илмӣ-назариявӣ баргузор гардид. Конфронс бо ташаббуси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш роҳандозӣ гардида, дар он намояндагон аз Вазорати маориф ва илм, Акдемияи илмҳо, Кумитаи забон ва истилоҳот, Кумитаи рушди сайёҳӣ ва олимону муҳаққиқони ҷавон иштирок ва суханронӣ намуданд. Аҳтам Абдуллозода, раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш зимни суханони ифтитоҳӣ забони давлатиро таҷассумгари таърих ва ҳуввияти миллат номида, аз ҷумла афзуд: “Забон ин мероси бузурги ниёгони некноми мо, бо вуҷуди мушкилоту монеаҳои зиёд ҳамчун риштаи пайванди насл ба насли миллат аз ҳазорсолаҳои дур то давраи соҳибистиқлолӣ омада расидааст ва решаҳои умри миллатамонро оби ҳаётбахш додааст. Бинобар ин, арҷгузорӣ ба забони давлатӣ, ки ҳамчун рукни муҳимтарини ҳастии миллат, пойдевори асосии давлатдорӣ ва фарҳангу маънавиёти халқамон нақши барҷаста дорад, вазифаи инсониву виҷдонии ҳар як фарди бонангу номус ба ҳисоб меравад. Маҳз ба ҳамин хотир, мо забонро мисли Истиқололият, Ватан, Модар ва фарҳанг аз ҷумлаи муқаддасоти миллии худ мешуморем ва азизу гиромӣ медорем”. Дар идома Қосимов Саъдӣ, муовини аввали ректори Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С. Айнӣ қабл аз ҳама тамоми соҳибзабонон ва аҳли нишастро ба муносибати Рӯзи забони давлатӣ табрику таҳният гуфта, зимни ироаи маърӯзаи хеш доир ба ҳалли мушкилоти имрӯзаи забон суханронӣ намуданд. Ӯ гуфт: “Баъд аз гузашти солҳо давлати миллии
мо бо роҳбарии Эмомалӣ Раҳмон дар назди зиёиён ва фарҳангиёни тоҷик ба хотири равнақу густариши забони тоҷикӣ ва ба ҳамин восита пешрафти фарҳанги миллӣ вазифаҳои бомасъулиятро мегузорад. Имрӯз, ки мо дар арафаи Иди забон қарор дорем, бояд ба назари интиқодӣ таҳқиқоту пажӯҳишҳои забоншиносии худро таҳлилу баррасӣ намуда, самтҳои асосӣ ва бунёдии густаришу такомули илми забони тоҷикиро муайян намоем. Ин самтҳо бояд масъалаҳои дохил шудани забони тоҷикӣ ба фазои иттилоотии техникӣ, ба забони тавонои илмӣ табдил ёфтани забони давлатӣ, таҳияи истилоҳоти илмиву техникӣ ва ҳамгунсозиву меъёр кардани истилоҳоти соҳавӣ, таҳияи меъёрҳои илмии забони адабии навишторӣ ва гуфторӣ дар асоси меъёрҳои таърихии густариши забон ва бисёр масъалаҳои дигари муҳими рушди забони моро дар бар гирад”. Дар ҷараёни конфронс ҳамчунин маърӯзаҳои Шоҳзамон Раҳмонов, доктори илми филологӣ, профессори Институти забон ва адабиёти Академияи илмҳо, Ширин Амонзода, муовини раиси Кумитаи рушди сайёҳӣ, Муминов Муҳаммад, мутахассиси Кумитаи забон ва истилоҳот ва як қатор ҷавонони дигар шунида шуд. Пас аз ироаи маърӯзаҳо миёни иштирокдорони конфронс музокира ва суолу ҷавоб сурат гирифта, андешаҳои олимону муҳаққиқони ҷавон шунида шуд. Хуршед ХОВАРӢ, “ҶТ”
“ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН”, №41 (9571), 11.10.2018 Ҳамасола, 14-уми октябр дар Тоҷикистон ҳамчун Рӯзи соҳибкорон ҷашн гирифта мешавад. Аз соли 2014 инҷониб қариб ҳар сол дар ин рӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо соҳибкорон ва сармоягузорони ватаниву хориҷӣ вохӯрӣ анҷом медиҳанд ва вобаста ба ин рӯз форумҳои байналмилалӣ, конфронсу симпозиум ва нишастҳо баргузор мегардад. Воқеан ҳам нақши соҳибкорон дар пешрафти Тоҷикистон назаррас буда, он барои расидан ва баланд бардоштани самаранокии фаъолияти корхонаҳо ва ҳамдастии онҳо дар мӯътадилсозии молиявӣ, ба ҷойҳои кории нав таъмин намудани аҳолӣ ва афзун кардани бозори истеъмолӣ нақши муҳим мебозад. Ин аст, ки дар рушди Тоҷикистон саҳми соҳибкорон кам нест. Яке ба бунёди корхона ва дигаре бо сохтани хонаҳои истиқоматӣ саҳми худро дар рушди Тоҷикистон мегузорад. Бинобар ин, Ҳукумати Тоҷикистон фазои иқтисодии озод ва як қатор имтиёзҳоро барои соҳибкорон фароҳам овардааст, то ки соҳибкорон бе мушкилӣ фаъолият намоянд. Аммо, бо вуҷуди таъмини ин ҳама имтиёзҳо, соҳибкорон то чӣ андоза дар рушди кишвар фаъолити назаррас доранд, мавзӯест, ки мо ин навбат онро мавриди баррасӣ қарор хоҳем дод. Муовини сардори Раёсати тадқиқоти масъалаҳои соҳибкорӣ ва инкишофи бахши хусусии Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Чумҳурии Тоҷикистон Аминҷон Одиназода оид ба дастгирии соҳибкорон ва нақши онҳо дар рушду нумуи кишвар қайд намуд, ки бо дарназардошти аҳамияти бузурги бахши хусусӣ, Ҳукумати мамлакат ҳамеша ба такмил додани механизмҳои озоди иқтисодӣ, сода гардонидани низоми андозбандӣ, ислоҳоти сохторҳои молиявию бонкӣ ва суғурта, ки бо дастгирӣ ва рушди бахши хусусӣ мусоидат мекунад, татбирҳои зарурӣ андешида истодааст. Номбурда гуфт, ки бо мақсади таъмини рушди минбаъдаи фаъолияти соҳибкорӣ ва инкишофи бахши хусусӣ дар ҷумҳурӣ як силсила ислоҳоти муҳим ва ҷиддӣ амалӣ шуданд, ки мақсади асосии онҳо, пеш аз ҳама, афзоиши мунтазами тавлиди маҳсулоти ватанӣ, муҳайё сохтани ҷойҳои нави корӣ, истифодаи самараноки захираҳои мавҷуда ва ба ин васила, баланд
14-УМИ ОКТЯБР РӮЗИ СОҲИБКОРОН бардоштани сатҳи некуаҳолии мардум мебошад. Дар натиҷаи роҳандозии сиёсати дастгирии фаъолияти соҳибкорӣ ва фазои сармоягузорӣ, ҳиссаи бахши хусусӣ дар ташаккули маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ мунтазам афзуда истодааст. Зиёда аз ин, мавқеи Тоҷикистон аз рӯи арзёбиҳои Бонки ҷаҳонӣ «Пешбурди тиҷорат» дар доираи ду нишондиҳандаи асосии танзимкунандаи пешбурди фаъолияти соҳибкорӣ, яъне дастрасӣ ба захираҳои қарзӣ ва андозбандӣ, дар миёни 189 кишвар сол аз сол боло рафта истодааст, ки ин аз боз ҳам беҳтар гардидани шароити мусоид барои пешбурди тиҷорат, баланд гаштани сатҳи рақобатпазирии иқтисодиёти миллӣ ва мутобиқ гардидани он ба низоми иқтисоди ҷаҳонӣ дар кишвари мо дарак медиҳад”,- илова намуд ҳамсуҳбати мо. А. Одиназода қайд кард,
техника, тағйироти талабот ва вазъи бозори ҷаҳониву минтақавӣ ба зудӣ мутобиқ шуда, дар ин замина, ба роҳ мондани истеҳсоли маҳсулоти рақобатпазирро таъмин менамояд. Ба гуфтаи онҳо дар чанд соли охир дар соҳаи пешбурди соҳибкорӣ ва ҷалби сармоя як силсила ислоҳоте анҷом дода шуд, ки ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ, кам кардани монеаҳои маъмурӣ ва дахолати давлат ба фаъолияти хоҷагидории субъектҳои соҳибкорӣ равона гардидаанд. Муовини директории Институти иқтисодиёт ва демографияи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, доктори илмҳои иқтисод Аброр Мирсаидов бар он назар аст, ки соҳибкорӣ на танҳо дар маънии маҳдуд чун фаъолияти иқтисодии махсус, ки дар асоси сармояи хавфӣ барои гирифтани фоида равона шудааст, балки вай организми иҷтимоӣ ме-
қонунҳои қабулгашта ба манфиати соҳибкорон аст. – Мо, агар рушди соҳибкории инфиродии имрӯзаро ба солҳои 90–ум қиёс кунем, тафовутро бараъло мебинем. Имрӯз, давлат асосҳои қонунии ин фаъолиятро муайян ва такмил дода, қонунҳое қабул намудааст, ки ба манфиати соҳибкорон аст. Бинобар ин, имрӯз соҳибкории инфиродӣ рушд кардааст. Вақте шахс ба соҳибкории инфиродӣ машғул мешавад, на танҳо даромад мегирад, балки санъати соҳибкориро аз худ менамояд, тафаккури иқтисодиаш фарох гашта, ба соҳибкории хурд, миёна ва калон қадам мегузорад”, - илова намуд ҳамсҳубати мо. Бояд қайд намуд, ки бо дастгирии Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади рушди соҳибкорӣ ва дастрасӣ ба захираҳои қарзии имтиёзнок соли 2013 МД «Фонди дастгирии соҳибкорӣ» таъсис дода шуд, ки
ки дар натиҷаи пиёда сохтани тадбирҳои муассири давлатӣ дар самти дастгирии бахши хусусӣ ва пешниҳоди имтиёзҳо ба фаъолияти соҳибкорӣ ҳамсола дар нишондиҳандаҳои ин бахши муҳими иқтисодиёт тамоюлҳои мусбат ба назар мерасад. Ба гуфтаи ӯ дар натиҷаи пешниҳоди имтиёзҳо ба фаъолияти соҳибкорӣ ва таъмини шароити мусоиди ташаккули соҳа аз ҷониби давлат, ҳамарӯза саҳми соҳибкорон ҳамчун нерӯи созанда дар ободонии Ватани азизамон ва баланд бардоштани сатҳи некӯаҳволии мардум бараъло эҳсос мешавад. Коршиносон имрӯз саҳми соҳибкорӣ ва сармоягузориро дар беҳтар намудани сатҳу сифати зиндагии аҳолӣ тавассути таъмини рушди устувори иқтисодӣ, шуғли аҳолӣ ва истеҳсолоти ватанӣ муҳим арзёбӣ мекунанд, зеро соҳибкорӣ ба навовариҳои илму
бошад, бо туфайли сифати шахсияти соҳибкор ва дар натиҷаи ба вуқӯъоии самараи амали якҷояи он инкишофи сифатии ҳаёти иҷтимоиву иқтисодии ҷомеа сурат мегирад. Мавсуф гуфт, ки соҳибкорӣ дар мамлакат пас аз солҳои 2000-ум босуръат инкишоф ёфт. Афзоиши теъдоди соҳибкорони хурд ба равандҳои эволютсионӣ, сатҳи мутобиқгардии аҳолӣ ва хонаводаҳо ба шароити нави хоҷагидорӣ, ҳамзамон бо густаришу такмилёбии муҳити беруна (таркиби ниҳодӣ) алоқаманд аст. Масалан, агар дар давраи солҳои 2000 - 2005 соҳибкории хурди амалкунанда аз 1342 то 1669 адад афзуда бошад, пас дар давраи солҳои 2005-2015 аз 2865 то 5176 адад ва ё 80,6% зиёд шудааст. Ба андешаи А.Мирсаидов соҳибкорӣ дар даврони Истиқлолият нисбат ба солҳои 90 ум дар сатҳи баланд қарор дошта,
ҳадафи он маблағгузории фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ тавассути пешниҳоди қарзҳои имтиёзноки давлатӣ мебошад. Дар робита ба ин, сардори шуъбаи ҷалби сармоягузорӣ ва қарздиҳии Муассисаи давлати Фонди «Дастгирии соҳибкорӣ»-и назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷумахон Шарипов қайд намуд, ки муассиса аз аввали фаъолият (соли 2014) то имрӯз 168 адад субъекти соҳибкориро дар ҳаҷми 243,6 млн. сомонӣ дастгирӣ намуда, ба 158 субъекти соҳибкорӣ дар ҳаҷми 199,5 млн. сомонӣ қарзҳои имтиёзнок ҷудо намуд, ки ин 50 шаҳру ноҳияҳои ҷумҳуриро фаро гирифта, ба соҳаҳои гуногуни иқтисодиёти ҷумҳурӣ рост меояд. Номбурда гуфт, ки нишондиҳандаи мазкур аз он шаҳодат медиҳад, ки дар минтақаҳои ҷумҳурӣ корхонаҳои нав ба фаъолият сар карда
Давлат ва соҳибкорон шарикони рушди иқтисод
5
ва ё корхонаҳои амалкунанда иқтидори истеҳсолии худро афзоиш медиҳанд, ки ин омил ба ҳаҷми афзоиши андоз ба буҷети мамлакат ва ташкили ҷойҳои нави корӣ мусоидат мекунад. “Боиси тазаккур аст, ки яке аз самти асосии дастгирии фаъолияти соҳибкорӣ аз ҷониби ҳукумат ин фароҳам овардани фазои озод ва дастрасии соҳибкорон ба қарзҳои имтиёзноки давлатӣ маҳсуб меёбад. Фонд ҳимоя ва дастгирии соҳибкориро яке аз афзалиятҳои муҳими сиёсати пешгирифтаи Ҳукумати Тоҷикистон шумурда, маблағгузории фаъолияти субъектҳои соҳибкориро тавассути пешниҳоди қарзҳои имтиёзноки давлатӣ ба роҳ мемонад”,- илова намуд Ҷ.Шарипов. Ёдовар мешавем, ки дар Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳоло барои фаъолияти соҳибкорӣ, истеҳсоли мол ва хизматрасонӣ, таъсиси корхонаҳои истеҳсолӣ ва хоҷагиҳои деҳқонӣ имтиёзҳои зиёдеро пешбинӣ намудааст, ки ҳадафи он пеш аз ҳама, дастгирӣ ва рушди соҳаҳои гуногуни иқтисодӣ ва иҷтимоӣ мебошад. Ин аст, ки тибқи маълумоти Кумитаи андози назди Ҳукумати Чумҳурии Тоҷикистон ба ҳолати 1 августи соли 2018 дар ҷумҳурӣ 312,6 ҳазор субъекти хоҷагидорӣ фаъолият мекунад, ки нисбат ба аввали сол 11321 адад зиёд аст. Сардори шуъбаи рушди маъмурикунонии андози Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Собир Вазиров гуфт, ки қонунгузории андоз ҷиҳати идомаи тадбирҳои дастгирии рушди соҳибкорӣ бо роҳи ҳавасмандгардонӣ ва пешниҳоди имтиёзҳои андозӣ пайваста такмил меёбад. Ба гуфтаи ӯ дар қонунгузории андоз сабукиҳо ва имтиёзҳои андозӣ ба соҳаҳои гуногуни иқтисодӣ ва категорияҳои васеи субъектҳои соҳибкорӣ пешбинӣ шудаанд ва ҳавасмандгардониҳо ва имтиёзҳои андозӣ ҷузъи муҳими системаи андози Тоҷикистон ба ҳисоб мераванд. Ба гуфтаи С. Вазиров муқаррароти зикргардида гувоҳи он аст, ки имтиёзҳо, пеш аз ҳама, на ба субъектҳои алоҳида, балки ба соҳаҳои афзалиятноки иқтисодиёт, аз ҷумла кишоварзӣ ва фаъолият оид ба истеҳсоли молҳо пешбинӣ шудааст. Хулоса, имрӯз саҳми соҳибкорон дар пешрафту шукуфоии Тоҷикистон назаррас буда, онҳо дар зери ҳимоя ва дастгирии Ҳукумати кишвар қарор доранд. Аз ин рӯ, онҳоро зарур аст, ки бо дарки маъсулият ва аз рӯи қонунгзории амалкунанда фаъолияти худро ба роҳ монда, дар пешрафту ободии кишвар саҳми арзандаи худро гузорнад. Дар навбати хеш давлат ва Ҳукумати кишвар низ пайваста кӯшиш намуда истодаанд, ки барои фароҳам овардани фазои боз ҳам мусоиди соҳибкорӣ корҳои назррасро ба сомон расонанд. Садбарги РАҲМИДДИН, “ҶТ”
6 БА МУНОСИБАТИ РӮЗИ МУАЛЛИМОН Муваффақияту комёбӣ дар дилхоҳ соҳа танҳо ҳамон лаҳза ба кас муяссар мегардад, ки агар интихоб аз ибтидо дуруст бошаду инсон заҳматкашу талошварз. Ин гуфта ҳақиқатест, ки дар ҳаёт борҳо исбот гардидааст. Бо дарки ин нукта имрӯз бонувон баробари мардон дар тамоми соҳаҳо пайи фаъолият буда, бо заҳмату талошҳои пайвастаи хеш саҳми худро дар рушду нумуи Ватани азизамон гузошта истодаанд. Яке аз чунин бонувон омӯзгор Гулбаҳор Назирова мебошад. Гулбаҳор Назирова, зодаи ноҳияи Зафарободи вилояти Суғд (соли таваллуд 1967) буда, пас аз хатми мактаби миёна, соли 1984 ба Институти педагогии шаҳри Самараи кишвари Русия дохил шуда, онро бо ихтисоси муаллимаи забон ва адабиёти рус соли 1989 сарбаландона ба анҷом расонидааст. Ӯ соли 1989 ба ватан баргашта, фаъолияти нахустини омӯзгории худро ба ҳайси муаллимаи забон ва адабиёти рус дар МТМУ №13-и ноҳияи Фархори вилояти Хатлон оғоз намуда, сипас аз соли 1995 баъди ба шаҳри Душанбе омадан, дар МТМУ №21-и ноҳияи Шоҳмансур то ҳол ҳамчун муаллимаи синфҳои ибтидоӣ кору фаъолият карда истодааст. Дар ибтидои омадан ба боргоҳи маърифату партохтан ба таълиму тарбияи шогирдон ӯро ҳадаф ин буда, ки рисолати омӯзгории худро ба ҷо овардану муҳаббати донишандӯзиро дар замири ташналабони роҳи дониш ҷо намудан. Ӯ суханони собиқадорони соҳаро хеле хуб дар ёд дорад, ки мегуфтанд, омӯзгорӣ бисёр мушкил асту на ҳар кас муваффақ мешавад, ки дар ин роҳ ба дастовардҳои назаррас ноил гардад. Омӯзгор тарзе бояд рафтор намояд, ки ӯ хонандаро ва хонанда ӯро фаҳмад, яъне якдигарфаҳмӣ ба вуҷуд ояд. Агар якдигарфаҳмӣ ба миён омад, пас дар ин ҳолат омӯзгор дар кори худ комёб мегардад. Нафаре дар ин ҷода комёб мегардад, ки ба
Тибқи як пажуҳиши анҷомдодаи Китобхонаи миллии тиббии ИМА 259 нафар одамон давоми солҳои 2011-2017 ҳангоми селфи бардоштан дар ҷойҳои хатарнок ба ҳалокат расидаанд. Барои пешгирии ҳалокати одамон ниҳоди пажуҳишгар пешниҳод кардааст, ки дар тамоми дунё “маконҳои мамнуъ барои селфи” муайян карда шавад. Тавре хабаргузории БиБиСи (ВВС) аз қавли институти пажуҳишкунанда навиштааст, ҳалокати ҳаводорони селфи бештар дар биноҳои баланд, кӯлу дарёҳои тезҷараён, қуллаи кӯҳҳо сурат гирифтааст. Ҳолатҳои ғарқшавӣ ва афтодан аз баландӣ миёни ин 259
Гуле дар боғи дониш худу дониши худ боварӣ дорад. Вагарна дар ҳоли баръакс ҳеҷ чизе ба даст нахоҳад омад. Гулбаҳор ин нуктаро аз ибтидои ворид гардидан ба ҷодаи омӯзгорӣ аз устодон шунидаву онро дар зеҳнаш ҷо карда буд. Чун вобаста ба чӣ гуна комёб гардидани омӯзгор дар раванди фаъолият пурсон гардидем, гуфт: “Мушкилӣ дар кори омӯзгорӣ мавҷуд аст. Тамоми соҳаҳо дорои душворӣ мебошанд. Аммо вақте инсон фидоии касби худ аст, албатта он ноҷуриҳои фаъолияти кориро бартараф хоҳад кард. Омӯзгор бояд касби худашро дӯст дорад. Вақте ки омӯзгор пешаи худро дӯст медораду сидқан онро интихоб намудааст, пас ӯ ҳатман дар роҳи хеш муваффақ мегардад. Инчунин омӯзгор бояд шогирдони худро дӯст дорад ва ба дарсҳо ҳамеша бо омодагӣ биёяд, то як чизи наверо ба онҳо омӯхта бошад. Вақте ки як омӯзгор дорои чунин хислатҳост, бо боварӣ метавон гуфт, ки ӯ шогирдони ботарбияву донишмандро ба камол хоҳад расонд”. Ӯ ҳаргиз фаромӯш намесозад, он лаҳзаҳоеро, ки дар ҳаёташ нақши мондагорро дороанд. Зеро он лаҳзаҳои фаромӯшношуданӣ пас аз заҳматҳои доимӣ ва талошҳои зиёдаш дар роҳи омӯзгорӣ барояш насиб гардидаву самои зиндагияшро ахтарони барору комёбӣ нурафшон намудаанд. Ҳамин талош, заҳмат ва фаъолияти пурсамараш буданд, ки соли 2003 дар оз-
муни муаллими сол ширкат варзида, сазовори ҷойи ифтихорӣ гардидааст. Чуноне мегӯянд, гузашти вақт беҳтарин довар аст, ки рози ҳар суоли ноҷавоб, ҳар муаммои нокушода ва ҳар печидагии рӯзгорро мекушояду шахсро мукаммал мегардонад, то дар идомаи рӯзгор роҳи хубтару беҳтар зистанро интихоб намояду рӯ ба афсурдагиву нотавонӣ наниҳад. Гулбаҳори шавқманди роҳи маърифатомӯзро низ гузашти замон нерӯи тозае мебахшиданду рӯҳи дучанд, то дар роҳи пешанамудааш боз ҳам бештару беҳтар фаъолият созаду ғунчаҳои боғи донишро парвариш намояд. Ҳар вақте комёбии шогирдонашро мебинад, вуҷудашро ҳисси ифтихор ва сарфарозӣ фаро мегирад, ки тавонистааст чанд наврасеро илму дониш омӯхтаву дар замирашон муҳаббати донишомӯзиро ҷо намояд. “Имрӯз муаллими синфҳои ибтидоӣ ҳастаму дорои шогирдони зиёд. Дар як синф 20- 30 нафар хонандаҳо ҳастанд. Маълум аст, ки ҳамаи онҳо психологияи якхела надоранд. Аз ин рӯ, барои оне, ки дарси мегузаштагият ба шогирдон таъсир кунаду онҳо чизеро омӯхта бошанд, бояд психологияи ҳар яке аз онҳоро донисту муносибати хуб кард. Ман ҳамеша талош менамоям, то дарсам хуб гузараду шогирдонам аз он чизеро омӯзанд. Хеле хурсандам, ки дорои шогирдони зиёдаму пас аз хатми мактаби миёна бисёре аз онҳо
Ҳалокати дӯстдорони селфи афзудааст
ҳолати ҳалокшавии одамон аз ҳама зиёдтар будааст. Илова бар ин, мавриди ҳамлаи ҳайвонҳо гаштан, ба
ҷараёни барқ ва коми оташ афтодан, истифодаи ноҷои силоҳ ва ғайра низ аз ҳолатҳое будааст, ки ҳангоми сел-
ба донишгоҳҳои олӣ дохил шуда, соҳиби маълумоти олӣ гардидаву имрӯз дар соҳаҳои гуногун кору фаъолият доранд. Вақте шогирдонам соҳибдонишу соҳибкасб мегарданд, ин худ барои ман хушбахтист, ки тавонистаам, онҳоро ба роҳи дуруст тарбия намояму дониш омӯхта бошам”, - бо хушнудӣ иброз медорад Гулбаҳор Назирова. Дар баробари фаъолияти омӯзгорӣ ӯ пайваста дар озмунҳои шаҳрию вилоятӣ ва ҷумҳуриявӣ ширкат ва дар семинару конфронсҳо баромад намуда, маҳорат ва малакаи худро сайқал додаву таҷрибаашро ғанӣ мегардонад. Ҳамин гуна иштирок ва талоши пайвастааш аст, ки ҳамеша миёни ҳамкорон ва дӯстону наздикон дорои мавқеъ ва эҳтиром аст. Талошу заҳмат ва кӯшиши пайвастааш бидуни қадрдонӣ намонда, барои фаъолияти пурсамар ва назарраси омӯзгорияш соли 2007 аз ҷониби Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишони “Аълочии маориф” сарфароз гардидааст. Ӯ аз ин натиҷаи пурсамараш рӯҳбаланд гардида, ҷиҳати фаъолияти аз ин ҳам беҳтар доштан, пеши худ ҳадафҳои бузургтареро мегузорад, то дар роҳи илму дониш наврасони зиёдеро таълим додаву саҳмгузор дар рушди соҳаи хеш бошад. Гулбаҳор Назирова хушнуд аз он аст, ки равонаи роҳи омӯзгористу муваффақияту комёбиро чун гавҳари фи гирифтани одамон боиси ҳалокати онҳо шудааст. Зимнан, дар Тоҷикистон низ ҳолатҳои ҳамсон ба қайд гирифта шудааст. Чунончи моҳи апрели соли ҷорӣ ҳангоми селфи бардоштан дар канори дарёи Сурхоб дар ноҳияи Рашт ду духтар – Саида ва Шукрона, яке 15, дигаре 19-сола ба дарё афтода ба ҳалокат расиданд. Соле пеш дар моҳи апрел бошад духтари дигаре бо номи Нишона Умарова ҳангоми аксбардорӣ ба дарёи Вахш афтода нопадид шуд... Бино ба пажуҳиши анҷомдодаи Китобхонаи миллии тиббии ИМА ҳалокати муштоқони селфи аз ҳама бештар дар кишварҳои Ҳиндустон, Русия, ИМА ва Покистон ба қайд гирифта шудааст. 72,5 дарсади ҳалокшудагон писарон ва 27,5 фисади онҳо духтарон будаанд. Синни миёнаи ҳалокшудагон 22,94-ро ташкил медиҳад. Омӯзиш нишон додааст, ки
“ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН”, №41 (9571), 11.10.2018
ноёб аз умқи баҳри беохир тавассути ишқи воқеии пешаи дӯстдоштааш ба даст овардааст. Ӯ мутмаин аст, ки инсон замоне ба мурод мерасаду дар ҷодаи хеш мавриди таваҷҷуҳ қарор мегирад, ки агар дорои истеъдод бошаду дар соҳаи хеш талошварз. Чун дӯстдори соҳаи хеш аст, иброз медорад, ки агар рафту имкони дубора ба дунё омадану интихоби касб муяссар гардад, ҳатман пешаи омӯзгориро интихоб хоҳад кард. Зеро меҳр ва муҳаббати ин роҳ дар мағз-мағзи вуҷудаш ҷо гирифтааст. “Ҷавонон бояд замони ҷавониро самаранок ва бомақсад истифода баранд, - иброз медорад Г. Назирова. – Ҷавонӣ ганҷи бебаҳост. Ҳар як ҷавон бояд ватани худро дӯст дораду ба қадри модару ватан ва ин ҳама шароиту имконоти мусоид бояд расад. Бубинед, имрӯз ҷиҳати илму дониш андӯхтан, тамоми шароитҳо муҳайёст. Танҳо ҷавонон бояд бо иродаи қавӣ соҳаи мавриди назари худро интихоб намоянду омӯзанд ва соҳиби касбу ҳунар гарданд. Чун онҳо ояндаи миллатанд, пас бояд соҳиби маълумот бошанду дар рушду нумуъ ва пешрафти ояндаи кишвари азизамон саҳми арзандаи худро гузоранд”. Чанд лаҳзае, ки бо муаллима суҳбат доштем, аён гардид, ки ба роҳи омӯзгорӣ тасодуфӣ наомада, нафарест, ки бо муҳаббати ҳақиқӣ равонаи ин роҳ аст ва то охир ба пешаи хеш содиқ буда, чандин шогирдони дигарро тарбияву ба камол хоҳад расонд. Ҳар замоне шогирдон аз ӯ доир ба мавзӯи дарсӣ суол менамуданд, ӯ бо самимият посух медоду бо суханони навозишкоронааш дар замири шогирдон муҳаббати дониш андӯхтанро бештар менамуд. Дар охири суҳбат аз муаллима Гулбаҳор Назирова чун доир ба дастгирии Ҳукумати ҷумҳурӣ ба соҳаи маориф пурсон гардидем, гуфт: “Имрӯз таваҷҷуҳи Ҳукумати кишвар ба соҳаи маориф хеле хуб мебошад. Далели ин гуфтаҳо ҳар сол дар манотиқи гуногуни кишвар сохта ба истифода дода шудани муассисаҳои таълимии миёна ва олӣ мебошанд. Мо, омӯзгорон, хеле хушнудем, ки бо дастгирии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар баробари дигар соҳаҳо маоши мо – омӯзгорон низ баланд гардид, ки ин таваҷҷӯҳ ва ғамхориҳои пайвастаи Роҳбарияти олии кишвар нисбат ба мо, кормандони соҳаи маориф, мебошад. Мо ҷавобан ба ин дастгириҳо фаъолияти худро боз ҳам дар сатҳи баланд ба роҳ монда, дар рушди малакаи зеҳнии наврасону ҷавонон ва соҳаи маориф саҳми худро хоҳем гузошт”.
Беҳрӯз ХОЛМУРОДОВ, “ҶТ” ҳалокати одамон ҳангоми селфи гирифтан торафт меафзояд. Масалан, агар соли 2011 дар маҷмуъ ҳалокати 3 нафар қайд шуда бошад, соли 2016 93 ҳолати ҳалокшавии одамон сабт гардидааст. Соли 2017 98 ҳолати ҳалокшавии одамон мавҷуд аст. Пажуҳишгарон таъкид мекунанд, ки шумори ҳалокшудагон ҳангоми аксбардорӣ дар ҷойҳои хатарнок эҳтимол аз ин ҳам зиёд бошад. Зеро дар бисёр маврид “селфи”-ро сабаби ҳалокати одамон нишон надодаанд. Бо вуҷуди ин ба назар мерасад, ки дӯстдорони селфи дар ҷомеа бисёранд. Хусусан ҷавонон бисёр ҳавас доранд, ки аз ҳар лаҳзаи одиву ғайриодии зиндагии ҳаррӯзаашон селфи гиранд. Мутаассифона, чунон ки пажуҳиш нишон додааст, аксар ҳолат ин ба марги онҳо анҷом мешавад...
Б. УСМОН, “ҶТ”
“ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН”, №41 (9571), 11.10.2018
Дар дунё беш аз 700 млн. зан то 18-солагӣ издивоҷ кардаанд. Бино ба ақидаи коршиносон аз ҳар 10 зан 2 нафар дар наврасӣ издивоҷ кардааст. Дар ҷаҳон 62 млн. духтарон аз таҳсил дар канор мондаанд. Чун дар аксари хонаводаҳо ба таҳсили писарон бартарӣ медиҳанд. 2,6 млрд. духтарон дар деҳот зиндагӣ мекунанд. Беш аз сеяки занони ҷавони кишварҳои рушдкарда бекоранд. Воқеан, имрӯз дар аксар кишварҳои мусулмонӣ духтарон аз таҳсил дур мондаанду онҳоро дар синни наврасӣ ба шавҳар медиҳанд. Таҳлилҳо нишон додаанд, ки дар саросари ҷаҳон дар ҳар 7 сония 1 духтари то 15-сола издивоҷ мекунад. Чанд сол қабл як зани 22-солаи эронӣ, ки ӯро волидон дар синни 10-солагӣ ба шавҳар дода буданд, ба хабарнигорон аз ранҷу азобҳои равонии бар асари ин издивоҷ ба сараш омада қисса карда буд. Ӯ мегуфт, ки аз рӯзи ҷашни арӯсӣ хотироти каме дораду маросим барояш мисли як бозӣ буд. Фақат ягона чизе ки мехост, ҳар чи зудтар ба назди волидонаш баргаштан буд. Ин таомул, яъне издивоҷи ноболиғон, дар Эрон маъмулӣ аст. Дар ин ҷо ба духтарон аз синни 13 ва барои писарон аз синни 15-солагӣ хонадор шудан иҷозат дода мешавад. Ва муҳим нест, ки онҳо ба издивоҷ омодаанд ё не. Чанд сол пеш Созмони миллии сабти ақди никоҳ дар Эрон 37 ҳазор ақди никоҳи наврасонро сабт карда буд, аммо ин шумора метавонад хеле зиёдтар бошад, чун аксари хонаводаҳо никоҳи наврасонро дар идораи ақди никоҳ сабт намекунанд. Вале магар навраси 15сола дарк карда метавонад, ки издивоҷ чист, оиладорӣ чист ва вазифаи ӯ дар оила аз чӣ иборат аст? Ҷомеашиносон сабаби зиёд будани издивоҷи наврасонро дар ин кишвар расму одатҳои қадимӣ медонанд. Равоншиносон мегӯянд, нафароне, ки дар наврасӣ издивоҷ мекунанд, аз мушкилоти равонӣ ранҷ мекашанд. Дарвоқеъ, вақте як духтар ё навҷавонро дар хурдсолӣ оиладор мекунанд, ӯро аз хушиҳои даврони кӯдакӣ ва наврасӣ маҳрум месозанд, чун шахс бояд қабл аз издивоҷ аз лиҳози равонӣ ва ҷисмонӣ рушд намо-
НИГОҲИ ДИГАР яд.
Тибқи иттилои СММ дар 180 кишвари дунё синни ниҳоӣ барои бастани ақди никоҳ 18-солагиро ташкил медиҳад. Аммо дар 146 кишвар қонунгузории давлатӣ ва ё анъанаҳои маҳаллӣ ақди никоҳи ҷавононро қабл аз 18-солагӣ иҷозат медиҳанд. Дар 52 кишвар духтарони то 15-сола бо розигии волидон ва ё мақомоти маҳаллӣ ба шавҳар баромада метавонанд. Тоҷикистон кишварест, ки дар он урфу одат ва анъанаҳои миллӣ
дани фарзандро худи волидон хубтар медонанд, агар духтар ба балоғат расида бошад, бигзор дар синну соли 15-16-солагӣ ба шавҳар диҳанд, чун гузаштагони мо ҳамагӣ дар ҳамин синну сол духтаронашонро ба шавҳар медоданд. - Бояд гуфт, ки аксари аҳолии Тоҷикистон дар деҳот зиндагӣ мекунаду на ҳама имкони ба таҳсил фаро гирифтани фарзандон, хоса духтаронро доранд. Ба замми ин духтароне ҳастанд, ки худ хоҳиши идома додани
танҳо бо анҷоми додани никоҳи мусулмонӣ хонадор намуданду никоҳи онҳо дар ягон идораи сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ ба қайд гирифта нашуд. Баъди 1 моҳи хонадоршавӣ ҷавон ба Русия рафту муддати 2 сол барнагашт. Шаҳноза, ки ҳоло ба ҳаёти оиладорӣ тайёр набуд ба ҷабру зулми хушдоман ва хешу табори шавҳар тоб наоварда, бо фарзанди ноболиғаш хонаи шавҳарро тарк намуд. Фарзанди онҳо имрӯз ба синни 3-солагӣ мерасаду то ҳол шаҳодатномаи
Издивоҷи бармаҳал: ин хуб аст ё бад?
ё рӯзгори духтаронро ҳаволаи “насиб”-у “тақдир” насозем
рушд намудаву риоя мегардад. Никоҳи барвақтии фарзандон низ аз зумраи ин анъанаҳост. Никоҳи барвақтӣ чист? Аз нуқтаи назари ҳуқуқӣ ин никоҳест, ки миёни ҷавонони ба синни қонунии никоҳӣ, яъне то 18-сола, баста мешавад. Аксари сокинон бар он ақидаанд, ки вақте ҷавонон дар наврасӣ, яъне то 17-солагӣ, оила барпо мекунанд, онҳо аз лиҳози равонӣ ба ҳаёти мустақилона омода нестанд, масъулияти оиладориро намедонанд. - Духтар бояд барои модар шудан омода бошад, яъне таҷрибаи ҳаётӣ ва тарбиявӣ дошта бошад, чун тарбиятгари асосӣ дар оила ин модар аст. Вақте духтаронро хеле ҷавон ба шавҳар медиҳем, онҳо дар зиндагӣ ба мушкилоти зиёд рӯбарӯ мешаванд, - гуфт ҳамсуҳбати мо Сабина Саидмамадова, сокини шаҳри Душанбе. Парвиз Нуриддинов, сокини ноҳияи Сарбанд, мегӯяд дар кадом синну сол ба шавҳар до-
таҳсилро надоранд. Дар ин сурат чӣ бояд кард? - гуфт дар идомаи суҳбат П. Нуриддинов. Дар Тоҷикистон дар асоси қонун издивоҷ аз 18-солагӣ иҷозат дода шудааст ва мақомоти марбута дар ҳолатҳои истисноӣ ҳақ дорад, ба духтарон иҷозат бидиҳад, ки ба 18 солагӣ нарасида шавҳар кунанд. Аммо ҳолатҳое ба назар мерасанд, ки духтаронро бе қайд дар шуъбаҳои САҲШ, бо анҷом додани никоҳи мусулмонӣ ба шавҳар медиҳанд. Вақте чунин оилаҳо пош мехӯранд, барасмиятдарории бекоршавии ақди никоҳ ва таъини кӯмакпулиҳо мушкилоти зиёд пеш меоранд. Шаҳноза яке аз ҷавондухтаронест, ки дар нимароҳи тақдир роҳгум задаву ба куҷо муроҷиат карданашро намедонад. 16-сола буду то ҳол номаи камол нагирифта, ки ӯро хешу табори падараш ба ҷавонмарди аз худаш 10-12 сол калонсол, сокини ноҳияи Дӯстӣ ба шавҳар доданд. Онҳоро
таваллуд надорад. Ин духтар на уҳдадориҳои худро медонист, на аз шавҳарро, куҷо монад ба ҳуқуқ ва уҳдадориҳои модару фарзанд. Бехабар аз он буд, ки метавонад на танҳо худ, балки фарзандашро аз ҳаёти хушбахтона маҳрум созад. Ва ҳамин тавр ҳам шуд. Мутаассифона, чунин ҳолатҳо дар навоҳии гуногуни мамлакат ҳанӯз зиёд ба назар мерасанд. Ҷуфтҳои барвақт хонадоршуда баъди муддати ками зиндагии якҷоя пош мехӯранд, яъне дар чунин оилаҳо дӯстдориву рафоқат, садоқату самимият кам буда, муқаддас будани оила ва оиладорӣ кам дарк мешавад. Чун аксари ҷавонони тоҷик барои пайдо намудани ризқу рӯзии хонавода берун аз кишвар мераванду ҳамсарони ҷавони худро муддатҳои тӯлонӣ танҳо мегузоранд, ки оқибати он ба хонавайронӣ ва ятим мондани фарзандони кӯчаки онҳо оварда мерасонад. Ҳомиёни қонун мегӯянд,
7 барои пинҳон намудани синну соли ҳақонии духтарон волидон бо роҳи ғайриқонунӣ ҳуҷҷатҳои қалбакӣ омода намуда, синну соли духтаронро калон нишон медиҳанд ва ё танҳо бо никоҳи мусулмонӣ онҳоро оиладор мекунанд. - Аксари ин духтарон ғайри хоҳиши худашон издивоҷ кардаанд, ки ин пеш аз ҳама ҳуқуқҳои онҳоро поймол мекунад. Духтароне, ки бармаҳал шавҳар мекунанд, саводи кофӣ надоранд ва маърифати ҳуқуқиашон низ дар сатҳи паст аст ва онҳо дар хонаводаи шавҳар дучори хушунат, аз ҷумла зӯроварии шаҳвонӣ мегарданд. Волидони духтарон ҳам дар бораи оқибатҳои никоҳи барвақтӣ маълумоти хуб надоранд, - мегӯяд ҳуқуқшинос Зариф Алимадов. Тавре масъулони раёсати САҲШ-и ҷумҳурӣ иттилоъ медиҳанд, аксари ноболиғоне, ки оила барпо мекунанд, аз 16-сола болоанд. Аммо тибқи қонунгузории Тоҷикистон онҳо ҳанӯз ашхоси ба балоғат нарасида маҳсуб меёбанд. Аммо додгоҳ бо дарназардошти вазъи душвори оилавӣ (ятим мондан ва ё бемории волидон) ба никоҳи онҳо розигӣ медиҳанд. Мувофиқи маълумотҳои расмӣ дар соли 2017 мақомоти судии Тоҷикистон ба таври истисно ба 800 нафар ноболиғ иҷозати оиладоршавӣ доданд. Табибон никоҳи барвақтиро барои духтарон ноқулай ва номуносиб мешуморанд. Ба таъкиди онҳо тақрибан 80 фоизи ҳолатҳои фавти модарон ҳангоми таваллуд дар маҳалҳое ба қайд гирифта мешавад, ки дар он ҷойҳо никоҳи барвақтӣ зиёдтар аст. Никоҳи қабл аз 18-солагӣ хавфи худкушӣ ва гирифторӣ ба бемориҳои равониро зиёд менамояд, шумораи занону духтарон дар донишгоҳҳо кам шуда, хушунати хонаводагӣ рӯ ба афзоиш меорад. Тибқи иттилои Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ дар соли 2017 дар Тоҷикистон шумораи духтарони дар синни аз 15 то 19-сола таваллуднамуда нисбати кишварҳои дигари Осиёи Миёна бамаротиб зиёдтар аст. Ин нишондод дар Тоҷикистон аз 1000 нафар навзо – 54, дар Ӯзбекистон – 29, дар Қазоқистон – 36 ва дар Қирғизистон – 42 мебошад. Боиси тааасуф аст, ки занҳои ҷавони 15-19-сола мақоми зани танҳоро доранд ва ҳамин тариқ духтари 18-сола бо кӯдаки худ, бе саводу таҷрибаи ҳаётӣ дар нимароҳи зиндагӣ мондаву ба дастгириву кӯмаки равониву моддӣ ниёзманд мегардад. Ва рӯзгори минбаъдаи ӯ танҳо ҳаволаи “насиб”-у “тақдир” аст. Ва шояд ӯро танҳо тақдири минбаъдаи ҳамон тифли маъсуми ятиммондааш аз қасди худкушӣ баргардонад... Шаҳло ЭШОНОВА, “ҶТ”
8
НАВИГАРИҲОИ ВАРЗИШ
“ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН”, №41 (9571), 11.10.2018
Ҷоми Осиё-2018: Медали нуқраи 16-солаҳои кишвар Ғолибони VI Ҷоми Президенти Тоҷикистон оид ба дзюдо Шоми 5 октябр VI Ҷоми Президенти Тоҷикистон оид ба дзюдо анҷом ёфт. Мусобиқаи мазкур, ки аз 2 октябр шурӯъ гардида давоми се рӯз идома ёфта, дар он 248 варзишгар аз кишварҳои Қазоқистон, Қирғизистон, Ӯзбекистон, Туркманистон ва Тоҷикистон аз рӯи 7 категорияи вазнӣ барои ҷоизаҳо талош карданд. Ба ғолибон медал, диплом, ҷоизаи пулӣ дар ҳаҷми 10000 сомонӣ ва ҷоми мусобиқа тақдим карда шуд. Барои ҷои дуюм медал, диплом ва ҷоизаи пулӣ дар ҳаҷми 5000 сомонӣ ва барои ҷои сеюм медал, диплом ва ҷоизаи пулӣ дар ҳаҷми 2500 сомонӣ тақдим гардид. Ғолибони VI мусобиқаи байналмилалӣ оид ба дзюдо барои дарёфти Ҷоми Президенти Тоҷикистон: Вазни -60кг 1. Достон Рӯзиев (Ӯзбекистон) 2. Фаррух Ҳалимов (Тоҷикистон) 3. Аъзамҷон Аъзамҷонов (Тоҷикистон) 3. Асрор Очилов (Ӯзбекистон) Вазни -66кг 1. Абдуҷалил Юсупов (Ӯзбекистон) 2. Ёқубҷон Боқиев (Тоҷикистон) 3. Нуроншо Бодомаев (Тоҷикистон) 3. Муҳриддин Тилавов (Узбекистон) Вазни -73кг 1. Раҳматулло Фарҳодов (Тоҷикистон) 2. Саидмухтор Расулов (Тоҷикистон) 3. Муҳаммадраҳим Сарахонов (Тоҷикистон) 3. Мирзоҷамил Рамазонов (Тоҷикистон) Вазни -81кг 1. Ҷаҳонгир Маҷидов (Тоҷикистон) 2. Суҳроб Турсунов (Ӯзбекистон) Ёдовар мешавем, ки Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба дзюдо бори аввал соли 2013 доир гардида буд, ки дар он Виталий Дудчик аз Украина дар вазни -81 кг ғолиб шуд. Зинаи дуюмро Фарҳод Раҳимов (Тоҷикистон), ҷои сеюмро Сергей Терешенко (Балорус) сазовор шуда буданд. Дар вазни мутлақ ва барои шоҳҷоиза бошад, Ислом Шаҳобӣ аз Миср ғалаба кард. Медали нуқра насиби Муҳаммад Абдураҳмонов ва медалҳои биринҷӣ насиби Парвиз Собиров ва Фурқат Назриев (ҳар се аз Тоҷикистон) гардида буд. Соли 2014 бошад, Муҳаммад Абдураҳмонов (Тоҷикистон) дар вазни мутлақ пирӯз гашт. Зиёратшо Баротов, дзюдочии дигари тоҷик медали нуқра, Ҷавод Маҳҷуб (Эрон) ва Саидҷалол Саидов (Тоҷикистон) медали биринҷӣ ба даст оварданд. Дар сеюмин Ҷоми Президенти Тоҷикистон
3. Акмал Муродов (Тоҷикистон) 3. Исроил Раҳимов (Тоҷикистон) Вазни -90кг 1. Достон Мелиев (Ӯзбекистон) 2. Саидҷамол Алимардонов (Тоҷикистон) 3. Шерафган Сардоров (Тоҷикистон) 3. Олим Авазов (Тоҷикистон Вазни -100кг 1. Саидҷалол Саидов (Тоҷикистон) 2. Сергей Пак (Қазоқистон) 3. Фарёд Шайхов (Тоҷикистон) 3. Ғазалшои Давлатшо (Тоҷикистон) Вазни +100кг 1. Темур Раҳимов (Тоҷикистон) 2. Шакармамад Мирмамадов (Тоҷикистон) 3. Самеъ Авғонов (Тоҷикистон) 3. Бекбулат Токтоганов (Қирғизистон)
оид ба дзюдо дар соли 2015 40 варзишгар аз 13 кишвар ширкат карданд, ки дар он ҷои аввалро ин дафъа низ Муҳаммад Абдураҳмонов ишғол кард. Ҷои дуюм насиби Александр Ваховяк (Белорус), ҷои сеюм насиби Фирдавс Насимов (Тоҷикистон) ва Энди Алварес (Куба) гардид. Соли 2016 Ҷоми Президенти Тоҷикистон дар шаҳри Ваҳдат баргузор гардида буд. Дар он 45 варзишгар аз 15 давлат: Афғонистон, Белорус, Италия, Куба, Қазоқистон, Қирғизистон, Непал, Озарбойҷон, Покистон, Русия, Тоҷикистон, Ӯзбекистон, Украина, Ҷопон ва Эрон ширкат намуданд. Дар ин мусобиқа Станислав Бондаренкои украинӣ соҳиби ҷом шуд. Ҷои дуюмро Алекс Гарсия Мендоза аз Куба, ҷои сеюмро ӯзбекистониҳо Муҳсин Ҳисомиддинов ва Абдулло Тангриев ишғол карданд.
5 октябри соли 2017 дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Ваҳдат барои дарёфти 5-умин Ҷоми Президенти Тоҷикистон оид ба дзюдо варзишгарони 15 давлати дунё: Қазоқистон, Қирғизистон, Афғонистон, Покистон, Эрон, Русия, Германия, Непал, Япония, Беларус, Украина, Голландия, Америка ва Куба миёни ҳам рақобат карданд. Рақобатҳо барои ба даст овардани ҷойҳои ифтихорӣ дар вазни мутлақ сурат гирифта, паҳлавони номдори тоҷик Саидҷалол Саидов соҳиби 5-умин Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон гардид. Мусобиқаи солҳои гузашта дар вазни мутлақ баргузор мешуд, имсол бошад, варзишгарон дар вазнҳои маъмулии гӯштини дзюдо миёни мардон: -60 кг, -66 кг, -73 кг, -81 кг, -90 кг, -100 кг, +100 кг қувва озмӯданд. Шодихони НАЗАР, “ҶТ”
Дастаи яккачини наврасони 16-солаи Тоҷикистон дар даври ниҳоии чемпионати Осиё-2018 оид ба футбол аз ҳамсолони худ тими мунтахаби Ҷопон бо ҳисоби 1-0 мағлуб гардида, медалҳои нуқраи ин мусобиқаро ба гардан овехтанд. Ин дидор, 7-уми октябр, дар Варзишгоҳи миллии Букит Ҷалили шаҳри Куала-Лумпури Малайзия баргузор шуд. Футболбозони тоҷик, ки бори нахуст дар як гурӯҳ (бозии гурӯҳӣ 0-0) бо ин ҳариф рақобат намуда буданд, бо сабку услуби рақиби финалиашон ошно буданд. Дар қисми аввал барои шогирдони Зайниддин Раҳимов сармураббии тими мунтахаби 16-солаи кишвар чанд маротиба имкониятҳои голзанӣ муҳайё гардид. Аммо ин имкониятҳо ба наъфи дастаи Тоҷикистон хотима наёфт. Қисми дуюм барои дастаи Ҷопон бо муваффақият анҷомид, дар дақиқаи 63-юм ҳамлагари ҷопонӣ Нишикава тӯбро вориди дарвозаи Муҳриддин Ҳасанов намуда, дастаашро маротибаи сеюм қаҳрамони Осиё кард. Маврид ба зикр аст, ки чемпионати Осиё оид ба футбол миёни наврасони то 16-сола аз соли 1985 то инҷониб маротибаи 18-ум аст, ки баргузор мешавад. Ин маъракаи муҳими варзишӣ, инчунин мусобиқаи интихобии чемпионати ҷаҳон миёни наврасон (U-17) дониста мешавад. Мусобиқаи қаҳрамонии Осиё-2018, ки аз 20-уми сентябр то 7-уми октябр дар ҷумҳурии Малайзия баргузор шуд, аз он 4 дастаи пурқуввати 16-солаи Осиё, дастаҳои Ҷопон, Тоҷикистон, Кореяи Ҷанубӣ ва Австралия роҳхати чемпионати ҷаҳон (U-17)-ро соҳиб гардиданд, ки соли оянда дар кишвари Перу баргузор мегардад. Ёдовар мешавем, ки дар зери роҳбарии Зайниддин Раҳимов бори нахуст дар таърихи футболи кишвар наврасони 16-сола ба гирифтани медалҳои нуқраи чемпионати Осиё даст ёфтанд. Аз ин пеш дастаи мунтахаби 16-солаи кишвар дар мусобиқаи қаҳрамонии Осиё, ки соли 2006 дар Сингапур доир гардида буд, бо шикаст додани дастаи яккачини Сурия ҷойи сеюмро соҳиб шуда буданд. Аз соли 2008 ба баъд КФО (Конфедератсияи футболи Осиё) аз мусобиқаи чемпионати Осиё бозӣ барои ҷойи сеюмро аз байн гирифта, дастаҳо танҳо барои мақоми якуму дуюм рақобат менамоянд. Шаҳбози АСОМИДДИН, “ҶТ”
АНДЕША
“ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН”, №41 (9571), 11.10.2018
9
Номаи табрикотии президенти КФО ба Рустами Эмомалӣ Шайх Салмон бин Иброҳим Алхалифа, президенти Конфедератсияи футболи Осиё ба президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ номаи табрикотии худро ҷиҳати роҳхат гирифтани дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон ба бозиҳои финалии Чемпионати ҷаҳон-2019 дар Перу ирсол намуд. Дар нома, аз ҷумла омадааст: «Президенти муҳтарам! Ман сидқан Шумо ва Федератсияи футболи Тоҷикистонро барои ба бозии ниҳоии Чемпионати Осиё-2018 баромадани дастаи мунтахаби наврасони то 16-солаи Тоҷикистон, ки дар Куала-Лумпур ба анҷом расид, табрику таҳният мегӯям. Ин муборакбодиро ба ҳайати дастаи мунтахаб таҳти роҳбарии сармураббӣ Зайниддин Раҳимов, ки зимни вохӯриҳо аз оғоз то ба анҷом бозии зебою фавқулода ниДар давраи соҳибистиқлолӣ Ҳукумати кишвар футболро яке аз омили муттаҳидкунандаи миллату давлат дониста, барои рушд ёфтани ин намуди варзиш таваҷҷӯҳи хосса намуда, аз соли 2012 инҷониб як қатор иқдомҳои ҷадид роҳандозӣ гардида истодааст. Дар ҷумҳурӣ аз соли 2012 марҳилаи нави футбол оғоз ёфт. Дар ин давра барномаи давлатии рушди футбол дар Тоҷикистон барои солҳои 2012 – 2016 қабул гардида, инчунин, варзишгоҳҳои замонавӣ бунёд гаш¬танд. Дар баробари ин, Фонди рушди футбол, лигаҳои миллӣ ва кӯдакону наврасон, Лигаи касбии футзал, Академияи Федератсияи футболи Тоҷикистон таъсис ёфт. Федератсияи футболи Тоҷикистон бо дастгирии Ҳукумати ҷумҳурӣ баҳри тарғиби ҳаёти солим соли 2014-ро “Соли оммавияти футбол” дар кишвар эълон намуд. Ин иқдоми бузург дар баробари инкишоф ёфтани варзиш дар ҷумҳурӣ Тоҷикистонро миёни ҷаҳониён ҳамчун давлати варзишпарвар муаррифӣ намуд. Баъди роҳандозӣ гардидани ин иқдом собиқ президенти ФИФА Ёзеф Блаттер баҳри дидан намудан аз ин кишвари ҷавону варзишдӯст ба Тоҷикистон ташриф овард. Ҳукумати кишвар барои боз ҳам рушду оммавӣ гардонидани футбол, мустаҳкам намудани пояи моддию техникии соҳа ва дар маҷмӯъ татбиқи сифатноки он Барномаи рушди футбол барои солҳои 2017-2020 қабул намуд, ки ин иқдом марҳилаи дуюми инкишоф ёфтани футбол дар кишварро инъикос мекунад. Дар ин марҳила ба фазои футболи кишвар боз якчанд дастаҳои нав ворид шуд. Дастаи футболи ноҳияи “Шоҳмансур” дар асоси Барномаи рушди футбол барои солҳои 20172020, бо дастгирии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шоҳмансур дар шаҳри Душанбе аз моҳи январи соли 2018 таъсис ёфта, роҳхати бозиҳои лигаи дуюми чемпионати кишварро дар минтақаи Душанбе ба даст овард. Лигаи дуюми кишвар дар се минтақа - Суғд, Хатлон ва Душан-
шон дода, ба бозиҳои ниҳоии Чемпионати ҷаҳон роҳхат гирифтанд, расонед. Оилаи футболи Осиё ба дастаи мунтахаби шумо дар Чемпионати ҷаҳони соли 2019 дар Перу натиҷаҳои беҳтарин орзу менамояд ва ман интизори дидори шумо дар Конгресси 28-уми КФО, ки охири ин моҳ дар Куала –Лумпур баргузор мегардад, ҳастам. Бо эҳтиром ва орзуҳои нек, президенти КФО Шайх Салмон бин Иброҳим Алхалифа».
Қадамҳои ҷиддии дастаи “Шоҳмансур” дар футболи кишвар
бе тақсим мегардад, ки дар ҳар як минтақа зиёда аз 8 даста барои роҳхат гирифтани лигаи аввал рақобат мекунанд. Абдуғаффор Маликов, сармураббии дастаи яккачини ноҳияи “Шоҳмансур”, мақсад аз таъсис ёфтани ин дастаро чунин ҳисобид: “Дастаи футболи “Шоҳмансур” бояд якчанд сол пеш таъсис дода мешуд. Аз сабаби набудани сарпараст нақша амалӣ нашуд. Ниҳоят бо дастгирии бевоситаи роҳбарияти ноҳияи Шоҳмансур, Ҳакимзода Низом аз дастпарварони собиқ тими “Локоматив” ва Мактаби махсуси кӯдакону наврасон оид ба футбол дар шаҳри Душанбе ин даста таъсис дода шуд. Ба даста футболбозони аз 15 то 22сола даъват гардидаанд, ки ҳамаи варзишгарон сокинони ҳамин ноҳия мебошанд. Машқҳои таъли-
миву тамринии даста аз моҳи январи соли ҷорӣ дар бошгоҳи собиқ “Локомотив” гузаронида мешвад”. Барои оммавияти варзиш бахусус намуди футбол имрӯз дар кишвар мусобиқаҳои гуногун роҳандозӣ мегарданд. Дастаи яккачини ноҳияи “Шоҳмансур” дар ин гуна мусобиқаҳои ҷумҳуриявӣ баромад намуда, соҳиби ҷойҳои намоён гардида истодааст. Даста пеш аз роҳ ёфтан ба лигаи дуюми кишвар дар минтақаи Душанбе, барои дарёфти Ҷоми раиси шаҳри Душанбе рақобат карда, ҷойи чорумро сазовор гардид. Дар лигаи дуюми кишвар дар минтақаи Душанбе ҳашт даста барои роҳхат гирифтани бозиҳои плей-оффи лигаи якум мубориза мебаранд. Дастаи футболи навтаъсиси “Шоҳмансур” дар ин лига маҳорату малакаи баланд нишон
дода, дар соли ҷорӣ қаҳрамони минтақаи Душанбе гардид. Дастаро дар пеш бозиҳои интихобии лигаи аввал интизор аст. Сардори дастаи футболи “Шоҳмансур” Фирӯз Абдулқосимов мегӯяд, аз сабаби футболбозони даста маҳорати баланд нишон додан, мақсад гузоштем, дар лигаи аввал низ ҷойи намоёнро соҳиб гардем. “Воқеан ҳам, имрӯз футбол бештар аз як бозист. Албатта, ҳар рӯз шарту шароит дар кишвар барои оммавӣ гардонидани футбол бисёр хуб шудаистодааст. Барои рушди ин намуди варзиш Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш, Федератсияи футболи ҷумҳурӣ ва дигар сохторҳои марбута ҳамасола дар шаҳри Душанбе майдончаҳои футболро бунёд намуда истодаанд, ки ин аз оммавӣ гардидани футбол дар кишвар дарак медиҳад. Ҳангоми ин гуна имкониятҳо будан, албатта ҳар як ҷавони кишвар ба варзиш таваҷҷуҳ менамояд. Ҳайати футболбозони дастаи “Шоҳмансур”, ки ҳама ҷавон мебошанд, новобаста аз навтаъсис будани тим дар мусобиқаи лигаи дуюм бозии хуб нишон доданд ва умед ҳаст бо ин ҳайат дар лигаи якум ҷойи назаррасро ишғол мекунад. Бешубҳа ин натиҷаҳо бе дастгирии роҳбарият ба даст намеояд. Мухлис дар футбол дувоздаҳум бозингар маҳсуб меёбад. Вақте футболбоз майдонро пур аз мухлис мебинад, дучанд нерӯву қувват мегирад ва кӯшиш менамояд, мухлисонашро аз майдон ноумед барнагардонад. Имрӯз дар кишвар чизи нигаронкунанда ин кам гардидани дӯстдорони футбол мебошад. Бештари бозиҳо дар майдон бе мухлист паси сар мегарданд, ки ин албатта ба манфиати кор нест.
Хушбахтона, дастаи “Шоҳмансур” дар фаъолияти шашмоҳааш тавонист, то қадри имкон мухлисонашро пайдо намояд. Ва боварӣ дорам, дар лигаи аввал дӯстдорони ин даста зиёд мегардад”, - иброз дошт Фирӯз Абдулқосимов. Имсол дар футболи наврасони кишвар таҳаввулоти нав дида шуд, ки ин бешубҳа аз натиҷаҳои Барномаи рушди футбол дар солҳои 2017-2020 мебошад. Наврасони 16-солаи кишвар дар Чемпионати Осиё-2018, ки аз 20 сентябр то 7 октябр дар Малайзия доир гашт, на танҳо медалҳои нуқра, ҳамчунин роҳхат ба Чемпионати ҷаҳон-2019 (U-17) дар Перуро ба даст овард. Дастаи футболи “Шоҳмансур” дар дохили худ боз варзишгарони наврасро тарбия медиҳад, ки ин футболбозон метавонад, дар оянда номи футболи тоҷикро баланд бардоранд. Абдуғаффор Маликов, сармураббии дастаи яккачини ноҳияи “Шоҳмансур” зикр намуд, ки “новобаста аз навтаъсис будани тим футболбозони даста ба тими мунтахаби кишвар даъват гардида истодаанд. Дар ҳоли ҳозир ба ҳайати тими мунтахаби наврасони 15-солаи кишвар яке аз дастпарварони дастаи мо Алиев Алиҷон даъват гардидааст, ки ин бозингар дар хатти ҳамла маҳорату малакаи хуб дорад. Бозии ин футболбоз рақобатҳои Лионел Мессии аргентинӣ, ки дар синни 14-15 солагиаш дар академияи “Барселона” фаъолият менамуд, ба хотир меорад ва умед аст, ки дар оянда яке аз футболбозони хуб ба воя мерасад”. Дар воқеъ, имрӯз футбол дар ҷаҳон рақами яки варзиш маҳсуб меёбад. Ин намуди варзиш дар Тоҷикистон низ сол то сол рушд ёфта, дӯстдорону ҳавасмандони худро зиёд мекунад. Дастаи футболи “Шоҳмансур” тавонист дар кӯтоҳтарин вақт мавқеи худро дар футболи кишвар ёбад ва умед дорем, ки он фаъолияти худро дар лигаи аввал низ чунин идома медиҳад ва саҳми худро дар рушду инкишофи футболи тоҷик мегузорад. Шаҳбози АСОМИДДИН, “ҶТ”
10 Хоналӣ Қурбонзода фаъолияти меҳнатияшро ба сифати раиси Созмони ҷавонони ноҳияи Ҷайҳун оғоз намуда, сипас дар вазифаҳои гуногуни масъули роҳбарикунандаи соҳаи маориф, аз ҷумла ба сифати мудири шуъбаи маорифи ноҳияи Ҷайҳун ва сардори Раёсати маорифи вилояти Хатлон заҳмат кашидааст. Як даъват вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гаштааст. Доктори илми таърих, муаллифи 20 китобу маҷмуа, дастурҳои илмӣ ва зиёда аз 50 мақолаҳои илмист. Хизматҳояш бо медали “Хизмати шоиста” ва чандин мукофотҳои дигари давлативу соҳавӣ қадр шудааст. - Шумо роҳбарии яке аз сохторҳои муҳими соҳаи маорифи ҷумҳурӣ, Донишкадаи ҷумҳуриявии такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони соҳаи маорифро ба зимма доред. Мехостем аз таҷрибаи бисёрсолаатон дар мавриди соҳаи маорифи кишвар, дастоварду навгониҳои соҳа дар даврони соҳибистиқлолӣ, мақому манзалати мактабу маориф ва омӯзгор дар ҷомеа чанд сухан мегуфтед? - Истиқлолият дар таърихи халқи куҳанбунёди тоҷик санаи таърихиву нодирест, ки дар саҳифаҳои давлатдории миллиамон рӯйдоди муҳимтарини таърихи навини кишварамон маҳсуб меёбад. Боиси шукргузориву фараҳмандист, ки бо саъй ва эҳтимоми Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва хиради бузурги сиёсии ӯ дар тамоми соҳаҳои ҳаёти кишвар, аз ҷумла дар соҳаи маориф барои ислоҳоту рушди он таваҷҷуҳ ва ғамхориҳои хосса зоҳир гардиданд. Ҳанӯз дар баромадҳои аввалини худ Сарвари давлат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз намуда буданд, ки “Ман дар сиёсати худ маорифро дар ҷои аввал мегузорам”. Дар натиҷа дар соҳаи маориф тадбирҳои зиёд роҳандозӣ гаштанд. Аз бунёду азнавсозии мактабҳо то компютеркунонию бо воситаҳои электронӣ таъмин намудани таълимгоҳҳо, омӯзиши сифатҳои нави забонҳои хориҷӣ, таъсиси озмоишгоҳҳо ва кабинетҳои фаннӣ, ба роҳ мондани таълиму тарбия дар асоси талаботи муосир дар муассисаҳои томактабӣ ва таҳсилоти миёнаи умумӣ, ба курсҳои такмили ихтисос ва бозомӯзӣ фаро гирифтани омӯзгорону роҳбарони муассисаҳои таълимӣ ва амсоли онҳо корҳои зиёди дигар, тадбирҳое мебошанд, ки маҳз давоми солҳои охир сурат гирифтанд. Албатта, ин бесабаб нест. Мактабу маориф дар ҳама давру замонҳо дар таърихи инсоният мақоми шоистаро касб намуда, дар роҳи рушду нӯмуи иҷтимоию иқтисодӣ ва зеҳнию ақлонии ҳар як миллати мутамаддин ва худогоҳ мавқеъ ва манзалати хосса дорад. Танҳо миллати босавод метавонад, ки насли сохибмаърифату донишманд ва кадрҳои арзандаи давронро ба воя расонад. Дар ин замина, маҳз соҳаи маориф дар пешрафти кулли дигар соҳаҳо нақши калидӣ дорад. Дар ин замина, масъулияти омӯзгор дар шароити имрӯза дучанд боло меравад. Муаллим пеш аз ҳама омӯзанда аст, омӯзандаи маърифати инсонӣ аст. Воқеан ҳам, ҳидоятгари
ЧЕҲРАИ ОШНО
“ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН”, №41 (9571), 11.10.2018
Маориф пояи устувори давлат аст Мусоҳиба бо ректори Донишкадаи такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони соҳаи маорифи ҷумҳурӣ, доктори илми таърих Хоналӣ Қурбонзода насли созандаю бунёдкор дар қатори дигар ниҳодҳо – оила, ҷомеа, давлат ин муассисаҳои таълимӣ дар шахсияти омӯзгорон ба шумор мераванд. Маҳз омӯзгор насли ояндаро ҳанӯз аз синни хурдӣ дар роҳи шинохти олами маърифат роҳнамоӣ намуда, онҳоро ба дунёи маънавӣ ошно месозад. Дар маҷмуъ, омӯзгорон, аҳли маориф дар рушди нерӯи инсонӣ саҳми бевосита дошта, яке аз қувваҳои пешбаранда ва тарбиятгари насли ояндаи кишвар мебошанд. Бо дарки ин нукта, аз таҷриба чунин мешуморем, ки дар заминаи аз бар намудани фанни мушаххас, омӯзгорон бояд ҷаҳонбинии васеъи илмӣ дошта бошанд. - Донишкадаи ҷумҳуриявии такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони соҳаи маориф дар амалисозии сиёсати давлат дар соҳаи маориф чӣ саҳм дорад? - Такмили ихтисос ва бозомӯзӣ воситаи муҳими баланд бардоштану ташаккули малакаву маҳорати кормандон ба шумор меравад ва бо назардошти вазъияти феълӣ такмили донишу ихтисос ва усули роҳбарии муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ василаи муҳими рафъи мушкилот дар самти беҳдошти сифати таълимот ва дар маҷмуъ рушди муассисаҳои таълимист. Ба ибораи дигар, ҳеҷ соҳа бе мутахассисони варзида ва огох аз илми муосир ба пешрафт ноил намешавад. Бахусус, соҳаи маорифу мактаб бе омӯзгорони таҷрибаандухта, мусаллаҳ бо илму дониш, бархурдор аз технологияи муосир ба муваффақият ноил намешавад. Фаъолияти кормандони муассиса серпаҳлӯ ва гуногунмуҳтаво буда, бо мақсади баланд бардоштани пояи тахассусии кормандони соҳаи маориф самти фаъолияти донишкада асосан бо ду роҳ – илмию назариявӣ ва амалӣ ба роҳ монда шудааст. Барои шунавандагони курсҳои такмили ихтисос, ки аз ҳисоби омӯзорон, директорони мактаб аз тамоми ҷумҳурӣ ҷалб мегарданд, дар донишкада шароитҳои зарурии муосири моддиву техникӣ мавҷуд буда, мутахассисону олимони варзида барои гузаронидани курсҳо ҷалб гаштаанд. Дар баробари ин, як қатор кадрҳои ҷавони болаёқат дар донишкада ба кор ҷалб гаштаанд. Ду сол инҷониб Шӯрои муҳаққиқони ҷавон дар муассиса амал менамояд, ки 17 нафар олимони ҷавон ба он шомил ва ба тадқиқоти илмӣ машғуланд. Дар донишкада инчунин Созмони ҷавонон, Шӯрои занон, Маркази омӯзиши забонҳо ва технологияи информатсионӣ фаъолият менамоянд. Китобхонаи донишкада дорои адабиётҳои зарурии илмию бадеӣ, таълимию методӣ барои омӯзгорону шунавандагон мебошад. Бо мақсади
таҳлилу муайян намудани сифат ва самаранокии курсҳои такмили ихтисос, ҷустуҷӯи роҳҳои беҳтар намудани курсҳо бобати баланд бардоштани маҳорати касбии омӯзгорон, натиҷаи мониторингҳо бевосита дар ҷаласаҳои назди вазири маориф ва илм ва ҷаласаҳои машваратии назди ректори донишкада баррасиву муҳокима карда мешаванд. Як иҷдому тадбири муфиду самарабахш он аст, ки дар ҷараёни баргузории курсҳо бо мақсади табодули таҷриба, дарёфти омӯзгорони навовару эҷодкор ва омӯзиши таҷрибаи мактабҳои пешқадам бо унвони “Муаллими муваффақ” ва “Мактаби таҷрибаи пешқадам” дар донишкада тадбирҳо роҳандозӣ мегарданд. Илова ба ин, дар ҷараёни гузаронидани курсҳо миёни шунавандагон мунтазам семинару конфронсҳои илмӣ, чорабиниҳои гуногуни фарҳангӣ гузаронида мешаванд. - Худшиносиву худогоҳии насли наврас дар шароити кунунӣ аҳамияти махсусро касб намудааст. Ба андешаатон худшиносиву хештаншиносӣ аз куҷо сарчашма мегирад ва ин мафҳумҳо дар зери худ чӣ моҳияту маъниро нуҳуфта доранд? - Аввалан бояд зикр намуд, ки Ваҳдати миллӣ, ки дар пояи сулҳу суботи ҷомеа барқарор мегардад, хушбахтона дар кишварамон ҳукфармост ва маҳз худшиносӣ ва худҷӯйию худогоҳӣ меҳвари онро ташкил медиҳанд. То он вақте ки хонандаи мактаби муосир ба умқу паҳнои мафҳумҳои “ватан”, “зодгоҳ”, “якпорчагию ваҳдат”, “сулҳ”, “миллат” ба таври мушаххас, на ин ки бо гуфторҳои умумиву шиорзаданҳои ҳавоиву бемақсад, сарфаҳм наравад, худшиносии вай мукаммал ва ҳамаҷониба буда наметавонад. Ғояи Ваҳдати миллӣ низ аз шинохти Ватан, яклухтии сарзамини тоҷикон, муқаддас шуморидани арзишҳои миллӣ, арҷ гузоштан ба ормонҳои миллӣ ва эҳтиром ба Пешвои миллат ва Ҳукумату давлати Тоҷикистон сарчашма мегирад. Дар ин замина, сараввал худшиносиву худогоҳии насли наврас аз омӯзиши бардавому огоҳмандонаи фарҳангу тамаддун, адабиёту таърих ва урфу одату анъанаҳои ибратбахши қадимаи миллати тоҷик маншаъ мегирад. Мусаллам аст, ки даврони истиқлолияти давлатӣ истиқлолияти андешаву фикрро фароҳам меорад. Ва фикру андешаҳо бояд созанда бошанд, на ин ки сӯзанда. Созандагии ақидаҳо дар он зоҳир мегардад, ки ба насли ҷавон мо фидокориро омӯхта, аз корнамоиҳои абармардони олами маънавии гузаштаву муосир чеҳраҳои мондагори
таърих барояшон дарс омӯзонем ва ба ин васила онҳоро ҷиҳати пайравӣ аз ин гуна ашхоси бузург ҳидоят намоем, зеро зиндагии онҳо намунаи барҷастаи ибрат буда, саршор аз ҷанбаҳои худшиносиву худогоҳиву худҷӯйист. Осори гаронмояю гаронарзиш, пурғановату саршор аз муҳаббат ба халқи худ доштаи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар масири худшиносии насли ҷавон роҳнамо ва сарчашмаи дигари арзишманд ва дастури беминнат буда, ҳидоятгари самти асосию аслии шоҳроҳи ҳаёти бошукӯҳу зиндагии саодатмандона аст. - Дар давраи ҷаҳонишавӣ раванди хатарноки муқобилгузории тамаддунҳо авҷ гирифта, инсониятро ба гирдоби таҳлука тела медиҳад. Ҳамин аст, ки дар Паёми имсолаашон Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар катори дигар масъалаҳо дар бораи зиракии сиёсии насли ҷавони кишвар махсус таъкид намуданд. Умуман, дар мавриди нақш ва мавқеи ҷавонони кишвар, сатҳи илму касбомӯзии онҳо Шумо, ки дар соҳаи маориф таҷрибаи тӯлонии корӣ дореду инчунин дар сохторҳои ҷавонон низ фаъолият намудед, чӣ андеша доред? - Вазъи ногувори сиёсӣ ва ҳаводиси паси пардаи ҷаҳони муосир моро водор месозад, ки бо чашми хирад ва тафаккури созанда ба раванди ҷаҳонишавӣ ворид гардем. Бесабаб нест, ки раванди ҷаҳонишавиро бо тазодҳо ва ҳодисаҳои даҳшатангез ба назар гирифта, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ироаи Паёми имсолаи худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъкид намуданд, ки “... воқеоту таҳаввулоти ҷомеаи мухталифи ҷаҳонӣ ҳар яки моро ҳушдор месозад, ки зиракии сиёсӣ, омодагии доимӣ, эҳсоси баланди ватандӯстӣ, худогоҳӣ ва муқаддас доштану ҳифз намудани ҳама арзишҳои истиқлолияти давлати куҳанбунёдамонро аз даст надиҳем...”. Воқеан, вазъи зудтағйирёбандаи ҷаҳони муосир, зиёд гардидани равияву ташкилотҳои тундрави террористиву экстремистӣ ва дигар зуҳуроти таҳдидовари хатарнок метавонад сулҳу субот ва ҳаёти орому осудаи мардумони кишвари моро халалдор намояд. Мураккаб шудани манфиатҳои иқтисодию сиёсии ҷаҳони имрӯз, баъзан муносибатҳои мураккабу ноустуворонаи кишварҳои дуру наздик дар нисбати давлату миллати Тоҷикистон, сиёсатбозиҳои пурпечутоб дар қиболи ватани ягонаамон ва гоҳе таҳқиру
ҳуҷумҳои иттилоотиву таблиғотии бар зидди ватану миллатамон равонашуда бояд моро бетараф нагузоранд. Дар мавриди баланд бардоштани зиракии сиёсии насли ҷавон ва пешгирии ҷавонон аз ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳои ифротгаро таваҷҷухи Пешвои миллат бесабаб нест. Маҳз ифротгароӣ ва тундгароӣ боис гаштанд, ки Сурия, Ироқ ва Афғонистон ва як қатор давлатҳои дигар гирифтори бозиҳои абарқудратҳои ҷаҳонӣ шуда, то имрӯз тамоми ҷомеаи ҷаҳонӣ талоши худро барои барқарорнамоии сулҳ ва субот дар ин кишварҳо равона карда истодаанд, аммо то ҳол натиҷаи дилхоҳ ба даст наомадааст. Бинобар ин, мо бояд бепарво набошем ва барои таълиму тарбияи наврасону ҷавонон, дар руҳияи ватандӯстӣ, худогоҳиву худшиносӣ тарбия намуданашон талош варзем. Мутаассифона, имрӯз бинобар камтаҷрибагӣ далелҳое кам нестанд, ки ҷавонони мо бо таъсири омилҳои гуногун ба калавишҳо дучор меоянду гоҳо ба ҷараёнҳои ифротагаро мепайванданд. Ин ҳолат бозгӯи он аст, ки масъалаи таълиму тарбияи насли наврас ҳанӯз аз костагиҳо орӣ нест. Дар ин замина, тарбияи насли солим, соҳибмаърифат ва худшиносу худогоҳ шарти муҳими инкишофи ҷомеа ба шумор меравад. Бинобар он, миёни ҷавонон тарбияи ватандӯстиро бояд ба таври пуртаъсиру густурда ба роҳ монему онҳоро ба зиракию таҳаммулгароӣ даъват намоем. Тавре Пешвои муаззами миллат таъкид менамоянд: “Асоси тафаккури нави сиёсӣ ва фарҳангии ҷавононро бояд танхо ғояи таҳкими истиқлолияти давлатӣ ва ваҳдату худшиносии миллӣ ташкил диҳад”. Умуман, мо-насли калонсол барои баланд бардоштани ҳисси ватанпарвариву худшиносии миллӣ, сатҳи маърифату донишандӯзӣ, рушду такомули маҳорату малакаи ҷавонон бояд пайваста кӯшишу мусоидат намоем. Яке аз вазифаҳои муқаддас ва қарзи инсонии падару модарон, омӯзгорону мураббиён, зиёиён ва умуман аҳли ҷомеа низ ин аз амалу рафтори ноҷо ва ғайриқонунӣ нигоҳ доштан ва ба роҳи дуруст ҳидоят кардани наврасон ва ҷавонон мебошад. Дар навбати худ, ҷавонони иззатманди кишварро зарур аст, ки пайваста барои дар ҷомеа мавқеи арзандаро соҳиб гардидан кӯшиш намоянд. Онҳоро лозим аст, бо баланд бардоштани иқтидори зеҳниву илмӣ, маҳорати касбомӯзиву рақобатпазир шудан дар дунёи иттилоотӣ дар пешрафти кишвар саҳмгузор бошанд. Мусоҳиб Мавлон ШАРИФОВ
ДИЁРИ ЗЕБОИ МО
“ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН”, №41 (9571), 11.10.2018
(Идома аз шумораҳои гузашта. Охираш) ДАРАИ ЯХОБ Субҳи 14-уми август, баъди ношто бошишгоҳамонро тарк карда, пас гаштем, то ба дараи Яхоб равем. Соати 8 ба роҳ бармада, аз болои пули дарёи Яхоб гузаштем ва тақрибан 200 метр ба шимол ҳаракат кардем. Сипас дар соҳили чапи дарёи номбурда истодем. Мо дар муддати як соат 3,5 км ҳаракат карда будем. Истгоҳи мо дар мавзеи начандон ҳамвори соҳили дарё воқеъ буда, чанд дарахти беду арча ва сангҳои калон-калон дошт. Маъруф марғзореро, ки назди бед буд, барои хаймазанӣ интихоб кард. Аз алафҳои сабзи ин мавзеъ маълум буд, ки фарши хайма нам мекашад. Бинобар ин ман барои хаймазанӣ ҷои беҳтареро ҷустуҷӯ кардам. Тақрибан 20 метр аз ин ҷо дуртар, дар шимолу шарқ, дар назди ду санги бузург тақрибан 4 метри мураббаъ ҷои нисбатан ҳамвор ва хушкро пайдо кардам. Аз ин беҳтар ҷое барои хаймазанӣ набуд. Бо кумаки Маъруф хаймаро рост карда, борхалтаро даруни он гузоштам. Аз тарафи чапи хаймаи ман, дар шарқ ҷӯе ҷорӣ буд, ки деҳаи Пашми Куҳнаро шодоб мекард. Дар лаби ҷӯ, дар думетрии хаймаи ман ду тана олучаи даштӣ, ки меваашон пухта сурх шудаанд, қад кашидаанд. Аз ҷои исти мо бо соҳили дарё ба водии Яхоб, ки хеле васеъ аст ва марғзорҳои кӯҳӣ дорад, баромадан мушкил аст. Зеро пайраҳа нест ва бо хар ҳаракат кардан душвор мебошад. Ҳамчунин ин ҷо дара танг буда, танҳо бо соҳили чапи дарё метавон боло рафт. Соҳили ғарбӣ аз шахҳое иборат аст, ки рост ба дарё мерасанд. Аз бошишгоҳи мо дар ҷануб, дар масофаи тақрибан 500 метр деҳаи Пашми Куҳна ҷойгир аст. Аз мо тақрибан 100 метр болотар, дар доманаи ағбаи Ҳазорхона ду подабон гов мебониданд. Ин ҷо Алишерро аз деҳаи Пашми Куҳна дидем, ки дар тан либоси саҳроии ҳарбӣ дошт. Се сол қабл ҳангоми сафари кӯлҳои Аловиддин дар кӯҳҳои Фони Зарафшон низ подабонҳоро бо либосҳои низомӣ дида будем. Подабонҳо бародарони Алишер буданд. Онҳо моли худу хешовандонашонро мечарониданд. Албатта, говбонӣ бепул нест. Барои ҳар як гов аз соҳибаш моҳе аз 60 то 80 сомонӣ мегиранд. Дар ин пода беш аз 100 гов буд. Бо Алишер салому ҳолпурсӣ кардем. Ӯ як гӯсолаи гумшудаашро пурсон шуд. - Шумо ягон гӯсолаи навзодро надидед? - Не, - посух додем, мо. - Ҳамин шаб як модагов зоидааст ва гӯсолаашро пинҳон кардааст, - шарҳ дод Алишер ва афзуд: - Гӯсолаи навзод дур рафта наметавонад. Барои ҳамин ҳам модараш ба ӯ шир дода, шикамашро сер мекунад ва онро дар ҷои бе-
хавфе гузошта, худ бо говҳои дигар ба чаро меравад. Ҳеҷ гап не, аз пайи ӯ меравам ва гӯсолаашро меёбам, - гуфт Алишер. - Асалхарӣ кай биёем, - пурсидам ман. Пешакӣ тасмим гирифта будем, ки аз ин ҷо асали тоза бихарем. Зеро ин ҷо эҳтимолияти ба занбӯрҳо додани шакар камтар буд. Ба фикри мо бо хар аз масофаи дур шакар намеоранд. - Баъди нисфирӯзӣ. Мо меҳмон дорем. Ҳозир бояд ман назди чӯпонҳои шинос ба сари рама равам, то ки гӯсфанд оварда, барои меҳмонҳо кушанд, - гуфт Алишер ва аз паси кораш шуд. Мо дар сояи бед палос партофта, то соати 11 истироҳат кардем ва сипас дар тарадуди хӯрокпазӣ шудем. Барои он ки ба хӯроки
ман. Воқеан, 10 рӯз пеш мо килои асалро дар деҳоти Камароб 40 сомонӣ харида будем. - 45 сомонӣ, - пешниҳод кард ӯ. - Майлаш, - розӣ шудам ман. Ҳамин вақт марди тақрибан 60- солае омада, бо мо салому ҳолпурсӣ намуд ва ба як пиёла чой ба хона, ки дараш аз ҷониби кӯча буд, даъват кард. Мо эҳтиромона мурооти ӯро рад кардем. Ҳамин вақт Алишер омада, моро ба дохили ҳавлиаш ҳидоят кард. Ин хонаи куҳнасохти лойӣ аз се ҳуҷра ва пешайвони хурде иборат буд. Дари як ҳуҷра чи хеле ки гуфтем аз кӯча буд. Ҳуҷраи
намедод. Он замонҳо рамаро ба он сӯи сарҳад низ ба чаро мебурданд. Боре чӯпонҳо аз ин ҳоли мо хабардор шуда, гуфтанд, ки дар он тарафи ағба, дар қаламрави Ӯзбекистон деҳаҳои тоҷикнишин ҳаст. Онҳо гандумеро кишт мекунанд, ки ба ин иқлим мутобиқ аст ва ҳосили дилхоҳ медиҳад. - Ин хабарро шунида, рӯзе 4 нафар – ману Абдувосит, Юсуфалӣ ва Маҳмадсолеҳ озими Ӯзбекистон шудем, - суханашро идома дод Абдураззоқ. – Вақте бо азоб болои ағба баромадем, он тараф нишеби ҳамвор буд. Дар яке аз шохобҳои дарёи Тӯпаланг истироҳат карда, рӯзи дигар ба Ҷовид МУҚИМ
Сайри саргаҳи дарёи Ширкент Очерки сафарӣ
нисфирӯзии меҳмонони Алишер халал нарасонем, баъди соати 2 омодаи сафар ба деҳа шудем. Дар ин кӯҳистон барои асалгирӣ зарф пайдо кардан хеле мушкил аст. Ман худам тақрибан 10 рӯз аз ин пештар, ҳангоми сафар ба дараи Камароби ноҳияи Рашт, зарфе наёфтам, ки аз бошишгоҳи занбӯрпарварон асали тоза бигирам. Бинобар ин барои дар роҳ об нӯшидан ҳангоми ба хона баргаштан як боклажкаи якунимлитра ва як боклажкаи нимлитраро монда, 4 боклажкаи холии дигарро бо худ гирифта бо Қурбону Алишер сӯи деҳаи Пашми Куҳна равон шудем. Маъруф дар бошишгоҳ монд. ҚИССАИ ГУЛМОҲИИ ДАРЁИ ШИРКЕНТ Вақте ба назди хонаи Алишер расидем, 8-10 нафар одамони ношинос дар сояи бедҳои назди ҷӯй, сари роҳ гирди дастурхон менишастанд. Маълум, ки инҳо меҳмононанд. Як чӯпони қаддарози ӯзбек гӯсфанди сарбуридаи фарбеҳеро, ки тақрибан 20 кило гӯшт дошт, дар бед овехта пӯст меканд. Мо барои ташвиш надодани меҳмонон наздик нашудем. Алишер, ки он ҷо ҷунбуҷул дошт, моро дида наздамон омад. - Килои асалро чанд сомонӣ медиҳӣ, - пурсидам ман. - 50 сомонӣ, - посух дод Алишер. - 40 сомонӣ – савдо кардам
мобайнӣ, ки аз шарқ тирезаи хурде дошт, вазифаи анборхонаро иҷро мекард. Дар пештоқи ҳуҷраи хоб антеннаи радио насб шуда буд. Алишер дари анборхонаро кушода моро ба дохил бурд ва бидони асалро нишон дода, гуфт: - Чашед, маъқул мешавад ё не? Қурбон, ки дар собиқ солҳои зиёд ба занбӯрпарварӣ машғул шуда буд, асали тозаро аз асали шакарӣ хуб фарқ мекард, як лес асалро бо ангушташ ба даҳон бурда гуфт: - Хуб аст. Алишер аз бидон ба сатиле, ки як тарафашро чун нова қат карда буданд, асал рехт. Мо ба Алишер баклажкаҳоро додем, то ки онҳоро аз асал пур кунад. Асал дар хонаи сард андаке шах шуда буд ва ба зарф намерехт. Ҳамин вақт Абдураззоқ омада ба писараш маслиҳат дод, ки сатилро ба офтоб гузорад, то каме асал гарм шавад. Ман аз фурсат истифода бурда дар бораи деҳа аз Абдураззоқ пурсон шудам. Ӯ дар ин бора маълумоти казоӣ надошт. Абдураззоқ дар бораи ину он нақл карда, гуфт, ки пеш дар дарёи Ширкент гулмоҳӣ набуд. Падарам нақл мекарданд, ки дарёи Сандал моҳӣ надорад: - Тақрибан соли 1981 буд. Мо он вақт дар ин ҷо доимӣ зиндагӣ мекардем. Гандуме, ки мо баҳор кишт мекардем, хосили дилхоҳ
деҳаи Тамархут расидем. Дар он тарафи сарҳад ҳам ба 4 деҳаи кӯҳӣ роҳи мошингард набудааст. Сокинони деҳа моро хуш қабул намуда, мушкили моро осон карданд. Ба ҳар яки мо ба тавони борбардориамон 20-25 кило гандуми навъи «Сабзак» доданд. Воқеан ҳам, ин гандум ба иқлими мо мувофиқ буд. Он як ба панҷ ҳосил медод. - Ҳакимичиҳо аз ин гандум, мекориданд, - тасдиқ кард Қурбон ва афзуд: - Мо ин тухмиро аз онҳо гирифта кишт мекардем. - Онҳо аз мо тухмӣ гирифта буданд, - гуфт Абдураззоқ ва афзуд: - Ман дар бораи гулмоҳӣ гап заданӣ будам. Мо дар дарёчаи Тамархут моҳии зиёдеро дида ҳайрон шудем. Сокинон гуфтанд, ки ин гулмоҳӣ аст. Вақти баргаштан онҳо ба мо дар як мӯзаи резинӣ тақрибан 20 дона моҳича доданд. Вақти ба деҳа баргаштан ҳар сари вақт оби мӯзаро иваз мекардем, то моҳичаҳо нафастанг шуда намуранд. Мо моҳичаҳоро, ки тақрибан 15 дона зинда монда буданд, баъди аз сарҳад гузаштан, дар таги кӯҳи Қазноқ, дар шохоби дарёи Сандал сар додем ва дигар онҳоро фаромӯш кардем. - Баъди тақрибан 10 сол тасодуфан дар соҳили дарё зоғеро дидам, ки моҳии мурдаро нӯл зада мехурд, - нақлашро идома дод Абдураззоқ. - Баъди ин маълум шуд, ки
11 моҳичаҳои сардодаи мо зиёд шудаанд. Ҳамин гулмоҳии дарёи Ширкент насли ба об сардодаи моҳичаҳои мо аст. Зеро ба гуфти падарам дар ин дарё аслан моҳие мавҷуд набуд. - Агар ба дарёи Ширкент ӯ моҳӣ сар додааст, пас ба шохобҳои дарёи Қаратоғ - Деҳқондараву Париён, Сарбину Патру кӣ гулмоҳӣ оварда бошад? - андешаашро иброз намуд Қурбон раҳораҳ ҳангоми ба бошишгоҳ баргаштан. Бегоҳ вакти хӯроки шом Қурбон пешниҳод кард, ки субҳ ношто накарда, ба роҳ бароем ва дар ағбаи Ҳазорхона, назди чашмае наҳорӣ хӯрем. Маъруф ин пешниҳодро рад кард: - Имсол хушксолӣ шуд, кӣ медонад, ин чашма об дорад ё не? Ман ҳам ба гуфтаҳои Маъруф мувофиқ омадам: - Ба фикри ман, субҳ ношто карда, ба роҳ бароем, беҳтар. Зеро ин ҷо оташдону ҳезум тайёр. Об ҳам дар пеши биниамон. Алишер ҳам моро дастгирӣ кард. Дараи мазкур нисбатан хунуктар будааст. Бо расидани шом ҳаво сард шуд ва гармии гулхан, ки тақрибан ду метр дур буд, ба мо намерасид. Ба ҳар ҳол то соати тақрибан 10 суҳбаткунон нишастем. Ман ба хаймаам омадаму шариконам ба ҷойи хоби худ рафтанд. Дар назди хаймаи ман ду тана олучаи даштӣ пухта расида буд. Хирсҳо шаб олучахӯрӣ меоянд. Агар мабодо хирс ба хайма ҳуҷум кунад, ман фурсати дифоъ кардан ҳам намеёфтам. Ҳамин тавр нимхобу нимбедор шабро рӯз кардам. АҒБАИ ҲАЗОРХОНА Мо соати 6-у 20 дақиқа аз ҷои истамон рост ба сӯи ағбаи Ҳазорхона равона шудем. Тақрибан 50 метр аз бошишгоҳ дур шуда будем, ки Маъруф ахлоти хирсро зери олуча дида, гуфт: - Шаб ин ҷо хирс омада будааст. Ҳатто шохаи олучаро шикастааст. Маълум мешавад, ки ташвиши шабонаи ман беҳуда набудааст. Мо ба пайраҳа баромада, бомаром боло мешавем. Маъруф сӯрохиҳои кӯҳро, ки боду борон сохтаанд, нишон дода гуфт: - Шояд барои ҳамин ҳам ин ағбаро Ҳазорхона номанд. Тақрибан баъди ним соати ҳаракат аз пешамон ҳавзи чиркине баромад, ки макони қурбоққаҳо буд. - Қурбон ҳамин ҷоро барои ношто дар назар дошт,- гуфт Маъруф ва афзуд: - Хайрият, ки ба маслиҳати ӯ гӯш накардем, вагарна кӣ аз ин қурбоққахона об менӯшид?! Баъди чанде як марди либоси варзишипӯшро вохӯрдем, ки аз пайраҳа берун шуда, болои сабза дароз кашида буд. Мо ӯро дирӯз дар байни меҳмонони ҷангалбон дида будем. Ӯ баъди салому ҳолпурсӣ гуфт, ки нафастанг шуда, барои истироҳат истодааст. >>12
12
САЙЁҲӢ
<<11 Бо боло шудани мо анбуҳи дарахтон сирак шуда, билохир онҳо дигар намерӯиданд. Ағбаи мазкур роҳи гузари подаву рамаҳо буда, осори онҳо ҳар сари қадам ба чашм мерасад. Мо аз кӯтал баромадан хаста шудем ва барои нафасросткунӣ ба муддати ягон 10 дақиқа истодем. Ҳамин вақт аз поён як гурӯҳи тақрибан 7-8 нафараи одамон намоён шуданд. Қурбон гуфт, ки онҳо меҳмонони Абдураззоқ мебошанд, ки баргашта истодаанд. Воқеан, баъди чанде онҳо ба мо расида омаданд. Ду нафари калонсолтари онҳо, собиқ афсарони марзбон будаанд, ки дар шаҳри Турсунзода хизмат кардаанд. Яке аз онҳо Маъруфро шинохт ва суҳбат қӯр гирифт. Маълум шуд, ки дуюмӣ қаблан бо сарбозонаш қариб ним сол ин ҷо будааст ва ҳоло он солҳоро ба ёд оварда, ба Пашми Куҳна омадааст. Онҳо бо худ бор надоштанд. Борхалтаҳои онҳоро Абдураззоқ бо асп ва як хар аз оқиб меовард. Мо суҳбаткунон то қариби болои ағба расидем. АҒБАИ ЧАРОҒМАЗОР Ниҳоят баъди 2 соат ва 7 километр ҳаракат кардан ба болои ағбаи Ҳазорхона, ки баландиаш аз сатҳи баҳр 3100 метр аст, расидем. Сипас каме аз гардана ба пас фаромада, аз пушти ағбаи Ҳазорхона гузаштем ва ба дараи Яхоб фаромадем. Дар пеш водии беканоре менамуд, ки дарахте надошт. Мо боз ба баландӣ баромадан гирифтем. Ин пушти ағбаи Чароғмазор буд. Меҳмонони Абдураззоқ аз мо қафо монданд. Худи ӯ савори асп ва аз пасаш касе харро ронда меомаданд. Маъруф ду арчаи болои гарданаро нишон дода, гуфт, ки ба он ҷо мебароем ва сипас аз ағба мефароем. То болои гардана тақрибан 500 метр монда буд, ки ҳамин вақт аз куҷое пашшачаҳое пайдо шуданд. Ин пашаи бӯгала ба рӯ ва сару гардани мо ҳуҷум карда, ба роҳгардиамон халал мерасониданд. Мо бо дастонамон пашшаҳоро дур карда, бо азоб роҳамонро идома медодем. Ниҳоят ба назди ин ду арча раси-
дем ва ин ҷо бод бо суръат вазида пашшаҳоро аз мо дур кард. То ин ҷо мо боз 4 километри дигар ҳаракат карда, соати 9-у 45 дақиқа болои ағба расидем ва он ҷо наистода поин шудем. Дар пеш боз водии кушоди бе долу дарахт буд. Аввали фаромад тақрибан 200 метр андаке мушкил буд. Дигар пайраҳа сарнишеб ба дашти васеъ мебурд. Ин ҷо боз мавҷи телефон пайдо шуд. Ман ба оилаам занг зада гуфтам, ки дар роҳ ҳастем ва шояд пагоҳ ба хона расам. Агар имрӯз ба Лаби Ҷӯй расем ҳам, аз он ҷо ягон хел нақлиёти ҷамъиятӣ ҳаракат намекунад. Танҳо аз истироҳатгоҳи ТАЛКО - «Куран» таксиҳо ба Шаҳринав мегарданд. Аз Лаби Ҷуй то Куран боз 7 километр роҳ аст. Мо роҳамонро идома додем. Дар қисми ростамон ҷо-ҷо шиварзор ба назар мерасад. Аз онҳо об шорида ҷӯй мешавад. Мо оби бо худ гирифтаамонро ҳангоми ба ағбаи Ҳазорхона баромаданамон нӯшида будем. Маъруф боклажкаи якунимлитраро гирифта ба шиварзори якум фаромад ва онро аз оби чашма пур кард. Мо фурсате ин ҷо истода об нӯшидем ва сипас роҳамонро идома додем. Ману Алишер аз пеш гузаштем. Сарнишеб фаромадан хеле тӯлонӣ буд. Аз пешамон дар тарафи шарқи ағба, паси рӯдак рамаи бузҳо мечариданд. Дар пеши роҳи мо, дар майдончае гови ширдеҳе баста шуда буд. Дар наздикии гов дар сояи шах саги чӯпонӣ пинак мерафт. Ин саг метавонист, ки ба мо ҳуҷум кунад. Бинобар ин мо аз дур чӯпонро фарёд кардем, ки сагашро бигирад. Чӯпон, ҷавони тақрибан 20-сола аз он сӯи рӯдак ба тарафи мо гузашта, истиқболамон гирифт. Бо ӯ салому ҳолпурсӣ кардем. Вай моро ба як пиёла чой муроот кард. Мо ташаккур гуфта, роҳамонро идома додем. Бо ин водӣ рост фаромада намешавад. Дар поён шахҳои касногузар қад кашидаанд. Барои аз ағба фаромадан дар нимароҳ бояд ба сӯи ғарб тоб хӯрда, сипас тавассути ду кӯҳпораи дигар, ба ҷое ки сафарамонро ба сӯи дараи Харкуш сар кардем, расидан мумкин аст. Дар роҳ мо бо чӯпонбачае
вохӯрдем, ки савори хар сагеро баста бо худ меовард. Аз суҳбат маълум шуд, ки ӯ ба назди чӯпонҳои рамаи бузҳо мерафтааст. Мо соати 11-45 дақиқа, баъди боз 5,5 километр ҳаракат кардан бо остонаи ағбаи Чароғмазор, ки вақти ба дараи Харкуш рафтан хӯроки чошт хӯрда будем, фаромадем. Мо ҳамагӣ аз субҳ 16,5 километр ҳаракат карда будем. Ин ҷо ду рӯдак ба ҳам меомаданд. Мо аз рӯде, ки аз кӯҳи Заҳргоҳ меомад, об нӯшидем. Оби он нисбати рӯди Чароғмазор сардтар буд. БОЗГАШТ Мо дар майдончаи кони ангишт аз ҷумаки лулаи об, ки аз соҳили шарқии дарёи Қаратоғ, аз чашмае меомад, об нӯшида роҳамонро идома додем. Роҳ нисбатан тахту ҳамвор буда, то сари роҳи деҳаи Лаби Ҷӯй 5 километр ва аз он ҷо то хонаи Қурбон боз 1 километр роҳи кӯтал аст. Харҳо магар ба манзилашон наздик шуданро эҳсос карданд, ки юрға шуданд. Ниҳоят кӯлҳои гулмоҳипарварӣ ва деҳа намудор шуд. Ба деҳа наздик шуда будем, ки як мошини сабукрави «Тойота Ленд Крузер» аз мо гузашта истод ва баъд ба ақиб омад. Дар он ду нафар нишаста буданд. Сари чамбараки мошин марди тақрибан 45сола ва дар курсии пеши ронанда ҷавони 23-25-сола менишаст. Ин ҷавон Маъруфро мешинохтааст. Онҳо бо ҳам суҳбат карданд. Баъд маълум шуд, ки онҳо кормандони ширкати сайёҳӣ буда, ба хориҷиён хизмат мерасонидаанд. Ба онҳо барои ба дараи Харкуш, ба мавзеи изи пойи динозаврҳо рафтан роҳбалад ва як хар лозим буд. Маъруф Қурбонро пешниҳод кард. - Пагоҳ рафта наметавонам. Худаму харҳо монда шуданд, - рад кард Қурбон ва як нафар ҳамдеҳаашро тавсия дод. Онҳо мошинро ба даруни деҳа ронданд, то ки бо роҳбалад маслиҳат бикунанд. Баъди аз назар дур шудани онҳо ба сарам зад, ки бо онҳо метавонистам ба сари роҳи Турсунзода – Душанбе бароям. Аз он ҷо ба хона рафтан осон буд. Ба Маъруф ин андешаамро гуфтам.
Арҷгузорӣ ба фарҳанг Малоҳат Дилшодова донишҷӯйи курси аввали Донишгоҳи миллии тадқиқотии Самара ба номи академик С.П.Королёви Федератсияи Руссия, факултаи муносибатҳои байналмилалӣ мебошад. Мавсуф баъди хатми мактаби таҳсилоти умумии миёнаи рақами 20-и шаҳри Душанбе бо талошу заҳматҳои худ сазовори номи донишҷӯ гардид. Дар сӯҳбат Малоҳат аз он хушнудӣ мекард, ки имрӯз ба орзуяш расиду дар хориҷ таҳсил мекунад. Гарчанде аз волидайн ва наздикон барояш дар дуриҳо мушкил бошад ҳам, аммо ӯ тасмим гирифтааст дар хориҷ таҳсил намояд ва дар оянда фаъолияташро дар зодгоҳи худ идома диҳад.
Ҳамсуҳбатамон иброз дошт, ки тӯли як моҳе, ки таҳсил мекунад, барояш чандон душворие наовардааст. “Дар донишкадаҳои Самара то ҷое маълумот дорам зиёда аз 400 нафар донишҷӯ аз Тоҷикистон таҳсил мекунанд. Ҳангоми таҳсил дар хориҷа, ҳар касе метавонад бо мушкилии забон дар ин ё он дараҷа дучор шавад. Дигар ин ки ҷавонон аз наздиконашон дур мемонанд, ки ин ҳам барояшон фишори равонӣ аст. Бояд ба фарҳанги ғайр созгор шуд. Дар муошират низ ба мушкилӣ дучор мешаванд. Ман худам замоне, ки донишҷӯ шудам, дар аввал наметавонистам мавзӯъҳоро дуруст пайгирӣ
“ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН”, №41 (9571), 11.10.2018
- Ҳоло дер нашудааст, онҳо ба деҳа даромаданд, - гуфт Маъруф. Вақте ки мо ба гардиши дохили деҳа расидем, сабукрави сафеди шинос аз деҳа поин шуд. Маъруф даст бардошта онро нигоҳ дошт ва гуфт: - Шумо ҳоло ба куҷо меравед? - Ба Душанбе. Чӣ гап буд? – ба суол бо суол посух дод ронанда. - Як хоҳиш, ҳамин бародари маро то Душанбе намебаред? - Бе ягон мушкилӣ. Як мошини калон холӣ аст, - гуфт ронанда. Қурбон зуд хареро, ки борхалтаи ман дар он буд, дошт ва хурҷинро аз маркаб поин фаровард. Бо кумаки Алишер борхалтаро аз хурҷин бароварда ба ман доданд. Борхалтаро ронанда ба бордони мошин гузошт. Ман ба шариконам изҳори ташаккур намуда, таёқи Қурбонро ба ӯ баргардонидам ва сӯи мошин омадам. Ронанда муҳаррикро ба кор даровард ва мо ба сӯи Душанбе равон шудем. Бояд гуфт, ки роҳи Ҳакимӣ – Қаратоғ дар соҳили рости дарёи ҳамномаш сохта шудааст. Ба ёд дорам, ки солҳои 70-ум-и асри гузашта роҳи мошингард асосан, то мавзеи имрӯзаи истироҳатгоҳи ТАЛКО - «Куран» тӯл мекашид. Роҳи пиёдагард бошад, то деҳаи Ҳакимӣ, ки он вақт дар он аҳолӣ мавсимӣ ҳам зиндагӣ намекарданд, чанд маротиба бо пулҳои муваққатӣ аз болои дарё мегузашт. Аз ин роҳ асосан чӯпонҳо ва шикорчиёну ҷангалбонҳо истифода мекарданд. Ронанда марди зиндадилу хушчақчақ менамуд. Маълум шуд, ки ӯ Сафаралӣ ном дошта, аслан касбаш муҳандисӣ будааст. Ӯ дар бораи сафарҳояш ба минтақаҳои гуногуни кишвар нақл мекард. Сафаралӣ гуфт, ки рӯзи якшанбе аз сафари вилояти Бадахшону Ош баргашт. Дар 4 рӯз беш аз 3 ҳазор километрро тай кард. - Сайёҳони хориҷиро аз Душанбе ба Ишкошим, аз он ҷо ба Мурғоб ва Ош бурда, баргаштам, - гуфт Сафаралӣ. Ман ки дер боз мехостам аз чашмаҳои шифобахши Ишкошим дидан карда, сипас аз он ҷо рост ба Мурғоб сафар кунам, аз ӯ пурсидам. - Вазъи роҳи Ишкошим – Али-
кунам. Ҳаргоҳ пас аз дарс аз ин ё он устоди донишгоҳ ёрӣ мехостам. Аммо ҳаргиз аз он устодон бархӯрди миллатситезонае нисбат ба худ надидаам”. Баъди сазовори номи донишҷӯ гардидан бо омӯзгор ва роҳбари синфам Сабоҳат Хуҷамуминова дар мавриди одатҳои миллати бегона суҳбат кардам. Муаллима бароям маслиҳатҳои хубе дода гуфтанд: “Вақте мулки бегона меравӣ чанд чизи муҳимро ҳаргиз фаромӯш накун. Ҳамеша дар нақлиёт барои пиронсолон ҷой диҳед. Баъдан мардум аз ту миннатдорӣ мекунанд ва ин дар шумо боз як ҳиссиёти навро пайдо мекунад. Дар ҳоле ки шумо иҷоранишин ҳастед бояд қоидаҳои одобро риоя кунед. Мо бояд дарк намоем, ки шаҳри калон фарҳанги худро дорад, бояд ин расмиятро риоя кард. Хеле муҳим аст,
чур чӣ хел аст? Ман ҳам бо ҳамон роҳ ба Мурғоб рафтаниам. - Роҳ бисёр хароб аст. Бо сад азоб рафтем. Мошини хуби ҳарҷогард лозим аст, - гуфт Сафаралӣ. Ман ҳам дар бораи кӯҳгардиҳоям каме нақл кардам. Сипас сухан дар бораи сайёҳони хориҷӣ ва хизматрасонии онҳо рафт. - Барои ҷалби сайёҳони хориҷӣ роҳкирои тайёраҳоро арзону хизматрасониро дар маҳалҳо хуб бояд кард, - андешаи худро иброз намудам ман. - Бале, ин ақидаатон дуруст аст, - ин пешниҳоди маро дастгирӣ намуд шарики Сафаралӣ, ки то ин вақт хомӯш нишаста, моро гӯш мекард. Мо суҳбаткунон чӣ хел ба Душанбе расиданамонро нафаҳмида мондем. Сафаралӣ маро то наздикии хонаам овард. - Ман аз шумо чанд пул қарздор? – гуфта даст ба ҳамён бурдам, то ки ба Сафаралӣ роҳкиро диҳам. - Ягон тин. Одамгариро бо пул ҳисоб намекунанд. Саломат бошед, ака! – гуфт Сафаралӣ борхалтаи маро аз бордони мошинаш гирифта. - Ташаккур, шумо ҳам кам нашавед. Ҳамеша сарбаланд бошед! – гуфтам ман ва борхалтаамро ба пушт монда, сӯи хона равон шудам. Сафари ман ба дараи Қаратоғу саргаҳи дарёи Ширкент собит мекунад, ки сайёҳии дохиливу хориҷиро ба ғайр аз кӯҳҳои Бадахшону Фон, дар қаторкӯҳҳои Ҳисор низ ба роҳ мондан мумкин аст. Воқеан, дар ин мавзеъ ҷойҳои диданӣ зиёд аст. Масалан, тамошои кӯлҳои Ҷувозаку Темур ва Париён, ки шохоби дарёи Қаратоғро ташкил мекунанд, барои сайёҳон ҷолиб аст. Ҳамчунин дидани пайи динозаврҳо дар дараи Харкуш ва тамошои саргаҳи дарёи Ширкент, манзараҳои мавзеи Хоҷа Ҳасан ва чашмаи шифобахши оби гарми радон таваҷҷуҳи сайёҳони хориҷиву дохилиро ба худ мекашад. Барои амалӣ гардидани ин пешниҳод танҳо маблағ ва саъйу талоши масъулону соҳибкорон лозим аст.
ки ҳузури мо ба ҳеҷ кас бор наорад. Чун мо тоҷиконро бо урфу одат ва рафтори ҳамида мешиносанд. Сабур бош зеро зиёд аз кам оғоз мегардад”. Малоҳат аз он қисса мекунад, ки дӯстони зиёди хориҷӣ пайдо карда, бо онҳо дар ҳар масъала суҳбат мекунад. Бо донишҷӯёни тоҷик ҳамеша дар мавриди мушкилоташон суҳбатҳо ороста онро якҷоя паси сар мегардонанд. Ин донишҷӯдухтари фаъол нақша дорад ва кӯшиш мекунад, ки дар барномаҳои донишгоҳӣ ва берун аз он маърӯзаҳо намуда, Тоҷикистони азизро барои хориҷиён муаррифӣ намояд. Тавре худи ӯ мегӯяд: “Дар байни мо ҷавонони фаъоли тоҷик зиёд аст ва кӯшиш мекунем Тоҷикистонро ба ҳамагон муаррифӣ намоем”. Наҷиба МУРОДБЕКОВА, “ҶТ”
“ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН”, №41 (9571), 11.10.2018
Наҳзат ва каждуми зери бурё Солҳои пас аз бадастории истиқлолияти давлатӣ нерӯҳое дар ҷомеаи мо зуҳур намуданд, ки бо сӯистифода аз демократия мехостанд манфиатҳои пасипардагии худро амалӣ созанд ва бо ин амали худ боиси зери суол рафтани арзишҳои демократӣ дар миёни мардум гаштанд. Яке аз чунин нерӯҳо ТЭТ ҲНИ буд, ки бо истифода аз плюрализми сиёсии низоми демократӣ мехост мақсадҳои қудратталабии худро амалӣ намояд. Аз рӯзи аввали шурӯи фаъолияти худ ТЭТ ҲНИ аз демократия сӯистифода намуда, амалҳои он аз арзишҳои демократӣ фарсахҳо дур мебошад. Далелҳои зиёде вуҷуд доранд, ки аз сӯистеъмоли ТЭТ ҲНИ аз демократия дарак медиҳанд. Аввалан, дар солҳои 90-ум, ки ТЭТ ҲНИ яке аз тарафҳои моҷаро буд фаъолияташ комилан ба меъёрҳои демократӣ мувофиқат намекард. Муборизаи мусаллаҳонаи ин созмон барои ба даст овардани қудрат, ба гурӯҳҳо ҷудо намудани аҳолӣ ва табъиз нисбати дигарандешон, таҳаммулнопазирӣ ба нерӯҳои дигари сиёсӣ, хусусан коммунистон, рӯ овардан ба амалҳои гаравгонгирӣ ва террор аз моҳияти ғайридемократӣ ва ғайримардумии ТЭТ ҲНИ дарак медод. Хусусан, фаъолиятҳои ғайримардумии ТЭТ ҲНИ яке аз омилҳои дурӣ ҷустани мардум аз нерӯҳои демократихоҳи он замон гашта буд. Сарварони ин созмон бояд эътироф намоянд, ки бадбахтиҳои ба сари мардуми кишвар омада, маҳз аз маърифати пасти сиёсии саркардаҳои ТЭТ ҲНИ дар солҳои 90-уми асри гузашта буд. Усулҳои сиёсие, ки онҳо бо баҳонаи демократия ба роҳ монда буданд, боиси рӯ гардонидани мардум аз арзишҳои демократӣ гаштанд. Аъзоёни собиқи ин ҳизб худ аз усулҳои зӯригарӣ ва террор, ки ТЭТ ҲНИ истифода менамуд ёдовар шудаанд, ки аз моҳияти зиддимардумӣ доштани ин созмон дарак медиҳад Дигар ин ки пас аз ба имзо расидани сулҳ ва оштии миллӣ низ ТЭТ ҲНИ дар самти рушди демократия дар кишвар кореро ба анҷом нарасонид ва танҳо бо сӯистифода аз низоми демократӣ ба танқиду сиёҳ намудани ҳукумати ҷумҳурӣ машғул буд. Агар саркардагони ТЭТ ҲНИ даъвои мардумсолорӣ ва демократӣ будан доранд, пас метавонанд бо мисолҳо баён намоянд, ки дар давраи фаъолияти осоишта дар ҳудуди Тоҷикистон чӣ корҳоеро баҳри таҳкими арзишҳои демократӣ ба анҷом расонидаанд? Онҳо ба ғайр аз танқиди ҳукумат ва мақомоти давлатӣ, пеш бурдани бизнеси худ ва қудратталабӣ боз чӣ фаъолияте баҳри осудагии мардуми кишвар намудаанд? Албатта, ин саволҳое мебошанд, ки ҷавоби худро металабанд. Ҷонибдорони ҳизби мамнуъгардидаи ТЭТ ҲНИ бо сардории М. Кабирӣ афсонаи «сангпушт ва каждум» - ро ба ёд меоранд. Бо вуҷуди он ки сабабгори ҷанги шаҳрвандӣ дар кишвари мо маҳз ҳамин ҳизб ва ҷонибдорони он буданд, давлату ҳукумат ҳамаи онҳоро авф намуд. Дубора ба онҳо иҷозат дод, ки дар ҷаҳорчӯбаи қонун фаъолият баранд. Лекин сад афсус табиати онҳо ҳамин будааст. Ҳизби мамнуъгардидаи наҳзати исломӣ боз мехоҳанд, ки неши заҳрноки худро ба тани мардуми тоҷик занад. Лекин ин дафъа ин кор ба онҳо муяссар намегардад. Мардуми тоҷик муйро аз хамир ҷудо карда метавонанд. Бахусус ҷавонони имрӯзаи тоҷик пайрави сиёсати созандаи давлату ҳукумат буда, ҳеҷ гоҳ роҳ намедиҳанд, ки дасти нохалафе ба сари миллати тоҷик бардошта шавад. Нодир ҚОДИР
E - MAIL: javonontj@mail.ru
13
Пешравии ҳар як ҷомеа аз оромии он вобастагӣ дорад. Сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ барои миллати тоҷик ҳамчун арзишҳои бисёр азизу муқаддас аҳамияти ниҳоят калон доранд ва ҳифзу таҳкими онҳо вазифаи ватандӯстонаи ҳар як шаҳрванди бонангу ори Тоҷикистон мебошанд. Дар даврони истиқлолият Тоҷикистон ба дастовардҳо ва музаффариятҳои зиёде дар ҳама самтҳои ҷомеа ноил гаштааст. Сарҷамъиву иттиҳоди миллат, ваҳдати миллӣ ва зарурати ҳифзи ин неъмати муқаддаси халқамонро набояд ҳеҷ гоҳ аз мадди назар дур созем. Чунки сарҷамъии миллат, сулҳу ваҳдат ва суботи сиёсиву иҷтимоӣ аз ҷумлаи шоҳсутунҳои кохи муҳташами истиқлол, сарчашмаи бахту иқболи халқи тоҷик ва кафолати рушди муназзаму устувори давлати тоҷикон мебошад.
Бозиҳои пасипардагӣ ва боз наҳзатиён
Зиёиён бояд наврасону ҷавононро дар рӯҳияи ватандӯстиву ватанпарастӣ ва худогоҳиву худшиносии миллӣ тарбия намоянд. Пас, устодону омӯзгоронро мебояд, ки дар тарбияи насли наврас ва ҷавонон такрор ба такрор ба хонандагону донишҷӯён таъкиду талқин намоянд, ки вай шахсияти ояндасози ҷомеа асту, дорои фаҳмишу биниши хосаи худ. Хотирнишон кардан бағоят муҳим аст, ки ин иқтидори зеҳнии насли наврасу ҷавонро ангезиш дода, бедор кардан лозим аст, то ки саҳми худро баҳри эҷоду офаридаҳо ба хотири рушду тараққии кишвари азизамон гузоранд. Мо дар замоне зиндагӣ мекунем, ки давраи ҷаҳонишавӣ номгузорӣ шуда, сиёсати печутобёфта, мураккаб ва фитнаангез дорад. Барои тасдиқи ин назар, метавонем давлатҳои Либия, Яман, Сурия, Ироқ ва ғайраро мисол оварем. Ин давлатҳо дар амн ва рушд буданд, вале дар як муддати кӯтоҳ онҳо ба як кишварҳои ҷангзадаю қафомонда табдил ёфтанд. Сабаби ин ҳама бадбахтиҳо инқилобҳои ба ном «рангоранг» аст, ки ба сари ин мардумҳои бечора бо таври сунъӣ оварда шудаанд. Бешубҳа мавҷуд будани созмонҳои пинҳонкор ва сиёсатҳои пасипардагии давлатҳои абарқудрат, ки ин ҳама барномаҳоро таҳрезӣ мекунанд, муҷиби ташвиши як қатор давлатҳои дигар гаштааст. Зеро онҳоро нигарон кардааст, ки мабодо дар сарзаминҳои онҳо низ чунин инқилобҳо авҷ гиранд, зеро ҳеҷ давлат аз ин дар эмин нест. Маҳз давлатҳои нави ҷавон ва на бо он қадар иқтисоди пурқувват ва иқтидори лашкар, аз ҷумла кишвари мо. Аз сабаби омилҳои сиёсӣ ва дигар боигариҳои табиӣ Тоҷикистон ҳам дар зери хатари чунин «сенария»ҳо гирифтор шудааст. Дар зумраи чунин барномаҳо Тоҷикистон яке аз аввалинҳо, ҳанӯз дар солҳои навадум, пас аз пош хӯрдани Иттиҳоди Шӯравӣ ҷойгир шуда буд. Натиҷаи он ба ҳамагон маълум, ки он ба ҷанги шаҳрвандӣ оварда расонд. Лекин ба баъзе ашхос ва гурӯҳҳо сулҳ дар Тоҷикистон бар хилофи нақшаҳои шуми онҳо буд. Бо истифода бурдан аз хоинону ватанфурӯшон, ки ба онҳо вазо-
иф ва курсиҳо ваъда дода буданд, ба ноором сохтани давлати Тоҷикистон шурӯъ карданд. Вале, пас аз чандин маротиба кӯшишҳои номардона ва ғайриқонунӣ пеша кардани мухолифини ҳукумат, ки хоҳони ба даст овардани ҳукумат буданд, билохира дар Тоҷикистон шикаст хӯрданд, зеро, ки ҳам ноҳақ буданд ва ҳам аз тарафи аҳолӣ дастгирӣ наёфтанд. Чунки миллати тоҷик рӯзҳои сахтро ҳанӯз фаромӯш накардааст. Акнун, ки иқтисодиёт рушд карда, ҳама аз паси зиндагии осоишта мебошанд ва фаҳмиданд, ки пешравии ҳаматарафаи ҷомеа аз тинҷиву амонӣ мабдаъ мегирад. Аммо, мутаассифона то ба ҳол дар байни миллати тоҷик ҳастанд муздуроне, ки тайёранд барои маблағ ва курсӣ ватани худро боз ба хуну хок оғушта созанд. Чунин ашхосро на ғами Ватан асту на ғами миллат, барои онҳо фақат манфиатҳои шахсии худ ва хоҷагонашон авлотар ҳасту бас. Мо дар даврони иттилоот умр ба сар мебарем ва ба воситаи маҳз иттилоот фитнагарон ва таблиғчиён ҷавонони ноогоҳу бедонишро ба сӯи худ ҷалб мекунанд. Бо воситаи сомонаҳо бештари ҷавонон ба доми фиреби мухолифини ҳукумати Тоҷикистон меафтанд. Гурӯҳҳои мухолифини давлати Тоҷикистон бо дурӯғу туҳматҳои нав ба нави худ алайҳи ҳукумат мехоҳанд мардуми тоҷикро бишӯронанд ва боз як майдони ҳарбу зарб дар харитаи сиёсии дунё пайдо шавад. “Бозиҳои пасипардавӣ» ҳамоно идома доранд ва миллати тоҷик бояд тайёр
бошад, ки онҳоро хирадмандона ва бо шуҷоат паси сар намояд. Моҳи сентябри соли равон дар шаҳри Варшава, пойтахти Лаҳистон нишасти САҲА (Созмони амният ва ҳамкории Аврупо) оғоз гардид, ки дар он мухолифони давлати Тоҷикистон иштирок карданд. Дар он нишаст намояндагони давлати Тоҷикистон бо мақсади ширкат варзидан ба ҷаласаҳои САҲА вобаста ба масъалаҳои ҳимояи ҳуқуқи инсон ба ин шаҳр сафар низ карда буданд. Дар ин ҷаласа ба ҲНИ иҷозат дода шуд, то ки иштирок намоянд ва ҳам суханронӣ кунанд. Дар ин ҷо суоле ба миён меояд, ки ҳоло дар Аврупо ва кишварҳои минтақа ба муқобили терроризм муборизаи беамон мебаранд, пас чаро ҲНИ ҳол он ки ҳамчун ҳизби террористӣ аст, аз тарафи ин кишварҳо ҳимоя мешавад? Ба ғайр аз ҲНИ дигар ташкилотҳою гурӯҳҳо бар зиди давлати Тоҷикистон ташвиқоту тарғибот мебаранд, ки пур аз дурӯғу туҳмат ва барангехтани кинаву адоват байни тоҷикон аст. Чуноне ки гуфтем, шабу рӯз дар ин самт онҳо фаъолият доранд. Пас, ҷавонони мо бояд ҳисси баланди миллӣ дошта бошанд, бо Ватан, миллат, давлати соҳибистиқлоли худ ва забону фарҳанги миллии хеш ифтихор намоянд ва барои ҳимоя ҳамеша омода ва ҳушёру зирак бошанд. Фаррухшоҳ ТЕМУРОВ, омӯзгори Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон
Ҷилваи воизон Ахиран ташкилоти террористӣ - экстремистии ҳизби наҳзати ислом барои расидан ба нақшаҳои нопоки худ дар мавриди созмон додани ташкилоти наве, ки дар он номи ислом набошад ва марбут ба арзишҳои демократӣ фаъолияти он сурат гирад иттилоъ дод. Бо имзои чор тан аз гумроҳон Муҳиддин Кабирӣ, Шарофиддин Гадоев, Илҳом Ёқубзода ва Алим Шерзамонов гӯё онҳо Паймони миллии Тоҷикистонро таъсис доданд. Ҳадафи таъсиси ташкилоти мазкур ҳанӯз орзу ва пешниҳоди Кабирӣ буд. Мақсади ниҳоии Кабирӣ бинобар он ки ҳама аз хиёнатҳои наҳзат огоҳ гардид ва ин ташкилоти тахрибкорро фаъолияти ғайриқонуниашро чӣ дар хориҷ ва чӣ дар дохил ҳамагон маҳкум намуданд, мехоҳад паймонеро таъсис дода, ҷавононро ба сафҳои худ ҷалб намояд. Пасмондаҳои
наҳзатро низ Кабирӣ намехоҳад ятим монад ва онҳоро бо сӯистифода аз вазъи барояш мувофиқи маблағгузории хоҷагон ба сафҳои худ ҳамроҳ созад. Кабирӣ ва дигар гумроҳон, ки мунтазам даъвои сулҳу оромӣ мекунанд, дар қалбашон заррае меҳри Ватан надоранд. Ин нохалафон маҳз бо маблағгузории хоҷагонаш дар ҷаласаи САҲА ширкат намуда, худро сафед нишон дода, аз таъсис паймони нави хиёнаткоронааш иттилоъ дод. Дар робита ба таъсиси паймони мазкур мо ҷавонони кишвар зикр медорем, ки Кабирӣ бо ниқоби нав мехоҳад сафҳои нопокашро пур кунад. Аммо касе ва нафаре ба ҷуз пасмондаҳои наҳзат ва гумроҳони ҳамсафараш бовар нахоҳанд кард. Фарҳод ВОҲИДОВ
14 (Идома аз шумораи гузашта) Бо завқи дил нишастам. Сарамро низ хам кардам, ки ба сари Фархунда бархӯрд. Ӯ ҳам хостааст, ки маро ба нишастан даъват кунад, лек мо баробар хам шудаем… - Оҳ, шумо чӣ кор кардед? Аз зарба пеши чашмони ман ҳам шарора парид. Аз дард ба худ печида гуфтам: - Вай сар буд, ё санг? Ҳабиб қоҳ-қоҳ зада хандиду гуфт: - Ана, шумо бе нағма намешинед-а… - Боз айби ман шуд, о, сари сахти вай ба сарам бархӯрд-ку? Гуфтам: - Айби сарҳо шуд… Ба рӯйи ман бо қаҳр нигаристу хост гапе занад. Яке чашмони сиёҳи базебаш бо ҳайрат ба ман дӯхта шуданд. - О, аз саратон хун меояд… Даст ба сарам бурдам. Дастам лолагун шуд. - Ана, гуфтам-ку, сари шумо аз санг ҳам сахт… - Мана докаро ба саратон бандед... Дастони пурраю нарм сари маро гӯё навозиш мекарданд… - Аҷаб вохӯриҳое, кай ки бо шумо рӯ ба рӯ шавам, ягон гап мешавад… Ман дарун-дарун хурсанд будам. Дилам мегуфт: «Як сар не, ҳазор сар фидои Фархунда бод!».. Яке садои хушаш пар кушод: - Чӣ дунёе… Шабонгаҳ олами пур аз фасона… - Шумо шеър мегӯед? - Не барои худам мегӯям. Саре, ки дар рӯйи китфи шумо роҳат дошт, сари шуморо лолагун кард. - Шумо аҷаб суханҳои ширин мегӯед... - Худоё, ин суханонро як вақт ба ман гуфта буданд. - Кӣ? - Ҳамоне, ки аз ишқ сухан гуфту дилро бурду худ нопадид шуд… Дилам алов гирифт. Нав гиреҳи муаммои парешонӣ ва дургаштанҳои Фархунда кушода мешуд… Ноумедӣ диламро фаро мегирифт. Хостам, ки ӯ тамоми суханҳои дилашро ба ман гӯяд… Лек мошин қарор гирифт. - Ана, омадем, ака – гуфта Ҳабиб аз мошин берун шуд. Ман ноилоҷ бо дили кашол «Хайр» гуфтам. Фархунда як табассуми дардолуд карду гуфт: - Пагоҳ бегоҳ ман шуморо дар назди донишгоҳи миллӣ интизор мешавам. Хайр хуш бошед. - Ман ҳатман меоям, - гуфтаму хурсанд ба иҷорахона омадам. Соҳибхона маро сард пешвоз гирифт. - Аз рӯзе, ки рафтед, чанд нафар моро рӯз намедиҳанд, шуморо мепурсанд, - гуфт бобои Назир. - Онҳо чӣ мехостаанд? - Надонам, гоҳо бо таҳдиду овози баланд мепурсиданд. - Ҳеҷ гап не, даркор бошам боз меоянд. - Омаданашон некӣ надошт, - бо хавотирӣ ба рӯи ман нигариста гуфт бобои Назир. - Э, бобо агар даркор бошам боз меоянд. - Нағзаш шумо ба ягон ҷойи дигар равед. Боз хонакобӣ, кӯчидан ба ёдам омад. Ягон ҷойи шаҳри Душанбе намонд, ки иҷора нашишта бошам. Ин андешаи маро соҳибхона ба тарзи худ хулоса бароварда гуфт:
“ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН”, №41 (9571), 11.10.2018
НАСР - Агар шумо розӣ бошед, ман як касро медонам, ки хонаашро ба иҷора медиҳад, дур не, ҳамсоя. Каме рӯҳ гирифтаму гуфтам: - Майлаш, кори маро осон кардед. Пагоҳ кӯч бастам. Аз ҳама зиёд бори ман китоб буд. Барои мулоқот шуда чунон тез кор мекардам, ки мондашавиамро ҳатто ҳис намекардам. Бегоҳ ба ҷойи мулоқот рафтам. Фархунда набуд. Интизор шудам, ҳамааш беҳуда барин метофт. Вале ман умед доштам. Шаб қабои худро боз кард, мани интизорро ба ҳазор кӯю дари хаёл мебурд. Хостам равам. Аз ҷойи мулоқот дур шудаму овозе маро боздошт. - Шерафган… Садои пурҳаяҷони ӯ буд. Омад. - Ҳазор бахшиш, ман дар вақти ваъдагӣ омада натавонистам. Маро мебахшед, гӯён хушгӯӣ мекард.
- Хайр, чӣ шудаст? Ба ёдам омад. - Пас аз мақолаи шумо ӯро ба ҷавобгарӣ кашиданд. - Медонам. - Се сол аз озодӣ маҳрум карданд. - Ҳамааш ба гуноҳи ман буд. - Не, шумо чашми маро ба рӯйи ҳақиқат кушодед, шумо ботини ӯро ба чашми ман нишон додед. Вале маро ба худ шиносондед. - Шумо ӯро дӯст медоштед? - Ӯ сухандон ва шоиртабъ буд, зуд ба дил роҳ меёфт. - Ҳоло ҳам роҳ ёфта…. - Намедонам… Аммо имшаб мехоҳам бо шумо суҳбат кунам. - Дил дигару суҳбат дигар… - Шумо маро дуруст фаҳмед, ман мехоҳам диламро ба шумо холӣ кунам. - Марҳамат, холӣ кунед. - О, шумо хислати худро ба ман нишон медиҳед.
Ашки дил дар чашмони шабранг ҳикоя
- Ҳеҷ гап не, «дер ояду шер ояд» мегӯянд, гуфта худро ором нишон додам. - Биёед каме қадам занем… - Хуб мешавад, вале ҷойе бошад, ки каме шинем, - нав мондашавии хешро ҳис мекардам ман. - Ман имшаб дар фармони шумоям, чӣ гӯед ҳамон мешавад. Аз ин суханони каме ошкорою пурҷасораташ рӯҳ гирифтаму гуфтам: - О, шумо маро хеле шод кардед, банда дар хизмат… Шаб маро ба оғӯш гирифт. Паҳлӯи ҳам қадам мезадем. - Шерафган дирӯз ёд доред, ман чӣ гуфтам? - Ҳа, дар бораи кадом ошиқе… - Дуруст, ман Орифро дар назар доштам. - Ориф, ман намешиносам. - Чӣ хел, ҳамоне, ки шуморо ба дасти коргарони ҳуқуқ супорида буд. Пеши назарам омад, ҳамон ҷавони болобаланду ҷиддию сабзина ва хушлибос. Ҳамон ҷавоне, ки барои маро гунаҳкор кардан ҷон меканд, худро бардору зан менамуд. - Инҳо, шӯрапушт, ҷангараҳо беҳуда ба ҳар кас дар меафтанд.
- Не, ҳоло ба ин кор ҳуқуқ надорам. - Бо шумо рӯзноманигорҳо суҳбат кардан мушкил. - Вале дил бурдан осон… Ӯ механдад - А, аҷиб, ки дили шуморо бурд? - Худро ба нодонӣ назанед… - Хайр, майлаш як тири ишқро хӯрд, дигар нимбисмил мешавад. - Лекин ишқи дигар онро даво мебахшад. - Ҳеҷ чиз гуфта наметавонам… Шаб асрори дили худро гӯё мекушод, оҳанги дилҳоро аёнтар менамуд. Ман садои задани дили худро баръало мешунидам… Дубайтие дар хаёлам гирд мегашт. Зери лаб онро хондам: Биё, пайғоми дилро боз гӯям, Лабатро бӯсаму мӯят бибӯям, Надорам тоби ҳиҷрони ҷудоӣ, Куҷоӣ, офтоби орзуям? - Ана, ман ҳамин ҷо – гуфту маро оғӯш кард. Якбора дасту по хӯрдам, сарам чарх зад. Ва гоҳо бехуду ба худ Фархундаро бӯсаборон мекардам. Тани ӯ дар тани ман мепечид, мавҷ мезад. Ва яке маро тела дода аз худ дур кард.
- Бас, касе меояд… Аз дур шабаҳе менамуд. Он шабаҳ аз дур гузашта рафт. Аз чӣ бошад Фархунда парешону хавотир буд. Ва хостам бипурсам, ки худаш ба сухан даромад: - Шерафкан, медонам, ки ба ман дил додаед, ман аз нигоҳатон, аз гуфтору рафторатон ҳис кардам. Дилам ҳам моили шумо. Вале ман дер мондам. Омадам, ки то ҳақиқати ҳолро бигӯям, шуморо дар азоб намонам.. Ва яке ду дасташро ба рӯяш оварду гиря кард, сахт, ҷигарреш. Хостам ӯро ором намоям, нашуд. - Маро гӯш кунед, чӣ хел дер, чӣ гап рӯи рост гап занед. - Не, наметавонам, ман аз Ориф… гуфту боз гирист. Он шаб осмон ба сарам фуруд омад, замин дар болои сарам гирд гашт, пеши чашмонам тира шуд… Чанд рӯз бехуду ба худ будам… Омадани шабу рӯз ва моҳу сол дигар бароям вуҷуд надошт. Ман изҳори ишқ накарда будам, вале ҳолатам ҳамаро ба ӯ ошкор кардааст. Эй Худоҷон… Як рӯз даъватнома омад, аз номи Фархунда. Бо дили нолон ва дарди ҳиҷрон ба тӯяш рафтам. Сабабгор дӯстонам Баҳрому Азиз ва додараш Ҳабибҷон буданд. Аз дур чашмам ба чашми Фархунда бархӯрд. Дар либоси арӯсӣ, вале чеҳрааш шукуфон набуд. Шаҳ умуман омадани маро намехост. - Шуморо як дақиқа мумкин, - ҷавони рӯйпаҳм ва тоссар маро ба худ овард. - Чӣ гап? - Биёед, бо шумо ду даҳон гап дорам. - Гап занед. - Не, дар беруни тарабхона. - Хуш, рафтем… Бубинам, ки Ҳабиб зуд ба назди ман омаду гуфт: - Ака, берун набароед, онҳо… Суханашро буридам. - Ҳеҷ гап не, ман ҳозир меоям. Дар беруни тарабхона чанд нафари дигар маро интизор буданд. Ва зуд маро ба кунҷе бурданд. - Хайр, журналист, ана, акнун гап мезанем, - гуфту хост муште ба рӯям фарорад. Вале дасташ дар ҳаво монд. Ҳабибу Баҳром ва Азиз расида омаданд… Ҷанг нашуд. Баъди тӯй дар қарибии кохи Ҷомӣ якбора чанд нафар ба мо дарафтоданд. Чӣ қадар тез ва зуд задухӯрд шуд, ки онро наметавон тасвир кард. Танҳо Баҳромро корд заданд. Чанд рӯз моро ба милисахона ҷеғ заданд. Вале натиҷа надод. Ҳар боре, ки ба ман рӯ ба рӯ шаванд: - Ҳа, журналист, кани ҳақиқатро боз навис, - мегуфтанду халос. Ман навиштам, ҳақиқатро навиштам, вале ишқи ҳақиқиро гум карда будам. Вале дардаш, нақшаш дар сина монда. Ману Фархунда дигар вонахӯрдем. Шунидам, ки шавҳараш боз ба маҳбас афтодааст. Ҳаво боронӣ… Дилам дар нахи ёдҳо печида, ба ёди он лаҳзаҳо гум мезанад. Борон сахт борид, ман саропо тар шудам, рӯ ба само кардаму гуфтам: - Ёдаш ба хайр, он рӯзҳоро, он ёдҳоро, он ишқи гумшударо…. Дилам равшан шуд. Аммо ширин-ширин оҳанги ёдро менавозад... Шаҳобиддин ҲАҚНАЗАР
“ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН”, №41 (9571), 11.10.2018 Донишҷӯӣ беҳтарин айёми ҷавонист. Он барои ман бисёр хубу хотирмон гузашт. Чунки ин давра саропо аз таълиму тарбия ва хушию хурсандӣ иборат буд. Маҳз дар замони донишҷӯ буданам имкон пайдо намудам, ки ба минтақаҳои гуногуни кишвари азизамон сафар намоям, ба урфу одат ва маданияти ҳар як манотиқ аз наздик ошноӣ пайдо кунам. Тасаввур мекардам, ки Тоҷикистони мо бисёр кӯчак аст, аммо ин тавр нест. Ин хурдӣ танҳо дар харита аст. Ман дар давоми сафарҳоям ба манотиқи кишвар фаҳмидам, ки Ватани куҳансолори мо бисёр бузург ва боҳашамат асту ҳар як гӯшаву канори Тоҷикистон чун биҳишт зебост. Дар воқеъ, мардуми ҳар як минтақаи кишвари маҳбубамон яке аз дигар дар меҳмоннавозию инсондӯстӣ ҳамто надоранд. Яке бо лаҳни ширину дигаре бо дастархони пур аз нозу неъмат меҳмонро пешвоз мегиранд, ки бисёр хурсандибахш аст. Дар ҳар як сафари худ мо чи бо деҳқону роҳбар ва чи бо шоиру нависанда ва ҳунармандони чирадаст вомехӯрдем. Бо чунин шахсон сари як пиёла чой дар ҳавои тоза нишаста суҳбат кардан завқе дорад, ногуфтанӣ. Дар давоми се соли таҳсил ба шаҳру ноҳияҳои Ҳисори шодмон, Қубодиён, Рашту Тоҷикобод,
НАВҚАЛАМ
Тоҷикистон – макони биҳиштӣ Файзободу Темурмалик, Кӯлобу Хуҷанд ва дигар мавзеъҳои таърихӣ сафар кардем. Ҳар як сафар бароямон аҷибу хотирмон буд. Лаҳзаҳои суҳбат бо аҳли гурӯҳ сари як дастархон чи хуш лаззате дорад. Гаҳе панду насиҳат, гаҳе шӯхию хурсандӣ, нақлҳои аҷибу суханҳои нуҳуфта ин ҳама хотиротеанд, ки ба ёд меориву боз сафар кардан мехоҳӣ. Аз ҳар як шаҳру ноҳияи кишвар тасаввуроти аҷиб ва хотирмон ба худ гирифтем. Бо аҳолии онҳо аз наздик шинос шуда, дӯсту бародар шудем. Ҳар як ноҳияи Тоҷикистон бо хусусиятҳои хосааш аз ҳамдигар фарқ мекунад. Яке бо меҳмоннавозию инсондӯстӣ, дигаре бо зебогию боҳашаматӣ. Аз ҳамаи сафарҳо бароямон ҷолибтар ин сафар ба вилояти Суғд буд. Шояд аз он хотир бошад, ки қариб ҳамаи ҳамкурсон бори аввал ба ин минтақаи кишвар сафар карда буданд. Азбаски суҳбати ширини дӯстону манзараҳои дилфиреб моро ба худ ҷалб мекард, мо гармии ҳаво ва дурии роҳро ҳис намекардем. Хатсайри мо аз дохили яке аз мавзеъҳои зебоманзари кишварамон - Варзоб мегузашт. Варзоб
дар ҳақиқат маконест дилфиреб. Шаршараҳои дилфиреб мисле ки аз осмон ба замин мерехтанду кӯҳҳо ба осмон дакка мехӯрданд. Ин ҳама ҳайратовар буд, чун ин ҳама туҳфаи Худованд ва табиат аст, ки бар мо ҳадя шудааст. Роҳи ҳамвору пурпечутоб моро мебурд ба қуллаҳо ва ба монанди кӯҳҳо мо низ ба осмон наздик мешудем. Ҳаяҷону шодии ҳамкурсон ҳадду канор надошт. Дар воқеъ, шоҳроҳи Душанбе-Хуҷанд дилфиреб ва ҳайратовар аст. Дар ин шоҳроҳ мо чор фасли солро мушоҳида кардем. Ҷое сарсабз, ҷое тиллорангу барфпӯш. Маҳз дар ин сафар мо дар ҳақиқат макони биҳиштӣ будани Тоҷикистони азизамонро дарк намудем. Пас аз фатҳи талу теппаҳо ва чандин қуллаҳо ба яке аз шаҳрҳои таърихии кишвар - Истаравшан расидем. Истаравшан яке аз шаҳрҳое мебошад, ки дар рушд ва эҳёи ҳунарҳои мардумӣ нақши арзанда гузоштааст. Аз рӯи гуфтаи аҳолӣ то имрӯз дар шаҳр зиёда аз 80 номгӯи ҳунарҳои мардумӣ мавҷуданд. Ҷое ки диққати моро бештар ба худ ҷалб кард, растаи оҳангарон буд. Ин раста яке аз маконҳои таърихӣ дар шаҳр
Муҳофизи дастовардҳои истиқлолият бошем! «Ҷавонони мо дар ҳар ҷое бошанд, бояд ҳисси баланди миллӣ дошта бошанд,бо ватану миллат, давлати соҳибистиқлоли худ, бо забону фарҳанги миллии хеш ифтихор намояд ва барои ҳимояи онҳо ҳамеша омода ва ҳушёр бошанд» Эмомалӣ Раҳмон Воқеан, ҷавонӣ давраи хубу дилороест. Давраи ба камолрасии инсон, комилақл гардидан ва тафовути хубу бади дунёро дарк кардану дар ниҳоди инсоният ҳисси инсондӯстию рафоқатпазирӣ ва меҳанпарастӣ парвариш ёфтан аст. Дар ин айём илм омӯхтану касб аз худ кардан, хеле мусоид буда, барои бунёди ояндаи нек ба ҳар кас фурсати хубе мегардад. Боиси хушнудӣ ва сарфарозист, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз рӯзҳои аввали ба сари қудрат омада ба насли ҷавон таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуда, дар ин самт корҳои назаррасеро ба сомон расонидааст. Дар рӯзҳои аввали соҳибистиқлолии кишвар таъсис ёфтани Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи сиёсати давлатии ҷавонон”, “Стратегияи сиёсати давлатии ҷавонон то соли 2020” ва чандин қарору фармонҳои дигар дар ин самт то ба имрӯз амал мекунанд, ки ин аз ғамхориҳои падаронаи Сарвари маҳбубамон дарак медиҳад. Президенти кишвар ҳанӯз дар солҳои навадуми асри гузашта дар яке аз суханрониҳояшон бо ҷавонони лаёқатманди кишвар қайд намуда буданд, ки: “Мо бояд сиёсати дав-
латии ҷавононро дар қатори масъалаҳои стратегии давлатӣ гузорем, зеро ҷавонон дар раванди бунёди давлати соҳибистиқлол, демократӣ ва ҳуқуқбунёд дар Тоҷикистон мақоми ҳалкунанда дошта, тақдири ниҳоии раванди мазкур аз бисёр ҷиҳатҳо ба ин қувваи бузург сахт алоқаманд аст”. Дар ноҳияи Муъминобод низ дар замони соҳибистиқлолии кишвар дар самти кор бо ҷавонон корҳои зиёде ба сомон расонида шудаанд. Дар тӯли 27 сол барои 30 ҳазору 135 ҷавони ноҳия 81 майдончаи варзишӣ, 10 толори варзишӣ, 2 ҳавзи шиноварӣ 1 варзишгоҳ барои 7 ҳазор ҷои нишаст сохта ба истифода дода шудаанд, ки ин дастоварди бузург ва туҳфаи арзанда баҳри ҳар як насли ҷавон ба ҳисоб меравад. Воқеан, Сарвари давлат ба ҷавонони бо нангу ор ва давомдиҳандаю пойдевори давлати тоҷикон эътимоди бузург дорад. Зеро мо ҷавонон қувваи бузурге ҳастем, ки метавонем ояндаи Тоҷикистони соҳибистиқлолро бар дӯши хеш гирифта, муҳофизони аслии 27 соли дастовардҳои даврони соҳибистиқлолии кишвар бошем. Ҷумъахони БОБОХОН, сармутахассиси бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳияи Муъминобод
шинохта мешавад. Дар ин раста 14 дӯкон фаъолият мекунад, ки дар онҳо устоҳои чирадаст ва ботаҷриба кор мекунанд. Суҳбат бо ҳунармандон, маълумот гирифтан дар бораи ин касби мушкил бароямон бисёр ҷолиб буд. Ҳунармандон корд ва дигар асбобҳоро бо заҳмату маҳорати хосса месозанду ба мизоҷон мефурӯшанд. Ҳар як хориҷие, ки ба ин макон меояд, албатта аз ҳунари дастони оҳангарон туҳфа ва ё хотирае барои наздикон мегирад. Оқибат шомгоҳӣ бо таъби хушу болида расидем ба шаҳри орзуҳо - Хуҷанди бостонӣ. Ҳар нафаре, ки ба шаҳри Хуҷанд сафар мекунад, албатта аз лаззати сихкабоби хуҷандӣ баҳравар мегардад. Мо низ бо хӯрдани сихкабоб гуруснагӣ ва хастагии роҳамонро рафъ кардем. Дар ду рӯз қариб ҳама гӯшаву канори Хуҷандро сайр кардем. Баъди тамошои бозорҳо ба яке аз ҷойҳои таърихии ин шаҳр - маконе, ки ояндаи Тоҷикистон дар давраи ноамнӣ он ҷо муайян карда шуд, Қасри Арбоб рафтем. Ин Қаср дар байни солҳои 1950-1957 аз ҷониби ду карат Қаҳрамони меҳнати сотсиалистӣ Саидхоҷа
15 Ӯрунхоҷаев бо тариқи ҳашар сохта шудааст. Ороиши даромадгоҳи қаср ва саҳни он бинандаро ба ҳайрат меорад. Дар ҳамаи тирезаҳои тарафи саҳн, дар пештоқи даромадгоҳи марказӣ, дар байни сутунҳо бо санъати волои меъморӣ нақшҳо ҳаккокӣ шудаанд ва ҳеҷ нақше ду маротиба такрор нашудааст. Ороиши дохили бино дар ҳақиқат намунаи барҷастаи эҷодиёти халқ ва санъати меъморию наққошӣ мебошад. Дар ин бинои боҳашамат хонае нест, ки бо гаҷкорӣ зинат наёфта бошад. Нақшҳои хурду калон то ба дараҷае мураккаб ва ҷолиби диққатанд, ки бинандаро ба завқ меоранд. Ин корро устоҳои бомаҳорати тоҷик, усто Ширин Муродов ва шогирди беҳамтояш Мирумар Асадов иҷро кардаанд. Шиносоӣ бо кору фаъолияти нашрияи “Ҳақиқати Суғд”, радиои мустақили вилоят “Тироз”, телевизиони “СМ-1” ва радиои “Пайванд” ва суҳбат бо кормандони онҳо низ бароямон таассуроти аҷиб бахшид. Бояд гуфт, ки ин таҷрибаомӯзӣ аз беҳтарин сафар ва сайқали донишу таҷриба барои мо-донишҷӯён дар давоми солҳои донишҷӯӣ буд. Умедҷони КАРИМХОН, донишҷӯи ДМТ
Тибқи арзёбиҳои байналмилалӣ, Тоҷикистон тайи ду даҳсолаи гузашта ташаббускори ҷаҳонии ҳалли масоили глобалӣ дар соҳаи об эътироф гардид. Эмомалӣ РАҲМОН
Об сарчашмаи зиндагонист Дар ҷаҳони муосир сол то сол масъалаи таъминоти об мушкилтар ва печидатар гардида истодааст. Шаҳришавӣ, афзоиши аҳолӣ, биёбоншавӣ, хушксолӣ ва тағйири иқлим, инчунин набудани имконот барои таъмини истифодаи мақсадноки об омилҳоеанд, ки мушкилоти марбут ба обро шадидтар месозанд. Ташаббусҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президденти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба «Рушди устувор» инсондӯстонаву оқилона ва саривақтӣ буда, ҷиҳати расидан ба ҳадафҳои иқтисодию-иҷтимоӣ, экологӣ ва паст кардани сатҳи камбизоатӣ, барқарор намудани сулҳ байни давлатҳои ҷангкунанда нақши бузург бозида метавонад. Зеро ки об манбаи ҳастии ҳамаи мавҷудоти олам аст. Об захираи бузургест, ки мавҷудияти он ҷаҳону зиндагониро таровату зебоӣ ва сабзиву озодагӣ мебахшад. Ҳастии гулу гиёҳ, ҳайвоноту наботот, растаниву инсоният, хоса зиндагии осоиштаву ободӣ ва озодагиву пурбаракатӣ ҳама ба об вобастагӣ дорад. - Маҳсули ҳамаи ҳастии ҷаҳони имрӯза аз ҳастии оби тозаи нӯшокии файзбор вобастагии калон дорад, - мегӯянд Сарвари давлатамон Эмомалӣ Раҳмон - Зеро об на танҳо манбаи ободонӣ, балки сарчашмаи нуру рӯшноӣ, олами ҳастӣ ва бақои зиндагонист. Ҳар як фарди сайёра аз ин неъмати табиат доимо истифода мебаранд, ки вазифадор аст, онро муҳофизат кунад ва оқилона истифода намояд. Маҳз бо пешниҳоди Асосгузори сулҳу вахдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон “Даҳсолаи байналмилалии “Об - барои рушди устувор, барои солҳои 2018-2028” аз тарафи Созмони Миллали Мутаҳид ва аҳли ҷаҳон бо хушнудӣ пазируфта шудааст. Дар Тоҷикистон обҳои минераливу зеризаминӣ бисёранд. Хусусан 150 чашма, ки ҳамаи онҳо шифобахш мебошанд, ба қайд гирифта шудааст. Чунончи Хоҷаобигарм, Оби гарм, Ҳавотоғ, Анзоб, Шоҳамбарӣ, Гармчашма, Чилучорчашма ва монанди инҳо. Зиёда аз 60 обанбори сунъӣ сохта шудааст: мислӣ Норак, Қайроққум, Сарбанд, Бойғозӣ ва ғайра, ки барои истеҳсоли қувваи барқ соҳаҳои гуногуни саноат, кишоварзӣ, чорводорӣ моҳипарварй, паррандапарварӣ истифода бурда мешавад. Ин ҳама гувоҳ аст, ки мо аз ин сарвати табиат бой ҳастем ва пеши мо вазифае қарор мегирад, ки онро бояд самараноку сарфакорона истифода барем. Маратҷон ҶАББОРОВ, донишҷӯи курси 4-уми факултети молия ва иқтисодиёти бозори Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Fафуров
16
“ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН”, №41 (9571), 11.10.2018
ФАРОҒАТИ ҶАВОНОН
Сеҳри хома АМАЛИ МЕҲРОБ АЗИМОВ, “ҶТ”
√ АНДАРЗ
Панд ва ёрии Фотеҳ ба кишоварз ТАҲИЯИ М. ИМОМОВА, “ҶТ” Рӯзе кишоварзе ҳис кард, ки соаташро дар анбори коҳ гум кардааст. Соати маъмулӣ, аммо ҳадя ва хотирае аз гузаштаи пурарзишаш буд. Баъд аз он ки миёни коҳҳоро ҷустуҷӯ карду соатро наёфт аз гурӯҳи кӯдакон, ки дар беруни анбор машғули бозӣ буданд, мадад хост. Ваъда дод, ҳар касе онро пайдо кунад, туҳфае интизори ӯст. Кӯдакон ба хотири туҳфа даруни анбор шитофтанд. Тамоми ғарами коҳро тагурӯ карданд. Лек соат ёфт нашуд. Кӯдакон аз анбор як-як хориҷ шуданд. Кишоварз бошад, навмед
гашта, назди дарвозаи анбор нишаста буд. Писараке назди ӯ омад ва аз вай хост то барояш имкони дигар бидиҳад. Кишоварз нигоҳе ба ӯ андохт ва суол кард: "Номат чист?" Писарак номашро Фотеҳ гуфт. Кишоварз бо худ андешид, "Чаро не? Ба ҳар ҳол кӯдаки содиқ ба назар мерасад." Пас кишоварз Фотеҳро танҳо даруни анбор фиристод. Баъд аз фурсате Фотеҳ дар ҳоле ки соатро дар даст дошт аз анбори коҳ берун омад. Кишоварз шодмон ва ҳам мутаҳаййир шуд, ки чӣ гуна комёбӣ насиби писарак гашт? Пас пурсид:
"Чӣ тавр муваффақ шудӣ, дар ҳоле ки ҳамаи дӯстонат ноком шуданд?" Фотеҳ посух дод: "Ман кори зиёде накардам. Рӯйи замин нишастам ва дар сукути комил гӯш додам то садои тик-тики соатро шунидам ва ба ҳамон самт ҳаракат карда онро ёфтам." Зеҳн вақте ки дар оромиш бошад, беҳтар аз зеҳне фикр мекунад, ки пур аз андеша аст. Ҳар рӯз иҷоза диҳед зеҳни шумо низ андаке оромиш ёбад, то бубинед чӣ тавр бояд зиндагии худро он гуна ки мехоҳед, сару сомон диҳед.
√ ОБУНА-2019
Бо “Ҷавонони Тоҷикистон” ҳамеша ҷавон мемонед! МИРАТУЛЛО АТОЕВ
√ САЙҚАЛИ
АНДЕША
Беақл аст оне ки худро идора карда наметавонаду мехоҳад дигаронро идора кунад. ******** Беҳаёи модарзод ислоҳнопазир аст. ******** Аз таҳаммули ранҷиш дида ранҷонидан осонтар. ******** Дард ҳатто бегуноҳонро ба дуруғ гуфтан маҷбур мекунад. ******** Бадбахтӣ ростқавлонро ҳам дурӯғгу мекунад. ******** Ягона амали боманфиати мумсик мурданаш аст. ******** Хасисро пул қонеъ намекунад, балки ба шавқ меорад. ******** Аз дидан дида шунидани озод сабуктар аст. Публилий Сир Амал муҳимтар аст аз сухан. ******** Сарват бухулро коҳиш намедиҳад. ******** Оғози ҷанг осон, қатъаш мушкил. ******** Ҳар кас созандаи бахти худ аст. ******** Бештари одамон ғуломи меъдаву хобанду умрашонро чун оворагардон бе маълумоту бе тарбия зоеъ мегузоранд. Дар ин ҳол онҳо дар роҳатанд қалбашон дар машаққат. ******** Амалҳои илоҳию инсониро дар як сатҳ гузор. ******** Инсони некманиш аз камтаваҷҷӯҳӣ заифтару инсони бадманиш аз бетаваҷҷӯҳӣ касифтар мегардад. Саллюстий Рӯзнома таҳти рақами 0120/рз аз 22 сентябри соли 2014 дар Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон сабти ном шудааст. Нишонӣ: 734018, шаҳри Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ-16, ошёнаи 1
И.В.САРМУҲАРРИР Шодихони НАЗАР
Обуна ба рӯзномаи “Ҷавонони Тоҷикистон” барои соли 2019 оғоз шуд. Нархи обуна аз тариқи идораи рӯзнома барои як сол 115 сомонӣ муқаррар шудааст. Ин арзиш бо назардошти бурда расондан ба нақша гирифта шудааст. Шумо обуна шавед, мо сари вақт рӯзномаро мерасонем. Инчунин, Шумо ба воситаи шуъбаҳои алоқаи шаҳру ноҳияҳо метавонед ба ягона рӯзномаи ҷавонон обуна шавед.
Суратҳисоби бонкии рӯзнома: с/ҳ №20202972500232101000, ҳ/х 20402972316264, РМА 030000301, РМБ 350101626 Бонки давлатии амонатгузории Тоҷикистон “Амонатбонк”. Индекси обуна 68857.
√ ЭЪЛОН Шартномаи хариду фурӯши истироҳатгоҳ таҳти феҳристи 9ш-359 аз 20. 07. 2011 бо суроғаи шаҳри Ваҳдат, ҷамоати деҳоти Чӯянгарон, ки ба М. Бегов тааллуқ дорад, бинобар гум шудан, беэътибор донист шавад. Дафтарчаи имтиҳонӣ, ки онро Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон соли 2013 ба Гулов Абдуҷаббор додааст, бинобар гум шудан эътибор надорад. ҶДММ “Маскан” (РМА 020042822, РЯМ 0210019581) воқеъ дар шаҳри Душанбе барҳам мехӯрад. Арзу дархостҳо муддати як моҳ қабул карда мешавад. Ассотсиатсияи волидон ва омӯзгорони муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 28-и ноҳияи Варзоб барҳам мехӯрад. Арзу дархостҳо муддати як ҳафта қабул карда мешавад. Шиносномаи техникӣ ва дафтари ҳавлӣ, ки ба шаҳрванд Хуршед Бобоҷонов, бо суроғаи шаҳри Душанбе, кӯчаи Деҳотӣ 23/4, ҳуҷраи 16 тааллуқ дорад, бинобар гум шудан эътибор надорад. Ассотсиатсияи “Соҳибкории инноватсионӣ ва технологӣ” воқеъ дар шаҳри Душанбе барҳам мехӯрад. Арзу дархостҳо муддати се рӯз қабул карда мешаванд. Шиносномаи гумшуда бо силсилаи А ва рақами 8035790, ки онро ШВКД-и ноҳияи Фирдавсӣ соли 2014 ба Саидҷон Назаров додааст, бинобар гум шудан эътибор надорад. Номаи камол бо силсилаи Т-АТА ва рақами 0117311, ки онро муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 15-и шаҳри Ҳисор соли 2014 ба Аминҷони Одил додаааст, бинобар гум шудан эътибор надорад. Шартномаи хариду фурӯши манзил бо силсилаи 8Ш ва рақами 344, ки онро идораи нотариалии давлатии ноҳияи Синои пойтахт моҳи январи соли 2017 ба расмият дароварда, ба шаҳрванд Аҳлиддин Негматов тааллуқ дорад, бинобар гум шудан эътибор надорад.
ҲАЙАТИ МУШОВАРА:
Абдуҷаббор РАҲМОНЗОДА (Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа), Нуриддин САИД (вазири маориф ва илми Тоҷикистон), Аҳтам АБДУЛЛОЗОДА (раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон).
ҲАЙАТИ ЭҶОДӢ:
Маҳмудҷон УСМОНОВ (муҳаррир), Толибшоҳи ДАВЛАТ (котиби масъул), ШАҲЛО ЭШОНОВА (муҳаррири шуъбаи иқтисод ва иҷтимоъ), Хуршед МАВЛОНОВ (муҳаррири шуъбаи иттилоот ва сиёсат), Беҳрӯз ХОЛМУРОДОВ (муҳаррири шуъбаи ҳаёти ҷавонон), Нуруллоҳи ОРИФ, Хуршед ХОВАРӢ, Шаҳбози АСОМИДДИН, Меҳрубон ИМОМОВА, Муниса ДОДОВА, (хабарнигорон), Шеравган ХУРСАНҚУЛОВ (саҳифабанд), Меҳроб АЗИМОВ (рассом), Машҳур ИМОМНАЗАРОВ (хабарнигор, ВМКБ), Шодмон НУРМАТОВ (хабарнигор, вилояти Суғд) Фирӯз АБДУРАҲМОНОВ (хабарнигор, вилояти Хатлон).
•
Ба хотири чандандешӣ матолибе низ ба табъ мерасанд, ки хилофи назари ҳайати эҷодист. Дурустии арқому далелҳо бар дӯши муаллифон аст.
•
Ҳангоми таҳияи хабарҳо аз матолиби интернет низ истифода шудааст.
•
Индекси обуна: 68857
•
Тел: 908 85-85-93, 238-54-14, 238-51-09, 238-53-03
•
Ҳафтанома дар КТН «Шарқи озод» (хиёбони Саъдии Шерозӣ-16) бо теъдоди 3932 нусха ба нашр расид.
•
Ҳисоби бонкӣ: с/ҳ №20202972500232101000, ҳ/х 20402972316264, РМА030000301, РМБ350101626. БДА Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк»