ЧТ , “ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН”, №51 (9581), 20.12.2018
javonon.tj
1
НАШРИЯИ КУМИТАИ КОР БО ҶАВОНОН ВА ВАРЗИШИ НАЗДИ ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
АВОНОНИ ОҶИКИСТОН №51 (9581), 20/12/2018
e-mail: javonontj@mail.ru
Намоиши филми “Марди роҳ” саҳифаи
Муносибати падар ва духтар саҳифаи
4
5
Қоидаҳои роҳро риоя кунем саҳифаи 6 Чаро наврасони сайёра даст ба худкушӣ мезананд? саҳифаи
7
Ҳунаромӯзӣ бояд пешаи ҷавонон бошад
Идеали ҷавонон
саҳифаи
10
Воситаи болоравии иқтисодиёт саҳифаи 12
Муҳаббати падарро дарк кардан душвортар аст, чун он аз муҳаббати модар фарқ мекунад. Аммо ҳатто хурдтарин таваҷҷуҳ, камтарин навозиш, ноаёнтарин дӯстдории падар низ аз чашми духтар пинҳон намемонад. Духтароне ҳастанд, ки барои падарони хеш мисли фариштаҳоянд: аз ҳама азиз, аз ҳама дӯстдоштанӣ, аз ҳама зебо, аз ҳама боло... ҳамеша ва дар ҳама ҷо гавҳари ноёби падарҳо, ифтихору нангу ори падарҳо, нури чашму оромиши қалби онҳо... Муҳаббати падар дар навбати худ ба духтар эҳсоси оромиш, эътимоднокӣ, дӯст доштанӣ буданро мебахшад. Вақте духтар падари худро бо тамоми ҳастӣ дӯст медораду эҳтиром мекунад, эҳтироми ӯ ба ҷинси мард меафзояд ва ҳамсари минбаъдаи худро низ ҳамин гуна дӯст дошта метавонад.
2
ҲАФТАИ ПРЕЗИДЕНТ
“ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН”, №51 (9581), 20.12.2018
Мулоқот бо Котиби давлатии Шӯрои амнияти Ҷумҳурии Беларус Станислав Зас 14 декабр дар Қасри миллат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Котиби давлатии Шӯрои амнияти Ҷумҳурии Беларус Станислав Засро ба ҳузур пазируфтанд.
Пешвои миллат: Душанберо ба шаҳри гулҳо табдил диҳед Шиносоӣ бо фаъолияти Муассисаи давлатии “Боғи миллии Тоҷикистон” 15 декабр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ бо нашъунамои дарахтони мевадиҳандаю сояафкан дар “Боғи миллии Тоҷикистон”, воқеъ дар қисми ғарбии пойтахт шинос шуданд. Муассисаи давлатии “Боғи миллии Тоҷикистон” соли 2006 - ум дар заминаи собиқ Боғи ботаникии Донишгоҳи давлатии миллии Тоҷикистон, ки соли 1937 таъсис ёфта буд, ташкил карда шуд. Масоҳати умумии заминҳои боғ наздики 95 гектарро ташкил медиҳад. Дар майдони 63 гектар боғи мевадиҳандаи дарахтони себ, ангур, бодом, анҷир, нок, гелос, олу, шафтолу, хурмо, биҳӣ, чормағз, зардолу ва писта мавҷуд аст, ки нашъунамои хуб дорад. Аз дарахтони мевадиҳанда ҳосили аксари онҳо ба хориҷи кишвар содирот мегардад. Дар масоҳати наздики 10 гектар ниҳолҳои сояафкан ва ороишӣ парвариш карда мешавад. Зимни шиносоӣ бо нашъунамои дарахтони боғи мазкур Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ, раисони ноҳияҳо, роҳбарони боғҳои фарҳангию фароғатии пойтахт ва мутахассисони соҳаи боғдорӣ дастур доданд, ки ба хотири ба шаҳри гулҳо табдил додани пойтахти кишвар ба таври васеъ аз дарахтони дар ин боғ парваришшуда истифода баранд. Ҳамин тавр дастур дода шуд, ки аз ин ҷо барои боз ҳам зебою дилнишин кардани Боғи Қасри миллат, Боғи фарҳангию фароғатии ба номи Садрид-
дин Айнӣ, Боғи Фирдавсӣ, Боғи Рӯдакӣ, Боғи Ҷавонӣ, Боғи Аҳмади Дониш, Боғи Алишери Навоӣ, Боғҳои Парчам ва Нишони давлатӣ, Боғи Ирам, Боғи Наврӯзгоҳ, атрофи Масҷиди марказии ҷомеи шаҳри Душанбе ва иншооти нави Донишкадаи исломии Тоҷикистон ба номи Имоми Аъзам-Абӯҳанифа Нӯъмон ибни Собит ва дигар боғҳои пойтахт бештар аз 100 ҳазор дарахтони ороишӣ бурда шинонанд. Дастурҳои дигар ба роҳбарияти Боғи миллӣ барои то ба 180 гектар васеъ кардани майдони боғ ва ба як макони бузурги дилрабои сайру саёҳат мубаддал гардонидани он дода шуд. Таъкид гардид, ки барои ба як боғи муҳташам табдил додан аз ҳозир ниҳолҳои гуногун ва гулу буттаҳои зиёд парвариш карда шавад. Дар оянда ин мавзеъ бо ҳидоятҳои Пешвои миллат ба як маркази бузурги фарҳангию фароғатӣ барои сокинон бо тамоми шароити зарурӣ табдил дода мешавад. Дар Боғи миллӣ шумораи дарахтони мевадиҳанда 17 ҳазору 365 бех, теъдоди умумии 30 намуд дарахтони сояафкану ороишӣ ва ҳамешасабз 67 ҳазор бехро ташкил медиҳад. Инчунин дар ин ҷо барои ба иқлими Тоҷикистон мутобиқ кардан 8 намуди дарахтон, ки шумораашон 355 бехро ташкил медиҳад, мавҷуд аст ва онҳо нашъунамои хуб доранд. Дар Боғи миллӣ кормандон аз тухм ва қаламча ниҳолҳои дарахтони гуногунро парвариш кардаанд, аз ҷумла сосна, маржевика, кипариси аризонӣ, туя, сафора, липа, каштан, магнолияи ҳамешасабз, магнолияи барг-
парто, инчунин гулҳо, аз қабили гули садбарг, соквойа, зирк, легустра, брисклет, фарзетсия, туяи тиллоранг ва шамшод. Дар муассисаи мазкур ҳамчунин ба хотири таъмини дигар хоҷагиҳои боғпарварӣ парвариши қаламчаи дарахтон ва гулу буттаҳои ороишӣ ба роҳ монда шудааст. Дар ҳудуди 3,80 гектар замини корам ғалла ва картошка кишт карда мешавад. Дар майдони 0,5 гектар замин бошад, гармхонаҳои парвариши лиму сохта шудааст. Дарахтони нодири ороишӣ аз хориҷ ворид карда шуда, дар инҷо минтақабоб карда мешавад. Соли 2017 барои боғҳову хиёбонҳои шаҳри Душанбе аз тарафи Боғи миллӣ беш аз 60 ҳазор ва имсол бошад, 25 ҳазор гули сабдарг ҷудо карда шуд. Дар Муассисаи давлатии “Боғи миллии Тоҷикистон” беш аз 100 нафар ба таври доимӣ фаъолият мекунанд ва дар вақти ҷамъоварии ҳосили дарахтони боғ инчунин даҳҳо нафар коргарони мавсимӣ ба кор ҷалб карда мешаванд. Ҳамаи ниҳолҳои ороишию сояафкан ва гулу буттаҳои нодири ороишӣ ва хушбуйи дар Боғи миллӣ парваришшуда барои зебо кардани боғҳои пойтахт ва ташкили боғҳои нав дар хиёбонҳои шаҳри Душанбе нигаронида шудааст. Мавриди зикр аст, ки бо шарофати истиқлолияту ваҳдати комили сартосарӣ ва бо дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар саросари мамлакат боғҳои куҳна аз нав таҷдиду барқарор ва дар майдони ҳазорҳо гектар замин боғҳои нав бунёд карда мешаванд.
Ҷонибҳо доир ба масоили ҳамкории дуҷониба ва бисёрҷониба дар самти ҳамкориҳои ҳарбӣ ва ҳарбӣ-техникӣ, таъмини амнияту бехатарӣ ва суботу оромии минтақавӣ табодули афкор намуданд. Нақши муҳими Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ барои ҳамоҳангсозии тадбирҳои давлатҳои аъзо дар мубориза бар зидди терроризму экстремизми байналмилалӣ, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва силоҳ, ҷиноятҳои муташаккил ва фаромилӣ таъкид гардид ва ҷонибҳо ҷиҳати тақвияти ҳамдастӣ дар мубориза ба зидди ин зуҳуроти номатлуби ҷаҳони муосир дар доираи Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ ҳавасмандӣ зоҳир намуданд. Барои таъмини амнияту суботи минтақавӣ татбиқи мувофиқаҳои дар доираи Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ ба дастомада, аз ҷумла қарори расонидани кумакҳои моддӣ-техникӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон барои таҳкими марзи давлатӣ бо Ҷумҳурии Исломии Афғонистон, ки сарҳади ҷанубии созмон ба шумор меравад, ҳамчунин мусоидат ба фаъолияти густурдаи гурӯҳҳои марбутаи корӣ ва тақвияти ҳамдастии давлатҳои аъзои Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ муҳим шуморида шуд. Дар робита ба фаъолияти самарабахши Созмон ҷонибҳо мавзӯи таъин гардидани номзадии Котиби генералии Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъиро баррассӣ намуданд. Дар ин зимн Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон омодагии ҷониби Тоҷикистонро ҷиҳати дастгирии номзади Ҷумҳурии Беларус ба ин мансаби сермасъул иброз доштанд. Дар мулоқот ҳамзамон дигар мавзӯъҳои мавриди таваҷҷуҳ баррасӣ шуданд. www.president.tj
ШАҲРДОР
“ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН”, №51 (9581), 20.12.2018
Дастгирии ҷавонон дар ҳама давру замон яке аз роҳҳои таҳким бахшидани ояндаи соҳаҳои гуногуни кишварҳо ба ҳисоб мерафт. Ҳамин аст, ки дар аксари кишварҳои пешрафта қабл аз ҳама ба соҳаи ҷавонон таваҷҷуҳи хоса зоҳир мегардад. Бо дарки ин нуктаҳо аз рӯзҳои аввали соҳибистиқлолӣ ҷиҳати дастгирии ҷавонон ва рушду ташаккул ёфтани нерӯи зеҳниву ҷисмонии онҳо аз ҷониби Ҳукумати кишвар таваҷҷуҳи махсус зоҳир гардида, сол то сол ғамхорӣ нисбати ин қишри ояндадори ҷомеа меафзояд. Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки беш аз 70 фиссади аҳолии онро ҷавонон ташкил медиҳанд, пайваста кӯшиш ба харҷ дода мешавад, то ҷавонон дар ҳамаи самтҳо ба фаъолият фаро гирифта шуда, ҷиҳати имломӯзию соҳибмаърифату соҳибкасб шудани онҳо шароиту имконоти мусоид фароҳам оварда шаванд ва хушбахтона то имрӯз ҳамаи имкониятҳои зарурӣ фароҳам гардидааст. Пешвои миллат дар ҳар вохӯрии худ бо роҳбарони вазорату идораҳои давлатӣ таъкид месозанд, ки дар татбиқи сиёсати давлатии ҷавонон саҳмгузор бошанд. Зеро насли ҷавон умеду орзуи ягонаи миллат ба ҳисоб рафта, фардои дурахшони меҳан низ аз ин табақаи ҷомеа вобастагии калон дорад. Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе зери роҳбарии муҳтарам Рустами Эмомалӣ имрӯзҳо барои рушди нерӯи зеҳниву ҷисмонии ҷавонон корҳои зиёде ба анҷом расониданд. Махсусан, дар соли 2017- “Соли ҷавонон” бо сарпарастии кулли раиси шаҳри Душанбе, Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон, муҳтарам Рустами Эмомалӣ зиёда аз 17 000 чорабинӣ барои ҷавонон доир карда шуд. Сарпарастӣ намудан ба ин сол, яъне, фароҳам овардани шароити иқтисодиву иҷтимоӣ ва инфрасохторӣ барои баргузории чорабиниҳои “Соли ҷавонон” яке аз ташаббусҳои беназир ва наҷиби ҷавонмардиву ватандӯстии Президенти Федератсияи футболи кишвар ва раиси шаҳри Душанбе, муҳтарам Рустами Эмомалӣ мебошад, ки ба ҷавонони саодатманди кишвар дар ин соли муборак насиб гардид. Ёдовар мешавем, ки дар робита ба сарпарастии “Соли ҷавонон” аз аввали сол байни Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати ҷумҳурӣ ва Президенти Федератсия Ёддошти тафоҳум ба имзо расида буд, ки тибқи он муҳтарам Рустами Эмомалӣ сарпарастии тамоми чорабиниҳои “Соли ҷавонон”-ро ба зима гирифта буданд. Иқидоми мазкур сабаб гардиду ҷавонони сартосари кишвар боз ҳам ба якдигар қарин ва сарҷамъ шуданд. Ҳамин сарпарастӣ ва дастгирии бевоситаи роҳбари ҷавони шаҳри Душанбе буд, ки ҷавонон зери як сиёсат ба ҳам омаданду “Соли ҷавонон”-ро ҳамчун соли фаромушнашаванда аз оғоз то анҷом ҷашн гирифтанд. Ҳамин гуна таваҷҷуҳу иқдомҳои созандаи раиси шаҳри Душанбе, Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон, муҳтарам Руста-
Идеали ҷавонон Бешак, ҳар кӣ имрӯз ба кору фаъолияти шаҳрдори ҷавон Рустами Эмомалӣ назар мекунад, ба ҳамин хулоса меояд, ки ӯ барои ҷавонон идеал аст. Ҳадди ақал ҳар як ҷавон бояд ҳамин гуна хислатҳои ободкориву созандагиро дар ниҳоди худ дошта бошад. Матлаби зер зикре аз кору фаъолияти Рустами Эмомалӣ аст, ки дар муддати кӯтоҳи ба вазифаи пурмасъули шаҳрдори пойтахт омаданаш Душанбе ба як зебошаҳри нозанин табдил ёфт. Имрӯз, ки мавлуди шаҳрдори ҷавон аст, тасмим гирифтем порае аз фаъолияти ӯро ёдовар шавем.
ми Эмомалӣ буд, ки дар давраи роҳбарии ӯ ҷиҳати ташвиқу тарғиби тарзи ҳаёти солим, оммавигардонии варзиш ва ба ин васила саҳм гузоштан дар рушди солимии ҷомеа дар шаҳри Душанбе зиёда аз 167 майдончаи варзишии мувофиқ ба талаботи замон ва боғу гулгаштҳои замонавӣ ба истифода дода шуд. Боғи фарҳангӣ – фароғатии “Ҷавонон”, Боғи фарҳангӣ – фароғатӣ “Кули ҷавонон”, Боғи “Низомиддин Алишери Навоӣ”, Боғи ба номи Аҳмади Дониш, Боғи ба номи Садриддин Айнӣ, Боғи фарҳангӣ – фароғатии ба номи Абдулқосим Фирдавсӣ, сохтани иншоотҳои наву замонавӣ, сохтани роҳҳои сетабақа ва ғайраҳо аз иқдомҳои шаҳрдори ҷавони кишвар – муҳтарам Рустами Эмомалӣ гувоҳӣ медиҳад. Тавре Президенти кишвар изҳор дошта буданд, “Татбиқи босамари сиёсати давлатии ҷавонон аз рӯзҳои нахустини соҳибистиқлолӣ дар меҳвари фаъолияти Ҳукумати Тоҷикистон қарор дорад. Аксарияти аҳолии Тоҷикистонро ҷавонон ташкил медиҳанд, ки онҳо давомдиҳандаи кору фаъолияти насли калонсол, нерӯи созанда ва иқтидори воқеии пешрафти ҷомеа, хулоса, ояндаи миллат ва давлат мебошанд”. Сарвари кишвар афзуда буданд, ки имрӯзҳо дар тамоми соҳаҳои иқтисоди миллии мамлакат, инчунин, дар сафҳои Қувваҳои Мусаллаҳ ҷавонони бонангу номус содиқона хизмат ва кору фаъолият доранд ва дар рушди иқтисоди миллӣ ҳиссаи назаррас мегузоранд. Дар баробари ин, ҷавонон дар дохил
ва хориҷи мамлакат дар бахшҳои мухталиф таҳсил карда, соҳиби касбу ихтисосҳое шуда истодаанд, ки барои Тоҷикистон зарур мебошад. Президенти мамлакат дар ҷараёни ироаи Паёмашон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъкид намуданд, ки “Ҳукумати Тоҷикистон ташаббусу пешниҳодҳои созандаи ҷавононро ҳамеша дастгирӣ намуда, барои амалӣ гардидани онҳо имконият фароҳам меорад. Наврасону ҷавонони моро зарур аст, ки ҷавобан ба ин ғамхориҳо тамоми саъю талоши хешро ба донишандӯзӣ, интихоби касбу ҳунарҳои муосир, ободиву пешрафти сарзамини аҷдодӣ, ҳимояи Ватан, рушди илму техника ва бунёдкорӣ равона созанд”. Баъди ироаи Паём дар соли 2016 Рустами Эмомалӣ, роҳбари ҷавону кордон аз аввалинҳо шуда, баҳри дар сатҳи баланд ҷашн гирифтани “Соли ҷавонон” ва ташкили шароити моддию маънавӣ барои ҷавонони кишвар камари ҳиммат бастанд. Ҳамчун Президенти Федератсияи футболи кишвар татбиқи сиёсати давлатии ҷавононро, дар доираи эълон гардидани “Соли ҷавонон”, ки имконияти фаррох баҳри таҳкими асосҳои меъёрию ҳуқуқӣ ва заминаи методию иттилоотӣ, татбиқи барномаҳои соҳавӣ, дастгирии иҷтимоию иқтисодии ҷавонон, тарғиби тарзи ҳаёти солим, пешгирии омилҳои номатлуб, тарғиби ахлоқи ҳамида ва фарҳангдӯстию меҳанпарастии ҷавонон тавассути баргузории чорабиниҳои фарҳангию оммавӣ, варзишиву солимгардонӣ, муносибатҳои байнисоҳавию
байналмилалӣ дар доираи қонуну санадҳои танзимкунанда ба зима гирифтанд. Ҳамин тариқ дар соли 2017 бо сарпарастии Президенти Федератсия футболи Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ дар самти татбиқи сиёсати давлатии кор бо ҷавонон 17036 чорабинӣ бо фарогирии 4064549 нафар наврасону ҷавонон баргузор гашт, ки ин барои ҷомеаи кишвар ва насли наврас хотирмон буд. Фароҳам овардани шароити мусоид дар самти фарҳангдӯстӣ ва тарбияи ахлоқии ҷавонон яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати давлатии ҷавонон мебошад, ки он тавассути баргузории чорабиниҳои тарғиботӣ ва маърифатӣ татбиқ мегардад. Бо эълон гардидани “Соли ҷавонон” фаъолнокии ҷомеа, махсусан насли ҷавони кишвар дар тамоми самтҳо, аз ҷумла самти фарҳангдӯстӣ низ афзун гардида, бо иштирок дар чорабиниҳои муҳими сиёсӣ, фарҳангӣ-фароғатӣ ва тарбиявию ахлоқӣ саҳми арзишманд гузоштанд. Анъанаҳои миллӣ ва расму ойин яке аз нишондиҳандаҳои муҳим ва муқаддас барои ҳар як миллату давлат ба ҳисоб меравад. Федератсияи футболи Тоҷикистон соли 2017 меҳмонии ҷавононро ба шаҳру ноҳияҳои Турсунзода, Файзобод, Истаравшан, Муъминобод, Ҳисор, Дарвоз, Варзоб, Ховалинг, Балҷувон, Кӯлоб, Роғун, Ёвон ва Панҷакент, бо фарогирии 600 нафар ҷавонон аз минтақаҳои гуногуни кишвар доир намуд. Дар доираи меҳмонӣ як қатор чорабиниҳои гуногуни маърифатию фарҳангӣ, озмуну виктаринаҳо, шоми ҷавонӣ, аксияву ҳамоишҳои сатҳи баланд, боздид аз ҷойҳои таърихию сайёҳии кишвар ва мусобиқаҳои варзишӣ баргузор гардида, дар замири ҳар як ҷавон нақши муассир гузошт, ки ин ҳама бо сарпарастии раиси шаҳри Душанбе ва Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон, муҳтарам Рустами Эмомалӣ гузаронида шуданд. Ин нақша чорабиниҳои мазкур аз “Соли ҷавонон” шуруъ гардида, дар соли 2018 низ идома ёфт ва тамоми чорабиниҳои сартосари кишвар дар самти ҷавонон зери сарпарастии муҳтарам Рустами Эмомалӣ роҳандозӣ гардид. Танҳо дар “Соли ҷавонон” дар шаҳри Душанбе 838 чорабинӣ (дар ҳамин давраи соли 2016 649 чорабинӣ – 189 чорабинӣ зиёд), бо фарогирии 276 ҳазору 651 нафар (дар ҳамин давраи соли 2016 фарогирӣ 174 ҳазору 98 нафар – зиёд шудани фарогирӣ 102 ҳазору 553 нафар), рушду инкишофи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш 486 чорабинӣ (дар ҳамин дав¬раи соли 2016 340 чорабинӣ – 146 чорабинӣ зиёд), бо фарогирии 385 ҳазору 852 нафар (дар ҳамин давраи соли 2016 фарогирӣ 236 ҳазору 862 нафар – зиёд шудани фарогирӣ 148 ҳазору 990 нафар), дар маҷмуъ, 1324 (дар ҳамин давраи соли 2016 989 чорабинӣ – 335 чорабинӣ зиёд) чорабинӣ, бо фарогирии 662 ҳазору 503 нафар (дар ҳамин давраи соли 2016 бо фарогирии 410 ҳазору 960 нафар – зиёд шудани фарогирӣ 251
3 ҳазору 543 нафар) гузаронида шуданд. Ба ҳамин шумор дар дигар манотиқи кишвар низ ҷамъомаду чорабиниҳои фарҳангию маърифатӣ баргузор гардиданд. Ин ҳама ташббусҳо бошад, аз ҷониби як нафар ҷавони ба ору номуси кишвар – Раиси шаҳри Душанбе, Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон, муҳтарам Рустами Эмомалӣ, ки тӯли сол сарпарасти кулли чорабиниҳои “Соли ҷавонон”-ро бар уҳда дошт, роҳандозӣ шуд. Ҷои баҳс нест, ки чунин талошро танҳо метавонад нафаре анҷом диҳад, ки дар замираш меҳри Ватан ҷӯш мезанад ва ба таври ҳамешагӣ хостори дар рӯҳияи ватанпарастӣ тарбия ва ба камол расидани насли наврасу ҷавони Ватан аст. Бар ҳақ, сарпарастӣ намудани зиёда аз 17 ҳазор чорабинии фарҳангиву маърифатӣ, ки куллан барои тарбияи насли ҷавон нигаронида шуда буд, амалест боиси таҳсину офарин. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Пайёмашон ба Маҷлиси Олӣ дар самти ҷавонон истодагарӣ намуда, таъкид намуданд, ки “Ғамхории Ҳукумат нисбат ба ҷавонон танҳо бо Соли ҷавонон маҳдуд намешавад. Баръакс, ҳалли масъалаҳои вобаста ба наврасону ҷавонон минбаъд низ самти муҳимтарини фаъолияти мо хоҳад буд”. Ин суханони Пешвои муаззами миллатро роҳбари ҷавону кордон муҳтарам Рустами Эмомалӣ сармашқи кори худ намуда, сарпарастии тамоми чорабиниҳои самти ҷавонони кишварро бар уҳда гирифтанд. Дар соли 2018 низ сарпарастии раиси шаҳри Душанбе ва Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон, муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар тамоми чорабиниҳои вобаста ба самти ҷавонон бараъло намоён буда, махсусан баргузории чорабиниву ҳамоишҳои гуногуни моҳвораи ҷавононро, ки бахшида ба Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон эълон гардидааст, сарпарастӣ карда истодаанд. Хурсандиовар аст, ки соли 2018 дар шаҳри Душанбе беш аз 92 майдончаҳои варзишию фароғатӣ сохта ва ба истифода дода шуд ва роҳбари ҷавони шаҳр зимни ҳисоботи нуҳ моҳаи худ таъкид намуд, ки то ҷашни Истиқлолияти давлаӣ боз 58 майдончаи варзишӣ ва 12 боғу гулгашт барои истироҳату фароғати сокинон сохта ба истифода дода мешавад. Имрӯзҳо тамоми ҷавонони ҷумҳурӣ болида аз онанд, ки дар чунин давлати ободу зебо ҳаёт ба сар мебаранду пайваста мавриди ғамхорӣ ва иноят қарор мегиранд. Яқин аст, ки то ҳастанд, паи ободии Ватан мекӯшанду дастгириҳои ҷавонмардонаи Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон, муҳтарам Рустами Эмомалиро фаромуш нахоҳанд кард. “ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН”
4
“ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН”, №51 (9581), 20.12.2018
МАВЗӮИ РӮЗ
Таърих гувоҳ аст Рӯнамоии асари таърихии Пешвои миллат “Нигоҳе ба таърихи тамаддуни ориёӣ” Таърихи ҳар як халқу миллат пур аз воқеаоти сиёсиву иҷтимоӣ ва фарҳангист. Дар аҳди қадим давлатҳои бобулиён, мисриҳо, ошуриён, ҳахоманишҳо империяҳои пуриқтидор маҳсуб меёфтанд. Бо мурури вақт ин давлатҳои пуриқтидор аз миён рафтанд. Ниёгони мо то давраи истилои арабҳо дар фазои фарҳангу тамаддуни ориёӣ зист доштаю пайрави беҳтарин анъанаву суннатҳои ориёӣ буданд. Бо вуҷуди истилои арабҳо тамаддуни ориёӣ натанҳо боқӣ монд, балки бо унсурҳои тозаи тамаддуни исломӣ ғанӣ гашт. Дар навбати худ ба ин тамаддун таъсири худро низ расонд. Мо ҳар чи бештар мероси пурғановати гузаштагонро омӯзем, ҳамон қадар ба насли оянда ғизои маънавӣ бахшида метавонем. Дар ин бобат омӯзиш ва ба хонандагон шинос намудани китоби пурарзиши Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон “Нигоҳе ба таърихи тамаддуни ориёӣ” нақши муҳим бозида метавонад. Маҳз ба ин хотир дар ММТУ №71-и н. Шоҳмансури пойтахт рӯнамоии ин асари пурарзиш сурат гирифт. Устодону шогирдони мактаб ҳангоми рӯнамоии асари мазкур фикру андешаҳои хешро иброз доштанд. Аз ҷумла, хонандаи синфи 11 Ҳалимаи Раҳмонзод чунин андеша баён дошт: “Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои сарҷамъии насли имрӯзу оянда ва ифтихор аз гузаштаи пурғановати миллати тоҷик асари таърихие иншо намудааст. Ақидае мавҷуд аст, ки гаҳвораи тамаддуни башарият аз Осиё бархостааст. Ҳамчунин, бархе муҳаққиқон чунин мепиндоранд, ки забони ҳиндуаврупоӣ аз Осиёи марказӣ, Бохтар ва Ҳиндустон сарчашма мегирад. Ин ҳама дар илми муқоисавӣ баён гаштаааст. Донишманди фаронсавӣ Эрнст Ренан ҷойгоҳи забони ҳиндуаврупоиро Осиёи марказӣ ва Помир муайян кардааст. Дар ин масъала ихтилофҳои назар хеле зиёд аст, ки муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон онҳоро возеҳу равшан баён намудааст.” Хонандаи дигар Парвизи Шомил иброз дошт, ки дар китоб, дар мавзӯи “Ориёиҳо дар Осиёи марказӣ” таърихи омӯзиши ориёиҳо, фикру ақидаҳои ориёшиносон оварда шуда, макони бостонии онҳо муайян гардидааст. Ҳамчунин хонандагон Дилороми Маҳмудзод, Лутфия Аҳмадова, Диловари Аюбзод ва дигарон аз бобҳои гуногуни китоб ёдовар шуда, зикр доштанд, ки китоб баҳри худшиносии миллӣ, бедории насли наврас, омӯзиши таърихи пурарзиши миллати тоҷик аҳамияти хоса дорад. Вобаста ба ин хонанда Луфтия Аҳмадова изҳор намуд, ки ин асари пурарзиши Пешвои миллат барои ҳар нафаре, ки гузаштаю ояндаи миллат барояш бефарқ нест, бояд китоби рӯимизӣ бошад. Умед аст, насли наврас ва ҷавонон ин китоби пурарзиши Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро мутолиа намуда, аз он илҳом гирифтаю баҳри сарсабзӣ ва пешрафти кишвар саҳмгузор бошанд. Ситора НАЗРУЛЛОЕВА, омӯзгори ММТУ №71-и н. Шоҳмансури пойтахт
19-уми декабр бо ташаббуси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Муассисаи давлатии Телевизиони Сафина бо мақсади тарбияи ҷавонон дар руҳияи ватандӯстӣ, муайян намудани мавқеи ватандорӣ ва ифтихори бузург аз мактаби меҳанпарваронаи Пешвои муаззами миллат дар 68 шаҳру навоҳии кишвар филми мустанади “Марди роҳ”, ки аз ҷониби коргардон Носир Саидов таҳия шудааст, ба тамошо гузошта шуд.
Намоиши филми “Марди роҳ” Дар шаҳри Душанбе низ чун дигар шаҳру навоҳии кишвар ин филм бо ҷалби 500 нафар ҷавонони касбу кори гуногун дар Кохи фарҳангии “Суруш” ба намоиш гузошта шуд. Пеш аз намоиши филм Аҳтам Абдуллозода, раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш аз заҳмату талошҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ёдовар шуда саҳми ӯро дар мустаҳкам гардонидани пояҳои сулҳу ваҳдати миллӣ бесобиқа хонд. - Дар ин филм наворҳое, ки ба тамошо гузошта мешаванд, мо маргро мушоҳида мекунем. Инсонҳо бо марг мубориза мебаранд - гуруснагӣ, бехонумонӣ, гурезагӣ, оби чашми модари тоҷик лаҳзаҳои бисёр мудҳише ҳастанд, ки онро ба ҳеҷ ваҷҳ насли имрӯзаи наврасу ҷавон бояд фаромӯш насозад. Мо дар замирамон бояд муқаддас будани ваҳдат, тинҷиву осудагӣ ва амнияти кишварро мустаҳкам созем ва тарзе кунем, ки даст ба даст, китф ба китфи ҳамдигар монда баҳри пойдории давлати тоҷикон тамоми нерӯи зеҳнӣ, қувваи ҷисмонӣ ва дар умум иқтидори инсонии худамонро сафарбар созем. Дар филми “Марди роҳ” бо истифода аз далелу мадраки муътамади таърихӣ аз кору пайкори Пешвои миллат дар роҳи расидан ба сулҳу суботу ваҳдати деринтизор ба таври мусаввару мунаввар қисса карда мешавад. Ин филм ба ҳар фарди дилогоҳ бори дигар ҳадиси пандомӯзи ватандорию худшиносӣ ва арҷгузорӣ ба арзишҳои миллиро меомӯзад,- гуфт раиси кумита.
Ҷавонон филмро бо як ҳиссиёти баланд тамошо карда, андешаронӣ намуданд. Малоҳат Холмуродова ба он андеша аст, ки тамошои ин филм дар худшиносӣ ва бедории ҷавонон саҳм гузошта, эшонро дар баробари бархурдҳои сиёсие, ки имрӯзҳо ҷавонони аксар кишварҳоро фарогир аст, ҳушёру зирак мегардонад: “Ман гумон дорам, ки агар таҳияи чунин филмҳо зиёд гардад, яке аз воситаҳои хубе барои пешгирии ҷавонон аз гурӯҳҳои ифротӣ мегардад. Чунин филмҳо метавонанд, ҳисси баланди ватандӯстию худшиносиро дар замири ҷавонон бедор кунанд,”- мегӯяд ӯ. Меҳрубон Имомова чунин андеша дорад, ки маҳз таҳияи чунин
филмҳо метавонад дар шинохти Пешвои миллат саҳмгузор бошанд: “Тамошои филми “Марди роҳ” барои ман хело ҳам таъсирбахш буд. Имрӯз мо шукргузор аз он ҳастем, ки чунин як роҳбари хубу меҳрубон дорему дар чунин давлати орому осудаву зебо зиндагониву фаъолият менамоем. Мо насли ҷавонро мебояд, ки ба қадри ин ҳама ҷонфидоиҳое, ки нисбати мо муҳайё гардидааст, расем. Барои боз ҳам ободу зебо гаштани ватани азизамон саҳм гузорем”. Дар фарҷом аз ҷониби волонтёрони кумита аксияи “Мо ҷавонон пайравони Пешвои миллатем” гузаронида шуд. Шаҳбози АСОМИДДИН, “ҶТ”
Маҳфили “Лабханди ҷавонӣ” яксолагиашро ҷашн гирифт Дар театри давлатии “Ҷавонон” ба номи Маҳмудҷон Воҳидов яксолагии Маҳфили ҳаҷвнигорони Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки “Лабханди ҷавонӣ” ном дорад, ҷашн гирифта шуд,ки дар он раиси кумита Аҳтам Абдуллозода, ҳунарманди гурӯҳи “Лаҳзаҳои гуворо” Насриддин Нуриддин ва дигар ҳунармандон ширкат варзиданд. Дар ин давра ҳаҷвнигорони ҷавон тавонистанд, намоишномаҳои ҳунарии хешро дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғду Хатлон, шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ва муассисаҳои таҳсилоти олии кишвар ба намоиш
гузошта, ҳаводорони зиёде пайдо намоянд. Раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш Аҳтам Абдуллозода иброз дошт, ки ҳаҷв яке аз санъатҳои миллати тоҷик ба шумор рафта, тӯли ҳазорсолаҳо мардум ин эҷодиёти даҳониро ҳифз намудаанд. “Мо борҳо ба шаҳру ноҳияҳои кишвар сафар намуда, дар назди ҳамдиёрони худ ҳунарнамоӣ кардем. Умед дорем, ки саъю кӯшиш моро ба қуллаи баланди санъати тоҷик хоҳад расонд”, - иброз дошт роҳбари гурӯҳи мазкур Сиёвуш Бердизода. Аъзои маҳфил аллакай дар ҷодаи ҳаҷв тарбиятёфта ме-
бошанд. Малакаву истеъдоди онҳост, ки муддати як сол бо саҳнаҳои ҳаҷвии худ дар дилу дидаи на танҳо ҷавонон, балки калонсолон низ ҷо гирифтаанд. Онҳо ҳар кадом дар алоҳидагӣ доир ба ҳаҷв ва назокати он фикру мулоҳизаи созандаи худро доранд. Қобили зикр аст, ки ин навқадамони роҳи санъат донишҷӯёни донишкадаву донишгоҳҳои шаҳри Душанбе буда, таҳти роҳбарии Сиёвуш Бердизода барномаҳои ҷолиби фарҳангию ҳаҷвиро пешкаши тамошобинони сершумор мегардонанд.
Дар фарҷоми маҳфил аз тарафи Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳури Тоҷикистон ба ҳунармандони ҷавон ва ҳаҷвнависони
беҳтарин туҳфаҳои хотиравӣ ва сипосномаҳо тақдим гардид. Меҳрубон ИМОМОВА, “ҶТ”
“ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН”, №51 (9581), 20.12.2018 Бегонагӣ ва фосилаи миёни падару духтар, мутаассифона, то имрӯз миёни мардуми мо аз одатҳои маъмулист. Барои баъзе падарон ҳанӯз як рӯзи дарозро ҳамроҳи фарзанд гузаронидан ин амрест маҳол ва амалест ғайримумкин. Оре, агар падаре як рӯзи дарозро ҳамроҳи фарзанди хеш гузаронад, ин амалро маъмулан бо яке аз ин калимот шарҳ медиҳем: ғайримуқаррарӣ, аҷиб, даҳшатнок... Ба андешаи равоншиносон барои рушди ҳамаҷонибаи шахсияти кӯдак дар қатори модар нақши падар низ хеле бузург аст. Аммо вақте сухан аз духтарон меравад, пас муносибати миёни падару духтар ба яке аз масоили хосса ва муҳим табдил ёфта, дар маҷмуъ муносибати минбаъдаи духтарро бо ҳама мардҳо муайян менамояд. Маҳз муносибат бо падар ба рушди шахсияти минбаъдаи духтарон ҳамчун зан - модар, муносибати байни онҳо бо мардҳо ва интихоби ҳамсарони ояндаашон таъсири амиқ мегузорад. Олимон собит намудаанд, ки кӯдак ақлу хирадро аз модар ба мерос мегирад. Пас, нақши падар дар чист? Соли гузашта зимни як тадқиқоти олимон муайян карда шуд, ки муносибати падар нисбат ба духтар то кадом андоза ба ҳолати равонии духтар таъсир гузошта, ӯро аз афсурдагӣ наҷот дода метавонад. Олимон модарони ҷавони иштирокчии ин тадқиқотро ба ду гурӯҳ ҷудо намуданд. Ба гурӯҳи 1-ум нафароне шомил гардиданд, ки муносибати онҳо бо падарони худ чандон самимиву ошкоро набуд. Гурӯҳи 2-юм бошад, аз онҳое иборат буд, ки бо падарони худ муносибати дӯстона ва хеле самимӣ доштанд. Маълум гардид, ки модарони гурӯҳи 1-ум нисбати модарони гурӯҳи 2-юм ҳассосу оташинмизоҷ ва зудранҷанд. Тадқиқоти дигари дар ин самт анҷом додашуда ҳамон самти масъаларо дар бар мегирифт, ки иштироки бевоситаи падар дар тарбияи духтарон то куҷо метавонад аз ҷониби онҳо, яъне духтарон, қабул
5
МУЛОҲИЗА карда шавад. Ин тадқиқот миёни духтарони аз 18 то 21-сола гузаронида шуд. Натиҷаҳо нишон доданд, ки иштироки бевоситаи падар дар тарбияи духтар ва хосса дар шаклгирии шахсияти ӯ таъсири мусбат дорад. Яъне муносибати падар бо духтар ба ояндаи духтарон таъсири хеле амиқ мегузорад. Аммо, тавре мушоҳида мешавад, дар аксари оилаҳо дар тарбияи духтарон танҳо модарро масъул мешуморанд. Падар бошад, бояд танҳо барои писарон намунаи ибрат бошад. Ин ақидаро аксарият тасдиқ мекунанд. Аммо нафароне низ ҳастанд, ки ба ақидаи онҳо масъулияти бештар дар тарбияи фарзанд, хосса духтарон, маҳз ба дӯши падар аст, чун модар ҳарчанд кӯшиш ба
Ба андешаи ҳамсуҳбати дигари мо, сокини ноҳияи Шамсиддин Шоҳин Гулҷаҳон Иброҳимова нақши падар дар тарбияи духтарон хеле бузург аст, чун духтарон дар симои падарони худ муттакову сарпараст, ҳомиву нигаҳбон ва пушту паноҳи хешро мебинанд. Вақте муомилаи падар бо духтар самимиву дар пояи муҳаббати поку беолоиш шакл мегирад, духтар дар симои ҳар як мард ҳамон хислатҳоеро ҷӯё мешавад, ки дар падари хеш мушоҳида мекунад: - Падар бояд шахсе бошад, ки фарзанд аз ҳар як амалу рафтору кирдори ӯ ифтихор намояд. На ин ки боиси сархамиву шармсории духтар бошад. Падар бояд дар назди фарзандон соҳиби обрӯ ва мақоми арзандаи худ бошад. Яъне тавре
Албатта, сухани падар бояд ҷиддӣ ва таъсиргузор бошад, танбеҳ ва ҷазои падар барои гуноҳи фарзанд бояд одилона ва аз рӯи адолат бошад, на аз рӯи хашму ғазаб ва бадбинӣ. Аммо падар ҳаргиз набояд ба сари фарзанд, хосса духтар, мушт бардорад. Падар барои духтар дунёест беканор. Ва агар дар ин дунё худро хушбахту вораста эҳсос намояд, пас омода аст, ҳамин гуна муҳаббатро ба тамоми оламиён бедареғ ҳадя намояд. Дар чунин ҳол духтар метавонад ба зиндагии минбаъда бе тарсу ҳарос қадам гузорад, чун дилпур аз он аст, ки такягоҳе дорад, боэътимоду устувор. Духтаре, ки дар канори падар хушбахт аст, бешак дар канори шавҳар низ хушбахт хоҳад
рафтор намояд, ки фарзандон бо як ишора ӯро дарк кунанд. Ва ин набояд аз рӯи тарсу ҳарос, балки танҳо бар пояи ихлосу эҳтиром бошад, - гуфт Г. Иброҳимова. - Мақоле ҳаст, ки мегӯянд агар духтарро падар бизанад, ӯ бадбахт мешавад. Духтареро медонам, ки падар ӯро аз хурдсолӣ азият мекарду шаллоқ мезад, яъне ӯро ба қавле “тарбия” мекард. Падар дар назди фарзандон модарро низ мезаду нафрати фарзандонро нисбат ба худ зиёд мекард. Баъди чанд сол он духтар ба шавҳар баромад, вале дар хонаи шавҳар низ касе ӯро эҳтиром намекунаду мисли хизматгор бо ӯ муносибат доранд.
буд. Ва баръакс... Муҳаббати падарро дарк кардан душвортар аст, чун он аз муҳаббати модар фарқ мекунад. Аммо ҳатто хурдтарин таваҷҷуҳ, камтарин навозиш, ноаёнтарин дӯстдории падар низ аз чашми духтар пинҳон намемонад. Духтароне ҳастанд, ки барои падарони хеш мисли фариштаҳоянд: аз ҳама азиз, аз ҳама дӯстдоштанӣ, аз ҳама зебо, аз ҳама боло... ҳамеша ва дар ҳама ҷо гавҳари ноёби падарҳо, ифтихору нангу ори падарҳо, нури чашму оромиши қалби онҳо... Муҳаббати падар дар навбати худ ба духтар эҳсоси оромиш, эътимоднокӣ, дӯст доштанӣ буданро мебахшад. Вақте духтар падари худро бо тамоми ҳастӣ дӯст медораду эҳтиром мекунад, эҳтироми ӯ ба ҷинси мард меафзояд ва ҳамсари минбаъдаи худро низ ҳамин гуна дӯст дошта метавонад. Як омили дигари хеле таъсирбахш дар зиндагии духтарон ин муносибати падар бо модари хонадон аст. Беэҳтиромии падар нисбати модар қабл аз ҳама қалби духтарро, ки хеле нозук аст, захмин мекунад. Духтар бояд дар ҳама ҳолат бинаду дарк кунад, ки падар модари ӯро дӯст медораду эҳтиром
Муносибати падар ва духтар. Он бояд чӣ гуна бошад?
харҷ диҳад ҳам, падар ва муҳаббати падарро иваз карда наметавонад. “Падар ин нахустин симои мард, нахустин намунаи ибрат ва тимсоли нерумандиву ҷасорат дар ҳаёти духтарон аст. Ва на танҳо дар ҳаёти духтарон, балки ҳамаи фарзандон ва аҳли хонавода. Ин аст, ки ӯро қиблагоҳ, саробон ва парастори асосии оила меномем. Уҳдадории ӯ дар таълиму тарбия ва таъмини ҳамаҷонибаи аъзои оила хеле бузург аст. Хуб мешуд, агар ҳама падарҳо инро ба хубӣ дарк мекарданду нисбат ба ояндаи фарзандонашон бетараф намебуданд”, мегӯяд сокини ноҳияи Ҷалолиддини Румӣ Дилшод Саидхоҷаев.
Об пойдории олам аст Поку тоза нигоҳ доштани оби нӯшокӣ аз қадимулайём дар осори безаволи халқҳои қадим ва қадимтарин: юнониён, тоҷикон, ҳиндуён, пеш аз замину осмон мавҷудияти худро доштааст. Файласуфи Юнони қадим Фалес обро мабдаи олам мешуморад ва гуногунии табиатро ба он марбут медонад. Пас «об-рӯшноӣ» гуфтани халқ ҳикмати сабзи ҷаридаи олам буда, инсониятро баҳри ҳифзи ин неъмати бебаҳо ҳидоят менамояд. Ҳаким Умари Хайёми Нишопурӣ гуфта буд: Аз оташу обу боду хокем ҳама, З-ин чор чу набвад ҳалокем ҳама. Агар ба таърихи гузашта бингарем, чунин ба назар мерасад, ки ниёгони мо обро чун неъмати муқаддасу пок парастиш намуда, баъзе анъанаҳои миллиро тавассути он амалӣ мегардониданд. Хуллас, аз ибтидои пайдоиши оламу одам об ба сифати неъма-
ти поку равшан ва атокунандаи бахту иқбол шинохта шудааст. Тозаву мубарро нигоҳ доштани об ва муқаддас шумурдани он, қимат донистани ҳар қатраи ин муъҷизаи бебаҳою бузург қарзи ҳар як инсони асил аст. Зеро об на танҳо ҳамчун манбаи ободӣ, балки маъхази нуру рӯшноӣ ва маҳсули шодиҳои олами ҳастӣ мебошад. Беҳуда нест, ки ниёгони мо обро манбаи ҳаёт ва бақои олам гуфтаанд, зеро тамоми мавҷудоти оламро бе ҳастии об тасаввур кардан имконнопазир аст. Модоме ки об асоси зиндагии ҳамаи мавҷудоти олам маҳсуб меёбад, пас моро лозим аст, ки ин ганҷи бузургро чун асоси бақо ва созгори дунёи ҳастӣ арҷ гузошта, онро поку мусаффо нигоҳ дорем. Феълан ниёзи ҷомеи мутамаддин ба оби
нӯшокӣ рӯз аз рӯз афзуда, ҳамзамон норасоии он дар бархе аз кишварҳои мутараққии олам боиси нигаронии аҳли башар гардидааст. Аз ин хотир, сарвари давлати тоҷикон, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз тариқи минбари бонуфузи Созмони Миллали Муттаҳид баромад карда, солҳои 20052015-ро Даҳсолаи байналмилалии амалиёти «Об барои ҳаёт» эълон дошт, ки ин ташаббуси наҷибро зиёда аз 141 кишвари дунё якдилона дастгирӣ карданд. Инчунин маротибаи дуввум 22-юми декабри соли 2016 аз тариқи Маҷмаи СММ Пешвои миллати мо бо ибтикороти беназири худ қатъномаеро, ки ба Барномаи сеюми байналмилалии Даҳсолаи байналмилалии амал Об барои рушди устувор оғоз мебахшад, пешниҳод намуд, ки барномаи мазкур аз ибтидои соли 2018 то интиҳои соли 2018 идома меёбад. Қатъномаро 177 давлати дунё ва аъзои комилҳуқуқи СММ ҷонибдорӣ намуданд. Лозим ба тазаккур аст, ки муҳтарам
мекунад. Вақте кӯдак муомилаи хуби падарро нисбат ба модари худ мушоҳида мекунад, худро эмин, хушбахт ва осуда эҳсос менамояд. Ҳар як амалу рафтори нолоиқ, муомилаи дағал ва беэҳтиромӣ нисбати модар ба қалби духтарон таъсири манфии худро боқӣ мегузорад ва он бо мурури замон миёни духтар ва падар як деворе, ё фосилаи муайянеро ба миён меорад, ки онро метавон бегонагӣ номид. Баъдан ин бегонагӣ дуриву бемеҳриро тавлид месозад. Тавре аксари ҳамсуҳбатони мо иброз доштанд, дар муомилаи миёни падару духтар муҳимтар аз ҳама ин муҳаббату дӯстдорӣ аст. Вақте духтар ҳамин муҳаббатро эҳсос намекунад, худ низ дар зиндагии оянда шахси беҳис, дамдузд, ноустувору беҷуръат ба воя мерасад. Аз ҳар як шикасту мушкилӣ дарҳол руҳафтода мешавад, чун наметавонад ба дастгирӣ ва кӯмаки касе умед бандад. Табиатан духтарҳое, ки танҳо бо тарбияи модар маҳдуд шудаанд ва ё дар муҳите ба воя расидаанд, ки дар он танҳо модар “бори рӯзгор кашидааст”, инҷиқ ва нисбат ба ҳамсарони худ серталабу сахтгир мешаванд. Онҳо ба ҳамсарони худ эътимод надоранд ва ба ҳар як амали онҳо хурдагирӣ мекунанд. Оқибат чунин муносибат муҳити носозгори оилавиро ба миён меорад. Зиндагӣ собит намудааст, ки ҳама падарҳо, новобаста аз он ки аз тавлиди духтар чандон хушҳол намешаванд, тадриҷан духтарони худро бештар дӯст медоранд. Гарчанде барои мардҳо баён кардани эҳсосот начандон ба хубӣ муяссар мегардад ва ин хислат хоси модар аст, бояд бовар кард, ки падарҳо бештар нисбат ба духтарони худ меҳрубонанд. Волидон набояд фаромӯш созанд, ки духтар муҳаббату самимияти байниякдигарии зану шавҳарро бояд қабл аз ҳама дар муносибати миёни волидони худ бубинад. Чӣ қадар миёни падару духтар самимият, фошгӯӣ, ғамхориву меҳрубонӣ нисбат ба якдигар зиёд бошад, ҳамон андоза рӯзгори минбаъдаи духтарон ободу осуда ва пур аз муҳаббат хоҳад буд. Шаҳло ЭШОНОВА, “ҶТ”
Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронии худ тавассути минбари бонуфузи СММ вобаста ба масоили мушкилоти об аз ҷумла зикр намуданд, ки ҳанӯз 750 миллион нафар дар саросари ҷаҳон аз норасоии оби ошомиданӣ ва 2,5 миллиард нафар аз набудани шароити асосии санитарӣ танқисӣ мекашанд. Қариб 1,3 миллиард нафар ба нерӯи барқ дастрасӣ надоранд. Ҳамзамон ба ин равандҳо тағйирёбии глобалии иқлим таъсир хоҳад расонд. Бино ба ҳисоби коршиносон шумораи аҳолии ҷаҳон то соли 2050 ба 9 миллиард нафар мерасад, ки ба зиёдшавии талабот ба оби ошомиданӣ оварда мерасонад. Хулоса, ҳаёти инсониятро умуман бе об наметавон тасаввур намуд, нарасидани об ба организми зинда боиси заволи он мегардад. Пас, ҳар чи метавонем, бояд ин неъмати табиатро эҳтиёт кунем, поку тоза нигоҳ дорем. Онро олуда, ифлос ва исроф накунем.
Мунира ҚУРБОНАЛИЗОДА, судяи Суди ноҳияи Фирдавсӣ
6
ЭҲТИЁТ - НИМИ ҲАЁТ!
“ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН”, №51 (9581), 20.12.2018
Маърифат беҳтарин нозир аст
Риоя гардидани қоидаҳои ҳаракат дар роҳ ин кафолати асосии дар амон будани ҳам ронанда ва ҳам пиёдагард мебошад. Аксари садамаҳо бо сабаби қоидавайркунӣ ба амал меоянд. Маълум, ки дар баъзе аз ин садамаҳо одамон ба ҳалокат мерасанд ва боиси афсӯс аст, ки дар бештарин маврид кӯдакону наврасон қурбонии ин садамаҳоянд. Барои кормандони БДА як чиз ошкор аст, ки бештари қоидавайронкуниҳо аз ҷониби ронандагони ҷавони ҳавобаланду мағрур ба вуҷуд меояд. Пеши роҳи онҳоро гирифтан чандон осон нест. Имрӯзҳо ҳудуди 1500-2000 нафар кормандони БДА дар ҷумҳурӣ фаъолият доранд ва то қадри имкон дар кам гардидани садамаҳои нақлиётӣ мусоидат мекунанд. Албатта имкон вуҷуд надорад, ки тамоми роҳҳоро бо камераву нозирони роҳ таъмин кард ва дар ин самт бояд баъзе паҳлуҳои дигарро низ бояд ба назар гирифт.
Тавре ишора гардид, иштирокчиёни асосии ҳаракат дар роҳ кӯдакону наврасон мебошанд. Барои таҳсил ва ба мактаб рафтан ҳамарӯза даҳҳо ҳазор нафар кӯдакон дар роҳанд. Табиист, ки дар сурати эҳтиёт накардан онҳоро хавфи зиёд таҳдид карда метавонад. Кӯдакону наврасон аз ду ҷиҳат ба садамаҳо гирифтор мешаванд. Ин дар навбати аввал дар оила нафаҳмонидани баъзе қоидаҳои одитарин аз ҷониби волидон ва баъзан беназорат гузоштани онҳо аст. Бо ҳама роҳ бояд ба кӯдак фаҳмонида шавад, ки роҳ чӣ хатарҳо дорад. Аз ҷониби дигар дар боғчаву макотиби миёна ба онҳо дар доираи дарсҳои хос бояд ҳамарӯза қоидаву хатарҳои роҳ фаҳмонида шавад. Дар ин ҷабҳа дар ҳар ду маврид низ бояд ҳолати равонии кӯдак дар мадди назар қарор гирад. Бигзор дар вуҷуди ӯ оҳанги тарс ҷой гирад ва ҳеҷ гоҳ аз ҷои муқаррарнагардида роҳро убур накунад. Дар роҳи таъмини бехатарии ҳаракати роҳ барои кӯдакон, баланд гаштани ҷаҳонбинии онҳо ва хабардор гаштан аз одитарин қоидаҳо аз ҷониби раёсати БДА-и ҷумҳурӣ давоми сол корҳои зиёде анҷом дода мешаванд. Аз ҷумла бо фармони Вазири корҳои дохилӣ (№754, аз 22 ноябри соли 2018) аз ҷониби Раёсати БДА озмуни рассомони наврас барои беҳтарин акс дар мавзӯи “Шаҳри бехатар дар нигоҳи кӯдакон-2018” ба роҳ монда шуд, ки аз 25 ноябр то 29 декабри соли равон гузаронида мешавад. Дар ин озмун кӯдакони аз синни ҳаштсола то сенздаҳсола ширкат карда метавонанд. Ин як омили маърифатмандии наврасону кӯдакон ҳамчун
иштирокчиёни ҳаракат дар роҳ мебошад. Кӯдаконро ҳавасманд месозад, ки дар тасаввуру пиндошташон баъзе ҷузъиётро ба назар гиранду рӯи коғаз биёранд ва дар заминаи он ба ҳамсолону ҳамсинфони худ дар бораи қимати эҳтиёту ҳаёт чизе гуфта тавонанд. Бо фармони Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 август то даҳуми сентябри соли 2018 амалиёти “Кӯдакон” гузаронида шуд. Ҳамасола гузаронидани чунин чорабиниҳо бо ваҷҳи танзими бехатарии ҳаракат дар роҳ, кам кардани сатҳи садамаҳо, корҳои фаҳмондадиҳӣ барои кӯдакону наврасон ба ҳукми анъана даромадааст. Анъанаи роиҷи судманд аз даҳсолаҳои қабл маълум аст, ки гурӯҳи нозирони наврасу ҷавон дар ин корҳои тарбиявию омӯзишӣ ҷалб карда мешаванд. Дар арафаи Рӯзи дониш қариб дар аксари роҳҳои серҳаракати назди мактабҳо навбатдории нозирон ба роҳ гузошта мешавад. Аммо ҳамаи ин барои рафъи хатар басанда нест. Чанд сол боз фаъолият кардани камераҳои назоратии “Шаҳри бехатар” кори нозиронро осон ва сатҳи қоидавайронсозиҳоро аз ҷониби ронандагон кам намуд. Чизи равшан аст, ки ронандагони алоҳидаи саркашу мағрур аз сабти наворҳо ҳарос доранд ва кӯшиш мекунанд, ки дар назди ин камераҳо хеле боодоб бошанд. Зеро сабти навору акс ва паҳн кардани он моҳияти ҷамъиятӣ дорад. Саркашҳову мағрурҳо намехоҳанд, ки аҳли ҷомеа аз ҷинояту қоидавайронсозияшон тавассути телевизиону дигар воситаҳои ахбори омма огоҳӣ ёбанд. Аммо то ҳол вуҷуд доранд, он ронандагоне, ки
дар минтақаҳои дур аз камераҳои назоратӣ ҳавобаландонаву бефаросатона суръати ҳаракат дар роҳро баланд мекунанд, қоидаҳои ҳаракатро дағалона вайрон месозанд, ки Сабаби ба вуҷуд омадани садамаҳо мешаванд, ё ин ки худ иштирокчии бевоситаи садамаҳои вазнин мегарданд. Ҳолатҳое ҳам мешавад, ки ҷабрдидаи садамаро дар ҷои воқеа ба ҳоли худ гузошта фирор мекунанд. Боз ҳам дар садамаҳо кӯдакону наврасон қурбонии асосӣ мебошанд. Натиҷаҳо нишон медиҳанд, ки беш аз навад фисади шумораи ронандагони саркашро ҷавонони то 30сола ташкил медиҳанд. Саволе ба миён меояд, ки имкон ҳаст, ки риоя гардидану нагардидани қоидаҳои ҳаракат дар роҳро пурра назорат кард? Назоратчии асосӣ ва пурманфиат ин маърифату одобу ахлоқи ронандагоне мебошанд, ки ҳамарӯза паси чанбараки мошин қарор доранд. Вақте ки суръатбардорро баланд мекунанд, бояд донанд, ки онҳо низ падару модар, духтару писар ва хоҳару бародар доранд. Бояд донанд, ки бо ҳавобаландиву ғурур сабаби марги як нафар гаштан ин сангинтарин гуноҳ дар назди виҷдон мебошад. Ҳеҷ набошад, дар бораи марги худ низ фикр кунанд, ки онҳоро низ дар хона наздиконашон интизоранд. Аз ин рӯ, беҳтарин нозир ин маърифат ва одобу фарҳанги ронандагии ҷавонон мебошад, ки бояд нисбат ба он ҳар яки мо бетафовут набошем. Зеро ҳамарӯза ҳамаи мо дар роҳ қарор дорем. Давлатзода Муҳаммад АКБАР, бозраси калони Раёсати БДА ВКД ҶТ, капитани милитсия
Дар хона шуморо интизоранд... Тибқи мушоҳидаҳо имрӯз аксар сокинон ва меҳмонони пойтахт қоидаро дағалона вайрон намуда, роҳро аз ҷойҳои хавфнок убур мекунанд. Аз ҷониби кормандони мақомоти корҳои дохилӣ, ҷиҳати риояи қоидаҳои ҳаракат дар роҳ пайваста корҳои фаҳмондадиҳӣ, амалиётҳои пешгирикунанда сурат мегирад. Аммо ба ҳамаи ин нигоҳ накарда, ронандагон ва махсусан пиёдагардоне, ки доимо дар зиндагӣ серҳаракатанд, қоидаҳои ҳаракат дар роҳро вайрон мекунанд. Чунин амалҳо боиси сар задани ҳодисаҳои нохуш мегардад. Қобили зикр аст, ки садамаҳои нақлиётӣ масъулонро нигарон намуда, аз санаи 15 то 25 ноябри соли равон дар шаҳри Душанбе, бо мақсади коҳиш додани садамаҳои нақлиётӣ чорабиниҳои манфиатнок барои ронандагону пиёдагардон амалӣ гардид. Мирзохон Саидов, нозири калони гурӯҳи ташвиқоту тарғиботии ШКД дар шаҳри Душанбе мегӯяд, ки дар чорабинии мазкур, ки даҳ рӯз идома дошт, 3236 нафар барои вайрон кардани қоидаҳои ҳаракат дар роҳ мувофиқи моддаи 340 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаримабандӣ шуданд: “Мушоҳидаҳо нишон медиҳад, ки вайрон кардани қоидаҳо дар бисёр маврид аз тарафи ҷавонону наврасон ва донишҷӯён содир шудааст. Онҳо аз ҳар маконе, ки хоҳанд роҳро убур мекунанд. Дар баробари он бо телефон суҳбат ё бо гӯшмонак машғули шунидани мусиқӣ аз роҳ гузар мекунанд. Ин амал пеш аз ҳама ба ҷони худи онҳо хатар дорад”, - иброз дошт ӯ. Ин нозири роҳ аз он нигарон аст, ки нафарони аз дигар минтақаҳои ҷумҳурӣ вориди шаҳри Душанбе шуда, одитарин қоидаҳои ҳаракат дар роҳҳои мошингардро дағалона вайрон месозанд. Аз назди мошини дар ҳаракат буда, якбора роҳро убур мекунанд. Ин сабаби асосии рух додани садама ба ҳисоб меравад. Баъзе ронандаҳое низ чароғак ва гузаргоҳро сарфи назар намуда, мусофиронро пахш мекунанд. Ҳамчунин, тибқи мушоҳидаҳо дар қисме аз гузаргоҳҳои шаҳри Душанбе ҳаноми гузаштани пиёдагардону воситаҳои нақлиёт мушкилиҳо мушоҳида мегардад. Хусусан дар гузаргоҳҳои назди чароғакҳои “Сирк”, “Олами китоб”, бозорҳои “Саховат” ва “Корвон” ин вазъ ба назар мерасад. Пиёдагардон ронандаҳоро ва ронандаҳо пиёдагардонро гунаҳкор мекунанд. Мушаххас нест, ки дар рух додани ҳодисаҳои нохуш гунаҳкори асосӣ кист. Гарчанде уариб дар ҳама роҳҳои мошингарди пойтахт камераҳои назоратӣ насб бошад ҳам, ронандагон ба он аҳамияте намедиҳанд. Худи пиёдагардон низ аз роҳҳои зеризаминӣ истифода накардаю, кӯшиш мекунанд, дар ҳолати набудани автомашина роҳро убур намоянд, ки дар ин ҳолат ба садама дучор мегарданд. Мирзохон Саидов, нозири калони гурӯҳи ташвиқоту тарғиботии ШКД дар шаҳри Душанбе аз сокинон ва меҳмонони пойтахт хоҳиш дорад, ки ҳамеша дар роҳҳо эҳтиёткор бошанд. Ҳаёти худ ва дигаронро дар зери хатар нагузоранд. Зеро дар хона онҳоро наздикон интизоранд. Наҷиба МУРОДБЕКОВА, “ҶТ”
“ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН”, №51 (9581), 20.12.2018
НИГОҲИ ДИГАР
7
Чаро наврасони сайёра даст ба худкушӣ мезананд? Кишвари Ҷопон ҳамасола якуми сентябрро “Рӯзи худкушии наврасон” эълон кардааст. Ин ба он муносибат аст, ки дар моҳи сентябр худкушии онҳо бештар мегардад, ки солҳои ахир дар якуми моҳи мазкур 131 навраси ҷопонӣ ба ҷони хеш сӯи қасд намудааст. Тибқи оморҳои расмӣ аз соли 1972 то соли 2013 дастикам 18 ҳазор наврас дар кишвари мазкур даст ба амали худкушӣ задааст. Ба ақидаи таҳлилгарон, низоми таълимии Япония дар миёни кишварҳои дунё дар рақобати шадид қарор дошта, яке аз сахттаринҳо ба ҳисоб меравад. Дар ибтидои соли хониши нав сарбориҳо, мушкилиҳо ва изтиробу нооромии зиёде ба эшон эҷод мегардад. Чунки оғози соли хониш яке аз сабабҳои худкушии насли наврас гардидааст. Тазаккур ва ёдоварӣ аз “Рӯзи худкушии наврасон” бо мақсади таҷлилу гиромидошт ва хушҳолӣ нест. Балки мутасаддиёну масъулон ва равоншиносону ҷомеашиносони кишвар қабл аз расидани ин моҳи пурташвиш баҳри коҳиш додани амали худкушии ҷавонон чораҳо меандешанд ва илоҷҳои пешгириро ҷустуҷӯ мекунанд, ҳамчунон алайҳи ин амали даҳшатбор ба мубориза қиём мекунанд. Ҳамакнун дар Япония бо шуруи соли нави хониш худкушии ҷавонону наврасон ба амали муқаррарӣ табдил ёфтааст, ки изтиробу нооромӣ ва ташвиши падару модарон ва масъулонро бештар мекунад. Бояд гуфт, ки чунин низоми сахти таълим дар Кореяи Ҷанубӣ низ боиси худкушии насли ҷавон гардидааст. Дар ин кишвар низ худкушӣ яке аз сабабҳои асосии марги одамон буда, бештари онҳо аз 10 сола то 30 соларо ташкил медиҳанд. Зеландияи Нав низ дар амали худкушӣ яке аз ҷойҳои аввалро ишғол мекунад. Дар ин кишвар низ бештар наврасону ҷавонон даст ба амали худкушӣ мезадаанд, ки аз 15 сола то 30 соларо ташкил медиҳанд. Омори расмии ҳукумати Ҳиндустон нишон додааст, ки дар соли 2015 дар ин сарзамини
сераҳолӣ 133 ҳазор одам худкушӣ кардаанд, ки 40 фоизи кушташудагон аз 10 сола то 30 сола мебошанд. Дар Бразилия низ худкушон асосан наврасон буда, аз 10 сола то 14 соларо ташкил медиҳанд. Ин ҳама таҳлилу баррасиҳо дар гузориши пойгоҳи иттилоърасонии bbc.com, ки соли равон дар бораи афзудани амали худкушӣ ба табъ расонидааст, омадаанд. Бино ба гузориши “Созмони беҳдошти ҷаҳонӣ” худкушӣ дар олам яке аз сабабҳои асосии марги ҷавонон гашта, аз синни 15 то 29 соларо ташкил медиҳанд. Созмони мазкур соли 2012 омореро матраҳ намуд, ки дар дунё бештар аз 15 сола то 29 сола даст ба худкушӣ мезананд, ки дар миёни 100 нафар як синни 35 сола пайдо мегардаду бас. Дар айни замон маълумот медиҳад, ки ҳамасола дар дунё 800 ҳазор одам ба ҷони худ қасд мекунанд, ки 78 дарсади ин амал дар кишварҳои иқтисодашон паст ва ё миёна сурат мегирифтааст. Ин арзёбӣ дар ҳолест, ки кишварҳои бою ғанӣ ва пешрафта низ аз ин вабо дар амон нестанд ва ҳамасола дар чунин кишварҳо худкушӣ ба мушоҳида мерасад, ки бештари он низ насли наврасро ташкил медиҳад. Масалан дар Илоёти Муттаҳидаи Амрико худкушон аз 15 сола то 19 сола буда, ин амал дар маҳдудаи солҳои 2007- 2017 бештар гардида, мутахассисон омили онро ба иқтисод ва зиндагии маишии паст не, балки ба нуқси ҷониби рӯҳию ақлии наврасон рабт медиҳанд. Дар Иёлоти муттаҳида ҳар рӯз 4 нафар даст ба худкушӣ мезадааст, ки умри ҳамаи онҳо аз 35 сола поин мебошад. Гузориши сомонаи bbc.com савол матраҳ мекунад ва авомилу асбоби ин амалро низ ҷӯё мешавад. Мутахассисону коршиносон барои амали худкушӣ сабабҳо ва омилҳои зиёдеро зикр мекунанд. Аз ҷумла таъкид мекунанд, ки худкушии ҷавонон дар кишварҳои бениёзу ғанӣ бештар ба камбуди ақлӣ ва рӯҳӣ алоқаманд аст. Асабшиносону равоншиносони Амрикову Аврупо иброз дошта-
анд, ки имрӯзҳо рушду нумӯи мағзу майнаи ҷавонон номунтазам ва нобаробар нашъ менамояд, ки ин ҳолати ҳассос то синни 25 солагӣ идома меёбад ва дар ин марҳила насли ҷавон бояд дар чорчӯбаи тарбияи дуруст қарор гиранд. Чунки синни навҷавонӣ марҳилаест, ки бо изтиробу нооромиҳои зиёд ҳамроҳ буда, дар сурати бетафовутии аҳли ҷомеа нисбати ин масъала метавонад худкушии насли наврас даҳчанд гардад. Ҷавонон дар ин айём бо фишори оилавию ҷамъиятӣ низ бисёр дучор мебошанд. Ин дар ҳолест, ки нисфи сокинони олам дар кишварҳое умр ба сар мебаранд, ки ба сари 100 ҳазор одам як табиби равоншинос рост меояд. Тақрибан дар ҳама кишварҳои дунё ба истиснои баъзе дигаргуниҳо омилҳои худкушӣ ҳамгун мебошанд. Ба ҳар сурат ин амали даҳшатбор ва ташвишовар сабабҳои гуногун дорад. Агар дар баъзе кишварҳо нуқсу камбуди ақлонӣ боиси ин амал гардад, дар баъзеи дигар мушкилоти иқтисодӣ ва молию пулӣ боис мегардад. Оворагардӣ, нашъамандӣ, муҳоҷирати меҳнатӣ ва махсусан сатҳи пасти фарҳангӣ боиси ин амал мегардад. Бояд гуфт, ки дар Тоҷикистон низ амали худкушӣ яке аз мушкилоти иҷтимоӣ унвон мегардад. Ҳамасола дар кишвари мо низ садҳо нафар ба ҷони худ қасд мекунанд. Тибқи оморҳо дар соли 2014-550 нафар, дар соли 2015-624 нафар ба ҷони худ қасд кардаанд. Дар соли 2016-327 мавриди худкушӣ ба қайд гирифта шудааст, ки аз ин теъдод 159 нафар мардон, 168 нафар занон ва 55 нафари дигар ноболиғонро ташкил медиҳанд. Умуман, аз таҷрибаву мушоҳидаҳо ва хулосаҳои ҷомеашиносон бармеояд, ки дар ҳама кишварҳои ҷаҳон омили асосии худкушӣ нофаҳмӣ ва паст будани шуури фарҳангӣ мебошад, ки аҳли ҷомеаро лозим аст ба ин паҳлуи масъала бештар таваҷҷуҳ намоянд. Қадриддин ИСОЕВ
Эҳтироми маҷбурӣ Субҳи барвақт буд. Ҳама саросема менамуд. Кутоҳии рӯзҳои зимистон боис шуда буд, ки аксарият тезҳаракат буданд. Онҳое ки дар ин ҳангом аз нақлиёти ҷамъиятӣ истифода кардаанду мекунанд чигунагии ҳолро медонанд... Зани тақрибан панҷоҳсола ба пурии мусофирон аҳамияте надода худро ба дохили микроавтобус тела дод. Ба истиснои ҷавоне, ки дар нишастгоҳи пушти ронанда менишаст, чун ҳамешагӣ ҳама ҷавонони дигар росто мерафтанду ба калонсолҳо аз рӯи эҳтиром ҷойҳои нишастро “туҳфа” намуда буданд. Зан савор шудан баробар ба ҷавони нишаста дарафтод: “Ба ту модарат эҳтиромро ёд надодааст? Агар дар ҷои ман модарат мебуд виҷдонат мегузошт, ки худ нишаставу ӯ росто равад? Калонҳоро эҳтиром кунед...” Ҷавон бо дили нохоҳам баъди “насиҳатҳо”-и зан аз ҷояш хесту курсиро холӣ кард. Шояд баъди суханҳои зан ҷавон шарм дошт, ки бе пурсиш ба сухан даромад: “Поямро ҳамагӣ чанд ҳафта шудааст, ки ҷарроҳӣ карданд. Бо тавсияи духтурон бояд зиёд роҳ нагардаму поямро зуд-зуд дам диҳам. Фишори зиёд зарар доштааст, барои ҳамин аз ҷоям нахестам. Набошад худам ақл дорам, ки ба калонсолҳо ҷо диҳам”. Ин саҳнаро танҳо ба он хотир овардам, зани калонсол зиёдии мусофиронро ба назар нагирифта, вориди микроавтобус шуду борони таънаву маломатро болои ҷавони дардманде холӣ намуд. Шояд бисёриҳо ба ин шева рафтор кардани баъзе аз калонсолҳо рӯ ба рӯ шуда бошанд. Ин бадгӯӣ ва паст задани касе нест. Балки ҳақиқате ҳаст, ки ҳамарӯза рӯ ба рӯ мешавем. Ин навишта ҳам онро талқин намекунад, ки мо нисбат ба занону модарон ва калонсолон беэҳтиромӣ зоҳир кунем. Балки ин панд аз хурдӣ чун шиор ба гӯши садо медиҳад, ки: Дар ҷавонӣ дор пиронро азиз, То азизи дигарон бошӣ ту низ. Воқеан шакке дар ин гуфта нест. Ва месазад, ки ҳамеша ба бузургону калонсол эҳтиромро қоим бошем. Аммо мавзӯи баррасӣ мекардаи мо ҷанбаи дигар дорад. Имрӯзҳо ба аксарияти занҳое, ки дар пойтахт аз нақлиёти ҷамъиятӣ истифода мекунанд, одат шудааст, ки новобаста аз пурии мусофирон ба нақлиёт савор мешаванд. Танҳо ба ин умед, ки ҳатман ҷавонон ба онҳо ҷой медиҳанду ба роҳатӣ то маҳали мехостаашон мераванд. Аммо дар асл аксарияти ҷавонон ин рафтори баъзе аз калонсолҳоро намеписанданд ва онро сард қабул мекунанд. Чун соатҳои зиёди дарсӣ ва кори зиёд онҳоро ба тадриҷ монда мекунонад. Гузашта аз ин дар миёни онҳо низ нафарони дардманду бемор низ дида мешавад. Аммо ҳиси эҳтиром ва бадгӯӣ нашунидан аз калонсолҳо онҳоро намегузорад, ки нисбати ин масъала хунукназарӣ кунанд ва ҳангоми савор шудани занонон онҳоро “эҳтиром” мекунанд. Ин масъала аз ҷиҳати равонӣ низ ба ҷавонон таъсири манфӣ гузошта ҳиси эҳтиромро дар онҳо аз байн мебарад. Дигар ин ки нақлиёти ҷамъиятӣ ҷои баробарист. Ва ҳар нафаре, ки аз рӯи эҳтиром ҷояшро ба каси дигар медиҳад, бигузор маҷбурӣ набошад ва танҳо дар доираи одобу ахлоқ сурат гирад. Хуршед МАВЛОН, “ҶТ”
8
НАВИГАРИҲОИ ВАРЗИШ
“ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН”, №51 (9581), 20.12.2018
Курси такмили ихтисос дар “Сафед-дара” Дар муассисаи далатии “Мактаби махсуси варзишӣ оид ба намудҳои зимистона 7 - 12-уми декабр курси такмили ихтисос барои мураббиёну масъулини соҳаи варзиш гузаронида шуд.
Роҳ ба сӯи Токио Зери роҳбарии Дилшод Назаров, муовини раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш роҳбарони федератсияҳо ва мураббиён дар Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон ҷамъ омаданд, то барои дарёфти роҳхатҳои олимпӣ нақшаи ягона омода кунанд. Ба иттилои сомонаи расмии Кумитаи миллии олимпӣ дар ҷаласаи мазкур котиби генералии Кумитаи миллии олимпӣ Муҳаммадшо Абдуллозода ва Директори генералии Кумитаи миллии олимпӣ Эркин Латипов ба роҳбарони федератсияҳо лоиҳаи нақшаи тақвимии сеҷонибаро пешниҳод карда, маълумот доданд, ки он бо супориши роҳбарияти Кумитаи миллии олимпӣ омода гардида, маблағгузории иштироки дастаҳои мунтахаби кишварро дар мусобиқаҳои интихобӣ ҷиҳати ба даст овардани роҳхат ба Бозиҳои олимпии Токио-2020 пешбинӣ менамояд. Дар тартиб додани нақша имкониятҳои молии се ҷониб – Кумитаи миллии олимпӣ, Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш ва федератсияҳои варзишӣ ба инобат гирифта шуда, дар асоси он варзишгарон дар мусобиқаҳо ширкат менамоянд. Қайд гардид, ки мусобиқаҳои интихобӣ аз рӯи баъзе намудҳои варзиш алакай оғоз гардиданд. Мусобиқаҳои интихобӣ аз рӯи аксари намудҳо соли оянда ба нақша гирифта шудааст. Аз ин рӯ, варзишгарони мо бояд ба мусобиқаҳо ҷиддӣ омодагӣ бубинанд ва барои дарёфти роҳхат талош кунанд. Дар ҷаласа масъалаи истифодаи доруҳои мамнуъ дар варзиш аз ҷониби варзишгарони тоҷик мавриди нигаронӣ қарор гирифта, зикр гардид, ки таи ду соли охир аллакай 5 варзишгари мо барои истифодаи доруҳои мамнуъ муттаҳам шуданд. “Дар ин масъала мураббиён бояд бо варзишгарон кор баранд, бо рӯйхати доруҳои мамнуъ, ки дар сомонаи Кумитаи миллии олимпӣ дарҷ ёфтааст, шинос шаванд. Истифодаи доруҳои мамнуъ натанҳо бар зарари варзишгар аст, балки боиси коста шудани обрӯи давлат дар арсаи ҷаҳон мегардад”.
Курси мазкур дар маҷмааи лижаронии “Сафед-дара” бо ташаббуси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби Муассисаи давлатии маркази ҷумҳуриявии методӣ баргузор гардид. Барномаи курс аз 36 соати назариявӣ ва 30 соат дарсҳои амалӣ иборат буда, ҳам дар шакли назариявӣ ва амалӣ барои масъулини соҳаи варзиш ва варзишгарони наврасу ҷавон аз ҷониби мутахассисони соҳа омӯзонида шуд.
Футзалчиёни ҷавони тоҷик ба марҳилаи финалии чемпионати Осиё-2019 роҳ ёфтанд Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футзал 2019 роҳхат гирифт. Пас аз натиҷагирии марҳилаи интихобии чемпионати Осиё-2019 дастаҳои футболи толории Қирғизистон, Афғонистон, Тоҷикистон аз минтақаи Осиёи Марказӣ; Лубнон, Ироқ, Арабистони Саудӣ аз минтақаи Ғарб; Ҷопон, Тайпейи Чин аз минтақаи Шарқ; Тайланд, Ветнам ва Индонезия аз минтақаи Уқёнус ҳаққи иштирок дар марҳилаи финалии чемпионатро пайдо намуданд.
√ ХУДШИНОСӢ
Асли тафаккури миллӣ “Забондонӣ-ҷаҳон донӣ” маъно пайдо намекунад, то даме, ки мо забони худро пурра балад набошем. Ҳатмист, ки мо бояд пеш аз ҳама забони худро донем, онро бо тамоми нозуки аз бар намеом ва баъдан ба омӯхтани забони ғайр камар бандем. Барҳақ гуфтаанд, ки: Ҳар к-ӯ ба забони худ сухандон гардад, Омӯхтани сад забон осон гардад. Бунёди ин мисраҳо низ маҳз аз ҳамин ҷост, ки шахс бояд пеш аз ҳама забони модарии худро донад ва дар сурати онро пурра аз худ кардан, ба осонӣ метавонад, забонҳои дигарро низ омӯзад. Гузашта аз ин вақте ки мо забони худро ба пуррагӣ омӯзем, аз аслу насаб ва асолату таърихи хеш воқиф мегардем. Забони модариро ба ҳастии халқу миллати
хеш марбут дониста, онро чун шиносномаи миллат ва сарвати беназир қадр мекунем. Мавлоно хитобан ба онҳое, ки муқаддасоти худро эҳтиром намекунанду рӯ ба асли бегонагӣ меоранд, чунин мефармояд: Ҳар кас к-у дур монд аз асли хеш, Боз ҷӯяд рӯзгори васли хеш. Зиёда аз ҳазор аст, ки маҳз огоҳӣ аз асли хеш бузургону олимони водор намуд, ки забони модарии худро бо қимати ҷон ҳифз намуда, онро ба наслҳои пасин интиқол диҳанд. Бузургоне чун Рӯдакӣ, Фирдавсӣ, Сино, Носири Хусрав, Камоли Хуҷандӣ, Ҳофиз, Саъдӣ, Бедил, Аҳмади Дониш, Айнӣ ва дигарон баҳрии пойдорӣ ва бузургдошти забони ноби тоҷикӣ асарҳои ҷовидона офариданду ба ин васила
(U-20) ба марҳилаи финалии чемпионати ОсиёНатиҷаи мунтахаби Эрон ҳамчун мизбони марҳилаи финалӣ дар марҳилаи интихобӣ ба инобат гирифта намешавад. Дар 2-юм чемпионати Осиё миёни ҷавонон оид ба футболи толорӣ, ки соли оянда дар Эрон доир мегардад, 12 даста иштирок мекунанд. Дастаҳо тибқи қуръакашӣ ба се гурӯҳи 4-дастаӣ тақсим мешаванд. “ҶТ”
ин забон ширину ширадорро ба мо бегазанд расониданд. Таассуфовар аст, ва аслан ибрози андеша низ бобати бузургдошти забони модарӣ аз он ҷо сарчашма зад, ки имрӯзҳо шумораи марказҳои забономӯзӣ хеле зиёд шудааст. Дар назари аввал хуш аст, ки ҷавонони мо беҳудагардӣ накарда, донишу биниши худро ба воситаи омӯзиши забонҳо хориҷӣ васеъ мекунанд. Аммо дар аксарияти ҳолатҳо мебинем, ки марказҳои забономӯзӣ дарбаргирандаи пурраи номи худ нестанд. Балки онҳо ба муҳассилин танҳо ҳарф задан ба забони ғайрро меомузонанд. Яъне, омӯзанда ва дар аксар маврид омӯзгорони ин марказҳо худ забони модариро хуб намедонанду ба дигарон забон меомӯзонанд, ки аз чанд ҷиҳат таъсири манфӣ дорад ва бузургтарини он ин дур мондан аз забони модарӣ ва надонистани он мебошад.
Нуктаи асосӣ ҳамин ки, моро мебояд қабл аз ҳама забони тоҷикӣ-модарии худро ба буррагӣ аз худ кунем. Нозуктарин ҷузъиётҳои онро омӯзем. Аз бузургии он бохабар шавем. Худро бо он муаррифӣ кунем. Вақте ки забон яке аз рамзҳои давлатдорӣ ба ҳисоб равад, пас зарур аст, ки мо давлатамонро ба воситаи он ҳам шиносонем. Дар сурати бохабар будан аз таъриху бузургии забони хеш тафаккури мо миллӣ мешавад. Ҳар он чизе ки мо андешем, танҳо дар пояи арзишҳои муқаддаси хеш сурат мегирад. Чун забон модарӣ асли тафаккури миллист. Дар сурати ғайр, шояд забони хориҷӣ ба мо роҳ нишон диҳад, аммо он моро бе тардид аз тафаккури миллӣ дур мекунад, ки гаронтарин беэҳтироми нисбат ба аслу насаби хеш мебошад. Миҷгона БАРОТОВА, омӯзгори МТМУ №117 н. Рӯдакӣ
АНДЕША
“ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН”, №51 (9581), 20.12.2018
Ҳадаф танҳо муаррифии миллат бошад
Саидалимова Зулфиниссо Саидмухторовна яке аз варзишгарбонуи муваффақи тоҷик ба ҳисоб рафта, ба бисёр дастовардҳову ҷоизаҳо ноил гардидааст. Аз он ҷумла 19 маротиба қаҳрамони Ҷумҳурии Тоҷикистон, (аз рӯи чор намуд), 2 маротиба чемпиони Иттиҳоди Шӯравӣ, устоди варзиши Иттиҳоди Шӯравӣ мебошад. 13 декабр мавсуф ба синни мубораки 50 солагӣ расиданд. Дар арафаи ин рӯзи фархунда доири фаъолияти варзишии эшон суҳбате доир намудем. - Аз синни чанд солагӣ ба варзиш машғул ҳастед? - Дар овони мактабхонӣ аз тарафи садорати мактаби №20-и шаҳри Душанбе барои дӯстдорони варзиш дарси иловагии варзишӣ оид ба намуди тенниси рӯи миз ташкил гардид, ки моро даъват намуданд ва ин қадамҳои нахустинам ба варзиш буд, ки ҳамагӣ 8 сол доштам. - Аввалин мусобиқае, ки иштирок намудед? - Бори аввал дар мусобиқаи байналмилалие, ки дар шаҳри Андиҷони Ҷумҳурии Ӯзбекистон миёни калонсолон баргузор гардид, дар он иштирок намуда, сазовори ҷои чаҳорум гардидам ва ба ман ифтихори бузург буд. Ҳамчунин роҳи маро барои фаъолияти минбаъдаам кушод. - Аввалин мураббии Шумо кӣ буд ва саҳми онҳо барои иштирок дар мусобиқаҳо дар чӣ зоҳир меёфт? - Аввалин мураббиям Рустам Ахмедов
ба ҳисоб рафта, бобати ноил гаштани ман ба муваффақиятҳои зиёд хело заҳмат кашиданд ва нозукиҳои ин намуди варзишро ба ман омӯзондаанд. Дар тамринҳои дастаҷамъӣ ҳамаҷониба омода намуда, аз ҷиҳати техникӣпсихологӣ низ хуб тайёр карданд. Бароям тамоми имконоту шароитҳои тамрин фароҳам оварда шуда буд, ки аз ин хотир вазифаи дар пеш гузоштаам ин танҳо бо нангу номуси тоҷикона ва бо ҷиддияти тому софдилона ба тамрин машғул шудан буд. - Дар кадом мусобиқаҳои сатҳи ҷаҳонӣ иштирок доштед? - Дар чемпионати ҷаҳон оид ба намуди тенниси рӯи миз, ки дар шаҳри Парижи Ҷумҳурии Фаронса, шаҳри Теҳрони Ҷумҳурии исломии Эрон ва Ҷумҳурии мардумии Чин баргузор гардида буд, иштирок доштам ва ҳамзамон иштирокчии 16-умин бозиҳои Осиё мебошам. - Оё фарзандони Шумо низ ба ин намуди варзиш машғуланд? - Бале ду фарзандам, Мирзоазизҷон Мирзобоев ва Нигора Асимова касби маро интихоб намудаанд. Ҳарду ду маротиба қаҳрамони ҷумҳуриявӣ ва ҳамзамон номзад ба устоди варзиш оид ба намуди тенниси рӯи миз мебошанд. - Нақши варзишгарро дар муаррифии миллат чӣ гуна арзёбӣ мекунед? - Ҳар як варзишгари тоҷикро, ки ба дилхоҳ намуди варзиш машғул аст, агар ҳадафаш муаррифии миллат бошад, эҳтиром мекунам.
Ягона чизе, ки варзишгарро дар мусобиқаҳои байналмилалӣ қувват мебахшад, ин ҳису ғурури миллист. Ва ин ҳис аз варзишгар тақозо мекунад, ки нерӯи худро танҳо ба хотири обрӯи миллат сарф созад. - Идеали Шумо дар намуди варзиши теннис кӣ буд? - Идеали ман дар ин намуди варзиш Ҷоизадори Иттиҳоди Шӯравӣ ва Аврупо, устоди варзиши дараҷаи байналмилалӣ Валетнина Попова ба ҳисоб мерафт . - Бобати ба варзиш машғулшавии бонувон каме ҳарф мезадед. - Варзиш ҳаёти ҷомеаро рангин намуда, дӯстию ҳамгироиро миёни ҷавонон мустаҳкам мекунад. Варзиш ҳамчун фаъолияти инфиродие пазируфта мешавад, ки ба инсон им-
9 конияти худташаккулёбӣ ва амалӣ намудани муваффақиятҳои шахсиро дода, варзишгар дорои рафтори хубу намунавӣ, солимӣ ва эҳтиром дар ҷомеа мегардад. Боиси хушнудист, ки имрӯзҳо бо дастгирии бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Президенти Кумитаи миллии олимпии кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон варзишгарони тоҷик, аз он ҷумла бонувон дастгирӣ ёфта, рӯз аз рӯз дар мусобиқаҳои ҷумҳуриявию байналмилалӣ фаъолона ширкат намуда, Парчами давлати азизамонро парафшон намуда истодаанд. - Ҳоло ба кадом мусобиқа тайёрӣ дида истодаед ва чӣ ниятҳо доред? - Орзу дорам, ки дар Чемпионати Осиё ва ҷаҳон байни собиқадорон (ветеранҳо) иштирок намоям. - Маслиҳати шумо ба наврасону ҷавонон. - Ба варзишгарон гуфтаниям, ки тамоми нерӯю қувваи худро барои баланд бардоштани Парчами кишвари азизамон дар хориҷи кишвар сарф намоянд ва танҳо ба хотири муаррифии миллати тоҷику посух ба дастгириву ғамхориҳои Ҳукумати кишвар. - Таманнои Шумо барои хонандаи рӯзнома. - Мо бояд якҷоя барои пойдории сулҳу субот ва оромиву нишот дар ҷомеа бо истифода аз мактаби бузурги ватандӯстиву ватанпарастии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон заҳмат кашем, то ки Тоҷикистони биҳиштосои мо ҳамеша ободу сарсабз бошад. - Барои суҳбат ташаккур. - Саломат бошед. Шодмон НУРМАТОВ, “ҶТ”
Муҳаммад Худоиев: Кӯшиш мекунам, то номам қатори ҷаҳонпаҳлавонон бошад
Муҳаммад Худоиев паҳлавони навраси кишвар чанде пеш дар мусобиқаи ҷумҳуриявӣ байни наврасони солҳои таваллудашон 2001 – 2004 дар вазни 60 кило, аз рӯи ҷудо, ки бахшида ба Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ доир гардид медали бириниҷро ба даст овард. Мавсуф аз синни ҳафтсолагӣ зери роҳбарии падараш Иззатшо Худоиев тамринро аз намуди гӯштини самбо оғоз намудааст. Баъди чанд муддати тамрин дар намуди гӯштини самбо бо роҳнамоии падараш ба намуди гӯштини ҷудо, ки
шомили бозиҳои олимпист гузариш мекунад. Пас аз иштироки фаъолона дар мусобиқаҳои шаҳрӣ ва минтақавӣ оид ба ҷудо соли 2016 ба мусобиқаҳои ҷумҳуриявӣ роҳхат гирифт. Соли 2017 Муҳаммад дар вазни 55 кило миёни наврасон унвони қаҳрамони Тоҷикистонро соҳиб шуд ва шомили узви дастаи мунтахаби наврасон гардид. - Соли гузашта бароям фаромӯшнашаванда ба ҳисоб меравад, зеро ман бори якум унвони қаҳрамони Тоҷикистон оиди ҷудо ва номзади устоди варзиши Тоҷикистонро соҳиб гардидам. Имсол дар ду мусобиқаи байналмилалӣ Чемпионати Аврупо (Анталия) ва Осиё (Тошканд) ширкат намудам, мутаассифона, соҳиби зинаҳои ифтихори нагардидам, лекин аз ин рӯҳафтода нестам. Кӯшиш мекунам, ки солҳои наздик номам қатори ҷаҳонпаҳлавонон бошаду мисли Саидмуъмин Раҳимов, Беҳрӯз Хоҷазода, Хушқадам Хусравов, Расул Боқиев, Муҳаммадмурод Абдураҳмонов ва дигарон шарафи варзиши тоҷикро дар мусобиқаҳои байналмилалӣ ҳифз намоям, - гуфт Муҳаммад Худоиев. Муҳаммад хонандаи синфи 11 муассисаи таҳсилоти миёнаиу умумии № 60 ноҳияи Синои пойтахт буда, ният дорад, баъди хатми мактаби миёна ба Донишкадаи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиши ба номи Саидмуъмин Раҳимов дохил шуда, маҳорати варзишиашро боз ҳам равнақ бахшад. Ғайрат Ширинов ва Мустафо Ҷабборов, муаллимони тарбияи ҷисмонии муассисаи мазкур, зимни суҳбат зикр карданд, ки Муҳаммад пеш аз ҳама ором, хоксор ва меҳнатдӯст аст. Мавсуф ҳамеша кӯшиш мекунад, ки дар мусобиқаҳо зинаҳои номёнро соҳиб гардад. Маҳмуд ҶӮРАЕВ, рӯзноманигор
Варзишгари умедбахш Боиси ифтихор аст, ки сол ба сол аз ҳисоби наврасону ҷавонони лаёқатманд сафи чеҳраҳои варзиши кишвар афзун мегардад. Дастовардҳои ин ниҳолони варзиш хурсандиовару умедбахшу ояндадор буда, аз рушди варзиш дар кишвар гувоҳӣ медиҳанд. Донишҷӯи Коллеҷи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон, аъзои дастаи мунтахаби ҷумҳурӣ оид ба самбо Рауф Хуҷамов яке аз чунин варзишгарони умедбахши кишвар буда, мухлисони намуди гӯштини миллӣ солҳост, ки аз дастовардҳои назарраси ӯ бохабаранд. Ҳамагӣ чанде қабл дар мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба гӯштини миллӣ дар шаҳри Кӯлоб дар вазни худ ғолиби мусобиқа гардид. То ин муддат дар чандин мусобиқаҳои дигари сатҳи ҷумҳуриявӣ сазовори ҷойҳои ифтихорӣ гаштааст. Дар мусобиқаҳо миёни муассисаҳои таълимӣ низ борҳо ғолиби мутлақ гардидааст. Муваффақияту дастовардҳояш дар мусобиқаҳои сатҳи баланд низ боиси ифтихор аст. Аз ҷумла, дастоварди охиринаш дар мусобиқаи бонуфузи сатҳи байналмилалӣ, ки дар Қазоқистон доир гашту сазовори ҷойи ифтихорӣ шуд, умеди ҳазорон нафар мухлисони ин намуди маъмули варзишро ба ин варзишгар боз ҳам қавӣ гардонид. Дар Ҷумҳурии Қирғизистон низ дар мусобиқаи бонуфуз сазовори ҷойи сеюм гашта, шарафи кишварро боло бардошт. Ба гуфти сарвари Коллеҷи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон Бахтиёр Камолов, “Рауф Хуҷамов дар қатори ҳамсабақонаш Навҷавон Муллоев, Сиддиқ Талбаков ва Забир Ҷумъаев, ки низ дар намуди гӯштии миллӣ дастовардҳои назаррасро соҳиб гаштаанд, минбаъд низ дар ҳимояи шарафи варзишии мамлакат метавонад, саҳми арзанда гузорад”. Мавлон ШАРИФОВ
10 Алишер Алиев фаъолияти меҳнатиашро ба сифати ассистенти кафедраи “Соҳибкорӣ ва иқтисодиёт”-и ДДОТ ба номи С. Айнӣ оғоз намуда, сипас дар вазифаҳои раиси Шӯрои кураторон, муовини декан оид ба корҳои таълимӣэдвайзер ва мудири шуъбаи идоракунии сифати таҳсилоти донишгоҳи мазкур фаъолият намудааст. Соли 2012 рисолаи номзадиро дар соҳаи илми педагогика дифоъ намуда, ҳамзамон сазовори унвони дотсентӣ гаштааст. Муаллифи якчанд маҷмӯаву дастурҳои таълимӣ ва зиёда аз 40 мақолаи илмӣ мебошад. Хизматҳояш бо чандин мукофотҳои соҳавӣ қадр шудааст. - Алишер Ҳикматуллоевич тавре шоҳидем, бо иқдоми Ҳукумати кишвар ҷиҳати бештар фарогирии ҷавонон ба касбу ҳунаромӯзӣ дари як қатор муассисаҳои таълимии касбӣ дар ҷумҳурӣ барои ҷавонони лаёқатманд боз шудааст. Шумо, ки сарварии яке аз чунин муассисаҳои таълимии касбиро дар пойтахт ба зимма доред, мехостем дар мавриди фаъолияти коллеҷ, нақш ва мавқеи он дар омодасозии мутахассисон сухан мегуфтед. Коллеҷи муҳандисию омӯзгории ҷумҳурӣ аз соли 1965 инҷониб дар назди Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ инҷониб фаъолият менамояд. Дар ду факултаи коллеҷ вобаста ба талаботи имрӯза аз рӯи ихтисосҳои гуногун мутахассисон омода мешаванд. Дар ин замина муассиса асосан мутахассисон устоҳои таълимӣ-истеҳсолиро барои муассисаҳои таҳсилоти ибтидоии касбӣ омода месозад. Айни замон ҳайати кормандони муассисаро 120 нафар мутахассисону омӯзгорон ташкил медиҳад, ки қариб 90 фоизашонро кадрҳои ҷавон ташкил медиҳанд. Таҳсил тариқи ройгон ва шартномавӣ ба роҳ монда шуда, қабул ба муассиса дар заминаи таҳсилоти миёнаи умумӣ тариқи тестӣ ва дар заминаи таҳсилоти асосӣ тариқи анъанавӣ сурат мегирад. Муассиса дорои шароитҳои муосири моддиву техникӣ буда, имкониятҳои зарурӣ барои пешбурди фаъолият мавҷуд аст. Коллеҷ дорои китобхона ва китобхонаи электронӣ буда, танҳо
МУСОҲИБА
“ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН”, №51 (9581), 20.12.2018 дар муассисаву корхонаҳое, ки кор мекунанд, нақши навовариву созандаро доранду дар ин синну сол аллакай миёни ҳамкорон мавқеъ ва обрӯ пайдо намудаанд. -Коллеҷ аз рӯи ихтисоси иқтисодиёт ва идора дар соҳаи туризм низ мутахассисонро омода менамояд. Дар мавриди фаъолияти ҳамин бахши муассиса ва умуман роҳу воситаҳои рушди сайёҳӣ дар кишварамон чӣ гуфтаниед? - Боиси хурсандист, ки ба шарофати сулҳу суботи бебозгашт кишварамон дар қатори дигар соҳаҳои иқтисодию иҷтимоӣ ва фарҳангӣ дар самти сайёҳӣ низ тӯли солҳои охир ба комёбиҳои назаррас ноил гардид. Воқеан сайёҳӣ соҳаи сердаромадтарини иқтисодиёт дар ҷаҳони муосир ба ҳисоб меравад. Бахусус дар шароити ҷаҳонишавӣ он мавқеи устуворро касб намудааст. Ҳамин аст, ки соҳаи сайёҳӣ дар кишварҳои Аврупо
Ҳунаромӯзӣ бояд пешаи ҷавонон бошад Суҳбат бо директори Коллеҷи муҳандисию омӯзгорӣ, номзади илмҳои педагогӣ, дотсент Алишер Алиев
соли ҷорӣ ба фонди китобхона 1067 китобҳои умумитаълимӣ, тахассусӣ ва бадеӣ, 270 ҳазор китобҳои электронӣ, 127 ҳазор маводҳои электронӣ ва ғайра ворид шуданд. Муҳассилини ниёзманд бевосита дар дохили бинои коллеҷ бо хобгоҳи шароиташ муҳайё таъминанду инчунин аз имтиёзҳои дигар, аз қабили идрорпулӣ, кӯмакҳои молиявӣ бархурдоранд. Барои ятимону маъюбон кӯмакҳои яквақтинаи молиявӣ муқаррар гашта, ҳамзамон ба истироҳатгоҳи мавсимӣ сафарбар карда мешаванд. - Аз таҷрибаи ҳамарӯзаатон чун мутахассиси соҳа муносибати ҷавононро дар мавриди касбомӯзӣ чӣ гуна арзёбӣ менамоед? - Мутаассифона, бархе аз ҷавонон ҳангоми интихоби шуғли минбаъда ба шитобкорӣ роҳ медиҳанд. Баъзан тасодуфӣ, ғайри ихтиёри худ, берун аз доираи қобилияту лаёқати хеш ва ё бо омилҳои дигар пешаи минбаъдаашонро интихоб мекунанд. Ҳол он ки бо истифода аз шароитҳои муосири мавҷуда имрӯз ҷавонон имкони соҳиби касбу ҳунарҳои ба талабот ҷавобгӯро дороянд. Албатта, дар навбати аввал мавриди касбинтихобкунӣ волидон ва омӯзгорони мактаб бояд нақши муҳим бозанд. Мушоҳидаҳо нишон медиҳанд, ки волидони гиромии мо ҳангоми интихоби касб ва умуман тақдири минбаъдаи пайвандонашон бисёр вақт беэтиноӣ мекунанд. Илова ба он дар муассисаҳои таҳсилоти ми-
ёнаи умумӣ корҳои роҳнамоии касбӣ ва интихоби дурусти касб ҳанӯз чандон ба таври кофӣ ба роҳ монда нашудааст. Бисёр хонандагон моҳияти касб ва мазмуни касбу ихтисосҳоро дуруст дарк намекунанд. Ҳамин аст, ки баъди хатми мактаби миёна хатмкунандагон дар мавриди интихоби пешаи минбаъдаашон душворӣ мекашанду роҳгум мезананд. Бояд таъкид намуд, ки дар ҷомеаи муосир масъалаи касб ва касбинтихобнамоӣ яке аз масъалаи асосӣ ба ҳисоб меравад, чунки танҳо мутахассиси соҳибихтисос метавонад вобаста ба қобилиятнокӣ ва касби интихобнамудааш дар соҳаҳои гуногун фаъолият намояд. Фаромӯш набояд кард, ки дар интихоби касб шахс озод мебошад. Барои бедор намудани шавқи ҷавонон баҳри касбу илмомӯзӣ мо бояд ҳанӯз аз хурдӣ дар ниҳоди фарзандон зина ба зина майлу рағбатро ташаккул диҳем. Дар навбати дигар, худи ҷавонон бояд роҳу равиши хешро дар зиндагӣ пайдо намуда, мақсаду ҳадафи муайянеро пайгирӣ карда, бо истифода аз шароити муосир аз паи касби муайян бошанд. Албатта, ин ҷо ҳадаф танқиди насли ҷавонамон набуда, ин нукта танҳо ба бархе ҷавонону наврасонамон тааллуқ дорад, ки бояд аз ҳамсолони худ дар ҳаёт қафо намонанд. Хушбахтона ва мояи ифтихор ҳам аст, ки имрӯз аксари ҷавонони мо қобилияти хубу маҳорати баланди азхудкунии илмҳои муосирро доранду ҳатто бисёре аз онҳо новобаста ба синни ҷавонашон
аз тарафи давлат ҳаматарафа дастгирӣ меёбад. Боиси хурсандист, ки ҳудуди Тоҷикистон аз қадим дар Шоҳроҳи абрешим ҷой гирифта буд, ки он ба тиҷорати байналмилалӣ ва дар ин радиф ба мубодилаи фарҳангии халқҳо таъсири амиқ боқӣ гузоштааст. Аз ҷониби дигар, Тоҷикистони офтобрӯяи мо бо табиати биҳиштосои афсонавӣ, аз қадим дар тамоми дунё машҳур гаштааст. Инчунин, мардуми Тоҷикистон аз азал табиатан меҳмоннавозанд ва бо ин хислати бузурги худ дар ҷаҳон овозадору машҳур гаштаанд, ки бешубҳа он як омили муҳими рушди сайёҳист. Пӯшида нест, ки имрӯз дар ҷумҳурӣ мо ба мутахассисони соҳаи сайёҳии худӣ ҳар чи бештар ниёз дорем. Ба ибораи дигар, масъалаи омода намудани мутахассисони соҳаи сайёҳӣ яке аз масъалаҳои ҳалталаб дар ҷумҳурӣ ба ҳисоб меравад. Дар ин самт моро мебояд омода намудани мутахассисонро барои сохторҳои хизматрасонии сайёҳӣ, аз ҷумла барои ширкатҳо, меҳмонхонаҳо, тарабхонаҳо, нуктаҳои дилхушию фароғатӣ аз рӯи ихтисосҳои роҳбалад, роҳбалади кӯҳӣ, роҳбалад-тарҷумон ва ғайра ба роҳ монем. -Ҳамчун омӯзгор ва олими соҳаи педагогика, ки солҳои зиёд вазифаҳои масъулро бевосита дар яке аз донишгоҳҳои бонуфузамон –Донишгоҳи омӯзгорӣ ба зимма доштеду имрӯз низ бо насли ҷавон сару кор доред, дар мавриди тарби-
яи насли ҷавон чӣ андеша доред? - Агар аз лиҳози илмӣ маънидод намоем, тибқи таҳлили олимони бузурги соҳа тарбия падидаи иҷтимоӣ, фарҳангӣ, психологӣ ва педагогӣ буда, барои танзими ҳаёти инсон ва пешрафти ҷамъият хизмат менамояд. Он ҳамчун фаъолияти махсуси мақсадноки инсон барои рушди шахс ва ворид шудани инсон ба ҷараёни зиндагии воқеӣ ва бунёди ҳаёти маданӣ равона мешавад. Мақсади тарбия қисми таркибии мақсаду вазифаҳои ҳар давлат қарор мегирад, ки барои амалӣ намудани манфиатҳои давлат, ҷомеа ва ҳар як шаҳрванд равона аст. Аз ин рӯ, давлат чунин тартибу низомро ҷорӣ мекунад, ки барои ҳаёт ва фаъолияти инсон ва тарбияи миллии шаҳрвандон мусоидат намояд. Агар мо ба таълимоти пешқадами педагогӣ рӯ орем, дар таълиму тарбияи ҳарҷонибаи насли наврас ҳамкорию робитаи волидон бо мактаб нақши асосӣ мебозад. Мактаб ва оила иттифоқчиёни табиӣ, ду қувваи тавонои тарбия ба ҳисоб мераванд. Маҳз дар оила таҳкурсии тарбияи шахсият гузошта мешавад. Дар оила фикру эҳсос, иродаю хислат, меъёри одобу ахлоқ, қобилият, нақшаҳои ҳаётӣ, мақсадҳои олии маънавӣ, ҳиссиёти меҳру муҳаббат, хислатҳои беҳтарини инсонӣ, ростқавлӣ, ғамхорӣ ва меҳрубонӣ, хушмуомилагӣ ва дигар малакаҳо ташаккул меёбад. Дарвоқеъ, кӯдакро аз аввал ба роҳи дуруст тарбия намудан нисбат ба азнавтарбиякунӣ хеле роҳи мувофиқу осонтар аст. Мутаассифона, на ҳамаи падару модарон барои тарбияи шоистаи фарзандон дар назди ҷамъият ва қонунгузории давлат масъул будани худро ҳис мекунанд. Ҳанӯз оилаҳое кам нестанд, ки дар таълиму тарбияи фарзандон бепарвоӣ зоҳир намуда, нисбаташон ғамхор нестанд. - Албатта, имрӯз шодиву нишоти хурду бузурги кишвар аз воқеаи муҳими барои миллат басо таърихиву сарнавиштсоз, фаъолияти чархаи аввали НБО “Роғун” тасвирнопазир аст. Чун як шаҳрванд ин навгонии бузургро чи гуна истиқбол гирифтед? - Бо шумо ҳамақидаам. Агар ин навгониро шарҳ додан хоҳем, бемуболиға дар тасвири он сухан ва қалам оҷизӣ мекашад. Ба андешаи ман, Сарвари кишвар дар такя ба ҳамон хиради азалии халқамон бори дигар собит сохтанд, ки халқи тоҷик аз аввал созанда буд ва барои ҷаҳониён минбаъд низ собит хоҳад сохт, ки миллати тоҷик қудрати боз бунёди садҳо иншооти бузурги асрро дорад, ки онҳо натанҳо тоҷикону сокинони минтақаро, балки ҷаҳониёнро ба ҳам мепайванданд. Мавлон ШАРИФОВ, узви Иттифоқи журналистони Тоҷикистон
“ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН”, №51 (9581), 20.12.2018
11
ҶОМЕА
Супориши хонагӣ ва мустақилияти хонанда Самаранокии фаъолияти таълимии мактаб ва аз худ кардани маводи таълимӣ боиси инкишофи малакаю маҳорати хонандагон мегардад. Дар баробари мунтазам иҷро намудани кору супоришҳои таълим дар бачаҳо малакаю маҳорати мустақилона амал кардан пайдо мешавад ва ташаккул меёбад.
Манбаи ҳаёт Тоҷикистонро кишвари кӯҳсорон ном мебаранд. Ин бесабаб нест. То 93 фоизи заминҳои Тоҷикистонро маҳз кӯҳҳо ташкил медиҳад. Чи қадар ганҷҳои кашфношуда дар қалби ин кӯҳҳои осмонбӯс нуҳуфтааст. Ва боз як боигарии беҳамтои дигари Тоҷикистон ин обҳои мусаффои он аст. Тоҷикистон натанҳо дар минтақа, яъне Осиёи марказӣ, балки ҷаҳон аз ҷиҳати захираҳои обӣ дар қатори пешсафон ҷойгир аст. Ин ба ҷойгиршавии ҷуғрофии кишварамон вобаста аст. Ҳамин тавр, зиёда аз шаст фоизи ҳаҷми умумии обҳои минтақа аз қаламрави мамлакати мо сарчашма мегирад. Дар маҷмуъ то чор фоизи захираҳои гидроэнергетикии ҷаҳонро кишвари мо дорост. Бунёди нерӯгоҳҳои барқӣ имкон медиҳад, то истеҳсоли қувваи барқ афзояду арзиши он торафт арзон шавад. Маҳз ба ин хотир, Ҳукумати кишвар таҳти роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдат миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тамоми тадбирҳоро андешид, то ин ки кохи нур - НБО “Роғун” ба фаъолият пардозад. Ҳамин тавр, моҳи пешин чархаи аввалини он ба кор даромаду моҳи апрели соли оянда бошад, чархаи дуввум ба фаъолият хоҳад пардохт. Бо оғози фаъолияи НБО “Роғун” Тоҷикистон имкон пайдо намуд, тамоми кишварро бо қувваи арзони барқ таъмин намояд. Иловатан барқи изофаро метавонад бо ҳамсоягон ирсол дода, аз фурӯши он маблағ ба даст орад. Зикр намудан ба маврид аст, ки бунёди нерӯгоҳҳои барқии обӣ ба он мусоидат месозад, амнияти энергетикии кишвар таъмин ва Тоҷикистон аз кишвари аграрӣ, ба саноатӣ табдил ёбад. Бештари мардуми тоҷик дар деҳот зист дошта, ба кишоварзӣ машғуланд. Яъне, мо дорои захираҳои зиёди ашёи хом мебошем. Коркарди пахта, пилла, сабзавоту меваҷот ва ғайра бунёди корхонаҳои саноатиро талаб дорад. Дар фаъолияти чунин корхонаҳо истифодаи қувваи барқ қулай ва арзон аст. Ҳамин тавр, бунёду сохтмони НБО “Роғун” ва дигар нерӯгоҳҳо ба амнияти энергетикӣ, беҳдошти вазъи экологӣ, заминҳои ҳосилхез, боғҳо ва ғайра муосидат менамояд. Дар шароити кунунӣ моро лозим аст, ба истифодаи оқилонаи захираҳои об диққати ҷиддӣ зоҳир намоем. Бунёди обанборҳо, махсусан обанборҳои бузурги нерӯгоҳҳо имкон медиҳад, об ҳар чи бештар захира, маҷрои дарёҳо ба танзим дароварда шавад. Танзими об ба он мусоидат менамояд, ки мушкилоти бо об таъмин намудани кишварҳои минтақа, бахусус поёноб ҳалли худро ёбад. Зеро дар шароити кунунии талаботи рӯзафзун ба ин манбаи ҳаёт, чунончи захира, танзим ва истифодаи оқилонаи об имкон медиҳад, натанҳо эҳтиёҷоти мардуми тоҷик ва хоҷагии халқи кишвар пурра таъмин гардад, ҳамчунин талаботи кишварҳои поёноб низ ҳаллу фасли мусбии худро ёбад. Ҳ. РАҲИМОВА, омӯзгори ММТУ №86-и ноҳияи Синои пойтахт
Лекин то имрӯз аз рӯи мушоҳидаҳо маълум мегардад, ки ин масъала ба таври дилхоҳ ҳал нагаштааст. Одатан супориши вазифаи хонагӣ мувофиқи салоҳдиди омӯзгорон аст. Агар баъзе устодон миқдори супоришҳоро зиёд намоянд, қисми дигари онҳоро кам мекунанд. Дар ҳар ду ҳолат ҳам дараҷаи қобилиятнокии бачаҳо ва имконияти онҳо ба эътибор гирифта намешавад. Гурӯҳе аз муаллимон чунин ақида доранд, ки азбаски имкониятҳои вақтии бачаҳо берун аз мактаб фаровон аст, онҳо ҳар қадар супориш иҷро намоянд, он ҳамон қадар воситаи хуби аз худкунию ҳазмгардии маводи таълимӣ гашта, ба инкишофи тафаккури мантиқии хонандагон мусоидат мекунад. Ба ин фикр қисми зиёди падару модарон ҳам ризоянд. Зеро вақти зиёди худро ба хондану навиштан, ҳал кардани мисолҳо ва супоришҳо, инчунин кашидани расму нақшаҳо ва монанди ин бахшидан имконият медиҳад, ки бачаҳо ҳамеша банд бошанду ба корҳои ношоиста
машғул нагарданд. Гурӯҳи дигар бошад, тарафдори онанд, ки миқдори супоришҳои хонагии бачаҳоро кам карда, мисолу масъалаҳо, машқҳо ва дигар намуди супоришҳо асосан дар рафти дарс дар ҳамкории ҳамсолон таҳти роҳбарии муаллим иҷро шавад. Онҳое, ки тарафдори зиёд намудани миқдори супоришҳои таълимиянд, бояд фаҳманд, ки иҷрои супоришҳои якхела мисолу масъалаҳои якранг агарчи барои бачаҳо осон бошад ҳам, шавқу ҳавас, маърифатнокиашонро баланд карда наметавонад. Баръакс, иҷрои чунин супоришҳои якранг онҳо (махсусан бачаҳои болаёқату қобилиятнок)-ро дилгир намуда, воситаи фаъол гаштану равнақ ёфтани ақл намегардад ва садди роҳи самаранок истифода гаштани вақт мешавад. Масалан дар вақти омӯзиши қисмати морфологияи забони тоҷикӣ калимаҳоро ҳамчун воҳиди шаклсозу маънидор таҳлил намудан ва ҳангоми таҳлил амалҳои махсуси забониро бо
мақсади ошкор сохтани муносибати шаклу маъно дар калима истифода кардан ба он мусоидат мекунад, ки мафҳумҳои морфологӣ бошурона аз худ шавад ва малакаю маҳоратҳои дилхоҳ ҳосил гардад. Муаллимон муносибати фардии бачаҳоро нисбати супориш ба эътибор гиранд, зеро маълум аст, ки табиати бачаҳо якхела набуда, ба хусусиятҳои психологиашон ҳар кадом фарди нотакроранд. Агар қобилиятнокии бачаҳоро ба эътибор гирем, маълум мешавад, ки ҳамаи онҳо дорои қобилияти якхела нестанд. Аз ин рӯ, агар дар кори таълиму тарбия байни мактабу оила ҳамфикрӣ набошад, фаъолияти онҳо самаранок нагашта, корбарии чӣ падару модарон ва чӣ муаллимонро бо хонандагон душвор намуда, садди роҳи ташкилёбии сифатҳои шахсияти хонандагон мегардад. Назриқул МИРЗОЕВ, омӯзгори МТМУ № 27-и н. Синои ш. Душанбе
Китоб - сармояи маърифат Аз даври пеш ниёгони мо беҳтарин махзани маърифатро китоб пиндошта, ба наслҳои ҳар давру замон китобхониро чун беҳтарин шуғлу рағбат талқин намудаанд. Дар ҳақиқат танҳо китоб метавонад дилу дидаи инсониятро бедор намояд. Роҳи фардои ҳаёти пурнишотро танҳо китоб метавонад ба мо боз намояд. Замони имрӯза як марҳилаи ҳассоси таърихист. Дар шароити ҳозира танҳо он шахсе метавонад, ки зиндагии хубу шоиста дошта бошад, агар аз илму дониши замонавӣ пурра бархурдор аст. Боиси сарфарозӣ ва бахти баланди насли имрӯзаи мост, ки Ҳукумати Тоҷикистон тамоми шароити замони муосирро барои насли имрӯза муҳайё намудааст. Танҳо ҳавсалаю шавқ доштанамон даркор, ки маърифат омӯзем ва дунёи имрӯзаро дар пеши назари хеш мунаввар созем. Аз шарофати ваҳдати миллӣ ва неъмати бемисли Истиқлолият бо кӯмаку иқдомоти шоистаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар пойтахти кишварамон шаҳри Душанбе, китобхонаи бошукӯҳ бунёд гардид ва дари худро ба рӯи муштариёнаш боз намуд. Ин амали хайр барои кулли ташнагони илму дониш ҳадяи гаронбаҳост. Вале мутаассифона на ҳамаи ҷавонони мо аз ин шароити хуб самаранок истифода мебаранд. Имрӯз як падидаи нав, аниқтараш интернет дар зиндагии мо нақши ҳалкунандаи худро хело устувор гузоштааст. Аз як тараф интернет гарчанде ки паёмадҳои осонкунанда дорад, аз тарафи дигар ҳавсалаю шавқу рағбати ҷавонони моро ба китобхонӣ хело коста намудааст. Чуноне Асосгузори сулҳу ваҳдати
миллӣ – Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мегӯянд: “Дар чунин шароит ва дар замоне, ки таблиғи аъмоли зишт ва ба фарҳанги миллии мо бегона аз тариқи воситаҳои иттилооти ҷаҳонӣ ва барномаҳои телевизионии хориҷӣ афзоиш ёфтааст, мо бояд тарбияи ахлоқиро дар навбати аввал гузорем”. Мо - омӯзгорон дар бедории афкори ҷомеа, ба хусус насли наврас бояд саҳми хешро гузошта тавонем. Аз кудакӣ бояд меҳри китобу китобхониро дар дили онҳо ҷо кунем. Агар дар оила падару модар ба китобхонӣ аҳамияту шавқ дошта бошанд, ҳатман фарзандонаш низ ин рафтори писандидаи онҳоро такрор менамоянд. Ҳар як модар ва падар бояд дар овони тифлӣ, хосса вақти хоб кардани кӯдак ба гӯши ӯ афсона хонад. Ин амали нек ҳам ба ҷаҳонбинии кудак
таъсир мекунад ва ҳам шавқу рағбати ӯро ба хондани китоб зиёд менамояд. Ва кӯдак бо мурури замон ин меҳрро дар дили худ мепарварад ва такмил мебахшад. Имрӯз вазифаи ҷонии мо омӯзгорон аз он иборат аст, ки дар дили насли наврас меҳру муҳаббати китобу китобхониро ҷо диҳем. Кӯшиш намоем, ки насли имрӯзаи мо ба воситаи дониши мустаҳкам фардои ин миллатро боз ҳам шукуфону зебо намоянд. Парчами бақои миллатро баланд бардоранд. Танҳо дар ин вақт мо бо сари баланд гуфта метавонем, ки мо омӯзгорони поквиҷдон ва солеҳи ҷомеа ҳастем. Гулнигор НЕКУШОЕВА, омӯзгори ММТУ №100 н. Шоҳмансури пойтахт
12
САЙЁҲӢ
“ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН”, №51 (9581), 20.12.2018
Рушди имкониятҳои сайёҳӣ Пӯшида нест, ки Тоҷикистон дорои табиати нодир, захираҳои бойи табиӣ, таърих ва фарҳанги ғании сайёҳӣ буда, имкон дорад доираҳои васеи сайёҳони хориҷиро ба худ ҷалб намояд. Кишвари мо дорои беш аз 2500 кӯлҳои гуногун, 200 наҳрҳои кӯҳӣ ва 200 чашмаҳои табобатӣ буда, дар минтақа аз лиҳози захираҳои табиӣ пешсаф аст.
Воситаи болоравии иқтисодиёт Кишвари мо дорои имконияти васеъ аз ҷиҳати минтақаҳои сайёҳӣ буда, истифодаи самараноки он боиси болоравии сатҳи зиндагии аҳолии ҷумҳурӣ хоҳад шуд. Эмомалӣ Раҳмон Сайёҳӣ яке аз соҳаҳои сердаромади иқтисодиёт дар ҷаҳони муосир ба ҳисоб меравад. Имрӯз дар содироти ҷаҳонии молу хизматҳо сайёҳӣ пас аз маҳсулоти нафт ва истеҳсоли фурӯши автомобил дар ҷои саввум қарор дорад. Ҳоло дар ин соҳа беш аз 150 миллион нафар одамон кору фаъолият доранд. Тоҷикистони офтобрӯяву кӯҳсори мо бо табиати биҳиштосои афсонавӣ, дашту саҳро, дараю водиҳо, кӯҳҳои осмонбӯс ва боғҳои дилрабо дар тамоми дунё машҳур гаштааст. Табиати зебои он диққати сайёҳони хориҷиро ба худ ҷалб менамояд. Дар ҷумҳурии Тоҷикистон мавҷуд будани мероси бойи таърихию фарҳангӣ ва захираҳои нотакрори табиию фароғатӣ барои эҳё ва рушди минбаъдаи сайёҳӣ, ҳамчун яке аз самтҳои афзалиятноки иқтисодиёти мамлакат шароити мусоид фароҳам меоварад. Имрӯзҳо дар доираи барномаҳои махсуси ҳукуматӣ дар самти сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ дар саросари кишвари азизамон корҳои назаррас идома дорад. Ташрифи сайёҳону меҳмонони хориҷӣ ба кишвари мо яке аз омилҳои болоравии сатҳи иқтисодии шаҳрвандони Тоҷикистон шуда метавонад. Бо назардошти аҳамияти хоси ин соҳа солҳои охир дар ҷумҳурӣ марказҳои нави сайёҳӣ сохта шуда, рушд меёбанд. Марказҳои куҳна таҷдиду барқарор гашта, шумораи ҳудудҳои муҳофизатшавандаи табиат, аз қабили мамнуъгоҳҳо, парваришгоҳҳо, паркҳои миллӣ сол аз сол зиёд мешавад. Ҷумҳурии Тоҷикистон дар байни мамлакатҳои Осиёи марказӣ аз ҷиҳати захираҳои таҷдиди саломатӣ ва сайёҳӣ мақоми пешсафро дорост. Ҳоло дар Ҷумҳурии Тоҷикистон зиёда аз 185 субъекти хоҷагидор, чӣ ашхоси ҳуқуқӣ, чӣ ашхоси воқеӣ, ки ба фаъолияти соҳаи сайёҳӣ алоқаманданд, ба қайд гирифта шудааст. Дар байни онҳо 51 меҳмонхона, 125 муассисаи истироҳатию сайёҳӣ, 9 муассисаи санаторию истироҳатӣ, ҳамчунин муассисаҳои варзишию солимгардонӣ, корхонаҳои махсус гардонидашудаи савдо, боғҳою мамнуъгоҳҳои табиӣ, корхонаҳои нақлиётӣ, тарабхонаҳо, агентию намояндагиҳои таблиғотӣ ва ғайра мавҷуд аст. Ҳамин тариқ, Тоҷикистон барои рушди тамоми намудҳои сайёҳӣ имконияти васеъ дорад. Хушбахтона, Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2007 узви Ташкилоти умумиҷаҳонии сайёҳӣ гардид, ки ин барои рушди соҳа дар Тоҷикистон комёбии беназир аст. Самаранокии рушди сайёҳӣ имконияти бештари вориди сайёҳон ва даромади асъориро дар иқтисодиёти кишвар ба вуҷуд меорад. Инчунин боиси боз ҳам бештар банд будани аҳолӣ бо ҷойи кор мебошад. Идигул ҚАЛАНДАРОВА, омӯзгори Коллеҷи омори шаҳри Ваҳдат, Аълочии маориф ва илми ҶТ
Сайёҳӣ барои ба шуғл фаро гирифтани аҳолии қобили меҳнат, баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардум, рушди дигари соҳаҳои хизматрасониву истеҳсолӣ, инчунин муаррификунандаи таъриху фарҳанги бою ғанӣ, табиат ва анъанаҳои миллӣ шароити мусоид фароҳам меорад. Табиати биҳиштосои Тоҷикистон, мавзеъҳои истироҳатию табобатӣ, фарҳангию таърихии зиёд дорад, ки сайёҳонро аз хориҷи кишвар ҷалб менамояд. Рушди сайёҳӣ метавонад, эътибори миллату давлатро дар арсаи ҷаҳон боз ҳам баландтар бардорад. Қабули меҳмонони хориҷӣ дар мамлакат аз фарҳанги хизматрасонӣ, тайёраву қатора, роҳбаладону пешхизматон, хуб донистани забонҳои хориҷӣ ва тарзи муносибату гуфтору рафтор дар театру осорхонаву китобхона ва дигар муассисаҳои фарҳангиву иҷтимоӣ оғоз гардида, то гусели меҳмонон идома меёбад, ки боиси дар кадом сатҳ қарор доштани маданияти он миллату давлатро фаҳмонад. Ҳар як миллат ва давлатро нахуст бо фарҳанг, забон, урфу одати мардумаш мешиносанд. Тоҷикистони мо низ бо фарҳанги воло ва ҳунарҳои нотакрори мардумӣ дар байни теъдоди зиёде аз фарҳангҳои ҷаҳон соҳиби мавқеи хоса буда, диққати бостоншиносон, фарҳангшиносону ҳунармандони хориҷиву дохилиро ба худ ҷалб намудааст. Сайёҳӣ яке аз соҳаҳои сердаромад дар ҷаҳон буда, метавонад ба беҳтар гардидани зиндагии шоистаи мардум мусоидат намояд. Имрӯзҳо дар дунё шумораи сайёҳон афзуда, вобаста ба он таъмири ёдгориҳои таърихӣ ва ташкили шароитҳои зарурӣ дар кишварҳои мутараққии олам ба чашм мерасад. Сайёҳӣ дар ташаккул ва тараққиёти шаҳрҳои туристӣ нақши босазоеро мебозад. Ҳамчунин, он
ҳамчун яке аз роҳҳои беҳтарини шиносоӣ бо фарҳанги мардуми ҷаҳон аст. Маънои сайёҳӣ дар он вақт фаҳмида мешавад, ки он барои шинохти соҳаҳои гуногуни як кишвар мусоидат кунад. Табиати зебову афсонавии Тоҷикистон бо кӯҳҳои сарбафалаккашида ва шаршараву рӯдҳои поку мусаффо, гулу гиёҳҳои шифобахш, дарахтони ҳамешасабз, ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ ва осори дастони пурэъҷози ҳунармандон кайҳо боз сайёҳонро мафтун кардааст. Бешубҳа, чунин манзараҳои зебое, ки дар Тоҷикистони мо ба чашм мерасад, ба дида нур ба дилҳо сурур мебахшад. Бахусус табиати биҳиштосои боғҳои пойтахти азизамон шаҳри Душанбе хастагиро рафъ ва рӯҳро болида месозанд. Дар мамлакат барои ҷалби сайёҳони хориҷӣ шароити мусоид-инфрасохтори бахши сайёҳӣ фароҳам оварда шудааст. Фаъолияти беш аз сад ширкати сайёҳӣ, чор фурудгоҳи байналмилалӣ, ду ширкати ҳавопаймоии миллӣ, се меҳмонхонаи дорои тамғаи ҷаҳонӣ, 170 меҳмонхонаи ҷавобгӯ ба меъёрҳои байналмилалӣ, марказҳои сайёҳии иттилоотӣ далели ин гуфтаҳост, ки ба рушди бахши сайёҳӣ мусоидат менамояд. Сиёсати дарҳои кушода дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин тадбирҳое, ки баҳри баланд бардоштани сатҳи зиндагонии сокинони мамлакат ва мустаҳкам намудани фаолияти соҳаҳои мухталифи кишвар ба роҳ монда шудаанд, боз ҳам кишвари моро ҳамчун кишвари ташаббускор ба ҷаҳониён муаррифӣ менамояд. Ҳамчунин аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ кишвари мо марказӣ баргузории чорабинҳои байналмилалии сиёсӣ, илмӣ ва фарҳангӣ муаррифӣ шудааст, ки ин дар рушди соҳаи сайёҳии мамлакат саҳми босазо мегузорад. Соҳаи сайёҳӣ дар шаро-
ити муосир, беҳшавии бахши иқтисодӣ, муаррифии фарҳанги миллӣ, имтиёзҳо барои воридгардии таҷҳизоту лавозимоти зарурӣ пеш меорад. Ташкилу тараққӣ додани соҳаи сайёҳӣ ва дар баробари он бунёд намудани иншоотҳои табобатию истироҳатӣ дар кишвари азизамон ба нафъи кор аст. Дар шароити Ҷумҳурии Тоҷикистон рушду равнақи туризм метавонад миқдори зиёди ҷойҳои холии кориро ба вуҷуд оварда, теъдоди бештари бекоронро ба кори доимӣ таъмин намояд. Роҷеъ ба беҳшавии зиндагӣ тавассути рушди сайёҳӣ, мавзеъҳои зебои кишвар, ҷойҳои таърихии он ба тарбияи кадрҳо бояд диққати махсус диҳем. Боло бурдани сатҳи хизматрасониҳои сайёҳӣ дар меҳмонхонаҳо ва осоишгоҳу табобатгоҳҳо, омӯзиши забонҳои хориҷӣ, тиҷорати сайёҳӣ ва меҳмондорӣ вазифаи ҳар яки мо мебошад. Барои рушди соҳаи сайёҳӣ ва татбиқи он, тайёр намудани мутахассисони сатҳи ҷаҳонӣ, имконияти вориди маблағ ба буҷет аз ҳисоби рушди сайёҳӣ, таъсиси ҷойҳои нави корӣ, ташкил ва баргузории фестивалу озмуну дигар чорабиниҳо бояд бисёртар гузаронида шаванд. Барои амалӣ гардидани ин мақсадҳои созанда, пеш аз ҳама дар мавзеъҳои сайёҳӣ шароитҳои замонавӣ ва ба талабот ҷавобгӯ муҳайё бояд кард ва сармоягузориро дар ин соҳа афзоиш бояд дод. Дар сурати амалӣ гаштани нақшаҳои пешбинишуда ҳаҷми даромаднокӣ аз ин соҳа метавонад даҳҳо маротиба боло равад, ки ин албатта, боиси баланд гардидани дараҷаи некӯаҳволии халқ хоҳад гардид. Мисралӣ ДЕМБЕГИЕВ, Маҳмадназар НУРОВ, устодони кафедраи фаъолияти бонкии ДДМИТ
Бори каҷ ба манзил намерасад Тибқи иттилои расонаҳо ҷинояткорони наҳзатӣ дар назди Сафоратхонаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Берлин бо ҷалби чанд гумроҳу худбохтаи дигар ҷамъомадагонро гирдиҳамоии эътирозӣ номиданд. Маълум аст, ки роҳбарияти ҳизби мамнӯи дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун ташаббускори аслии баргузории ин ҳамоиш бо чунин амали ҳангомаҷӯёнаи худ чӣ ҳадафи муғризонаеро пайгирӣ кардан мехоҳад. Бидуни шак онҳо фақат ба хотири манфиатҳои гурӯҳии худ талош доранд ва дар ин росто зидди манфиатҳои милливу давлатӣ амал менамоянд. Роҳбарияти ин ҳизби мамнӯъ ва ҳаммаслакони онҳо бо талошҳои бесамари худ умедворанд, ки фазои ақидатиро дар ҷомеаи мо тира карда мардумро ба чолиш кашанд. Бубинед, ин муддаиёнро, ки агарчи зоҳиран лофи ватандорию миллатдӯстӣ мезананд, аммо амалан алайҳи миллат ва Ватани худ талош меварзанд. Оё ҳамин аст оини ватандорӣ ва рисолати шаҳрвандии онҳо? Магар фаромӯш кардаанд, ки маҳз онҳо бо чунин амалҳои номатлуб ду даҳсола пеш боиси шурӯъи ҷанги шаҳрвандӣ
√ ЭЪЛОН
13
E - MAIL: javonontj@mail.ru
“ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН”, №51 (9581), 20.12.2018
гардида Ватанро ба ҷои обод кардан ба вайрона табдил доданд ва боиси марги ҳазорон ҳазор мардуми бегуноҳ шуда буданд. Ба ин ҳизби террористӣ, ки боиси ҷанги шаҳрвандии кишвар ва кушта шудани ҳамватанон гардид, аслан ҳеҷ касе бовар надорад. Ин ҳизб на фақат бар хилофи манофеи миллии мо ва бар зарари мардуми Тоҷикистон амал мекунад, балки он ҳамзамон дар сатҳи минтақа низ бо шабакаҳои маъруфи террористии бунёдгаро ҳамкорӣ карда, боиси идома ёфтани даҳшатпарокании ҷангҷӯёни Давлати Исломӣ мегардад. Мутобиқи омори расмӣ аксари шаҳрвандони Тоҷикистон, ки аз гумроҳӣ ба сафи ҷангҷӯёни Давлати Исломӣ пайвастаанд, аслан ё аъзои ин ҳизби мамнӯъ мебошанд ва ё зери таъсири он мондаанд. Воқеаи даҳшатборе, ки 29-уми июли соли равон дар минтақаи Себистони ноҳияи Данғараи вилояти Хатлон бо сайёҳони хориҷӣ рӯй дод, далели ин гуфтаҳост. Дар ин қазия гурӯҳи террористие иборат аз панҷ нафар тавассути нақлиёти сабукрави шахсӣ ба чандин ҷаҳонгарди хориҷӣ ҳуҷум карда, сипас бо истифода аз корду табар чор нафари онҳоро куштанд
ва ду нафари дигарро захмӣ карданд. Бо вуҷуди он ки дар зоҳир масъулияти ин ҳамла ба сайёҳони хориҷиро "Давлати исломӣ" ба ӯҳда гирифта буд, аммо дар иртибот ба иттилоот ва эътирофи Ҳусейн Абдусамадов баъдан маълум гардид, ки тарроҳи ин нақшаи фоҷиабору хунин ҳизби мамнӯъ будааст. Масъулони ин ҳизби мамнӯъ бо дастдоштан дар ин қазияи хунини ноҷавонмардона ва ифротгароёна, ки ба хотири паст кардани имиҷи кишвари худ ва коҳиш додани эътимоди ҷомеаи ҷаҳонӣ ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон анҷом доданд, дигарбора ба тамоми мардуми Тоҷикистон ва ҷаҳон нишон доданд, ки аслан барои онҳо ҳеҷ арзише ва муқаддасоте вуҷуд надорад, на арзишу муқаддасоти миллӣ, на арзишу муқаддасоти умумибашарӣ ва на арзишу муқаддасоти динӣ. Ин ҳақиқат, яъне номутобиқатии аъмоли ифротгароёнаву тундравонаи намояндагони ҳизби мамнӯъ ба меъёрҳои ахлоқи инсониву исломӣ аз ҷумла барои худи муддаиёни наҳзатӣ ва хоҷагони хориҷиашон низ аён аст. Аммо барои ин муддаиён ҳақиқат муҳим нест, зеро онҳо
аслан на дар паи ҳақиқат, балки дар паи манфиат мебошанд. Зеро онҳо худ абзори сиёсии дигаронанд ва дину мазҳаби худро низ сиёсӣ кардаанду ба абзори сиёсии дигарон табдил додаанд. Ҳизби мамнӯи дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва созмонҳою ашхоси ҳаммаслаки онҳо аз қабили чунин гурӯҳҳои тундраве мебошанд, ки омилҳои ташаннуҷро дар ҷомеаи мо ба вуҷуд овардан мехоҳанд ва бо истифода аз сарпарастиву ҳимояи муғризонаи хоҷагони бурунмарзиашон, ки дигар ниқоб аз чеҳра барафкандаанд, ҳанӯз ҳам барои тира кардани фазои ҷомеаи мо талошҳои беҳуда меварзанд. Нақшаи баргузории ин ҳамоиш ва корҳои тадорукотии он, аз ҷумла пардохти хароҷоти равуои иштирокдорон, ки аз кишварҳои мухталиф канори ҳам меоянд, бозтоби пасманзараи буғранҷест, ки даст доштани сарпарастони манфиатҷӯи ҳизби мамнӯъро ошкор мекунад. Ин ҳизби мамнӯъ ва алалхусус роҳбари фирории он бо баргузории ин ҳамоиш талош дорад, ки ба ҷомеаи ҷаҳонӣ вазъи ҳуқуқи башарро дар Тоҷикистон номатлуб нишон диҳанд. Эътирозкунандагон дар ин ҳамоиш мехоҳанд, ки чун ин саҳнаеро ба намоиш гузоранд, ки гӯё дар Тоҷикистон барои дидгоҳи
сиёсии нисбат ба Ҳукумат мутафовит доштан шаҳрвандонро маҳкум ва ҳатто зиндонӣ мекунанд. Аммо пуч будани ин масъалагузорӣ, яъне масъалаи зиндониёни сиёсӣ барои ҳамагон маълум аст. Барои ҷомеаи ҷаҳонӣ низ ошност, ки дар Тоҷикистон касеро барои дигарандешиву плюрализм ва дидгоҳи сиёсии мутафовит доштан маҳкум ва зиндонӣ намекунанд. Роҳбарони ин ҳизби мамнӯъ аъзои маҳкумшуда ва зиндонии худро “зиндониёни сиёсӣ” унвон медиҳад. Аммо ашхоси маҳкумшудаи мазкур на барои дигар андешиву дидгоҳи сиёсиашон, балки ба хотири даст доштанашон дар ҷиноятҳои мухталиф, аз ҷумла терроризм, одамкушӣ, зӯроварӣ, нигоҳдории ғайриқонунии силоҳ ва дигар ҷиноятҳои вазнин маҳкум ва зиндонӣ шудаанд. Ин масъала барои ниҳодҳои байналмилалии ҳифзи ҳуқуқи башар низ маълумаст. Аз ин рӯ, ин ҳамоиши ҳизби қайдгардида низ чун ҳамоишҳои қаблии он бемаъною хандаовар доир шуд. Ин ҳамоиши ҳизби мамнӯъ ва масъалагузории он чун бори каҷеаст, ки ҳаргиз ба манзил нахоҳад расид. Хусрави ШЕРЗОД, рӯзноманигор
ХАДАМОТИ ДАВЛАТӢ ОИД БА НАЗОРАТ ДАР СОҲАИ ЭНЕРГЕТИКА БАРОИ ИШҒОЛИ МАНСАБҲОИ ХОЛӢ ОЗМУНИ КУШОДА ЭЪЛОН МЕКУНАД
Андозаи маоши моҳонаи мансабӣ бе назардошти собиқаи хизмати давлатӣ: - мутахассиси пешбари шуъбаи муҳосибот - 888,00 сомонӣ, мутахассиси пешбари шуъбаи истеҳсолию - техникӣ - 888,00 сомонӣ, сармутахассиси шуъбаи сарфаи энергия - 1086,00 сомонӣ, сардори шуъбаи назорати нерӯгоҳҳо ва шабакаҳои барқии 35 кВ ва болотар аз он - 1458,00 сомонӣ, мутахассиси пешбари шуъбаи назорати нерӯгоҳҳо ва шабакаҳои барқии 35 кВ ва болотар аз он 888,00 сомонӣ, сармутахассиси бахши ташхиси маҳсулоти истеъмокунандаи энергия ва захираҳои сӯзишворию энергетикӣ - 1086,00 сомонӣ, сармутахассиси Раёсати назорати давлатии энергетикии минтақаи Суғд - 1032,00 сомонӣ, мутахассиси Раёсати назорати давлатии энергетикии минтақаи Суғд - 696,00 сомонӣ, муовини сардори Раёсати назорати давлатии энергетикии минтақаи Истаравшан - 1614,60 сомонӣ, сармутахассиси Раёсати назорати давлатии энергетикии минтақаи Истаравшан 984,00 сомонӣ, мутахассиси Раёсати назорати давлатии энергетикии минтақаи Қурғонтеппа - 696,00 сомонӣ, сармутахассиси Раёсати назорати давлатии энергетикии минтақаи Кӯлоб - 1032,00 сомонӣ. Талаботи тахассусӣ барои ишғолкунандагони мансабҳои маъмурии категориям дуюм - муовини сардори Раёсат: - таҳсилоти олии касбӣ, ихтисоси ба мансаби ишғолшаванда мувофиқ (муҳандис - барқчӣ), ки иҷрои самараноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад; - 2 сол собиқаи хизмати давлатӣ дар мансабҳои категорияи сеюм ё 5 сол собиқаи умумии хизмати давлатӣ ё 6 сол собиқаи умумии меҳнатӣ; - дониш ва малакаи роҳбарӣ, идоракунӣ, банақшагирии раванди кор ва кор бо тобеон; - малакаи хуби муошират бо аҳли ҷомеа, аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ. Талаботи тахассусӣ барои ишғолкунандагони мансабҳои маъмурии категорияи сеюм - сардори шуъба: - таҳсилоти олии касбӣ, ихтисоси ба мансаби ишғолшаванда мувофиқ (муҳандис - барқчӣ), ки иҷрои самараноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад; - 4 сол собиқаи хизмати давлатӣ ё 5 сол собиқаи умумии меҳнатӣ;
- дониш ва малакаи роҳбарӣ, идоракунӣ, банақшагирии раванди кор ва кор бо тобеон; - малакаи хуби муошират бо аҳли ҷомеа, аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ. Талаботи тахассусӣ барои ишғолкунандагони мансабҳои маъмурии категориям чорум – сармутахассис: - таҳсилоти олии касбӣ, ихтисоси ба мансаби ишғолшаванда мувофиқ (муҳандис - барқчӣ), ки иҷрои самараноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад; - 3 сол собиқаи хизмати давлатӣ ё 4 сол собиқаи умумии меҳнатӣ; - дониш ва малакаи роҳбарӣ, идоракунӣ, банақшагирии раванди кор ва кор бо тобеон; - малакаи хуби муошират бо аҳли ҷомеа, аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани хамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ. Талаботи тахассусӣ барои ишғолкунандагони мансабҳои маъмурии категориям панҷум – сармутахассис: - таҳсилоти олии касбӣ, ихтисоси ба мансаби ишғолшаванда мувофиқ (муҳандис - барқчӣ), ки иҷрои самараноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад; - 2 сол собиқаи хизмати давлатӣ ё 3 сол собиқаи умумии меҳнатӣ; - малакаи хуби муошират бо аҳли ҷомеа, аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани хамкорӣ ҳангоми татбики манфиатҳои давлатӣ. Талаботи тахассусӣ барои ишғолкунандагони мансабҳои маъмурии категорияи шашум - мутахассиси пешбар: - тахсилоти олии касбӣ, (муҳосиб, иқтисодчӣ, муҳандис - барқчӣ), ки иҷрои самараноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад; - 1 сол собиқаи умумии мехнатӣ. Талаботи тахассусӣ барои ишғолкунандагони мансабҳои маъмурии категориям хафтум – мутахассис: - таҳсилоти олӣ ё миёнаи касбӣ (муҳандис барқчӣ), ки иҷрои самараноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад. Ҳуҷҷатҳои зарурии пешниҳодшаванда: - ариза ба унвони роҳбари мақоми давлатӣ;
Номгӯи мансабҳо
Номи сохторҳои тобеъ
№Р/т
Дастгоҳи марказӣ: Шуъбаи муҳосибот
Шумораи ҷойҳои холӣ 1
5.
Мутахассиси пешбар Шуъбаи истеҳсолию – техникӣ Мутахассиси пешбар Шуъбаи сарфаи энергия Сармутахассис Шуъбаи назорати нерӯгоҳҳо ва шабакаҳои Сардор барқии 35 кВ ва болотар аз он Шуъбаи назорати нерӯгоҳҳо ва шабакаҳои Мутахассиси пешбар барқии 35 кВ ва болотар аз он Бахши ташхиси маҳсулоти Сармутахассис истеъмолкунандаи энергия ва захираҳои сузишворию энергетикӣ Ҷамъ: Сохторҳои вилоятӣ, шаҳру ноҳиявӣ: Раёсати назорати давлатии энергетикии Сармутахассис минтақаи Суғд Раёсати назорати давлатии энергетикии Мутахассис минтақаи Суғд Раёсати назорати давлатии энергетикии Муовини сардор минтақаи Истаравшан Раёсати назорати давлатии энергетикии Сармутахассис минтақаи Истаравшан Раёсати назорати давлатии энергетикии Мутахассис минтақаи Қӯрғонтеппа
6.
Раёсати назорати давлатии энергетикии минтақаи Кӯлоб
1
1. 2. 3. 4. 5. 6.
1. 2. 3. 4.
Ҷамъ: Ҳамагӣ: - варақаи шахсии баҳисобгирии кадрҳо бо 2 дона акси андозаи 4x6 (маълумотҳои шахсӣ ва фаъолияти меҳнатӣ дақиқ ва фаҳмо нишон дода шавад); - тарҷумаи ҳол; - нусхаи ҳуҷҷатҳо дар бораи таҳсилот; - нусхаи дафтарчаи меҳнатӣ (ба ғайр аз ҳолатҳое, ки шахс собиқаи меҳнатӣ надорад); - маълумотнома оид ба вазъи саломатӣ (шакли № 038); - нусхаи гувоҳномаи рақами мушаххаси андозсупоранда (ИНН); - маълумотнома оид ба пешниҳод намудани эъломия дар бораи даромад ба вазъи молу мулк; - маълумотнома аз ҷои истиқомат; - нусхаи шиноснома; - нусхаи шаҳодатномаи ақди никоҳ; - нусхаи шаҳодатномаи суғуртаи давлатии иҷтимоӣ (СИН);
Сармутахассис
1 2 1 1 1 7 1 1 1 1 1
6 13 - нусхаи билети ҳарбӣ (барои шахсоне, ки хизмати ҳарбиро адо намудаанд); - маълумонома оид ба доғи судӣ; - маълумотнома (объективка) дар шакли хаттӣ ва электронй. Нишонии қабули ҳуҷҷатҳо: индекс: 734042, шаҳри Душанбе, кӯчаи Қаҳҳоров - 35 (Хадамот) тел: 222-29-00 факс: 222-25-02 Маълумотҳои иловагӣ дар сомонаи Агентии хизмати давлатй - www. ahd.ti, дар сомонаи хадамот - www.energonadzor.tj, ва почтаи электронии хадамот - energocontroltj @mail.ru Муҳлати қабули ҳуҷҷатҳо 21 рӯз аз рӯзи нашри якуми эълон дар бораи гузаронидани озмун. Ҳуҷҷатҳои аз озмун нагузашта баргардонида мешаванд.
14 Мо, наврасони солҳои 50 - уми қарни гузашта, фарорасии идҳои Рамазону Қурбонро бетоқатона интизорӣ мекашидем. Ҳавасамон бештар ҷамъоварии тухму иштирок дар бозии тухмҷанг буд. Субҳи содиқ бо либосҳои нав ва чеҳраҳои хандону шукуфон ба ҳавлии ҳамсояҳо даромада, бо овози ҷарангосӣ дод мезадем: Иди нав муборак, Кулчаю ҳалво қаторак, Як тухмаки ҳаворак... Агар соҳиби хона ба халта тухм меандохт аз хурсандӣ ҳар замон онро рӯи даст бардошта, бо ифтихор ба ҳамдигар намоиш медодем. Одатан, кӯшиш мекардем, ки ба хонаҳои хешу табор сар халонем. Ҳамаи даву тозамон то нисфирӯзӣ ба анҷом мерасид. Пас аз нисфирӯзӣ дар пушти хонаи бобои Наҷот, ки мо онро “майдони Ғалаба” меномидем, ҷамъ мешудем. Ва сар мешуд бозии тухмҷанг... Барои дар ин “муҳорибаи шадид” ғолиб омадан чи амалҳоеро ба анҷом намерасондем. Файзулло аз куҷое тухми мурғи дакан дастрас мекард. Шариф, ки қариб дар ҳар сабқат ғолиб меомад, як моҳ пеш аз ид дар болои дуди оташдон дар симтӯр як дона тухмро сарозер овехта мепазонд. Сафар бошад дар деги калони пур аз ҳар гуна маҳсулот тухмро андохта меҷӯшонд. Аз рӯи ақидааш гӯё пусти тухм ғафсу пурбардошт шуда, бо ин васила албатта ӯ бар ҳарифонаш ғалаба хоҳад кард. Абдулло ҳар сол тухмашро аз даму дуои мулло Абдулваҳҳоб мегузаронд. Барои иҷрои ин амал ӯ ба дуохон чор халта таппак медод. Аз байни мо бачаҳо фақат Азиз шаҳди ғалабаро начашида буд. Ӯ ҳар сол бозиро мебохт. Соли гузашта низ пас аз мағлубият бо сари хаму дили пурғам аз давра баромада рафт. Дар иди навбатӣ баъди “тохту тозҳои бомувафаққият” чун анъана дар майдонча гирд омадем. Дар охири сабқат Азиз ба давра наздик шуда, бо тамасхӯр пурсид: - Ғолиб кист? - Ман! - пеш баромад Шариф. - Чӣ - ӣ, ҷанг кардан мехоҳӣ? Аз ду сар бозиро бой медиҳӣ. Беҳтараш бо ман баробар нашав. - Мебинем, - гуфт Азиз ва дасти тухмдорашро ба сӯи Шариф дароз кард. Ҳама ҳарифонро гирд карданд. Шариф боварӣ дошт, ки бо як зарба тухми Азизро мешиканад. Ӯ мағрурона бо тухмаш ба сари тухми Азиз зад. Бачаҳо аз ҳисси кунҷковӣ сарҳои худро болои дасти Азиз хам намуданд. Тухми Азиз сиҳат буд. Бисёриҳо, ки бозиро ба Шариф бой дода буданд, аз чунин ранг гирифтани ҳодиса хурсанд шуда, якбора “ура” гуфта овоз бароварда, Азизро табрик кар-
“ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН”, №51 (9581), 20.12.2018
НАСР данд. Азиз тухми бойдодаро ба кисааш андохта, ҳавобаландона ба Шариф амр кард: - Акнун ту дастатро хобон! - Чӯҷаро дар тирамоҳ мешуморанд, - зарбулмасали халқиро ба ёди мо оварда, Шариф аз халта тухм баровард. Дарҳол аз худ нарав. Дар халтаи ман бист дона тухм ҳаст. - Чик, - шунидем овози зарбаи тухми Азизро. Ин дафъа гарданҳо болои
роҳ ба рехтан даромад. Ӯ ба бохти худ бовар намекард. Гоҳ ба Азиз нигоҳ мекарду гоҳ ба тухми палағдаи дар дасташ буда. Бо қароҳат тухми шикастаро ба як тараф ҳаво дода, панҷаашро дар оби ҷӯй шӯста, даст ба халта даровард. Шариф аз халта тухм мебароварду бозиро пайи ҳам бой медод. Дар охир дар халта тухм намонд. Рақиб аз ҳаяҷон таги обу арақ монда буд. Номи чем-
Шариф сари тухмро ба нишон гирифта, бо қаҳр кӯфт. Чарс. Садои шикастани тухмро баръало шунидем. Ин дафъа ҳам Шариф бозиро бохт. Аз зарбаи сахт тухмаш пачақ шуда буд. - Мемурӣ, оҳиста занӣ! - наъра зад Азиз. - Ба ҷояш тухми сиҳат медиҳӣ. Фаҳмидӣ! - Тухматро нишон бидеҳ! - ба Азиз ҷавоб нагардонда, Шариф аз дасти ҳариф дошта, талаб
Тухмҷанг
Зариф ҒУЛОМ
ҳикоя
дасти Шариф дароз шуданд. Тухми Шариф шикаста буд. Аз нав садоҳои таҳсину офарин ба сари Азиз рехт. - Хобон! - аз кисааш тухми рангкардаро бароварда, - дӯғ зад Шариф. Ва мо ҳис кардем, ки ӯ қадре аз худ рафт. Зарба. Мо баръало дидем, ки тухми таърифии Шариф шикаста буд. Ӯ ҳатто аз дасташ гирифтани тухми бойдодаро пайхас накард. - Навбати ман, - Азиз тантана дошт. Шариф аз дохили халта тухми мурғи даканро бароварда, бо зарба гуфт: Ин дафъа мебинем, ғалаба насиби кӣ мегардад, - ва дасташро дароз кард. - Шарақ! - ҳама шоҳид шудем, ки сафедии тухм аз байни ангуштони Шариф ба рӯи хоки
пиониро аз даст додан намехост. Мо бачаҳо низ аз ғалабаи Азиз ҳам дар ҳайрат будему ҳам хурсандӣ мекардем. Гӯё бо ин амаламон аз Шариф интиқоми бохтро мегирифтем. - Ба ҳеҷ куҷо нарав, - Шариф аз асп фаромада бошад ҳам пояшро аз узангу намегирифт. - Ба хона рафта тухми пазондагиамро мебиёрам. Ана, баъд мебинем, ки ғалаба насиби кӣ мегарад, - ва ба сӯи ҳавлиашон давид. Дар ин ҳарбу зарб касе мушоҳида намекард, ки Азиз пас аз ҳар як набард ҳатман дасти тухмдорашро ба кисааш меандозад. Лаҳзае нагузашта Шариф ҳарсасзанон ҳозир шуд ва нафасашро рост накарда, дод зад: - Тухматро барор! Азиз дасташро дароз кард.
кард. - Ҳа, аламат кард, - Азиз дасташро кашид. - То кай фақат ту бозиро мебурӣ. Осиёб ба навбат гуфтаанд. - Ин ҷо бидеҳ, - Шариф банди дасти Азизро сар надод. - Ба фикрам ту маро фиреб дода истодаӣ. Канӣ, бинам? - Не, намедиҳам, - Азиз ҳаракат кард, ки аз дасти гирои Шариф халос шавад. - Ман ғиромӣ накардаам. - Набошад чаро тухматро нишон намедиҳӣ? - ва Шариф ба мо рӯй овард. - Ҷӯраҳо! Агар Азиз ҳилагарӣ накарда бошад, пас чаро тухмашро пинҳон мекунад? Мо Шарифро тарафдорӣ карда, ба Азиз часпидем. Ҳамакаса ӯро болои замин хобондем. Шариф панҷаи дасти Азизро бо машаққате кушода
тухмро гирифт ва бо қаҳр ба танаи дарахт зад. Ғайри чашмдошт тухм нашикаст. Як муддат мо карахту пакар мондем. Ҳама бо чашми сар дидем, ки дар ҷойи бархурди тухм чуқурчае пайдо шуд. Сафар давида рафта, тухмро аз замин бардошт ва бо нафрат ба Азиз дӯғ зад: - Шайтони ҳилагар! Ту ба ҷойи тухм сангро ба кор бурдаӣ. - Қоил шав, - Шариф аз гиребони Азиз гирифта, аз замин бардошт. - Кӣ ба ту ин ҳилаю найрангро нишон дод. Агар рост бигӯйи, аз гуноҳат мегузарем. - Намегӯям, - овози Азиз ларзид. - Чаро? - Шариф муштонашро гиреҳ баст. - Қавл додаам, - Азиз танҳо ба замин менигарист. - Қавл додаӣ, ки моро фиреб бидиҳӣ, - ором намешуд Шариф. - Не, - бинӣ кашид Азиз. Қавл додаам, ки ин сирро ба касе нагӯям. - Агар дар газетаи девории мактаб доир ба макру фиребат мақолае нанависам, дар ҷамъомади пагоҳирӯзӣ аз қатор набароварда рафтори аблаҳонаатро эълон накунам ва аз сафи пионерӣ хориҷат накунам номам Шариф набошад, - таҳдид кард Шариф. - Илтимос, ин корро накун, - ба гиряю зорӣ даромад Азиз ва худро ба замин партофт. Ҳамаашро якояк мегӯям. - Шунавем, - гуфта Шариф Азизро болои кундаи дарахти афтидаи лаби ҷӯй шинонд. - Ҳар сол бозиро бой медодам, - Азиз бо лаби остини куртааш ашки чашмонашро тоза кард. – Соли гузашта пас аз бохти навбатӣ бо чеҳраи маҳзун ба хона омадам. Дили бародарам ба ҳолам сӯхт. - Ман ба ту ёрӣ мерасонам, - гуфта рӯзи дигар ба дастам тухми аз санг тарошидаро дод. Дар корхонааш тайёр карда будааст. - Се - чор маротиб дар шир ҷӯшонда мон гуфта, пасон таъқид кард: - Қавл бидеҳ, ки ин сир байни ҳар дуямон мемонад. Тухм аз даст ба даст мегашт. Шариф охирин касе буд, ки хеле ба он зеҳн монд. Баъд оҳиста қомат бардошта, тухмро болои санге гузошт ва бо санги бузургтар ба сараш кӯфт. Тухм пора - пора гашта, аз он фақат сангрезаҳо монд. Сипас, ба мо рӯй оварда гуфт: - Азизро мебахшем. Ӯ ҳақиқати ҳолро баён кард. Вале аз имрӯз инҷониб қоидае ҷорӣ мекунем. Ҳар бозингар пеш аз муҳориба тухмашро ба ҳариф медиҳад, то ки ӯ ба воситаи ба дандон задан ҳақиқӣ будани онро санҷад. Ҳама шодӣ доштем, ки ин муноқиша бо созиш анҷомид ва минбаъд пешниҳоди Шарифро якумин шуда Азиз дар идҳои оянда риоя мекард.
“ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН”, №51 (9581), 20.12.2018
15
НАВҚАЛАМ
Роғун - корзори нангу номус Дар солҳои нобасомониҳо, ки кишвар дар вартаи ҳалокату ҷанг қарор дошт, НБО-и “Роғун” низ шаҳди ин мусибати азимро чашид. Гӯё табиат низ дар он солҳо чун бисёре аз мардум ба Роғун бо чашми ҳасад менигарист. Дарбанди нерӯгоҳ аз боришоти зиёду селҳо дигарбора хароб шуд. Нақбҳои мошингузару обпарто аз хоку санг пур гардида буд. Техникаву мошинҳои кории нерӯгоҳ, чархҳои мошинҳои боркаш ва дигар техникаву таҷҳизотҳои корхона аз ҷониби баъзе бадхоҳон тору мор карда шуд.
Соҳибҳунар Дар робита бо иқдоми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки соли 2018-ро «Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» эълон намудаанд, дар ҳама гӯшаю канори кишварамон вобаста ба ин масъалаи муҳим корҳои зиёд амалӣ мегарданд. Мақсад аз пеш гирифтани чунин иқдом ин шинос намудани ҷавонон ба ҳунарҳои қадимаи халқи тоҷик ва даст кашидан аз пайравӣ ба урфу одатҳо, либоспӯшиҳои дигар миллатҳост. Мардуми тоҷик аз қадим бо қуроқдӯзию кашидадӯзӣ, нақшбандию ҷӯроббофӣ ва дигар ҳунарҳо маълуму машҳур буданд, ки ин ҳунари волои гузаштагони мо ба шумор меравад. Иқдоми Пешвои муаззами миллат дар байни тамоми мардуми Тоҷикистон дастгирии ҳамаҷониба ёфт. Имрӯз мо шоҳиди он ҳастем, ки дар ҳама гӯшаю канори мамлакат коргоҳҳои хурди дӯхтани либосҳои миллӣ ба роҳ монда шудааст. Ҳамин гуна як коргоҳ дар ноҳияи Хуросон бо саҳми зани ҳунарманд, донандаи ҳунарҳои мардумӣ Саидбегим Исломова сохта шудааст. Ин зани пуртаҷриба дар баробари либосҳои миллии дӯхтаи худро пешниҳод намудан, инчунин ҷавондухтарону занони ноҳияро дар коргоҳи худ ҷамъ намуда, ба онҳо ҳунарҳои кашидадӯзӣ, қуроқдӯзӣ, гулдӯзӣ ва дигар ҳунарҳои мардумиро меомӯзонад ва ин ҳунари аҷдодонамонро аз нав эҳё менамояд. Дар баробари дигар занону духтарон ӯ ба фарзандони худ низ нозукиҳои ин ҳунарҳоро омӯзондааст. Соҷида Исломова духтари хурдии апаи Саидбегим аст, ки ӯ низ аз ҳунарҳои модари худ бархурдор гаштааст. Алҳол Соҷида донишҷӯйи Донишгоҳи славянии Русияву Тоҷикистон мебошад. Дар баробари фаъолияти хуби донишомӯзияш ӯ вақт ёфта, ба корҳои модараш ёрӣ мерасонад. Ба дӯхтани либосҳои миллӣ машғул мешавад. Ҳамин аст, ки либосҳои дӯхтаи Соҷида писанди ҷавондухтарони ноҳия гашта, ҳама аз дӯхтаҳои ин духтари чирадаст истифода мебаранд. Яъне дар баробари таҳсил донишҷӯдухтарон имкони либосдӯзию омӯзиши дигар ҳунарҳоро низ доранд ва метавонанд мисли Соҷида дӯзандаи моҳиру чирадаст шаванд. Бовар дорем, сафи ин гуна духтарони соҳибҳунар дар пайравӣ ба Соҷида дар партави иқдомҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, рӯз то рӯз зиёд хоҳанд шуд ва натанҳо дар соли 2018, балки ҳамеша ҳунарҳои мардумӣ рушд хоҳанд ёфт. Муслима ГУЛОВА, донишҷӯи факултети журналистикаи ДМТ
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пас аз соҳибистиқлолии мамлакат таҳти роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон се ҳадафи стратегии рушдро муайян намуд ва барои ноил шудан ба онҳо то кунун қадамҳои устувор гузошта истодааст. Мусаллам аст, ки пас аз татбиқи пурраи онҳо Тоҷикистон ба яке аз кишварҳои пешрафта ва аз бисёр ҷиҳат тараққикарда мубаддал мегардад. Яке аз ин ҳадафҳои муҳим расидан ба истиқлолияти энергетикӣ буд. Дар ин самт, то кунун корҳои зиёде ба сомон расонида шуд, ки муҳимтарини онҳо ба истифода додани чандин нерӯгоҳҳои барқии обӣ дар маҷрои дарёи Вашх мебошад. Ва дар меҳвари ин ҳама бунёди бузургтарин ва муҳимтарин иншооти гидроэнергетикии Тоҷикистон, ки дар минтақаву ҷаҳон назираш нест, Нерӯгоҳи барқи обии “Роғун” меистод, ки бидуни он рушду тараққиёти босуръат ва ояндаи пурсаодати давлати Тоҷикистонро тасаввур кардан мушкил буд. Корҳои таъмиру бозсозӣ ва бунёдкорӣ дар НБО-и “Роғун” пас аз таваққуфи тулонӣ маҳз бо ташаббусу шарофати Пешвои миллат сурат гирифта буд. Нафаре ҳам нест, ки инро инкор кунад. Худи як “Муроҷиатномаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба марду-
ми Тоҷикистон” дар соли 2010 басандааст, ки мо ба ин сар фуруд орем. Ҷое дар ин муроҷиатнома зикр мекунад: “Чанде пеш ҳангоми боздид аз ҷараёни сохтмони нерӯгоҳи “Роғун” ба мардуми шарифи Тоҷикистон муроҷиат намуда, майдони сохтмони онро ҷабҳаи меҳнати созанда эълон карда будам ва дар ин лаҳзаҳо бори дигар ба тамоми шаҳрвандони давлати соҳибистиқлоламон, сарфи назар аз миллату забон, дину мазҳаб ва андешаву мафкураи онҳо изҳор медорам, ки “Роғун” корзори воқеии нангу номус, арсаи ҳақиқии корнамоиву фидокории умумихалқӣ ба хотири ободӣ ва ояндаи дурахшони Тоҷикистони соҳибистиқлол мебошад!” Эҳёи дигарбораи “Роғун” бо дасто-
ни ин марди шарифро натанҳо адибону сиёсатмадорони дохилӣ, балки намояндагони мамолики хориҷ низ дар чандин маврид зикр мекарданд. Ин вазифаи пуршараф, яъне бунёди бузургтарин Кохи нури минтақаро Пешвои миллат аз аввал амиқан эҳсос кард ва бо истифодаи тамоми имкониятҳо аз дилу ҷон баҳри иҷрояш мекӯшид. Ва ҳамин боис гашт, ки пас аз интизориҳои тулонӣ ва паси сар намудани чандин шебу фарозҳо чархиши чархи аввали НБО “Роғун” бар он нуқтаи фараҳ гузошт. Абдулназар ҒУЛОМСАФДАРОВ, муаллими калони кафедраи барномасозӣ ва муҳандисии компютерии ДТТ
Ташаккули сайёҳии корӣ Боиси сарфарозист, ки бо ташаббусҳои пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади рушди соҳаи сайёҳӣ, муаррифии шоистаи имкониятҳои сайёҳии мамлакат дар дохил ва хориҷи ҷумҳурӣ, эҳё ва рушди ҳунарҳои мардумӣ, беҳтар гардидани симои сайёҳии ватанамон дар арсаи байналмилалӣ ва ҷалби сармоя ба зерсохтори соҳа соли 2018 Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ эълон гардид. Ин боиси як такони ҷиддӣ барои беҳтар шудани рушди соҳа ва ҷалби сайёҳон шуд. Захира ва имкониятҳои сайёҳии кишвар барои рушди навъҳои гуногуни сайёҳӣ, ба монанди сайёҳии корӣ, табиӣ, паррандашиносӣ, фарҳангию таърихӣ, муолиҷавӣ, кӯҳнавардӣ, шикор ва сайругаштӣ ва монанди инҳо мусоид мебошад. Боиси зикр аст, ки рушди сайёҳии корӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, пеш аз ҳама, муносибатҳои дипломатӣ, хизматӣ ва иҷтимоию иқтисодӣ, таъсиси ҷойҳои нави корӣ дар минтақаҳои дурдаст ва монанди инҳоро дар бар мегирад. Ва як имконияти хубро барои таъмини дигар самтҳои сайёҳӣ фароҳам месозад. Дар ташаккули ҳудудии сайёҳӣ аз нуқтаи назари омаду рафт, дар ҷаҳон аз ҳисоби соҳаҳо ҷои аввалро ишғол менамояд. Одатан давомнокии сайёҳии корӣ муҳлати зиёдро дар бар намегирад. Масалан дар дохили ҷумҳурӣ аз 3-4 рӯз, берун аз ҳудуди он 5-6 рӯзро дарбар мегирад. Аммо даромаднокии он то 60 фоизро ташкил медиҳад. Сайёҳии кории кишвар дар замони ҳозира бо 150 давлатӣ дунё роҳандозӣ шудааст. Бояд зикр намуд, ки дар ҷаҳони имрӯза тақрибан 40 соҳаҳои гуногуни сайёҳии корӣ амал менамоянд, ки онҳо дар доираи бозорҳои байналхалқӣ, минтақавӣ ва миллӣ ташаккул ёфтаанд. Тибқи дурнамои амалиёти бозори сайёҳии корӣ дар ҷаҳон то соли 2020 гардиши моли бозори сайёҳии корӣ ба 2 триллион доллари амрикоӣ мерасад. Муҳлати сафарҳои сайёҳии корӣ, одатан, аз макони зист ба давлатҳои қабулкунандаи сайёҳони корӣ 12-14 рӯзро ташкил медиҳад, ки ин муҳлат вобаста ба намудҳои гуногуни ин шакли сайёҳӣ муайян мегардад.
Унсурҳои таркиби ташкили ҳудудии сайёҳии корӣ сафари махсуси гурӯҳҳои корӣ иборат аз ҳамкасбон мебошад, ки аз ҳисоби ташкилоту идораҳо, корхонаҳо ба мақсади ҳавасмандгардонии онҳо аз тарафи ин ва ё он ташкилот амалӣ мегардад. Ин амал дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аҳамияти калони иқтисодӣ ва иҷтимоӣ дорад. Иштироки гурӯҳи зиёди кормандон дар ин намуди сайёҳӣ барои аз наздик шинос шудан ба марказҳои илмӣ, иншооти саноатӣ бо мақсади дарёфти комёбиҳо дар соҳаи илмию техникӣ, баланд бардоштани дараҷаи касбӣ ва тахассусӣ зербунёди асосӣ мегузоранд. Бояд зикр намуд, ки одатан иштирокчиёни сайёҳии корӣ дар доираи давлатҳои ҳамсарҳад нақлиётҳои сабукрав, роҳи оҳан ва нақлиёти ҳавоиро истифода мебаранд. Сайёҳии корӣ, ки дар раванди он талаботҳои сайёҳони дар хизмати сафарӣ буда аз ҷиҳати хизматрасониҳои гуногун қонеъ гардонида мешаванд, ба рушди соҳаи хизматрасонӣ ва ба афзоиши маҷмуи маҳсулоти дохилаи кишвар мусоидат менамоянд. Бинобар ин, рушди сайёҳии корӣ ҳамчун омили муҳими инкишофи иқтисодиёти миллӣ маҳсуб меёбад. Наимҷон ШОАСАЛОВ, ассистенти кафедраи фаъолияти бонкии ДДМИТ
16
“ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН”, №51 (9581), 20.12.2018
ФАРОҒАТИ ҶАВОНОН
Сеҳри хома АМАЛИ МЕҲРОБ АЗИМОВ, “ҶТ”
√ АНДАРЗ
Эй офтоб Эй офтоб, туро Худованд чӣ сон офарида! Чӣ сон нуру зиё ва гармиро насиби ту намуда? Туро чи гуна ситоиш кунем! Офтоб ба нурҳо печида, оташфишон дар самои бекарон танҳою зор шино мекунад. Ба замин, ба мавҷудоти он нур мерезад, гармӣ мебахшад. Бо ин қадар саховату некиаш ва сӯхтану сохтанаш хомӯш аст. Он ягона сайёраест, ки аз ҳама зиёд васф шуда, таъриф ёфта, ҳазору як достону шеър барояш бахшида. Ӯ миннат намекунад, ба дӯсту душман, ба одамон, шаҳру деҳот, ба хору хас, гулу раёҳин ва
долу дарахт, ба чашмаву рӯд ва кӯҳҳо, дашту даман яксон нур мерезад, гармӣ медиҳад. Шоирон аз нури ӯ, аз гармию саховати ӯ меболанд, мезавқанд ва шеър мегӯянд. Ӯро меситоянд, вале хомӯш аст, гӯё сухани онҳоро намешунавад. Бо нуру зиё, бо гардиши ӯ фаслҳои сол меоянд, дар фасли дай ба ёди офтоб саду як ҷома мепӯшем, чашм ба раҳаш медӯзем. - Ана, офтоб баромад, - шод мешавем. Ба ӯ суруд мегӯем, аз рангҳои ӯ пираҳан ба тан мегирем. Аз ҳама зиёд кӯдакони софдилу
беғаш дар зери нуру гармии ӯ бозӣ, шодӣ ва баҳра мебаранд. Аҷаб, онҳо дар хайли хеш офтобиянд, офтобпарваранд. Аз ин рӯ агар расм кашиданӣ шаванд, аввал расми офтоби хандонрӯйро, офтоби нурафшонро мекашанд. Гӯё беихтиёр, аз содадилӣ, аз самимияту покизагавҳарӣ. - Эй офтоб! – ба ӯ муроҷиат мекунем. Ва аз чаҳор сӯ нидоҳо ба гӯш меоянд. Оё Офтоб душман дорад? Охир қадами вай, ҳузури вай, гармию саховаташ ҳама яксара неканд, поканд, манфиатбахшу пуршарофтанд. Эй офтоб! Тулӯи ту шодист, хурсандист. Ғуруби ту андеша, хайрбод аст, то рӯзи нав... Шаҳобиддини ҲАҚНАЗАР
√ ОБУНА-2019
Бо “Ҷавонони Тоҷикистон” ҳамеша ҷавон мемонед!
РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ
√ САЙҚАЛИ
АНДЕША
Табиат моро барои корҳои бузург офаридааст. ******** Зистан – яъне андеша кардан. ******** Мо бояд андешаи солим дошта бошем, ки фардо ба мо чӣ меоварад. ******** Накӯии ба шахси ношоистаро ман бадӣ мешуморам. ******** Эҳ! Орзуҳои фиребои одамӣ! ******** Аввалин қонуни таърих – аз ҳама гуна дурӯғ тарсидан, дуюминаш аз ягон гуна ҳақиқат натарсидан. ******** Табиат барои инсон неруи дарки ҳақиқат додааст. ******** Ба ҳақиқат аз роҳи шубҳа мерасем.
******** Адолат олитарини накӯиҳост. ******** Ду ҳақиқати азалӣ мавҷуд аст: ба касе зиён наовардан ва манфиат овардан ба ҷомеа. ******** Ноҳаққӣ дар ду маврид пирӯз мешавад: ё маҷбурӣ ё бо дурӯғ. ******** Адолат ин ҳар киро аз рӯи хидматҳояш подош додан аст. ******** Адолат аз манфиат ҷудо нест. ******** Меҳнат эҳсоси ноумедиро маҳв менамояд. Сисерон
Нишонӣ: 734018, шаҳри Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ-16, ошёнаи 1
И.В.САРМУҲАРРИР Шодихони НАЗАР
Суратҳисоби бонкии рӯзнома: с/ҳ №20202972500232101000, ҳ/х 20402972316264, РМА 030000301, РМБ 350101626 Бонки давлатии амонатгузории Тоҷикистон “Амонатбонк”. Индекси обуна 68857.
√ ЭЪЛОН
√ МИЛОД
Соҳибкори инфриодӣ Бобоев Меҳриддин (РМА 045907666), ки дар нозироти андози ноҳияи Синои пойтахт соли 2011 ба қайд гирифта шудааст, фаъолияташро бас мекунад.
Зодрӯз муборак, азизи хонадони мо Беназирҷон. Таваллуди ту барои хонадони мо садои як парвоз, фуруди як фаришта, оғози як меъроҷ ва шурӯи як зиндагии дигар буд. Дар ин солгарди мелоди ҳумоюниат бароят тансиҳатӣ, хонаободӣ, хушбахтӣ, бурдборӣ, умри дарози пурбаракат ва осмони софу беғуборро аз даргоҳи Худованди бузург талаб дорем!
Дафтари ҳавлӣ, ки онро ШВКД-и ноҳияи Шоҳмансур ба Баҳригул Холова, сокини кӯчаи Айнӣ 104, ҳуҷраи 3, ноҳияи Шоҳмансури пойтахт додааст, бинобар гум шудан эътибор надорад.
******** Ҳақиқат худро дифоъ менамояд.
Рӯзнома таҳти рақами 0120/рз аз 22 сентябри соли 2014 дар Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон сабти ном шудааст.
Обуна ба рӯзномаи “Ҷавонони Тоҷикистон” барои соли 2019 оғоз шуд. Нархи обуна аз тариқи идораи рӯзнома барои як сол 115 сомонӣ муқаррар шудааст. Ин арзиш бо назардошти бурда расондан ба нақша гирифта шудааст. Шумо обуна шавед, мо сари вақт рӯзномаро мерасонем. Инчунин, Шумо ба воситаи шуъбаҳои алоқаи шаҳру ноҳияҳо метавонед ба ягона рӯзномаи ҷавонон обуна шавед.
Дафтарчаи имтиҳонсупорӣ, ки онро Коллеҷи технологии шаҳри Душанбе соли 2017 ба Ризо Каримов додааст, бинобар гум шудан эътибор надорад. Дафтарчаи имтиҳонсупорӣ, ки онро Коллеҷи технологии шаҳри Душанбе соли 2017 ба Маҳмадулло Бобиев додааст, бинобар гум шудан эътибор надорад. Номаи камол бо силсилаи А ва рақами 0767166, ки онро МТМУ № 51-и ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе соли 2012 ба Умарова Рӯзигул Саидовна додааст, бинобар гум шудан эътибор надорад.
ТАВАЛЛУДАТ МУБОРАК!
Ту бахти модарӣ, ту бахтёрӣ, Падарро такягоҳ дар рӯзгорӣ. Зи ту дорад ҳама уммедворӣ, Чу номат дар ҷаҳон шодӣ биёрӣ. Бо эҳтироми пур аз меҳр аҳли оилаат...
ҲАЙАТИ МУШОВАРА:
Абдуҷаббор РАҲМОНЗОДА (Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа), Нуриддин САИД (вазири маориф ва илми Тоҷикистон), Аҳтам АБДУЛЛОЗОДА (раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон).
ҲАЙАТИ ЭҶОДӢ:
Маҳмудҷон УСМОНОВ (муҳаррир), Толибшоҳи ДАВЛАТ (котиби масъул), Манзумаи ФИРӮЗ (муҳаррири шуъбаи иқтисод ва иҷтимоъ), Хуршед МАВЛОНОВ (муҳаррири шуъбаи иттилоот ва сиёсат), Беҳрӯз ХОЛМУРОДОВ (муҳаррири шуъбаи ҳаёти ҷавонон), Шаҳло ЭШОНОВА, Нуруллоҳи ОРИФ, Хуршед ХОВАРӢ, Шаҳбози АСОМИДДИН, Наҷиба МУРОДБЕКОВА, Муниса ДОДОВА, (хабарнигорон), Шеравган ХУРСАНҚУЛОВ (саҳифабанд), Меҳроб АЗИМОВ (рассом), Машҳур ИМОМНАЗАРОВ (хабарнигор, ВМКБ), Шодмон НУРМАТОВ (хабарнигор, вилояти Суғд) Фирӯз АБДУРАҲМОНОВ (хабарнигор, вилояти Хатлон).
•
Ба хотири чандандешӣ матолибе низ ба табъ мерасанд, ки хилофи назари ҳайати эҷодист. Дурустии арқому далелҳо бар дӯши муаллифон аст.
•
Ҳангоми таҳияи хабарҳо аз матолиби интернет низ истифода шудааст.
•
Индекси обуна: 68857
•
Тел: 908 85-85-93, 238-54-14, 238-51-09, 238-53-03
•
Ҳафтанома дар КТН «Шарқи озод» (хиёбони Саъдии Шерозӣ-16) бо теъдоди 3938 нусха ба нашр расид.
•
Ҳисоби бонкӣ: с/ҳ №20202972500232101000, ҳ/х 20402972316264, РМА030000301, РМБ350101626. БДА Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк»