Ҷавонони Тоҷикистон, №46, 2018

Page 1

ЧТ , “ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН”, №46 (9576), 14.11.2018

javonon.tj

1

НАШРИЯИ КУМИТАИ КОР БО ҶАВОНОН ВА ВАРЗИШИ НАЗДИ ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

АВОНОНИ ОҶИКИСТОН №46 (9576), 14/11/2018

e-mail: javonontj@mail.ru

Бунёдгари иншооти аср Пешвои миллат макону манзалати Тоҷикистон ва тоҷиконро дар арсаи ҷаҳон шарафмандона ҳифз намуд. Тоҷикистони мо пешрафти рӯзафзун дорад. Кишвари чун биҳишти рӯи замин бо зебогии хеш дили оламиёнро тасхир намудааст. Мо агар аз бунёдкориву созандагӣ, ободиву озодӣ ва таҳаввулотҳои халқи тоҷик таҳти сарварии Пешвои миллат ҳарф занем ҳар як андешаи мо шаҳкитобест, ки ба фардо омадагон чун дастур хизмат мекунад. Пешвои миллат бо се сифати аслии тоҷикона яъне, мушкилнописандӣ, масъулиятшиносӣ ва таҳаммулгароӣ дар сарнавишти ҳар як тоҷикистонӣ нақши дилсӯзонаи худро гузошт. Имрӯз рисолати ҷонӣ ва қарзи имонии ҳар яки мо аз он иборат аст, ки сиёсати қавианосири Пешвои миллатро ҳаматарафа дастгирӣ намоем ва дар ин амвоҷи таблиғоти пурҳаҷме, ки бар зидди арзишҳои миллӣ, унсурҳои фарҳангӣ мутамарказ гардидааст, ҳавзаи фарҳангии худро ҳимоят намоем. Ватани худро содиқона дӯст дорем ва Пешвои миллатро чун Қаҳрамони халқу миллат, ҳомии пирӯз, роҳбари тавоно, сиёсатмадори нотакрор нигоҳдошта ва бузургдошт намоем. Танҳо ба ин васила мо метавонем, ки ливои саодату хушбахтиро ба дасти ояндагон ба саломат супорем.

Аз дидани нерӯгоҳи “Роғун” ва ҳамнабз шудан бо рафти корҳои сохтмонии он ба ин андеша омадам, ки дар ҳақиқат инсон бо нерӯи зеҳнии хеш ба ҳама кор қодир аст. Дар дунё ҷойҳои таърихӣ ва шаҳрҳои бузург зиёданд, мавридашон ҳарф мезананд. Аммо вақте кас аз нерӯгоҳи “Роғун”, ки онро Пешвои миллат арсаи номусу нанги миллати тоҷик унвон кардаанд, дидан менамояд, барояш шаҳри бузургтаре аз он нест. Зеро он дар ҳақиқат имрӯз ба шаҳри бузурги сохтмонӣ табдил ёфтааст. Ғурриши техникаҳои борбардор, садои дилнишини оби дарё ва радубадали сохтмончиён ҳар бинандаро ба ҳайрат меорад, вуҷуди касро эҳсоси хушҳолӣ ва ифтихор фаро мегирад. Бовар намекунад, ки инсон дили кӯҳро шикофтаву дар қалби он чунин иншооти бузургро бунёд месозад. Воқеан, онро ғайр аз муъҷиза дигар чизе гуфтан нашояд. Муҳим аз ҳама ин аст, ки ин муъҷизаро миллати тоҷик бо роҳбарии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон амалӣ мекунанд, ки назирашро таърих кам дар ёд дорад ва он метавонад, ки садсолаҳо хонадони мардуми шарафманди ин сарзаминро нуру зиё бахшад.


2 “ҶАВОНОН...” ДАР МЕҲМОНИИ НБО “РОҒУН” ВЛАДИМИР ПУТИН, ПРЕЗИДЕНТИ ФЕДЕРАТСИЯИ РУСИЯ: - Эмомалӣ Раҳмон яке аз симоҳои барҷаста буда, дар байни сиёсатмадорони ИДМ мавқеи намоёнро ишғол мекунад. Ин беҳуда нест. Тамоми ҷидду ҷаҳди ӯ аз он шаҳодат медиҳад, ки дар Тоҷикистон раванди сулҳ тавре пойдор аст, ки назираш дар ҳеҷ як мамлакате, ки чунин вазъияти муташанниҷ дошт, дида намешуд. Ҳар он чи оиди ин масъала дар Тоҷикистон амалӣ гардидааст, мисоли хубест барои бисёр халқҳову мамолики дигар. Субҳи 25-уми октябри соли 2018. Соат ба вақти Душанбе 8:05 дақиқа. Ҷавоби мактубе, ки аз номи рӯзномаи “Ҷавонони Тоҷикистон” ба роҳбарияти НБО “Роғун”, ҷиҳати аз наздик ошно шудан ба корҳои сохтмонӣ дар иншоот равон шуда буд, омадааст. Онҳо омадани рӯзноманигоронро интизоранд. Кормандони рӯзнома – Шодихони Назар, Хуршед Ховарӣ (Шарипов), Беҳрӯз Холмуродов ва Хуршед Мавлонов мисли оне ки дар қисми низомӣ бонги хатар шудаасту сарбозон ҳар яке ба сари либосу яроқи худ медаванд. - Ховарӣ куҷо шуд?- Дафтару қаламашро гирифту мисли ҳарвақта чизеашро фаромӯш кардаасту мекобад,-гуфт Мавлонов. Хуршед ту чӣ мекобӣ? – Барои эҳтиёт ба диктофонам батарея гирифтан лозим. Садои Беҳрӯз баланд мешавад. – Аксбардорак (фотоапарат) дар дасти ман аст. Каме истед, дар шумораи даҳум оиди фаъолияти кормандони НБО “Роғун” мақола навишта будем, онро ҳам гирам. Дар бораи худашон хонда хурсанд мешаванд,-мегӯяд Беҳрӯз. Ҳамин лаҳза Толиб Фозилов, ки тибқи нақшаи пешакӣ ҳам вазифаи аксбардорӣ ва ҳам ронандагиро иҷро мекард, ҳозир шуд. Моро бонувони рӯзнома – Манзумаи Фирӯз, Меҳрубон Имомова, Наҷиба Муродбекова то беруни корхона гусел карданду барори кор талаб намуданд. Соат 8:15 дақиқа. Сабукрави мо ба роҳ баромад. Боду ҳаво барои сафар бисёр мувофиқ буд. Офтоби тирамоҳӣ гӯё аз паҳлӯи ошёнаҳои баланди Душанбеи нозанин ҷониби мо дикак мекашид. Гоҳе нурҳояшро ба мо мерасонду гоҳе пушти абр пинҳон мешуд. Наздики аз шаҳр баромадан буд, ки офтоб пурра баланд шуду нурҳои сафобахши худро саховатмандона ба ҳар ҷониб паҳн кард. Бачаҳо ки ҳарчи зудтар мехостанд “иншооти аср”-ро бубинанд, ронандаро сарзаниш мекарданд, ки бо айби ӯ мо ҳар як чароғаки роҳро сурх дарёб мекунему интизор мешавем. – Аз шаҳр ки баромадем, суръати ҳаракатро тез мекунам ва дери дер дар ду соат шуморо мерасонам,- хотири ҳамсафаронро ҷамъ карданӣ шуда, мегуфт Толиби ронандаи мо. Бачаҳо барои он ки дарозии роҳро

“Роғун”- иншооти камназир дар таърихи башар ҳис накунанду хаста нашаванд, дар ҳар мавзӯъ суҳбат мекарданд. Қад-қади роҳ деҳқонони шаҳри Ваҳдат сари ҳар қадам ҳосили ғундоштаи худро ба фурӯш гузошта буданд ва мусофирони зиёд аз сабукравҳои худ пиёда шуда, мева харидорӣ мекарданд. Зеро нархи меваҳои ин мавзеъ аз бозори шаҳри Ваҳдат арзонтар аст. Тибқи нақша мо бояд давоми рӯз корҳоямонро анҷом дода, баргардем. Тирамоҳи ноҳияи Файзобод воқеан ҳам афсонавӣ буд. Ҳарчанд нисбат ба солҳои қаблӣ имсол зимистон дари ин минтақаи Тоҷикистони офтобиро барвақттар кӯфта, барфи аввал аллакай як ҳафта пеш аз сафари мо борида бошад ҳам, ҳоло дар пастхамиҳо аз барф нишоне набуд. Танҳо кӯҳҳои ноҳия қабои сафед доштанд. Ду тарафи роҳ дарахтони гуногун қомат афрохта, ба баргҳои зард нури офтоб мерасид. Нурҳои офтоб дар барги дарахтон ҷилои заррин дошт. Беҳуда пойизро фасли заррин ном намебаранд. Мо аз шаҳри Душанбе кайҳо баромада, то ба охири ноҳияи Файзобод расидаем, аммо суръати ҳаракати сабукрави мо ҳоло ҳам болои 60 аст. Бачаҳо боз ба ронанда “ҳуҷум” карданд. –То ҳол бо ҳамон суръат ҳаракат мекунӣ, - ғур - ғуркунон мегуфт Хуршед Мавлонов. Мавлонов барои он нисбати дигарон то бегоҳ баргашта омаданро завқманд буд, ки нав оила барпо кардааст, ба қавли дигар навзан аст. Ӯро ҳамномаш Хуршед Ховарӣ барои навзан буданаш зиёд масхара мекард ва таҳдид мекард, ки хомӯш нишинад вагарна баҳонае пайдо карда шаб меистанд. – Ман ҳам хоҳони зуд рафта расиданам, аммо ба мошин ҳаво нарасида истодааст,-гуфт Толиб. Шояд дар миёни мо ба ҷуз Толиб дигар шахси техникаро мефаҳмидагӣ набуд, ки ин сухани ронанда ба бачаҳо хандаовар намуд ва ҳар гоҳе ки суръати ҳаракати сабукрав паст мешуд, бачаҳо бо як овоз такрор мекарданд, ки ҳаво нарасида истодааст. Хулоса, мо соати 11 ба шаҳри Роғун расидем. Кормандони рухсатномадиҳии НБО “Роғун” аллакай рухсатномаҳои моро омода кардаанд. Ва барои санҷиш шиносномаҳоро гирифта муқоиса карданд. Баъди ба қайдгирӣ назди мо як ҷавон бо номи

Ҳофиз омаду бо фаросати баланд ва эҳтиётона суҳбат намуда, аз мо хоҳиш кард, ки то соате интизор шавем. Зеро вақти ба хуроки нисфирӯзӣ баромадани кормандон аст, баъди як соат ба иншоот меравем. Баъди ин сухан табъи Хуршеди навзан хира шуду зери лаб ғур – ғурро сар кард. Мо давоми як соат куфти роҳро баровардем. Вақти деринтизор фаро расиду мо – кормандони рӯзнома баъди ба бар намудани либосҳои махсус аз “иншооти аср” – НБО “Роғун” дидан мекунем. Аз тарафи роҳбарияти иншооти мазкур роҳбалади мо Миралӣ Аҳмадов, сардори раёсати назорати техникӣ, марди миёнақади гандумранг таъин шуд. Дар назари аввал бисёр ҷиддӣ менамуд. Баъди салому алейк ва ҳолпурсӣ гуфт: – Журналистон бисёр шахсони хушчақ чақ ва кунҷкованд. Бо як савол то маълумоти шахсиятро мегиранду бехабар мемонӣ. Барои ҳамин диктофонатонро хозир хомӯш карда монед, то ман фикр кунам, ки чӣ гӯям. Бо ҳамин суханони роҳбалад кори мо оғоз гардид. Зеро ман дар сабукрав нишастан баробар диктофонро фаъол карда будам. Аз макони рухсатномадиҳӣ, то ба сари коргоҳ, ки мо бояд бо кормандон суҳбат кунем, 15 дақиқа роҳ буд ва роҳбалади хушсуҳбати мо давоми ин вақт ба мо чунин маълумот дод: “ Шаш сол мешавад, ки дар “иншооти аср” кор мекунам. Аз ин пеш ҳам дар иншоотҳои гидротехникӣ зиёд фаъолият кардаам, аммо ин ҷо талабот тамоман дигар аст. Тамоми корҳо дар ин ҷо бо талаботи меъёрҳои байналмилалӣ ба анҷом расидаанд. Ин ҷо сухан дар бораи ҳисси миллӣ меравад. Мардуми тоҷик инро бо қувваи худ сохта истодааст. Фаъолияти ҷавонони кишвар ва саҳми онҳо шахсан маро қаноатманд мекунад. Аз коргари оддӣ саркарда, то дар вазифаҳои роҳбарикунанда фаъолият мекунанд, ки нангу номус ва ғурури миллии ҷавонони замони истиқлол аз насли пеш ба куллӣ фарқ мекунад. Кори иншоот аз солҳои 80уми асри гузашта оғоз гардида, буд. Баъди маблағгузорӣ нашудан коргарон фаъолият накарданд ва кор ба таъхир гузошта шуд. Дар ин муддат сел тамоми он корҳоро, ки замони шӯравӣ сурат гирифта буданд корношоям гар-

дид. Бо ташаббуси бевоситаи Пешвои муаззами миллат, соли 2008 кор дар НБО “Роғун” аз нав оғоз гардид. Айни ҳол дар НБО “Роғун” кор дар ду баст ба таври шабонарӯзӣ ба роҳ монда шудааст, ки зиёда аз 22 ҳазор нафар коргарон ба кору фаъолият ҷалб шудаанд. Ҷолибияти кори иншоот дар он аст, ки ҳар рӯз шоҳиди як ҳодисаи таърихӣ мешавем. Паҳлӯҳои кор ки замони оғозаш моро нобоварӣ фаро гирифта буд, имрӯз бо чашми сар мебинем, ки омода шудааст ва ин ба мо як рӯҳ мебахшад. Беҳтарин лаҳзаҳои давоми фаъолиятам дар нерӯгоҳ ҳамон лаҳзае буд, ки Пешвои миллат худашон сари чанбари булдозер нишастанду маҷрои дарёи Вахшро дигар карданд”. Сабукрави мо низ ба майдони корзор расид ва бачаҳо диктофонҳои худро фаъол намуданду қаламу дафтар ба даст назди кормандон рафтанд, то бо онҳо аз рафти фаъолияташон суҳбат намоянд... Соат аз ҳабдаҳ ҳам гузашт, мо то қадри имкон бо кормандони НБО “Роғун” сари кор суҳбат намуда, андешаю таассуроташонро шунидем. Роҳбалад – Миралӣ Аҳмадов моро аз ҳар гӯшаи коргоҳ ба сабукрав даъват намуд. Сафари якрӯзаи мо ба НБО “Роғун” ба анҷом расид. Баъди ба макони рӯхсатномадиҳӣ омадан, бо сабукрави худамон ҷониби шаҳри Душанбе раҳсипор шудем. Роҳи пурпечутоб моро ба баландӣ мебароварду аз иншоот дур месохт. Ҳар қадар ки боло ва дур мешудем, ҳамон қадар чароғҳои мошинҳои боркашу техникаҳое, ки шабона дар нерӯгоҳ ҳаракат доштанд, ҷилвагар мегаштанд. Аз боло ба коргоҳ менигаристем, воқеан ҳам макони нур буд. Дар ин ҳиссаи шаб сокинони шаҳру деҳаҳои атроф ба хоби роҳат рафтаанд, вале коргарони басти дуюми

“ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН”, №46 (9576), 14.11.2018 НБО “Роғун” бо иродаи қавию рӯҳияи болида андари кор буданд. Бачаҳо ба ҷуз ронанда хомӯш аз баландӣ ҷониби коргоҳ менигаристанд. Бовар доштам, ки дили ҳамсафарони ман аз ифтихору шодмонӣ лабрез аст. Инро аз чашмонашон мехондам. Ва қалюи худамро низ ифтихору ғурур фаро мегирифт. Баъди чанд лаҳзаи хомӯшӣ ҳамроҳонам таассуроташонро чунин баён карданд: Беҳрӯз Холмуродов: Аз дидани нерӯгоҳи “Роғун” ва ҳамнабз шудан бо рафти корҳои сохт- монии он ба ин андеша омадам, ки дар ҳақиқат инсон бо нерӯи зеҳнии хеш ба ҳама кор қодир аст. Дар дунё ҷойҳои таърихӣ ва шаҳрҳои бузург зиёданд, мавридашон ҳарф мезананд. Аммо вақте кас аз нерӯгоҳи “Роғун”, ки онро Пешвои миллат арсаи номусу нанги миллати тоҷик унвон кардаанд, дидан менамояд, барояш шаҳри бузургтаре аз он нест. Зеро он дар ҳақиқат имрӯз ба шаҳри бузурги сохтмонӣ табдил ёфтааст. Ғурриши техникаҳои борбардор, садои дилнишини оби дарё ва радубадали сохтмончиён ҳар бинандаро ба ҳайрат меорад, вуҷуди касро эҳсоси хушҳолӣ ва ифтихор фаро мегирад. Бовар намекунад, ки инсон дили кӯҳро шикофтаву дар қалби он чунин иншооти бузургро бунёд месозад. Воқеан, онро ғайр аз муъҷиза дигар чизе гуфтан нашояд. Муҳим аз ҳама ин аст, ки ин муъҷизаро миллати тоҷик бо роҳбарии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон амалӣ мекунанд, ки назирашро таърих кам дар ёд дорад ва он метавонад, ки садсолаҳо хонадони мардуми шарафманди ин сарзаминро нуру зиё бахшад”. Хуршед Ховарӣ: “Роғун аз нигоҳи ман афсона аст. Бо вуҷуди оне ки кулли иншоотро дар тӯли сафари якрӯзаи худ дидаву бо иншооти аср ошноӣ пайдо кардам, боварам намеояд, ки ин кори дасти инсон бошад. Ман иқрор мешавам, ки ба чунин қудрат доштани инсон то кунун бовар надоштам ва алъон ҳам, онро дар шуурам ҳамчун як муъҷизаи табиат тасвир мекунам. Он афсонаи зебои ба ҳақиқат бадал ёфта аст”. Хуршед Мавлон: НБО-и “Роғун” таҷассуми қудрати миллати мост. Агар ҳар фарде, ки чӣ қудрат доштани ин миллатро фаҳмидан хоҳад, бояд Роғунро бубинад. Он танҳо як нерӯгоҳ нест. Дар он тавоноӣ, қудрат ва ҳадафмандии миллати тоҷик нуҳуфтааст. Вақте шахс аз наздик бо ин нерӯгоҳ ошно мегардад, хоҳад фаҳмид, ки вақте гап сари нангу номус меравад, миллати тоҷик метавонад аз ҳама чиз гузашт кунаду нангу қудрати худро нишон диҳад. Ва бо ҳамин сари нанг омадану муттаҳид гаштан, ки тавонист миллати тоҷик чунин иншооти бузургро бунёд созад, пас метавонад дар оянда корҳои аз ин ҳам зиёдтареро ба сомон расонад. Ғарқи андешаҳои гуворову таассуроти ширин аз НБО “Роғун” ба шаҳри Душанбе расидему чи гуна гузаштани вақтро нафаҳмида мондем. Ҳангоми рафтан бо пойтахти серодамамон хайру хуш намуда будем ва замони баргашт Душанбеи нозанинро дар хоби ноз дарёфтем. Ҳамон замон ба соат нигаристам, ки ақрабаки соат 00:05-и 26 октябрро нишон медод. Шодихони НАЗАР, “ҶТ”


“ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН”, №46 (9576), 14.11.2018 Мурод Саъдуллоев, муовини директори техникии ҶСК НБО “Роғун” мебошад. Собиқаи кории номбурда дар ин иншооти муҳими аср ҳудуди 35 солро ташкил медиҳад. Ӯ аз зумраи нафаронест, ки дар кулли корҳои иншоот ширкат варзидаю по ба по дар баробари ҳазорон ҷавонмард барои шукуфон гаштани ин арсаи номус хизмат намудааст. Бо ӯ зимни сафари хизматӣ ба нерӯгоҳи “Роғун” перомуни нақши ҷавонон дар ин иншооти муҳими гидроэнергетикӣ ва нақши нерӯгоҳи “Роғун” дар рушди кишвари азизамон суҳбате доштем, ки фишурдаи он манзури хонанда мегардад. -Устоди азиз. Дар ибтидо Шуморо ба муносибати мавриди истифода додани аввалин агрегати НБО “Роғун”, ки дар назар аст, санаи 16 ноябр аз ҷониби Пешвои миллат ба истифода дода шавад, таҳният мегӯем. Ва баъдан мегуфтед, ки дар тамоми давраи фаъолиятатон дар иншооти аср чӣ лаҳзаҳои фаромушнашавандае доред? -Ташаккури зиёд. Лаҳзаҳои фаромушнашаванда дар аёми кориям хеле зиёд буданд. Ман ду маротиба дар бастани маҷрои Вахш иштирок кардаам. Аввалин маротиба дар даврони Иттиҳоди шӯравӣ ва сониян дар давраи истиқлол. Ин лаҳзаҳо барои ман асло фаромуш нахоҳанд шуд, чунки на ба ҳар муҳандиси соҳаи гидроэнергетика муяссар мешавад, ки дар бастани чунин дарёҳо нақша кашад, саҳм гузорад ва бевосита иштирок кунад. Агар ба таърих назар афканем, чунин дарёҳо дар чил солу панҷоҳ сол як бор баста мешаванд. Ва албатта ин барои ман хеле гуворо буд. -Ҳамчун як мутахассиси соҳибтаҷриба нақши ҷавононро дар ин иншоот чӣ гуна арзёбӣ мекунед? -Ман албатта дар ҳамин андеша ҳастам, ки ҷавонон дар ҳама давру замон ояндаву ояндасози давлату миллатҳо буданд, ҳастанд ва мемонанд. Ва насли бузургсолтарро мебояд дар тарбияву ба камолрасонии насли ҷавон пайваста заҳмат кашанд, то эшон нисбат ба насли пешини худ хубтару донишмандтару бомаърифаттар бошанд. Дар ҷавонони мо албатта ин чиз ҳис карда мешавад. Агар нақши эшонро дар бунёди нерӯгоҳ ҳисоб кардан хоҳем, бесобиқа хоҳад буд. Ман дар ҳақиқат ба ин боварам, ки бидуни нақши ҷавонони баору ватандӯст мо

МУСОҲИБА наметавонистем ба ин чиз даст ёбем. -Дар даврони истиқлолият нақши мутахассисони ватанӣ дар кори иншоот то куҷо назаррас аст? -Дар замони Иттиҳоди шӯравӣ мутахассисони маҳаллӣ дар кори иншоот хеле кам ҷалб карда мешуданд. Онҳоро аҳёнан вохӯрдан мумкин буд. Агар баъзан мутахассисони маҳаллиро ба кор даъват ҳам мекарданд, дониши эшонро фақат барои корҳои дуюмдараҷаву сеюмдараҷа истифода мебурданд. Аммо бо шукргузорӣ аз даврони истиқлолият ҳамин чизро бояд гуфт, ки дар ин даврон бидуни мутахассисони ватанӣ кори иншоот тасаввурнопазир аст. Мо бояд ифтихор кунем, ки имрӯз мутахассисони соҳаҳои нибатан

ки дар ягон иншооти дигар қабул нашуда бошанд. Муҳандисҳое, ки дар ин ҷо фаъолият менамоянд, имконият пайдо мекунанд, ки дар оянда дар тамоми ҷаҳон дар сохтмони чунин иншоотҳо рафта кору фаъолият намоянд. Ҳамин аст, ки имрӯзҳо мутахассисони зиёди хориҷӣ мехоҳанд, дар ин иншоот таҷриба гиранд ва донишҳои худро мукаммал намоянд. Аз ин дидгоҳ “Роғун”ро метавон мактаби бузурги тарбияи мутахассисони соҳаи гидроэнергетика ном бурд. -Аз нигоҳи техникӣ ин иншоот тавони чӣ қадар сол хизмат карданро дорад? -Агар аз рӯи лоиҳа гирем, иншооти Роғун барои 200 сол хизмат кардан лоиҳакашӣ шудааст. Ин ба он мақсад аст, ки аз рӯи ҳисобҳои пешакӣ таҳияшуда

низ ҳалли худро меёбанд. -Нақши Роғун дар нерӯгоҳҳои поёноб чӣ гуна аст? -Агар танҳо нерӯгоҳи Норакро дар назар гирем, Роғун умри онро ҳудуди сад - дусад сол дароз мекунад. Чаро? Чунки вақте оби дарё дар ин ҷо соф шуда сангу хок ба поён намеравад, мусаллам аст, ки обанбори Норак барои садслолаҳои дигар аз хоку санг эмин мемонад ва хизмат мекунад. Нақши Роғун то охирин нерӯгоҳе, ки дар маҷрои Вахш сохта мешавад, назаррас ва мусбат хоҳад буд. -Вақте мо бо мутахассисони ҷавони нерӯгоҳ дар суҳбат будем, онҳо чунин ибрози андеша карданд, ки дар васлу насби агрегатҳои панҷу шаш мо чунин таҷрибае андӯхтем,

“Роғун” – мактаби бузурги гидроэнергетикҳои ҷавон

мураккаб, аз ҷумла гидроэнергетика дар дохили кишвар тайёр карда мешаванд ва дар чунин иншоотҳои бузург кору фаъолият менамоянд. Кори мутахассисони ватанӣ қонеъкунанда ҳам ҳаст. Имрӯз мутахассисони мо метавонанд на танҳо дар чунин иншоотҳои пуриқтидори ватанӣ, балки хориҷ аз кишвар бидуни ҳеҷ мушкилоти фанние фаъолият дошта бошанд. -Роғун аз нигоҳи Шумо? -Иншоотҳои гидроэнергетикӣ як хусусияти хоси такрорнашавандагӣ доранд. Яъне аз рӯи як лоиҳа мо наметавонем ду иншоотро созем ва чунин тарҳҳоро ёфтан муҳол аст. Аз ҷумла иншооти “Роғун” ҳам дар миқёси ҷаҳон беҳамто аст. Ҳалҳои техникиву муҳандисие, ки дар ин нерӯгоҳ қабул карда мешаванд, гуфтан мумкин аст,

мумкин аст, ки дар давоми ин дусад сол обанбори нерӯгоҳ аз хоку санг пур гардад. Аммо агар мутахассисон фаъолияти назаррас дошта бошанду дар кори иншоот бетараф нанишинад, имкон дорад, ки ин иншоот барои ҳазорсолаҳо хизмат кунад. Ва мо имкон дорем, ки дар оянда дар шохобҳои дарёи Вахш, Хингобу Сурхоб чунин неругоҳҳоро бунёд намоем, ки умри Роғун меафзояд. Ва ман итминон дорам, ки мутахассисон дар як ҷой наменишинанд ва барои фаъолият ояндаи он талош мекунанд. Аллакай аз имрӯз муҳандисон болои он кор карда истодаанд, ки вақте обанборҳо бо лой пур мешаванд, чӣ гуна онҳоро тоза намоянд. Чунин лоиҳаҳо низ аллакай пешниҳод шудаанд. Ман итминон дорам, ки дар оянда илм пеш меравад ва масъалаҳо

ки метавонем бидуни дахолати мутахассисони хориҷӣ чор агрегати боқимондаро васлу насб намоем. Андешаи Шумо? -Албатта вақте мутахассисон аз худ бовар доранд метавонанд аз уҳдаи дилхоҳ кор бароянд. Ман ҳам ба ин боварам, ки бо ин мутахассисон метавонем на танҳо ин иншоот, балки иншоотҳои дигарро низ аз сифр оғоз намуда, ба пуррагӣ ба анҷом расонем. Вале дар ҷаҳони имрӯз намешавад чунин гуфт, ки “фақат худам мекунам ва ба дигарон роҳ намедиҳам”, зеро инноватсия рӯз то рӯз пеш рафтан мегирад ва барои сифатнок кардани корҳо моро мебояд мутахассисону технологияи хориҷиро ҷалб намоем. Давлатҳои пурқудрат низ имрӯз бе ёриву кӯмаки ҳамдигарӣ чунин

3 СИ ҶИН ПИН, РАИСИ ҶУМҲУРИИ МАРДУМИИ ЧИН: - Дар 25 соли соҳибистиқлолӣ таҳти роҳбарии қатъии Эмомалӣ Раҳмон Тоҷикистон ваҳдати миллӣ, суботи иҷтимоӣ ва беҳбуди некуаҳволии мардумро ба даст оварда, роҳи муваффақонаи тараққиётро пайдо кард, ки он бо вижагиҳои миллии кишвари худ мувофиқ буда, ҷониби Чин ба он баҳои баланд медиҳад. иншоотҳоро бунёду лоиҳакашӣ намекунанд. Бо ҳамдигар кор кардан ба манфиат хоҳад буд. Ва мақсади мо ҳам аз тайёр кардани мутахассисони ҷавон он нест, ки онҳо танҳо дар дохили кишвар фаъолият намоянд, балки он аст, ки онҳо таҷриба гиранду бо мутахассисони хориҷӣ дар ҳамкорӣ бошанду дар чунин иншоотҳои хориҷ аз кишвар низ фаъолият намоянд. -Мо дар арафае қарор дорем, ки мардуми тоҷик ба зудӣ шоҳиди як воқеаи бузурги таърихӣ мешаванд. Бардошти Шумо ҳамчун як мутахассисе, ки солҳои тӯлонӣ дар ин ҷо фаъолият кардед, чӣ гуна аст? -То имрӯз бисёре аз роҳбарони давлатҳову ташкилотҳои хориҷӣ бовар надоранд, ки Тоҷикистон ба сохтмони чунин иншоот даст зада асту онро ба наздикӣ ба истифода медиҳад. Барои он ки на ҳама давлатҳо, ҳатто давлатҳои пурқудрат низ аз сохтмону лоиҳакашии чунин иншоотҳо чашми ҳарос доранд. Масалан агар ба ҳамсояи мо Қирғизистон боре назар афканем, онҳо барои чунин як иншооти гидроэнергетикие бо номи “Қамбар ата”, ки ҳамагӣ гап сари 2 млрд доллар меравад, даст намезананд. Ман дар он ҷо як рафиқ дорам, вақте аввалин бор фаҳмид, ки мо бо харҷи 6 млрд доллари амрикоӣ муодили 57 млрд сомонӣ ин нерӯгоҳро месозем, дар тааҷҷуб монд, ки аз кадом маблағҳо мо метавонем, онро бунёд намоем. Албатта ҷавоби ман ин буд, ки мо бо азму талоши роҳбари давлатамон ба чунин кор даст задаем ва онро ба итмом хоҳем расонд. Ва бардошти ман ҳамчун як мутахассис он аст, ки нерӯгоҳ бо азму талошу ҷоннисориҳои Пешвои миллат дубора эҳё шуд ва Худо кунад, ки солҳои зиёде барои ин миллат хизмат кунад. -Ташаккур барои суҳбати пурмуҳтаво! -Саломат бошед. Шодихони НАЗАР, Хуршед ХОВАРӢ, “ҶТ”


4

16 НОЯБР - РӮЗИ ПРЕЗИДЕНТ

“ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН”, №46 (9576), 14.11.2018

Бақои миллатро таъмин кард Паёми табрикотии Аҳтам Абдуллозода, Раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷавонону варзишгарони сарбаланди кишвар! Таърихи ҳар миллат шахсиятҳоеро мешиносад, ки туфайли онҳо ба миллатҳояшон дигарон бо назари хос менигаранд. Ба онҳо эътибор медиҳанд ва эҳтиромашонро ба ҷо меоранд. Бешубҳа дар таърихи навини миллати тоҷик чунин шахсияти бо ҳама маъно арзандаву сазовор Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон аст. Васфу корномаҳои Пешвои миллати тоҷиконро ошнову бегона зиёд кардаву то ҳол мекунад. Бо вуҷуди ин вақте ҳар як тоҷикистонӣ агар хоҳад, ки корномаҳои муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ёдовар шавад, пеш аз ҳама он ба лавҳи хотираш мегузарад, ки ӯ дар як даврае барои миллати тоҷик ато гардид, ки миллатро хавфи парокандагиву нобудӣ комилан таҳдид мекард. Ба ибораи дигар Пешвои миллат даҳаи охири асри гузашта аз худ гузаштаву барои нигаҳдошти миллат аз маҳвиёт камари ҳиммат баст. Ба майдон омад, то бақои миллати тоҷик таъмин бошад! Бегуфтугӯ, дар таърихи замони истиқлолияти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон шахсияте мебошад, ки на танҳо дар ташаккулу таҳаввули таърихи давлатдорӣ, балки эҳёи падидаҳои неку писандида ва арзишҳои волои фарҳанги ниёгонамон хизматҳои бузург кардааст. Имрӯз бо ифтихор метавон гуфт, ки миллати тоҷикро ба шарофати Пешвои маллатамон дар ҷаҳони муосир мешиносанд. Зеро маҳз бо талошҳои пайвастаи Пешвои миллат мо соҳиби давлат гаштем.

Имрӯз мардуми шарифу бонангу номуси тоҷик, махсусан ҷавонону варзишгарони саодатманду сарбаланди тоҷик дар симои Пешвои миллат наҷотбахш, ҳомӣ, пуштибон ва Асосгузори сулҳу ваҳдати миллиро мебинанд. Воқеан, Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти мамлакат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нафареанд, ки аз ҳама бештар баҳри рушду тараққиёти ин меҳан саҳм мегузорад, ҷавононро дар ҷодаҳои гуногун дастгирӣ менамояд, дӯст доштан ва муҳаббат нисбат ба ватану миллатро талқин месозанд, пайваста ба масъалаи тарбияи ҷавонон таваҷҷуҳ зоҳир намуда, барои беҳбудии зиндагии шаҳрвандон талош меварзанд ва муҳимтар аз ҳама ҳастии хешро баҳри осудагии миллату давлати хеш бахшида, барои ҷавонон, намунаи волои ҷавонмардӣ ва намунаи ибрат аст. Ин ҳама дастовард ва пешрафт дар самтҳои гуногун маҳз дар зери сиёсати хирадмандонаву ҷавонпарваронаи Пешвои миллат ба даст омада, бояд ҳар як ҷавон бо дарки ин нукта фаъолият намояду саҳми худро чун шаҳрванди фаъоли кишвар ва намояндаи миллати тоҷик дар рушду нумуъ ва ояндаи мамлакат гузорад. Аз ин лиҳоз, ҷашн гирифтани Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон арҷгузорӣ ба хизматҳои барҷастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар назди халқу Ватан мебошад. Таҷлили Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ба кор даромадани агрегати якуми НБО “Роғун” ҳадяи бузурги таърихист ва мо онро ба ҳама сокинон муборакбод мегӯем. Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муборак бошад!

Дуюмин ҳамоиши гирандагони стипендияи Президентӣ доир гардид Бо ташаббуси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати кишвар, 12 ноябр, бахшида ба таҷлили Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №55-и ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе ҳамоиши гирандагони Стипендияи президентӣ таҳти унвони “Ҷавонон - пайрави Пешвои миллат” баргузор гардид. Дар ҳамоиш гирандагони стипендияҳои Президентӣ аз шаҳру ноҳияҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятхои Суғду Хатлон, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ дар умум 165 нафар иштирок намуданд. Аҳтам Абдуллозода, раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, зимни суханронии хеш дар ибтидо кулли иштирокчиёни ҳамоиш ва дар симои онҳо тамоми ҷавонони кишварро бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ба истифода супоридани агрегати нахустини НБО “Роғун” сидқан муборакбод намуданд. “Пешвои муаззами миллат барои ватани мо ҷиҳати нигоҳдории сулҳу суботи кишвар, таъмини шароити арзандаи иҷтимоии сокинони ҷумҳурӣ, насли ояндасози ҷомеа ҷидду ҷаҳд, заҳмату талош ва хизматҳои басо бузург кардаанд. Беҳтарин арзишҳои инсонӣ, сифати накӯ,шараф, номусу мардонагӣ ва дасту дили пок доштани Пешвои миллат мусоидат бар он кард, ки мо мардуми саодатманди тоҷик шоҳиди рӯйдодҳои воқеан ҳам таърихӣ, дастовардҳое, ки садсолаҳо умеду орзуяшон мекардем, ба истиқлолияти ҳам озуқаворӣ ҳам энергетикӣ дастёб гардиданамон мушарраф гардидем”, - иброз дошт дар идома Аҳтам Абдуллозода, раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш. Номбурда ҳамчунин таъкид сохт, ки иқдомҳои наҷиб ва ғамхоронаи Пешвои миллат нисбат ба насли наврасу ҷавон аз рӯзҳои нахустини

соҳибистиқлолии кишвар бараъло эҳсос гардида, ба хотири рӯҳбаланд намудани наврасону ҷавонон ва бо мақсади таъмини таҳсилоти муносиби ҳар яки онҳо як қатор имтиёзу имкониятҳои фаррох фароҳам оварда шуданд ва Стипендияи президентӣ низ яке аз муҳимтарин дастгирищои давлату Ҳукумат нисбат ба насли наврасу ҷавон мебошад, ки бо фармони дахлдори Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян гардидааст ва ҳамасола ба беҳтарин наврасон супорида мешавад. Ин ибтикороти шоиста ба хотири беҳтар шудани сифати таҳсилот ва тайёр кардани насли соҳибихтисос равона шудааст ва имтиёзҳое, ки дар доираи он муқаррар гардидаанд, баҳри баланд бардоштани сифати дониши толибилмон ва ҳамчун пайрави асили Пешвои миллат дар ободу зебо гардонидани ватани азизамон саҳмгузор буданашон мусоидат хоҳад кард. Ҳамоиши гирандагони стипендияи Президентӣ соли дуввум аст, ки аз ҷониби Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш бо дастгирии бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо доираи васеи гирандагони Стипендияи президентӣ доир карда мешавад. Гуфта шуд, ки аз соли сипаригардида, дар асоси Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз соли 2018 теъдоди гирандагони Стипендияи президентӣ 100 адад зиёд гардид ки дар умум 400 нафар муҳассилини муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ сазовори номи баланду бошарафи гирандаи стипендияи Президентӣ гардиданд. Дар идома таъкид гардид, ки дар назди Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш бо ҷалби гирандагони Стипендияҳои президентӣ маҳфили доимамалкунандаи “Стипендиатҳои ҷавон” муддати ду сол аст, ки фаъолият намуда истодааст. Гиран-

дагони Стипендияи президентӣ бо пешниҳоди идеяҳои навин ва бо дастгирии Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш чорабиниҳои гуногуни илмӣ - назариявӣ, фарҳангӣ - фароғатӣ, оммавию варзишӣ ва сайёҳиро мунтазам дар шаҳру ноҳияҳои кишвар доир менамоянд. Раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш дар интиҳои қисмати расмии чорабинӣ дар фазои тантанавӣ шаҳодатномаҳои гирандагони Стипендияҳои президентиро дар соли 2018-2019 ба ғолибони озмунҳо барои дарёфти Стипендияи президентӣ тақдим намуданд. Аз ҷониби иштирокчиёни ҳамоиш дар идома муроҷиатномаи гирандагони Стипендияҳои президентӣ ба самъи ҳозирин расонида шуда, сипас барномаи фарҳангӣ бо иштироки санъаткорони ҷавон пешкаши ҳозирин гардонида шуд. Ба таъкиди масъулин дар доираи ҳамоиши мазкур чорабиниҳои фарҳангӣ, тамошои мавзеъҳои фарҳангиву фароғатии шаҳри Душанбе ва намоиши театрӣ аз ҷониби ҳунармандони Театри давлатии ҷавонон ба номи М.Воҳидов баргузор хоҳанд гашт. Бо қаноатмандӣ гуфта шуд, ки таъсис ёфтани Стипендияи президентӣ ва равона гардидани дигар ғамхориҳо дар ин самт намунаи олии таваҷҷуҳу ғамхории Ҳукумати мамлакат ба насли ҷавони ояндасоз мебошад. Пас, имрӯз ҷавононро зарур аст, ки ҷавобан ба ин ҳама дастгириҳо илму ҳунар омӯхта, бо ҳисси баланди худшиносиву худогоҳии миллӣ, зиракии сиёсӣ ва маърифати баланди ҳуқуқӣ ҷиҳати пешрафти кишвари худ, таҳкими ваҳдати миллӣ ва истиқлолияти давлатӣ ва боз ҳам беҳтару бештар муаррифӣ намудани ватани азизи хеш – Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ саҳмгузор бошанд. Беҳрӯз ХОЛМУРОДОВ, Наҷиба МУРОДБЕКОВА, “ҶТ”


“ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН”, №46 (9576), 14.11.2018

Боиси хушнудист, ки имрӯзҳо таваҷҷуҳ ва дастгириҳои пайваставу беназири давлату Ҳукумат, бахусус Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбат ба ятимону бепарасторон назаррас арзёбӣ гардида, бо мақсади таъмини шароити зиндагии арзанда, рушди баркамол ва соҳибилму соҳибмаърифат гардидани онҳо тамоми шароитҳои муосир фароҳам оварда шудааст. Лозим ба ёдоварист, ки Пешвои миллат ҳамеша бо хислати нодири раъиятпарварии хеш дар фикри беҳбудии шароити зиндагии мардуми эҳтиёҷманд, ятимон, барҷомондагон ва шахсони бесаробону камбизоат буда, таваҷҷуҳи махсус зоҳир кардан ба ин табақаи ниёзмандро аз аҳли ҷомеа борҳо талаб менамоянд. Ва ҳамин аст, ки пайваста таъкид медоранд, ки “Ман ҳеҷ вақт ягон ятими куллро дар нимароҳ намемонам, меомӯзонам, тарбия мекунам ва ба ҳаёти мустақилона гусел менамоям”. Дар партави гуфтаҳои боло, 13 ноябр, дар Муассисаи давлатии “Душанбе – плаза” бо ташаббуси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати кишвар ва сарпарастии Президенти федератсияи футболи Тоҷикистон, муҳтарам Рустами Эмомалӣ ба хотири арҷгузорӣ ба дастгириҳои доимии Пешвои миллат ба ятимон ва бахшида ба Рӯзи Президент таҳти унвони “Пешвои миллат рамзи иттиҳоду сарҷамъӣ ва саодату осудагии мо ҷавонон” ҳамоиши ҷумҳуриявии ятимони кулл баргузор гардид. Дар ҳамоиш роҳбарияти Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш ва 160 нафар ятимони кулле, ки дар муассисаҳои олии пойтахт таҳсил менамоянд, ширкат варзида, вобаста ба дастгириҳои Роҳбарияти олии кишвар суханронӣ намуданд. Аҳтам Абдуллозода, раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш зимни суханронии хеш қабл аз ҳама кулли иштирокдорони ҳамоишро ба Рӯзи Президент табрику муборакбод гуфт. Раиси Ку-

ҲАМОИШ

5 АҲМАДШОҲИ МАСЪУД, ҚАҲРАМОНИ МИЛЛИИ АФҒОНИСТОН:

Ғамхор ва пуштибони ятимон

мита аз хизматҳо ва дастгириҳои Пешвои миллат нисбат ба ятимону бепарасторон ёдовар шуда, саҳми эшонро дар ҳифзу дастгирии табақаҳои ниёзманди мамлакат, аз ҷумла ятимон бесобиқа арзёбӣ карданд. Ӯ аз ҷумла афзуд, “давлату ҳукумати кишвар бо сарварии Пешвои миллат ҳанӯз аз солҳои аввали соҳибистиқлолӣ ҳифзи иҷтимоии гурӯҳҳои ниёзманду осебпазири аҳолиро ҳамчун самти асосии сиёсати худ муайян намуда, фароҳам овардани шароити таҳсил ва кору фаъолиятро барои худ ҳадафи муҳимтарин қарор додааст. Пешвои миллат аёдати шахсони яккаву танҳо, табақаҳои ниёзманди ҷомеа, ғамхорӣ ба ятимону бепарасторонро аз фазилатҳои неки инсонӣ меҳисобанд. Дар ин замина давоми солҳои Истиқлолият бо мақсади нигоҳубини ятимон ва дар шароити хонаводагӣ ба воя расонидани кӯдакону наврасон садҳо нафар кӯдак аз ҷониби шахсони хайрхоҳ ба фарзандӣ қабул карда шудаанд ва шахсоне, ки бо меҳру муҳаббати беандоза ва эҳсону парасторӣ таълиму тарбияи кӯдакони ятимро ба ӯҳда гирифтаанд, амали савоберо ба анҷом мерасонанд. Бо мақсади амалӣ намудани ин самт давлат ва Ҳукумати Тоҷикистон то имрӯз

чораҳои заруриро андешида истодааст ва солҳои охир кӯмак ба ин гурӯҳҳои аҳолӣ ба як амали хайр ва қарзи имониву виҷдонии ҳар як фарди солимфикру хайрхоҳи ҷомеаи мо табдил ёфтааст”. -Раҳму шафқат ба ниёзмандон, сила кардани сари ятимону шод кардани дили ранҷурон ва дастгириву нигоҳубини маъюбону камбизоатҳо яке аз хислатҳои азалии мардуми тоҷик маҳсуб шуда, аз фарҳангу тамаддуни пурғановати миллати мо сарчашма мегирад. Гузаштагони соҳибфарҳанги мо дар осори пурғановати худ дасти ёрӣ дароз намудан ба эҳтиёҷмандонро аз ҷумлаи рисолатҳои ҷавонмардӣ шумурдаанд. Аз ин лиҳоз, ҳар боре, ки хабари сарпаноҳу сарпарасти ғамхор ёфтани ятимеро дар ин ё он гӯшаи диёрамон мешунавам, вуҷудамро як ҷаҳон хурсандӣ фаро мегирад. Зеро фарзанд хондани ятим ва дар муҳити хонавода ба воя расонидани ӯ амали ниҳоят хайру савоб мебошад. Давлату Ҳукумати Тоҷикистон дар навбати худ барои ғамхорӣ ба ятимон ва таълиму тарбияи онҳо аз ҳамаи имкониятҳо истифода мекунанд. Маҳз дар натиҷаи ҳамин саъю талошҳои пайваста, солҳои охир ҳаҷми маблағгузорӣ аз буҷет барои таъминоти муассисаҳои

таълиму тарбияи ятимон афзоиш ёфта истодааст, - гуфт дар идомаи суханронии хеш раиси Кумита. Дар рафти чорабинӣ аз ятимони кулл даъват ба амал оварда шуд, ки онҳо бояд дар баробари ғамхорӣ ва дастгириҳои пайвастаи Сарвари давлат дониш андӯзанду дар ҳимояи манфиатҳои давлатӣ омодаву устувор бошанд. Дар идомаи чорабинӣ ширкаткунандагони ҳамоиш барои дастгирӣ ва ғамхориҳо ба роҳбарияти Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш изҳори миннатдорӣ намуда, иброз доштанд, ки тамоми кӯшишу ғайрати худро баҳри он равона месозанд, ки ҳамчун ҷавонони бонангу ори миллат паҳлӯ ба паҳлӯи ҳам истода, бо корҳои созандагию бунёдкорӣ, ахлоқу одоби намунавӣ, инсондӯстию ватанпарварӣ ва муборизи ҳақиқии даврони хеш ҳамеша номбардори ин Ватану ин миллат бошанду ҳамеша бо баҳои хубу аъло таҳсил намуда, бо ахлоқи намунавӣ дар ояндаи миллату давлат саҳми арзандаи худро гузоранд. Ва арҷгузорӣ ба муқаддасоти миллӣ, гиромӣ доштани хоку оби диёр ва дӯст доштани Ватани биҳиштосоро шиори ҳамешагии хеш қарор диҳанд. Асрорзода Убайдулло,

- Истиқлолият ба Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ин сиёсатмадори сатҳи ҷаҳониро дод. Имрӯз ӯ машҳуртарин фарзанди Тоҷикистон ва тамоми тоҷикони ҷаҳон ва дӯсти ҳақиқии Афғонистон аст. донишҷӯи Донишгоҳи молия ва иқтисоди Тоҷикистон бо шукргузорӣ аз даврони соҳибистиқлолӣ ва қаноатмандӣ аз дастгириҳои пайвастаи Пешвои миллат гуфт: “Бо ҳукми тақдир гарчанде ятим монда бошем ҳам, ҳеҷ гоҳ худро ятиму бепарастор ҳис наменамоям. Зеро имрӯз дар зери сиёсати ғамхоронаи Пешвои миллат мо - ятимон ҳеҷ мушкилӣ надорем. Имрӯз тамоми шароиту имконот ҷиҳати илмомӯзии мо муҳаёст. Ҳеҷ ятим бояд худро танҳо наҳисобад, зеро имрӯз нигоҳи падаронаи Президенти кишвар ба мо хуб буда, ҳамеша ва дар ҳама ҳолат дастгири мо - ятимон мебошанд. Аз ин лиҳоз, моро мебояд бо шукргузорӣ аз сиёсати ятимпарваронаи давлату миллат ба қадри ин неъматҳо расидагӣ кунем”. Раҳимов Султонмурод, донишҷӯи Донишкадаи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш Рӯзи Президентро ба кулли иштирокдорон муборакбод намуда, гуфт, ки ин санаи таърихӣ барои ӯ хеле муқаддас ва гиромӣ аст. “Бекасӣ барои ҳама душвор аст. Агарчи ман ятими куллам, аммо то ҳол боре ҳам инро фикр накардам, ки ман бекасам. Бекас нафареро мегӯянд, ки дармондаву зор аст ва барои ҳалли мушкилиҳояш дар нимароҳ танҳо мемонад. Ғамхорӣ ва иқдомҳои наҷиби Пешвои миллат бошанд, ин эҳсоси манфиро аз сари мо дур кардааст ва аз ягон бобат танқисӣ намекашем. Аз ҳамин лиҳоз моро мебояд ба таври ҳамешагӣ аз ин марди наҷиб шукргузор бошем”. Дар рафти чорабинӣ чанд тан аз иштирокдорони дигар низ доир ба ғамхориҳои падаронаи Пешвои миллат изҳори сипос намуда, иброз дошанд, ки маҳз ин дастгириҳост, ки мо ба ҳама хоставу ҳадафҳоямон мерасему аз ягон ҷиҳат камбудӣ надорем ва боре ҳам худро танҳо ҳис накардаем. Дар фарҷоми чорабинӣ аз ҷониби ташкилкунандагони ҳамоиш ба иштирокчиён туҳфаҳои хотиравӣ тақдим карда шуданд. Хуршед ХОВАРӢ, “ҶТ”


6 Чанде пеш хабарнигорони рӯзномаи “Ҷавонони Тоҷикистон” ҷиҳати ошноӣ пайдо кардан бо кору фаъолияти сохтмончиёни “Иншооти аср” ба шаҳри Роғун сафари корӣ доштанд. Онҳо дар ин сафар бо нафарони зиёде ҳамсуҳбат гардида, таассуроти эшонро пурсиданд. Инак андешаи чанде аз онҳо пешниҳоди хонандаи гиромӣ мегардад. Соҳибзода Нуриддин Маҳмадшариф, муҳандис: - Солҳои 2007-2008 замони таҳсил дар мактаби миёна барои интихоби касб дармонда будам. Интихоби касбе, ки дар оянда аз рӯи он кор кунам бароям мушкил буд. Соли 2008 бо ибтикори Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва матонату иродаи қавии халқи заҳматкашамон кор дар НБО “Роғун” оғоз гардид. Тамоми ВАО- и кишвар дар ин бора мегуфтанду менавиштанд. Баъди ин мақсад гузоштам, ки ман низ ҳамчун як ҷавони кишвар саҳми худро мегузорам. Бо ҳамин орзу соли 2011 тариқи квотаи президентӣ шомили Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик Муҳаммадҷон Осимӣ шудам. Замони донишҷӯӣ дар бораи ин иншооти аср маълумоти бештар пайдо кардем ва барои ман барин як ҷавони муҳандис фаъолият дар нерӯгоҳ орзуи бузург буд. Соли 2016 тариқи озмун ба Хадамоти давлатӣ оид ба назорат дар соҳаи энергетика ба ҳайси муҳандиси пешбар ба кор оғоз намудам. Баъдан маро тариқи гузариш ба ҳайси муҳандис ба ин ҷо фиристонданд. Дар замони кӯтоҳи фаъолиятам дар иншооти аср таассуроти зиёде бо худ дорам. Орзуи деринаам амалӣ гашт. Маҳз сиёсати ҷавонпарваронаи Пешвои миллат буд, ки мо ҷавонон баъди хатми донишгоҳ аз рӯи ихтисоси худ бо кор таъмин шудем. Вақте ки ба НБО “Роғун” омадем, аз хондаю шунидаҳоямон зиёдро дидем. Дар аввал кор бароямон мушкил буд. Баъди он ки Пешвои миллат баҳри шиносоӣ аз рафти корҳои сохтмонӣ ба иншооти мазкур сафар намуданду бо ҳар яки мо – кормандон, махсусан ҷавонон суҳбат анҷом доданд. Зимни суҳбат якчанд маслиҳату тавсияҳо доданд. Воқеан НБО “Роғун” мактабест, ки бароям садоқат, аз кор наҳаросидан, аз болои худ бештар кор карданро омӯзонд. Баъди кор дар НБО “Роғун” бо дили пур гуфта метавонам, ки лозим шавад даҳҳо неругоҳҳои дигарро месозем. Мирзо Кароматов, корманд: - НБО “Роғун” маро аз муҳоҷират ба Ватан, назди зану фарзандонам овард. Дар зодгоҳам –шаҳри Хоруғ бо шахсоне, ки дар ин иншоот кор мекарданд ҳамсуҳбат шудам. Тасмим гирифтам, ки аз ин пас дар иншооти ватанӣ кор мекунам. Баъди ба НБО “Роғун” омадан дидам, ки шароите, ки дар ин ҷо барои кормандон муҳайё шудааст, дар ягон корхонае, ки ман дар муҳоҷират фаъолият доштам, вуҷуд надошт. Аз боду ҳавои Ватан нафас гирифтан ин худ хушбахтист.

“ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН”, №46 (9576), 14.11.2018

КОХИ НУР Бартарии аз ҳама муҳим дар он аст, ки дар назди зану фарзандон ҳастем. Баъди 15 рӯзи корӣ ба назди оилаи худ бармегардем. Назди мо як мақсад буд, дар кадом шароите, ки набошад мо ин иншоотро месозем. Кормандон бо ҳамин шиор дили кӯҳро мешикофанд. Насиб агрегати аввалини онро бо иштироки Пешвои миллат ба кор медарорем, ки ин натанҳо хурсандии мо – кормандон, балки хурсандии тамоми мардуми тоҷик аст. Суҳроб Саъдуллоев, муҳандис-танзимгар: - Саҳм гузоштан дар НБО “Роғун” шахсан барои ман шараф аст. Сиёсати ҷавонпарваронаи Пешвои миллат буд, ки мо-ҷавонон имкон пайдо кардаем, ки дар чунин иншооти бузург мавқеъ пайдо намоем. Имрӯз қатори ман ҷавонони зиёд фаъолият меку-

бузурги энергетикаи тоҷик гузоранд. Файзалӣ Ниёзов, усто: - Давоми ҳашт сол мешавад, ки дар ин иншооти бузург кору фаъолият дорам. Давоми ин муддат таҷрибае, ки барои мо ҷавонон НБО “Роғун” ҳамчун як мактаб дод, мо метавонем дар оянда даҳҳо нерӯгоҳҳоро бе иштироки мутахассисони хориҷӣ созем. Дар аввал вақте омадему кӯҳҳоро дидем ва фикр кардем, ки мо бояд дили ҳамин кӯҳҳои бузургро шикофем, моро як ҳисси ноумедӣ фаро гирифта буд. Баъди вориди кор шудему шавқу шӯр, нангу номус ва матонату иродаи кормандонро дида, ҳисси ноумедиро аз худ дур намудем. Бо чашми сар дидем, ки мардуми тоҷик ба чӣ корҳо қодир аст. Айни ҳол шахсоне, ки бори аввал вориди иншоот мешаванд, дар ҳайрат мемонанд, ки чи гуна мардум

шароитҳо набуд. Ҷавонони моро зарур аст, ки танҳо пайрави Пешвои миллат бошанд, зеро ин сиёсат, сиёсати созандаю бунёдкорона аст. Дар пайравии ин сиёсат даҳҳо иншооро сохта ба истифода медиҳем. Зеро мо – мардуми тоҷик ин қудратро дорем. Меҳроб Бобохонов, сардори қитъаи бетонрезӣ: - Дар ин иншоот тӯли якуним сол мешавад, ки кору фаъолият намуда истодаам. Айни ҳол кор дар неругоҳ хеле хуб рафта истодааст. Мо кӯшиш намуда истодаем, ки ба муҳлати муқарраршуда, кори гирифтаи худро бо сифати баланд ба анҷом расонида супорем. Чун сардори қитъаи бетонрезон ҳастам, дар ин қитъа бист нафар кор мекунад. Дар куҷое анҷом додани корҳои бетонрезӣ баромада монад, мо ба сомон мерасонем. Ба истифода дода шудани

мояд, ки садсолаҳо ин нерӯгоҳ барои кишвар хизмат хоҳад кард. Қурбоналии Зайдулло, сохтмончӣ: - Барои ба кор омадан ба нерӯгоҳ хеле зақманд будам. Инак беш аз як сол аст, ки дар ин ҷо фаъолият намуда, саҳми худро дар бунёди иншооти аср гузошта истодаам. Саҳм гузоштан дар ин гуна иншооти бузург боиси ифтихору сарфарозист. Ҳар як ҷавон бояд дар пешрафти ҷумҳурӣ саҳмгузор бошад. Тоҷикистони мо обод аст ва бо ба истифода додани неругоҳи Роғун боз ҳам зебову пешрафта хоҳад гашт. Хуршед Эшбадалов, сохтмончӣ: - Ҷавононе, ки дар ин ҷо кору фаъолият доранд, ҳама дар вақташ вазифаи бар дӯш доштаашонро иҷро намуда истодаанд. Ба истифода дода шудани нерӯгоҳ ин бениҳоят

Соҳибзода Нуриддин Маҳмадшариф

Мирзо Кароматов

Суҳроб Саъдуллоев

Гулбаҳор Солиҳова

нанд, ки аксар баъди хатми донишгоҳ аз рӯи ихтисос фаъолият доранд. Мо як гурӯҳ ҷавонон корро аз НБО “Норак” ва “Қайроқум” оғоз намудем. Лекин дар НБО “Роғун” кор тамоман дигар аст. Ин ҷо аз хурд то бузург бо як ҳисси баланди миллӣ кор мекунанд. Ҷавонони мо имрӯз таҷрибаи бузургро гирифтанд. НБО “Роғун” барои мо як мактабе шуд, ки истеъдодҳоро аз сар то сари кишвар ба ҳам овард. Ин ҷо ҳамчунин мутахассисони хориҷӣ низ фаъолият мекунанд, ки аз якдигар чизе меомӯзем. Ҳоло кӯшиш дорем корҳои ба зиммаамон гузоштаро сари вақт анҷом диҳем. Гулбаҳор Солиҳова, назоратчӣ –алоқачӣ: - Давоми даҳ сол мешавад, ки дар иншооти аср, НБО “Роғун” кор мекунам. Корро аз НБО “Сангтуда” оғоз намудаам. Хушбахтам, ки ду фарзандам кори маро дида, дилбастагияшон зиёд шуду соҳаи энергетикаро интихоб намуданд. Фарзанди якумам баъди хатми Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи М. Осимӣ ҳамроҳам саҳми худро дар ин сохтмони муҳими аср гузошта истодааст. Рӯзҳои аввали кор, соли 2008 кор барои мани бону бисёр мушкил буд. Чандин бор зери хатар монда будем. Зеро мо – мардуми меҳнатқарини тоҷик дили кӯҳро мекофтем. Новобаста ба ин мушкилиҳо тоқат кардем. Шукр, ки ҳама ин мушкилиҳо пушти сар гаштанд ва дар арафаи ба истифода додани НБО “Роғун” қарор дорем. Ба ҷавонони тоҷик расониданиам, ки оянда чунин сохтмонҳо ба монанди “Шуроб -1 -2”, “Нуроб -1-2” ва ғайраҳо ба нақша гирифта шудааст, нағз таҳсил намуда, саҳми худро дар бунёди иншоотҳои

дар дили кӯҳ кор ва зиндагӣ мекунанд. Рисолати мо – ҷавонон аст, ки баъди ин қадар дастгириҳо созему бунёд намоем, то ба ояндагон чизи неке боқӣ монем. Вале он чизе ки имрӯз мо карда истодаем, дар ҷавоб ба ин ғамхориҳо хело кам аст. Мо бояд даҳҳо иншоот ба монанди “Роғун”-ро созем ва ман ба қувваи ҳамсолонам – ҷавонони тоҷик бовар дорам. Аслиддин Пирназаров, кафшергар: - Ман аз ноҳияи Дарвоз хеста омадам, то дар ин иншооти муҳими аср саҳми худро гузорам. Давоми се сол аст, ки кор мекунам. Дар ин муддат шоҳиди рӯйдодҳои зиёд гардидем. Вақте ки тариқи телевизион ин нерӯгоҳро медидем, фикр мекардам, ки хело хурд аст. Баъди омадан пай бурдам, ки тариқи телевизион як гӯшаашро ба мо намоиш медодаанд. Имрӯз, ки ман дар ин ҷо кор мекунаму рафта ба наздиконам аз рафти кор ва таҷҳизотҳои иншоот нақл мекунам, онҳо дар ҳайрат мемонанд. Аз ҳамин сабаб ба ҷавонон гуфтаниям, ки ба мардикорӣ нараванду омада саҳми худро дар ин иншооти миллӣ гузоранд. Шахсе, ки НБО“Роғун”-ро бо чашми сар намебинад, фикр мекунам, ки аз имкони дидани як муъҷизаи рӯи замин маҳрум гаштааст. Ман махсус қайд кардан мехоҳам, ки дар бунёди НБО “Роғун” саҳми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ниҳоят бузург аст. Зеро ҳар як маротибае, ки омада рафти корҳоро мебинанд, тамоми кормандон хастагии худро дур мекунанд. Мисле, ки рӯзи якуми кор аст бо шавқу шӯри дучанд корро пеш мебаранд. Ҷавонони имрӯзро дида, ҳасад мехӯрам, ки даврони ҷавонии мо чунин

чархаи аввали НБО “Роғун” боиси хушҳолии ҳар яки мост. Аз хурсандӣ доир ба он чизе гуфта наметавонем. Зеро он беҳтарин туҳфаи замони соҳибистиқлолист. Дар ин ҷо ҷавононе, ки кору фаъолият доранд, заҳматашон қонеъкунанда аст. Баҳри ватани худро боз ҳам обод намудан, ҳар як ҷавонро лозим аст, ки кори худро сидқан иҷро намояд. Ба истифода дода шудани аввалин чархаи нерӯгоҳро ба тамоми сокинони кишвар, бахусус ҷавонон табрик менамоям ва ҳар як ҷавон бояд баҳри пешрафту тараққиёти кишвар саҳми худро гузорад. Маҳмадёр Мухторов, сохтмончӣ: - Пеш аз оне ки ба ин ҷо баҳри фаъолоияти меҳнатӣ биёям, тавассути оинаи нилгун сохтмони нерӯгоҳи “Роғун”-ро медидам. Аммо шунидан кай бувад монанди дидан. Чун ин ҷо омадам, худ шоҳид гардидам, ки корҳои сохтмонӣ дар нерӯгоҳ бо ҷӯшу хурӯш рафта истода, ҳама бо дили гарм пайи анҷом додани вазифаи бар дӯш доштаашон мебошанд. Ба кор андохтани нахустин чархаи НБО “Роғун” ин бениҳоят хуб аст. Ба мардуми кишварамон гуфтаниям, ки доимо хушбахт ва сарбаланд бошем. Саидшоҳ Бекмуродзода, сохтмончӣ: - Ҷавонон дар кадом соҳае, ки кору фаъолият менамоянд, бояд пеш аз ҳама саҳми худашонро баҳри пешрафту ояндаи мамлакат гузоранд. НБО “Роғун” бо ба истифода додани он нақши он дар пешрафт ва оядаи кишвар хеле муҳим аст. Бояд ҳар як сохтмончӣ бо дасту дили гарм баҳри бо пуррагӣ бо сифати баланд сохта ба истифода додани нерӯгоҳ талош на-

хушҳолкунанда аст. Зеро тамоми мардуми тоҷик ин рӯзро интизоранд. Неругоҳи Роғун дарвоқеъ яке аз иншоотҳое мебошад, ки кохи нур унвон шудааст ва бо мавриди истифода қарор гирифтан, он тамоми хонадони моро нуру зиё мебахшад. Маҳмадшариф Атовуллоев, сохтмончӣ дар бахши барқ: - Сохта ба истифода дода шудани НБО “Роғун” дар беҳбудии зиндагии сокинони кишвар нақши муҳимро дорост. Зеро бо мавриди истифода қарор гирифтани он мардум боз ҳам бо нерӯи барқ таъмин мегарданд. Нерӯгоҳ вақте ки аввалин чархааш ба кор андохта мешавад, ин барои мо кормандони нерӯгоҳ лаҳзаҳои фаромӯшношуданӣ хоҳад буд. Имрӯз чун қисми бештари кормандони нерӯгоҳро ҷавонон ташкил менамоянд, корҳои сохтмонии НБО “Роғун” барои онҳо як мактаби бузургест, ки таҷрибаву малака ва маҳорати касбиашон бештар мегардад. Бо аз бар намудани малакаву дониши сохтмончӣ онҳо метавонанд минбаъд дар дигар сохтмонҳои бузург кору фаъолияти намунавӣ намоянду дар расидан ба истиқлолияти энергетикӣ ва дар рушди кишвари азизамонТоҷикистон саҳмгузор бошанд. Муҳаммадюсуф Абдуллоев, насбгар: Аз соли 1988 ба НБО “Роғун” ба кор омадам, вале кор чуноне ки айни ҳол рафта истодааст, ба ин дараҷа набуд. Дар ибтидои кор дар неругоҳ техникаву технология кам ба назар мерасид. Имрӯз техникаҳое мавҷуд аст, ки кори чандин техникаи дигарро иҷро менамояду корро пеш мебарад. Нерӯгоҳи “Роғун” барои ман якчанд

Дида азми сарвару ҳар коргар,


“ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН”, №46 (9576), 14.11.2018 чиз дод. Аввалан чун вақте пас аз хизмати ҳарбӣ ман омадам, қариб ки ҳеҷ тасаввуроте надоштам. Яъне касберо пурра намедонистам. Хушбахтона, пас аз кору фаъолияти чандинсола бароям муяссар гардид, ки беш аз даҳ кору ҳунарро аз бар намудам. Гарчанде ягон муассисаи таълимии касбиро ҳам хатм карда набошам Тамоми соҳаҳо дорои душворию мушкилиҳо мебошад. Ҳар боре бо мушкилоте рӯ ба рӯ мегардидам, ба худ мегуфтам, ки набояд аз он ҳарос намоям. Балки бояд ҳарчи бештар талош намоям, ки он бартараф гардад. Ҳамин чизҳо буд, ки то имрӯз муваффақона кору фаъолият дорам. Вақте мушкилӣ пеш ояд, бояд пеши нафари таҷрибадор рафта, аз ӯ маслиҳат гирифтан лозим. Ман чунин мекардам. Айни ҳол бошад, ҳар коргари ҷавоне, ки нав ба кор омада-

КОХИ НУР дар таърихи кишварамон боз як рӯзи таърихӣ сабт мешавад, ки ин ҳам бошад ба кор даромадани чархаи НБО “Роғун” мебошад, ки фикр мекунам, ин барои мо сохтмончиёни нерӯгоҳ беҳтарин хотирот мебошад. Ба истифода дода шудани аввалин агрегати НБО “Роғун” рӯйдоди бузург барои мо сохтмончиён аст, ки шабонарӯзӣ бо дастгирии Пешвои миллат мо имрӯз дар фазои сулҳу ваҳдат, оромӣ ва тинҷие, ки дар хонадони мо аст, бо як рӯҳияи болида дар ин иншооти аср кору фаъолият дорем. Мо ҷавонони Тоҷикистон гуфта метавонем, ки сохтмони ин иншооти муҳимро бо пуррагӣ бо рӯҳияи болида ба анҷом расонида метавонем. Ҷумахон Ҳакимов, сардори гурӯҳи барқкорон дар (КУРЕЙ) Маҷмуи дастгоҳҳои пӯшидаи элегазӣ:

вақте рӯзи аввал дар ин ҷо корро шуруъ кардам, ман онро ба худ нерӯгоҳи нангу номус ном ниҳодам. Чун воқеан кор дар ин иншооти бузург арсаи нангу ном аст. Гумон намекардам, ки нерӯгоҳ дар дохили кӯҳ асту бо муосиртарин таҷҳизотҳо бо ин ҳама бузургӣ бунёд шуда истодааст. Лаҳза ба лаҳза рӯзи ба истифода додани аввалин чархаи “Роғун” наздик шуда истодааст ва ман лаҳзашуморӣ карда, бесаброна ин рӯзро интизорам. Ва ин эсосоти васфношуданӣ аст. Давлатмурод Раҳимов, саркор: - “Роғун” барои ман мактаби обутобёбист. На танҳо барои ман балки барои кули он ҷавононе, ки дар ин ҷо кору фаъолият менамоянд, “Роғун” ҳамин нақшро мебозад. Тули як соле, ки инҷо кор мекунам, мушоҳида кардам, ки ҷавонон баъди ба “Роғун” ома-

кор дар нерӯгоҳ таҳрик медиҳад, ин донистани санаи кушодашавии “Роғун” аст. Онҳо дар суҳбатҳои инфиродии худ аз он меболанд, ки иштирокчии бевоситаи ин рӯйдоди муҳим ва таърихианд. Сайдулло Абдулаҳадзода, раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ҶСК “Роғун”: - Бунёди НБО-и “Роғун” орзуи чандинсолаи мардуми тоҷик аст. Баъзеҳо ин орзуро ба хок бурданд, баъзеҳои дигар то ҳол паи ҳамин орзу нишаста буданд ва имрӯз аз он хушнуданд, ки барои амалӣ шудани ин орзӯи чандинсолаашон лаҳзаҳои ба шумор мондааст. Замоне “Роғун” чун фарзанди бе падару модар ятим монд. Баъди пошхӯрии Иттиҳоди Шӯравӣ ва шурӯи ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ касе ёди “Роғун” намекард. Ҳама дар ёди ҳифзи ҷони худ буд. Ҳатто бунёди “Роғун” ба назар хобу хаёл менамуд.

Вахш дар фармони Роғун мешавад

7 ИЛҲОМ АЛИЕВ, ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ОЗАРБОЙҶОН: -Сиёсатмадорро бо сифатҳое чун хирадмандиву ҷасурӣ, ҳадафмандӣ ва аз ҳама муҳимаш, бо такя доштанаш ба дастгирии халқ мешиносанд. Вале боз омили дигари муҳим, ба андешаи ман, ин накуӣ мебошад, ки дар чашмони Эмомалӣ Раҳмон рӯшан аён аст. Муҳаббат ба халқи хеш, майли беҳсозии некуаҳволии онҳо, фаъолона ба ҷомеаи ҷаҳонӣ ворид намудани Тоҷикистон ва таъмини ҳаёти шоиставу арзанда барои мардуми он мақсаду мароми ӯст.

Сайдулло Абдулаҳадзода Файзалӣ Ниёзов

Аслиддин Пирназаров

Меҳроб Бобохонов

Маҳмадёр Мухторов

Муҳаммадюсуф Абдуллоев

Саидшоҳ Бекмуродзода

Қурбоналии Зайдулло

Хуршед Эшбадалов

Маҳмадшариф Атовуллоев

асту дар кораш ба нофаҳмие дучор мешавад, мо ба ӯ мефаҳмонем, то вазифаашро хуб иҷро созад. Аз ин ки аввалин чархаи нерӯгоҳ ба истифода дода мешавад, хеле шод мешавам. Зеро пас аз сӣ соли фаъолият акнун аввалин чархаи он ба истифода дода мешавад, ки ин хеле хурсандибахш аст ва хушҳолем, ки баҳри расидан ба истиқлолияти энергетикӣ саҳми худро гузошта истодаем. Абдураҳмон Саидов, устои қитъаи васлгарӣ, сохтмонӣ ва бетонрезӣ: - Дар неругоҳи “Роғун” аз соли 2009 инҷониб кору фаъолият дорам. Лаҳзаҳои хотирмон дар ҳаёти кориам хеле зиёданд ва аз ҷумлаи онҳо ин кор дар НБО “Сангтуда” ва “Роғун” мебошад. Зеро бо фаъолияти онҳо ки якеаш фаъолият карда истодааст, мо боз ҳам бо барқ беҳтар таъмин гардидем. Мо айни ҳол аз ҳисоби неруи барқ танқисӣ надорем ва инчунин мо метавонем, ки неруи барқро ба дигар давлатҳо фурушем, ки ин ҳама дар ҳаёти ман лаҳзаҳои фаромушнашаванда аст. Ба рӯзҳои наздик бо як умеду орзу ва дилгармӣ интизорем, ки

- Ман корро аз рӯи ихтисосам каме дертар шуруъ кардам. Соли 2001 Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М. С. Осимиро бо ихтисоси барқчӣ хатм намудам, аммо ба кор аз рӯи ихтисосам дар корхонаи “Тоҷикгидроэлектромантаж” соли 2015 даромадам. Яъне, пеш аз он ки ба НБО-и “Роғун” ба кор оям, дар соҳаи худ каме ҳам бошад таҷриба дошам. Ҳамагӣ як сол мешавад, ки дар “Роғун” кор мекунам. Аммо он таҷриба ва бардоште, ки ин муддат гирифтам, бовар дорам, тамоми умр аз пушти он нон мехурам. Бисёр шарафи бузург аст, ки мо дар ин иншооти нангу номус кор мекунем. Мо медонем, ки “Роғун”-ро аз хурд то калон чун дигар рамзҳои муқаддаси кишвар ҳамагӣ медонанд ва ба кор шуруъ намудани онро интизоранд. Аммо онҳое, ки дар “Роғун” кор мекунанду зарра-зарра бунёди онро ҳамарӯза мушоҳида мекунанд, лаҳзаи ба кор даромадани чархаи якумро ба таври дигар интизоранд. Чӣ тавр? Масалан, вақте ки ман то ҳол ба “Роғун” наомада будам, фикр мекардам, ки “Роғун” ҳам чун дигар нерӯгоҳҳои кишвар аст. Бо ҳамин тасаввур ба кор омадам. Аммо

дан руҳияаашон хеле дигар мешавад. Эҳсоси ватандӯстиашон боло меравад. Вақте Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бевосита бо кормандони нерӯгоҳ вомехӯранду онҳоро дар роҳи бунёдкорӣ ва созандагӣ ҳидоят менамоянд, ин албатта бетаъсир намемонад. Дигар, ҷавонон ҳангоми кор дар ин иншооти бузург мутахассиси варзидаи соҳаи худ мешаванд. Инро аз таҷрибаи худ мегӯям. Баъди хатми факултети механик аз рӯи ихтисоси таъминоти барқи Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Ш. Шоҳтемур қариб ду сол дар дигар ҷо фаъолият мекардам. Муддати як сол аст, ки дар “Роғун” кор мекунам. Дар муддат тамоми нозукиҳои соҳаи худро аз худ кардам. Гузашта аз ин аз ҳар ҷавоне, ки баъди хатми донишгоҳ ба ин ҷо бо донишҳои назарӣ меояд, дар якду моҳ бо ёрии мутахассисони нерӯгоҳ ҳама ҷанбаҳои амалии касби худро аз худ мекунанд. Бо бовари метавонам гӯям, ки ҳар ҷавоне аз “Роғун” таҷрибаи корӣ дорад, дар дилхоҳ коргоҳу корхона аз рӯи ихтисосаш бемушкилӣ метавонад, фаъолият намояд. Дигар чизе, ки ҷавононро барои фаъолияти хуб ва кордону мутахассиси варзида шудан баҳри

Аммо баъдан нафаре ёфт шуд, ки ин ятимро ғамхорӣ намуда ба воя расонад. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба тамоми сокинони кишвар рӯҳу илҳом бахшида, онҳоро баҳри бунёди “Роғун” нерӯманд сохт. Дилу нияти онҳоро баҳри обод намудани Ватан гарм сохт. Натиҷааш ҳамин шуд, ки ин фарзанди як замон ятим ҳоло ба ҳама ба майдони нангу ор бадал гаштааст. НБО-и “Роғун” ҳоло як потенсиали кадрӣ шудааст. То якуми октябри соли 2018 теъдоди коргарон ба 21 415 нафар расид, ки дар ин шумор аз тамоми манотиқи кишвар кормандон фаъолият мекунанд. Матонату ҷавонмардӣ ва заҳматҳои шабонарӯзии Пешвои миллат ҳама ин кормандонро ба ҳам овард. Ва мо баъди чанд рӯз шоҳиди рӯйдоди нотакрори таърихӣ мешавем. Рӯйдоде, ки пайки онро дар ҳар хонадони тоҷик интизорӣ мекашанд. Ба масал мо як истиқлолияти дигарро ба даст меорем. То ҳамин андоза хурсандиовар аст, ифтитоти ҷархаи якуми НБО-и “Роғун”. “Ҷавонони Тоҷикистон”

Абдураҳмон Саидов

Ҷумахон ҲАКИМОВ

Давлатмурод РАҲИМОВ


8 ПЕШВО ДОРЕМ, ДОРЕМ ИФТИХОР АЛЕКСАНДР ЛУКАШЕНКО, ПРЕЗИДЕНТИ БЕЛАРУС:

-Тоҷикони сарбаланду меҳнатдӯст, боистеъдод ва меҳмоннавоз воқеан ҳам, ба ҳамватани худ – Эмомалӣ Раҳмон ифтихор мекунанд. Зеро он сиёсати оқилона, ки ин мард пеш мебарад, кишварашро ҳифз кард, ба ин сарзамин сулҳу осоиш овард. Бо дарназардошти саҳми ҷавонон дар рушди ҷомеа ва иштироки фаъолонаи онҳо дар ҳаёти сиёсиву иқтисодии мамлакат пешниҳод менамоям, ки соли 2017 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Соли ҷавонон эълон карда шавад. *** Мазҳ ҷавонони ж ж боистеъдод қудрат доранд, ки хазинаи илму фарҳанги миллати хешро ғанӣ гардонида, ҳамчун ҳалқаи мустаҳкам дар занҷири маърифати наслҳо хизмат намоянд. *** Мо аз он қаноатмандем, ки имрӯз ҷавонони мо бо азму иродаи қавӣ ва бо завқи баланд илму донишҳои муосирро аз худ намуда, дар соҳаҳои гуногуни ҳаёти давлату ҷомеа ва ба хотири рушди кишвари маҳбубамон саъю талоши фаъолона доранд. *** Мо ба ҷавонони кишвар ҳамчун нерӯи фаъолу боғайрат, ташаббускору созанда эътимоди зиёд дорем ва дар раванди бунёди ҷомеаи демократӣ ва ободу пешрафта ба онҳо такя мекунем. *** Истиқлолият ҳамон вақт маънӣ ва моҳияти воқеӣ пайдо мекунад, ки ҷавонон сабақҳои онро ҳамчун дастоварду неъмати бузурги таърихӣ ҳаматарафа омӯзанд, ба ҳифзи дастоварҳои кишвари соҳибихтиёри худ ҳамеша омода ва аз равандҳои солиму носолими ҷаҳони имрӯза огоҳ бошанд, таърихи гузаштаву муосири халқи худро гаштаву баргашта варақ зананд, Ватан, миллат, забон ва фарҳанги миллии хешро азизу гиромӣ доранд. *** Ҷавонони дорои маърифати олӣ ва тафаккури созандаву ахлоқи ҳамида метавонанд пайванди ногусастании наслҳо ва рӯҳи абадзиндаи аҷдоди бофарҳанги хешро зинда нигоҳ доранд. *** Итминони комил дорам, ки ҷавонони ватандӯсти мо минбаъд низ бо ҳисси баланди худшиносиву худогоҳии миллӣ, зиракии сиёсӣ, ҷаҳонбинии васеъ, маърифати ҳуқуқӣ ва саъю талоши созандаву

Ҷавонон дар шинохти Пешвои миллат

бунёдкорона барои ободии кишвар ва боз ҳам баланд бардоштани обрӯю нуфузи Тоҷикистони азизамон дар арсаи байналмилалӣ талош намуда, дар густариши ваҳдати миллӣ, сулҳу субот ва таҳкими пояҳои истиқлолияти давлатӣ саҳми арзанда мегузоранд. *** Ҳар касе, ки ниҳоле сабзонда бошад, медонад дарахт соле як маротиба ҳосил медиҳад. Аммо ниҳоле низ ҳаст, ки ҳамеша меваи ширин ба бор меорад. Мо меваи ширину сабзонидаамонро чашидем, ҷомеаи мо аз он баҳравар гардид, мо ҳаргиз роҳ, намедиҳем, ки дигар теша ба решай он расад.

Сарм о я и инсонӣ ҳамчун м у ҳ а р р и к и пуриқтидор ба пешрафти инноватсия ва технологияҳои нав мусоидат мекунад ва бинобар ин, илми муосири ватанӣ бояд ҷавононро бештар ба илмомӯзӣ, татбиқи лоиҳаҳои инноватсионӣ ва таҳқиқи масъалаҳои иқтисоди рақамӣ сафарбар намояд. *** Ҷавонони имрӯзаи мо, яъне насли замони истиқлол аз наслҳои пешина бо савияи илму дониш, маърифату ҷаҳонбинӣ, сатҳи тафаккур ва одобу ахлоқ фарқи куллӣ доранд, ки ин ҳама боиси ифтихори мо мебошад. *** Ҷавонон бояд аз ҳама қишрҳои ҷомеа бештар фаъол бошанд, ташаббусҳои созанда пешниҳод намоянд, рамзҳои давлатӣ, муқаддасоти миллӣ ва дастовардҳои истиқлолиятро ҳифз кунанд, дар ҳаёти сиёсиву иҷтимоии Тоҷикистони азиз бо дасту дили гарм ва нерӯи бунёдгарона

ширкат варзанд, амнияти давлат ва шарафу номуси ватандориро ҳимоя карда, худро аз ҳама хавфу хатарҳои номатлуби ҷаҳони муосир эмин нигоҳ доранд ва парчамбардори ин сарзамин, марзу бум ва кишвари муқаддасамон бошанд. *** Ҷавонони мо дар ҳар ҷое, ки бошанд, бояд ҳисси баланди миллӣ дошта бошанд, бо Ватан, миллат, давлати соҳибистиқлоли худ ва забону фарҳанги миллии хеш ифтихор намоянд ва барои ҳимояи онҳо

ҳамеша омода ва ҳушёру зирак бошанд. *** Ҷавонон қувваи бузург, нерӯи созанда ва ояндаи миллатанд. *** Татбиқи босамари сиёсати давлатии ҷавонон аз рӯзҳои нахустини соҳибистиқлолӣ дар меҳвари фаъолияти Ҳукумати Тоҷикистон қарор дорад. Аксарияти аҳолии Тоҷикистонро ҷавонон ташкил медиҳанд, ки онҳо давомдиҳандаи кору фаъолияти насли калонсол, неруи созанда ва иқтидори воқеии пешрафти ҷомеа, хулоса ояндаи миллат ва давлат мебошанд. Ҷавонон бояд сабақҳои Истиқлолиятро ҳаматарафа омӯзанд, аз сиёсати имрӯз огоҳ бошанд, таърихи гузаштаву ҳозираи халқи худро гаштаву баргашта варақ зананд ва аз Ватан, миллат,

забон ва фарҳанги худ ифтихор намоянд. *** Ҷавонон идомадиҳандаи суннатҳои таъ¬рихиву фарҳангии қадимии миллати худ, сарчашмаи ташаббусҳои бузург, манбаи ғояҳои нав, эҷодкори тақдири имрӯзу ояндаи Тоҷикистони соҳибистиқлол мебошанд. *** Ҷавонон бояд ба омӯзишу такмили донишу малакаи худ диққати ҳамаҷониба диҳанд, чунки Тоҷикистон ба мутахассисони соҳибтаҳсилоту ташаббускоре ниёз дорад, ки мувофиқи талаботи

иқтисоди бозорӣ вусъати рушди иқтисодию иҷтимоии кишварамонро таъмин менамоянд. *** Ҳукумати Тоҷикистон ташаббусу пешниҳодҳои созандаи ҷавононро ҳамеша дастгирӣ намуда, барои амалӣ гардидани онҳо имконият фароҳам меорад. Наврасону ҷавонони моро зарур аст, ки ҷавобан ба ин ғамхориҳо тамоми саъю талоши хешро ба донишандӯзӣ, интихоби касбу ҳунарҳои муосир, ободиву пешрафти сарзамини аҷдодӣ, ҳимояи Ватан, рушди илму техника ва бунёдкорӣ равона созанд. *** Боиси қаноатмандист, ки ҷавонони бонангу номус ва боиродаи мо ҳамчун нерӯи созанда дар маъракаҳои муҳимми давлативу ҷамъиятӣ фаъолона иштирок карда, дар корҳои ободонӣ ва бунёдкорӣ ҳиссаи сазовор гузошта истодаанд. *** Дар ин раванд, зарур аст, ки

“ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН”, №46 (9576), 14.11.2018

минбаъд худи ҷавонон ташаббускори амалҳои созанда бошанд, дастовардҳои илмиву эҷодии худро сари вақт муаррифӣ созанд, ба муқобили зуҳуроти номатлуб мубориза баранд, зиракии сиёсиро аз даст надода, дар ҳифзи амнияти ҷомеа ва давлат омода бошанд, таъриху фарҳанги халқамонро гиромӣ доранд ва барои ободиву пешрафти минбаъдаи Ватани маҳбубамон саъю кӯшиш намоянд. *** Ғамхории Ҳукумат нисбат ба ҷавонон танҳо бо Соли ҷавонон маҳдуд намешавад. Баръакс, ҳалли масъалаҳои вобаста ба наврасону ҷавонон минбаъд низ самти муҳимтарини фаъолияти мо хоҳад буд. *** Давлат ва Ҳукумати Тоҷикистон бо дарназардошти талаботи замони муосир барои тарбияи истеъдоди насли наврасу ҷавони кишвар, яъне ба воя расонидани номбардорони ояндаи миллат тамоми шароиту имкониятҳои худро истифода карда, барои таълиму тарбия ва обутоби онҳо аз лиҳози маънавию ҷисмонӣ ҳамаи шароитро фароҳам оварда истодааст. *** Тоҷикистон аслан кишвари ҷавонон аст. Аз ин лиҳоз, мо орзуманди онем, ки шумо ҳамеша сарбаланд бошед, зеро донишу истеъдод ва нерӯи созандаи шумо мояи ифтихор ва сари баланди халқи бузургвори мост. *** Мо бояд дар замири насли ҷавон ҳисси баланди миллӣ, эҳсоси худшиносиву ватандӯстӣ, ахлоқи ҳамида, сабру таҳаммул, омӯзиши илму дониш ва касбу ҳунарҳои муосир, ҷиддияту меҳнатдӯстӣ ва эҳтироми волоияти қонунро талқин намоем, то онҳо дар оянда ҳамчун намояндагони сазовор ва шоистаи миллати хеш Ватани азизамонро дар арсаи ҷаҳонӣ муаррифӣ карда тавонанд. *** Ҷавононе, ки Ватани худро воқеан дӯст медоранд ва ободиву тараққиёти онро мехоҳанд, бояд аз дастовардҳои илму техникаи муосир, аз таҷрибаи ҷаҳонии пешбурди иқтисодиёт воқиф бошанд ва ҳамеша ба хотири ҳифзи манфиатҳои давлату миллати хеш кӯшишу талош намоянд. *** Мову шумо дар назди таърих вазифадор ҳастем, ки ба қадру манзалати Ватани аҷдодиву давлати соҳибистиқлол расем ва аз гузаштагони сарбаланду падару модарони худ дарси сабру таҳаммул, заҳмату ободкорӣ, ватандӯстиву мардонагӣ ва шуҷоату қаҳрамонӣ омӯзем. Зеро Ватани маҳбуби мо ва ҷомеаи кишварамон ба сатҳи баланди маърифати сиёсиву шаҳрвандии ҷавонони Тоҷикистон, донишу малака, ғайрату номус ва одобу ахлоқи ҳамидаи онҳо, инчунин азму талоши фарзандони фарзонаи ояндасозу ободгари миллат ба хотири ободиву шукуфоии сарзаминамон эътимоди бузург доранд.


“ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН”, №46 (9576), 14.11.2018

Умри бобоям, Худо аз ин ҳам дарозаш гардонад, ба сад дакка мехурад. Пири рӯзгордида аст. Гарму сард ва шебу фарози зиндагиро зиёд дидааст. Аз гузаштаи хеш таҷрибаи зиёд дорад. Мавсуф боғдорӣ ва нигоҳубини дарахтонро бисёр дӯст медорад ва чанд боғ бо дастони худ бунёд кардааст. Кас аз суҳбаташ сер намешавад. Бисёр ширин ҳарф мезанад. Дар ҳама боб насиҳатҳои созанда дорад. Чанд моҳ пеш барои дидорбинии эшон ба деҳа рафта будам. Шомгоҳон ҳини хӯрокхӯрӣ Телевизиони Тоҷикистон барномаи “Ахбор”-ро намоиш медод, ва ровӣ аз сафари Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти ҷумҳурӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба кадом як ноҳияи кишвар гузориш медод. Бобоям бо ангушташ ҳамаро ишораи хомӯшӣ кард. Бо диққат гузориши ровӣ ва каме аз суханрониҳои Пешвои миллатро тамошо кардем. Баъдан бобоям ба нақл даромад: “Соле, ки ман таваллуд шудам, ҳукумати шӯравӣ ҳамагӣ 5-6 сол дошт. Яъне, ман қариб шоҳиди тамоми солҳои даврони шӯравӣ будам. Серию пурӣ ҳам буду нодорию камбағалӣ ҳам. Ҳатто як дафъа шоҳиди 5 соли ҷанг ҳам шудем. Ҳукумати шӯравӣ моро аз ҳама хатарҳо дар маҷмуъ ҳифз мекард. Аммо ҳамеша эҳсоси мутеъ буданро мекардем. Солҳо саркор будам. Тона-тона бахта ғун мекардем. Аммо барои кӣ? Ин қадар заҳмат чаро? Касе ба ин саволҳо посух дода наметавонист. Ба таври мисол, гӯё шахсе як дарахтро аз наврустагиаш нигоҳубин мекунад. Об медиҳад, пору мепошад, шохаҳои бегонаашро қайчӣ мекунад, аз тамоми газандҳо эминаш медорад, аммо вақте ки бор медиҳад, мевааш баҳри касест, ки дасташ оби хунукро надидааст ва ҳеҷ саҳме надорад. Агарчи ватандор будем,

ПЕШВО ДОРЕМ, ДОРЕМ ИФТИХОР

Пешвои миллат мураббиеро мемонд, ки...

аммо мисли ин ки беватан зиндагӣ мекардем. Шояд таъсири ҳамин буд, ки вақте аз як ҷо ба ҷои дигар маҷбурӣ моро мекӯчониданд, мардум рубоиҳои ғарибӣ эҷод мекарданду фолклорҳои гузаштаро барои ғарибию беватанӣ пайваста месуруданд. Тамъи ватандориро начашида будем. Албатта, Ватан ҳамин тавр хушку холӣ, безаҳмату талош, беҷонбозию ҷоннисоркунӣ ба даст намеояд. Иттиҳоди Шӯравӣ низ барои як давлати бузург шуданаш солҳо талош кард. Муборизаҳои беамон бурд. Аммо солҳо мо дар ин давлати аз лиҳози ҳудуду қувва бузург чун хизматгор будем. Соҳибватан набудем. Агар мехостем, ҷоннисорие кунем, мута-

ассифона он ба номи кишвари мо муҳр зада намешуд. Хушбахтона ва аз бахти ман буд, ки Ватанро озоду соҳибистиқлол дидам. Аммо бояд ҳеҷ кас фаромӯш накунад, ки пас аз ошӯбҳои солҳои 90-ум, ки баъзе хоинон чӣ будани Ватан ва хоки муқаддаси онро танҳо дар ду тангаи сиёҳ медиданд, болои мардум оварданд, Тоҷикистон як ниҳол буд, ки ба парвариши боғбони соҳибтаҷриба ва кордон ниёз дошт. Ва хушо, ки марде ба қимати ҷон ин ниҳолро парвариш карду то ба дарахт шудану самари нек доданаш нигоҳубин намуд. Аз нигоҳи ман Эмомалӣ Раҳмон ба халқи тоҷик ҳамин хизматро кард. Ва имрӯз ман гумон мекунам, як дақиқа нафас гирифтан дар

Иншооти президентӣ Мардуми тоҷик тӯли солҳо мунтазири рӯзе буданд, ки нафаре рӯйи корзори миллат биёяду дар расидан ба истиқлолияти энергетикӣ ва нурафшон гардидани хонадони сокинони кишвар камари ҳиммат бубандад. Пас аз интизориҳо танҳо як нафар – Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳри ба амал баровардани ин орзуву ормони миллат камари ҳиммат бастанд ва бунёди НБО “Роғун” оғоз гардид. Акнун пас аз даҳ соли ҷаҳду талош ва фаъолияти шабонарӯзии сохтмончиёни аср мардуми меҳандӯсти тоҷик шоҳиди ба истифода додани аввалин чархаи ин нерӯгоҳи бузург хоҳанд гашт, ки дар ҷаҳон камназир аст. Пас, барои ин ҳама хизматҳои шоён месазад, ки ин иншооти асрро ба номи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон гузошт ва бовар аст, кулли мардуми Тоҷикистон ба ин пешниҳод ҳамовозу тарафдор хоҳанд буд.

АЗ РОҒУН ТО “РОҒУН” Раҳим Ҷабборов пирамарде, ки солҳои зиёд аст дар иншооти “Роғун” кору фаъолият менамояд ва ҳудуди чил соли ум-

рашро дар бунёди ин нерӯгоҳ сарф кардааст, нақл мекунад, ки пас аз пошхӯрии Иттиҳои Шӯравӣ НБО-и “Роғун” ба харобазоре мубаддал шуда буд. “Дар солҳои нобасомониҳо, ки кишвар дар вартаи ҳалокату ҷанг қарор дошт, НБО-и “Роғун” низ шаҳди ин мусибати азимро чашид. Гуё табиат низ дар он солҳо чун бисёре аз мардум ба Роғун бо чашми ҳасад менигарист. Сарбанди нерӯгоҳ аз боришоти зиёду сел дигарбора хароб шуд. Нақбҳои мошингузару обпарто аз хоку санг пур гардида буд. Техникаву мошинолоти кории нерӯгоҳ ё аз ҷониби кадом силоҳдоре рабуда мешуданд ё бо дастони худи аҳолӣ вайрон мегардид. Чархҳои мошинҳои боркаши ба монанди “Белаз”, ки хеле гарону бузургҳаҷманд, мутаассифона, бо дастони худи аҳолӣ пора-пора мегардиду ба коми оташ фурӯ мерафт. Кор то ҷое буд, ки ҳеҷ касе аз аҳолии минтақа ба дигарбора эҳё гаштани он бовар надошт. Аз ин хотир ҳар нафаре метавонист, ба “қадри имкон” дар харобазортар гаштани он “саҳм” мегузошт. Ҳамин буд, ки барои таъмиру бозсозии он то дер гоҳ касе камари ҳиммат намебаст. Аммо хушбахтона бо ташаббуси Пешвои миллат дар соли 2008 кор дар ин иншоот

ҳавои озоди Ватан баробар ба 70 соли замони шӯравист”. Миллати тоҷик ҳеҷ гоҳ аз хотираш рӯзҳои даҳшатбору даҳшатафкани ҷанги хонумонсӯзи шаҳрвандиро намебарорад. То кунун, ҳар дақиқаву ҳар соат ёди он лаҳзаҳои даргир рӯи чашмони ҳар шаҳрванди худогоҳи ин миллат парда мепӯшонад. Барои эмин мондан аз газандҳову хатарҳо ин кишвари навниҳолро як мураббиву тарбиятгар лозим буд. Нафаре, ки тавонад варо аз вартаи нобудӣ эмин нигаҳ дораду ба воя расонад. Зеро мусаллам аст, ки барои ботарбия ва боахлоқ ба воя расонидани як тифл пеш аз ҳама мебояд волидони ӯ дорои ҳамин хислатҳои накӯ бошанд. Чунончӣ волидон дар бисоти хеш аз ин хислатҳо доранд, онро ба тифлашон таҳмил медиҳанд. Ва табиист, ки дар ин сурат тифли онҳо некӯ ва хушахлоқ ба воя мерасад. Ҳамчунин маҳз аз як устоди соҳибмаълумот ва донишманд шогирди босаводро интизор шудан мумкин аст. Агар муаллим худ бо илму савод бошад, ҳатман шогирдонашро дар ҳамин рӯҳия ба воя мерасонад. Ё агар як мураббии соҳаи варзиш, кордону соҳибтаҷриба ва устоди варзида бошад, ҳатман ӯ варзишгарони хубу бомаҳоратро тарбия мекунад. Дар маҷмуъ дар ҳама соҳот метавон, аз ин мисол истифода бурд. Яъне роҳбари босаводу донишманд ва кордон метавонад, зердастон ва шогирдони худро хушзеҳну кордон намояд. Болотар аз ҳамаи ин барои

шуруъ шуд ва ба таври бесобиқа, ки ҳеҷ нафаре гумон надошт, авҷ гирифт”. НБО-И “РОҒУН” СОХТМОНИ ПРЕЗИДЕНТИСТ Корҳои таъмиру бозсозӣ ва бунёдкорӣ дар НБО-и “Роғун” пас аз таваққуфи тулонӣ маҳз бо ташаббусу шарофати Пешвои миллат сурат гирифта буд. Нафаре ҳам нест, ки инро инкор кунад. Худи як “Муроҷиатномаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба мардуми Тоҷикистон” дар соли 2010 басанда аст, ки мо ба ин сар фуруд орем. Агар аз ҳар нуктае ба ин назар афканем, ҳамин чизро хоҳем дарёфт, ки шахсияте ҳамчун Президент фақат дар лаҳзае ба мардумаш муроҷиат мекунад, ки сари нангу ном ояд. Ва дар худи ҳамин муроҷиатнома ҷое зикр мекунад: “Чанде пеш ҳангоми боздид аз ҷараёни сохтмони нерӯгоҳи Роғун ба мардуми шарифи Тоҷикистон муроҷиат намуда, майдони сохтмони онро ҷабҳаи меҳнати созанда эълон карда будам ва дар ин лаҳзаҳо бори дигар ба тамоми шаҳрвандони давлати соҳибистиқлоламон, сарфи назар аз миллату забон, дину мазҳаб ва андешаву мафкураи онҳо изҳор медорам, ки Роғун корзори воқеии нангу номус, арсаи ҳақиқии корнамоиву фидокории умумихалқӣ ба хотири ободӣ ва ояндаи дурахшони Тоҷикистони соҳибистиқлол мебошад!”

9

НАВОЗ ШАРИФ, СОБИҚ САРВАЗИРИ ҶУМҲУРИИ ИСЛОМИИ ПОКИСТОН: -Рушди бемайлони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар масири пешрафту шукуфоӣ тӯли солҳои ахир далели возеҳи роҳбарии дурандешона ва хирадмандонаи Эмомалӣ Раҳмон мебошад. Тавсеаи муносибатҳои Покистону Тоҷикистон низ бозтоби дидгоҳу ҳадафҳои муштараки мо ҷиҳати таъмини сулҳ, пешрафт ва шукуфоӣ на танҳо дар ду кишвари мо, балки дар тамоми минтақа мебошад. пойдорию мустаҳкам намудани ҳар давлату миллат нақши роҳбар низ ба ҳамин монанд аст. Дар ҳар давлат агар роҳбар донишманду закӣ ва кордон бошад ҳатман он кишвар пешрафта ва дар дунё нуфӯзи бештарро касб мекунад. Аммо бояд донист, ки ин роҳбарӣ ба он гуна саҳл нест, ки мо пиндорем. Чун масъулияти он ҳар дақиқа ба қимати ҷон меистад. Пешвои маҳбуби кишвар баъди ба сари қудрат омадани худ ин гуфтаҳоро исбот намуданд. Дар зарфти чанд соли роҳбарии хеш корнамоиҳое намуданд, ки на ҳар фард тавонашро дорад. Имрӯз бо фаҳму дарки воло ва донишмандию кордонӣ Пешвои миллат ҳама хатарҳоро аз байн бурд. Ва ба таъбири бобоям имрӯз он навниҳолро ба дарахти сершоху барге бадал гардонид. Меваҳои ширини онро сари ҳар қадам мечашему шукрона аз Ватани обод ва давлати осуда мекунем. Хуршед МАВЛОНОВ, “ҶТ”

Пас вақте сухан аз нангу номро нафаре ба миён мегузорад, ки сарвари як кишвар аст, бояд саҳму нақшашро дар ин кор ҷиддӣ пиндошт. Эҳёи дигарбораи Роғун бо дастони ин марди шарифро натанҳо адибону сиёсатмадорони дохилӣ, балки намояндагони мамолики хориҷ низ борҳо зикр кардаанд. Чунончи сиёсатмадор, нависанда, журналист ва публитсисти рус Александр Проханов дар мақолаи хеш - “Бунёди тамаддуни зеризаминӣ дар Тоҷикистон” - аз хизматҳои ин фарзанди садоқатманд ва Пешвои миллати тоҷик баҳри ободии меҳан ва бунёди нерӯгоҳ ёдовар шудааст. “НБО-и “Роғун” сохтмони президентист. Ин “фарзанди дӯстдошта”-и Эмомалӣ Раҳмон аст, ӯ онро ҳамчун хотираи роҳбарии худ бунёд мекунад”,- таъкид кардааст публитсисти рус. Пас танҳо як ташаббуси аҳолӣ ва ниҳодҳои вабаста ба инро кифоя аст, ки НБО-и “Роғун”-ро ба номи ин фарзанди сарсупурда ва фидоии миллат гузоранд. Ва ин кор аз ҳар дидгоҳ мантиқӣ хоҳад буд. Зеро ин мавзуъ чанд соли охир дар сархати эҷодиёти адибони тоҷик қарор дорад. Дар девораҳову дарвозаҳо ва нақбҳои НБО-и “Роғун” бояд ҳаккокӣ карда шавад, ки ин сохтмони президентист ва бунёдгузораш маҳз Пешвои миллат, Эмомалӣ Раҳмон мебошад.

Хуршед ХОВАРӢ, “ҶТ”


10

ҶАВОНОН ВА ИНШООТИ АСР

“ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН”, №46 (9576), 14.11.2018

НУРСУЛТОН НАЗАРБОЕВ, ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ҚАЗОҚИСТОН: -Мо саҳми Эмомалӣ Раҳмонро дар таҳкими ваҳдати халқи тоҷик, рушди кишвар, ҳамчунин дар рушди сиёсиву иқтисодӣ, баланд арзёбӣ мекунем. Дар ин давраи кӯтоҳи таърихӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муваффақиятҳои калон ноил шуда, узви фаъол ва мутаассири ҷомеаи ҷаҳонӣ гашт. - Мо нерӯгоҳи “Роғун”ро беҳуда “сохтмони аср” унвон накардаем. Бо бунёди ин нерӯгоҳи бузург мо натанҳо мушкилоти нарасидани барқро ба аҳолӣ ҳаллу фасл мекунем, балки барои рушди соҳаҳои мухталифи иқтисодиёт, фаъолияти муназзами корхонаҳои саноатӣ, кишоварзӣ, тавсеа ёфтани тиҷорат ва беҳтар шудани вазъи иҷтимоӣ, аз ҷумла рушди соҳаҳои маорифу тандурустӣ заминаи устувор фароҳам меорем. Ҳизби мо масъулияти бузург - сарпарастии маънавии бунёди нерӯгоҳи “Роғун”-ро бар дӯш гирифтааст ва барои пешрафти корҳои сохтмон тадбирҳои мушаххасро амалӣ мекунад. Бунёди ин иншооти муҳими аср дар ояндаи наздик ҳаёти моро комилан тағйир медиҳад. Ҳоло аз 16 ҳазор нафар мутахассисону коргарони нерӯгоҳи “Роғун” 5,5 ҳазор нафарро ҷавонони то 35-сола ташкил медиҳанд. Ду ҳазор нафар аъзои ҳизби мо дар 11 ташкилоти ибтидоии ҳизб муттаҳид шуда, дар бунёди “Роғун” саҳм гузошта истодаанд, - таъкид намуданд Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон (ҲХДТ), муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронии худ дар маҷлиси Кумитаи иҷроияи марказии ҲХДТ рӯзи 16 феврали соли 2018.

“Роғун” – сафҳаи заррин дар

Фирдавс Мирзоев, як ҷавони фаъолест, ки роҳбарии хоҷагии сангу шағали №2 ҶСФ “Сохтмони асосӣ”-ро дар ҶСК НБО-и “Роғун” ба уҳда дорад. Ҳамчунин, аз соли 2012 инҷониб ӯ сардори ташкилоти ибтидоии ҲХДТ дар Раёсати корхонаҳои истеҳсолӣ мебошад. Ин ҷавони ватандӯсту меҳанпараст, ки тамоми саъю талоши худро баҳри бунёди бузургтарин иншооти аср, НБО “Роғун” равона кардааст, аз он ифтихор дорад, ки дар бунёди иншооти тақдирсози миллат, Кохи нур фаъолияти корӣ дорад: - Имрӯзҳо ҳизбиёни мо дар сафи пеши бунёдкорони НБО-и “Роғун” қарор доранд, - мегӯяд ӯ. - Онҳо аз он ифтихор доранд, ки имрӯз ҲХДТ таҳти роҳбарии хирадмандонаи Пешвои муазза-

ми миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сарпарастии маънавии НБО-и “Роғун”-ро ба уҳда дорад, ки ин ташаббус масъулияти мо аъзои ҳизбро дучанд мегардонад. ҲХДТ бо тарғибу ташвиқи мунтазами худ ҳамеша баҳри осоиштагии мардум, Ваҳдати миллӣ, сиёсати созандаю бунёдкорона, пос доштани ҳар порча замини Ватан, сулҳу субот, ҷаҳонбинии васеъ, тарбияи ҷавонон кӯшиш менамояд. Фирдавс аз он ифтихор дорад, ки маҳз бо иқдоми Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли 2017 ба ҷавонон бахшида шуда буд. Ӯ мегӯяд, ин ташаббуси Сарвари давлатро тамоми ҷавонони кишвар, бахусус ҷавонони Кохи нур бо хушнудӣ истиқбол намуда, ҳамеша иброз менамоянд, ки

мо – ҷавонон ҷонибдори сиёсати сулҳпарварона ва хирадмандонаи Пешвои миллатем! Имрӯзҳо дар баробари Фирдавс тамоми ҷавонмардону ҷавонзанони НБО-и “Роғун”-ро тавонмардиҳои Пешвои миллат рӯҳу илҳоми тоза мебахшад ва шуҷоату матонати беҳамтои онҳо ин иншооти бузургу тақдирсоз ҳамто надорад. Коргарону мутахассисон, алалхусус ҷавонон, бо майлу рағбати том корҳои сохтмону васлгариро анҷом медиҳанд ва хуб дарку эҳсос менамоянд, ки ҳар қадар ин иншооти армоншикан зудтару хушсифат ба сомон расад, ҳамон қадар сатҳу сифати рӯзгору зиндагии худ ва ҳамдиёронашон беҳтар ва Тоҷикистони азиз шукуфотару пурғановат хоҳад шуд. Кору пайкори имрӯз дар НБО-и “Роғун”, бахусус дар бунёди сарбанд, майдони азму разми ҳақиқиро мемонад. Он рӯзи мубораку ояндасоз - тағйир додани маҷрои дарёи Вахш, ки бо ширкати мустақиму техникии Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сурат гирифт, солҳову карнҳо дар ёдҳову хотираҳо ва шаҳкитоби таърих боқӣ хоҳад монд. Ва ҳидоятҳои Ҷаноби Олӣ ба бунёдгарони НБО-и “Роғун”, ки “маҷрои дарёро тағйир додам, боқимонда ҳамаи корҳо ба уҳдаи шумо, кор дар бунёди сарбанд бояд ягон соат қатъ нагардад”, маҳаки фаъолияти бунёдгарон, бахсус ҷавонон шудааст. Аз он лаҳзаҳои тақдирсоз муддати на чандон тӯлоние сипарӣ шуда бошад ҳам, имрӯз дар нерӯгоҳ корҳои зиёду назаррас дар бунёди сарбанди баландтарини иншооти гидроэнергетикии дунё бо қомати лоиҳавии 335 метр ба иҷро расидаву бо суръату равнақи тоза идома дорад. Дигар чизе, ки мо дар аввал

ёдоварӣ кардем, ин ба таъкиди Пешвои миллат саҳми 16 ҳазор нафар мутахассисону коргарон дар бунёди нерӯгоҳи “Роғун” мебошад, ки аз ин миён 5,5 ҳазор нафарро ҷавонони то 35-сола ташкил медиҳанд. Ҳамчунин, бахшидани рӯҳу илҳоми тоза ва нерӯву қувваи нав ба онҳо аз ҷониби сарпарасти маънавии НБО “Роғун” – ҲХДТ мебошад, ки имрӯз ду ҳазор нафар аъзои ҳизб шуда, дар 14 ташкилоти ибтидоии ҳизб муттаҳид ва дар бунёди “Роғун” саҳм гузошта истодаанд. Дар воқеъ Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон ҳанӯз аз рӯзҳои аввали таъсисёбиаш баҳри зиндагии ободу осудаи мардум талош намуда, бо татбиқи ҳадафҳои барномавии худ дар таҳкими ҷомеаи шаҳрвандӣ, Ваҳдати миллӣ, худшиносиву худогоҳӣ пайваста саҳм гузошта, шаҳрвандонро ба корҳои созандагию бунёдкорӣ ва ободии мамлакат сафарбар менамояд. Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ҶСК НБО-и “Роғун” фаъолияти худро дар асоси Оиннома, Барномаи ҲХДТ, Қонуни Ҷумурии Тоҷикистон “Дар бораи ҳизбҳои сиёсӣ”, дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Раиси ҲХДТ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, амру фармонҳои Кумитаи иҷроияи марказии ҲХДТ ва Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Роғун ба роҳ мондааст. Ҳамаи аъзои ҳизб ҳадафҳои асоии ҲХДТ ва сиёсати имрӯзаи давлатро бо роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дастгирӣ менамоянд ва дар ин замина кору фаъолияти худро дар бунёди Кохи нур – НБО-и “Роғун” пеш бурда истодаанд. Чуноне Абдулаҳадзода Сайдулло, раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар НБО “Роғун” иброз дошт, Кумитаи иҷроияи ибтидоии ҲХДТ


“ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН”, №46 (9576), 14.11.2018

ҶАВОНОН ВА ИНШООТИ АСР

дар ҶСК НБО-и “Роғун” ҳамчун ташкилоти ҷамъиятӣ рисолати хешро ба сифати ҳизби созандаю бунёдкор дар иншооти тақдирсози миллат – НБО-и “Роғун” дар ин марҳилаи таърихӣ аз ҳарвақта дида, бештару амиқтар дарк намуда, ҷиҳати татбиқи сиёсати дурандешонаи Раиси ҲХДТ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тадбирҳои амалиро роҳандозӣ намуд: - Имруз бо қаноатмандӣ метавон иброз намуд, ки саҳми аъзоёни Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон дар таҳким ва устувории ваҳдату ягонагии миллӣ, ҳамбастагию якдигарфаҳмӣ, сулҳу субот ва рушди соҳаҳои мухталифи хоҷагии халқ самарабахш арзёбӣ гардидааст, - таъкид намуд ӯ. Ба иттилои масъулин дар давоми 9-моҳи соли 2018 420 нафар кормандони ташкилоту қитъаҳои корӣ ба аъзогии ҲХДТ қабул карда шуда, 19 нафар аъзоёни ҳизб аз дигар ташки-

роҳбарони ташкилоту қитъаҳои кории НБО-и “Роғун” оиди Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оиди сиёсати дохиливу хориҷии кишвар баргузор карда шуд. Соли сипаригардида, ки ҳоло мо аз он ба некӣ ёдовар мешавем, барои ҷомеаи мо соли бобаракат ва таърихӣ ба ҳисоб рафта, санаю руйдодҳои муҳиме ҷашн гирифта шуд, ки ҷиҳати боло бурдани обрӯю эътибори кишвари соҳибистиқлоламон дар арсаи байналмилалӣ мусоидат намуданд. ҲХДТ бахшида ба Рӯзи модар, Ҷашни байналмилалии “Наврӯз-2018”, 15-май Рӯзи оила дар якҷоягӣ бо масъулини Иттиҳодияи иттифоқҳои касабаи НБО-и “Роғун” барномаҳои фарҳангию фароғатӣ барои аҳли кормандони НБО-и “Роғун” бо иштироки санъаткорони шинохтаи кишвар ташкил намудааст. Кумитаи иҷроияи ибтидоии ҲХДТ бо мақсади дар сатҳи ба-

муҳандисону бунёдкорон, аъзоён ва ҷонибдорони ҲХДТ ташкил карда шуда, ҷиҳати иштирок дар чорабиниҳои фарҳангию фароғатӣ бахшида ба 27-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аъзоён ва ҷонибдорони ҳизб сафарбар карда шудаанд. Ба иттилои раиси Кумитаи иҷроияи ибтидоӣ С.Абдулаҳадзода дар асоси нақшаи кории Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Абдуҷаббор Раҳмон, муовини Раиси ҲХДТ Бобоҷониён Раъно, вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Орумбекзода Шамсиддин, раиси Шӯрои ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон Ғайбулло Авзалов, раиси иттифоқи нависандагон Низом Қосим , адибону шоирон, хабарнигорон, дастаҳои

доир ба Даҳсолаи байналмилали амал “Об барои рушди устувор” солҳои 2018-2028 нақшаичорабиниҳоро таҳия намуда, дар асоси нақша дар 19 ташкилоту қитъаҳои корӣ силсилаи вохӯрию мулоқотҳоро бо иштироки васеи бунёдкорони НБО-и “Роғун” баргузор намуданд” - қайд намуд С.Абдулаҳадзода. Ба таъкиди Абдулаҳадзода Сайдулло, ҷиҳати пешравии корҳои ҳизбӣ ва ҳавасмандгардонии аъзои ҳизб дар асоси Барномаи Кумитаи Иҷроияи Марказии ҲХДТ курси бозомӯзӣ барои раисони кумитаҳои иҷроияи ибтидоӣ, ташкилотҳои ибтидоӣ ва кормандони масъули ҲХДТ дар шаҳри Ваҳдат дар мавзӯи “Тақвият бахшидани фаъолияти ташкилотҳои ҳизбӣ дар минтақаҳо ва баланд бардоштани дониши сиёсии раисони ташкилотҳои ибтидоӣ” баргузор гардид, ки дар курси бозомӯзӣ масъулини Куми-

лоту корхонаҳо ба кор омада дар қайди Кумитаи иҷроияи ибтидоӣ номнавис гардида, 4 нафар аъзоёни ҳизб бинобар ивази ҷои корашон аз қайди Кумитаи иҷроияи ибтидоӣ бароварда шудаанд. Ҳамчунин дар давоми 9-моҳи соли равон Кумитаи иҷроияи ибтидоии ҲХДТ дар ҶСК НБО-и “Роғун бо мақсади баррасии Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки аз 22 декабри соли 2017 баён гардидааст, нақшаи чорабиниҳо таҳия намуда, тибқи нақша дар ташкилоту қитъаҳои корӣ зиёда аз 22 вохӯрию мулоқотҳо дар байни аъзоён ва ҷонибдорони ҲХДТ баргузор намуд, ки аҳли муҳандисону бунёдкорони НБО-и “Роғун”, аъзоён ва ҷонибдорони ҲХДТ, Паёми хирадмандонаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо шукургузорӣ аз фазои сулҳу ваҳдати миллӣ ва руҳияи баланди ватандӯстӣ шунида, ҳамовозии гарму ҷӯшони худро нисбати Паёми навбати иброз намуданд. Илова бар ин, рӯзи 8 январи соли 2018 вохӯрии гурӯҳи таблиғотию ташвиқотии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, таҳти роҳбарии директори АМИТ “Ховар” Сайдалӣ Сиддиқ, раиси шаҳри Роғун Билол Иброҳим ва кормандони мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Роғун, узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сафарзода Х.А. масъулини Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Роғун бо аҳли муҳандисону бунёдкорон,

ланд гузаронидани 21-солагии Ваҳдати миллӣ, ки асоси осудагиву оромии халқ ва рушду нумӯи ҳамаҷонибаи кишварамон мебошад, нақшаи чорабиниҳоро таҳия намуда, аз ҳисоби роҳбарони ташкилоту қитъаҳои корӣ, раисони ташкилотҳои ибтидоӣ гуруҳҳои таблиғотию ташвиқотӣ таъсис дода, тибқи нақша дар ташкилоту қитъаҳои корӣ вохӯрию мулоқотҳо ташкил намуда, бо мақсади иштирок дар чорабиниҳои умумишаҳрӣ аъзоён ва ҷонибдорони ҳизбро сафарбар намудаст. Ҳамчунин ба мақсади таҷлили сазовори 27-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, амалӣ намудани дастуру супоришҳои Пешвои муаззами миллат, Раиси ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷараёни боздид аз сохтмони НБО-и “Роғун” аз 26 июли соли 2018 баррасӣ намудани изҳороти ҲХДТ вобаста ба пешгирии гароиши ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротгаро дар асоси нақшаи кории Кумитаи иҷроияи ибтидоӣ дар ташкилоту қитъаҳои корӣ зиёда аз 20 вохӯрию мулоқотҳо бо аҳли

ҳунарии ансанбли “Сомон” , “Гулшан”, Филармонияи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо бунёдкорони Кохи нур вохӯрию мулоқотҳоро оиди ташаббусҳои Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ оиди Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор” - 2018-2028, Саҳми Пешвои миллат, Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бунёди сохтмони Неругоҳи барқи обии “Роғун”, Соли 2018 - “Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ”, омодагиҳо ба ҷашни байналмилалии “Наврӯз-2018” баргузор карда, ҷиҳати болидарӯҳии бунёдкорон барномаҳои фарҳангию фароғатӣ дар майдончаи сохтмонии №1, ошхонаи марказӣ, қитъаи иншоотҳои асосӣ ташкил намуданд: “Кумитаи иҷроияи ибтидоии ҲХДТ дар ҶСК НБО-и “Роғун” оид ба раванди татбиқи ташаббуси глобалии Тоҷикистон расман оғоз гардидани ташаббусҳои байналмилалии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

таи иҷроияи ибтидоии ҲХДТ дар ҶСК НБО-и “Роғун” иштирок намуданд. Дар соли сипаригардида аз тарафи Иттиҳодияи иттифоқҳои касабаи НБО “Роғун” ба 11 нафар раисони ташкилотҳои ибтидоӣ ва 11 нафар шахсоне, ки дар корҳои ҳизб саҳми босазои худро гузоштаанд, ки ҳамагӣ аз ҳисоби ҷавонон мебошанд, кӯмаки молиявӣ ба маблағи 2600 сомонӣ расонида шуда, аз тарафи ташкилотҳои ибтидоӣ 83 нафар кормандони фаъол ба сафи ҳизб шомил карда шудаанд, ки ин раванд ва дастгириҳо дар соли ҷорӣ низ идома доранд: - Имрӯз кормандони НБО “Роғун”, хосса ҷавонон бояд ифтихор намояд, ки ҲХДТ сарпарасти маънавии НБО “Роғун”-ро ба уҳда дорад. Ҷавонони коргар дар баробари бунёди нерӯгоҳ, ҳамзамон бо ҳисси баланди ватандӯстӣ, ифтихори миллӣ корҳои созандагию бунёдкориро дар дигар самтҳо низ ба сомон мерасонанд. Ҷавонон имрӯз бо кӯшишу талоши пайваста барои расидан ба истиқлолияти комили энергетикӣ тавассути сохтмони нерӯгоҳи “Роғун” корҳоро

таърихи энергетикии кишвар

11

ЧИОНГ ТАН ШАНГ, СОБИҚ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ СОТСИАЛИСТИИ ВЕТНАМ: -Бо таваҷҷуҳи зиёд ва хушнудӣ аз дастовардҳои мардуми Тоҷикистон дар самти субот ва рушди кишвар, ҷониби Ветнам мутмаин аст, ки зери роҳбарии Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муваффақиятҳои бештар ва ба нафъи мардуми тоҷик дар самти сулҳ ва дар маҷмӯъ пешрафти минтақа ноил хоҳад гашт. дар сатҳи баланд ба роҳ монда, ҳама талошу малака ва иқтидори худро баҳри ҳарчи зудтар ба истифода додани аввалин агрегати он равона намудаанд. Онҳо бо дилу нияти гарм 16 ноябр, рӯзи кушодашавии аввалин агрегати НОБ-ро интизоранд. Ва ҳамагӣ аз он мефахранд, ки иштирокчии бевоситаи ин рӯйдоди бузурги таърихианд, - бо хушнудӣ афзуд Абдулаҳадзода Сайдулло, раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ҶСК “Роғун”. Мо низ зимнан ироа мекунем, ки азму разми ҷавонони қавирӯҳу қавипайкар дар паҳлӯи мардони таҳамтан дар ин майдони набард - нерӯгоҳи “Роғун” танин андохтаву қалбҳоро тасхир мекунад, ба дидаҳо нур ва ба дилҳо сурур мебахшад. Ин мисраъҳо аз шуҷоату мардонагӣ ва кордонии ҷавонони қавипайкари НБО-и “Роғун” маншаъ гирифта, ба тамоми тоҷикистониён шиор шудааст: Гар марди раҳнавардӣ, гирди ҷаҳон бигардӣ, Донӣ сарои мардӣ бошад сарои Роғун. Манзараҳои равонсозу тавонбахши мардистони “Роғун” эътимоду эътиқодро ба ояндаи наздики нурбору нурафшони Тоҷикистони азиз фузунтару шуълаи умедвориҳоро фурӯзонтар месозад. Мешавад Роғуни мо дунёи нурободи мо, Қиссаи Роғуни мо шаҳномаи даврон шавад! Тоҷикистон кишвари ҷавон асту беш аз ҳафтод фисади аҳолияшро ҷавонони бонангу номус ташкил медиҳад. Пас, ҳар яки мо – ҷавононро мебояд дар зери сиёсати ҷавонпарваронаи Пешвои миллат фаъолияти худро ба роҳ монда, саҳми хешро ҷиҳати амалӣ гардидани орзую мақсадҳои накӯи Ҳукумату давлат гузорем. Зеро ояндаи дурахшону шукуфони ин меҳани биҳиштосо, ки ном онро Тоҷикистон аст, маҳз аз фаъолияти пурсамари имрӯзи мо вобаста аст. Хуршед МАВЛОНОВ, Беҳрӯз ХОЛМУРОДОВ, “ҶТ”


12 ПАЙРАВОНИ ПЕШВОИ МИЛЛАТЕМ АНТОНИУ ГУТЕРРИШ, ДАБИРИ КУЛЛИ СММ:

-Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масоили об дар, арсаи байналмилалӣ пешниҳодҳои муфид намуда, пешсафии худро дар ин ҷода собит кард ва ин иқдомро ҷомеаи ҷаҳонӣ мавриди омӯзишу дастгирӣ қарор дод, ки шоистаи таҳсину қадрдонист.

Дилшод Назаров: Бо Президенти вазишпарварам ифтихор мекунам - Ифтихори мо –варзишгарон ва умуман миллати тоҷик аст, ки чунин роҳбари ғамхору дилсӯз дорем. Маҳз бо ҷоннисориҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, мардуми тоҷик шаҳди сулҳу оромӣ ва Истиқлолияти давлатиро чашид. Маҳз сиёсати созандагию бунёдкорона ва варзишпарваронаи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буд, ки соҳаи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш дар кишвар давоми соҳибистиқлолӣ бо тадриҷ инкишоф ёфта, барои

варзишгарон шароитҳои созгор фароҳам оварда шуд. Беҳтарин иқдомҳо дар самти варзиш аз ҷониби Пешвои маҳбуби мо дар самти варзиш роҳандозӣ шудааст. Фаромӯш намекунам лаҳзаеро ки соли 2016 дар Бозиҳои тобистонаи олимпӣ, ки дар Рио-деЖанейрои Бразилия мегузашт, қаҳрамон шудам ва Пешвои миллат яке аз аввалинҳо шуда маро бо ин пирӯзӣ табрик гуфтанд, ки барои ман ҳамчун варзишгар ин ифтихори бузург аст. Мо варзишгарон шукргузор аз онем, ки аз мадди назари роҳбари давлат дур нестем. Ба андешаи ман ғалабаи тамоми варзишгарон бо шарофати ваҳдату истиқлол ва дастгирию ғамхориҳои Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба даст омадааст. Маҳз

талошҳову ташаббусҳои Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон боис гардид, ки соҳаи варзиш дар ҷумҳурӣ рушд карда, варзишгарон дар мусобиқаҳои гуногуни сатҳи ҷаҳонӣ иштирок карда, соҳиби ҷойҳои ифтихорӣ мегарданд. Хизмати мо - варзишгарон парафшонии Парчами кишвар дар арсаи ҷаҳон аст ва мо – варзишгарон ба Президенти варзишдӯстамон ваъда медиҳем, ки зери сиёсати варзишпарваронаи онҳо ин масъулияти бар душ гирифтаамонро бо сари баланд ба анҷом мерасонем. Месазад Рӯзи Президентро ҳамчун иди умумимиллӣ ҷашн бигирем ва ба ин шахсияти баруманди таърихӣ арҷгузор бошем. Рӯзи Президентро ба кулли варзишгарон ва мардуми варзишдӯсти тоҷик муборакбод мегӯям.

Зи ҷои худ чу чархи осиё гардон,

Хушқадам Хусравов: Ғалабаамро ба Рӯзи Президент мебахшам

Мавзуна Чориева: Рӯзи Президентро фаромӯшнашаванда ҷашн мегирам

- Таҷлили Рӯзи Президент барои ҳар як фарди тоҷик, алалхусус барои мо ҷавонон беҳтарин рӯз аст. Яъне маҳз Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тавонист, ки Ватани моро обод намуда, аз чашмони модарон ашкро дур кунанд ва дар чеҳраи онҳо хурсандиро падид оваранд.

Ман ҳамчун як варзишгар, як модар ин рӯзро ҳамчун рӯзи фаромушнашаванда ҷашн мегирам. Зеро Пешвои миллат ҳамеша барои мо варзишгарон таваҷҷуҳи хосса доранд. Дар ёд дорам, соли 2010 дар як мулоқот бо варзишгарон Роҳбари кишвар ба сӯи ман гуфтанд, ки “Ман хурсандам, ки ту интихоби варзиш кардӣ, валекин розӣ нестам, ки як зани тоҷикро дар рӯи нозукаш зарба зананд. Агар ин хоҳиши ту бошад, мақсади ту дар ин ришта тамрин намуда, ҷоизадор гардидан бошад, ман розиям”. Агар мо варзишгарзанон ба 20 соли охир назар афканем, мебинем, ки дар ин солҳо бо шарофати Президенти кишвар барои мо варзишгардухтарон тамоми шароитҳо фароҳам оварда шуд. Имрӯз мо занон метавонем, бе ягон монеа ба хондан, ба тамрин ва дигар корҳое, ки дар солҳои 80-90-уми асри гузашта, ин корҳо ба мисли як афсона буд, машғул шавем. Ин ҳама бо дастгириҳои доимии Пешвои миллат ба миён омадааст. Аз ин рӯ, санаи 16-ноябрро ҳамчун Рӯзи Президенти кишвар ҷашн гирифтан, бароямон ифтихор аст.

- Мо насли даврони истиқлол аз он шодем, ки варзиш дар мадди назари роҳбари давлат аст ва барои равнақи соҳа имкониятҳо фароҳаманд. Хусусан, таваҷҷуҳ ба намуди гӯштини самбо дар 10 соли охир бештар шудааст. Ин дастгириву ғамхориҳо ба варзиш боис гардиданд, ки варзишгарони тоҷик пас аз 42 сол унвони қаҳрамони

Рудобаи Мукаррам: Пешвоям беҳтарин сиёсатмадори ҷаҳон аст - Дар таърихи давлатдории навини тоҷикон ҷашн гирифтани Рӯзи Президент яке аз рӯйдоди фараҳбахши мардуми тоҷик ба ҳисоб рафта, идест, ки эътимоду эътиқод ва эҳтироми фавқулодаро нисбати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ифода мекунад. Дар воқеъ, Пешвои миллат дар тӯли зиёда аз 27 соли истиқлолият тавонист дар масири

“ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН”, №46 (9576), 14.11.2018

ҳифзи манофеъи миллат, таҳкими сулҳу суботи сартосарӣ ва бақои давлатдорӣ нақши арзандаи хешро гузорад. Ӯ беҳтарин сиёсатмадори ҷоҳон аст, ки таҳти роҳбарияш давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягонаи Тоҷикистон бунёд гардида, ба харитаи сиёсии ҷаҳон ворид шуд. Пешвои миллат мақому манзалати Тоҷикистон ва тоҷиконро дар арсаи ҷаҳон шарафмандона

ҳифз намуд. Тоҷикистони мо пешрафти рӯзафзун дорад. Кишвари чун биҳишти рӯи замин бо зебогии хеш дили оламиёнро тасхир намудааст. Мо агар аз бунёдкориву созандагӣ, ободиву озодӣ ва таҳаввулотҳои халқи тоҷик таҳти сарварии Пешвои миллат ҳарф занем ҳар як андешаи мо шаҳкитобест, ки ба фардо омадагон чун дастур хизмат мекунад. Пешвои миллат бо се

ҷаҳонро соҳиб шуданд. Шахсан ман ин ғалабаамро ба Рӯзи Президент мебахшам. Зеро бо дастгириҳои бевоситаи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мо варзишгарон ба чунин дастовардҳо ноил шуда истодааем. Роҳбари кишвар ҳамеша таъкид менамоянд, ки варзиш қосиди

сифати аслии тоҷикона яъне, мушкилнописандӣ, масъулиятшиносӣ ва таҳаммулгароӣ дар сарнавишти ҳар як тоҷикистонӣ нақши дилсӯзонаи худро гузошт. Имрӯз рисолати ҷонӣ ва қарзи имонии ҳар яки мо аз он иборат аст, ки сиёсати қавианосири Пешвои миллатро ҳаматарафа дастгирӣ намоем ва дар ин амвоҷи таблиғоти пурҳаҷме, ки бар зидди арзишҳои миллӣ, унсурҳои фарҳангӣ мутамарказ гардидааст, ҳавзаи фарҳангии худро ҳимоят намоем. Ватани худро содиқона дӯст дорем ва Пешвои миллатро чун Қаҳрамони халқу миллат, ҳомии пирӯз, роҳбари

сулҳ аст. Пас, бояд он барои сулҳу субот, пойдориву иттиҳоди ҷавонон беш аз пеш хизмат намояд. Бинобар ин ман андеша дорам, ки ҳар амру дастуре, ки Пешвои миллат ба масъулини соҳа медиҳанд ба хотири пешрафти соҳаи варзиш мебошад. Рӯзи Президент иди бузурги миллӣ ва рӯзи сипосгузорӣ ба Пешвои миллат аст.

тавоно, сиёсатмадори нотакрор нигоҳдошта ва бузургдошт намоем. Танҳо ба ин васила мо метавонем, ки ливои саодату хушбахтиро ба дасти ояндагон ба саломат супорем.


ШОДМОНӢ АЗ ДАСТОВАРД

“ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН”, №46 (9576), 14.11.2018

Камол Насрулло: Бунёди Роғун бунёди мост

- 16 - уми ноябри соли ҷорӣ чун яке аз дурахшонтарин рӯзҳои даврони соҳибистиқлолиятии кишвари мо дар таърих ҳамеша муҷалло хоҳад монд. Аввалин агрегати НБО “Роғун” ба кор хоҳад даромад. Дар қатори беҳтарин дастовардҳои Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон ин дастовард яке аз дурахшонтарин дастовар-

ин рӯ пирӯзии Роғун пирӯзии рамзии ҳамаҷонибаи халқи мост. Пас аз боздид аз бунёдкориҳои сохтмони НБО-и “Роғун”, пас аз гузаштани 70 км. нақбҳои қаъри кӯҳ, пас аз ба чашми худ дидани он ҳама кору пайкор ва заҳмату шуҷоат, дидани он ки чӣ гуна одам оҳанро ба дасташ нарм месозад ва дар набарди нобаробар бар ғӯли кӯҳҳои сангин пирӯз мешавад, дидани ин ҳама ҷоннисориҳои садоқатмандона, дидани фарогирии ин ҳама корҳои мураккаб дар қаъри замин танҳо пас аз ин ҳама шояд шумо ҳуқуқ доред, гӯед, ки ман бунёдкориҳои Роғунро дидам.

ободи кишвар? Бале! Аммо гумон мекунам, барои исботи ҷоннисориҳо ин далелҳо каманд. Ин ҷо чизе ҳаст болотар аз ин ҳама. Шояд нанг аст? Ормон аст? Бале! Аммо боз ҳам чизе ҳаст, ки дар сухан намеғунҷад. Гумон мекунам, дар ин амал посухе ҳаст чун ҷавоб ба тамоми торикиҳои ҳазорсолае, ки миллати мо дар он мезист, посухест чун ҷавоб ба ҳама ҷабрҳое, ки таърих бар сари халқи мо овардааст. Гумон мекунам, ин аст, ки роҳи дигар нест, магар аз шикофтани ин кӯҳҳои ҳазорон сол моро дар инҳисор нигоҳдошта, то роҳ ба

тро ташкил хоҳад дод ва дарғоти баландтарин дар дунё ба баландии 335 метр, ки дар ин ҷо имрӯз бунёд мешавад обанбореро ба вуҷуд хоҳад овард, ки 13,3 километри кубиро фаро мегирад. Иқтидори лоиҳавии НБО-и Роғун баробари се реактори ҳастаӣ буда, солона 17,7 миллиард кВт соат нерӯи барқ исеҳсол хоҳад кард, ки эҳтиёҷи ҷумҳуриро барзиёд таъмин менамояд.. Ҳамаи мо мардуми Тоҷикистон ва олам то ҳанӯз дар зери таъсиру таасуроти баста шудани пеши дарёи Вахш 29-уми октябри соли 2016 ҳастем. Дар ин рухдоди нотакрори таърихӣ аз ҳама ҷолиб он манзара буд, ки тӯли якуним соат Пешвои миллати тоҷик Эмомалӣ Раҳмон дар сари фармони булдозер ба ин набарди як ба як бо дарёи қайсару

-Фақат ҷанг набошад шуд, он гоҳ ҳамеша баҳор хоҳад буд. Ман аз сулҳ дар Тоҷикистон ниҳоят мамнунам. Инсони боҷасорату хирадманд Президенти Тоҷикистон тавонист формулаи сулҳи ҷанги бародаркушро ёбад.

ваҳшӣ баромад ва новобаста ба ҳама хатарҳое,ки дар ин набард дунболагири ӯ буданд, бо шуҷоату мардонагӣ ва камоли маҳорат маҷрои дарёро дигар кард. Бо дасти худ, ҳатто метавон гуфт бо ҷисми худ маҷрои да-

рёро дигар кардани Президенти Тоҷикистон рамзҳои зиёде дошт, аз ҷумла рамзи пирӯзии халқи мо, истиқлолияти мо дар ин амал дурахшон таҷассум ёфт. Роғун ба майдони шуҷоату ҷоннисориҳо, ба мактаби худшиносиву камолот, ба минбари баланди ифтихору пирӯзиҳои миллати куҳанбунёду хайрхоҳи мо табдил ёфт.

Ба сеҳри дасти Раҳмон гаштаӣ Роғун. ди на танҳо имрӯз, балки тамоми таърихи пуршарафи миллати мо хоҳад гардид. Зеро бунёди Роғун танҳо бунёди як истгоҳи барқӣ нест, зеро ин иншоот ба рамзи миллӣ, рамзи ягонагиву ваҳдат, рамзи эҳёи дубораи миллати равшанниҳоди мо гардидааст. Аз

Оё чӣ нерӯи роҳнамои онҳоест, дар чунин шароити мураккабу душвор, ки аз инсон сарфаи тамоми ғайрату нерӯву тавоноии ӯро талаб мекунад, ҷоннисорона худро ба ин сохтмон задаанд? Муҳаббати Ватан? Бале! Садоқат ба Диёр? Бале! Андешаи ояндаи

равшаниҳои тақдир биёбем. Пайдо кардани худ, асли худ аз моварои ин ҳама сангҳост. Мо бояд аз он чи дорем, аз он чи дар дастрасамон аст, худро аз нав созему бунёд кунем. Иқтидори НБО-и “Роғун” пас аз анҷоми сохтмон 3600 мегават-

Озарахш: Дурахши давлату ёри муборак

Сайфулло Сафаров: Пешвои миллат эҳёгари НОБ-и Роғун шуд

- 16 ноябри соли 2018. Ин сана дар таърихи миллати мо санаи муқаддас ба ҳисоб рафта, дар сафҳаи таърих бо ҳуруфи заррин ҳаккокӣ хоҳад шуд. Ба бахти мо, миллати соҳибтамаддуни тоҷик соҳиби Президенти худ, Пешвои миллати худ буда, инак соҳиби НОБ-и фаъоли Роғун низ дар ҳамин рӯз мегардад. Президенти мо, Пешвои муаззами миллати мо чун эҳёгари давлати навини тоҷикон, эҳёгари фарҳанги миллӣ, миллатсозу давлатсоз, эҳёгари санъату ҳунармандии миллӣ низ ҳастанд. Ва инак, ӯ эҳёгари НОБ-и Роғун шуд ва шахсан худаш онро ба кор медарорад. Фаъол гардидани ин неругоҳи азими аср мушкили на танҳо Тоҷикистон, балки аксар мардуми минтақаи Осиёро низ бароварда сохта, ҷиҳати таҳкими ҳамкориву равобити дӯстонаи байни миллатҳои минтақа низ мусоидат хоҳад кард. Бо шукргузорӣ аз ин рӯйдоди муҳими таърихӣ, ин падидаи хурсандибахш тамоми мардуми Ватани азизамон, бахусус ҷавононро, табрик гуфта, орзу дорам чун пайравони арзандаи Пешвои миллат ҳамеша дар ҳифзу ҳимоя, суботу оромӣ ва ободии ин диёри маҳбуб саҳмгузор бошанд.

- Ба истифода додани Нерӯгоҳи Роғунро солҳои зиёд тамоми миллати тоҷик интизор буд ва беҳтарин рӯз барои мо тоҷикистониён аст. Ин нур натанҳо хонаҳои моро, балки хонаи дили моро ҳам рушан мекунад. Ин нуре, ки аз Роғун меояд, тамоми минтақаро гармӣ мебахшад. Имрӯз хеле шод ҳастам, ки ба ин рӯзи наку расидем. Дар хотир дорам, ки дар рӯзҳои оғози сохтмони бино мардуми тоҷик сарҷамъ шуда, рӯзҳои вазнинро паси сар карданд ва аз ҷайбашон охирин дирамашонро бароварда доданд, ки ақалан як хишти Роғун зиёд шавад. Ин бо раҳнамои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомали Раҳмон ба роҳ монда шуд. Вале ҷамъ омадани мардум дар ҳамон шабу рӯз аз хотир бароварда намешавад. Чун ҳар рӯз аз тамоми манотиқи кишвар мардум ҷамъ мешуд ва саҳмияҳоро барои

13

бунёди Роғун харидорӣ мекарданд, ки барои ҷамъоварии як миллат, қавм дарси омӯхатанӣ аст. Имрӯз чархи аввали неругоҳи Роғун ба кор шурӯъ мекунад ва ин бузургтарин ва хотирмонтарин воқеи асри мост. Ба ҳамаи тоҷикон ва онҳое, ки дӯсти тоҷикиконанд ин ҷашни таърихиро табрик мегӯям. Барои ҷавонони тоҷик

РАСУЛ ҲАМЗАТОВ, ШОИРИ ХАЛҚИИ ДОҒИСТОН:

бояд бунёди Роғун дарсу сабақ бошад. Онҳо бояд биомӯзанд, ки чи гуна мавзеи ва хонаи худро рӯшан кунанд ва ба насли оянда манзили обод ба мерос гузоранд. Аё Роғун умеди зиндаи Шарқ! Назаргоҳи сафо, гаҳвораи барқ! Зи обу хоки нурафшони тоҷик, Ҷаҳонро кардаӣ дар рӯшани ғарқ! Шукӯҳи кӯҳи файзи обшорон. Навои рӯду рӯҳи чашмасорон, Ҳавои шаҳру баҳри тозабунёд Намояд рӯзу шабро нурборон! Туро як шаб чу фонус офариданд. Зи нури ору номус офариданд Дар оғӯши кӯҳистони муҳаббат. Зи чашми уқёнус офариданд! Навоборон, навоборони Роғун! Сафоборон, сафоборони Роғун! Дурахши давлату ёри муборак, Ватандорон, ватандорони Роғун!

Илҳомҷон Ҳамидиён: Сохтмони “Роғун” идеяи миллии мост - Нахуст, ба кор даромадани агрегати якуми иншооти аср - НБО «Роғун»-ро ба мардуми сарфарози тоҷик мубораку фархунда мегӯям. Бунёди НБО «Роғун» орзую омоли халқи тамаддунофари тоҷик буд ва имрӯз ин орзу, ки ба кӯҳи фатҳнопазир шабоҳат дошт, ҷомаи сабз ба бар мекунад. Ин нерӯгоҳ парвардаи афкор (идея)-и кулли мардуми сарбаланди тоҷик бо роҳбарию роҳнамоии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дониста мешавад. ҲХДТ сарпарасти маънавии бунёди ин иншооти бузург буда, оғози кори онро басо хушоянд ва пурҷило ба ҳамагон таҳният мегӯяд. Созандагӣ яке аз идеяҳои

миллии тоҷикон аст ва сохтмони «Роғун»-ро дар ин замина метавон идомаи мантиқии ин идея номид. Дар бораи «Роғун» хеле зиёд гуфтанду мегӯянд, вале ёд меояд, ки расо 14 сол муқаддам, зимни суханронии худ ба ифтихори Рӯзи Истиқлолияти давлатӣ Пешвои миллат ба як нукта хоса ишора намуда буданд ва аз ҷумла, таъкид доштанд: «Рӯҳи мубориза ва озодихоҳӣ дар сирати иҷтимоӣ ва таърихии миллати мо дорои хусусиятҳои хос ва асил аст. Ин нерӯ бо хираду маърифат, ҳусни тадбир, диди васеъ ва созанда мисли гӯшту нохун пайванд ёфтааст. Аз ин ҷиҳат фарзандони огоҳ ва фарзонаи миллати мо аз афроди асотирии намунаи иҷтимоишудаи Рустами Достон, Сӯҳроби паҳлавон, Сиёвуши ҷавонмард ва сарварони шуҷоъ ва мубориз - Куруши Кабир,

Дорои бузург, Спитамен, Оксиарт, Канишкои бузург, Хусрави Анушервон, Тоҳир ибни Ҳусайн, Абдуллоҳи Тоҳир, Яъқуби Лайс, Муқаннаъ, Темурмалик ва бахусус Исмоили Сомонӣ таҷассумгари барҷастаи омезиши табиӣ ва оқилонаи иродаи босубот ва шикастнопазири озодиву истиқлол буданд. Ба шарофати талоши онҳо давлатдории мо таърихан бунёди нерӯманди маънавӣ ва фарҳангӣ касб кардааст». Дақиқан, дар идома метавон афзуд, ки кунун ин нерӯ дар симои шахсияти барҷастаи таърихӣ, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таҷассуми пурраи худро ёфтааст. Ҳифзи истиқлолият ва аз ҷумла, таъмини истиқлолияти энергетикӣ

аз ормонҳои волою бузурги Пешвои муаззами миллати мост. Беҳтарин арзишҳои инсонӣ, сифати наку, шараф, номуси мардонагӣ ва дасту дилу нияти пок доштани ин шахсият имрӯз мусоидат кардаанд, ки мо, мардуми саодатманди тоҷик, шоҳиди ин ҳодисаи таърихӣ гардида истодаем. Ба чашми сар дидани орзую омоли миллӣ, амалишавии ҳадафҳои стратегӣ ва ба кор оғоз намудани агрегати якуми НБО «Роғун» ба кулли ҳамватанон муборак бод!


14

“ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН”, №46 (9576), 14.11.2018

НАЗМ

СЗЯН СЗЕМИН, РАИСИ ВАҚТИ ШӮРОИ ДАВЛАТИИ ҶУМҲУРИИ МАРДУМИИ ЧИН:

-Халқи Тоҷикистон бо сарварии Президент Эмомалӣ Раҳмон дилпурона ба ҳазораи сеюм қадам мегузорад. Кӯшишҳои Сарвари давлати тоҷикон барои мустаҳкам кардани ҳамкорӣ бо кишварҳои Осиё ба ҳамагон маълум аст.

САЛОМ Салом!-Эй Пешво, марди Худодод, Бикардӣ аз сари нав кишвар обод. Ҳама аҳсан, ҳама хонем таҳсин Ба он фарзонамодар, ки туро зод. Пайи ҳифзи Ватан аз хоб мондӣ, Гаҳе аз дида ҷое ашк рондӣ. Ба сад азму талошу заҳмати беш Ватанро бар раҳи Ваҳдат расондӣ. Худо хандид бар рӯят, амон бош, Сарафроз одами рӯи ҷаҳон бош. Магӯ зинҳор рӯзе, пир гаштам, Ҳамеша Пешвои тоҷикон бош. Бале, Исмоили Сомон ту ҳастӣ, Шукӯҳи бахти нурафшон ту ҳастӣ. Муборак ҷашни Истиқлолу Ваҳдат, Ба қалби Тоҷикистон ҷон ту ҳастӣ.

ФАРЗАНДИ МИЛЛАТ Фарзанди миллат гулгун Ватан кард, Дар анҷуманҳо ширин сухан кард. Бо зарби нохун, бо заҳмати беш Аз нав ҷавон ин мулки куҳан кард. Бас беназирӣ, эй Тоҷикистон, Эй Тоҷикистон, осоиши ҷон. Сад шукри Яздон, фарзанди миллат Кардаст хокат яксар гулистон. Ҳар қатра обат Меҳан чу қанд аст, Оғӯши нармат касро писанд аст. Ҳарфу ҳиҷоят фарзанди миллат, Бар пиру барно панд аст, панд аст.

ИМДОДИ ПЕШВО (Дар ду вазн)

Шод зӣ, эй Пешво, ғамхори ҳар инсон туӣ, Дар тани миллат гирифта ҷой мисли ҷон туӣ. Халқ мегӯяд яко-як, бо ҳазорон ифтихор, Пешвои одилу бофазлу бовиҷдон туӣ. Хатарро аз Ватан рондӣ, саломат бош, Ғарибонро ба ҳам хондӣ, саломат бош. Ба ҳар як гӯшаи мулки аламдида Дарахти Сулҳ бишнондӣ, саломат бош.

Давлати мо давлати сулҳофар аст, Давлати озод дар баҳру бар аст, Нест ин ҷо аз хазонӣ ҳеч ёд. Мисли ҷаннат сабзу ҳам муаттар аст.

Бар пештоқи равшанӣ Худро зи зулмат мебарем. Бо теша Фарҳодем мо Сад кӯҳро дил медарем.

Одамон ин ҷо ба кори хеш банд, Комашон ширин зи обу нону қанд. Гаштаву баргашта гӯянд аз ҳаёт Мӯсафедон баҳри тифлон панд, панд.

Ҳастем марди пилтан Чун Рустами дастон ҳама. Монанди Деваштич по Монем дар майдон ҳама.

Кишварам, эй кишвари овозадор, Шукри беши ҳазрати Парвардгор. Бо дили саршор з-ишқу орзу Додааст андар барат моро қарор.

Оринажодем, асли мо Қалби пуроташ дошт, дошт. Дар олами фазлу хирад Тухми муҳаббат кошт, кошт.

САНО Сано, эй Пешво, эй нури дида, Ба булдозер бибастӣ оби Роғун. Ба нохунҳот канда дил, дили кӯҳ, Парондӣ рӯз рафта хоби Роғун.

Ба ҳар фарди ватандӯст ошно ҳастӣ, Зи бадхоҳони миллат норизо ҳастӣ. Сари саҷҷодаи Ваҳдат абармардо, Ба ду дасти дуо рӯ бар Худо ҳастӣ. Худо бишнид розатро, ба ту пайваст, Ба ҳар роҳе, ки по мондӣ, бидодат даст. Ба як чиртак задан баҳ-баҳ, ҳалолат бод, Ҳазорон қуфлу занҷири аду бишкаст.

ИФТИХОР Шукри Ваҳдат, шукри бахти пойдор, Пешво дорем, дорем ифтихор. Бемалол аз заҳмати пайвастааш Гулгулафшон аст Меҳан чун баҳор. Ҳамраҳаш аз Зулҷалол астем мо Хуррамиро баҳри ҳар кас интизор. Мо Ватанрову Ватан моро бувад, Бо туфайлаш ҷовидона дӯстдор. Субҳи нобат нест бе ӯ хандарез, Тоҷикистон, мулки мардони баор. Бо чунин як пешвоят ҳеч гоҳ Хор дар дунё нагардӣ, эй диёр.

ПЕШВОИ МИЛЛАТ

Парондӣ хоби Роғун, дид мардум, Ки дар дунё дигар ҳамто надорӣ. Лаҷоми рӯди ваҳшӣ дар кафат, ҳеч Ҳарос аз боду боронҳо надорӣ. Ба гӯши рӯд шояд гуфта бошӣ, Ки, эй рӯди равон, исто, қафо гард. Ба нури хеш равшан соз ҳар марз, Ба халқи рӯи олам ошно гард. Ба ҳарфи Пешво хуб аст, хуб аст Ҳамеша гӯш додан, рӯди сармаст. Аз ин пас нест айбат, беғалат зӣ, Қадам бигзор дар раҳ бо сари паст. Сано, эй Пешво, эй нури дида, Ба булдозер бибастӣ оби Роғун. Ба нохунҳот канда дил, дили кӯҳ, Парондӣ рӯз рафта хоби Роғун.

ҶОН ВАТАН, ҶОНАМ Қулти обат рӯҳбахши ҷон, Ватан, Гарди хокат дардро дармон Ватан. Ҷон Ватан, бе ишқи ваҳдатофарат Дил нахоҳад зистан дар қайди тан. Нақарот:

Нонат ҳалол бодо, Эй Пешвои миллат. З-он дам, ки сарварӣ ту, Миллат надид иллат. Хоби шабат паронда, Хидмат ба халқ кардӣ. Пай бурд ҳар як инсон, Бас беназир мардӣ. Аз ҷанг дур гаштем Бо азму бо талошат. Шабро шикаст додӣ, Бо ақли нурпошат. Чун туст чеҳрахандон, Имрӯз Тоҷикистон. Мо фахр бо ту дорем, Пайгири Оли Сомон.

ШУКРОНА, ШУКРОНА Шукри Истиқлолу сарвар мекунем, Шукри ободии кишвар мекунем. Шукри он зоте, ки моро ҳаст кард, Шукри бому хонаву дар мекунем.

Ҷон Ватан, ҷонам, Тоҷикистонам. Тоҷикистонам, Бахти хандонам. Барқи Роғунат Нури чашмонам. Зиндагӣ кардан Бе ту натвонам.

Кард Роғунат дурахшон номи ту, Гашт чун субҳи саодат шоми ту. Ҳаст дар парвоз то авҷи само Кафтари Сулҳ аз лаби ҳар боми ту.

Мо тоҷикон, мо тоҷикон Бунёд Роғун мекунем. Аз дил ғами торикро Бо нур берун мекунем. Чун асли хеш имрӯз мо По мениҳем аз пушти ном. Пайваста хизмат мекунем Аз субҳидам то вақти шом. Мо иттифоқем, иттифоқ, Дурем аз дарду бало. Лозим шавад, хоҳем кард Баҳри Ватан сад ҷон фидо.

САФАРИ РОҒУН Аз баҳри кор, аз баҳри кор, Мо ҳам ба Роғун меравем. Бо амри дил Фарҳодвор, Гаҳ чун Фаридун меравем. Лозим шавад дар як нафас, Сад кӯҳ талқон мекунем. Сад кӯҳро дар пои рӯд Титу парешон мекунем. Рустамнажодем аз азал, Дорем шӯре дар бадан. Бо деву дад ҷангидаем Аз баҳри ҳифзи ин Ватан. Чун НОБ-и Роғун нав ба нав НОБ-е муҳайё мекунем. Шаҳреву коху коргоҳ Бунёд ҳар ҷо мекунем. Аз баҳри кор, аз баҳри кор Мо ҳам ба Роғун меравем. Бо амри дил Фарҳодвор, Гаҳ чун Фаридун меравем.

БАҲОРИ РОҒУН

Нақарот:

Омад баҳори Роғун, Гул гашт хори Роғун. Маҷнунсифат ба даврам Рақсид ёри Роғун.

Офарин, сад офарин бар Пешво, Баҳри беҳбудат ба минбар монд по. Тоҷикистонро бикард ӯ чун биҳишт, Зиндаву ҷовид дораш, эй Худо.

Печида ёр рақсид, Монанди мор рақсид. Аз ҳар канор бишнид, Бонги ҳазор рақсид.

НОМУСНОМА Мо тоҷикон, мо тоҷикон Бунёд Роғун мекунем. Аз дил ғами торикро Бо нур берун мекунем.

Чун оби рӯд рақсид, Бо савти уд рақсид. Тори ба тор рақсид, Пуди ба пуд рақсид. Чун субҳи ноз рақсид, Рӯзи дароз рақсид. Бисёр соз хандид, Бисёр соз рақсид.


“ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН”, №46 (9576), 14.11.2018

ПАЙРАВОНИ ПЕШВОИ МИЛЛАТЕМ 15

Ҷавонон ҳамчун ояндагони ин меҳан ва миллат аз солҳои аввали соҳибистиқлолӣ дар баробари дигар қишрҳои ҷомеа ҳамеша дар маркази диққати Ҳукумати кишвар, махсусан Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буда, ҷиҳати рушд ва инкишофи ҳаматарафаи қишри ҷавон тамоми имконот ва шароитҳои мусоид фароҳам оварда шудааст. Бешак, кулли дастовардҳои ҷавонон дар даврони истиқлолият маҳз натиҷаи дастгирӣ, ғамхорӣ ва таваҷҷуҳи пайвастаи Роҳбарияти олии кишвар мебошад. Ҳар як ҷавоне, ки дар ин солҳо ба муваффақият ва комёбӣ дастёб гардидааст, ин бозгӯи он аст, ки ӯ ҷавобан ба дастгириву ғамхории хирадмандонаву ҷавонпарваронаи Сарвари кишвар талош намудаву онро қадр сохтааст. Вақте дар дилхоҳ давлат Сарвари он ба ҷавонон такя менамояду ҳамеша баҳри беҳбудӣ ва пешрафти онҳо таваҷҷуҳ зоҳир месозад, пас бо боварӣ метавон гуфт, ояндаи дурахшоне он кишварро интизор аст. Хушбахтона, дар Ҷумҳурии Тоҷикистон низ баъди ба даст овардани истиқлолияти комил Президенти ҷумҳурӣ доимо ба ҷавонон таваҷҷуҳи худро равона намуда, дар ин самт тадбирҳои гуногуне амалӣ карда шуданд, ки ҳар яки он баҳри беҳбудии ҳаёти насли ҷавон таъсири хуби худро расонидааст. Далели ин гуфтаҳо ҷиҳати рушду инкишоф ёфтани насли ҷавони мамлакат ин қабул гардидани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи сиёсати давлатии ҷавонон” аз 13 марти соли 1992, Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 23 майи соли 1997 “Дар бораи тадбирҳои беҳтар намудани кор бо ҷавонон” ва дар ин замина таъсис дода шудани Кумитаи кор бо ҷавонони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, қабул гардидани Барномаи миллии “Ҷавонони Тоҷикистон” барои солҳои 1999-2000, “Барномаи давлатии тарбияи ватанпарастии ҷавонони Тоҷикистон”, “Барномаи рушди саломатии ҷавонон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”, “Барномаи миллии рушди иҷтимоии ҷавонон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016 – 2018”, “Консепсияи миллии сиёсати давлатии ҷавонон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”, “Стратегияи сиёсати давлатии ҷавонон то соли 2020” таъсис додани Ҷоизаи ба номи Исмоили Сомонӣ барои олимони ҷавон, таъсиси Стипендияи президентӣ барои хонандагони мактабҳои таҳсилоти ҳамагонӣ, литсейҳо, гимназияҳо, омӯзишгоҳҳои касбӣ-техникӣ, 23

КОЧЕРИЛ РАМАН НАРАЯНАН, СОБИҚ ПРЕЗИДЕНТИ ҲИНДУСТОН: -Моро кӯшишҳои хастагинопазири Ҷаноби Олӣ, Президент Раҳмонов ҷиҳати барқарорсозии сулҳ, оштии миллӣ ва раванди созанда дар Тоҷикистон, ки ҷомеаи муосири озод месозад, ба ҳайрат гузошт. Бовар дорам, ки ин кӯшишҳои халқи боистеъдод ва меҳнатдӯсти Тоҷикистон самари нек хоҳанд овард.

Президент – роҳнамо ва ғамхори ҷавонон май эълон гардидани Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон, таъсиси Шӯрои миллии кор бо ҷавонон дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар ниҳоят эълон гардидани соли 2017 ҳамчун Соли ҷавонон мебошанд, ки ҳамаи ин дар маҷмӯъ, барои татбиқи самараноки сиёсати давлатии ҷавонон заминаи мусоид фароҳам оварда, мавқеи ҷавононро дар ҷамъият боз ҳам устувор намуданд. Дар ҷумҳурӣ соле нест, ки ҷиҳати беҳбудии ҳаёти наврасону ҷавонон аз ҷониби ҳукумати кишвар коре ба анҷом расонида нашавад. Имрӯз дар манотиқи дурдасттарин кӯдакистон ва мактабу китобхона фаъолият мекунанд, то насли наврасу ҷавон хуб омӯзанду соҳибкасбу соҳибтахассус гарданд. Ин ҳама дар зери сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат ба миён омада, бо назардошти саҳми арзандаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ташаккули давлатдории навини кишвар, эҳёи давлати миллӣ, таъмини сулҳу ваҳдат ва баланд бардоштани нуфузу эътибори Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ аз соли 2016 инҷониб пас аз тағйирот ворид намудан ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи рӯзҳои ид” аз санаи 15 апрели соли 2016 аз ҷониби Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, 16 ноябр дар мамлакат ҳамчун “Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон” таҷлил карда мешавад. Инак соли сеюм аст, ки мардуми шарафманди кишвар Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо шукӯҳ ҷашн гирифта, он ҳамчун рамзи садоқату самимият ба Президент мебошад, ки сулҳу амонӣ ва ваҳдати миллиро ба сокинони ин сарзамин оварда, зиндагии шоистаро барои хурду бузург муҳайё сохт. Оё медонед, кист он нафаре,

ки аз ҳама бештар баҳри рушду тараққиёти ин меҳан саҳм мегузорад, ҷавононро дар ҷодаҳои гуногун дастгирӣ менамояд, дӯст доштан ва муҳаббат нисбат ба ватану миллатро талқин месозанд, пайваста ба масъалаи тарбияи ҷавонон таваҷҷуҳ зоҳир намуда, барои беҳбудии зиндагии шаҳрвандон талош меварзанд ва муҳимтар аз ҳама ҳастии хешро баҳри осудагии миллату давлати хеш бахшида, барои мо, ҷавонон, намунаи волои ҷавонмардӣ ва намунаи ибрат аст?! Ин Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти мамлакат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошанд, ки боиси ифтихору сарфарозии мо ҷавонон аст. Ҷашн гирифта шудани Рӯзи Президент барои ҳар як ҷавони кишвар боиси ифтихор ва сарфарозист. Зеро Пешвои миллат дар ҳар баромади хеш роҷеъ ба ҳаёт ва нақши ҷавонон суханронӣ намуда, онҳоро ояндаи давлат ва миллат арзёбӣ менамоянд. Тавре Президенти ҷумҳурӣ қайд намудаанд: “Мо аз он қаноатмандем, ки имрӯз ҷавонони мо бо азму иродаи қавӣ ва бо завқи баланд илму донишҳои муосирро аз худ намуда, дар соҳаҳои гуногуни ҳаёти давлату ҷомеа ва ба хотири рушди кишвари маҳбубамон саъю талоши фаъолона доранд. Мо ба ҷавонони кишвар ҳамчун нерӯи фаъолу боғайрат, ташаббускору созанда эътимоди зиёд дорем ва дар раванди бунёди ҷомеаи демократӣ ва ободу пешрафта ба онҳо такя мекунем”. Имрӯз ҷавонон бо дарки суханони волои Пешвои миллат дар ҳама самтҳо талош намуда истодаанд, то сазовори боварӣ бошанд. Ҳамин аст, ки бо шарофати истиқлолият имрӯз ҷавонон бо таваҷҷуҳ ба раванди рушди соҳаҳои гуногуни ҷумҳурӣ ба фаъолият машғул буда, дар риштаи илм ба

дастовардҳои хубе ноил гардида истодаанд. Яке аз механизмҳое, ки имрӯз ҷавонони соҳибилмро гирди ҳам овардааст, ин дар фазои илмии кишвар фаъолият намудани Шӯрои олимони ҷавони ҷумҳурӣ (ШОҶ) ба ҳисоб меравад. Дар солҳои соҳибистиқлолӣ, аниқтараш соли 2015, низомномаи Шӯрои олимони ҷавон аз нав қабул шуд, ки дорои 18 бюро буда, айни ҳол 200 нафар олимону муҳаққиқони ҷавон аъзои он мебошанд. Инчунин солҳои охир шумораи ихтироъкорони ҷавон рӯ ба рушд буда, айни ҳол бино ба иттилои Муассисаи давлатии “Маркази миллии патенту иттилоот” –и Вазорати рушди иқтисод ва савдои ҷумҳурӣ, шумораи умумии ихтироъкорони ҷавон (аз 21 то 30-сола) то санаи 3 сентябри соли 2018 – 92 нафар мебошанд. Ширкати хонандагони ҷумҳурӣ дар солҳои соҳибистиқлолӣ дар олимпиадаҳои сатҳи ҷаҳонӣ бештар гардида, дастовардҳо низ дар ин самт чашмрасанд. Агар дар соли 2016 хонандагони тоҷик аз олимпиадаҳои байналмилалӣ 133 медал – 21 тилло, 33 нуқра ва 79 биринҷӣ ба даст оварда бошанд, пас дар соли 2017, ки соли хубу бобарор унвон мешавад, хонандагони тоҷик дар 26 олимпиадаҳои байналмилалӣ иштирок намуда, 165 медал, аз ҷумла, 34 тилло, 57 нуқра ва 74 биринҷӣ ба даст оварда, парчами Меҳанро дар арсаи ҷаҳонӣ баланд бардоштанд, ки нисбат ба соли 2016 – 32 медал зиёд мебошад. Як нуктаи муҳимро бояд қайд намуд, ки ҷавонони мо имрӯз дарк намудаанд, роҳи ягонаи амалӣ намудани мақсадҳои накӯ, пайдо намудани мавқеи худ дар ҷомеа ва саҳм гузоштан дар рушди минбаъдаи кишвар маҳз тавассути омӯхтани илму дониш ва аз бар намудани касбу ҳунарҳои гуногун муяссар мегардад.

Имрӯз ба кадом соҳае назар намоем, мушоҳида мегардад, ки дар он ҷавонон баробари дигар қишрҳои фаъоли ҷомеа пайи кору фаъолиятанд. Маҳз дастгириву таваҷҷуҳи пайваста аст, ки имрӯз тибқи маълумоти оморӣ дар мамлакат беш аз 44 фоизи хизматчиёни давлатиро ҷавонони то 35 - сола ташкил медиҳанд. Инчунин ҷавонони кишвар дар баробари таҳсил намудан дар донишгоҳу донишкадаҳои дохилӣ ҳоло шумораи донишҷӯёни тоҷик дар муассисаҳои бонуфузи таҳсилоти олии хориҷи кишвар беш аз 30 ҳазор нафарро ташкил менамояд. Ин ҳама дастовард ва пешрафти ҷавонон дар самтҳои гуногун маҳз зери сиёсати хирадмандонаву ҷавонпарваронаи Пешвои миллат ба даст омада, бояд ҳар як ҷавон бо дарки ин нукта фаъолият намояду саҳми худро чун шаҳрванди фаъоли кишвар ва намояндаи миллати тоҷик дар рушду нумуъ ва ояндаи мамлакат гузорад. Бо суханони зерини Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ин ҳама гуфтаҳо метавон хулоса кард, ки фармудаанд: “Маҳз ҷавонони соҳибмаърифату боистеъдод қудрат доранд, ки хазинаи илму фарҳанги миллати хешро ғанӣ гардонида, ҳамчун ҳалқаи мустаҳкам дар занҷири маърифати наслҳо хизмат намоянд.Ҷавонони дорои маърифати олӣ ва тафаккури созандаву ахлоқи ҳамида метавонанд пайванди ногусастании наслҳо ва рӯҳи абадзиндаи аҷдоди бофарҳанги хешро зинда нигоҳ доранд. Итминони комил дорам, ки ҷавонони ватандӯсти мо минбаъд низ бо ҳисси баланди худшиносиву худогоҳии миллӣ, зиракии сиёсӣ, ҷаҳонбинии васеъ, маърифати ҳуқуқӣ ва саъю талоши созандаву бунёдкорона барои ободии кишвар ва боз ҳам баланд бардоштани обрӯю нуфузи Тоҷикистони азизамон дар арсаи байналмилалӣ талош намуда, дар густариши ваҳдати миллӣ, сулҳу субот ва таҳкими пояҳои истиқлолияти давлатӣ саҳми арзанда мегузоранд”. Беҳрӯз ХОЛМУРОДОВ, “ҶТ”


16

Рӯзнома таҳти рақами 0120/рз аз 22 сентябри соли 2014 дар Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон сабти ном шудааст. Нишонӣ: 734018, шаҳри Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ-16, ошёнаи 1

И.В.САРМУҲАРРИР Шодихони НАЗАР

“ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН”, №46 (9576), 14.11.2018

СУРАТГУЗОРИШ

ҲАЙАТИ МУШОВАРА:

Абдуҷаббор РАҲМОНЗОДА (Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа), Нуриддин САИД (вазири маориф ва илми Тоҷикистон), Аҳтам АБДУЛЛОЗОДА (раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон).

ҲАЙАТИ ЭҶОДӢ:

Маҳмудҷон УСМОНОВ (муҳаррир), Толибшоҳи ДАВЛАТ (котиби масъул), Манзумаи ФИРӮЗ (муҳаррири шуъбаи иқтисод ва иҷтимоъ), Хуршед МАВЛОНОВ (муҳаррири шуъбаи иттилоот ва сиёсат), Беҳрӯз ХОЛМУРОДОВ (муҳаррири шуъбаи ҳаёти ҷавонон), Шаҳло ЭШОНОВА, Нуруллоҳи ОРИФ, Хуршед ХОВАРӢ, Шаҳбози АСОМИДДИН, Меҳрубон ИМОМОВА, Муниса ДОДОВА, (хабарнигорон), Шеравган ХУРСАНҚУЛОВ (саҳифабанд), Меҳроб АЗИМОВ (рассом), Машҳур ИМОМНАЗАРОВ (хабарнигор, ВМКБ), Шодмон НУРМАТОВ (хабарнигор, вилояти Суғд) Фирӯз АБДУРАҲМОНОВ (хабарнигор, вилояти Хатлон).

Ба хотири чандандешӣ матолибе низ ба табъ мерасанд, ки хилофи назари ҳайати эҷодист. Дурустии арқому далелҳо бар дӯши муаллифон аст.

Ҳангоми таҳияи хабарҳо аз матолиби интернет низ истифода шудааст.

Индекси обуна: 68857

Тел: 908 85-85-93, 238-54-14, 238-51-09, 238-53-03

Ҳафтанома дар КТН «Шарқи озод» (хиёбони Саъдии Шерозӣ-16) бо теъдоди 3932 нусха ба нашр расид.

Ҳисоби бонкӣ: с/ҳ №20202972500232101000, ҳ/х 20402972316264, РМА030000301, РМБ350101626. БДА Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк»


Turn static files into dynamic content formats.

Create a flipbook
Issuu converts static files into: digital portfolios, online yearbooks, online catalogs, digital photo albums and more. Sign up and create your flipbook.