ЧТ , “ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН”, №49 (9579), 06.12.2018
javonon.tj
1
НАШРИЯИ КУМИТАИ КОР БО ҶАВОНОН ВА ВАРЗИШИ НАЗДИ ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
АВОНОНИ ОҶИКИСТОН №49 (9579), 06/12/2018
e-mail: javonontj@mail.ru
Вақте ҷаҳониён эътироф мекунанд... саҳифаи
Тоҷикистон муқобили терроризм саҳифаи
4
5
Волонтёрӣ мактаби мардонагист саҳифаи
6
Аз “шӯяк-шӯяк”-и савдогарон то “сартарошон”-и ронандаҳо саҳифаи
7
Мақоми сеюми бонувони Тоҷикистон дар чемпионати CAFA-2018
Бунёди боз 58 майдончаи варзишӣ то ҷашни Истиқлолият
саҳифаи
8
Ниқоби сиёҳ: пешгирӣ аз беморӣ ва ё муд? саҳифаи 11
Тоҷикон аз ҷумлаи миллатҳое маҳсуб мегарданд, ки дар косибиву ҳунармандӣ миёни дигар ақвому миллатҳои Осиё бо ҳунарҳои вижаи худ ҳамеша фарқ мекарданд. Ҳамин вижагии тамаддуну фарҳанги бемисли эшон сабаб гардидааст, ки дар дарозои таърихи башарият олимони зиёде аз ҷумлаи намояндагони миллатҳои арабу англису рус перомуни тамаддуни ин миллат таҳқиқотҳои илмӣ намоянд. Рисолаҳои илмӣ ва бозёфтҳои археологии зиёди эшон, ки китобхонаву осорхонаҳои Англияву Русияро зеб медиҳанд, шаҳодати гуфтаҳои болоанд. Сар карда аз аввалҳои асри ХХ то имрӯз олимони зиёде аз мамолики собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ аз ҷумла Русия ба таҳқиқот доир ба ҳунармандии халқи тоҷик пардохта буданд, ки натиҷаҳои назаррасе ҳам дода буд. Дар даврони соҳибистиқлолӣ бошад, бо кӯшишу талошҳои олимони тоҷик як қатор корҳои назаррасе ба сомон расонида шуданд. Ва ҳамин аст, ки то чанд рӯзе қабл Комиссияи миллӣ оид ба корҳои ЮНЕСКО – Идораи илму фарҳанги Созмони Милали Муттаҳид аз мероси ғайримоддии халқи тоҷик “Шашмақом”, “Оши палав”, “Наврӯз” ва ба мероси моддӣ бошад шаҳри бостонии Саразм, Боғи миллии Тоҷикистон ва кӯҳҳои Помирро ба феҳристи худ дохил карда буд.
2
ҲАФТАИ ПРЕЗИДЕНТ
“ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН”, №49 (9579), 06.12.2018
Бунёди боз 58 майдончаи варзишӣ то ҷашни Истиқлолият 29 ноябр таҳти раёсати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Ҳукумати мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.
Шиносоӣ бо рафти корҳои сохтмонӣ дар Масҷиди марказии ҷомеи шаҳри Душанбе ва иншооти нави Донишкадаи исломии Тоҷикистон 30 ноябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ бо рафти корҳои сохтмонӣ дар Масҷиди марказии ҷомеи шаҳри Душанбе ва иншооти нави Донишкадаи исломии Тоҷикистон ба номи Имоми Аъзам-Абӯҳанифа Нӯъмон ибни Собит шинос шуданд. Хотиррасон мешавем, ки лоиҳаи бунёди Масҷиди марказии ҷомеъи шаҳри Душанбе бо дастгирии бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон амалӣ гардида, рафти корҳои сохтмонӣ дар он таҳти назорати доимии Пешвои миллат қарор дорад. Масҷиди бузурги ҷомеи шаҳри Душанбе дар майдони 12 гектар замин ҷойгир шуда, аз биною мавзеъҳои намозхонӣ, китобхона, осорхона, толорҳои маҷлисӣ ва қабули меҳмонон барои мулоқоту гуфтушунидҳо иборат хоҳад буд. Масоҳати зери бинои масҷид бошад, 3 гектарро ташкил медиҳад ва корҳои сохтмонӣ дар ин иншооти бузург аз ҷониби Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон моҳи октябри соли 2009 дар рӯзҳои таҷлили 1310 - солагии Имоми Аъзам ва Соли бузургдошти асосгузор ва пешвои мазҳаби таҳаммулгарои ҳанафӣ гузошта шуда буд. Лоиҳаи сохтмони ин иншооти барои намозгузорон пешбинӣ шуда, аз ҷониби мутахассисони варзидаи соҳа аз Тоҷикистону Қатар омода гардидааст ва он бо назардошти унсурҳои бостонию муосири санъати меъмории мардуми тоҷик ва ҷаҳонӣ аз 4 манораи баландиаш 75 метра ва гумбази 47 метра иборат хоҳад буд. Таъкид кардан ба маврид аст, ки бо маслиҳатҳои мушаххас ва завқи баланди зебоипарастии Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон дар лоиҳаи сохтмони ин иншооти бузург тарҳу усулҳои меъмории бостонии тоҷикӣ, нақшу нигори деворҳо, гумбазҳо, сутунҳою даромадгоҳҳо ва тамоми дигар корҳои ороишотии дохилу атрофи масҷид ба эътибор гирифта шудааст. Дар вақти таҳияи лоиҳаи бунёди Масҷиди марказии ҷомеъи шаҳри Душанбе низ меъморону сохтмончиён пешниҳоду талабот ва тавсияҳои Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ба инобат гирифтаанд. Зимни шиносоӣ бо рафти корҳои сохтмонӣ Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои анҷоми босифати корҳои ороишии толорҳои масҷиди бузург ва ободонию кабудизоркунии майдони назди он масъулини корҳои сохтмониро вазифадор намуданд. Таъкид карда шуд, ки корҳои ороишию кандакорӣ ва чӯбтарошӣ дар ин иншоот бояд мувофиқ ба талаботи меъёрҳои байналмилалӣ ва риояи санъати меъморию сохтмонии мардуми куҳантамаддуни тоҷик анҷом дода шавад то ин, ки иншоот барои мардуми тоҷик ва нафароне, ки ба диёри мо ташриф меоваранд садсолаҳо хизмат расонад. Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баъди шиносоии пурра бо рафти корҳо бори дигар ба мутахассисон барои вусъати корҳои сохтмону ороишии босифати бино, ва ба талаботи меъёрҳои ҷаҳонӣ мутобиқ кардани хусусан толорҳои барои ибодат пешбинишуда, даромадгоҳҳои иншоот ва дарвозаҳои он дастуру ҳидоятҳои мушаххас доданд.
Дар кори маҷлиси ҳукумат нахуст доир ба ташкили корҳо дар самти таҳияи дурнамои нишондиҳандаҳои асосии макроиқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2020 ва параметрҳои асосии он барои солҳои 2021-2022 гузориши вазири рушди иқтисод ва савдо Неъматулло Ҳикматуллозода шунида шуд. Сипас лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд” ва лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи амнияти озуқаворӣ» баррасӣ ва ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ирсол карда шуданд. Аъзои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хамчунин масъалаҳои вобаста ба Барномаи корҳои оморӣ барои соли 2019, Низомномаи Ҷоизаи ба номи Исмоили Сомонӣ барои олимони ҷавон, ки дар соҳаи илм ва техника корҳои намоён анҷом додаанд, Нақшаи чорабиниҳо оид ба ҳамоҳангсозии амалишавии сиёсати макроиқтисодӣ ва пешгирии таъсири хавфҳои эҳтимолӣ ба иқтисодиёти миллиро баррасӣ намуданд. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Ҳукумати мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баъди муҳокимаи
масъалаҳои рӯзномаи кори маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аъзои ҳукумат, роҳбарони вазорату идораҳо ва шаҳру ноҳияҳои мамлакатро ҷиҳати таъмини иҷрои саривақтии дастуру супоришҳо вазифадор намуданд. Дастуру супоришҳои дигар доир ба вусъати корҳои ободониву созандагӣ, бунёди мактабҳои кӯдаконаи мусиқӣ, боғҳои истироҳативу фарҳангӣ, майдончаҳои варзишӣ дар тамоми шаҳру ноҳияҳо, омодагӣ ба гузаронидани фасли зимистон, таъмини бемайлони аҳолӣ ва иншооти хоҷагии халқи мамлакат бо барқу гармӣ, захираи маводи кофии сӯхт, таъмини ҳаракати муназами нақлиёт дар тамоми роҳҳои қаламрави мамлакат ва пешгирӣ аз ҳолатҳои сар задани сӯхтор дар иншооти таъйиноти гуногун дода шуданд. Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба роҳбарият, сохтмончиёни Неругоҳи барқи обии “Роғун” ва дар маҷмӯъ ба ҳамаи онҳое, ки дар бунёди ин иншооти бузурги аср саҳми ватандӯстонаи хешро гузоштаанд, аз номи худ ва Ҳукумати Тоҷикистон миннатдории самимӣ изҳор намуданд. Баъд аз баррасии масъалаҳои маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маросими супоридани туҳфаҳо ба ғолибони озмуни беҳтарин мақомоти марказии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, корхона, муассиса ва ташкилоти
давлатӣ оид ба сохтмони майдончаҳои варзишӣ, бунёди боғу гулгаштҳо дар ҳудуди шаҳри Душанбе баргузор гардид. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз татбиқи фармоиши Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар асоси он аз ҷониби 86 вазорату идора ва шахсони алоҳида дар шаҳри Душанбе 92 майдончаи варзишию бозии кӯдакон бунёд ва таҷдиду навсозии 12 боғу гулгашт дар сатҳи баланд амалӣ гардид, ёдовар шуда, аз номи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба вазорату идораҳо ва шахсони алоҳидае, ки дар пойтахти мамлакат шаҳри Душанбе чунин иншоот бунёд карда, дар ободу зебо гаштани он нақши худро гузоштаанд, изҳори миннатдорӣ баён намуданд Ҳамин тавр имрӯз дар маҷлиси Ҳукумат бо натиҷагирӣ аз ҷамъбасти озмуни ҷумҳуриявӣ ва барои иҷрои сифатноки корҳои бунёду навсозии майдончаҳои варзишӣ ва боғу гулгаштҳо 41 ғолиби озмун ҳавасманд ва бо туҳфаҳо қадршиносӣ карда шуданд. Дар охир Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тазаккур доданд, ки дар соли 2019, то ҷашни Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳудуди шаҳри Душанбе боз 8 гулгашт таҷдид гардида, 58 майдончаи варзишии нави замонавӣ бунёд мегардад. www.president.tj
ВМКБ
Суҳбату вохӯрӣ бо ҷавонони Ванҷ Дар ҷамоати Маҳмадулло Абдуллоеви ноҳияи Ванҷ масъулини Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо хонандагони синфҳои болоии МТМУ – и №4 ва ҷавонони ноҳия вохӯрӣ карданд. Ҳини мулоқот Шаҳзод Раҳимзода, сардори Раёсати кор бо ҷавонони кумита ва Масрур Ғайратов, мудири Бахши кор
бо ҷавонон ва варзиши ноҳия ҳозиринро ба хештаншиносию ватандӯстӣ даъват намуда, махсус қайд карданд, ки ҷавонон дар самти роҳандозии фаъолиятҳои созанда, ободонӣ, донишандӯзию варзиш аз худ кӯшишҳои бештар нишон диҳанд ва набояд фирефтаи ҳаргуна афкори ифротгароӣ, эҷоди хушунату бадбинӣ шаванд. Зикр гардид, ки ҷараёну
равандҳо ва ҳизбу ҳаракатҳои экстремистӣ – террористӣ ҳоло низ ният доранд, то ба ақлу хиради ҷавонон мусаллаҳ шаванду мақсадҳои нопокашонро амалӣ созанд. Бинобар ин, бо назардошти вазъи ҷаҳонӣ наслҳо бояд аз оқибатҳои ин гуна падидаҳои манфур бархурдор бошанду ба ҳеҷ ваҷҳ аз зиндагии осоиштаву солим канор нагиранд.
Рӯшон: Аксия бо иштироки васеи ҷавонон Бо ҷалби зиёда аз 300 нафар дар ноҳияи Рӯшон таҳти унвони “Солимии ҷомеа - солимии миллат” аксияи ҷавонону наврасон гузаронида шуд. Чорабинӣ бо иқдоми Бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳия ба муносибати Рӯзи мубориза алайҳи бемории ВНМО/БПНМ ташкил шуда, дар ҷараёни он ба сокинону ҷавонони ноҳия маводҳои тарғиботӣ оид ба пешгирии ин вирус тақсим гашт. Қаландар Давлатмамадов, мудири бахш зимни суханронии хеш қайд кард, ки баҳри пешгирии чунин беморӣ қабл аз ҳама ҷавонон бояд ҷонибдори ҳаёти солим бошанду дар со-
ДУШАНБЕ
лимгардонии ҷомеа ҳаматарафа нақши босазо гузоранд. Инчунин байни ҳозирин мусобиқаҳои варзишӣ аз рӯи намуди варзиши сабук (дастхобонӣ, вазнбардорӣ ва ғайра) ва бозиҳои интеллектуалӣ доир шуда, ғолибон бо туҳфаю мукофотпулӣ қадрдонӣ шуданд. Тарбиятгирандагони мактаб - интернати ҷумҳуриявии ноҳия бошанд баҳри болидахотирии иштирокдорон барномаи рангини фарҳангиро пешкаш намуданд. Машҳур ИМОМНАЗАРОВ, “ҶТ”
Ҷавонон зидди ВНМО
Бахшида ба Рӯзи умумиҷаҳонии мубориза бар зидди бемории масунияти бадан дар Донишкадаи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти унвони “Ҷавонон бар зидди ВНМО” оид ба пешгирии хатари паҳншавӣ ва оқибатҳои ин бемории вазнин бо иштироки донишҷӯён ва кормандони соҳаи тиб ҷамъомад баргузор гардид. Ҷамъомадро муовини рек-
тори донишкадаи мазкур Зулфия Аҳмадзода ифтитоҳ бахшида, зикр кард, ки соли 2017 Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Барномаи миллӣ оид ба муқовимат ба эпидемияи вируси норасоии масунияти бадан дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2017-2020»-ро ба тасвиб расонд. Ҳадафи асосии он таъмини дастрасии баробар ва умумии аҳолӣ ба хизматрасонии босифат оид ба пешгирӣ, табобат,
нигоҳубин ва дастгирӣ вобаста ба сирояти ВНМО мебошад. Мутахассисони соҳаи тиб ба донишҷӯён оид ба роҳҳои пешгирӣ аз сирояти ин беморӣ маълумот доданд. Донишҷӯён ташаббус нишон дода, варақаҳои таблиғотии марбут ба пешгирии хатари паҳншавӣ ва оқибатҳои ин бемории сироятиро ба шаҳрвандон тақсим ва корҳои фаҳмондадиҳӣ анҷом доданд.
Ҳамоиши ашхоси маъюб
Бахшида ба Рӯзи байналмилалии маъюбон, ки ҳамасола 3 декабр дар тамоми ҷаҳон ҷашн гирифта мешавад, дар Маркази исмоилияи шаҳри Душанбе анҷумани миллии шахсони маъюби Тоҷикистон оғоз ёфт. Дар ин ҳамоиш намояндагони Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, иттиҳодияи миллии маъюбони Тоҷикистон, ҷамъияти Ҳилоли аҳмари Тоҷикистон, намояндагони сафоратҳои Олмон ва Фаронса, ҳамчунин шахсони маъюб аз ҳар манотиқи ҷумҳурӣ ва кишварҳои ҳамсоя ҷамъ омаданд.
Бояд гуфт, ки ҳамоиши мазкур бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шарикони рушд тӯли се рӯз дар Маркази исмоилия идома ёфта, дар он як зумра масъалаҳои вобаста ба рӯзгори шахсони маъюб баррасӣ мегардад. Тавре роҳбари иттиҳодияи миллии маъюбони Тоҷикистон Асадулло Зикрихудоев зикр намуд, дар чорчӯбаи ҳамоиш озмуни «Бонуи мустақил – 2018» байни занони маъюб аз ҳар минтақаи кишвар сурат мегирад. Мӯниса ДОДОВА, “ҶТ”
ШНТМ
Рӯзи байналмилалии волонтёрон дар Роғун
Бахшида ба “Рӯзи байналмилалии волонтёрон” дар толори мактаби рақми 2-и шаҳри Роғун бо иштироки волонтёрон, гирандагони Стипендияи президентӣ,раиси шаҳри Роғун, роҳбарони маҳфилҳои фаннӣ аз муассисаҳои талабагон ва ҷавонони фаъол донишҷӯён иштирок доштанд.
3
АХБОРИ ҲАФТА
“ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН”, №49 (9579), 06.12.2018
Дар хотима якчанд сурудҳо дар васфи Ватан, Тоҷикистон, ҷавонон аз ҷониби сарояндагони бахши фарҳанги шаҳр ба самъи иштирокчиен расонида шуд. Наҷиба МУРОДБЕКОВА, “ҶТ”
ХАТЛОН
Боз як гӯшаи кишвар обод шуд
Дар робита ба дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати сазовор таҷлил намудани 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон боз як гӯшаи диёрамон обод карда шуд. Санаи 2 декабри соли 2018 сокинони маҳаллаи Сайфиддин Сангови шаҳри Кӯлоб шоҳиди боз як ободкорӣ гардиданд. Бо ташаббуси мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб ҳудуди 700 метр роҳи маҳаллаи Сайфиддин Сангов сангфарш карда шуд. Сокинони маҳалла аз ин амали нек ва хайру савоб шоду масрур гардида, дар тахту ҳамвор кардани роҳ кӯмаки хешро расониданд. Онҳо ният доранд, ки баъди ба сомон расидани корҳои сангфаршкунӣ дар ду тарафи роҳ дарахтони сояафкан мешинонанд.
Ҳашари умумишаҳрӣ дар Бохтар Дар шаҳри Бохтар ҳашари умумишаҳрӣ гузаронида шуд, ки дар он раисони маҳалла ва сокинони шаҳр иштирок намуда, ба тозаву озода намудани ду тарафи роҳҳои даромадгоҳҳои маркази вилояти Хатлон ва дигар гӯшаву канори шаҳр машғул шуданд. Барои дар сатҳи хуб ба роҳ мондани “Омодагӣ барои 30 – солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон” ҳамарӯза дар шаҳри Бохтар кормандони ташкилоту му-
СУҒД
ассиса, корхонаҳо, сокинон ба тозаву озода намудани гирду атроф, кӯчаву хиёбонҳои шаҳр машғул мебошанд. Ин ҳама баҳри он аст, ки маърифати шаҳрдории сокинон баландтар гардад ва ҷашни 30 – солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар сатҳи зарурӣ истиқбол карда шавад. Баргузории чунин ҳашарҳои умумӣ идома дорад. Фирӯз АБДУРАҲМОНОВ, “ҶТ”
Панҷакент: Ҳикмати мардонаро аз суҳбати пирон талаб
Бо мақсади бохабар будан аз аҳволи ин қишри ҷомеа, дур кардани ҳисси танҳоии эшон ва бо ин васила тарбия намудани наврасону ҷавонон бобати эҳтиром намудани калонсолон ва ниёзмандон, 30 ноябри соли равон бо ибтикори Бахши кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Панҷакент бахшида ба Рӯзи байналмилалии волонтёрон бо иштироки аъзоёни маҳфили гирандагони Стипендияи президентӣ ва волонтёрони бахш аёдати бошандагони Маркази минтақавии хизматрасонии иҷтимоӣ
ба пиронсолон ва маъюбон таҳти унвони “Ҳикмати мардонаро аз суҳбати пирон талаб” ташкил ва баргузор гардид. Стипендиантон ва волонтёрон ҳангоми суҳбат бо пиронсолон иброз доштанд, ки: “Аёдати пиронсолон яке аз хислатҳои хуби инсонӣ аст. Шумо худро ҳеҷ гоҳ танҳо ҳис накунед, зеро мо – ҷавонон ҳамеша бо шумо ҳастем ва ҳеҷ вақт танҳоятон намегузорем”. Дар фарҷоми чорабинӣ ба бошандагони хонаи пиронсолон кӯмаки моддӣ расонида шуд.
Таҷлили Рӯзи умумиҷаҳонии мубориза бо ВНМО Санаи 29 ноябри соли равон дар Қасри фарҳанги ноҳия Рӯзи умумиҷаҳонии мубориза бо ВНМО бо иштироки васеи мутахассисон ва наврасону ҷавонон баргузор гардид. Дар дохили Қасри фарҳанг намоиши маводҳои иттилоотӣ ташкил карда шуда, ба ҳозирин оиди намудҳои сироятёбӣ, роҳҳои эҳтиёт аз ин беморӣ ва таърихи он маълумот дода шуд. Ҳамзамон дар ин рӯз, моҳвораи пешгирии аз ин беморӣ, ки дар доираи он озмуни иншои беҳтарин, расми беҳтарин, расм дар рӯи мум-
фарш, аксияҳои тарғиботӣ, мусобиқаи варзишӣ оид ба намудҳои футбол, волейбол, баскетбол ва викторина, ки дар якҷоягӣ бо маркази пешгирии ВНМО, Бахши кор бо ҷавонон ва варзиш ва Шӯъбаи маориф баргузор карда шуда буд, ҷамъбаст гардид. Ба ғолибони озмун дар вазъияти тантанавӣ мукофотҳо супорида шуд. Ҳамзамон, баҳри болидахотирии ҳозирин рақсу суруд пешкаш карда шуд. Шодмон НУРМАТОВ, “ҶТ”
4
“ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН”, №49 (9579), 06.12.2018
ХУДШИНОСИИ МИЛЛӢ
Тоҷикон аз ҷумлаи миллатҳое маҳсуб мегарданд, ки дар косибиву ҳунармандӣ миёни дигар ақвому миллатҳои Осиё бо ҳунарҳои вижаи худ ҳамеша фарқ мекарданд. Ҳамин вижагии тамаддуну фарҳанги бемисли эшон сабаб гардидааст, ки дар дарозои таърихи башарият олимони зиёде аз ҷумлаи намояндагони миллатҳои арабу англису рус перомуни тамаддуни ин миллат таҳқиқотҳои илмӣ намоянд. Рисолаҳои илмӣ ва бозёфтҳои археологии зиёди эшон, ки китобхонаву осорхонаҳои Англияву Русияро зеб медиҳанд, шаҳодати гуфтаҳои болоанд. Сар карда аз аввалҳои асри ХХ то имрӯз олимони зиёде аз мамолики собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ аз ҷумла Русия ба таҳқиқот доир ба ҳунармандии халқи тоҷик пардохта буданд, ки натиҷаҳои назаррасе ҳам дода буд. Дар даврони соҳибистиқлолӣ бошад, бо кӯшишу талошҳои олимони тоҷик як қатор корҳои назаррасе ба сомон расонида шуданд. Ва ҳамин аст, ки то чанд рӯзе қабл Комиссияи миллӣ оид ба корҳои ЮНЕСКО – Идораи илму фарҳанги Созмони Милали Муттаҳид аз мероси ғайримоддии халқи тоҷик “Шашмақом”, “Оши палав”, “Наврӯз” ва ба мероси моддӣ бошад шаҳри бостонии Саразм, Боғи миллии Тоҷикистон ва кӯҳҳои Помирро ба феҳристи худ дохил карда буд. ЧАКАН ҲАМЧУН МЕРОСИ БАШАРИЯТ Рӯзи 19 ноябр дар ҷаласаи 13-уми Кумитаи байнидавлатии ЮНЕСКО – Идораи илму фарҳанги Созмони Милали Муттаҳид оид ба ҳифзи мероси фарҳанги ғайримоддӣ номинатсияи “Санъати гулдӯзии чакан дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” расман дар феҳристи репрезентативии мероси фарҳанги ғайримоддии ЮНЕСКО сабт гардид. Дар ин ҷаласа беш аз 800 нафар намояндагон аз 120 мамлакати ҷаҳон иштирок доштанд. Ҳайати Кумита иборат аз 24 кишвари аъзо дар давоми панҷ рӯз 7 номинатсияи ба Феҳристи унсурҳои фарҳангии таҳти хатар қарордошта ё муҳтоҷ ба ҳифзи фаврӣ пешниҳодшуда, 40 номинатсияи марбут ба Феҳристи репрезентативии мероси фарҳанги ғайримоддӣ ва 2 номинатсияи ба Рӯйхати таҷрибаҳои намунавӣ ҷиҳати ҳифзи мероси фарҳанги
Вақте ҷаҳониён эътироф мекунанд...
ғайримоддӣ пешниҳодшуда ва масъалаҳои дигарро баррасӣ карданд. Дар ин ҷаласа номинатсияи «Санъати гулдӯзии чакан дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”, ки соли 2017 пешниҳод шуда буд, 29 ноябр мавриди баррасӣ қарор гирифт. Дар баррасӣ намояндаҳои кишварҳои Қазоқистон, Озарбойҷон, Арманистон, Фаластин, Сенегал, Филиппин, Чин, Ҷамайка, Ҷибути, Ҷопон, Камерун ва чанде ба сухан баромада, номинатсияи «Чакан»-ро дастгирӣ ва тавсиф намуданд. Ҳамин тариқ, дар вақти овоздиҳӣ аксарият ба ҷонибдории номинатсияи «Санъати гулдӯзии чакан» овоз доданд ва номинатсияи мазкур ба Феҳристи репрезентативии мероси фарҳанги ғайримоддӣ расман сабт карда шуд. Сомонаи ЮНЕСКО дар муаррифии чакан менависад: «Чакан як навъи гулдӯзии миллӣ дар матоъҳои пахтагӣ ва абрешимӣ аст, ки бештар дар байни занону духтарони тоҷик ривоҷ ёфтааст. Дар вилояти Хатлони Тоҷикистон чакан як ҷузъи муҳими либоси арӯсу домод ба шумор меравад. Дар ин ҷо домодҳо тоқии худро бо гулдӯзиҳои чакан оро медиҳанд ва
занону духтарон дар рӯзҳои тӯй ва иду маросим куртаву эзори чакан ба тан мекунанд. Санъати чакан аз насл ба насл бо шеваи устодшогирд ба мерос мондааст». Аз ҷониби Ҷумҳурии Тоҷикистон дар кори ҷаласа Котиби масъули Комиссияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба корҳои ЮНЕСКО Зулфия Бурҳон, муовини директори Пажӯҳишгоҳи илмӣ-тадқиқотии фарҳанг ва иттилоот Дилшод Раҳимӣ – ҳамчун муаллифи асосии номинатсияи «Чакан» ва Қурбониддин Аламшоев – директори ташкилоти ҷамъиятии «Кӯҳҳои Помир», ки аз ҷониби ЮНЕСКО аккредетатсия шудааст, иштирок доштанд ва дар мавриди саволу ҷавоб ва баҳсҳо аз номинатсияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳимоя намуданд. АЗ ТАЪРИХИ ЧАКАН Аз сарчашмаҳои таърихӣ бармеояд, ки чакан ва чакандӯзӣ таърихи қадима дорад. Ҳунармандони мо дар ҳар давру замон кӯшиш мекарданд, ки зебоӣ ва рангорангии табиати замину офтоби ҷои зисти худро ба риштаи тасвир кашанд. Ба андешаи олимони соҳа, чакандӯзӣ ва фалаксароӣ хоси мардуми қисмати ҷануби Тоҷикистон, яъне вилояти Хатлон
Халқ раҳнамо дорад Таърихи башар пур аз корнамоиҳои афроди ҷасур аст, ки дар мушкилтарин лаҳзаҳо метавонанд муваффақиятро ба даст оваранд. Аммо таърих кам ёд дорад шахсонеро, ки дар муқобили марг сухан аз зиндагӣ гӯянд ва дар баробари ҷанг сулҳу ваҳдатро тараннум намоянд. Чунин ашхос бе муболиға бузургтарин шахсиятҳои таърихӣ ҳастанд, ки барои иҷрои масъулият ва наҷоти халқу миллате аз бадбахтиҳо зода шудаву дар самти татбиқи рисолати муқаддаси худ ҳатто ҷони хешро дареғ намедоранд. Муҷиби ифтихору сарфарозист, ки таърих дар баробари ҳама он зулму
бадбахтиҳое, ки ба сари миллати мо овард, ҳамчунин нафареро ба арсаи сиёсат ворид сохт, ки пас аз ҳазор соли заволи Сомониён Тоҷикистонро ҳамчун давлати озоду соҳибихтиёр, дунявӣ, демократӣ ва ягона ба ҷаҳониён муаррифӣ кард. Истиқрори сулҳу ваҳдати комил, тантанаи адолат, рушди устувори соҳаҳои мухталиф, раҳоӣ аз бунбастҳои пурхатар, таъмини зиндагии шоиста, кафолати баробарӣ дар назди қонун, идоракунии давлат тавассути иродаи халқ аз ҷумлаи хизматҳои бузургтарини Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад, ки дар тӯли
аст. Дар замони соҳибистиқлолии Тоҷикистон Хатлон на танҳо маркази тарғиботи чакан, балки дорандаи мактаби ин ҳунари зебо ва навъҳои он маҳсуб мешавад. Имрӯз нақши чакан дар сӯзаниҳои Самарқанду Бухоро, Истаравшан, Дарвозу Ванҷ, Вахёву Рашт, ва дар нақшҳои лаби остину лаби домони мардуми Шуғнону Рӯшон низ акс ёфтааст. Дар минтақаи Кӯлоб куртаи чакан яке аз пироҳанҳои муҳим барои ҷашни арӯсӣ ба ҳисоб меравад ва ҳар арӯс бояд ин ҳунари аҷдодиро аз худ кунад ва то барпо шудани ҷашни арӯсияш бо дастони худ барояш чодари нақшини чаканӣ омода намояд. Писарҳо бошанд, дар ҷашни домодияшон ба сар тоқии чакан мегузоранд. Мардуми одӣ ҳам хонаҳои худро бо девориҳои пурнақшу нигори чаканӣ ва тирезаҳоро бо пардаҳои гулдӯзишуда оро медоданд. Дар гулдӯзии чакан тасвирҳои рамзнок ва мазмунҳои мифологӣ (афсонавӣ) оид ба табиати атроф, кайҳон, орзуву омоли мардум истифода мешаванд. Дар чакан косагул, гули анор, барги бед, бодомак, лола, райҳон, тоҷи хурӯс, булбул, думи товус, моҳу ситора, офтоб, абр, гулдоира, гулбандина, шоҳбаргҳо, баргакҳо, дилак, себарга, нақшҳои хурмоӣ ва рангҳои муҷалло ба ҳам омада, чун рамзи зиндагӣ рӯи пироҳан тасвир мешаванд. Офтобу моҳ, ситораҳо ва салибу нақшҳои ҳандасӣ бошад, яке аз ҷузъҳои нақши чакандӯзӣ буда, аз бовару эътиқоди мардуми тоҷик дарак медиҳанд. Гули анору нилуфар рамзи файзу баракат ва фаровониро ифода мекунад. Нақшҳои гулдӯзишудаи куртаи чакан хусусиятҳои хос дошта, вобаста ба таъйиноти худ фарқ мекунанд. Махсусан, ду гулдоирае, ки дар пеши бар гулдӯзӣ шудаанд, ҳамчун рамзи шаҳу арӯс низ метавон шарҳ дод. Ба андешаи
солҳои соҳибистиқлолӣ амалӣ гардидаанд. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки ба қавли адиби машҳури Доғистон Расул Ғамзатов “тавонист формулаи сулҳи ҷанги бародаркушро ёбад”, ҳамчун яке аз симоҳои бузурги таърихи Тоҷикистон ва ҷаҳони муосир эътироф шудаву аз эътибору эҳтироми махсуси ҷаҳониён бархурдор аст. Далели ин гуфтаҳо пазироӣ ва татбиқи амалии пешниҳодҳои Тоҷикистон бо роҳбарии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонист. Гузашти солҳо исбот намуд, ки халқу миллат бо Пешвои муаззами худ ва Сарвари давлат бо халқу меҳани хеш ифтихор ва барои ободию
баъзе мардумшиносон он олами ормонии зан аст ва аз рӯҳияи зиндагисоз сарчашма мегирад. ЧАКАН ВА ҲУВИЯТИ МИЛЛӢ Ба бар кардани либоси чакан дар сурату сирати бонувони мо ҳувият ва худшиносии миллиро бедор мекунад. Ин аст, ки дар ҳама намоишҳо, озмунҳо, барномаҳои консертӣ, ҷашнҳои арӯсӣ, идҳои оммавӣ ва маишӣ, ҳамчунин, тавассути фестивалу озмунҳои “Таронаи чакан”, “Ҷилваи чакан”, “Чакомаи гесу”, “Андалеб” ва ғайра ин ҳунар ва либоси мардумӣ, ки аз ниёгон ба мо боқӣ мондааст, ҳамчун муаррификунандаи таъриху фарҳанги миллати тоҷик намоиш дода мешавад. Ба андешаи равоншиносону ҷомеашиносон вақте шахс ба чизе бештар таваҷҷуҳ мекунад ин хоҳу нохоҳ ба зершуури вай таъсири худро мерасонад. Ба бар кардани пироҳане, ки арзишҳои миллӣ дар он нуфуҳтааст ба бедор шудани ҳувияти миллӣ дар шахс замина мегузорад. ЧАКАН АЗ НИГОҲИ ЗАБОНШИНОС Калимаи “чакан” - ро бо калимаҳои “чеканит”, “чеканка” - и русӣ ва “чакома” - ву “чакомак” - и авестоӣ алоқаманд мекунанд. Дар ин маврид вобастагӣ ба нақшро дар назар доранд, яъне чакан ин нақш аст. Вожаи “чакан”-ро фарҳангномаҳои муътабартарину куҳан, чун “Бурҳони қотеъ”, “Ғиёсул-луғот”, “Мадор”, “Рашидӣ” низ шарҳ додаанд. Ба ақидаи забоншинос Саъдӣ Маҳдӣ “чакан” вожаи тоҷикист. Ӯ мегӯяд: “Чакан вожаест, ки дар луғатҳои русӣ дида мешавад. Масалан дар Луғати тафсирии “Дал” чун рустании обӣ ё ботлоқӣ маънидод шудааст: Сочное болотное растение. Муҳим он аст, ки чакан дар яке аз забонҳои оилаи ҳиндуаврупоӣ - русӣ дар истифода будааст. Албатта бо аз байн рафтани туғайзору ботлоқзорҳо ин рустании гулҳои паҳндор низ аз байн рафт, вале дар сӯзанӣ ва тоқиву куртаҳои мардуми Кӯлоб боқӣ монд. Яъне, ин далелест бар тоҷикӣ будани вожаи чакан”. Ба ҳар ҳол боиси ифтихори мо тоҷикон аст, ки боз як мероси қадимаи фарҳангиамон аз тарафи ниҳоди фарҳангии ҷаҳон – ЮНЕСКО расман эътироф гардид. Хуршед ХОВАРӢ, “ҶТ”
пешрафти Тоҷикистони азиз содиқона фаъолият доранд. Истиқболи гарму самимии мардум аз Президенти худ зимни сафарҳои эшон ба манотиқи гуногуни кишвар далели муҳаббати бузург, эътирофи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун президенти мардумӣ, ҳомии арзишҳои конститутсионӣ, роҳбару раҳнамои содиқ ва муҳимтар аз ҳама нишонаи эҳтирому қадршиносии сокинони Тоҷикистон ба ҳама он заҳмату хизматҳои беназири Сарвари давлат дар ҷодаи созандагию ободкориҳост. Ҳокимбек ТИЛЛОЕВ, котиби судии Суди ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе
“ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН”, №49 (9579), 06.12.2018
√
5
МУЛОҲИЗА
9 ДЕКАБР - РӮЗИ БАЙНАЛХАЛҚИИ МУБОРИЗА БО КОРРУПСИЯ
Фасодкорон “фаромӯш” намешаванд
Мазли Малик вазири маорифи давлати Малайзия гуфтааст, ки китобҳои дарсии фанни таърихро аз сари нав нашр карда, ба он баъзе мавзӯъҳои имрӯза, алалхусус ришваситонии сиёсатмадорони кишварашро ворид хоҳад кард. “Дар таҳрири нав ба фасод олуда будани баъзе роҳбарони давлат, чи гуна миллатро ғорат кардани онҳоро илова мекунам, то ки наслҳои оянда хонда ин хаторо такрор накунанд”, - таъкид кардааст вазир. Манзур аз “баъзе сиёсатмадорон” пеш аз ҳама Наҷиб Разоқ, сарвазири собиқи Малайзия мебошад, ки соли равон ба фасоди густурда муттаҳам гардид. Ифшо шуд, ки ӯ аз тариқи Фонди рушди Малайзия маблағи калонеро ба ҳисоби худ гузаронидааст. Ин маблағ андак не, 681 млн доллар мебошад. Эътирози мардум барои ҳарчи зудтар ба ҷавобгарӣ кашидани Наҷиб Разоқ ҳоло ҳам давом дорад... Воқеан, ришваситонӣ ё худ коррупсия ҷинояте мебошад, ки рушди иҷтимоӣ ва иқтисодии ҷомеаро боз медорад. Феълан ҳаҷми солонаи ришваситонӣ дар дунё як триллион доллар арзёбӣ мешавад. Бар иловаи ин, иқтисодиёти ҷаҳон ҳар сол 2,6 триллион долларро бо сабаби амалҳои коррупсионӣ аз даст медиҳад. Бино ба маълумоти Барномаи рушди СММ дар кишварҳои рӯ ба тараққӣ “нобудшавии маблағ” бо сабаби мавҷуд будани коррупсия аз маблағе, ки ҳар сол ба хотири пешрафти давлатҳо ҷудо карда мешавад, 10 баробар бештар будааст. Коррупсия ончунон маразе мебошад, ки алҳол ҳеҷ як давлат, ҳеҷ як минтақа ва ҳеҷ як ҷомеа аз вай дар амон нест. Ба ҳар ҷое, ки коррупсия рушд кард, яъне амалҳои коррупсионӣ бештар шуд, адолати иҷтимоӣ заиф мегардад, иқтисодиёт хароб, тиббу маорифу фарҳанг ва маънавиёт аз инкишоф мемонад. Инсоният зарар мебинад. Дар дунё роҳҳои мубориза ба ин балоро ҷустуҷӯ доранд, вале то ҳол дар ягон нуқтаи олам роҳи халос шудан аз ришваситонӣ, ки батамом коргар бошад, пайдо нашудааст. Зеро на маҳрум намудан аз озодӣ, на қатл кардан дар ҳузури ом, на буридани даст ё аъзои дигари шахси ришвахор ва усулҳои дигари ҷазодиҳӣ барои аз байн рафтани коррупсия кӯмак накардааст. ...Ва ин ки дар Малайзия тасмим гирифтаанд, сиёсатмадорон ва роҳбарони фасодкорро ба китобҳои дарсии таърих ворид мекунанд, то ки ибрати наслҳои баъдӣ шавад, низ як роҳи мубориза бо фасод аст. То куҷо таъсиргузор мешавад вақт довар аст. Вале ба ҳар сурат мешавад, ки ҷомеаҳои дигар низ аз ин шеваи мубориза истифода баранд. Кӣ медонад, шояд кӯмак расонад... Маҳмудҷон УСМОН, “ҶТ”
Шамсиддин Шоҳин: Соҳаи маориф рушд мекунад Ҳодисаҳои ҳамарӯзаи асри нав аксарияти кишварҳои ҷаҳонро ба гирдоби мушкилоти буҳрони амиқи иқтисодиву молиявӣ мувоҷеҳ намуда истодааст. Давлатҳои алоҳида барои раҳоӣ аз ин вазъ пайваста чора андешида, ҳар кадом вобаста ба имкону тавоноиаш баҳри наҷот ёфтан сафинаи хешро идора менамояд. Тоҷикистон кишвари маҳбуби мо аз ин истисно намебошад. Ва ин ҳама таҳдиду хатарҳо ба кишвар мо, чун давлати соҳибистиқлолу комилҳуқуқ бетаъсир намемонанд. Барои мубориза бурдан бар зидди ин хатарҳо ва ғарқ нашудан дар гирдоби мушкилиҳои иқтисодию иҷтимоӣ пеш аз ҳама мебояд қувваи зеҳнии аҳолиро мустаҳкам намуд, то ҳар кадом дар алоҳидагӣ бо илму дониши казоӣ роҳи беҳбуди зиндагӣ ва дучор наёмадан ба хатарҳои асри навро донанд ва чора андешанд. Барои ба ин мақсад расидан бошад, мебояд қабл аз ҳама таваҷҷуҳро ба соҳаи маориф ҳарчи зиёд намуд, то дар натиҷаи ҳарчи бештар омӯхтан ва аз худ намудани донишҳои замонавӣ аҳолӣ, хосатан ҷавонон худро аз ҳамагуна хатарҳо эмин нигоҳ доранд. Ҷумҳурии Тоҷикистон чун дигар кишварҳои мутараққӣ ин нозукиро аз рӯзҳои аввали соҳибистиқлолӣ дарк намуда, таваҷҷуҳро барои рушди соҳаи маориф ба тадриҷ зиёд намуд. Хосатан Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз нахустин рӯзҳои ба арсаи сиёсат қадам гузоштан соҳаи маорифро аз афзалиятҳои сиёсати давлатдории хеш эълон дошта, ба таҷдиди мактаб ва таълиму тарбия таваҷҷуҳи махсус зоҳир мекунанд, то кадрҳои ҷавон донишманду мутахассис ба камол бирасанд. Шароити муҳайёшуда дар тамоми навоҳии кишвар ба ҷавонону наврасон имкон медиҳад, ки таҳсили хубу босамар намуда, аз донишҳои замонавӣ воқиф гарданд. Ба хусус дар навоҳии дурдасти кишвар, ки дар солҳои аввали соҳибистиқлоӣ ба мушкилиҳои гу-
ногун мувоҷеҳ буданд, ҳоло шароиту имконияти хуб доранд. Шамисмиддин Шоҳин яке ноҳияҳои дурдасти кишвар мебошад. Соҳаи маориф дар ин ноҳия ба тадриҷ равнақ меёбад, ки ишғоли ҷойҳои намоёни хонандагони макотиби миёнаи дар озмунҳои сатҳи ҷумҳуриявию байналмилалӣ, сохтмони биноҳои мактабҳои миёна ва ба истифода додани онҳо, ихтисосманд намудани кадрҳои ҷавон, далели гуфтаҳост. Мудири Шуъбаи маорифи ноҳия Ғоибзода Насим ба ҷавонии худ нигоҳ накарда, бо кордонию дониши баланд, ҳама гуфтаҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дастурамали кори хеш қарор дода, корҳои зиёдеро дар ин самт ба сомон расонидааст. Зимни суҳбат мавсуф аз баъзе дастовардҳои Шуъбаи маорифи ноҳия ёдовар шуда, зикр кард, ки сол аз сол теъдоди иштирокчиёни мусобиқаҳои фаннӣ аз ноҳия бештар мешаванд. “Соли ҷорӣ 105 нафар хонандагон дар даври вилоятии Олимпиадаи фаннӣ фаъолона иштирок намуда, соҳиби 9 ҷойи ифтихорӣ, 1 ҷои якум, 2 ҷои дуюм ва 6 ҷои сеюм шуданд. Барои иштирок дар даври ҷумҳуриявии олимпиадаи фаннӣ 3 нафар хонандаи синфҳои 7, 9, 11 роҳхат гирифтанд. Дар даври ҷумҳуриявии Олимпиадаи наврасон хонандаи мактаб-интернати ҷумҳуриявии ноҳия Бегмадов Сиёвуш аз фанни физика ширкат варзида, сазовори ҷои дуюм ва медали нуқра гардид. Дар давраи ҳисоботӣ озмуни “Хонандаи сол” дар ноҳия ҷамъбаст гардида, 13 нафар хонанда барои иштирок дар даври вилоятӣ роҳхат гирифтаанд. Аз 13 нафар хонандагони дар даври минтақавии озмуни “Донояк” ширкат варзида 7 нафар хонанда ба даври ниҳоии озмун ба вилоят роҳхат гирифтанд”. Тавре номбурда изҳор дошт, хонандаҳои ноҳия дар озмунҳои байналмилалӣ низ иштироки фаъолона доранд: “Масалан дар Олимпиадаи байналмилалии “Кенгуру” хонандаи синфи 11 муасси-
саи таълимии №1 Шаҳринисои Музамбил аз фанни математика ширкат варзида сазовори ҷойи сеюм ва медали биринҷӣ гардид”. Ғоибзода Насим зикр намуд, ки дастгириҳои Президенти кишвар дар самти маориф дар ноҳия хеле чашмрасанд. Танҳо дар соли ҷорӣ 28 нафар хонандагони муассисаҳои таълимии ноҳия тибқи квотаи президентӣ сазовори номи донишҷӯ гардиданд. - Ҳамасола дар ноҳия доир ба паҳлӯҳои гуногуни соҳаи маориф корҳои назаррас ба анҷом расонида мешавад. Масалан, соли ҷорӣ барои омода намудани хонандагон ҷиҳати дохил шудан ба муассисаҳои таҳсилоти олии касбии ҷумҳурӣ бо низоми нав 44 нафар омӯзгорон аз курсҳои махсуси омӯзишӣ гузашта, ҳамаи 1174 нафар хатмкунандагон ба дарсҳои омӯзиши низоми нави дохилшавӣ ҷалб шуданд. Аз теъдоди 1174 хатмкунандаи муассисаҳои таълимии ноҳия соли равон 1009 нафар довталабон аз қайди ММТ гузаштанд, ки 86%-и умумии хатмкунандагонро ташкил медиҳанд. Аз теъдоди 1009 нафар довталаби аз қайдгузашта 463 нафарашро духтарон ташкил медиҳанд,-гуфт Ғоибзода Н. Ба иттилои мудири шуъба сарфи назар аз корҳои иҷрошуда дар соҳаи маорифи ноҳия камбудиҳои муайяне ҳанӯз ҳам боқӣ мондаанд. Аз ҷумла дар муассисаҳои таълимӣ беш аз 87 нафар омӯзгорон ғайри ихтисосашон дарс дода, 6 нафар омӯзгорони фанни забонҳои хориҷӣ намерасад. Сифати таълиму тарбия дар қисме аз муассисаҳо, хусусан дар муассисаҳои таълимии ҷамоатҳои деҳоти Даштиҷум ва Лангардара ба талаботи рӯз ҷавобгӯй нест. Шуъбаи маориф, сар аз роҳбарияти он тасмим доранд, ки барои ислоҳи ин ва дигар камбудию норасоиҳое, ки барои рушди соҳаи маорифи ноҳия халал мерасонанд, чораҳои зарурӣ ва судманд андешанд. Хуршед МАВЛОНОВ, “ҶТ”
6 ПАЙРАВОНИ ПЕШВОИ МИЛЛАТЕМ
“ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН”, №49 (9579), 06.12.2018
Волонтёрон ба ҳам омаданд Бо шарофати соҳибистиқлолии мамлакат дар кишвари азизамон сол аз сол барои худтадбиқнамоии ҷавонон, амалӣ гардидани нақшаҳои созанда ва ташаббусҳои наҷиби онҳо заминаҳои устувор фароҳам оварда шудааст. Бо ташаббуси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти сарпарастии Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон, Рустами Эмомалӣ 5-уми декабри соли ҷорӣ бахшида ба “Рӯзи байналмилалии волонтиёрон” дар Донишгоҳи словянии Русия ва Тоҷикистон Ҳамоиши ҷумҳуриявии волонтиёрон таҳти унвони “Пайравони Пешвои миллатем!” баргузор гардид, ки дар он беш аз 500 нафар волонтиёрон ва донишҷӯён аз тамоми шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ иштирок доштанд. Дар ҳамоиш Аҳтам Абдуллозода раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон волонтёронро ба рӯзи идашон муборакбод намуда, зимни суханронӣ иброз дошт, ки ҳоло ба кумита беш аз 10 000 нафар волонтёр ҷалб гардидааст, ки ҳар кадоми онҳо лаёқати мустақилона баргузор кардани тренингҳоро дороанд. Роҳбарони клуби волонтёрони минтақаҳои кишвар, аз ҷумла ВМКБ, Суғд, Хатлон ва ноҳияҳои табеи марказ дар навбати худ баромад карда, гуфтанд, ки барои пйрави ҳақиқии Пешвои миллат будан талошу кӯшиши худро беш аз пеш ба харҷ хоҳанд дод. Дар ин ҳамоиш аз ҷумла муроҷиатномаи волонтёрон ба Пешвои миллат қабул гардид, ки минбаъд фаъолияти волонтёр бо номи “Пайравони Пешвои миллат” муаррифӣ мешавад. Дар ҳамоиш аз ҷониби волонтиёрон намоиши театеркунонидашуда дар мавзӯи “Як рӯзи ҳаёти волонтиёрӣ” ва навори табрикотӣ намоиш дода шуд ва суруду оҳангҳои ҷаззоби ҳунармандони шинохтаи тоҷик ба чорабинӣ ҳусни тоза зам намуд. Дар интиҳо бо мақсали қадрдонӣ намудан ба роҳбарони Клуби волонтёрони минтақаҳои кишвар Раҳматнома тақдим шуд. Мавриди зикр аст, ки фаъолияти волонтиёрӣ имрӯз дар ҳоли рушд қарор дошта, саҳми онҳо дар ташкил ва баргузории чорабиниҳои хусусияти маҳаллӣ, минтақавӣ ва ҷумҳуриявӣ назаррас арзёбӣ мегардад. Наҷиба МУРОДБЕКОВА, “ҶТ” Фирӯз АБДУРАҲМОНОВ, “ҶТ”
Волонтёрӣ мактаби мардонагист Аз соли 1985 бо пешниҳоди Ассамблеяи генералии Созмони Милали Муттаҳид дар давлатҳои аъзои ин ниҳод ҳамасола 5-уми декабр ҳамчун «Рӯзи байналмилалии волонтёрон» таҷлил карда мешавад. Ҳамин тавр волонтёрӣ дар Ғарб тараққӣ намуда, бо мурури замон волонтёрон шахсоне маҳсуб меёфтанд, ки қувва, вақт ва ёрии худро ҷиҳати амалӣ намудани корҳои хайр дар ҷаҳон муаррифӣ менамоянд. Гуфта мешавад, ки хайрхоҳӣ, амали нек кардан ё ҳаракати волонтёрӣ дар замони муосир чизи нав нест. Зеро миллати тамаддунофари тоҷик аз қадим ҳамеша бо роҳи ҳашар ва дар якҷоягӣ баҳри ободии деҳу дастгирии шахсони ниёзманду барҷомонда дасти ёрӣ дароз мекарданд. Ҳаракати волонтёрӣ дар тамоми ҷаҳон ба роҳ монда шудааст ва дар Тоҷикистон бошад ин раванд аз соли 2000 ба қайд гирифта шудааст. Ассотсиатсияи волонтёрони Тоҷикистон бо мақсади беҳдошти вазъи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, бахусус дастрасии гурӯҳҳои осебпазир ба таҳсилот, саломатӣ, таъминоти иттилоотӣ, ҳуқуқӣ ва мусоидат барои иштироки фаъоли ҷомеаи шаҳрвандӣ дар демократикунонии ҷомеа бо роҳи рушди харакати волонтёрӣ дар кишвар таъсис дода шуд. Ва соли 2013 аз ҷониби Пешвои миллат Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи фаъолияти волонтёрӣ қабул гардид, ки фаъолияти онҳоро ба танзим медарорад. Бинобар ин тасмим гирифтем дар арафаи “Рӯзи байналмилалии волонтёрон” андешаи чанд нафар ҷавоне, ки ихтиёрӣ барои анҷоми амалҳои хайр омодаанд ва имрӯз онҳоро ҳамчун волонтёр мешиносанд, ба хонандаи азиз пешниҳод намоем. ҲАФИЗ САНГАКОВ,- донишҷӯи курси 3-юми факултети идоракунии давлатии Донишкадаи идоракунии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон - фаъолияти пурсамари волонтёрӣ бароям мактаби мардонагиест, ки дар он ҷасурӣ, инсондӯстӣ ва дар умум хислати ҳамидаи инсониро омӯхтам. Шиорам дар зиндагӣ пайрави асили Пешвои ҷавонпарварамон мебошад. Фаъолияти волонтёрӣ дарҳои зиёдеро бароям боз намуд, ки ин метавонад барои фаъолият намуданам ҳамчун хизматчии давлатӣ дар оянда мусоидати фаъол кунад. Ман дӯст доштанро омӯхтам. Вақте ба кори хайр бо як табассум менигарам худро ҳамчун тифли хурдсол хушбахт ҳис мекунам. Вақте ки ман ба фаъолияти волонтёрӣ пардохтам маро дӯстоне фаро гирифта буданд, ки бо хислатҳои неки инсондӯстиву ташаббускорӣ ва пайваста дар ҷустуҷӯи идеяҳои нав аз дигарон фарқ мекарданд. Медонед вақте дар назди Пешвои муаззами миллат баромад доштам, ҳиссиёту ҳаяҷоне маро фаро гирифта буд, ки онро бо сухан баён кардан нашояд. Ҳамаи ин имкониятҳоро ба ман маҳз мактаби бузурги волонтёрӣ дод. Аз волонтёр буданам ифтихор дорам. БЕРДИЗОДА СИЯВУШ, роҳбари маҳфили ҳаҷвинигорони ҷавони Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон – Мо ҷавонон ба роҳбарияти Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мактубе ирсол намудем, ки бо мақсади ривоҷу равнақи соҳаи ҳаҷв аз миёни ҷавонони соҳибистеъдоди тамоми манотиқи ҷумҳурӣ як гурӯҳи ҳаҷвиро ташкил намоем. Хушбахтона пешниҳоди мо дастгирӣ карда шуд ва дар арафаи “Рӯзи волонтёрон” ва соли ҷавонон 14 декабри соли 2017 аз ҳисоби ҷавонони соҳибистеъдоде, ки дар донишгоҳу донишкадаҳо таҳсил мекунанд, гурӯҳи ҳаҷвнигорӣ ташкил намудем. Дар фаъолияти валониёрии худ тавонистам, ки идеяе, ки солҳо боз дар фикрам буд, онро амалӣ созам. ҲАКИМЗОДА МАРҶОНА, донишҷӯи курси аввали Донишкадаи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон – Ба ҳайси волонтёри Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш кор ва фаъолият мекунам. Вақте ки ман кору фаъолияти волонтёрони Маркази ҷавонони шаҳри Душанберо медидам, шавқу ҳавас дар дилам пайдо шуд, ва саҳмамро дар хайрхоҳӣ бо ҷомеа гузаштам. Имрӯз ман на фақат кори волонтёрӣ, балки раиси шӯрои духтарон дар маркази ҷавонон ҳастам. ҶАББОРОВА ДИНОРА, донишҷӯи курси якуми ДДМН - Роҳбари маҳфили адибони ҷавони навқаламу эҷодкор дар Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш ҳастам. Ман имрӯз волонтёри пешқадам буда, аз уҳдаи вазифаҳои ба зиммаам буда, ба хубӣ мебароям. Новобаста аз он, ки таҳсил мекунам, аммо кӯшиш мекунам, ки кори волонтёрии худро ба хубӣ ба анҷом расонам, чун мехоҳам волонтёри воқеӣ бошам. Наҷиба МУРОДБЕКОВА, “ҶТ”
“ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН”, №49 (9579), 06.12.2018
Гӯш кардан ва интихоби суруд ба хоҳиши ҳар кас вобаста аст. Мо касеро маҷбур карда ё супориш дода наметавонем, ки фалон мусиқиро гӯш кунеду фалонро не. Ба таъбу завқ нигоҳ карда, дар ҷомеа ҳар фард ба худ хос мусиқӣ интихоб мекунад. Аммо далели бебаҳс аст, ки вақте интихоб фарох набошад, дар чаҳорчӯба маҳдуд мешавем ва ба сурудҳое диққат медиҳему гӯш мекунем, ки ҳаддиақал сарфи панҷ сония ҳам барояшон ҳайф аст. Мутаассифона ҳамин фазои носози солҳои охир, ки латма ба таърих ва фарҳанги волои мусиқии тоҷик задааст, завқи аксарияти шунавандагонро паст намудааст. Вақте ба шабакаҳои иҷтимоӣ сар мезанем, сурудҳои пастмазмуну бемазмуни тӯёна садҳо ҳазор бинандаву шунаванда доранд. Ва ҷои таассуф аст, ки зери онҳо шарҳ менависанду аз он ситоиш мекунанд. Ҳамин сермухлис будани сарояндаҳои тӯёнахон боис мешавад, ки онҳо ба тӯю маъракаҳо даъват шаванд. Ҳусейн Шарипов, навозанда ва овозхони ҷавон мегӯяд, ки ба ин шева суруд хондани сарояндаҳо ба завқи бошандагони тӯю маъракаҳо таъсири бад мерасонад: “Бояд
7
НИГОҲИ ДИГАР Аз “шӯяк-шӯяк”-и савдогарон то “сартарошон”-и ронандаҳо ё назари дигар ба интихоб ва завқи мухлисони имрӯзи мусиқӣ ниҳодҳои дахлдор ҷиҳати боз доштани фаъолияти бади чунин ҳунармандон чораҳои қатъӣ андешанд, вагарна дар солҳои наздик ҳунари воқеи боқӣ намемонад”. Фарҳоди Дарё, ҳунарманди афғон дар суҳбате иброз дошт, ки ҳунар набояд ба ин андоза паст бурда шавад. Зеро ҳунар қудрати бузургест, ки метавонад, ҷомеаро ё ба роҳи рост барад ва ё аз роҳ берун созад: “Ҳунар фақат висалаи айшу айёшӣ ва маҷолиси ба ин марбут, созу арӯсӣ ва базмҳои шабона нест. Мусиқӣ як қудрат аст. Қарнҳо гузашт ва мусиқӣ то рафт бузургтару бузургтар шудааст. Мусиқӣ ду бора дорад ва бояд дар канори ҷомеа бошад. Дар канори ниёзмандиҳо ва хостаҳои ҷомеа бошад. Ба мардум кӯмак кунад. Ба ҷомеа ангеза, андеша, ҳиммат ва умед диҳад,”-мегӯяд ӯ. Маросими тӯй бо ҷалби ҳарду тараф аз рӯи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” се соат муқаррар карда шудааст. Барои пур кардани се соат сароянда бояд садои қавӣ дошта бошаду сурудҳои зиёдеро аз ёд донад. Чун аксари сарояндаҳои ҷавон соҳиби ин маҳорат нестанд, дигар маҷбур мешаванд, ки чанд базми тӯёнаи си-чил дақиқагиро сабт карда, тариқи фонограмма тӯйро гузаронанд. Борҳо ба ин тартиб гузаронидани тӯй аз ҷониби сарояндагон боиси шарму хиҷолаташон дар маъракаҳо шудааст. Аксари сарояндаҳо ҳавсалаи суруд аз худкуниро надоранд ва агар дошта бошанд ҳам, соҳиби садои қавӣ
нестанд, ки се соати тамом дар тӯй истодагарӣ карда тавонанд. Ҳунарманди мақомсарои тоҷик Хуршед Иброҳимов дар робита ба ин масъала иброз дошт, ки замонҳои пеш ҳатто баландгӯяк набуд. Сарояндаҳо соатҳои дароз дар “обод” кардани тӯю маъракаҳои мардум саҳм мегузоштанд. Вале имрӯз фонограмма сарояндаҳои моро бисёр танбал кардааст. Чуноне ӯ мегӯяд: “Асри 21 асри техника ва технология аст, бисёр корҳо осон шудааст ва албатта аз як ҷиҳат ин хуб аст. Аммо ҷое, ки овозу истеъдоди нодир аст, бояд ҳамонро пешниҳоди шунаванда кунем. Он чизе ки табиист, лаззату кайфияти дигар дорад”. Ҳусеёйн Шарипов бошад, мегӯяд, ки баъзан дар консертҳои телевизионӣ зарурати бо фонограмма “хондан” пеш меояд. Вале дар тӯю маъракаҳои мардум бо фонограмма сароидани сароянда ин беэҳтиромӣ нисбати тӯйдор ва меҳмонон аст. Аз ин лиҳоз дар тӯю маъракаҳо ниҳоде, ки аз сароянда ҳуҷҷати сарояндагӣ талаб мекунанд, бояд ин ҷанбаи масъаларо низ ба мадди назар гирад: “Ҳунарманд бояд аз худаш боварӣ дошта бошад. Сарояндагӣ роҳи фиреб нест. Аз ин лиҳоз, ҳарки ин пайроҳаро интихоб мекунад, аввал хуб андеша кунад, ин касбе нест, ки онро омӯзем, балки истеъдод аст ва такмил мехоҳад,”- таъкид намуд, ин овозхон. Замоне базмҳои тӯёнаву маросимҳои “сартарошон”-у “шӯяк-шӯяк” хоси тӯйҳо буданд ва фақат дар тӯйҳо шунида мешуданд. Аммо имрӯзҳо саҳару бегоҳ ва гоҳу ногоҳ дар
дохили нақлиёт ва роҳу раставу бозорҳо ин сурудҳоро мешунавем. Шояд аз ин сартарошии сарояндаҳо ронандаҳои нақлиёти ҷамъиятиро хуш меояд, ки садоро баланд мекунанд ва дохили нақлиёти ҷамъиятиро аз тӯйхона фарқ карда намешавад. Саодатшо Матробиён, муовини раиси Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон чунин иброз доштанд, ки дар доираи нақшаи чорабиниҳо пайваста бо ронандагони нақлиёти ҷамъиятии пойтахт суҳбатҳо мегузаронем. Ва таъкид менамоем, ки фарҳанги гузоштани мусиқиро дар дохили нақлиёт риоя намоянд. Сурудҳои тӯёна ва гӯшхарошро пешниҳоди мусофирон насозанд: “Воқеан имрӯзҳо вақте дохили нақлиёти ҷамъиятӣ мегардем, шоҳиди он мешавем, ки ҳар ронанда мувофиқи таъбу завқи худ суруд мемонад. Барои ӯ аҳамияте надорад, ки дохили нақлиёт киҳо нишастаанд. Шояд ба касе суруд хуш ояд, ба касе не. Яъне ӯ танҳо дар асоси таъби худ суруд мемонад”-мегӯяд ӯ. Воқеан гароиши сарояндагон ба сурудҳои тӯёна ва аз касбият дур шудани онҳо бисёр дарднок аст. Вале пахши бемавқеи чунин сурудҳо дар кӯчаву бозорҳо ва нақлиёти ҷамъиятӣ мушкилест ҷиддитар. Ягон мусофир ва ягон шаҳрванд набояд нисбати пахши ҳамин гуна сурудҳои бемазмуни тӯёна бетараф бошад. Агар мардум чунин сарояндаҳоро ба тӯйҳояшон даъват накунанд, агар ронандаҳо ва фурӯшандаҳои дуконҳои фиттафурӯшӣ чунин сурудҳоро
Тарбияи фикрии хурдсолон Дар шароити пешрафти илму техника ба вуҷуд омадани технологияи муосири иртиботӣ, ҷаҳонишавии таҳсилот сатҳи баланди тарбия ва инкишофи ақлию зеҳнӣ чун арзиши миллӣ ва умумибашарӣ ҳисобида мешавад. Аз ин рӯ, яке аз вазифаҳои муҳими оила, муассисаҳои таҳсилотӣ, аз ҷумла муассисаҳои томактабӣ ин ташаккулдиҳии қобилияти фикрронӣ ва таълими инкишофи ақлию зеҳнии кӯдакон аст. Таҷрибаи инкишофи инсоният ва тадқиқотҳои илмӣ исбот намудаанд, ки давраи томактабӣ дар тарбияи фикрӣ ва инкишофи ақлию зеҳнии инсон имконият ва заминаҳои ба худ хос дорад. Тарбияи фикрӣ раванди таъсиррасонии мақсадноки калонсолон ба фикр ва шуури кӯдакон, бо мақсади таъмин намудани инкишофи фикрӣ, қобилияту маҳоратҳои ақлию зеҳнӣ, рушд додани
равандҳои маърифатӣ мебошад. Инкишофи фикрии кӯдакон хусусияти ба худ хос дошта, дар афзалият доштани шаклҳои образнокӣ ва хаёл ифода мегардад. Бояд зикр кард, ки инкишофи фикрии кӯдакон хусусияти фикрӣ дошта, он ба таъсири маҷмӯи муайяни омилҳои биологӣ ва иҷтимоӣ алоқаманд аст. Ҳангоми инкишофи олами фикрию маънавии кӯдак муҳим аст, ки ба ӯ дар барои қоида ва меъёрҳои ахлоқӣ, одобу кирдор маълумоти зарурӣ дода шавад. Раванди инкишофи эҳсос, идрок ва тафаккур бо ҳам алоқаманданд. Маълум аст, ки кӯдак бо узвҳои тайёри ҳискунӣ (чашм, гӯш, бинӣ, забон, пӯст) ба дунё меояд ва бо ёрии онҳо аз рӯзҳои аввали ҳаёт атрофро дарк месозад. Ин раванд замина барои рушди тафаккур мегардад. Ва кӯдак аввал таҷрибаи ҳиссиро
аз худ менамояд. Минбаъд он сарчашма барои иҷро намудани амалҳои тафаккур, таҳлилу тарбия намудан, муқоиса, ҷамъбаст ва хулосабарорӣ мегардад. Дар баробари ба вуҷуд омадани нутқ, чун воситаи муоширати байниҳамдигарӣ он дар як вақт воситаи дониста гирифтан ва ибрози ақида мегардад. Барои дарки олами атроф кӯдак ба саволҳои худ ба калонсолон муроҷиат менамояд. Дар инкишофи фикрии кӯдак раванди бахотиргирӣ ва хаёл нақши муҳим дорад. Аз ин рӯ лозим аст, ки бо истифодаи бозиҳои гуногун, омӯзиши машқҳои махсус хотири кӯдакон инкишоф дода шавад. Барои иҷро гардидани мақсаду вазифаҳои тарбияи фикрии кӯдакон аз воситаҳои гуногун истифода бурда мешавад. Воситаҳои асосии тарбияи фикрӣ, ин фаъолияти гуногуни кӯдакон аст, ки
пахш насозанд, ҳаргиз ин қабил сарояндагон дар ҷомеа мавқеъ намеёбанд. Зимнан барои хушнудию масрурии омма бояд суруду мусиқиҳои дилчаспу бо мазмун бояд бошанд. Ба воситаи суруд мо метавонем, бисёр ногуфтаҳоро гӯем, ношунидаҳоро шунавонем ва дар тарбияи маънавии мардум нақш гузорем. Шояд аз саҳми чанд тан аз сарояндаҳои солори тоҷик аст, ки имрӯз аксарият аз шеъри Ҳофизу Саъдӣ, Ҷомию Навоӣ, Ҳилоливу Лоҳутӣ, Муъмину Лоиқ ва дигару дигар шоирони классису муосир хабар доранд ва аз онҳо дурдонаҳоеро барои худ гирифтаанд. Месазад, ки ҳама бо ҳам, аз як гиребон сар барорему барои бунёду обод ва аз ҳама ҷиҳат, ҳам маънавӣ ва ҳам моддӣ худро пешрафта созем. Фарҳанг, ки ҳастии мо бошад, чӣ ҷои он дорад, ки бо бефарҳангӣ худро пеши дигарон шарманда созем. Ин танҳо вазифаи Вазорати фарҳанг ва масъулини он нест. Вақте ки ҳамаи мо розӣ ба бефарҳангии худ нестем, бояд иҷоза надиҳем, ки ғурури моро чанд тан “сароянда” бо дашному алфози қабеҳ, суруду мусиқиҳои гӯшхарош, шеъргунаҳои бемаънию бемантиқ поймол созанд. Балки бар он кӯшем, ки ҷомеаи фарҳансолори мо фарҳанги ғании худро то чанд ғанитар созаду аз худ ба монанди зиндаёд Кароматуллоҳи Қурбон ҳамин гуна шеърҳоро ба оҳанг дарораду онро то ҳаёт аст, ба дигарон боқӣ гузорад: Ёрони некӯ, ёрони ҳамдам, Бошед бо ҳам, хушбахту хуррам. Бахти ту хуш бод, келини хушрӯ, Зебанда бодат, домоди дилҷӯ... Хуршед МАВЛОНОВ, Бахтиёри РАҲМОНИЁН
онҳо дар равоншиносии бачагона чун мафҳуми “фаъолияти пешбаранда” эътироф шудаанд. Бо тарбия ва инкишофи фикрии кӯдакони синни барвақт, яъне то 3-сола фаъолияти маишӣ, ки он ба иҷро намудани талаботи реҷаи рӯз алоқаманд аст, таъсири калон мерасонад. Воситаи дигари тарбияи фикрии кудак бозӣ маҳсуб меёбад. Бозӣ барои фаъолияти мустақилонаи кӯдак ташкил ва роҳбарии педагогии калонсолонро талаб мекунад. Дар раванди бозӣ кӯдак бо ҳамсолон ба доираи васеи муошират ворид шуда, ашёву бозичаҳоро дар образ ва шаклҳои гуногун тасаввур менамояд. Дар тарбия ва инкишофи фикрии кӯдакон машғулиятҳои таълимии махсус ташкил кардашуда нақши муҳим дорад. Ҳамин тавр, дуруст ба роҳ мондани тарбияи фикрии хурдсолон имкон медиҳад, онҳо бо ҷаҳонбинии васеъ ба воя расанд. Г. БАДАЛОВА, мураббии муассисаи таълимии томактабии рақами 65-и ноҳияи Фирдавсии пойтахт
8
НАВИГАРИҲОИ ВАРЗИШ
“ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН”, №49 (9579), 06.12.2018
Мақоми сеюми бонувони Тоҷикистон дар чемпионати CAFA-2018 Дастаи мунтахаби бонувони Тоҷикистон дар даври ниҳоии Чемпионати Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ (CAFA) бар тими Афғонистон бо ҳисоби 5:0 пирӯз шуда, сазовори медали биринҷӣ гардид.
Сомон Маҳмадбеков ғолиби Ҷоми Осиё шуд
Дар бозӣ бо дастаи бонувони Афғонистон дар ҳайати тими бонувони мо Мадина Фозилова, Шукронаи Ҷумъахон дуголӣ, Лайло Ҳалимова як гол ба ҳадаф расониданд. Ҳамин тариқ, дастаи мунтахаби бонувони Тоҷикистон оид ба футбол барандаи медалҳои биринҷии чемпионати CAFA-2018 гардид. Дар мусобиқаи мазкур, ки дар Тошканд доир гашт, мунтахаби бонувони мо бо роҳбарии Сулаймон Бобокалонов аз 12 холи имконпазир 6 хол ба даст оварданд. Футболбозбонувони мо бар дастаҳои Қирғизистон (1:0) ва Афғонистон (5:0) ғалаба карда, аз дастаҳои Узбекистон (0:11) ва Эрон (1:4) мағлуб шуданд. Дастаи бонувони Узбекистон, ки дар ҳар 4 бозӣ ғалаба кард, ғолиби чемпионат шуд. Медалҳои нуқра насиби тими Эрон гардид. Қирғизистон ҷои чорум, Афғонистон ҷои панҷумро ишғол карданд. Пас аз натиҷагирии чемпионати CAFA дар Тошканд, мунтахаби бонувони Тоҷикистон дар баробари медалҳои биринҷӣ, ҳамчун дастаи боинтизоми чемпионат ҷоизаи фахрии «Fair play»-ро сазовор шуд.
Дар Ҷоми Осиё оид ба дзюдо паҳлавони ҷавони кишвар Сомон Маҳмадбеков соҳиби медали тилло гардид. Мусобиқаи мазкур 1 декабр, дар Ҳонг Конг баргузор шуд. Қатори Сомон Маҳмадбеков паҳлавони дигари тоҷик Хайёмиддин Ҷабборов низ кишварамонро муаррифӣ намуда, медали биринҷии вазни 73 килои Ҷоми Осиёро ба гардан овехт. Сомон, ки дар даври аввал озод буд, дар даври дуюм бар варзишгари Чин Эршаогету Аму, дар чорякфинал бар вар-
зишгари Филиппин Кеисей Накано ғалаб карда, ба нимфинал роҳ ёфт. Паҳлавони тоҷик дар нимфинал варзишгари Муғулистон Чоиҷилсурен Ганболдро аз сари роҳ дур кард ва дар финал бар варзишгари Ҷопон Даичӣ Танака пирӯз шуд. Хайёмиддин дар даври муқаддамотӣ бар варзишгарони Индонезия (Себтиан Янгсйаҳ), Ҳонг Конг (Чун Синг
Чуӣ), Муғулистон (Хадбаатар Наранкҳуу) ғолиб омад, вале дар нимфинал аз варзишгари Ҷопон Даичӣ Танака мағлуб гардид. Сипас, дар рақобат барои ҷои сеюм бар варзишгари Филиппин Кеисей Накано дастболо шуд. Дар мусобиқа 220 варзишгар (128 мард, 92 зан) аз 29 кишвари дунё ширкат доранд. Мусобиқа фардо идома меёбад.
Мо тарафдори солимӣ Таҳти ҳамин унвон бо ташаббуси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи байналмиллии мубориза бар зиди ВНМО/ БМНО дар Боғи фарҳангию фароғатии “Ҷавонон” ҳамоиши ҷавонону варзишгарон баргузор гардид. Ҳамоиши мазкур нахуст бо машқҳои дастаҷамъонаи пагоҳирӯзӣ доир гардид. Сипас ба ҷавонон хатари гузариши бемориҳои сироятӣ фаҳмонида шуда, ба онҳо варақаҳои иттилоотӣ тақсим карда шуд. Ҷавонону варзишгарони кишвар иброз намуданд, ки мо бар зидди ин беморӣ мубориза бурда, саҳми худро дар нест кардани он мегузорем ва солимию тарзи ҳаёти бехатарро интихоб менамоем.
Лука Модрич соҳиби “Тӯби тиллоӣ” шуд Лука Модричи хорватӣ, ки дар Ҷоми ҷаҳон-2018 бо бозии зебояш дӯстдорони футболро ба ҳайрат овард, ниҳоят пас аз интизориҳои зиёд соҳиби ҷоизаи “Тӯби тиллоӣ” гардид. Маросими ҷоизасупорӣ 4 декабр дар шаҳри Парижи давлати Фаронса ҷараён гирифта, сардори тими мунтахаби Хорватия ва нимҳимоятгари дастаи “Реал Мадрид” Лука Модрич аз миёни 10 довталаб ба ин ҷоиза сазовор дониста шуд. Ёдовар мешавем, ки Модрич мавсими ҷорӣ бо дастаи “Реал Мадрид” ғолиби Лигаи қаҳрамонҳои Аврупо ва бо тими миллии Хорватия то финалии Ҷоми ҷаҳон-2018 роҳ ёфта буд. Шаҳбози АСОМИДДИН, “ҶТ”
АНДЕША
“ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН”, №49 (9579), 06.12.2018
Хаёлам банди навиштану варақгардонии ҳуҷҷатҳо буд, ки ногаҳон духтарчаи хурдӣ Нигина, ки дар синфи шашум таҳсил мекунад, мегӯяд “Дада, ин кас Беҳрӯзи Хоҷазода аст?”. ”Не, бачам, ин акаи Умедат, ҳамсабақи Беҳрӯз аст”. “Ҳа, ин кас ҳам варзишгар аст?,- боз бо як кунҷковии хоси кӯдакона, вале бо як ҷиддият мепурсад Нигина. Қаламро мегузораму ба саволҳои Нигина ҷавобгӯён маро як эҳсосот, як ҳаяҷону фараҳ фаро мегирад, имрӯз Дилшод Назарову Расул Боқиев, Мавзуна Чориеваю Беҳрӯз Хоҷазодаро дар ҳар хонадони тоҷик мешиносанд. Фарзандонамон бо ҳамон фаҳмиши ба худашон хос онҳоро бо як эҳтиром ном мегиранд. Ҳамин фаҳмиши онҳо кифоя аст, то бигӯем, ки корнамоиҳои варзишии Беҳрӯзу Давлату боз садҳо варзишгарони умедбахшамон, онҳо худ як дарс, як василаи муҳими таҳкими худшиносиву ватандӯстии сокинонамон, бахусус ҷавонону наврасон аст.
Давлат – умеди варзиши тоҷик
Инак, боз бо ҳамин хаёлу орзуҳои нек аксу дипломҳои Давлатро варақ мезанам. Бемуболиға, онҳо хеле бешуморанд, аз тамошояшон хаста не, балки болида мегардам. Бо навбат онҳоро рӯи варақ дастнавис мекунам. Мехоҳам, аввал муҳимтарҳояшро бинависам, ҷойҳои аввалу ифтихориашро бинависам, аввал натиҷаи мусобиқаҳои сатҳи баландро нависам. Дастовардҳояшро варақгардон мекунаму мехоҳам нахуст сарчашмаи аввалини муваффақиятҳояшро пайдо намоям. Аз нигоштаҳои муҳаққиқ, рӯзноманигори варзидаи риштаи варзиши кишвар, устод Мирзосафар Шамсиддинов ба ин савол ҷавоб пайдо мекунам, ки менависанд «ҳанӯз ҳангоми таҳсил дар мактаби миёнаи рақами 32-юми пойтахт Давлатҷонро ба сифати варзишгари тавоно, аълочии хониш, ҷавони сертараддуд ва хеле нарму самимӣ ҳама мешинохтанд…”. Рӯзи дигар чанд тан ҳамсинфону рафиқони давраи мактабии Давлатҷонро пайдо намуда, суҳбат намудам. Нигоштаҳои устод Шамсиддиновро бори дигар онҳо тасдиқ намуданд. Бароям аён гашт, ки ӯ ҳанӯз ҳини мактабхонӣ иштирокчиву ғолиби чандин мусобиқаҳои шаҳриву
ҷумҳуриявӣ будааст. Маҳз ҳамин дилбохтагӣ ба варзиш буд, ки бо тавсияи модари меҳрубонаш Гулнорабону Болтаева баъди хатми мактаб роҳ ба сӯи макони омодасозии варзишгарону мутахассисони соҳаи варзиш – ДТҶТ ба номи С.Раҳимов пеш гирифт. Рағбату малака, донишу мақсади муайян ки дошт, бе душворӣ шомили ин боргоҳи муқаддаси варзиш гардид. Аз рӯзҳои аввал маҳорату малакаи ҳанӯз дар давраи мактабӣ азхудкардааш аз назари масъулини соҳаи варзиши донишкада дур намонд. Тавре ӯ худ иброз медорад, дар қатори мураббиёнаш аз кулли устодони донишкада, бевосита аз сарвари донишкада Шодӣ Сафаров миннатдор аст. Ҳамин буд, ки бо роҳабарии сармураббӣ Назармуҳаммад Малахбеков дар вазни мутлақи 85 килло дар мусобиқаи шаҳрии боксёрон ду сол паси ҳам ғолиби сабқатҳои шаҳрӣ гардид. То ин муддат Давлат ба гӯштии тарзи озод машғул буду ба он дилбастагии зиёд дошт. Ба сифати ғолиб дар шаҳри Хуҷанд, дар мусобиқаи сар то сарии Тоҷикистон, дар бахши ниҳоӣ дасташ лат бардошту бо ҳамин бо кӯштӣ соле чанд падруд гуфт ва баъди шифо ёфтан ду соли дигар машқи бокс намуд. Сипас, бо тавсияи
мураббии шинохта дар ҷодаи таэквондо, устод Шерзод Муродов ба намуди таэквондо (ИТФ) рӯ овард ва паи ҳам дар чандин мусобиқаҳо комёб гашт. Малакаи баланди варзиашро ба инобат гирифта, масъулини соҳа дар ҳайати дастаи мунтахаби кишвар Давлатро ба мусобиқаҳои сатҳи байналхалқӣ ҷалб намуданд. Ба зудӣ маълум гардид, ки мураббиён дар интихоби Давлат хато накардаанд. Дар машқи кикбоксинг, ки Чемпионати Осиё дар шаҳри бостонии Хуҷанд гузашт, мақоми сеюмро ишғол намуд. Дастовардаш дар чемпионати ҷаҳонӣ дар шаҳри Адрияи давлати Итолиё нуфузи ин варзишгари ҷавонро боз ҳам афзун намуд. Ӯ миёни варзишгарони машҳури ҷаҳон мақоми сеюмро ишғол кард. Ниҳоят дар ҷодаи кикбоксинг соли 2017 Давлатҷон Болтаев ба шарафи боз ҳам бузург комёб гардид. Дар Ҳиндустон барои дарёфти ҷоми ҷаҳон ду дафъа варзишгари маъруфи Русия Константин Карауловро мағлуб намуда, ҷоми ҷаҳонро ба Тоҷикистон овард. Дар мавриди натиҷаҳои варзишии Давлат боз ҳаминро илова карданием, ки ҳамагӣ чанд рӯз пеш дар мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба бокс миёни муассисаҳои олӣ сазовори ҷойи аввал гашт…
9 Давлат ба ҳар як падидаи неке, ки дар дар соҳаи варзиш дар ҷумҳурӣ анҷом меёбад, назари неку, андешаҳои ҷолиб дорад. Аз он ки ба ифтихори ғолибияти варзишгаронамон, ки аз нангу номуси ватандории ҷавонпаҳлавонони тоҷик бармеояд дар давлатҳои гуногуни сайёра Парчамамон парафшонӣ мекунад, меболад. Ҳамзамон, Давлат ба худ хислатҳои хоси тоҷикона дорад. Хеле оромтабиату ботамкин буда, бо лафзи басо гуворои модарӣ, бо риояи одоби тоҷикона сухан меронад. Болида аз он аст, ки дар ҳар як гӯшаву канори кишварамон ба рушди варзиш ҳамарӯза таваҷҷуҳ зоҳир мегардад. Аз он нигаронӣ менамояд, ки на ҳама наврасону ҷавононамон аз имконияту шароитҳои мавҷуда истифода мебаранду бархе аз ҳамсолонаш аз варзиш дур мондаанд. Бешубҳа, ҳақ бар ҷониби уст. Дар натиҷаи сиёсати варзишпарваронаи Роҳбари ғамхори давлат, ғамхориҳои зиёд ба соҳаи варзиш зоҳир гашта истодааст. Кишврамон на танҳо макони баргузории мусобиқаҳои дохилӣ, балки ба макони баргузории мусобиқаҳои сатҳи баланди ҷаҳонӣ мубаддал гаштааст. Садҳо иншооут майдонҳо ин ҳама пеш аз ҳама барои насли ҷавон бунёд ёфтааст. Ниҳоят ҳар як навишта, ҳар як мақола ва ё маърӯза хулосаи худро дорад. Хулоса аз навиштаҳои боло танҳо муаррифии бештари як варзишгари ҷавону умедбахши тоҷик Давлатҷон Болтаев набуда, балки боз он аст, ки имрӯз дар кишвари азизамон дар натиҷаи сиёсати варзишпарваронаи сарвари хирадманди давлат тамоми имкониятҳо барои рушди ин соҳа фароҳам оварда шуда истодааст ва мо вазифадорем, ки боз садҳо ҷавонони кишварро чун Беҳруз Хоҷазодаву Давлат Болтаев ба камол расонем, то дар саҳнаи набарди ифтихорӣ миллати бузурги тоҷикро тавассути варзиш дар арсаи ҷаҳон боз ҳам бештар муаррифӣ созанд. Ба ибораи дигар, модари тоҷик қодир аст, ки боз садҳо, ҳазорон ҷаҳонпаҳлавононро ба дунё орад. Дар ин роҳ монеа вуҷуд надорад. Мардуми тоҷик аз азал хиради бузург, хиради варзишгаронаро доро буд. Ҷавонони моро танҳо ифтихору ҳамон номуси воқеии ватандории тоҷикона кифоя аст, ки дар ин роҳ муваффақ гарданд. Дастоварди охири варзишгаронамон дар мисоли футболбозони навраси кишвар, ки дар таърихи футболи диёрамон қаҳрамонии бемисл нишон доданд далели бебаҳси гуфтаҳои болост. Мавлон ШАРИФОВ, устоди фанни фалсафаи варзиши ДДҶТ ба номи С.Раҳимов
10 Маҷид Салим адиби табиатшинос ва муаллифи беш аз 50 асари бадеӣ дар мавзӯи ҳифзи олами ҳайвонот мебошад. Ӯ фориғуттаҳсили факултаи биологияи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон буда, маҷмӯаи қиссаву ҳикоёташ бо забонҳои рӯсӣ, ӯзбекӣ, арманӣ ва англисӣ тарҷума ва чоп шудаанд. Барои силсилаи ҳикояву очеркҳо дар мавзӯи табиат ва олами ҳайвонот бо ҷоизаи Иттифоқи журналистони Тоҷикистон ба номи Лоҳутӣ, инчунин унвонҳои ифтихории “Аълочии фарҳанги Тоҷикистон”, “Аълочии матбуот”, “Аълочии телевизион ва радио” ва Ифтихорномаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфароз гардонида шудааст. Аз суҳбат бо ин адиби соҳибзавқ ва хушбаён ҳаминро дарёфтем, ки ӯ бо вуҷуди он ки дар пайроҳаи душвори нависандагӣ муддати тӯлонӣ роҳ паймудаву сабақи зиёде низ аз таҷрибаи рӯзгор бардоштааст, боз ҳам дунёе дорад, пур аз ҳикмат, бардоштҳое дорад омӯзанда ва розҳое дорад, ногуфта. Инак, ҳамсуҳбати мост ин адиби шинохта ва ширинбаён: - Тавре маълум аст, мавзӯи асосии эҷодиёти шумо асосан робаитаи инсон бо табиат ва олами ҳайвонотро дар бар мегирад. Кай бори нахуст эҳсос намудед, ки дилбохтаи табиати афсункор ва муъҷизаҳои он ҳастед? - Ман аз хурдсолӣ ҳайвоноту паррандаҳо ва умуман табиат ва зебоиҳои онро хеле дӯст медоштам. Вақте шеъри нахустини шогирдонаам бо номи “Кабки ман” дар саҳифаи рӯзномаи онвақтаи кӯдакону наврасон – “Пионери Тоҷикистон” ба нашр расид, дар синфи 4-ум мехондам. Аз ҳамон замон то имрӯз мавзӯи табиату ҷонварон аз мавзӯъҳои дӯстдоштатарини ман аст. Ҳатто дар асарҳои дигари дар мавзӯъҳои гуногун эҷоднамудаам низ аз кабк ва асрори ин паррандаи зебо ёдоварӣ намудаам. Инсон ҳарчанд табиатро бештар омӯзад, ҳамон қадар дилбохтаи он мегардад. - Дар роҳи интихобнамуда киро устоди хеш меҳисобед? - Модарамро. Чун модари ман дар деҳа ягона нафаре буд, ки забонҳои рӯсӣ ва ӯзбекиро медонист. Ӯ китобдор буд ва 20 соли ҳаёташро дар китобхона сипарӣ намуда буд. Китобхонаи модарам зиёда аз 20 ҳазор китоб дошт, ки ҳамаи онро худаш мутолиа намуда буд. Бо китоб мисли фарзанди худ муносибат мекард ва агар нафаре китоберо беҷо мегузошт ва ё ба замин мепартофт, сахт озурда мешуд. Китоб аз беҳтарин муқаддасот буд барояш. Шояд дилбастагии зиёди модарам ба
МУСОҲИБА китобу китобхонӣ ба ман низ бетаъсир намонду аз хурдӣ китобро ягона ҳамдаму муниси худ интихоб намудам. Модар мутолиаи асарҳои адибони бузурги тоҷик ва миллатҳои гуногунро ба ман талқин менамуд. Нахустин қиссаву ҳикояҳоямро бо дуои модар, бо ҳидояту роҳнамоии модар эҷод намудаам. Нахустин хонандаам низ модарам буд. - Ба андешаи шумо сабаби аз байн рафтани баъзе аз ҳайвоноту паррандаҳои нодир дар чист? - Дуруст аст, ки солҳои охир баъзе аз ҳайвоноту паррандаҳо аз
“ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН”, №49 (9579), 06.12.2018
баёнгари масъулияти ӯ, баёнгари рисолати ӯст, чун он барои асрҳо эҷод мешавад. -Чанд муддат аст, ки дар Театри академӣ-драмавии ба номи Лоҳутӣ намоишнома аз рӯи асари шумо “Ишқи нобино” ба намоиш гузошта шудааст. Тавре медонем, хонандаи тоҷик аслан шуморо ҳамчун адиби табиатшинос ва воқеанигор мешиносад. Чӣ боис шуд, ки шумо ба навиштани асарҳои саҳнавӣ шуруъ намудед? - Аввалин асари саҳнавии ман, ки ба мавзӯи нашъамандӣ бахшида шуда буд, соли 1999 бо номи
зиндагии озоду хушбахтона мебошанд. - Эҷоди асарҳои саҳнавӣ кадом вижагиҳо дорад? - Бояд иқрор шуд, ки асари саҳнавӣ жанри мураккаб буда, аз адиб маҳорату малакаи хоссаро тақозо менамояд. Дар эҷоди чунин асарҳо танҳо муколама истифода мешавад, на тасвир, на шарҳу эзоҳ ва на дигар санъати суханофарӣ. Ва дар ҳама лаҳза сухане бояд пайдо намуд, ки ба вазъи баамаломада мувофиқ бошад. Муҳимтар аз ҳама ин аст, ки сухану идеяи ҳунарманд бояд бо сухану идеяи нависанда со-
“Пушаймонӣ” дар театри ба номи Одина Ҳошими ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ ба саҳна гузошта шуда буд. Намоишномаи “Ишқи нобино” асари дуюми саҳнавии ман мебошад, ки дар бораи ишқи поки ҷавони нобино ва духтари зебо қисса мекунад. Ростӣ, рӯзгори ҳамин гуна ашхос, яъне нобиноён ва муносибати атрофиён нисбати онҳо маро ҳамеша ба андеша водор менамуд. Ман бо ҷавоне шинос шудам, ки нобиносту дар донишгоҳ таҳсил мекунад. Вақте аз рӯзгори ӯ пурсон шудам, фаҳмидам, ки ҳамсараш бино аст ва ӯ барои муваффақ шудан мушкилоти зиёдеро аз сар гузаронидааст. Ва тасмим гирифтам, ки ҳамин мавзӯъро дар шакли асари саҳнавӣ омода мекунам. Ин намоишнома агар аз як тараф дарди ҷомеа, яъне мушкили нобиноён ва муносибат бо онҳоро бозгӯ намояд, аз тарафи дигар баёнгари он аст, ки чунин ашхос низ аъзои комилҳуқуқи ҷомеаи мо буда, сазовори зисту
згор бошад, яъне нависанда бояд руҳияи ҳунарманд ва ҳунарманд руҳияи нависандаро дарк намоянд. Шояд ҳамин паҳлуҳои душвору мураккаб аст, ки адибони мо ба эҷоди асарҳои саҳнавӣ камтар рӯ меоранд. - Чаро имрӯз театри мо тамошобини кам дорад? - Ба андешаи ман ин пеш аз ҳама ба муҳити оила вобаста аст. Вақте волидон дар бораи театр маълумот надоранд, вақте устодони донишгоҳ моҳеву шояд соле як маротиба ба театр намераванд, вақте адибони мо, аҳли илму адаб, ба театр намераванд, пас мо чаро аз насли ҷавон гиламанд бошем? Вақте асарҳои хуби саҳнавӣ зиёдтар бошад, вақте ташвиқу тарғиб, маблағгузории соҳа беҳтар бошад, гумон мекунам, ин мушкил низ аз байн хоҳад рафт. - Мутолиаи китоб дар кадом шакл беҳтар аст: чопӣ ё электронӣ? -Албатта, мутолиа дар ҳама шакл хуб аст. Бешак, имрӯз шабакаҳои иҷтимоӣ хондани китобро барои хонанда осону дастрас гардонидаанд. Муҳим дар ниҳоди инсонҳо мавҷуд будани шавқу рағбат ба китобу китобхонӣ аст. Аммо бо вуҷуди ҳамаи ин таъсири сухани чопӣ бештар аст, чун сухани чопӣ мондагор аст ва мутолиаи он лаззате, роҳату оромише мебахшад, нотакрору беназир. Баъдан хонанда бояд аз мутолиаи китоб барои худ сабақе бигирад ва он набояд вақтгузаронии бесуд бошад. - Тарҷума як ҷузъи фаъолияти шуморо ташкил медиҳад. Ба андешаи шумо имрӯз вазъи тарҷумаи асарҳо дар кишвари мо чӣ гуна аст? - Дуруст аст, ки ман низ чанде аз қиссаву ҳикояҳои адибони русро ба забони тоҷикӣ тарҷума кардаам, ки “Каштанка”-и Чехов ва
Маҷид Салим: “Соли 2018 бароям соли сермаҳсултарин буд”
қабили лаклак, ҳудҳуд ва ғайраҳо дар Тоҷикистон аз байн рафтаанд. Шоҳин низ дар кишвари мо хеле камшумор аст. Сабаби асосии ин қабл аз ҳама беаҳамиятии мо инсонҳо, нисбат ба табиат аст. Маҳдуд кардани муҳити зисти онҳо, буриши ҷангалзор, муносибати нодурусти инсон ба табиати зинда боис мегардад, ки шумораи ҳайвоноту паррандаҳои нодир дар кишвари мо коҳиш меёбад. - Нависандагиро чӣ метавон гуфт: истеъдод, шавқу рағбат, касбу ҳунар, шуҳрат, масъулият?.. - Нависандагӣ касб нест, он мактаб надорад, диплому ҳуҷҷат надорад. Нависандагӣ заҳмат аст, азоб аст, бедорхобиҳо дорад, аз худ гузаштанҳо дорад, сӯхтану сохтанҳо дорад. Болотар аз ҳама нависандагӣ масъулият аст, масъулияти хеле бузург, масъулият дар назди хонанда, дар назди ҷомеа. Нависанда бо сухан сару кор дорад ва “сухан аз арши барин омадааст”. Ин аст, ки асари нависанда
“Му-му”-и Тургенев аз зумраи онҳо мебошанд. Фикр мекунам, солҳои охир тарҷума дар кишвари мо рӯ ба беҳбудӣ овардааст. Асарҳои беҳтарини дунё имрӯз аз ҷониби тарҷумонҳои мо тарҷума шуда истодаанд. Аксари нависандаҳои мо, аз қабили Саттор Турсун, Ато Ҳамдам, Абдулҳамид Самад, Ҳикмат Раҳмат дар ин самт таҷрибаи ғанӣ ва омӯзанда доранд. Ба шарофати тарҷума имрӯз хонандаи тоҷик беҳтарин шоҳасарҳои ҷаҳониро бо забони модариаш мутолиа карда метавонад. - Ба ҷавононе, ки мехоҳанд ба шумо пайравӣ кунанд, чӣ тамманниёт доред? - Хеле мехоҳам, ки ҷавонони мо, ки худ як ҷузъи табиат ҳастанд, табиатро дӯст доранду ҳифз кунанд ва дар радифи ин ҳимоятгари обу хоки диёри худ бошанд. Набояд фаромӯш кард, ки иқлим ва табиати мо нотакрор аст ва ҷавонони моро мебояд, ки бештар иқлими диёри худро омӯзанд, ёдгориҳои онро таҳқиқ кунанду ба оламиён онҳоро муаррифӣ намоянд. Масалан, аксари ҷавонони тоҷик дар кишварҳои хориҷа таҳсилу саёҳат мекунанду намедонанд, ки “Бешаи палангон” дар кадом минтақаи кишвари мо ҷойгир асту кадом асроре дар он нуҳуфтааст. Минтақаҳои ҷолиби дигаре низ дорем, аз қабили Чилучорчашма, Кӯли Сарез ва монанди инҳо, ки асрори кашфношуда зиёд доранд. Ман мехоҳам ҷавонони мо қабл аз ҳама муъҷизаҳои диёри худро омӯзанд ва онҳоро ба дигарон омӯзонанд. - Имсол дар ҳаёти шумо чӣ нақше боқӣ гузошт? - Агар бигӯям, ки имсол барои ман соли хеле бобаракат буд, хато намекунам, чунки дар ин сол асарҳои беҳтаринам, аз қабили повести “Мавлоно Яъқуби чархӣ”, “Одина Ҳошим: Бо фалак то бар фалак”, “Бешаи палангон” нашр шуданд. Дар озмунҳои Кумитаи ҳифзи муҳити зист ва рӯзномаи “Ҷумҳурият” барои пешниҳоди маводҳои беҳтарин бахшида ба соли сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ сазовори ҷойҳои ифтихорӣ ва мукофотҳо гардидам. Дар Театри ба номи устод Лоҳутӣ ба саҳна гузошта шудани намоишномаам бо унвони “Ишқи нобино” низ орзуи деринаам буд, ки ҳамин сол амалӣ гардид. Ҳамчунин силсилаи ҳикояву мақолаҳоям низ ҳамин сол рӯи чоп омад. Як асарамро ба озмуни Вазорати фарҳанги кишвар “Китоби сол” низ пешниҳод намудаам. Тибқи назарсанҷии як гурӯҳ рӯзноманигорони факултаи журналистикаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ҳамчун сермаҳсултарини адиби сол эътироф гардидам. Хушбахтам, ки заҳматҳоям самар доданду вақтамро беҳуда сарф накардаам. Шукр мекунам. -Дар кору эҷоди минбаъдаатон барору комёбӣ хоҳонем. - Ташаккур. Шаҳло ЭШОНОВА, ҶТ
МУШКИЛОТИ ҶАВОНОН
“ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН”, №49 (9579), 06.12.2018
11
Чуноне ки мушоҳида менамоем, рӯзҳои охир дар кӯчаву хиёбонҳои пойтахт ҷавононе, ки ниқобҳои сиёҳ пӯшидаанд, зиёд ба назар мерасанд. Агар яке онро омили пешгириву муҳофизат аз бемориҳо донад, дигаре барои риоя намудан ба “муд” аз чунин ниқобҳо истифода мекунад. Бинобар ин, мо низ бо чунин суол ба хонандагон муроҷиат намудем:
Ниқоби сиёҳ: пешгирӣ аз беморӣ ва ё муд?
Қурбоналӣ Гулматов, табиб - Истифодаи ниқоб хосияту хусусияти ба худ хос дорад. Ҳар нафари истифодакунандаи чунин ниқобҳо бояд пеш аз ҳама донад, ки бо кадом мақсад ва то чанд муддат аз онҳо истифода намудан мумкин аст. Зеро бастани ниқоб давраҳои муайян дорад ва як ниқоб бояд танҳо аз ҷониби як нафар ҳангоми дучор шудан ба бемориҳои сироятӣ, зуком ва бемориҳои ҳассосият (аллергия) барои сироят нашудани дигарон истифода шуда, баъди ҳар 2 соат иваз карда шавад. Аммо имрӯзҳо, чуноне зиёд ба назар мерасад, аксари ҷавонон бо сабабҳои ба худашон номаълум аз ниқобҳои рангашон сиёҳ истифода мебаранд. Ранги сиёҳ ин аслан рангест, ки рамзи торикиву тирагиҳост ва на ба ҳар нафар қобили қабул шуда метавонад. Зеро аз қадим ҳар нафаре, ки либоси сиёҳ ва ё ниқоби сиёҳ ба бар мекард, чун одами зиёнкор шинохта мешуд. Аз нигоҳи тиббӣ низ ин ранг барои ҳар инсон, аз ҷумла нафари бемор, ки рӯҳияи на он қадар хуб дорад, зараровар аст. Бинобар ин, мо, табибон, пӯшидани ниқобҳои сиёҳро барои беморон тавсия намедиҳем. Хуб мешуд, ҳар нафаре, ки ба беморӣ гирифтор аст ва ё мехоҳад худро аз бемориҳо ҳифз намояд, аз ниқобҳои рангашон сафед ва ё осмонӣ истифода кунад. Зеро чунин ниқобҳо тиббӣ буда, дар ҳақиқат метавонанд садди роҳи ба ҳамдигар сироят шудани бемориҳо гарданд.
Сорбон Амонуллозода, донишҷӯ Комрон Қувватзода, донишҷӯ - Имрӯзҳо чун фасли сармо ҳукмрон аст, мо зуд- зуд ба бемориҳои сироятӣ гирифтор мешавем. Аз ин рӯ, барои сироят наёфтани худ ва дигарон моро зарур аст, то аз ниқобҳо истифода кунем. Ҳоло ин гуна ниқобҳо рангҳои гунонгун доранд, аз қабили сафед, осмонӣ, сурх ва сиёҳ. Аммо имрӯз ҷавонон бештар ниқобҳои рангашон сиёҳро истифода мекунанд, ки бисёр хуб аст. Зеро ин ранг барои писарон муносиб буда, ба сару либоси ба бар намудаи онҳо халал ворид насохта, ҳусни онҳоро коста намегардонад. Ман низ аз чунин ниқобҳо истифода менамоям ва ҳангоми пӯшидани онҳо худро хеле роҳат эҳсос менамоям. Чун солҳои қабл ниқобҳои сиёҳро дастрас карда наметавонистам, аз бастани ниқобҳои рангҳои сафеду осмонӣ дошта худдорӣ менамудам. Зеро ба либосҳоям мувофиқат намекард. Бо дастрасӣ пайдо намудан ба ниқобҳои сиёҳ, дигар зуд- зуд аз онҳо истифода намуда, ҳам аз хунукӣ ҳам аз бемориҳо худро ҳифз менамоям.
Ширин Иноятова, донишҷӯ - Чун дар охири фасли тирамоҳ ва оғози фасли зимистон қарор дорем, бо тағйир ёфтани боду ҳаво зиёд бемор мешавему зуд барои пешгирӣ ва дармон аз доруҳо ва барои бемориамон ба каси дигар нагузаштан аз ниқобҳои муҳофизаткунанда истифода мекунем. Ҳангоми дучор шудан ба бемории зуком аз дорухонаҳо ниқобҳои рангашон кабуд ва ё гулобиро дастрас намуда, истифода мекунам. Аммо имрӯз дар баробари ин ниқобҳои ранги сиёҳ ва сифати пастдошта паҳн шудааст, ки истифодаи онҳо аз ҷониби ҷавонон зиёд ба назар мерасад. Ба андешаи ман ранги сиёҳ ин рамзи нохушӣ ва ё мотам аст, бинобарин хуб мешуд, то ҷавонон аз пӯшидани чунин ниқобҳо худдорӣ намоянд. Истеҳсолкунандагони чунин ниқобҳо низ бояд инро ба назар гирифта, ниқобҳоеро истеҳсол намоянд, ки ба ҳамаи талаботҳо ҷавобгӯ бошанд.
Фазои оила бояд устувор бошад Солҳои соҳибистиқлолӣ ба хотири ҳифзи ҳуқуқи занону духтарон ва таҳкими оила беш аз 20 ҳуҷҷати муҳим қабул шуд. Бо вуҷуди табдирҳои судманди ҳуқуқию иҷтимоӣ ҷудошавии оилаҳо тайи солҳои охир аз масъалаҳои ҳалталаб мебошад. Шумораи талоқ дар тамоми шаҳру навоҳии кишвар нисбат ба солҳои пеш афзудааст. Синни аз нисф зиёди оилаҳои ҷудошуда 18-25-соларо ташкил медиҳад. Агар ба вазъи ҳол дар ноҳияи Файзобод нигарем, нуҳ моҳи соли равон зиёд аз 579 ақди никоҳ ба қайд гирифта шуда, бекоркунии ақди никоҳ 102 ададро ташкил медиҳад. Вобаста ба чунин ҳолат андеша ба сар мезанад, ки бояд маблағи боҷи талоқ баланд бардошта шавад. Ҳамсарон вақти бекор кардани ақди никоҳ ба дав-
лат маблағи ночизе месупоранд. Дар ноҳияи мо боҷи талоқ дар 9 моҳи соли равон 5475 сомониро ташкил медиҳад. Бархе ҷавонон аз ин сабукӣ сӯистифода бурда, якчанд бор хонадор мешаванд. Хуб мешуд, ки барои бекор кардани ақди никоҳ тарафи гунаҳгор ба маблағи калонтар ҷарима карда шавад. Агар ин масъала ба доираи қонун дарояд, шояд ҷудошавии оилаҳо кам гардад. Мо ҷиҳати баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон, пойдории муносибатҳои оилавӣ ва фарҳанги оилавии шаҳрвандон, пешгирии пошхӯрии оилаҳои ҷавон ва манъи никоҳи хешутаборӣ тадбирҳои муҳим меандешем. Бо ҳамин мақсад дар ҳашт ҷамоати деҳот ва ҷамоати шаҳраки Файзобод
"Равзанаи ягона", нуқтаи қабули шаҳрвандон ташкил кардем. Ҳангоми қабули аризаҳои никоҳ ба никоҳшавандагон ҳуқуқу уҳдадориҳои зану шавҳар дар оиладорӣ, бахусус дар тарбияи фарзандон, шартҳои бастани ақди никоҳ ва аҳди никоҳ, интихоби насаб баъди никоҳ, шартҳои гузаронидани тӯйро мефаҳмонем. Қариб ҳамаи издивоҷкунандагон аз муоинаи тиббӣ мегузаранд. Намояндагони дин бе маълумотномаи бақайдгирии аризаи ақди никоҳ никоҳи домоду арӯсро раво намедонанд. Бо мақсади таҳкимбахшӣ ба устувории оила бо имомхатибҳои масҷидҳои ҷомеъ ҳамкорӣ менамоем, аз панду ҳикмати уламо, зиёиёни муътабари ноҳия истифода мебарем. Лек ҳанӯз пурра ба
- Ниқобҳои тиббӣ аслан барои ҳифз намудани организм аз вирусҳои сироятӣ пешбинӣ шудаанд ва чун либосҳои духтурон дорои рангҳои сафед ва осмонӣ мебошанд. Аммо имрӯз, чуноне ки мушоҳида мекунем, аксари наврасону ҷавонон, бо вуҷуди комилан солим будан, намоишкорона аз ниқобҳои сиёҳ истифода мекунанд инро гӯё ба истифодаи ниқобро мӯд шуморида, худро аз дигарон фарқкунанда ва чашмрас мепиндоранд у мехоҳанд диққати мардумро ба худ ҷалб намоянд, ки ин ба андешаи ман аз мафкураи танг ва бемаърифатии онҳо шаҳодат медиҳад. Зеро пайравӣ ва тақлид намудан ба фарҳанги бегонаву ғайр наметавонад мӯд бошад. Ниқоби сиёҳ хоси зиёнкорону бадкорон аст, на хоси донишҷӯёну толибилмон. Ман аслан бастани ниқоби сиёҳро барои худ қобили қабул намедонам ва умуман истифода намекунам. Барои солим будан ва мубориза бурдан бар зидди вирусҳо ба варзиш машғул шуда, бо ин роҳ худро ҳамеша солиму тавонманд нигоҳ медорам. Сайёра ШУКУРЗОДА, коромӯзи “ҶТ”
мақсади худ нарасидаем. Мушкилот зиёд аст. Рӯзе субҳи барвақт ба ҳуҷраи кориам мӯйсафеде бо писару келинаш даромаданд. Баъди салому алейк мӯйсафед, ки сокини шаҳраки Фай¬зобод будааст, дарди дил кард, ки ду моҳ пеш тӯй барпо намуда, аз Ромит барои писараш келин овардааст. Келин ба насиҳату маслиҳат гӯш надода, исрор дорад, ки аз шавҳар ҷудо мешавад. Вақте аз ҷавонзан сабаби ҷудошавиашро пурсидем, ӯ бешармона ва беандеша ҷавоб дод: «Ман як шавҳар дорам. Намехоҳам, ки хусуру хушдоман ба ман фармон диҳанд. Бо писари онҳо зиндагӣ намекунам». Ҷавонзан нею нестон намуда барои бекор кардани ақди никоҳ ариза навишт. Мо дигар чора наёфтем. Сабаби зиёд шудани пошхӯрии оилаҳои ҷавон гуногун аст: сатҳи пасти маълумоти ҷавонон, бахусус духтарон, ба
зинаи сеюми таҳсил фаро нагирифтани онҳо, хеле барвақт, дар синни 18-солагӣ (баъзан дар 17-солагӣ) ба шавҳар баромадан, надоштани ягон касбу ҳунар, сатҳи пасти маърифати оиладорӣ (яъне ба ҳаёти оилавӣ омода набудан), муҳоҷирати меҳнатӣ ба кишварҳои хориҷӣ ва никоҳҳои хешутаборӣ. Ҳамчунин сарчашмаи ҷудошавии оилаҳо ин нодуруст ва ғайримақсаднок ба роҳ мондани тарбияи фарзандон дар оила мебошад. Тавре дар аввал гуфтем, агар фазои оила солиму устувор бошад, зиндагӣ тобишу ранги дилхоҳ мегирад. Муносибату хубу созандаи калонсолон навхонадоронро ба зиндагии осоишта дилгарм мекунад. Фариштамоҳ РАҲМАТУЛЛОЗОДА, мудири бахши сабти асноди ҳолати шаҳрвандии ноҳияи Файзобод
12 - Тавре медонем 4-уми сентябри соли 2007, ҳангоми оғози сохтмони бинои нави Китобхонаи миллӣ Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамон рӯзро “Рӯзи китоб” эълон карда буданд. Рӯзи китоб ҳамасола бо шукӯҳу шаҳомати баргузор мешавад. Пас айни ҳол, ба андешаи шумо вазъи китобхонӣ дар кишвар чӣ гуна аст? - Қаблан дар ҷои кор, дар хона, дар роҳ, дар истгоҳ, дар дохили троллейбусу автобус одамоне ба чашм мехӯрданд, ки машғули мутолиаи китоб, рӯзнома ва ё маводи дигари чопӣ буданд. Чунин саҳнаҳое хеле хурсандиовар ва дилгармкунанда буд. Шигифто, ки чунин саҳнаҳо имрӯзҳо ба нудрат ба чашм мерасад. Дар ҷомеае, ки алоқа ба китобу китобхонӣ камтар аст, бемориҳои иҷтимоие мисли бетаҳаммулӣ, ифротгароӣ, хушунат ва дигар рафторҳои номатлуб хеле зиёд аст. Аврупоиён муътақид бар онанд, ки миллате, ки китоб намехонад ва китобро муътабар намедонад, аз пешрафту рушд дар канор хоҳад монд ва маҳкум ба такрори саҳифаҳои торики таърих аст. Пажӯҳишҳои оморӣ нишон медиҳад, ки дар Англия шабонарӯзӣ якуним соат сарфи китобхонӣ мешавад, дар давлатҳое чун Туркия ва Малайзия мардум панҷоҳу панҷ дақиқа дар шабонарӯз машғули китобхонӣ ҳастанд. Худатон шоҳиди ҳамарӯзаи зиндагии мо ҳастед, қазоват кунед, ки мизони китобхонӣ дар кишвари мо чигуна аст! Китобхонӣ бештар дар миёни донишҷӯён ва таҳсилкардагон роиҷ аст, қишрҳои дигари ҷомеа аслан ба истилоҳ китоббадбин шудаанд. Барои баланд бардоштани сатҳи китобхонии мардум бояд фарҳангсозӣ кард. Дар ин замина пажӯҳишҳои ҷиддие бояд анҷом дод ва омилҳои асосии ин ваъзи ногуворро биёмӯхт. Теъдоди нашр, қимати китоб ва омилҳои дигар дар сатҳи мутолиаи мардум таъсир надорад, зеро бо вуҷуди он ки китобҳо бо шумораи кам чоп мешаванд, ба фурӯш намераванд. Мизони истифода аз китобҳои ройгони китобхонаҳо низ дар муқоиса бо солҳои гузашта паст аст. Намоишгоҳҳои миллию байналмилалии китоб дар шаҳри Душанбе ва дигар шаҳрҳои кишвар натавонистаанд ба вазъияти китобхонӣ дар кишвар беҳбуд бахшанд. - Бразилия тасмим гирифтааст, ки ҳар чи бештар мардумро ба китобу китобхона ҷалб созад. Барои мисол, дар он кишвар урфе ҳаст, ки муҳлати ҳабси зиндониён дар ивази хондани як китоб чаҳор рӯз кам карда мешавад. - Дар кишварҳои демократӣ мафҳуми «зиндон» вуҷуд надорад, чунин ниҳодҳоро «муассисаҳои ислоҳотӣ» меноманд. Вазифаи асосии муассисаҳои ислоҳотӣ тарбияи одамонест, ки бо сабабҳои гуногун қонунро нақз кардаанд. Муҳлати дар муассисаи
МАЪНАВИЁТ
“ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН”, №49 (9579), 06.12.2018
Фарҳанги китобхониро эҳё кунем Мусоҳиба бо Шодимуҳаммади Сӯфизода, директори китобхонаи илмии Академияи илмҳои кишвар оиди вазъи китобдорию китобхонӣ
ислоҳотӣ будан фурсатест, ки одамон иштибоҳоти хешро фаҳмида, барои бозгашт ба зиндагии росту дуруст тасмим мегиранд. Дар дарки иштибоҳот ва ислоҳу тасмимгириҳои онҳо муҳити фарҳангӣ, аз ҷумла китобхонаи муассисаи ислоҳотӣ ва масъулони фарҳангии он нақши бузурге мебозанд. Агар ин гуна тадбирҳое, ки дар Бразилия ба роҳ мондаанд, дар кишвари мо низ анҷом шавад, ба фоидаи миллат хоҳад буд. - Дар шаҳри Хуҷанд аз ҷониби соҳибкоре нахустин китобхонаи сарироҳӣ таъсис ёфтааст. Қоидаи ин китобхонаи хурдак чунин будааст, ки хонанда китобро дар сари роҳ ё дар истгоҳ хонда ва боз дар ҷояш мегузорад, то дигарон ҳам онро бихонанд. - Ин кори савоб бояд дар саросари кишвар роҳандозӣ шавад. Ёд дорам, ки соли 2016 дар Бадахшон созмони ҷамъиятие бо номи «Умедвор» барои дастрасии бештари сокинони деҳаҳои дурдаст ба китоб китобхонаи сайёре таъсис дода буд, ки хидмати беғаразу арзандае дар ташвиқи мардум, алалхусус насли ҷавон, ба донишомӯзию маърифатандӯзӣ буд. Масъулони ин созмон ният доштанд, ки минбаъд ин кори хайрро идома дода, шумори китобхонаҳои сайёрро бештар намоянд. Аммо тайи ду соли охир хабаре аз онҳо нашунидам. Умедворам, ки дар амали хайрашон муваффақ шуда бошанд. Барои анҷоми ин кори хайр бояд ниҳодҳои ҷомеъаи шаҳрвандӣ ва сохторҳои марбутаи шаҳрдорӣ даст ба дасти ҳам бидиҳанд ва дар эҳёи фарҳанги китобхонӣ бо ҳам ҳамкорӣ кунанд. - Вақте ки имрӯз ба китобхонаҳои электронӣ рӯ ме-
орем, шигифтзада мешавем. Зеро касе фикр намекард, ки замоне истифода аз китоб дар чунин шакл сурат гирад. Ба фикри Шумо, истифода аз китоб ё китобхонаҳо баъди даҳсолаҳо чи гуна хоҳад шуд? - Дар замони мо, ки бидуни истифода аз фановарии иттилоот дастёбӣ ба дониш ғайримумкин гардидааст, муносибати мо ба манбаъҳои суннатии иттилоот бояд дигар шавад. Дар қарни XXI, бино бар инкишофи басуръати фановарии иттилоот, ҳама гуна шароит ҳам барои китоб хондан ва ҳам барои китоб нахондан фароҳам шудааст. Фановарии иртиботии ҳушманд ҳамарӯза нақши бештаре дар зиндагии мо иҷро мекунад ва роҳу равиши маъмулиро ба ҳошия рондааст. Албатта, барои шахсе, ки ба нусхаи коғазии китоб хӯ гирифтааст, китоби электронӣ ба ҳеҷ ваҷҳ наметавонад ҷойгузини он шавад, зеро дар тӯли таҳсилаш, чи дар мактаби миёна ва чи дар донишгоҳ китобҳои дарсӣ дар шакли суннатӣ буданд ва аз ин рӯ вай ба чунин навъи китоб бештар алоқа дорад. Он ҳисси оромиш, ки ҳангоми хондани китоби коғазӣ ба кас қаблан даст медод, китоби электронӣ наметавонад ба вуҷуд оварад. Шахсан ман аз хондани китобҳои коғазӣ хотироти хубе дорам. Дар бораи бартарии китобҳои коғазӣ нисбат ба китобҳои электронӣ ва баръакс пажӯҳишҳое анҷом шудааст. Таҳқиқи ин масъала дар яке аз донишгоҳҳои аврупоӣ нишон дода, ки истифода аз китобҳои электронӣ сатҳи омӯзишро пойин мебаранд. Дар ин пажӯҳиш як гурӯҳи 25-нафарӣ китобе иборат аз бисту ҳашт саҳифаро ба воситаи сахтафзори электроникии Амазон Киндл, ки барои хондани китобу
асноди электронӣ ба кор меравад, мутолиа карданд. Як гурӯҳи биступанҷнафарии дигар ҳамон китобро дар нусхаи коғазияш хонданд. Сипас, аз онҳо хоста шуд, то муҳтаво ва мундариҷаи китобро батартиб ривоят кунанд. Ин пажӯҳиш нишон дод, ки натиҷаи хонандагони китобҳои коғазӣ беҳтар аст. Чунин пажуҳишҳо зиёд анҷом шудааст ва натоиҷаш бештар ба фоидаи китобҳои коғазист. Аммо насли ҷавон, ки дар даврони ривоҷи густардаи технологияи муосир зода ва парварда шудааст, назараш ба китоби электроник дигаргуна аст. Ин насл муътақид аст, ки бо доштани китобу китобхонаи электронӣ имконоти хонанда бештар мегардад, зеро, аз як ҷиҳат китобхонаи электронӣ ҷои зиёдеро дар хона ё дафтари корӣ намегирад. Аз тарафи дигар, онро ба осонӣ мешавад таҳвил дод ва ё ҳамеша, сарфи назар аз он, ки дар куҷо қарор доред, метавонед бо худ дошта бошед. Илова бар ин, имконоти истифодаи самаранок аз китобҳои электронӣ бештар шудааст. Бо ёрии нармафзорҳои компютерӣ ҳар параграф, ҷумла, вожа ё истилоҳи мавриди назар дар як матни электронии китобро метавон ба зудию осонӣ пайдо намуд ва аз он истифода кард. Мутолиаи китоби коғазӣ чунин имконоте надорад. Хонанда маҷбур аст, ки барои пайдо кардани маълумоти ночизе вақти зиёди хешро ба хондани тамоми китоб, аз оғоз то анҷом, сарф кунад. - Барои баланд бардоштани сатҳи алоқаи навҷавонону донишомӯзон ба китобу китобхонӣ чӣ корҳоеро бояд анҷом дод? - Китобу китобхонӣ зербинои асосии рушди фарҳангу тамаддун аст. Дар бораи китоб
нахондану китоббадбинии мардум суханҳои зебову шоиронаи зиёде гуфтаанд ва пайваста мегӯянд. Чунин суханпардозиҳову шиорпароканиҳо натиҷае намедиҳад, магар ин ки заминаву шароити лозим барои рушду тавсеаи китобхонӣ фароҳам шавад. Барои ниҳодина кардани фарҳанги китобу китобхонӣ, ба назари инҷониб, ду корро бояд анҷом дод: нахуст он, ки таҳқиқоти ҷомеъу жарфи илмӣ роҷеъ ба вазъияти китобхонӣ дар Тоҷикистон сурат бигирад, то омилҳои паст шудани сатҳи китобхонию китобдӯстӣ муайян шавад. Дуввум ин ки баъд аз анҷоми таҳқиқи ҳамаҷонибаи ин масъала бо ҷалби мутахассисони китобдорию донишшиносӣ барномаи вежаи тавсеаи фарҳанги китобхониро дар ҷомеа бояд таҳия кард ва барои иҷрои он ҳамаи шароитро муҳайё сохт. Вазорату идораҳои зидахли кишвар бояд барои таблиғу тарвиҷи китобу китобхонӣ корҳои амалию таъсирбахшеро анҷом диҳанд. Масалан, дар мактабҳои миёна бояд ҳафтае як соат барои китохонӣ ҷудо карда шавад, то бачагон аз хурдӣ бо фарҳанги китобхонӣ ошно шаванд. Илова бар ин, мақоми китобро дар ҷомеа бояд боло бурд. Бо муаррифии шахсиятҳои барӯманди миллати тоҷик, ки мавқеи китобу дониш дар зиндагии онон хеле барозанда аст, бояд доштани китобхонаи шахсӣ чун яке аз нишонаҳои мусбати ҳаёти хонаводаҳо аз ҷониби расонаҳо, бавижа телевизионҳои давлатӣ, таблиғ шавад. Ба гумонам, эҳё ва рушди китобхонаҳои маҳаллӣ ва таҳҷизи онҳо бо китобҳои нав ва муфид, чи коғазӣ ва чи электронӣ, ҳам бисёр саривақтист. Бояд таблиғоти китобҳои хонданию фоидаовар дар расонаҳо, бахусус дар шабакаҳои радиою телевизионӣ хеле густарда ба роҳ монда шавад. Мутолиаи китоб аз сӯи падару модар дар хона дар тарғиби китобу китобхонӣ дар миёни фарзандон таъсирбахштарин омил аст. Баррасии китобҳои мутолиашуда дар ҳалқаи оила, мактаб ва донишкадаву донишгоҳҳо дар бедор кардани шавқу иштиёқ ба китобхонию донишандӯзӣ бисёр самаровар аст. Албатта, қишрҳо ва гурӯҳҳое дар ҷомеа ба далоиле чун пуркорӣ китоб намехонанд ё камтар мехонанд, аммо ҳайратовартар ин аст, ки иддае аз аҳли илму адабамон, ки вазифаи асосияшон китоб хондану дониш андӯхтан аст, низ имрӯзҳо алоқа ва иштиёқе ба китоб надоранд. Худи фарҳангиён бояд дар китобхонӣ пешгом бошанд, то мардум аз онҳо пайравӣ кунанду сабақ бигиранд. Имрӯз муҳимтарин омили пешрафти ҷомеа ё кишвар доштани дониш ва иттилооти фаровон аст ва ин иттилооту донишҳо фақат аз роҳи хондани китобу нашриёт ва васоили дигари илмию адабӣ ба даст меояд. Суҳбаторо Умед ПУДИНАЕВ, рӯзноманигор
“ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН”, №49 (9579), 06.12.2018
E - MAIL: javonontj@mail.ru
13
Дасисабозиҳои фирории ҳарисниҳод Раҳбари ташкилоти террористӣ ва экстремистии Ҳизби наҳзати исломӣ (ТТЭ ҲНИ), Муҳиддин Кабирӣ хиёнаткориҳои аъзоёнашро дакр намуда, баҳри ҳимояи онҳо роҳҳои гуногунро пеша карда, бо ҷалби рӯҳониёни ифротӣ, наҳзатиёни фурӯхташуда ва зери назари аҷнабиён нишасту вохӯроҳо мегузаронад, то ҳар гуна амалҳои зишти онҳо пушти парда монад. Нигарониҳои роҳбарияти ТТЭ ҲНИ аз он далолат медиҳад, вай фикри обрую нуфузи худро намуда, ки ба манфиатҳои сиёсиаш бисёр латма ворид кардааст. Баҳри нигоҳ доштани мавқеи хеш чунин нишастҳоро ташкил намуда, мекӯшад гунаҳкорони ифротгарои наҳзатиро ҳимоят кунад. Вале намедонад, ки халқи тоҷик кайҳо аз фаъолияти тахрибкоронаи ТТЭ ҲНИ огоҳанд. Бар замми ин, раҳбари ҳизб тавассути расонаҳои иттилоотӣ ва шабакаҳои иҷтимоӣ баромад карда, дар бораи ифротӣ будани пайравонаш ҳарфе намегӯяд. Аммо Муҳиддин Кабирӣ бо думравони ифротияш давлату миллати тоҷик - сарзаминеро, ки дар он таваллуд шудаву ба воя расидааст, зери танқид қарор медиҳад. Раиси фирории ТТЭ ҲНИ бояд шикоят аз аъмолу фаъолияти аъзоёнаш дошта бошад, ки дар авҷи қудрат ба хотири манфиати гурӯҳӣ пойдории сулҳу ваҳдатро халалдор сохт ва ҳоло бо шаклу намудҳои гуногун бозиҳои пасипардагии худро давом дода истодааст. Бояд тазаккур дод, ки ҳамагуна расонаҳо, чӣ ғайрирасмиву чӣ хусусӣ дар бораи бадкирдориҳои наҳзатиён ва аъзоёни он менависанд. Агар мо ба моводи расонаҳои давлатӣ шубҳа пайдо кунем, дар нигоштаҳои расонаҳои мустақил ва ё шахсӣ (хусусӣ) ҳамин мазмунро дарк мекунем, ки аъзои ТТЭ ҲНИ ё ифротӣ аст, ё ба кадом амали нопок даст мезанад. Аз нигоштаҳои воситаҳои ахбори омма ва сомонаҳои иҷтимоӣ пай бурдан мумкин аст, ки гурӯҳҳои иртиҷоӣ, махусан, ташкилоти террористӣ ва экстремистии Ҳизби наҳзати исломӣ чӣ нақши нангине дар ҳаёти имрӯзаи мо дорад ва ба воқеаҳои ҳаётӣ сарсарӣ муносибат карда, та-
возун ва дӯстиро аз байн мебарад. Пас, воситаҳои иттилоотии мустақил низ ақидаҳои наҳзатиёнро ботил мебароранд ва ТТЭ ҲНИ-ро сабабгори ҳамагуна бадбахтиҳо медонанд. Маълум нест, ТТЭ ҲНИ то ин дам чӣ кореро ба нафъи халқ ба сомон расонида, ки ақидаҳои интиқодиро нисбат ба давлату миллати тоҷик пеш меорад. Ва боз хостори идомаи он ҳаст, вале мо аз аъмоли хиёнаткорона ва душманонаи онҳо бохабар ҳастем. Кабирии ҳарисниҳод ва ҳиллагар, ки ба як тааммул гиреҳи ҳазор мушкилиро кӯшиши кушодан мекунад, дар як лаҳза сад навъ ҳила дар хотираш мегузаронад, то ҷавононро гумроҳ намуда, ба худ ҷалб созад. Таваҷҷуҳи касонеро, ки ба қадри озодии ин марзу бум мерасанд ва ободии кишварро мехоҳанд, ба он равона мекунад, ки гӯё рафтори давлату ҳукумат тамоман қонеъ нагардидани ҳаёти ҷомеа аст ва афродеро маҷбур
месозад аз давлату миллат дур шуда ба онҳо пайравӣ намоянд. Ҳарчанд танҳо давлату ҳукумат қодир аст, ки озодӣ ва эҳтиёҷоти мардумро таъмин созад ва бароварда гардонад. Аммо ТТЭ ҲНИ берун аз ҳақиқат ва берун аз иродаи мардум мубориза мебарад. Раҳбари фирорӣ бо дасисаҳои такрорӣ дар миёни балоҳо монда, чӣ кор кардан ва ин ҳайратро ба чӣ ҳила дафъ сохтан, қиссаи пурғуссаи худ ба кӣ гуфтан ва давои дарди бедармони худ аз кӣ ҷустанро намедонад. Ҳоло дарҳои бало ба сӯи ӯ боз аст ва роҳ ба манзили оқибаташ бас дуру дароз. Анвои офатҳо ба истиқболи ӯ рӯй кушода ва роҳи гурез баста шудааст. Акнун Кабириро дар ин вартаи бало ҳеҷ паноҳе ва ҳеҷ дастгире нест, ба ҷуз аҷнабиён. Ҳарки ақли қавӣ дошт, аз ӯ дур шуд. Ҳарки гумроҳу ҷоҳил буд, думрави Кабирӣ боқӣ монд. Рустам РАҲИМОВ, сиёсатшинос
Куруши Кабир ва эъломияи ӯ Дар таърихи илми ҳуқуқ, саҳми мардуми орёӣ хело назаррас аст. Куруши Кабир яке аз бузургтарин шахсиятҳои таърихи аҳди қадим ва бунёдгузори тамаддуни давлатдории комилан нав буда, дар тайи ҳазорсолаҳо чун шоҳаншоҳи одил, сиёсатмадори зираку тезҳуш, пуштибони адолату ростӣ, кафили ҳуқуқу озидиҳо ва ҳомии кешу оини сокинони қаламраваш шӯҳрат ёфтааст. Ӯ мутобиқи маълумоти Ҳеродот яке аз бузургтарин ва машҳуртарин намояндаи сулолаи Ҳахоманишиён буда, нахустин империяи паҳновари ҷаҳониро бунёд гузоштааст, ки дар қаламрави он намояндагони зиёда аз 50 забону 70 халқиятҳои гуногуни Осиёи хурд ва Шарқи наздик зиндагӣ мекарданд. Эъломияи Куруши Кабир оид ба озодии виҷдон соли 539 пеш аз мелод ҳангоми забти Бобулистон аз ҷониби Куруш ба тасвиб расида буд. Ин санад яке аз бузургтарин ислоҳоти иҷтимоӣ ва эъломияи таърихии ӯст, ки дар шакли паём ба сокинони гуногунзабону гуногунмазҳаби қаламрави паҳоновараш ирсол намуда буд. Эъломияи Куруши Кабир, ки аз 39 банд иборат аст ҳангоми ҳафриёти харобаҳои
Тахти Ҷамшед бозёфт шудаанд, аз ҷониби бузургтарин олимони ҳуқуқшиноси ҷаҳон ҳамчун нахустин Эъломияи ҳуқуқи башар дар арсаи ҷаҳон эътироф гардидааст ва яке аз нусхаҳои он дар осорхонаи Англия бо номи «Устувони Куруш» маҳфуз аст. Маншур ё Эъломияи Куруши Кабир ба забони қадимаи эломӣ навишта шудааст. Ба қавли файласуфи бузурги олмонӣ Фридрих Гегел низоми давлатдории мутамаддин ва умуман таърихи тамаддуни умумибашарӣ маҳз аз таърихи пурҷозибаи порсҳо ва оинаи давлатдории Куруши Кабир ибтидо меёбад. Ин санад аз ҷониби бузургтарин олимони ҷаҳон чун нахустин эъломияи ҳуқуқи башар дар арсаи таърих эътироф шудааст. Дар ин радиф «Эъломияи Куруши Кабир оид ба озодии виҷдон» мақоми махсус дошта, онро бе ягон шакку шубҳа метавон сарчашмаи муҳими ҳуқуқ ва озодиҳои инсон, сарчашмаи «Эъломияи умумии ҳуқуқи башар», ки аз ҷониби Созмони Миллали Муттаҳид 10 декабр соли 1948 қабул шудааст, ҳисобид. Ҷаҳонгир МАҲКАМОВ, донишҷӯи ДДХ ба номи академик Бобоҷон Ғафуров
Доғи рӯз Яке аз масъалаҳое, ки ҳоло ҷомеаи ҷаҳониро ба ташвиш овардааст, ифротгароӣ ва зуҳуроти номатлуби он аст. Дар маҷмӯъ ифротгароӣ ҳамчун пайравӣ ба ақида ва амалҳоест, ки меъёрҳо ва қоидаҳои дар ҷомеа мавҷударо қатъиян рад мекунад. Ифротгароӣ имрӯзҳо дар ҳама расонаҳо зиёд паҳн шуда, тавассути наворҳо диққати миллионҳо сокинони сайёраро ба худ ҷалб менамояд. Ифротгароӣ асосан дар ду бахш ба назар мерасад: дар ҷодаи сиёсат ва дин. Ин гуна ифротгароиро сиёсӣ ё худ динӣ ном мебаранд. Ба гурӯҳҳои ифротгаро киҳо шомиланд? Пеш аз ҳама он нафароне, ки дар содир намудани кирдорҳои номатлуб, ки боиси пайдоиши хатар ба ҳаёти одамон, кушторҳо, вайронсозии бехатарии ҷамъият, тарсонидан ё худ расонидани таъсир барои аз тарафи ҳокимият қабул кардани талабҳои ғайриқонунияшон мегардад, ворид мешаванд. Дар марҳилаи кунунӣ ифротгароии динӣ нисбат ба ифротгароии сиёсӣ дар мадди аввал меистад. Хусусан гурӯҳҳои ифротгаро, ба мисли “Алқоида”, “Толибон”, “Ҳизбуттаҳрир” ва ғайра, ки дар содир намудани ҷиноят ва кирдорҳои бағоят вазнин “ном” баровардаанд, метавон ба ифротгарии динӣ дохил кард. Дар Ғарб низ ифротгароии масеҳӣ вомехӯрад, ки инро дар имсоли масхараву ҳаҷв кардани Қуръони карим аз ҷониби Салмони Рушдӣ дидем. Мубориза алайҳи терроризм натанҳо дар мамлакатҳои Шарқ, балки дар тамоми давлатҳои дунё торафт масъалаи ташвишовар гардидааст. Имрӯзҳо сокинони сайёра, бахусус ҷавонон фирефтаи ваъдаҳои осмонии намояндаҳои ин гурӯҳҳо шуда, узви онҳо мешаванд. Дар натиҷа ҷони худро баҳри мақсадҳои нопоки нафароне бармаҳал аз даст медиҳанд Албатта, ифротгароён номи Исломро доғдор месозанд. Аз замони паёмбари ислом ва нозил шудани китоби муқаддаси Қуръони карим дар ягон саҳифаи китоби мазкур оиди қатлу куштор, зулму даҳшат хоинию бадбинӣ сухане наомадааст. Охир ин чӣ гуна ҷиҳод аст, ки дар он қатлу куштор содир шуда, нолаву фиғон, гиряи тифлакони бегуноҳ ба осмон мепечад ва ҳазорон нафар қурбони амалҳои номатлуб мегарданд? Чунин худкушие, ки аз ҷониби террористони худкуш иҷро карда мешавад, гуноҳи азиму нобахшиданист, назди Худованд. Ҳол он ки ба ақидаи ин гурӯҳҳои ифротгаро, ки гӯё шаҳид шудаанду зери орзуву ҳаваси гумроҳонаашон мефахранд. Аз ин ҷо бармеояд, ки аксарияти нафароне, ки узви гурӯҳҳои ифротгароянд аз ҷиҳати бесаводӣ, ҷоҳилӣ, балки аз гумроҳӣ фирефта ва ба доми намояндагони чунин гурӯҳҳо мегарданд. Ва боиси содир намудани амали номатлуб мешаванд. Имрӯз аъзои гурӯҳҳои ифротгаро дар ҳама гӯшаҳои дунё амалҳои зишти худро роҳандозӣ доранд. Ва касе монеи чунин кирдорҳояшон шуда наметавонад. Бояд гуфт, ки мусулмонӣ на дар либос, на дар ҷиҳод, на дар зоҳир, балки дар ботини ҳар як инсон аст. Мо, омӯзгорон, ки пайваста ба кори таълиму тарбия машғулем, ба ҳама наврасону ҷавонон таъкид карда, даъват менамоем, ки ҳаргиз фирефта нашаванд. Ба ягон гурӯҳу ҳаракат пайваст нагарданд. Зеро баъдан ҳатман пушаймон хоҳанд шуд. Тавре иддае аз ҷавонони гумроҳ ба Сурия ва Ироқ сафар намуда, қисме ба ҳалокат расидаю қисми дигар сахт пушаймонанд. Пушаймонӣ бошад, суд надорад... Гулсара ФАЙЗОВА, Ёсуман ТУРСУНОАВА, омӯзгорони МТМУ №76-и ноҳияи Фирдавсӣ
14
“ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН”, №49 (9579), 06.12.2018
НАЗМ Нуриддини АМРИДДИН
ЧОР ФАСЛИ КӮДАКӢ Дар чор фасли кӯдакии ман баҳор буд, Бишкуфта хайл-хайл гули шохсор буд. Рӯзу шабам яке буду дар осмони бахт Хуршеди орзуи дилам шуълабор буд. Барги хазон набуд ба гулбоғи зиндагӣ, Азбас баҳор буд, ҳамеша баҳор буд. Сурхида буд аз шафақи субҳ чашми ман Дар дашти сурхи дидаи ман лолазор буд. Ҳамчун хумор аз сари ман рафта тифлиам, Оре, бирафт аз сарам, азбас хумор буд. Бедарду доғу шоду сарафрозу комрон Дар мулки бахт кӯдакиам шаҳриёр буд.
САРВОДАИ ИШҚ Садои пайи борон аст андар ҷодаҳо имшаб, Ҳубобосо ҳаметаркад маро ғамбодаҳо имшаб. Навозиш мекунад руҳи ғаминам нағмаи борон, Зи қалбам метаровад аз фараҳ садводаҳо имшаб. Майи ноб аст андар коми ман ҳар қатраи ширин, Хуморам бишканад бе ҷомҳову бодаҳо имшаб. Замини зиндагиро бо муҳаббат медиҳам оро, Ки бошам рӯи тахти маҳфили дилдодаҳо имшаб. Ҳавои ишқ дар cap ҷодаҳоро мезанам ман тай, Равонам дӯш бар дӯши ҳама озодаҳо имшаб. Ба базми гарми борон ишқ чак-чак мезанад аз шавқ, Халосӣ нестам аз дасти ошиқзодаҳо имшаб.
ҒАЗАЛИ ТАСКИН Ғам махӯр, ай дил, зимистон бигзарад, Аз сари мо барфу борон бигзарад. Ғам махӯр, ай дил, баҳор ояд зи нав, Рӯзгори нобасомон бигазарад. Субҳ, аз машриқи армон бардамад, Шоми талхи ҳаҷру ҳирмон бигзарад. Лаҳзаҳои яъсу навмедӣ, хушо, Ҳамчунон хоби парешон бигазарад. Он ки умре буд бо мо кинаварз, Охир аз карда пушаймон бигзарад. Аз миёни баҳри пуршӯри ҳаёт Киштии мо баъди тӯфон бигзарад. Бок не, гар аҳди худ ёре шикает, Дарду доғи инқи сӯзон бигзарад. То умеде аз баҳоре канда нест, Ғам махӯр, ай дил, зимистон бигзарад.
ХОБИ БОРОН
Бинӯшам қатра-қатра оби борон, Шавам маст аз шароби ноби борон. Ба ёди кокулони майдабофат Тамоми шаб бубинам хоби борон.
САРДАФТАР Дилам монандаи «Аржанг»-и Монист, Сапеду сабзу зарду арғувонист. Дар он сабт аст ашъори бузургон, Дилам сардафтари шеъри ҷаҳонист.
Нуруллоҳи ОРИФ
ДИЁРИ АФСОНА Барои бачаҳо
(Шикасти вазн ҷо-ҷо ба хотири оҳанг) 1. Эй диёр, эй диёри пурафсона, Маскани Сулҳиву шеъру тарона. Чор фаслат басо фораму дилҷӯ, Боғҳоят пур аз гулҳои хушбӯ. 2. Мо кӯдакони хандон, Дар кишвари гулафшон. Чун ахтарони тобон Ҳастем рӯ ба ҷавлон. Меҳри Ватан ба дил ҷо, Ишқаш чароғи дилҳо. Бар тамошояш оед, Эй одамони дунё. Ҷӯянда Сарвари мо, Созанда Сарвари мо. Ҳамчун падар ба ҳар кор Истода дар бари мо. 3. Тоҷикистон, кишвари нурофарӣ, Кони тилло, кони лаълу гавҳарӣ. Бо навои обшорон ҳар саҳар Хонад аз ҳар пуштаат кабки дарӣ. Эй диёр, Эй диёри чашмаҳоят бешумор. Эй диёри файзбор, Мо ҳамеша бо ту дорем ифтихор. 4. Тоҷикистон, давлати ободи мо, Тоҷикистон, давлати озоди мо. Мо нахоҳем аз канорат дур рафт, Тоҷикистон, ҷисму қалби шоди мо. Дар ту аз бар карда мо лафзи дарӣ, Тоҷикистон, махзани эҷоди мо. Пешвои одилат ҳар рӯз ҳаст Тоҷикистон, аз паи имдоди мо. 5. Эй Пешвои мушфиқ, Эй Пешвои ғамхор. Аз заҳмати ту ин мулк Гулзор гашт, гулзор. Ту марди кордонӣ, Ту марди қаҳрамонӣ. Ғамхори пиру барно, Ғамхори кӯдаконӣ. Рахшандаиву дилсӯз, Чун шеди оламафрӯз. Бар халқу бар диёрат Фархундаа бод, Наврӯз. Эй диёр, Эй диёри чашмаҳоят бешумор. Эй диёри файзбор, Мо ҳамеша бо ту дорем ифтихор.
ОБИ МО
ТАНИН Ҳавои кофу нун дорад дили ман, Ҷунун дорад, ҷунун дорад дили ман. Калисои насороро бимонад, Танини арғунун дорад дили ман.
БОЛИ ОҲ, Имшаб, ки хаёли ман ба сад дар мезад, Оҳи дили ман бар осмон cap мезад. Дур аз рухи гарми ту дар ин шоми сиёҳ Дар панҷаи бод ҳасратам пар мезад.
(Кӯдакона, дар ду вазн) Дӯстон, нӯши ҷон оби мост, Зиндагиро нишон оби мост. Шод зӣ, хастадил, хастарӯҳ Нотавонро тавон оби мост. Нақарот: Нуқрасон аст оби мо, Зарфишон аст оби мо. Оби тоза, оби соф Дар ҷаҳон аст оби мо.
Нӯшдору аз қадим Баҳри ҷон аст оби мо. Пир буд, имрӯз боз Бас ҷавон аст оби мо. Аз диёре бар диёр Худ равон аст оби мо. Аз баландӣ чун уқоб Парфишон аст оби мо. Нӯш созаш, нӯш, нӯш Безиён аст оби мо. Чашмаҳоят Ватан, қанд, қанд, Рӯдҳоят Ватан, дилписанд. Тӯ ба тӯ пур зи зар, пур зи лаъл Кӯҳҳоят Ватан, бегазанд. Нақарот:
МОДАР Аз рӯзи нахуст дӯстат медорам, Умре дили хеш пеши ту бигзорам. Ман бо ту ҳамеша шоду хандон будам, Аз дурии ту ба дидаи бедорам. Хоҳад дили ман созат, Бишнидани овозат. Ашки дили ман, ки мисли хун мерезад, Дарди дили ман зи устухон бархезад. Пазмон шудаам туро, чи пазмон шудаам, То дур зи ту шудам, парешон шудаам. Хоҳад дили ман созат, Бишнидани овозат. Дарду ғами беш бор бар дӯши ту монд, Бикшода ба сӯи тифл оғӯши ту монд. Меҳрат ҳама дам чу офтоби тобон, Ҳар субҳ маро ба дидани рӯи ту хонд. Хоҳад дили ман созат, Бишнидани овозат. Насибаи НАҶОТ
ДИЁРИ БИҲИШТ Рӯзе ки замину осмон бунён шуд, Хуршед аён шуду ҷаҳон тобон шуд. Як гӯша, ки чун биҳишт бо лутфи Худо Гул карду шукуфт, мулки тоҷикон шуд. Бидон, меҳрубон ёри тоҷики ман, Самимона ҳастам бо ту ҳамватан. Агарчи ману ту зи ду кишварем, Вале ҳар ду фарзанди як модарем. Сарафрозиат ифтихори ман аст, Диёри ту, ҷоно, диёри ман аст. Зи меҳру вафо даст бо ҳам диҳем, Ба ёрии ҳам хишт бар ҳам ниҳем. Бисозем ниругоҳе ончунон, Ки ҳайрон бимонанд халқи ҷаҳон. Чи ниругоҳе барқӣ – обӣ бино, Бигардад ба Роғун ба саъйи Шумо. Насибат шавад ифтихори бузург, Ки кардӣ ба дунё ту кори бузург. Шунидам каломе зи Шахси ҷаноб, Ки арзандатар буд аз дурри ноб. “Ки мо метавонем, эй ҳамватан, Ба санъат, яқинан, ҷаҳонӣ шудан.” Ба зудӣ бародар, зи неруи барқ Шавад кишварат шуҳра дар Ғарбу Шарқ. Маҳдии Нотиқи АББОСӢ (Сабо), муҳандиси ширкати “Умрон - Морун”
“ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН”, №49 (9579), 06.12.2018
НАВҚАЛАМ
15
Дониш равшангари дилҳост Дониш омӯхтан, ин нишонаи бузургӣ ва беҳдошти рӯзгори ҳар як инсон аст. Аз ин ваҷҳ, лозим аст одам аз хурдӣ, яъне айёми таълим дар мактаб дониш омӯхта, ҳунар аз худ намояд. Барои омӯхтан ва аз бар кардани дониш бояд аввал кӯдакро тарбияи дуруст, завқманд кард. Ба ӯ шеър, афсона, ҳикоя қироат намудан ва баъдан омӯзиши китобҳои бадеӣ завқашро баланд мегардонад. Пас волидонро лозим аст, тарбияи фарзандонро аз хурдӣ дуруст ба роҳ монанд. То онҳо ҳидоят ёбанду аз паи омӯхтани дониш шаванд. Ҳамин тавр, ҷаҳонбинии бачаҳо васеъ шудан мегирад. Барои васеъ шудани ҷаҳонбинии бачаҳо махсусан, хониши китобҳои бадеӣ хеле хуб муосидат менамояд. Онҳоро лозим аст, дар маҳфилҳои фаннӣ иштирок намоянд, узви китобхонаи мактаб бошанд. Ҳамин тавр, дониши бачагон сайқал меёбад. Азбаски дарсҳои забони тоҷикӣ аз рӯи барномаи салоҳиятнокӣ сурат мегирад, омӯзгорон метавонанд, мисолҳоро аз китобҳои бадеӣ истифода баранд. Як матни хурдеро ба бачаҳо хонда маънидод намоянд. Ин ба такмили дониши бача кӯмаки хуб мерасонад. Махсусан дар синфҳои нуҳум, ки омӯзиши ҷумлаҳои мураккаб ҷараён мегирад, агар аз повести “Одина”, “Ёддоштҳо”-и устод Садриддини
Айнӣ, романи “Шодӣ “-и Ҷалоли Икромӣ ва эҷоди дигар адибон истифода баранд, аллакай ба бача таъсир расонда, аз пайи ҷустуҷӯи асар мешавад. Мехоҳад, ки асарро дарёфт ва мақсади адибро пай барад. Ҳар як мисоле, ки аз асарҳои бадеӣ гирифта мешавад, ҷиҳати тарбиявии худро дорад. Тарбияи дуруст барои дониши хуб ёрии аввалиндараҷа мебошад. Шахсе, ки дониши хуб дорад, соҳибмаърифат аст. Агар тарбияи дуруст гирифта бошад, ҳамеша азизи дигарон аст. Чунон ки шоир гуфтааст: Илмат ба амал чу ёр гардад, Қадри ту яке ҳазор гардад. Дониш калиди ҳамаи мушкилиҳост. Шахсе, ки дониш дорад роҳаш равшан аст. Дар ягон кор дар намемонад. Кӯшиш мекунад, ки барои дигарон кӯмаки худро дареғ надорад. Мо омӯзгорон кӯшиш ба харҷ медиҳем, ки ба насли наврас тарбияи дуруст ва дониши хуб омӯзем. То ки дар оянда соҳиби илму маърифат гашта, баҳри ободии ватан хизматҳои шоиста намоянд. Ш. АМИРШОЕВА, омӯзгори МТМУ рақами 32-и ноҳияи Синои пойтахт
Дунёи бачаҳо Зери ин ном соли 2018 маҷмӯаи ҳикояҳои бачагонаи нависандаи хушзавқ Гулчеҳра Муҳаммадиева аз тариқи нашриёти “Адиб” бо сифати хуб ба табъ расид. Маҷмӯаи мазкур 7 ҳикоя ва афсонамасалҳои бачагонаро дар бар мегирад. Ҳар яке аз ин ҳикояҳо аҳамият ва қимати хуби тарбиявӣ дошта, дар онҳо масоили гуногуни ахлоқӣ мувофиқ ба фаҳму дарки кӯдакон ба миён гузошта шудаанд. Дар зер мо мехостем, ба василаи таҳлили яке аз ин ҳикояҳо – ”Офтобаки оламоро» моҳият ва арзиши ин маҷмӯаи нависандаро муайян намоем. Дар ҳикояи “Офтобаки оламоро” ба кӯдакон ҳақиқате талқин карда мешавад, ки бояд онҳо саҳархез бошанд ва дар кору бори рӯзгор ба падару модари худ ёрӣ расонанд. Яъне, ҳикоя ба хотири дар рӯҳияи меҳнатдӯстӣ тарбия намудани хурдсолон навишта шудааст. Шояд ёрмандии хурдсолон ба волидайни худ он қадар муҳимму зарурӣ набошад ва бе ин дастгирӣ низ падару модар кори худро бароҳатӣ иҷро карда тавонанд. Вале муҳим он аст, ки кӯдакон бояд аз хурдӣ ба меҳнати ҳалол унс гиранд, бо саъю кӯшиши шахсӣ роҳи дарёфти ризқу рӯзии худро омӯзанд ва минбаъд дар зиндагӣ туфайлихор набошанд. Ҳамин маъниро нави-
санда зимни нақли батафсили офтобро пешвоз гирифтани ҷонварону рустаниҳо ва фарзанди инсон баён кардааст. Саволе ба миён омаданаш мумкин аст, ки ин тафсилоти зиёдатӣ чӣ лозим буд, нависанда метавонист бо як ва ё якчанд ҷумла мақсади худро ба хонанда расонад. Вале ин мухтасарбаёнӣ оё ба хонанда фаҳмо ва мақбул мебуд? Албатта, ки не! Пеш аз он ки нависандаи бачагон хонандаи худро ба ягон кори хуб ҳидоят кардан ва ё аз кирдори баде пешгирӣ кардан мехоҳад, бояд сараввал ӯро омода кунад. Аз зиндагӣ мисоле орад, ки дар он иҷрокунандаи амали нек ба таҳсину офарини дигарон сазовор шудааст ва баръакс, бадкор сазои аъмоли нохуби худро дидааст. Ба ҳамин маънӣ, агар талқин кардани коре мақсади нависанда бошад, ӯ ин корро тавре бояд тасвир намояд, ки он аз тарафи умум эътироф шудааст ва барои шунаванда ва ё хонандаи хурдсол низ иҷро кардани он ҳатмист. Масалан, дар ҳикояи мавриди назар ҷонварону рустаниҳо – хурӯсаку гули садбарг, аспу гову гурба, меваҳои гуногуни боғ баромадани офтобро пешвоз мегиранд ва ба ӯ меҳру муҳаббати худро изҳор мекунанд. Тарзи баёни нависанда ва забону услуби ҳикояҳо низ қобили таҳсин аст. Дар он танҳо калимаву ибораҳои ба
фаҳму дарки кӯдакон наздик истифода шудаанд. Ҷумлаҳо низ мураккабу печ дар печ нестанд, балки кӯдакон ба осонӣ моҳият ва маънои онҳоро дарк мекунанд Чопи чунин китобҳои бачагона ба мо муаллимон хеле зарур аст. Ин ҳикояҳоро мо дар дарсҳои тарбиявӣ истифода бурда, мекушем дар дили бачаҳо меҳру муҳаббатро ба волидайн, атрофиён, табиати зинда ва зебоиҳои муҳити зист бедор намоем. Дар ҳикояи “Шикори гавазн” омадааст, ки модар аз писари шикорчиаш чунин хоҳиш мекунад: “Писарам, табиат ҳам соҳиб дорад. Ҳайвонҳо низ оҳи дил доранд. Фикри манро хоҳӣ, касбатро дигар кун”. Дар ҳикояи “Ору ва хирс” нависанда мехоҳад ба бачаҳо фаҳмонад, ки дар интихоби дӯст хато накунанд. Ман, ки омӯзгор ҳастам ҳикояи “Ёрӣ ба модар” бароям писанд афтод, зеро дар он ҳаёти мо муаллимон ва дастпарваронамон хеле ҷолибу хотирмон тасвир ёфтааст. Ҳамин тавр, ҳикояҳои ”Дунёи бачаҳо”-и Гулчеҳра Муҳаммадиева моҳияту арзиши хуби тарбиявӣ дошта, туҳфаи хубест ба насли ояндасози миллат. Сайёра НОЗИМОВА, омӯзгори МТМУ №58, шаҳри Душанбе
Ҷалби кӯдак ба китобхонӣ муҳим аст Имрӯз мушоҳида мегардад, ки наврасону ҷавонон ба хондани китоб завқу шавқи камтар доранду вақтҳои холигии худро беҳуда ва бесамар мегузаронанд. Волидони онҳо низ ба ин амали онҳо бетарафӣ зоҳир намуда, дар таҳсили фарзандонашон аҳамияти ҷиддӣ намедиҳанд. Гарчанде хониш даричаест, ки ба воситаи он кӯдакон худ ва ҷаҳонро дарк мекунанд. Хониш асоси тамоми донишҳо ба ҳисоб меравад. Асарҳои бадеӣ фаъолияти маърифатӣ ва эҷодкориро таъмин менамоянд, сифатҳои ахлоқӣ, иҷтимоӣ ва равонии кӯдакро ташаккул медиҳанд. Мутолиаи китобҳои бадеӣ барои тафаккури кӯдак хело муфид буда, ба кӯдакон имконият медиҳад, ки фикру ақидаи хешро бе ягон мушкили байён намоянд. Кӯдаконро мебояд аз хурдсолӣ бо хондани афсонаҳо ҷалб кард. Ин шавқу завқи кӯдакро ба хондани китоб зиёд мекунад. Бинобар ин, ҳар як волидайнро зарур аст, ки барои хондани китобҳои бадеӣ ба фарзандон вақт ҷудо намуда, онҳоро вазифадор созанд, ки аз китобхонаҳои мактаб китобҳои бадеӣ дастрас намуда, мутолиа намоянд. Баъд аз як-ду маротиба такрор шудани ин амал одати китобхонӣ дар кӯдак пайдо мегардаду кӯдак ҳавасманд мешавад. Ба андешаи Э.Изотова, номзади илмҳои педагогӣ,“адабиёти бадеӣ барои кӯдакон ҳаёти ҷамъияти ҳозиразамон, ҷаҳони ҳисиёти инсонӣ ва муносибати байниҳамдигариро мекушояд ва мефаҳмонад”. Равоншиносон низ ба ин масъала таваҷҷуҳ намуда, бар ин назаранд, ки синни томактабӣ зинаи якум дар ташаккули маҳорати хонанда ба шумор меравад. Аммо бо вуҷуди ин, кӯдакони синни то мактабӣ хонандагони фаъол набуда, онҳоро ҳамчун шунавандагони фаъол қабул кардан лозим аст. Равоншиносон Л.Вигодский ва О.Никифорова низ дар ин масъала гуфтаанд, ки “маҳз дар ҳамин синну сол кӯдакон бо ҳамроҳии қаҳрамонон ҳамдард шуданро меомӯзанд”. Омӯзгори ДМТ Муслима Манонова, дар масъалаи ҷалби ҷавонон ба илму маърифат иброз намуданд, ки ин мушкил ба яке аз масъалаҳои мубрам табдил ёфтааст, ки сарманшаи ин мушкилот аз оила ва муҳити хонаводагӣ вобаста буда, ҷалби онҳо ба китобу китобхонӣ дар даврони кӯдакию наврасӣ аз он маншаъ мегирад. “Агар шахс дар айёми хурдсолӣ ба омӯхтану андӯхтани илму дониш, ки бевосита ба хондани адабиёти гуногун вобастагӣ дорад ҷалб гардад, дар оянда низ ин масъулият рушд меёбад ва баракс агар кӯдак аз китобу китобхонӣ дур монад мафкураи шахшудаи ӯ дар синни наврасӣ ва ҷавонӣ барои омӯхтан бениҳоят мураккаб одат намуда, эҳтимолияти дигар ҷалб нашудани ин гуна шахсон ба китобу китобхонӣ ба миён меояд. Бинобар ин масъалаи ҷалби кӯдакон ба китоб муҳим ва рӯзмарра аст”. Омӯзгорони макотиби миёна низ оиди ин масъала чораҳо андешида, талош меварзанд, ки хонандагонро ба китобхонӣ ҷалб намоянд. Майгуна Ҷононаева, ҷонишини директор оид ба таълиму тарбияи МТМУ №- 60-и шаҳри Душанбе дар мавриди ҷалби кӯдакону наврасон ба мутолиаи китоб ва асарҳои бадеӣ изҳор намуд, ки баъди гузаронидани маҳфилҳо оиди мутолиаи китобҳои бадеӣ дар мактабҳои миёна хонандагон шавқманд мегарданд. Дар баробари ин шабакаҳои телевизионӣ ҳам барномаҳоро барои ҷалби китобхонӣ зиёдтар намоянд хеле манфиатовар мебошад. Дар асоси гуфтаҳои боло метавон натиҷагирӣ кард, ки падару модарро мебояд, ба фарзандон бештар аҳамият дода, барои таълими дуруст гирифтан ашон китобҳои ҷолибу хонданӣ харидорӣ намоянд. Барои худ вақт ҷудо намуда, бо фарзандонашон дар мутолиаи китоб кӯмак расонанд, ки фардо аз ҳосили коридаашон меваи хубу пурсамар ба даст оранд. Ганҷина АБДУЛЛОЕВА, коромӯз “ҶТ”
16
“ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН”, №49 (9579), 06.12.2018
ФАРОҒАТИ ҶАВОНОН
Сеҳри хома АМАЛИ МЕҲРОБ АЗИМОВ, “ҶТ”
√ ОБУНА-2019
Бо “Ҷавонони Тоҷикистон” ҳамеша ҷавон мемонед! Обуна ба рӯзномаи “Ҷавонони Тоҷикистон” барои соли 2019 оғоз шуд. Нархи обуна аз тариқи идораи рӯзнома барои як сол 115 сомонӣ муқаррар шудааст. Ин арзиш бо назардошти бурда расондан ба нақша гирифта шудааст. Шумо обуна шавед, мо сари вақт рӯзномаро мерасонем. Инчунин, Шумо ба воситаи шуъбаҳои алоқаи шаҳру ноҳияҳо метавонед ба ягона рӯзномаи ҷавонон обуна шавед. Суратҳисоби бонкии рӯзнома: с/ҳ №20202972500232101000, ҳ/х 20402972316264, РМА 030000301, РМБ 350101626 Бонки давлатии амонатгузории Тоҷикистон “Амонатбонк”. Индекси обуна 68857.
√ ЗОДРӮЗ
ХУШҚАДАМ ХУСРАВОВ
√ САЙҚАЛИ
АНДЕША
Оромӣ беҳтарин доруст. ******** Аз ҳад зиёд меъдаро пур кардан ба зиёни саломатист. ******** Муҳим нест беморӣ чӣ бор меоварад, муҳим он аст, ки чӣ онро рафъ мекунад. ******** Табиб бояд зуд, бехатар ва гуворо табобат кунад. ******** Миёни ҳамаи шохаҳои тиб фаъолияти ҷарроҳон чашмрастар аст. ******** Бекорӣ ҷисмро заиф намуда, меҳнат онро қавӣ мекунад: Аввалӣ ба пирии пешазмӯҳлат меовараду дуюмӣ ҷавониро дароз мекунад. Селс Агар аз рӯи хостаат зиндагӣ карда натавонӣ, тавре метавони зиндаги кун. ******** Ҳамеша гузаштаро пайгирӣ куну арҷ гузор. ******** Омадам ҳарзагӯйро гӯш кунам, вале итоат нахоҳам кард. Ноҳақиро таҳаммул мекунам, бешарафиро ҳеҷ гоҳ. ******** Ба ҳар ки эътиқод намудӣ, то охир эътимод кун. ******** Беле, нотавон аст нафаре, ки бадбахтиро таҳаммул карда наметавонад Селисий Стасий Рӯзнома таҳти рақами 0120/рз аз 22 сентябри соли 2014 дар Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон сабти ном шудааст. Нишонӣ: 734018, шаҳри Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ-16, ошёнаи 1
И.В.САРМУҲАРРИР Шодихони НАЗАР
МУБОРАК!
Яке аз рӯзҳои беҳтарин дар ҳаёти падару модар ба дунё омадани тифл аст. Рӯзе, ки падари ман ба дунё омад, хурсандии ҳама аъзои оила, хоса бобову бибиамро ҳаду канор набуд. Инак, аз он рӯзи фараҳбахш 53 сол сипарӣ гардид ва имрӯз падари ман Одилҷон Раҳимов, ин шахси софдил, поквиҷдон, инсондӯст, ғамхору меҳрубони наздикони хеш, фарзанди Корманди шоистаи Тоҷикистон Исо Раҳимов ҷашни зодрӯз дорад. Падар, бишнав ин ҳарфи фарзанди хеш, Азизу гиромиву дилбанди хеш. Туйи мояи буду пайдоишам, Канорат ба нозу ба осоишам. Падар такягоҳи вуҷуди манӣ, Ту сармояи ҳастиву буди манӣ. Азизтарини азизонам, зодрӯзат муборак! Бо эҳтиром, фарзандат Абунаср РАҲИМОВ
Ҷон, ёри ман туӣ, ту, туӣ, ту, Дилдори ман туӣ, ту, туӣ, ту. Ғамхори ту манам, ман, манам, ман, Ғамхори ман туӣ, ту, туӣ, ту. Бо арзи сипос ва дӯстдории беандоза ҳамсарат Беҳрӯз
Маҳинози дӯстрӯяк, инак яксола шуд. Ӯро бо ин рӯзи муборак табрику таҳният гуфта, барояш умри дароз, тани сиҳат ва беғамии кӯдакона таманно доранд. Чун духтари шоҳи парӣ Сад ноз дорад Маҳиноз. Чун шоҳпарак рӯ-рӯи гул Парвоз дорад Маҳиноз. Бо як ҷаҳон дӯстдорӣ волидон, наздикону пайвандон ва холааш Зулайхо
√ ЭЪЛОН Шартномаи хариду фурӯши манзил бо силсилаи ДШ ва рақами 0309865, ки ба Шоев Маҳмадшариф Барфиевич, сокини шаҳри Душанбе, хиёбони Неъмат Қаробоев, бинои 89/3, ҳуҷраи 46 тааллуқ дошта, дар идораи нотариалии давлатии ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе соли 2013, таҳти феҳристи 1ш-104 ба қайд гирифта шудааст, бинобар гум шудан эътибор надорад. Шартномаи хариду фурӯши манзил бо силсилаи ДШ ва рақами 0309866, ки ба Давлатов Сафар Холович, сокини шаҳри Душанбе, хиёбони Неъмат Қаробоев, бинои 89/3, ҳуҷраи 2 тааллуқ дошта, дар идораи нотариалии давлатии ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе соли 2013, таҳти феҳристи 1ш-107 ба қайд гирифта шудааст, бинобар гум шудан эътибор надорад. Номаи камол бо силсилаи А-АТУ ва рақами 0026996, ки онро ММТУ рақами 37-и ноҳияи Синои пойтахт соли 2014 ба Файзигули Исломиддин додааст, бинобар гум шудан эътибор надорад. Диплом бо силсилаи МВ-1, рақами 045091 таҳти феҳристи 91 ба қайд гирифта шуда ва онро Донишгҳои миллии Тоҷикистон соли 1986 ба Мирзоев Шухрат Закирович додааст, бинобар гум шудан эътибор надорад. Шиноснома бо силсилаи А ва рақами 00306120, ки онро ШВКД-2, ноҳияи Синои пойтахт соли 2015 ба Захирова Нозира Саидовна додааст, бинобар гум шудан эътибор надорад.
√ ТАСҲЕҲ
Дар шумораи 48-и рӯзнома аз 29.11.2018 дар сархати эълон чунин омадааст: “Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ишғоли мансаби холии сармутахассиси бахши кадрҳо ва коргузорӣ озмун эълон менамояд: ” Ҷумла чунин хонда шавад: “Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ишғоли мансаби холии мутахассиси пешбари шуъбаи Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои тобеи Ҷумҳурии Тоҷикистон озмун эълон менамояд:”
ҲАЙАТИ МУШОВАРА:
Абдуҷаббор РАҲМОНЗОДА (Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа), Нуриддин САИД (вазири маориф ва илми Тоҷикистон), Аҳтам АБДУЛЛОЗОДА (раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон).
ҲАЙАТИ ЭҶОДӢ:
Парвинаҷони азиз! Туро бо зодрӯзат табрик намуда, орзу дорам, ки ҳамеша шоду хуррам бошӣ.
Маҳмудҷон УСМОНОВ (муҳаррир), Толибшоҳи ДАВЛАТ (котиби масъул), Манзумаи ФИРӮЗ (муҳаррири шуъбаи иқтисод ва иҷтимоъ), Хуршед МАВЛОНОВ (муҳаррири шуъбаи иттилоот ва сиёсат), Беҳрӯз ХОЛМУРОДОВ (муҳаррири шуъбаи ҳаёти ҷавонон), Шаҳло ЭШОНОВА, Нуруллоҳи ОРИФ, Хуршед ХОВАРӢ, Шаҳбози АСОМИДДИН, Наҷиба МУРОДБЕКОВА, Муниса ДОДОВА, (хабарнигорон), Шеравган ХУРСАНҚУЛОВ (саҳифабанд), Меҳроб АЗИМОВ (рассом), Машҳур ИМОМНАЗАРОВ (хабарнигор, ВМКБ), Шодмон НУРМАТОВ (хабарнигор, вилояти Суғд) Фирӯз АБДУРАҲМОНОВ (хабарнигор, вилояти Хатлон).
•
Ба хотири чандандешӣ матолибе низ ба табъ мерасанд, ки хилофи назари ҳайати эҷодист. Дурустии арқому далелҳо бар дӯши муаллифон аст.
•
Ҳангоми таҳияи хабарҳо аз матолиби интернет низ истифода шудааст.
•
Индекси обуна: 68857
•
Тел: 908 85-85-93, 238-54-14, 238-51-09, 238-53-03
•
Ҳафтанома дар КТН «Шарқи озод» (хиёбони Саъдии Шерозӣ-16) бо теъдоди 3932 нусха ба нашр расид.
•
Ҳисоби бонкӣ: с/ҳ №20202972500232101000, ҳ/х 20402972316264, РМА030000301, РМБ350101626. БДА Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк»