Ҷавонони Тоҷикистон, №52, 2018

Page 1

ЧТ ,

javonon.tj

“ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН”, №52 (9582), 27.12.2018

1

НАШРИЯИ КУМИТАИ КОР БО ҶАВОНОН ВА ВАРЗИШИ НАЗДИ ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

АВОНОНИ ОҶИКИСТОН №52 (9582), 27/12/2018

e-mail: javonontj@mail.ru

Мо ба ҷавонон эътимоди комил дорем, дастгирии самимонаи онҳоро аз сиёсати пешгирифтаи давлату Ҳукумат қадрдонӣ мекунем ва нақши арзишмандашонро дар ҳамаи ҷанбаҳои ҳаёти кишвар эҳсос менамоем. Ман ба ҷавонони кишвар барои дастгириашон аз сиёсати давлату Ҳукумат ва хизмати содиқонаашон миннатдории самимӣ баён мекунам. Имрӯз қисми асосии хизматчиёни ҳарбӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқро ҷавонон ташкил медиҳанд. Аз 23 ҳазор нафар бунёдкорони иншооти азими аср – нерӯгоҳи барқи обии “Роғун” чил фоизашон ҷавонони то сисола мебошанд. Ҳукумати Тоҷикистон барои ҷавонон тавассути оммавигардонии варзиш, таблиғи тарзи ҳаёти солим ва омодасозии варзишгарони касбӣ аз ҳамаи имкониятҳо истифода мекунад. Танҳо соли 2017 дар шаҳру ноҳияҳои мамлакат ба маблағи 175 миллион сомонӣ 300 иншооти соҳаи варзиш сохта, ба истифода супорида шуд. Имсол ин раванди созанда вусъати тоза пайдо карда, 230 иншооти навбунёди варзиш мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд. Шумораи умумии иншооти варзишии дар зарфи даҳ соли охир, яъне солҳои 20082018 ба истифода додашуда ба зиёда аз 9300 расидааст. Ҳисси баланди миллӣ, худшиносиву худогоҳӣ, ватандӯстиву ватанпарастӣ ва садоқати ҷавонони мо ба Ватан, миллат ва обу хоки сарзамини аҷдодӣ гарави амнияту осоиши ҷомеа, пешрафти давлат ва ободии имрӯзу фардои Тоҷикистони соҳибистиқлол мебошад. Дар шароити ҷаҳони пурҳаводиси муосир бисёр муҳим аст, ки ҷавонони мо мисли солҳои 90-уми асри гузашта фирефтаи таблиғоти нерӯҳои ифротгарои динӣ ва бадхоҳони миллати тоҷик нагарданд, ҳамеша зираку ҳушёр ва барои ҳимояи манфиатҳои халқи тоҷик ва давлати тоҷикон омода бошанд.

Пешвои миллат: Ҷавонон мояи ифтихор ва сарбаландии Тоҷикистонанд Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, 26.12.2018


2 Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соли 2018 бо рӯйдодҳои ниҳоят муҳимму хотирмони худ барои мардуми шарифи Тоҷикистон ва давлати соҳибистиқлоли тоҷикон соли воқеан таърихӣ буд. Бисту дуюми марти соли ҷорӣ дар Рӯзи байналмилалии захираҳои об татбиқи ташаббуси чоруми ҷаҳонии мо дар соҳаи об - «Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» бо иштироки Роҳбари давлат дар Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид расман оғоз гардид. Дар шароити тағйирёбии иқлим, ки масъалаи ҳифзи манбаъҳо ва захираҳои оби тозаи ошомиданӣ ба яке аз мушкилоти асосии мардуми сайёра табдил ёфтааст, Тоҷикистон дар ин самт ҳамчун кишвари ташаббускор ва пешсаф дар арсаи ҷаҳонӣ эътироф гардидааст. Ба кор андохтани агрегати якуми нерӯгоҳи барқи обии “Роғун”, яъне иншооти тақдирсози аср ва ояндаи дурахшони Тоҷикистон, ки ба шарофати он орзуи чандинсолаи мардуми шарифу заҳматқарини тоҷик амалӣ гардид, ибтидои гардиши куллӣ дар таърихи Тоҷикистони соҳибистиқлол ва як қадами устувору бузурги кишвари мо дар самти расидан ба ҳадафи якуми стратегии миллӣ истиқлолияти энергетикӣ ба ҳисоб меравад. Ҳалли масъалаҳои дар тӯли зиёда аз ду даҳсола бавуҷудомадаи сиёсиву иқтисодӣ ва тиҷоратӣ бо Ҷумҳурии Ӯзбекистон рӯйдоди сеюми таърихӣ дар ҳаёти иҷтимоиву иқтисодӣ ва маънавии мардум мебошад. Ба ин дастовард мо баъди мулоқоту музокироти дуҷониба, сафарҳои давлатии роҳбарони ҳар ду давлат ва ба имзо расидани созишномаи шарикии стратегӣ байни кишварҳои бо ҳам дӯсту бародар муваффақ гардидем, ки дар натиҷа рафтуомади озодонаи мардум таъмин гардида, дар зарфи нӯҳ моҳ беш аз дуюним миллион нафар шаҳрвандони ҳар ду кишвар ба дидори хешу табори худ муяссар шуданд ва ҳамкориҳои иқтисодиву тиҷоратӣ ва гуманитарӣ бамаротиб таҳким ёфтанд. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро ба самти ноил шудан ба ҳадафҳои дар Стратегияи миллии рушд пешбинигардида равона карда, баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардумро тавассути ҳалли масъалаҳои пешрафти устувори иқтисодӣ, тақвияти нерӯи инсонӣ, такмили низоми идораи давлатӣ, тавсеаи имкониятҳои содиротии мамлакат, беҳтар кардани фазои сармоягузорӣ, инкишофи бахши хусусӣ ва беҳбуди вазъи бозори меҳнат ҳадафи олии худ эълон намудааст. Соли ҷорӣ мо барои ноил шудан ба нишондиҳандаҳои дар

“ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН”, №52 (9582), 27.12.2018

ПАЁМИ ПЕШВО

7 миллиарду 250 миллион сомонӣ қарз дода шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 201 миллион сомонӣ ё 3 фоиз зиёд мебошад. Вобаста ба ин, Бонки миллиро зарур аст, ки барои зиёд намудани ҳаҷми қарз ба бахши хусусӣ ва махсусан, ба соҳаҳои истеҳсолӣ, нигоҳ доштани суботи низоми бонкӣ, беҳтар гардонидани сатҳу сифати хизматрасониҳо, омода кардани мутахассисони соҳаи бонкдорӣ ва баланд бардоштани савияи касбии онҳо чораҳои қатъӣ андешад. Илова бар ин, амалияи ҳисоббаробаркунии ғайринақдӣ дар муомилоти пулии кишвар вусъат бахшида, ин тартиб соли 2019 дар пардохти хизматрасониҳо ва низоми савдо ба таври васеъ ҷорӣ карда шавад. Соли 2018 ҳиссаи пули нақде, ки берун аз низоми бонкӣ дар муомилот қарор дорад, дар гардиши умумии пулии кишвар 64 фоизро ташкил кард.

Пешвои миллат: Ҷавонон мояи ифтихор

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам ҳуҷҷатҳои стратегӣ пешбинишуда қадамҳои устувор гузоштем. Дар натиҷаи амалӣ намудани вазифаҳои дар Паёми соли гузашта баёншуда соли 2018 рушди маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ дар сатҳи 7,3 фоиз ҷамъбаст гардида, таваррум дар сатҳи 5,4 фоиз нигоҳ дошта шуд. Пешрафти соҳаҳои мухталифи иқтисодӣ, бахусус, бахшҳои истеҳсолӣ таъмин гардида, зиёда аз 150 ҳазор ҷойҳои кории нав таъсис дода шуданд ва дар се соли охир шумораи шахсоне, ки ба муҳоҷирати меҳнатӣ мераванд, 25 фоиз кам гардид. Даромади пулии аҳолӣ 11 фоиз зиёд шуда, ҳаҷми пасандозҳо дар низоми бонкии кишвар нисбат ба соли гузашта 9 фоиз афзуд ва сатҳи камбизоатӣ то 29,5 фоиз коҳиш ёфт. Дар соҳаҳои иҷтимоӣ тамоюлҳои мусбат идома пайдо карда, аз ҷумла нишондиҳандаи дарозумрии аҳолӣ ба 75 сол расид ва фавти модару кӯдак дар муқоиса бо соли 1998 мутаносибан 2,1 ва 2,6 баробар паст гардид. Шумораи аҳолӣ дар кишвар аз 5,4 миллион нафари соли 1990 ба 9,1 миллион нафар дар соли 2018 расид ва дар назар аст, ки соли 2023 аҳолии кишвар ба 10 миллион нафар мерасад. Ин аз мо тақозо менамояд, ки ба ҳалли масъалаҳои иқтисодиву иҷтимоӣ, аз ҷумла беҳтар гардонидани сатҳу сифати зиндагии аҳолӣ ва тақвияти иқтидори истеҳсолии мамлакат диққати аввалиндараҷа диҳем. Мо бояд барои беҳтар намудани некӯаҳволии мардум обу заминро самаранок истифода бурда, истеҳсоли маводи ғизоиро

зиёд намоем. Аз моҳи сентябри соли 2018 маоши вазифавии кормандони ташкилоту муассисаҳои соҳаҳои буҷетӣ, аз ҷумла илму маориф, тандурустӣ, фарҳанг, ҳифзи иҷтимоӣ ва кормандони дигар ташкилоту муассисаҳое, ки аз буҷети давлат маблағгузорӣ карда мешаванд, инчунин, нафақа ва стипендия то 15 фоиз баланд бардошта шуд. Аз ҷониби Ҳукумати мамлакат барои амалӣ намудани ин иқдом дар соли 2019 1,2 миллиард сомонӣ равона мегардад. Дар асоси барномаҳои қабулгардида мо бояд тарзе заҳмат кашем, ки барои баланд бардоштани музди меҳнати кормандони соҳаҳои буҷетӣ ва нафақа дар солҳои минбаъда низ заминаҳои зарурӣ гузошта шаванд. Яъне мо бояд бо роҳи зиёд кардани қисми даромади буҷет солҳои дигар низ маошу нафақаро баланд бардорем. Дар назар бояд дошт, ки қисми даромади буҷети давлатӣ аз 6,5 миллиард сомонии соли 2010 дар соли 2019 ба 24 миллиард сомонӣ расонида мешавад, ки афзоиши он қариб 4 баробар ва ҳиссаи хароҷоти соҳаҳои иҷтимоӣ 43,7 фоизро ташкил медиҳад. Дар буҷети соли 2019 нисбат ба соли 2018 ба соҳаҳои фарҳангу варзиш 17,3 фоиз, илму маориф 14, суғуртаи иҷтимоӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ 9,5 ва тандурустӣ 7,2 фоиз зиёд маблағ равона карда мешавад. Тибқи нақшаҳои тасдиқшуда дар соли 2019 афзоиши қисми даромади буҷети давлатӣ нисбат ба соли 2018 13 фоиз, суръати рушди маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ беш

аз 7 фоиз ва таваррум дар сатҳи на зиёда аз 7 фоиз таъмин гардида, даромади пулии аҳолӣ на кам аз 10 фоиз афзоиш меёбад. Барои босифат иҷро шудани ин вазифаҳо, Ҳукумати мамлакатро зарур аст, ки пайомадҳои иқтисодиву иҷтимоии раванди тағйир ёфтани муносибатҳои иқтисодии байналмилалӣ, вазъи бозорҳои молиявӣ, низоъҳои тиҷоратӣ ва таҳримҳоро мунтазам таҳлил карда, ҷиҳати пешгирӣ кардани таъсири манфии чунин омилҳо ба иқтисоди миллии мо тадбирҳои заруриро амалӣ гардонад. Ҳамчунин, дар самти муътадил нигоҳ доштани нишондиҳандаҳои асосии макроиқтисодӣ, таъмин намудани фаъолияти босуботи низоми бонкӣ, корхонаҳо ва боз ҳам беҳтар гардонидани фазои сармоягузорӣ чораҳои қатъӣ андешад. Вазорати молия вазифадор карда мешавад, ки стратегияи идоракунии молияи давлатиро бо дарназардошти афзалиятҳои кишвар, иҷрои сифатноки қисми даромад ва хароҷоти буҷет, шаффофияти хароҷоти он, инчунин, пешниҳоди нақшаҳои дурнамои ислоҳот дар ин самтҳо татбиқ намояд. Бояд зикр кард, ки низоми бонкӣ дар таъмин кардани рушди иҷтимоиву иқтисодии кишвар, бахусус, пешрафти соҳаҳои воқеии иқтисодиёт, баланд бардоштани иқтидори содиротии кишвар, таъсиси ҷойҳои кории нав ва васеъ намудани манбаъҳои иловагии даромади буҷети давлатӣ нақши муҳим мебозад. Дар 11 моҳи соли 2018 аз ҷониби низоми бонкӣ ба соҳибкорон ва аҳолӣ ба маблағи

Бо дарназардошти равандҳои муосир, мо бояд корро ҷиҳати татбиқи иқтисодиёти рақамӣ ва дар соҳаҳои иҷтимоиву иқтисодӣ ҷорӣ кардани технологияҳои рақамӣ вусъат бахшем. Мо таъмини истиқлолияти энергетикӣ ва истифодаи самарабахши нерӯи барқ, аз бунбасти коммуникатсионӣ баровардан ва ба кишвари транзитӣ табдил додани Тоҷикистон, ҳифзи амнияти озуқаворӣ ва дастрасии аҳолии мамлакат ба ғизои хушсифат, инчунин, вусъатдиҳии шуғли пурмаҳсулро ҳамчун ҳадафҳои стратегии худ интихоб намуда, нақшаи гузариши иқтисодиёти кишварро аз шакли аграрӣ индустриалӣ ба индустриалӣ аграрӣ амалӣ гардонида истодаем. Дар натиҷаи тадбирҳои амалинамудаи Ҳукумати мамлакат дар се соли охир ҳиссаи соҳаи саноат дар маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ аз 15,2 то 17,3 фоиз афзоиш ёфт. Дар робита ба ин ва бо дарназардошти аҳаммияти соҳаи саноат дар ҳалли масъалаҳои иқтисодиву иҷтимоӣ ва таъсиси ҷойҳои корӣ пешниҳод менамоям, ки саноатикунонии босуръати кишвар ҳадафи чоруми миллӣ эълон карда шавад. Вобаста ба ин, зарур аст, ки то соли 2030 ҳиссаи соҳаи саноат дар маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ ба 22 фоиз расонида шавад. Барои расидан ба ин мақсад бояд амалишавии барномаҳои соҳавии қабулгардида ва лоиҳаҳои сармоягузорӣ таҳти назорати қатъӣ қарор дода, самаранокӣ ва сифати онҳо таъмин карда шавад. Бинобар ин, роҳбарони вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо бояд фаъолияти худро доир ба


ПАЁМИ ПЕШВО

“ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН”, №52 (9582), 27.12.2018 ҷалби сармояи мустақим, бунёди корхонаҳои нави истеҳсолӣ, ба кор андохтани корхонаҳои аз фаъолият бозмонда ва ташкили ҷойҳои корӣ вусъат бахшанд ва доир ба вазъи иҷрои корҳо ҳар нимсола ба Ҳукумати мамлакат ҳисобот пешниҳод намоянд. Мавҷуд набудани баъзе намудҳои ашёи хом дар дохили кишвар барои истеҳсоли маҳсулоти ниҳоӣ масъалаи ҳалталаб мебошад. Вобаста ба ин, пешниҳод менамоям, ки ашёи хоми барои коркард ва истеҳсоли маҳсулоти ниҳоӣ воридшаванда, ба истиснои ашёи хоми дар Тоҷикистон истеҳсолшаванда ва молҳои зераксизӣ, аз андоз аз арзиши иловашуда ва боҷи гумрукӣ озод карда шавад ва сохторҳои марбута дар давоми як моҳ тартиби татбиқи имтиёзи мазкурро муайян намоянд. Тадбирҳои ҳавасмандгардонӣ доир ба ташкили истеҳсолоти ивазкунандаи воридот имкон

яи хориҷӣ, аз ҷумла сармояи мустақим мусоидат карда истодааст. Ҳоло дар кишвар татбиқи 70 лоиҳаи сармоягузории давлатӣ ба маблағи умумии 30 миллиард сомонӣ идома дорад. Дар 10 соли охир ба иқтисодиёти Тоҷикистон дар ҳаҷми зиёда аз 33 миллиард сомонӣ сармояи мустақими хориҷӣ ворид гардидааст, ки қисми зиёди он ба рушди соҳаҳои энергетика, алоқа, сохтмон, истихроҷу коркарди канданиҳои фоиданок ва бунёди инфрасохтор равона шудааст. Мо барои ноил шудан ба ҳадафҳои гузошташуда ҳамкориро бо шарикони рушд минбаъд низ идома медиҳем ва сармояи мустақими ҷалбшударо ба ворид намудани техникаву технологияҳои муосири истеҳсолӣ, таъсиси ҷойҳои кории нав ва афзоиши ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти рақобатноки ватанӣ равона мекунем. Вобаста ба ин, Ҳукумати мам-

асоси арзёбии хавфҳо ба роҳ монда шудаанд. Вале талаботи қонунгузории соҳа аз ҷониби баъзе мақомоти санҷиш на ҳама вақт риоя мегардад. Мо соли ҷорӣ бо мақсади бартараф намудани санҷишҳои беасосу такрорӣ ва фароҳам овардани фазои мусоид барои рушди соҳибкорӣ ба ҳама гуна санҷишҳои фаъолияти соҳибкорони истеҳсолӣ дар давоми ду сол мораторий эълон намудем, ки аз он қариб 2000 субъектҳои соҳибкорӣ дар соҳаҳои истеҳсолӣ бархурдор гардиданд. Барои тақвият бахшидан ба ин раванд, зарур мешуморам, ки солҳои 2019-2020 тамоми санҷишҳои фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ дар соҳаҳои истеҳсолӣ манъ карда, муқаррароти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи мораторий ба санҷишҳои фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ дар соҳаҳои истеҳсолӣ” ба ҳамаи мақомоти санҷишу назорат ва

навтаъсис ва ҷалби ҷавонон ба фаъолияти соҳибкорӣ Ҳукумати Тоҷикистон ҷиҳати дар шаҳру ноҳияҳои кишвар ташкил намудани марказҳои хизматрасонӣ, ки дар як вақт вазифаи маркази таълимии соҳибкоронро иҷро мекунанд, чораҳои зарурӣ андешад. Дар баробари ин, барои бартараф кардани монеаҳои маъмурӣ, таъмин намудани самаранокии хизматрасониҳои давлатӣ ба соҳибкорон ва аҳолӣ ба Ҳукумати мамлакат супориш дода мешавад, ки соли 2019 лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи хизматрасониҳои давлатӣ”-ро таҳия ва пешниҳод намояд. Инчунин, пешниҳод менамоям, ки бо мақсади дастгирии минбаъдаи соҳибкорон дар кишварамон “300 рӯзи ислоҳот оид ба дастгирии соҳибкорӣ ва беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ” амалӣ карда шавад. Ҳамватанони азиз! Дар даҳ соли охир иқтидорҳои истеҳсолии низоми энергетикии

ва сарбаландии Тоҷикистонанд

Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, 26.12.2018 доданд, ки аҳолӣ аз ҳисоби истеҳсолоти ватанӣ бо молҳои асосии хӯрокворӣ, асбобҳои рӯзгор ва масолеҳи сохтмон таъмин гардида, ҳаҷми воридоти маводи ғизоӣ аз хориҷи кишвар дар давоми се соли охир қариб се миллиард сомонӣ ё 31 фоиз коҳиш дода шавад. Соли ҷорӣ аз 20 номгӯйи молу маҳсулоти ба содирот нигаронидашуда афзоиши истеҳсоли 15 номгӯйи он таъмин гардид. Вале ба рақобат тобовар набудан ва баланд будани арзиши аслии маҳсулоти баъзе корхонаҳо, номукаммал будани роҳҳои ҳифзи манфиатҳои содироткунандагон дар хориҷи кишвар то ҳол ба таъмин намудани гуногунсамтии истеҳсолот ва содирот мусоидат накарда истодааст. Бинобар ин, Ҳукумати Тоҷикистонро зарур аст, ки ҳамкории судмандро ҷиҳати васеъ намудани имкониятҳои содиротӣ ва транзитии мамлакат дар самти интиқоли транзитии молу маҳсулот ва ташкили «долонҳои сабз» бо кишварҳои ҳамсарҳад ба роҳ монад. Вазоратҳои корҳои хориҷӣ, рушди иқтисод ва савдо, Агентии содирот, раисони вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо вазифадоранд, ки фаъолияти худро ҷиҳати муаррифӣ кардани маҳсулоти дар Тоҷикистон истеҳсолшуда, дарёфти бозорҳои содирот, шарикони истеҳсоливу тиҷоратӣ ва ҳифзи манфиатҳои соҳибкорони ватанӣ дар хориҷи кишвар тақвият бахшанд. Вакилони муҳтарам! Ислоҳоти иқтисодии тайи солҳои охир амалишуда ба беҳтар гардидани фазои соҳибкориву сармоягузорӣ ва ҷалби сармо-

лакатро зарур аст, ки фаъолияти худро доир ба беҳсозии фазои сармоягузорӣ, ҷалби сармояи мустақими хориҷӣ ва муаррифии лоиҳаҳои сармоягузорӣ вусъат бахшад. Ман андешаҳои худро оид ба бисёр масъалаҳои афзалиятнок, аз ҷумла танзими низоми иҷозатдиҳӣ, санҷиши фаъолияти субъектҳои хоҷагидор ва маъмурикунонии андоз 15 октябри соли ҷорӣ дар Форуми соҳибкорӣ баён карда, масъулонро барои ҳалли камбудиҳои ҷойдошта вазифадор намудам. Дар асоси натиҷаҳои дар ҷараёни форум бадастомада нақшаи чорабиниҳо тасдиқ гардидааст ва сохтору мақомоти масъул бояд иҷрои онро назорат ва таъмин намоянд. Ҳоло дар кишвар барои беҳтар кардани фазои сармоягузорӣ ҳамаи намудҳои санҷиши фаъолияти субъектҳои хоҷагидор дар

ҳифзи ҳуқуқ, аз ҷумла Прокуратураи генералӣ, Палатаи ҳисоб, Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия, Бонки миллӣ ва мақомоти андозу гумрук татбиқ карда шаванд. Ҳамчунин, бо мақсади таъмин намудани риояи дақиқи муқаррароти қонунгузорӣ дар самти мораторий ба Прокуратураи генералӣ супориш дода мешавад, ки дар ҳамкорӣ бо Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ нисбат ба масъулони мақомоти давлатие, ки ба фаъолияти соҳибкорон беасос дахолат карда, садди роҳи рушди соҳибкорӣ мешаванд, чораҳои зарурӣ андешад. Бо мақсади баланд бардоштани савияи донишҳои ҳуқуқӣ, молиявӣ ва иқтисодии соҳибкорон, расонидани кумак барои таҳияи лоиҳаҳои тиҷоратӣ ва дарёфти роҳҳои татбиқи онҳо, бахусус, ба субъектҳои соҳибкории

кишвар дар ҳаҷми 1520 мегаватт зиёд карда шуд ва беш аз 1300 километр хатҳои интиқоли барқи баландшиддат сохта, ба истифода дода шуданд. Аз оғози бунёди нерӯгоҳи барқи обии “Роғун” аз ҳамаи сарчашмаҳои маблағгузорӣ 24 миллиард сомонӣ, танҳо соли 2018 3,9 миллиард сомонӣ азхуд карда шудааст ва соли 2019 ба ин мақсад қариб 4 миллиард сомонӣ пешбинӣ гардида, агрегати дуюми он ба кор дароварда мешавад. Моҳи сентябри соли 2018 мо дар ноҳияи баландкӯҳи Мурғоб нерӯгоҳи барқи обии «Тоҷикистон»-ро бо иқтидори 1500 киловатт ба маблағи 80 миллион сомонӣ ба истифода супоридем, ки ба шарофати он талабот ба нерӯи барқ дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон пурра таъмин карда шуд. Ҳоло асосноккунии техникии ду нерӯгоҳи барқи обии дигар дар

3 ин минтақа, яъне Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон – “Санобод” ва “Себзор” бо иқтидори умумии 211 мегаватт омода гардида, корҳо доир ба дарёфту ҷалби сармоя бо созмонҳои байналмилалии молиявӣ идома доранд. Ҳукумати кишвар, дар баробари бунёди нерӯгоҳҳои барқи обии нав, ба масъалаи барқарор намудани иқтидорҳои мавҷуда таваҷҷуҳи хосса зоҳир менамояд Зеро дар ҳолати таҷдид накардани як қатор нерӯгоҳҳо, ки солҳои тӯлонӣ фаъолият карда истодаанд, самаранокии истеҳсолии онҳо коҳиш меёбад. Бинобар ин, ҳоло таҷдиди нерӯгоҳи барқи обии «Сарбанд» ба маблағи 1,3 миллиард сомонӣ идома дорад ва соли 2019 таҷдиди нерӯгоҳи барқи обии “Қайроққум” дар ҳаҷми 1,9 миллиард сомонӣ ва марҳалаи якуми таҷдиди нерӯгоҳи барқи обии «Норак» ба маблағи 3,5 миллиард сомонӣ оғоз мегардад. Баъди таҷдиди пурра тавоноии ин се нерӯгоҳ нисбат ба ҳаҷми воқеии имрӯзаи онҳо, дар маҷмӯъ, 840 мегаватт афзоиш меёбад. Танҳо бунёди нерӯгоҳи “Роғун” имкон медиҳад, ки умри нерӯгоҳи “Норак” садсолаҳо дароз карда шавад. Ин чунин маънӣ дорад, ки ба обанбори “Норак” аз нерӯгоҳи “ Роғун” оби таҳшиншудаи соф дохил мегардад ва обанбори “Норак” аз гилу лой пур намешавад. Илова бар ин, тавоноии нерӯгоҳҳои амалкунандаи масири дарёи Вахш 4 миллиард киловатт - соат меафзояд. Барои боз ҳам устувор гардонидани низоми энергетикии кишвар кор доир ба татбиқи лоиҳаи минтақавии КАСА-1000 оғоз гардидааст, ки маблағи умумии он қариб 11 миллиард сомонӣ (қисми Тоҷикистон 3,4 миллиард сомонӣ) буда, соли 2021 ба анҷом расонида мешавад. Ҳамчунин, худи ҳамин сол барои фаъолияти самараноки нерӯгоҳи барқи обии “Роғун” дастгоҳи муосири тақсимкунандаи элегазӣ, яъне зеристгоҳи барқӣ ба маблағи 530 миллион сомонӣ, хатҳои интиқоли барқи 500 – киловолта дар ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ (“Роғун – Душанбе”) ба маблағи қариб 750 миллион сомонӣ ва 220 - киловолтаи «Айнӣ - Рӯдакӣ» ба маблағи 250 миллион сомонӣ ба истифода супорида шуданд. Соли ҷорӣ мо на танҳо барои ноил шудан ба истиқлолияти энергетикӣ қадами устувор гузоштем, балки бори аввал дар 27 соли соҳибистиқлолии кишварамон ду соли охир мардуми мамлакатро пурра бо барқ таъмин намуда, дар ҳаҷми қариб 3 миллиард киловатт - соат нерӯи барқ содирот кардем. Дар баробари ин, Ҳукумати мамлакат ҷиҳати ислоҳоти идоракунии соҳа, яъне таҳияи низоми нави ҳисоби хароҷоти истеҳсолу интиқол ва тақсимоти нерӯи барқ ва бо истифода аз низоми электронӣ ҷорӣ намудани механизми муосири баҳисобгирӣ ва


4 ҷамъоварии маблағи нерӯи барқи истифодашуда бояд тадбирҳои заруриро амалӣ намояд. Вазорати энергетика ва захираҳои об якҷо бо Ширкати “Барқи Тоҷик” вазифадоранд, ки ҷиҳати кам кардани талафоти нерӯи барқ чораҳои қатъӣ андешанд. Вобаста ба масъалаҳои рушди энергетика мехоҳам таъкид намоям, ки истифодаи иқтидорҳои бузурги гидроэнергетикии Тоҷикистон барои таъмин намудани кишварҳои минтақа бо нерӯи барқи аз лиҳози экологӣ тоза- яке аз асосҳои рушди “иқтисоди сабз”метавонад ба кам гардидани партовҳои гази карбон ба атмосфера мусоидати ҷиддӣ намояд. Ҳоло Тоҷикистон, тибқи арзёбии созмонҳои байналмилалӣ доир ба истеҳсоли нерӯи барқи аз лиҳози экологӣ тоза дар ҷаҳон ҷойи шашумро ишғол мекунад. Кишвари мо имконият дорад, ки баъди ба кор андохтани иқтидорҳои нав, аз ҷумла нерӯгоҳи барқи обии “Роғун” аз лиҳози фоизи истеҳсоли нерӯи барқ аз манбаъҳои таҷдидшаванда дар ҷаҳон ба ҷойи дуюм ё сеюм барояд. Ин саҳми Тоҷикистон дар ҳалли яке аз мушкилоти глобалӣ – кам кардани партовҳои гази карбон ба ҳавои атмосфера ва коҳиш додани оқибатҳои манфии гармшавии иқлим хоҳад буд. Дар робита ба ин, ҳамчунин, зарур аст, ки мо ба масъалаҳои ҳифзи муҳити зист, олами набототу ҳайвонот, вазъи экологӣ ва бо ин мақсад таҷдиди назар кардану такмил додани қонунгузории соҳа ва баланд бардоштани маърифати экологии аҳолӣ муносибати ҷиддӣ зоҳир кунем. Хотирнишон месозам, ки ҳифзи муҳити зист, дар айни замон, яке аз роҳҳои асосии ҷалби сайёҳон мебошад. Ҳозирини гиромӣ! Дар шароити Тоҷикистон, ки 93 фоизи қаламрави он аз кӯҳҳо иборат аст, соҳаҳои нақлиёту коммуникатсия барои таъмин намудани рушди иҷтимоиву иқтисодӣ аҳаммияти бузург доранд. Дар давраи соҳибистиқлолӣ дар кишвар аз ҳисоби лоиҳаҳои давлатии сармоягузорӣ беш аз 2100 километр роҳҳои мошингарди дорои аҳаммияти байналмилаливу ҷумҳуриявӣ ва зиёда аз 1000 километр роҳҳои мошингарди дохилӣ аз ҳисоби дигар сарчашмаҳои маблағгузорӣ бунёду таҷдид карда шуданд. Танҳо соли 2018 сохтмону таҷдиди қариб 200 километр роҳи дохиливу байналмилалӣ ва 45 пул ба анҷом расонида шуд. Ҳоло дар соҳаи нақлиёт ба маблағи умумии 7,5 миллиард сомонӣ 14 лоиҳаи давлатии сармоягузорӣ амалӣ шуда истодааст. Тайи солҳои охир дар натиҷаи бунёди шоҳроҳҳои мошингарди байналмилалӣ ва пайвастани Тоҷикистон бо роҳҳои Ҷумҳурии Мардумии Чин, Ҷумҳурии Ис-

“ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН”, №52 (9582), 27.12.2018

ПАЁМИ ПЕШВО

Соли 2018 содироти нахи пахта назар ба соли гузашта ду баробар афзудааст. Бинобар ин, бояд аз ҳисоби самаранок истифода бурдани замин, ба гардиши кишоварзӣ ворид намудани заминҳои бекорхобида ва азхудкунии заминҳои нав, баланд бардоштани ҳосилнокии зироатҳо ва рушди соҳаи тухмипарварӣ, зиёд кардани масоҳати гармхонаҳои доимамалкунанда ва шумораи сардхонаҳо барои нигоҳдории меваю сабзавот оид ба беҳтар намудани таъминоти бозори истеъмолӣ бо маҳсулоти босифати кишоварзӣ ва афзун намудани ҳаҷми содироти маҳсулоти он чораҳои қатъӣ ва фаврӣ андешида шаванд. Ҳамчунин, Вазорати кишоварзӣ ва Академияи илмҳои кишоварзӣ вазифадоранд, ки дар ҳамкорӣ бо дигар вазорату идораҳо ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ иҷрои барномаҳои қабулшудаи соҳаро таъмин карда, доир ба

Пешвои миллат: Ҷавонон мояи ифтихор

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам ломии Афғонистон, Ҷумҳурии Қирғизистон, кушода шудани роҳи оҳан ва 16 гузаргоҳи сарҳадӣ бо Ӯзбекистон кишвари мо аз бунбасти коммуникатсионӣ раҳоӣ ёфт ва ҳадафи дуюми стратегиамон амалӣ гардид. Минбаъд Ҳукумати кишвар бояд доир ба тавсеаи минбаъдаи шабакаи долонҳои нақлиётӣ ва тақвияти инфрасохтори нақлиётӣ, баромадан ба бандарҳои баҳрӣ, бунёди терминалҳои наздисарҳадӣ ва марказҳои логистикӣ, навсозии заминаҳои моддиву техникӣ ва таҷдиди паркҳои нақлиётӣ, инчунин, афзоиши ҳамлу нақли молу маҳсулот тадбирҳои иловагӣ андешад. Ҳамчунин, бо мақсади афзоиш додани ҳамлу нақли одамон ва ҳаҷми боркашонӣ бо дарназардошти мавқеи мусоиди

ҷуғрофии Тоҷикистон ҷиҳати ба масири транзити ҳавоӣ табдил додани кишвар чораҳои заруриро роҳандозӣ намояд. Ҳадафи стратегии дигар, ки ба таъсиси ҷойҳои корӣ ва афзун гардонидани иқтидори содиротии кишвар таъсири бевосита мерасонад, ҳифзи амнияти озуқаворӣ тавассути рушди соҳаи кишоварзӣ мебошад. Бо мақсади таъмин намудани пешрафти соҳаи кишоварзӣ ва ҳифзи амнияти озуқаворӣ аз ҳисоби лоиҳаҳои давлатии сармоягузорӣ ва буҷети давлат дар давраи соҳибистиқлолӣ беш аз 12 миллиард сомонӣ равона карда шудааст. Дар натиҷаи тадбирҳои андешидаи Ҳукумат ҳаҷми умумии маҳсулоти кишоварзӣ се баробар зиёд гардид, яъне аз 7,4 миллиард

сомонии соли 2000 ба 21,3 миллиард сомонӣ дар соли 2018 расонида шуда, содироти маҳсулоти соҳа мунтазам афзоиш ёфта истодааст. Дар баробари ин, зарур аст, ки барои расидан ба мақсадҳои гузошташуда дар самти рушди соҳа ва таъсиси ҷойҳои корӣ ба масъалаи нигоҳдорӣ ва коркарди маҳсулоти кишоварзӣ диққати бештар дода шавад. Ҳоло ҳиссаи ночизи пахтаи истеҳсолшуда дар дохили кишвар коркард шуда, имкониятҳои мавҷуда, алалхусус, дар самти таъсиси ҷойҳои корӣ дар соҳаи нассоҷӣ ба таври кофӣ истифода нашудаанд. Мувофиқи маълумоти оморӣ солҳои охир ҳамагӣ 10-12 фоизи нахи пахта дар дохили кишвар коркард мешавад.

корҳои иҷрошуда ҳар шаш моҳ ба Ҳукумати мамлакат маълумот пешниҳод намоянд. Илова бар ин, зарур аст, ки аз ҳисоби заминҳои бекорхобидаву доманакӯҳҳо майдони боғу токзор, аз ҷумла боғҳои интенсивӣ мунтазам зиёд карда шавад. Дар 27 соли соҳибистиқлолӣ 190 ҳазор гектар заминҳои корам аз гардиши кишоварзӣ бароварда шуда, майдони заминҳои наздиҳавлигӣ дар кишвар 135 ҳазор гектар, аз ҷумла аз ҳисоби заминҳои обӣ 52 ҳазор гектар зиёд шудааст. Яъне ба як миллиону 400 ҳазор оила барои бунёди манзилҳои истиқоматӣ замин тақсим карда дода шудааст ва ба ҳисоби миёна беш аз 7 миллион нафар сокинони кишвар шароити манзилиашонро беҳтар кардаанд. Бо ин мақсад дар 70 соли то замони истиқлолият ҳамагӣ 77 ҳазор гектар замин тақсим карда шуда буд. Мо бояд азхудкунии заминҳои навро вусъат бахшида, майдони заминҳои корамро зиёд, яъне майдони заминҳои аз гардиши кишоварзӣ беруншударо барқарор кунем, то ин ки бо дарназардошти афзоиши аҳолӣ талаботи мардумро бо маводи ғизоӣ таъмин намоем. Қабули “Барномаи ислоҳоти соҳаи оби Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2025”, ки ҳадафи асосии он гузариш ба идоракунии муосири захираҳои об ва ҷалби сармоягузориҳои нав барои ҳалли мушкилоти об дар кишвар ба ҳисоб меравад, иқдоми саривақтӣ буда, яке аз масъалаҳои асосие, ки таваҷҷуҳи махсусро талаб менамояд, таъ-


“ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН”, №52 (9582), 27.12.2018

ПАЁМИ ПЕШВО

миноти аҳолӣ бо оби босифати ошомиданӣ мебошад. Зеро об сарчашмаи ҳаёт ва манбаи асосии саломатии инсон мебошад. Бо вуҷуди он ки Тоҷикистон дорои захираҳои бузурги об мебошад, таъминоти аҳолии деҳоти кишвар бо оби босифати ошомиданӣ беҳбудии ҷиддиро талаб менамояд. Ҳукумати Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо шарикони рушд татбиқи 17 лоиҳаи давлатии сармоягузориро дар самти обтаъминкунии аҳолӣ дар ҳаҷми 2,4 миллиард сомонӣ оғоз кардааст, ки 50 фоизи онҳо то имрӯз амалӣ гардидаанд. Дар самти кишоварзӣ ва обёрии замин 35 лоиҳа ба маблағи умумии 5,4 миллиард сомонӣ татбиқ шуда истодааст. Аммо чунонки таҳлилҳо нишон медиҳанд, зиёда аз 80 фоизи маблағ барои рушди шабакаҳои обрасонии маркази шаҳру ноҳияҳо равона мегардад.

ва сарбаландии Тоҷикистонанд Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, 26.12.2018

Зарур аст, ки ба ҳалли ин масъала дар деҳот низ таваҷҷуҳи бештар зоҳир карда шавад, зеро беш аз 73 фоизи аҳолӣ дар он ҷо зиндагӣ мекунад. Мо бояд таъсири рӯзафзуни оқибатҳои тағйирёбии иқлимро ба вазъи корҳо дар самти расидан ба идораи устувори захираҳои об ҳамеша дар мадди назар дошта бошем. Маълум аст, ки тағйироти глобалии иқлим ба ҳаҷми захираҳои оби нӯшокии тоза ва сифати он таъсири манфӣ расонида, кишварҳо ва минтақаҳои мухталифи оламро ба вазъи ташвишовари экологӣ дучор месозанд. Дар баробари ин, бар асари зиёд шудани аҳолӣ дар минтақаи мо ва умуман, дар сатҳи глобалӣ, талабот ба захираҳои об босуръат афзоиш меёбад. Ин ду омил дар назди мо вазифаҳои нави маҷмӯиро мегузорад. Зимнан, таъкид менамоям, ки сиёсати давлати Тоҷикистон дар соҳаи об, дар айни замон, ба ҳалли масъалаҳои мубрами иҷтимоиву иқтисодии минтақаи Осиёи Марказӣ низ нигаронида шудааст. Мо омодаем, ки захираҳои бузурги оби нӯшокиамонро ба манфиати минтақа мавриди баҳрабардорӣ қарор диҳем. Такроран таъкид месозам, ки истифодаи оқилонаи танҳо захираҳои нодири кӯли баландкӯҳи Сарез, ки 17 миллиард метри мукаабро дар бар мегирад, имкони таъмини дарозмуддату устувори аҳолии минтақаи моро бо оби босифати нӯшокӣ медиҳад. Дар доираи нақшаи чорабиниҳо оид ба амалигар-

донии даҳсолаи амал барои об тасмим гирифта шуд, ки ҳар як соли ин даҳсола ба баррасии ҳамаҷониба ва ҳаллу фасли тадриҷии мушкилоти марбут ба об бахшида шавад. Аз ҷумла, тибқи нақшаи корҳои созандагиву ободонӣ ба муносибати 30-солагии истиқлолияти давлатӣ дар баробари сохтмон ва таъмиру тармими иншооти таъиноти иҷтимоӣ, инчунин, мушкилоти таъминоти аҳолӣ бо оби босифати ошомиданӣ дар маҳалҳои аҳолинишин, махсусан, деҳот бояд ҳал карда шаванд. Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ эълон гардидани соли 2018 ба дарки аҳаммияти самтҳои мазкур дар ҳаёти иҷтимоиву иқтисодии мардум такони ҷиддӣ бахшида, шумораи сайёҳоне, ки соли 2018 ба Тоҷикистон омаданд, нисбат ба соли 2017 дуюним баробар афзуд, вале барои расидан ба ҳадафҳои пешбинишуда як сол басанда нест. Дар баробари ин, соли ҷорӣ “Стратегияи рушди сайёҳӣ барои давраи то соли 2030” қабул гардид ва имкониятҳои сайёҳии Тоҷикистон то ҳадди имкон муаррифӣ шуданд, лекин барои рушди инфрасохтори соҳа дар ҳамаи минтақаҳои кишвар бояд тадбирҳои иловагӣ андешида шаванд. Бо мақсади вусъат бахшидан ба ҳалли масъалаҳои зикршуда ва бо дарназардошти зарурати инкишофи инфрасохтори деҳот пешниҳод менамоям, ки солҳои 2019-2021 “Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» эълон карда шаванд. Мақсади асосӣ аз ин пешниҳод

амалигардонии талошҳои Ҳукумати мамлакат ба хотири боз ҳам обод кардани Тоҷикистон ва ҳалли масъалаҳои иҷтимоии аҳолӣ бо роҳи беҳтар намудани инфрасохтор, пеш аз ҳама, дар соҳаҳои маорифу тандурустӣ, таъсиси ҷойҳои корӣ, таъмин кардани аҳолии деҳот бо оби босифати ошомиданӣ, бунёду таҷдиди роҳҳои маҳаллӣ, рушди инфрасохтори сайёҳӣ ва инкишофи ҳунарҳои мардумӣ, ба талаботи муосир мутобиқ сохтани сатҳи хизматрасонӣ ва баланд бардоштани некӯаҳволии мардум дар ҳар як деҳа ва маҳалли аҳолинишин мебошад. Ҳукумати мамлакатро зарур аст, ки барои расидан ба мақсадҳои зикршуда дар самти мазкур ва ҳамзамон бо ин, ҷиҳати муаррифии мавзеъҳои нодири сайёҳӣ, ҳифз, инкишоф ва истифодаи оқилонаи захираҳои табиӣ, ҳайвоноту наботот ва мероси таърихиву фарҳангӣ, фароҳам овардани шароит барои сайёҳии экологӣ, табобатӣ, варзишию шикор ва кӯҳнавардӣ тадбирҳои иловагӣ андешад. Таъкид месозам, ки раисони вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо барои вусъат бахшидан ба корҳои ободониву бунёдкорӣ, рушди инфрасохтори деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ ва бо ин мақсад ҷалб намудани сармояи ватаниву хориҷӣ масъулияти бевосита дошта, бо ҷойи корӣ таъмин кардан ва соҳиби касбу ҳунар гардонидани мардум низ вазифаи аввалиндараҷаи онҳо мебошад. Бо арзи эҳтирому самимият ва миннатдорӣ ба мардуми шарифи Тоҷикистон, аз ҷумла соҳибкорону тоҷирон ва дигар шахсони

хайрхоҳу ҳимматбаланд барои ташаббусҳои созанда мехоҳам як нуктаро таъкид намоям: ба раванди созандагии Ватан ҳар як шаҳрванди бонангу номус бояд саҳмгузор бошад ва ҳар фарди ҷомеа бояд касбу ҳунаре дошта бошад, ки бо истифода аз он зиндагии худро пеш барад. Мо барои ҳар шахсе, ки мехоҳад касбу ҳунар, нияту нақша ва қобилияту истеъдоди худро амалӣ гардонад, яъне ҷиҳати худтатбиқкунии шаҳрвандон шароити мусоид фароҳам меорем Мо ҳар амали некеро, ки ба шукронаи истиқлолияту озодӣ ва соҳибватаниву соҳибдавлатӣ анҷом медиҳем, барои худамон, фарзандонамон, наслҳои ояндаамон, Ватани азизу маҳбубамон – Тоҷикистон мекунем, зеро ин Ватан ва ин давлат аз худи мост ва онро ба ҷойи мову шумо каси дигар обод намекунад. Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Таҳким бахшидани иқтидори илмии кишвар, ҷорӣ кардани ихтироот дар истеҳсолот, устувор гардонидани пояҳои моддиву техникии муассисаҳои таълимӣ, баланд бардоштани сифати таълим дар ҳамаи зинаҳои таҳсилот, ҷалби боз ҳам васеи истеъдодҳои ҷавон ба омӯзиши технологияҳои муосир ва корҳои эҷодиву техникӣ вазифаи муҳимтарини соҳаҳои илму маориф мебошад. Аз ин рӯ, мо ба соҳаҳои илму маориф эътибори аввалиндараҷа дода, ислоҳотро дар ҳамаи зинаҳои таҳсилот бомаром идома медиҳем ва мушкилоти мавҷударо давра ба давра бартараф меку-

5 нем. Мо, пеш аз ҳама, ба инкишофи зинаи таҳсилоти томактабӣ диққати ҷиддӣ дода, бояд шумораи муассисаҳои томактабиро бамаротиб зиёд намоем ва барои рушди қобилияти зеҳнии кӯдакон шароити мусоид фароҳам созем. Дар доираи барномаҳои давлатӣ ва бо иштироки аҳолӣ дар се соли оянда беш аз 1050 муассисаи таҳсилоти томактабӣ ва умумӣ бунёд карда мешавад, ки қисми зиёди онҳо дар деҳоти кишвар пешбинӣ гардидааст. Бо вуҷуди ин, ба Ҳукумати мамлакат, Вазорати маориф ва илм, раисони вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо супориш дода мешавад, ки рушди муассисаҳои таълимӣ, аз ҷумла муассисаҳои томактабӣ ва то соли 2021 ба 30 фоиз расонидани фарогирии кӯдаконро ба зинаи таҳсилоти томактабӣ таъмин намоянд. Танҳо соли 2018 дар кишвар аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳо 151 муассисаи таҳсилоти умумӣ бо зиёда аз 73 000 ҷойи нишаст сохта, ба истифода дода шуд ва ин раванд дар оянда низ идома хоҳад ёфт. Мо ислоҳоти низоми ҳамаи зинаҳои таҳсилро минбаъд низ давом дода, усулҳои фаъоли таълимро ҷорӣ мекунем ва ба сатҳу сифати таълим эътибори аввалиндараҷа медиҳем. Дар робита ба ин, Вазорати маориф ва илм, Хадамоти назорат дар соҳаи маориф вазифадор карда мешаванд, ки дар ҳамкорӣ бо раисони вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳо ва дигар ниҳодҳои ҷамъиятӣ назоратро ҷиҳати баланд бардоштани сатҳу сифати дониш дар ҳамаи зинаҳои таҳсилот пурзӯр намоянд. Ҳамзамон бо ин, Вазорати маориф ва илм якҷо бо Вазорати рушди иқтисод ва савдо ва дигар сохтору мақомоти дахлдор то соли 2020 масъалаи норасоии кадрҳои омӯзгориро пурра ҳаллу фасл намояд. Бояд гуфт, ки дар соҳаи маориф ду проблемаи асосии ҳалталаб вуҷуд дорад. Якум, норасоии кадрҳои соҳибкасби омӯзгорӣ ва дуюм, баланд бардоштани сатҳу сифати таълим дар тамоми муассисаҳои таҳсилоти кишвар. Мо заҳмати устодону омӯзгоронро ҳамеша баланд арзёбӣ мекунем ва ғамхориро дар ҳаққи онҳое, ки дар ин соҳа хизматҳои шоиста кардаанд, идома медиҳем. Лекин пешрафти ҷомеа, тараққиёти илму техника ва технология тақозо мекунад, ки онҳо низ барои баланд бардоштани сатҳи касбияти худ мунтазам кӯшиш кунанд. Агар омӯзгор сатҳи баланди касбият надошта бошад, мо ҳеҷ гоҳ ва бо ягон восита сифати таълиму тарбияро беҳтар карда наметавонем. Бинобар ин, ба Вазорати маориф ва илм зарур аст, ки фаъолияти курсҳои такмили ихтисоси омӯзгоронро боз ҳам тақвият бах-


6 шад. Илова бар ин, ҳамаи кормандони соҳаи маориф, аз дастгоҳи вазорат ва сохторҳои маҳаллии он то устодону омӯзгорони муассисаҳои таълимӣ, сарфи назар аз шакли моликият, дар тамоми қаламрави кишвар ҳар се сол як маротиба аз аттестатсия гузаронида шаванд. Ҳанӯз соли 2003 Фармони Президенти кишвар дар бораи такмили таълим ва омӯзиши забонҳои русиву англисӣ қабул шуда буд. Вале таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки натиҷаҳо дар ин масъала чандон қонеъкунанда нестанд. Агар мо хоҳем, ки бо ҷомеаи пешрафтаи башар баробар қадам гузорем, бояд ба ин масъала эътибори ҷиддӣ диҳем. Аз ин лиҳоз, ба Ҳукумати мамлакат, вазоратҳои маориф ва илм, рушди иқтисод ва савдо, Академияи илмҳо супориш дода мешавад, ки дар нимсолаи аввали соли 2019 барномаи нави такмили таълими забонҳои русӣ ва англисиро барои давраи то соли 2030 таҳия ва пешниҳод намоянд. Бори дигар хотирнишон месозам, ки мо ин корро барои худамон, яъне ба хотири баланд бардоштани сатҳи маърифат ва тавсеаи ҷаҳонбинии наврасону ҷавонони кишвар мекунем, на бо мақсади дигар. Мо ба солимии ҷомеа ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ низ диққати махсус дода, инфрасохтори муассисаҳои тиббӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолиро мунтазам тавсеа ва таҳким бахшида истодаем. Ҳоло дар 19 шаҳру ноҳияи мамлакат «Барномаи кафолатҳои давлатӣ оид ба таъмини аҳолӣ бо кумаки тиббию санитарӣ дар ноҳияҳои таҷрибавии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 20172019» амалӣ гардида истодааст ва ин таҷриба давра ба давра тамоми кишварро фаро мегирад. Илова бар ин, дар давоми се соли оянда дар кишвар беш аз 560 беморхонаву марказҳои саломатӣ ва дигар иншооти соҳаи тандурустӣ бунёд карда мешаванд. Бо вуҷуди пешравиҳо, ҳоло низ баъзе камбудиҳо, аз ҷумла дар масъалаи расонидани кумаки аввалияи тиббӣ, ки аз ҳисоби буҷет маблағгузорӣ мешавад, ба мушоҳида мерасанд. Аз арзу шикоятҳои сокинони мамлакат ба унвони Дастгоҳи иҷроияи Президент бармеояд, ки дар баъзе муассисаҳои тиббӣ ҳангоми расонидани кумаки аввалияи тиббӣ аз соҳибони шахсони бемору корафтода маблағ ва доруворӣ талаб карда мешавад, ки ин хилофи қонун мебошад. Яке аз масъалаҳое, ки бо вуҷуди таъкидҳои доимӣ ислоҳ нашуда истодааст, ҳоло ҳам паст будани сатҳу сифати хизматрасонӣ ва муоширати табибон мебошад ва роҳбарони Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ вазифадоранд, ки дар ин самт тадбирҳои муассир андешанд. Соли ҷорӣ бо мақсади пурзӯр

“ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН”, №52 (9582), 27.12.2018

ПАЁМИ ПЕШВО

тарон ташкил медиҳанд. Мо ба азму ирода ва масъулиятшиносии занон ҳамчун нерӯи бузурги ҷомеа эътимоди комил дорем. Баробари ин, медонем, ки зан модар аст, яъне ягона мавҷудест, ки инсонро ба дунё меорад ва ба ӯ ҳаёт мебахшад. Ба ин хотир, мо масъул ҳастем, ки ба ин мавҷуди офарандаи инсоният арҷ гузорем, ранҷу машаққат ва заҳмату хизматҳои ӯро қадр намоем. Ҳамзамон бо ин, аз модарону бонувони кишвар даъват ба амал меорем, ки дар риояи қонунҳои миллиамон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросими миллӣ» ва «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» боз ҳам фаъол бошанд, фарзандонро ба зиндагии мустақилона омода карда, онҳоро ба роҳи дурусти зиндагӣ ҳидоят намоянд, сарфаю сариштакориро, ки яке аз хислатҳои беҳтарини

Пешвои миллат: Ҷавонон мояи ифтихор

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам намудани ҷавобгарии маъмурӣ ва ҷиноятӣ барои ғайриқонунӣ ба ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид намудан ва ба муомилот баровардани дорувории бесифат ё муҳлати истифодааш гузашта ё истеҳсол кардани онҳо дар мамлакат, инчунин, дар натиҷаи фаъолияти тиббӣ ба бемориҳои сироятӣ гирифтор шудани мизоҷон ба қонунгузорӣ тағйирот ворид карда шуд. Прокуратураи генералӣ, Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва дигар мақомоти дахлдор бояд иҷрои талаботи қонунро таъмин карда, дар роҳи содиршавии ин гуна қонуншиканиҳо садди устувор гузоранд. Ҳоло дар кишвар 149 ҳазор нафар шахсони маъюб, аз ҷумла 15 ҳазор нафар маъюбони гурӯҳи якум, қариб 27 ҳазор нафар маъюбони то 18-сола ва 71 ҳазор нафар ятимон умр ба сар мебаранд. Маблағи умумие, ки ҳар моҳ аз ҳисоби буҷети давлат танҳо ба ятимон пардохта мешавад, беш аз 12 миллион сомониро ташкил медиҳад. Мо дар оянда низ ҳалли масъалаҳои иҷтимоӣ, аз ҷумла ғамхорӣ дар ҳаққи гурӯҳҳои осебпазири аҳолӣ, дар навбати аввал ятимону маъюбон, шахсони бесаробонмондаву эҳтиёҷманд ва нафақахӯрону собиқадоронро аз ҷумлаи вазифаҳои муҳимтарини худ мешуморем. Мо дар замони соҳибистиқлолӣ ба рушди соҳаи фарҳанг ҳамчун таҷассумгари симои маънавии халқ, муттаҳидсозандаи нерӯҳои зеҳнӣ, баёнгари таърихи гузаштаву муосир, ойину анъана, дигар муқаддасоти миллӣ ва ташаккулдиҳандаи одобу ахлоқи ҳамида эътибори доимӣ медиҳем.

Қобили зикр аст, ки хусусан, солҳои охир таваҷҷуҳ ба ҳифзи забони давлатӣ, суннату арзишҳо ва либоси миллӣ зиёд шудааст. Дар даврони истиқлолияти давлатӣ ойину ҷашнҳои миллӣ ва арзишҳои фарҳангие, ки дар давоми асрҳо ягонагии маънавии мардумро ҳифз мекарданд, аз қабили Наврӯз, Меҳргон, Сада, Шашмақом, Фалак, атласу адрас, чакан ва монанди инҳо эҳё гардиданд. Бо талошҳои пайвастаи Ҳукумати мамлакат қисме аз онҳо, аз ҷумла Шашмақом ва Наврӯз ба Феҳристи мероси ғайримоддии ЮНЕСКО ва шаҳри қадимаи Саразм, Парки миллии Тоҷикистон ба Феҳристи мероси моддии ташкилоти зикршуда ворид гардиданд ва соли оянда мусиқии Фалак, ёдгории таърихии Ҳулбук ва ҷашнҳои Меҳргону Сада низ ба ин созмони бонуфузи байналмилалӣ пешниҳод карда мешаванд. Чанде пеш бо қарори Ассамблеяи генералии ЮНЕСКО боз яке аз намунаҳои беҳтарини ҳунарҳои мардумии мо - чакан ба Феҳристи мероси фарҳанги ғайримоддии башарӣ шомил гардид. Аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ эътироф гардидани мероси таърихиву фарҳангии мо дар айни замон эътирофи тоҷикон ҳамчун миллати тамаддунсозу фарҳангӣ мебошад. Мо тасмим гирифтем, ки соли 2020 ҷашни яке аз ёдгориҳои бостонии кишварамон - шаҳри қадимаи Саразмро доир намоем. Ин чорабинӣ имкон медиҳад, ки мо маданияти беш аз 5500 - солаи аз ҷониби доираҳои илмии ҷаҳон эътирофшудаи худро ба ҷаҳониён ба таври шоиста муаррифӣ созем. Моро зарур аст, ки ёдгориҳои

таърихии худро ҳифз кунем, обод гардонем ва ба онҳо ҳамчун ҷузъи таркибии сарнавишти миллати куҳанбунёдамон муносибат намоем. Ин қарзи мо дар назди таърих ва наслҳои оянда мебошад. Вакилони муҳтарам! Мо минбаъд низ мақоми занонро дар ҷомеа баланд бардошта, мавқеи онҳоро дар татбиқи сиёсати иҷтимоии давлат дастгирӣ менамоем. Дар замони соҳибистиқлолӣ як қатор стратегияву барномаҳои давлатӣ дар ин самт амалӣ гардида, барои фаъолияти занон имкониятҳои васеъ фароҳам оварда шуданд. Барои мисол метавон аз ду соҳаи иҷтимоӣ – маориф ва тандурустӣ ёдовар шуд, ки солҳои охир дар ин сохторҳо шумораи занону духтарон бамаротиб афзоиш ёфтааст. Тибқи маълумоти оморӣ соли 1991 дар соҳаи маорифи кишвар аз 95 ҳазор нафар кормандон ҳамагӣ 52 фоизро занону духтарон ташкил медоданд. Соли 2018 ин нишондиҳанда ба 70 фоиз расидааст. Дар соҳаи тандурустӣ соли 1998 аз 45 ҳазор нафар кормандон 25 ҳазор нафари онҳо занону духтарон буданд. Ин нишондиҳанда соли ҷорӣ аз шумораи умумии кормандони соҳа, ки 80 ҳазор нафарро ташкил мекунанд, ба 51 ҳазор нафар расидааст, ки нисбат ба солҳои пеш хеле зиёд мебошад. Имрӯз шумораи занон дар сафи хизматчиёни давлатӣ афзоиш ёфта, соли 2018 дар мансабҳои роҳбарикунанда 19 фоиз ва дар ҳайати хизматчиёни давлатии мақомоти марказӣ ва сохторҳои тобеи онҳо 25 фоизро занону дух-

миллати қадимаи мост, риоя кунанд, дар эҳёи ҳунарҳои мардумӣ ҳамеша пешсаф бошанд, расму ойин, анъанаву суннатҳо ва фарҳанги миллиамонро ҳифз намоянд. Бонувону модарони мо бояд, муҳимтар аз ҳама, барои поку беолоиш нигоҳ доштани забони тоҷикӣ, ки мо онро маъмулан забони модарӣ меномем, кӯшиш карда, ба наслҳои оянда одоби муошират ва суханвариро бо ин забони ширину шоирона омӯзонанд. Бори дигар ба падару модарони азиз муроҷиат карда, аз онҳо хоҳиш менамоям, ки ба таълиму тарбияи фарзандон аҳаммияти аввалиндараҷа диҳанд. Ҷавонон мояи ифтихор ва сарбаландии Тоҷикистони азиз мебошанд. Мо ба ҷавонон эътимоди комил дорем, дастгирии самимонаи онҳоро аз сиёсати пешгирифтаи давлату Ҳукумат қадрдонӣ мекунем ва нақши арзишмандашонро дар ҳамаи ҷанбаҳои ҳаёти кишвар эҳсос менамоем. Ман ба ҷавонони кишвар барои дастгириашон аз сиёсати давлату Ҳукумат ва хизмати содиқонаашон миннатдории самимӣ баён мекунам. Имрӯз қисми асосии хизматчиёни ҳарбӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқро ҷавонон ташкил медиҳанд. Аз 23 ҳазор нафар бунёдкорони иншооти азими аср – нерӯгоҳи барқи обии “Роғун” чил фоизашон ҷавонони то сисола мебошанд. Ҳукумати Тоҷикистон барои ҷавонон тавассути оммавигардонии варзиш, таблиғи тарзи ҳаёти солим ва омодасозии варзишгарони касбӣ аз ҳамаи имкониятҳо истифода мекунад. Танҳо соли 2017 дар шаҳру


“ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН”, №52 (9582), 27.12.2018

ПАЁМИ ПЕШВО

ноҳияҳои мамлакат ба маблағи 175 миллион сомонӣ 300 иншооти соҳаи варзиш сохта, ба истифода супорида шуд. Имсол ин раванди созанда вусъати тоза пайдо карда, 230 иншооти навбунёди варзиш мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд. Шумораи умумии иншооти варзишии дар зарфи даҳ соли охир, яъне солҳои 2008-2018 ба истифода додашуда ба зиёда аз 9300 расидааст. Ҳисси баланди миллӣ, худшиносиву худогоҳӣ, ватандӯстиву ватанпарастӣ ва садоқати ҷавонони мо ба Ватан, миллат ва обу хоки сарзамини аҷдодӣ гарави амнияту осоиши ҷомеа, пешрафти давлат ва ободии имрӯзу фардои Тоҷикистони соҳибистиқлол мебошад. Дар шароити ҷаҳони пурҳаводиси муосир бисёр муҳим аст, ки ҷавонони мо мисли солҳои 90-уми асри гузашта фирефтаи таблиғоти нерӯҳои ифротгарои

ва сарбаландии Тоҷикистонанд Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, 26.12.2018

динӣ ва бадхоҳони миллати тоҷик нагарданд, ҳамеша зираку ҳушёр ва барои ҳимояи манфиатҳои халқи тоҷик ва давлати тоҷикон омода бошанд. Ҳозирини арҷманд! Рушди минбаъдаи ҷомеа тақозо менамояд, ки бо мақсади танзими ҳамаҷонибаи муносибатҳои ҷамъиятӣ қонунҳои амалкунанда мунтазам такмил дода шаванд. Чунин тарзи танзими ҳуқуқӣ имкон медиҳад, ки мақомоти ҳокимияти иҷроия фаъолияти худро асосан ба идоракунии давлатӣ равона созанд. Аз ин рӯ, ба субъектҳои ҳуқуқэҷодкунанда, аз ҷумла вакилони парламент зарур аст, ки сифати қонунҳои амалкунанда ва ба сатҳи рушди иқтисодиву иҷтимоии кишвар мутобиқ будани онҳоро мунтазам таҳлил карда, лоиҳаи санадҳои меъёрии ҳуқуқии ба та-

лаботи рӯз мувофиқро таҳия намоянд. Тавре ки маълум аст, баланд бардоштани сатҳи маърифати ҳуқуқии аҳолӣ омили асосии эъмори давлати ҳуқуқбунёд, ҷомеаи шаҳрвандӣ ва таъмин намудани волоияти қонун мебошад. Бинобар ба охир расидани муҳлати Барномаи таълим ва тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандон барои солҳои 2009–2019 зарур мешуморам, ки барои даҳсолаи минбаъда барномаи нав таҳия ва қабул карда шавад. Пешрафти минбаъдаи ҷомеа ва амалӣ намудани мақсаду вазифаҳои дарпешистода кафолати ҳамаҷонибаи адолати судиро талаб мекунад. Зарур аст, ки барномаи нави ислоҳоти судиву ҳуқуқӣ таҳия карда, дар доираи он сохтор ва фаъолияти мақомоти судӣ такмил дода шавад ва ҷиҳати баррасии

босифату саривақтии парвандаҳо ва иҷрои санадҳои қабулнамудаи мақомоти судӣ чораҳои мушаххас андешида шаванд. Бо ин мақсад, Суди конститутсионӣ, Суди Олӣ, Суди Олии иқтисодӣ, Вазорати адлия ва Хадамоти иҷро дар муҳлатҳои кӯтоҳтарин барномаи нави ислоҳоти судиву ҳуқуқиро барои солҳои 2019-2021 таҳия ва пешниҳод созанд. Дар паёмҳои қаблӣ ва дигар суханрониҳо ман андешаҳои худро доир ба афзоиши хатари терроризм ва экстремизм дар ҷаҳони муосир изҳор карда будам. Шиддати ин хатару таҳдидҳои ҷаҳонӣ, мутаассифона, имрӯз ҳам паст нашудааст. Аз тарафи мақомоти ҳифзи ҳуқуқ вақтҳои охир дастгир шудани гурӯҳҳои ҷиноятие, ки мехостанд дар минтақаҳои сарҳадӣ ва дохили Тоҷикистон амалҳои

террористӣ анҷом диҳанд, гувоҳи ин гуфтаҳост. Бинобар ин, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои низомиро зарур аст, ки бо ҳушёриву зиракии сиёсӣ ва баланд бардоштани донишу малакаи касбӣ, инчунин, бо истифода аз шаклу усулҳои муосир муборизаро бар зидди терроризм ва экстремизм, зуҳуроти ҷинояткории муташаккили фаромиллӣ, қочоқу муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир ва дигар қонуншиканиҳо тақвият диҳанд. Дар ин раванд, диққати асосӣ бояд ба пешгирӣ намудани терроризму экстремизм, шомилшавии шаҳрвандони мамлакат ба созмону ҳаракатҳои террористиву экстремистӣ ва ба Ватан баргардонидани шахсони гумроҳшуда равона карда шавад. Аз ин рӯ, ба Прокуратураи генералӣ, Вазорати корҳои

7 дохилӣ ва Кумитаи давлатии амнияти миллӣ супориш дода мешавад, ки дар ҳамкорӣ бо Вазорати адлия ҷиҳати такмили заминаҳои ҳуқуқии пешгирӣ кардани экстремизм ва таҳияи тарзу усулҳои муосири муқовимат бо ин зуҳурот дар муҳлати се моҳ лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муқовимат бо экстремизм» - ро таҳия ва ба Ҳукумати мамлакат пешниҳод намоянд. Таҷриба нишон медиҳад, ки бартараф намудани манбаъҳои маблағгузории терроризм, яъне муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир омили муҳимми пешрафт дар роҳи мубориза бо ин ҷинояти даҳшатнок ба ҳисоб меравад. Бинобар ин, Агентии назорати маводи нашъаовар, Сарраёсати Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллӣ, Вазорати корҳои дохилӣ ва дигар сохтору мақомоти давлатӣ вазифадоранд, ки дар самти мубориза бар зидди гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир тадбирҳои иловагӣ андешанд. Ба роҳ мондани муборизаи қатъӣ бо амалҳои коррупсионӣ шарти муҳимми фароҳам овардани фазои ҳамдигарфаҳмӣ дар ҷомеа ва таҳкими эътимоди мардум нисбат ба сохтору мақомоти давлатӣ мебошад. Бинобар ин, Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия, Палатаи ҳисоб, Прокуратураи генералӣ ва дигар субъектҳои ваколатдори соҳа бояд ҳамкориро бо аҳолӣ беҳтар ба роҳ монда, ҷиҳати гузоштани садди устувор дар роҳи амалҳои коррупсионӣ тадбирҳои муассир андешанд. Ҳамзамон бо ин, якҷо бо Вазорати адлия лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи мубориза бар зидди коррупсия”ро, ки соли 2005 қабул шудааст, вобаста ба шароити имрӯза дар таҳрири нав таҳия ва пешниҳод намоянд. Муроҷиатҳои сокинони кишвар ба Дастгоҳи иҷроияи Президент нишон медиҳанд, ки фаъолияти баъзе мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар ин самт ба таври дахлдор ба роҳ монда нашудааст ва шахсони мансабдор ваколатҳои худро тибқи талаботи қонун амалӣ намесозанд. Аз ин лиҳоз, Прокурори генералиро зарур аст, ки якҷо бо роҳбарони вазорату идораҳо, вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо риояи ҳатмии Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ”-ро аз ҷониби шахсони мансабдор ва дигар хизматчиёни давлатӣ таъмин карда, ҳар нимсола ба Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳисобот пешниҳод намояд. Зарур медонам бори дигар таъкид намоям, ки пешрафти босуботи давлат ва ҷомеа, пеш аз ҳама, ба таъмини амният, волоияти қонун, таҳкими тартиботи ҷамъиятӣ ва риояи ҳуқуқу


8 озодиҳои инсон ва шаҳрванд асос меёбад. Таъмин намудани тартиботи ҳуқуқӣ, амнияти давлат, суботу оромии ҷомеа, ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, инчунин, мубориза бо ҷинояткорӣ вазифаи бевоситаи хизматӣ ва қарзи виҷдонии ҳар як корманди мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ба ҳисоб меравад. Аз ин рӯ, тамоми кормандони мақомоти судӣ, прокуратура, корҳои дохилӣ, амният, агентиҳои назорати маводи нашъаовар, назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия бо мақсади таъмин намудани тартиботи ҷамъиятӣ, суботу оромии ҷомеа, пешгирӣ ва сари вақт ошкор кардани ҷиноятҳо, муайян ва бартарафсозии сабабу омилҳои содиршавии онҳо чораҳои ҷиддӣ андешанд. Барои расидан ба ин ҳадафҳо кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ бояд, пеш аз ҳама, худашон талаботи қонунҳоро дар кору фаъолияти хеш қатъиян риоя намоянд ва дар иҷрои вазифаҳои хизматӣ намунаи ибрат бошанд. Вазъияти имрӯзаи ҷаҳон ва минтақа тақозо менамояд, ки Қувваҳои Мусаллаҳи мамлакат, бахусус, ҷузъу томҳои Қӯшунҳои сарҳадӣ ҳамеша дар ҳолати омодабош қарор дошта бошанд. Мо ба Қувваҳои Мусаллаҳи кишварамон эътимоди комил дорем ва дилпурем, ки онҳо минбаъд низ истиқлолияту озодии Тоҷикистони маҳбубамон, амнияти давлат ва суботу оромии мардуми моро чун сипар ҳимоя мекунанд. Таъкид менамоям, ки вазъи сайёра дар ду-се соли оянда боз ҳам мураккаб мешавад. Бинобар ин, роҳбарони ҳамаи сохторҳои низомӣ ва хизматчиёни ҳарбӣ бояд ба баланд бардоштани сатҳи омодагии касбӣ, садоқат ба халқу Ватан, тарбияи кадрҳо, риояи ойинномаву низомномаҳо, интизоми ҳарбӣ, таъмини амнияти давлату ҷомеа ва тартиботи ҳуқуқӣ эътибори доимӣ диҳанд. Садди аввали мубориза бо терроризм, ҷиноятҳои муташаккили фаромиллӣ ва қочоқи маводи мухаддир маҳз сарҳади давлатӣ мебошад. Дар ин замина, мехоҳам бори дигар хотиррасон намоям, ки ҳифзи сарҳад вазифаи танҳо сарҳадбонон нест. Ҳар як фарди ватандӯст бояд дар ҳифзи марзу буми Ватан, таъмини амнияти давлат ва оромиву суботи ҷомеа бо мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои низомӣ ҳамкорӣ намояд. Ҳукумати мамлакат ҷиҳати фароҳам овардани шароити мусоиди хизмат ба Қувваҳои Мусаллаҳ, аз ҷумла Қӯшунҳои сарҳадӣ тамоми чораҳои заруриро андешида истодааст. Тайи панҷ соли охир барои ҷузъу томҳои Қӯшунҳои сарҳадӣ 170 иншооти нав сохта шуданд. Танҳо дар хатти сарҳади давлатӣ бо Афғонистон, ки

ПАЁМИ ПЕШВО

“ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН”, №52 (9582), 27.12.2018

мусаллаҳона даҳшат аст, қатлу куштори одамони бегуноҳ аст, қашшоқиву бенавоӣ, бадбахтӣ, касодии иқтисодӣ ва шикасти низоми қонунияту давлатдорист. Мо даҳшати ҷанги шаҳрвандии солҳои 90-уми асри гузаштаро, ки душманони миллати тоҷик ба сари мо таҳмил карда буданд, ҳаргиз фаромӯш намекунем ва бо итминон изҳор медорем, ки мардуми мо дигар ба доми фиреби душманону бадхоҳони миллат, ки то ҳанӯз аз ҳадафҳои ғаразноки худ даст накашидаанд, гирифтор намешаванд. Аз ин рӯ, мо ҳамеша ҷонибдори сулҳ дар саросари ҷаҳон ҳастем ва хоҳонем, ки тамоми мухолифату низоъҳо, дар кадом минтақа ё кишваре, ки набошанд, танҳо бо роҳҳои осоишта ва музокирот ҳаллу фасл карда шаванд. Ҳозирини муҳтарам! Ҳимояи манфиатҳои миллӣ ҳамчун ҳадафи асосии сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ҳанӯз дар ибтидои истиқлолияти давлатӣ дар асоси усули

Бинобар ин, мо ҳамкориҳои фарогирро бо кишварҳои дуру наздик ва созмонҳои байналмилаливу минтақавӣ идома дода, ҷиҳати пешбурди самарабахши онҳо пайваста кӯшиш хоҳем кард. Мо ба таҳкими робитаҳои дӯстӣ ва рушди ҳамкориҳои гуногунҷанба дар минтақаи Осиёи Марказӣ аҳаммияти аввалиндараҷа медиҳем. Густариш ва таҳкими муносибатҳо бо кишварҳои Осиёи Марказӣ, чун анъана, дар асоси дӯстиву эътимод, ҳусни ҳамҷаворӣ ва ҳамкории судманд ба роҳ монда шуда, ба иҷрои ҳадафу вазифаҳо, ҳамчунин, рафъи мушкилоти муштарак равона гардидааст. Хурсандибахш аст, ки баъди ба ҳайси Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон интихоб шудани муҳтарам Мирзиёев Шавкат Мирамонович дар раванди рушди шарикии гуногунҷанбаи минтақавӣ тамоюлҳои мусбат вусъат гирифта, ғояи он мазмуну муҳтавои нави амалӣ касб мекунад.

Пешвои миллат: Ҷавонон мояи ифтихор

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам қариб 1400 километрро ташкил медиҳад, зиёда аз 100 иншооти ҳифзи сарҳад ба фаъолият оғоз намуданд. Суботу оромии ҳамсоякишварамон - Афғонистон барои мо мисли обу ҳаво зарур аст ва Тоҷикистон аз рӯзҳои аввали соҳибистиқлолӣ талош меварзад, ки дар ин кишвари дӯст сулҳи пойдор барқарор гардад. Гузашта аз ин, тайи солҳои зиёд Тоҷикистон ҳамчун сипар на танҳо амнияти худ, балки бехатарии минтақа, кишварҳои пасошӯравӣ ва аврупоиро аз паҳншавии маводи мухаддир, силоҳ, терроризму экстремизм ва муҳоҷирати ғайриқонунӣ таъмин карда истодааст.

Аз ин рӯ, мо чи аз тариқи минбарҳои байналмилалӣ ва чи дар доираи гуфтушунидҳо бо роҳбарони кишварҳои хориҷӣ ва созмонҳои байналмилалӣ пайваста даъват ба амал меорем, ки ба қазияи Афғонистон таваҷҷуҳи ҷиддӣ зоҳир карда шавад. Мо кӯшишҳои Ҳукумати Афғонистони дӯст ва ҷомеаи ҷаҳонро ҷиҳати роҳандозӣ намудани раванди музокироти сулҳ дар кишвар, ба эътидол овардани вазъи сиёсиву низомӣ ва таъмини рушди иҷтимоиву иқтисодии он ҳамаҷониба пуштибонӣ мекунем ва бори дигар изҳор медорем, ки қазияи Афғонистон танҳо роҳи ҳалли низомӣ надорад. Ҷангу низоъ ва мухолифати

муносибатҳои баробарӣ ва дӯстӣ бо тамоми кишварҳои ҷаҳон муайян ва поягузорӣ гардида буд, боқӣ мемонад. Консепсияи сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ҳоло татбиқ шуда истодааст, идомаи мантиқии ин самт буда, ба сатҳи сифатан нав бардоштани робитаҳои байналмилалии кишвари моро дар шароити нави рушди ҷаҳонӣ таъмин менамояд. Вазъи ноустувори ҷаҳони муосир дар шароити шиддат ёфтани рақобатҳои геосиёсиву геоиқтисодӣ ва афзоиши таҳдиду хатарҳои глобалӣ аҳаммияти таҳкиму густариши муносибатҳои байналмилалиро дучанд менамояд.

Бори дигар бо қаноатмандӣ хотирнишон месозам, ки соли 2018 дар муносибатҳои дуҷониба бо кишвари ҳамҷавор ва дӯсти мо - Ӯзбекистон таҳаввулоти таърихӣ рух доданд ва мо тамоми масъалаҳои ҳалталабу шиддатнокеро, ки тайи зиёда аз бист соли охир байни ду кишвар ба миён омада буданд, пурра ҳаллу фасл карда, ҳамкориҳоямонро ба сатҳи шарикии стратегӣ баровардем. Вазорати корҳои хориҷӣ ва дигар сохтору мақомоти дахлдори кишвар вазифадор карда мешаванд, ки ҷиҳати вусъат бахшидан ба ҳамкориҳои созандаву дарозмуддати Тоҷикистон бо кишварҳои минтақа ва дигар шарикони анъанавӣ ҳадафмандона чораҷӯӣ


ПАЁМИ ПЕШВО

“ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН”, №52 (9582), 27.12.2018

намоянд. Дар сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳким ва густариши робитаҳо дар доираи сохторҳои ҳамкории байналмилаливу минтақавӣ, ҳамчунин, созмонҳои байналмилалии молиявӣ ҷойгоҳи хосса дорад. Чунонки зикр намудам, соли ҷорӣ татбиқи амалии ташаббуси чоруми ҷаҳонии мо доир ба масъалаҳои об – Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028” оғоз гардид, ки барои расидан ба ҳадафҳои рушди устувори марбут ба захираҳои об дар ҳамаи сатҳҳо заминаи зарурӣ ва васеъ фароҳам меорад. Ҳамагӣ чанд рӯз пеш, яъне 20 декабри соли 2018 Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид лоиҳаи қатъномаи пешниҳоднамудаи Тоҷикистонро таҳти унвони “Шарҳи миёнамуҳлати фарогири ҷараёни татбиқи Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор”, солҳои 2018-2028” якдилона ва бо ҳаммуаллифии 190

ва сарбаландии Тоҷикистонанд Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, 26.12.2018

кишвари узви созмон қабул кард. Ин қатънома ҷараёни баррасии миёнамуҳлати даҳсоларо ба танзим дароварда, баргузории ду чорабинии муҳимми ҷаҳониро пешбинӣ менамояд: Якум, баргузории Конфронси Созмони Милали Муттаҳид доир ба Шарҳи миёнамуҳлати фарогири ҷараёни татбиқи Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор”, солҳои 2018-2028” аз 22 то 24 марти 2023; Ва дуюм, ҷаласаи сатҳи баланди Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид ҷиҳати мусоидат ба татбиқи ҳадафу вазифаҳои марбут ба захираҳои об дар моҳи марти соли 2021. Ҳамин тавр, бо иқдоми ҷониби мо мавзӯи захираҳои об дар рӯзномаи Созмони Милали Муттаҳид устувор гардида, бори аввал чорабинии сатҳи баланду фарогири созмон дар масоили захираҳои об баъди зиёда аз чил соли баргузории нахустин Конфронси созмон дар соҳаи об аз ҷониби Дабири кулли он даъват карда мешавад. Бинобар ин, моро зарур аст, ки ҳамчун ҷониби ташаббускори масъалаҳои вобаста ба об дар сатҳи глобалӣ бомаром амалӣ гардонидани ҳадафу вазифаҳои даҳсолаи навро мунтазам пайгирӣ кунем. Ҳамватанони азиз! Авзои сиёсии сайёра ҳоло бисёр ноорому бесубот ва боиси ташвишу нигаронии ҷиддии ҷомеаи ҷаҳон гардидааст. Чунонки дар чандин суханрониҳои худ иброз намудам, кӯшишҳои азнавтақсимкунии ҷаҳон, мусаллаҳшавии боши-

тоб, қудратталабӣ, бархӯрди манфиатҳои иқтисодиву тиҷоратӣ ва ҷиноятҳои киберӣ торафт шиддат гирифта, ҷаҳонро ба марҳалаи нави ҷанги сард кашонидаанд ва имрӯз баъзе сиёсатмадорону коршиносон ҳатто доир ба хатари ҷанги сеюми ҷаҳон ҳарф мезананд. Ин вазъият самаранокии мубориза бо хатару таҳдидҳои замони муосирро, ки ҳамдигарфаҳмӣ ва талошҳои муштараки ҳамаи кишварҳои ҷаҳонро тақозо менамояд, коҳиш дода, баръакс, боиси пуштибонӣ ёфтани гурӯҳҳои террористиву ифротгаро аз ҷониби баъзе доираҳо ва истифодаи ин нерӯҳои даҳшатнок ба муқобили минтақаву давлатҳои алоҳида ме-

гардад. Ҷумҳурии Тоҷикистон бо эътирофи нақши калидӣ ва ҳамоҳангсози Созмони Милали Муттаҳид ва ниҳодҳои дахлдори он Стратегияи ҷаҳонии созмонро оид ба мубориза алайҳи терроризм ва конвенсияҳои зиддитеррористии он, қатъномаҳои Шӯрои амният ва Маҷмаи умумиро асоси муборизаи муштарак бо терроризму ифротгароӣ дониста, омодагии худро ҷиҳати тақвияти минбаъдаи ҳамкорӣ дар ин арса изҳор менамояд. Ба ин хотир, Тоҷикистон талошҳои худро вусъат бахшида, дар самти муборизаи самарабахш бар зидди хатару таҳдидҳои замони муосир, чун пештара, шари-

ки табиии ҳамаи давлатҳои дунё ва созмонҳои байналмилаливу минтақавӣ хоҳад буд. Ҳамватанони азиз! Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Пешрафту дастовардҳои иқтисодиву иҷтимоии кишвар дар солҳои охир, камбудиву мушкилоти дар ҳаёти давлат ва ҷомеа, инчунин, дар фаъолияти баъзе зинаҳои идоракунӣ ҷойдошта ин ҷо баён шуданд ва вазифаҳо барои бартараф намудани онҳо низ муайян гардиданд. Таъкид месозам, ки танҳо саъю талоши софдилона, ҳисси масъулият дар назди халқу Ватан

9 ва иқдому ташаббусҳои созанда моро ба ҳадафҳои муайяннамудаамон наздик мекунанд. Бовар дорам, ки мардуми шарифу сарбаланд, ватандӯсту ватанпарвар ва қавииродаву заҳматдӯсти мо аз уҳдаи бартараф кардани ҳамаи мушкилот ва иҷрои ҳама гуна амалҳои нек мебароянд, Тоҷикистони азизамонро боз ҳам ободу зебо ва пешрафта мегардонанд ва барои зиндагии арзандаи ҳар фарди Ватан шароити мусоид фароҳам меоранд. Соли 2021 мо ҷашни бузурги 30–солагии истиқлолияти давлатии Тоҷикистони маҳбубамонро таҷлил мекунем. Мо барои истиқболи шоистаи ин ҷашни муқаддасу мубораки миллӣ корҳои зиёди ободониву созандагиро ба нақша гирифтаем. Дар ин марҳалаи барои ояндаи кишварамон сарнавиштсоз ҳар яки мо - аз Роҳбари давлат, аъзои Ҳукумат ва вакилони парламент сар карда, то роҳбарони ҳамаи сохтору мақомоти давлатӣ, раисони вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳо ва хизматчиёни давлатӣ вазифадорем, ки як масъалаи муҳимро ҳамеша дар хотир дошта бошем: тибқи Конститутсия халқ сарчашмаи ҳокимияти давлатӣ мебошад, яъне ҳокимият ба халқ тааллуқ дорад. Бинобар ин, ҳар яки мо роҳбарони тамоми сохтору мақомоти давлатӣ ва кулли хизматчиёни давлатӣ бояд ба халқ содиқона хизмат кунем, на халқ ба мо. Яъне мо бояд боз ҳам бештар заҳмат кашем, ба халқи азизамон содиқонаву самимона ва бо виҷдони пок хизмат кунем, нақшаҳои бунёдкоронаи худро сари вақт ва бо сифати баланд ба анҷом расонем. Мо бояд ташаббускор бошем, тамоми кӯшишу ғайрат, донишу малака ва қобилияти ташкилотчигии худро барои раҳнамоӣ кардани мардуми шарифи Тоҷикистон ва ҳар як фарди бонангу номуси ҷомеа ба корҳои ободонӣ сафарбар намоем. Мо бояд аз истиқлолияту озодӣ ва соҳибватаниву соҳибдавлатӣ шукрона кунем, шукронаи Ватани соҳибихтиёру маҳбубамонро ба ҷо орем, онро сидқан дӯст дорем, ба давлати соҳибистиқлоламон содиқ бошем, ҳамаи саъю талоши худро ба хотири пешрафтаву нерӯманд гардонидани он ва дар арсаи байналмилалӣ боз ҳам баланд бардоштани нуфузу эътибори Тоҷикистони азизамон равона кунем. Ин аст, муроҷиати ман ба шумо – мардуми азизу шарафманди Тоҷикистон, вакилони мақоми олии қонунгузори мамлакат, аъзои Ҳукумат ва кулли хизматчиёни давлатӣ! Ба ҳар кадоми шумо, вакилони халқ, ҳозирини гиромӣ ва кулли мардуми шарифи Тоҷикистон саодати рӯзгор ва барори кору комёбӣ орзумандам! Ҳамеша сарфарозу сарбаланд бошед, ҳамватанони азиз! www.president.tj


10 Барои ҷавонон заминаи мусоиди хонишу таҳсил ва кору фаъолияти созгор муҳайё намудан аз маслакҳои асосии сиёсатмадорони хирадманд аст. Дар шебу фарозҳои таърихи башарият ин нукта собит гардидааст, ки ҳар сиёсатмадоре ба ҷавонон имкониятҳои мусоид фароҳам меорад, бешак барои давлату миллати худ хизмати арзандае кардааст. Ҳамин чиз асос гардида, ки роҳбарияти олии мамлакат аз замони ба сари қудрат омадан дар роҳи ба таври устувор пиёда кардани сиёсати давлатии ҷавонон қадамҳои собит мебардоранд. Ва ҳамин талошҳо буд, ки имрӯзҳо дар тамоми сатҳҳои давлатдорӣ ҷавонон кору фаъолияти бо самар менамоянд. Ба баландтарин вазифаҳои давлатӣ таъин гардидани ҷавононро низ метавон ба таври оқилона пиёда гаштани ҳамин сиёсат ном бурд. Ҷавонони кишвар низ ҷавобан ба ин ғамхориҳо пайваста талош бар он меварзанд, ки сазовори ин ҳама бовариҳои роҳбарияти олии мамлакат бошанд. Дар ин росто метавон аз фидокориҳои шаҳрдори Душанбе Рустами Эмомалӣ, яке аз ҷавононе, ки кору пайкораш воқеан ҳам арзандаи ситоиш аст, ном бурд. Рустами Эмомалӣ дар давраи роҳбарӣ бо кордонию диди тозаи худ тавонист ба санъати шаҳрсозиву шаҳрдорӣ қабои дигар пӯшонад. Анъанаву суннатҳои шаҳрсозиву шаҳрдорӣ ва санъати меъмории халқи кӯҳанбунёди тоҷикро, ки дар масири пурмоҷарои таърих майл ба нест шудан доштанд, дубора эҳё кард. Дар давраи кутоҳи роҳбарӣ бо азму иродаи қавӣ ва кордониаш тавонист шаҳри Душанберо ба яке аз беҳтарин шаҳрҳои Осиёи Марказӣ табдил диҳад. Шаҳри Душанбе оҳиста-оҳиста симои худро дигар карда, тадриҷан ба шаҳри бузург мубаддал гашт. Хонаҳои серошёнаи замонавӣ, қасру толорҳои барҳаво, театр, биноҳои маъмурию фарҳангӣ сохта шуданд, ки ҳусни онро боз ҳам зеботар намуд. Ва имрӯз шаҳри Душанбе маркази сиёсӣ, фарҳангӣ ва иқтисодии ҷумҳурӣ мебошад.

ШАҲРДОРӢ

“ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН”, №52 (9582), 27.12.2018 ташкилотҳои бонуфузи ҷаҳоние чун Департаменти давлатии ИМА шаҳри Душанберо ба қатори амнтарин шаҳрҳои сайёра дохил гардонид. Бино ба натиҷаҳои назарпурсии агентии таҳлилии “ТурСтат”-и Русия бошад, пойтахти Тоҷикистон – шаҳри Душанбе ба қатори 10 шаҳри дар айёми баҳор барои сайёҳӣ муносиби Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил шомил гардид. Дар самти сиёсати беруна низ роҳбарияти шаҳри Душанбе корҳои назаррасро ба сомон расонида, дастовардҳои зиёдеро касб намуд ва бо ташаббусҳои сатҳи байналхалқӣ эътибору нуфузи шаҳри Душанберо афзуд. Ҳамин кордониву дуруст ба роҳ мондани сиёсати хориҷии шаҳрдорӣ буд, ки дар давраи роҳбарии ӯ шаҳри Душанбе бо шаҳрҳои Ашқободи Туркманистон, Тошканди Ӯзбекистон, Синдао, Сямэн ва музофоти Хайнани Ҷумҳурии Мардумии Чин, Болдери Штатҳои Муттаҳидаи Амрико

Аз ӯ ифтихор мебояд

Дар ин давраи кутоҳи раҳбарӣ Рустами Эмомалӣ тавонистанд, даҳҳо боғу гулгаштҳоро бо шароитҳои созгору муосир мавриди баҳрабардорӣ қарор диҳанд. Боғи фарҳангӣ – фароғатии “Ҷавонон”, Боғи фарҳангӣ – фароғатии “Кӯли ҷавонон”, Боғи “Низомиддин Алишери Навоӣ”, Боғи ба номи Аҳмади Дониш, Боғи ба номи Садриддин Айнӣ, Боғи фарҳангӣ – фароғатии ба номи Абдулқосим Фирдавсӣ, сохтани иншоотҳои наву замонавӣ, сохтани роҳҳои сетабақа ва ғайраҳо далели равшан аз иқдомҳои нав ва беназири шаҳрдори ҷавони кишвар Рустами Эмомалист. Тавре аз сомонаи шаҳрдорӣ хабар додаанд, то ҷашни Истиқлолияти давлатӣ ҷиҳати боз ҳам баланд бардоштани сатҳи маишӣ ва солимгардонии сокинону меҳмонон боз 58 майдончаи варзишӣ ва 12 боғу гулгашт барои истироҳату фароғати сокинон

сохта ба истифода дода мешавад. Иҷрокунандаи вазифаи сафири ШМА дар Тоҷикистон дар як мусоҳибааш перомуни ободкориҳои шаҳри Душанбе чунин гуфта буд: “Сафари нахустини кории ман ба Душанбе чанд сол пеш сурат гирифта буд, аммо ин дафъа ба Тоҷикистон омада, аз пешравиҳои кишвари шумо дар тааҷҷуб шудам. Ман Душанберо нашинохтам! Ҳама чӣ иваз шудааст - кӯчаву хиёбонҳо, биноҳои нав, гулгаштҳо, инфрасохтор, меҳмонхонаҳои сатҳи байналмилалӣ, нақлиёт ва аз ҳама муҳим амният. Душанбе имрӯз ба қатори амнтарин шаҳрҳои ҷаҳон шомил шудааст ва дар ҳақиқат дилхоҳ вақти шаб ба кӯча бароед касе ба шумо кордор нест. Ман Душанбеи навро дӯст доштам ва худамро ин ҷо хеле озод ҳис мекунам”. Хурсандиовар аст, ки созмонҳову

бародаршаҳр эълон гардиданд. Рустами Эмомалӣ дар самти тарбияи варзишии ҷавонон, ташвиқу тарғиби тарзи ҳаёти солим, оммавигардонии варзиш ва ба ин васила саҳм гузоштан дар рушди солимии ҷомеа аз рӯзҳои нахустини ба соҳаи роҳбарӣ қадам ниҳодан корҳои арзандаеро ба сомон расониданд. Аз замони президенти Федератсияи футболи мамлакат гардиданаш ин ҷавони дурандеш тавонист, ки футболи мамлакатро то дараҷаи камолот расонад. То мусобиқаҳои сатҳи ҷаҳонӣ баромадани дастаҳои футболи мамлакат ва бо ҷойҳои ифтихорӣ баргаштани эшон аз ин мусобиқаҳо аз дастгириҳои ӯ дар рушди соҳаи футболи кишвар аст. Давоми солҳои 2017-2018 дар шаҳр, ҷиҳати ба варзиш ҷалб гардидани ҷавонону наврасон корҳои

зиёде ба сомон расонида шуд. Аз ҷумла дар ҳамин давра дар шаҳри Душанбе зиёда аз 167 майдончаи варзишии мувофиқ ба талаботи замон сохта ба истифода дода шуд. Дастгириву сарпарастиҳои президенти Федератсияи футболи мамлакат дар ду соли охир ҳудуди миллионҳо ҷавонро ба ҳам оварда, дар рушди минбаъдаи эшон заминаҳои созгор фароҳам овардааст. Танҳо дар соли 2017 дар самти татбиқи сиёсати давлатии кор бо ҷавонон 17036 чорабинӣ бо фарогирии 4064549 нафар наврасону ҷавонон баргузор гашта буд, ки ин барои ҷомеаи кишвар ва хусусан насли наврас хотирмон буд. Мувофиқи нишондодҳо ин адад дар соли 2018 низ рӯ ба болоравӣ ниҳод. Қариб кулли чорабиниҳое, ки дар самти ҷавонон ва рушди сайёҳиву ҳунармандӣ аз ҷониби Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш роҳандозӣ карда шуд, бо сарпарастии президенти Федаратсияи футбол Рустами Эмомалӣ баргузор гардидаанд. Сарпарастӣ намудани ин миқдор чорабиниҳо, яъне, фароҳам овардани шароити

Хурсандиовар аст, ки созмонҳову ташкилотҳои бонуфузи ҷаҳоние чун Департаменти давлатии ИМА шаҳри Душанберо ба қатори амнтарин шаҳрҳои сайёра дохил гардонид. Бино ба натиҷаҳои назарпурсии агентии таҳлилии “ТурСтат”-и Русия бошад, пойтахти Тоҷикистон – шаҳри Душанбе ба қатори 10 шаҳри дар айёми баҳор барои сайёҳӣ муносиби Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил шомил гардид. иқтисодиву иҷтимоӣ ва инфрасохторӣ барои баргузории чорабиниҳо яке аз ташаббусҳои беназир ва наҷиби ҷавонмардиву ватандӯстии президенти Федератсияи футболи кишвар ва раиси шаҳри Душанбе, муҳтарам Рустами Эмомалӣ мебошад. Ҷои баҳс нест, ки чунин талошро танҳо метавонад нафаре анҷом диҳад, ки воқеан дар замираш меҳри Ватан ҷӯш мезанад ва ба таври ҳамешагӣ хостори дар рӯҳияи ватанпарастӣ тарбия ва ба камол расидани насли наврасу ҷавони Ватан аст. Ҳама ин ободкориҳову созандагиҳоро ба инобат гирифта Ҳукумати кишвар эшонро бо чандин ифтихорнома ва сипосномаву ҷоизаҳо қадрдонӣ кардааст. Дар санаи 30-юми августи соли равон бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои фаъолияти арзандаву самаранок дар мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ Рустами Эмомалӣ - Раиси шаҳри Душанбе бо Ордени “Зарринтоҷ” дараҷаи 2 сарфароз гардид. Хуршед ХОВАРӢ,“ҶТ”


ИҚТИСОДИ САБЗ

“ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН”, №52 (9582), 27.12.2018 Тадқиқу омӯзиши захираҳои гидроэнергетикии Тоҷикистон аз ҷумлаи корҳое ба шумор меравад, ки ҳарчанд дар гузашта шуруъ гардида бошад ҳам, вале дар замони истиқлолият суръати тоза касб кард. Зеро расидан ба истиқлолияти энергетикӣ яке аз се ҳадафи стратегии Ҳукумати мамлакат дар замони соҳибистиқлолист. Барои расидан ба ин ҳадаф таҳти сиёсати созанда ва бунёдкоронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон талошҳои зиёде сурат гирифтааст, ки бунёди нерӯгоҳҳои “Сангтуда-1”, “Сангтуда-2”, марказҳои барқу гармидиҳии Душанбе, нерӯгоҳҳои зиёди хурди барқии обӣ ва ниҳоят мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани агрегати якуми НБО “Роғун” аз ҷумлаи ин кӯшишҳои натиҷаоваранд. Қобили зикр аст, ки ба таври комил даст ёфтан ба ин ҳадаф барои рушду тараққиёти соҳаҳои гуногун, алалхусус иқтисодиёти Тоҷикистон зарур мебошад. ОҒОЗИ БУНЁДИ НЕРӮГОҲҲО... Зикр намудан бамаврид аст, ки хоҷагии халқи кишвар ва сокинони он даврони шӯравӣ ҳангоми ба фаъолият пардохтани нерӯгоҳи барқи обии “Норак” то андозае ҳалли худро ёфт. То ба фаъолият пардохтани ин нерӯгоҳи азим ва нотакрори минтақа Тоҷикистон аз ҷиҳати таъмин намудани сокинон, корхонаю хоҷагиҳо ва дигар соҳот бо қувваи барқ сахт танқисӣ мекашид. Солҳои панҷоҳум ва шастуми асри гузашта дар пойтахти кишвар тавассути аввалин нерӯгоҳ дар кишвар - НБО “Варзоб”, маркази барқу гармидиҳӣ ва якчанд нерӯгоҳҳои дизелӣ фаъолият дошт. Марказ аксар биноҳои чандқабатаи истиқоматӣ ва идораю биноҳои маъмурии пойтахтро дар фасли сармо бо гармӣ таъмин мекард. Ҳамчунин ду чархаи нерӯдиҳанда, ки дар ин марказ насб шуда буд, тавассути буғ имкон медод қувваи барқ истеҳсол гардад. Ҳамчунин аввалин нерӯгоҳи барқии кишвар – НБО “Варзоб” тамоми нерӯи истеҳсолшударо ба пойтахт мефирситод. Зикр намудан бамаврид аст, ки таъмини пойтахт бо

Мустақилияти энергетикӣ Миллати тоҷикро дастовардҳои беназир ҳанӯз дар пеш аст

нерӯи арзони барқ маҳз тасвассути НБО “Варзоб” сурат гирифтааст. Ҳамин тавр, таъминоти барқ он замон дар пойтахти кишвар то андозае ҳалли худро меёфт. Илова бар он, силсиланерӯгоҳҳои барқие, ки охири солҳои панҷоҳум ва аввали солҳои шастум дар рӯди Вахш – Сарбанд, Марказӣ ва Шаршара бунёд ёфта буданд. Ин нерӯгоҳҳо баробари таъмини минтақа, яъне водии Вахш бо барқ, ҳамчунин тавассути хатҳои баландишиддати интиқолдиҳандаи барқ ба пойтахти кишвар нерӯи барқ интиқол медоданд. Дар дигар манотиқ, махсусан марказҳои маъмурӣ, яъне шаҳру ноҳияҳо таъминот бо нерӯи барқ асосан тавассути нерӯгоҳҳои дизелӣ сурат мегирифт. Қисмати шимолии кишвар, яъне вилояти Суғди имрӯза тавассути НБО “Қайроққум”, ки ба силсилаи ягонаи барқии ҳамсоякишвари Ӯбекистон пайваст буд, бо барқ таъмин мегардид. Фасли сармо, ин нерӯгоҳ имкон надошт, минтақаро бо барқ пурра таъмин созад. Дар ин маврид тавассути силсилаи ягона аз кишвари ҳамсоя ба минтақа барқи иловагӣ ворид мегардид. Ва ҳалли норасоии барқ то андозае ҳалли худро меёфт. Ҳамин тавр, шимоли кишвар аз силсилаи ягонаи барқии худӣ тамоман ҷудо буд. Ҳатто пас аз ба кор даромадани чархаҳои НБО “Норак” ин масъала ҳалли худро ёфта натавонист. Моҳи ноябри соли 1972 чархаи аввалини НБО “Норак” ба фаъолият пардохт. Метавон гуфт, ки маҳз пас аз фаъолияти ин нерӯгоҳ бо барқ таъмин намудани минтақаҳои гуногуни кишвар ҳалли худро то андозае ёфт. Баробари бунёди нерӯгоҳи “Норак” барои ба сислсилаи ягонаи худӣ пайвсати шимоли кишвар кӯшишҳо ба харҷ дода шуданд. Ибтидо ба нақша гирифта шуд, ки тавассути ағбаи Анзоб хатҳои баландшиддати ҷараёни барқ интиқол ёбад. Аммо

аз сабаби душвории хатгузаронӣ, яъне кӯҳсор мутахассисон ба ифоқа омаданд, ки хати интиқоли ҷараёни баландшиддат тавассути Регар-Деҳнав сурат гирад. Пас аз ба кор даромадани НБО “Норак” интиқоли барқ ба шимоли кишвар маҳз бо ин самт интиқол меёфт. Аммо дар ин маврид ҳам ин маънои силсилаи ягонаи барқии худро надошт. Ҳоло ҳам тобеи силсилаи ягонаи барқии ҳамсоя будем, ки пас аз истиқлолият аз сабаби норасоии нерӯи барқ мардуми тоҷик азоби онро хеле сахт кашид. Ва маҳз замони истиқлолият бо эҳтимом ва саъю кӯшиши Роҳбарияти кишвар замина муҳайё гардид, ки шимоли кишвар ба шабакаи ягонаи барқи кишвар ворид гардад. Аҷиб он аст, ки ин кор маҳз тавассути ағбаи “Анзоб” сурат гирифт. Дар шароити бағоят душвор ва шояд нарасидани мутахассисон ва таҷҳизот. Аммо ин кор роҳандозӣ шуд. Ҳол он ки замони шӯравӣ мутахассисон, таҷҳизот, техника хуллас ҳама чиз мерасид. Аммо танҳо саъю кӯшиш, дилсӯзӣ намерасид. Дили гарм набуд. Зеро аксар мутахассиону курсинишинон худӣ набуданд. Дилашон ба ҳоли мардуми таҳҷо, яъне тоҷикон намесӯхт. ИСТИҚЛОЛИЯТИ ЭНЕРГЕТИКӢ ҲАДАФИ №1 Бояд гуфт, истиқлолияти энергетикӣ маънои вобаста набудан аз лиҳози энергетикиро дорад. Яъне пурра қонеъ гардонидани талаботи кишвар – аҳолӣ, корхонаю муассисаҳо, ташкилоту хоҷагиҳо ва ғайра бо нерӯи барқи худӣ. Хушбахтона, ноилшавӣ ба ин натиҷа дар мамлакат зина ба зина мумкин гашта истодааст. Бо он далел, ки давоми солҳои истиқлолият дар соҳаи энергетикаи ҷумҳурӣ даҳҳо лоиҳаи давлатии сармоягузорӣ бо ҷалби зиёда аз 1,8 млрд. доллари ИМА татбиқ гардидааст. Муҳимтарин дастовардҳои соҳа маври-

ди истифода қарор гирифтани иқтидорҳои нави тавлиди нерӯи барқ, ба монанди агрегати якуми НБО “Роғун”, нерӯгоҳҳои барқи обии “Сангтӯда-1” (670 МВт), “Сангтӯда-2” (220 МВт), Маркази барқу гармидиҳии Душанбе-2 (100 МВт), НБО “Помир-1” ва як қатор нерӯгоҳҳои барқи обии хурд (30 МВт) бо иқтидори умумии 1020 МВт, сохтмони зеристгоҳҳои барқии 500 кВ “Душанбе-500”, “Суғд-500”, дастгоҳи тақсимкунандаи пӯшидаи элегазии 500 кВ дар НБО-и “Норак”, хати интиқоли барқи 500 кВ “Ҷануб-Шимол” (ба масофаи 263,8 км), зеристгоҳҳои барқии 220 кВ “Лолазор”, “Хатлон”, “Айнӣ”, “Шаҳристон”, “Шаҳринав”, хатҳои интиқоли барқи 220 кВ “ЛолазорХатлон” (53,3 км) “ТоҷикистонАфғонистон” (116 км), “Хуҷанд– Айнӣ” (83,2 км), “Қайроққум-Ашт” (74 км) ва “Геран-Румӣ” (78 км) ба масофаи умумии 407,5 км ба шумор мераванд... Илова бар ин, таҷдиду навсозии иқтидорҳои мавҷуда, ки яке аз масъалаҳои муҳими соҳа ба шумор мераванд, ҳал шуда, дар ин замина таъмири нерӯгоҳҳои “Норак”, “Қайроққум”, “Сарбанд” ва “Варзоб” шуруъ гардид. Аллакай, то ин дам дар доираи таҷдиди НБО “Норак” чархаи кории агрегатҳои № 3 ва № 8 нав гардид ва тамоми таҷҳизоти дастгоҳи тақсимотии кушодаи 220 кВ бо асбоби муосири элегазии ДТПЭ – 220 кВ ва дастгоҳи тақсимкунандаи кушодаи 500 кВ бо таҷҳизоти замонавии элегазии ДТПЭ – 500 кВ иваз гашта, бори аввал дар таърихи нерӯгоҳ дарбанди куравӣ аз таъмири асосӣ бароварда шуда вазъи таъминоти нерӯи барқро дар ҷумҳурӣ бамаротиб беҳтар намуданд. Дар ин давра ифтитоҳи хати интиқоли барқи 500 кВ-и “Ҷануб – Шимол” хеле муҳим арзёбӣ мегардад, ки ба системаи ягонаи энергетикии кишвар асос гузошт.

11 Дар асоси сиёсати энергетикии Пешвои миллат ва Ҳукумати ҷумҳурӣ барномаҳои зиёди ҷумҳуриявию байналмилалӣ роҳандозӣ шудаанд. Аз ҷумла, 12 майи соли 2016 бо иштироки сарварони Тоҷикистон, Қирғизистон, Афғонистон ва Покистон татбиқи Лоиҳаи минтақавии нерӯи барқи CASA – 1000 оғоз ёфт, ки дар он саҳми Тоҷикистон баланд аст. Албатта, барои ба ин ҳадаф расидан ва ба кишвари содиркунандаи нерӯи барқ табдил додани кишвар баробари сохтмони нерӯгоҳҳои бузург мо бояд ба манбаъҳои алтернативии энергия, техникаву таҷҳизоти каммасрафи барқӣ, сохтмони нерӯгоҳҳои барқи обии хурду миёна ва истифодаи самараноки қувваи барқ аҳамияти аввалиндараҷа диҳем. Ин таъкиди Пешвои миллат аст, ки зимни банақшагирии сохтмони корхонаҳои саноатӣ ҳаҷми зарурии нерӯи барқ, об, роҳ ва дигар инфрасохтори истеҳсоливу иҷтимоӣ бо истифодаи технологияҳои каммасраф ба инобат гирифта шавад. Зеро сохтмону таҷдиди иншооти энергетикии ба нақша гирифташуда, дар ояндаи наздик имкон медиҳад, ки аҳолӣ ва соҳаҳои гуногуни иқтисоди миллиамон пурра бо барқ таъмин гардида, барои содироти нерӯи барқи зиёдатӣ ба кишварҳои минтақа шароит фароҳам оварда шавад. Ҳамин тавр, замина муҳайё мегардад, ки қувваи барқро чун моли худӣ ба кишварҳои минтақа пешкаш созем. Аз фурӯши он фоида ба даст оварда, мабалғи муҳайёгаштаро баҳри пешрафт, инкишофи дигар соҳоти хоҷагии халқи кишвар сарф намоем. Пайдост, ки мардуми Тоҷикистон бо азму иродаи қавӣ сол то сол барои расидан ба истиқлолияти пурраи энергетикӣ қадамҳои устувор мегузорад. Ин аст, ки нисбат ба солҳои пеш ҳоло дар манотиқи дурдаст барқрасонӣ беҳтар гаштааст. Лимти барқ, ки пештар дар фасли сармо ногузир ҷорӣ карда мешуд, имрӯз дигар аз миён бардошта шудааст. Ин ҳама баёнгари он аст, ки Ҳукумати мамлакат ба ҳадафи пешгузоштаи худ даст ёфта, рушди бомароми кишвар дар ояндаи наздик таъмин карда хоҳад шуд. Гузашта аз ин, 16-уми ноябри соли ҷорӣ ба шарофати саъю кӯшишҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон агрегати якуми НБО “Роғун” ба кор андохта шуд, ки яке аз дастовардҳои беназири миллати тоҷик дар даврони соҳибистиқлолӣ ба ҳисоб меравад. Бо пурра мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани НБО “Роғун” мустақилияти энергетикӣ дар кишвар таъмин ва кишвари тоҷикон ба яке аз давлатҳои пуриқтидори минтақа табдил хоҳад ёфт. Зеро иқтидори тавонои энергетикии ҳар як кишвар ифодагари пурқитдории он маҳсуб меёбад. М. УСМОН, “ҶТ”


12 Сайёҳӣ яке аз соҳаҳои сердаромади иқтисодиёт ба ҳисоб меравад. Асосан сайёҳӣ аз ҳисоби муносибатҳои тиҷоратии байни давлатҳо ба миён омада, барои пешрафти ҷомеа аҳамияти хосса дорад. Бо дарназардошт аҳамияти соҳаи сайёҳӣ барои таъмини рушди иқтисодии мамлакат, таъсиси ҷойҳои кории нав ва баланд бардоштани сатҳи некуаҳволии мардум, инчунин муаррифии шоистаи имкониятҳои сайёҳии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар арсаи ҷаҳонӣ, аз ҷониби Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли 2018 “Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” эълон карда шуд. Сайёҳӣ дар Тоҷикистон аз замони дар ҳайати Иттиҳоди Шӯравӣ будани он оғоз ёфта, дар даврони Истиқлолияти давлатӣ ин соҳаи даромаднок ба маротиб рушд ёфта, сол то сол аҳамияти бештар касб намуд. Хурсандибахш аст, ки аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба соҳаи сайёҳӣ таваҷҷуҳи ҳамаҷониба зоҳир гардида, барои рушди минбаъдаи он заминаҳои зарурӣ фароҳам оварда шудаанд. Ҳамасола иншоотҳои моддиву маишӣ, шуруъ аз фурӯдгоҳ то меҳмонхонаву истироҳатгоҳҳо, ёдгориҳои таърихӣ ва дигар инфрасохтори самти сайёҳӣ зина ба зина ба талабот замони муосир мутобиқ гардонида мешаванд. Чандин мавзеъҳои таърихии Тоҷикистон, аз ҷумла ёдгориҳои таърихии мавзеи “Ҳулбук”, “Тахти Сангин”, “Саразм”, “Қалъаи Ҳисор” ва Боғи миллии ботаникии Помир дар шаҳри Хоруғ ба рӯйхати созмони ЮНЕСКО шомил шудаанд, ки шумораи сайёҳонро ба кишвар боз ҳам афзун гардонидаанд. Айни ҳол дар Тоҷикистон сайёҳии табобатӣ, санаторию курортӣ, истироҳатӣ, кӯҳнавардӣ, варзиши кӯҳӣ ва экологӣ, таърихию омӯзишӣ, шикори омехта, минтақаҳои таърихӣ ва этнографӣ, рафтинг (қаиқронӣ дар дарёҳои кӯҳӣ), паридан бо парашют ва лижаронии кӯҳӣ аз самтҳои афзалиятноки соҳаи сайёҳӣ маҳсуб меёбанд. Тайи чанд соли охир масъулини соҳаи сайёҳии мамлакат дар намоишгоҳҳои калонтарини сатҳи ҷаҳонӣ, ки дар шаҳрҳои Берлин, Токио, Лондон, Москва Лос-Анҷелес, Париж, Сеул, Куала-Лумпур, Риёз ва Ҷидда, Остона, Тошканд, Алмаато, Доха, Салоники баргузор гардиданд, иштирок ва имкониятҳои сайёҳии кишварро муаррифӣ намуданд. Ин аст, ки имрӯз Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷараёни ҷаҳонии туризми байналмилалӣ шомил гардида, аз тарафи созмони ҷаҳони туристӣ ҳамчун кишвари дорои 4 пайроҳаи Шоҳроҳи абрешим эътироф гардидааст. Таҳлилҳо нишон додаанд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Осиёи Миёна дорои беҳтарин ва бештарин

“ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН”, №52 (9582), 27.12.2018

САЙЁҲӢ “Тоҷикистони биҳиштосои мо сарзамини мардуми соҳибмаърифату меҳмоннавоз ва кишвари меваҳои шаҳдбор буда, аз нигоҳи иқлим, боду ҳаво, манзараҳои табиат, кӯҳҳои осмонбӯс, пиряхҳои азим, обҳои шифобахш, кӯлҳо ва чашмаҳои оби мусаффо, ҳайвоноту наботот ва урфу анъанаҳои мардумӣ дар олам нотакрор ва макони беҳтарини сайру сайёҳат мебошад”

Эмомалӣ Раҳмон

Соле, ки дар рушди бемайлони сайёҳӣ такон бахшид

имкониятҳо барои рушди сайёҳӣ мебошад. Дар Тоҷикистон беш аз 2000 кӯл ва обанборҳои хурду калон, 14509 адад пиряхҳо, зиёда аз 200 чашмаҳ ва манбаъҳои обҳои табобатӣ мавҷуданд. Кӯҳҳо 93 фоизи ҳудуди Тоҷикистонро ташкил медиҳанд, ки онҳо ба силсилаи кӯҳии Тиёншон, Ҳисору Олой ва Помир мансубанд. Бештар аз нисфи захираҳои обии кишварҳои Осиёи Марказӣ аз кӯҳҳо ва пиряхҳои Тоҷикистон сарчашма мегиранд. Зиёда аз 22 фоизи қаламрави Тоҷикистон ба ҳудуди табии махсус ҳифзшаванда мансуб мебошад. Як қатор имтиёзҳое дар самти андоз гумрук, ки Ҳукумати кишвар соли ҷорӣ барои ширкатҳои сайёҳӣ фароҳам овардааст, ба рушди бемайлони соҳа такони ҷиддӣ бахшиданд. Имрӯз дар Тоҷикистон зиёда аз 140 корхонаҳои сайёҳӣ фаъолият доранд, ки барои ҷорӣ намудани низоми раводиди электронӣ барои сайёҳони хориҷӣ, таъсис додани минтақаҳои сайёҳӣ тадбирҳои судмандро амалӣ менамоянд. Айни ҳол тартиби электронии дастрас намудани раводид ва реҷаи бераводид бо 12 кишвари ҷаҳон ва барои шаҳрвандони зиёда аз 112 кишвар низоми содакардашудаи раводиди электронӣ барои ворид шудан ба кишвари мо ҷорӣ карда шудааст. Ҷиҳати рушди босуръати соҳаи сайёҳӣ дар кишвар воридоти таҷҳизоту маводи сохтмонии иншооти сайёҳӣ аз пардохтҳои андозию гумрукӣ, инчунин, ширкатҳои сайёҳӣ дар панҷ соли аввали фаъолияташон аз пардохти андоз аз фоида озод карда шуданд. Тибқи маълумоти бахши иттилоотии Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон танҳо дар нуҳ моҳи соли ҷорӣ наздики 70 ширкати нави сайёҳӣ таъсис ва ба бозори сайёҳии мамлакат во-

рид шуданд. Инчунин, як қатор иншооти инфрасохтори сайёҳӣ, аз ҷумла як қатор меҳмонхонаҳои хурду калон дар ноҳияҳои Кушониён, Шамсиддини Шоҳин (2 адад), Ховалинг, Хуросон, Зафаробод, Ёвон, Мурғоб, шаҳрҳои Бохтар (2 адад), Ваҳдат, Хуҷанд, Конибодом (2 адад), Истаравшан, Исфара, Панҷакент (2 адад), Нуробод бунёд гардида, сохтмони биноҳои иловагӣ ва инфрасохтор дар осоишгоҳи “Баҳористон”, бунёди биноҳо ва инфрасохтори замонавӣ дар осоишгоҳи “Зумрад”-и шаҳри Исфара, биноҳои иловагӣ ва инфрасохтор дар маҷмааи лижаронию сайёҳии Сафед-дара, тармиму таҷдиди кӯли “Варзоб”, бунёди 3 иншооти инфрасохтори сайёҳӣ дар мавзеи Сари Хосори ноҳияи Балҷувон ва дигар иншооти инфрасохтории соҳаи сайёҳӣ идома дорад. Дар баробари ин, маҷмааи фарҳангиву меъмории Қалъаи “Муғ” дар шаҳри Истаравшан пурра тармиму таҷдид ва мавриди истифода қарор дода шуда, дар ноҳияи Данғара парваришгоҳи ҳайвоноти нодири “Хуталон” ва осорхонаи гусфанди “Марко Поло” дар ноҳияи Мурғоб буёнд гардиданд. Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров дар соҳили “Баҳри Тоҷик” барои бунёди маҷмааи бузурги сайёҳӣ ва осоишгоҳу меҳмонхонаи муосир барои 1100 нафар санги асос гузошта шуд. Мувофиқи рейтинги ҷаҳонии мамлакатҳо оид ба хулосаҳои сомонаву шабакаҳои ҷаҳонӣ, махсусан «ВВС» (Британияи Кабир) Ҷумҳурии Тоҷикистон дар қатори 10 кишвари ҷолибтарин барои боздиди сайёҳон ворид гардида, сомонаи интернетии “Globe Spots” онро дар сархати даҳгонаи кишварҳои ҷолиб барои туристони саргузаштӣ

шомил намуд. Тибқи иттилооти нашри русии маҷаллаи маъруфи “National Geographic” шоҳроҳи Помири Тоҷикистон дар байни 10 роҳи зеботарини дунё (маҷаллаи ТОП – 100), 3 минтақаи Тоҷикистон ва кӯҳҳои Помири Тоҷикистон, пойтахти Тоҷикистон шаҳри Душанбе ба даҳгонаи мавзеъҳои бехатар аз рӯи таъмини амнияти шабона ва аз рӯи таҳлилҳои Созмони умумиҷаҳонии сайёҳии Созмони Милали Муттаҳид Тоҷикистон ҳамчун дуюмин кишваре, ки туризмаш дар ҳоли рушд қарор дорад, эътироф карда шудааст. Маҷаллаи сайёҳии «34travel» дар асоси тадқиқоти ширкати бонуфузи «Mastercard» 5 шаҳри аз лиҳози имкониятҳои рушди сайёҳӣ ояндадорро муйаян намуд, ки инҳо Душанбе, София, Бухарест, Касабланка ва Бостони ИМА мебошанд. Дар раддабандии ин ширкат Душанбе ҷои аввалро соҳиб гашт. Ҳамчунин, дар рӯйхати ҷаҳонии рақобатпазирӣ дар соҳаи сайёҳӣ, ки аз ҷониби Форуми ҷаҳонии иқтисодӣ (ФҶИ) муаррифӣ гардид, Тоҷикистон аз 136 ҷойи имконпазир мақоми 107-умро касб кард. Бино ба маълумоти Форуми ҷаҳонии иқтисодӣ, Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 7 холи имконпазир 3,2 холро соҳиб шуда, дар давоми ду сол аз ҷойи 119-ум ба 107-ум боло рафт. Беҳтарин нишондодро (5,7 хол) Тоҷикистон дар дараҷаҳои «амният», «тандурустӣ ва беҳдошт» ба даст овард. Мавриди зикр аст, ки Тоҷикистон дар рӯйхати кишварҳое, ки дар давоми як сол ҷаҳиши беҳтарини сайёҳӣ нишон доданд, алоҳида қайд шудааст. Дар ин рӯйхат Тоҷикистон, баъд аз Ҷопон ва Озарбойҷон, дар зинаи сеюм қарор гирифт. Департаменти давлатии ШМА оид ба масъалаҳои сайёҳӣ Ҷумҳурии Тоҷикистонро яке аз мамлакатҳои барои саёҳат амну бехатар арзёбӣ карда, барои сафар ба шаҳрвандонаш тавсия додааст. Дар ҳошияи Намоишгоҳи ҷаҳонии сайёҳии “ITB Berlin-2018” маросими супоридани ҷоизаи “100 самти беҳтарин пешоҳангони глобалӣ дар ҳифзи фарҳанги миллӣ, анъана ва ҷалби мардумон ба соҳаи туризм дар соли 2018” баргузор гардид. Минтақаи баландкӯҳи Бадахшони Тоҷикистон ба ин 100-гона ворид шуда, дар минтақаи Осиё ва Уқёнуси Ором ҷои аввалро сазовор шуд. Соли равон ҳамчунин бо мақсади татбиқи босамари сиёсати давлатӣ дар соҳаи сайёҳӣ як қатор санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, аз қабили “Барномаи рушди сайёҳӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи солҳои 2018-

2020”, Стратегияи рушди сайёҳӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030, қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи рӯйхати иншооти сайёҳие, ки барои бунёди онҳо воридоти таҷҳизоту техника ва масолеҳи сохтмонӣ аз андоз аз арзиши иловашуда ва боҷи гумрукӣ озод карда мешаванд”; ба тасвиб расиданд, ки барои таҳким бахшидани самтҳои мухталифи соҳа, аз ҷумла беҳтар сохтани сатҳу сифати хизматрасонӣ, ҳамкориҳои самарабахш бо ширкатҳои сайёҳии ҷаҳон, бунёди иншоотҳои наву замонавии сайёҳӣ имкониятҳои фарохро фарорҳам меоранд. Тавре мутахассисон иброз медоранд, танҳо дар 11 моҳи соли равон дар мамлакат 67 ширкати нави сайёҳӣ таъсис дода ва ба бозори ҷаҳонӣ ворид шуданд. Дар маҷмуъ шумораи ширкатҳои сайёҳӣ ба 141 адад расид. Ва ин нишондод дар ҳоли афзоиш қарор дорад. Инчунин дар ҳамин давра зиёда аз 247 субъекти хизматрасонии сайёҳӣ ба сайёҳони дохиливу хориҷӣ хизмат расониданд. Бунёди биноҳои иловагӣ ва инфрасохтори иншоотҳои сайёҳӣ дар ҳама манотиқи кишвар босуръат идома дорад. Мутобиқи "Консепсияи миллии рушди туризм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 20092019” Тоҷикистон бояд то соли 2020 зиёда аз 1 миллион сайёҳро дар кишвар қабул намояд. Айни ҳол дар шаҳрҳои Душанбе, Хуҷанд, Панҷакент, Хоруғ, Кӯлоб ва дигар минтақаҳои ҷумҳурӣ марказҳои иттилоотии сайёҳӣ фаъолият менамоянд. Имсол бори нахуст ҷаласаи Шурои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил оид ба сайёҳӣ дар шаҳри Душанбе ташкил ва баргузор карда шуд. Ғайр аз ин, зиёда аз 30 хатсайрҳои нави сайёҳӣ ба минтақаҳои сайёҳии ҷумҳурӣ роҳандозӣ карда шуданд. Воқеан, Тоҷикистон иқлим ва табиати фарқкунанда дорад, ки танҳо хоси ин кишвар аст. Сайёҳон имкон доранд, дар як замон ҳам аз табиати зебои водӣ, ҳам аз манзараҳои дилнишини доманакуҳҳо ва ҳам аз қуллаҳои барфпӯши иқлими куҳистон баҳравар бошанд. Ин ба Тоҷикистон ҷиҳати дарёфти мавқеи арзанда дар сохтори ҷаҳонии сайёҳӣ имкониятҳои мусоид фароҳам меорад. Яъне шароити мусоиди табиӣ ва иқлими кишвар ба мо имкон медиҳад, ки ин соҳаро бештар рушд диҳем. Вобаста ба ин, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми имсолаашон чунин таъкид кардаанд: “Кишвари мо дорои имконияти васеъ аз ҷиҳати минтақаҳои сайёҳӣ буда, истифодаи самараноки он боиси болоравии сатҳи зиндагии аҳолии ҷумҳурӣ хоҳад шуд. Бо истифода аз табиати зебою чашмаҳои беҳисоби шифоӣ, кӯҳҳои сарбафалаку макони таърихии диққатҷалбкунанда ва зиёратгоҳҳои кишварамон ин соҳаро бемайлон рушд диҳем ва онро ба соҳаи сердаромаду манфиатнок табдил дода, ба нафъи кишвару халқамон босамар истифода барем”. Шаҳло ЭШОНОВА, “ҶТ”


“ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН”, №52 (9582), 27.12.2018

Дар ҷомеаи имрӯза мавқеи ҷавонон дар пешбурди соҳаҳои гуногуни кишвар хеле муҳим аст, чунки ин қишри ҷомеа дорои афкори тозаю нав ва нерӯи созанда мебошад. Ба ҳамин хотир аст, ки ҳамасола Кумитаи ҷавонон ва варзиш барои ин қишри ҷомеа озмуну маҳфилҳои гуногун барои сайқал додани донишашон роҳандозӣ мекунад. Озмуни ҷумҳуриявии "Донишҷӯи сол" низ ҳамасола аз тарафи Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш баргузор мегардад. Он имсол 20-уми декабр ифтитоҳ ёфта, даври аввалаш дар ҳамин рӯз сурат гирифт. Дар даври аввали озмун 20 нафар донишҷӯён аз донишгоҳу донишкадаҳои мамлакат иштирок карда, дар мавзӯи "Тоҷикистон ватани азизи ман" иншо навиштанд. Дар даври дуюми озмун ҳар як донишҷӯ презентатсияи инфиродӣ намоиш доданд. Донишҷӯёне, ки иштирокчии озмун буданд, рафти онро хеле шаффоф ва одилона арзёбӣ намуданд. Чунончи Нилуфар Бердиева, донишҷўи курси сеюми факултаи филологияи рус ва журналистикаи Донишгоҳи славянии Русия ва Тоҷикистон, яке аз иштирокчиёни фаъол ба назар мерасид ва кӯшиш

√ САЙЁҲӢ

ПАЙРАВОНИ ПЕШВОИ МИЛЛАТЕМ 13 Нозила Каримова, яке аз он иштирокчиёне ҳаст, ки аз шаҳри Хуҷанд барои санҷидани дониши худ ба пойтахт омада, иштирок намудан дар ин озмунро ифтихор медонад. Нозила, донишҷўи курси сеюми факултаи иқтисод ва идораи Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон мебошад. Ба гуфтаи вай чунин озмунҳо ба онҳо имконият медиҳад, ки ҷаҳонбиниашон васеътар гардад. “Чунин озмунҳо имконият медиҳанд, ки ҳисси ватандӯстиву ватанпарварии ҷавонон бештар гардад. Ва мо ҷавонон бояд дар

Ғолибони озмуни “Донишҷӯи сол” муайян шуданд

мекард ба ҳамаи суолҳои ҳакамон пурра ҷавоб пешниҳод намояд. Нилуфар озмунро барои сайқал додани дониш ва талошҳои илмии ҷавонон муҳиму саривақтӣ хонд. “Барои ба чунин озмунҳо омадан донишҷӯ ҳатман бо тайёрии хуб меояд. Ва ин озмунҳо сабаб мешаванд, ки мо бори дигар китобҳоро варақзадем намоем ва барои худ боз як маълумоти дигар бигирем. Дар озмун ҳакамон ба донишҷӯён саволҳои зиёд медоданд ва аз мо ҷавоби мукаммалро интизор буданд. Фикр мекунам ҳакамон ба ҳама посухҳои донишҷӯён баҳои сазовор доданд”. Сорбон Сахиев, ки донишҷўи курси чорум факултети филологияи хориҷии Донишгоҳи давлатии Кўлоб ба номи А. Рўдакӣ мебошад, аз дӯстӣ пайдо кардан бо дигар донишҷӯён хушбахт буд.

Сорбон гарчанде бо тайёрӣ ба озмун омада бошад ҳам, вале баъди шиносоӣ бо ҳамсолонаш чунин эҳсос мекунад, ки ӯ аллакай ғолиб аст. Сорбон, изҳор дошт, ки “ин озмун ҷавононро боз ҳам муттаҳид ва муносибати байни онҳоро қавитар мекунад. “Имрӯз мо аз ҳар минтақаи Тоҷикистон ба ин даргоҳ бо мақсади пируз шудан дар озмун омадем, аммо баъди вохӯрӣ ҳама ин мақсадро фаромӯш карда, ба ягдигар барору мувафақият”. Ба гуфтаи масъулон, озмун и имсола нисбат ба солҳои қаблӣ хубтару беҳтар ба роҳ монда шуда, донишҷӯён низ фаъолу, зирак ба худ назар расиданд ва ба худ боварии комил доранд. Ҳамин боварӣ ба худ онҳоро имрӯз водор кардааст, ки аз ноҳияҳои дурдаст дар озмуни “Донишҷӯи сол” иштирок варзанд.

ҳама ҷанбаҳо бо масъулияти баланд фаъолият намуда, парчамбардори ин сарзамин ва кишвари муқаддасамон бошем”. Ҳакамон фаъолияти донишҷӯёнро ҳаматарафа баҳогузорӣ намуда, дар давраи ҷамъбасти озмун шаш нафар донишҷӯёнро сазовори ҷойҳои аввал, дуюм ва сеюм донистанд. Инчунинқққюқшт2юст.п9 ҳафт донишҷӯи дигар бо ҷойҳои ифтихорӣ қадрдонӣ гардиданд. Ҷойи аввал - Фарзона Восиева– донишҷўи курси 2 факултети забонҳои Осиё ва Аврупои Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Ҷойи аввал - Нилуфар Бердиева – донишҷўи курси 3 факултети филологияи рус ва журналистикаи Донишгоҳи славянии Русия ва Тоҷикистон – Ҷойи дуюм – Нозила Каримова– донишҷўи курси 3 факултети иқтисод ва идораи Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон Ҷойи дуюм – Сайёра Гияева – донишҷўи курси 4 факултети забонҳои шарқи Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон ба номи С. Улуғзода Ҷойи сеюм – Албина Куканбекова – донишҷўи курси 3 факулте-

ти иқтисод ва бизнеси Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон Ҷойи сеюм – Сорбон Сахиев – донишҷўи курси 4 факултети филологияи хориҷии Донишгоҳи давлатии Кўлоб ба номи А. Рўдакӣ Донишҷўёни зерин бо ҷойҳои ифтихорӣ кадрдонӣ шуданд: Ашраф Муминов – донишҷўи Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи М. Осимӣ Омина Сидиқова – донишҷўи Донишгоҳи давлатии омўзгории Тоҷикистон ба номи С. Айнӣ, Ҳайдаралӣ Ашўров – донишҷўи Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б. Ғафуров, Аминҷон Назаров– донишҷўи Донишкадаи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Лутфулло Умаров - донишҷўи Донишгоҳи давлатии Данғара, Шаҳноза Темурзода– донишҷўи Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон Шаҳноза Раҳмонова– донишҷўи Донишгоҳи технологии Тоҷикистон Талошҳои пайвастаи ҷавонони имрӯзаи мо ҷиҳати иштироки фаъолона дар рушду нумӯи кишвари азизамон бовар бар он месозад, ки ҷавонони мо бо ҳисси баланди худшиносиву худогоҳии миллӣ ва ифтихор аз давлату давлатдории миллӣ дар оянда низ тамоми нерӯи худро барои ҳифзи дастовардҳои истиқлолият, таҳкими давлатдорӣ, ваҳдати миллӣ, сулҳу субот, рушди минбаъдаи иқтисодиву иҷтимоии Ватани азизамон ва устувор гардонидани мавқеи он дар қатори кишварҳои мутараққӣ сафарбар менамоянд. Маврид ба ёдоварист, ки озмуни "Донишҷӯи сол" ҳар сол бо мақсади дастгирӣ ва ҳавасмандгардонии ҷавонон муҳассилини макотиби олӣ ва муайян намудани донишҷӯи беҳтарин дар самти илмомӯзӣ гузаронида мешавад. Ҳадаф аз он таҳким бахшидани тарбияи маънавию ахлоқии ҷавонон мебошад. Манзумаи ФИРӮЗ, “ҶТ”

ВА ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ

Тадбирҳои судманд баҳри рушди соҳа

Консепсияи рушди сайёҳӣ аз ҷониби Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар аввали сол қабул гардид. Рамз ва нишонаҳои сайёҳӣ хеле нишонрас эҷод шуданд. Аз ҷумла, Ассотсиатсияи ширкатҳои сайёҳии Ҷумҳурии Тоҷикистон корро аз тайёр кардани кадрҳои ин соҳа оғоз бахшид. Дар муддати кӯтоҳ 120 нафар мутахассисони ҷавон аз омӯзиш гузаштанд. Дар баробари ин дар чанд ширкату корхона семинарҳо оид ба ҷалби сайёҳон, хизматгузорӣ ва муносибат бо хориҷиён доир гардиданд. Ба сайёҳи хориҷӣ тамошои қалъаи Ҳисор ва Саразм шояд он қадар ҷолиб набошад. Ин маълумотро тавассути интернет ва филмҳо низ гирифта мета-

вонад. Аммо аз наздик дидани симо ва сират, бархӯрди тоҷикон барояшон дар мадди аввал аст. Дар бозгашт сайёҳи хориҷӣ сараввал дар бораи мардум ва расму оини меҳмондории он нақл мекунад. Имсол дар Ҷумҳурии Тоҷикистон 70 ширкати сайёҳӣ таъсис дода шуд. Ҳоло теъдоди онҳо ба 140 адад мерасад, ки нақши онҳо дар муаррифии иқтидори сайёҳӣ ва ташаккули бахши сайёҳӣ дар мамлакат самарабахш аст. Дар муддати панҷ соли аввали фаъолияташон аз андоз аз фоида озод кардани ширкатҳои навтаъсиси сайёҳӣ, аз андоз аз арзиши иловашуда ва боҷи гумрукӣ озод намудани воридоти таҷҳизот ва маводи сохтмони иншо-

оти сайёҳӣ, аз ҷумла меҳмонхона, осоишгоҳ ва истироҳатгоҳҳои табобатӣ, марказҳои сайёҳӣ ва дигар иншооти сайёҳӣ, ба андозаи 50 фоиз коҳиш додани меъёри пардохтҳои гумрукӣ барои воридоти мошинҳои нави сабукрав, низоми содакардашудаи раводид барои шаҳрвандони 112 давлати хориҷӣ аз муҳимтарин тадбирҳоеанд, ки барои рушди бемайлони соҳа замина мегузоранд. Сайёҳии иқтисодӣ дар ҷаҳон хеле пеш рафтааст. Соле то 1 миллион сайёҳон аз ширкатҳои “Тойота”, “”Ниссан” дидан мекунанд. Дар соли сайёҳӣ дар кишвари мо низ ин самт такмил ёфт. Тибқи омор имсол танҳо аз НБО Норак, Роғун, КВД “Ширкати алюминии тоҷик” 230 ҳазор сайёҳ дидан намуданд. Қобили зикр аст, ки роҳбарияти КВД “Ширкати алюминии тоҷик” барои сайёҳону меҳмонон шароити мусоид фароҳам оврдааст. Дар ин ҷо роҳбаладҳои касбӣ ва аёнияти зебо сайёҳону меҳмононро ҷалб менамояд. Ба сайёҳону

меҳмонони хориҷӣ дар ин корхонаи азим боз он чиз ҷолиб аст, ки маҷмааи саноати вазнин ва экология баробар рушд мекунанд. Дар паҳлуи корхона беҳтарин навъҳои ангури Осиёи Марказӣ парвариш меёбад. Тозагии ҳаво ба он мусоидат кардааст, ки соҳаи чорводорӣ ва паррандапарварӣ ҳам рушд ёбад. Ин ба он далолат мекунад, ки муҳити атроф тоза мебошад. Чорво ва парранда аз ҳама пеш аз обҳои ифлос ва ҳавои ғализ зарар мебинанд. Ҳамзамон ин соли пурфайз самтҳои нави фаъолият, имконият ва захираҳои иловагиро нишон дод. Мо аллакай барномаи истифода ҳамаи имкониятҳои табиати Тоҷикистонро мураттаб намудем. Аз ҳама муҳим рушди сайёҳӣ ба барномаи оммавии умумимиллӣ табдил меёбад. Шагарф МУЛЛО АБДОЛ, раиси Асосиатсияи туризми ҷомеасози Ҷумҳурии Тоҷикистон


14

“ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН”, №52 (9582), 27.12.2018

АНДЕША

Оё “Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” ба рушди ҳунар ва сайёҳӣ мусоидат кард? гиву нақшдӯзиву шерозбофӣ буданд, бе ягон душворӣ дар ин сол маҳсули дасти хешро пешкаши мардум гардониданд. Яъне соли 2018 барои эҳёи ҳунарҳои аҷдодӣ иқдоми хубе шуд.

Аз эълон гардидани “Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” як сол сипарӣ гашт ва мо дар фарҷоми он қарор дорем. Баҳри дар кадом сатҳ сипарӣ гардидани соли 2018, ки аз ҷониби Пешвои муаззами миллат “Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” эълон гардида буд бо як савол ба шаҳрвандони касу кори гуногун муроҷиат намудем.

Санъат Тоҳирзода, коршинос: - Албатта, эълон гардидани “Соли 2018- соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” барои эҳёи ҳанарҳои мардумӣ ва рушди бахши сайёҳии кишвар такони хубе шуд, вале ба андешаи ман эҳёи ҳунарҳои мардумӣ ва рушди соҳаи сайёҳӣ кори яксола набуда, аз масъулини соҳа андешидани тадбирҳои ҳамарӯзаро талаб менамояд. Зеро, бо ин роҳ мо метавонем, ҳарчи бештар ҳунарҳои мардумиро эҳё ва сайқал дода, сайёҳони хориҷиро ба мамлакати худ ҷалб намоем. Ташрифи сайёҳон ба Тоҷикистон ба буҷаи давлат, ба ширкатҳои сайёҳӣ, меҳмонхонаву қаҳвахонаҳо даромад оварда, барои ба фурӯш рафтани маҳсулоти ҳунарҳои мардумӣ мусоидат мекунад. Ҳунарҳои дастиву миллии мо ба фурӯш ки рафт, даромад ба оилаҳои ҳунарманд мешавад. Даромади оилаҳои ҳунарманд дар навбати худ ба беҳтар гардидани сатҳи зиндагӣ ва некӯаҳволӣ оварда мерасонад.

Абдумуминзода Ситора, директори китобхонаи илмии Донишгоҳи технологии Тоҷикистон: - Соли 2018, ки “Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” эълон гардид, ҳунарҳои мардумии манотиқи гуногуни Тоҷикистонро ба мардум муаррифӣ карда тавонист. Илова бар ин имкон дод, ки ҳунарҳои мардумӣ дар расонаҳои ахбор нисбат ба солҳои гузашта беҳтару бештар инъикос гардад. Аҳолии Тоҷикистон нисбат ба ҳунарҳоӣ мардумӣ дар ин сол тасаввуроти бештар пайдо намуданд. Навъҳои ба гӯшаи фаромӯширафтаи ҳунарҳои мардумӣ низ то андозае эҳё шуданд. Яъне метавон хулоса кард, ки “Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” дар ташаккули ҳувияти миллӣ ва худшиносии мардуми тоҷик як зина саҳми назаррас гузошт.

Иброҳимзода Мумина, мудири САҲШ дар шаҳри Кӯлоб: - “Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ”, ки иқдоми наҷибу саховатмандонаи бевоситаи Пешвои миллат буд, ба занони хонанишини ҳунарманд бисёр кӯмак расонид. Заноне, ки соҳиби ҳунар ва маҳсулоти қадимаи ҳунармандӣ, аз қабили бофанда-

Сайдаҳрор Сайҷалолзода, корманди Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон - “Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” иқдоми неку созандаест, ки барои равнақ ёфтани касбу ҳунарҳои мардумӣ заминаи мусоид фароҳам овард. Дар асл ҳунар ва сайёҳӣ пайванди якдигар буда, бо мақсади муаррифии фарҳанги тоҷикон ва баланд бардоштани сатҳи некӯаҳволии мардуми шарифи кишвар роҳандозӣ гардидаанд. Дар ин радиф, анъана ва ҳунарҳои миллӣ чун таҷассумгари симои маънавии халқ, муттаҳидсозанда ва пайвандгари таърихи гузаштаву муосир мақоми арзандаро касб намудааст. Дар ин сол ҳунарҳои қадимаи миллии тоҷикон аз нав эҳё карда шуд. Бахшида ба эълон гардидани соли 2018 “Соли рушди сайёҳи ва ҳунарҳои мардумӣ” чорабиниҳои рангоранги фарҳангию фароғатӣ ва оммавӣ таҳти унвони “Ҷавонон – муаррифгари фарҳанги миллӣ ва эҳёгарони ҳунарҳои мардумӣ” баргузор шуданд, ки дар онҳо дастовези ҳунармандони кишвар ба намоиш гузошта шуданд.

Фарзонаи Абдураҳим, омӯзгор: - Соли 2018 бо пешниҳоди Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷумҳурӣ “Соли рушди сайёҳӣ ва

ҳунарҳои мардумӣ” эълон гашт, тӯли як сол натиҷаҳои неку хотирмонеро дар роҳи рушди сайёҳӣ ва эҳёи ҳунарҳои мардумии милати тоҷик ба бор овард. Ҷониби аз ҳама муҳим ва самарабахши эълон гаштани ин сол замина гузоштан ва зинда гардонидани ҳунарҳои мардумии бобоёну гузаштагони пурифтихорамон буд. Умед дорем, ки бо анҷоми соли 2018 таваҷҷуҳи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбат ба ин соҳаҳои муҳим маҳдуд нашуда, балки аз ин дида мутарақитар мегардад. Бо шарофати соҳибистиқлол гардидани Ҷумҳурии Тоҷикистон масъалаҳои худшиносии миллӣ, фарҳанги миллӣ, рисолати давлатдорӣ, шаҳрдорӣ ва шаҳрсозӣ, эҳёи суннатҳои таърихӣ, фарҳанги қадимаи ниёгон, санъати амалии халқӣ, кашидадузӣ, чакандузӣ, меъморӣ, кулолгарӣ хусусан санъати заргарӣ эҳё гардида, ривоҷ ёфта истодааст. Воқеан, иқдоми шоистаи Сарвари давлат яъне ихтисос додани соли 2018 ҳамчун “Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” роҳи ҷомеаро барои расидан ба зиндагии арзанда равшан намуд. Умед аст, ки рушди соҳаи сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ омили асосии пешрафти иқтисодиёди миллӣ хоҳад гашт.

Холиқназар Ҷумъаев, рӯзноманигор: - Ба назари банда бо эълон кардани “Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” соли равон дар рушди соҳаи сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ як таҳавулоти бузург ва як таккони чашмрасе ба амал омад. Таҳаввулоте, ки солҳои қаблӣ дида намешуд. Албатта ин пешрафт омилҳои гуногуни худро дорад. Нахуст ин ки эълони “Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” аз тарафи Пешвои миллат дар тамоми манотиқи кишвар дастгирӣ ёфт ва заминаи асосиро барои рушди соҳа муҳайё намуд. Дуввум дар ин сол бинобар ба даст овардани имтиёзҳои зиёд, соҳибкорон тавонистанд, дар баробари васеъ намудани доираи фаъолияти ширкатҳои сайёҳиашон ширкатҳои нав кушода, як базаи пурқуввати дорои инфрасохтори хубро ба вуҷуд оранд, роҳхатҳои нави сайёҳӣ бо нархҳои нисбатан арзон-

тар боз намоянд. Ин худ боиси он гардид, ки шумораи сайёҳон нисбат ба солҳои қаблӣ як баробар бештар шавад. Сеюм бо зиёд шудани шумораи ширкатҳои навтаъсиси сайёҳӣ рақобат дар ин соҳа бештар шуд. Банда, худ тобистони соли равон бо сайёҳон ҳамроҳ шуда, зиёда аз 10 рӯз дар кӯҳҳои сарбафалаккашида, кӯлҳо ва манзараҳои гуногун сайёҳат карда, як тадқиқоти журналистӣ роҷеъ ба мавзӯи мазкур анҷом додам. Бо чашмони худ назора кардам, ки воқеан пешраф дар ин соҳа хеле хуб ба назар мерасад, ки ин хеле хуб аст. Дар ин ҷабҳа саҳми ҳама мақомоти ҳукуматӣ аз ҷумла Кумитаи ҷавонон ва варзиш ҳам ба чашм мерасад. Моро зарур аст, ки бо ба итмом расидани “Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” ба ин мавзуъ хотима надиҳем ва дар оянда базаи ба вуҷудовардаро равнақ диҳем. Алъон Тоҷикистон барои пешбурди ин соҳа ҳама шароитро дорад, танҳо бояд босамар истифода барем. Зеро кишвари биҳиштосои моро, ки биҳишти рӯи замин ҳам меноманд, омодаанд, ки миллионҳо сайёҳони ҷаҳон зиёрат кунанд, аз таърих, тамаддун ва ҳунарҳои мардумии он огоҳ шаванд. Аз суҳбат бо сайёҳони зиёде дарёфтам, ки чунин табиати зеборо онҳо дар кам кишваре дучор омадаанд. Пас мо бояд ин табиатро боз ҳам зенботар нигоҳ дорем ва ҷалби сайёҳонро ба кишвар бештар гардонем ва ба Асосгузори сулҳу ваҳдат, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои эълони “Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” сипосгузорӣ намоем.

Гулаҳмадзода Зулфиқор, раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шоҳмансур: - Имсол, ки вобаста ба рушди сайёҳӣ ва эҳёи ҳунарҳои мардумӣ буд, омаду рафти сайёҳони хориҷӣ бештар гашт ва ҳунарҳои мардумӣ ҳам рушду нумӯ ёфтанд. Ватани мо сарзамини сайёҳӣ ва миллати тоҷик аз қадим миллати ҳунарманд мебошад. Мо бар онем, ки бо Роҳбари оқилу дурандешамон Ватани азизамон Тоҷикистон боз ҳам шукуфон мегардад. Таҳияи Мӯниса ДОДОВА ва Меҳрубон ИМОМОВА, “ҶТ”


“ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН”, №52 (9582), 27.12.2018

22-юми декабри соли 2017 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паём ба Маҷлиси олӣ пешниҳод намуданд, ки бо мақсади тараққӣ додани соҳаи сайёҳӣ, муаррифии шоистаи имкониятҳои сайёҳии мамлакат ва фарҳанги миллӣ дар арсаи байналмилалӣ, инчунин ҷалби сармоя ба инфрасохтори сайёҳӣ соли 2018 дар кишвар “Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” эълон карда шавад. Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуданд, ки шароити мусоиди табиӣ ва иқлими Тоҷикистон барои роҳандозии хизматрасонии муосири сайёҳӣ ва инкишофи намудҳои гуногуни он имконияти беҳтарин муҳайё кардааст. Бо ин мақсад тайи як сол мардуми тоҷик ҳунару маҳорати худро муаррифӣ намуданд. Бо ташаббуси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 то 17 октябри соли равон дар ҳамаи муассисаҳои таҳсилоти олии касбии кишвар бахшида ба “Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” баргузории озмуни “Ҷавондухтари ҳунарманди сол” ба нақша гирифта шуд. Аз он ҷумла, 18 октябри соли равон дар Донишкадаи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон озмуни “Ҷавондухтари ҳунарманди сол” баргузор гардид. Дар даври авАз бози ба шаҳри ҷавониам, пойтахти давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистони азиз – шаҳри Душанбе қадам ниҳоданам (2003) онро дӯст доштам ва ифтихор дорам, ки сокини доимиаш гаштаам. Муҳассили факултаи иқтисодиёт ва менеҷменти Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон шудам ва аз ҳамон давра акои Манзурхон бароям ҳидоятгар гашт. Як сол пас, бо ёрии эшон дар нашриёти ”Шарқи озод” ба сифати коргари ёридеҳ ба фаъолияти меҳнатӣ оғоз намудам. Ҳам кор мекардаму ҳам дар донишгоҳ таҳсил менамудам. Чанде пас ба сифати технолог (2008), пас ҳамчун муҳосиб (2009) фаъолият кардам. Сари ҳар як қадам аз маслиҳату ёрии роҳбари корхона баҳраманд будам… То хатми донишгоҳ таҷрибаи

ПАЙРАВОНИ ПЕШВОИ МИЛЛАТЕМ 15

Озмуни “Ҷавондухтари ҳунарманди сол” ҷамъбаст гардид

вали озмун донишҷӯдухтарон дар факултаҳо ҳунарнамоӣ намуданд. Инчунин дар факултаи идоракунии давлатӣ, муносибатҳои байналмилалӣ ва бахши магистратура ҷавондухтарон ҳунару истеъдоди худро намоиш доданд. Озмуни мазкур аз ҷониби ҳакамон баҳогузорӣ гардида, дар ҷамъбаст ҷойи аввалро донишҷӯи курси 2-юми факултаи муносибатҳои байналмилалӣ Раҳмонализода Зевар, ҷойи дуюмро донишҷўи курси 2-юми ихтисоси идоракунии ҳайати кадрӣ Таманнои Халил ва ҷойи сеюмро магистранти курси 1-уми ихтисоси амнияти иттилоотӣ Мирсаидова Нафиса соҳиб гардиданд. Ғолиби озмуни “Ҷавондухтари ҳунарманди сол” Раҳмонализода Зевар ба даври дуюми озмун пешниҳод карда шуд. Ҳамчунин 14-уми декабр дар муассисаи таҳсилоти ми-

ёнаи умумии №31-и ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе даври дуюми озмуни “Ҷавондухтари ҳунарманди сол” миёни гулдухтарони донишгоҳу донишкадаҳои кишвар, ки дар даври аввал ғолиб баромаданд, баргузор гардид. Озмунро муовини раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш Аҳмадзода Дилноза оғоз бахшида, ба роҳбарияти муассиса барои баргузории даври дуюми озмуни ҷумҳуриявӣ имкон фароҳам оварданаш миннатдорӣ намуд. Иштирокчиёни озмун Орзузода Омина ва Нурализода Ғунчагул аз Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода, Олимова Дилором аз Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, Паймона Қурбонова аз Донишгоҳи славянии Тоҷикистону Русия, Убайдуллозода Нодира аз Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С. Айнӣ, Аб-

дуллозода Марҷон аз Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Шириншоҳ Шоҳтемур, Марҳабо Ғарибова аз Донишкадаи давлатии тарбияи ҷисмонӣ ба номи Саидмуъмин Раҳимов, Лола Толибова аз Донишкадаи соҳибкорӣ ва хизмат, Обида Азизмамадова аз Донишгоҳи тиббии Хатлон, Намуна Ғафурова аз Донишгоҳи молия ва иқтисоди Тоҷикистон, Зевар Раҳмонализода аз Донишкадаи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Хатича Бобоева аз Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдулло Рӯдакӣ, Оишабону Абдуллоева аз Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон, Зебуниссо Худоёрова аз Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода ва Зевар Муродова аз Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино фаъолона ширкат варзиданд. Гулдухтарон аз рӯи панҷ шарт - муаррифӣ, парпеч кардани кӯдак, хондани суруди алла, омода намудани хӯриш ва ҷавоб ба саволҳои пешниҳоднамудаи аъзои ҳакамон оид ба оила ва оиладорӣ, ҳунару маҳорати худро ба тамошогарону ҳайати ҳакамон нишон доданд. Даври ҷамъбастии озмуни “Ҷавондухтари ҳунарманди сол2018” 25 декабр дар тарабхонаи “Шоира – Люкс” баргузор гардид. Дар ин давр иштирокчиён ҳунару маҳорати худро возеҳтар намоиш доданд. Аҳтам Абдуллозода, раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон зимни сухани ифтитоҳӣ ғолибонро табрик намуда, барояшон дар оянда муваффақиятҳои бештар таманно намуд. Зимнан, чор нафар донишҷӯён - Раҳмонализода Зевар, донишҷӯи Донишкадаи

идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Олимова Дилором, донишҷӯи Донишгоҳи миллӣ Тоҷикистон, Обида Азизмамадова донишҷӯи Донишгоҳи тиббии Хатлон ва Паймона Қурбонова донишҷӯи Донишгоҳи славянии Русия ва Тоҷикистон “Ҷавондухтари ҳунарманди сол” эълон гардида, барои сазовор шудан ба ин мақом аз тарафи раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш бо сипоснома ва туҳфаҳо мукофотонида шуданд. Ҳамчунин чанде аз донишҷӯён аз рӯи номинатсияҳои гуногун ғолиби озмун дониста шуданд. Аз ҷумла Марҳабо Ғарибова донишҷӯи Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон ба номи С. Раҳимов ва Акбарзода Лола донишҷӯи Донишгоҳи технологии Тоҷикистон аз рӯи номинатсияи “Ҷавондухтари боғайрат”, Абдуллоева Оиша донишҷӯи Донишкадаи санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон, Абдуллозада Марҷон донишҷӯи донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ва Нурализода Ғунчагул донишҷӯи Донишкадаи фарҳанг ва санъати Тоҷикистон, аз рӯи номинатсияи “Ҷавондухтари бомаърифат”, Убайдуллозода Нодира донишҷӯи Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ, Намуна Ғафурова донишҷӯи Донишгоҳи молия ва иқтисоди Тоҷикистон ва Лола Толибова донишҷӯи донишкадаи соҳибкорӣ ва хизмат аз рӯи номинатсияи “Ҷавондухтари ташаббускор”, Муродова Зевар донишҷӯи Донишгоҳи тиббии Тоҷикистон, Худоёрова Зебунисо донишҷӯи Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон ва Бобоева Хатича донишҷӯи Донишгоҳи давлатии Кӯлоб аз рӯи номинатсияи “Ҷавондухтари лаёқатманд” ғолиб дониста шуда, бо туҳфаҳо сарфароз гардиданд. Инчунин, барои болида гардонидани хотири иштирокчиёни озмун барномаи фарҳангӣ доир гардид. Наҷиба МУРОДБЕКОВА, “ҶТ”

Қуввати дил Гӯё дирӯзакак буд, ки пас аз хатми мактаби миёна, аз деҳаи зебоманзари Чоркӯҳи Исфара озими пойтахт шуда будам. Бо ҳазор умеду орзуҳои бепоён, ҳаросону саргардон дар дил. Аз як сӯ, шаҳри ноомӯхт, дур аз падару модар, аз дигар сӯ, дар шаҳри Душанбе қуввати диле маро ба оромиву дилпурӣ ҳидоят менамуд. Ин муттако, марди фидоии фарҳанг, директори вақти нашриёти “Шарқи озод”, номзади илми таърих, инсони заминию самимӣ, марди сахопешаву дилсӯз Манзурхон Додохонов буд. Фарде озодандеш, зодаву парвардаи диёри дилфиреби Чоркӯҳ. Аз Яздони пок шукргузор будам, ки ба ҷуз волидайн боз дур аз зодгоҳ нафари наздик, ошное дорам. Хуб ба ҳолашон. истеҳсолӣ, малакаи корӣ андӯхтаву аз тору пуди яке аз коргоҳҳои азими полиграфии мамлакат – нашриёти “Шарқи озод” балад шудам. Ва ин ҳама аз ғамхории Манзурхон Додохонов буд… Мартабае, ки дар ҷавониам ноил гаштам, он пешрафт, шараф ва комгориҳоям аз маслиҳат, ёриву дастгириҳои ҳамсафони

акои Манзурхон – бародарони ҳамкорам Умари Шерхон, Қурбон Файзуллозода, Ёқуб Исмоилзода, Сайфулло Фаттоев, Раҷабмад Муродзода, Раҷаби Мавлавӣ, Киро Саидмамад ва дигар собиқадорони соҳаи матбуот ва полиграфияи Тоҷикистон аст. Умуман, аз хати маши зиндагӣ, ҳаёти орому осуда дар

Тоҷикистони соҳибистиқлол розӣ ва қаноатмандам ва аз ошноӣ бо мураббии хеш Манзурхон Додохонов ва ҳамкорону бародарони ҳампеша сипосгузорам. Аз дӯстӣ ва ҳамкорӣ бо эшон меболам… Инак аз он рӯзҳои ёдмон ва ошноӣ бо аҳли кормандони нашриёти “Шарқи озод” 15 сол сипарӣ мешавад. Ҳоли ҳозир дар ин даргоҳи

бароям муқаддас вазифаи басо пурмасъулиятро бар дӯш дорам… Дар интиҳо ба қуввати дил ва муттакои ғамхор Манзурхон Додохонов саломатӣ ва саодати хонаводагӣ таманно менамоем. Воҳидҷон РАҲИМОВ, сармуҳосиби КТН “Шарқи озод”


16

“ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН”, №52 (9582), 27.12.2018

ФАРОҒАТИ ҶАВОНОН

Сеҳри хома АМАЛИ МЕҲРОБ АЗИМОВ, “ҶТ”

√ ОБУНА-2019

Бо “Ҷавонони Тоҷикистон” ҳамеша ҷавон мемонед! Обуна ба рӯзномаи “Ҷавонони Тоҷикистон” барои соли 2019 оғоз шуд. Нархи обуна аз тариқи идораи рӯзнома барои як сол 115 сомонӣ муқаррар шудааст. Ин арзиш бо назардошти бурда расондан ба нақша гирифта шудааст. Шумо обуна шавед, мо сари вақт рӯзномаро мерасонем. Инчунин, Шумо ба воситаи шуъбаҳои алоқаи шаҳру ноҳияҳо метавонед ба ягона рӯзномаи ҷавонон обуна шавед. Суратҳисоби бонкии рӯзнома: с/ҳ №20202972500232101000, ҳ/х 20402972316264, РМА 030000301, РМБ 350101626 Бонки давлатии амонатгузории Тоҷикистон “Амонатбонк”. Индекси обуна 68857.

√ ЭЪЛОН Билети донишҷӯӣ ва дафтарчаи имтиҳонсупорӣ, ки онро филиали дар шаҳри Душанбе будаи Донишкадаи пӯлод ва металлгудозии шаҳри Маскав соли 2014 ба Рустам Раҳимов додааст, бинобар гум шудан эътибор надорад.

ХОЛМАҲМАД МАВЛОН

√ САЙҚАЛИ

АНДЕША

Заифии хотира аз машқ надодани он аст. ******** Меҳнат пеши беморӣ садди душворгузар мегузорад. Меҳнат ғамро мезудояд.

********

Шартномаи хариду фурӯши манзил, ки ба Исаков Маҳмадтолиб Рашидович, сокини кӯчаи Зарафшон-2 М-7, бинои 1, ҳуҷраи 12, ноҳияи Фрунзе (ҳоло Сино)-и пойтахт тааллуқ дошта, дар идораи нотариалии давлатии ноҳияи Фрунзе (ҳоло Сино)-и пойтахт соли 1998, таҳти рақами 8Д – 2305 ба қайд гирифта шудааст, бинобар гум шудан эътибор надорад.

******** Ҷисми ҷавон бо меҳнат обутоб меёбад. ******** Аз замини меҳнатхӯрда дида чизи зеботаре нест. ******** Амал кун, агар метавонӣ. ******** Ҳеҷ як ихтироот яку якбора комил намешавад.

Шиноснома бо силсилаи А ва рақами 8299644, ки онро ШВКД-и ноҳияи Ҳамадонӣ соли 2014 ба Бахтиёр Сафарализода додааст, бинобар гум шудан эътибор надорад.

******** Дар фароғат низ андозаро нигоҳ доред. ******** Ҷоҳилӣ шаби беситораи ақл аст.

Аттестат бо рақами 0033653 дар бораи маълумоти асосӣ, ки онро ММТУ № 2-и ноҳияи Рашт соли 2003 ба Ҷумъагул Назирова додааст, бинобар гум шудан эътибор надорад.

******** Ақли инсонӣ аз хонишу андеша тарбият меёбад. ******** Таърихро надонистан умре кӯдак мондан аст. ******** Фалсафа – модари ҳамаи илмҳо.

Номаи камол бо рақами 0034619, ки онро ММТУ № 38-и ноҳияи Синои пойтахт соли 2005 ба Сарахон Саидаҳмадов додааст, бинобар гум шудан эътибор надорад.

******** Геродот - падари таърих. ******** Таърих – шоҳиди айёми гузашта, равшангари воқеият, хотираи зинда, устоди ҳаёт, ахборрасони аҳди бостон мебошад. ******** Илм аз омӯзиш ва мушоҳидаи табиат ба миён омадааст. ******** Ихтирооти аҷдодонамонро донистан ҳатмист. ******** Хирад доштан кам аст, истифода бурдани он муҳим аст. Сисерон Рӯзнома таҳти рақами 0120/рз аз 22 сентябри соли 2014 дар Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон сабти ном шудааст. Нишонӣ: 734018, шаҳри Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ-16, ошёнаи 1

И.В.САРМУҲАРРИР Шодихони НАЗАР

Шиносномаи техникии ҳавлӣ, ки ба Исаков Маҳмадтолиб Рашидович, сокини кӯчаи Зарафшон-2 М-7, бинои 1, ҳуҷраи 12, ноҳияи Фрунзе (ҳоло Сино)-и пойтахт тааллуқ дошта, дар идораи байниноҳияии бақайдгирии техникии шаҳри Душанбе соли 1997, таҳти рақами 51377 ба қайд гирифта шудааст, бинобар гум шудан эътибор надорад.

Шиносномаи техникии ҳавлӣ мутаалиқ ба Ҷамилова Таҳмина Сайфитдинова, сокини кӯчаи Аэропорт бинои 4, ҳуҷраи 1 “а”, ноҳияи Шоҳмансури пойтахт, ки соли 2015 гирифта шудааст, бинобар гум шудан эътибор надорад.

Дипломи гумшудаи Асомиддинов Оймаҳмад, ки аз атарафи Литсеи касбии техникии шаҳри Душанбе №52 соли 2015 таҳти рақами 0067109 дода шудааст, эътибор надорад. Шаҳодатномаи докторант PhD Аҳмадӣ Ғуломсахӣ №0028/18, ки соли 2018 аз тарафи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дода шудааст, бинобар сабаби гӯм шуданаш эътибор надорад. Шиносномаи техникии фермаи чорвои калони шохдор воқеъ дар деҳаи Бедак, ҷамоати деҳоти Навдии ноҳияи Рашт, ки ба соҳибмулк Музаффар Давлатов тааллуқ дошта, дар КВД “Бақайдгирии молу мулки ғайриманқул” дар ноҳияи Рашт соли 2003 таҳти рақами 765 ба қайд гирифта шудааст, бинобар гум шудан эътибор надорад. Сертификати истифодаи замини хоҷагии деҳқонии “Фатоҳ”, воқеъ дар ҷамоати деҳоти ба номи Мирзо Турсунзодаи шаҳри Ҳисор, ки дар кумитаи замини шаҳри Ҳисор соли 2015, таҳти рақами 6026 ба қайд гирифта шудааст, бинобар гум шудан эътибор надорад. Сертификати истифодаи замин бо силсилаи А ва рақами 0187402, ки ба шаҳрванд Муродалӣ Сафаров тааллуқ дошта, дар кумитаи замини шаҳри Ҳисор соли 2008, таҳти рақами 1750 ба қайд гирифта шудааст, бинобар гум шудан эътибор надорад.

√ СӮГВОРӢ Аҳли эҷоди рӯзномаи “Ҷавонони Тоҷикистон” аз вафоти ҳамкасб, рӯзноманигори варзида

ХОЛМАҲМАД МАВЛОН

Шартномаи хариду фурӯши манзил, ки ба Азам Ҳамрақулов, сокини кӯчаи Томин 26 (ҳоло Само 26) ноҳияи Роҳи оҳан (ҳоло Шоҳмансур)-и пойтахт тааллуқ дошта, дар идораи нотариалии давлатии рақами 2-юми шаҳри Душанбе соли 1973, таҳти рақами Д – 223 ба қайд гирифта шудааст, бинобар гум шудан эътибор надорад.

ҲАЙАТИ МУШОВАРА:

Абдуҷаббор РАҲМОНЗОДА (Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа), Нуриддин САИД (вазири маориф ва илми Тоҷикистон), Аҳтам АБДУЛЛОЗОДА (раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон).

ҲАЙАТИ ЭҶОДӢ:

Дипломи гумшудаи Раҳимов Ҷонибек Додарҷонович, ки аз тарафи Литсеи касбии техникии шаҳри Душанбе №52 соли 2015 таҳти рақами 0067113 дода шудааст, эътибор надорад.

Маҳмудҷон УСМОНОВ (муҳаррир), Толибшоҳи ДАВЛАТ (котиби масъул), Манзумаи ФИРӮЗ (муҳаррири шуъбаи иқтисод ва иҷтимоъ), Хуршед МАВЛОНОВ (муҳаррири шуъбаи иттилоот ва сиёсат), Беҳрӯз ХОЛМУРОДОВ (муҳаррири шуъбаи ҳаёти ҷавонон), Шаҳло ЭШОНОВА, Нуруллоҳи ОРИФ, Хуршед ХОВАРӢ, Шаҳбози АСОМИДДИН, Наҷиба МУРОДБЕКОВА, Муниса ДОДОВА, (хабарнигорон), Шеравган ХУРСАНҚУЛОВ (саҳифабанд), Меҳроб АЗИМОВ (рассом), Машҳур ИМОМНАЗАРОВ (хабарнигор, ВМКБ), Шодмон НУРМАТОВ (хабарнигор, вилояти Суғд) Фирӯз АБДУРАҲМОНОВ (хабарнигор, вилояти Хатлон).

сахт андуҳгин буда, ба наздикону пайвандони марҳум аз даргоҳи илоҳӣ сабри ҷамил хоҳонанд. •

Ба хотири чандандешӣ матолибе низ ба табъ мерасанд, ки хилофи назари ҳайати эҷодист. Дурустии арқому далелҳо бар дӯши муаллифон аст.

Ҳангоми таҳияи хабарҳо аз матолиби интернет низ истифода шудааст.

Индекси обуна: 68857

Тел: 908 85-85-93, 238-54-14, 238-51-09, 238-53-03

Ҳафтанома дар КТН «Шарқи озод» (хиёбони Саъдии Шерозӣ-16) бо теъдоди 3938 нусха ба нашр расид.

Ҳисоби бонкӣ: с/ҳ №20202972500232101000, ҳ/х 20402972316264, РМА030000301, РМБ350101626. БДА Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк»


Turn static files into dynamic content formats.

Create a flipbook
Issuu converts static files into: digital portfolios, online yearbooks, online catalogs, digital photo albums and more. Sign up and create your flipbook.