Ҷавонони Тоҷикистон, №01 (9427), 2016

Page 1

Имзои 5 санади ҳамкорӣ бо Арабистони Саудӣ

Нарасидани як сония барои роҳхати олимпӣ

«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН» №1 (9427), 7 январи соли 2016

1

 МАВЗӮИ РӮЗ

Наврасӣ - давраи душвори тарбия

 ҲАФТ РӮЗ 31.12.2015 Президенти ҷумҳурӣ Эмомалӣ Раҳмон мардуми кишварро бо Соли нави мелодӣ табрик гуфта, аз ҷумла қайд кард, дар соли нави мелодӣ чандин чорабиниҳои пураҳамияти сиёсиву фарҳангӣ, аз ҷумла 25-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор мегарданд, ки ҳар кадоми онҳо дар таърихи давлатдории халқамон саҳифаҳои навро боз хоҳанд намуд. 01.01.2016 Тибқи иттилои Дафтари сабти аҳолии ИМА аҳолии ҷаҳон ба 7 миллиарду 295 миллиону 889 ҳазору 256 нафар расид.

То имрӯз аҳолии Чин 1,367 миллиард нафар, Ҳиндустон 1,252 миллиард, ИМА 322,762 миллион нафарро ташкил медиҳад. 02.01.2016 Дар соҳаи тибби вилояти Суғд рӯйдоди муҳим ба вуқӯъ пайваст. Нахустин маротиба дар беморхонаи клиникии №1-и маркази вилоят ба сокини ноҳияи Ғончӣ Фурқат Мансуров амалиёти ҷарроҳии пайваст намудани гурдаи модараш бомуваффақият гузаронида шуд. 03.01.2015 Муассисаҳои таълимии томактабӣ дар ҷумҳурӣ ба 577

адад расонида шуда, шумораи кӯдакон ба 88 351 нафар расидааст, ки дар муқоиса бо соли гузашта 31 муассиса ва 2574 нафар кӯдак зиёд мебошад. 04.01.2016 Барандаи медалҳои нуқраи чемпионати мамлакат – дастаи “Хуҷанд”-и Хуҷанд омодагиро ба бозии интихобии Ҷоми КФО2016 муқобили тими “Аҳлӣ АлХалил”-и Фаластин оғоз кард. То рӯзи вохӯрӣ – 9 феврал тими “Хуҷанд” 6 бозии санҷишӣ хоҳад гузаронд. 05.01.2016 Ба иттилои Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ соли 2015

ба ҷумҳурӣ 463712 нафар шаҳрванди хориҷӣ ташриф оварданд, ки 413834 нафараш турист мебошанд. Аз ҳисоби 413834 нафар туристи хориҷӣ ба иқтисодиёти мамлакат 206 миллиону 917 000 доллари амрикоӣ маблағ ворид гаштааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 94% зиёд мебошад.

www.javonon.tj

НАШРИЯИ КУМИТАИ ҶАВОНОН, ВАРЗИШ ВА САЙЁҲИИ НАЗДИ ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН/ /№1, (9427), 7 январи соли 2016/e-mail:javonontj@mail.ru/www.javonon.tj/аз 5.04.1930 нашр мешавад

 ВАРЗИШ

е-mail: javonontj@mail.ru

 АХБОРИ ҲАФТА

06.01.2016 Ду ширкати хусусӣ - ҶДММ “Роҳи абрешим” ва ҶСК “Хизматгор” барои фаъолият дар Минтақаи озоди иқтисодии “Ишкошим” сертификат дарёфт карданд ва рӯзҳои наздик ба истеҳсоли маҳсулот шуруъ хоҳанд кард.


www.javonon.tj

е-mail: javonontj@mail.ru

2

АХБОРИ ҲАФТА

«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН» №1 (9427), 7 январи соли 2016

3-5 январ Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон бо сафари расмӣ дар мамлакати Арабистони Саудӣ қарор дошт. Зимни ин сафар миёни ду кишвар 5 санади нави ҳамкорӣ ба имзо расида, Сарвари давлат бо Подшоҳи Арабистони Саудӣ ва роҳбарони як қатор муассисаҳои давлатӣ мулоқот кард. Сарвари давлат ва ҳамроҳонаш, ҳамчунин Каъбаро зиёрат карданд. Ба иттилои хадамоти матбуоти Президенти ҷумҳурӣ, дар мулоқоти сатҳи олӣ миёни Президенти ҷумҳурӣ Эмомалӣ Раҳмон ва Подшоҳи Мамлакати Арабистони Саудӣ Салмон ибни Абдулазиз оли Сауд маҷмӯи васеи масоили вобаста ба муносиботи дӯстӣ ва ҳамкории гуногунҷанбаи ду кишвар баррасӣ шуд. Эмомалӣ Раҳмон таъкид дошт: “Мо кишвари Арабистони Саудиро ба ҳайси шарики муҳими худ дар ҷаҳони арабу минтақаи Ховари Миёна мешиносем ва ба рушду таҳкими муносибатҳои гуногунҷанба бо он таваҷҷуҳи доимӣ дорем”. Зимни музокироти созанда доир ба роҳҳои таҳким ва густариши робитаҳои сиёсӣ, иқтисодию тиҷоратӣ, сармоягузорӣ, фарҳангӣ ва ҳамгироии муштарак дар таъмини амну суботи минтақавӣ гуфтугӯи судманд сурат гирифт. Зикр гардид, ки ҳар ду кишвар роҷеъ ба масъалаҳои калидии глобаливу минтақавии сиёсати байналмилалӣ мавқеи ба ҳам наздик ё монанд ва барои дарёфти роҳҳои ҳаллу фасли мушкилоти мавҷуда ҳамёрии созанда доранд ва аз ташаббусҳову иқдомҳои якдигар дар арсаи байналмилалӣ доимӣ дастгирӣ менамоянд. Таъкид гардид, ки Тоҷикистону Арабистони Саудӣ имкон доранд дар соҳаи амният, аз ҷумла дар муборизаи муштарак бар зидди ҷинояткории муташаккили фаромиллӣ - терроризм, экстремизм ва гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир дар шаклҳои барои ҳар ду тараф мақбул ҳамкории судбахш ба роҳ монанд. Эмомалӣ Раҳмон аз робитаҳои иқтисодӣ ва дастгириҳои молиявии Арабистони Саудӣ аз татбиқи чанд лоиҳаи инфрасохторӣ дар Тоҷикистон, аз ҷумла навсозии роҳи мошингарди КӯлобҚалъаи Хумб ва сохтмони чанд мактабу шифохона бо қадрдонӣ ёдовар шуда, ҳамзамон таъкид дошт, ки ҳамкории иқтисодии мо ҳанӯз ҷавобгӯи зарфияту имкониятҳои имрӯзаи кишварҳои мо нест. Ба андешаи Эмомалӣ Раҳмон, имрӯз вақти он расидааст, ки мо ба бахшҳои бунёдӣ ва воқеии иқтисодиёт таваҷҷуҳи хос зоҳир намоем ва дар ин самтҳо ҳамкории дарозмуддату судманди байни кишварҳоямонро ба роҳ монем. Иштироки ҷониби Арабистони Саудӣ дар маблағгузории лоиҳаҳои энергетикию обии дорои аҳамияти минтақавӣ аз қабили сохтмони нерӯгоҳҳои барқии бузургу миёна, зеристгоҳҳо, хатҳои интиқоли барқи баландшиддати фаромарзӣ, инчунин бунёди корхонаҳои нассоҷӣ ва истихроҷу коркарди маъданҳои табиӣ ва обёрии заминҳо амри матлуб дониста шуд. Пас аз анҷоми мулоқоту музокироти сатҳи олӣ миёни ду кишвар панҷ санади

Ҷонибҳо доир ба масоили гуногуни вобаста ба робитаҳои кишварҳои аъзои Созмони ҳамкории исломӣ табодули назар карда, аз ҷумла аз вазъи ноором ва ҷангу ҷидолҳо дар Сурия, Ироқ, Яман, Фаластин, Афғонистон ва як зумра кишварҳои дигари мусулмонӣ изҳори нигаронӣ намуданд. Ҳарду ҷониб аз қабули "Нақшаи амали Созмони ҳамкории исломӣ оид ба ҳамкорӣ бо Осиёи Марказӣ" изҳори қаноат карда, дар чаҳорчӯби он баргузор шудани нахустин Анҷумани сармоягузорӣ барои кишварҳои ин минтақа дар шаҳри Душанберо қадами муҳим номиданд. Иёд Амин Маданӣ иттилоъ дод, ки ҳамоиши навбатии сарони давлатҳои

Имзои 5 санади ҳамкорӣ бо Арабистони Саудӣ нави ҳамкорӣ ба имзо расид: - Созишнома миёни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Мамлакати Арабистони Саудӣ оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи мубориза бо ҷинояткорӣ; - Ёддошти тафоҳум миёни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Мамлакати Арабистони Саудӣ оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи илм ва технология; - Созишнома миёни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Мамлакати Арабистони Саудӣ оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи ҷавонон ва варзиш;

аст. Ин маблағгузорӣ асосан ба рушди соҳаҳои маориф, тандурустӣ, сохтмони роҳҳо ва беморхонаи модару кӯдак равона шудааст. “Мо ҷонибдори ба сатҳи сифатан нав баровардани робитаҳо бо Тоҷикистонем”, - изҳор дошт Валии Валиаҳд, муовини дуюми раиси Шӯрои вазирон, вазири мудофиаи Мамлакати Арабистони Саудӣ, шоҳзода Муҳаммад ибни Салмон ибни Абдулазиз Оли Сауд дар мулоқот бо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон. Шоҳзода Муҳаммад ибни Салмон ибни Абдула-

аъзои Созмони ҳамкории исломӣ моҳи апрели соли 2016 дар шаҳри Истанбули Туркия баргузор ҳоҳад шуд. Ӯ Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро “шахсияти бузург миёни пешвоёни ислом ва дорандаи фикру андешаҳои амиқ” номида, аз ӯ даъват намуд, ки дар ин ҳамоиш иштирок намояд. Зимни мулоқот бо Президенти Бонки исломии рушд доктор Аҳмад Муҳаммад Алӣ аз ҳамкории бисёрсола ва босамари Тоҷикистону Бонки исломии рушд изҳори қаноат карда шуд. Чунонки ёдоварӣ шуд, аз ҷониби ин бонк ба

- Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ миёни Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати таҳсилоти олии Мамлакати Арабистони Саудӣ; - Созишнома миёни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Мамлакати Арабистони Саудӣ оид ба алоқаи ҳавоӣ. Дар мулоқоти Сарвари давлат бо вазири молияи Арабистони Саудӣ, раиси Шӯрои мудирияти Фонди саудии рушд Иброҳим ибни Абдулазиз Ал-Ассоф иттилоъ дода шуд, Мамлакати Арабистони Саудӣ аз тариқи Бонки исломии рушд барои навсозии қитъаҳои КӯлобШӯрообод ва Шкев-Қалъаи Хумби роҳи мошингарди Кӯлоб-Дарвоз 108 миллион доллари амрикоӣ ҷудо мекунад. Ба фаъолияти Фонди саудии рушд, ки лоиҳаҳои рушди Тоҷикистонро аз тариқи пешниҳоди қарзҳои дарозмуҳлат маблағгузорӣ менамояд, баҳои арзанда дода шуд. Зикр гардид, ки бунёди молиявӣ ва хайриявии Арабистон - Фонди саудии рушд, ки аз соли 2002 дар Тоҷикистон фаъолият дорад, то имрӯз дар ҳаҷми 84 миллион доллари амрикоӣ бо Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон созишномаҳои қарзӣ баста-

зиз Оли Сауд бо ёдоварӣ аз ҳаҷми нокифояи робитаҳои иқтисодию тиҷоратии миёни ду кишвар изҳор дошт, ки ба наздикӣ ба Тоҷикистон гурӯҳи корӣ мефиристад, то ки бевосита роҳҳои густариши робитаҳои иқтисодию сармоягузориро мавриди омӯзиши амиқ қарор диҳанд. Зимни мулоқоти Президенти ҷумҳурӣ Эмомалӣ Раҳмон бо Валиаҳд, муовини якуми раиси Шӯрои Вазирон, вазири корҳои дохилии Мамлакати Арабистони Саудӣ, шоҳзода Муҳаммад ибни Нойиф ибни Абдулазиз Оли Сауд ҷанбаҳои гуногуни ҳамкории ду кишвар баррасӣ шуд. Гуфтугӯи судманд доир ба рушди ҳамкорӣ дар бахшҳои сиёсат, амният, иқтисоду тиҷорат, сармоягузорӣ, энергетика, нақлиёт, кишоварзӣ, сайёҳӣ ва фарҳанг сурат гирифт. Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон, ҳамчунин бо Дабири кулли Созмони ҳамкории исломӣ Иёд Амин Маданӣ мулоқот намуд. “Мо ҳамкорӣ ва робитаҳои ҳасана бо созмон ва кишварҳои аъзои онро яке аз самтҳои муҳими сиёсати хориҷии кишварамон медонем ва ояндаи онро нек арзёбӣ менамоем”, - изҳор дошт дар оғози суҳбат Эмомалӣ Раҳмон.

маблағи наздики 325 миллион доллари амрикоӣ ба Тоҷикистон қарзҳои имтиёзнок ва кӯмаки техникӣ пешниҳод шудааст, ки барои татбиқи лоиҳаҳои муҳим дар бахшҳои гуногуни иқтисодию иҷтимоӣ равона шудаанд. Ҳоло маблағи умумии лоиҳаҳои фаъол, ки бахшҳои энергетика, нақлиёт, обтаъминкунӣ ва тандурустию маорифро фаро мегиранд, зиёда аз 190 миллион доллари амрикоиро ташкил медиҳад. Ба иқдоми Бонки исломии рушд доир ба ҷудо намудани 70 млн. доллари амрикоӣ барои иштирок дар татбиқи лоиҳаи CASA-1000 баҳои баланд дода шуд. Президенти ҷумҳурӣ Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Маккаи мукаррама бо ҳамсар ва чанде аз фарзандону пайвандон қиблаи муъминон — Каъбаро зиёрат кард. Пас аз тавофи хонаи Каъба Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон ва ҳайати ҳамроҳи ӯ дар пушти мақоми пайғамбар Иброҳими Халилуллоҳ, ки дар як паҳлӯи Каъбатуллоҳ аст, 2 ракъат намози нафл хонда, барои пешрафту шукуфоии ояндаи Тоҷикистон - хонаи умеди тоҷикони ҷаҳон ва сарҷамъию осудагии мардуми шарифи тоҷик дуои хайр карданд.


МАВЗӮИ РӮЗ

Наврасӣ айёмест, ки онро давраи душвори тарбия меноманд. Ин давра ҳамчун давраи гузариш ва давраи буҳрони синнусолӣ низ маъмул аст, ки ҳам барои писарон, ҳам барои духтарон 12 то 16-солагиро дар бар мегирад. Давраи наврасӣ табиатан давраи душвору мураккаб ва пурҷушу хурӯш буда, дар организм тағйироти кулии биологӣ ба вуҷуд меоянд, ки дар заминаи онҳо як қатор хусусиятҳои равонӣ шакл мегиранд. Аслан чунин тағйирот боиси душвортарбия гардидани наврасон мегарданд. Ҳамчунин ҳангоми ташкили нодурусти тарзи ҳаёт ва беназорат гузоштани реҷаи рӯз наврас ба осонӣ метавонад ба беҳудагардиву каҷрафторӣ майл намояд, ки оқибат ба душвортарбия шудани ӯ оварда мерасонанд. Наврасони душвортарбия дар ҳама давру замон вуҷуд доранд. Масъалаи бо онҳо чӣ гуна муомила ва муносибат кардану онҳоро чӣ гуна тарбия намудан ҳамеша дар мадди назари волидон, устодон, табибон, оли-

Наврасӣ - давраи душвори тарбия мону мутафаккирон ва умуман аҳли ҷомеа будааст. Киро мо душвортарбия меномем? Нишонаҳои асосии душвортарбия гаштани наврасон ҳанӯз аз кӯдакӣ дар рафтору кирдори онҳо зуҳур ёфтани хислатҳои дағалӣ, бераҳмӣ, гапнодароӣ ва беилтифотиву саркашӣ мебошад. Чунин наврасон кӯшиш мекунанд, ки вазъияти низоангезу носолимро ба миён оранд. Онҳо таъсиррасонии тарбиявиро қабул надоранд. Баъзан ҳатто муқобилат нишон медиҳанду онро пурра рад мекунанд. Аксар мутахассисон сабабҳои асосии душвортарбия гаштани кӯдакону наврасонро сатҳи пасти таълиму тарбия дар мактабу оила медонанд. Яке аз омилҳои дигар таъсири муҳит ва кӯча низ ҳаст. Ин омилҳоро касе инкор намекунад, вале бо вуҷуди ин имрӯз аҳли ҷомеа ва хоса равоншиносонро мебояд, ки сабаби аслӣ ва заминаи асосии душвортарбия гаштани наврасонро ҷустуҷӯ ва роҳҳои коҳиш додани онҳоро пайдо ва мушаххас намоянд. Аслан наврасон табиатан фаъол ва хеле чусту чолок ва ҳамеша дар ҳаракатанд. Бо дарназардошти ин ҷиҳати фаъолияташон ба онҳо бояд шароити мусоид фароҳам овард. Дар акси ҳол онҳо майл ба кӯчагардиву анҷом додани ҳар гуна амалҳои ношоиста мекунанд. Дар давраи наврасӣ фаъолияти таълимӣ яке аз шуғлҳои

асосӣ ва ҳамзамон мураккабу душвор маҳсуб меёбад, ки неруи зиёди зеҳниву равонӣ ва ҷисмониро низ тақозо менамояд. Наврасоне ҳастанд, ки бе маҷбурсозии касе худ ба таҳсил ва ё коре машғул мешаванду тадриҷан ба ин одат мекунанд, вале аксари наврасон бе маҷбуркунии калонсолон ба чунин фаъолият машғул шудан намехоҳанд. Аз ин рӯ, дахолати калонсолон ва назорати пайвастаи онҳо дар ин давра хеле бамаврид аст, то наврас лаҳзае бекор намонад. Шахси бекор, гарчанде аз хислатҳои бад орӣ бошад ҳам, дар миёни аҳли ҷомеа ва низ дар муҳити оила ҳамчун шахси танбалу ноуҳдабаро ва беодобу бемаърифат шинохта мешавад. Бузурге фармудааст: “Одат чу қадим шавад, табиат гардад”. Перфилев – духтури кӯдакона, ки солиёни зиёд бо кӯдакону наврасони душвортарбия сару кор дошт, дар як мақолаи худ навишта буд, ки нахуст волидон ягон хусусияти фарқкунанда ва ғалатии кӯдакро мушоҳида мекунанд, ки худашон мустақилона онро рафъ карда наметавонанду ба духтур низ муроҷиат намекунанд. Сипас кӯдак ба давраи наврасӣ мегузараду он хислатҳои аҷибу фарқкунандааш бештар рушд менамоянд. Тадриҷан ин хислатҳо ба одатҳои доимӣ табдил меёбанд, ки мисли маризиҳои шифонаёбанда дар ниҳоди шахс реша медавонанду давра ба давра хуруҷ мекунанд. Наврасони душвортарбия бо хусусиятҳои хос аз дигар ҳамсолонашон фарқ мекунанд. Чунин наврасон табиатан гуногун мешаванд. Як қисмати онҳоро бо таълиму тарбия тағйир додан мум-

“қаҳрамонона”-и муштзӯрони кӯча тақлид мекунанд. Ҳатто пурқуваттарин устод мисли кӯча ба кӯдак таъсир расонда наметавонад. Умуман шахс дар зиндагӣ аз се мактаб мегузарад: оила, мактаби миёна ва донишгоҳ. Аммо мактабе низ ҳаст, ки аз ҳама ин мактабҳо таъсирноку пурқувваттар мебошад. Ин мактаби кӯча аст, ки он ҷо на касе назорат мекунаду танбеҳ медиҳад, на касе сарзаниш мекунаду эрод мегирад ва на касе ҷазо медиҳад. Дар кӯча озодии мутлақ барои шахс муҳайёст, он ҷо танҳо ақлу заковат ва идроку инсоф метавонад роҳнамои кас бошад ва бешубҳа чунин муҳит барои наврасон бештар хушоянд аст. Аз ин рӯ, моро мебояд, қабл аз ҳама бе маҳдудсозии озодии онҳо, бо роҳи талқину ташвиқи барояшон шавқовару ҷолиби илм ва касбомӯзӣ, инчунин муҳайё сохтани тарзи ҳаёти солим онҳоро аз оворагардиву аз кӯча боздошта, ба мактаби ҳаёт раҳнамун созем. Аз мушоҳидаҳо бармеояд, ки вақте нафаре ҷиноят содир мекунад, қабл аз ҳама барои пайдо кардани ҷинояткор ашхоси гумонбаршударо дастгир мекунанд ва ҳатман дар ҷое кору фаъолият доштан ё надоштани онҳоро мепурсанд, ки бесабаб нест. Бешак, ҳар нафаре, ки ҷои кор ва ё машғулияти доимӣ дорад, наметавонад дар содир кардани ҷинояте даст дошта бошад. Танҳо ашхоси оворагарду бекор дар чунин амалҳо даст дошта метавонанд. “Аз бекор Худо безор”, мегӯяд мардум, ки беҳикмат нест. Агар бекорӣ калонсолонро ба муҳоҷирати меҳнативу заҳмати ғурбат водор созад, наврасонро маҷбур месозад, ки рӯ ба кӯчаву бозор оварда, ба беҳудагардиву ҳар гуна аъмоли ношоиста, аз қабили тамокукашӣ, майнӯшӣ, нашъамандӣ, дуздиву кисабурӣ ва оқибат ба ҷинояту ҷинояткорӣ низ даст зананд. Маҳз бекорӣ омили асосии пайдоишу таҳким ёфтани ҳар гуна аъмоли баду ношоиста мегардад, ки минбаъд даст кашидан аз онҳо амри маҳол мегардад. Дар замони шуравӣ қариб дар тамоми муассисаҳои таълимӣ маҳфилҳои гуногун ва ҳар гуна клубҳо амал мекарданд, ки наврасон ба онҳо ба таври ройгон ҷалб мешуданд. Имрӯз бошад, шумораи чунин маҳфилу клубҳо ангуштшуморанду бар замми ин пулакӣ амал мекунанд ва на ҳар кас имкони ба чунин маҳфилҳо бурдани фарзанди худро дорад. Аммо бо вуҷуди ин, волидонро мебояд, ки бо ҳар васила фарзандони навраси худро ба ягон шуғле ҷалб намоянд. Омӯхтани ҳунарҳои мардумӣ ва машғул шудан ба варзиш аз роҳҳои самарабахши дур шудан аз бекориву оворагардии наврасон буда, онҳоро аз таъсири бади кӯча ва даст задан ба аъмоли бад нигоҳ медорад.

www.javonon.tj

кин аст. Муҳити иҳотанамуда ва муносибати атрофиён барои ташаккулёбии шахсияти наврас хеле мусоидат менамояд. Агар шароити зиндагӣ тавре ба роҳ монда шавад, ки ӯ тавонад тарафҳои мусбати хислати худро зоҳир намояд ва ҳама ӯро шахси машҳуру бузург ҳисобанд, онҳо дар ҳақиқат ҳам ашхоси бузург мешаванд. Дар шароити номусоиди зиндагӣ бошад, онҳо ҳамон ашхоси бебарор боқӣ мемонанд. Масалан, Нютон дар айёми мактабхонӣ як талабаи хеле сустхон ва ноуҳдабаро буд. Бисмарк низ талабаи кундзеҳне буду базӯр аз синф ба синф мегузашт. Дарвин як ҷавони танбалу бекорхуҷае буду Руссо низ дар хониш нуқсонҳои зиёд дошт. Аммо ин ашхос ба шарофати фаъол будану маҳорату малакаи худро сайқал додан ва худталқинкуниву худтакмилдиҳӣ машҳуртарин алломаҳои давру замон гардиданд. Қаҳрамони Тоҷикистон, устод Садриддин Айнӣ ҳанӯз аз овони наврасӣ ятим монда, бо кӯшишу заҳматҳои шабонарӯзӣ ва муттасил тавонист худро аз бекорӣ раҳо созад. Давраи наврасии адиби рус Максим Горкий низ дар муҳити хеле душвор сипарӣ гардидааст. Аммо онҳоро танҳо иродаи қавӣ ва хоҳиши зиёди илмомӯзӣ аз вартаи маъюсиву ноумедӣ ва билохира бекорӣ, ки ба нобудӣ мерасонад, наҷот дода тавонист. Яъне наврасон барои худро тағйир ва такмил додан вақту имконияти зиёд дар ихтиёр доранд. Танҳо онҳоро ҳавасманд кардан кифоя аст, то роҳу равиши худро тағйир диҳанд. Ҷалби наврасон ба илму донишомӯзӣ, варзиш, ба онҳо ба таври ройгон омӯхтани касбу кор ва ҳунарҳои мардумӣ аз усулҳои беҳтарини ҳавасмандгардонӣ маҳсуб меёбад. - Душвортарбия гаштани наврас ба муҳити ӯро иҳотанамуда вобастагии зиёд дорад”, - мегӯяд омӯзгори собиқадор Бегиҷон Гадозода. - Наврасон одатан хеле мушоҳидакору кунҷков мешаванд ва ҳар замон амали ғайримуқаррарие ва ё ба қавле “қаҳрамоние” нишон доданӣ мешаванду мехоҳанд аз ягон ҷиҳат аз дигарон тафовут дошта бошанд. Ноогоҳона ба рафтору кирдори

3 е-mail: javonontj@mail.ru

Шаҳло ЭШОНОВА

«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН» №1 (9427), 7 январи соли 2016


е-mail: javonontj@mail.ru

4

“Проблемаи марбут ба таъминоти оби тозаи нӯшиданӣ сол ба сол барои башарият аҳамияти бештар пайдо мекунад. Зеро он ҷанбаҳои гуногуни ҳуқуқӣ, иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва экологӣ дошта, ба бисёр мамлакату минтақаҳои ҷаҳон дахл дорад”. Ин суханони Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба он хотир аз минбари баланди СММ садо доданд, ки дар ҷаҳон қариб як миллиард одам ба оби тозаи бехатари нӯшиданӣ ва 2,6 миллиард ба хизматрасонии базавии санитарӣ дастрасӣ надоранд. Танҳо дар Ҷумҳурии Чин 500 миллион нафар аз оби тозаи ошомиданӣ маҳруманд. Ҳамасола дар кураи Замин 1,5 миллион кӯдаки то 5-сола аз бемориҳои ба истеъмоли оби ғализ ва набудани шароити бехатари санитарӣ алоқаманд мемиранд. Инчунин, Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронии худ дар ҳамоиши ҳафтуми ҷаҳонӣ оид ба масъалаҳои об (шаҳри Дэгуи Ҷумҳурии Корея, моҳи апрели соли 2015) ва Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба натиҷагирӣ аз Даҳсолаи байналмилалии амалиёти “Об барои ҳаёт” (Душанбе, 9-11 июни соли 2015) бори дигар таваҷҷуҳи аҳли башарро ба масоили ҳалталаби глобалӣ вобаста ба оби тозаи нӯшиданӣ ҷалб намуда, пешниҳод дошт, ки даҳсолаи дуюми байналмилалӣ таҳти шиори “Об ба хотири рушди устувор” эълон карда шавад. Тавре медонем қабули Даҳсолаи байналмилалии амалиёт “Об барои ҳаёт”, ки ибтикори бевоситаи Президенти мамлакат аст, ба итмом расид. Бо дарназардошти мушкилоти мавҷуда эълони даҳсолаи дуюм ногузир аст.

www.javonon.tj

МИНБАРИ АНДЕША

«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН» №1 (9427), 7 январи соли 2016

МУШКИЛИ ТАЪМИНОТИ ОБИ ТОЗАИ НӮШИДАНӢ Кишвари мо дорои захираҳои бойи об бошад ҳам, норасоии оби нӯшиданӣ ва дар ин замина ба талабот мувофиқ набудани санитария, бахусус дар деҳоти ҷумҳурӣ аз масъалаҳои мубрам маҳсуб меёбанд. Тибқи маълумот беш аз 40 дарсади аҳолӣ ба оби тозаи нӯшиданӣ дастрасӣ надорад. Ҷӯю дарёҳо бо партовҳои саноатию маишӣ олуда мешаванд. Бо фарорасии фасли тобистон дар аксар биноҳо (хонаҳои истиқоматӣ) мушкилоти таъминот бо оби нӯшиданӣ ба миён меояд, ки ҳуқуқи шаҳрвандонро ба зиндагии сазовор халалдор месозад. Аҳолии деҳот дар аксар маврид аз оби ҷӯю ҳавз ва чашмаҳо истифода мебаранд, ки ба меъёрҳои санитарӣ ҷавобгӯ набуда, боиси афзоиши бемориҳои сироятӣ мегар-

дад. Системаи обтаъминкунии марказонидашуда на дар ҳама маҳаллаҳои аҳолинишин амал мекунад. Ба ин хотир, таъмини аҳолӣ бо оби тозаи нӯшиданӣ ва санитарияи ба талабот мувофиқ дар сархати ҳадафҳои афзалиятноки Ҳукумати ҷумҳурӣ қарор дорад. Бо ин мақсад дар мамлакат тамоми заминаҳои ҳуқуқӣ фароҳам оварда, тибқи Барномаи миллии «Беҳтар кардани таъминоти аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо оби тозаи нӯшиданӣ дар солҳои 2008-2020», ки ба муҳайёсозии

– Ангулӣ, Балх ва Баракати ноҳияи Рудакӣ барои 2000 нафар аҳолӣ аз масофаи 1,5 то 5 километр об оварда шуд. ҲУҚУҚИ ИСТИФОДАБАРИИ ОБ Ҳуқуқ ба об барои таъмини дастрасӣ ба оби бехатар ва санитария равона шудааст. Шаҳрвандон ба оби бехатар ва хизматрасонии санитарӣ дар ин самт ҳуқуқ доранд. Оби бехатар яке аз омилҳои ҳуқуқ ба сатҳи кофии зиндагӣ мебошад. Истеъмоли оби тоза барои

янд. Аз ҷумла, Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон бо ташкилоти ҷамъиятии “Истеъмолкунандагони Тоҷикистон” Ёддошти тафоҳум ба имзо расонда, оид ба ҳифзи ҳуқуқи истеъмолкунандагон чорабиниҳои муштарак мегузаронад, инчунин тибқи нақша ва аризаи шаҳрвандон оид ба риояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон санҷишҳо мегузаронад. Мувофиқи мақсад аст, ки барои оқилона истифода намудани захираҳои об, тоза нигоҳ доштани он ва беҳдошти

оби тозаи нӯшиданӣ ва иштироки аҳолӣ дар муносибатҳои обистифодабарӣ, ҳамчунин ҳифз ва истифодаи самараноки об зарурати такмили баъзе қонунгузориҳои соҳа пеш омаадааст. Ворид намудани меъёри мушаххаси хусусӣ - ҳуқуқиро дар сатҳи Кодекси оби Ҷумҳурии Тоҷикистон зарур мешуморем. Зеро меъёрҳои санади мазкури соҳавӣ куллан хислати оммавӣҳуқуқиро дар бар мегиранд. Яъне, ворид намудани меъёр дар намуди танзими шартно-

Мушкилоти дастрасӣ ба об

Эълони даҳсолаи дуюми вобаста ба об ногузир аст шароити мусоиди дастрасии аҳолӣ ба оби тозаи нӯшиданӣ ва ҷорӣ намудани низоми устувори обтаъминкунӣ нигаронида шудааст, ҳамасола бо ҷалби сармояи дохилию хориҷӣ тадбирҳои зиёде андешидаву корҳои бисёре анҷом дода мешаванд. Мувофиқи шумораи аҳолие, ки то соли 2010 ба оби тозаи нӯшиданӣ дастрасӣ надошт, бояд то соли 2015 ду маротиба коҳиш меёфт. Алҳол мувофиқи маълумоти Хадамоти давлатии назорати санитарӣ ва эпидемиологӣ танҳо 58,1 дарсади шаҳрвандони кишвар бо оби тоза таъминанд. Яке аз созмонҳои маъруф ва бонуфузи Британияи Кабир «Оксфам» дар ҳамкорӣ бо Ҳукумати мамлакат даҳ сол боз лоиҳаҳои вобаста ба таъмини аҳолӣ бо оби тозаи нӯшиданӣ ва беҳсозии санитарияро амалӣ мегардонад. Лоиҳаи «Таъмини оби нӯшокӣ ва санитария дар Тоҷикистон» аз тарафи Ҳукумати Швейтсария тавассути Раёсати Швейтсария оид ба рушд ва ҳамкорӣ (SDC) маблағгузорӣ ва аз ҷониби ташкилоти байналмилалии «Оксфам» дар ҳамкорӣ бо Вазорати энергетика ва захираҳои оби ҷумҳурӣ ва Барномаи рушди СММ татбиқ мегардад. Дар чаҳорчӯби лоиҳаи мазкур миёни намояндагии «Оксфам» ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ноҳияҳои пилотии Рудакӣ ва Мӯъминобод созишномаҳо ба имзо расиданд ва давоми солҳои 2009-2013 ба 3 деҳа

ҳар нафар тибқи резалютсияи Ассамблеяи генералии СММ «Ҳуқуқи инсон ба об ва санитария» аз ҷумлаи ҳуқуқҳои бартариятдоштаи инсонии ӯ ба ҳаёт аст. Кумитаи СММ оид ба ҳуқуқҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ таъмин намудан бо оби нӯшидании безарар ва шароити санитариро яке аз омилҳои ҳуқуқ ба саломатӣ эътироф кардааст. Ҳуқуқ ба об тариқи расмӣ соли 1999 аз ҷониби Маҷмааи кулли СММ ҳамчун ҳуқуқи асосӣ эътироф шуд. Тибқи тавсияи №15 Кумитаи ҳуқуқҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии СММ оид ба амалисозии ҳуқуқи инсон ба об тавсияҳои зерин пешниҳод шудаанд: ҳуқуқҳо ба оби барои эҳтиёҷоти шахсӣ ва маишӣ кофӣ; сифати об; дастрасӣ ба об; иттилооти дақиқ. Дар самти таъмини аҳолии ҷумҳурӣ бо оби тозаи нӯшиданӣ як қатор санадҳо, аз ҷумла Кодекси оби Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи оби нӯшокӣ ва таъмини об» ва зиёда аз 10 қарори Ҳукумати ҷумҳурӣ ҷиҳати батанзимдарорӣ, истифодабарӣ ва дигар масъалаҳо қабул гардидаанд. Мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон ҷиҳати масъалаи об бо мақомоти давлатӣ ва ташкилотҳои ҷамъиятӣ ҳамкорӣ намуда, ҳалли масъалаи бамиёномадаро баррасӣ менамо-

дастрасии аҳолӣ ба оби бехатар мақомоти маҳаллӣ дар якҷоягӣ бо ташкилотҳои хоҷагии комуналӣ чораҷӯӣ намоянд. Ташкили чорабиниҳо оид ба тоза намудани соҳили дарёю ҷӯйҳо иншооти обиро аз ифлосшавӣ нигоҳ медорад.

ТАКМИЛИ ҚОНУНГУЗОРӢ Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми худ ба Маҷлиси Олии кишвар иброз дошт, ки барои ҳаллӣ масъалаи бо оби нӯшиданӣ таъмин кардани аҳолии шаҳру ноҳияҳои Душанбе, Хуҷанд, Чкалов, Бобоҷон Ғафуров, Исфара, Конибодом, Қайроққум, Хоруғ, Истиқлол, Ҳисор, Рӯдакӣ, Турсунзода, Шаҳринав, Ҷалолиддини Румӣ, Восеъ, Кӯлоб, Фархор, Панҷакент, Зафаробод, Истаравшан, Шаҳристон, Панҷ ва Ҳамадонӣ дар солҳои 2010-2018 беш аз як миллиард сомонӣ пешбинӣ гардида, то имрӯз хеле корҳо иҷро шуданд ва корҳои барқарорсозии шабакаҳои обрасонӣ дар шаҳру ноҳияҳои зикршуда тибқи нақша амалӣ мешаванд. Ҳамчунин таъмини аҳолии дигар минтақаҳои ҷумҳурӣ бо оби тозаи нӯшиданӣ зарур шуморида шуд. Дар вобастагӣ бо Паёми Президенти ҷумҳурӣ ба Маҷлиси Олӣ мебояд қайд намуд, ки бо мақсади таъмини муътадили аҳолӣ бо

мавии обистифодабарӣ ва ё шартномаи обистифодабарӣ дар боби алоҳидаи кодекси мазкур ба андешаи мо саривақтӣ мебошад. Дар шароити кунунӣ ҷорӣ шудани низоми васлкунии обҳисобкунак дар манзилҳои истиқоматии ҳар сокини аҳолӣ аз нишонаи сабти чунин меъёри алоҳида дар сатҳи кодекси мазкур мебошад. Чунин пешниҳод рӯякӣ набуда, дар сатҳи бисёр қонунгузориҳои давлатҳои дигар низ муқаррар гардидааст ва дар сатҳи илмӣ тарафдорон низ дорад. Ҳамзамон дар Кодекси оби Федератсияи Русия, Қонуни Ҷумҳурии Бошқирдистон «Дар бораи танзими муносибатҳои обӣ дар Ҷумҳурии Бошқирдистон», Кодекси оби Ҷумҳурии Белорус, Кодекси оби Украина, Кодекси оби Ҷумҳурии Озарбойҷон ва монанди ин меъёрҳои мушаххаси танзими шартномавии муносибатҳои обистифодабарӣ ҷой доранд. Мавриди зикр аст, ки кӯшишҳои ҳарҷонибаи Ҳукумати ҷумҳурӣ бо мақсади ҳифз ва истифодаи самараноки ин сарвати табиат, яъне об равона гардидааст. Далелҳои ҷойдошта гувоҳи онанд, ки тадбирҳои иловагии мушаххас дар самти ҳифз ва нигоҳдории ин сарвати бебаҳо андешида шаванд. Муҳаммад САЛОҲИДДИНОВ, корманди Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар ҶТ


ҶАВОНОН ВА ҶОМЕА

Мувофиқи фармудаи тиб тифл бояд то дусолагӣ шири модарашро макад. Вале риояи ин дастур дар замони мо камтар ба назар мерасад, ки боиси носолиму касалманд гаштани кӯдакон шудааст. Модарони зиёдеро вохӯрдан мумкин аст, ки бо шири сунъӣ тифли худро бузург мекунанд, вале аз оянда ва саломатии фарзандашон андеша намекунанд. Яке аз ин модарон истиқоматкунандаи шаҳри Душанбе Мунисаи 19-сола мебошад, ки танҳо ба хотири “вайрон” нашудани шакли зоҳириаш (фигура) фарзандашро бо шири сунъӣ сер мекунад. Ин модари ҷавонро вазъи иқтисодии оилавиаш чандон хуб нест, аммо андешаҳои беасосаш боис шудаанд, то ӯ тифлакро аз шири пистон маҳрум созад. “Баъди таваллуди духтарам ҳамагӣ се ҳафта шири пистонаш додам, – қисса мекунад Муниса. - Аз семоҳагӣ аллакай шири сунъии «Nan» мехӯрад. Вақте духтарчаам ба семоҳагӣ қадам гузошт, ба ӯ шири сунъии «Малютка-1» ва то панҷмоҳагӣ «Малютка-2»-ро медодам. Аз ҳаштмоҳагӣ то яксолаву семоҳагӣ шири сунъии «Beby»ро истифода мекардам”. Номбурда ақида дорад, ки агар ба фарзандаш шири пистон диҳад, “фигура”-аш безеб мешавад. Ӯ мегӯяд: “Пеш аз оиладор шудан ҳамеша дар маҷаллаҳо ва шабакаҳои интернетӣ мехондам, ки агар модар ба тифли худ шири пистон диҳад, шакли зоҳирии баданаш тағйир меёбад, яъне фарбеҳ мешавад. Баъди таваллуд ман низ кӯшиш кардам, ки ба тифли худ шири сина надиҳам ва ӯро бо шири сунъӣ сер мекардам”.

Ба кӯдакон сина маконед

5

Маҳрум кардани тифлон аз шири сина гуноҳ аст Муниса аз надодани шири пистон ба фарзандаш изҳори пушаймонӣ карда мегӯяд, ки духтараш зуд-зуд ба бемориҳои шикамрав, зуком гирифтор шуда, масунияти баданаш суст мебошад. Сабаби асосии ба беморӣ дучор шуданашро духтур дар надодани шири модар медонад. «Духтарам зирак буда, дар 11-моҳагӣ роҳ гаштанро омӯхт ва дар синни як солаву думоҳа буданаш озод гап мезад. Вале зуд-зуд бемор мешуд, ки ба саломатиаш бетаъсир намемонд», - афзуд вай. Дар ҳамин ҳол Наргис Лачкарова, духтури амрози занон, дар мавриди тағйир ёфтани шакли зоҳирии занон ҳангоми синамаконӣ мегӯяд: «Аз додани шири пистон ба тифл зан фарбеҳ намешавад ва шакли зоҳирии вай низ тағйир намеёбад. Фарбеҳшавӣ аз миқдори ҳормонҳо вобастааст. Ба сина додан ва надодан тағйир ёфтани намуди зоҳирӣ тамоман вобастагӣ надорад». Лачкарова илова кард, ки баракс, агар зан сари вақт ба тифлаш шир намаконад, ба бемории мастит гирифтор мешавад. Дар ҳолате ки ғадуд маҳкам мешавад, шир дар даруни пистон вайрон мешаваду илтиҳоб мегирад ва метавонад ба бемории мастапатия гирифтор созад. Агар бемориҳои мазкурро сари вақт табобат накунанд, ба саратон бурда мерасонад. Ба ҳамин хотир, ба занон тавсия дода мешавад, ки дуру дароз тифли худро шир маконанд, то ба беморӣ дучор нашаванд. Номбурда ҳамчунин мегӯяд, ки миқдори занҳои ширмакон аз солҳои гузашта хеле зиёд шудаанд ва ин аст, ки вақтҳои охир бемории мастит коҳиш ёфтааст. Шири модар метавонад тифлро аз пайдошавии бемориҳои ҳассос, монанди диққи нафас ва шукуфа муҳофизат кунад. Кӯдакони аз шири модар парваришёфта аз ҷиҳати ақл беҳтар ташаккул меёбанд. Шири модар хавфи

ташаккулёбии шакли нодурусти дандонҳо, босираи суст, касалиҳои саратони кӯдакон ва фишори баланди хунро кам мекунад. Кӯдаконе, ки аз пистони модар шир хӯрдаанд, назар ба онҳое, ки бо шири сунъӣ парвариш ёфтаанд, ба ҳисоби миёна 41 фоиз дар зиндагӣ бобарортар будаанд. Сокина Алишерова, омӯзгори мактаби миёна, ба кӯдак надодани шири модарро «муд» номида, мегӯяд, ки «барои вайрон нашудани шакли зоҳириашон занҳо ба тифлони худ шири сина намедиҳанд, ки гапи пуч асту халос. Ин барои ҷавондухтарони ҳозиразамон муд шудааст. Ин амалҳо дар гузашта набуданд. Ҳамеша кӯшиш мекардем, ки кӯдаконамон то 2-2,5-солагӣ аз шири модар истифода баранд. Барои ҳамин фарзандони мо, ки то солҳои 1983-1986 таваллуд шудаанд, солим мебошанд. Имрӯз бошад, ҷавонон ҳамеша бемор буда, зуд асабонӣ мешаванд, ки таъсири истеъмол накардани шири модар аст». Гулбаҳор Ашӯрова, мудири Бахши модаршавӣ ва танзим мегӯяд, ки агар кӯдак ғизои сунъӣ гирад, пас хатари гирифтори дарунравӣ нисбат ба кӯдаконе, ки аз шири модар ғизо мегиранд, 15 маротиба зиёд аст. Махсус агар кӯдакон бо пистонак ва шишача ғизои сунъӣ гиранд, хатари беморшавӣ зиёд мешавад, чунки тоза нигоҳ доштани пистонак ва шишача хеле мушкил аст. Аз ин рӯ, кӯдаке, ки ғизои сунъӣ истеъмол мекунад, тезтез ба бемориҳои дарунрав, камхунӣ гирифтор мешавад. Тибқи иттилои Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, яке аз масъалаҳои ҳалталаби соҳаи тандурустӣ дар ҷумҳурӣ вазъи сиҳатии кӯдакон, фавт дар байни онҳо то синни 1-2-солагӣ, бахусус аз бемориҳои дарунрав ва бемориҳои сироятии шадиди роҳҳои нафас мебошад. Тадқиқот собит сохтааст, ки бемориҳои дар боло зикршу-

да бештар аз ҳама дар байни навзодоне вомехӯранд, ки ба таври сунъӣ ё омехта ғизо истеъмол мекунанд. Сабаби он дар рӯзҳои аввал ва дар давоми 6 моҳи аввали ҳаёти худ бо воситаҳои иловагии ғизохӯрӣ ва нӯшидан (пистонак ва дигар омилҳои сироятёфта) алоқа доштани навзод ва ҳамчунин аз пистони модар маҳрум будани тифлон мебошад. Дини мубини ислом ба кӯдак арзиши волоеро қоил аст ва таъкид мешавад, ки модарон то зиёда аз 2-солагӣ ба тифл шир диҳанд. Барои дуруст ба роҳ мондани ғизо ва тандуруст будани ӯ ба кӯдак ҳуқуқ дода шудааст, ки то 2 сол аз шири модар истеъмол кунад. Дар сурате, ки агар модар бемор бошад ё ягон мушкили дигар дошта бошад, ба волидони кӯдак тавсия дода мешавад, ки барои ӯ доя интихоб намоянд. Дар ҳолати интихоби доя музди шири дояро бипардозанд. Агар зан барои эҳтиёт намудани шакли зоҳирии худ тифлро бо шири модар таъмин накунад, ҳам ҳуқуқи шаръии

е-mail: javonontj@mail.ru

Манзумаи ФИРӮЗ

«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН» №1 (9427), 7 январи соли 2016

кӯдак поймол мешавад ва ҳам ҳуқуқи инсониаш. Агар тифл аз истеъмоли шири доя бемор шавад, дар қиёмат модари кӯдак ҷавобгар аст. Бархе мутахассисон бар онанд, ки ҳангоми истеъмол накардани ғизои фоиданок ҳангоми ҳомиладории занон ва баъди таваллуд, тифл метавонад аз шири модар маҳрум гардад. Гарчанде бештари занон барои вазни зиёдатӣ нагирифтан аз истеъмоли хӯрок худдорӣ мекунанд, вале як қисми дигари онҳо аз нодорӣ дучор ба ин мушкил мегарданд. Барои он ки кӯдакон ба бемориҳои сироятӣ аз хурдсолӣ гирифтор нашаванд, бояд шири модарро бемаҳдуд истеъмол намоянд. Шири модар беҳтарин ғизо барои кӯдакон мебошад, ки аз паҳншавии касалиҳои сирояткунанда, махсусан аз бемориҳои меъдаю рӯда ва бемориҳои роҳҳои нафас кӯдакро ҳифз менамояд. Ҳар модар бояд бидонад, ки шири пистони ӯ барои солимии фарзандаш нақши муҳимеро мебозад.

 НИШАСТИ МАТБУОТӢ

Соли 2016 барои Тоҷикистон ва Украина соли муҳим хоҳад буд корҳои таҳқиқотӣ ва таълимиро ба роҳ монда, дар тарбияи мутахассисони ояндаи тоҷик саҳм мегузоранд, - гуфт сафир. – Ҳамчунин аз ҳисоби буҷаи Украина дар макотиби олии кишвари мо наздики чорсад нафар донишҷӯёни тоҷик ба таҳсил фаро гирифта шудаанд. Ҳамчунин сафир зикр намуд, ки соли 2016 барои Тоҷикистон ва Украина соли муҳим хоҳад буд. Зеро дар ин сол ҳар ду кишвар 25-солагии соҳибистиқлолии худро ҷашн хоҳанд гирифт. Т. ДАВЛАТ, «ҶТ»

www.javonon.tj

Чанде пеш дар Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти ҷумҳурӣ бо ширкати сафири Украина дар Тоҷикистон Виктор Никитюк доир ба натиҷаҳои фаъолияти сафорат муддати соли сипаришуда, рушди Украина дар ин муддат ва нақшаҳо дар соли оянда нишастӣ матбуотӣ доир гардид. Виктор Никитюк изҳор намуд, ки соли соли ҷорӣ Радаи олии Украина протокол- ногуни Тоҷикистону Украина дар шаклҳои 2015 муносибатҳои дуҷониба байни ро «Дар бораи аз истеъмол хориҷ наму- нав бештар мегарданд. Ба андешаи саТоҷикистону Украина боз ҳам марҳилаҳои дани як қатор молҳо аз шакли тиҷорати фир, ҳамкориҳо махсусан дар соҳаи навро дар бар гирифт. озод» байни Девони вазирони Украина дорусозӣ торафт вусъати тоза меёбад. - Муддати даҳ моҳи соли ҷорӣ ҳаҷми ва Ҳукумати Тоҷикистон ба тасвиб ра- Ҳамчунин воридшавии маҳсулоти соҳаи гардиши мол байни ду кишвар 32 мил- сонд. Ба андешаи иқтисоддонҳо ин имкон кишоварзии Украина ба Тоҷикистон афлион долларро ташкил дод, - гуфт В. Ни- медиҳад ҳаҷми ҳамкориҳои тиҷоратӣ зоиш ёфтааст. китюк. – Аз ин миқдор 4 миллион доллар байни ду кишвар боз ҳам афзоиш ёбад. - Бо таклифи ҳамкасбони тоҷик як ба моле рост меояд, ки аз Тоҷикистон ба Сафир изҳор дошт, ки ҳамкориҳои гурӯҳ олимон ва мутахассисони украинӣ Украина содир шудааст. Моҳи ноябри судманд байни муассисаю корхонаҳои гу- дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон


е-mail: javonontj@mail.ru

6

Рӯзномаи машҳури Фаронса “Le Monde” мақолаи мутафаккири шинохта Фатҳуллоҳ Гюленро ба нашр расонд, ки дар он муаллиф мавқеи худро дар мавзӯи мубориза бар зидди терроризм баён доштааст. Идораи нашрия Гюленро ҳамчун пешвои Ҳаракати ҷамъиятии «Хизмат» муааррифӣ намуда, таъкид доштааст, ки саҳми он дар таҳкими арзишҳои демократӣ ва гуфтугӯи тамаддунҳо хеле назаррас аст. Рӯзнома навиштааст, ки қаблан мавқеи Гюлен бо президенти феълии Туркия Тайиб Эрдуғон наздик буд, аммо пас аз қазияи фасоди саросарӣ дар байни онҳо ихтилоф сар зад. МЕЪЁРИ ИМОНИ ҲАҚИҚӢ ДАҚИҚКОР БУДАН ДАР ХУСУСИ ҲИФЗИ ҲАЁТИ ИНСОНҲО МЕБОШАД

www.javonon.tj

НАБЗИ ҶАҲОН

«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН» №1 (9427), 7 январи соли 2016

Таассуроте, ки банда дар қиболи ваҳшонияти ДИИШ ва гурӯҳҳои террористии ҳамсонаш дорам, бо калимаҳо ифода кардан бисёр мушкил аст. Амалкарди барқасдонаи ин гурӯҳҳо, ки ҳангоми роҳандозии амалиёти террористиашон ба онҳо ҷомаи динӣ мепӯшонанд, дар баробари якуним миллиард мусулмон дили бандаро ҳам озурдаву хуншор кардааст. Ҳамчун мусулмон вазифаи ҳамаи мо аз он иборат аст, ки аз як сӯ барои раҳоии инсонҳо аз даҳшати терроризм бо ҳам паҳлӯ ба паҳлӯ кор кунем ва аз сӯйи дигар дини поки худро аз ин доғи сиёҳ ҳифз намоем. Мумкин аст, ки дар зоҳир ҳама бо як қатор рамзу шиорҳо мансубият ба дини худро иддао мекарда бошанд. Аммо самимӣ будан дар ин иддао ба он вобаста аст, ки мо дар амал худро чӣ гуна муаррифӣ мекунем. Меъёри мусулмон будан на бо рамз ва шаклу қиёфа, балки бо дақиқкорӣ дар ҳифзи ҷони инсонҳо ва гиромӣ доштани ҳаёти инсонӣ ифода меёбад. Ҳамчун мусулмон мо бояд идеологияи тоталитариеро, ки аз ҷониби террористон паҳн карда мешавад, бечуну чаро рад намуда, дар муқобили он шакли ҳамзистии мусолиматомез ва сулҳҷӯёнаро ташвиқ намоем. Инсон будани мо аз ҳама гуна мансубиятҳои этникӣ, миллӣ ва динӣ пештар меистад ва ҳифзи ҳаёти инсонӣ на танҳо дар ислом,

Аҳкоми радикалии динӣ ба ҳошия ронда шаванд балки дар ҳама динҳои ҷаҳонӣ меъёри асосӣ мебошад. Бояд таъкид намуд, ки дар натиҷаи ваҳшонияти гурӯҳҳои ифротӣ пеш аз ҳама шахсияти маънавии инсон зарар мебинад. Аҳолии осоиштае, ки дар амалиёти террористии Порис ба ҳалокат расиданд, шииҳои лубноние, ки як рӯз пеш аз ин ҳодиса дар Бейрут ҷон бохтанд ва сунниҳое, ки дар Ироқ аз дасти ҳамин террористон ба қатл расиданд, пеш аз ҳама инсон буданд. То даме ки мо ранҷу ғами ҳар дардмандеро, новобаста ба мансубияти диниву этникияш, ҳамчун ранҷу ғами худ эҳсос накунем ва бо чунин фаҳмишу иродае ҷиҳати рафъи ин сӯзу ранҷҳо талош накунем, тамаддуни башарӣ наметавонад пешрафт кунад.

БА ҶОЙИ РӮ ОВАРДАН БА НАЗАРИЯИ ТАВТЕА БОЯД НАФСИ ХУДРО ПУРСУҶӮ КУНЕМ

Мо бояд ҳамчун мусулмон аз назарияи тавтеа, ки баръакси чораҷӯӣ мушкилотамонро дучанд мекунад, рӯ гардонида, ба пурсуҷӯи нафси худ рӯ оварем ва аз худ бипурсем: кадом омилҳо сабаб мешаванд, ки зеҳнияти тоталитарии гурӯҳҳои террористӣ аз миёни ҷамъияти мо ба худ ҷонибдор пайдо мекунад. Магар тамоюли мо ба зулм, тазйиқу зуроварӣ, бепарвоӣ нисбат ба ҷавонон ва норасоиҳо дар низоми таълим заминаи чунин вазъиятро ба миён наовардаанд? Магар ин ноуҳдабароии мо дар мавзӯи таъмини ҳуқуқу озодиҳои аслии инсон, волоияти қонун ва гуногунандешӣ нест, ки боиси ба ноумедӣ афтодани дигарон мешавад ва касони дар холигоҳ қарордоштаро ба ҷустуҷӯи низомҳои алтернативӣ водор менамояд?

БА ТЕРРОР ЛАЪНАТ ХОНДАН КИФОЯТ НАМЕКУНАД

Фоҷиае, ки дар Порис ба вуқӯъ пайваст, бори дигар хотирнишон месозад, ки ин қабил таҳоҷуму бедодгариҳо бояд аз ҷониби ҳам олимони мусулмон ва ҳам аз забони мардуми омма беқайду шарт маҳкум гарданд. Аммо дар айни ҳол маҳкум намудан ва лаънат хондан ба ин гуна амалиёт басанда нест. Дар ҷомеаҳои мусулмонӣ муқобили ҷалб гардидани ҷавонон ба сафи гурӯҳҳои ифротӣ дар ҳамбастагӣ амал намудани мақомоти давлатӣ, пешвоё-

Фатҳуллоҳ ГЮЛЕН ни динӣ, ниҳодҳои ҷамъиятӣ ва ҷомеаи шарҳвандӣ ва роҳандозии муборизаҳои оқилона амри зарурист. Бояд лоиҳаҳои фарогире ба роҳ монда шаванд, ки омилҳои аз ҷониби гурӯҳҳои ифротӣ ҷалб гардидани ҷавононро пурра дар бар бигиранд ва заминаҳои фароҳам омадани ин равандро пешгирӣ кунанд. Моро зарур меояд, ки дар ҳамкорӣ бо ҷомеаи шаҳрвандӣ инфрасохторе бунёд намоем, ки ҷавонони дар холигоҳ қарордоштаро саривақт муайян кунад, онҳоро аз пайгирии ҳар гуна моҷарову дасисаҳо нигаҳ дорад, ба оилаҳо машварат диҳад ва дигар намудҳои дастгириро ба роҳ монад. Мо бояд бо мақомоти давлатҳое, ки шаҳрвандашон ҳастем, ҳамкории мусбату фаъолонае ба роҳ монем, то ки ҳамчун мусулмон дар атрофи як миз нақшаҳои мубориза бар зидди терроризмро баррасӣ намуда, дар ин робита андешаҳои худро баён дорем. Мо бояд ба ҷавонон роҳҳои демократии ифодаи фикрашонро омӯзем. Аз барномаи таълимии синфҳои поёнӣ сар карда, роҳандозӣ намудани омӯзиши арзишҳои демократӣ ба ҳамаи толибилмон ҷиҳати таъмини зеҳну рӯҳияи солими насли оянда ниҳоят муҳим аст. Таърих шоҳид аст, ки дар пайи ин қабил фоҷеаҳо аксуламалҳои ифроткорона ба вуҷуд меоянд. Вокунишҳо бар зидди мусулмонон ва бар зидди дин, муносибати дағалонаи мақомоти давлатӣ бо касоне, ки бар асоси арзишҳои динӣ зиндагӣ мекунанд ва дигар омилҳои ҳамсон на манфиатовар, балки бештар зиёноваранд. Шаҳрвандони мусулмони Аврупо мехоҳанд, дар фазои сулҳу осоиштагӣ зиндагӣ кунанд. Бо вуҷуди шарту шароити номусоид мусулмонон бояд бо мақомоти расмии

давлатҳои худ ҳамкорӣ намуда, дар роҳандозии сиёсатҳои мусолиматомез, ки ҳамгироии ҷамъиятии мусулмононро фароҳам меорад, саҳм гузоранд. Ба ин васила мо ҳамчун мусулмон бояд фаҳмиши исломӣ ва таҷрибаи диниамонро дар заминаи тафсири замона ва шароити асри худ бозбинӣ намуда, нафси худро мавриди пурсуҷӯ қарор диҳем. Ин маънои дур шудан аз исломи анъанавиро надорад, балки баръакс шароите ба вуҷуд меорад, ки мо аз хатову каҷравиҳои эҳтимолӣ эмин монем ва аз инҳироф рӯ гардонида, монанди гузаштагони шарафманди худ бар асоси Қуръону суннат зиндагӣ кунем.

ШАРҲУ ТАФСИРҲОИ РАДИКАЛИИ ДИНӢ БОЯД БА ҲОШИЯ РОНДА ШАВАНД

Мо бояд сарчашмаҳои динии худро, ки дар алоҳидагӣ аз сиёқу сибоқ бо мақсадҳои ғайр тафсир шудаанд, ба ҳошия биронем. Олимони ислом, элитаи фикрӣ ва зиёиён бояд тарзи фаҳмиши фарогири сарчашмаҳои диниро ташвиқ кунанд. Аҳкоме, ки дар асрҳои пешин дар шароити бархурдҳои сиёсӣ ва динӣ содир шудаанд, бояд мавриди бозбинӣ қарор бигиранд. Эътиқоди асил доштан маънои пойбанди догматизм буданро надорад. Барқарор кардани озодии фикрӣ, ки замоне дар ҷомеаҳои мусулмонӣ даврони эҳёро фароҳам оварда буд, ба шарти нигоҳ доштани моҳияти аслии дин лозим ва имконпазир аст. Мубориза бар зидди терроризм ва радикализм, ки мавҷудияташон дар асоси тазйиқу шиддат идома дорад, танҳо дар чунин муҳите амалӣ шуда метавонад.

ИН БАРХУРДИ МАДАНИЯТҲО НЕ, БАРХУРДИ ИНСОНИЯТУ ВАҲШОНИЯТ АСТ

Пас аз ҳодисаҳое, ки вақтҳои охир рух доданд, кӯшиши баъзе қишрҳо ҷиҳати аз нав ба миён гузоштани тезиси бархурди тамаддунҳо боиси таассуф аст. Барои мо маълум нест, ки муаллифони ҳамин назария тезиси худро бо мақсади пешгирии чунин раванде ба миён гузоштанд ё мехостанд роҳе нишон диҳанд. Аммо равшан аст, ки имрӯз чунин тарзи баён ба осёби гурӯҳҳои ифротӣ об мерезад. Банда мехоҳам, ба таври ошкор баён кунам, ки вазъияте, ки дар рӯ ба рӯяш қарор дорем, бархурди тамаддунҳо не, балки бархурди тамаддуни инсонӣ бо ҷаҳолату барбаризм аст.

МУСУЛМОНОН БОЯД ДАР МУБОРИЗА БАР ЗИДДИ ТЕРРОР САҲМ ГУЗОРАНД

Бо вуҷуди шартҳои душворе, ки нисбат ба шаҳрвандони мусулмон роҳандозӣ мегарданд, онҳо бояд дар мубориза бар зидди терроризм саҳм гузоранд. Агар мо бихоҳем, ки ҳуқуқу озодиҳои мусулмононро ҳимоя намуда, дар таъмини зиндагии осоиштаи тамоми инсонҳо новобаста ба эътиқоди диниву мазҳабиашон ҳиссагузор бошем, мо бояд дар мубориза бар зидди терроризм дар ҳамаи ҷанбаҳои ҳаётӣ: сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва динӣ ширкат намоем. Мо метавонем бо роҳи шаҳрванди намунавӣ будан, рад кардани аҳкоми радикалии динӣ ва дар ҳошия қарор додани онҳо, эмин нигоҳ доштани ҷавонон аз таъсири чунин афкор ва мусоидат ба омӯзиши саривақтии арзишҳои демократӣ ба онҳо бар зидди терроризм ва идеологияи тоталитарии он мубориза барем.


РОҲИ БЕХАТАР

Имрӯз ба шарофати пеш рафтани илму техника аз як ҷо ба ҷое рафтан хеле осон шудааст. Масофаеро, ки як аср пеш мардум дар 6-7 моҳ тай мекарданд (масалан, зиёрати хонаи Каъба), ҳоло дар 4-5 соат тавассути ҳавопаймо тай мекунанд. Маъмултарин намуди нақлиёт автомобил аст. Автомобил дар баробари мушкилосонкунанда буданаш манбаи хатар ба ҷони инсон низ ҳаст, яъне, дар сурати аз ҷиҳати техникӣ омада набудани мошин, ба қоидаи ҳаракат дар роҳ риоя накардани ронандаву пиёдагардон эҳтимоли рӯй додани садама мавҷуд аст, ки метавонад боиси ҳалокати одамон шавад.

Оҳиставу ҳамеша рав!

7

Аксаран ронандагони ҷавон сураъатро меафзоянд, ки боиси садама мешавад сида, 1384 нафар ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардоштаанд. Миёни фавтидагон кӯдакон низ зиёданд. Чунончӣ, танҳо дар 22 рӯзи моҳи ноябри соли 2015 дар 104 садамаи нақлиёт 30 нафар фавтида, 107 нафар ҷароҳат бардоштаанд. Аз миёни фавтидагон 9 нафараш кӯдакон мебошанд. Таҳқиқҳо нишон медиҳанд, ки аксари кӯдакони то 7-сола бинобар бепарвоии волидайну калонсолон дар кӯчаву роҳҳои мошингард беназорат гаштугузор менамоянд. Чунин вазъият метавонад ҳар лаҳза онҳоро гирифтори садамаи нақлиёт гардонад. Чунончӣ, тибқи маълумоти Раёсати БДА-и ВКД-и ҷумҳурӣ моҳи ноябри соли 2015 ронандаи автомашинаи тамғаи “ТойотаКемрӣ”, сокини 35-солаи ноҳияи Ҳисор ҳангоми ҳаракат аз самти ноҳияи Ҳисор ба тарафи шаҳри Душанбе, дар ҳудуди деҳаи Айнии ҷамоати деҳоти Навободи ноҳияи Рӯдакӣ бехатарии ҳаракати роҳро таъмин накарда, пиёдагарди хурдсол, писарбачаи 5-соларо пахш намуд. Дар натиҷа кӯдак ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона ба ҳалокат расид. Ронандаи автомашинаи тамғаи “ГАЗ-2705”, сокини 32-солаи шаҳри Хуҷанд ҳангоми ҳаракат дар роҳи мошингарди маҳаллаи Пахтакор, дар рӯ ба рӯи маҳаллаи Г. Раҳимови шаҳри Хуҷанд бехатарии ҳаракатро риоя накарда, дух-

тарчаи дусолаи сокини шаҳри Хуҷандро пахш намуд. Дар натиҷа духтарчаи хурдсол ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона фавтид. Албатта, таҳаммули марги ҳар узви хонавода барои наздикон вазнин аст ва доғи он муддатҳо дар дили кас мемонад. Аз ин рӯ, барои пешгирии чунин ҳодисаҳои нохуш бояд ҳам ронандагон ва ҳам волидайни кӯдакону калонсолон чораҳои бехатариро риоя кунанд. Бо ин мақсад РБДА ВКД ду сол боз озмуни ҷумҳуриявии расми беҳтарини кӯдакона дар мавзӯи “Шаҳри бехатар аз нигоҳи кӯдак”-ро доир менамояд. Баҳри пурсамар гаштани чорабинии мазкур ба ин лоиҳа Вазорати маориф ва илми ҷумҳурӣ, ҳафтаномаи “Вечёрка” ва ҶДММ “Насли ҷавони Тоҷикистон” низ ҷалб шуданд. Тавре сардори Раёсати БДА, генерал-майори милитсия Маҳмадсаид Саидзода моҳи декабри соли 2015 дар маросими ҷамъбасти озмун иброз дошт, ҳадаф аз баргузории чорабинӣ пешгирии ҳодисаҳои роҳу нақлиёт ва ҷалби ҳарчи бештари кӯдакону наврасон ба риояи қоидаҳои ҳаракати роҳ мебошад. Баҳри пешгирии ҳодисаҳои нохуш бо

қарори Ҳукумати мамлакат, “Барномаи беҳдошти таъмини бехатарии ҳаракат дар роҳҳои автомобилгарди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2014-2016” қабул шудааст. Амалишавии барномаи мазкур дар пешгирии ҳодисаҳои нохуш нақши муҳим мебозад. Мувофиқи таҳлилҳои вазъи садаманокӣ яке аз қоидавайронкуниҳое, ки бевосита ба вазъи садаманокӣ ва вазнинии оқибатҳои он таъсири манфӣ мерасонад, суръатафзоӣ мебошад. Аз ҳисоби умумии ҳодисаҳои роҳу нақлиёт бармеояд, ки зиёда аз 50 дарсади ҳодисаҳо бо сабаби суръатафзоӣ ба амал омадаанд. Чунончи, ронандаи автомашинаи тамғаи “ВолсвагенГолф” сокини 32-солаи ноҳияи Шаҳринав ҳангоми ҳаракат аз самти шаҳри Турсунзода ба тарафи шаҳри Душанбе, дар ҳудуди ноҳияи Ҳисор аз уҳдаи идораи автомашина набаромада, мошинро ба канори рости роҳ чаппа кардааст. Дар натиҷа автомашина оташ гирифта, ронанда ва мусофири он марди 35-солаи сокини ноҳияи Шаҳринав ҷароҳатҳои

ҷавони 20-сола, сокини ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, ҳангоми ҳаракат дар кӯчаи Камоли Хуҷандии шаҳри Хуҷанд, дар рӯ ба рӯи серроҳаи кӯчаи Фирдавсӣ аз уҳдаи идораи автомашина набаромада, ба девори бетонӣ бархурд. Дар натиҷаи ҷароҳатҳои вазнин ронанда дар беморхона ба ҳалокат расида, мусофиронаш зани 25-солаи сокини ноҳияи Б. Ғафуров ва зани 21-солаи сокини шаҳри Хуҷанд ҷароҳатҳои ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ шуданд. Ронандаи автомашинаи тамғаи “ВАЗ-21014”, марди 25-солаи сокини шаҳри Душанбе, ҳангоми ҳаракат аз самти кӯчаи Ҷаббор Расулов ба тарафи кӯчаи Шамсӣ, дар ҳудуди кӯчаи Бобоҷон Ғафурови пойтахт аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, мошинро чаппа кард. Дар натиҷа мусофири автомашинаи мазкур сокини 25-солаи пойтахт ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона ба ҳалокат расид. Ин гуна мисолҳо зиёданд. Бо мақсади таъмини бехатарии ҳаракат дар роҳ ва пеш-

в а з н и н и ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона ба ҳалокат расиданд. Аксари ронандаҳое, ки суръати воситаи нақлиётро бемаврид баланд мекунанд, то 35-сола мебошанд. Масалан, ронандаи автомашинаи тамғаи “Мерседес-Бенс”,

гирии садамаҳои роҳу нақлиёт, вобаста ба вазъи садаманокии баамаломада Раёсати БДА ВКД ҷумҳурӣ аз 22 то 30-юми декабри соли 2015 дар мамлакат амалиёти “Суръат”-ро доир намуд. Ҳадаф аз баргузории ин чорабинӣ бори дигар даъват намудани ронандагон ба риояи қоидаҳои бехатарӣ ва пешгирии суръатафзоӣ мебошад. Беҳуда нагуфтаанд, ки “оҳиста рав, ҳамеша рав”.

е-mail: javonontj@mail.ru

Сайфиддин СУННАТӢ

«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН» №1 (9427), 7 январи соли 2016

Мувофиқи маълумоти ВКД-и ҷумҳурӣ аз январ то 22 ноябри соли 2015 дар қаламрави мамлакат 1303 ҳодисаи роҳу нақлиёт қайд шудааст, ки бар асари онҳо 401 нафар ба ҳалокат ра-

www.javonon.tj


www.javonon.tj

е-mail: javonontj@mail.ru

8

НАТИҶАИ ФАЪОЛИЯТ

«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН» №1 (9427), 7 январи соли 2016

Муҳтарам Рустами Эмомалӣ, инак, соли 4-уми фаъолияти Федератсияи футболи Тоҷикистон зери роҳбарии Шумо ба анҷом расид. Назари худро оид ба бурду бохти федератсия дар ин давра ба мухлисони футболи кишвар баён мекардед... Ташаккур. Ҷавобгӯи меъёрҳои замонавӣ гардонидани сохтори федератсия яке аз мавзуъҳои асосие буд, ки мавриди баррасӣ қарор гирифт. Дар ин давра ба рушди футболи кӯдакону наврасон таваҷҷуҳи зиёд дода шуд. Ба хотири муҳайё кардани шароити мусоид барои тамрини онҳо иншооти зиёди варзишии замонавӣ сохта шуданд. Аз ҷониби Федератсияи футболи мамлакат дар ин давра, дар шаҳру ноҳияҳои кишвар 4 майдони калон ва 10 майдончаи футболбозии сабзаашон сунъӣ мавриди истифода қарор гирифт. Нахустин Академияи футболи кӯдакону наврасон таъсис ёфт. Бо роҳи ташкилу баргузор гардонидани мусобиқаҳо байни дастаҳои футболи кӯдакону наврасон шумораи футболбозони наврас афзун шуд. Тибқи барномаҳои гуногун дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ беш аз 40 Фестивали футбол ташкил шуда, дар онҳо ба кӯдакон 18000 тӯб тақдим шуд. Агар 3-4 сол қабл дар Тоҷикистон ҳамагӣ 2-3 ҳазор нафар кӯдакону наврасон ба машқи футбол фаро гирифта шуда бошанд, айни замон ин шумора бештар аз 30000 нафарро ташкил медиҳад. Беҳтарин истеъдодҳо ба ҳайати тимҳои мунтахаби наврасону ҷавонони кишвар шомил гардида, зери роҳбарии мураббиёни касбӣ машқ мекунанд. Фаъолият дар ин самт идома дорад. - Баръало дида мешавад, ки солҳои охир таваҷҷуҳи FIFA ва AFC ба Тоҷикистон бештар шудааст... - FIFA ва AFC ҳамчун ташкилотҳои байналмилалии идоракунандаи футбол нисбат ба рушди ин соҳа дар тамоми ҷаҳон таваҷҷуҳ доранд, ки дар ин миён Тоҷикистон ҳам истисно нест. Хушбахтона, нақшаву барномаҳое, ки аз ҷониби Федератсияи футболи мамлакат ҷиҳати беҳдошти соҳаи футбол ба ин ташкилотҳо пешниҳод мегарданд, ҳамаҷониба дастгирӣ меёбанд. ФФТ инчунин барои бо вазъи футболи ватанӣ шинос намудани FIFA ва AFC кӯшиш мекунад. Хурсандибахш аст, ки соли гузашта ФФТ бори нахуст дар таърихи фаъолияти худ ба гирифтани унвони ифтихории Конфедератсияи футболи Осиё дар рушду инкишофи футболи кӯдакону наврасон муваффақ шуд. Ҳамчунин, дар бораи фаъолияти муштараки Федератсия бо FIFA ва AFC барномаи мушаххасе мураттаб шуда, тавассути сомонаи расмии ин ташкилотҳо ба намоиш гузошта шуд.

сиатсияву федератсияҳои футболи кишварҳои олам дар самтҳои гуногун ҳамкорӣ дорад. Дар давоми солҳои охир аз ҷониби ФФТ бо Федератсияҳои футболи давлатҳои футболашон пешрафтаи Осиё - Эрон, Ҷопон, Кореяи Ҷанубӣ ва Кувайт ҳуҷҷати муҳими ҳамкорӣ - Ёддошти ҳусни тафоҳум баста шуд. Тибқи ин ҳуҷҷати муҳим оид ба рушду инкишофи футболи кӯдакону наврасон, маълумоти мураббигарӣ, баргузории ҷамъомадҳои омӯзишӣ-машқии дастаҳои мунтахаб, ташкили бозиҳои дӯстона, такмили дараҷаи тахассусии доварону нозирон ва дар дигар самтҳо ҳамкории судманди дуҷониба дорем. - Мураббиён дар футбол нақши муҳим дошта, тарбияи истеъдодҳои ҷавон ба донишу малакаи касбии онҳо сахт бастагӣ дорад. Мегуфтед, ки дар ин самт фаъолияти Федератсияи футболи мамлакат чӣ гуна ба роҳ монда шудааст?

Рустами Эмомалӣ:

“Мухлиси мунтахаби - Дар 2 соли охир чандин клубҳои хориҷӣ, ба монанди “Шалке-04”-и Олмон ва “Газовик”-и Русия ба Тоҷикистон даъват шуда, бо клубҳои маҳаллӣ сабқат карданд. Бозӣ миёни собиқадорони дастаҳои маъруфи “Помир”-и Душанбе ва “Спартак”-и Москва бошад, то дер боз дар хотири мухлисони футболи ватанӣ боқӣ мемонад. Дар саргаҳи ин идея кӣ қарор дошт? - Тибқи фаъолияти оинномавиашон клубҳои футболи мамлакат соҳибихтиёранд ва

ҳуқуқ доранд, ки бо клубҳои футболи хориҷӣ робитаву ҳамкорӣ дошта бошанд. Федератсияи футболи Тоҷикистон ҳама вақт онҳоро дастгирӣ намуда, барои гузаронидани бозиҳои санҷишиву дӯстона бо клубҳои футболи хориҷӣ мусоидат мекунад. Ба Тоҷикистон ташриф овардани дастаҳои футболи “Шалке”-и Олмон ва “Газовик”-и Русия, дар натиҷаи ҳамкории бевоситаи ФФТ бо клуби футболи “Истиқлол” сурат гирифт. Бозӣ миёни собиқадорони дастаҳои маъ-

руфи “Помир”-и Душанбе ва “Спартак”-и Москваро бошад, Федератсияи футболи мамлакат ташкил намуд. Воқеан ҳам ин бозиҳо хеле хубу хотирмон доир гардида, ба рушду инкишофи футболи ватанӣ вусъат бахшиданд. - Дар алоқамандӣ ба ин суол, мехостем назари худро оид ба ҳамкориҳои ФФТ бо федератсияҳои футболи дигар давлатҳо баён мекардед. - Федератсияи футболи Тоҷикистон тибқи вазифаҳои оинномавӣ ба тамоми ассот-

- Барои ҳамчун футболбози ҳақиқӣ ва боистеъдод тарбия шудани бозигарон пеш аз ҳама зарур аст, ки онҳоро мураббиёни касбӣ таълиму тамрин диҳанд. Дар ин замина, баланд бардоштани дараҷаи касбияти мураббиёни футбол, яке аз самтҳои асосии фаъолияти ФФТ қарор дода шуд. Бо роҳи татбиқи барномаҳо оид ба маълумоти мураббигарии шӯъбаи техникии федератсия дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ курсҳои омӯзишии дохиливу байналмилалӣ ташкил шуданд.


НАТИҶАИ ФАЪОЛИЯТ чунин марҳилаи интихобии чемпионати футзали Осиё, бо иштироки 4 дастаи мунтахаби миллии футзали давлатҳои Осиёи Марказӣ доир шуд. 2 мусобиқаи аввалӣ, мутаносибан, дар Академияи футболи “Истиқлол”, дар шаҳраки Алмосии ноҳияи Ҳисор ва Варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе, мусобиқаи футзал бошад дар маҷмааи варзишии “Қасри варзиш”-и шаҳри Хуҷанд баргузор шуданд. Дар ҷамъ, дар соли 2015 дар мамлакат 36 бозии байналмилалӣ доир шуд, ки тибқи омори расмии федератсия ин вохӯриҳоро бештар аз 178000 мухлис дар варзишгоҳҳо тамошо карданд. Вобаста ба футбол бошад, бештар аз 1000 нафар шаҳрванди хориҷӣ ба ватани мо ташриф оварданд. Инҳо - варзишгарон, нозирону доварон, мухлисон ва ҳайати расмии намояндагони FIFA ва AFC мебошанд. Дар баробари иштирок дар мусобиқаҳо,

кил карда шуда, маҳорати касбии онҳо сайқал дода шуд. - Соли 2015 барои футболи тоҷик умедворкунанда омад: Чемпиони мамлакат “Истиқлол”-и Душанбе ба финали Ҷоми AFC баромад. Дастаҳои мунтахаби ҷавонон ва футзали Тоҷикистон ба марҳилаи ниҳоии чемпионати Осиё роҳхат гирифтанд. Омилҳои асосии ин ғалабаҳоро дар чӣ мебинед? - Дар заҳматҳои пайвастаи роҳбарият, мураббиён, футболбозон ва ҳайати хизматрасони дастаҳо. Дар ин ғалабаҳо саҳми мухлисон низ хеле калон аст. Дастгирии онҳо ба бозигарон нерӯву тавони тоза бахшид. Футбол барои мухлисон аст ва бе ҳузури онҳо маънои аслии худро гум мекунад. Ба ҳамаи он мухлисоне, ки дар бозиҳои хонагии дастаҳои мунтахаб ва бошгоҳҳои футболи тоҷик ба варзишгоҳ омада, моро дастгирӣ карданд, миннатдорӣ баён мекунам. Воқеан ҳам, соли ҷамъбастӣ барои мухлисони футболи кишвар фаромӯшнашавандаву хотирмон аст. Дар ин сол, дар Тоҷикистон мусобиқаҳои зиёди байналмилалӣ баргузор шуданд, ки нисбат ба солҳои пешин бесобиқаанд. Сабаби маҳз дар Тоҷикистон доир шудани мусобиқаҳоро ба хонандагон, ки миёнашон мухлисони футбол хеле зиёданд, шарҳ медодед. - Имсол дар Тоҷикистон Фестивали футболи кӯдакон барои дастаҳои мунтахаби наврасони то 14-сола, марҳилаҳои интихобии чемпионати Осиё байни дастаҳои мунтахаби ҷавонон ва ин-

ин шаҳрвандони хориҷӣ ба фарҳангу маданияти халқи тоҷик аз наздик шинос шуда, таассуроти нек бардоштанд. Қобили қайд аст, ки ташкилу баргузории ин мусобиқаҳо аз ҷониби намояндагони расмии FIFA ва AFC баланд баҳогузорӣ шуда, чандин маротиба ба унвони Федератсияи футболи кишвар, аз ҷониби ин ташкилотҳо номаҳои сипосу миннатдорӣ ирсол шуд. Конфедератсияи футболи Осиё қарор кард, ки соли оянда дар Тоҷикистон марҳилаи интихобии чемпионати Осиё байни дастаҳои мунтахаби фут-

9 е-mail: javonontj@mail.ru

Ба роҳбарии ин машғулиятҳо мутахассисони баландпоя аз FIFA ва AFC даъват шуданд. Имрӯз дар Тоҷикистон 48 мураббӣ иҷозатномаи дараҷаи “А”, 75 нафар иҷозатномаи дараҷаи “В” ва 204 нафар иҷозатномаи дараҷаи “С”-и Конфедератсияи футболи Осиёро дошта, мутаносибан, дар дастаҳои футболи лигаҳои оливу якум ва дастаҳои футболи кӯдакону наврасон фаъолият мекунанд. Иҷрокунандаи вазифаи сармураббии тими мунтахаби миллӣ ва сармурабии “Истиқлол”-и Душанбе Мубин Эргашев бошад, имсол соҳиби иҷозатномаи дараҷаи “PRO”-и Иттиҳоди футболи Аврупо шуд, ки дар таърихи футболи кишвар аввалин нафар аст. Қобили қайд аст, ки дар ин давраи фаъолият барои баланд бардоштани савияи дониш ва дараҷаи касбии доварону нозирон ва дигар мутахассисони соҳа низ, дар дохилу хориҷи мамлакат курсу семинарҳои зиёде таш-

«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН» №1 (9427), 7 январи соли 2016

миллӣ ҳастам!” болбоздухтарони то 14-сола ва Фестивали футбол барои тимҳои мунтахаби наврасони кишварҳои Осиёи Марказиро доир кунад. Сабаби асосии дар Тоҷикистон баргузор шудани ин мусобиқаҳо пеш аз ҳама сулҳу осоиштагӣ ва тинҷиву осудагӣ дар кишвар, инчунин мавҷуд будани шароити мувофиқ барои гузаронидани онҳо ва ҳамкории пайвастаи ФФТ бо FIFA ва AFC аст. - Соли оянда дар баробари тими миллӣ ва дастаҳои мунтахаби ҷавонону футзал, бошгоҳҳои футболи “Истиқлол” ва “Хуҷанд” низ футбо-

ли тоҷикро дар сабқатҳои байналмилалӣ намояндагӣ мекунанд. Таманниёти шумо ба ин дастаҳо... - Баромади хуб ва натиҷаҳои баланд. Бахусус, ба дастаи “Хуҷанд”, ки бори аввал дар чунин сабқати бонуфуз иштирок мекунад, барору комёбиро таманно мекунам. Боварӣ дорам, ки роҳбарияти вилояти Суғд барои баромади бомуваффақияти “Хуҷанд” дар Ҷоми AFC тамоми имкониятҳоро фароҳам месозад. - Дар кишварҳои зиёди пешрафта тими мунтахаби миллиро ҳамчун шиносномаи

Шамсулло Соҳибов - президенти Федератсияи АМНЗВ 2 январи соли равон дар Конфронси ҳисоботию интихобии Ассотсиатсияи миллии намудҳои зимистонаи варзиш Шамсулло Соҳибов, намояндаи тиҷоратии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Британияи Кабир ва Ирландияи Шимолӣ ба ҳайси Президенти Ассотсиатсияи миллии намудҳои зимистонаи варзиши кишвар интихоб шуд.

Мусоҳиб Сайёфи МИЗРОБ “СССР”, №01 (382), 1 январи соли 2016

www.javonon.tj

Вай дар ин вазифа Ибодулло Қурбоновро иваз намуд. Зикр гардид, ки Шамсулло Соҳибов ба ин намуди варзиш ҳавасманд буда, ҳамчун фарзанди арзандаи миллат барои рушди лижаронии кӯҳӣ саҳми арзанда гузошта истодааст. Хусусан бо дастгирии бевоситаи ӯ мактаби замонавии кӯдакону наврасон оид ба намудҳои зимистонаи варзиш аз нав сохта шуда, ба хотири омӯзиш ба варзишгарони намуди лижаронии кӯҳӣ теъдоди 100 ҷуфт таҷҳизоти махсуси замонавиро тақдим кардааст. Вай омодааст, ки варзишгарони намудҳои зимистонаи варзишии Тоҷикистонро ҳамаҷониба дастгирӣ намояд ва минбаъд низ ба рушди ин навъи маъмул ва олимпии варзиш дар кишвар бо ҷалби сармоягузорон таваҷҷуҳи бештар зоҳир намояд. Дар конфронс ҳамчунин таъкид шуд, ки дар чор соли охир бузургтарин дастоварди варзишгарони тоҷик аз ин намуди варзиш дарёфти 2 роҳхат аз ҷониби Алишер Қудратов ва Андрей Дригин дар Бозиҳои зимистонаи олимпии соли 2014 дар Сочӣ буд. Ҳасан АЗИЗОВ, “ҶТ”

давлат арзёбӣ мекунанд. Баромади мунтахаби миллии Тоҷикистон дар марҳилаи дуюми интихобии ЧҶ-2018 бошад, мухлисони футболи тоҷикро қадре мушавваш сохт... - Футбол дар дунё бо суръати кайҳонӣ инкишоф ёфтаву пеш рафта истодааст. Дар тамоми сайёра футбол бозӣ карданро ёд гирифтаанд. Кумитаи иҷроияи ФФТ дар ин қисмати мусобиқа, дар назди ситоди мураббиёни мунтахаби миллии кишвар, вазифаи баромадан ба марҳилаи ниҳоии чемпионати Осиё дар соли 2019-ро гузоштааст ва барои иҷрои он тамоми чораҳои лозима андешида мешаванд. Шахсан, бовар дорам, ки тими мунтахаби миллии Тоҷикистон аз иҷрои ин вазифа мебарояд. Аксари роҳбарони федератсияҳои кишварҳои футболӣ фаворит доштанд. Масалан, Платини мухлиси “Олимпик”-и Марсел ва Мутко ҳаводори “Зенит”-и СанктПетербург ҳастанд. Шумо дастаи фаворит ё дӯстдори худро доред? - Ман мухлиси тими миллии Тоҷикистон ҳастам! Аз дастаҳои маъруфи ҷаҳонӣ бошад, “Манчестер Юнайтед”-и Англияро ҳаводорӣ мекунам. - Дар охир, таманнои шумо ба мухлисони футбол... - Таманнои онро дорам, ки мухлисони футболи тоҷик ҳамеша тансиҳату солим ва хонаободу хушбахт бошанд! Аз бохти дастаҳояшон рӯҳафтода нашаванд! Зеро футбол бо бурду бохтҳояш зебост!


е-mail: javonontj@mail.ru

10

 СОҲИБКАСБ

Ҳуҷҷати шоир то ба ҷовидона Вақте ашъори шоиронро ба даст мегирифту бо шавқ мутолиа менамуд, дар замири пур аз орзуҳояш ҳиссе пайдо мегардид, ки ӯ низ хома ба даст гираду рӯйи авроқи сафед чизе “бикорад”. Доим ин орзуро дар қалби хеш мепарвариду баҳри эҷоди шеъргунаҳо талош меварзид. Ба зебоиҳои атроф менигарист, ба ҳар гулу гиёҳ, ба барфу борон ва хазонрези тирамоҳ нигоҳи шоирона медӯхт, барои таҷассуми рангорангии муҳити иҳотакардааш талош мекард ва барои чизе навиштан кӯшиш. Билохира, ҳамаи талошҳояш самар доданд. Ин навсафари ҷодаи мушкили эҷод Бузургмеҳри Баҳодур аст.

Беҳрӯз ХОЛМУРОДОВ

www.javonon.tj

ҶАВОНОН ВА ЗАМОН

«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН» №1 (9427), 7 январи соли 2016

Бузургмеҳр 9 июни соли 1992 дар ноҳияи Ғончӣ чашм ба олам кушодааст. Соли 2010 баъд аз хатми мактаби миёна ба Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода дохил шуда, онро соли 2014 бо ихтисоси суханшиносӣ ба итмом расонд. Ҳоло магистри Институти шарқшиносӣ, забон, адабиёт ва мероси хаттии ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакии Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон аст. – Барои чизи тозаву нав гуфтан, ашъори тамоми шоиронро мутолиа намудан ҳатмист. Вақте мебинед онҳо чӣ гуфтаанд ва бо дарду ормонҳои онҳо бархурд мекунед, пасон ба хулосае меоед, ки чӣ чизро нагуфтаанду онро бояд шумо гӯед. Аз айёми наврасӣ бештар ба ашъори устодон Қаноат ва Лоиқ таваҷҷуҳ дорам. Аз адабиёту фарҳанги на танҳо форсизабонон, балки аз осори бузургони дунё бояд огоҳ буд, - мегӯяд Бузургмеҳри Баҳодур. Авваллин шеъри худро дар васфи модар гуфтааст. Аз доштани чунин эҳсос, ки дарди дигаронро эҳсос мекунаду бо забони шеър онро баён менамояд, худро хушбахт меҳисобад. Аз суҳбаташ пайдост, ки эҳсоси дигаронро дарк кардан, бо дарду доғи дигарон зистан, ормонҳои дигаронро тараннум сохтан, барояш хушбахтии бузургест. Айёми кӯдакии худро ба ёд оварда, мегӯяд: Кӯдакӣ бо зочаҳои хоҳари ман мондааст, Кӯдакӣ дар хандаҳои додари ман мондааст. Дар хаёлам бо садои кӯдаке тӯбаш ба даст, Кӯдакӣ то ҳол дар пушти дари ман мондааст. Ба андешаи ӯ, шоирӣ бузургтарин масъулият аст. “Шоир будан, ҳодисаҳое, ки аз сари худатону дигарон мегузарад, бо чашми таҳқиқ дида тавонистан, онҳоро бо забони шеър гуфтан, дониши фаровон ва шабҳои бехобиро мехоҳад. Бо вуҷуди ҳисси баланди масъулият, шоир бояд бениёз бошаду

рӯҳашро низ бениёз нигаҳ дорад”, - таъкид мекунад шоири ҷавон. Дар ин роҳ устодони бисёре барои беҳтар шудани фаъолияти эҷодиаш маслиҳатҳо додаанд, аз ҷумла Латофат Кенҷаева, Хайрандеш, Рустами Ваҳҳоб, Алишери Муҳаммадӣ, Назри Яздон ва дигарон. Солҳост, ки машқи қалам дорад ва шеърҳояш дар моҳномаҳои «Истиқбол», «Садои Шарқ», «Паёми Суғд» ба табъ расидаанд. Соли 2013 намунаи ашъораш дар китоби «Тазкираи адибони Ғончӣ» дар қатори адибони ҷавон нашр шуд. Дар

ҳафтаномаи “Ворисони Сомониён” равон мекунад. Дар он ҳангом дар рӯзномаи мазкур озмуни навқаламон баргузор мешуд. Бо он шеър сазовори ҷойи аввал мегардад. Дар замони донишҷӯӣ шеъри ба шаҳри Душанбе бахшидаи ӯ аз ҷониби Раёсати ҷавонон, варзиш ва сайёҳии шаҳри Душанбе бо ифтихорнома сарфароз гардидааст. Ният дорад, ки дар ибтидои соли нав нахустини маҷмӯаи шеърҳояшро аз чоп барорад. Ӯ ин гуфтаи бузургонро, ки борҳо аз устодонаш шунидааст, сармашқи кори худ қарор

баробари ин, шеърҳояш дар ҳафтаномаҳоии “Ҷавонони Тоҷикистон”, “Адабиёт ва санъат” ва рӯзномаи “Ҷумҳурият” зуд-зуд чоп мешаванд. – Шоир барои мақому мартабаву ном бояд накӯшад. Барои ӯ ҳамин қадар толеъ бас аст, ки ӯро насиби дарди дигаронро бо забони шеър гуфтан додаанд. Вақте мардум дарду ормони худро дар шеъри шумо меёбад, шеъри шуморо мехонад, суруд мекунад, ҳамон вақт шоир комрон мешавад, - меафзояд ҳамсуҳбати мо. Дар дили ҷавону ҳассосаш ишқи Ватан ҷӯш задаву тараннум мекунад: Ватан гӯям, забонам оташин аст, Забонам дар даҳонам оташин аст. Агар як лаҳзае Меҳан нагӯям, Худои меҳрубонам оташин аст. Ҳангоми дар синфи шашум таҳсил намудан, як шеърашро аз тарафи мактаб ба

додааст, яъне шоир бояд шоири даврони худаш бошад. Бо ибораву қолабу калимаҳое кор гирад, ки мардумаш истифода мебарад: “Вақте хостаҳо, дарду доғу ормонҳо ва орзуҳои неку сафеди мардуми худро кашшофӣ мекунед, аз ҳамон нигоҳ чизе менависед, шеъратон ба дилу дидаҳо роҳ меёбад. Воқеаҳои хусусӣ ва ҳаводиси умумии рӯзгори худро шоир чунон бояд баён намояд, ки ҳар касе бихонад, пиндорад, ки дарду саргузашти худи ӯст”. То ҳол аз он ки шеър мегӯяд, дилсард нагардидааст, зеро онро дӯст медораду баҳри ба қуллаи мурод расидан, бо тамоми ҳастӣ ҷаҳд менамояд. Мо низ ба шоири ҷавон илҳоми баланд орзу намуда, дуо мекунем, ки ҳаргиз аз шеър гуфтан хаставу дилсард нагардад. Бигзор шеърҳояш ҳамеша тарннумгари ватан, зебоиву ҷавонӣ бошад. Бигзор мардум дар шеърҳояш худро бубинад, дарду алами худ, рӯзгори худро бишносад...

Худшинос будан вазифаи имонии мост! Дар шароити имрӯзаи тезу тунд гардидани авзои ҷаҳон ва гаравидани ҷавонони кишварҳои гуногуни олам ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ, қувват бахшидан ё зинда гардондани ҳисси худшиносиву ватандӯстии ҷавонон амри зарурист. Зеро ҷаҳонишавӣ ва пайдо гардидани ҳар гуна гурӯҳҳо хатар ба арзишҳои фарҳангиву маънавии миллатҳо, аз байн рафтани давлатҳост. Ба назари сиёсатшинос Хуҷамурод Қудусов дар шароити кунунӣ таваҷҷуҳ зоҳир намудан ба масъалаи худшиносӣ ва худшиносии миллӣ маънои рӯ овардан ба рисолати таърихиро дорад. “Ин худ алаккай иқдомест барои ташаккули давлатдории миллӣ, эҳёи анъана ва расму русуми миллӣ. Аз ин хотир вақте худшиносӣ мегӯем, шинохти фарҳанг, таърих, арзишҳои худӣ ва ҳамаи он ҳикмату фалсафаеро дар назар дорем, ки мардуми мо дар гузашта доштанд”. Худшиносии миллӣ ва арҷ гузоштан ба арзишҳои олии кишвар аз вазифаҳои аввалиндараҷа ва муқаддаси ҳар як шаҳрванд ба ҳисоб меравад. Он ҳамчун як мафҳуми том дар психология низ баррасӣ мешавад. Барои он ки шахс ба дараҷаи худшиносӣ расад, зинаҳои муайянеро тай карданаш даркор. Яъне ба як синну соли муайян бояд бирасад. Ба гуфтаи равоншинос Алиаҳмад Ёраҳмадов табиат ба ҷамъияти одамон чизе намедиҳад, то инсонҳо худ кӯшишу талош накунанд. “Ташаккули рӯҳии инсон, ташаккули ақли инсон, тафаккури инсон ба муҳит, яъне оила, мактаб, донишгоҳ сахт алоқаманд аст”. Дар баробари ин худшиносӣ аз ҷанбаҳои гуногун иборат мебошад. Инҳо худбаҳодиҳӣ, худташаккулдиҳӣ, худмуқоисанамоӣ, худталқиннамоӣ мебошанд. Ба назари равонпизишкон агар ки компонентҳои худшиносӣ дуруст сурат гираду ташаккул дода шавад, мо ба дараҷаи худшиносӣ мерасем. Дар баробари ин худбаҳодиҳӣ шаклҳои паст, миёна ва баланд дорад. Шахсоне, ки худбаҳодиҳии паст доранд, худро аз ҷамъият дур мегиранд, дар ҳар ҳолат худро паст мезананд. Нафароне, ки худбаҳодиҳии миёна доранд, фикр мекунанд, ки ҳар чиз хубу бад дорад. Дар ҳолати худбаҳодиҳии баланд шахс аз ҳад зиёд ба худ арзиши баланд қоил мешавад. Ин аллакай дараҷаи “эго” аст. Мутахассисон ба ин назаранд, ки гаравидани бархе аз ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ дуруст нашинохтани арзишҳои маънавии давлату миллаташон, огоҳ набудан аз равандҳои пуртаззоди олам, ки беогоҳӣ, батаҳқиқ аз бесаводӣ сарчашма мегирад, вобастагӣ дорад. Аз ин хотир худшиносӣ ҳамчун маҷмуи донишҳое муаррифӣ мешавад, ки онҳо барои муайян кардани мавқеи инсон дар ҷомеа, барои ҳимояи манфиатҳои миллӣ, барои нигоҳ доштани шаъну шараф ба инсон кӯмак мекунад. Сиёсатшинос Хуҷамурод Қудусов бар ин андеша аст, ки “барои баланд намудани ҳисси худшиносии миллӣ дар мактабҳои миёнаву олӣ мазмуну мундариҷаи таълимро каме дигар кардан даркор. Яъне ба муҳтавои бархе аз фанҳои таълимӣ бояд тобиши миллӣ диҳем. Дар ҳамаи фанҳои таълимӣ бояд масъалаи ҳимояи манфиатҳои миллиро дар мадди аввал гузорем. Ба худи ҷавонон, ба тафаккури онҳо, ба эҳсосу ҳиссиёти онҳо таъсир расонда тавонем, то онҳо дарк намоянд, ки оянда субот ва рушди ҷомеа ба онҳо вобаста аст ва онҳо бояд барои ин масъулият ҳис намоянд”. Ба таъкиди Президенти мамлакат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вазифаи имониву виҷдонии ҳар як фарзанди бонангу номуси миллат ин аст, ки ҳушёриву зиракии сиёсиро аз даст надода, дар шароити пуртаззоди сайёра ва торафт шиддат гирифтани рақобати байни қудратҳои ҷаҳони имрӯза барои тарбияи фарзандон дар рӯҳияи худогоҳиву худшиносии миллӣ, ватандӯстиву ватанпарастӣ, илмомӯзӣ, аз худ кардани касбу ҳунарҳои замонавӣ, забонҳои хориҷӣ ва технологияҳои пешрафта ба хотири пешрафти иқтисодиву иҷтимоии давлати соҳибистиқлоли хеш мунтазам ҷаҳду талош намояд. Беҳрӯз ХОЛМУРОДОВ, “ҶТ”


ҶАВОНОН ВА ҶАҲОН

«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН» №1 (9427), 7 январи соли 2016

“Уялӣ” Хуросон шуд, “Ортод” чӣ? Шодихони НАЗАР Соли гузашта матлаберо дар рӯзнома дар боби номҳои баъзе шаҳраку деҳоти манотиқи кишвар ба нашр расондем. Дар навишта сухан аз ғалатномгузории деҳаҳо рафта, Уялӣ ва Ортод мавзӯи асосӣ ба ҳисоб мерафт. Чанд моҳ баъд аз чопи мавод ба шаҳри Қӯрғонтеппа сафар намудем. Бо ташаббуси Ҳукумати кишвар, Кумитаи забон ва истилоҳоти ҷумҳурӣ деҳаи Уялӣ бо номи таърихии тоҷикӣ - шаҳраки “Хуросон” иваз шудааст. Ин ҳам дифоъ аз фарҳангу забони тоҷикӣ мебошад. Зимнан, бояд гуфт Хуросон аз асрҳои 3-4 макони тоҷикнишин (форсҳо) буд. Он кишваре буд, ки дар асри III-IV арзи ҳастӣ намудааст. Калимаи “Хуросон” дар давлати Сосониён мавриди истифода қарор гирифта, сарзамини Эрону Афғонистони имрӯза ва Вароруд - Мовароуннаҳрро, ки сокинонаш форсизабон буданд, дар бар мегирифт. Минбаъд ин истилоҳи ҷуғрофӣ ба сарзамини соҳили чапи дарёи Ому Вахш, яъне ба ҳудуди имрӯзаи

Туркманистони ҷанубӣ, Эрони шарқӣ ва Афғонистон низ нисбат дода мешавад. Бо номҳои таърихӣ иваз намудани номҳои бегона дур нашудан аз асли хеш мебошад. Ба ин восита насли ҷавон бори дигар аз фарҳангу давлатдории гузаштагони худ огаҳӣ пайдо мекунад. Хуб шуд, ки “Уялӣ”, ин номи дар забони тоҷикӣ бегона иваз карда шуд. Зеро ин мафҳум аз замони пайдоиш то аз байн рафтанаш барои мардум нофаҳмо монд. Модом ки забони тоҷикиро бойтарин забон аз ҷиҳати луғат ном мебарем, чаро номҳои деҳаҳоямон бо калимаҳои бегона номгузорӣ шаванд? Дар баробари “Уялӣ” кам нестанд деҳаҳое, ки номҳои бегона доранд. Бо пешниҳоди Ҳукумати кишвар аксари онҳо иваз шуданд. “Ортод” деҳаест дар даромадгоҳи шаҳри Қӯрғонтеппа. Ин ном аз замони пайдоиш то ҳол барои сокинони деҳа номаълум боқӣ мондааст. Дар матлаби гузашта низ инро зикр кардем. Аммо “Уялӣ” иваз шуду “Ортод” бошад, бо нишонаи нав дуюмбора барқарор гашт. Ин деҳа дар шоҳроҳи Душанбе-Қӯрғонтеппа, канори роҳ қарор дошта, овезае бо

навиштаи “Ортод” канори роҳ насб шудааст ва ба чашми ҳар мусофир меафтад. Дар фарҳанги забони тоҷикӣ ин калима вуҷуд надорад. Беҳтар мешуд, ки бар ивази он номи тоҷиконае ёфта шавад, ки ягон нишона ва хусусиятҳои ҳамон деҳаро ифода кунад. Номҳои ҷуғрофӣ, аз ҷумла номҳои шаҳру рустоҳои мардуми тоҷик дар замонҳои гуногуни таърихӣ ба тағйироти зиёде дучор шуда, моҳияти худро аз даст додаанд. Ҳатто баъзе номҳои қадима аз байн рафта, ба ҷои онҳо номҳои нав пайдо шуданд. Шояд деҳае, ки ҳоло “Ортод” ном бурда мешавад, дар гузашта номи дигар дошт ва бо мурури замон дар пайи ҳодисаи таърих тағйир ёфтааст. Зикр кардан бамаврид аст, ки баъди соҳибистиқлолии кишвар ва қабули қонун дар бораи забони давлатӣ масъалаи номгузории маҳаллаҳо дар мадди назарҳо қарор гирифт. Барномаи рушди забони давлатӣ барои солҳои 20122016 қабул шуд. Дар тӯли чор сол камбудиҳо андак-андак рафъ шуданд. Беҳтар мебуд агар “Ортод” ҳам бо ягон номи фораму зебои тоҷикӣ иваз мешуд.

 АНДЕША

Забони англисӣ забони ҷаҳонист Забони англисӣ ба бахши теотоникӣ ё германӣ аз оилаи забонҳои ҳиндуаврупоӣ мутааллиқ аст. Фақат дар ҷараёни садсолаи гузашта забони англисӣ забони ҷаҳонӣ шуд. Дар замони Шекспир ин як забони маҳаллии дуюмдараҷа буд, ки ҳамагӣ 6 миллион нафар бо он ҳарф мезаданд.

Ф. ҲУСЕЙНОВ, омӯзгори фанни забони англисии Коллеҷи тиббии ноҳияи Ҳисор

Бояд гуфт, Тоҷикистон бо ҳар ду кишвар робитаҳои устувори гуногунҷабҳа дорад. Эрон кишвари бароямон ҳамфарҳанг ва Арабистони Саудӣ, тавре Президенти мамлакат зимни сафари охираш ба ин кишвар иброз дошт, шарики муҳими Тоҷикистон дар Ховари Миёна маҳсуб мешавад. Аз ин рӯ ҳоло доир ба қазияи мазкур расман чизе гуфта нашудааст. Зимнан, бояд ёдовар шуд, ки бадбинии Саудиву Эрон, ки дуюмӣ ҳомии шиаҳо дар Ховари Миёна маҳсуб мешавад, заминаи таърихӣ дорад. Гуфта мешавад, ки сарчашмаи адовати ҷониби Эрон ҳанӯз аз замони хилофати ҳазрати Умар (р) оғоз меёбад. Чаро ки маҳз дар он замон сарзамини Эрон ё дар гузашта Порс аз ҷониби мусулмонҳо фатҳ гашта, мардуми минтақа исломро пазируфтааст. Масъалаи мазкур танҳо як омилест доир ба робитаҳои кунунии ду ҷониб. Таҳлилгарон робитаҳои феълии ду кишварро ба назар гирифта мегӯянд: “Эрону Саудӣ на ду рақиб, балки ду душмани сарсахтанд”. Новобаста ба сабабу омилҳои таърихӣ, ҳоло аниқ гуфтан мумкин аст, ки рақобати ин ду кишвари исломӣ сирф барои зери даст гирифтани зимоми минтақа, дар садри олами ислом будан ва идораи захираҳои заминии Ховари Миёна, бахусус нафт мебошад. Бояд зикр кард, ки беш аз 60 дарсади захираи нафти дунё дар ҳавзаи Халиҷи Форс ва аксари ин захираҳо дар Ироқ нуҳуфтааст. Пас сукут ихтиёр кардани олами Ғарб ба низои Эрону Саудӣ бесабаб нест. Чаро ки баъд аз берун шудани нерӯҳои амрикоӣ аз хоки Ироқ, зимоми қудрати ин кишвар пурра ба дасти шиаҳо гузашт. Ин маънои онро дорад, ки Халиҷи Форс таҳти идораи ҳукумати Эрон мебошад. Пӯшида нест, ки нафти Саудӣ имрӯз зери тасарруфи қувваҳои англо-саксонӣ аст ва дер ё зуд (бинобар баъзе таҳлилҳо дар давоми даҳ соли оянда) захираи ин сарчашма хушк мешавад. Ҳақиқат ин аст, ки ҳарки дар Ховари Миёна соҳиби захираи бештари нафт бошад, соҳиби сухан аст. Қудратҳои ғарбӣ, ки инро медонанд, намехоҳанд аз нафте, ки ҳоло Саудӣ дар ихтиёр дорад ва аз нафте, ки эҳтимол Эрон хоҳад дошт, маҳрум гарданд. Ҳоло Эрон ва Саудӣ барои луқмае дар минтақа мубориза мебаранд, ки тақдирҳалкунанда аст. Ҳарки соҳиби ин луқма гардад, таваҷҷуҳи абарқудратонро ҷалб карда, метавонад дар ростои манофеи худ истифода барад. Таҳлилгарон бар ин назаранд, ки сенарияи эҳтимолие, ки имкон дорад Эрон алайҳи Саудӣ ба роҳ монад, чунин буда метавонад: ҷанги иттилоотӣ дар кишварҳои араб алайҳи Риёз авҷ мегирад; ба шиаҳои хусӣ, ки дар Яман бо неруҳои саудӣ меҷанганд, кӯмаки бештар фиристода мешавад; инчунин бо ворид намудани нафти арзон ба бозор ба иқтисодиёти Саудӣ, ки ҳоло бар асари коҳиш ёфтани нархи нафт дар бозори ҷаҳон латма хӯрдааст, зарари ҷиддӣ расонида мешавад. Аз ин гузашта таҳлилгарон зикр мекунанд, ки Ғарб Эрону Саудиро ҷиҳати иштирок дар эътилофи муштарак барои муқовимат бо ДИИШ қисман розӣ карда буд ва ҳоло ин бархурд метавонад талошҳои Ғарбро барбод диҳад. Ин ҳама гувоҳи он аст, ки сулҳу субот ба ин наздикиҳо ба суроғи Ховари Миёна омаданӣ нест. Дар ҳамин ҳол ин шабу рӯз Арабистони Саудӣ аз пайи ташкили эътилоф барои мубориза алайҳи терроризм буда, Тоҷикистонро низ дар он дидан мехоҳад. Аз ҷониби дигар Эрон бо даъвати Муҳиддин Кабирӣ ба ҳамоиши “Ваҳдати исломӣ” ба робитаҳои дуҷонибаамон як андоза сардӣ овард. Вазорати корҳои хориҷӣ оид ба даъвати М. Кабирӣ ба Ҳуҷҷатуллоҳ Фағонӣ, сафири Эрон дар Душанбе нота фиристод. Ба ҳар сурат муносибати мо бо Эрон ва Арабистони Саудӣ пеш аз ҳама бояд манфиати давлат ва миллатро дар бар гирад. Тавре мегӯянд: “Бо дӯстон мурувват, бо душманон мадоро!”

www.javonon.tj

Дар асри ХХ забони англисӣ яке аз забонҳои муҳимтарини ҷаҳон дар сиёсат ва илм гашт. Забони англисӣ дар Британияи Кабир ва Ирландияи Шимолӣ, Иёлоти Муттаҳидаи Амрико, Австралия ва Зеландияи Нав забони асосӣ мебошад. Ин забон дар Канада, Чумҳурии Африқои Ҷанубӣ ва Ҷумҳурии Ирландия яке аз забонҳои асосӣ истифода мешавад. Дар Ҳиндустону Покистон ҳам бисёре аз мардум онро ҳамчун забони дуюм истифода мебаранд. Теъдоди одамоне, ки англисиро ҳамчун забони дуюм истифода мебаранд, ба наздикӣ метавонанд аз теъдоди суханварони таҳҷоӣ гузарад ё шояд аллакай гузаштааст. Забони кории Созмони Милали Муттаҳид англисӣ ва фаронсавӣ

мебошад. Ҳамаи ҳуҷҷатҳо танҳо бо забони корӣ навишта мешаванд. Алҳол забони англисӣ забони муоширати байналмилалӣ гаштааст. Айни замон ягон забони дигар дар ҷаҳон чунин нуфуз надорад. Одамоне, ки бо забони англисӣ сухан меронанд, ба 3 гурӯҳ қисмат мешаванд: а) онҳое, ки онро ҳамчун забони модарӣ омӯхтаанд; б) онҳое, ки онро ҳамчун забони дуюмдараҷа омӯхтаанд; в) онҳое, ки кӯшиш мекунанд онро бо мақсади амалӣ, касбӣ ё тахассусӣ истифода баранд. Имрӯзҳо, ки илм ва технология хеле босуръат рушд мекунад, ҳама мутахассисон дар кори худ ба донистани забони англисӣ эҳтиёҷ доранд. Барои мутахассисоне, ки берун аз ҷумҳурӣ кор кардан мехоҳанд, донистани забони англисӣ имконоти зудтар кор ёфтанро фароҳам меорад. Алҳол миллионҳо нафар сокинони Покистону Ҳиндустон ва Филиппину Бангладеш, ки забони англисиро медонанд, дар кишварҳои сарватманди Халиҷи Форс кор мекунанд. Ин баҳри ба кишварҳояшон бештар ворид шудани арзи хориҷӣ мусоидат мекунад.

Баъд аз он ки Арабистони Саудӣ яке Маҳмуд аз пешвоёни мазҳаби УСМОНОВ шиаро бо иддаои иртиботу кӯмакаш ба террористон эъдом кард, муносибати бе ин ҳам ноустувори Эрону Саудӣ халалдор шуд. Эрон эъдоми шайх Нимр ан-Нимрро ноадолатона номида, дар Теҳрон мардум ба сафорати Арабистони Саудӣ ҳамла карданд. Дар пай Саудӣ муносибаташро бо Эрон комилан қатъ кард. Намояндаи СММ оид ба ҳуқуқи башар гуфтааст, эъдоми Нимр бо поймолшавии ҳуқуқи инсон алоқа дошт ё не, маълум накардаанд. Ғарб ҳам дар бораи ин ҳодиса вокунише нишон надод.

е-mail: javonontj@mail.ru

Мурувват ва мадоро

11


ВАРЗИШ

Беҳтаринҳои соҳаи варзиш дар соли 2015 Бо баргузории як чорабинии тантанавӣ дар тарабхонаи “Русский двор” Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ, Кумитаи миллии олимпӣ, ҳафтаномаи «Варзиш-Спорт», Ассотсиатсияи журналистони риштаи варзиши Тоҷикистон ва Федератсияҳои миллии варзишӣ беҳтаринҳои соҳаи варзиш дар соли 2015-ро эълон намуданд.

Варзишгари беҳтарини сол (миёни мардон): Назаров Дилшод Ҷамолиддинович. Дилшод имсол дар Чемпионати ҷаҳон оид ба варзиши сабук, ки дар шаҳри Пекини Чин доир гашт, дар гурзандозӣ сазовори медали нуқра шуд. Ӯ, ҳамчунин, дар бисёр мусобиқаҳо сазовори ҷоиза шуда, миёни варзишгарони кишвар аввалин роҳхати олимпиадаи соли 2016 дар Рио-де-Жанейроро ба даст овард.

Варзишгари беҳтарини сол (миёни бонувон): Тюраева Сабрина Далеровна. Сабрина имсол дар чемпионати ҷаҳон оид ба таэквандо (ITF), ки дар Булғористон баргузор шуд, сазовори медали тилло гашт.

Мактаби варзишии беҳтарини сол: Муассисаи давлатии «Мактаби ҷумҳуриявии маҳорати олии варзишӣ оид ба намудҳои таэквандо”.

Федератсияи миллии варзишии беҳтарини сол: Федератсияи футболи Тоҷикистон. Бо ибтикори ин федератсия имсол низ мисли солҳои қабл чандин фестивали футболи кӯдакону наврасон доир гашта, мусобиқаҳои футбол дар сатҳи баланд баргузор шуданд. Соли 2015 Тоҷикистон мизбони чемпионати Осиё2016 оид ба футзал дар минтақаи Осиёи Марказӣ буд.

Умаралӣ САФАРАЛӢ

Мураббии беҳтарини сол: Эргашев Мубин Асрорович. Таҳти роҳбарии Мубин Эргашев тими “Истиқлол”-и Душанбе имсол қаҳрамони Тоҷикистон, барандаи Ҷоми Тоҷикистон гардида, дар Ҷоми КФО-2015 сазовори ҷои дуюм шуд. Мубин Эргашев, ҳамчунин иҷрокунандаи сармураббии тими миллии кишвар буда, дар Тоҷикистон ягона мураббӣ аст, ки имсол литсензияи дараҷаи “Pro”-и UEFA-ро ба даст овард.

Беҳтарин иншооти варзишии сол: Корти тенниси КВД “Роҳи оҳани Тоҷикистон”

www.javonon.tj

е-mail: javonontj@mail.ru

12

«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН» №1 (9427), 7 январи соли 2016

Беҳтарин майдони варзишии сол: Корхонаи воҳиди давлатии «Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ»

Беҳтарин шаҳр/ноҳияи варзишии сол: Шаҳри Душанбе

Беҳтарин ВАО оид ба тарғиби тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш: Рӯзномаи «Варзиш-Спорт»


ВАРЗИШ ба даст меоранд. Барои он ки онҳо тамоми шароити варзиширо доро ҳастанд...” Аммо номбурда афзуд, ки варзишгарони шиновар роҳхат гирифта натавонанд ҳам, Федератсияи байналмилалии олимпӣ барои ҳар як кишвар квотаи муайянеро ихтисос медиҳад. “Лекин ин квота ба ҳама варзишгарон дода намешавад. Ба варзишгаре дода мешавад, ки меъёрҳои махсусро иҷро намуда, дар чемпионатҳои қитъавию ҷаҳонӣ иштирок карда, маҳорати хуби варзишӣ нишон дадаанд. Соли ҷорӣ аз Федератсияи миллии шиноварӣ шаш нафар варзишгар дар чемпионатҳои Осиё ва ҷаҳон иштирок карда, холҳои минималиро гирифта тавонистанд. Ному насаби онҳо дар феҳристи Федератсияи байналмилалии олимпӣ ҷой шудааст ва моҳҳои марту апрел натиҷааш маълум мегардад ва аз байни онҳо беҳтаринҳо дар бозиҳои олимпӣ иштирок хоҳанд кард”, - ёдовар шуд М.

то нозукиҳои шиновариро аз худ намоянд. Лекин барои ин маблағи зиёд лозим аст. Барои як варзишгар ва ё мураббиро барои омӯзиши кӯтоҳмуддат фиристодан ба дигар давлатҳо тақрибан 5-6 ҳазор доллар даркор. Имрӯз федератсияи шиноварӣ бениҳоят заиф аст ва чунин маблағро надорад. Бисёри федератсияҳои мо дар ҷумҳурӣ ба ҳамин аҳвол гирифторанд. Ҳатто баъзеашон бино ва дафтари корӣ надоранд”. Раҳмат Мирзоев, Корманди шоистаи варзиши Тоҷикистон, ки зиёда аз 20 сол мешавад ба наврасону ҷавонон шиноварӣ ёд медиҳад, бо нигаронӣ чунин иброз дошт: «Мо дар кишварамон умуман базаи тайёр намудани варзишгаронро надорем, ки як соли равон кор кунад. Шиноварӣ варзишест, ки агар як ҳафта машқ накунӣ, тамоми маҳорати дар зарфи чанд моҳ касб кардаатро аз даст медиҳӣ. Шиновар бояд доимо дар ҳаракат бошад. Ҷавонони

ҷумҳурӣ иштирок карда, сазовори ҷойҳои фахрӣ гаштааст. Олим мегӯяд, дар ҳавзҳое, ки ӯ дар кишвар тамрин мекунанд, 25 метраанд, ҳол он ки ҳавзҳои сатҳи байналмилалӣ 50 метр дарозӣ доранд. - Ман аз Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ миннатдорам, ки ҳадди аққал ба мо таваҷҷуҳ дорад. Соли 2015 бо дастгирии кумита ва Федератсияи шиноварӣ дар мусобиқаи ҷаҳон иштирок намудам. Дар он қувваозмоӣ карда, қариб буд, ба бозиҳои олимпии соли 2016 роҳхат гирам. Мутаассифона, як сония нарасид. Лекин ман рӯҳафтода нашуда, тамрини худро давом дода истодаам. Чанд рӯз пас ба шаҳри Қазон барои тамрини якмоҳа меравам ва ба мусобиқоти минбаъда ҷиддӣ омода мешавам, - афзуд О. Қурбонов.

мо дар ду фасл тамрин менамоянд ва баъди ин чанд моҳи дигар истироҳат мекунанд. Пас аз онҳо чӣ тавр мешавад варзишгари хуб тайёр кард? Барои ҳамин, барои варзишгари сатҳи ҷаҳонӣ тайёр намудан, бояд пеш аз ҳама базаи фаъолияташ доимӣ сохтан лозим. Ҳамин проблемаҳо вуҷуд доранд, ки мо наврасону ҷавононро ба ин намуди варзиш ҷалб карда наметавонем...» Олим Қурбонов, варзишгари ҷавон, шаш сол мешавад, ки машқи шиноварӣ мекунад. Дар бештар мусобиқаҳои шаҳриву

Алиаҳмадзоди Алисомон, мураббии шиноварӣ, чунин иброз дошт: «Ман зиёда аз панҷ сол шуд, ки дар Мактаби махсуси намудҳои варзиши обӣ ба наврасону ҷавонон дар ду баст - субҳу шом машқ медиҳам. Ҷавонони мо дар шиноварӣ қобилияти хуби ҷисмонӣ доранд. Онҳо дар мусобиқаҳои шаҳриву ҷумҳуриявӣ иштирок карда, сазовори ҷойҳои намоён гардидаанд. Аммо иштироки онҳо дар мусобиқаҳои сатҳи баланд назаррас нест. Ин сабабҳои гуногун дорад. Масалан, чанд сол пеш ин намуди варзиш дар ҷомеаи мо камаҳамият буд. Ҳавзҳои шиноварӣ кам буданд ва варзишгарон ҷои тамрин надоштанд. Хушбахтона, солҳои охир ба шиноварӣ аҳамияти зиёдтар медодагӣ шудем. Яъне шиноварӣ сол ба сол рушд карда истодааст. Масалан, иштироки варзишгарони мо дар мусобиқаҳои берун аз кишвар таъмин аст. Онҳо ҳарчанд медал нагиранд ҳам, ширкат доранд. Нокомиашон аз бетаҷрибагии онҳост, ки ин бартарафшаванда аст...» Албатта, яку якбора ба комёбиву пешрафт ноил шудан аз имкон берун аст, вале зарур аст ба соҳаи шиноварӣ ҳам таваҷҷуҳи ҷиддӣ зоҳир шавад. Шароити хуб муҳайё гардад. Агар ин нозукӣ ба инобат гирифта шавад, умед аст ки дар Ватани азизи мо низ шиноварони моҳиру чаққон тарбия ёбанд.

Ҳасан АЗИЗОВ

Нарасидани як сония барои роҳхати олимпӣ

соли 1948 таъсис дода шуд. Муҳаммадшоҳ Абдуллоев, директории генералии Кумитаи миллии олимпӣ мегӯяд, иштироки варзишгарони шиновар дар бозиҳои олимпӣ то имрӯз тариқи квота будааст. “Ягон нафаре аз онҳо ба воситаи меҳнати худ роҳхат нагирифтаанд ва ҳатто соли равон ҳам. Имрӯз барои ба даст овардани роҳхат аз ин намуди варзиш талабот хеле баланд аст, ки иҷрояш барои варзишгарони мо осон нест. Аз ин намуди варзиш бештар кишварҳои мутараққии дунё роҳхати зиёд

Абдуллоев. Ба гуфтаи М. Абдуллоев, мушкили дигари соҳа дар он аст, ки имрӯз аз ин намуди варзиш мураббиёну коршиносони сатҳи ҷаҳонӣ надорем, ки варзишгарони моро тарбия намоянд. Мураббиёну устодони соҳибтаҷрибаи сатҳи ҷумҳурӣ бошад, ангуштшуморанд. “Мо бо Федератсияи шиноварӣ як гурӯҳ мураббиёну варзишгаронро барои омӯзиши кӯтоҳмуддат ба Қатар фиристодем, вале ин ҳанӯз басанда нест. Бояд онҳо ба омӯзиши дарозмуддат фиристода шаванд,

www.javonon.tj

Дар кишвари мо ҳарчанд ҳавзҳои шиноварӣ сохта шудаанд, аммо комёбӣ дар соҳа ба чашм намерасад. Таваҷҷуҳ ба ин намуди варзиш камтар аст. Барои рушди варзишгарони шиновар маблағи ночиз ҷудо мешавад. Варзишгарони шиновари мо ҳатто шароит надоранд, ки тамрин кунанд. Хоса дар фасли зимистон. Ин дар ҳолест, ки иштироки варзишгари ин намуди варзиши мураккаб дар мусобиқаҳо бе меҳнати зиёд, шароити мусоид ва маблағ имконпазир нест. Ҳайдар Иброҳимов, раиси Федератсияи миллии шиноварии ҷумҳурӣ дар ин бора чунин ибрози назар кард: «Тайёр намудани варзишгарони сатҳи ҷаҳонӣ дар ҷумҳурии мо проблемаи асосист, чунки имрӯз дар пойтахт ду ҳавзи шиноварӣ фаъолият мекунад, ҳамон ҳам дар ду фасли сол - баҳору тобистон. Яъне ин ду ҳавз ҳавзҳои мавсимӣ ба ҳисоб мераванд. Дигар ҳавзҳое, ки дар ҷумҳурӣ вуҷуд доранд, ҳамеша ба мушкилоти гуногун рӯ ба рӯ ҳастанд. Рӯзе барқ надоранд, ки худро ба оби гарм ва ҳатто хунук таъмин намоянд, рӯзи дигар барқ доранду мебинӣ, ки мушкили дигар пеш меояд. Албатта ҳамаи ин сабаб мешавад, ки мо шиновари хуб омода карда наметавонем. Лекин имрӯз, хушбахтона Ҳукумати ҷумҳурӣ, Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ барои дастгирии ҳама намуди вар-

зиш дар ҷумҳурӣ толорҳо ва майдончаҳои варзишӣ сохта ба истифода дода истодаанд. Ҳоло ҳавзи шиноварии ҷумҳуриявӣ, ки дар варзишгоҳи марказӣ ҷойгир аст, таъмир шудан дорад. Дар мавзеи зебоманзараи Лучоб бошад, сохтмони маҷмааи намудҳои варзиши обӣ идома дорад. Ман умед дорам, ки солҳои оянда ҳамаи камбудиҳо бартараф хоҳанд шуд ва таваҷҷуҳи мардум ҳам ба ин намуди варзиш зиёд мегардад ва шиноваронро ба чемпионатҳо омода месозем». Машғулият ба шиноварӣ имкон медиҳад, ки организм обутоб ёбад, узвҳои бадан, махсусан, узвҳои нафаскашӣ беҳтар гардад. Ҳангоми шиноварӣ дасту пой ҳамеша дар ҳаракат аст, ки ба саломатии инсон фоидаи зиёд дорад. Шиноварӣ соли 1896 ба Бозиҳои олимпӣ дохил гардидааст. Соли 1908 Федератсияи байналмилалии дӯстдорони шиноварӣ ФИНА таъсис ёфт. Федаратсияи шиноварӣ дар РСС Тоҷикистон

13 е-mail: javonontj@mail.ru

Шиноварӣ аз намудҳои бозиҳои олимпист. Давлатҳои тараққикардаи ҷаҳон ба он таваҷҷуҳи махсус зоҳир мекунанд. Ҷиҳати омодагии варзишгарон барои иштирок дар мусобиқот шароит фароҳам меоранд. Маҷмааҳои варзишии ҷавобгӯ ба стандарти ҷаҳонӣ месозанд, мутахассисони варзидаву ботаҷрибаро даъват мекунанд, то варзишгарони шиноварашон хуб тайёр шаванд. Зеро олимпиада дар чор сол як бор доир мешаваду иштирок ва ғолиб шудан дар он шарафи бузург аст. Хуллас, барои варзишгарон маблағҳои ҳангуфт масраф мекунанд, то ки натиҷаи дилхоҳ ба даст оранд. Варзишагарон ҳам шароити барояшон таҳияшударо истифода бурда, заҳмат мекашанд, ки комёб шаванд...

«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН» №1 (9427), 7 январи соли 2016


www.javonon.tj

е-mail: javonontj@mail.ru

14

КИТОБХОНАИ “ҶАВОНОН...“

«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН» №1 (9427), 7 январи соли 2016

- Ӯро сар деҳ,- гуфт милисаи қоматбаланд ба ҳамкори ҷавонаш, ки аз дасти писараки тақрибан нуҳ-даҳсола дошта буд. - Барои чи? – бо ҳайрат пурсид ӯ. - Баъд мегӯям... Он рӯз кормандони Раёсати корҳои дохилии шаҳри Душанбе дар бозори “Корвон” тафтиш гузаронда, кӯдакони ноболиғро, ки ба аробакашӣ, халтафурӯшӣ ва дигар корҳо машғул буданд, боздошт карданд. Ин амр дар бозорҳои пойтахт ҳар сари чанд вақт амалӣ мегашту волидони бархе аз кӯдакони ноболиғ барои беназорат мондани фарзандонашон ҷарима мешуданд. Капитан Комилов яке аз он кормандони ҳифзи ҳуқуқ аст, ки дар бахши кор бо ноболиғон солҳои зиёд кор кардааст. Барои аз кӯчаву бозор “тоза” кардани кӯдакони оворагард хеле сахтгирона амал мекунад. Ҳамкоронаш ёд надоранд, ки кадом кӯдакеро аз сари бозор раҳо карда бошад: ҳамаашонро ба шуъба меовард. Бо волидони эшон суҳбат карда, ба онҳо мефаҳмонд, ки кӯдаконро ба бозор сар надода, тарбия намоянд. Сахтгирии ӯ шояд аз он ҷиҳат ҳам буд, ки хеле дер соҳиби фарзанд гардид. “Шумо чи хел инсонед? Наход одам фарзандашро ҳамин қадар сарҳуй гузорад, ки бача чандин километр дуртар аз манзили истиқоматаш дар бозор ба селлофанфурӯшӣ машғул шаваду волидон бехабар? Одамизод ҳеҷ ба қадри неъмати дар даст доштааш намерасидааст. Як бор худро ба ҷойи онҳое тасаввур кунед, ки умуман рӯи фарзандро надидаанд? Худо ба шумо фарзандони нозанин додааст, аммо ба қадрашон намерасед”, - гуфта буд боре Комилов ба ҷамъи волидоне, ки барои гирифтани фарзандони ноболиғашон дар шуъба ҳузур доштанд. Аммо имрӯз дар бозор раҳо кардани писараки халтафурӯш ҳамкорашро ба ҳайрат гузошт. Вақте милисаҳо аз кори вазнини рӯзона ниҳоят хаста шуда, аз кор ҷавоб мешуданд, шом парда мекашид. Ҳар ду ҳамкор ба бозорчаи наздиктарин даромада чандто нон, себу хурмо, кулчақанд харида ба роҳ даромаданд.

Шаб. Нодир, Раҳмон ва Раҷаб, ҷавонони тақрибан 1415-сола дар ҳавои дурушти мусиқӣ, ки аз магнитофони дасташон садо медод, гӯё “арғушт” рафта, дар кӯчаи асфалтпӯши деҳа бо ғавғо қадам мезаданд. Ногоҳ Нодир, ки қоматаш нисбат ба ҷӯраҳояш андаке баланд буд ва ҳамеша барои дар назар тофтан ягон нағма мекард, аз киса риштаро бароварду гуфт: - Ман ҳозир ба шумо муаммое нишон медиҳам. - Боз чӣ гуна муаммо будааст? – бо киноя пурсид Раҳмон. - Бо ҳамин ришта, - ӯ ғалтакро то пеши чашмони бачаҳо бардошт, - мошинро нигоҳ медорам. - Ччч-ӣ ххх-ел? – пурсид Раҷаб, ки забонаш лакнат дошт. - Ҳозир мебинед! – гуфт Нодир. Баъд Нодир ба қубури бузурге, ки аз болояш роҳи мошин мегузашт, наздик шуд. Як нуги риштаро бар сутуне, ки дар бари роҳ насб шуда буду ронандаро аз хатар нигоҳ ме-

- Саҳар аз ман пурсидӣ, ки чаро бачаро сар диҳам? Ҳоло меравем хонааш... Милисаи ҷавон ҳанӯз сарфаҳм нарафта бошад ҳам, бо аломати ризо сар ҷунбонд. Ҳар ду ҳамкор омада пушти дари хонае қарор гирифтанд. Бинои чорошёнаи куҳнае буд. Эҳтимол, аз аввалин биноҳои сохташуда дар шаҳр. Дарро ба рӯи кормандони милиса ҳамон писарак во кард. Ӯ онҳоро шинохт. Хусусан Комиловро, ки гоҳ-гоҳ ӯву падарашро хабаргирӣ меомад. Ҳар ду милиса бо писарак даст дода салом карданд.

солае дароз кашида мехобид. Ҷиҳози хона аз як палоси рангпарида, ки аз саргаҳи дар то назди кати хоби падари писарак мерасид, се кӯрпачаи борик, болиштҳо ва чанд кӯрпаи дигар, ки дар як тарафи хона чида шудаанд, иборат буд. Инчунин либосовезаки пушти дар. Дар пешгоҳи тиреза радиочаи хурде меистоду дар бари девор портрети мард бо кӯдаке дар бағалаш. Шояд ҳамин писарак бошад. Писарак наздиктари кати падараш кӯрпача андохта, меҳмононро шинонд.

Парастор

Башир УСМОНОВ, “ҶТ”

новелла

- Марҳамат, биёед, дароед,- гуфт писарак меҳмонҳоро ба даруни хона даъват карда. Хона якҳуҷрагии хурдакак буд. Аз зардиҳои бари девор маълум, ки дер боз таъмир нашудааст. Дар ҳуҷра, рӯи кати фарсудае марди тақрибан чил-

Хост дастархон орояд, аммо милисаҳо розӣ нашуданд. - Биё, ҷони амак, бишин. Омадем, ки шуморо хабар бигирем,- гуфт капитан Комилов сари писаракро сила карда ва ба падараш рӯ оварда пурсид: Аҳволатон хуб аст?..

Ришта

Ҳамроҳи АВЛИЁПУР

ҳикоя

дошт, баст ва нуги дигари риштаро ба сутуни муқобил. - Ҳеҷ бардоште надорад, гуфт Раҳмон, ки ангушташро ба ришта расонида буд. – Мошин, ки омад, беихтиёр риштаро меканаду мегузарад. - Ба ту як маслиҳат, чеҳраашро гӯё ҷиддӣ нишон дод Нодир ва ба банд ангушт расонид, ришта ларзид. – Пеш аз хулоса баровардан, саросема нашав! – гуфт ӯ, баъд ба бачаҳо рӯ овард, - акнун пинҳон мешавем! Ҳар се дар чуқурии пуштаи хурдакак, ки дар паҳлуи роҳ ҷо гирифта буд, пинҳон шуданд. Интизорӣ дер тӯл накашид. Ногоҳ мошини борка-

ше пайдо шуд. Он бо суръати баланд ҳаракат мекард. Ронанда ҳамин ки ба ришта наздик шуд, мошинро бо шитоб нигоҳ дошт. Баъди чанд лаҳза оҳистаоҳиста мошин ба ҳаракат даромад ва риштаро канд. - Ӯҳ, пай бурд! – гуфт Нодир. Баъд ӯ ҷаста аз ҷо хесту риштаро аз нав баст. Ч-чаро м-мошин м-меистад? – пурсид Раҷаб, ки ё аз ҳаяҷон буд ё аз тарс чашмонаш дар торикӣ медурахшиданд. – Р-ришта д-дар н-назари р-ронанда ч-чӣ г-гуна м-метобад? - Банди ғафси симин барин! – ҷавоб дод Нодир. - Ту инро аз куҷо медонӣ? –

Онҳо қариб як соат суҳбат карданд. Акнун милисаи ҷавон фаҳмид, ки чаро пагоҳӣ ин писаракро дар бозор раҳо кардааст. Фаҳмид, ки ӯ Мӯсо ном дошта аз сини шашсолагӣ падари фалаҷашро парасторӣ мекунад. Падари Мӯсо чанд сол дар Русия мардикор будааст. Ӯ ба сардиҳову сахтиҳои муҳоҷират нигоҳ накарда кор мекард, то пул ёбаду дар Ватан барои оилааш сарпаноҳе бисозад. Аммо баъд ҳодисае мешаваду мақсаду орзуҳои мард нотамом мемонад. Ҳини кор дар яке аз сохтмонҳо аз қабати чорум ба замин меафтад. Зинда мемонад, аммо қисмати чапи баданаш карахт шуда, дигар ҳаракат намекунад. Ҳамсараш баъди ду моҳи аз беморхона рухсат шуданаш ӯву писаракро тарк карда шавҳари дигар мекунад. Модар мехоҳад, писаракро бо худ бигирад, вале Мӯсо падарашро дар ин ҳол танҳо мондан намехоҳад. Ҳоло зиёда аз се сол мешавад, ки Мӯсо падарашро парастор аст. Дар бозор халтаҳои селлофанӣ мефурӯшад, гоҳо ба харидорон кӯмак расонда, борхалтаҳояшонро то пеши нақлиёт мебарад. Бо ин ҳам рӯзгори хонаро як андоза таъмин мекунаду ҳам ба падараш доруворӣ мехарад. Падари Мӯсо нафақа мегирад, аммо он ба рӯзгорашон намерасад. Писарак аз мактабаш ҳам монданӣ нест. Кӯшиш мекунад, ки аз дарсҳо қафо намонда, таҳсилашро баробари ҳамсолонаш идома диҳад. Падар бисёр фикр мекунад ва ғамгин мешавад, ки ба писари хурдсолаш бори гарон шудааст. Борҳо қасди худкушӣ кардааст, аммо фикри танҳо мондани Мӯсоро карда, аз ин мақсади хато худро боздоштааст. Милисаҳо бо Мӯсо ва падараш хайрухӯш карда, рафтанд. Дар роҳ милисаи ҷавон қариб ки ҳарфе назад. Ӯ сархам роҳ мерафт, ба гирдоби андеша ғарқ шуда буд... Вақте Мӯсо бо хоҳиши падар радиоро даргиронд, барномаи ахбор ҷараён дошт. Ровӣ мехонд: “Имрӯз кормандони шуъбаи кор бо ноболиғони Раёсати корҳои дохилаи шаҳр ҳудуди сад нафар ноболиғонро аз бозорҳои пойтахт боздошт карданд, ки ба халтафурӯшию аробакашӣ, оворагардӣ ва дигар корҳо машғул буданд...”

кунҷковӣ намуд Раҳмон, ки аз ҳилаҳои дӯсташ хеле огоҳ буд. - Бо ҳамин ду чашмам дидаам! – Нодир ду ангушташро андаке кушода, ба назди дидаҳояш бурд. - Дар куҷо? - Як рӯз падарам бо мошин маро барои овардани коҳ ба деҳаи ҳамсоя бурданд, – ғазаби Нодир паст шуд, ки ба нақл сар кард. – То коҳро ҷамъ намуда, ба мошин бор кардем, рӯз аллакай торик шуда буд. Шабона аз кӯча мегузаштем, ки дар роҳ банде пайдо гашт. Ман сарамро хам намудам. Падарам бошанд, мошинро нигоҳ надошта, бепарвоёна гузаштанд. Баъд бо ханда ба ман рӯ оварданд: - Сарата бардор! Аз банд гузаштем. - Вай чӣ буд? – пурсидам ман. - Ин кори бачаҳо. Дар кӯча ришта бастаанд, - гуфтанд падарам. - М-мошин! – ногаҳон садо баланд кард Раҷаб. Бачаҳо хам шуданд. Моши-

ни сабукраве ба шаст истод. Ронанда аз он берун шуду оҳиста ба ришта даст расонд. Ришта канда шуд. Ронанда ба атроф нигоҳ кард, касе наметофт. Баъд мошинро ба ҳаракат даровард. Бачаҳо аз кори худ лаззат бурданд. Нодир боз ба поён хамид. Банди аввали раштаро баста буд, ки Раҳмон садо кард: - Тезтар, мошин! Нодир банди дигарро дар сутуни муқобил басту барои дар чашми ронанда натофтан худро ба шаст аз ҷарӣ партофт. Ронандаи мошини сабукрав бандро дар рӯ ба рӯ диду саросема чанбарро тоб дод. Мошин аз пастиву баландиҳои бари роҳ гузашта, дар ҳамворӣ истод. Фиғони Нодир бошад, паст намешуд, зеро пояш ба санг бархӯрда, шикаста буд. Раҳмону Раҷаб дар паҳлӯяш рост истода, чӣ кор карданашонро намедонистанд. Ронанда аз ҳоли воқеа огоҳ гашт ва ба назди бачаҳо расид. Баъди чанде танбеҳ онҳоро дар мошин савор карда, ба беморхона бурд.


САЙҚАЛИ ХОТИРА Мори зањрноктарини олам

Маќсад, ният, орзу

Алафи хўрдании сахтбўи кўњї

... Табарова, овозхон Дўсти ВинниПух, хар

Рўй, чењра

Шаршара дар дарёи Замбези

… Собчак, барандаи ТВ-и рус

Дар Эрон шоњ буд, дар Бухоро - ?

Оќилу доно

… Кароматулло, овозхон

Фарзанди Марям

Шумораи миќдорї

Макони Оллоњ

... Назрї, шоири тољик

Дефис

Идораи ќонуният, адолат

… Белов, филми Биргада»

Асрори ...ро на ту донию на ман

Хоки бо об омехта

Моњишўрбои русї

Себ – панљ дона, гов – панљ сар, одам – панљ …

Адиби рус, муаллифи «Ревизор»

Философия Фароѓат

Њиссачаи тасдиќї

Нони русї

Хеле

Растанї – «арѓунчак»и маймунњо

Шањрбандари машњури Њиндустон

Мор, дўсти Маугли

Фурудгоњи Париж

Љои риштагузаронї дар сўзан

Иљрокунии ќонуну ќоида

12ангушта ва ѓафс мешавад

Тамѓаи шоколади љуфт

Падар (лањља)

Аќл, шуур, идрок Хати хонданаш душвор

Яке аз бозињои дўстдоштаи амрикоињо

Ёр ањл бошад, кор … мешавад

«ИМА» ба русї Мамлакат дар Африќо

… Шокирова, овозхон

www.javonon.tj

Оњани тез барои васлкунии чўбњо

Њамеша Адади хурдтарини дураќама

... Љоли, актрисаи амрикої

Њарфи дуюми алифбои славянї

Дарзмол, телевизор, принтер

Дур шудан

Найранг

Зорї, хоњиш

Офа- Њиссачаи рин, ањсан инкорї

Музей

Ањли хонавода

Дарё дар Хитой

Забони сунъї

Тамѓаи автобуси маљорї

Сарзамин, мамлакат

Домоди паёмбар (с)

Нависанда … Истад

Љои бастаи банд

Шарму њаё

Яроќ сард ё … мешавад

Шунавої, биної ё ламс - ?

Кўњи муќаддас дар Арабистон

Саховатмандї, њимматбаландї

Дафтар барои расмкашї

«Бахшандаи гуноњ», номи Худованд

Ширинї

Душман

Чењра Галаи гўсфандон

Ба њама фањмо

Гармї, њарорат

Амр, фармон

Нектар

Боигарї, дорої

Рўз (арабї)

Инсоният

... Салтикова, овозхони рус

Театри … ва балет

Шоњмотбози њиндї

Њиссачаи ишоратии лањљавї

Мањрум, холї

Ширкати алоќаи мобилї

Водї дар ноњияи Мастчоњ

Макр, фиреб

Худоро …!

15 е-mail: javonontj@mail.ru

Майдони набард

«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН» №1 (9427), 7 январи соли 2016


е-mail: javonontj@mail.ru

16

ФАРОҒАТИ ҶАВОНОН

«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН» №1 (9427), 7 январи соли 2016

Лутфи ҷавонӣ

 ОБУНА - 2016

Бо “Ҷавонони Тоҷикистон” ҳамеша ҷавон мемонед!

Бобои Мерган ба духтур: - Духтурҷон, рӯзҳои охир гӯшом ҷиринг-ҷиринг мекунад... - Бобо чандсолаӣ? - 105-сола! - Бобо, ба Шумо аз боло занг мезананд.

Обуна ба рӯзномаи “Ҷавонони Тоҷикистон” барои соли 2016 оғоз шуд. Нархи обуна аз тариқи идораи рӯзнома: - барои як сол - 65 сомонӣ - барои шаш моҳ - 34 сомонӣ - барои се моҳ - 18 сомонӣ муқаррар шудааст. Ин арзиш бо назардошти бурда расондан ба нақша гирифта шудааст. Шумо обуна шавед, мо сари вақт рӯзномаро мерасонем. Инчунин, Шумо ба воситаи шуъбаҳои алоқаи шаҳру ноҳияҳо метавонед ба ягона рӯзномаи ҷавонон обуна шавед. Нархи яксолаи обуна ба воситаи почта 87,48 сомонӣ. Суратҳисоби бонкии рӯзнома: р/с №20202972500232101000, кор/с 20402972316254, ИНН 030000301, МФО 350101626 Бонки давлатии амонатгузории Тоҷикистон “Амонатбонк”. Индекси обуна 68857.  АНДАРЗ

***

Бузаки ҷингилапо барои алаф аз хона берун мешавад ва бачаҳояшро таъкид мекунад, ки агар гург омад, дарро накушоед! Пас аз лаҳзае гург дарро куфта, мегӯяд: - Ман модари шумоям, дарро кушоед! Бузичаҳо мегӯянд: - Чӣ дурӯғ мегӯӣ, мо туро бо “глазок” дида истодаем!

***

Афандӣ аз 3-юм ошёна ба замин афтод. Гирдаш одамон ҷамъ шуда, пурсиданд: - Аҳволат чӣ хел? Афандӣ дар ҷавоб: - Агар аҳволи маро фаҳмидан хоҳед, худатонро аз 3-юм ошёна партоед.

***

Се чиз

Ду девона маслиҳати аз девонахона гурехтан мекунанд. Якумаш: - Рафта бин, агар девор баланд бошад, заминро кофта мегурезем, агар паст бошад, ба болояш. Девонаи дуюм меравад ва баъди чанд лаҳза бармегардаду мегӯяд: - Аз ин ҷо гурехта намешавад. - Барои чӣ? - Ин ҷо девор надорад.

Се чиз аломати хушбахтии хонавода аст: Ишқ Сукун Созгорӣ (ҳамдигарфаҳмӣ)

Иштибоҳ

www.javonon.tj

Дар яке аз бемористонҳои Калифорнияи Амрико дар соли 1973 ду зан бистарӣ шуда буданд, ки яке гирифтори саратони хун буд, дигараш танҳо аз дарди сар ранҷ мекашид. Парасторе, ки ба гирифтани хуни онҳо барои озмоиш масъул буд, аз рӯи иштибоҳ шишачаҳои хунашонро дар вақти озмоиш иваз мекунад. Субҳи рӯзи дигар пизишк ба ҳуҷраи Мерӣ, ки мубтало ба саратони хун буд омада гуфт: озмоиши хунатон нишон медиҳад, ки шумо хеле хуб шудаед, метавонед ба хонаатон баргашта ба зиндагии осоишта идома диҳед. Мерӣ аз шунидани ин хабар бисёр хушҳол гашта, ба хонааш бармегардад. Пизишк ба ҳуҷраи Элизабет, ки дар ҳақиқат гирифтори бемории танҳо сардард буд, ворид шуда мегӯяд: бисёр таассуф мехурам, ки шумо гирифтори саратон шудаед, аз дасти мо чизе намеояд, аз умри шумо танҳо як ду моҳ мондааст, беҳтараш Рӯзнома таҳти рақами 0120/рз аз 22 сентябри соли 2014 дар Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон сабти ном шудааст. Нишонӣ: 734018, шаҳри Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ, 16, ошёнаҳои 1 ва 4

САРМУҲАРРИР

Бахтовар КАРИМОВ

ба хонаатон баргардед ва ин чанд рӯзи боқимондаи аз зиндагиатонро ба хушӣ гузаронед, боз ҳам ҳама чиз ба дасти Худост. Элизабет бо нохӯшӣ ва дили ғамзада, ки фикри саратон ҳама вуҷудашро фаро гирифта буд, аз бемористон баромада ба хонааш баргашт ва танҳо дар интизори марг буд. Соли 1983 китобе дар Амрико бо номи «Иштибоҳ дар Амрико» ба чоп мерасад. Дар муқаддимаи ин китоб мавзӯи бемории хонум Мерӣ ва хонум Элизабет матраҳ мешавад, ки Элизабет пас аз якуним моҳ бар асари мубтало ба саратон мемирад ва Мерӣ ҳанӯз ҳам пас аз гузашти 10 сол зинда аст. Бояд биомӯзем, ки ба рағми дарду ранҷ шодӣ кунем, зеро ҳамаи корҳои Худо хайр аст. Хурдтарин нигарониро дар худ роҳ надиҳем, ҳама чизро ба Худо бисупорем.

ГУМШУДА

Лавозимоти телефони мобилии тамғаи “Samsung Galaxi s5”, серияи 990004512598396 (дастгоҳи нерӯдиҳӣ, гӯшмонак, USB) гум шудааст. Агар касе пайдо кардааст, хоҳиш баргардонад. Тел: 909163838.

Дафтарчаи имтиҳонии Каримов Муҳсин, донишҷӯи курси 2-и филиали Донишгоҳи миллии таҳқиқотии технологӣ “МИСиС” гум шудааст. Аз касе, ки онро ёфтааст, хоҳиш карда мешавад, баргардонад. Тел: 933711171.

Се чизро ҳатман ҳосил намо: Иффату покдоманӣ Иззати нафс Хулқи накӯ Се чизро охираш хуб нест: Ришватситонӣ Фиреб додани мардум Суд хурдан

ЭЪТИБОР НАДОРАД

Сертификати ҳуқуқи истифодаи замини хоҷагии деҳқонии “Абдураҳмон”, дараҷаи А№0102098, ки дар Кумитаи идораи замини ноҳияи Қубодиён аз 3.03.2005 таҳти рақами 405 ба қайд гирифта шудааст, эътибор надорад.

Се чиз дар дунё барои инсонҳо озмоиш аст: Сарват Шуҳрат Мусибат

Номаи камоли гумшудаи №БР164933, ки МТМУ рақами 11-и ноҳияи Қубодиён соли 1986 ба Холияров Гулбой Уролович додааст, эътибор надорад. Дафтарчаи имтиҳонии гумшудаи №01404001, ки Коллеҷи технологии Тоҷикистон соли 2014 ба Табаров Баҳрулло Мирзоаҳмадович додааст, эътибор надорад.

Э. ШАҲЛО, “ҶТ”

ҲАЙАТИ МУШОВАРА:

Марҳабо ҶАББОРӢ (муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон), Абдуҷаббор РАҲМОНЗОДА (ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа), Нуриддин САИД (вазири маориф ва илми Тоҷикистон), Аҳтам АБДУЛЛОЗОДА (раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон).

ҲАЙАТИ ЭҶОДӢ:

 ЭЪЛОН

Се чизро баъд аз марг ёдгор бигузор: Илми судманд Фарзанди солеҳ Садақаи ҷория Се чизро зиёд фикр кун: Аз чӣ халқ шудаӣ Барои чӣ халқ шудаӣ Ба куҷо меравӣ

Умаралии САФАРАЛӢ (ҷонишини сармуҳаррир), Маҳмудҷон УСМОНОВ (котиби масъул), Сайфиддин СУННАТӢ (муҳаррири шӯъбаи варзиш ва сайёҳӣ), Манзумаи ФИРӮЗ (муҳаррири шӯъбаи иқтисод ва иҷтимоъ), Ҳасан АЗИЗОВ (муҳаррири шӯъбаи ҳаёти ҷавонон), Нуруллоҳ ОРИФ, Шаҳло ЭШОНОВА, Наврӯз ҚУРБОНОВ, Шодихони НАЗАР, Беҳрӯз ХОЛМУРОДОВ, Гулбаҳор РАҲМОНОВА (хабарнигорон), Толибшоҳ ДАВЛАТ (хабарнигор, НТМ), Фарзона ИСМОИЛОВА, (хабарнигор, Хатлон), Машҳур ИМОМНАЗАРОВ, (хабарнигор, ВМКБ), Шеравган ХУРСАНҚУЛОВ (саҳифабанд).

Ба хотири чандандешӣ матолибе низ ба табъ мерасанд, ки хилофи назари ҳайати эҷодист. Дурустии арқому далелҳо бар дӯши муаллифон аст.

Ҳангоми таҳияи хабарҳо аз матолиби интернет низ истифода шудааст.

Индекси обуна: 68857

Тел: 901 06-41-10, 238-54-14, 238-51-09, 238-53-03

Ҳафтанома дар КТН «Шарқи озод» (хиёбони Саъдии Шерозӣ-16) бо теъдоди 6000 нусха ба нашр расид.

Ҳисоби бонкӣ: р/с №20202972500232101000, кор/с 20402972316264, ИНН030000301, МФО350101626. Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк»


Turn static files into dynamic content formats.

Create a flipbook
Issuu converts static files into: digital portfolios, online yearbooks, online catalogs, digital photo albums and more. Sign up and create your flipbook.