ЧТ , “ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН”, №02 (9532), 11.01.2018
1
javonon.tj
НАШРИЯИ КУМИТАИ КОР БО ҶАВОНОН ВА ВАРЗИШИ НАЗДИ ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
АВОНОНИ ОҶИКИСТОН №02 (9532), 11/01/2018
e-mail: javonontj@mail.ru
Шаҳодатномаҳои нав супурда шуд
саҳифаи
Ёвон бо ташаббуси ҷавонон саноатӣ гардид саҳифаи
4
Назари хирадмандонаи Пешвои миллат ба ҷавонон саҳифаи
5
Паём – тарғибгари маънавиёту ахлоқ саҳифаи
6
Мавсими нави футболбозони тоҷик дар клубҳои хориҷа саҳифаи
Бунёди боғи “Ҷавонон”
3
Қотили журналистон ва душмани озодии сухан
Баъди бозгашт аз хоки давлати Афғонистон чанд соли дигар Шавкат Мирзоев дар истеҳсолот кору фаъолияти пурсамар намуд. Тайи ин солҳо ҳар лаҳза ӯ ёди шаҳидони ҷанги Афғонистон ва дӯстони зиндамондаашро мекард. Барои гиромӣ доштани хидмати ҳамярақону сарбозон вай соли 1988 бо ҳамдастии гурӯҳи ҷанговарони башардӯст дар назди Шӯрои ветеранҳои Ҷанги Бузурги Ватании мақомоти иҷроияи шаҳри Душанбе Шӯрои ҷанговарони байналмилалро созмон дод. Соли 1991 бо ташаббуси ӯ ва гурӯҳи ҳампешааш ин ташкилот ба Иттиҳоди собиқадорони ҷанги Афғонистон табдил ёфт.
саҳифаи
9
13
2
АХБОР
“ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН”, №02 (9532), 11.01.2018
Бунёди боғи “Ҷавонон” Бо мақсади фароҳам овардани шароити мусоид барои истироҳату фароғати шаҳрвандон, сокинону меҳмонон ва бахусус ҷавонон дар пойтахт, ҳамчунин бахшида ба “Соли ҷавонон” Муассисаи давлатии “Боғи фарҳангӣ-фароғатии “Ҷавонон” таъсис дода шуд. Дар ин бора қарори раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ аз 29 декабри соли 2017 ба тасвиб расид. Тавре аз Раёсати иттилоот ва робитаҳои хориҷии Дастгоҳи раиси шаҳри Душанбе хабар доданд, боғи мазкур дар рӯ ба рӯи шаҳраки донишҷӯёни Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, дар масоҳати 13 гектару 74 садяк доман паҳн намуда, дар дохили он 21 суҳбатгоҳ, 2 қаҳвахона, 1 майдони варзишӣ ва 1 картодром бунёд мегардад. Тибқи иттилои масъулин, Боғи фарҳангӣ-фароғатии “Ҷавонон” бо тарҳи муосир сохта шуда, сатҳу сифати хизматрасонӣ дар он мутобиқ ба меъёрҳои байналмилалӣ ба роҳ монда мешавад.
Силсилавохӯриҳо доир ба Паём Бо мақсади шарҳу эзоҳи Паём байни сокинони шаҳри Хуҷанд, дар толори раёсати ДДХ ба номи академик Бобоҷон Ғафуров ҷаласаи нахустин баргузор гардид. Ҷаласаро Раъно Ҳошимзода, муовини раиси шаҳри Хуҷанд оғоз бахшид, сипас Маҳмадалӣ Ватанзода, ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ доир ба нуктаҳои муҳими Паём ибрози андеша кард. Инчунин вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Олим Бобоев ва Гулбаҳор Назирӣ, ректори ДДҲБСТ Муъмин Шарифзода ва ректори ДДХ Ҷамшед Ҷӯразода доир ба паҳлуҳои дигари Паём баромад ва суханронӣ намуданд. Шералӣ АЗИМӢ
Иқдом: “Дар ҷавонӣ дор пиронро азиз” 8-уми декабр бо ташаббуси Клуби волонтёрони Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати ҷумҳурӣ, дар бозори “Корвон”-и шаҳри Душанбе ба хотири дасти ёрӣ расонидан ба пирону ниёзмандон таҳти унвони “Дар ҷавонӣ дор пиронро азиз” иқдоми таблиғотию хайриявӣ баргузор шуд. Дар он волонтёрон ва ҷавонони фаъол гирд омада, дастаҷамъона ба нафарони ниёзманд дасти ёрӣ дароз карданд, ки ин амали эшон барои наврасон ва дигар ҷавонон намунаи ибрат аст. Иқдом мазкур зери шиор ва амалҳои хайрхоҳонаи “Хайрхоҳӣ шараф аст, волонтёр мешавем” ва “Мо накунем, кӣ мекунад” барпо гардида, ба таъкиди роҳбари Клуби волонтёрони Кумита Салимзода Каримҷон дар оянда низ чунин иқдомҳоро баргузор хоҳанд кард. Хуршед ХОВАРӢ “ҶТ”
Кормандони “Ҷавонони Тоҷикистон” қадрдонӣ шуданд Паём ба мардум расонида шуд Бо мақсади фаҳмонидани нуктаҳои асосии Паёми Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, бахши кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Норак 9 январ дар маҳаллаи Навдеи ҷамоати деҳоти Дуконӣ бо ҷавонон ва фаъолони маҳалла вохӯрӣ гузаронид. Дар он шуъбаи рушди иҷтимоӣ, котиби комиссияи оид ба ҳуқуқи кӯдак, бахши корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллӣ, нозирони минтақавӣ иштирок намуда, ба ҳозирин паҳлуҳои асосии Паёми имсолаи Пешвои миллатро шарҳ доданд. Инчунин нозирони минтақавӣ оиди шомилшавии ҷавонон ба равияҳои салафия ва гурӯҳои экстремистию террористӣ ва рафти иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд” корҳои фаҳмондадиҳӣ гузарониданд. Дар охир миёни 80 нафар ҷавонони ҷамъомада ва масъулин саволу ҷавоб доир гардида, фаъолон бо туҳфаю ифтихорномаи бахши кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳр қадрдонӣ шуданд.
Дар доираи дастгирӣ ва ҳавасмандгардонии ҷавонони эҷодкор кормандони ҷавони васоити ахбори омма бахусус матбуоту радио барои саҳми арзанда доштан дар ташвиқу тарғиби сиёсати давлатии ҷавонон ва варзиш, бахусус ташаккули фарҳанги маънавию сиёсӣ, тарбияи ҷавонон дар руҳияи ватандӯстиву худшиносии миллӣ, бахшида ба ҷамъбасти “Соли ҷавонон” аз ҷониби раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш бо сипосномаҳо сарфароз гардонида шуданд. Дар ин радиф се корманди рӯзномаи “Ҷавонони Тоҷикистон” – Беҳрӯз Холмуродов, Хуршед Ховарӣ ва Машҳур Имомназаров низ қадрдонӣ гардиданд. Хуршед ХОВАРӢ, “ҶТ”
3
АХБОР
“ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН”, №02 (9532), 11.01.2018
Шаҳодатномаҳои нав супурда шуд
Журналист Шералӣ Яҳёев 70сола шуд Номи журналисти собиқадор Шералӣ Яҳёев барои хонандагони матбуоти тоҷик зиёда аз 40 сол аст, ки ошност. Ӯ фаъолияташро пас аз гирифтани ихтисоси рӯзноманигорӣ дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, расо чилу ҳафт сол қабл аз кори телетайпистӣ (қабулкунандаи маводи чопӣ тавассути телетайп) дар идораи нашрияи “Ҳақиқати Кӯлоб” оғоз карда, то ба вазифаи сармуҳаррири рӯзномаи “Хатлон” - нашрияи Маҷлиси вакилони халқ ва Комиҷроияи вилояти Хатлон сабзида расид. Аз китоби ёддоштии “Зангӯлаи бедорӣ”, ки чанде пеш ба муносибати 70-солагии падари шуҳратёр фарзандонаш аз чоп бароварданд, дар бораи хислату сифатҳои ин марди матбуот ва зиндагӣ факту далелҳои ҷолиберо пайдо карда метавон. Барои исбот як факти ҷолибро меорам. Соли 1993 бо таъсис ёфтани нахустин Маркази матбуотӣ дар назди Комиҷроияи вилояти Кӯлоб роҳбариашро ба дӯши муовини сармуҳаррири рӯзномаи “Хатлон” Шералӣ Яҳёев бовар карданд. Ӯ ин вазифаи пурмасъулиятро новобаста ба таҳдидҳои силоҳбадастону дасисабозиҳои нотавонбинон муддати даҳ сол то сармуҳаррири нашрияи “Хатлон” таъин гардиданаш сарбаландонаю софдилона ба иҷро расонид. Сармуҳарририи Ш. Яҳёев дар нашрияи “Хатлон” ва раисиаш ба Созмони журналистони вилояти Хатлон дар рушди рӯзнома ва фаъолияти хабарнигорон пурсамар сурат гирифт. Пас аз ин ҳафт сол дар ҳукумати шаҳри Душанбе вазифаҳои гуногунро ба хубӣ уҳда кард. Суханро аз сифату хислатҳои Шералӣ Яҳёев дароз накарда, ӯро бо умри бобаракти 70-сола табрику таҳният мегӯем ва тамоми хушиҳои зиндагиро барояш орзу менамоем. Эмом НАЗАРОВ, рӯзноманигор
Чанде пеш дар Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба вусъати ҳамкориҳои маориф, илм ва ВАО ҳамоиш баргузор гардид. Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Нуриддин Саид дар мавриди дастовардҳои самти ислоҳоти маориф, илм, татбиқи лоиҳаҳо оид ба ислоҳоти шабакаи таълим, тарбияи томактабӣ ва паҳлуҳои ҳамкориҳо бо ВАО, саҳми ташкилотҳои баналимилалӣ дар мавриди мутобиқат ба меъёрҳои ҷаҳонии таҳсил, рафти иҷрои барномаҳои лоиҳавӣ гузориш дод. Сипас Раиси Иттифоқи журналистони Тоҷикистон роҷеъ ба шаклу усулҳои ҳамкориҳо, натиҷаи азнавбақайдгирии аъзоёни Иттифоқи журналистон,саҳми ВАО дар тарғиби илм ва маориф, таҳияи барномаҳои ҳамкорӣ баромад кард. Баъдан ба 15 нафар аъзои Иттифоқи журналистони Тоҷикистон намунаҳои нави Шаҳодатномаи узвият супурда шуд. Зикр гардид, ки тақдими шаҳодатномаҳо бо реҷаи муайян то охири моҳи январ ба ҳамаи ташкилотҳои ибтидоии журналистӣ сурат мегирад.
165 медали хонандагони тоҷик аз олимпиадаҳои байналмилалӣ Аз рӯзҳои нахустини соҳибистиқлолӣ ба соҳаи маориф таваҷҷуҳи махсус зоҳир гардида, сол то сол муваффақият ва дастовардҳои ин соҳаи муҳим дар ҳоли рушд аст. Зеро маориф пойдевори тамоми соҳаҳои дигар ба ҳисоб рафта, пешрафту тараққиёти хоҷагии халқи мамлакат аз он сарчашма мегирад. Ин аст, ки баҳри рушду инкишофи раванди донишомӯзии наврасону ҷавонон аз ҷониби Ҳукумати ҷумҳурӣ ба соҳаи маориф диққати ҷиддӣ дода шуда, ҳар сол ҷиҳати рушди соҳаи мазкур садҳо иншоотҳои гуногун сохта ба истифода дода мешаванд, ки далели гуфтаҳои болост. Имрӯз хонандагони мактабҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва олии ҷумҳурӣ ин ҳама ғамхорӣ ва таваҷҷуҳи пайваста ба соҳаи маорифро хуб дарк намуда, бо тамоми нерӯ мекӯшанд, то аз ин ҳама имкониятҳои мусоид самаранок истифода баранду бо аз худ намудани донишҳои гуногун дар рушди минбаъдаи ин сарзамини биҳиштосо саҳми арзандаи худро гузоранд. Боиси хушнудист, ки имрӯз хонандагони тоҷик на танҳо дар озмуну олимпиадаҳои ҷумҳуриявӣ, балки дар олимпиадаҳои сатҳи ҷаҳонӣ иштирок намуда, бо созовор гардидан ба зинаҳои ифтихорӣ ба ҷаҳониён собит месозанд, ки хонандагони тоҷик низ ҳамнабзи сайёра буда, дар роҳи донишандӯзӣ муваффақанд. Дар соли 2017 хонандагони ҷумҳурӣ дар озмуну олимпиадаҳои байналмилалии зерин ширкат варзиданд: “13-Жаутиков”, “У.Жалдосбеков”, “INFOMATRIX ASIA 2017”, “51-Менделеев” ва “Авру-Осиё”-и Ҷумҳурии Қазоқистон, “АПМО”, “GeniusKids 2017” ва “XV Пушкинский” - и кишвари Россия, “ISWEEEP-2017” ва “GENIUS-2017” – и кишвари ИМА, “AMITY” ва “InIMC 2017” - и давлати Ҳиндустон, “29th IOI-2017” (ҷаҳонӣ) ва “29th IGO2017” (фосилавӣ) – и кишвари
Эрон, “MIYIO-2017” - и кишвари Малайзия, “INFOMATRIX 2017” - и давлати Руминия, “Аврупоӣ” - и кишвари Эстония, “JBMO 2017” - и давлати Булғория, “49th ICho-2017” (ҷаҳонӣ) – и давлати Таиланд, “58th IMO 2017” (ҷаҳонӣ) – и кишвари Бразилия, “48th IPhO-2017” (ҷаҳонӣ) – и давлати Индонезия, “28th IBO 2017” (ҷаҳонӣ) – и кишвари Англия, “Genius-Kids 2017” - и ҷумҳурии Қирғизистон, “IMSO 2017” - и давлати Сингапур ва “Озмоишгоҳи омодагии истеъдодҳо” - и ҷумҳурии Озарбойҷон. Соли 2017 барои хонандагони тоҷик соли хубу бобарор унвон мешавад. Чунки имсол дар маҷмуъ хонандагони
муассисаҳои таҳсилоти умумии ҷумҳурӣ дар 26 олимпиадаҳои байналмилалӣ иштирок намуда, 165 медал, аз ҷумла, 34 медали тилло, 57 медали нуқра ва 74 медали биринҷӣ ба даст оварданд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта (Соли 2016 133 медал: 21 тилло, 33 нуқра ва 79 биринҷӣ) 32 медал зиёд мебошад. Ба натиҷаҳои назаррас ноил гардидани хонандагон дар олимпиадаҳои ҷаҳонӣ аз он дарак медиҳад, ки имрӯз ҷавонону наврасон дар зери сиёсати ҷавонпарваронаи Пешвои миллат ба донишомӯзӣ таваҷҷуҳи махсус дошта, хуб дарк намудаанд, ки хушбахтӣ барои инсон танҳо тавассути доштани илму дониш муяссар мегардад.
Воқеан, фазлу дониш беҳтарин сармояи инсонист. Ин аст, ки инсоният аз ибтидои мавҷудияташ доим талош менамояд, то соҳибдонишу соҳибмаърифат бошад. Хонандагони тоҷик бо дарки ин нукта пайи донишомӯзӣ буда, боварӣ дорем, ки онҳо минбаъд низ бо иштирок ва сазовор гардидан ба ҷойҳои ифтихорӣ дар олимпиадаҳои сатҳи ҷаҳонӣ парчами кишварро дар байни дигар давлатҳо баланд мебардоранду саҳми хешро дар рушди кишвари маҳбубамон – Тоҷикистон мегузоранд. Беҳрӯз ХОЛМУРОДОВ, “ҶТ”
4
“ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН”, №02 (9532), 11.01.2018
ҶАВОНОНИ МАҲАЛ
Соле, ки гузашт
Садои ороми муҳаррикҳо, ҷумбуҷулу такопӯи кормандон ва равуои техникаҳои пуриқтидори боркаш дар саҳни корхонаҳои бузурги саноатии ноҳияи Ёвон аз он далолат мекунанд, ки сокинони ин ноҳия ба зиндагӣ иштиёқи бештар доранд ва талоши эшон нишони садоқат ба миллату давлат ва муҳаббат нисбати якдигар аст.
Ёвон ноҳияе, ки бо ташаббуси ҷавонон саноатӣ гардид Чун ба маркази ин ноҳия наздик шудан мегиред, ҳамон андоза овози муҳаррикҳои пуриқтидори корхонаҳои саноатӣ ором-ором ба гӯш мерасанду касро ба он бовар мекунонанд, ки дар воқеъ ноҳияи мазкур ба шаҳраки саноатие наздик шудан дорад. Роҳҳои ҳамвору пурмошин ва аҳамияти байналмилалидошта, бозгӯи он аст, ки ноҳия рӯ ба рушд аст. Ноҳияи Ёвон дар радифи ноҳияҳое қарор мегирад, ки сокинон, аз ҷумла ҷавонони бо нангу ораш тавонистаанд дар муддати кӯтоҳе ба муваффақиятҳои чашмрас ноил гардида, ноҳияро дар ҳама самтҳо ба пешрафт расонанд. Дар панҷсолаи ахир ин ноҳия дар соҳаҳои саноат ва сохтмон ба ҳадде рушду тараққӣ намудаву иқтидорашро афзун кардааст, ки ба қавли Хидирзода Мағфират, муовини раиси вилояти Хатлон “назирашро касе дар ёд надорад”. Танҳо дар солҳои 2016-2017 барои 22 ҳазор нафар ҷойҳои кории нав муҳайё карда шудааст, ки ин нишондиҳанда дар миёни дигар навоҳии мамлакат қиёснашаванда аст. Ҷавонони ноҳия бештар ба илмҳои гуманитарӣ таваҷҷуҳ намуда, соҳаи саноатро яке аз соҳаҳои муҳимтарини ҳаёти хоҷагии халқ унвон мекунанд. Ба ҳамин далел аст, ки имрӯз дар ноҳия зиёда аз 40 корхонаи саноатӣ бо ташаббуси бевоситаи ҷавонони ноҳия мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуда, имрӯз онҳо пайи фаъолиятанд. Дар самти бо маҳсулоти ватанӣ, аз ҷумла бо семент таъмин намудани аҳолии кишвар нақши ҷавонони ташаббускори ноҳия хеле бориз аст. Сохта ва ба ис-
тифода дода шудани ду корхонаи бузурги истеҳсоли семент “Хуаксин Ғаюр семент” ва “Ҷунгтсай Моҳир семент”, ки бо сармояи хориҷӣ ва ташаббусҳои созандаи Акбар Ғуломов ва Баҳриддин Ҷурахонов мавриди истифода қарор дода шудааст, ба воридоти ин маҳсулот аз хориҷи кишвар нуқта гузошт ва фурӯши он дар хориҷи мамлакат ба роҳ монда шуд. Дар дигар самтҳои саноат, аз ҷумла саноати коркарди пахта ва маҳсулоти тайёри пахтагин низ ҷавонони ноҳия кӯшидаанд, то ба муваффақиятҳои назаррас ноил гарданд. Рӯи кор омадани фабрикаи дӯзандагӣ ва бофандагии “Ваҳдат”, ки бо ташаббуси Илҳом Мирзоев, яке аз ҷавонони ташаббускор ва соҳибкорони муваффақи ноҳия аст, иқтидори солонааш ҳудуди 5 миллион ҷуфт ҷӯроб ва рангу бор кардани 2400-тонна ришта мебошад, ба пешрафти саноати сабуки кишвар такони ҷиддӣ бахшид. Тавре мудири бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳия Эраҷ Раҷабов қайд мекунад, дар самти дастгирӣ ва тарбияи дурусту ватандӯстонаи ҷавонон аз ҷониби Ҳукумати маҳаллӣ низ тадбирҳои зиёде роҳандозӣ гардидаанд. “Бо мақсади ҳавасманд гардонидани насли наврас, дар доираи чорабиниҳои Соли ҷавонон озмунҳо ва мусобиқаҳои ноҳиявии “Гӯштингири беҳтарин”, “Навовари беҳтарин”, “Тими беҳтарини футбол”, “Беҳтарин тарроҳ” ва “Хонандаи беҳтарин” гузаронида шуданд, ки донишҷӯёну хонандагони муассисаҳои миёнаи касбӣ ва муассисаҳои таҳсилоти ҳамагонӣ дар онҳо фаъолона ширкат варзиданд ва аз миёни онҳо беҳтаринҳо
бо сипосномаҳо ва туҳфаҳои пулию хотиравӣ қадрдонӣ карда шуданд”, - иброз дошт Эраҷ Раҷабов, мудири бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳияи Ёвон. Дар чанд соли охир мактабҳову майдончаҳои варзишӣ, ҳавзҳои шиноварию толорҳо барои тамрини ҷавонон ба маротиб рӯ ба афзоиш оварда, шумораи умумии онҳо ба як маҷмааи варзишӣ (544 тарбиятгиранда, 17 мураббӣ), 1 варзишгоҳ, 38 толор, 192 майдончаи варзишӣ (аз он 5 майдончаи навсохт бо фарши резинӣ), 4 ҳавзи шиноварӣ мерасад ва дар пайи иқдомҳои пайвастаи соҳибкорон таҷдид ва азнавсозии варзишгоҳи марказии ноҳия оғоз ёфтааст. Дастовадҳои ҷавонон низ дар ин самт сутуданист. Дар давоми “Соли ҷавонон” варзишгарони ноҳия дар мусобиқаҳои вилоятӣ, ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ фаъолона иштирок намуда, сазовори 42 медали тилло, 40 медали нуқра ва 41 медали биринҷӣ, дар маҷмуъ 123 медал гардидаанд, ки аз ин 6-медал (3-тило, 2-нуқра ва 1-биринҷӣ) сатҳи байналмилалӣ, 117 медал (39-тило. 38-нуқра ва 40-биринҷӣ) сатҳи ҷумҳуриявӣ мебошад. Яке аз дастовардҳои назарраси имсолаи соҳаи варзиши ноҳия ин аст, ки бо ташаббус ва дастгирии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия мунтахаби футболи ноҳия таъсис дода шуд ва мураббиёну бозингарони ин даста таҳти сарпарастии Баҳриддин Ҷурахонов аллакай дар соли аввали таъсисёбӣ бартарияти худро нишон дода, дар миёни 12 дастаи футболи лигаи дуюми вилояти Хатлон соҳиби мақоми ифтихорӣ гаштанд.
Дар самти илмомӯзӣ ва аз бар намудани донишҳои замонавӣ низ ҷавонони ноҳия то андозае муваффақанд ва ҳамин аст, ки шумораи умумии ҷавононе, ки дар коллеҷу литсейҳои касбӣ ва донишгоҳу донишкадаҳои дохилу хориҷи кишвар тахсил мекунанд, ҳудуди 7-ҳазор нафарро ташкил мекунад. Дар самти тадқиқотҳо ва ҳимояи рисолаҳои илмӣ то андозае муваффақанд. Ҳамин аст, ки айни ҳол аз миёни ҷавонони ноҳия 26 нафар дар зинаи аспирантура таҳсил карда, 18 номзад ва 1 доктори илм рисолаҳои худро дифоъ кардаанд. Хулоса, имрӯз таваҷҷуҳи ҷавонони ноҳия чун дигар ҷавонони кишвар ба донишомӯзию соҳиби касбу ҳунар гардидан, равона шуда, ба ин васила дар пешрафти кишвари азизамон саҳми арзандаи худро гузошта истодааст. Зеро онҳо хуб дарк намудаанд, ки ояндаи дурахшони меҳан ва баланд гардидани обрӯю мартабаи кишвар дар арсаи байналмилалӣ аз фаъолнокии ҳаррӯзаи онҳо вобастагии калон дорад. Шубҳае нест, ки дар ояндаи наздик бо бунёд ёфтани корхонаҳои бузурги саноатии дигар дар ин ноҳия ва коркарди маҳсулоти ниёзи мардум иқтидори иқтисодии ноҳия боз ҳам афзунтар гардида, баҳри пешрафту ободонии кишвари маҳбубамон заминаи боэътимод муҳайё мекунад. Ин боис мегардад, ки ҷавонони ноҳия баҳри амалӣ намудани мақсаду маромҳои хеш ҷиҳати рушди ноҳия ва ба ин васила пешрафт кардани кишвари азизамон нерӯи тоза гирифта, барои ободонии Ватан дучанд талош намоянд. Хуршед ХОВАРӢ, “ҶТ”
Соле, ки гузашт, барои мо – ҷавонон чун соли хотирмон дар ёдҳо нақш хоҳад баст. Маҳз ин сол бо ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Соли ҷавонон эълон гардида буд. Дар ин соли хотирмон ҷавонони тоҷик дар соҳаҳои гуногун дастовардҳои беназирро ноил гардиданд. Чунончи варзишгари ҷавон Беҳрӯз Хоҷазода пас аз чил сол дастоварди паҳлавони тоҷик, шодравон Саидмумуъмин Раҳимовро такрор намуда, қаҳрамони ҷаҳон гардид. Айни замон дар бахши рӯзноманигории колллеҷи ҷумҳуриявии фарҳанги ноҳияи Рӯдакӣ таҳсил дорам. Ман ин пешаро тасодуфан интихоб накардаам. Ҳангоми мактабхонӣ нашрияҳои давриро пайваста мутолиа доштам. Мутолиаи пайваста дар дилам шавқ ба пешаи навиштан, яъне рӯзноманигорӣ бедор намуд. Кӯшиш доштам барои рӯзномаҳо, бахусус ноҳиявӣ, чизе нависам. Ҳамин тавр, ин шавқ маро ба остонаи коллеҷи ҷумҳуриявии фарҳанг овард. Айни замон дар курси сеюми бахши рӯзноманигории коллеҷи мазкур таҳсил дорам. Пас аз хатми таълимгоҳ ният дорам, дар яке аз нашрияҳои даврӣ, ба касби дӯстдоштаам машғул шавам. Ҳамаи ин, яъне ба таҳсил ва омӯзиши касбу ҳунари дилхоҳ машғул шудани мо – ҷавонон натиҷаи дастовардҳои истиқлолияти кишвар, тинҷию амонист. Маҳз фазои орому осудаи кишвар боис шуда, ки насли наврас, ҷавонон илму ҳунар омӯзанд. Пешаи дилхоҳро интихоб намоянд. Чунин тинҷию оромӣ натиҷаи заҳмату талошҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад. Пас, мо - ҷавононро лозим аст, шукронаи тинҷию оромӣ намуда, баҳри гул-гулшукофии ватани азизи худ саҳмгузор бошем. Шаҳром ЗАРИФОВ, донишҷӯи коллеҷи ҷумҳуриявии фарҳанги ноҳияи Рӯдакӣ
“ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН”, №02 (9532), 11.01.2018 Дар арсаи ҷаҳонӣ Тоҷикистон ҳамчун кишвари соҳибистиқлол сиёсати наҷиби давлатии ҷавононро босамар ва дар сатҳи зарурӣ амалӣ намуда, давра ба давра заминаҳои воқеии рушди бемайлони тамоми соҳаҳоро баҳри насли наврас ва кулли ҷавонони кишвар таъмин намуда истодааст. Дар даврони истиқлолияти давлатӣ ба самтҳои гуногуни ташаккулёбии шахсияти ҷавонон диққати зарурӣ дода низоми мукаммали тарбияи насли наврас роҳандозӣ гардид. Дар ин замина насли ҷадиди истиқлолият, дар руҳияи баланди шинохти миллӣ, садоқат ба Ватан ва адолатхоҳӣ тарбия ёфтанд. Шароитҳои моддиву техникии мактабҳо рӯ ба беҳбудӣ ниҳода, заминаҳои воқеиро барои рушд ва интихоби касб ба вуҷуд овард. Дар даврони таърихи навини кишвар Вазорати маориф ва илм бо дастгирии ҳамаҷонибаи Ҳукумати кишвар тавонист кулли барномаҳои таълимии муассисаҳоро аз нав роҳандозӣ намояд. Омӯхтани илмҳои дақиқ ва забонҳо дар шароити кунунӣ ба манфиати ҳамагон буда дар сурати ҳал нагаштани ин мушкилот мо метавонем ба душвориҳои вазнине рӯ ба рӯ шавем.
5
МУЛОҲИЗА
Назари хирадмандонаи Пешвои миллат ба ҷавонон
Назари хирадмандонаи Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба сиёсати ҷавонон яке аз наҷибтарин иқдомҳо маҳсуб меёбад. Ҷавонон дар кишвари мо ҳамчун қишри фаъоли ҷомеа маҳсуб ёфта, дар пешрафту шукуфоии Тоҷикистон саҳми арзандаро мегузоранд. Насли чавон бо нерӯи тавоно, ҳисси баланди миллию фарҳангӣ пояҳои давлатдории миллиро ҳамчун гаҳвари ноёб эҳтирому нигаҳдорӣ намуда, пайваста бо меҳри Ватан, миллат, адабиёту таърих, фарҳанг ва ҳимояи дастовардҳои Истиқлолияти давлатӣ ҳамеша омода ва дастандаркоранд. Дар воқеъ, имрӯз умеду боварӣ дар Тоҷикистон маҳз ба нерӯи ҷавонон равона шуданаш бесабаб нест, зеро онҳо тедоди асосии аҳолии кишвар маҳсуб ёфта, метавонанд дар оянда ҳамчун қувваи тавоно баҳри ободӣ ва таъмини амнияту суботи ҷомеа дар рушди
бомароми маориф, иқтисодиёт, сиёсат, фарҳанг, тандурустӣ ва дигар самтҳо саҳмгузор бошанд. Зимни эълон намудани “Соли ҷавонон” Роҳбари давлат таъкид намуда буданд, ки “Ҷавонони мо дар ҳар ҷое, ки бошанд, бояд ҳисси баланди миллӣ дошта бошанд, бо Ватан, миллат, давлати соҳибистиқлоли худ ва забону фарҳанги миллии хеш ифтихор намоянд ва барои ҳимояи онҳо ҳамеша омода ва ҳушёру зирак бошанд. Ҷавонони имрӯзаи мо, яъне насли замони истиқлол аз наслҳои пешина бо савияи илму дониш, маърифату ҷаҳонбинӣ, сатҳи тафаккур ва одобу ахлоқ фарқи куллӣ доранд, ки ин ҳама боиси ифтихори мо мебошад”. Ба ҳамагон маълум аст. ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хусус Пешвои муаззами миллат ба мактабу маориф диққати махсус дода, оиди донишандӯзии насли наврас ва ҷавонони миллат,
тамоми тадбирҳоро андешида истодаанд, то ки насли имрӯзаи кишвар пурра ба таҳсил фаро гирифта шаванд. Ҷаҳони имрӯза моро муваззаф месозад, ки дар инкишофи минбаъдаи ҷомеа, ҳар чӣ бештар ҷавононро ба омӯзиши технологияи нави иттилоотиву коммуникатсионӣ, фанҳои дақиқ ва омӯхтани забонҳо ҳадафмандона ҷалб намоем. Зеро маҳз ҳамин соҳаҳо имрӯз ва ояндаи наздик дар инкишофи ҷомеа муҳим арзёбӣ мешаванд. Рафти тараққиёти ҷаҳони имрӯза тақозо менамояд, ки ҳар фарди ҷомеа нисбат ба ҳаводису воқеаҳои сиёсӣ андешамандона муносибат намуда, таваҷҷӯҳи хешро ба дигаргунсозиҳои ҳаёти рӯзмарра ҳамчун омили муҳимтарини инкишофи кишвар рӯи кор оварад. Имрӯз зарурат пеш омадааст, то ҳамаи мо, ба хусус ҷавонон, бояд ҳамаҷониба рӯ ба омӯзиши фарҳанги сиёсӣ ва боло бурдани он, заҳматҳои шабонарӯзӣ кашем. Ҳамасола аз тарафи Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати дастгирии ҳамаҷонибаи омӯзгорон, таъсиси мактабҳои замонавӣ, мустаҳкам намудани базаи моддиву техникии мактабҳо, таълиму тарбияи насли наврас, бахусус омода ва ҷалби омӯзгорони ҷавон таваҷҷуҳи хоса зоҳир мегардад. Бо таҳлилу баррасиҳо ва омӯзишҳои дақиқ оиди масоили мазкур, Пешвои миллат дар яке аз суханрониҳои худ ба таври зайл иброз доштаанд; “Ҳар фарде, ки имрӯзу ояндаи Ватан ва миллат барояш азиз аст, дар роҳи соҳибмаърифату соҳибкасб ва дар рӯҳияи худшиносии миллӣ ва ватандӯстӣ ба камол расонида-
Соҳаи афзалиятноки ҳама давру замон Масъалаи асосие, ки дар ҳама давру замон, бо ҳаёти инсонҳо қаробати ногусастанӣ дорад ва таваҷҷуҳ ба он ба пешрафту комёбӣ ва тараққиёт оварда мерасонад, ин ба таҳсил фаро гирифтани омма мебошад. Мушоҳидаҳо собит месозанд, ки ҳар давлат ва миллате, ки ба ин масъала аҳамияти бештар медиҳад, ба пешрафтҳои назаррас ноил гардидаст. Ба таъкиди Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон “Нишондиҳандаҳои рушди нерӯи инсонӣ аз се самти асосӣ – дастрасӣ ба таҳсилот, тандурустиву дарозумрӣ ва сатҳи шоистаи зиндагӣ иборат мебошанд”.
Боиси хушҳолист, ки кишвари мо низ дар радифи дигар давлатҳои мутараққӣ ҷиҳати ҳалли ин масъала чораҳои заруриро пиёда сохтааст. Дар таърихи маорифи кишвар ва дар маҷмуъ давлатдории тоҷикон пас аз истиқлолияти воқеии ҷумҳурӣ бо татбиқи сиёсат ва бо дастгирии Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон муносибатҳои сифатан нав ба вуҷуд омаданд. Сарфи назар аз мураккабиҳо ва мушкилоти замони ҷанги шаҳрвандӣ ҳукумати кишвар соҳаи маорифро ҳамчун соҳаи афзалиятнок таҳти назорат ва пуштибонии худ қарор дод. Ба нозукии ин масъала аз давраҳои аввали соҳибистиқлолӣ огоҳ шуда, тадбирҳои лозимаро дар ин самт андешид. Ҳамин тариқ, ин раванд рӯз то рӯз тақвият ёфта, яке аз масъалаҳои асосӣ дар мадди назари Ҳукумату давлат қарор гирифт. Сол аз сол зиёд шудани мактабу таълимгоҳҳо, роҳандозии иқдомҳои ҷадид барои пешрафти илму маориф гувоҳи ин гуфтаҳоянд. Чунон ки Пешвои миллат зимни ироаи Паём иброз доштанд: “...мо дар соҳаи илму маориф иқдомоти ҷиддиро роҳандозӣ карда, ислоҳот ва навсозиро босуръат пеш бурда истодаем. Соли 2017 аз ҳисоби ҳамаи
сарчашмаҳо ҷиҳати сохтмон ва азнавсозии муассисаҳои таълимӣ зиёда аз 400 миллион сомонӣ сарф гардида, 24 ҳазор ҷои нишаст муҳайё карда шуд. Соли 2018 ин раванд идома ёфта, маблағҳои буҷети давлатӣ ва лоиҳаҳои сармоягузорӣ ба ин самт равона карда мешаванд. Инчунин, бо қарори Ҳукумати Тоҷикистон “Барномаи давлатии таъмини муассисаҳои таҳсилоти умумии Ҷумҳурӣ бо кабинетҳои фаннӣ ва озмоишгоҳҳои муҷаҳҳази таълимӣ барои солҳои 2018- 2020” қабул гардид”. Агар ба нишондодҳои чанд соли пеш назар афканем, маълум мегардад, ки дар соли хониши 1991-1992 миқдори муассисаҳои таҳсилоти умумӣ 3179 адад буд, аз ин шумора 614 мактаби таҳсилоти ибтидоӣ, 634 адад мактаби таҳсилоти умумии асосӣ, 1916 мактаби таҳсилоти умумӣ, 1 гимназия ва 14 мактаб-интернат барои кӯдакони гирифтори иллатҳои рӯҳӣ ва ҷисмонӣ фаъолият мекард. Танҳо то соли 2010 мактабҳо ба миқдори 518 адад зиёд шуда, ин рақам дар соли 2010 ба 3747 мактаб, аз ҷумла 540 ибтидоӣ, 678 асосӣ, 2311 миёнаи умумӣ баробар гардид. Дар замони истиқлолият дар соҳаи маориф ҷиҳати бунёди муассисаҳои
ни насли наврас ва ҷавонон бояд саҳми муносиб гузорад. Боварии комил дорам, ки бо захираи бузурги зеҳнии ҷомеаамон, ки қисми асосии онро муаллимону устодон ва зиёиёни соҳаи маориф ташкил медиҳанд, мо метавонем аз уҳдаи иҷрои рисолати таърихии худ бароем ва барои ояндаи Ватану миллатамон насли сазовору арзанда, дорои дониши замонавӣ, ҷаҳонбинии васеъ, ватандӯсту худогоҳ ва ворисону созандагони фардои дурахшони Тоҷикистони соҳибистиқлолро тарбия карда ба воя расонем”. Зикр кардан ба маврид аст, ки сиёсати ҷавонони Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз масъалаҳои мубрами даврони муосир ба ҳисоб рафта, барои рушди давлатдории навини тоҷикон, инкишофу бақои миллат, ва ояндасозии меҳани демокративу дунявӣ аҳамияти муҳим дорад. Таваҷҷуҳи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бахусус Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ба ҷавонони кишвар бағоят бузург буда, дар навбати худ масъулиятҳои ҷиддиро аз ҷавонон, аҳли ҷомеа интизор аст. Дар ин раванд мо ҳамагон пеш аз ҳама ҷавонон, масъули омӯзиш, ободкорӣ, ваҳдатофарӣ, бунёдкорӣ, ҳифзи дастовардҳои истиқлолият ва мустаҳкам намудани пояҳои миллии давлатдорӣ қарор дошта, солҳои оянда низ бо марому мақсадҳои накӯ паи ободӣ ва шукуфоии Тоҷикистон камари ҳиммат бандем. Дар ин ҷода ба ҷавонони азиз ва тамоми ҳамватанонамон барору комёбӣ таманно дорем. Сафаралӣ СОБИРОВ, Аълочии маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон
нави таълимӣ ва таҷдиду барқароркунии таълимгоҳҳои мавҷуда дигаргуниҳои зиёде ба амал омада, бевосита тавассути дастгирии давлат дар миқёси кишвар 1200 бинои мактаби ҳозиразамон барои 311 ҳазор ҷойи нишаст сохта, ба истифода дода шуд. Маҳз ҳамин таваҷҷуҳ буд, ки имрӯзҳо ба гуфтаи Пешвои миллат “...саводнокӣ миёни аҳолии калонсол боло рафта, ҳиссаи шаҳрвандоне, ки таҳсилоти ибтидоӣ, миёна ва олии касбӣ мегиранд, бамаротиб афзуда истодааст. Мувофиқи назарсанҷие, ки созмонҳои бонуфузи ҷаҳонӣ доир ба кишварҳои рӯ ба инкишоф анҷом додаанд, соли 2017 Тоҷикистон аз рӯи 4 нишондиҳанда: дастрасӣ ба таҳсилот, сифати таҳсилот, сармояи инсонӣ ва қобилияти рақобати он дар миёни 101 давлати ҷаҳон ҷойи 54-умро соҳиб шудааст. Аз рӯи ин таҳлил Тоҷикистон дар фазои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил яке аз ҷойҳои аввалинро ишғол менамояд”. Ва чунон ки дар идома зикр гардид, ин дастоварди хуб аст, вале мо набояд бо ин қонеъ шуда, таваҷҷуҳро ба ин соҳаи ҳаётан муҳим кам намоем. Зеро маҳз саводнок намудани ҷомеа миллату давлатро ба ҷаҳониён муаррифӣ намуда, ба пешрафту тараққиёт сабаб мешавад. Фаришта АМИРШОЕВА, омӯзгори МТМУ №27
6 Паёми имсолаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон чун ҳарвақта фарогири тамоми масоили ҳаёти мамлакат ва ояндаи он мебошад. Дар Паём он масъалаҳое мавриди баррасӣ қарор гирифт, ки бешак ҷиҳати беҳбудӣ бахшидан ба рӯзгори мардум, баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагӣ, амнияту осоиштагӣ ва таҳкими равобити дохиливу хориҷии кишвар мусоидат менамоянд. Ҳамагон медонем, ки захираҳои маънавӣ ва фарҳангии миллии Тоҷикистон хеле бою пурғановат буда, барои таҳкими ҳамкориҳои созанда ва расидан ба ҳадафҳои инсонпарваронаи миллат роҳ мекушоянд. Яке аз ин ташаббусҳои ҷаҳонӣ оғози даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028 якҷоя бо таҷлили Наврӯзи оламафрӯз мебошад, ки аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳамовозиву истиқболи гарм ёфтааст. Ин як падидаи фараҳбахшест, ки дастовардҳои маънавии Тоҷикистонро ба намоиш мегузорад. Дар робита ба ин дар Паём таъкид мегардад, ки: “Суннату ойинҳои нек ва ҷашнҳои миллии мо, мисли Наврӯз, Меҳргон
“ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН”, №02 (9532), 11.01.2018
ДАР ҲОШИЯИ ПАЁМ
Тарғибгари маънавиёту ахлоқ ва Сада дар тӯли таърих барои тарғиби ахлоқу маънавиёти созанда хизмат кардаанд. Аз ин рӯ, зарур аст, ки дастовардҳои маънавию моддии мардуми шарифи мо ба феҳристи умумиҷаҳонии ЮНЕСКО ворид гарданд ва нақши тамаддунсози миллати тоҷикро минбаъд низ боло баранд.” Гузашта аз ин, Тоҷикистон ҳамчун яке аз маконҳои ободу осоишта ва дорои табиати афсункор, фарҳанги мардумии ғанӣ, муассисаҳои фароғатӣ ва тандурустӣ барои рушди сайёҳӣ заминаи мусоидеро фароҳам овардааст. Бо назардошти ин, аз ҷониби Пешвои миллат соли 2018 Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ эълон карда шуд. Ин иқдом бори масъулияти соҳаро
Ҷавонон ҳамчун нерӯи бузурги ояндаи давлату миллат аз рӯзҳои аввали соҳибистиқлолӣ дар маркази диққати Ҳукумати мамлакат қарор дошта, ҷиҳати рушду инкишоф ёфтани ҷараёни донишомӯзию касбазхудкунии онҳо пайваста тадбирҳо андешида мешавад. Ҷавонони кишвар чун як тану ҷон имрӯз ҳар сухани Пешвои миллат дар самти донишандӯзӣ ва хизмат намудан ба халқу ватанро сармашқи кори худ намуда, ҷиҳати дар амал татбиқ намудани онҳо фаъолияти худро ба роҳ мондаанд. Дар ин зимн, Паёми ҳарсолаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии кишвар доим дар худ барои ояндаи дурахшони насли наврас ва ҷавонон армуғонҳои махсус дорад. Чун паём натиҷагирӣ аз фаъолияти яксолаи Ҳукумати мамлакату соҳаҳои гуногун ва вазифагузориҳо ба соли минбаъда аст, дар баробари ҳама гуна соҳаву қишрҳо ҳатман ба масъалаи ҷавонон низ андешаронӣ сурат гирифта, аз фаъолияти
зиёдтар ва нуфузи кишвари моро ҳамчун макони беҳтарини сайёҳӣ дар ҷаҳон афзунтар мегардонад. Зиёд шудани шумораи сайёҳон барои ҳарчи бештар ба фурӯш рафтани молу маҳсулоти дохилии кишвар, аз байн рафтани маҳдудиятҳо ва мушкилоти соҳибкорону истеҳсолкунандагон мусоидат хоҳад намуд. Дар баробари рушди сайёҳӣ ривоҷу равнақ бахшидани ҳунарҳои мардумӣ низ падидаи нек аст, чун ин ду соҳа бо ҳам пайванди ногусастанӣ доранд. Бо таъсис ёфтани биноҳои истироҳатию дармонбахшӣ, эҳё ва азнавсозии осоишгоҳҳо ва зиёратгоҳҳои таърихӣ метавон ҳунарҳои мардумиро, аз қабили кандакорӣ, меъморӣ, инчунин ҳунарҳои суннатии дастӣ равнақ
бахшид. Сармоягузории дохилию хориҷӣ низ ба ин соҳа барои беҳбуд бахшидан ба сатҳу сифати рӯзгори мардум, беҳсозӣ ва бунёди осорхонаҳову муассисаҳои дармонбахшӣ зиёд гардида, барои ҳарчи бештар ба ҷои кор таъмин намудани ашхоси бекор заминаи мусоид фароҳам хоҳад шуд. Ин барномаи мукаммалу густурда имконоти васеъро барои тавсеаи иқтисоди миллӣ, омодасозии мутахассисони маҳаллӣ фароҳам овардааст. Мавриди назорат ва санҷиши доимӣ карор додани воридот ва истеҳсоли доруворӣ ва ғизои пастсифат дар ҷумҳурӣ ва ба ин васила аз байн бурдани чанде аз мушкилоти соҳаи тандурустӣ аз нуктаҳои муҳимтарини дигари Паём маҳсуб меёбад. Тавре борҳо аз ҷониби сарвари муаззами кишварамон таъкид мегардад, Тоҷикистон дорои захираҳои кофии табиӣ барои таъмини аҳолӣ бо ғизои солим ва содироти ин мавод ба хориҷи кишвар низ мебошад. Мутаассифона, аксар ғизои носолим ба кишвари мо аз хориҷ ворид мегардад ва ин дар ҳолест, ки Тоҷикистон худ иқтидори дар дохили мамлакат парвариш ва истеҳсоли аксар маводи хӯрокаро, аз қабили гӯшту шир ва дигар анвои хӯрокворӣ дорад ва имкони хеле мусоиди созгор барои ба хориҷи кишвар содирот намудани онҳо низ мавҷуд аст. Дар Тоҷикистон, ки дорои захираҳои фаровони табиӣ мебошад, барои истеҳсоли маводи доруворӣ низ имкониятҳои фаровоне вуҷуд доранд. Дар ин марвид дар Паём омадааст: “Нарасидани доруворӣ, пастсифат будани аксари онҳо ва рушд на-
кардани саноати дорусозӣ дар мамлакат ба яке аз масъалаҳои ташвишовар табдил ёфтааст. Ҳол он ки дар кишвари мо зиёда аз 3500 навъи гиёҳҳои шифобахш ва садҳо сарчашмаи обҳои гарми табобатӣ мавҷуданд”. Бо итминони комил метавон гуфт, ки Тоҷикистон имкон дорад, ки на танҳо аҳолии худро бо маводи хушсифати доруворӣ таъмин созад, балки ба яке аз кишварҳои мутараққии содиркунандаи маводи доруворӣ дар сатҳи ҷаҳонӣ табдил ёбад. Аз андози арзишҳои иловашуда ва боҷи гумрукӣ озод намудани корхонаҳои дорусозӣ ва воридоти технологияи нав ва таҷҳизоти ҷадиди ташхису табобатӣ барои ин корхонаҳо аз имтиёзот ва ғамхориҳои навбатии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба соҳаи тандурустии кишвар маҳсуб меёбад. Такмил додани парвариши гиёҳҳои давоӣ дар кишвари мо, ки иқлими нодир ва беҳамтое дорад, барои рушди ин соҳа мусоидати бевосита менамояд. Паёми имсолаи Сарвари мамлакат ба Маҷлиси Олӣ аслан дастури кор ва маҷмӯи чорабиниҳои амалие мебошад, ки аз ҳар як фарди баору номуси кишвар эҳсоси баланди масъулиятшиносӣ ва ифтихори ватандориро тақозо менамояд. Иҷрои саривақтии ҳама талаботҳои ин барномаи мукаммали ҳаётан муҳим ҷиҳати беҳбудии сатҳи зиндагӣ, баланд бардоштани маънавияти аҳолӣ, таъмини амнияту субот дар кишвар ва рушди минбаъдаи он мусоидат менамояд. Шаҳло ЭШОНОВА, “ҶТ”
Роҳнамо ва роҳкушои ҷавонон ин қишри ояндадори ҷумҳурӣ натиҷагирӣ карда мешавад. Дар воқеъ, Ҳукумати мамлакат масъалаҳоеро, ки ба сиёсати давлатии ҷавонон алоқаманд мебошанд, дар маркази диққати худ қарор дода, барои дастгирии иқдомоти бунёдкоронаи ҷавонони кишвар чораҳои заруриро амалӣ мегардонад. Ҳанӯз ду сол қабл Пешвои миллат ҳангоми ироаи паёми навбатиашон баён намуда буданд, ки “Мо бояд барои ҷавонон чунин шароите муҳайё созем ва онҳоро тарзе тарбия кунем, ки фарзандони мо дар зиндагӣ роҳи дурустро интихоб намоянд, илму донишҳои муосирро аз худ кунанд, касбу ҳунарҳои замонавиро омӯзанд ва оянда мақоми арзандаи худро дар ҷомеа соҳиб шаванд. Мо бо ҷавонони созандаи худ ифтихор мекунем, чунки ҷавонони даврони соҳибистиқлолии Ватанамон имрӯз бо нангу номуси миллӣ, ташаббусҳои шоиста ва эҳсоси баланди ватандорӣ дар рушди Тоҷикистони азиз ҳиссаи арзишманд мегузоранд ва ба Модар - Ватани худ содиқона хизмат мекунанд”. Воқеан, талошу заҳмат ва фаъолнокии ҷавонон дар ҳаёти сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангии кишвар буд, ки бо ташаббуси
Пешвои миллат дар ҷумҳурӣ соли 2017 “Соли ҷавонон” эълон гардид. Иқдоми мазкур таваҷҷуҳи олии роҳбарияти кишвар ба насли ҷавону умедбахш буд, ки дар таърих воқеаи такрорнашаванда унвон мешавад. Тайи як соле, ки “Соли ҷавонон” идома дошт, чорабиниҳои гуногуни сатҳи ҷумҳуриявию минтақавӣ баргузор гардид, ки дар ҳаёти ҷавонони диёр тағйироти куллиро ба амал оварда, дар баланд бардоштани ҳисси худшиносию худогоҳӣ ва ватандӯстию ватанпарварии ҷавонон нақши муассир гузошт. Дар паёми имсола, ки 22-юми декабри соли 2017 сурат гирифт, Пешвои миллат бори дигар тамоми мардуми кишвар, махсусан ҷавононро ба роҳи дуруст, ватандӯстию ифтихор аз он, худшиносию худогоҳӣ ва саҳм гузоштан дар рушди минбаъдаи ҷумҳурӣ талқин намуданд. Хусусан, роҷеъ ба масъалаи бо ҷойи кор таъмин намудани аҳолӣ низ суханронӣ шуда, таъкид гардид, ки “Ҳукумати кишвар ба масъалаи шуғл ва таъсиси ҷойҳои нави корӣ диққати махсус дода, дар ин самт якчанд барномаҳои давлатиро амалӣ намуда истодааст. Соли 2017-ум 135 ҳазор ҷойи кори доимӣ, муваққатӣ ва мавсимӣ ташкил шудааст, ки ин мушкилоти нарасидани
ҷойҳои кориро дар мамлакат ҳал карда наметавонад. Яъне мо вазифадорем, ки боз ҳам бештар заҳмат кашида, ба иҷрои ҳадафҳои стратегии миллиамон – таъмини истиқлолияти энергетикӣ ва истифодаи самарабахши нерӯи барқ, аз бунбасти коммуникатсионӣ баровардан ва ба кишвари транзитӣ табдил додани Тоҷикистон, ҳифзи амнияти озуқаворӣ ва дастрасии аҳолии мамлакат ба ғизои хушсифат ноил гардем, диёрамонро то гӯшаҳои дурдасттарини он боз ҳам ободу зебо гардонем, корхонаву коргоҳҳои нав бунёд кунем, барои сокинон ҷойҳои корӣ муҳайё намоем ва сатҳу сифати зиндагии халқамонро аз имрӯза дида, баланд бардорем”. Аз ин ҳама гуфтаҳо бармеояд, ки ғамхорӣ ва таваҷҷуҳ ба насли ҷавону умедбахш танҳо ба “Соли ҷавонон” маҳдуд нагардида, балки он оғози марҳилаи нави таваҷҷуҳу ғамхорӣ ва дастгириҳо нисбат ба ҷавонон мебошад. Пас, ҷавононро мебояд ҷавобан ба ин ҳама ғамхориҳо ба касбомӯзию аз бар намудани донишҳои муосир камари ҳиммат баста, бо дониш ва малакаву маҳорат ва ташаббусҳои созандаашон дар рушди кишвари азиз беш аз пеш саҳмгузор бошанд. Беҳрӯз ХОЛМУРОДОВ, “ҶТ”
“ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН”, №02 (9532), 11.01.2018
7
ДАР ҲОШИЯИ ПАЁМ
Тағйирёбии иқлим ва норасоии об Ба ҳеҷ кас пӯшида нест, ки об барои инсоният, умуман тамоми мавҷудоти зинда чӣ гуна аҳамияти муҳим дорад. Ҳарчанд дар сайёраи Замин масоҳати майдони об нисбати хушкӣ чандин маротиба зиёд бошад ҳам, айни замон оби ошомиданӣ танҳо 0,6 фоизи тамоми обҳои рӯи заминро ташкил медиҳаду халос. Ин аст, ки об ба яке аз масоили муҳим ва пурташвиш табдил ёфта, сокинони беш аз ҳаштод кишвар аз норасоии ин неъмати бебаҳо сахт азият мекашанд. Зикр намудан бамаврид аст, ки ба чунин вазъ, яъне кам гардидани захираҳои оби ошомиданӣ натиҷаи истифодабарии нодуруст, ифлос намудани як қатор сарчашмаҳои он ва дигар омилҳо боис гардидааст. Тоҷикистони офтобрӯяи мо дар саргаҳи обҳое қарор дорад, ки рӯдҳои бешумораш аз пиряху чашмасорони обҳои мусаффо сарчашма мегиранд. Аз ҷиҳати захираҳои обӣ кишвари мо дар ҷаҳон дар ҷои ҳаштум қарор дорад. Беш аз 50 фоизи обҳое, ки сокинони кишварҳои Осиёи марказӣ истеъмол, барои обёрӣ ва дигар мақсадҳо истифода мегарданд, тариқи рӯдҳо маҳз аз диёри тоҷикон берун мешаванд. Баҳри Арал тавассути обҳои Тоҷикистон, ба қавле то имрӯз “зинда” аст. Мутаассифона, тағйирёбии иқлим ба захираҳои обии кишварамон таъсири манфӣ мерасонад. Дар натиҷаи баланд шудани ҳарорати ҳаво пиряхҳои зиёд об, захираҳои оби мусаффои нӯшокӣ дар кӯҳсорони тоҷик то андозае коҳиш ёфтааст. Баъдан афзоиши аҳолӣ ва истифодаи нооқилонаи ин неъмати бебаҳо, бахусус дар кишварҳои поёноб, солҳои баъдина норасоии об дар ин кишварҳо, шояд ба масъалаи ҷиддӣ табдил ёбад. Масоили норасоии оби ошомиданиро ба назар гирифта, Тоҷикистон таҳти сарварии роҳбари хеш, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ин ҷода ташаббускори як қатор чорабиниҳои муҳим дар сатҳи ҷаҳонӣ гардид. Ва аз ҷониби мардуми сайёра дастгирии ҳамаҷониба ёфт. Охирин ташаббусе, ки аз ҷониби Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, аз минбари баланди Созмони Милали Муттаҳид садо дод, ин Даҳсолаи амал “Об барои рушди устувор” маҳсуб ёфта, маҳз ба рафъи норасоии об барои солҳои 2018 - 2028 пешбинӣ шудааст. Зимни ироаи паёми хеш ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Президенти кишвар, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, моҳи декабри соли пешин, баробари масоили дохили кишвар ва муносибатҳои беруна, ба ин масъалаи муҳим бори дигар дахл намуда, аз ҷумла чунин иброз дошт: “Мо татбиқи пайгиронаи дипломатияи ҳамкорӣ дар соҳаи обро василаи воқеии ҳалли мушкилот дар ин самт медонем ва дар даҳсолаи оянда низ иҷрои ин нақшаи пешбариро идома хоҳем дод”. Мувофиқи маълумот то соли 1925 шумораи аҳолии кишварҳое, ки аз об танқисӣ мекашанд, шояд ба се миллиард расад. Татбиқ намудани чунин чорабиние, ки Тоҷикистон ташаббускори он маҳсуб меёбад, имкон медиҳад дастрасӣ ба оби нӯшокӣ боз ҳам беҳтар гардида, ҳалли як қатор масоили басо муҳим, аз ҷумла амнияти озуқаворӣ, ҳифзи саломатии мардум, беҳдошти вазъи муҳити зист ва ғайра ҳалли мусбии худро ёбад. Гулсара ФАЙЗОВА, омӯзгори МТМУ № 76-и ноҳияи Фирдавсии пойтахт
Инъикоси масоили иҷтимоиву сиёсӣ Паёми имсола, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ироа намуд, як барномаи мукаммале мебошад, ки кулли паҳлӯҳои ҳаёти ҷомеаи кунунии Тоҷикистонро дар бар гирифта, барои рушду нумӯи минбаъдаи кишвар дар ҳама соҳаҳо мусоидат менамояд. Ин Паём аз Паёмҳои пешин ба куллӣ фарқ мекунад. Зеро дар паёми мазкур масъалаҳои мубрами рӯз хеле борикбинона аз ҷониби Президенти мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон матраҳ гардидаанд. Бинобар ин, мо тасмим гирифтем ки бо истифода аз муҳтавои Паёми имсолаи Президенти мамлакат нақши кормандони соҳаи иҷтимоии кишварро мавриди баррасӣ қарор диҳем. Зеро мардуми сарбаланди тоҷик хуб дарк намудааст, ки дар амри баланд бардоштани сатҳи донишу маърифатнокии наврасону ҷавонон, фарҳанги мардум, ҳифзи саломатии аҳолӣ, нақши кормандони соҳаҳои иҷтимоӣ хеле назаррас аст. Ҳамчунин, табобату нигоҳубини беморон ва дигар гурӯҳҳои ниёзманди ҷомеа низ бар души кормандони ин соҳа мебошанд. Таъсиси ҷойҳои нави корӣ яке аз самтҳои муҳими сиёсати иҷтимоии Ҳукумати мамлакат мебошад. Чунон ки дар Паём Президенти чумҳурӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қайд карданд “…соли 2017 дар шаҳру ноҳияҳои гуногун 150 корхонаи саноатӣ бо таъсиси 3 ҳазор ҷойи кор бунёд ва ба истифода супорида шуд. Соли 2018 бояд на кам аз 200 ҳазор ҷойҳои нави корӣ муҳайё карда шаванд. Бинобар ин, Ҳукумати Тоҷикистон, роҳбарони вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо вазифадоранд, ки якҷо бо бахши хусусӣ ҷиҳати вусъат бахшидани ҷараёни таъсиси ҷойҳои нави корӣ мунтазам чораҷӯӣ намоянд”. Танзими масъалаҳои вобаста ба муҳоҷирати меҳнатӣ яке аз ҳадафҳои асосии Ҳукумат ва роҳбарони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо мебошад. Дар ин самт зарур аст, ки ҷиҳати коҳиш додани муҳоҷират муҳайё намудани ҷойҳои нави кориро дар дохили кишвар ҳарчи бештар тавсеа бахшида, доир ба масъалаҳои танзими муҳоҷирати меҳнатӣ, аз ҷумла ҳифзи ҳуқуқи шаҳрвандони мо ҳамкорӣ бо мақомоти марбутаи кишварҳои қабулкунандаи нерӯи корӣ беш аз пеш тақвият бахшида шавад. Мавриди зикр аст, ки бахшида ба 23-май, Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон аз ҷониби Кумита ва сохторҳои маҳаллии он дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ чорабиниҳои фарҳангӣ, аксия ва ҳамоишҳои ҷавонон, мусобиқаҳои варзишӣ ва шоубарномаҳои консертӣ бо иштироки васеи наврасону ҷавонон баргузор карда шуд. Дар соли 2017, аз ҷониби Кумитаи кор бо ҷавонон ва вар-
зиш дар якҷоягӣ бо мудирони шуъбаҳои кор бо ҷавонони муассисаҳои таҳсилоти олии касбии кишвар миёни донишҷӯён аксияи “Мо бо Пешвои миллат ифтихор дорем”, ҳамоиши донишҷӯён таҳти унвони “Мо ҷавонон пайрави Пешвои миллат”, конференсияҳои гуногуни илмию назариявӣ дар мавзуъҳои “Мактаби сулҳпарваронаи Пешвои миллат - ифтихори мо ҷавонон барои имрӯзу ояндаи дурахшон”, “Об барои рушди устувор 2018-2028”, “Конститутсия – шаҳодатномаи миллат”, “Иҷлосияи ХVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон – оғози саодатмандии миллат”, “Ҷавонон – парчамбардорони миллат”, ва дигар чорабиниҳои илмию эҷодӣ доир гардиданд. Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш дар соли 2017 вобаста ба иштироки ҷавонон дар ҳаёти сиёсӣ, иҷтимоӣ, иқтисодӣ, оммавӣ, фарҳангӣ ва ободу зебо гардонидани кишвар дар ҳамкорӣ бо дигар вазорату идораҳои дахлдор 4935
чорабинӣ бо фарогирии 1 млн 927 ҳаз, 348 нафар ҷавонон доир карда шуд, ки дар натиҷаи баргузории чорабиниҳои доиргардида 305704 маводҳои иттилоотӣ ва тарғиботию ташвиқотӣ ба аҳли ҷомеа тақсим гардид. Ба ҳар сурат Паёме, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли ҷорӣ ироа намуданд, кулли масоили сиёсӣ, иҷтимоӣ ва иқтисодиро фарогир буда, ҳамчунин дар ташаккули ҷаҳонбинӣ ва ахлоқии насли наврас ва умуман ҷомеаи кунунӣ хеле муассир буд. Агар мо сокинони кишвари биҳиштосоямон ин Паёми дар воқеъ барои зиндагиамон муҳиму муфидро пайгирӣ намуда, тамоми масъалаҳо ва пешниҳодоти дар ин Паём дарҷгардидаро амалӣ намоем, бешак дар рушду нумӯ ва сулҳу суботи кишвар саҳмгузор хоҳем буд. Муқаддас МАҲМУДОВА, сардори шуъбаи умумӣ ва назорати Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш
8
ВАРЗИШ
“ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН”, №02 (9532), 11.01.2018
“Истиқлол” дар Ҷоми AFC-2018 Тими “Истиқлол”-и Душанбе дар доираи даври аввали мусобиқоти гурӯҳии Ҷоми AFC-2018 бозии аввали худро дар гурӯҳи “D” бо ғолиби ҷуфти плей-офф рӯзи 7-уми март дар варзишгоҳи марказии шаҳри Ҳисор баргузор мекунад.
Муборизаи бонувони волейболбоз барои “Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе” Бо мақсади сазовор таҷлил намудани Рӯзи модар ва тарғиби тарзи ҳаёти солим, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе мусобиқаи волейболи “Ҷоми раиси шаҳри Душанбе”-ро дар миёни бонувон ба роҳ мондааст.
Тибқи иттилои дафтари матбуоти Федератсияи футболи Тоҷикистон Конфедератсияи футболи Осиё (AFC) доварони бозии даври аввали мусобиқоти гурӯҳии Ҷоми AFC-2018 миёни дастаи “Истиқлол”-и Душанбе, қаҳрамони Тоҷикистон ва ғолиби ҷуфти плей-оффро таъйин кард. Бозиро довари ФИФА Одил Алӣ Аҳмад Хамис Ал-Нақбӣ аз Имороти Муттаҳидаи Араб доварӣ намуда, ба ӯ ҳамватанонаш - Ҷасим Абдулло Юсуф Абдулло Ал-Алӣ ва Собит Убайд Сурур Собит Ал-Алӣ кӯмак мекунанд. Довари эҳтиётӣ Яъқуб Юсуф Қосим Ҳасан Ал-Ҳаммадӣ аз Аморати Муттаҳидаи Араб, Масъуд Иноят аз Эрон нозири доварон ва Аҳмад Ҳамид Саид Ал-Хусайбӣ аз Уммон комиссари ин бозӣ таъйин шудаанд. Дар гурӯҳи “D”-и Ҷоми AFC-2018 се тими қаҳрамон – “Истиқлол” (Тоҷикистон), “Олой” (Қирғизистон) ва “Алтин Асир” (Туркманистон), инчунин ғолиби даври плей-офф, ки 20 феврал маълум мегардад, шомиланд. Дар бозиҳои пешакӣ рӯзҳои 23 ва 30 январ барандаи Ҷоми Қирғизистон – “Дордой”-и Бишкек ва ҷоизадори нуқраи мусобиқоти қаҳрамонии Туркманистон – “Аҳал” - вориди рақобат мешаванд. Ғолиби ин ҷуфт дар даври плей-офф бо барандаи Ҷоми Тоҷикистон ва ҷоизадори нуқраи мусобиқоти қаҳрамонии кишвар – “Хуҷанд”-и шаҳри Хуҷанд бозӣ мекунад. Дастаи “Хуҷанд” нахустин бозиашро дар доираи плей-оффи Ҷоми AFC-2018 рӯзи 13 феврал дар Бишкек ё Балканобод, бозии ҷавобиро 20 феврал дар майдони худ анҷом медиҳад. Марҳалаи гурӯҳии Ҷоми AFC-2018 дар минтақаи Марказӣ 7-уми март оғоз ёфта, 16-уми май ба поён мерасад. Ба даври баъдии мусобиқот танҳо ғолиби гурӯҳ роҳ меёбад. Пас аз анҷоми марҳалаи гурӯҳӣ бозиҳои ниманиҳоӣ ва ниҳоии байниминтақавӣ баргузор мешаванд. Бозии асосӣ ё ниҳоии Ҷоми AFC2018 рӯзи 27-уми октябр барпо мегардад.
Мусобиқа аз 6 январ то 6 марти соли 2018 баргузор гардида, дар он 25 дастаи бонувони сохторҳои вазорату идора, раёсату муассиса ва ташкилоту корхонаҳои пойтахт миёни ҳам рақобат мекунанд. Тибқи иттилои Раёсати иттилоот ва робитаҳои хориҷии дастгоҳи раиси шаҳри Душанбе, бозии нахустинро дастаҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва “Насли солим”-и Раёсати тандурустии шаҳри Душанбе оғоз намуданд. Мусобиқаи мазкур 6 марти соли 2018, дар арафаи Рӯзи модар ҷамъбаст гардида, ғолибон бо ҷом ва мукофотҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе сарфароз мегарданд.
Сомонаи Лигаи футболи Тоҷикистон фаъол гардид Қабл аз оғози мавсими нави футбол Лигаи футболи Тоҷикистон сомонаи расмии худро кушод, ки он бо суроғаи www.tfl.tj ё www.flt.tj дастраси ҳамагон гардид. Лигаи футболи Тоҷикистон масъули баргузории чемпионати кишвар миёни дастаҳои шомили Лигаи олӣ, Лигаи якум ва дуюм, мусобиқоти миёни ҳайати ҷавонон, инчунин Ҷоми Тоҷикистон, Шоҳҷом ва Ҷоми ФФТ мебошад. Дар сомонаи Лигаи футболи Тоҷикистон бахши хабарҳо, бозиҳо бошгоҳҳо, расмҳову видеоҳо мавҷуд аст. Гуфта мешавад, ки роҳбарияти Лигаи футболи Тоҷикистон тасмим гирифтааст, ҷараёни мусобиқаҳоро тавассути сомонаи расмии худ ба таври мустақим инъикос намоянд.
Ҷоми AFC-2018 Даври пешакӣ. Бозии аввал 23 январ (сешанбе) “Дордой” (Қирғизистон) – “Аҳал” (Туркманистон) Даври пешакӣ. Бозии ҷавобӣ 30 январ (сешанбе) “Аҳал” (Туркманистон) – “Дордой” (Қирғизистон) Плей-офф. Бозии аввал 13 феврал (сешанбе) Ғолиби ҷуфти “Дордой”/ “Аҳал” – “Хуҷанд” (Тоҷикистон) Плей-офф. Бозии ҷавобӣ 20 феврал (сешанбе) “Хуҷанд” (Тоҷикистон) – “Дордой”/“Аҳал”
Ғолиби
ҷуфти
Гурӯҳи “D”. Минтақаи Марказӣ Даври 1 7 март (чоршанбе) “ИСТИҚЛОЛ” (ТОҶИКИСТОН) – Ғолиби плейофф “Олой” (Қирғизистон) – “Алтин Асир” (Туркманистон) Даври 2
14 март (чоршанбе) “Алтин Асир” (Туркманистон) – “ИСТИҚЛОЛ” (ТОҶИКИСТОН) Ғолиби плей-офф – “Олой” (Қирғизистон) Даври 3 11 апрел (чоршанбе) “ИСТИҚЛОЛ” (ТОҶИКИСТОН) – “Олой” (Қирғизистон) Ғолиби плей-офф – “Алтин Асир” (Туркманистон) Даври 4 25 апрел (чоршанбе) “Олой” (Қирғизистон) – “ИСТИҚЛОЛ” (ТОҶИКИСТОН) “Алтин Асир” (Туркманистон) – Ғолиби плейофф Даври 5 2 май (чоршанбе) Ғолиби плей-офф – “ИСТИҚЛОЛ” (ТОҶИКИСТОН) “Алтин Асир” (Туркманистон) – “Олой” (Қирғизистон) Даври 6 16 май (чоршанбе) “ИСТИҚЛОЛ” (ТОҶИКИСТОН) – “Алтин Асир” (Туркманистон) “Олой” (Қирғизистон) – Ғолиби плей-офф
ВАРЗИШ
“ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН”, №02 (9532), 11.01.2018 Баъди ҷамъбасти мавсими футболи 2017 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, як қатор ситораҳои варзиши тоҷик бо бошгоҳҳои хориҷӣ дар мавсими нави футбол шартнома бастанд. Ин таҳаввулот агар аз як ҷониб барои муаррифии футболи тоҷик заминаи мусоид фароҳам орад, аз ҷониби дигар барои мухлисони тими “Истиқлол”-и Душанбе ҳамчун муаммо боқӣ мондааст. Зеро он футболбозоне, ки бо тимҳои хориҷӣ шартнома бастаанд бозингарони калидии дастаи “Истиқлол” ба ҳисоб мераванд. Нуриддин Давронов, капитани тими мунтахаби миллии футболи Тоҷикистон ва нимҳимоятгари тими “Истиқлол”-и Душанбе мавсими футболи 2018-ро дар тими футболи “Мадура Юнайтед”-и Индонезия оғоз намуд. Дастаи “Мадура Юнайтед” дар Лигаи 1-и чемпионати Индонезия мақоми панҷумро касб кардааст. Бино ба маълумоти дафтари матбуотии дастаи “Истиқлол”-и Душанбе Нуриддин Давронов тибқи қарордоди басташуда, давоми як сол дастаи “Мадура Юнайтед”-ро муаррифӣ мекунад. Футболбози 26-сола дар дастаи “Истиқлол” ва тими мунтахаби миллии футболи Тоҷикистон бо рақами 8 ба майдон мебаромад. Гуфта мешавад, ки Нуриддин дар “Мадура Юнайтед”-и Индонезия пироҳани 22-ро ба бар намудааст. Нуриддин Давронов аз соли 2009 дар дастаи “Истиқлол”-и Душанбе ҳунарнамоӣ карда, борҳо қаҳрамони Тоҷикистон, барандаи Ҷом ва Шоҳҷоми Тоҷикистон, инчунин Ҷоми раиси AFC-2012 гардидааст. Нуриддин аз ин пеш дар ҳайати ҷавонони тими футболи “Локомотив”-и Маскав, “Минск”-и Белорусия, “Амкар”-и Перм ва дастаи “Энергетик”-и Душанбе шомил буд. Инчунин ӯ дар дастаҳои “Слобода”-и Сербия ва “Дунав”-и Булғористон ҳам ҳунарнамоӣ кардааст. Ситораи дигари футболи тоҷик Фатҳулло Фатҳуллоев, капитани дастаи “Истиқлол”-и Душанбе ва нимҳимоятгари тими мунтахаби миллии футболи Тоҷикистон, баъди унвони беҳтарин футболбози соли 2017ро соҳиб шудан, мавсими нави футболро дар бошгоҳи “Персела Ламонган”-и Индонезия шуруъ мекунад. Ин футболбози 27-солаи тоҷик бо дастаи “Персела Ламонган”-и Индонезия шартномаи яксола ба имзо расонидааст. Гуфта мешавад, ки тими “Персела Ламонган”
9
Мавсими нави футболбозони тоҷик дар клубҳои хориҷа миёни 18 дастаи давлати Индонезия дар зинаи 14 қарор дорад. Фатҳулло Фатҳуллоев аз соли 2009 шарафи тими “Истиқлол”-и Душанберо ҳимоя намуда, бо дастаи мазкур шаш маротиба ба унвони қаҳрамони Тоҷикистон мушарраф гардидаанд. Фатҳулло дар тими “Истиқлол” ва тими мунтахаби миллии футболи Тоҷикистон ҳамчун бозингари калидӣ шинохта мешавад. Футболбози дигари тоҷик Манучеҳр Ҷалилов низ бо тими “Шривиҷая”-и Индонезия шартномаи яксола ба имзо расонидааст. Ин футболбози 27-сола дар тими мунтахаби миллии футболи Тоҷикистон ва дастаи “Истиқлол” дар хати ҳамла ба майдон мебаромад. Манучеҳр Ҷалилов дар соли 2017, тибқи қарори АFC (Конфедератсияи футболи Осиё) футболбози беҳтарини Ҷоми AFC-2017 эълон гардид. Ӯ мавсими нави футболро дар ҳайати дастаи “Шривиҷая” оғоз намуда, аллакай чанд бозӣ анҷом додааст. Ҷаҳонгир Алиев, нимҳимоятгари дастаи “Истиқлол”-и Душанбе ва тими мунтахаби миллии Тоҷикистон бошад, ба дастаи футболи “Насаф”-и Қаршӣ пайваст. Тими “Насаф”-и Қаршӣ финалисти мусобиқоти қаҳрамонии футболи Ӯзбекистон буда, тибқи нишондоди мавсими гузашта, дар зинаи дуюм қарор дорад. Ба иттилои дафтари матбуоти дастаи футболи “Истиқлол” футболбози 21-солаи тоҷик Ҷаҳонгир Алиев дар ихтиёри дастаи “Насаф” қарор дошта, аз озмоиш мегузарад. Ӯ аллакай дар ҳайати ин даста якчанд маротиба ба тамрин пайвастааст. Ҷаҳонгир Алиев то ин дам дар дастаҳои “Парвоз”-и Бобоҷон Ғафуров (солҳои 2012 - 2014), “Хуҷанд”-и Хуҷанд (солҳои 2013 - 2015), дастаи “Истиқлол” –и Душанбе (солҳои 2016 2017) ба ҳайси нимҳимоятгар ба майдон баромадааст. Ӯ бо тими “Истиқлол” ду маротиба қаҳрамони Тоҷикистон (солҳои 2016 - 2017), барандаи Ҷоми Тоҷикистон (2016), барандаи Суперҷоми Тоҷикистон (2016), барандаи Ҷоми ФФТ (Федератсияи футболи Тоҷикистон)-2017 ва финалисти Ҷоми AFC (Конфедератсияи футболи Осиё)-2017 гардидааст. Инчунин дар ҳайати дастаи мунтахаби ҷавонони 22-солаи Тоҷикистон ҳам бозӣ карда, ҳоло узви тими миллии футболи кишвар мебошад. Ин тағйирот дар мавсими нави футбол миёни мухлисону ҳаводорон ва таҳлилгарони соҳаи футбол сару садоҳоро ба бор
овардааст. Ақаллият ба он назаранд, ки футболбозони мазкур дар тимҳои дигар таҷриба гирифта, ҳайати тими миллии футболи кишварро пурқувват мекунанд. Баъзе дигар ин тағйиротро як навъ имконияти хуби муаррифии футболи тоҷик ва роҳкушоии футболбозони тоҷик ба клубҳои муқтадири Аврупо унвон карданд. Аммо то ҳол мавқею ҳадафҳои дар пешгузоштаи тими “Истиқлол”-и Душанбе баъди аз даст додани бозингарони калидии даста ба мухлисон норӯшан боқӣ мондааст. Бобо Холмуродзода, шореҳи телевизиони “Варзиш” дар саҳифаи фейсбуки худ оиди пайвастани ситораҳои футболи тоҷик ба клубҳои хориҷӣ ибрози назар карда, таъкид намудааст, ки “Истиқлол”-и Душанбе дар мавсими нави футбол бе бозингарони беҳтарин мемонад. “Чунин менамояд, ки дар соли 2018 беҳтарин дастаи Тоҷикистон дар солҳои охир -“Истиқлол” ҳадафи бузургеро пешорӯ надорад. Тарки беҳтарин бозингарони натанҳо ин даста, балки тими миллӣ гувоҳ аз он аст, ки имсол барои “Истиқлол” ба даст овардани унвони қаҳрамонӣ кофӣ аст (он ҳам дар гумон). Дар баробари интиқол ёфтани беҳтаринҳои тими “Истиқлол” аз қабили Манучеҳр Ҷалилов ба “Шривиҷая”, Нуриддин Давронов ба “Мадура Юнайтед”, Фатуҳулло Фатҳуллоев ба “Персела”-и Индонезия, акнун нишонзани беҳтарини мавсими гузашта Дилшод Восиев ҳам ба ин мамлакати соҳили уқёнус меравад. Миш-мишҳо дар мавриди аз “Истиқлол” рафтани Никола Стошич, Дэвид Мавутор, Дмитрий Барков, Эҳсони Панҷшанбе ва Амирбек Ҷӯрабоев низ ба гӯш мерасанд. Дурахши дастаи беҳтарини шаҳри Душанбе дар мусобиқаи Ҷоми КФО дар соли ҷорӣ дар гумон бошад. Оё бо рафтани беҳтарин футболбозон қудрату тавоноии бозингарони нав, ҳатто барои ширкат дар бозиҳои дохилӣ кофист? Ва ё шояд сенарияи пешин мисли соли 2015, ки “Истиқлол” дар финали AFC шикаст хурду баъди як сол аз гурӯҳ набаромад такрор шавад?” Футболбозоне, ки мавсими нави футболро дар клубҳои хориҷ оғоз намуданд, метавон гуфт, ки заминаи хуби омодашавии онҳо барои тими миллии кишвар аст. Аммо тими “Истиқлол”-и Душанбе бо кадом ҳайат дар Ҷоми КФО (Конфедератсияи футболи Осиё)-2018 ба майдон мебарояд, инро вақт нишон медиҳад. Шодихони НАЗАР, “ҶТ”
10 Шавкат Мирзоев аввалҳои солҳои шастуми қарни пешин дар шаҳри Душанбе ба дунё омадааст. Волидонаш корманди илмӣ буданд. Манзилашон китобхонаи алоҳидае дошт ва ӯ бо ҳидояти волидайн аз хурдӣ ба китобхонӣ шавқ пайдо кард. Баъди хатми мактаби миёна ҳуҷҷатҳояшро ба Университети давлатии Тоҷикистон ба номи В. И. Ленин (ҳоло Донишгоҳи миллӣ) супурд. Солҳои донишҷӯӣ турнасон сипарӣ шуданд. Шавкат пайваста пайи машғулият ва мутолиаи асарҳои илмию бадеӣ ва техникӣ буд. Соли 1984 барои хидмат ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Иттиҳоди Шӯравӣ даъват шуд. Ӯ ба хоки Афғонистон, ки артиши шӯравӣ он ҷо ҳузур дошт, сафарбар гардид. Дар ҷумҳурии Афғонистон тоҷикписари далер, лейтенанти калон Шавкат Мирзоев чун афсари кордону шуҷоъ дар сафи пеши набардҳо меистод. Дар шароити кӯҳистон набард кори осон набуд. Боре
САРБАЛАНДОН
“ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН”, №02 (9532), 11.01.2018
Умре, ки сарфи хидмат шуд
аз фармондеҳи қисми низомӣ супориш шуд, ки Шавкату ҳамроҳонаш гурӯҳи мошинҳоеро ки барои аҳолии дурдасти кӯҳӣ маводи ғизо мебурданд, ҳамроҳӣ намоянд. Роҳ душвору хавфнок буд. Дар ҳар қадам бо душман рӯ ба рӯ шудан мумкин буд. Пештар чанд қатори мошинҳои пурбор зери оташи тир монд ва аз ин душман руҳ гирифта, пайт меҷуст, ки ба сарбозон зарба за-
над. Шавкат Мирзоевро чун афсари таҷрибадор ва донандаи забон назди афсарони афғон фиристоданд, то ки алоқа барқарор гардаду якҷоя душманро маҳв созанд. То расидани қатораи нақлиёт дар нишебии кӯҳистон задухӯрди сахте ба вуқуъ омад. Дар ин ҷанги хунин Шавкат Мирзоев қаҳрамонию матонат нишон дод ва худаш маҷруҳ гардид. Фармондеҳӣ матонати
Одами даркорӣ Нимаҳои солҳои навадуми қарни гузашта бо аҳли байт озими пойтахт шуд. Начандон дуртар аз варзишгоҳи барои машғулияти наврасону кӯдакон пешбинишуда, яъне “Спартак” манзил харид. Барои зист. Як бегоҳ наздаш гурӯҳе аз наврасон ташриф оварданд. - Муаллим, фаҳмидем, ки шумо одами даркорӣ будаед,- ба нақл даромаданд наврасон. – Илтимос, ба мактаб омада моро таълим диҳед. - Чӣ хел таълим? – ба мақсади бачаҳо дуруст сарфаҳм нарафта пурсид ӯ. - Мо дар мактаби варзишӣ машқ мекунем. Лекин мутахассис надорем,- ба гила даромаданд меҳмонон. - Нафароне моро машқ медиҳанд, ки аз варзиш фарсахҳо дуранд. Охир сантехник дзю-доро аз куҷо мефаҳмад? Аз беамакӣ, харро амак гирифтаем. Ба бачаҳо нигариста, таги дил ба эшон таҳсин гуфт. Дар чунин солҳо ба душвориҳо нигоҳ накарда, дар дил меҳр доранд. Меҳр ба варзиш. Лекин намедонист ба бачаҳо чӣ ҷавоб гӯяд. - Раҳмат, ки бовар карда наздам омадед,- ниҳоят гуфт ӯ. – Аммо вақт надорам. Дар дигар ҷо машғули фаъолиятам. Аммо бачаҳо нияти ақибнишинӣ надоштанд. - Илтимос, муаллим, не нагӯед. Илоҷе карда барои мо ҳам вақт ёбед. Набошад бо ин ҳол машқҳои мо беҳуда аст. - Хайр, майлаш агар имкон шавад, албатта наздатон меоям,- ба илтимоси бачаҳо
ночор розӣ шуд. Хоҳиши бачаҳо ӯро ба мактаби варзишӣ, ки баъдан ба мактаби захираҳои олимпӣ табдил ёфт, овард. Чун аз киву чӣ кора буданаш дарак ёфтанд, сахт ба вай часпиданд. Зеро он замон мутахассисони хуб ва соҳибҳунар камёфт шуда буданд. Хатмкардаи Донишкадаи тарбияи ҷисмонӣ (ҳоло ДТҶТ ба номи Саидмуъмин Раҳимов) Шоҳ Ҳабибов диплом дар даст, нимаҳои аввали солҳои ҳаштодуми қарни пешин ба зодгоҳаш, ноҳияи Фархор омад. Сараввал ӯро дар мактаби варзишии наврасони ҷамоати деҳоти “Ватан” мураббӣ, пасон директор таъин намуданд. Чун ба пойтахт омад, сармураббии дастаи захираҳои олимпӣ таъин гардид. Дар ин ҷо низ ба кор сидқан машғул шуд. Сипас ҳамроҳи футболбози маъруф Леонид Кириленко дастаи футболи ССКА “Помир”ро таъсис доданд. Ӯ сардори даста таъин шуду Кириленко сармураббӣ. Чанд сол чун роҳбари даста заҳмат кашида, боз ба кори дигар гузаронданд. Ин дафъа роҳбарии варзишгоҳи “Бофанда”-ро ба дӯши вай гузоштанд. Ва боз якчанд вазифаҳои дигар. Айни замон ба ҳайси омӯзгор, сармураббии дастаи яккачин ва директори иншооти варзишии Донишгоҳи миллӣ фаъолият дорад. Чунин аст, рӯйхати фаъолияти қариб чилсолаи аълочии маориф, устоди варзиш ва мураббии шоиста Шоҳ Ҳабибов. Ҳангоми иҷрои вазифаҳои гуногун саъй дошт, кори ба зиммаш вогузоштаро сидқан, чун нафари кордон иҷро намояд. Аз ин хотир, дар ҳама
ӯро ба инобат гирифта, барои гирифтани ордени Ситораи сурх пешниҳод намуданд. Ӯ баъди муолиҷа дубора ба майдони ҷанг рафт. Акнун сари синаи ӯро ордени Ситораи сурх ҷило медод. Дар ҳайати фармондеҳӣ аллакай ӯро чун афсари шуҷоъ хуб мешинохтанд ва қадр мекарданд. Баъди бозгашт аз хоки давлати Афғонистон чанд соли дигар Шавкат Мирзоев дар истеҳсолот кору фаъолияти пурсамар намуд. Тайи ин солҳо ҳар лаҳза ӯ ёди шаҳидони ҷанги Афғонистон ва дӯстони зиндамондаашро мекард. Барои гиромӣ доштани хидмати ҳамяроқону сарбозон вай соли 1988 бо ҳамдастии гурӯҳи ҷанговарони башардӯст дар назди Шӯрои ветеранҳои Ҷанги Бузурги Ватании мақомоти иҷроияи шаҳри Душанбе Шӯрои ҷанговарони байналмилалро созмон дод. Соли 1991 бо ташаббуси ӯ ва гурӯҳи ҳампешааш ин ташкилот ба Иттиҳоди собиқадорони ҷанги Афғонистон табдил ёфт. Шавкат Мирзоев ягона тоҷикписарест, ки барои корнамоии махсусаш дар набардҳои хунин дар хоки Афғонистон ду маротиба бо ордени Ситораи сурх мушарраф гардидааст.
ҷо одами даркорӣ шуда монд. Ва заҳмату талошҳояш пайваста самари нек меовард. Шогирдонаш дар чандин мусобиқаҳо дастболо гардида, ба гирифтани мукофотҳо, аз ҷумла чандин ҷом мушарраф шуданд. - Даврони шӯравӣ, ҳангоми роҳбари мактаби варзишии ҷамоати деҳоти “Ватан” буданам, чанд узви дастаи шоҳмотбозони мо ба бозиҳои умумииттифоқӣ роҳхат ёфтанд, - фаъолияти солҳои пешро ба ёд оварда нақл намуд Шоҳ Ҳабибов. - Ба шаҳри Одесса сафар намудем. Дар як толори калон шоҳмотбозон, новобаста ба синну сол, бо ҳам зӯр меозмуданд. Ин дам аз як кунҷи толори мусобиқа доду войи зани калонсоле баланд шуд. Ҳама ҳайрон шуда, аз довар пурсидем, ки чӣ воқеа руй додааст? Вай бошад, ҷониби мизе, ки зан мусобиқа дошт ишора кард. Он ҷо, рӯ ба рӯи зан ҷавонтарин иштирокчии мусобиқа, узви дастаи мо, хонандаи синфи чорум менишаст. Ба миз наздик шуда аз он зан пурсидем, ки мабодо шогирди мо, бо сабабе ӯро хафа карда бошад. Вай бо аломати инкор сар ҷунбонда, ашк дар чашмон гуфт: “Вай ягон сухани ноҷо нагуфтааст. Лекин ин писарак ман, як зани калонсолро мот кард...” Сарпарасти мактаби варзишии мо хоҷагии овозадор дар ноҳия буд. Аз мусобиқаҳо аксар вақт бо дастовардҳо бармегаштем. Роҳбари хоҷагӣ моро наздаш хонда табриккунон мегуфт: “Хоҷагии мо ҳар сол ҳашт ҳазор тонна пахта месупорад. Вақте нақшаро иҷро кунем, ҳамагӣ як бор тариқи радиову телевизион моро ба забон меоранд. Лекин ба шарофати шумо аз мо доимо ёд мекунанд...” Аз рӯи ихтисос Шоҳ Ҳабибов мураббӣ доир ба гӯштини тарзи дзю-до маҳсуб меёбад. Аммо ӯ ҳамакора аст. Дар намудҳои дигари варзиш ҳам шогирдони зиёдро ба воя расондааст. Тавре дар боло ишора
Ҳоло ному насаби вай дар китоби қаҳрамонони байналмилали Федератсияи Русия сабт шудааст. Расму ҳуҷҷатҳои ҷангӣ ва ордену медалҳои ҳукуматӣ гувоҳи ҷоннисориҳои ӯст. Вай гузаштаи умр, солҳои ҷавонии хешро ба хотир оварда, шукри рузгори осоиштаи имрӯз мекунад. Охир ҷавонии вай дар майдони ҷангу хунрезӣ ва кӯҳҳои осмонбӯси мулки ҳамсоя гузаштааст. Акнун худи Шавкат ҷавононро тарбия мекунад, ба онҳо дарси матонату далерӣ меомӯзонад. Аъзои Шӯрои Иттиҳоди собиқадорони ҷанги Афғонистон тез-тез бо мактабиён вохӯриҳо барпо намуда, доир ба қаҳрамонию шуҷоати сарбозон дар кишвари ҳамсоя нақлҳои ибратбахш мекунанд. Онҳо ҳамчунин мекӯшанд оромгоҳи ҷанговарони фавтидаро дар ҳолати хуб нигоҳ доранд. Шавкат Мирзоев, ки ҷавонии хешро баҳри хидмат ба Ватан бахшидааст, инсони хоксор ва фурӯтан мебошад. Ҳар гоҳ ки ба гузаштаи умраш менигарад, қалбаш беихтиёр пур аз фараҳ мегардад. Меболад, ки ҷавонии худро сарфи хидмат ва поси ин марзу буми диёр намудааст. Маҷид САЛИМ
рафт, айни замон чун роҳбари иншооти варзишии Донишгоҳи миллӣ фаъолият намуда, дар бунёд ва обод намудани майдончаҳои замонавии варзишӣ саҳми арзанда дорад. Ҳамчунин дастаи яккачин оид ба футбол ва дастаи хурди бонувони футболбози донишгоҳ таҳти сарварии ӯ ба машқу тамринҳо фаро гирифта шудаанд. Рӯзе, ки назди иншооти варзишӣ, воқеъ дар паҳлуи биноҳои таълимии нави донишгоҳ, маъруф ба “Ҷазира” бо Шоҳ Ҳабибов суҳбат доштем, бисёр донишҷӯён наздаш омада, оиди масоили гуногун аз ӯ маслиҳат мепурсиданд. Маслиҳатҳои худро аз касе дареғ надошта, то ҷои имкон ба эшон ёрӣ мерасонд. Чун одами даркорӣ... Толибшоҳи ДАВЛАТ, Солими ФАРХОРӢ
“ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН”, №02 (9532), 11.01.2018
ҶАВОНОН ВА ЗАМОН
11
КУМИТАИ КОР БО ҶАВОНОН ВА ВАРЗИШИ НАЗДИ ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БАРОИ ИШҒОЛИ МАНСАБҲОИ ХОЛИИ МАЪМУРИИ ХИЗМАТИ ДАВЛАТӢ ОЗМУН ЭЪЛОН МЕНАМОЯД. Дастгоҳи марказии Кумита 1. Мутахассиси пешбари Раёсати тарбияи ҷисмонӣ ва инкишофи варзиши Кумита 806 сомонӣ 2. Мутахассиси шуъбаи умумӣ ва назорати Дастгоҳи марказии Кумита
Соли саршори муваффақият ва комёбиҳо Ҷавонон ҳамчун қишри фаъоли ҷомеа имрӯз дар ҳама самтҳо фаъолияти назаррас дошта, бо ҷаҳду талош, илмомӯзӣ ва таваҷҷуҳи пайваста ба дастовардҳои зиёде ноил мегарданд. Махсусан, имрӯзҳо таваҷҷуҳи ҷавонони майли таҳсил дар хориҷ дошта, афзоиш ёфта, бо аз бар намудани касбҳои гуногуни мувофиқ ба талаботи замон, саҳми арзандаашонро дар пешрафти меҳани хеш мегузоранд. МУСОҲИБ: МЕҲРУБОН ИМОМОВА “ҶТ” Хоҷазода Назари Назрӣ, яке аз ҷавонҳое мебошад, ки айни ҳол дар Донишгоҳи давлатии шаҳри Комсомолски лаби Амури кишвари Русия таҳсил дорад. Дар зимн суҳбати мо бо ӯ пешкаш мегардад. - Соли сипаригардида бароятон чӣ гуна сол буд? -Инак соли 2018 оғоз ёфту як соли пур аз муваффақият бо мо хайрбод кард. Воқеъан, соли 2017 соли пурбарору накӯ ва саршори комёбиҳои мо, донишҷӯёни тоҷик дар хориҷи кишвар буд. Дар он сол донишҷӯёни тоҷик дар шаҳри Комсомолски лаби Амури Федератсияи Русия дар бисёр мусобиқаҳои варзишӣ, чорабинию фестивалҳои байналмилалии фарҳангӣ ва дар барномаҳои гуногун иштироки фаъолона намуда, ватани азизамон - Тоҷикистонро дар хориҷи кишвар муаррифӣ кардаву борҳо Парчами онро партавафшон гардониданд. Аз кӯдакӣ дар дил орзуи сарнишини тайёра шуданро мепарваридам. Ин орзу маро ба хориҷ овард. Ҳоло дар ин ҷо, дар бахши тайёра ва чархболсозӣ таҳсил дорам. - Таҳсил дар хориҷ бароятон душвор нест? -Таҳсил дар хориҷа дар ҳақиқат назари ҷиддиро металабад. Нафароне, ки барои таҳсил ба хориҷа мераванд , пеш аз ҳама бояд ба як мақсади муайян, таҳсили намунавӣ ва мутахассиси хуб шудан рахти сафар кунанд. Агар донишҷӯ ба ин мақсад ба донишгоҳ ворид шавад ва агар аз омӯзгорон талаби илм дошта бошад, бешак чизи дилхоҳашро ба даст оварда метавонад. Ва барояш таҳсил гарон намеафтад. Таҳсили мо дар ин донишгоҳ ба таври буҷавӣ, дар асоси шартномаи тарафайн миёни Русияву Тоҷикистон ба роҳ монда шудааст. - Ба назари шумо таваҷҷуҳи Ҳукумати кишвар ба илмомӯзии ҷавонон чӣ гуна аст? - Маҳз дастгирӣ ва кӯмаки Ҳукумати кишвар аст, ки мо ҷавонон дар хориҷи кишвар таҳсил дорем. Дар охирин марҳалаҳои соли гузашта аз ҷониби Кумитаи ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои иштироки фаъолона дар фестивалу мусобиқаҳои варзишӣ, фарҳангӣ ва илмӣ ба донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии шаҳри Комсомолски лаби Амури Федератсияи Русия сипосномаҳо фиристода шуданд. Мо ҷавонони донишҷӯ хеле шод шудем, ки роҳбарияти мамлакат ба мо таваҷҷуҳи зиёд дорад. Пас, моро мебояд, ҷавобан ба ин ғамхориҳо нағз хонем, дар баробари таҳсил дар мусобиқаву фестивал, чорабиниҳову маҳфилҳои илмӣ иштироки фаъолона намуда, номи Ватани азизамонро берун аз он муаррифӣ намоем. -Баробари таҳсил оё ба корҳои амалӣ ҳам машғул мешавед? - Албатта, вақтҳои фориғ аз машғулиятҳо ман ба бисёр корҳо саргарм мешавам. Барои чунин корҳоро ба сомон расондан вақти худро тақсим кардаам. Ба сохтани тайёра аз пластмасс, рассомӣ, сурудхонӣ ва ҳамчунин эҷоди шеър машғул мешавам. -Оянда чӣ нақшаҳо доред? - Ният дорам, ки донишгоҳро хатм намуда, дар бахшҳои рисолаи магистратура ва аспирантура таҳсилро идома диҳам. Баъд он чун мутахассиси хуб ба диёр баргашта, дар пешрафти он саҳми худро гузорам. Бо умедҳои некбинона дар ин соли 2018 пеш аз ҳама ба ҳар як хонадони миллати шарафманду сарбаланди тоҷик солимии хонавода, ободиву рӯзгори тинҷу осударо таманно дорам. Ба ҳамаи варзишгарону донишҷӯёну олимони ҷавон дар роҳи минбаъдаи пешрафташон комёбиҳову кашфиётҳои беназирро орзу мекунам. Бигузор соли нави 2018 чун соли пешин барои ҷавонони тоҷик, соли барору комёбиҳои нав гардад.
Вилояти Хатлон 1. Сармутахассиси Бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳияи Хуросон - 1 ҷой, маоши мансабӣ 811,2 сомонӣ 2. Сармутахассиси Бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳияи Фархор - 1 ҷой, маоши мансабӣ 811,2 сомонӣ 3. Мутахассиси пешбари Бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳияи Данғара - 1 ҷой, маоши мансабӣ 665,6 сомонӣ. 4. Мутахассиси Бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳияи Носири Хусрав - 1 ҷой, маоши мансабӣ 572 сомонӣ. 5. Мутахассиси пешбари Бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳияи Восеъ - 1 ҷой, маоши мансабӣ 665,6 сомонӣ. 6. Мутахассиси Бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳияи Шаҳритус - 1 ҷой, маоши мансабӣ 665,6 сомонӣ. 7. Мутахассиси Бахши кор бо ҷавонон ва варзиши минтақаи Кӯлоби вилояти Хатлон - 1 ҷой, маоши мансабӣ 572 сомонӣ. Вилояти Суғд 1. Сармутахассиси Бахши кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Конибодом - 1 ҷой, маоши мансабӣ 811, 2 сомонӣ 2. Сармутахассиси Бахши кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Исфара - 1 ҷой, маоши мансабӣ 811, 2 сомонӣ 3. Сармутахассиси Бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳияи Айнӣ - 1 ҷой, маоши мансабӣ 811, 2 сомонӣ 4. Мутахассиси Бахши кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Исфара - 1 ҷой, маоши мансабӣ 572 сомонӣ. 5. Мутахассиси пешбари Бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳияи Бобоҷон Ғафуров – 1 ҷой, маоши мансабӣ 665,6 сомонӣ. 6. Мутахассиси Бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳияи Бобоҷон Ғафуров - 1 ҷой, маоши мансабӣ 572 сомонӣ. Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон 1. Сармутахассиси Бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳияи Шуғнон -1 ҷой, маоши мансабӣ 811,2 сомонӣ Шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ 1. Сармутахассиси Бахши кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Роғун - 1 ҷой, маоши мансабӣ 852,8 сомонӣ 2. Сармутахассиси Бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳияи Лахш - 1 ҷой, маоши мансабӣ 852,8 сомонӣ Шаҳри Душанбе 1. Мутахассиси Бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳияи Фирдавсӣ Барои иштирок дар озмун ҳуҷҷатҳои зерин пешниҳод карда мешаванд:
- ариза ба унвони роҳбари мақомот; - варақаи (анкетаи) баҳисобгирии кадрҳо; - шарҳи ҳол; - нусхаи диплом; - 2 дона расми 3х4; - нусхаи дафтарчаи меҳнатӣ; - нусхаи шиноснома; - маълумотнома аз мақомоти андоз дар бораи даромад ва амволи шахсӣ; - нусхаи РМА (рақами мушаххаси андозсупоранда); - маълумотнома аз ҷои истиқомат; - маълумотнома оид ба вазъи саломатии шакли 036 УЕ муқарраргардида; - нусхаи суғуртаи иҷтимоӣ (СИН) - маълумотнома (справка-объективка). Талаботи тахассусӣ барои ишғоли мансабҳои маъмурии хизмати давлатӣ Барои ишғолкунандагони мансаби мудири бахш: - таҳсилоти олии касбӣ, ихтисоси ба мансаби ишғолшаванда мувофиқ, ки иҷрои самараноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад; - 3 сол собиқаи хизмати давлатӣ ё 4 сол собиқаи умумии меҳнатӣ; - дониш ва малакаи роҳбарӣ, идоракунӣ, банақшагирии раванди кор ва кор бо тобеон; - малакаи хуби муошират бо аҳли ҷомеа, аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ. Барои ишғолкунандагони мансаби сармутахассис: - таҳсилоти олии касбӣ, ихтисоси ба мансаби ишғолшаванда мувофиқ, ки иҷрои самараноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад; - 2 сол собиқаи хизмати давлатӣ ё 3 сол собиқаи умумии меҳнатӣ; - малакаи хуби муошират бо аҳли ҷомеа, аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ. Барои ишғолкунандагони мансаби мутахассиси пешбар: - таҳсилоти олии касбӣ, ки иҷрои самараноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад; - 1 сол собиқаи умумии меҳнатӣ. Барои ишғолкунандагони мансаби мутахассис: - таҳсилоти олӣ ё миёнаи касбӣ, ки иҷрои самараноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад. Суроғаи қабули ҳуҷҷатҳо: Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон (Бахши кор бо кадрҳо), телефон: 236-4187, 235-10-23 Қабули ҳуҷҷатҳо тибқи эълони озмун дар нашрияҳои расмӣ.
12
ҶАВОНОН ВА ҶОМЕА
Адрасбофӣ – нишонае аз ҳунари воло Ҳунар доштан муҳтоҷ набудан аст. Нафари ҳунарманд то ҳаст аз пушти ҳунараш луқмаи нонашро меёбад. Ва маҳз аз рӯи ҳунараш ҳамеша пеши мардум азиз аст. Дар ҳар шароите, ки набошад, соҳибҳунар зиндагии осуда ва рӯзгори серу пур дорад. Ба гуфтаи шоир “Ризқи худ соҳибҳунар аз санг ҳосил мекунад”. Боиси хушҳолӣ ва бурди мост, ки аз гузаштагони мо ҳунарҳои ҳангуфт ба мерос мондааст. Ба монанди ҳунарҳои меъморӣ, кулолгарӣ, мисгарӣ, заргарӣ, қолинбофӣ, кашидадузӣ, рассомӣ, наққошӣ, абрбандӣ, адрасбофӣ ва даҳҳо ҳунарҳои дигаре мавҷуд аст, ки дарак аз соҳибҳунарӣ ва ҳунармандии халқи тоҷик дарак медиҳад. Президенти кишвар зимни ироаи Паём ба Маҷлиси Олӣ соли 2018-ро “Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” эълон намуданд. Ва як имконияти беназири дигар барои рушди ҳарҳои мардумӣ ва зинда гардонидани баъзе аз ҳунарҳои дигар аст, ки аз назарҳо дур мондаанд. Қаблан барои эҳё ва рушди ҳунарҳои мардумӣ дар манотиқи кишвар даҳҳо мактабҳои таълимию касбомӯзӣ, аз қабили дуконҳои дӯзандагӣ, ресандагӣ, бофанданагӣ ва ғайра ташкил карда шуд. Мо тасмим гирифтем доир ба ҳунарҳои мардумӣ, таърихи пайдоиш, мавқеи рушд, тарзи омодасозӣ ва дигар паҳлуҳои он маълумот пешниҳод намоем. Яке аз ҳунарҳое, ки дар байни мардум равнақу ёфтааст, адрасбофӣ мебошад. Бино ба маълумоти “Энсиклопедияи советии тоҷик” адрасро аз матои мунаққаши дастибофи тораш абрешиму пудаш аз ресмон истеҳсол мекунанд. Дар Хуҷанд адрасро “подшоҳӣ” ва адраси сурхро “подшоҳии сурх” низ меномиданд. Дар гузаштаи начандон дур адрасро аз абрешими нисбатан дурушт мебофтанд, ки нахи он аз 15–20 пиллаи даҳбандӣ иборат буд. Ҳар банд 200 нах дошт. Аз ҳар сӯрохи теғи дастгоҳи бофандагӣ чор нахи торро мегузаронданд. Нахи тори беқасабборик, вале адрас тори ғафс ва пуди борики ресмонӣ дорад. Пуди адрас аз се ресмони борики тори сафед ё ранга иборат буд. Андозаи бари адрасҳо маъмулан се навъ мешавад: одӣ (одмиёна) – 40 см, сербар (олчинбар) – 70 см ва камбар (якбара) – 26 см. Адрасбофҳо ба ду гурӯҳ ҷудо мешуданд. “Бофанда” устое буд, ки дар дастгоҳи адрасбофӣ кор мекард ва коргаре, ки ба таркиби ресмонҳо назорат мекард, ӯро “иштибар” меномиданд. Устоҳои дигар нақшҳои адрасро таҳия мекарданд, ки ин амалро “абрбанд”-ӣ мегуфтанд. Бофандагон барои рангубори адрас рангҳоро аз рӯян, пӯстлохи анор, испарак ва ғайра тайёр мекарданд. Аз маъданҳо купороси оҳан, шанҷарф, суринҷ, лоҷвард, оксиди мис ва чанде дигар истифода мешуданд. Адрас дар шаҳру ноҳияҳои гуногун фақат бо нақшу нигор фарқ дошт, вале усули бофтани он дар ҳама ҷо яксон сурат мегирифт. Адрасро абрбандӣ карда, аз ду то ҳашт навъи рангҳоро дар нақшу нигор истифода мебурданд. Вобаста ба сабки ороиш ва тобиши рангҳо адрасро пудавлон, шохсабз, зангор, пудсафед, бунафш, барги карам, хумӣ, нағора, шона, мурғобӣ, галашох ва ғайра меномиданд. Адрасе, ки дар ду тарафаш гул партофта шуда бошад, адраси дурӯя ном дошт. Адрасро бештар дар дастгоҳҳои махсус ороиш медоданд, ки сифаташ беҳтар ва намудаш ҷилодор мешуд. Аз адрас кӯрпа ва дигар лавозими рӯзгор медӯхтанд. Айни ҳол бошад, чеварон барои занону бонувон аз ин матоъ пироҳанҳои зебои миллӣ омода месозанд.
Таҳияи Гулбаҳор РАҲМОНОВА, “ҶТ”
Ба хотирам омад, он рӯзҳои фаромӯшнашавандае, ки ду сол қабл ҷиҳати амалӣ намудани ниятҳои неки роҳбари давлат ва дастгириҳои бевоситаи ӯ нисбати ҷавонон бобати раҳнамун сохтани эшон ба созандагиву бунёдкорӣ Кумитаи ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо Федератсияи футболи Тоҷикистон, бахшида ба 25-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 14 то 18 августи соли 2016 дар лагери ҷумҳуриявии “Мактаби омӯзишии ҷавонони фаъол” таҳти унвони “Ҷавонон пайрави Пешвои миллат ва муҳофизи дастовардҳои 25 соли Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон” чорабиние ташкил намуд. Чорабинӣ дар истироҳатгоҳи “Шоҳин”-и шаҳри Гулистони вилояти Суғд баргузор гардид. Дар он зиёда аз 60 нафар ҷавонони фаъоли манотиқи гуногуни кишвар иштирок намуданд.
“ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН”, №02 (9532), 11.01.2018
Фазои сулҳу субот доимо пойдор бошад Чорабинӣ дар ҳаёт ва фаъолияти ҳар як иштирокчӣ саҳфаи наверо боз намуд, зеро аксарияти ҷавонон бори нахуст ба вилояти Суғд сафар кардаву аз ҷойҳои таърихии он дидан намуданд. Меҳмоннавозии гарму самимии мардуми Суғди бостон аз шаҳри Истаравшан сар карда, то Гулистону маркази вилоят шаҳри Хуҷанд дар қалби иштирокдорон ҳисси баланди ватандориву ватанпарастиро бедор намуд. Агар гӯям, ки саҳми осоишгоҳ дар тарбияи насли наврас, дар руҳияи ватандӯстиву ватанпарварӣ калон аст, хато нахоҳам кард. Зеро ҳар сол шумораи зиёди ҷавонон аз ин ҷо дидан намуда, аз хизматрасонии он истифода мебаранд. Чанде пеш иштирокчиёни бозиҳои олимпӣ варзишии Рио-ди-Женейро дар ҳамроҳӣ бо муррабиёну кормандони соҳа тӯли 18 рӯз меҳмони мо буданд. Ин, албатта аз ҳамкории зичи мо ва Кумитаи ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон гувоҳӣ медиҳад. Иштироки ҷавонон дар фестивали фарҳангиву сайёҳии “Суғди бостон” ва дидан намудан аз намоишгоҳи ҳунарҳои мардумӣ, дастовардҳои варзишгарони ҷавон дар замони истиқлолият, гузоштани гулчамбар дар назди пайкараи Камоли Хуҷандӣ ва дидан намудан аз оромгоҳи шоир ба иштирокчиён рӯҳияи тоза бахшид. Зеро Камоле, ки дар вақти
зиндагонияш танҳо сухан аз ғарибӣ меронд ва дар мулки бегона аз олам гузашт, имрӯз оромгоҳи ин шахсияти барӯманд бо дастуру супоришҳои сарвари давлат, ба макони зиёрати садҳо ҳазор шаҳрвандони дохилу хориҷи кишвар мубаддал гашта, ҳамарӯза нафарони зиёд аз он дидан ва эҳтиром мегузоранд. Баъдан ҷамъомадагон дар маркази боғи фарҳангиву фароғатии Камоли Хуҷандӣ ҷамъ гашта, барномаи фарҳангии омоданамудаи сарояндагони беҳтарини Суғдро тамошо карданд. Умуман ҳар як қадами мо дар вилояти Суғд барои мо ҷавонон як саҳифаи наве буд, ки дар хотираамон боқӣ хоҳад монд. Маврид ба зикр аст, ки эълон гардидани соли 2017 – Соли ҷавонон ва ҳамзамон соли 2018 - Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ бевосита ба ҷавонони мамлакат вобастагии зич дошта, дар баланд бардоштани савияи дониш ва сатҳи некӯаҳволии онҳо саҳми арзанда мегузорад. Худо кунад, ки ҳамеша дар сарзамини тоҷикон фазои сулҳу субот пойдор ва хандаи тифлон танинандоз бошад. Солеҳҷони АМИРҶОНЗОДА, мутахассиси пешбари шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ВМКБ
Маслиҳатҳои муфид аз шахсоне, ки худ гирифтори бемории сил буданд
Чӣ чиз барои шахси бемори сил раво аст Оиди бемории сил ҳатман бидонед. Аз беморхона ё духтур хоҳиш кунед, ки оид ба бемории сил ба шумо маълумот диҳанд. Бемории сил табобатшаванда аст. Ҳатман аз робитаи зич бо дигарон ҳангоми бемор буданатон канорагирӣ кунед. Шахсони гирифтори бемории сил метавонанд чубчамикроби силро ба дигарон ба воситаи сулфа, ханда ва атса задан гузаронанд. Робитаи зич (якҷоя зиндагӣ кардан/якҷоя кор кардан) бо шахсони гирифтори бемории сил шуморо зери хатари сироятёбӣ аз ин беморӣ мегузорад. Агар Шумо наметавонед робитаи зичро аз онҳо канед, пас ба шумо лозим меояд, ки ниқоб ва дастпӯшаки муҳофизатӣ пӯшед. Аз ҷойҳои серодам, ҳавоногузар ва ғайри гигенӣ канорагирӣ кунед. Ҳатман даҳон ва биниатонро ҳангоми сулфа ва атса задан пушонед ва дигаронро аз сироятёбӣ эмин доред. Саломатии худро беҳтар кунед. Барои некӯаҳволии умумии худ кӯшиш кунед, ҳар рӯз ғизои солим бо меваҳои тару тоза ва сабзавот истеъмол кунед. Агар шумо бо сабабҳои махсус наметавонед хӯрок бихӯред, кӯшиш кунед, ки ҳатман воя (доза)-и мултивитаминҳои ҳаррӯзаатонро баъди машварат бо духтур мегиред. Оби тоза бисёр истеъмол кунед. Барои саломатии худро хуб нигоҳ доштан кӯшиш кунед. Машқи мунтазам барои вазъи умумии саломатии шумо хуб аст. Машқ гардиши хун, саломатиатонро беҳтар намуда стрессро коҳиш медиҳад, ки ин ҳама имунитети шуморо баланд мебардорад. Ҳатман гигиенаро риоя кунед. Ҳамеша ба куҷое, ки меравед қоидаҳои гигиениро нигоҳ доред. Ҳангоми сулфа ва ё
атса задан аз дастмолча истифода кунед Ҳатман ҳамаи доруҳоро истеъмол кунед. Агар шумо барои шифо ёфтан аз бемории сил дору истеъмол карда истода бошед, муҳим аст, ки раванди табобат пурра то нест шудани тамоми чубчамикробҳои сил анҷом дода шавад.То охир пурра истеъмол намудани доруҳо шумо худро аз хатари гирифтори ба шакли мутобиқгаштаи сил эмин медоред. Ҳеҷ гоҳ доруҳои худро пеш аз ба охир расидани курси табобат манъ накунед то он даме, ки духтур худаш доруҳоро қатъ кунад. Бо корманди тиб дар тамос шавед. Агар шумо бо шахсе, ки гирифтори бемории сил аст пайваста дар тамос ҳастед, ба беморхона ва ё духтури худ барои маслиҳат муроҷиат кунед. Кӯшиш кунед, ки ба дӯстон ва оила ҳангоми ниёз ба муҳаббат ва дастгирӣ доранд, бирасед. Чи чиз барои шахси бемори сил нораво аст Бисёр душвор буда метавонад, вале ноумед нашавед табобатро ними роҳ накунед. Истеъмоли доруҳоро манъ накунед ҳатто агар шумо худро аллакай беҳтар ҳис мекунед. Қатъи доруҳои зиддисилӣ микрочубчаҳои силро пурра нест накарда сабаби гирифторӣ ба шакли мутобиқгаштаи сил мегардад. Ҳар як доруи зиддисилиро қатъиян дар вақташ қабул кунед. Ҳеҷ гоҳ, худ аз пеши худ ё ин ки аз духтур/кормандони тиббии беихтисос дору қабул накунед. Ҳангоми табобати бемории сил сигор, нӯшокии спиртӣ, тамоку ё маводи мухаддир истеъмол накунед. Барои роҳ надодан ба сироятёбии кӯдакон ба бемории сил ҳангоми мусбӣ будани балғаматон кӯдакони хурдро ба оғӯш гирифта бӯса назанед ё ин ки дар як бистар ва ё ҳуҷра бо худ нигоҳ надоред. Ҳеҷ гоҳ ягон таъинотро бо духтур ё беморхона аз даст надиҳед. Агар шумо ба беморхона рафта наметавонед, таъини дигар кунед ё ин ки агар шумо дар вазъияти ба беморхона рафтан нестед метавонед пурсед оё ягон шахси дигар метавонад ба хонаатон биояд. “ҶТ”
“ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН”, №02 (9532), 11.01.2018
Чанде пеш дар шабакаи Ютуб навореро тамошо кардам, ки чанд сол қабл аз тӯи яке аз роҳбарони ТЭТ ҲНИТ сабт шудааст. Дар он дида мешавад, ки роҳбарони ҲНИТ ва думравонашон болои кати пурнозу неъмат нишастаанду “амри маъруф” мекунанд. Диққати маро дар навор ҳузури чеҳраҳои ошно - як идда журналистон ҷалб намуд. Ҷолиб он аст, ки ин журналистон, ки қисме аз онҳо журналистони кисагии ин “аллома”ҳо маҳсуб мешуданду боқимонда ба ТЭТ ҲНИТ таваҷҷуҳи хос доштанд, ҳушу гӯши сафсатапарокании нафарони зикршуда буданд. Тамошои навори мазкур маро водор намуд, ки оид ба бархурди ТЭТ ҲНИТ ба аҳли қалам мурур намоям. Бо дарки масъулият мегуям, ки ТЭТ ҲНИТ қотили журналистон ва душмани озодии сухан буду ҳаст. Наҳзатиҳои хурофотӣ ба ҳеҷ ваҷҳ арзишҳои дунявӣ, ки озодии сухан рукне аз онҳост, чашми дидан надоранд. Дар марҳилаи муайян, хоса дар арафаи интихобот наздик шудани онҳо бо журналистон танҳо бо мақсади PR намудан буду халос. Наҳзатиҳои террорист имрӯз низ то андозае аз як идда журналистон истифода намуда истодаанд. Таваҷҷуҳи баъзе расонаҳо то ҳанӯз побарҷо буда, зимни шарҳи масъалаи ба ин ташкилоти террористӣ рабтдошта аз зикри вожаҳои террористиву экстремистӣ будани он худдорӣ мекунанд. Ҳол он ки тибқи қонунгузорӣ журналист вазифадор аст, ки ин омилро ёдрас шавад. Доир ба ин масъала зарур аст ба матолиби воситаҳои ахбори оммаи Русия мутаваҷеҳ шавем. Журналистони рус дар гузоришҳояшон расман террористӣ будани ин ё он ташкилотро таъкид менамоянд. Имрӯз зарур ва ногузир аст то ахли ҷомеа дарк намоянд, ки 10 журналисти соҳибноми кишварро маҳз бо дастури ТЭТ ҲНИТ қатл кардаанд.
13 ТЭТ ҲНИТ – қотили журналистон ва душмани озодии сухан E - MAIL: javonontj@mail.ru
Далелҳои мавҷуда, ки дар зер зикр хоҳам кард аз он шаҳодат медиҳанд, ки куштори журналистони шинохта, аз думла Муҳиддин Олимпур, Отахон Латифӣ, Хушбахт Ҳайдаршо, Ҷумъахон Ҳотамӣ, Давлаталӣ Раҳмоналиев, Виктор Никулин, Сергей Ситковский ва адиби маъруф Сайф Раҳимзод аз ҷониби ТЭТ ҲНИТ амалӣ шудааст. Масалан, 5 майи соли 1992, дар саҳни ҳавлии бинои Шӯроӣ Олӣ рузноманигори варзида Муродулло Шерализода, кушта шуд. Тафтишот собит намуд, ки дастури нобуд кардани М. Шерализодаро яке аз роҳбарони ТЭТ ҲНИТ Худойдодов Абдуғаффор (“мулло Абдуғаффор”) додааст. Чунин амали террористӣ нисбат ба котиби масъули рӯзномаи "Тоҷикистони советӣ" (ҳоло “Ҷумҳурият”) Хушбахти Ҳайдаршо, субҳи 19 майи соли 1994 содир гардида буд. Ҳамагон иттилоъ доранд, ки Директори барномаҳои телевизиони Тоҷикистон Давлаталӣ Раҳмоналиев, 18 августи соли 1994 ба қатл расонида шуд. Бино ба далелҳои мавҷуда, қатли номбурдаро бо дастури собиқ муовини Вазири мудофиаи ҶТ Назарзода А. (яке аз роҳбарони ТЭТ ҲНИТ), дастпарварони марказҳои террористии баъзе
аз кишварҳои хориҷӣ бо номҳои “Садир” ва “Муслиҳиддин” содир намудаанд. Мудири бахши форсии радиои “Би-Би-Си” дар Тоҷикистон, Муҳиддин Олимпур низ аз дасти ин тӯдаи бадхоҳон ба қатл расид. Далели бебаҳс аст, ки 12-уми декабри соли 1995 дар назди Варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе аз доҷиби узви фаъоли ТЭТ ХДИТ Аҳтам Тоиров бо супориши бевоситаи Назарзода А. кушта шудааст. Дигар пешвоёни ин ташкилоти террористӣ низ аз Назарзода “ибрат” гирифта буданд. Барои мисол, корманди Радиои Тодикистон Саидшо Саидов, 4 феврали соли 1996 дар ноҳияи Тавилдара (ҳоло Сангвор) аз тарафи ҷангиёни қумондони ИНОТ, яке аз аъзои фаъоли ТЭТ ҲНИТ М.Зиёев (“Мирзо Ҷага”) ба ҳалокат расид. Мухбири телевизиони ҷамъиятии Русия (ОРТ) Виктор Никулин, 28 марти соли 1996 дар дафтари кории шабакаи мазкур, воқеъ дар маҳаллаи 82-юми шаҳри Душанбе, бо дастури бевоситаи Назарзода А. аз ҷониби узви фаъоли ТЭТ Х.НИТ Аҳдам Тоиров кушта шуд. Куштори роҳбари Маркази матбуоти ВКД ҶТ Ҷумъахон Ҳотамӣ ва корманди Маркази матбуоти Хадамоти гумрук Сергей Ситковскиӣ, ки дар соли 1999
содир гардид, ба фаъолияти касбии онҳо алоқамандӣ дошт. Раиси Кумитаи телевизион ва радиои назди Хукумати ҶТ Сайф Раҳимзоди Афардӣ 20 майи соли 2000 ба қатл расонида шуд. Тафтишот собит карда, ки куштори ӯ бо дастури бевоситаи Назарзода А. сурат гирифтааст. Эътироф бояд кард, аксар маврид дар муқобили давлатҳову ташкилот ва шахсиятҳои алоҳида аз ҷониби рақибон маҳз силоҳи идеологӣ истифода мешавад. Табиист, ки журналистон метавонанд дар ҳифзи манфиатҳои миллӣ, таъмини ҷомеа бо иттилооти боэътимод, ҳифзи ҳуқуқҳои шахсӣ ва ҷомеа, паҳнкунӣ ва истифодаи иттилоот беш аз дигарон саҳмгузор бошанд. Зеро, амнияти иттилоотӣ маҷмуи чорабиниҳои мушаххаси ҳифзи муҳити иттилоотонии ҷомеа ва шахсони алоҳида буда, раванди дурусту қонунии бо он таъмин кардани аҳолӣ ба бехатарии фаъолияти технологияи навини иттилоотӣ вобастагӣ дорад. Биноан, метавон гуфт, озодии сухане, ки дар Тоҷикистон айни ҳол вудуд дорад, дар бисёр кишварҳои минтақа дида намешавад ва он ба бандҳои дахлдори тавсияҳоои Шӯроӣ СММ оид ба ҳуқуқи инсон мувофиқат мекунад. Бояд зикр намуд, ки Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи қонунҳои амалкунандаи кишвар ва байналмилалӣ барои фаъолияти мақсадноки нашрияҳои давлатӣ ва мустақил ягон монеа эдод накардааст. Баҳсҳои ҷудогонае, ки бинобар норозигии тарафайн, яъне нашрия ва объект танҳидшаванда ба миён меоянд ва аз тариқи судҳо ҳаллу фасл карда мешаванд, аслан ба Ҳукумат рабте надошта, таҷрибаи тамоми давлаҳои демократӣ мебошад. Аз тарки Ватан намудани як идда журналистон низ фоҷиа сохтан мантиқан нодуруст аст. Аввалан, ин нафаронро пайгирии хостаҳояшон ба хориҷа бурдаст, ки дар ҷаҳони имрӯза падидаи маъмул маҳсуб мешавад. Сониян, қисмати дигарро хоҷаҳояшон ба истилоҳ ротатсия намуданд ва онҳо дар дигар макон ҳамон рисолати хешро иҷро хоҳанд кард. Ахиран, ба тарки Ватан намудану паноҳгоҳи сиёсӣ хостани журналистон баъзе ташкилоту созмонҳои хориҷӣ ҳавасманд ва манфиатдоранд. Ин аст, ки қисмати сеюми ин қабил журналистон маҳз бо роҳнамоии чунин ташкилоту созмонҳо ба хориҷа рафтаанд. Ҳоло вазифаи муҳиму аввалиндараҷаи аҳли ҷомеа, хоса онҳое, ки ба пешниҳоди иттилоъ машғуланд, расидан ба қадри озодии сухан бидуни сӯиистифода аз ошкорбаёнию озодандешист. Дар ин маврид бояд муқаррароти моддаи 6 Қонуни Ҷумҳурии Тоикистон “Дар бораи матбуоти даврӣ ва дигар воситаҳои ахбори омма”, ки роҳ надодан ба сӯиистифода аз озодии сухан ва ҷавобгарии воситаҳои ахбори омма барои объективӣ будан ва ахбори аз ҷониби онҳо паҳншавандаро пешбинӣ намудааст, риоя карда шавад. Дар ҷомеаи демократӣ ҳадафи асосӣ аз таъсису ташкили воситаҳои ахбори омма тавассути воқеъбинона инъикос намудани фикру мулоҳиза мусоидат ба баланд бардоштани сатҳи огоҳии аҳли ҷомеа, таҳкими сулҳу субот, пойдорию устувории амният ва ваҳдати миллӣ мебошад. Умед дорем, ки журналистон нерӯи зеҳнии хешро минбаъд низ барои созандагӣ, ободиву осудагии Ватан ва таҳкими неъмати бебаҳо барои миллати соҳибтамаддуни мо - сулҳу вахдат равона менамоянд. Самандари КАМОЛ
14
“ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН”, №02 (9532), 11.01.2018
КИТОБХОНАИ “ҶТ”
Нуруллоҳи ОРИФ
ПЕШВОИ МИЛЛАТ (Суруд барои бачаҳо)
Эй Пешвои миллат, Мо пайрави ту ҳастем. Бар меҳнати ҳалолат Аз пеш дил бубастем.
Дар ошёни чашмат Гунҷид Тоҷикистон. Пироҳан аз гули ёс Пӯшид Тоҷикистон.
Дасти мадад ба мардум Ҳар ҷо дароз кардӣ. Хушҳол бар муҳоҷир Оғӯш боз кардӣ.
Хоҳем аз Худованд Як умр зинда бошӣ. Бар фарқи Тоҷикистон Чун шед нур пошӣ.
МО ҶАВОНОН
ПЕШВОИ МИЛЛАТИ БОНАНГИ МАН Омадӣ баҳри наҷоти миллатат, Дар хатар чун буд тақдири Ватан. Қувваи Аҳриманӣ пурзӯр буд, Буд ҳар як нохалаф чун Аҳриман. Пешвои миллати бонанги ман, Раҳнамои халқи бофарҳанги ман Менамуд таҳдид бар мулки азиз Хавфи пора гаштану қисмат шудан. Буд лозим як ҷавонмарди шуҷоъ, Аз ҷаҳолат то раҳонад ин Ватан. Пешвои миллати бонанги ман, Раҳнамои халқи бофарҳанги ман. Он яке мекард тарки мулки хеш, То нагардад ғарк дар дарёи хун. Омадӣ чун шӯълаи тобони бахт, Халқи худро то бигардӣ раҳнамун. Пешвои миллати бонанги ман, Раҳнамои халқи бофарҳанги ман. Тоҷиконро карда сарчамъ аз фирор, Чун чароғ аз баҳри миллат сӯхтӣ. Сулҳ овардӣ ба мулки ғамзада, Машъали меҳру вафо афрӯхтӣ. Пешвои миллати бонанги ман, Раҳнамои халқи бофарҳанги ман. Халқ дида навъи хидматҳои ту, Ҳар замон аз меҳр таҳсин мекунад. Доимо бардошта дасти дуо, Баҳри хушбахтит омин мекунад. Пешвои миллати бонанги ман, Раҳнамои халқи бофарҳанги ман. Анварбеки АБӮНАСР, сокини шаҳри Панҷакент
ИСФАРА Эй шаҳри нозанинам, Ҷони ба ҷон қаринам. Нӯшида оби сардат, Молам ба дида гардат. Пирию чун ҷавонӣ, Мақбули ошиқонӣ. Эй Исфара, маконам, Дар туст ошёнам.
Ӯ КИСТ? Ӯ наҷотбахши миллат ва давлати тоҷикон. Ӯ фарзанди фарзонаи миллат. Ӯ Сарвару роҳнамои роҳи ҳақ. Ӯ умеди дили модарон. Ӯ маорифпарвару фарҳангсолор. Ӯ посдори армонҳои олии миллат. Ӯ Сарвари одил, ҳомии сулҳ. Ӯ сиёсатмадори худодод. Ӯ ҷонфидои миллат. Ӯ саробони ятимон. Ӯ роҳбари бохиради хусравонӣ. Ӯ чароғафрӯзи роҳи саодати миллат. Ӯ Сарвари муаззам ва некқадам. Ӯ роҳбари муваффақ дар масъалаҳои об дар ҷаҳон. Ӯ сиёсатмадори сатҳи байналмиллалӣ. Ӯ ҳамдаму ҳамнафаси мардум. Ӯ Пешвои фаррухқадам. Ӯ меъмори роҳи сулҳу ваҳдат, ҳаёту наҷот. Ӯ шахсияти мунир ва сиёсатмадори ибратпазир. Ӯ пуштибони дини мубини ислом. Ӯ тамаддунсози миллат. Ӯ соябон ва сипари давлату миллати тоҷик. Ӯ марди нодир, шахсияти таърихӣ. Ӯ абармардест, ки моро ба истиқлолияти комил расонд. Ӯ поягузори ҳуқуқи миллӣ. Ӯ эҳёгари ифтихору номус. Ӯ Президенти зиёгустар ва маърифатпарвар. Ӯ роҳкушо, бунёдкор, ватандор. Ӯ меъмори рамзҳои давлатдорӣ. Ӯ Президенти мардумӣ. Ӯ Пешвои асри XXI. Ӯ Қаҳрамони Тоҷикистон. Ӯ атои Парвардгор ва равшангари роҳи миллат. Ӯ Пешвои миллати тоҷик Эмомалӣ Раҳмон мебошад. Эсан МАЛИКОВ, сокини шаҳри Панҷакент
МУАЛЛИМИ ҒАМХОРАМ Муаллими ғамхорам, Ҳастед ифтихорам. Монанди ҷон азизед, Чун қанд, чун мавизед. Саршор кони пандед, Моро басо писандед. Донандаи забонед, Хуршеди осмонед. Абдураҳмон АЗИЗОВ, хонандаи с.10, МТМУ №47
ҶАВОНОН
Мо ҷавонон рӯи сурхи кишварем, Рӯи сурхи кишвари нурофарем. Баҳри сарсабзии Ваҳдат як ҳаёт Пешвосон Сулҳро мепарварем.
Мо ҷавонон, оқилу созандаем, Родмардони нави ояндаем. То ҷаҳон боқист, боқист офтоб, Дастгири давлати пояндаем.
Ҷони ҷо дар ҷои ҷон, эй Пешво, Аз Шумо ҳаст одаму олам ризо. Бо сари боло, дили саршори меҳр Ҷовидон бодо нигаҳбонат Худо.
Нест бе мо Ваҳдат асло пойдор, Дар чунин як кишвари доимбаҳор. Чашми бадбинҳои моро кӯр соз, Эй Худованди вадуд, эй ёр, ёр. Мо ҷавонон, оқилу созандаем, Родмардони нави ояндаем. То ҷаҳон боқист, боқист офтоб, Дастгири давлати пояндаем.
Мо ҷавонон рӯи сурхи кишварем, Рӯи сурхи кишвари нурофарем. Баҳри сарсабзии Ваҳдат як ҳаёт Пешвосон Сулҳро мепарварем. Кӯҳро мислаш ба нохун меканем, Аз дилаш раҳ даври гардун метанем. Рост дар як по ҷавонон мо ба ҳам Баҳри ҳифзи гулгулафшон Меҳанем. Мо ҷавонон рӯи сурхи кишварем, Рӯи сурхи кишвари нурофарем. Баҳри сарсабзии Ваҳдат як ҳаёт Пешвосон Сулҳро мепарварем.
ҶАВОНӢ
Мо қабои сулҳ бар тан мекунем, Шукри ободии Меҳан мекунем. Дам ба дам аз сурмаи хокаш ҳама Оре, оре, дида равшан мекунем. Мо ҷавонон, оқилу созандаем, Родмардони нави ояндаем. То ҷаҳон боқист, боқист офтоб, Дастгири давлати пояндаем.
ҶАВОНӢ
Мекунад бӯи ҷавонӣ хуни мо, Хуни мо аз ҳар раги Ҷайҳуни мо. Дар дили ҳар кас шабу рӯзи дароз Ишқ дорад нағма чун Сайҳуни мо.
Аҷаб зебост айёми ҷавонӣ, Ҷавонӣ ҳаст шаҳди зиндагонӣ. Дар ин дурӯза дунё, эй ҷавонон, Самар бахшад, самар бар кас амонӣ.
Ҳаст чун мо Тоҷикистон бас ҷавон, Тоҷикистон-роҳати ҷон, бас ҷавон. Мисли ҳар нахле, ки дар наъшунамост. Роҳати ҷони ҳар инсон, бас ҷавон.
Ҷавонӣ қуввати ҷисм асту ҷон аст, Саропо махзани тобу тавон аст. Ҳама кушке ки қад ёзад ба афлок, Зи Истиқлоли побарҷо нишон аст.
Мекунад бӯи ҷавонӣ хуни мо, Хуни мо аз ҳар раги Ҷайҳуни мо. Дар дили ҳар кас шабу рӯзи дароз Ишқ дорад нағма чун Сайҳуни мо.
Аҷаб зебост айёми ҷавонӣ, Ҷавонӣ ҳаст шаҳди зиндагонӣ. Дар ин дурӯза дунё, эй ҷавонон, Самар бахшад, самар бар кас амонӣ.
Мо ҷавониро ҷавон хоҳем дошт, Сарвати рӯи ҷаҳон хоҳем дошт. Давлати имрӯзро хушном чун Давлати Сомониён хоҳем дошт.
Ҷавон бошад Ватан, бо навҷавонон, Дар ин дунёи сарсабзи гулафшон. Зиё бахшад ба чашми ҳар ҷаҳонгард Диёри мо ҷавонон, Тоҷикистон.
Мекунад бӯи ҷавонӣ хуни мо, Хуни мо аз ҳар раги Ҷайҳуни мо. Дар дили ҳар кас шабу рӯзи дароз Ишқ дорад нағма чун Сайҳуни мо.
Аҷаб зебост айёми ҷавон Ҷавонӣ ҳаст шаҳди зиндагонӣ. Дар ин дурӯза дунё, эй ҷавонон, Самар бахшад, самар бар кас амонӣ.
ТОҶИКИСТОН Эй диёри покдомон, Эй нишони Оли Сомон. Сарбаланд астӣ ҳамеша, Тоҷикистон, Тоҷикистон
Гул кун, эй фардои рахшон, Эй умед, эй кони армон. Ҷовидон монӣ ба олам, Тоҷикистон, Тоҷикистон. Насриддин ДАВЛАТЗОДА
САҲИФАИ ДОНИШҶӮЁН
“ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН”, №02 (9532), 11.01.2018
Ману хаёл Шумо боре ҳам ахтаронро дар замин дидаед? Не? Вале ман дидаам. Ман ин манзараро ҳар шаб мебинам. Азбаски дар ошёнаи чорум зиндагӣ мекунем, аз ин ҷо пастиҳо хуб намоёнанд. Як шаби баҳорӣ буд ва ман назди панҷара нишаста, “ахтарони замини”-ро тамошо мекардам ва шамолаки фораме нарм-нарм вазида, сару мӯямро молиш медод. Ногоҳ диқатамро беихтиёр манзарае ба худ ҷалб карду то дер ба худ омада натавонистам. ...Лаби баҳри кабуди нопайдоканоре нишаста пойҳоямро даруни об бозӣ доронда, манзараи зебои атрофро назора мекардам. Шамолаки баҳри ниҳоятан ором вазида, якҷоя бо қатраҳои нилгуни оби баҳр ба кас ҳаловати дигар мебашхид. Ногаҳон дар осмон абри сиёҳе пайдо шуду дар як лаҳза раъду барқ ба амал омад. Ва борон низ бо шиддати тамом ба боридан сар кард. Маро тарсу ҳарос фаро гирифта, мадори аз ҷой ҷунбидан набуд. Қатраҳои борон аз сару рӯям шорида тамоми баданамро мешуст. Тани шахшудаам меларзиду қалбам тез-тез ба тапидан даромад. Дар баробари борон тӯфоне бархосту дар миёни баҳр гирдоберо ба вуҷуд овард. Тарсам даҳчанд аз он мешуд, ки касе набуд, то маро аз ин хаёли даҳшатовар ба худ орад. Ин дам мавҷҳои баҳр мисли девори баланде бо суръат ба сӯи ман ҳаракат карда расиду аз болоям фурӯд омад. Садои қаъри баҳр ба гӯш мусиқии фораму ҳассосро мерасониданд. Аз дур селаи моҳиҳои заррин ҳаракатҳои аҷибе карда, тасвирҳои гуногунро ба вуҷуд меоварданд. Ногаҳон чашмам ба зери буттаҳо афтид. Аз онҷо чизе ҷило бахшида, чашмро хира мекард. Ба поён шино карда ба он наздик шудам. Ин донаҳои марворид буданд, ки мислашонро ҳаргиз надида будам. Марворидҳоро гирифта ба боло шино кардан мехостам, ки ногаҳ пеши чашмонам торик шуду аз ҳуш рафтам. Пас аз муддате ба ҳуш омада чашмонамро кушодам. Осмони кабуд, офтоб сӯям хандида равшанӣ мекард. Қувваамро ҷамъ намуда аз ҷоям хестам. Танҳо аз дур як дарахти азиме менамуду халос. Ба тарафи дарахт равон шудам. Дар як дам ҳаво бисёр ҳам сард шуду либосам тунук буд. Ин дам донаҳои калон-калони барф аз осмон фуруд омаданд. Ин дам поям лағжиду ба поён меафтидам, ки... Ногоҳ “аз пеши тиреза дур ист, аз хунукӣ зуком мешавӣ”- гуфтани модарам маро ба худ овард. Ин гуна хаёлҳои рангин маро сӯи факултаи тарроҳии Донишкадаи санъати тасвири ва дизайни Тоҷикистон овард. Имрӯз акси хаёлҳои рангинам дар пироҳанҳои омоданамудаам дарҷ гардидаанд, ки беихтиёр диққати бинандаро ба худ ҷалб мекунад. Пештар фикр мекардам, ки пироҳанҳои шинаму зебо омода мекунаму бо ҳамин халос. Ҳоло бошад, аниқ медонам, ки ман бояд бо маҳсули эҷодам аз чаҳорчӯбаи хаёлам берун оям, чун боварӣ дорам, ки ба ин қодирам. Аҷибтар аз ҳама он аст, ки ман хобамро бо коғазу қалам ва риштаю сӯзан иваз кардам, вале медонам, ки аз ин роҳ баргаштанӣ нестам. Дилноза КАРИМОВА, донишҷӯи Донишкадаи саънати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон
Ҳамеша роҳе ҳаст... Замона чунин шудааст, ки агар барои зиндагӣ мудом дар такопу набошӣ рӯзат пеш намеравад. Хайрхоҳонам ба андозае каманд, ки агар аз гуруснагӣ мурӣ ҳам, касе ба дардат намехӯрад. Чора ва роҳи ягона ҳамин аст, ки дасти худ бибусему муҳтоҷ ба касе нашавем. Ин фикру зикри айнан ду донишҷӯе аст, ки чанд рӯз боз аз барои дарёфти коре саргардон буданд. Сахтии рӯзҳои донишҷӯӣ, бепули нодорӣ, маҷбурашон карда буд, ки барои рафъи мушкилиҳо кори муздноке пайдо намоянд. Ҷустуҷӯи барзиёд хеле хаставу афгорашон карда буд. Оташи умедашон ба қариб хомӯш шуда буд. Аммо боз ҳам чизе онҳоро таҳрик медод, ки бо ҷои дигар сар халонанд ва ин ҳам нобасомониҳои рӯзгор буд. Бинои бо ҳашамати сари роҳи калон аз чашми роҳгузарҳо пинҳон буда наметавонист. Аз рӯи тахмин кадом як ширкати хусусист. Чун ба худ кадом як номи ғайритоҷикӣ дошту бо сифату тарҳи замонавӣ бунёд шуда буд. Гӯё касе ин ду донишҷӯро дар дохил интизор бошад, аз худ бе худ, аз роҳи калон бероҳа шуда, рост ба дохили бино рафтанд. Дар ҳар қабати бино як намуди фаъолият ба роҳ монда шуда буд. Масалан, дар қабати якум мағозаи ка-
лон, дар дуюм ҷои кудакон, дар сеюм ошхонаи барҳаво, ва ба ҳамин минвол, ки кас бо диданаш ангушти ҳайрат ба даҳон мебурд. Ҷавонон аз нафари дар назди дари бино буда, кор кофтанашонро мегӯянд. Маълум мегардад, ки ин мард дарбони ҳамин биност. Дарбон ҷавононро гирифта рост панҷум ошёна ба назди зане мебарад. Баъди ба утоқи зан ворид шуданашон мақсаду ҳадафи худро мегӯянд. Зан баъди чанд савол кӣ будани онҳоро фаҳмида, аз онҳо ҳуҷҷатҳои лозимаро барои кор карданашон хоҳиш мекунад. Ва мегӯяд, ки аз худи фардо метавонанд, дар ҳамон мағозаи калон ба кор дароянд. Ба онҳо вақти озод таин мекунад. Танҳо онҳоро мебоист, дар вақтҳои бекории худ омада ин ҷо ба фурӯши молҳо машғул шаванду барои рӯзгузаронии худ чанд пул касб кунанд. Баъди он ки ҷавонон аз бино бо дили шод берун шуданд, ҳаво каме сард шуда буд. Аз омад – ома-
ди тирамоҳ хабар медод. Осмонро чун лашкари парокандае, ки якҷо мешаванд, дар як он абрҳо маҳкам карданд. Шамол ҳам чун гурги гуруснаи зимистонӣ бо як дам улос мезад. Мардуми дар роҳ буда худро ба истгоҳ гирифта, паноҳ мешуданд. Онҳо як-як дар автобусу троллебусҳо савор шуда, мерафтанд. Ба онҳое, ки дар истгоҳ ҷой намерасид, кӯшиш мекарданд, то ки худро аз хунукии нобаҳангом, ки дар худ паёмади борони сахтро дошт, дар ягон ҷой пинҳон кунанд. Ҷавонон бошанд, аз ин ҳаво парвое надоштанд. Чун дар охир ба орзуи худ расиданд. PS: Мақсад аз саҳнаи мазкур ин аст, ки ҳеҷ гоҳ инсонҳо набояд аз талош барои амалӣ шудани орзуи худ даст кашанд. Зеро ҳамеша роҳе ё сабабе боис мешаваду мо ба қуллаи мақсуд мерасем. Абӯнаср РАҲИМОВ, донишҷӯи ДМТ
Шаби сарду тор Тақрибан соати 8-и шаб тағоям занг зад, ки ба нонвой равам. Таклифашро рад накарда аз хобгоҳи донишгоҳ, ки дар маҳаллаи Гипрозем ҷойгир аст, бо хатсайре зуд ба нонвой, ки дар бозори “Саховат” воқеъ аст расидам. Тағоям солҳои зиёд аст, ки ба нонпазиву нонфурӯшӣ машғул аст ва дар ин кор таҷрибаи ғанӣ дорад. Ман дар вақтҳои холӣ ба ӯ ёрӣ медиҳам ва бар ивази корам маблағи муайяне мегирам. Ғайр аз ин ҳар боре, ки ба дуконаш равам, як ду нони калонро дар дастам медиҳад, то ҳамроҳи рафиқонамон нӯши ҷон кунем. Он шаб дар нонвой як қисми коргарон набуданд. Дар он ҷо то қариби субҳ кор карда, соати 4 берун шудам. Вақте ки аз нонвой баромадам торики ҳукмфармо буд ва дар ин соат хатсайр пайдо кардан имкон надошт. Ман маҷбур будам, ки аз "Саховат" то хобгоҳ (Гипрозем) пиёда оям. Рӯзҳои аввали зимистон ва берун бисёр сард аст. Дар ин хунукии тоқатшикан танҳо нафарони роҳруб аз пайи кор буданд. Пас аз ним соат ба хобгоҳ расида, дарро якчанд маротиба тақ–тақ задам. Дар хобгоҳ, ки ҳар рӯз муҳофизон иваз мешаванд, як муҳофизи бисёр инсони гапнодаро ва сахтгир низ ҳаст. Ба худ гуфтам қариб рӯз шудааст, шояд, мекушояд. Ин ҳангом муҳофиз бедор шуда пурсид: - Ту кистӣ? - Ман донишҷӯи ҳамин хобгоҳ! Аз кор омадам, ака, қариб рӯз шудааст, дарро мекушодед. Ҳаво бисёр сард аст.
Ишқ ва ҷавонон Ишқ оғозу анҷоми ҳастии мост ва бе ишқу муҳаббат зистан имконнопазир аст. Ишқ дар вуҷуди инсоне ҷой дошта метавонад, ки боақлу тадбир бошад. Конфутсий Сарчашмаи ҳастӣ ва омили асосии зиндагии инсонҳоро ин файласуфи бузурги Чин ишқу муҳаббат меҳисобад ва ишқеро ниҳоӣ мепиндорад, ки моликаш боақлу хирад бошад. Ин нукта барои он ҷавононе, ки дар зери ниқоби “ишқ” корҳои палидеро ба сомон мерасонанду духтаронро бадному шармсор мекунанд басо бомавриду ҳадафрас аст. Ҷавонӣ давраи ташвишу талотум ва
15
айёми ишқу муҳаббат аст. Кам шахсонеро дучор шудан мумкин аст, ки аз имтиҳони ишқу муҳаббат нагузаштаву дар дил ишқи нигореро напарварида бошанд. Албатта ишқ на фақат аз ҷониби писарон, балки аз тарафи муқобил низ зуҳур мекунад ва онон дар ифшои он меҳаросанд ва муҳаббати худро нисбати ҷавоне дар дил то абад мепарваранд. Гузаштагони мо ва тамоми
бузургони ҷаҳон дар васфи ишқу ошиқӣ ҳазорон ҳазор асарҳо эҷод кардаанд, ки тараннумгари ишқи поки инсониянд. Меъёру маҳакҳои ишқу муҳаббат низ бо гузашти давр тағйир ёфтаанд ва киштии ишқ низ самти ҳаракаташро дигар кардааст. Достоевский ишқро чунин тафсир мекунад: “Ишқ – ин дида тавонистани шахс ба ҳамоне, ки Худо онро офаридааст, мебошад”.
- Ман дарро соати шаш мекушоям, якуним соати дигар мондааст. Аз назди дар рав! - Пагоҳ бояд дарс равам, омода шуданам даркор. Пасон ӯ гапҳои бад гуфт, ҳатто ҳақорат ҳам кард. Аз одамгарияш дар тааҷҷуб мондам ва медонистам, ки дигар бо ӯ гап задан фоида надорад. Маълум, ки ҳеҷ касро дарк намекунад. Аммо охир ӯ ҳам инсон аст, мусулмон ва соҳиби фарзанд аст. Пас чаро чунин рафтор мекунад. Мо ҷавонон аз чунин рафтору кирдори калонсолон чӣ ибрат мегирем? Раҳмдилию инсондӯстӣ ва меҳру якдигарфаҳмӣ куҷост? Аммо афсус, ки бархе аз инсонҳо чӣ будани ҳаёту зиндагӣ ва одамгариро намефаҳманд. Дигар илоҷе барои дохил шудан набуд, дар як кунҷе нишастаму дамидани субҳро интизор шудам ва дар телефонам ин сатрҳоро чун хотирае навиштам. Умедҷони КАРИМХОН, донишҷӯи ДМТ
Таъсири фарҳангу маданияти халқу миллатҳои ҷаҳон, ки тариқи шабакаҳои телевизиону синамову сурудҳо тарғиб мегарданд, ба мафкураи ҷавонони кишвар таъсири зиёд расонидааст. Дар баробари ин дастрасии онҳо ба интернет омили асосии аз байн рафтани одобу ахлоқи намунавии ҷавонон гардидааст. Пӯшида нест, ки ишқу муҳаббат ва тарзу фаҳму ақидаҳои ҷавонон тағйир ёфтааст. Чунин ба назар мерасад, ки шиори имрӯзаи ошиқони ҷавон “бинед ман низ дӯстдошта дорам” гаштааст. Ошиқбачаҳоеро дидаам, ки дар як рӯз на кам аз ду-се духтарро луқма партофта рақамҳои телефонашон-
ро гирифта, пас аз талаботи худро қонеъ кардан боз аз пайи ҷустуҷӯи дигаронаш раҳсипор мешаванд, ки боиси аз байн рафтани эътиқоду боварии духтарон мегардад. Ба ин гуфтаҳо ҳамаи ошиқонро маҳкуму мазаммат кардани нестем. Дар миёни ҷомеа ишқи ҳақиқӣ низ ҳаст, аммо... Ин масъалаест, ки ҳар ҷавонро мебояд новобаста ба ҳама гиру дорҳои зиндагӣ перомунаш андеша намояд ва дар интихоби маъшуқ (а) ва ҳамсари оянда мулоҳизакор бошад. Нуралӣ КАРИМ, донишҷӯи ДМТ
16
“ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН”, №02 (9532), 11.01.2018
ФАРОҒАТИ ҶАВОНОН
Сеҳри хома АМАЛИ МЕҲРОБ АЗИМОВ, “ҶТ”
√ АНДАРЗ
Пашша ТАҲИЯИ Ш. ЭШОНОВА, “ҶТ” Боре подшоҳи як кишвари шарқӣ фикр кард, ки чӣ гуна метавон пашшаҳоро несту нобуд намуд. Ин ҳашаротҳои шилқину хунхор шоҳро чандон ба танг оварда буданд, ки ҳатто корҳои давлатиро оромона анҷом дода наметавонист. Шоҳ навкарони худро ҷеғ зада, онҳоро вазифадор намуд, то роҳҳои куллан несту нобуд сохтани пашшаҳоро пайдо кунанд. Чун навкарон медонистанд, ки сарвари онҳо шахси тундхӯ ва бадҷаҳле буду саркашӣ аз фармони ӯ метавонист оқибатҳои марговар дошта бошад фавран ба ҷустуҷӯи роҳу усулҳои халосӣ аз ин ҳашарот пардохтанд. Аммо онҳо ягон роҳи дурустро пайдо карда натавонистанд. Сипас як канизаки айёр ба назди шоҳ омада, гуфт: - Эй шоҳи оқил! Роҳи ҳалли ин мушкил вуҷуд дорад: ту бояд ҷое пайдо кунӣ, ки одамон набошанд, чун дар
АБДУЛҲАМИД САМАД
√ САЙҚАЛИ
АНДЕША
Нутқи самимӣ оддӣ мешавад. ******** Вой ба ҳоли касе, ки ба ду иллат гирифтор аст: чизеро намедонад ва кӯшиши донистан ҳам намекунад. ******** Нутқи зебо дар бораи корҳои наҷиб дар хотири шунаванда мемонаду иззату шарафи иҷрокунандагони ин амалҳо меафзояд. ******** Чӣ қадар ғулом - ҳамон миқдор душман. ******** Ҷохилон онҳоеанд, ки иқдоми ислоҳ шуданро намекунанд. ******** Барои он ки нутқ хубу дилнишин барояд, нотиқ ҳатман бояд воқеияти мавзӯи баррасишавандаро донад. ******** Касе қасами садоқат нахӯрдааст, ҳеҷ гоҳ қасамро намешиканад. ******** Соҳибэҳтиром аст нафаре, ки беадолатӣ намекунад, вале боз шарафмандтар ҳамонест, ки дигаронро низ ноҳақӣ кардан намегузорад. ******** Бисёр ноҳақист, ҳақнигор набошию ҳақ бароӣ. ******** Инсони ғарқи хурофот нафратовар аст. ******** Хайрхоҳ ном гирифтан дар ҳар ҳолат гуворост. ******** Дар мавриди ақди никоҳ як нишондод бояд риоя шавад: ҳар инсон зимни издивоҷ на танҳо дар фикри қонеъ гардонидани нафси худ бошад, балки манфиати давлатро низ бояд ба эътибор гирад. Афлотун Рӯзнома таҳти рақами 0120/рз аз 22 сентябри соли 2014 дар Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон сабти ном шудааст. Нишонӣ: 734018, шаҳри Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ, 16, ошёнаҳои 1 ва 4
САРМУҲАРРИР
Бахтовар КАРИМОВ
он ҷойҳое, ки одамон ҳастанд, ҳамеша пашшаҳо парвоз карда мегарданд. Шоҳ фавран амр дод, то аспҳоро зин зананд. Ӯ баъзе асбобу анҷоми зарурӣ ва якчанд хизматгорони худро гирифта, ба ҷустуҷӯи чунин макон раҳсипор гардид. Онҳо якчанд рӯз дар биёбоне роҳ паймуданд. Ҳатто шабона низ аспҳоро дам намедоданд. Вақте аспҳо тамоман нафасгир шуданд, роҳпаймоён бозистоданд. Ва дар ҳамин лаҳза ба болои аспи шоҳ пашшае нишаст. - Охир, ин имкон надорад, - фиғон бардошт подшоҳ. – Ту гуфтӣ, ки дар ҷои беодам, ин махлуқҳои палид низ нестанд! Мо чанд рӯз боз дар сафарем, дар гирду атроф ҷонзоде нест, ин ҳашароти хира аз куҷо пайдо шуд? Хизматгор сар хам карда, чунин ҷавоб дод: - Шоҳаншоҳи бузург, оташин нашавед. Ману шумо низ одамем...
10 далели ҷолиб доир ба Facebook Дар зер 10 факти ҷолибро дар бораи сомонаи иҷтимоии Facebook пешниҳод менамоем. Ин маълумотҳо, ки аз сарчашмаҳои гунонуни интернетӣ дастрас ва баргардон шудаанд, ба мо кӯмак мекунанд, то аз баъзе аҷоиботи ин сомонаи иҷтимоӣ огаҳӣ ёбем: 1. Бори аввал шабакаи иҷтимоии Facebook “The facebook” номгузорӣ шуд ва он танҳо барои донишҷӯёни Донишгоҳи Ҳарвард дастрас буд. Аз моҳи сентябри соли 2006 сомона барои кулли истифодабарандагони интернет дастрас гашт . 2. Дар моҳи июни соли 2017 аудиторияи истифода барандагони Facebook ба 2 миллиард нафар расид. 3. Агар Facebook давлат мебуд, аз ҳисоби шумораи аҳолӣ дар ҷои аввал қарор мегирифт. 4. 720 млн. одам шабонарӯзӣ дар Facebook фаъоланд. 5. Ҳамарӯза истифодабарндагони Facebook 6 млрд “лайк”, шарҳу қайд ва 300 млн. акс мегузоранд.
6. Шумораи бинандагони саҳифаҳои сомона дар октябри соли 2011 ба 1 триллион нафар мерасид. 7. Ба ҳисоби миёна як нафар истифодаранда, ки 130 дӯст дар ин шабка дорад, дар як рӯз 8 дархости дӯстӣ равон мекунад, беш аз 55 дақиқаи худро дар Facebook сарф мекунад, 9 маротиба тугмаи “лайк”ро пахш мекунад. 8. Агарчи Facebook дар ИМА бунёд ёфтааст, аммо 70% истифодабарандагонаш берун аз қаламрави ин давлатанд. 9. Барои бо 70 забон тарҷума намудани сомона беш аз 300 ҳазор нафар кӯмак расонидаанд. 10. Марк Сукерберг баъди сохтани Facebook ҷавонтарин милиардер эълон гардид.
√ ЭЪЛОН
Дипломи гумшудаи Шукуров Хурсандмурод Тошмуродович, ки соли 2005 аз тарафи МД Литсеи касбии махсуси маюбони шаҳри Душанбе (№0001855, Р/Қ 366) дода шудааст, эътибор надорад. Ҳуҷҷатҳои гумшудаи Насрединов Тоҳирҷон Набиҷонович дар бораи таҳсили ронандагӣ (№338579), ки аз тарафи Мактаби муттаҳидаи техникии ҷумҳуриявии ТҶ Мададгори мудофиаи ҶТ дода шудааст, эътибор надорад. Аттестати гумшудаи Олимзода Муҳаммадолим Мирзоаҳмад таҳти №0455442, ки онро соли 2017 МТМУ №3-и ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ додааст, эътибор надорад. Дипломи гумшудаи Дилоев Бобомурод Раҳматович (№ 054973), ки онро омӯзишгоҳи касбии техникии рақами 1-и шаҳри Душанбе, ба номи В. Камарова соли 1980 додааст, эътибор надорад. Соҳибкори инфиродӣ Одинаев Бобхон Авазович (РМА195327116, РЯМ0430151068), ки аз 25.12.2012 таҳти №910 дар нозироти андози ноҳияи Синои шаҳри Душанбе ба қайд гирифта шудааст, фаъолияташро қатъ менамояд. Дипломи гумшудаи РВ №832201, ки онро соли 1988 Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ ба Табаров Хайрулло Назарович додааст, эътибор надорад. Ҳуҷҷатҳои гумшудаи манзили истиқоматии шаҳрванд, Қурбонохолова Ҳайитгул (№019775), ки онро 16 08 2011 Мақомоти иҷроияи маҳалли ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе додааст, эътибор надорад. Дафтарчаи имтиҳонии гумшудаи Сироҷов Маҳмадалӣ, ки онро соли 2014 Коллеҷи технологии шаҳри Душанбе додааст, эътибор надорад.
ҲАЙАТИ МУШОВАРА:
Абдуҷаббор РАҲМОНЗОДА (Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа), Нуриддин САИД (вазири маориф ва илми Тоҷикистон), Аҳтам АБДУЛЛОЗОДА (раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон).
ҲАЙАТИ ЭҶОДӢ:
Зиёд иттифоқ меафтад, ки ҳар гуна воқеаву ашё ва баъзан одамон низ моро асабонӣ месозанд. Аммо аксари мушкилот дар натиҷаи хислати мо, инсонҳо ба вуҷуд меоянд. Чун танҳо инсон метавонад хушҳолӣ кунад, хашмгину асабонӣ шавад, аз ҳар гуна кору гапи беҳуда норозӣ бошад. Моро мебояд, ки худ ва олами атрофамонро ҳамон тавре, ки ҳастанд, қабул кунем ва дар ин сурат ҳаёт каме осону сода хоҳад шуд.
Толибшоҳи ДАВЛАТ (муҳаррири масъул), Маҳмудҷон УСМОНОВ (муҳаррир), Шодихони НАЗАР (муҳаррири шуъбаи варзиш ва сайёҳӣ), ШАҲЛО ЭШОНОВА (муҳаррири шуъбаи иқтисод ва иҷтимоъ), Хуршед МАВЛОНОВ (муҳаррири шуъбаи иттилоот ва сиёсат), Беҳрӯз ХОЛМУРОДОВ (муҳаррири шуъбаи ҳаёти ҷавонон), Нуруллоҳи ОРИФ, Гулбаҳор РАҲМОНОВА, Хуршед ХОВАРӢ, Шаҳбози АСОМИДДИН, Меҳрубон ИМОМОВА (хабарнигорон), Шеравган ХУРСАНҚУЛОВ (саҳифабанд), Меҳроб АЗИМОВ (рассом), Машҳур ИМОМНАЗАРОВ (хабарнигор, ВМКБ), Фирӯз АБДУРАҲМОНОВ (хабарнигор, вилояти Хатлон).
•
Ба хотири чандандешӣ матолибе низ ба табъ мерасанд, ки хилофи назари ҳайати эҷодист. Дурустии арқому далелҳо бар дӯши муаллифон аст.
•
Ҳангоми таҳияи хабарҳо аз матолиби интернет низ истифода шудааст.
•
Индекси обуна: 68857
•
Тел: 901 06-41-10, 238-54-14, 238-51-09, 238-53-03
•
Ҳафтанома дар КТН «Шарқи озод» (хиёбони Саъдии Шерозӣ-16) бо теъдоди 3894 нусха ба нашр расид.
•
Ҳисоби бонкӣ: с/ҳ №20202972500232101000, ҳ/х 20402972316264, РМА030000301, РМБ350101626. БДА Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк»