Ҷавонони Тоҷикистон/№02/(9428)/2016

Page 1

«Сафеддара» баъд аз тармим ба истифода дода шуд

Мушкил дар саррофон набудааст...

«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН» №2 (9428), 14 январи соли 2016

1

 МАВҚЕИ “ҶАВОНОН...”

Мусулмонии тоҷикона

Бо он метавон таассубу терроризмро шикаст дод

 ҲАФТ РӮЗ 07.01.2016 Дар маркази вилояти Суғд мусобиқаи шаҳрии футбол барои дарёфти ҷоизаи «Бойчечак-2016» байни бачаҳои соли таваллудашон 2003-2004, 2001-2002 ва 1999-2000-ум оғоз ёфт. 08.01.2016 Дар қароргоҳи Федератсияи футболи мамлакат қуръапартоии марҳилаи пешакии Ҷоми Тоҷикистон оид ба футзал дар минтақаи Душанбе баргузор гардид. Дар ин мусобиқа 13 даста — «Амонатбонк», «Помир», «Бонки миллӣ», «Динамо», «Пойтахт», «Сафариён», «Ҷаҳоннамо», «Tcell», «ДИСИ Инвест-2», «Қараболо», ДДМТ «Сино», «Билайн», (ҳамааш аз Душанбе) ва «Қалъаи Ҳисор» (Ҳисор) иштирок хоҳанд кард. 09.01.2016 Дар гимназияи давлатии ноҳияи Те-

мурмалик дар мавзӯи «Ҷавонони кишвар давомдиҳандагони мероси адабии бузургони мо» машварат доир гардид. 10.01.2016 Дастаи футболи «Истиқлол», ки моҳи феврал дар бозиҳои Ҷоми Конфедератсия футболи Осиё-2016 иштирок мекунад, бо чор футболбози нав шартнома ба имзо расонд. 11.01.2016 Президенти ҷумҳурӣ Эмомалӣ Раҳмон як қатор кадрҳои ба вазифаҳои пурмасъулият таъингардидаро барои суҳбат ба ҳузур пазируфта, онҳоро ба хизмати софдилонаю содиқона ба халқу Ватан, ҳифзи шоиста аз манфиатҳои миллии давлати Тоҷикистон, риояи қонунияту тартиботи ҳуқуқӣ, таъмини волоияти қонун ва тарбияи дурусти кадрҳои ҷавону ояндадор ҳидоят намуд.

12.01.2016 Президенти ҷумҳурӣ Эмомалӣ Раҳмон бо вазири федеролии захираҳои об ва энергетикаи Ҷумҳурии Исломии Покистон Хоҷа Муҳаммад Осиф мулоқот кард. Таъкид гардид, ки оғози татбиқи лоиҳаи дорои аҳамияти минтақавӣ — сохтмони хатти интиқоли барқи CASA-1000 нақши басо муҳим дорад ва Тоҷикистон барои густариши ҳамкории зич ва ҷалби сармояи покистонӣ, қабл аз ҳама дар соҳаи инфрасохтор ва гидроэнергетика ҳамаҷониба омода аст.

www.javonon.tj

НАШРИЯИ КУМИТАИ ҶАВОНОН, ВАРЗИШ ВА САЙЁҲИИ НАЗДИ ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН/ /№2, (9428), 14 январи соли 2016/e-mail:javonontj@mail.ru/www.javonon.tj/аз 5.04.1930 нашр мешавад

 МУШКИЛИ РӮЗ

е-mail: javonontj@mail.ru

 ВАРЗИШ

13.01.2016 Соати 1:05 бо вақти маҳаллӣ дар Душанбе заминларза ба қайд гирифта шуд. Маркази заминларза дар километри 282-юми ҷанубу шарқи шаҳри Душанбе, дар Афғонистон ба қайд гирифта шуд. Дар маркази заминларза қувваи он 5 балл, дар Душанбе 4 ва дар водии Рашт 3-4 баллро ташкил дод.


е-mail: javonontj@mail.ru

2

АХБОРИ ҲАФТА

«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН» №2 (9428), 14 январи соли 2016

Ҳанӯз 330 омӯзгор намерасад Ҳарчанд сол аз сол вазъи таъмини муассисаҳои таҳсилоти умумии ҷумҳурӣ бо кадрҳои соҳибихтисос беҳтар мегардад, вале ҳанӯз норасоии омӯзгорон дар бархе шаҳру навоҳии ҷумҳурӣ ҳалталаб боқӣ мемонад. Бино ба иттилои Вазорати маориф ва илми ҷумҳурӣ то декабри соли 2015 норасоии 330 нафар омӯзгор дар кишвар ба қайд гирифта шудааст. Нуридин Саид, вазири маориф ва илми ҷумҳурӣ, 11 январ зимни нишасти матбуотӣ иттилоъ дод, ки аз ҷониби раёсату шуъбаҳои маорифи шаҳру навоҳии кишвар барои соли таҳсили 2015-2016 3715 нафар омӯзгор дархост шудааст: 163 нафар барои ВМКБ, 777 нафар барои вилояти Хатлон, 956 нафар барои вилояти Суғд, 446 нафар барои шаҳри Душанбе ва

1373 нафар барои ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ. Эҳтиёҷоти мазкур асосан аз фанҳои забони англисӣ, забони русӣ, математика, забон ва адабиёти тоҷик, физика, химия, технологияи информатсионӣ, омодагии дифои ҳарбӣ, санъати тасвирӣ, суруду мусиқӣ ва география мебошад. Зикр гардид, ки соли 2015 4157 нафар мутахассиси ҷавон дар асоси роҳхати Вазорати маориф ва илм ба муассисаҳои таҳсилоти умумӣ сафарбар шуданд. Ҳасан АЗИЗОВ, “ҶТ”

Саридораи геология бо 80 ширкат шартнома бастааст Саридораи геологияи назди Ҳукумати ҷумҳурӣ соли сипаришуда аз ҳисоби буҷаи давлатӣ аз рӯйи 37 лоиҳа ба маблағи 11 млн сомонӣ корҳои шартномавӣ, аз рӯйи 135 лоиҳа бо маблағи 12 881 284 сомонӣ ва корҳои пудратчиро бо маблағи 149 918 сомонӣ иҷро намудааст. 12 январ Мурод Ҷумъазода, сардори Саридораи геология зимни нишасти матбуотӣ иттилоъ дод, ки Комиссияи давлатии Тоҷикистон оид ба захираҳои канданиҳои фоиданок 61 ҳисоботи геологиро таҳти баррасӣ қарор додааст. Дар натиҷа захираҳо аз рӯйи категорияҳои гуногун ҳисоб шуда, аз ҳисоби сурма 333 517 тонна, симоб 8237 тонна, хок 1 037 829 метри кубӣ ғанӣ гардид. “Соли 2015 саридора бо 80 ширкат оид ба муайян намудани бонуси обунавӣ ба маблағи умумии 40 318 780 сомонӣ ва бонуси кашфи тиҷоратӣ ба маблағи умумии 1 856 314 сомонӣ шартнома баст”, - афзуд М. Ҷумъазода. Ҳасан АЗИЗОВ, “ҶТ”

тӯйи арӯсиву домодӣ ва 1161 нафар хатнатӯйи писарбачаҳо аз оилаҳои камбизоат баргузор гардид. Дар ин бобат иқдоми иттиҳодияҳои динии шаҳри Хуҷанд шоистаи таҳсин аст. Аз ҷониби онҳо порсол ба 370 оилаи камбизоат, ятиму маъюбон хӯрокворӣ кӯмак намуда, шуъбаи эҳёи беморхонаи сироятии вилоят ва яке аз шуъбаҳои беморхонаи шаҳриро куллан таъмир намудаанд. Ичунин барои майдончаи варзишии кӯдакон таҷҳизоти варзишӣ тақдим карданд. Раиси Шӯрои уламои ҷумҳурӣ Саидмукаррам Абдулқодирзода иброз дошт, ки ҷавонон аз надоштани маърифати динӣ, бесаводӣ ба ҷараёну гурӯҳҳои ифротӣ ҳамроҳ мешаванд. Аз тарафи дигар ваъдаҳои дурӯғе, ки мубаллиғони гурӯҳу харакатҳои ифротӣ медиҳанд, ҷавононро гумроҳ месозад. С. САЙФИДДИН, “ҶТ”

Ш. ЭШОНОВА, “ҶТ”

Аз 3233 нафар шаҳрванди ҷумҳурӣ, ки дар муассисаҳои таълими динии хориҷ аз кишвар таҳсил менамуданд, дар натиҷаи андешидани чораҳои зарурӣ 3006 донишҷӯ ба Ватан баргардонида шуданд.

www.javonon.tj

“Ҷое ки кор ҳаст, он ҷо камбудӣ низ мешавад” – ин буд хулосаи роҳбарияти Муассисаи давлатии “Телевизиони Сафина” дар нишасти матбуотӣ, ки 13 октябр баргузор гардид. Зевар Давлатзода, роҳбари муассиса, зикр кард, ки ноил шудан ба муваффақиятҳо танҳо бо кӯшишу заҳматҳои шабонарӯзӣ, эҳсоси баланди масъулиятшиносӣ ва рақобатпазир будан дар миёни ин ҳама бархурдҳои ҷомеаи ҷаҳонӣ муяссар мегардад. Фаъолияти баъзе идораву бахшҳо, аз қабили идораи дубляж ва таҳияи филмҳо мусбат баҳогузорӣ шуда, нақши он дар татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон”, тарбияи ахлоқии насли имрӯза муҳим арзёбӣ гардид. Доир ба вазъи таҳия ва пахши барномаҳои ҷолиб аз ҳаёти ҷавонон, интихоби мавзӯъ, сабабу омилҳои қатъи баъзе барномаҳои фарҳангӣ, ҷалби мутахассисони соҳа барои фаъолияти пурсамар изҳори нигаронӣ карда шуд. З. Давлатзода гуфт, роҳбарият ва ҳайати эҷодии ниҳод кӯшиш ба харҷ медиҳанд, то барномаҳои ҷолибу диданӣ ва мувофиқ ба талаботи бинандаи имрӯзро бештар таҳия кунанд. - Табъу завқи бинанда барои мо аз ҳама муҳим аст. Бинобар ин, мо дар ин сол аз таҳия ва пахши баъзе барномаҳое, ки аз ҷониби бинандаи мо хуш пазироӣ нагардиданд, даст кашидем, - хулоса кард З. Давлатзода.

Ҷавонон аз беъмарифати ифротӣ мешаванд Муовини якуми раиси Кумитаи оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии назди Ҳукумати ҷумҳурӣ Ҷумъахон Ғиёсов дар нишасти матбуотӣ иброз дошт, ки алҳол тибқи ҳисоботи мақомоти шаҳру ноҳияҳои чумҳурӣ 228 нафар шаҳрванди Тоҷикистон дар кишварҳои хориҷӣ машғули таҳсили ғайрирасмии динианд. Муҳассилини тоҷик бештар ба ҷумҳуриҳои Миср, Эрон, Покистон ва Арабистони Саудӣ мераванд,- гуфт Ҷумъахон Ғиёсов. - Аз миёни онҳо 66 нафарашон бинобар ҷиноят содир карданашон ба ҷавобгарӣ кашида шудаанд. Ҳамчунин 6 нафар дар кофтукови мақомоти интизомӣ қарор доранд. 5 нафар узви ҷараёни мамнуи «салафия» гаштаанд. Илова бар ин, 7 нафар тавасути Федерасияи Русия ба Сурия рафта, дар муноқишаи низомӣ ширкат доранд. Соли сипаришуда бо кӯмаки итиҳодияҳои динии ҷумҳурӣ 33

“Сафина” аз баъзе барномаҳо даст кашид

Дарсҳо соати 8:30 оғоз шавад, беҳтар аст Маҳмадисуф Имомов, ректори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, 11 январ зимни нишасти матбуотӣ иброз дошт, ки соли 2015 аз ҷониби донишҷӯёну омӯзгорони донишгоҳ 278 сафари хориҷа сурат гирифтааст. Ректор афзуд, ки ин рақам нисбат ба соли гузашта 70 фисад зиёд аст. М. Имомов дар робита ба ним соат пештар оғоз шудани дарсҳо гуфт, ин тасмим чандон бамаврид нест. “Барои мо оғози дарс 8:30 бошад хубтар аст, ки донишҷӯён сари вақт ба дарс ҳозир мешаванд”, - афзуд ректори ДМТ. Шодихони НАЗАР, “ҶТ”

40 фоизи хизматчиёни давлатӣ ҷавононанд Ҷумъа Давлатов, сардори Агентии хизматии давлатии назди Президенти кишвар, 12 январи соли ҷорӣ зимни нишасти матбуотӣ зикр кард, ки соли 2015 дар мақомоти марказӣ, маҳаллӣ ва худидоракунии шаҳрак ва деҳот теъдоди хизматчиёни давлатӣ 18704 нафарро ташкил дод. Аз ин 4214 нафар ё 22,5 фоизро занон ва 8094 нафар ё 43 фоизро ҷавонони то 35-сола ташкил медиҳанд. - Давоми сол 2479 нафар ба аттестатсия фаро гирифта шуданд, ки 454 нафари онҳоро занон ташкил медиҳанд. Тибқи хулосаи комиссияҳои аттестатсионӣ 3186 нафар ба мансаби ишғолнамуда мувофиқ ва 271 нафар давлатӣ 23,4 фоиз ва номувофиқ баҳогузорӣ ҷавонони то 35-сола шуданд, - иброз намуд 40,9 фоизро ташкил медиҳанд. сардори агентӣ. Айни замон теъдоҲасан АЗИЗОВ, “ҶТ” ди занон дар хизмати

“Ошёни бахт”-и Назокат “Ошёни Бахт” маҷмуаи нави шоира Назокати Сафар аст, ки ба тозагӣ ба дасти хонандагон расид. Ин китоб шеърҳои тозаэҷоди шоираи хушзавқро фаро гирифта, хонанда метавонад бо сисилаи ашъори сафед ва ғазалҳову чаҳорпораҳо ва таронаҳои дилнишини муаллиф ошно шавад. Шоира Назокати Сафар аллакай аз нахустин маҷмуаи ашъораш “Туро мехоҳам, эй дунёи розам”, ки соли 1995 замони донишҷӯияш чоп шуда буд, ба дили хонандаи нозуктабъ роҳ ёфт. Сипас бо маҷмуаҳои “Накҳати гули роз”, “Гардиши умр”, “Шукри замона” ин муҳаббат боз ҳам сабзтар гашт. Шеърҳои шоира Назокати Сафар мужда аз он медиҳанд, ки муаллиф дар ҷодаи офариниш соҳиби сабки вижа аст ва талош дорад навгӯву навпардоз бошад. Тавсифи заҳмату ҳунару истеъдоди ботинии ин шоираи хушсалиқа аз ҷониби мутахассисони соҳа, дар даҳсолаи ахир, ҳамчун шоираи умедбахш, вориди адабиёти тоҷик гардид, зеро чунонки Наср Бобои Сарфароз, муҳаррири маҷмуа, мегӯяд: «Шеъри Назокат бо баёни муддао ва тахайюли ғайриинтизору ноб хонандаро мафтун сохта, зеҳни зебоипарастии ӯро навозиш мекунад”. Қобили зикр аст, ки силсилаи корҳои эҷодии Назокати Сафар соли 2000 сазовори ҷоизаи Кумитаи кор бо ҷавонони назди Ҳукумати ҷумҳурӣ гардидааст. Ҳасан АЗИЗОВ, “ҶТ”


НАВИГАРИҲОИ ВАРЗИШ

«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН» №2 (9428), 14 январи соли 2016

3 е-mail: javonontj@mail.ru

Ғалаба ва мусовии тими ҷавонон дар бозиҳои санҷишӣ Дастаи мунтахаби ҷавонони футболи кишвар (U-22), ки ба Ҷоми Иттиҳод-2016 омодагӣ мебинад, ду бозии санҷишӣ анҷом дод. Тибқи иттилои маркази матуботи ФФТ, 7 январ дар варзишгоҳи марказии пойтахт футболбозони ҷавон бар “Истиқлол”-и Душанбе бо ҳисоби 2:1 пирӯз шуданд. Ҳисобро Рустам Нагаев, легионери русиягӣ, ки феълан дар дастаи “Истиқлол” аз санҷиш мегузарад, дар дақиқаи 20-уми дидор боз кард. Аммо баъд аз панҷ дақиқа Ҷаҳонгир Алиев, бозигари тими мунтахаби ҷавонони кишвар, ҳисобро баробар намуд. Голи дуюм ва ҳалкунандаи дастаи мунтахаби ҷавононро Фирӯз Раҳматов дар дақиқаи 80-ум ба ҳадаф расонд. Бозӣ миёни тими ҷавонон ва дастаи КМВА «Помир»-и Душанбе мусовӣ – 1:1 ба анҷом расид. Ба голи ҳамлагари мудофиачиён Давронҷон Тухтасунов бозигари тими ҷавонон Фирӯз Раҳматов бо гол ҷавоб гардонд. Тими ҷавонони кишвар таҳти роҳбарии сармураббӣ Роман Пилипчук барои ширкат дар Ҷоми Иттиҳод-2016, ки 17-23 январ бургузор мешавад, 16 январ ба шаҳри Санкт-Петербурги Федератсияи Русия сафар мекунад. Дар Ҷоми Иттиҳод-2016 тими мунтахаби ҷавонони кишвар дар гурӯҳи «В» бо тимҳои мунтахаби ҷавонони Руссия (17 январ), Эстония (19 январ) ва Латвия (21 январ) қувва меозмояд.

Мусобиқаи футболи хурд байни маъюбон Дар варзишгоҳи ҷамъияти маъюбони шаҳри Чкалови вилояти Суғд бори аввал мусобиқаи вилоятӣ оид ба футбол байни дастаҳои ҷамъиятҳои маъюбон ва инсонҳои имконияташон маҳдуд доир шуд. Дар мусобиқа шаш даста аз шаҳру ноҳияҳои Чкалов, Истаравшан, Исфара, Спитамен, Мастчоҳ ва Зафаробод иштирок намуданд. Дастаи маъюбони шаҳри Исфара бо 13 хол ҷои аввалро ишғол намуд. Мастчоҳ бо 11 хол зинаи дуюм ва Спитамен бо 5 хол мақоми сеюмро ишғол карданд. Дар анҷом ба ғолибон ҷом, медал, ифтихорнома ва тӯҳфаҳои хотиравӣ супорида шуд.

«Сафед-дара» баъд аз тармим ба истифода дода шуд

www.javonon.tj

7 январи соли равон маҷмааи лижаронию сайёҳии «Сафед-дара» баъди таъмиру навсозӣ расман мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт. Дар маросими ифтитоҳи маҷмаа Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода ва раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ Аҳтам Абдуллозода ширкат намуда, аз иншооти бунёдшуда ва таъмиру таҷдидгардидаи ин маҷмааи варзишию сайёҳӣ дидан намуданд. Инчунин дар ин мавзеъ мактаби махсуси кӯдакону наврасон оид ба варзиши зимистона расман ифтитоҳ гардид. Дар он 68 нафар ба таълими варзиши зимистона фаро гирифта шуда, аз имконияти васеи машқу тамрин ва омӯзиши нозукиҳои варзиши зимистона бархӯрдор мегарданд. Бо мақсади ҷалби бештари сайёҳон ва муҳимтар аз ҳама фароҳам овардани шароити мусоид ба аҳолӣ то оғози корҳои сохтмонӣ роҳи мошингарди Такоб - Сафед-дара дар Бинои мавҷудбудаи маҷмаа машқ сохта шуд. Дар маҷмуъ, ҳолати ногувор ва садамавӣ ҳанӯз дар давраи шӯравӣ ба ин майдонҳои варзишӣ дар қарор дошт. Аз ҷониби ҶДММ мисли хобгоҳ бо шароити од- масоҳати 60 гектар ҷойгир «Сафед-дара» бо истифода аз дии зисти муваққатӣ сохта буда, дар як вақт метавонанд техникаи махсуси роҳсозӣ дар шуда буд. Ҳоло бошад он ба 1000 нафарро қабул намоянд. муддати якуним моҳ ҳолати Дар маҷмаа ду роҳи танобӣ меҳмонхонаи замонавии хизроҳ дар масофаи 17 км аз нав (канатка) мавҷуд буда, масофаи матрасонии сатҳи се ситора ва барқарор карда шуд. Айни ҳол 2000 метрро ташкил медиҳанд дигар иншооти варзишию масокинону меҳмонон метавова дорои 140 воситаи болоишии дорои тамоми шароити нанд бо истифода аз воситаи барандаи одамон (бугел) мемусоиди замонавӣ табдил ёфнақлиёти сабукрав низ рафбошанд. Ин роҳҳои танобӣ аз тааст. Меҳмонхона аз 54 утоқ туо кунанд. Бо мақсади тоза нав таъмиру таҷдид карда шуиборат буда, дар як вақт метанигоҳ доштани роҳ аз боришоданд ва айни ҳол дар ҳолати вонад 240 нафарро қабул нати барф ва пешгирӣ аз ҳолати муътадили корӣ қарор доранд. бадшавии он техникаи махсус мояд. Инчунин, дар роҳҳои танобӣ Дар маҷмааи лижаронӣ инҷудо гардида, ҳамарӯза роҳ дар асбобҳои равшанидиҳанда фрасохтори иловагӣ, аз қабили ҳолати истифодабарӣ нигоҳ васл карда шуда, барои машғул тарабхона, айвони кушодаи дошта мешавад. шудан ба ин навъи варзиш дар барбекю, мағозаи хӯрокворӣ, Бо мақсади таъмини вақти шабона низ имконият мағозаи фурӯши асбобу лавошабонарӯзӣ бо нерӯи барқ аз мавҷуд аст. зимоти лижаронӣ, нуқтаҳои ҷониби ҷамъият зеристгоҳи Ҷамъият дар ояндаи наздик барқӣ, ду трансформатори 650 иҷораи лавозимоти лижаронӣ, тасмим гирифтааст, ки сохтмобарфгард ва ғайра сохта шукВ ва як генератори барқии ни фуникулёрро, ки барои каданд. Бо мақсади фароҳам эҳтиётии 100 кВ барқарор ва шонидани одамон ба қуллаҳои овардани шароити хуб барои таъмир карда шуда, корҳои баланд хизмат мерасонад, оғоз лижаронӣ ва намудҳои дигари кашонидан ва барқарор нанамояд. Ҳамзамон, бо дарнаварзиши зимистона майдони мудани ноқилу хатҳои барқ ба пуррагӣ ба анҷом расонида варзишӣ аз нав таҷдид карда зардошти макони ҷойгиршавии шуд. Аз ҷумла, ҳудуди майдон маҷмаа дар ин мавзеи ноташуд. Ғайр аз ин, хати об аз чашма аз сангу буттаҳои нолозим тоза крор ҷамъият ба нақша гитавассути қубурҳо дар масофаи карда шуда, роҳҳои гирду атро- рифтааст, ки барои истироҳату 4 км кашида шуда, имконияти фи он таъмир гардиданд. Барои фароғати кӯдакону наврасон захираи об ба андозаи 150 тон- кӯдакон майдончаи алоҳида дар фасли тобистон лагери тобо таҷҳизоти махсус барои бистона низ ташкил намояд. на ташкил шуд.


www.javonon.tj

е-mail: javonontj@mail.ru

4

МУШКИЛИ РӮЗ

«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН» №2 (9428), 14 январи соли 2016

Манзумаи ФИРӮЗ Яку якбора боло рафтани қурби доллар тайи рӯзу ҳафтаҳои охир сару садоҳои зиёдеро дар кишвар ба бор овард. Дар чеҳраи мардум бо шунидани хабари “қурби доллар боз боло рафт” ноумедӣ соя меандозад. Гӯё низоми зиндагӣ комилан барҳам мехурда бошад. Вале ин ҳама ноумедиҳову озурдагиҳо чандон беасос ҳам нестанд. Чун бештари ин мардум барои пешбурди рӯзгор ва кору тиҷораташон аз бонкҳо қарз гирифтаанд ва имрӯз пардохти қарз бо арзиши баланд барояшон хеле мушкил шудааст. Ҳарчанд тибқи иттилои Бонки миллӣ қурби 1 доллари ИМА имрӯз 7 сомониву 28 дирамро ташкил диҳад, вале афроде, ки бояд қарзи аз бонк гирифтаашонро бо доллар супоранд 100 долларро бо 790 то 855 сомонӣ мехаранд. Инчунин 1 доллар дар бонкҳо имрӯз аз 8 сомонӣ баландтар ба муштариён пешниҳод мешавад. Ибтидо, вақте баландравии доллар мушоҳида шуд, онро кори саррофон дониста, нуқтаҳои мубодилаи асъорро бастанд. Гумон доштем, ки бо ин пеши беқурбшавии асъори миллиро мегирему қурби доллар ҳам боло намеравад. Вале ин тавр нашуд. Ҳоло Бонки миллӣ, Вазорати рушди иқтисод ва савдо ва дигар ниҳодҳои марбута бояд барои дар сатҳи муайян нигоҳ доштани доллар чораҳои зарурӣ андешанд. Ҳарчанд таҳлилгарон бовар надоранд, ки ниҳодҳои мазкур дар ин самт коре анҷом дода тавонанд. Ҳамсуҳбатамон як зани миёнасол, ки исмашро Соро гуфт, имрӯз наметавонад қарзи бонкашро пардохт кунад. Дар ин шабу рӯз барои вай пайдо кардани доллар мушкил шудааст. “Гоҳо базӯр доллар ёфтан мумкин мегардад, аммо бо нархи хеле гарон. Ҳатто лаҳзаҳое ҳам мешавад, ки бо нархи гарон ҳам ёфтан имкон надорад”.

Ба маҳзи гарон шудани арзиши доллар дар шаҳри Душанбе мушоҳида мешавад, ки баъзе тоҷирон дӯконҳои худро баста, бархе тасмим доранд то муътадил гаштани вазъият аз хориҷ ба кишвар маҳсулот ворид накунанд. Чунин манзараро дар бозори бузург ва серталаботи ҷумҳурӣ - “Корвон” дидан мумкин аст. Дар бозори мазкур дар вақти суҳбат бо тоҷирон маълум намудем, ки барои сафар ба хориҷ ва ворид кардани коло то ҳол тасмими аниқ нагирифтаанд. Ба гуфтаи онҳо дар чунин вазъияти тағйирёбии нархи доллар ният надоранд дӯконҳои худро пур аз маҳсулот бикунанд. Бархе то 3 моҳи оянда таваққуф ҳам карданианд. Асрор, як нафар тоҷир, ки аз Туркия молу коло меорад, бо таассуф мегӯяд, ки муштариёнаш батадриҷ кам мешаванд. Чунки муштариён баъди шунидани нархи маҳсулот дигарбора ба дӯкони онҳо наздик намешаванд. Ӯ дар суҳбат бо мо чунин ибрози андеша кард: - Мо наметавонем бо дигар

дани долларро иқтисоддонон пешгӯӣ накардаанд. Одинашоҳ Муродов, коршиноси соҳаи бонк низ мегӯяд, ки вазъият ва буҳрони имсоларо ягон иқтисодчӣ пешгӯӣ накардааст ва нуқтаи охирини гарон ё поин шудани доллари ИМА низ маълум нест. Ба гуфтаи номбурда, ин буҳрон на танҳо Тоҷикистон, балки тамоми ҷаҳонро нигарон кардааст. Болоравӣ ва пастшавии қурби доллар бештар аз рӯи қонунҳои иқтисодӣ ба инфлятсия (аз ҳад зиёд шудани пули нақд ва таваррум) ва девалватсия (қурби пули миллиро паст кардан) вобастагӣ дорад. - Баъзе таҳлилҳои Бонки миллӣ ва мақомоти молиявии кишвар ҳолати ҳозираро танҳо дар муомилоти асъори нақдӣ медонанд. Чун дар ҳамин шабу рӯз 80% дороии бонкҳо бо доллари ИМА аст. Яке аз сабабҳои аслии муомилоти аз ҳад зиёд дар иқтисодиёт вуҷуд доштани муомилоти нақдӣ аст. Яъне тамоми лавозимоти даркорӣ бо пули нақд ва доллар харидорӣ мешавад. Ба ҳамин хотир, камчинии асъо-

шинос бо таассуф иброз дошт, ки Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи асъор” вуҷуд дошта, дар дохили Тоҷикистон бояд муомилот бо пули миллӣ сурат бигирад на бо асъори хориҷӣ, вале ин қонун иҷро намешавад. Агар ин қонун дар сатҳи зарурӣ иҷро шавад, мушкилот пеш намеояд. Мавсуф дар ҳоле чунин мегӯяд, ки имрӯз дар кишвар хонаҳои истиқоматӣ, автомашина ва ҳатто хонаҳое, ки ба сокинон иҷора дода мешаванд, бо доллар пешниҳод мегарданд. Ин ҳам дар ҳолест ки иҷора додани манзили истиқоматӣ рабте ба доллар надорад, вале мардум гӯё одат карда бошанд, ки асъори миллиро ба кор намебаранд ва ин боис мегардад, ки асъори миллӣ ба оҳистагӣ қурби худро аз даст бидиҳад. Таҳлилгарон мегӯянд, ки истифодаи барзиёди асъори хориҷӣ ба худи сокинон вобастагӣ дорад, ки онҳо низ бештари маврид дар бонкҳо суратҳисоби худро на бо асъори миллӣ, балки бо асъо-

Долларизатсия низ яке аз проблемаи дигари соҳаи бонкдорӣ шудааст, аммо доллар дар тамоми дунё асъори захиравӣ будааст. Ҳамчунин гуфта мешавад, ки бештари маврид асъори хориҷӣ, яъне долларро тоҷирон аз кишвар берун мекунанд. Барои камтар содирот шудани доллар аз ҷониби тоҷирон Бонки миллӣ тасмим гирифтааст, ки барои савдогарон юани Чин ворид намояд, чун бештари колои худро онҳо аз Чин ворид мекунанд. Коршинос О. Муродов низ илова кард, ки аз моҳи октябри соли равон юан ҳамчун асъори захиравӣ истифода бурда шуда, ба қурби доллар бетаъсир намемонад. Ёдрас мешавем, ки баъди якбора гарон шудани арзиши доллар Бонки миллӣ эълон карда буд, онҳое, ки талаботи ин бонкро вайрон мекунанд, муҷозот мешаванд. Вале мутаассифона бештари бонкҳо ин талаботро дағалона вайрон намуда, аз муштариён фоизи бозориро талаб мекунанд, ки бештари онҳо сарфаҳми

Ҷасту хези доллар

Мушкил дар саррофон набудааст... арзиш моли худро бифурӯшем. Қурби доллар моро дар ҳолати “шок” мондааст ва чӣ кор карданамонро намедонем. Солҳои пеш дар ин вақт тақрибан 3 маротиба ба хориҷ сафар мекардем, аммо ҳоло наметавонем маблағи масрафшудаи худро ба даст орем. Дар моҳи феврал аллакай либосҳои баҳориро ба фурӯш мебаровардем, вале имсол тасмим дорем моҳи март ё апрел барои овардани либосҳои баҳорӣ сафар кунем... Мардум вақте нархи дилхоҳ молро мепурсанд ва чун қаноатманд намешаванд, ба онҳо мегӯем, ки доллар қимат шудааст, мегӯянд: “Мо ба гароншавии доллар кор надорем, маҳсулот бояд қимат нашавад”. Аммо онҳо фикр намекунанд, ки тоҷирон маҳсулотро аз хориҷ бо доллар мехаранд, асъори дигар ба кор намеравад. Агар ба гарон шудани доллар нуқта нагузорем ё аз баҳраш нагузарем, маҷбурем дӯконҳои худро бандем”. Вале, ба андешаи таҳлилгарон, то ҳол нуқтаи асосии гарон шудан ё паст шу-

ри нақд дар иқтисодиёт пайдо шудааст. Вале пули ғайринақдӣ зиёд буда ҳар шаҳрванд метавонад озодона сомонии худро ба доллар иваз намояд. Вале харидорӣ намудани доллари нақдӣ каме мушкил аст, - афзуд О. Муродов. Кор-

ри хориҷӣ кушода, инчунин кӯшиш мекунанд, ки амволи худро низ бо доллар ба фурӯш бароранд. Ба ақидаи онҳо 80 фоизи сандуқи ташкилотҳои қарзӣ бо асъори хориҷӣ мебошад.

ин истилоҳ намераванд. Гарчанде болоравии асъорро дар ғайриқонунӣ ба фурӯш гузоштани саррофон маънидод карданд ва беш аз 800 нуқтаи мубодилаи асъорро дар шаҳр бастанд, вале қурби доллар ҳамоно боло мераваду боло. Пас мушкил дар саррофон не, балки дар буҳрони ҷаҳонӣ аст.


ПУРСИШИ “ҶАВОНОН...“

«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН» №2 (9428), 14 январи соли 2016

Гулбаҳор РАҲМОНОВА

Интернетро барои чӣ истифода мебаред?

Нуриддин ГУЛМИРЗОЕВ, сокини пойтахт: - Ман шабакаи интернетро ба хотири сомонаҳои иҷтимоӣ истифода мебарам. Дар ин сомонаҳо дӯстони зиёд дорам, ки бо онҳо муошират карда, ҳар гуна маълумоти наву тозаро дастрас мекунам. Интернет ҳам зарар ва ҳам фоида дорад. Масъала ин аст, ки мо аз он чӣ тавр истифода мекунем. Ин ба шуур ва дарку фаҳми мо вобастагӣ дорад.

Ҳамида ҚУРБОНОВА, сокини ВМКБ: - Интернетро бениҳоят кам истифода мебарам. Вақте ман ҳаёти худро бе он тасаввур карда метавонам, пас он чандон аҳамият надорад бароям. Медонам, ки он барои ҷавонони имрӯз як воситаи хеле зараровар ва дардисарсоз гаштааст. Шояд хубиҳо ҳам дорад, ба ҳар ҳол ман намедонам чун истифода намебарам.

Валентина МАМЕДОВА, муаллими Маркази таълимии бонувон “Сарвар”: - Тавассути интернет чандин мушкилиҳоро ҳал ва корҳоямро ба сомон мерасонам. Баъзеҳо бар он ақидаанд, ки гӯё интернет ба саломатии инсон зарар дорад ва ахлоқи онҳоро коста мегардонад. Шояд ин дуруст бошад, зеро онҳо ба саҳифаҳое ворид мешаванд, ки ахловайронкунандаанд.

Зулайхо ШАРИФОВА, донишҷӯи ДДОТ: - Мардум ҳам барои дилхушӣ вориди интернет мешаванду ҳам барои ҳалли баъзе масъалаҳояшон. Ман бештар барои пайдо кардани баъзе маълумот интернетро истифода мебарам, ки устодон дар донишгоҳ супориш медиҳанд.

е-mail: javonontj@mail.ru

Асри XXI бо навовариҳои зиёде шуруъ шуд. Аз ҷумла техникаву технология босуръат рушд ёфт. Инчунин, шабакаи ҷаҳонии интернет пайдо гардид, ки имрӯз дигар кам касеро ёфтан мумкин аст, ки ҳади аққал як бор ба интернет ворид нашуда бошад ё номашро нашунида бошад. Айни замон бисёри балоҳое, ки ба сари ҷомеа омад, маҳз туфайли интернет буд. Яъне, инсонҳо ба ҳадде ба интернет дода шудаанд, ки бисёри маврид онро нодурусту бар зарари худ истифода мебаранд. Мо ҳам аз мусоҳибон пурсидем, ки:

5

Неъматуллои ИЗАТУЛЛО, донишҷӯ: - Беш аз даҳ сол аст, ки интернетро истифода мебарам. Албатта дар ин муддат мақсади истифодаи интернет бароям борҳо тағйир ёфтанд. Аввалҳо ба хотири суҳбат истифода мебурдам. Ҳоло истифодаи интернет бароям ҷанбаҳои зиёди фоидаовар дорад. Ин вобаста ба шакли истифодаи он аст.

 ТУРИЗМ

Сафар ба хориҷа гарон шуд Бояд туризми дохилиро ривоҷ бахшем Бо паст шудани қурби сомонӣ дар муқобили доллару евро арзиши сафар ба кишварҳои хориҷӣ арзонтар шуд. Аз ин рӯ, дӯстдорони сайру саёҳатро лозим меояд, ки бештар сарфаю сариштакорӣ кунанд. Ё ин ки як мавсим дар дохили ҷумҳурӣ бо нархи чанд маротиба арзонтар истироҳат намоянд. Арзиши сайру саёҳат дар дохили кишвар боиси таъсиси ҷойҳои нави корӣ мешавад.

С. НАҶМИДДИНЗОДА, “ҶТ”

Дубай “Тоҷмаҳал” месозад Соли равон дар Дубай, ки калонтарин шаҳри Аморати Муттаҳидаи Араб ба шумор меравад, сохтмони иншооти бузурги сайёҳӣ ба номи «Тоҷ Арабия» оғоз мешавад. Иншооти ҷадид, ки то соли 2020 мавриди истифода қарор мегирад, бештар барои навхонадорон аз тамоми ҷаҳон пешбинӣ шудааст. Яъне, навхонадорон моҳи асалро дар ин ҷо хоҳанд гузаронд. Нусхаи “Тоҷмаҳал”-и афсонавӣ дар ҳудуди “Дубайленд” сохта шуда, он аз меҳмонхонаи панҷситорадор, 300 ҳуҷра, толори маъракагузаронӣ ва дӯкону мағозаҳо иборат хоҳад буд. Иншооти мазкур баъди “Бурҷи халифа” калонтарин сохтмон дар Дубай ба шумор меравад. Варианти дар Дубайбудаи “Тоҷмаҳал” аз нусхаи ҳиндустонии худ ду маротиба калонтар мебошад. Соли 2020 дар шаҳри Дубай намоишгоҳи ҷоҳонии “ЭКСПО – 2020” баргузор мегардад. «Тоҷ Арабия» дар арафаи ин чорабинии байналмилалӣ туҳфаи хубе хоҳад буд. Барои сохтмони он ҳукумати АМА 1 миллиард доллар ҷудо кардааст. Таҳияи Алишери САЙФИДДИН

www.javonon.tj

Аз рӯйи маълумоти имрӯз ҳар ёздаҳумин ҷойи кор дар ҷаҳон ба индустрияи туризм рост меояд. Дар Федератсия Руссия, ки дар натиҷаи таҳримоти Ғарб ба буҳрони молиявӣ гирифтор шудааст, ба нақша гирифтаанд, ки ба ширкатҳои туристии молиявӣ ба маблағи 2 миллиарду 765 миллион рубл ёрӣ (субсидия) расонад. Ин боиси таъсиси 400 ҳазор ҷойи нави корӣ дар Русия мешавад. Ба гуфти ноиби президенти Иттиҳоди индустрияи туризми Руссия Юрий Барзикин, роҳхати сайёҳӣ ба осоишгоҳҳои ин кишвар дар фасли тобистон 17000 рублро ташкил хаҳад дод, ки нисбат ба сафари хориҷӣ 2-2,5 маротиба арзонтар аст. Тавре вазири фарҳанги Русия Владимир Мединский таъкид намуд, ҳар сайёҳи рус барои роҳхати сайёҳӣ 100 доллар ва бараи хариду буду бош дар хориҷа 1000 доллари дигар сарф мекунад. Агар мо мавҷи сайёҳони ба хориҷа сафаркунандаро ба туризми дохилӣ равона созем, маҷмӯи маҳсулоти дохилии Руссия якбора 700

миллиард рубл афзоиш хаҳад кард. Мединский дар ин ҷо 5 миллион сайёҳи русиягиро дар назар дошт. Дарвоқеъ, агар сайёҳони тоҷик дар мамолики аврупоӣ ба ҳисоби арзонтарин бо 20 евро хӯроки нисфирӯзӣ хӯрад, бо ин нарх дар Тоҷикистон чанд рӯз метавонад хӯрок хӯрад. Дар Қазоқистон, ки қурби пули миллиаш аз 20 августи соли 2015 бештар аз 63% поён рафт, бо мақсади ривоҷи туризми дохилӣ саёҳати серӯзаи роҳиоҳаниро ба сарҳади Чин роҳандозӣ карданд. Зимни саёҳат ба бозори сарҳадии “Харгос” рафта, бо нархи арзонтарин маҳсулоти заруриашонро мехаранд. Ин ҳам дар шароити буҳрони молиявӣ роҳи хуби ҷалби сайёҳон ба хатсайрҳои дохилӣ мебошад. Ин гуна саёҳатро дар кишвари худамон низ метавонем роҳандозӣ кунем. Масалан, дар ВМКБ чор бозори марзӣ (Дарвоз, Ванҷ, Хорӯғ, Ишкошим) амал мекунанд. Агар ширкатҳои сайёҳӣ аз пойтахту навоҳии атрофи он ва вилояти Хатлон хоҳишмандонро ҷамъ намуда, ба сафари 4-5рӯза ба ВМКБ баранду дар бозорҳои марказӣ хариду фурӯш кунанд, туризми бозорӣ (шоп-тур) дар ҷумҳурии худамон низ ривоҷ хоҳад ёфт.


е-mail: javonontj@mail.ru

6

Чанде пеш дар ҳисоботи рушди инсон барои соли 2015, ки аз ҷониби Барномаи рушди СММ таҳия шудааст, Ҷумҳурии Тоҷикистон миёни 200 мамлакат ҷои 129умро гирифт. Соли 2014 Тоҷикистон аз рӯи ин нишондод дар ҷои 133-юм қарор дошт. Дар ин рейтинг Русияву Белорус дар ҷои 50-ум ва Қазоқистон дар ҷои 56-ум ҷой гирифтаанд. Ҳарчанд ҷумҳурии мо нисбат ба соли гузашта 4 зина боло баромада бошад ҳам, миёни ҷумҳуриҳои собиқ шӯравӣ аз ҳама поён ҷой гирифтааст. Индекси рушди инсон дастовардҳои ҳар кишварро аз рӯи вазъи ҳолати тандурустӣ, маълумотнокӣ ва даромади воқеии шаҳрвандони он муайян мекунад. Дар ин самт саломатӣ ва дарозумрӣ, дастрасӣ ба таҳсил, маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ ба ҳар сари аҳолӣ (бо доллари ИМА), сатҳи зиндагӣ ва ғайра ба инобат гирифта мешавад. Яке аз манбаъҳои асосии даромади мардуми кишвар ва роҳи воридшавии арзи хориҷӣ муҳоҷирати меҳнатӣ мебошад. Чунончи, соли 2013 мувофиқи маълумоти расмӣ аз Федератсияи Русия ба Тоҷикистон наздики 4 миллиард доллар ворид шуда буд, ки 46 дарсади ММД кишварро ташкил медод. Мутаассифона, бо сабаби сахтгириҳои ҷониби Русия ва паст шудани қурби рубли русӣ воридшавии маблағ ба ҷумҳурии мо торафт кам шуда истодааст. Мувофиқи маълумоти расонаҳои Русия мақомоти бисёре аз вилоятҳои ин кишвар мақсад доранд, ки аз оғози соли 2016 нархи патентро барои муҳоҷирони меҳнатии хориҷӣ баланд бардоранд. Ба навиштаи радиои “Озодӣ”, маҷлиси қонунгузории вилояти Новосибирск қарор кард, ки арзиши патентро аз январи соли

www.javonon.tj

ПРОБЛЕМА ВА МУЛОҲИЗА

«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН» №2 (9428), 14 январи соли 2016

р а вон дар ҳудуди вилоят 3 маротиба боло барад. Бо ин роҳ соли 2016 ба буҷаи вилоят 814 миллион рубл даромади бештар ворид мегардад. Аз рӯи маълумоти оҷонсии хабарии “Россия сегодня”, соли 2015 аз фурӯши патент ба муҳоҷирони меҳнатӣ 3,5 миллиард рубл ба буҷаи шаҳри Москва ворид шудааст. Аз ин

миқдор 1 миллиард рубл ба муҳоҷирони меҳнатии тоҷик рост меояд. Ба гузориши Бонки марказии Русия муҳоҷирони тоҷик соли 2014 аз Русия 3 миллиарду 16 миллион доллар равон кардаанд. Соли 2015 ин рақам 65% коҳиш ёфт. Бо сабаби сахтгирии мақомоти Русия ва буҳрони молиявӣ дар ин кишвар теъдоди муҳоҷирони тоҷик дар Русия торафт кам мешавад. Аз рӯи маълумоти Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон дар 9 моҳи соли 2015 аз ҷумҳурӣ 416 ҳазор

баста бошад, сад дари кушода аст. Илова ба Муассисаи давлатии “Агентии бокортаъминкунӣ дар хориҷа” баъзе ширкатҳои хусусӣ шаҳрвандони мамлакатро ба Кореяи Ҷанубӣ ва Арабистони Саудӣ ба кор фиристода истодаанд, ки қобили таҳсин аст. Зеро кишварҳои сарватманди Халиҷи Форс метавонанд барои як қисми шаҳрвандони мамлакат алтернативаи беҳтарини бозори меҳнат бошанд. Мувофиқи маълумоти Департамент оид ба масоили

фар) ва ҷои панҷумро Аморати Муттаҳидаи Араб (7,8 миллион нафар) ишғол мекунанд. Агар дар баъзе кишварҳои аврупоӣ муҳоҷирони меҳнатӣ ҳамагӣ 10% аҳолии мамлакатро ташкил диҳанд, дар кишварҳои Халиҷи Форс ин рақам аз нисф зиёд аст. Масалан, дар Арабистони Саудӣ муҳоҷирони меҳнатӣ 30%, Кувайт зиёда аз 50%, Қатар қариб 80% ва АМА то 90% аҳолиро ташкил медиҳанд. Бо фарқ аз кишварҳои аврупоӣ иқтисоди мамолики сарватманди халиҷи Форс бе қувваи кории хориҷӣ

хизматрасонӣ фаъолият мекунанд. Танҳо дар даҳсолаи охири асри ХХ дар Арабистони Саудӣ, АМА, Қатар ва Уммон қариб 500 бинои осмонбӯс сохта шуд, ки аз ин 240-тояш ба АМА рост меояд. Бо ин мақсад шайхҳои сарватманд 50 миллиард доллар сарф намудаанд. Муҳоҷирони меҳнатӣ дар ин кишварҳо нисбат ба ватани хеш 5-6 маротиба бештар маош мегиранд. Аз ин рӯ, ҳамасола миллиардҳо доллар аз мамолики халиҷ ба ватани муҳоҷирони меҳнатӣ маблағ фиристода мешавад. Дар АМА қариб 70 000

Як дари баставу сад дари кушода Муҳоҷирони меҳнатӣ ба дигар кишварҳо рӯ оранд нафар барои дарёфти кор ба Федератсияи Русия рафтаанд, ки ин рақам нисбат ба ҳамин давраи соли 2014 13% камтар аст. Илова бар ин, зиёда аз 320 ҳазор нафар шаҳрвандони Тоҷикистон бо сабабҳои гуногун тайи 3-5 соли оянда аз ҳаққи ворид шудан ба ҳудуди Русия маҳрум шудаанд. Қонунҳои сахтгиронаи Русия нисбат ба муҳоҷирони меҳнатии тоҷик, таҳримҳои иқтисодӣ нисбат ба Русия ва беқурбшавии рубли русӣ муҳоҷирони меҳнатии кишварамонро водор месозад, ки бозори нави меҳнатӣ ёбанд. Иддае бо ин мақсад ба ҷумҳуриҳои Белорус ва Қазоқистон, ки индекси рушди

иқтисодӣ ва иҷтимоии СММ алҳол дар сайёра 232 миллион нафар берун аз кишвари худ дар муҳоҷират зиндагӣ мекунанд. Тақрибан 74 дарсади онҳо ашхоси 20-64-сола мебошанд. Кишвари аз ҳама сермуҳоҷир ИМА ба шумор меравад. Дар ин ҷо 45,8 миллион нафар муҳоҷирон зиндагӣ мекунанд. Қариб 50% афзоиши аҳолии ИМА на аз ҳисоби таваллуд, балки аз ҳисоби омадани муҳоҷирон мебошад. Дар ҷои дуюм Русия (11 миллион нафар) ва дар ҷои сеюм Олмон (9,8 миллион нафар) меистанд. Ҷои чорумро Арабистони Саудӣ (9,1 миллион на-

пеш рафта наметавонад. Ҳатто як қисми артиши Уммон ва Қатарро муҳоҷирони покистонӣ ташкил медиҳанд. Қисми зиёди муҳоҷирони меҳнатӣ ба мамолики Халиҷи Форс аз Ҳиндистону Покистон, Бангладеш, Филиппин, ШриЛанка, Непал ва Индонезия меоянд. Муҳоҷирати меҳнатӣ як қисмати бузурги пуршавии буҷаи Филиппин ба шумор меравад. Аз ин рӯ, Ҳукумати Филиппин дар самти ҳифзи ҳуқуқҳои муҳоҷирони меҳнатӣ нисбат ба дигар кишварҳо фаъолтар аст. Муҳоҷирони меҳнатӣ аз ҳама бештар дар соҳаи роҳсозию сохтмон, кишоварзӣ, нақлиёт, туризм ва

нафар мутахассиси аврупоӣ ва амрикоӣ кор мекунанд. Дар мамолики Халиҷи Форс аксари духтурон ва ҳамшираҳои шафқат, ки маоши баланд мегиранд, аз дигар кишварҳоянд. Тайи даҳсолаи охир миқдори муҳоҷирони меҳнатии Ӯзбекистон дар кишварҳои миллиарддори арабӣ афзуда истодааст. Ширкатҳои хусусию давлатии Ӯзбекистон дар самти ишғоли ҷойҳои корӣ нисбат ба дигар ҷамоҳири собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ бештар муваффақ гаштаанд. Аксар муҳоҷирони меҳнатии филиппинию покистонӣ ва ҳиндустонию бангладешӣ тайёранд, ки дар бадали 5-7 доллар рӯз то бегоҳ кор кунанд. Зеро дар ватанашон ҳаминро ҳам ёфта наметавонанд. Аз ин рӯ, чи Агентии бокортаъминкунӣ дар хориҷа ва чи ширкатҳои хусусиро зарур аст, ки бо намояндагони сохторҳои давлатию хусусии мамолики Халиҷи Форс шартномаи ҳамкорӣ имзо намоянд. Зеро дар сурати таъхир кардан кишварҳои ҳамсоя ин роҳи алтернативиро истифода мебаранд. Аз тарафи дигар дар ҳудуди кишвар бекор мондани қисми зиёди ҷавонони қобили меҳнат низ метавонад ба вазъи иҷтимоӣ таъсири манфӣ расонад. С. НАҶМИДДИНЗОДА, “ҶТ”

и н сон дар ин кишварҳо 2,5 баробар аз Тоҷикистон баландтар аст, мераванд. Яъне, як дари


МУСОҲИБАИ “ҶАВОНОН...“

Дилшод Назаров. Ман ин номро ҳанӯз вақте хонандаи мактаби миёна будам зиёд мешунидам. Аниқтараш баъд аз он ки Дилшод Назаров соли 2004 ба Олимпиадаи Афина роҳхат гирифт... Имрӯз номи Дилшод Назаров барои пиру барно ошност. Ӯ дар хотири ҳамватанон бо ҳамон ҷуссаи бузург ва бо гурзаш нақш бастааст ва мардуми тоҷик ҳамчун як ҷавони содиқ ба варзиш мешиносандаш. Имсол бар асоси таҳлилҳои мутахасисони соҳаи варзиш, Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ, Кумитаи миллии олимпӣ, ҳафтаномаи “ВарзишСпорт”, Ассотсиатсияи журналистони риштаи варзиши Тоҷикистон ва федератсияҳои миллии варзишӣ Дилшод Назаров беҳтарин варзишгари соли 2015 дониста шуд. Аз миёни варзишгарони кишвар аввалин шуда соҳиби роҳхат ба Бозиҳои олимпии Рио-ДеЖанейро гашт.

Ӯ Парчамрову Парчам ӯро муаррифӣ мекунанд да мегардонам. Кӯшиш мекунам, ки ба боварии Ҳукумати кишвар ва онҳое, ки аз ман дастоварди нав интизоранд, арзанда бошам. - Идеали шумо дар ҷодаи варзиш кист? - Идеали ман Андрей Абдувалиев аст. Аз замоне ки ин намуди варзишро интихоб намудам, пайравӣ аз ҳунари ин варзишгари тоҷик мекунам. Ӯ қаҳрамони Бозиҳои олимпӣ мебошад. Кӯшиш мекунам, ки ба унвони идеали интихобнамудаам сарфароз гардам. Дар ҷ о д а и варзиш аз рӯи к а д о м шиор амал мекунед? - Шиори ман, мақсадам парчами кишварро дар мусобиқаҳои байналмилалӣ парафшон намудан аст. Ман барои ҳамин орзу ҳамеша тамрин мекунам ва Худо кунад, ки ҳамеша парчами кишвар ба хотири фарзандони бо ору номусаш дар зинаҳои ифтихорӣ парафшон бимонад. - Дар се олимпиадае, ки иштирок кардед, барои Шумо кадомаш хотирмон буд? Хотирмонтарин олимпиада дар ҳаёти варзишиям олимпиадаи соли 2008 буд, ки дар шаҳри Пекини Ҷумҳурии Мардумии Чин баргузор гашт. Дар он парчамбардори дастаи олимпичиёни Тоҷикистон будам. Ин лаҳзаҳое мебошад, ки ҳар вақте ба хотирам ояд, маро барои бештар меҳнат кардан дар ҷодаи варзиш вориди тамрингоҳ мекунад. Ҳамон лаҳзае, ки дар даст парчами кишвар вориди қасри варзишии олимпӣ гардидам, худро хушбахттарин варзишгари ҷаҳон эҳсос кардам. - Рио-де-Жанейро дар ҳаёти варзишии Шумо чорумин олимпиада мебошад, ки иштирок мекунед. Ин ҷамъбасти карйераатон мешавад ё боз барои олимпи-

адаи навбатӣ тамринро давом медиҳед? - Баъди Олипиадаи Лондон-2012 ҳамеша дар сар фикри олимпиадаи Рио-деЖанейро буд ва то ҳол фикри ҳамин олимпиадаро дорам. Барои ҷамъбасти карйераам то ҳол фикр накардаам. Баъди олипиада маълум мешавад, ки барои кадом мусобиқа вориди тамрингоҳ мешавам. - Ояндаи гурзандозони тоҷикро чӣ гуна ме-

бинед? - Варзишгарони тоҷик аз намуди гурзпартоӣ зинаҳои хуб ва бомуваффақиятро то имрӯз тай намудаанд. Умедворам дар оянда ин намуди варзиш рушду инкишоф меёбад ва беҳтарин варзишгарон ба воя мерасанд. - Бисёри варзишгарони номдор шогирд тайёр мекунанд, Шумо то имрӯз ягон шогирд тайёр кардаед? - Албатта, шогирдони ман дар мусобиқаҳои Осиё ва ҷаҳон байни наврасону ҷавонон натиҷаҳои хуб нишон додаанд. Баъди олимпиада бо

о н ҳ о тамринро зиёд мекунем ва умедворам, ки дар сатҳи варзишгарони бозиҳои олимпӣ омода мешаванд. - Дар баробари фаъолияти варзишиатон дар Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ вазифаи масъулиятталабро ба зима доред. Барои тайёр шудан ба мусобиқаҳо ба Шумо мушкилӣ пеш намеояд? - Ҳамроҳи Аҳтам Абдулозода, раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ ҷадвали корӣ тартиб додаем, ки барои тамрини ман монеа эҷод намекунад. Раис ҳам барои омода шудани ман ба олимпиада тамоми шароитро фароҳам овардааст ва мо кӯшиш мекунем, ки ба ин ғамхориҳои Ҳукумати кишвар сазовор бошем. - То олимпиадаи Рио-деЖанейро вақти кам мондааст. Умеди роҳхат гирифтани варзишгарони кишвар ҳаст? - Умедворам, ки якчанд роҳхат то олимпиада аз намудҳои гӯштии озод, ҷудо, таэквандо (ВТФ), варзиши сабук, юнонӣ-римӣ, бокс варзишгарони мо ба даст меоранд ва Тоҷикистонро дар олимпиадаи дарпешистода муаррифӣ менамоянд. - Тайёрии пеш аз олимпиадаро дар куҷо мегузаронед? - Мувофиқи нақшаи пешакӣ тайёрии пеш аз олимпии худро дар базаҳои варзишии

давлати Чехия мегузаронам. - Барои дастгирии варзишгароне, ки дар мусобиқаҳои байналмилалӣ ғолиб меоянд, Ҷоизаи Президенти кишвар таъсис ёфт. Ба андешаи Шумо ин иқдом барои рушди варзиш дар кишвар чӣ нақш дошта метавонад? - Ман ин фурсатро истифода намуда, аз номи ҳамаи варзишгарон барои таъсиси ҷоиза ба Сарвари давлат, Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон миннатдорӣ баён мекунам. Ин иқдом барои рушди варзиши тоҷик нақши муҳим мебозад. Варзишгарони мо аз ин пас метавонанд танҳо ба варзиш машғул шаванд ва аз ҳисоби варзиш зиндагии худро пеш баранд.

Хотирмонтарин олимпиада дар ҳаёти варзишиям олимпиадаи соли 2008 буд, ки дар шаҳри Пекини Ҷумҳурии Мардумии Чин баргузор гашт. Дар он парчамбардори дастаи олимпичиёни Тоҷикистон будам. Ин лаҳзаҳое мебошад, ки ҳар вақте ба хотирам ояд, маро барои бештар меҳнат кардан дар ҷодаи варзиш вориди тамрингоҳ мекунад.

Дар баробари ин, муаррифгари давлату миллат бошанд. - Такя ба таҷрибае, ки дар соҳаи варзиш доред, ҳарифи асосии худро дар олимпиадаи дарпешистода гуфта метавонед? - Айни замон аз ин намуди варзиш дар ҷаҳон 5-6 варзишгари боқувват ҳаст, ки дар мусобиқаҳо бо ҳам қувваозмоӣ мекунем. Дар олимпиадаи имсола низ инҳо ҳарифони асосии ман ҳисобида мешаванд. Онҳо ҳам алакай роҳхат ба олимпиадаро доранд.

www.javonon.tj

- Шуморо барои сеюмин бор варзишгари сол интихоб шуданатон табрик мекунем. Мехостем андешаи шуморо оид ба ин дастовард бифаҳмем? - Миннатдории худро ба ҳамаи журналистон ва онҳое, ки соли сеюм маро варзишгари сол интихоб карданд, мерасонам. Дар оянда нақшаҳои зиёди варзишӣ дорам, ки барои амалӣ гардиданашон кӯшиш карда истодаам. Ба мухлисон ваъда медиҳам, ки боз бо дастовардҳои нави варзишӣ руҳияи онҳоро боли-

7 е-mail: javonontj@mail.ru

Шодихони НАЗАР

«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН» №2 (9428), 14 январи соли 2016


www.javonon.tj

е-mail: javonontj@mail.ru

8

МАВҚЕИ “ҶАВОНОН...”

«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН» №2 (9428), 14 январи соли 2016

Ҳазору чаҳорсад сол қабл Худованди бузург аз забони расулаш хотам-ул-анбиё, ҳазрати Муҳаммад (с) муждаи зуҳури динеро бо номи Ислом ва каломеро бо номи Қуръон паём дод, ки чун хуршеди тобон вуҷудашон дунёро мунавввар намуд. Имрӯз тақрибан якуним миллиард аҳолии сайёра аз ин дини муқаддас пайравӣ намуда, шариати исломро қонуни зиндагӣ қарор додаанд. Дар имтидоди чаҳордаҳ қарн ҳазорҳо ҷилд асари мондагоре интишор гардида, ки бозтоби Қуръони карим ва аҳодиси зарифи паямбари муаззаманд. Ҳазорҳо тан аз машоиху авлиёву уламову удабову зурафо Қуръони муқаддасро сарчашмаи маърифати хеш қарор дода, садсолаҳост, ки осорашон лабташнагони олами маъниро шодоб кардаву хоҳанд кард. Ислом динест моломоли адолату садоқату рафоқат, динест поку мубарро, софу муҷалло, динест салиму ҳаким раҳиму раҳнамо, динест бо шафқату саодату шарофат, динест шарифу ҳаниф, малеҳу сареҳ… Бо хости Худо рӯз ба рӯз ин дини башарӣ оламгир мегардад, ки албатта баъзе қудратҳои пасипардагӣ ва душманону бадхоҳону ҳасудони дини моро ором намегузорад. Ин аст, ки тайи даҳсолаи охир аз ҷониби нерӯҳои аҳриманӣ кӯшишҳои бадномсозии ин ойини муқаддас ба назар мерасад. Исломро ҳамчун дини ҷангхоҳу бесубот, ситезаҷӯю таҳаммулнопазир муаррифӣ намуда, ҳатто муродифи истилоҳҳои террору терроризм қаламдод менамоянд. Бо суръати баланд зиёдшавии мусалмонони сайёра, аз байн рафтани институти оила, кам ва пиршавии миллатҳои муқимии кишварҳои ғарбӣ, тайи даҳсолаҳо зери таъсири маданияти ғайр қарор нагирифтан ва маҳв нашудани мусалмонон дар сохту шеваи зиндагии онҳо омили дигари бесаранҷомшавии душманони дини муҳаммадиянд. Аз дигар сӯ, худи мусалмонони гумроҳу ноогоҳу «зархарид» ба монанди гурӯҳи ба ном “Давлати Исломӣ” ва роҳбарони ғоявии

онҳо номи мубораки Исломро доғдор менамоянд. Тайи ду-се соли охир он қадар ин гурӯҳ исломи покро бадному нохушоянд намуданд, ки садсолаҳо ягон душмани дину мазҳаби мо ба ин ҳад зарар нарасонида буд. Агар даҳсолаҳои қаблӣ Муҳҳаммад Алию Кустову Майкл Ҷексону даҳҳо нафари дигари ғайримусалмон ба ислом гаравида бошанд, ду соли охир ягон-ягон аз ислом рӯгардониҳо аз худ дарак медиҳанд, ки басо зуҳуроти нанговар ва натиҷаи хидмати хирсонаи ҳамин гурӯҳҳост. Ҳазорон афсӯсу надомат, ки бархе аз ҷавонони ноогоҳу мутаассибони хирасари тоҷик низ ба доми ин гурӯҳ афтодаву Тоҷикистонро ба бадномӣ мекашанд. Кӯрдилон то ҷое бефаҳманд, ки дар муқаддасгоҳҳои мусалмонон - Ироқу Шом, ки қадамҷои асосгузорону бунёдгузорони исломанду ҳазору чаҳорсад сол аст дар ин минтақа садои азон хомӯш нашудааст, ҷиҳод

шариф мефармояд, ки инсонеро бегуноҳ куштан тамоми башарро куштан аст. Ҳатто Худованди муттаъол ба паямбаронаш даъвати қатлу кушторро нафармудааст ба ҷуз замоне, ки ба ҷону молу пайвандон, ибодатгоҳу зиёратгоҳу амокини муқаддасашон кофар ё душман таҷовуз ва ё хатар эҷод накунад. Гузашта аз ин, Аллоҳ ба расулонаш мефармояд, ки вазифаи шумо танҳо одамонро ба роҳи ҳақ даъват кардан асту бас. Роҳбарону идеологҳои даҷҷолбашараи «Давлати исломӣ», ки то кунун ягон нафарашон худро қурбон накардаанду намекунанд, оятҳоро таҳриф карда, фатвоҳои бепоя бароварда, ҷавонони гумроҳу чалласаводро бо роҳҳои гуногун, аз ҷумла гипнозу сеҳру манқурткунонию доруҳои эҳсосбарангез (ҳайвонӣ) ва эҳсоскуш (тарс) амсоли каптагон (амфетамин) ба доми фиреб мекашанд. Воқеан дар Қуръон дар чанд сура бобати ҷиҳод сухан меравад, вале

дини ҳақ доштанд, мусалмонон тибқи фармудаи Худо ба ҷиҳоду ғазовот бархоста буданд. Вале имрӯз Ислом дигар ниёз ба пуштибонӣ надорад, зеро пирӯз асту дар тамоми кураи замин муътақидон бе мамоният фароизи исломро ба ҷо меоранд. Ҳазорҳо донишгоҳу донишкадаву мадрасаву мактабҳои исломӣ дар хидмати мардуманд. Тамоми сол роҳи хонаи Худо - Каъбатуллоҳ боз аст. Миллионҳо адабиёти динӣ мунташир гардидаву мегарданд. Ҳазорҳо расонаҳои радиотелевизионӣ, рӯзномаву маҷалла ва сомонаҳои интернетии динӣ озодона фаъолият намуда, дини ҳақро тарғиб мекунанд. Борҳо дар суханрониҳои Президенти ҷумҳурӣ Эмомалӣ Раҳмон зарурати мубориза бар зидди терроризму экстремизм таъкид шудааст, ки дастури амали ҳар фарди солимфикри ҷомеа бояд бошанд. Аз ҷумла, дар Паёми Президенти мамлакат ба Маҷлиси

охир мушоҳида мешаванд, аз ҷумла ҳодисаҳои гаравидани баъзе ҷавонони мо ба ҳизбу ҳаракатҳои бегонаи ифротӣ, ҳатто террористӣ, хусусан иштироки онҳо дар амалиёти ҷангии дигар кишварҳо, аз падару модарон, кормандони соҳаи маориф ва умуман аҳли ҷомеа ба таври ҷиддӣ хоҳиш мекунам, ки дар самти беҳтар намудани вазъи таълиму тарбияи ҷавонону наврасон дар рӯҳияи инсондӯстиву ватанпарсатӣ ва риояи бечунучарои қонунияту тартибот чораҳои амалӣ андешанд». Президенти мамлакат дар Иҷлосияи 70-уми Маҷмааи умумии Созмони Милал 29 сентябри соли гузашта аз афзоиши шумораи низоъҳои мусаллаҳона ва амалиёти террористӣ ва дигар масоили глобалӣ изҳори нигаронӣ карда, ҷомеаи ҷаҳониро ба вокуниши дастаҷамъона ва фарогир даъват намуд. Сарвари давлат ҳамчунин аз миқёс ва хусусияти ҷаҳонӣ доштани таҳдидҳое,

Ислом ба зоти худ надорад айбе…

эълон намудаву бо нидои «Аллоҳу акбар!» хуни ноҳақи ҳазорон мусалмонро рехтаву онҳоро бехонумон намудаву дар ба дару муҳоҷири даргаҳи яҳуду насоро месозанд. Худованд ба рӯшанӣ, дар Қуръони

бештарашон мутааллиқи ҳамон замонанд. Чун исломи ҷавону тоза ва Расули Худо ба тарғибу дастгирӣ ниёз доштанду душманон аз зумраи кофарону мушрикону бединон қасди куштани паямбару маҳви

Олии кишвар гуфта шуд: «Терроризм ва экстремизм имрӯз ба як хатари бузурги ҷаҳонӣ табдил ёфта, боиси харобиву куштор ва фирорӣ гардидани одамон шудааст. Баъзе раванду тамоюлҳое, ки вақтҳои

ки онҳоро терроризм, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва ҷинояткории муташаккил ба миён меоранд, изҳори нигаронӣ карда, мубориза бо терроризми байналмилалӣ ва ифротгароиро вазифаи дараҷаи аввал номид. Душмани дигари ашадии Ислом тафриқаандозони уммати Расул ба шиаву суннӣ ва даҳҳо ҳаракату ҷараёну гурӯҳҳои тундрав мебошад. Агар як номи Худо бахшоянда бошад, пас чаро бандаҳои мусалмонаш дар симои суннию шиа беш аз ҳазор сол аст (аз замони мухолифати ҷонибдорони халифаҳо Усмон ва Алӣ) ҳамдигарбахшию таҳаммулпазирӣ намекунанд?! Оё фаромӯш намудем, ки шиори асосии Ислом ҳамон ояти машҳури карима аст: «Муъмин бародари муъмин аст». Дил мехоҳад садо даркашад: эй мусалмонон! Агар Худо яктост, Муҳаммад (с) яктост, Қуръон яктост, Каъба яктост, пас чиро бояд тақсим карду чаро ҳамвора дар низоу хушунат буд???!!! Бешак, …ҲАР АЙБ КИ ҲАСТ ДАР МУСАЛМОНИИ МОСТ! Абдуқодири АБДУҚАҲҲОР, Аълочии маорифи ҶТ, журналист, директори Китобхонаи шаҳрии ба номи Абулқосим Лоҳутӣ


МАВҚЕИ “ҶАВОНОН...”

Тайи 25-30 соли охир инсоният бо мафҳумҳои таассубу террор зиёд рӯ ба рӯ шуд. Чаро 30 соли охир? Чунки аз охирҳои асри ХХ то имрӯз ҷомеаи башарӣ, алалхусус дунёи ислом дар шиносондану муаррифӣ кардани арзишҳои маънавии худ бо мушкилиҳо рӯ ба рӯ гашт. Ин боис гардид, ки дар баробари исломи асил, ки нисбат ба инсоният бо таҳаммулу хушбинона муносибат карданро талқин мекунад ва ба маънӣ ва ботин кор дорад, равияҳое пайдо шаванд, ки комилан мутаассибу радикалианд. Ин равияҳо на ба маънову ботин аҳамият медиҳанд, балки рӯякӣ ва зоҳирианд. Онҳо аз он ки ба дилу нияти кас бингаранд ва ахлоқу кирдори ӯро баҳо диҳанд, ба тарзи пӯшиш, шаклу шамоил ва қиёфа муҳимият қоиланд. Яъне, барои онҳо мусулмонӣ ҳамон риш асту бархе ҷузъиёти зоҳирии дигар...

Бо он метавон таассубу терроизмро шикаст дод ранд, аммо ҳоло ҳам бо шуур ва фаҳмиши асри Х-ХI умр ба сар мебаранд ва ҳеҷ не ки аз қайди таассуби асримиёнагӣ раҳо ёбанд. Илова бар ин, васоити ахбори омма, ки дар Ғарб таҳти идораи ҳамон ақаллият ё доираи маҳдуд қарор дорад, солиёни зиёд аст кӯшиш мекунад, то шинохту дарки дини ислом аз ҷониби ҷомеаи башарӣ тавре сурат бигирад, ки иддае аз насрониҳои мутаассиб ё худ салибдорон мехоҳанд. Дар ин миён мусулмонон бо сабаби тафриқаву ҷудоиандозиҳои дохилиашон, ҷаҳолат ва фақру зарурате, ки онҳоро печондааст, ҳамчунин адами муаррифии дурусту намунавӣ сол ба сол гирифтори ҷараёнҳои ифротӣ шуда, иддаои ботили ғарбиёнро таҳким мебахшанд. Яъне омилҳои зикршуда корро ба нафъи онҳое анҷом дода истодааст, ки мехоҳанд исломро дини ваҳшату тарс нишон дода, мусулмонро террорист муаррифӣ намоянд. Албатта, ин вазъи дардовару ҳузнангез бояд ҳамаро нигарон созад. Аз ҷумла ҷомеаи моро ҳам бояд барои аз назар гузаронидани фаъолият ва таъсири институтҳои иҷтимоӣ, рӯ овардан ба арзишҳои миллӣ ва эҳёи таҷрибаҳои муфиди фарҳангиву таърихӣ водор кунад. Зеро фарҳанг ва ҳувияти миллии мардуми тоҷик асрҳо боз бо дарк ва фаҳмиши ҳассоси дини мубин асос ёфтааст. Хизматҳои боарзише, ки гузаштагони миллати тоҷик ҷиҳати таблиғу тарғиби арзишҳои маънавӣ, пешрафти илму маърифат барои рушду инкишофи башарият анҷом додаанд, дар таърихи башар назираш кам аст. Бемуҳобо, имрӯз башарият ба ҳамон МУСУЛМОНИИ ТОҶИКОНА сахт муҳтоҷ асту муштоқ. Ҳамон мусулмоние, ки аҷдодони мо зиндагӣ кардаанд, мусулмоние, ки шоиру орифони классики мо дар осори пурқимматашон таҷассум намудаанд, ҳамон мусулмоние, ки орӣ аз таассуб ва фаҳмиши ифроту радикализм аст. Ҳамон мусулмоние, ки дар он на қатли инсон асту на ҷабри бечораву на зулм ба нотавону на ғасби моли ғайр. Ҳамон мусулмоние, ки тобу таҳаммули намояндаи дини ғайрро дорад. Ҳамон мусулмоние, ки ба габру кофару бутпараст баробар арзиш қоил аст ва болотар аз эътиқодаш ба инсон будани кас аҳамият медиҳад. Бале, имрӯз инсоният эҳтиёҷ ба ҳамин гуна як мусулмонӣ дорад, ки он бешак мусулмониест, ки гузаштагони мо дар сарзамини паҳновари Осиёи имрӯза зиндагӣ кардаанд ва мо ҳам ҷуръат нишон дода, онро му-

сулмонии тоҷикона номидем. Пӯшида нест, ки пас аз хотима ёфтани Ҷанги дуюми ҷаҳон бисёриҳо ба дарки таъсири ВАО бештар расиданд. Маҳз дар он замон бештари кишварҳое, ки нуфуси зиёдашон мусулмон буд, пайиҳам аз истисмору султаи қудратҳои ғарбӣ озод шуда, истиқлолият ёфтанд. Аммо мустақилшавии кишварҳоро ВАО-и Ғарб ба ҷаҳониён ҳамчун ваҳшигарии мусулмонҳо ва исёни миллатҳо алайҳи демократияву низоми ҷаҳонӣ талаққӣ медод. Бахусус пас аз таъсиси Исроил (1948) ва истилову забти ҳудудҳои Фаластин аз ҷониби яҳудиҳо ин раванд авҷ гирифта, эътирозҳои мусулмонон нисбат ба бехонаву дар мондани сокинони минтақа ҳамчун терроризм ва ё экстремизм маънидод мешуд. Илова бар ин, бо дарназардошти зеҳни кунду фаҳмиши ноҷову шуури паст ва дониши сатҳии баъзе аз ашхоси иртиҷоии ба зоҳир диндор ислом бо террор дар як қатор зикр мешуд. Вақте дар Эрон инқилоби исломӣ доир шуд, он ба оламиён бо муболиғаи зиёд ҳамчун оғози ваҳшат ва хатари азими мусулмонон тавзеҳ ёфт. Як сол баъд, соли 1980 дар маркази шаҳри Ню-Йорк саҳнаи ба дор овехтани одамон дар Эрон намоиш дода шуд, рӯи “манекенҳои” ба дор кашидашуда лавҳаи “Ислом ин аст!” овезон буд. Солҳои баъдӣ, тадриҷан бо зуҳури ҳаракатҳои террористӣ ва амалиёти ваҳшиёнаи онҳо ба шаъни дини ислом латмаи шадид расид. Ниҳоят, пас аз ҳодисаҳои Эрон тадриҷан бесарусомониҳо дар Сомалӣ, Судон, Нигерия, Афғонистон ва кишварҳои дигар низ шуруъ шуд. Сипас, ҳодисаҳои “баҳори араб” дар Ховари Миёна оғоз гардида, то ҳол мардуми он минтақа аз дасти гурӯҳҳои ифротии ба ном мусулмонӣ зарар дида, манфиатҷӯён, яъне қудратҳо он тӯдаи ҷоҳилро дар ростои манфиатҳояшон истифода мебаранд. Ҳоло ҳамин абарқудратҳоянд, ки моро зудзуд гӯшрас мекунанд, ки ДИИШ ё худ гурӯҳи террористии “Давлти исломии Ироқу Шом” ба марзҳои Осиёи Марказӣ омаданисту назири низоъҳои Ховари Миёна дар ин ҷо ҳам рух медиҳад. Ҳоло зарур аст, ки мусулмонони ҷаҳон шеваи муносибати хешро аз нав дида бароянд. Зеро он тахрибе, ки ба дин ва олами мусулмонӣ аз сӯи иртиҷопарастон расидаву то ҳол мерасад, танҳо мардони амал (онҳое, ки аҳли коранд) метавонанд таъмираш кунанд. Чаро ки онҳо ба нафъи баша-

рият кор мекунанд, иродаи қавӣ доранду новобаста ба таъсири ангезаҳои беруна пайваста дар пайи мақсадҳои олианд, рафтору кирдор ва гаштугузорашон оқилона аст. Онҳо ҳамчун пешоҳанг ҷомеаро ба қуллаҳои баланди одамгарӣ раҳнамоӣ мекунанд. Бешубҳа, зиёиён, олимону орифони гузаштаи миллати тоҷик аз зумраи ҳамон мардони амал буданд, ки сарфи назар аз вазъи замонашон мудом ба таъмири пояҳои маънавию ахлоқии ҷомеа машғул шудаанд. Онҳо арзишҳои маънавии башариятро ҳифз ва ҳамзамон ташаккул дода, инсонро барои расидан ба камолот ва дараҷаҳои баланди ахлоқиву маънавӣ раҳнамоӣ кардаанд. Чунин таълим ва тарбияро, ки он бузургон пеша карда буданд, метавон мусулмонии тоҷикона хонд. Зеро мардуми ин сарзамин дини исломро на чун манзумаи қоидаҳои иҷборӣ, балки ҳамчун як василаи раҳ ёфтан ба дили инсонҳо ва бо муҳаббат муомила кардан ба онҳо пазируфта, рафтор ва гуфтори хешро аз барои ризои Худо ва муҳаббати паёмбар сидқан бино мекарданд. Мо - тоҷикон ҳамеша, то вақте дар эътиқод пайрави Имом Мотуридӣ ва дар амал пайрави Имоми Аъзам будем, ягон ҷараёни ифротӣ ва ҳеҷ як андешаи бегона натавонист девори маънавиёту арзишҳои моро хароб кунад. Ҳамчунин асосҳои шаръӣ-фикрии мусулмонии тоҷиконаро бе мақсадҳои олии тасаввуфи ҳақиқӣ тасаввур кардан ғайриимкон аст. Зеро рӯҳияи тасаввуф фаҳмиши шаръии ҷомеаро аз қолабҳои сохта ва зоҳирпарастӣ наҷот дода, инсонро ба тафаккуру илмомӯзӣ, риояи одобу эҳтироми Ҳақ ва халқ, расидан ба умқи ибодат водор мекунад. Аз ин ҷост, ки ҷараёнҳои ифротӣ, ки асли таълимоташонро зоҳирпарастӣ, иртиҷову ваҳшигарӣ ташкил медиҳад, тасаввуфро бидъат шуморида, алайҳи он мубориза мебаранд. Гузашта аз ин, ҳар ҷомеаеро, ки мардумаш бинобар вижагии мусулмонии тоҷикона, яъне мусулмонии асил тарбият гирифтаанд, на ашхоси иртиҷоиро ба миён овардаанду на дар домани хеш ҳаракатҳои террористиро парвариш додаанд. Таърихи миллати мо ба ин гувоҳ аст. Ҳамин тавр асрҳои гузашта мусулмонии тоҷикона бар асоси таълим ва тарбияи мазҳаби ҳанафия, ақидаҳои Мотуридӣ ва тасаввуф бино ёфта буд. Маврид ба зикр аст, ки миллати тоҷикро бо шарофати фарзандони бузургаш, ки ҳамчун му-

сулмони ҳақиқӣ зиндагӣ кардаанд ва бевосита туфайли дини мубин дар дунё беҳтар мешиносанд. Ҳарчанд иддае аз зиёиён инро қабул накунанд ҳам, ҷаҳони имрӯз тоҷикро бо он бузургфарзандонаш эътироф мекунад. Зеро дар саҳифаҳои таърихи тоисломии миллатамон ному шахсияти олим ва ё орифи забардасте мавҷуд нест. Дуруст аст, ки то ташрифи дини мубин ба минтақаи Осиё форсзабонҳо соҳиби фарҳанг ва таърихи бой буданд, ин қобили инкор нест. Вале ин ки бинобар заминаи ҳамон фарҳанги пешин мардуми ин минтақа оқилона исломро ҳамчун роҳи ҳақ пазируфт, ҷои баҳс надорад. Тоҷикон минбаъд тавонистанд бо ташвиқ ва рӯҳияи ҷадид ба қуллаҳои нави фарҳангиву маънавӣ, адабиву илмӣ бирасанд. Мовароуннаҳр бо шарофати арзишҳои маънавии дини мубин эҳёи худро асрҳо пештар аз Аврупо аз сар гузаронд. Асосҳо ва рӯҳияи дини исломро аз ҳама пеш ва беш мардуми ин сарзамин дарк кардааст. Арзишҳои олие, ки бо он Расули Худо (с) ҷомеаи башариро нур бахшид, танҳо бо таълим ва вусъати ирфонии мусулмонии тоҷикона барҳақ шинохта шуд. Гарчанде Аврупо ҳоло ҳам динро душмани илм мешуморад, мардуми тоҷик аллакай дар он замон машғулият бо илмро айни ибодат пазируфта буду мутафаккирон илмро ҳамчун оинаи таҷаллии исму сифоти Худованд дар рӯи замин медонистанд. Маҳз дарки ҳамин назокат мусулмонии тоҷиконаро барои оламиён мақбултар сохт. Зимнан бояд зикр кард, ки Мавлои Балх, Саъдии Шерозӣ, Абдураҳмони Ҷомӣ, Хоразмӣ, Берунӣ, Синову Донишу Айнӣ барин ашхоси рӯшанфикри миллат дар рӯҳияи мусулмонии тоҷикона тарбия ёфта, барои башарият хизматҳои нодире анҷом додаанд. Чунончи, хидматҳои Мавлои Балх дар сарзамини Шарқи Миёнаи имрӯза ва олами Ғарб хеле арзишманду аз ҷониби оламиён боиси қадрдониву ифтихор аст. Ба андешаи мо, имрӯз танҳо ҳамон мусулмонии тоҷикона, ки замоне бузургони миллати мо пйраваш буданд ва бар асоси он зиндагӣ кардаанд, метавонад ҷомеаи Тоҷикистонро аз таъсири ҳар гуна ҷараёнҳои ифротиву мутаассиб эмин дорад, боиси маърифатнок гардидани насли ҷавони миллат шавад. Илова бар ин, метавонад ба бесарусомониҳову мушкилоти имрӯзи ҷомеаи башарӣ даво бахшад. Ҳарчанд ин кори осон нест, аммо имконпазир аст.

www.javonon.tj

Бо асри технология номгузорӣ шудани асри XXI гумон мерафт, ки акнун ҷомеа баробари пешрафти илму технология пешрафт хоҳад кард. Яъне аз лиҳози рӯҳиву маънавӣ худро инкишоф хоҳад дод, вале ин гумон ботил баромад. Чунки бо тараққиёти технологияву пешравиҳои илмӣ танҳо ақаллият ё доираи маҳдуде дар кишварҳои ғарбӣ баҳра бурда, барои худ ҳаёти фараҳбору осоишта таъмин карданд. Боқимондаҳо ҳарчанд аз технологияи замона бархурдо-

Мусулмонии тоҷикона

9 е-mail: javonontj@mail.ru

Маҳмуд УСМОНОВ

«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН» №2 (9428), 14 январи соли 2016


е-mail: javonontj@mail.ru

10

 СОҲИБКАСБ

Фазои мусоид асоси муваффақият аст! Беҳрӯз ХОЛМУРОДОВ Дар қатори дигарон ӯ низ машғули кор буду ба чидани хишт андармон. Кори худро дар дараҷаи зарурӣ иҷро менамуд. Аз нигоҳаш пайдост, ки аз кораш қаноатманд аст... Ӯ арақи ҷабин мерезонду ҳар хиштро бо эҳтиёту устокорона болои ҳам мегузошт. Вақте натиҷаи корашро медид, сарфароз мегашту нафаси осуда мекашид. Зеро ҳар рӯз ба кораш аҳсант мехонданду аз сохтмончиёни беҳтаринаш меҳисобиданд.

www.javonon.tj

ҶАВОНОН ВА ЗАМОН

«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН» №2 (9428), 14 январи соли 2016

Тоҷиддин Насриддинов чанд сол аст, ки ба корҳои сохтмон машғул аст. Дар чандин сохтмонҳои бузург саҳм гузоштааст. Дар байни ҳамкорон соҳиби обрӯ мебошад. Ибтидо кор барояш мушкил буд, чун ба шароити кор одат накардаву таҷрибаи зарурӣ наандухта буд. Ҳолате ҳам мешуд, ки барои хатои андаке аз устоҳи калонтар танқид мешунид. Аммо пас аз солҳо устои моҳиру сохтмончии қавӣ гашт. - Дар шароити имрӯза муҳим он нест, ки дар кадом соҳа ҳастиву дар кадом вазифа. Муҳим он аст, ки баҳри зиндагии худро пеш бурдан, машғули коре бошӣ. Ҳар нафар бояд баҳри беҳтар намудани вазъи иқтисодии худ талош намояд. Зеро бо нишастану ба умеди чизе шудан ҳеҷ чиз ҳосил намешавад. Бинобар ин, дорои ҳунар ва ё шуғле будан ба фоидаи кор аст,мегӯяд Тоҷиддин. Чанд маротиба барои кор берун аз кишвар сафар намудааст. Вале дар Ватан фаъолият намуданро болотар аз ҳар чиз медонад. - Аз он ки ба муҳоҷирати меҳнатӣ мераведу аз наздикони хеш дур ба коре машғул мешавед, беҳтар аст, ки дар ватан фаъолият намоед. Айни замон корҳоямон бениҳоят хуб аст. Маоши кироӣ мегирем. Фикр мекунам, ҳар нафаре, ки ба худ бовар дорад, барояш ҳамеша кор ёфт мешавад,- афзуд ҳамсуҳбати мо. Ба назари Тоҷиддин бояд ҳар нафар дар шароити кунунӣ дорои чанд ҳунар бошад, ки агар яке ба кор наояд, дигареро истифода барад, зеро “ба як мард чил ҳунар кам аст” гуфтаанд. Аз ин хотир барои омӯхтани ҳар гуна ҳунар

инсон бояд кӯшиш намояду пеши худ мақсад гузорад. Чаро ки инсони бемақсадро зиндагиаш ҳам хушку бемақсад сипарӣ мешавад. Вақте кас намедонад, ки барои чӣ зиндагӣ мекунаду ҳадаф аз омаданаш ба дунё чист ва рисолаташ ҳам кадом аст, албатта ки сарсариву мисли оворагард ба сар мебарад. Умраш зоеъ мешавад... Тоҷиддин пас аз хатми мактаби миёна ба донишгоҳ дохил шуд, вале бо сабабҳои гуногун натавонист таҳсилро ба анҷом расонад. Бо вуҷуд аз хондан ҳеҷ гоҳ худро дур нагирифтаасту ҳамеша пайи мутолиа мебошад. Баҳри пешрафти фаъолияти корияш маводи заруриро дастрас менамояд. Чунки имрӯз дар олами сохтмон навгониҳое ба амал омада истодаанд, ки аз он бохабар будану омӯхтани он ва дар фаъолияти корӣ истифода намудан муфид аст. - Мо ки сохтмончием, мекӯшем, ки ҳамеша дар вақти фаъолият бо кори худ муносибати хуб дошта бошему дар сатҳи зарурӣ вазифаи хешро ба ҷо орем. Вақте инсон ба кор ҷиддӣ машғул шавад,

ҳатман комёб мегардад,- меафзояд Тоҷиддин Насриддинов. Айни ҳол дар сохтмони яке аз биноҳои 16-ошёнаи пойтахт ба ҳайси устои калон кор мекунад. Ба суоли “инсон барои комёб шудан чӣ кор бояд кунад?” чунин посух дод: “Аз ҳама асосӣ дар дилхоҳ самт шахсро лозим аст муҳитеро интихоб намояд, ки баҳри фаъолият мусоид аст, зеро фазои мусоид асоси муваффақият аст. Инчунин, донистани нозукӣ ва қонуну қоидаҳои он даркор аст, то дар вақти фаъолият ба мушкилоте дучор нашавед. Масъулиятшинос будан, нисбат ба кори худ бо итминони комил машғул гардидан шахсро ба муваффақият мерасонад”.

Мураккабшавии муносибот байни Ҷумҳурии Исломии Эрону Арабистони Саудӣ, ки аз доираи дипломатӣ аллакай баромадааст, пешгӯинашавандаву мураккаб аст. Аслан ташаннуҷи авзоъ байни ин ду давлати исломиро метавон муборизаи мазҳабӣ унвон кард. Оё муносибати кунунии Эрону Арабистон ба ҷанги сунниву шиа асос намегардад? Аслан ин ҷанг барвақт оғоз ёфтааст ва он таърихи зиёда аз ҳазор сол дорад. Муҳим он аст, ки оё ин ду кишвар ба истифодаи силоҳ алайҳи якдигар даст мезананд ё не? Ҷавоби ин суол низ мусбат арзёбӣ мешавад, чунки дар даргириҳое, ки дар қаламрави Сурияву Ироқ рух дода истодаанд, ҷонибҳо бештар зери ливою шиорҳои мазҳабӣ хуни якдигарро рехта истодаанд. Шояд Эрон бо Арабистони Саудӣ мустақим наҷангад, вале истифодаи ҷонибҳои даргир дар низои Сурияву Ироқ метавонад воситаи хубе барои зарба ба якдигар шавад. Аллакай режими Башор Асадро зиддисуннӣ маънидод карда, ба дастандаркорони ин низоъ муяссар шуд, ки ҳазорон намояндагони мазҳаби сунниро ба ҷанг кашанд.

Низоъҳои мазҳабӣ зарба ба асолати ислом Ба ҳар сурат, набояд мазҳабро ба сиёсати давлатӣ табдил дод. Аммо роҳбарияти сиёсии Ҷумҳурии Исломии Эрон ҳифзи манофеи мазҳабиро асоси сиёсати давлатии худ кардаанд ва вокунишҳои охир алайҳи Арабистони Саудӣ исботи он аст, ки роҳбарияти Эрон омода аст, барои ҳифзи муқаддасоти мазҳабӣ даст ба истифодаи силоҳ занад. Дар фаҳмиши мантиқӣ оташ задани сафорати Арабистони Саудӣ аз тарафи тазоҳуротчиёни тундрави эронӣ на танҳо аз рӯи қонунҳои дипломатӣ раво нест, балки онро метавон ҳамчун эълони ҷанг аз ҷониби Эрон маънидод кард. Яқин аст, ки чунин рафтори тундравони мазҳаби шиаро, ки бе иҷоза ва мувофиқа бо раҳбарияти сиёсиву рӯҳонии ин кишвар тамоман ғайриимкон аст, бидуни шубҳа танҳо бетаҳаммулӣ ва дурӣ аз ислом метавон унвон кард. Агар баъзе амалҳои вақтҳои охир аз тарафи раҳбарияти сиёсии Ҷумҳурии Исломии Эрон (ҶИЭ) роҳандозӣ шударо аз назари таҳлилӣ бингарем, иғво асту бас. Ба унвони мисол, даъват ба ҶИЭ ва дар сатҳи баланди давлатӣ қабул кардани Муҳиддин Кабирӣ - роҳбари собиқ ҲНИТ, ки фаъолияташ дар Тоҷикистон мамнуъ эълон шудаасту худи ӯ бо дархости Тоҷикистон дар пайгарди байналхалқӣ қарор дорад, ба ғайр аз сару садоҳои зиёди ба миён оварда, боз як иғвое аст, ки ба муносибати байни Тоҷикистону Эрон рахна ворид кард. Ин боз як бори дигар собит сохт, ки дар пайи расидан ба манофеи мазҳабӣ барои роҳбарияти ҶИЭ ҳама муқаддасоти диниву фарҳангӣ ва таърихие, ки байни эрониён ва тоҷикон ҳаст, ягон арзиш надоранд. Бо даъвати Муҳиддин Кабирӣ ба ҳамоиши "Ваҳдати исломӣ" (27-29 декабри соли 2015) ва дидори Оятуллоҳ Хоманаӣ бо ӯ роҳбарияти сиёсии ҶИЭ боз як бори дигар собит сохт, ки барои амалӣ гаштани нақшаҳои сиёсии худ омода аст, ки гурӯҳи террористиро дастгирӣ кунад. Бо ин амал ҳам Кабирӣ ва ҳам раҳбарияти мазҳабии ҶИЭ ҳама он пардаҳоеро, ки то ин вақт дар мубориза алайҳи мардуми суннимазҳаб, манзур тоҷикон истифода мебурданд, аз сар дур карданд. Маҳз ҳамин кашмакашҳои мазҳабиро, ки сабаби асосии даргириҳо дар Сурия ва Ироқ аст, душманони ислом дастак карда, ба муқобили ин дини муқаддас истифода бурда истодаанд. Мутаассифона, бо ин васила ба чеҳраи поки ислом доғ

оварда истодаанд. То пешвоёни дини ислом, фақеҳон ва алалхусус роҳбарияти кишварҳои исломӣ ба худ наоянду ин муборизаи бемаъниро хотима надиҳанд, на танҳо Сурияву Ироқ, балки дини ислом дар маҷмуъ, ки аллакай дар назари ҷаҳониён ба террору қатлу ҷаҳолат баробар шинохта шуда истодааст, заиф шуда оҳиста-оҳиста аз байн меравад. Ҳақ бар ҷониби Мавлоно Абдураҳмони Ҷомӣ, шоир ва орифи бузурги қарни понздаҳи мост, ки гуфта буд: Эй муғбачаи даҳр бидеҳ ҷоми маям, К-омад зи низои шиаву суннӣ қаям. Гӯянд, ки Ҷомиё, чӣ мазҳаб дорӣ, Сад шукр, ки сагсуннию харшиа наям. Абдурраҳмони Ҷомӣ замоне зиста буд, ки ихтилофи шиаву суннӣ маҳз дар Эрон шадид буд ва дар ҷангҳои мазҳабии миёни Сафавиён ва Шайбониён мардуми бечораи бегуноҳ танҳо ба хотири шиа ва ё суннӣ будан ба қатл расонида шуданд. Маҳз кашмакашиҳои бемаънии мазҳабгароёнро дида, ҳазрати Ҷомиро дарди ҷонкоҳ фаро мегирад ва бо умеди пеши роҳи хунрезиҳоро гирифтан чунин мисраҳоро менависад. Бо гузашта зиёда аз панҷсад сол вазъ гуё, ки тамоман тағйир наёфтааст. Тафовути мазҳабӣ ё ихтилофи шиаву суннӣ имрӯз ҳам дар муносибот байни кишварҳои Осиёи Миёна бо Эрон то дараҷае муассир аст. Агар вазъи кунунии Тоҷикистонро дар ин моҷарои мазҳабӣ таҳлил кунем, мо дар байни ду оташ қарор дорем. Аз оне ки мо кадом ҷонибро тарафдорӣ мекунем, вазъ дар кишвар вобастагии кулл дорад. Вале дӯстӣ ва наздикӣ бо ин ё он ҷониби даргир барои Тоҷикистон, ки дар муқобили чолишҳои бузурги геополитикӣ аз ҳама кишварҳои минтақа дида осебпазир аст, хавфи бештар таҳдид мекунад. Бинобарин, бо дигар давлатҳо, алалхусус бо кишварҳои исломӣ, бидуни тарҳҳои иқтисодӣ ягон намуди ҳамкориҳоро ба роҳ мондан зарурат надорад. Айни ҳол хавфи он ки Тоҷикистон метавонад бозичаи дасти кишварҳои сиёсати мазҳабиро роҳандозикунанда шавад, хеле ҷиддӣ аст. Роҳбарияти сиёсии кишвари мо, гарчанде таҷрибаи на он қадар калони давлатдорӣ дошта бошем ҳам, аллакай муайян кардааст, ки кӣ душмани миллати тоҷик асту, кӣ дӯст. Умед аст, ки дар интихоб хато намекунем. Додарбек САЙДАЛИЕВ


САҲИФАИ ДОНИШҶӮЁН

Аз кӯдакон пурсидам, ки оё падару модар доранд ва чаро халтафурӯшӣ мекунанд? Яке иброз намуд, ки падар надорад ва зиндагиашон вазнин аст. Дигаре баён кард, ки падару модар дорад, вале бо хости худ ин корҳоро анҷом медиҳад. Аз ин бармеояд, ки кӯдакон дар оила реҷаи муайяни корӣ ва илмомӯзӣ надоранд. Волидони аксарияти онҳо бемасъулият ва камтаваҷҷуҳанд. Вагарна ин кӯдакон дар айёми ширин ва ҷӯшу хурӯши наврасӣ бори вазнини зиндагиро бар дӯш гирифта, ба корҳои берун аз таълим шуғл намеварзанд. Чӣ тавр бояд самти фаъолияти онҳоро тағийр дода, таваҷҷуҳашонро ба андӯхтани дониш ҷалб намоем? Зеро бо афзоиш ёфтани ин қабил наврасону ҷавонон, ҳам зиндагии оянда табоҳ мегардад ва ҳам дар ҷомеа бесаводию ақибмондагӣ реша медавонад. Ба хотири то куҷо дуруст будани ин андеша ва донистани он ки дигарон дар ин маврид чӣ назар доранд, пурсиши кӯтоҳе анҷом додам.

Кӯдакони оворагард Яке аз муҳофизони бозор, ки худро Сулаймон муаррифӣ кард, иброз дошт, ки дар танҳоӣ наметавон монеи кӯдакони оворагард шуд ва онҳоро аз амалҳои мазкур боздошт. Танҳо бо таваҷҷуҳ, назорат ва ҳамкории падару модар имконияти муваффақ шудан дар ин кор вуҷуд дорад. Фарҳод Комилов, омӯзгори ҷавони муассисаи №63-и ноҳияи Ҳисор андешаҳои худро дар ин маврид чунин баён кард: - Худи ман то замони хатми донишгоҳ ҷуз таваҷҷуҳ ба омӯзиши илму дониш шуғли дигаре надоштам. Қариб ҳама барномаҳои компютериро медонам, бо онҳо кор карда метавонам, вале дари даҳҳо корхонаҳоро куфтаму аз рӯи ихтисосам кор пайдо карда натавонистам. Барои дастрасӣ ба кор дар озмунҳои зиёд ширкат варзидам. Баъзан аз натиҷаи дилхоҳ ба бор наовардани талошҳоям дар тааҷҷуб мемондам. Ду сол қабл ширкати мобилии «Мегафон» барои пур кардани як ҷойи холии корӣ миёни ҷавонон озмун эълон намуд. Дар он ҷо тасодуфан бо ҷавоне вохурдам, ки ӯ низ барои ширкат ба озмун рафта буд ва чандон саводи казоӣ надошт. Ҳатто аз уҳдаи пур кардани “анкета” набаромад ва аз ман кӯмак хост. Дар озмун имтиҳонгирандагон ба ман гуфтанд, ки муомилаатро намедонем, вале дониши техникиат хуб аст. Дар сурати аз озмун гузаштан онҳо бояд ба ман занг мезаданд ва ба кор даъват мекарданд.

Ниҳоят дилпур будам ва умед доштам ки ин дафъа муваффақ мешавам. Аммо чун садое нашуд, худам барои воқиф гаштан аз натиҷа ба ин ширкат рафтам ва дидам, ки ҳамон ҷавони камсаводи дар паҳлуямбуда дар мизи корӣ нишастааст. Аз он ҷо баргашта, ҳуҷҷатҳоямро ба мактаби деҳаам супорида, то имрӯз ҳамчун омӯзгор фаъолият мекунам. Зеро ба худ андешидам, ки шояд бидуни доштани такягоҳ дар ягон муассиса кори хубу муносиберо пайдо кардан ғайриимкон аст. Аз ин рӯ, ман наврасони оворагардро, ки ба фурӯши баъзе майда-чуйдаҳо машғуланд, мефаҳмам. Шояд онҳо аз ман дида маблағи бештар ба даст меоранд ва дар оянда низ бо ҷуръату тавоноие, ки доранд, роҳи зиндагиашонро пайдо намуда метавонанд. Шояд Фарҳод аз нобарории корҳояш дар ғазаб буд ва ақидаи худро чунин баён намуд, ки гӯё аз талошҳои кардааш дар роҳи омӯзиши илму дониш

Дониш дорӣ? Бахтиёрӣ! Дар дунё бахтиёр касест, ки соҳиби илму дониш бошад, лоақал хонда ва навишта тавонад. Садриддин Айнӣ

эҳсоси пушаймонӣ мекунад. Вале набояд фаромӯш кард, ки дониши хуб рӯзе моро ба ҳадаф мерасонаду роҳнамо барои расидан ба қуллаҳои мурод мегардад. Бибиҳафиза Маҷидова, профессори илмҳои психологии ДДОТ, ба ҷавонону наврасон омӯзиши донишу маърифатро тавсия дода, чунин ибрози андеша мекунад: - Воқеан рӯзгори кӯдакону ҷавононе, ки берун аз таълиму тадрис мондаанд, касро ба риққат меорад. Хато намешавад, агар бигӯем, ки он масъалаи ташвишовари рӯз аст. Кӯдакони кӯчагӣ, ки онҳоро дар баъзе адабиёти илмӣ кӯдакони майдонӣ ва кӯдакони оворагард ҳам меноманд, касро ба андеша водор мекунад, ки оё онҳо баъди ба камол расидан дар ҷомеа мавқеи худро ёфта метавонанд ё не? Дарвоқеъ, агар волидони кӯдаконе, ки ба оворагардӣ машғуланд, масъулиятшинос мебуданд, ҳаргиз фарзандони онҳо аз мактабу таълим дур намемонданд. Бузурге мегӯяд, шумо барои босавод шудани фарзандатон талош наварзед, зеро онҳо хоҳу нохоҳ ҳамшабеҳи шумо мегарданд, яъне дар сурати босаводу дурандеш будани шумо, фарзанд низ бо ҳамин сифатҳо ба камол мерасад... Умед мебандем, ки дигар ҳаргиз самари зиндагӣ, чароғи рӯзгор ва фарзандони ояндасози кишварро сари кӯчаҳои оворагардӣ набинем. Бигзор бачаҳои кишвари мо ҳамон насли бомаърифату дурахшоне гарданд, ки мо орзу мекунем. Фарзона МАҲМАДИЕВА

Ҳар инсон дар дил орзуҳои зиёд парварида, кӯшиш мекунад, ки онҳо амалӣ шаванд. Ҳар андоза, ки орзуҳои мо баланд бошанд, ҳамон қадар расидан ба онҳо ҷаҳду талош талаб мекунад. Заҳмати зиёд мебояд, ки ба орзуҳои баланд ва ё ба ҳадафҳои олии хеш бирасем.

Машғулияти наврасон сайёраро дудаста мефишорад. Агар ба умқи ин мушкилот нигоҳ кунем, мебинем, ки сарчашмаи онҳо боз ҳам бедонишист, ноогоҳӣ ва ғофил будан аст. Ин мушкилот то охир ҳамин тавр идома намекунад. Ҳатман рӯзе поён меёбанд ва инсоният ҳам ба рӯшноӣ ба соҳили мурод мерасад. Ҳадди аққал умед мекунем, ки чунин хоҳад шуд. Вале ҳақиқат ин аст, ки инсон бояд дониш омӯзад, илму маърифат бигирад, то рӯзи худро беҳ гардонда тавонад... Манижа НИЁЗОВА, донишҷӯи курси 2-и факултаи журналистикаи ДМТ

Гоҳо мешавад, ки барои амалӣ намудани орзуҳоямон ба роҳ медароему каме роҳ паймуда, дилгир шуда қафо мегардем. Дилшикаста мешавему аз нияти хеш даст мекашем. Вале пай дар пай талош варзидан бисёри маврид дар ин роҳ фоидабахш аст. Зеро кас обутоб меёбад, мушкилнописанд мешавад, ба сахтиҳо одат мекунад. Як зумра наврасон, ки дар варзишгоҳи марказӣ, дар Зӯрхонаи “Ҳаким Абулқосим Фирдавсӣ” тамрин мекунанд, ҳамин гуна орзуҳо доранд. Ин наврасон Манучеҳр Қутбиддинов (соли таваллудаш 2005), СафарМаҳмади Шералӣ (соли таваллудаш 2000), Оятулло Машрабов (соли таваллудаш 1998) ва Мизроб Ҳоҷиев (соли таваллудаш 2000) мебошанд, ки ба гӯштии озод машғуланд. Вақте бо онҳо суҳбат кардем, мегӯянд, “мо орзу дорем, ки дар варзиши интихобкардаамон муваффақ шавему баробари варзишгарони номдори ҷумҳурӣ байрақбардори кишвар гардем”. Зоиршоҳ Қаландаров сармураббии дастаи ҷавонони кишвар оид ба гӯштии озод устоди ин варзишгаро-

ни наврас аст. Ӯ чанд сол мешавад, ки ба ҷавонону наврасон нозукиҳои гӯштигириро меомӯзонад. Шогирдони зиёдаш дар мусобиқоти варзишӣ дар ҷумҳуриву берун аз он ширкат варзида муваффақ шудаанд. Номбурда зимни суҳбат чунин ибрози андеша кард: “Ба дилхоҳ намуди варзиш машғул шудани наврасон хуб аст. Чунки вақте онҳо ба варзиш машғуланд, ба корҳои дигари нолозим вақт намеёбанд. Яке аз проблемаҳои нангини ҷомеаи мо ҷинояткории наврасон, яъне ноболиғон аст. Агар наврасон ягон машғулияти муайян дошта бошанд, хоҳ он варзишӣ аст ё таълимиву омӯзишӣ бо боварӣ метавон гуфт, ки сафи ҷинояткорӣ аз ҳисоби ноболиғон кам мегардад...” Дарвоқеъ, аз хурдӣ ба дили наврасон меҳри коре ё машғулиятеро бояд ҷо кард. Дар ин сурат наврас на ин ки ҷиноят содир намекунад, балки фурсати дар бораи амалҳои номатлуб фикр карданро ҳам намеёбад. Марҷона ШАРИФОВА, донишҷӯи курси 2, факултаи журналистикаи ДМТ

www.javonon.tj

Агар мо ба ин фармудаи устод Айнӣ аз даричаи дигар нигоҳ кунем, яъне агар ба акси он нигарем, чунин фаҳмиш ҳосил мегардад: ҳар касе илму дониш надорад ва хондаву навишта наметавонад, бадбахт аст. Пас, аввалин шарти бахтиёр будани ҳар инсон дар дунё соҳиби илму дониш будан аст. Баъд аз он ки инсон илму дониш андӯхт, бояд барои татбиқи он, яъне дар зиндагӣ ба кор бурдани он кӯшиш кунад. Вагарна он илму дониш барои хушбахтиаш кӯмак накарда, баракс инсонро ба ҳаммоли маълумоти нолозиме табдил медиҳад... Ба кору кирдори чанд соли ахири баъзе аз ҷавонони кишвар нигариста ҳамин хулоса ҳосил мегардад, ки онҳо ба ин фармудаи устод Айнӣ чандон таваҷҷуҳ намекунанд. Ҳамин аст, ки ба амалҳои гуногуни номатлуб даст зада, худу оилаи худро бадном месозанд. Чунончи, ба ҳаракату гурӯҳҳои ифротӣ

майл кардани ҷавонон гувоҳи рӯшани он аст, ки онҳо илму дониш наандӯхтаанд ва ё агар дӯхтаанд онро ба нафъи худу пайвандонашон истифода накардаанд. Дар натиҷа доғе барои ҷамъият гаштаанд. Албатта, онҳоеро, ки фиреб хӯрда ба доми бадхоҳон ва гурӯҳҳои террористӣ афтидаанд, мешавад истисно донист. Чун ба хости худ нарафтаанд. Аммо боз ҳам онҳо аз шумори бахтиёрон нестанд, чунки илм наандӯхтаанд ва воқеоти рӯзро таҳлил накарда, хубу бади онро насанҷидаанд. Бинобар ин, агар мо бихоҳем, ки бахтиёр бошему аз доми макру ҳиллаи бадхоҳон эмин бимонем, бояд барои ҳамвора илму дониш гирифтан бикӯшем. Зеро ин роҳ метавонад моро аз қайди ҷаҳолату ғафлат раҳо созад ва сӯи рӯшноӣ ҳидоят намояд. Бале, бояд дониш омӯхт. Гузашта аз ин бояд дигаронро ба омӯхтан талқин кард... Дуруст аст, ки имрӯз ҷомеаи ҷаҳон даргири ҳазору як мушкил аст. Ҳам бӯҳрони глобалии иқтисодӣ, ҳам ҷангу кушторҳои бемаънӣ, ҳам нашъамандиву бемориҳои зиёди сироятӣ, худкушиҳо, хушунату оилавайроншавиҳо ҳама сарҷамъ шуда, гӯё гулӯи

11 е-mail: javonontj@mail.ru

Чанд рӯз қабл бозори “Корвон” рафтам. Ба тамошои либосҳои овезон машғул будам, ки ногоҳ ҳис кардам касе аз пушти куртаам мекашад. Нигоҳ кардам, ки чанд кӯдаки хурдсол хоҳиш доранд аз онҳо халтаи селлофанӣ бихарам. Беихтиёр суоле дар майнаам пайдо шуд, ки ояндаи ин қабил кӯдакон чӣ мешуда бошад?

«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН» №2 (9428), 14 январи соли 2016


www.javonon.tj

е-mail: javonontj@mail.ru

12

ҲАМКОРӢ

«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН» №2 (9428), 14 январи соли 2016

Сайфиддин СУННАТӢ Зиёда аз 20 сол мешавад, ки намояндагии Кумитаи имдоди имом Хумайнии Ҷумҳурии Исломии Эрон дар кишвари мо ба фаъолияти хайриявӣ машғул аст. Фаъолияти ниҳоди мазкур дар Тоҷикистон аз соли 1994 оғоз гардидааст. Солҳои аввал самти асосии фаъолияти Кумитаи имдод аз тақсими кӯмакҳои гуногун ва хӯрокворӣ ба оилаҳои ниёзманд, ятимону афроди камбизоат иборат буд. Имрӯз фаъолияти намояндагӣ ва шуъбаҳои он дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ асосан ба дастгирии иҷтимоии табақаҳои камбизоати аҳолӣ ва касбомӯзии шаҳрвандон нигаронида шудааст. Моҳи сентябри соли 2014 дар қатори 8 санади ҳамкорӣ байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Исломии Эрон Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ миёни Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии ҷумҳурӣ, Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати ҷумҳурӣ, Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати ҷумҳурӣ, Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҷумҳурӣ бо Кумитаи имдоди имом Хумайнии ҶИЭ ба имзо расид. Бо дастгирии ин ниҳоди хайриявӣ дар пойгоҳ (база)-и дастгоҳи марказии МД “Маркази таълими калонсолони Тоҷикистон” синфхонаҳо барои омӯзиши касби сангтарошӣ - заргарӣ кушода шудааст. Бародарони эронӣ синфхонаҳоро бо ҳама таҷҳизот ва маводи аввалия таъмин карданд. Устодоне, ки аз Эрон омада буданд, хоҳишмандони касби сангтароширо таълим доданд. Ҳоло ду нафар шогирди болаёқати онҳо худ ба дараҷаи устодӣ расида, ба дигарон ин ҳунари нодирро ёд медиҳанд. Ҳанӯз соли 2010 бо мусоидати Кумитаи имдод синфи омӯзиши коркарди сангҳои нимқимат кушода шуда буд, ки то ин дам нафарони зиёде онро хатм карданд. Кумитаи имдоди имом Хумайнӣ соли 2015 якҷо бо

Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ, Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ фаъолияти 134 коргоҳи омӯзишии худкифо (худтаъминкунӣ)-ро ба роҳ монд. Ба хоҳишмандон ҳунарҳои дӯзандагӣ, омӯзиши компютер, сангтарошӣ, заргарӣ, кафшергарӣ, сӯзанидӯзӣ, бофандагӣ, қолинбофӣ, атласу адрасбофӣ ва ғайра (12 номгӯй) ёд дода мешавад. - Дар Тоҷикистон саноати дастии қавӣ мавҷуд аст, мегӯяд раиси Дафтари намояндагии Кумитаи имдоди имом Хумайнӣ дар Тоҷикистон Сайид Маҳдӣ Ибодӣ. – Як қисми маҳсулоти ҳунармандони тоҷикро метавон ҳамчун армуғон дар Тоҷикистон ба фурӯш гузошт ва қисми дигарро метавон ба хориҷа содир кард. Масалан, сӯзаниро. Дар ҳуҷрае, ки сӯзании тоҷикӣ бошад, фазои он ҷо дигар мешавад. Аз ин рӯ мо баҳри тавонмандсозии хонаводаҳо тасмим гирифтем, ки ҳунарҳои серталаботро ба хоҳишмандон ёд диҳем. Соли сипаришуда 6191

Кумитаи имдод дар Маркази ҷумҳуриявии фарҳангии ҷавонон “Ориёно” коргоҳи пешрафтаи дӯзандагӣ фаъолият мекунад. Ин корхонаи муштарак бо 10 мошини дарздӯзӣ ва маводи аввалия таъмин шудааст. Бонувони зиёде давраҳои омӯзишии коргоҳи мазкурро хатм карда, алҳол рӯзгорашонро таъмин мекунанд. - Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳар як Паёми худ ба Маҷлиси Олӣ таъкид мекунанд, ки бояд ҳарчи бештар дар мамлакат ҷойҳои нави корӣ таъсис дода шавад, - мегӯяд Сайид Маҳдӣ Ибодӣ. – Аз ин рӯ мо самти кори худро барои худкифо шудани хонаводаҳо равона кардем. Мақоле ҳаст, ки агар ба касе як моҳӣ диҳӣ, ӯ як рӯз сер мешавад. Аммо агар ба ӯ моҳидориро ёд диҳӣ, тамоми умр сер хоҳад шуд. Кумитаи имдод низ “моҳидорӣ”-ро ёд медиҳад, то хонаводаҳо худро таъмин карда тавонанд. Раиси Кумитаи имдоди

зеи бостонӣ 50 таҷҳизоти адрасбофӣ ҳадя намуд. Яке аз барномаҳои худкифоии кумита додани қарзҳои бефоизи худшуғлӣ - соҳибкорӣ ба муддати 2 сол барои ятимон ва занони сардори оила аст. - Соли 2015 ба 138 нафар қарзи бефоиз додем, - гуфт Сайид Маҳдӣ Ибодӣ. – Мо қаблан ба барномаи кории муроҷиаткунандагон ошно шуда, меомӯзем. Ҳар барномаеро, ки ба афзуншавии даромади оила ва соҳиби шуғли доимӣ шудани афроди хонавода мусоидат кунад, дастгирӣ мекунем. Алҳол теъдоди зиёди бонувони сарпарасти оила дар минтақаи Қӯрғонтеппа аз ин барномаи Кумитаи имдод самаранок истифода бурда, ба тиҷорат, гулпарварӣ, асалпарварӣ, чорводорӣ, дӯзандагӣ ва дигар ҳунарҳои мардумӣ машғуланд. Кумитаи имдод бо пешниҳоди донишгоҳҳо ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо ба иддае аз донишҷӯёни ятими таҳсилашон буҷавӣ кӯмакҳои

132 зарфи 5-литраи равған, 3300 кило орд ва 29700 кило ангиштсанг тақдим шуд. Ҳамчунин ба 110 нафари осебдида аз офати табиии ВМКБ, ки дар шаҳри Хуҷанд қарор доштанд, хароҷоти якмоҳаи хӯроквориашон таъмин карда шуд. Кумитаи имдод соли 2015 дар 31 маврид ба ятимхонаву созмонҳои ниёзманд кӯмаки яквақтаи маҳсулоти хӯрокворӣ тақдим намуд, ки 4437 нафарро фаро мегирад. Фаридуддин Аттори Нишопурӣ фармудааст: Бар сари болини беморон гузар, З-он ки ҳаст ин суннати Хайрулбашар. Яке аз бахшҳои фаъолияти Кумитаи имдоди имом Хумайнӣ пешниҳоди хизматрасонии тиббӣ ба мададҷӯён аст. Соли гузашта ба 3443 на-

семоҳа расонида, бахше аз маблағи таҳсили шартномавии донишҷӯёни ятимро пардохт намуда, маводи дафтардорӣ (канселярӣ) тақдим кард. Ин гуна кӯмакҳо дар маҷмӯъ 500 нафар мактаббача ва донишҷӯро дар бар гирифт. Рамазон моҳи бахшоиш ва хайру саховат аст. Соли гузашта дар ин моҳи шариф аз ҷониби Кумитаи имдод ба 8828 нафар хӯроки гарм дода шуд. Ба 100 нафар осебдидагони сели ВМКБ 100 қолин, кӯмаки яквақтаи маҳсулоти хӯрокворӣ, 100 кампал (одеяло) ва ба ҳар хонавода 1-тоннагӣ ангиштсанг тақдим гардид.

фар хадамоти пизишкӣ расонида шуд. Ҳамчунин, 8 нафар барои табобат ба Эрон фиристода шуданд. Дар арафаи Наврӯзи соли 2015 Кумитаи имдод бо ҳамдастии тоҷирони муваффақи Эрон ва ташкилоти ҷамъиятии “Лона” дар бемористони “Маркази саратоншиносии ҷумҳурӣ” ба кӯдакони мубталои саратон туҳфаҳо супурд. - Кумитаи имдоди имом Хумайнӣ ба унвони як ниҳоди хайриявӣ оянда низ кӯмакҳои худро барои дастгирии кӯдакони ба бемории саратон гирифторшуда тавсеа дода, барномаҳои ҷадидро амалӣ хоҳад кард, - афзуд Сайид Маҳдӣ Ибодӣ. Дар ин маросим ба бемористон 7 адад телевизору видеоплейер, ба маблағи беш аз 12 ҳазор сомонӣ доруворӣ, ба кӯдакон туҳфаи наврӯзӣ ва ба волидайни онҳо кӯмаки яквақта дар шакли маҳсулоти хӯрокворӣ расонида шуд. То имрӯз илова бар кӯмакҳои зикршуда боз ба маблағи 30 ҳазор сомонӣ доруворӣ кӯмак расонида шуд. Ин гуна иқдомоти Кумитаи имдоди имом Хумайнӣ зиёд аст. Кормандони ин ниҳоди хайриявӣ ҳамасола ба дилҳои ҳазорон нафар ҳамватанонамон суруру шодмонӣ бахшида, дар беҳтар гаштани сатҳи зиндагии онҳо мусоидат мекунанд.

Кумитаи имдод моҳигириро ёд медиҳад

нафар ба омӯзиши ҳунарҳои гуногун фаро гирифта шуда, соҳиби сертификат гардиданд. Бо мусоидату ҳамкории

имом Хумайнии ҶИЭ Сайид Парвизи Фаттоҳ зимни сафараш ба вилояти Суғд ба ҳунармандони ин мав-

Ба 66 хонаводаи осебдидаи офатҳои табиии ноҳияҳои Рашту Тоҷикобод бошад, дар маҷмуъ 1650 кило биринҷ,


ПОЧТАИ “ҶАВОНОН...“

«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН» №2 (9428), 14 январи соли 2016

Имрӯз масъалаи ниҳоят нозук, ҳассос ва асосӣ дар сари забонҳои хосу ом аст, ки дарку фаҳм, қабул ва пайравӣ аз он зиракии сиёсии на танҳо зубдагони сиёсии ҷомеа, балки дигар қишрҳои иҷтимоии ҷомеаро тақозо дорад. Ин масъалаи арзишманд муайян намудан, таъин сохтан ва таҳлил фармудани идеологияи миллӣ, ё худ мафкураи миллӣ дар сохтани давлат ва нигоҳ доштани истиқлолияти миллию давлатӣ мебошад. Сари масъалаи мазкур пешниҳод ва андешаҳои гуногуни зидду нақиз дар расонаҳои хабарӣ ба чашм мерасанд. Аммо муаллифон ба хотири мансабу вазифа, ё таҳаммулкорӣ аз баёни ҳақиқати масъала худдорӣ намуда, пешниҳоди мушаххасе дар роҳи расидан ба ин масъаларо иброз надоштаанд. Таърих шоҳиди ҳол аст, ки умри империяву давлатҳо вобаста ба қадру дурустии идеалогияи пешгирифтаи онҳо буд ва ҳаст. Империяи Ҳахоманишиёнро равнақ аз пеш гирифтани идеологияи Эъломияи ҳуқуқи башар буд, ки дер боз дар лавҳаи хотироти мардуми Шарқ бо некӣ нақш бастааст. Онро шукӯҳу шаҳомат ба дараҷае буд, ки аз канори Ҳинду Чин то сарҳади Юнон зери парчами он садҳо қавму қабилаҳо зиндагӣ доштанд. Лек аз оғози таърих муборизаҳои қудратталабии Ғарбию Шарқӣ вуҷуд дошт ва давлатҳои нав баҳамомадаи Афина, Мақдуния, Юнон Спарта ва ғайраро баъди мутаҳиддӣ аз рашку ҳасад ҳамеша дар пайи шикасти фарҳангу тамаддуни ҷаҳонгири ориёии Ҳахоманишиҳо буданд.

Онҳо нуқтаҳои нозук ва заифи ин иттиҳоди бузурги қавмҳои ориёӣ: порсо, суғдиён, бохтариён, модҳо ва сакоиҳо ва зертобеи онон: бобулиён, ошуриён мисриён ва сад дигар қавму қабилаҳои он қаламрави бузургро омӯхтанду дарёфтанд ва шикастанду парешон сохтанд. Он нуқтаи заъф набудани мафкураи ягонаи миллӣ буд. Ин сарнавишт бар сари империяи шуравӣ низ такрор гашт, ки шикастанҳову парешон гаштанҳояш идома дорад. Пас суоли матраҳ он аст, ки ин муборизаи Ғарбию Шарқӣ, ба қавли дигар ҷаҳонишавӣ, ё бо забони имрӯзаи сиёсӣ ҷаҳонигароиро маншаъ ва ҳадаф чист? Ин сиррест дар парда, ки бо чандин рангу сурат дар ҷилва аст. Якеро ҳадафҳои иқтисодӣ, дигареро бузургмиллатӣ, сеюмиро тасарруфи замину захираҳои табиӣ аст, ки зери парчамҳои динӣ-мазҳабӣ, озодибахшӣ, демократиясозӣ, ба сотсиализм овардан, мубориза бо диктатура, ориҳои ҳадафманди тиббӣ, ғизоӣ, додани қарзҳои давлатию бебозгашт ва эмсозиҳои сартосарию дигару дигар роҳу усулҳои муосир роҳандозӣ мешаванд. Инак, наздик ба чаҳоряк аср шуда, ки мо бо инояти яздонӣ соҳиби давлат гардидем ва ҳадаф он аст, ки неъмати бузурги арҷмандро ба садсолаю ҳазорсолаҳо бирасонем. Пас, миллати шарифи тоҷик бояд баъди се шикасти бузурги миллию давлатдории хеш салтанати Ҳахоманишиён, Сосониён ва Сомониён ибратомӯзона сари ҳар иқдом ва тадбири давлатдорӣ кунад. Яке аз зинаҳои интихоби мафкураи миллӣ арҷгузорӣ ба қимати беназари хоку обу хокдони ниёгон мебошад, ки ҳаққи ҳалоли мосту ба мерос мондааст. Ҳифз, пуштибонӣ, поку беолоиш нигоҳ доштани забони тоҷикӣ (дарӣ, форсӣ) ҳамчун рукни асосии пойдории миллат ва давлат дар сатҳи мафкураи миллӣ омӯзишу парвариш ва таълим карда шавад. Посдорӣ аз арзишҳои бунёди фарҳанги ориёӣ низ зинаи дигари ин силсила бояд бошад. Пуш-

тибонии давлатӣ ва додани афзалият бар ҳамаи муносибатҳои интихоби иҷтимоӣ, чун кадрию вазифавӣ, қудратию касбӣ ва корию эҷодӣ барои соҳибмиллатон маҳаки асосист дар нуфуз, қудрат, пояндагӣ ва мондагор будани миллат ва давлат. Дар марҳилаи ҷаҳонигароӣ ин масъала хеле нозуку асосист, зеро ҷонсӯзу ҷонфидои Ватан, бо ихлосу вафо дар суботу амнияти давлат танҳову танҳо соҳибмиллатон буданду ҳастанд. Ин хати зарҳалин дар ганҷурхонаи хотироти миллат бояд ҳакокӣ гардад. Бегонагонро меҳре ба ин хокдони муқаддас несту талоши онон танҳо барои манфиатҷӯиву манфиатхоҳист. Такя бо бегонагон бозӯи худ бишкастан аст. Аз ин рӯ, дар марҳилае, ки талоши нафсҳову кинаҳои абарқудратҳо ҷаҳон месӯзанд зарурати асосист, то зиракона, дурандешона, хирадмандонаю босубот бо ҷавшани мафкураи миллии хеш сиёвушсон аз оташи имтиҳони зиндагӣ гузарем. Пас зарур аст аз домони мубораки модар то боғчаю мактаб ва донишгоҳ зинаҳои дигари таълиму тарбия дар дилу дидаи наслҳо эҳсосоти баланди меҳри Ватан, ғурури ватандорӣ содиқ ва пайрави арзишҳои халлоқонаи миллати шарифи тоҷик будан, эҷодкору пешвои некиофарин шуданро ташаккул диҳем. Дар ин радиф бояд фазои хонаводагӣ, мактабу ҷомеа ва иттилооти пурра дар меҳвари ин масъалаи нозук ҳамвора бичарханд ва маҳаки рушду нумӯъбахши миллат гарданд. Хирад, ахлоқи ҳамида, эҷодкорӣ бояд шиори асосии миллат гардад зеро бе он наметавон ҷойгоҳе дар талотумхонаи талошу кашмакашиҳои ҷаҳони муосир дошт. Пас дар пештоқи қасри орзуву армони миллат бо ҳарфҳои заррин ғояи миллии «Хиради ориёна. Пиндори ориёна. Эҷоди ориёна, Ваҳдати ориёна» абадан ҳаккокӣ гардад, ва талқину пайгирӣ карда шавад. А. ЗАРИФӢ, коршиноси масъалаҳои сиёсӣ

Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ДИҚҚАТ, ОЗМУН! Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои дарёфти грантҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ (бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 10 майи соли 2005, №167 тасдиқ шудааст) дар соҳаи тарбияи ватанпарастии ҷавонон барои соли 2016 озмун эълон менамояд. Дар озмун ташкилотҳои ҷамъиятие, ки дар самти тарбияи ватанпарастии ҷавонон фаъолият намуда, дастовардҳои муайян доранд (аз ҷумла дар ин самт лоиҳаҳо амалӣ намудаанд) ширкат варзида метавонанд. Барои иштирок дар озмун ташкилотҳои ҷамъиятии ҷавононро зарур аст, ки то 30 марти соли 2016, соати 12:00 ба суроғаи зер дархост ирсол намоянд. Маълумоти иловагиро оид ба озмун, аз ҷумла шакли дархостиро барои таҳияи лоиҳа аз суроғаи зерин дастрас кардан имконпазир мебошад: шаҳри Душанбе, кӯчаи Спортивная 6, телефон барои тамос (+37) 2363726, вебсайт www.youth.tj, e-mail: grant@ youth.tj Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои дарёфти Ҷоизаи ба номи Исмоили Сомонӣ дар соли 2016 байни олимони ҷавон озмун эълон менамояд. Ҷоиза барои олимони ҷавоне, ки дар соҳаи илму техника корҳои намоён анҷом додаанд, бо мақсади рушду инкишофи иқтидори илмии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳавасманд намудани фаъолияти эҷодии олимони ҷавон мутобиқи Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 25 марти соли 1998, №967 таъсис дода шудааст. Нишондиҳандаи муҳим барои иштирок дар озмун барои довталаб, синни то 35, дифои рисолаи илмӣ (то апрели 2015) ва дар амал қарор доштани натиҷаҳои кори илмӣ дар муҳлати на кам аз як сол мебошад. Қабули ҳуҷҷатҳо барои иштирок дар озмун ба суроғаи дар поён овардашуда то 15 апрели соли 2016, соати 14:00 сурат мегирад. Маълумоти иловагиро вобаста ба талаботи озмун метавонед аз суроғаи зерин дастрас намоед: шаҳри Душанбе, кӯчаи Спортивная-6. Телефон барои тамос (+37) 2363726, вебсайт www.youth.tj, e-mail: grant@youth.tj

Вой ба ҳоли терминал Хизматрасонии “Диловар-терминал”-и ноҳияи Файзобод дар кадом ҳолат қарор дорад? решакан кардани чанорҳои таърихӣ дасту остин бар зад. Майдони терминалро фурӯхта, филиали бонки дуқабата, толори саққобозӣ, мағозаи фурӯши дискҳо, ошхонаи ғайриқонунӣ бунёд гардид. Майдони терминал танг шуд. Ронандагону мусофирон аз амалҳои полковник изҳори норозигӣ мекунанд. Аз тангии терминал ронандагони нақлиёт мошинҳоро дар шоҳроҳи марказии ноҳия ҷойгир мекунанд, ки ба рафтуомади пиёдагардон монеа эҷод мекунад. Ронандагон ҳайронанд, ки мошинҳояшонро дар куҷо гузоранд. Гарчанде бесару сомонии хизматрасонии терминали мусофиркаширо мақомоти иҷроияи маҳаллии

ҳокимияти давлатии ноҳия аз оина равшан донанд ҳам, парвое надоранд. Ин аҳвол то кай давом мекарда бошад, маълум нест. Аксҳое ки мебинед, аз набудани ҷои муносиб воситаҳои нақлиётро дар куҷое рост ояд, оварда қарор медиҳанд. Ҳокими САФАР, аз ноҳияи Файзобод

www.javonon.tj

То чанд сол пеш хизматрасонии терминал барои мусофирон ба мақсад мувофиқ буду рӯзе аз ин ҷо даҳҳо нақлиёти гуногунтамға ба тарафи шаҳрҳои Душанбе, Ваҳдат, Роғун ба сафар мебаромаданду мусофиронро сари вақт ба манзилашон мерасонданд. Майдони ҷойгиршавии воситаҳои нақлиёт васеъ буду мусофирбарҳо дар хатсайри майдони терминал ҷой мегирифтанд ва бо навбат ба сафар мебаромаданд. “Диловар-терминал”-ро полковники мустаъфии БДА-и ҷумҳурӣ Назаралӣ Раҳматуллоев соҳиб гашту хизматрасонӣ бад шуд. Дар майдони терминал ду чанори дусадсола арзи ҳастӣ доштанд. Н. Раҳматуллоев аз мансаби хизматӣ истифода бурда, ба буридану

е-mail: javonontj@mail.ru

Идеологияи миллӣ чӣ бошад?

13


www.javonon.tj

е-mail: javonontj@mail.ru

14

КИТОБХОНАИ “ҶАВОНОН...“

«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН» №2 (9428), 14 январи соли 2016

Таълифу ҳимояи рисолаи «Мақоми илм аз назари ислом», ки асосан илмомӯзии ҷавононро талқин мекунад, аз қабили ҳамин дастовардҳост, ки тавассути истиқлолу озодӣ ва сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон имконпазир гардидааст. Ман чун як фарди рӯзгордида, бо камоли масъулият мегӯям, ки то замони истиқлол дар бораи расму оин, ислому шариат сухани мусбат гуфтан мамнуъ буд. Ҳатто барои як ишора ё гуфтану навиштани як калимаи гӯё динӣ ҷазо медоданд. Худи каминаро барои дар нигоштаҳоям истифода бурдани ибораи «кори хайр» сазовори ҷазо дониста, таъкид карда буданд, ки минбаъд «кори хуб» нависам. Барои занамро никоҳи мусулмонӣ карда гирифтан ҳам танбеҳ дода буданд.

ахлоқ, муошират, ба бунёд ва нигоҳдории оила, тарбияи фарзандон, эҳтироми калонсолон вобаста бошад. Муаллиф нақш ва ҷойгоҳи илму донишро дар Қуръони маҷид нишон дода, андешаҳои худро бо овардани фармудаҳои Аллоҳ ва ҳадисҳои Расули акрам (с) пурқувват кардааст. Ӯ аз ҷумла менависад: «… доир ба омӯхтани илм Худо (ҷ) ва Пайғамбар (с) фармудаҳои зиёд доранд… Худо (ҷ) аз миёни 6666 оят аввалин оятҳои 1 ва 2-и сураи «Алақ»-ро, ки ҳадафаш омӯхтани илм мебошад, нозил кардааст». (Саҳ. 19). Мафҳуми «илм» дар Қуръон 592 маротиба, муродифҳои ҳаммаънои он 2571 мартоба такрор шудаанд. Ин шаҳодати мақоми марказӣ доштани илм дар ин китоби осмонист. (Саҳ.10-и Автореферат). - «…бихон, илм биомӯз». - «…аз гаҳвора то ба гӯр илм биомӯзед». - «…омӯхтани илм афзалтар аз ибодат аст». - «…илмро биҷӯед, гарчанде дар Чин бошад». «…яксоата тафаккур, тааққул ва таҳлили илмии масъала беҳтар аз яксола ибодат

Акнун, дарк кардед, ки тафовути замони истиқлол то куҷост? Агар истиқлол намебуду сиёсати давлатӣ дар масъалаҳои дину оин то ин андоза озод намешуд, ҳеҷ имкон надошт, ки чунин рисолае аз ҷониби Тоҳири Рашид барин як фарди оддии исломшинос таълиф ва ҳимоя гардад? Ҳимоя ва нашри рисолаи «Мақоми илм аз назари ислом»-и Тоҳири Рашид барои ман, ки ба масоили ҳаёти ҷавонон, аз ҷумла оилаю оиладорӣ ва тарбияи фарзандон бештар сару кор мегирам, айни муддао афтод. Зеро он бисёр ҷанбаҳое дорад, ки маҳз ба ҳамин масъалаҳо бахшида шудаанд. Яке аз мушкилоти ҷомеаи имрӯзаи мо ба хондан ва омӯхтани илм таваҷҷуҳи хеле кам доштани бештари ҷавонону наврасон мебошад, алалхусус дар деҳот. Онҳо ақидаи ғалат доранд, ки гӯё илму дониши мукаммалро танҳо дар шаҳрҳо ва маркази ноҳияҳо гирифтан мумкин бошад. Ҳамчунин гумони барғалати дигарашон он аст, ки гӯё илму дониш гирифтан маълумоти олӣ гирифтан бошад. Аммо дар асл ин тавр нест. Дар ҳаёт зиёданд одамони маълумоти олидоштаи соҳибдиплом, ки донишашон чени дониши як фарди маълумоти миёнадошта нест. Муаллифи рисола бо мисолҳои мушаххас талқин мекунад, ки наврасону ҷавонон рӯ ба омӯзиши илм биёранд, таҳкурсии асосии илму донишро дар мактабҳои ибтидоӣ ва миёна бигиранд, - алалхусус, он илму донишеро, ки ба одобу

аст». - «Талаби илм ба ҳар як марду зани мусалмон фарз аст». (Ҳамааш дар саҳ. 20). - «… ҷустани илм назди Худо аз намоз ва рӯза ва ҳаҷ ва ҷиҳод… беҳтар аст…» (Саҳ.24). Муаллифи рисола омӯхтани илмро аз ҳама чиз афзал медонад, аммо амаликунии онро афзалтар. Бинобар ин, ақидаи хешро бо мисолҳои мушаххас устувор карда, ҳамчунин аз гуфтаҳои бузургон иқтибосҳо овардааст:

лимаи афсонамонанду зебои як ифротӣ бовар кунаду аз баҳри зану фарзанд, хонаю дар, падару модар ва Ватани хеш гузашта, шитобад ба қатли одамони кишвари дигар ва дар ин роҳ ҷонашро нисор кунад? Ё агар одаме, ки дар ақидаи худ калаванда набошад, саводу донишу фаҳмиши қавӣ дошта бошад, оё метавонад, ки осоиштагии Ватани биҳиштосо, хушбахтии фарзандону наберагон ва аҳли байташро қурбони ҷоҳу ҷалолхоҳии ким кадом ғоратгари ашадие, иғвогари авлодие, мансабгадои дар ғами курсӣ обу адое бисозад? Не. Чунин кор танҳо аз дасти одами бесавод, камсавод, кундфаҳм ва нофаҳм меояд. Дар рисолаи муттазакира оид ба масъалаҳои бунёдкунии оила ва муносибатҳои оиладорӣ низ пешниҳодоти ҷолиб бисёр аст. Муаллиф бо ҷиддияту қатъият ва дилсӯзӣ атрофи ин масъала андеша ронда, аз ҳамасола зиёдшавии шумули талоқҳо ба ташвишу изтироб афтодааст. Бояд гуфт, ки ин масъала воқеан масъалаи доғи рӯз аст. Тоҳири Рашид дар рисолаи хеш нақши илму донишро дар

фардои худро ботил сохтанд». (Саҳ. 41). «…агар инсон аз хондану омӯхтану навиштан рӯ тобад, ӯ ҳеҷ вақт нафси худро натвон шинохт ва фақат дар зоҳир инсон буда, ботинан аз инсонӣ дур аст ва ҳар вақт гирифтори шарри шайтон шуда, ба амалҳои бад даст мезанад» (Саҳ. 42). Шайтон кист ё чист? Он дар куҷосту чӣ рангу намуд дорад? Ин суолест, ки аз замонҳои худро шинохтанам ба он ҷавоб меҷустам. Аммо посухи аниқу қаноатбахшро пайдо карда наметавонистам. Дар тасаввури ман шайтон бадкирдортарин махлуқи аҳримании ғоиб буда, дар ҳама кору кирдори бади инсонҳо танҳо ӯ гунаҳкор буд. Аммо дар куҷо будану чӣ рангу намуд доштанашро намедонистам. Мисли ҳамаи ҳамзамонон тутивор такрор мекардам: «Шайтон дар даруни инсонҳост». Аммо дар кадом узви даруни онҳо, намедонистам. Инро танҳо баъд аз мутолиаи рисолаи Тоҳири Рашид «Мақоми илм аз назари ислом» аниқу равшан ва жарф дарк кардам. Шайтон дар вуҷуди мо бо номҳои ғараз, ҳирс,

«исломи ҷангпеша», «исломи ҷанговар» (воюющий ислам) номида, бо ҳар роҳу усул мақому манзалат ва арзишҳои онро паст мезананд, байни пайравони он низоъ меангезанд ва дар оташи ҷангҳои байниҳамиашон даст гарм месозанд. Аммо баъзеи мо мусулмонҳо аз бесаводию нофаҳмии хеш, аз дониши сиёсӣ надоштан, аз ҳушёру зирак набуданамон ба оташи афрӯхтаи онҳо бо ифтихор ҳезум мепартоем. Хулоса, то андозае, ки ман дарк кардам, рисолаи «Мақоми илм аз назари ислом» маводи зарурӣ буда, дар ҳоли дурусту самаранок истифода шуданаш барои мардум, алалхусус ҷавонон фоидаи зиёд меорад. Чанде аз олимони забардаст ва ходимони шинохтаи дин низ бар ҳамин ақидаанд. Масалан, академик Мӯсо Диноршоев менависад: «Ҷузваи Т. Рашид «Мақоми илм аз назари ислом» ҷузваест бисёр судманд, ки барои рафъи бисёр хурофоти дар ҳаёти имрӯзаи мардуми тоҷик вуҷуддошта сахт кӯмак хоҳад кард». - Тоҳири Рашид ғараз ва ихтилофотеро, ки баъзе муҳаққиқин

Мақоми илм дар ислом Барои занамро никоҳи мусулмонӣ карда гирифтан ҳам танбеҳ дода буданд.

Олами маънӣ шудему доғи ҷаҳл аз мо нарафт, Кард Бедил илмҳои бе амал моро хароб. Аз омӯзиши улуми дунявию ухравӣ хеле кам бархурдор будан ва аз ин боис дар интихоби ақида калавидани мардум, аз ҷумла баъзе ҷавонон муаллифи рисоларо ба ташвиш овардааст. Ӯ менависад, ки «баъзе ходимони дину сиёсатмадорони мухолифи давлат барои амалӣ гардидани ҳадафҳои шарри худ аз бесаводии мардум истифода карда, найрангу тазвирро пеша намуда, дини мубини исломро василаи тазвир қарор медиҳанд". (Саҳ. 39). Оё пайдо мешуда бошад нафаре, ки ба чунин ақидаи муаллифи рисола муқобил барояд? Магар тамоми бадбахтиҳои ҷаҳони имрӯза маҳз дар ноустувории ақидаи мардуми «калаванда» нест? Магар одаме, ки илм, дониш ва фаҳмиши қавӣ дорад, метавонад, ки ба чанд ка-

пойдорӣ ва устувории оила аз назари Қуръон нишон дода, бо суханони Саъдии Шерозӣ таъкид кардааст:

Киро хона ободу ҳамхоба дӯст, Худоро ба раҳмат назар сӯйи ӯст. Нафс! Ашадитарин душмани инсон! Сабабгори асосии бадбахтиҳои фарзанди Одам. Тоҳири Рашид дар рисолааш атрофи ин душман, ки дар бештар маврид фарогири одамони бесаводу камсавод ва кундфаҳму нофаҳм аст, хеле муфассал андешаронӣ намуда, аз ҷумла фармудаҳои Пайғамбар (с)-ро иқтибос кардааст: «Ман арафа нафсаҳу фақад арафа раббаҳу». (Ҳар касе нафси худро шинохт ва ба он мубориза бурд, ӯ метавонад Худоро шиносад». Пасон, таъкид кардааст, ки «… ин мубориза фақат аз тариқи илмандӯзӣ ва савод бардоштан амалӣ хоҳад шуд». «Ҷиҳодун нафси маҳрул ҷаннати». (Ҷиҳод бо нафси худ ин маблағе (сабаб, воситае - Ҳ.Ю.) барои ворид шудан ба биҳишт аст». (Саҳ. 40-41). Муаллифи рисолаи илмӣ атрофи нафс андешаронӣ намуда, барҳақ қайд мекунад: «… гурӯҳҳои носолими ҷомеа, аз бесаводӣ нафси худро нашинохта, ба ҷиҳоди акбари зиди он, ки Пайғамбар (с) фармудаанд, иқдом накарда, ба доми ҳавову ҳавас ва ба ҳадафҳои муғризонаи худ ғуттавар шуда, ҷони чандин фарзандони миллатро рабуданд ва дунёи имрӯзаю

ҳасад, кибр, ғурур, бухл, таассуб, рашк, риё, кина, адоват, ҷоҳхоҳӣ, бахилӣ, нотавонбинӣ, бадхоҳӣ, мансабталошӣ ва монанди инҳо ҷой доштааст, ки онҳоро эҳсосот ҳам гуфтан мумкин. Аз хурдӣ ба мо талқин мекарданд, ки «Дин афюни халқ аст». «Дин, аз ҷумла дини ислом, ҳамеша дар пешрафти илму техника монеа мебошад». Аммо чуноне, ки аз рисолаи мутазакира бармеояд, дини ислом ва китоби Қуръон, нақши илмро дар ҳаёти инсонӣ ва ҷомеа дар дараҷаҳои баландтарин гузоштаанд. Паёмбари ислом (с) бошанд, талаби илмро аз шартҳои асосии имон гуфтаанд ва таъкид кардаанд, ки маҳз илм аст воситаи асосии соҳиби ақл ва ақидаи солим гардидани инсон, аз гумроҳӣ раҳоёбии ӯ, аз торикӣ ба рӯшноӣ баромаданаш, аз қабоҳат ба рафоқат, аз ҳамоқат ба мурувват ва аз ақибмонӣ ба пешсафӣ расиданаш. Акнун саволе ба миён меояд: дар он ки динро «афюн» гуфтаанду «монеи пешрафти илму техника» номидаанд, чӣ сирр ниҳон аст? Камина бар он назарам, ки душманони илму дониш, аз ҷумла нохондамуллоҳо аз донишмандшавии мардум бим карда, ислом ва Қуръонро қасдан бадном намудаанд. Душманони маърифати исломӣ, аз ҷумла атеистон - бехудоён бошанд, ин чизҳоро бардурӯғ паҳн намудаанд? Ин раванд дар асри XXI боз ҳам шадидтар гардидааст. Имрӯзҳо аксарияти кишварҳои Ғарб дини поку беолоиш ва мубини исломро барқасдона

аз гузашта ва ҳозира дар байни илму дин дидаанд ва ба ҳамин сабаб боиси хушунат дар ҷомеа, рушд накардани илмҳои дунявӣ ва техникӣ гардидаанд, беасос мешуморад. Дар ин маврид бешаку тардид ҳақ дар ҷониби Тоҳири Рашид аст. Зеро аз таърихи фарҳангамон хуб медонем, ки ба куфру илҳод муттаҳам кардани олимону файласуфони барҷастаамон боиси қафомонии техникӣ ва технологии кишварҳои Шарқи мусулмонӣ гардид ва то ба ҳол дастнигари ғарбиён намуд». Ҳамчунин доктори илмҳои фалсафа, узви Ассотсиатсияи байналмилалии журналистони Тоҷикистон Кароматулло Олимов нигоштааст: «…ашхоси мутаассиб ба таҳсили фарзандон, махсусан барои духтарон, дар мактабҳо монеъ мешаванд. Ин аз як тараф натиҷаи камсаводӣ ва побанди хурофот будани як қисми падару модарон бошад, аз ҷониби дигар, натиҷаи надонистани мақому ҷойгоҳи илм аз назари ислом мебошад. Тоҳири Рашид ба дарки зарурати ин масъалаи муҳим рисолаи худро таълиф кардааст. Ӯ бо мисолҳои қаноатбахш аз Қуръон, ҳадисҳои Паёмбари ислом мақоми бузурги илму донишро дар ислом нишон дода тавонистааст». Гумон мекунам, ки ин нигоштаҳо хулоса ва хотимаи хуби чакидаҳои камина ҳам шуда метавонанд. Зеро, ки бо онҳо пурра мувофиқам. Ҳасан Юсуфи ФАЙЗБАХШ


САЙҚАЛИ ХОТИРА

«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН» №2 (9428), 14 январи соли 2016

… Фозилов, овозхон

Сарбаланд, ифтихорманд

... Собир, шоири тољик

Ќисми зиёд Муфтхўрї

Фанни мактабї

Мисраъ

Гузариш аз марз

Таоми

Хўроки миллии парњезї

тоторї

Мерос

... Долина, овозхони рус

Зебо, хушрўй

Чўб барои сохтмон

Самбўсаи бањорї

Шањри ќадимаи арманї

Пой- Муќобили тахти Белгия «лалмї»

Сайёраи Муштарї (рус.)

… Чакраборти, актёри њинд Тўњфаи идона

Узви дохилии инсон

Бафурља, асабї нашуда

Нокас

Бале, ња ... Мавлонов, овозхони самарќандї

Ритик ..., актёри њиндї

Ањмад …, овозхони афѓон

Коркуни дору- ... Ќосимов, хона њунарманд

Муќобили «холї»

Ба чашм намудор

…у одат

Бошуурї

Њарфи алифбои арабї Нимбоз, нимроѓ

Беирода

Ќадам … кардан

... и Ѓазнавї, шоири асри 11-12

Асад

Сањро, биёбон

Њарфи алифбои арабї

Њиссаи нутќ

Муќобили «далер» Канї (лањљ.)

Аввали номњои Рўдакї ва Сино

Нота ва тамѓаи дезодорант

Нањр, дарё

Бахшиш, омурзиш

Масъаларо чї кор мекунанд?

Мурдахор

Шоду хурсанд

Жанри сирки халќї

Зеб, зинат

Суннати пайѓамбарї

Шарм, изо

Бовар доштан

Муќобили мушкил

Фурў рафтани офтоб «… - компания», гурўњи ширинкорон

Фан, дониш

Мањрум

Нисфи диаметр

Ситораи кинои Фаронса

Бењтарин

… Толстой

Шањри 5-уми ЉТ

… Каримова, овозхон

www.javonon.tj

Аловиддин …, актёри њаљвї

Шикоят кардан, гила кардан

Минтаќаи љуѓрофии гарм

Нозири роњ коркуни ин бозрасї аст

Донишгоњи … ба номи Сино

Мумсикї, дилтангї

Љамъи мардуми оддї

Куб аз он 6-то дорад

Ќўрѓошим

е-mail: javonontj@mail.ru

Кон ва шањр дар Олмон

Гармї, Пойтахти њароЗамбия рат

Хубтар, наѓзтар

Молу матоъ, сарват

Муќобили хушк

Мўњтољи об

15


е-mail: javonontj@mail.ru

16

ФАРОҒАТИ ҶАВОНОН

«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН» №2 (9428), 14 январи соли 2016

Лутфи ҷавонӣ

 ОБУНА - 2016

Бо “Ҷавонони Тоҷикистон” ҳамеша ҷавон мемонед!

Аз Салим мепурсанд: - Кадом сарояндаро бад мебинӣ? Ҷавоб медиҳад: - Занамро...

Обуна ба рӯзномаи “Ҷавонони Тоҷикистон” барои соли 2016 идома дорад. Нархи обуна аз тариқи идораи рӯзнома: - барои як сол - 65 сомонӣ - барои шаш моҳ - 34 сомонӣ - барои се моҳ - 18 сомонӣ муқаррар шудааст. Ин арзиш бо назардошти бурда расондан ба нақша гирифта шудааст. Шумо обуна шавед, мо сари вақт рӯзномаро мерасонем. Инчунин, Шумо ба воситаи шуъбаҳои алоқаи шаҳру ноҳияҳо метавонед ба ягона рӯзномаи ҷавонон обуна шавед. Нархи яксолаи обуна ба воситаи почта 87,48 сомонӣ. Суратҳисоби бонкии рӯзнома: р/с №20202972500232101000, кор/с 20402972316254, ИНН 030000301, МФО 350101626 Бонки давлатии амонатгузории Тоҷикистон “Амонатбонк”. Индекси обуна 68857.

***

Салим ҳамроҳи Ҳалим дар ошхона хӯрок мефармоянд. Ба онҳо пелмен меоранд. Салим: - Ин чӣ хӯрок аст? Ҳалим: - Манту дар кӯдакиаш...

***

Мактаби ронандагӣ. Муаллим: - Муҳаррик чӣ гуна кор мекунад? Хонанда: - Бо суханҳои худам гӯям, мешавад? Муаллим: - Бале... Хонанда: - Вжжжжжж, вжжжжж, вжжжжжж....

***

Салим ба ҳамсараш: - Ҷонакам, мехоҳӣ бароям офтоб бошӣ? - Албатта, асал! - Ин тавр бошад, аз ман дар фосилаи 150 миллион километр бигард.

 АНДАРЗ

Дарси ибрат

www.javonon.tj

Чанд вақт пеш ҳамроҳи писарам дар беморхона хоб будам. Дар он ҷо будан барои ман санҷиши ҳаёт шуд. На барои он ки писарам бемор буд, чун ӯ маро ташвиш намедод, бештари вақт хоб мерафт. Аммо дар ҳуҷраи мо марде бо писари думоҳааш, ки гирифтори бемории системаи асаб буд, мехобид. Писари вай шашмоҳа, яъне норасид таваллуд шуда буд. Ман бори аввал дидам, ки инсон ин қадар пуртоқат мешавад. Рафтори намунаи ин марди накӯи 32-сола барои мани тарсончак дарси ибрат шуд ва ба қадри фарзанд расиданро дучанд омӯхт. Мард баъд аз ҳар даҳ дақиқа оби бинии кӯдакро ба воситаи мурии тиббӣ ҷаббида мегирифт, то ифлосӣ ба даруни ишкамаш надарояду шушашро зарар нарасонад. Шабона баъд аз ҳар як соат кӯдакро дар кати болинаш аз паҳлӯ ба паҳлӯ мегардонд, то як ҷои баданаш аз зиёд дароз кашидан дард накунад, чунки қувваи кӯдак ба тоб хурдан намерасид ва вақте бештар ба пушт дароз мекашид, сулфа ӯро ранҷ медод. Барои писари бемораш ҳар гуна хӯрокҳои лазиз, ба монанди пюреи картошкагӣ, ширбиринҷ ва ғайра пӯхта, кӯшиш мекард, ки 3-4 қошуқ ба ӯ хӯронад, чунки аз истифодаи зиёди антибиотикҳо ва баланд будани фишори хун кӯдак иштиҳо надошт. Баъди хӯрдани хӯрок ӯро оғӯш карда, ба ҳоҷатхона мебурд, то ки пешоб кунад. Ба тифл уребча намепӯшонданд, чунки ба саломатиаш зарар дошт, вақти пӯшидан тангӣ мекард ва барои инкишофи мушакҳои пой монеа мешуд. Бе Рӯзнома таҳти рақами 0120/рз аз 22 сентябри соли 2014 дар Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон сабти ном шудааст. Нишонӣ: 734018, шаҳри Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ, 16, ошёнаҳои 1 ва 4

САРМУҲАРРИР

Бахтовар КАРИМОВ

ин ҳам пойҳои тифлак суст инкишоф меёфтанд. Барои дар хурмача нишастан ҳам қувваташ намерасид. Вақте падари ғамхор ба бинии писараш қатрае дору мечаконд, тифлак чунон сахт фарёд зада мегирист, ки ман аз фарёди вай рӯямро ҷониби тиреза гардонда мегиристам, тоқати дидани чунин манзара ва фарёди гиряи кӯдаки хурдсолро надоштам. Ҳамзамон, ин манзараро дида, ба ҳоли худам мегиристам, чунки барои мани танбал назорати бемории писарам, ки пеши дарди ин тифлаки маъсум ҳеҷ буд, мушкил афтода буд, эркагии фарзанди ҷонии худро таҳаммул карда наметавонистам. Аммо ин мард… Дили ман барои ин марди хоксор як заррае ҳам намесӯхт, чунки

бо чунин рафтор ӯ ба худ меҳр надошт ва тамоми ҳастиашро барои писари бемораш бахшида буд. Вақте ки модари кӯдак ба аёдати фарзанди азизаш омад, ман ӯро дида, андешаам боз ҳам равшантар гардид, ки ин падару модар волидони воқеии замона ҳастанд. Онҳо аз фарзанди худ, ки норасид бо вазни 600 грамм таваллуд шудааст ва чанд моҳ дар вазнинхонаи беморхона мебошад, даст кашиданӣ нестанд. Барои барқарор намудани саломатиаш тамоми ҳастиашонро бахшидаанд. Барои масҳи якрӯзаи писари худ ва дорувориаш маблағи зиёд пардохт мекунанд. Онҳо мисли баъзе волидони имрӯз маблағи ҳангуфтро барои мошини гаронбаҳову хонаи муҳташам ва либосҳои арзишашон баланд сарф намекарданд. Балки тамоми фикру андешаашон, дороиашон барои тифлаки беморашон буд.

***

Зане ба зоомағоза даромада, ба фурӯшанда мегӯяд: - Писарам, ба наздикӣ шавҳарам мурд, ман дар як манзили калон танҳо зиндагӣ мекунам. Ба ман ягон гурбаи фарбеҳаки хушрӯ бидиҳед. Фурӯшанда: - Мииияв, мииияв.

***

Салим ба таксӣ нишаст. Як зани фарбеҳ низ паҳлӯи ӯ ҷо гирифт. Салим пурсид: - Номатон чист, хонум? Зан бо карашма: - Ғунча. Салим: - Воҳҳҳҳ, агар бишкуфед, чӣ мешуда бошад?

Таҳияи Ҳасан АЗИЗОВ, “ҶТ”

ҲАЙАТИ МУШОВАРА:

Марҳабо ҶАББОРӢ (муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон), Абдуҷаббор РАҲМОНЗОДА (ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа), Нуриддин САИД (вазири маориф ва илми Тоҷикистон), Аҳтам АБДУЛЛОЗОДА (раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон).

ҲАЙАТИ ЭҶОДӢ:

***

Ҳикмат: Зан барои он офарида шудааст, ки мард аз хушбахтӣ намурад.

Умаралии САФАРАЛӢ (ҷонишини сармуҳаррир), Маҳмудҷон УСМОНОВ (котиби масъул), Сайфиддин СУННАТӢ (муҳаррири шӯъбаи варзиш ва сайёҳӣ), Манзумаи ФИРӮЗ (муҳаррири шӯъбаи иқтисод ва иҷтимоъ), Ҳасан АЗИЗОВ (муҳаррири шӯъбаи ҳаёти ҷавонон), Нуруллоҳ ОРИФ, Шаҳло ЭШОНОВА, Наврӯз ҚУРБОНОВ, Шодихони НАЗАР, Беҳрӯз ХОЛМУРОДОВ, Гулбаҳор РАҲМОНОВА (хабарнигорон), Толибшоҳ ДАВЛАТ (хабарнигор, НТМ), Фарзона ИСМОИЛОВА (хабарнигор, Хатлон), Машҳур ИМОМНАЗАРОВ (хабарнигор, ВМКБ), Шеравган ХУРСАНҚУЛОВ (саҳифабанд).

 ЭЪЛОН

ЭЪТИБОР НАДОРАД

Дафтарчаи имтиҳонии гумшудаи №37/06, ки Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М. Осимӣ соли 2006 ба Амиров Диловар Хакимҷонович додааст, эътибор надорад. Шиносномаи техникии ҳавлидории гумшудаи №4567 бо суроғаи шаҳри Кофарниҳон (ҳоло Ваҳдат), кӯчаи Гагарин-9, ҳуҷраи 3, ки ба Давлатова Садбарг Қадриддиновна тааллуқ дошта, аз 30.03.1994 дар Корхонаи “Бақайдгирии молу мулки ғайриманқул”-и шаҳри Ваҳдат ба қайд гирифта шудааст, эътибор надорад. •

Ба хотири чандандешӣ матолибе низ ба табъ мерасанд, ки хилофи назари ҳайати эҷодист. Дурустии арқому далелҳо бар дӯши муаллифон аст.

Ҳангоми таҳияи хабарҳо аз матолиби интернет низ истифода шудааст.

Индекси обуна: 68857

Тел: 901 06-41-10, 238-54-14, 238-51-09, 238-53-03

Ҳафтанома дар КТН «Шарқи озод» (хиёбони Саъдии Шерозӣ-16) бо теъдоди 6071 нусха ба нашр расид.

Ҳисоби бонкӣ: р/с №20202972500232101000, кор/с 20402972316264, ИНН030000301, МФО350101626. Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк»


Turn static files into dynamic content formats.

Create a flipbook
Issuu converts static files into: digital portfolios, online yearbooks, online catalogs, digital photo albums and more. Sign up and create your flipbook.