ЧТ , “ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН”, №03 (9533), 18.01.2018
1
javonon.tj
НАШРИЯИ КУМИТАИ КОР БО ҶАВОНОН ВА ВАРЗИШИ НАЗДИ ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
АВОНОНИ ОҶИКИСТОН
90,3 % аҳолӣ хоҳони дасткашӣ аз тамокуянд
№03 (9533), 18/01/2018
e-mail: javonontj@mail.ru
Комёбии муҳассилини тоҷик дар “IZHO-2018” саҳифаи
Данғара - ноҳияи рӯ ба рушд саҳифаи
3
4
Зиндагӣ майдони талош аст саҳифаи 5 Ҳидоятҳои созанда барои ҷомеа саҳифаи 6 Тақдими унвон ва дараҷаҳои варзишӣ саҳифаи
9
Ҳунарҳои мардумӣ ҷузъи муҳими фарҳанги миллист!
Барои башар маълум аст, ки қурбониёни аввалину охирини ҷангҳо журналистон мебошанд. Ин ҳолатро мо дар кишвари худ бевосита мушоҳида кардем, ки чи тавр зиёда аз сад нафар журналистон аз оғози ҷанги шаҳрвандӣ то имрӯз ҷони худро аз даст додаанд. Мо марги он нафаронеро дар назар дорем, ки бо ҳадафи хос, аз дасти ҲНИТ барои тиратар кардани фазои сиёсиву иҷтимоӣ аз ҷониби гурӯҳҳои ҳадафманд анҷом дода мешуданд. Ин гувоҳи он аст, ки ҷанги шаҳрвандӣ дар кишвари мо пуштибонони дохиливу хориҷии худро дошт. Баъди чандин солҳо халқи тоҷик ва умуман ҷаҳон бовариву эътимод ҳосил намуд, ки дар моварои ҳамаи ин ҳаводис киҳо қарор гирифтаанд. Бисёр нангин аст, ки қотилон бо ниқобҳои мухталиф тавонистанд, иддае аз журналистонро нобуд намоянд. Тариқи наворҳо аз телевизионҳои марказӣ мардум шоҳид гашт, ки дар қатлу куштори журналистони алоҳида кадом нерӯҳо қарор гирифтаанд. Барои мо қатл кардани журналистоне чун Муродулло Шерализода, Отахон Латифӣ, Муҳиддин Олимпур, Почохони Сайфиддин, Сайф Раҳимзоди Афардӣ ва даҳҳои дигар хеле нангину дардовар аст.
саҳифаи
10
2
АХБОР
“ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН”, №03 (9533), 18.01.2018
Семинар: “Оилаи солим - ҷомеаи солим”
Истиқлолияту ваҳдатро гиромӣ дорем Дар Донишгоҳи давлатии Хоруғ ба номи М. Назаршоев (ДДХ) намояндагони Ҳукумати мамлакат, аз ҷумла мушовири Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Муҳиддин Пайшанбезода, муовини раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ Акрамшо Фелалиев ва раиси ВМКБ, муовини раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии кишвар Шодихони Ҷамшед бо аҳли зиё ва донишҷӯёну омӯзгорон мулоқот намуданд. Ҳадаф аз ин вохӯрӣ шарҳу тафсири Паёми Пешвои миллат ба Маҷлиси Олии мамлакат, дарки моҳияти он ва дар амал татбиқ намудани самтҳои асосии сиёсати дохиливу хориҷии мамлакат арзёбӣ шуд. Ба қавли Раиси вилоят Шодихони Ҷамшед новобаста аз он, ки кишварҳои абарқудрату ҳамсоя ба
давлати мо чӣ гуна назар доранд, таҳкими сулҳу субот, Ваҳдати комили миллӣ ҳамеша дар мадди назари Роҳбарияти олии мамлакат аст. Дар мулоқот ҳамчунин масоили марбут ба таъмини амнияти озуқаворӣ, таҳкими хатти сарҳадӣ бо кишвари ҳамсояи Ҷумҳурии исломии Афғонистон ва дар ин замина садди роҳ шудан ба
воридоти маводи мухаддир ба вилоят, тақвияти ҳамкории аҳолии наздимарзӣ бо сохторҳои қудратӣ, нақши ҷавонон дар сиёсати давлатӣ, эълон гардидани соли 2018 – “Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Машҳур ИМОМНАЗАРОВ, “ҶТ”
Бо ташаббуси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати ҷумҳурӣ дар шаҳри Қӯрғонтеппа семинари омӯзишӣ дар мавзӯи “Оилаи солим - ҷомеаи солим” баргузор гашт, ки дар он беш аз 30 нафар иштирок доштанд. Намояндагони Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш оид ба масъалаҳои мубрами мавзӯи интихобгардида суханрониҳо намуда, оиларо ячейкаи хурдтарин ва асосии ҷомеа ҳисобиданд. Зикр шуд, ки солимии оила барои тарбияи ҷавонон дар руҳияи баланди ватандӯстӣ ва рушди босуботи кишвар бисёр муҳим мебошад. Чунин семинарҳои омӯзишӣ дар шаҳри Кӯлоб ва дигар навоҳии вилоят низ баргузор мешаванд. Фирӯз АБДУРАҲМОНОВ, “ҶТ”
Тафсири Паём миёни сохторҳои КҶВ Бо ибтикори роҳбарияти Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати ҷумҳурӣ, миёни сохторҳои Кумита, ҷавонони фаъол ва волонтёрону гирандагони стипендия ҷиҳати фаҳмонидани нуктаҳои муҳими Паёми навбатии Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Маркази ҷумҳуриявии фарҳангии ҷавонон “Ориёно” вохӯрӣ доир гардид. Дар вохӯрии мазкур Назарзода Ризо, муовини аввали раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш ва Шоҳзод Раҳимов сардори Раёсати кор бо ҷавонони Кумита доир ба нуктаҳои асосии Паёми навбатӣ андешаҳои хешро иброз доштанд. Зимни вохӯрӣ зикр гардид, ки Паёми ҳамасолаи Президенти кишвар ба Маҷлиси Олӣ муайянкунандаи сиёсати давлатӣ ва хориҷии мамлакат буда, ифодагари ҳадафҳои олии халқи кишвар аст. Чӣ гунае, ки дар Паёми имсола зикр гардид, ғамхории давлату Ҳукумати кишвар ба қишри ояндасози кишвар – ҷавонон ҳанӯз ҳам дар меҳвари сиёсати Пешвои миллат қарор дорад ва ҳеҷ гоҳ ғамхориҳо ба як давраи муайян маҳдуд намегардад. Дар охир миёни аҳли нишаст ва роҳбарияти Кумита гуфтугӯи озод ва суолу ҷавоб сурат гирифт. Хуршед ХОВАРӢ, “ҶТ”
90,3 % аҳолӣ хоҳони дасткашӣ аз тамокуянд 16-уми январ бо мақсади баланд бардоштани солимии аҳолӣ дар Маркази матбуотии ҷумҳуривӣ таҳти унвони “Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи маҳдуд намудани истифодаи маҳсулоти тамоку”: татбиқ ва дурнамо” нишасти матбуотӣ доир гардид. Он бо ташаббуси Иттифоқи истеъмолкунандагони Тоҷикистон ва шарикони миллӣ ва байналмилалӣ дар ҳамкорӣ бо Ассотсиатсияи миллии ВАО-и мустақили Тоҷикистон баргузор шуд. Дар он намояндагони Парлумон, сохторҳои ҳукуматӣ, ташкилотҳои ҷамъиятӣ, мутахассисони байналмилалӣ аз Федератсияи Русия ва Ҷумҳурии Молдова иштироку суханронӣ намуданд. Зикр гашт, ки истифодаи маҳсулоти тамоку ба генофонди миллат таъсири манфӣ расонида, ба пиршавии бармаҳал ва дигар бемориҳои марговар мерасонад.
Айни ҳол дар олам 1,3 миллиард нафар аз ин маводи марговар истеъмол намуда, дар натиҷа ҳамасола 5,5 милион нафар мефавтанд. Иттилоъ дода шуд, ки дар Тоҷикистон истеъмолкунандагони тамоку ба 500 ҳазор нафар мерасанд ва бо ин нишондиҳанда Тоҷикистон дар миёни кишварҳои мамолики Осиё мақоми нуҳумро ишғол мекунад. Ин дар ҳолест, ки мувофиқи як назарпурсии соли 2016 гузаронидашуда 90,3 фоизи аҳолии кишвар мехоҳанд аз истеъмоли тамоку даст кашанд. Хуршед ХОВАРӢ, “ҶТ”
“ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН”, №03 (9533), 18.01.2018
3
АХБОР
Чорабинии муфид Дар доираи нақша-чорабиниҳо ба муносибати таҷлили 25-умин солгарди таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо ибтикори Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон дар қисмҳои ҳарбии 0336и Раёсати Қӯшунҳои сарҳадӣ ва 0340-и ВКД-и шаҳри Қӯрғонтеппа чорабиниҳои маърифатӣ-фарҳангӣ баргузор шуданд. Ба ин муносибат дар чорабинӣ ба як қатор афсарону сарбозон барои хизмати содиқона ба халқу ватан туҳфаҳои хотиравӣ тақдим гардида, аз ҷониби волонтёрон ба сарбозон маводҳои иттилоотӣ тақсим гардид. Ҳамчунин бо роҳбарии ҳунарманди маҳбуб, директори Театри мусиқӣ- мазҳакавии ба номи А. Муҳаммадҷонови шаҳри Қӯрғонтеппа Абдуллоев А. баҳри болидахотирии афсарону сарбозон барномаи фарҳангӣ бо фарогирии намоишҳои ҳаҷвии театрикунонидашуда ва сурудҳои ҷаззоб пешкаш гардиданд. Зикр карда шуд, ки чунин чорабиниҳо дар дигар шаҳру ноҳияҳои вилоят низ баргузор карда мешаванд. Фирӯз АБДУРАҲМОНОВ, “ҶТ”
Ҳар кӣ некӣ оварад… Тавре аз сарчашмаҳои таърихӣ бармеояд, аз қадим дар кишварҳо ва минтақаҳои гуногуни олам шаклҳои хоси тарбия вуҷуд доштанд, ки баъдан маҳз дар заминаи онҳо асарҳои гуногуни илмӣ, оммавию педагогӣ таълиф ёфтанд. Боиси фараҳмандист, ки ҳамон анъанаи неки гузаштагонамонро идома дода, давлату ҳукумати кишвар, бевосита Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бобати дастгирии ятимону бепарасторон, табақаҳои ниёзманд пайваста тадбирҳоро роҳандозӣ менамоянд. Ҳанӯз 12 январи соли 2008 дар асоси Амри Президенти мамлакат вазорату идораҳо, ташкилоту муассисаҳои давлатӣ барои сарпарастии ятимону бепарасторон вазифадор гашта буданд, ки мо ҳамарӯза шоҳиди амалҳои зиёди саховатмандона дар ин самт гашта истодаем. Ба ибораи дигар, дастгирии табақаҳои ниёзманди аҳолӣ имрӯз яке аз самтҳои муҳими сиёсати иҷтимоии роҳбарияти олии кишвар муайян гаштааст. Маъмурияти Коллеҷи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон ин нуктаро хуб дарк намуда, ҳамарӯза барои дастгирии донишҷӯёни ятиму камбизоат чораҳо меандешад. Ҳамасола аз мактаб-интернати №1 ноҳияи Сино, инчунин дигар парваришгоҳҳои пойтахт ва гирду атрофи он наврасону ҷавонони ятиму бепарастор ба Коллеҷ ба таври ройгон ба таҳсил фаро гирифта мешаванд. Маъмурияти муассиса барои бо сару либоси гарм, ашёи хониш таъмин намудани онҳо мудом чораҳо андешида, инчунин онҳоро бо идрорпулӣ таъмин менамояд. Дар хобгоҳ барояшон ҳамаи шароити заруриро муҳайё кардааст. Дарвоқеъ, хайру саховат, дастгириву навозиши ятимону бепарасторон яке аз хислатҳои мардуми мо тоҷикон маҳсуб меёбад. Ҳамин аст, ки ба даст овардани дилеро баробар ба тавофи Каъба медонанд. Худованд ҳам мефармояд: “Ҳар кӣ некие оварад, ӯро даҳчанд подош медиҳем”. Мавҷуда СОҲИБОВА, омӯзгори Коллеҷи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон
Комёбии муҳассилини тоҷик дар “IZHO-2018” 16 январ, дар Фурӯдгоҳи байналмилалии шаҳри Душанбе ғолибони 14-умин олимпиадаи байналмилалии “IZHO-2018”-ро, ки аз 10 то 16 январи соли 2018 дар шаҳри Алмаатои Ҷумҳурии Қазоқистон аз фанҳои физика, математика ва технологияи иттилоотӣ баргузор гардид, бо тантана пешвоз гирифтанд. Дар олимпиада довталабон аз 15 давлати дунё, аз ҷумла Сербия, Руминия, Булғория, Эрон, Туркия, Индонезия, Русия, Гурҷистон, Арманистон, Қазоқистон, Белорусия, Тоҷикистон, Ӯзбекистон, Қирғизистон ва Туркманистон дар ҳайати 65 даста (дар маҷмуъ 481 хонанда) иштирок карданд. Тоҷикистонро 5 даста муаррифӣ намуданд. Новобаста аз ҳарифони пурзӯрашон хонандагони тоҷик тавонистанд миёни дигар кишварҳо бо сазовор гардидани ҷойҳои ифтихорӣ парчами кишвари азизамонро баланд бардоранд. Дар ин олимпиада Усмонов Абубакр, сазовори ҷойи аввал ва медали тилло, Бобохонов Меҳрон, Хонҷонов Наимҷон хонандагони Муассисаи таълимии хусусии литсей-интернати тоҷикӣ-русӣ “Ҳотам ва П.В” аз фанни математика, Ҳакимиён Фарҳод Фармон хонандаи Муассисаи давлатии таълимии “Литсей барои хонандагони болаёқат” дар шаҳри Душанбе аз фанни технологияи иттилоотӣ сазовори ҷойи дуюм ва медали нуқра, Абдураҳмонова Сабина аз фанни физика, Алиев Парвизҷон, Кличев Муҳаммадҷон аз фанни математика аз Муассисаи давлатии таълимии “Литсей барои хонандагони болаёқат” дар шаҳри Душанбе, Пиров Далер, Ҳасанов Фараҳманд аз фанни физика, Абдуллоев Комрон аз фанни математика, Ашурзода Хусрав аз фанни технологияи иттилоотӣ аз Муассисаи таълимии хусусии литсей-интернати тоҷикӣ-русӣ “Ҳотам ва П.В” сазовори ҷойи сеюм ва медали биринҷӣ гардиданд. Дар маҷмуъ хонандагони тоҷик соҳиби 11 ҷойи ифтихорӣ, 1 медали тилло, 3 медали нуқра ва 7 медали биринҷӣ гаштанд. Ёдовар мешавем, ки хонандагони тоҷик дар солҳои соҳибистиқлолӣ ба омӯхтани илму дониш таваҷҷуҳи беандоза зоҳир намуда, танҳо дар соли 2017 165 медал, аз ҷумла, 34 тилло, 57 нуқра ва 74 биринҷӣ ба даст овардаанд. Беҳрӯз ХОЛМУРОДОВ, “ҶТ”
4 Таҷрибаи кишварҳои пешрафтаи дунё собит сохтааст, ки тамоми комёбиҳои сиёсиву иқтисодӣ дар натиҷаи таваҷҷуҳи рӯзафзуни давлату ҳукумат ба масоили вобаста ба ҷавонон ба даст омада, рушди устувори ҷомеа дар заминаи самаранок истифода бурдани нерӯи созанда, ки заминагузораш ҷавонон мебошанд, амалӣ мегардад ва чунин кишвар бо ин гуна ҷомеа ба афзалияти стратегӣ ноил хоҳад шуд. Дар партави ин гуфтаҳо хостем перомуни фаъолият ва бурду бохти ҷавонони ноҳияи Данғара ва саҳми эшон дар татбиқи сиёсати давлатӣ ва натиҷагирӣ аз солҳои сипаригардида, барои хонандаи азиз сухан гӯем. “Данғараро ояндаи дурахшон дар пеш аст”. Ин суханонро ҳанӯз 16 сол қабл Пешвои миллат дар ҷашни 70-солагии ин ноҳия гуфта буд. Дарвоқеъ, гуфтаҳои Пешвои миллат дар самти рӯ ба пешравӣ овардани ин ноҳия давра ба давра амалӣ гардида истодаанд. Ҳар нафаре, ки маротибаи аввал ба ноҳияи Данғара сафар мекунад, бегумон тасаввур хоҳад кард, ки ба як комплекси сохтмонӣ ворид мегардад. Зеро бо ташаббуси ҷавонони далеру созанда ва бунёдкор дар ҳар гӯшаву канори шаҳраки Данғара қомат афрохтани биноҳои наву замонавӣ, беист фаъолият намудани дастгоҳҳои борбардор дар паҳлуи сохтмонҳо ва мумфарш гардидану таъмири роҳҳои аҳамияти маҳалливу ноҳиявӣ дошта, далели гуфтаҳои болост. Ҳангоми наздик шудан
ҶАВОНОНИ МАҲАЛ
“ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН”, №03 (9533), 18.01.2018
Данғара - ноҳияи рӯ ба рушд ба маркази ноҳия бараъло аён мегардад, ки дар ҳақиқат ин навоҳӣ, хусусан маркази он хеле зебою озода шуда, як шаҳракеро мемонад, бас озода. Қобили зикр аст, ки ноҳияи Данғара қариб дар тамоми самтҳои ҳаётан муҳим, аз ҷумла маориф, саноат, сохтмон ва тандурустиву дигар соҳаҳо натиҷаҳои хуберо ба даст овардааст. Тайи чанд соли охир ноҳия дар самти маориф ва беҳбуд бахшидан ба илмомӯзӣ ва соҳиби касбу ҳунар гардидани ҷавонони маҳал нисбати навоҳии дигари мамлакат натиҷаҳои хубу назаррасеро ноил гардидааст. Ба фаъолият пардохтани Донишгоҳи давлатии Данғара ва Донишгоҳи тиббии Хатлон шаҳодат аз он медиҳанд, ки маорифчиёни ноҳия тавонистаанд бо фаъолияти пурмаҳсули хеш чунин дастовардҳоро соҳиб шаванд. Донишҷӯёни муассисаҳои номбурда низ дар раванди таҳсил миёни дигар донишгоҳу донишкадаҳои кишвар рақобатро канор нагузошта, ҳамасола дастовардҳои хубу
назаррасеро соҳиб мегарданд. Аз ҷониби Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон “Донишҷӯи сол” эълон гардидани Суҳроб Авлиёқулов, донишҷӯи курси сеюми Донишгоҳи давлатии Данғара далели гуфтаҳои болост. Қобили зикр аст, ки солҳои охир ҷиҳати дастгирии ҷавонони ноҳия заминаи мусоид фароҳам оварда шуда, самтҳои фаъолияти онҳо дар шароити муносибатҳои нави сиёсиву иҷтимоӣ муайян карда шудааст. Ҳукумати маҳаллӣ дар татбиқи сиёсати худ ба ҷавонон такя карда, тарбия ва ба камол расонидани насли ҷавону созандаро яке аз вазифаҳои аввалиндараҷаи худ медонад. Айни ҳол дар ноҳия як мактаби варзишӣ, 88 майдончаи варзишӣ, 25 толори варзишӣ, 1 майдони варзишӣ бо даҳ ҳазор ҷои нишаст, 2 майдони футболи хурд амал мекунад. Дар мактаби варзишии кӯдакон ва наврасони ноҳия 12 намуди варзиш-волейбол, футбол, баскетбол, бокс, варзиши сабук, тениси рӯи миз, гӯштини дзю-
до, самбо, гӯштини тарзи озод, вазнбардорӣ, гӯштини миллӣ ва муҳорибаи ҷангӣ ба наврасон машқу тамрин дода шуда, шумораи таълимгирандагони ин марказ ба 1258 нафар мерасад. Мавриди зикр аст, ки аз чор минтақаи озоди иқтисодии кишвар яктояш дар ҳудуди ноҳияи Данғара мавҷуд буда, фаъолияти пурсамару гуногунҷанбаи корхонаҳои ҳудуди он дар роҳи муаррифии иқтидори саноатии мамлакат ва истеҳсолу содироти маҳсулоти гуногун саҳми сазовор мегузорад. Муродалӣ Ҳошимов, мушовири раиси ноҳия зимни суҳбат иброз дошт, аз даврае, ки Данғара минтақаи озоди иқтисодӣ эълон гардид, дар самти ҷалби сармояи хориҷӣ ва ба ҳамин васила пешбурди соҳаи саноат низоми наву мукаммалро ба худ касб кард. “Дар ин ҷо марҳила ба марҳила корҳои сохтмонӣ дар самти пешбурди соҳаи саноат идома пайдо карда, бо пурра ба кор оғоз кардани танҳо як корхонаи истеҳсолии “Ҷунтай-Данғара текстил”, ки ба коркарди ашёи хом ва нахи пахта машғул мегардад, 6000 сокини мамлакат
соҳиби ҷои кори доимӣ хоҳанд гардид. Бо пурра ба фаъолият пардохтани ҳама иншоот ва инфрасохторҳое, ки ба нақша гирифта шудааст, ҳазорон сокини дигари мамлакат соҳиби ҷои кор ва маоши арзанда хоҳад шуд”,- афзуд номбурда. Боиси хушҳолист, ки бо шарофати истиқлолияти давлатӣ корҳои сохтмониву ободонӣ дар тамоми манотиқи кишвар вусъат ёфта, сол то сол ноҳия ва шаҳрҳои кишвар дар ҳоли рушд қарор доранд. Хурсандиовар ин аст, ки дар тамоми корҳои ободониву хуррамгардониҳо ҷавонон чун насли ояндадори кишвар саҳмгузор буда, баҳри ободӣ ва ояндаи дурахшони Ватан паи талошанд. Ҷавонони ноҳияи Данғара бо дарки ин нуктаҳо имрӯз дар баробари дигар қишрҳои ҷомеа дар роҳи ободонӣ азм доранд ва бо боварӣ метавон гуфт, ки бо талоши ҷавонони созандааш дар чанд соли баъд Данғара ба яке аз шаҳрҳои бузург ва саноатии кишвар мубаддал гардида, макони дидание хоҳад шуд. Хуршед ХОВАРӢ, “ҶТ”
“ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН”, №03 (9533), 18.01.2018
МУЛОҲИЗА
Ҳанӯз даҳ сол пеш Президенти ҶумҳурииТоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид карда буданд: “Дар ҷумҳурӣ баъзе расму оинҳо ва ҷашну маросимҳо бо сабаби серхарҷу бенизом гузаштанашон сади пешрафти иқтисодиёту иҷтимоиёт ва фарҳанги мамлакат гардидаанд. Аз ин рӯ, моро лозим аст, ки расму оинҳоро аз зуҳуроти барои имрӯзу фардои ҷамъият номатлуб тоза созем, онҳоро мутобиқи вазъи кунунии сиёсию иҷтимоӣ ва иқтисодию фарҳангӣ танзим намоем”. Дар заминаи ин суханон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” ба тасвиб расид, ки хеле ба маврид буд. Зеро бисёр мушоҳида мешуд, ки аксар маъракаҳо беҳудаву серхароҷот ороста мешуданд. Чунончи, рӯзи таваллуд, гаҳворабандон ва мӯйсаргирони тифл дар ошхонаву тарабхонаҳо баргузор мегардид. Волидон бо ин кори худ аз кӯдакӣ дар зеҳну шуури фарзандон чунин амалҳои нописандро ҷой мекарданд.
Аз гузаштагони хеш сарфакориро бояд омӯзем Аслан, мо ҳама бояд кӯшиш кунем, то дар кишварамон насле ба камол расад, ки соҳиби дониши муосир, ҷаҳонбинии васеъ, забондону бомаърифат бошад. Дар арсаи байналмилалӣ аз давлату миллати худ намояндагӣ карда тавонад, барои ободию шукуфоии ватан ва сарзамини аҷдодӣ содиқона хизмат намояд. Нақши мардуми тоҷик дар рушд ва густариши тамаддуни исломӣ низ ниҳоят бузургу арзишманд аст. Ниёгони мо натанҳо дар соҳаҳои илму, адабу, таъриху, фалсафа балки дар таҳқиқ ва эҷоди бахшҳои гуногуни улуми динӣ, бахусус тафсири Қуръони маҷид, аҳодиси Паёмбари гиромӣ, илми фиқҳ аз пешоҳангони тамаддуни исломӣ буданд. Аммо тавре таҳлилу мушоҳидаҳо собит месозад, бо сабаби дар сатҳи паст қарор доштани маърифати динӣ
имрӯз мардуми мо ба сарфакориҳои беҳуда роҳ дода, бо ин рафтор дар рӯзгори хеш мушкилоти сунъӣ эҷод менамоянд. Ҳол он ки мутобиқи арзишҳои миллӣ ва динӣ сарф кардани маблағ ё захираҳои моддӣ ҳам зиёни иҷтимоӣ ва ҳам гуноҳ аст. Як зарра аз дороии худро беҳуда сарф кардан исроф аст ва Худованд исрофкоронро дӯст намедорад. Ин ҳама аз нодуруст шинохтани худ оғоз мешавад. Ҳақро аз ботил ва ҳалолро аз ҳаром фарқ бояд кард. Миллати тоҷик ҳақи худшиносии комил дорад. Мо аз гузаштаи худ бояд сарфакориро омӯзем. Мероси фарҳангии миллати тоҷик пур аз андарзу ҳикматҳои зидди исрофкорист. Мо – ҳайати устодони донишкада низ дар робита ба ин, бо иштироки омӯзгорону донишҷӯён ҷамъомаду вохӯриҳо гузаронида, ба онҳо моҳияти
қонуни танзимро мефаҳмонем. Таъкид мекунем, ки ҷашну маросимҳо асосан, бояд омили муайянкунанда ва инкишофдиҳандаи сатҳи маърифати инсонӣ, шуури милливу мазҳабӣ, ваҳдату ягонагӣ ва ахлоқиву ҷисмонии мардум бошанд. Эҳтироми инсон, пос доштани хотираи гузаштагон ва таҳкими пайвандҳои хонаводагӣ бояд аслу асос ва ҷавҳари онҳоро ташкил диҳад. Зеро мантиқи ҳикмати баргузории маросимҳо лаҳзаҳои шодӣ ва ғам паҳлуи якдигар будани пайвандон аст. Ба хотири рӯзгори бо саодат, арзишҳои беҳтарини расму оинҳои миллӣ ва диниро оқилона ва одилона бояд истифода кард. А. НУРАЛИЗОДА, декани факултети технологияҳои иттилоотӣ дар иқтисодиёти Донишкадаи молия ва иқтисоди Тоҷикистон
Ризо аз худ, ризо аз рӯзгор аст Гулбутта аз кор фориғ шуда паси чамбараки сабукрав нишасту ҷониби таълимгоҳи варзишӣ роҳ гирифт. Ҷигаргӯшаҳояш Аюбону Юсуфҷон ҳанӯз тармим доштанду устодашон Ёрмуҳаммад Асомиддинов қаноатмандона ба ҳаракатҳои онҳо менигарист. Чун Гулбутта вориди толор шуд, бачаҳо тозон сӯяш давида, якбора саволборонаш намуданд. - Чаро шумо танҳоед? Падарам куҷост? Гулбутта аз пешонии ҷигаргушаҳои паҳлавонаш бӯсиду ба устодашон рӯ овард: - Модар тамоми чизро барои фарзанд муҳайё намояд ҳам, дар назараш наметобад. Кори кардаи падар зуд метобад. - Ҳа, хоҳарҷон, падар падар аст. Устод ҳам бо меҳрубониву нармдилӣ ва масъулияти баланд аз дигар падарҳо фарқ доранд. Барои шогирдони ман тамоми имкониятҳои таҳсилу фароғатро фароҳам овардаанд. Баробари таҳсил дар мактаби миёна ва тармим онҳоро боз аз санъат ҳам бархурдор намудаанд. Бо ин қадар ғамхориву меҳрубонӣ магар Аюбҷону Юсуфҷон падарашонро дӯст надошта метавонанд? Ҳаргиз не! Воқеан, ана ҳамин дастгирӣ, ҳамин рисолати арзишманди шавҳар ва қадрдонию арҷгузории занону модарон аз тарафи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон Гулбуттаро нерӯ бахшида ҷониби қуллаҳои баланди мақсуд раҳсипор намудааст. Бо мадади шавҳар, ки бо ӯ дар коллеҷи ҷумҳуриявии фарҳанги ноҳияи Рӯдакӣ якҷоя фаъолият доранд, аз камбудию пешравии якдигар зуд бохабар мегарданд. Ӯ аввал факултаи ҳуқуқшиносии коллеҷи мазкур ва сипас факултаи фарҳангшиносии Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзодаро хатм намуд. Аз соли 2009 то имрӯз дар коллеҷи мазкур ба сифати мудири шуъбаи кадрҳо фаъолият дорад. Чун аз ҳунар, аз санъат воқиф аст, дар таҳияи барномаҳои ҷашнӣ, дар ташкили чорабиниҳои фарҳангӣ саҳмаш бағоят калон аст. Дӯст медорад касби хешро ва коргоҳи хеш-
ро, чунки ҳамин касбу ҳамин макони муқаддас ӯро миёни ҳамкасбон ва донишҷӯён соҳибэҳтиром намудааст. Зимни суҳбат ҷавононро пайваста таъкид менамояд, ки ба илму дониш такя намоянду бо рафтору гуфтори нек намунаи дигарон бошанд. Гулбутта бо ифтихор бобати савияи баланди дониши устодон, таъмини кадрҳои тахассусӣ дар муассисаҳои фарҳангии кишвар ҳарф мезанад ва ифтихор дорад, ки ӯ низ қатраест аз ҳамин дарё. Ӯ зан аст, вале дар ғайрату матонат, нангу номус ва ҳунармандияш аз мардон камӣ надорад. Гулбутта низ баробари корманди пурмасъул будан, кадбонуи хуб маҳсуб ёфта, ҳама ҳунарҳои модарро омӯтааставу барои ҷигарбандон ва ҳамсари дардошнояш омода менамояд. Пайваста донишҷӯйдухтаронро низ таъкид менамояд, ки аз ҳунаромӯзӣ рӯ натобанд, чунки онҳо модари ояндаанду модар бояд панҷ панҷааш ҳунар бошад. Орзуҳои Гулбутта орзуи танҳо ӯ нест, орзуи ҳар як падару модар аст, вале ин ҷо мақоли хубе низ ҳаст, ҳарчи коштӣ, ҳамонро медаравӣ. Замони зӯру тавон доштан, замони бори масъулиятро бардоштан, падару модари Гулбутта дар тарбияи фарзандон саҳм гузоштанд. Имрӯз дар сояи дарахтони бенуқсон сабзондаи худ роҳат доранд. Тоҷиддину Гуландом, Фотимаю Сироҷиддин, Парвинаю Фирӯза ва Меъроҷиддинро хононда, соҳбмаълумот кардаанд, ки ҳар яке дар соҳаҳои гуногун фаъолият доранду дар рушду нумуи кишвар, дар тарбияи фарзандон нақш доранд. Хулоса, волидон бо нахлҳои парварда ифтихор доранду фарзандон бо падару модари дорои рисолати ҳақиқӣ... Муҳаббати ЮСУФ
5 Зиндагӣ майдони талош аст Шояд ин андешаи аксарият бошад, ки ба чӣ шакл зиндагӣ кардани инсонҳо аз интихоб ва муносибати худи онҳо ба ҳаёт вобаста аст. Ба истиснои баъзе ҳолатҳо, ки хоҳишу хостаҳои мо, инсонҳоро сарфи назар мекунад, дигар дар ҳар вазъ метавон зиндагии хубу осударо дар баробари дигарон созмон дод. Чун мо низ мисли дигарон онҳое, ки муваффақ гаштаанд, ҷузъи ҷомеа маҳсуб меёбем. Ҳар субҳу шом вақте ба коргоҳ меояму меравам, бо ҳаётгузаронии ду тан рӯ ба рӯ мешавам. Моҳҳо боз рӯзгори ин ду тан, ки дуртар аз роҳи калон, дар наздикии биноҳҳои баландошёна, дар назди партовгоҳ мезиянд, маро сари мизи андеша мешинонад. Ду марди солим. Ба гуфтае як мушт зананд кӯҳ талқон мешавад. Бегонаақл ҳам нестанд. Субҳ то шом дар партовгоҳ ва бинои назди он як пора нон ва ё дигар чизе аз хурданӣ меҷӯянд. Ва шомгоҳҳон яке бари дарахти бинои навбунёд ва дигарӣ дохили чоҳи қубургузар, ки оби гарм мегузарад, шабро рӯз мекунанд. Чанд рӯзи баъд атрофи чоҳро тӯдаи кормандони ҳифзи ҳуқуқ печонида, аз дохил ҷасади марди оварагардро берун бароварданд. Акнун чандест, аз он ду якеаш мондаву дохили чоҳи гарми қубургузарро, ки хеле бадбӯю ифлос аст, макони доимӣ ихтиёр намудааст. Шояд иддае тавҳинам кунанд, ки зиндагӣ пуртазод аст. Шоҳро ба гадову гадоро ба шоҳ бадал мекунад. Якеро сағиру якеро дар ба дар кардаву дигареро ба тамом дилсард. Роҳи пуршебу фарози зиндагӣ гоҳо инсонҳоро чунон афгор мекунад, ки бе ихтиёр гӯё бо зонуи шикаста миёнаи ин роҳ по қад мекунанд. Аз ин ҳама дар дилашон дигар майли зиндагӣ кардан намемонад. Пасон аз ҳама чизу ҳама кас даст мешӯянд ва ҷое камин гирифта интизори марг мешаванд. Ман низ чун дигарон дар бадали дуруст будани ин андешаҳо сари розигӣ меҷумбонам, ки созмон додани як зиндагии хубу осуда ва воқеан арзандаи ба сар бурдан кори саҳл нест. Аммо сухани Саъдӣ бар ҷост, ки фармуда: Нобурда ранҷ ганҷ муяссар намешавад, Музд он гирифт, ҷони бародар, ки кор кард. Зани ҳамсояи мо умраш ба 70 дакка мехӯрад. Хеле бемадор менамояд. Ҳар бегоҳ аз мошини ширфурӯшӣ шир мегирад. Ҳоло ки рӯз нашудааст, бо чанд нон ширҳои гирифтаашро барои фурӯш мебарорад. Он даме, ки ӯ паи дарёфти ризқ аз хонааш берун мешавад, аксарияти мо дар хобем. Ва бояд андешид, ки дар сардиҳои зимистон барои як зани солхӯрда ин кори осон нест. Ё барои фалон ҳамсоямарду зани мову шумо осон нест, ки ҷони худ кафи даст гирифта умре дар ғарибӣ дунболи як луқма нон гардад. Он ҳам дар сардиҳо. Ба фалон нависанда, рӯзноманигор, муаллим, ки тамоми умрашро дар роҳи омӯзишу азхудкунӣ сарф намудааст, осон нест, ки рӯзу шаб миҷа таҳ накарда, барои рӯзиаш ранҷ мекашад. Аммо дар бадали ин онҳо зиндагии хубро дармеёбанд. Умуман ҳар ки меҳнат мекунад, зиндагии хуб дорад. Магар ҳамин бофтаҳои худи мо нест, ки мегӯем: “Аз ту ҳаракат, аз Худо баракат” ё баръакс “Касе кор накард, ишкам сер накард”? Майдони талош будани зиндагӣ бояд ҳамеша ҷилвагоҳи назари мо бошад. Агарчи аксаран талоши ин майдон моро ба бечорагӣ мувоҷеҳ месозад, ранҷу дард медиҳад, уфтода месозад. Аммо ба ҳеҷ ваҳҷ намесазад, ки таслими имтиҳони он шуд. Магар арзанда аст, ки аз роҳи бечорагӣ сари таслим фуруд орем ва то дами марг, зиндагиеро ихтиёр кунем, ки назистан аз он беҳтар бошад? Хуршед МАВЛОНОВ, “ҶТ”
6 Паёми имсолаи Пешвои миллат амсоли паёмҳои қаблӣ хеле пурмуҳтаво буд. Дар Паёми имсолаи Пешвои миллат моҳияти равандҳои асосии минтақавӣ ва ҷаҳонӣ арзёбии амиқ ёфта, маҷмӯи масъалаҳои муҳимтарини ҳаёти ҷамъиятию сиёсӣ ва иҷтимоиву иқтисодии мамлакат баррасии ҳамаҷониба гашта, барои рушди устувори ҳар як соҳа ва рафъи камбудиҳои ҷойдошта дар онҳо дастуру супоришҳои қатъӣ ва таклифу ҳидоятҳои зарурӣ дода шуданд. Аз назари мазмун ва муҳтавояш, Паёми имсола аз шаш бахши асосӣ иборат буд: таҳлили равандҳои минтақавию байналмилалӣ ва тафсири ҷойгоҳи Тоҷикистон дар ҷаҳони муосир; таҳлили вазъияти рушди иқтисодӣ ва ислоҳоти низоми молиявии кишвар; масъалаҳо ва дурнамои рушди соҳаҳои саноат ва соҳибкорӣ дар мамлакат; дастовардҳо ва дурнамои сиёсати иҷтимоии давлат; масъалаҳои таҳкими ҷомеаи ҳуқуқбунёд ва таъмини амнияти миллӣ дар шароити муосир; воридшавии Тоҷикистон ба марҳалаи нави рушд ва вазифаҳо барои оянда. Ибтидо Пешвои миллат дар Паём дар хусуси сиёсати хориҷию дохилии давлатамон дар марҳилаи кунунӣ бавусъат ибрози андеша намуданд. Дар ин замина, Сарвари давлат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба масъалаи тағйирёбии вазъи сиёсию иқтисодӣ ва амнияти
“ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН”, №03 (9533), 18.01.2018
ДАР ҲОШИЯИ ПАЁМ ба ин, Сарвари давлат аз ҷомеаи ҷаҳонӣ даъват ба амал оварданд, ки ҷиҳати дастгирии рушди иҷтимоиву иқтисодӣ ва беҳтар намудани вазъи амниятии ин кишвар кӯмакҳои амалии худро афзоиш диҳанд. Бахши марказии Паёми Пешвои муаззами миллатро вазъияти иқтисодии мамлакат ва таҳлили дурнамои миёнамуддат ва дарозмуддати он ташкил медиҳад. Тавре дар Паём зикр шуд, дар ин самт дар кишвар заминаҳои мусоид муҳайё гардида, стратегияву барномаҳои давлатӣ амалӣ шуда истодаанд. Тайи ду соли охир татбиқи “Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030” амалӣ гардида истодааст. Барои расидан ба ҳадафҳои пешбинишуда дар ин давра аз ҳисоби буҷети давлатӣ зиёда аз 36 миллиард сомонӣ ҷудо гардида, дар солҳои 20182020 ба ин мақсад равона сохтани қариб 70 миллиард сомонӣ ба нақша гирифта шудааст. Дар мавриди иҷрои Барнома Сарвари давлат дар Паёмашон Ҳукумати мамлакатро вазифадор намуданд, ки натиҷаи ду соли татбиқи барномаро ҳаматарафа таҳлил кар-
Ҳидоятҳои созанда барои ҷомеа ҷаҳон ёдовар шуда, аз ҷумла чунин зикр намуданд: “Воқеият чунин аст, ки ҷуғрофияи нооромиҳо торафт доман паҳн намуда, таҳдиду хатарҳои глобалӣ имрӯз ба асосҳои бунёдии тартибу низоми ҷаҳонӣ ва усулҳои муносиботи байналмилалӣ таъсиргузор мебошанд. Идомаи минбаъдаи ин ҳолат метавонад боиси амиқ гардидани таҳдиду хатарҳои сиёсиву иқтисодӣ, амниятӣ ва башариву фарҳангӣ дар минтақаҳои гуногуни олам гардад”. Вобаста ба масъалаи мазкур Сарвари давлат бо ҷомеаи ҷахонӣ ҳамгироии боз ҳам бештари Тоҷикистонро зарур шумурда, чунин таъкид намуданд: “Дар марҳалаи кунунӣ кишвари мо бо мақсади вокуниши саривақтӣ ба таҳдиду хатарҳои ҷаҳонӣ дар раванди ташаккули иқтидори муносиби дохилӣ ва хориҷӣ тадбирҳои муассир меандешад. Дар ин раванд, барои Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамгироии бештар
Паёми Пешвои миллат аз ҷониби ҷавонони шаҳри Исфара бо ифтихори бузург ва ҷонибдории комил аз сиёсати дурусти роҳбарияти давлат пазируфта шуд. Дар ҷараёни суҳбатҳое, ки вобаста ба муҳокимаи нуктаҳои умдаи Паём доир мегарданд, аён мешавад, ки таваҷҷуҳ ва эътимоди хосаи Пешвои миллат ба насли ҷавон онҳоро ба ҳаёту фаъолияти минбаъда дилгарм месозад. “Ғамхории ҳукумат нисбат ба ҷавонон танҳо бо Соли ҷавонон маҳдуд намешавад. Баръакс, ҳалли масъалаҳои вобаста
бо ҷомеаи ҷаҳон ва минтақа, сохторҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ, инчунин, ба роҳ мондани ҳамкориҳои фарогир муҳим мебошад. Мо ҷонибдори низоми ҷаҳонии одилона, бидуни ҷангу низоъ, густариши ҳамкориву шарикии баробар ва судманди ҳамаи кишварҳои олам, таъмини амнияти ҷаҳониву минтақавӣ бо роҳи созишу муколамаи созанда бар асоси Ойинномаи Созмони Милали Муттаҳид мебошем”. Дар идома Сарвари давлат таҳким ва густариши муносибатҳоро бо кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва кишварҳои Осиё дар сиёсати хориҷии кишвар муҳиму аз ҳадафҳои созандаи Тоҷикистон арзёбӣ намуданд. Инчунин, зикр намуданд, ки кумак ба эҳёи иқтисодӣ ва рушди иҷтимоии Афғонистон беҳтарин роҳи истиқрори сулҳу субот дар ин кишвар ва таъмини амният дар минтақа мебошад. Вобаста
да, минбаъд ҳамаи имкониятҳои мавҷударо барои сифатнок амалӣ гардонидани он сафарбар намояд. Пешвои миллат ба масъалаҳои рушди саноат ва дастгирии ҳамаҷонибаи соҳибкорӣ дар кишвар таваҷҷуҳи махсус додаанд. Дар ин бахш ояндаи рушди кишвар дар шакли индустриалӣ ва инноватсионӣ пешбинӣ гашта, ба рушди соҳаҳои афзалиятнок чун энергетика, сохтмони роҳ, ворид намудани технологияи нав дар соҳаи кишоварзӣ ва таъмини аҳолӣ бо маҳсулоти солиму хушсифат таъкид гаштааст. Чун дигар соҳаҳо Президенти кишвар дар Паёми имсола ба соҳаи маориф ҳамчун соҳаи афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат таваҷҷуҳ зоҳир намуда, вазъи соҳаро мавриди таҳлил ва вазифаҳои минбаъдаро дар ин самт муайян намуданд. Ҳамчунин, зикр гардид, ки нишондиҳандаҳои рушди нерӯи инсонӣ аз се самти асосӣ
Паёми дилгармӣ ба зиндагӣ ба наврасону ҷавонон минбаъд низ самти муҳимтарини фаъолияти мо хоҳад буд”, гуфтани Роҳбари давлат дар рӯзҳои охирини Соли ҷавонон ба мо дар азми фатҳи минбаъдаи қуллаҳои мурод руҳу илҳоми тоза бахшид. Президенти мамлакат зимни ироаи Паём дар баробари изҳори қаноатмандӣ аз ширкати фаъолонаи ҷавонон дар маъракаҳои муҳими давлативу ҷамъиятӣ ба самтҳои умдаи фаъолияти минбаъдаи ҷавонон ишора намуданд: "Дар ин раванд, зарур аст, ки минбаъд худи ҷавонон ташаббускори амалҳои созанда бошанд, дастовардҳои илмиву эҷодии худро сари вақт муаррифӣ созанд, ба муқобили
зуҳуроти номатлуб мубориза баранд, зиракии сиёсиро аз даст надода, дар ҳифзи амнияти ҷомеа ва давлат омода бошанд, таъриху фарҳанги халқамонро гиромӣ доранд ва барои ободиву пешрафти минбаъдаи Ватани маҳбубамон саъю кӯшиш намоянд". Бахши ҷавонон ва варзиши шаҳри Исфара аллакай дар асоси дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат, ба таҳияи нақшаи чорабиниҳо барои давраи минбаъдаи фаъолияти худ пардохтааст. Тадбирҳоро баҳри болобарии сатҳи эҳсоси ифтихор аз Ватан ва масъулияти ватандорӣ, ҳушёриву зиракии сиёсӣ, донишомӯзиву азхудкунии технологияи муосир, пешги-
- дастрасӣ ба таҳсилот, тандурустиву дарозумрӣ ва сатҳи шоистаи зиндагӣ иборат мебошанд. Дар робита ба ин, қайд гардид, ки соли 2017 аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳо ҷиҳати сохтмон ва азнавсозии муассисаҳои таълимӣ зиёда аз 400 миллион сомонӣ сарф гардида, 24 ҳазор ҷойи нишаст муҳайё карда шудааст. Варзиш ҳамчун қосиди сулҳ ва воситаи беҳтарини муаррифии давлату миллат дар арсаи байналмилалӣ унвон гардидааст. Вобаста ба ин самти муҳими ҷомеа Пешвои миллат ба масъулини соҳа ҷиддан таъкид намуданд, ки ҳарчанд дар шаҳру ноҳияҳои мамлакат аз соли 2011 то 2016-ум беш аз 1400 иншооти варзишии нав бунёд гардида, қариб 1100 иншоот таъмиру таҷдид шуда бошад ҳам, вале дар самти бунёди майдону толорҳои варзишии наву замонавӣ ва рушди минбаъдаи соҳа боз ҳам корҳои зиёдеро ба сомон расонидан зарур аст. Имрӯз дар дунё кишварҳое ҳастанд, ки қисми зиёди даромади буҷаи давлаташон аз ҳисоби сайёҳӣ аст. Пешвои миллат ҷиҳати рушди соҳаи сайёҳӣ соли 2018-ро "Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” эълон карданд. Таъкид шуд, ки барои рушди ҳунарҳои мардумӣ ба ҳунармандон, косибон, чеварон ва ҳамаи онҳое, ки ҳунарманданду дар хонаҳои худ ба касбҳои гуногун машғуланд ва барои сайёҳон молҳои мароқовар ва тарғибгари фарҳанги миллиамон пешкаш менамоянд, грантҳо ҷудо ва фурӯши ин маҳсулотҳо аз андоз озод карда шавад. Ин аз як ҷониб ҷойҳои кориро ба вуҷуд оварда, сатҳи зиндагии мардумро беҳтар кунад, аз ҷониби дигар фарҳанги миллиамонро ба ҷаҳониён муаррифӣ менамояд. Дар маҷмӯъ, супоришу вазифагузориҳое, ки аз Паём бармеоянд, ҳамагӣ ба рушди иқтисодии кишвар ва дар ин замина ба баланд бардоштани сатҳи зиндагии аҳолии кишвар нигаронида шудаанд. Мирзобоқӣ ШАРИПОВ, ноиби ректори ДТҶТ ба номи С.Раҳимов оид ба тарбия, Мавлон ШАРИФОВ, ҳуқуқшиноси ДТҶТ, ба номи С.Раҳимов
рии қонунвайронкуниву ҷинояткорӣ, таъмини волоияти қонун, тарғиби фарҳанги пурғановати миллӣ, тарзи ҳаёти солим, рушди варзиш ва оммавӣ гардонидани он ва ҷалби теъдоди ҳарчӣ бештари ҷавонон ба раванди эҳёи ҳунарҳои мардумӣ ба роҳ мондааст. Мо ҷавонон ҷавобан ба бовариву эътимоди Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ваъда медиҳем, ки баҳри ҳифзу обод кардан ва ба наслҳои оянда ба мерос гузоштани Ватани ободу рушдёбанда, таҳкими Ваҳдати миллӣ ва Истиқлолияти давлатӣ, густариши сатҳи худшиносиву худогоҳӣ ва ватандӯстӣ дар ҷомеа пайваста кӯшишу талош хоҳем кард! Моҳрӯ ТӮРАЕВА, мудири бахши ҷавонон ва варзиши шаҳри Исфара
“ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН”, №03 (9533), 18.01.2018
Соҳае, ки буҷаи давлатро ғанӣ хоҳад гардонд Мавзеъҳои нотакрору хушманзара, ҷойҳои тамошобоб муаррифгари кишвари офтобрӯяи тоҷикон дар арсаи ҷаҳонӣ ба ҳисоб меравад. Ин аст, ки аз ҳар канору гӯшаи олам сайёҳони бешумор ба диёри мо сафар намуда, мехоҳанд чунин табиати фусункор ва гуногунрангро аз наздик, бо чашми сар бинанд. Ва хушбахтона ташрифи сайёҳон ба диёрамон сол то сол афзоиш дорад. Ҳамаи инро ба назар гирифта, Ҳукумати кишвар сохтори ҷудогонаи Кумитаи рушди сайёҳиро таъсис дод. Ҳамчунин, Ҳукумати Тоҷикистон Консепсияи рушди туризм барои солҳои 2009-2019-ро қабул кардааст, ки дар он самтҳои афзалиятноки рушди ин соҳа муайян шудаанд. Мувофиқи ин консепсия, то соли 2020 ташрифи беш аз 1 миллион нафар сайёҳон ба Тоҷикистон пешбинӣ шудааст. Дар рафти ироаи Паёми навбатии худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли равонро Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ эълон намуд. Ҳамаи ин гувоҳ аз он аст, ки Ҳукумати ҷумҳурӣ сайёҳиро чун яке аз соҳоти муҳим дарк намудааст. Ва имкон аст буҷаи давлат аз ҳисоби ҷалби ҳар чи бештари сайёҳон торафт афзоиш ёбад. Зеро дар баъзе кишварҳо ҳаҷми даромад аз сайёҳӣ беш аз 50 фоизи маҷмӯи маҳсулоти дохилиро ташкил медиҳад Ҳамчунин, бо ин васила ҷойҳои кории нав муҳайё ва сатҳи рӯзгори мардум беҳтару хубтар мешавад. Сайёҳӣ натанҳо як омили ҷалби бештари сайёҳон ва муҳайё намудани ҷойҳои нави корӣ, ҳамчунин сабабгори бунёди иншооти нав ва афзоиши ҳаҷми савдо маҳсуб шуда метавонад. Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар паёми худ ба Маҷлиси Олии кишвар муҳимияти соҳаи сайёҳиро дарк намуда, изҳор намуд, ки баҳри рушди соҳа як қатор тадбирҳои судманд ва ҳавасмандгардонӣ андешида шудаанд. Чунончи, воридоти таҷҳизоту масолеҳи сохтмонӣ барои иншооти сайёҳӣ аз пардохти андоз ва гумрук ва ширкатҳои сайёҳӣ муддати панҷ соли аввали фаъолият аз пардохти андоз аз фоида озод шудаанд. Дар ин замина, ҳамчунин зикр намудан ба маврид аст, ки солҳои охир дар диёрамон низоми содаи гирифтани раводид барои шаҳрвандони 80 кишварҳои олам ҷорӣ шудааст. Айни замон тибқи қонунгузориҳои Тоҷикистон муҳлати ба қайд гирифтани шаҳрвандони кишварҳое, ки бо мо низоми раводид доранд, то се рӯз муайян гардидааст. Барои ҷалби боз ҳам бештари сайёҳон, моҳи декабри соли пешин, зимни ироаи паём ба Маҷлиси Олӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Ҳукумати кишвар пешниҳод намуд, ки ин муҳлат то даҳ рӯз дароз карда шавад. Ҳамаи ин имкон медиҳад, соҳаи сайёҳӣ торафт рушд ёфта, шумораи боз ҳам зиёди сайёҳон ба кишварамон ташриф оранд. Ва соҳаи сайёҳӣ чун воситаи муаррифгари таърихи халқи тоҷик, фарҳанг ва маросиму анъанаҳои неки он дар арсаи ҷаҳонӣ гардад. Балхияи МИРЗОПУР, омӯзгори мактаби таҳсилоти миёнаи умумии рақами 71-и ноҳияи Шоҳмансури пойтахт
Дар паёми имсола ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сараввал суханронии худро аз таҳдиду хатар ба амнияти умумиҷаҳонӣ оғоз намуда, чунин изҳор дошт: «Соли 2017 дар гӯшаҳои гуногуни олам нооромиву низоъҳо идома ёфта, барои ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳамчун айёми душвору пуртазод эътироф гардид. Дар ин давра зиёда аз сад давлати дунё мавриди ҳамлаҳои ғайриинсонии террористон ва ифротгароён қарор гирифт.» Дар ҳаққиқат агар ин таҳдиду хатарҳо пешгирӣ нашаванд, метавонанд сабабгори нооромиҳои сиёсиву иқтисодӣ ва халадории амнияти умумибашарӣ гарданд.
7
ДАР ҲОШИЯИ ПАЁМ
Паёми Пешвои миллат давоми мантиқии паёмҳои қаблӣ буда, фарогири ҳамаи паҳлуҳои ҳаёти ҷомеа ва соҳаҳои ҳаётан муҳими мамлакат аст ва ба сифати роҳнамо дар рушди иқтисодиву иҷтимоии кишвар ва афзоиши нуфузу эътибори давлатамон дар арсаи байналмилалӣ нақши хеле муҳим хоҳад бозид. Гарчанде дар шароити пурхатари муборизаи кишварҳои абарқудрат барои ба даст овардани манфиат, мавҷудияти таҳдидҳои пайвастаи терроризму экстремизим муайян намудани мавқеи мамлакат басе мушкил бошад ҳам, хиради азалӣ ва сиёсати дурбинонаи Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имкон дод, ки ҷойгоҳи ҷумҳуриро дар қатори давлатҳои пешсафи минтақа таҳким бахшад. Бартарии Паёми имсола ҳамчун ҳуҷҷати тақдирсоз дар он зоҳир меёбад, ки илман асосонок ва амалишаванда буда, натиҷаҳои иқтисодию иҷтимоии кишвар ва рушду тараққиёти соҳаҳои мухталифи хоҷагии халқи мамлакат гувоҳи беҳтар гардидани сатҳу сифати зиндагии мардум буд.
Паём роҳнамои фардост Дар ин замина, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар раванди татбиқи ислоҳот барои баланд бардоштани сатҳи некўаҳволии мардум пайваста чораҷўӣ намуда, дар татбиқи босифати барномаҳои соҳавӣ мусоидат намудааст. Ин ҷаҳиши бузург дар рушди соҳаҳои энергетика, маориф, тандурустӣ, фарҳанг, ҷавонон ва варзиш мебошад. Аз 1 сентябри соли 2018 дар асоси барномаҳои тарҳрезишуда ҳадди ақал ва ҳадди ниҳоии нафақа аз рӯи синну сол ва нафақаи заминавӣ, инчунин нафақаҳои меҳнатии шаҳрвандон ба ҳисоби миёна то 15 фоиз, стипендияи донишҷўён ва дигар намудҳои стипендия 15 фоиз зиёд карда шуда, музди меҳнати кормандони мақомоти ҳокимият ва идоракунии давлатӣ, муассисаҳои маориф, илм, фарҳанг, варзиш, тандурустӣ, муассисаҳои соҳаи ҳифзи иҷтимоӣ ва дигар ташкилоту муассисаҳои буҷетӣ 15 фоиз, музди меҳнати кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва хизматчиёни ҳарбӣ 10 фоиз зиёд карда мешаванд. Ин дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон шахсан ғамхориҳои Пешвои миллат масъулияти кормандони соҳахои номбурдаро дучанд ме-
намояд, то ҷавобан ба таваҷҷуҳи Сарвари давлат барои пешрафти ҷомеа саҳмгузорӣ намоем. Воқеан ҳам таҳлилҳои Паёми имсолаи Пешвои миллат бозгӯи он буд, ки Тоҷикистон дар 10 соли охир дар самти иқтисодию иҷтимоӣ ва беҳтар намудани сатҳу сифати зиндагии мардум пешравии бесобиқа намуда, ҳамчун кишвари соҳибистиқлол ва демократию ҳуқуқбунёд дар арсаи байналмилалӣ шинохта шуд. Бояд гуфт, ки Тоҷикистон аз назари демографӣ дар ҳоли рушд карор дошта, имрўз аз нисф зиёди аҳолӣ, ё ин ки қувваи асосии пешбарандаи онро ҷавонон ташкил медиҳад ва табиист, ки бе иштироки фаъолонаи ҷавонон рушди иқтисодиву иҷтимоӣ ва сиёсиву фарҳангии давлатро тасаввур кардан ғайри имкон аст. Масъалаи сиёсати давлатии ҷавонон, нақш ва иштироки бевоситаи онҳо дар ҳаёти сиёсиву иқтисодии кишвар яке аз масъалаҳои асосӣ дар паёми ҳамасолаи Президенти мамлакат буда, ба ин мавзуъ ҳамчун яке аз масъалаҳои муҳими давлатдорӣ ва манбаи муҳимтарини ташаккули захираҳои инсонӣ таваҷҷуҳи доимӣ зоҳир мегардад, ки дар Паёми соли 2016, соли 2017-ро
«Соли ҷавонон» эълон намуданд ва ин боиси сарфарозии ҷавонон гардид. Дар Паёми имсола Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли 2018-ро “Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” эълон намуд, ки барои муаррифии ҳунраҳои қадима, ҷалби сайёҳонӣ дохил ва хориҷи кишвар ба мавзеъҳои дилкашу афсонавии Тоҷикистон саривақтӣ мебошад. Зеро кишвари мо воқеан ҳам аз ҷиҳати чашмаҳои мусаффо, кўҳҳои осмонбус ва табиати нотакрори дилхушкунанда ҳамто надорад. Бо боварии зиёд гуфта метавонем, ки мо хизматчиёни давлатӣ сифатҳои нави иҷтимоию иқтисодии дар Паёми навбатӣ ироа гардидаро дар самти боло бурдани маърифатнокӣ, тарбияи дурусти ҷавонон дар рӯҳияи ватандўстию ифтихори миллӣ тамоми кӯшишу ғайрати худро равона хоҳем кард. Насриддинзода РАМАЗОН, мудири бахши кор бо ҷавонони Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилояти Хатлон,
Тамоми соҳаҳо бояд батадриҷ рушд ёбад Тоҷикистон дар Осиёи Миёна дар минтақае ҷойгир аст, ки барои беҳтару хубтар гардонидани соҳаи сайёҳӣ мавзеъҳои мусоидро дорост. Вале барои истифодаи чунин шароитҳои минтақавӣ бояд Ҳукумати мамлакат дар рушди сайёҳӣ ва ҷалби сайёҳони хориҷӣ ба кишвари мо мушкилоти дар ин самт ҷойдоштаро сари вақт ҳал намояд. Миллати тоҷик аз азал мардуми дорои ҳунарҳои зебои инсон маҳсуб меёбад. Аммо назарсанҷиҳо нишон медиҳад, ки солҳои охир ҳунарҳои мардум қариб аз байн рафта, шумораи ками ҳунармандони мардумӣ дар деҳаҳои дурдаст боқӣ мондаасту халос. Ҷиҳати рушди соҳаи сайёҳӣ ва аз сари нав эҳёи ҳунарҳои мардум бо ташаббуси Пешвои миллат соли 2018 дар Тоҷикистон Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ эълон шуд. Соҳаи маориф яке аз соҳаи
муҳим дар пешбурди давлатдорӣ ба шумор меравад. Аз ин лиҳоз Пешвои миллат ба ин соҳа диққати махсус зоҳир карда, Вазорати маориф ва илми ҷумҳуриро водор сохт, то ки ҷиҳати боло бурдани сатҳу сифати дониши хонандагону донишҷӯён, омӯзиши илмҳои муосир ва забонҳои хориҷӣ тадбирҳои иловагӣ андешида, ба масъалаи баланд бардоштани ҳисси худшиносии миллӣ, ватандӯстӣ, ифтихори ватандорӣ ва дар руҳияи инсонпарварӣ тарбия намудани насли навраси кишвар таваҷҷуҳи аввалиндараҷа зоҳир намоянд. Пешвои миллат саломатии мардумро шарти муҳимтарини пешрафти мамлакат ҳисобида, ба ҳалли масъалаҳои вобаста ба тандурустии аҳолӣ эътибори аввалиндараҷа медиҳад. Ҳоло дар кишварамон 32 корхонаи хурди дорусозӣ фаъолият мекунад, аммо онҳо ҳамагӣ 240
номгӯи маводи доруворӣ ва тиббиро истеҳсол мекунанд. Ин дар ҳолест, ки дар Тоҷикистон зиёда аз 3500 навъи гиёҳҳои шифобахш ва садҳо маконҳои обҳои гарми табобатӣ мавҷуд аст. Бо дарназардошти беҳтар намудани вазъият ва нигоҳ доштани солимии аҳолӣ, Пешвои миллат пешниҳод намуд, ки воридоти технологияҳои навтарин барои корхонаҳои дорусозӣ ва таҷҳизоти ҳозиразамони ташхису табобат аз андоз аз арзиши иловашуда ва боҷи гумрукӣ озод карда шавад. Таъсиси ҷойҳои корӣ яке масъалаҳои беҳтар намудани вазъи иқтисодию иҷтимоии мардум ба шумор меравад. Соли гузашта 135 ҳазор ҷойи кори доимӣ, муваққатӣ ва мавсимӣ ташкил шуда буд, ки ин мушкилии нарасидани ҷойи кориро ҳал карда наметавонад. Баҳри ин Пешвои миллат Ҳукумати мамлакатро вазифадор намуд, ки ҷиҳати
таъсис додани корхонаҳои хурду миёна тадбирҳои бетаъхир андешида, дар давоми соли 2018 то 110 ҳазор ҷойи кори доимӣ, бахусус барои занону ҷавонон таъсис диҳад. Кулли мардуми тоҷикро мебояд, ки ҷавобан ба ин дастгириҳои беназири Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, дастовардҳои истиқлолият ва ваҳдати миллиро, ки барои мо ба осонӣ ба даст наомадааст, ҳифз намоем ва ватани маҳбубамон - Тоҷикистонро ба ҷаҳониён чун давлати соҳиби таъриху фарҳанги ғанидошта ва пайрави арзишҳои инсонӣ муаррифӣ намоем. Исфандиёр БАДАЛОВ, ассистенти кафедраи таърих ва ҳуқуқи Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ
8
“ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН”, №03 (9533), 18.01.2018
ВАРЗИШ
Ташаккули ҷисмонӣ – омили муҳими солимии ҷомеа “Солимии ҷомеа бақои давлат ва тарбияи ҷисмонӣ асоси солимист”, - таъкид мекунанд Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон. Воқеан, саломатии ҷамъият ба саломатии ҷомеа вобаста аст. Бе саломатӣ ягон корро пеш бурдан мумкин нест. Имрӯз рушд ва пешрафти ҷаҳони муосир ба ду ҷанбаи асосӣ, яке ба илму техника ва технология, дигаре солимии афроди ҷомеа сахт марбут аст. Рушди техника ва технология бе ҷисми солим ташаккулёфта, амалӣ нахоҳад шуд. Вобаста ба талаботи замон зарур аст, ки роҳҳои самарабахши тарбияи ҷисмониро ҷустуҷӯ намоем. Барои расидан ба ин ҳадаф мебояд насли наврасро бештар ба ташаккули ҷисмониашон раҳнамун созем. Ташаккули ҷисмонии насли наврас бошад аз боғчаи кӯдакон ва мактаб оғоз гардида, дар таълимгоҳҳои олӣ рушд меёбад. Басо хурсандиовар аст, ки дар сиёсати имрӯзаи ҷумҳуриамон масоили солимии миллат, инкишофи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш беш аз пеш мавқеъ пайдо мекунад. Ин падида пеш аз ҳама ба шарофати сулҳу субот, ваҳдати бебозгашти миллӣ ба шарофати таваҷҷуҳи хосса зоҳир намудани Пешвои миллат мебошад. Ҳанӯз аз рӯзҳои аввали соҳибистиқлолӣ ба солимии ҷомеа, бахусус насли наврас Президенти кишварамон таваҷҷуҳ ва ғамхории пайваста зоҳир намуда истодаанд. Қабули қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш”, “Дар бораи варзиши кӯдакон ва наврасон”, “Дар бораи тайёрии варзишӣ”, давра ба давра қабулу амалигардонии Барномаи дурнамои инкишофи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш, “Консепсияи миллии инкишофи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш”, қабули санадҳои зиёд бобати ҳавасмандгардонии варзишгарон бобати мустаҳкам намудани заминаи меъёрии ҳуқуқии соҳа заминаи мусоид фароҳам овардааст. Айни замон зиёда аз 50 федератсияи варзишӣ, ки аз рӯи намудҳои олимпӣ ва ғайриолимпӣ фаъолият менамоянд, дар қатори сохторҳои давлатии соҳаи варзиши кишвар дар татбиқи сиёсати давлатии тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш саҳми муносиб гузошта истодаанд. Тавре шоҳидем, дар шаҳру ноҳияҳои кишвар иншооту маҷмааҳои муҳташами зиёди варзишӣ бунёду навсозӣ гашта истодаанд. Ҳамарӯза дар маҳаллаҳои пойтахти азизамон бо ибтикори шаҳрдории пойтахт, муҳтарам Рустами Эмомалӣ, ки ба соҳаи варзиш пайваста таваҷҷуҳи махсус зоҳир менамоянд, шоҳиди рӯйдодҳои нави варзишӣ гашта истодаем. Тавре аз маълумоти расмии масъулони соҳаи варзиши кишвар бармеояд, то ба давраи 1 январи соли равон дар кишвар 8590 иншооти варзишӣ ба қайд гирифта шудааст. Тавре дар вохӯрӣ бо намояндагони ҷавонон Сарвари давлат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз доштанд: “Имрӯзҳо кӯшиши давлат ба рушди варзиш, таҳияи барномаҳои гуногун оид ба ташаккули арзишҳои ахлоқиву маънавӣ, тарзи ҳаёти солим ва тарбияи ҷисмонӣ нигаронида шудааст. Маҳз ба ин тариқ мо метавонем ташаккули фикри созандаи насли наврас, таблиғи тарзи ҳаёти солим, ривоҷи навовариву ташаббускориро дар байни ҷавонон таъмин намоем. Ҳадафи асосӣ он аст, ки мо ҷавонони ҷисман солим ташаккулёфтаро дар пешрафти корҳои созандагию бунёдкорӣ дар тамоми самтҳои ҷомеа пайдо намуда, фаъолгардонию сиҳатии ҷомеаро ба таври оммавӣ ба воситаи варзиш ба роҳ монем”. Дарвоқеъ, тамоми ин тадбирҳо барои тарбияи насли солим, оммавигардониву инкишофи варзиш миёни сокинон, бахусус насли наврас равона гаштааст. Инак, аз ин ҳама тадбирҳое, ки анҷом гирифта истодаанд, мо аҳли ҷомеа бояд самаранок истифода барем. Бояд фаромӯш насозем, ки ба камол расондани насли солиму созанда вазифаи муҳими падару модарон, мактабҳои таҳсилоти умумиву олӣ ва тамоми ҷомеа маҳсуб меёбад. Бисёр сарфарозам, ки ин нуктаро устодону шогирдони Коллеҷи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон хуб дарк намудаанд. Имрӯзҳо шогирдону дастпарварони муассиса на танҳо дар дохили кишвар, балки дар сабқатҳои сатҳи байналмилалӣ баромад намуда, парчами Тоҷикистони соҳибистиқлолро парафшон менамоянд. Гулназар ХОЛОВ, роҳбари бахши варзишии КТҶТ
Доварони тоҷик бозиҳои Ҷоми КФО2018-ро ҳакамӣ мекунанд Ҳайати доварони тоҷик бозии марҳилаи гурӯҳии Ҷоми КФО (Конфедератсияи футболи Осиё)-2018 оид ба футболро ҳакамӣ мекунад. Тибқи иттилои дафтари матбуотии федератсияи футболи Тоҷикистон доварони тоҷик таҳти роҳбарии довари 32-солаи ФИФА Насрулло Кабиров дар бозии марҳилаи гурӯҳии Ҷоми КФО-2018 оид ба футбол ҳакамӣ мекунад. Онҳо бозии даври сеюми гурӯҳи “А” миёни ғолиби ҷуфти плей-офф “Ҳилол Ал-Қудс” (Фаластин) – “Ал-Сувайк” (Уммон) ва “Ал-Ҷазира”-и Урдунро ҳакамӣ хоҳанд кард. Дар канораҳои майдон ба Н. Кабиров ёрдамчиёни довари ФИФА – Акмал Буриеви 32-сола ва Хусрав Сиддиқзоди
26-сола кӯмак мекунанд. Довари эҳтиётӣ довари 27-солаи ФИФА Гулмуроди Саъдулло интихоб шудааст. Инчунин нозир Волтер Эдвард Перейра аз Ҳиндустон ва комиссари бозӣ Чуанг Чин-Фан аз Тайбейи Чин таъйин шудаанд. Вохӯрӣ миёни дастаҳо 5 март дар Фаластин ё Уммон баргузор мешавад. Ин аввалин таъйиноти доварони тоҷик дар арсаи байналмилалӣ мебошад, ки таҳти сарпарастии Конфедератсияи футболи Осиё ба даст овардаанд.
Хоруғ: Мусобиқаи лижаронӣ доир шуд Бо ташаббуси Бахши кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Хоруғ дар Боғи марказии шаҳр байни мактаббачагон мусобиқаи лижаронӣ ва конкибозӣ баргузор гашт. Дар ин бора Имомёрбек Имомёрбеков, мудири Бахш иттилоъ дода гуфт, ки мусобиқа миёни 8 маҳаллаи шаҳр бо мақсади ҷалби наврасону толибилмон ба бозиҳои зимистона, оммавияти варзишу солимгардонии наслҳо ташкил шуд. Даври охири мусобиқа бо иштироки зиёда аз 40 нафар варзишгар доир гардид, ки дар натиҷа бо ҳисоби умумӣ маҳаллаи “Заводи нон” ҷои аввал, маҳаллаҳои “Валдоши Гулмамад” ва “Тем” зинаи дуюму сеюмро ишғол намуданд. Ба ғолибон аз ҷониби Бахш ифтихорнома тақдим гардид. Машҳур ИМОМНАЗАРОВ, “ҶТ”
Бунёди майдончаҳои нави варзишӣ Дар деҳаи Бобои Валии ҷамоати деҳоти Қалъаи дашти ноҳияи Файзобод бо саъю кӯшиши ҷавонони маҳаллӣ майдончаи варзишӣ бунёд гардид. Ҳамчунин соҳибкор Назаралӣ Раҳимов дар деҳаи Элоки ҳамин ҷамоат майдони варзишӣ ва сехи дӯзандагиро мавриди баҳрабардорӣ
қарор додааст. Айни замон дар сехи мазкур 20 нафар ҷавондухтарони маҳаллӣ бо ҷои кори доимӣ таъмин, ба дӯхтани сару либос ва дигар ашёҳои рӯзгор машғуланд. Бо иттилои мудири бахши ҷавонон ва варзиши ноҳия Ҷунайд Каримов корҳои созандагию
бунёдкорӣ дар доираи амалӣ намудани чорабиниҳо бахшида ба Соли ҷавонон, ки сипарӣ гашт хеле назаррас буданд. Бунёди майдончаҳои варзишӣ дар ҳудуди ҷамоати деҳоти Қалъаи дашт, аз зумраи онҳост. Ҳокими САФАР
“ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН”, №03 (9533), 18.01.2018
ВАРЗИШ
9
Тақдими унвон ва дараҷаҳои варзишӣ
16 январ дар толори маҷлисгоҳи Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маросими супоридани дараҷа ва унвонҳои варзишӣ ба варзишгароне, ки меъёрҳои “Номзад ба устоди варзиши Ҷумҳурии Тоҷикистон”, “Устоди варзиши Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва меъёри “Устоди варзиши дараҷаи байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон”-ро давоми соли сипаригардида иҷро намудаанд, баргузор гашт. Аҳтам Абдуллозода, раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш зимни ифтитоҳи он варзишгаронро барои соҳиб шудан ба унвонҳо ва муаррифии миллату давлат дар арсаи байналмилалӣ табрик намуда, аз ҷумла иброз дошт: “Бо шукргузорӣ аз фазои орому осудаи Ватан ва дастгирию ғамхориҳои падаронаи Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти варзиш, Тоҷикистон сол ба сол ҳамчун давлати варзишдӯст дар ақсои олам муаррифӣ мегардад. Мо ин иқдомҳою ғамхориҳои Ҳукумати кишварро истифода намуда, рӯз ба рӯз он камбудиҳои ҷойдоштаи соҳаро то қадри имкон бартараф карда истодаем. Соли 2018 барои варзишгарон соли муҳим хоҳад буд, зеро дар ин сол қатори дигар мусобиқаҳои байналмилалие, ки тибқи нақша гузаронида мешаванд, Бозиҳои осиёӣ дар давлати Индонезия баргузор мегардад. Мо барои дар сатҳи зарурӣ омода шудани варзишгарон ба ин маъракаи муҳими варзишӣ 80 ҳазор сомонӣ танҳо барои дар муассисаҳои варзишӣ фаъолият намудани нуқтаҳои тиббӣ ҷудо намудем, зеро солимии варзишгар дар ҷои аввал меистад. Барои дар сатҳи зарурӣ омода шудани варзишгарон ба мусобиқаҳои байналмилалӣ давоми соли 2018 зиёда аз 200 мусобиқаи сатҳи ҷумҳуриявӣ ба нақша гирифта шудааст, ки дар баробари омодашавии варзишгарон ба мусобиқаҳои байналмилалӣ, инчунин баҳри оммавияти варзиш дар кишвар заминаи мусоид фароҳам меорад”. Зикр гардид, ки барои дарёфти дараҷа ва унвонҳои варзишии “Номзад ба устоди варзиши Ҷумҳурии Тоҷикистон”, “Устоди варзиши Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва меъёри “Устоди варзиши дараҷаи байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон” дар соли 2017 зиёда аз 200 варзишгар ҳуҷҷат пешниҳод намуданд, ки тибқи қарори комиссия 175 нафарашон ба гирифтани унвону дараҷаҳо ноил шуданд. Чунончи нафарони зерин дараҷаи варзишро барои иҷрои меъёри “Номзад ба устоди варзиши Ҷумҳурии Тоҷикистон” ба даст оварданд: Маҳмадов Ҳоҷиқурбон – аз намуди варзиши каратэ-до Мукумова Сайёра - аз намуди варзиши тенниси рӯи миз Каримова Зуҳро - аз намуди варзиши тенниси рӯи миз Салимова Назокат - аз намуди варзиши тенниси рӯи миз Суюнова Манижа – аз намуди варзиши каратэ-до Сафаров Умед – аз намуди варзиши каратэ-до Каримова Зебогул – аз намуди варзиши каратэ-до Эшназарова Нигора – аз намуди варзиши каратэ-до Зиёев Азимҷон– аз намуди варзиши каратэ-до Ҷӯраев Зоҳирҷон - аз намуди варзиши каратэ-до Унвони варзишӣ барои иҷро намудани меъёри “Устоди варзиши Ҷумҳурии Тоҷикистон”: Ғафорова Мадина – аз намуди варзиши бокс Одинаева Ниссо – аз намуди варзиши гимнастика Дӯсматова Сабина – аз намуди варзиши гимнастика Каримова Сановбар – аз намуди варзиши Гимнастика Усонова Сановбар – аз намуди варзиши Гимнастика Алиева Асмера – аз намуди варзиши Гимнастика Имомбердиева Шоира – аз намуди варзиши гимнастика Тюрина Анастасия – аз намуди варзиши шиноварӣ Раҳимов Алишер – аз намуди варзиши шиноварӣ Маҳкамов Фахриддин – аз намуди варзиши шиноварӣ Хайруллоев Алиҷон – аз намуди варзиши шиноварӣ Ибрагимов Сино – аз намуди варзиши таэквон-до ИТФ Қурбонова Анора – аз намуди варзиши таэквон-до ИТФ Саторов Некрӯз – аз намуди варзиши таэквон-до ИТФ Раҳимова Муниса – аз намуди варзиши таэквон-до ИТФ Усмонов Накӯном– аз намуди варзиши таэквон-до ИТФ Хурсандова Таҳмина – аз намуди варзиши таэквон-до ИТФ Шоев Ҳайдар – аз намуди варзиши таэквон-до ИТФ Беромов Сипар – аз намуди варзиши таэквон-до ИТФ Содиқов Сайдамир– аз намуди варзиши таэквон-до ИТФ Садикова Элина – аз намуди варзиши таэквон-до ИТФ Гадоев Ромиш – аз намуди варзиши таэквон-до ИТФ
Алабердиев Зоҳир – аз намуди варзиши таэквон-до ИТФ Асоева Гулофарин – аз намуди варзиши волейбол Ҳусейнова Фарида – аз намуди варзиши волейбол Дерипаскин Григорий – аз намуди варзиши -сабук Зарипов Ҳусниддин – аз намуди варзиши сабук Исматов Одилшоҳ – аз намуди варзиши сабук Ғафуров Сайёд – аз намуди варзиши каратэ-до Фарангиси Баҳромзода – аз намуди варзиши каратэ-до Расулҷон Муҳаммадҳоким – аз намуди варзиши каратэ-до Муродзода Сафо – аз намуди варзиши дастхобонӣ Хоҷазода Беҳрӯз– аз намуди варзиши дзюдо Фарҳодов Раҳматуллобек – аз намуди варзиши дзюдо Фарҳодов Муҳаммадбек – аз намуди варзиши дзюдо Пирназарова Зумрат – аз намуди варзиши қаиқронӣ Расулов Тоҳир – аз намуди варзиши қаиқронӣ Нодиров Нусратулло – аз намуди варзиши қаиқронӣ Раҷабов Некрӯз – аз намуди варзиши қаиқронӣ Султонов Саъдулло – аз намуди варзиши гӯштини миллӣ Ғазалшои Давлатшо – аз намуди варзиши гӯштини миллӣ Муродов Акмал – аз намуди варзиши гӯштини миллӣ Сафаров Мирзоамин – аз намуди варзиши юнону румӣ Зарипов Азизҷон – аз намуди варзиши юнону румӣ Амирҷони Саидҷон – аз намуди варзиши тарзи озод Шарипов Ҷамшед – аз намуди варзиши тарзи озод
Муҳиддинов Умедҷон – аз намуди варзиши самбо Дамири Шодӣ – аз намуди варзиши тенниси рӯи миз Исмоилов Фахриддин – аз намуди варзиши волейбол Маҳмадаминов Бобоҷон – аз намуди варзиши кудо Болтаев Давлат – аз намуди варзиши кудо Ғафорова Мадина – аз намуди варзиши бокс Ҳамрохонов Бунёд – аз намуди варзиши акробатика Шукуров Нуриддин – аз намуди варзиши акробатика Ғойбов Комрон – аз намуди варзиши акробатика Унвони варзишӣ барои иҷро намудани меъёри “Устоди варзиши дараҷаи байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон”: Ҳасанов Бахтовар – аз намуди варзиши юнону румӣ Абдулҳаев Суҳроб – аз намуди варзиши юнону румӣ Атабаев Даврон – аз намуди варзиши сабук Лоиқов Разиавлоҳ – аз намуди варзиши дзюдо Абдуллоев Ҷамолиддин – аз намуди варзиши дзюдо Фарҳодов Раҳматулло – аз намуди варзиши дзюдо Гадоев Фариддун – аз намуди варзиши таэквон-до Шодихони НАЗАР, “ҶТ”
10
ФАРҲАНГ
“ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН”, №03 (9533), 18.01.2018
Ҳунарҳои мардумӣ ҷузъи муҳими фарҳанги миллист Миллати тоҷик аз зумраи он халқу миллатҳое ба ҳисоб меравад, ки бо таъриху фарҳанги хеш аз дигар халқиятҳо мутафовит аст. Боиси хушҳолист, ки имрӯз дар тамоми шаҳру ноҳияҳои кишвар ҳунарҳои гуногуни мардумӣ, ки аз ниёгон ба мо омада расидааст, мавҷуд мебошанд. Яке аз шаҳрҳое, ки ҳунарҳои мардумиро дар худ зинда нигоҳ дошта, дар баробари ин насли ҷавонаш ба омӯзишу рушд бахшидани чунин ҳунарҳо машғуланд, шаҳри Ҳисори шодмон мебошад. МУАЛЛИФ: БЕҲРӮЗ ХОЛМУРОДОВ, “ҶТ”
ГУЛДӮЗӢ Гулдӯзӣ навъи санъати ороишӣ ва ҳунари мардумист. Он аз ҷумлаи ҳунарҳои бадеӣ буда, дӯхтани нақши гул ба рӯи матоъ мебошад. Яъне, касе ки ба рӯи матоъҳо нақш медӯзад. Ин ҳунари воло аз қадимтарин навъи санъати халқӣ буда, бо сӯзан ва чангакчаҳои махсуси гулдӯзӣ дар рӯи матоъҳои гуногун (пӯст, намад) бо ресмонҳои пахтагӣ, пашмӣ, абрешимӣ ва нахҳои зариву нуқрагӣ, инчунин бо сангҳои қиматбаҳо, шадаи майда, мӯҳраҳои реза, пулакчаҳои рахшон, тангаҳо, марҷону марворидҳо дастӣ иҷро карда мешавад. Ҳоло аксаран ин амалро мошинҳои дарздӯзии махсуси гулдӯзӣ иҷро мекунанд. Дар сарзамини тоҷикон гулдӯзӣ асосан ҳунари дастии авлодӣ буд. Баъдан, дар асри ХХ таъсиси омӯзишгоҳҳои рассомию бадеӣ, иттифоқҳои эҷодӣ, фонди бадеӣ, корхонаю иттиҳодияҳои ҳунарӣ таъсис дода шуд. Аз ин рӯ технологияи гулдӯзӣ тағйир ёфт: Аз ҷумла мошинҳои гулдӯзӣ афзалият пайдо карданд ва ҷои ҳунари дастиро мошинаҳои дарздӯзи гирифтанд. Айни ҳол қариб дар ҳар ноҳия дӯконҳои зардӯзию гулдӯзӣ мавҷуданд. Гулдӯзӣ аслан шуғли хонагӣ буда, барои ороиши сару либос, истиқоматгоҳ, ҷиҳози хона, ашёи шахсӣ, дастмол, ҷузвдон, тамокудон ва ғайра истифода мешавад. Асбобу олоти асосии гулдӯзӣ сӯзан, чангак, дарафш, ангуштпона мебошад. Шаклҳои (технология) гулдӯзӣ, юрма, илма ё пешсӯзанӣ, илмоқ, ироқӣ, ироқии чида, санама, нақшин, босма, кандахаёл, чиндахаёл, хомдӯзӣ, чамак ҳунарӣ ё гӯши бузак, бахия, куппа ва ғайра мебошанд. Яке аз намудҳои муҳими кашидадӯзӣ - зардӯзист, ки бо зарресмон дӯхта мешавад. Нақшҳои куртаҳои занона хеле ҷолиб буда, бештар дар манотиқи Кӯлоб, Қаротегин, Дарвоз ва Бадахшон дида мешаванд, ки ҳар яки он услуби хоси худро дорад. Таҳияи Гулбаҳор РАҲМОНОВА, “ҶТ”
Ҳунарҳои мардумӣ таърихи ниҳоят тӯлонӣ дошта, бо гузашти айём ва бо мурури вақт бо назардошти баланд рафтани сатҳи маърифату маънавиёт ва илму донишу фарҳанги ҳар як қавму миллат рушду нумуъ меёбад. Ҳунарҳои мардумӣ дар шаҳри Ҳисор бо таърихи ниҳоят куҳандоштааш дар тӯли ҳазорсолаҳои таърих марҳила ба марҳила инкишоф ёфтааст. Анъанаҳои пурғановат ва ҳунарҳои мардумии ин шаҳр бозгӯи фарҳанги воло, урфият ва анъаноту маърифату маънавиёти тамаддуни қадимаи минтақаи шуҳратёри Ҳисори бостонист. Ҷашни 3000-солагии Ҳисор, ки соли 2015 дар сатҳи баланд таҷлил гашт, далели гуфтаҳои болост. Дар шаҳри Ҳисор имрӯз ҳунарҳои мардумии дӯзандагӣ, бофандагӣ, оҳангарӣ, чубтарошӣ, гулдӯзӣ, чакандӯзӣ, тоқидӯзӣ, зардӯзӣ, зарбофӣ, бӯрёбофӣ ва сохтани асбобҳои мусиқӣ мавҷуданд, ки нишона аз фарҳанги ниёгон мебошанд. Мардуми шаҳр бо муҳаббати беандоза дӯхтани гулдӯзиҳои хоси водии Ҳисорро дар тӯли таърих нигоҳ дошта омадаанд, ки ин намунаҳо шаҳодат аз таъриху тамаддуни мо, ёдгорӣ аз гузаштаи ниёгонамон ба ҳисоб меравад. Ҳунармандони шаҳр аз давраҳои дур бо истифода аз риштаҳо шероз, кашидадӯзиҳои гуногун, сӯзанӣ ва ҷойнамоз мебофтанд. То миёнаи асри XX дар ҳар як хонадон тайёр намудани абрешим ба ҳукми анъана даромада, шуғли ҳамарӯзаи занон ба ҳисоб мерафт. Кашидадӯзӣ то ҳол шуғли асосии занони водии Ҳисор ба ҳисоб рафта, барои ороиши сарулибос, иқоматгоҳ, ҷиҳози хона ва дигар воситаи зиндагии хонаводаҳо мубаддал гаштааст. Асбобҳои асосии кашидадузӣ аз қабили сӯзан, дарафш, ангуштона ва чанбарак то ҳоло дар ҳар як хонаводаи Ҳисор мавҷуд буда, мавриди истифода қарор доранд. Ба таъкиди Парвиз Пулодӣ, мудири шуъбаи фарҳанги шаҳри Ҳисор, ҳунарҳои мардумӣ, ки асолати миллии моро муаррифгаранд, бояд ҳам рушд ва ҳам эҳё гарданд. “Барои он ки бисёре аз ин гуна ҳунарҳо дар марҳилаи азбайнравӣ қарор доштанд. Ҳар минтақаи Тоҷикистон ҳунару санъати хоси худро дорад. Масалан, дар ҷануби кишвар ҳунари чакандӯзӣ, дар шимоли ҷумҳурӣ атласбофӣ ва дар шаҳри Ҳисор ҳунари алочабофӣ рушд намудааст”,зикр кард номбурда. “Тибқи маълумотҳои мавҷуда мардуми шаҳр бо санъати баланди бофандагии атлас дар Бухоро ниҳоят машҳур буданд ва ин матоъро дарбориёни бухорӣ ососан аз Ҳисор мебурданд. Гулдӯзиҳои дараи Алмосӣ, Қаратоғ беҳамто буда, барои оро додани хонаи арӯсон истифода мешуданд. Бояд иброз дошт, ки
анъанаҳо (суннатҳо)-и мардумӣ сол то сол пеш рафта, тараққӣ намуда, модернизатсия низ мегарданд. Ҳамин аст, ки то ҳол дар Ҳисор гулдӯзӣ барои арӯсон ҷиҳози пурқиммат ба ҳисоб меравад. Зардеворӣ, чойхалта, ойинахалта, ҷома, миёнбандҳо, тоқии гулдӯзии ҳисорӣ, қолинҳои дастбоф, сӯзаниҳои гуногуни барои арӯсон дӯхташуда, ки онро асосан аз матоъҳои карбос, сатин ва шоҳӣ дӯхта мешуданд, то имрӯз ҳамин анъана дар шаҳри Ҳисор идома дорад”, - афзуд Парвиз Пулодӣ, мудири шуъбаи фарҳанги шаҳри Ҳисор. Имрӯзҳо дар ҳудуди шаҳр дар маҷмуъ 30 адад дастгоҳи қолинбофӣ ва 16 адад дастгоҳи адрасбофӣ ба фаъолият оғоз намуда, 342 нафар дар назди Раёсати Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ (254), Коллеҷи омӯзгорӣ (80), литсейи касбӣтехникӣ (8) расман ҳунари қолинбофӣ ва адрасбофиро, ки аз қадимтарин ҳунарҳои мардумист, омӯхтаанд. Дастгоҳҳои адрасбофӣ ва қолинбофӣ дар муассиса ва ҷамоатҳои зерин Раёсати Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ барои омӯзиш 3 дастгоҳи адрасбофӣ ва 6 дастгоҳи қолинбофӣ, Коллеҷи омӯзгорӣ 2 адад дастгоҳи адрасбофӣ ва 10 адад дастгоҳи қолинбофӣ, Литсейи касбитехникӣ 1 адад дастгоҳи қолинбофӣ, Ҷамоати деҳоти Деҳқонобод 1 адад дастгоҳи қолинбофӣ ва 1 адад дастгоҳи адрасбофӣ, Ҷамоати деҳоти Ҳисор 2 адад дастгоҳи қолинбофӣ ва 2 адад дастгоҳи адрасбофӣ, Ҷамоати деҳоти Навобод 1 адад дастгоҳи қолинбофӣ ва 1 адад дастгоҳи
адрасбофӣ, Ҷамоати деҳоти Ориён 1 адад дастгоҳи адрасбофӣ ва 2 адад дастгоҳи қолинбофӣ, Ҷамоати Хонақоҳи кӯҳӣ 3 адад дастгоҳи қолинбофӣ ва 3 адад дастгоҳи адрасбофӣ ва дӯхтани кӯрпачаҳои қуроқӣ, Ҷамоати деҳоти Алмосӣ 2 адад дастгоҳи қолинбофӣ, Ҷамоати деҳоти Сомон 2 адад дастгоҳи қолинбофӣ дар истифода буда, дар рушду эҳё намудани ҳунарҳои мардумӣ саҳми арзанда доранд. Баҳри таҳкиму рушди ҳунарҳои мардумӣ ва омӯзонидани онҳо ба насли ҷавону умедбахш имрӯзҳо дар шаҳр курсҳои гуногуни омӯзишӣ ба роҳ монда шуда, дар якчанд ҷамоату деҳот асбобҳои қолинбофии дастӣ ва адрасбофӣ ҷойгир карда шудааст. Тавассути Раёсати Агентии меҳнат шуғли аҳолӣ ва бахши муҳоҷират дар шаҳри Ҳисор 32 нафар дар соли 2015, 46 нафар дар соли 2016 курсҳои кӯтоҳмуддати қолинбофии дастӣ ва адрасбофиро хатм кардаанд. Дар ёздаҳ моҳи соли 2017 бошад, 191 нафар занон ва духтарони маҳаллӣ соҳиби сертификат гаштаанд. Дарвоқеъ, яке аз нишонаҳои ҳастии фарҳанги миллӣ ҳунарҳои мардумӣ ба шумор мераванд. Барои он ки дар баробари дигар соҳаҳои муҳим ҳунарҳои мардумӣ низ пойбарҷо бошаду фарҳанги миллии мо дар саросари олам мавриди таваҷҷуҳи пайваста қарор гирад, мо бояд таблиғгару таҳкимбахши фарҳанги миллӣ бошему баҳри боз ҳам хубтару беҳтар муаррифӣ намудани он ба оламиён фаъолияти хешро ба роҳ монем.
11
РАНГОРАНГ
“ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН”, №03 (9533), 18.01.2018
Майли зиёд ба илмомӯзӣ
Ҷавонони тоҷик бо татбиқи сиёсати давлатии ҷавонон, ки бо роҳнамоии Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сурат мегирад, тадриҷан дар соҳаи маориф ва илм мавқеашонро устувортар мекунанд. Ба ин далели майли зиёд доштани ҷавонон ба таҳсилу омӯзиш дар дохил ва хориҷи мамлакат мебошад. Мувофиқи маълумоти оморӣ танҳо соли пешин 4993 нафар, дар умум бошад, 20 ҳазор нафар ҷавонони ҷумҳурӣ айни ҳол дар хориҷи кишвар таҳсил доранд. Мақсад аз таҳсили донишҷӯён дар хориҷ аз бар намудани донишҳои замонавӣ ва саҳм гузоштан дар ҳаёти иҷтимоии мамлакат аст. Бо мақсади огоҳӣ аз рафти таҳсил дар хориҷи кишвар ва таваҷҷуҳи ҷавонони тоҷик ба илму касбомӯзӣ, бо Ҷабборов Дилшод, донишҷӯи курси 4-и Донишгоҳи иқтисод ва савдои шаҳри Гомели Ҷумҳурии Белорус суҳбат намудем. - Чаро иқтисодчӣ шудан хостед? - Ин соҳа ба ман писанд аст. Ҳар як инсон аз хурдӣ орзу мекунад, ки мутахассиси ин ва ё он соҳа бошад. Ман ҳам орзу кардам, ки соҳаи иқтисодиётро берун аз кишвар омӯзам. Мехоҳам баъди хатми донишгоҳ ҳамчун иқтисодчӣ дар ватани азизам хизмат кунам. Дур аз Ватан, дур аз канори волидон, умуман дур аз ёру пайвандон ҳама кор душвор аст. Ҳамчунин ба худи мо вобастааст. Агар кӯшишу ғайрат дошта бошем, мушкил будани таҳсилро намефаҳмем. Агар беаҳамиятӣ зоҳир кардем, ҳама кори мо мушкил мешавад. Аз ин рӯ мо бояд дар ҳоле, ки мо дар пеши худ мақсад гузоштем ва барои таҳсил ба хориҷи кишвар омадем, пас мо бояд илм омӯзем ҳунар аз худ кунем ва ба Ватан бо сари баланд баргардем. Ба таваҷҷуҳи Ҳукумати кишвар ҷиҳати илмомӯзии ҷавонон чӣ гуна баҳо медиҳед? - Таваҷҷуҳи ҳукумати кишвар имрӯзҳо ба илмомӯзи ҷавонон бештар гардидааст, ки дар ҳақиқат ҳам, ҷавонони мо қувваи бузурги созанда ва ифтихори миллатанд. Маҳз бо ҳамин сабаб дар даврони Истиқлолияти давлатӣ на
Ниагара – шоҳкории беназири табиат Шаршараи Ниагара аз се селобаи азим: Хорсшоу-Фолс (“Наъл”), Шаршараи Амрико ва Брайдлвей (“Сарандози арӯс”) иборат мебошад. Он дар миёни сайёҳони олам маълуму машҳур аст. Ниагара шаршараи баландтарини дунё нест, аммо яке аз шаршараҳои бузургтарине мебошад, ки ҳаҷми оби аз он ҷоришаванда ба 5 700 м3/с мерасад.
танҳо Рӯзи ҷавонон расман муқаррар карда шуд, балки барои рушди сиёсати давлатӣ дар ин самт низ корҳои зиёде ба сомон расиданд. Ба ҳамин масъала ва дурнамои рушди сиёсати давлатии ҷавонон ишора карда, ки соли 2017 соли Ҷавонон эътироф шуд ва он чун як соли таърихӣ дар хотири ҳар ҷавон нақш баст. Ҳангоми фориғ аз машғулиятҳо таҷрибаомӯзи мекунам. Дар комиссияи минтақавии Гомел, ки ба илмомӯзии мо кумаки зиёд мекунад, ширкат меварзам. Иловар бар он, вақтҳои холигӣ ба варзиш машғул шуда, дар бисёр мусобиқаҳо иштирок намудааам.. - Чӣ бояд кард, ки шавқи ҷавонон ба омӯзиш бештар гардад? - Имрӯзҳо таваҷуҳи бештари ҷавонон ба интер-
нет аст, ки ин куллан хатост. Онҳо бо ин роҳ аз хониш ва донишандӯзӣ дур мешаванд. Тариқи баргузориҳои чорабиниҳои гуногуни фарҳангию маърифатӣ дар вуҷуди ҷавонон шавқ ба илмомӯзиро бояд бедор кард. То ки онҳо дар руҳияи ватандӯстиву эҳтиром ба дастовардҳои миллӣ ба воя расанд. Бо ин васила дар пешрафту гул-гулшукуфоии диёри худ саҳмгузор бошанд. - Дар оянда чӣ нақшаҳо доред? - Нақшаҳоям хеле зиёд аст. Пеш аз ҳама ният дорам имсол донишгоҳро ба баҳои хубу аъло хатм карда ба ватан баргардам. Дар пешрафти кишварам саҳмгузор бошам ва он чизе, ки аз худ кардаам ба дигарон омӯзонам. Меҳрубон ИМОМОВА “ҶТ”
Паҳноии ин шаршара ба масофаи зиёда аз 1 км. тӯл мекашад. Ҷазираи Гоут дарёро ба ду қисмат ҷудо мекунад, ки дар натиҷа як қисмати Ниагара дар Амрико ва қисмати дигараш дар Канада мемонад. Шаршараи Ниагара тақрибан дар масофаи 40 км. аз шаҳри Торонтои ИМА ҷойгир буда, аз мавзеъҳои тамошобоби табиии он ҷо маҳсуб меёбад. Ниагара яке аз шаршараҳои аҷибу хушманзара ва беназири олам ба шумор меравад. Гарчанде он аз ҳудуди ИМА сарчашма мегирад, вале намои ҷолибу мафтункунандаи он дар Канада ба назар мерасад. Садои ғурроси он аз масофаҳои дури гирду атроф шунида мешавад, хосса он ҳангоми шабона хеле ваҳмангез ба гӯш мерасад. Аз ин рӯ, ҳангоми дар наздикии он истодан умуман садои дигареро шунидан имкон надорад. Маънои номи он низ бо лаҳҷаи ҳиндуёни маҳаллии Амрико “Оби ғурросзананда” мебошад. Ривоятҳои қадими ҳиндуён Тибқи яке аз ривоятҳо Лелавалай ном ҷавондухтареро падараш ба домодшавандае, ки нисбати ӯ заррае эҳсоси муҳаббат надорад, ба шавҳар додан мехоҳад. Духтар ба худои Хе-Но, ки дар ғори таги шаршара мезист, дил баста буду тасмим гирифт, ки худкушӣ мекунад. Ӯ савори қаиқ рост ба маҷрои пуршиддати об шино карда, ҳамроҳи қаиқи худ ба ҷарии бетаг фурӯ афтод ва аз ҷониби дилдодааш наҷот дода шуд. Дар асл дар он ҷо се шаршара мавҷуд аст, ки ба дарёи Ниагара мерезанд. Ду адади он диққати сайёҳонро ба худ ҷалб намуда, онҳоро хушҳол месозанд, сеюмаш бошад, манбаи нерӯи барқ маҳсуб меёбад. Ҳанӯз соли 1881 дар ин мавзеъ нахустин неругоҳи барқӣ сохта шуд, ки тавассути он якчанд шаҳраку маҳаллаҳо чароғон карда мешуданд. Имрӯз бошад, ин нерӯгоҳи барқӣ 4,4 гигаватт нерӯи барқ ҳосил мекунад. Шоҳкории беназири табиат Дар ҳавои соф нурҳои офтоб обҳои ба ҳаво пошандаро шикаста, тирукамони аҷиберо ба вуҷуд меоранд, ки одатан онҳо якчандто буда, яке дар дохили дигаре ҷойгиранд. Шаршараи Ниагара дар ҳар фасли сол намуди худро тағйир медиҳад. Зимистон пеши назари бинанда манзараи аҷибу нотакрори афсонавӣ – шӯшаҳои бузургу ҷилодори зери шуои офтоб дурахшанда, ки ба замин овезонанд, падидор мегардад. Баҳорон дар мавсими яхкӯчӣ дар ин ҷо “муҳорибаи болои ях” ба амал меояд.
Яхпораҳои азим, ки яхкуҳҳои шиноварро ба хотир меоранд, бо ғурриши аҷиб ба поён афтидаву дар умқи об шикаста, нопадид мегарданд. Ниагара – макони дӯстдоштаи сайёҳон Ҳамасола аз ин шоҳкории беназири табиат зиёда аз 20 миллион нафар сайёҳон дидан мекунанд. Дар гирду атрофи он миқдори зиёди тарабхонаву меҳмонхонаҳо қомат афрохтаанду роҳҳову симтанобҳои овезон ва манораҳои мушоҳидавии бешуморе сохта шудаанд. Барои саёҳати ҳавоӣ бошад, чархболҳо ва ҳатто кӯраҳои ҳавоӣ истифода мешаванд. Тамошои аз ҳама ҷолибу дидании ин мавзеъ тавассути киштиҳои саёҳатӣ сурат мегирад, ки “Духтари туман” ном гирифтаанд. Саёҳат бо ин гуна киштиҳо ҳам аз ҷониби Амрико ва ҳам аз ҷониби Канада ба роҳ монда мешавад ва маҳз савори ин киштиҳо сайёҳон ҳама зебогиву ҷолибияти ин шаршараро мушоҳида карда метавонанд. Таърихи пайдоиш Шаршараи Ниагара чандин садсолаҳо қабл дар натиҷаи обшавии пиряхҳои азими ҷоришаванда ба вуҷуд омадааст. Дарёи Ниагара дар ин мавзеъ дараи чуқуреро бурида гузашт, ки то ҳол харсангҳои азиму сахти зери он намоён нашудаанд. Ҳамин тариқ, вартае ба вуҷуд омад, ки тавассути он садҳо тонна об ба поён ҷорӣ мешавад. Ранги сабзтоби Ниагара аз он шаҳодат медиҳад, ки оби он аз ҷинсҳои кӯҳӣ маншаъ мегирад. Далелҳои аҷиб Тавассути шаршараи Ниагара миқдори хеле зиёди об (то 5 млн.700 ҳазор литр дар як сония) ҷорӣ мешавад. Тавре мушоҳида шудааст, шаршара дар тӯли даҳ ҳазор сол тақрибан ба масофаи 11 км. бо маҷрои оби дарё баланд шудааст ва ин ҳаракат имрӯз низ бо суръати қариб 30 см. дар як сол ба мушоҳида мерасад. Тавре олимон пешгӯӣ мекунанд, тақрибан баъди 50 ҳазор сол ин варта то ба кӯли Эра мерасад ва шаршараи Ниагара нопадид мегардад. Ин шаршара беш аз ҳама таваҷҷуҳи ашхоси ҷасуру нотарсро ба худ ҷалб менамояд. Ҳанӯз соли 1829 сокини шаҳри Род-Айленда Сем Патч худро аз баландии ин шаршара ба поён партофта буд. Соли 1859 бошад, сокини Фаронса Шарл Блонден тавассути симтаноб аз як канори шаршара ба канори дигараи он гузашт. Соли 1901 муаллиме аз Мичиган бо номи Энни Тайлор аз баландии ин шаршара тавассути бочка ба поён ҷаҳидаву зинда монд. Он замон Энни ин ғалабаи худро ҳамроҳ бо 63-солагиаш ҷашн гирифта буд. Ин қаҳрамонии Энниро дар соли 1911 Бобби Лич такрор кард. Агар бочкаи Энни аз матои мулоими махсус сохта шуда бошад, пас бочкаи Бобби пӯлодин буд. Баъди ҷаҳиш ӯ ҷароҳати вазнин бардошта, муддати шаш моҳ дар беморхона бистарӣ гардид. Гарчанде амали ҷаҳиш аз болои шаршара тибқи қонунгузории Амрико ва Канада мамнӯъ бошад ҳам, аммо боз ҳам чунин ашхоси ҷасуру бебоке пайдо мешаванд, ки бо чунин усул маъруфият пайдо кардан мехоҳанд. Таҳияи Шаҳло ЭШОНОВА, “ҶТ”
12
ТАЪЛИМУ ТАРБИЯ
“ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН”, №03 (9533), 18.01.2018
Аксияи “Биёед китоб хонем!” эҳё шавад Дар шумораи №01 (9531)- и ҳафтаномаи “Ҷавонони Тоҷикистон” аз 4-уми январи соли равон мусоҳиба бо раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати ҷумҳурӣ Аҳтам Абдуллозода ба табъ расид. Тавассути мусоҳибаи мазкур мо огоҳ шудем, ки ҳар як соат ва дақиқаи “Соли ҷавонон” бе чорабинӣ нагузаштааст. Дар мусоҳиба омадааст: “Вақте ки мо дар оромгоҳҳо аксияи “Ба гузаштагони худ эҳтиром мегузорем”- ро гузаронидем, он дар замири ҳар як ҷавон ҳисси эҳтиром ба гузаштагонро бедор намуд. Вақте аксияи “Салом, модар ман туро дӯст медорам”-ро баргузор кардем, дар ҳамагӣ ду ҷумла чӣ қадар меҳру муҳаббат миёни фарзандону волидон афзуд”.
Таълими салоҳиятнокӣ дар синфҳои ибтидоӣ Соли дуюм аст, ки дар муассисаҳои таълимӣ усули таълими салоҳиятнокӣ ҷорӣ шудааст. Мақсад аз он баланд бардоштани сатҳу сифати дониши хонандагон ва истифода аз тарзу усул ва воситаҳои технологияи ҳозиразамон аст. Дар рафти таълими салоҳиятнокии синфҳои ибтидоӣ омӯзгори имрӯза ҳамчун роҳнамо худро нишон медиҳад. Ҳар як хонанда ба дарс ба дараҷаҳои гуногуни салоҳиятҳо меоянд.Аз ин лиҳоз, омӯзгорон бояд қобилияти муайян кардани сатҳи салоҳиятнокии хонандаро дошта бошад. Омӯзгорон барои ташаккули натиҷаҳои таълими ҳар як хонанда аз лиҳози касбӣ ва ахлоқӣ низ масъуланд. Масалан, аҳамияти амалии таълими фанни математика дар синфҳои ибтидоӣ дар фаҳмиши олами воқеӣ, унсурҳои шаклҳои муносибатҳои фазоӣ ва миқдорӣ ифода меёбад. Таълими математика дар синфҳои ибтидоӣ имконият медиҳад, ки дар хонандагон қобилияти зеҳнӣ, мантиқӣ, ташаккул дода шавад. Масъалаи асосии курси математикаи ибтидоӣ аз якчанд марҳила иборат аст. Пеш аз оғози дарс ба хонандагон мефаҳмонем, ки математика фаннест, ки тамоми ҷанбаҳои ҳаётро фаро мегирад. Масалан, падар ба мо пулро шуморида медиҳад. Мо ба мағоза меравем, маводи лозимаро мехарем, аз фурӯшанда бақияи пулро талаб мекунем, ки шумурдани пулро дар ин маврид ҳатман бояд донем. Ё ин ки Аҳмад чандсола аст, дар синфи чандум мехонад, дар мактаби рақами чандум таҳсил мекунад? Ӯ чанд бародару чанд хоҳар дорад? Ва аз хонандагон хоҳиш мекунем, ки мисолҳои дигар гӯянд, то дар ин маврид қобилияти ҳар як бачаро муайян карда тавонем. То чи андоза дарк намудани мавзӯи дарсро аз тарафи хонандагон арзёбӣ мегӯянд. Дар синфи якум асосан арзёбии ташаккулдиҳанда гузаронида мешавад. Омӯзгор сатҳи азхудкунии маводи таълимро санҷида, дар бораи инкишофи ҳар як хонанда дар дафтари махсуси арзёбӣ қайдҳо мекунад ва вобаста ба дастовардҳои таълимии ҳар як хонанда ё гурӯҳи хонандагон аз усулҳои гуногун истифода мебарад. Саломат ЭЛБЕГИЕВА, омӯзгори МТМУ № 86-и ноҳияи Сино
Кумита чанд сол қабл аксияи “Биёед китоб хонем”- ро баргузор намуда буд, ки дар натиҷаи он шавқу рағбати ҷавонони зиёде ба мутолиаи китоб бедор шуда буд. Хуб мешуд, ки ин аксия аз нав роҳандозӣ шавад, зеро ба гуфтаи доктори илмҳои филологӣ, профессор Шоҳзамон Раҳмонов китоб ганҷи бебаҳоест, ки онро хонда, на фақат маъниҳои зиёди иҷтимоӣ мегиред, балки бо завқу илҳом меоед, истироҳат мекунед. Китоб касро ба корнамоиҳо ҳидоят менамояд, хулқу атвори нек бахшида, аз ҷаҳолат ба маърифат мекашад. Агар кас китоб хонад, илму дониш андӯзад, аз таҷрибаи ҳаёту зиндагӣ баҳра бардорад, нек зиндагӣ мекунад ва ба ҷамъият бештар манфиат меорад. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни гузоштани хишти аввали бинои нави Китобхонаи миллӣ 4 сентябри соли 2007 чунин гуфта буданд: “Имрӯз нақш ва мақоми китоб ҳамчун манбаи муҳими дониш ва таҳқиқи масоили гуногуни таъриху сиёсат, иқтисодиёту маънавиёт ва маорифу фарҳанги халқамон беш аз пеш меафзояд”. Имрӯз баъзеҳо чунин мепиндоранд, ки тамоми маълумоти заруриро аз интернет гирифтан мумкин асту ҳоҷат ба китоб хондан нест. Ин ақида хатост. Япония яке аз кишварҳои дар соҳаи технология пешрафтатарин аст, вале ҳар сол дар ин мамлакати мутараққӣ миллионҳо нусха китоб ба табъ мерасад. Беҳуда Абдураҳмони Ҷомӣ китобро “аниси кунҷи танҳоӣ” ва “фурӯғи субҳи доноӣ” нагуфтааст. Ниёконамон китобро дар баробари нон эҳтиром мекарданд, зеро агар нон қуввати тану ҷон бошад, китоб рӯҳро дармон аст. Шоир дар ин хусус мефармояд: Бе китоб, эй дӯстон, бунёди мо норавшан аст, Тираву торик ҳамчун хонаи беравзан аст. Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати ҷумҳурӣ дар самти ҷалби ҷавонон ба ризокорӣ (волонтёрӣ) таҷрибаи бой дорад. Агар ризокорон китобҳои хондашударо ҷамъоварӣ на-
муда, ба қисмҳои низомӣ, мактаб - интернатҳо ва муассисаҳои ислоҳотӣ мефиристоданд, саҳми босазое дар тарбияи аҳли ҷомеа гузошта мешуд. Зеро китоб бедоркунандаи хислатҳои нек дар инсон аст. Афроде, ки дар муассисаҳои ислоҳотианд, аз ноогоҳию дур будан аз китоб ба он ҷо афтодаанд. Дилбастагӣ ба китоб андешаи онҳоро ба зиндагӣ дигар хоҳад кард. Шамсия ЗОИРОВА, директори МТМУ №63 шаҳри Душанбе
Таваҷҷуҳи бештар ба тарбия Тарбияи насли наврас ҳамчун ояндагони миллату давлат ҳамеша дар мадди назар аст. Мавқеи насли наврас дар ҷомеаи имрӯза ва нақши он дар пешравии муҳити ҷамъиятӣ ҳам аз давлат ва ҳам аз дараҷаи фаъолнокии худи наврасон вобаста аст. Омилҳои асосии пешравии наврасон бошад, пеш аз ҳама ба маориф алоқаи ногусастанӣ дорад. Бинобар ин, имрӯз идораҳои давлатии ҷумҳурӣ, махсусан вазоратҳои маориф ва илм ва фарҳанги кишвар сиёсати худро ба пешравии насли навраси мамлакат ва ҳалли мушкилиҳое, ки ҷавонону наврасон дучор мегарданд, равона кардаанд. Бар замми ин дар мамалакат иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ фаъолият менамоянд, ки барои ривоҷ додани донишу истеъдоди наврасон фаъолияти рӯзмарра доранд. Дар умум давлату Ҳукумати киҳвар барои ҳаёти солим ва тарбияи хуби насли наврас диққати ҷиддӣ дода, тамоми чораҳоро андешида ис-
тодааст.
Бо вуҷуди ин, то ҳол масъалаҳо ва мушкилиҳое вуҷуд доранд, ки ҳалли онҳо диққати ҷиддии на танҳо идораҳои давлатӣ ва муассисаҳои таълимӣ, балки волидайни наврасонро низ талаб менамоянд. Масалан, имрӯз теъдоди нафароне, ки китобҳои бадеӣ мутолиа менамоянд, хеле кам мебошад. Ҳол он ки таҳкурсии зеҳнии наврасон маҳз аз мутолиаи китобҳои бадеӣ мустаҳкам мегардад. Баракс, наврасон имрӯзҳо аз беаҳамиятӣ бештар ба бозиҳои компютерӣ ва телефонҳои мобилӣ шавқу рағбат доранду барои хондани китобҳо вақт ҷудо намекунанд ва ё умуман кам мутолиа менамоянд. Мутаассифона, наврасон дар тақлид ба баъзе ҷавонони имрӯза бештар ба филмҳои бадеиву таъсирии маҳсули давлатҳои хориҷа, ки бештари онҳо арзишҳои барои миллати мо бегонаро тарғиб менамоянд, тарҷеҳ медиҳанд. Албатта, ин аз сабаби он аст, ки мо маҳсулоти алтернативиро, ки арзишҳои миллии моро тақвият медиҳанд, айни ҳол ба онҳо пешниҳод кардан наметавонем. Аммо волидайн аз тарафи худ метавонанд, ва вазифадоранд, ки истифодаи дастгоҳҳои мобилии фарзандонашон ва тамошои филмҳои бадеиро таҳти назорати худ гиранд. Аз тарафи дигар, қобилияти эҷодии насли
наврасро, ки нерӯи бунёдкори оянда аст, бояд дастгирӣ намуд, ҳунару истеъдоди онҳоро тақвият додҳем. Дар ин баробар хушбахтона наврасони имрӯзаи Тоҷикистон идея ва фикрҳои ҷолиб доранд. Барои амалӣ намудани ин идеяҳо ҳанӯз ба кӯмаки калонсолон, устодон ва волидайн ниёз доранд. Барои ривоҷ ёфтани шуури насли наврас дар ҷомеаи имрӯза муассисаҳои таълимӣ ва волидайни наврасон бояд ҳамдаст бошад. Бояд наврасон ҳарчи бештар барои сохтани нақшаҳои ояндаи худ ҷалб гарданд. Онҳо бояд асарҳои бадеиву таърихиро мутолиа намуда, аз таҷрибаи гузаштагони худ хулоса бароранд ва ибрат гиранд. Вақте дар андешаи ҳамаи мо ин аст, ки насли наврас ояндаи давлату миллатанд ва маҳз онҳо дар оянда пешбаранда ва ободкунандаи кишварамон маҳсуб меёбанд, на танҳо давлату Ҳукумат, балки тамоми қишрҳои ҷомеаро зарур аст, ки сари саводнокӣ, тарбияи хуб, ҳаёти солим ва дигар паҳлӯҳое, ки ба фаъолияти наврасон марбут аст, андеша намоянд. Дар ин сурат метавонем, аз мушкилиҳое, ки дар тарбияи наврасон халал мерасонанд, ба пуррагӣ раҳе ёбем. Меҳриниссо АРБОБОВА, омӯзгори МТМУ №86, ноҳияи Сино
“ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН”, №03 (9533), 18.01.2018 Таърих собит месозад, ки дар ҳар давру замон ҷомеаро ин ё он гурӯҳ, равия, ташкилот ва ё ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ ба ташвиш андохта, мавҷудияти онҳо на танҳо боиси ташвиши як ё ду кишвар, балки нигаронии мардуми минтақаву ҷаҳон мегарданд. Хусусан солҳои охир чунин ташкилоту гурӯҳ ва ё ҳизбҳои нигаронкунандаи ҷомеа бо омезиш ба дини мубини ислом зуҳур намуданд, ки ҳадафи аслии ҳамаи онҳо ягона ва танҳо номашон дигар аст. Ба сифати мисол, номи иддае аз чунин ҳизбу ҳаракатҳоро метавон дарҷ кард: ҳизби таҳрир, таблиғ, салафия, Ансоруллоҳ, Ҷундуллоҳ, давлати бо ном исломии Ироқу Шом, ҳаракати исломии Туркистон, ташкилоти экстремистӣтеррористии ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон ва амсоли инҳо. Агар ба ҳадафи аслии ин равияҳо назар афканем маълум мегардад, ки бо истифода аз эътиқоду боварии мардум ба дини мубини ислом, иддае аз нохалафон мардумро ба гумроҳӣ кашонида, бо истифода аз нерӯи зеҳнии онҳо мақсаду ниятҳои разилонаи хешро амалӣ менамоянд.
13
E - MAIL: javonontj@mail.ru
Наҳзат мардумро ба гумроҳӣ мебарад Масалан дар замоне, ки мардум ба хондани осори динӣ дастрасии бештар надоштанд, ҳанӯз аз рӯзҳои нахустини фаъолият роҳбарияти ташкилоти экстремистӣ – террористии ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон ҷавонони ноогоҳ аз асли динро бо тарзу усули ба худашон мувофиқ ба сафҳои наҳзат ҷалб намуда, ба онҳо таълимотҳои ғайрирасмии исломӣ медоданд. Шояд агар як ё ду сураро аз барои Худо дуруст тарҷума карда ба ҷавонон меомӯзониданд, дигарашро мутобиқ ба амалу кирдори худашон тарҷума карда, мардумро ба гумроҳӣ мекашониданд. Дур намеравем, ҳамагон филми «Ваҳшонияти ҲНИТ»-ро дидем. Сайид Абдуллои Нурӣ дар замони ҷанги шаҳрвандӣ ҳамчун раиси ҳизби наҳзати ислом дар даст баландгӯяк мардумро ба қатлу куштор, нооромиву бенизомӣ даъват мекард, ки ин рафтори ӯ на ба аҳкоми шариат ва на ба муқаррароти санадҳои меъёрию ҳуқуқӣ мутобиқат мекунад. Он замон маҳз бо «роҳнамоӣ»-и Нурӣ чӣ қадар ҷавонони ноогоҳ аз асли дини мубини ислом ва мардуми бегуноҳ ба ғуссаю ғам гирифтор шуданд. Чӣ қадар ҷавонони бегуноҳ ҷавонмарг шуданд, чӣ қадар хонаҳо мотамкада шуданд, чӣ қадар
Барои башар маълум аст, ки қурбониёни аввалину охирини ҷангҳо журналистон мебошанд. Ин ҳолатро мо дар кишвари худ бевосита мушоҳида кардем, ки чи тавр зиёда аз сад нафар журналистон аз оғози ҷанги шаҳрвандӣ то имрӯз ҷони худро аз даст додаанд. Мо марги он нафаронеро дар назар дорем, ки бо ҳадафи хос, аз дасти ҲНИТ барои тиратар кардани фазои сиёсиву иҷтимоӣ аз ҷониби гурӯҳҳои ҳадафманд анҷом дода мешуданд. Ин гувоҳи он аст, ки ҷанги шаҳрвандӣ дар кишвари мо пуштибонони дохиливу хориҷии худро дошт. Баъди чандин солҳо халқи тоҷик ва умуман ҷаҳон бовариву эътимод ҳосил намуд, ки дар моварои ҳамаи ин ҳаводис киҳо қарор гирифтаанд. Бисёр нангин аст, ки қотилон бо ниқобҳои мухталиф тавонистанд, иддае аз журналистонро нобуд намоянд. Тариқи наворҳо аз телевизионҳои марказӣ мардум шоҳид гашт, ки дар қатлу куштори журналистони алоҳида кадом нерӯҳо қарор гирифтаанд. Барои мо қатл кардани журналистоне чун Муродулло Шерализода, Отахон Латифӣ, Муҳиддин Олимпур, Почохони Сайфиддин, Сайф Раҳимзоди Афардӣ ва даҳҳои дигар хеле нангину дардовар аст. Чанд журналисте ки дар боло номбар гардид, бештар ҳамчун шахсияҳои бонуфуз дар ҷомеа мақом доштанд. Савол ба миён меояд, ки қатл кардани онҳо ба манфиати кист? Ҷавоби савол хеле осон аст, ки баъзе зархаридони ҳизби назҳати исломӣ бо ин амали худ оатши нифоқу мухолифатро барангехтан мехостанд. Вақте ба таҳқиқи ин шахсиятҳо рӯ морем, маълум мешавад, ки онҳо ҳеҷ иртиботе дар мавқеъгириҳои ҷиддии сиёсӣ надоштаанд.
наварӯсон бева монданд, чӣ қадар кӯдакони маъсум ятиму бесарпаноҳ монданд, чӣ қадар пирони рӯзгор сарсону гуреза шуданд. Ва боз метавон ин ҷо чӣ қадарҳои зиёдеро мисол овард, ки маҳз аз касофати наҳзатиҳо ба миён омад. Имрӯзҳо низ террорист Муҳиддин Кабирӣ амалу кир-
дори разилонаи устодаш Сайид Абдуллои Нуриро идома дода, дар хориҷи кишвар ҷавонони гумроҳро бо пеш овардани сураву оятҳо ҷамъ карда, бар зидди кишвари худ шӯронида истодааст. Аҳли оилаву ёру дӯстон ва наздикону пайвандон аз чунин бешарафон безор буда, ҳамагон дар кишвар ба онҳо нафрат мехо-
нанд. Бо боварии комил гуфта метавонем, ки касе, ки ба наҳзат аъзо шуд ҳатман гумроҳ хоҳад шуд, зеро мақсади асосии наҳзат гумроҳсозии мардум ва бо ин васила амалӣ намудани нақшаву ниятҳои разилонааш мебошад. Фарҳод ВОҲИДОВ
Ҳадаф аз қатли журналистон чӣ буд? Муродулло Шерализода инсони покзамире буд, ки ҳамчун сардабири як нашрияи бонуфузи кишвар барои миллат хидмат менамуд. Чун як журналисти дурнаморо дарккунанда барои амалӣ гаштани ҳадафҳои курдилону ҷоҳилон як монеаи ҷиддӣ ба ҳисоб мерафт. Ҳақиқатҳои кашфгаштаи имрӯза собит сохтанд, ки ӯро бо дастгирии хоҷагони хориҷӣ “ниқобдорони исломӣ”-и дохили кишвар нест кардаанд. Ҳамчун қатли вакили Парлумон ин хабар дар ҷаҳон паҳн гардид ва иғвоангезие ва бадномсозие беш набуд. Муҳиддин Олимпур журналист ва шахсияте буд, ки ӯро олами Шарқ, махсусан Эрон хеле амиқ мешинохту эътироф мекард. Бо марги ӯ мехостанд, ҷаҳолату ҷангҷӯии мардуми моро дар минтақа ва ҷаҳон нишон диҳанд. Ӯро халқи тоҷик накушта буд, ӯро душмани халқи тоҷик ба қатл расонда буд. Зархаридони қотил қимати инсонро намедонистанд. Арзишҳои маънавиро нест мекарданд ва бо ин роҳ ба нобудии миллат мусоидат кардан мехостанд
Отахон Латифӣ журналист ва шахсияте буд, ки дар миқёси Иттиҳоди Шӯравӣ мешинохтанд. Ҳамчун мухбири нашрияи “Правда” обрӯву мақоми баланд дошт. Бо марги ӯ мехостанд, ки дар миёни Тоҷикистону Русия ихтилофро ба миён оранд. Бо марги ӯ мехостанд, ки нифоқу ҷангро дар миёни мардумони манотиқи гуногуни кишвар ба вуҷуд оранд. Бо марги ӯ дарди маҳалро зиёдтар кардан мехостанд. Сайф Раҳимзоди Афардӣ журналист, нависанда ва файласуфе буд, роҳбарии Кумиати радио ва телевизионро ба уҳда дошт. Ҷоҳилону душманони миллат бо марги ӯ мехостанд, Тоҷикистонро дар назди ҷомеаи ҷаҳонӣ бадном созанд. Аз набудани фазои озоди баён ба ҷомеаи ҷаҳонӣ бо ин амали ғайриинсонии худ хабар додан мехостанд. Ин шахсият барои миллат хидматҳои зиёд карда буд ва карда метавонист. Ин фикрҳо давомдор буда метавонанд. Хулоса танҳо он аст, ки барои роҳгумкардаҳои зархарид миллат, фарзандони фарзонаи мил-
лат, фарҳангу адабиёти миллат ҳеҷ мақому арзиш надоранд. Имрӯз шукрона аз сулҳу субот дорем, ки фазои осоишу амн дар кишвар ҳукмрон аст. Фазои озоди баён барои ҳама муҳайёст. Шабакаҳои иҷтимоӣ, радиову телевизионҳои хусусиву давлатӣ, матбуоти давлативу ғайридавлатӣ ва амсоли он минбарҳое мебошанд, ки ҳама имкони баёни фикри худро доранд. Мо ҷонибдори таҳкими қонуният дар кишвар мебошем. Кишвареро, ки қонун идора менамояд, он кишвар ояндаи пурбақо дорад. Вазифаи ҳар як фарди соҳибақл танҳо он аст, ки имрӯз дӯсту душмани худро шинохта гирад. Нагузорем, ки зархаридони гумроҳ зери ниқоби исломӣ ба қатлу куштор даст зананд. Махсусан мавҷуд будани андаке имкон барои онҳо боис мешавад, ки дар навбати аввали журналистону зиёиёнро қатл намоянд. Зеро вақте зиёӣ нест мешавад, миллат ба парокандагӣ гирифтор мешавад, ки ин ҳадафи ҳарому нопоки онҳост. Акрам МАЪРУФЗОДА
14
“ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН”, №03 (9533), 18.01.2018
КИТОБХОНАИ “ҶТ”
- Ё тавба...а! Аҷаб замонае шуд-а! Куҷое, ки наравӣ дар даҳони ҳама як гап: “Эҳ, гурехта рафт! Кӣ? Келини фалонӣ! Не, боз баргардонда оварданд. Э, не-е, боз гурехта рафт...” - Ҳа, ҷавони хуб, чӣ ин қадар мисли майзадаҳои пас-паси бозору мағозаҳо калавида-калавида мегаштагиҳо барин, худ ба худ ғур-ғур дорӣ? - Ғур-ғур не, балки рост мегӯям. - Чӣ рост мегӯӣ? - Ҳамон келинчакҳои ҳозиразамонро. - Хуш, чӣ шудааст, ба ин келинчакҳо? - Дилам ба оҳу войи модарони ана ҳамин наварӯсони замонавию судбозиашон месӯзад. - Эй йигити хуб, фаҳмотару равшантар гап зан! - Фаҳмотараш ҳамин ки гуфтам-ку, баъди гузаронидани маърака як ҳафта намегузарад, ки дар гирду атроф зуд овоза паҳн мешавад: келини фалонӣ, аз хонаи хусураш шабона гурехтаю дар куҷое ғайб задааст. Ё ин ки келини фалонӣ бо хушдоманаш мӯйкашиву калушшапак кардаю очаи арусак омада духтараша аз таги чодар бурда, корҳои қудояша ба суд додааст... - Эй йигити хуб, ҳамон гапҳои занакои лаби оба як тараф мон... - Чӣ хел гапҳои занакои лаби об? Рост мегӯям, аз тарси ҳамин хел гапҳо сину солам наздик ба сӣ расидаасту оиладор
Домоди замонавӣ шуда наметавонам. - Мехоҳӣ, ки аз ҳамин хел масъалаҳои майда чӯйда халос бошию ҳар чи зудтар оиладор шавӣ? - О-о, албатта! - Набошад, гӯш кун. Пеш аз оиладоршавӣ рафта аз бозор ду дона аз ҳамон телефонҳои қиматноки навбаромади мобилӣ, хитоӣ не, балки оригинал, яъне ҳақиқияшро бихару рӯзи аввал яктояшро ба арӯсшавандаат ва дуюмашро ба модари арус шахсан аз номи худат бурда, чун туҳфа супор. - Чӣ, ту маро мазоҳ дорӣ - Эй, йигити хуб! Чӣ хел мазоҳ, беҳтараш гапи маро то охир гӯш кун. Баробари аз бозор харидани телефон яку якбора харидани симкортҳоро ҳам фаромӯш накарда, ба суратҳисоби рақами онҳо 200-300 сомонӣ маблағ гузарон. - Э, ошно маро рӯирост масхара дорӣ? - Не, албатта. Гуфтам-ку, мехоҳӣ, ки баъди оиладоршавиат арӯси нозанинат аз таги чодар гурехта ба хонаи очааш наравад ё хушдоманат бо модарат беҳуда
хархаша накунад? - Албата, мехоҳам! - Ин тавр ки бошад, гӯш кун. Вақте ки хушдоману арӯсат ҳадяи туро гирифта мебинанд, ки дар суратҳисоби телефониашон маблағи зиёд ворид шудааст, онҳо аз ин кори домоди ҳозиразамон хурсанд гардида, зуд ба шабакаҳои интернетӣ дохил мешаванду ҷангу ҷанҷолро аз хотирашон фаромӯш месозанд ва бо ҳамин... - Эҳ, ака рост гуфтӣ. Ҳамин тавр аст, ки дар рӯйхати қалин ду дона телефони қиматбаҳои мобилӣ бо рақаму суратҳисоб навишта шудааст. - Ана дидӣ, маълум мешавад, ки арӯсшавандаату модараш аз ҷинси занони замонавӣ будаанду туро баъди оиладоршавиат аз хархашаҳои оилавӣ халос кардан хостанд. - Маълум мешавад, ки ман ба арӯси замонавӣ хонадор шуда, бо ҳамин аз хархашаҳо халос мешудаам, гӯй?! - Бале ҳамин тавр. Лекин боз як чизи муҳимро аз худат пурсидан мехостам. - Марҳамат. - Ҳавлӣ доред?
- Бале, ҳавлии калон дорем. - Бисёр хуб. Замини наздиҳавлигӣ чӣ? - Бале, дорем! Хайр, чӣ шудааст? - Ҳеҷ чиз нашудаасту, лекин агар хоҳиши домоди ҳозиразамон шудан дошта бошию ҳар рӯз ҳавлиатон об задаю тоза ва гӯшҳоят ҳар саҳар аз вағ-вағу ҷағ-ҷағ ором гирад, беҳтараш замини назди ҳавлигиатонро пеш аз тӯй бо ивази руфтану чидани ҳавлӣ ба ягон одами рӯзгордидаи бе замин аренда диҳед. - Фаҳмо, ана гап дар куҷо будааст. Лекин ҷӯраҷон, инро аз куҷо медонӣ? - Аз гапҳои беҳудаи мардум безор шудаму пеш аз оиладоршавӣ ин корро санҷида баромадам. - Исто, ки ҷӯраҷон модарат ба ин таҷрибаат монеъ нашуд? - Модарам аз ин таҷриба баръакс хурсанд шуд. - Хайр, дар асоси таҷриба барои модарат ҳам ягон телефони мобилӣ туҳфа кардӣ, албатта? - Эҳ додар, барои домоди ҳозиразамон шудан бе ин мешавад, магар? Исломиддин ГАРДИЕВ
√ МУБОРАКБОДӢ
Мавлуд ба сардиҳост, лек дил пурмеҳр аст...
Ҳангоми таҳсил дар мактаби миёнаи деҳ ба омӯзгорон, устодони худ бо ҳавас менигарист. Ба назари ӯ эшон дар деҳа аз ҳама беш одами бомаърифат маҳсуб меёфтанд. Дар асл ҳамин тавр ҳам буд. Маҳз ҳавас ба фаъолияти устодон ӯро ба даргоҳи коллеҷи омӯзгорӣ, ба пойтахт овард. Коллеҷро бо дипломи аъло хатм намуда, деҳа баргашт. Чун омӯзгори ҷавон паҳлуи устодони хеш ба таълиму тарбияи насли наврас пардохт. Чанд муддат ба кори омӯзгорӣ
машғул гашта, боз ҳавою ҳаваси таҳсил дар сараш пайдо шуд. Зеро дар коллеҷ таҳсил намуда, маълумоти миёнаи касбиро ба даст овард. Акнун мехост соҳиби маълумоти олӣ шавад. Боз озими пойтахт гардид. Ҳуҷҷатҳояшро ба Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ супурда, ғоибхони ин даргоҳи касбу ҳунар гардид. Ва ба деҳа барнагашта, дар пойтахт монд. Хост дар ягон муассисаи таълимӣ ё идорае машғули фаъолият шавад. Ӯро ба рӯзномаи “Ҷавонони
Тоҷикистон” ба кор таклиф намуданд. Не нагуфт. Зеро муҳити эҷодии рӯзнома барояш шинос буд. Ҳангоми таҳсил дар мактаби миёнаи деҳ бо рӯзномаи ноҳиявӣ ҳамкории пайваста дошт. Хабару мақолаҳо менавишт. Ҳамин тавр, тағйири фаъолият намуда дар муҳити рӯзнома чун узви он ба кор пардохт. Дар ин даргоҳи эҷодӣ кори ӯ чандон душвору мураккаб нест. Ба қайд гирифтан ва чопи ҳар гуна ҳуҷҷатҳо аз зумраи корҳоест, ки ба уҳдаи ӯ вогузошта шудааст. Ва ба осонӣ онҳоро саришта ҳам мекунад. Дар ихтиёри худ вақти холӣ хеле зиёд дорад. Маҳз дар чунин лаҳзаҳо, қатори дигар аҳли эҷоди рӯзнома ба навиштани ҳар гуна мавод машғул аст. Навиштаҳояш аксаран натиҷаи дидаю мушоҳидаҳои худи ӯянд. Пурмазмун ва бо тарзи баёни сода эҷод мегарданд. Мавлудаш ба фасли сардиҳо рост омадааст. Маҳз дар ин айём дар деҳи кӯҳистон чашм ба олами ҳастӣ кушодааст. Ҳарчанд айёми сардиҳо ба дунё омада бошад ҳам, дили басо нарму пурмеҳр ва муносибати хуб бо атрофиён дорад. Эҳтироми ҳамаро ба ҷо меорад. Чунин рафтору муносибат ӯро миёни ҳамкорон соҳибэҳтиром намудааст. Дар арафаи мавлудаш ба корманди рӯзнома, Басгули Сафарзод умри дароз, бахти накӯ соҳиби фарзанди солеҳ шуданро орзу намуда, хушиҳои рӯзгорро барояш таманно дорем.
Зодрӯз муборак! Ҳайати кормандони рӯзномаи “Ҷавонони Тоҷикистон” суратгири рӯзнома Толиб Фозиловро ба муносибати 40-умин баҳори умраш самимона муборакбод намуда, дар зиндагӣ барояш хушбахтӣ ва комёбиҳо хоҳонанд. Саломат бош, эй чилсола марде, Намехоҳем бинӣ ранҷу дарде. Ҳамеша сарбаланду шодмон бош, Ба сурат ҳам ба сират навҷавон бош. Ҳама дорад талаб рӯзи накӯят, Баландии мақому обрӯят. Бирав, нав-нав зи ҳар ҷо акс бардор, Чаканпӯш ошиқонро байни гулзор. Ҳамчунин, таи ин ҳафта сардабири рӯзнома Бахтовар Каримов, хабарнигори рӯзнома Меҳрубон Имомова ва сармуҳосиб Беҳрӯз Каримзода зодрӯз доранд. Аҳли эҷод ба эшон саломативу сарбаландӣ ва рӯзгори ободу хуррам таманно доранд. Пирӯзиҳо ёратон бод, ҳамкорони азиз! Аҳли эҷоди рӯзномаи “Ҷавонони Тоҷикистон”
“ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН”, №03 (9533), 18.01.2018 Ҷавонон дар ҳар давру замон идомадиҳандаи суннатҳои таърихиву фарҳанги қадимии миллати бошарафи хеш, нерӯи фаъолу боғайрат ва сарчашмаи ташаббусҳои бузургу ғояҳои нав ва созандаи тақдири имрӯзу ояндаи кишвари азизи худ ба ҳисоб мераванд. Инро ба назар гирифта, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли 2017-ро “Соли ҷавонон” эълон ва сиёсати давлатии ҷавононро яке аз рукнҳои асосии давлатдории тоҷикон ва идомадиҳандаи анъанаи гузаштагон шумориданд. Бинобар ин, фаро гирифтани ҷавонон ба илму дониш, касбу кор ва дар руҳияи ватанпарварӣ тарбия намудани онҳо на танҳо бар дӯши оила, ҷамъият, мактабу маориф, инчунин олимону адибони давр низ меафтад. Шоирону нависандагони мо дар гузашта аз пайи ин масъала шуда, роҳҳои гуногуни ҳалли ин проблемаҳоро дар асарҳои худ нишон медоданд. Яке аз чунин олимон академик Раҷаб Амонов маҳсуб ёфта, ғайр аз муҳаққиқи забардаст ва шинохташудаи илми мардумшиносӣ будан, ҳамчунин яке аз нависандагони маъруфу боистеъдоди тоҷик низ ба шумор меравад. Маҳсули эҷоди бадеии нависанда қиссаву ҳикояҳо, ёддошту хотираҳо ва очеркҳои ӯ ба мавзӯъҳои муҳими зиндагӣ, аз ҷумла проблемаи ҷавонон ва тарбияи онҳо бахшида шудааст. Нахустин повести Р. Амонов “Дар доманаи кӯҳҳои кабуд”, ки соли 1961 ба забони тоҷикӣ ва соли 1964 ба забони русӣ нашр гардид, ба тасвири ҳаёти муаллимон ва мактабу маориф бахшида шудааст. Қаҳрамони он муаллими ҷавонест бо номи Толиб, ки бо ҷидду ҷаҳди зиёд саъй мекунад то усулҳои нави таълимро дар мактаб ҷорӣ кунад. Асари тадқиқотие, ки таълиф мекунад, мавриди ҳамлаи куҳнапарастон ва одамони худбин қарор мегирад. Омӯзгори ҷавон Толиб Усмонов бо ҳамроҳии хоҳару додараш барвақт аз падар ятим мемонад. Модараш шабу рӯз меҳнат карда, мекӯшад кӯдаконашро, танҳо ҳам бошад, чун дигарон тарбия ва ба воя расонад. Толиб ба хӯрдии худ ва сахтиҳои солҳои ҷанг нигоҳ на-
ҶАВОНОН ВА ЗАМОН
Ҷавонон ва анъанаи гузаштагон карда, дар корҳои хоҷагӣ ба модар ёрӣ мерасонд. Соли 1943 баъди хатми мактаби миёна ба донишгоҳи педагогӣ дохил мешавад ва бе ёрдами ягон кас, нимсеру нимгурусна ба дарсҳо иштирок карда, илм меомӯзад. Ҳатто бемор шуда, дар машғулиятҳо иштирок карда наметавонад, вале бо дастгирии ҳамсабақон ва истодагарии худ имтиҳонҳоро супорида, аз курс ба курс мегузарад. Аввалин шахсе, ки Толиб дар симои ӯ такягоҳ ва дӯсти наздикро мебинад, ин директори мактаб Шодӣ Шарифзода буд. Нависанда дар симои Шарифзода марди росткору ростқавл ва донишманди кори худ, оиладӯстдору тарбиятгар, шахси дар зиндагӣ азобдидаву пухташуда, маслиҳатгару ҳидоятгари ҷавононро тасвир кардааст. Дигар қаҳрамони повести “Дар доманаи куҳҳои кабуд”, ки нависанда барои кушодани характери ӯ кӯшиш намудааст, ин корманди институт, сардори шуъбаи адабиёт Шарафов мебошад. Ин ҷо нависанда шахсеро тасвир менамояд, ки дар ҳақиқат олим буда, “дили чун кӯдак” дорад ва аз комёбиҳо хурсанд шуда, аз норасоиҳоро ба фикр меафтад. Нависанда дар тимсоли Шарафов шахси накӯкор, одами донишманду босавод, роҳбари ростқавлу вафодор, корманди илмие, ки барои дастгирӣ ва ҳимояи ҷавонон ҷони худу вақти
худро дареғ намедорад, тасвир намудааст. Ба монанди Шарафов дигар дӯстон ҳам ба Толиби ҷавон ёрии худро дареғ намедоштанд. Яке аз онҳо муаллимаи забони русӣ Елена Семёновна ва шавҳари ӯ Иван Павлович Лебедев мебошанд. Ин ҳарду зодаи шаҳри бостонии Ленинград (ҳоло Санкт-Петербург) буда, бо супориши ҳукумат ба Тоҷикистони офтобрӯя омада буданд. Елена Семёновна институти педагогии Ленинградро хатм намуда буд ва дар бораи адабиёт, санъат, музею театрҳои зодгоҳаш ба Толиб нақлҳои аҷоибе мекард. Инчунин, байни онҳо корҳои мактаб, фаъолияти ҳамкорон, ташкилотҳои комсомолию пионерӣ, феълу хӯи хонандагон мавриди муҳокима қарор мегирифт. Толиб ин занро чун модар дӯст медошт ва мушоҳида карда буд, ки ин зани пухтаи ҳақиқатҷӯй «… ба мактаб ва мактаббачагон муҳаббати фаровоне дошт, Тоҷикистон, мардуми тоҷик, забони тоҷик, адибону адабиёти тоҷикро аз дилу ҷон дӯст медошт… Хулоса, нависанда Раҷаб Амонов дар повести “Дар доманаи куҳҳои кабуд” яке аз мавзӯъҳои асосии адабиёти мо-тарбияи ҷавонон дар руҳияи ахлоқи ҳамидаро ба миён гузоштааст. Нависанда муаллим ва олими ҷавон Толиб Усмоновро бо хислатҳои хоксорию боадабиаш, ки аз рафтору одо-
би шарқиёна замина мегирад, ба гирдоби зиндагӣ андохта, бо душворӣ ва садгузориҳо муқобил гузошта, дар кӯраи зиндагӣ обутоб медиҳад. Ӯ як ҷавони донишҷӯю доништалаб, ки дар ҷодаи илм қадамҳои аввалини худро мегузорад, бо одамони гуногун дучор шуда, аз хислату рафтори онҳо сабақ гирифта, дар зиндагӣ роҳи худро меёбад. Толиби ҷавон аз Шарифзодаю Шарафов барин омӯзгорону олимону маорифпарварон сабақи хуби одаму одамгарӣ, ростгӯиву покизакорӣ, ҳалимиву меҳрубонӣ, муборизи тунду беамон нисбати одамони нопоку ифлос, ноҳаққу ошнобоз ва ғайраро меомӯзад. Ӯ дар зиндагӣ, дар ҷодаи худ устувор аст. Дар ин ҷо ҳисси муҳаббати худи нависанда ҳам нисбат ба ин қаҳрамонҳо намоён аст. Ин ҳама баёнгари он аст, ки сужаву ҳодисаҳои асар бофтаву хаёлӣ набуда, аз ҳаёт гирифта шудаанд ва муаллиф ин ҳамаро аз сари худ гузаронидааст. Чӣ хеле ки олима Хуршеда Отахонова дар мақолаи худ бо номи «Пайвандгари илму маърифат», ки дар рӯзномаи «Омӯзгор», 22 сентябри соли 1993 нашр шудааст, меорад, соли 1947 Раҷаб Амонов ба мактаби рақами 10-и шаҳри Душанбе ба сифати муаллими забон ва адабиёти тоҷик ба кор меояд. Ӯро ҳамчун муаллим-аспирант ба хонандагон муаррифӣ мекунанд. “Мо,-менависад Х.
15
Отахонова,-чӣ будани «аспирант» -ро намедонистем ва дар сари калимаи олим ба андеша рафтем: - Чӣ хел бошад муаллими олим?” Олими ҷавон дар як муддати кӯтоҳ бо тарзи нави дарсгузаронӣ ва машғулиятҳои пурмаҳсул байни хонандагон ва омӯзгорон ном мебарорад. Хуршеда Отахонова бо меҳр дар бораи Раҷаб Амонов сухан ронда, мушоҳидаҳояшро нисбати ӯ чунин менигорад: “…муаллим табиатан омӯзгоранд…” ва “… хусусияти омӯзгорӣ ҳам дар забони асарҳо ва нутқи шифоҳии ӯ инъикос мегардад”. Ин таҷрибаи ҳаётӣ ба устод Амонов имкон дод, ки чунин як асари хонданӣ биофарад. Раҷаб Амонов дар асоси маводи калони ҳаётию адабӣ, олимию омӯзгорӣ ва асноди иҷтимоию сиёсӣ тимсолҳои мусбат ва манфиро хеле моҳирона тасвир кардааст. Нависанда дар ҷараёни тасвири фаъолият ва амалиёти тимсолҳо ҳусни таваҷҷӯҳи хонандаро нисбат ба қаҳрамонҳои мусбат, намояндагони мактабу маориф, олимону нависандагон, оммаи халқ ва дар симои манфӣ одамони чоҳталабу мансабпараст, ошнобозу маҳалчӣ ба вуҷуд оварда, ҷавононро ба ин восита тарбия менамояд. Раҷаб Амонов барои ба даст овардани шакли бадеӣ нисбат ба забони асарҳояш хеле бо нузуктабъӣ ва бориксанҷӣ рафтор мекунад. Забони асарҳои ӯ асосан аз калима ва ибораҳои халқӣ иборат буда, равон, пуртасвир, оммафаҳм, пурмазмуну пуртаъсир мебошанд. Хондану омӯхтани асарҳои ӯ барои ҷавонон аз манфиат холӣ нест. Ашрафҷон ОДИНАМАДОВ, рӯзноманигор
16
“ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН”, №03 (9533), 18.01.2018
ФАРОҒАТИ ҶАВОНОН
Сеҳри хома
√ АНДАРЗ
АМАЛИ МЕҲРОБ АЗИМОВ, “ҶТ”
Як қиссаи аҷиб
ТАҲИЯИ Ш. ЭШОНОВА, “ҶТ”
ГУЛЧЕҲРА СОДИҚОВА
√ САЙҚАЛИ
АНДЕША
Нутқи самимӣ оддӣ мешавад. ******** Вой ба ҳоли касе, ки ба ду иллат гирифтор аст: чизеро намедонад ва кӯшиши донистан ҳам намекунад. ******** Нутқи зебо дар бораи корҳои наҷиб дар хотири шунаванда мемонаду иззату шарафи иҷрокунандагони ин амалҳо меафзояд. ******** Чӣ қадар ғулом - ҳамон миқдор душман. ******** Танҳо онҳоеанд ҷохилон, ки иқдоми ислоҳ шуданро намекунанд. ******** Барои он ки нутқ хубу дилнишин барояд, нотиқ ҳатман бояд воқеияти мавзӯи баррасишавандаро донад. ******** Касе қасами садоқат нахӯрдааст, ҳеҷ гоҳ қасамро намешиканад. ******** Соҳибэҳтиром аст нафаре, ки беадолатӣ намекунад, вале боз шарафмандтар ҳамонест, ки дигаронро низ ноҳақӣ кардан намегузорад. ******** Бисёр ноҳақист, ҳақнигор набошию ҳақ бароӣ. ******** Нафратовар аст инсоне, ки ғарқи хурофот аст. ******** Хайрхоҳ ном гирифтан дар ҳар ҳолат гуворост. ******** Дар мавриди ақди никоҳ як нишондод бояд риоя шавад: ҳар инсон зимни издивоҷ на танҳо дар фикри қонеъ гардонидани нафси худ бошад, балки манфиати давлатро низ бояд ба эътибор бигирад. Афлотун Рӯзнома таҳти рақами 0120/рз аз 22 сентябри соли 2014 дар Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон сабти ном шудааст. Нишонӣ: 734018, шаҳри Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ, 16, ошёнаҳои 1 ва 4
САРМУҲАРРИР
Бахтовар КАРИМОВ
Ҳайати сохтмончиён дар иншооте кор мекарданд. Сардори онҳо, ки дар ошёнаи 6-ум қарор дошт, хост коргари дар ошёнаи 1-ум бударо ҷеғ занад. Аммо аз сабаби он ки дар сохтмон шавқуну садоҳои зиёде буд, он коргар овози сардорашро намешунид. Сардор барои диққати коргарро ба худ ҷалб кардан 1 тангаи яксомониро ба поён партофт. Ӯ гумон дошт, ки коргар ақаллан ба боло назар меандозад, то фаҳмида бошад, ки танга аз куҷо афтидааст. Вале он мард хомӯшона тангаро ба ҷайбаш андохту корашро идома дод. Чун сардор мехост ҳатман коргар ба ӯ таваҷҷуҳ намояд, боз паиҳам чанд тангаи дигарро ба поён партофт. Нахуст 10 сомонӣ, сипас 50 ва оқибат 100 сомонӣ партофт. Вале коргар ҳар дафъа пулҳоро гирифта, ба ҷайбаш меандохту корашро идома медод. Сардор, ки ба хашм омада буд, ин дафъа сангчаро бардошта, ба сари коргар андохт, ки он сангча рост ба пешонии мард бархӯрд. Оқибат мард сарашро бардошта, сардорашро дид... Ин қисса аз ҳаёти мову шумост. Худованд бо мо дар робита будан мехоҳад, вале мо хеле серкор ҳастем. Вақте Худованд ба мо туҳфаи ночизе мебахшад, бе он ки аз куҷо омадани онро андеша
кунем, мегӯем, ки МО хуштолеъ ҳастем. Аммо вақте сангчае, ки мушкилиаш меномем, ба сари мо меафтад, мо дарҳол рӯ ба Худованд
√ ЭЪЛОН Шиносномаи гушудаи Подосёнова Ганҷина Саидовна таҳти силсилаи А ва рақами 00959270, ки онро ШВКД-и шаҳри Норак соли 2017 додааст, эътибор надорад. Шартномаи хариду фурӯши манзилии гумшудаи силсилаи ДШ № 0525659, ки онро идораи нотиралии давлатии ноҳияи Синои шаҳри Душанбе соли 2014 додааст ва шиносномаи техникии ҳавлидории гумшуда, ки онро корхонаи фаръии байниноҳиявии ба қайдгирии техникии шаҳри Душанбе соли 2012, бо рақами (3460) 6S10S ба қайд гирифтааст ва ҳар ду ин ҳуҷҷҷат ба шаҳрванд Сафарова Ш. А. тааллуқ доранд, эътибор надоранд. Аттестати маълумоти нопурра (синфи 8)-и Дилоев Бобомурод Раҳматович таҳти рақами А № 869119, ки соли 1977 МТМУ №68 (ҳозир №65) додааст, бо сабаби гум шуданаш эътибор надорад. Аттестати гумшудаи Юнусов Нодир Одилович таҳти №0475887, ки онро соли 2010 Гимназияи №53 ба номи Муҳаббат Маҳмудоваи шаҳри Душанбе додааст, эътибор надорад. Дипломи гумшудаи №0000864, ки онро соли 2009 Литсейи касбии саноатии дӯзандагии №33 ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе ба Давлатова Ирода додааст, эътибор надорад. Шиносномаи техникии рақами бақайдгириаш №7198 аз 15.10.1992 сол ва шартномаи хариду фурӯши манзил таҳти феҳристи №8Д-3337 аз 20.08.1996 воқеъ дар кӯчаи Маяковский 75/5Ҳ3, ки ба шаҳрванд Сафарилиев Одинаҳмад тааллуқ дорад, ба сабаби гум шуданаш беэътибор дониста мешавад.
ҲАЙАТИ МУШОВАРА:
Абдуҷаббор РАҲМОНЗОДА (Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа), Нуриддин САИД (вазири маориф ва илми Тоҷикистон), Аҳтам АБДУЛЛОЗОДА (раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон).
ҲАЙАТИ ЭҶОДӢ:
меорем. Ҳар боре, ки мо соҳиби туҳфае мешавем, бояд шукрона аз Парвардигори худ кунем, на ин ки интизор шавем, то санге ба сарамон занаду баъдан Ӯро ёд кунем.
Толибшоҳи ДАВЛАТ (котиби масъул), Маҳмудҷон УСМОНОВ (муҳаррир), Шодихони НАЗАР (муҳаррири шуъбаи варзиш ва сайёҳӣ), ШАҲЛО ЭШОНОВА (муҳаррири шуъбаи иқтисод ва иҷтимоъ), Хуршед МАВЛОНОВ (муҳаррири шуъбаи иттилоот ва сиёсат), Беҳрӯз ХОЛМУРОДОВ (муҳаррири шуъбаи ҳаёти ҷавонон), Нуруллоҳи ОРИФ, Гулбаҳор РАҲМОНОВА, Хуршед ХОВАРӢ, Шаҳбози АСОМИДДИН, Меҳрубон ИМОМОВА (хабарнигорон), Шеравган ХУРСАНҚУЛОВ (саҳифабанд), Меҳроб АЗИМОВ (рассом), Машҳур ИМОМНАЗАРОВ (хабарнигор, ВМКБ), Фирӯз АБДУРАҲМОНОВ (хабарнигор, вилояти Хатлон).
•
Ба хотири чандандешӣ матолибе низ ба табъ мерасанд, ки хилофи назари ҳайати эҷодист. Дурустии арқому далелҳо бар дӯши муаллифон аст.
•
Ҳангоми таҳияи хабарҳо аз матолиби интернет низ истифода шудааст.
•
Индекси обуна: 68857
•
Тел: 901 06-41-10, 238-54-14, 238-51-09, 238-53-03
•
Ҳафтанома дар КТН «Шарқи озод» (хиёбони Саъдии Шерозӣ-16) бо теъдоди 3904 нусха ба нашр расид.
•
Ҳисоби бонкӣ: с/ҳ №20202972500232101000, ҳ/х 20402972316264, РМА030000301, РМБ350101626. БДА Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк»