Ҷавонони Тоҷикистон, №03 (9429), 2016

Page 1

Муоинаи пеш аз издивоҷ

Зимистони имсола гарм хоҳад буд

«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН» №3 (9429), 21 январи соли 2016

1

 ПАЁМ-2016

Мо бо ҷавонони созандаи худ ифтихор мекунем! Паёми Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон. 20.01.2016

Бардошти як ҷаҳон маънӣ аз Паёми Президенти ҷумҳурӣ ба Маҷлиси Олӣ Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии кишвар барои ҷавонони кишвар ҳамчун роҳнамо ва ҳидояткунанда барои дастёбӣ ба роҳу усулҳои муосир дар самти беҳдошти вазъи иҷтимоию иқтисодӣ, тандурустӣ, баланд гардидани маънавиёт, маърифатнокӣ ва ташаккули тарзи ҳаёти солим пазируфта шуд. Дар Паёми имсола масъалаи бо кор таъмин кардани ҷавонон, дар рӯҳияи ватандӯстиву инсонпарварӣ

ва худогоҳиву худшиносӣ, ҳамзамон, ба донишҳои замон фаро гирифтани онҳо муҳим арзёбӣ гардид. Дар воқеъ, таълиму тарбия барои шахси ҷавон ҳамчун ғизои асосии маънавӣ ба шумор рафта, камбудӣ ва ё норасоии он ба нокомилию ногувории ҳаёти шахсӣ метавонад боис гардад. Дар иртибот ба ин нуқтаҳои муҳим Кумита хулосаҳои зарурӣ бароварда, бо тақвият бахшидани фаъолият тасмим мегирад, ки кори марказҳои чавононро пурзӯр карда, силсилачорабиниҳои маърифатию пешгирикунанда, касбомӯзию забондонӣ ва ва-

танпарастиро бо доираи васеи ҷавонон баргузор намояд. Зуҳуроти номатлуби ҷомеа, ба монанди терроризму экстремизм, ки хусусияти ҷаҳонӣ касб кардаанд, дар Паёми имсола васеъ баррасӣ шуда, тарбияи ҷавонони солим ва муқовимат бо чунин зуҳуроти номатлуб муҳим арзёбӣ гардид. Аз ин рӯ, Кумита ҳамчун мақомоти ҳамоҳангсоз ва ваколатдори давлатии кор бо ҷавонон ҷиҳати баланд бардоштани сатҳи маълумотнокӣ, маърифатнокӣ ва маънавиёти ҷавонон баҳри эмин будани онҳо аз хатарҳои ҷаҳони муосир тадбирҳо меандешад.

Аҳтам АБДУЛЛОЗАДА,

раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

www.javonon.tj

НАШРИЯИ КУМИТАИ ҶАВОНОН, ВАРЗИШ ВА САЙЁҲИИ НАЗДИ ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН/ /№3, (9429), 21 январи соли 2015/e-mail:javonontj@mail.ru/www.javonon.tj/аз 5.04.1930 нашр мешавад

 АХБОРИ ҲАФТА

е-mail: javonontj@mail.ru

 ҶАВОНОН ВА ҶОМЕА

Ҷавонони кишвар бо ҳисси баланди масъулиятшиносӣ Паёми имсолаи Президенти кишварро ба Маҷлиси Олӣ интизор буданд ва аз ироаи он баҳри пешбурди ҳаёти солим ва мавҷудоти мақсаднок як ҷаҳон маънӣ бардошт карданд.


е-mail: javonontj@mail.ru

2

АХБОРИ ҲАФТА

«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН» №3 (9429), 21 январи соли 2016

629 медали варзишгарон дар соли 2015 - Соли 2015 дар самти ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ чорабиниҳои зиёд доир намудем. Мақсади асосии чорабинӣ расидан ба ҳадафи асосӣ буд: аз нигоҳи варзишӣ такмил додани маҳорати варзишӣ, иштирок дар мусобиқаҳои байналмилалӣ ва омода кардани варзишгарон; тавсия бахшидани имконият ва захираҳои туристӣ; баланд бардоштани маърифати ҷавонон, тавсия бахшидани ҳамкориашон бо дигар ҷавонони маҳал ва дар баробари ин огоҳ будани ҷавонон аз хатар, таҳдид ва оқибатҳои ногувори ҷараёнҳое, ки имрӯз дар ҷомеаи байналмилалӣ гузашта истодаанд, - иброз дошт Аҳтам Абдуллозода, раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати ҷумҳурӣ, 14 январ зимни нишасти матбуотӣ. Раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ соли сипаришударо соли бобарор хонда, қайд намуд, ки давоми сол аз тарафи кумита беш аз 4256 чорабинӣ доир карда шуда (нисбат ба соли 2014 40,3 дар сад зиёд), дар онҳо 1 062 227 нафар ҷавон фаро гирифта шуданд (нисбат ба соли 2014 278 572 нафар зиёд). Зикр гардид, ки дар давраи ҳисоботӣ 293 варзишгари ҷумҳурӣ ба 60 чорабинии сатҳи байналмилалӣ сафарбар гардида, ба хазинаи варзиши ҷумҳурӣ 629 медал, аз ҷумла 223 тилло, 178 нуқра ва 228 биринҷӣ ворид намуданд.

Ба иттилои роҳбарияти ин ниҳод соли 2015 аз Тоҷикистон 413 ҳазору 834 сайёҳи хориҷӣ боздид кардаанд, ки нисбат ба соли гузашта як баробар зиёд аст. Сайёҳон асосан аз кишварҳои Русия, Чин, Эрон, Қазоқистон, Қирғизистон, ИМА, Туркия, Ӯзбекистон, Олмон ба Тоҷикистон омадаанд. Аз ҳисоби сайёҳони хориҷӣ ба иқтисодиёти кишвар 206 миллиону 917 ҳазор доллари амрикоӣ фоида расидааст, ки нисбат ба соли гузашта 94% бештар аст. Аҳтам Абдуллозода қайд намуд, ки дар ҷумҳурӣ 111 мактаби варзишӣ фаъолият дошта, шумораи машқварзон 40

ҳазору 333 нафарро ташкил медиҳад. Соли 2015 дар сексияҳои варзишӣ ва гурӯҳҳои солимгардонӣ 612 115 нафар фаро гирифта шуданд, ки нисбат ба соли 2014 106 ҳазору 991 кас зиёд мебошад. Илова бар ин, дар ҷумҳурӣ ба ҳолати 1 декабри соли 2015 8409 иншооти варзишӣ мавҷуд буда, аз ин 111 варзишгоҳ, 6130 майдончаи варзишӣ, 1585 толори варзишӣ, 83 ҳавзи шиноварӣ ва 718 иншооти махсуси варзишӣ аз қабили тир, боулинг, фитнес ва клубҳои ихтиёрӣ амал менамоянд. Беҳрӯз ХОЛМУРОДОВ, “ҶТ”

Пардохти нафақаи 10748 “маъюб” қатъ карда шуд Соли 2015 андозаи миёнаи нафақаи меҳнатӣ дар ҷумҳурӣ 230 сомониро ташкил дод. Шумораи нафақагирон бошад, дар ин давра 13 ҳазор нафар афзуд. Айни ҳол шумораи умумии нафақагирон дар ҷумҳурӣ 625461 нафарро ташкил медиҳад.

5 ҳолати содир намудани ҷиноят аз ҷониби донишҷӯёни ДДТТ

www.javonon.tj

Дар Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон 17 нафар ятим таҳсил мекунанд, ки аз пардохти маблағи таҳсил озод буда, бо хобгоҳ ва 150 сомонӣ стипендия таъмин карда шудаанд. Ба иттилои Мумин Шарипов, ректори ин донишгоҳ, ДДТТ ба тарбияи мутахассисони зинаҳои магистратура, аспирантура ва докторантура аҳамияти бештар зоҳир менамояд. Имрӯз дар донишгоҳ 192 нафар магистрант, 47 аспирант ва 50 унвонҷӯ, дар баробари ин 21 нафар донишҷӯи хориҷӣ, аз ҷумла 2 нафар аз Ҷумҳурии Исломии Эрон, 10 нафар аз Ҷумҳурии Исломии Афғонистон, 3 нафар аз Ҷумҳурии Узбекистон, 4 нафар аз Ҷумҳурии Туркманистон ва 2 нафар аз Федератсияи Русия тибқи барномаи бакалавр таҳсил менамоянд. Инчунин 53 нафар аз Ҷумҳуриҳои Исломии Эрон ва Афғонистон магистранти донишгоҳ мебошанд. Зикр гардид, ки соли сипаришуда мувофиқи маълумоти Вазорати корҳои дохилии кишвар аз тарафи донишҷӯёни донишгоҳ 5 ҳолати содир намудани ҷиноят ба қайд гирифта шудааст, ки нигаронкунанда мебошад. Беҳрӯз ХОЛМУРОДОВ, “ҶТ”

Тавре Сафаралӣ Наҷмиддинов, директори Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати ҷумҳурӣ зимни нишасти матбуотӣ изҳор дошт, буҷети суғуртаи иҷтимоӣ дар соли 2015 афзоиш ёфта, он бо назардошти хароҷоти корхонаю муассисаҳо 2 млрд. 67,4 млн. сомониро ташкил дод. - Аз ҷониби комиссияи муштараки идораҳои дахлдор 65273 нафар гирандагони нафақаи маъюбӣ аз муоинаи такрории тиббию иҷтимоӣ гузашта, гурӯҳи маъюбии 43563 нафар тасдиқи худро ёфта, аз нав барқарор гардиданд, ки асосан маъюбони модарзод мебошанд. 3542 нафар аз як гурӯҳи маъюбӣ ба гурӯҳи дигар гузаронида шуданд ва нафақаашон аз нав ҳисоб ва таъин гардид. Гурӯҳи маъюбии 13871 нафар тасдиқ нагардида,

пардохти нафақаи 10748 нафар қатъ карда шуд, - иброз дошт С. Наҷмиддинов. Зикр шуд, ки айни ҳол 73,6 дар сади нафақагирон аз кортҳои бонкӣ истифода мебаранд, ки роҳи осону нисбатан манфиатноки фаъолият аст. - Бо дарназардошти вазъи иҷтимоии аҳолӣ ва беҳтар кардани сатҳу сифати хизматрасонӣ ба қишрҳои ниёзманди ҷомеа ва ба ин васила беҳтар кардани некуаҳволии мардум таҳияи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таъини нафақаи суғуртавӣ ва давлатӣ» дар таҳрири нав дар назар аст, - гуфт дар хулосаи суҳбат С. Наҷмиддинов. - Қонуни мазкур аз 1 январи соли 2017 мавриди амал қарор хоҳад гирифт.

Барои мардумро ба об таъмин кардан 85 сол лозим аст Алимурод Тағоймуродов, директори КВД “Хоҷагии манзилию коммуналии Тоҷикистон”, 14 январ зимни нишасти матбуотӣ зикр кард, ки бештари арзу шикоятҳои сокинон дар робита бо обӣ ошомиданӣ таъмин кардани онҳо мебошад. Ба иттилои ин ниҳод, 57 дар сад аҳолии кишвар ба оби ошомиданӣ дастрасӣ доранд, боқимонда аз ҷӯйборҳо, чашмаҳо, дарёҳо ва чоҳҳо истифода мебаранд. - Дар ҷумҳурӣ 4884 маҳаллаи аҳолинишин ба қайд гирифта шудааст ва дар ҳамаи онҳо лоиҳаҳои инвеститсионӣ мавҷуд аст. Агар ягон ташкилоту муассиса, институтҳои молиявӣ ё шахсони алоҳида муроҷиат кунанд, мо метавонем лоиҳаҳои тайёрро ба онҳо пешниҳод кунем, - гуфт А. Тағоймуродов. - Проблемаи норасоии оби ошомиданӣ дар ҳама гӯшаву канори ҷумҳурӣ ҷой дорад. Барои сокинони мамлакатро бо оби ошомиданӣ таъмин кардан зиёда аз 2 миллиард доллари ИМА лозим аст. Агар 54 миллион долларро ҳар сол аз худ кунем, 85 сол лозим аст, то тамоми мардуми кишварро ба оби ошомиданӣ таъмин намоем.

Шаҳло ЭШОНОВА, “ҶТ”

Ҳасан АЗИЗОВ, «ҶТ»

Баъзе фурӯшандаҳо масъулият надоранд Соли 2015 кормандони “Тоҷикстандарт” маҳсулоти хӯроквории муҳлати истеъмолиашон гузашта, талаботи ҳуҷҷатҳои меъёрӣ-техникӣ ва ба регламентҳои техникӣ ҷавобгӯй набударо ба миқдори 3602,2 тонна аз нуқтаҳои савдо мусодира кардаанд. Ибодулло Карим, директори маҳсулоти сохтмонӣ бо тамғаи қалбакии “Тоҷикистандарт”, 15 январ зимни ни- «Алинекс» дарёфт ва аз муомилот гишасти матбуотӣ зикр кард, ки маҳсулоти рифта шуд. Нисбат ба соҳибкороне, ки бесифат ва ғайристандартӣ бо роҳҳои ба қонуншиканӣ роҳ додаанд, 7 парвангуногун вориди марказҳои савдо ва даи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб ё бозорҳо мешаванд. «Мо дар як сол дода шуд. Бо дархости ҶДММ «Сардор танҳо ду маротиба ҳуқуқи санҷидани 2008», ки ба истеҳсоли донаҳои офтобмаҳсулоти бозорро дорем. Ҳамчунин, параст бо тамғаи «Симба» машғул мемо наметавонем маҳсулотеро, ки дар бошад, аз бозори истеъмолӣ маҳсулоти анбор нигоҳ дошта мешавад, аз санҷиш қалбакии корхонаи мазкур аз муомилот гузаронем. Соҳибкорони ҳилагар аз ин гирифта шуд. Дар ин давра ба миқдори истифода бурда, маҳсулоти пастсифата- 6000 дона борҷома бо тамғаи молии ши қалбакӣ ошкор гардид. Дар асоси шонро баъд аз санҷиши мо бароварда ҶСК «Ширин» бо номгӯи «Сумая» барои дархости ҶДММ «Xenkel Bautechnic мефурӯшанд ё ин ки баъд аз соати кории маҳсулоти нонӣ, ки аз тарафи соҳибкори Kazakhstan» оид ба истифодаи тамғаи мақомоти дахлдор. Ҳамаи ин баёнгари инфиродӣ Расулова ғайриқонунӣ ис- молии ин ширкат дар ширешҳои тамғаи он аст, ки то имрӯз маърифати ҳуқуқии тифода шудааст, аз муомилот гирифта «Момент» корҳои санҷишӣ ва назоратӣ мизоҷон ва масъулияти фурӯшандаҳо шуд. Ҳамзамон, тибқи дархости ҶДММ гузаронида шуда, 2123 адад маҳсулоти устувор нест”. «Ёзон тоҷ» аз бозори истеъмолии қалбакӣ ба муомилот роҳ дода нашуд. Дар натиҷаи санҷиш 16150 кило шаҳри Душанбе 437 дона хамиртуруҲасан АЗИЗОВ, «ҶТ»


НАВИГАРИҲОИ ВАРЗИШ

«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН» №3 (9429), 21 январи соли 2016

3

17 январ дар шаҳри Санкт-Петербурги Федератсияи Руссия мусобиқаи байналмилалии анъанавии Ҷоми Иттиҳод-2016 оғоз гардид.

Рустами Эмомалӣ дубора президенти ФФТ интихоб шуд 15 январ дар меҳмонхонаи «HYATT Regensy» Конференсияи ҳисоботӣ-интихобии Федератсияи футболи Тоҷикистон доир гардид. Рустами Эмомалӣ бори дуюм пайиҳам президенти ин федератсия интихоб шуд. Ба иттилои хадамоти матбуоти ФФТ, қабл аз ин ҳозирин ҳисоботи ноиби аввали президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон Хуршед Файзуллозодаро дар давраи ҳисоботӣ шуниданд. Дар маърӯзаи худ, ноиби аввал оид ба тағйирот дар сохтори ФФТ ва амалӣ гардидани барномаҳои мушаххаси рушди футбол маълумот дод. Оид ба фаъолияти молиявии ФФТ бошад, сардори департаменти молиявии ин ниҳод Назрулло Бозоров ҳисобот дод. Дар бораи тағйиру иловаҳо ба Оинномаи Федератсияи футболи Тоҷикистон роҳбари маъмурияти ФФТ Шавкат Аҳмадов ба-

ромад кард. Дар охир аъзои нави кумитаи иҷроияи Федератсияи футболи Тоҷикистон интихоб шуд. Ба узвияти ин кумита 13 нафар (қаблан 11 кас буд) пешниҳод шуданд: Рустами Эмомалӣ, Қоҳир Расулзода, Аҳтам Абдуллозода, Шоҳрух Саидов, Бароталӣ Ҳамдзода, Музаффар Исҳоқов, Фарҳод Сайфиддинов, Исроил Шарипов, Фатҳулло Ҷалилов, Шариф Назаров ва Муҳсин Муҳаммадиев. Ноибони президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон Хуршед Файзуллозода ва Дилшод Ҷӯраев ҳам мувофиқи оиннома узви кумитаи иҷроияи ФФТ мебошанд.

Наврасони Ваҳдат дар таътил ба варзиш машғуланд

Дар мусобиқа 8 дастаи ҷавонони то 22-сола дар ду гурӯҳ иштирок доранд. Тими ҷавонони кишвар таҳти роҳбарии сармураббӣ Роман Пилипчук дар бозии аввалаш аз тими Руссия бо ҳисоби 1:2 шикаст хурд. Голи дастаи ҷавонони кишварро ҳамлагари дастаи “Хуҷанд” Ҷаҳонгир Эргашев зад. Ду голи дастаи ғолибро бошад нимҳимоятгари тими “Волгаря”-и Астрахан Михаил Жабкин ба ҳадаф расонд. Дар бозии дигари гурӯҳ бо ҳисоби монанд Эстония Латвияро мағлуб кард. Дар бозии дуюм низ футболбозони ҷавони мамлакат аз ҳамсолонашон аз Эстония бо ҳисоби 1:4 мағлуб шуданд. Голи тими моро Парвизҷон

Умарбоев, нимҳимоятгари дастаи “Истиқлол” аз пеналтӣ вориди дарвозаи ҳариф кард. Бозии дигари гурӯҳ миёни Руссия ва Латвия бо ҳисоби 2:1 ба фоидаи русҳо анҷом ёфт. Дар гурӯҳи “А” дар даври аввал Қирғизистон бар Белорус ва Молдова бар Қазоқистон бо ҳисоби якхелаи 1:0 ғалаба карданд. Дар даври дуюм Молдова Қирғизистонро бо ҳисоби 2:0 шикаст дод. Бозӣ миёни дастаҳои Белорус ва Қазоқистон мусовӣ 0:0 анҷом ёфт. Молдова, ки 6 хол дорад, аввалин дастае шуд, ки ба даври финалӣ роҳ ёфт. Даври сеюм имрӯз - 21 январ баргузор мешавад. Дар ин давр тими ҷавонони кишвар муқобили Латвия ба майдон мебарояд.

е-mail: javonontj@mail.ru

Ҷоми Иттиҳод-2016: Тоҷикистон ду бозиро бохт

Нокомии варзишгарони тоҷик дар Ҷоми ҷаҳонии паҳлавонии тахтӣ 14-15 январ дар шаҳри Теҳрони Ҷумҳурии Исломии Эрон 36-умин давраи рақобатҳои гӯштии Ҷоми ҷаҳонии паҳлавонии тахтӣ баргузор гардид. Дар он варзишгарон аз давлатҳои Алҷазоир, Арманистон, Гурҷистон, Лаҳистон, Марокаш, Маҷористон, Молдова, Озарбойҷон, Русия, Сербистон, Тоҷикистон, Тунис, Украина, Эрон ва ғайра ширкат доштанд. Ҷумҳурии моро 11 варзишгар намояндагӣ карданд. Тибқи низомнома мусобиқа аз намудҳои гуштии озод, гуштии юнониву румӣ ва паҳлавонӣ доир шуд. Варзишгарони кишвар Азамат Сӯфиев, Аб-

думуслим Раҷабов, Инкандари Рустам, Ҷамшед Шарифов, Абдуқосим Файзов, Содирхуҷа Исмоилов (гуштии озод), Ҳасан Сӯфиев, Сӯҳроб Абдулҳаев, Шараф Файзиев, Рӯзадор Ҷуганиев ва Лоиқ Амирҳамза (гуштии юнониву римӣ) аз медалҳои мусобиқа бенасиб монданд. Танҳо Искандари Рустам ва Абумуслим Раҷабов мақоми панҷумро соҳиб гардид. Шодихони НАЗАР, “ҶТ”

Дар шаҳри Ваҳдат мусобиқаи таэквондо (WTF) миёни кӯдакон ва наврасон доир шуд. Чорабиниро Манон Солиҳов, мудири Бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии шаҳри Ваҳдат ифтитоҳ бахшида, ба иштирокчиён барор хост. Дар ҷамъбаст сармутахассиси Бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии шаҳр Сафарбек Саидов ва мудири қисми таълимии мактаби варзишии кӯдакону наврасон Фаттоҳ Раҳмонов ғолибон ва иштирокчиёни фаъолро бо ифтихорнома ва туҳфаҳо сарфароз гардониданд. Ба иттилои Бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии шаҳри Ваҳдат, чунин чорабиниҳо дар давраи таътили зимистонаи хонандагон доимӣ баргузор мешаванд. Ҳадаф ҷалби кӯдакону наврасон ба варзиш, пешгирӣ намудани амалҳои зишт, мисли нашъамандӣ, таблиғи тарзи ҳаёти солим ва мустаҳкам намудани алоқаи дӯстӣ миёни наврасону кӯдакон ба ҳисоб меравад.

Бозии санҷишии “Хуҷанд” бо “Олой” дар нақша аст Барандаи медалҳои нуқраи чемпионати мамлакат оид ба футбол бошгоҳи футболи «Хуҷанд»-и Хуҷанд бо чемпиони футболи Қирғизистон «Олой»-и Ош бозии санҷишӣ мегузаронад. ни ин бозии санҷишӣ, дар яке аз ду варзишгоҳи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров – «Хистеварз» ва «Фурудгоҳ» ҷой дорад. Қобили қайд аст, ки «Олой» ва «Хуҷанд» дар марҳилаи плей-оффи Ҷоми КФО-2016 иштирок мекунанд. «Хуҷанд» рӯзи 9 феврал дар сафар ба «Аҳлӣ Ал-Халил»-и Фаластин ва чемпиони Қирғизистон бошад, дар Лубнон бо «Триполӣ» рақобат мекунанд. Дар сурати ғалаба дар ин бозӣ, «Олой»

дар як гурӯҳ бо чемпиони феълии Тоҷикистон «Истиқлол»-и Душанбе бозӣ хоҳад кард. Бозӣ бо «Олой» бозии ҷамъбастии санҷишии «Хуҷанд» дар ҷамъомади якуми омӯзишӣ-машқӣ дар Қайроққум мешавад. Қаблан, дар доираи ин ҷамъомади омӯзишӣ-машқӣ «Хуҷанд» ду бозии санҷишӣ бо «Истиқлол» (1:1 ва 2:2) гузаронд. Аз рӯзи 25 январ ҷамъомади дуюми омӯзишӣ-машқии «Хуҷанд» дар Душанбе оғоз мешавад.

www.javonon.tj

Нуъмонҷон Юсуфов, сармураббии даста ба сомонаи расмии Федератсияи футболи Тоҷикистон иттилоъ додааст, ки бозӣ 21 январ дар Тоҷикистон доир мешавад. Аммо дар кадом варзишгоҳ баргузор шудани бозӣ айни ҳол аниқ нашудааст. Варзишгоҳи «20-солагии Истиқлолияти Тоҷикистон», ки “Хуҷанд” бозиҳои хонагии худро дар он мегузаронад, бо мақсади омодагӣ ба мавсими нави футбол баста шудааст. Имконияти баргузор шуда-


www.javonon.tj

е-mail: javonontj@mail.ru

4

ҶАВОНОН ВА ҶОМЕА

«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН» №3 (9429), 21 январи соли 2016

Манзумаи ФИРӮЗ Ахиран вакилони Маҷлиси намояндагон бо ворид намудани тағйиру иловаҳо ба моддаи 15-и Кодекси оила муоинаи тиббиро пеш аз издивоҷ ҳатмӣ дониста, тибқи он никоҳ байни хешу ақраборо мамнуъ эълон карданд. Ҳадафи асосии Қонуни мазкур муқаррар намудани қоидаҳои гузаронидани муоинаи тиббии ҳатмии шахсони никоҳшаванда мебошад. Инчунин аз оғози моҳи июли соли ҷорӣ агар никоҳшавандагон қабл аз никоҳ аз муоинаи духтур нагузаранд, бастани ақди никоҳ барояшон иҷозат дода намешавад. Тавре маълум аст, никоҳ байни хешу табор дар ҷомеаи Тоҷикистон таърихи куҳна дошта, шояд аз қаъри асрҳо “об” мехурад ва то имрӯз дар бештари минтақаҳои кишвар роиҷ аст. Ҳатто дар баъзе манотиқи кӯҳӣ арӯс ва домодро аз авлоди дигар интихоб намекунанд, интихоби номзадро аз табори дигар комилан зидди расму русумашон медонанд. Вале табибон бар онанд, ки эҳтимоли тавлиди атфоли ҷисман ноқис аз бастани никоҳ бо пайвандони наздик зиёд мегардад. Ҳамин тариқ, манъи никоҳи хешутаборӣ метавонад то андозае боиси коҳиши тавлиди кӯдакони маъюб гардад. Муоинаи тиббии пеш аз издивоҷ низ метавонад сабаби пешгирии бемориҳои гунонун ва таваллуди атфоли маъюб бошад. Баъди ба тасвиб расидани қонун ва муоинаи ҳатмии тиббӣ пеш аз издивоҷ бештари ҷавонондухтарону ҷавонписарон онро як навъ таҳқир ва таъсир ба равони онҳо медонанд. Ба гуфтаи табибони Вазорати тандурустии кишвар издивоҷкунандагон аз ташхиси бемориҳои СПИД, сил, оташак, мутахассисони чашм, ҷарроҳ, шикастабанд мегузаранд ва ба бокира будан ё набудани арӯсон коре надоранд. Гузаштан аз ташхис низ маънои ба дунё овардани атфоли солимро дорад. Равоншинос Маҳмуд Кабирӣ мегӯяд, аз ташхис гузаштани навхонадорон пеш аз издивоҷ безарар буда,

ба равони ҷавонон таъсири манфӣ намерасонад. Ӯ афзуд, ки аз ташхиси духтур гузаштан зарур буда, маърифати ҳар фардро нишон медиҳад. “Ташхиси издивоҷкунандагон дар ҳоле зарур аст, ки пешгирии хонавайронӣ аз ҳисоби муҳри бокирагӣ, пешгирии бачапартоӣ аз ҳисоби муноқишаи резусомилӣ, пешгирии безурётӣ аз ҳисоби бемориҳои узвҳои ҷинсӣ ва тавлиди тифли маъюб коҳиш ёбад”. Бештари коршиносон бар онанд, ки қонуни мазкур саривақтӣ мебошад ва барои амалӣ шудани он вақт лозим аст, то мардум онро ба хубӣ дарк кунанд. Инчунин, манъи никоҳи хешутаборӣ ба мардум зиёне намерасонад ва ҷавонон диққаташонро аз хеш ба бегонаҳо мегардонанд. Яъне вектори хонадорӣ иваз мешаваду халос. Танҳо дар аввал то

худро доранд. Маҳз барои вайрон нашудани чунин хуни ирқи авлодиашон бо дигар ирқу насабҳо оиладорӣ намекунанд. “Бузургони оила фарзандонашонро барои издивоҷ бо хешованд маҷбур мекунанд. Баъзан ирқи Саидзодаҳову Мирзозодаҳое ҳастанд, ки ба хотири хуни ирқиашонро ҳифз кардан қатъан бо бегонагон ақди никоҳ намебанданд”. Нусратулло Салимзода, вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ низ аз издивоҷи зиёди хешу таборӣ дар минтақаи Суғд нигаронӣ намуда, афзоиши чунин никоҳ дар Хатлону ноҳияҳои тобеи марказро боиси ташвиш номид. Ба гуфтаи вазир, дар соли 2014 дар Суғд 440 кӯдаки маъюб тавлид шудааст, ки волидони 154 нафарашон риштаи хешу таборӣ доранд. Инчунин, то 1 январи соли равон дар ҷумҳурӣ зиёда аз 25

духтар ё писари тағо, хола, амаку амма, гарчанде тифли ноқис ба дунё наоранд ҳам, яке аз омилҳои хурдтарини худкушӣ ё сӯиқасд ба ҷони худ арзёбӣ мегардад. Ҷомеашинос Мавҷуда Комилова бар он аст, ки ба хотири низоъ дар оила зан наметавонад ба хонаи волидайн баргардад, чун баргаштани ӯ ба хонаи падар боиси моҷарои ду авлод мегардад. Танҳо ба ҳамин хотир заноне, ки бо хешу ақрабо никоҳ мебанданд, тоқат намуда, ояндаи наздиконро фикр мекунанд. Вале дар бештари ҳолат ахиран ба худкушӣ даст мезананд. Мавсуф дар ҳоле чунин мегӯяд, ки яке аз масъалаҳои муҳимтарини никоҳи хешутаборӣ маҳз худкушӣ ва хушунати занон низ ба шумор меравад. Яъне мардон бовар доранд, ки ҳамсари онҳо ба касе аз хушунати онҳо шиква намекунад, чун духтари холаи ӯст ё духтари амакаш. Ба

таҳдиду занозанӣ хотима меёбад. Онҳо ҳамон хешовандоне буданд, ки фарзандонашонро маҷбуран издивоҷ намуданд, вале аз ояндаи зиндагии онҳо касеро парво набуд. Баъди пош хӯрдани оила, табиист, ки гуноҳ ба гардани хонаводаи арӯс ё домод бор мегардад. Тавре маълум аст, ислом бастани никоҳ байни ақраборо мамнӯъ намекунад ва издивоҷи хешу таборӣ ҳам раво мебошад. Вале дар ҷомеаи кунунӣ бояд садди роҳи он гардид, чун аз иштибоҳи калонсолон кӯдакони маъюб дар азоби зиндагӣ хоҳанд монд. Фаҳмондани қонуни мазкур низ бо роҳҳои маъмулӣ суде намебахшад. Дар ин масъала сабку шеваи фаҳмондан бозбинӣ мехоҳад. Ҳамакнун бояд филмҳои бадеиву мустанад оид ба ин масъала рангинтару ҷаззобтар таҳия бояд намуд, то ин зуҳурот ба якборагӣ ҳам набошад, тадриҷан аз

Муоинаи пеш аз издивоҷ Он маҳалгароиро аз байн мебарад!

одат шудан муқобилатҳо нишон дода мешавад, вале одат ки шуд, мушкилӣ дар ин соҳа барҳам мехурад, чун ин раванд эволютсияи иҷтимоии мост. Зафар Мирзоиён, ҷомеашиноси тоҷик, манъи издивоҷ байни хешу ақраборо саривақтӣ унвон намуда, бар ин аст, ки андешаро бояд дар дилҳои мардум корид. Вагарна тоҷикон онро шояд пас аз 5060 сол дарк кунанд. - Мо - тоҷикон ҳатто ҳикмате дорем ба масобаи "хешу табориро як тарафаш хуб аст", - афзуд З. Мирзоиён. Исботи пизишкони геншиносӣ матраҳ аст, ки кӯдакони аз пайванди хешу таборӣ ба дунё омада ғолибан ё аз нигоҳи ҷисмонӣ ва ё аз нигоҳи ақлӣ пурра нестанд. Дар гузаштаҳои дур пайвандҳои заношӯӣ миёни хешовандон барои он сурат мегирифт, ки тоҷикон бо қавмҳои ишғолгар омехта нашаванд. Ин намуди никоҳ бештар дар шимоли кишвар рушд намудааст, ки сокинони ин минтақа аз амали бузургони хонавода нигаронӣ мекунанд. Журналист Набиуллоҳ Суннатӣ, ки дар вилояти Суғд фаъолият мекунад, яке аз он нафароне мебошад, ки ҳамеша бо никоҳҳои мазкур рӯ ба рӯ мегардад ва тасдиқ мекунад, ки нисбат ба дигар минтақаҳои кишвар дар онҳо никоҳи хешу таборӣ бештар аст. Тавре ӯ қисса мекунад, дар миёни мардуми минтақаи шимоли Тоҷикистон никоҳ бо хешовандон одати деринаи чандасрина мебошад, ки оилаҳо шаъну шараф ва ҳатто ирқу авлодии хоси

ҳазор кӯдаки маъюб сабти ном шудаанд, ки 30-35 фисади онҳо аз волидоне ба дунё омадаанд, ки хешанд. Ҳамсуҳбатамон Шаҳноза Ибодова, истиқоматкунандаи ноҳияи Тоҷикобод, дар суҳбат иқрор шуд, ки никоҳи хешу таборӣ дар минтақаи онҳо низ зиёд аст. Вале ҳар оилаеро, ки бо онҳо балад аст, фарзандони солим ба дунё овардаанд. Вале мавсуф мегӯяд, ки қонуни мазкур як ҷиҳати хубтареро низ дорад, ки шояд метавонад маҳалгароиро аз байн бубарад. Ҷомеашинос Зафар Мирзоиён низ андеша дорад, ки тоҷикон бояд бо ҳам бештар омехта шаванд ва хуҷандиву бадахшӣ, кӯлобиву зарафшонӣ дигар нагӯем. “Миллатсозиро бояд аз русҳо омӯхт. Зани рус ҳатто ҳабашро ба шавҳарӣ бигирад, маниши ӯро, забонашро русӣ месозад. Дар миёни русҳо ва бештар яҳудиён

модарсолорӣ ривоҷ дорад”. Б а р х е ҷомеашиносон назар доранд, ки дар баробари оиладорӣ бо

хотири бад нашудани муносибати ду хонавода сабрро пеша карда, зери хушунат ва таҳдиди хешовандон мемонад. Волидони онҳо низ ҳамчунин лаб зери дандон хомӯширо ихтиёр мекунанд. Ҳатто ҳолатҳое ҳаст, ки чунин қудоҳои қаблан хеш баъди нофаҳмӣ ва ҷудо шудани арӯсу домод душмани ашаддии якумра шуда, корашон бо муноқиша,

зеҳни мардум бартараф гардад. Зимнан, бояд ёдрас шуд, ки идеяи бозбинӣ ва манъи никоҳи хешутаборӣ баъд аз як сафари Президенти кишвар ба мактаб-интернати кӯдакони маъюби Чорбоғ ба миён омад. Президент кӯдакони маъюби зиёдеро дида, ба риққат омада, гуфта буд, ки аксарияти ин кӯдакону наврасон аз никоҳи хешутаборӣ ба дунё омадаанд. Сипас, Сарвари давлат ин масъаларо дар Паёмаш ба Маҷлиси Олӣ интиқод намуд. Интиқоди Роҳбари давлат боис гашт, ки мақомот масъаларо ҷиддӣ гирифта, қонунро қабул карданд.


ДАСТГИРИИ ҶАВОНОН

«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН» №3 (9429), 21 январи соли 2016

Кумитаи ҷавонон варзиш ва сайёҳӣ 16 январ ғолибони озмунҳои “Донишҷӯи беҳтарини сол”, “Мақолаи беҳтарин”, “Таронаи донишҷӯ” ва Ҷоизаи кумитаро дар соҳаҳои адабиёт, журналистика, санъат, меъморӣ ва барномасозӣ ҷамъбаст намуд.

е-mail: javonontj@mail.ru

Ғолибони Ҷоизаи Кумитаи ҷавонон... муайян гардиданд Абдурасул Қурбонов

Зебо Худойқулова

Маросими ҷоизасупорӣ дар тарабхонаи “Шоира люкс” баргузор гардид. Бо дарназардошти зиёд будани теъдоди иштирокчиёни озмун барои дарёфти Ҷоизаи Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ Мавсума Муинӣ, муовини аввали раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ, раиси комиссия пешниҳод намуд, ки дар соҳаи рӯзноманигорӣ 4 ҷой барои 8 кор, дар соҳаи санъат 1 ҷой барои 3 кор, дар соҳаи адабиёт 1 ҷой барои 5 кор, дар соҳаи меъморӣ 1 ҷой барои 2 кор ва дар соҳаи барномасозӣ як ҷой барои 2 кор дода шавад. Ҳамин тариқ, дар соҳаи адабиёт Хуршед Исоев, Баҳманёр Муродов ва Бузургмеҳри Ҳаким; дар соҳаи журналистика Муҳиддин Нуров, Руқия Гадоалиева, Фатҳиддин Маизов, Мазҳаб Ҷумаев, Муҳаммадиқбол Атоев, Рухшона Ҳакимова, Амир Иброҳимов ва Зарифа Содиқова; дар соҳаи санъат Алишери Сайфиддин, Далер Мирхонов, Заҳро Айдарова; дар соҳаи меъморӣ Рустам Маҳмадалиев ва дар соҳаи барномасозӣ Абдураҳим Ҳусайнов дар ҳаммуаллифӣ бо Далер Назаров, Шералӣ Ёров ва Фирӯз Ҳамидов ҷоизаи Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳиро дар соли 2015 ба даст оварданд.

Муҳибҷон Эрбоев, донишҷӯи соли сеюми ДДҲБСТ шаҳри Хуҷанд, узви вобастаи Академияи хурди илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон. Шаш нафари дигар - Самариддин Ҷамолӣ, устоди Донишгоҳи давлатии Қӯрғонтеппа, Бойзода Наҷибуллоҳ, донишҷӯи соли чоруми факултети иқтисод ва идораи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, Наврӯз Ҷобиров, муҳаррири ҳафтаномаи ҳуқуқӣ, сиёсӣ ва иҷтимоии “Қонун ва ҷомеа”-и ВКД, Ҷовид Супарнавӣ, донишҷӯи Донишгоҳи давлатии Кӯлоб, Эмомалӣ Набиев, донишҷӯи соли чоруми Донишгоҳи давлатии Қӯрғонтеппа, Ҷӯрабек Рустамов, донишҷӯи Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон бо “Сипоснома”-и Кумитаи ҷавонон варзиш ва сайёҳӣ қадрдонӣ шуданд.

Дар озмуни “Мақолаи беҳтарин дар мавзӯи “Моҳият, сабабҳои пайдоиш ва роҳҳои пешгирии тероризму экстремизм дар байни ҷавонон” нафарони зерин ғолиб дониста шуданд: Ҷойи якум: Валӣ Атоуллоев, донишҷӯи соли панҷуми факултети ҳуқуқшиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон. Ҷойи дуюм: Абдувосии Насрулло, магистранти соли дуюми Донишгоҳи технологии Тоҷикистон, Маҳинбону Шарифова, донишҷӯи соли сеюми Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи А. Рӯдакӣ. Ҷойи сеюм: Саъдулло Юсуфов, хонандаи синфи 10-и гимназияи №53 ба номи Муҳаббат Маҳмудоваи ноҳияи Исмоили Сомонӣ,

Ғолибони озмуни “Таронаи донишҷӯ” ба тариқи зайл муайян шуданд: Ҷойи якум: Шабнам Шарифова, донишҷӯи Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон ба номи С. Улуғзода. Ҷойи дуюм: Тағоймурод Раҷабов, донишҷӯи Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Шириншоҳ Шоҳтемур, Алиҷон Юсуфов ва Дилноза Юсуфова, донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон. Ҷойи сеюм: Муқаддас Раҳмонова, донишҷӯи филиали Донишгоҳи давлатии Москва ба номи Ломаносов, Мақсуд Акбаров, донишҷӯи Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи А. Рӯдакӣ.

Меҳринисо Раҳмонзода

Эмомалӣ Набиев

Шодихони НАЗАР Шаҳло Алавова

Ардамеҳр Ашуров

Гулизор Пирова

Карим Салимов

Шаҳло Сайфиддинова

Маҳмадюнус Исоев

Давлатсултон Салтанатова

Ҳикоят Ятимова

www.javonon.tj

Ғолибони “Донишҷӯӣ беҳтарини сол” ба ин тариқ муайян шуданд: Ҷойи якум: Абдурасул Қурбонов, донишҷӯи Донишгоҳи техникии Тоҷикистон. Ҷойи дуюм: Меҳринисо Раҳмонзода, донишҷӯи Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон, Зебо Худойқулова, донишҷӯи Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳ Рӯдакӣ, Эмомалӣ Набиев, донишҷӯи Донишгоҳи давлатии Қӯрғонтеппа ба номи Носири Хусрав.

Ҷойи сеюм: Шаҳло Алавова, донишҷӯи филиали Донишгоҳи давлатии Москва ба номи Ломаносов, Мирқурбон Наимов, донишҷӯи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, Шаҳбоз Шокиров, донишҷӯи Донишгоҳи технологии Тоҷикистон. Инчунин ба 7 нафар - Ардамеҳр Ашӯров, донишҷӯи Донишгоҳи давлатии омӯзгорӣ ба номи С. Айнӣ, Гулизор Пирова, донишҷӯи Донишгоҳи давлати тиббии Тоҷикистон, Каримҷон Салимов, донишҷӯи Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон ба номи С. Улуғзода, Шаҳло Сайфиддинова, донишҷӯи Донишкадаи технология ва менеҷменти иноватсионии шаҳри Кӯлоб, Муҳаммадюнус Исоев, донишҷӯи Донишкадаи омӯзгории Тоҷикистон дар ноҳияи Рашт, Давлатсултон Салтанатова, донишҷӯи Донишгоҳи давлатии Хоруғ, Ҳикоят Ятимова, донишҷӯи Донишкадаи соҳибкорӣ ва хизмат барои иштироки фаъолашон дар озмун “Сипоснома”-и Кумитаи ҷавонон варзиш ва сайёҳӣ тақдим шуд.

5


www.javonon.tj

е-mail: javonontj@mail.ru

6

ПАЁМ-2016

«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН» №3 (9429), 21 январи соли 2016

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Паёми имсола ба мақоми олии қонунгузори мамлакат ва мардуми шарифи Тоҷикистон дар шароити торафт мураккаб гардидани вазъи ҷаҳони муосир, густариш пайдо кардани зуҳуроти ниҳоят хатарноки асри нав - терроризм ва экстремизм, вусъати бесобиқаи бархӯрди манофеи абарқудратҳо барои аз нав тақсим кардани ҷаҳон ва вобаста ба ин боз ҳам печидаву муташанниҷ гардидани вазъи сиёсии сайёра, инчунин шиддат гирифтани буҳрони молиявию иқтисодӣ дар бисёр кишварҳои олам пешниҳод мегардад. Соли 2015 ба таърихи навини кишварамон, қабл аз ҳама, бо чорабинии муҳими сиёсӣ - интихоботи вакилон ба Маҷлиси Олӣ ва маҷлисҳои маҳаллӣ ворид гардид. Мехоҳам махсус хотирнишон созам, ки интихобот дар фазои сулҳу суботи комил ва дар сатҳи баланди сиёсӣ баргузор шуда, бори дигар болоравии маърифати сиёсиву масъулияти шаҳрвандии мардуми Тоҷикистонро нишон дод. Бо истифода аз фурсат, ба кулли мардуми шарифи кишвар барои ширкати фаъолона дар муҳимтарин чорабинии сиёсии сол бори дигар миннатдорӣ баён менамоям. Дар соли гузашта, ҳамчунин, як силсила маъракаҳои муҳим, аз ҷумла Конфронси байналмилалӣ доир ба ҷамъбасти раванди татбиқи яке аз ташаббусҳои Тоҷикистон дар Созмони Милали Муттаҳид - Даҳсолаи байналмилалии амалиёти «Об барои ҳаёт» дар солҳои 2005-2015, 700-солагии мутафаккири барҷастаи Машриқзамин Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ ва 3000-солагии Ҳисори бостонӣ баргузор гардиданд, ки ҳамаи онҳо, дар маҷмӯъ, дар амри густариши ҳисси миллӣ, худшиносиву худогоҳии хурду бузурги мамлакат, инчунин дар таҳкими нуфузу эътибори кишварамон нақши муассир гузоштанд. Соли 2015 бо вуҷуди таъсири буҳрони молиявию иқтисодии ҷаҳонӣ ва афзоиши фишор ба иқтисоди миллии мо дар натиҷаи заҳмати аҳлонаи мардуми шарафманди кишварамон рушди мусбати иқтисодӣ ва устувории нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ таъмин гардида, ҳаҷми маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ ба зиёда аз 48 миллиард сомонӣ, суръати афзоиши он ба 6 фоиз баробар шуд ва сатҳи таваррум 5 фоизро ташкил кард. Сатҳи камбизоатӣ то 31 фоиз паст гардид ва маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ ба ҳар сари аҳолӣ 3,8 фоиз зиёд шуд. Маблағи пасандозҳо дар давоми сол 9 миллиард сомонӣ ё 35 фоиз афзуд. Нишондиҳандаҳои зикршуда ба идома пайдо кардани

фоиз ва хизматрасониҳои пулакӣ 7 фоиз коҳиш ёфт. Шароити имрӯзаи иқтисодиёти ҷаҳонӣ талаб менамояд, ки барои беҳтар намудани вазъи соҳаҳои иқтисоди миллӣ доир ба истифодаи самараноки захираву иқтидорҳои молиявӣ, истеҳсолӣ ва табиии кишвар, пешбурди сиёсати самараноки молия ва қарз, риояи қатъии низоми истифодаи сарфакоронаи маблағҳои буҷетӣ, таъмини амнияти озуқаворӣ, дастгирӣ ва ҳимояи истеҳсолкунандагони ватанӣ, тақвияти иқтидорҳои содиротӣ, бахусус, фароҳам овардани шароити мусоид барои рушди соҳибкорӣ аз ҷониби Ҳукумат тадбирҳои иловагӣ андешида шаванд. Бояд гуфт, ки ҳарчанд қисми зиёди дастуру супоришҳо ва иқдомоти дар Паёми соли 2015 баёнгардида бо дарназардошти имконияту захираҳои мавҷуда иҷро шуд, вале бо сабаби коҳиш ёфтани содироту воридот ва иҷро нашудани баъзе нишондиҳандаҳои буҷети давлатӣ зиёд намудани музди меҳнат ва нафақаву стипен-

та мешавад. Дар баробари ин, стипендияи донишҷуён ва дигар намудҳои стипендия 30 фоиз, инчунин музди меҳнати ҳадди ақал 60 фоиз зиёд шуда, андозаи он аз 250 сомонӣ то ба 400 сомонӣ баробар мегардад. Қисми суғуртавии нафақаҳои суғуртавӣ низ бозҳисобӣ (индексатсия) карда мешавад. Барои маблағгузории чорабиниҳои зикршуда аз буҷети давлат дар як сол 1 миллиарду 323 миллион сомонӣ равона мегардад. Аз ин лиҳоз, ба Ҳукумати мамлакат супориш дода мешавад, ки дар ин самт тадбирҳои мушаххас андешад. Мо дар даврае қарор дорем, ки муҳлати татбиқи як қатор барномаҳои давлативу соҳавӣ, аз ҷумла аввалин стратегияи миллии рушд ба анҷом мерасад. Бо мақсади суръат бахшидани корҳо ҷиҳати расидан ба ҳадафҳои афзалиятнок ва муайян намудани дурнамои минбаъдаи рушди иқтисодиву иҷтимоии кишвар Стратегияи миллии рушди Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 таҳия гардида, ҳоло дар бар-

Мо бо ҷавонони созандаи Паёми Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба тамоюли беҳтар гардидани вазъи демографӣ ва тандурустии аҳолӣ мусоидат намуданд, ки дар натиҷа дарозумрии миёнаи шаҳрвандон ба 73,5 сол расид ва шумораи фавти модарону кӯдакон нисбат ба солҳои пешин хеле коҳиш ёфт. Нишондиҳандаи фавти модарон ҳангоми таваллуд дар панҷ соли охир 1,6 баробар ва фавти кӯдакон 2,5 баробар кам шудааст. Соли 2015 дар доираи барномаҳои давлативу соҳавӣ беш аз 205 ҳазор ҷойи нави корӣ таъсис дода шуд. Нишондиҳандаи қарзи давлатӣ соли гузашта нисбат ба маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ 27,9 фоизро ташкил кард, ки ин рақам тибқи меъёрҳои байналмилалии вобаста ба идоракунии қарз нишондиҳандаи муътадил ба ҳисоб меравад. Дар баробари ин, хотиррасон бояд кард, ки соли 2015 аксари соҳаҳои иқтисоди миллии мо таҳти таъсири шадиди омилҳои берунӣ қарор гирифта, ин раванд ба вусъати робитаҳои тиҷоратӣ, тавозуни пардохт, қурби пули миллӣ ва нишондиҳандаҳои буҷети давлатӣ то андозае таъсири манфӣ расонид. Барои пешгирӣ кардани чунин вазъ, Ҳукумат нақшаи чорабиниҳои иловагӣ қабул карда, дар доираи он ҷиҳати таъмин намудани тараққиёти соҳаҳои воқеии иқтисодиёт, дастгирии давлатии соҳибкорӣ, ҷалби ҳарчи бештари сармояи дохиливу хориҷӣ, таъсиси корхонаҳои истеҳсолӣ ва ҷойҳои нави корӣ, густариши ҳамкориҳо

бо шарикони тиҷоратӣ ва ташкилотҳои молиявии ҷаҳонӣ як силсила тадбирҳои судмандро амалӣ намуд. Дар доираи чорабиниҳои зиддибуҳронӣ бо мақсади бо ҷойи кор таъмин намудани шаҳрвандони бекор ва муҳоҷирони меҳнатии ба Ватан баргашта “Барномаи давлатии мусоидат ба шуғли аҳолӣ барои солҳои 2016-2017” қабул гардид, ки бояд дар асоси он беш аз 300 ҳазор ҷойи нави корӣ таъсис ва барқарор карда шаванд. Соли гузашта бо сабаби идома ёфтани тамоюли манфӣ дар бозорҳои ҷаҳонӣ нархи молу маҳсулоти асосии содиротии кишвар паст рафта, таъсири омилҳои берунӣ ба пули миллӣ зиёд гардид. Илова бар ин, офатҳои табиии дар давоми сол рухдода, аз ҷумла сардии ҳаво дар вилояти Суғд, селу заминларза дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, як қатор ноҳияҳои водии Рашт ва вилояти Хатлон ба иқтисодиёти мамлакат дар ҳаҷми беш аз 4 миллиард сомонӣ зарар расониданд. Ҳукумат барои ҳарчи зудтар бартараф намудани оқибати офатҳои табиӣ тамоми тадбирҳои заруриро андешида истодааст. Дар навбати аввал манзилҳои зисти аҳолӣ ва иншооти харобгардида, аз ҷумла роҳу пулҳо, мактабу муассисаҳои тиббӣ ва хатҳои интиқоли барқ аз нав сохта ва барқарор шуда истодаанд. Соли 2015 гардиши савдои хориҷии мамлакат нисбат ба соли 2014 18 фоиз, аз ҷумла содирот 9 фоиз, воридот 20

дия амалӣ нагардид. Вале ин иқдом дар сархати тадбирҳои аввалиндараҷаи Ҳукумати мамлакат дар соли 2016 боқӣ мемонад, зеро ман борҳо таъкид кардаам, ки муҳайё намудани шароити ҳарчи беҳтари зиндагӣ барои сокинони кишвар ҳадафи олитарини фаъолияти Президент ва Ҳукумат мебошад. Бо дарназардошти рушди иқтисодиёти мамлакат, идоракунии самараноки захираҳои молиявии давлатӣ ва ба эътидол овардани хароҷот ҷиҳати иҷрои тадбирҳои пешбининамудаи Паёми соли гузашта дар ин самт аз 1 июли соли равон марҳалаи навбатии зиёдшавии музди меҳнат амалӣ карда мешавад. Аз ҷумла музди меҳнати кормандони мақомоти ҳокимият ва идоракунии давлатӣ, кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва хизматчиёни ҳарбӣ 15 фоиз, кормандони муассисаҳои маориф, ба шумули муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ, миёнаи умумӣ ва олӣ, дигар муассисаҳои соҳаи маориф, илм, фарҳанг, варзиш ва тандурустӣ 20 фоиз, муассисаҳои соҳаи ҳифзи иҷтимоӣ, аз ҷумла хонаинтернатҳо барои пиронсолону маъюбон, шуъбаҳои кӯмаки иҷтимоӣ дар хона ва истироҳатгоҳу осоишгоҳҳо барои собиқадорони ҷангу меҳнат ва шахсони ба онҳо баробаркардашуда 25 фоиз зиёд карда мешавад. Ҳадди ақал ва ҳадди ниҳоии нафақа аз рӯи синну сол ва нафақаи заминавӣ, инчунин нафақаи меҳнатии шаҳрвандон ба ҳисоби миёна то 20 фоиз баланд бардош-

расии вазорату идораҳо қарор дорад. Дар санади мазкур се ҳадафи миллии эълонкардаамон ҳамчун вазифаҳои аввалиндараҷа боқӣ мемонанд ва мо азми қатъӣ дорем, ки дар ояндаи наздиктарин иҷрои онҳоро таъмин намоем. Дар давраҳои минбаъда ин ҳадафҳо сифатҳои нав касб карда, асоси онҳоро гузаштан аз таъмини истиқлолияти энергетикӣ ба истифодаи самарабахши нерӯи барқ, аз бунбасти коммуникатсионӣ баромада, ба кишвари транзитӣ табдил ёфтан ва таъмин намудани амнияти озуқавориву дастрасии аҳолӣ ба ғизои хушсифат ташкил хоҳад дод. Дар ин раванд, ба самаранокии соҳаҳои воқеии иқтисодиёт, рушди нерӯи инсонӣ, гуногуншаклии истеҳсолот, тақвияти институтсионалӣ ва тараққиёти минтақаҳо афзалият дода мешавад. Мо инкишофи устувори минбаъдаи кишварро дар шакли индустриалӣ ва инноватсионӣ пешбинӣ карда, барои баланд бардоштани самаранокии истифодаи захираву имкониятҳо дар ҳамаи соҳаҳои ҳаёти иқтисодиву иҷтимоӣ талош менамоем ва ҷиҳати роҳ надодан ба осебпазирии иқтисоди миллии кишвар дар давраи дарозмуҳлат тадбирҳои алоҳидаро амалӣ карда истодаем. Вобаста ба ин, Ҳукуматро зарур аст, ки фаъолияти худро дар самтҳои зикршуда тақвият бахшида, ҳамкории мақомоти марказӣ ва маҳаллии идораи давлатӣ, шарикони рушд, бахши хусусӣ


ПАЁМ-2016 бо иқтидори беш аз 3 миллион тонна, корхонаҳои бофандагӣ бо иқтидори коркарди 52 ҳазор тонна нахи пахта ва истеҳсоли 150 миллион метри мураббаъ матои пахтагин, сохтмони се корхонаи саноати кимиё, коркарди металлҳои ранга бо иқтидори истеҳсоли 1400 килограмм тилло, корхонаи бузурги металлургӣ бо иқтидори 50 ҳазор тонна рӯҳ ва 50 ҳазор тонна сурб ва боз як корхонаи металлургӣ бо иқтидори 400 ҳазор тонна имсол ва соли оянда ба истифода дода мешаванд. Қобили таъкид аст, ки фаъолияти корхонаҳои саноатӣ, махсусан, корхонаҳои коркарди маъдан ва металлургияи сиёҳу ранга ба нерӯи барқ ва дигар шароити инфрасохторӣ вобастагӣ дорад. Аз ин рӯ, зарур аст, ки ҳангоми банақшагирии сохтмони корхонаҳои саноатӣ масъалаи ба манбаъҳои ашёи хом наздик ҷойгир кардани онҳо, ҳаҷми зарурии нерӯи барқ, об, роҳ ва дигар инфрасохтори истеҳсоливу иҷтимоӣ бо истифодаи технологияҳои

содирот, рушди истеҳсолоти ба содирот нигаронидашуда ва соддагардонии расмиёти савдо аҳамияти хоса дода шавад. Бо ин мақсад роҳбарони вазоратҳои рушди иқтисод ва савдо, саноат ва технологияҳои нав, кишоварзӣ ва дигар вазорату идораҳоро зарур аст, ки барномаи мусоидат ба содирот ва истеҳсоли маҳсулоти ивазкунандаи воридотро барои давраи миёнамуҳлат таҳия карда, бо тартиби муқарраргардида ба Ҳукумат пешниҳод намоянд. Дар доираи татбиқи барномаи зикршуда бояд маҷмӯи чорабиниҳо доир ба фароҳамсозии шароити мусоид ҷиҳати васеъ ба роҳ мондани коркарду фурӯши маҳсулот, зиёд кардани номгӯи молҳои содиротӣ, аз ҷумла ноил шудан ба истеҳсоли на кам аз 20 номгӯи нави молҳои ивазкунандаи воридот бо арзиши баланди иловашуда ва иловатан ба роҳ мондани истеҳсоли 20 намуди чунин молҳои содиротӣ амалӣ карда шавад. Тавре ки таъкид гардид, инкишофи соҳаи саноат, дар

ва коҳиши партовҳои гази карбон мебошад. Тоҷикистон чун кишвари дорои захираҳои фаровони об ҷонибдори истифодаи одилонаву оқилонаи ин захираҳо тавассути ҳамкории байналмилалӣ ва минтақавӣ мебошад ва татбиқи пайгиронаи дипломатияи ҳамкорӣ дар соҳаи обро ягона василаи ҳалли мушкилот дар ин самт медонад. Зеро дастрасӣ ба энергия дар роҳи расидан ба ҳадафҳои рушди устувор нақши калидӣ дошта, хусусан барои кишварҳои тараққикунанда ва кӯҳистон ба масъалаи муҳимтарини рӯз табдил ёфтааст. Аз ин лиҳоз, барои Тоҷикистон масъалаи дастрасӣ ба энергия ҷиҳати таъмин намудани тараққиёти иқтисодиву иҷтимоӣ ва коҳиш додани камбизоатӣ аҳамияти хоса дорад. Дар ин росто, бар пояи татбиқ гузоштани пешниҳоди Тоҷикистон оид ба эълони даҳсолаи нави байналмилалии “Об барои рушди устувор” аз аҳамияти хоса бархурдор хоҳад буд. Ҳукумати мамлакат

худ ифтихор мекунем!

Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон. 20.01.2016 каммасраф ба инобат гирифта шавад. Дар стратегияи рушди минбаъдаи кишвар саноатикунонии мамлакат пешбинӣ шудааст. Ин иқдом ба афзоиши коркарди пурраи ашёи хом, зиёд шудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти рақобатпазири ватанӣ ва тақвияти иқтидори содиротии кишвар мусоидат карда, барои беҳтар гардидани тавозуни савдои хориҷӣ ва ҳалли масъалаҳои иҷтимоӣ заминаи воқеӣ фароҳам меорад. Бинобар ин, Ҳукумати мамлакат, аз ҷумла вазоратҳои саноат ва технологияҳои нав, кишоварзӣ ва дигар вазорату идораҳои дахлдорро зарур аст, ки ҷиҳати ҳалли ҳадафҳои стратегӣ ва татбиқи шаклу усулҳои пешрафтаи идоракунии иқтисодиёт барномаҳои соҳавиро дар доираи афзалиятҳои муайяншуда таҳия карда, татбиқи саривақтӣ ва сифатноки онҳоро таъмин намоянд. Робитаҳои иқтисодии хориҷии мамлакат тавассути таъмин намудани истеҳсолоти ватанӣ ва кам кардани монеаҳои маъмуриву техникӣ тадриҷан густариш ёфта, Тоҷикистон имрӯз аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳамчун шарики боэътимоди тиҷоратӣ шинохта шудааст. Бо вуҷуди ин, дар фаъолияти иқтисодии берунии мо бинобар номутавозин будани истеҳсолоти ватанӣ ҳиссаи воридот нисбат ба талабот то ба ҳол зиёд аст. Аз ин лиҳоз, дар стратегияи сиёсати савдои хориҷӣ дар давраи миёнамуҳлат бояд ба се самти асосӣ - ҳавасмандгардонии

навбати аввал, аз истеҳсоли нерӯи барқ вобаста мебошад. Вале бояд гуфт, ки то имрӯз ҳаҷми нерӯи барқи дар кишвар истеҳсолшаванда барои таъмин намудани инкишофи устувори иқтисодиёт кифоят намекунад. Аз ин хотир, моро лозим аст, ки дар баробари ба кор андохтани иқтидорҳои нави истеҳсоли нерӯи барқ истифодаи самараноки онро дар ҳамаи соҳаҳо таъмин намуда, махсусан, ба истифодаи техникаву таҷҳизоти каммасрафи барқӣ аҳамияти аввалиндараҷа диҳем. Соли 2016 мо нақша дорем, ки дар ҳаҷми 300 мегаватт иқтидорҳои иловагии энергетикиро ба истифода супорем. Вале дар баробари ин, мо дар давоми сол ба кор андохтани иқтидорҳои нави саноатиро дар ҳаҷми 350 мегаватт ба нақша гирифтаем. Ҳарчанд ки дар кишвари мо истихроҷи нафту газ ва коркарди маводи сӯзишворӣ хеле кам аст, вале захираҳои гидроэнергетикиамон ниҳоят бузурганд ва истифодаи оқилонаи онҳо метавонад имкониятҳои моро доир ба таъмин намудани рушди устувори иқтисодӣ ва тақвияти иқтидори содиротии кишвар бамаротиб афзун гардонад. Пешрафти ояндаи ҷаҳон аз энергияи барқароршаванда вобастагии зиёд дорад. Зеро он омили муҳими таъмин намудани тараққиёти босуботи иқтисодиву иҷтимоӣ, ташаккули «иқтисоди сабз», ҳифзи муҳити зист, пешгирии офатҳои табиии вобаста ба тағйирёбии иқлим

захираҳои гидроэнергетикиро сарвати миллӣ мешуморад. Бинобар ин, мо рушди соҳаи энергетикаи обиро ба сифати яке аз самтҳои афзалиятноки фаъолияти худ муайян карда, дар ҳамкорӣ бо шарикони байналмилалӣ таъмиру навсозӣ ва сохтмони иншооти энергетикиро идома медиҳем. Дар солҳои соҳибистиқлолӣ барои тараққиёти энергетика дар кишвар 32 лоиҳаи давлатии сармоягузорӣ бо ҷалби зиёда аз 12 миллиард сомонӣ татбиқ карда шудааст. То охири соли 2016 навбати дуюми Маркази барқу гармидиҳии Душанбе-2 (300 мегаватт) бо маблағи дуюним миллиард сомонӣ ба истифода дода мешавад, ки таъминоти аҳолиро бо барқ хеле беҳтар мегардонад. Инчунин, сохтмони хатти минтақавии интиқоли барқи КАСА-1000 (252 километр) ба маблағи 2,2 миллиард сомонӣ оғоз мегардад, ки шабакаҳои барқии моро бо дигар кишварҳои минтақа пайваст намуда, ба тавсеаи ҳамкориҳои иқтисодӣ бо давлатҳои ҳамсоя мусоидат мекунад. Ҷиҳати расидан ба истиқлолияти энергетикӣ аз ҳисоби маблағҳои буҷетӣ ва сармояи хориҷӣ 36 миллиард сомонӣ равона гардида, танҳо соли ҷорӣ барои пешрафти соҳа 4 миллиард сомонӣ ҷудо карда мешавад. Сохтмону таҷдиди иншооти энергетикии ба нақша гирифташуда дар ояндаи наздик имкон медиҳад, ки аҳолӣ ва соҳаҳои гуногуни иқтисоди миллиамон пурра бо барқ таъмин гардида,

барои содироти нерӯи барқи зиёдатӣ дар фасли тобистон ба кишварҳои минтақа шароит фароҳам оварда шавад. Яке аз бахшҳои пешбарандаи иқтисодиёти Тоҷикистон ва бо ҷойи кор таъмин намудани аҳолӣ соҳаи кишоварзӣ буда, рушди он солҳои охир дар сатҳи устувор қарор дорад. Дар натиҷаи тадбирҳои то ҳол андешидашуда тараққиёти воқеии маҷмӯи маҳсулоти кишоварзӣ таъмин гардида, дар даҳ соли охир қариб 2 баробар зиёд шудааст ва имрӯз ба ҳисоби миёна 23 фоизи маҷмӯи маҳсулоти дохилии моро ташкил медиҳад. Қобили зикр аст, ки баланд бардоштани маданияти заминдорӣ, истифодаи самараноки обу замин ва ҷорӣ намудани кишти такрорӣ ба афзоиши маҳсулоти кишоварзӣ мусоидат карда истодааст. Дар 15 соли охир дар соҳаи кишоварзӣ 42 лоиҳаи давлатии сармоягузорӣ ба маблағи зиёда аз 3,7 миллиард сомонӣ амалӣ карда шуд. Айни замон дар соҳаи мазкур татбиқи 9 лоиҳаи давлатии сармоягузорӣ дар ҳаҷми 1,5 миллиард сомонӣ идома дорад. Ҷиҳати иҷрои Фармони Президенти Тоҷикистон аз 27 августи соли 2009 “Дар бораи тадбирҳои иловагӣ доир ба рушди соҳаи боғу токпарварӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2010-2014” дар майдони 50000 гектар боғу токзори нав бунёд гардида, барнома барзиёд иҷро карда шуд ва бо ҳамин роҳ беш аз 100 ҳазор ҷойи кории нав муҳайё гардид. Бо мақсади идома бахшидани ин раванд, аз ҷониби Ҳукумат барномаи нави рушди соҳаи боғу токпарварӣ барои солҳои 2016 – 2020 қабул гардид, ки тибқи он дар 5 соли оянда бунёди 20 ҳазор гектар боғу токзори нав пешбинӣ шудааст. Дар иртибот ба ин, зарур аст, ки таваҷҷуҳи соҳибкорони ватанӣ ба бунёди корхонаҳои муҷаҳҳаз бо технологияҳои муосир оид ба коркарди меваю сабзавот ва истеҳсоли маҳсулоти ниҳоӣ, зиёд намудани масоҳати гармхонаҳо, марказҳои логистикӣ, инчунин сардхонаҳои ҳозиразамон барои нигоҳдории меваю сабзавот равона карда шавад. Солҳои охир афзоиши солонаи истеҳсоли маҳсулоти умумии кишоварзӣ ба ҳисоби миёна беш аз 7 фоиз ва дар соли 2015 3,2 фоизро ташкил медиҳад. Ҳоло захираҳои бозори истеъмолии кишвар аз ҳисоби истеҳсоли маҳсулоти соҳаи кишоварзии мамлакат ташаккул ёфта, ин раванд ба фаровонии бозори истеъмолӣ ва нархи маҳсулот таъсири мусбат расонида истодааст. Аз ин лиҳоз, мехоҳам ба тамоми кишоварзони мамлакат барои заҳмати софдилона ба хотири афзун намудани истеҳсоли маҳсулот, фаровон гардонидани бозори истеъмолӣ ва таъмини аҳолӣ бо маҳсулоти ғизоӣ изҳори си-

www.javonon.tj

лиард сомонӣ ва танҳо дар соли гузашта 4 миллиард сомониро ташкил кард. Яъне ин маблағҳо бо мақсади дастгирии соҳибкорӣ дар ихтиёри соҳибкорон гузошта шудаанд. Татбиқи чунин тадбирҳо ва барномаҳои соҳавӣ имкон дод, ки шумораи корхонаҳои истеҳсолии муҷаҳҳаз бо технологияҳои муосир зиёд гардида, ҳаҷми воқеии истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар даҳ соли охир 1,6 баробар афзоиш ёбад. Вале ин нишондиҳанда барои пурра таъмин кардани бозори истеъмолии кишвар ва афзоиш додани содирот ҳанӯз кофӣ нест. Аз ин лиҳоз, моро лозим аст, ки бо истифодаи васеъ аз технологияҳои муосир ҳаҷми истеҳсоли молу маҳсулоти ивазкунандаи воридотро зиёд карда, талаботи бозорро бо маҳсулоти рақобатпазири ватанӣ таъмин намоем ва ҷиҳати тақвияти иқтидори содиротии кишвар ва таъсиси ҷойҳои нави корӣ тадбирҳои зарурӣ андешем. Татбиқи сиёсати пешгирифтаи Ҳукумат дар соҳаи саноати истихроҷ ва коркард нишон дод, ки вобастагии иқтисоди кишварро аз воридоти ангишт, семент ва дигар навъҳои масолеҳи сохтмон бартараф кардан ва барои содироти минбаъдаи онҳо замина фароҳам овардан мумкин аст. Илова бар ин, дар чандин ноҳияҳои кишвар бунёди минтақаҳои саноатӣ, аз ҷумла ду корхонаи коркарди нафт бо иқтидори қариб 2 миллион тонна, се корхонаи сементбарорӣ

7 е-mail: javonontj@mail.ru

ва ҷомеаи шаҳрвандиро бо мақсади ноил гардидан ба ҳадафҳои стратегии кишвар таъмин намояд. Истеҳсолоти саноатӣ пешбарандаи иқтисоди миллӣ, таъминкунандаи шуғли аҳолӣ, сарчашмаи даромади буҷети давлатӣ ва дар маҷмуъ, омили муҳимтарини ҳалли масъалаҳои иҷтимоӣ мебошад. Бо мақсади иҷрои ин вазифаҳо ва ноил шудан ба пешрафти саноати кишвар то ба имрӯз як қатор барномаҳои соҳавӣ татбиқ гардиданд, ки ба тавсеаи коркарди аввалияи ашёи хоми саноатӣ ва маҳсулоти кишоварзӣ мусоидат намуданд. Ҳоло барои истифодаи ҳарчи бештари иқтидорҳои саноатӣ ва афзоиш додани коркарди ашёи хоми ватанӣ, аз ҷумла коркарди пурраи нахи пахта як қатор имтиёзҳо пешбинӣ шудаанд. Илова бар ин, барои сохтмони аксари иншооти муҳим ва воридоти таҷҳизоту технологияҳои замонавӣ низ як силсила имтиёзҳо муқаррар гардида, маблағи умумии онҳо дар шаш соли охир 20 мил-

«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН» №3 (9429), 21 январи соли 2016


www.javonon.tj

е-mail: javonontj@mail.ru

8

ПАЁМ-2016

«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН» №3 (9429), 21 январи соли 2016

пос намоям. Мо шароити бисёр мусоиди табиӣ ва захираву имкониятҳои зарурие дорем, ки дар сурати истифодаи пурра ва самараноки онҳо метавонем аҳолии кишварро бо маҳсулоти ғизоӣ таъмин кунем, яъне масъалаи амнияти озуқаворӣ – яке аз ҳадафҳои миллиамонро ҳал намоем. Дар иртибот ба ин, Ҳукумати мамлакат бояд тамоми монеаҳои мавҷударо дар самти содироти меваю сабзавот, аз ҷумла меваи хушк аз байн бардорад. Дар шароити кӯҳсори Тоҷикистон ташаккули инфрасохтори нақлиётӣ яке аз шартҳои асосии пешрафти иқтисоди миллӣ ба шумор меравад. Дар солҳои истиқлолият дар соҳаи нақлиёти кишвар 45 лоиҳаи давлатии сармоягузорӣ ба маблағи умумии зиёда аз 12 миллиард сомонӣ татбиқ гардида, беш аз 2000 километр роҳҳои мошингард таҷдиду бунёд ва ба истифода супорида шудаанд. Ҳоло дар соҳа татбиқи 14 лоиҳа ба маблағи умумии панҷуним миллиард сомонӣ идома дорад. Соли 2015 азнавсозии шоҳроҳи мошингарди Душанбе – Турсунзода ба масофаи 57 километр ба маблағи беш аз 800 миллион сомонӣ ва шоҳроҳи Айнӣ-Панҷакент ба масофаи 113 километр ба маблағи беш аз 700 миллион сомонӣ анҷом ёфт. Имсол азнавсозии роҳи мошингарди Восеъ - Ховалинг ба масофаи 88 километр ва бо маблағи 370 миллион сомонӣ ба анҷом мерасад. Ҳамчунин, роҳи оҳани Душанбе - Қӯрғонтеппа (қисмати Ваҳдат – Ёвон) ба истифода супорида мешавад, яъне робитаи пойтахти мамлакат бо яке аз вилоятҳои калонтарини кишвар – вилояти Хатлон таъмин мегардад. Мо дар замони истиқлолият беш аз 190 километр роҳи оҳан бунёд кардем. Дар давоми соли 2016 корҳои сохтмону таҷдиди боз якчанд иншооти нақлиётии муҳим, аз қабили азнавсозии қисми роҳҳои автомобилгарди Душанбе – Турсунзода (аз муҷассамаи Ибни Сино то дарвозаи ғарбии шаҳр) ба маблағи 480 миллион сомонӣ ва Исфара - Хуҷанд ба маблағи зиёда аз 310 миллион сомонӣ оғоз мегардад. Барои ба сатҳи байналмилалӣ мутобиқ гардонидани роҳи мошингарди Душанбе – Кӯлоб - Қалъаихумб – Хоруғ - Кулма имсол оғози таҷдиди ду қисмати душвортарини он, яъне Кӯлоб - Шӯрообод ба масофаи 32 километр ва Шкев - Қалъаихумб ба масофаи 26 километр ба нақша гирифта шудааст, ки маблағи умумии он беш аз 800 миллион сомониро ташкил медиҳад. Имрӯзҳо корҳои омодасозии лоиҳа барои оғози таҷдиди роҳи мошингарди Қалъаихумб - Ванҷ ба масофаи қариб 110 километр ва арзиши умумии беш аз 2 миллиард сомонӣ идома доранд. Танҳо дар амалӣ намудани лоиҳаҳои сармоягузорӣ дар

Мо бо ҷавонони созандаи Паёми Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба соҳаи нақлиёт айни ҳол зиёда аз 3000 нафар кор мекунанд. Дар давоми соли 2015 дар маҷмӯъ, қариб 510 километр роҳ таъмиру таҷдид ва 140 пул сохта ва барқарор карда шудааст. Илова бар ин, ба маблағи беш аз 70 миллион сомонӣ таъмиру таҷдиди роҳҳои байни шаҳру ноҳияҳо ва ҷамоатҳои деҳот ба масофаи 324 километр ба анҷом расида, ғайр аз ин, аз ҳисоби Фонди эҳтиётии Президенти мамлакат дар 21 шаҳру ноҳияи кишвар 81 километр роҳҳои байнишаҳрӣ ба маблағи 90 миллион сомонӣ азнавсозиву таъмир шудаанд. Дар робита ба ин, бори дигар роҳбарони вазорату идораҳои дахлдор ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳоро таъкид месозам, ки ба масъа-

лиявии кишвар осебпазир гардидааст. Буҷети соли 2016 бо дарназардошти истифодаи самараноки захираву имкониятҳои мавҷуда ва иҷрои афзалиятҳои миллии муайяншуда дар ҳаҷми 18 миллиарду 300 миллион сомонӣ қабул шудааст, ки нисбат ба соли 2015 беш аз 3 миллиард сомонӣ ё 20 фоиз зиёд мебошад. Вале бояд гуфт, ки даромади буҷети давлатӣ ҳоло ҳам аз омилҳои берунӣ ва андозҳои ғайримустақим вобастагии зиёд дорад. Дар ин шароит моро лозим меояд, ки сарчашмаҳои даромади буҷетро аз ҳисоби васеъ гардонидани фаъолияти соҳибкориву сармоягузорӣ ва дигар манбаъҳо таъмин намуда, барои расидан ба ҳадафҳои ниҳоӣ доир ба истифодаи самараноки қисми хароҷоти он

маблағҳои буҷетӣ ва фаъолияти корхонаҳои давлативу ҷамъиятҳои саҳомиеро, ки давлат дар онҳо саҳм дорад, инчунин пешгирӣ кардани кирдорҳои коррупсиониро пурзӯр намоянд. Солҳои охир мавқеи низоми бонкӣ дар самти пешниҳоди қарз ба бахши истеҳсолӣ, афзоиши шумораи муштариён, тавсеаи шабакаҳои қарздиҳии хурд, ҷалби сармоя ва амонатҳои шаҳрвандон беҳтар шуда истодааст. Соли 2015 ташкилотҳои қарзӣ ба маблағи умумии беш аз 12 миллиард сомонӣ, аз ҷумла 5 миллиард сомонӣ қарзҳои хурд додаанд, ки қариб 1 миллиарди онҳо ба ноҳияҳои дурдасти кӯҳистон рост меояд. Шумораи мизоҷони бонкҳо ва ташкилотҳои маблағгузории хурд дар даво-

моя барои дастгирии бонкҳо ва қарздиҳӣ, беҳтар кардани сифати сандуқи қарзии бонкҳо ва дастрасии хизматрасонии бонкӣ ба мизоҷон, таҳкими инфрасохтори низоми пардохт бо истифода аз таҷҳизоту технологияҳои муосир ва фаъол гардонидани бозори коғазҳои қиматнок тадбирҳои иловагӣ андешанд.

лаи вусъат бахшидани корҳои таъмиру таҷдиди роҳҳои дохилишаҳриву байниноҳиявӣ, байни ҷамоатҳову деҳаҳо ва дигар маҳалҳои аҳолинишин, инчунин бо оби тозаи ошомиданӣ таъмин намудани аҳолӣ эътибори доимӣ диҳанд. Ҳоло бо мақсади беҳтар кардани таъминоти аҳолии чандин шаҳру ноҳияи мамлакат бо оби тозаи нӯшокӣ 7 лоиҳаи давлатии сармоягузорӣ ба маблағи умумии қариб 1 миллиард сомонӣ амалӣ шуда истодааст. Умуман, дар даврони истиқлолият бо ин мақсад дуюним миллиард сомонӣ сарф шудааст.

чораҳои мушаххас андешем. Бинобар ин, Вазорати молия ва Бонки миллиро зарур аст, ки якҷо бо дигар мақомоти давлатии дахлдор бо мақсади мустаҳкам намудани устувории молиявии кишвар ва кам кардани хавфи пайдоиши буҳронҳо дар бозори молиявӣ, таъмини пешрафти фаъолонаи бозорҳои сармоя дар доираи ҳадафҳои стратегӣ баланд бардоштани самаранокии тақсими захираҳо, сатҳу сифати хизматрасониҳои давлатӣ ва иҷрои саривақтии ҳуҷҷатҳои қабулшударо таъмин намоянд. Инчунин, Палатаи ҳисоб, Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия якҷо бо Вазорати молия бояд назорати истифодаи шаффофу мақсадноки

ми сол 15 фоиз зиёд шудааст. Дар чунин шароит сиёсати пуливу қарзии давлат бояд бо роҳи беҳтар намудани шароити маблағгузории молиявӣ ва дигар хизматрасониҳои бонкӣ ба ҳавасмандсозии бахши воқеии иқтисодиёт барои ташкили истеҳсолот ва ҷойҳои нави корӣ нигаронида шуда, инчунин, ба хотири таъмини устувории пули миллӣ, баланд бардоштани пардохтпазирӣ ва эътимоднокии низоми бонкӣ, фаъолияти самарабахш ва бехатари низоми пардохтҳо чораҳои муассир ва саривақтӣ андешида шаванд. Дар ин самт зарур аст, ки Бонки миллӣ, Вазорати молия ва Кумитаи андоз ҷиҳати таъмин намудани фаъолияти самараноку устувори низоми бонкӣ, ҷалби сар-

мораторий барои санҷиши фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ тамоми чораҳои заруриро амалӣ месозад. Бо мақсади рушди соҳибкории хурду миёна ва дастрасии соҳибкорон ба захираҳои қарзӣ мо аз ҳисоби буҷети давлатӣ Фонди дастгирии соҳибкориро таъсис додаем, ки то имрӯз дар 47 шаҳру ноҳия ба субъектҳои зиёди соҳибкории истеҳсолӣ бо фоизҳои паст дар ҳаҷми 95 миллион сомонӣ қарзҳои имтиёзноки дарозмуддат додааст. Имсол ба фонди мазкур ҷудо намудани 120 миллион сомонӣ аз ҳисоби буҷети давлатӣ ба нақша гирифта шудааст. Инчунин, бонкҳо ва ташкилотҳои маблағгузории хурд фақат дар соли 2015 ба субъектҳои соҳибкории истеҳсолӣ зиёда аз

Ҳозирини гиромӣ! Бар асари буҳрони иқтисодии ҷаҳонӣ вазъи мо-

Вакилони муҳтарам! Давлат ва Ҳукумати кишвар таъмин намудани пешрафти соҳаи соҳибкориро яке аз самтҳои муҳими фаъолияти худ қарор дода, барои дастгирии соҳибкорон, таъмини шароити мусоиди ташаккули соҳа тавассути муқаррар кардани имтиёзҳои мухталиф дар соҳаи андозбандӣ, пардохти боҷи гумрукӣ, ҷорӣ намудани


ПАЁМ-2016

«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН» №3 (9429), 21 январи соли 2016

Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон. 20.01.2016 7 миллиард сомонӣ қарз додаанд, ки нисбат ба соли қаблӣ 26 фоиз зиёд аст. Маҳз дар натиҷаи тадбирҳои дар самти беҳсозии фазои соҳибкориву сармоягузорӣ амалигардида мавқеи кишвари мо беҳтар шуда, тибқи арзёбии созмонҳои байналмилалии молиявӣ дар давоми солҳои охир 3 маротиба ба қатори 10 кишвари ислоҳотгари пешсаф дохил гардид. Дар зарфи 10 соли охир дар кишвар беш аз 90 лоиҳаи давлатии сармоягузорӣ ба маблағи умумии 12 миллиард сомонӣ татбиқ гардида, айни замон 63 лоиҳаи дигар дар ҳаҷми умумии зиёда аз 19 миллиард сомонӣ амалӣ шуда истодааст. Инчунин, танҳо дар соли 2015 ба маблағи беш аз 7,5 миллиард сомонӣ сармояи хориҷӣ ҷалб гардидааст, ки қариб 4 миллиард сомонии онро сармоягузории мустақим ташкил медиҳад. Дар марҳалаи имрӯзаи рушд бахшҳои давлативу хусусӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ дар татбиқи афзалиятҳои муайяншуда бояд ширкати фаъолонаи худро идома диҳанд. Илова бар ин, соҳибкоронро зарур аст, ки ба хотири васеъ намудани фаъолияти худ, ворид кардани технологияҳои муосир, афзоиш додани истеҳсоли молу маҳсулоти рақобатпазир ва ба содирот нигаронидашуда, инчунин, таъсиси ҷойҳои нави корӣ ҳарчи бештар кӯшиш намоянд.

ҷорӣ намудан ва васеъ гардонидани доираи истифодаи технологияҳои иттилоотиву коммуникатсионӣ, аз ҷумла шабакаи интернет дар низоми таҳсилот, таъмини самаранокии фаъолияти омӯзгорон ва такмили малакаи педагогии онҳо тамоми чораҳои заруриро амалӣ мегардонад. Бо мақсади иҷрои ҳадафҳои Стратегияи миллии рушд ислоҳот ва навсозӣ дар соҳаи маориф бомаром идома дорад. Ҳоло муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии кишвар пурра ба маблағгузории сарикасӣ гузашта, фаъолияти низоми молиявӣ дар ин муассисаҳо ба танзим дароварда шудааст. Вобаста ба ин, вазоратҳои молия, маориф ва илмро зарур аст, ки ҷиҳати давра ба давра ба маблағгузории сарикасӣ гузаронидани зинаҳои таҳсилоти томактабӣ, ибтидоӣ, миёна ва олии касбӣ чораҷӯӣ намоянд. Қобили зикр аст, ки соли 2016 барои тараққиёти соҳаи маориф 3 миллиарду 150 миллион сомонӣ пешбинӣ шудааст, ки нисбат ба соли 2015 10 фоиз ва дар муқоиса бо даҳ соли пеш 13 баробар зиёд мебошад. Соли гузашта аз ҷониби Ҳукумати мамлакат “Барномаи давлатии дарёфт ва рушди истеъдодҳо барои солҳои 2015-2020” қабул гардид, ки тибқи он дар вилоят ва шаҳру ноҳияҳо марказҳои таълимию тарбиявӣ барои кӯдакони лаёқатманд ташкил карда мешаванд. Бо супориши Роҳбари давлат имсол дар шаҳри Душанбе бори нахуст дар сохтори Академияи илмҳои Тоҷикистон мактаби инкишофи зеҳнӣ бунёд гардида, Вазорати маориф ва илм вазифадор шудааст, ки ба Ҳукумати мамлакат барномаи давлатии таъсиси чунин мактабҳоро дар маркази ҳамаи вилоятҳо пешниҳод намояд. Бо ин роҳ мо барои рушди нерӯи инсонӣ ва ҷалби наврасон ба таҳсилоти муосири босифат имконияти бештар фароҳам меорем. Бояд гуфт,ки муҳлати татбиқи Барномаи компютеркунонӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2010-2015 ба охир расида, дар миқёси мамлакат 106 фоиз иҷро шуд. Дар баробари ин, масъулони соҳаи маориф вазифадор карда мешаванд, ки ҷиҳати таҳия ва ба баррасии Ҳукумати кишвар пешниҳод намудани “Консепсияи таҳсилоти муттасил барои солҳои 2016-2022” чораҷӯӣ карда, барои роҳандозӣ намудани чунин шакли таҳсилот тадбирҳои иловагӣ андешанд. Роҳбарони вазоратҳои маориф ва илм, рушди иқтисод ва савдо, инчунин ректорони муассисаҳои таҳсилоти олӣ су-

пориш дода мешавад, ки дар давоми чор соли оянда масъалаи пурра бо омӯзгорони фанҳои дақиқ, технологияҳои иттилоотӣ ва забонҳои хориҷӣ, дар навбати аввал, русиву англисӣ таъмин кардани муассисаҳои таҳсилоти умумиро ҳал намоянд. Инчунин, ҷиҳати ташкили курсҳои такмили ихтисос ва бозомӯзии муаллимон мунтазам чораҷӯӣ карда, доир ба вазъи корҳо дар ин самт ба Ҳукумати мамлакат ҳар сол гузориш диҳанд. Ҳоло аз 170 ҳазор донишҷӯёни кишвар 50 ҳазор нафар бо ихтисосҳои омӯзгорӣ ва беш аз 10 ҳазор нафар аз рӯи ихтисосҳои тиббӣ таҳсил доранд. Вале бо вуҷуди ин, имрӯз дар муассисаҳои тандурустӣ қариб 6 ҳазор табиб, 8100 нафар корманди миёнаи тиббӣ намерасанд ва талаботи солона ба кадрҳои омӯзгорӣ 3600 нафар мебошад. Бори дигар таъкид менамоям, ки ояндаи мамлакат аз фаъолияти омӯзгор ва рушди илму маориф вобастагии зиёд дорад. Дар хотир бояд дошт, ки танҳо миллати босавод метавонад насли соҳибмаърифату донишманд ва кадрҳои арзандаи давронро ба воя расонад, пеш равад ва дар ҷомеаи мутамаддин мақоми арзандаи худро пайдо намояд. Вобаста ба ин, бори дигар ба падару модарон, масъулони таълиму тарбия, роҳбарони мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва тамоми ҷомеаи шаҳрвандӣ муроҷиат менамоям, ки барои аз мактаб дур намондани фарзандон саъю талош намоянд, ба илму донишандӯзӣ ва касбу ҳунаромӯзии наврасону ҷавонон диққати махсус диҳанд. Ҳамзамон бо ин, ҳамкориро бо мактаб тақвият бахшанд ва барои таълими фарзандон тамоми шароити заруриро муҳайё намоянд. Ҳукумат ҷиҳати таъмини пояҳои моддиву техникии муассисаҳои илмӣ, бо таҷҳизоти муосир муҷаҳҳаз гардонидани озмоишгоҳҳо, инчунин тайёр кардани кадрҳои илмӣ аз ҳисоби ҷавонони болаёқат чораҳои мушаххас меандешад. Академияи илмҳоро зарур аст, ки минбаъд низ тамоми нерӯи илмии олимонро ба иҷрои ҳадафҳои стратегии кишвар равона сохта, масъалаҳои муҳими марбут ба иқтисодиёти кишварро таҳқиқ намояд ва дар пешрафти устувори мамлакат саҳм гузорад. Инчунин, олимони соҳаҳои геология ва табиатшиносиро зарур аст, ки дар ҷустуҷӯ, омӯзиш, таҳлил ва ба захираҳои давлатӣ ворид намудани сарватҳои табиии кишвар бо вазорату идораҳои дахлдор ҳамкории зич дошта

www.javonon.tj

Ҳозирини арҷманд! Танзими давлатии муносибатҳои меҳнатӣ, шуғли аҳолӣ, таъсиси ҷойҳои нави корӣ, касбомӯзӣ ва муҳоҷирати аҳолӣ ба суботи иҷтимоӣ ва сатҳи зиндагии аҳолӣ таъсири бевосита дорад. Амалӣ гардидани барномаҳои давлатии мусоидат ба шуғли аҳолӣ имкон дод, ки дар 10 соли охир зиёда аз 1 миллион ҷойи кори доимӣ, муваққатӣ ва мавсимӣ таъсис дода шуда, танҳо тавассути мақомоти давлатии шуғли аҳолӣ 315 ҳазор нафар бо ҷойи кор таъмин гарданд, ки 30 фоизи онҳоро занон ташкил медиҳанд. Дар баробари ин, вазоратҳои меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ, маориф ва илмро зарур аст, ки ҷиҳати тақвият бахшидан ба омодагии касбии шаҳрвандон ва муҳоҷирони меҳнатӣ раванди таълими касбиро ба стандартҳои ҷаҳонӣ ва талаботи воқеии бозори меҳнат мутобиқ гардонанд. Бо дарназардошти вазъи имрӯзаи бозори меҳнати дохиливу хориҷӣ ва бо ҷойи кор таъмин кардани шумораи ҳарчи бештари шаҳрвандон Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва

шуғли аҳолӣ ва дигар вазорату идораҳо, роҳбарони вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо, ташкилоту корхонаҳо, сарфи назар аз шакли моликияти онҳо, инчунин соҳибкорон, масъулони муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбиро зарур аст, ки бо истифода аз тамоми захираву имкониятҳо барои фароҳам овардани ҷойҳои нави корӣ чораҷӯӣ намуда, ҷиҳати таъсиси курсҳои таълими касбу ҳунар ва забономӯзии муҳоҷирони меҳнатӣ тадбирҳои иловагӣ андешанд. Дар баробари ин, бояд ҷиҳати васеъ ба роҳ мондани корҳои хонагӣ, аз қабили қолинбофӣ, дигар навъҳои бофандагиву дӯзандагӣ ва умуман рушди косибиву ҳунармандӣ чораҳои муассир андешида шаванд. Масъалаи омӯзонидани касбу ҳунарҳои гуногун ва тайёр кардани кадрҳои коргарӣ вазифаи муҳимтарини роҳбарону масъулони вазоратҳои меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ, маориф ва илм ва вазорату идораҳое, ки дар сохторашон муассисаҳои таълимӣ доранд, инчунин роҳбарони вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо буда, онҳо вазифадоранд, ки заминаҳои моддиву техникии таълимгоҳҳо, бахусус марказҳои таълими калонсолонро таҳким бахшанд ва барои омода кардани кадрҳои дар бозори меҳнат рақобатпазир ҳамаи чораҳои заруриро амалӣ намоянд. Ҷиҳати иҷрои супориши Роҳбари давлат соли 2015 дар ҳамаи муассисаҳои тарбияи кадрҳои коргарии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ ва дигар вазорату идораҳое, ки дар сохторашон муассисаҳои таълимӣ доранд, беш аз 200 ҳазор нафар касбу ҳунарҳои нав омӯхтаанд ва барои фаъолият дар бозори меҳнати дохиливу хориҷӣ омода шудаанд. Ин раванд бояд дар оянда идома ёфта, сатҳу сифати касбу ҳунаромӯзӣ ва омӯзиши забонҳои хориҷӣ боз ҳам баланд бардошта шавад. Дар робита ба ин, роҳбарону масъулини соҳаро зарур аст, ки бо истифода аз имкониятҳои коллеҷу литсейҳои касбиву техникӣ, муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ва миёнаи умумӣ марказҳои таълими калонсолон, инчунин курсҳои омӯзиши касбу ҳунарро ҳарчи бештар ташкил намоянд. Ҳукумат барои таъмин намудани пешрафти соҳаҳои илму маориф ҳамчун самти афзалиятноки сиёсати иҷтимоӣ аз тамоми имкониятҳо истифода карда, ба рушди илмҳои техникиву табиатшиносӣ аҳамияти аввалиндараҷа медиҳад ва доир ба баланд бардоштани сатҳу сифати таълим,

бошанд. Вобаста ба вазъи имрӯзаи ҷаҳон, ки ба он буҳронҳои сиёсиву иқтисодӣ ва фарҳангиву ахлоқӣ таъсир мерасонанд, олимони ҷомеашиноси мо бояд дастовардҳои таърихии халқамонро бештар тарғиб намоянд ва таҳқиқоташонро ба тақвияти пояҳои давлату давлатдории миллиамон ҳамчун омили муҳимтарини ҳифз ва таҳкими истиқлолияти давлатӣ равона созанд. Дар ин раванд муассисаҳои илмиро зарур аст, ки ҷиҳати ба сиёсати имрӯза мутобиқ намудани мавзӯъҳои фармоишӣ чораҷӯӣ карда, таҳқиқи масъалаҳои умдаи давлатдории миллиамонро бо дарназардошти пешрафти иқтисоди миллӣ, ояндаи кишвар ва ҳалли мушкилоти мубрами ҷомеа анҷом диҳанд. Мо аз олимони худ, бахусус аз олимони ҷавон умеди калон дорем, ки дар ояндаи наздик илмро дар асоси дастовардҳои инноватсионӣ ба истеҳсолоти ватанӣ васеъ татбиқ карда, бо ҳамин роҳ дар рушди иқтисоди миллӣ саҳми арзишманди хешро мегузоранд. Яке аз ҳадафҳои Ҳукумат дар ин самт дар хизмати соҳаи тиб қарор додани технологияҳои инноватсионӣ мебошад. Солҳои охир дар муассисаҳои тиббӣ таҷҳизоти замонавӣ васеъ ворид гардида, ба ин восита сатҳи ташхису табобати беморон беҳтар шуда истодааст. Аммо ихтисосмандоне, ки таҷҳизоту технологияҳои муосири тиббиро пурраву самаранок истифода бурда тавонанд, дар кишварамон ҳанӯз хеле каманд. Дар баробари ҳалли масъалаҳои тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ тайёр кардани чунин мутахассисон бояд яке аз самтҳои афзалиятноки фаъолияти роҳбарону масъулони соҳа бошад. Ҳамчунин бояд гуфт, ки то ҳанӯз нарасидани мутахассисони соҳаи тиб дар як қатор шаҳру ноҳияҳои мамлакат ба мушоҳида мерасад. Вазъи таъминот бо кадрҳои тиббӣ, хусусан, дар вилояти Хатлон нигаронкунанда аст. Дар ин вилоят, ки аҳолиаш беш аз 3 миллион нафарро ташкил медиҳад, ба 10 ҳазор нафар аҳолӣ 11,3 нафар табиб рост меояд, ки дар муқоиса бо дигар вилояту шаҳрҳои кишварамон нишондиҳандаи хеле паст мебошад. Дар шаҳри Душанбе ин нишондиҳанда беш аз 77 нафар, дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон 23 ва вилояти Суғд 20 нафар мебошад. Дар баробари ин, Донишгоҳи тиббӣ, ки дар мамлакат ягона мебошад, масъалаи тайёр кардани кадрҳоро дар ин соҳа пурра иҷро карда натавониста истодааст ва заминаи моддиву техникии он имкон намедиҳад, ки қабулро зиёд карда, талаботи кишварро вобаста ба афзоиши аҳолӣ дар муқоиса бо ҳафтоду ҳафт соли пеш, яъне соли таъсиси донишгоҳ, ки аҳолии Тоҷикистон аз яку-

е-mail: javonontj@mail.ru

худ ифтихор мекунем!

9


www.javonon.tj

е-mail: javonontj@mail.ru

10

ПАЁМ-2016

«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН» №3 (9429), 21 январи соли 2016

ним миллион нафар камтар буд, қонеъ гардонад. Бо дарназардошти чунин вазъ, ба Ҳукумат, аз ҷумла вазоратҳои тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, маориф ва илм ва дигар сохтору мақомоти марбута супориш дода мешавад, ки барои таъсиси боз як муассисаи таҳсилоти олии касбии тиббӣ дар вилояти Хатлон ва то оғози соли нави таҳсил ба фаъолият шуруъ кардани он чораҷӯӣ намоянд ва илова бар ин, ҷиҳати ташкили курсҳои такмили ихтисос ва бозомӯзии кадрҳои соҳаи тандурустӣ, аз ҷумла истифодабарандагони таҷҳизоти электронии тиббӣ чораҳои иловагӣ андешанд. Ба Ҳукумат, аз ҷумла Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, дигар вазорату идораҳои дахлдор ва роҳбарияти Донишгоҳи тиббии Тоҷикистон супориш дода мешавад, ки дар бобати иҷрои пурраи талаботи Барномаи рушди Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон барои солҳои 2006-2015 тамоми чораҳои заруриро амалӣ карда, доир ба васеъ кардани пойгоҳи таълимӣ ва рушди инфрасохтори донишгоҳ дар муҳлати кутоҳтарин хулосаи асоснокшударо ба Президенти мамлакат пешниҳод намоянд. Ҳукумат маблағгузории соҳаи тандурустиро сол аз сол зиёд карда, соли ҷорӣ ҳиссаҷудокуниро ба ин соҳа ба 1 миллиарду 300 миллион расонид, ки ин рақам нисбат ба соли 2005 14 баробар зиёд мебошад. Бо қаноатмандӣ метавон гуфт, ки имрӯз мутахассисони соҳаи тибби мо бо истифода аз имкониятҳои муҳайёкардаи Ҳукумат корро дар баъзе самтҳо дар сатҳи ҷаҳонӣ ба роҳ мондаанд. Дар натиҷа имрӯз барои ташхис ва табобат ба кишварҳои хориҷӣ рафтани шаҳрвандони мо хеле кам шудааст. Инчунин, дар даҳ соли охир сатҳи гирифторшавӣ ба бемориҳои сироятӣ ба ҳисоби миёна 24 баробар, аз ҷумла нишондиҳандаи бемории сил 17 фоиз коҳиш ёфтааст. Таҷрибаи дусолаи ҳамгироии масъалаҳои тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ дар самти солимгардонии маъюбон ва таъину муқаррарсозии маъюбӣ, дастгирии иҷтимоии оилаҳои камбизоат, дастрасии онҳо ба хизматрасонии тиббӣ, фаъолияти муассисаҳои будубоши доимӣ ва тавонбахшии кӯдакони маъюб натиҷаҳои назаррас бахшид. Мехоҳам махсус зикр намоям, ки ҳарчанд вазъи татбиқи сиёсати давлатӣ дар соҳаи ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, бахусус таъмини кафолатҳои иҷтимоии давлатӣ ба маъюбон, кӯдакони ятиму бепарастор ва оилаҳои камбизоат дар сатҳи маҳал хеле беҳтар шудааст, лекин кӯшиш бояд кард, ки ҷиҳати мунтазам беҳтар намудани зиндагии гурӯҳҳои осебпазиру ниёзманди ҷомеа шароити боз ҳам хубтар фароҳам оварда шавад.

Ҳукумати мамлакат масъалаҳоеро, ки ба сиёсати давлатии ҷавонон алоқаманд мебошад, дар маркази диққати худ қарор медиҳад ва барои дастгирии иқдомоти бунёдкоронаи ҷавонони кишвари соҳибистиқлоламон тамоми чораҳои заруриро амалӣ мегардонад. Мо бояд барои ҷавонон чунин шароите муҳайё созем ва онҳоро тарзе тарбия кунем, ки фарзандони мо дар зиндагӣ роҳи дурустро интихоб намоянд, илму донишҳои муосирро азхуд кунанд, касбу ҳунарҳои замонавиро омӯзанд ва оянда мақоми арзандаи худро дар ҷомеа соҳиб шаванд. Мо бо ҷавонони созандаи худ ифтихор мекунем, чунки ҷавонони даврони соҳибистиқлолии Ватанамон имрӯз бо нангу номуси миллӣ, ташаббусҳои шоиста ва эҳсоси

ва кормандону хизматчиёни ҳарбӣ ба масъалаи тарбия ва обутоби ҷисмониву маънавии онҳо диққати доимӣ диҳанд. Роҳбарон ва ҳайати шахсии мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои низомӣ бояд дар иҷрои вазифаву уҳдадориҳои хизматиашон доим ҳушёру зирак бошанд, барои таъмини волоияти қонун, тартиботи ҳуқуқӣ, ҳифзи суботу оромии ҷомеа бар зидди таҳдиду хатарҳои муосир – терроризм, экстремизм, муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир ва дигар ҷиноятҳои муташаккили фаромарзӣ қотеъона мубориза баранд. Дар баробари ин, таъкид месозам, ки авзои ҷомеаи ҷаҳонӣ ва зарурати таъмини амнияту суботи кишвар баланд бардоштани сатҳи таъминоти моддиву техникӣ ва маблағгузории

минбарҳои Созмони Милали Муттаҳид ва дигар ташкилотҳои бонуфузи байналмилалӣ таъкид карда будам, ки террорист ватан, миллат ва дину мазҳаб надорад. Гузашта аз ин, зуҳуроти даҳшатноку нафратовари терроризм, ки аксаран таҳти шиорҳои диниву мазҳабӣ сурат мегирад, ба дини мубини ислом иртиботе надорад, баръакс, аз ҷониби душманони ин дини муқаддас роҳандозӣ шуда, аз ваҳшонияти асримиёнагии террористӣ, пеш аз ҳама, кишварҳои исломӣ ва мусулмонони сайёра зарар мебинанд. Боиси таассуф аст, ки баъзе созмонҳои байналмилалӣ аз ҷониби як қатор доираҳо ва давлатҳову фондҳо ошкоро маблағгузорӣ гардидани созмонҳои террористиву ифротгаро, поймолшавии ҳуқуқи инсон, аҳволи тоқатфарсо ва

стии бевоситаи роҳбарияти собиқ Ҳизби наҳзати исломи Тоҷикистон сурат гирифтанд, бори дигар нишон доданд, ки баъзе доираҳои сиёсии хориҷӣ то ҳанӯз аз ниятҳои бадхоҳонаи худ нисбат ба миллати тоҷик даст накашидаанд ва мехоҳанд нақшаҳои харобкорона ва хоинонаи хешро бо дасти зархаридону гумоштагонашон амалӣ гардонида, ба сари мардуми мо низоми бегонаро таҳмил намоянд. Вале хоинони миллати тоҷик ва хоҷагони хориҷии онҳо фаромӯш кардаанд, ки мардуми шарафманди Тоҷикистони соҳибистиқлол дигар намегузоранд, ки касе зиндагии орому осудаи онро мисли солҳои навадуми асри гузашта бо фитнаангезиву дасисабозӣ халалдор намояд ва халқи ободгари моро аз маҷрои созандагиву

Мо бо ҷавонони созандаи Паёми Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба баланди ватандорӣ дар рушди Тоҷикистони азиз ҳиссаи арзишманд мегузоранд ва ба Модар - Ватани худ содиқона хизмат мекунанд. Дар ин росто, кумитаҳои ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ, кор бо занон ва оила, оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллӣ, дигар сохтору мақомоти дахлдор, аз ҷумла роҳбарони вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳоро зарур аст, ки ба масъалаи истифодаи самараноки нерӯи созандаи ҷавонону бонувон, тарбияву интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳои хизмати давлатӣ аз ҳисоби ҷавонон ва духтарону бонувони лаёқатманд ва донишманду соҳибмаърифат, инчунин ташвиқи онҳо ба донишандӯзӣ, азхуд кардани касбу ҳунарҳои замонавӣ ва ташвиқи тарзи ҳаёти солим эътибори аввалиндараҷа диҳанд.

Вакилони муҳтарам! Дар шароити ташаннуҷи рӯзафзуни авзои сиёсии ҷаҳон ва тағйиру таҳаввулоти босуръати он, торафт вусъат гирифтани низоъҳои байнидавлативу байнимазҳабӣ ва авҷи ҷиноятҳои муташаккили фаромарзӣ ҳимояи марзу буми кишвар ва ҳифзи амнияти давлату миллат барои мо масъалаи аввалиндараҷа ва ҳаётан муҳим ба шумор меравад. Вазъи имрӯзаи минтақа ва ҷаҳон мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, амнияти миллӣ ва сохторҳои низомиро водор месозад, ки фаъолияти худро ба таври ҷиддӣ тақвият бахшида, барои иҷрои вазифаҳое, ки имрӯз дар назди онҳо қарор доранд, ҳамеша омода бошанд. Роҳбарони сохтору мақомоти зикршуда вазифадоранд, ки дар баробари омодагии ҳаматарафаи ҳарбӣ ва касбии ҳайати шахсӣ

мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои низомии кишварро ҷиҳати боз ҳам беҳтар намудани тайёрии касбӣ ва омодабошии ҷангии онҳо тақозо менамояд. Аз ин лиҳоз, ба Ҳукумат зарур аст, ки маблағгузории сохтору мақомоти зикршударо аз буҷети давлатӣ ҳар сол зиёд карда, таъминоти моддиву техникии онҳоро тибқи талаботи рӯз ва вазъи сиёсии ҷаҳон ба роҳ монад. Рӯйдодҳои охири ҷаҳон, яъне боз ҳам тезутунд гардидани вазъ дар Шарқи Наздик, Осиё, Африқои Шимолӣ, Аврупо ва дигар минтақаҳои дунё нишон медиҳанд, ки терроризм ва экстремизм ба хатарҳои аввалиндараҷаи ҷаҳони муосир табдил ёфтаанд. Доманаи фаъолияти созмонҳои террористӣ торафт васеъ шуда, фаъолшавии онҳо, аз ҷумла дар ҳамсоякишвари мо Афғонистон вазъиятро боз ҳам мураккабтар гардонидааст. Хулоса, имрӯз терроризм ва экстремизм ҳамчун вабои аср ба амнияти ҷаҳон ва ҳар як сокини сайёра таҳдид карда, барои башарият хатари на камтар аз силоҳи ядроиро ба миён овардааст. Мубориза бо терроризм ва экстремизм фароҳам овардани фазои боварӣ, эҳтиром ба манфиатҳои ҳамдигар ва муттаҳид шудани ҳамаи кишварҳои дунёро дар пешорӯи ин хатари умумӣ тақозо менамояд. Истифодаи «сиёсати дугона» нисбат ба терроризм ва экстремизм самаранокии кӯшишҳои ҷомеаи ҷаҳониро дар муборизаи муштарак бо ин зуҳурот ҷиддан коҳиш дода, баръакс, мухолифатҳои наверо байни эътилофҳои ҳарбиву сиёсӣ эҷод мекунад ва авзои ҷаҳонро боз ҳам ноором месозад. Ман чандин маротиба аз

дар роҳи муҳоҷират дар баҳрҳо ғарқ шудани ҳазорон нафар гурезаҳо, аз ҷумла занону кӯдаконро нодида мегиранд. Аз ин лиҳоз, метавон гуфт, ки бар асари истифодаи қувва ва зӯрӣ дар равобити байналмилалӣ, дар ҳифзи манфиатҳои хеш рӯбарӯ омадани қудратҳои ҷаҳонӣ ва минтақавӣ, зери фишори нерӯву унсурҳои бегона амалан аз байн рафтани низоми давлатдории як силсила кишварҳо ва вусъати торафт афзояндаи терроризму экстремизм вазъи ҳуқуқи байналмилалӣ хеле заиф шуда, истиқлолияти давлатҳои миллӣ осебпазир гардидааст. Намуна ва пайомадҳои чунин вазъро мо дар мисоли Сурия, Ироқ, Лубнон, Яман ва Афғонистон мебинем. Ислоҳи ин вазъ таҳкими пойгоҳи ҳуқуқии мубориза бо терроризм ва экстремизм, аз ҷумла дар санадҳои байналмилалӣ муқаррар намудани муҷозоти кишварҳои ба терроризм мусоидаткунанда, роҳандозӣ намудани тафтиши байналмилалии зуҳуроти терроризм ва мавриди муҳокимаи Суди байналмилалӣ қарор додани роҳбарони сиёсӣ ва ҳарбӣ, фондҳои ба ном хайрия, соҳибкорон ва дигар ашхоси ба терроризм мусоидаткунандаро тақозо менамояд. Тоҷикистони соҳибистиқол, ки ҳанӯз солҳои навадуми асри гузашта даврони фоҷиабори муқовимат ба экстремизм ва терроризмро аз сар гузаронида, дар ин роҳ даҳҳо ҳазор талафоти ҷонӣ дода буд, ҳамеша дар сафи пеши мубориза бо ин зуҳуроти даҳшатноку нафратовар қарор дорад. Воқеаҳои нангини аввали моҳи сентябр, яъне сӯиқасди табаддулоти мусаллаҳонаи давлатӣ, ки бо маблағгузориву сарпара-

бунёдкорӣ берун созад. Ҳамин буд, ки бо дастгирии фаъолонаи мардуми кишвар сохторҳои низомӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар муҳлати кӯтоҳтарин тавонистанд нақшаҳои ҷинояткоронаи террористонро барҳам зада, оромии Ватани азизамонро ҳифз ва таъмин намоянд. Ҳодисаҳои зикршуда, равандҳои муосири сайёра ва вазъи минтақа ҳушдор медиҳанд, ки мо ҳаргиз зиракии сиёсиро аз даст надиҳем ва барои ҳимояи амният, ваҳдати миллӣ, сулҳу субот, волоияти қонун ва оромиву осудагии кишвари маҳбубамон ҳамеша омода бошем. Вазъи бамиёномада фароҳам овардани заминаҳои дахлдори ташкиливу ҳуқуқӣ ва фазои оштинопазирро бо экстремизм ва терроризм дар сатҳи барномаи стратегии давлат тақозо дорад. Аз ин лиҳоз, ба Прокуратураи генералӣ супориш дода мешавад, ки дар ҳамкорӣ бо дигар мақомоти дахлдори давлатӣ ҳарчи зудтар Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистонро оид ба муқовимат ба экстремизм ва терроризм барои солҳои 2016-2020 таҳия ва пешниҳод намояд. Дар доираи тақвияти мубориза бо терроризм ва экстремизм бояд номгӯи субъектҳои бо онҳо муборизабаранда васеъ ва дақиқ гардонида, дар баробари ин ҷавобгарӣ ва ҷазо барои содир намудани ҷиноятҳо ба муқобили сохти конститутсионӣ ва амнияти давлат, ҷиноятҳои хусусияти террористиву экстремистидошта ва хиёнат ба Ватан, шарикӣ дар чунин ҷиноятҳо, аз ҷумла нисбат ба ташкилкунандагон ва шахсони ба онҳо мусоидаткунанда пурзӯр карда шавад. Бинобар ин, Прокуратураи


ПАЁМ-2016 он дар арсаи ҷаҳонӣ таъсири манфӣ мерасонад, коррупсия мебошад. Ҷиҳати мубориза бар зидди ин кирдори номатлуб солҳои охир дар кишвари мо заминаҳои дахлдори ҳуқуқӣ ва ташкилӣ муҳайё карда шудаанд, вале ҷиҳати паст намудани шиддати омилҳои коррупсионӣ зарур аст, ки иштироки боз ҳам фаъолтари ҷомеаи шаҳрвандӣ дар ин самт таъмин гардида, нисбат ба амалҳои коррупсионӣ фазои воқеан оштинопазир фароҳам оварда шавад. Дар баробари ин, роҳбарони вазорату идораҳо, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва ҳамаи хизматчиёни давлатиро зарур аст, ки ҷиҳати пешгирии ин зуҳурот дар тамоми сохтору мақомоти давлатӣ тадбирҳои иловагӣ андешанд. Вакилони муҳтарам!

ма дода, дар раванди мубориза бо таҳдиду хатарҳои муосир ҳамкориҳои муассири ду кишварро тақвият ва таҳким хоҳем бахшид. Тоҷикистон бо сиёсати хориҷии мусолиматомез ҷонибдори он аст, ки низоми имрӯз ташаккулёбандаи ҷаҳонӣ аз ҷангу низоъҳо, хушунату зӯроварӣ ва таассубу бадбинии миллӣ ва диниву фарҳангӣ комилан озод бошад ва бар пояи шарикиву ҳамкории баробару судманди ҳамаи кишварҳои ҷаҳон асос ёбад. Ҳамаи хатарҳо ба сулҳу субот ва амнияти ҷаҳониву минтақавӣ бояд бо роҳи созишу муколамаи созанда ва бар асоси муқаррароти ҳуқуқи байналмилалӣ, пеш аз ҳама, Ойинномаи Созмони Милали Муттаҳид ҳамчун созмони глобалии танзимкунандаи

соҳибистиқлолӣ, пешрафти босуботи иқтисоди миллӣ, азхуд кардан ва дар ҳамаи самтҳои зиндагӣ ҷорӣ намудани навгониҳои илму техника, дарки масъалаҳои афзалиятдоштаи пешрафти мамлакат ва ҳалли саривақтии онҳо аз ҳар яки мо масъулияти дучандро талаб менамояд. Инчунин ташаккул додан ва истифодаи босамари нерӯи инсонӣ, ҳалли масоили иҷтимоӣ, аз ҷумла таълиму тарбияи насли наврас дар рӯҳияи ифтихор аз давлатдории миллӣ ва ниҳоят, дастёбӣ ба сатҳу сифати шоистаи зиндагӣ барои сокинон аз қабили масъалаҳои аввалиндараҷае мебошанд, ки ҷиҳати иҷрои онҳо бояд тамоми сохтору мақомоти давлатӣ ва аҳли ҷомеа якҷоя ва аҳлона азму талош намоянд. Соли 2016 барои мардуми шарифи кишварамон

худ ифтихор мекунем!

Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон. 20.01.2016 Тоҷикистон ҷонибдори эҷоди воситаҳои самарабахши ба ҳам овардани ҳадафҳои миллӣ ва саъю кӯшишҳои байналмилалӣ, муттаҳид сохтани ҷаҳду талоши ҳамаи давлатҳои манфиатдор барои вокуниши муносиб дар рӯбарӯи таҳдиду хатарҳои замони муосир мебошад. Мо имрӯз бори дигар эълон медорем, ки сиёсати хориҷии Тоҷикистон сиёсати дарҳои кушода, сулҳхоҳона ва беғараз буда, дар роҳи татбиқи он давлати мо омода аст, ки бо ҳамаи кишварҳои дунё робитаҳои дӯстонаро бар пояи

муносибатҳои байналмилалӣ, бартараф карда шаванд. Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Мо бояд тамоми саъю талоши худро ба он равона созем, ки бо вуҷуди вазъи ноустувори молиявию иқтисодии дар ҷаҳон идомадошта бо заҳмати аҳлона ва иқдомҳои ободгаронаи мардуми шарифи Тоҷикистон се ҳадафи стратегии дар наздамон қарордошта, яъне истиқлолияти энергетикӣ, раҳоӣ ёфтан аз бун-

соли таърихӣ, яъне соли таҷлили биступанҷумин солгарди Истиқлолияти давлатии Тоҷикистони азизамон мебошад ва итминон дорам, ки ин санаи бузургу тақдирсозро мо ҳама якҷо бо дастовардҳои арзанда истиқбол мегирем. Бо дарназардошти ин, аз аъзои Ҳукумат, ҳамаи роҳбарону масъулон, хизматчиёни давлатӣ, кормандони сохтору мақомоти давлатӣ ва корхонаву муассисаҳо, сарфи назар аз шакли моликият, инчунин аз ҳар як фарди бонангу номус ва ватандӯсти кишвар, аз ҷумла

эҳтироми ҳамдигар, баробарӣ ва ҳамкориҳои судманд густариш диҳад. Дар ин росто, мо тавсеаи муносибатҳои созанда ва гуногунҷанбаи худро бо шарикони анъанавиамон, аз ҷумла Федератсияи Руссия идо-

басти коммуникатсионӣ ва амнияти озуқавории кишварамонро таъмин кунем. Дар ин раванд таъмини амният, сулҳу суботи ҷомеа ва ваҳдати миллӣ ба хотири ҳифзу таҳкими дастовардҳои замони

шумо - вакилони муҳтарам, тақозо мегардад, ки дар чунин давраи таърихӣ аз ҳарвақта бештар масъулиятшинос бошед. Ҳар яки мо вазифадорем, ки бо амалисозии иқдому ташаббусҳои неку созанда ба

хотири боз ҳам таҳким бахшидани дастовардҳои истиқлолият, тақвияти иқтидори иқтисодии давлат, беҳтар гардонидани сатҳу сифати зиндагии мардум ва ободии Ватани азизамон бо роҳи ҳарчи зудтар расидан ба ҳадафҳои стратегии миллиамон қарзи фарзандӣ ва рисолати шаҳрвандии худро дар назди халқ ва давлати Тоҷикистон содиқонаву софдилона иҷро намоем. Мову шумо дар даврони соҳибистиқлолӣ борҳо марҳалаҳои мушкилу сангинро паси сар намуда, аз ҳолатҳои бисёр вазнин сарбаландона баромадем, аз ҷумла хатари нестшавии давлат ва пароканда гардидани миллатро бартараф кардем ва ба пешрафти давлату ҷомеа муваффақ шудем. Ҳамаи мо вазифадорем, ки бо шукронаи соҳибватаниву соҳибдавлатӣ ва сулҳу оромии кишвар, ба хотири фардои неку ободи Ватанамон ҳарчи бештар заҳмат кашида, Тоҷикистони маҳбубамонро боз ҳам ободу зебо гардонем. Мову шумо ба хотири боз ҳам беҳтар гардонидани шароити рӯзгори мардумамон бояд дар ҳамаи самтҳои зиндагӣ сарфаю сариштакор бошем, зиёдаравӣ накунем ва фарзандонамонро дар ҳамин рӯҳия тарбия намоем. Имрӯз мардуми шарифи Тоҷикистон хуб дарк намудаанд, ки устувор намудани пояҳои давлату давлатдории миллӣ, баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагӣ ва ободу зебо гардонидани сарзамини аҷдодӣ, пеш аз ҳама, ба густариши эҳсоси худшиносиву худогоҳӣ ва ифтихори ватандорӣ вобастагии мустақим дорад. Ман ҳоло бо итминони комил гуфта метавонам, ки мо бо такя ба нерӯи созандаи мардуми соҳибмаърифати худ ва бо заҳмати содиқонаву софдилонаи онҳо ба ҳамаи мақсадҳои некамон ва дар навбати аввал, фароҳам овардани шароит барои зиндагии шоистаи ҳар як сокини мамлакат наздик шуда истодаем. Дар роҳи расидан ба ин ниятҳои нек ва иҷрои ҳадафҳои созанда халқи заҳматкашу матинирода, ватандӯсту ватанпарвар ва худшиносу сарбаланди кишварамон, инчунин ҳамватанони бурунмарзиамон, ки дар кишварҳои гуногуни олам кору зиндагӣ доранд, ҳамеша дастгиру пуштибони сиёсати давлат мебошанд. Барои чунин дастгирии самимона ба хурду бузурги кишвари азизамон сидқан сипосу миннатдорӣ изҳор менамоям. Дар амри амалӣ гардонидани нияту нақшаҳои неку созанда ва иҷрои рисолати пурифтихори ватандорӣ ба кулли мардуми шарифу сарбаланди Тоҷикистони соҳибистиқлол, ҳамватанони бурунмарзиамон ва ба ҳамаи шумо, ҳозирини арҷманд, саломативу хушбахтӣ ва рӯзгори босаодат орзумандам. Ҳамеша саломату хонаобод бошед!

www.javonon.tj

иттилоотӣ ва кибертерроризм ба Ҳукумат пешниҳоди асоснок манзур созанд. Бори дигар таъкид месозам, ки риояи қатъии қонунҳо, талаботи ойинномаҳои ҳарбӣ ва тартибу интизом дар сохторҳои низомии кишвар бояд таҳти назорати доимии роҳбарони сохтору мақомоти дахлдори давлатӣ ва мақомоти прокуратура қарор дошта бошад. Мо на як бору ду бор изҳор доштаем, ки даромад аз муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир, ки ҳамасола дар ҷаҳон даҳҳо миллиард долларро ташкил медиҳад, яке аз манбаъҳои асосии маблағгузории терроризми байналмилалӣ мебошад. Аз ин лиҳоз, мубориза бар зидди гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ҷузъи мубориза бо терроризм ва экстремизм маҳсуб меёбад. Ҳамзамон, муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир боиси афзоиши бемории нашъамандӣ гардида, ба генофонди миллӣ таҳдиди воқеӣ эҷод менамояд. Аз соли 1994 аз тарафи мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои низомии Тоҷикистон беш аз 113 тонна маводи мухаддир, аз ҷумла 34 тонна героин мусодира карда шудааст, ки ин миқдор метавонист қариб 50 миллион нафарро ба бемории нашъамандӣ гирифтор намояд. Мақомоти ҳифзи ҳуқуқи кишвар бояд дар ин самт фаъолияти худро ҷоннок намуда, ҷиҳати гузоштани садди устувор дар роҳи қочоқи маводи мухаддир, ошкор ва аз байн бурдани гурӯҳҳои муташаккили нашъаҷаллоб ва такмили тарзу усулҳои мубориза бо ин зуҳуроти номатлуб тадбирҳои зарурӣ андешанд. Яке аз хатарҳои дигаре, ки ба рушди устувори давлат монеъ шуда, ба нуфузу обрӯи

11 е-mail: javonontj@mail.ru

генералӣ, Вазорати адлия, Вазорати корҳои дохилӣ, Кумитаи давлатии амнияти миллӣ ва Маркази миллии қонунгузорӣ вазифадор карда мешаванд, ки муқаррароти Кодекси ҷиноятӣ ва дигар қонунҳои дахлдорро вобаста ба ин масъалаҳо ҳамаҷониба таҳлилу баррасӣ карда, оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳои зарурӣ ба онҳо ба Ҳукумат хулосаҳои мушаххас пешниҳод намоянд. Ҷиҳати дар сатҳи зарурӣ ба роҳ мондани муқовимат ба истифодаи шабакаи интернет бо мақсадҳои экстремистӣ ва террористӣ Вазорати корҳои дохилӣ, Кумитаи давлатии амнияти миллӣ, Прокуратураи генералӣ ва дигар мақомоти марбутаро зарур аст, ки доир ба масъалаи таъсиси маркази мубориза бар зидди ҷиноятҳо бо истифодаи технологияҳои

«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН» №3 (9429), 21 январи соли 2016


е-mail: javonontj@mail.ru

12

«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН» №3 (9429), 21 январи соли 2016

Эрон ва наҳзати ифротгаро

www.javonon.tj

Истиқболи Эрон аз иштироки раиси ҳизби ифротгаро ва ҳамакнун фаъолияташ дар қаламрави Тоҷикистон мамнуи наҳзати ислом, ки тибқи қавонини кишвар созмони террористӣ ва экстремистӣ эълон шудааст, ба мо дӯсту ҳамфарҳанг будани Эронро зери шубҳа гузошт. Ҳоло дар зеҳнҳо як суол мечархад, ки Эрон воқеан ҳам бо мо дӯст аст ва ё то имрӯз ба хотири ҳизби ифротие «дӯстӣ» дошт? Ташкилоти экстремистӣ-террористии наҳзати ислом гурӯҳе буд, ки аз ҳисоби хоҷагони дохиливу хориҷӣ, аниқтараш аз ҷониби ҳамин гуна дӯстони муқимиву берунӣ дастгирӣ ва маблағгузорӣ мегардид. Аз ин рӯ, ба натиҷае расидан мумкин, ки Эрон Муҳиддин Кабириро ҳамчун пайрави худ муаррифӣ намуд ва ба ифротӣ будани наҳзатиҳо муқобилат нишон дод. Вобаста ба аъмоли охири Эрон ҳайати устодон ва донишҷӯёни Донишкадаи исломии Тоҷикистон бо пахши як изҳорот таъкид намуданд, «имрӯз бояд Ҷумҳурии исломии Эрон мавқеи худро нисбат ба сиёсати дохилӣ ва хориҷии кишвари мо мушахас намояд, то сӯи тафоҳум дар байни мардуми дӯсту ҳамзабон ба миён наояд ва ҳамкории мардум дар фазои дӯстию бародарӣ, амнияту осудаҳолӣ ва бо муҳаббату якдигарфаҳмӣ дар ҳама ҷанбаҳои ҳаётӣ ва дар самтҳои иқтисодию иҷтимоӣ, диниву фарҳангӣ ва ғайра ҷараён дошта бошад». Ҳизби террористии наҳзати исломӣ на ҳизби исломӣ, балки ҳизби тундгаро буда, фаъолияташ ба қонунҳои Тоҷикистон мутобиқат намекард. Он созмоне, ки ормонҳои бегонагонро бароварда месохт ба раванди ҷаҳонишавӣ, мустаҳкам шудани мавқеи байналмилалии Тоҷикистон халал ворид мекард. Эрон аз Кабириву ҳизбаш истиқбол кард ва нишон дод, ки мехоҳад фақат номи Кабирӣ ва ҳизби ӯро зинда гардонад. Аксари кулли сокинону шаҳрвандони Тоҷикистон иқдоми сӯзандаи Эронро мавриди интиқод қарор доданд. Зеро ҳизби ифротгарои наҳзати исломӣ ва раиси фирории он М. Кабирӣ аз аҷнабиёни наздикаш кӯмак мегирад ва маҳз кӯшишҳои хоҷагонаш аст, ки дар конфронсҳову семинарҳо иштирок мекунад. Мардуми куҳанбунёду куҳаннажоди тоҷик наҳзати ифротгароро қабул надоранд. Танҳо Эрон бо ӯ ҳамақида аст. Ҳарчанд Эрон гирди ҲНИТ мегардад ва аз ӯ овозаву дарвоза месозад, аммо ягон манфиат ба бор нахоҳад овард. Ҳизби наҳзат дар ибтидо ҳам мухолифи давлати Тоҷикистон маҳсуб меёфт ва аз ҳар дару дарвоза сару садое баланд карда, давлату ҳукуматро мавриди интиқоди шадид қарор медод. Мутаассифона, ин ҳизб суннатро зери по карда, ба манфиати гурӯҳӣ табдил ёфт. Ҳоло бошад наҳзатиҳо ва Эрони «дӯст» ба ҳақиқати ҳаёти иҷтимоӣ, сиёсӣ ва иқтисодии тоҷикон баҳои воқеӣ надода, адовату душмании худро нисбат ба давлату миллати тоҷик пайваста идома медиҳанд. С. ОРИЁНФАР

АХБОРИ ҲАФТА Намоишгоҳҳо - воситаи ҷалби сармоя Соли сипаришуда қисмати асосии фаъолияти Палатаи савдо ва саноати ҷумҳурӣ ба амалӣ гардонидани барномаҳо оид ба мусоидат ва дастгирии истеҳсолкунандагони ватанӣ дар созмон додани корхонаҳои инноватсионӣ, тайёр кардани мутахассисон ва баланд бардоштани савияи дониши онҳо дар самтҳои гуногуни иқтисод, баланд бардоштани иқтидори содиротӣ, ҳимояи манфиатҳои соҳибкорон дар хориҷи кишвар ва гузарондани чорабиниҳои намоишгоҳӣ равона гардид. Тавре раиси Палатаи савдо ва саноати ҷумҳурӣ Шариф Саид дар нишасти матбуотӣ иброз дошт, соли 2015 бо ташаббуси палата зиёда аз 30 намоишгоҳ доир гардид. Чанд намоишгоҳ дар сатҳи вилоятҳо низ баргузор шуданд. Яке аз чунин чорабиниҳои муҳим баргузории аввалин намоишгоҳи байналмилалии «Молҳои истеҳсоли Покистон» мебошад. Дар он 25 ширкати Покистон маҳсулоти худро, аз ҷумла газвор, мебел, хӯрокворӣ, касметикаю атриёт, таҷҳизоти тиббӣ, пойафзоли чармӣ, масолеҳи сохтмонӣ ва технологияи иттилоотиро ба намоиш гузоштанд. Баргузории намоиш баёнгари рушди ровобити тиҷоратӣ ва иқтисодии Тоҷикистону Покистон мебошад. - Намоишгоҳҳо, ки яке аз фишангҳои асосии фаъолгардонии робитаҳои берунаи иқтисодӣ ба шумор мераванд, ба мустаҳкамшавии иқтидори иқтисодӣ, ҷалби сармоягузориҳо ба мамлакат, ҷорӣ кардани истеҳсолоти технологияи баланд, рушди инноватсионӣ, ноил гардидан ба ҳадафҳои стратегии муассисаҳо, таъсиси ҷойҳои нави корӣ, дастгирӣ ва рушди соҳибкорӣ мусоидат мекунанд, - гуфт Шариф Саид. - Иштироки фаъоли Тоҷикистон дар гузаронидани намоишгоҳҳо ба рушди ҳамкории

интегратсионӣ, мустаҳкамкунии кооператсияи илмӣистеҳсолӣ бо тамоми кишварҳои ҷаҳон нигаронида шудааст. Палата намоишгоҳҳоеро доир мекунад, ки ба муассисаҳои ватанӣ баҳри нишон додани маҳсулоти рақобатпазир кӯмак мерасонад. Соли 2015 бо ташаббуси Палатаи савдо ва саноати ҷумҳурӣ зиёда аз 34 мизи мудаввар ва 46 семинару конфронс доир шуд. Дар ин муддат 1750 нафар соҳибкор ба намоишгоҳҳои байналмилалии хориҷӣ рафтанд. Бо мақсади муаррифии фаъолияти палата дар соманаи он 1411 маълумот ҷой дода шуд. Бо ташаббуси палата соли гузашта соҳибкорони Чин таҳти роҳбарии сардори Департаменти тиҷорати ҳукумати мардумии музофоти Гансу Чин Жан Шиен аз минтиқаи озоди иқтисодии Данғара боздид ба амал оварданд. Ин гуна чорабиниҳо имсол низ баргузор шуда, ба истеҳсолкунанадагони ватанию хориҷӣ бозорҳои нав кушода, боиси ҷалби сармоягузориҳо мешаванд. С. САЙФИДДИН, “ҶТ”

Зимистони имсола гарм хоҳад буд Як моҳи дигари фасли зимистон низ гарм хоҳад буд. Фақат дар бархе минтақаҳои Бадахшон ва ноҳияи тобеи марказ барф меборад.

Хайрулло Ибодзода, раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати ҷумҳурӣ, 19 январ зимни нишасти матбуотӣ изҳор дошт, ки бо мақсади пешгирӣ намудани ифлосшавии манбаъҳои обӣ ва маҳал, инчунин барои баланд бардоштани маърифати экологии аҳолӣ

аксияҳои ҷумҳуриявии “Тозагии маҳал”, “Тозагии соҳил” ва “Тозагии роҳҳо” гузаронида шуданд, ки дар онҳо зиёда аз 380 ҳазор нафар хонандаи мактабҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, донишҷӯёни донишгоҳу донишкадаҳо, сокинони ҷамоатҳо ва кормандони муассисаю ташкилотҳо иштирок намуданд. Дар натиҷа 4171 км каналҳои магистраливу обанборҳо, соҳилҳои дарёҳо ва манбаъҳои дигари обӣ тоза карда шуда, зиёда аз 46,7 ҳазор метри мукааб партовҳо ба партовгоҳҳои расмӣ бароварда шуданд. Ҳамзамон, 157 адад нуқтаҳои нигоҳдории муваққатии партовҳо таъмир гардида, 93 нуқта ва 3100 адад қуттиҳои нави нигоҳдории муваққатии партовҳо мавриди истифода қарор дода шуданд. Беҳрӯз ХОЛМУРОДОВ, “ҶТ”

Таъсиси 8 воҳиди нави илмӣтаҳқиқотӣ Дар зарфи як соли охир дар Академаияи илмҳои ҷумҳурӣ 8 воҳиди нави илмӣ-таҳқиқотӣ, аз ҷумла маркази илмӣ-таҳқиқотии экология ва муҳити зисти Осиёи Марказӣ, Пойгоҳи баландкӯҳи илмӣ- экологӣ дар мавзеи Ҷелондии ноҳияи Шуғнон, озмоишгоҳи амнияти химиявӣ дар инистути химияи ба номи В. И. Никитин таъсис дода шуд. Президенти Академияи илмҳои ҷумҳурӣ Фарҳод Раҳимов дар нишасти матбуотӣ иброз дошт, ки соли сипаришуда барои истифодаи амалӣ дар истеҳсолот 30 коркарди олимони академия пешниҳод гардид. Корманди Маркази инноватсионии биологӣ ва тиббии Академияи илмҳо дар ҳамкорӣ бо олимони Институти гастроэнергияи Академияи илмҳои тиббии Тоҷикистон моддаи «просинг»-ро барои муолиҷаи гипатети музмини вируси васирози ҷигар коркард намуданд. Робитаи академия бо олимони кишварҳои хориҷӣ сол то сол вусъат меёбад. Соли 2015 қариб 200 нафар олимони мамолики хориҷӣ ба АИ ҶТ омада, дар экспидисияҳои муштарак кор карданд. Порсол дар қатори олимони тоҷик инчунин шаҳрвандони Федератсия Русия, Қазоқистон, Қирзизистон, Ҷумҳурии Исломии Эрон ва Афғонистон низ рисолаҳои илмиашонро дар Академияи илмҳои ҷумҳурӣ ҳимоя карданд. С. АМИНИЁН, “ҶТ”

З. Исмоилзода раиси ИЖТ интихоб шуд 16 январ зимни Анҷумани XIV-уми Иттифоқи журналистони Тоҷикистон Зиннатуллоҳ Исмоилзода, раиси Иттифоқи журналистони Тоҷикистон интихоб гардид. Зиннатуллоҳ Исмоилзода, ҳамзамон директори Муассисаи давлатии “Академияи васоити ахбори умум” ва раиси Ассотсиатсияи дастраскунандагон ва паҳнкунандагони маводи радиотелевизионӣ мебошад. Дар анҷуман, ки бо иштироки ёрдамчии Президенти ҷумҳурӣ оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Раҳмонзода Абдуҷаббор ҷараён гирифт, ҳисоботи иҷрокунандаи раиси ИЖТ Ёқуб Исмоилзода шунида шуд. Ё. Исмоилзода аз фаъолияти ташкилотҳои ибтидоии иттифоқ дар шаҳру навоҳӣ изҳори нигаронӣ кард. Ба гуфтаи ӯ дар панҷ соли охир 60 нафар журналист фавтидаанд. Аз ҷумла, моҳи августи соли гузашта раиси ИЖТ Акбаралӣ Сатторов ба таври фоҷиавӣ моро тарк кард. Вакилони анҷуман масъалаҳои мавҷудаи соҳаи журналистикаро баррасӣ карданд. Дар анҷом ба як қатор журналистон ифтихорномаҳои Вазорати фарҳанг ва Иттифоқи журналистони Тоҷикистон супорида шуд.


ҲАМКОРӢ

- Мегуфтед, ки чӣ гуна Ҷумҳурии Полша дар шароити буҳрон ва ноустувории ҷаҳонӣ ба нишондиҳандаи хуби макроиқтисодӣ ноил гашт? - Ҳақиқатан дар даҳсолаи охир Полша тавонист, ки пойдевори рушди устувори иқтисодӣ ва амалҳо барои рушди ояндаро бисозад. Масалан, аз рӯи нишондодҳои соли 2014 рушди маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ (ММД) 3,4%-ро ташкил дод. Интизор аст, ки ин рақам дар ҷамъбасти соли 2015 3,4-3,6 дарсадро ташкил диҳад. Сохти иқтисоди Полша имрӯз махсуси кишвари рушдёфтаи иқтисодӣ мебошад ва қариб 63% ММД ба хизматрасонӣ, зиёда аз 33% ба саноат ва 3,5% ба соҳаи кишоварзӣ тааллуқ дорад. Кишоварзии Полша на танҳо шаҳрвандони худро ба маҳсулоти хӯроквории талаботи рӯзмарра, аз қабили ғалладона, гӯшт, сабзавот, шир ва меваҷот таъмин мекунад, балки ба кишварҳои хориҷӣ

Акнун навбати амал аст низ содир менамояд. Ҳиссаи маҳсулоти кишоварзӣ ва маҳсулоти тайёри истеъмолӣ 14 дарсади ҳаҷми умумии содироти Полшаро ташкил медиҳад, ки ба 30,3 миллиард евро баробар аст. Кишварҳои асосии истеъмолгари маҳсулоти Полша, пеш аз ҳама Олмон, Фаронса, Британияи Кабир, Италия, Чехия мебошанд. Қариб 40% содироти Полшаро мошинҳо, дастгоҳҳо, таҷҳизот ва дигар маҳсулоти бо арзиши иловашуда ташкил медиҳад. Полша аз ҷиҳати ворид намудани сармояи хориҷӣ дар Аврупои Марказӣ ва Шарқӣ ҷойи аввалро мегирад. Тӯли соли сипаришуда ба иқтисоди он 13,9 миллиард доллар сармояи хориҷӣ ворид гаштааст. - Ҳамкориҳои Тоҷикистону Полша дар кадом сатҳ қарор доранд? Тоҷикистон шарики тиҷоратӣ-иқтисодии Полша дар Осиёи Марказӣ мебошад. Полша барои рушду беҳтаргардонии ҳамкории иқтисодӣ бо Тоҷикистон ҳавасманд аст. Аммо агар ҳаҷми гардиши молро миёни ду кишвар баҳо диҳем, мебинем, ки он тамоман ба иқтидор ва имконоти кишварҳоямон ҷавобгӯ нест. Соли 2014 гардиши мол миёни Тоҷикистону Полша аз 20 миллион доллар зиёд набуд. Тайи як соли охир воридоти молҳои Тоҷикистон ба Полша 2,8 маротиба боло рафт. Ин нишондиҳандаи рушди

иқтидори содироти Тоҷикистон аст. Имрӯз на танҳо дар фурӯшгоҳҳои шаҳрҳои Душанбе ва Хуҷанд, балки дар дигар шаҳрҳои Тоҷикистон ҳам метавон маҳсулоти корхонаҳои маъруфи лаҳистонӣ, аз қобили “Miezko”, “Solidarnost”, “Wawel”, “Wedel”, “Mlekowita”, “Nortex” ва ғайраро дид. Аксар кадбонуҳои тоҷик ба маҳсулоти маишии кимиёвӣ - атриёт, косметика ва дорувории Полша баҳои баланд медиҳанд. Ронандагони тоҷик равғани муҳаррик ва молидании консерни “Lotos”-и Полшаро истифода мебаранд. - Барои тавсеаи ҳамкориҳо чӣ бояд кард? - Эътироф кардан лозим аст, ки дар Тоҷикистон дар бораи Полшаи муосир хеле кам маълумот доранд. Инчунин дар Полша низ дар бораи Тоҷикистон хеле кам медонанд. Ҳол он ки имконоти ҳамкориҳои иқтисодӣ хеле васеъ аст. Масалан, имрӯз дар Тоҷикистон ангиштро аз конҳо мегиранд. Корхонаҳои Полша дар коркарду таҷҳизонидани конҳои ангишти нақбӣ (шахта) ва кушода таҷрибаи кофӣ доранд. Маҳсулоти корхонаҳои электротехникӣ, аз қабили асбобҳои ченкунии ҷадид ва таҷҳизоти масрафи нерӯи барқ, ки дар Полша истеҳсол мешаванд, ҷавобгӯи талаботи бозори Тоҷикистон мебошанд. Ширкатҳои Полша ҳамкориро дар самти истифо-

дабарии манбаъҳои алтернативии энергия, пеш аз ҳама офтобӣ, нақлиёти роҳи оҳан ва истеҳсоли масолеҳи сохтмонӣ, дорусозӣ, мебел, нассоҷӣ ва саноати сабук пешниҳод менамоянд. Таҷрибаи Полша дар самти боғдории интенсивӣ, чорводорӣ, парандапарварӣ, сабзавот, коркард ва захираҳои меваю сабзавот ва бастабанддии онҳо метавонад бомувафақият аз тарафи соҳибкорони тоҷик истифода гардад. Ҳамкорӣ дар самти туризм дурномаи хуб хоҳад дошт. Хусусан кӯҳҳои зебои Тоҷикистон диққати қӯҳнаварду дӯстдорони сайру саёҳати Полшаро дар гузашта ҳам ҷалб менамуд ва имрӯз ҳам мавриди назари онҳост. Умуман, дар ҳама самтҳои муҳими иқтисодӣ ширкат ва корхонаҳои Полша метавонанд ҳамкориро бо Тоҷикистон ба роҳ монанд.

13 е-mail: javonontj@mail.ru

Ҷумҳурии Полша аз рӯйи ҳаҷми иқтисоди устувор дар Аврупо ҷойи шашумро ишғол намуда, ба бистгонаи кишварҳои мутараққии ҷаҳон шомил аст. Дар хусуси ҳамкориҳои Тоҷикистону Полша бо мушовири Сафорати Ҷумҳурии Полша дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Ятсен Михалски суҳбат доштем.

«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН» №3 (9429), 21 январи соли 2016

Умед мекунем, ки таҷдиди муносибатҳои Шуъбаи мусоидат ба савдо ва сармояҳои Сафорати Ҷумҳурии Полша дар соли ҷорӣ ва оянда ташкили ташрифи якдигар, сафарҳои ҳайатҳои тиҷоратии кишварҳоямон, ширкат дар намоишгоҳҳо ва ярмаркаҳои байналмилалӣ, семинарҳои иттилоотӣ ва вохӯрӣ бо соҳибкорон дар муддати наздиктарин инъикоси худро дар табодули иқтидори тиҷоратии якдигар пайдо намуда, ба рушди намудҳои нави ҳамкориҳои тиҷоратӣ ва иқтисодӣ миёни Полша ва Тоҷикистон мусоидат менамояд. Заминаи тавсеаи ҳамкориҳоро оғози моҳи декабри соли 2015 зимни мулоқот бо роҳбарияти Палатаи савдо ва саноат ва дигар мақомоти Ҷумҳурии Тоҷикистон гузоштем. Акнун навбати амал аст. Мусоҳиб Мукаммал РАҶАБӢ

КУМИТАИ ҶАВОНОН, ВАРЗИШ ВА САЙЁҲИИ НАЗДИ ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмуни кушода эълон менамояд:

ДАСТГОҲИ МАРКАЗӢ 1. Мутахассиси пешбари Раёсати кор бо ҷавонон – 1 ҷой, маоши мансабӣ 697,50 сомонӣ. 2. Мутахассиси пешбари Раёсати тарбияи ҷисмонӣ ва инкишофи варзиш – 1 ҷой, маоши мансабӣ 697,50 сомонӣ.

ВИЛОЯТИ СУҒД 1. Сармутахассиси Бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии ноҳияи Айнӣ – 1 ҷой, маоши мансабӣ 702 сомонӣ. 2. Мутахассиси пешбари Бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии шаҳри Конибодом – 1 ҷой, маоши мансабӣ 576 сомонӣ. 3. Мутахассиси пешбари Бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии ноҳияи Б. Ғафуров – 1 ҷой, маоши мансабӣ 576 сомонӣ. 4. Мутахассиси Бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии ноҳияи Б. Ғафуров – 1 ҷой, маоши мансабӣ 472.50 сомонӣ. ВИЛОЯТИ МУХТОРИ КӮҲИСТОНИ БАДАХШОН 1. Сармутахассиси Бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии ноҳияи Рӯшон – 1 ҷой, маоши мансабӣ 702 сомонӣ. ШАҲРИ ДУШАНБЕ 1. Мутахассиси пешбари Бахши

ҷавонон, варзиш ва сайёҳии ноҳияи Шоҳмансур – 1 ҷой, маоши мансабӣ 603 сомонӣ. Барои иштирок дар озмун ҳуҷҷатҳои зерин пешниҳод карда мешаванд: - ариза ба унвони роҳбари мақомот; - варақаи (анкетаи) баҳисобгирии кадрҳо; - шарҳи ҳол; - нусхаи диплом; - 2 дона расми андозаи 3х4; - нусхаи дафтарчаи меҳнатӣ; - нусхаи шиноснома; - маълумотнома аз мақомоти андоз дар бораи даромад ва амволи шахсӣ; - нусхаи РМА (рақами мушаххаси андозсупоранда); - маълумотнома аз ҷои истиқомат; - маълумотнома оид ба вазъи саломатӣ (шакли 086УЕ); - нусхаи суғуртаи иҷтимоӣ (СИН); - маълумотнома (справка-объективка). Талаботи тахассусӣ барои ишғоли мансабҳои маъмурии хизмати давлатӣ: Барои ишғолкунандагони мансаби сармутахассис: - таҳсилоти олии касбӣ, ихтисоси ба мансаби ишғолшаванда мувофиқ, ки иҷрои самараноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро

таъмин карда метавонад; - 2 сол собиқаи хизмати давлатӣ ё 3 сол собиқаи умумии меҳнатӣ; - малакаи хуби муошират бо аҳли ҷомеа, аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ. Барои ишғолкунандагони мансаби мутахассиси пешбар: - таҳсилоти олии касбӣ, ки иҷрои самараноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад; - 1 сол собиқаи умумии меҳнатӣ. Барои ишғолкунандагони мансаби мутахассис: - таҳсилоти олӣ ё миёнаи касбӣ, ки иҷрои самараноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад. Суроғаи қабули ҳуҷҷатҳо: шаҳри Душанбе, кӯчаи Спортивная-6 (Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон). Телефон: 236-41-87, 235-10-23. Эзоҳ: Иловапулӣ ба маоши мансабӣ барои собиқаи хизмати давлатӣ ҳар моҳ ба андозаи муқарраргардида пардохт мешавад.

www.javonon.tj

ВИЛОЯТИ ХАТЛОН 1. Сармутахассиси Бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии шаҳри Норак – 1 ҷой, маоши мансабӣ 738 сомонӣ. 2. Сармутахассиси Бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии ноҳияи Шаҳритус – 1 ҷой, маоши мансабӣ 702 сомонӣ. 3. Мутахассиси пешбари Бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии шаҳри Сарбанд – 1 ҷой, маоши мансабӣ 603 сомонӣ. 4. Мутахассиси пешбари Бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии ноҳияи Шаҳритус – 1 ҷой, маоши мансабӣ 576 сомонӣ. 5. Мутахассиси пешбари Бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии ноҳияи Ҷалолиддини Румӣ – 1 ҷой, маоши мансабӣ 576 сомонӣ. 6. Мутахассиси пешбари Бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии ноҳияи Данғара – 1 ҷой, маоши мансабӣ 576 сомонӣ. 7. Мутахассиси пешбари Бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии ноҳияи

Ҷиликӯл – 1 ҷой, маоши мансабӣ 472.50 сомонӣ. 8. Мутахассиси Бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии ноҳияи Носири Хусрав – 1 ҷой, маоши мансабӣ 472.50 сомонӣ. 9. Мутахассиси Бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии ноҳияи Қубодиён – 1 ҷой, маоши мансабӣ 576 сомонӣ.


е-mail: javonontj@mail.ru

14

Нуруллоҳ ОРИФ

Шеъри ғам Муколама аз номи ҷонбохтаҳои суриягие, ки ба хотири оромӣ тарки диёри таҷовуздидаашон мекарданд Бо айби кӣ буд, аз Ватан рондани ман, Дар дашти фироқ шеъри ғам хондани ман. Бо ҷони зи тан рамида, бо пайкари сард, Дар доми бало ба дидаҳо мондани ман. Кӣ кард Ватан, ба ёди ту кушта маро, Овораи сад диёру сад пушта маро. Дар ҳалқаи мавҷи обу дар панҷаи рег, Дар косаи хуни хеш оғушта маро. Ҳар кас, ки маро раҳо зи ту кард, Ватан, Хоҳам зи Худо, мирад, нағунҷад ба кафан. Аз хонаи қалби хеш ҳатто, ки ба гӯр, Як лаҳза бадар намекунам ишқи ту ман. Ман ҳам ба дилам умед ҷо карда будам, Кошонаи офтоб во карда будам. Бар сайри биҳишти орзу ханда ба лаб, Худро чу малак зи худ садо карда будам. Сад войи мане, ки аз Ватан ронда шудам, Аз кашкаши беши пур зи ғам монда шудам. То шарбати талхи маргро зуд чашам, Бар кишвари ғайр бесадо хонда шудам. Гуфтам, зи аҷал гурезаму ҷаври яҳуд, Гум гашт раҳам ба зери ин чархи кабуд. Дил майлу талоши зиндагӣ дошт, вале, Бастам раҳи дидаро зи ҳар буду набуд.

Рӯи модар Ба ёдам ҳаст кам-кам рӯи модар, Ба қад чун лахчаи тар мӯи модар. Мани дар рӯи қабраш, беиҷозат Надорам роҳи рафтан сӯи модар. Чу ганҷ аз чанги мо модар, раҳо гашт, Ғами дунё ба кунҷи сина ҷо гашт. Табибе мисли ӯ пайдо накардем, Ятимӣ дарди бедармони мо гашт. Зиҳӣ модар, агарчи мурдаӣ ту, Ба Ҷонофар, ки ҷон биспурдаӣ ту. Ҳама медонад инро то дами марг Ғами фарзандҳоят хурдаӣ ту. Ғами фарзанд хурдӣ, хор гаштӣ, Задӣ аз пову пар, бемор гаштӣ. Надидӣ рӯи пирӣ, дар ҷавонӣ Зи ҷаври зиндагӣ безор гаштӣ.

Ватан

www.javonon.tj

КИТОБХОНАИ “ҶАВОНОН...“

«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН» №3 (9429), 21 январи соли 2016

Ватан, ҷон модарам, ҷону дили ман, Ватан, аз туст, ин обу гили ман. Ватан, бо ту ҳамеша зиндаам ман, Ватан, бе ту гули пажмурдаам ман. Ватан, боғу баҳори ман ту ҳастӣ, Умеду ифтихори ман ту ҳастӣ. Ватан, хуршеди нурафшон туӣ, ту, Бароям ҳам сару сомон туӣ, ту. Туӣ модар манам он тифли мастат, Калон гаштам, калон дар рӯи дастат.

Хуршедаи НИЁЗАЛӢ, донишҷӯи курси 2-и Коллеҷи омӯзгории ба номи Аҳмади Дониши ноҳияи Зафаробод

Вақте ту нестӣ….

Абдулвоҳиди МАЛИК

Вақте ту нестӣ, Деворҳо шикаста метобанд, Оинаҳо зангида Ва обҳо гандида.

Агар зинда гардам, зинда, баъди марг, Ватан, аз дигар дуст медорамат!

Вақте ту нестӣ, Гиребони оҳарии маро Ки уту мезанад Ва галстуки сурхи маро кӣ мебандад?!

??

Дуди сигор як шабе, Аломати савол шуд. Баҳри чӣ зиндагии мо, Рӯз ба рӯз муҳол шуд?! Ҷуръаи қаҳва пеши ман, Нӯш накарда сард шуд. Зиндагӣ аз чӣ рӯ чунин, Беҳ нагашту дард шуд?! Дар сари фикри худ будам, Ранги қалам тамом шуд. Монд савол беҷавоб, Субҳ нагашта шом шуд?!

Вақте ту нестӣ, Субҳ чатрамро фаромӯш мекунам Ва Дар зери борон тар мешавам… Ва… Чун бегоҳ ба хона бармегардам, Ба пешвозам кӣ механдад?!

Хоби нағз Ҳаст зеби гарданаш нақши чалипое, Гӯшвораш-ноқуси зарди калисоӣ. Дар дили ӯ як китоби орзу маҳфуз, Чун хати гумгаштаи мехӣ, авастоӣ. Меравам то хонааш – то ошёни ҳафт, Мекунад дар хонаи қалбаш пазироӣ. Мебарояд пешвозам ҳамчунон хуршед, Пойи урён ё ки бо кафши сарипоӣ. Мекунад «хушомадед» ӯ аз сари шарм, Лаҳҷааш ширинтар аз лаҳни бухороӣ. Хонааш «аржанг»-и монивор зебост, Аксҳои рӯи девораш тамошоӣ. Гоҳ-гоҳе хобҳои нағз мебинам, Менамоем рӯи рахти ӯ баҳамоӣ.

Душанбеи махуф

(ё шеъри сафеди рӯйҳои сиёҳ) Дина, Аз "Рӯдаки-плаза" шароб ва аз "аҷина-бозор" китоб харидем. (Аҷиб тазоде!) Ва дар Кохи Сомон гулҳои якрӯзаро дидем! Ва ургутии "зеленфурӯш" духтарашро "сиёҳпичча" мегуфт, Ва як ҷавонмарди говҷигар ҳамраҳашро "бачаи оча" мегуфт. Бегоҳи душанбе буд... Дар қабристони "Лучоб" писараку духтараки мактабхон лаб ба лаби ҳамдигар медухтанд ва хазонҳои рӯи гӯри Лоиқу Одина Ҳошим дуд мекарданд месӯхтанд! Дарахти "бахт" дар Боғи ботаникӣ бебарг аст. Тобути муҳоҷиреро мебурданд, ҷомаи домодӣ дар рӯяш, яқин кардам тармарг аст! Дар кӯчаи Федина тӯй буд, дар хиёбони Саъдии Шерозӣ - мотам. Мӯзейи ба номи Камолиддини Беҳзод ва Театри Лоҳутӣ - беодам. Бозори фаҳш серодам. Ва... Аҷаб тазоде!? ...саҳар назди "водаправод" рафтам, то хобамро ба об бигӯям.

Нозанин (Суруд)

Нозанино, гузарӣ аз бараме, Аз қафои ту ҳасад мебараме. Маст мегардаму бо шуру мағал, Ҷомаи ғам ба танам медараме. Дар шаби маҳтоб дуздонасифат, Бӯса аз кунҷи лабат мебараме. Узв дар узв ҷудо мегардам, Дил куҷо? Дида куҷо? Бесараме. Ҷони худро бифурӯшам ба ғамат, Дарди ҳиҷрони туро мехараме. Хоб дар дида наояд, валлоҳ, Як қад аз хоби шабам мепараме. Зевари мо ба раҳат қурбонӣ, Зевари ишқи ту дар гарданаме..

Ватан аз дигар дўст медорамат Ватан, парчамат парфишон бод, бод! Ватан, хоки ту зарфишон бод, бод! Ватан, ҷони худро фидо мекунам, Ки то марзу бумат амон бод, бод! Ватан, эй биҳишти ҳақиқии мо, Чу модар ту дорӣ шафиқии мо. Ба номи ту бошад ба дунёи дил, Фурӯзон чароғи рафиқии мо! Ватан, оби софат сафо оварад, Гиёҳат ба дардам даво оварад. Агар захм гирад тану ҷони ман, Зи хокат бимолам шифо оварад. Ватан, чун падар дӯст медорамат, Ватан, ин қадар дӯст медорамат!

Фирор аз деҳ Хоҳарам Чун модарам Ҳар дам маро Хонад ба деҳа. Лек қалби хастаам аз зиндагӣ Сӯи деҳ, Ки тифлиам дар дармонаш буд. Рафтан намехоҳад. Рӯи деҳ

Фироқ Эй сиёҳӣ ту куҷоӣ? Боз бар мӯям биё, Ёри дурафтодаи ман боз паҳлӯям биё. Дар бари рухсораам аз оби рӯ ҷуз ашк нест, Оби ҷӯйи рафтаи ман боз бар ҷӯям биё. Ин мурури бемурувват ранги моро зард кард, Сурхрӯиҳо куҷоӣ? Боз бар рӯям биё. Меравӣ аз пушти ту чашмони ман раҳ меравад, Чун гиёҳи раҳдавак дар роҳ мерӯям, биё. Сенздаҳ раҳ сад ҳазорат боз гуфтам н-омадӣ, Сад ҳазор аз нав ба ту такрор мегӯям? Биё! Дидан намехоҳад Бо ду дастам модарамро, Мондаам дар синаи хок Баъди ин чун лола рӯид, Доғ дар дил, дил, дили чок. Дар сари гӯраш паё-пай Сура хондам. Як-ду байти сӯгворӣ, Дар сари қабраш бимондам, Ёдгорӣ...

Ашрафи Афзал Деҳа холи гашт бе ӯ, Балки дар дунё касе нест. Ин ҳама дунёи равшан, Дар қиёси ӯ хасе нест.


САЙҚАЛИ ХОТИРА

«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН» №3 (9429), 21 январи соли 2016

Либос бо пойафзолаш

«... гунањ дар ин љањон кист, бигў» (Хайём)

... Зарифов, сароянда

Мактуби телефонї

Лесак, асбоби дуредгар

Муќобили «зиёд»

Ноњия дар вилояти Бадахшон

Пойтахт дар соњили Балтика

Номи Хайём

... де Жанейро, шањр дар Бразилия

Николай..., сарояндаи рус

Сарпарасти пулдињанда (русї)

... Аљрам, сарояндаи араб

Боксёри номии асри 20 Муњаммад …

Холї, мањрум

Љаноби љопонї

Дарё дар Фаронса Њайвони ва узви калони бадани обї инсон

Майдони теннис

Сабзавоте, ки мегирёнад

Ќаламфури њиндї Моњи ѓалаба дар Љанги Бузурги Ватанї

Тамокуи тагизабонї

Тољикистон то с. 1991 ќисми ин давлат буд

... Норрис, актёри амрикої

Душманї, бадхоњї

Номаи камоли донишгоњ

Иисус ба тољикї

Номи душмани Љерри (мулт.)

ГАЗ-31 ва њам дарёи калонтарини Русия

Шустушўи пеш аз намоз

Бењушї дар бокс

Олам, Намояндаи халќи ќадимаи гетї Эрон

Ќувва, ќудрат

Зиндагонї

Ra, моддаи кимиёвї

Федератсияи байналхалќии футбол

Ноњия дар Бадахшон

Лойхўрак

Ёрдам

Гиёњи хўрданбоби чукримонанд

Ќарору нияти ќатъї Ќатори одамон дар маѓоза

…и Саидалї, овозхон

www.javonon.tj

…и Шарафи дараљаи якум

Либоспўшї аз рўи он аст

Номи имрўзаи ноњ. Куйбишев

Имоми Аъзам Абу …

Дар Эрон шоњ буд, дар Бухоро - ?

Њашароти мењнатї

Нангу номус

Сокини ќонунии давлат

Иттињоди њарбии Атлантикаи Шимолї

…-хатиби масљид

Намоён «Дар орзуи падар»тољикї, «Њомиён»?

Номи ќањрамони афсонањои русї

Меваи сурхдона СММ ба русї

Пойтахти Шветсия

Бурљи толеънома

Дарахтзори калон

Захм, љароњат Моњи 7-уми соли њиљрии ќамарї

Фикру мулоњиза

Бењтарин, аз њама боло

Зарфи обгирии ќадима

Модари Исо

Фарёд

Њиссачаи тасдиќї

Кўл

Металл дар таркиби металли биринљї

Пойтахти Бошќирдистон

Хуб, нек

Оби дида

Фестивали «…и гесу»

Ќандинаи мавиздор

Либоси мардона

«Пашша»-њои сафеди зимистон

Ќисм, њисса

Њама њайвонњои хушкї дутої доранд

… Деви, актрисаи њиндї

Аломати китобатї ва бурљи толеънома

Дарё дар Суѓд

Тоќат, тањаммул

Канї (лањљ.)

Ораз, лиќо

Фируза …, сароянда

Мўй, кокул

Русї – «кто?», тољикї?

Бародари овозхон Нигора Холова

Њавас, таманно

Дарёњои Панљу Вахш баъди якљояшавї

Падар (лањља)

Романи П.ЛукФарзанди апаи нитский дар бомодар раи Тољикдухтар

Воњиди пули Япония

Яке аз рамзњои давлат

Њарфи алифбои арабї

Далерї, шуљоат

Миллати сокини Лондон

е-mail: javonontj@mail.ru

«... он турки шерозї ба даст орад дили моро»

Намуди варзиш бо турник, њалќањо ва ѓ.

15


е-mail: javonontj@mail.ru

16

ФАРОҒАТИ ҶАВОНОН

«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН» №3 (9429), 21 январи соли 2016

Лутфи ҷавонӣ

 ОБУНА - 2016

Бо “Ҷавонони Тоҷикистон” ҳамеша ҷавон мемонед!

Модар ба Салим: - Писарам, ҳар рӯз хонаи Умедшон нарав. Кӣ медонад, рафтани ту ба модари ӯ писанд ҳаст, ё нест... Салим гапи модарашро бурида: - Рафтани ман барои модараш писанд. - Аз куҷо медонӣ? - Ҳар вақт ки меравам, модари Умед мегӯяд, “биё, биё, ҳамин ту намерасидӣ?”

Обуна ба рӯзномаи “Ҷавонони Тоҷикистон” барои соли 2016 идома дорад. Нархи обуна аз тариқи идораи рӯзнома: - барои як сол - 65 сомонӣ - барои шаш моҳ - 34 сомонӣ - барои се моҳ - 18 сомонӣ муқаррар шудааст. Ин арзиш бо назардошти бурда расондан ба нақша гирифта шудааст. Шумо обуна шавед, мо сари вақт рӯзномаро мерасонем. Инчунин, Шумо ба воситаи шуъбаҳои алоқаи шаҳру ноҳияҳо метавонед ба ягона рӯзномаи ҷавонон обуна шавед. Нархи яксолаи обуна ба воситаи почта 87,48 сомонӣ. Суратҳисоби бонкии рӯзнома: р/с №20202972500232101000, кор/с 20402972316254, ИНН 030000301, МФО 350101626 Бонки давлатии амонатгузории Тоҷикистон “Амонатбонк”. Индекси обуна 68857.

***

Зани фарбеҳе, ки барои хароб шудан дар хӯрдани ғизо парҳез мекард, назди табибаш рафта мегӯяд: - Духтур, ман шаб худдорӣ курда натавонистам ва чорто шоколад хӯрдам. Маро ҷанг кунед... Духтур: - Кафида мур, қучқори бурдоқии гулу гаранг...

***

Малика ба дугонааш: - Мегӯянд, аз рӯи мӯй хислати одамро муайян кардан осон аст. Дугонааш: - Чӣ хел? Малика: - Масалан, агар мӯй маҳин бошад, соҳиби он одами хуб аст, агар мӯй дурушт бошад, соҳибаш ҳам одами бадҷаҳл мешавад. Дугонааш: - Агар одам кал бошад-чӣ? Малика: - ъмммм, табиист, ки хислати онҳо дурахшон аст...

 АНДАРЗ

Меҳнати самаранок

www.javonon.tj

Бо вуҷуди пиронсолиашон дӯстон Сизя Хаикса ва Сизя Вэнси тайи 12 сол беш аз 10 ҳазор дарахтони сиёҳбеду маҷнунбед шинонда бузург карданд. Яке аз бародарон аз хурдсолӣ нобино буду дигаре аз ду дасташ маҳрум. Дар давоми 12 сол онҳо бо меҳнату заҳмати худ на танҳо дар деҳаашон машҳур гаштанд, балки дар тамоми давалати Чин ном бароварданд. Ду нафаре, ки дар алоҳидагӣ амалан нотавон буданд, тавонистанд бо кӯмаки ҳамдигар як тими хубу самаранок гарданд. Онҳо ҳангоми ҷустуҷӯи кор бо ҳам ошноӣ пайдо карданд. Хаикса дар ёд меорад, ки рӯзе писарчааш омада бо алам мегӯяд: - Падарҷон, ман писаракеро дар назди ҳавлии хона дидам, пусти афлесунро тоза дорад ва он чунон бӯйи хуш дошт, ки хаёл намудам аз он ман ҳам каме чашидаам. Хаикса аз суханони писараш андуҳгин шуда, худ ба худ андешида мегӯяд: - Рӯзи дароз дар хона бекор нишастан фоидае надорад, ман бояд дар ҷустуҷӯи кор шуда, маблағ ба даст орам, то хонаро бо хӯрокворӣ таъмин созам. Ду дӯсти бовафо корро аз муҳофизати дарахтон, аз пешгирии офати обхезӣ оғоз намуданд. Онҳо заминеро дар назди соҳили дарё ройгон ба иҷора гирифта, ба шинондани дарахтон пардохтанд. Ҳар рӯз аз субҳ то шом дар даст белу каланд заҳмат мекашиданд. Онҳо барои ниҳол харидан маблағ надоштанд, Рӯзнома таҳти рақами 0120/рз аз 22 сентябри соли 2014 дар Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон сабти ном шудааст. Нишонӣ: 734018, шаҳри Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ, 16, ошёнаҳои 1 ва 4

САРМУҲАРРИР

Бахтовар КАРИМОВ

бинобар ин аз дарахтоне, ки дар гирду атрофи дарё рӯида буданд, қаламчаҳо мегирифтанду ҷойи дигар мешинонданд. Вақте Хаикса ба кӯфтани “мехҳои чӯбин” дар замин машғул мешуд, Вэнси ниҳолҳоро об медод. - Ман дасти ӯям, - мегуфт Хаикса, вай бошад чашмони ман. Мо бо ҳам шарики хуб ҳастем. Вақте онҳо ин корро оғоз карданд, таҷриба надоштанд, чунки онҳо дар ҳаёти худ дар замин ҳаргиз кор накарда буданд. Аз 800 дарахте, ки дар як сол шинонданд, танҳо дутояш сабз шуду боқимондааш хушкид. Бо чунин натиҷа дили кас аз ин кор мемонд ва дасташ барои идома пеш намерафт,

аммо на аз ин ду нафар. - Агар ду дарахт сабз шуда бошад, пас маълум мешавад, ки дигарҳояш ҳам ҳатман сабз мешаванд, - мегуфтанд онҳо ноумед нашуда. Баъд аз санҷишҳои такрорӣ, онҳо усули дурусти корро омӯхтанд, корҳояшон ҳам тадриҷан ба пеш рафт. Тавассути кӯшишу заҳмати дӯстон, соҳили дарё аз сиёҳбеду маҷнунбед пур шуд. Акнун баҳору тобистон парандагон ба ин ҷо парида меомаданд ва одамон дар сояи бедҳо меосуданд. - Дар ҳақиқат мо ба меҳнати чандинсолаи худ чизе ба даст овардем, - эътироф менамояд Сизя Хаикса. Мо ба кори худ устувор истодаем, ҳарчанд то имрӯз танҳо нон тановул мекунем, лекин дар қалби мо сулҳ ҳукмрон аст.

Мард аз телевизор тамошо дораду баъзан бо садои баланд мегӯяд: - Нарав, он ҷо, нарав, аблаҳ... Занаш: - Чиро тамошо дорӣ? Мард: - Тӯямонро...

Таҳияи Ҳасан АЗИЗОВ, “ҶТ”

ҲАЙАТИ МУШОВАРА:

Марҳабо ҶАББОРӢ (муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон), Абдуҷаббор РАҲМОНЗОДА (ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа), Нуриддин САИД (вазири маориф ва илми Тоҷикистон), Аҳтам АБДУЛЛОЗОДА (раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон).

ҲАЙАТИ ЭҶОДӢ:

***

Умаралии САФАРАЛӢ (ҷонишини сармуҳаррир), Маҳмудҷон УСМОНОВ (котиби масъул), Сайфиддин СУННАТӢ (муҳаррири шӯъбаи варзиш ва сайёҳӣ), Манзумаи ФИРӮЗ (муҳаррири шӯъбаи иқтисод ва иҷтимоъ), Ҳасан АЗИЗОВ (муҳаррири шӯъбаи ҳаёти ҷавонон), Нуруллоҳ ОРИФ, Шаҳло ЭШОНОВА, Наврӯз ҚУРБОНОВ, Шодихони НАЗАР, Беҳрӯз ХОЛМУРОДОВ, Гулбаҳор РАҲМОНОВА (хабарнигорон), Толибшоҳ ДАВЛАТ (хабарнигор, НТМ), Фарзона ИСМОИЛОВА (хабарнигор, Хатлон), Машҳур ИМОМНАЗАРОВ (хабарнигор, ВМКБ), Шеравган ХУРСАНҚУЛОВ (саҳифабанд).

***

Мард баъди чандин соли дар хориҷи кишвар будан ба хонааш бармегардад. Дари манзилашро кушода мебинад, ки се кӯдаки хӯрд бозӣ доранд. Ӯ аз занаш мепурсад: - Ин кӯдакҳо аз кӣ ҳастанд? Зан: - Чӣ хел аз кӣ? Аз худамон. Мард: - Аҷиб, онҳо чӣ гуна пайдо шуданд? - Зан: - Калониаш баъди он ба дунё омад, ки ту чанд муддат рухсатӣ омада будӣ, дуюмаш баъди он ки ман туро хабаргирӣ рафта будам... Мард: - Хеле хуб, сеюмаш чӣ? Зан: - Наход бахилӣ кунӣ-а, бигзор ҳамин ҷо гаштан гирад... •

Ба хотири чандандешӣ матолибе низ ба табъ мерасанд, ки хилофи назари ҳайати эҷодист. Дурустии арқому далелҳо бар дӯши муаллифон аст.

Ҳангоми таҳияи хабарҳо аз матолиби интернет низ истифода шудааст.

Индекси обуна: 68857

Тел: 901 06-41-10, 238-54-14, 238-51-09, 238-53-03

Ҳафтанома дар КТН «Шарқи озод» (хиёбони Саъдии Шерозӣ-16) бо теъдоди 6400 нусха ба нашр расид.

Ҳисоби бонкӣ: р/с №20202972500232101000, кор/с 20402972316264, ИНН030000301, МФО350101626. Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк»


Turn static files into dynamic content formats.

Create a flipbook
Issuu converts static files into: digital portfolios, online yearbooks, online catalogs, digital photo albums and more. Sign up and create your flipbook.