ЧТ , “ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН”, №04 (9534), 25.01.2018
1
javonon.tj
НАШРИЯИ КУМИТАИ КОР БО ҶАВОНОН ВА ВАРЗИШИ НАЗДИ ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
АВОНОНИ ОҶИКИСТОН
Эмомалӣ Раҳмон ва “Соли ҷавонон”
№04 (9534), 25/01/2018
e-mail: javonontj@mail.ru
ДМТ: Нигаронии ректор аз кам будани донишҷӯёни хориҷӣ саҳифаи 3 Хуросон: Хоҷа боғ дорӣ? ... саҳифаи
4
Бунёдкорони Ватан саҳифаи
5
Роҳнамои ҳаёти босаодат саҳифаи
6
Варзишгари тоҷик дар Гран-прии Иван Яригин 2018 саҳифаи 8 Варзиш чун воситаи вақтхушӣ
саҳифаи
Сафири бузурги адабиёти муосири тоҷик
Ҳангоми суҳбат директори МТМУ №1 ба мо гуфт, ки: “Барои таъмиру бозсозии майдонча ва толори варзишии муассиса маблағе ҷудо нашудааст ва мо мақсад дорем, бо дастгирии падару модарон ва ягон шахси хайрхоҳ (агар пайдо шавад) онҳоро таъмир намоем”. Ин дар ҳолест, ки Олимзода Саидқул, мудири шуъбаи маорифи ноҳия мегӯяд, “Мактабҳо ба ҳисоби сарикасӣ гузаштаанд ва ҳамасола аз ҳисоби буҷаи ноҳия барои таъмир ва дигар корҳо маблағ ҷудо карда мешавад. Сарф кардани маблағҳо дар салоҳияти муассисаҳои таълимист ва онҳо метавонанд бевосита ин масъаларо дар дохили худ мавриди баррасӣ қарор диҳанд”.
саҳифаи
9
10
2
СОЛНОМАИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ – 2017
Соли 2017 бо баргузории чорабиниҳои сатҳи баланд ва таҷлили бошукуҳи санаҳои муҳими таърихӣ, аз ҷумла, 20-солагии Ваҳдати миллӣ, 26-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, 25-солагии Иҷлосияи таърихию тақдирсози XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, 25-солагии қабули Парчами давлатӣ ва “Соли ҷавонон” барои тоҷикистониён ва тоҷикони олам соли басо хотирмону таърихӣ буд. Дар ин сол инчунин аз узвияти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ташкилоти бонуфузи сайёра — Созмони Милали Муттаҳид 25 сол сипарӣ гардид. Дар ин соли бобарор ба барқароршавии муносибатҳои дипломатии Тоҷикистон бо якчанд давлати олам, аз ҷумла, Ҷумҳурии Мардумии Чин, Федератсияи Русия, Ҷумҳурии Туркия, Иёлоти Муттаҳидаи Амрико, Япония, Франсия ва Малайзия 25 сол пур шуд. Соли 2017 аз номи сарони давлатҳо ва роҳбарони ташкилоту созмонҳои бонуфузи сайёра ба унвони Пешвои миллат ба муносибати 26-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ барқияҳои табрикӣ ворид шуданд. Мардуми шарафманди тоҷик бо роҳбарии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон санаҳои муҳиму таърихии Тоҷикистонро бо шукӯҳу шаҳомати хос ва хотирмон таҷлил карданд. Дар баробари истиқболи сазовори ҷашнҳои миллӣ дигар санаҳои фархундаи давлату миллат, аз қабили Рӯзи Модар, Рӯзи Конститутсия, Рӯзи Парчами давлатӣ, Рӯзи Ғалаба, Иди саиди Фитр ва Иди Қурбон ҷашн гирифта шуданд, ки дар тантанаҳои идонаи аксари онҳо Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон иштирок намуданд. Дар бештари дигар рӯзҳои ҷашнӣ Пешвои миллат тавассути паёмҳои шодбошӣ шаҳрвандони мамлакат ва ҳамватанони бурунмарзиро бо ин санаҳои фархунда табрику таҳният гуфтанд. Мардуми ҷумҳурӣ соли 2017 бо ҷонибдорӣ аз сиёсати созандаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳри ободии сарзамини аҷдодӣ ва ба давлати пешрафтаву рушдёбанда мубаддал гардондани Ватани хеш талошҳои арзишманд ба харҷ доданд. Ҳукумати мамлакат ҳамаи
маблағи 21,3 миллиард сомонӣ ва назар ба соли 2017-ум 7,3 фоиз зиёд муайян гардид. Дар панҷ соли охир маблағгузории соҳаҳои маориф аз Буҷети давлатӣ 2,3 баробар ва тандурустӣ 2,1 баробар зиёд шуда, соли 2017 нисбат ба соли 2016 мутаносибан 16 фоиз ва 25 фоиз афзоиш ёфтааст. Агар ба дастовардҳои мамлакат давоми солҳои соҳибистиқлолӣ назар афканем, бармало мушоҳида мегардад, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рӯзҳои нахустини давлатдорӣ баҳри рушду пешрафт ва тараққиёти ҷумҳурӣ аз тамоми воситаву имконот самаранок истифода бурда, тавассути таҳия ва татбиқи барномаҳои пурсамари давлатӣ, аз қабили стратегияҳои миллии рушд ба комёбиҳо ноил гардид. Сатҳи зиндагии мардум дар ин давра беҳтар шуд. Акнун ҳадафи дигару муҳим-саноатикунонии мамлакат, яъне аз давлати аграрӣ ба индустриалӣ-аграрӣ мубаддал гардондани Тоҷикистон, ки бо ташаббуси Пешвои миллат пеш ги-
Эмомалӣ Раҳмон ва “Соли ҷавонон” захираву имкониятҳоро барои таҷдиду бунёди инфрасохтори иқтисодиву иҷтимоӣ сафарбар кард. Бо ин мақсад дар ҷумҳурӣ заминаҳои мусоид муҳайё гардида, стратегияву барномаҳои давлатӣ амалӣ мегарданд. Тайи ду соли охир татбиқи “Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030” амалӣ гардида, тадбирҳои афзалиятноки давраи аввали он ба “Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020” ворид гаштаанд ва нишондиҳандаҳои маҷмӯии рушди иқтисодӣ асосан иҷро гардида истодаанд. Барои расидан ба ҳадафҳои пешбинишуда, дар ин давра аз ҳисоби Буҷети давлатӣ зиёда аз 36 миллиард сомонӣ ҷудо гардида, дар солҳои 2018-2020 ба ин мақсад равона сохтани қариб 70 миллиард сомонӣ дар нақша аст.
Президенти мамлакат вазъи имрӯзаи сиёсию иқтисодӣ ва иҷтимоии ҷумҳуриро таҳлил намуда, таъкид доштанд, ки соли 2017 нишондиҳандаҳои макроиқтисодии мамлакат дар сатҳи устувор нигоҳ дошта шуда, суръати рушди воқеии иқтисодиёт ба 7,1 фоиз ва ҳаҷми маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ ба 61,1 миллиард сомонӣ баробар гардид. Тибқи дурнамо дар се соли минбаъда ҳаҷми маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ зиёда аз 30 фоиз афзоиш ёфта, то ба 82 миллиард сомонӣ расонда мешавад. Дар соли 2017 маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ ба ҳар нафар аҳолӣ нисбат ба соли гузашта 12 фоиз ва дар муқоиса бо нишондиҳандаи пешбинишудаи барномавӣ 8 фоиз зиёд гардида, даромади пулии аҳолӣ 10 фоиз афзоиш ёфт. Қисми даромади Буҷети давлатӣ, дар маҷмӯъ иҷро шуда, ҳаҷми буҷети соли 2018 ба
рифта шудааст, ба таври матлуб дар амал татбиқ мешавад. Дар соли 2017 барои саноатикунонии мамлакат бо бунёди Корхонаи металлургии Ширкати саноати кӯҳии Тоҷикистону Чин дар шаҳри Истиқлоли вилояти Суғд қадами муҳим гузошта шуд. Дар самти расидан ба истиқлолияти комили энергетикӣ бо истифода аз тамоми имконияту захираҳои гидроэнергетикии мамлакат бо дастури Пешвои миллат шуруъ аз соли 2017 маҳдудияти неруи барқ дар саросари ҷумҳурӣ пурра бардошта шуд. Дар ин хусус Муроҷиатномаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ–Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба мардуми ҷумҳурӣ интишор гардид. Дар роҳи татбиқи ҳадафи сеюм ва стратегии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон – таъмини амнияти озуқаворӣ низ тадбирҳои
“ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН”, №04 (9534), 25.01.2018 муассир андешида шуданд. Соли 2017 бо мақсади шиносоӣ бо вазъи иҷтимоию иқтисодии мардум, ифтитоҳи як қатор иншооти таъйиноти гуногун ва мусоидат ба беҳдошти сатҳи зиндагии аҳолӣ Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон ба як қатор шаҳру ноҳияҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳои Суғду Хатлон ва ноҳияҳои мамлакат сафарҳои корӣ анҷом доданд. Ҳар як сафари Пешвои миллат ба шаҳру ноҳияҳо муждаи ободонию созандагӣ буда, мулоқоту суҳбатҳои самимии Сарвари давлат бо мардум рӯҳияи онҳоро барои ба мамлакати пешрафта мубаддал кардани Тоҷикистон баланд мебардорад. Соли 2017 низ чун солҳои пешин ба сабзакорӣ, бунёду барқарор кардани боғҳои наву куҳна, ҳифзи муҳити зист, сохтмони марказҳои фарҳангию фароғатӣ, мактабҳо, марказҳои саломатӣ, майдончаҳои варзишӣ, ободонии маҳалҳо, кӯчаву хиёбон, бахусус ба шаҳри зебо табдил додани пойтахти мамлакат аҳамияти махсус дода шуд. Нахустин сафари кории Президенти мамлакат ба вилояти Хатлон ҳам ҳадафи асос гузоштан ба корҳои созандагӣ ва рушди соҳаи боғутокпарварӣ буд. Давоми соли 2017 Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон 22 маротиба ба шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон ва ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ сафари корӣ анҷом доданд. 4 марти соли 2017 нахустин сафари корӣ аз ноҳияи Хуросони вилояти Хатлон оғоз гардид. Зимни ин сафар Сарвари давлат дар мавзеи Фахробод бо лоиҳаи навсозии роҳи мошингарди Душанбе – Қӯрғонтеппа шинос шуданд. Дар ин рӯз Президенти мамлакат дар боғи “Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат”, воқеъ дар хоҷагии фермерии “Асадулло”, бо раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ ва коргарони ин хоҷагии намунавӣ дар маъракаи ниҳолшинонӣ иштирок карда, ҳамчун рамзи баҳору Наврӯз дарахт шинонданд. Чунин иқдоми нек дар рӯзҳои фасли зебои баҳор дар шаҳри Душанбе низ амалӣ карда шуд. 8 март Пешвои миллат бо раиси шаҳри Душанбе дар ҷашни Рӯзи Модар чун анъанаи накӯи баҳорӣ ва рамзи иди Наврӯзи байналмилалӣ дар ҳашари умумии ниҳолшинонӣ дар пойтахт иштирок карданд. Дар ин маърака, ки дар майдони Нишони давлатӣ, роҳрави хиёбони “Дӯстӣ”-и пойтахт ва боғи устод Рӯдакӣ сурат гирифт, аз ҷониби Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ва фарзандонашон асосан дарахтони ороишию сояафкани аз Аврупо ба Тоҷикистон воридгардида, дар маҷмӯъ беш аз 430 ниҳоли дарахтони нодиру ҳамешасабзи ба саломатии инсон манфиатбахш шинонда шуд. Абдуфаттоҳ ШАРИФЗОДА, Самариддин АЙНИДДИН, www.president.tj (давом дорад)
“ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН”, №04 (9534), 25.01.2018
АЗ НИШАСТҲО
3
Ҷумъа Давлатзода: Камбудӣ дорем, соли 2018 бартараф мекунем - Яке аз омилҳои муҳими интихобу ҷобаҷогузории кадрҳо баргузории озмун барои ишғоли мансабҳои маъмурии хизмати давлатӣ ба ҳисоб рафта, мақомоти давлатии мазкур дар ин самти фаъолият Низомнома дар бораи тартиби гузаронидани озмун барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатиро, ки бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 10 марти соли 2016, №647 тасдиқ шудааст, ба асос гирифта бошанд ҳам, зимни татбиқи талаботи он ба камбудиҳо роҳ додаанд,- иброз дошт Ҷумъа Давлатзода, директори Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон 23 январ зимни нишасти матбуотӣ.
ДМТ: Нигаронии ректор аз кам будани донишҷӯёни хориҷӣ - Тавсеаи ҳамкориҳо бо донишгоҳу марказҳои илмии хориҷи кишвар, ҷалби шаҳрвандони хориҷӣ баҳри таҳсил дар донишгоҳ ва дар маҷмуъ амиқгардонии ҳамгироии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон (ДМТ) ба фазои байналмилалии маориф ва илм аз самтҳои афзалиятноки раёсати донишгоҳ мебошад. Ин нуктаро ректори ДМТ, академик Муҳаммадюсуф Имомзода дар нишасти матбуотӣ рӯзи 23 январ иброз дошт. Номбурда афзуд, ки айни ҳол дар ДМТ 182 нафар шаҳрвандони хориҷӣ дар ҳама зинаҳои таҳсил аз Ҷумҳурии исломии Афғонистон, Ҷумҳурии мардумии Чин, Иттиҳоди давлатҳои муштаракулманофеъ, Арабистони Саудӣ, Русия, Фаронса ва ғайраҳо фаро гирифта шуда, дар доираи он талаботе, ки қонун пешбинӣ намудааст, бо хобгоҳ таъмин гардида, буду бош доранд.
Ректори донишгоҳ аз кам будани шумораи таҳсилгирандагони хориҷӣ нигаронӣ намуда, онро барои ин таълимгоҳи бонуфузи кишвар ғайриқаноатбахш ҳисобид: - Он миқдори хонандаҳое, ки дар ДМТ таҳсил мекунанд, моро қонеъ кунонида наметавонад. Воқеан дар донишгоҳе, ки дар кишвар ва берун аз он нуфузи баланд дорад, ин адад хеле кам аст. Мо дар ин самт тамоми чораҳоро андешида истодаем. Аз ҷумла дар соли 2017 раёсати донишгоҳ барои густариши робитаҳои
байналмилалӣ бо 38 муассисаи таълимӣ ва маркази илмии хориҷи кишвар тариқи бастани созишномаву тафоҳумномаҳо ҳамкорӣ барқарор намуд. Дар маҷмуъ, донишгоҳ бо 207 муассисаи олии касбӣ, илмӣ-таҳқиқотии кишварҳои хориҷӣ, созмонҳои байналмилалӣ шартнома ва қарордоди ҳамкорӣ дорад. Умед аст, ки дар солҳои минбаъда шумораи муҳассилин аз ҳисоби шаҳрвандони хориҷӣ меафзояд”,- гуфт М. Имомзода. Хуршед МАВЛОНОВ, “ҶТ”
Таҳсили 1853 нафар шаҳрвандони хориҷӣ дар ДДОТ Соли 2017 Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С. Айнӣ бо Донишгоҳи давлатии Син-Зяни Ҷумҳурии халқии Хитой, Донишгоҳи давлатии омӯзгории Москва ва Донишкадаи давлатии омӯзгории Глазовск ба номи В.Г. Короленкои Федератсияи Русия оид ба табодул ва таълим як қатор созишномаҳои ҳамкорӣ ба имзо расонидааст.
Гуфта шуд, ки дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳои Панҷакент, Кӯлоб, Рӯшон, Ванҷ, Дарвоз, Роштқалъа, ва Мурғоб бар хилофи талаботи Низомномаи мазкур баъзе озмунҳо бе иштироки намояндагони Агентии хизмати давлатӣ баргузор гардида, муҳлатҳои муқарраршудаи гузаронидани озмунҳо талаботи тахассусӣ, маоши мансабӣ ва муҳлати қабули ҳуҷҷатҳо нишон дода нашудааст. Инчунин эълони озмун барои ҷойгир намудан дар сомонаи Агентии хизмати давлатӣ, ки қонунгузорӣ муқаррар намудааст, пешниҳод нагардидааст. Ҷ. Давлатзода давоми суҳбат зикр кард, ки ҳарчанд давоми сол тамоми талошу заҳматҳоро баҳри беҳтар намудани кор равона намудем, аммо кор бе камбудӣ намешавад, дар маҷлиси вазеи солонаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон камбудиҳои зиёд ошкор гардид. “Мо супоришҳоро сармашқи кори худ намуда, талош дорем, то дар соли 2018 камбудиҳои ҷойдоштаро бартараф намоем”.
Шодихони НАЗАР, “ҶТ”
Тағйироти парлумон ба лоиҳаи қонунҳои тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш Ба лоиҳаи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш”, “Дар бораи тайёрии варзишӣ” тағйиру иловаҳо ворид мегардад.
Дар ин хусус Носирҷон Салимов, ректори Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С.Айнӣ, 23 январ зимни нишасти матбуотӣ иттилоъ дод. Ба қавли ректор зимни шартномаи дуҷониба 9 нафар хатмкунандаи зинаи бакалавр ҳамчун ба зинаи магистратураи Донишгоҳи омӯзгории Бошқирдистон ба номи М. Акмулло ва 1 нафар ба зинаи магистратураи факултети лингвистикаи Донишгоҳи давлатии омӯзгории Москва, 2 нафар ба зинаи магистратураи факултаи равоншиносии Донишкадаи давлатии гуманитарии ш. Москва қабул гардиданд. Инчунин соли 2017 дар мувофиқа бо Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон 4 донишҷӯи курси 3-юми факултаи забони англисӣ барои таҳсил ба муддати як сол ба Донишгоҳи Чонбуки Ҷумҳурии Корея фиристода шуданд. Теъдоди умумии шаҳрвандони мамлакатҳои хориҷӣ, ки дар донишгоҳ ҳамчун шунавандаи забони давлатӣ, донишҷӯ, магистр, аспирант, унвонҷӯ, доктор аз рӯи ихтисос фаъолият менамоянд, 1853 нафар мебошад.
Ин тасмимро Палатаи поёнии Парлумони Тоҷикистон гирифтааст. Тавре Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон “Ховар” хабар медиҳад, ояндаи наздик ба лоиҳаҳои қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш”, “Дар бораи тайёрии варзишӣ” ва ба Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон тағйиру иловаҳо ворид намояд. Ҳадаф аз ин тағйирот ташаккули соҳаи варзиш, кафолати давлатии рушди оммавии варзиш ва тарбияи ҷисмонӣ гуфта мешавад. Аз ҷумла, лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш” минбаъд қоидаҳои таъмини амнияти мусобиқаҳои расмии варзишӣ, қоидаҳои рафтори мухлисон ҳангоми гузаронидани мусобиқаҳои расмии варзишӣ, стандартҳои давлатии тайёрии варзишӣ, тасдиқ ва муайян намудани номгӯи чорабиниҳои расмии тарбияи ҷисмонӣ ва варзишӣ ва дигар масъалаҳои марбут ба тарбияи ҷисмонӣ ва варзишро ба танзим медарорад. Масоили номбурда 22 январ зимни баргузории ҷаласаи Шӯро, ки таҳти раёсати Раиси Маҷлиси намояндагон Шукурҷон Зуҳуров доир гардид, баррасӣ шуда, таъкид гардид, ки лоиҳаи қонунҳои мазкур хусусияти таҳрирӣ дорад.
Меҳрубон ИМОМОВА, “ҶТ”
Шодихони НАЗАР, “ҶТ”
4 “Ҳар ҷомеае, ки ҷавононро дастгирӣ мекунад, обистани пешравию рушд аст”. Ин сухан дарвоқеъ ҷойгоҳи худро ёфтааст ва ҳар ҷомеае, ки ба насли ҷавон таваҷҷуҳи бештар менамояд, ҳамон андоза ба пешрафту комёбиҳои чашмрас ноил мегардад. Саҳфаҳои таърихи башарият вобаста ба ин далелҳои зиёдеро метавонад дар пешорӯи мо гузорад. Ҳамин асос шуда, ки Ҳукумати кишвар низ пайваста дар баробари ҳама корҳои дар пешгузоштааш саҳми ҷавононро дар аввал мегузорад. Ва анқариб дар татбиқи дилхоҳ лоиҳаҳои хурду бузург саҳми ҷавонони кишвар назаррас аст. Дар партави ин гуфтаҳо мехоҳем саҳм ва вазъи ҷавонони яке аз навоҳии вилояти Хатлон, ноҳияи Хуросонро, ки дар фосилаи начандон дур аз пойтахти мамлакат қарор дорад, мавриди баррасӣ ва мулоҳиза қарор диҳем. Ноҳияи Хуросон, ки аз 110300 нафар аҳолӣ 27387 нафарашро ҷавонон ташкил медиҳанд, дар татбиқи сиёсати давлатии кишвар то ҷое саҳм дорад. Ба қавли Шарифалӣ Муродов, мудири Бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳия: “Имрӯз 6 нафар ҷавонони ноҳия дар зинаҳои гуногуни роҳбарикунанда фаъолият намуда, 7 нафар вакилони маҷлиси халқ дар ҷамоатҳо мебошанд, беш аз 84 нафар дар макотиби олии хориҷи кишвар, 736 нафар дар донишгоҳу донишкадаҳои ҷумҳурӣ, 616 нафар дар коллеҷҳо ва омӯзишгоҳҳо, 7277 нафар дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ таҳсил менамоянд. Ин нишони он аст, ки ҷавонон то андозае мекӯшанд дар пешрафти мам-
ҶАВОНОНИ МАҲАЛ
Хуросон: Хоҷа боғ дорӣ? ... лакат, алалхусус ноҳияи худ, саҳм гузоранд ва ба ин васила дар сохтани шахсияти хеш низ ҷаҳд намоянд”. Зимни суҳбату пурсишҳо бо мудири Бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳия маълум гардид, ки ин ниҳод ҳама корҳои ба зиммааш бударо, аз ҷумла тарғиби сиёсати давлатӣ, таҳкими асосҳои меъёрию ҳуқуқӣ, тарзи ҳаёти солим, баргузории чорабиниҳои сиёсию фарҳангӣ, оммавию варзишӣ ва солимгардонӣ ва дар партави сиёсати созанда ба воя расонидани насли наврасу ҷавон бо тамомият ба анҷом расонидааст. Ҳудуди 150 чорабинӣ ва суҳбату вохӯриҳо танҳо дар соли гузашта далели ин гуфтаҳоянд. Мутаассифона, дар баробари ин вазъи варзишгоҳҳо ва муассисаҳои варзишии ноҳия нигаронкунандаанд. Ҳангоми боздид аз варзишгоҳи марказии ноҳия ба мо аён гардид, ки он куллан таъмирталаб аст ва гӯё солҳост таъмири капиталиро надидааст. Дар як маълумоти ба мо дастрас шуда, омадааст, ки “Дар ноҳия 3 варзишгоҳ бо шумули 6000 ҷои нишаст мавҷуд аст”, аммо дар аксар қисматҳои варзишгоҳи марказӣ ҳатто тахтачӯбе насб нашудааст, ки тамошобин барои дақиқае ҳам тавонад рӯи он нишинад. Дар бораи курсиҳои бароҳат ҷои гап нест! Шарифалӣ Ғаниев, роҳбари варзишгоҳи марказии ноҳия зимни суҳбат чунин иброз дошт: “Ҳамасола барои таъмири косметикии варзишгоҳ маблағҳои муайян ҷудо мегарданд, аммо барои таъмири капиталӣ (яъне таъмири мукаммал) то ҳанӯз маблағе ҷудо нашудааст. Дар се қатори ҷониби ғарбии варзишгоҳ бо тахта ҷои нишаст сохта шудааст, вале мо имкони таъмири пурраи онро надорем. Таъмири капиталии варзишгоҳ дар нақшаи генералии ноҳия ҷо шудааст, аммо муҳлати иҷрои он барои мо номаълум аст”. Вақте ки роҳбари варзишгоҳ муҳлати иҷрои онро намедонаду инро ба дӯши “калонҳои ноҳия” бор мекунад, пас чӣ гуна ба ободӣ ва навсозии он умедвор меша-
вем? Ҳамчунин зимни боздид аз муассисаҳои таълимии ноҳия барои мо аён гардид, ки толор ва майдончаи варзишии МТМУ №1 ва литсейи №1-и ноҳия низ дар ҳолати ногувор қарор доранд. Кор то ҷоест, ки аз шифти толори варзишии МТМУ №1 об мечакад ва дар ҳамин ҳол толибилмони муассиса ба тамрин машғуланд. Дар майдони варзишии он бошад ба ҷуз аз чанд лавозимоти варзишии аз даврони шӯравӣ боқимонда, чизи дигаре дида намешавад. Дарвозаи майдони футболбозӣ дар шакли хандаовар сохта ва насб шудааст. Ҳангоми суҳбат директори МТМУ №1 ба мо гуфт, ки: “Барои таъмиру бозсозии майдонча ва толори варзишии муассиса маблағе ҷудо нашудааст ва мо мақсад дорем, бо дастгирии падару модарон ва ягон шахси “хайрхоҳ” (агар пайдо шавад) онҳоро таъмир намоем”. Ин дар ҳолест, ки Олимзода Саидқул, мудири шуъбаи маорифи ноҳия мегӯяд, “Мактабҳо ба ҳисоби сарикасӣ гузаштаанд ва ҳамасола аз ҳисоби буҷаи ноҳия барои таъмир ва дигар корҳо маблағ ҷудо карда мешавад. Сарф кардани маблағҳо дар салоҳияти муассисаҳои таълимист ва онҳо метавонанд бевосита ин масъаларо дар дохили худ мавриди баррасӣ қарор диҳанд”. Дар баробари ин ҳама дар маркази ноҳия ягон майдончаи варзишии замонавӣ ба чашм намехӯрад. Ҳангоми суҳбат яке аз ҷавонони фаъоли ноҳия ба мо иттилоъ дод, ки онҳо чанд маротиба барои ҷудо кардани қитъаи замин ва сохтмони майдончаи варзишӣ ба ниҳодҳои лозима дархост кардаанд, аммо дархосташон бенатиҷа анҷом ёфтааст. Ӯ мегуяд: “Мо дар “Соли ҷавонон” ба хотире, ки дар ин сол дастгирӣ ба насли ҷавон нисбатан бештар буд, ба чанд ниҳоди давлатӣ ариза додем, аммо ғайри ваъдаи хушк ба мо чизи дигаре тақдим нагардид”. Аз вазъи ногувори чанд иншооти варзишии ноҳияи Хуросон, ки дар боло сухан гуфтем, масъулинро лозим аст, ки баҳри бартараф
Пешравиҳо ва баъзе мушкилоти як мактаби дурдаст Дар ҳар давру замон мактабу маориф ба кадрҳои донишманду хуб ниёз дорад. Мактаб ҷои муқаддас аст, ҷоест, ки ҳар яки моро ба илмомӯзию ватандӯстиву худшиносӣ ва хештаншиносӣ ҳидоят мекунад. Мо бе мактабу маориф зиндагиамонро ғайриимкон тасаввур мекунем. Албатта, мактаб аст, ки мо дар зиндагӣ роҳи дурусту мувофиқро интихоб менамоем. Дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №85-и яке аз деҳаҳои дурдасти ноҳияи Нуробод 10 омӯзгор ба шогирдон дарс мегӯяд. Дар мактаби мазкур 100 нафар хо-
“ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН”, №04 (9534), 25.01.2018
нанда таҳсил менамояд. Дар мактаби мазкур устодони соҳибтаҷриба ва дорои малакаи баланд ба хонандаҳо дарс медиҳанд. Яке аз чунин устодон Шариф Ҷамолов ме-
бошад. Ӯ дар баробари омӯзгори соҳибтаҷриба будан, бо накӯиву донишмандӣ дар ноҳияи Нуробод маъруфу машҳур гаштааст. Беш аз нисфи умри худро сарфи касби
намудани камбудиҳои ҷойдошта чораҳои амалан судманд андешида, баҳри рушди варзиш дар ноҳия ва кишвар саҳми худро гузоранд. Зеро будани ин маконҳои ба ном варзишӣ масали халқии “Хоҷа боғ дорӣ? Дорам.”-ро ба ёд меоранд. Магар кифоя аст, ки аз 27387 ҷавонони ноҳия варзишгарон аз тамоми мусобиқаҳои байналмилалӣ ва ҷумҳуриявию вилоятӣ ҳамагӣ 22 медал ба даст оваранд? Дар ҷавоб ба ин боз саволе ба миён меояд, ки бо доштани чунин “варзишгоҳҳо”, ки камтарин шароити машқу тамрин дар онҳо вуҷуд надорад, чӣ гуна метавон умедвор шуд, ки аз ин ноҳия варзишгароне тарбия ёбанд, ки дар мусобиқаҳои сатҳи ҷаҳонӣ
баромад намуда, дар пешрафт ва муаррифии миллату давлати хеш саҳм гузоранд? Ин ҳама бояд суолҳое бошанд, ки ба таври ҳамешагӣ дар андешаи масъулини ваколатдори ноҳия чарх зананд ва онҳо кӯшиш намоянд, то барои беҳдошти вазъи маишӣ ва варзишии ҷавонони ноҳия ба қадри имкон шароит муҳайё кунанд. Чун вақте таъкид мекунем, ҷавонону наврасон ояндагони миллату давлат мебошанд, пас бояд барои дар сатҳи лозимӣ таълиму тарбия гирифтан ва ҷиҳати ба варзиш машғул шудани онҳо тамоми шароити мусоид фароҳам оварда шавад.
омӯзгорӣ намуда, ҳазорҳо мутахассисони соҳаҳои гуногуни ноҳия ӯро устоди худ мешуморанд. Ӯ имрӯзҳо миёни дигар устодон як нуфузи хоссаеро касб карда, ҳамеша дар паи омӯзиш аст. Шариф Ҷамолов пайваста кӯшиш мекунад, ки тамоми дониши андӯхтаашро барои шогирдон дареғ надорад. Мавсуф дар 50-соли омӯзгориаш ҳазорон шогирдро тарбия намудаву онҳоро дар соҳаҳои гуногун ҳидоят намудааст. Шариф Ҷамолов масъулияти баланди касбӣ дошта, ҳамеша шогирдонро дар рӯҳияи ватандӯстию ватанпарастӣ ҳидоят менамояд. Ӯ дар ободиву тозагии деҳа саҳми арзанда дорад. Мактаби деҳа маҳз бо
ҳидоят ва кӯшишу заҳмати ӯ бунёд ёфтааст. Дар ин баробар мутаассифона дар мактаби номбурда баъзе мушкилот ба назар мерасад, ки онро бояд шуъбаи маорифи ноҳия, Вазорати маориф ва илм баррасӣ намуда, ҷиҳати ҳалли он чораҳо андешанд. Тибқи супориши Ҳукумати ҷумҳурӣ шахсони синнашон ба нафақарасида бояд кор накунанд. Дар мактаби мазкур бошад, нафақахӯрон низ кор мекунанд. Ин сабаб шудаасту аксарияти мутахассисони ҷавон бекор мондаанд.
Хуршед ХОВАРӢ, “ҶТ”
Нозим ҶАМОЛОВ, журналист
“ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН”, №04 (9534), 25.01.2018
ҶАВОНОН ВА ҶОМЕА
5
“Ҷавонмардӣ”- и ноҷавонмардона Марди миёнсоли аз пеш омада, бо андаке ноҳамвор роҳ рафтани худ, то андозае метавонист диққати роҳгузаронро ба худ ҷалб кунад. Гоҳ ин тарафи роҳ мерафту гоҳ он тараф. Дар аввалин нигоҳ маълум мешуд, ки мард каме маст аст. Ӯ ба мо наздик мешуд. Риши зарди каме давида, мӯйҳои жӯлидаи дарозаш аз он гувоҳ медод, ки ҷое кор намекунад. Либосҳои танаш ӯро ба нафари талбанда ва бечора дар тафовут мегузошт. Айнан мисли дигар роҳгузарҳо, ҳатто аз онҳо зеботар либос пӯшида буд. Ману як ошноям роҳравон саргарми суҳбат аз шафати корхонаи бофандагӣ мегузоштем. Аз ину он ҳафр мезадем. Ба таври худ раҳораҳ ҳамаи мушкилиҳоро ҳал мекардем. - Мебахшед, бародар аз шумо як чиз пурсам?- гуфтани мард риштаи суҳбати моро канд. - Албатта, пурсед, - ба андешаи он ки шояд мард роҳгум задааст ва ё ҷоеро ҷустуҷӯ дорад, посух додам. - Шояд шумо бовар накунед, - мард худро маҳзун гирифта ба сухан даромад. – Ду писар ва як духтарам донишҷӯст. Модарам аз Қумсангир омадааст. Бояд Роғун хонаи холаам равад. Ҳоло дар назди “Садбарг” интизори ман аст. Бояд рафта ӯро хонаи хоҳараш равон кунам. Шумо бинед, магар ман ба гадо монандам? Танҳо аз барои Худо ба ман кӯмак расонед, то мушкиламро ҳал кунам. Модарам бемор аст. Бояд ӯро зуд ба хонаи хоҳараш фиристам. Агар гашта ба ҷои корам равам, дер мешаваду модарам мунтазир мемонад. Шумо ҳам модар доред ва намехоҳед, ки онҳо озор ёбанд. 13 сомонӣ дорам. Ана бовар накунед, (аз ҷайбаш як 10 сомона ва як 3 сомона бароварда ба мо нишон дод) ҳамагӣ пули доштаам. Ба ман 10 сомонӣ диҳед... Баъди ин фаҳмидам, ки мақсади мард чист. Воқеан ҳолати зоҳирии ӯ, чунон ки гуфтам, ба гадо ва муҳтоҷ ҳеҷ монандӣ надошт. Ва худ низ гаштаву баргашта таъкид мекард, ки “Магар ман ба гадо монандам?” Шояд зораву нолаи зиёди ӯ ба рафиқам таъсир кард, ки дарҳол аз кисааш як 10 сомонӣ бароварда “гиред амак”- гуён ба сӯяш дароз кард. - Хафа нестед? Бо дили кушод? Шумо худатон доред?- баъди гирифтани пул чеҳраи мард тағйир ёфту миннатдорона аз пеши мо дур шуд. - Яқин ӯ моро фиреб дод, -шӯридам ман. - Наход одам ба нафари маст бовар кунаду ба ӯ пул диҳад? Рафта бо пули додаи ту боз шароб менӯшад. Гузашта аз ин имрӯзҳо кӯчаҳои шаҳр пур аз ҳамин гуна фиребгарҳост. Худро бечораву дармонда гирифта, бо гапҳои дурӯғ мардумро фиребида, пули муфт ба даст овардан мехоҳанд. Чанде пеш як ҷавон, ки худро нав аз хизмат ҷавобшуда меномид, ду бор фиребам карду барои “хона рафтанаш” аз ман пул гирифт. Бори сеюм шинохтамаш. Ё як нафари дигар, ҳар рӯз пеши мардум дар назди Сирки давлатӣ доду вой мегӯяд, ки пулҳояшро дуздиданду мардум кӯмакаш кунанд. Ин ҳам аз ҳамон гурӯҳ буд. Чаро ба ӯ бовар кардӣ? - Ээ-э, 10 сомонӣ будааст. Бечора муҳтоҷ. Ана, надидӣ барои модараш гуфт. Савоб шуд,- маро ором карда гуфт рафиқам. Дигар чизе нагуфта мавзӯи суҳбатамонро дигар кардему роҳро идома додем. Рӯзи баъдӣ ҳангоми аз гузаргоҳи зеризаминӣ гузаштанам сари роҳамро яке гирифт: - Бародар як чиз пурсам мумкин?- гуфта маро боздошт. Сарамро боло карда дидам, ҳамон марди дирӯза. Ба ман фурсати гапзанӣ надода, ғамгинона ба гап сар кард: - Ду писар ва як духтари донишҷӯ дорам. Модарам аз Қумсангир омадааст. Бояд Роғун хонаи холаам равад. Дар истгоҳи Садбарг маро интизор аст... Мард гапҳои дирӯзаро айнан такрор кардан гирифт. Бо лабханди тамасхӯромезе ба сӯяш нигаристаму роҳамро идома додам. Раҳораҳ андешаҳои мағшуш ба сарам меомаду буғз гулӯгирам мекард, ки ба инсонҳо чӣ шуда, ки бо қувваю бозӯи тавоно, пойи равон ва ақли расо ба чунин аъмоли паст рӯ оварда, дар номи мардонагӣ иснод меоваранд. Ӯ ягона “ҷавонмард”-е нест, ки дар кӯчаҳои шаҳр бо ин “роҳи нави пулёбӣ” рӯзгори хешро таъмин менамоянд. Агар сафи чунин “ҷавонмардон” дар ҳоли афзудан бошад, пас вой бар ҳоли ҷавонмардӣ... Хуршед МАВЛОНОВ, “ҶТ”
Нерӯи ҷавонон дар ҳар давру замон асоси пешбурди ҳаёти иҷтимоиро ташкил медиҳад. Вале на дар ҳар ҷомеаву давлат меҳнат ва истеъдоду малакаи онҳо қадру дастгирӣ меёбад. Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар зарфи 26 соли истиқлолият ҷиҳати бартараф намудани мушкилоту норасоиҳои ҷавонон санаду иқдомҳои муҳимро ба роҳ монда, зина ба зина имконоти ҷавононро зиёд намуд.
Бунёдкорони Ватан Аз ҷумла Президенти кишвар, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ояндаи давлатро ба ҷавонон марбут медонад ва онҳоро хазинаи тиллоии миллат маънидод менамояд. Вохӯриву нишастҳои пайвастаи Пешвои миллат бо ин қишри мамлакат дарак аз он медиҳад, ки эътимоду боварии ҳукумати мамлакат нисбат ба насли ҷавон ниҳоят зиёд аст. Ҳамчунин, рушду таҳким бахшидани системаҳои гуногуни фаъолият бо истифода аз маҳорати ҷавонон ва дар ин замина дастгирии иқтисодиву иҷтимоии онҳо мақсади ҳукумату давлатро ифода менамояд. Далели ин дар ҳаёти илмию иқтисодӣ ва иҷтимоиву фарҳангии ҷавонон 5 маротиба қабул гардидани Барномаи миллии “Ҷавонони Тоҷикистон барои солҳои 19992000, 2001-2003, 2004-2006, 20072009, 2010, 2012” буда метавонад. Бо истифода аз шароиту имкониятҳои мавҷуда мушоҳида метавон кард, ки шумораи ҷавонони дар хориҷ аз кишвар таҳсилкунанда ва фаъолияткунанда бамаротиб зиёд гардидааст. Санъаткорон, тарроҳону қаламкашони ҷавони тоҷикро имрӯз дар сартосари дунё мешиносанд ва ҳунару малакаи онҳоро эътироф менамоянд. Фаъолият намудани Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш дар ҷумҳурӣ барои бартараф намудани мушкилоти ин табақаи аҳолӣ нигаронида шуда, дастгирии ҳунару истеъдод ва малакаи онҳо уҳдадории дигари ку-
митаи мазкур ба ҳисоб меравад. Мусаллам аст, ки расидан ба суботи сартосарӣ аз ваҳдату иттиҳод ва ҳамбастагии миллат вобаста аст. Дар ин замина барои таъмини амнияти ҳар кишвар ҷавонон нақши калидӣ доранд. Хушбахтона, ҷавонони даврони Истиқлолият бо ҳидояту роҳбарии Сарвари давлат пуштибони амният ва сулҳу дӯстиянд. Навҷавонӣ ва ҷавонӣ давраи рӯ задани истеъдоди зиёд бошад – менависад Рофеи Рабизода. Воқеан ҳам соли 2017-ро ба ҷавонон бахшидан ва онро “Соли ҷавонон” эълон доштан аз як тараф таваҷҷуҳ ва ғамхории Президенти кишварро нисбат ба қишри ҷавон ифода намояд, аз ҷониби дигар масъулияти онҳоро ҷиҳати кашфу сайқал додани истеъдодашон дучанд мегардонад. Ҷавонон дар ин сол муваззаф гардонида шуданд, ки дар такя бо дастуру супоришот ва талаботи ҷомеаи имрӯз барои обод намудану пеш бурдани ҳаёти иҷтимоӣ талоши бештар дошта бошанд. “Мо бо ҷавонони созандаи худ ифтихор мекунем, чунки ҷавонони даврони соҳибистиқлолии Ватанамон имрӯз бо нангу номуси миллӣ, ташаббусҳои шоиста ва эҳсоси баланди ватандорӣ дар рушди Тоҷикистони азиз ҳиссаи арзишманд мегузоранд ва ба Модар - Ватани худ содиқона хизмат мекунанд” – зикр намуда буд Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон.
Ин гуфта кумитаву вазоратҳои дахлдорро вазифадор мегардонад, ки ҷиҳати дастгирӣ ва тарбияти насли ҷавон аҳамияти ҷиддӣ диҳанд: “Кумитаҳои ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ, кор бо занон ва оила, оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллӣ, дигар сохтору мақомоти дахлдор, аз ҷумла роҳбарони вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳоро зарур аст, ки ба масъалаи истифодаи самараноки нерӯи созандаи ҷавонону бонувон, тарбияву интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳои хизмати давлатӣ аз ҳисоби ҷавонон ва духтарону бонувони лаёқатманд ва донишманду соҳибмаърифат, инчунин ташвиқи онҳо ба донишандӯзӣ, азхуд кардани касбу ҳунарҳои замонавӣ ва ташвиқи тарзи ҳаёти солим эътибори аввалиндараҷа диҳанд”. Ҳамин тариқ, ҷавонон дастгирӣ ва ҳимояти ҳукумати мамлакатро нисбат ба худ эҳсос намуда, кӯшиш ба харҷ медиҳанд, ки сазовори бовариву эътимоди давлату ҳукумати хеш бошанд. Бо қадршиносӣ ва ҳимояти ваҳдату ягонагӣ ҷавонон Тоҷикистони соҳибистиқлолро дар хориҷ аз кишвар низ муаррифӣ менамоянд ва шароиту имкониятҳои барояшон фароҳамнамудаи ҳукумати кишварро самаранок истифода мебаранд. Муслима МАНОНОВА, омӯзгори ДМТ
6
“ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН”, №04 (9534), 25.01.2018
ДАР ҲОШИЯИ ПАЁМ Роҳнамои ҳаёти босаодат
Паёми имсолаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ба Маҷлиси олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аҳли Муассисаи давлатии таълимии Коллеҷи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон чун дигар сокинони кишвар бо руҳбаландии хоса қабул намуданд. Паём чун роҳнамо вазифаҳои муассисаро барои минбаъда муайян намуд ва дар ин замина Нақша-чорабиниҳои мукаммал таҳия гардид, ки аз ибтидои сол он мавриди амали кормандони муассиса қарор дорад. Кормандони Коллеҷи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон, ки дар кишвар ҳамчун яке аз манбаҳъои омода намудани омӯзгорону мутахассисони риштаи варзиш ба шумор меравад, дар навбати аввал нуктаҳои Паёмро дар самти маориф, ҷавонон ва варзиш ҳамчун дастури амал қарор додаанд. Тавре медонем, бо талошҳои Сарвари давлат ва сулҳу осоиштагӣ дар қатори дигар соҳаҳои ҳаёти кишвар дар се самти муҳими сиёсати иҷтимоии давлат ва дар ин замина самтҳои афзалиятноки давлат, ки бо ҳам зич пайвастанд, бахусус солҳои охир дигаргуниҳои азим ба вуқуъ омаданд. Бесабаб нест, ки дар қатори дигар масъалаҳо дар Паёми имсолаашон низ Роҳбари давлат ба ин соҳаҳо таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуда, дастоварду камбудиҳои мавҷударо як ба як бо даллелу арқом таҳлил, дурнамои ин соҳаҳоро бо вазифагузориҳои мушаххас дар назди масъулон пешбинӣ намуданд. Аз ҷумла дар Паёмашон Пешвои миллат, ба масъулини соҳа ҷиддан таъкид намуданд, ки ҳарчанд дар шаҳру ноҳияҳои мамлакат аз соли 2011 то 2016-ум беш аз 1400 иншооти варзишии нав бунёд гардида, қариб 1100 иншоот таъмиру таҷдид шуда бошад ҳам, вале дар самти бунёди майдону толорҳои варзишии наву замонавӣ ва рушди минбаъдаи соҳа боз ҳам корҳои зиёдеро ба сомон расонидан зарур аст. Дар воқеъ, дар самти варзиш мо ҳамарӯза шоҳиди бунёди иншоотҳои замонавии варзишӣ, дастгирии пайвастаи варзишгарон, фароҳам овардани шароити зарурӣ барои рушди варзиш дар саросари кишвар гашта истодаем. Дар мисоли пойтахти азизамон ҳамагон имрӯзҳо шоҳидем, ки нисбати соҳаи варзиш чӣ гуна тадбирҳо роҳандозӣ мегарданд. Вале дар баробари ин, тавре дар Паёмашон Сарвари давлат таъкид доштанд, дар ин самт боз ҳам иҷрои тадбирҳои зиёди дигар - афзун намудани варзишгарони касбӣ, ҷалби бештари сокинон, бахусус насли наврас ба варзиш, оммавигардонии варзиш миёни сокинон ва дар ин замина тарбияи насли солим аз вазифаҳои муҳим маҳсуб меёбанд. Зеро маҳз варзиш беҳтарин воситаи муаррифии давлату миллат дар арсаи байналмилалӣ унвон гардидааст. Дар Паёмашон Пешвои миллат дастрасӣ ба таҳсилотро яке аз нишондиҳандаҳои асосии рушди неруи инсонӣ маънидод намуда, дар идома бо хушнудӣ иброз намуданд, ки мувофиқи назарсанҷие, ки созмонҳои бонуфузи ҷаҳонӣ доир ба кишварҳои рӯ ба инкишоф анҷом додаанд, соли 2017 Тоҷикистон аз рӯи 4 нишондиҳанда: дастрасӣ ба таҳсилот, сифати таҳсилот, сармояи инсонӣ ва қобилияти рақобати он дар миёни 101 давлати ҷаҳон ҷойи 54-умро соҳиб шудааст. Аз рӯи ин таҳлил Тоҷикистон дар фазои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил яке аз ҷойҳои аввалинро ишғол менамояд. Дар баробари ин, Пешвои миллат таъкид намуданд, ки албатта, ин дастоварди хуб аст, аммо мо набояд бо ин нишондиҳанда қонеъ шуда, таваҷҷуҳро ба ин соҳаи ҳаётан муҳим кам намоем ва ба аҳли маорифи кишвар дастур доданд, ки ҷиҳати боло бурдани сатҳу сифати дониши хонандагону донишҷӯён, омӯзиши илмҳои муосир ва забонҳои хориҷӣ тадбирҳои иловагӣ андешида, ба масъалаи баланд бардоштани ҳисси худшиносии миллӣ, ватандӯстӣ, ифтихори ватандорӣ ва дар рӯҳияи инсонпарварӣ тарбия намудани насли навраси кишвар таваҷҷуҳи аввалиндараҷа зоҳир намоянд. Ҳамзамон, Пешвои миллат иброз доштанд, ки ғамхории Ҳукумат нисбат ба ҷавонон танҳо бо “Соли ҷавонон” маҳдуд намешавад. Баръакс, ҳалли масъалаҳои вобаста ба наврасону ҷавонон минбаъд низ самти муҳимтарини фаъолияти мо хоҳад буд. Воқеан, тавре ҳамагон шоҳид будем, дар доираи “Соли ҷавонон” тадбирҳои хеле зиёд дар саросари кишвар роҳандозиву амалӣ гаштанд, ки аз насли наврас танҳо як масъулиятро талаб менамояд: илмомӯзиву созандагӣ барои меҳан! Паёми худро Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон хулоса намуда, чунин иброз доштанд: “Мо вазифадорем, ки боз ҳам бештар заҳмат кашида, ба иҷрои ҳадафҳои стратегии миллиамон – таъмини истиқлолияти энергетикӣ ва истифодаи самарабахши неруи барқ, аз бунбасти коммуникатсионӣ баровардан ва ба кишвари транзитӣ табдил додани Тоҷикистон, ҳифзи амнияти озуқаворӣ ва дастрасии аҳолии мамлакат ба ғизои хушсифат ноил гардем, диёрамонро то гӯшаҳои дурдасттарини он боз ҳам ободу зебо гардонем, корхонаву коргоҳҳои нав бунёд кунем, барои сокинон ҷойҳои корӣ муҳайё намоем ва сатҳу сифати зиндагии халқамонро аз имрӯза дида, баланд бардорем. Зеро мардуми шарифи Тоҷикистон ҳуқуқи маънавии зиндагии шоистаро доранд”. Ин суханҳои хирадмандонаву оқилона, суханони падаронаи Пешвои миллат моро бешак ба ояндаи пурсаодату нек роҳнамун месозанд.
Бахтиёр КАМОЛОВ, директори Коллеҷи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон
Татбиқи дастурҳо вазифаи ҳар яки мост Сарвари давлат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳар сол дар Паёмашон ба Маҷлиси Олии мамлакат масъалаи соҳаи маорифро баррасӣ намуда, аз ҷониби Ҳукумати ҷумҳурӣ, Вазорати маориф ва илм ва дигар сохторҳои марбута ба самти беҳбудии вазъи таълиму тарбия дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаву олӣ ва кӯдакистонҳо диққат дода, тадбирҳои зарурӣ андешида мешавад. Мо – омӯзгорон низ бояд саъю талош менамоем, то наврасону ҷавонон аз мактаб дур намонда, сифати таълиму тарбияи онҳо беҳтар, мутахассиси хуб камол ёбанд ва оянда ба Ватану миллати хеш содиқона хизмат намоянд. Дар Паёми имсолаи Пешвои миллат, аз ҷумла, зикр гардид, ки дар баробари ҷудо гардидани маблағҳои буҷавӣ, лоиҳаҳои сармоягузорӣ низ ба самти маориф равона мегардад. Мо – омӯзгорон, роҳбарият ва кормандони масъули Вазорати маориф ва илм вазифадор ҳастем, ки ҷиҳати татбиқи “Барномаи давлатии таъмини муассисаҳои таҳсилоти умумии ҷумҳурӣ бо кабинетҳои фаннӣ ва озмоишгоҳҳои муҷаҳҳази таълимӣ барои солҳои 2018 2020” кӯшиш ба харҷ диҳем. Ҳамчунин, Сарвари давлат ба масоили дараҷаи таҳсилоту саводнокӣ, сатҳу сифати дониши хонандагон, низоми инноватсияи миллӣ, азхудкунии технологияҳои
иттилоотиву коммуникатсионӣ, омӯзиши илмҳои муосир ва забонҳои хориҷӣ, баланд бардоштани ҳисси худшиносии миллӣ, ватандӯстӣ, ифтихори ватандорӣ ва дар рӯҳияи инсонпарварӣ тарбия намудани насли навраси кишвар таваҷҷуҳи хос зоҳир намуда, чунин гуфтанд: “Мувофиқи назарсанҷие, ки созмонҳои бонуфӯзи ҷаҳонӣ доир ба кишварҳои рӯ ба инкишоф анҷом додаанд, соли 2017 Тоҷикистон аз рӯи 4 нишондиҳанда: дастрасӣ ба таҳсилот, сифати таҳсилот, сармояи инсонӣ ва қобилияти рақобати он дар миёни 101 давлати ҷаҳон ҷойи 54-умро соҳиб шудааст. Аз рӯи ин таҳлил Тоҷикистон дар фазои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил яке аз ҷойҳои аввалин-
ро ишғол менамояд”. Ҳамзамон, дар Паём ҷиҳати вусъат додани раванди ихтироъкорӣ, азхудкунии технологияҳои инноватсионӣ ва ҷорӣ кардани онҳо дар истеҳсолот сухан рафт ва Сарвари давлат зикр намуданд, ки ин вазифаи аввалиндараҷаи олимони кишвар маҳсуб меёбад. Агар мо дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллатро, ки аз Паёми навбатӣ ба Маҷлиси Олӣ бармеояд дар амал татбиқ намоем, умед ҳаст, ки оянда дар соҳаи маориф ба натиҷаҳои боз ҳам бештар ноил шавем. Муборак АБДУРАҲМОНОВА, омӯзгори МТМУ №101-и ноҳияи Сино
Ворисони сазоворро ба воя расонем “Миллати тоҷик соҳиби ойину суннатҳои бостонӣ ва фарҳанги қадима буда, дар тамаддуни ҷаҳонӣ саҳми сазовор гузоштааст”, - ин суханони худро зимни ироаи Паёми навбатӣ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Президенти кишвар, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, 22 декабри соли пешин, бо ишора ба таъриху фарҳанги бою ғании мардуми тоҷик баён намудааст.
Дар ҳақиқат тоҷикон таърихи куҳан ва бою рангин дошта, қадимтарин сокинони Осиёи марказӣ ба шумор мераванд. Инро пажуҳишҳои пайвастаи натанҳо олимони тоҷик, балки олимони маъруфи олам, бахусус олимони рус бо далелу санадҳо исбот намудааст. Олими рус Ю. Семенов, ки ба омӯзиши таърихи мардуми тоҷик таваҷҷуҳи хоса зоҳир дошт, аз ҷумла менигорад, ки миллате чун тоҷикон пас аз се зарбаи ҷонкоҳ барҷо монданаш баргумон буд. Нест шуда мерафт. Лек тоҷикон захмҳои худро шифо бахшида, то имрӯз устувор мондаанд. Манзур аз се зарбаи ишора намудаи олим лашкаркашиҳои Искандари макдунӣ, арабҳо ва муғулҳои бедодгар аст. Касе аз таърих огоҳ аст, хуб медонад, ки ин се зарбаи ҷонкоҳи ғосибон ба сари мардуми бумии минтақа, яъне тоҷикон чӣ гуна кулфату харобию душвориҳо овард? Ба насли имрӯзаи замони истиқлол омӯзондани таърихи гузаштаи бою рангин ва пурифтихори миллати сарбаланди тоҷик вазифаи мо, омӯзгорон аст. Зеро бе надонистани гузашта, ояндаро бунёд намудан чандон кори саҳл нест. Маҳз тавассути таълими таърихи миллати худ
наврасон аз гузаштаи он бохабар хоҳанд шуд. Дар шароити кунунӣ, ки замони иттилоот маҳсуб меёбад, пайдо намудани далелу санад ва маводҳои лозима чандон кори душвор нест. Вале агар омӯзгорон ба машғулиятҳои амалӣ ва беруназсинфӣ бештар диққат зоҳир намоянд, ин раванд аз аҳамият холӣ набуд. Масалан, мувофиқи имкон ташкил намудани сайру саёҳатҳо ба гӯшаю мавзеъҳои таърихии диёр, ки хушбахтона шуморашон зиёд аст, ҷаҳонбинии хонандагони наврасро боз ҳам васеъ намуда, ба бештар донистани таърих мусоидат менамояд. Мо омӯзгоронро лозим аст нуктаҳои дар Паём таъкид намудаи Пешвои миллатро нисбати таърихи миллати хеш сармашқи кори ҳаррӯза қарор дода, насли наврасро дар руҳияи ватандӯстию башардӯстӣ ба воя расонем. То ин ки эшон барҳақ чун ворисони сазовори гузаштагони сарбаланди хеш камол ёбанд ва дар гул-гулшукофии сарзамини аҷдодӣ саҳми арзандаи худро гузоранд. Зайтуна НАЗАРОВА, омӯзгори фанни таърихи МТМУ №86-и ноҳияи Синои пойтахт
“ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН”, №04 (9534), 25.01.2018
7
ДАР ҲОШИЯИ ПАЁМ
Зиндагиро об асос аст Боиси фараҳу сарфарозӣ ва саодати мардуми Тоҷикистони азиз аст, ки санаи 22 декабри соли 2016 Қатъномаи Маҷмааи Умумии Созмони Миллали Муттаҳид доир ба Даҳсолаи байналмилалии амал “Оббарои рушди устувор солҳои 2018-2028” қабул ва дар матбуоти ҷаҳон ба тавсиб расид. Амали гаштани ин ҳуҷҷати муҳим ба иқдому пешниҳоди Пешвои муаззами миллат, Президенти Чумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайвандӣ дошта, мавқеи устувор касб менамояд. Пазируфта шудани тадбири дурандешонаву хирадмандонаи Пешвои миллат вобаста ба масъалаи об дар сатҳи байналмилалӣ имрӯзҳо дар ҷомеаи мо руҳбаландии афзунро ба миён овардааст. Боиси шукргузорист, ки Тоҷикистони биҳиштосоямон дар саргаҳи оби тоза ҷой гирифтаасту захираҳои фаровони обӣ насибамон гардидааст. Кишвари мо аз нигоҳи дастрасӣ ба оби тозаи ошомиданӣ дар дунё мавқеи махсус дорад. Ин дар ҳолест, ки зиёда аз се миллард аҳолии олам дар беш аз 80 мамлакат аз дастрасӣ ба оби тозаи ошомиданӣ танқисӣ мекашанд. Фарзияе вуҷуд дорад, ки дар давоми ду-се соли оянда аз се ду ҳиссаи аҳолӣ ба мушкилоти норасоии оби тоза дучор мешаванд. Пешбинии дигаре ҳаст, ки то соли 2030 сатҳи истифодабарии об дар Осиёи Марказӣ 20-30 фоизро ташкил хоҳад дод. Пас, моро зарур аст, ки ба қадри ин неъмати бебаҳо расем. Об ҳаст, ободонӣ ҳаст мегӯянд. Об ҳаст, ки кулли мавҷудоти оламро зинда нигоҳ медорад. Об ҳаст, ки инсон дар дами марг қатрае аз он ошомида, нафаси охиратро рост мекунад. Об ҳаст, ки гулу гиёҳ аз он рангу бӯй, таровату пояндагӣ мегиранд. Мутаассифона, бархе аз нафарони бемаърифату беандеша обро бе сарфаю сариштакорӣ истифода мебаранд, дар дарёву ҷуйборҳо партов меафкананду обро ифлос мегардонанд. Чунин муносибат дуруст нест. Набояд фаромӯш намоем, ки об омили муҳими ҳаёт дар сайёраи замин ба шумор меравад. Истифодаи оқилонаи ин сарвати арзишманди табиат қарзи ҳар як нафар аст. Саидаъзам САФАРОВ, муаллими калони кафедраи Назария ва методикаи тарбияи ҷисмонии ДТҶТ
Соҳаи афзалиятнок Имрӯзҳо Паёми Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси олии Ҷумҳурии Тоҷикистон миёни аҳли яке аз деҳаҳои дурдаст, аз ҷумла устодону хонандагони мактаби №29-и ноҳияи Айнӣ ҳамовозии васеъ пайдо намудааст. Дар ҳар як суҳбату маъракаҳо сокинон аз он шукргузорӣ менамоянд, ки сол ба сол зиндагии мардум беҳ гашта, барои аҳолӣ фароҳам гашта истодааст. Тавре медонем соҳаи маориф чун соҳаи афзалиятноки миллӣ ҳамеша дар мадди назари Пешвои миллат қарор дорад ва тӯли солҳои охир мо шоҳиди навовариҳои зиёд ҷиҳати беҳбуд бахшидани вазъи соҳа гашта истодаем. Бесабаб нест, ки дар Паёми имсолаашон чун Паёмҳои гузашта ба масъалаҳои соҳаи маориф таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуда, дастоварду камбудиҳои соҳаро ба таври васеъ таҳлил намуда, Пешвои миллат таъкид намуданд, ки мо набояд бо ин нишондиҳандаҳо қонеъ шуда, таваҷҷуҳро ба ин соҳаи ҳаётан муҳим кам намоем. Имрӯзҳо аҳли маорифи ноҳия дар иҷрои вазифаҳои дар пешашон гузошта шуда бо эҳсосу масъаулияти баланд кор карда истодаанд. Дар ми-
соли мактаби №29-и ноҳия метавон гуфт, ки ба шарофати фароҳам овардани шароити зарурӣ сол ба сол дар мавриди боло бурдани сатҳу сифати таълими хонандагон дастовардҳо афзун гашта истодаанд. Аз ҷумла, дар соли сипаригашта бо дастгирии Шуъбаи маорифи ноҳия 80 ҷои нишаст барои хонандагон фароҳам оварда шуд. Инчунин, бо дастгирии Шуъбаи маорифи ноҳия ду адад компютер барои мактабиён ҷудо гашт. Айни замон аз нисф зиёди омӯзгоронро мутахассисони ҷавон ташкил медиҳанд, ки аксарият дорои қобилияти баланди корӣ мебошанд. Боиси ифтихор аст, ки соли сипаригашта аз 19 нафар хатмкунандагон 14 нафарашон шомили муассисаҳои олии кишвар гаштанд. Ҳамчун омӯзгор бовар дорам,
ки ҳар як сокини кишвари азизамон дастурҳои Пешвои миллатро сармашқи кори худ қарор дода, бо корҳои неку шоистаи хеш дар ободии кишварамон саҳми муносиб мегузорад. Дар Паёмашон Сарвари давлат таъкид доштанд, ки худи ҷавонон ташаббускори амалҳои созанда бошанду ба муқобили зуҳуроти номатлуб мубориза баранд, зиракии сиёсиро аз даст надода, дар ҳифзи амнияти ҷомеа ва давлат камари ҳиммат банданд. Муҳамадӣ МУҲАММАДИЕВ, сарвари МТМУ №29-и деҳаи Гузари боди ноҳияи Айнӣ
Паём – роҳнамо ба фардои дурахшон Дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Қӯрғонтеппа бо иштироки роҳбари гурӯҳи кории Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Содиқ Шоҳназаров, раиси шаҳр Исмоилзода Абдуалим ва дигар намояндагон аз мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят бо ҷавонони касбу кори гуногун вобаста ба нуктаҳои муҳими Паём чорабинӣ баргузор гардид. Ташаббуси мазкур барои боло рафтани ҳисси ватандӯстӣ, ташаккули тафаккури ҷавонон оид ба масъалаҳои ифтихори миллӣ ва худогоҳиву худшиносӣ такони ҷиддӣ хоҳад бахшид. Исмоилзода Абдуалим, раиси шаҳри Қӯрғонтеппа зимни баромад бо ёдоварӣ аз Паём афзуд, ки бояд минбаъд худи ҷавонон ташаббускори амалҳои созанда бошанд, дастовардҳои илмиву эҷодии худро сари вақт муаррифӣ сохта, ба муқобили зуҳуроти номатлуб мубориза бурда, дар ҳифзи амнияти ҷомеа ва давлат омода бошанд. Зикр шуд, ки чун Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Паёми навбатиро аз нигаронӣ ба тероризму экстреризм ва шомилшавии ҷавонон ба гурӯҳҳои ифротӣ оғоз намуд, ҳар як фарди бонангу номуси давлату миллатро
зарур аст, ки дар ин масъала ҷиддӣ ва бо масъулияти баланд андешаву амал кунанд. Тайи ду ҳафта зиёда аз 20 вохӯрии иттилоотӣфаҳмондадиҳӣ бо иштироки ҷавонони шаҳр оид ба шарҳи моҳият ва муҳтавои самтҳои асосии Паём баргузор гардида аст. Чунин вохӯриҳо дар шаҳри Қӯрғонтеппа ва дигар шаҳру навоҳии вилояти Хатлон идома дорад. Суҳроби РУСТАМ, хабарнигор
√ ОМӮЗИШ Боиси ифтихор аст, ки дар ҷомеаи имрӯза донишҷӯён баҳри аз худ намудан ва донистани забонҳои хориҷӣ, аз ҷумла англисӣ саъю кӯшиши зиёд ба харҷ медиҳанд. Умуман забондонӣ худ як ҳунармандист. Ҳоло Барномаи давлатии такмили таълим ва омӯзиши забонҳои русӣ ва англисӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 20152020 татбиқ мегардад, ки мақсад аз он бо усулҳои беҳтару хубтар омӯзиши ин ду забон аст. Маҳз қабули чунин барнома шароит фароҳам овард, ки марказҳои зиёд барои забономӯзӣ, аз ҷумла англисию русӣ, ташкил ёбанд. Хоҳишмандон барои аз бар намудани забони писандидаи худ дар чунин марказҳо ба таълим фаро гирифта мешаванд.
Воситаи муносибат бо дигарон Дар шароити кунунии ҷаҳонишавӣ, ки робита байни кишварҳои гуногуни олам, аз ҷумла Тоҷикистони офтобрӯяи мо торафт густариш меёбад мутахассисон, донандагони забонҳои хориҷӣ барои соҳаҳои гуногун, махсусан тарҷумонҳо зиёд лозим хоҳанд шуд. Ҳоло дар пойтахти кишварамон, шаҳри Душанбе даҳҳо кишварҳои олам дари сафаратҳои худро кушодаанд. Ҳамчунин, ташкилоту созмонҳои гуногун ва бешумори байналмилалӣ дар Тоҷикистон кору фаъолият доранд. Нафарони зиёдро ба ин сафоратхонаҳою созмонҳои гуногун кор меафтад. Яке барои дарёфт намудани
раводид, дигаре барои ҳалли масъалае дари онҳоро мекӯбад. Дар чунин мавридҳо донистани забонҳои хориҷӣ бағоят лозим аст. Кас агар забондон бошад, бе ягон миёнарав (тарҷумон) ва бидуни душворӣ мақсади хешро ба кормандони ин ташкилотҳо баён месозад. Зикр намудан ба маврид аст, ки ҳар фард бояд пеш аз ҳама забони модарии худро хуб омӯзад ва донандаи он бошад. Президенти кишвар, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ин маврид, бобати эҳтиром ва донистани забони модарӣ басо хуб гуфтааст: «Миллате, ки арзишҳои миллии хешро қадр карда наметавонад,
қимату манзалати забони миллати ғайрро низ қадр наметавонад кард.» Ин гуфтаҳои Сарвари давлат ҳамагон, бахусус насли ҷавонро водор месозад, ки дар омухтани забони модарии хеш ҳар чи бештар ҷаҳд намоянд. То ин ки донандаи забони хеш бошанд. Баробари омӯзиши забони миллати хеш, омӯхтани забонҳои ғайр аз манфиат холӣ нахоҳад буд. Чунки тавассути забондонӣ бо намояндагони забонҳои дигар бе душворӣ метавон муомила кард. Рӯзномаю маҷаллаи забони ғайрро мутолиа ва аз бурду бохти он миллат огаҳӣ пайдо кардан мумкин. Ҳангоми мусофират бошад, ба
монеаву душвориҳо рӯ ба рӯ нагардад. Озодона гуфтугӯ карда, худро озод ва бофароғат эҳсос намояд. Хушбахтона имрӯз, замони истиқлол дар муассиаҳои таълимӣ, аз ҷумла макотиби олӣ ба омӯзиши забонҳои хориҷӣ диққати ҷиддӣ зоҳир мегардад. Маҳз забондонӣ имкон медиҳад, ки мардуми тоҷик ба гӯшаҳои гуногуни олам сафар намуда, ҷаҳонгаштаю ҷаҳондида шаванд. Ҳамин тавр, донистани забонҳои хориҷӣ миллату давлатро ба пешравию комёбиҳо сарфароз мегардонад. Мунаввара УРУНОВА, омӯзгори калони кафедраи забонҳои Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи Муҳаммад Осимӣ
8
ВАРЗИШ
“ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН”, №04 (9534), 25.01.2018
Мусобиқаҳои варзишӣ дар таътили зимистона Дар шаҳру навоҳии вилояти Хатлон марҳилаи дуюми мусобиқаҳои варзишӣ миёни мактаббачагон дар таътили зимистона оғоз гардид.
Баргузории маросими туҳфасупорӣ Дар шаҳри Қӯрғонтеппа, дар давраи таътили зимистонаи мактаббачагон маросими туҳфасупорӣ ба фаъолони таэквандочиёни ВТФ доир гардид, ки дар он зиёда аз 100 нафар варзишгарон соҳиби туҳфаҳои хотиравӣ гардиданд. Дар ифтитоҳи чорабинӣ аз ҷавонони варзишгар даъват ба амал оварда шуд, ки дар дӯст доштани Ватан, саҳмгузорӣ дар корҳои бунёдкориву созандагӣ ва муаррифии кишвар дар арсаи байналмилалӣ саҳмгузор бошанд. Инчунин беҳтарин варзишгарон, ки дар соли 2017 дастовардҳои назаррасро аз мусобиқаҳои байналмилалӣ ва ҷумҳуриявӣ соҳиб гардидаанд бо сипосномаҳои Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилояти Хатлон қадрдонӣ шуданд.
Мусобиқаи тенниси рӯи миз Давоми таътили зимистонаи мактаббачагон дар толори мактаби варзишии шаҳри Сарбанд мусобиқаи варзишӣ аз рӯи намуди тенниси рӯи миз байни наврасону ҷавонон доир гардид. Дар он 25 нафар иштирок намуда, ғолибони мусобиқаҳо бо диплом ва медалҳои бахши кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳр сарфароз гардонида шуданд.
Бо ин мақсад дар маркази ноҳияи Муъминобод бо иштироки дастаҳои макотиби миёнаи таҳсилоти ҳамагонӣ мусобиқаҳои варзишӣ аз рӯи намудҳои шашка, шоҳмот, дастхобонӣ, волейбол, тенниси рӯи миз, баскетбол, футболи хурд ва гӯштини миллӣ гузаронида мешавад. Зимни ҷамъомади доиргардида, намояндагони мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳия, хонандагонро барои хониши хубу аъло ва иштироки фаъолона дар мусобиқаҳои варзишӣ роҳнамоӣ карданд. Гуфта шуд, ки дар ин моҳ, яъне январ дар ноҳия бо мақсади рушд ва оммавияти варзиш 3 майдончаи варзишӣ барои футбол ва волейбол аз ҳисоби заминҳои бекорхобида ба истифода дода шуданд.
Варзишгари тоҷик дар Гран-прии Иван Яригин - 2018 26-28 январ дар шаҳри Краснодари давлати Русия Гран-прии Иван Яригин - 2018 аз рӯи намуди гӯштини тарзи озод баргузор мегардад. Дар он Тоҷикистонро се варонати Ҷаҳон – 2017, ки дар шаҳри зишгар – Бобохон Воҳидов (57 Париж гузашт дар вазни 97 кило кило), Искандари Рустам (97 кило) миёни ҳам рақобат намуданд, ки ва Фарҳод Анақулов (125 кило) Абдурашид Садуллаев, варзишнамояндагӣ мекунанд. гари рус аввалин маротиба дар Мусобиқа яке аз беҳтарин кариераи варзишии худ шаҳди чорабиниҳои сатҳи байналмилалӣ нокомӣ чашид. дар ин риштаи гӯштин ба ҳисоб Дар Гран-прии Иван Ярирафта, ҳамасола беҳтарин гин - 2018 бошад, баракси паҳлавонони сайёраро ба ҳам мехулосагириҳои мухлисони ин орад. То муайян шудани рӯйхати риштаи гӯштин Абдурашид Сатимҳои давлатҳо ба мусобиқаи дуллаев дар вазни 92 кило ва мазкур мухлисон ва расонаҳои Кайл Снайдер дар вазни 97 кило масъул ба ин мусобиқа сари вазни ҳунарнамоӣ мекунанд. 97 килло, ки варзишгари тоҷик ИсВарзишгарони тоҷик низ кандари Рустам дар ин вазн ба майқатори дигар паҳлавонони ҷаҳон дон мебарояд, зиёдтар ҳарф мезаҳамасола Тоҷикистонро дар данд. Зеро дар ин вазн эҳтимоли ба мусобиқаи мазкур намояндагӣ ҳам омадани ду қаҳрамони феълии мекунанд. Паҳлавононе, ки дар олимпӣ – Абдурашид Садуллаев мусобиқа ғолиб меоянд, имкони (Русия) ва Кайл Снайдер (ИМА) бештари дар мусобиқаҳои Осибуд. Ин ду паҳлавони номдор, ки ёю Аврупо ва чемпионати Ҷаҳон дар олимпиадаи Рио-де-Жанейрои иштирок карданро ба даст меоБразилия аввалӣ дар вазни 86 ранд. кило ва дуюмин дар вазни 97 кило қаҳрамон шуда буданд, дар чемпиШодихони НАЗАР, “ҶТ”
Баргузории мусобиқаи самбо дар Ванҷ Дар ноҳияи Ванҷ бо иштироки дастпарварони Муассисаи давлатии мактаби варзишии ноҳия мусобиқа аз рӯи намуди гуштини самбо баргузор гардид. Дар мусобиқаи мазкур 120 варзишгар байни ҳам сабқат намуда, ғолибон бо медал ва ифтихорномаву мукофотҳои хотиравӣ қадрдонӣ шуданд. Мусобиқа бо ташаббуси Бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳияи Ванҷ дар якҷоягӣ бо Муассисаи давлатии мактаби варзишии ноҳия баргузор гардид. Машҳур ИМОМНАЗАРОВ, “ҶТ”
ВАРЗИШ
“ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН”, №04 (9534), 25.01.2018 Омӯзиши таърихи фалсафаи варзиши тоҷик, ки қисми муҳимтарини афкори фалсафаи Шарқи наздику миёна ва умумиҷаҳонӣ аст, дар нақшаи таълимии мактабҳои олӣ мақоми махсус дорад. Таърихи фалсафаи варзиши тоҷик роҳи тӯлонии инкишоф ва такомулро аз сар гузаронидааст. Тоҷикон ҳамчун яке аз қадимтарин халқҳои Осиёи Марказӣ бо маданият ва қисми таркибии он - тарбияи ҷисмонӣ ва варзиши худ машҳуранд. Воқеан, бузургии сухан ва дониши фалсафӣ асоси пешравии тамаддун ва рушду инкишофи бисёр давлатҳои абарқудрату рӯ ба инкишоф ба шумор меравад. Файласуфону сиёсатмадорон пешво ва такмилдиҳандаи тарзи ҳаёти солим буданд. Чунин муносибату эътиқоди баланд ба варзиш буд, ки мардум аз куштору ғоратгариҳо даст кашида, тамоми қуввату қудрати хешро ба варзиш ва бозиҳои варзишӣ сафарбар менамуданд. Ҳамин тавр, тамоюли башардӯстии фалсафа дар ташаккули ахлоқи инсон мавқеи хоса дорад, ки мақсади олитарини фалсафаро ҳамчун кӯшиши баланд бардоштани дониш, мавқеи инсон, некӣ ва заковат муайян менамояд. Яъне фалсафа ҳамчун илм бо усулҳои гуногуни донишҳои назариявию амалӣ ваҳшонияти инсонҳоро дур намуда, ба шахс қуввату нерӯи нав, ақли солим додааст, ки то имрӯз шиори «ақли солим дар тани солим» вирди забони мардум мебошад. Худи бозиҳои варзишӣ ва намудҳои гуногуни машқҳои ҷисмонӣ низ дар раванди тараққиёти ҷомеа нақши бузурге бозида, фалсафаи эҷоди такомули ҷисму руҳи инсонро ба дунё овардаанд. Ҳафриётҳои археологӣ дар сарзамини тоҷикон исбот менамоянд, ки тарбияи ҷисмонии онҳо чун дигар халқҳои ҷаҳон аз шикор ҳамчун асоси ҳаёти моддии одамони ҷамъияти ибтидоӣ оғоз ёфта, минбаъд дар баробари инкишофи тафаккури инсон ба воситаи таҷрибаомӯзӣ, тақлиднамоӣ, иҷроиши маросимҳои сеҳрнок ва ғайра ташаккул ёфтааст. Ихтирои тиру камон, ром кардани ҳайвоноти ваҳшӣ, истифодаи оҳану биринҷ ҳамчун воситаҳои тарбияи ҷисмонӣ дар ҳаракати варзишӣ такони бузурге буд. Дар ин давра як қатор олимону файласуфон, монанди Ибни Сино, Муҳаммад Закариёи Розӣ, Абурайҳони Берунӣ, Носири Хисрав, Насриддини Тӯсӣ ба омӯхтан ва таҳқиқи масъалаҳои фалсафаи тибу варзиш ва тарҷумаи осори илмию фалсафии Ҳинду Юнони қадим машғул буданд. Мутафаккирони ин давра кашфиётҳои муҳиме дар илмҳои
Варзиш қисми муҳими фарҳанги умумибашарӣ ва қосиди сулҳу амонӣ буда, ба таҳкими саломатӣ ва инкишофи қобилияти ҷисмониву маънавии инсон, хусусан ҷавонон мусоидат мекунад.
Эмомалӣ Раҳмон
Варзиш чун воситаи вақтхушӣ табиӣ, фалсафаи тибу варзиш дохил карданд. Дар таърихи тамаддуни башарӣ «Ал-қонун фи тиб»-и Ибни Сино мавқеи босазоеро ишғол мекунад. «Қонуни тиб»-и Ибни Сино маҷмӯи донишҳоро оид ба тибби қадим ва асримиёнагӣ фаро гирифта, бо мушоҳидаҳои шахсӣ ва кашфиётҳои худи муаллиф такмилу инкишоф дода шудааст. «Шоҳномаи Фирдавсӣ», ки саросар аз паҳлавонию мардонагӣ иборат мебошад, дар ҳамин замон навишта шудааст. Ҳамин тавр, бисёре аз олимону донишмандон нисбати таълиму тарбияи ҷисмонӣ фалсафаи мухталиф дошта, ин ё он намуди варзиш, моҳият ва зарурияти онро ба шаклҳои гуногун шарҳу баён намудаанд. Ба ибораи дигар, барои тарзи ҳаёти солим, мақому манзалати машқҳои варзишӣ ва пешгирӣ намудани ҳаёти инсон аз бисёр бемориҳо дар тамаддуну фарҳанги башарият ақидаву пешниҳодҳои гуногуне мавҷуд аст. Давраи истиқлолият ба ҳалқи тоҷик тамоми шароитҳоро барои баланд бардоштани маданият, илм, инчунин тараққӣ додани тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш муҳайё намуд. Чи хеле ки аз таърих маълум аст, тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш дар ҳаёти ҳалқи тоҷик аз давраҳои қадим ҷой доранд. Дар вақти омӯхтани таърихи фалсафаи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш мо ба бисёр шаклҳои миллии он вомехӯрем. Дар ин солҳо фалсафаи варзиши миллӣ ва бозиҳои мардумии тоҷикон бо мазмуни нав пурра гардида, намудҳои нави варзиш паҳн гаштаанд. Аммо чун пештара, варзиши миллӣ ва бозиҳои мардуми тоҷикон асоси инкишофи фалсафаи намудҳои варзиши муосирро таъмин намуд. Ҳар як соҳаи илм вазифаҳои муайян дорад, ки махсус ба назарияву амалия, моҳияту мундариҷаи ҳамон соҳа нигаронида шудаанд ва бе иҷрои онҳо оид ба қонунияти инкишоф ва вазъи умумии истилоҳоти он соҳа як тасаввуроти амиқ ва диди тоза пайдо намудан аз имкон берун аст. Ин нигошта ба соҳаи варзиш дар Тоҷикистон, ки таърих ва фалсафаи қадима дорад, низ иртибот мегирад. Маълум аст, ки ҳар як соҳаи илм дорои хусусият ва ҳадафи
муайяни назарияву амалист, ки маҳз дар доираи ҳамон соҳа низ амал мекунад. Ин аст, ки бе таҳқиқу натиҷагирӣ аз он хусусият ва ҳадафҳо доир ба қонунияти ташаккулу таҳаввулот ва вазъи умумӣ дар варзиш тасаввуроти муайян пайдо намудан аз имкон берун аст. Фалсафаи соҳаи варзиш саромади таърихӣ дошта, аз қаъри асрҳо ибтидо мегирад, аз ин рӯ омӯзиши он то як дараҷа кори ба система даровардани фалсафаи варзишро дар маҷмуъ осон мегардонад. Пай дар пай ивазшавии давраҳои иҷтимоию иқтисодии ҷамъият бевосита ба пайдошавии шаклу тарз, назарияву воситаҳои нави тарбияи ҷисмонию варзиши ба замони худ мувофиқ мусоидат карданд. Ҳангоми нишон додани умумияти фалсафаи таърихи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш хотиррасон бояд кард, ки ин ҷараён дар ҳамаи ҳалқҳо ягона набуда, инкишофи он дар давраҳои алоҳида ба даврабандии инкишофи ҷамъият мумкин аст мувофиқ наояд. Дар ҷараёни инкишофи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш истифода шудани аксар машқҳо ҳангоми тарбияи ҷисмонӣ аз хислати халқӣ доштани он маълумот медиҳад. Масалан, сарчашмаи аксар намудҳои варзиши ҳозиразамон (гуштин, шамшерзанӣ, муштзанӣ, вазнбардорӣ, аспсаворӣ ва ғ.) ба қарнҳои қадими таърих тааллуқ доранд, ки дар давоми солҳо мукаммал гашта, аз насл ба насл гузаштаанд. Ҳалли вазифаҳои гуногуне, ки дар назди тарбияи ҷисмонӣ истодааст, системаи муайян ва ба ҳам алоқамандии ташкили машғулиятҳоро талаб мекунад. Ба ин система машғулиятҳое, ки аз рӯи ҷадвали муқарраршудаи доимӣ гузаронида мешавад, корҳои ҷисмонӣ – тандурустӣ, беруназсинфӣ ва беруназмактабӣ дохил мешавад. Вазифаи асосии тарбияи ҷисмонӣ дар айни замон ҳаматарафаи инкишоф додани хонандагон буда, саломатии онҳоро беҳтар намудан, ба меҳнати фоиданоки ҷамъиятӣ ва мудофиаи Ватан тайёр кардани онҳо мебошад. Варзиш (спорт) ба ҳаёти инсон чӣ гуна хизмат мерасонад?
Ин муаммо оё ҳалшуда ба ҳисоб меравад? Илм ба он чӣ баҳо додааст? «Спорт» аз калимаи англисӣ гирифта шуда, маънояш бозӣ, хушнудӣ, хурсандӣ, саргармшавӣ, вақтхушӣ мебошад. Бозӣ ба маънои мардумро шод кардан низ фаҳмида мешавад. Аз нокомиҳо варзишгар баъзан маъюс мешавад. Хулоса, гоҳо шодмон буда, гоҳо хафа аст. Варзиш маҷмуи машғулият ва машқҳои ҷисмонӣ барои тарбияи бадан, бозиҳои варзишӣ, ки кас бо мақсади мустаҳкам кардани саломатӣ ва инкишофи бадан машғул мешавад. Варзиш паёпай кардани коре барои тамрин ва одат, ҳаракат додани пайвастаи бадан барои тақвияти аъзо ва узвҳо, ҳар гуна амал ва ҳаракате, ки барои тақвияти аъзо ва ба манзури ҳифзи тандурустӣ ба танҳоӣ ё дастаҷаъмӣ анҷом дода мешавад. Варзиш як рукни тарбияи ҷисмонӣ буда, дар шакли таҷрибаи махсуси омодагии инсон ба мусобиқот ва фаъолияти мусобиқавӣ бо мақсади ба даст овардани натиҷаҳои варзишӣ ташаккул ёфтааст. Аз ин хотир, тарбияи ҷисмонӣ як навъи санъат буда, ҷараёни махсус ва натиҷаи фаъолияти инсонҳо, восита ва тарзи мукаммалгардонӣ барои иҷрои ӯҳдадориҳои иҷтимоӣ мебошад. Таркиби тарбияи ҷисмонӣ аз чунин қисматҳо иборат аст: таълимоти ҷисмонӣ, варзиш, истироҳати бадан, барқарорсозии ҳаракат ва ғайраҳо. Тарбияи ҷисмонӣ масъулияти талаботи ҷомеаро ба тайёрии ҷисмонӣ пурра ба душ мегирад. Тарбияи ҷисмонӣ раванди педагогӣ буда, ба омӯзиши махсус ва ҳамчунин барои ташаккули қобилияти ҳамаҷонибаи ҷисмонии инсон равона карда шудааст. Варзиш фаъолияти мусобиқавӣ, бозигузаронӣ ва тайёрӣ барои он мебошад. Асоси онро машқҳои ҷисмонӣ ташкил медиҳад, ки барои ба муваффақиятҳо ва натиҷаи баланд расидани одамон зарур аст. Чунин таълимот дар маҷмӯъ ҳамчун категорияи умумии абадии ҳаёти иҷтимоии инсон ва ҷамъият эътироф гардидааст. Дамгирии ҷисм (рекреатсия)
9 истифодаи машқҳои ҷисмонӣ ва навъҳои варзиш дар шакли содашуда барои истироҳати фаъоли одамон, гирифтани ҳаловат аз ин раванд, вақтхушӣ, тағйир додани шакли фаъолият ба дигар намуд мебошад. Қувваи барқарорсозанда раванди мақсаднокӣ, барқарорсоз ва қисман ё пурра ҷубронкунии қобилияти ҷисмонии гумшуда аз тариқи табобат кардани ҷароҳатҳои варзишӣ истифода бурда мешавад. Ин раванд таҳти таъсири машқҳои ҷисмонии махсус, масҳкашӣ, муолиҷа бо об ва гиёҳҳо сурат мегирад. Ин фаъолияти барқарорсозии ҷисм мебошад. Омодагии ҷисмонӣ як навъи тарбияи ҷисмонӣ, инкишоф ва мукаммалгардонидани сифати ҳаракатҳои ҷисмонӣ ва фаъолияти варзишӣ мебошад. Такомули ҷисмонӣ раванди тағйирёбии шакл ва вазифаҳои бадан зери таъсири шароитҳои табиӣ (хӯрокворӣ, меҳнат) ё ин ки мақсаднок истифодабарии машқҳои махсуси ҷисмонӣ мебошад. Машқҳои ҷисмонӣ ҳаракат ё амале, ки барои инкишофи сифати ҷисмонӣ, узвҳои дохила ва системаи малакадиҳандаи ҳаракат истифода мешаванд. Ин воситаи мукаммалкунонии ҷисм, дигаргунсозии инсонҳо аз ҷиҳати биологӣ, руҳӣ, зеҳнӣ ва иҷтимоӣ мебошад. Мукаммалгардонии ҷисм вобастагии дараҷаи саломатӣ ва инкишофи ҳаматарафаи қобилияти ҷисмонӣ, ҳолати амалӣ ва руҳияи солими инсонҳоро меноманд, ки ба шароитҳои муайяни фаъолияти одамон вобаста буда, қобилияти кори онҳоро солиёни дароз дар сатҳи баланд нигоҳ медорад. Ҳаракатҳои фаъол яке аз қисматҳои ҳатмии ҳаёти солим мебошад, ки аз синну соли мувофиқ, ҳаракатҳои гуногун, аз ҷумла машғул шудан ба тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш барои таъмини фаъолияти ҳаёти организми инсон иборат аст. Тадқиқоту мушоҳидаҳо нишон медиҳанд, ки дуруст ташкил карда натавонистан ва нагузаронидани чорабиниҳои зарурӣ инсонро торафт ба камҳаракатӣ оварда мерасонад. Дар баробари пастшавии фаъолияти ҳаракатӣ дар давоми ҳар як шабонарӯз тараққиёти ҷисмонӣ ва ҳолати функсионалии узвҳои бадан, аз он ҷумла фаъолияти узвҳои гардиши хун, дил, шуш, мубодилаи моддаҳо, қувваи мушакҳо, кори муътадили асаб ва ғайра паст мегардад. Мирзобоқӣ ШАРИПОВ, ноиби ректори Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон ба номи С. Раҳимов оид ба тарбия, Мавлон ШАРИФОВ, дотсенти кафедраи ҷомеашиносии Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон ба номи С. Раҳимов (давом дорад)
10
ОДАМОНИ САРБАЛАНД
Ҷомеаи мо имрӯз, дар фазои озоди ҷаҳони бузургу ягона қарор дорад ва аз ҳарвақта бештар ба шахсиятҳои фарҳехта ниёз дорад, то барои ҳифзу ғанӣ гардонидани мероси дирӯзу имрӯзи кишварамон ва рақобатпазир будани фарҳанг тавоноиҳое дошта бошем. Аз ин манзар мо бояд ҳамвора ба дониш ва таҷрибаҳои абармардони таъриху фарҳангамон таваҷҷуҳ намоем, хизматҳои ононро бозшиносӣ ва бозхонӣ кунем ва ба онҳо арҷ гузорем ва ба ин васила бар улгӯи шахсияти онон худ ва насли ояндаро тарбият намоем. Сухане чанд аз рӯзгору фаъолияти Шавкат Ниёзӣ бахшида ба 90 – солагии зодрӯзи эшон
Сафири бузурги адабиёти муосири тоҷик
Мурод аз ҳамаи ин гуфтаҳо сафири бузурги адабиёти муосири тоҷик Шавкат Ниёзист, ки дар пояи 90-умин солрӯзи умри бобаракату пурфайзашон бо қалби пур аз меҳру муҳаббат ба миллат ва Ватан дар ҳаёти иҷтимоию фарҳангии тоҷикони муқими Маскав, ки аз тарафи сафорати Тоҷикистон баргузор мегарданд, ҳамвора саҳиманд. Шавкат Ниёзӣ, бародари нависандаи халқӣ Фотеҳ Ниёзӣ, 19-уми декабри соли 1928 дар шаҳри Самарқанд ба дунё омада, таҳсилоти ибтидоиро дар ин шаҳри фарҳангзо гирифтаанд. Соли 1948 факултети таъриху филологияи Донишкадаи давлатии омӯзгории Душанберо хатм карда, муддате устоди ҳамин донишкада будаанд. Баъдан як муддат дар Институти забон ва адабиёт машғули пажуҳиш шуда, ҳамвора бо нақди адабӣ машғул будаанд. Тақризу мақолаҳои зиёде дар саҳифаҳои матбуот интишор намудаанд. Аз соли 1957 дар ҳайати котиботи Раёсати Иттиҳодияи нависандагони СССР вазифаи котиби масъули Шӯрои адабиёти шӯравии тоҷик бар дӯшашон буд. Соли 1957 дар Пажуҳишгоҳи ховаршиносии Академияи илмҳои СССР рисолаи номзадии хешро дар мавзӯи “Назми эпикии советии тоҷик дар солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ” ҳимоя кардаанд. Бо бисёр нишону ифтихорномаҳо, аз ҷумла, нишони “Дружба” (1997, Русия) сарфароз гардидаанд. Аз соли 1959 узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон ва Иттиҳоди Шӯравӣ мебошанд. Феълан мушовири Кумитаи иҷроияи Созмони байналмилалии Иттиҳодияҳои нависандагони ИДМ мебошанд.
Заҳамоту хадамот ва талошу кӯшишҳои пайгиронаи устоди гиромӣ дар таблиғу тарвиҷи адабиёти тоҷик дар ҳақиқат қобили ситоиш аст. Чун дар он конуни илму адаб ба кор минҳайси намояндаи комилҳуқуқи Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон ба кор оғоз кард, адабиёти муосири тоҷикро ҷомае барозандаи андомаш пӯшонд ва дарҳои мутааддиди адабиёти ҷаҳонро бар рӯйи он боз намуд. Фонӯси адабиёти тоҷикро дар паҳнои собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ ҳамвора равшан нигоҳ дошт. Тарзу усули густариш ва баланд бардоштани ҷойгоҳ адабиёти тоҷик дар байни адабиёти милали шуравӣ, нақши адабиёти тоҷик дар эҷоди ҳамдилӣ дар миёни миллатҳо, нақши шоҳкорҳои адабии форсии тоҷикӣ дар барқарории сулҳу дӯстӣ дар миёни мардумони ҷаҳон аз ҷумлаи масъалаҳои меҳварие буд, ки дар мадди назари устод Ниёзӣ будаанд. Аз таҳқиқоти адабӣ гирифта то таҳқиқоти таърихӣ, тасҳеҳи матнҳои адабӣ, фарҳангнависӣ, тарҷумаи осори адибони тоҷик ба забони русӣ корҳоеанд, ки Шавкат Ниёзӣ анҷом додаанд. Тасаллути камназири устод Ниёзӣ бар мавзӯи ҷанг дар насри даврони шӯравии тоҷик боис шуд то пажуҳиши гаронбаҳое дар ин замина анҷом диҳанд. Шавкат Ниёзӣ воқеан инсоне бузург ва роҳнамое беназир дар пайванд намудани ҳалқаҳои дӯстии адабиёти навини тоҷик бо адабиёти халқҳои дигаранд. Аз муҳимтарин вежагиҳои ахлоқии устод, бо вуҷуди мартабаҳои баланд, хоксорӣ, фурӯтанӣ ва симимияту садоқат аст. Дар суҳбатҳое, ки бо он кас доштаам ҳеч гоҳ вожаи “ман”-ро
нашунидаам. Ҳамеша тамҷиди дигаронро кардаанд ва аз хеш сухане таърифомезона нагуфтаанд. Дар асл хизматҳои шоиставу арзандае барои адабиёти тоҷик кардаанд. Тамоми кору пайкор ва саъю талошҳое барои адабиёти советии тоҷик дар Иттиҳодияи нависандагони Шӯравӣ тайи солиёни дароз ҳамчун намояндаи Тоҷикистон дар Маскав кардаанд, дар ин мақола намегунҷад. Устод аҳли шукранд, на шикоят. Соатҳои тӯлонӣ, ки аз рӯзгору пайкорашон дар иттиҳодияи нависандагон суҳбат мекарданд, ягон калимаи зишт ё оҳанги нохушоянде аз забонашон берун наомад. Аз ҳама чиз бо шукру сипос гап мезаданд ва ҷумла адибону олимону сиёсатмадороне, ки бо онҳо ҳар гуна бархурдҳо доштаанд, бо зикри хайр ва бидуни шикоят ёд мекарданд. Ҳамеша як шикебоӣ ва оромиши равоние дар гуфтору андешаҳояшон ҳис мешавад. Ҳамвора аз миллат ва ватан бо ифтихор суҳбат мекунанд. Ӯ аз ҷумлаи адабиётшиносонест, ки бар таърихи робитаҳои адабии адабиёти навини тоҷик тасаллути комил доранд ва дар ин замина аз маълумоту таҷрубаи ҷомеъу комиле бархурдор мебошанд. Донишу андӯхтаҳо ва таҷрубаи устод Шавкат Ниёзиро бояд омӯхт ва аз он дарси хештаншиносию меҳанпарастиро ба ҷавонон таълим бояд дод. Аввалин мақолаи ӯ соли 1948 чоп шудааст. Дар бораи ҳаёту эҷодиёти устод Рӯдакӣ, Мирзо Турсунзода, Фотеҳ Ниёзӣ, Раҳим Ҷалил, А. Шукӯҳӣ, Ф. Муҳаммадиев, ҳамчунин А. Пушкин, А. Фадеев ва дигарон
асарҳои пурарзиш эҷод кардаанд. Рисолаи устод дор мавзӯи насри давраи ҷангии тоҷик то имрӯз яке аз беҳтарин таҳқиқот дар ин мавзуъ ба ҳисоб меравад. Монографияи “Назми эпикия советии тоҷик дар солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ” (1968) ва мақолаҳои ӯ “Суруди чашмасор” (1956, дар бораи назми А. Шукӯҳӣ), “Роҳҳои тараққиёти адабиёти советии тоҷик дар солҳои 1954—1959», «Оид ба масъалаи анъана ва навоварӣ дар назми тоҷик» (1971) аз ҷумлаи пажуҳишҳои илмии Шавкат Ниёзиянд. Яке аа муаллифони китоби бисёрҷилдаи «Таърихи адабиёти сермиллати советӣ» низ мебошанд.Яке аз муаллифони “Таърихи адабиёти сермиллати халқҳои Шӯравӣ” (1974) мебошанд. Тасаллути комил ба забони русӣ ва завқи баланди адабӣ ба Шавкат Ниёзӣ имкон фароҳам кардааст, ки осори зиёдеро аз забони русӣ ба тоҷикӣ баргардонанд. “Вася Железнов”-и М. Горкий, “Зани арлезианӣ”-и А. Доде, “Ғори Сулаймон”-и Сервантес, “Ҳалокати Умед”-и Ч. Ҳейерманс, “Тӯйи зангирӣ”-и А. Чехов, “Пионери ноором”-и Л. Раҳмонов, “Барои ҷабҳаи дувум”-и В. Собко, романҳои А. А. Стил “Зарбаи аввал”, Б. Сайтоқов “Бародарон”, Б. Карбобоев “Зодаи мӯъҷизаҳо” (ҳамроҳи Р. Ҳошим ва Ш. Шараф), Қ. Қулиев “Корвони сиёҳ”, ҳикояҳои алоҳидаи Р. Такур, В. Ҳюго ва А. Чехов аз ҷумлаи он осори адабиянд, ки бо қалами эшон ба забони тоҷикӣ тарҷума шудаанд. Дар тарҷумаҳои хеш Шавкат Ниёзӣ ба амонате, ки матни аслӣ наздашон гузоштааст, таваҷҷуҳи хоса дошта, дар
“ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН”, №04 (9534), 25.01.2018 баргардони матлаби муаллифи асар ҳаддалимкон ҷанбаҳои зоҳирӣ ва маънавии матнро дар назар мегиранд ва ҳамзамон ба забони адабии тоҷикӣ бо эҳтироми вежае муносибат мекунанд. Эшон осореро барои тарҷума интихоб мекунанд, ки тарзи тафаккур ва баёни ҳунарии нависандаи асар ҷолиб бошад. Афзун бар ин бар асоси асарҳои Р. Такур “Шаби видоъ”, “Гулчанбари муҳаббат” ва Ф. Ниёзӣ “Духтари сеюм” саҳнаҳои намоишӣ барои театр ва радиову телевизион таҳия кардаанд. Ин хидматҳои эшон буд, ки Шавкат Ниёзиро соли 1996 профессор, доктори ифтихории АИ театрӣ интихоб намуданд. Устод ҳамчунин Корманди шоистаи фарҳанги Русия ва Тоҷикистон мебошанд. Таҳия ва нашри китоби “Муошира” аз заҳматҳои дигари эшон аст. «Мушоира» унвони маҷмӯае мунтахаб аз ашъори шоирони Эрон, Афғонистон, Тоҷикистон ва Ҳинду Покистон аст, ки дар ҳамкорӣ бо Раҳим Ҳошим ва зери назари Мирзо Турсунзода ба хатти форсӣ аз сӯи Бунгоҳи нашриёти «Прогресс»-и Москва таҳия ва мунташир шудааст. (Маскав, 1967), Баёзи назми тоҷикӣ таҳти унвони “Таъзим бар хоки Ватан” (“Поклон родной земле”) дар ҳамкорӣ бо устод Турсунзода соли 1974 дар интишороти “Художественная литература”-и Маскав бо тиражи калон чоп шуданд. Маҷмуаҳои “Дар домани кӯҳҳои кабуд” (Маскав, 1979, 1985), “Лолачинӣ” (Маскав, 1982) ва теъдоде дигар ба забонҳои русӣ, инглисӣ, арабӣ ва урду чоп шудаанд. Соли 1987 дар интишороти “Художественная литература” маҷмӯаи повестҳои нависандагони муосири тоҷикро таҳти унвони “Бар фарози варта” (“Над пропастью”) чоп намуда, ба ин восита хонандагони русзабонро бо насри муосири тоҷик ошно намуданд. Маҳз кӯшишу талошҳои пайгиронаи устод Шавкат Ниёзӣ буд, ки осори намояндагони барҷастаи адабиёти тоҷик ба забони русӣ ва соири забонҳои дунё чоп шуданд. Устод Шавкат Ниёзӣ хазинаест пур аз ганҷ ва пуле қавию пойдор ҳастанд, ки беш аз ним аср адабиёти тоҷикро ба адабиёти ҷаҳон пайванд намудааст. Аз ин рӯ ба муносибати чунин фурсати фараҳбахшу муносиб – 90 солагии устоди гаронқадр, ки тамоми умрашонро сарфи хизматҳои бузурге ба адабиёт ва фарҳанги мо кардаанд, шогирдона барояшон тани солим, рӯҳи болида ва шодкомӣ орзу менамоем. Шодимуҳаммад СӮФИЗОДА, доктори илмҳои филология директори Китобхонаи марказии илмии Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон
МУСОҲИБ: ХУРШЕД ХОВАРӢ, “ҶТ”
Абри баҳор “Абри баҳор” як навъи санъати китобат буда, усули ороиши бадеии он саҳифаҳои китобҳои дастнавис мебошад. Ҳунармандони ин касб, ки худ мусаввир, наққош ва хаттотони моҳиру мумтоз буданд, пас аз сабти зебои матн давродаври ҳуруфро бо хатҳои моилу каҷ, ҳар гуна нақшҳои ҳандасӣ ва тасвирҳои наботӣ тавре оро медоданд, ки гӯё матн дар дохили абр, боло ё зери он бошад. Илова ба ин баъзе ҳунармандон замини матнро ҳалдавонӣ ё тиллорезӣ мекарданд. Тарзи тасвир намудани ин навъи санъати ороишӣ чунин аст: дар зарфи махсус шилми дарахтро бо рангҳои гуногун ва оби ширешдор омехта, бо мӯқалам пайиҳам (шурӯъ аз ранги баланд ба паст) ба дохили хатҳои кашида мепошанд. Сипас ба воситаи шонаи махсус ҳар гуна тасвирҳо ба вуҷуд оварда, болои ин варақро бо коғази обногузар мепӯшонанд. Баъди муддати кӯтоҳе коғазро эҳтиёткорона гирифта аз як гӯшааш дар ҷои соядор овезон мекунанд, то ки моеи рӯи коғаз шорида, он хушк шавад. Нақшу гулҳои “абри баҳор” маъмулан ба ҳамдигар монанд нестанд, вале ҳунармандони моҳир метавонистанд як нақш ё гулро чандин баробар ба мавқеъ ва муносиб такроран ба кор баранд. Чун дар гузашта саноати китобчопкунӣ ба вуҷуд наомада буд, китобҳо дастнавис мешуданд. Дар ҳамон давра санъати “абри баҳор” ҳам хеле маъмул гардида буд ва баъдан бо мурури замон аз миён рафт. Солҳои охир барои аз нав эҳё намудани ин санъати воло ҳунармандон кӯшишҳои зиёд ба харҷ дода истотаанд, то онро дубора зинда гардонанд. Таҳияи Гулбаҳор РАҲМОНОВА
11 Эҳёи ҳунарҳои мардумӣ ФАРҲАНГ
“ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН”, №04 (9534), 25.01.2018 Хушбахтона, баҳри ҳифзу гиромидошт ва таҳкиму рушд бахшидан ва ба наслҳои оянда мерос гузоштани ҳунарҳои мардумӣ имрӯз дар тамоми шаҳру навоҳии ҷумҳурӣ чораҳои муаассир андешида мешавад. Қобили қайд аст, ки тамоми минтақаҳои кишвар дорои ҳунарҳои гуногуни мардумӣ буда, онҳо бозгукунандаи фарҳанги пурғановати миллату давлати мо тоҷикон ба ҳисоб меравад. Шаҳри Ваҳдат низ дар баробари дигар минтақаҳои кишвар дорои ҳунарҳои гуногуни халқӣ буда, дар рушди фарҳанги миллӣ саҳми арзанда дорад. Ҷиҳати рушди ҳунарҳои халқӣ фаъолияти литсейи касбию техникии №45 дар ҳудуди шаҳри Ваҳдат хеле созгор аст. Дар литсейи номбурда дар радифи дигар касбҳо ҳунарҳои кандакорӣ дар чӯб, сохтани дару тирезаҳо, катҳо бо тарҳи миллӣ, коркарди оҳан ва сохтани олотҳо аз оҳан низ омӯзонида мешаванд, ки баҳри эҳёи ҳунармандони касбии бадеии халқӣ дар ҳудуди шаҳр ва деҳоти он замина мегузорад. Устоди таълимгоҳи мазкур Искандар Азизов иштирокчии фаъоли тамоми озмунҳо дар ҳудуди шаҳр, минтақа ва ҷумҳурӣ мебошад, ки аз чӯб дару тиреза, катҳои миллӣ, сутуну болорҳо омода мекунад. Ҳамзамон дар литсей гурӯҳи дӯзандагӣ ва тарроҳӣ бо роҳбарии омӯзгор Муҳайё Хайруллоева фаъолият менамояд, ки ба духтарон нозукиҳои ин касбро меомӯзонанд. Ба гуфтаи Эркамоҳ Мирзоева, мудири шуъбаи фарҳанги
шаҳри Ваҳдат, бо мақсади бештар ташвиқу тарғиб намудани ҳунарҳои мардумӣ ва ҷалби ҷавондухтарону насли наврас ба омӯзиш ва аз бар намудани ин ҳунарҳо дар назди маркази эҷодии кӯдакону наврасони шаҳр маҳфилҳои гулдӯзию куртадӯзӣ, маҳфили пухтани хӯрокҳои миллӣ, маҳфили бофандагӣ фаъолият доранд, ки айни замон беш аз 500 нафар ҷавондухтарони соҳибзавқро барои аз бар намудану саҳм гузоштан дар рушди ҳунарҳои мардумӣ гирди ҳам овардаанд. Дар самти пойбарҷо мондани ҳунарҳои гуногуни мардумӣ таъсиси марказҳои таълимӣ хеле муфид буда,дар шаҳри Ваҳдат бо дастгирии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии кишвар маркази таълимию омӯзишӣ дар ҷамоати деҳоти Гулистон созмон дода шудааст. Маркази номбурда барои омӯзонидани ҳунарҳо ба ҷавондухтарони ҳудуди деҳот пайи фаъолиятбуда, дар марказ ҷавондухтарон ба курсҳои кӯтоҳмуддати омӯзиши ҳунарҳои гулдӯзию кашидадӯзӣ, бофандагӣ, қолинбофии дастӣ, куртадӯзӣ бо тарҳи миллӣ фаро гирифта шуда, пас аз итмоми
курсҳо онҳо соҳиби сертификат мегарданд ва дар оянда метавонанд, фаъолияти худро ба роҳ монанд. Инчунин ҳамин гуна марказ дар ҷамоати деҳоти Карим Исмоилов фаъолият дорад, ки дар он барои эҳёи ҳунари қолинбофӣ ва кашидадӯзӣ шароити мусоиди ҳунаромӯзӣ фароҳам оварда шудааст. Холо дар шаҳр ҳунармандоне фаъолият доранд, ки баҳри эҳё ва рушди ҳунарҳои мардумӣ ва дар ин замина тарбияи насли наврас заҳмат мекашанд. Ҳунармандони шаҳр ба монанди Мавлуда Асоева аз ҷамоати деҳоти Баҳор бо ҳунари зебои сабадбофӣ, Абдулло Бобохонов аз ҷамоати деҳоти Карим Исмоилов бо ҳунари заргарӣ, Искандар Азизов аз ҷамоати деҳоти Абдулло Абдулвосиев бо ҳунари кандакорӣ, Ҳанифа Нарзуллоева аз деҳоти Хордараи боло бо ҳунари тоқидӯзӣ, Нодира ва Шаҳло Ҳакимоваҳо аз маркази шаҳр бо ҳунари ҷомадӯзӣ, Алишер Мирзоев аз деҳоти Ситораи сурҳи ҷамоати деҳоти Раҷаб Исмоилов бо ҳунари гавҳоратарошӣ ва табақтарошӣ ва бародарон Фаррух, Маъруф ва Соҳибқирон Муҳиддиновҳо аз деҳоти Карим Исмоилов бо
ҳунари заргарӣ маҳбуби сокинони диёр мебошанд. - Ҳунармандони шаҳр дар тамоми озмунҳои ҳудуди шаҳр ва ҷумҳурӣ фаъолона ширкат меварзанд. Аз ҷумла, дар доираи симпозиуми байналмилалии “Устод ва шогирд” дар боғи Ирами шаҳри Душанбе бо иштироки меҳмонони зиёде аз хориҷи кишвар ва масъулини Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон, рӯзҳои шаҳри Ваҳдат дар пойтахти ҷумҳурӣ шаҳри Душанбе аҳли ҳунари шаҳр намунаи ҳунарҳои зебои худро ба маърази тамошо гузоштанд, ки мақбули умум гардид, - иброз дошт, зимни суҳбат мудири шуъбаи фарҳанги шаҳр Эркамоҳ Мирзоева. Воқеан, ҳунарҳои мардумӣ чун неъмати бебаҳоест, ки тӯли қарнҳо бо талошу заҳмат ва муҳаббати самимӣ ниёгони мо онро зинда нигоҳ дошта, то ба имрӯз онро оварда расонидаанд. Пас, вазифаи имрӯзаи якояки мо шаҳрвандон аз он иборат аст, то ин ҳама мероси фарҳангиро хуб нигоҳ дорему бо таҳкиму рушд бахшидан, онро ба наслҳои минбаъда мерос гузорем. Беҳрӯз ХОЛМУРОДОВ, “ҶТ”
Муҳимтарин рукни фарҳанги миллӣ Бахшида ба “Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” эълон гаштани соли 2018 бо дастгирии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ва Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилоят дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №14-и ноҳияи Мир Саид Алии Ҳамадонӣ конференсияи вилоятӣ доир гашт. Конференсия таҳти унвони “Ҳунарҳои мардумӣ – рукни муҳимтарини фарҳанги миллӣ” бо ҷалби ҳунармандони 10 шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб гузаронида шуд. Дар чорабинӣ муовини раиси вилояти Хатлон Хидирзода Махфират, раиси ноҳияи Мир Саид Алии Ҳамадонӣ Вализода Абдуқодир, сардори Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилоят Ҷ.Исматуллозода, мудирони бахшҳои кор бо ҷавонон ва варзиши минтақаи Кӯлоб ва намояндагони касбу кори гуногун иштирок доштанд. Меҳмонон нахуст аз намоишгоҳи ҳунарҳои мардумӣ, бо шумули кандакорӣ, гулдӯзӣ, чакандӯзӣ, алочабофӣ, чубтарошӣ, ки аз тарафи ҳунармандон ба намоиш гузошта шуда буд, дидан намуданд. Кори конфиренсия бо сухани ифтитоҳии муовини раиси вилояти Хатлон Хидирзода Махфират оғоз гардида, эълони “Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ”ро фоли нек ва боз як ғамхории навбатии давлату Ҳукумат нисбат ба фарҳанг ва тамаддуни халқ маънидод намуданд. Мудири Бахши кор бо ҷавонони дастгоҳи Раёсат ва раиси ноҳияи Мир Саид Алии Ҳамадонӣ доир ба ташаббусу дастгириҳои Ҳукумати мамлакат баҳри рушду пешрафти соҳаи сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ дар назди ҳозирин баромад намуданд. Дар фарҷом барномаи ҳунарии аҳли санъату фарҳанги ноҳия пешкаши ҳозирин гардонида шуд.
12
МАВЗЕЪҲОИ САЙЁҲӢ
Дар дунё нафареро пайдо кардан душвор аст, ки дар бораи девори бузурги Чин, ин муъҷизаи нодири олам, маълумоте надошта бошад. Девори бузурги Чин ин иншооти бузургест, ки бо санъати хоса солиёни зиёд бунёд гардида, ҳамчун рамзи Чин пазируфта шудааст. Ин девор яке аз ҳафт муъҷизаҳои олам ва ягона дар рӯи Замин, ки бо ҳунари дастӣ сохта шудааст. Ривояте ҳаст, ки гӯё онро ҳатто аз Моҳ низ мушоҳида кардан имкон дорад.
Айни ҳол он яке аз иншооти сайёҳии машҳур ва сернуфуси олам маҳсуб меёбад. Ин деворро аслан чиниҳо бо мақсади ҳимояи марзи худ аз ҳуҷуми бодиянишинон бунёд намуда буданд. Ҳамасола аз ин мавзеъ зиёда аз 40 миллион нафар сайёҳон дидан мекунанд. Соли гузашта ҳангоми таҷлили яке аз идҳои миллии Чин шумораи нафароне, ки аз ин иншоот дидан намуданд, дар як рӯз ба 7 миллион расид. Дарозии ин девор 8851,392 километрро ташкил медиҳад. Ин ҷо илова ба дарозӣ боз ғавчубҳо ва
Иморати ғайритабиӣ дар ҷаҳон деворчаҳои канораҳои он низ ба инобат гирифта шудаанд, ки таркиби ин деворро ташкил медиҳанд. Ин девор зиёда аз ду ҳазор сол боз арзи вуҷуд дорад. Нуқтаи васеътарини девор ба 9 метр баробар буда, баландии он 3, 66 метрро ташкил медиҳад. Нуқтаи баландтарини девор дар куҳи Хэйта, каме дуртар аз Пекин, дар масофаи 7,92 метр аз сатҳи замин воқеъ гардидааст. Тӯли солиёни зиёд ин иншооти азим борҳо табдили ном кардааст. Нахуст он «Девора» ва ё «Қалъа» ном дошт, баъдтар номҳои нисбатан шоирона, аз қабили “Марзи арғувонӣ” ва “Хоки аждаҳо” -ро гирифт. Танҳо дар
охири асри 19 ба он номи девори бузурги Чин гузошта шуд, ки то имрӯз бо ин ном маълуму машҳур аст. Бо вуҷуди он ки ин девор таърихи зиёда аз ду ҳазорсола дорад, муддати зиёд он барои сокинони дигар кишварҳо шинос набуд. Нахуст ба сокинони Поргуталия муяссар гардид, ки ба остонаи ин иншооти бузург қадам гузоранд, ки дар миёни онҳо кашшофи машҳур Бенто Де Гоиш ҳузур дошт. Соли 1987 ин девор аз ҷониби ЮНЕСКО ба рӯйхати бузургтарин мавзеъҳои миллӣ ва таърихии олам дохил карда шуд.
АФСОНА Ё ҲАҚИҚАТ? Ривояте, ки гӯё як қисмати масолеҳи сохтмонии ин девор аз устухонҳои одамон тайёр карда шудаанд, асоси воқеӣ надорад. Дар асл бошад, масолеҳи сохтмонӣ барои сохтмони ин иморат масолеҳи он замон дастрас, аз қабили гил, санг, чӯб, хишт, сафолҳои лой ва оҳак иборат буд. Вақте ки баъзе қисматҳои деворро пурра таъмиру таҷдид мекунанд, қисматҳои боқимонда дар ҳолати садамавӣ қарор мегирад. Солҳои 70-уми асри гузашта девор ҳамчун рамзи зулму истибдод эътироф гардидаву ба одамон пешниҳод гардид, ки як қисмати онро ҳамчун масолеҳи сохтмонӣ барои хонаҳои худ истифода намоянд. Сохтмони девор расман соли 1644, вақте ки ҳокими охирини сулолаи Мин сарнагун карда шуд, ба охир расида буд. Аз он замон инҷониб дар ин мавзеъ ягон навъи корҳои сохтмонӣ, ба истиснои корҳои пешгирикунанда ҷиҳати маҳфуз нигоҳ доштани деворҳо, ба роҳ монда нашудааст. Муайян кардан душвор аст, ки дар ҳақиқат барои сохтмони ин иншоот чӣ миқдор одамон ҷалб гардида буданд, аммо тибқи тадқиқотҳои олимон ин шумора зиёда 1 миллион нафарро ташкил медиҳад. АЖДАҲОИ ПАРВОЗКУНАНДА Тибқи ривояти дигар ҷой ва самти сохтмони девор аждаҳои калонеро ба хотири сохтмончиён меовард, ки қад-қади марзи кишвар тӯл кашидааст ва коргарон деворро аз рӯи изи он гӯё аждаҳо бунёд намудаанд. Худи чиниҳо иброз медоранд, ки намои девор ба аждаҳои парвозкунанда шабоҳат дорад. Илова бар он ки ҳамарӯза аз ин мавзеи аҷибу тамошобобро миқдори зиёди одамон дидан мекунанд, он макони баргузории бисёр мусобиқаҳои варзишӣ низ мебошад. Соли 1987 тездави британиягӣ Уилям Линдси, ки ба масофаҳои тӯлонӣ медавад, дар
танҳоӣ зиёда аз 2400 километро ба дарозии ин девор давид. Солиёни зиёд ин девор макони ҳарбу зарб ва муҳорибаҳои шадид буд. Муҳорибаи охирин дар соли 1938 дар давраи ҷанги дуюми Чину Ҷопон ба амал омада буд. Манораву дидбонгоҳҳое, ки қад-қади девор дар масофаҳои баробар сохта шудаанд, ба ҳайси истгоҳҳои бонгдиҳанда хизмат намуда, маълумотҳоро бо ёрии дуд, парчамҳо ва миноҳо ба масофаҳои дур мерасонданд. “ҚАБРИСТОНИ ДАРОЗТАРИНИ ОЛАМ” Девор бо номи “Қабристони дарозтарин олам” низ машҳур аст, чун ҳангоми бунёди он садҳо ҳазор коргарон он ҷо ҳалок гардидаву дафн шудаанд. Аксари онҳо зери таҳкурсии деворҳо гӯронда мешуданд ва ривояти аз устухони одамон бунёд ёфтани девор аз ин ҷо маншаъ мегирад. Афсонаву ривоятҳо доир ба таърихи ин девор хеле зиёданд. Вале ривояти нисбатан маъмул ин саргузашти Мен Сзян Ну, зани сарватманде мебошад, ки ӯро дар давраи ҳукмронии сулолаи Син маҷбур намуданд, ки дар ин иншоот кор кунад. Вақте зан мешунавад, ки шавҳараш ҳини кор фавтидаву ӯро дар зери деворе гӯронданд, ӯ чунон ба дарду ҳасрат мегиряд, ки аз оби дидагонаш он қисмати девор, ки ҷасади шавҳарашро он ҷо гӯронда буданд, фурӯ меравад ва ӯ имкон пайдо мекунад, ки ҷасадро гирифта, ба таври муқаррарӣ ба хок супорад. Ба хотири ин рӯйдод дар ҳамон қисмати девор пайкарае гузошта шудааст. ДАЛЕЛҲОИ АҶИБ - барои мустаҳкаму устувор гардондани деворҳои сангӣ аз омехтаи хамираи шӯлаи биринҷӣ ва оҳак истифода шудааст; яке аз хусусиятҳои фарқкунандаи иншоот ин аст, ки аз ҳар як манора бояд ду манораи ҳамшафат мушоҳида шавад. Ин ба ҳарбиён имкон медод, ки бонгҳои
“Ҳунари асил” ва кашфи истеъдодҳои нав Дар тарабхонаи “Азизӣ” – и шаҳри Истаравшан бо ташаббуси мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр тибқи нақшаи чорабиниҳо бахшида ба “Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” чорабинии фарҳангӣ таҳти унвони “Ҳунари асил” баргузор гашт. Дар он роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр, Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳр, ҳунармандон ва дигар сокинони шаҳру деҳот иштирок доштанд. Дар чорабинӣ ҳунармандони шаҳру ҷамоатҳои деҳот, муассисаҳои таълимӣ, коллеҷи ҳунарҳои мардумӣ, литсеи касбӣ-техникӣ, кордсоз, аҷубасоз ва шонасоз маҳсули меҳнати худро ба намоиш гузошта, масъулин ва дигар меҳмонон ҳунарҳои дастии онҳоро тамошо намуданд. “Мақсад аз баргузор намудани чорабанӣ пеш аз ҳама дарёфти истеъ-
“ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН”, №04 (9534), 25.01.2018
доду ҳунармандони болаёқат мебошад” – гуфт Фарғат Юсупова мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа. Чунин намоишҳо бахшида ба “Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” дар 10 ҷамоат ва 22 кумитаи маҳаллаҳои шаҳр доир мегарданд. Ҳоло дар шаҳри Истаравшан зиёда аз 100 намуди ҳунарҳои мардумӣ мавҷуданд, ки ҳар яки онҳо таърихи тӯлонӣ дошта, то ҳол ҳифз гардидаанд. Шералӣ АЗИМӢ, шаҳри Истаравшан
хатарро дар муҳлати кутоҳтарин ба ҳамдигар расонанд; - се қисмати девор аз мармари ранги бунафш омода шуда, аз қисматҳо зеботарини девор маҳсуб меёбанд. Ба ин мавзеъҳо на ҳама сайёҳон роҳ дода мешаванд. - Девори бузурги Чинро қабристони калонтарини олам мешуморанд, чун дар сохтмони он зиёда аз як миллион нафар ба ҳалокат расидаанд; - Девори бузурги Чин ба рӯйхати муъҷизаҳои дунёи қадим шомил намегардад, вале дар раддабандии муосир онро ба ин рӯйхат шомил намудаанд; - дарозии девор 8851 км-ро ташкил медиҳад, вале тибқи маълумоти баъзе сарчашмаҳо он бо дарназардошти тамоми шохаҳо ва қисматҳои алоҳидааш 21197 км—ро ташкил медиҳад. - баландии девор дар баъзе ҷойҳо то 9 метр мерасад; - мусобиқае бо номи “Девори бузург” вуҷуд дорад, ки иштирокчиён ба дарозои ин девор ба масофаҳои муайян медаванд; - вақте ки дар Чин инқилоби маданӣ баргузор гардид, бисёр сангҳоро аз девор дуздида, барои хонаҳо ва дигар иншоотҳо истифода намуданд; -як канори девор ба баҳр рафта мерасад; - агар аз як тарафи девор бо садои паст сухан кунанд, аз тарафи дигари он шунида мешавад ва ин дар ҳолест, ки ғафсии девор чандин метрро ташкил медиҳад; - барои сохтмони девор 180 миллион мукааб метр хок ва 60 миллион мукаабметр сангу хишт истифода шудааст; - дар Чин аз соли 1977 инҷониб барои хароб кардани ин девор ҷарима муқаррар гардидааст; - тибқи тадқиқотҳои олимон як қисмати девор, ки дар тарафи шимолу ғарбӣ воқеъ гардидааст, баъди 20 сол аз байн меравад, ки ба ин на танҳо ҳодисаҳои табиӣ, балки аъмоли одамон низ сабаб мешавад. Таҳияи Шаҳло ЭШОНОВА
“ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН”, №04 (9534), 25.01.2018 Баъзе сомонаҳои интернетӣ натиҷагириҳои Созмони байналмилалии Human Rights Watch (HRW)-ро дар қиболи Ҷумҳурии Тоҷикистон расонаӣ карданд. Бояд таъкид кард, ки Созмони байналмилалии Human Rights Watch (HRW) ҳама чизро аз рӯи меъёрҳои ба худ маъқул андозагирӣ мекунад ва он чиро ки ба талаботи созмон мухолифат намекунад, интишор медиҳад. Ин нуктаро на як бору ду бор, балки дар ҳисобу китоби ин созмон зиёд ба мушоҳида гирифтан мумкин аст. Аз тарафи дигар, дар қаламрави ҷумҳурӣ чӣ гуна саркӯбӣ ба амал омадааст ва, аслан киро саркӯб кардаанд, мушаххас нест. Зиёда аз ин, таъбири ҳангомасози “саркӯби саросарии озодии баён” ва “фаъолияти сиёсии осоиштаи мухолифин” ба унвони маҳдуд шудани озодии баён дар ҷумҳурӣ талаққӣ шудааст. Гумонам, Созмон ба воҳима кардан ва ҳангома сохтан ва аз ин тариқ дар сатҳи тӯдаҳои норизои мамолики рӯ ба тараққӣ маҳбубият касб кардан чунин навъи гузоришҳоро пахшу нашр мекунад. Дигар ин ки воқеияти замонию маконӣ чизи дигарро бозгӯ мекунад: дар ҳудуди Тоҷикистон саркӯбии озодии баён, агар мушоҳида мешуд, сомонаю расона ва ҳафтаномаҳои мустақил ба нашри матолиби интиқодӣ иштиғол варзида наметавонистанд. Имрӯз дар фазои иттилоотӣ ва фарҳангии ватанӣ ҳафтаномаҳои “Фараж”, “Самак”, “Озодагон”, “Миллат” ва амсоли инҳо ба интишори маводи таҳлилӣ ва интиқодӣ машғуланд ва касе пеши роҳи пахши иттилоот ва матолиби интиқодиро нагирифтааст ва матбуоти озод дар доираи риоёти қавонини байналмилалӣ ва кишвар фаъолият карда истодааст. Убур кардан аз марзи қонун ва асноди меъёрии ҳуқуқӣ дар ҳама ҷо вайрон кардани муқаррарот ва ҷиноят ҳисобида мешавад. Бинобар ин, бастани расона ё ҳафтаномаҳое, ки меъёрҳои ҳуқуқиро нақз мекунанд, талаботи қонун аст ва инро ба озодии баён рабт додану аз ин ҳисоб ҳангома сохтан дуруст нест.
13 Вақте натиҷаҳо ғаразолудаанд E - MAIL: javonontj@mail.ru
ё чаро натиҷагириҳои созмонҳои байналмилалӣ баёни асли воқеият нест? Дар мавриди озодона фаъолият кардани созмону аҳзоби сиёсии мухолиф ҳаминро гуфтан мумкин аст, ки ҳизбҳои сиёсие, ки бо Ҳукумат ихтилофоти усулӣ ва барномавӣ доранд (Ҳизби Коммунистии Тоҷикистон, Ҳизби Сотсиал-демократии Тоҷикистон, Ҳизби Демократии Тоҷикистон, Ҳизби сотсиалистии Тоҷикистон ва амсоли инҳо) дар қаламрави ҷумҳурӣ озодона фаъолияти сиёсӣ ва ҳизбӣ мекунанд ва ҳеҷ кас ва мақомоти давлатӣ монеи иқдомоти аҳзоби сиёсии мухолиф нашудааст. Агар манзури Созмони байналмилалии Human Rights Watch (HRW) аз интиқодоти фаъолияти сиёсӣ дар Тоҷикистон ТЭТ ҲНИТ бошад, метавон арз кард, ки ин созмони сиёсӣ аз доираи ваколатҳои худ баромада, худаш роҳро барои муколимоти сиёсӣ ва фарҳангӣ бо Ҳукумат бубаст ва ҳадафҳои ғайримашрӯи ба даст овардани султаро дар қаламрави Тоҷикистон тарҳрезӣ намуд. Муҳимтар аз ин, ТЭТ ҲНИТ барои ба ҳадаф расидан аз пуштибонии доираҳои мазҳабӣ ва созмонҳои сиррии қудратҳои минтақавӣ истифода бурд. Таи фаъолияти сиёсӣ ба ҷои он ки майдони муколимоти озод ва бидуни қайду банди шаҳрвандиро бо пайравони адёну мазоҳиби дигар ва махсусан, созмонҳои дунявӣ ва иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ тавсеа бахшад, ба парокандани хурофоту таассуби динӣ-мазҳабӣ машғул шуд ва охируламр фазои мағшуши ҷаҳолати мазҳабиро дар сатҳи иҷтимоӣ “бозсозӣ” намуд. Дар ин ҳолат буд, ки давлат ва Ҳукумат дар асоси қонун фаъолияти онро мамнӯъ эълон дошт ва танҳо аъзои Шӯрои сиёсии ТЭТ ҲНИТ-ро, ки дар табаддулоти сиёсию интизомӣ даст доштанд, ба ҷавобгарӣ кашид (аъзои дигари он, ки ҷиноят содир накардаанд, озодона кору фаъолият доранд). Дар кадоме аз кишварҳои пешрафтаи ҷаҳон ин кор сурат намегирад? Бинобар ин, вақте ки дар бораи озодии баён ва фаъолиятҳои озоди сиёсии созмонҳои сиёсии мухолиф сухан меравад, на сарсарӣ, балки онро дар маҳдудаи сиёсӣ ва фарҳангӣ бояд баррасӣ кард, на аз он ҳангома сохт. Дар масъалаи “бедалел” пушти панҷара бурдани фаъолони сиёсӣ ҳаминро таъкид кардан басанда аст, ки шумули чандин вакили мудофеъ ва журналист, ки гӯё “беда-
лел пушти панҷара боқӣ мемонанд” дар нақзи қавонини мавҷуда муқассиранд ва аз онҳо тарошидани бегуноҳ ва ба ҷомеаи ҷаҳонӣ аз ин “шоҳкор” ҷор задан ҳоло маънои бегуноҳӣ ва мубарроии тоифаи болоиро надорад. Ҷурму гуноҳи онҳо дайн ва тибқи муқаррароти қонун ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида шудаанд. Дар доираи талаботи қонунгузорӣ бозпурсии гумонбаршудагон ва хешовандони онҳо барои мушаххас кардани вазъияти ҷиноӣ, таъини ҷинояткор, амалҳои ҷиноятӣ ва амсоли инҳо барин ҷузъиёту куллиёти самти тафтишотӣ аз кай боз гуноҳ шинохта мешавад? Мақомоти марбутаи давлатӣ, фаразан нафареро ба сифати шоҳид барои мушаххас кардани таркиби ҷиноят ба пурсиш даъват кунанд, муртакиби ҷурму хато мешаванд? Бояд ин корро накунанд ва нишинанд, ки омилони ҷиноят ва ҷиноятпешагон дар ҳар ҷо ба номи Ҷумҳурии Тоҷикистон иснод биёваранд ва давлати миллиро таҳқир намоянд?! Гурӯҳҳое, ки созмонҳои ҳуқуқи башар аз онҳо ёд мекунанд, на ба интиқоди мунсифона, балки ба таҳқири давлат ва шахсиятҳои дараҷаи аввали Ҳукумат машғуланд ва баъзе созмонҳои бонуфузи аврупоие, ки дам аз демократия ва озодандешӣ мезананд, аз терроризми динӣмазҳабӣ дар симои ин тоифаи ватанфурӯш в а
мазҳабзада пуштибонӣ мекунанд ва ҳуқуқҳои онҳоро ба сифати “фаъолони сиёсӣ” ҳимоят менамоянд. Ин аст, демократияи баъзе доираҳои аврупоӣ, ки як иддаи мазҳабзадаро ба унвони “фаъолони сиёсӣ” ва “зиндониёни сиёсӣ” пуштибонӣ мекунанд. Тарғиби либоси миллӣ ва ба ин васила ҷилавгирӣ намудани раванди бегонашавӣ, ки давлат таҳти пуштибонӣ қарор додааст, чӣ бадӣ дорад, ки созмонҳои байналмилалӣ аз ин тасмими давлатӣ сари тарс доранд. Охир, либоси миллӣ баёнгари зоҳиру ботини миллат аст ва миллат танҳо аз роҳи ба намоиш гузоштани аносири ҳувиятии худ метавонад дар миқёси байналмилалӣ ҷойгоҳ пайдо намояд ва роҳро барои мубодилоти фикрию эстетикӣ бо дигар ақвому милал ҳамвор созад. Дар мавриди сатр. Фикр мекунам, коршиносону донишмандони диншиноси ватанию хориҷӣ хуб медонанд, ки сатр чист ва барои чӣ пӯшида мешавад. Баъзе сатрпӯшон, аксаран огоҳона ва дидаю дониста алайҳи соири занҳои бе рӯсарӣ қиём мекунанд ва даъвӣ мефурӯшанд. Ин аст, ки ин гуна занҳо, ки огоҳона ва ҳадафмандона сатр мепӯшанд ва миёни ҷомеа
ҷилва мекунанд, пеш аз ҳама, даъвӣ пеш меоваранд ва худро аз дигарон бартар менамоёнанд. Дар асл, онҳо симо ва амалашонро намоиш медиҳанд ва таблиғоти динӣмазҳабии мақсаднокро пеш мебаранд. Ин аст, ки давлат бар мабнои таҳқиқотҳои илмӣ ва фаннӣ бо сатр бархӯрд мекунад, чун медонад, ки ривоҷ ёфтани он ихтилофоти мазҳабӣ ва ташаннуҷи хурофоти диниро ба дунбол дорад. Ҳеҷ боварам намеояд, ки созмонҳои байналмилалӣ ин нуктаҳоро надонанд. Медонанд, вале барои ҷорӣ намудани ба ном демократияи шарқӣ ин иқдомро пиёда менамоянд. Бинобар ин, он чи ки ба унвони хулосаю натиҷагирӣ аз ҷониби созмонҳои байналмилалалӣ ироа мегарданд, ҳанӯз баёни воқеияти зиндагии миллӣ ва ҷомеаи шаҳрвандии кишвар нестанд ва наметавонанд ниёзҳои иҷтимоӣ, сиёсӣ, фикрӣ, ҳуқуқӣ ва мадании мардум ва ҷомеаи тоҷикиро бароварда созанд. Мо назарот ва натиҷагириҳои созмонҳои байналмилалиро дар қиболи Ҷумҳурии Тоҷикистон эҳтиром мекунем, вале ақлу зеҳнамон қабул кардани нукоти онҳоро, ки баъзан муғризонаанд, иҷоза намедиҳад. Фаридун ОРИЁӢ
14 Фасли поиз ҳукм дошт. Чанд рӯз ҳаво тираву боронӣ ва сард шуд. Имрӯз бошад, баракс, хеле нарму форам. Осмон бисёр зебо ҷилва менамояд. Абрҳо порапора, дар ҳар қисмати он ҳаракат мекунанд. Руҳам болида гашту ба боғ рафтанамро надониста мондам. Шамоли нарму гуворо якмаром вазидан дошту баргҳои зардшуда ва чун тилло ҷилодиҳандаи дарахтонро як-як ба замин тобхӯрон мефаровард. Дили кас аз дидани ин манзараи хеле зебо об мехӯрад. Аслан, баргҳо фарзанди заминанд. Аз ин рӯ, замин онҳоро чун модар ба оғӯш мегирад. Онҳо бояд пӯсида ба замин мадоро шаванд. Аммо ҳайҳот! Ҷамъ оварда месӯзонанд, ки аз дудаш нафаси замин мегирад. Ногоҳ касе маро садо карду дар рӯ ба рӯям дӯстам Асоро дидам. – Э, ин тӯӣ, Исо? Бовар намекунам! Худоё! Ту бовар мекунӣ, ё не?! Аммо ман ҳанӯз ҳам бовар намекунам! Не, не! Намекунам! Магар ин ту бошӣ, ту?! Аз пургапии ӯ дилтанг шуда, миёни ҳарфаш давидам: – Ин манам, ман! – Ин ту бошӣ, муборак шавад! – Чӣ? – Кепка! – нидо намуд ӯ. – Лекин зебидааст. Сипас бо заҳрханда афзуд: – Ту магар кепкаро бад намедидӣ? – Бале, бад медидам, – посух додам бо табассум. – Акнун роҳати ҷон мешуморамаш. – Чӣ шуд, ки дӯсташ доштӣ? – Як сухани дӯсти нониву забонӣ не, ҷонӣ сабаб шуд… * * * Воқеан, Асо рост мегуфт, ман кепкаро бисёр бад медидам. Барои чӣ? Саволи мантиқӣ. Зеро ҳама чӣ сабаб дорад. Фасли тирамоҳе, ки дар синфи панҷум мехондам, падарам бароям кепкаи қимат харид ва таъкид кард: – Саратро аз хунукӣ эҳтиёт кун. Ҳамсинфонам бо завқ ва ҳисси кунҷковӣ ба кепкаам нигариста, “те як бор пӯшам” - гӯён кепкаро ба сар мемонданд. Аммо вақте нархи онро мешуниданд ҳамон замон ҳама шавқу рағбати онҳо гум мешуд. “Э, безеб” гуфта наҳ мезаданд. Рӯзе Гурез, ки дар синфи ҳаштум мехонду чун “бачаи шум” ном бароварда буд, ба ман гуфт:
КИТОБХОНАИ “ҶТ”
Кепка ҳикоя
– Мехоҳӣ фокус нишон диҳам? – Чӣ хел фокус? Вай аз кисааш як дона тухм бароварда гуфт: – Ана, ин тухмро дар тори сарат, зери кепка мемонӣ, ман онро аз кисаи шимат мегирам. – Чӣ хел? – Мон, мебинӣ. – Тухм пухтагӣ аст? – Ҳо, пухтагӣ аст. Мани сода ба гапи ӯ бовар карда, гуфтаашро иҷро кардам. Вай бо овози баланд гуфт: – Диққат! Диққат! Надидам нагӯед, нашунидам нагӯед. Ҳоло фокуси ҷаҳонӣ нишон медиҳам. Сипас “як, ду, се” гӯён як мушт ба болои кепкам фуровард. Тухм хом будааст, шикасту ба сару рӯям шорид. Хандаи бачаҳо баланд шуд. – Кепка муборак! – Зебидааст! Ҳамон бегоҳ падарам ба хонаи Гурез рафт. – Медонам, – гуфтааст падари Гурез. – Охир, ман барои ҳамин номи ӯро Гурез мондам, то ки аз ӯ гурезанд. Ҳамон рӯз ба ман лақаби “кепка”-ро доданд. Пас, чӣ шуд, ки баъди ним асри бадбинӣ кепка пӯшидам? Ин воқеъа чунин рӯй дод. Он рӯз ҳаво абрнок буду ғуборолуд. Табли раъд мехурӯшид. Ханҷари барқ шуъла мезад. Боди сарди тирамоҳӣ сару рӯйро мелесид. Ҳамроҳи дӯстонам Ризо ва Байзо ба маъракае мерафтем. Чун аз худгард пиёда шудем, аз куҷое муовини раиси идораамон Гулрӯи якрави саркаш пайдо шуду сари роҳамонро гирифт: – Са-а-лом! – Салом! – гуфтем ҳар се баробар. Вай ба сӯи мо нигоҳе мармуз афканд. Аввал табассум кард, баъд баланд хандид: – Аҷаб сегонае. Сипас лаҳзае хомӯш ба телпаки сари ман нигоҳи пур аз хашм бидӯхт. Пасон мазоҳомез наҷво зад: – Исо зимистон чӣ мепӯшида
бошад… Гӯё ба сарам тозиёна зад. Эҳсос кардам, ки чизе дар замирам такон хӯрд. Дилам якбора ба шӯр омад. Хун дар шараёнам биҷӯшид. Вале ҳарфе ба забон оварда натавонистам. Дӯстонам низ ҳайрону лол чизе намегуфтанд. Гулрӯ ба рӯямон теғ кашида, бо хушунат гуфт: – Иштиҳои қозгир. Ҳамчунон хомӯш якто-якто по партофта, то тангкӯча омадем. На дӯстонам чизе мегуфтанд, на ман. Танҳо Ризо китф дарҳам кашида, чизе дар андешааш чарх мезанонд. Ниҳоят гиребон дошта: – Ё тавба! – гуфт. Пасон бо нафрати ошкоро афзуд: – Ҳамеша неш мезанад-е. Мегӯӣ каждум бошад. Байзо бо завқ сар такон дод: – Оре, Ризо! Оре!.. – Балки аз каждум ҳам бадтар аст, – гуфт Ризо ва аз бозуям дошт. – Ту ғам махӯр. Вай ҷакидан мегирад. – Ҳо, кораш чӣ ки ту чӣ мепӯшӣ, – Ризоро дастгирӣ карда, гуфт Байзо. – Афсӯс, ки зан аст, набошад адабашро медодам. – Валлоҳ, вай зан нест. – Чӣ хел зан нест? – Зани тоҷик нест. – Зани тоҷик шоху дум дорад? – Зани тоҷик бояд муштипар, хомӯшу хаппак бошад. Ба қавле: “деҳ, ки хӯрам, зан, ки мурам!” – Дар кӯча ҳам худро сардор метарошад. – Ҳо, доим таъкид мекунад-ку: маро муовин нагӯед, ҷойнишин гӯед. Яъне, фардо дар ҷои раис бояд нишинам. Вай шағолаш ҳаст-ку… номаш чӣ буд? – Зариф. – Ҳо, худи худаш. Думашро ликонда, гапи ӯро об дода мегӯяд: “Ҷойнишини таппа-тайёр!” – Агар ӯ сардор шавад, ба Худо рӯзамонро чун таҳи дег сип-сиёҳ мекунад, – ташвишомез иброз дошт Ризо. – Рост-рост, ҷони гапро гуфтӣ,
– суханонашро тасдиқ кард Байзо ва афзуд: – “Илоҷи воқеа пеш аз вуқуъ” гуфтаанд. Ризо сар такон дода, хомӯш монд. Магар чизе чун барқ ба ёдаш зад, ки бо оҳанги қатъӣ гуфт: – Ӯро афтондан лозим. Байзо бо ҳайрат пурсид: – Аз куҷо? – Э, ту ҳафтафаҳм будаӣ-ку?! – асабӣ шуда, тунд гуфт Ризо. – Аз куҷо мешуд? Аз курсӣ-да. – Кадом курсӣ? – Ё тавба! Курсии мансаб! – Валлоҳ, ки рост мегӯӣ. – хушнудона ризо шуд ӯ ва боз суол дод: – Вале, чӣ хел? Чун ҷавоб нашунид, афзуд: – Охир, ин кори осон нест. Посухи Ризо кӯтоҳ буд: – Ташкил мекунем. Байзо аз шавқ сар такон дода, ба ӯ гуфт: – Ба Худо, ту бало! – Кӣ бало?! – Ризо чеҳра тағйир дод. – Не, не! Маро нафаҳмидӣ. Балоро ба маънои донову бино гуфтам-да. Ва боз… – Боз чӣ? – Боз фаъол, ҳушёр ва бедор. Ризо аз таҳсини Байзо руҳ гирифта, кафи даст ба ҳам совид. Пасон рӯ ба ман овард: – Ту чӣ мегӯӣ, Исо? Беихтиёр оҳ кашидам ва гуфтам: – Чӣ илоҷ, “аз мост, ки бар мост”. Вай қаҳ-қаҳ хандид ва бо чеҳраи мамнун бурро ва қатъӣ гуфт: – Яъне, ташкил мекунем. Байзо ба шӯр омад: – О, чӣ хел?! – Бисёр донӣ пир мешавӣ, – мазоҳомез гуфт Ризо. Аз ин ҳарфи Ризо иззати нафси Байзо коҳид. Сахт ранҷид. Хеле нороҳат шудам, балки тарсидам, ки аз роҳ мегардад. Не, хайрият! – нагашт, балки гуфт: – Дӯстон, дуое мекунам, ки амалиётамон барор гираду дӯстиамон бегазанд монад. Омин! Ризо низ омин кард: – Омин! Байзо сӯи ман теғи нигоҳ кашид: – Ту чӣ?! Ман барои газанд наёфтани дӯстӣ омин гуфтам: – Омин! Ва суханро ғоз надодам, ки биринҷ оббардор нест. Чини миёни абрӯи Байзою Ризо кушода нашуд, то омадани табақи ош қаҳрӣ буданд. *** Маърака серодам буд. Бӯи оши палав мавҷ мезад. Аз хона овози гиряи ҷигарсӯз ба гӯш мерасид. Вале касе ба он аҳамият намедод. Ҳама бо камоли майл
“ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН”, №04 (9534), 25.01.2018 ош мехӯрданд. Табақи ош Байзоро бо Ризо оштӣ намуд. – Бисёр оши бомазза, – гуфт Байзо ба Ризо. – Ҳо, – сар ҷунбонд Ризо. – Лаънатӣ усто будааст. – Кӣ? – Кӣ мешуд? Ошпаз-да. – Ҳа-а… Баъзеҳо бе рӯву рио мегуфтанд: – Як табақи дигар биёр Як сӯ мотам, як сӯ тӯй! Аз ин манзараи пуртазод дилам ғаш кард. Беихтиёр ба сари ҳар яке нигоҳ мекардам. Касе телпак напӯшида буд. Баъзеҳо дар сар кепка доштанд Рӯзи дигар сарам ба дард даромад. Мегузарад гуфта, тоқат кардам. Вале нагузашт, балки шадидтар шуд. Ба духтур муроҷиат кардам. Пас аз муоинаву пурсупос, ба чунин хулоса омад: – Айби телпак. – Телпак? – Бале, – гуфт ӯ. – Саратон арақ карда, шамол хӯрдааст. Мутобиқи ҳар фасл бояд либос пӯшид. Чаро дар тирамоҳ телпак мепӯшед? – Касали диққи нафас дорам, – гуфтам. – Метарсам шамол нахӯрам. Аз ин рӯ, аз аввали тирамоҳ телпак мепӯшам. – Тарс балои ҷон аст. Бо ин ҳол метавонед боз ба як касали дигар, менингит гирифтор шавед. – Менингит?! – ҳуш аз сарам парид. – Шумо шӯхӣ мекунед? – Ин шӯхӣ нест. – Чӣ кор кунам? – Беҳтараш кепка пӯшед. Чанд рӯз эҳсоси аҷиб ва мутазоде дар замирам талош меварзид. Ва ҳарфҳои Гулрӯ дар зеҳнам такрор мешуд, такрор: “Исо зимистон чӣ мепӯшида бошад”. Ин чӣ ҳарфест?! Пуч? Ҳавоӣ? Бемаънӣ? На! Ҳазор на! Ҳақ ба ҷониби Гулрӯст! Пеши худ иқрор кардам, ки бештар имкони дарк кардани сухани ҳақро аз даст медиҳем. “Исо зимистон чӣ мепӯшида бошад”. Оре, ин ҳарфест табарвор! Ҳамзамон чун барқ ин мақол ба ёдам зад: “Дӯст гӯяд табарвор, душман гӯяд шакарвор”. Ин лаҳза дар вуҷудам нерӯеро эҳсос намудам. Ҷаста аз ҷо хестаму ба бозори Корвон рафтам. – Бисёр зебид, – хушҳолона гуфт фурӯшанда. – Гӯё барои худат тайёр карда бошанд. Албатта, ман ба ӯ бовар накардам. Зеро мақсади ӯ фурӯхтани молаш аст. Аз ин рӯ, аз ду духтар ва ду зан илтимос кардам, ки ҳақонӣ баҳо бидиҳанд. Хулосаи ҳар чор як буд: – Ба Шумо зебид. Ризо ба ташкил кардан фурсат наёфт. Аз он чи ки метарсид рух дод. Гулрӯ ба ҷои сардор нишаст. Воқеан ҳам рӯзи Ризову Байзоро сиёҳ кард. Чун чашмаш ба кепкаи сари ман афтод, табассум гирди лабонаш гул кард, хушҳолона нидо намуд: – Ана, ин дигар гап! Шералӣ МӮСО, нависанда
“ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН”, №04 (9534), 25.01.2018
15
РАНГОРАНГ
Дарс ва бозиҳои шавқовар Усули фаъоли таълим дар дарси геометрия дар синфҳои 7-11 “Равшанкунандаи хиради башар ва афрӯзандаи машъали илму донишу тавоноӣ омӯзгор, муаллим ва устод аст”, - мегӯяд сарвари оқилу донои мо Эмомалӣ Раҳмон. Ба шогирдон барои омӯзонидани фанни геометрия, фаҳмонидани нозукиҳои ин фан эҷодкорӣ, навоварӣ бо истифодаи роҳу усулҳои фаъоли таълим зарур аст. Омӯзгор бояд ҳис намояд, ки ба кадом роҳ дониши шогирдонашро сайқал диҳад: бо саволгузорӣ, нақшасозӣ ё гурӯҳбандӣ. Роҳу усулҳои таълиму тарбия доимӣ набуда бо мурури замон пайваста тағйир меёбанд. Фаъолнокии дониши шогирдон пас аз худ намудани мақсади асосии фанҳои дақиқ (геометрия, алгебра) баррасӣ мегардад. Талаботи меъёрии фанни геометрия дар зинаи таҳсилот бояд дониш, малака ва маҳоратро омӯзад. Вақтҳои охир дар бораи усулҳои фаъоли таълим бисёр сухан мегӯянд, ки ин барои баланд бардоштани савияи дониши шогирдон замина мегузорад. Як қатор усулҳои фаъоли таълим аз инҳо иборат аст: 1) Бо роҳи гурӯҳбандӣ 2) Бо роҳи ҳамгароӣ 3) Тӯфон дар майна 4) Саволгузорӣ 5) Кори мустақилона 6) Бо роҳи ҳалли мисолҳои тестӣ 7) Бо роҳи “карточка”- диҳӣ ва ғайра 8) Кластер (хӯша) 9) Виктория 10) Кроссворд 11) Тестҳо Бозиҳои шавқовар, ҳамчун маҳаки усули таълим дар баланд бардоштани савияи дониши хонандагон мақоми арзанда доранд. Зеро муаллим тавассути ин бозиҳои шавқовар қисматҳои мавзӯъ, , моҳияти он ва дарсро мустаҳкам намуда, дониши шифоҳии хонандагонро васеъ мегардонад. Бо ин усул омӯзгор аз дониши хаттии шогирдон бохабар шуда, малака ва маҳорати ҳар як шогирдро меомӯзад. Ба ҳозирҷавобии хонандагон диққат дода, бо сарфи ками вақт мақсади дарсро амалӣ менамояд. Яке аз талаботҳои асосии бозиҳои шавқовар он аст, ки хонандагон ба гурӯҳҳо аз рӯи партаҳо ва ё мизҳо тақсим гардида, танҳо баъди саволу ҷавобҳо гурӯҳи ғолиб муайян карда мешавад. Бозиҳои шавқоварро метавон дар таълими ҳамаи фанҳо истифода бурд. Истифодаи технологияи муосир барои осон гардидани дарс азхудкунии шогирдон беҳтарин ба ҳисоб меравад. Бештари хонандагон аз барномаҳои интернетӣ истифода бурда, савияи дониши худро баланд мебардоранд. Хушбахтона, чунин барномаҳои нави таъсисёфта кори мо, омӯзгоронро осон мегардонад. Меҳрубон АБДУЛЛОЕВА, Шоира ФОЗИЛОВА, омӯзгорони ММТУ № 94-и ноҳияи Синои пойтахт
Ҷавонӣ – беҳтарин лаҳзаи умри инсон аст. Умри инсон ҳам бо ҷавонӣ зебову фараҳбахш аст. Дар ин росто Паёмбари бузург ҳазрати Муҳаммад (с) фармудаанд: “Панҷ чизро пеш аз панҷ чиз ғанимат бишуморед ва яке аз онҳо ҷавониро қабл аз пирӣ». Бо дарки гуфтаҳои боло пас аз хатми мактаби миёна мақсади ягонаам ин буд, ки сазовори номи донишҷӯ гардаму
Наврасони сарҳуй Чанд муддат пеш дар яке аз марказҳои дилхушии ҷавонон байни ду гурӯҳи наврасон муноқиша сар зада, оқибат ба занозанӣ оварда расонд. Гурӯҳе шабона дар кӯчаи шаҳр бо дашному алфози қабеҳ, ба таъқиби гурӯҳи дигар пардохт. Ин дам гурӯҳи навбатдори милисаҳо савори мошин ба ҷои ҳодиса ҳозир шуд. Онҳо хостанд ба чунин амали ношоями наврасон монеъ шаванд. Наврасони ба шӯромада, таъқибро як тараф гузошта, бо калтак ва ҳар гуна ашёи дар даст буда, ба милисаҳо ҳамла карданд. Диданд, ки зӯрашон ба милисаҳо намерасад, ба мошини онҳо дарафтода, зада чанд ҷои онро пачақ намуданд. Натиҷа чунин шуд, ки милисаҳо чанд нафари онҳоро боздошта, ба милисахона бурданд. Албатта, чунин амали зишти ин гуна наврасон бе ҷазо намемонад. Шояд ба паси панҷара ҳам афтида монанд.
Чунин амали ношоями наврасонро шунида ҳар нафари солимфикр ба андеша меравад. Аз он хусус, ки чаро дар чунин шароити барои таҳсилу илмомӯзӣ муҳайё будани тамоми шароитҳо, ин гуна кирдору рафторҳои ношоям ва барои ҷомеа хавфнок рух медиҳанд? Кадом омилҳо ба ин вазъ боис шудаанд ва роҳи ҳалли онро чӣ гуна метавон ёфт? Зеро масъалаи косташавии ахлоқи наврасону ҷавонон басо ҷиддӣ гардидааст. Яке аз омилҳои муҳиме, ки боиси сар задани чунин кирдорҳо шуда метавонад, ин беназорат гузоштани фарзандон аз ҷониби волидон аст. Бисёр наврасон то нисфи шаб беҳудагардӣ мекунанд ва ин ҳолат волидони онҳоро умуман ба ташвиш намеорад. Намеанде-
шанд, ки фарзандашон дар нисфи шаб куҷосту ба чӣ кор машғул аст? Маҳз фориғболии бархе аз волидон нисбати тақдири фарзанд оқибати ногувор ба бор меорад. Ҳоло дар ҳар сари қадам ҳуҷраҳои компютериро вохӯрдан мумкин аст, ки натанҳо наврасон, балки кӯдакон низ таълими мактабро “фаромӯш” карда, вақти зиёди худро дар чунин ҷойҳо мегузаронанд. Ин ҷо чӣ ба даст меоранд? Танҳо амалҳои фаҳшу зӯроварӣ, на чизи дигар. Пас оянда онҳо кӣ мешаванд? Сари ин масъала оила, мактабу ҷомеа бояд андеша намоянд. Албатта, омӯзгорон баробари таълим ба тарбияи насли наврас ҳатман машғул мешаванд. Аммо заминаи асосии тарбия муҳити
Баракати “Соли ҷавонон” дониш омӯзам. Бисёр хушбахтам, ки ба ин мақсадам расидаму ҳоло донишҷӯям. Хушбахтии дигарам ин аст, ки дар соли таърихии “Соли ҷавонон” донишҷӯ гардидам. Эълон гардидани соли 2017 ҳамчун "Соли ҷавонон" аз тарафи Пешвои миллат як иқдоми нек барои мо ҷавонон буд. Солҳои охир ҷавонон тавонистанд, ки дар ин ё он соҳа номи миллатро дар арсаи ҷаҳонӣ муаррифӣ намоянд. Бахусус, ҷавонон дар соҳаи варзиш натиҷаҳои таърихие нишон доданд, ки боиси ифтихор аст. Умуман имсол барои ҷавонон дар тамоми ҷабҳаҳо соли пурбаракату пурҳикмат буд. Зеро шумораи
дастовардҳои ҷавонони тоҷик дар ин сол нисбат бо солҳои пешин бесобиқа буд. Айни ҳол донишҷӯи факултети журналистикаи ДМТ мебошам. Воқеан, хушбахтии донишҷӯёни имрӯза дар он аст, ки метавонанд барои васеъ гардонидани дониши худ аз технологияи нави муосир, ба монанди интернет васеъ истифода баранд. Танҳо шарти муҳим он аст, ки бояд мо бо эҳсоси ватандӯстӣ аз ҳама имконот мақсаднок истифода барем. Мо ҷавонон имрӯз ифтихор аз он дорем, ки дар фазои озоди сулҳу субот ва давлати демократӣ умр ба сар бурда истодаем. Имрӯз таваҷҷуҳи Ҳукумати мам-
оила аст. Волидонро лозим аст, пайваста аз рафти таълими фарзандон бохабар шаванд. Дар хона рафти дарстайёркунии онҳоро назора намоянд. Ба мактабҳо ташриф оварда, бо омӯзгорон вохӯранд. Аз онҳо пурсон шаванд, ки фарзандашон ба машғулиятҳо чӣ гуна омода ва савияи донишашон дар кадом вазъ аст? Маҳз дар ҳамбастагӣ ва ҳамкорӣ метавон дар тарбияи фарзанд, насли наврас ба комёбӣ ноил шуд. Вагарна бо шабгардию андармони дискоклубу марказҳои интернетӣ шудан, наврасонро ояндаи нек нахоҳад буд. Гулшан ОДИНАЕВА, омӯзгори МТМУ №91-и ноҳияи Синои пойтахт
лакат нисбати ҷавонон хеле назаррас аст. Тамоми имкониятҳо барои ҷавонон фароҳам оварда шудааст. Ҳукумати кишвар бо пуррагӣ дарк кардааст, ки ҷавонон насли бунёдкору ояндасози миллатанд. Аз ин рӯ, ҷавонон бояд аз ин даврони накӯи ҳаёт самаранок истифода баранд. Мо ҷавонон бояд донем, ки роҳи дарёфти бахту саодати ҳаёт бе ранҷу меҳнат вуҷуд дошта наметавонад. Аз ин лиҳоз, мо ҷавонон бояд мусофирони роҳи орзуву муродҳои нек бошем. Аз ҳама гуна мушкилот наҳаросему барои бунёди кохи орзуҳои худ дар ҷавонӣ санги асос гузорем. Аниса ËРАСЕНОВА, донишҷӯи ДМТ
16
“ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН”, №04 (9534), 25.01.2018
ФАРОҒАТИ ҶАВОНОН
Сеҳри хома АМАЛИ МЕҲРОБ АЗИМОВ, “ҶТ”
√ АНДАРЗ
Мор ва арра ТАҲИЯИ ШОДИХОНИ НАЗАР, “ҶТ” Як шаб мори бузурге барои пайдо кардани ғизо вориди дӯкони наҷҷоре шуд. Одати наҷҷор ин буд, ки қабл аз коргоҳ рафтан, васоили корияшро рӯи миз мегузошт. Он шаб низ наҷҷор арраашро рӯи миз гузошта буд. Вақте мор аз он ҷо мегузашт, баданаш дар арра гир шуд ва каме захмӣ гашт. Мор барои дифоъ аз худ арраро газид. Ин кор сабаби хунрезии даври даҳонаш шуд, аммо худ намедонист, ки чи иттифоқе рух дода истодааст. Мор
гумон кард, ки арра ба ӯ ҳамла дорад ва барои ҳамин тасмим гирифт, ки аз худ бештар дифоъ кунад. Мор бо тамоми қувва худро даври арра печонид ва фишор дод. Субҳ вақте наҷҷор ба коргоҳ омад, рӯи миз ба ҷои арра лошаи мореро дид, ки аз сабаби бефикрӣ ва хашми зиёд ҳалок шудааст...
Мантиқ: Мо дар лаҳзаи хашм мехоҳем ба дигарон зарар расонем, вале баъдан мутаваҷҷеҳ мешавем, ки ба ҷуз худамон дигар касеро наранҷондаем. Зиндагӣ бештар ба ин эҳтиёҷ дорад, ки гузашт ва чашмпӯшӣ кунем; аз рӯйдодҳо, аз одамҳо ва аз рафторҳо...
Захм бо “бахшиш” сиҳат намеёбад МИР САЙИД АЛИИ ҲАМАДОНӢ
√ САЙҚАЛИ
АНДЕША
То метавонӣ, кӯтоҳ ё гуворо гап зан.
Марде як писар дошт, шӯху ниҳоят душвортарбия. Рӯзе набуд, ки он наврас бо касе ҷангу дашном накунад. Дар охир барои тарбият ёфтан писарро назди пири рӯзгордидае бурд, то тарбияти фарзандашро ҳамчу устод қабул кунад. Ҳар бадие, ки ба мардум мекунӣ баробараш якто аз ин мехҳо ба ана ҳамин сутун бикӯб. Ҳаракат кун, то мехкӯбиат кам шавад. Дар рӯзи аввал шогирди душвортарбия 18 мех ба сутун куфт. Рӯзҳо мегузаштанд, торафт мехкӯбӣ кам мешуд. Ниҳоят рӯзе расид, ки ҳоҷат ба мехкӯбӣ намонд. Ва шогирд
аз ин ҳол устодро бохабар кард. - Хело хуб, - гуфт устод - акнун бирав ҳамаи мехҳои куфтаатро баркану маро фарёд бикун. Шогирд чунин кард. Устод ба назди сутун омада, изҳори баҷомондаи мехҳоро ба шогирд нишон дод ва гуфт: Ту хело хуб кӯшиш кардӣ, то ки дигар ба сутун мех накубӣ, ва ба ин мақсадат ҳам расидӣ. Акнун бубин, ки мехҳоро гирифта бошӣ ҳам, аммо изи он барҷост. Бадӣ ҳам ҳамин аст, пас аз ин кирдор ҳазорҳо бахшиш бипурсӣ ҳам захми он дар дили кас як умр мемонад.
******** Ҷасорат ибтидои пирӯзист. ******** Хоби ғолиб аз мағлуб ширинтар. ******** Қуввати нутқ дар баён карда тавонистани андешаҳои зиёд бо вожаҳои кам аст. ******** Агар шунида тавонӣ, ҳатто аз афроди бадгуфтор низ чизе меомӯзӣ. ******** Дӯсте, ки ба ҳама андешаҳои ман мувофиқ бошаду назарфиребӣ намуда, танҳо бо тасдиқ сар ҷунбонад, лозим нест. Зеро ин амалро соя ҳам хуб анҷом медиҳад. ******** Хислат натиҷаи таҷрибаҳои тулонӣ аст. ******** Аз ваҳшитарин куррачаҳо аспҳои хуб мебароянд, агар дар сатҳи зарурӣ тарбия ёбанд. ******** Аз зарфи тиллоӣ заҳр нӯшидану маслиҳати дӯсти маккорро шунидан ҳарду яксон аст.
Зодрӯз муборак! Ҳайати кормандони рӯзномаи “Ҷавонони Тоҷикистон” сармуҳосиби рӯзнома Беҳрӯз Каримзодаро ба муносибати 26-умин баҳори умраш самимона муборакбод намуда, дар зиндагӣ барояш хушбахтӣ ва комёбиҳо хоҳонанд. Таманнои онро дорем, ки Беҳрӯз доимо хандону беғам ва сарбаланду некном бошад. Садсола шав, эй додари мо, додари мо, Садсола шав, эй додари гулпарвари мо. Ҳар рӯз агар ҳаст илоҷ, аз сари сидқ Пулдарза бипош, аз сари мо, аз сари мо. Аҳли эҷоди рӯзномаи “ҶавонониТоҷикистон
Ҳақиқат мағлубнопазир аст, агар онро бамаврид гӯянд. Бо фалсафа сухан гуфтану фалсафафурӯшӣ накардан ва бо ҳазл мақсадҳои ҷиддиро амалӣ намудан хиради олист. Вақте ки дигаронро сарзаниш мекунӣ, бубин, ки худат то куҷо аз ин камбудиҳо орӣ ҳастӣ. Се усули посух додан ба пурсиш мавҷуд аст: танҳо чизи зарурӣ гуфтан, меҳрубононаву бо лутф ҷавоб додан, зиёдагӯӣ накардан. Плутарх Рӯзнома таҳти рақами 0120/рз аз 22 сентябри соли 2014 дар Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон сабти ном шудааст. Нишонӣ: 734018, шаҳри Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ, 16, ошёнаҳои 1 ва 4
САРМУҲАРРИР
Бахтовар КАРИМОВ
БЕҲРӮЗ КАРИМЗОДА
√ ЭЪЛОН
Ҳуҷҷатҳои манзили хусусӣ бо суроғаи кӯчаи Н. Муҳаммад, хона 5/1 ҳуҷраи 23, ки ба номи Наҷмидинова Мухтабар Нигматуллоевна мебошад, бинобар гум шуданаш эътибор надорад. Аттестати гумшудаи силсилаи А, рақами 008622, ки онро ММТУ №13-и ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе соли 1990 ба Нодиров Қосим Таварович додаст, эътибор надорад. Шиносномаи техникӣ ба номи Назаров Қувваталӣ Холович воқеъ дар ноҳияи Рӯдакӣ деҳаи Фалакон бинобар сабаби гум шуданаш эътибор надорад.
ҲАЙАТИ МУШОВАРА:
Абдуҷаббор РАҲМОНЗОДА (Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа), Нуриддин САИД (вазири маориф ва илми Тоҷикистон), Аҳтам АБДУЛЛОЗОДА (раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон).
ҲАЙАТИ ЭҶОДӢ:
Толибшоҳи ДАВЛАТ (котиби масъул), Маҳмудҷон УСМОНОВ (муҳаррир), Шодихони НАЗАР (муҳаррири шуъбаи варзиш ва сайёҳӣ), ШАҲЛО ЭШОНОВА (муҳаррири шуъбаи иқтисод ва иҷтимоъ), Хуршед МАВЛОНОВ (муҳаррири шуъбаи иттилоот ва сиёсат), Беҳрӯз ХОЛМУРОДОВ (муҳаррири шуъбаи ҳаёти ҷавонон), Нуруллоҳи ОРИФ, Гулбаҳор РАҲМОНОВА, Хуршед ХОВАРӢ, Шаҳбози АСОМИДДИН, Меҳрубон ИМОМОВА (хабарнигорон), Шеравган ХУРСАНҚУЛОВ (саҳифабанд), Меҳроб АЗИМОВ (рассом), Машҳур ИМОМНАЗАРОВ (хабарнигор, ВМКБ), Фирӯз АБДУРАҲМОНОВ (хабарнигор, вилояти Хатлон).
•
Ба хотири чандандешӣ матолибе низ ба табъ мерасанд, ки хилофи назари ҳайати эҷодист. Дурустии арқому далелҳо бар дӯши муаллифон аст.
•
Ҳангоми таҳияи хабарҳо аз матолиби интернет низ истифода шудааст.
•
Индекси обуна: 68857
•
Тел: 901 06-41-10, 238-54-14, 238-51-09, 238-53-03
•
Ҳафтанома дар КТН «Шарқи озод» (хиёбони Саъдии Шерозӣ-16) бо теъдоди 4029 нусха ба нашр расид.
•
Ҳисоби бонкӣ: с/ҳ №20202972500232101000, ҳ/х 20402972316264, РМА030000301, РМБ350101626. БДА Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк»