Ҷавонони Тоҷикистон, №04 (9430), 2016

Page 1

Медали тиллои олимпӣ Тоҷикистон меояд?

“Бархурди тамаддунҳо” ё манфиатталошӣ

«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН» №4 (9430), 28 январи соли 2016

1

 МАВҚЕИ ҶАВОНОН

Пешвои миллат -намунаи ибрати воло барои ҷавонон

 ҲАФТ РӮЗ 21.01.2016 Бо ташаббуси гурӯҳи ҷавонони «Пешоҳанг» бо мақсади ҷалби ҷавонон ба корҳои созандагию ободонӣ, саҳм гузоштан дар таъмини ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ, мубориза бо ҳуқуқвайронкунӣ, пешгирии онҳо аз шомилшавӣ ба гурӯҳҳои ифротӣ дар ноҳияи Ҷиргатол вохӯрӣ бо мактаббачагону донишҷӯёни фаъоли ноҳия баргузор гардид. 22.01.2016 Президенти ҷумҳурӣ Эмомалӣ Раҳмон доир ба роҳҳои таъмини рушди босуботи иқтисодӣ, фаровонӣ дар бозори истеъмолӣ ва муътадил нигоҳ доштани қурби пули миллӣ бо роҳбарони вазорату идораҳои дахлдор машварати корӣ доир намуд. 23.01.2016 Бо ташаббуси Бахши кор бо занон ва оилаи шаҳри Норак бо иштироки раисони Шӯрои

занони минтақаҳо бо мақсади тақвият бахшидан ба корҳои таблиғотии бонувон оид ба масъалаҳои баланд бардоштани маърифати сиёсию ҳуқуқӣ, сатҳи иҷтимоии оилаҳо, саҳми онҳо дар рушди давлатдории миллӣ ва пешгирии ҳолатҳои номатлуб машварат доир гардид. 24.01.2016 Тариқи нашриёти “Шарқи озод” барои муассисаҳои таҳсилоти умумӣ китоби дарсии «Таърихи дин» аз чоп баромад. Муаллифони китоб олимони шинохтаи тоҷик дар соҳаи диншиносӣ, доктори илмҳои фалсафа, профессор Муҳаммадалӣ Музаффарӣ, номзади илмҳои фалсафа Шерзод Абдуллоев ва Ғаффор Мирзоев мебошанд. 25.01.2016 Муовини Сарвазири мамлакат Азим Иброҳим бо ҷараёни корҳои сохтмонӣ дар лоиҳаи сохтмони навбати дуюми МБГ “Душан-

бе-2”, ки анҷоми он тирамоҳи соли равон бо иқтидори 300 мВт ба нақша гирифта шудааст, шинос шуд. 26.01.2015 Бо ташаббуси Бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии шаҳри Қӯрғонтеппа 18 нафар ҷавони фаъоли шаҳр барои истироҳат ба “Сафеддара” сафарбар гардиданд. Раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ Аҳтам Абдуллозода бо ин гурӯҳ вохӯрӣ намуда, қайд кард, ки ҳар яки мо бояд барои ободию шукуфоии диёри азизамон саҳмгузор бошем.

www.javonon.tj

НАШРИЯИ КУМИТАИ ҶАВОНОН, ВАРЗИШ ВА САЙЁҲИИ НАЗДИ ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН/ /№4, (9430), 28 январи соли 2016/e-mail:javonontj@mail.ru/www.javonon.tj/аз 5.04.1930 нашр мешавад

 НАБЗИ ҶАҲОН

е-mail: javonontj@mail.ru

 ВАРЗИШ

27.01.2016 Дастаи мунтахаби футзали мамлакат омодагии аввали худро ба бозиҳои ниҳоии Ҷоми Осиё, ки моҳи феврал дар Узбекистон доир мегардад, ба анҷом расонд. Футзалистони мо дар гурӯҳи “С” бо дастаҳои муттахаби Тайланд, Ветнам ва Тайбейи Чин рақобат менамоянд.


www.javonon.tj

е-mail: javonontj@mail.ru

2

АХБОРИ ҲАФТА

«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН» №4 (9430), 28 январи соли 2016

21 январ таҳти раёсати Пешвои миллат, Президенти ҷумҳурӣ, Раиси Ҳукумати кишвар Эмомалӣ Раҳмон маҷлиси васеи Ҳукумати мамлакат баргузор шуд. Зимни ҳисобот ва пурсишу посухҳо таваҷҷуҳи асосӣ ба роҳҳои коҳиш додани таъсири манфии омилҳои берунӣ ба иқтисоди Тоҷикистон, афзун намудани истеҳсолоти ватанӣ ва иқтидори содиротӣ, муҳайёсозии ҷойҳои корӣ, иҷрои пурра ва босифати қисми даромади буҷети давлатӣ, сарфакорона ба роҳ мондани хароҷоти маблағҳои буҷетӣ ва кам кардани хароҷоти дуюмдараҷа зоҳир гардид. Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода оид ба натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии мамлакат дар соли 2015 ҳисобот дод. Таъкид гардид, ки дар соли 2015 ҳаҷми маҷмуи маҳсулоти дохилӣ 6 фоиз афзоиш ёфта, 48,4 миллиард сомониро ташкил дод. Дар ин давра барои дастгирии буҷаи давлат 450 миллион сомонӣ ҷудо карда шуд. Аз ҷониби Ҳукумати мамлакат барои рушди соҳаҳои иқтисоди миллӣ 15,7 миллиард сомонӣ ҷудо гардид. Давоми соли 2015 қисми даромади андози суғуртаи иҷтимоӣ 82 фоиз иҷро шуда, дар натиҷа 255 миллион сомонӣ ба буҷа ворид нагардид. Бақияи қарзҳо ба ҳолати 1 декабри соли 2015 - 653 миллион сомониро ташкил дод. Инчунин ҳисоботи вазири молия Абдусалом Қурбониён ва раиси Кумитаи андоз Нусратулло Давлатзода шунида шуд. Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон вобаста ба иҷро нагардидани дурнамои истеҳсоли пахта, ки яке аз роҳҳои таъсиси ҷойҳои нави корӣ аст, таъмин нагардидани нақшаи даромади андоз, ҷамъоварии ғайриқаноатбахши ҳаққи истифодаи нерӯи барқ изҳори нигаронӣ карда, супориш дод, ки назорат барои ислоҳи камбудиҳо пурзур карда шавад. Дар робита ба пешгирии васлу насби дастгоҳҳои гуногуни худсохти гармидиҳанда ва истифодаи самараноки неруи барқ супориш дода шуд, ки то охири соли 2016 тамоми сохторҳои давлатӣ ба системаи гармидиҳанда пайваст карда шавад. Ба Президенти ҷумҳурӣ сардори Хадамоти гумрук Абдуфаттоҳ Ғоиб, директори Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа Сафаралӣ Наҷмиддинов ва директори Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия Рустами Эмомалӣ оид ба натиҷаҳои фаъолияти соҳаҳо дар соли 2015 ҳисобот

шуд. Аз дотатсияи давлатӣ баромадану ба худтаъминкунӣ гузаштани шаҳри Норак ва ноҳияи Ховалинг натиҷаи арзишманди фаъолият дар соли 2015 номида шуд. Зимни ҳисоботи раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ таваҷҷуҳи зиёд ба рушди саноат ва ҳунарҳои хонагии мардумӣ зоҳир шуд. Аз ҷумла зикр гардид, рушди саноат дар соли 2015 ба 122% баробар шуд ва 136 маркази қолинбофӣ ва адрасбофию атласбофӣ таъсис дода шуд. Тавре зикр гардид, давоми соли 2015 ислоҳоти замин дар вилояти Суғд ба поён расида, дар заминаи хоҷагиҳои калони кишоварзӣ 42 ҳазор хоҷагии хурди деҳқонӣ таъсис дода шуд. Давоми соли 2015 бо харҷи 90 млн. сомонӣ ҳолати

завоти барвақтӣ ва ҳамчунин доир ба ҷоннок намудани корҳо дар дигар самтҳои фаъолият супоришҳои мушаххас дода шуд. Зимни ҳисоботи Прокурори генералӣ Раҳмон Юсуф вазъи ҷиноӣ дар мамлакат мавриди таҳлилу баррасии амиқ қарор гирифт. Таваҷҷуҳи зиёд ба оқибатҳои ҷинояткорӣ дар миёни ҷавонону наврасон ва ба ҷараёнҳои ифротию террористӣ гаравидани қисмате аз ин табақаи аҳолӣ, ки аз ҷониби гумоштагони ҳизбу ҳаракатҳои ҷиноятпеша ҳадафмандона гумроҳ карда мешаванд, зоҳир гардид. Мубориза бо ҷиноятҳои иқтисодию коррупсионӣ, пешгирӣ аз истифодаи ғайримақсаднок ва ғайриқонунӣ тасарруф шуда-

6300 км. роҳҳои мошингард беҳтар карда шудааст. Дар ҳисоботи раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев, аз ҷумла иттилоъ дода шуд, ки рушди иқтисодию иҷтимоии пойтахт дар соли ҳисоботӣ ба андозаи 110% таъмин гардид. Давоми соли 2015 дар шаҳри Душанбе 83 корхонаи нави истеҳсолӣ бо 2883 ҷойи корӣ ба кор даромадаанд. Дар назди раисони шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ доир ба афзун намудани нишондодҳои истеҳсолӣ дар бахшҳои картошкапарварӣ, боғутокпарварӣ, сабзавоткорӣ, аз ҷумла бунёди гармхонаҳо ва вусъат додани истеҳсоли саб-

ни маблағҳои буҷетӣ низ аз бахшҳои муҳими ҳисоботи прокурори генералӣ буд. Дар охир Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон сухан ронда, вазифаҳои аввалиндараҷа ва ҳалталаби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро барои соли 2016 мушаххас намуд. Бори дигар таъкид гардид, ки барои коҳиш додани таъсири омилҳои манфии беруна ба ҳаёти сиёсию фарҳангӣ ва иҷтимоию иқтисодии Тоҷикистони азиз ва таъмини рушди босуботу бонизоми сарзамини аҷдодӣ аз тамоми имкону захираҳои мавҷуда ва нерӯи бузурги мардуми шарифи кишвар пурсамар истифода бояд бурд.

ММД дар соли 2015 6 дарсад афзуд доданд. Раиси Бонки миллӣ Нурмуҳаммадзода Ҷамшед дар бораи тадбирҳо вобаста ба беҳдошти низоми бонкдорӣ, қурби асъори миллӣ, ҷалби сармояи хориҷӣ, вазири саноат ва технологияҳои нав Шавкат Бобозода оид ба фаъолияти корхонаҳои саноатӣ, таъсиси коргоҳҳои нав, вазири энергетика ва захираҳои об Усмоналӣ Усмонзода, раиси Ширкати саҳомии холдингии кушодаи “Барқи тоҷик” Мирзо Исмоилзода дар бораи вазъи энергетикии мамлакат, тадбирҳо вобаста ба пешгирии талафоти неруи барқ ва ҷамъоварии ҳаққи истифодаи барқ, ҳамчунин директори генералии Ҷамъияти саҳомии “Нерӯгоҳи барқи обии Роғун” Хайрулло Сафарзода, вазири нақлиёт Шералӣ Ганҷалзода гузориш доданд. Оид ба дастовардҳои соҳаҳо вазири кишоварзӣ Зокирзода Маҳмадтоир, раиси Кумитаи сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ Қодири Қосим, вазири маориф ва илм Нуриддин Саид ва вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ Нусратулло Салимзода ҳисобот доданд. Барои рушди соҳаи кишоварзӣ, ҷалби сармояи хориҷӣ, баланд бардоштани сифати таълиму тарбия ва беҳдошти сатҳи хизматрасонии тиббӣ Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон дастуру ҳидоятҳои мушаххас дод. Зимни ҳисоботи раиси ВМКБ Шодихон Ҷамшед таваҷҷуҳи зиёд ба масоили бунёдкорию созандагӣ, ободонӣ ва хусусан ба барқарорсозии хонаҳои аҳолӣ ва иншооти иҷтимоию зербиноии аз за-

минларзаи шадиди моҳи декабри соли гузашта осебдида зоҳир гардид. Ҳамчунин дар назди масъулин доир ба вусъат додани корҳои сохтмонӣ дар иншооти сершуморе, ки дар шаҳри Хоруғ ва ноҳияҳои ин вилояти дурдаст аз ҳисоби маблағҳои ҷумҳуриявӣ бунёд меёбанд, вазифаҳои мушаххас гузошта шуд. Дар ҷараёни ҳисоботи раиси вилояти Хатлон Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода аз кам шудани майдони кишти пахта ва ҳосили ин зироати асосии соҳаи кишоварзӣ изҳори нигаронӣ карда шуд. Аз ҷониби раиси вилоят зикр гардид, ки соли равон ин камбудӣ бартараф хоҳад


ВАРЗИШ

«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН» №4 (9430), 28 январи соли 2016

Шодихони НАЗАР

Ҷоми Иттиҳод-2016: Тоҷикистон дар ҷои охир Тими мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-22) дар Ҷоми Иттиҳод-2016, ки 17-23 январ дар шаҳри Санкт Петербург доир гашт, ҳамаи бозиҳояшро бохт. Дар бозиҳои даври гурӯҳӣ футболбозони ҷавони кишвар нахуст аз тими ҷавонони Русия бо ҳисоби 1:2 мағлуб гашт. Голи дастаи моро Ҷаҳонгир Эргашев зад. Дар бозии дуюмаш тими ҷавонони кишвар аз Эстония шикаст хурд – 1:4. Ин навбат голи тими ҷавонони кишварро Парвизҷон Умарбоев ба ҳадаф расонд. Футболбозони ҷавони кишвар дар бозии сеюми даври гурӯҳӣ низ ба мағлубият дучор шуд. Ин бор аз дастаи ҷавонони Латвия бо ҳисоби 2:3. Баъд аз бозиҳои марҳалаи гурӯҳӣ тими ҷавонони кишвар таҳти роҳбарии сармураббӣ, мутахассиси украинӣ Роман Пилипчук бо дастаи ҷавонони Қазоқистон барои ҷои ҳафтум мубориза бурда, бо ҳисоби 2:3 мағлуб гашт. Дастаи мунтахаби ҷавонони Руссия барандаи Ҷоми Иттиҳод-2016 шуд. Дар бозии финалӣ футболбозони ҷавони Русия бар Молдова бо ҳисоби 4:2 пирӯз шуданд. Медалҳои биринҷӣ насиби Эстония шуд. Эстониҳо тавассути зарбаҳои ёздаҳметра бар тими мунтахаби ҷавонони Қирғизистон бо ҳисоби 4:1 ғалаба карданд. Вақти асосии ин вохӯрӣ мусовӣ ва бидуни гол анҷом ёфт.

Бохти “Истиқлол” бар “Нефтчӣ”

“БИЗНЕС”-И ВАРЗИШӢ Ё ҲИССӢ МИЛЛӢ Аксар давлатҳое, ки аз ҷиҳати иқтисодӣ суст ҳастанду барои варзиш аз буҷа пули кам ҷудо мекунанд, дар олимпиадаҳо дастаи худро аз ҳисоби варзишгарони зархарид пурра мекунанд. Варзишгароне ҳастанд, ки дар кишвари худ нисбат ба ҳарифон суст ҳастанду тариқи шартнома шарафи дигар давлатро ҳимоя мекунанд. Зиёданд варзишгароне, ки барои кишвари бегона медали олимпӣ ворид намудаанд. Ин таҷриба қариб дар тамоми кишварҳо ҷой дорад, аз ҷумла Тоҷикистон. Дар баробари ин кам нестанд варзишгароне, ки ҳисси миллиашон баланд аст ва намехоҳанд

БАЪДИ ЮСУФ АБДУСАЛОМОВ АЗ НАМУДИ ГУШТИИ ОЗОД КӢ ПАРЧАМРО ДАР ОЛИМПИАДА ПАРАФШОН МЕКУНАД?

Соли 2003 дар Тоҷикистон мусобиқаи Осиё аз намуди гуштии озод баргузор гардид. Дар он чанд лигонер Тоҷикистонро муаррифӣ намуданд. Аз миёни онҳо Юсуф Абдусаломов дар қатори варзишгарони тоҷик барои Тоҷикистон содиқ монд. Баъдан дигар варзишгарон ба монанди Николай Ноев, Зелимхон Юсупов ба ҳайати варзишгарони Тоҷикистон пайвастанд. Воқеан ҳам интихоби Тоҷикистон барои Юсуф тасодуфӣ набуд. Аз замони шартнома бастан дар се олимпиада – 2004-Афина, 2008-Пекин ва 2012-Лондон зери парчами Тоҷикистон баромад кард. Соли 2008 дар Пекин медали нуқраи Бозиҳои олимпиро ба Тоҷикистон овард. Баъди Юсуф Зелимхон Юсупов дар чанд мусобиқаҳои сатҳи байналмилалӣ аз номи Тоҷикистон баромад намуда, соҳиби ҷоизаҳо шуд. Дастоварди баланди ӯ медали нуқраи чемпионати Осиё аст. Баъди олимпиадаи Лондон-2012 Юсуф Абдусаломов карйераи варзишии худро ҷамбаст намуда, сармураббии дастаи

Лаҳистон оид ба гуштии озод интихоб шуд. Зелимхон Юсупов бошад, бо сабаби истифодаи витамини мамнуъ аз ҷониби Агентии зидидопингӣ барои чор сол аз ҳаққи иштирок дар мусобиқаҳо маҳрум шуд. Акнун муаррифии кишвар дар олимпиадаи Рео-деЖанейро-2016 аз ин намуди гуштӣ бар зимаи варзишгарони ватанӣ монд. Варзишгарони мо дар баробари беҳтарин варзишгарони Русия, Амрико, Эрон, Озарбойҷон, Туркия, ки гӯштии озод дар ин давлатҳо маъмул аст, мавқеъ доранд. Дар олимпиадаи наврасон, ки дар Сингапур доир гардид, Баҳодур Қодиров медали нуқра ба даст овард. Искандари Рустам соли 2012 иштирокчии олимпидаи Лондон буд. То олимпиадаи Рео-де-

Жанейро моҳҳои башумор мондааст. То имрӯз миёни варзишгарони кишвар танҳо Дилшод Назаров аз намуди гурзандозӣ соҳиби роҳхат шудааст. Паҳлавонони гуштии озод барои дарёфти роҳхати олимпӣ шанс доранд. Умед мебандем, ки ҷойгузини Юсуф пайдо мешавад. МЕДАЛИ ТИЛЛОИ ОЛИМПӢ ОРЗУЮ ҲАВАС БОҚӢ МЕМОНАД? Дар олимпиадаи соли 1992, ки дар Барселонаи Испания баргузор гардид, гурзандози тоҷик Андрей Абдувалиев созовори медали тилло шуд. Баъд аз ин ба ягон варзишгари тоҷик муяссар нашудааст, ки медали тиллои Бозиҳои олимпиро ба Ватан ворид кунад. Маликшо Неъматов, собиқ раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ орзу мекард, ки як бор медали тиллои Бозиҳои олимпии фарзанди тоҷикро ба даст гирад. Аммо ба орзуяш нарасида, вазифаашро иваз кард. Оё ин орзуи деринтизори мардуми тоҷик дар олимпиадаи имсола амалӣ мегардад?

www.javonon.tj

Қаҳрамони чоркаратаи мамлакат - «Истиқлол»-и Душанбе бозии ҷамъбастии санҷишии худро дар доираи ҷамъомади омӯзишӣ-машқии якуми зимистона бо «Нефтчӣ»-и Узбекистон гузаронд. Бозӣ 22 январ дар варзишгоҳи Академияи «Бунёдкор», дар шаҳри Тошканд доир шуда, бо ҳисоби минималии 1:0 ба фоидаи «Нефтчӣ» анҷом ёфт. Голи ягонаро дар дақиқаи 28-ум Мурод Бобоҷонов ба самар расонд. Ҷамъомади дуюмӣ омӯзишӣ-тамринии “Истиқлол” дар Анталияи Туркия мегузарад. Сомонаи расмии клуб иттилоъ додааст, ки ҳайати даста 31 январ ба Туркия сафар мекунанд. Дар доираи ҷамъомад чор бозии санҷишӣ бо дастаҳои хориҷӣ ба нақша гирифта шудааст. Қабл аз сафар “Истиқлол” бо “Хуҷанд” вомехӯрад. Бозӣ 29 январ дар варзишгоҳи марказии ҷумҳурӣ ба нақша гирифта шудааст. Ёдовар мешавем, ки ду дидори дастаҳо дар Қайроққум мусовӣ – 1:1, 2:2 анҷом ёфта буд.

Олимпиада қуллаи баландтариш варзиш аст. Мақсади варзишгари асил ҷоизадор шудан дар ин мусобиқа мебошад. Давлатҳои пешрафтаи ҷаҳон баҳри дар ин мусобиқа мавқеи худро муайян намудан барои варзишгарон маблағҳои ҳангуфт ҷудо мекунанд. Аз олимпиада то олимпиада 4 сол аст. Дар чор сол варзишгар бояд дар 15-20 мусобиқаи байналмилалӣ иштирок намояд, 25-30 тамрини дастаҷамъона байни беҳтарин варзишгарони ҷаҳонӣ гузаронад. Барои омода намудани як варзишгар чор мураббӣ дар се вақт ҳамроҳаш кор кунанд, дар самтҳои муайян аз ҷиҳати ҷисмонӣ, техника, писихология омодагӣ бубинанд. Варзишгар табиби махсус дошта бошад, ки саломатӣ ва истеъмоли хӯроки ӯро ҳамеша таҳти назорат гирад. Пунктҳои номбаршуда барои баъзе варзишгарони мо афсона мебошад, вале давлатҳои аз ҷиҳати иқтисодӣ пешрафта аз ин ҳам зиёд барои варзишгарро омода намудан шароит муҳайё мекунанд. Мушкил аст, як варзишгарро омода намудан дар сатҳи бозиҳои олимпӣ. Барои мисол ҷудочии тоҷик Расул Боқиев баъди тамринҳои зиёд дар Русия дар чемпионати ҷаҳон, ки соли 2007 дар Бразил баргузор гашт, сазовори ҷои сеюм шуд ва роҳхат ба олипиадаро ба даст овард. Бо дастгирии Ҳукумати кишвар Расул тайёрии пешазолимпии худро бо беҳтарин мураббиёну варзишгарони ҷаҳонӣ гузаронд ва дар Олимпиадаи соли 2008 дар шаҳри Пекин сазовори медали биринҷӣ гардид.

муаррифгари кишвари бегона бошанд. Барои мисол варзишгари рус Буайсар Сайтиев аз намуди гӯштии озод шаш маротиба қаҳрамони ҷаҳон, шаш маротиба қаҳрамони Аврупо, се маротиба қаҳрамони бозиҳои олимпӣ шудааст. Вақте дар 18-солагиаш қаҳрамони олимпӣ шуд, давлатҳои дигар, аз ҷумла Бразил пулу моли зиёд пешниҳод карданд, ки бо онҳо шартнома бандад. Ҳарчанд ин варзишгар ҳамон шабу рӯз ба пул этиёҷ дошт ҳисси миллиашро эҳтиром кард ва то охир барои парафшонии парчами кишвараш муҳорибаро давом дод.

е-mail: javonontj@mail.ru

Медали тиллои олимпӣ Тоҷикистон меояд?

3


АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ Нақшаи андозҳо 101,3% иҷро гардид Дар ҳар беморхона бояд нархнома овезон бошад

е-mail: javonontj@mail.ru

4

«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН» №4 (9430), 28 январи соли 2016

Соли 2015 нақшаи андозҳо ва пардохтҳо ба андозаи 101,3% таъмин гардида, ба ҷойи 7 млрд 858,6 млн сомонии пешбинишуда, ба буҷет 7 млрд 961,8 млн сомонӣ ворид карда шуд. Дар ин бора зимни нишасти хабарии Кумитаи андози назди Ҳукумати ҷумҳурӣ иттилоъ дода шуд. Нусратулло Давлатзода, раиси Кумитаи андоз гуфт, ки қарзи нисбатан калони андоз ба ширкати “Барқи тоҷик” тааллуқ дошта, ба ҳолати 1 декабри соли 2015 маблағи 142,4 млн. сомониро ташкил медиҳад. “Тибқи тартиби судии маҷбуран ситонидани бақияи қарзи андозҳо 63 баҳси судӣ бо субъектҳои хоҷагидор ба маблағи 131,3 млн. сомонӣ мавриди баррасии судҳои иқтисодӣ қарор гирифта, аз ин ҳисоб ва аз ҳисоби баҳсҳои судие, ки дар соли 2014 ба манфиати буҷет анҷом ёфтаанд, 99,8 млн сомонӣ ба буҷети давлатӣ ворид карда шудааст”, - изҳор дошт Нусратулло Давлатзода. Зимнан зикр гардид, ки соли 2015 аз тарафи мақомоти андози кишвар 22 566 шахси воқеӣ ва ҳуқуқӣ ба

ҷавобгарии маъмурӣ кашида шуда, нисбат ба онҳо ба маблағи 162,5 млн сомонӣ ҷаримаҳои маъмурӣ татбиқ карда шуд. Беҳрӯз ХОЛМУРОДОВ, “ҶТ”

Ангур талаф наёфтааст Зокирзода Маҳмадтоир, вазири кишоварзии ҷумҳурӣ дар нишасти матбуотӣ соли 2015-ро соли бобарор ва пурфайзу баракат хонда, афзуд, ки бо мусоид омадани боду ҳаво деҳқонони кишвар ҳосили хуб гирифтанд.

Вазир истеҳсоли ангурро мисол оварда, зикр кард, ки аз аввали мавсим дар бозорҳои ҷумҳурӣ нархи ангур нисбат ба солҳои пеш то ду баробар арзонтар ба фурӯш гузошта шуд. “Соли 2015, аз ҳама бахшҳои хоҷагидории ҷумҳурӣ 203 ҳазору 771 тонна

ангур ҳосил шудааст, ки нисбат ба соли 2014 14 ҳазору 28 тонна зиёд мебошад. Ҳосили хуби ангур боис гашт, ки соли гузашта умуман аз хориҷ ба кишвар ангур ворид нашавад”, - афзуд М. Зокирзода. М. Зокирзода таъкид кард, ки воридоти

мевагиҳо аз хориҷи кишвар ба бозорҳои ҷумҳурӣ нисбат ба се соли пеш кам гашта, 42 ҳазор тоннаро ташкил додааст. Гуфта шуд, ки соли гузашта ба кишварҳои ИДМ 33 ҳазор тонна мева интиқол ёфтааст, ки аз ин 22 ҳазор тоннаашро ангур ташкил медиҳад. Дар посух ба суоли хабарнигорон ҷиҳати талаф ёфтани ангур дар кишвар вазири кишоварзӣ чунин гуфт: - Соли гузашта дар кишвар ангур талаф наёфт, чунки мо имрӯз нигоҳубини ангурро дар ҷумҳурӣ хуб ба роҳ мондаем. Дар ноҳияи Ҳисор сардхонаҳое сохта шудаанд, ки аз 500 то 3000 тонна ангурро дар онҳо метавонем нигоҳдорӣ кунем. Ҳасан АЗИЗОВ, “ҶТ”

Муҳоҷират: ҳалокати 807 шаҳрванди кишвар дар як сол

www.javonon.tj

Соли 2015 аз ҷумҳурӣ 552 596 нафар ба хориҷи кишвар ҳамчун муҳоҷири меҳнатӣ сафар кардаанд. Дар ин бора зимни нишасти матбуотии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии кишвар иттилоъ дода шуд. Зикр гардид, ки рафти муҳоҷирати меҳнатӣ ба хориҷа нисбат ба соли 2014 18% (118 210 нафар) кам гаштааст. Аз ҷониби Хадамоти федералии муҳоҷирати Федератсияи Русия ба 1 ҳазору 444 шаҳрванди ҷумҳурӣ, аз ҷумла 190 донишҷӯ иҷозаи вуруди дубора ба қаламрави Федератсияи Русия дода шуд. Тағозода Сумангул, вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ изҳор дошт, ки марги муҳоҷирони меҳнатӣ дар хориҷи кишвар яке аз масъалаҳои доғ ба ҳисоб рафта, ҳар сол садҳо нафар дар ғурбат ба ҳалокат мерасанд. “Теъдоди шаҳрвандони фавтида дар соли 2015 дар хориҷи кишвар 807 нафарро ташкил медиҳад, ки ин рақам соли 2014 869 нафар буд. Ҳарчанд фавти шаҳрвандон коҳиш ёфтааст, вале то ҳол нигаронкунанда мебошад”, - бо нигаронӣ изҳор дошт Сумангул Тағозода. Беҳрӯз ХОЛМУРОДОВ, “ҶТ”

Яке аз масъалаҳои афзалиятноки Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҷумҳурӣ ҳифзи сиҳатии модарону кӯдакон мебошад. Соли гузашта бо дастгирии Бонки рушди Олмон дар чорчӯбаи Лоиҳаи “Ҳифзи модару кӯдак ва кӯмаки бетаъхири тиббӣ дар вилояти Хатлон” бо иштироки муовини Сарвазири мамлакат М. Ҷабборӣ шуъбаҳои таввалуд, наҷот, ҷарроҳӣ ва навзодони беморхонаҳои марказии ноҳияҳои Фархор ва Ҳамадонӣ ба истифода дода шудаанд. Баҳри пешгирӣ намудани таввалуди навзодон бо нуқсонҳои модарзод ва бемориҳои ирсӣ-генетикӣ, ки сабаби зиёд шудани шумораи маъюбон мегардад, бо қарори Ҳукумати ҷумҳурӣ аз 3 ноябри соли 2015, таҳти №662 МД “Маркази ҷумҳуриявии таббию генетикӣ” таъсис дода шуд. Марказ бо таҷҳизоти муосири озмоишгоҳӣ ҷиҳозонида шуда, мутахассисон дар Ҷумҳурии Исломии Эрон, Федератсияи Русия ва Молдова омӯзонида шудаанд. Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҷумҳурӣ Нусратулло Салимзода, зимни нишасти матбуотӣ иброз дошт, дар ҷумҳурӣ теъдоди гирифторони диабети қанд аз 34000 нафар зиёд шудааст. Яке аз сабабҳои зиёд шудани теъдоди беморони гирифтори диабетаи қанд, ҷоғар ва саратон беҳтар шудани сифати ташхис аст. Нусратулло Салимзода таъкид намуд, ки бояд дар ҳар муассисаи тандурустӣ нархномаи хизматросонии пулакӣ овезон бошад. Ин шафофияти кори муассисаҳоро таъмин мекунад. Масалан, нархи томографияи компютерӣ дар муассисаҳои тандурустии давлатӣ 2800 сомонӣ ва дар муассисаҳои хусусӣ 15000 сомонӣ аст. С. НАҶМИДДИНЗОДА, “ҶТ”

36% кормандони соҳаи фарҳанг маълумоти миёна доранд Шамсиддин Орумбекзода, вазири фарҳанг, 25 январи соли ҷорӣ, зимни нишасти матбуотӣ бо нигаронӣ изҳор дошт, ки дар ташкилоту муассисаҳои тобеи Вазорати фарҳанг 36 фоиз кормандон бо маълумоти миёна фаъолият мекунанд.

Ҷавонон ба эҷодкорӣ машғул мешаванд

- Фарҳанг ҷанбае ҳаст, ки маърифатро тарғиб мекунад, - таъкид кард Ш. Орумбекзода. - Модоме ки намояндагони фарҳанг худашон донишу маърифати мукаммал надошта бошанд, чӣ тавр фарҳангро дар байни мардум тақвият мебахшанд? Бинобар ин, тасмим дорем, он нафаронеро, ки дар вазорат кору фаъолият мекунанд, ба хониши ғоибона ҷалб намоем. Кӯшиш карда истодаем, ки ҳамаи кормандони соҳаи фарҳанг соҳибмаълумот бошанд, чунки барои фарҳангу санъат маълумот, илм ва касбият зарур аст.

Муборак Турсунова, ноиби ректори Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода зимни нишасти матбуотӣ иттилоъ дод, ки солҳои охир майли ҷавонон-донишҷӯёни донишкада ба эҷодкорӣ бештар шуда, онҳо ба ҷашнвораҳои байналмилалӣ роҳ ёфтаанд. Чунончи Муродҷон Тӯйчиев, донишҷӯи курси сеюм дар кинофестивали байналмилалӣ дар Қирғизистон бо филми кӯтоҳмуддати “Капля” (Чакра) ширкат варзида, сазовори ҷоизаи “Туҳфаи махсуси ҳакамон” шуд.

Ҳ. АЗИЗОВ, “ҶТ”

Беҳрӯз ХОЛМУРОДОВ, “ҶТ”

ДИТ бо хориҷа робита надорад Тоҷиддин Асомиддинзода, ректори Донишкадаи исломии Тоҷикистон ба номи Имоми Аъзам, дар нишасти матбуотӣ бо таассуф изҳор дошт, ки донишкада бо ягон муассисаи олии хориҷи кишвар робитаву ҳамкорӣ надорад. “Бо сабаби ноором будани ҷаҳони ислом ва даргириҳо дар мамолики араб алҳол мо бо ягон донишгоҳу донишкадаи кишварҳои дигар робита надорем. Вале умедворем, ки дар оянда, бо амн гардидани вазъият дар минтақаҳои номбурда ҳамкориҳо ба роҳ монда мешаванд”, - афзуд ректори Донишкадаи исломӣ. Шодихони НАЗАР, “ҶТ”


ПУРСИШИ “ҶАВОНОН...“

«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН» №4 (9430), 28 январи соли 2016

5

Охирин маротиба кадом китобро хондед?

Файзиниссо АКРАМОВА, донишҷӯ: - Китоберо, ки бори охир мутолиа кардам “Чӣ тавр ташвишу изтиробро паси сар кунем?” ном дошт. Муаллифаш адиби амрикоист. Вақте ба хондани китоб пардохтам, аҷоиб ҳисиёте маро фаро гирифт. Маҷбур шудам, онро ду бор мутолиа кунам. Нависанда бештар ба паҳлуҳои ҳаёти инсонҳое назар мекунад, ки барои воқеаҳои гузашта ғам мехӯранд ва ранҷ мекашанд. Инчунин барои ояндае, ки ҳануз наомадаасту инсонҳо дар ҳаросанд. Хулоса, нависанда барои навиштани ин китоб 5 соли ҳаёташро сарф кардааст ва муваффақ шудааст асари қобили мутолиа ва боарзише таҳия кунад.

Яҳё МАҲМАДНАБИЕВ, донишҷӯ: - Китоберо ки бори охир хонда будам, “Чолиқушӣ”-и Рашод Нурӣ мебошад. Онро мо ба тоҷикӣ “Чаманоро” номидаем. Соли 1922 таълиф шудааст. Романи ҳиссӣ- лирикии “Чолиқушӣ” лақабест, ки ҳаммактабонаш ба қаҳромони роман Фарида барои шухрафторӣ, ширингуфторӣ, хандонрӯияш додаанд, ки маънои мурғи буттаро дорад. Ба ин муносибат онро “Чаманоро” номидаанд, ки яке аз номҳои булбул аст. “Чаманоро” романи ҳаётдӯстона аст. Онро бояд ҳар кас хонад. Умуман бояд ҳар киоберо мутолиа кард, хусусан осори адибони ҷаҳониро, чунки китобҳо ба мо дигар хел фикр карданро меомӯзанд.

Эҳсон Нуриддинов, сокини пойтахт: - Ман аз бозе, ки интернет пайдо шудааст ёд надорам китоберо барои хондан ба даст гирифта бошам. Чун интернет василаи хубест барои китоб хондану дигар корҳоро ба анҷом расонидан. Ҳар китобе, ки бароям лозим шуд онро аз интернет дастрас мекунам. Фикр намекунам, ки ба китобхона рафтан шарт бошад. Китобхона нарафтан ба он маъно не, ки аз китобхонӣ дур шавем. Балки манзур он аст, ки асри 21 имконоти зиёдеро пешорӯи мо қарор додааст. Технология ба он дараҷа пеш рафтааст, ки ҳар амали бароят лозимро аз хона бадар нарафта метавони анҷом диҳӣ.

Мустафо СОБИРОВ, донишҷӯ: - Бори охир китоби “Ғамгин машав”-и Оизи Қарниро хондам. Он китобест, ки бояд ҳама бихонанд. Китоби мазкур аз таълифи олими бузурги араб Оизи Қарнӣ, ки “Ло таҳзан” унвон дорад, гулчин шудааст. Чаро маҳз ин китоб? Зеро аз мутолиаи он дармеёбӣ, ки китоби хеле ҷолиб, дархури замон ва таскинбахши ҳар дили ғамзада мебошад. Агар ба фармудаҳои ин китоб аҳамият диҳем, моро дар сурати рӯёрӯ омадан ба ғаму ғусса, ки дар тӯли зиндагӣ аз он ҷойи гурез нест, ҳамроҳӣ хоҳад кард ва дар интихоби роҳе, ки ризои Худованди бузург дар он аст, ёрӣ хоҳад дод. Хастагӣ ва ғами ҳар хонандаро зудуда мегардонад.

е-mail: javonontj@mail.ru

Китоб манбаи пайдоиши илму дониш ва фазлу эҳсони инсони комил ба шумор меравад. Он сарчашмаи дарёи ақл, махзани умеду орзу ва раҳнамо ба олами маъонист. Бузургон ҳам дар васфаш суханҳои зиёде гуфта, “аниси кунҷи танҳоӣ”-аш ном бурдаанд. Вале ин шабу рӯз аз китоб нахондани Гулбаҳор РАҲМОНОВА мардум, алалхусус ҷавонон зиёд шиква мекунанд. Аз ин рӯ мусоҳибонро пурсидем:

Муслима НУРИДДИНЗОДА, донишҷӯ: - Китобе, ки чанд ҳафта пеш мутолиа кардам, романи “Як гулу сад харидор”-и Кришан Чандар буд. Он соли 1960 чоп шудааст. Ин қисаи ғамангези офаридаи беҳамтои инсоният, қиссаи лулидухтари ҷавон Лочист, ки тимсоли нодири зебоӣ буда, дили соф, андешаву хаёлҳои наҷиб дорад. Романи Кришан Чандар танҳо дар он сурат қиссаи шӯрангези ишқи нокоме менамояд, ки ба он кас назари рӯякӣ афканад. Дар асл ин асарест сермаъно ва сермазмун, хонанда дар он асосҳои чаҳонбинии нависандаро метавонад пайдо бикунад. Ба дӯстон тавсия медиҳам, ки ин китобро ҳатман хонанд.

 ҲАФТ РӮЗ

Ҷавонон беш аз 1200 ниҳол шинонданд

23 январ дар замини хоҷагии ёрирасони Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ, ки дар ноҳияи Рӯдакӣ воқеъ аст, мавсими ниҳолшинонӣ ва корҳои кабудизоркунии муҳити зист ва идомаи амалиёти 100 рӯзи ниҳолшинонӣ таҳти унвони “Ин Ватанро мо - ҷавонон сабзу хуррам мекунем!” ба таври оммавӣ гузаронида шуд.

Ҳасан АЗИЗОВ, “ҶТ”

www.javonon.tj

Дар он кормандони кумита, зерсохторҳои он ва сокинони ноҳияи мазкур фаъолона ширкат варзида, беш аз 1200 бех ниҳолҳои сояафкан ва мевадиҳанда шинонданд. Аҳтам Абудуллозода, раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ, ки ҳамроҳ бо ҷавонон дар маъракаи ниҳолшинонӣ ва корҳои кабудизоркунии муҳити зист иштирок дошт, чунин иброз намуд: “Ниҳолшинонию боғдорӣ ва парвариши навъҳои гуногуни меваю сабзавот аз оинҳои бостонӣ ва пурифтихори ниёкони мост. Бинобар ин, ҷавононро зарур аст, ки расми гузаштагони худро идома дода, ба хуррам гардондани муҳит ва зебоии табиат камар банданд”. Амалиёти 100 рӯзи ниҳолшинонӣ таҳти унвони “Ин Ватанро мо - ҷавонон сабзу хуррам мекунем!”, ки аз ҷониби Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ роҳандозӣ шудааст, 16 декабри соли 2015 оғоз ёфта, то 1 марти соли 2016 идома меёбад.


www.javonon.tj

е-mail: javonontj@mail.ru

6

«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН» №4 (9430), 28 январи соли 2016

ҶАВОНОН ВА ТУРИЗМ

Бо Пешвои худ ифтихор дорем Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат» ба тасвиб расид. Мо чунин як қонуни бисёр муҳимро пештар аз ин ҳеҷ гоҳ надоштем. Албатта, месазад, ки бо он ифтихор дошта бошем. Фикр мекунам, ки бо шинохти масъулият ва ҳам ифтихори ватандорӣ мо ин ҳақиқати рӯшанро ба насли нав биомӯзонем. Чунки дарки дурусти он ба сулҳи пойдор ва рушду шукуфоӣ иртибот мегирад. Ман ифтихор мекунам ва бояд ҳар шаҳрванди кишвари соҳибистиқлоламон низ ифтихор дошта бошад, ки шахсиятҳои маъруфи кишварҳои пешрафтаи ҷаҳон дар бораи Эмомалӣ Раҳмон беҳтарин суханҳоро баён медоранд. Ин суханон ҳамзамон ба миллати соҳибтамаддуну қадимаи тоҷик тааллуқ доранд. Чунончи Марзуқ Алӣ ал Ғаним, раиси Маҷлиси Уммаи Давлати Кувайт бо самимияти баланд ва муҳаббати бепоён изҳор медорад: «Дар Давлати Кувайт Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро ҳамчун сиёсатмадори сатҳи ҷаҳонӣ, ки дар Ховари Миёна хеле машҳур аст, мешиносанд. Мардуми дунё бояд аз шумо - тоҷикон қадрдонию эҳтироми Сарварашон - Пешвои миллатро омӯзанд. На ба ҳама сиёсатмадорони сатҳи ҷаҳонӣ ва президентон муяссар мегардад, ки бузургтарин неъмат - умед ва зиндагии осоиштаро дар дили мардумаш ҳифз карда, халқро аз парокандагӣ, миллатро аз нестшавӣ ва давлатро аз завол наҷот диҳанд». Воқеан, агар ба гузаштаи начандон дур назар биафканем, бори дигар қимати хидматҳои бемислу монанди Сарвари давлат, махсусан барои ягонагии Ватан, пойдорию бардавомии давлати Тоҷикистон бештар аз пештар дарк мешавад. Ин хизматҳои бузурги таърихии Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон дар назди халқу давлати Тоҷикистон ҳеҷ гоҳ фаромӯш намешаванд. Аммо зарур аст, ки мо, шоҳидони он рӯзҳои даҳшатбор ва хунин, бигӯему бинависем, ки сулҳи деринтизор ба осонӣ ба даст наомад. На ҳар кас ба ин иқдоми таърихӣ дар он рӯзҳои душвор метавонист бо матонату ҷасорату азхудгузаштагӣ рӯ биёрад. Давлату миллат дар сарҳади нестшавӣ қарор доштанд. Инро душманони миллат на танҳо мехостанд, балки дастгирӣ менамуданд. Душманию ҷангу хунрезӣ имкон намедод, ки ҷонибҳо дуруст биандешанду миллату давлатро аз вартаи ҳалокат бираҳонанд. Умедҳо аз даст рафта буданд. Шубҳа ба дилҳову андешаҳои мардум чанг мезад. Менавиштанду мехонданд: Як бори дигар ханда ба лаб мешуда бошад? Дар кишвари ғам базму тараб мешуда бошад? Ба бахти миллат Эмомалӣ Раҳмон Сарвари давлат интихоб шуд. Ҷавони чилсола буд. Агар ба таърих наку назар карда шавад, ин ҳақиқат маълум мегардад, ки аксар шахсиятҳои нотакрору роҳнамоён, пешвоҳо дар ин силу сол зимоми миллату давлату қавмҳоро ба даст гирифтаанд ва пирӯз низ шудаанд. Ҳар як суханаш дар Иҷлосияи 16-и Шӯрои Олии Тоҷикистон ба ҳукми як паёми сарнавиштсоз буд. Чунин паёмҳои умедбахш на ба андешаву забони ҳар шахсият дар он рӯзгори мудҳиш роҳ меёфт. Сарзамини аҷдодиамон туфайли сарварӣ, роҳнамоии ӯ ва саъю кӯшиши хастанопазираш аз ҷанг раҳо ёфту обод гардид. Таҳкими демократия, таъмини рушди иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ туфайли ӯ даст дод. Арзишҳои таърихии давлатдории миллӣ ҳифз гардид. Шароити зиндагии арзанда ва инкишофи озодона барои ҳар як инсон фароҳам оварда шуд. Айни замон дигар дастовардҳои кишвару миллатро бо ангуштон шумурда намешавад. Тамоми шаҳрвандони кишвар ва шахсиятҳои барҷаставу маъруфи ҷаҳонӣ эътироф карданд, ки Эмомалӣ Раҳмон барои халқи Тоҷикистон хизматҳои бузургу беназир кардааст. Албатта, хизматҳои бузургу беназири ӯ барои дигар халқҳо, хоса ҳамзабонону ҳамдинон бо камоли сипосу эҳтиром эътироф гардидааст. Офтоби Асғар, устоди бахши форсии Донишгоҳи Ховаршиносии Панҷоби Покистон, профессор, изҳор доштааст: «Аллома Муҳаммад Иқболи Лоҳурӣ интизор буд ва умед мекашид, ки аз Мовароуннаҳр боз нафаре пайдо хоҳад шуд, ки тамоми форс-тоҷик-даризабононро аз нав дар Шарқ муттаҳид менамояд. Имрӯз ман мегӯям, ки он нафар Сарвари давлати Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон аст». Дар ҳақиқат, ӯ ин рисолати бузургро бо тамоми масъулият бар уҳда гирифт ва бо сарбаландӣ аз иҷрои он баромада тавонист. Насли мо шод аз он аст ва ҳам ифтихор дорад, ки шоҳиди пойдории сулҳи кишвар, рушду тараққии мамлакат аз ҷониби Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон гардидааст. Инчунин дар даврони осоиштагию шукуфоӣ Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат»-ро якдилона пазируфтанду мардум онро ҳамаҷониба бо меҳру муҳаббати бепоён қабул карданд. Фикр мекунам, ки ин ҳодисаи бузурги таърихӣ дар саҳифаҳои таърихи кишвар ҳатман бо ҳарфҳои заррин навишта мешавад ва як умр зудуда намегардад. Илҳом ДОДАРЗОДА, сармутахассиси шуъбаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои Дастгоҳи иҷроияи Президент

Саҳмгузорони рушди туризм ҷоиза гирифтанд Бо мақсади татбиқи сиёсати давлат дар соҳаи туризм соли сипаришуда аз ҷониби Ҳукумати ҷумҳурӣ ҳамчун соли туризми дохилӣ эълон гардида, баҳри саёҳати донишҷӯӣ ва мактабӣ, ҳамчунин, муаррифии имкониятҳои туристӣ 201 чорабинии мақсаднок баргузор гардид, ки нисбат ба соли 2014 83% зиёд мебошад. Бо ташаббуси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати ҷумҳурӣ 25 январи соли равон дар тарабхонаи «Истиқлол»-и пойтахт бори нахуст «Маросими ҷоизасупорӣ ба хотири саҳмгузорӣ дар рушди туризми Тоҷикистон» доир гардид. Ҳадаф аз ин чорабинӣ ҳавасманд гардонидани субъектҳои хоҷагидори соҳаи туризм, меҳмонхонаҳо ва дигар иншооти хизматрасон мебошад, ки дар рушди соҳаи туризми мамлакат саҳм мегузоранд. Раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ Аҳтам Абудуллозода дар оғози чорабинӣ иброз дошт, ки «туризм дар сиёсати имрӯзаи ҳукумати кишвар мақому манзалати хос дорад». Сиёсати «дарҳои кушод», сохтумони шаҳрҳо, нақбҳо, ободии ватан ва рушди инфарасохтор, таъмини амният ва дигар тадбирҳои андешида дар доираи сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои ҷалби таваҷҷуҳи ҷомеаи ҷаҳонӣ ва ба ин васила муаррифӣ кардани Тоҷикистон ҳамчун мамлакати осоишта ва кишвари дорои захираҳои байи туристӣ таъсири калон расонида истодааст. - Соли 2015 кумита ба миқдори 38 000 адад маводи таблиғотӣ ва наворҳои видеоиро бо забонҳои русӣ, англисӣ ва арабӣ ба таври мустақим, инчунин тавассути Вазорати корҳои хориҷӣ паҳн намуд, ки нисбат ба соли 2014 ин рақам 10000 зиёд аст, - гуфт Аҳтам Абдуллозода. – Тавре аз таҳлилҳои оморӣ бармеояд, соли гузашта ба ҷумҳурӣ 463 712 нафар шаҳрвандони хориҷӣ ташриф оварданд, ки 413 834 нафарашон ҳамчун турист арзёбӣ мегарданд. Аз ин ҳисоб ба иқтисодиёти мамлакат 206 917 доллари амрикоӣ маблағ ворид гардид. Ин рақам нисбат ба соли 2014 94% зиёд буда, тайи 10 соли охир баландтарин нишондиҳанда ба ҳисоб меравад. Географияи ташрифи сайёҳон ба Тоҷикистон низ сол то сол васеъ мегардад. Соли 2015 ба ҷумҳурии мо шаҳрвандони беш аз 80 мамлакат ҳамчун сайёҳ омадаанд. Рӯйдоди муҳими соли сипаришуда он мебошад, ки Созмони ҷаҳонии

Сайфиддин СУННАТӢ туристӣ соли 2015 аз нуқтаи назари суръати ҷалби сайёҳони хориҷӣ Тоҷикистонро дуюмин дар ҷаҳон ҳисобид. - Мақсади асосии чорабинии имрӯза низ мустаҳкам намудани ҳамкорӣ миёни инфрасохтори соҳаи туризм мебошад, - гуфт Аҳтам Абдуллозода. - Ба ин васила таҳким бахшидани мавқеи мамлакат ҳамчун кишвари сайёҳӣ ва тарғиби мероси «Шоҳроҳи Абрешим» аст. Дар чарабинии мазкур аз рӯи 9 самти хизматрасонӣ барои саҳмгузорӣ дар рушди соҳаи туризм ҷоиза ва “Диплом”-и кумита супорида шуд. Ширкати «Ориён Адвер-тур» «Беҳтарин ширкати туристии сол дар самти туризми воридотӣ» эълон гардид. Ҷоизаи «Беҳтарин ширкати туристӣ дар самти туризми дохилӣ» насиби ширкати «Ором сайёҳат» шуд. Ширкати «Востон трейдинг тур» «Беҳтарин ширкати туристӣ дар самти турузми содиротӣ» гардид. Намояндаи ширкати «Тоҷикистон тревел» ҷоизаи «Беҳтарин роҳбалади сол»-ро гирифт. Меҳмонхонаи «Серена-Душанбе» унвони «Беҳтарин меҳмонхона дар мусоидат ва рушди туризм»-ро ноил гашт. Ҷоизаи «Беҳтарин осоишгоҳи сол” насиби осоишгоҳи “Баҳористон» шуд. Барномаи «Сарзамини беназир»-и Шабакаи аввали Телевизони Тоҷикистон сазовори ҷоизаи «Беҳтарин барномаи телевизонии туристӣ» гардид. Ширкати «Сомон эйр» ҷоизаи «Беҳтарин ширкати ҳавопаймоии миллӣ»-ро гирифт. Ҷоизаи Савғотии беҳтарин барои сайёҳон насиби Сӯҳроб Саидов гашт. Ҳамчунин, дар ин маросим озмуни ҷумҳуриявии «Мақолаи беҳтарин» дар мавзӯи «Тоҷикистон - кишвари туризм» ҷамъбаст гардид. Устоди кафедраи менеҷменти Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон Г. Ҳисориева дар ин бахш ғолиб дониста шуд.


«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН» №4 (9430), 28 январи соли 2016

Бахтиёр Маҳмудзода, муовини раиси Бонки давлатии амонатгузории «Амонатбанк» дар нишасти матбуотӣ иттилоъ дод, ки новобаста ба вазъи кунунии таъсири омилҳои беруна ба низоми бонкии ҷумҳурӣ дороиҳои «Амонатбонк» соли гузашта 2,5 миллиард сомониро ташкил дод, ки нисбат ба соли 2014 39% зиёд аст. Дар ин давра ба оилаҳои камбизоат барои истифодабарии нерӯи барқ ва гази табиӣ ҷубронпулӣ дар ҳаҷми 21,9 миллион сомонӣ аз ҷониби Вазорати молияи ҷумҳурӣ ворид гашта, дастраси оилаҳои камбизоат шуд. - Амалиёти соли гузашта бо мақсади дастгирии бонкҳои ватанӣ, баҳри муътадил нигоҳ доштани ҳолати пардохтпазирии онҳо ба маблағи 335 миллион сомонӣ қарзҳои байнибонкӣ пешниҳод намуд, - гуфт Бахтиёр Маҳмудзода. – Шумораи пасандозгузорон нисбат ба соли 2014 303 ҳазор нафар зиёд шуда, ба зиёда аз 1 миллион нафар расид. Руҳулло Ҳакимзода, сардори Раёсати «Амонатбонк» изҳор намуд, ки бонки мазкур ба муштариён қарзҳои хурди бо фоизҳои нисбатан имтиёзноки «Судманд»-ро пешниҳод менамояд. Ин намуди қарз бештар ба кормандони соҳаи маориф, соҳаи тиб, нафақагирон ва ғайра бо роҳи ниҳоят соддашудаи ҳуҷҷатгузорӣ тавассути филиалҳои «Амонатбонк» дар тамоми минтақаҳои ҷумҳурӣ пешниҳод мешавад. Аз қарзҳои «Судманд» бештар омӯзгорони ҷавон истифода бурда истодаанд. Муҳлати пардохти қарз 1-3 сол буда, пардохти фоидаи солона ҳамагӣ 7% аст. - Мо тасмим гирифтаем, ки соли равон тамоми нафақагиронро бо SMS-и ройгон таъмин намоем, - гуфт Руҳулло Ҳакимзода. – Вақте маблағ ба суратҳисобашон гузашт, ба онҳо иттилоъ мерасад. Ин ба хотири пешгирии сарсоншавию талафи вақти нафақагирон аст. Ҳоло шумораи дорандагони кортҳои пардохтии бонкӣ дар «Амонатбонк» ба 915 ҳазор нафар расидааст, ки нисбат ба соли 2014 47% (292 ҳазор нафар) зиёд мебошад. Бонки мазкур танҳо дар шаҳри Душанбе 55 банкомант дорад. С. САЙФИДДИН, “ҶТ”

Хадамоти гумрук аз уҳдаи иҷрои нақша набаромад Соли 2015 гардиши мол дар қаламрави ҷумҳурӣ ба андозаи чашмрас коҳиш ёфт, ки боиси аз андозаи муқарраргардида камтар, яъне 88,6 фоизи нақша ворид гардидани пардохтҳои гумрукӣ ба буҷаи ҷумҳурӣ гардид. Абдуфаттоҳи Ғоиб, сардори қурби асъори миллӣ нисбат Хадамоти гумрук, дар нишасти ба асъори хориҷӣ, мушкилоти матбуотии ин ниҳод дар ро- транзитии минтақа ва вазъи бита ба ҳолати мазкур изҳор ноороми давлати ҳамсоя – дошт, ки дар ин давра ҳаҷми Афғонистон, тағйирёбии нарумумии гардиши тиҷорати хи молу маҳсулот дар бозори хориҷӣ 4326,0 млн. доллари ҷаҳонӣ, хоса маҳсулоти нафтӣ, амрикоиро ташкил дод, ки нис- мушкилоти роҳу нақлиёт, вобат ба ҳамин давраи соли 2014 ридоти ками маблағ аз ҳисоби 17,9 фоиз кам мебошад. Ба ан- муҳоҷирони корӣ аз омилҳои дешаи масъулони соҳа ба иҷро дигари иҷро нагардидани нашудани нақшаи пардохтҳои нақшаи пешбинишуда арзёбӣ гумрукӣ асосан буҳрони гардиданд. молиявӣ, коҳишёбии воридоти Абдуфаттоҳи Ғоиб гуфт, бо мол ва воситаҳои нақлиёт таъ- мақсади пешгирии коҳишёбии сир расонидааст. нархи маҳсулоти истеҳсоли Номбурда ҳамчунин гуфт, худӣ, ҳимоя ва дастгирии ки таи як-ду моҳи охир ягон м ол и стеҳсол к у н а н д а го н , намуди воситаҳои нақлиёти ривоҷи соҳибкории дохилӣ сибордор ба кишвари мо ворид тондани пардохтҳои гумрукӣ нагардидааст. Ин дар ҳолест, ки аз маҳсулоти воридотие, ки дар солҳои қабл ҳаррӯза тақрибан дохили кишвар низ истеҳсол 18-20 нақлиёт ворид мешуд. мегарданд, баланд бардошта Дар радифи омилҳои маз- шуд. кур ҳамчунин ноустувории Шаҳло ЭШОНОВА, “ҶТ”

7

Барои таъмин намудани аҳолии мамлакат бо сабзавоти тару тоза соли сипаришуда 40 адад гармхона дар масоҳати 12006 метри мураббаъ фаъолият намуданд, ки дар давоми сол аз онҳо 24,7 тонна маҳсулот гирифта шуд. Муовини сардори Раёсати Иттифоқи «Тоҷикматлубот» Иброҳим Гулов дар нишасти матбуотӣ иброз дошт, ки дар гармхонаҳо асосан пиёзу кабудиҳоро павариш мекунанд. Барои павариши памидору бодиринг ва қаланфур гармхонаҳои муосири танзимкунандаи ҳарорат заруранд, ки маблағгузории зиёдро талаб мекунад. - Бо мақсади дар фасли зимистон беҳтар нигоҳ доштани меваю сабозавот соли равон

дар шаҳри Душанбе сардхонаро ба иқтидори 1500 тонна мева ба истифода хоҳем дод, ки он бо таҷҳизоти эронӣ муҷаҳҳаз мешавад, - гуфт Иброҳим Гулов. - Ҳамчунин дар хоҷагии «Заркамар»-и ноҳияи Ҳисор сардхонае ба иқтидори 300 тонна сохта мешавад. Соли 2015 ба хориҷи кишвар 959 тонна пиёз, меваи тару тоза, меваи хушк ва дигар маҳсулоти кишоварзӣ содир гардид. Бештар ба Федератсия Русия ва Қазоқистон маҳсулот

72 млн сомонӣ дар дасти қарздорон аст Аз тарафи системаи бонкии шуъбаи Бонки миллии ҷумҳуриявӣ дар ВМКБ то соли ҷорӣ маблағи 815 миллион сомонӣ барои амалӣ намудани эҳтиёҷоти аҳолӣ ва хоҷагии халқ ба муомилот бароварда шудааст. Яъне 101 миллиони он дар шакли қарз буда, 116 миллон сомонӣ аз ҳисоби эмиссияи давлатии бонки мазкур барои гардиш роҳандозӣ гардид. Инчунин 157 миллион сомонӣ тариқи бонки давлатии “Амонатбонк” бароварда шуда, ба соҳаҳои иҷтимоии вилоят дастрас гардид. Зимни нишасти матбуотӣ мудири шуъбаи Бонки миллӣ Бегим Одинабекова гуфт, ки проблемаи пешниҳоди қарзҳо нисбат ба соли қаблӣ майл ба пастравӣ дорад. «Ба андозаи 72 миллион сомонӣ қарзҳо аз солҳои пеш то имрӯз дар дасти мардум мебошанд ва қарзҳои ба таъхирафтода бо фоизҳо рӯ ба афзоиш ниҳодаанд. Дар иртибот бо ин аз моҳи апрели соли гузашта то кунун аз тарафи захираҳои бонки марказӣ қариб маблағе ҷудо нагардидааст ва бонкҳои тиҷоратӣ имсол бо захираҳои худӣ кор карданд. Яъне то ба ҳол теъдоди қарзгирандагон ба шумораи се ҳазор нафар коҳиш ёфтааст», - афзуд номбурда. Зикр шуд, ки вазъ барои филиали бонкӣ беҳад вазнину ногувор аст ва бо ҳамин ваҷҳ сарбонкҳо метавонанд додани қарзро ба куллӣ маҳдуд кунанд. Чунин тасмимгирӣ метавонад бевосита ба иқтисодиёти вилоят таъсири ҷиддӣ расонад. Машҳур ИМОМНАЗАРОВ, “ҶТ”

содир мешавад. Бо мақсади пешгирии болоравии нархи маҳсулоти озуқаворӣ дар бозори истеъмолӣ ва таъмини аҳолии пойтахт дар бозори «Қарияи Боло»-и шаҳри Душанбе мунтазам ярмаркаҳои фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ гузаронида шуд. Ин гуна ярмаркаҳо дар дигар бозорҳои шаҳру ноҳияҳои мамлакат низ ҳамеша гузаронида мешаванд.

е-mail: javonontj@mail.ru

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ “Амонатбанк” қарзҳои «Тоҷикмалубот» ба гармхонаҳои муосир «Судманд» медиҳад ниёз дорад

С. НАҶМИДДИНЗОДА, “ҶТ”

ДСХ: Омодасозии хуби мутахассисони туризм Соли 2015 шуъбаи туризми Донишкадаи соҳибкорӣ ва хизматро 40 нафар хатм намуданд. Дар ин бора 21 январ зимни нишасти матбуотии донишкадаи мазкур иттилоъ доданд.

Фазлиддин Қодиров, мудири кафедраи туризми донишкада иброз дошт, ки аксари хатмкардаҳои шуъбаи туризм соҳиби ҷойи кор гаштаанд. Номбурда афзуд, ки факултаи туризм ва хадамоти гумрук яке аз факултаҳои пешбари фаъолияти донишкада маҳсуб гашта, дар тамоми давраи фаъолияти худ стратегияи аниқи тайёр намудани мутахассисони соҳаҳои туризм, туризми байналмилалӣ, идоракунӣ дар бахши туризм, ташкил ва пешбурди кори меҳмонхона, таъминоти ҳуқуқӣ ва таъминоти иқтисодии фаъолияти гумрукиро ба роҳ мондааст. - Имрӯз дар таҳсили

Вазири корҳои дохила Рамазон Раҳимзода зимни нишасти матбуотӣ иттилоъ дод, ки то имрӯз 999 нафар шаҳрванди Тоҷикистон ба гурӯҳи террористии “Давлати исломӣ” пайвастаанд. Ба гуфтаи вазир 156 нафарашон мурод Ҳалимов, ки соле қабл ба мақомот буда, дар Сурия ду мародастгир шуда, 61 нафари онҳо ба ва- сафи ҷангиёни “Давлати исломӣ” тиба захмӣ шудааст. ДИИШ барои Г. тан баргардонида шудаанд. пайваста буд, Раҳимзода қайд кард, Ҳалимов ҳоло 100 доллар нафақаи Дар мавриди собиқ фармондеҳи ки ӯ тақдирашро худаш ҳал кард маъюбӣ муайян кардааст. Дастаи таъиноти махсуси ВКД Гул- ва Ҳалимов нафари тасодуфе дар Инчунин дар ин муддат 17 гурӯҳи

Ҳасан АЗИЗОВ, “ҶТ”

муташаккили ҷиноятӣ ба қайд гирифта шуда, 132 нафар шаҳрвандони шомил ба ин гурӯҳҳо дастгир шуда, 247 ҷинояте, ки онҳо содир кардаанд, ошкор гаштааст. Дар соли 2015 228 нафар аъзои ташкилоти террористӣ ва экстреместӣ дастгир шуданд, ки 113 нафарашро ҷавонон ташкил медиҳанд. Манзумаи ФИРӮЗ, “ҶТ”

www.javonon.tj

999 шаҳрванди Тоҷикистон дар ДИИШ

рӯзонаи факултаи туризм мутахассисон аз рӯи панҷ ихтисос омода мешаванд: саёҳат ва меҳмондорӣ, фаъолияти меҳмонхонавӣ, менеҷмент дар соҳаи сайёҳии байналмилалӣ, таъминоти ҳуқуқии фаъолияти гумрукӣ, таъминоти иқтисодии фаъолияти гумрукӣ. Факулта бо шароити моддӣ-техникӣ муҷаҳҳаз буда, таҳсил мувофиқ ба талаботи замон ба роҳ монда шудааст, -ёдовар шуд Фазлиддин Қодиров. Зикр гардид, таҷрибаомӯзии мутахассисони оянда, ки як бахши асосии фаъолияти макотиби олист, дар донишкадаи мазкур хуб ба роҳ монда шудааст. Донишҷӯён таҷрибаомӯзии худро дар Ассотсиатсияи ширкатҳои ёрирасони рушди туризми Тоҷикистон «ТАТО», Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ, Бахшҳои ҷавонон, варзиш ва сайёҳии шаҳру навоҳии мамлакат, Осоишгоҳҳои Хоҷа Оби Гарм, «Баҳористон» ва меҳмонхонаҳои бонуфузи воқеъ дар шаҳри Душанбе мегузаронанд.


е-mail: javonontj@mail.ru

8

Дар замири ҷавонони кишвар асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун асосгузори давлати навини тоҷикон ва муаррифгари асили миллати тоҷик дар арсаи байналмилалӣ мебошанд. Саргузашти фаъолияти таърихии муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оинаест, ки дар он мавқеи миллати тоҷикро бо ҳама шаҳомат ва шуҳраташ сарфаҳм рафта, ба ин восита қадаме ба сӯи хештаншиносӣ ва худогоҳӣ ниҳода, бо диди ибрат дурнамои кишварро муайян карда метавонем. Андешаҳои созандаашон омили пешбаранда ва такмилдиҳандаи давлати миллии тоҷикон буда, аз марҳалаҳои аввали соҳибистиқлолии кишвар то имрӯз ба ҷавонони соҳибфарҳангу ватанпараст таваҷҷуҳи хоса зоҳир намуда, бо муттаҳид намудани нерӯи муассири қишри ҳассоси ҷомеа, мушкилоту душвориҳои сангини рӯзмараро ҳал карда истодаанд. Пешвои миллат, Президенти ҷумҳурӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо дилу нияти нек зимоми идораи давлатро дар замони ҳассос бар уҳда гирифтанд ва бо якрӯиву якзабонӣ як каф хоки Ватанро аз молу сарват ва курсиву мансаб авлотар медонистанд. Ин буд, ки меҳнаткашон, модарону хоҳарони мушфиқ, пирони рӯзгордидаву ҷавонони навовару ғайратманд, чашми ростбин, гӯши ҳақшунав, ақли бедору хиради дурбин, забони ҳақгӯву табъи нуктасанҷ ва ҳазорҳо бозуи қавӣ дар зери сиёсати оқилонаашон гирд омада, дар ободиву пешравии Тоҷикистон саҳм мегузоранд. Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон принсипҳои бунёди сиёсати давлатии ҷавононро бо наб-

www.javonon.tj

МАВҚЕИ ҶАВОНОН

«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН» №4 (9430), 28 январи соли 2016

зи замон ва руҳи ҷавонон мувофиқ сохта, оқилона дарк намуданд, ки гуногунандешии солиме мебояд, ки ба устуворӣ ва якпорчагии мамлакат миёни ҷавонон мусоидат бикунад. Дар қолаби гуногунандешӣ тадбирҳои муассирро дар самти сиёсати давлатии ҷавонон татбиқ намуданд, ки дар як муддати кӯтоҳ барои пешрафти соҳаи ҷавонон заминаҳо фароҳам омад. Ваҳдати миллиро миёни ҷавонон густариш бахшиданд, меҳнати ҳалол ва интизоми қатъиро бунёд гузоштанд, робитаҳои судбахшро бо кишварҳои мутамаддин дар самти ҳамкориҳои ҷавонон боло бурданд ва шаклҳои нави фаъолияти ҷавононро

роҳандозӣ намуданд. Лозим ба тазаккур аст, ки яке аз дастовардҳои асосӣ ва бузурги ҷавонон дар замони соҳибистиқлолӣ таваҷҷуҳи падаронаи Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбат ба ҷавонон ва ҳамчун самти афзалиятнок қабул донистани сиёсати давлатии ҷавонон мебошад. Новобаста ба вазъи душвори таърихии сахту сангин ва давраи гузариш, ки бо ташаккули низоми сифатан нави иҷтимоию иқтисодӣ алоқаманд мебошад, Пешвои миллат нисбат ба масъалаҳои ҷавонон, аз ҷумла беҳдошти вазъи таълиму тарбия, соҳиби ихтисос, касбу ҳунар, ҷойи кор гардидани

онҳо ва мавқеи хоса пайдо намудани ҷавонон дар ҷомеа таваҷҷуҳи махсус зоҳир менамоянд. Бояд қайд намуд, ки масъалаи сиёсати давлатии ҷавонон, нақш ва иштироки бевоситаи ҷавонон дар ҳаёти ҷомеа яке аз масъалаҳои асосӣ дар Паёмҳои харсолаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ буда, ба ин мавзуъ ҳамчун яке аз масъалаҳои асосии давлатдорӣ ва манбаи муҳимтарини ташаккули захираҳои инсонии кишвар таваҷҷуҳи доимӣ зоҳир менамоянд. Дастгирии Пешвои миллат, ба рушди тадриҷии соҳа мусо-

Аҳтам АБДУЛЛОЗАДА,

раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

идат намуда, баъди мулоқоти нахустинашон бо намояндагони ҷавонони мамлакат аз 23 майи соли 1997 мақоми ваколатдори соҳа – Кумитаи кор бо ҷавонони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис

Пешвои миллат –

намунаи ибрати воло

Мардуми шарифи Тоҷикистон дар тӯли даврони истиқлолият бо сарварии Президенти мамлакат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои таҳкими рушди устувори соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ ва фароҳам овардани шароит барои зиндагии шоистаи ҳар як сокини мамлакат қадамҳои ҷиддӣ ва устувор гузошта, марҳилаи муайянро тай кардааст.

ёфт. Сиёсати давлатии ҷавонон системаи ягонаи тадбирҳои иҷтимоию иқтисодӣ, ташкилӣ, ҳуқуқӣ ва тарбиявиро дар бар мегирад. Бинобар ин, дар марҳалаҳои минбаъда ҷиҳати пешбурди сиёсати давлатии ҷавонон ва фароҳам овардани шароити мусоид барои инкишофи соҳа як силсила тадбирҳо ва санадҳои дахлдори соҳавӣ қабул ва амалӣ шуда истодаанд. Аз ҷумла: - қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сиёсати давлатии ҷавонон» (марти 1992); - мулоқоти Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ҷавонон дар Анҷумани якуми Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон (марти 1994); мулоқоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо намояндагони ҷавонони ҷумҳурӣ ва ба тасвиб ра-

Қадам ба қадам сӯи ояндаи

20 январи соли равон Пешвои миллат, Президенти кишвар, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Паёми имсолаашро ба Маҷлиси Олӣ ироа намуд, ки дар он корҳои то ҳол анҷомёфта ва вазъи кунунии ҷомеаро мавриди таҳлилу баррасии амиқ қарор дода, самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷии кишварро барои солҳои оянда муайян намуд. Ҳамаи мо шоҳиди онем, ки ҳар сол аз паём то паём дар Ватани мо чӣ қадар корҳои ободкориву созандагӣ анҷом дода мешаванд ва сатҳи некӯаҳволии мардум боло меравад. Соли 2015 бо вуҷуди таъсири буҳрони молиявию

иқтисодии ҷаҳонӣ ва афзоиши фишор ба иқтисоди миллии мо дар натиҷаи заҳмати мардуми шарафманди кишварамон рушди мусбати иқтисодӣ ва устувории нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ таъмин гардида, ҳаҷми маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ ба беш аз 48 миллиард сомонӣ, суръати афзоиши он ба 6 фоиз баробар шуд ва сатҳи таваррум 5 фоизро ташкил кард. Сатҳи камбизоатӣ то 31 фоиз паст гардид ва маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ ба ҳар сари аҳолӣ 3,8 фоиз зиёд шуд. Нишондиҳанадҳои демографӣ низ тамоюли болоравӣ пайдо карда, даро-

зумрии миёнаи шаҳрвандон ба 73,5 сол расид. Дар Паём зикр шуд, ки соли 2015 дар доираи барномаҳои давлативу соҳавӣ беш аз 205 ҳазор ҷойи нави корӣ таъсис дода шуд. Ҳамчунин, бо назардошти рушди иқтисодии мамлакат, идоракунии самараноки захираҳои молиявии давлатӣ ва ба эътидол овардани хароҷот ҷиҳати иҷрои тадбирҳои пешбининамудаи Паёми соли гузашта дар ин самт аз 1 июли соли ҷорӣ марҳилаи навбатии зиёдшавии музди меҳнат амалӣ карда мешавад. Дар чандин ноҳияҳои киш-


МАВҚЕИ ҶАВОНОН ҷавонон дар саросари кишвар (то имрӯз 53 марказҳои гуногуни ҷавонон фаъолият менамоянд); - тасвиби қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба таъсиси грантҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои иттиҳодияҳои ҷамъиятии ҷавонон дар самти ватандӯстӣ» (майи 2005); - қабул гардидани «Барномаи тарбияи ватанпарастии ҷавонони Тоҷикистон барои солҳои 20062010» (октябри 2005); - қабул гардидани «Барномаи рушди саломатии ҷавонон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2006-2010» (2006); - қабул гардидани «Консепсияи миллии сиёсати ҷавонон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» (июни 2006); - қабул гардидани «Барномаи миллии ҷавонони Тоҷикистон барои солҳои 2007-2009» (2006); - қабул гардидани «Стратегияи сиёсати давлатии ҷавонон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон то соли 2020» (октябри 2011); - қабул гардидани «Барно-

Тоҷикистон ба ғолибон ва ҷоизадорони мусобиқаҳои байналмилалии варзишӣ» (январи 2015) Барои амалӣ намудани санадҳои дар боло зикргардида то имрӯз тадбирҳои зиёд амалӣ шуданд, зеро таълиму тарбия, ташаккулу камолоти ҷавонон, ҳифзи ҳуқуқ ва истифодаи пурсамари иқтидори ҷавонон дар заминаи сиёсати давлатии ҷавонон ба роҳ монда мешавад. Зикр бояд намуд, ки 25 сол мешавад, миллати сарбаланди тоҷик соҳиби давлати озоду соҳибихтиёр буда, дар фазои Ватани маҳбубамон хуршеди истиқлол паратавафшонӣ мекунад ва бо нурҳои ҳаётбахши худ дилу нияти бунёдкорона ва манзилу маъвои моро, имрӯзу фардоямонро мунаввар месозад. Ҷавонони саодатманди диёр бо шукргузорӣ аз чунин фазои ободу озод, аз ин хоки сарзамини биҳиштосо, аз неъматҳои гаронбаҳои ваҳдату истиқлолияти миллӣ, бо пуштибонӣ аз сиёсати пешгирифтаи дурандешонаи Пре-

барои ҷавонон

рӯзноманигорӣ ва барномасозӣ (соли 1998); - қабули «Барномаи миллии «Ҷавонони Тоҷикистон» барои солҳои 1999-2000» (октябри 1998); - қабули «Барномаи миллии «Ҷавонони Тоҷикистон» барои солҳои 2001-2003» (2000); - Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ба низом даровардани қабули духтарон ба мактабҳои олии Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқи квотаи Президент барои солҳои 2001-2005» (апрели 2001); - қабул гардидани «Барномаи тарбияи ватанпарастии ҷавонони Тоҷикистон барои солҳои 20022005» (феврали 2002); - қабули «Барномаи миллии ҷавонони Тоҷикистон барои солҳои 2004-2006» (2003); - тасвиби Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҷавонон ва сиёсати давлатии ҷавонон» дар таҳрири нав (2004); - ташкили шабакаи марказҳои

маи рушди саломатии ҷавонон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2011-2013» (октябри 2013); - ворид гардидани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҷавонон ва сиёсати давлатии ҷавонон» (июни 2011); - қабул гардидани «Барномаи миллии рушди иҷтимоии ҷавонон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013-2015» (ноябри 2012); - ворид гардидани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҷавонон ва сиёсати давлатии ҷавонон» (ноябри 2014), ки яке аз афзалиятҳои он таъсиси Шӯрои миллии кор бо ҷавонон дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад; Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи таъсиси Шӯрои миллии кор бо ҷавонон дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон” (июли 2015); Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҷоизаи Президенти Ҷумҳурии

дурахшон

карда шуд, ки ҷаҳон дар вазъи ниҳоят мураккаб ва тезутунди сиёсӣ қарор дошта, вазъ дар Шарқи Наздик, Осиё, Африқои Шимолӣ, Аврупо ва дигар минтақаҳои дунё нишон медиҳад, ки терроризм ва экстремизм ба хатарҳои аввалиндараҷаи ҷаҳони муосир табдил ёфтаанд. Имрӯз терроризм ва экстремизм ҳамчун вабои аср ба амнияти ҷаҳон ва ҳар як сокини сайёра таҳдид карда, барои башарият хатари на камтар аз силоҳи ядроиро ба миён овардааст. Вазъи бамиёномада фароҳам овардани заминаҳои дахлдори ташкиливу

Нуруллоҳ ОРИФ

Ифтихор Шукри Ваҳдат, шукри бахти пойдор, Пешво дорем, дорем ифтихор. Бемалол аз заҳмати пайвастааш Гулгулафшон аст Меҳан чун баҳор. Ҳамраҳаш аз Зулҷалол астем мо Хуррамиро баҳри ҳар кас интизор. Мо Ватанрову Ватан моро бувад, Бо туфайлаш ҷовидона дӯстдор. Субҳи нобат нест бе ӯ хандарез, Тоҷикистон, мулки мардони баор. Бо чунин як Пешвоят ҳеч гоҳ Хор дар дунё нагардӣ, эй диёр.

Паёми Пешво Насли ҷавонро Пешво Бо ин паёмаш шод кард. Дар марз-марзи қалбашон Гулбоғҳо бунёд кард. Мо бо Паёми Пешво Якҷо ҳама тан додаем. Аз Ҳақ наметобем рӯ, Мо миллати озодаем. Дар дидаҳо бигрифт ҷой Нав, нав ба сад заҳмат Ватан. Чун шеъри ноб эҷод гашт, Бедарду беиллат Ватан. Мо бо Паёми Пешво Якҷо ҳама тан додаем. Аз Ҳақ наметобем рӯ, Мо миллати озодаем. Мо навҷавонон пайрават, Эй Пешвои тоҷикон. Бишнохт аз рафтори ту Ин Тоҷикистонро ҷаҳон. Мо бо Паёми Пешво Якҷо ҳама тан додаем. Аз Ҳақ наметобем рӯ, Мо миллати озодаем.

ҳуқуқӣ ва фазои оштинопазирро бо экстремизм ва терроризм дар сатҳи барноми стратегияи давлат тақозо дорад. Меъёрҳои умумиэътирофшудаи давлатҳои демократӣ бори дигар исбот намуданд, ки пойдории давлат ва бақои он ба адолати судӣ пайвастагии ногусастанӣ дорад. Мақомоти судии кишвар ин рисолати басо муҳимро, ки бар дӯши онҳо вогузор шудааст, ба таври амиқ дарк карда, мунтазам барои амалӣ шудани он заҳмат мекашанд. Суди ноҳияи Ғончӣ низ, чун қисми таркибии ҳокимияти судии Ҷумҳурии Тоҷикистон рисолати касбии худро дарк намуда, барои иҷрои вазифаҳои муҳим кӯшиш ба харҷ дода нақшаи чорабиниҳои муайянро тартиб додааст.

Мунтазам барои пешгирии ҷинояткорӣ ва гаравидани ҷавонон ба гурӯҳҳои ифротӣ ва ақидаву равияҳои номатлуб, бо мақсади баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон мурофиаҳои сайёри судӣ ва вохӯриҳоро барпо намуда, нашри мақолаҳо ва баромадҳо дар воситаҳои ахбори омма ба роҳ монда шудаанд. Ҳадафҳои ободкоронаи Ҳукумати ҷумҳурӣ бо сарварии Президенти ҷумҳурӣ ва бо такя ба хиради азалӣ ва меҳнати софдилонаи мардуми тоҷик марҳила ба марҳила амалӣ шуда, барои бунёди давлати иҷтимоӣ заминаҳои мусоид фароҳам оварда, моро ба ояндаи босаодат ва дурахшон наздик мекунад. Диловар МИРЗОҲОМИДЗОДА, судяи Суди ноҳияи Ғончӣ

www.javonon.tj

вар минтақаҳои саноатӣ бунёд шуда, корхонаҳои коркарди нафт, сементбарорӣ, бофандагӣ ва корхонаҳои саноати кимиё бо иқтидори бузург имсол ва соли оянда ба истифода дода мешаванд. Маориф ҳамчун соҳаи афзалиятнок эътироф шуда, сиёсати давлатӣ дар самти таъмини озуқаворӣ, таъмини истиқлолияти энергетикӣ ва раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ давом дода мешаванд. Ҳамчунин дар Паём аз ҷониби Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо нигаронӣ зикр

зиденти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ифодаи ифтихори миллӣ дар роҳи бунёд ва эҳёи давлати навин, ваҳдату ҳамбастагии саросарӣ, ҳифзи муқаддасоти миллӣ ва муаррифии кишвар дар арсаи байналмилалӣ талошу ташаббусҳои беназирро устуворона ва озодона пеша намуда истодаанд. Ҷавононро ҳамчун ояндасозони давлату миллат, қувваи пешбаранда ва нерӯи ҳаракатдиҳандаи ҷомеа эътироф кардани Сарвари давлат шаҳодати он аст, ки ҷавонони мо воқеан давомдиҳандагони ҳадафҳои олии кишвар мебошанд. Дар умум гуфтан ҷоиз аст, ки тамоми заҳматҳои асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти ҷумҳурӣ Эмомалӣ Раҳмон дар самти ҷавонон бисёр арзанда арзёбӣ гардида, барои мақоми хоса пайдо кардани сиёсати давлатии ҷавонон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон саҳми беназир гузоштаанд.

9 е-mail: javonontj@mail.ru

сидани Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба баъзе масъалаҳои беҳтар кардани кор бо ҷавонон» (майи 1997); - эълон гардидани 23 май ҳамчун Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон (майи 1997); - таъсиси Кумитаи кор бо ҷавонони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон (майи 1997); мулоқоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо намояндагони ҷавонони ҷумҳурӣ (майи 1998); - таъсиси стипендияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои хонандагони мактабҳои таҳсилоти умумӣ, литсейҳо, гимназияҳо, омӯзишгоҳҳои касбӣ-техникӣ, омӯзишгоҳҳо ва коллеҷҳо (феврали 1998); - таъсиси Ҷоизаи ба номи Исмоили Сомонӣ барои олимони ҷавоне, ки дар соҳаи илму техника корҳои намоён анҷом додаанд (марти 1998); - таъсиси ҷоизаи Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ дар соҳаи адабиёт, санъат, меъморӣ,

«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН» №4 (9430), 28 январи соли 2016


е-mail: javonontj@mail.ru

10

 СОҲИБКАСБ

Меҳр ба касб омили сарфарозист Гарчанде ки дар пешаи интихобнамудаи ӯ душворӣ ҷой дорад, бо вуҷуди ин онро меписандаду бо рӯҳи болида иҷро менамояд. Агар шоирону нависандагон бо назму насри хеш қалбҳоро тасхиру пайванд намоянд, вале ӯ ду ҷисми сахтро бо ҳунари хеш ба ҳамдигар васл менамояду аз он чизе месозад, то мо дар зиндагӣ аз он истифода намоему кори худро осон. Ғайри ин ҳунар дигар ҳунар ва ё шуғле наметавонад, ки ҷисмҳои сахт, ба мисли оҳанро бо ҳам васл намояд. Агарчи ин касб таърихи начандон тӯлонӣ дорад, вале бо гузашти солҳо он ба яке аз пешаҳои зарурӣ табдил ёфтааст, ки имрӯз бидуни он наметавон коре кард. Он касби кафшергарист.

Беҳрӯз ХОЛМУРОДОВ

www.javonon.tj

ҶАВОНОН ВА ҶАҲОН

«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН» №4 (9430), 28 январи соли 2016

Фарҳод Азимов 7 сол аст, ки ба кафшергарӣ машғул мебошад. Пас аз хатми мактаби миёна ҳуҷҷатҳояшро ба Омӯзишгоҳи рақами 30-и шаҳри Душанбе супорид. Дар вақти машғулиятҳои амалӣ доим кӯшиш мекард, то нозукиҳои онро аз устодон омӯзад. Ҳар чизи нофаҳморо мепурсид. Дар се соли омӯзиш онро бо тамоми нозукиҳояш аз бар намуд. Ҳама талошҳояш буд, ки имрӯз ба як кафшергари моҳир табдил ёфта, соҳиби кори хуб аст. - Вақте бори аввал асбоби кафшергариро ба даст гирифтаму ба он машғул гардидам, ба назарам ғайри он дигар ҳама корҳо осон менамуд. Вале пас аз омӯхтану дарсҳои амалӣ онро ёд гирифтам, - мегӯяд Фарҳод Азимов. Аз хурдӣ вақте медид, ки нафарони дорои чунин касб бо ҳунари баланд ба кафшергарӣ машғуланд, ӯ низ орзу мекард, ки дар оянда ин ҳунарро омӯзаду мисли онҳо амал намояд. Аммо баъзан гӯё ин шуғл на чандон манфиат дорад, мехост аз он даст кашад. Вале чун дар ниҳодаш аз ибтидо шавқ дошт, ӯ ин пешаро ба худ муносиб дониста, баҳри омӯхтанаш камар баст. - Кафшергарӣ аз дигар касбҳо фарқи калон дорад ва дар баробари ин нозукиҳои зиёд. Як хатои хурд метавонад меҳнати чандсоатаи шуморо барбод диҳад. Аз ин лиҳоз, бодиққат будану бо эҳтиёт ба кор машғул шудан лозим.

Чизи зарурӣ дар дилхоҳ фаъолият ҳадаф мебошад. Аз кори хеш пушаймон нестам, чунки онро дӯст медораму ботинан иҷро менамоям. Дар баробари ин, музди меҳнати хуб низ ба даст меорам. Вақте натиҷаи кори маро баҳои баланд медиҳанд, ҳамин чиз бароям хушбахтист, чунки аз он рӯҳу илҳоми тоза гирифта, минбаъд кори худро боз дучанд зеботару қавитар иҷро менамоям, - меафзояд Фарҳод. Ба назари ӯ инсон бояд пеш аз ба коре машғул гардидан аввал дар бораи бурду бохти он андеша намояд. Ба мисли “аввал андешаву баъд гуфтор”. Ҳеҷ гоҳ набояд аз кори худ дилсард шуд, зеро он барои муваффақ гардидан мусоидат намекунад. Бинобар ин, ҳар шахси дорои ҳунар масъулиятнок бошад. Аз кори ҳаррӯзаи худ хулоса баровардан барои рушди минбаъдаи фаъолият кӯмак мерасонад. Аз ин рӯ, ҳар нафари соҳибҳунарро лозим аст, ки баҳри ташаккул ёфтани ҳунараш саъй намояд ва аз таҷрибаи дигарон омӯзаду дар фаъолияти минбаъда аз он истифода барад. Чун имрӯзҳо бархе аз ҷавонон ба ҷинояткорӣ даст зада, шомили ҳар гуна гурӯҳҳои ифротӣ мегарданд, ба таъкиди ӯ, яке аз сабабҳои он надоштани дониши замонавию ҷаҳонбинии васеъ мебошад. “Ҳар ҷавоне, ки дорои ҷаҳонбинисту хубу бадро дарк карда метавонад, ҳеҷ гоҳ дидаву дониста худро ба коми оташ намеафканад, мегӯяд ӯ. - Вақте медонед, ки оқибати чунин корҳо танҳо ноумедист, асло ба он даст намезанед. Баръ-

акс бояд ҳар ҷавон ҳаёти осоиштаро интихоб намуда, пешаеро омӯзаду ба фаъолият шуруъ намояд ва дар рушди кишвар саҳм гузорад. Чун аз инсон танҳо кори нек боқӣ мемонад”. Фарҳод айни ҳол дар ҶДММ “Таъмири таҷҳизоти барқӣ” фаъолият дорад. - Як чизро мехоҳам баён намоям, ки инсон бояд ҳеҷ гоҳ аз мушкилоти замон афсурдаву ноумед нагардад. Ҳар мушкилот роҳи ҳал дорад. Аз оне, ки ноумед мегардему як ҷо менишинем, беҳтар аст, баҳри бартараф намудани он саъю талош намоем. Танҳо бо заҳмату меҳнат шахс метавонад комёб гардаду соҳиби обрӯ. Меҳр ба касбу пеша омили сарфарозисту дилсардӣ бошад, сарчашмаи нокомӣ, - мегӯяд ҳамсуҳбати мо. Бо вуҷуди 25 сол доштанаш дар соҳаи худ соҳибтаҷриба гардида, ба чанд нафари дигар, ки ба шуғли мазкур таваҷҷуҳ доштанд, касби кафшергарӣ омӯхтааст. Ба таъкиди ӯ, ҳунарро ба дигарон омӯхтан беҳтарин хислати инсонист. Ӯ талқин менамояд, ки ҷавонон бояд касб омӯзанд ва ба дигарон низ онро омӯзонанд, то дар ҷомеа сарбаланду соҳибэҳтиром бошанд.

Вой агар аз пайи имрӯз бувад фардое… Чанд рӯз қабл, дар минтақаи Ғурмочи вилояти Форёби Ҷумҳурии Исломии Афғонистон буридани бинии зане бо номи Резагул аз ҷониби шавҳараш эҳсоси даҳшату надоматро дар саросари олам ба миён овард. Ин аввалин воқеаи хушунати занон дар Афғонистон нест. Куштори бераҳмонаи Фархунда аз ҷониби ҳамватанонаш, сангсори духтари дигари афғон Рухшона ва ҳалокати Лизо Акбарӣ бонуи варзишкори афғониасли амрикоӣ ҳангоми берун шудан аз дафтари кориаш намунаҳои дигари хушунат ба занон аст. Инчунин куштор ва зиндабагӯр кардани 900 зан аз тарафи ҷинояткорони ДИИШ дар Сурия ва аз ҷониби як аъзои ин гурӯҳи ба ҳалокат расидани модаре басе даҳшатовару нангин аст. Зан ба сифати ҷинси фаъол аз рӯзҳои нахустини пайдоиши инсон дар қабати мард истода, тамоми мушкилоту мураккабиҳои рӯзгорро бардошт ва таҳаммул кардааст. Зан дар навбати худ модар аст, модар ҷаҳони эҳсосоту меҳрубониҳо ва илтифоту дӯстдориҳоро офаридааст. Маҳз ҳамин нукта боиси муҳаббату самимияти байни одамон дар ҳама гуна давру замон гардидааст. Зан, дар маҷмӯъ, бори масъулияти тавлиди башарро мекашад ва ин масъулияти нотакрор, ки махсуси зан аст, ӯро ба унвони «офаридгори дуюм» муаррифӣ кардааст. Мутаассифона, дар кишварҳои мусалмоннишин раво дидани муносибати баробар бо занон хеле маҳдуд ва дастнорас аст. Муқаррароти занситезии режимҳои исломӣ ва бандубасте, ки режимҳои шариатмаоб ва бунёдгарои исломӣ дар кишварҳои минтақаи мусалмоннишин ба вуҷуд омадаанд, басе нигаронкунанда мебошад. Имрӯз, марҳилае расидааст, ки занон бо пешрафтатарин донишҳо мусаллаҳ гашта, ҳайсияту номуси худро ҳифз намоянд. Нодонӣ, ҷаҳлу таассуби мардони ҷомеаҳои мусалмоннишин тамоми занони ин минтақаро ё ба суди худ истифода мекунад, ё онҳоро ба фаҳшу беномусӣ ва паст заданашон бо тамғаҳои «оҷиза», «камхирад», «тираақл» ва дигар барчаспҳо бадном ва аз фаъолиятҳои иҷтимоӣ дур месозанд. Имрӯз мушоҳида мшавад, ки бархе рӯҳониён, албатта, таҳти пуштибонии хоҷагони хориҷӣ-и худ тавассути усули чандинасраи худбегонасоз мардумро аз азоби охират, дӯзах, биҳишт, рӯзи қиёмат ва ҳаросафканиҳои динӣ тарсонида, дар ҳолати шок ва бетарафӣ нигоҳ медоранд. Чунин ҳолати шокзада барои гурӯҳҳои манфиатхоҳи дохиливу хориҷӣ бисёр фурсатҳои муносиб буданд, то манфиатҳои худро пиёда

созанд. Ба ибораи дигар, сиёсикунонии бовару эътиқод дар асри имрӯз танҳо як василаи беҳувият сохтани миллатҳо ва таҳти султаи бегонагон гузоштани ин кишварҳо ба ҳисоб меравад. Низоми сиёсии динӣ намегузорад афроди ҷомеа дастрасӣ ба донишҳои воқеиву дақиқ ва мантиқиро дошта бошанд. Онҳоро дар ҳоли нодониву худбохтагӣ ва таассубу ҷаҳолат нигоҳ медорад. Аксари мушкилоти кишварҳои мусулмоннишинро нодонӣ ва ҷаҳлу таассубу хурофот ташкил медиҳад. Мардуми мутамаддину мудерни ин асру замон мехоҳанд муқаррароти иҷтимоии худро ба дасти худ бинависанд ва қавонини худро мустақилона иншо кунанд. Онон арзиши зиндагиро аз ҳама чиз боло гузошта, мехоҳанд онро дар асоси озодӣ ва аҳкоми ақлу хиради одамӣ пушти сар кунанд. Зеро онҳо амиқ дарк кардаанд, ки дар ин ҷаҳони нопайдоканор як бор имкони зистан доранд ва ин имкониятро бояд ба навъи аҳсан истифода намоянд. Барқарории ҷомеаи маданӣ ва ахлоқӣ дар ҷомеаи динсолор ва таҳти ҳукумати диндорон мумкин нест. Ин ба маънои тарки дин кардан (ё ҷомеаи бедин) ё нодида гирифтани бовару эътиқоди инсонӣ нест, балки ба он маънист, ки дин бояд кори фардии ҳар инсон бошад ва касе ҳаққи дахолат ба бовару эътиқоди дигареро надорад. Ба маънии дигар, ҷудоии дин аз сиёсат дар ҳар ҷомеаи маданӣ ва низоми сиёсии дунявӣ авлавият дорад. Яъне, дин бояд вазифаи аслии худ - тавзеҳ ва танзими эътиқодот ва ибодати диниро бар дӯш гирад. Ин ба он маъност, ки бояд ба инсон ҳақ дода шавад, то оқилона ва тавассути таҳлилҳои ақлию мантиқӣ бовару эътиқотодашро ба ҷо оварад. Вагарна он чи ки имрӯз дар Афғонистони ҳамсояи мо бо номи дину шариат сурат мегирад, комилан на дин асту на шариат. Ҳамин аст, ки аксари афроди ин гуна ҷомеаҳо аҳкоми шаръиро низ кӯркӯрона пайравӣ мекунанд, сахт таассубзада ва ҷоҳилу нодонанд. Чунин вазъ байти Хоҷа Ҳофизро ба ёд меорад: Гар мусалмонӣ ҳамин аст, ки Ҳофиз дорад, Вой агар аз пайи имрӯз бувад фардое. Исомиддин ШАРИФЗОДА


ҶАВОНОН ВА НАБЗИ ҶАҲОН

«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН» №4 (9430), 28 январи соли 2016

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми имсолаи худ ба Маҷлиси Олии кишвар дар қатори масоили мубрами дигари ҷомеа ба масъалаи бесуботии Ховари Миёна ва даргириҳо дар гӯшаҳои гуногуни олам низ ишора кард. Аз ҷумла бо таъкид ва нигаронӣ чунин иброз дошт: “Боиси таассуф аст, ки баъзе созмонҳои байналмилалӣ аз ҷониби як қатор доираҳо ва давлатҳову фондҳо ошко¬ро маблағгузорӣ гардидани созмонҳои террористиву ифротгаро, поймолшавии ҳуқуқи инсон, аҳволи тоқатфарсо ва дар роҳи муҳоҷират дар баҳрҳо ғарқ шудани ҳазорон нафар гурезаҳо, аз ҷумла занону кӯдаконро нодида мегиранд. Аз ин лиҳоз, метавон гуфт, ки бар асари истифодаи қувва ва зӯрӣ дар равобити байналмилалӣ, дар ҳифзи манфиатҳои хеш рӯбарӯ омадани қудратҳои ҷаҳонӣ ва минтақавӣ, зери фишори нерӯву унсурҳои бе¬гона амалан аз байн рафта¬ни низоми давлатдории як силсила кишварҳо ва вусъати торафт афзояндаи террориз¬му экстремизм вазъи ҳуқуқи байналмилалӣ хеле заиф шуда, истиқлолияти давлатҳои миллӣ осебпазир гардидааст. Намуна ва пайомадҳои чунин вазъро мо дар мисоли Сурия, Ироқ, Лубнон, Яман ва Афғонистон мебинем”. Бояд гуфт ҷомеашинос ва сиёсатшиноси амрикоӣ Самуэл Хантингтон соли 1993 дар маҷаллаи «Foreign Affairs» матлабе бо номи «Бархурди тамаддунҳо?» ба нашр расонд, ки дар он ақидаашро доир ба муборизаҳои исноният дар асрҳои оянда ифода кардааст. Ӯ навишта буд, ки низоъҳои минбаъда миёни тамаддун ва динҳо сурат

Дар ин набард фарҳанги ислом барои тартиби низоми лозима нақши калидӣ бозида метавонад. Исломе, ки бар асоси Қуръон асту суннати паёмбар. На оне, ки имрӯз ҳарактҳои террористӣ “муаррифӣ” мекунанд. Аммо ин масъулият аз мусулмонон бозбинии амиқи арзишҳои маънавиашонро мехоҳад. Аввалтар аз ҳама онҳо бояд нафсашонро идора карда тавонанд. Зеро аксари балоҳое, ки имрӯз домангири инсоният аст, бар асари баднафсиву манфаиатталошиҳост. Имрӯз ҳаракатҳои террористӣ дар гӯшаҳои гуногуни ҷаҳон бо номи ислом одам мекушанду бо номи ислом бадрафторӣ мекунанд. Яъне ҳама гуна бадиҳоро иҷро мекунанду мегӯянд, мусулмонем ва шариати исломро ба роҳ мемонем. Ҳол он ки ислом ба касе ҳақ надодааст, ки каси дигарро бикушад, ба номуси касе даст дароз кунад, модареро, хоҳареро бадном созад. Пас, имрӯз, ки ҳамин амалҳои нангини номабаршударо гурӯҳу ҳаракатҳо анҷом медиҳанд, на худи онҳо мусулмонанду на амалашон фармудаи шариату ислом. Дар Паёми имсолаи Президенти кишвар ба Маҷлиси Олӣ нуктаи пураҳамияти “на террорист мусулмон асту на мусулмон террорист” бори дигар таъкид ёфт. Бегумон, вазифаи мо ҳамчун мусулмон барои наҷоти башарият аз чунин ҳаракатҳои ифротӣ, ки мисли вабои асранд, паҳлӯи ҳам қарор гирифта, бо ваҳдату якдилӣ дар ин самт ҳамкорӣ намуда, чеҳраи дурахшони дини мубинро аз палидиҳо пок доштан аст. Гурӯҳҳои террористӣ паси шиор ва нишонаҳои шаръӣ пинҳон шуда, худро ҳамчун ашхоси мутадайин вонамуд мекунанд. Ҳол он ки меъёри диндорӣ танҳо амалу рафтори шахс шуда метавонад. Амал ва рафторе, ки боз ҳам Қуръон ба мусулмон фармудааст. Ба ибораи дигар, мусулмон бояд ба амнияту осоиштагӣ ташвиқ кунад, балки вазифааш наҷоти инсонҳост, на қатли онҳо ва даҳшат афкандан ба дили онҳо.

М. САИД, “ҶТ”

Паём таҳкимбахши мароми зиндагии ҷавонон аст Сарфароз аз онем, ки дар Паёми имсола боз масъалаҳое, ки ба сиёсати давлатии ҷавонон алоқаманд мебошад, мавриди таваҷҷуҳ қарор гирифт ва Ҳукумати мамлакат вазифадор шуд, ки ҷиҳати дастгирии иқдомоти бунёдкоронаи мо - ҷавонон чораҳои амалӣ андешад. Боиси ифтихори мост, ки сазовори боварии боэътимоди Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон гардидем. Зимни ироаи Паём Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон чунин нуктаҳои ҳаётан муҳимро нисбат ба мо ҷавонон ироа намуданд: “Мо бо ҷавонони

созандаи худ ифтихор мекунем, чунки ҷавонони даврони соҳибистиқлолии Ватанамон имрӯз бо нангу номуси миллӣ, ташаббусҳои шоиста ва эҳсоси баланди ватандорӣ дар рушди Тоҷикистони азиз ҳиссаи арзишманд мегузоранд ва ба Модар-Ватани худ содиқона хизмат мекунанд”. Ин нуктаҳо ҳисси баланди масъулиятшиносӣ, худшиносиву худогоҳӣ, рӯҳияи озодихоҳӣ, ватанпарастӣ, ифтихори миллии мо - ҷавонони хуштолеи диёрро баланд бардошта, бори дигар водор месозад, ки ба қадри неъматҳои бебаҳо, ба мисли Истиқлолияти давлатӣ, Ваҳдати миллӣ, Ватани ободу ором ва арзишҳои фарҳангии

миллати хеш бирасем. Имрӯз вақти он расидааст, ки бо сари баланду рӯи сурх бо истифода аз дастгириву пуштибонӣ ва такягоҳии Пешвои миллатамон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон донишамонро мукаммал ва ҷаҳонбиниамонро васеъ намуда, дар баробари омӯхтани забони модарӣ ва илму дониш, аз бар намудани забонҳои хориҷӣ, истифодаи моҳиронаи технологияи муосир ва дастовардҳои соҳаи компютериро пеша намоем, ки ин масоил дар Паёми имсолаи Сарвари давлат бори дигар таъкид гардид. Паёми Президенти кишвар ба Маҷлиси Олӣ такондиҳанда ва илҳомбахши фаъолияти мо

- ҷавонон гардида, масъулияти бузурги давлатдорӣ ва қарзи пурифтихори фарзандии худро сарбаландона адо менамоем ва барои рушду нумӯи рузафзуни кишвар ҳамчун созандагони фардои Ватан тадбирҳои судмандро андешида, ҳамчун нерӯи пешбарандаи ҷомеаи навини Тоҷикистон ҷашни 25умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо ташаббусҳои созанда ва ифтихори баланди ватандорӣ сазовор пешвоз гирифта, барои амалӣ намудани ҳадафҳои созандаю бунёдкорона фаъолияти хешро равона месозем. Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон

www.javonon.tj

Мо - ҷавонони саодатманди кишвар бо ҳисси баланди масъулиятшиносӣ Паёми имсолаи Президенти кишвар, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии кишварро интизор будем. Зеро Паём саодатномаи миллат, меҳвари пешбарандаи ҷомеа, раҳнамои фаъолияту зиндагии мо - ҷавонон буда, дар заминаи ғояҳои баландпояи пурмазмун асос ёфта, ҷомеаро ба кору фаъолияти пурмаҳсулу самарабахш даъвату раҳнамоӣ менамояд.

мегиранд. Ин ақидаи Самуэл Хантингтон баъд аз се сол дар китоби «Бархурди тамаддунҳо ва тағйири низоми ҷаҳон» муфассалтар тавзеҳ ёфт. Имрӯз ба назар мерасад, ки шуури ҷомеаи Ғарб бар асоси ҳамон назария ташаккул ёфта истодааст, балки элитаҳои ғарбӣ тамоми муносиботи байналмилалиро бар пояи назарияи Хантингтон ба роҳ мондаанд. Ваҳми таассуби диниро, ки дар қиёфаи терроризм ҳукмрон асту ҷаҳонро ва бештар аз ҳама ҷомеаи Ғарбро ба таҳлука овардааст, қудратмандони ғарбӣ дар ростои манофеи хеш хуб истифода мебаранд. Бо истифода аз ин даҳшатафканиҳо, ки шак нест, худи қудратҳои ҷаҳонӣ дар пушташ ҳастанд, мардумашонро зери тарсу фишори мудовим нигоҳ медоранд. Чаро ки ҷомеаи дар ҳоли ваҳомат қарордоштаро мешавад назорат кард. Чунин фишори сунъӣ ва таҳлукаофарии як гурӯҳи ақаллият (абарқудратҳо)-ро имкон додааст, ки “зимоми” аксарият (шаҳрвандонашон)ро дар даст дошта, шууру ҷаҳонбинии онҳо, муносибатҳои инсонӣ, робитаҳои оилавӣ, вазъи иқтисодӣ ва усули таълиму донишомӯзиашонро ба хости худ ташаккул диҳанд. Аз ин зовия нигариста, метавон ба хулоса расид, ки дар асл имрӯзҳо на бархурд миёни тамаддунҳо ва динҳо, балки миёни маданияти инсонӣ ва шуури даррандагӣ ё ваҳшоният ба роҳ монда шудааст. Албатта, ин макру тавтиа дерпо нест ва ҳатман рӯзе ошкор мешавад. Балки аллакай ошкор шудан дорад ва ин ошкоршавӣ башариятро дар умум барои дарёфти низомҳои алтернативӣ савқ медиҳад, то мушкилоташро ҳаллу фасл созад. Зимнан, инсоният аз ибтидо то имрӯз равишу низомҳои гуногунро аз сар гузарондааст ва то имрӯз мушкил доштааст ва дар гирдоби проблемаҳо дар мондааст. Аз ин лиҳоз нек дарк мекунад, ки бояд зиндагиаш дар амну осоиштагӣ сипарӣ шавад, на дар оташу кашмакашу дарбадарӣ...

Гурӯҳҳои ифротӣ иддао мекунанд, ки дар роҳи Худо қадам зада, барои ризои Худо одам мекушанд, аммо худ ғофил аз онанд, ки дар назди Офаридгор қадри як ҷони одамӣ баробар ба ҷони тамоми башарият аст. Гиромӣ доштан ва муҳофизат намудани ҳар ҷони одамӣ меъёри асосии тамоми динҳои рӯи олам аст ва ҳассосияти шахс нисбат ба ин меъёр нишона аз имондории ӯ мебошад. Аз ин рӯ, мусулмонон афкори ифротиеро, ки гурӯҳҳои террористӣ мехоҳанд аз номи дин ба оламиён талқин намоянд, бояд бе ягон шакку тардид рад кунем. Дар муқобили чунин афкори ифротӣ шуур ва зеҳнияти фарогирро, ки ғанӣ аз арзишҳои башарӣ ва меъёрҳои маданӣ аст, ташвиқ намоем. Зеро муҳтавои арзишҳои маънавии моро қабл аз ҳама одамгарӣ ва инсонпарварӣ ташкил медиҳад. Мансубияти қавмӣ, миллӣ ва ё динӣ дар ин миён дуюмдараҷаанд... Дуруст аст, ки татбиқи сенарияи бархурди тамаддунҳо ва динҳо ба манфиати як гурӯҳи ақаллият аст. Аммо аҷиб аст, ки баъзеҳо ин сенарияи таърихро писандида, новобаста ба он ки ҳоло Ховари Миёна, Африқо ва қисматҳои шарқии курраи Замин зери зулму истибдод, қашшоқиву бесаводӣ қарор доранд, барои ба даст овардани ҳукумат ва идораи сарвату боигариҳои зерзаминиву рӯизаминӣ пиёдааш мекунанд. Хусусан вазъи Сурияву Ироқ ва ҳиҷрати иҷбории миллионҳо нафар барои ҳифзи ҷони оилаҳои хеш ба ин гувоҳ аст. Ҳарчанд гурӯҳҳои террористӣ бо иддаои наҷоти мусулмонон аз султаи ғарбиён ва тағйири олам ба нафъи ислом ба роҳ даромадаанд, аммо худ бехабаранд, ки тағйиру ивазшавиро бояд аз нафси хеш оғоз бахшанд. Хусусан тамаддунҳои шарқӣ-исломӣ бояд жарф ҷустуҷӯ кунанд ва аниқ намоянд, ки чӣ омилҳое боис гашт, то фаҳмиши ифротӣ ба шуури ҷомеа таъсир расонда, сафи гурӯҳҳои террористиро афзуд. Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон соли 2011 зимни суханронӣ дар иҷлосияи байналмилалии мубориза бо терроризм дар робита бо назарияи бархурди тамаддунҳо нуктаи муҳимеро баён доштанд: “Дар айни замон мусаллам аст, ки амалҳои оммавии террористӣ “низои тамаддунҳо” ё худ бархурд дар заминаи муносиботи байнимазҳабӣ нестанд”.

е-mail: javonontj@mail.ru

“Бархурди тамаддунҳо” ё манфиатталошӣ

11


www.javonon.tj

е-mail: javonontj@mail.ru

12

ВАРЗИШ

«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН» №4 (9430), 28 январи соли 2016

Ҳасан АЗИЗОВ Айни замон варзиш дар кишвари мо дар ҳоли рушд аст. Ҳукумати кишвар ҳам ба соҳаи варзиш таваҷҷуҳи махсус зоҳир мекунад. Бо вуҷуди ин, мушоҳида мегардад, ки баъзе федератсияҳои варзишӣ базаи хуби тамринӣ надоранд. Яке аз онҳо Федератсияи тирпаронии ҷумҳурист. Дар бораи набудани шароити мусоид дар базаҳои тамринии тирпаронӣ Дилором Лагутенко, мураббии шинохтаи ҷумҳурӣ бо алам қисса кард: “Панҷ сол мешавад наврасону ҷавононро дар Клуби ҷумҳуриявии варзишӣтирандозӣ, ки бо номи «Тир» машҳур аст, машқ медиҳем. Аммо толори он ба талаботи имрӯза ҷавобгӯ нест. Сард аст ва дар баробари ин бомаш мечакад. Варзишгарон дар ҳавои сард тамрин менамоянд, ки ба саломатии онҳо зарар дорад. Дигар ин ки ин толорҳо на он қадар равшан ҳастанд. Ҳарчанд дар он як ду чароғ насб шудааст, аммо онҳо равшании хуб намедиҳанд. Чунин равшанӣ нури чашми варзишгаронро хира мекунад. Бо сабабе, ки дар толор об мечакад, мо наметавонем чароғ насб кунем. Хуб мешуд, ки Ҳукумати ҷумҳурӣ, Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ, Кумитаи миллии олимпӣ толори мазкурро пеш аз ҳама бо гармӣ таъмин намоянд, то наврасону ҷавононро дар толорҳои гарму барҳаво машқ дода тавонем. Барои тайёр намудани варзишгарони сатҳи ҷаҳонӣ ва қаҳрамони Бозиҳои олимпӣ аз ин намуди варзиш, имрӯз дар кишвари мо базаи тамринии стандарти ҷаҳонӣ бо шароити даркорӣ намерасад”. Воқеан, тирпаронӣ яке аз намудҳои қадимтарини варзиш ба ҳисоб меравад. Варзиши тирпаронӣ бо милтиқ ва таппонча аввалҳои соли 1896 ба Бозиҳои олимпӣ дохил шуд. Аз соли 1897 бошад, оид ба ин намуди варзиш чемпионатҳои ҷаҳон гузаронида мешавад. Дилором Лагутенко мегӯяд, проблемаи дигар набудани нишони электронӣ дар толори машқӣ мебошад. Наврасону ҷавонони мо бо нишони коғазӣ (картонӣ) тамрин менамоянд, лекин вақте ба мусобиқаҳои берун аз ҷумҳурӣ мераванд, дар он ҷо бо нишони электронӣ қувваозмоӣ мекунанд, ки барояшон мушкил аст. Беҳтар мебуд дар толорҳои мо низ нишони электронӣ насб шавад. Номбурда тазаккур дод, ки норасоии дигари варзиши тирпаронӣ базаи тамринӣ дар ноҳияҳои дурдасти ҷумҳурӣ мебошад. Варзиши тирпаронӣ танҳо дар вилояти Суғд ва шаҳри Душанбе база дорад. Дар дигар минтақаҳои ҷумҳурӣ вуҷуд надорад ва ё вуҷуд дошта бошад ҳам, фаъолият намекунанд. Дар минтақаҳо ҷавонон завқи тамрини ин намуди варзишро доранд, лекин шароит нест. Пас дуруст кардани шароит барои рушди варзиши тирпаронӣ кори аввалиндараҷа аст. - Проблемаи дигаре, ки мо имрӯз наметавонем қаҳрамони Бозиҳои олимпӣ ва ё варзишгари сатҳи ҷаҳонӣ тайёр намоем, набудани таҳкурсӣ мебошад - набудани мактаби тирпаронӣ

барои кӯдакон. Солҳои пеш мактаби захираҳои олимпии тирпаронӣ барои кӯдакон, мактаби кӯдаконаи захираҳои иловагии тирпаронӣ, инчунин дар дохили мактабҳои таҳсилоти умумӣ толори тир вуҷуд дошт, ки дар онҳо хонандагон тамрин менамуданд ва то дараҷае нозукии ин намуди варзишро аз худ мекарданд ва баъдан ба федератсияҳо, клубҳои махсуси тирпаронӣ омада, ҳунарашонро сайқал медоданд. Ба мушкилиҳо нигоҳ накарда, солҳои охир наврасону ҷавонони мо дар чемпионатҳои ҷаҳонӣ ва Осиё иштирок карда, соҳиби ҷойҳои ифтихорӣ мегарданд. Хушбахтона, ду-се соли охир таваҷуҳи Ҳукумати ҷумҳурӣ, Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ ба тирпаронӣ зиёд шудааст. Агар имрӯз боз теъдоди клубҳои тирпаронӣ бештар

шаванду насли наврас он ҷо ба варзиш машғул шаванд, барои рушди варзиш дар ҷумҳурӣ такони ҷиддӣ мебахшад, иброз намуд Диломром. Варзишгари ҷавон Малика Лагутенко духтари зираку ҳушманд ва донандаи хуби ҳунари тирпаронӣ мебошад. Ӯ мегӯяд, зиёда аз чор сол мешавад, ки дар варзиши тирпаронӣ тамрин менамояд. “Барои мо - варзишгарон имрӯз ҷиҳати техникии тирпаронӣ қариб мушкилӣ надорад. Фақат толори тамрин ба стандартҳои муосири ҷаҳонӣ ҷавобгӯ нест. Дар фасли сармо тамрин дар он мушкил аст. Ман хушбахтам, ки Федерасияи тирандозии Тоҷикистон бо дастгирии Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ ҳуҷраи либосивазкунии толорро бо гармӣ таъмин карданд. Умед дорам, ки дар оянда толорҳои тамринӣ ҳам бо

Толорҳо сарданд, чароғҳо хира... гармӣ таъмин мешаванд. Бо дастгирии Ҳукумати ҷумҳурӣ, Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ ва Кумитаи миллии олимпӣ дар мусобиқаҳо иштирок мекунем. Аз ҷумла, ман дар чемпионати Осиё оид ба тирандозӣ аз туфанг ба масофаи 10 метр байни духтарон, ки дар Кувайт доир гашт, иштирок намуда, бо натиҷаи 204,9 хол мақоми аввалро соҳиб шудам. На танҳо ман, балки дигар варзишгарон ҳам дар ин мусобиқа иштирок намуда, ҳунари хуб нишон доданд. Агар иштироки мо дар чунин чемпионатҳо зиёд гардад, нозукиҳои тирпарониро меомӯзем ва таҷриба ба даст меорем”. Бешубҳа, рушди варзиш ва ширкати варзишгарони тоҷик дар мусобиқоти байналмилалию олимпӣ бо сармоягузории кофӣ имкон дорад. Зеро барои тайёр кардани як қаҳрамони Бозиҳои олимпӣ, ба андешаи коршиносон, тақрибан чор миллион доллар лозим аст. Масалан, барои омодагиҳо ва ширкати варзишгарон дар Бозиҳои олимпӣ Амрико ва Чин зиёда аз 1 миллиард доллар, Олмон 760 миллион евро, Русия 137 миллион доллар масраф мекунанд, аммо кишвари мо чунин имкониятро надорад. Пас ба қадри қудрату тавон бояд шароити хубро барои варзишгарон муҳайё созем.


МАСЛИҲАТИ “ҶАВОНОН...“ Қадри 20 дақиқаи умр

«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН» №4 (9430), 28 январи соли 2016

13 е-mail: javonontj@mail.ru

Дар 20 дақиқа чӣ метавон кард? Оё боре шумо дар ин хусус фикр кардаед? Ин ҷо аз хулосаи табибону коршиносон чанд мисол меорем. Шояд барои тасмимгириҳои минбаъдаатон кӯмак расонад. - Касе ки ҳар рӯз 20 дақиқа ба варзиш машғул мешавад, ӯ дар бораи саломатиаш ташвиш намекашад. - Ҳар касе ки дар як рӯз 20 дақиқа хонаашро рӯбучин мекунад, аз бенизомӣ дар хонааш ғам нахоҳад хӯрд. - Касе ки дар як рӯз барои беҳтар намудани зеҳну диққаташ 20 дақиқа вақт ҷудо мекунад, ҳеҷ гоҳ аз буҳрони эҷодӣ ба ташвиш намеояд. - Ҳар касе рӯзе 20 дақиқа вақт ёфта, аз кору бору ҳолу аҳволи ҳамсараш бипурсад, дар бораи вайрон шудани муносибатҳои заношавҳарӣ ғам нахоҳад хӯрд. - Ҳар касе рӯзе 20 дақиқа вақт ёфта, дафтарчаи қайдҳояшро аз назар гузаронад, барои норасоии идеяҳо ташвиш нахоҳад кашид. - Касе рӯзе 20 дақиқа барои таъсиси манбаи даромади ҳалол коре кунад, ӯ ҳеҷ гоҳ дар бораи норасоии маблағ ғусса нахоҳад хӯрд. - Ҳар касе ки рӯзе 20 дақиқа барои истироҳат сарф мекунад, ӯ аз хасташавию “аз пой задан” эмин хоҳад монд. - Ҳар касе ки рӯзе барои китоб хондан 20 дақиқа ҷудо мекунад, ӯ дар хусуси чӣ гуна коршиноси хуб шудан ғусса нахоҳад хӯрд.

Дӯстдорони чой аз қаҳванӯшон бештар умр мебинанд Тибқи иттилои нашрияи “The Daily Mail” муҳаққиқони фаронсавӣ чунин хулоса карданд, ки чой аз қаҳва беҳтар буда, метавонад боиси дарозумрӣ гардад. Фоидаи чой ба флавоноиду антиоксидантҳои таркиби чой вобастагӣ дорад, ки барои қалб (дил) хеле фоидабахшанд. Дар ин таҳқиқот 131 ҳазор нафар ашхоси 1895-сола ширкат варзиданд. Таҳқиқот аз соли 2001 оғоз шуд. Муҳаққиқон ҳамагӣ дар як соли мушоҳида 95 марг аз бемориҳои дилу рагҳо ва 632 марги ба бемориҳои дил вобастанабударо ба қайд гирифтанд. Аз ҳар нафари ба Маркази

тибби профилактикӣ ташрифоварда оид ба чой ё қаҳва нӯшиданаш ҳатман пурсида мешуд. Муқоиса нишон дод, ки дар миёни дӯстдорони қаҳва нисбат ба касоне, ки қаҳва наменӯшанд, хатари баланди гирифторшавӣ ба бемориҳои дилу рагҳо зиёдтар аст. Алалхусус касоне, ки илова ба қаҳванӯшӣ боз сигор ҳам мекашанд. Маълум шуд, ки шахсони қаҳваро наменӯшидагӣ аз ҷиҳати ҷисмонӣ нисбатан фаъолтаранд. Ҳамчунин олимон муайян намуданд, ки чой ба фишори хун таъсири назаррас мерасонад. Аз рӯи ҳисоби муҳаққиқони чойнӯшӣ хатари марги новобаста аз бемориҳои дилу рагро 24% кам мекунад.

Дезодорантҳо барангезандаи саратони сина?

Таҳияи С. САЙФИДДИН, “ҶТ”

Дар ҳаёти оилавӣ шахсоне хушбахт мешаванд, ки «ман»-и худро ба «мо» табдил дода метавонанд. Пойдории оила устувориву матонат ва масъулияти хосаро тақозо менамояд. Аъзои оила ҳамеша ба ғамхориву парасторӣ ниёз доранд. Ҳамсарон метавонанд ҳаёти якҷояро бе ягон фишороварӣ ва бе ҳақталошӣ, дар заминаи иззату эҳтиром ва эътимоду якдигарфаҳмӣ бунёд гузоштаву аз лаҳзаҳои нахустини қадам ниҳодан ба ҳаёти оилавӣ тарки «ман» намуда, мутеи «мо» гарданд. Оё шумо мехоҳед, ки хушбахтии оилавӣ насибатон гардад? Ё шумо ба ин суол посух меҷӯед: «Барои хушбахт кардани ҳамсар ва ё рафиқи ҳаётӣ чӣ бояд кард?» Мо кӯшиш мекунем, то андозае барои дарёфти посух ба ин суол ба шумо кӯмак намоем. Қабл аз ҳама ба қадри ҳамсар бояд расид. Ҳамсар бояд дар ҳаёти шумо мавқеи асосӣ ва аввалиндараҷаро соҳиб бошад. Шумо бо рафтору муомилаи неки худ барояш имкон диҳед, то ӯ мавқеи хоси худро дар оила эҳсос карда тавонад. Дар ин сурат ҷуфти шумо албатта ба қадри шумо хоҳад расид. Баръакс, агар яке аз ҳамсарон беқадрии худро дар назди ҳамсараш дарк намояд, асабонӣ шудаву ба ҳар як майда-чуйдаи рӯзгор айбҷӯиву хӯрдагирӣ кардан мегирад. Ин ба бесарусомонӣ ва низоъҳои оилавӣ оварда мерасонад. Худбиниву худхоҳӣ пояҳои устувори оиларо сусту бебунёд ва хушбахтиро маҳв месозад. Ҳақ будани худро маҷбуран ба ҳамдигар бор кардан боиси ҷангу ҷидол ва нофаҳмӣ миёни ҳамсарон мегардад. Оила ин роҳ аз ҷониби «Ман» ба ҷониби «Мо» мебошад. Ин давраи хеле хушу нотакрор аст. Аммо агар касе мехоҳад, ки бо ҳар роҳу восита худро ҳақ ва дигариро ноҳақ шуморад, он шахс хушбахтии оилавиро соҳиб нахоҳад шуд.

Аз худ ҳокими мутлақ ва фармондеҳ насозед. Шумо дар симои ҳамсар набояд сарбозеро бинед, ки танҳо ба фармони командири худ итоат менамояд. Дар хотир дошта бошед, ки шумо ягон зарра аз ҳамсари худ на баландтаред, на пасттар, балки шумо аъзои як пайкаред. Ҳиссиёти ҳамсари худро асир ва маҳкум насозед, балки барояш имкон диҳед то ҳама гуна ҳиссиёт ва ҳатто хашму ғазаби худро низ озодона ифшо созад. Ҳиссиётҳоро дар дохили қалб пинҳон насозед. Дар хотир дошта бошед, ки вақте ба дохили тезпазонак ҳаво надаромад, он метаркад. Камбудиву нуқсонҳоро нодида гиред. Ҳамсари худро маҷбур накунед, ки ҳама хоҳишу дархости шуморо ҳатман ва бечуну чаро иҷро намояд. Ҳама чиз осебпазир аст, ҳатто оҳан низ вайрон мешавад. Ҳамаро водор насозед, ки танҳо шуморо гӯш кунанд. Фикру ақидаи ҳамсарро эҳтиром намоед. Чунин андешаҳоро аз сари худ дур созед: “Дар ин хона ҳама кор бояд ба табъи дили ман бошад, чунки ман ҳаргиз хато намекунам”. Маҷбур накунед, ки ҳамсаратон танҳо талаботи шуморо иҷро намояд. Шумо танҳо дар бораи хушбахтии худ андеша карда, ҳуқуқҳои баробари ҳамсарро ба ҳаёт ба эътибор нагирифта, заврақи ҳаёти хешро ғарқ ва хушбахтиатонро

маҳв хоҳед кард. Ҳамчунин, аз ёд набароред, ки дар назди Худованд ҳар амалеро подошест. Ҳамсари худро гунаҳкор ва муттаҳам накунед. Беҳтар он аст, ки ба ҷои нидои “Боз чӣ номаъқулӣ кардӣ? Бо гуноҳи ту ман асло аз нохушиҳо раҳо намеёбам” бо ҳамсари худ машварат намуда, аз мушкилиҳояш огаҳӣ пайдо намоед. Фақат ба ӯ бигӯед: Биё, онҳоро якҷоя ҳал мекунем. Мушкилоти ту ин мушкилоти ман низ ҳаст”. Барои мушкилоти оилавӣ қалби ҳамсарро озор надиҳед. Барои беилтифотӣ нисбат ба волидон ва бародарону хоҳарони худ ҳамсаратонро сарзанишу маломат накунед. Чунин рафтор дар қалби ҳамсар ва наздикони шумо тухми кинаву адоват мекорад. Ба ҷои ин миёни онҳо пули ишқу муҳаббат бунёд созед, зеро гуфтаанд: “Дилро ба дил раҳест”. Барои ин ба ҳамсаратон имкон диҳед, то барои шумо азизу гиромӣ буданашро дарк намояд. Саҳфаҳои рӯзгори гузаштаро зиёд варақгардон накунед. Аз ёдовар шудани лаҳзаҳои нохуш худдорӣ намоед. Қалби худро аз кудуратҳо пок карда, аз баҳсу мунозираҳои бемаврид даст кашед. Мисли оне ки сабзавоти пӯсида ҳавои беғубори хонаро ифлосу вайрон мекунад, хотироти нохуш низ ҳавои беғубори хушбахтиро тира месозад. Таҳияи Шаҳло ЭШОНОВА, “ҶТ”

www.javonon.tj

Олимони Донишгоҳи Кил дар натиҷаи пажӯҳишҳо муайян карданд, ки сӯиистифода аз дезодорантҳо метавонад боиси сар задани саратони сина гардад. Гап дар сари он ки аксари дезодорантҳо дар таркибашон пайвастагии алюминий доранд, ки ба ҷудошавии арақи бадан монеъ мешаванд. Одатан ин метал дар ҷисми инсон ҷамъ намешавад. Дар бофтаҳои ғадуди синаи занони гирифтори саратон, ки мудом аз дезодорант истифода мебурданд, пайвастагиҳои алюминий ёфт шуд. Истеҳсолкунандагони дезодорантҳо дар маҳсулоташон истифода бурдани намаки алюминийро инкор намекунанд. Ин намак дар мубориза бар зидди арақи бадан кӯмак мерасонад. Касоне ки аз намаки алюминий хавф доранд, метавонанд дезодорантҳои бидуни намаки алюминийро истифода баранд. Аммо самараи ин гуна дезодорантҳо камтар аст.

Хушбахтии оилавиро ба даст овардан мехоҳед?


www.javonon.tj

е-mail: javonontj@mail.ru

14

«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН» №4 (9430), 28 январи соли 2016

Сайёҳи ҷаҳонгарди тоҷик Саидаҳмади Давлаҳмад ҳини ҳар дафъа ба идораи рӯзнома ташриф овардан дар мавзӯе суҳбат меорояд. Ин дафъа суҳбат атрофи давлати Бохтар сурат гирифт. Агар ҳар нафаре, ки саҳифаҳои таърихро варақгардон намудаю аз гузаштаи миллати хеш қадре огаҳӣ пайдо намояд, бешубҳа пай мебарад, ки Бохтар ё Бактрия яке аз давлатҳои бузург ва аввалин дар ҳудуди Осиёи Марказӣ ва берун аз он вуҷуд доштааст, - нақл кард саёҳ. - Ҳамчун давлати тоҷикон. Як нуктаи муҳимро зикр намудан бамаврид аст: Бохтар дар олам аз зумраи аввалин давлатҳоест, ки дар муомилоти тилло чун фулузи гаронарзиш нақл доштааст. Бо бовари том метавон гуфт, ки Бохтар яке аз қадимтарин кишварҳои олам маҳсуб ёфта, ба сохти давлатдорӣ асос гузоштааст. Ин давлат масоҳати хеле бузургро дар бар мегирифт. Як қисмати заминҳои имрӯзаи Афғонистон, Ҳиндустону Покистон, Туркманистону Узбекистон, Қирғизистону Қазоқистон, кисматҳои марказию ҷанубии Тоҷикистон ба ҳайати он ҳанӯз дар нимаҳои асри ҳазорсолаи якуми то милод ворид буданд. Аввалин маълумот нисбат ба Бохтар дар навиштаҷоти кӯҳи Беҳсутун (Эрони имрӯза) ва китоби Авасто ба назар мерасад. Марказаш Балх, наздикиҳои минтақаи Вазиристони имрӯзаи Афғонистон маҳсуб меёфт. Чун аксар давлатҳои аввалини олам дар Бохтар низ сохти давлатдорӣ ғуломдорӣ ба ҳисоб мерафт. Ғуломонро асосан ғаниматҳои зинда, яъне асирони дар натиҷаи ҷангҳо ба дастафтода, ташкил медоданд. Бохтариён кишоварзҳои моҳир буданд. Заминро кишт намуда, навъҳои гуногуни сабзавоту меваҷот ва ғаллагиҳоро парвариш менамуданд. Баробари кишоварзӣ дар ин сарзамин чорводорӣ ҳам хеле хуб ривоҷ ёфта буд. Бохтар қадимтарин давлат дар Осиёи Марказӣ, чун давлати тоҷикон вуҷуд дошт. Мисли оне ки дар қитъаи Африқо давлати Миср ҳамчун давлати қадима шинохта шудааст. Давлати Бохтар муддати тӯлонӣ вуҷуд дошт. Баъдан ҷангҳои шадид ин сарзаминро фаро гирифт. Муаррихони қадим, аз қабили Диодор, Ктесмий, Ҳеродот ва дигарон дар бораи мардонагию шуҷоати бохтариён баҳри ҳимояи сарзамини худ аз бегонагон қиссаҳои ибратангез ифшо намудаанд. Ибтидои асри 6 то милод Бохтар истиқлолияти худро аз даст дод. Онҳо ба ҳайати дав-

КИТОБХОНАИ “ҶАВОНОН...“

Бохтар – давлати бузурги тоҷикон

лати мидиҳо ворид карда шуданд. Муборизаи тӯлонӣ баҳри истиқлолият ба он оварда расонд, ки бохтариҳо аз асорат раҳо ёфта, ба ҳайати давлати пурқуввати Ҳахоманишиҳо ворид шаванд. Шоҳони ҳахоманишӣ ҷанговарони бохтариро ҳангоми юришҳо ба Юнон истифода мебурданд. Дар ҳайати лашкари ҳахоманишҳо ҷанговарони савораи чусту чолок ва машҳур, аробаҳои ҷангии бохтариён ҳузур доштанд. Ба қавли Ҳеродот сарбозони пиёдаи бохтариён мусаллаҳ бо тиру камон ва найзаҳои кӯтоҳ дар сафҳои лашкари ҳахоманишиҳо меҷангиданд. Ҳамчунин, мувофиқи маълумот як қисми горди махсуси шоҳони ҳахоманиширо сарбозони бохтарӣ ташкил медоданд. Асорат ва зулми шоҳони ҳахоманишӣ боис шуд, ки дар мулки Бохтар ва дигар қисматҳои Осиёи Марказӣ исёнҳо рух диҳанд. Бохтариҳо ба муқобили зулми шоҳон Ксеркс, Артоксеркси 1 ва Артоксеркси 2 борҳо шӯриш бардоштанд. Исёни массагетҳо, ки ҳамсояи бохтариҳо маҳсуб ёфта, дар қисмати болоии рӯди Сирдарё зист доштанд, боиси ҳалокати шоҳ Кир гардид. Ин гуна исёнҳо ҳукмронии шоҳони ҳахоманишиҳоро зери суол мебурд. Сар задани исёнҳо гувоҳ аз он буд, ки мардуми Бохтар мустақилият ва озодиро хеле дӯст медошт. Лашкаркашиҳои Искандари Макдунӣ ба Шарқи Наздик, Осиёи Хурд, Хуросони Бузург ва як қисмати он Осиёи Марказӣ вазъи сиёсию иҷтимоии

минтақаро дигаргун сохт. Баъди истилои минтақа аз ҷониби лашкари юнону макдуниҳо дар заминаи давлати Бохтар, давлати юнону бохтарӣ пайдо гардид. Кашмакашиҳои дохилаи юнону макдуниҳо ба он оварда расонд, ки боз як давлати дигар, селевкидҳо ба вуҷуд ояд. Дар он ҳокимони аслашон соф юнону макдунӣ ҳукмрон буданд. Ҳамин тавр, ду давлати нав пайдо шуд: юнону бохтарӣ ва селевкидҳо. Заминҳои Панҷоб, Синд, Сикх, Кашмир умуман то Қандаҳори имрӯза ба ихтиёри селевкидҳо гузашт. Бо мурури вақт давлати селевкидҳо низ барҳам хурд. Сабабаш дар минтақа пайдо шудани Тахориҳост. Тахориҳои форсзабон, ки ҳоло дар Афғонистон бо номи вилояти Тахор маъруфанд. Тахориҳо ин тоҷикони Қошғар, ки айни замон дар ҳудуди Чин воқеъ гардидааст, бо эфталитҳо наздикӣ дошта, хешу табор маҳсуб меёбанд. Тахориҳоро ҳамчунин бунёдгари давлати Парфияи массагетҳо низ меҳисобанд. Онҳо мисли тоҷикони Сари Кол (минтақаи Уйғури имрӯзаи Чин) бутпараст буданд. - Пас гузаштагони мардуми тоҷик на танҳо оташпараст, балки бутпараст ҳам маҳсуб меёфтаанд? - Бале, аз далелҳо бармеояд, ки ҳамин тавр аст. Нишонаҳои бутпарастӣ ҳоло дар Бомиёну Самангони Афғонистон, мавзеи Айваҷи ноҳияи Шаҳритус ва ноҳияи Вахши Тоҷикистон ёфт шудаанд. Махсусан муҷассамаи бути сангини калон аз мавзеи Аҷинатеппаи ноҳияи Вахш, ки бостоншиносон нимаҳои

солҳои шастуми асри гузашта дарёфтаанд, хеле мароқангез аст. Ҳамин тавр, бо бовари том метавон гуфт, ки бутпарастӣ аз тахориён ва тоҷикони Сари Кол то замони мо омада расидааст. Албатта, нишонаҳои он. Чун суҳбати мо атрофи давлати Бохтар аст, бармегардем ба ин мавзӯъ. Ҳарчанд ки Бохтар зери истилои давлати шоҳони ҳахоманишӣ, пасон бар асари лашкаркашиҳои Искандари Макдунӣ мутеи юнону макдуниҳо шуда бошад ҳам, бо мурури вақт бохтариҳои диловар баҳри озодӣ мубориза бурда, мустақилият ба даст оварданд. Бохтар боз ҳам равнақу инкшиоф ёфт. Аз ин хотир, муаррихон Бохтарро «кишвари сад шаҳрҳо» ном бурданд. Шаҳрҳое чун Бактр (ҳоло Балх, наздики вилояти Вазиристони Афғонистон), Антиохия (Марғелон), Асметриас (Тирмиз), Мароқанд (Самарқанд), Каниса (Бағром) хеле ривоҷу равнақ ёфтаю гулгулшукуфон будаанд. Равобит ва густариши тиҷорат бо кишварҳои ҳамсоя, дар Шимол бо Олтой ва Сибир дар Шарқ бо Чин, дар Ҷануб бо Ҳинду Форс баҳри пешрафт ва рушди соҳоти гуногун шароити хуб фароҳам меовард. Кофтуковҳои бостоншиносон гувоҳӣ медиҳанд, ки ҳатто замони арзи вуҷуд доштани давлати юнону бохтарӣ пешравиҳои мардуми бохтарӣ хеле ҷолибу мароқангез будааст. Аз ҷумла, дар соҳаи санъат. - Ба андешаи шумо, таъсиррасонӣ мушоҳида мешавад? - Дар ибтидо лашкари юнону македониҳо бо сарва-

Толибшоҳ ДАВЛАТ рии Искандари Макдунӣ ба минтақа чун истилогар ворид шуда, ҳама гуна муқобилатро бераҳмона пахш мекарданд. Баъди он ки ҳама зери тасарруфи онҳо қарор ёфт, баҳри пешбурди давлатдорӣ ба мардум ва ҳокимони маҳаллӣ эҳтиёҷ доштанд. Давлати юнону бохтарӣ якҷоя, аз ҷониби ҳокимони юнону макдуниҳо ва маҳаллӣ идора мегардид. Батадриҷ истилогарон ба фарҳанг, санъат ва урфу одати мардуми таҳҷо таваҷҷуҳ зоҳир намуданд. Фарҳанги ду тамаддун – Шарқу Ғарб бо ҳам омезиш ёфта, дар шаклҳои нав инъикос меёфт. Инро бозёфтҳои олимони бостоншинос аз қалъаи Тахти Қубод дар ноҳияи Қубодиён, Тирмиз, Бағроми Афонистон ва дигар мавзеъҳо исбот намудаанд. Дар ин давра тангаҳо бо тасвири шоҳони юнону бохтарӣ сикка зада шудаанд. Тасвири олиҳаи шикор ва ҳайвоноти гуногун дар зарфҳои нуқрагину тилоӣ то замони мо омада расидааст. Хазинаи Амударё, ки пасон ба яғмо рафта ва ҳоло дар осорхонаи Кембриҷи Британияи Кабир маҳфуз аст, моли бохтариён маҳсуб меёбад. Ин далел гувоҳ аз он аст, ки навъҳои гуногуни санъат бағоят ривоҷ ёфта, умуман аз фарҳанг, маданияти баланди мардуми бохтарӣ, дар маҷмуъ сокинони Осиёи Марказӣ, ки он замон форсзабон, яъне тоҷикон буданд, дарак медиҳад. Тавре дар боло ишора рафт, мардуми ин кишвар пайрави оинҳои зардуштӣ ва бутпарастӣ будаанд. Эҷоди даҳонии мардуми бохтар, ки дар таълифоти муҳаққиқони юнонӣ Ҳеродот, Полиен ва олими барҷастаи тоҷик Бобоҷон Ғафуров ва олими рус Н. Прохоров зикр ёфтааст, дар бораи далерию мардонагӣ, ҳисси ватандӯстию озодипарастии бохтариён қисса мекунад. То оғози солшумории милодӣ давлати бохтарии тоҷикон вуҷуд дошт. Дар ин давра давлати нав – Қушониён, дар натиҷаи бо ҳам якҷошавии суғдиёни водии Зарафшон ва тоҷикони Сари Кол ба муқобили шоҳони чинӣ, ки мехостанд минтақаро зери тасарруф дароранд, бунёд ёфт. Ин якҷошавӣ пеши роҳи юриши чиниҳоро гирифта тавонист. Бо ташкилёбии давлати дигари тоҷикон – Қушониён аз саҳнаи сиёсӣ Бохтари қадим нопадид гашт. Вале дар саҳифаи таърихи давлатдории тоҷикон мавқеи муайян ва устувор дорад. Маҳз дар ин давра меросе офарида шуд, ки имрӯз бо номи хазинаи Амударё маъруф аст. Меросе, ки ҳарчанд дар хориҷи кишвар маҳфуз аст, лек хоҳу нохоҳ тоҷиконро ба оламиён муаррифӣ месозад.


САЙҚАЛИ ХОТИРА

«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН» №4 (9430), 28 январи соли 2016

Зарфи љомашўї

…и Султон, овозхон

Пуч, бемаънї

Навъи мева

Охирин президенти СССР

Варзишгоњи даврашакли велосипедронњо

... Муллољонова, овозхон

… Деол, актрисаи њиндї

Диктатори Испания дар миёнањои асри ХХ

Ќанди машњури шўравї

Дарёи љорї аз Чин ба Ќазоќистон Самолёти бемотор

Тирезача дар боми мошин (русї)

Номи духтарона

... Бендер, ќањрамони «Дувоздањ курсї»

Зарфи ќадимаи тољикї

Бародари калон (лањљ.)

Реформа

Рўйхати хўрокњо, меню

Лионел …, футболбози бењтарини љањон

Шоњ аз «Шоњнома»

Муаллифи "Мазњакаи илоњї"

Шањри

Яке аз ќадимаи уќёнусњо

арманњо

Шањр дар Фаронса

0,1 см

Беобрў, шарманда

Бибї (лањљ.)

Гармї, њарорат

Лётчики моњир

Дарё, ќисми калимаи «Мовароуннањр»

Сир, маънии пинњонї

Номи духтарона Гулоб, одеколон

Ќатор, раста Нотавонї, сустї

Амонї, осоиш Низомнома

Донишгоњи маъруфи Миср

Нимљазира дар Амрикои Шимолї

Йошкар-...

Асбоб барои дам додани тўб

Миф, ќисса

Нитроген

Асъори озарњо

Адоват Китоби динї

Пойтахти яке аз давлатњои Ќафќоз

Боздоштан, дастгир кардан

Дарё дар вилояти Архангелск;

Ќисми Субозии теннис ратгир

… Оберой, актёри њиндї

Ситорашинос

Тарабхона

Воњиди Асбоби масоњат, мусиќии англ. (0,4 торї гектар)

Сарсатр, фосила

Шањрак дар њамсоягии пойтахт

е-mail: javonontj@mail.ru

Навъи матоъи сафед

Шоњи шоњон

15

Пули Литва Наздик не

ШОС (тољ.)

Сиёњбахт

Моњи гармо

Наќќош Аввалин мошине, ки ба Тољикистон омад

Моњишўрбои русї

Тарс, њарос

Занљир, Ишкел

"Алиф"-и юнонї

Миллат, шарики муѓулони Чингисхон

Шањр дар Канада

Њиссачаи ишоратї

Рассоми машњури итолиёї

Њамтаќдири Хиросима

ИМА ба русї

Њайвони шохдори хонагї

Кишвар бо Шарља ва Дубай (ихтисора)

Ќитъаи хунуктарини олам

... Ниёзова, овозхони тољик

www.javonon.tj

Ќурбоналї … овозхони тољик

Хўрокпаз


е-mail: javonontj@mail.ru

16

ФАРОҒАТИ ҶАВОНОН

«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН» №4 (9430), 28 январи соли 2016

Лутфи ҷавонӣ

 ОБУНА - 2016

Бо “Ҷавонони Тоҷикистон” ҳамеша ҷавон мемонед!

Дар толори суд. Судя: - Бигӯед, ки чаро барои наҷоти ҳамсаратон талош накардед? Судшаванда: - Ман аз куҷо донам, ки вай ғарқ мешавад. Мисли ҳарвақта доду войи беҳуда мекард.

Обуна ба рӯзномаи “Ҷавонони Тоҷикистон” барои соли 2016 идома дорад. Нархи обуна аз тариқи идораи рӯзнома: - барои як сол - 65 сомонӣ - барои шаш моҳ - 34 сомонӣ - барои се моҳ - 18 сомонӣ муқаррар шудааст. Ин арзиш бо назардошти бурда расондан ба нақша гирифта шудааст. Шумо обуна шавед, мо сари вақт рӯзномаро мерасонем. Инчунин, Шумо ба воситаи шуъбаҳои алоқаи шаҳру ноҳияҳо метавонед ба ягона рӯзномаи ҷавонон обуна шавед. Нархи яксолаи обуна ба воситаи почта 87,48 сомонӣ. Суратҳисоби бонкии рӯзнома: р/с №20202972500232101000, кор/с 20402972316254, ИНН 030000301, МФО 350101626 Бонки давлатии амонатгузории Тоҷикистон “Амонатбонк”. Индекси обуна 68857.

***

Дар имтиҳони фалсафа. Профессор: - Ҳалимов, “шпаргалка”-ро аз рӯи миз бигиред. Ҳалимов ғамгинона шишаи арақро аз миз гирифта, ба сумкааш мегузорад.

***

Аз суҳбати ду рафиқ. Аввалӣ: - Бисёре аз муҷаррадон ҳамеша дар бораи духтари зебову доно фикр мекунанд. Дуюмӣ: - Бисёре аз зандорҳо ҳам...

***

Салим ба модараш: - Рост аст, ки бояд ҳар кӯдак падар дошта бошад? Модар: - Бале, писарам. Салим: - Пас барои чӣ дар оилаи мо се кӯдак аст, лекин танҳо як падар?

 АНДАРЗ

Инсони хуб Ду роҳиб

www.javonon.tj

Ду роҳиб аз дарёчаи пуртӯғёне мегузаштанд. Дар наздикии эшон ҷавондухтари бисёр зебо истода буд. Ӯ низ мехост аз дарёча гузарад, вале метарсид. Духтар аз роҳибон хоҳиш намуд, то кӯмакаш кунанд. Яке аз роҳибон духтарро сари шонаҳояш гирифт ва хомӯш ба дигар тарафи дарёча гузаронд. Роҳиби дигарӣ хеле асабонӣ шуд. Чизе нагуфт, вале дарунаш ҷӯш мезад: “Ин корест мамнӯъ! Китоби муқаддас ба роҳибон ҳатто даст расондан ба занҳоро манъ мекунад, ин бошад на танҳо даст расонд, балки рӯи шонаҳояш бардошт”, - худ ба худ фикр мекард. Ҳангоме ки онҳо ба савмаа расиданд, аллакай шаб шуда буд. Роҳиби хашмгин ба роҳиби дигар рӯ оварду гуфт: - Ту намебоист ин корро мекардӣ! Ин корест мамнӯъ! Ман бояд дар ин бора ба сарроҳиб хабар диҳам! Роҳиби аввалӣ ҳайратзада пурсид: - Дар чӣ бора мегӯӣ, ки мамнӯъ аст? - Фаромӯш кардӣ, - гуфт дуюмӣ, - зани зебоеро рӯи шонаҳоят бардоштӣ? Роҳиби аввалӣ хандиду посух дод: - Ман ӯро танҳо як дақиқа рӯи шонаҳоям, аз як тараф ба тарафи дигар интиқол додам. Ту бошӣ ҳанӯз ӯро бардошта гаштаӣ! Рӯзнома таҳти рақами 0120/рз аз 22 сентябри соли 2014 дар Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон сабти ном шудааст. Нишонӣ: 734018, шаҳри Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ, 16, ошёнаҳои 1 ва 4

САРМУҲАРРИР

Бахтовар КАРИМОВ

***

Кейсӣ Фишер, донишҷӯ ва модари ҷавон барои наҳорӣ ба қаҳвахона даромад. Назди дари қаҳвахона марди бехонае ба хотири пайдо кардани чанд танга нишаста буд. Баъди чанд дақиқа мард низ дохили бино шуд. Ба умеди он ки кам ҳам бошад, шикамашро сер кунад. Кейсӣ ба мард кӯмак кардан хост: барояш қаҳва ва кулчақанд харид. Ҳатто пешниҳод кард, ки ҳамроҳаш наҳорӣ кунад. Духтар хост худаш суҳбатро оғоз кунад. Аммо аз он ки ягон саволи ноҷо медиҳад, ҳарос дошт. Крис, марди бехона чунин ном дошт, суҳбатро зуд оғоз карда, аз ҳаёташ қисса кард: падарашро намедонад, модараш аз саратон мурда аст, вай бошад нашъаманд шуда, ҳама чизашро аз даст дод ва дар кӯча монд.

Ду ҳамсабақ баъди сӣ соли хатми мактаб бо ҳам вомехӯранд. - Э, Мурод, Мурод. Пир мешавем, пир.... - Рост мегӯӣ. Ҳамсарат ҳам ҳамсину соли мо аст, аммо ӯ ҳанӯз хеле ҷавон менамояд. - Ба ман гуфта буданд, ки аҷузаву хунхурҳо пир намешаванд, мани содда бовар намекардам...

 ЭЪЛОН

ЭЪТИБОР НАДОРАД Номаи камоли гумшудаи №636059, ки МТМУ №1-и ноҳияи Қубодиён соли 1978 ба Туйчиев Исмат Самадович додааст, эътибор надорад.

Номаи камоли гумшудаи №251746, ки МТМУ рақами 41-и ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе ба Ҷаборов Қайс додааст, эътибор надорад.

Таҳияи У. САФАРАЛӢ Сарчашма: fishki.net

ҲАЙАТИ МУШОВАРА:

Марҳабо ҶАББОРӢ (муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон), Абдуҷаббор РАҲМОНЗОДА (ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа), Нуриддин САИД (вазири маориф ва илми Тоҷикистон), Аҳтам АБДУЛЛОЗОДА (раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон).

ҲАЙАТИ ЭҶОДӢ:

Дипломҳои гумшудаи ДМБ №0003048, ДММ №0000631 ва №0002060, ки Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино солҳои 2005, 2008 ва 2011 ба Нурматова Маҳбуба Абдулмаҷитовна додааст, эътибор надоранд.

Баъд аз суҳбати самимӣ Крис аз духтар хоҳиш кард, ки каме сабр кунад ва ба чек чизе навишт. Кейсӣ варақро гирифт, аммо онро дар мошин кушод. Он паём духтарро ба ҳайрат овард. Крис навишта буд: “Имрӯз ман мехостам худкушӣ кунам. Аммо ту маҷбурам кардӣ аз ин роҳ баргардам. Ташаккур ба ту, инсони хуб!”

Умаралии САФАРАЛӢ (ҷонишини сармуҳаррир), Маҳмудҷон УСМОНОВ (котиби масъул), Сайфиддин СУННАТӢ (муҳаррири шӯъбаи варзиш ва сайёҳӣ), Манзумаи ФИРӮЗ (муҳаррири шӯъбаи иқтисод ва иҷтимоъ), Ҳасан АЗИЗОВ (муҳаррири шӯъбаи ҳаёти ҷавонон), Нуруллоҳ ОРИФ, Шаҳло ЭШОНОВА, Наврӯз ҚУРБОНОВ, Шодихони НАЗАР, Беҳрӯз ХОЛМУРОДОВ, Гулбаҳор РАҲМОНОВА (хабарнигорон), Толибшоҳ ДАВЛАТ (хабарнигор, НТМ), Фарзона ИСМОИЛОВА (хабарнигор, Хатлон), Машҳур ИМОМНАЗАРОВ (хабарнигор, ВМКБ), Шеравган ХУРСАНҚУЛОВ (саҳифабанд).

Ба хотири чандандешӣ матолибе низ ба табъ мерасанд, ки хилофи назари ҳайати эҷодист. Дурустии арқому далелҳо бар дӯши муаллифон аст.

Ҳангоми таҳияи хабарҳо аз матолиби интернет низ истифода шудааст.

Индекси обуна: 68857

Тел: 901 06-41-10, 238-54-14, 238-51-09, 238-53-03

Ҳафтанома дар КТН «Шарқи озод» (хиёбони Саъдии Шерозӣ-16) бо теъдоди 6346 нусха ба нашр расид.

Ҳисоби бонкӣ: р/с №20202972500232101000, кор/с 20402972316264, ИНН030000301, МФО350101626. Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк»


Turn static files into dynamic content formats.

Create a flipbook
Issuu converts static files into: digital portfolios, online yearbooks, online catalogs, digital photo albums and more. Sign up and create your flipbook.