Ҷавонони Тоҷикистон, №05, 2018

Page 1

ЧТ , “ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН”, №05 (9535), 01.02.2018

javonon.tj

1

НАШРИЯИ КУМИТАИ КОР БО ҶАВОНОН ВА ВАРЗИШИ НАЗДИ ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

АВОНОНИ ОҶИКИСТОН

Сада манбаи гармиву нур Ҳангоми суҳбат бо сармутахассиси Бахши кор бо ҷавонон ва варзиш ба мо маълум гардид, ки дар ноҳия то ҳол ягон майдончаи варзишии замонавӣ на аз ҷониби соҳибкорон ва на аз ҷониби ҳукумати ноҳия сохта нашудааст. Ин дар ҳолест, ки танҳо дар соли 2017 дар кӯчаву маҳаллаҳои шаҳри Душанбе зиёда аз 70 майдончаи варзишии замонавӣ сохта ба истифода дода шудааст, ки дигарон, аз ҷумла раиси ноҳияи А. Ҷомӣ аз шаҳрдори Душанбе Рустами Эмомалӣ бояд ибрат мегирифтанд.

№05 (9535), 01/02/2018

e-mail: javonontj@mail.ru

ИДИ САДА Ид аст, иди сада Дар мулки Тоҷикистон. Бодо муборак ин ид, Эй халқи чеҳрахандон. Таърихи ҷашни сада Аз давраи Ҳушанг аст. Пайвастанаш ба хуршед Бо савти тору чанг аст. Ҷамшед ҳам дар ин рӯз Орост хони неъмат. Бар халқ дод фармон, Меҳнат кунед, меҳнат. Мардум ба дашту саҳро, Дар боғ гул шинонданд. Баҳри қабули Наврӯз Аз дида хоб ронданд. Шодем, шод, моро Ид аз паи ид ояд. Аз ёру ошноҳо Ҳар дам навид ояд. Нуруллоҳи ОРИФ


2

ҲАФТАИ ПЕШВО

“ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН”, №05 (9535), 01.02.2018

Эмомалӣ Раҳмон ва “Соли ҷавонон” (Солномаи Пешвои миллат – 2017) (Идома аз шумораи гузашта)

Сада манбаи гармиву нур Табрикоти телевизионии Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати ҷашни Сада, шаҳри Душанбе, 29.01.2018 Ҳамватанони азиз! Боиси ифтихори ҳар яки мост, ки ба шарофати соҳибистиқлолӣ анъанаву суннатҳо ва ҷашнҳои миллии мардуми куҳанбунёди мо эҳё гардида, арҷгузорӣ ба онҳо сол ба сол бештар шуда истодааст. Имрӯз ҷашнҳои миллии мо, ки аз қаъри асрҳо ба замони мо расидаанд, ҳоло дар сатҳи давлатӣ, бо рангу ҷилои беҳтар ва бо шукӯҳу шаҳомат таҷлил мегарданд. Зеро ин ҷашнҳо ёдгоре аз ниёгони ориёии мо буда, мардуми тоҷик онҳоро, аз ҷумла маросими Садаро бо вуҷуди нодида гирифтану монеа эҷод карданҳои зиёд ҳамчун ҷузъи ҷудоинопазири хотираи фарҳангии чандинҳазорсолаи худ ва ба сифати дурдонаҳои гаронбаҳои маънавӣ ҳифз намудаанд. Тавре ки аз сарчашмаҳои таърихӣ ва ишораҳои адибону донишмандони пешин бармеояд, ҷашни Сада дар миёни ҷашнҳои сегонаи мардуми мо мақому манзалати хосса дорад, зеро он ифодагари омодагӣ ба гардиши табиат мебошад. Маросиму ойинҳои ин ҷашни мардумӣ аз қадим дарбаргирандаи нияту орзуҳои гузаштагони мо мебошанд. Одамони синну соли гуногун дар давраи авҷи сардии зимистон бо орзуи омадани фасли баҳори ҷонбахш бо ҳам ҷамъ омада, чорабиниҳои мухталиф доир мекарданд, гулхан мегиронданд, базм меоростанд, шодиву хурсандӣ мекарданд ва бо ҳамин роҳ сахтии сарморо барои якдигар осон менамуданд. Яъне анъанаҳои ҳаётдӯстона ҷавҳари ҷашни Садаро ташкил мекарданд. Дар миёни суннатҳои Сада гулхан афрӯхтан мавқеи асосӣ дорад. Ба ин маънӣ, ин ҷашнро метавон ҷашни мелоди оташ, яъне манбаи гармиву нур номид. Дар замони Истиқлолият Сада баробари дигар маросиму суннатҳои миллии мо, аз ҷумла Наврӯзу Меҳргон умри дубора пайдо карда, таҷлили ҳарсолаи он ба ҳукми анъана даромад ва соли гузашта дар радифи ҷашнҳои миллиамон ба қонунгузории мамлакат ворид гардид. Ба муносибати фаро расидани ин ҷашни бостонӣ – мероси арзишманди маънавии ниёгони некномамон кулли мардуми шарифи Тоҷикистонро самимона табрик гуфта, ба хонадони ҳар як фарди миллат гармиву нур ва рӯзгори пурсаодат орзу менамоям. Умедворам, ки мардуми мо ва хусусан, кишоварзон дар баробари риояи суннатҳои ин ҷашни бостонӣ ба яке аз ҷанбаҳои бисёр муҳимми он, яъне омодагӣ ба корҳои саҳроӣ, об додану нигоҳубин кардани заминҳои кишт, ниҳолшинонӣ, бунёди боғҳои нав ва сарсабзу

зебо гардонидани кӯчаву хиёбонҳо эътибори ҷиддӣ медиҳанд. Зеро боду ҳавои фасли тирамоҳи гузашта ва зимистони имсола чандон мусоид наомад ва эҳтимоли хушксоливу мушкилоти дигари вобаста ба он зиёд аст. Ин масъаларо кишоварзони асилу соҳибтаҷриба хуб медонанд. Вобаста ба ин, ба мардуми шарифи кишвар бори дигар зарурати риояи талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим»-ро хотиррасон менамоям. Зарур аст, ки бо дарназардошти зиёдшавии мунтазами аҳолӣ, афзоиши талабот ба маводи ғизоӣ ва вазъи нархҳои маҳсулоти хӯрокворӣ дар бозорҳои ҷаҳонӣ сарфаю сариштакорӣ ва худдорӣ намудан аз сарфу хароҷоти беҳудаву зиёдатӣ ба одати доимии ҳар фард ва ҳар як оила табдил ёбад. Ҷашни Сада чун рамзи гармиву нур аз ҷовидонагии хуршеди оламтоб башорат дода, бо баргузории чорабиниҳои оммавӣ истиқбол мегардад. Ҷашни мазкур, ҳамчунин, ифодаи пайванди зиндагии инсонҳо бо табиат, давраи омодагӣ ба истиқболи баҳор ва Наврӯз, инчунин, давраи ниҳолшинонӣ, тайёрӣ ба киштукори баҳорӣ ва дигар корҳои кишоварзӣ мебошад. Бо дарназардошти он, ки маросиму ҷашнҳои миллии мо аз аҳди бостон то ба имрӯз ҳамчун воситаи пайванди наслҳо хизмат кардаанд, мо вазифадорем, ки дар баробари риояи анъанаҳои дерина ба онҳо шаклу мазмунҳои нави мутобиқ ба замони соҳибистиқлолиро ворид намоем ва онҳоро ба талаботи замон ва завқи имрӯзиён мувофиқ гардонем. Наврасону ҷавононро ба меҳнатдӯстӣ, илму дониш ва касбу ҳунаромӯзӣ ташвиқ карда, завқи онҳоро ба ободкорӣ, дӯст доштани табиати диёр, риояи одоби муошират ва дигар хислатҳои ҳамидаи миллӣ бештар гардонем. Бовар дорам, ки таҷлили ҷашнҳои миллӣ, аз ҷумла Сада ба арҷгузориву гиромидошти расму ойинҳои миллӣ, таҳкиму густариши боз ҳам бештари ҳисси миллӣ, ҳувияту худшиносии мардуми кишварамон ва ба ин васила вусъат гирифтани раванди ободониву пешрафти Ватани маҳбубамон мусоидат мекунад. Ҷашни бостонии Садаро бори дигар ба кулли ҳамдиёрони гиромӣ самимона табрик гуфта, ба хонадони ҳар яки онҳо бахту саодат ва шодмониву пирӯзӣ орзумандам. Ҷашни Сада муборак, ҳамватанони азиз!

Зимни як сафари дигари кории Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ноҳияи Хуросони вилояти Хатлон ва боздид аз боғи “Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат” дар хоҷагии фермерии “Асадулло” ба бунёди боғҳои наву шинондани ниҳолҳои гуногуни мевадиҳанда асос гузошта шуд. Бунёди боғҳои наву барқарор кардани боғҳои куҳна дар доираи татбиқи “Барномаи давлатии рушди соҳаи боғу токпарварӣ барои солҳои 2016-2020” амалӣ шуда, ин тадбир омили муҳими расидан ба яке аз ҳадафҳои асосию стратегӣ – таъмини амнияти озуқаворӣ дар ҷумҳурӣ ва бо ин роҳ мусоидат ба беҳдошти сатҳи иқтисодию иҷтимоии зиндагии аҳолӣ мебошад. Бояд гуфт, ки тамоми тавсияву ҳидоятҳое, ки Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни сафарҳои корӣ ба меҳнаткашони мамлакат медиҳанд, ҳадаф аз он, пеш аз ҳама, истифодаи самараноки замин, бардоштани ҳосили дилхоҳ ва бо гирифтани даромад беҳтар кардани сатҳи зиндагии мардум мебошад. 12 май Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади шиносоӣ бо ҷараёни корҳои созандагӣ ва дастовардҳои иқтисодию иҷтимоӣ бо сафари корӣ ба ноҳияи Данғараи вилояти Хатлон ташриф оварда, як қатор иншооти таъиноти гуногунро ба истифода доданд. Нахуст дар деҳаҳои Сангтӯдаи Ҷамоати деҳоти Сангтӯда ва деҳоти Исмат Шарифови ноҳияи Данғара бо буридани лентаи рамзӣ 2 мактаби замонавӣ – муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 8 бо 560 ҷои нишаст дар як баст ва мактаби рақами 9 барои 1320 ҷои нишаст дар 2 бастро расман ифтитоҳ карданд. Бунёди мактабҳо аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баҳри мусоидат ба раванди баланд бардоштани сатҳи таълиму тарбия ва фароҳам овардани шароити

зарурӣ барои омӯзгорону хонандагон ба роҳ монда шудааст. Дар доираи сафари корӣ дар ноҳияи Данғара Президенти кишвар бо ҷараёни татбиқи лоиҳаи «Обёрии заминҳои водии Данғара», марҳилаи дуюм ва корҳои анҷомдодашуда шинос шуда, дар фазои тантанавӣ канали “Водии Данғара-3”-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд. Ҳадаф аз бунёди иншооти муҳими обрасонӣ баланд бардоштани сатҳи истеҳсолоту иқтисодиёт дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва устувор намудани истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ, инчунин, беҳтар намудани некуаҳволии сокинони деҳот ва атрофи он мебошад. Дар доираи сафари корӣ Сарвари давлат барои бунёди як корхонаи нави саноатӣ асос гузошта, бо вазъи сохтмони роҳҳои маҳаллӣ шинос шуданд. Дар намоишгоҳи маҳсулоти кишоварзӣ меҳнаткашон дастовардҳои худро ба маъраз гузоштанд, ки аз ҷониби Президенти мамлакат баҳои арзанда гирифтанд. 27 июл Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон зимни сафари корӣ дар ноҳияи Балҷувон дар маросими ифтитоҳи бинои истиқоматии замонавии дорои 12 хона, бинои нави шуъбаи маорифи ноҳия, бинои шуъбаи таваллудхона дар деҳоти Сари Хосор, оғози сохтмони роҳи автомобилгарди Кангурт–Балҷувон– Ховалинг, сохтмони роҳи мошингарди Балҷувон–Сари Хосор иштирок карда, бо дастовардҳои хоҷагии халқи Ҷамоати деҳоти Сари Хосори ноҳияи Балҷувон шинос шуданд. Ҳадаф аз ин сафари корӣ, агар аз як ҷониб беҳтар кардани шароити иҷтимоию иқтисодии мардуми ноҳия, ободонию пешрафти маҳал бошад, мақсади дигар мусоидат ба рушди соҳаи сайёҳӣ мебошад, зеро ноҳияи Балҷувон бо ташаббуси Сарвари давлат минтақаи туризм эълон гардидааст. Сохтмони роҳҳо ва бунёди дигар инфрасохтори соҳаи туризм дар ноҳияи Балҷувон, албатта, мусоидат кардан ба рушди соҳа дар ин

ноҳияи дурдасти мамлакат мебошад. 4 август зимни сафари корӣ дар ноҳияҳои Қубодиён, Шаҳритус ва Носири Хусрави вилояти Хатлон Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ҷараёни корҳои саҳроӣ, аз ҷумла оғози ҷамъоварии ҳосили пахта ва парвариши сабзавот дар хоҷагиҳои деҳқонӣ шинос шуда, дастовардҳои маҳсулоти кишоварзию чорводорӣ ва саноатии ноҳияҳои мазкурро дар намоишгоҳ тамошо карданд. Дар ноҳияи Носири Хусрав Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 26-ро бо 1680 ҷо дар ду баст, ки бо тарҳи нодиру муосир аз ҷониби Муассисаи давлатии “Маркази татбиқи Лоиҳаи сохтмон ва муҷаҳҳаз гардондани мактабҳо” бо маблағи беш аз 18 миллион сомонӣ бунёд шудааст, мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд. 9 август, зимни сафари бобарори корӣ Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Хуросон барои оғози ғунучини пахта ба деҳқонон фотиҳаи нек дода, дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомии вилояти Хатлон муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 4 барои 620 хонанда дар ду бастро ифтитоҳ намуданд. Мавриди зикр аст, ки танҳо дар давоми 20 соли ахир дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ беш аз 30 муассисаи нави таълимӣ ба истифода дода шуд ва ҳамзамон, дар асоси «Барномаи давлатии рушди муассисаҳои соҳаи маорифи вилояти Хатлон барои солҳои 2017–2021» дар ин ноҳия бунёди 14 иншооти замонавии дигар тарҳрезӣ гардидааст. Дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ Президенти мамлакат бо маҳсулоти кишоварзии деҳқонон дар намоишгоҳ ва бо фаъолияти Ҷамъияти саҳомии кушодаи парваришгоҳи «Моҳии хушзот» шинос шуда, ба меҳнаткашон барои баҳрабардорӣ аз ҳар ваҷаб хоки сарзамин дастуру ҳидоятҳои созанда доданд. (Идома дорад)


“ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН”, №05 (9535), 01.02.2018

3

АХБОРИ ҲАФТА Аёдат ва кӯмаки ҷавонон ба пиронсолон

25 январ ҷавонони вилояти Суғд бошандагони Маркази минтақавии хизматрасонии иҷтимоӣ ба пиронсолон ва маъюбон, воқеъ дар шаҳри Панҷакентро аёдат карданд.

Рамзи “Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” тасдиқ шуд Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти кишвар, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи “Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ”-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд. Рамзи “Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” доирашакл буда, атрофи он бо ҳалқаҳои ҳамранги Парчами давлатӣ иҳота карда шудааст, ки аз соҳибистиқлолии Ҷумҳурии Тоҷикистон шаҳодат медиҳад. Дар гирдогирди рамз бо забонҳои тоҷикию англисӣ матни “2018 Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” оро ёфтааст, ки ифодакунандаи моҳияти рамз буда, истифодаи матн бо забони англисӣ барои тарғиби ташаббуси мазкур байни сайёҳон ва кишварҳои хориҷӣ мебошад. Дар миёни рамз кӯҳҳои осмонбӯсу сарбафалаки Тоҷикистон акс ёфта, дар болои яке аз қуллаҳои кӯҳ рамзи гардиши абадӣ, ки дар ҳунарҳои мардумӣ васеъ истифода мегарданд, ҳамчун хуршеди тобон нақш гирифтааст. Рамз ҳамчунин обҳои софи кишварро дар худ инъикос карда, расми сайёҳ ва нусхаи офтоба, ки ҳамчун нишони ҳунарҳои мардумӣ мебошад, бозгӯи рушди соҳаи сайёҳӣ, эҳё ва дастгирии ҳунарҳои мардумӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Вазорату идораҳо, ташкилоту муассисаҳо, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо, воситаҳои ахбори омма метавонанд аз рамзи “Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” васеъ истифода баранд.

Ин иқдом таҳти унвони “Дар ҷавонӣ дор пиронро азиз!”, бо ташаббуси Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилоят бо мақсади бохабар будан аз аҳволи ин қишри ҷомеа, дур кардани ҳисси танҳоии эшон ва бо ин васила тарбия намудани наврасону ҷавонон бобати эҳтиром намудани калонсолон ва ниёзмандон доир гардид. Сардори Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилояти Суғд Олимҷон Зоҳидзода ҳангоми суҳбат бо пиронсолон иброз дошт, ки “Аёдати пиронсолон яке аз хислатҳои хуби инсонӣ аст. Шумо худро ҳеҷ гоҳ танҳо ҳис накунед, зеро мо – ҷавонон ҳамеша бо шумо ҳастем ва ҳеҷ вақт танҳоятон намегузорем”. Дар фарҷоми чорабинӣ

аз тарафи Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилоят ба бошандагони хонаи пирон-

солон кӯмаки моддӣ расонида шуд. Шодмон НУРМАТОВ, “ҶТ”

Бунёди Маҷмааи меъмории рамзи “Истиқлолият ва Озодӣ” Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади ҳифзи арзишҳои фарҳангӣ, таҷассуми рукнҳои муҳими давлатдорӣ, боз ҳам баланд бардоштани ҳисси худшиносии миллӣ ва дар қалби шаҳрвандони мамлакат ҷо додани ғояҳои Истиқлолият ва озодӣ, инчунин, ба хотири 30-солагии ҷашни Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон озмуни беҳтарин лоиҳаи ангоравии Маҷмааи меъмории рамзи “Истиқлолият ва Озодӣ”-ро дар пойтахти мамлакат – шаҳри Душанбе эълон менамояд. Озмун дар як давр гузаронида шуда, шахсони воқеӣ ва ҳуқуқии ватанию хориҷӣ метавонанд озодона дар он иштирок намоянд. Довталабоне, ки дар озмуни мазкур ширкат варзидан мехоҳанд, метавонанд аз санаи 1 феврал то 30 апрели соли 2018 лоиҳаи ангоравии худро бо қайди “Барои озмун” ва нишон додани ному насаб, рамз ва суроға дар Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон (шаҳри Душанбе, кӯчаи Ш. Ҳусейнзода) сабти ном

“Китобдор, китобхона ва китобхонаи шахсии сол” - озмуни ҷумҳуриявӣ Китобхонаи давлатии патентию техникии Муассисаи давлатии “Маркази миллии патенту иттилоот”-и Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи китоб ва “Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” эълон гардидани соли 2018 озмуни ҷумҳуриявии “Китобдор, китобхона ва китобхонаи шахсии сол дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”-ро баргузор менамояд. Ба озмун китобдорони китобхонаҳои шахсӣ ва китобхонаҳои шаҳру ноҳияҳо даъват карда мешаванд. Ҳадафи озмун баланд бардоштани мақоми китоб, рушди соҳаи китобдорӣ дар ҷумҳурӣ, ҳавасманд гардонидани китобдорону китобхонаҳо ва кормандони он мебошад. Озмун дар се бахш - “Китобдори сол”, “Китобхонаи сол” ва “Китобхонаи шахсии сол” гузаронида шуда, натиҷаи он дар семинари ҷумҳуриявии соҳаи китобдорӣ, ки дар Рӯзи китоб - 4 сентябри соли равон дар шаҳри Душанбе доир мегардад, эълон карда мешавад. Хоҳишмандон метавонанд ҳуҷҷатҳои худро ба Кумитаи тадорукоти озмун бо нишондоди ному насаб, вазифа доир ба номинатсияи озмун то 31.07.2018 тариқи факс 2222138, 2222133, почтаи электронии gptb. tj@mail.ru, ё ин ки бо нишонии Китобхонаи давлатии патентию техникӣ, 734042, шаҳри Душанбе, кӯчаи Айнӣ 14а, бинои 2, ирсол намоянд. Телефонҳо барои тамос: 917232816, 919795424, 900156070.

кунанд. Тартиби баргузории озмуни кушод байни шахсони воқеӣ ва ҳуқуқии ватанию хориҷӣ доир ба интихоби беҳтарин лоиҳаи ангоравии Маҷмааи меъмории рамзи “Истиқлолият ва Озодӣ” ва ҳайати Комиссияи ҷумҳуриявии озмун дар воситаҳои ахбори омма интишор мешавад. Барои беҳтарин лоиҳаи ангоравии Маҷмааи меъмории рамзи “Истиқлолият ва Озодӣ” маблағи пулӣ муқаррар шудааст.


4 “Нон бошад, суруд ҳам мешавад”. Ин масале буд, ки мушкилиҳои солҳои аввали соҳибистиқлолӣ ба мардум шиор шуда буд ва ба ҳар нафаре, ки дар ин ё он масъала дармемонд, гуфта мешуд. Аммо тӯли солҳои охир собит аст, ки кишвари азизи мо ба дастовардҳои нав ба наву назаррас ноил мешавад. Дар ин замина Тоҷикистон аз давлатҳои гурӯҳи саввум хориҷ шудаву ба кишвари рӯ ба тараққӣ табдил ёфт. Яъне, шукргузор бояд бошем, ки “нон” зиёд шудааст. Вале дар баъзе манотиқу навоҳии кишвар бо вуҷуди фаровонии “нон” ҳеҷ не, ки “суруд” ҳам шавад. Ё “сарояндаву навозандагон”-и хуб нест ё... Ин ҳамаро метавон дар мисоли ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ то андозае ташбеҳ дод. Ноҳияи мазкур яке аз ноҳияҳои шимолии вилояти Хатлон буда, пешаи асосии мардуми маҳаллӣ кишоварзӣ аст. Мувофиқи маълумотҳо 70%и аҳолии ноҳия ба кишоварзӣ сару кор дошта, самти асосии фаъолияти сокинон кишоварзию боғдорӣ ва моҳипарварист. Аз рӯи ҳисобҳо имрӯз дар ноҳия 1264 хоҷагии деҳқонӣ ва 29 хоҷагии моҳипарварӣ фаъолият дорад. Аз рӯи натиҷаҳои ҷамбъбастӣ ва ҳисоботии раиси ноҳия дар соли 2017 дар ин самтҳо натиҷаҳои хубу назаррасеро ҳам ноил шудаанд. Ва дар сафарҳои охир Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ин ноҳия аз кори моҳипарварону хоҷагидорон изҳори хушнудӣ карда буданд. Бо вуҷуди дастовардҳо ҳангоми боздид аз ноҳия мушкилиҳои чашмрас хеле зиёд мушоҳида шуданд. Ноҳамвориву ноҷурии роҳҳои ноҳия, дар ҳолати садамавӣ қарор доштани баъзе пулҳо гувоҳи ин гуфтаҳоянд. Аммо масоиле, ки мехоҳем мавриди баҳс ва баррасӣ қарор диҳем, на хоҷагидориву моҳипарварӣ, на обрасониву роҳу пул, балки таваҷҷуҳи ҳукумати маҳаллӣ ва дигар сохторҳои ноҳия ба қишри ояндасоз, яъне ҷавонон аст. Вақте ки ҳудуди 40%-и сокинонро ҷавонон ва шояд 30 ё зиёда ин фисади дигарро наврасону кӯдакон ташкил мекунанд, ба ин самт таваҷҷуҳ кардан ҳатмист. То ҷое медонем Ҳукумати кишвар тамоми таваҷҷуҳи хешро ба самти беҳдошти вазъи ҷавонон бахшидаву дар ин самт корҳои бесобиқаеро ба анҷом расонидааст. Ва танҳо эълон гаштани

ҶАВОНОНИ МАҲАЛ

“ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН”, №05 (9535), 01.02.2018

“Нон” фаровону “сароянда”-и хуб нест ё чаро дар ноҳияи А.Ҷомӣ таваҷҷуҳ ба ҷавонон кам аст? соли 2017 ҳамчун “Соли ҷавонон” ва андешидани тадбирҳо ҷиҳати ҳалли мушкилоти ҷавонон далел ва исботи ин гуфтаҳост. Яъне, Ҳукумати кишвар ҳарчӣ бештар мехоҳад ба ҳаёти ҷавонон таваҷҷуҳ зоҳир намояд ва ба ин васила аз ин нерӯи созанда ба таври васеъ истифода барад. Аммо андак-андак ба назар мерасад, ки дар сатҳи маҳаллӣ таваҷҷуҳ ба ин қишри созанда то андозае коста аст ва ба он гунае, ки бояд бошад, нест ё ба таври густурда ба чашм намехӯрад. Ҳангоми суҳбат бо масъулини Бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳия роҳбари ин ниҳод Раҳматулло Гулов ба мо иттилоъ дод, ки Бахши кор бо ҷавонон ва варзиш дар соли сипаригардида тамоми корҳои ба зимааш бударо ба таври кофӣ ба анҷом расонидааст. Дар соли 2017 ин ниҳоди маҳаллӣ даҳҳо чорабиниҳои сиёсию фарҳангӣ, оммавию варзишӣ ва солимгардонию маърифатиро, ки дар татбиқи сиёсати давлатии кор бо ҷавонон ва дар ин замина ба зиракии сиёсии ҷавонон нақш мегузорад, хуб ба роҳ мондааст. Аз рӯи натиҷаҳои ҷамъбастӣ чунин бармеояд, ки дар чорабиниву аксияҳо ва семинару конфронсҳои баргузорнамудаи Бахш ҳазорҳо нафар ҷавонон ва фаъолони ноҳия иштирок намудаву дар татбиқи сиёсати давлатӣ ҳиссаи худро то андозае гузоштаанд. Фаъолияти варзишгарони ноҳия низ то ҷое назаррас аст. Эшон дар соли гузашта

аз мусобиқоти дар тамоми сатҳҳо баргузоргардида ҳудуди 200 медал ба даст овардаанд. Аммо як нукта қобили таваҷҷуҳ аст, ки аксари варзишгоҳҳо ва муассисаҳои варзишӣ, ки дар биноҳои муассисаҳои таълимӣ, аз ҷумла мактабу омӯзишгоҳҳо ҷойгиранд, ба меъёру стандартҳои муқарраргардида ҷавобгӯ нестанд. Ин гувоҳи барҳақи он аст, ки дар самти рушду инкишофи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш корҳоро ба таври бояду шояд ба роҳ намондаанд. Аз ҷумла варзишгоҳи марказии ноҳия, ки оинаи варзиши ноҳия маҳсуб мегардад ва аз рӯи одат аксари чорабиниҳои сатҳи баланди ноҳия дар он баргузор мегарданд, бояд мавриди бозсозиву таъмири пурра қарор гирад. Майдончаҳои варзишӣ ва толорҳову дигар муассисаҳои варзишӣ низ ҳамин ҳолро пеши назари бинанда намудор мегардонанд. Ҳангоми суҳбат бо сармутахассиси Бахши кор бо ҷавонон ва варзиш ба мо маълум гардид, ки дар ноҳия то ҳол ягон майдончаи варзишии замонавӣ на аз ҷониби соҳибкорон ва на аз ҷониби ҳукумати ноҳия сохта нашудааст. Ин дар ҳолест, ки танҳо дар соли 2017 дар кӯчаву маҳаллаҳои шаҳри Душанбе зиёда аз 70 майдончаи варзишии замонавӣ сохта ба истифода дода шудааст, ки дигарон, аз ҷумла раиси ноҳияи А. Ҷомӣ аз шаҳрдори Душанбе Рустами Эмомалӣ бояд ибрат ме-

гирифтанд. Ҳангоми мушоҳидаҳо ба мо аён гардид, ки дар ноҳия ягон маркази ҷавонон фаъолият надорад, то тавонад ҷавононро ба ҳам муттаҳид кунад. Ягона ҷои барои тамоми ҷавонони ноҳия ду утоқи кории Бахши кор бо ҷавонон ва варзиш аст, ки барои қабули васеи ҷавонон ва ҳатто волонтёрон имконият надорад. Ин нуктаро масъулини Бахш низ тасдиқ карда илова намуданд, ки “Ҷавонони ноҳияи А.Ҷомӣ ба омӯзиши курсҳои дӯзандагию ресандагӣ, атласу адрасбофӣ, аз худкунии забонҳои русию ангилисӣ ва технологияи инноватсионӣ эҳтиёҷ доранд. Ҳамчунин, дар ноҳия барои муттаҳид кардани ҷавонон маркази ҷавонон мавҷуд нест. Ва Бахши кор бо ҷавонон ва варзиш ба мизу курсӣ ва компютер эҳтиёҷ дорад”. Дуруст аст, ки бе ташкил намудани чорабиниву нишастҳо ва баргузории семинару конфронсҳо наметавон дар татбиқи сиёсат дастболо шуд, аммо дар баробари ин бояд шароити лозимаро ба ҷавонон муҳайё созем, то дар инкишофи ҷисмониву маънавии худ ба мушкилӣ мувоҷеҳ нагарданд. Вақте мехоҳем кӯдаке донишманд ба воя расад, моро лозим меояд, ки варо ба мактаб орем ва рӯи миз шинонему муаллимеро баҳри парасториаш бипазирем. Ва вақте мехоҳем варзишгарони хубро ба воя расонем, ҳамин талабот бояд дар мадди назар бошад.

Ин ва чанд мушкилоти дигари ҷавонони ноҳия бозгӯи он аст, ки таваҷҷуҳ ба ҷавонону варзишгарон дар ин ноҳия қобили таҳсин нест ва масъулинро мебояд баҳри бартараф кардани мушкилот камари ҳиммат банданд. Вақте дар ноҳия шумораи хоҷагиҳои кишоварзӣ марзи 1200-ро убур мекунанд, метавон бо ба ҳам овардани онон натанҳо майдончаҳои варзишӣ ва марказҳои ҷавонон, балки корҳои бузургтареро ба сомон расонид ва дар ин замина барои пешрафт ва тамаддуннокии ҷомеа саҳм гузошт. Мушкилиҳои дар боло зикршуда чанд суолеро пешорӯи масуъулини ноҳияи А.Ҷомӣ мегузорад. Вақте барои зиёда аз 60 ҳазор нафар ҷавон наметавонем марказе бино намоем, ки имкони ниҳоии ба таҳсил, кор ва омӯзиш фаро гирифтани 60 нафарро дошта бошад, пас аз чӣ дастоварде бояд гӯем? Вақте ягона ниҳоди кор бо ҷавонони як ноҳия дар асри XXI ба компютер эҳтиёҷ дорад, пас, аз кадом пешрафт ва тараққӣ бояд ҳарф занем? Вақте ҷавонон мехоҳанд, аз ҳунарҳои мардумӣ бохабар бошанду мактаби омӯзишӣ барояшон дастрас нест, пас, аз кадом фарҳанг бояд пуштибонӣ кунем? Ин ҳама суолҳоеанд, ки масъулини ноҳияи А. Ҷомӣ ҷавоби онҳоро танҳо дар сурати бартараф намудани мушкилиҳои мавҷуда пайдо хоҳанд кард. Хуршед ХОВАРӢ, ”ҶТ”


“ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН”, №05 (9535), 01.02.2018 Беҳтарин дастоварди миллии мо дар садаи ХХI ин Истиқлолияти давлатии мо мебошад, ки ба шарофати он мақоми тоҷикон ва Тоҷикистони азиз дар арсаи байналмилалӣ баланд рафт ва ҷумҳуриямон ба сифати як давлати мустақили ягонаи демокративу дунявӣ шинохта шуд. Баъди расидан ба Истиқлолият ва озодӣ дар Тоҷикистон як қатор суннатҳо ва ҷашнҳои миллӣ эҳё гардиданд, ки онҳо садсолаҳо аз назари халқ дур буданд, таҷлили баъзеашон манъ гардида буд ва қисми дигарашон ба гӯшаи фаромӯшӣ рафта, танҳо дар хотираи таърихиву фарҳангии халқамон боқӣ монда буданду халос. Ҳатто таърихи халқи тоҷик мукаммал омӯхта намешуд, қисми зиёди одамон дар бораи қавму қабилаҳои ориёӣ, шоҳони пешин, давраҳои тиллоии давлати тоҷикон, муборизаҳои фидокоронаи фарзандони ин давлати номвар ба муқобили аҷнабиён ва даҳҳо ҳодисаву рӯйдодҳои дигари гузашта маълумот надоштанд. Бо шарофати Истиқлолият ва ба сифати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардидани шахсияти ватанхоҳу ватандӯст ва худогоҳу худшинос муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон масъалаи ҳувияти миллӣ ва эҳё гардидани таърихи куҳан, инчунин, муроҷиат ба осори пешин ва зинда намудани чеҳраҳои таърихиву фарҳангии гузаштаи халқи тоҷик ба ҷои аввал баромад. Бо таълифи асари бисёрҷилдаи «Тоҷикон дар оинаи таърих», «Нигоҳе ба таърих ва тамаддуни ориёӣ», «Забон – ҳастии миллат» ва китобу мақолаҳои зиёди муҳиму дорои хусусияти ватандӯстона Пешвои миллат исбот намуданд, ки халқи тоҷик таърихи ниҳоят куҳан дорад ва фарзандони баномус ва бузурге дар ин сарзамин умр ба сар бурдаанд, ки номашон на танҳо дар оинаи таърих, балки офаридаҳояшон барои башарият хидмат намудаанд. Дар баробари ин Сарвари давлат ба мероси маънавии суннатии шоистаи мардум баҳои баланд дода, омӯзиш ва тарғиби ин осори гаронбаҳоро вазифаи ҳар як фарди бедордил дониста, доимо даъват ба амал меоваранд, ки таърихи гузашта ва фарҳанги пешиниёнро насли имрӯза дуруст аз бар намоянд ва ба он сидқан арҷ гузоранд. Дар асоси ҳамин ишораҳои ватандӯстона омӯзиш, таҳқиқ ва ҷустуҷӯҳои бостоншиносиву мардумшиносӣ дар ҷумҳуриямон бо диди нав оғоз шуд ва тайи ду даҳсола натиҷаҳои дилхоҳ ба даст овард. Махсусан, ҷиҳати шинохти миллати тоҷик ва таърихи ниҳоят қадимии он як қатор таълифоти илмӣ арзи ҳастӣ карданд, ки онҳо барои таҳаввули тафаккури ҷомеа ва омӯзиши осори гузашта мусоидат намуданд. Ҳамин

МУЛОҲИЗА

5

«Миллати тоҷик соҳиби ойину суннатҳои бостонӣ ва фарҳанги қадимӣ буда, дар тамаддуни ҷаҳонӣ саҳми сазовор гузоштааст. Суннату ойинҳои нек ва ҷашнҳои миллии мо, мисли Наврӯз, Меҳргон ва Сада дар тӯли таърих барои тарғиби ахлоқу маънавиёти созанда хизмат кардаанд. Аз ин рӯ, зарур аст, ки дастовардҳои маънавию моддии мардуми шарифи мо ба феҳристи умумиҷаҳонии ЮНЕСКО ворид гарданд ва нақши тамаддунсози миллати тоҷикро минбаъд низ боло баранд» . Эмомалӣ РАҲМОН

“Сада чист? Обонрӯз аст аз баҳманмоҳ” ё мухтасар оид ба таърихи ин ҷашни бостонӣ боис шуд, ки дар ин давра мардуми тоҷик ба омӯзиши таърихи халқи худ ва давраҳои ташаккули он майли бештар пайдо намуд ва эҳсосу муҳаббаташон нисбат ба ин марзу бум ва мероси гаронбаҳои халқ бештар гардид. Боиси сарфарозист, ки маҳз тавассути асарҳои Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва ташаббусҳои шоистаашон расму оинҳои неки ниёгон, ки барои рушди тамаддуни башарӣ хидмат намуданд, аз нав эҳё гардиданд ва аз тарафи аҳли ҷомеа ба хубӣ пазируфта шуданд. Дар байни онҳо ҷой ва мақоми се ҷашни миллию мардумӣ – Наврӯз, Меҳргон ва Сада хосса мебошад. Доир ба ҷойгоҳи Наврӯз ва Меҳргон ва нақши онҳо дар рӯзгори мардуми тоҷик корҳои илмии арзишманд таълиф шудаанд, аҳли ҷомеа таҷлили онҳоро ба хубӣ пазируфтанд ва ҳамасола дар мамлакат ин ҷашнҳо бо шукӯҳу шаҳомат дар саросари диёри азизамон доир мегарданд. Аммо оид ба ҷашни Сада дар ҷумҳурӣ асарҳои илмӣ ва оммавӣ андак буда, мақоми ин ҷашни миллӣ кам шарҳ ёфтааст ва таҷлили он низ дуруст ба роҳ монда нашудааст. Ҳол он ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чанд сол муқаддам ҳангоми нахустин бор ҷашн гирифтани ҷашни Меҳргон ишора карданд, ки « … барои халқи тоҷик ҷашни Сада мисли ҷашни Меҳргон таърихи қадим дорад ва бояд аз нав эҳё гардад». Мутассифона, ба ин масъала кам аҳамият дода шуд. Вале бо боварӣ метавон гуфт, ки он имсол дар мамлакат дар доираи суннатҳои ин ҷашни миллӣ ба таври хос баргузор хоҳад гашт. Дар ин мақола кӯшиш намудем, ки баъзе паҳлуҳои ин ҷашни ниёкон ва аҳамияти онро барои халқи тоҷик дар шароити кунунӣ равшан намоем ва иҷмолан доир ба пайдоиш ва таърихи ташаккули ҷашни Сада, ки вобаста ба Хуршед ва оташ аст, изҳори назар намоем. Таърихи нишонаҳои пайдоиши ҷашни Сада, ки марбут ба Хуршед ва тимсоли он - оташ мебошад, хеле қадимӣ буда, ба замони пеш аз ориёӣ

ва ҳатто аз он ҳам дуртар мерасад. Доир ба арзи ҳастӣ намудани он аввалин ахбор дар фарҳанги гуфторӣ (шифоҳӣ), устураҳои мансух ишора рафта ва тавассути ин ду сарчашма ба осори хаттӣ роҳ ёфтааст. Хеле муҳим аст, ки боварҳо ва нишонаҳои эътиқод ба Хуршеду оташ, ки сабабгори аслии ба вуҷуд омадани ҷашни Сада мебошанд, то имрӯз дар байни мардумони гуногуни олам ба назар мерасанд. Бо пайдо шудани оташ ва муқаддас гардидани он мардуми пешин барои худ ҷашни Садаро интихоб карданд. Ин аз як тараф, ифодагари рамзи ҷовидонагии Хуршед ва муқаддас донистани оташ мебошад, аз тарафи дигар ба зиндагии инсон ва робитаи ӯ бо табиат вобастагии ногусастанӣ дорад. Баъдҳо маҳз пайдо шудани «ҷашни оташ» ва ҳамчун рамзи Хуршед донистани он «ҷашни Сада» дар миёни мардум густариш пайдо кард. Маҳз ҷашни Сада барои эҳтиром гузоштан ба Хуршед ва оташу рӯшноӣ асос гузошт ва боиси он гардид, ки одамони қадим ба ин муқаддасот эътиқод пайдо намоянд ва онҳоро ситоиш созанд. Агар Хуршед бо нури гармии худ ва фурӯзонии хеш ба зиндагии одамон гармӣ ворид карда бошад, пас, оташу рӯшноӣ барои мунаввар сохтани қалби онҳо ва идомаи зиндагиашон асос гузошта, баъдҳо онҳо ба ду ҷавҳари муқаддас табдил ёфтаанд, ки дар устураҳо ҷанбаи парастишӣ пайдо кардаанд ва баъдҳо аз ҷониби мӯъбадон ситоиш ва ниёиш ёфтаанд. Ба таври дигар, пас аз садсолаҳо, оташ намои Ҳурмузд маҳсуб ёфта, дар оини зардуштӣ ҷойгоҳи хос дошт ва бо усулҳои мухталиф парастиш мегардид. Дар баробари ин ниёгони пешини мо рӯйи худро ба сӯи оташ намуда, дастони худро ба сӯи Хуршед мебурданд ва барои беҳбудии рӯзгори хеш аз оташу Хуршед мадад металабиданд. Ҳадаф аз ин ниёиш расидан ба Наврӯз ва омадани соли хуб барои кишту кор буд, ки дар давраи ибтидоӣ мақом ва ҷойгоҳи хос дошт. Ҳамин боварҳо буд, ки дар замонҳои хеле дури пеш аз мелод қавмҳои гуногуни

одамӣ барои рӯзгори худ устураҳо меофариданд ва хушҳоливу зиндагии баъдиашонро бо ин ҷашну маросим пайванд менамуданд, ки ҷашни Сада яке аз онҳост. Ҷашни Сада марбут ба замони пеш аз ориёиҳо аст. Ин ҷашн тибқи устураҳо, дар замони шоҳони асотирии пешдодиён, ки таърихи тахминан 6-7 ҳазорсола доранд, баргузор мешудааст. Мисоли барҷастаи ин ҳамон устураи «Бунёд ниҳодани ҷашни Сада» аз «Шоҳнома»-и безаволи Фирдавсӣ аст. Метавон ба таври мантиқӣ тахмин зад, ки устураи мазкур аз замони Пешдодиён то рӯзгори Фирдавсӣ ҳамчун эътиқоди мардум ба Хуршед ва рамзи он ба оташ дар байни омма баён мешудааст. Пасон Фирдавсӣ онро ба назм даровардааст. Вале ба ҳар сурат пайдоиши ҷашни Сада ва устураҳои марбут ба он ба масъалаи таҷаммӯи рӯшноӣ ва оташ вобаста мебошад ва аз таҳаввули ташаккули қавмҳои ориёӣ дарак медиҳанд, ки онҳо ин ҷашнро аз пешиниён гирифтанд ва баъдиҳо онро то рӯзгори мо расониданд. Агар аз ин нуқтаи назар ба ҷашни Сада наздик шавем, нахуст аз ҳама моҳияти мақулаҳои хуршед, рӯшноӣ ва оташ пеши назар меоянд, ки ҳар кадомаш ба ҳаёти инсон ва табиат вобастагии зич доранд. Ба ҳамагон маълум аст, ки маҳз ба воситаи рӯшноии Хуршед тамоми мавҷудоти олам зинда аст ва ҳаракат мекунад. Дар ин бора Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар навиштаҳои худ ишорати ҷолибе доранд, ки чунин аст: «Дар миёни қувваҳои сершумори бадӣ, дар дашту ҷангалҳои Осиёи Марказӣ, ки ҷони инсонро дар азоб ва ба таҳлука меандохт, бахусус хушкӣ ва торикӣ бисёр зиёновар буданд. Онҳо дарёфта буданд, ки бар зидди неруҳои номбаршудаи бадӣ, озар ё оташ ва раъду барқ муассир буданд. Бар зидди торикӣ бошад, Хуршед чун унсури тавоно муқаддас дониста мешуд. Нисбати ҳамин аст, ки Хуршед дар миёни нажоди қавмҳои зиёди олами бостон ситоиш ва парастиш шудааст» (Эмомалӣ Раҳмонов, «Нигоҳе ба таърих ва тамаддуни ориёӣ», 2006, с.263).

Ҳамин хусусиятро инсонҳои замони бостон эътироф намуда, аз гармии Хуршед баҳра мебурданд ва алоҳида онро ниёиш карда, пасон, рӯшноӣ ва оташро ба он нисбат дода, ин унсурҳои табииро кашф карданд ва ба онҳо эътиқод оварда, ба парастишашон оғоз намуданд, ки баъдҳо муҷиби пайдо шудани ҷашни Сада гардидааст. Агар аз ин нуктаи назар ба ҷашни Сада наздик шавем, нахуст аз ҳама ба назари мо Хуршед ҷилвагар мешавад. Чунки бидуни Хуршед ҳаёт вуҷуд надорад. Маҳз ба воситаи рӯшноии он тамоми мавҷудоти олами зинда дар ҳаракат аст. Инсонҳои замони бостон, ки ҳанӯз нутқ надоштанд, дар канори тамоми мавҷудоти олам аз гармии Хуршед баҳра мебурданд. Баъд аз он ки инсон соҳиби гуфтор гардид ва андешаашро ифода мекардагӣ шуд, ки ин тахминан 40-50 ҳазор сол аст (ниг.: Старостин А.С. У человека был один праязык / Знание сила, 2003, №8), ба муҳити худ бо назари устураӣ менигарист. Ба таври комил намедонист, ки чаро Хуршед мебарояд, гармо ва сармо ҳаст ва ғайра. Маҳз барои ҳамин аз ҳамон замонҳои бостон инсонҳои ҷомеаи ибтидоӣ, ки акнун дар бораи муҳити зисти худ меандешиданд, ба Хуршед эҳтироми зиёд доштанд. Онро муқаддас меҳисобиданд. Баракати зиндагии худро ба он пайваст медонистанд. Ҳамин буд, ки дар тамоми гӯшаву канори дунё ба Хуршед, баъдҳо ҳамчун рамзи он ба оташ чун падидаи муқаддас эҳтиром мегузоштанд. Бахусус дар он кишварҳое, ки дар он ҷо сармо бештар аст, чун рамзи Хуршед аз оташ гулхани хурду бузург афрӯхта, дар гирди он шодиву сурур менамуданд. Ҳамчунин маҳз Хуршед аст, ки бар пояи рӯшноии он дар рӯи замин одамон ба кишоварзӣ машғул мешаванд. Бо самари кишту кори худ рӯзгори хешро пеш мебаранд. Абдуҷаббор РАҲМОНЗОДА, академики Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, Равшан РАҲМОНӢ, профессори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон (Идома дорад)


6 Бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 20 январи соли 2018 номи як қатор шаҳру ноҳияҳо ва шаҳраку деҳаҳо иваз шуд, ки талаботи замон мебошад. Дар даврони соҳибистиқлолӣ ва ташаккули забони давлатӣ, инчунин, ба хотири баланд бардоштани ҳисси худшиносӣ ва арҷ гузоштан ба таърихи халқ, эҳёи баъзе номҳои ҷуғрофию таърихие, ки ба мамлакати мо бевосита тааллуқ доранд, амри воқеӣ ба ҳисоб меравад. Халқе, ки гузаштаи худро эътироф намекунад ва аз гузашта сабақ намеомӯзад, имрӯзу ояндаи худро ташаккул дода наметавонад. Аз ин рӯ, эҳтиром гузоштан ба гузаштаи халқ нақши калидӣ дошта, аз нав зинда гардонидани суннату анъанаҳои миллӣ, маросиму ҷашнҳои қадимӣ ва эҳё кардани номҳои ҷуғрофию таърихии халқ ба манфиати ҷомеа ва мамлакат мебошад. Махсусан, зинда гардонидани номҳои таърихӣ ва ба чаҳорчӯбаи меъёрҳои забони тоҷикӣ мутобиқ намудани онҳо боиси шинохти дирӯз ва таҳкими ҳофизаи таърихӣ мегардад. Ба ин хотир солҳои охир дар ҷумҳурии мо як қатор номҳои таърихию ҷуғрофӣ аз нав эҳё шуда, аз ҷониби мардум дастгирӣ ёфтанд ва макони воқеии худро аз нав соҳиб шуданд. Номҳои Суғду Хатлон, Рашту Лахш, Ҷайҳуну Сайҳун ва даҳҳо дигар макони ҷуғрофии мамлакат моро бо гузаштаи дури халқи тоҷик пайванд менамоянд ва ин номҳои ҷуғрофӣ низ воситаи муҳими худшиносӣ ва ифтихори миллӣ мебошанд. Дар ҳақиқат зинда гардонидани номҳои ҷуғрофӣ барои насли наврас ва ояндаи мамлакат аҳамияти бузург дошта, рукни давлатсозии миллӣ низ ба шумор меравад. Бояд гуфт, ки дар тӯли қарнҳо бо омадани қавму қабилаҳои мухталиф дар мавзеъҳое, ки таърихан тоҷикон маскун буданд, бархе аз номҳои аслии шаҳру ноҳияҳо, деҳаҳо, маҳаллаҳо, кӯҳҳо, дарёҳо ва ғайра тағйири ном кардаанд, ки ба асолати забони тоҷикӣ созгор нестанд. Ин аст, ки яке аз муҳимтарин самтҳои сиёсати забонии Ҷумҳурии Тоҷикистон, иваз намудани номҳои ғайримеъёрии ҷуғрофӣ ва ба суннати номгузории миллӣ мутобиқ сохтани онҳо мебошад. Бо назардошти ин, Раиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 20 январи соли равон қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро оид ба иваз намудани номҳои як қатор шаҳру ноҳияҳои мамлакат ба имзо расониданд. Аз ҷумла, номи шаҳри Қӯрғонтеппа ба Бохтар, шаҳри Сарбанд ба Левакант, ноҳияи Бохтар ба ноҳияи Кушониён, шаҳраки Восеи ноҳияи Восеъ ба шаҳраки Ҳулбук иваз карда шуд. Ин номҳои таърихию ҷуғрофӣ барои халқи тоҷик саҳифаҳои дурахшони гузаштаи миллатамонро ба ёд оварда, дар мазмуни онҳо хотираи мардум ҷой гирифта, давраҳои ниҳоят дурахшони халқ дар гузашта бо ин номҳо алоқаманд мебошанд. Бояд қайд кард, ки иваз намудани номҳои шаҳру ноҳияҳои мазкур бо назардошти ду ҷанба сурат гирифтааст. Аввалан, ба суннати номгузории миллӣ мутобиқ сохтани онҳо ва сониян, эҳёи топонимияи миллие, ки таърихан дар ин мавзеъҳо вуҷуд доштанд. Барои шиносоии бештар пайдо намудани шаҳрвандони мамлакат таваҷҷуҳи онҳоро ба шарҳи ин номҳо ҷалб намуда, дар асоси сарчашмаҳои таърихӣ маълумоти кӯтоҳеро роҷеъ ба ин топонимҳо манзур менамоем.

ДАР БОРАИ БОХТАР

Бохтар — дар баробари номи яке аз се вилояти таърихии Мовароуннаҳр (Суғд ва Хоразм) будан, инчунин номи калонтарин шаҳр ва пойтахти давлати Кушониён ба ҳисоб мерафт. Шаҳр қабл аз давраи Кушониён бунёд ёфта, баъдан дар ин давра хеле обод шуда, гузару маҳаллаҳои нав пайдо мешаванд ва атрофи он бо девори

“ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН”, №05 (9535), 01.02.2018

АРҶГУЗОРӢ нави мудофиавӣ иҳота мегарданд (Массон В.М., Ромодин В.А. История Афганистана). Берун аз девори шаҳр гузару маҳаллаҳо мавҷуд буданд, ки аз васеъ шудани масоҳати шаҳр гувоҳӣ медиҳанд. Ҳарчанд дар давраи ҳукмронии Канишка (103-126 м.) пойтахт ба шаҳри Пешовар кӯчонида шуда бошад ҳам, Бохтар ба ҳайси пойтахти дуюм мавқеи худро нигоҳ медоштааст. Қисмати калони давлати Кушониён – Вароруд аз ҳамин марказ идора карда мешуд. Дар забони кушонию бохтарӣ калимаи «Бохтар» хеле маълум буда, дар луғатҳо ба маънии «ғарб, мағриб» ва ҳам «шарқ, ховар» омадааст. Аммо баъзе донишмандон онро ба маънии «ғарб» афзалият дода, ба маънии «шарқ» калимаи «ховар» — ро тавзеҳ додаанд. Он дар забони авестоӣ, суғдӣ ва бохтарӣ дар ҷараёни гузашти солҳо бо баъзе тағйироти овоӣ дучор шуда, аслан маънои “ғарб”-ро ифода менамояд. Топоними ҷуғрофии «Бохтарзамин» низ аз ҳамин ҷо сарчашма гирифта, ба маънои «кишварҳои ғарбӣ, мағрибзамин» фаҳмида мешавад. Ҳамчунон мардумоне, ки дар шимолу ғарбии Ҳинд зиндагӣ меку-

В.В. Бартолд ҷойгиршавии Левакандро – деҳаи Сангтӯда медонад. А.М. Беленитский ҷойгиршавии онро мавзеи Қавунтеппа, 10 километрии ғарби Қӯрғонтеппа ҳисоб кардааст. Ба андешаи А.М. Беленитский, зери мафҳуми «шаҳри Вахш»-и сарчашмаҳои асримиёнагӣ бояд шаҳри Левакандро фаҳмид. Аммо донишмндони дигар, аз ҷумла, худи Белетинский, Ю. Ёқубов бар ин асосанд, ки Левокант дар атрофи Сарбанд ва Қӯрғонтеппа ҷойгир буда, ҳамин мавзеъҳо ба шаҳри қадима тааллуқ доранд. Вожаи «Леваканд» ё «Левокант» аз ҷиҳати сохти калимасозӣ бохтарӣ-суғдӣ буда, асли ҳиндуаврупоӣ низ дорад. Оид ба маънии этимологии калимаи Левакант, дақиқтараш дар мавриди қисмати якуми он, яъне вожаи «лев ё лав» андешаҳои гуногун мавҷуданд. Дар баъзе сарчашмаҳо қисмати аввали калимаро «лева» ё «лев» маънидод карда, маънояшро «Худо», «Эзад» ва «дорою шукӯҳманд» шарҳ медиҳанд. Қисми дуюми калима «кант», «кент» буда, маънояш «шаҳр», «макони обод» мебошад. Маънои аввал бо эзад

аст, ки ба тафсири ин мафҳумҳо бештар таваҷҷуҳ зоҳир намоянд. Новобаста аз ин дар аксари сарчашмаҳо ва асарҳои таърихиву ҷуғрофии Истахрӣ, Муқаддасӣ, Яъқубӣ, Хурдодбеҳ номи Левокант зикр шуда, ёдгории беназири ҷуғрофии халқи тоҷик аз замони гузашта дар вилояти Хатлон мебошад. Аз нав зинда гардонидани ин ном низ барои насли наврас мояи ифтихор буда, хотира аз таърихи халқ мебошад.

ДАР БОРАИ КУШОНИЁН

Кушониён яке аз ниёгони тоҷикон мебошанд, ки шоҳигарии онҳо аз асри 2 то мелод ва 4 мелодӣ идома ёфтааст. Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон давраи ҳукмронии Кушониёнро «ҳалқаи заррини таърихи халқи тоҷик» номидаанд. Дар забони портӣ (парфиёнӣ) – Кушоншаҳр номида мешудааст. Дар замони Кушониён забонҳои кушонию бохтарӣ ва лаҳҷаҳои он, ки ба гурӯҳи забонҳои шарқии эронӣ мансуб мебошанд, роиҷ будааст. Ҳамчунин забоншиносон аз рӯи боқимондаҳои навиштаҷоти гуногун ас-

Шарҳи тағйири номҳои баъзе мавзеъҳои ҷуғрофии мамлакат нанд, онҳоро бохтарӣ ва ё балхӣ меномиданд. Баъдҳо маънои “Бохтар” дар забони суғдӣ роҳ ёфта, ба сифати макони ҷуғрофӣ муаррифӣ шудааст. Аз нигоҳи таърихӣ Бохтар номи қадимии Балх низ ба ҳисоб рафта, қаламрави он ҳамчун вилояти таърихӣ қисмҳои марказӣ, ҷанубӣ ва шарқии Тоҷикистони ҳозираро фаро гирифта, тайи асрҳои миёна ва минбаъд тобеи Хатлон ва ҳокимони Қубодиён буда, таърихан дар ҳудуди шаҳрҳои қадимии Вахш, Леваканд ва Ҳаловард қарор доштааст. Мувофиқи ахбори Птолемей, ки ба асри II м. тааллуқ дорад, дар кишвар ё вилояти Бохтар 18 шаҳр мавҷуд буда, шаҳри Бохтар (вилояту шаҳри марказӣ як ном доштанд) яке аз калонтарин шаҳрҳои шоҳигарии Кушониён ба ҳисоб мерафтааст ва унвони «модари шаҳрҳо»-ро доштааст (Массон В.М., Ромодин В.А. История Афганистана. Т.1., М., 1964. – С. 169). Ҳамин шуҳрат ва қадимияти Бохтарро ба инобат гирифта, вакилони шаҳри Қӯрғонтеппа ва вилояти Хатлон чунин иқдом карданд, ки маркази вилоят Бохтар номида шавад. Мо итминони комил дорем, ки номи Бохтар дар оянда ҷой ва мақоми худро пайдо мекунад ва маълумоти бештаре доир ба Бохтар ҷамъоварӣ шуда, миёни мардум боз ҳам машҳуртар мегардад.

ДАР БОРАИ ЛЕВАКАНД

Леваканд номи қадимаи шаҳрҳои Қӯрғонтеппа ва Сарбанд ва атрофи онҳо буда, маънияш “Ободшаҳр”, “Шаҳри болобаланд” мебошад. Бино бар бозёфтҳои бостоншиносон, шаҳр дар миёни Сарбанд ва Қӯрғонтеппа ҳанӯз дар садаҳои I-IV м. вуҷуд дошта, то замони густариши ислом яке аз ободтарин шаҳрҳои Вахш ба шумор мерафтааст. Мувофиқи сарчашмаҳо, Леваканд дар садаҳои X-XIII яке аз ду шаҳри калони Вахш буда, ҳангоми ҳамлаи муғул дар соли 1221 аз дасти чингизиён нобуд шудааст. Дар асри ХХ вайронаҳои Левакандро бостоншинос Т.И. Зеймал пайдо карда, дар асоси кофтуковҳои бостоншиносӣ ва баррасиҳои ҷуғрофӣ исбот намудааст, ки дар ин мавзеъ шаҳр вуҷуд доштааст. Леваканд калонтарин харобаест, ки аз садаҳои миёна дар қисмати шимолии водии Вахш боқӣ мондааст.

ва Хур – Эзади Хуршед низ алоқамандӣ дошта, дар ҳамин заминаи маъноӣ номи шаҳр ба «Эзадшаҳр» ва ё «Хуршедшаҳр» наздикӣ пайдо менамояд. Мувофиқи сарчашмаҳо дар ин мавзеъ парастишгоҳе будааст, ки дар он эзади Хур ситоиш меёфтааст. Ин парастишгоҳро бостоншиносон низ кашф кардаанд. Дар қадим ба номи эзадон номгузорӣ шудани моҳҳо маъмул буда, доир ба ин масъала Абӯрайҳони Берунӣ маълумоти бештар пешниҳод намудааст. Метавон онро аз рӯи маънои дуюмаш «Шаҳри шукӯҳманд» номид. Ин ҷиҳати масъала омӯзиш мехоҳад. Мувофиқи маълумоти «Фарҳанги Шоҳнома» — и Фритс Волф ва «Бурҳони қотеъ» «лав» ба маънии «теппа, баландӣ, адир, пушта» омадааст. Барои тасдиқи фикр байти зерин оварда шудааст: Бад-ӯ бар шубон гуфт: эдар бидав. Раҳи тоза пеш оядат пур зи лав. Агар ин маънӣ ба назар гирифта шавад, «шаҳр дар баландӣ, шаҳр дар теппаву адир» маънидод мегардад, яъне «Баландшаҳр», ки ба номи кунунии мавзеъ — Сарбанд наздикиву қаробат пайдо менамояд. Вожаи «Лав» инчунин ба маънии буттаи гурӯҳе аз сабзавот, ба монанди ҳандалак, харбуза ва амсоли онҳо низ омадааст, ки дар лаҳҷаи гелакии забони форсӣ то ҳол ин маънӣ маҳфуз мондааст. Агар ин шарҳро ба назар гирем, Леваканд – «Шаҳри сабзавот» мебошад. Дар баробари ин вожаи «лев» бо вожаи «ливо», яъне «парчам, дирафш» низ қаробат дошта, ба ин маънӣ тибқи маълумоти «Фарҳанги Шоҳнома» — и Фритс Волф дар «Шоҳнома» як маротиба омадааст: Ҳамоно, ки бошад маро дастгир, Худованди тоҷу ливову сарир. Агар ин маъниро ба инобат гирем, пас Левакант шакли ба тағйироти овоӣ (фонетикӣ) мубаддал шудаи Ливоканд буда, маънояш «Шаҳри дирафшбардорон» мебошад. Дар ҷумҳуриамон наздик ба ин мафҳуми «Кантгурд» аст, ки «Шаҳри паҳлавонон» маъно медиҳад. Аммо бояд дар назар дошт, ки ҳарчанд вожаи «ливо» дар «Шоҳнома» омада бошад ҳам, он асли арабӣ дорад. Баъзе ин шарҳҳо эҳтимолӣ буда, олимони забоншинос ва таърихдонҳоро зарур

лияти худи забони кушониро низ муайян намуда, онро ба зергурӯҳи шимолии забонҳои шарқии эронӣ мансуб донистаанд. Муттаҳидшавии панҷ қабилаи кушонӣ дар водии Вахш сурат гирифтааст. Тибқи баъзе маълумоти таърихӣ, шоҳигарии Кушониён аз ҷониби қабилаҳои ҳиндуаврупоии «тохарҳо» асос гузошта шудааст. Сиккаҳои аввалин шоҳаншоҳи кушонӣ, ки Ҳерай-Санаб ном дошт, маҳз аз водии Вахш пайдо шудаанд. Шаҳрҳо аз ҳудуди Бохтар ё баъдан Тахористон маҳз дар давраи Кушониён ривоҷу равнақ ёфтаанд. Аз ҷумла, дар ҳудуди мамлакати мо ба замони Кушониён димнаҳои Кайқубодшоҳ дар ноҳияи Қубодиён, Теппаи Шоҳ дар ноҳияи Шаҳритуз, Куҳан-Қалъа дар ноҳияи Ҷайҳун, Ҳалқаҷар дар ноҳияи Хуросон (собиқ Ғозималик), Ғаравқалъа ва Тамошотеппа дар ноҳияи Ёвон, Саксанохур дар ноҳияи Фархор, Қалъаи Чармгарони Поён (Қалъаи Мир) дар шаҳрҳои Кӯлоб, Шаҳринав, Душанбеи қадим дохил мешаванд. Доир ба давлати Кушониён сарчашмаҳои зиёди таърихӣ ва ҷуғрофӣ маълумот дода, бори аввал бо ташаббуси аллома Б. Ғафуров дар Душанбе ва Кобул симпозиуми байналмилалӣ доир шуда, олимони бостоншинос ва таърихнигорон дар бораи ин макони ҷуғрофӣ маълумоти зиёдеро дар шакли рисола ва мақолаҳои илмӣ интишор дода, баъдҳо дар ин мавзӯъ китобҳои алоҳида низ ба чоп расониданд. Дар ин асарҳо таърихи пайдоиш ва ташаккули давлати Кушониён васеъ тасвир гардидааст. Аз нав зинда намудани номи Кушониён ва ба ноҳияи Бохтар номгузорӣ шудани он далели арҷгузорӣ ба таърихи миллат буда, имкон медиҳад, ки минбаъд сарчашмаҳои дигари таърихӣ доир ба ин макони ҷуғрофӣ интишор шаванд ва доираи маълумот оид ба ин ном бештару зиёдтар гардад. Дарвоқеъ, бо номи давлат ва сулолаи Кушониён номгузорӣ шудани ноҳияи Бохтар ба ҳақиқати таърихӣ мувофиқ мебошад.

ДАР БОРАИ ҲУЛБУК

Муаллифони асарҳои таърихӣ ва ҷуғрофӣ, аз ҷумла, Истахрӣ, Муқаддасӣ, Яъқубӣ, Хурдодбеҳ, Берунӣ ва асари «Ҳудуд-ул-олам» дар қатори шаҳрҳои калонтарини мулки Хутталон, ба монан-

ди Мунк (Ховалинг), Тамлиёт (Тутқавули куҳна), Паргар (Фархор), Корбанҷ, Андиҷарак, Рустоқбек ва Сикандара, пеш аз ҳама, аз Ҳулбук ёд карда, шаҳри бузургу обод будани онро зикр намудаанд. Гузашта аз ин, сарчашмаҳои мазкур «ҷойи муқимӣ» — и шоҳони ин мулкро Ҳулбук донистаанд. Маълумоти қадимтарин дар бораи Ҳулбук ҳамчунин дар адабиёти атиқа дучор меояд. Дар байни номҳои ҷуғрофӣ, ки таърихнигори юнонӣ Птолемей овардааст, номи шаҳри Хулбисса мавҷуд мебошад. А.М. Беленитский ва олимони дигар бо асоси комил онро пойтахти Хуттал – шаҳри Ҳулбук мешуморанд, зеро дар сарчашмаҳои мусулмонии асримиёнагӣ дар баробари мафҳуми Ҳулбук номи Хулбик низ дучор меояд, ки ба ҳамон Хулбиссаи юнонӣ наздик аст. Дар бораи мавқеи ҷойгиршавии шаҳрҳои зикршуда таълифоти мазкур чунин зикр кардаанд: «Тамоми Хуттал бо кӯҳҳо иҳота гардидааст, ҳамаи шаҳрҳо, ба ҷуз аз Ҳулбук ва Сикандара дар водиҳо ҷойгиранд». Ҳарчанд мавқеи ҷойгиршавии Ҳулбук ва шаҳрҳои азбайнрафтаи Хуттал мавзӯи баҳсу мунозираҳои илмӣ аст, аммо бештари муҳаққиқон, аз ҷумла, М. А. Варигин, А.П. Колпаков ва А.Е. Маҷӣ – онро дар ҳудуди деҳаи Қурбоншаҳид ва деҳоти атрофи он то маркази ноҳияи Восеъ муайян кардаанд. Аз ин лиҳоз иваз намудани номи шаҳраки Восеи ноҳияи Восеъ ба Ҳулбук ба ҳақиқати таърихӣ ва ҷуғрофӣ мувофиқ буда, омили арҷгузорӣ ба ин макони таърихӣ мебошад. Аз дидгоҳи этимологӣ, Ҳулбук шояд аз пораҳои эронии куҳани *hwar-+baga- ба маънии «Худо-Офтоб, Хур» ё Хур/Офтоби худо (яъне Худованди Офтоб бошад), ки ҳосилаи решаи ҳиндуаврупоии *sͦer-ва иронии куҳани baga-мебошад. Ҳулбук шояд аз вожаи юнонии ὓλη / ὓλα (овонавишт-шон ҳула-/ҳула) бошад ва ҷузъи номаълумаш бака/-бука. Дар самти ҷанубӣ-ғарбии Сарматияи аврупоӣ (булукоти хеле маъмулу машҳури скифӣ/ сакӣ дар замони бостон) шаҳраке ба номи Ὑλάιη (Ҳулаио) (дар русӣ Гилея) мавҷуд аст, ки миёни Борисфен (дар талаффузи русӣ) / Бористҳону Ҳипакар воқеъ мебошад. Борисфен сарзамини сирф скифӣ/ сакӣ/сарматӣ буд. Ҳула — ὓλη / ὓλα — маънии «беша, дарахтони фаровони беша, бешаи дарахтони буттагӣ (дарахтҳо)»-ро дорад. Ҳулбук дар чунин мавзеъ қарор дорад. Ҳарчанд «бука» ҷузъи номаълум буда, ба таҳқиқи бештаре ниёз дорад, аммо бояд дар назар дошт, ки бо ҷузъи «бук» топонимҳои дигар дар атрофи Ҳулбук мавҷуд аст: Шобика, Осмонбика ва ғайра. Дар бораи Ҳулбук донишманди шинохта Эркиной Ғуломова низ корҳои зиёди бостоншиносӣ ба анҷом расонида, якчанд мақолаҳои пурарзишро доир ба таърихи ин макони ҷуғрофӣ интишор намуда буд, ки онҳо барои муаррифии Ҳулбук аҳамияти беандоза доранд. Дигар донишмандони ватанӣ ва хориҷӣ низ доир ба Ҳулбук таҳқиқот ба анҷом расонида, аз сарчашмаҳои таърихии зиёд ёдоварӣ кардаанд, ки оид ба ташаккул ва инкишофи ин макони ҷуғрофӣ маълумоти муфид медиҳанд. Дар баробари ин деҳаи Қурбоншаҳид ба Меҳробод, деҳаи Шота Руставели ба деҳаи Саргаҳ, деҳаи Тошохур ба деҳаи Боғдара ва деҳаи Будинобод ба деҳаи Зарриндашт иваз шуданд, ки сабаби асосиашон номувофиқатӣ ба талаботи забони тоҷикӣ мебошад. Лозим ба ёдоварист, ки ҳамаи ин номҳои таърихие, ки аз нав зинда гардиданд ва дар шаҳру ноҳияҳои мамлакат номгузорӣ шудаанд, ба забони тоҷикӣ ва таърихи халқи тоҷик сахт алоқамандӣ дошта, дар миёни аҷдодони гузаштаи мо падид омадаанд ва дорои асолати милливу таърихӣ мебошанд. Аз ин дидгоҳ эҳёи номҳои таърихӣ на танҳо ба хотири ивази топонимҳои роиҷи имрӯза мебошад, балки пеш аз ҳама, ҳадафи асосии он татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатӣ» буда, омили боло бурдани ҳувияти миллӣ ва худшиносии таърихӣ дар миёни шаҳрвандони мамлакат, бахусус наврасон ва ҷавонон маҳсуб меёбад. Бовар дорем, ки дар асоси ин маълумоти кӯтоҳ хонандагони тоҷик ба топоними мавзеъҳои ҷуғрофии ҷумҳурӣ шинос шуда, олимон ва донишмандони мамлакат дар бораи шарҳи бештари онҳо мақолаҳои алоҳида ба нашр мерасонанд. АМИТ “Ховар”


“ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН”, №05 (9535), 01.02.2018

ДАР ҲОШИЯИ ПАЁМ

7

Туризм омили рушди иқтисоди миллӣ Дар ҳошияи “Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” Дилхоҳ кишвар ва минтақа дорои имконият ва иқтидори хоссаи рушди туризм мебошад, ки Тоҷикистон ва табиати ҷаззоби он аз ин истисно нест. Кишвари азизи мо бо табиати зебо, чашмаҳои шифобахш, меваю сабзавот, кӯҳу дарёҳо, мамнуъгоҳҳо ва шикоргоҳҳо, шароити хуби кӯҳнавардӣ, бо мероси бои таърихию фарҳангӣ ва захираҳои нотакрори табиию фароғатиаш дар дунё машҳур гаштааст. Чунки қаламрави Тоҷикистонро бисёр сайёҳону донишмандон ҳанӯз аз замони шоҳроҳи бузурги Абрешим ва минбаъд аз сафари сайёҳи венетсиягӣ Марко Поло то иштирокчиёни экспедитсияҳои барзиёди олимони рус омӯхтаю таҳқиқ карда фикрҳои ҷолиб гуфтаанд. Воқеан, сайёҳӣ ҳамчун яке аз самтҳои афзалиятноки иқтисодиёти ҳар мамлакат маҳсуб меёбад. Тавре аз таҳлили мутахассисон ва нишондоди оморӣ бармеояд, 16-умин корманд дар миқёси ҷаҳон дар соҳаи туризм фаъолият дорад, ки дар маҷмуъ зиёда аз 140 млн. нафарро ташкил медиҳад. Маблағгузории ҳамасола барои рушди сайёҳӣ дар ҷаҳон бошад, қариб 35%ро ташкил медиҳад. Туризм чун тиҷорати манфиатовар эътироф гашта, то 7% сармояи ҷаҳониро бо ин мақсад истифода мебаранд. Ҳанӯз соли 1995 даромади солонаро аз соҳаи сайёҳӣ 373 млн. доллар баҳогузорӣ карда буданд. Дар баъзе манбаъаҳои иттилоотӣ даромади соҳаи туризмро дар соли 2000-ум тақрибан 461 миллиард доллар донистаанд ва тахмин меравад, ки дар солҳои 2015-2020 ба 2 триллион доллар мерасад. Беш аз 160 миллион мардуми сайёра ба шарофати рушди соҳаи сайёҳӣ бо ҷои кор таъмин мебошанд. Тибқи омори Созмони Умумиҷаҳонии Сайёҳӣ соли 2007 қариб 900 млн. сайёҳати байналмилалӣ ба қайд гирифта шудааст. Имрӯз дар содироти ҷаҳонии молу хизматҳо туризм баъд аз маҳсулоти нафт ва истеҳсолу фурӯши автомобил дар ҷои сеюм қарор дорад. Боиси ифтихор аст, ки дар Тоҷикистон, ки барои рушди тамоми намудҳои туризм - сайёҳии экологӣ, кӯҳнавардӣ, таърихӣ, варзишӣ-кӯҳӣ ва дигар намудҳои туризм ва дар ин замина барои рушди туризми байналхалқӣ дар мамлакат, беҳтар намудани вазъи инфрасохтори туристӣ ва саноатию курортӣ ва дар ин замина муҳайё намудани шароити муносиб барои ташрифории сайёҳони хориҷӣ, ҷалби сармояҳо ва ҳамин тавр табдил додани Тоҷикистон ба кишвари туристӣ пайваста тадбирҳо роҳандозӣ шуда истодаанд. Раиси Созмони Умумиҷаҳонии Сайёҳӣ Толиб Рифаӣ зимни сафараш ба кишвари мо иброз намуда буд, ки “Тоҷикистон биҳишти кашфношуда аст”. Бешубҳа, Тоҷикистони офтобрӯяву кӯҳсори мо бо табиати биҳиштосои афсонавӣ, дашту саҳро, дараю водиҳо, кӯҳҳои осмонбӯс ва боғҳои дилрабо дар тамоми дунё машҳур гаштааст. Табиати зебои он диққати сайёҳони хориҷиро ба худ ҷалб менамояд. Боиси фараҳмандист, ки 27 ноябри соли 2008 дар Шӯрои ҳабдаҳуми СУС Тоҷикистон узви комилҳуқуқи ин ташкилот интихоб гардид. Таъсисёбии Кумитаи рушди сайёҳӣ, ки соли 2017 сурат гирифт, барои пешбурди фаъолияти соҳа нақши калон дошта метавонад. Дар Паёмашон Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соҳаи сайёҳиро яке аз соҳаҳои муҳими бо шуғл фаро гирифтани аҳолии қобили меҳнат, воситаи баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардум, рушди дигар соҳаҳои хизматрасониву истеҳсолӣ, инчунин, муаррификунандаи таъриху фарҳанг, табиат ва анъанаҳои миллӣ арзёбӣ намуда, бо мақсади тараққӣ додани соҳаи сайёҳӣ, муаррифии шоистаи имкониятҳои сайёҳии мамлакат ва фарҳанги миллӣ дар арсаи байналмилалӣ, соли 2018-ро дар кишвар “Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” эълон намуданд, ки бешубҳа, ин иқдоми дурандешонаи Сарвари давлат барои рушди минбаъдаи соҳа нақши бағоят муҳим мебозад. Меҳрӣ РАҲИМОВА, декани шуъбаи рӯзонаи Коллеҷи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон

Паём – саодатномаи миллат ё афзалияти истифодаи технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ дар соҳаҳои илму маориф Дар Паёми имсолаашон Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳангоми баррасии масъалаҳои маориф ва таълиму тарбия тавре таъкид намуданд, “... моро зарур аст, ки боз ҳам зиёдтар заҳмат кашида, ба масъалаи таълиму тарбия афзалияти бештар диҳем, сатҳу сифати таълимро дар ҳамаи зинаҳо беҳтар кунем, барои таҳсилоти босифат аз тамоми имконот истифода карда, заминаҳои моддиву техникии муассисаҳои таълимиро таҳким бахшем ва самарабахшии фаъолияти онҳоро таъмин намоем. Барои ин, мо бояд нишондиҳандаҳои таъмини сифатро дар ҳамаи зинаҳои таҳсилот бо стандартҳои ҷаҳонӣ наздик созем, ҳамкории муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбиро бо субъектҳои бозори меҳнат густариш бахшем, дараҷаи рушди низоми инноватсияи миллӣ ва нишондиҳандаҳои азхудкунии технологияҳои иттилоотиву коммуникатсиониро беҳтар гардонем. Зеро сифати омодасозии мутахассисони оянда аз ҳамин омилҳо вобастагӣ дошта, имкон медиҳад, ки мо дар соҳаи маориф ба натиҷаҳои боз ҳам бештар ноил гардем”. Чунки сармояи инсонӣ ҳамчун муҳаррики пуриқтидор ба пешрафти инноватсия ва технологияҳои нав мусоидат мекунад ва бинобар ин, илми муосири ватанӣ бояд ҷавононро бештар ба илмомӯзӣ, татбиқи лоиҳаҳои инноватсионӣ ва таҳқиқи масъалаҳои иқтисоди рақамӣ сафарбар намояд. Дар воқеъ, дар шароити имрӯзаи рушди ҷаҳонӣ технологияҳои иттилоотиву коммуникатсионӣ беш аз пеш дар тамоми соҳаҳо аҳамияти махсус касб намуда истода-

анд. Бесабаб нест, ки асри 21-ро асри техникаву технология мегӯем. Имрӯз вусъат додани раванди ихтироъкорӣ, азхудкунии технологияҳои инноватсионӣ ва ҷорӣ кардани онҳо дар истеҳсолот яке аз вазифаи аввалиндараҷаи олимони кишвар маҳсуб меёбад. Дар боло бурдани сатҳу сифати дониши хонандагону донишҷӯён истифодаи технологияҳои иттилоотиву коммуникатсионӣ, аз ҷумла технологияҳои компютерӣ ва интернет аҳамияти арзишманд доранд. Дастрасӣ ба сомонаҳо, китобхонаи электронӣ ба хонандагону донишҷӯён имконияти мустақилона аз бар намудани илмҳои муосир ва забонҳои хориҷиро фароҳам меорад. Илму технологияи муосир барои баланд шудани сатҳи ҷаҳоншиносии наврасону донишҷӯён ҳидмати бузург мекунанд, ба шарте ки онҳо аз ин имконот оқилона истифода кунанд. Дар ин замина, бояд имрӯз ба ташаккули маърифати сиёсиву фарҳангӣ ва технологияи муосир дар шуури ҷавонон диққати бештар диҳем. Гузаштагони мо дар тӯли таърих соҳиби фарҳангу тамаддуни хосса ва поягузорони тамаддуни ҷаҳонӣ буданд. Аз ҷумла, Абӯҳанифа, Хоразмӣ, Розӣ, Берунӣ, Ғазолӣ, Хайём, Сино барои пешрафти илмҳои дақиқ, мисли риёзиёт, мантиқ, нуҷум навовариҳои наҷибе анҷом додаанд. Умуман, имрӯз таҷрибаи рушди ҷаҳонӣ нишон дода истодааст, ки истифодаи технологияҳои иттилоотиву коммуникатсионӣ дар тамоми соҳаҳо муҳим асту Тоҷикистон дар ин радиф истисно нест. Боиси ифтихор аст, ки бо ташаббуси бевоситаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон компютеркунонӣ ва бо шабакаи интернет пайвастани сар-

тосарии муассисаҳои таълимӣ ба роҳ монда шуд. Инчунин, Сарвари давлат соли 2010-ро “Соли маориф ва фарҳанги техникӣ” эълон доштанд, ки тадбири мазкур барои боз ҳам наздик шудан ба дастовардҳои фарҳанги техникии ҷаҳонӣ мусоидат намуд. Аммо дар шароити имрӯза, ки илму технология бо суръати кайҳонӣ пеш рафта истодааст, аз омӯзгорон масъулияти бештар ҷиҳати боло бурдани сатҳу сифати дониши хонандагону донишҷӯён, омӯзиши илмҳои муосиру иловагӣ талаб мегардад. Барои ин, дар навбати аввал омӯзгорон ба дараҷаи касбии хеш бояд таваҷҷуҳи аввалиндараҷа зоҳир намоянд. Фаромӯш набояд кунем, ки ояндаи ҷомеаамон аз сифати омодасозии мутахассисони оянда вобастагии зич дорад. Албатта, дар навбати худ ҷавонон бояд барои аз худ намудани илмҳои муосир ва забонҳои хориҷӣ аз тамоми имконоти мавҷуда истифода баранд, зеро имрӯз дар шароити бархурди тамаддунҳо танҳо он ҷавононе метавонанд аз шаъну шарафи миллати худ дифоъ намоянд, ки агар донандагони хуби илмҳои муосир, техникаву технологияи муосир ва забонҳои хориҷӣ бошанд. Дар маҷмуъ, дастуру супоришҳои Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёмашон ба кормандони соҳаи маориф, бояд дастурамали ҳамарӯзаи омӯзгорони иззатманди кишвар бошад. Фаромӯш накунем, ки маориф чун соҳаи афзалиятноки миллӣ дар шароити имрӯза нақши басо муҳим дорад. Хоҷаакбар НОРОВ, мудири кафедраи технологияи информатсионии ДТҶТ ба номи С. Раҳимов, номзади илмҳои математикаву физика


8

НАВИГАРИҲОИ ВАРЗИШ

“ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН”, №05 (9535), 01.02.2018

Мағлубияти паҳлавонони тоҷик дар Гран-прии Иван Яригин-2018 Тавре иттилоъ дода будем, дар Гран-прии Иван Яригин-2018, ки 2628 январ дар шаҳри Краснодари Русия баргузор гардид, Тоҷикистонро се варзишгар - Бобохон Воҳидов (57 кг), Искандари Рустам (97 кг) ва Фарҳод Анақулов (125 кг) намояндагӣ карданд. Мутаассифона, Бобохон Воҳидов бинобар сабаби ҷароҳат бардоштан натавонист дар мусобиқаи мазкур ба майдон барояд. Варзишгарони дигари тоҷик дар даври аввали рақобатҳо шикаст хурданд. Фарҳод Анақулов аз Николас Гваздовский, варзишгари амрикоӣ ва Искандари Рустам аз Й. Деде, варзишгари Туркия шикаст хӯрданд. Дар XXIX-умин Гран-прии Иван Яргин варзишгарони зиёда аз 15 давлати сайёра миёни ҳам рақобат намуданд, ки аксари онҳо ғолибони Олимпиада ва қаҳрамонҳои ҷаҳон аз намуди гӯштини тарзи озод буданд. Аз рӯи натиҷаҳои умумидаставӣ миёни мардон аксар медалҳои тиллои мусобиқаи мазкурро варзишгарони Русия ва ИМА соҳиб шуданд. Мусобиқаи мазкур тибқи қонунҳои нави Федератсияи байналмилалии гӯштини тарзи озод баргузор гардида, варзишгарон дар 10 вазн (57, 61, 65, 70, 74, 79, 86, 92, 97, 125) миёни ҳам рақобат намуданд.

КФО-2018: Хуҷанд бо 18 бозингар ширкат мекунад Бошгоҳи “Хуҷанд”-и шаҳри Хуҷанд барои рақобат дар бозиҳои марҳилаи плей-оффи Ҷоми КФО-2018 (Конфедератсияи Футболи Осиё) ҳайати дастаашро эълон намуд. Сармураббии тими “Хуҷанд” Рустам Хоҷаев ба дастааш 18 бозингар – 3 дарвозабон, 6 ҳимоятгар, 6 нимҳимоятгар ва 3 ҳамлагар шомил намуд. Аз инҳо ду нафарашон легионер мебошанд: дарвозабон Алексей Матросов аз Эстония ва ҳамлагар Агблей Ҷонс аз Гана. ҲАЙАТИ ТИМИ “ХУҶАНД” БАРОИ ШИРКАТ ДАР ҶОМИ КФО-2018: Дарвозабонҳо: 1. Дилшод Додобоев, 16. Муъминҷон Гадойбоев, 88. Алексей Матросов (Эстония); Ҳимоятгарон: 2. Соҳибҷон Ҳакимов, 3. Рустам Домлоҷонов, 5. Фирдавс Чақалов, 19. Хуршед Бекназаров, 22. Манучеҳр Аҳмадов, 24. Далерҷон Тухтасунов; Нимҳимоятгарон: 6. Абдусамад Ҳоҷибоев, 8. Эҳсон Бобоев, 9. Кароматулло Саидов, 21. Ҳикматулло Расулов, 23. Дилшодҷон Каримов, 63. Амирҷон Раҳимов;

ҒОЛИБОНИ XXIX-УМИН ГРАН-ПРИИ ИВАН ЯРИГИН-2018 Вазни 57: 1. Заур Угуев – Русия; 2. Азамат Тускаев – Русия; 3. Согбадрах Севенсурен Монголия ва Дондук-оол Хурешоол – Русия. Вазни 61: 1.Гаджимурад Рашидов – Русия; 2. Исмаил Мусукаев – Русия; 3. Тувшинтулга Туменбилег Манголия ва Александр Богомоев – Русия. Вазни 65: 1. Илиёс Бекбулатов – Русия; 2. Ахмед Чакаев – Русия; 3. Начин Куулар – Русия ва Селахаттин Киличсаллаян –Туркия. Вазни 70: 1. Магомед Қурбаналиев – Русия; 2. Магомедрасул Газимагомедов – Русия; 3. Франк Молинаро – ИМА ва Андрей Квятковский – Украина. Вазни 74: 1. Хетик Саболов – Русия; 2. Заурбек Сидаков – Русия; 3. Кахабер Хубежти – Русия ва Довлемурат Оразгилижов –Туркманистан.

Вазни 79: 1. Ахмед Гаджимагомедов – Русия; 2. Кайл Дэйк – ИМА; 3. Радик Валиев ва Алан Засеев – Русия. Вазни 86: 1. Давид Тейлор – ИМА; 2. Фатих Эрдин – Туркия; 3. Владислав Валиев ва Артур Найфонов – Русия. Вазни 92: 1. Абдулрашид Садулаев – Русия; 2. Анзор Уришев- Русия; 3. Юрий Белоновский – Русия ва Туртогтох Лувсандорж – Муғулистон. Вазни 97: 1. Кайл Снайдер – ИМА; 2. Расул Магомедов – Русия; 3. Владислав Байсаев – Русия ва Магомед Ибрагимов – Ӯзбекистон. Вазани 125: 1. Мурадин Кушхов – Русия; 2. Анзор Хизриев – Русия; 3. Николас Гваздовский – ИМА ва Жолбоо Насагсурен – Муғулистон. Шодихони НАЗАР, “ҶТ”

Ҳамлагарон: 10. Дилшод Бозоров, 20. Агблей Ҷонс (Гана), 62. Ҷаҳонгир Эргашев. Тибқи низомномаи мусобиқаи мазкур, дастаи “Хуҷанд” метавонад, як ҳафта пеш аз бозии аввали плей-оффи Ҷоми КФО-2018 ба ҳайати дастааш боз панҷ бозингарро илова намояд. Дар рақобатҳои Ҷоми КФО-2018 ҳар як даста метавонад ба ҳайаташ 30 бозингарро дохил намояд. Бозии нахустини тими “Хуҷанд”-и шаҳри Хуҷанд 13 феврал баргузор гардида, дидори ҷавобӣ 20 феврал доир мешавад. Ҳарифи “Хуҷанд” дар бозии ҷавобӣ миёни дастаҳои “Аҳал”-и Туркманистон ва “Дордой”-и Қирғизистон маълум мегардад. Дар бозии аввал, ки 23 январ доир шуд, тими “Аҳал” дар Бишкек ҳарифро бо ҳисоби 3:1 шикаст дода буд. Шаҳбози АСОМИДДИН, “ҶТ”

Чорумин финалисти минтақаи Душанбе дар Ҷоми ФФТ муайян шуд 27 январ, пас аз рақобати даври 3-юм дар гурӯҳи “А” байни тимҳои “Локомотив-Помир” ва “Регар-ТадАЗ”, охирин дастаи финалисти минтақаи Душанбе маълум гардид. Дар ин дидор дастаи меҳмонон “Регар-ТадАЗ”-ро бо ҳисоби 1:2 шикаст дода, ба даври минбаъда баромаданд. Бо ҳамин бозиҳои марҳилаи интихобии Ҷоми ФФТ (Федератсияи футболи Тоҷикистон) дар минтақаи Душанбе ба поён расид. Дар ин давр аз ду гурӯҳ чор даста: “Барқчӣ”-и шаҳри Ҳисор, “Регар-ТадАЗ”-и шаҳри Турсунзода, ССКА “Помир”-и Душанбе ва дастаи “Истиқлол”-и шаҳри Душанбе ба даври ниҳоии мусобиқоти мазкур роҳ ёфтанд. Барои роҳхат гирифтан ба марҳилаи интихобии бозиҳои финалии Ҷоми ФФТ-2018 дар минтақаи Душанбе ҳашт даста иштирок намуданд. Дастаҳо дар ду гурӯҳ: “А” – “Ваҳдат” (Ваҳдат), “Локомотив-Помир” (Душанбе), “Барқчӣ” (Ҳисор) ва “Регар-ТадАЗ” (Турсунзода), ва “Б” – “Истиқлол”

(Душанбе), “Кӯктош” (Рӯдакӣ), “Маҳаллаи 83” (Душанбе) ва ССКА “Помир” (Душанбе), миёни ҳам рақобат намуданд. Бозиҳо дар гурӯҳҳо аз рӯи системаи даврӣ дар як давра баргузор гардид. Аз рӯи натиҷагирии мусобиқоти марҳилаи пешакӣ ду дастаи беҳтарин аз ҳар гурӯҳ ба қисми ниҳоии Ҷоми ФФТ-2018 роҳхат мегиранд. Тибқи низомномаи мусобиқоти мазкур барои ба даст овардани Ҷоми ФФТ-2018 бозиҳо дар ду марҳила гузаронида мешаванд. Марҳилаи аввал минтақавӣ буда, дар минтақаи Душанбе аз 22 то 27уми январ баргузор гардид ва дар минтақаи Суғд аз 20-уми январ оғоз гардида, идома дорад. Дастаҳои футболи минтақаи Хатлон рақобатро аз 25-ум оғоз намудаанд.

Даври финалии Ҷоми ФФТ2018 дар моҳи феврал баргузор мегардад. Шаҳбози АСОМИДДИН, “ҶТ”


“ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН”, №05 (9535), 01.02.2018 (Идома аз шумораи гузашта) Тадқиқоту мушоҳидаҳо нишон медиҳанд, ки дуруст ташкил карда натавонистан ва нагузаронидани чорабиниҳои зарурӣ инсонро торафт ба камҳаракатӣ оварда мерасонад. Дар баробари пастшавии фаъолияти ҳаракатӣ дар давоми ҳар як шабонарӯз инкишофи ҷисмонӣ ва ҳолати функсионалии узвҳои бадан, аз ҷумла фаъолияти узвҳои гардиши хун, дил, шуш, мубодилаи моддаҳо, қувваи мушакҳо, кори муътадили асаб ва ғайра паст мегардад, зеро фаъолияти муътадили тамоми узвҳои бадан ба ҳаракат вобаста аст. Бинобар ин, бояд тамоми чорабиниҳои варзишӣ дар ҳаёти ҳаррӯзаи инсон муташаккилона ва мунтазам гузаронида шавад. Яке аз чорабиниҳои муҳими баланд бардоштани қобилияти кори муҳассилин мустаҳкам намудани саломатии онҳо, инкишоф додани малакаҳои ҳаракатӣ ва оммавӣ гардондани тарбияи ҷисмониву варзиш, дар ҷомеа дуруст ташкил кардани корҳои варзишӣ-тандурустӣ мебошад. Ба ин чорабиниҳо гимнастикаҳои пагоҳирӯзӣ, пеш аз дарс, физкултураи дамгирӣ ва фосилавӣ, муташаккилона гузаронидани танаффусҳои калон, соатҳои тарбияи ҷисмониву варзиш дохил мешаванд. Равияи касбии тарбияи ҷисмонӣ аз истифодаи воситаҳои варзишӣ, тайёр намудани инсон ба маҳсули корӣ, ба як шакли муайян даровардани тарбияи ҷисмонӣ бо назардошти касби интихобкардаи худ иборат мебошад. Тарбияи ҷисмонӣ дар донишгоҳу донишкадаҳо дар давоми омӯзиши назариявӣ бо шаклҳои зерин амалӣ мешавад: дарсҳои таълимӣ ё дарсҳои ҳатмӣ (амалӣ, машваратӣ-таҷрибавӣ, назариявӣ), ки дар нақшаи таълимии ҳамаи ихтисосҳо дарҷ гардидааст; дарсҳои машваратӣ-методӣ, ки барои ёрии методӣ ва амалии донишҷӯён сафарбар мешаванд ва дар онҳо ташкил ва гузаронидани дарсҳои мустақилонаи тарбияи ҷисмонӣ дар назар аст; дарсҳои фардӣ ба донишҷӯёне, ки омодагии ҷисмонии суст доранд ва ё бо ин ё он сабаб инкишоф наёфтаанд; дарсҳои ғайритаълимӣ, яъне дарсҳо дар бахшҳо (машғулияти мустақилонаи машқҳои ҷисмонӣ, варзишӣ, туризм, истифодаи маҷмӯи ҳамаи шаклҳои тарбияи ҷисмонӣ дар ҳаёти донишҷӯ). Варзиш воситаи асосии рушду такомули ҷисмониву ақлонии инсон ва омили хуби ҳифзи марзу бум аз аҷнабиён аст. Беҳуда нест, ки ба ин бахши фаъолияти худ инсон аз қадим боз таваҷҷуҳи махсус зоҳир менамояд. Маҳз ҳамин таваҷҷуҳ буд, ки варзиш дар ҷомеа хеле тавсеа ёфта, рӯз то рӯз намудҳои гуногун пайдо мешавад. Варзиш як бахши муҳаррики ҳаёти инсонҳост. Бояд гуфт, ки тоҷикон ҳамеша ба варзиш чун ба як воситаи обутоб додани бадан ва омодагии ҳарбӣ муносибат мекарданд ва варзишро яке аз омилҳои беҳтарин дар роҳи камолоти ақлониву фазлонии фалсафии худ медонанд.

АНДЕША Варзиш, ҳамчун ҷанбаи муҳими ҳаёти иҷтимоӣ ва нерӯи тавоно, табиатан ба инсон волотарин шароитро баҳри инкишофи имконоти зеҳниву руҳӣ ва ҷисмонӣ фароҳам меоварад. Воқеан, далеру таҳамтан будан, ҷисми нерӯманду обутобёфта доштан, ин ҳама хислатҳо маҳз туфайли варзиш ва машқҳои пайвастаи ҷисмонӣ пайдо мешаванд. Ҳаракат, инкишоф, тағйирёбӣ ва алоқа асоси фалсафаи варзиш буда, амалӣ намудани ин сифатҳо шароити муҳимтарини тарбияи маъ-

қуввату дониш бузургтарин ҷавҳари одамизоданд. Ҷавҳаре, ки ба мисли оҳани тафсони оҳангар аст. Оҳангар барои тайёр намудани олоти меҳнат оҳанро ба дараҷаи сурхи зардчатоб шудан метафсонад, ки ҷавҳараш намоён мегардад ва баъдан аз он олоте месозад. Мутаассифона, дар бисёр мавридҳо одамон аз ландаҳурӣ ва меҳнатро дӯст надоштан фақат аз якешон баҳраваранд. Шахсе, ки аз ин ду неъмати илоҳӣ бархурдор аст, шахси ҳаматарафа ташаккулёфта, яъне инсони комил аст. Инсони ко-

хӯрдани таъом бештар аст. Ҳамин тавр, барои мустаҳкам намудани саломатии миллат варзиш мақсади ниҳоят амиқу бамаврид мебошад. Тавре қаблан зикр гашт, барои рушду нумӯи варзиш, ки воситаи муҳими саломатии шаҳрвандон ва дар ин замина пешравии ҷомеа аст, имрӯз Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тадбирҳои зиёд андешида истодааст. Дар баробари ин, масъалаҳои ҳалталаб ҳастанд, ки тадриҷан роҳҳои ҳалли худро пайдо намуда истодаанд. Аз ҷумла, дар

9 қадим то ба замони мо тай кардааст. Бо тақозои замон роҳи тӯлонии бозиҳои варзишӣ аз ҷиҳати сифат, маънӣ ва тарзи иҷрою усулҳои истифодабариаш аз як халқу қавм ба дигар халқҳою миллатҳо гузашта омезиш ёфтаанд. Варзиш аз ҷиҳати фаҳмиш на танҳо ҳамчун воситаи зиндагӣ, худмуҳофизатӣ, бозӣ ё дилхушӣ, балки ба худ маниш пайдо кардааст. Агар ба асли маънии варзиши миллӣ аз нуктаи назари илмӣ баҳо диҳем, он фарҳанги бузурги тамаддунсоз аст. Тамаддунҳо бошанд,

Варзиш чун воситаи вақтхушӣ

навиро дар бар мегиранд. Рушду нумӯи варзиш бошад, пеш аз ҳама, воситаи пешравии ҷомеа ва саломатии шаҳрвандон аст. Новобаста аз он ки имрӯз Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти инкишофи соҳаи мазкур чорабиниҳои зиёди мушаххас андешида, самтҳои гуногуни онро дастгирӣ менамояд, барои ҳифзи саломатӣ ва тарзи ҳаёти солим тадбирҳои боз ҳам бештару доимиро амалӣ мебояд намуд. Имрӯз талабот ё ин ки ниёзи машқи тарбияи ҷисмонӣ ва варзишро мумкин аст, ки ба талаботи китоб хондану дониш аз худ намудан баробар кард. Чуноне ки одам бе китоб наметавонад дунёи маънавии хешро инкишофу такмил диҳад, бе тарбияи ҷисмонӣ бошад, саломатӣ ва қаду қомати зеборо нигоҳ доштан ғайриимкон аст. Ҳамин аст, ки зебоии андом ва ақлу хирад ҳамчун боигарии дунёи маънавӣ ҳамеша сарчашмаи илҳоми кулли эҷодкорон мегардад. Аммо аз чӣ бошад, ки дар вақти эҷоди образи олиҳаи ҳусн зан тасвири зебоӣ аз тарзи «андоми базеб», «ҷилваи қаду баст» сар мешавад. Саволе ба миён меояд, ки чаро дар фаҳмиш ё ин ки дар диди инсонӣ аввалин чизе, ки ба назар мерасад, ин сурат ва ҳаракати ҷисму андом аст, на боигарии дунёи маънавӣ? Шояд, сурат ва симои берунии инсон, роҳгардӣ, ҳаракат, ғамза, нигоҳи чашмони базеб, қаду қомати шамшодӣ ба чашми инсон дар мадди аввал ба чашм мерасанду баҳодиҳии маънавиёт вақти муайянро талаб менамояд. Пас, симои берунии инсон то дараҷае инкишофи руҳии ӯро муайян менамояд. Умуман, дар масъалаи мазкур баҳсҳои илмию амалии доманадоре мавҷуданд, аммо мусаллам аст, ки

мил фардест, ки феълу ахлоқи накӯ дорад ва аз лиҳози маърифат ба камолот расидааст. Чунин шахс ҳам ҷисману ҳам руҳан марди тамом аст. Инсони комил ғояти вуҷуд аст ва ҳама чиз аз вуҷуди ӯ вобастагӣ дорад. Пас, бо боварии том метавон гуфт, ки шахси дар такомули тану руҳи хеш машғул ҳатман ба дараҷаи камолот ва ворастагӣ мерасад. Дар «Футувватномаи султонӣ» омадааст, ки «агар пурсанд, ки илми боқувват чӣ гуна аст, бигӯй, ғояти некӯй, ба воситаи он ки бузургон гуфтаанд: қуввати бе дониш чун подшоҳи беадл аст ва дониши боқувват чун подшоҳи одил аст ва чун донишу қувва ба ҳамдигар ёр бошанд, корҳо ба мурод гардад. Агар пурсанд, ки гӯштингирӣ илм аст ё амал? Бигӯй, илмест муктарии (пайваст) ба амал ва ҳар ки чизе меомӯзад мумкин, ки бад-он амал накунад ва дар ин ҳунар то илм набувад, амал наметавон кард. Пас, илму амал бо ҳам ороста аст». Умуман, амалӣ гардидани варзиш ва тарбияи ҷисмонӣ ба воситаи машқҳои бадан сифатҳои ҷисмониро инкишоф дода, фаъолияти муътадили ҳаёт ва инкишофи пурраи ҷисмонии шахсро таъмин менамояд. Зарурати амалӣ гардонидани соҳаҳои тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш заминаи муҳимест барои саломатии инсон, донишомӯзӣ ва дӯстдорию ҳимояи Ватан. Чуноне ки Синои бузург фармудааст, «муҳимтарин чиз дар тартиботи нигоҳ доштани саломатӣ, ин иҷро намудани машқҳои ҷисмонӣ мебошад, баъдан тартиботи хӯрок ва тартиботи хоб”. Ҳамзамон, қайд намудааст, ки “Риёзат (варзиши бадан) дар хифзи саломатӣ амри ҷалил аст”. Зарари ба риёзат кам шуғл бастан аз зарари

мактабҳои олию миёна нарасидани лавозимоти варзишӣ таъсири манфии худро ба пешрафти соҳа мегузорад. Ташвиқу тарғиби амалии варзиш ҳамчун воситаи муҳими саломатӣ миёни аҳолӣ низ ҳанӯз масъалаи ҳалталаб боқӣ мемонад. Инчунин, соатҳои ками фанни тарбияи ҷисмонӣ дар мактабҳои миёна масъалаи дигаре аст, ки ҳалли худро металабад. Бар замми ин, дар бархе мактабҳо шахсоне, ки мутахассис нестанд, ин фанро дарс медиҳанд. Набудани маркази ягонаи илмӣ-таҳқиқотии тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш, нарасидани мутахассисони соҳавӣ, варзишгарони эҷодкор, кам будани адабиёти варзишӣ, дастурҳои методӣ, шиору нишонаҳои сирф тоҷикии варзишӣ, ки ба худшиносии миллӣ ва ватандорӣ мусоидат намоянд, аз ҷумлаи мушкилоти дигари соҳа мебошанд. Мутаассифона, фаҳмиши баъзе соҳибмансабон нисбати зарурати тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш ҳанӯз коста аст, ки муносибати онҳо бояд тағйир дода шавад. Умуман, масъалаҳои зикргардида ва боз масъалаҳои дигари ҳалталаби соҳа бояд роҳҳои ҳалли худро пайдо намоянд. Дар бораи аҳамияти варзиш хотиррасон шудани танҳо як нукта бамаврид аст, ки баъзан як варзишгар метавонад, дар баробари тамоми миллат ватану миллати хешро дар арсаи байналҳалқӣ муаррифӣ намояд. Варзишгар ҳамеша байрақбардор ва обрӯи миллат аст. Аз таърихи бозиҳои варзишии халқи тоҷик аз нуктаи назари густариш ва такомули онҳо назар кунем ва ба таҳқиқ ва пажӯҳиши онҳо баҳо диҳем, ба хубӣ дарк мекунем, ки он роҳи тӯлонии таърихро аз давраи

пояи устувори миллӣ доранд. Инсон варзишро аз ҳаёт гирифта, ба маънии вақтхушӣ ихтироъ ва эҷод намуда, ба ин васила дар бозиҳо тарбияи ахлоқӣ, зеҳнӣ ва камолотёбиро ривоҷ додааст. Бозингар ба усул ва тарзи бозӣ шинос аст, агар ӯ аз бозӣ маънӣ дарнаёбад ё худ маниш (характер) наомӯзад, пас, омилҳои ташаккули худшиносиро хуб намедонад. Дар майдон як ё ду, аксар гурӯҳи калони варзишгарон бозӣ мекунанд. Ба сӯи онҳо дидаи ҳазорҳо одамон равона аст. Бозингар аз бозии хеш лаззату иштиёқ дорад, бо тамоми ҳастиаш мекӯшад, ки ғолиб шавад. Тамошобин бошад, аз ҳаракат, истифодаи усулу ҳунари волои вай футуввати бозингарро дармеёбад. Бозии якчанддақиқагӣ ба таърихи бозӣ мазмун ворид месозад. Бозиҳои миллӣ, инчунин, ифодагари орзу ва омоли халқ аст, ки ба воситаи он камолоти инсон ташвиқ мешавад. Аз бозиҳои миллии халқи тоҷик ва таърихи пайдоиши тамаддуни ориёиҳо, ки ирсияти халқ аст, эҳсос мешавад, ки дар ҷараёни ташаккулёбии худ ба чӣ нокомӣ ва чӣ комёбиҳо сазовор гаштааст. Аз ин хотир, пешниҳод ва тавсия мешавад, ки дар дарсҳо ва машғулиятҳои алоҳидаи фанни тарбияи ҷисмонӣ омӯзгорону мураббиҳо ба хонандагону донишҷӯён аз паҳлавонӣ, ҷавонмардӣ, хислатҳои инсонӣ, хулқу атвор, ҳаракат ва фаъолияти бузургманишии халқи тоҷик ривояту андарзгӯӣ кунанд. Шодӣ САФАРОВ, доктори илмҳои педагогӣ, профессор, ректори Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон ба номи С.Раҳимов, Корманди шоистаи варзиши Ҷумҳурии Тоҷикистон, Аълочии маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон; Мирзобоқӣ ШАРИПОВ, дотсент, ноиби ректори ДТҶТ ба номи С. Раҳимов оид ба тарбия, Корманди шоистаи варзиши Ҷумҳурии Тоҷикистон, Аълочии маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон; Мавлон ШАРИФОВ, дотсенти кафедраи ҷомеашиносии ДТҶТ ба номи С. Раҳимов, Аълочии маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, узви Иттифоқи журналистони Тоҷикистон


ОДАМОНИ САРБАЛАНД 10 Фидоии матбуот ё дарахте ки дар як ҷо сабзид Рӯзноманигорон ва кормандони матбуоти Тоҷикистон муддати беш аз 40 сол дар симои Раҷабалӣ Рустамов ҳамин гуна шахсиятро медиданд.

Туро модар, ки дар моҳи Раҷаб зод, Ба дунболаш Алиро ҳам насаб дод, Ба модар нури чашми сода гаштӣ, Ба таҳсили мурод омода гаштӣ. Ту чун шери худои хона будӣ, Ба аҳли байт чун дурдона будӣ. Ту аз кайҳо, ки бо мо ошнойӣ, Ки бошад ошнойӣ рӯшнойӣ. Ту аз кайҳост бо мо қадрдонӣ, Ба ҳам бигзашта як умри ҷавонӣ… Гузашта чил солат дар xарида, Ба бехобию бо ранги парида… Як аз сад заҳмататро кардам изҳор, Ба ту монад нишона зи Мухтор. Ин мисраъҳои саршори меҳру муҳаббатро рӯзноманигор Мухтор Қаҳҳор 20 сол муқаддам ба дӯсти деринааш – рафиқи давраи ҷавониаш фидоии матбуоти тоҷик Раҷабалӣ Рустамов бахшида буд. Мо, ҳамкорони ҷавонаш аз рӯзномаи машҳури замони шӯравӣ “Ҷавонони Тоҷикистон” (пешина “Комсомоли Тоҷикистон”) ӯро боэҳтиром “Акаи Раҷабалӣ” ном мегирифтем. Муҳаррири техникии рӯзнома, ин касби нодирро дар ягон муассисаи полиграфӣ нахонда, ба таври худомӯзӣ тамоми нозукиҳояшро аз худ карда буд. Кордониаш ҳатто рашки мутахассисони русу русзабонро меовард. Ба фикрам, акаи Раҷабалӣ аз тоҷикони деҳот аввалин нафаре ба шумор меравад, ки бо ихтисоси муҳаррири техникӣ ва саҳифабандии газета бевосита сару кор гирифтааст. Он замон дар ин вазифаи рӯзномаи маъруфи ҷавонони кишвар кор кардан на ба ҳар як ҷавони тоҷик муяссар мегардид (роҳбарони русзабон ба ин ихтисосҳо, пеш аз ҳама, ҳамзабонони худро ҷалб мекарданд). Ман, ки ҳуруфчини мошини линотип шуда, ба матбааи рақами яки шаҳри Душанбе ба кор қабул шудам, аз рӯзи аввал бо акаи Раҷабалӣ унс гирифтам. Ба ман садоқатмандии ӯ ба касбу кор ва ҳамкорон, ҳисси баланди масъулият дар иҷрои

саривақтии вазифаи ба зиммадошта ва муносибати одамдӯстонааш писанд омада буд. Ҳарчанд корманди рӯзнома ҳам набошам, аз ману дигар ҳуруфчинон талаб мекард, ки матлабҳои рӯзномаро сари вақт ҳуруф чинем ва ислоҳ намоем. Ҳар як шумораи рӯзномаи “Ҷавонони Тоҷикистон”, ки он замон ҳафтае ду бор нашр мегардид, бояд то соатҳои 17-18 ба чоп иҷозат дода мешуд. Бо ҷидду ҷаҳди акаи Раҷабалӣ ин реҷа аксар вақт қатъӣ риоя мегардид (ба истиснои рӯзҳое, ки съездҳои КМ КПСС, КМ ВЛКСМ ё КМ ПК Тоҷикистон ва КМ ЛКСМ Тоҷикистон баргузор мешуданд ва кормандони техникию навбатдорони шумора шабҳоро дар матбаа рӯз мекарданд). Раҷабалӣ Рустамов қабл аз рӯ овардан ба кори рӯзнома касби аз матбуот куллан дурро, ки дар Омӯзишгоҳи мусиқии шаҳри Хуҷанд омӯхта, пас аз хатми ин муассиса дар соли 1958 нахуст артисти оркестри театри ҷавонони назди Театри академӣдрамавии ба номи Абулқосим Лоҳутӣ ва баъдан роҳбари дастаи ҳаваскорони бадеии мактаби миёнаи ба номи Рӯдакии ноҳияи Панҷакент фаъолият намудааст. Сипас, солҳои 1961-1964 дар нашриёти “Ирфон” мусаҳҳеҳи нота дар шуъбаи мусиқии Комбинати полиграфии шаҳри Душанбе кор кард. Ҳафт сол лозим буд, ки Р. Рустамов корманди рӯзнома шавад ва ин вазифаи пурзаҳмату пурмасъулро беш аз 40 сол дар рӯзномаи “Ҷавонони Тоҷикистон” бо камоли кордонӣ уҳда кардааст. Ба қавле сарашро дар ин кор сафед кард. Дар таи ин солҳо акаи Раҷабалӣ, ба гуфти худаш, бо 11 муҳарирру сармуҳаррири ин нашрия кор кардааст. - Вақте ки ба рӯзномаи “Ҷавонони Тоҷикистон” омадам, муҳаррираш Абдулло Зокиров буд, - имрӯз ба ёд меорад пири кор Раҷабалӣ Рустамов. – Ӯ панҷ сол роҳбарии нашрияи ҷавононро бо сарбаландӣ бар дӯш дошт. Инсони хуб буду тарҷумони беҳтарин асарҳои бадеии нависандагони советии халқҳои ҷаҳон. “Доғистони ман”-и Расул Ғамзатовро Абдулло Зокиров ба тоҷикӣ тарҷумаи беназир кард, ки даҳсолаҳо асари рӯимизии дӯстдорони китоби кишварамон буд. Пас аз ӯ муҳарририи “Ҷавонон…”-ро Мавҷуда Ҳакимова, Муқим Абдураҳмонов, Бахтиёр Муртазоев, Ато Хоҷаев, Талъат Нигорӣ, Оқилхӯҷа Фахриев, Абдуфаттоҳ Воҳидов, Давлат Назриев ва Раҳим Сайдалиев ба зимма доштанд, ки ҳар кадоме дар таҳкими рӯзномаи ҷавонон саҳм гузоштаанд.

Аз байни инҳо аз ҳама зиёдтар – 11 сол рӯзноманигору нависанда ва драматург Ато Хоҷаев муҳаррирӣ кардааст. Замоне, ки ӯ роҳбари нашрия таъин гардид, “Комсомоли Тоҷикистон” беш аз 116 ҳазор нусха ба табъ мерасид ва дастраси хонандагони сершумораш мегардид. Рӯзнома торафт дар байни мардуми гуногунсол маҳбубияти бештар пайдо мекард. Дар нимаи дуюми солҳои 80-ум рӯзнома бо номи “Ҷавонони Тоҷикистон” бо теъдоди қариб 200 ҳазор нусха ба дасти хонандагони ҷумҳуриамон ва дигар кишварҳои ҳамсоя мерасид ва агар аз “боло” садди роҳаш намешуданд, аз нашрияҳои ҳизбӣ зиёдтар чоп мешуд. Хонандагон барои дастрас кардани ҳар як шуморааш дар назди дӯконҳои “Союзпечать” (баъдан “Тоҷикматбуот”) навбат мепоиданд. Он солҳо “Ҷавонони Тоҷикистон” мактаби хоси журналистии худро пайдо карда буд. Рӯзноманигоронаш мекӯшиданд, ҳар як сатри хонданию ҷолиби мухбирони ҷамоатӣ ва хонандагонашро рӯй сафҳаҳои худ чоп намояд… Хислати беҳтарин ва ибратбахши акаи Раҷабалӣ дарки баланди масъулият мебошад. Баҳри мувофиқи реҷаи корӣ ба чоп равон кардани ҳар як шумора кай аз идораи рӯзнома овардани саҳифаҳоро интизор нашуда, хаткашон ҳам мешуду сарлавҳачину саҳифабанд ҳам. Касбияташ чунон қадру мақомро соҳиб шуда буд, ки роҳбарони нашрияҳои дигари ҳизбӣ ӯро ба кормандии худ даъват менамуданд, музди бештареро ваъда медоданд. Аммо Р. Рустамов “дарахт дар як ҷо месабзад” гуфта рад мекард. Ҳамаи сифатҳои неки инсонӣ ва кории Раҷабалӣ Рустамовро бо ифтихорномаҳои зиёд, унвони “Аълочии матбуоти Тоҷикистон”, ҷоизаи Иттифоқи Ҷавонони Тоҷикистон ба номи Талбак Лолаев ва нишони “Собиқадори меҳнат” сарфароз гардонданд. Ҳамзамон, аз ҳисоби нашрияи “Ҷавонон…” соҳиби хонаи сеҳуҷрагӣ дар Душанбе гардид. Охири солҳои 90-ум Раҷабалӣ Рустамов дар рӯзномаи дӯстдоштааш ба ҳайси котиби масъул фаъолият мекард. Соли 2000-ум аҳли эҷоди “Ҷавонони Тоҷикистон” устодашонро ботантана ба нафақа гуселонданд. Кормандони рӯзномаҳои “Ҷумҳурият”, “Самар”, “Тоҷикистон”, “Оила” ва маҷаллаи “Фирӯза” котиби масъул Раҷабалӣ Рустамовро бо хислатҳои дар боло зикршуда дар ёд доранд. Онҳо бо арзи эҳтироми бепоён устодашонро бо синни мубораки 80-солагӣ табрику таҳният мегӯянд: Илоҳо мо туро садсола бинем, Ба сад ҳам тозарӯ чун лола бинем. Эмоми НАЗАРИЁН, Аълочии матбуоти Тоҷикистон

“ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН”, №05 (9535), 01.02.2018

Устоди Президенти кишвар Ҷавонон нерӯи созандаи ҷомеа буда, рушду нумӯи халқ ва давлат маҳз аз онҳо вобаста аст. Бояд гуфт, ки ҷавонони имрӯзаи мо давомдиҳандагони кору зиндагии падару бобоёни худ мебошанд. Ҳаёту пайкори гузаштагон барои насли ҷавони имрӯз оинаи ибрат мебошад. Яке аз сарсупурдаҳои созмонҳои ҷавонони солҳои 50-60-уми асри сипаришуда Робеа Тағоева буда, мавсуф фарзанди роҳбари аввали ноҳияи Данғара (солҳои 50–60-ум) Аллаёр Тағоев мебошад. Аллаёр Тағоев замоне роҳбари ноҳия гардид, ки дар ин ҷо бунёдкорӣ кам дида мешуд. Омадан замон ӯ нақшаи маркази ноҳияро бо дастони худ кашид. Кӯчаҳоро сангфарш кард. Дар деҳаҳои Корез, Ғарғара, Булён ва Иғрон боғҳои мева бунёд ва қад-қади роҳи Данғара-Кӯлоб дарахтони сояафкан шинонд. Бо ташаббуси ӯ дар хоҷагии ҷангали ноҳия пистакорӣ, парвариши занбӯри асал, шинондани гиёҳҳои шифобахш ба роҳ монда шуд. Парвариши мурғи марҷонро аввалин шуда ташкил кард. Деҳаи Данғара – маркази ноҳияро ба шаҳрак табдил дод. Мардуми ноҳия хизматҳои ин шахсро ба назар гирифта, яке аз кӯчаҳои ноҳияро бо номи ӯ гузоштанд. Робеа Тағоева чун давомдиҳандаи кори падари хеш ҳаёти мустақилонаи худро аз омӯзгорӣ сар карда, солҳои 60-ум дар мактаби миёнаи «Комсомол»-и ноҳияи Данғара ва мактаби рақами 3-и ноҳияи Ҳисор аз фанни забон ва адабиёти рус дарс мегуфт. Солҳои 1962-1970 дар вазифаҳои гуногуни кумитаҳои комсомолии ноҳияи Ҳисор, котиби якуми кумитаи комсомолии ноҳияи Данғара ва котиби кумитаи марказии Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон фаъолият намуд. Вакте ба вазифаи котиби якуми кумитаи комсомолии ноҳияи Данғара таъин мешавад, ба кор оғоз намуда, нақшаҳои аҷиб кашида, баҳри роҳандозии онҳо мепардозад. Чунончи, дар ҳамаи хоҷагиҳову корхонаҳо бригадаҳои истеҳсолии ҷавононро ташкил мекунад, ки фаъолияти ин бригадаҳо дар хоҷагиҳо оянда самараи нек медиҳад. Дар фермаҳои чорводорӣ бригадаҳои ҷавонони говдӯшро пиёда кард. Дар натиҷаи чунин чорабиниҳо дар ҳаёти ҷавонони ноҳия ва вилоят дигаргуниҳои куллӣ ба амал омад. Дар хоҷагиҳо ҳатто говдӯшон аз ҳисоби комсомолписарон ба вуҷуд омаданд. Яке аз он ҷавонписарон шодравон Сафар Холов буд. Ӯ ба кори говдӯшӣ аз синни 17- солагӣ оғоз карда, аз ҳар сар гов 2000-2500 литр шир медӯшид. Ин шахси тарбиятдодаи Робеа Тағоева вакили анҷумани Иттифоқи ҷавонони Иттиҳоди Шӯравӣ интихоб гардида буд. Сафар Холов солҳои шастум ба Булғористон ва солҳои ҳафтодум ба Дания сафар намуда, таҷрибаи онҳоро дар Тоҷикистон татбиқ менамояд. Барои хизматҳои беназираш бо гирифтани ордени Ленин мушарраф гардида буд. Корҳои бузурге, ки РобеаТағоева дар вилояти навташкили Кӯлоб (солҳои ҳафтодум) ба сомон расонд, номи ӯро дар миқёси давлати Шӯравӣ машҳур гардонд. Бо ташаббуси ӯ дар вилоят боғчаҳои бачагона, мактабҳои замонавӣ, қасрҳои фарҳанг, боғҳои истироҳатӣ бунёд ёфта, ансамбли фолклории «Чашма» дар назди колхози Ленини ноҳияи Восеъ ташкил гардид. Театри вилоятӣ, ки қариб барҳам хӯрда буд, бо саъю кӯшиши ӯ аз нав эҳё гардид. Нақши Робеа Тағоева дар тарбияи кадрҳои ҷавони вилоят мисли Хосият Азизова, Абдуҷаббор Азизӣ, Таваккал Мирзоев, Раҷабалӣ Дамонов, Зафар Сафаров ва дигарон басо калон аст. Ӯ ба фишорҳо аз марказ нигоҳ накарда, дар вилоят бисёр ҳунарҳои миллиро эҳё намуд. Робеа Тағоева устоди даврони талабагии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ -Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад. Пешвои миллат ҳангоми супурдани мукофоти давлатӣ ба ин бонуи нексиришт чунин гуфта буд: «Оё медонед, ки ин бону муаллимаи ман аст?» Ҳамин тавр, Робеа Тағоева умри пурбаракати худро баҳри таълиму тарбияи насли наврас ва пешравии диёри худ – Тоҷикистони сабзу хуррам сарф намудааст. Бозор Муроди МЕРОСБАР, Аълочии маориф ва фарҳанги ҷумҳурӣ, устоди Донишгоҳи давлатии Данғара


“ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН”, №05 (9535), 01.02.2018 Варзоб. Ин минтақаи зебову диданӣ ва дорои манзараҳои дилрабо дар баробари мавзеи тамошо будан, инчунин яке аз ноҳияҳое ба ҳисоб меравад, ки мисли дигар минтақаҳо урфу одат, фарҳанги ниёгон ва муҳимтар аз ҳама ҳунарҳои мардумиро дар худ зинда нигоҳ дошта, имрӯз ҷиҳати эҳё ва рушду таҳким бахшидани он саҳми арзанда дорад. Барои зинда ва пойбарҷо мондани ҳунарҳои мардумӣ, ки гузаштагон онро бо баҳои ҷон то ба имрӯз оварда расонидаанд, бояд онҳо ба насли ҷавон омӯзонида шаванд. Бо ин мақсад имрӯз дар назди мактаби бачагонаи санъати ноҳияи Варзоб, ки тобеи шуъбаи фарҳанг мебошад, шуъбаи ҳунарҳои мардумӣ фаъолият менамояд, ки ба наврасону ҷавонон ҳунарҳои халқӣ-бадеӣ омӯзонида мешаванд. Дар ибтидои таъсисёбии шуъбаи мазкур аввалан ду синфи дӯзандагӣ, гулдӯзӣ, зардӯзӣ, бофандагӣ ва муҳрабофӣ таъсис дода шуд, ки ба он 44 нафар духтарони синни мактабӣ ҷалб шуда, ба онҳо ду нафар омӯзгорони соҳибкасб Шарипова Норбибӣ ва Содиқова Сайлӣ касб меомӯхтанд. Бино ба гуфти Наҷмиддин Қаландаров, мудири шуъбаи фарҳанги ноҳияи Варзоб “аз соли 2011 инҷониб дар назди шуъбаи ҳунарҳои мардумии мактаби бачагонаи санъати ноҳия, ки зертобеи шуъбаи фарҳанг аст, боз як синфи дигар, синфи “Кор бо чуб” ва “Кандакорӣ” таъсис дода шуд, ки ба 27 нафар шогирдон омӯзгори ҷавон, хатмкардаи шуъбаи кандакории Коллеҷи рассомии ба номи М. Олимови шаҳри Душанбе устои ҷавон, кандакор, қолабсоз Фаррух Бобоев машғулият менамояд. Дар ин муддат фаъолияти

ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ шогирдон дуруст ба роҳ монда шуда, нақшаи таълимии тартибдодаи директори мактаб дар Шӯрои омӯзгорон дастгирӣ ёфта, бо бахши назорати муассисаҳои таълимии дар назди Раёсати маорифи ноҳия мувофиқа карда шуд”. Яке аз роҳҳои тарғибу ташвиқ ва ба ҳамин васила рушду нумуъ ёфтани ҳунарҳои мардумӣ ин зиёд намудани таваҷҷуҳи насли ҷавону умедбахш ба омӯзиши ҳунарҳои халқӣ ба ҳисоб меравад. Омӯзонидан ва дар озмунҳои гуногуни чунин ҳунарҳо ширкат варзидани ҷавонон омили зиёд гардидани шавқу завқи нафарони ба ҳунарҳои халқӣ таваҷҷуҳдошта мебошад. Аз мактаби бачагонаи санъати ноҳияи Варзоб, ки дар он

аз озмунҳои сатҳи ҷаҳонӣ, ки дар шаҳри Москваи Федератсияи Русия баргузор гардид, шогирди мактаб маҳсули дастони кӯдакон, аз қабили қолиби кабк, сандуқчаҳои кандакорӣ, муҳраҳои гулӯбанд, ҷамолакҳои муҳрагин, сӯзаниҳо, заргарӣ, гулдӯзиҳо бо эмблемаи Варзоб, гулдӯзиҳо бо акси манзараҳои зебои Тоҷикистонро ба хориҷиён пешниҳод намуда, аз ҷониби тамошобинон баҳои баланд гирифтанд. Дар ноҳия имрӯзҳо ҷиҳати аз нав эҳё намудани ҳунарҳои гуногуни мардумӣ ҷавонони шавқманд барои хубтару беҳтар аз бар намудани нозукиҳои касбҳои мазкур дар коллеҷҳои ҳунарии кишвар пайи таҳсил мебошанд. Аз ҷумла

Яке аз хатмкардаҳои коллеҷи мазкур Муҳсин Ғафуров бо ихтисоси заргарӣ коллеҷро бо муваффақият хатм намуда, маҳорату истеъдодашро дар шуъбаи заргарии Донишгоҳи дизайнерии шаҳри Душанбе сайқал дода, аз соли 2014 инҷониб дар назди мактаби санъати ноҳия ба 9 нафар шогирдон ҳунари заргариро омӯзонида истодааст, ки он дар рушди ҳунари заргарӣ дар ноҳия такони ҷиддӣ хоҳад бахшид. Ба таъкиди масъулин соли хониши 2014-2015 ду ҷавони дигари ноҳия Коллеҷи ҳунарҳои мардумии шаҳри Истаравшанро бо ихтисоси оҳангарӣ-кордсозӣ хатм намудаанд. Тибқи нақша дар маркази ноҳия, дар назди мактаби

муҳассилин ба омӯхтани ҳунарҳои мардумӣ низ машғуланд, то имрӯз дар озмуну намоишгоҳҳо ширкат варзида, маҳсули ҳунарҳои дастии худро ба дигарон муаррифӣ намудаанд. Махсусан, Чеҳрон Салимов зимни иштирок дар яке

аз ҳисоби хатмкардагони мактаби санъати ноҳия 7 нафар имрӯз дар Коллеҷи ҳунарҳои мардумии шаҳри Истаравшани вилояти Суғд аз рӯи ихтисосҳои оҳангарӣ, кордсозӣ, гаҷкорӣ, кандакорӣ ва заргарӣ таҳсил менамоянд.

бачагонаи санъат дӯкони таълимӣ ва истеҳсолии оҳангарӣ ва кордсозӣ ташкил карда хоҳад шуд, ки мақсади иқдоми мазкур ҷалби бештари ҷавонон ба омӯзиши ин навъи қадимаи ҳунарҳои мардумӣ, тарғибу ташвиқ ва арҷ гузоштан

Ҷавонони Варзоб ва рушди ҳунарҳои мардумӣ

Алоча аз пахтаи нимабрешимӣ истеҳсол мешавад. Он дар бисёр шаҳрҳои тоҷикнишини Осиёи Марказӣ, аз ҷумла дар Хуҷанд, Самарқанд, Бухоро, Ҳисор (Қаратоғ), Кӯлоб ва дигар шаҳрҳо маъмул буд. Дар Осиёи Марказӣ алоча бо номҳои “зебак”, “фарангӣ” ва “абрешимӣ” маълум аст. Алочае, ки тору пудаш аз ресмони маҳаллӣ таҳия мешуд, “зебак” ном дошт. Алочае, ки аз ресмони аврупоӣ бофта мешуд, “фарангӣ” ва оне, ки аз абрешиму ресмон буд, алочаи “абрешимӣ” номида мешуд. Алоча матои рахдори рангоранг ва дорои нақшу нигори мураккабу реза мебошад. Нақши алоча аз рахҳои ҳаррангаи кабуд, сабз, сиёҳ, сурх ва зард таркиб меёбад. Нақшҳои он “миттӣ”, “мушку заъфар” ва “байрақ” ном доранд. Тори алочаи дубанда 400 нах дошта,

Алочабофӣ бараш тақрибан 40 см мебошад. Пудашро аз ресмони кабуд, сиёҳ ва баъзан сабз тайёр мекунанд. Дар алочабофӣ ҳам занону ҳам мардон иштирок мекарданд. Кори асосиро мардҳо иҷро карда, занҳо ба онҳо дар ресидани ресмон, кушодани пилла ва ба найча печонидани нах ёрӣ мерасониданд. Алочаи ҳисорӣ аввалҳо тангбар буд. Дар охири асри 19 бари он аз “чор ангушту чоряк” (26–27см) то 56–58 см васеъ карда шуд, ки онро мардуми маҳаллӣ “олчинбар” (“оршинбар”) меномиданд. Дарозии ин гуна алочаро 12,5 оршин (8,8м) чен карда мебуриданд, ки он “як лӯла” ном дошт. Аз он як ҷомаи мардона ва ё як куртаи занона дӯхтан мумкин буд. Баъзан нақши алочаро бо ду рахи барашон яксони гуногунранг зинат медоданд. Масалан, як рахро сурх, дигарашро сафед, зард ё ягон ранги дигар мекарданд. Аз ин навъ алоча маъмулан ҷомаҳои занонаву мардона медӯхтанд. Алочае, ки аз ресмонҳои дуруштнах бофта мешуд, пудаш намоён буд ва ба матоъ тобишу

ҷилои махсус медод. Устоҳо ин усулро моҳирона истифода бурда, матоъро ҷилодору хушнамуд месохтанд, чунки бо роҳи рангкунӣ чунин тобиш ба вуҷуд намеомад. Чунончи, дар матои асосаш бунафшранг пуди кабуди осмониро мегузоштанд, ки дар натиҷа алочаи кабуднамо истеҳсол мешуд. Дар алоча усули абрбандиро низ истифода мекарданд. Бофандагони Қаратоғ усули абрбандии худро доштанд, ки он бо нақшҳои калону равшан аз матоъҳои абрбандишудаи алочабофони дигар шаҳрҳо тафовут дошт. Дар алочаҳои қаратоғӣ нақшу нигори бодомчаҳои

11

ба ҳунарҳои қадимаи ниёгон мебошад. “Моҳи августи соли ҷорӣ бо амри раиси ноҳия гуруҳи корӣ иборат аз шаш нафар бо сарварии муовини раиси ноҳия барои омӯзиши пешрафти ҳунарҳои мардумии вилояти Суғд ба муҳлати як ҳафта сафари хизматӣ ба шаҳру навоҳии вилояти Суғд ташкил карда шуд. Дар натиҷа баъди бозгашт дар маркази ноҳия бо дастгирии Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар ноҳия ва маркази омӯзиши калонсолони шаҳри Душанбе курси семоҳаи қуроқдӯзиро ташкил намудем, ки дар он 20 нафар ҷавондухтарон ва занони бекор ҷалб карда шуда, баъди аз худ намудани ҳунари қуроқдӯзӣ соҳиби шаҳодатнома гардиданд. Ҳамаи онҳо имрӯз ба корҳои инфиродӣ машғул буда, маҳсули дастони худро ба фурӯш бароварда истодаанд”,- иброз дошт Наҷмиддин Қаландаров, мудири шуъбаи фарҳанги ноҳияи Варзоб. Дар ҳудуди ноҳияи Варзоб имрӯзҳо бахшида ба эълон гардидани соли 2018 ҳамчун “Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” чорабиниҳои гуногун баргузор гардида истодааст. Аз ҷумла, бо ташаббуси Ҳукумати ноҳияи Варзоб моҳи январ намоиши ҳунарҳои мардумӣ, аз қабили гулдӯзӣ, зардӯзӣ, қуроқдӯзӣ, заргарӣ, оҳангарӣ, кандакорӣ, сабадбофӣ бо иштироки кулли ҳунармандон аз тамоми ҷамоатҳои ҳудуди ноҳия доир карда шуданд, ки ифодагари эҳтиром ба ҳунарҳои мардумист. Хулоса, имрӯз сокинони ноҳияи Варзоб эълон гардидани Соли рушди ҳунарҳои мардумиро намунаи олии таваҷҷуҳи роҳбарияти Олии кишвар ба фарҳанги миллӣ ҳисобида, боварӣ доранд, ки соли мазкур барои ҳифз ва рушд бахшидану дар баробари ин муаррифӣ намудани фарҳанги миллӣ ба ҷаҳониён заминаи мусоид фароҳам оварда, такони ҷиддӣ дар ин ҷода хоҳад бахшид. Беҳрӯз ХОЛМУРОДОВ, “ҶТ”

печида, давра, росткунҷа, хати шикаста, барги дарахти хурмо (палметта) ва ғайра ба назар мерасанд, ки бо ҳамнишинии махсус тасвир шудаанд. Заҳматталабтарин кор дар истеҳсоли алочаи абрбандӣ таҳияи торҳои он барои рангубор мебошад. Дар гузашта ин корро устоҳое анҷом медоданд, ки маҳорати рассомӣ доштанд. Ду навъи алоча маъмул буд. Сиёҳалоча, ки пуди онро аз нахҳои сиёҳ мекарданд ва сурхалоча, ки пудаш аз нахҳои сурх таҳия мешуд. Сиёҳалоча матои нисбатан торикранг буд, ки бештар барои ҷомаҳои мардона истифода мешуд. Сурхалоча каме равшан буда, аз он либосҳои занона медӯхтанд. Солҳои 30-юми асри 20 дар Тоҷикистон соҳаи бофандагӣ рушд ёфт ва алоча низ ҳамчун як бахши он беш аз пеш тараққӣ кард. Дар шаҳраки Шаҳринав дӯкони бофандагӣ ба кор оғоз намуд. Баъдтар як қисми кормандони он ба Душанбе омада, дар муассисаҳои шоҳибофӣ ба кор даромаданд. Соли 1972 дар Қаратоғ коргоҳи бофандагии “Дилором” кушода шуд. Дар он ҷо алочаи пахтагин истеҳсол карда, барои фурӯш ба мағозаҳои кишвар интиқол медоданд.

Таҳияи Гулбаҳор РАҲМОНОВА, “ҶТ”


12

МАВЗЕЪҲОИ САЙЁҲӢ

Чоҳи Тора – дарвозаи олами зеризаминӣ

Чоҳи Тора – ин яке аз муъҷизаҳои аҷиби табиат аст, ки дар штати Орегони ИМА воқеъ гардидааст. Ин мавзеи табииро “Дарвозаи олами зеризаминӣ” ва худи Орегонро “Штати ғуруби офтоб” меноманд. Тасдиқи ин гуфтаҳо мавзеи зебову хушманзарае мебошад, ки онро бешазорони анбуҳ, кӯлу дарёҳои зебоманзар ва қуллаҳои зебои осмонбӯс иҳота намудаанд.

ШТАТИ ҒУРУБИ ОФТОБ Штати Орегон, ки аз обҳои уқёнуси Ором шодоб мегардад, мавзеи зебоманзарест, пур аз бешазорони анбуҳ, кӯлу дарёҳо ва қуллаҳои хушманзара. Чун он дар ғарб, дар маҳалли ғуруби офтоб ҷойгир шудааст, ба он номи дигар низ ниҳодаанд – Штати ғуруби офтоб. Дар ин мавзеи наздисоҳилӣ бисёр ҷойҳои тамошобоби табииро мушоҳида кардан мумкин аст, вале беҳтарину нотакрортарини онҳо ин Чоҳи Тора мебошад.

√ ТАҲСИЛ

“ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН”, №05 (9535), 01.02.2018

ДАРВОЗАИ ОЛАМИ ЗЕРИЗАМИНӢ Ин муъҷизаи табиат, ки дар қисмати марказии штати Орегон воқеъ гардидааст, аз даҳана, ё чуқурии сангине таркиб ёфтааст, ки умқи он якчанд метрро ташкил медиҳад. Он ҳангоми мадду ҷазри об ва тӯфонҳои баҳрӣ, вақте ки сатҳи ороми обро мавҷҳои пурталотум фаро мегиранд, ба фаввораи ҳаққоние табдил меёбад, ки миллионҳо нурҳои парокандаи офтобро дар худ падидор мекунонад.

ДАР ХОРИҶА

Ҳимояи марзу буми Ватан ва обод гардонидани он вазифаи имониву виҷдонии ҳар як фарди бонангу номуси миллати тоҷик ба ҳисоб меравад. Он ҳамчун омили муҳими тарбияи ватандӯстӣ ва рукни асосии ҷавонмардӣ аз насл ба насл ба мерос мондааст. Ин ҳамаро Ворис Ашӯров бо як ифтихори баланди ватандорӣ иброз дошта, аз он меболад, ки имрӯз маҳз бо дастгириҳои пайвастаи Ҳукумати кишвар барои такмили дониши худ дар омӯзишгоҳи ҳарбии олии ҳавоии десантии шаҳри Рязани Федератсияи Русия таҳсил дорад. Оиди рафти таҳсил ва дигар паҳлуҳои рӯзгори муҳофизи ояндаи Ватан, яъне Ворис Ашӯров бо вай суҳбате оростем. - Аз руи пешаи интихобнамуда, шумо муҳофизи ватан маҳсуб хохед ёфт. Ин пешаи пуршараф, вале душвору пурхатар аст. Ҳангоми иҷрои вазифаҳои хизматӣ агар душворие пеш ояд, пас шуморо ҳарос фаро намегирад? - Сараввал мард бояд ҷасуру нотарсу далер бошад, аз ягон душвори тарсидан ин кори мардонагӣ нест. Вақте ман ин пешаро интихоб намудам ба худ мақсад гузоштам, ки бо қимати ҷонам ҳам бошад, барои ҳимояи ин марзу бум, ватани азизам далерона хизмат мекунам. Намегузорам, ки ба ин сарзамини орому осудаи мо ғубори чанги душман расад. Барои мард сараввал ҷасорату матонат, донишу таҷриба ва

Чизи ҷолибе, ки таассуроти аз ҳама бештар мегузорад, ин оби ба дохили чоҳ воридшавандае мебошад, ки бо шакли аҷибе мутамарказ шудаву сарозер мегардад. Дар ин лаҳзаҳо Чоҳи Тора ба дарвозаи махфии зеризаминие шабоҳат пайдо мекунад, ки ба умқи баҳр ва олами зери замин роҳ мекушояд. НАМОИШНОМАИ ТАБИАТ Намоишномаи табиат дар димоғаи Перпетуа тақрибан як соат қабл аз дамиши об шуруъ мешавад: обе, ки ба дохили чоҳ ғутта

зада, боз берун мебарояд, ба масофаи то 6 метр боло баромада, боз баргашта ба дохили даҳана мерезад, ки ин манзара хеле дилангез ва мафтункунанда аст. Маҳз ҳамин ҳолат ин зуҳуроти табииро ба муъҷизаи нотакроре табдил додааст, ки бозёфти нодирест барои сайёҳону мусаввирон ва дигар эҷодкорони тамоми олам. Новобаста аз хатарнокие, ки ин чоҳи афсонавӣ эҷод карда метавонад, шикорчиёни кунҷкову бебок ба он хеле наздик мешаванд, то онро аз наздик аккосӣ кунанду ба навор гиранд. Ҳол он ки мавҷҳои азим дар як лаҳза метавонанд ба болои ин нафарон фурӯ рехтаву онҳоро ба гирдоби уқёнус андозанд. Боди шадид ва сангҳои лағжонак наздик шудан ба ин даҳанаро хеле душвор мегардонанд. Ин мавзеъ хосса дар фасли сардиҳо, ки мадду ҷазри об шиддат мегирад, хеле хатарнок мешавад. Ҳангоми чунин ҳаракати бошиддати миқдори зиёди об обпошии ин даҳанаро аз масофаи даҳ метр аз канори баҳр мушоҳида кардан мумкин аст. Бояд зикр намуд, ки ҳар қадар шиддатнокии мавҷҳо зиёдтар бошад, ҳамон андоза ҷаззобияту зебогии Чоҳ бештар мегардад. АСРОРИ КАШФНОШУДА Чоҳи Тора ном гирифтани ин мавзеъ марбут ба ривояти қадимие мебошад. Тибқи ин ривоят солҳо қабл дар ин маҳал ду дилдода бо ҳам мулоқот мекарданд. Рӯзе зиндагии орому осудаи онҳо халалдор гардид, чунки духтар

бар асари рашк дӯстдоштаи худро ба қатл расонид. Худои Тора, ки ҳамаро аз осмон мушоҳида менамуд, ба ғазаб омадаву хуни ин ҷавонро ба гудозаи тафсоне табдил дод, ки рамзи ҳарорат ва гармии муҳаббати ӯ буд. Он аз шиддати гармӣ як ҷои заминро сӯрох намуда, чуқурии азимеро ба вуҷуд овард, ки он ҷасади ҷавонро ба коми худ фурӯ бурд. Ҳамин тариқ, то имрӯз дар ин мавзеъ чунин сӯрохии азими даҳонкушода ба одамон ҳушдор медиҳад, ки нерӯи рашку ҳасад то кадом андоза вайронкор ва маҳвкунандаи ҳиссиёти наҷиби инсонист. Ақидае вуҷуд дорад, ки то ҳол олимон сабаби пайдоиши ин чоҳи азимро таҳқиқ накардаанд ва касе намедонад, ки дар умқи он чист. Аквалангистҳо низ ҷуръат ва таваккал накардаанд, ки ба ин чуқурӣ фурӯ рафта, аз асрори он огаҳӣ пайдо кунанд, чунки маҷрои шиддатноки об метавонад ҳар гуна ашёро ба доми ин ғори бетаги зеризаминӣ кашидаву нобуд созад. Чунин асроромезии Чоҳи Тора миқдори хеле зиёди сайёҳони кунҷковро аз тамоми гӯшаву канори дунё ба худ ҷалб мекунад. Каме дуртар аз ин дурдонаи беназири Орегон маркази иттилоотӣ барои сайёҳон воқеъ гардидааст. Дар он майдони мушоҳидавие вуҷуд дорад, ки аз он намои баҳри Оромро ба хубӣ назора кардан мумкин аст. Сайёҳон ба ин мавзеъ маҳз ба хотири дидани ҳамин муъҷизаи табиат - Чоҳи Тора меоянд. Шаҳло ЭШОНОВА, “ҶТ”

Пешаи душвор, вале пурифтихор ҳушёриву зиракӣ зарур аст. Дар зиндагӣ ҳамаи кор душвор аст ва инсон набояд аз душвориҳо ҳаросад. Ҳамеша бояд ҷасур буд. Дар ин ҳолат ҳама душвориҳоро метавон паси кард. - Ба андешаатон одамони ҳарбӣ, яъне муҳофизони марзу буми ватан бояд чӣ гуна инсон бошанд? - Тӯли солҳо, ки ман миёни одамони ҳарбӣ таҳсил ва кору фаъолият дорам ва бо эшон доимо машварат менамоям, хислату рафтори онҳоро хуб омӯхтаам. Ба андешаи ман одамони ҳарбӣ бояд нафарони ҷиддӣ, ростқавл, ҳушёр далеру нотарс бошанд. Баъдан барои муҳофизи ҳақиқии Ватан будан меҳру садоқат ва самимияти ҷиддӣ лозим аст. Муҳофизи ватан набояд хиёнаткор бошад. Вақте кас савганди ҳарбирро пеши номусу шарафи худ ёд мекунад, барои ваъдаи худ бояд ҷонфидокорона дар хизмати халқу ватан бошад. - Дар зиндагӣ барои худ киро намунаи ибрат меҳисобед? - Ягона шахсе, ки маро дар ҳама ҳолат танҳо намегузорад ва маро доимо ба роҳи рост ҳидоят мекунад, ин модари азизу меҳрубонам аст. Бароям дӯсториву муҳаббатро омӯхтааст. Аз ин хотир, модари гиромиямро намунаи ибрати худ меҳисобам. - Вақтҳои холии худро чӣ гуна сипари мекунед? - Ман аслан вақти холӣ надорам. Баро-

ям рӯзномаи корӣ тартиб дода, аз руи он аз пагоҳ ба донишгоҳ меравам. Баъди дарс ба машғулиятҳои ҳарбӣ ва ба толори варзишӣ барои тамрин меравам. То ба мусобиқаҳои дар пеш истода омода бошам. - Ба ҷавонҳое, ки таҳсил намекунанд ё рӯзҳои худро ба бекориву оворагардӣ мегузаронанд, чӣ гуфтанӣ доред? - Ҷавонӣ ин айёмест, ки дигар барои инсон ноёфт мегардад. Пас ҳар ҷавон ин давраро бояд чунон сипарӣ намояд, ки ба дигарон намунаи ибрат шавад. Аз бекориву оворагардӣ касе ба ҷое намерасад. Мо ҷавонон, ки аз соҳибихтиёрии мардуми худ ва бори дигар хандидани бахт ба ҷаҳониён огаҳӣ додаем, бояд манфиатҳои миллиро дар ҳама вазъ ҳимоя намоем. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳар як баромади худ чунин таъкид менамояд: “Ҷавононро дасгирӣ намоед, ҷавонон ояндаи дурахшони ин миллату сарзамини Тоҷикистони азизамон ҳастанд”. Ҳамин тавр, як давлати бузургро Пешвои миллатамон ба мо, бо боварии комил вогузор кардааст. Пас, мо бояд баҳри боз ҳам обод ва зебову хуррамгардонии он талош варзем, саҳми арзандаи худро гузорем. - Дар давоми таҳсил шумо ба кадом дастовардҳо ноил гаштаед? - Албатта, ман баробари таҳсил дар бисёр мусобиқаҳои варзишӣ иштирок карда, ҷойҳои намоёнро сазовор шудаам. Бо меда-

ли ифтихории омӯзишгоҳ қадрдонӣ шудаам. Ҳамеша мекӯшам барои дар мусобиқаҳои гуногуни варзишӣ баҳри боло шудани парчами Тоҷикистони азиз ҳиссагузор бошам. - Оянда чӣ нақшаҳо доред ? - Баъди чанд моҳе, ки донишгоҳро хатм мекунам, ният дорам ба Ватан баргашта дар он ҷое, ки лозим медонанд, ба фаъолият пардохта, чун муҳофизи диёри хеш баҳри пешрафти он саҳм гузорам. Мақсади ман ҳамин аст. Меҳрубон ИМОМОВА “ҶТ”


“ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН”, №05 (9535), 01.02.2018

E - MAIL: javonontj@mail.ru

13

ТЭТ ҲНИТ фишанги хаоси идоракунанда барои кишварҳои сеюм Аз таҳлилҳои коршиносон ва муҳаққиқони исломи сиёсии муосир чунин бар меояд, ки модели сиёсии исломӣ натавонист мардумписанд бошад ва низоми мардумсолориро дар ҷомеа устувор созад. Сабаби асосии он ба назари баъзе аз муҳаққиқон ин аст, ки аз тарафи дасти истеъморгарони навини ҷаҳонӣ Ислом ҳамчун назарияи бавуҷудоварандаи хоаси идорашаванда истифода мешавад. Таҷрибаи исломи сиёсӣ ва ҳизбҳои сиёсии характери исломидошта, махсусан дар Осиёи Марказӣ (Тоҷикистон, Қазоқистон, Ӯзбекистон, Афғонистон, Туркманистон ва Қирғизистон) нишон дод, ки ин ҳизбу ҳаракатҳо, ҳамчун омили зиддиятбарангезиву ихтилоф истифода шуда, барои барҳам додани низомҳои мавҷудаи сиёсии кишварҳои зикршуда бо пуштибони хоҷагони хориҷии худ сафарбар шудаанд.

Бозичаҳои пастсифат – хатар ба ояндаи миллат Бо беҳтар шудани робитаҳои иқтисодӣ миёни давлатҳо аз кишварҳои хориҷа ҳама намуди маҳсулоти саноатӣ ба таври бесобиқа ба бозорҳои истеъмолии кишвари мо ворид мешаванд. Аз ҷумлаи маҳсулоте, ки ба таври фаровон ба бозорҳои мо ворид мешаванду маҳсулоти ҷойивазкунандаи он дар дохили кишвар қариб ки ба назар намерасад, бозичаҳо ва ҳар гуна асбобҳо барои кӯдакон мебошад. Вақте ба бозори бозичаҳои кӯдакона ворид мешавем, анвои бозичаҳоеро мушоҳида мекунем, ки ба ҳар гуна сохт, аз қабили лӯхтаку тортанак, аҷузаву ҳар гуна бозичаҳои оҳанину чӯбин ва бозичаҳои даҳшатнок ба харидорон пешкаш мегардад. Ва дақиқ аст, ки онҳо ба бозичаҳои дӯстдоштаи кӯдакон мубаддал гашта, эшон ба ин намуди бозичаҳои даҳшатнок одат кардаанд. Мутаассифона, аксари ин бозичаҳо на дорои иҷозатномаи сифатанду на ба талаботи санитарӣ ҷавобгӯ. Масъалаи бесифат будани маҳсулоти воридотӣ ба ҷумҳурӣ бошад, яке аз проблемаҳоест, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Паёмашон ба Маҷлиси Олӣ таъкид намуданд. Чунончи, изҳори нигаронӣ карданд, ки ҳар сол ба кишвар 500 600 тонна бозичаҳои гуногун аз 20 давлати дунё ворид мегардад, ки 90 фисади онҳо аз рӯи сифат ба талаботи бехатарӣ мувофиқ нестанд, ки ба саломатии кӯдакон зараровар мебошанд. Қисми зиёди бозичаҳои воридшаванда аз маҳсулоти полиэтиленӣ буда, вақте дар хона мегузорем, ҳавои хонаро заҳролуд мекунанд. Ин ҳам дар ҳолест, ки на ҳама падару модарон ҳангоми харидани бозичаҳо аҳамияти ҷиддӣ медиҳанд, балки аз ҳар кӯчаю роҳгузарҳо онҳоро мехаранд. Кор то ҷоест, ки баъзе харидорон ба сифати маҳсулот умуман таваҷҷуҳ зоҳир наменамоянд, ҳатто барои эшон танҳо нарх аҳамият дорад. “Ҳарчӣ арзон, ҳамон андоза беҳ”, - шиори онҳост. Оиша Ҳамроева, сокини ноҳияи Шоҳмансури пойтахт мегӯяд, ки бозичаҳои пастсифат метавонанд ба саломатии кӯдак зарари ҷиддӣ расонанд. “Бозичаҳое, ки дар он моддаҳои химиявӣ дида мешавад ё ин ки бозичаҳои мулоим ҳангоми бозӣ чанг ва ҳар гуна вирусу микробҳоро ба худ мегиранд. Бинобар ин, метавонанд кӯдаконро ба ҳар гуна касалиҳо дучор созанд”,- афзуд вай. Воқеан, бозӣ машғулиятест, ки метавонад барои инкишоф ёфтани кӯдак мусоидат намояд. Ба андешаи равоншиносон бозӣ дар ҳаёти кӯдак нақши муҳим ва пешбарандаву образофарро дорад. Намудҳои гуногуни бозичаҳо барои ҷаҳонбинии кӯдакон мусоидат мекунанд ва дар ташаккули шахсии ӯ таъсири манфию мусбат мерасонанд. Бозичаҳое, ки шакли зоҳириашон даҳшатнок ва бенамуданд, бе таъсир буда наметавонанд ва аллакай кӯдакро ба иҷрои рафторҳои бад омода месозанд. Ба гуфтаи табибон бозичаҳо бояд махсус ҳуҷҷат ё сертификат дошта бошанд, то собит бошад, ки дар таркиби бозича моддаҳои химиявии заҳрнок, зараровар ва ҳассосиятнок набошад. Бозичаҳое, ки ба талаботи санитарӣ ҷавобгӯ нестанд, кӯдакро метавонад ба бемориҳои пӯст, узвҳои ҳозима, бемории чашм гирифтор кунад. Бозичаҳо бояд бӯи нофорам ва тез, инчунин, ранги равшани ниҳоят баланд надошта бошанд. Бозичаҳое, ки аз маводи паластикӣ сохта мешаванд ва аз сабаби дар таркибашон будани моддаҳои химиявӣ “бисфелон” ба асаб, системаи нафаскашӣ ва пӯсти кӯдак таъсир мерасонанд. Бозичаҳое, ки дар таркибашон магнит доранд, вақте кӯдак бо онҳо бозӣ мекунад ва ё ба даҳони худ мебарад, метавонад кӯдакро гирифтори бемориҳои сироятӣ гардонад. Аз ин рӯ, чунин бозичаҳо ба саломатии кӯдакон хавфи калон доранд. Ба ҳамин хотир, барои пешгирии воридшавӣ ва ба муомилот барории бозичаҳои пастсифат бояд тамоми сохторҳои марбута масъулияти бештар ҳис кунанд, зеро солимии ҳар як шаҳрванди мамлакат ояндаи ҷомеаи Тоҷикистонро муайян мекунад. Дар ин самт соҳибкорони ватанӣ низ бояд бетарафӣ зоҳир накарда андеша намоянд ва ба пешрафти истеҳсолоти ватанӣ ва рушди фаъолияти соҳибкорӣ худ ҷиҳати бунёди корхонаҳои истеҳсолкунандаи бозичаҳои кӯдакона тасмим бигиранд. Зеро ворид гардидани бозичаҳои пастсифат метавонад ҷони насли ояндаи миллатро дар хатар гузорад. Муниса ДОДОВА, рӯзноманигор

Мисоли рушану возеҳи он фаъолияти ТЭТ ҲНИТ аст. Аз тарафи Суди Олии кишвар собит гардид, ки аз роҳи ихтилофбарангезиву ҷудоихоҳӣ ва зиёд шудани ҳизбу ҳаракатҳои исломӣ дар Тоҷикистон чунин ихтилофҳо зиёд гардида, мунҷар ба табаддулот ва барҳам задани низоми мавҷудаи сиёсӣ нигаронида шуда, бо амалҳои террористиву ифротгароӣ даст ба тағйири сохторӣ оварда расонид. Таърихи ташаккул ва таҳаввули ин ҳизб нишон дод, ки дар марҳилаҳои начандон тӯлонии инкишофи худ ин ҳизби сиёсии исломӣ ихтилофу зиддиятҳоро дар ҷомеа барангехта, ҳамеша барои носуботии амнияти дохилӣ ва минтақавӣ замина фароҳам оварда, омили асосии даргирии ҷангҳои дохилӣ буд. Исломи сиёсӣ наметавонад дар ҷомеа руҳияи солиму таҳаммулгаро дошта бошад ва бардошти ақидаҳои мухолифи худро ба вуҷуд оварад. Чунин таҷриба то ба ҳол идома дошта, дар раванди ҷаҳонишавӣ рӯз то рӯз бо шаклҳои мухталиф зуҳур карда густариш пайдо мекунад. Тавре таҷрибаҳои ҷалби зиёди ҷавонон ба гурӯҳҳои ифротӣ аз Тоҷикистон нишон дод, заминаи таълимоти исломи радикалиро, ки барои ба вуҷуд овардани хаоси идорашаванда матраҳ гардидааст, маҳз ТЭТ ҲНИТ ҳамчун фишанги дасти абарқудратҳо истифода мешавад. Ин ҷо суоле пеш меояд, ки баъд аз шикаст дар интихобот чаро М. Кабирӣ, раҳбари ин ташкилот ба хориҷи кишвар фирор кард ва аз он ҷо табаддулотро роҳнамоӣ намуд? Мантиқан ҷавоб ин аст, ки нақшаҳои чунин харобкориро ӯ бо хоҷагони хориҷии худ кайҳо кашида буд, вале ноком шуд. Бо вуҷуди ин М. Кабирӣ баъди шикасту баста шудани ТЭТ ҲНИТ ва фирор ба Аврупо нисбати Тоҷикистон ва ҳукумати он танқидҳои беасоси зиёдеро дар шабакаҳои гуногун, бо сомонаҳои гуногунном идома медиҳад. Мардуми Тоҷикистон шоҳиди он ҳастанд, ки сатҳи зиндагӣ дар кишвар рӯз аз рӯз беҳтар шуда истодааст. Нақшаҳои стратегии Ҳукумати Тоҷикистон оиди баромадан аз бунбасти коммуникатсионӣ, истиқлолияти энергетикӣ ва таъмини амнияти озуқаворӣ марҳила ба марҳила амалӣ мешавад. Саволе ба миён меояд, ки худи Кабирӣ ё ТЭТ ҲНИТ барои мардуми Тоҷикистон чӣ кори хубе анҷом доданд? Ва ҷавоб ин аст, ки ба ғайр аз фитнаву бадбинӣ дар байни мардум дигар чизе наметавонанд пешкаш созанд.

Амнияти марзу буми кишвар яке аз масъалаҳои муҳим ба ҳисоб меравад. Аз ин лиҳоз талошҳои роҳбарияти Тоҷикистон барои таъмини сулҳу субот дар кишвар ҳамаҷониба аз тарафи давлатҳо ва созмонҳои мухталифи ҷаҳонӣ дастгирӣ меёбад. Рӯзҳои мудҳиштарине, ки ба сари мардуми тоҷик ТЭТ ҲНИТ овард, дигар такрор нахоҳад шуд. Бояд гуфт, ки сохторҳои Тоҷикистон дар тӯли фаъолияти худ исбот карданд ва имрӯз он қудратеро доранд, ки кишварашонро аз душманони дохилӣ ва беруна ҳифз намоянд. Он ҷангиёне, ки дар қаламрави Афғонистон қарор доранд ва ба амнияти Тоҷикистон таҳдид менамоянд, бо ТЭТ ҲНИТ ва тарафдорони он дар як андеша мебошанд. Дар сурати бад шудани вазъи сиёсӣ ва низомӣ дар Тоҷикистон таъсири он ба минтақа низ мерасад. ТЭТ ҲНИТ бо сӯиистифода аз дини Ислом дар Тоҷикистон мардуми кишварро гумроҳ карда буд. Баъди ошкор шудани мақсаду мароми аслии ин ҳизб бисёре аз ҷонибдорон аз ин созмони ифротӣ ва Кабирӣ рӯ гардонданд. Онҳое, ки дар Аврупо худро тарафдорони ТЭТ ҲНИТ номбар мекунанд, дар асл чанд нафар наздикону хешовандони Кабирианд, на аз ин беш. Кабирӣ ва ҳаммаслакони ӯ ба ғайр аз фитнаву дурӯғпароканӣ ҳеҷ кореро ба манфиати давлату миллат анҷом намедиҳанд. Кабирӣ ва тарафдорони кӯчаки ӯ ба чизе ноил нахоҳанд шуд, чунки халқи тоҷик дар атрофи Роҳбари маҳбуби худ ҷамъ шуда, бо боварии том ба сӯи ояндаи дурахшон меравад. Аммо мутаассифона, Кабирӣ ва тарафдорони ӯ инро нодида мегиранд. Дар интиҳои ин гуфта метавон хулоса кард, ки исломи сиёсии муосир бо ҳизбу ҳаракатҳояш ҳамчун фишанги хаоси идоракунанда барои кишварҳои сеюм сохта шуда, ҳамчун омили истеъмори навин хидмат мекунад. Ёралӣ НАБИЕВ, рӯзноманигор


14

КИТОБХОНАИ “ҶТ”

ҚАДРИ УСТОД

Нуруллоҳи ОРИФ

БОВАР НАДОРӢ

Эҳдо ба Аълочии маориф ва илми Тоҷикистон, омӯзгори собиқадори МТМУ №19 ноҳияи Восеъ, Устод Искандар Раҳмонов

Ман мурдам аз ҷафоят, бовар надорӣ, Чашмом ғарқи дарданд аз интизорӣ. Дилро, ки бе ман асло хобаш намебурд, Бар нокасе супурдиш аз дӯстдорӣ.

Чароғи маҳфили мо ҳаст устод, Ба некӣ мекунем ӯро фақат ёд. Надорад эътибор ин даҳр бе ӯ, Ҷаҳони маънию дониш ба мо дод.

Пурсидамат, бигуфтӣ, бо қалби решам, Ман аз дурӯғат охир девона мешам. Лайлои ман туӣ, ман бе ту ба саҳро Берун ба мисли Маҷнун аз хона мешам.

Кашад ӯ баҳра мо бедорхобӣ, Касе ғамхор монандаш наёбӣ. Ҳамеша бар сари мо нур пошад, Намояд умри моро офтобӣ.

Баргард аз раҳат, ҷон, пазмони ман бош, Молида, дар барам шин тарвусма бар қош. Хоҳад дилам, ки бошем имсолу ҳар сол, Ту аз ману ман аз ту, эй кош, эй кош.

Шабу рӯз илми ҳақро офтоб аст, Ки ҳар ҳарфаш барои мо китоб аст. Бидонед, эй рафиқон, қадри устод, Савоб асту савоб асту савоб аст. Кунад бо ҳикмату илму маъонӣ Ба боғи илму дониш гулфишонӣ. Барои мо кашид ӯ ранҷи бисёр, Бимонад андар дили мо ҷовидонӣ. Сафои рӯзгори мост устод, Чу ҷон андар дили мо ҷост устод, Зи ҳар ганҷе, ки дар рӯи ҷаҳон аст, Ҳазорон мартаба волост устод. Сафар ҲАЙДАР

ҶАВОНОНИ МО Ҷавонон ҳуснбахши рӯзгоранд, Саропо зиннату зеби диёранд. Ба зери Парчами худ саф кашида, Ба фармони Ватан ҳарҷо тайёранд . Кушода қалби кӯҳеро ба нохун, Ҳама меҳнатқарину номдоранд. Ба мисли осмони баъди борон Ҳамеша дил, дили покиза доранд. Ба боғу роғи кишвар бо дили шод, Ниҳоли дӯстиву меҳр коранд. Абдураҳмон АВЕЗОВ, хонандаи синфи 10-и МТМУ №47, шаҳри Исфара

Нашриёти «Бухоро» китоби муҳаққиқи ҷавон, муовини аввали директори Радиои Тоҷикистон Обидҷон Саидзодаро таҳти унвони «Умре бо радио» ба табъ расонд. Китоби мазкур ба кору эҷодиёт ва зиндагии яке аз коргардонҳои шинохта ва собиқадори радиои Тоҷикистон Ҳалима Насибулина бахшида шудааст. Тавре муаллифи китоб Обидҷон Саидзода иброз медорад, «Умре бо радио» дар заминаи матолиби матбуот ва бойгонӣ таълиф гардида, барои доираи васеи хонандагон, бахусус муҳаққиқони театру синамо ва радиои тоҷик тавсия дода мешавад. Китоби «Умре бо радио» бо пешгуфтори профессор Иброҳим Усмонов оғоз гардида, гуфта мешавад, ки Ҳалима Насибулина ҳунарманд ва режиссёри хушсалиқаи

“ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН”, №05 (9535), 01.02.2018

БОҒИ ИШҚ Маё, маё, ки дер боз Маро фиреб додаӣ. Ба ман зи боғ, боғи ишқ Ба гиря себ додаӣ. Қасам махур, бимон равам Ман аз қафои зиндагӣ. Маро ба хеш хондаанд Парандаҳои зиндагӣ. Ба бӯи ту сапедаҳо Зи ханда об мехуранд. Сапедаҳо зи Каҳкашон Ба кӯча тоб мехуранд. Ман аз гапи ту гашта сер, Ба худ ситез бас кунам. Парандавор зиндагӣ Бимон, ки беқафас кунам. Маё, маё, ки дер боз Маро фиреб додаӣ. Ба ман зи боғ, боғи ишқ Ба гиря себ додаӣ.

РОҲИ ИШҚ Наёбад ишқи рафта боз Ба ошёни баста роҳ. Ба ошёни баста не, Ба дил, дили шикаста роҳ.

Ҳамеша ишқи ман маро Ба сайри боғ мебарад. Дар омад- омади сабоҳ Ба каф чароғ мебарад.

Мон шавад якҳо саду садҳо ҳазорон, Одамиро ҳеч гоҳе хор нанмо. Илтиҷо пешат ҳазорон бор ё Раб, Одамиро дам ба дам бемор нанмо.

Агар ки аз ту дил каннам, Канам дил аз ҷаҳони хеш. Канам дил, ин дили ҳазин Зи шеъру достони хеш.

Одамиро фурсати бисёртар деҳ, То ки гом аз пушти ному нанг монад. Вақтро аз каф надода, дар раҳи рост Хобро аз ошёни дида ронад.

Яқин бидон, ки дил зи ту Намеканам, намеканам. Чу дил туӣ, чу дил туӣ Ба сина ҷой, Меҳанам.

Сол-соли саг, ки бошад, саг, саги хуб Як ҳаёт, эй дӯстон, бошад вафодор. Қаҳрат ояд, санг андозӣ ба сӯяш, Саг насозад тарки хона, тарки дарбор.

СОҲИБҶАМОЛ Соҳибҷамолай духтарак, Абрӯҳилолай духтарак. Раҳ меравад чун кабки маст, Аз мо малолай* духтарак. Мӯяш ба қад чун шаршара, Рақсиданаш оҳубара. Андар суроғаш як ҳаёт Кардаст моро бефара. Соҳибҷамолай духтарак, Абрӯҳилолай духтарак. Раҳ меравад чун кабки маст, Аз мо малолай духтарак. Долони чашмаш пур зи нур, Оҳанги пош ояд зи дур. Рухсорааш дар шир ғарқ, Оростандаш аз булур. Соҳибҷамолай духтарак, Абрӯҳилолай духтарак. Раҳ меравад чун кабки маст, Аз мо малолай духтарак. *Малол-ба хотири қофия, аслан малул аст.

СОЛИ САГ

Дар чунин соле, ки дорад асптозӣ, Пур зи гандум соз, ё Раб, хонаи дӯст. З-остони орзуҳо, ормонҳо Мон расад то осмон афсонаи дӯст.

«УМРЕ БО РАДИО» - достони фаъолияти Ҳ. Насибулина тоҷик буда, давраи ҳунарвариашро аз Театри давлатии академӣ-драмавии ба номи Абулқосим Лоҳӯтӣ оғоз карда, солҳои 60уми қарни 20 аз театр ба радио мегузарад. Ӯ бо забони адабии тоҷикӣ басо малеҳ сухан меронд, аз ин рӯ овози ширину ширадори Ҳалима Насибулина дар спектаклҳои радиоӣ пайваста садо медод. Ҳалима Насибулина ҳамчун режиссёри радио намунаҳои беҳтарини асарҳои театрҳои тоҷикро дар радио сабт карда, ба ин кор ҳунармандони машҳури мамлакатро низ ҷалб намуд. Ҳангоми дар нафақа будан ҳам дар бойгонии радиои тоҷик фаъолият карда, фонди тиллоии онро ба тартиб даровард ва ба шарофати заҳматҳояш асарҳои зиёди театрӣ–радиоии мамлакат барои истифода

Сол-соли саг, ки ҳаст, эй саг, саг, эй саг, Баҳри хидмат рӯзу шабҳо давдавон шав. Посбони молу ҳолу ҷони инсон Дар ҳудуди ин қаламрав, дар ҷаҳон шав.

мувофиқ шуданд. Ин зани соҳибҳунар дар шаст соли умри ба ҳунар бахшидааш бо бузургони илму адаби тоҷик, аз ҷумла Садриддин Айнӣ, Бобоҷон Ғафуров, Абулқосим Лоҳутӣ, Мирзо Турсунзода мулоқоти эҷодӣ доштааст. Инчунин, бо бузургони ҳунари театрӣ М. Қосимов, А. Бурҳонов, Ҳ. Раҳматуллоев, С. Тӯйбоева, Т. Фозилова, М. Воҳидов, А. Муҳаммадҷонов ва дигарон ҳамкорӣ кардааст. Дар ин росто, Ҳ. Насибулина яке аз бузургони театри касбии Тоҷикистон буда, заҳматҳояшро Ҳукумати мамлакат қадр кардааст. Дар китоби «Умре бо радио» бо шарофтаи кору зиндагии ин чеҳраи ҳунар муаллиф ҳамзамон аз бузургони илму адаб ва ҳунару журналистика ёд намудааст.

ЗЕБОСАНАМИ ТОҶИК Зебосанами тоҷик, қад навданиҳол, Зулфат думи каждум асту абрӯт ҳилол. Дуздад нигаҳи пуршарарат ақли касон, Дил аз ту вале намешавад ҳеч малол. Дар қалби ҳама ишқи ту ҷо, ишқи ту ҷо, Куштай ҳамаро чаро, чаро, шӯхи бало? Бо мӯи ба қад дароз, бо ишваву ноз Рухсора ба мисли моҳ аз дар бидаро. Аз дар бидаро, ки шод созӣ ҳамаро, Сар дар бағали мурод созӣ ҳамаро. Аз хеш ризо куртачакан, зеби чаман, Дар ҳалқаи иттиҳод созӣ ҳамаро.


“ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН”, №05 (9535), 01.02.2018

Маншаи нуру ҳаёт Об сарвати моддии бебаҳост. Дар бораи бузургӣ ва бебаҳо будани он олимону донишмандони бузург маълумоти бешумор дода, моро барои сарфакорона истифода бурдани он маслиҳат медиҳанд. “Ташнагӣ беҳтарин исботи мавҷудияти об аст”,- мегӯяд Франс Верфел. Ё ба ақидаи ЛаоСтзи “Ҳарчанд дар ҷаҳон ашё ё маводе нарму мулоим ё заифтар аз об ёфтан ғайри имкон аст, бовуҷуди ин об метавонад ҳатто маводи аз ҳама сахтаринро суроху хароб намояд”. Президенти кишвари мо, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо дарки муҳимияти масъалаи об борҳо дар конфронсҳои байналмилалӣ баромад намуда, роҳҳои ҳалли мушкилоти сокинони сайёраро нисбати дастрасӣ ба он дар ҳамбастагиву ҳамкорӣ номидааст. Амалиёти 10 солаи “Об барои ҳаёт” ва солҳои 2018- 2028 даҳсолаи нави “Об барои рушди устувор” маҳз бо пешниҳоди кишвари мо эълон шудааст. Ин мавқеъгирӣ бори дигар дар конфронси байналмилалӣ аз забони Президенти кишвар гуфта шуд. Сарвари давлати Тоҷикистон бо таваҷҷуҳи ҷиддӣ ба мушкилоти вобаста ба афзоиши аҳолии сайёра, тағйироти глобалии иқлим, буҳронҳои молиявӣ, энергетикӣ ва озуқаворӣ таъкид доштанд, ки “...ҳадафҳои рушди устувор барои муддати дароз бояд мушаххасу шаффоф бошанд ва аз ҳама муҳимтараш, ба қонеъ намудани ниёзҳои табақаҳои аз ҳама осебпазири мардум ва занону кӯдакон равона гарданд”. Боиси фараҳу сарфарозӣ ва саодати мардуми Тоҷикистони соҳибистиқлол аст, ки санаи 22 декабри соли 2016 Қатъномаи Маҷмааи Умумии Созмони Милали Муттаҳид оид ба масълаи Даҳсолаи байналмиллаии амал “Об барои рушди устувор, 20182028” қабул намуд. Мояи ифтихори тоҷикон аст, ки ин ҳуҷҷати муҳим бо пешниҳоди Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сурат гирифт. Пазируфта шудани тадбири дурандешонаи Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вобаста ба масъалаи об имрӯзҳо дар ҷомеаҳои меҳнатии кишвар руҳбаландии афзунро ба миён овардааст. Ҳастии гулу гиёҳ, ҳайвоноту наботот, рустаниву инсоният, хосса, зиндагии осоиштаву ободӣ ва озодагиву пурбаракатӣ ҳама ба об вобастагӣ доранд. Обро инсон барои нӯшидан, пухтани хурок, шустушӯ, сохтани манзил, тозагии кӯчаҳо, ҳосили заминҳо истифода мебарад. Об ҷараёни электрикӣ, яъне рӯшноӣ ҳосил мекунад. Бо қувваи об чархи санги осиёб, дастакҳои обҷувоз ҳаракат мекунанд. Кори ягон соҳаи саноат бе об пеш намеравад. Дар фабрикаву заводҳо обро барои тайёр кардани маҳлули рангҳо, оҳар додани матоъ, коркарди пӯст, тайёр кардани коғаз, собун, нон, нӯшокиҳои гуногун истифода мебаранд. Танҳо барои гудохтану истеҳсоли 1 тонна оҳан 100 тонна об масраф мешавад. Воқеан, об манбаи ҳастии ҳамаи мавҷудоти олам аст. Об неъмати бебаҳо буда, таровату хуррамӣ, фаровонию ободонӣ аз он аст. Об манбаи асосии тозагию зебогии табиат буда, бе он зиндагӣ вуҷуд надорад. Худованд мефармояд: “Мо тамоми чизи зиндаро аз об ҳаст кардем”. Ситоиши об ва муқаддас будани он дар китоби “Авесто” таъкид гардидааст: “Обҳои чашмасорро меситоем, кӯҳҳои обрезонро меситоем...” Мутаассифона, бархе аз одамони беандеша дидаю дониста обҳоро ифлос мегардонанд, ба ҷӯю каналу дарёҳо партовҳоро мепартоянд, обро бе сарфаю сариштакорӣ истифода мебаранд, ки ин боиси ифлосшавии муҳит ва зуҳури бемориҳои сироятӣ мегардад. Дар ҳамаи китобҳои динӣ сарфаю сариштакорӣ ҳамеша тақозо карда мешавад ва тозаю озода нигоҳ доштани об, макруҳ накардани ҳар қатраи он вазифаи муқаддаси ҳар як фарди ҷомеа дониста мешавад. Бояд дарк кард, ки об захираи бузургест, ки воқеияти он ҷаҳону зиндагониро таровату зебоӣ ва сарсабзиву озодагӣ мебахшад. Ҳатто қисмати зиёди вазни бадани инсоният аз об иборат аст. Инсон дар тамоми лаҳзаҳои ҳаёташ ба об эҳтиёҷ пайдо мекунад. Об одамро аз ифлосию нопокӣ, аз бемориву дардҳо эмин мегардонад. Об сабзавоту наботот ва ҳайвонотро , ки инсон ҳамеша бо онҳо сарукор дорад, манбаи асосист. Ҳатто намии замин аз об аст, ки бе он ягон рустанӣ ва гулу гиёҳ намерӯяд. Тоҷикистон аз захираи об бой буда, 155 кӯли гуногунҳаҷм, даҳҳо ҳазор чашмаҳои одию маъданӣ ва обанборҳои зиёд дорад. Мо – тоҷикистониён аз сероб будани сарзамини бузургамон бояд ҳамеша бифахрем. Тоза нигоҳ доштани об, муқаддас шуморидани он ва қимат донистани ҳар қатраи ин муъҷизаи бузург қарзи ҳар як инсон аст. Зеро об на танҳо ҳамчун манбаи ободӣ, балки маншаи нуру ҳаёт аст. Хайринисо САЙДУНИЕВА, омӯзгори МТМУ №51

15

РАНГОРАНГ

“Нишондиҳандаҳои рушди нерӯи инсонӣ аз се самти асосӣ – дастрасӣ ба таҳсилот, тандурустиву дарозумрӣ ва сатҳи шоистаи зиндагӣ иборат мебошанд”, ҷумале буд, ки зимни ироаи Паёми Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии кишвар 22 декабри соли 2017 садо дод. Дар ҷумлаи мазкур асоси рушди нерӯи инсонӣ ба се самт рабт дода шуда аст. Дар ин се самт ҷои нахустин касб кардани дастрасӣ ба таҳсилот мантиқи баландро дорост. Агар жарф андеша намоем, маълумамон мегардад, ки дар воқеъ, тамоми фаъолияти инсонҳо, дар ҳама давру замон ва дар ҳама самтҳо маҳз аз дастрасӣ ба таҳсилот ибтидо мегирад. Маҳз ҳамин собит месозад, ки дар ҷумлаи мазкур низ дастрасӣ ба таҳсил беҳуда дар аввал гузошта нашудааст. Чун дар ҳар ҷое, ки дастрасӣ ба таҳсил фаррох ба роҳ монда шуда бошад, таҳсил ва аз худ намудани донишро дар ҷои аввал гузоранду соҳаи маорифро афзалиятнок донанд, табиист, ки аҳолӣ зиндагии осударо дарёб намуда, тамоми соҳаҳои дигарро рушд медиҳанд, вобаста ба ҳар мушкилӣ чора меёбанд ва ба ҳамин минвол тандурустиву дарозумрӣ ва сатҳи зиндагии шоиста ба миён меояд.

Чанд андеша зери як ҷумла

ё мо аз Паёми Пешвои миллат бояд чӣ омӯзем? Далели равшани ин гуфтаҳо кишвари маҳбубамон шуда метавонад. Чун аз ҳодисаҳои даҳшатбор ва хунини дар кишвар ба вуқуъ пайваста ҳанӯз ду даҳсола сипарӣ гардидааст. Зарари модиву оқибати маънавии он ба ҳамаи мо маълум аст. Ҳатто насли замони истиқлол, ки хушбахтона, ҷангу нооромиро танҳо дар телевизион дидаанд, то кадом андоза даҳшатбор будани онро дақиқ дарк мекунанд ва хуб медонанд, ки Ҳукумати кишвар бо фаҳмиши азалӣ ва дарки баланди хештаншиносӣ дар муддати мадид ба нооромиҳо нуқта гузошта роҳ надоданд, ки Ватани маҳбубамон ба порчаҳо тақсим шавад. Аммо дар натиҷаи ҷанги шаҳрвандӣ аксарияти кӯдакистонҳою мактабҳои таҳсилоти умумӣ дар ҷойҳои ҷангдида валангор гардида, ба таври доимию муваққатӣ аз фаъолият бозмонданд. Баъди таҳкими сулҳу субот, дар муқоиса ба ҳама соҳаҳои дигар таваҷҷуҳ ва дастгирӣ дар самти маориф ба назар гирифта шуд. Аз аввали рӯзҳои соҳибистиқлолӣ ба он афзалият дода, барои

тараққиёту азнавсозии ин соҳа кӯшишҳои зиёд харҷ гардид. Ба таъкиди Пешвои миллат “Ҳукумат барои беҳтар гардидани вазъ дар самтҳои мазкур барномаҳои давлатӣ ва тадбирҳои иловагиро амалӣ кард”. Зеро дақиқ буд, ки рушди минбаъдаи ҳама соҳаҳои дигар ба соҳаи маориф пайванди ногусастанӣ дорад. Воқеан, чун ба ҳисобҳои оморӣ нигарем мебинем, ки Ҳукумат кишвар ҳамасола зина ба зина дастгириро дар ин самт зиёд намуда аст. Масалан, аз соли 1991 то 2015 2254 бинои мактаб сохта ба истифода дода шудааст. Ва ин раванд дар солҳои баъдӣ низ идома кард. Чуноне дар Паём зикр шуд, “Соли 2017 аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳо ҷиҳати сохтмон ва азнавсозии муассисаҳои таълимӣ зиёда аз 400 миллион сомонӣ сарф гардида, 24 ҳазор ҷои нишаст муҳайё карда шуд”. Ба мо айён аст, ки Ҳукумати ҷумҳурӣ барои рушди муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ҳамарӯза ғамхорӣ зоҳир намуда, барои мустаҳкам намудани пояи моддию техникии муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ, масъалаю

мушкилоти онҳо, вазифаҳои тайёр кардани мутахассисони дар бозори меҳнат рақобатпазир барои соҳаҳои иқтисодию иҷтимоии ҷумҳурӣ тадбирҳои амалӣ меандешад. Маҳз ҳамин таваҷҷуҳ ва дастгириҳо буд, ки “саводнокӣ миёни аҳолии калонсол боло рафта, ҳиссаи шаҳрвандоне, ки таҳсилоти ибтидоӣ, миёна ва олии касбӣ мегиранд, бамаротиб афзуда истодааст”. Мо – омӯзгорон, ки заминагузор ва баландбардорандаи дониши насли наврас ба ҳисоб меравем, бояд бо масъулияти баланд дар роҳи таълиму омӯзиш бошем. Дарк намоем, ки тандурустиву дарозумрӣ ва сатҳи шоистаи зиндагӣ, ки аз дастрасӣ ба таҳсилот ба даст меоянд, маҳз аз фаъолияти пурсамари мо вобаста аст. Паёми Пешвои миллат ба мо меомӯзонад, ки дар ҷодаи хеш боз ҳам масъулиятноку пурбор бошем ва тамоми қувваи ҷисмию зеҳнии худро баҳри босавод кардани насли оянда равона созем. Лейлӣ НАРЗУЛЛОЕВА, омзӯгори МТМУ №51, ноҳияи Фирдавсӣ

Ҷавонон нерӯи зеҳнии моянд Ба ҳамагон маълум аст, ки соли 2017 “Соли ҷавонон” эълон гардид ва ҷавонон бо дастгирии ҳукумати мамлакат корҳои зиёдеро ба анҷом расонидаанд. Ҷавонон дар ҷавоби ин ғамхориҳо ба як қатор дастовардҳои беназир ноил гардида, тавонистанд Тоҷикистонро ба мамлакатҳои дунё сазовор муаррифӣ намоянд. Пешвои миллат дар Паёми имсола таъкид намуд, ки ғамхории Ҳукумат нисбат ба ҷавонон танҳо ба соли ҷавонон маҳдуд намешавад. Ин нишондод дар амалигардонии сиёсати давлатӣ оид ба дастгирии ҷавонон нақши зарурӣ мебозад ва онҳоро ба ояндаи дурахшон дилгарм менамояд. Инчунин таҳким ва қабули санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва консепсияи миллии сиёсати ҷавонон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон шароити татбиқи амалии сиёсати давлатии ҷавононро фароҳам овардаанд. Яке аз омилҳои асосии рушди ҳар кишварро дар қатори дигар арзишҳо захираҳои инсонӣ, аз ҷумла ҷавонон ташкил медиҳанд. Аз ин рӯ, ба сиёсати ҷавонон ҳамчун бахши стратегӣ ва афзалиятноки сиёсати давлат таваҷҷуҳи махсус зоҳир мегардад.

Зимнан, яке аз масъалаҳои муҳими дар Паёми имсола зикрёфта, рушди илми тиб ва дар ҳамин замина беҳдошти саломатии инсон мебошад. Дар робита ба ин масъала таъкид гардид, ки Ҳукумати мамлакат ба ҳалли масъалаҳои вобаста ба тандурустии аҳолӣ эътибори аввалиндараҷа медиҳад. Воқеан, бо дастгирии Президенти мамлакат муддати 26 сол дар кишвар барои ҳифзи саломатии мардум корҳои зиёде амалӣ гардидааст. Аз ҷумла таъмини мардум ба оби тоза, ки яке аз омилҳои аслии саломатии инсон ба ҳисоб меравад. Дастуру супоришоте, ки Пешвои миллат аз тариқи Паём ҷиҳати дастгириву эътимод ба насли ҷавон доданд, мо омӯзгорон – тарбиятдиҳандагони насли ҷавонро вазифадор месозад, ки барои дар руҳияи баланди ватандӯстиву хештаншиносӣ тарбият ёфтани ҷавонон беш аз пеш заҳмат кашем. Ҷавононро дар роҳи ростию садоқат ба муқаддасоту арзишҳои миллӣ раҳнамо шавем. А. Ш ҒИЁСЗОДА, директори коллеҷи тиббии ноҳияи М.С.А. Ҳамадонӣ


16

“ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН”, №05 (9535), 01.02.2018

ФАРОҒАТИ ҶАВОНОН

Сеҳри хома АМАЛИ МЕҲРОБ АЗИМОВ, “ҶТ”

√ АНДАРЗ

Гуфтору рафтор бояд як бошанд ТАҲИЯИ Ш. ЭШОНОВА, “ҶТ”

БЕҲРӮЗ ХОҶАЗОДА

√ САЙҚАЛИ

АНДЕША

Инсон ду дастоварди асосии табиӣ дорад: ақл ва андеша. ******** Бадзабонӣ беандешагии шахсро ошкор мекунад. ******** Занро на тиллову зумураду ақиқ, балки хоксорию хушодобию шармгинӣ хусн мебахшад. ******** Ҳарзагӯ вақте кӯшиш мекунад, ки дӯсташ медоранд, нафратовар мешавад, вақте мехоҳад хидмат кунад, шилқин менамояд, вақте мехоҳад ҳамаро ба ҳайрат оварад, хандахариш мешавад. Бо чунин амалҳо дӯстонро таҳқир мекунаду ба душманон хидмат. ******** Дар дунё аз ҳарфҳои гуфта дида суханҳои зиёди ногуфта бештар манфиат овардаанд. ******** Зану шавҳар аз муноқишаи беҳуда аслан дар ҳама ҷо, хосса дар рахти хоб бояд худдорӣ кунанд. Баҳсу ҳамдигарнофаҳмию таҳқир вақте ки дар рахти хоб оғоз шуд, хотима гузоштанаш дар дигар вақту дигар ҷо мушкил мешавад. ******** Вақте шавҳар меҳрубонию ишқварзӣ намояду зан абрӯ чин кунад, дар муносиботи онҳо сардӣ ба вуҷуд меояд. Агар мард бо корҳои ҷиддӣ машғул бошаду зан шӯхию бозию қаҳқаҳа кунад, маълум мешавад, ки ба шавҳараш нафрат дораду нисбат ба ӯ бепарвост. ******** Мақому мансаб хислатро дигар мекунад, вале на ҳамеша ҷониби мусбат. ******** Ҳар ки дар ситоиш мумсик аст, корҳои шоистае анҷом надодааст. Плутарх Рӯзнома таҳти рақами 0120/рз аз 22 сентябри соли 2014 дар Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон сабти ном шудааст. Нишонӣ: 734018, шаҳри Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ-16, ошёнаи 1

САРМУҲАРРИР

Бахтовар КАРИМОВ

Писарбачае буд, ки хӯрдани қанду шириниҳоро хеле дӯст медошт. Ҳама навъи қандҳоро, хоҳ шоколадиву хоҳ мевагӣ ва хоҳ ширӣ, бо иштиҳои зиёд истеъмол мекард. Ӯ ҳамарӯза аз падараш хоҳиш мекард, ки барояш як миқдор ширинӣ бихарад. Аммо оилаи онҳо дар ҳоли фақру нодорӣ ба сар мебурду мард имкони ҳамарӯза ба писараш харидорӣ кардани шириниҳоро надошт. Писарбача намефаҳмид, аниқтараш фаҳмидан намехост, ки барои падараш сарфи ҳаррӯзаи маблағ душвор аст ва ҳамвора аз падар талаб мекард, ки барояш шириниҳо бихарад ва агар падар норозигие зоҳир мекард, беибо мегуфт, ки падар ӯро дӯст намедорад. Оқибат мард хаста шуд. Дигар ҳамарӯза инҷиқиҳо ва нозу нузи барзиёди писарашро таҳаммул кардан намехост. Ва андешае ба сараш омад. Каме дуртар аз деҳаи онҳо, дар як ҷои ноободи канори ҷангал марди танҳову гӯшанишине мезист. Миёни мардум дар бораи ӯ ҳамчун шахси донишманд ва муқаддас қиссаву ривоятҳои зиёде вуҷуд дошт. Ӯ ҳамеша ба одамон маслиҳатҳои судманд медод. Баъди маслиҳату машварати ӯ зиндагии одамон тағйир меёфт ва беҳтар мегашт.

√ ОБУНА

Мард писарашро ба назди он донишманд бурд. Донишманд бо хушӣ онҳоро пешвоз гирифта, аҳвол пурсид. - Хоҳишмандам, кӯмак кунед, гуфт мард. – Коре кунед, ки писари ман дигар ҳамарӯза аз ман харидани шириниҳоро талаб накунад, зеро чунин имкониятро надорам. Илова бар он ки пайдо кардани пули зиёд барои ман мушкил аст, хӯрдани зиёди шириниҳо ба саломатӣ низ бетаъсир намемонад. Донишманд дар ҷавоб каме таъхир кард, чунки худи ӯ низ хӯрдани шириниҳоро хеле дӯст медошт. Ва дар ин ҳолат ӯ чӣ гуна метавонист аз писарак иҷрои амалеро манъ кунад, ки худи ӯ бо қаноатмандӣ ва иштиёқи зиёд онро анҷом медод?! Донишманд аз падари писарак хоҳиш кард, ки баъди як моҳ ба назди ӯ биёяд, чунки айни ҳол кӯмаке карда наметавонад. Дар муддати ин як моҳе, ки барои донишманд зиёда аз сол намуд, ӯ тарки ин одати худ карда, аз хӯрдани шириниҳо даст кашид. Куллан даст кашид. Ӯ ҳар боре дар бораи он писарак меандешид, азмаш боз қатъӣ мегашт. Вақте баъди як моҳ падару писар боз ба назди донишманд ҳозир шуданд, ӯ ба писарак гуфт: - Писари азизи ман, ту дигар аз

- 2018

Бо “Ҷавонони Тоҷикистон” ҳамеша ҷавон мемонед!

Обуна ба рӯзномаи “Ҷавонони Тоҷикистон” барои соли 2018 идома дорад. Нархи обуна аз тариқи идораи рӯзнома барои як сол 110 сомонӣ муқаррар шудааст. Ин арзиш бо назардошти бурда расондан ба нақша гирифта шудааст. Шумо обуна шавед, мо сари вақт рӯзномаро мерасонем. Инчунин, Шумо ба воситаи шуъбаҳои алоқаи шаҳру ноҳияҳо метавонед ба ягона рӯзномаи ҷавонон обуна шавед. Суратҳисоби бонкии рӯзнома: с/ҳ №20202972500232101000, РМА 030000301, ҳ/х 20402972316264, РМБ 350101626 Бонки давлатии амонатгузории Тоҷикистон “Амонатбонк”. Индекси обуна 68857.

√ ЭЪЛОН

Шиносномаи техникии истифодаи замин, ки 25.06.1990 ба сокини деҳаи Пушинг Давлат Турақулов аз ҷониби идораи замини ноҳияи Данғара дода шудааст (№170), бо сабаби гум шуданаш эътибор надорад. Аттестати гумшудаи Меликов Шариф таҳти А №09566747, ки онро соли 2013 МТМУ №42, ноҳияи Фирдасӣ додааст, эътибор надорад. Номаи камол (атестат)- и гумшудаи шаҳрванд Баҳодури Тоҳир Тоҳирович, таҳти рақами 0411443, ки онро соли 2017 МТМУ №88 ноҳияи Синои шаҳри Душанбе додааст, эътибор надорад.

ҲАЙАТИ МУШОВАРА:

Абдуҷаббор РАҲМОНЗОДА (Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа), Нуриддин САИД (вазири маориф ва илми Тоҷикистон), Аҳтам АБДУЛЛОЗОДА (раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон).

ҲАЙАТИ ЭҶОДӢ:

падарат талаб намекунӣ, ки бароят ширинӣ бихарад, ҳамин тавр не? Падари меҳрубони ту хеле ғамгин мешавад аз он ки ҳама дархосту хоҳишҳои туро иҷро карда наметавонад, Ғайр аз ин, ту бо хӯрдани шириниҳо ба саломатии худат зарар меорӣ. Андеша кун, оё ба хотири хушҳолӣ ва лаззати яклаҳзаина месазад, ки ҳам ба падарат зарар расонӣ ва ҳам саломатиатро зери хатар гузорӣ? Баъди ин писарак дигар аз падараш харидани шириниҳоро талаб намекард. Ҳангоми хайрухуш мард аз донишманд пурсид, ки барои чӣ ӯ дарҳол бо писари ӯ суҳбат накард, балки хоҳиш кард, ки баъди як моҳ биёянд. Донишманд дар ҷавоб гуфт: - Чӣ гуна ман метавонистам аз писарак нахӯрдани шириниро талаб кунам, дар ҳоле ки худам хӯрдани онҳоро хеле дӯст медорам. Дар муддати ин як моҳ ман низ аз хӯрдани шириниҳо даст кашидам. АНДАРЗ: Аъмоли худи шахс бештар аз суханҳои ӯ метавонад намунаи ибрати дигарон бошад. Мо набояд аз дигарон иҷрои амалҳоеро талаб намоем, ки худи мо онҳоро иҷро намекунем. Ҳамеша кӯшиш кунед, то гуфтори шумо аз рафторатон фарқ накунад.

Маҳмудҷон УСМОНОВ (муҳаррир), Толибшоҳи ДАВЛАТ (котиби масъул), Шодихони НАЗАР (муҳаррири шуъбаи варзиш ва сайёҳӣ), ШАҲЛО ЭШОНОВА (муҳаррири шуъбаи иқтисод ва иҷтимоъ), Хуршед МАВЛОНОВ (муҳаррири шуъбаи иттилоот ва сиёсат), Беҳрӯз ХОЛМУРОДОВ (муҳаррири шуъбаи ҳаёти ҷавонон), Нуруллоҳи ОРИФ, Гулбаҳор РАҲМОНОВА, Хуршед ХОВАРӢ, Шаҳбози АСОМИДДИН, Меҳрубон ИМОМОВА (хабарнигорон), Шеравган ХУРСАНҚУЛОВ (саҳифабанд), Меҳроб АЗИМОВ (рассом), Машҳур ИМОМНАЗАРОВ (хабарнигор, ВМКБ), Шодмон НУРМАТОВ (хабарнигор, вилояти Суғд) Фирӯз АБДУРАҲМОНОВ (хабарнигор, вилояти Хатлон).

Ба хотири чандандешӣ матолибе низ ба табъ мерасанд, ки хилофи назари ҳайати эҷодист. Дурустии арқому далелҳо бар дӯши муаллифон аст.

Ҳангоми таҳияи хабарҳо аз матолиби интернет низ истифода шудааст.

Индекси обуна: 68857

Тел: 901 06-41-10, 238-54-14, 238-51-09, 238-53-03

Ҳафтанома дар КТН «Шарқи озод» (хиёбони Саъдии Шерозӣ-16) бо теъдоди 4054 нусха ба нашр расид.

Ҳисоби бонкӣ: с/ҳ №20202972500232101000, ҳ/х 20402972316264, РМА030000301, РМБ350101626. БДА Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк»


Turn static files into dynamic content formats.

Create a flipbook
Issuu converts static files into: digital portfolios, online yearbooks, online catalogs, digital photo albums and more. Sign up and create your flipbook.