Ҷавонони Тоҷикистон, №05 (9431), 2016

Page 1

Ҷавонон - кафили амнияти Ватан

Ҷоизаи Президент ҳавасмандии хубе шуд

№5 (9431), 4 феврали соли 2016

1

 МУШКИЛИ ҶАВОНОН

Сафи муҳоҷирон кам шудааст

 ҲАФТ РӮЗ 28.01.2016 Дастаи мунтахаби футзали мамлакат дар идомаи омодагӣ ба бозиҳои ниҳоии Ҷоми Осиё-2016 дар шаҳри Тошканд бо тими мунтахаби футзали Ӯзбекистон вохӯрд. Бозӣ бо натиҷаи 1:1 анҷом ёфт. 29.01.2016 Намояндагони Кумитаи кор бо занон ва оила, Кумитаи марказии Ҳизби халқии демократӣ ва ТҶ «Гендер ва тараққиёт» бо сокинони ноҳияи Тоҷикобод мулоқот карданд. Масъулин дар доираи Паёми имсолаи Президенти кишвар ба Маҷлиси Олӣ андешаронӣ намуданд. Онҳо аз ҳозирин даъват карданд, ки фарзандонашонро дар рӯҳияи хислатҳои наҷиби инсонӣ тарбия намоянд, то онҳо ояндасози фардои дурахшони миллату давлати хеш гарданд ва нагузоранд фарзандонашон ба ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ шомил шаванд. 30.01.2016 Маҳфилҳои ҳунаромӯзӣ, аз қабили «Зардӯзӣ», «Попурдӯзӣ», «Гӯлзанӣ» ва

«Расмкашӣ»-и Маркази кӯдакон ва наврасони шаҳри Душанбе дар озмуни санъати тасвирии кӯдакона ва эҷодиёти бадеиву ҳунарҳои дастӣ таҳти унвони «Орзуҳои кӯдакӣ» дар Фестивали байналмилалии «Кӯдакӣ бидуни марз» ба воситаи корҳои эҷодиашон ширкат варзида, сазовори Шоҳҷоиза гардиданд. 31.01.2016 Комиссияи экологии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҷумҳурӣ бо мақсади тарғиби сиёсати экологии Тоҷикистон ва инъикоси воқеъбинонаи мушкилоти экологии кишвар озмун эълон кард. Дар он гурӯҳҳои эҷодӣ, олимон, журналистон, коршиносон, мутахассисон ва намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ иштирок намуда, имкон доранд силсилаи мақолаҳо, филмҳои мустанад, наворҳои тарғиботӣ ва дигар маводи итилоотиро оид ба экология ва истифодаи оқилонаи захираҳои табиӣ пешниҳод намоянд. 01.02.2016 Маркази миллии тестии назди Прези-

денти ҷумҳурӣ ва Вазорати маориф ва илм тибқи “Тартиби баргузории имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ ба муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон” курси омӯзишии низоми ИМД-ро дар се сатҳ — ҷумҳуриявӣ, шаҳрӣ, ноҳиявӣ ва муассисаҳои таълимии дахлдор мегузаронанд. 02.02.2016 Бо ибтикори Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ ва Маркази татбиқи лоиҳаҳои шарикии давлат ва бахши хусусии Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ дар шаҳри Душанбе семинари омӯзишӣ дар мавзӯи “Шарикии давлат ва бахши хусусӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” доир гардид.

www.javonon.tj

НАШРИЯИ КУМИТАИ ҶАВОНОН, ВАРЗИШ ВА САЙЁҲИИ НАЗДИ ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН/ /№5, (9431), 4 феврали соли 2016/e-mail:javonontj@mail.ru/www.javonon.tj/аз 5.04.1930 нашр мешавад

«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН»  МУСОҲИБАИ ”ҶАВОНОН...”

е-mail: javonontj@mail.ru

 МАВҚЕИ ”ҶАВОНОН...”

03.02.2016 Панҷ корхонаи ресандагӣ — “Ваҳдат Текстил”, “Олим Текстайл”, “Ресандаи Тоҷикистон РБТ”, “Тента-Кӯлоб” ва “ХИМА Текстил” дар Намоишгоҳи байналмилалии нассоҷии Истанбул Тоҷикистонро намояндагӣ мекунанд.


е-mail: javonontj@mail.ru

2

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН» №5 (9431), 4 феврали соли 2016

Тавилдара Сангвор, Шӯрообод Шамсиддин Шоҳин мешаванд Аз ҷониби Пешвои миллат, Президенти ҷумҳурӣ Эмомалӣ Раҳмон қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон доир ба тағйир додани номи як қатор шаҳру ноҳияҳо ва объектҳои ҷуғрофии мамлакат ба имзо расида, ба баррасии Маҷлиси миллии Маҷлиси Олӣ пешниҳод гардид. Тибқи қарорҳои Ҳукумати ҷумҳурӣ, ки дар асоси пешниҳоди маҷлисҳои вакилони халқи вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо таҳия шуда, ба имзо расидааст, ноҳияи Ҳисор ба шаҳри Ҳисор, ноҳияи Тавилдара ба ноҳияи Сангвор, ноҳияи Ҷиргатол ба Лахш, ноҳияи Ҷалолиддини Румӣ ба ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ, Ҷиликул ба Дӯстӣ, Қумсангир ба Ҷайҳун, Шӯрообод ба ноҳияи Шамсиддини Шоҳин, шаҳри Қайроққум ба шаҳри Гулистон, Чкалов ба Бустон, Ғончӣ ба Деваштич ва обанбори Қайроққум ба обанбори “Баҳри Тоҷик” табдил меёбанд.

Ҳадаф аз тағйири номи шаҳру ноҳияҳо ва обанбор амалӣ намудани дархосту пешниҳод ва ормонҳои ватандӯстонаи мардум доир ба барқарор намудани асолати таърихии номҳо, тарғибу ташвиқи анъанаҳои волои миллӣ, ба назар гирифтани хосиятҳои маҳалҳои ҷойгиршавӣ ва мусоидат ба баланд бардоштани ҳисси ифтихору сарфарозии аҳолӣ ва хусусан бедор намудани хотираи таърихии насли ҷавону навраси кишвар аз фарҳангу тамаддуни пурғановати ниёгон ва давлатсозии муосири миллати бостонию созандаи тоҷик аст.

Чаро қурби асъори миллӣ поён рафт? Новобаста аз чораҳои андешидаи Бонки миллӣ соли 2015 қурби сомонӣ нисбат ба доллари ИМА тамоюли пастравӣ дошт ва қурби расмии он аз 5,30 сомонӣ то 6,99 (31,7%) сомонӣ поён рафт. Дар ин муддат қурби расмии сомонӣ нисбат ба евро 18,5% ва рубли русӣ 16,1% коҳиш ёфт. Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҷамшед Нурмуҳаммадзода дар нишасти матбуотӣ гуфт, ки ба коҳиш ёфтани қурби пули миллӣ нисбат ба асъори хориҷӣ як қатор омилҳо таъсир расонданд. Яке аз омилҳо камшавии вуруди асъори хориҷӣ ба ҷумҳурӣ мебошад. Ҳарчанд интиқол бо рубли русӣ афзоиш ёфт, вале воридшавии доллари ИМА кам шуд. Омили дигар коҳиш ёфтани ҳаҷми гардиши тиҷорати хориҷӣ мебошад. Ноустувории рушди иқтисодиёти кишварҳои шарикони асосии савдо ва ноустувории қурби миллии ин кишварҳо, махсусан Русияву Қазоқистон омили дигари коҳиш ёфтани қурби пули миллӣ ба шумор меравад. Раиси Бонки миллӣ дар ин хусус ҷой доштани омили ҳаннотиро низ таъкид намуд. Ӯ ба саволи он, ки чаро баъди қатъ кардани фаъолияти саррофон қурби асъори хориҷӣ

якбора баланд шуд, чунин посух дод: “Мо баҳонаи саррофон накардем, балки яке аз омилҳо гуфтем. Саррофон маблағҳои зиёдро гирифта, гардиш медоданд, фоида мегирифтанд. Аз ин рӯ, фаъолияташонро бастем”. Ҷамшед Нурмуҳаммадзода гуфт, ки Бонки миллӣ мақсад дорад, барои тағйиру илова даровардан ба Кодекси ҷиноятӣ пешниҳод ироа намояд. Дар асоси тарҳи мазкур қарор аст, ки барои табодули ғайриқонунии асъори хориҷӣ

мусодираи он ва 9 соли ҳабс пешбинӣ шавад. Вобаста ба буҳрони иқтисодӣ на танҳо пули миллии Тоҷикистон, балки асъори миллии аксари кишварҳои дунё нисбат ба доллари ИМА заиф шудаанд. Чунончи, соли гузашта манати Озарбойҷон 98,8%, тангаи Қазоқистон 86,2%, сӯми Ӯзбекистон 16,0%, риёли Эрон 10,9% ва юани Чин 5,7% нисбат ба доллари ИМА коҳиш ёфт. С. НАҶМИДДИНЗОДА, “ҶТ”

1,7 миллион бех ниҳол ба фурӯш тайёр аст

www.javonon.tj

Мувофиқи «Барномаи рушди хоҷагии ҷангал дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» бо маблағгузории Ҳукумати мамлакат ба маблағи 1 миллону 800 ҳазор сомонӣ дар майдони 200 гектар 1 миллион бех ниҳоли сафедор шинонда шуд. Дар ин хусус муовини директори Агентии хоҷагии ҷангали назди ҳукумати ҷумҳурӣ Мустафоқул Султонов дар нишасти матбуотӣ иттилоъ дод. Умуман дар муддати 10 сол дар 47 хоҷагии системаи агентӣ дар майдони 900 гектар ниҳолҳои сафедор шинонда шуд. Ҷумҳурии мо солона ба 750 000 метри кубӣ чӯби корӣ (сохтмонӣ) ниёз дорад. Муассисаҳои хоҷагии ҷангали ҷумҳурӣ соле аз ин миқдор ҳамагӣ 1%-ро истеҳсол мекунад. Ин рақам соли 2030 ба 2% расида, 48 000 метри кубиро ташкил хоҳад дод. Соли спаришуда дар майдони 1987 гектар корҳои бунёду барқароркунии ҷангалзорҳо гузаронида шуд, - гуфт директори Агентии хоҷагии ҷангали назди Ҳукумати ҷумҳурӣ Азизулло Исматзода. - Илова бар ин, ба миқдори 14872 кило тухми дарахту буттаҳои ҳархела ҷамъоварӣ шудааст, ки барои рушди ниҳолпарварӣ ва бунёди ҷангалзорҳои нав истифода мешаванд. Зикр гардид, ки аз тарафи ташкилоту муассисаҳои системаи агентӣ дар асоси дастуру супоришҳои Президенти мамлакат соли гузашта дар ду тарафи шоҳроҳҳои Душанбе-Ваҳдат, Файзобод-Роғун, Норак-Данғара, Ҷиргатол-Саритош, Душанбе-Чанок, Кӯлоб-Қалъаи Хумб ва талу теппаҳои ин мавзеъҳо барои кабудизоркунӣ 27191 бех ниҳолҳои ороишӣ, сояафкан ва мевадиҳанда шинонида шуд. Ҳоло дар КВД ниҳолпарварӣ 1 миллиону 702 ҳазор бех ниҳол ба фурӯш тайёр аст. С. САЙФИДДИН, “ҶТ”

Имсол 246 корхона сохта мешавад Боиси хушнудист, ки дар даҳ соли охир бори аввал ҳаҷми маҳсулоти саноатӣ дар маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ (ММД) афзоиш ёфта, ба 7,5 милиард сомонӣ (12,8%) расид. Шавкат Бобозода, вазири саноат ва технологияҳои нави ҷумҳурӣ, дар нишасти матбуотӣ иттилоъ дод, ки соли 2015 дар соҳаҳои саноатии минтиқаҳои дорои манбаи зарурии ашёи хом 468 корхона ва коргоҳҳои нави истеҳсолӣ таъсис ёфтаанд. Соли равон ба истифода додани 246 корхона ба нақша гирифта шудааст. Солҳои пеш Тоҷикистон қисми зиёди сементро аз хориҷи кишвар (Покистон, Эрон...) ворид мекард. Баъди ба истифода додани чанд корхонаи саноатӣ истеҳсоли семент дар мамлакат ба 1,4 миллион тонна расид. Қариб 77%-и сементи мамлакат дар корхонаи “ХуаксинҒаюр семент” истеҳсол мешавад. Бори аввал ба хориҷи мамлакати (Афғонистон) 500 тонна семент содир карда шуд. Истеҳсоли семент ва ҳаҷми содироти он соли ҷорӣ афзоиш хоҳад ёфт. - Вазорат чорабиниҳоро дар соҳаи истесоли ангишт бо дарназардошти нақшаи рушди иҷтимоиву иқтисодии мамлакат, афзудани аҳамияти ангишт ҳамчун манбаи сӯзишворӣ, воситаи таъминоти энергияи гармӣ барои корхонаҳои саноатӣ ва марказҳои барқу гармидиҳӣ муайян намудааст, - гуфт Шавкат Бобозода. - То имрӯз зиёда аз 200 корхона ба истифодаи ангишт гузаронида шудаанд. Дар назар аст, ки истеҳсоли ангишт имсол ба 1,7 миллион тонна расонида шавад. Қариб 65% истеҳсоли ангишт ба КФ “Шахта Фон-Яғноб” рост меояд. Баъди дар ноҳияи Ҳисор ба истифода додани корхонаи муосири хиштбарорӣ истеҳсоли он ба маротиб зиёд шуда, нархи як дона хишт аз 1 сомонӣ ба 30 дирам поён фуромад. Корхонаҳои хурде, ки дар онҳо арзиши аслии 1 дона хишт аз 40-50 дирам баланд буд, аз фаъолият боз монданд. Соли гузашта бо мақсади рушди минбаъдаи соҳаи атласу адрасбофӣ ва қолинбофӣ шароити беҳтар фароҳам оварда шуд. Нахустин бор ба пиллапарварони вилояти Хатлон муяссар шуд, соле ду бор ҳосил гиранд. Ҳарчанд ҳосили пилла кам шуда бошад ҳам, сифати он беҳтар гардид. - Зиёд кардани истеҳсоли пилла аҳамияти сиёсиву иқтисодӣ дошта, он як бахши таъриху тамаддуни мост, - гуфт Шавкат Бобозода. - Имсол 300 қутти тухмии “Элита”-и кирмак ба ҷумҳурӣ ворид карда мешавад. Оянда тухми “Элита” дар худи ҷумҳурӣ тайёр карда хоҳад шуд. С. АМИНИЁН, “ҶТ”

Гумшавии бағоҷ 55,8% кам шуд Соли 2015 ҶСК “Тоҷик эйр” 3062 парвоз анҷом дода, аз хизматрасониҳои он 311 800 нафар мусофир истифода бурдааст. Ҳаҷми интиқол дар хатсайрҳои дохилӣ 2 баробар афзуд. Соли сипаришуда вобаста иқтидори боркашонии фурудгоҳ ба наомадан, осеб дидан ва афзуда, барои ба бозори дохилӣ гум шудани бағоҷ 1341 ариза- ҷалб намудани ширкатҳои ву дархост ворид гардида, то хориҷии таҳвилдиҳандаи бор, имрӯз 1336 арзу шикоят қонеъ афзоиш ёфтани ҳаҷми содирокунонида шуда, 5-тои дигар дар ти маҳсулоти кишоварзӣ, бунёмарҳилаи баррасӣ қарор дорад. ди шабакаи васеи хатсайрҳои Соли сипаришуда татбиқи транзитӣ ва аз бунбасти лоиҳаи нави байнидавлатӣ - сох- коммуникатсионӣ раҳо шудани тмони терминали боркашонӣ мамлакат заминаи хуб фароҳам оғоз гардид, ки аз ҷониби Аген- меояд. тии Ҷопон оид ба ҳамориҳои Ҳоло дар ҶСК “Тоҷик эйр” байналмилалӣ (JICA) дар доираи ҳавопаймои тамғаҳои “Боинг” Созишномаи грантии байни ва “Ан-28” инчунин 3 чархболи Ҳукумати ҷумҳурӣ ва агентии МИ-8 ба мусофирон хизмат мемазкур доир ба “Беҳтар наму- расонанд. Дар назар аст, ки ояндани инфрасохтори Фурудгоҳи да дар назди терминали нави байналмилалии Душанбе” фурудгоҳ таваққуфгоҳи замонимаблағгузорӣ мешавад. вию зебо сохта шавад. Баъди ба истифода дода шудани терминали мазкур С. СУННАТӢ, “ҶТ”


НАВИГАРИҲОИ ВАРЗИШ

«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН» №5 (9431), 4 феврали соли 2016

3

Мусобиқаи панҷуми футбол барои дарёфти Ҷоми Федератсияи футболи Тоҷикистон имсол низ дар ду марҳала баргузор мегардад.

Мусовии Тоҷикистону Ӯзбекистон 27 январ дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон дар доираи омодагӣ ба чемпионати Осиё-2016 бо тими футзали Узбекистон бозии санҷишӣ гузаронд. Бозӣ дар маҷмаи варзишии “Ӯзбекистон”-и шаҳри Тошканд доир гашта, бо ҳисоби 1:1 ба анҷом расид. Ҳисобро дар дақиқаи 7-ум Нодир Элбоев, бозингари тими мизбон кушод. Дар дақиқаи 11-ум голи ҷавобии тими мунтахаби Тоҷикистонро Дилшод

Саломов ба ҳадаф расонд. Тими мунтахаби футзали кишвар дар чемпионати Осиё-2016, ки 10-21 феврали соли равон дар Тошканд баргузор мегардад, дар гурӯҳи “С” бо дастаҳои Тайланд, Ветнам ва Тайван рақобат мекунад.

Ба иттилои сомонаи fft.tj марҳалаи аввали Ҷоми ФФТ дар вилояти Суғд 5-25 феврал ва дар Душанбею Хатлон 1025 феврал баргузор мегардад. Дар мусобиқа дастаҳои лигаи олӣ, лигаи аввал ва дуюм метавонанд иштирок кунанд. Дар вилояти Суғд иштироки дастаҳои хориҷӣ низ иҷозат дода шудааст. Дудастаӣ аз Суғду Хатлон ва чор даста аз Душанбе ба даври финалӣ роҳ меёбанд ва дар ду гурӯҳи чордастаӣ тақсим мешаванд. Дастаҳои иштирокчии мусобиқа, агар бо сабабе аз идомаи сабқатҳо даст кашанд, дар ҳаҷми 10000 сомонӣ ҷарима мешаванд. Дастаи ғолиб аз минтақаи Суғд дар даври финалӣ ба гурӯҳи “А” шомил мегардад, тими ҷои дуюм – ба гурӯҳи “В”. Аз Хатлон дастаи ғолиб дар

Ҳисобро дар дақиқаи 32-юм футболбози тими Душанбе Парвизҷон Умарбоев кушод. Ба ин гол бозингари “Хуҷанд” Марифҷон Марифбоев ҷавоб дод. Ин бозии сеюми санҷишӣ миёни ду тим дар 17 рӯзи охир аст. Ду бозии қаблии дастаҳо, ки 12 ва 15 январ дар Қайроққум доир шуданд, низ мусовӣ – 1:1, 2:2 анҷом ёфтанд. Тими “Хуҷанд” дар доираи омодагӣ ба бозии интихобии Ҷоми КФО-2016 бо дастаи “Аҳлӣ ал-Халилӣ”-и Фаластин (9 феврал) 2 феврал бо дастаи КМВА “Помир” вохӯрд. Бозӣ бо натиҷаи 2:1 ба анҷом расид. “Истиқлол” бошад, ба мавсими нав дар шаҳри Анталияи Туркия омодагӣ мебинад. Дар ҷараёни машғулиятҳои машқӣомӯзишӣ бо дастаҳои хориҷӣ чанд бозии дӯстона дар назар аст.

мил мешаванд. Ду соли охир (2014 ва 2015) Ҷоми ФФТ насиби “Истиқлол”-и Душанбе гашт. Аз ин пеш “РегарТадАЗ”-и Турсунзода (2012) ва “Хайр”-и Ваҳдат (2013) сазовори Ҷоми ФФТ шуда буданд.

Варзиш ҷавононро аз беҳудагардӣ бозмедорад Дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ бо ибтикори Бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии ноҳия мусобиқаи футбол байни ҷамоатҳои деҳот ҷараён дорад.

Сеюм мусовии «Истиқлол» бо «Хуҷанд» Бозии санҷишӣ миёни қаҳрамони мамлакат “Истиқлол”-и Душанбе ва барандаи медалҳои нуқраи чемпионати кишвар “Хуҷанд”-и Хуҷанд, ки 29 январ дар варзишгоҳи марказии ҷумҳурӣ доир гашт, мусовӣ – 1:1 анҷом ёфт.

даври финалӣ дар гурӯҳи “В” ва дастаи ҷои дуюм дар гурӯҳи “А” бозӣ мекунанд. Дастаҳое, ки дар минтақаи Душанбе ҷойҳои 1-ум ва чорумро ишғол мекунанд, ба гурӯҳи “В” ва дастаҳои ҷойҳои 2 ва 3 ба гурӯҳи “А” шо-

е-mail: javonontj@mail.ru

Ҷоми ФФТ дар ду марҳала баргузор мешавад

Мусобиқаи Ҷоми ФФД оғоз шуд 30 январ дар майдони эҳтиётии Варзишгоҳи марказии ҷумҳурӣ мусобиқаи футбол барои дарёфти Ҷоми Федератсияи футболи Душанбе оғоз гардид.

таҷриба андухтанд. Ҳайати дастаро асосан ҷавонон ташкил медиҳанд. Анвар Зоғаков, капитани дастаи “Зафаробод” мегӯяд, дастаи онҳо таҳти сарпарастии Гулмаҳмад Турдиев ташкил шуд. Бо сохтани майдони нави футбол ҷавонон ба варзиш рӯ оварда, аз беҳудагардию амалҳои ношоиста дур шуданд. Агар дар ҳамаи деҳаҳо мардони саховатпеша майдону толорҳои варзишӣ созанд, ҷавонон ба амалҳои номатлуб даст нахоҳанд зад.

www.javonon.tj

Дар мусобиқа 21 даста дар ду гурӯҳ ширкат доранд. Ба гурӯҳи “А” дастаҳои «Ромис-Испечак», МҶМОВ, «Соро компания», «Султони Кабир», «Танзим», ДМТ, «Ховар», «Фароз», «Мирзочул» ва «Формула Успеха» шомиланд. Гурӯҳи «В» аз дастаҳои «Айнӣ», «Ваҳдат», «Ҷовид», «Истиқлол-2», «Очамайлӣ», ДСТР, «Рӯдакӣ», тими мунтахаби наврасони кишвар (U-14), «Сохтмони кишвар», «Чехов» ва «Ҷӯйбодом» таркиб ёфтааст. Тибқи низомнома, дастаҳо дар гурӯҳҳо дар як давр якбозигӣ анҷом медиҳанд. Чордастаӣ аз ҳар ду гурӯҳ ба даври чорякфинал роҳхат гирифта, барои ба даври нимфинал роҳ ёфтан талош мекунанд. Ғолибони даври нимфинал 4 апрел барои ҷом мубориза мебаранд.

Дар мусобиқа 18 даста иштирок карданд. Дастаҳои “Зафаробод” ва “Тоҷикистони сурх” маҳорати хуб нишон доданд. Сабаби бозии хуб нишон додани ин дастаҳо он аст, ки ҳар ду даста чанде пеш соҳиби майдон шуданд ва ҳайати дастаҳо пайваста бозӣ мекарданд. Ба гуфтаи Гулмаҳмад Сангов, капитани дастаи “Тоҷикистони сурх” дастаи онҳо таҳти сарпарастии Сафар Шарифов ба наздикӣ соҳиби майдони футбол шуд ва дар муддати кӯтоҳ


АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ Ҳаҷми боркашонӣ тавассути роҳи оҳан кам шудааст

е-mail: javonontj@mail.ru

4

«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН» №5 (9431), 4 феврали соли 2016

Соли 2015 ҳаҷми боркашонӣ тариқи роҳи оҳан ба ҷумҳурӣ 6 миллион 121 ҳазор тоннаро ташил дод, ки нисбат ба соли 2014 688 ҳазор тонна кам мебошад. Инчунин соли сипаришуда воридоти маҳсулот 3 миллиону 957 ҳазор тоннаро ташкил дод, ки нисбат ба соли 2014 364 ҳазор тонна камтар аст.

Парчамбардорон донишҷӯёни ДТҶТ мебошанд Шодӣ Сафарзода, ректори Донишкадаи тарбияи ҷисмонӣ ба номи Саидмуъмин Раҳимов дар нишасти матбуотӣ иброз дошт, ки ҳамаи варзишгароне, ки дар арсаи ҷаҳон парчамбардоранд, донишҷӯёни донишкадаи мо ҳастанд. Мавсуф таъкид намуд, ки барои пешрафти соҳаи варзиш бо 21 донишкадаю донишгоҳҳои ҷаҳонӣ ҳамкорӣ доранд. - Барои сафарбар намудани варзишгарон аз намудҳои варзиши даставӣ мушкилӣ дорем. Дастаи волейболбозони мо ҳамаҷиҳата омодаанд, ки дар мусобиқаҳои бонуфуз

натиҷаҳои хуб ба даст оранд. Аммо клубу муассисаҳои варзишии ҷаҳонӣ, ки мусобиқаро мегузаронанд, маблағи зиёд дархост мекунанд. То бартараф шудани ин мушкилиҳо мо ҳамаҷониба дастаҳоро омода мекунем, - афзуд ректор. Шодихони НАЗАР “ҶТ”

Дар ҳамин ҳол содироти молҳои хоҷагии халқ 601 ҳазор тоннаро ташкил дод, ки нисбат ба соли 2014 85 ҳазор тонна бештар мебошад. Баҳром Шодиев, муовини аввали директори КВД “Роҳи оҳани Тоҷикистон”, зимни нишасти матбуотӣ хабар дод, ки бо мақсади зиёд намудани ҳаҷми боракашониву мусофирбарӣ дар давоми соли 2016, аз тарафи КВД “Роҳи оҳан” сабукиҳо пешниҳод шуданд: ба тоҷирону соҳибкорону кишоварзони ватанӣ барои кашонидани маҳсулоти зудвайроншавандаи кишоварзӣ аз 20 то 50 фоиз, барои кашонидани алюминий 50 фоиз ва қуми кварсӣ 20 фоиз. Ҳамзамон, аз тарафи Роҳи оҳани Ӯзбекистон барои борҳои аз Тоҷикистон ё баръакс интиқолшаванда

сабукиҳо пешниҳод шудааст: барои боркашонии транзитии нафт ва маҳсулоти нафтӣ, оксиди аллюминий (гилхок), алюминий дар ҳами 15 фоиз, барои дигар борҳо дар ҳаҷми 10 фоиз. Аз тарафи ИДМ барои боркашонии содиротӣ тавассути Ӯзбекистон ба Тоҷикистон: нафт ва маҳсулоти нафтӣ, оксиди алюминий (гилхок), алюминий 63 фоиз, борка-

Ҳасан АЗИЗОВ, “ҶТ”

ДДТТ: 37 800 сомонӣ кӯмак ба донишҷӯёни маъюб

Соли 2015 1 млрд. 400,2 млн. кВт/соат барқ содир шуд

Убайдулло Қурбон, ректори Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон дар нишасти матбуотӣ изҳор дошт, ки соли 2015 донишгоҳро 1147 нафар (61 нафар бо дипломи аъло) хатм намуда, тибқи нақшаи қабули довталабон ба донишгоҳ 1410 нафар, аз ҷумла 110 нафар тибқи квота қабул гардиданд.

Соли 2015 истеҳсоли нерӯи барқ дар ҷумҳурӣ аз ҳамаи манбаъҳо (Ширкати “Барқи тоҷик”, ҶСК НБО “Сангтӯда-1”, ҶСК НБО “Сангтӯда-2”, ҶСК “Помирэнержӣ”) 17 млрд. 134 млн. кВт/соатро ташкил дод, ки нисбат ба соли 2014 706,1 млн. кВт/соат зиёд буда, суръати афзоиш 104,3% таъмин карда шуд.

“Ба донишҷӯёни маъюб ва ятимони кулл дастгирии молиявӣ расонида шуда, дар ин давра ба 43 нафар ятимони кулл ва 34 нафар маъюбон ба маблағи беш аз 37 800 сомонӣ сару либоси мавсимӣ тақдим шуд, - афзуд У. Қурбон. - Инчунин ба маблағи 110 436 сомонӣ стипендия ва кӯмакпӯлиҳо дода шуданд”. Зикр шуд, ки имрӯз донишгоҳ бо 89 муассисаҳои илмию таълимии 25 давлати хориҷа ҳамкорӣ дорад. Беҳрӯз ХОЛМУРОДОВ, “ҶТ”

Тракторҳои тасмачарх куҷо шуданд? - Корхонаи воҳиди давлатии «Тоҷикагролизинг» аз давраи таъсисёбӣ то ин дам 1116 адад техникаҳои гуногунтамға, 1641 адад таҷҳизоти кишоварзиро бо маблағи 138,6 миллион сомонӣ харидорӣ намудааст, - изҳор намуд зимни нишасти матбуотӣ сарвари корхона Юсуф Акрамзода. – Ба хоҷагиҳои деҳқонии кишвар 1014 адад техника ва 820 адад таҷҳизоти кишоварзӣ ба маблағи 113 миллион сомонӣ тариқӣ иҷораи молиявӣ (лизингӣ) дода шудааст.

www.javonon.tj

шонии контенерӣ 60,4 фоиз ва барои дигар борҳо дар ҳаҷми 43 фоиз. - Соли гузашта аз хизмати қатора 426,8 ҳазор мусофир истифода бурданд, ки нисбат ба соли 2014 22,5 ҳазор нафар кам мебошад. Айни замон ба самти Русия қатораҳои мусофирбарӣ “Душанбе-Москва” ҳафтае 3 маротиба, “Хуҷанд-Москва” ҳафтае 1 маротиба ҳаракат мекунанд. Дар дохили кишвар қатораи наздишаҳрии “Ду ш а н б е - П а х т а о б о д ” ҳаррӯза ҳаракат мекунад. Хатсайри «Душанбе-Конибодом» ҳар сол дар мавсими баҳору тирамоҳ бо дархости Вазорати мудофиаи мамлакат фаъол мешавад, - иброз дошт Б. Шодиев.

Тавре Ю. Акрамзода ба хабарнигорон иттилоъ дод, соли гузашта 390 адад техникаю таҷҳизоти кишоварзӣ ба маблағӣ 20,9 миллион сомонӣ харидорӣ шудааст, ки нисбат ба як сол пеш 167 адад техникаю таҷҳизот ва 5,2 миллион сомонӣ зиёд мебошад. Ҳамчунин муддати соли пешин дар 11 шаҳру навоҳии кишвар марказҳои хизматрасонии техникӣ таъсис ёфта, дар як қатор марказҳо машварат оид ба таъсис, муҷаҳҳзгардонии марказҳои хизматрасонии техникӣ ва таъмини хоҷагиҳои деҳқонӣ бо техника ва таҷҳизоти кишоварзӣ тавассути иҷораи молиявӣ (лизингӣ) гузаронда шуд. - Баргузор намудани чунин машваратҳо, намоиши

техника ва фурӯши он аз чанд ҷиҳат фоидаовар гардид, - гуфт Ю. Акрамзода. – Пеш аз ҳама мо тавонистем техника ва таҷҳизоти истеҳсоли корхонаҳои ватанӣ ва хориҷиро ба намоиш гузорем. Дар машваратҳо олимону мутахассисони соҳа фикру андешаҳои худро нисбат ба масоили ҷойдошта баён карда, маслиҳатҳои муфид пешниҳод намуданд. Ҳамчунин, деҳқонон аз наздик бо техникаю таҷҳизот шинос гардида, намуди дилхоҳашонро интихоб ва бо тариқи иҷораи молиявӣ, яъне лизингӣ онҳоро дастрас карданд. Хабарнигорон аз роҳбари корхона пурсон шуданд, ки дар хоҷагиҳои деҳққонӣ айни замон тракторҳои тасмачарх қариб дида намешавад. Дар ҳама ҷо танҳо

Усмоналӣ Усмонзода, вазири энергетика ва захираҳои оби ҷумҳурӣ, дар нишасти матбуотӣ изҳор дошт, ки соли гузашта ҳаҷми умумии содироти нерӯи барқ 1 млрд. 400,2 млн. кВт/соатро ташкил дод: ба Ҷумҳурии Исломии Афғонистон 1 млрд. 181,9 млн. кВт/соат, Ҷумҳурии Қирғизистон 204,9 млн. кВт/соат ва аз ҷониби ҶСК “Помирэнержӣ” 4,3 млн. кВт/соат. Дар маҷмуъ, Тоҷикистон соли 2015 нерӯи барқро бо маблағи зиёда аз 48,4 млн. доллари ИМА содир намуд. Дар посух ба суоли хабарнигорон ҷиҳати таъмини аҳолӣ бо барқ гуфта шуд, ки таъмини барқ дар тамоми минтақаҳои ҷумҳурӣ аз ҷониби тамоми сохторҳои “Барқи тоҷик” зери назорати қатъӣ гирифта шуда, аҳолии кишвар 13 соат бо нерӯи барқ таъмин мебошад. Беҳрӯз ХОЛМУРОДОВ, “ҶТ” тракторҳои чархдор истифода мешавад, ки асосан барои коркард пешбинӣ шудаанд, на барои шудгор. Истифодаи тракторҳои чархдор ҳангоми гузарондани шудгори замин, бахусус дар шароити кӯҳсор хавфнок аст. Ба ин суол Ю. Акрамзода чунин посух дод: “Дар ҳақиқат, нарасидани тракторҳои тасмачарх айни замон хеле зиёд эҳсос мешавад. Барои кишоварзони мо то 10 ҳазор адад чунин намуди техника лозим аст. Лекин ҳоло деҳқонони мо соҳибихтиёранд. Онҳо намуди техникаи писандидаи худро дастрас месозанд. Баъдан арзиши тракторҳои тасмачарх нисбат ба чархдор хеле зиёд, нигоҳубин ва харҷи сӯзишвориашон бештар аст. Ин ҳолатҳо деҳқонони моро водор месозад, техникаи нисбатан арзон ва камхарҷро дастрас намоянд. Айни замон ба кишоварзон бештар техникаи истеҳсоли ҷумҳурии Белорус писанд аст. То 95 фоизи техникаи дар хоҷагиҳои деҳқонӣ истифодашаванда истеҳсоли кишвари мазкуранд. Т. ДАВЛАТ, “ҶТ”


ПУРСИШИ “ҶАВОНОН...“

«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН» №5 (9431), 4 феврали соли 2016

5

Ҷавонон, забономӯзӣ... – нуктаҳои асосии Паём

Атобилло РАҲИМҶОНОВ, донишҷӯи курси 2-и факултети ҳуқуқшиносии ДМТ: - Барои мо, ҷавонон боиси ифтихор аст, ки Президенти кишвар, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар сиёсати давлатии худ ба ҷавонон ҳамчун нерӯи ояндасози миллат муносибати хоса доранд. Ин нуктаро мо дар Паёми имсолаашон чунин дарёфтем: «Мо бояд барои ҷавонон чунин шароите муҳайё созем ва онҳоро тарзе тарбия кунем, ки фарзандони мо дар зиндагӣ роҳи дурустро интихоб намоянд, илму донишҳои муосирро азхуд кунанд, касбу ҳунарҳои замонавиро омӯзанд ва оянда мақоми арзандаи худро дар ҷомеа соҳиб шаванд». Фараҳмандии Сарвари давлат низ боиси ифтихор аз як ҷониб ва аз ҷониби дигар афзудани масъулияти дучанди мо, ҷавонон аст: «Мо бо ҷавонони созандаи худ ифтихор мекунем, чунки ҷавонони даврони соҳибистиқлолии Ватанамон имрӯз бо нангу номуси миллӣ, ташаббусҳои шоиста ва эҳсоси баланди ватандорӣ дар рушди Тоҷикистони азиз ҳиссаи арзишманд мегузоранд ва ба Модар – Ватани худ содиқона хизмат мекунанд». Ҳамзамон, шоистаи таъкид аст, ки нигаронии Президенти мамлакат аз шомилшавии бархе аз ҷавонон ба ҳар гуна ҳизбу гурӯҳҳои тундраву даҳшатафкан ва даст ба ҷиноят задани онҳо ҷой дошт. Дар ҳақиқат, он ҷавонони гумроҳе, ки дар муноқишаҳои мусаллаҳонаи дохилии кишварҳои дигар аз ҷониби гурӯҳҳои тундраву ифротгаро бар зидди ҳукуматҳои конститутсионии ин кишварҳо меҷанганд, аз моҳият ва оқибати амали худ огоҳ нестанд, ки ин аз сатҳи пасти шуури ҳуқуқии онҳо дарак медиҳад. Таваҷҷуҳи махсуси Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбат ба ҷавонон аз он шаҳодат медиҳад, ки ҷавонон воқеан давомдиҳандагони ҳадафҳои олии кишвар, ояндасозони давлату миллат ва номбардорони Ватани аҷдодӣ мебошанд.

Муҳаммадиқбол АТОЕВ, мудири шуъбаи матбуоти Китобхонаи миллии Тоҷикистон: - Паёми имсолаи Пешвои миллат асосан паёми иқтисодӣ буд. Зеро ҷаҳон дар рӯ ба рӯи як варшикастагии иқтисодӣ қарор дорад ва давлатҳо ҳар шашмоҳа аз 30 то 50 фисади қурби пули миллии худро аз даст доданд ва аксари тоҷирон ва корхонаҳои хурди истеҳсолоӣ дар бозори мол варшикаста шуданд. Сарвари давлат низ вобаста ба авзои ҷаҳон паёми солонаи худро ироа намуданд, ки барои блоки иқтисодии ҳукумат, вазорату идораҳо ва дар маҷмуъ барои мардуми кишвар як роҳнамо маҳсуб мешавад. Масъулини вазорату идораҳо дар ин росто бояд устокорона амал намуда, вариантҳои гуногуни рафъи проблемаҳои иқтисодии кишварро дошта бошанд. Сарвари давлат дар баробари ин ҳама масъалаҳои иқтисодӣ, ки яке аз масъалаҳои ҷаҳонӣ маҳсуб мешавад, ба масъалаи ҷавонон низ дахл намуданд ва муътамандона умедвории худро ба насли нави кишвар равона карданд. Ин эътимоду боварии Сарвари давлат ҷавононро водор месозад, ки талош намоянд ва ормонҳои Сарвари давлатро бо донишу зиракии сиёсӣ ҷомаи амал пӯшонанд...

Муборак МУМИНОВА, магистри соли 1-уми кафедраи забони англисии Академияи илмҳои ҷумҳурӣ: - Президенти ҷумҳурӣ Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатии худ ба Маҷлиси Олӣ қайд карданд, ки омӯхтани забонҳои хориҷӣ ва махсусан забони англисӣ барои ояндаи пойдори ҳар фарди ҷомеа ва умуман давлат нақши асосиро мебозад. Воқеан барои омӯхтани забони англисӣ дар ҷумҳурӣ шароит фароҳам аст. Ҳамчунин бояд зикр намуд, ки дар ҷумҳурӣ нисбат ба солҳои пешин сатҳи забондонии мардум пеш рафтааст. Барои такмил додани дониши забонӣ ва махсусан омӯхтани забони англисӣ бояд дар муассисаҳои таълимӣ аз тамоми намудҳои усули фаъоли таълимии забономӯзӣ истифода намуд. Аммо қайд кардан ба маврид аст, ки дар ҷумҳурии соҳибистиқлоли мо дар радифи забони русӣ забони англисӣ низ чун яке аз забонҳои муҳими муошират ва ҳамкории байнидавлатӣ маҳсуб меёбад. Дар баробари шинохта шудани давлати тоҷикон дар арсаи ҷаҳонӣ, эътибори дигар давлатҳои пешрафтаи ҷаҳон ба давлати мо зиёд гашта истодааст. Забони англисӣ дар радифи забонҳои муоширати байналмиллалӣ ҷои аввалро ишғол менамояд. Ин аз он шаҳодат медиҳад, ки омӯзиши забони англисӣ ба нафъи ҳар як фарди тоҷик ва дар умум ба нафъи давлат мебошад.

Диловар РӮЗИЕВ, иқтисодчии ҷавон: - Дар паёмҳои Президенти кишвар ҳамасола ҷиҳати ноил гардидан ба ҳадафҳои стратегӣ, пеш аз ҳама, таъмини истиқлолияти энергетикӣ, пурра аз бунбасти коммуникатсионӣ баровардани мамлакат ва ҳифзи амнияти озуқаворӣ мунтазам баррасӣ ва таъкид мегардад. Барои рушди амнияти озуқаворӣ моро лозим аст, ки бештар фикру андешаи худро ба самти хоҷагии қишлоқ равона созем. Барои хуб таъмин гардидани амнияти озуқаворӣ хоҷагии қишлоқи ҷумҳурӣ бояд дар самти рушд қарор дода шавад. Мутаассифона, баъзе омилҳое вуҷуд доранд, ки ба ин чиз таъсири зиёд расонда метавонанд. Аввал ин ки дар кишвар дар тамоми хоҷагиҳои қишлоқ дар мақоми сардорони хоҷагии фермерӣ шахсоне фаъолият мекунанд, ки ҳамагӣ шаш фоиз маълумоти олии касбӣ доранд. Аксари онҳо, ки ҳамчун сардорони хоҷагиҳои фермерӣ кор мекунанд, ё танҳо маълумоти миёна доранд, ё ин ки маълумоти нопурраи олӣ доранд ва ё агар маълумоти олӣ дошта бошанд ҳам, ба ин самт ягон дахолате надорад. Ба ҳамин хотир то ҳол амнияти озуқавории мо ба таври бояду шояд таъмин нагардидаст. Дар оянда барои таъмини ҳарчи беҳтару самараноки амнияти озуқаворӣ моро мебояд, ки пеш аз ҳама аз чунин бетартибиҳо ҷилавгирӣ намоем. Чаро ки амнияти озуқаворӣ яке аз фишангҳои асосии ба танзимдарории қурби пули миллӣ мебошад. Агар мо озуқавории худро таъмин намоем, метавонем дар кишвар қисман беқурбшавии асъори миллиро коҳиш диҳем.

www.javonon.tj

Шералӣ РИЗОЕВ, сардори Раёсати таҳлил ва ояндабинии сиёсати дохилии Маркази тадқиқотии стратегии назди Президенти ҷумҳурӣ: - Паём як ҳуҷҷати бисёр муҳим аст ва дар аксари давлатҳои соҳибихтиёр ва миллӣ ҳамин гуна раванд вуҷуд дорад. Яъне Роҳбари давлат дар аввали сол бо Паёми солона ба мардуми кишвараш муроҷиат мекунад ва дар доираи он ба сохторҳои Ҳукумат супоришҳо медиҳад. Дар Паёми имсолаи Пешвои миллат чанд нукта вобаста ба ҷавонон зикр гардид, ки он пеш аз ҳама ба таҳдиду хатарҳои имрӯзаи ҷаҳонӣ вобастагӣ дорад. Хатари аввал ё хатари асосие, ки имрӯзҳо ҷавонони мо ба он рӯ ба рӯ шудаанд, зуҳуроти номатлуб, аз қабили тундгароӣ мебошад. Зарурати ин масъала дар он аст, ки агар насли ҷавон андешаҳои бегонаро ҳамчун андешаҳои худӣ қабул кунанд ва барои татбиқи он кӯшиш ба харҷ диҳанд, ин ба дастовардҳо, арзишҳо ва ҳувияти миллӣ таъсири манфӣ мерасонад. Ин зуҳуроти номатлуб ба ҷавонони мо хосатан ба қишри фаъол, ки метавонад барои пешрафти давлату миллати худ хизмат кунад, таъсири манфӣ мерасонад. Бинобар ин зикр шудани ин нукта дар Паём пеш аз ҳама аз он ҷиҳат муҳим буд, ки вазорату идораҳои масъул ва дигар сохторҳои ҷамъиятӣ бояд ҳарчи бештар ва босифаттар дар самти пешгирии ин зуҳуроти номатлуб фаъолият кунанд ва фаъолияти онҳо, ба андешаи ман, бояд унсури маҷмӯӣ дошта бошад. Барои он ки мағзшӯие, ки тариқи шабакаҳои иҷтимоӣ, маводи аудиовизуалӣ сурат мегирад, хусусияти маҷмӯӣ дорад. Барои пешгирии ин иқдомҳо бояд дастаи иқдомҳои пешгирикунандаро таҳия кунем, ки он низ бояд хусусияти маҷмӯӣ дошта бошад. То ки он барои беҳтар шудани вазъи иқтисодию иҷтимоӣ, боло рафтани худшиносии ҷавонон мусоидат кунад ва сатҳи бегонапарастиро поён барад.

е-mail: javonontj@mail.ru

Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми имсолаи худ тамоми самтҳои асосии рушди кишварро воқеъбинона таҳлилу баррасӣ намуданд. Чунончи инкишофи минбаъдаи соҳаи саноат, кишоварзӣ, таъмини озуқавории мамлакат, таъсиси ҷойҳои нави корӣ, дастгирии соҳибкорӣ, соҳаи илму маориф, тандурустиву фарҳанг, шуғл ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд, ҳимояи манфиатҳои миллӣ, ҳифзи озодиву истиқлолияти кишвар, пешгирии ҷинояткории ноболиғон, терроризм ва экстремизм, Ҳасан тарбияи кадрҳо, зиёдшавии музди меҳнати кормандони соҳаҳои буҷетӣ, нафақа ва стипендия аз масоили умдаи Паёми АЗИЗОВ имсолаи Сарвари давлат буд. Вобаста ба ин андешаи ҷавонони фаъоли кишварро пурсидем.


е-mail: javonontj@mail.ru

6

«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН» №5 (9431), 4 феврали соли 2016

Шаҳло ЭШОНОВА “Мо бо ҷавонони созандаи худ ифтихор мекунем, чунки ҷавонони даврони соҳибистиқлолии Ватанамон имрӯз бо нангу номуси миллӣ, ташаббусҳои шоиста ва эҳсоси баланди ватандорӣ дар рушди Тоҷикистони азиз ҳиссаи арзишманд мегузоранд ва ба Модар-Ватани худ содиқона хизмат мекунанд”.

www.javonon.tj

Ин суханони эътимодбахш, ки аз забони Сарвари давлат, Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми имсолаи ӯ ба Маҷлиси Олии кишвар садо доданд, моро боз ҳам муътақид бар он месозад, ки роҳбарияти мамлакат ба нерӯи созандаи ҷавонон эътимоди қавӣ дошта, ҷавононро дар сафи пеши мубориза алайҳи ҳама гуна набарду бархурдҳои сиёсиву мазҳабӣ дидан мехоҳад. Ин аст, ки ғамхориву дастгирии рӯзафзуни роҳбарияти мамалакат нисбати ҷавонони соҳибмаърифату эҷодкор ва худшиносу худогоҳ баръало эҳсос мешавад. Воқеан ҷавонӣ беҳтарин айёми умри инсонҳост. Ба ан-

дешаи коршиносон он айёмест, ки кас имкониятҳои васеъ дорад барои кушодани панҷараҳои назару андеша, барои роҳ кушодан ба ояндаи дурахшону умедбахш, барои дарку дарёфт ва тавлиди навовариҳо ва фатҳи қуллаҳои м у р о д . Аммо ин айёми ба қавле пурнишоту фараҳбахш боз айёми фиребандае низ ҳаст, ки як иштибоҳи кӯчак ё як интихоби нодуруст метавонад касро ба кӯчаҳои саргум бубарад ва ба ояндаи ӯ таъсири манфӣ расонад. Ба қавли дигар, марҳилаи ҷавонӣ метавонад ҳам созанда ва ҳам сӯзанда бошад. Аз ин рӯ, шахси худшинос ва дорои андешаи солим мебояд буд, то ин айёми муҳим беҳадаф набошад ва барҳадар наравад.

МАВҚЕИ ”ҶАВОНОН...”

Ҷавонон - кафили амнияти Ватан Инсони муваффақ ҳамонест, ки маҳз дар ин даврони мураккаб ва пуршебу фароз, дар дунёи пуршуру шавқи ҷавонӣ барои худ масири хосае пайдо менамояду бо амалу кирдори нек аз худ барои ояндагон ҳунар ва номи нек боқӣ мегузорад. Ба андешаи ҷомеашиносон, хушбахтона солҳои охир ҷавонони мо нисбатан фаъолтар шудаанд. Аммо агар ҳама кору пайкори ҷавонон бо роҳнамоии насли калонсол ва рӯзгордида анҷом дода шавад, беҳтар аст. Ба ҳар сурат ҷавонон худ бояд дақиқкору кунҷков ва омӯзанда бошанд, зеро таълиму тарбияи зӯракӣ низ самаре намедиҳад. Дар таърихи ҳар як миллат дар қатори саҳфаҳои торику ғамангез саҳфаҳои рӯшану дурахшон низ ҳастанд ва месазад, ки танҳо сухан аз саҳфаҳои дурахшону аз дастовардҳо бигӯем. Аммо камбудҳоро ҳам ёдовар шудан даркор

аст, то сабақамон шаванду дира ба онҳо роҳ

гарбонадиҳем. Имрӯз Тоҷикистон – кишвари соҳибистиқлоли мо чун садҳо давлатҳои дигар дар ҷаҳони пуртаззод ва олами бархурдҳо қарор дорад. Мутаассифона, дар гирдоби ҳаводиси сиёсии ҷаҳон аксар мусулмонон қарор доранд. Ҷанги шаҳрвандие, ки солҳои навадуми асри гузашта фазои кишвари моро ғуборолуд кард, онро мубталои маризиҳое аз қабили маҳалгароиву тафриқаандозӣ намуд. Мо низ

он солҳо ба чунин як гирдоби балое гирифтор шудем, ки то имрӯз аз асари он захмҳои хуншоре руи қалбҳо дорем. Мо, ки худ мусулмонем, боз миллатро ба мусулмони асилу ноасил ҷудо кардем ва ин тафриқаандозӣ даҳҳо ҳазор мусулмонони бегуноҳро аз ҳаёт маҳрум ва даҳҳо ҳазор нафарро бехонаву дар ва бе сарпаноҳ гардонид. Агар мо худшиносу соҳибмаърифат бошем, касе наметавонад, оромиву осоиши кишвари моро халалдор созад. Яке аз омилҳои асосӣ донистани таърихи миллат аст. Сарвари давлат низ ин нуктаро дар вохӯриву мулоқотҳояш бо қишрҳои гуногуни ҷомеа борҳо таъкид менамояд. Мо бояд донем, ки гузаштагони мо кистанду ба мо чӣ мерос гузоштаанд ва мо ба ояндагон чӣ мерос боқӣ хоҳем гузошт. Дарки ин ҳама ба худшиносиву худогоҳии мо вобаста аст. Мо аз ҳамбастагии миллат, пойдории сулҳу ваҳдат, ободкорию созандагӣ зиёд ҳарф задаем. Аммо боз ҳам гурӯҳҳое ёфт шуданд, ки

вандон чӣ сангин аст. Аксари онҳо имрӯз имконияти зиёрати манзили гузаштагонашонро надоранд. Шоири бедордил ин мисраъҳоро дар ғурбат иншо намудаст: Гулҳои Ватан начидаам даҳ сари сол, Дидори Ватан надидаам даҳ сари сол. Мебинамаш аз харитаи деворӣ, Дурӣ зи Ватан кашидаам даҳ сари сол. Ин ҷанг бо вуҷуди маҳрумияту мусибатҳои зиёд барои мардуми мо як сабақи таърихӣ ва бебаҳое буд. Дар ғами Тоҷикистон ба ҷуз тоҷик, ба ҷуз мардуми баору номусаш, ба ҷуз фарзонафарзандонаш касе набуд, нест ва нахоҳад буд. Яъне ин сарзаминро касе мисли мо - ворисонаш дӯст доштаву ҳимоят карда наметавонад. Сарвари давлат дар паёми имсолаи худ ба Маҷлиси Олии мамлакат ҷиддан таъкид намуд, ки “Тоҷикистони соҳибистиқлол, ки ҳанӯз солҳои навадуми асри гузашта даврони фоҷиабори муқовимат бо экстремизм ва терроризмро аз сар гузаронида, дар ин роҳ даҳҳо ҳазор талафоти ҷонӣ дода буд, ҳамеша дар сафи пеши мубориза бо ин зуҳуроти даҳшатноку нафратовар қарор дорад”.

ин панду андарз ба дили санги онҳо, ба номусу нанги онҳо асаре нагузошт. Онҳо на аз фанои давлат хавфе доштанду на аз нестии миллат. Ба хотири бегонагон манзили хеш оташ заданду миллатро ба бадномӣ кашиданд. Мутаассифона, замоне буд, ки мардуми тоҷикро низ ғурбату дурии Ватан азият медод. Амнияти Тоҷикистон таъмин набуд. Дар фазои кишвари азизи мо садои тиру туфанг паҳн гардида буд. Онҳое ки дар солҳои нобасомониҳои кишварамон фирорӣ ва дур аз хоки Ватан буданд, хубтар медоданд, ки дур аз Ватан, зистан дар мулки бегона чист ва дар хоки ғарибӣ гӯронидани пай-

Имрӯзҳо низ зиёданд кишварҳое, ки афродашон бар асари нооромиву нобасомониҳои ватани хеш дур аз ёру диёр дар ғурбат, дар хоку об ва муҳити барояшон ноошно ба сар мебаранду пазмони хонаву дар, волидону наздикони хешанд. Ҳамеша ғуборе рӯи қалбҳо доранд, зеро амнияти ватанашон дар хатар аст, аз ҷони фарзандонашон дар ҳаросанду ашки ғурбату дурии Ватан мерезанд. Онҳо мулки бегонаро барои зинда мондану нобуд нагарди-

дани наслашон интихоб кардаанд. Аз таърих медонем, ки аз азал миллати мо миллати беҳиссу беандеша ва ба тақдири инсонҳои ҷаҳон бетараф набуд. Тоҷикон дар марҳилаҳои гуногуни таърихӣ боре сарватҳо ва молу мулки дигаронро тасарруф накардаву асло дар замини дигарон хона накардаанд. Аммо замоне як гурӯҳи ифротиву мансабталош хостанд, то монеаи рушди ин миллати хирадбунёд шаванд ва бо ҳадафҳои ғаразноки худ ин миллати куҳанбунёдро маҳв созанд. Таърих такрор мешавад, аммо аз муқоисаву баррасии ҷомеашиносон аён мегардад, ки бештар аз ҳама бетарафӣ ва худпарастиву худношиносӣ ҷомеаи башариро ба шикаст мувоҷеҳ мекунад. Ин сабақҳои таърих бори дигар ҳар тоҷику тоҷикистониро ватандори асилу ҳушдор месозад, то дар ин раванди ҷаҳонишавӣ ва таззодҳо бештару бештар огаҳ ва худшинос бошем, бедории сиёсиро аз даст надиҳем, зеро имрӯз мо шоҳиди онем, ки давлатҳои абарқудрати дунё паиҳам давлатҳои дигарро ба доми худ мекашанд, амнияту озодии онҳоро поймол кардаву мехоҳанд ҳукмрони мутлақ бошанд. Мехоҳанд теша ба решаи асли ин миллатҳо зананду нобуд созанд. Сарватҳои моддиву арзишҳои маънавии онҳоро аз худ кардаву аз сафҳаи таърих берун созанд. Имрӯз дар саргаҳи ин ҳама ҳаводис қарор дошта, наметавонем ҳар як амали хирадмандонаву ҳар иқдоми созандаи Сарвари давлатамон, Президенти ҷумҳуриро, ки моро пеш аз ҳама ба хештаншиносӣ, муттаҳидиву ҳамбастагӣ даъват мекунад, нодида бигирем. Ӯ аз воқеаҳои нангини солҳои навадуми асри гузашта ёдовар шуда, аз ҷумла таъкид мекунад: “Мардуми шарафманди

То ҷ и к и с т о н дигар намегузоранд, ки касе зиндагии орому осудаашро мисли солҳои навадуми асри гузашта бо фитнаангезиву дасисабозӣ халалдор намояд ва халқи ободгари моро аз маҷрои созандагиву бунёдкорӣ берун созад”. Танҳо ҳисси баланди миллӣ, худогоҳ будан, арҷ гузоштани ҳар зарра хоку обу Ватан, тифоқӣ ва ба ҳам омаданҳои мо метавонад, ки дар вазъи бисёр ҳам ҳассоси имрӯзаи ҷаҳонӣ Ватани мо ва амнияти фарзандонамонро таъмин дорад.


МУШКИЛИ ҶАВОНОН

Сафи муҳоҷирон кам шудааст

дар қонунгузорӣ дар самти муҳоҷират ва афзоиши хароҷот барои расмикунонии фаъолияти меҳнатӣ дар Русия мебошад, - гуфт Т. Шарифов. Аббосиддин Саймуддинов, сардори Раёсати ҷавонон, варзиш ва сайёҳии шаҳри Душанбе, дар рафти суҳбат андешаи худро дар мавриди муҳоҷират чунин баён намуд: «Муҳоҷират як мактаб аст, мактаби одаму

одамгарӣ, мактаби ихтисосу ҳунару касб, мактаби фарҳангу тамаддун аст. Муҳоҷират имтиҳон аст, инсон худии хешро ба даст меорад ва аз ҳама муҳимаш ниёзу бениёзиро эҳсос мекунад. Бубинед, то 1020 соли гузашта “Евроремонт”ро кӣ медонист? Ҳеч кас! Маҳз муҳоҷират сабаб гашт, то ин чизҳо ба фарҳанги мо ворид гарданд. Муҳоҷирати меҳнатӣ

карда шудааст. Намояндаи Хадамоти муҳоҷират гуфт, яке аз мушкилот, ки аксари муҳоҷирони тоҷик дар Русия рӯ ба рӯ мешаванд ё аз он кишвар хориҷ мешаванд, надонистани забону меъёрҳои ҳуқуқии он давлат мебошад. Имрӯз аксари ҷавонписарони тоҷик баъди хатми мактаби миёна, ҳанӯз ба ҳаёт дар шароити шаҳр ошно

Ҳасан АЗИЗОВ

нагашта, роҳ ҷониби Русия мегиранд. Аксари ин ҷавонон забони русӣ ва ҳуқуқи хешро намедонанд. Дар масъалаи расмӣ намудани буду боши худ дар кишвари бегона ва фаъолияти корӣ оҷиз мемонанд. Дучори макру фиреби қаллобҳо, пеш аз ҳама худи тоҷикон ва дигар қавму миллатҳо гардида, бо мақомоти маҳаллӣ мушкил пайдо мекунанд. Дар ҷойи кор фиребашон медиҳанд, корфармоҳо муздашонро гирифта мегурезанд, зери таҳқир, лату кӯб ва ҳатто куштори миллатгароёни рус ва гурӯҳҳои манфиатхоҳ қарор мегиранд. Т. Шарифов бо нигаронӣ иброз намуд, ки соли сипаригардида 4018 нафар шаҳрванди ҷумҳурӣ бинобар манъи вурудашон ба Русия хостанд бо дигар роҳҳо ба ин қаламрав ворид шаванд, аммо онҳо аз гузаргоҳи сарҳадӣ бозпас гардонда шуданд, ки боиси сарсонӣ ва зарари моддию маънавӣ ба худи онҳо ва оилаашон гардид. Тавре Анвар Мирзозода, муовини раиси ноҳияи Шоҳмансур иброз намуд: «Ман итминон дорам, ки агар ҷавонони мо соҳибҳунар бошанд, соҳибмаълумот бошанд, ба ҳар гӯшаи дунё ки раванд, хор намешаванд. Ҷавононе, ки дар муҳоҷират гирифтори мушкилот гардидаанд, аксарашон бесавод ва беҳунаранд. Дигар ин ки муҳоҷирони тоҷик дар Русия ва дигар давлатҳо ба мушкилоти рӯзгор рӯ ба рӯ мешаванд. Ин аз надонистани ҳуқуқи худ ва қонунҳои ҳамон давлатҳо мебошад. Надонистани қонун моро аз масъулият озод намекунад. Агар мо ба кишваре барои кор кардан рафтан мехоҳем, пеш аз ҳама бо қонуни талаботи он шинос шавем ва вақте вориди он давлат мешавем, тартиб, талабот ва интизомро бояд ба таври бояду шояд риоя кунем. Аз ин ки чаро муҳоҷирон гирифтори ҳар гуна ташвишҳо мешаванд, ман фикр мекунам, ки худи онҳо гунаҳкоранд, чаро ки ин аз даъвогарии заъифи мост ва мо худии худро намедонем. Мо намедонем, ки дар ҳолати таҳқир шуданамон ба кӣ ва чӣ гуна муроҷиат намоем». - Соли 2015 5000 нафар муҳоҷири меҳнатие, ки муҳлати манъи вурудашон ба Русия 1,5 сол боқӣ монда буд, иҷозаи дубора ворид шуданро ба қаламрави ин давлат гирифтаанд,- гуфт Т. Шарифов, намояндаи Хадамоти муҳоҷират. Дар охир ҷавонони фаъол доир ба муҳоҷирати меҳнатӣ ва бурду бохти он бо намояндаи Хадамоти муҳоҷират баҳсу мунозира намуданд.

www.javonon.tj

Тавре Насимҷон Ҳасанов, мудири Бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии ноҳияи Шоҳмансур иброз дошт, яке аз мушкилиҳои асосие, ки имрӯз ҷаҳонро ба ташвиш овардааст, раванди муҳоҷирати меҳнатӣ мебошад, ки Тоҷикистон низ аз он истисно нест. Дар раванди ҷаҳонишавӣ, бархурди тамаддунҳо месазад кор дар ин самт ҷоннок карда шавад. Барои ҳамин, тадбири мазкур заминаи хубест барои мусоидат ба баланд бардоштани савияи донишҳои замонавӣ вобаста ба муҳоҷирати меҳнатӣ миёни ҷавонон. Ҷалби муҳоҷирони меҳнатӣ ба омӯзиши касбу ҳунар ва омодагии пеш аз сафари онҳо яке аз масъалаҳои афзалиятноки танзими ин раванд буда, тақвияти бештари корро дар ин самт тақозо дорад. Толибҷон Шарифов, муовини сардори Хадамоти муҳоҷират, зимни чорабинӣ афзуд, ки соли сипаришуда 552 ҳазору 596 нафар шаҳрванди мамлакат барои муҳоҷирати меҳнатӣ ба хориҷи кишвар сафар кардаанд, ки 541 636 нафар ба Русия ва 10 957 нафар ба Қозоқистон рост меояд. Рафти муҳоҷирати меҳнатӣ ба хориҷа нисбат ба соли 2014 118 210 нафар ё 18 фоиз кам шудааст. Ба муҳоҷират рафтани занон низ нисбат ба соли 2014 41 749 нафар ё 39 фоиз коҳиш ёфтааст. - Омили асосии коҳиш ёфтани теъдоди муҳоҷирони меҳнатӣ ба хориҷи кишвар вазъи иқтисодӣ, коҳишёбии қурби рубли Русия нисбат ба доллари ИМА, навовариҳо

ҳамчун як зуҳуроти ҷамъиятӣ ҷиҳатҳои мусбати зиёд дорад. Яке аз ҷиҳатҳои мусбаташ он аст, ки муҳоҷирон дар баробари гирифтани манфиатҳои иқтисодӣ, бо забон ва таъриху тамаддуни халқҳои дигар ошноӣ пайдо карда, ҳамзамон, соҳиби ҳунару ихтисоси хуб мешаванд». Қайд гардид, ки аз хориҷи кишвар 388 593 нафар муҳоҷири меҳнатӣ ба кишвар бозгаштаанд, ки аз 347 954 нафар мард ва 40 639 нафарро занон ташкил медиҳанд. Инчунин, аз ҷониби Русия 333 000 нафар шаҳрванди Тоҷикистон ҳамчун вайронкунандагони қонунгузории ин давлат муайян шудаанд, ки баъди бозгашт ба Ватан дубора ворид гардидани онҳо ба қаламрави Русия ба муддати аз 3 то 10 сол манъ

7 е-mail: javonontj@mail.ru

Бо ибтикори Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ, Бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе ва Бахши Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе 29 январи соли равон, дар толори мақомоти иҷроияи маҳалии ҳокимияти давлатӣ дар ноҳияи Шоҳмансур таҳти унвони “Муҳоҷирати меҳнатӣ ва ҳуқуқу уҳдадориҳои шаҳрвандон” суҳбати мизи мудаввар доир гашт.

«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН» №5 (9431), 4 феврали соли 2016


е-mail: javonontj@mail.ru

8

«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН» №5 (9431), 4 феврали соли 2016

Дар конфронси ҷумҳуриявии илмию амалие, ки 29 сентябри соли 2015 дар шаҳри Душанбе таҳти унвони «Номҳои ҷуғрофӣ ва суннати номгузорӣ» барпо шуда буд, ҳам масъулини соҳа, ҳам олимони варзида ва ҳам онҳое, ки нисбат ба камбудиҳои дар ин самт ҷойдошта бетараф набуданд, хеле дилсӯзона ҳарф зада, таъкид карданд, ки дар номгузорӣ ва номивазкунии мавзеъҳои ҷуғрофӣ, алалхусус деҳаҳо ба саҳлангорию бемасъулиятӣ роҳ дода мешавад. Тасдиқи ин матлабро ман дар мисоли ду деҳаи бароям бисёр азиз - Авзикент ва Қаҳрамон, ки шомили ҷамоати деҳоти собиқ Қарамқул, ҳоло ба номи Мирзо Турсунзодаи ноҳияи Ҳисор ҳастанд, пайдо намудам. Авзикент зодгоҳам асту Қаҳрамон макони хондаю ба камол расидаам. Масъулини вақти ҷамоати номбурда ҷиҳати бехабарии худ аз таърихи азалии ин вожаҳо ва маънию мантиқи онҳо, бе ягон хел омӯзиш ва асоси таърихӣ но-

МИНБАРИ АНДЕША

Номи дурӯғини Онҳо бароям бисёр азизанд машонро «ӯзбакӣ» гуфта иваз карданд. Авзикентро Ҳакимӣ номидаанду Қаҳрамонро Баракат. Чаро Ҳакимӣ ва Баракат? Кӯшиш мекунам, атрофи ҳамин матлаб андеша ронда, исбот намоям, ки ин номҳо ба ҳар ду деҳа ҳам мувофиқ нестанд. Решаи вожаи «ҳакимӣ» аз калимаи «ҳаким» аст. Ин реша маъниҳои табиб, шифобахш, дору, олим, мутафаккир ва бисёр калимоти дигареро, ки ҳамин гуна маъниҳо доранд, ифода мекунад. Аз рӯи одати дерин чун насаб ва тахаллуси одамони машҳуру шинохта ва хизматнишондода низ корбаст мегардад. Ман таърихи зодгоҳамро бисёр хуб медонам ва бо камоли масъулият мегӯям, ки мутаассифона, дар Авзикенти мо дар ягон давру замон табибе, олиме ё мутафаккире, бо номи Ҳаким ё Ҳакимӣ, ки хизмат нишон дода, андаке шинохтаю машҳур гашта бошад, набуд. Як нафар колхозчӣ – деҳқоне, ки бобои Ҳаким гуфта номаш мебурданд, ба табибию олимӣ ягон хел муносибат надошт. Бисёр инсони ҳалим, мулоим, беозор буд. Писаронаш Зиёвуддин, Очилдӣ ва Тоҷиддин низ мисли худаш одамони ҳалиму беозор буданд. Ҳоло яке аз наберагонаш бо исми Ашӯралӣ, ки тоҷири муваффақ аст, барои ҳамдеҳагонаш (қишлоқи Қаҳрамон, ҳоло Баракат) хизматҳои шоён мекунад. Аммо, ягон нафари онон дар рушду равнақи Авзикент кореро ба анҷом нарасонидаанд ва фаъолияти табибию олимӣ ҳам надоштанду надоранд. Падари Мирзоюсуфи ҳофизро ҳам Ҳаким мегуфтанд. Ӯ низ ба табибию мутафаккирӣ ягон хел сару кор надошт. Дар ободии деҳа ҳам коре накардааст. Пас,

бо чӣ сабаб ва чиро ба асос гирифта номи нави деҳаро Ҳакимӣ монда бошанд? Агар барои чунин номгузорӣ чашмаи Ҳакимбойро ба асос гирифтаанд, хатои маҳз намудаанд. Зеро одаме, ки ин чашмаро аз нимаи дуюми асри ХIХ то даҳсолаи сеюми асри ХХ соҳибӣ мекардааст, як чорводори кӯчманчии туркнажод буда, дар вақташ ба сари мардуми деҳа ҷабру зулми зиёде намудааст. Авлодони ин одам ҳоло ҳам дар ҳудуди ноҳияи Ҳисор ҳастанд. Вале, номбар намудани онҳо ҳаргиз ба фоидаи мардум намебошад. Мафҳумҳои «Авзикент», «Авзикенг», «Овзикент», «Овзикенг», «Оғзикент» муродифи ҳамдигар буда, бисёрмаънӣ ҳастанд ва аз ду таркиб иборат мебошанд: «Авзи» ва «Кент». Қисми якумаш новобаста ба шеваи гуфтор ва тарзи талаффуз маъноҳои «даҳон» ва «даҳана»-ро ифода мекунад. Қисми дуюмаш бошад, шакли тағйирёфтаи мафҳуми «кант» (канта) аст. Бино ба гуфтаи донишмандон мафҳуми «кент» (кант, канта) дар замонҳои хеле қадим маънии мавзеи истиқоматии аз қишлоқ калонтару аз шаҳрак хурдтарро мефаҳмондааст, ки тараққиёту пешрафташ низ аз деҳа бештару аз шаҳрак камтар будааст. Маъноҳои дигараш бошад - «бисёр», «хеле», «пешвасеъ», «пешкушод», «доманфарох», «дараи калон», «ҳавз», «ҳавзхона», «обанбор», «хонаҷой», «ҷойи манзилбоб» гуфтани гапҳоро ифода мекардааст. Воқеан, мавзеи ҷойгиршавии деҳа ба ҳамаи ин маъниҳо мувофиқ мебошад: аз самти ҷануб ва шарқ дар домани кӯҳҳост, аз шимолу ғарб, пешаш кушодаю фарох. Дар

замони худ нисбат ба деҳаҳои қадимии ҳамшафаташ Сасибулоқ, Тошбулоқ, Умакай, Чурқ, Бобоёрӣ (Шайхбобо), Ҷармасчит, Ачаи Қирғоч ва боз чандин деҳаҳои дигар калонтару ободтар ва тарақикардатар ҳам будааст. Чашмаҳои об низ дорад, ки шояд замоне аз ҳисоби онҳо ҳавзҳою обанборҳо сохта будаанд ва агар лозим ояд, ҳоло ҳам сохтан мушкилие надорад. Дараи калонаш ҳам ҳаст, ки мислаш дар гирду атроф нест. Модоме, ки мардум асрҳо боз зиндагӣ кардаанду мекунанд, пас, хонаҷойи мувофиқ низ мебошад. Аз ин рӯ, агар масъулин ҳангоми ивазкунии номи деҳа ҳамин ҷиҳатҳоро ба эътибор гирифта, исмашро Доманфарох ё Доманкушод мегузоштанд, ё ин ки бо назардошти иқлиму боду ҳавояш Хуррамбаҳор, Шамолрав, Хушнасим, Хушманзар мегуфтанд, ё ҳеҷ набошад, бо сабаби бисёр мавзеи файзбору файзбахш буданаш ва муддати мадид ба яке аз хоҷагиҳои номдори ноҳияи Ҳисор «Файзбахш» шомилӣ доштанаш Файзбахш меномиданд, садҳо бор беҳтар мебуд нисбат ба Ҳакимии дурӯғин. Ҳатто чандон саҳв намешуд агар Зотпарвар ё Тухмипарвар мегуфтанд. Зеро дар замонҳои Шӯравӣ, дар заминҳои ҳудуди деҳа ҳам чорвои зотию ҳам тухмии зотии ғалладонагиро парвариш мекарданд. Аз ҳамин ҷост, ки дар самти ғарбии деҳа мавзее ҳаст бо номи Хирмани зотӣ. Яъне, он ҷое, ки ғалладонагиҳои барои зот (тухмӣ) парвариш кардаро ғарам намуда, баъд мекӯфтанд. Аммо номи деҳаро Ҳакимӣ гуфта, барои тасдиқ ба сохторҳои ваколатдор пешниҳод кардаанд. Масъулини вақти ҷамоати деҳоти

номбурда бо ҳамин амали худ на танҳо фарҳанг ва суннати номгузории мавзеъҳои ҷуғрофиро вайрон, балки барои таърихи деҳа хиёнат низ намудаанд. Охир курдилтарин одам ҳам мефаҳмад, ки ойконими Авзикент ҳамрадиф ва ҳамқофияи номҳои маъмӯлу машҳури Тошкент, Чимкент, Панҷакент, Бешкент аст. Бисёр хуб мешуд агар эшон заррае масъулият шинохта, дар хусуси чаро ин тавр ном гирифтани деҳа ва чӣ маънӣ доштани он андаке андеша меронданд. Вале, афсус, ки ин тавр накарданд ва ин холабеғамию бепарвоӣ, бемасъулиятию беандешагии онон сабаби ба гумроҳӣ задани муҳаққиқони номҳои ҷуғрофӣ гардидааст. Масалан, муҳаққиқи номҳои маҳалҳо, эҷодкори бисёр боғайрату заҳматпеша, мӯҳтарам Салоҳиддини Садриддин дар китоби арзишманди худ «Номи диёр – таърихи диёр» («Ирфон», 2014) дар такя ба ҳамин номи беасосу бардурӯғи Ҳакимӣ чунин матлабро ҷой додааст: «…ойконим (номи маҳал) шояд аз номи деҳаи Ҳокимии ноҳияи Шаҳринав ба орият гирифта шуда бошад ё сокинони нахустини деҳа аз Ҳокимӣ ба ин ҷо кӯч баста номи деҳаи пештараашонро барқарор кардаанд». (Саҳ. 46-47). Бо камоли масъулият таъкид мекунам, ки мардуми Авзикент ба деҳаи Ҳокимии ноҳияи Шаҳринав ягон хел муносибат надоранд. Тамоми сокинони он авлод ба авлод аз мардуми Ғозималиканд. Таърихи дар ин ҷо маскун шуданашон бошад, арзандаи гуфтору навиштори алоҳида аст. Ана, ҳамин тавр, як беаҳамиятию фориғболии масъулини вақти ҷамоати номбурда, то чи андоза

www.javonon.tj

 ТУРИЗМ

Тибқи иттилои радиои “Озодӣ” 17 декабри соли равон дар шаҳри Могилёви Белорус нахустин чойхонаи тоҷикӣ ба фаъолият шуруъ кард. Чойхонаи мазкурро, ки дар як вақт ба 100 нафар мизоҷ хизмат мерасонад, соҳибкори тоҷик Абдумуталлиб Ҳамроқулов таъсис додааст.

Чойхона – муаррифгари давлат Ба гуфтаи сафири Тоҷикистон дар Белорус Қозидавлат Қоимдодов “пайдо шудани як гӯшаи хурди Шарқ дар ин шаҳр рӯйдоди хотирмон аст ва мо умедворем, ки “Чойхона” дар сари дастурхонаш бо чою шириниҳои шарқӣ намояндагони миллатҳои гуногунро гирд оварда, онҳоро бо анъанаҳо ва фарҳанги мардуми Тоҷикистон ошно мекунад”. То ин дам чойхонаю ошхонаҳои

тоҷикӣ дар бисёр шаҳрҳои Федератсияи Русия фаъолият намуда, сокинону меҳмонони ин кишвари паҳноварро бо таомҳои тоҷикӣ ошно карда буданд. Ин ташаббусро идома дода, дар дигар кишварҳо низ чойхонаю ошхонаҳои тоҷикиро ифтитоҳ бояд кард. Алалхусус дар мамолики арабӣ ифтитоҳи чунин муассисаҳо зарур аст. Ҳангоми сафар ба Арабистони Саудӣ ман дар шаҳрҳои Макка ва Ма-

дина бо ошхонаҳои зиёди покистонию туркӣ, ҳиндию индонезӣ дучор омадам. Шояд дар ягон гӯша ошхонаи тоҷикӣ ҳам бошад, вале ба ҳар ҳол ман надидам. Соли гузашта дар Кувайт рӯзҳои фарҳанги Тоҷикистон баргузор гардид. Ҷониби Тоҷикистон ба кувайтиҳо намунаи нону самбӯса ва таому шириниҳои тоҷикиро низ пешкаш намуданд. Санъати пазандагии тоҷикон ба дараҷае ба кувайтиҳо


МИНБАРИ АНДЕША

та омода менамуданд. Одамоне, ки имконият доштанд, ҳам дар замини хоҷагӣ кор мекарданду ҳам мувофиқи иҷозати ҷамоат болотар аз ҷӯйбори кандаашон (ҷӯйбори имрӯзаи миёни қишлоқ), дар ҷойи лалмӣ хонаҳо бунёд менамуданд. Онҳо мавзеи бунёдкунии хонаҳои худро «Авзикенти поён» номиданд. Аммо он дар ҷамоат чун «Авзикент» сабт шудааст, ки мантиқан нодуруст аст. Зеро Авзикент дар кӯҳистон асту «Авзикенти поён» дар ҳамвории 9 км поёнтар. Хулоса дар натиҷаи меҳнати дилгармонаи мардум хонаҳо пайи ҳам қомат меафрохтанду заминҳо пайиҳам киштбоб мегаштанд. Заҳмати мардум махсусан баъди ташкилшавии МТС-ҳо (Стансияҳои мошинию тракторӣ) пурсамар гардид. Онҳо ба гуруснагию қашшоқии замон ва бедодгариҳои давраи сталинӣ нигоҳ накарда, дар солҳои 1937-1938 пайи ҳам аз заминҳои навкорам ҳосили баландтарини пахта рӯёниданд, ки дар он замон баробари қаҳрамонии бузург буд. Овозаи ин қаҳрамонии авзикентиҳо дар саросари ноҳияю минтақа паҳн гардид. Вақте, ки соли 1938 ТОЗ-ҳоро (Товарищество по обработке земли) барҳам дода, ба ҷойи онҳо колхозҳо ташкил намуданд, ин қаҳрамонии мардумро ба эътибор гирифта, колхози онҳоро «Қаҳрамон» номиданд. Ана, аз ҳамон замон то ба имрӯз ин мавзею ин деҳа «Авзикент» ё «Авзикенти поён» не, балки «Қаҳрамон» номида мешавад. Чаро номи онро дар ҳуҷҷатҳои ҷамоат тағйр надодаанд? Сабаб дар он аст, ки дар ҷамоатҳо ҳамчун маҳалли аҳолинишин номи қишлоқҳоро сабт мекарданд, на колхозҳоро. «Қаҳрамон» ҳам барои ҷамоат деҳа не, колхоз буд ва боз чандин деҳаҳои дигарро муттаҳид менамуд, ки «Авзикент» яке аз онҳост. Бо

писанд омад, ки чанд нафарашон намунаи нону кулчаи тоҷикиро бо худ гирифтанд. Чаро соҳибкорони тоҷик аз ин фурсати муносиб истифода намебаранд? Бо мусоидати Сафорати Тоҷикистон дар Кувайт метавон дар ин кишвари бой якчанд нонвойхонаю ошхонаи тоҷикӣ сохта, коми сарватмандони кувайтиро бо палаву лағмон, санбӯсаву манту, шӯрбою угро ва ҳалвои тоҷикӣ ширин намуд. Бисёр кишварҳо, аз

ҷумла Испания аз туризми гастрономӣ бурди калон мекунанд. Соли равон дар шаҳри Тошканд ҳатто дар мавзӯи “Туризми гастрономӣ ҳамчун омили маҳсулоти рақобатпазир” конфронси байналмилалии Созмони ҷаҳонии туристӣ баргузор шуд. Агар соҳибкорони тоҷик дар кишварҳои сарватманди Халиҷи Форс мисли Арабистони Саудӣ, Кувайт, Қатар, Баҳрайн, АМА ва Салтанати Уммон нонвойхонаю ошхонаҳои

Ҳасан Юсуфи ФАЙЗБАХШ

тоҷикӣ бунёд кунанд, бешубҳа муваффақ шуда, фоидаи хуб ба даст меоранд. Садҳо нафар бо ҷои кор ва маоши хуб таъмин хоҳанд гашт. Инчунин ошхонаю чойхонаҳои тоҷикиро метавон барои тарғиби манзараҳои зебои Тоҷикистон истифода бурд. Яъне, дар гӯшае навори захираҳои туристии кишварро намоиш дода, акси манзараҳои дилфиребро метавон овезон кард. С. АМИНИЁН, “ҶТ”

Назари Садриддин Айнӣ ба хурофот ва дин

Садриддин Айнӣ дар саҳифаи таърихи адабиёти садаи 20-уми форсу тоҷик ба сифати чеҳраи фарҳангӣ шинохта шудааст. Чандин сол аст, ки хонандаи тоҷик аз хондани асарҳои Садриддин Айнӣ сер намешавад. Ба фикрам, барои нависанда аз ин зиёдтар бахт нест, ки хонанда мунтазири асарҳои ӯ бошад. Дар адабиёти муосир ягона шоире, ки ҳаматарафа мардуми тоҷикро дар асарҳои назм ва насри худ тасвир кардааст, устод Айнист. Аз байни нависандагони муосири тоҷик аввалин шахсе, ки муборизаи зидди хурофот ва динро ба дараҷаи баланди принсипиалӣ бардоштааст, Садриддин Айнӣ буд. Ӯ аз солҳои мадрасахониаш беадолатиро мазаммат мекард ва ҳамеша тарафдори табақаи заҳматкаш буд. Айнӣ сохти амирсолории Бухороро шахсан бад медид. Илова бар ин амир ӯро 75 чӯб зад ва ба обхонаи арк андохта, инчунин бародараш Сироҷиддинро дар зиндон ба қатл расонданд. Ин даҳшат ва рӯзи сиёҳи ба сари шоир омада аз тарафи амирон ва муллоҳову эшон буд. Дар ин хусус устод Садриддин Айнӣ бо сӯзу гудоз навиштааст: Хоҳам он хонаи бедоду ситам вайрон бод! Хоҳам он маҳкамаи ҷавр мазористон бод! Хоҳам он тахт, ки шуд боиси бадбахтии мо, Реза-реза шуда бо хоки сияҳ яксон бод! Хоҳам он тоҷ, ки зеби сари хунхоре шуд, Бо сари соҳиби худ зебдеҳи зиндон бод! Хоҳам он қаср, ки ишратгаҳи ҷаллодон аст, Пора-пора шуда дар зери замин пинҳон бод! Хоҳам он зумра, ки имрӯз таҳакум дорад, Даст баста ба дари маҳкамаҳо ҳайрон бод! Устод Садриддин Айнӣ дар ҷилди якуми “Ёддоштҳо” қайд мекунад: “Падарам муллоҳои расмиро-имомҳо, қозиҳо ва раисҳоро бисёр бад медид ва онҳоро ҳар вақт ба нодонӣ ва ноинсофӣ нисбат дода айб мекард». Ба назари ман, Садриддин Айнӣ бо он сабаб дар байни хонандагони тоҷик маҳбубияти махсус дорад, ки бисёр амиқ ва аз дилу ҷон фикр мекунад. Назарияи таърихии Садриддин Айнӣ аз чанд марҳила гузаштааст ва дар ин такомули ӯ тараққии пурсуръати худшиносии миллии халқ акс ёфтааст. Аввало масъалаи бузурги халқ ва таърих диққати Айниро бештар ба худ кашид. Халқе, ки ба озодӣ расида, сарнавишти худро худ муайян кардан гирифт, пеш аз ҳама таърихи худро донистан мехост. Дар адабиёти муосири тоҷик дар баробари устод Айнӣ хусусан дар адабиёти муосир кори калон карда, дар баробари ин қадар заҳмату машақат устод тамоми дарду алами халқи тоҷик дар асарҳои насри худаш гаштаву баргашта таъкид мекунад хусусан муллоҳои муфтхуру хурофотиро дар асарҳои худ тасвир карда аст. Аксар нависандагони имрӯз, ки дар давлати демократӣ кору фаъолият мекунанд, саропо даст ба хурофот мезананд ва дар тӯли 23 соли охир ҳамаи асарҳои насрии ин нависандагон дар бораи таърифу тавсифи мулло ва эшону ислом аст. Абдуламини МАҶНУН

www.javonon.tj

муҳаққиқро ба роҳгумӣ андохтааст. Ҳоло маълум нест, ки баъди хондани ин китоби бо заҳмати бисёр иншошуда боз чӣ қадар одамон ном ва таърихи деҳаро нодуруст мефаҳмидагӣ шудаанду мешаванд. Ин муҳаққиқи варзида дар хусуси номи пештараи деҳа чунин хулоса кардааст: «Авзикент вожаи тоҷикӣ – авестоӣ буда, маънои «Ҳавзхона» (Обанбор)-ро дорост». Камина бо ин андеша мувофиқам ва ба ҷуз ин маъноҳои дигарашро, ки дар боло нигоштам, сарфи назар намекунам. Даъвои ман он нест, ки номи деҳаро бо вуҷуди қадимию пурмаъно буданаш бояд иваз намекарданд. Ивазкунии ин ном бо сабаби начандон зебо буданаш ва шабоҳати туркӣ доштанаш зарур буд. Муддаоям он аст, ки номи Ҳакимӣ ҳам барои ин деҳа мувофиқ нест ва барои гузошта шудани маҳз ҳамин ном ягон хел асос вуҷуд надорад. Тахмин мекунам, ки онро шартан гузоштаанд ё баҳри хотирбинии ягон нафаре. Умуман ба номи одамоне, ки корнамоию қаҳрамонӣ накардаанд ва машҳур нестанд, гузошта шудани мавзеъҳои ҷуғрофӣ саҳеҳ намебошад. Чунин мавзеъҳо бояд бо назардошти хусусиятҳои табииашон номгузорӣ шаванд. Намунаи чунин номҳоро дар боло овардам. Оид ба ойконими «Қаҳрамон». То нимаи 2-юми солҳои 30-юми асри гузашта, заминҳое, ки имрӯз аз соҳили рости заҳбури калон ва селдара ҳастанд, умуман обёрӣ намешуданд. Дар ин қисматҳо деҳа ҳам набуд. Дар обёрӣ ва корамкунии ин заминҳо сокинони Авзикентро ҷалб карданд. Мардуми ин деҳаи кӯҳистон дар сари замин капаю козаю чайлаҳо сохта, шабурӯз садоқатмандона заҳмат мекашиданд. Ҳар як ваҷаб заминро аз сангҳои хурду калон тоза карда, барои кишти пах-

вуҷуди ин номи «Қаҳрамон» дигар аз даҳони мардум нарафт. Ҳатто ҳоло ҳам, баъди сечор соли «Баракат» номгузорӣ шуданаш онро «Баракат» не, «Қаҳрамон» мегӯянд. Гилаи мо аз роҳбарияти вақти ҷамоати Қарамқул, ҳоло М. Турсунзода он аст, ки эшон метавонистанд ойконими «Авзикент»-ро «Қаҳрамон» кунанду бо ҳамин номи қариб 80 сол пеш дар натиҷаи меҳнати суботкоронаю содиқонаи мардум ба миён омадаро расмӣ гардонанд. Охир ин ном мағз андар мағзи дили сокинон, ки ҷадҳои худашон ҳам ҳастанд, ҷойгир аст. Ин ном бо гузаштагони сокинони имрӯзаи деҳа пайвандии бевосита дорад ва хотираи бузургест аз заҳмат, шодию сурури онҳо ва бедодгариҳои давраи сталинӣ. Ҳоло ба деҳа «Баракат» ном ниҳодаанд. Гӯё, ки баракат бо «баракат» гуфтану «баракат» навиштан пайдо мегашта бошад. Баракат аз меҳнат, аз заҳмат ҳосил мешавад. Аз меҳнату заҳмати сарсарӣ не, аз меҳнату заҳмати далерона, фидокорона, суботкоронаю қаҳрамонона. Афсӯс, ки роҳбарияти вақти ҷамоати номбурда ба ҳамин чизи оддӣ сарфаҳм нарафтаанду «муҷассама»-и бузурги чунин меҳнату заҳматро, ки бо вожа - ойконими «Қаҳрамон» ифода шуда буд, хати батлон задаанд. Зиёда аз ин, дар мувофиқа ба Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати ҷумҳурӣ ва ё пажӯҳишгоҳҳои забон ва таърих як сӯ, ақаллан лозим надонистаанд, ки бо сокинони ин қишлоқҳо машварате ороста, фикри онҳоро бипурсанд. Ин тарзи рафтор як навъ беҳурматию нописандиест нисбат ба сокинони ин деҳаҳо, тешазаниест ба решаи таърихи ин қишлоқҳо, хизмати хирсонаест барои фарҳанг, таърих ва суннати номгузории ҷуғрофии тоҷик, асоси мустаҳкамест барои оянда нодуруст фаҳмидани таърихи деҳаҳои номбурда. Андеша дорам, ки бо яке аз номҳои дар боло овардаам иваз намудани номи Авзикент (Ҳакимӣ) ва баргардонидани номи деҳаи Қаҳрамон ҳанӯз ҳам дер нашудааст.

9 е-mail: javonontj@mail.ru

ду деҳа

«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН» №5 (9431), 4 феврали соли 2016


е-mail: javonontj@mail.ru

10

ҶАВОНОН ВА ЗАМОН

«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН» №5 (9431), 4 феврали соли 2016

 СОҲИБКАСБ

Эҳтиёткорӣ хоси ронандагист Ҳар лаҳзаву соат нақлиёт ба мо лозим асту ба воситааш бисёре аз мушкилоти худро осон мегардонем. Шахсоне онро идора менамоянд, дорои иродаи қавиянду таҷриба. Нақлиётро идора намудан саҳл набуда, балки аз инсон ҳушёриву чолокиро тақозо мекунад. Имрӯз садҳо нафар ба ронадагӣ машғуланду тавассути он сатҳи иқтисодии худро беҳтар гардонида, дар баробари ин ба ҷомеа хизмат мерасонанд.

www.javonon.tj

Беҳрӯз ХОЛМУРОДОВ Муҳаммадсидиқ Юсуфов 7 сол мешавад, ки ронандагӣ мекунад. Дар ин муддат бо бисёр мушкилот ва зиддиятҳо рӯ ба рӯ шудаасту ҳамаи онро бо таҳаммулпазирӣ паси сар намудааст. Ҳеҷ гоҳ худро барои бо душворие бархурдан сарзаниш намекард, баръакс ҳар ҳолати мушкилро бо истифода аз қобилияту фаҳмиши хеш бартараф менамуду дар пешаи ронандагӣ боз ҳам ҳушёртар мегардид. Дар баробари ҳамаи ин аз дигарон таҷриба мегирифту дар фаъолияти минбаъдааш истифода менамуд. - Ҳар инсон вақте ба дарки замону зиндагӣ мерасад, пеши худ мақсад мегузорад, ки дар оянда чӣ кор бояд кунад. Замони дар мактаби миёна хонданам, вақте муаллим мепурсид “дар оянда чӣ касбро интихоб мекунӣ?” бисёре аз ҳамсинфҳо дар посух мегуфтем, ки “ронандагӣ”ро, - мегӯяд Муҳаммадсидиқ Юсуфов. Фаридуни Маҳмадулло яке аз нафароне мебошад, ки ҳар рӯз дар роҳ аст ва чанд маротиба ба нақлиёти қаҳрамони мо низ нишастааст. “Ман чандест, ки дар хатсайри Душанбе-Ҳисор омаду рафт дорам. Чанд маротиба дар нақлиёти ин бародар нишастаам. Ҷойи пушида нест, дарвоқеъ бо мусофирон муомилаи хуб дорад. Дар баробари ин, нақлиётро хуб идора мекунад ва ҳеҷ гоҳ бо суръати баланд рондани ӯро надидаам. Ҳамеша кӯшиш менамояд, ки мусофиронро сиҳату саломат ба ҷойи зарурӣ расонад”. Чун имрӯз шумораи нақлиёт дар ҳоли афзоиш аст, рондани он низ хеле душвору хатарнок гардидааст. “Дар шароити имрӯза мошин рондан хеле мушкил аст, чунки ҳар лаҳза бо хатар рӯ ба рӯ шудан мумкин. Як камбудии ночиз метавонад, ки шуморо ба ҳодисаи нохуш расонад. Ҳар рӯз мебинему мешунавем, ки чӣ қадар ронандаҳо ба садама дучор мешаванд. Баъзе аз онҳо дар натиҷаи садама ба ҳалокат мерасанд. Аз ин лиҳоз, ронандаро лозим аст, ки ҳама вақт ботаваҷҷуҳ бошад ва ҳамеша қонуну қоидаҳои ҳаракат дар роҳро риоя намояд. Барои ба

ҳодисаи нохуш рӯ ба рӯ нашудан, пеш аз ҳама бояд ҳушёр буду доимо аз ҳолати нақлиёти хеш бархурдор”, - меафзояд Муҳаммадсидиқ. Ба назари ӯ аксари садамаҳои нақлиётӣ маҳз бо сабабҳои бо суръати баланд рондану риоя накардани қонунҳои ҳаракат мебошад. Агар ҳар нафар қонуну қоидаҳои ҳаракат дар роҳро бечуну чаро риоя ва ҳамеша бо суръати муайян нақлиётро ронад, ҳеҷ гоҳ ба садама дучор нахоҳад шуд. Таҷрибаҳо нишон додаанд, ки қисми бештари садамаҳо аз меъёр зиёд намудани суръати ҳаракат мебошад. Аз ин рӯ, ҳар нафарро лозим аст, ки бо дарки баланди масъулиятшиносӣ фаъолият намояд.

Дар тӯли фаъолияти чандсола дар чандин хатсайрҳо машғули кор гардида, аз ҷумла муддати ду сол дар пойтахт низ ронандагӣ намуда, ба аҳолӣ хизмат расонидааст. Ҳолатҳое буд, ки аз мусофирон суханҳои қабеҳ мешунид, вале дар ҷавоб дағалона рафтор наменамуду баръакс бо рафтори намунавӣ муносибат мекард. Шояд ҳамин хислаташ буд, ки ба муваффақият ноил гашт. - Бо ҳар мусофир пеш аз ҳама муомилаи хуб намудан даркор, чунки агар ин меъёрро ронанда риоя накунад, пас ӯ наметавонад, ки дар соҳаи худ комёб гардад. Муомилаи дурушту дағалона сарчашмаи нокомист. Дар баробари ин, хушгуфтору эҳтиёткор будан хоси ронанда аст. Албатта ронандаи нақлиёти ҷамъиятӣ. Бинобар ин, агар нафаре мехоҳад ронандаи хуб шаванд, пас бояд гуфтаҳои болоро риоя намояду тибқи он амал кунад, - афзуд Муҳаммадсидиқ.

Азми қавӣ (лавҳа)

Ӯ беш аз ду ҳафта дар мактаби деҳа таҳсил кард. Вале аз набудани омӯзгори фанни химия табъаш хира гашт. Охир ҳама фанҳоро бояд пайваста хонд. Ҳар мавзӯъро дар вақташ аз худ кардан шарт аст. Ҳоло маълум не, ки кай соҳиби муаллими ин фан мешаванд. Духтарак дар байни ҳамсинфон бо рафтор ва донишандӯзиаш фарқ дошт. Ҳамеша китоб мехонд. Дарсе набуд, ҳангоми пурсиши муаллим даст набардорад. Дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №1 Моҳнисоро хеле хуш қабул карданд. Толибаи фаъолу аълохонро кӣ нағз намебинад? Ба ҳар рӯ ин ҷо омӯзгорон аз ҳама фан мерасидаанд. Фақат хондан даркор буд. Ҳар саҳар барои ба муассисаи таълимӣ рафтани ин духтари деҳотӣ беш аз чор километр роҳро тай кардан лозим меомад. Хусусан фаслҳои тирамоҳу зимистон рафтуо душвор мегашт. Рӯзҳои барфу борон дар ин роҳ духтари чатр ба сарро дида баъзеҳо писхандомез мегуфтанд: - Ин қадар ҷони худро дар азоб монда, хонда кӣ мешуда бошад? Моҳнисо инро пай мебурд, вале азми қавӣ дошт. Аз таҳсил касе ва чизе ӯро боздошта наметавонист. Охир нағз медонист, ки мақоли «Кор кунӣ, нон мехӯрӣ» дар рӯзгори мо бештар мавқеъ пайдо кардааст. Акнун ба умеди

касе нишастан намешавад. Маълум, ки дар замони шӯравӣ духтарони деҳотӣ чун ҳозира ба таҳсил майл надоштанд. Ҳоло бе касбу кор зиндагӣ кардан душвор. Аз як деҳаи хурдакаки онҳо алҳол се нафар духтар дар мактаби олӣ таҳсил карда истодаанд. Як нафар аллакай Донишкадаи омӯзгории ноҳияи Раштро хатм карда, аз фанҳои забону адабиёт ба шогирдон таълим медиҳад. Воқеан инсони ҳушёрдил пастию баландиҳои рӯзгорро дида, бисёр чизҳоро меомӯзонад. Қаҳрамони лавҳаи моро ҳам бахти модар дар аввал чандон омад накард. Ӯ дур аз падар, бе меҳрубониҳои сарвари хонадон ба воя расид. Ин ҳама сабаб шуд, ки сидқан дониш омӯзад ва барои бо қувваи худ соҳиби касбу коре шудан саъю талош ба харҷ диҳад. Озмуни грифтани квота барои дохил шудан ба мактабҳои олӣ наздик меомаду ташвишу тараддуди ӯ меафзуд. Бобояш Забирамак боре ба як омӯзгори солхӯрдаи мактаби деҳа вохурда дар ин бобат маслиҳат пурсид. - Амак, дар ин кор касе ба шумо ёрӣ расонида наметавонад,- гуфт омӯзгор. - Беҳтараш хонад, омода шавад. Дониш бошад, Худо хоҳад, дохил мешавад. Моҳнисо аз санҷишҳо бо сари баланд гузашт. Соҳиби квотаи Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ

ибни Сино гардид. Орзуяш ҷомаи амал пӯшид. Ҳама ҳайрон буд, ки ин духтар бемададу дастгирии касе тавонист донишҷӯ бишавад. “Қандаша занад! Ба хондан, заҳмат кашидан ҳам мешудааст”, - мегуфтанд ҳамдеҳангон. Он рӯз хурсандии бобою набераро ҳадду канор набуд. Аз ин хандаи ногаҳонии бахт хушҳолу қаноатманд буданд. Охир худ ҳам ба чунин сурат гирифтани кор чандон бовар надоштанд. Ҳатто калоншавандае бобои Забирро дида пурсид: - Чӣ хел шуд, ягон шинос ёфтед?! - Не, аз куҷо шинос меёбем. Худаш шабу рӯз хонд, тайёрӣ дид. Азоби бисёр кашид, духтаракам. Розигии Худо будаасту заҳматҳояш самар дод. Медонӣ ки мо на зӯрӣ дорему на зар. Зорӣ бошад, ба кор намеравад. Ӯ имсол дар курси сеюми Донишгоҳи тиббӣ таҳсил мекунад. Вай худро хушбахт меҳисобад ва бо ёру дӯстони наваш заҳмат мекашад, то нозукиҳои ин касбро пурра аз худ кунад. Нағз медонад, ки табибон одамони обрӯманди ҷамъиятанд ва чандин беморонро аз дами марг наҷот дода давою дармон мебахшанд ва табиби ҳақиқӣ шудан орзуи ягонаи ӯст, ки умед аст бо ҷидду ҷаҳди ҳамешагию омӯзиши пайваста ба ин муваффақ мегардад. Ш.НАЗАРОВ, ноҳияи Нуробод


МАСЛИҲАТИ “ҶАВОНОН...“

Дар фасли зимистон иддае аз одамон асабиву афсурдахотир мешаванд. Қисми дигар худро ланҷу хоболуд эҳсос мекунанд. Дар ин бобат мо бо равоншинос, номзади илмҳои тиб Саидҷон Нодирӣ мусоҳиб шудем.

медиҳад. - Афсурдаҳолӣ ба тарзи ғизо хурдан ҳам вобастагӣ дорад? - Касоне ки ба чипс (картошкабирёни хушк), сухарикҳо, булочка, пирожни ва консерваҳо бештар майл доранд, дар онҳо авитаминоз (норасоии витаминҳо) рӯй медиҳад. Дар навбати худ авитаминоз метавонад ба афсурдаҳолӣ биёрад. Бинобар ин, ғизоҳои сервитамин, иборат аз сабзавоту

да аз хизмати равонпизишк дар ин кишварҳо як кори муқаррарист. Мутаассифона, агар дар мо шахсе ба равонпизишк муроҷиат кунад, иддае ба ӯ дигар хел нигоҳ мекунанд. Ин ноҳфамист. Шахси дурандеш ва дар фикри ояндаи худбуда парвои суханони дигарон накарда, тибқи маслиҳати равонпизишк амал менамояд. Касе асабоният ва афсурдаҳолиро рафъ намояд, дар кору таҳсил ва зиндагии оилавӣ муваффақ

кам карда қобилияти кориро баланд ва фикррониро фаъол мегардонанд. Яке аз роҳҳои рафъи афсурдаҳолӣ машғул шудан ба варзиш аст. Истихроҷи эндорфинҳо бо фаъолнокии мушакҳо вобастагии калон дарад. Пас аз як соати машқи бетанаффус истихроҷи эндорфинҳо 10 маротиба меафзояд. Дар ин бобат пиёдагардӣ, давидан, шиноварӣ, велесипедронӣ, ва-

мешавад. - Оё афсурдаҳолӣ ирсӣ аст? - Эҳтимолияти ирсӣ будани бемориҳои асаб вуҷуд дорад, ки он насл ба насл мегузарад. Ҳангоми гирифторӣ ба бемориҳои вазоифӣ (функсионалӣ)-и асаб ва сохтори майна, балки фаъолият (функсия)-и он халал меёбад. Намунаҳои бемориҳои вазоифии асаб рӯҳафтодагӣ, парешонҳолӣ, хасташавии аз ҳад зиёд, дағалӣ, бадҷаҳлӣ ва ғайра мебошад. Тавре дар боло гуфтем, зимни афсурдаҳолӣ ва гирифторӣ ба бемориҳои асаб кори узвҳои дигар низ тағйир меёбанд. Масалан, бемориҳои дилу рагҳо, меъдаю рӯда, гурда, ҷигар ва ғайра метавонад аз асабоният ва афсурдаҳолӣ авҷ гирад. Зеро фаъолияти ин узвҳоро системаи асаб ба танзим медарорад. Дар сурати халал ёфтани фаъолияти асаб фишори хун паст ё баланд гашта, тапиши номураттаби дил, қабзияти шикам ва иллатҳои дигар ҳам сар мезананд. Чораҳои рафъи афсурдаҳолӣ кадомҳоянд? - Вақте дар организм ба миқдори кофӣ эндорфинҳо истихроҷ шаванд, табъи кас хуш мешавад. Эндорфинҳоро ҳормони хушбахтӣ мегӯянд. Эндорфинҳо эҳсосоти дардро

лейбол нафъи бештар дорад. Худатон варзиши табъи дилатонро интихоб намоед. Гӯш кардани мусиқии форам низ боиси истихроҷи бештари эндорфинҳо мегардад. Аммо реп ва ҷаз, мусиқии аз меъёр баланду гӯшхарош баръакс асабро харобу хаста месозанд. Табобат бо мусиқӣ боиси рафъи як қатор бемориҳои равонӣ мегарданд. Шунидани садои най, рубоб, думбра таронаҳои ҳалқӣ асабониятро дур мекунанд. Саёҳат дар рӯзҳои истироҳат, сайру гашт дар оғӯши табиат, ҳар рӯз ним соат зери дарахтон қадам задан асабро орому табъро болида месозанд. Аз офтоб нагурезед. Зимистони дароз мо ба нурҳои гарми офтоб пазмон мешавем. Аз ин рӯ 15-20 дақиқа дар ҳавои офтобӣ сайр кардан камбуди витамини D-ро пешгирӣ мекунад. Истеъмоли миқдори ками қаланфур боиси афзудани истихроҷи эндорфинҳо мегардад. Аммо аз меъёр зиёд хурдани қаланфур ба меъда зарар дорад. Аз ин рӯ меъёрро риоя бояд кард. Кӯшиш кардан лозим аст, ки хоби шабонарӯзӣ аз 7-8 соат кам нашавад. Шаб дер хобидан гоҳо метавонад боиси камхобӣ гардад. Олимони Тайван баъди таҳқиқи 85 ҳазор нафар ба хулосае омаданд, ки бехобӣ метавонад хатари дучор шудан ба сактаи мағзӣ, махсусан дар давраи ҷавониро афзоиш диҳад. Машғулият бо ҳайвонот, масалан гурба муфид буда, ҳангоми стрессҳои ақлонию равонӣ таъсири оромбахшӣ дорад. Аз пеши худ ба ҳар гуна муолиҷа набояд даст зад. Беҳтараш ба назди ровонпизишк (психиатр) рафта, мушкилатонро ба миён гузоред. Танҳо мутахассис метавонад роҳи дурусти ҳалли мушкилиро нишон дода, шуморо аз вазъияти ногувор барорад.

Сарчашмаи аксар бемориҳо асабоният аст

дорад. Тарҷумаи таҳтуллафзии он «табъи нохуш» аст. Миёни гирифтори ин намуди афсурдаҳолӣ нашъамандону майпарастон зиёд дучор меоянд. Зеро онҳо мехоҳанд бо ёрии май ва ё нашъа дарди худро сабук кунанд, вале пойбанди одати бад шуда ҳаёти худро зери хатар мегузоранд. Равонпизишкро лозим меояд, ки барои аз ин ҳолатҳои бад раҳонидани муътодон нерӯи зиёд сарф намояд. Ҳар қадаре, ки наздикони онҳо барвақттар ба равонпизишк муроҷиат кунанд, хамон қадар раҳоӣ аз ин чоҳи хатарнок осонтар мешавад. - Кадом омилҳои равонӣ боиси афсурдаҳолӣ мегарданд? - Ҳама воқеаҳои нохуш, ки дар гирду атроф рӯй медиҳанд боиси ғусса хӯрдану зиқшавии кас мегарданд. Масалан, мушкилот дар муносибатҳои оилавӣ, аз даст додани шахси наздик, таҳқиршунавӣ, рӯҳияи носолим дар ҷои кор боиси афсурдаҳолӣ мешавад. Афсурдаҳолӣ сабабҳои иҷтимоӣ низ дорад. Масалан, бекорӣ, маоши паст, амалӣ нашудани орзуву мақсадҳо, буҳронҳои сиёсӣ. Дар оилаҳое, ки миёни аъзои он меҳру муҳаббат ва якдигарфаҳмӣ нест, афсурдаҳолӣ бештар рӯй

кабудӣ, меваю лубиёгиҳо ва хушкмеваҳоро бештар бояд истеъмол кард. Ба номгӯи ғизо чормағз, офтобпараст ва моҳӣ ҳамроҳ намоед. Зеро инҳо метавонанд ҳаяҷонро бартараф созанд. Аз суистеъмоли се сафедӣ - шакар, намак ва орди сафед худдорӣ намоед. Шакар калавиши табъро ба миён меорад. Намак барои аз ҷисм баровардани рутубат мушкилӣ пеш меорад ва фишори хунро баланд месозад. Ба ҷои нони сафед нони аз орди сиёҳ ва орди ҷав пухташударо хӯрдан беҳтар аст. - Имрӯз дар расонаҳои хабарӣ аз зиёд шудани ҳодисаҳои ҷудошавии оилаҳо ва даст ба худкушӣ задан иддае аз хонандагони мактаб изҳори ташвиш карда мешавад. Чораҳои пешгирии чунин ҳодисаҳои нохуш чӣ гуна имкон дорад? - Дар тамоми кишварҳои пешрафта хизматрасонии равонпизишкӣ васеъ ба роҳ монда шудааст. Хонандагони мактаб ҳам ба равонпизишк дастрасӣ доранду пулис ва ё соҳибкори муваффақ ҳам. Воқеан тамоми миллиондору миллиарддорҳо равонпизишки хусусӣ доранд ва ҳамарӯза тибқи маслиҳати ӯ амал мекунанд, то афсурдаҳолиро пешгирӣ намояд. Истифо-

www.javonon.tj

- Дар оғоз мехостем каме дар бораи афсурдаҳолӣ ва сабабҳои сар задани он маълумот диҳед. - Афсурдаҳолӣ (депрессия) яке аз паҳншудатарин ҳолати равонии одамон дар сайёра гаштааст. Зимни афсурдаҳолӣ табъи кас ноҷӯр шуда, шавқу рағбат ва ҳавсалаи кору таҳсил заиф мегардад. Эҳсоси хурсандӣ, муҳаббат, дилгармӣ ба атрофиён суст шуда, андешаҳои танҳоӣ, бекасӣ ва асабоният касро фаро мегирад. Вазнинтарин ҳолати афсурдаҳолӣ қасди худкушӣ кардан аст. Сабабҳои сар задани афсурдаҳолӣ гуногунанд. Аксар ҳолатҳои сарзании он ба стресс вобастагӣ дорад. Масалан, шахсе аз бемории беилоҷи яке аз наздиконаш бохабар мешавад ё ӯро аз даст медиҳад, қарздор мегардад, мавриди таҳқир қарор мегирад. Дар сурати сари вақт ба равонпизишк муроҷиат кардан, ё аз ҷониби дӯстону пайвандон рӯҳан дастгирӣ ёфтан аз ин ҳолати мушкил баромадан мумкин аст. - Афсурдаҳолӣ чанд намуд мешавад? Яке аз намудҳои афсурдаҳолӣ депрессияи психотикӣ ном дорад. Дар ин ҳолат дар сари шахс андешаҳои худкамбинӣ, худайбдоркунӣ чарх мезанад. Кас гирифтори ин шакли афсурдаҳолӣ шавад, дар сухандонӣ ва рафтораш нишонаҳои ноумедӣ аён мегардад. Аҳли хонавода бояд ҳолатҳои дамдузд ва ноумедшавии узви оиларо дарк намуда, ӯро ба зиндагӣ дилгарм ва барои рафъи мушкилҳо кӯмак кунанд. Ин гуна дастгириҳои равонӣ (маънавӣ) шахси гирифтори афсурдаҳолиро аз андешаи худкушӣ дур мекунанд. Намуди дигари афсурдаҳолӣ пинҳонӣ ё пӯшида аст. Гирифторони ин намуди афсурдаҳолӣ ба назди духтури терапевт бо шикояти дарди дил, дарди меъда ва ғайра мераванд. Табиби

ҳозиқ дарҳол мефаҳмад, ки решаи беморӣ дар дигар ҷост ва беморро назди равонпизишк мефиристад. Аммо агар табиб мутахассиси варзида набошад, ба бемор доруҳои таскиндиҳандаи дард медиҳад. Шояд бемор муддате худро хуб ҳис кунад. Вале баъди чанде дард боз хуруҷ мекунад. Зеро асли бемории ӯ ба ҳолати равонӣ вобастагӣ дорад. Намуди сеюми афсурдаҳолӣ дистимия ном

11 е-mail: javonontj@mail.ru

Сайфиддин СУННАТӢ

«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН» №5 (9431), 4 феврали соли 2016


www.javonon.tj

е-mail: javonontj@mail.ru

12

МУСОҲИБАИ ”ҶАВОНОН...”

«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН» №5 (9431), 4 феврали соли 2016

Шодихони НАЗАР Ҳангоме ба суроғи ин бонуи муштзан рафтем, машғули тамрин буду дар ҷабинаш донаҳои арақ гул карда. Миёни писарон тани танҳо тамрин мекард. Нахостем ӯро аз тамрин боз дорем, интизор шудем, то машғулиятро ба охир расонад.Тӯли ду соате, ки машғули тамрин буд, бо устодаш ҳамсуҳбат шудем. Ҷамшед Султонов, мураббияш дар бораи сифатҳо ва хислатҳои ҳамидаи ин ҷавондухтари тоҷик суханҳои зиёд гуфт. Маълум шуд, ки миёни писарон танҳо тамрин намуданаш масъулияти зиёдро ба кори мураббияш зам кардааст: “Вақте бо писарон муҳориба мекунад, аз наздашон дур рафта наметавонам. Дар аксар маврид писарон аз зарбаҳояш аз пой меафтанду номуси бачагӣ боло мегирад ва муҳориба ба ҷанг табдил меёбад”, - мегӯяд Ҷамшед Султонов мураббии ҷавондухтари муштзан. Тӯли 6 сол мешавад, ки ба варзиш машғул аст. 12 августи соли 2015 мусобиқаи Осиё дар Ҷумҳурии мардумии Чин доир гашт. Ӯ дар мусобиқа маҳорати баланд нишон дода, зинаи сеюмро гирифт. Дар ҷоми ҷаҳон, ки моҳи декабр дар Русия баргузор шуд, медали биринҷӣ ба даст овард. Баъди ин дастовард Шоира Зулқарнаева тариқи ВАО ба мардум дуюмин бонуи муштзан, баъди Мавзуна Чориева муарифӣ гашт. Идеали ӯ дар зиндагӣ на ягон варзишгар, балки қаҳрамони филм Хилари Суонк аст. Айни ҳол дар вазни 75 кило миёни занон қувва меозмояд. Бо Шоира доири фаъолияти варзишияш суҳбат оростем. - Ба варзиш машғул шуданатон чӣ гуна сурат гирфт? - Дар оила ягона нафаре мебошам, ки аз миёни ҳафт бародар роҳи варзишро интихоб намудам. Аз хурдӣ ин касб ба ман писанд буд ва ҳамеша орзуи варзишгар шуданро дар дил мепарваридам. Дар мактаби миёна дарсҳои тарбияи ҷисмониро бесаброна интизор мешудам. Ҳамеша назди падару модар ва бародаронам мавзӯи ба толори варзишӣ бурданамро мемондам. Баъди пофишориҳои зиёд маро ба то-

лори варзишӣ бурданд. Дар аввал ман барои муҳофизати худ ба намуди муҳорибаҳои тан ба тан машғул будам, баъдан ба бокс пайвастам. - Сабаби ба бокс пайвастанатон чӣ буд? - Муҳорибаҳои муштзанҳои ҷаҳонӣ Муҳаммад Алӣ, Майкл Тайсон, Рой Ҷонснро бештар тамошо мекардам. Аммо сабаби асосии ба бокс машғул шуданам тамошои филми “Малишка на миллион” буд. Дар ин филм Хилари Суонк ба бокс машғул аст. Баъди тамошои ин филм, ҳарчанд қаҳрамони он ҳунарманд асту ба варзиш

ҷавоб мегардонам. - Муомилаи онҳое, ки шуморо ҳамчун варзишгар мешиносад, дар кӯчаю хиёбонҳо чӣ гуна аст? - Баъди мусобиқаи Осиё ман тариқи ВАО муаррифӣ шудаму Ҳукумати кишвар ин дастоварди маро қадр кард ва ҳамчун як духтари варзишгар маро шинохтанд. Дар кӯча муомилаҳо тағйир ёфт. Баъзе писарон дониста китф мезананд, то ман ба онҳо муштзанӣ кунам. Вале ман дар муҳориба муштзанӣ мекунам, дар кӯча муштзанӣ кардан хоси варзишгари асил нест. - Мусобиқаи хотирмон дар

Шоира Зулқарнаева:

Ҷоизаи Президент ҳавасмандии хубе шуд

иртиботе надорад, ман дар зиндагӣ қаҳрамони филмро идеал интихоб кардаму аз муҳорибаҳои тан ба тан ба бокс гузаштам. - Бо писарон муҳориба кардан ҳангоми тамрин ба шумо мушкил нест? - Дар аввал мушкил буд, чунки ман дар намуди муҳорибаҳои омехта тамрин мекардам ва аз нозукиҳои бокс бархурдор набудам. Баъдан аз писарон зарба хурда - зарба хурда ба ин одат кардам. То ҳол бо писарон тамрин мекунем, ҳамаи онҳо маро ҳурмат мекунанд ва ҳангоми муҳориба мисли ҳарифонашон мушт мезананд ва ман ҳам ба ин одат кардааму ба зарбаҳои онҳо

ҳаёти варзишиатон кадом аст? - Якумин муҳорибае, ки анҷом додам, дар мусобиқаи ҷумҳуриявӣ буд ва ман як ҳариф доштам. Тарс маро фаро гирифта буд, ки ман дар ҳузури тамошобинон чӣ гуна муҳориба мекунам. Бо вуҷуди ҳама ҳаяҷону тарс ҳарифамро мағлуб намудаму сазовори ҷои якум гаштам. Ин хотирмонтарин муҳорибаи ман дар ҳаёти варзишиям мебошад. - Баъди ба шавҳар баромаданатон варзишро тарк мекунед? - То ҳол фикри ба шавҳар баромаданро накардаам. Орзуҳои зиёди варзишии амалинагашта дар пеш аст. Фикр мекунам, баъди ба шавҳар ба-

ромадан нақшаҳои дар пеш гузоштаамро иҷро кардан душвор мешавад. Айни ҳол донишҷӯи соли сеюми факултети кори бонкии Донишгоҳи тиҷоратии Тоҷикистон мебошам. Варзишро тарк карда наметавонам. Баъди ҷамъбасти кариераам касби падарам, ба тиҷорат машғул мешавам ва дар баробари ин шогирдонро тарбия мекунам, то дар арсаи ҷаҳон муаррифгари миллату давлат бошанд. - Дар баробари варзиш ягон шуғли писандида доред? - Зиндагии ман варзиш аст. Аз ин берун шуда наметавонам. Тамошои футболро нағз мебинам. Мухлиси ашадии клуби “Барселона” мебошам.

Субҳгоҳон тайёр намудани хурокҳои гуногунро меписандам. Кӯшиш мекунам, хӯроки субҳонаамро худам омода намоям. - Дар қатори варзишгароне, ки соҳиби аввалин ҷоизаи Пешвои миллат, Эмомалӣ Раҳмон шуданд, Шумо ҳам будед. Ба фикри Шумо ин иқдом дар рушди варзиш чӣ нақш дошта метавонад? - Пеш аз ҳама ин ғамхории Сарвари давлат ба мо варзишгарон аст. Ҳавасмандии хубе буд. Ин иқдом бар дӯши варзишгарон як масъулияти дигарро зам мекунад, барои дар мусобиқаҳои байналмилалӣ натиҷаи сазовор ба даст овардан. Баъди ин иқдом мо варзишгарон як нерӯи дигар гирифтем, ки меҳнати моро Ҳукумати кишвар қадр мекунад ва мо метавонем аз ин пас аз пушти варзиш зиндагӣ кунем. Дар баробари ин муаррифгари миллату давлат дар арсаи ҷаҳон бошем. Ин як роҳе шуд, ки варзишгарони мо барои маблағ ба дигар корҳо машғул намешаванд. - Айни ҳол барои кадом мусобиқаҳо тайёрӣ мебинед? - Тайёрии ҳамаҷонибаи мо барои роҳхат гирифтан ба олимпиада мебошад. Дар пеш се имкони дигари роҳхат ба олимпиадаро дорем. Мусобиқаи Осиё моҳи март дар Ҷумҳурии мардумии Чин баргузор мегардад, моҳи май чемпионати ҷаҳон дар шаҳри Остонаи Қазоқистон ва моҳи июл дар Боку мусобиқаи байналмилалӣ доир мегардад, ки мо кӯшиш мекунем ин имкониятҳоро хуб истифода намуда, соҳиби роҳхат гардем.


ПОЧТАИ “ҶАВОНОН...”

«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН» №5 (9431), 4 феврали соли 2016

е-mail: javonontj@mail.ru

Саломатии ҷавонон – саломатии ҷомеа

13

Имрӯзҳо кашидани сигору нос ва нӯшидани шароб байни аксар ҷавонон ба қавле “муд” шудааст. Солҳои охир ин амали номатлуб миёни занон ҳам ба назар мерасад. Ҳарчанд пизишкон исбот мекунанд, ки кашидани сигор умри инсонро кам намуда, мубталои бемориҳои сироятӣ мегардонад, дидаву дониста истеъмоли он аз ҷониби инсонҳо мушоҳида мешавад. Дар таркиби сигор 1200 навъ моддаи заҳрноку кислотаҳо мавҷуд аст, ки истеъмоли он боиси тангшавии рагҳои хунгард мегардад. Дар натиҷа одам ба сактаи дилу пӯсидашавии бофтаҳои бадан мубтало мешавад. Табибон бар он назаранд, ки кашидани сигор ба вайроншавии рагҳои хунгарди чашм ҳам зарар расонида, нури онро хира мекунад ва инсонро мубталои бемории саратон мегардонад. Дар қутии сигор навиштаҷоти “Истеъмоли сигор зарар дорад” ҷо дода шудааст. Аммо он ягон зарра пеши роҳи сигоркаширо намегирад. Илми муосир исбот намудааст, ки умри инсон на бо сол, балки аз рӯйи миқдори тапиши дилаш кам мешавад. Истифодаи шаробу тамоку омилҳои асосии мубталои ин беморӣ мебошанд. Дуди сигор беш аз 4 ҳазор заҳрхимикат доштааст, ки инсонро гирифтори бемориҳои шуш, саратон, резиши мӯй, пусишу зардшавии дандонҳо, бемории руда ва ҷигар мегардонад. Тибқи омори расмии Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ, ҳамасола аз кашидани сигор дар ҷаҳон қариб 6 миллион нафар мефавтанд. Агар барои маҳдуд ва пешгирӣ кардани истифодаи сигор чораҳои зарурӣ андешида нашавад, ин рақам то ду ва се маротиба меафзояд. Ҳоло дар ҷаҳон тахминан 1 миллиарду 300 миллион нафар сигору нос истифода мебаранд. Исбот шудааст, ки саломатии шахсе, ки 20 ҳазор дона сигор масраф мекунад, бо коргари кони уран баробар аст ва чунин шахс бемор маҳсуб мешавад. Баъзеҳо дар ҷойҳои ҷамъиятӣ нос ё сигор мекашанд. Дуди сигор нисбат ба нафаре, ки онро мекашид ба атрофиён бештар таъсир доштааст. Аммо маврид ба ёдоварист, ки ин мушкилӣ на танҳо ҷавонони мо, балки домангири тамоми мардуми сайёра аст. Бо вуҷуди ин бояд кӯшиш намуд ба саломатии худ, ки неъмати ноёфтанист, зарар нарасонем. Онро ҳифз кунем. Зеро ҳар қадар тану ҷисми мо солим бошад, ҳамон қадар оилаи мо атрофи мо ва ҷамъияти мо солиму бардам хоҳад буд. Камолиддини ҚИЁМИДДИН

Тоҷикистони 25-сола то абад боқӣ мемонад Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ҳамеша дар баромаду вохӯриҳояш бо ҷомеа таъкид менамояд, ки дастгирии ҷавонон дар соҳаҳои гуногун бояд масъалаи муҳим ва аввалиндараҷа бошад. Ба ин ғамхориҳои Ҳукумати ҷумҳуриву Президенти кишвар вазъи шароити доштаи ҷавонон далел шуда метавонад. Имрӯз барои беҳгардонии сатҳи донишу фаъолияти ҷавонон тамоми шароит муҳайёст. Барои ҷавонон чӣ дар ҳудуди ҷумҳурӣ ва чӣ берун аз он имкониятҳои зарурии таҳсилу фаъолият фаровон аст. Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати ҷумҳурӣ бо фаъолияти пурсамари худ дар байни ҷавонон корҳои фаҳмондадиҳиву озмуни мусобиқаҳои варзиширо пиёда менамояд, ки ин ҳам як пешравӣ миёни ҷавонон аст. Сарвари давлат дар аксари баромадҳояшон таъкид кардаанд, ки дастгирии кадрҳои ҷавон ва бо ҷои кор таъмин намудани онҳо яке аз масъалаҳои аввалиндараҷаи сиёсати пешгирифтаи Ҳукумати имрӯзаи Тоҷикистон аст. Дар асл ҳам чунин аст, зеро имрӯз дар тамоми сохторҳои давлатӣ фаъолияти кадрҳои ҷавон ба назар мерасанд ва хушбахтона сол то сол сафи ҷавонони фаъоли пешбарандаи сиёсати давлату амалигардонии он зиёд мегарданд. Аз ин бармеояд, ки Ҳукумати

ҷумҳурии Тоҷикистон дастгири ҳамешагии ояндаи миллати худ аст. Имсол аз истиқлолият ба даст овардани Тоҷикистон 25 сол пур мешавад. Гарчанде ин рақам назди солшумориҳои таърих ҳеҷ бошад ҳам, ин ба мардуми тоҷик имконият дод, то дар зарфи бисту панҷ сол давлати худро пурра аз нав барпо намояд. Оре, мо - ҷавонон имрӯз дар замону муҳите умр ба сар мебарем, ки Пешво дорем ва сохти давлатдории ба худ хосро интихоб намудаем. Чун боз ба қафо, ба рӯзҳои нахустини ба даст овардани Истиқлолият нигарем, ин тифлро мемонд, ки қадамҳои авалини худро мегузошт ва ниёз ба дастгирии атрофиён дошт. Гарчанде душвор буд барои пойбарҷо мондану устувор қадам задан, аммо

Муколама Маро тарзи гуфтугӯйи аҷибу ғайриоддии онҳо ҷалб кард. Рӯй ба дигар ҷониб гардонидаву бепарвоёна истода бошам ҳам, ба майли том гӯшу ҳуш шудам. - Так что, Саид, ба кӯҳ баромадам, - мегуфт яке, лекин шикор нито шуд. Релефаша маззаш набудаст. Пулгиракҳо бисёру паймат кардан осон не. Мегурезанд бадтолҳо.

- Точниша гап зан, Шариф, - гуфт дуюмӣ, - все таки, чандта қапидӣ? - Якташ базӯр дастамба афтод. Ҳамунам ели қафасба андохтам. - Дидӣ, одам одиночка бошад, кораш пеш намерад. Дафъаи дигар рук ба рук дода ҳамроҳ мерем. Ана он вақт шикорамон отлични мешаду дастаточна

Аҳмадхӯҷа ДАВЛАТОВ

пул кор мекунем. - Ман розӣ, - дасти ҷӯраашро гирифт Саид. – Лекин ту одама имрӯзангӣ барин падвадит накун. Ҳамин ки рафтанӣ шудем, сраза ҳозир шав. То каникул адо шудана рафтан даркор. Заняти ки сар шуд, дигар ба ҳеҷ ҷо рафта наметавонем. - Хорошо. Гап якта, ман интизор. Ростӣ, ин муколамаро шунида, гиребони ҳайрат доштам. “Дили одаткарда балои ҷон” мегӯянд. Маълум, ки онҳо дар мактабу оила низ бо ҳамин усул ҳарф мезананду забони софу ширини тоҷикиро олуда месозанд. Вале аз афташ касеро ин ҳолат ба тааҷҷуб намеорад. Акнун худ бигӯед, ки баъди ба воя расидану фаҳмидани хатоҳояшон онро оё ислоҳ карда метавонанд? Б. САИДШОЕВ

www.javonon.tj

Бо амри тақдир ман шоҳиди суҳбати ду толибилм гаштам. Ҳар ду аз афташ дар синфҳои болоӣ мехонданд ва бӯзбалаю тезҳаракат буданд. Поёни бинию болои лабашон андак сиёҳ гашта буд. Аз ҳама аҷибаш ором истода наметавонистанд. Яке суханашро ба охир нарасонида, дуюмин овозашро зуд баланд мекард.

халқи мо бо роҳбарии Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ин марҳиларо тай намуда, аз тифли ғалтон ба ҷавони биступанҷсола расонд. Бояд ёдовар шуд, ки ба ҷаҳону ҷаҳониён шиносонидани миллати тоҷик ҳамчун халқи қадимӣ ва дорои фарҳанги волои ҷаҳонӣ хизматҳои бузурги Пешвои миллати тоҷикон Эмомалӣ Раҳмон аст. Ҷавонони имрӯзаи ҷомеаи Тоҷикистон бечунучаро сиёсати Ҳукумати ҷумҳурӣ ва Пешвои миллати худ Эмомалӣ Раҳмонро дастгирӣ менамоянд ва боварии комил дорем, ки Тоҷикистони биступанҷсола, аммо бо таъриху фарҳанги ғанӣ то абад, ҳамқадами замон, дар таърихи тамаддун боқӣ мемонад.


е-mail: javonontj@mail.ru

14

КИТОБХОНАИ “ҶАВОНОН...“

«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН» №5 (9431), 4 феврали соли 2016

Боз баҳори гулрез аст. Ин шомгоҳ боз дар сари чашмаи болои деҳаму ғарқи андешаҳо. Китоби хотираамро варақ мезанаму он шаби хотирнишини муҳаббат чун навори рангини синамо аз пеши назарам мегузарад. Шаби маҳтобии баҳори гулрез буд. Боди серун накҳати гулҳои баҳориро зуд-зуд бар машом меовард. Ҳастӣ бо навозишҳои анвори маҳтоб дар ҷойгаҳи муаттари шаб сукут ме-варзид. Танҳо ману ту чун ҷуфти кабӯтар дар сари ин чашмаи болои деҳ ҳамроз будем. Шилдироси марғуби чашмасор дар дили ману ту розҳои хуфтаи ишқу муҳаббатро бедор мекард. Ману ту бо ҳам роз мегуфтему шеър мехондем. Розҳову шеърҳои моломоли дарди муҳаббат. Нигоҳи чашмони шуъларези ту ҷониби базми ахтарони гардун равона буд. Аз як гӯшаи боғи гардун ду ахтари ҳамоғӯш ба сӯйи мо чашмак мезаданд. Ту мафтуни тамошои онҳо будию ғарқи хаёлҳо. Хаёлҳои ширину рангини зиндагӣ. Нигоҳатро аз онҳо наканда, оҳе кашидиву ғамгинона гуфтӣ: - Азизам, бибин он ҷуфти ахтаронро, чи қадар хушбахтанд дар олами озоди гардун. Кош ману ту ҳам мисли онҳо хушбахт мебудем. Ба хотири тасаллои дили нозукат гуфтам: – Азизи дилам, осуда бош, ки онҳо ахтарони бахти ману туанд ва поёни сафари мо дар ҳиҷрати ишқ водии хушбахтист. Ногоҳ, пораабри сиёҳе аз гӯшаи дигари гардун чун мори печон ҷониби он ду ахтари ҳамоғӯш хазида-хазида омаду ба бераҳмие онҳоро аз ҳам ҷудо сохт. Чӣ даҳшате буд ин манзара. Ту ки ин ҳодисаи ғамангезро интизор

Шабе, ки бо ту будам набудӣ, аз кирдори ношоями пораабри бетараҳҳум "оҳ" гуфтию қалби нозукат гум зад. Чеҳраи маҳтобиатро андӯҳ фаро гирифта, аз чашмони зебоят ашк мешорид. Вақте туро оғӯш кардам, ашки сӯзонат ба лабонам чакид. Ҳис кардам, ки ашки ту шӯр аст, зеро ту дар ҷудоии он ду ахтари ҳамоғӯш ҷудоии худро аз ман тасаввур мекардӣ. Пайкари мавзуни ту он лаҳза андоми сафедори ларзонеро мемонд, ки аз фишори боди сарди ваҳшату андӯҳ меларзиду меларзид. Посе аз шаб гузашта буд. Бонги хурӯсони деҳа ҳастиро аз хоби ноз бедор мекард ва шабро водор менамуд, ки чодари дайҷури худро ғундораду азми сафар кунад. Дар сари қуллаҳои кӯҳҳои Кулӯласанг ва Сангипаҳн духтари субҳ тӯри арӯсии сафедашро ба сар мекард. Ту аз оғӯшам бархестию ин таронаи ҳазинро ба забон овардӣ: Эй мурғ, нанол, ки шаб дароз аст ҳанӯз, Эй субҳ, надам, ки вақти хоб аст ҳанӯз. Парвин, ту бирав ба ҷойи худ сокин бош К-ин қиссаи ошиқон дароз аст ҳанӯз. Таронаро хондиву бо чашмони ашкрез азми ба деҳа баргаштан кардӣ. Ҳангоми видоъ туро оғӯш кардаму бо меҳр бӯсидам. Бо чашмони пуроб ба рӯям нигоҳи ғамолуде кардию бо садои ларзони ҳазин "хайр" гуфтӣ. Сипас, рӯ сӯи деҳа ниҳодӣ. Мани танҳо чун ғарибе

Валиҷон БАЁНӢ

дар биёбони номуродӣ аз қафоят бо ҳасрат менигаристаму хомӯшона месӯхтам. Медонистам, ки ин дидор, дидори вопасини мо аст... Азизи дилам, он шаб ту хато накарда будӣ. Он ду ахтари ҳамоғӯши гардун ахтарони бахти ману ту будаанд. Он пораабри бетараҳҳуме, ки онҳоро аз ҳам ҷудо сохт, тақдир буд, ки ба гулзори умеду орзуи мо шабохун заду рӯзгори бахтамонро тира кард. Нагузошт, ки дар сафари роҳи ишқ ба водии хушбахтию саодат бирасем. Азизи дилам, хуб медонам, ки дар ин зиндони дайҷури ҷудоӣ фитодан

гуноҳи ману ту нест. Гунаҳгори ҷудоии мо танҳо тақдир аст, бале тақдир. Аз ин рӯ оташи муҳаббати покатро умре дар танӯри дилам фурӯзон медораму гулҳои ёди гувороятро дар боғи хотиротам шукуфон. Ин шомгоҳи баҳор бо ёди он шаби хотирнишини муҳаббат боз ба сари ин чашмасор омадам. Чашмасори болои деҳ, ки замоне шоҳиди он лаҳзаҳои гуворои муҳаббати мо буду суруди висоли ошиқонро замзама мекард, ҳанӯз равону сурудхон аст, вале суруди шилдир-шилдири ӯ бе ту дар гӯшам чун навҳаи пурдард садо медиҳад. Гӯё суруди ҷудоии моро месарояд. Гардуни бекарон бошад, дар нигоҳам абрноку тира аст. Танҳо дар панҷаи абрҳои тира ахтари хирасӯзи танҳое аҳён-аҳён ба назар мерасад. Ин ҳамон ахтари бахти нокоми ман аст. Мане, ки имрӯз дар чорсӯйи зиндагӣ бозичаи рӯйи дасти тақдир гаштаам. Чӣ илоҷ, "Ҳукми қазоро рад кардан нашояд", - мегӯянд бузургон. Фалаки каҷрафтор дар ин дунё ба ҷуз ҷудо сохтани ошиқон дигар коре надорад: Фалак, эй шоҳи бахту тахти инсон, Ман аз ту мешавам як нукта пурсон. Ба бераҳмӣ чаро месозӣ маҳрум Ҷавононро зи оғӯши арӯсон?

www.javonon.tj

Хатои умр Эй номеҳрубон! Эй носипоси неъмати ишқ! Эй қотили тифли муҳаббати аввали ман! Туро ман дар ҷодаи ишқу зиндагӣ ҳамсафари боаҳду қарин мепиндоштам, вале, ҳайфат, ки бар хилофи пиндори ман амал кардӣ. Сармасти ғурур фирефтаи фитнаи рақибон шудиву ба роҳи хато рафтӣ. Тифлаки шабеҳи шабнам поку мусаффои ишқамро, ки бо чодари сафеди орзуҳо дар гаҳвораи дилат парпеч карда будам, дар сапедадами фасли гулрези умрам ғуррамарг кардию хори аламу озорашро ба дилам нишондӣ. Дареғи тифлаки ғуррамарги ишқи покам. Ҳамон ишқи поке, ки туи носипос неъматашро пеши по задию лолазори умеду орзуямро ба ихтиёри хазон додӣ. Ту дигар бо ман рӯ ба рӯ машав ва баҳри ба даст овардани қалби моломоли дарду озори ман кӯшиш макун, зеро нигоҳи фиребои чашмонат дигар дили сарди маро гарм нахоҳад кард. Пайвастани риштаҳои муҳаббат миёни ману ту бо амри қисмат буд. Ту, ки имрӯз аз амри қисмат саркашӣ кардию русуми вафодориро дар ойини муҳаббат помол намудӣ, дониста бош, ки

қисмати ранҷидаат ҳар қадам дар зиндагӣ аз ту қасос хоҳад гирифт. «Одамизод шири хом хӯрда аст» мегӯянд, ки дуруст аст, зеро дар зиндагӣ иштибоҳу хатоҳо содир мекунад. Вале, бештари онҳо боз бахшиш меёбанду ислоҳ мегарданд. Аммо ин хатои туро на имкони ислоҳ асту на бахшиш, зеро иштибоҳи роҳи ишқи аввал, иштибоҳи роҳи умри одам аст. Аз ин рӯ, пеши ман ашки пушаймонӣ марезу хештанро надомат макун, ки ин сиришки фиребоят хатоятро намешӯяд. Хатои ишқи аввал хатои умр аст, гиряву оҳ аст. Доғи ношустании рӯзгори сафои муҳаббат ва сабақи талхе барои ошиқон аст. Ту аз ман дур мешавӣ, бо ашки сӯзон, бо оҳу афсӯсу фиғон. Чун лабташнае, ки бо ҳаваси нӯши чашмаи зулоли ишқ вориди водии гулрези муҳаббат мешаваду вале аз ғуруру булҳавасӣ ва кӯрии чашми дилу тирагии ақл иштибоҳ карда, роҳгум мезанад ва саранҷом ба биёбони тафсони фироқ меафтад… Ниҳоли пайкарат дар панҷаи боди ноумедӣ меларзиду меларзид. Мавсими баргрезон, тирамоҳи умрат фаро мерасид.

Гули ишқи пок Аз бозе, ки ба ту дил бастаам, маро на хоб асту на осоиш. Шабҳо чун сар ба болини хоб мениҳам, пеши назар чеҳраи зебои ту меояду хоб аз чашмонам мегурезад. Мурғи хаёлам ба фазои олами рангини ишқу муҳаббати ту парвоз мекунаду ғарқи дарёи орзуҳои наҷиб мегардам. Миёни оташи ишқат бо сӯзу гудоз шабҳои бехобиро ба умеди дидорат саҳар мекунам. Ёд дорам он лаҳзаи гувороро! Он лаҳзаеро, ки бо нигоҳи ишқборат қалби маро аз ман бурдӣ. Он лаҳзаеро, ки қалби ману ту ҳамрозу пайванд шуданд. Он

лаҳзаи нотакроре буд дар зиндагии ман, ки дар китоби хотираам нақш ёфтаву бароям беҳтарин саҳифаи зебову хонданист. Аз ҳамон лаҳза гуле дар қалби ман арзи шукуфтан кард. Шабҳои бехобӣ вақте хаёлан рӯ ба рӯ меоему аз сири ишқи ҳам роз мегӯем, он гул дар қалби ман нумӯ мекунад ва рӯз то рӯз ба гулбуне табдил меёбад… Гулҳои баҳор ҳама хушбӯянд. Аммо гуле, ки дар қалби ман рӯидааст, зебову хушбӯйтар аз онҳост. Зеро он атри муҳаббату

вафои туро дорад, ки ҳар лаҳза дунёи дили маро муаттар месозад. Бо гузашти баҳорон гулҳо ҳама пажмурда мешаванд, аммо гули дар қалби ман рӯида ҳаргиз пажмурдаву хазон нахоҳад шуд. Зеро он гули ишқи поку безаволи ману туст, ки дар қалби ҷавони ман ватан кардаасту ҷовидона сарсабз мемонад, чунки ба пиндори вассофони бузурги ишқ – ишқи пок оғоз дораду анҷом не: Ишқро оғоз ҳаст, анҷом нест, Бомдоди ошиқонро шом нест.


САЙҚАЛИ ХОТИРА Футболбози рус Андрей …

Шўрбои миллии русї

Падар (лањља)

Нидои њарбиён њангоми њуљум

Обрав

Растании турши бисёрсолаи субтропикї

Фаќир, нодор

Мошини њарљогард

Касби Њасан аз достони Турсунзода

Аз гармї њубоб баровардани об

Гиёњи хўрданбоби чукримонанд

Бародар

Љумлаи хабарї, саволї, …

Њиссачаи тасдиќї

Њила, найранг

Яке аз «з»њои алифбои форсї

Дар он чашмон љойгиранд

Асбоби мусиќии тории секунља

Як халќи ўзбектабор …хонаресторан ба тољикї

…мат, яроќи оташфишон

Сухани охирини ѓолиб дар шоњмот

Оњан ба он мечаспад

Ширкати њавопаймоии машњури Русия

«Свобода» ба тољикї

Афту андом, рўй

Сарояндаи эронї Радио дар 103 FM

Шоњ …-и Сомонї

…и варзиши дараљаи байналмилалї

Мазњаб, имон

Сарояндагї

Њарфи «з»-и ЗиЛ ё ВАЗ

Ќањрамони "Шоњнома"

"Наводир-... ваќоеъ" (А. Дониш)

Истироњатгоњ дар вил. Суѓд

Дидор

«Асрори …ро на ту дониву на ман»

Яке аз чањор ёрони пайѓамбар (с)

Мусиќии классикии «Шаш…»

Ќадамзании аскарон

Њоло, акнун Ба ќитъаи Осиё пайваст аст

АИТ - Академияи …њои Тољикистон -

Асбоби мусиќии А. Рўдакї Љонишини шахсї

Кох, хонаи шоњ Наврўз, Сада, Соли Нав

Мева

Буѓ дар осмон

Саъдии ..., шоири классик

www.javonon.tj

Субњ, пагоњї

Осоишгоњ, истироњатгоњ (рус.)

Тамокукашї -…и бад

Њаводор, дўстдори њунар

Дар даруни сигор

Ноњияи аз рўи ањолї 1-уми ЉТ

Як даста алаф

Дарди миён

Асбоби ёрирасони чашм

Гиёњ, бутта, дарахт

Ибодат

Фармонбардорї

Дўстдоранда, дилбохта

Оташ

Сарояндањо тањти он дањон мекушоянд

«ИМА» ба русї

Нозири роњ коркуни ин бозрасї аст

Матбуот, рўзнома

Мазор, оромгоњ

Номи пешинаи ш.Турсунзода

Саќичи машњури хориљї

Кўзагар, косагар

Моддаи мухаддир

Машаќќат, азият

Кори хаттии хонандаи мактаб

Кино

Он дар донаки мева аст

Дар њар ангушт њаст

Рўзї, хўрок

Кўдак

Номи шоир Навої

Бемории роњи нафас

… Баччан, актёри њиндї

Сармоягузор, спонсор

Яке аз занњои бињиштї

Бањалќагирии душман

Муаллифи «Ромео ва Љулйетта» Уилям …

Духтари калонї барои хурдињо

Воњиди пули Япония

Автомобили франсузї

Пойтахташ Киев

Номи Ибн Сино

… Делон, актёри машњури фаронсавї

15 е-mail: javonontj@mail.ru

Ќањрамони гўшкалони мултфилми русї

«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН» №5 (9431), 4 феврали соли 2016


е-mail: javonontj@mail.ru

16

ФАРОҒАТИ ҶАВОНОН

«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН» №5 (9431), 4 феврали соли 2016

Лутфи ҷавонӣ

 ОБУНА - 2016

Бо “Ҷавонони Тоҷикистон” ҳамеша ҷавон мемонед!

Духтур: - Ин доруҳоро бояд то охири умратон истеъмол кунед. Бемор: - Аммо ин ҷо навишта шудааст, “истифода давоми ду моҳ”-ку? Духтур: - Баъд ман чӣ гуфтам?

Обуна ба рӯзномаи “Ҷавонони Тоҷикистон” барои соли 2016 идома дорад. Нархи обуна аз тариқи идораи рӯзнома: - барои як сол - 65 сомонӣ - барои шаш моҳ - 34 сомонӣ - барои се моҳ - 18 сомонӣ муқаррар шудааст. Ин арзиш бо назардошти бурда расондан ба нақша гирифта шудааст. Шумо обуна шавед, мо сари вақт рӯзномаро мерасонем. Инчунин, Шумо ба воситаи шуъбаҳои алоқаи шаҳру ноҳияҳо метавонед ба ягона рӯзномаи ҷавонон обуна шавед. Нархи яксолаи обуна ба воситаи почта 87,48 сомонӣ. Суратҳисоби бонкии рӯзнома: р/с №20202972500232101000, кор/с 20402972316254, ИНН 030000301, МФО 350101626 Бонки давлатии амонатгузории Тоҷикистон “Амонатбонк”. Индекси обуна 68857.

***

ям.

***

Бемор: - Дуруст аст, ки сабзӣ нури чашмро пурқувват мекунад? Табиб: - Бале, дуруст. Ту ягон харгӯшро дидаӣ, ки бо айнак гардад?

 АНДАРЗ

Рози муваффақият Боре ҷавоне аз Суқрот пурсид: - Рози муваффақият чист? Суқрот гуфт: - Фардо ба лаби фалон дарё биё, то рози муваффақиятро бароят бигӯям. Ҷавон фардои он рӯз бисёр ба иштиёқу рағбат худро ба он ҷо расонд. Суқрот аз ҷавон хост, то ба лаби об раванд. Вақте ба лаби об расиданд, аз ҷавон хост, то ҳамроҳаш ба об дарояд. Ҷавон ҳайрону шигифтангез ба Суқрот нигарист ва ба ин андеша, ки ӯ чӣ мехоҳад, бо ӯ ба об даромад. Вақте об ба шонаҳояшон расид, ногаҳон Суқрот сари ҷавонро зери об кард. Ҷавон дарҳол ба талош афтод то худро раҳо кунад, аммо Суқрот, ки марди қавӣ ва пурзӯр буд, талоши ҷавон бефоида шуд. Бечора ҷавон он қадар зери об монд, ки

***

нафасгир шуда, рангаш кабуд гардид, чун ҷонаш тангӣ мекард, саросемавор, бо сад ҳила талош намуд, то худро аз дасти Суқрот раҳо намуд. Вақте болои об баромад, чизе, ки аввал анҷом дод, нафаси амиқе буд, ки фурӯ бурд. Суқрот аз ӯ пурсид: - Акнун бигӯ, ки вақте дар зери об будӣ, аз ҳама бештар муштоқи чӣ будӣ? Ҷавон гуфт: - Муштоқи ҳаво. Суқрот гуфт: - Акнун дидӣ? Ҳар вақте ба ҳамон андоза, ки муштоқи як нафас ҳаво будӣ, иштиёқи муваффақиятро дошта бошӣ, талош хоҳӣ кард то онро ба даст биёрӣ. Муваффақият рози дигаре надорад, писарам. Агар дар зиндагӣ он чиро, ки мехоҳӣ, муштоқона талаби онро кунӣ, яқин аст, ки ба хостаҳоят даст хоҳӣ ёфт. Дар роҳи расидан ба ҳадаф ин ду калимаро бо худ дошта бош! Ман метавонам.

Ҳамшираи шафқат ба ҳамкораш: - Чаро зери чашмат кабуд аст? - Субҳ саросема аз шавҳарам пурсидам, ки “ту аз кадом палатаӣ?”

***

Ҷарроҳ: - Мо табибон дар ин дунё душманони зиёде дорем. Ҳамкораш: - Дар он дунё бисёртар...

 ЭЪЛОН

ГУМШУДА

Бастаи ҳуҷҷатҳо (шиноснома, шаҳодатномаи ронандагӣ, шиносномаи техникӣ, талон), ки ба шаҳрванд Наврасов Саъдӣ Бурҳонович, соли таваллудаш 22.08.1996, мутааллиқ аст, гум шудааст. Аз касе ин ҳуҷҷатҳоро пайдо кардааст, хоҳиш карда мешавад, баргардонад. Тел: 881111588

Таҳияи Э.Шаҳло, “ҶТ”

Зодрӯз муборак!

ЭЪТИБОР НАДОРАД

Шаҳодатномаи гумшудаи №65, ки онро соли 2009 Коллегияи адвокатҳои “Сипар” ба Бобошоев Зафарҷон Шарифҷонович додааст, эътибор надорад.

www.javonon.tj

Судайс Худоиеви дӯстрӯяк 7 феврал яксола мешавад. Ӯро ба ин муносибат Бобояш Муҳаммадюсуф, бибияш Шаъмигул, падараш Диловар, модараш Бибиробия, аммааш Мафтуна, амакҳояш Беҳрӯзҷону Бахтовар ва апаҳояш Сумаяву Осия шодбош гуфта, барояш умри дарози бобаракат, саломатӣ ва хушиҳои рӯзгорро таманно мекунанд. Яксола шудӣ, хоҳем садсола шавӣ, Ошиқ ба гули бунафшаву лола шавӣ. Рӯзнома таҳти рақами 0120/рз аз 22 сентябри соли 2014 дар Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон сабти ном шудааст. Нишонӣ: 734018, шаҳри Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ, 16, ошёнаҳои 1 ва 4

САРМУҲАРРИР

Бахтовар КАРИМОВ

ҲАЙАТИ МУШОВАРА:

Абдуҷаббор РАҲМОНЗОДА (Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа), Нуриддин САИД (вазири маориф ва илми Тоҷикистон), Аҳтам АБДУЛЛОЗОДА (раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон).

ҲАЙАТИ ЭҶОДӢ:

Духтур: - Ин доруҳоро хӯред. Бемор: - Не, намехӯрам. - Барои чӣ? - Чунки маҷбурам боз ба кор баро-

Умаралии САФАРАЛӢ (ҷонишини сармуҳаррир), Маҳмудҷон УСМОНОВ (котиби масъул), Сайфиддин СУННАТӢ (муҳаррири шӯъбаи варзиш ва сайёҳӣ), Манзумаи ФИРӮЗ (муҳаррири шӯъбаи иқтисод ва иҷтимоъ), Ҳасан АЗИЗОВ (муҳаррири шӯъбаи ҳаёти ҷавонон), Нуруллоҳ ОРИФ, Шаҳло ЭШОНОВА, Наврӯз ҚУРБОНОВ, Шодихони НАЗАР, Беҳрӯз ХОЛМУРОДОВ, Гулбаҳор РАҲМОНОВА, Хуршед МАВЛОНОВ (хабарнигорон), Толибшоҳ ДАВЛАТ (хабарнигор, НТМ), Фарзона ИСМОИЛОВА (хабарнигор, Хатлон), Машҳур ИМОМНАЗАРОВ (хабарнигор, ВМКБ), Шеравган ХУРСАНҚУЛОВ (саҳифабанд).

Шартномаи гумшудаи хариду фурӯши манзили истиқоматӣ бо суроғаи шаҳри Душанбе, кӯчаи Мушфиқӣ-79, кв. 26, ки ба шаҳрванд Сафаров Зиёрат Аскарович тааллуқ дошта, таҳти №23006 дар Идораи нотариалии ноҳияи Марказӣ (ҳоло И. Сомонӣ)-и шаҳри Душанбе аз 03.06.1999 ба қайд гирифта шудааст, эътибор надорад. •

Ба хотири чандандешӣ матолибе низ ба табъ мерасанд, ки хилофи назари ҳайати эҷодист. Дурустии арқому далелҳо бар дӯши муаллифон аст.

Ҳангоми таҳияи хабарҳо аз матолиби интернет низ истифода шудааст.

Индекси обуна: 68857

Тел: 901 06-41-10, 238-54-14, 238-51-09, 238-53-03

Ҳафтанома дар КТН «Шарқи озод» (хиёбони Саъдии Шерозӣ-16) бо теъдоди 7107 нусха ба нашр расид.

Ҳисоби бонкӣ: р/с №20202972500232101000, кор/с 20402972316264, ИНН030000301, МФО350101626. Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк»


Turn static files into dynamic content formats.

Create a flipbook
Issuu converts static files into: digital portfolios, online yearbooks, online catalogs, digital photo albums and more. Sign up and create your flipbook.