Ҷавонони Тоҷикистон, №06, 2018

Page 1

ЧТ , “ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН”, №06 (9536), 08.02.2018

javonon.tj

1

НАШРИЯИ КУМИТАИ КОР БО ҶАВОНОН ВА ВАРЗИШИ НАЗДИ ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

АВОНОНИ ОҶИКИСТОН №06 (9536), 08/02/2018

e-mail: javonontj@mail.ru

Эмомалӣ Раҳмон ва “Соли ҷавонон” Зуҳури тарбияи ҷисмонӣ реша дар жарфои қарнҳои бостон дорад. Вай ҳанӯз бо пайдоиши нахустодамон дар сайёра арзи вуҷуд карда буд. Яъне, аввалин сокинони сайёра фарзандони хешро бидуни он ки аз мавҷудияти илми фалсафа огоҳ бошанд, тарбият мекарданд. Илм роҷеъ ба тарбияи ҷисмонӣ хеле дертар нисбат ба улуми дигар, амсоли нуҷум, ҳандаса ва кимиё ташаккул ёфта, қиёсан бо соири илмҳо нав ба шумор меравад. Иттилооти таҷрибавиро марбут ба тарбияи ҷисмонӣ, фаҳмишу ақидаҳои аввалинро дар ин боб ҳанӯз назарияи илмии тарбиявӣ ҳисобидан иштибоҳ мебошад.


2 СОЛНОМАИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ – 2017 (Идома аз шумораҳои гузашта) Ҳар сафари кории Сарвари давлат ба ин ё он гӯшаи диёр муждаи тоза аз корҳои ободонию бунёдкорист. Қадами мубораку фархундаи Пешвои миллат ба ҳар маҳал файзу баракат ва нусрати тоза меорад. Чунин як сафари бобарору созандаи Пешвои миллат аз 16 то 18 августи соли 2017 дар як қатор шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон, аз ҷумла шаҳри Қӯрғонтеппа, ноҳияҳои Бохтар, Вахш, Ҷайҳун, Дӯстӣ ва Панҷ сурат гирифта, барои вусъати корҳои ободонию пешрафти ин минтақа такони ҷиддӣ бахшид. Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари кории худ ба шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон бо сокинону фаъолон мулоқот ва вохӯриҳои судманд анҷом дода, дар расми мавриди баҳрабардорӣ қарор додани як силсила иншооти ҳаётан муҳим, аз ҷумла коргоҳу корхонаҳои истеҳсолӣ, марказҳои савдову хизматрасонӣ, биноҳои нави муассисаҳои таълимӣ, иштирок карда, ба сохтмони иншооти дигар оғози расмӣ бахшиданд. 16 август сафари кории Президенти мамлакат аз ноҳияи Бохтар оғоз гардид. Дар ин ноҳия Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо фаъолияти Кооперативи тиҷоратии “Сомон” шинос шуда, сардхонаи замонавӣ бо ғунҷоиши 2000 тонна маҳсулотро ифтитоҳ намуданд. Ҳадаф аз бунёди чунин сардхонаҳо, ки аз супоришҳои раҳнамунсози Сарвари давлат сарчашма мегирад, барои дар фаслҳои тирамоҳу зимистон таъмин намудани аҳолӣ бо меваю сабзавоти тару тоза мебошад. Зимни ифтитоҳи муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 14 барои 1320 ҷои нишаст дар ду баст бошад, Президенти мамлакат таваҷҷуҳи омӯзгоронро ба масоили беҳдошти сифати таълиму тадрис, тарбияи наслҳои имрӯза дар рӯҳияи илмомӯзиву ватандӯстӣ ва ҳифзу арҷгузорӣ ба фарҳангу тамаддуни миллати тоҷик ва дигар масъалаҳои дархӯри рӯз ҷалб карданд. Дар ноҳияи Вахш Пешвои миллат барои бунёди бинои Коллеҷи аграрии вилояти Хатлон ва Маркази тиббии ба номи Исмоили Сомонӣ санги асос гузоштанд. Ин иқдом барои рушди бахшҳои кишоварзӣ ва тандурустӣ, тайёр кардани кадрҳои баландихтисоси ин соҳаҳо мусоидат мекунад. Дар рӯзи сафари кории Президенти мамлакат дар маркази ноҳияи Вахш марказҳои таълимӣистеҳсолии атласу адрасбофӣ ва савдо ифтитоҳ гардид. Дар ин ноҳия Сарвари давлат ба муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 56 барои кӯдакони лаёқатманд ташриф оварданд. Муассисаи мазкур бо дастгирии Пешвои миллат пурра навсозӣ шуда, барои таҳсили хонандагон беҳтарин шароит фароҳам оварда шуд. Дар ин рӯз ба хонандагони муассиса ёрии моддии Президенти мамлакат ҳамчун идомаи мантиқии ғамхории давлату Ҳукумат ба табақаҳои ниёзманд дастрас карда шуд. Ташрифи Президенти мамлакат ба ноҳияи Ҷайҳун низ басо хо-

“ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН”, №06 (9536), 08.02.2018

ҳайати шахсӣ тамоми тадбирҳои заруриро амалӣ намуда, дастгириву ғамхориро ҷиҳати беҳсозии хизмати марзбонон ва шароити зисту рӯзгори онҳо тавсеа мебахшад. Дар соли 2017 Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ноҳияи Шамсиддини Шоҳини вилояти Хатлон ташриф оварда, бинои маъмурии шуъбаи раёсати Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, корхонаи давлатии дӯзандагӣ ва коркарди меваю сабзавот, меҳмонхонаи замонавӣ дар маҳаллаи Сино, муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 1 барои 760 нафар хонанда дар ду бастро мавриди баҳрабардорӣ қарор

Ҳадаф аз анҷоми сафарҳои корӣ ба вилояти Суғд шиносоӣ бо вазъи зиндагии мардум, рафти иҷрои корҳои ободонию бунёдкорӣ, вусъати корҳои саҳроӣ, иштирок дар маросими ифтитоҳи иншооти таъйиноти гуногун, гузоштани санги асос барои сохтмони иншооти дигар ва мулоқот бо сокинону фаъолони шаҳру ноҳияҳои вилоят мебошад. Боиси зикр аст, ки дар даврони соҳибистиқлолӣ, дар фазои сулҳу суботи сартосарии мамлакат бо ҷаҳду талоши бевоситаи Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд ободу зебо ва шароити зин-

дода, дар фазои тантанавӣ иншооти муҳиму стратегии коммуникатсионӣ – қитъаи роҳи Шӯрообод–Шоҳонро ифтитоҳ намуданд. Зимни сафар барои бунёди қитъаи Кӯлоб–Шамсиддини Шоҳини роҳи мошингарди Кӯлоб–Қалъаи Хумб ва оғози корҳои сохтмонӣ барои бунёди варзишгоҳ ва бинои қасри фарҳанг дар ноҳияи Шамсиддини Шоҳин санги асос гузоштанд. Қисмати роҳи Шӯрообод–Шоҳон идомаи бунёди шоҳроҳи мошингард ба самти шарқии мамлакат буда, дорои аҳамияти бузурги иқтисодиву иҷтимоӣ ва стратегӣ мебошад. Ин қитъаи роҳ, ки ҷузъи асосии роҳи мошингарди Кӯлоб–Қалъаи Хумб ба ҳисоб меравад, бо таҷдиду навсозии он рафтуомади доимии сокинон дар тамоми фасли сол таъмин гардида, интиқоли молу маҳсулот низ афзоиш хоҳад ёфт. Бояд гуфт, ки дар рафти таҷдиду навсозии қитъаи Шӯрообод–Шоҳон 1000 нафар сокини маҳаллӣ бо ҷои кору маоши хуб таъмин гардида, ҳамаи онҳо оянда ҳамчун мутахассисони соҳибтаҷриба дар бунёди қитъаи Кӯлоб–Шамсиддини Шоҳин ва Шкев–Қалъаи Хумб саҳми назарраси худро мегузоранд. Ин сафари корӣ ба ноҳияи Шамсиддини Шоҳин аз бисёр ҷиҳат барои сокинони ноҳия ва шаҳру ноҳияҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон муҳиму созанда буд, зеро дар баробари бунёди иншооти таъйиноти гуногун, ҳамчунин, роҳи нави барои интиқоли мусофирон, молу маҳсулот созгор ва баҳри роҳ ёфтан ба кишварҳои хориҷ мусоидаткунанда ба истифода дода шуд. Бо боварӣ гуфтан мумкин аст, ки дар даврони соҳибистиқлолӣ бо татбиқи сиёсати роҳсозӣ ва бо бунёди роҳҳои оҳану мошингард, пулҳову нақбҳои дорои аҳамияти минтақавӣ Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳбарии Пешвои миллат дар самти баровардани ҷумҳурӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ ба комёбиҳо ноил гардид ва бо ин Тоҷикистон ба як кишвари воҳид тадбил ёфт. Соли 2017 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 2 маротиба – моҳҳои март ва ноябр ба шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд сафари корӣ анҷом доданд.

дагии сокинон беҳтар гардид. Аҳли ҷомеаи вилояти Суғд ба саҳми беназири Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар барқарор кардани сулҳу субот ва пешрафти ҷумҳурӣ арҷ мегузоранд. Исботи садоқати сокинони вилояти Суғд нисбат ба Президенти мамлакат ҷонибдории амиқ аз сиёсати созандаи Сарвари давлат аст. Мардуми касбу кори гуногун бо хизмати садоқатмандона, обод кардани диёри хеш, бунёди корхонаю коргоҳҳои гуногун ва таъсиси ҷойҳои корӣ сиёсати бобарори роҳбарияти давлату Ҳукумати ҷумҳуриро дастгирӣ менамоянд.

Эмомалӣ Раҳмон ва “Соли ҷавонон” тирмон буд, зеро дар ин ҷо якчанд иншооти муҳими таъйиноти гуногун ифтитоҳ ёфта, барои бунёди се корхонаи нави истеҳсолии саноатӣ дар Минтақаи озоди иқтисодии “Панҷ” асос гузошта шуд. Зеристгоҳи нави 220/110/10 киловаттаи “Геран-2”, дидбонгоҳи нави сарҳадии “Сомон” ва корхонаи истеҳсоли ғӯлачаҳои ҷуворимакка аз ҷумлаи иншооти навбунёд мебошанд. Тавре маълум аст, ба хотири расидан ба ҳадафи сеюм ва стратегии Ҳукумати кишвар – таъмини амнияти озуқаворӣ аз ҷониби Сарвари давлат тадбирҳои муҳиму мушаххас амалӣ мегарданд. Истифодаи самараноки замин, гирифтани ду-се ҳосил аз як замин, афзоиши истеҳсоли маҳсулоти хушсифати кишоварзӣ, содироти сабзавот, меваҳои тару тозаю хушкмеваҳо ба хориҷ, таъсиси ҳазорҳо ҷойҳои нави корӣ аз амалҳои хайру саховатмандонаи Пешвои миллат дар ин самт мебошанд. Исботи ин гуфтаҳо фаъолияти самарабахши Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди иттиҳоди аграрии “Водии заррин” дар ноҳияи Ҷайҳун мебошад, ки бо дастгирии Президенти мамлакат бо ворид кардани техникаю технологияи муосир аз 12 ҳазор гектар замини солҳо бекорхобидаю беҳосил беш аз 7 ҳазори он ба гардиши кишоварзӣ дароварда шуда, ҳазорҳо тонна ғалладона ва пахта истеҳсол гардидаанд. Бо таваҷҷуҳ ба рушди соҳаи кишоварзӣ ҳамчун манбаи таъминкунандаи бозори истеъмолӣ Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди иттиҳоди аграрии “Водии заррин” ташриф оварда, бо фаъолияти самараноку ибратбахши меҳнаткашони он аз наздик шинос шуданд. Соли 2017 ҷамъияти мазкур дар майдони 2 ҳазору 21 гектар гандум, 1 ҳазору ҳаштсаду се гектар чигит, 2 ҳазору 870 гектар шолӣ кишт намуда, беш аз 2 ҳазор нафар сокини маҳаллиро бо кор таъмин карданд. Таъсиси ҷойҳои корӣ ва ба шуғл фаро гирифтани сокинон аз ҳадафҳои муҳими Ҳукумати мамлакат дар роҳи беҳдошти сатҳи зиндагии мардум мебошад. Ба гардиши кишоварзӣ даровардани ҳазорҳо

гектар заминҳои нав дар роҳи татбиқи “Барномаи давлатии азхудкунии заминҳои нави обёришаванда ва барқарорсозии заминҳои аз гардиши кишоварзӣ берунмонда дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2012–2020” мусоидат мекунад. 17 августи соли 2017 дар ноҳияи Дӯстии вилояти Хатлон аз тарафи Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 16 барои 1200 нафар хонанда дар ду баст ва Маркази ҷавонон ифтитоҳ карда шуданд. Бунёди бинои зебои Маркази ҷавонон туҳфаи арзандаи Пешвои миллат дар “Соли ҷавонон” барои сокинони ноҳия мебошад. Дар зарфи 26 соли соҳибистиқлолии кишвар дастгириҳои давлатӣ дар самти татбиқи сиёсати давлатии ҷавонон ва варзиш назаррас буда, ҷиҳати таъмини некуаҳволии ояндасозони миллат пайваста тадбирҳо андешида мешаванд. 18 август Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Панҷ барои бунёди муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 9 бо 1280 ҷои нишаст дар ду баст санги асос гузошта, варзишгоҳи марказии ноҳияро бо 7 ҳазор ҷо мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд. Дар анҷоми сафари корӣ дар ноҳияи Панҷ Сарвари давлат аз отряди сарҳадии «Панҷ» дидан намуда, дар фазои тантанавӣ иншооти навбунёди он, аз қабили боғчаи кӯдакон, ду бинои истиқоматии замонавӣ барои хизматчиёни ҳарбӣ ва оилаҳои онҳо, марказҳои муосири таълимиро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд. Дар отряди сарҳадии мазкур бо маблағгузории Ҳукумати мамлакат ошхона, ду бинои хобгоҳи сарбозон, ситоди қисми ҳарбӣ, клуби тобистона, меҳмонхона, толори варзишӣ, ҳаммом, мошинсарой, нуқтаи тиббӣ ва ду нуқтаи назорати гузаргоҳӣ пурра таъмиру навсозӣ гардиданд. Зимни ифтитоҳи иншоот Сарвари давлат изҳор доштанд, ки роҳбарияти давлату Ҳукумат минбаъд низ ҷиҳати таҳкими заминаҳои моддиву техникӣ, таъминоти воҳидҳои махсус ва ҷузъу томҳои ҳарбӣ бо таҷҳизоту техникаи замонавии ҳарбӣ, муҳимоти ҷангӣ ва ҳаллу фасли масъалаҳои иҷтимоии

Аввалин сафари корӣ ба вилояти Суғд соли 2017 рӯзҳои 23 то 25 март дар айёми таҷлили ҷашни Наврӯз аз шиносоӣ бо ҷараёни корҳои бунёдкорию созандагӣ ва ифтитоҳи як қатор иншооти ҷашнӣ дар вилоят ва иштирок дар ифтитоҳи бинои нави таълимии мактаби рақами 14 деҳаи Унҷии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров оғоз гардид. Бинои мактаб сеошёна буда, барои 1080 ҷои нишаст бо назардошти таҳсил дар 2 баст тарҳрезӣ шудааст. Сарвари давлат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз Боғи интенсивии Кооперативи тиҷоратии хоҷагиҳои ҷамоавии ба номи Турсунбой Қӯшатов боздид намуда, дар ҳамин ҷо ба кишти чигит ва дар заминҳои бекорхобидаи Сомғор дар шаҳраки нави Сайҳун оби полезиро кушода, ба бунёди боғи нави зардолу оғоз бахшиданд. 24 марти соли 2015 зимни сафари корӣ ба шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд Президенти ҷумҳурӣ Эмомалӣ Раҳмон дар дашти Сомғор ва минтақаи Мирзоравот ба сохтмони як шаҳри нави замонавӣ асос гузошта буданд. Иқдоми бунёди шаҳраки нав аз тарафи Сарвари давлат бо дарназардошти афзоиши аҳолии шаҳри Хуҷанд ва шаҳру ноҳияҳои атрофи он, таъмин намудани оилаҳои эҳтиёҷманд бо қитъаҳои замини наздиҳавлигӣ барои бунёди манзили истиқоматӣ ва азхудкунии заминҳои нав барои ба роҳ мондани истеҳсолоти кишоварзӣ, аз ҷумла, тавассути бунёди боғҳои нав дар мавзеи Сомғор мебошад. (Идома дорад)


“ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН”, №06 (9536), 08.02.2018

АХБОРИ ҲАФТА

3

Мақоми 106-ум ба Тоҷикистон Пажӯҳишгоҳи таҳқиқотии “Heritage Foundation”-и Амрико ба Тоҷикистон мақоми 106-умро дар раддабандии индекси озоди иқтисодӣ муносиб донист. Ҳамин тариқ Тоҷикистон аз рӯи ин нишондиҳанда ҳатто Русияро ҳам як зина поён партофт. Ба андешаи муҳаққиқони ин пажӯҳишгоҳ вазъ дар ягонагӣ ва ҳамдигарфаҳмӣ дар ҳукумат ва беҳдошти фаъолияти мақомоти судӣ назаррас аст. Аз рӯи ин нишондиҳанда Тоҷикистон миёни кишварҳои Осиёи марказӣ пас аз Қазоқистону Қирғизистон дар ҷои сеюм қарор дорад.

Кӯмаки Рустами Эмомалӣ ба сокинони водии Бартанг Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ дар арафаи таҷлили ҷашни Сада ба сокинони деҳоти дурафтодаи водии Бартанги ноҳияи Рӯшон кӯмаки моддӣ расонд. Раиси ҷамоати деҳоти Савноби ин водӣ Малабек Малабеков ба хабарнигори АМИТ “Ховар” аз кӯмаку ғамхориҳои пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба сокинони деҳоти дурдасти водии Бартанг изҳори сипос намуда гуфтааст, ки “сокинони водӣ дар як муддати кӯтоҳ бартараф сохтани оқибатҳои заминҷунбии соли 2015 дар деҳаи Ғудараи ин ҷамоатро ҳаргиз фаромӯш намекунанд. Бар асари ин офати табиӣ 32 хонавода аз манзилашон маҳрум гаштанд. Ин ҳодиса дар фасли зимистон, дар фасле, ки бар асари сангчарху тармафуроӣ роҳҳои мошингард зуд-зуд баста мегарданд, рух дод. Сарфи назар аз ин, бо супориши Пешвои миллат аксари роҳбарони сохторҳои марбута савораву пиёда худро ба ин деҳа расонданд. Хисороту зарари расондаи зилзиларо муайян ва маълумотро ба Ҳукумати мамлакат пешниҳод карданд. Рӯзи дигар кӯмакҳои аввалини тиббӣ ва маводи ғизоӣ тавассути чархболҳо интиқол дода шуданд. Дар бозгашт ба воситаи ин чархболҳо беморон, кӯдакону шахсони барҷомондаро ба маркази ноҳия интиқол доданд. Дар як муддати кӯтоҳ 32 хонаи нави истиқоматӣ бо тамоми шароити зиндагӣ мавриди истифода қарор дода шуданд. Роҳу кӯпрукҳои мошингарди ин водӣ бо кумаки Ҳукумати ҷумҳурӣ таъмиру аз нав сохта шуданд. Ҳаракати нақлиёт барқарор карда шуд”. Раиси ҷамоати мазкур ҳамчунин афзудааст, ки зимистони имсола агарчӣ камбарф аст, аммо ҳаво хеле сард буда, сокинон бештар ба маводи сӯхт ниёз доранд. Инро ба инобат гирифта, раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ дар баробари кӯмаки ғизоӣ, ҳамчунин барои сокинони деҳоти дурдаст 30 тонна ангиштсанг фиристодааст.

“Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” расман ифтитоҳ ёфт Ҳамоиши тантанавӣ бахшида ба оғози расмии “Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” 3-юми феврал дар шаҳри Душанбе бо намоиш ва фурӯши молу маҳсулоти ҳунармандони тоҷик ифтитоҳ ёфт. Пас аз тамошои гӯшаҳо маросими оғози расмии “Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” дар Тоҷикистон бо суханронии Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Абдуҷаббор Раҳмонзода оғоз ёфт. Зикр гардид, ки таъсиси ниҳоди алоҳидаи соҳавӣ, фароҳам овардани имтиёзҳои андозию гумрукӣ барои беҳтар намудани инфрасохтори сайёҳӣ ва сода гардонидани низоми раводиди туристӣ ва дигар имкониятҳо чанде аз тадбирҳое мебошанд, ки то ба имсол барои рушди бахши туризм аз ҷониби Ҳукумати ҷумҳурӣ роҳандозӣ гардидаанд. Давоми соли равон бошад чунин имтиёзу тадбирҳо афзоиш хоҳанд ёфт. Зеро дар ин давра нақшаву ҳадафҳо барои рушди ду бахш - ҳам сайёҳиву ҳам ҳунарҳои мардумӣ ҷиддӣ мебошанд. Гуфта шуд, ки тадбирҳои то имрӯз амалигардида самараовар буданд, зеро соли гузашта ташрифи сайёҳон нисбат ба соли 2016 қариб 25 фоиз афзуда, дар раддабандии созмо-

Дарси навиштани эссе ҷорӣ шуд Аз 1 феврали соли равон дар тамоми муассисаҳои таҳсилоти умумии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо назардошти бори аввал ҷорӣ шудани дарси эссе дар имтиҳоноти дохилшавӣ тавассути Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бо мақсади омодагии хатмкунандагони синфи 11-и муассисаҳои таҳсилоти умумӣ навиштани эссе ҷорӣ гардид. Тибқи иттилои Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дарси навиштани эссе дар байни синфҳои 11-и муассисаҳои таҳсилоти умумии ҷумҳурӣ, новобаста аз шакли ташкилию ҳуқуқӣ, аз 1 феврали соли 2018 то анҷоми соли хониш ҷорӣ карда хоҳад шуд. Бино ба иттилои манбаъ, навиштани эссе дар як ҳафта се соат – як соат аз ҳисоби дарси забони модарӣ, як соат аз ҳисоби дарси адабиёт ва як соат аз ҳисоби дарсҳои факултативӣ, захиравӣ ва ё дигар имконоти дохилии муассисаҳои таълимӣ ба роҳ монда мешавад. Омӯзгорони фанни забон ва адабиёт вазифадор карда шудаанд, ки ҳангоми тафтиши эссе бештар ба риояи қоидаҳои имло, аломати китобат ва услуб диққат дода, хонандагонро талқин намоянд, ки дар навишти эссе аз истифодаи калимаю ибораҳои шевагӣ ва ҷумлаю ифодаҳои мушкилфаҳм худдорӣ намоянд.

ну ниҳодҳои байналмилалии туристӣ Тоҷикистон мавқеи худро хеле боло бурд. Иттилоъ дода шуд, ки давоми соли 2018 зиёда аз 100 ҳамоишу чорабиниҳои сатҳи гуногун бо ҷалби ширкатҳи сайёҳӣ ва созмонҳои бонуфуз баргузор гардида, барои тақвияти инфрасохтори бахши

мазкур нақшаи махсуси корӣ таҳия гардидааст. Иштирок дар намоишгоҳи байналмилалии «АТБ Берлин», «Интурмаркет», МИТТ Федератсияи Русия ва Намоишгоҳи сайёҳии Корея-2018 аз шумули нақшаҳои байналмилалие дониста шуд, ки бояд давоми сол ба сомон расонида шаванд.

Чорабинӣ дар Коллеҷи муҳандисию омӯзгорӣ Бо ибтикори Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Душанбе 6 феврал дар Коллеҷи муҳандисию омӯзгории шаҳри Душанбе чорабинии шаҳрии илмӣ-адабӣ дар самти ҳавасмандгардонии ҷавонон таҳти унвони “Ҷавонон пайрави Пешвои миллат” баргузор гардид. Меҳмони ифтихории ин чорабинӣ Нависандаи халқии Тоҷикистон Кароматулло Мирзоев буд. Мирзозода Иброҳим, сардори Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Душанбе чорабиниро ифтитоҳ бахшида, таъкид намуд, ки “мо – ҷавонон бояд ба гуфтаҳои Пешвои миллат содиқ ва дар ҳама ҷо парчамбардори давлати худ бошем”. Тавре мудири шуъбаи кор

бо ҷавонони Коллеҷ Баҳрулло Салимзода иттилоъ медиҳад, дар ҷамъбасти чорабинӣ дар самти фаъолияти давлатӣ ва ҷамъиятии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо донишҷӯён саволу ҷавоб сурат гирифта, ҷавонони фаъол бо сипоснома ва туҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ шуданд. Беҳрӯз ХОЛМУРОДОВ, “ҶТ”


4 Дар Паёми худ Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 22 декабри соли 2017 баён намуданд, ки: “Сайёҳӣ яке аз соҳаҳои муҳими бо шуғл фаро гирифтани аҳолии қобили меҳнат, баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардум, рушди дигар соҳаҳои хизматрасониву истеҳсолӣ, инчунин, муаррификунандаи таъриху фарҳанг, табиат ва анъанаҳои миллӣ ба ҳисоб меравад”. Дар воқеъ, сайёҳӣ шуғлест, ки низоми ташкили усулҳои гузаронидани истироҳатро бо мақсадҳои солимгардонӣ, шиносоӣ, зиёрат, тиҷоратӣ, варзишӣ, касбию хизматӣ ва дигар мақсадҳо тавассути саёҳат ва будубоши муваққатии берун аз ҳудуди ҷои истиқомати доимӣ ба роҳ мемонад. Ташрифҳои сайёҳӣ дар соли 2016 дар ҷаҳон 1,235 милиардро ташкил медиҳад, ки 7%-и содироти ҷаҳонии мол ва хизматрасонӣ (ММД) буда, 7% шумораи умумии ҷойҳои кориро ташкил менамояд. Даромади умумӣ аз соҳаи сайёҳӣ дар сатҳи байналмилалӣ дар соли 2016 1,220 миллиард доллари амрикоиро ташкил дод, ки ифодакунандаи хароҷоти сайёҳон барои хизматрасонии истиқомат, хӯрок, фароғат, хариди мол ва дигар молу хизматрасониҳо дар марказҳои сайёҳӣ аст. Дар соли 2016 вобаста ба рейтенги ташрифҳои байналмилалии сайёҳӣ ИМА (205.9 миллион доллар), Испония (60.3 миллион доллар), Тайланд (49.9 миллион доллар), Чин (44.4 миллион доллар), Фаронса (42.5 миллион доллар) дар панҷгонаи беҳтарин давлатҳо қарор гирифтанд. Барои ҳар як давлат воридоти сайёҳон сарчашмаи муҳими воридоти асъор, рушди иқтисодиёт ва имконияти инкишофёбиву таъмини шуғлмандии сокинони кишвар аст. Чунки ҳамчун

ПЕШНИҲОД

Имкониятҳо барои рушди сайёҳӣ фароҳам аст, вале... категорияи содиротии сайёҳӣ дар муомилоти байналмилалии мол, кор ва хизматрасонӣ баъди савдои моддаҳои кимёвӣ ва сӯзишворӣ дар ҷои сеюм қарор дорад ва дар ҷои чоруму панҷум бошад, маҳсулоти автомобилӣ ва хӯрокворист. Яъне, сайёҳӣ ҳамчун хизматрасонӣ дар ҷои аввал аст. Дар назар дошта шудааст, ки дар тамоми ҷаҳон то соли 2020 ташрифҳои сайёҳӣ ба 1,4 миллиард ва то соли 2030 ба 1,8 миллиард мерасад, ки 57% онҳо ба давлатҳои рӯ ба тараққӣ рост хоҳанд омад. Дар ҳисоботи Созмони Умумиҷаҳонии Савдо барои соли 2017 Тоҷикистон ҳамчун аъзои он дар соли 2016 хеҷ оморе надошт. Бо назардошти чунин ҳолат дар Тоҷикистон дар соли 2017 корҳои зиёде ба сомон расонида шуд. Аз ҷумла Пешвои миллат дар баромади худ баён намуданд, ки “Барои рушди ин соҳа дар кишвар ҳамаи заминаҳои зарурии меъёрии ҳуқуқӣ фароҳам оварда шуда, илова бар ин, як силсила чораҳои ҳавасмандкунӣ низ татбиқ гардидаанд. Аз ҷумла, воридоти таҷҳизот ва масолеҳи сохтмонӣ барои иншооти сайёҳӣ аз пардохтҳои андозу гумрук ва ширкатҳои сайёҳӣ дар панҷ соли аввали фаъолияташон аз пардохти андоз аз фоида озод карда шудаанд”. Воқеан, дар соли 2017 барои рушди фаъолияти сайёҳӣ чораҳои мушаххаси ҳуқуқӣ андешида шуданд. Аз ҷумла санаи 27-уми майи соли 2017, таҳти №258 Қарори Ҳукумати кишвар “Дар бораи Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон” қабул гардид. Ба Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон тағйиру иловаҳо аз 30-юми майи соли 2017, таҳти №1423 ворид карда шуд, ки дар заминаи он даромадҳо аз фаъолияти сайёҳӣ ба муҳлати 5 сол аз санаи бақайдгирии давлатӣ

аз андоз аз фоида озод карда шуд. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи сайёҳии дохилӣ” аз 18уми июли соли 2017, №1450 қабул гардид. Бо назардошти чунин дастгирӣ Пешвои миллат нигаронӣ аз рушди соҳа намуда қайд карданд, ки “Аммо сатҳи иҷрои корҳо дар самти рушди соҳаи сайёҳӣ, аз ҷумла ҷиҳати бунёди иншоот ва баланд бардоштани сифати хизматрасонӣ ҳамоно беҳбудӣ металабад. Шароити мусоиди табиӣ ва иқлими Тоҷикистон барои ба роҳ мондани хизматрасонии муосири сайёҳӣ ва инкишофи намудҳои гуногуни он имконияти беҳтарин муҳайё кардааст. Танҳо зарур аст, ки инфрасохтори муосир бунёд ва сифати хизматрасонӣ дар сатҳи байналмилалӣ ба роҳ монда шавад”. То 10 рӯзи корӣ дароз кардани муҳлати бақайдгирии сайёҳони хориҷӣ дар мақомоти корҳои дохилӣ, дар муҳлати ду моҳ тамоми гузаргоҳҳои сарҳадии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шабакаи ягона пайваст гардидан, такмили низоми идоракунӣ, чораҳои зарурӣ барои такмили қонунгузории танзимкунандаи фаъолияти соҳаи сайёҳӣ, эълони соли 2018 дар кишвар ҳамчун “Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ”, барои рушди ҳунарҳои мардумӣ ба соҳибкорон ва ҳунармандон ҷудо намудани қарзҳои имтиёзнок тавассути Фонди дастгирии соҳибкорӣ аз ҷониби Ҳукумати мамлакат, бо мақсади ҳавасмандгардонии аҳолӣ ҷиҳати истеҳсоли молҳои ниёзи мардум аз пардохти ҳамаи намуди андозҳо озод кардан ва дар хона ва рушди ҳунарҳои мардумӣ фурӯши чунин молу мавод аз 1 январи соли 2018 ва ғайраҳо аз дастуру супоришҳое буданд, ки Пешвои миллат барои рушди соҳаи сайёҳӣ зикр намуд. Барои саривақт, пурра ва самаранок иҷро шудани дастуру супоришҳои Пешвои миллат ҷиҳати инкишофи фаъолияти

Таҷлили ҷашни Сада дар Ш. Шоҳин Ҷашни Сада дар ноҳияи дурдасти Шамсиддин Шоҳин бо шукӯҳу шаҳомати хосса таҷлил гардид. Мардуми зиёд аз тамоми ҷамоатҳои деҳот дар маркази ноҳия гирд омада, бо оростани базми созу суруд ҳунарҳои гуногуни қадимаи мардумиро пешкаши меҳмонон ва ҳозирин намуданд.

“ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН”, №06 (9536), 08.02.2018

сайёҳӣ дар Тоҷикистон метавон чунин пешниҳодҳоро ироа намуд: 1. Кодекси сайёҳии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардад ва дар асоси он қонунгузории соҳа ба стандартҳои байналмилалӣ мувофиқ кунонида шавад. Чунки дар сатҳи байналмилалӣ чунин санадҳо қабул шудаанд: Хартияи сайёҳӣ ва Кодекси сайёҳ аз 22юми сентябри соли 1985, Кодекси глобалии ахлоқии сайёҳӣ аз 1-уми октябри соли 1999 ва ғайра; 2. Класификатори умумии хизматрасонӣ ба аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул карда шавад. Он бояд дарбаргирандаи хизматрасонии тиббӣ, таълимӣ, сайёҳиву экскурсионӣ, фарҳангӣ, тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш, маишӣ, нақлиёти мусофиркашонӣ, алоқа, коммуналӣ, ветеринарӣ, ҳуқуқӣ, бонкӣ, савдо, хӯроки умумӣ, бозор ва дигар

Раиси ноҳия Почохони Зарифзода ва меҳмонону намояндагон аз маркази вилояту ҷумҳурӣ, ки дар ҷашнгирии ин иди мардумӣ ҳузур доштанд, сухан гуфта, мардуми ноҳияро бо ин ҷашни аҷдодӣ табрику муборакбод намуданд. Почохон Зарифзода аз ҷумла иброз дошт, ки “Ба даст овардани Истиқлолият ба рушди забон, фарҳанг ва дину мазҳаб замина фароҳам овард. Истиқлолият яке аз омилҳои эҳёи арзишҳои миллӣ ва динӣ ба шумор меравад.” Бонуи деҳотӣ, ҳунарманди эҷодкор Саёҳат Назарова дар рӯзи ҷашни ин санаи фархунда

хизматрасониҳо ба аҳолӣ бошад; 3. Барои бартараф намудани мушкилоти таъминоти кадрӣ дар соҳаи сайёҳӣ ва баланд бардоштани сифати хизматрасонии сайёҳӣ Донишкадаи сайёҳӣ ва хизматрасонии иҷтимоию фарҳангӣ дар кишвар таъсис дода шавад; 4. Дар муассисаҳои таълимии кишвар фанни Ҳуқуқи сайёҳии Ҷумҳурии Тоҷикистон дарс дода шавад, ки барои баланд бардоштани фарҳанги ҳуқуқии шаҳрвандон ва ташаккули фарҳанги меҳмоннавозӣ мусоидат мекунад; 5. Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати кишвар дар пешбурди фаъолияти худ бояд Тавсияҳои байналмилалӣ оид ба омори сайёҳӣ дар соли 2008, Раҳнамо оид ба омода намудани омор ва Раҳнамо оид ба омори савдои байналмилалии хизматрасониҳои соли 2010-ро пурра ба роҳбарӣ гирад. Д. Ш. САНГИНОВ, мудири кафедраи ҳуқуқи соҳибкорӣ ва тиҷорати факултети ҳуқуқшиносии ДМТ, номзади илмҳои ҳуқуқ, дотсент

дар суҳбат бо мо иброз намуд, ки “Аз қадимулайём мардуми тоҷик бо истеъдоду чирадастӣ, аз ҷумла ҳунари зардӯзӣ дар ҷаҳон шӯҳратёр аст”. Намояндагони ҷамоати деҳоти Саидҳомид Саидов тамоми маҳсулоти кишоварзӣ ва ҳунарҳои мардумиро ба намоиш гузоштанд. Аз ҷамоати деҳоти Чагам оилаи Назаровҳо маҳсули ҳунари худро ба намоиш гузоштанд. Сафаралӣ НАЗАРОВ, раиси собиқадорони ҷамоати деҳоти Чагам, ноҳияи Ш. Шоҳин


МУЛОҲИЗА

“ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН”, №06 (9536), 08.02.2018 (Идома аз шумораи гузашта) Донишманди машҳури англис Ҷеймс Ҷорҷ Фрэзер (1854-1941) дар бахшҳои ҷудогонаи яке аз китобҳои машҳури худ таҳти унвони «Шохаи тиллоӣ» ба таври муфассал дар бораи эҳтироми мардум ба оташ ва ҷашни оташ дар кишварҳои аврупоӣ ва дигар мамлакатҳо сухан мегӯяд. Дар баробари ин чӣ гуна бо рӯзгори мардум пайванд будани оташро шарҳ дода, ҷойгоҳи муҳим доштани онро дар ҳаёти моддию маънавии одамон равшан месозад. Зимнан чун намоди ҷашнӣ ба кор рафтани оташро низ таъкид намуда, ишорат бар он менамояд, ки оташ ин як навъ инъикоси рамзии Хуршед аз ҷониби одамон дар рӯи замин аст (Фрэзер Дж. Золотая ветвь. Т.2. М., 2001, с.312-378). Аз баррасии муфассали ин донишманд маълум мешавад, ки ҷашни Сада низ баробари оташ ба доираи эътиқоди одамони қадим ҳамроҳ буда, ба Хуршед рабти бевосита дорад. Дар фарҳанги суннатии ниёгони мо муборизаи равшанӣ ва торикӣ ҳамчун ҷавҳари маънавӣ нақши калидӣ дорад, ки он ба ҷашни Сада низ алоқаманд мебошад. Дар доираи ташаккули ҳамин унсурҳои ба ҳам зид гузаштагони мо, аз ҷумла, қавмҳои ориёӣ ду фасли сол доштанд, ки ин ҳамон муборизаи Ҳурмузду Аҳриман ва муборизаи равшанӣ бо торикиро ба ёд меорад. Якеро тобистони (ҳама [hama]) бузург меномиданд, ки он ҳафт моҳро дар бар мегирифт ва аз оғози фарвардин (баробари 21-ум ва гоҳе 22-уми моҳи март) шурӯъ шуда, то охири моҳи меҳр (баробари 22 октябр) идома меёфт. Дуюмиро зимистони (зайана [zayana]) бузург мегуфтанд, ки аз аввали моҳи обон (баробари 22-23 октябр) сар мешуд ва то поёни моҳи исфанд (баробари 21-22 март)-ро дар бар гирифта, 150 рӯз идома меёфт. Ба гуфти бархе аз пажӯҳандагон, ҳамин ки аз зимистони бузург (22 октябр то 30 январ) сад рӯз мегузашт, мардум ҷашни оташ, яъне Садаро барпо менамуданд. Онҳо бовар доштанд, ки лаҳзаҳои сармои ҷонкоҳ гузаштаасту нармию гармӣ вориди рӯзгори мардум шудааст. Аз гузаштани сармои шадид, ки неруи аҳриманӣ аст, хушҳолӣ карда, аз дашту саҳро ҳезум, бутта, хошок ҷамъ оварда, хирмани бузург месохтанд. Баробари расидани торикӣ он хирмани ҳезуму хасу хошокро оташ мезаданд, ки аз ин оташ ҳама ҷо фурӯзон мегашт ва дар гирди он рақсу бозию хушҳолӣ менамуданд. Дар он рӯзгорони қадим ниёгони ориёиҳо бар он бовар буданд, ки ин гулхан ҳамчун неруи Ҳурмузд бозмондаҳои сарморо, ки марбути Аҳриман аст, нобуд месозад (Ниг.: Разӣ Ҳ. Гоҳшуморӣ ва ҷашнҳои Эрони бостон. Теҳрон, 1371). Ҷашни Садаро дар даҳумин рӯзи моҳи баҳман (баробари 30 январ) баргузор мекарданд, ки аз зимистон сад рӯз (обон, озар, дай

5

«Сада чист? Обонрӯз аст аз баҳманмоҳ» ё мухтасар оид ба таърихи ин ҷашни бостонӣ ва даҳ рӯзи баҳман) мегузашт. Ба ақидаи ниёгони қадими мо, сармо ба авҷи баланди худ мерасид ва баъдан ҳаво тадриҷан ба самти беҳбудӣ, нармӣ ва гармӣ мерафт. Аз ин рӯ, барои он ки ба кишту кори онҳо зараре нарасад ва чорвоҳояшон аз сардӣ эмину нигаҳдорӣ гардад, оташро ҳамчун рамзи Ҳурмузд меафрӯхтанд, то дар он қувваҳои бадӣ сӯзанду нобуд гарданд. Доир ба таърихи пайдоиши ҷашни Сада назарҳои дигар низ мавҷуданд, ки барои равшан шудани мақсад аз онҳо ёдовар шудан аз манфиат холӣ намебошад. Абурайҳон Берунӣ дар «Аттафҳим» доир ба ин ҷашн чунин ишора намудааст: «Сада чист? Обонрӯз аст аз баҳманмоҳ. Ва он даҳум рӯз бувад. Ва андар шабаш, ки миёни рӯзи даҳум аст ва миёни рӯзи ёздаҳум оташҳо зананд ба гавзу[чормағз] бодом ва гирд бар гирди он шароб хӯранд ва лаҳву [бозӣ] шодӣ кунанд. Ва низ гурӯҳе аз он бигузаранд, то ба сӯзонидани ҷонварон. Ва аммо сабаби номаш чунон аст, ки аз ӯ то Наврӯз панҷоҳ рӯз аст ва панҷоҳ шаб…» (Аттафҳим 1973, с.145). Аз рӯи ин маълумоти таърихӣ равшан мешавад, ки ин ҷашн дар миёни мардум аз замонҳои қадим маҳбубият доштааст ва ба он гузаштагони мо эҳтироми хосса менамудаанд. Тавре ки ишорат гардид, доир ба таърихи ҷашни Сада Абулқосим Фирдавсӣ дар «Шоҳнома» бо баёни устураи ҷолиби даврони Пешдодиён, қадимияти онро тасдиқ кардааст ва арзиши онро барои мардуми эронитабор муҳим донистааст. Шоир устураи Ҳушангро ба достони худ ворид карда, ба он ҷанбаи таърихию бадеӣ бахшидааст ва марбути замони бостон будани ин ҷашн ишора кардааст (ниг.: Фирдавсӣ 1987, с.53-54). Устурае, ки Фирдавсӣ ба назм дароварда, дар қисми аввали достони худ ба он оҳанги таърихию бадеӣ бахшидааст, аз қадимияти ин ҷашни ниёкон хабар медиҳад. Аз рӯи ишораҳои дигари Ҳаким

Фирдавсӣ, ҷашни Сада дар замони шоир маълум буда, мардум барои баргузории он интизорӣ мекашиданд ва онро таҷлил менамуданд. Дар рисолаи «Назария ва сайри таърихии устурасозии форсӣтоҷикӣ» (аз А.Раҳмонзода) доир ба таърихи пайдоиши ҷашни Сада ва устураи Ҳушанг маълумот дода, таъкид шудааст, ки як омили падид омадани «оташ» дар тафаккури асотирии мардуми эронитабор аз таассуроти одамони ибтидоӣ ба табиат сарчашма мегирад ва қисме аз онҳо дар аввал ҷанбаи парастишӣ гирифта, бо гузашти замонҳо ва иваз гардидани тафаккури эҷодию зеҳнӣ ба таркиби оину ҷашнҳои миллӣ (ба мисли ҷашни Сада ва Меҳргон ва амсоли онҳо) ворид шуда, ба маросим табдил меёбанд. Вобаста ба ин таъкид карда шуда буд, ки: «Дар сарчашмаҳои оиниву устуравии мардуми эронитабор, аз ҷумла, тоҷикон, аввалин андешаву орзуҳои мардум ифода ёфтаанд, ки дар ҳар кадоми онҳо рамзи таассуроти нахустин халлоқони олам инъикос шуда, баъдтар тавассути мазҳабҳои мухталлифи миллӣ ва дигар манбаъҳои хаттӣ пояи устувор пайдо кардаанд. Устураҳои миллии халкҳои эронитабор маҳз дар ҳамин сарчашмаҳо ҷой гирифта, аз ҳамин роҳ ба фарҳанг ва адабиёти бадеӣ шомил гардидаанд». (Ниг.: А.Раҳмонов. Назария ва сайри таърихии устурасозии форсӣтоҷикӣ. Душанбе, 1999, с. 80). Дар ҳақиқат устураи Ҳушанг ва пайдоиши оини Сада баъдҳо хусусияти милливу маросимӣ гирифта, ба қатори дигар ҷашнҳои мардумӣ ворид шуд ва дар миёни мардуми эронитабор, аз ҷумла, тоҷикон мақому манзалати хос пайдо намуд, ки аксари шоирони пешин ва сарчашмаҳои таърихӣ аз тарзи баргузорӣ ва арҷ гузоштани он аз ҷониби шоҳон ва аҳолӣ ахбори зиёде ба ёдгор мондаанд. Оид ба истилоҳи «сада» низ фикрҳои гуногун мавҷуд бошанд ҳам, онҳо ба ҳамдигар умумият до-

шта, қадимияти ин ҷашнро тасдиқ менамоянд. Баъзеҳо решаи онро аз вожаи сад медонанд (ниг.: Ризо Ҳошим. Ҷашнҳои оташ ва меҳргон. Теҳрон, 1383, саҳ.99). Бархе рӯзи ҷашни адади фарзандони Одам, яъне Каюмарс мегӯянд (ниг.: Муҳаммад Ғиёсуддин. Ғиёс-уллуғот. Душанбе: Адиб, 1987, с.417). Аммо устурашинос Меҳрдоди Баҳор, ки худ авестошинос низ аст, ба таври мантиқӣ вожаи садаро ба таври зерин маънидод намудааст: «Вожаи авестоии саза (saδā) ки исми муаннас аст, ба маънои зуҳур, ошкороӣ ва пайдоӣ аст. Ин вожа аз решаи санд (sand) ба маънои ба назар расидан муштақ гаштааст. Ба яқин дар канори вожаи муаннаси сазо (saδā) вожаи музаккари саза (saδa) ҳам метавонистааст вуҷуд дошта бошад. Дар забонҳои эронии миёнаи ғарбӣ алоқаи бисёре вуҷуд дорад, ки исм ва сифатро бо афзудани пасванди ак (ak), ки худ бозмондаи ака (aka) дар Эрони бостон аст, ба кор баранд. Бад-ин рӯй вожаи саза (saδa) дар Эрони бостон метавонист ба сурати сазак (saδak) ё садак (sadak) дар форсии миёна вуҷуд ёбад, ки талаффузи ҷадидтари он дар форсии миёна сазаг (saδaг) ё садаг (sadag) буда ва ҳамин ду талаффуз дар форсӣ ба сурати «саза» ё «сада» дида мешавад. Вуҷуди вожаи муарраби «сазақ» дар арабӣ ва таркибҳои «барсазақ» ва «навсазақ», ки номи панҷумин рӯзи баҳман аст ва дар он рӯз ба истиқболи ҷашни Сада мераванд, ҳадси моро дар бораи вожаи сазаг (saδag) ё садаг (sadag) таъйид мекунад ва мерасонад, ки чунин вожаҳое дар забонҳои эронии миёнаи ғарбӣ вуҷуд доштааст. Бинобар ин, муҳтамилан вожаи сада, на бо вожаи сад, балки бо решаи санд (sand) маънои «зоҳир шудан» марбут аст ва маънои он «зуҳур, ошкороӣ, пайдоӣ» аст» (Баҳор Меҳрдод. Ҷусторе чанд дар фарҳанги Эрон. Теҳрон: Интишороти Фикри рӯз, 1376, с.241). Ба назари мантиқии А Кристенсен, М.Баҳор ва дигарон Сада наздик шудан ба Наврӯз ва аз зимистони бузург гузаштанро ифо-

да менамояд. Тибқи гуфтаи онҳо Сада ба рамзҳои оташ, Хуршед ва рӯшноиву торикӣ иртибот буданро дар худ таҷҷалӣ менамояд ва он хоси эътиқодоти одамони пешин буда, дар он ормонҳои ибтидоии гузаштагон ниҳон мебошад. Барои он ки хонандагони гиромӣ асли матлабро дарк намоянд, ба чанде аз устураҳои машҳур муроҷиат менамоем, ки дар он аз ҷашни Сада ёдовар шудаанд. «Ҳушанг оташро кашф менамояд». Ҳушанг санге ба сӯи мор мепартояд. Санг бар санг бархӯрда, оташ падидор мегардад. Падид омадани оташро ҷашн гирифтанд ва онро Сада номиданд. «Адади фарзандони Одам». Мегӯянд Каюмарс, яъне Одам, ки нахустин инсон буд, сад фарзанд дошт. Панҷоҳ нафари онҳо аз ҷинси зан ва панҷоҳи дигар аз ҷинси мард. Замоне, ки онҳо ба балоғат расиданд, он рӯзро ҷашн гирифтанд. Ҷамъи Машӣ, Машёна ва фарзандони онон, ки ба сад мерасад ва онро ҷашн мегиранд ва онро Сада ном мениҳанд. «Шаби пирӯзии Фаридун бар Заҳҳок». Аз ҷумла, Берунӣ ин матлабро дар «Аттафҳим» ва бахусус дар «Осор-ул-боқия» муфассалтар баён менамояд. Дар «Наврӯзномаи Хайём» низ ёдоварӣ шудааст. Яъне наҷоти сад тан морони Заҳҳок аст. Вазири Заҳҳок, ҳар рӯз бояд ду танро кушта, мағзашонро ба морони дӯшҳои Заҳҳок медод, вале ӯ якеро наҷот мебахшид. Чун Фаридун бар Заҳҳок пирӯз шуд, теъдоде ин озодшудагон ба сад расид. Вазир Фаридунро аз ин воқеа хабардор намуд. Он сад тан дар шаб, дар ҳузури бозрасони Фаридун, ҳар як оташе ҷудогона дар кӯҳистон афрӯхтанд. Ба эътибори сад тан будани онон, ҷашни Сада барпо шуд. Садаро ёдбуди пирӯзии Таҳмосб бар Афросиёб низ медонанд. Чун бо гузашти сад рӯз аз зимистони бузург, сармо ба поёни авҷи худ мерасад ва пасон суст мешавад, ба шодии ин сустӣ, ниёкони мо ҷашни Садаро барпо медоштанд. Мегӯянд, ки аз ҷашни Сада то Наврӯз панҷоҳ рӯзу панҷоҳ шаб дар пеш аст, ки маҷмӯан теъдоди шабу рӯз сад мешавад. Ба ин сабаб ҷашни Садаро панҷоҳ рӯз то ба Наврӯз мондан ҷашн мегирифтанд. Аз рӯзи Сада то рӯзи гирдоварии ғалла дар навоҳеи ҷанубии Ориёнзамин як сад рӯз фосила аст, ки ба ин сабаб ин ҷашро Сада номидаанд. Абдуҷаббор РАҲМОНЗОДА, академики Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, Равшан РАҲМОНӢ, профессори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон (Давом дорад)


6

“ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН”, №06 (9536), 08.02.2018

ДАР ҲОШИЯИ ПАЁМ

Меъморони бинои маърифат

Сарчашмаи ҳаёт Об сарчашмаи ҳаёт ва василаи муҳимтарини мавҷудияти тамоми махлуқоти рӯи дунё мебошад. Мутахассисон муайян намудаанд, ки то 70 фисади бадани инсон аз об иборат аст. Тавре ба мо маълум аст, ташаббус оид ба эълони Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор” бори аввал аз ҷониби Президенти кишвари мо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар рафти Форуми 7-уми ҷаҳонии об дар Ҷумҳурии Корея пешниҳод шуда буд. Зимни суханронӣ Президенти кишвар тазаккур дода буданд, ки “… таҳдиду хатарҳои муосири глобалӣ, аз ҷумла буҳронҳои молиявию иқтисодӣ, афзоиши аҳолӣ, тағйири иқлим, зуд-зуд рух додани ҳодисаҳои офатбори гидрометеорологӣ, норасоии об ва дар натиҷа боло рафтани сатҳи камбизоатӣ, густариши бемориҳои сирояткунанда ва афзоиши фавти модару кӯдак, аз мо саъю талоши бештар ва дар ин арса андешидани тадбирҳои марбутаро тақозо доранд”. Тавре олимон ва мутахассисони соҳа муайян намудаанд, агар гармшавии кунунии сайёра ба ҳамин минвол идома ёбад, пас, дар 20-30 соли оянда аҳолии тамоми рӯи замин нокифоягии оби тозаи ошомиданиро эҳсос хоҳанд кард. Шуруъ аз солҳои 50-уми асри ХХ то ба ҳол аҳолӣ дар рӯи замин се маротиба афзудааст ва дар ин баробар талабот низ нисбат ба оби тозаи ошомиданӣ бештар аз се маротиба зиёд гардидааст, ки сокинони тамоми сайёра беш аз пеш мушкилии норасоии оби тозаро эҳсос хоҳанд кард. Тоҷикистони мо аз захираҳои обӣ бой буда, дар он бештар аз 1400 кӯли хурду бузурги табиӣ ва зиёда аз 20 обанбори сунъӣ мавҷуданд. Дар кӯҳҳо ва доманакӯҳҳои Тоҷикистон 8492 пирях дар масоҳати 8476 км2 мавҷуд мебошанд. Ғайр аз ин, бештар аз 1000 дарёву дарёчаҳои кӯҳӣ дар қаламрави кишварамон ба қайд гирифта шудааст, ки тӯли умумии онҳо ба бештар аз 30 000 км мерасад. Гуфтаҳои боло далели онанд, ки ҷумҳурии мо ҳанӯз ба мушкилии норасоии оби тоза ба мисли дигар давлатҳо мувоҷеҳ нагардидааст. Аммо кишвари мо бо сарварии хирадмандонаи Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти дастрасии аҳолии сайёра ба об бетараф набуда, барои бартараф намудани мушкилоти ҷойдошта оид ба об пайваста ташаббусҳо нишон медиҳад. Ташаббускориву пешниҳодоти кишварамон ва қабули пайдарҳами чаҳор қатънома аз тарафи Созмони Милали Муттаҳид, чун Соли 2003 “Соли Оби тоза”, Даҳсолаи байналмилалии амалиёт “Об барои ҳаёт” солҳои 2005-2015, Соли 2013 “Соли байналмилалии ҳамкорӣ дар соҳаи об” ва Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор” солҳои 2018-2028 аҳамияти умумиҷаҳонӣ доранд ва шаҳодати хирадмандиву бузургии шахсияти Президент ва миллати азизи мо мебошад. Сулҳия НАЗАРОВА, омӯзгори МТИ №99, ноҳияи Сино

Таи чанд сол аст, ки дар ҷумҳурии мо Қонун “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд” амал мекунад. Албатта, қабули чунин қонун амри зарурӣ ва талаботи давр буд, зеро солҳои охир таълиму тарбия ба яке аз масъалаҳои муҳиме табдил ёфт, ки таваҷҷуҳи хоссаро талаб мекард. Албатта, ин масъалаест, ки дар ҳама давру замон олимону донишмандон ва аҳли илму адаби тоҷикро бетараф нагузоштаву онҳо дар ин мавзуъ осори гаронарзише эҷод намуда, ба наслҳои оянда ба мерос гузоштаанд . Унсурулмаолии Кайковус дар мавриди тарбияи фарзанд мегӯяд: “Бояд ҳар чӣ омӯхтанӣ бошад, аз фазлу ҳунар фарзандро ҳама биомӯзӣ, то ҳаққи падарӣ ва шафқати падарӣ ба ҷой оварда бошӣ”. Имом Ғазолӣ таъкид менамояд, ки “солҳои аввали зиндагии кӯдак муҳимтарин давраи тарбияи ӯст. Кӯдак амонатест дар дасти падару модар ва дили поки вай мисли гавҳарест нафису нақшпазир”. Ӯ кӯдакро ба замини поке шабоҳат додааст, ки “ҳарчи дар он коштӣ, бирӯяд, агар тухми хайр коштӣ, хайру саодат бинад ва агар хилофи он, бадбахт шавад”.

Муҳит вобаста ба шароити замон мудом тағйир меёбад ва ҳама гуна тағйирот қабл аз ҳама ба кӯдакону наврасон таъсир мерасонад, чунки онҳо қишри нисбатан осебпазири ҷомеа мебошанд. Муҳите, ки кӯдак дар он ба воя мерасад, хоҳ оила ва хоҳ кӯдакистону таълимгоҳҳо, бояд барои тарбияи дурусти ӯ созгор ва мувофиқ бошад. Тарбият дар ҷомеаи инсонӣ барои то кадом ҳад сохтани инсонияти одамон ва ташаккулёбии шахсият нақши хеле муҳим мебозад. Агар инсон аз тарбият дур монад ва зери таъсири ҷомеаи инсонӣ илм аз худ накунад, аъмолу рафтори ӯ мисли ҳайвонот дар ҳамон ҳадди ибтидоӣ боқӣ мемонад. Мисоли ин кӯдакест аз филми тасвирӣ (“Маугли”), ки дар беша миёни ваҳшиён бузург мешавад. Мактаб дар ҳама давра ҳамчун як муассисаи таълимию тарбиявӣ дар ташаккулёбии шахсияти насли башар аҳамияти муҳим дорад. Беҳтарин намунаҳои таълиму тарбия, роҳу усулҳои арзишманди омӯзиш ва камолот дар мактаб роҳандозӣ мешавад. Мактаб дар радифи таълим додан кӯдакро ба камоли инсонӣ ме-

расонад. Хушбахтона, Пешвои миллат дар Паёми имсолаи худ ба Маҷлиси Олии мамлакат нишондиҳандаҳои рушди нерӯи инсониро аз рӯи се самти асосӣ – дастрасӣ ба таҳсилот, тандурустӣ ва сатҳи шоистаи зиндагӣ мавриди таҳлил қарор доданд. Иқдомоти дар соҳаи маориф амалишуда, аз қабили ҷудо шудани маблағҳои буҷетӣ барои сохтмону азнавсозии муассисаҳои таълимӣ ва тарҳрезии лоиҳаҳои сармоягузорӣ шоистаи таҳсин мебошанд. Ба масъалаи таълиму тарбия таваҷҷуҳи хосса зоҳир намудани Сарвари кишварамон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мо – омӯзгоронро водор месозад, ки масъулияти дучанд эҳсос намуда, ба масъалаи таълиму тарбия афзалияти бештар диҳем. Чунки пешрафти ҷомеа бе таълиму тарбияи дурусту созгори насли ҷавон имкон надорад. Муаллим ва волидон меъмороне ҳастанд, ки бояд хишти аввалро дуруст гузоранд. Дар акси ҳол бино хароб хоҳад шуд. Азима ИБРОҲИМОВА, омӯзгори МТИ №99, ноҳияи Сино

Ҷашнҳои миллӣ ёдгоре аз ниёгон

Ба шарофати соҳибистиқлол гардидани кишвари азизамон ҷашнҳои миллиамон, аз қабили Меҳргону Сада ва Наврӯз аз нав эҳё гардидаву арҷгузорӣ ба онҳо зиёд мешавад. Зеро ҷашншҳои миллӣ ёдгоре аз ниёгони мо мебошанд, ки аз бостон то ба замони мо омада расидаанд. Хушбахтона, дар замони Истиқлолият ҷашнҳои миллии мо умри дубора пайдо кардаву ҳамасола дар сатҳи давлатӣ бо шукӯҳу шаҳомати зиёд ҷашн гирифта мешаванд. Ин ҷашнҳо таърихи қадима дошта, ҳар кадоме баёнгари нияту орзуҳои гузаштагони мо мебошад. Солҳои пеш мардуми тоҷик дар давраҳои муайян ҷамъ омада, чорабиниҳои гуногун мегузарониданд ва ба ин муносибатҳо базм меоростанд, шодиву хурсандӣ мекарданд. Масалан, дар арафаи ҷашни Сада, ки дар фасли сарди зимистон баргузор мегардад, мардум гулхан афрӯхта, хушҳолӣ мекарданд ва ба ин васила гӯё сардии сарморо барои якдигар осон менамуданд. Бисёр рамзист, ки кишоварзон дар арафаи иди Сада ба корҳои саҳроӣ омодагӣ

мегиранд, ба заминҳои кишт об мемонанд, ниҳолу дарахтон шинонда, боғҳои нав бунёд мекунанд. Гулхан афрӯхтан аз талаботҳои асосии ҷашни Сада маҳсуб меёбад. Ин ҷашн ҳамчун рамзи гармиву нур аз ҷовидонагии Хуршеди оламтоб башорат медиҳад. Он ифодагари пайванди рӯзгори инсонҳо бо табиати афсункор, давраи омодагӣ ба истиқболи баҳор ва Наврӯзи оламафрӯз мебошад. Ҷашнҳои миллии мо ҳамчун воситаи асосии пайвандгари наслҳо то ба имрӯз хизмат намуда, наврасону ҷавононро дар руҳияи меҳнатдӯстӣ, илму дониш ва касбу ҳунаромӯзӣ тарбия менамоянд, завқи онҳоро ба зебоипарастӣ, ободкорӣ, дӯст доштани табиат ва дигар хислатҳои ҳамидаи инсонӣ бештар мегардонанд. Ва дар ин радиф раванди рушду ободонии кишвари азизамон боз ҳам густариш хоҳад ёфт.

Табиат хонаи мост, аммо...

Тоҷикистон дорои табиати зебову иқлими нотакрор аст. Манзараҳои зебову назаррабо, кӯҳҳои сарбафалаккашида, обшорони софу зулол, растаниҳои шифобахшу нодир кишвари азизи моро ба биҳишти рӯи замин табдил додаанд. Яке аз рисолати асосии мо, инсонҳо, ин ҳифзу нигаҳдорӣ ва ба ояндагон ба мерос гузоштани ин ҳама сарватҳои худодод мебошад. Инсон ва табиат бо ҳам алоқамандии зич доранд ва мушкилоти он низ ба ҳамдигар тавъам аст. Инсон аз азал бо табиат муносибати наздик дошта, неъматҳои онро чун манбаи ҳастӣ барои зиндагии хеш истифода мебурду мебарад. Табиат табобатгари мост. Маҳз Тоҷикистони мо макони гиёҳҳои шифобахш ва растаниҳои давогӣ мебошад. Ҳама растаниҳое, ки дар диёри кӯҳсори мо мерӯянд, хусусияти хоси давобахшӣ дошта, ба садҳо дард дармон мебошанд. Таъсири инсонҳо ба муҳити зист

хеле зиёд аст. Инсон дар баробари он ки арзишҳои табииро муҳофизат менамояд, боз метавонад бевосита ба он зарар расонад. Масалан, яке аз ин гуна ҳолатҳо ин риоя накардани тозагии муҳити зист мебошад. Бо вуҷуди он ки мо медонем тозагӣ ин гарави саломатист, вале боз ҳам нафароне ёфт мешаванд, ки муҳитро бо ҳар гуна ифлосиҳо олуда ва бо ин восита ба саломатии одамон зарар мерасонанд. Зиёд мушоҳида мекунем, ки дар кӯчаҳои шаҳр бо вуҷуди он ки партовгоҳҳо ва қуттиҳои махсус барои партовҳо вуҷуд доранд, сокинон партовҳоро дар ҷойҳои номуайян, гузаргоҳҳо, роҳҳои мошингард ва гирду атроф бетартибона ба ҳар тараф ҳаво медиҳанд. Сокинон баъзан ба ҷои партовгоҳ оби ҷӯйборҳоро истифода менамоянду ҳама ашёи нолозим, аз қабили қуттиҳои холишудаву коғаз, баклашкаву пасмондаи хӯрокҳоро ба он мепартоянд ва бо ин гӯё кори ху-

Муслима ДАВЛАТБЕКОВА, омӯзгори МТИ “99, ноҳияи Сино дро осон мекунанд. Дар истгоҳҳо низ мушоҳида кардан мумкин аст, ки онҳо офтобпараст ва ҳар гуна шириниҳо хӯрда, пӯчоқи онро дар гирду атроф мепартоянд. Ҳол он ки дар шафати ҳар як истгоҳ қуттиҳои махсус барои партофтани партовҳо вуҷуд доранд. Дар ҷойҳои сайругашт, аз ҷумла боғҳои фароғатӣ, ҷойҳои таърихӣ ва атрофи фаввораҳо низ бо вуҷуди мавҷуд будани қуттиҳои партов шаҳрвандон чизи дар даст доштаашонро ба қуттӣ неву ба замин мепартоянд. Ҳаёту зиндагӣ ва кору бори ҳар як фарди ҷомеа бо табиат зич вобаста аст. Набояд фаромӯш кард, ки мо дар ҳар куҷое ки кадам мегузорем, аз ҳавои он нафас мегирем. Аз ин рӯ, бояд он ҷоро тозаву озода нигоҳ дорем. Табиат хонаи мост ва он бояд ҳамеша поку тоза бошад. Ҳолати хуби муҳити зист ҳам ҳаёти осоишта ва ҳам саломатию саодати ҳамешагии инсон мебошад. Зиёратбегим ШОГУНБЕКОВА, омӯзгори МТМУ №30, шаҳри Душанбе


“ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН”, №06 (9536), 08.02.2018

ДАР ҲОШИЯИ ПАЁМ

Ронанда будан ҳам маърифату одоб дорад ва мавҷудияти он салоҳу фоидаи ҳар як аъзои ҷомеа аст. Зеро ҳамаи мо ҳамарӯза дар роҳҳо қарор дорему аз нақлиёт истифода мебарем. Ин маърифату одоб махсусан барои ҷавонон ниҳоят муҳим мебошад. Зеро аз рӯи оморҳо ва ҳатто аз мушоҳидаҳои одӣ ҳам бармеояд, ки аксарияти ронандагонро дар кишварамон ҷавонон ташкил медиҳанд. Боиси афсӯс аст, ки аксари қоидавайронкуниҳо низ аз ҷониби ронандагони ҷавон ба амал меоянд. Ин қоидавайронкуниҳо ҳеҷ қисса намедошт, агар дар онҳо одамон аз ҳаёт маҳрум намегаштанд. Бисёр нигаронкунанда аст, ки баъзан дар як садама то 7-8 нафар қурбон мешаванд. Баъзан хабаре мерасад, ки ронандаи ҷавону сархушу беҳуҷҷате ба даст афтодаасту гоҳи дигар аз он мешунавем, ки кадом пиёдагардеро мошин зер кардаасту ронандаи ҷавон аз ҷои садама ноҷавонмардона фирор намудааст. Албатта, ингунаҳоеро, ки дар баробари садама аз ҷои ҳодиса фирор менамоянд, дар навбати аввал виҷдон азоб хоҳад дод. Охир ӯ метавонист, ки шахси зарардидаро ба беморхона бурда, сабаби наҷоташ шавад. Ингуна қотилони беинсоф дарк намекунанд, ки рӯзеву соате ба даст меафтанду ҷавобгарияшон даҳчанд мешавад.

Ҷавонон ва маърифати ронандагӣ

Масъалае, ки боз ҳам метавонад боиси ташвишу изтироб бошад, ин мағрурӣ, бетафовутӣ, ҳавобаландӣ ва бемаърифатии қисмати зиёди ронандагони ҷавон аст. Бо итминон мегӯем, ки сабабгори аксар садамаҳои маргбор ҳамин омил аст. Ҳамасола ҳазорҳо нафар дар роҳҳои ҷумҳурӣ дар натиҷаи садамаҳо маҷруҳ мешаванд, даҳҳо нафар ҳалок мегарданд ва аксаран чун маъюб аз лаззати зиндагӣ маҳрум мешаванд. Мушоҳидаҳо фақат дар пойтахти кишвар далели онанд, ки имрӯз ронандагони ҷавон ҳама ҷоро “пахш карда гирифтаанд”. Ба он маънӣ “пахш кардаанд” мегӯем, ки имрӯз навад фисади таксиҳои “бомбила”-ро ронандагони ҷавон дар ихтиёр доранд. “Опел”, “Некси”, “Мерседес” “Старекс” ва “Спринтер”-ҳо номҳои автомобилҳое мебошанд, ки имрӯз ҷавони тоҷик ба онҳо муҳаббати беандоза дорад. Ҳеҷ кас муқобили ронандагии ҷавонон нест. Аммо савол пайдо мешавад, ки чаро ҷавонони имрӯза масалан ронандаи автобусу троллейбус намешавад? Ҷавоби ин савол он аст, ки аз автобусу троллейбус ор мекунанду дигар навъи нақлиёти сабукравро манбаи ғуруру ҳавобаландӣ қарор медиҳанд. Кош, ин ҳавобаландиву ғурурашон танҳо ба худашон зарар меовард. Онҳо танҳо ҳамон вақт мефаҳманд, ки агар ба ягон садамаи сахте дучор оянд. Баъд мебинед, ки меларзанду мегирянд. Чун кӯдаки тарсончак фарёд мекунанд. Ҳатто шалвори худро тар мекунанд. Боз ҳам афсӯс он аст, ки дар натиҷаи амали аблаҳонаи баъзе ронандагони ҷавон одамони бегуноҳе қурбон мешаванд, ба умеди кору зиндагӣ ба кӯчаву бозору коргоҳ аз хона берун мешаванд. Маълум аст, ки аксари онҳо бетарбияву бефаросатанд ва ҳатто дар кӯча пиёда раванд, ахлоқи бадашон чун зуҳуроти маълум ба назар мерасад. Пули бедарди миёни волидайн ва ҳавову ҳаваси фоҷиабор онҳоро мошинсавор кардааст. Мошинсавории онҳо бетартибу низом аст ва масъалаи ниҳоят нигаронкунанда мебошад. Дар ҷое кор намекунанду бо охирин пасандози хонаашон шишаҳои мошинашонро сиёҳ менамоянд ва чун як авбош ба роҳ мебароянд. Мошини сиёҳшишаро бартарӣ ҳисоб мекунанд. Рӯирост бо як навъ таҳдиди махсус ба ҷони одамон, ба самти муқобил баромада, бо хатарноктарин ҳолат сабқат менамоянд. Хати самти роҳро якбора бурида, аз қатори сеюму чорум ба қатори якум мебароянд. Барои онҳо фарқе на-

дорад, ки кадом роҳ роҳи ӯст ва агар касе чизе гӯяд, таҳдид ҳам мекунанду дашном ҳам мефиристанд. Ҳавобаландона баланд кардани суръати ҳаракат дар роҳҳо барои онҳо як одати муқаррарӣ ва кайфият ҳам шудааст. Шабҳангом аз чароғҳои равшанидиҳандае истифода мекунанд, ки чашми ронандаи муқобилро чанд дақиқа нобино месозанд. Гуфтаниҳо зиёданд ва бемаърифатии ронандагони ҷавони имрӯза масъалаи ниҳоят ташвишовар аст. Инҷо мехоҳем, ки чанд пешниҳоди худро барои ҳамин маърифати коста ва пешгирии ҳодисаҳои нохуши маргбор баён намоем. Дар навбати аввал аз Вазорати маориф ва илм, аз масъулони мактабҳои омода кардани ронандагон хоҳиш доштем, ки барои ронандагони ҷавон дар шакли нав дарси махсуси маърифати ронандагиро ҳатмӣ ҷорӣ намоянд. Ба онҳо омӯзонда шавад, ки ронандагӣ ва соҳиби автомобил будан ин шарафу саодат нест. Ҳаваси мошиндорӣ дар вуҷуди онҳо камтар карда шавад. Зеро бо иллати тамбашавиҳо чанд сол баъди дигар пиёда рафтан афзалтар аз мошинсаворӣ мешавад. Аз раёсати БДА хоҳиш доштем, ки бо ҷалби ҳамкорони ғайриштатӣ истифодаи камераҳои қайдкунанда (видеорегистраторҳо) дар тамоми минтақаҳои ҷумҳурӣ ба роҳ гузоранд, то ин ки шиддати қоидавайронкуниҳо камтар гардад. Бовар кунед, ки агар 2-3 навори қоидавайронкунӣ тариқи телевизион намоиш дода шавад, ин беҳтар аз фаъолияти даҳҳо корманди БДА мешавад. Зеро ронанда аз хавфи мавҷуд будани ин камераҳо хоҳу нохоҳ истиҳола мекунад. Камераҳои “Шаҳри бехатар” ба ин гуфта далел аст, ки ҳатто автомобилҳои чандсад ҳазор доллар арзишдошта низ дар назди ин камераҳо “боодоб” мешаванд. Онҳо аз чизеву касе наметарсанд, лекин аз навор метарсанд. Зеро онҳоро ҷамъият мебинад. Овоза ва ё ҳақиқаташро аниқ намедонем, аммо шунидем, ки шаҳодатномаи ронандагӣ дар синни 25-солагӣ дода мешавад. Агар чунин бошад, ин тасмими дуруст аст ва ин син ҳозир ҳам кам аст. Дар оилаҳо низ падару модарон ҳар рӯз ба фарзандон таъкид намоянд, ки иштибоҳу ҳавобаландии онҳо натанҳо сабаби марги онҳо, балки дигар одамони бегуноҳ ҳам мешавад. Ҳабибулло ҚУТБИДДИНОВ, ноҳияи Файзобод

7

ПЕШНИҲОД: Барномаи нави таълим қабул шавад Тарбияи насли наврас яке аз масъалаҳои асосие мебошад, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳадафи аслии худ қарор додааст. Бо мақсади дуруст ба роҳ мондан ва дар сатҳи баланд тарбия намудани насли наврас дар сатҳи Ҳукумати кишвар, Вазорати маориф ва илм, бо пешниҳоди Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барномаҳои зиёди давлатӣ қабул шудааст, ки дар тарбияи насли наврас, бахусус мактаббачагон саҳми арзандае мегузоранд. Барои тасдиқи фикри худ мехоҳам нахуст «Барномаи давлатии тарбияи насли наврас дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013-2017»–ро мисол орам, ки 5 солро дар бар гирифт ва дар тарбияи насли навраси Тоҷикистони азизамон як такони ҷиддӣ бахшид. Барномаи мазкур бевосита бо мақсади такмили низоми тарбия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, дастгирии соҳаи таълиму тарбияи насли наврас, муҳайё намудани шароит барои беҳтар кардани шаклу усул ва воситаҳои тарбия, таъмини робитаи доимӣ миёни падару модар, муассисаҳои таълимӣ ва аҳли ҷомеа дар тарбияи насли наврас мутобиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» таҳия шуда, дар амал татбиқ гардид ва ҳадафи дарпешгузоштаи масъулинро пурра бароварда сохт. Зеро маҳз дар ҳамин давра дар асоси ҳамин барнома дар кулли макотиби миёнаи умумии кишвар усулҳои нави тарбия бо роҳи ҷалби мутахассисони варзидаи соҳаи маориф ба роҳ монда шуда, бо ворид намудани технологияи навини таълим сатҳи таълим нисбатан баланд бардошта шуда, ҳисси ватандӯстӣ ва илмандӯзии хонандагон баланд бардошта шуд. Татбиқи барномаи мазкур имкон дод, ки хонандагони мактабҳои зиёди кишвар дар олимпиадаву мусобиқаҳои на танҳо дохили кишвар, балки хориҷ аз он ширкат варзида, ҷойҳои намоёнро ишғол кунанд ва бо гирифтани мақомҳои гуногун обрӯву нуфузи Тоҷикистонро дар арсаи байналхалқӣ боло бардоранд. Махсусан дар соли 2017, яъне дар “Соли ҷавонон”, мактаббачагон боз ҳам дастовардҳои зиёдеро ноил шуда, бо ташаббусҳои ихтироъкоронаи худ нақши наве дар пешрафти таълиму тарбия гузоштанд. Инак, муҳлати амали ин барнома ба ит-

мом расид ва давраи наве дар таълими насли ҷавон фаро расид. Бинобар ин, чун омӯзгор ва чун нафаре, ки бо такя ба пешниҳоду дастурҳои Сарвари давлат, ба тарбияи насли наврас машғулам, мехоҳам пешниҳод намоям, ки барномаи нави 10-сола бо номи «Барномаи давлатии тарбияи насли наврас дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2018-2028» қабул шавад. Барномаи нав бояд комилан барномаи дар шакли нав такмилшудае бошад, ки дар ин давра дар тарбия, омӯзиш ва ояндасозии ҷавонон нақши муҳимтареро бозад. Зеро таҷриба нишон медиҳад, ки ҷавонони мо воқеан ташнаи илму адабанд ва ба барномаҳои ҷиддитаре ниёз доранд. Барномаи нав бояд на танҳо сатҳи дониш, балки ҳисси ватандӯстии мактаббачагонро баланд бардошта, аз ҷалби ҷавонон ба гурӯҳҳои ифротиву ҷиноӣ пешгирӣ намояд. Дар айни замон мактабҳои мо ҳама имкониятро барои татбиқи барномаҳои бузургтаре доранд ва чунин ҳадафро Пешвои муаззами миллати мо барои мо фароҳам овардаанд. Инро Ҷаноби Олӣ дар Паёми худ низ қайд карда, гуфтанд: «Ва чунонки мушоҳида мекунед, ман ҳамаи имконияту василаҳоро ба хотири таҳким бахшидани пояҳои илму маориф равона карда, ба рушди ин соҳаҳои муҳимми иҷтимоӣ диққати махсус медиҳам ва ин масъаларо ҳамчун самти афзалиятноки сиёсати давлат ва Ҳукумат бо истифода аз тамоми захираву имкониятҳо дастгирӣ менамоям». Дар Паёми имсола Ҷаноби Олӣ ҳамчунин

бори дигар таъкид карданд, ки «соҳаи маориф ва баланд бардоштани мақоми омӯзгор, дар навбати аввал, аз он ҷиҳат муҳим мебошад, ки аҳли маориф дар рушди нерӯи инсонӣ саҳми бевосита дошта, яке аз қувваҳои пешбаранда ва фаъоли ҷомеаи имрӯза ба шумор мераванд ва гузашта аз ин, пешрафти тамоми соҳаҳо ба сатҳи рушди маориф вобастагии мустақим доранд». Бо назардошти сиёсати пешгирифтаи маорифпарваронаи Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таклиф мекунам, ки барои боз ҳам баланд бардоштани сифати таълиму тарбияи наврасону ҷавонон барномаи наве барои 10 соли оянда қабул карда шуда, имкониятҳои фароҳамовардашуда боз ҳам бештар дар амал татбиқ карда шаванд ва бо назардошти талаботи рӯз ва тавсияҳои Президенти кишварамон ба омӯзиши забони давлатӣ, забонҳои хориҷӣ, бахусус русӣ ва англисӣ диққати бештар дода шуда, ба фанҳои риёзӣ ва табиӣ, омӯзиши техникаву технологияҳои навтарин, аз ҷумла технологияҳои иттилоотиву коммуникатсионӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир карда шавад. Зеро танҳо бо омӯзонидани донишҳои муосир, таълими комили техника ва технологияи замонавӣ, омӯзиши забонҳои хориҷӣ ва илмҳои табииву риёзӣ дар сатҳи баланд мо метавонем ба ҳадафҳои неку ояндасози Сарвари давлат ноил шавем ва рушди минбаъдаи сармояи инсониро дар мамлакат таъмин намоем. Шаҳло УМАРОВА, МТМУ №18, деҳаи Артуч, ноҳияи Панҷакент


8

НАВИГАРИҲОИ ВАРЗИШ

Пас аз интизориҳои зиёд нисфирӯзии 5 феврал дар доираи иқдоми “FIFA World Cup Trophy Tour”, дар якҷоягӣ бо ширкати “Coca-Cola” Ҷоми қаҳрамонии ҷаҳон оид ба футбол бори нахуст ба Тоҷикистон оварда шуд. Дар Фурӯдгоҳи байналмилалии Душанбе намояндагони Федератсияи байналмилалии футбол (FIFA) ва ширкати “Coca Cola”-ро, ки бо Ҷоми ҷаҳонии футбол ба Душанбе омаданд, Рустами Эмомалӣ, президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон истиқбол намуд. Кристиан Карамбё, қаҳрамони ҷаҳон ва Аврупо, ғолиби дукаратаи Лигаи қаҳрамонҳои УЕФА, собиқ нимҳимоятгари дастаи мунтахаби миллии Фаронса, ки ба ҳайси роҳбалад бо ҳавопаймои махсус Ҷоми ҷаҳонии футболро ба Душанбе овард, аз истиқболи самимона дар Ҷумҳурии Тоҷикистон изҳори сипос намуд. Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ зимни истиқболи ҷоми мазкур иброз дошт, ки “Омадани Ҷоми ҷаҳон оид ба футбол ба Ҷумҳурии Тоҷикистон хурсандиовар буда, боварӣ дорам, ки ин чорабинӣ ба густариши футбол дар кишвар такони нав хоҳад дод”. Баъдан аз ҷониби намояндаи ФИФА ба Рустами Эмомалӣ, президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон нусхаи Ҷоми ҷаҳон тақдим гардид. Дар паи маросими мазкур бо иштироки меҳмонон ва мақомоти Федератсияи футболи Тоҷикистон дар маҷмааи “Кохи Борбад”-и шаҳри Душанбе барои хабарнигорон нишасти матбуотӣ доир гардид. Дар ин нишаст муовини президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон Дилшод Ҷӯраев, футболбози машҳури фаронсавӣ Кристиан Карамбё, директори генералии ширкати “Coca-ColaНӯшокиҳои Тоҷикистон” Эзел Агаоглӣ ва намояндаи ФИФА ширкат намуданд. Сараввал, Дилшод Ҷӯраев, ноиби президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон овардани Ҷоми ҷаҳон ба Душанберо рӯзи таърихӣ арзёбӣ намуда, ба ташкилотчиёнӣ чорабинӣ изҳори сипос намуд. Кристиан Карамбё, футболбози фаронсавӣ зимни суҳбат бо хабарнигорон шаҳри Душанберо яке аз шаҳрҳои зебо тавсиф намуда, таъкид кард, ки “Дар ҳавопаймо аз боло Душанбе - шаҳри зеборо дидам, ки дар оғӯши кӯҳҳои сарбафалакпечида қарор дошт ва кӯҳҳо ин шаҳри зеборо пинҳон намуда буданд. Аммо Ҷоми ҷаҳон барои худ то ин шаҳр роҳ кушод. Орзу мекунам, ки футболи тоҷик рӯзе ба Ҷоми ҷаҳон роҳ ёбад”. Ҳангоми ин чорабинӣ маҷмааи “Кохи Борбад” аз дӯстдорони

нида мешавад. Ҷоми ҷаҳонии футбол (The World Cup) ҷоизаи аслиест, ки ба ғолибони қаҳрамонии ҷаҳон супурда мешавад, вале дар Федератсияи байналмилалии футбол (FIFA) боқӣ мемонад. Ҷоми имрӯзаи қаҳрамонии ҷаҳон оид ба футбол соли 1974 аввалин маротиба истифода гардидааст. Он аз тиллои холис сохта шуда, 6,175 кг вазн дорад. Ҷом аз ду пайкараи инсон, ки кураи Заминро болои дастҳояшон бардоштаанд, иборат аст. Ҷоизаи аслӣ ба ҳеҷ мунтахаб то абад супурда намешавад, бинобар ин дастаи мунтахаби ғолиби мусобиқа бар ивази он нусхаи Ҷоми қаҳрамонии футболи

Саёҳати Ҷоми ҷаҳон дар Тоҷикистон футбол ва футболбозон пур буд. Ҳадафи яке аксбардорӣ намудан бо ин ҷоми таърихӣ бошад, дигаре орзуи аз пеш диданашро дошт. Дилшод Восиев, яке аз футболбозони машҳури тими мунтахаби Тоҷикистон омадани Ҷомро ба кишвар фоли нек дониста қайд намуд: “Ҳар як футболбоз дар дил орзуи қаҳрамон шудану боло бардоштани ин ҷомро дорад. Мо – футболбозони тоҷик кӯшиш менамоем, ки рӯзе ҷоми мазкурро болои сар кунем”. Бахтовар Саидмуродов яке аз мухлисони ашадии футбол мебошад, ки барои дидани Ҷом зиёда аз 100 км роҳро тай намудааст. “Ростӣ, ин эҳсосотро баён кардан номумкин аст. Зеро ин Ҷомро ҳазорҳо футболбозони дунё болои сар намудаанд. Ман миннатдории худро ба созмондиҳандагони ин чорабинӣ мерасонам, ки бо заҳмати онҳо ин шом ҳазорҳо дӯстдори футболи тоҷик бо Ҷоми ҷаҳон аксбардорӣ намуданд”. Шоми идонаи саёҳати Ҷоми чемпионати ҷаҳон оид ба фут-

бол дар меҳмонхонаи “Ҳайат Реҷенси”-и Душанбе баргузор шуд. Дар ин чорабинӣ сафирони кишварҳои хориҷӣ дар Тоҷикистон, намояндагони созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ, соҳибкорони ватанӣ ва дигар шахсони расмӣ ширкат варзида, бо Ҷоми ҷаҳон аксбардорӣ намуданд. Ҷоми ҷаҳонии футбол пас аз саёҳат дар Тоҷикистон субҳи 6-уми феврал аз Душанбе ба Тошканд – пойтахти Ӯзбекистон бурда шуд. Мавриди зикр аст, ки саёҳати Ҷоми қаҳрамонии ҷаҳон оид ба футбол моҳи сентябри соли гузашта аз варзишгоҳи “Лужники”-и шаҳри Маскав шуруъ шуд. Хатсайри ин саёҳат то моҳи декабри соли 2017 дар 16 шаҳри Русия доир гардид. Баъдан Ҷом барои чаҳорумин бор ба сайри ҷаҳон баромад. Ҷоми ҷаҳон то оғози мусобиқоти қаҳрамонии ҷаҳон дар Русия 126 ҳазор километрро дар зиёда аз 50 кишвари дунё сайр карда, сипас ба Маскав баргардо-

ҷаҳонро мегирад. Ёдовар мешавем, ки бозиҳои марҳилаи ниҳоии қаҳрамонии футболи ҷаҳон-2018 аз 14 июн то 15 июли соли равон дар 12 варзишгоҳу 11 шаҳри Русия баргузор мегардад. Баъди анҷоми бозии ниҳоии мусобиқоти қаҳрамонии ҷаҳон-2018, ки 15 июл дар варзишгоҳи “Лужники”-и Маскав барпо мегардад, бо тантана ба дастаи қаҳрамони нави ҷаҳон тақдим мегардад. ТАЪРИХИ ДУЗДИДА ШУДАНИ ҶОМИ ҶАҲОН Ҷоизаи Ҷюри Рим, ки дар аввал ҳамчун "Ғалаба" маъруфият дошт, баъдтар ба номи собиқ президенти ФИФА Ҷули Румӣ номгузорӣ шуд. Ин ҷоиза аз тилло бо намуди лакулӣ сохта шуда буд. Ҷоизаи мазкур ҳамчунин бо номи “Олиҳаи тиллоӣ” низ маъруф аст. Соли 1970 тими мунтахаби Бразилия бори сеюм қаҳрамони ҷаҳон гардид ва ин ҷоиза ба ин даста то абад дода шуд. Моҳи декабри соли 1983 ҷаҳонро хабари дуздида

“ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН”, №06 (9536), 08.02.2018 шудани “Ҷоми ҷаҳон” такон дод. Яғмогарон ҷомро аз бинои Федератсияи футболи Бразилия, воқеъ дар шаҳри Рио-де-Жанейро рабудаанд. 4 нафар барои ин амал ба ҳабс маҳкум шуданд, аммо ҷом ёфт нашуд. Бразилиягиҳо маҷбур шуданд, нусхаи ҷоизаро бисозанд. То имрӯз ду фарзияи асосӣ вобаста ба гумшавии нусхаи расмии ҷом мавриди назар аст: аввал онро гудохта қисм-қисм фурӯхтаанд, дуюм дар коллексияи шахсии нафари номаълум маҳфуз аст. Ҷоизаи Ҷюри Рим низ дар арафаи оғози Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ дар ихтиёри италиягиҳо – қаҳрамонони чемпионати ҷаҳонӣ дар соли 1938 буд. Аз сабаби нотинҷ шудани авзои дохилии Италия президенти Федератсияи футболи ин кишвар Отторино Барасси даст ба дуздӣ мезанад. Ӯ бо роҳи пинҳонӣ ҷомро аз хазинаи бонк рабуда, онро дохили қуттии пойафзолаш ҷо карда, дар зери рахти хоби худ мегузорад, то ба дасти фашистон наафтад. Хушбахтона, кӯшиши аввали яғмогарон нобарор хотима ёфт ва ҷомро соли 1950 ба қаҳрамони чемпионати ҷаҳон – дастаи яккачини Уругвай супориданд. Бори дуюм Ҷоми ҷаҳон ба таври мармуз се моҳ қабл аз оғози чемпионати ҷаҳонии соли 1966 дар Англия “ғайб зад”. Ҷоизаро дар толори муҳташами “Вестминстер” ба маърази тамошо гузошта буданд. Новобаста ба посбонии шабонарӯзӣ ба ғоратгарон муяссар шуд, ки санаи 20 марти ҳамон сол ба толор даромада онро рабоянд. Тамоми нерӯҳои амниятӣ ва полиси Англия барои ҷустуҷӯи ҷом сафарбар шуда буд. Англисҳо ҳатто саросемавор нусхаи ҷомро барои “рӯзи мабодо” омода карданд. Аммо Англияро аз доми шармандагӣ саге бо лақаби “Пиклз” раҳонид. Ҳангоми сайру гашт бо соҳиби худ Дэвид Корбет дар гирду атрофи Нортвуд (ноҳияи ҷанубии Лондон) “Пиклз” дар байни буттазорҳо рӯймоле пайдо кард. Корбет, ки мухлиси футбол буд, ба осонӣ Ҷоми ҷаҳон будани ганҷинаи дар пешаш бударо дарёфт ва онро дарҳол ба кумитаи тадорукот баргардонид. Аз ин рӯ, чунин қиссаҳо низ ҳаст, ки ба хотири қаҳрамони ҷаҳон шудани Англия дар соли 1966 Дэвид Корбетро ба зиёфати расмӣ даъват карда, ба ӯ 6 ҳазор фунт туҳфаи пулӣ низ тақдим кардаанд. Нусхаи Ҷоми ҷаҳонро бошад, ки англисҳо омода карда буданд, дар як музояда соли 1997 бо арзиши 254,5 ҳазор фунт ФИФА харидорӣ кард. Ҳамин тавр, ҷоизаи асосии Чемпионати ҷаҳон оид ба футбол (ҳамчунин онро бо номи Жюл Реме – бунёдгузори Чемпионати ҷаҳон низ мешиносанд), ки аз соли 1930 то соли 1970 ба ғолибони мундиал супорида мешуд, пас аз бори сеюм ба тороҷ рафтан нопадид гардид. Сар аз соли 1974 ба қаҳрамонони ҷаҳон оид ба футбол ҷоизаи нав “Ҷоми ҷаҳонии ФИФА” супорида мешавад. Шаҳбози АСОМИДДИН, “ҶТ”


“ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН”, №06 (9536), 08.02.2018 Зуҳури тарбияи ҷисмонӣ реша дар жарфои қарнҳои бостон дорад. Вай ҳанӯз бо пайдоиши нахустодамон дар сайёра арзи вуҷуд карда буд. Яъне, аввалин сокинони сайёра фарзандони хешро бидуни он ки аз мавҷудияти илми фалсафа огоҳ бошанд, тарбият мекарданд. Илм роҷеъ ба тарбияи ҷисмонӣ хеле дертар нисбат ба улуми дигар, амсоли нуҷум, ҳандаса ва кимиё ташаккул ёфта, қиёсан бо соири илмҳо нав ба шумор меравад. Иттилооти таҷрибавиро марбут ба тарбияи ҷисмонӣ, фаҳмишу ақидаҳои аввалинро дар ин боб ҳануз назарияи илмии тарбиявӣ ҳисобидан иштибоҳ мебошад. Ҳанӯз дар китоби муқаддаси динии ниёгони мо – зардуштиён «Авесто», ки яке аз аввалин таълифоти адабию ахлоқию фалсафию сиёсии башарият низ ҳисоб мегардад, нахустин ақидаҳои ориёнажодон дар боби варзиш ва тарбияи ҷисмонӣ ифода гардидааст. Дар «Авесто» - ин ганҷинаи бебаҳои маънавии инсоният нуқоте дар боби муҳимияти тарбияти наврасону ҷавонон, илм, варзишу тарбияи бадан дарҷ гаштаанд. Дар «Гот»-ҳои он омадааст, ки ҳар инсон, ӯ хоҳ мард бошад ё зан, ҷавон бошад ё пир, бояд барои ташаккули ҷисм, зебоии бадан ва нумӯи донишу маърифати хеш бикӯшад ва ба варзиш машғул шавад. Ҳадафи тарбияи ҷисмонии фарзандон ба камол расонидани насли руҳану ҷисман солим буд. Дар мактабу парваришгоҳҳо ҳунарҳои аспдавонӣ, тирпаронӣ, шамшерзанӣ ва ғайраро тадрис мекарданд. Иттилоот дар бораи аввалин мактабҳо ба мамлакатҳои Шарқи бостон – Миср, Юнон, Эронзамин мансубанд. Омӯзиши намудҳои миллии варзиш нишон медиҳанд, ки варзиш ҳамчун қисми ҷудонашавандаи фаъолияти меҳнатӣ ва талаботи худмуҳофизаткунии халқ тараққӣ кардааст. Яъне, халқ дар натиҷаи меҳнат, худмуҳофизаткунӣ ва рӯ ба рӯ шудан бо душман сифатҳои ҷисмонӣ ва маҳорати худро дар давидан, ҳаво додани найза, ҷаҳидан, шиноварӣ ва дигар ҳаракатҳо такмил медиҳад. Таърихнигори тоҷик Б. Ғафуров дар китобҳои илмии худ ҷисман боқувват будани халқи тоҷик, ҷасурии онҳоро дар ҷангҳо ба муқобили истилогарони юнонӣ-македонӣ (асри IV-III то мелод) нишон медиҳад. Александри Македонӣ анъанаҳои бозиҳои олимпии юнониёнро дар сарзамини тоҷикон ҷорӣ кард. Бо ҳамин мақсад барои гузаронидани мусобиқаҳои варзишӣ ва баромадҳои мусиқӣ иштироккунандагон аз Юнон меомаданд. Ин сабаби он шуд, ки халқҳои Осиёи Марказӣ, аз ҷумла тоҷикон аз баъзе урфу одат ва зисти халқҳои Юнони қадим бохабар шуданд. Тайёрии ҷисмонии ҷанговарони суғдӣ аз шаклҳои ба худ хоси тарбияи бадан ва шаклҳои варзиш иборат буданд. Аҳамияти калон тарбияи ҳарбӣ ва ҷисмонии шикор дошт. Намудҳои ҳархелаи варзиш

АНДЕША ва бозиҳо, ба монанди аспсаворӣ, гӯштингирӣ, бузкашӣ, чавгонбозӣ, давидан, муштзанӣ, шиноварӣ, ҳаво додани яроқ, ҷанги якка ба якка, бозиҳои ҳархела ва рақсҳо чун тартиби миллии варзиш ва тарбияи бадани тоҷикон маҳсуб мешуданд. Таърихи намудҳои миллии варзиш, махсусан гӯштингирӣ аз давраҳои қадим сар мешавад. Тадқиқоти олимони тоҷик дар бораи ташкилёбии шакл ва усули истифодабарии машқҳо ва намудҳои варзишӣ дар ин бора маълумоти фаровон медиҳанд. Дар ин давра падидаи бузурге бо номи Бозиҳои олимпӣ ба вуҷуд омад. Бозиҳои олимпӣ

зиндагардонии ин бозиҳоро карда бошанд ҳам, аз адабиёти таърихӣ маводи каме дарёфтаанд. Ба ин нигоҳ накарда маводҳои басанда ва ҳаққоние дар бораи аз тарафи саромадони ин қавмҳои Осиёи Миёна баргузории чорабиниҳои гуногуни варзишӣ ба даст омадаанд. Дар асоси онҳо таърихи идҳои дар ин ҷо баргузоргардида, яъне мусобиқаҳои монанд ба Бозиҳои олимпии Юнони қадимро дарёфтан мумкин аст. Бо назардошти он ки тарбияи ҷисмонӣ қисми фарҳанги умумӣ мебошад, мусаллам аст, ки муҳаққиқон дар таҳқиқотҳои хеш такя бар асноди таъсири

Таърихи варзиш

ли боарзишеро чун ҷойгиршавии ҷуғрофии ин давлатҳо қайд кард, ки ба ташаккулёбии ҷомеаи инсонии ин минтақа таъсири муайяне гузоштааст. Масалан, Тоҷикистон ҳамчун Юнон мамлакати кӯҳӣ буда, иқлими субтропикӣконтиненталӣ дорад. Дар ин давлатҳо қариб 300 рӯзи офтобӣ дар як сол мавҷуд аст. Ҳар ду мамлакат аграрӣ буда, ахиран ҳар ду соҳиби фарҳанги қадима, бо олимони дар ҷаҳон машҳур, файласуфон ва суханварон номианд. Чунин якҷоягӣ дар натиҷаи забти Осиёи Марказӣ аз ҷониби артиши юнонию македониҳо ва дар ин замина бунёди давлати Юнону Бохтар боз бештар мустаҳкам гашт. Таъсири фарҳанги Юнонро ба фарҳанги Шарқ қайд карда (вай хақиқатан ҳам хеле назар-

ҳамчун иди бузурги варзиш сараввал дар Юнони Қадим ва баъдан ба ин бозиҳо монанд дар бисёр шаҳрҳои ҷаҳон, аз он ҷумла дар шаҳрҳои Осиёи Марказӣ паҳн мегардад. Дар инкишофи фарҳанги халқҳои Осиёи Марказӣ ташкилёбии давлати Юнону Бохтар таъсири назаррасе расонд, ки таърихшиноси ҳабашистонӣ Ласло Кун дар ин маврид чунин қайд кардааст: “Тасодуфӣ нест, ки диадоҳҳо (ворисони Искандар) бо якдигар рақобат намуда, марказҳои тиҷоратӣ, сиёсӣ ва динии худро сохтанд. Онҳо ҳавзҳо, гимназияҳо, қасрҳо ва майдонҳои варзишӣ сохтанд. Аз ин лиҳоз, ягон ҷои тааҷҷуб нест, агар дар натиҷаи ҷоивазкунии маҳали зист гимнастон ва варзишгарони маъруф ана ба ин ҷойҳо – марказҳои тарбияи ҷисмонии юнониҳо кӯчиданд». Таҳлили адабиёти таърихии тоҷикон ва ҳам хориҷиён гувоҳӣ медиҳад, ки дар шаҳрҳои Осиёи Марказӣ дар давраи омӯхташаванда мусобиқаҳои монанд ба Бозиҳои олимпии Юнони Қадим гузаронида мешуданд. Дар ин ҷо муассисаҳои таълимӣ, гимназияҳо чун дигар мустамликаҳои Юнон амал менамуданд. Бо таассуф бояд ёдовар шуд, ки дар бораи ҷои баргузорӣ, вақти баргузорӣ ва барномаву ғолибони ин бозиҳо маълумоте мафҳуз нест. Файласуфон, таърихнигорон ҳарчанд кӯшиши дарёфту

байниҳамдигарии фарҳангҳои таҳҷоӣ бо фарҳанги эллинӣ намудаанд. Лекин асоси кори онҳо алоқамандии Бозиҳои олимпии Юнони Қадим ва мусобиқаҳои гуногуни варзишию дилхушии ҳалқҳои Осиёи Марказиро дар ин давра дар бар мегирад. Дар ин бора олими тоҷик, шарқшинос Б. Ғафуров менависад: “Дар ҳама ҷо ҳамтаъсирии фарҳанги эллинӣ ва таҳҷоӣ аён мегардад, ки ҳосили ин синтез дар садсолаҳои баъдӣ низ давом ёфтааст. Фарҳанги эллинӣ созандаи доҳиёни бисёр миллатҳо - эллинҳо, аҳолии таҳҷоии мамлакатҳои Шарқи Наздику Миёна ва инчунин халқҳои Ҳиндустон низ мебошад”. Таърихнигор, шарқшиноси рус И. А. Ефремов дар романи таърихии худ «Таиси Афинагӣ» менависад: “Эллада бештар ба тарафи Шарқ нигаронида шуда буд, нисбат ба Ғарби торику ваҳшӣ, вай гӯё ки ба санъати кӯҳан ва донишҳои бузург ба шоҳигариҳои пайдою гумгашта, ба воситаи дастрасии доманаҳои Осиёю Ионияю Критии овозадор руъё мекард”. Алоқамандии фарҳанги юнонӣ ва фарҳанги таҳҷоии бохтариён, ки дар давраи шоҳигариҳои Юнону Бохтариёну шоҳигарии Кӯшониён дарк мегардад, аз давраҳои пештар сарчашма мегирад. Алоқамандии фарҳангҳои халқҳои Осиёи Марказӣ бо юнониёнро таҳқиқ намуда, бояд як оми-

рас буд), бисёрии таърихнигорони буржуазӣ аксар вақт дар бораи дастовардҳои фарҳангии халқҳои Шарқ хомӯширо пеша менамоянд. Дар асл бошад, нақши фарҳанги ҳазорсолаи Шарқ дар инкишофу тараққиёти фарҳанги Юнону дигар мамлакатҳои Ғарб беназир буд. Кофтуковҳои зиёди археологие, ки дар минтақаи Осиёи Марказӣ гузаронида шудаанд, гуфтаҳои олимони зиёдеро нисбати ин масоил тасдиқ менамоянд. Тадқиқотҳо нишон доданд, ки байни халқҳои Осиёи Марказӣ ва Юнон дар соҳаи варзиш ва тарбияи ҷисмонӣ алоқамандии зиёде дида мешавад. Чунончӣ, юнониҳо чун халқҳои Осиёи Марказӣ аз давраҳои қадим ба варзишу тарбияи ҷисмонӣ аҳамияти калон медоданд. Мисол, дуюним ҳазор сол пеш дар теппаи баланди Эллада суханони зерин кандакорӣ карда шуда буданд: Хоҳӣ боқувват бошӣ, бидав! Хоҳӣ зебо бошӣ, бидав! Хоҳӣ доно бошӣ, бидав! Халқҳои Юнон аз манфиати машқҳои варзишию ҷисмонӣ хеле барвақт огоҳӣ доштанд ва ҳангоми табобати бисёрии бемориҳо аз он истифода мекарданд. Хулосаҳои падари тиб Ҳиппократ гувоҳи онанд, ки гуфтааст: “Машқҳои гимнастикӣ, машқҳои ҷисмонӣ, роҳгардии варзишӣ бояд қисми ҷудонашавандаи ҳаёти ҳаррӯзаи касе бошанд, ки мехоҳад қобилияти

9 меҳнатӣ, саломатӣ, ҳаёти солиму хушбахтонае дошта бошад”. Таъсирпазирии фарҳангҳои ин халқҳо дар ин давра бештар мустаҳкамтар шуд. Чуноне ки маълум аст, дар давраи Ҳахоманишиҳо дар Осиёи Миёна дастпарварони ҷаҳони эллинӣ ва маҳаллаҳои юнонишин низ пайдо гаштанд. Дар давраи Ҳахоманишиҳо дар бисёрии мамлакатҳо намояндагони халқиятҳои гуногун паҳлӯ ба паҳлӯ зиндагию фаъолият менамуданд. Чунончи, дар давраи Ксерекс дар асри 5 то мелод дар Осиёи Марказӣ муҳоҷирон аз шаҳри Милетаи Юнон умр ба сар мебурданд. Онҳо байни худ бо забони таҳҷоӣ сухан мекарданд. Дар давраи Дорои 1 дар Бохтар бошандагони шаҳри Барка (Африкаи шимолӣ) муҳоҷир карда шуда буданд. Аз ҷониби авлодони халқҳои Осиёи Марказӣ камонғулакҳое тайёр карда мешуданд, ки бо максади ҳарбӣ ва дар дилхушиҳои халқӣ истифода мегаштанд. Аз ин лиҳоз, таърихнигори араб Мақсадӣ менависад, ки дар ин ҷо камонғӯлакҳое тайёр карда мешуданд, ки фақат одамони пурқувват метавонистанд аз онҳо истифода намоянд. Аз рӯи гуфтаҳои Квинт Куртсия “сагҳои оворагард юнониҳоро аз он тарафи дарёи Сир бо камонғӯлак тирборон мекарданд”. Хулоса баровардан мумкин аст, ки барои ба масофаи зиёда аз 150 метр афкандани пайкон чӣ қадар машқ кардан лозим аст. Камонварони номӣ бошанд, байни омма соҳиби ҳурмату мартабаи калон буданд. Аз гуфтаҳои боло бармеояд, ки халқи тоҷик дар ҳама давраҳои таърихӣ ба машқҳои варзишию ҷисмонӣ машғул буд ва доимо барои солимии халқу миллати хеш кӯшиш менамуд. Хусусан, фалсафаи ташкил намудан ва гузаронидани маъракаҳои анъанавӣ барои рушду нумӯи варзиш ва солимгардонии ҷомеа нақши босазое гузоштааст. Аз қадимулайём дар байни халқи тоҷик ҷашнҳои Наврӯз, сада, Меҳргон бе чорабиниҳои варзишӣ қайд карда намешуданд. Шодӣ САФАРОВ, доктори илмҳои педагогӣ, профессор, ректори Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон ба номи С.Раҳимов, Корманди шоистаи варзиши Ҷумҳурии Тоҷикистон, Аълочии маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон; Мирзобоқӣ ШАРИПОВ, дотсент, ноиби ректори ДТҶТ ба номи С. Раҳимов оид ба тарбия, Корманди шоистаи варзиши Ҷумҳурии Тоҷикистон, Аълочии маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон; Мавлон ШАРИФОВ, дотсенти кафедраи ҷомеашиносии ДТҶТ ба номи С. Раҳимов, Аълочии маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, узви Иттифоқи журналистони Тоҷикистон


10

ОДАМОНИ САРБАЛАНД Ин субҳ баъди навбатдории шабона Эҳсон хеле мондаву лакот шуда буд. Ташвишҳои дирӯза, ба табобати беморон машғул шуданаш ӯро сахт монда кард. Ба фарқ аз шабҳои дигари навбатдорӣ имшаб чанд маротиба хобаш омад. Эҳсон ҳис кард, ки хеле хаста шудааст. Аммо масъулияти табибӣ намегузошт, ки даме сари худро болои мизи навбатдорӣ монда, рафъи хастагӣ намояд. Зуд-зуд аз ҳоли меморон хабардор мешуду падарвор онҳоро нигоҳубин менамуд. Ҳамин ки яке аз беморон аз дард лаб ба шикоят во менамуд, Эҳсон бо суханҳои ширин ва дилгармкунанда ба беморон ё сӯзандору мегузаронд ва ё ҳаб (таблетка) медод. Ва то хоб бурдани бемор бо самимияти баланд ҳамроҳаш суҳбат менамуд.

Ибодат ба ҷуз хизмати халқ нест... Эҳсон чунин андеша дорад, ки бемор чун кӯдак аст, кӯдаке, ки эҳтиёҷ ба ёрмандию меҳрубонӣ дорад. Барои ҳамин табиб дар баробари табобат бо доруҳо бояд беморро бо сухани неку ширин низ муолиҷа намояд. Чун субҳ дамид, шумораи ҳамкорон зиёд шуданд ва ӯ барои истироҳат рухсат гирифт. Дар назари ҳар бинанда аён мешуд, ки Эҳсон хеле афгору мондааст. Ва ҳар нафари рӯ ба рӯяш омада аз ӯ хоҳиш менамуд, ки рафта каме ҳам бошад, истироҳат кунад. Эҳсон баъди анҷоми ҳама корҳои ба зиммааш буда тараддуди аз кор фориғ шуданро медид. Ҳамин асно буд, ки бемореро дар ҳолати шиддат гирифтани дардаш ба беморхона оварданд. Бемори аз худ бехудшударо дарҳол ба шуъбаи эҳёгарӣ (реаниматсия) бурданд. Эҳсоне, ки каме пеш хаста ба чашм менамуд, беш аз дигарон барои наҷоти ҷони бемор дар ташвиш буд. Дар шуъбаи эҳёгарӣ болои сари бемор ҳама донишу таҷрибаашро ба кор мебурд, то бемор наҷот ёбад. Баъди талошу кӯшишҳои зиёд бегоҳи рӯз бемор ба худ омад. Тӯли ин ҳама соат, ки шояд ба андеша осон намояду дар асл кори саҳлу сода нест, Эҳсон хастагии худро фаромӯш кардаву барои наҷоти

ҷони дигаре дар талвоса буд. Кӯшишҳояш барҳадар нарафтанд. Балки баъди дубора ба худ омадани бемор руҳу қуввати тоза гирифт. Боз аз худ масрур гардиду васиятҳои падараш ба ёдаш омаданд, ки мегӯфт: “Муаллим низ ба масал як нафар табиб аст, писарам. Аммо ӯ мардумро аз дарди бедонишӣ мераҳонад. Ман солҳост, ки омӯзгориро ба худ касб интихоб намудаам. Ҳар вақте ки як хонанда аз ман ҳарфе омӯзад, гӯё ҷаҳони наверо кашф карда бошам бо худ меболам. Аз он меболам, ки як зарра ҳам бошад, бемории бедонишии якеро даво бахшидам. Аммо тасаввур намекунам, ки вақте як табиб, аввал бо изни Худо ва баъд ба воситаи дониши худ якеро ҷони дубора мебахшад, ба кадом ҳад дилшод мешавад. Аз ин рӯ, хоҳишам аз ту ин аст, ки дар оянда ҳатман табиб шаву ин эҳсоси ширинро дарк кун...”. Масъулияти табибӣ Эҳсон Олимовро водор мекунад, ки шабро шабу рӯзро рӯз нагуфта, ҳамеша дар такопӯ бошад. Ӯ барои иҷрои рисолати худ ҳама душвориҳоро нодида гирифта, пайваста темордорӣ беморон аст. Якеро набзашро месанҷаду дигарро табашро, сеюминро бошад, фишорашро муътадил мекунад. Чунон менамояд, ки дарди беморон дарди ӯст. Ба ҳамон

андозае, ки беморон ранҷи дардро мекашанд, дар Эҳсон низ ҳамин эҳсос дида мешавад. Ӯ фикр намекунад, ки соатҳои шаб барои хобу баҳри рафъи хастагианд. Рафъи хастагие, ки субҳгоҳон бо дами осуда ва ҳоли хуш боз ба кор равон шавад. Аммо Эҳсони ҷавону соҳибтаҷриба ба тавре ғамхори беморон аст, ки рафъи тамоми хастагии худро дар сиҳатии беморон мебинад. Табъи болидаи Эҳсон ҳар даъфа баъди навбатдории шабона дар беморхона ба авзои беморон пайвандӣ дорад. Агар субҳ беморони дар бистар буда аз дард шикоят накунанд, аз шифоёбии худ дарак диҳанд, хушу хурсанд бошанд, шодии Эҳсонро ҳадду канор нест. Ва ба худ меболад, ки заррае ҳам бошад, рисолати хешро иҷро кардаааст... Эҳсон аз он хушнуд аст, ки имрӯз бо ҳидояти падар ва заҳмату талошҳои пайваста ба орзуи ҳамешагии худу падар расида, дар Беморхонаии тиббии шаҳрӣ ба номи Карим Ахмедов дар Шуъбаи бемориҳои ғадудҳои дохилаи калонсолон (эндокринология) ба беморон хизмати софдилона менамояду бо шифо ёфтани ҳар бемор аз эҳсоси дарди ширине, ки падар васияташ менамуд, бархӯрдор мешавад. Хуршед МАВЛОНОВ, “ҶТ”

“ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН”, №06 (9536), 08.02.2018

Меъмори кохи илму дониш Меъморе, ки нахустин хишти илму дониш, фазлу адаб, маънию маърифатро дар бинои муҳташам ва оламорои даҳри маънӣ мениҳад, устод аст. Устод ба гулбоғи умеди ҳар як ҷавони донишомӯз бо нури дидаву меҳри беандоза об мениҳад, онро месабзонад, ба нашъунамо ва самар меорад.

Устод бо риёзати лайлу наҳор дар ғамхории шогирд чун шамъ месӯзад. Ӯ ҳангоми таълим дар назди шогирд гоҳ чун мум об ва нарму мулоим мешавад, гоҳ чун пӯлоди сахту матин сахтгирӣ мекунад ва пайкари доништалабии донишҷӯро ба ларза ва ҳаяҷон меорад. Онро такон медиҳад ва баъзан ба гирдоби амиқи изтироб фурӯ менишонад. Ба дараҷаи камолот расидани илму дониш ва фазлу адаби ҳар як шогирд ифтихор ва таманнои бузургест барои устод, ки ӯ дар симои шогирд самари меҳнат ва ранҷу машаққати бардавоми муаллимии хешро мебинад ва аз ӯ меболад. Моро месазад, ҳар рӯз, ки ба остонаи мактаб қадам мениҳему устоди гиромиамонро мебинем, ба ӯ бо эҳтиром салом дода, ҳурматашро ба ҷо орем. Дар кӯчаву бозор ва дар мактабу ҷои кор раҳи устодро бурида гузаштан норавост. Хешро бояд ба канор гирифт ва ба ӯ роҳ дода гуселаш намуд. Дар иҷрои супоришҳои устод ҷиду ҷаҳд мебояд. Набояд коҳилӣ ва саркашӣ кард. Бояд саъй кард, ки ба боварии устод арзанда бошем. Ба таъкиди Носири Хисрав: Ба шогирдӣ ҳар он, к-ӯ шод гардад, Расад рӯзе, ки худ устод гардад. Дар назди падар ва модар ва дар ҳузури дигар афроди бешумор даҳони шиква аз устод бояд во накунем ва ӯро доим ба некӣ ба ёд орем. Дар назди устод норасоӣ ва кӯтоҳие содир гардад, онро набояд инкор намуд, балки эътирофи ӯ авлост. Устодро ранҷондан ва номи бузурги ӯро паст задан гуноҳ аст. Устод ба пешравиҳои кори шогирд аз дилу ҷон мекӯшад, ки дар зиндагӣ орзуи беҳтаринаш ин аст. Дар дами пирии устод аз ҳоли ӯ бояд бохабар буд. Бо чароғи лутфу эҳсони худ хонаи дилашро бояд мунаввар сохт. Зеро Афлотуни ҷаҳону Буалии замон, Суқроти ҳакиму Арастуи ҳалим – ҳама суханварони оламу хирадмандони насли одам таълим аз устод гирифтаанд ва бо шарофати ӯ гулҳои маонӣ аз гулзори маърифат чидаанд: То ин ки тифл хонаду соҳибҳунар шавад, Устоди меҳрубони ӯ хуни ҷигар шавад. Аҳсан ба он касе, ки пас аз хатми мактабаш, Зи устоди меҳрубони хеш бохабар шавад! Манзура ҚОДИРОВА, омӯзгори МТМУ №7, шаҳри Душанбе


“ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН”, №06 (9536), 08.02.2018 Ноҳияи Файзобод яке аз ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ буда, дар масофаи 50 км. дур, дар қисмати шарқии шаҳри Душанбе воқеъ аст. Файзобод имрӯзҳо дар баробари дигар минтақаҳои кишвар дар эҳёи ҳунарҳои мардумӣ ва рушди онҳо саҳми назаррас дорад. Мувофиқи сарчашмаҳои таърихӣ бошандагони Файзобод, ки дар гузашта онро Вашгирдшаҳр ном мебурданд, бештар аз молу маҳсулоти дохили шаҳр истифода мекарданд. Инчунин, молу маҳсулоти истеҳсоли дохилӣ ба шаҳрҳои дигар содирот мешуд. Ҳунари дастии ҳунармандони Вашгирдшаҳр харидорони зиёд дошт. Аз ин рӯ, шӯҳрати ҳунармандони шаҳр миёни аҳолии минтақаҳои гуногун паҳн гардида буд. Ҳунарҳои қадимаи аҷдодиро то имрӯз ҳунармандони Файзобод ривоҷ медиҳанд. Дар қатори ҳунарҳои дигар ҳунари кулолгарӣ яке аз ҳунарҳои маъмул дар ноҳияи Файзобод ба ҳисоб меравад, ки ҳунармандон онро аз масолеҳи хоки кулол, ки дар ноҳия хеле зиёд дида мешавад, тайёр мекунанд. Маҳсулоти кулолии ноҳияи Файзобод аз дигар минтақаҳо фарқ мекунад, зеро ин намуди ҳунар дар диёри Файзобод ба таври дастӣ сохта шуда, нақшҳои ба худ хос дорад. Маҳсули дастони беҳтарин кулолгари ноҳия, узви Иттиҳоди рассомони ИҶШС Зарафо Раҳимова дар намоишгоҳҳои байналмилалӣ дар давлатҳои Ҳиндустон, Яман, Ҷопон, Италия, Фаронса, Олмон ва шаҳрҳои Москва, Санкт-Петербург ба намоиш гузошта шудааст ва имрӯз ҳамчун ганҷинаи гаронарзиши ҳунару фарҳанг пазируфта мешавад. Идомадиҳандаи ҳунари Зарафо Раҳимова шогирдаш Со-

√ САТРҲОИ

ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ

11

Файзобод ва ҳунурмандони зебоипарасташ чигул Асоева мебошад. Маҳсули дастони Сочигул Асоева низ дар намоишгоҳҳои ҷумҳуриявӣ ба намоиш гузошта шуда, сазовори сертификати ЮНЕСКО гардидааст. Ба таъкиди Кароматулло Соҳибназаров, мудири шуъбаи фарҳанги ноҳияи Файзобод, “дар фарҳанги мардуми тоҷик асосан ҳунарҳои қолинбофӣ, заргарӣ, чӯбкорӣ, оҳангарӣ, сӯзанидӯзию кашидадӯзиҳо ва инчунин кулолгарию шишакориҳо маъруфияти бештар дорад. Агар ба таърихи халқи тоҷик назар андозем, аз давраҳои қадим ҳунарҳои бофандагию кулолгарӣ қариб дар ҳамаи табақаҳои ҷомеа рушд ёфта буд. Дарёфт гардидани борсангҳои бофандагӣ ва табақу кӯзаҳои кулолии наққошишуда далели равшани гуфтаҳои болоянд. Ҳунари сӯзанидӯзию кашидадӯзӣ дар Файзобод ҳамчун ҳунари халқӣ истифода мешавад. Тасвир намудани гул ва нақшу нигори миллӣ дар рӯи матоъ ва бо риштаҳои рангоранг сӯзанидӯзӣ намудани онҳо кори заҳматталаб мебошад. Дар зери ҳар ранг ва нақши офаридашуда рамзи зебоӣ, ҳаёт, оламу одам таҷассум меёбад. Асосан сӯзанидӯзиҳо ва кашидадӯзиҳо дар чодарҳо, зардевориҳо ва дигар ҷиҳози хона истифода мешавад. Маҳсули ҳунари бонувони ноҳия Саида Раҷабова, Меҳрубон Раҳимова ва даҳҳо ҳунармандони дигар ҳамчун муаррифгари ҳунарҳои мардумӣ дар чандин намоишгоҳҳо ва чорабиниҳо ба намоиш гузошта шудааст”. Дар ноҳияи Файзобод ба ҳунари чӯбкорӣ, ки яке аз ҳунарҳои маъруф ва маъмул дар миёни халқи тоҷик ба ҳисоб рафта, аз замонҳои қадим то имрӯз идома дорад, таваҷҷуҳи махсус зоҳир мегардад. Зеро сохтани ҳама гуна асбобҳо барои рӯзгор, аз қабили табақу қошуқ, гавҳораю сандуқҳо ва дигар анҷомҳои барои зиндагӣ зарурӣ ба ҳунари чӯбкорӣ мансуб мебошад. Дар ин

ҳунар боз ҳунари кандакорӣ низ дохил мешавад, ки барои ороишоти хона ва ҷиҳозҳо истифода бурда мешавад. Ҳунармандон асосан аз чӯбҳои чормағз, сафедор ва зарбед асбобу анҷоми рӯзгордорӣ омода менамоянд, ки сифати баланд доранд. Дар ҳунари чӯбкорӣ яке аз ҳунармандони чирадасти ноҳияи Файзобод шодравон Усто Солеҳ мебошад, ки маҳсули дастони ӯ дар тамоми минтақаҳои ҷумҳурӣ намоён гардидааст. Айни ҳол кори ӯро писараш усто Саъдулло давом дода истодааст. Чӯбкори дигари ноҳия Бобишо Ёров мебошад, ки ҳамчун идомадиҳандаи ин ҳунари аҷдодӣ маҳсули дасти эшон дар хонадони сокинони ноҳия фаровон истифода мешавад ва дар чандин намоишгоҳҳо иштирок карда, соҳиби диплому ифтихорномаҳо гардидааст. Оҳангарӣ низ аз ҳунарҳои рушдёфта дар Файзобод аст. Дарёфт гардидани асбобу олотҳои дастсози оҳании ин минтақа аз он шаҳодат медиҳанд, ки дар замонҳои қадим низ асбобу олотҳои оҳанин, аз қабили белу каланд, дост, наъл, тешаю табарҳои устоӣ аз ҷониби оҳангарони маҳаллӣ сохта мешуданд. Зиёратшоҳ Аслонов, яке аз оҳангарони ноҳия ба ҳисоб меравад. Имрӯз ҳамчун идомадиҳандаи ҳунари аҷдодӣ Зиёратшоҳ Аслонов ба сохтани олотҳои оҳанӣ машғул буда, маҳсули дастони номбурда мавриди истифодаи аҳолӣ қарор дорад. Ҳунарҳои дигаре, ки аз давраҳои қадим то имрӯз мардуми тоҷик идома дода истодаанд ва фарҳанги миллати тоҷикро муаррифӣ мекунанд, заргарӣ, рассомӣ ва сабадбофӣ мебошад. Дар ноҳияи Файзобод сабадҳои бофтаи Ҳафиз Ғафуров, ки бо андозаҳои гуногун сохта шудаанд, имрӯз дар тамоми фестивалозмунҳо ба маърази тамошо гузошта мешаванд, ки ифодагари санъати сабадбофист. Асарҳои

офаридаи рассом Искандар Олимов, ки дар худ санъати баланди тасвириро ниҳон дорад, диққати тамошобинонро ба худ ҷалб мекунад. Инчунин, маҳсули дастони беҳтарин заргарҳои ноҳия оилаи Тоҷиддиновҳо ҳамчун муаррифгари фарҳангу тамаддуни халқи тоҷик аҳамияти хос доранд. Мас-

оҳангарон, кулолгарон, кандакорон, қуроқдӯзҳо, бофандагон, табақтарошҳо, чӯбкорон, сабадбофон... барои рушд ва эҳёи ҳунарҳои мардумӣ кору фаъолият доранд. Сайёҳӣ ва ҳунармандӣ ду самти афзалиятноки муаррифии арзишу сарватҳои миллианд, ки ба ҳам алоқамандии зич до-

нуоти заргарии омоданамудаи заргарон асосан аз масолеҳи тилло ва нуқра сохта шуда, бо сангҳо оро дода мешаванд, ки таҷассумгари фарҳанги куҳан ва муосири халқи тоҷик мебошанд. “Дар Паёми имсола аз тарафи Пешвои миллат “Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” эълон гардидани соли 2018 ба мо – фарҳангиён нерӯи тоза бахшид. Дар ноҳияи Файзобод бахшида ба ин сол ҳунармандони гуногуни халқӣ, аз қабили заргарҳо,

ранд”, - иброз дошт Кароматулло Соҳибназаров, мудири шуъбаи фарҳанги ноҳияи Файзобод. Дар воқеъ, ҳунарҳои мардумӣ гаронарзиш буда, таҷҷасумгари фарҳанги зебоипарастӣ мебошад. Аз ин рӯ, ҳар яки моро зарур аст, ки баҳри рушду нумуъ ва таҳким бахшидани ҳунарҳои мардумӣ саҳмгузор бошему онро ба наслҳои минбаъда ба мерос гузорем. Беҳрӯз ХОЛМУРОДОВ, “ҶТ”

МИННАТДОРӢ

Луқма он аст, ки... Тақдир чунин афтод, ки аз дасти фарзандонам бе хонумон шудам. Инак 16 сол мешавад, якҷоя бо ҳамсарам дар хонаи пиронсолони ноҳияи Бобоҷон Ғафуров зист дорам. Кор афтоду озими пойтахт шудам. Чашмонам хира шуда, бе айнак чизеро хонда наметавонам. Дар роҳ айнакҳоямро гум кардам. Маркази савдо (собиқ СУМ) даромада, хостам айнаке харам. Аз фурӯшанда, духтараки ҷавоне нархи айнакро пурсидам. Ӯ нархро 150 сомонӣ гуфт. Ҳайрон шудам, охир ин барои мане, ки дар хонаи пиронсолон зист дорам, пули хеле зиёд аст. Аз куҷо ин қадар маблағро пайдо карда метавонам? Ночор аз маркази савдо берун баромадам. Дар ҷустуҷӯи айнаки арзонтаре дар маркази шаҳр, хиёбони Рӯдакӣ сайркунон ба мағозаи “Еврооптика” расида омаданамро нафаҳмида мондам.

Ин ҷо низ чун маркази савдои СУМ паси рафи мағоза духтараке меистод. Айнакеро нишон дода нархашро пурсидам. Нархро сад сомонӣ гуфт. Боз ҳайрон шудам. Айнакҳо бароям лозим буд. Лекин нархи он барои мани мӯйсафеди бе манбаи даромад хеле гаронӣ дошт. - Духтарҷон, ҳеҷ илоҷ нест, ки нархашро арзон мекардӣ, - хоҳиш намудам аз фурӯшанда. Духтар китф дарҳам кашида, бо аломати инкор сар ҷунбонд. Ман чӣ кор карданро надониста, ҳайрон меистодам. Вазъамро дида ҷавоне, ки он ҷо ҳузур дошт, наздам омаду аз ҳолам пурсон шуд. Ман ҳолро ба ӯ фаҳмондам. Вай ба духтари фурӯшанда имо кард, ки айнакро ба ӯ диҳад. Айнакро аз дасти духтар гирифту ба ман дароз кард. - Додарҷон, ман маблағи зиёд надорам,

ки ин айнакро харам, - гуфтам ба ҷавон. - Ин аз мо туҳфа! Ҷавон инро гуфта маҷбур кард, ки айнакро аз дасташ гирам. Айнакро аз дасташ гирифтаму ҳолати аҷибе вуҷудамро фаро гирифт. Ҳатто дар чашмонам ашк ҳалқа зад. Намедонистам, ки ба ин ҷавон чӣ тавр миннатдории худро баён созам? - Ҳазорон раҳмат ба гузаштагонат, писарҷон, - базӯр гуфтам. Вай маро то назди баромадгоҳи мағоза гусел кард. Ҳини хайрухуш аз ӯ ному насабашро пурсон шудам. - Барои чӣ? - табассумкунон гуфт ҷавон. Ба вай фаҳмондам, ки мехоҳам ба воситаи ягон рӯзнома миннатдории худро нисбаташ баён созам. Ӯ даст болои сина гузошта гуфт: - Кирои ташвиш кашидан надорад. Ба ҷону ҳолаш намонда ному насабашро фаҳмида гирифтам. Маълум шуд, ки ин ҷавонмарди саховатпеша Бобоҷон Акбаров

ном доштааст. Ба воситаи рӯзномаи «Ҷавонони Тоҷикистон» ба ин ҷавони накӯпеша миннатдории худро баён сохта, мехоҳам сафи чунин нафарон дар ҷомеа ҳар чи зиёд бошад. Зеро Президенти кишвар, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни вохӯриҳо бо табақаҳои гуногуни аҳолӣ ва сухарониҳои хеш пайваста таъкид месозанд, ки нафарони хайрхоҳу накӯкор ҳар чи бештар бошанд. Ба муҳтоҷону эҳтиёҷмандон дасти ёрӣ дароз намоянд. Бобоҷон Акбаров аз зумраи нафаронест, ки хайрхоҳиро пешаи худ қарор додааст. Дар васфи чунин ашхос шоир басо хуб гуфтааст: Луқма он аст, ки бо ёрон хӯрӣ, Хок дар он луқма, ки танҳо хурӣ. Аз даргоҳи Худованд хоҳони онем, ки сафи нафарони хайрпеша, чун Бобоҷон Акбаров ҳар чи бештар бошаду кӯмаку ёрии эшон ба нафарони эҳтиёҷманде мисли ман доимо расад. Умарҷон АЗИЗМУРОДОВ


12 Яке аз мавзеъҳои тамошобоби мудҳишу ҳавлангез ва афсункору муаммоӣ дар ҷаҳон каме дуртар аз маркази Мексика, дар маҳаллаи Сочимилко воқеъ гардидааст. Ин ҷазираи ғайриодӣ ба шарафи сокинони худ – лӯхтакҳои кӯдаконаи куҳнаву шикастае, ки онҳоро зоҳиди гӯшанишине бо номи Дон Ҷулиан Сантана тӯли солиёни зиёд ҷамъоварӣ кардаву дар шохи дарахтон овезон намудааст, номгузорӣ шудааст. ҚАБРИСТОНИ БОЗИЧАҲО Аз нақлу ривоятҳои мардуми таҳҷоӣ бармеояд, ки ин ҷазира ҳамеша маҳалли наҳсу шум ҳисобида мешуд, чунки дар он ҷо кӯдакон гум шудаву ба ҳалокат мерасиданд. Тақрибан 60 сол қабл дар ин мавзеъ духтарчае ғарқ шуд, ки баъди якчанд рӯз моҳигире бо номи Дон Ҷулиан дар ҷои фавти ӯ лӯхтакеро пай-

МАВЗЕЪҲОИ САЙЁҲӢ

Ҷазираи лӯхтакҳо

до кард. Ин мард бо гумони он, ки руҳи кӯдаки фавтида дар ин лӯхтак зинда гардидааст, онро бардошта, ба шохи дарахте овехт. Баъди ин Ҷулиан оилаи худро тарк карда, дар як канори дурдасти ҷазира барои худ кулбае сохт ва тамоми зиндагии минбаъдаи худро сарфи ҷамъоварии чунин лӯхтакҳои кӯҳнаи кӯдакона намуд. Баъзе аз ин лӯхтакҳоро

Боиси ифтихор аст, ки ба шарофати Истиқлолияти давлатӣ кишварамон дар ҳама соҳаҳо ба комёбиҳои назаррас ноил гардид. Аз ҷониби дигар, табиати дилангезу захираҳои беҳамтои табиию рекреатсионии он дар кишвар асоси бо суръати баланд рушд ёфтани соҳаҳои туризми дохилӣ ва хориҷиро муҳайё намудааст. Айни замон соҳаи туризм ҳамчун воситаи тарғиби таъриху дастовардҳои бостонӣ ва ҳатто диниву мазҳабӣ гардида, дар манфиатҳои иқтисодӣ, инчунин дар ҷодаи сиёсат низ мавқеи худро мустаҳкам гардонидааст. Ба ибораи дигар, имрӯз туризм дар барномаҳои стратегии давлату миллатҳо ҳамчун воситаи муассири тарғиби таъриху дастовардҳои фарҳангӣ гардида, дар баробари дастёбӣ ба фоидаҳои манфиатҳои иқтисодӣ манфиатҳои сиёсиро низ таъмин менамояд. Имрӯз Тоҷикистон дорои иқтидори бузурги сайёҳӣ буда, бо кӯҳҳои осмонбусу табиати афсонавӣ, боғҳои фароғатӣ дар тамоми дунё машҳур аст. Захираҳои табиӣ-рекреатсионӣ, мавҷудияти ёдгориҳои фарҳангию таърихӣ хусусияти хоси маҳсулоти миллии туристии кишварамонро муайян мекунанд, ки ин яке аз воситаҳои муҳими ҷалби бештари туристон мебошад. Тибқи таҳлили мутахассисон Тоҷикистон дорои ҳудудҳои нодири фарҳангӣтаърихӣ ва табиӣ, аз қабили шаҳрҳои қадима ва маҷмааҳои меъмории таърихӣ, мавзеъҳои нодири табиӣ, обҳои шифобахш, олами нотакрори ҳайвоноту наботот буда, миёни кишварҳои ҷаҳон бо таърихи куҳанбунёд, мардуми тамаддунсоз ва ҷойгиршавии ҷуғрофӣ фарқ мекунад. Дарёҳо ва кӯлҳо яке аз заминаҳои муҳими инкишофи туризм ва рекреатсия ба шумор мераванд. Маҳз онҳо

ӯ аз партовгоҳҳо пайдо мекарду баъзеро аз даруни ҷӯйборҳо ва аксари онҳоро одамон барояш меоварданд. Ин амал ба одати ӯ табдил ёфта буду ӯ меваҳои дарахтонро ҷамъоварӣ карда, бо лӯхтакҳои куҳнаи сокинон иваз менамуд. Ҳамин тариқ, тадриҷан сол то сол ин ҷазира ба қабристони бозичаҳо ва лӯхтакҳои кӯҳна табдил ёфт.

“ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН”, №06 (9536), 08.02.2018

ҶАЗИРАИ ЛӮХТАКҲОИ МУРДА Новобаста аз он ки ин мавзеъ марбут ба бозичаҳои кӯдакона асту номи аҷиб низ дорад, манзараи он на барои одамони заифмизоҷ аст, чун бо дидани башараҳои ҳавлангези лӯхтакҳо одамони ҳассосу нозукро дарҳол тарсу ҳарос фаро мегирад. Ҳини ворид шудан ба ин ҷазира ҳазорҳо лӯхтакҳои маъюбу маслуқ ва бадафту бадшаклеро мушоҳида кардан мумкин аст, ки дар шохи дарахтон овезонанд. Дон Ҷулиан онҳоро дар муҳлати 50 сол ҷамъоварӣ намудааст. Яке аз онҳо бе по ё даст ба дарахте баста шудаасту, дигаре бо сари ба ақиб хамида ба дарахт овезон аст. Чунин ба назар мерасад, ки ҳар кадоме аз ин лӯхтакҳои баднамуд ҳар як қадам ва ҳаракати одамонро бо чашмони даҳшатноки худ назора мекунанд. Ин аст, ки ин ҷазираро на танҳо ҷазираи лӯхтакҳо, балки ҷазираи лӯхтакҳои мурда меноманд. МАВЗЕИ ТАМОШОБОБ Ин мавзеъ таваҷҷуҳи сайёҳони олам, хосса ҷавононро ба худ ҷалб менамояд. Чун агар нафаре боре ин мавзеъро дида бошад, он симоҳои арвоҳмонанди лӯхтакҳои

дар дарахтон овезон буда бо тамоми ҷузъиёташон дар лавҳи хотираш нақш мебандад. Ҳатто одамоне, ки онро надидаанд, аз шунидани нақли дигарон доир ба ин мавзеи муаммоӣ ба воҳима меафтанд. Аммо агар як рӯйдоде сабаб намегардид, шояд касе доир ба мавҷудияти чунин ҷазираи ғайриодӣ огаҳие пайдо намекард. Соли 1991 дар Мехико корҳои тозакунии ҷӯю заҳбурҳо ба роҳ монда шуд ва дар натиҷа ин макони махфӣ ошкор карда шуд. Дон Ҷулиан бошад, шахсияти машҳур гардиду ба ин макон бори нахуст сайёҳон ташриф оварданд. Он замон коллексияи ин шахси гӯшанишин тақрибан аз 1000 лӯхтак иборат буд. Вале ин ҷазира баъди вафоти нозири он, шуҳрати ҷаҳонӣ пайдо кард. Тавре сокинони маҳаллӣ иброз медоранд, ин мард дар ҳамон мавзеъ, ки замоне лӯхтаки нахустини худро пайдо карда буд, ғарқ шуд. Баъдан ин ҷазираро хешовандони ӯ соҳиб гардида, онро ба беҳтарин, аҷибтарин ва серодамтарин мавзеъҳои сайёҳии дунё табдил доданд. Шаҳло ЭШОНОВА, “ҶТ”

Тоҷикистон дорои имконоти бузурги сайёҳист ландшафтро оро дода, иқлими мусоидро ба вуҷуд меоранд, то ин ки истироҳаткунандагон тавонанд ба варзиш ва моҳидорӣ машғул шаванд. Тобистон бошад, дарёҳо ва кӯлҳо тамоми объектҳои туристӣ ва рекреатсиониро бо оби нӯшокӣ таъмин менамоянд. Дар кишварамон шумораи умумии дарёҳо, ки аз 10 км. зиёд дарозӣ доранд, ба 947 адад мерасанд, ки дарозии умумии онҳо 28500 км.-ро дарбар мегиранд. Аз ҷиҳати рушди соҳаи сайёҳӣ ва рекреатсия аксари дарёҳои кишварамон барои истифодабарӣ мусоиданд. Тибқи таҳлили коршиносон дар кишварамон 1300 кӯли табииву сунъӣ мавҷуд аст. Кӯлҳое, ки масоҳаташон нисбатан калон мебошанд, 22 тоанд. Ба андешаи мутахассисони соҳа бо мақсади туризм ва рекреатсия на ҳама кӯлҳо истифода мешаванд. Кӯлҳои Сарез, Ранкӯл, Булкункӯл, Қарокӯлро метавон номбар кард, ки аҳамияти зиёди рекреатсиониро дороянд. Инчунин, дар ташкили истироҳати аҳолӣ ва ҷалби туристон обанборҳо аҳамияти зиёди рекреатсионӣ доранд. Обанборҳо дар кишварамон қисман ҳамчун объекти истироҳатии аҳолӣ истифода мешаванд. Ба ин гурӯҳ обанборҳои Норак, Қайроқум, Бойғозӣ, Сарбанд, Роғун, Сангтуда-1, Сангтуда-2 дохил мешаванд. Тавре аз таҷрибаи ҷаҳонӣ бармеояд, дар заминаи чашмаҳои маъданӣ осоишгоҳҳо ва хонаҳои истироҳатии бузург сохтан мумкин аст. Масалан, “Корловы Вары” дар Чехия, “Малманш” дар Руминия, “Схолтуда” ва “Баржоми” дар Гурҷистон хеле машҳуранд. Ҳоло дар кишварамон зиёда аз 220 чашмаи маъданӣ ҷорист, ки обҳои аксарашон хусусияти табобатӣ доранд ва мардум аз онҳо истифода мебаранд. Дар заминаи ин чашмаҳо

то имрӯз якчанд осоишгоҳу истироҳатгоҳҳо бунёд шудаанд, ки албатта, ҳам барои аҳолии маҳаллӣ ва ҳам ҷалби туристон аҳамияти калон доранд, вале тавре аз таҳлили коршиносон бармеояд, ҳанӯз имкониятҳои табобатии ин чашмаҳо пурра истифода нашудаанд. Дар бораи зиёд будани имкониятҳои рушди туризм дар кишварамон далелҳои зиёд метавон овард. Муҳим он аст, ки соҳаи сайёҳӣ дар кишварманон таҳти таваҷҷуҳи бевоситаи Роҳбарияти олии давлат қарор дорад. Дар Паёмашон Пешвои муаззами миллат соҳаи сайёҳиро яке аз соҳаҳои муҳими “бо шуғл фаро гирифтани аҳолии қобили меҳнат, воситаи баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардум, рушди дигар соҳаҳои хизматрасо-

ниву истеҳсолӣ, инчунин, муаррификунандаи таъриху фарҳанг, табиат ва анъанаҳои миллӣ” арзёбӣ намуда, бо мақсади тараққӣ додани соҳаи сайёҳӣ, муаррифии шоистаи имкониятҳои сайёҳии мамлакат ва фарҳанги миллӣ дар арсаи байналмилалӣ, соли 2018-ро дар кишвар “Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” эълон намуданд, ки бешубҳа, ин иқдоми дурандешонаи Сарвари давлат барои рушди минбаъдаи соҳа нақши бағоят муҳим дорад. Аммо дар навбати худ масъулини соҳа ва ҳар яки моро зарур аст, ки барои рушди ин соҳаи афзалиятноки диёрамон саҳме дошта бошем. Хуршед РАЗОҚОВ, муаллими ДТҶТ ба номи С. Раҳимов


“ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН”, №06 (9536), 08.02.2018

E - MAIL: javonontj@mail.ru

“Наҳзатиён аз некбиниҳои Ҳукумат сӯиистифода карданд” Саидмукаррам Абдуқодирзода, раиси Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон 31 январи соли равон дар шаҳри Истанбули Туркия бо хабарнигорони шабакаи давлатии телевизионии “ТРТ”, рӯзномаи бахши форсӣ ва туркии агентии давлатии “Анадолу” ва хабарнигори бахши туркии рӯзномаи “Спутник” мусоҳиба орост. Дар ин бора АМИТ “Ховар” бо такя ба Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон хабар додааст. Зимни мусоҳиба Саидмукаррам Абдуқодирзода бо пешниҳоди рӯзноманигорони турк оид ба ҳамкорӣ миёни Шӯрои уламои Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва диёнати Ҷумҳурии Туркия изҳори назар намуда, дар мавриди пешгирии амалҳои тахрибкоронаи ташкилоти террористии ҲНИТ ва созмони Фатҳуллоҳ Гӯлен аз ҷониби мақомоти марбутаи Ҷумҳурии Тоҷикистон маълумоти зарурӣ пешниҳод кард. Тавре муфтӣ зикр доштааст, гурӯҳи террористии ҲНИТ ҳанӯз солҳои ҳаштодуми асри гузашта бо истифода аз номи Ислом фаъолияти харобкориашро оғоз кард. Вале дере нагузашта чеҳраи воқеии он ошкор гашт. Аъзои созмони террористии мазкур, ки қаблан дар Афғонистон таълими низомӣ гирифта буданд, бо мақсади ғасби Ҳукумати Тоҷикистон даст ба амалиёти мусаллаҳона заданд. Муфтӣ ба рӯзноманигорон иттилоъ дод, ки ҳаводорони созмони террористии ҲНИТ миллати осоиштаи тоҷикро ба ҷанг кашида, дар натиҷа 150 ҳазор нафар мардуми шарифи Тоҷикистонро бераҳмона ба қатл расониданд. Рӯзноманигорони турк аз амалҳои террористии наҳзат ба ҳайрат омада, пурсиданд, ки чаро Ҳукумати Тоҷикистон барои фаъолияти минбаъдаи наҳзат иҷозат доданд? С.Абдуқодирзода гуфт, Ҳукумати Тоҷикистон ба хотири қатъи ҷанг дар кишвар ба наҳзатиҳо иҷозат дод, то фаъолияташонро дар доираи қонун ба роҳ монда, дар пешрафти Тоҷикистон саҳм гузоранд. Мутаассифона, аъзои ташкилоти мазкур аз некбинии Ҳукумат сӯиистифода намуда, дубора ба мардуми шарифи Тоҷикистон хиёнат карданд. Ҷонибдорони наҳзат сентябри соли 2015 ба табаддулоти низомӣ даст заданд, ки хушбахтона, ин маротиб халқи тоҷик сари вақт ба онҳо ҷавоби зарурӣ дод. Раиси Шӯрои уламо таъкид намуд, ки Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо пешниҳоди миллати тоҷик ҲНИТ-ро ҳамчун ташкилоти экстремистӣ ва террористӣ эълон намуд. Зикр гардид, ки дар натиҷаи ҳамкории судманд миёни мақомоти дахлдори Тоҷикистону Туркия фаъолияти душманонаи аъзои наҳзат дар қаламрави Туркия қатъ гардида, ҷонибдоронаш аз ҷумҳурӣ берун карда шуданд. Дар анҷоми мусоҳиба Саидмукаррам Абдуқодирзода бо пешниҳоди рӯзноманигорон дар мавриди вазъи имрӯзаи Қудс ва амалиёти низомии Туркия дар шаҳри Африни Сурия низ изҳори назар намуд.

ЭРОН: Занон чаро алайҳи ҳиҷоби маҷбурӣ эътироз карданд? Таи чанд ҳафтаҳои охир гузориш ва тасвирҳое дар мавриди эътирози ошкорои чанд зан алайҳи ҳиҷоби маҷбурӣ дар шаҳрҳои Теҳрону Исфаҳон, Шероз ва Машҳади Ҷумҳурии Исломии Эрон нашр шуданд. Чунончи, рӯзи 31 январ акси зане дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайдо шуд, ки дар сар чодар дорад, вале як фаранҷиро ба чӯб овезон карда такон медиҳад. Дар гузоришҳо эълон шуд, ки ин зан дар Машҳад ба ин кор иқдом кардааст. Ҳамчунин, аксе аз як зани дигар мунташир шуд, ки кӯдаки хурдсолро дар оғӯш гирифта, бо алвонҷ додани фаранҷии сафед ба ҳиҷоби маҷбурӣ дар Эрон эътироз мекунад. Бояд зикр кард, ки эътирози ошкор ба ҳиҷоби маҷбурӣ дар Эрон аз моҳи декабри соли гузашта шуруъ шуд. Бори аввал моҳи декабри соли 2017 духтаре дар хиёбони Инқилоби Теҳрон бо нишони эътироз ҳиҷобашро аз сар гирифт ва баъди он аз тарафи нерӯҳои ҳифзи ҳуқуқ боздошт шуд. Номи ин зан зикр намешавад. Вай дар навор хомӯшона рӯймоли сафедро алвонҷ медод ва ошкоро зидди ҳиҷоби маҷбурӣ эътироз мекард. Дертар вакили дифоъ Насрин Су-

туда хабар дод, ки барои огоҳ шудан аз парвандаи зани боздоштшуда ба додситонӣ рафт, вале дар онҷо гуфтаанд, ки он занро 27-уми январ ҷавоб додаанд. Ёдрас шудан ба маврид аст, ки аз соли 1979 пӯшидани ҳиҷоб барои занон дар Эрон ҳатмӣ шуд. Пас аз муддате дар ин бора қонун ба тасвиб расид ва ба заноне, ки бидуни ҳиҷоби шаръӣ дар ҷойҳои ҷамъиятӣ ҳозир мешаванд, аз 10 рӯз то ду моҳ ҷазо муқаррар гашт. Дар ҳамин ҳол як намояндаи Маҷлиси Эрон эътирози чанд зану духтар алайҳи ҳиҷоби маҷбурӣ дар ин кишварро натиҷаи “фишор” ва “бархӯрди ғалати ҳукумат” донистааст.

13

ҲНИТ – сачашмаи террору даҳшатафканӣ дар Тоҷикистон Мусаллам аст, ки фазо ва муҳити муосири глобалӣ рӯз ба рӯз вазъи куллии сиёсию иҷтимоии қисмати зиёди мамолики Шарқи мусулмониро бар асари ҷаҳолат ва хурофоти асримиёнагӣ ва сиёсатҳои геостратегӣ ноҳамвор сохта, дарҳамбарҳамиро дар низоми зиндагӣ ба вуҷуд овардааст ва ин гуна шароит, қабл аз ҳама, аз ниҳодҳои фарҳангию маърифатии ҷомеаи мо тақозо менамояд, ки дар самти муттаҳид намудани қишрҳои гуногуни иҷтимоӣ, фарҳангӣ, сиёсӣ ва дар ин замина нерӯманд сохтани ҷомеаи шаҳрвандӣ ҷаҳду талош варзанд. Мардум чӣ будани ҷангу низоъ ва даргириҳои қавмию гурӯҳӣ ва динӣ-мазҳабиро дар ибтидои солҳои навадуми асри бист хуб дарк кардааст ва аз нӯшобаи заҳрогини дурӯғ, дасиса, найранг, ҳиллабозӣ, кинатӯзӣ, фурсатталабӣ, мансабталошӣ, авомфиребӣ ва худотарошии «пирон» ва ҳаммаслакони ТЭТ ҲНИТ бехабарона нӯш карда, то имрӯз аз таъсири бади он ранҷ мебарад. Ин таъсири бади равонӣ ҷисм ва руҳияи миллӣ-мардумиро дар минтақа шикаста, боиси худбохтагӣ, бегонапарастӣ, бадбинӣ, яъсу ноумедӣ ва дар маҷмуъ, хурофоту таассуби шадид гардида истодааст. Таъкид сари ҷанги бародаркушист ва шаҳрвандони нисбатан солдидаи кишвар хуб дар ёд доранд, ки оғози солҳои навадум ба хотири ақида ва мафкураи бегона бародар гулӯи бародарро дарид ва бар асари низоъҳои бемаънӣ ва даргириҳои гӯшношунид дар миқёси мамолики дуру наздик беобрӯ гардидем. Ин расвоӣ ва беобрӯӣ барои ҳазор соли дигар ба миллату фарҳанги мо басанда аст ва аз касолату касофатзадагии тарроҳону дастандаркорони он ҷанги хонамонсӯз, ки ҳазорон ҳазор нафарро ба хун оғӯшта, бехонаву дар, бесаробону бесоҳиб, ятиму бепарастор, маъюбу маъюс, дастнигару фақир, мусофиру муҳоҷир сохт, то имрӯз дуруст ба худ наомадаем. Насли миёнсол ва солманд хуб дар хотир доранд, ки ба «шарофат»-и ТЭТ ҲНИТ дар Тоҷикистони нав ба истиқлолиятрасида даргириҳои шармандавори сиёсӣ ба вуқуъ пайваст ва муҳаррикони асосии ҷанги шаҳрвандӣ дар ҷумҳурӣ маҳз пайравони ин ҳизб буданд. Даъвиҳои хурофотӣ, таассубӣ ва қудратталабонаи роҳбарияти ТЭТ ҲНИТ дар гузашта боиси зиддиятҳои сахти қавмӣ, гурӯҳӣ, динӣ-мазҳабӣ дар қаламрави ҷумҳурӣ гардид ва бо дасти олудаи бегонапарастони ватанӣ, ки дар шахсияти симоҳои «авлиёгуна»-и ҳизбӣ рӯи саҳнаи муборизаҳои миллатситез омада буданд, тухми кинаю адовати динию мазҳабӣ кошта шуд. Роҳбарони ҳизб ва фурсатталабони давр тариқи дастгоҳҳои иттилоотии замон моҳҳои май-ноябри соли 1992 таблиғу ташвиқи саросарии ҷиҳод ба муқобили куффорро, ки таҳти ин мафҳум ҳамватанони мусалмони мухолифи режими исломӣ дар Тоҷикистон фаҳмида мешуд, роҳандозӣ намуданд. Табақабандии иҷбории мардуми шаҳру музофотҳои ҷумҳурӣ ба муъмину кофар системаи давлатдорӣ, иҷтимоӣ, сиёсӣ, фарҳангӣ, иқтисодӣ ва ахлоқии ҷомеаи тоҷикро дар он солҳо шикаст ва бадгумонии динӣмазҳабиро байни қавму миллатҳо ба вуҷуд овард. Ин бадгумонӣ, мутаассифона, бо «саъю талош»-и ҳизби мазкур ва муштариёни он то имрӯз дар зеҳни мардуми минтақаҳои гуногуни ҷумҳурӣ боқӣ мондааст ва дар саҳифаҳои таърихи миллат ва Ватани азизи мо чун паёмади шуми ибтикороти муғризонаи пирони маънавию сиёсии ҳизб сабт гардидааст. Бозичаи дасти бозигарони бузурги минтақавӣ будани ин ҳизб ва муллоҳои саршиноси ҷумҳурӣ имрӯз аз чашми ақли солим пинҳон нест. Маълум аст, ки сарпарастони лоиҳаи ба ном ТЭТ ҲНИТ чӣ мехоҳанд: шӯрангезӣ, ҷангандозӣ, хирадзудоӣ, хурофапарварӣ, бегонапарастӣ, ҷаҳолатпарешӣ, қатлу куштор, бесаводӣ, нодонӣ, тафриқаандозӣ... Ин лоиҳаи сиёсӣ дар соли 1992 ҷаҳолати саросариро дар қолаби ҷанги муъмину кофар як муддат густариш бахшид. Муҳри кофар задан ва бо ин ҳарфи носазо тавҳину таҳқир ва ба марг маҳкум кардани касони мухолиф, ки аз ҷумлаи мусулмонон буданд, дар байни авомунносе, ки таҳти таъсири бевоситаи муштариёни шумо қарор доштанд, дар ибтидои солҳои навад муд шуда буд ва қисмати зиёди мардуми камсавод аз шиорҳои зиддиинсонии воизону муллоҳои нуфузманди ТЭТ ҲНИТ ба ваҷд омада, орзуи қатли ҳамватанон, хешу ақрабои худро, ки дар либоси дигарандешӣ бадар омада

буданд, дар дил мепарвариданд. Таҳқиру тавҳини мухолифон ба як амри муқаррарӣ бадал шуда буд ва бо фармоиши як муллои чалласавод мумкин буд садҳо нафар маҳкум ба қатл ва ё ҳадди ақал радди маърака гарданд. Бо ҳамаи ин нигоҳ накарда ба хотири сулҳу ваҳдати миллӣ ва расидан ба ризоияти иҷтимоӣ тамоми ҷиноёти то соли 1997 аз ҷониби ТЭТ ҲНИТ ва аъзоёни он ба вуқуъпайвастаро бахшиданд ва ин ҳизбро дубора ба таври расмӣ иҷозат доданд. Бояд тазаккур дод, ки дар миқёси фазои пасошӯравӣ ТЭТ ҲНИТ ягона ҳизби сиёсие буд, ки озодона дар қаламрави ҷумҳурӣ фаъолият мекард ва аз ин имтиёз сӯиистифода намуда, ахиран (ибтидои сентябри соли 2015) даст ба исёни сиёсию низомӣ дар қолаби амалкарди Абдуҳалим Назарзода зад, ки паёмади он ба ҳама маълум аст. Пас аз амалиёти Назарзода якчанд саркардагони наҳзатӣ, ки дар исёни сиёсӣ-низомӣ бевосита ё бавосита даст доштанд, аз сӯи мақомоти зиддахли давлатӣ боздошт шуданд. Мунтаҳо, ТЭТ ҲНИТ ба созмони террористӣ ва экстремистӣ бадал карда, миёни мардум беобрӯ гардид. Шармандагии солҳои навадуми асри бист басанда набуд, ки ТЭТ ҲНИТ ба «иқдом»-и навбатӣ - омода кардани кудатои сиёсӣ-низомӣ даст зада, дар фазои сиёсӣ, иҷтимоӣ ва мадании ҷумҳурӣ батамом шарманда ва ради маърака шуд. Амалҳои террористии содирнамудаи сарони ин ҳизб ошкор намуд, ки ҳадафи асосии онҳо бо ҳар роҳе набошад, бо ивази хуни фарзандони ин миллат ба даст даровардани ҳокимияти сиёсӣ дар кишвар мебошад. Хадафҳои зикршуда назди мардум ва Ҳукумати Тоҷикистон ошкор шуда, сабаби баста шудани ин ҳизб гардиданд. Баста шудани ҳизб бо назардошти вайрон кардани вазъи суботи сиёсии кишвар ва даст ба амалҳои ҷиноятии хусусияти террористидошта задани раёсати ин ҳизб (махсусан дар шахсияти М. Кабирӣ) ва ҳамчунин берун шудан аз доираи низомномаи ҳизб бо дархости Прокуратураи Ҷумҳурии Тоҷикистон ТЭТ ҲНИТ ҳизби террористӣ эълон шуд. Баста шудани ТЭТ ҲНИТ, пеш аз ҳама, ба амали роҳбарони ин ҳизб, ки даст ба яроқ бурданд ва хостори бо тариқи зӯрӣ сарнагун намудани ҳокимият шудаанд, иртибот дорад. Вале сарони ин ҳизб (махсусан Кабирӣ) мардумро бо роҳи дурӯғу фиреб алайҳи давлату миллат шӯронид ва онҳоро дар нимароҳ монда худ фирор кард ва акнун дар хориҷи кишвар аз қудратҳои минтақавию ҷаҳонӣ пӯшиши молиявӣ гирифта, мехоҳад боз фазои кишварро буғранҷ кунад ва ҳамчун як муҳра бар манфиатҳои бегонагон хизмат намояд. Ҳарчанд дар ин ҳодиса Назарзода ба сазои аъмолаш расид ва бархе аз сарону созмондиҳандагони ин ҳодиса ҳамчун муҷрим ба маҳкама кашида шуданд, вале созмондиҳандаи асосии ин ҳодисаи нангин Кабирӣ, ки боиси фавти фарзандону пайвандони мардуми тоҷик гардид, имрӯз озодона дар Аврупо ба сар мебарад. Нашармида алайҳи давлату Ҳукумати Тоҷикистон носазо мегӯяд ва бо дурӯғу дасиса худро мазлум нишон дода, мехоҳад дар Аврупо, ки доим аз адолату инсоният кор мегиранд, паноҳ барад ва беҷазо монад. Муҳиддин Кабирӣ мисли ҳамешагӣ худ ва ҳамдастони собиқашро бегуноҳ арзёбӣ намуда, ҳамаи айбро бар гардани мақомот ҳавола мекунад. Бояд қайд кард, ки дар ин кор Кабирӣ ба ҳар роҳу восита мехоҳад хешро аз қабзаи террорист будану ба ҷиноят даст задан орӣ нишон диҳад. Мо мутмаинем, ки дер ё зуд Муҳиддин Кабирӣ ба аъмоли террористиаш, ки боиси марги садҳо нафар гардидааст, дар назди қонун ва миллати тоҷик ҷавоб хоҳад гуфт. Эҳсони ИЛҲОМ, муаррих


14 Дугонаҳо Лайлою Сайлӣ аз деҳаи Алмосӣ, шодию хандакунон ба Боғи марказӣ даромада, ба издиҳоми тамошогар пайвастанд. Мардуми хушҳол дар байни гулгашту пайраҳаҳои сарсабзу майсазор сайру гашт доштанд. Имрӯз 1-уми майро сокинони пойтахт бо чеҳраҳои шукуфтаю табъи болида истиқбол мегиранд. Дар ду тарафи хиёбони марказӣ аллакай милисаҳо саф оростаанд. Ба оғози маросими тантанавӣ дақиқаҳои ба шумор мондааст. Нохост Лайло дар ҷояш карахт монд. Дасти Сайлиро ба тарафи худ бо шаст кашид. Духтар ҳайратзада пурсид: - Ҳа, дугонаҷон, чӣ ҳодиса рӯй дод? - Ту ба он лейтенанти хушрӯ нигар. Чӣ хел ҷавонмарди зебо. Хушқаду қомат. Тануманд. Агар муҷаррад мебуд, дили ба парасту табдил ёфтаю аз ҳусну ҷамолаш ба ҷонсарак омадаамро абадан болои кафи дасташ бе тарсу ҳарос мегузоштам, - Лайло нигоҳи чашмони дурахшонашро аз милисаи хушандом намеканд. - Кадомаш ақлу ҳушатро ба якборагию бе бозгашт рабуд? Сайлӣ низ ба ҳамон самт чашм давонда, лейтенанти зеборо дид ва ҳамон лаҳза ҳодисаи шабона дар манзилашон рӯйдода дар пеши назараш ҷилвагар гашт… Аз садои гуфтугузор Сайлӣ бедор шуд. Оҳиста аз ҷойхоб хест. Пои бараҳна ва бе овоз ба дари меҳмонхона наздик шуд. Ду милиса дар болои сари падараш рост меистоданд. Яке коғазеро дар пеши чашми волидайн намоиш дода чизе мегуфт. Модар болои курсӣ нишаста, сарашро байни ду даст гирифта мегирист. - Гиред! - гуфт бо овози баланд падар. - Гиред! Тезтар гиреду моро осуда гузоред! ва ба дасти милиса бандчаи коғазпечро тиққонд. Милисаҳо зару зевар, асбобҳои қиматбаҳои рӯзгор ва ҷавҳиротро, ки болои миз ғарам мехобид, ба халта андохта, аз хона баромаданд. Ҳангоми аз назди дари хонаи хоб гузаштан Сайлӣ симои зебои капитанро дид ва он дар хотираш абадӣ нақш баст. Сайлӣ ба назди волидонаш омад. Падараш аллакай ҳамсарашро ором мекард. Духтар бо садои пасту беҷуръат пурсид: - Ота, чӣ гап шуд? - Милисаҳо омада буданд, бо дили пурғам посух дод соҳиби хона. - Аз рӯи гуфти онҳо ҷиҳозе, ки мусодира карданд, дар кори ҷиноятии ҳамон дузди лаънатӣ ҳамчун далели шайъӣ мегузаштааст. Қарори кофтуков ва мусодира карданро пешниҳод карданд. Бо муҳру имзои прокурор. - Вале чаро кофтуковро пас аз соати 24-и шабу бе иштироки шахсони холис гузарониданд? ҳайрон савол дод Сайлӣ. - Э, духтарам, - ранҷишомез

КИТОБХОНАИ “ҶТ” посух дод падар. - Ба мо коркунони савдо тамоми қишри ҷомеа бо назари нафрату хусумат менигаранд ва дар симои мо дузду ҳанотонро мебинанд. Ҳамон зару зевар ва ашёҳои рӯзгор сарашонро хӯрад. - Зару зевар аз модарам мерос монда буд, - нолид соҳибхоназан ва аз нав ба навҳа

Агар он капитани зебо дар байни милисаҳои ман бошад, худам ӯро ба ҳабс мегирам. Вале сад фоиз кафолат медиҳам, ки дар байни бачаҳои ман ҷинояткор нест. - Мо ҷинояткорро намекобем, - эътироз кард Солеҳҷон. - Ҳоло ба мо фақат шинохтани гумонбар лозим аст. Ва аз Шумо,

лид сардори Раёсат. - Милисаҳои ман чун оина поку шаффофанд. Муфаттишу шоҳид ба берун баромаданд… - Шинос шавед, - Рустам ҷавонмарди зебоеро пешандоз карда ба дафтари корӣ даровард. - Фарҳод Шарбатов, лейтенанти милиса. Ҳангоми ғорат намудани манзили истиқоматии

Капитани зебо ҳикоя

даромад… Духтар бо кафи дастони арақолуд рӯймолчаашро гоҳ ғиҷим мекарду гоҳ ҳамвор. Ҳодисаро чӣ тавр баён карданашро надониста, аз тарсу шарм сурху сафед мешуд. Аз ҳаяҷон ҳатто аз ҷояш парида, ба сӯи дари баромад ду-се қадам монд. Бо нигоҳи узромез боз баргашта ба ҷояш нишаст. Муфаттиш дар давоми таҷрибаи корӣ бо бисёр шоҳидон ва махсусан ҷабрдидаҳо вохӯрда буд. Тахмин дошт, ки ин духтараки резапайкари шармгин ба доми фиреби ҷавони маккоре афтидааст ва аз хиҷолат ӯ аз баёни воқеа метарсад. - Шумо худро ба даст гиред, - овози муфаттиш нарму ором садо дод. – Аввалан, натарсед. Ман ҳолати руҳии шуморо мефаҳмам. Он сиреро, ки ба ман ифшо карданиед, байни мо махфӣ мемонад. - Ман ӯро дидам, - Сайлӣ ин ҷумларо ба зӯр ба забон овард ва ҳамон лаҳза лаб фурӯ баст. Байни онҳо сукути доманадоре ҳукмрфармо гашт. Солеҳҷон бо тамоми вуҷуд дарк намуд, ки ин ҷабрдидаи тарсрӯ ҳодисаи фавқулодаеро қисса карданист. Сабрро пеша кард. - Ӯро дидам, - ин бор овози духтар саҳл шунаво садо дод. Ва боз миёни онҳо хомӯшӣ доман паҳн кард. Пас аз фурсате духтар сар бардошт. - Капитани зеборо, - ин дафъа таваққуф кӯтоҳтар баромад. - Дар байни милисаҳо, дар намоиши 1-уми май… Музаффар Қодирович Солеҳҷону духтари ношиноси мавзунқомати аз дар даромадаро дида ба пешвозашон бархест ва овози ғафсу ширадораш дар дафтари корӣ ғулғуланок садо дод. - Кадом шамол муфаттиши Прокуратураи генералиро ба Раёсати корҳои дохилии шаҳр овард? - ва бо меҳмон бағал кушода бо усули шарқӣ вохӯрӣ намуд. - Шамоли капитани зебо, хандид Солеҳҷон ва Зоировро аз мақсади омаданаш огоҳ намуд. - Дар мавридаш ҳозир шудед, - Зоиров баргашта ба курсиаш нишаст. - Айни ҳол вазифаҳоро дар наздашон мегузорам. Милисаҳо дар рӯи ҳавлӣ саф кашидаанд. Шумо бо ҳамроҳии шоҳид аз тиреза нигоҳ кунед.

муҳтарам Зоиров, хоҳиш, ба хотири ифшо нагардидани сири тафтишот ин амал бояд махфӣ гузарад. - Фаҳмидам, - гӯён Зоиров ба берун шитофт. - Бо диққат нигоҳ кунед ва бори дигар хотиррасон мекунам, ки саросема нашавед, - гуфта муфттиш аз ҷузвдон дурбинро бароварда ба дасти Сайлӣ дод. Духтар ба тиреза наздик шуд ва дурбинро ба чашм часпонд. Солеҳҷон ба дастакзании сардори Раёсат нигоҳ мекард. Дақиқаҳо бо оҳистагӣ мегузаштанд. Оқибат овози хушҳолонаи шоҳид баланд шуд. - Ёфтам! Ана, вай. Аз охир дуюм. Вале чаро дар либоси лейтенантӣ? Муфаттиш чанг зада дурбинро аз дасти духтар кашида гирифт ва зуд ба чашмаш гузошт. Ӯ дарҳол лейтенанти зеборо шинохт. Бо якчанд парвандаҳои ҷиноятии бо дуздии манзили истиқоматии савдогарон бо ӯ сару кор дошт. Чеҳраи Солеҳҷон ҷиддӣ гашт. Ҳолати руҳии муфаттишро дида духтар бо тааҷҷуб ба гап даромад. - Ман хато накардаам. Ба хонаи мо шабона маҳз ҳамин шахс даромада буд. Лекин ӯ рутбаи капитанӣ дошт. Метавонам қасам хӯрам. - Шумо дар хусуси дигар чиз савганд ёд кунед, - хоҳиш намуд Солеҳҷон. - Дар хусуси чӣ? - ҳайрати Сайлӣ афзуд. - Ҳамин сирро ба касе намегӯед, - таъкид кард муфаттиш. - Капитан будану набуданашро тафтишот муайян мекунад. - Барои чӣ? - Барои он ки ман бояд ӯро дар ҷои ҳодиса дастгир намоям. Ин як, - Солеҳҷон ангушти якуми дасти чапашро қатъ намуд. Дуюм. Ҳоло дар ҳузури сардори Раёсат изҳор менамоед, ки чунин гумонбар дар байни бачаҳои ӯ набудааст. - Инаш барои чӣ? - Барои ифшо нагардидани сири тафтишот, - бо ба утоқи корӣ даромадани Зоиров онҳо аз ҷо хестанд. - Хуш? - саволомез Зоиров ба духтар нигарист. - Мутаассифона, шахси гумонбарро дар байни бачаҳои шумо надидам, - Сайлӣ ба худ чеҳраи маҳзунро гирифт. - Нагуфтам, - аз шодӣ мебо-

мудири анбори Ҷамъияти матлуботи ноҳияи Ленин Сайфуллоев дар деҳаи Зайнаббибӣ дастгир кардам. Шарикаш гурехт ва маҷбур шудам, аз силоҳ истифода барам. Дар ҷои ҳодиса ҳалок гардид. Мана далели шайъӣ, - корманди фаврӣ-ҷустуҷӯи як халта зару зевар ва ҷавоҳиротро болои мизи кории муфаттиш гузошт. - Бандчаи пул дар кисаи чапи мундираш. Шоҳидон дар берун интизоранд. Солеҳҷон ба рӯи зебои капитан нигоҳ кард. Фарҳод дар ҳақиқат ҷавонмарди хушрӯ буд. Лабҳои варамидаи кӯдакона, бинии рост ва чашмони сиёҳи шаҳвонӣ ба ҳуснаш ҳусн зам мекард. Қоматбаланду тануманд. Чунин ҷавони зебо дили ҳар як духтарро бо як нигоҳ тасхир мекард. Фарҳод зуд ва саросема нашуда, ба саволҳо ба маврид ва фаҳмою равшан ҷавоб медод. Ба гуноҳаш зуд иқрор шуд. Чунон ҷавоб медод, ки гӯё дигар ҷиноят содир накардааст. Ӯ хуб ҳис мекард, ки шоҳиди асосӣ нест ва қатори ҷиноятҳои содиркардаашро исбот кардан аз имкон берун аст ва ҳоҷати ба ҳаяҷон омадан нест. - Мундири капитаниро барои он мепӯшидам, ки ба худ ваҷоҳати кибру ғурур бахшида, ба дили ҷабрдидаҳо ҳисси тарсу ваҳмро ҷо диҳам, - дар охири баёнот изҳор намуд гумонбар. - Тамом? - савол дод муфаттиш. - Ҳа, тамом, - оромона тасдиқ кард Фарҳод. Бо ишораи Солеҳҷон Фарҳодро ба маҳкама бурданд. Пагоҳӣ бо қадамҳои устувор ва боварӣ бо худ Шарбатов ба пурсиш ҳозир шуд. Дар дафтари корӣ Сайлӣ ва падару мордарашро дида, ба доду фарёд ва дастакзанӣ даромад. - Бароред онҳоро! Ба гуноҳам иқрор мешавам. Онҳоро бароред! - ва ба пасу пеш ба қадамзанӣ даромад. Гоҳ ба курсӣ менишасту боз парида аз ҷо мехест. Ранги рӯяш гоҳ сурх мешуду гоҳ сафед. Дастонашро ба рӯ мекашид ва бо ин амал мехост ҷамоли зебояшро аз нигоҳи таънаомезу таҳқирноки шоҳиду ҷабрдидаҳо панаҳ намояд. Овозаш дар дафтари корӣ гаҳе гушкаркунанда садо медоду гаҳе базӯр шунида мешуд. Ин ҳолати руҳии ӯ хеле давом кард. Оқибат бе ҳолу бе мадор гашта,

“ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН”, №06 (9536), 08.02.2018 худро болои курсӣ партофт. - Ором шавед ва худро ба даст гиред, - гуфт Солеҳҷон. Марҳамат, гӯш мекунам. Фарҳод бо тафсил тарзи ғорат кардани манзили Одиловҳоро қисса кард. - Тамом? - такроран савол дод муфаттиш. - Тамом, - овози Фарҳод дилпурона садо дод. - Дар мактаби миёна фанни математикаро омӯхта будед? Солеҳҷон аз мавзуъ берун баромад. - Математика? Ин чӣ дахл дорад? - норозигӣ баён кард гумонбар. - Ман ҷадвали сафарҳои шабонаи шуморо тартиб додам, - муфаттиш варақи калонеро ба Фарҳод пешкаш намуд. Аҷоибаш дар он аст, ки фосилаи байни ҷиноятҳои содиркардаат чор моҳро ташкил медиҳад. - Бо ин “кашфиёт” чӣ гуфтан мехоҳед? - Фарҳод ба тарҳи ҷадвал чашм давонд. - Гуфтан мехоҳам, ки маблағу сарватҳои бо ғорат ба даст овардаро ба муҳлати чор моҳ ба айшу ишрат сарф карда, пас аз адои пули муфт боз ба ҷинояти нав даст мезадаед. - Исбот кунед, - писханд зад гумонбар. Бо имои Солеҳҷон ба дафтари корӣ ҷабрдидаҳоро дароварданд. Ҳамаи онҳо бо як овоз ба дод задан даромаданд. - Ана, ҳамин капитани зебо шабона ба хонаҳоямон даромада, ашёҳои қиматбаҳо ва зару зеварамонро рабуда буд. Боз як шарикаш низ буд… Фарҳод сар намебардошт. Балки сарашро дар байни китфонаш дароварда буд. Ба назари муфаттиш чунин намуд, ки ҳамаи он ҳусну зебоии гумонбар ба куҷое ғайб зада, чеҳрааш каҷу килеб гашт ва нимғурма гуфт: - Нависед! Тезтар нависед! Ҳамаашро нақл мекунам. Вақте ки пурсиш ба охир расида Фарҳод қарори ба сифати айбдоршаванда ҷалб карданашро имзо намуд, шаб аз нисф гузашта, торикӣ ҳама ҷоро фаро гирифта, фонусҳо кӯчаҳои шаҳрро равшанӣ мебахшиданд - Ҳамааш аз барои пул, - оҳи сард кашид Фарҳод. - Зеро маро волидонам аз хурдӣ дар руҳияи зиндагии пурнозу неъмат ва кайфу сафо тарбия карда буданд, ва бо азоб аз ҷо хест. Ба тарафи дари баромад ноустуворона қадам монд. Баъд баргашта ба муфаттиш савол дод. - Суд маро ба муддати 25 сол аз озодӣ маҳрум мекунад? - Мутаассифона, ҳусну зебоӣ ҳамчун ҳолати сабуккунандаи ҷавобгарӣ дар кодекс нишон дода нашудааст, - Солеҳҷон бо тамасхур посух гардонд. Пас аз ду моҳ суди шаҳри Душанбе капитани зеборо ба муҳлати ҳашт сол аз озодӣ маҳрум намуд. Зариф ҒУЛОМ, нависанда


“ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН”, №06 (9536), 08.02.2018

САҲИФАИ ДОНИШҶӮЁН

Марги ҳама орзуҳо Обе, ки ба ҷӯйбори орзуҳои ман меомад, хушк шуд. Аз беобӣ ҷӯйбор торс-торс кафид. Ҳама орзуҳо аз беобӣ хушк шуданд. Марги орзуҳоям фаро расид. Тақдир маро шикаст. Чунон сахт, ки дигар мадори хестан дар пойҳо намонда, зиндагӣ норӯшан шуда, зебоиҳои ҳаёт нанамуда ва хаста аз ҳама садову симоҳои дунё шудаам. Зиндагиро ман ба оинаи нилгуни ранга медидам, лек ҳоло баробари дида дӯхтан ба табиату одамон хаёл мекунам, филми давраи қадимаро бо оинаи нилгуни куҳнае, ки пулташ анбӯр буд, тамошо карда истодаам. Ё рангҳои дунё ва ё рангҳои чашмонам тамом шудаанд ба ҷуз ранги сиёҳ. Сиёҳпӯш шудам! Сиёҳбин шудам! Сиёҳгуфтор шудам! Рӯзеро, ки тақдир ба сари мани ноосудаву бадбахт овард, илоҳо ба сари касе наорад, зеро таҳаммулаш вазнин аст, хеле вазнин. Ба ман чӣ шуд? Чӣ гуна маро тақдир шикаст? Чаро ҳамаро сиёҳ мебинам? Чаро умедҳоям барбод рафтаанд? Ривояте ҳаст, ки то меҳмон шудани ҳазрати Азроил инсон мурданашро намефаҳмад. Вале падарҷони ман чанд рӯз қабл аз сафари охираташон фаҳмида буданд, ки наздик аст аз чашмҳо дур шуданашон. Гӯё, ки касе ба он кас гуфта буд, ки аз ҳама бахшиш пурс. Бо ёру дӯстон хайрухуш намо. Суханҳои нагуфтаатро ба аҳли байтат бигӯ. Писарону духтараки яккаву ягонаи ба туҳматҳои нокасон ғарқшудаатро дӯстдорӣ кун. Набераҳои ба ҷон баробаратро ба банди дилат зер кун! Ҳамаро бубахшу омӯрзиши гуноҳонатро талаб кун. Бале, шояд эҳсосе меҳмони падарҷони ман шуда буд ва ин ҳама ҷумлаҳои ноумедӣ аз ин дунё ва хайрбодиро гуфта буд, зеро бо ҳама ҳамкорону шогирдон, ёру дӯстон, хешу ақрабо ва аҳли оила қабл аз баромадан ба сафари шаҳри Иставравшан хайрухуш карда буданд. Падарҷонам, амакам ва бибиям дар роҳи Истаравшан-Душанбе ба садама дучор шуда, мошин ба ҷарӣ меафтад. Аз амаку бибиям дида аҳволи падарҷонам вазнинтар буд, зеро сарашон осеб дида буд. То омадани мошини духтур гапҳои ногуфта ва суханҳои охиринашонро ба додари яккаву модари зори ҷигараш аз зарб порашуда гуфта, дар мошини ёрии таъҷилӣ ба якборагӣ аз ин дунё, аз дори муваққатие, ки 53 сол дар он ҳузур дошт, рафтанд. Баробари шунидани ин хабари даҳшатовару ҳузнангез ҳуш аз сарам парид. Дастонам аз худам не, пойҳоям аз худам не, сарам аз худам не, ақлам аз худам не, чашмону гӯшҳоям ҳам дар ҷояшон набуданд гӯё. Охир, чӣ гуна ин ба ҷояшон бошанд дар ҳоле, ки ягона умеди зиндагиям аз ман рафтааст? Чӣ гуна ақли ман дар ҷояш истад дар ҳоле, ки дигар баҳонае барои буданаш дар сари ман намондааст? Намедонистам сари сахтамро ба куҷо занам. Ба кӣ дардамро бигӯям. Чӣ кор кунам, ки худамро шиносам ва ба даст гирам. Аз марги ғайриинтизори падарҷону бибиҷони шаҳид гаштаам, ҳоло моҳ пур нашудааст. Акши чашмонам хушк нашудаанд. Ҳоло ҳам пурра ба худ наомадаам. Вале Худоро шукр, ки аз хонаи ғайбаш ба ман сабр дод. Сабре, ки тавонистам, қалам ба даст гирифта, каме бошад ҳам дарди диламро рӯи варақ оварам. Таҳаммул кардани марги падар, агарчи мерос бошад ҳам, мушкил будааст, балки мушкилтар! Охир, зиндагиям ба номи падарҷони меҳрубонам пайванд буд, вале афсӯс... Оҳ, аз ин зиндагии дардзо... Дареғу дард, ки инсон оҷиз аст... Худоё, ин рӯзро ба касе нишон надеҳ, то ҳама хушу хурсанд бошанд!

Танҳо забон аст, ки дар ҳама давру замон таърихи воқеӣ ва ростини миллатро дар ҳофизаи худ нигоҳ медорад. Эмомалӣ Раҳмон

мекунаму меандешам, ки ҳанӯз ба умқи пешаи рӯзноманигорӣ нарасидаам. Медонам, ки барои ба асли он расидан, маро роҳи тӯлоние дар пеш аст. Дар ним соли таҳсил фаҳмидам, ки барои фатҳи қуллаҳои орзу талошу заҳмати зиёд лозиманду баҳри расидан ба орзуҳои даврони кӯдакиям тамоми нерӯи хешро сарф бояд кард. Аз ин рӯ, ҳар як инсон дар зиндагии хеш орзуе дорад ва барои ба орзуҳояш расидан бояд тамоми ҷаҳду талошашро сарф намояд. Зеро сарчашмаи орзуҳо ин олами поку биҳиштии кӯдакист. Ниҳоли орзу дар ин овон ба нашъунамо оғоз карда, заҳмату меҳнат моро ба кӯи мурод хоҳад расонд. Чунки аз ниҳоли орзуҳои кӯдакӣ мева чидан фараҳу шодиҳо дорад. Макнуна МИРЗОЕВА, донишҷӯи ДМТ

Абдурозиқ АБӮНАСРЗОДА, донишҷӯи факултети рӯзноманигории ДМТ

Бо орзуҳои кӯдакӣ Зербинои камолоти инсонӣ орзуҳои кӯдакист. Гарчанде дар айёми асрорангези даврони ҷавониам, аммо то ҳанӯз худро кӯдак меҳисобам. Кӯдаке дар остонаи орзуҳоям. Зеро айёми кӯдакиву наврасӣ даврони поку беолоиши ҳаёти инсонианду дар баҳри орзуҳои беҳисоб ғарқанд. Бо орзуҳои ин айём зиндагӣ ширину гуворост. на ибтидо мегирад. Зиҳӣ олами орзуҳои кӯдакӣ! Афсӯс, ки он ҳама бебозгаштанд. Ҳамин орзуҳои кӯдакиям буданд, ки маро ба даргоҳи яке аз донишгоҳҳои бонуфузи кишвар – ба Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, факултети журналистика оварду айни ҳол донишҷӯи курси аввалам. Волидонам мехостанд, ки ман дигар касбро интихоб намоям. Аммо орзуҳои кӯдакиям ғалаба карданду ман ба соҳаи дӯстдоштаи хеш омадам. Аз ин хеле хушҳоламу мамнун. Гуфтаҳои устоди фанни забону адабиётамон дар мактаби миёна ҳеҷ аз хотирам фаромӯш намешаванд, ки гуфта буданд: “Журналистӣ касбест, ки ҳеҷ касбу ҳеҷ чиз ҷояшро гирифта наметавонад. Зеро касби журналистиро хариду фурӯш кардан имкон надорад!” Имрӯз ин суханҳоро таҳлил

“Беморӣ”-и забон гузаранда аст

Забони тоҷикӣ дар тӯли таърих ба бисёр вартаҳои нобудӣ кашида шуд, аммо чун аз азал забони илму фарҳанг, маънавиёт, сулҳу дӯстии башар буд, доим ҳифзаш менамуд. Душманони нотавонбинаш ҳамеша кӯшиш мекарданд, ки нобудаш созанд ва забони худро ҷойгузини он гардонанд. Фарзонафарзандонаш дар муҳофизаташ буданд, намегузоштанд, забони модариашон, ки бо шири модар дар вуҷудашон маскан гирифтааст, зери фишорҳои бегонагон аз байн биравад. Олимону шоирон ва нависандагони бузурги миллат бо ин забон асар менавиштанд, шеърҳо мегуфтанд ва ҳикояву достонҳо меофариданд. Танҳо осори бузургони миллат, такягоҳи мустаҳкам шуд, ки забони форсӣ - тоҷикии мо ба ҳаёти имрӯза расид. Новобаста аз ин саргузашти хунин забони тоҷикӣ мақом ва рисолати худро гум накард. Ба ин ҳама ҷонсӯзиҳо завол наёфт, балки кӯшиш намуд, наҷот ёфт ва рушд кард. Дар замони истиқлолияти кишвар низ нисбат ба забон аҳамияти бештар дода шуд ва он пурра аз хатари нобудӣ раҳо ёфт ва ҳамчун забони давлатии тоҷикон дар арсаи ҷаҳон эътироф гардид. Ҳарчанд забони тоҷикӣ ҳоло нисбат ба солҳои гузашта поктар гаштааст, ҳанӯз ҳам дар навиштаҳои мо, бахусус дар саҳифаҳои матбуот ғалатҳо ба назар мерасанд. Сабагори асосии ин кӣ буда метавонад? Пеш аз ҳама, рӯзноманигорон, муҳаррирони рӯзномаву маҷаллаҳо, ки аз надоштани дониши хуби забонӣ ва бемасъулиятии онҳо нисбат ба забони худ гувоҳӣ медиҳад. Таассуфовар аст, ки муҳофизони забон ба ғалатҳои нобахшиданӣ роҳ медиҳанд. Яке аз ғалатҳое, ки дар навиштаҳои рӯзноманигорон бештар дида мешавад ин нодуруст сохтани калима ва истифодаи он аст. Дуруст ва бенуқс сохтани калимаҳо аз шахси эҷодкор, пеш аз ҳама, аз рӯзноманигор дониши хуби забониро тақозо мекунад. Баъзе аз рӯзноманигорони мо калимаҳое сохта истифода мебаранд, ки ба меъёрҳои забони адабӣ мувофиқат намекунанд. Масалан, калимаҳои зарурият, фарқият, муқобилият, хӯрока, пӯшока, нӯшока, тиҷорӣ, хатогӣ ва монанди инҳо, ки аз тарафи рӯзноманигорон сохта шудаанд, дар “Фарҳанги забони тоҷикӣ” дар чунин шакл нишон дода нашудаанд ва забон ниёз ба чунин калимаҳо надорад. Шакли дурусти ин калимаҳо дар забони адабии тоҷикӣ мавҷуданд. Дар ин бобат устодон Муҳаммадҷон Шакурӣ ва Камолиддинов Баҳриддин дар навиштаҳои хеш шакли дурусти ин калимаҳоро чунин муайян кардаанд: зарурат, муқобала (т), фарқ, хӯрокворӣ, пӯшокворӣ ё пӯшокӣ, нӯшокӣ, тиҷоратӣ ва хато. Вале афсӯс, бархе аз қаламбадастони мо ин гуфтаҳоро ба инобат намегиранд ва аз шакли нодурусти калимаҳоро истифода мебаранд, ки он ба хонанда бетаъсир намемонад. Устод Садриддин Айнӣ таъсири ин “микробҳо”-и зараррасонро ба забони тоҷикӣ эҳсос намуда, таъкид карда буданд: “Зотан хатои забонӣ бемории гузаранда аст”. Ҳамчунин, ғалатҳо оид ба такрори бемавриди калима дар як ҷумла, ғалатҳо дар мантиқи сухан, нодуруст истифода намудани феълҳо ва монанди инҳо мушоҳида мешаванд. Ғалати дигар, ки дар саҳифаҳои матбуот ва ҳам дар барномаҳои радиову телевизион мушоҳида мешавад, нодуруст истифода бурдани феъли “даст задан” аст. Феъли “даст задан” танҳо дар ҳолати ҷиноят кардани шахс истифода мешавад. Масалан, ба амалҳои куштор, қаллобӣ, дуздӣ ва монанди инҳо, ки ҷиноятро ифода мекунанд, истифода бурдани феъли даст задан мумкин аст. Аммо аз ин қоида на ҳама огоҳанд. Дар назар бояд дошт, ки рисолати аҳли ҷомеа инкишоф додани забон мебошад. Сарвари давлат дар суханронии худ ба ифтихори 25 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъкид карда буданд: “Ба шукронаи соҳибихтиёриву соҳибватанӣ вазифаи муқаддаси ҳар як фарди бонангу номуси миллат аз он иборат аст, ки асолати забони тоҷикиро чун неъмати бебаҳо ҳифз намояд ва барои инкишофи он саҳм гузорад. Ин забон, ки забони модарии мост, барои мо – тоҷикон чун шири модар муқаддас мебошад”. Пас биёед, ин мазрааи меросиро, ки бузургонамон дар он тухми илму маърифат ва сулҳу инсондӯстиро коштаанд, аз ҳар гуна “алафҳо”-и бегона тоза намоем ва онро нишонае аз мавҷудияти миллату давлатдории хеш ба наслҳои оянда мерос гузорем.

Маҳина ДАДАБОЕВА, донишҷӯи ДМТ

Аз хурдӣ дар дил орзуи рӯзноманигор шуданро доштам. Ҳар боре, ки ба оинаи нилгун назар мекардам, ба рӯзноманигорон, суханрониҳояшон ҳавасам меомад. Аз ҳамон лаҳзаҳо орзуи журналист шудан, дар қалби кӯчаки ман лона мегузошт. Ба ин касб меҳр пайдо карда, мегуфтам, ки калон шавам, мисли онҳо сухандон мешавам. Дар айёми наврасӣ бо ҳамсинфон байни худ ба монанди рӯзноманигорон суҳбатҳо меоростему яке наворбардор мешудему ман бошам барандаи барномаи тахаюлиамон. Бо якдигар суолу ҷавоб мекардем ва ба ояндаи дурахшони хеш замина мегузоштем. Ин хотираҳо пеши назарам меоянду эҳсоси ширине маро фаро мегирад. Воқеан, кӯдакист, ки кулли фаъолияти минбаъдаи мо аз ин олами саропо афсо-

15


16

“ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН”, №06 (9536), 08.02.2018

ФАРОҒАТИ ҶАВОНОН

Сеҳри хома АМАЛИ МЕҲРОБ АЗИМОВ, “ҶТ”

√ АНДАРЗ

Монеаҳо ТАҲИЯИ Ш. ЭШОНОВА, “ҶТ”

САИДМУМИН РАҲИМОВ

√ САЙҚАЛИ

АНДЕША

Дар зиндагии зану шавҳар бадқаҳрию тундмизоҷӣ бояд ҷо надошта бошад. Ба зани шавҳардор ҷиддият мезебад, вале ин хислат бигзор чун шароб ширину гуворо, на чун гиёҳи сабр (алоэ) ва на чун истеъмоли дору ногувор бошад. ******** Ҳама корҳоро зану шавҳари бофаросат бо ризоияту маслиҳати ҳамдигар анҷом медиҳанд. Вале ба хотири он ки сарвар будани шавҳар рӯшан гардад, сухани охирро бояд мард гӯяд. ******** Шавҳари боадолат ба занаш на чун моликияти шахсӣ, балки чун ҷон ба тан муносибат мекунад, нисбаташ хайрхоҳ мешавад, эҳсосоташро эҳтиром менамояд. ******** Аз туҳмату бадсуханӣ чун аз кирмҳои заҳрноки садбарг, ки таҳти пардаҳои тунуки ялаққосӣ пинҳон шудаанд, эҳтиёт бояд намуд. ******** Ҳар нафаре, ки мехохад мавқеи истифодаи писхандро риоя кунад, бояд фарқи миёни шахсеро, ки девонавор ба коре шуғл дорад ва касеро, ки шуғли оқилона меварзад донад. Зеро аввалӣ писханд заданро таҳқир мепиндорад, дуюмӣ бошад, хуш мепазирад. Плутарх Тамрин бе санъат, санъат бе тамрин арзи вуҷуд карда наметавонанд. Протагор Машқу тамрин аз истеъдоди табиӣ афзалтар аст. ******** Инсон меъёри тамоми ашёҳои мавҷуд ва ғайримавҷуд аст. ******** Дар муқобили ниёзҳои одамӣ ҳатто худоҳо низ беқудратанд. Симонид Рӯзнома таҳти рақами 0120/рз аз 22 сентябри соли 2014 дар Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон сабти ном шудааст. Нишонӣ: 734018, шаҳри Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ-16, ошёнаи 1

САРМУҲАРРИР

Бахтовар КАРИМОВ

Дар замонҳои қадим подшоҳе ба навкарони худ амр дод, то санги азимеро дар байни роҳе гузоранд. Он санг хеле бузург буду тақрибан ним тонна вазн дошт ва илова бар ин ҳама паҳлӯҳояш ҳамвору суфта буд. Навкарон намефаҳмиданд, ки чаро шоҳ чунин тасмим гирифтааст, чун аз ин амал манфиате нест. Аммо шоҳ кори худро хуб медонист. Вақте навкарон бо заҳмати зиёд сангро ба миёни роҳ кашонда бароварданд, шоҳ дар ҷое пинҳон шудаву он ҷоро назора мекард. Ӯ мехост як чизро маълум кунад: оё нафаре пайдо мешавад, ки сангро аз роҳ дур кунад? Роҳ шаҳрҳои ҳамсояро бо ҳам мепайваст ва он баъдан одамонро ба соҳили баҳре мерасонд. Аз ин рӯ, дар ин роҳ ҳамеша миқдори зиёди сайёҳону тоҷирон ва мусофиронро мушоҳида кардан мумкин буд. Шоҳ аз махфигоҳи худ чиро мушоҳида намуд? Ҳар нафаре аз ин қисмати роҳ мегузашт, бо садои баланд аз он изҳори нигаронӣ мекард, ки чаро шоҳ наметавонад ба зердастони худ супориш диҳад, то ин сангро аз роҳ бардоранд ва роҳро ба тартиб дароранд. Ва агар тоҷирони ба якдигар шинос бо ҳам вомехӯрданд, бошиддат ва баланд фарёд бардошта, шоҳро носазо мегуфтанду дашномҳои қабеҳ медоданд. Вале ягон нафари онҳо ҳатто фикри инро намекард, ки худаш ва ё дар якҷоягӣ

√ ОБУНА

бо дигарон ин сангро аз роҳ дур андозад. Оқибат дар роҳ як деҳқони камбағале пайдо шуд, ки маҳсулоти замини кишташро ба ароба бор карда, барои фурӯш ба бозор мебурд. Ӯ сангро дида аз роҳ бозистод, ба гирду атроф нигарист, сипас кӯшиш кард, то бо ёрии аробаи худ сангро ба як канори роҳ тела диҳад. Вале санг хеле вазнин буд ва кӯшиши ӯ натиҷае надод. Ӯ аз роҳгузарон кӯмак хост, аммо ягон нафар ӯро дастгирӣ кардан намехост. Шоҳ, ки ин манзараро мушоҳида мекард, гумон кард, ки деҳқон оқибат коре аз дасташ барнамеояду роҳашро идома медиҳад. Аммо деҳқон таслим шудан намехост. Охир ин санг на танҳо ба ӯ, балки ба ҳамаи роҳгузарон садди роҳ шуда буд. Ӯ барзаговҳоро аз ароба ҷудо карда, тахтаеро бо бандҳо баст ва

- 2018

Бо “Ҷавонони Тоҷикистон” ҳамеша ҷавон мемонед!

Обуна ба рӯзномаи “Ҷавонони Тоҷикистон” барои соли 2018 идома дорад. Нархи обуна аз тариқи идораи рӯзнома барои як сол 110 сомонӣ муқаррар шудааст. Ин арзиш бо назардошти бурда расондан ба нақша гирифта шудааст. Шумо обуна шавед, мо сари вақт рӯзномаро мерасонем. Инчунин, Шумо ба воситаи шуъбаҳои алоқаи шаҳру ноҳияҳо метавонед ба ягона рӯзномаи ҷавонон обуна шавед. Суратҳисоби бонкии рӯзнома: с/ҳ №20202972500232101000, РМА 030000301, ҳ/х 20402972316264, РМБ 350101626 Бонки давлатии амонатгузории Тоҷикистон “Амонатбонк”. Индекси обуна 68857.

√ ЭЪЛОН

Шиносномаи хариду фурӯши манзили истиқоматии гумшуда бо суроғаи шаҳри Душанбе, кӯчаи Ҳисор, хонаи 29/2, 31, ки ба номи Якубов Георгий Александрович дар идораи нотиралии давлатии н.Сино соли 2009 №173 ба расмият дароварда шудааст, эътибор надорад. ҶСК “ТоҷикСГЭМ” барои кор дар шаҳри Роғун мутахассисони баландихтисоси кафшергар, битонрез-симбоф ва васлгар (монтажник)-и конструксияҳои металӣ, разрядҳои 4, 5 ва 6-умро ба кор даъват менамояд. Мутахассисоне, ки беш аз 3 сол таҷрибаи корӣ доранд, бартарият дода мешавад. Маош шартномавӣ. Телефон барои тамос: 989 99 23 11, 989 99 28 32.

ҲАЙАТИ МУШОВАРА:

Абдуҷаббор РАҲМОНЗОДА (Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа), Нуриддин САИД (вазири маориф ва илми Тоҷикистон), Аҳтам АБДУЛЛОЗОДА (раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон).

ҲАЙАТИ ЭҶОДӢ:

дар таги ин харсанги бузург гузошта, бо бандҳо кашола кард. Ҳамин тариқ, баъди заҳмати зиёд ба ӯ муяссар шуд, ки сангро ба даруни ҷӯи канори роҳ тела диҳад. Ин замон деҳқон аз зери санг ҳамёни пури зарро пайдо намуда, хеле ҳайрон шуд. Дар ҳамён ҳамчунин хатчае буд, ки дар он чунин навиштаҷот сабт шуда буд: ин туҳфа барои он нафарест, ки худ ва дигаронро аз ин монеа наҷот медиҳад. Деҳқон як чизро дарк намуд: аксари одамон ҳеҷ гоҳ намедонанд, ки ҳар як монеаи дар роҳи онҳо вуҷуддошта барояшон имконияти беҳтар шудани вазъи зиндагониро медиҳад. АНДАРЗ: Тамоми монеаҳо ва санҷишҳо, ки дар роҳи мо вомехӯранд, тасодуфӣ нестанд. Агар шумо бо ягонтои онҳо дучор шавед, бетараф набошед. Балки ҳама саъю кӯшиши худро равона созед, то онро бартараф намоед. Ба ивази ин шумо соҳиби донишу малака гардида, роҳҳои ҳалли масоили мураккабро пайдо мекунед. Ва ин муваффақияти шумо хоҳад буд.

Маҳмудҷон УСМОНОВ (муҳаррир), Толибшоҳи ДАВЛАТ (котиби масъул), Шодихони НАЗАР (муҳаррири шуъбаи варзиш ва сайёҳӣ), ШАҲЛО ЭШОНОВА (муҳаррири шуъбаи иқтисод ва иҷтимоъ), Хуршед МАВЛОНОВ (муҳаррири шуъбаи иттилоот ва сиёсат), Беҳрӯз ХОЛМУРОДОВ (муҳаррири шуъбаи ҳаёти ҷавонон), Нуруллоҳи ОРИФ, Гулбаҳор РАҲМОНОВА, Хуршед ХОВАРӢ, Шаҳбози АСОМИДДИН, Меҳрубон ИМОМОВА (хабарнигорон), Шеравган ХУРСАНҚУЛОВ (саҳифабанд), Меҳроб АЗИМОВ (рассом), Машҳур ИМОМНАЗАРОВ (хабарнигор, ВМКБ), Шодмон НУРМАТОВ (хабарнигор, вилояти Суғд) Фирӯз АБДУРАҲМОНОВ (хабарнигор, вилояти Хатлон).

Ба хотири чандандешӣ матолибе низ ба табъ мерасанд, ки хилофи назари ҳайати эҷодист. Дурустии арқому далелҳо бар дӯши муаллифон аст.

Ҳангоми таҳияи хабарҳо аз матолиби интернет низ истифода шудааст.

Индекси обуна: 68857

Тел: 901 06-41-10, 238-54-14, 238-51-09, 238-53-03

Ҳафтанома дар КТН «Шарқи озод» (хиёбони Саъдии Шерозӣ-16) бо теъдоди 4119 нусха ба нашр расид.

Ҳисоби бонкӣ: с/ҳ №20202972500232101000, ҳ/х 20402972316264, РМА030000301, РМБ350101626. БДА Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк»


Turn static files into dynamic content formats.

Create a flipbook
Issuu converts static files into: digital portfolios, online yearbooks, online catalogs, digital photo albums and more. Sign up and create your flipbook.