Ҷавонони Тоҷикистон, №06 (9432), 2016

Page 1

“ДИИШ ислом не, дини нав аст!”

Худкушии ҷавонон идома меёбад, агар...

«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН» №6 (9432), 11 феврали соли 2016

1

 РАҲОВАРДИ ҶАВОНОН

“Сафедорак” бехавфтарин ҷойи тамрин аст

 ҲАФТ РӮЗ 04.02.2016 Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ озмуни ҷумҳуриявии «Савғоти беҳтарин ба туристон» ва «Мақолаи беҳтарин»-ро байни ҷавонон ва ҳунармандони кишвар ҷамъбаст кард. Дар озмуни «Савғоти беҳтарини миллӣ барои туристон» Сӯҳроб Саидов барои истеҳсоли чойнику пиёла бо ҳунари кулолгарӣ ва Г. Ҳисориева дар озмуни «Мақолаи беҳтарин» дар мавзӯи «Туризм ҳамчун омили рушди иқтисодиёт дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» сазовори ҷойи аввал шуданд. 05.02.2016 Бо ташаббуси Вазорати корҳои дохилӣ дар Маҷмааи варзишии Шӯрои ҷумҳуриявии «Динамо» мусобиқаи шиноварӣ байни бонувон бо иштироки мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, сохторҳои қудратӣ ва дигар корхонаю идораҳои давлатӣ барои дарёфти Ҷоми вазири корҳои дохилӣ, таҳти шиори «Варзишсолимии ҷомеа» оғоз гардид.

06.02.2016 Дар ҷануби Тайван – шаҳри Тайнан дар натиҷаи заминларза як бинои 17-ошёна фуру рехта, даҳҳо нафар ҳалок ва бенишон гаштанд. 07.02.2016 Намояндагони мақомоти прокуратура ва шуъбаи Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Кӯлоб бо ҷавонон мулоқот карданд. Дар вохӯрӣ масъалаи пешгирии шомилшавии ҷавонон ба равияҳои иртиҷоӣ мавриди баррасӣ қарор гирифт. 08.02.2016 Дар Қасри миллат таҳти раёсати Президенти ҷумҳурӣ, Раиси Ҳукумати мамлакат Эмомалӣ Раҳмон маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид. 09.02.2016 Бо ибтикори Кумитаи ҷавонон, варзиш

ва сайёҳӣ дар Маҷмааи лижаронии сайёҳии «Сафедорак»-и ноҳияи Варзоб барои беҳтар намудани сифати хизматрасонӣ ва ҷалби сайёҳон ба минтақа, муаррифии имконияту шароитҳои маҷмааи мазкур барои мизоҷону сайёҳон бо иштироки коршиносони соҳа семинари омӯзишӣ баргузор гардид. 10.02.2016 Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбарияти мақомоти қудратӣ машварати корӣ доир намуд. Бо таваҷҷуҳ ба вазъи нигаронкунандаи минтақа ва ҷаҳон масоили вобаста ба пурзӯр намудани омодагии доимии Қувваҳои мусаллаҳ ва ҳифзи сарҳади давлатӣ, таҳкими мубориза бо ҷинояткорӣ, хусусан ҷиноятҳои созмонёфтаи фаромиллӣ, ба мисли терроризму ифротгароӣ, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, пешгирӣ аз амалҳои коррупсионӣ ва ҷиноятҳои иқтисодӣ мавриди баррасӣ қарор гирифт.

www.javonon.tj

НАШРИЯИ КУМИТАИ ҶАВОНОН, ВАРЗИШ ВА САЙЁҲИИ НАЗДИ ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН/ /№6, (9432), 11 феврали соли 2016/e-mail:javonontj@mail.ru/www.javonon.tj/аз 5.04.1930 нашр мешавад

 МАВЗӮИ РӮЗ

е-mail: javonontj@mail.ru

 НАБЗИ ҶАҲОН


е-mail: javonontj@mail.ru

2

АХБОРИ ҲАФТА

«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН» №6 (9432), 11 феврали соли 2016

Вохӯрии Аҳтам Абдуллозода бо донишҷӯён 5 феврал дар Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Ш. Шотемур вохӯрии Аҳтам Абдуллозода, раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ бо донишҷӯёни ин муассисаи таълимӣ дар ҳошияи Паёми Сарвари давлат ба Маҷлиси Олӣ баргузор шуд. А. Абдуллозода

доир ба муҳтавои Паём суҳбат намуда, ёдовар шуд, ки яке аз нуктаҳои муҳими Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, муҳтарам, Эмомалӣ Раҳмон ба ҷавонон дахл дошт. Паёми Президенти кишвар чанд рӯз қабл аз оғози он не, балки якчанд моҳ пештар омода ме-

Бираҷа Прасад: Тоҷикистон мисли Швейтсария аст

www.javonon.tj

Аҳтам Абдуллозода, раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ, 9 феврал бо сафири фавқулодда ва мухтори Ҷумҳурии Ҳиндустон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Бираҷа Прасад мулоқот намуд. Зимни суҳбат Аҳтам Абдуллозода таъкид кард, ки мо дар симои Ҳиндустон давлати дӯсту хайрхоҳро мебинем. Халқҳои тоҷику ҳинд фарҳанги ғании ба ҳам наздик доранд. Ҳиндустон солҳои зиёдест, ки дар омода кардани мутахассисони тоҷик ва такмили ихтисоси онҳо дар соҳаҳои гуногун ҳиссаи босазо мегузорад. Бираҷа Прасад аз истиқболи гарми раиси Кумита изҳори сипос намуда, иттиллоъ дод, ки рӯзҳои наздик як ҳайати фарҳангӣ аз Ҳиндустон ба Тоҷикистон меояд. Дар ин ҳайат филмбардорон, санъаткорон ва дигар намояндагони аҳли фарҳанги Ҳиндустон шомиланд. - Соли равон дар назар аст, ки рӯзҳои фарҳангии Ҳиндустон дар Тоҷикистон баргузор гардад,- гуфт Бираҷа Прасад. - Ҳайати мазкур баргузории ин чорабинии муҳимро бо ҳамтоёни тоҷикистонии хеш баррасӣ хоҳад кард. Ҳамчунин филмбардорони Ҳиндустон тасмим гирифтаанд, ки дар Тоҷикистон филмҳои бадеию мустанад ба навор гиранд. Сафири Ҳиндустон дар Тоҷикистон Бираҷа Прасад манзараҳои зебои кишвари моро васф намуда гуфт: - Ман ба филмбардорони “Болливуд”-и Ҳиндустон гуфтам, ки шумо маблағи зиёд сарф карда, дар Швейтсария филм ба навор мегиред. Ҳол он ки куҳҳои Тоҷикистон дар назаррабоӣ аз Швейтсария камӣ надоранд. Биёед, бо чашми худ Тоҷикистонро бубинед ва аз манзараҳои он филмбардорӣ кунед. Қобили қайд аст, ки соли 2004 филмбардорони Ҳиндустон дар вилояти Хатлон филми таърихиро ба навор гирифта буданд, ки дар он ҳунарпешаи шинохта Амир Хон нақши асосиро бозидааст. Ин филм дар бораи муборизаи мардуми озодихоҳи Ҳиндустон бо истилогарони англис ҳикоя мекунад. - Ман мехостам, ки ин гурӯҳ аз шаҳри бостонии Хучанд низ дидан карда, аз он ҷо филм бардоранд.,-гуфт Бираҷа Прасад. – Зеро ин шаҳр ёдгориҳои таърихӣ ва манзараҳои дилкаш дорад. Аҳтам Абдуллозода ба Бираҷа Прасад пешниҳод намуд, ки робитаҳои ду кишварро дар бахшҳои ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ густариш бояд дод. - Мо дар ин бахшҳо иқтидори бузурги ҳамкорӣ дорем,- гуфт Аҳтам Абдуллозода. - Соли равон гурӯҳҳои зиёди сайёҳони Ҳиндустон ба Тоҷикистон, алалхусус ба Помир омаданианд. Хуб мешуд ҷониби Ҳиндустон дар самти омодасозию такмили ихтисоси кормандони соҳаи туризм ба Тоҷикистон ҳамкорӣ намояд. Метавонем дар риштаҳои гуногуни варзиш вохӯриҳои рафиқона доир кунем. Ҳамчунин имкони баргузории мулоқоти ҷавонони ду кишвари дӯст ва таъсиси лагерҳои муштаракро ба роҳ монем. Дар поёни мулоқот Аҳтам Абдуллозода ба Бираҷа Прасад харитаву роҳнамо, руқъаву хатсайрҳои туристии Тоҷикистонро тақдим намуд. С. СУННАТӢ, “ҶТ”

шавад. Он натиҷаи таҳлили яксолаи тамоми паҳлуҳои хоҷагии халқи мамлакат аст. Бинобар ин мо бояд онро дастури фаъолияти хеш қарор диҳем”,- гуфт раиси Кумита зимни суҳбат ба донишҷӯён. Хуршед МАВЛОНОВ, “ҶТ”

Қарзҳои имтиёзнок ба соҳибкорон афзудааст Қодири Қосим, раиси Кумитаи сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Тоҷикистон, зимни нишасти матбуотӣ изҳор дошт, ки соли 2015 дар миқёси ҷумҳурӣ 275653 адад субъекти соҳибкории фаъолияткунанда ба қайд гирифта шудааст, ки нисбати соли 2014, 32380 адад ва ё 13,3 фоиз зиёд мебошад. Барои онҳо аз ҷониби бонкҳои давлативу тиҷоратӣ ва ташкилотҳои хурди қарздиҳӣ ба мабалағи 12235,9 миллион сомонӣ қарз ҷудо шудааст, ки ба ҳолати соли 2014, 57,3 миллион сомонӣ ва ё 0,5 фоиз бештар мебошад. Инчунин бо мақсади дастгирии молиявии субъектҳои соҳибкорӣ аз фонди дастгирии соҳибкории назди Ҳукумати ҷумҳурӣ 70 миллион сомонӣ ҷудо карда шуд. Соли 2015 ба 21 субъектҳои соҳибкорӣ 36,2 миллион сомонӣ қарзҳои имтиёзнок ҷудо карда шуданд. Номбурда иброз дошт, ки

бо мақсади ҷалби сармоя ба иқтисодиёти кишвар ва муаррифии имкониятҳои сармоягузориву соҳибкории Тоҷикистон аз ҷониби

Кумитаи сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ дар ҳамкори бо бахши хусусӣ ва шарикони рушд, дар давоми сол зиёда аз 10 ҳамоишҳои иқтисодӣ, чорабиниҳои самти соҳибкорӣ ва ҷалби сармоя доир карда шуданд. Ислоҳот дар самти беҳсозии фазои соҳибкориву сармоягузорӣ тақвият дода шуда, тибқи натиҷаҳо “Пешбурди соҳибкорӣ”-и Бонки ҷаҳонӣ барои соли 2016, Тоҷикистон мавқеи худро боло бурда, 54,19 фоизи таҷрибаи пешқадами ҷаҳониро ба даст овард. Ҳасан АЗИЗОВ, “ҶТ”

Ш. Ганҷалзода: Иҷозатномадиҳӣ бештар шудааст Шералӣ Ганҷалзода, вазири нақлиёти кишвар вайрон кардани шарту талаботи иҷозатномаи соҳаи нақлиётро яке аз проблемаҳои умдаи Вазорат хонд. - Соли 2015 хадамоти назорат ва танзим дар соҳаи нақлиёт барои амалӣ намудани фаъолият дар бозори хизматрасонӣ 9263 адад иҷозатнома додааст. Айни ҳол дар ҷумҳурӣ, 18281 адад иҷозатномаҳо амал мекунанд, ки нисбат ба соли 2014, 5819 адад зиёд мебошад,- афзуд Ш. Ганҷалзода. Ба гуфтаи вазири нақлиёт, афзоиши теъдоди иҷозатнома барои фаъолият дар бозори хизматрасонӣ далели таъсиси ҷойи нави корӣ мебошад. Ҳасан АЗИЗОВ “ҶТ”

Фестивал барои дарёфти истеъдодҳои ҷавон Бахшида ба 25-солагии Истиқлолияти давлатӣ дар Мактаб-интернати миёнаи махсуси мусиқии ҷумҳуриявии ба номи Миратулло Атоев Фестивали ҷумҳуриявии «Китоб ва мусиқӣ барои кӯдакону наврасони Тоҷикистон» баргузор шуд. Дар Фестивал намоиш ва фурӯши китоб, рӯзномаву маҷаллаҳо сурат гирифта, дастранҷи кӯдакону наврасон ба маъраз гузошта шуд. Инчунин, суҳбати наврасон бо адибон доир шуда, аз ҷониби Театри давлатии ҷумҳуриявии лӯхтак ва Сирки давлатӣ намоишҳои хотирмон ба саҳна гузошта шуд. Иштирокчиён ба Малика Сафа- ки имрӯзҳо ин қабил чорабиниҳои рова, хонандаи синфи 8 аз Мактаб- маърифативу омӯзишӣ кам ба интернати №1 шаҳри Душанбе, ки назар мерасад. Номбурда гуфт, тайи 6 моҳ 400 китоб мутолиа кар- беҳтар мебуд барои ҷалби наврасон ба китобу китобхонӣ ва дарёфдааст, таҳсин хонданд. Мирзои Қурбониён корманди ти истеъодҳои нав чорабиниҳои маркази эстетикии кӯдакону на- маърифатӣ бештар доир шаванд. врасони ҷумҳурӣ, ки дар Фестивал Наҷиба МУРОДБЕКОВА, “ҶТ” ширкат дошт, изҳори нигаронӣ кард,

Ошкори талафоти 211 млн. 861 ҳазор сомонӣ Дар натиҷаи санҷишҳои аудитории соли гузашта ба маблағи 159 млн. 557 ҳазор сомонӣ зарари молиявӣ ошкор шудааст, ки нисбат ба соли гузашта 89 млн. 666 ҳазор сомонӣ бештар аст. Дилмурод Давлатзода, раиси Палати ҳисоб дар нишасти матбуотӣ иброз дошт, ки истифодаи ғайримақсадноки маблағҳо ба қадри 98 млн. 862 ҳазор сомонӣ, истифодаи ғайрисамараноки маблағҳо ба қадри 135 млн. 456 ҳазор сомонӣ, захираҳо ва талафи буҷет ба маблағи 211 млн. 861 ҳазор сомонӣ ошкор карда шуд. Гуфта шуд, ки ҷиҳати чораҷӯӣ ва қабули қарорҳои дахлдор дар соли 2015 аз ҷониби Палатаи ҳисоб ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ 160 маводи санҷиши аудиторӣ ба маблағи умумии 114 млн. 726 ҳазор сомонӣ ирсол карда шудааст, ки нисбат ба соли гузашта 96 мавод зиёд мебошад. Беҳрӯз ХОЛМУРОДОВ, “ҶТ”


НАВИГАРИҲОИ ВАРЗИШ

«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН» №6 (9432), 11 феврали соли 2016

3

Бокс: ду медал аз Минск

Тоҷикистон дар раддабандии нави FIFA (Федератсияи байналмилалии футбол), ки 4 феврал нашр шуд, мавқеашро дар байни 209 кишвар дар мақоми 148-ум нигоҳ доштааст. Тими миллии футболи кишвар 196 хол дорад ва дар байни 46 дастаи Конфедератсияи футболи Осиё дар мақоми 26-ум қарор гирифтааст. Дастаи мунтахаби футболи Белгия дар феҳристи нави FIFA бо 1494 хол дар ҷойи аввал аст. Аргентина (1455 хол) дар ҷойи дуюм ва Испания (1370 хол) дар ҷойи сеюм мебошанд. Рейтинги Федератсияи байналмилалии футбол аз соли 1993 тартиб дода шуда, холҳо ба кишварҳо аз рӯи натоиҷи дастаи мунтахаби миллиашон дар давраи чор сол насиб мегардад. Натиҷаи беҳтарини тими мунтахаби Тоҷикистон дар тамоми таърихаш ҷойи 106-ум дар моҳи июни соли 2013 мебошад.

Варзишгарони кишвар дар мусобиқаи XIV байналмилалӣ оид ба бокс ба хотираи Қаҳрамони Иттиҳоди Шӯравӣ Виктор Ливенсев, ки 2-5 феврал дар пойтахти Беларус – шаҳри Минск баргузор шуд, ду медал (як нуқра ва як биринҷӣ) ба даст оварданд. Ораз Авзалшоев дар вазни -56 кило дар даври нимниҳоӣ бар Билол Миҳамдӣ аз Тунис пирӯз шуда, ба финал баромад. Вале дар қувваозмоии ниҳоӣ аз Дмитрий Асанов (Беларус) мағлуб гашт. Муштзани дигари кишвар Анвар Юнусов дар вазни -60 кило дар даври аввал бар Карен Тонаканян (Арманистон) ғолиб омад. Рақиби дуюмаш

Аввалин ғалабаи «Истиқлол» дар соли нав

Вазген Сафарянс (Беларус) ба иллати латхӯрӣ аз сабқат даст кашид. Вале Анвар, ки дар даври нимниҳоӣ аз Егор Қурбонов (Беларус) шикаст хӯрд, бо медали биринҷӣ мукофотонида шуд. Дар ин мусобиқаи байналмилалӣ, ки бори чордаҳум доир шуд, беш аз 100 варзишгар аз 17 кишвар ширкат карданд.

Футзал: «Сипар» барандаи Ҷоми вилояти Суғд шуд Дар бозии ниҳоӣ барои дарёфти Ҷоми вилояти Суғд оид ба футзал дастаи «Сипар» бар дастаи «Беҳтарин» бо ҳисоби 6:0 пирӯз гардид. Дидор 7 феврал дар маҷмааи варзишии «Қасри варзиш»-и шаҳри Хуҷанд доир гардид. «Сипар» дар марҳилаи ¼-ниҳоӣ дастаи «Шелкокомбинат»-ро бо ҳисоби 4:3, дар бозии нимниҳоӣ дастаи «Агроинвестбонк»ро бо ҳисоби 2:0 мағлуб кард. «Беҳтарин» бошад, дар марҳилаи ¼-ниҳоӣ дастаи «Эсхата»-ро бо ҳисоби 5:3 ва дар бозии нимниҳоӣ дастаи «Сипар-2»-ро тавассути пеналтӣ бо ҳисоби 3:2 мағлуб сохт. Вақти асосии ин бозӣ мусовӣ - 1:1 анҷом ёфт. Дар анҷом ба ғолибон ва беҳтаринҳо ҷом, медал ва тӯҳфаҳои хотиравӣ супорида шуд.

е-mail: javonontj@mail.ru

Футбол: Тоҷикистон мавқеашро нигоҳ дошт

Қаҳрамони чоркаратаи мамлакат – тими “Истиқлол”-и Душанбе дар мавсими 2016 аввалин бор ғалаба кард. 9 феврал дастаи пойтахт дар доираи машғулиятҳои омӯзишӣ-тамринӣ дар Туркия бо дастаи “Виттлих”-и Олмон вохӯрд.

Футзал: Тими мунтахаб омодагиашро анҷом дод

Вохӯрӣ дар майдони футболи меҳмонхонаи “Мардон Палас” бо ғалабаи шогирдони Мубин Эргашев – 4:0 анҷом ёфт. Се голро Манучеҳр Ҷалилов, як голро Дилшод Восиев вориди дарвозаи ҳариф карданд. Барои “Истиқлол” ин аввалин ғалаба дар мавсими имсола буд. Ин даста аз аввали соли нав 9 бозӣ кардааст. Ҳашт бозии қаблии тими Душанбе мусовӣ (5 бозӣ) ва бо бохт (3 бозӣ) анҷом ёфтааст. Бозии охирини санҷишии “Истиқлол” дар Туркия 12 феврал бо қаҳрамони дукаратаи Қазоқистон – “Шахтёр”-и Қарағанда ба нақша гирифта шудааст. Ёдовар мешавем, бозии аввалини қаҳрамони Тоҷикистон дар марҳалаи гурӯҳии Ҷоми КФО-2016 23 феврал баргузор мешавад. Дар ин рӯз “Истиқлол” дар Варзишгоҳи марказии ҷумҳурӣ тими “Ал Файсалӣ”-и Урдунро қабул мекунад.

Дар арафаи баргузории чемпионати Осиё-2016, ки 10-21 феврал дар шаҳри Тошканди Узбекистон доир хоҳад шуд, тими мунтахаби футзали кишвар ҷамъомади омӯзишӣ-машқии худро дар шаҳри Қайроққум ба анҷом расонд. Дар ҷамъомади даҳрӯза шогирдони Ҳусейн Шодиев аз рӯи режими дувақтӣ тамрин намуданд. Дар доираи ин ҷамъомад тими мунтахаби футзали кишвар бо дастаи мунтахаби футзали Узбекистон ду бозии санҷишӣ гузаронд. Ҳар ду бозӣ дар Тошканд доир шуданд. Дар 14-умин чемпионати футзали Осиё тими мунтахаби футзали Тоҷикистон дар гурӯҳи «С» баромад мекунад. Рақибони футзалбозони тоҷик дар гурӯҳ тимҳои мунтахаби футзали Тайланд (11 феврал), Ветнам (13 феврал) ва Тайбэйи Чин мебошанд.

Бозии санҷишии «Истиқлол» бо «Тараз»-и Қазоқистон мусовӣ анҷом ёфт. Вохӯрӣ 6 феврал дар майдони тамринии «Титаник»-и Анталияи Туркия баргузор шуд. Бозӣ бо ҳисоби 2:2 анҷом ёфт. зингари мавсими футболи соли гузашта, Дастаҳо дар ҳар қисми бозӣ ба дарво- ҳамлагари «Истиқлол» ва тими мунтазаи якдигар якголӣ заданд. Ҳисоби бози- хаби мамлакат Манучеҳр Ҷалилов голи ро дар аввали вохӯрӣ аз пеналтӣ Аҳтам дуюмро ба дарвозаи «Тараз» зад. Панҷ Назаров боз кард. Баъд аз 12 дақиқа дақиқа пеш аз анҷоми вақти асосии қазоқҳо ҳисобро баробар карданд. Дар бозӣ боз футболбозони қазоқ ҳисобро аввали қисми дуюми бозӣ беҳтарин бо- баробар карданд.

Барандаи медалҳои нуқраи чемпионати кишвар-2015, клуби футболи “Хуҷанд” ба марҳилаи гурӯҳии Ҷоми Конфедератсияи футболи Осиё-2016 роҳ наёфт. “Хуҷанд” дар бозии интихобӣ аз дастаи “Аҳлӣ алХалил”-и Фаластин шикаст хурд – 0:1. Ин вохурӣ дар шаҳри Ҳеврони Фаластин баргузор шуд. Голи ягонаро дар дақиқаи 22 Маҳмуд Вадӣ зад. Ду дастаи дигари Осиёи Марказӣ – “Алай”-и Қирғизистон ва “Балкан”-и Туркманистон низ дар бозиҳои интихобӣ мағлуб шуданд. Қаҳрамони Қирғизистон дар Лубнон аз дастаи маҳаллии “Триполӣ” (0:0, пеналтӣ – 7:6) ва барандаи медалҳои нуқраи Туркманистон дар меҳмонӣ аз “Ал Ваҳда”-и Сурия (0:2) шикаст хурданд. Тими “Ал Ҳидд”-и Баҳрайн низ, ки бар тими “К-Электрик”-и Покистон ғолиб омад (2:0) ба марҳалаи гурӯҳии Ҷоми КФО-2016 роҳ ёфт.

www.javonon.tj

Футбол: Мусовии “Истиқлол” бо “Тараз” дар “Титаник”

Шикасти «Хуҷанд» аз «Аҳлӣ ал-Халил»


е-mail: javonontj@mail.ru

4

РАҲОВАРДИ “ҶАВОНОН...”

«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН» №6 (9432), 11 феврали соли 2016

Ҳасан АЗИЗОВ Чанде пеш як гурӯҳ журналистон ба базаи кӯҳии лижаронии «Сафедорак», ки дар ҳудуди деҳаи Такоби ноҳияи Варзоб ҷойгир аст, сафар намуданд. Дар ин сафар журналистон бо шароити база шинос шуда, аз хизматрасониҳои он (лижаронӣ, савор дар балонҳои махсуси зимистона, таноброҳ (канат) истифода бурданд. Ҳамзамон меҳмонхона, тарабхона ва мактаби махсуси лижарониро, ки ба услуби муосир сохта шудааст, тамошо карданд. Қайд кардан ба маврид аст, ки хизматрасонӣ дар базаи кӯҳии лижаронӣ дар сатҳи хуб ба роҳ монда шудааст. Дараи Варзоб, ки яке аз минтақаи мусоиди саёҳату истироҳат аст, ҳамарӯза меҳмонони зиёди дохил ва хориҷи кишвар аз ин мавзеъ дидан мекунанд. Махсусан, аз маҷмааи лижаронии “Сафедорак”. Инфрасохтори он ҷавобгӯи талаботи байналмилалӣ буда, барои баргузории бозиҳои зимистонаи варзишӣ, ҳамзамон рушди туризми дохилӣ мувофиқ аст. Баҳодур Исҳоқов, роҳбари маҷмааи лижаронии “Сафедорак” ҳангоми суҳбат зикр кард, ки “базаи лижаронӣ дар ҳолати ногувор ва бениҳоят хароб қарор дошт. Мо корҳои таъмиру тармимро охири моҳи август оғоз кардем ва дар муддати кӯтоҳ ба анҷом расондем. Солҳои пеш базаи лижаронӣ фақат рӯзҳои истироҳат кор мек а р д . Имрӯз мо чунин шароит дорем, ки метавонем ҳар рӯз кор кунем”. Солҳои пеш фаъолияти ба-

заи лижаронӣ мавсимӣ буд, аз моҳи декабр то саршавии моҳи апрел фаъолият мекард. Аммо имсол дар нақша ҳаст, ки намуди тобистонаи истироҳат низ дар он ҷорӣ гардад. Яъне, интизор меравад фаъолияти мавзеи “Сафедорак” дар фасли тобистон ҳам ба роҳ монда шавад. Сохтани ҳавзҳои шиноварӣ, саунаву ҳамомҳои замонавӣ, майдончаи фарҳангию фароғатии бачагона, ҷой барои тамрини велосипедронии куҳӣ ва ғайраҳо дар назар аст.

намоем”, - гуфт Б. Исҳоқов. Дар “Сафедорк” шаҳрвандони хориҷӣ низ машғули истироҳату бозӣ буданд. Акам Мусоқулов, коргардони қазоқ, ки филмҳои кӯтоҳ (видеоролик) мебардорад, дар бораи мавзеи “Сафедорак” чунин ибрози андеша кард: “Ман бори аввал аст, ки ба базаи лижаронии “Сафедорак” омадам. Хеле писандам омад, чунки нишебии тепаи тамринии лижарониаш нисбат ба мавзеъҳои лижаронии дигар давлатҳо бе-

Зимни суҳбат бо намояндагони маҷмааи сайёҳии “Сафедорак” маълум гашт, нархномаи даромад ба ҳудуди маҷмаа 120 сомонӣ, барои кӯдакони то 12сола 40 сомонӣ мебошад. Илова бар ин, арзиши даромад ба ҳудуди маҷмаа барои ҳамаи аъзои оила 360 сомонӣ аст. Иҷораи лижаҳо 90 сомонӣ, мошини барфгард 80 сомонӣ, чана 20 сомонӣ, барфгардҳо 150 сомониро ташкил медиҳад. Иҷораи либоси махсуси варзишӣ 80 сомонӣ ва либоси махсуси варзишӣ бо лижа 150 сомонӣ мебошад. Роҳбари маҷмааи “Сафедорак” афзуд, ки давоми якуним моҳи фаъолият, зиёда аз се ҳазор нафар меҳмонон ва дӯстдорони варзиши лижаронӣ ташриф оварданд. “Мо аз ин пас метавонем дар мавсими зимистон зиёда аз 25 ҳазор нафар меҳмонро қабул

хавф аст”. Ба хотири ҷалби таваҷҷуҳи бештари наврасону ҷавонон ба варзиши зимистона Мактаби махсуси лижаронӣ дар заминаи маҷмааи “Сафедорак” амал мекунад. Айни ҳол роҳбарии онро Зинатулло Саидов бар уҳда дорад. Дар он кӯдакону наврасони аз 4-сола боло ба тамрину омӯзиш фаро гирифта шудаанд. Ҳоло дар он 80 нафар ба омӯзиш машғуланд. Зинатулло Саидов гуфт, ки аз оғози соли равон кор дар ин мавзеъ ранги дигар гирифт. Яъне дар сатҳи ҷавобгӯ ба талаботи муосир. Вақте базаи лижаронии “Сафедорак” аз тарафи сармоягузор харидорӣ шуд, таҷҳизоту лавозимоти варзишӣ низ нав карда шуд, 128 адад лижаву пойафзол ва либосҳои махсуси варзишӣ харидорӣ гардид, ки то имрӯз қариб вуҷуд надошт. Алишер Қудратов, варзишгар бо хушҳолӣ гуфт: “Ман хеле шодам, ки солҳои охир таваҷҷуҳи Ҳукумати ҷумҳурӣ ба варзиши зимистона, хусу-

“Сафедорак” бехавфтарин ҷойи тамрин аст

 ОБОДОНӢ

www.javonon.tj

Ба Ғешӣ об омад Обу ободонӣ мегӯянд. Маълум аст, ки дар кишвар бисёранд маҳаллаҳое, ки аз норасоии оби ошомиданӣ танқисӣ мекашанд. Деҳаи Ғешии ҷамоати Чорсӯи шаҳри Ваҳдат яке аз онҳост. Ба деҳа асосан тариқи нассоси обкашӣ об расонда мешуд. Дар вақти набудани барқ ва ё аз кор мондани нассос, хусусан дар фасли сармо, аҳолии деҳа бе об монда, азоб мекашиданд. Даруни лойу гил бо хар ё тавассути нақлиёт аз деҳоти ҳамсоя об мекашиданд.

Ҳамин буд, ки раисони маҳалла Ашӯр Саидов ва Сафаралӣ Тешаев дар такя ба ҷавонон тасмим гирифтанд, ки аз масофаи 3 километр ба деҳа оби чашма биёранд. Ин фикр аз ҷониби сокинон маъқул дониста шуд. Ҷавонони деҳа зери роҳбарии Азиз Низомов ва Шариф Зайниддинов барои анҷоми ин амали хайр остин барзада, камар бастанд. - Ҷавонон хуб кор карданд. Тибқи нақша ин кор то баҳор бояд анҷом меёфт, вале дар як моҳ ба охир расондем. Ҳар рӯз

30-нафарӣ ба ҳашар баромада, бо дили гарм кор карданд,- гуфт Азиз Низомов. Ба гуфтаи раиси маҳалла Ашӯр Саидов дар ин кор 15 ҳазор сомонӣ сарф шуда, бештари маблағро дастпарвари деҳа Холбӣ Бобохонова, ки солҳои зиёд дар сохторҳои давлатӣ кор мекунад, пардохт кардааст. “Мо аз номи сокинони деҳа ба Холбӣ Бобохонова миннатдорӣ баён мекунем”,гуфт раиси маҳалла. Акнун сокинони деҳаи Ғешӣ барои сарсабз нигоҳ доштани як гӯшаи диёр саҳми бештар хоҳанд гузошт. С. УМАРАЛӢ, “ҶТ”

сан лижаронӣ зиёд шудааст. Чунин ғамхорӣ буд, ки и м рӯ з б а заи

лижаронӣ нисбат ба солҳои пеш ба маротиб хуб шудааст. Имрӯзҳо ман кӯдакону наврасонро мебинам, ки дар шароити хеле хуб тамрин менамоянд, ҳавасам меояд ва худ ба худ мегӯям, ки кош ин шароити мусоид дар давраи кӯдакии мо ҳам вуҷуд ме-

дошт. Садорат Қурбонова, ягона варзишгардухтарест, ки лижаронӣ тамрин мекунад: “Ман 18-солаам ва истиқоматкунанди ин маҳалла ҳастам. Се сол мешавад, ки дар ин намуди варзиш машқ мекунам. Дар аввал машқ кардан мушкил буд, чунки шароит он қадар хуб набуд. Хушбахтона, имрӯз хеле хуб шудааст, чунки тамоми техникаю лавозимоти машқӣ барои тамрини лижаронӣ мавҷуд аст. Ман баробари варзишгар будан, мураббӣ ҳам ҳастам. Ба наврасону ҷавонон, махсусан бонувон машқ медиҳам. Онҳоро нозукиҳои лижарониро меомӯзонам. Умед дорам, ки бо чунин шароити хуб хоҳаракони мо хуб машқ карда, дар оянда дар мусобиқаҳои сатҳи баланд иштирок мекунанд”, - гуфт ӯ. Воқеан, бо чунин шароите, ки имрӯз муҳайё гаштааст, метавон умед баст, ки варзишгарони мо ба мусобиқаҳои берун аз кишвар роҳ хоҳанд ёфт.


МАВЗӮИ РӮЗ

«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН» №6 (9432), 11 феврали соли 2016

Гулбаҳор РАҲМОНОВА

Худкушии ҷавонон идома меёбад, агар... Сӯиқасд кардан ё интиҳор, ки имрӯз аз масъалоҳаи басе нигаронкунандаи ҷомеаи мо гаштааст, дар асоси омилҳои гуногун сурат мегирад. Бино ба таҳлилҳои анҷомшуда омили маъмултарине, ки боис ба худкушӣ мегардад, мушкили иқтисодӣ, пасон иҷтимоӣ ва тарбиявию адами маънавиёт будааст. Ҳамзамон як муносибати нодурусти падару модар низ боис мегардад бачаҳо ба роҳи хато раванд.

минбаъд ба андозае ҳам бошад пеши роҳи чунин рӯйдодҳоро бигирем. Юсуф Ноёфтаев, сармутахассис ва ҳуқуқшиноси дастгоҳи раиси шаҳри Хоруғ мегӯяд, ки дар вақти сар задани чунин ҳолатҳо, худамон мушоҳида кардем, баъзе афрод пешакӣ тариқи истеъмоли зиёди машрубот ё маводи нашъа даст ба худкушӣ задаанд. Аммо хешовандон чунин ҳаводисро бевосита инкор мекарданд ва онҳоро ба дигар воқеаҳо нисбат медоданд. Гарчанде бо марҳумон қаблан шиносоии наздик доштем. - Сокинон мегӯянд чунин ашхос аз камшароитиву бенавоӣ худро қурбон кардаанд, вале бояд гуфт, ки теъдоде аз онҳо дар қиёс бо дигар табақаҳои аҳолӣ барои беҳзистӣ имконоти хубтар доштанд. Вале дар ин ҳолатҳо низ падару модар сабабгор мешуданд. Ҳатто баъзе волидон фарзандонро ба ҳадде нозпарвардаву эрка кардаанд, ки баъди марги яке аз волидон, фарзанд ҳам сӯиқасд ба ҷонаш кард, - мегӯяд ҳуқуқшинос. Сардорбек Азорабеков, мудири шуъба оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии назди мақомоти вилоят истисно намедонад, ки ҳоло оилаҳо мушкилоти гуногун доранд. Дар баъзе мавридҳо аъзои хонавода ба проблемаҳо дар танҳоӣ тоб оварда наметавонанд. Атрофиён ҳам худро бетараф гирифта, гӯё мегӯянд: «айби худат, ҷазоятро каш». Дар асл панҷ ангушт баробар нест ва бо ин касе ҳам баҳс намекунад, аммо агар ба гузашта назар афканем, гузаштагонамон ҳине ки ба як оила мусибат мерасид, ӯро танҳо намемонданд, ғамшарику ҳамдард мешуданд. Имрӯз, афсӯс, ин оини инсондӯстона аз байн қариб ки рафтааст ва мо аламдорро ба ҳоли худаш мегузорем, ба имдодаш намешитобем, дардашро таскин намебахшем. Сармутахассиси Раёсати ҷавонон, варзиш ва сайёҳии вилоят Зоҳирбек Қурбонбеков иброз дошт, ки бо ташаббуси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ барои ҷалби ҷавонону наврасон ба машғулиятҳои омӯзишӣ рӯзҳои наздик курсҳои иловагӣ ташкил мешавад. Ин ба хотири баланд бардоштани савияи донишу ҷаҳонбинии ҷавонон роҳандозӣ хоҳад шуд, то насли ҷавон пайваста ба фаъолиятҳои ҷоиз банд бошанду аз ҳар гуна воқеаҳои ногувор дар амон бимонанд. Албатта, ин ҳама иқдом хуб аст, вале бояд барои боло бурдани маънавиёти ҷавонон ҳам кӯшиш ба харҷ дод. То он даме, ки ҷавонон аз гуноҳи азим будани худкушӣ огоҳии комил надошта бошанд, то он рӯзе, ки каси ба худкушӣ дастмезада дар зеҳнаш ҷо накунад, ки ин амали ӯ боиси ошуфтагиву ғаму андуҳи зиёди хонаводааш мегардад ва ҷомеаро ҳам дар нигаронии амиқ қарор медиҳад, худкушиҳо идома меёбанд.

“Ман, бовар кунед, хеле сахт ба интернет дода шудаам. Ба ҳамон андозае, ки дигар дил канданам мушкил шудааст. Агар ҳар рӯзе ним ё як соати вақтамро ба он набахшам, намешавад. Медонам, ки акнун интернет ба ман чизи фоидабахше дода натавониста истодааст. Вақтамро беҳуда мекушад, маро ноҷо овора месозад. Корам танҳо тамошои аксҳо ва хондани матнҳо аз саҳифаҳост. Ин ҳамаро медонам, вале худро хеле ночор ҳис мекунам...”, - бо нигаронӣ қисса мекунад вай. Бешубҳа, интернет ба ҳаёти мо ҳамчун як дастоварди бузург ворид гашта, корамонро бамаротиб осон намуд. Вале он ҳамзамон бо ҷанбаҳои мусбат доштанаш моломоли паҳлуҳои манфист. Манфист, агар мо онро ноҷову бемаром истифода барем. Фаришта аз зумраи ҷавонҳоест, ки интернетро бемақсад истифода мебарад. Вай, тавре худаш иброз дошт, қариб ҳар рӯз сар ба сомонаҳои гуногуни интернетӣ мезанад, вале медонад, ки аз ҳеҷ яке барояш нафъ нест. Зеро мақсади муайян, ҳадафи муайян надорад. Ин кори Фаришта он андешаро қувват мебахшад, ки худи интернет дар маҷмуъ зиёновар нест, то он даме, ки мо аз он сӯистифода накунем. Ба суоли “Чӣ бояд кард, то ҷавонон – ҳамсолони мову шумо интернетро мақсаднок ва дуруст истифода баранд?” Фаришта чунин посух дод: “Ба фикри ман, аввал ҳар кас пеш аз он ки вориди интернет мешавад, бояд як бор биандешад, ки магар он барояш даркор аст? Оё бе он кораш ҳал намешавад? Ё он чи ки ҳамин ҳоло дар саҳифаҳои интернетӣ мебинад, барояш муфид аст ё на? Бояд ҳар кас ин саволҳоро аз худ бипурсад. Пасон агар ба онҳо ҷавоби “бале” дода тавонист, метавонад дарояд. Чунки агар кас беандеша ва бе ягон мақсади муайян вориди саҳифаҳои интернетӣ шавад, ҳатман вақти худро талаф медиҳад. Мабодо агар мисли ман одат кунад – тамом. Дил канданаш хеле мушкил мегардад...” Тибқи иттилои сарчашмаҳо айни замон дар дунё беш аз 4 миллиард истифодабарандаи интернет мавҷуд аст. Соли 2014 шумораи истифодабарандагони интернет дар ҷаҳон 2,9 миллиард будааст. Соли 2015 ин нишондод 3,2 миллиард нафар арзёбӣ гардид. Ширкатҳои паҳнсозиву назорати интернет дар кишвар теъдоди истифодабарандагони ватании шабакаи ҷаҳониро 3 миллиону 816 ҳазор нафар арзёбӣ мекунанд. Инчунин, гуфта мешавад, ки теъдоди истифодабарандагони интернет сол ба сол меафзояд. Ин дар ҳолест, ки равоншиносон таъкид медоранд, истифодаи зиёд ва ноҷои интернет метавонад ба саломатӣ, хоса асаби кас зиёновар бошад. Чунончи, равоншинос Алиаҳмад Ёраҳмадов дар хусуси истифодаи интернет мегӯяд: “Аз нигоҳи психологӣ ҳар чизе ки аз меъёр зиёд бошад, ба шахс ҳатман таъсири бад мерасонад. Бинобар ин, интернет ҳам агар аз ҳад зиёд истифода бурда шавад, асаби касро хароб месозад. Пас, моро зарур аст, ки интернетро оқилона истифода барем.” Воқеан интернет, хоса он рангорангиҳое, ки саҳифаҳои иҷтимоӣ дар худ ҷой додаанд, барои бинанда хеле ҷозиб аст. Ҳамин аст, ки бисёри вақт мо “5 дақиқа интернет даромада, саҳифаамро хабар мегираму боз аз пайи корҳои дигарам мешавам” гуфта, мебинем, ки он 5 дақиқа кайҳо ба соатҳо бадал шудааст. Устоди ДМТ Убайдулло Бобоев дар ин маврид чунин иброз медорад: “Инсонҳое, ки ба интернет одат кардаанд, дар онҳо як навъ ғамгинӣ дида мешавад, чаро ки худашон дарк мекунанд, интернет вақташонро мегирад. Бинобар ин, ҳар чизеро месазад ба меъёраш истифода барем. Истифодаи аз меъёр беш ба саломатӣ зарар дорад. Асабоният, бехобӣ, камқувватӣ ва фаромӯшхотирӣ аз “самарҳои” беш аз меъёр ба кор бурдани интернетанд...” Валентина Мамедова, омӯзгори Маркази таълимии бонувони “Сарвар” ҳам аз ҷумлаи онҳоест, ки аз интернет истифода мебаранд. Номбурда мегӯяд, тавассути интернет хеле корҳояшро ба анҷом мерасонад. “Интернет ҳам зарар дорад ҳам безарар аст. Ҳамон вақт безарар аст, ки агар дар он чӣ кор карданатро бидонӣ. Вале агар мақсади муайян надошта бошиву вақти худро беҳуда дар он гузаронӣ, ҳам саломатиатро бой медиҳӣ, ҳам асабатро хароб мекунӣ ва ҳам нури чашмонат кам мешавад...” Бале, агар нек андеша намоем, мебинем, ки истифодаи нодуруст на танҳо аз интернет, балки аз дилхоҳ чизи дигар қиматтарин гавҳарвақтамонро аз мо мерабояд. Вақтамонро, ки неъмати бузург аст, вале бозпасоваранда нест. Аз ин хотир моро зарур аст, ки ба қадри ин гавҳари ноёб расем. Дуруст истифодааш бубарем. Барои корҳои хубу нафъбахш. Матлабро мехоҳам бо сухани Фаришта нуқта гузорам. Вақте ҳамсуҳбатам роҳҳои дурусти истифодаи интернетро хотиррас мешуд, аз вай пурсидам, “Модоме худат медонӣ, ки пеш аз даромадан ба интернет кас бояд андеша кунад, ки он барояш даркор ҳаст ё на, пас чаро худат барои берун шудан аз ин одати бад кушиш намекунӣ?” Гуфт: “Ман ин корро аллакай сар кардаам...”

www.javonon.tj

Инро мушоҳидаҳои вақтҳои охир баёнгаранд. Яъне дар ҳолатҳое, ки фарзанд аз ҷиҳати равонӣ ё худ моддӣ ба пуштибонии волидон ҳамчун обу ҳаво ниёз дорад, волидон ин масъалаҳоро сарфи назар мекунанд, онҳо ба фарзанди худ, ба раванди ташаккули вай аҳамияти ҷиддӣ намедиҳанд. Баръакс баъзеҳо ҳатто ба фарзандон фишори рӯҳиву ҷисмонӣ ҳам меоранд. Бо ҳарфи дигар, падару модар ақидаеро мепарваранд, ки дар ҳолати ба нокомӣ дучор шудани фарзанд айби худаш аст ва бояд мустақилона аз пайи ислоҳ шавад. Аммо дар натиҷа муноқишаҳои оилавӣ бо паёмадҳои ғайричамдошт анҷом мепазиранд, ки нафаре аз ҷонибҳо онро интизор намешавад. Тибқи маълумоти Раёсати Вазорати корҳои дохилии ВМКБ давоми соли 2015 18 нафар даст ба худкушӣ заданд, ки ҳамагӣ ҷавонанд. Аз ин шумора 3 кас аз шаҳри Хоруғ, 4 нафар ноҳияи Шуғнон, 5 кас Роштқалъа, 1 нафар Ишкошим ва 5 кас аз Рӯшон будаанд. Ҳол он ки соли қаблӣ теъдоди чунин ҳолатҳо 13 адад буд. Зимнан нафарони зиёдеро, ки сӯиқасд ба ҷони хеш кардаанд, табибон ва ашхоси дигар аз коми марг наҷот додаанд. Ба гуфти равоншинос Қадам Қадамов агарчӣ аз нуқтаи илми равоншиносӣ чор типи мизоҷи инсон, яъне меланхолик, флегматик, холерик ва сангвиник муайян гардидааст, аммо одамони мизоҷи холерик табъи нозук доранд ва пеш аз ҳама метавонанд ба чунин ҳодисаҳои номатлуб даст зананд. Ҳамчунин бояд таззакур дод, ки дар синни ҷавонӣ феълу хӯ ё худ темпраменти ҳамаи типҳои мазкур аз афроди калонсол тафовути зиёд дорад. Дар иртибот бо ин барои падару модар, муаллимони таълимгоҳҳо ва дигар атрофиён лозим меояд, ки бо ҷавонону наврасон тариқи роҳу усулҳои мақбули педагогӣ рафтор кунанд. - Вале боиси таассуф аст, ки феълан педагогикаи иҷтимоӣ дар вилоят дар сатҳи паст қарор дошта, беҳбудии куллиро тақозо дорад, - илова кард, Қ. Қадамов. - Яъне дар ин раванд мансубияти этникиву нажодии аҳолӣ, таркиби маданӣ ё худ этноси авлодӣ ва инчунин мизоҷи психологӣ аз ҷониби мутахассисону идораҳои дахлдор бояд омӯхта шавад. То

Машҳур ИМОМНАЗАРОВ

Фаришта, ҷавондухтари 22-сола, афсӯс мехурад, ки вақти зиёдаш дар сомонаҳои интернетӣ мегузарад. Вай донишҷӯст ва мегӯяд бисёр мешавад, ки ҳатто ҳангоми дарсҳо низ “фурсат ёфта”, сайри олами маҷозӣ мекунад. Вале дар умум аз ин кори худ сахт нигарон аст.

е-mail: javonontj@mail.ru

Вақтамро куштӣ, интернет!

5


е-mail: javonontj@mail.ru

6

МУШКИЛОТИ ҶАВОНОН

«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН» №6 (9432), 11 феврали соли 2016

Манзумаи ФИРӮЗ Дар мавзӯи издивоҷи ноболиғон зиёд гуфтаву навишта шуд, вале афсӯс гӯши фарёдшунав нест. Не волидони духтаракони ноболиғ ба сари инсоф омаданду не афроди зангир нафси шаҳвониашонро идора карда тавонистанд! Яъне, зуҳуроти нангини издивоҷи духтаракони ноболиғи ба ҳукми ғунчаи гул ҳанӯз дар ҷомеаи мо идома дорад. Волидони духтаракони ноболиғ боре ҳам андешаи таҳсили фарзандашонро накарда, танҳо дар фикри онанд, ки зудтар онҳоро ба хонаи бахт гусел намоянд. Ҳатто барои он ки издивоҷи ноболиғонро тобиши қонунӣ диҳанд, ба суд муроҷиат намуда, расман иҷозат ҳам мепурсанд. Бино ба иттилои расмӣ додгоҳи ҷумҳурӣ соли гузашта барои хонадоршавии 791 духтари ноболиғ иҷозат додааст. Яъне издивоҷи ноболиғон дар пайи муроҷиати шаҳрвандон ба суд расмӣ гашта, дар ҳолати ятимӣ ва бемории волидон ба хонадоршавии онҳо розигӣ дода мешавад. Инчунин гуфта мешавад, аксари нафароне, ки суд барои хонадоршавии онҳо иҷозат додааст, аз 16-сола боло буда, ҳанӯз ба балоғат нарасидаанд.

 ОБОДОНӢ

Издивоҷи ноболиғон мушкилотро меафзояд Ҳуқуқшинос Қаюм Юсуфов дар мавриди иҷозат гирифтани ноболиғон барои издивоҷ мегӯяд, ки “тибқи талаботи Кодекси оилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон (Моддаи 13) синни ақди никоҳ аз ҳаждаҳсолагӣ муқаррар карда мешавад. «ҚҶТ 21.07.2010 №613». Дар ҳолатҳои истисноӣ суд ҳуқуқ дорад дар асоси хоҳиши шахсони издивоҷкунанда синни ақди никоҳи дар ҳамин модда барои марду зан муқарраршударо ба муҳлати на бештар аз як сол поин барад. Ариза тибқи тартиби пешбурди алоҳида, дар суди маҳалли истиқоматии шахсе, ки синнаш кам карда мешавад, баррасӣ мегардад. Ҳуқуқи оид ба ҳамин масъала муроҷиат намудан ба суд аз ҳабдаҳсолагӣ фаро мерасад. «ҚҶТ 21.07.2010 №613». Ҳамчунин мавсуф илова мекунад, ки ин ҳолат тибқи талаботи қонун сурат мегирад ва ягон қонуншиканӣ ҷой надорад. Тибқи талаботи Кодекси граждании Ҷумҳурии То ҷ и к с и т о н эмансипатсия низ пешбинӣ карда шудааст. Агар ноболиғон то ба 18-солагӣ расидан никоҳ банданд, онҳо дорои ҳуқуқҳои пурра мегарданд. Яъне пеш аз муҳлат дорои қобилияти амал кардан мешаванд. А м м о Қосимзода Идигули Тағо, раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати

кишвар, зимни суҳбат издивоҷи ноболиғонро маҳкум карда гуфт, ки ноболиғон барои никоҳ ва оиладорӣ омода нестанд. Дар ҳолати иҷозати издивоҷи ноболиғон аз ҷониби додгоҳ ҳисси ин ноболиғон бояд ба назар гирифта шавад. Ба гуфтаи мавсуф, бо волидон ва ноболиғон равоншиносон бояд машварат ва маслиҳатҳои муфид гузаронанд. “Дар Кумитаи кор бо занон ва оила утоқи равоншинос фаъол аст ва волидон ва ҷавонон метавонанд муроҷиат намоянд. Ноболиғон ё ҷавонон дар давраи гузариш қарор доранд ва дар байни онҳо фаҳмондадиҳӣ ба таври орому маҳин гузаронида мешавад. Дар ин давраи хеле мушкил барояшон дар вақти муносибати ҷиддӣ ва тунд метавонанд ба худкушӣ ва дигар амалҳо даст бизананд”, - афзуд раиси Кумитаи кор бо занон ва оила. Идигули Тағо дар ҳоле аз худкушӣ ҳ а р ф мезанад, ки ҳолатҳое шудааст, баъди фотиҳаву

издивоҷи ноболиғон ё афроди ба синни никоҳ нарасида онҳо ба худкушӣ даст мезананд. Ё баъди зиндагии кӯтоҳ оилаи онҳо пош мехурад, ки ҷавон дар нимароҳи зиндагӣ бе маълумот ва дониши қавӣ дар хонаи падар низ зери таъна ва хушунати наздикон қарор мегирад. Танҳо баъди пош хурдан ё зери хушунат мондани фарзанд волидон аз иштибоҳи кардаи худ пушаймон мешаванд, вале дигарбора суде намебахшад. Тибқи иттилои Вазорати корҳои дохила дар миқиёси ҷумҳурӣ 624 ҳодисаи худкушӣ ва сӯиқасд ба худкушӣ ба қайд гирифта шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 74 ҳолат бештар аст. Аз шумораи мазкур 106 нафарро ноболиғон ташкил медиҳанд. Дар нишасти матуботии Кумитаи кор бо занон ва оила низ иттилоъ дода шуд, ки теъдоди духтарони ноболиғе, ки шавҳар кардаанд, 89 нафарро ташкил дода, нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 20 ҳолат кам мебошад. Инчунин, аз нимсолаи дуюми соли 2015 дар Кумитаи кор бо занон ва оила утоқи равоншиносон ва телефони боварӣ фаъол аст, ки то ба имрӯз 64 нафар аз ҷониби масъулин қабул карда шудаанд. Тавассути телефони боварӣ муроҷиати 18 нафар ба қайд гирифта шудааст. Дар давраи ҳисоботӣ д а р

Бардошти маънии хом

www.javonon.tj

Дар ҷамъомади парлумонии Иттиҳоди Аврупо, ки таҳти унвони «Мусоидат барои беҳтар гардондани фазо барои фаъолияти ҷомеаи шаҳрвандӣ дар Осиёи Марказӣ» баргузор гардид ва аз 25 то 29 январи соли равон дар пойтахти Белгия - шаҳри Брюссели ҷараён дошт, гурӯҳе аз номи Тоҷикистон иштирок карданд.

Дар он танҳо нафароне даъват шуда буданд, ки аз миллат ва халқи хеш интиқод мекарданд. Масалан, Файзиниссо Воҳидова, Шокирҷон Ҳакимов ва фирориёни дар ба дари хоҷагони аҷнабӣ Додоҷони Атовулло ва Собир Валиев. Ба ном фаъоли ҷомеаи маданӣ ва ҳуқуқшиноси варзида Шокирҷон Ҳакимов баъди бозгашт бемантиқона мегӯяд, аврупоиҳо мехоҳанд, Тоҷикистон бо ҳамаи давлатҳо ҳамкории баробар ба роҳ монад. Ин сухан дар ҳоле садо медиҳад, ки сиёсати «дарҳои бози» давлати Тоҷикистон ба кулли мамолики дуру наздик маълум аст. Вай ин бор худро иқтисодшинос нишон доданӣ шуда, аз муносиботи дӯстона миёни Тоҷикистон ва Русия интиқод мекунад, ки «Чунин як вобастагӣ чандон имкони рушди беҳтареро намедиҳад. Аз ин рӯ, бояд бо Чину Эрон, кишварҳои узви Иттиҳоди Аврупо ҳамкории баробар дошта бошем ва кӯшиш кунем, ки аз ҳеҷ кишвар вобаста набошем». Дар асл Тоҷикистон вобастаи ягон давлат нест.

Равобити наздик бо Русия натиҷаи ҳамкориҳои судманд мебошад. Тоҷикистон бо Чину Эрон низ равобити ҳасана дорад. Мавқеи Чин дар сохтмони роҳу пул ва нақбҳо баръало намоён аст. Эрон ҳам дар сохтмони нерӯгоҳҳо ва дигар иншоот муносибати мутақобила дорад. Вале онро надидану дарк накардан аз фаросати ҳар як фард вобаста аст. Шокирҷон Ҳакимов мегӯяд, вакилони Иттиҳоди Аврупо то ҳол гумон доштанд, ки ҷомеаи шаҳрвандии Тоҷикистон рушд кардааст ва дар мубориза бо фасодкорӣ чашмрас аст. Аммо фаъолони ҷомеаи шаҳрвандӣ ба аврупоиҳо гуфтаанд, ки ҷомеаи шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон дар пешгирӣ аз амалҳои коррупсионӣ ҳеҷ нақш надорад ва саҳмаш дар татбиқи лоиҳаҳои сармоягузорӣ ва харҷи мақсадноки ин маблағҳо ночиз аст. Дар ин ҷо ба ҳар як хонандаи гиромӣ маълум аст, ки дар пушти ҳар созмону ташкилоте, ки бо номи ҷомеаи шаҳрвандӣ фаъолият мекунад, ҳатман, дасти баъзе

марказҳои иттилоотӣмашваратии шаҳру ноҳияҳо 8841 нафар муроҷиат намудаанд. Бештари онҳо оид ба хушунати хонаводагӣ, зӯроварии оилавӣ ва гирифтани маслиҳатҳои ҳуқуқӣ муроҷиат кардаанд. Оид ба барвақт ба шавҳар додани ноболиғон муроҷиат накардаанд, вале буҳронҳои синну солие, ки доранд, ноболиғон муроҷиат мекунанд. Зарина Кенҷаева, равоншиноси Ташкилоти “Боварӣ ба фардо”, мегӯяд, ба ташкилоти онҳо муроҷиати духтарони ноболиғ, ки оилаи онҳо вайрон шуда, зери хушунати хонаводагӣ қарор гирифтаанд, хеле зиёд аст. Инчунин илова кард, ки бештари маврид мардон кӯшиш мекунанд, ки бо духтарони синну соли 16-17сола издивоҷ бикунанд, вале оқибат духтарон зери таҷовузи онҳо мемонанд. З. Кенҷева мегӯяд, ин духтарон ба ҳадде аз зиндагӣ дилсард гаштаанд, ки ба худкушӣ моиланд. Зимнан, ҳифзи ҷони ҳар шаҳрванд вазифаи мақомот аст. Пас, вақте барои издивоҷи ноболиғон иҷозат сурат мегирад, бояд дар назар гирифт, ки аксари ин издивоҷҳо ба нохушӣ анҷом мепазиранд ва оқибати бисёре аз онҳо ҳатто ба марг мерасад. Аз ин рӯ, ҳини додани иҷозат ба издивоҷи барвақтӣ ин паҳлуи масъала бояд сарфи назар нашавад. Чун аз ин маргумиру хушунату як қатор проблемаҳои дигари марбут ба оиладорӣ ва умуман иҷтимоъ афзуда, дар маҷмуъ ба рейтинги кишвар дар миқёси байналмилалӣ латма мезанад. Аз табобати беморӣ дида пешгирии он беҳтар аст, мегӯянд. Пас хуб нест, ки пеш аз вайроншавии оилаҳое, ки бо духтарҳои ноболиғ сурат гирифтаасту оқибаташ пушаймониву надомат ва ангушт ба дандон гирифтан аст, андеша карда, онҳоро хононем, соҳибмаълумот созем, баъд ба ҳаёти мустақил гусел кунем? Ба андешаи мо, ин беҳтар мебуд.

созмонҳои аврупоӣ ба назар мерасад. Ҳарчанд иштирокдорон даъво пеш меоранд, ки ин ҳамкориҳоро бар пояи то куҷо риоя шудани ҳуқуқи инсон ба роҳ монда хоҳад шуд. Ташкилотҳои хориҷӣ худро бо истифода аз пайравони гумроҳ муҳофизи ҳуқуқи башар, озодии эътиқоду сухан муаррифӣ намуда, мавқеи ифротиву ҷудоиандозиро пеш мебаранд. Файзиниссо Воҳидова дар нишаст тасаввуроти нодуруст бардоштааст. Барои ҳамин даъво дорад, «Аз сӯҳбатҳое, ки мо бо шахсони масъули парлумони Иттиҳоди Аврупо доштем, бароямон рӯшан шуд, ки онҳо мехоҳанд, ин кишварҳо аз хатари терроризм эмин бошанд, миёни ҳам рафтуомади озод дошта бошанд ва дар ҳамкорӣ бо ҷомеаи шаҳрвандӣ иқтисоди худро боло бубаранд». Иштирокдорони чунин нишастҳо диққати ҳамаи касонеро, ки ба қадри озодии ин марзу бум намерасанд ва ободии кишварро намехоҳанд, ба он равона мекунанд, ки гӯё рафтори давлату ҳукумат тамоман қонеъ нагардидани ҳаёти ҷомеа, махсусан, фаъол набудани ҷомеаи шаҳрвандӣ аст ва гумроҳонро маҷбур месозанд аз давлату миллат дур шуда ба онҳо пайравӣ намоянд. Ҳарчанд танҳо давлату ҳукумат қодир аст, ки озодӣ ва эҳтиёҷоти мардумро таъмин намоянд, на ягон таҳриккунандаи хориҷӣ. Рустам РАҲИМОВ


МУСОҲИБАИ “ҶАВОНОН...“

Сайёҳи чуваш Никита Василеви 24-сола якуним ҳафта аст, ки дар Тоҷикистон қарор дорад. Ӯ 17 октябри соли 2015 тавассути дучарха (велосипед) аз шаҳри Чебоксарии Чувашистон (Федератсияи Русия) зиёда аз 3600 километрро тай намуда, ба шаҳри Душанбе расид. Никита чанде пеш меҳмони «Ҷавонони Тоҷикистон» шуд. - Сафар ба хайр, Никита! Саёҳати чормоҳа чӣ гуна гузашт? - Вақте аз зодгоҳам шаҳри Чебоксарӣ ба сафар баромадам, тирамоҳ буд. Бо хатсайри ЧебоксарӣҚ а з о н -Уф а - О р е н бу р гАктюбинск-Аралск-ЧимкентТошканд-Хуҷанд-Душанбе ба ин ҷо расидам. Аз нисф зиёди фасли зимистонро дар роҳ тай кардам. Ин сафар чор ҷумҳурӣ: Федератсияи Русия, Қазоқистон, Узбекистон ва Тоҷикистонро дар бар гирифт. Ман одатан дар меҳмонхонаҳо нанишастам. Бо худ хаймаву бистар дорам. Баъзан маро иддае ба хонаҳояшон даъват мекунанд. Шукр, ки дар дунё одамони хайрхоҳ зиёданд. - Тоҷикистонро чӣ гуна дарёфтед? - Ҳавои моҳи январии Тоҷикистон мисли баҳор буд.

Ҳатто дар ағбаи Анзоб ҳарчанд барфи зиёд борида бошад ҳам, чандон хунукиро эҳсос накардам. Танҳо 2-3 рӯзи охир каме ҳаво серборишу сард шуд. Ман ба Тоҷикистон бори аввал омадам. Сарзамини кӯҳсори манзараҳояш дилкаш аст. Бори охир чунин кӯҳҳоро дар Қафқоз дида будам. Соли гузашта 5 моҳ сайри Қафқоз намудам. Тамоми ҷумҳуриҳои ин минтақаро тамошо карда, бо хотироти бой баргаштам. Қафқозиҳо низ мисли мардуми тоҷик меҳмоннавозанд. - Ҳангоми сафар ба мушкилиҳо дучор нашудед?

будааст, ки каме боиси сарсонию талафи вақт мешавад. Масалан, меҳмони ин ҷумҳурӣ бояд баъди 3 рӯз аз қайд гузарад. Дар масъалаи забон ба мушкилӣ дучор нашудаам. Зеро дар кишварҳои собиқ шӯравӣ аксари мардум забони русиро медонанд. Ҳар куҷо, ки равам, хотироти сафарамро бо аксҳоям зуд дар блоки худ мегузорам. Ҳар ҳафта рӯзномаҳои Чувашистон хотираҳоямро ба табъ мерасонанд. - Сайёҳони собиқи рус дар баробари саёҳат имконияти ҳамкориҳои иқтисодиро низ меомӯхтанд. Шумо ба ин масъа-

бораи ҳар диёр мухтасар чизҳои дидагиамро менависам. Ҳар соҳибкоре, ки хоҳони ҳамкорӣ бошад, ба осонӣ аз интернет дар бораи имкониятҳо метавонад маълумот гирад. Агар дар бораи ҳамкориҳо сухан гӯем, дар Тоҷикистон маҳсулоти қаннодии фабрикаи «Акконд»-и Чебоксариро дидан мумкин аст, ки хеле шуҳрат дорад. Аз Тоҷикистон меваю сабзавоту полезӣ, хушкмеваю консерваро метавон ба Чувашистон содир кард. - Ҳоло чӣ нақша доред? - Мехоҳам ин рӯзҳо ба Ҳисор равам. Шунидам, ки он

Мехоҳам бо дучарха сайри ҷаҳон кунам - Касе, ки ба сафар мебарояд, бояд қаблан ба мушкилиҳо омода бошад. Азбаски фасли зимистон аст, барфу борон мебораду сардию намӣ таъсир мерасонад. Дар масъалаи амният бошад, ягон мушкилӣ эҳсос накардам. Танҳо дар Узбекистон қоидаҳое

ла таваҷҷуҳ намудаед? - Рости гап, ман нозукиҳои тиҷоратро чандон хуб сарфаҳм намеравам. Саёҳатро бо мақсади ошно шудан бо манзараҳои ҳар кишвар, бо расму оин, тарзи хӯрокпазӣ, мусиқии халқҳои гуногун ихтиёр кардаам. Ман дар

7

таърихи зиёда аз 3000-сола ва қалъаи қадима доштааст. Мехоҳам чойхонаи «Харбуза»ро низ бубинам. Аз он ҷо ба самти Қӯрғонтеппа рафтаниам. Ният доштам, ки якбора Афғонистонро низ бубинам, вале вазъият имкон намедиҳад.

е-mail: javonontj@mail.ru

Сайфиддин СУННАТӢ

«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН» №6 (9432), 11 феврали соли 2016

Зимистонро дар Осиёи Марказӣ гузаронида, сӯи Шарқи Дур роҳ мегирам. Худо хоҳад, сафарамро дар шаҳри Владивосток ба поён расониданиам. Дар маҷмуъ ин сафари ман, ки аз тирамоҳи соли гузашта оғоз ёфт, 2 солро дар бар хоҳад гирифт. - Оё саёҳат ба ҷараёни таҳсил халал намерасонад? - Ман дар факултети географияи Донишгоҳи давлатии омӯзгории Чебоксарӣ таҳсил мекунам. Бори аввал 2,5 сол ба сафари дучархасаворӣ баромада будам. Ин дафъа ду сол баъди саёҳат таҳсилро идома хоҳам дод. Мехоҳам тамоми ҷаҳонро бо дучарха сайр кунам. Забони англисиро меомӯзам. Зеро он дар сафари мамолики дурдаст ба кор хоҳад омад. Саёҳат бо дучарха як навъ обутобдиҳии бадан низ ҳаст. То ин дам аз ҳама зиёд дар як рӯз 245 километр роҳ паймудаам. Туризм қосиди сулҳ аст. Рушди ин соҳа ба наздикшавии халқҳо мусоидат мекунад. Ман ҳамеша ҳангоми мулоқот бо хонандагони мактабҳову донишҷӯён ин нуктаро таъкид менамоям. - Ба Шумо роҳи сафед орзу мекунем! - Ташаккур!

 НИГОҲИ ДИГАР

“Валентини бузург” ва фарҳанги ғайр Дар Аврупо ҳар сол 14 феврал “Рӯзи Валентини бузург” таҷлил мешавад. Онро иди ошиқон ҳам ном мебаранд. Агарчи хоси фарҳанги аврупоист, вале дар ватани мо ҳам иддае аз ҷавонон ба он таваҷҷуҳ доранд.

туҳфа карда, бахшида ба рӯзи Валентини Муқаддас изҳори муҳаббат мекунанд. Тайи чанд сол аст, ки дар арафаи ин рӯз дар маконҳои гулфурӯшии пойтахт сафи харидорон ба тадриҷ меафзояд. Ҳатто дар ин мавсим дар чандин муассисаҳои фарҳангии кишвар бахшида ба рӯзи “иди ошиқон” консертҳо баргузор мегарданд. Масалан, имсол Кохи Ҷомӣ намоиши филмеро барои ин рӯз бахшидааст, Филармонияи давлатии Тоҷикистон ба номи Акашариф Ҷӯраев сарояндаи рус Саро Варданянро барои болида гардонидани ҷавонони ошиқ ба Тоҷикистон даъват кардааст. Ҳусейн Маҳмудов як ҷавонест, ки аз таҷлили ин ҷашн хурсанд аст. Ӯ мегӯяд: “Ҳамин қадар ишқу муҳаббат мегӯему як рӯзро ба ин муносибат ҷашн гирем чӣ бадӣ дорад?”. Аммо бар хилофи ин гуфтаҳо бисёре аз ҷавонон онро хилофи суннати шарқиёнаи мо дониста, таҷлилашро қабул надоранд. Суҳроб ном ҳамсуҳбати ҷавони мо дар тасдиқ ба гуфтаҳои боло гуфт, ин иди берун аз мантиқ аст. Чун дар ин рӯз ишқ ба маънои шаҳват табдил

Хуршед МАВЛОНОВ, “ҶТ”

www.javonon.tj

Дар бораи Валентини бузург қиссаҳои гуногун вуҷуд дорад. Гуфта мешавад, Валентин дар аввал духтур буд ва баътар рӯҳонӣ шуду ба никоҳи пинҳонии дӯстдоштагон пардохт. Шоҳ аз ин кори ӯ огоҳ шуда, барои ин амали ғайриқонунии зишташ ӯро равонаи зиндон кард. Дар зиндон Валентини муқаддас бо духтари зиндонбон Юлия ошиқ мешавад ва номае бо унвони «Валентини ту!» навишта, изҳори муҳаббат мекунад. Барои ин амалаш ӯро 14 феврал ҳукми қатл медиҳанд. Ривояти дигаре низ мавҷуд аст, ки

гӯё дар Рими қадим Валентин шахс як рӯҳони будааст ва ӯ аввалинбор пинҳонӣ ду ҷавони ходимашро дар шакли кор бурдан аз имони нави масеҳӣ никоҳ мекунад. Барои ин амалашон ҳар серо зиндон мекунанд. Валентин аз табақаи болои маҳсуб меёфт ва метавонист аз зиндон раҳо ёбад, аммо ба хотири дилдодагон зиндонро ихтиёр менамояд. Ба ҳардуи дилдодаҳо як нома менависад ва дар болояш дили сурх мекашад, ки маънояш муҳаббати масеҳист. Бо вуҷуди хоси масеҳият буданаш “Рӯзи ошиқон” ё “Рӯзи Валентини бузург” ба зиндагии ҷавонони Тоҷикистон ҳам ворид шудааст. Чанд сол қабл “рӯзи ошиқон”-ро танҳо дар шаҳр ҷашн гирифта мешуд. Он ҳам бошад чандон бо дабдаба набуд. Вале мушоҳида мегардад, ки ҷавонон ба он таваҷҷуҳ доранд ва 14 феврал ба дӯстдорҳояшон ҳадя мекунанд. Дар ин рӯз ҷавонон барои дустдухтар ё дустписарашон гул (оддатан як гул) бо навиштаҷот, паёмакҳои ошиқона, пуфаку кортҳои махсус (аксар вақт дар шакли дил), шеърҳои ошиқона

шуда аст, на ба маънои аслии ишқ. Имрӯз ошиқон бисёр шудаанд, вале оё хушбахт мешаванд ё не?” Абдулқодири Рустам, устоди ДМТ таҷлили ин идро боиси коста шудани маънавиёти ҷавонон медонад. “Ин тақлиди кур-курона ва гувоҳ бар инҳитоти маънавии тоҷикон аст”,- мегӯяд ӯ. Аз рӯи солшуморӣ “иди ошиқон” таърихи қадима дорад. Он асосан хоси фарҳангӣ масеҳиён ба ҳисоб меравад. Ба Тоҷикистон ба таври таҳмилӣ ворид шуданӣ он бе шубҳа аст, он хоҳу но хоҳ ҷиҳати манфиро дар худ дорост. Дар Узбекистон ин рӯзро ба бузургдошти Бобуршоҳ табдил дода, дар Арабистони Саудӣ барои таҷлил кардани «рӯзи ошиқон» ба ҳар нафар ҷазову ҷарима пешбинӣ шудааст. Моро мебояд, ки барои таҳкими худшиносии миллӣ, фарҳангӣ ва таърихӣ барои насли ҷавони ояндасози кишвар дар ин самт чораҳои созанда андешем. Вагарна чанг задан гоҳ ба фарҳанги ғарбиву гоҳ ба фарҳанги арабӣ моро ба ҷое намерасонад. Балки ҳамвора дар калавишу лағжиш қарор медиҳад.


www.javonon.tj

е-mail: javonontj@mail.ru

8

«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН» №6 (9432), 11 феврали соли 2016

Табиб аз модар ғамхортар бошад

- Шумо, насли имрӯзаи табибон хеле хушбахтед. Ман дар ин шуъба чанд нафар беморро бо сабаби набудани дастгоҳҳои одитарини ташхис аз марг наҷот дода натавонистам. Гоҳо беморонро барои ташхиси майнаи сар ба Тошканд, Киев, Москва равон мекардем. Имрӯз ҳама дастгоҳҳои ҳозиразамон ҳаст. Ин шароит ва кор бо чунин таъминоти техникии тиббӣ ва ин раванди корро мо орзу мекардем. Сӣ сол пеш ҳангоми такмили касб дар шаҳри Киев мо дастгоҳҳои ташхисро дида, онро чун муъҷиза қабул кардем. Дар воқеъ соҳаи тандурустии кишвар бо туфайли саъю талоши Сарвари давлат бо суръати баланд пеш рафта истодааст. Аз ҷониби дигар мо иттилоъ дорем, ки хизматрасонии тиббӣ ба мардум нисбат ба дигар ҷумҳуриҳои собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ дастрас ва арзонтар мебошад. Мо, кормандони соҳа ба хубӣ дарк мекунем, ки инкшофи ҷомеа ба насли солим, шаҳрвандони тандуруст ва неруманд сахт марбут аст. Аллахусус бахши табобати бемориҳои асаб дар шароити хеле шадиди буҳрони молиявӣ, рух додани фалокатҳои табиӣ, даргириҳои низомии ҷаҳонӣ дар мадди аввал меистад. Ман чун намояндаи насли солхӯрда аз кору бори сарвари ҷавони беморхонаи шаҳрӣ Анвар Лолаев нақл мекунам. Ба назди ман чун одами рӯзгордида гурӯҳе аз шифоёфтагони беморхонаи шаҳрии ба номи Аҳмадов омада, дар мавриди фаъолияти башарпарваронаи табиб - мудири шуъбаи бемориҳои асаби беморхонаи шаҳри Душанбе ба номи Карим Аҳмадов духтур Анвар Лолаев номаи арзи сипос оварданд. - Бародарон, барои духтур достону сипоснома даркор нест. Хақашро диҳед тамом! луқма партофт мухбири ҷавоне. - Додарам, ин табиб дар умраш як дирами беморро нагирифтааст. Баръакс аз имконоти моддии худаш беморонро табобат мекунад,ошуфтаҳолона гуфт бемор. Барои нуқта гузоштан ба ин баҳс мо ба шифохона омадем. Аз тамошои саҳни беморхона аён буд, ки дар ин ҷо тартиб, низом ва тозагии намунавӣ ҷорист. Ба ошхонаи ин шуъба даромада, бо корафтодагону духтурон дар мавриди фаъолияти табиб Анвар Лолаев суҳбат кардем. Ҳама бо як овоз тасдиқ намуданд, ки Анвар Лолаев хизматрасонии тандурустиро бепул анҷом

медиҳад. Ба ҳуҷраи табобатии рақами 1 даромадем. Он ҷо раиси ҷанговарони интернатсионалисти ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе Тоҷиддин Шарифов табобат мегирифт. - Ман шаш маротиба ин ҷо бистарӣ шудам. Ҷои хоб, хизматрасонӣ, хурду хӯрок, ҳама гуна доруҳо бепул буда, муносибати духтурон ба дараҷаи олист. Барака ёбад Анвар Лолаев, ки дар чунин замони ба мардум душвор ба мо ин қадар ғамхорӣ менамояд. Чунин дилсӯзиро танҳо аз падару модар, пайвандонат чашмдор шудан мумкин аст, - гуфт Тоҷиддин Шарифов. Ниҳоят бо Анвар Лолаев дар бинои КТН «Шарқи озод» суҳбат намудем. Аз суҳбат маълум гардид, ки барои дастгирии қишри махсуси ҷомеаи пойтахт - ба иштирокдорони Ҷанги Бузурги Ватанӣ, ҷанговарони интернатсионалист, иштирокдорони ҳодисаи Чернобил табобат ва хизматрасонии тиббии ройгон ба роҳ монда шудааст. Фақат соли 2015 дар ин шӯъба 131 нафар, аз ҷумла 14 нафар ҷанговари интернатсионалист ройгон табобат гирифтаанд. Диққати моро номи беморхона ба худ кашид. Карим Аҳмадов иштирокчии Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945, физиологи машҳур, доктори илмҳои тиб, профессор ва ходими намоёни ҷамъиятӣ буд. Солҳои 1953 то 1957 ба ҳайси вазири тандурустии Тоҷикистон давраи аввали ислоҳоти соҳаи тандурустиро амалӣ намудааст. Анвар Лолаев дар мактаби бузурги асабшиносони тоҷик - шодравон Абдумаҷид Пӯлодов ва доктори илмҳои тиб, профессор, маъруфтарин табиби бемориҳои асаб Шералӣ Раҷабалиев камол ёфтааст. Абдумаҷид Мусоевич барои Анвар Лолаев аз он лиҳоз азиз аст, ки мавсуф бемориҳои асабро ба воситаи қироати осори шоирони классику муосир табобат мекард. Алҳол ин усул дар Ҷопон, Малайзия, Ҳиндустон васеъ истифода мешавад. Шоҳбайтҳои ҷамъовардаи ӯ ҳоло ҳам роҳравҳои саҳни майдони Маркази миллии тиббии ҷумҳуриро оро медиҳанд. Барои ӯ панди устод Раҷабалиев чун савганди Гипократ муқаддас аст. - Барои чӣ хилъат ранги сафед дорад? Ягон кас кӯшиши ҷавоб додан накунед. Медонам, ки мегӯед ранги сафед аз нигоҳи рифоҳӣ муҳим аст. Не, асло не, ранги сафед рамзи поктинатӣ, беғуборӣ, шаффофияти амали табиб аст. Ин ранг бо андак амали беҷо доғдор мешавад,- таъкид мекард Шералӣ Раҷабалиев ба шогирдонаш. Ҳамзамон устод ба шогирдон мегуфт, ки барои табобат ба духтур се чиз зарур аст: дониш, собиқа ва забон. Агар табиб забони хуш, лаҳни дилсӯзона надошта бошад, донишу собиқа ба кор нахоҳанд омад. Бо беморон аз шоҳӣ мулоимтар, аз модар ғамхортар бошед. Инак, Анвар Лолаев низ мактаб, маҳфил ва равияи хоси худро дорад. Табибони ҳозиқу мушфиқ Хайрулло Иззатов, Заррина Раҳматова, Маҳбуба Самиева, хоҳарони шафқат Парвина Исҳоқова, Анора Турсунова табибони азизи ҳамагон мебошанд. Барои Анвар Лолаев се чиз бегона аст: забони чинӣ, маҳал, дороии бемор. Дар ин шифохона табибе аз беморе чашми тамаъ надорад. Шуъбае, ки Анвар Лолаев кор мекунад, барои корафтодагон, беморон муттакои зиндагӣ, идомаи умр ва ғунчаи умеди фардост. Ш. НАҶМИДДИН К. АҲМАДӢ

МИНБАРИ АНДЕША

Агар табиб забондон бошад... Дар шароити имрӯза, донистани забнҳои хориҷӣ бахусус, забони англисӣ барои ҳар яки мо ҷавонони кишвар, новобаста аз шакли фаъолият бенияҳоят муҳим аст. Зеро пеш аз ҳама донистани забонҳои хориҷӣ барои таҳкими дӯстӣ ва ҳамдигарфаҳмии байни миллатҳо мусоидат менамояд. Шумораи умумии забонҳо дар дунё наздик ба панҷ ҳазор аст. Дар замони иттилоотӣ: дар замоне, ки ҳудуди байни мардумон фаррох гардида истодааст дониши хуби забонҳои хориҷӣ истифодаи шароити васеи бемаҳдудро имконият медиҳад. Дониши забонҳои хориҷӣ ин пайравӣ ба муд набуда, балки имконияти як намояндаи комилҳуқуқи ҷомеаи ҷаҳонӣ будан аст. Аз ҷумла, нақши забонҳои хориҷӣ дар таълим ва тайёр намудани мутахассисони соҳаи тандурустӣ басо муҳим буда, аз манфиат холӣ нест. Омӯзиши забон як ҷаҳиши бузург дар рушди шахсият аст. Инсон забони хориҷиро аз худ карда тасаввуроти худро васеъ мегардонад. Чунин одамон назар ба онҳое, ки тамоми умр танҳо бо забони модарии худ сухан мегӯянд ва таълим мегиранд, зудтар ба саволҳои гузошташуда посух меёбанд. Олимон исбот намудаанд, ки омӯзиши забонҳо ба инкишофи баъзе қисмҳои мағзи сар мусоидат менамояд. Дар фаъолияти касбии тиббӣ ва таълимӣ бошад аҳамияти омӯзиши забони хориҷӣ ниҳоят вусъат ёфта истодааст ва ҳамчун як ҷузъи ҳатмии омодагии мутахассисон баррасӣ мешавад. Донистани забонҳои хориҷӣ ба кормандони ояндаи соҳаи тиб имкон медиҳад, ки тахассуси худро такмил дода, сатҳи дониши худро сайқал диҳанд. Дар замони ҳозира бо донистани забонҳои хориҷӣ имконияти омӯзиши ҳар гуна адабиёти тиббӣ, мақолаҳо, сомонаҳо, корҳои тадқиқотӣ бо забони хориҷӣ имконпазир аст. Агар табибони оянда забонҳи хориҷиро донанд, метавонанд бе ягон мушкилӣ дар конфронсҳои байналмилалӣ ва анҷуманҳо иштирок намоянд. Дар шароити мавҷудаи дигаргуншавиҳои иҷтимоӣ-иқтисодӣ дар ҷомеа, илм, иқтисодиёт, истеҳсолот, ки ба пайдоиши намудҳои нави фаъолияти касбӣ пайванд мебошанд, тайёр намудани мутахассисони салоҳоиятноки тиббӣ амри зарурист. Дар айни замон тайёр намудани мутахассисони баландихтисоси соҳаи тиб вазифаи аввалиндараҷаи макотиби олӣ ва миёнаи махсус мебошад. Дар ҳоле ки як шаҳрванди хориҷӣ ба нигоҳубини тиббӣ ниёзманд мешавад, агар табиб забони англисиро донад метавонад, ки бе кумакӣ тарҷумон муолиҷааш кунад, ки ин ҳам ба манфиати кор ва ҳам боиси обрӯи хоса пайдо кардани табиб мешавад. Бояд қайд кард, ки мавҷудияти донишҳои лингвистӣ ба табибони оянда имконият медиҳад, ки онҳо аз навигариҳои касби худ бохабар бошанд, бо дастовардҳои илмии ҷаҳонӣ мусаллаҳ гарданд ва ин навигариҳоро дар таҷрибаи кори худ истифода барад. Зеро дар оянда нақши забони англисӣ ҳамчун воситаи муоширати ҷаҳонӣ инкишоф ёфта, воситаи асосии муошират хоҳад шуд. Хайринисо НИЁЗОВА, раиси Созмони ҷавонони Колеҷи тиббии Қурғонтеппа


МИНБАРИ АНДЕША

Сарварбӣ тавонистааст бо меҳнати ҳалол ва иродаи қавӣ аз омӯзгори оддӣ то сарварии мактаб бирасад. Ин бонуи заҳматкаш чор сол мешавад, ки дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 57-и ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе мудир аст. Бар дӯши вай бори таълиму тарбияи фарзандони миллаташ истодааст. Ӯ инро медонад ва сахт кӯшиш мекунад, ки ба шогирдон сабақи даркорӣ диҳад. Сабақи ҳаёт, сабақи одамгарӣ... Ман Сарварбӣ Хидироваро як бонуи дилсӯзи касби хеш, як фидоии соҳаи маориф дарёфтам. Ҳини суҳбат бо ин зани маърифатпарвар пай бурдам, ки ғамхори насли наврас аст. - Инсон ба ин дунё танҳо як маротиба меояд ва ин омадан хушку холӣ нест, балки ҳар инсонро масъулияту рисолати хосае ҳаст, - мегӯяд С. Хидирова. – Ин рисолат марбут ба он аст, ки кас дар кадом самту соҳа фаъолият мебарад. Агар

 НАБЗИ ҶАҲОН

Профессор Ҷессика Стерн яке аз коршиносони соҳибэҳтирому варзидаи ИМА оид ба терроризм аст. Маҷаллаи “Time” ӯро дар қатори 100 шахси ҷасури дунё шомил карда буд. Аз ҳаёташ филм ҳам бардоштаанд. Вале, гузашта аз ин ҳама, асарҳои Стерн дар ИМА ба рӯйхати китобҳое вориданд, ки бештар ба фурӯш мераванд ё ба истилоҳ бестсэллеранд.

омӯзгор аст, дар омӯзгорӣ, агар сиёсатмадор аст дар сиёсат, вале дар хизмат ба халқ бояд рисолаташро анҷом диҳад. Кори омӯзгорӣ саҳл нест, вале омӯзгор бояд фаромӯш насозад, ки масъули тарбияву таълими фарзанди халқ аст. Ба ибораи дигар оқил ё ҷоҳил ба воя расидани насл, хусусан насли наврас, ки бе шакку шубҳа ояндаи миллат аст, ба омӯзгор сахт вобастагӣ дорад. Инро ҳеҷ як омӯзгор набояд аз мадди назари хеш дур нигоҳ дорад. Андешаҳои ин бонуи ғамхор касро ба фикр водор месозад. Беихтиёр ба худ мегӯям, агар ҳама бонувон, хоса ҳама муаллимин мисли ӯ мебуданд, насли навраси мо як насли дурахшону заковатманде ба воя мерасид. Сарварбӣ Хидирова шиори зебоеро асоси зиндагӣ ва кору фаъолияти худ қарор додааст: Ба гулзори ҳаёт аз баҳри худ не, Барои дигарон бояд шукуфтан. Ман ба тарҷумаи ҳоли Сарварбӣ таваҷҷуҳ намуда, ба хулоса расидам, ки ӯро ҳамин андешаҳояш, балки ҳамин равиши зиндагиаш дар зинаҳои гуногуни пешаи омӯзгорӣ таҷриба додааст. Яъне, ақидаҳои бунёдӣ ва созгораш дар соҳаи омӯзгорӣ ӯро аз дараҷаҳои ибтидоӣ то роҳбарӣ овардааст. Бешубҳа, рисолати инсонии шахс ин аст, ки обод созаду меҳр бахшояд, чароғи аҷдодиро бо нури маърифат биорояд. Инсони комил онест, ки пайваста дар пайи рушду нумӯи диёраш, болидагии рӯҳу хотири мардуми кишва-

“Занон дар ҷомеаи имрӯзаи мо нақш ва мавқеи басо муҳим доранд”

Эмомалӣ РАҲМОН

раш талош меварзад. Ин нишонаҳоро, бемуҳобо мегӯям, дар Сарварбӣ Хидирова мушоҳида кардам. Барои вай ҳамчун як сарвари кордон хушбахтӣ ва муваффақияти атрофиён болотар аз саодати худи ӯст. Ин бешак сифати як педагоги асил аст. Сарварбӣ Хидирова зодаи шаҳри бостонии Кӯлоб аст. Соли 1959 дар оилаи коргар таваллуд шудааст. Фаъолияти омӯзгории Сарварбӣ соли 1982, баъди хатми Донишгоҳи давлатии омӯзгории шаҳри Кӯлоб аз муассисаи рақами 5-и ноҳияи Қубодиён оғоз ёфт. Сипас соли 1992 ба зодгоҳаш шаҳри бостонии Кӯлоб фиристода шуда,

дувоздаҳ сол фаъолият кард. Дар ин муддат аз роҳбари методию маҳфили боғи кӯдакон (1992-1994), ҳамчун муаллими фанни забон ва адабиёти рус дар мактаби рақами 9 (1994-2004) ва ҷонишини директори мактаб софдилона кор карда. Бо тақозои зиндагӣ соли 2004 дар пойтахт зиндагӣ ихтиёр намуд ва то имрӯз дар соҳаи маорифи шаҳри Душанбе фаъолият дорад. Аз соли 2004 то моҳи майи соли 2012 дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 19-и ноҳияи Синои пойтахт ба ҳайси ҷонишини мудир оид ба корҳои тарбиявӣ, ҳамзамон муаллими забон ва адабиёти рус кор кардааст. Бо ташаббуси Сарварбӣ барои рушди таълиму тарбияи насли наврас дар мактаб як қатор чорабиниҳои адабиву фарҳангӣ бо иштироки шоирони шинохта Норинисо Алимуҳаммадова, Меҳринисои Бобобек, Шаҳрияи Аҳтамзод, Маликаи Аваз ва дигарон баргузор шудаанд. С. Хидирова бо ифтихорномаву сипосномаҳои шуъбаи маорифи ноҳияи Сино ва Раёсати маорифи шаҳри Душанбе қадрдонӣ шудааст. Инчунин, кордониву қобилияти хуби ташкилотчигии ӯро ба назар гирифта, Раёсати маорифи шаҳри Душанбе ин бонуи маорифпарварро моҳи майи соли 2012 ба вазифаи директори муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 57-и ноҳияи Фирдавсӣ таъин намуд. Ҳоло чор сол мешавад, ки Сарварбӣ мудири ин даргоҳ аст ва насли наврасро таълим медиҳад. Мо умед дорем, ки ин сарвари ғамхор барои тарбияи насли наврас дар руҳияи ватандӯстӣ ва пешрафти соҳаи маориф корҳои зиёде анҷом хоҳад дод. Маҳмадҷон САФАРОВ, омӯзгор

“ДИИШ ислом не, дини нав аст!”

Ҷессика Стерн хатар, огоҳии амиқ доштан аз терроризм ва равандҳои террористии ҷаҳони муосир, инчунин донистани он ки терроризм комилан рабте ба дини ислом надорад, бисёр муҳим аст. Таҳлилҳои коршиносони номбурда ҷолиби диққатанд. Хоса он бахш, ки ба ҷавонон алоқа дорад. Муаллифони китоби “ДИИШ: Давлати террор” нақши “Алқоида”-ро дар ташаккули ДИИШ хотиррас шуда менависанд, ки ДИИШ аз бахши дар Ироқбудаи “Алқоида” маншаъ гирифт. “Аз аввал миёни “Алқоида”-и марказӣ ва бахши ироқии он мухолифатҳо вуҷуд дошт. Дар саргаҳи ин ихтилофот Зарқовӣ, лидери “Алқоида” дар Ироқ меистод. Чун Зарқовӣ хеле мутаас-

сиб буда, аз шиддат бештар кор мегирифт ва мусулмонҳои зиёдеро ҳам аз дами теғ гузаронд. Бини Лодан, он замон роҳбари “Алқоида”, мегуфт, ин тарзи муносибат, яъне рафтори Зарқовӣ имиҷи “Алқоида”-ро тира месозад. Аммо лидери ироқии “Алқоида” шиаҳоро ҳадаф қарор дода буд. Ӯ бо ҳамин роҳ – таассуб ва шиддату зӯрӣ муваффақ шуда буд, ки даромади молиашро ҳам афзояд. Ҳоло ин усулро ДИИШ истифода мебарад”. Стерн мегӯяд, дар ДИИШ асосан онҳое ҷамъ шудаанд, ки дар гузашта дар олами ҷиноӣ ташаккул ёфтаанд. Ҷиноят содир кардан кори маъмулии онҳост. Ин ҷо аз нуфузи дин истифода бурда, аъмоли ҷиноятии худро идома медиҳанд. Масалан, Зарқовӣ дар Урдун як ҷинояткори кӯчак буд, бо ташвиқи модараш барои дур шудан аз муҳити ҷиноятӣ ба омӯзиши дин сафарбар шуд. Вале исломро барои идомаи ҳаёти ҷиноятиаш ба кор бурд. Воқеан, ин ки ҷангиёни ДИИШ аслан ҷинояткоронанд, ҷойи баҳс надорад. Чун аксари онҳое, ки аз Тоҷикистон ба ин гурӯҳи террористӣ пайвастаанд, ё ҷинояткоранд ё нашъаманд... Яке аз махсусиятҳои ДИИШ ин аст, ки ин гурӯҳи террористӣ дар тамоми дунё душмандор шуд. Яъне дар тамоми гӯшаҳои

дунё ба он нафрат мекунанд. То имрӯз садҳо ва ҳатто беш аз ин донишмандону олимони дин дар мавриди мазаммати ДИИШ ва ба ислом алоқа надоштани амалҳояш гуфтаву навиштанд. Вале баромадҳои телевизионии олимон, навиштаҳои матбуотии онҳо ба гӯши ҷавонони ба ДИИШ пайваста намерасад. Стерн мегӯяд: “Ноогоҳӣ аз ислом заъфи асосии ҷавонон аст. Дар ин радиф мо ба сарчашмаҳое ниёз дорем, ки ба ҷавононамон (манзур ҷавонони тамоми дунё – Б. У.) чӣ гуна суҳбат карданро бидонанд. Ман фикр мекунам, эҳтиёҷи мо ҷавононе ҳастанд, ки ба ҳамсолони худ бифаҳмонанд, он чи ки ДИИШ анҷом медиҳад, ислом нест. ДИИШ иддао мекунад, ки ба ваҳйи аслии илоҳӣ такя мекунад, аммо дар асл он як чизи навбаромад аст, як дини нав аст. Аммо ислом нест!” - таъкид мекунад Ҷ. Стерн. Воқеан, барои мубориза бо ин вабо – терроризм, ифротгароӣ танҳо бо маърифат ва огоҳии ҷиддӣ доштан аз дин метавон мубориза бурд. Бояд ҷавононро ҳамаҷониба бо маълумот ва донишҳои динӣ мусаллаҳ гардонд. Ноогоҳӣ торикист, зулмат аст. Ноогоҳ намедонад, ки ҳақ дар куҷосту ҳақиқат кадом аст. Ҳар қадар ба-

рои аз дин дур кардани ҷавонон талош сурат бигирад, ҳамон андоза майли насли ҷавон ба равияҳои комилан номатлуб бештар мешавад. Чунки эътиқод ва имондорӣ вобастаи фитрати инсон аст. Касро савқи фитриаш водор месозад, ки ба чизе бовар дошта бошад. Ин хел намешавад, ки кас ба ҳеҷ чизе бовар надошта бошад. Ҳатман ба ягон равия, идеология, дин, мазҳаб эътиқод мекунад. Вале агар ба кас маълумоти ҷоизу дуруст дода нашавад, ӯ ҳатман чанг ба он маълумоте мезанад, ки харобиовар аст. Зимнан, теъдоди онҳое, ки аз кишвари мо ба ДИИШ пайвастаанд, ҳудуди ҳазор нафар арзёбӣ мегардад. Ин рақам, дар ҳақиқат, қобили мулоҳиза аст. Пайвастани ҳазор нафар маънои онро дода метавонад, ки ноогоҳӣ дар мо зиёд аст. Бояд барои маърифатноксозии насли нав кӯшиш ба харҷ дод. Ҳар қадар насли бомаърифат, огоҳу донишманд зиёд бошад, ҳамон андоза хавфу хатари терроризму экстремизм кам мегардад. Дар ин маврид ҳақ ба ҷониби Ҷессика Стерн аст, ки мегӯяд мо ба ҷавонони огоҳ аз исломи асил, мусулмонии ҳақиқӣ муҳтоҷем. Башир УСМОНОВ, “ҶТ”

www.javonon.tj

Асари машҳураш “Terror in the Name of God: Why Religous Millitans Kill?” (Террор ба номи Худо: Чаро ҷангиёни мазҳабӣ одам мекушанд?) мебошад. Инчунин чанде пеш китоби нави профессори амрикоӣ аз чоп баромад. Асар бо ҳаммуаллифии коршинос оид ба истифодаи воситаҳои алоқа Ҷ. М. Бергер омода шуда, “ISIS: The State of Terror” (ДИИШ: Давлати террор) ном дорад. Стерн дар асари тозанашри худ масъалаи пайдоиши ҳаракати террористии ДИИШ-ро таҳқиқ кардааст. Ҳарчанд то ҳол дар хусуси пайдоиши ин гурӯҳи террористӣ зиёд гуфта шудааст, вале гумон мекунем такрори ин масъала зиён надорад. Чун шинохти

Сарвари ғамхор

9 е-mail: javonontj@mail.ru

Нақш ва мақоми занон дар ҳаёти ҷомеаи башарӣ, хусусан ҷомеаи муосири мо - тоҷикон ниҳоят бузург аст. Имрӯз дида мешавад, ки занони тоҷик дар иҷтимоиёту иқтисодиёт, фарҳангу сиёсат ва илму маориф бо меҳнати ҳалол ва дили соф хизмат карда, баҳри ободии Ватан саҳм мегузоранд. Яке аз бонувони заҳматкаш Сарварбӣ Хидирова мебошад. Мавсуф аз зумраи бонувони меҳнатқарини соҳаи маориф аст.

«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН» №6 (9432), 11 феврали соли 2016


е-mail: javonontj@mail.ru

10

 СОҲИБКАСБ

То ранҷ набинӣ ганҷ наёбӣ! Беҳрӯз ХОЛМУРОДОВ Дар кӯдакӣ вақте модараш ба дӯхтани чизе машғул мешуд, бо ҳаваси зиёд менигарист ва шавқаш меомад. Дар он ҳангом ӯ низ бо панҷаҳои хурдакаки хеш сузан ба даст мегирифту гӯё чизе дӯхта истода бошад, худро андармон месохт. Боре дар вақти чунин амалаш сузан ба панҷааш халид. Гирист ва бо забони кӯдакӣ ба модараш гуфт, ки чаро шумо ин қадар кор мекунед, аммо боре ҳам захмдор нагардидеду ман бошам, анқариб ҳар бори сузан ба даст гирифтан, ба рӯйи ангуштонам нақш меофарам. Он ҳангом модараш ба гуфтаҳои ӯ бо завқ механдиду ӯро дар бағалаш гирифта, табассумкунон ба суханонаш посух медод, ки то ранҷ набинӣ ганҷ наёбӣ!

www.javonon.tj

ҶАВОНОН ВА ЗАМОН

«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН» №6 (9432), 11 феврали соли 2016

Ин сухан аз ҳамон замон чун шиоре дар хотираш ҷо гирифт. Дар ибтидо он қадар ин гуфтаро дарк намекард. Аммо пас аз гузашти солҳо ба гуфтаҳои модараш сарфаҳм мерафту кунҷковона дигар чизҳои вобаста ба дӯхтанро донистан хоста, пурсон мешуд. Ҳангоми таҳсил дар мактаби миёна баробари фанҳое, ки меомӯхт, доим пайи соҳиби ҳунари дӯзандагӣ шудан, бо ҷаҳду талош мекӯшид, то онро омӯзаду дар пешбурд ва рушду нумуи ҳунарҳои мардумӣ саҳим бошад. Вақте ҳадаферо пеши худ қарор медод, дигар ҳаргиз аз он даст намекашиду онро дар нимароҳ раҳо намекард. Ин гуна иродааш ӯро пайваста дар ҳама самт ба қуллаи мақсуд мерасонид. Чун Сокинаи Назаралӣ медид, ки ҳама баҳри пешбурди рӯзгор ва соҳае талош меварзанду вақти хешро самаранок истифода мебаранд, баҳри беҳуда талаф наёфтани вақташ ӯ низ пас аз машғулиятҳо аз модараш ҳунари чевариро меомӯхт. Агарчӣ дар хурдӣ доим рӯйи ангуштонаш аз ҳисоби нотавонӣ пайи сузан мемонд, вале калон ки шуд, акнун рӯйи матои сафед нақшҳои зебо тасвир мекард. Рафта – рафта меҳри ин касб дар қалбаш афзун гардида, билохира пас аз хатми мактаби деҳааш баҳри хубтар аз худ кардани ин ҳунари мардумӣ ба яке аз сехҳои дӯзандагии шаҳри Қӯрқонтеппа даромада, тамоми навъҳои дӯзандагиро бо тамоми нозукиҳояш аз бар менамояд. Ӯ дар баробари машғулиятҳо ба дӯхтани ҳар гуна либосҳои миллӣ машғул мегардид ва бо тахаюли рангинаш либосҳои миллиро дар шаклу намуди тоза дӯхта, пешкаши дӯстдорон месозад. Гарчанде дар сехи мазкур тамоми навъҳои дӯзандагиро аз устодони он ҷо омӯхта бошад, вале дар ин росто модари ху-

дро устоди авалини хеш меҳисобад, зеро ӯ буд, ки бори аввал чӣ гуна доштани сузанро омӯхту нахустин маротиба дар рӯйи матоъ нақшофарӣ кард. Вақте ҳунари хешро рӯйи матои сафед медид, аз шодӣ меболиду шукр мегуфт. - Вақте нахустин бор рӯйи матоъ ба таври худ гулдӯзӣ кардам, ҷавобгӯ набуд, вале он ба назарам чунон комил менамуд, ки гӯё дигар касе мисли ман онро чунин дӯхта наметавониста бошад. Бешубҳа, аввалин офаридаҳои ҳунарманд барояш хеле азизанд. Дӯзанда бояд дар кори худ ҷиддӣ ва нисбат ба худ серталаб бошад. Сари орому хотираи қавӣ доштан низ муҳим аст,- мегӯяд Сокина. Аз ҳунарҳои мардумӣ гулдӯзӣ, шероздӯзӣ, чакандӯзӣ ва бофандагиро ба хубӣ аз уҳдаашон мебарояд. Дар баробари ҳамаи ин дар чакандӯзиву бофандагӣ беҳамтосту дар маҳалли зисташ ягона нафарест, ки аз ӯҳдаи ин гуна ҳунарҳо мебарояд. Вақтҳои холӣ бо шероздӯзиву гулдузӣ ва бофандагӣ машғул гардида, баҳри сайқал ёфтани ҳунари худ пайваста пайи талош аст. Баъзан аз барои он ки чаро имрӯз баъзе аз ҷавондухтарон ба либосҳои миллӣ таваҷҷуҳи кам доранду бештар ба либосҳои хориҷӣ майл менамоянд, андуҳгин мешавад. Вале пас аз таҳлилҳои фикрии хеш ба хулосае меояд, ки ин чиз ба худи кас вобастааст, ки ӯ то кадом андоза таърихи ниёкони хешро қадр мекунаду аз фарҳанги гузаштагони

худ бархурдор аст. Сокина айни ҳол ҳама орзуҳои даврони кӯдакияшро дар амал татбиқ намуда, дар баробари ин ба мардум хизмат мерасонад. Наздикону пайвандон ва аҳли деҳ баҳри дӯхтани либосҳои мавриди таваҷҷуҳи хеш ба ӯ муроҷиат менамоянд. Ҳар як нафари ба наздаш омада, бо хушнудӣ ва қаноатмандона ба ҳунараш аҳсант мехонанду ба корҳояш барор. Вақте як нафар ба ҳунараш баҳои баланд медиҳад, хеле шод мешавад. Шод мешавад, ки мувофиқ ба табъи дили онҳо кор кардааст. Доштани чунин ҳунарро ба ҳар як ҷавондухтар талқин менамояд ва итминон дорад, ки ҳунарманд ҳеҷ гоҳ хор намегардад, баръакс ҳамеша соҳибэҳтирому сарфароз мемонад. Ба таъкиди ӯ омӯхтани ҳунарҳои мардумӣ ба шахс рӯҳу илҳоми тоза бахшида, шахсро масъулиятшиносу серкор намуда, баҳри пешрафт ва эҷоди тарҳҳои нав таҳрик медиҳад. Дар оянда нақшаҳои зиёд дорад, ки мехоҳад онҳо амалӣ шаванду маҳсули ҳунари худро на танҳо дар дохил, балки хориҷ аз кишвар низ муаррифӣ намояд. Мо дар ин роҳ барояш комёбӣ хоҳонем!

Искандар ТОҲИРОВ:

Шуҳрат ҳам мешаваду сарват ҳам, агар... Ӯ ҷавон аст. Ҳамагӣ 29-сола. Аммо як ҷавони ҷӯяндаву пуркорест. Мекӯшад дӯстдорони ҳунараш, ошиқони савту наворо шод созад. Бале ромишгари моҳир аст Искандар Тоҳиров, садои ғижакро ба гӯшҳо ширину форам мерасонад. Ӯ дар шаҳри Норак, дар оилаи муаллим таваллуд шуда, аз хурдӣ ба навозандагӣ меҳр дошт. Модар ки худ ғижакнавоз буд, ҳам дар тарбияи баланд ва ҳам дар маҳорати навозандагии фарзандаш асар гузошт. Ҳамин тавр, соли 2004 Искандар ба факултети иҷрокунандаи кафедраи созҳои оркесртрии Консерваторияи миллӣ дохил шуда, сайқали маҳорат кард. Мо бо Искандар Тоҳиров ҳамсуҳбат шудем. - Ҷодаи ҳунар хеле пурпечутоб асту мушкили зиёд дорад, дар бардоштани ин бор кӣ ба Шумо кӯмак мерасонад? - Шукрона, ки модари азизам хеле мададгорам ҳастанд. Модарам Раиса Тагирова барои ёд гирифтани ин ҳунар баҳри ман хизматҳои зиёд намудааст. Ман ифтихор дорам, ки ҳунари модарамро касб кардааму онро идома медиҳам. Баъдан устоди ғижакнавозам Рауф Сангинов дар тарбияи ман саҳми беандоза дошт. Барои беҳбуд бахшидани маҳоратам зиёд заҳмат кашидаанд. - Бори аввал бо кадом оҳанг баромад намудед? - Албатта, маро аввал меҳри касби дӯстдоштаам, сипас раҳнамоии устодон ба толор овард. Дар курси сеюм бо кӯмаки устодонам дар ҷодаи санъат Бежан Муртазалӣ ва Дэвид Гадрид ба саҳна роҳ гирифтам. Аввалин бор як оҳанги Бежани Муртазалиро навохтам. Инчунин, бояд бигӯям, ки рӯ оварданам ба ғижакнавозӣ орзуи деринаи мода-

Наҷиба МУРОДБЕКОВА рам буд. Ширкат дар чорабиниҳои сатҳи ҷумҳурӣ водорам кардааст, ки ба эҷоди оҳангҳои наву дилнишин пардозам. - Дар хориҷи кишвар низ ҳунарнамоӣ кардаед? - Беҳтар аз Тоҷикистон ҷои дигаре нест бароям. Аз оғӯшаш канор рафтанро дӯст надорам, аммо барои муаррифии фарҳанги миллат ва Тоҷикистони азиз сафарҳои хориҷӣ ҳам мекунем. Ман бештар ба Русия, Қирғизистон, Дубай, Афғонистон, Узбекистон сафарҳои ҳунарӣ анҷом додаам. Ду моҳ пеш дар Рӯзҳои фарҳанги Тоҷикистон дар Русия иштирок кардам. Инчунин дар ҳамаи чорабиниҳои диёри худамон ширкат меварзам. Ба наздикӣ дар ҷашни 3000-солагии Ҳисор ҳунарнамоӣ кардем. - Вақте санъатро интихоб намудед, интизориатон чӣ буд: шуҳрат ё сарват? - На сарвату на шуҳрат, балки меҳру муҳаббати беандоза нисбат ба санъат бандаро водор сохт, ки рӯ биёрам ба саҳнаи ҳунар. Бароям аз ҳама муҳим ба бовари халқ сазовор гаштан буд. Баъдан пеши Худои меҳрубон шукргузорам, ки бароям истеъдоди хуби навозандагиро ҳадя намуду ман маҳз бо он миёни мардум муаррифӣ шудам. Санъаткори асил бояд барои фардои дурахшон ва аз худ номи нек боқӣ гузоштан заҳмат кашад, на ин ки барои сарвату шуҳрат. Балки агар шахс дар касби худ содиқ бошад, барои мардум хизмат кунад, сарват ҳам ӯро кофта-кофта меёбаду шуҳрат ҳам!


САҲИФАИ ДОНИШҶӮЁН

Истеъмоли нос, сигор ва машрубот, бешубҳа одати бад аст. Агар ба кас ин одати номатлуб “ёр” шавад, аз он халос шудан осон нест. Мутаассифона, ин зумра одамон ҷавонон мебошанд. Гуё бо кашидани чунин мавод асабҳои худро ором намуда, аз зери бори гарони ғаму андӯҳ мебароянд. Бехабар аз он ки заҳри дуди тамоку ҳоли майна, шуш ва дилро табоҳ месозад. Нос чӣ? Нос маводест, ки аз оҳак, баргҳои майдакардашудаи тамоку, об ё равған ва хокистар тайёр мешавад. Бинобар гуфтаи духтурони Беморхонаи марказии ҷумҳуриявии клиникии наркологӣ нос дар таркибаш оҳак (СаСО3) дошта, дар шароити муқаррарӣ пӯсти дуруштро “мехӯрад”, дар бораи ҷойҳои нозуки пӯсти даҳон ва сурхрўда ҳоҷат ба баён нест. Дар таркиби оҳак элементҳои стронсий ва фтор низ муайян

Маводи марговар карда шудаанд. Устухон дар таркибаш калсий (Са) дорад, ки мустаҳкамии онро таъмин менамояд. Стронсий назар ба калсий элементи фаъолтар мебошад. Стронсий вориди устухон гардида, аз таркиби он калсийро мебарорад, боиси бемории остеопароз мегардад. Пайвастагиҳои фтор бо таъсири ишқорҳо ба кислотаи плавикии (НF) фаъол табдил меёбад, ки он бофтаҳоро нобуд мекунад ва ба бемории саратон замина мегузорад. Баргҳои тамоку тақрибан 30 ингредиентро дар бар мегиранд. Зарари махсусро никотин ба вуҷуд меорад. Никотин ба организм дохил шуда, рагҳоро васеъ мекунад. Хусусан, рагҳои майнаи сарро васеъ карда, дар натиҷа шахс худро сабук ҳис мекунад. Ҳамзамон, ишқорҳои таркиби нос кислотаи намакии меъдаро, ки он барои ҳазми хӯрок зарур аст, дур мекунанд. Ин боиси зиёд шудани кори ҷигар ва талхадон мегардад. Дар таҷрибае, ки бо истифодаи ҳайвонҳои лабораторӣ гузаронида шудааст, муқаррар гардид, ки нос таъсири равшан ифодаёфтаи заҳрмандӣ дошта, боиси осеб дидани меъда ва ҷигар, инчунин тағйироти

пеш аз саратонӣ мегардад. Аз рӯйи ақидаи норкологҳо сол то сол сафи истеъмолкунандагонии носу сигор зиёд шуда истодааст. Бештар тағйирёбӣ дар ашхосе ба назар мерасад, ки носро ба зери забон мепартоянд. Агар носро дар паси забон гузоранд, ба саратони забон дучор мешаванд. Дар наврасон майлу рағбат ба истеъмоли нос ҳамчун моддаи оромкунанда аз ҳисси

кунҷковӣ, тақлидкорӣ, хоҳиши аз дигар ҳамсолон қафо намондан оғоз меёбад. Зарари истеъмоли нос барои наврасон боз дар он аст, ки онҳо носро аз волидон, муаллимон ва калонсолон пинҳонӣ мекашанд. Дар мавридҳои хавфнок аз тарси ҷазогирӣ онро беихтиёр фурӯ бурданашон мумкин аст. Он хатари ба иллат гирифтор шудани сурхрӯда, меъда ва шикамро меафзояд. Дар ҳаёт бори аввал паси забон гузоштани нос ҳисси хоришу сихзаниро ба вуҷуд меорад ва боиси пайдошавии оби даҳон мегардад. Пасон бо нос омехта шуда, бо миқдори зиёд дар даҳон ҷамъ мегардад, ки баъди 2-3 дақиқа ҳолати туф карда партофтанро ба вуҷуд меоварад. Дар ин лаҳза қисме аз нос якҷоя бо оби даҳон фурӯ бурда мешавад. Он ба сарчархии сабук, таппиши дил (тахикардия), суст шудани мушакҳо ва ҳосил шудани

11

арақи сард оварда мерасонад. Дар наврасон ҳангоми аз ҷой хестан сарчархии қувватгиранда, дилбеҳузурӣ, баъди он қайкунӣ ба амал меоянд. Дар одамони носкаш сустшавии диққату хотира ва кундзеҳнӣ мушоҳида мешавад, ки боиси суст шудани хониш, интизом, улфатнопазирӣ мегардад. Барои дарёфти нос баъзе бачагон маҷбур мешаванд даст ба дуздию киссабурӣ зананд. Мувофиқи маълумоти оморӣ ҳоло дар ҷумҳурӣ 8,23 миллион нафар аҳолӣ зиндагонӣ мекунад. Аз ин 37 дарсадро мардҳо ва 63 дарсадро занон ташкил мекунанд. Дар байни мардҳо 59 дарсад солим ва 40, 5 дарсад мардҳои носкаш ба қайд гирифта шудааст. Занҳои солим 99, 6826 дарсад ва занҳои носкаш 0, 3174 дарсад. Ҳамин тариқ, барои пешгирии ин одати номатлуб ҳамагон бояд якҷоя мубориза баранд. Ин, пеш аз ҳама, аз оила сар мешавад. Падар ва модар бояд ҳамеша фарзандонашро мадди назар қарор диҳанд. Бояд худи онҳо ин одати номатлубро надошта бошанд, зеро ки бачаҳои хурдсол ба онҳо тақлид мекунанд. Дар оилаҳо, боғчаҳо, мактабҳо, донишгоҳҳо ва корхонаҳо бояд корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронида шаванд. Раҳматулло КАРИМОВ, донишҷӯи ДМТ

е-mail: javonontj@mail.ru

Зиндагӣ инсонро ба бисёр мушкилиҳо рӯ ба рӯ месозад. Бори зиндагӣ басо вазнин аст, ба дӯш бардоштанаш вазнинтар. Баъзеҳо ҳамин ки ба мушкиле рӯ ба рӯ шаванд, роҳи халосӣ аз ин ҳолатро дар истеъмоли носу сигор мебинанд.

«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН» №6 (9432), 11 феврали соли 2016

Ҷавонон Куҳнаро даршикану... ҷонибдори Паём Албатта, моро мебояд, ки аз дониши гузаштагони худ истифода барем, чун фармудаҳои пурмаънои эшон чароғи рӯшанибахши роҳи мост. Миллат ҳар замон дар батни худ қаҳрамонҳо доштааст, ки ҳар яке аз он қаҳрамонон дар вақту замони худ рисолаташонро анҷом додаанд. Барои миллат хизматҳо нишон додаанд. Имрӯз акнун замонест, ки навбати қаҳрамонӣ ба дигарон аст. Яъне чаро имрӯз мо қаҳрамонӣ на-

кунем? Чаро хизматҳои шоёне ба нафъи миллату давлат анҷом надиҳем. Албатта, миллату давлат ба қаҳрамонии мо ниёз надорад, вале мо вазифадорем, ки қарзи фарзандиамонро иҷро кунем. Ҳоло мо ҷавононро мебояд, то ҳар лаҳзаро ғанимат шумурда, пайваста биомӯзем. Ҳамзамон омӯхтаҳоямонро амалан татбиқ намоем, онҳоро барои осоишу барои зиндагии мардуми кишвар, барои ободии Ватани азиз ва пешрафти он сарф намоем. Дар ин сурат мо қарзи фарзандиамонро дар назди ватану мардумонаш адо хоҳем кард. Вагарна бо оворагардиву беҳадафу мақсад гаштан ва кори муфидеро ба сомон нарасонидан, наметавон обрӯ ёфт ва аз худ номе гузошт. Ҳар яки мо хуб медонем, ки пойдевори ин миллат бо чӣ заҳматҳо бунёд гардидааст, пас мо ҷавонон бояд сайъ кунем то меҳнати дигарон барабас наравад. Гарчанде, ки баъзеҳо инро ғайриимкон медонанд, аммо мо ҷавонон талош бар он мекунем, ки дар ин марзи хурд як давлати муқтадир бунёд кунем. Шайх Бедил мефармояд: Зиндагиро саҳфаи иншои қудрат кардаанд, То нафас пар мезананд, тафсири кофу нун кунед. Ҳар чӣ дорад олами ахлоқ, бе осор нест, Даст бисёр аст, агар аз остин берун кунед. Салоҳ ин аст, ки то охирин нафас барои миллати худ заҳмат бикашем, то ояндагони мо зиндагии шоистае дошта бошанд. Муҳаммадҷон ИБРОҲИМОВ, донишҷӯи Донишгоҳи технологии Тоҷикистон

www.javonon.tj

Паёми ҳарсолаи Президенти кишвар ба Маҷлиси Олӣ фарогири масъалаҳои асосии зиндагӣ мебошад. Хушбахтона, имсол маро ҳам насиби иштирок дар он даст дод. Дар Паёми имсолаи Сарвари давлат яке аз пешниҳодҳо ба мақомоти қудратии кишвар омода сохтани лоиҳаи Стратегияи миллии муқовимат бар зидди экстремизм ва терроризм барои солҳои 20162020 буд. Бешубҳа, он яке аз масъалаҳои мубрами замони муосир ба ҳисоб меравад. Чунки дар замони муосир гурӯҳу ҳаракатҳои экстремистию террористӣ хеле зиёданд. Президенти кишвар ба масъалаи экстремизму терроризм диққати мардуми кишварро ҷалб намуданд, то мо мардуми Тоҷикистон зираку ҳушёр бошем ва ҳеҷ вақт фирефтаи доми душман нагардем. Чӣ хеле ба мо маълум аст, баъзан ҷавонон фирефтаи доми ин гуна гурӯҳҳо ва ташкилотҳои экстремистию террористӣ мегарданд. Пешниҳоди Президенти кишвар дар шомил нашудани ҷавонон ба ин гуна гурӯҳҳо ва ташкилотҳои ғайриқонунӣ ин ҷалби ҷавонон ба макотиб ва илм буд. Масаъалаи баланд бардоштани стипендияи донишҷӯён яке аз нуктаҳое муҳими дигар буд. Ин нукта ҳар як донишҷӯро водор ба кӯшишу ғайрат ҷиҳати хуб таҳсил намудан менамояд. Сарвари ғамхор-Эмомалӣ Раҳмон борҳо таъкид намуданд, ки мо- ҷавонон ояндаи кишвар ҳастем. Аз ин рӯ, сиёсати имрӯзаи давлатро дастгирӣ менамоем, зери партави Паёми Президент фаъолият намуда, баҳри ободонии Ватани азиз саҳми худро мегузорем. Сипеҳр МУҲАММАДИЕВ, донишҷӯи ДМТ

Таърихи пурғановати мо миллати куҳанбунёд гувоҳ аст, ки мо тоҷикон дар ҳама давру замон бузургони илму адаби худро доштем ва аз онҳо мефахрем. Ин хуб аст, аммо ҳамеша ба гузаштаи худ нигоҳ кардан ва аз оянда ғофил шудан кори оқилон нест. Зеро ба фармудаи Иқболи Лоҳурӣ “Кӯҳнаро даршикану боз ба таъмир хиром”. Бегумон, мо аз гузаштаи худ дар канор нестем, чун инсонему гузашта ҳар гоҳ ба ёдамон мерасад.


е-mail: javonontj@mail.ru

12

«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН» №6 (9432), 11 феврали соли 2016

Раҳмихудо аз овони кӯдакӣ ба варзиш дилбастагӣ дошт. Сангобҳо ва регистонҳои соҳили Ванҷоб варзишгоҳи нахустинаш буданд. Аз мӯйсафедони ҳикматназири диёр сабақи рӯзгор омӯхт ва ба ин шуғли аҷдодӣ дилбастагӣ пайдо кард. Ин дилбастагӣ ӯро сӯи варзишгоҳ овард. Нахустин устодаш Давлаталӣ Боқиевро меҳисобад, ки дар синфи сеюм ӯро ба гӯштини тоҷикӣ фаро гирифт. Баъдан дар тарбияи Устоди варзиши Иттиҳоди Шӯравӣ Ҳукуматшо Ғайратов ва Акбаршо Муҳаббатов нозукиҳои гӯштини миллиро аз бар намуда, дар ин роҳ қадамҳои умедбахш ниҳод. Ҳанӯз дар даврони мактабхонӣ бо паҳлавонони номӣ майдондорӣ менамуд. Усулҳои зебои ҳалуки даруниро бо маҳорати хоса истифода мекард, ки дар гӯштини тоҷикӣ беҳтарин усул маҳсуб мешавад. Заҳмати бардавом ва рағбати зиёд ӯро чун варзишгари умедбахш ба воя расонд. Боре дар яке аз идҳо Раҳмихудо

ВАРЗИШ

Паҳлавони умедбахш ба майдон набаромад. Хама интизорӣ доштанд. Якеро ба суроғаш фиристо данд. Билохира бо хоҳиши мeйсафедон Раҳмихудо ба майдон баромад. Маърака ранги дигар гирифт. Садои мухлисон ба осмон печид. Ҳарифон яке паси дигар мағлуб гардида, тарки майдон мекарданд. Он рӯз майдондорӣ насиби ӯ гардида, нуфузаш байни гӯштингирон афзуд. Солҳои 2012 ва 2013 Раҳмихудо унвони чемпиони Наврӯзии ноҳияро соҳиб гашт. Роҳи мусобиқаҳои калон барояш кушода шуд. Дар ин сол дар ноҳияи Ванҷ мусобиқаи ҷумҳуриявӣ ба хотири паҳлавони бисёркаратаи ҷумҳурӣ ва Иттиҳоди Шӯравӣ Азалшо Олимов баргузор гардид, ки дар ин мусобиқа низ маҳорати баланди гӯштингирӣ зоҳир намуда, сазовори ҷои аввал ва шоҳҷоизаи мусобиқа шуд. Раҳмихудо Шарипов ҳоло муҳассили Донишкадаи тарбияи ҷисмонӣ ба номи С. Раҳимов мебошад. Тайи чор сол аст, ки таҳти сарпарастии мураббии варзидаи

Ҷумҳурӣ Ризқиддин Раҷабов тамрин дорад. Дар чандин мусобиқаҳои баланд ширкат варзида, сазовори ҷойҳои намоён гаштааст. Ӯ панҷ карат чемпиони ҷумҳурӣ оид ба гӯштини миллӣ гардида, сазовори унвони Устоди варзиши Ҷумҳурии Тоxикистон шуд. Соли гузашта дар шаҳри Хуҷанд дар мусобиқаи байналмилалӣ дар вазни 82 кило ҷои аввалро ишғол намуда, соҳиби медали тилло гардид. Зинаҳои камолоти ин паҳлавони умедбахш рангин аст. Афтодану бархостану қадамро устувортар мондан, аз пастиҳо сабақ омӯхтан ва роҳро идома бахшидан барои раҳнаварди манзили мурод беҳтарин мураббӣ мебошад. Иштирок дар мусобиқаҳо дар шаҳри Санкт-Петербурги Руссия ва давлати Арабистони Саудӣ низ барояш муваффақият овард. Мо умед дорем, ки ӯ дар қатори дигар фарзандони шердили миллат дар мусобиқоти баланд иштирок карда, номи давлату миллати азизро болотар мебардорад.

Мессӣ кист?

www.javonon.tj

Имрӯзҳо номи Мессӣ вирди забони мухлисони варзиши №1 аст. Ин бозигари аргентинӣ бори панҷум маъруфтарин ҷоизаи олами футбол – “Тӯби тиллоӣ”-ро соҳиб шуд ва ҷаҳонро маҷбур сохт дар борааш ҳарф бизананд.

Бренди варзишии “Adidas” ҷуфти нави попушҳои варзишӣ ё бутсҳояшро ба пирӯзии Лионел Мессӣ, ки чеҳраи таблиғии ин ширкат аст, бахшид. Асоси ин бутсҳоро модели куҳнаи “Messi15“ ташкил медиҳад, аммо дар зери он чор нуқтаи тиллоӣ ва як нуқтаи плотинӣ аст, ки рамзи “тӯбҳои тиллоӣ”-и ин ҳамлагари дастаи “Барселона” маҳсуб мешаванд. Он навиштаҷоти “Еl más grande de todos los tiempos“ ҳам дорад, ки дар тарҷумаи тоҷикӣ “Беҳтарин дар таърих” мешавад. Мессӣ бешубҳа дар таърихи футбол соҳиби саҳфаи вижа мешавад ва номашро дар баробари

Пелеву Марадона хоҳанд навишт. Дар ин навишта чанд далели ҷолиб аз ҳаёти Мессӣ гирдоварӣ шудааст. 1. Мессӣ нахустин шартномаашро рӯи салфетка навиштааст. Карлес Рексач, мураббии мактаби махсуси варзишӣ дар ёддоштҳояш менависад: “Мо ҳамроҳи Мессӣ, бародар ва падари ӯ дар қаҳвахона будем. Наздамон варақ набуд, аз ин рӯ қарордодро рӯи салфеткаи оддӣ навиштем”. Шубҳае нест, ки он салфетка гаронтарин дар

ҷаҳон бошад, зеро он ба Мессӣ со- лона то 60 000 евро даромад овард. 2. Агар диққат додаед, Мессӣ ҳамеша баъди ба дарвозаи ҳариф задани гол сӯи осмон нигоҳ мекунад. Ӯ сабаби ин амалашро шарҳ дода гуфтааст: “Ман голҳоямро ба бибиям мебахшам. Маҳз ӯ ба падарам тавсия дод, то маро ба машқҳои футбол барад. Ӯ даргузашт ва намебинад, ки ман то куҷо расидам”. 3. Мессиро бо ҳамватанаш Марадонаи маъруф қиёс мекунанд. Бесабаб нест. Ӯ дар майдони футбол корҳое анҷом дода, ки Марадона карда буд. Масалан, апрели соли 2007 дар нимфинали Ҷоми Испания дар бозӣ бо “Хетаф” Мессӣ “голи аср”-и Диего Марадонаро дар соли 1986 ҳамон тавре ки буд, такрор кард. Тақрибан аз ҳамон масофае, ки Марадона ҳаракат намуд, ҳаракат кард, ба ҳамон масофа (62 метр)-е, ки давида буд, давид, ҳамон теъдод ҳарифон (ҳамроҳ бо дарвозабон

Пайшанбе ШОЗОДА 6 кас)-ро фиреб дод, ҳамчунин ба тарафи рости бурҷи дарвоза тохт... Мессӣ дастоварди дуюми Марадона бо дасташ ба дарвозаи ҳариф гол заданро ҳам такрор кардааст (ба дарвозаи “Эспанол”). Аммо худи Мессӣ гуфтааст: “Ман талош мекунам, ки аз баробарсозиҳо бо Марадона бигурезам, зеро барои ман ҳеҷ касе мисли вай нест”. 4. Соли 2013 Мессӣ холкубӣ кард. Дар пойи чапаш номи писараш Тиаго ва нақши дастони ӯро дидан мумкин аст. 5. Фосилаи синну сол миёни Мессӣ ва Кристиано Роналдо 869 рӯзро ташкил медиҳад. Фосилаи таваллуди фарзандони онҳо ҳам ҳамин миқдор аст. Кристиано Роналдо 5 феврали соли 1985 таваллуд шудааст, Лионел Мессӣ - 24 июни 1987. Кристианои хурдӣ 17 июни соли 2010 ба дунё омадааст, Тиаго бошад, 2 ноябри 2012. 6. Тавре гуфтем, Мессӣ 24 июни 1987 дар шаҳраки Росариои Аргентина ба дунё омадааст. Дар ҳамин шаҳрак 14 июни соли 1928 инқилобчии маъруф Эрнесто Че Гевара зода шудааст. 7. Соли 2012 барои ба дарвозаи ҳариф ворид кардани 91 тӯб дар давоми сол ба китоби Рекордҳои Гиннес ворид шуд. 8. Соли 2013 Гинзо Танака, тарроҳи ҷопонӣ нусхаи пойи чапи Мессиро сохт, ки комилан аз тилло буд. Вазни он 25 кило буда, 5,25 миллион доллар арзиш дошт. Онро ба фурӯш гузоштанд, то барои осебдидаҳои заминларза ва тундбоди Тохоку дар соли 2011 маблағ ҷамъ оваранд. Номи пурраи ӯ Лионел Андрес Мессӣ аст. Ҳоло ҳамлагари “Барселона”-и Испания ва капитани тими миллии Аргентина мебошад. Аз беҳтарин футболбозони муосир таъриф мешавад. Аз 17-солагӣ шомили ҳайати “Барселона” шуда, то имрӯз ҳамроҳ бо ин бошгоҳ чор бор Лигаи қаҳрамонҳо (2005/2006, 2008/2009, 2010/2011, 2014/2015), ҳафт унвони қаҳрамонии премера (2004/2005,

2005/2006, 2008/2009, 2009/2010, 2010/2011, 2012/2013, 2014/2015), се Ҷоми Испания (2008/2009, 2011/2012, 2014/2015), шаш Абарҷоми Испания (2005, 2006, 2009, 2010, 2011, 2013), се Абарҷоми Аврупо (2009, 2011, 2015) ва се чемпионати ҷаҳон миёни клубҳо (2009, 2011, 2015)-ро ба худ ихтисос додааст. Беҳтарин зарбазани Лигаи чемпионҳо (2008/2009, 2009/2010, 2010/2011, 2011/2012, 2014/2015) шинохта шудааст. Ягона футболбозе дар таърих аст, ки панҷ маротиба (чор маротибааш пайи ҳам) беҳтарин зарбазани Лигаи қаҳрамонҳо шудааст. Беҳтарин зарбазани чемпионати Испания (2009/2010, 2011/2012, 2012/2013) буда, солҳои 2005, 2007— 2013, 2015 беҳтарин бозигари сол дар Аргентина эътироф гардидааст. Солҳои 2007, 2009, 2010 ва 2011 беҳтарин бозигари чемпионати Испания эълон шуд. Соли 2009 ҳамчун беҳтарин бозигари Аврупо ҷоизаи “Тӯби тиллоӣ” ва ҳамчун беҳтарин бозигари ҷаҳон ҷоизаи “Тӯби брилиантӣ”-ро гирифт (аз рӯи версияи FIFA). Беҳтарин футболбози ҷаҳон дар соли 2010 (аввалин ҷоизадори “Тӯби тиллоии FIFA”, ҷоизаи муштараки “France Footbal" ва FIFA) мебошад. Соли 2011 Мессӣ беҳтарин бозигари Аврупо (аввалин ҷоизадори беҳтарин бозигари сол дар Аврупо) ва ҷоизадори “Тӯби тиллоӣ” шуд. Соли 2012 нахустин бозигаре шуд, ки “Тӯби тиллоӣ”-ро се маротиба гирифт. Ҷоизадори секаратаи “Бутси тиллоӣ” (2010, 2012, 2013) аст. Дар соли 2013 ӯ чорумин “Тӯби тиллоӣ”-ро соҳиб шуд ва имсол маротибаи панҷум онро ба даст овард. Тибқи гузориши Маркази байналмилалии таҳқиқоти варзишӣ – CIES, Лионел Мессӣ аз гаронбаҳотарин футболбози ҷаҳон маҳсуб шуда, қимати ӯ 220 миллион евроро ташкил медиҳад. Моҳи сипаришуда хабарнигорони варзишии 54 кишвари аврупоии узви Федератсияи футболи Аврупо - UEFA Лионел Мессиро футболбози беҳтарини Аврупо дар соли 2015 унвон карданд.


МАВҚЕИ “ҶАВОНОН...“

Имрӯзҳо дар саҳнаи санъати тоҷик сарояндаҳое пайдо шудаанд, ки аз либоси ба бар намудаашон то сурудҳояшон барои миллати мо бегонаанд. Мутаассифона, ин сарояндаҳои шартан “хасакӣ” бо завқи пасти худ, дар завқи ҷавононро паст намудан то ҷое муваффақ гардидаанд, ки имрӯзҳо онҳоро ҷавонон дар ҷойҳои ҷамъиятӣ тамошо карда, барои дигарон тарғиб мекунанд. Ин гуна сарояндаҳо дар баробари аз кӯчаи сарояндагӣ нагузаштан шеърҳоеро интихоб мекунанд, ки хеле бемазмуну бемантиқанд. Дар дохили нақлиёти ҷамъиятӣ мусиқие садо медод, ки муаллифашро Манижаи Сабоҳ гуфтанд. Ӯ бо либосҳои ғайритоҷикона худро ба чор тарафи саҳна зада суруд замзама мекард.

Шодихони НАЗАР ном намешаванд. “ Қонуни ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи фонограмма амал мекунад, ки ингуна сарояндаҳо қонунро ҳам ба назар намегиранд. Дар ҷумҳурӣ якчанд сарояндаое ҳастанд, ки зинда сароида метавонанд ва пеш аз консерт барпо карданашон сенарияи худро ба Вазорати фарҳанг пешниҳод мекунанд. Ин мушкилӣ ба радио ва телевизион ҳам вобастагӣ дорад. Мо зиёд мушоҳида мекунем, ки ингуна сарояндаҳо тариқи радио ва телевизион тарғиб мешаванд. Мо барои онҳоро сабти ном кардану аз болои онҳо назорат карданро пешниҳод кардем, то барои онҳо ҷазо пешбинӣ шавад. Аммо барои маҳдуд накардани онҳо Вазорати адлия иҷозат намедиҳад”. Сарояндаҳое, ки ба қавли худашон ба шоубизнес машғуланду ин роҳи осони даромади маблағ барои онҳо ҳисоб мешавад, аз ягон мактаби сарояндагӣ нагузаштаанду аз нозукиҳои санъати сарояндагӣ бехабаранд. Техникаю технологияи муосир сафи ин гуна сарояндаҳоро солҳои охир ба маротиб зиёд намудааст. Фарҳод Мираҳмадов, фарҳангшинос, декани факултети фарҳангшиносии Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон, ба номи Мирзо Турсунзода сабаби зиёд шудани ин гуна сарояндаҳоро дар ҷаҳонишавӣ мебинад: “Мо дар замони ҷаҳонишавӣ қарор дорем ва ин раванд нақши худро мегузорад. Сабаби зиёд шудани сарояндаҳои кӯчагӣ далели паст рафтани завқи мардум аст. Мардум эҳтиёҷ ба ин гуна сурудҳо доранд, ки сафи онҳо зиёд мешавад. Дар шоу-бизнеси тоҷик қатори сарояндаҳои рӯякӣ шоирони низ зиёд гардидаанд, ки барои маблағ ҷумлаҳоро пайи ҳам меоранду пешниҳод мекунанд. Натиҷаи эҷоди чунин “шеър”ҳоро дар сурудҳои аксар сарояндагон мушоҳида мекунем. Ваҳдат Дайхудо, шоири ҷавон ин зуҳуроти номатлубро беэҳтиромӣ ба шеър арзёбӣ мекунад. Ӯ мегӯяд, сарояндагон ҳам гунаҳгоранд, ки ҳадафи онҳо дар саҳна шуҳратёр шудан аст. Аз ҷумла яке аз онҳо Миност, ки бо номи «Сиёҳчашмак» суруд месарояд: Сиёҳчашмака дидм шах шидм, Яке гуфт иҷа биё, ларзидм. Хаёли дилш хаёлӣ шидм... Аз ҷавонон даъват мекунем, ки биёед ба фарҳанг рӯ биёрем, ба санъат, ба ҳунари асил! Ба он гавҳари пурқиммате, ки миллати мо дар оғӯшаш парвардааст. Яъне ба он устодони гавҳаршинос. Ба онҳое, ки бо меҳри ин ватан сурудаанд. Барои миллат сурудаанд. Вагарна таваҷҷуҳ ба ин бемазмунӣ, ба ин бемантиқие, ки имрӯз ҷараён дорад, моро ба ҷое намерасонад. Дар замоне, ки маҳви фарҳангҳо амри ногузир шудааст, фарҳанги худро ба дасти худ маҳв мегардонем.

Шикваи сокинони пойтахт аз болоравии нархи маҳсулоти хӯрокаро зуд-зуд мешунавем. Маълум аст, маҳсулоте, ки дар бозорҳои пойтахт ба фурӯш бароварда мешавад, ватанист. Вале тоҷирон бо далелҳои дурӯғин суханони худро асоснок намуда, исбот мекунанд, ки маҳсулот моли Чин ё Покистон аст, барои ҳамин нархашон гарон мебошад. Ҳамчунин бештари тоҷирон боло бурдани нархи маҳсулоти хӯрокаро ба болоравии арзиши доллар нисбат медиҳанд. Масъулони бозор бошанд, ба нархгузории хӯрока аҳамияти ҷиддӣ намедиҳанд ва ҳар тоҷир ба табъи дилаш нархи маҳсулотро мегузорад.

Вақте дар бозор низом нест... Соли равон дар кишвар сабзавоту меваҷот ҳосили фаровон додааст. Аз ҷумла, ҳосили сабзии тирамоҳӣ дар ҷумҳурӣ хеле фаровон аст. Вале тоҷирон гӯё ин фурсатро интизор буданд, сабзиро бо нархи гарон пешниҳод мекунанд. Тоҷирони миёнарав 3-4 килограми онро бо арзиши як сомонӣ аз деҳқон харида, ба сокинон як килои онро бар ивази як сомонӣ мефурӯшанд. Сокинони пойтахт, ки асли воқеаро намедонанд, аз он ки сабзиро бо як сомонӣ мехариданд, хушҳолӣ мекарданд. Ҳолати мазкур тайи рӯзҳои охир мавриди таваҷҷуҳ ва нигаронии Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон қарор гирифт. Дар натиҷа, раиси бозори “Саховат” аз вазифа озод шуда, раисони дигар бозорҳо огоҳии ҷиддӣ гирифтанд. Чунин ба назар мерасад, ки бозорҳо гӯё соҳиб надошта бошанд. Як маҳсулот дар ҳар як дукон гуногун нархгузорӣ шудааст. Аниса Самадова, сокини пойтахт низ аз нархгузории гуногун ва беназоратии роҳбарияти бозорҳои хӯрокворӣ нигаронӣ намуда, изҳор дошт, ки тоҷирон худсарона ба моли худ нарх мегузоранд. Аммо масъулони бозор гуноҳи онҳоро рӯпуш менамоянд: “Вақте Роҳбари давлат аз гарон будани маҳсулот нигарон бошад, пас дар бозор директор чӣ лозим? Наход ба ин камбудӣ низ Роҳбари давлат дахолат кунад? Ин дар мост, ки то Президент ба масъалаҳои рӯз дахл накунад, масъулин аз пеши худ кореро ба сомон намерасонанд”. Ба гуфтаи таҳлилгарон бо аз вазифа сабукдӯш намудан ё огоҳӣ додан мушкил бартараф намешавад. Беҳтар мешуд роҳбарони бозорҳо ҷарима шаванд. Дар ин сурат шояд масъала ранги дигар бигирад. Ҳамчунин, тоҷироне, ки нархи гарони маҳсулоти худро ба сари деҳқони бечора бор мекунанд, ҷарима шаванд. Ин амал боис мешавад, ки пеши роҳи ин беинтизоми гирифта шавад . Таҳлилгарони Барномаи озуқа ва кишоварзии СММ зарур медонанд, ки хоҷагиҳои хурди кишоварзӣ дар давлатҳо дастгирӣ ёбанд. Дар шароити рушди рӯзафзуни шумораи аҳолӣ дар ҷаҳон саҳми хоҷагиҳои хурд дар ҳалли камбуди ғизо метавонад бузург бошад. Бо боварӣ метавон гуфт, ки баъди нигаронии Роҳбари давлат аз нархи маҳсулоти аввалия роҳбарони бозор ва дигар масъулон як муддати муайян масъаларо ҷиддӣ мегиранд. Вале бо гузашти вақт боз мисли пештара деҳқононро гунаҳкор мекунанд. Манзумаи ФИРӮЗ, “ҶТ”

www.javonon.tj

...Э вой, э вой, э вой, ку ҳаму Ҳотами Той, Ку ҳаму бачаҳаке, дадаҷонаш боша бой. Ҳамеша пул биёра, нозакома бардора. Гапакома бгира ёри дигар нагира. Бача боша бой-бой дар дилакш мешам ҷой, Бадии кор дар он аст, ки дар сурудҳои онҳо ягон талаботи шеърӣ дида намешавад. Аз вазн, қофияю радиф, арӯз ва дигар талаботе, ки дар шеър бояд дида шавад, нишоне нест. Ба замми ин беҷою номаврид, калимаҳои муқаддасро истифода мебаранд: ...Дусти бадш медорм, нозоша мебардорм, Омаданоша ҳар гаҳ, оча ман интизорм. Э Худо кош биёя, зери пош порше биёя, Дар баракш мешинм, ғамакоша мечинм. Мирзо Солеҳов, мудири кафедраи таърих ва адабиёти тоҷики Донишгоҳи миллии Тоҷикистон аз садо додани ин гуна шеърҳои пучу бемаънӣ дар ҷойҳои ҷамъиятӣ нигаронӣ намуда, таъкид кард: “Намояндагони санъати мусиқии мо ба шеър таваҷҷуҳи зоҳирӣ доранд. Хуб мешуд, ки пеши роҳи ин бемазмунӣ гирифта шавад. Беҳтар аст, ки ҷавонон ба санъати ҳунармандони гузашта таваҷҷуҳ кунанд, чаро ки аз ин ёвагӯиҳои сарояндаҳои нав ҳеч маъное бардошта наметавонанд. Мо ба баъзе аз ин қабил сарояндаҳо муроҷиат мекунем, ки ин шеъро аз куҷо дастрас кардӣ? Дар ҷавоб мегӯяд, моли халқ аст,

фолклор аст. Ҳол он ки фолклорро умуман ба даст нагирифтааст...” Дар ҳоле ки миллати мо фарҳанги бою ғанӣ дорад, санъати сарояндагони гузаштааш беназиру нотакрор аст, насли ҷавон бештар ба сурудаҳои сабук таваҷҷуҳ доранд. Инро мешавад сабукзавқӣ ё ноогоҳии онҳо аз ғановати фарҳангу ҳунари миллат маънидод кард. Фурқат Саидов, роҳбари ансанбли “Шашмақом”- и Кумитаи телевизион ва радиои назди ҳукумати ҷумҳурӣ сабаби аз санъати аҷдодӣ дур шуданро дар тарғиби сурудҳои бегона мебинад: “Дар кӯчаю хиёбонҳо мегардем, аз тарабхонаю ҷойҳои ҷамъиятӣ мусиқиҳои бегона садо медиҳад. Дар кишварҳои бегона мушоҳида кардам, дар ҷойҳои ҷамъиятӣ, хусусан тарабхонаҳо сурудҳое садо медиҳанд, ки хоси мусиқии сунатии ҳамон миллату давлатанд. Мутаассифона, дар ҷойҳои ҷамъиятии мо сурудҳое садо медиҳад, ки номи сарояндагиро ба онҳо додан ҳайф аст. Онҳо худро ситораи санъати тоҷик меҳисобанд, ки мо онҳоро намешиносем. Баъзеи онҳо бо роҳу воситаҳои гуногун рафта, дар берун аз кишвар худро намояндаи санъати тоҷик муаррифӣ мекунанд, ки ин бадбахтие беш нест. Онҳо бо ин рафтори худ, бешубҳа ба фарҳангу санъати миллат доғ меоранд. Ягон миллат мисли мо шеъру шоир ва сарояндаҳои соҳибмактаб надоранд. Шояд бошад, вале онҳо азизи ҳамон миллатанд. Вале Акашариф Ҷураев, Нигина Рауфова, Одина Ҳошим, Зафар Нозим, Дӯстмурод Алиев азизи миллати тоҷиканд. Чаро мо ба онҳо тақлид накунем. Ман пешниҳод мекунам, ки барои тоза кардани санъати тоҷик аз ба ном сарояндаҳо хуб мешуд, ки масъулин аз нуқтаҳои фиттафурушӣ оғоз намуда, телевизиону радиоҳоро ҳам аз ин сарояндаҳои бемактаб тоза кунанд”. Сарояндаҳое, ки имрӯз тариқи интернету сомонаҳои иҷтимоӣ ва нуқтаҳои дискфурӯшӣ худро реклама намуда, байни мардум муаррифӣ месозанд, дар ягон кумитаю ниҳодҳои давлатӣ сабти ном нашудаанд. Толиб Норов, сармутахассиси Раёсати санъати Вазорати фарҳанги ҷумҳурӣ тавре иброз дошт, ки сарояндаҳое, ки тариқи интернету нуқтаҳои дискфурӯшӣ худро муаррифӣ мекунанд, дар Вазорати фарҳанг сабти

13 е-mail: javonontj@mail.ru

Биёед, фарҳангро маҳв насозем!

«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН» №6 (9432), 11 феврали соли 2016


е-mail: javonontj@mail.ru

14

КИТОБХОНАИ “ҶАВОНОН...“

«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН» №6 (9432), 11 феврали соли 2016

Боймуроди Зуҳур. Ин марди фарҳангиро аксар дар кишвар чун муғаннӣ, мутриб ва оҳангсози чирадаст мешиносанд. Ва ба ҳунари мутрибиаш қоиланд. Аз навои дилошӯбаш завқ мебаранд. Ҳунари хунёгарӣ дар ниҳоди ӯ ба шарён гузашта. Зеро падари бузургвораш фарде буд саропо ҳунарвар, аз санъати мусиқӣ бархурдор. Асбобҳои зиёди мусиқиро хуб менавохт. Аз ин рӯ, бе истиҳола метавон гуфт, ки ҳунармандиаш ирсист. Ҳамчунон дар синни солорӣ ба шеъргӯӣ пардохтани ӯ бепоя нест. Дилбастагии вай ба шеър аз ҳунари ирсияш маншаъ мегирад. Чун аз муғаннӣ аз боби ҳунармандиаш пурсон шудем, бо фахр гуфт: аз 8-солагӣ (1950) ба навозандагӣ, аз 45 –солагӣ (1984) ба оҳангсозӣ ва аз 59-солагӣ (2001) ба эҷоди шеър рӯ овардам. Ӯ зодаи Кангурти фарҳангпарвар аст. Мактаби миёнаро дар деҳаи Пушинги ноҳияи Данғара ба поён расондааст. То 23-солагӣ курсҳои

занбуриасалпарварӣ (1959), комбайнёрӣ (1960), ронандагӣ (1965)-ро хатм намудааст. Боймурод аксари ҳунари қиблагоҳашро соҳиб гаштааст. То кунун дар хазинаи тиллоии радиои тоҷик оҳангҳои марғубаш дар иҷрои муаллиф бо сози думбра маҳфуз аст. «Нолаи булбул», «Навои Хуҷаи Нур», «Айёми пирӣ», «Бӯи диёр», «Навои кӯҳсор», «Навои фалак», «Себистон», «Гули Зин-

ҳунарманди думбранавоз арзи ҳастӣ карданд, ки аз он муғаннӣ хушнуд аст. Мумтозтарини онҳо Баҳроми Усто Ғулом (Баҳром Қодиров, ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон, мутриби дастаи ҳунарии «Дарё»- У.Ш) мебошад. Ҳунари ӯ назир надорад. Бисёр хуб мебуд, ки Баҳромҷон мактаби худро созмон медод. Зеро ҳунар намудан дар дутори бепарда саҳл нест… - мегӯяд Б.

ти нашриёти «Шарқи озод» рӯи чопро дид. Маҷмӯаи «Панди падар»-ро аз панду андарзҳои қиблагоҳ ва таҷрибаи рӯзгори хеш мураттаб намуда, ин пандҳоро, бо умед барои фарзандон, набераву ҳавасаҳо ва пайвандони хеш пешкаш намуда. Муғаннӣ дар озмунҳои гуногунпояи сатҳи ҷумҳуриявӣ борҳо ширкат варзида, соҳиби мукофоту ҷоизаҳо гаштааст.

дон», «Шингихо», «Гули гандум» аз зумраи эҷоди мутриби нотакрор аст. Муғаннии хушоҳанг ҳамчунон навоҳои марғуби халқиро дӯст медорад ва онҳоро моҳирона менавозад. Аз эҷоди устодони забардасти асбоби думбра Карими Шиш, Ҳаким Маҳмуд, Рустами Абдураҳим (равонашон шод бод) огаҳии хуб дошта, худро давомдиҳандаи мактаби эшон меҳисобад. Мегӯяд, ки ҳунарварӣ дар думбра бас мушкил буда ин ҳунарро дар мактаб намеомӯзанд. Аммо хушоянд аст, ки тӯли солҳои истиқлолият як зумра ҷавонони

Зуҳур. Чун аз шеъргӯияш пурсидем, хандиду афзуд: дар пиронсолӣ, додар шоир шудем. Бо бахти баландаш дар рустои Пушинг яке аз шоирони номвари кишвар Тӯлқин Хоҷа ба сар дошт. Мутриб аз шоир дарс мегирифт, маслиҳат мепурсид. Ин ҳамкорӣ борвар шуд. Соли 2007 маҷмӯаи нахустини шеъргунаҳои Боймуроди Зуҳур бо номи «Ду тор» чоп шуд. Дар ин маҷмӯа 22 шеър, 11 рубоӣ, 11 дубайтӣ ба зевари табъ кашида шудааст. Аз миён чанде сипарӣ нашуда маҷмӯаи дигари ӯ унвонии «Панди падар» (2009) тавассу-

Дар ин миён солҳои 20092012 ба сифати ходими илмии Осорхона – мамнӯъгоҳи ҷумҳуриявии ноҳияи Данғара фаъолият бурд. Аз деҳ ба деҳ, аз кӯҳ бу кӯҳ, аз ёна ба дашт ҷӯён (ҷуянда) гашта, хазинаи осорхонаро ғанӣ гардонд. Ҳамзамон ӯ ҳама асбобу ускунаи устогии падарро зеби осорхона намуд. Шурӯъ аз чопи маҷмӯаи нахустин (дар 65-солагӣ) муддати зиёде нагузашта, дар зиндагиву рӯзгори ин марди фидоӣ навгониҳои нишотангез рух доданд. Хидматҳои мутриб, оҳангсоз Боймуроди Зуҳур аз назарҳо ниҳон намонд ва соли 2008 Вазорати фарҳанги

Хушнаво

Боймуроди ЗУҲУР

Тоҷикистони ман

Забони модарӣ Забони модариям-давлати ман, Ғуруру ифтихору қудрати ман. Забонам зинда, ман ҳам зинда ҳастам, Забони ман нишони миллати ман.

Авлиё дорӣ ба гӯри хеш хоб, Садқаи номи бузургонат шавам. Кӯҳҳоят дар баҳорон пургиёҳ, Садқаи чукриву торонат шавам.

Забонам чашмасори рӯзгор аст, Тароватбахш монанди баҳор аст. Чу шеъри Рӯдакӣ зебову дилкаш, Ба мисли шеъри Ҳофиз ширадор аст.

Нақбҳоят дил ба ҳам наздик кард, Садқаи нақби фаровонат шавам. Сарпарастон баҳри рушдат карда майл, Садқаи ҳар як саробонат шавам.

Забони модарӣ- рӯди Зарафшон, Забони модарӣ-лаъли Бадахшон. Забони модарӣ-боғи пур аз гул, Забони модарӣ-ширинтар аз ҷон.

Пешвои миллат Баҳри хурсандии мо дар мулки хеш Ибни Раҳмонро Худо сардор кард. То ба қадри зиндагии нав расанд, Мардуми дар хобро бедор кард. Пешво гашту миёнро сахт баст, Шоҳи мо бо амри Ҳақ рафтор кард. Рӯз рафта баҳри беҳбудии халқ Тоҷикистонро ҳама гулзор кард.

Ваҳдат ДАЙХУДО

Пешвои миллат

Тоҷикистони баландиқболи ман, Садқаи ҳам шуҳрату шонат шавам. Рӯз рафта ҳуснат аз меҳнат шукуфт, Садқаи мардони майдонат шавам

Сад ҳазорон ганҷ дорӣ дар бағал, Садқаи лаъли Бадахшонат шавам. Ҷон ба ҷонат шоҳи мо пайванд сохт, Садқаи Эмоми Раҳмонат шавам.

www.javonon.tj

Ҷумҳур ҶАЪФАР

Забони модарӣ- қанду набот аст, Забони модарӣ- оби ҳаёт аст. Забони модараш ҳар кас надонад, Ҳақиру бенаво ҳам бебисот аст.

Ганҷи ман Ман нахоҳам симу зар дар ин ҷаҳони бекарон, Мисраҳои шеъри ман ранҷи ману ганҷи ман аст. Ман надорам молу мулки беҳисоб, эй дӯстон, Давлатам табъи Худододу гуҳарсанҷи ман аст. Аз ҷавонӣ то ҳанӯз, эй ҳамраҳони орзу, Дар бисотам он чи тобад, ҳосил аз ранҷи ман аст. Шоҳро дидам ба пеши аскараш таъзим кард, Ин хаёли хом танҳо рӯи шатранҷи ман аст.

Эй пешвои миллат, Эй раҳнамои миллат. Дод аз паят ба мо даст, Сулҳу сафои миллат. Моро чароғи равшан, Дар шоми тор гаштӣ. Оинаи муҷалло, Дар рӯзгор гаштӣ. Эй ифтихори миллат, Эй номдори миллат. Эй маншаи кушоиш, Дар кору бори миллат. Рӯҳи гузаштагонро, Карди ту шоду масрур. Бинмуда тоҷиконро, Дар даҳр боз машҳур. Эй шоҳи одили мо, Эй нури маҳфили мо. Сабт аст ҷовидонӣ, Меҳри ту дар дили мо.

Саъдуллоҳ ҲАЙДАРӢ

Се рубоӣ

Дар зилзилаи зулфи ту чанги барф аст, Дар силсилаи зулфи ту ранги барф аст. Дар бурҷи сарат чу кӯҳ хирман зада барф, Дар ҷингилаи зулфи ту занги барф аст. Дар рӯи Хуросони ту барфи марҷон, Биншаста чи сон каме рабоям ман з-он? Бо ман ту дар ин макони барфаш чун шер, Сад сол бизӣ, марав, зи ман ҷон, эй ҷон. Моҳии лабат фитод дар чанги лабам, Ӯро накунам раҳо зи худ моҳи шабам. Зеро, ки дар ин даҳри пур аз шебу фароз Дур аз бари ту ҳамеша бетобу табам.

ҷумҳурӣ ӯро бо нишони «Аълочии фарҳанги Тоҷикистон» сарфароз гардонд. Дар даврони соҳибистиқлолӣ муғаннӣ дар шабакаи якуми телевизиони кишвар се дафъа ҳунарнамоӣ намудаву бобати рӯзгораш очеркҳои телевизионӣ эҷод ва пахш гаштаанд. Синни мубораки устоди ҳунар, мутриб, оҳангсоз, шоири мардумӣ Боймуроди Зуҳур ба 74 расида. Ӯ аз умри хеш қаноатманд аст. Ҳолиё ӯ дар деҳ, дар ҳалқаи фарзандон, набераву абераҳо, дӯстону хешон камоли пирӣ меронад. Ҳар бори падид омадан акаи Боймурод навиде ва ё оҳанге хуш меорад. Ба қавли шоир мурғи нағмасаро сози хушнаво меорад. Ин дафъа низ ӯ чеҳрахандон омад. Гуфт, дар телевизор дидам, дар рӯзномаҳо хондам, ки қонуни Пешвои миллат қабул шудааст. Хуб андешидам, ман низ сокини ҳамин ватанам, ҳуқуқи ибрози андеша дорам. Аз ин хотир чанд сатре болои сатр чида онро баҳри ҷавонони кишвар дастовез овардаам. Айбам накунед, зеро аз пири ҳафтодучорсолаи хушнаво танҳо сухани нек мемонад. Умари ШЕРХОН Охун АМИНЗОДА,

Ҷавонӣ

Неъмате гум кардаам андар ҷаҳон, Қиматаш хеле бузург асту гарон. Он чӣ андар хирмани аттор нест, Ё ки андар маъбади оҳангарон. Неъмате бошад, ки дар бозорҳо, Бо зару зевар намеояд ба даст. Гар биҷӯӣ ин гуҳар садсолаҳо, Ҷуз таассуф, кӯшише беҳуда аст. Ин гуҳар дар панҷаи туст, эй ҷавон, Меравад рӯзе зи дастат ноаён. Қадри он бишнос ҳамчун ҷони хеш, Ин ҳамон неъмат-ҷавонӣ аст, дон!

Иблис аст

Ҳар ки қадри обу хоки мо надонад, иблис аст, Дар мазори рафтагон оят нахонад, иблис аст. Ҷони худ баҳри Ватан қурбон намудан воҷиб аст, Нокасе ин нуқтаро бепоя донад, иблис аст. Меҳани моро ба чашми бад назар кардан хатост, Он ки ин андешаро афсона хонад, иблис аст. Нотавонбине, ки бо қалби сияҳ дар мулки худ, Тоҷикеро аз сарои хеш ронад, иблис аст. Хоине бар халқи худ, боре хиёнат кардааст, Гар зи гардун дурру ҳам гавҳар фишонад, иблис аст. Сифлае, ки ӯ намак хӯрду намакдонро шикаст, По ба раҳ чун фарди беозор монад, иблис аст.


САЙҚАЛИ ХОТИРА

«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН» №6 (9432), 11 феврали соли 2016

Президенти якуми Русия

Боѓи бињишт

… Рай, актрисаи њиндї

Вазифаи Ќоњир Расулзода ва Д. Медведев

Тухми моњї (русї)

Мамлакати Гитлер

Усули љангии тайёрањо, зарба

Корди каљи даравгар

Оњани нўгтез барои васл кардани чўб

Оташфишон ё сард мешавад Боинсоф, адолатпеша

Меваи маъмул

Китоби муќаддаси зардуштињо

СМС бо акс

Домани кўњ, талу теппањо

«Диёри …и мо» (гимн)

Кох, хонаи шоњ

Асари драмавї

Асбоби мусиќии тории секунља

Ќатори бозор

Мавлоно Љалолиддини …ї Сафедаи атторї, упо

“... асту рост!”

Таёќ

Шавњари Момоњаво

Нидои љангии русњо ваќти њуљум

Зид, чаппа

Нўшокии русї аз нон

Миллати Максим Горкий

Одат, хулќ

"Наводир-... ваќоеъ" (А. Дониш)

«Њоло …», филми тасвирї

Муќобили «асир»

Асъори пешинаи Италия

Маркази вил. Суѓд

Майдони пахта

Ситам, зулм

… Пугачёва, овозхони рус

Мактуб

Устои мањсулоти тиллої

Њамсари Адам

Ќисми сергўшти пой

Истилоњи илми мусиќї, ќатори нотањо

АКМ ё «Шмайсер»

Ченаки њарорат Љамъ, кам, …, таќсим

Оѓўш, канор

Дўстдоранда, дилбохта

«Мана» ё «мара» лањља, …адабї

Њарорати баланд

Ширинии сафед

Хушк

Санги ќиматбањои сурхфом

Металли гаронбањо

Ришта, расан

Лалмї не

…-повар – сарошпаз

«Ну, погоди!» – «… ист» (мултф.)

Дарахтзор

Тамѓаи автомат

Ваъда Онро ќонун барќарор мекунад

…Каримова, сароянда

www.javonon.tj

Ороиши нохуни занон

Љавоби салом

Шакли кўтоњи номи Елизавета

Шоњи Дод, њадя њайвонот

Њарфи «д»-и алифбои арабї

Ѓалат, сањв Доимї, љовидонї

Мебел дар тарабхона

Мотам

Мурољиат ба мардон дар Эрон

Номи Фармардона, мон«ягона» (арабї) бардорї

Њайвони бисёрпои бањрї

Чуќурии хам, пастхамї

Эшон, вайњо

Урф, одат

Ќобилияти фикрї, зењн

Њаљљи асѓар

Яроќи ќадима барои зарбазанї

Шоир Абулќосим ...

Пайѓамбари киштидор

Бо Муќим аз аввал дар «Хандинкамон» аст

Ќомат

Бахшишпурсї

Нотаи дуюми мусиќї

Дуои бади падар

Шарм, њаё

Шакли пурраи номи Оля

... Йорк Мошини рамзаш чор њалќа

Оњанпора дар таги суми асп

БароОташ дари (лањљ.) калонї

Корхонаи ќандбарории Душанбе

Тарї

"... Ќонун", асари Сино

Кушоду равшан

Онро варзишгар мебардорад

е-mail: javonontj@mail.ru

Номи пурраи Аня

Илми њисоб (русї)

15


е-mail: javonontj@mail.ru

16

ФАРОҒАТИ ҶАВОНОН

«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН» №6 (9432), 11 феврали соли 2016

Лутфи ҷавонӣ

 ОБУНА - 2016

Бо “Ҷавонони Тоҷикистон” ҳамеша ҷавон мемонед!

Аз ёддошти донишманде: “Танҳо беақлон ҳамеша ба самти рост мераванд. Боақлон ба ҷои лозимӣ мераванд”.

Обуна ба рӯзномаи “Ҷавонони Тоҷикистон” барои соли 2016 идома дорад. Нархи обуна аз тариқи идораи рӯзнома: - барои як сол - 65 сомонӣ - барои шаш моҳ - 34 сомонӣ - барои се моҳ - 18 сомонӣ муқаррар шудааст. Ин арзиш бо назардошти бурда расондан ба нақша гирифта шудааст. Шумо обуна шавед, мо сари вақт рӯзномаро мерасонем. Инчунин, Шумо ба воситаи шуъбаҳои алоқаи шаҳру ноҳияҳо метавонед ба ягона рӯзномаи ҷавонон обуна шавед. Нархи яксолаи обуна ба воситаи почта 87,48 сомонӣ. Суратҳисоби бонкии рӯзнома: р/с №20202972500232101000, кор/с 20402972316254, ИНН 030000301, МФО 350101626 Бонки давлатии амонатгузории Тоҷикистон “Амонатбонк”. Индекси обуна 68857.

***

Ҷавон ба маъшуқааш менависад: - Баъд аз панҷ дақиқа ба ҷои мулоқот меоям. Агар наомадам, инро як бори дигар бихон...

***

Аз ёддошти донишҷӯ: “Ҳар субҳ ман мегӯям, ки рафтанам бениҳоят зарур аст, аммо ҷойхобам садо мезанад, ки “кӯча хунук аст, ками дигар дароз бикаш”.

***

Замира: - Шухиҳоят ин қадар бемаънианд. Салим: - Бомаъниҳояшро ба бомаъниҳо мегӯям...

***

Аз ёддошти муаллим: “Дар гузашта кӯдакон аз маҷлиси падару модарон метарсиданд, ҳоло волидон метарсанд”.

 АНДАРЗ

Мӯйсафедон

www.javonon.tj

Зане аз хонаи худ ба кӯча баромада, мебинад, ки дар назди ҳавлиаш се мӯйсафеде бо ришҳои сафеди дароз нишастаанд. Вай онҳоро бо диққат аз назар мегузаронад, аммо ягонтаашонро намешиносад. Мегӯяд: - Яқин аст, ки мо ҳамдигарро намешиносем, аммо шумо ба фикрам гуруснаед. Хоҳиш мекунам ба хонаи мо даромада хӯрок хӯред. - Шавҳарат дар хона ҳаст? -пурсиданд мӯйсафедон. - Не вай дар хона нест,- ҷавоб медиҳад зан. - Ин тавр бошад, мо ба хонаи ту даромада наметавонем. Шаб вақте шавҳари зан ба хона бармегардад, ҳамсараш ҳодисаи гузаштаро ба ӯ ҳикоя мекунад. - Рав, ба онҳо гӯй, ки ман дар хонаам ва марҳамат намоянд,- гуфт шавҳари зан. Зан дубора мӯйсафедонро ба хона даъват кард. - Мо, се нафар ба хонаи шумо даромада наметавонем. - Барои чӣ? – ҳайрон шуд зан. Мӯйсафеде гуфт: - Номи яке аз мо сарват аст, номи дигарӣ - муваффақият ва номи ман муҳаббат. -Сипас ӯ суханашро давом дода, меафзояд: - Акнун рафта, бо шавҳари худ маслиҳат кун ва бифаҳм, ки кадоме аз моёнро дар хонаи худ дидан мехоҳед. Зан ҳарфи мӯйсафедонро ба шавҳараш Рӯзнома таҳти рақами 0120/рз аз 22 сентябри соли 2014 дар Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон сабти ном шудааст. Нишонӣ: 734018, шаҳри Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ, 16, ошёнаҳои 1 ва 4

САРМУҲАРРИР

Бахтовар КАРИМОВ

расонд. Мард шод гашт. - Чӣ хел нағз,- гуфт вай. Агар интихоб кардан зарур бошад, пас сарватро ба хонаи худ даъват мекунем. Бигзор ба хонаи мо сарват дарояд ва хонаи моро пур аз пулу мол кунад. Зан ба гуфтаи шавҳараш розӣ нашуд: - Азизам, хубаш муваффақиятро ба хона даъват кунем? Дар ин вақт духтарчаи онҳо, ки дар кунҷи хонае нишаста буд, пешниҳод кард, ки муҳаббатро ба хона даъват намоянд, то дар хонаашон муҳббат ҳукмфармо шавад! - Биё, гуфтаи духтарамонро қабул мекунем,- гуфт шавҳар ба ҳамсараш. Бирав муҳаббатро бигӯй меҳмони хонаи мо шавад.

Аз Салим мепурсанд: - Дар куҷо кор мекунӣ? Ҷавоб медиҳад: - Дар кор. Боз мепурсанд: - Он ҷо чӣ кор мекунӣ? Ҷавоб медиҳад: - Дар бораи хонаравӣ фикр мекунам.

***

Салим: - Очаҷон, ман ҷевонро чаппа кардам. Модараш: - Ҳеч гап не, ҳозир падарат онро дуруст мекунад. Салим: - Наметавонад. Модар: - Чаро? Салим: - Чунки ман ҷевонро дар болои ӯ чаппа кардам.

Таҳияи Ҳасан АЗИЗОВ, «ҶТ»

ҲАЙАТИ МУШОВАРА:

Абдуҷаббор РАҲМОНЗОДА (Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа), Нуриддин САИД (вазири маориф ва илми Тоҷикистон), Аҳтам АБДУЛЛОЗОДА (раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон).

ҲАЙАТИ ЭҶОДӢ:

***

Зан ба берун баромада, аз мӯйсафедон мепурсад? - Кадоме аз шумо муҳаббат ҳастед? Хоҳиш мекунам ба хона даромада, меҳмони мо шавед. Муҳаббат роҳ сӯйи хона пеш мегирад. Ду нафари дигар бошанд, аз паси вай равон мешаванд. Бону бо ҳайрат мегӯяд: - Ман танҳо муҳаббатро даъват кардам, шумо барои чӣ аз паси вай рафта истодаед? Мегӯянд: - Агар шумо сарват ва ё муваффақиятро даъват мекардед, пас дар ин ҳолат ду нафари мо дар кӯча мемонд. Чун муҳаббатро даъват кардаед. Ҳар куҷое, ки вай равад мо бо ӯ хоҳем рафт. Дар ҳар хонае, ки муҳаббат ҳукмфармо бошад, сарвату муваффақият низ вуҷуд дорад.

Умаралии САФАРАЛӢ (ҷонишини сармуҳаррир), Маҳмудҷон УСМОНОВ (котиби масъул), Сайфиддин СУННАТӢ (муҳаррири шӯъбаи варзиш ва сайёҳӣ), Манзумаи ФИРӮЗ (муҳаррири шӯъбаи иқтисод ва иҷтимоъ), Ҳасан АЗИЗОВ (муҳаррири шӯъбаи ҳаёти ҷавонон), Нуруллоҳ ОРИФ, Шаҳло ЭШОНОВА, Наврӯз ҚУРБОНОВ, Шодихони НАЗАР, Беҳрӯз ХОЛМУРОДОВ, Гулбаҳор РАҲМОНОВА, Хуршед МАВЛОНОВ (хабарнигорон), Толибшоҳ ДАВЛАТ (хабарнигор, НТМ), Фарзона ИСМОИЛОВА (хабарнигор, Хатлон), Машҳур ИМОМНАЗАРОВ (хабарнигор, ВМКБ), Шеравган ХУРСАНҚУЛОВ (саҳифабанд).

 ЭЪЛОН

ҚАТЪИ ФАЪОЛИЯТ

Соҳибкори инфиродӣ Холова Дилором Назаровна (РЯМ 1530023835), ки 29.10.2015 дар Нозироти андози ноҳияи Варзоб ба қайд гирифта шудааст, фаъолияташро қатъ мекунад.

ЭЪТИБОР НАДОРАД

Дафтарчаи имтиҳонии №15097-05, ки Донишгоҳи славянии Тоҷикистону Руссия соли 2015 ба Шарипова Шукрона Холмаҳмадовна додааст, эътибор надорад. •

Ба хотири чандандешӣ матолибе низ ба табъ мерасанд, ки хилофи назари ҳайати эҷодист. Дурустии арқому далелҳо бар дӯши муаллифон аст.

Ҳангоми таҳияи хабарҳо аз матолиби интернет низ истифода шудааст.

Индекси обуна: 68857

Тел: 901 06-41-10, 238-54-14, 238-51-09, 238-53-03

Ҳафтанома дар КТН «Шарқи озод» (хиёбони Саъдии Шерозӣ-16) бо теъдоди 6772 нусха ба нашр расид.

Ҳисоби бонкӣ: р/с №20202972500232101000, кор/с 20402972316264, ИНН030000301, МФО350101626. Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк»


Turn static files into dynamic content formats.

Create a flipbook
Issuu converts static files into: digital portfolios, online yearbooks, online catalogs, digital photo albums and more. Sign up and create your flipbook.