ЧТ , “ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН”, №07 (9537), 15.02.2018
javonon.tj
1
НАШРИЯИ КУМИТАИ КОР БО ҶАВОНОН ВА ВАРЗИШИ НАЗДИ ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
АВОНОНИ ОҶИКИСТОН №07 (9537), 15/07/2018
e-mail: javonontj@mail.ru
“Варзишгарон бояд намунаи ибрат бошанд” 8 паҳлавони тоҷик дар раддабандии ҷаҳонӣ аз намуди гӯштини самбо шомили даҳгонаи беҳтарин шуданд. Рӯйхати ҷаҳонии самбо миёни мардҳо дар асоси нишондоди натиҷаҳои соли 2017 эълон гардид. Дар вазни 57 кило дорандаи медалҳои нуқраи чемпионати ҷаҳон Акмалиддин Каримов бо гирифтани 2100 хол беҳтарин самбочии ҷаҳон эълон шуд. Қаҳрамони ҷаҳон дар соли 2017 Беҳрӯз Хоҷазода бошад, дар вазни 74 кило бо касби 1700 хол дар мақоми дуюм қарор гирифт. Дар ин вазн варзишгари Белорус Степан Попов бо 1800 хол ҷои аввалро соҳиб шуд. Ҳамчунин, дар ин вазн паҳлавони дигари тоҷик Мубориз Мунавваров бо 1120 хол сазовори ҷои панҷум гардид. Мақоми панҷуми вазни 82 кило бо касби 1184 хол насиби Зафар Олимов шуд. Ду варзишгари дигари тоҷик Умед Ҳасанбеков (90 кило) ва Ҳасани Ҷомӣ (52 кило) дар мавқеи 6-ум қарор доранд. Набимуҳаммад Хоркашов дар рӯйхати паҳлавонони сангинвазн (+100 кило) дар зинаи 9-ум аст. Нозимҷон Охиров низ дар вазни 62 кило шоимили даҳгонаи беҳтарин шуд.
2 СОЛНОМАИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ – 2017 (Идома аз шумораҳои гузашта) 25 март Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар тантанаҳои наврӯзӣ, ки дар боғи "Ваҳдат"-и ноҳияи Бобоҷон Ғафуров баргузор шуд, иштирок карданд. Боғи "Ваҳдат" бо ибтикори наҷибонаву бевоситаи Пешвои миллат ташкил ёфта буд. Дар шаҳри Хуҷанд Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бо фаъолияти Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Атласи Хуҷанд» шинос шуда, як бинои истиқоматӣ, як қатор иншооти нав дар фурудгоҳи байналмилалии Хуҷандро ифтитоҳ карданд. Чун анъанаи накуи наврӯзӣ дар маҳаллаи 34-уми шаҳри Хуҷанд зимни ифтитоҳи як бинои 9-ошёнаи истиқоматӣ бо марказҳои савдою хизматрасонӣ дар ошёнаи якум барои 450 нафар ятимон дастархони наврӯзӣ ороста, ҳамзамон, хатнасури 50 нафар кӯдак аз оилаҳои ниёзманд баргузор гардид. Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон ба ҳамаи кӯдакон ба муносибати фарорасии Ҷашни байналмилалии Наврӯз туҳфаҳои арзанда тақдим намуда, ба даҳ нафар аз оилаҳои маъюб калиди хонаҳои истиқоматӣ супурданд. Дар доираи сафар дар шаҳри Хуҷанд Сарвари давлат барномаи консертии ҳунармандони соҳибистеъдоди панҷ ансамбли навтаъсиси вилояти Суғдро дар кохи фарҳанги «Суғдиён» тамошо карданд. Кохи «Суғдиён» соли 2016 дар рӯзҳои таҷлил аз 25-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тарафи Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифта буд ва он барои аҳли ҳунару фарҳанги вилояти Суғд дастоварди беназир ба ҳисоб меравад. Дар шаҳри Исфара Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон корхонаи саноатии Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди "Баракати Исфара" ва Боғи фарҳангӣ-фароғатии ба номи Сайфуддини Исфарангиро мавриди баҳрабардорӣ қарор дода, бо ҷараёни корҳои навсозӣ дар Ҷамъияти саҳомии кушодаи Осоишгоҳи “Зумрад” шинос шуданд. Иқдоми навсозии Боғи фарҳангӣ-фароғатии ба номи Сайфуддини Исфарангӣ дар асоси дастуру ҳидоятҳои Роҳбари давлати Тоҷикистон рӯи даст гирифта шуда, натиҷаи татбиқи сиёсати фарҳангпарваронаи Пешвои миллат мебошад. Мавзее, ки боғ бунёд гардид, нообод буд ва дар заминаи тадбирҳои созандагиву иқдомоти бунёдкорӣ ба минтақаи муносиби истироҳатӣ ва сайргоҳи сокинони шаҳри Исфара табдил дода шуд. Дар Осоишгоҳи “Зумрад”, ба хотири ба талабот ҷавобгӯ кардани хизматрасонии тиббӣ ба мизоҷон, Президенти мамлакат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои бунёди меҳмонхонаи нав ва маркази ташхисӣ-табобатии муосир санги асос гузоштанд. Зимни сафари дуюми корӣ ба
Эмомалӣ Раҳмон ва “Соли ҷавонон” вилояти Суғд, ки аз 16 то 19 ноябр ҷараён гирифт, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ифтитоҳи якчанд иншооти ҳаётан муҳим дар шаҳру ноҳияҳои вилоят оғоз бахшида, дар ҷамъомади тантанавӣ ба ифтихори 25-солагии Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок карданд. Сафари кории Президенти мамлакат дар вилояти Суғд 16 ноябр аз иштирок дар маросими ба истифода додани корхонаи металлургии Ширкати саноати кӯҳии Тоҷикистону Чин дар шаҳри Истиқлол оғоз гардид. Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба якумин сабиқаи металли сурб, ки дар таърихи Тоҷикистони соҳибистиқлол бори аввал истеҳсол гардид, тамғаи рақами 1-ро гузоштанд. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои сохтмони корхонаи металлургӣ дар шаҳри Истиқлол ҳанӯз моҳи апрели соли 2014 санги асос гузошта буданд. Бунёди корхонаи металлургии минтақаи саноатии Тоҷикистону Чин дар шаҳри Истиқлол боз як қадами ҷиддӣ ба сӯи саноатикунонии мамлакат мебошад. Дар шаҳри Хуҷанд Президенти мамлакат мактаби президентӣ барои хонандагони болаёқат бо 2600 ҷои нишаст дар ду баст ва маҷмааи миллии «Маркази оши палов»-ро ифтитоҳ карда, бо намунаи дастовардҳои арзандаи корхонаву ширкатҳои калонтарини саноатӣ шинос шуданд. Дар шаҳри Бӯстон Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон корхонаҳои дӯзандагӣ ва пойафзолбарории корхонаи давлатии кишоварзии "Палос", гармхонаи инноватсионии парвариши сабзавот бо усули гидропоникаии Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди "Элегант", корхонаи дорусозии Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Фарм Суғд”
ва навбати дуюми корхонаи истеҳсоли халтаҳои полипропилении Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Суғд Пак”-ро ифтитоҳ карда, дар маросими татбиқи лоиҳаи барқарорсозӣ ва таҷдиди шабакаи таъминоти об барои 35 ҳазор нафар иштирок карданд. Бояд гуфт, ки “Фарм Суғд” дар шаҳри Бӯстон аз корхонаҳои нахустини дорусозӣ ва маводи тиббӣ аз гиёҳҳои шифобахш мебошад ва бунёду ба истифода додани он рӯйдоди муҳими соҳаи тандурустии ҷумҳурӣ аст. Чорабинии хотирмони сафари кории Президенти мамлакат дар вилояти Суғд иштирок дар маҷлиси тантанавӣ ба ифтихори 25 - умин солгарди Иҷлосияи XVI-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Соли 2017 ба баргузории ин иҷлосияи тақдирсоз 25 сол пур шуд. 19 ноябри соли 2017 дар Қасри Арбоби ба номи Саидхоҷа Ӯрунхоҷаев маҷлиси тантанавӣ ва ҷамъомади идона ба ифтихори ҷашни 25-умин солгарди Иҷлосияи таърихии XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон доир гардид, ки дар он Сарвари давлат иштирок ва суханронӣ карданд. Ёдовар мешавем, ки аз 16 ноябр то 2 декабри соли 1992 дар Қасри маданияти ба номи Саидхоҷа Ӯрунхоҷаеви вилояти Суғд Иҷлосияи таърихии XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардида буд ва ҳамон вақт вакилон бо як овоз Эмомалӣ Раҳмон, сиёсатмадори оқилу хирадманд ва саодатпешаро Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон – Сарвари давлат интихоб карданд. Пешвои миллати тоҷикон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, қатъи назар аз вазъи мураккаби сиёсӣ ва ҷанги шаҳрвандӣ, дар он солҳо ва лаҳзаҳои тақдирсоз чун сиёсатмадори ҷасуру далер амал карда, аз рӯи хиради азалии халқи тоҷик ҳамчун фарзанди сарсупурдаи миллат барои барқарор кардани
сохти фалаҷгаштаи давлатдорӣ ва ба даст овардани сулҳу суботи сартосарӣ ҷонфидоӣ намуданд. 13 сентябри соли 2017 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни сафари корӣ дар ноҳияи Дарвози Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар маросими ифтитоҳи як қатор иншооти ҳаётан муҳим иштирок намуда, бо сокинони ноҳия суҳбату мулоқотҳои самимӣ анҷом доданд. Сафари кории Сарвари давлат аз гузоштани санги асос барои сохтмони роҳи автомобилгарди қитъаи Шкев – Қалъаи Хумб оғоз шуд. Бунёду навсозии роҳи дорои аҳамияти байналмилалӣ бо ташаббус ва талошҳои созандаи Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон амалӣ гардида, ҳамарӯза тариқи он ронандагону мусофирон ва сайёҳони зиёде сафар мекунанд. Дар мавзеи Яхчисори Ҷамоати деҳоти Нулванди Дарвоз Президенти мамлакат хонаҳои навбунёд барои аҳолии аз офати табиӣ зарардида, инчунин мактаб ва бунгоҳи тиббиро мавриди баҳрабардорӣ қарор дода, бо дастовардҳои меҳнатии сокинони ноҳияи Дарвоз дар намоишгоҳи кишоварзӣ, саноатӣ ва ҳунарҳои дастӣ шинос шуданд. Давоми соли 2017 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе ва як қатор ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ сафари корӣ анҷом дода, дар маросими мавриди баҳрабардорӣ қарор додани иншооти таъйиноти гуногун иштирок карданд. Чорабиниҳои муҳиму хотирмони соли 2017 таҷлили Ҷашни 26 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе ва 20 - солагии Ваҳдати миллӣ дар шаҳри Ваҳдат мебошад, ки дар тантанаҳои бошукӯҳи он Пешвои миллат муҳтарам
“ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН”, №07 (9537), 15.02.2018 Эмомалӣ Раҳмон иштирок намуданд. Соли 2017 ба хотири ба шаҳри зебо табдил додани пойтахти ҷумҳурӣ – шаҳри Душанбе бо дастгирии ҳамаҷонибаи Сарвари давлат аз тарафи роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе тадбирҳои неки созандагӣ амалӣ гаштанд. Аз ҷумла, давоми сол дар шаҳри Душанбе даҳҳо иншооти таъйиноти гуногун, аз қабили мактаб, марказҳои саломатӣ, роҳҳо, майдончаҳои варзишӣ, марказҳои фарҳангию фароғатӣ, бунёд гардида, барои сохтмони иншооти дигари маъмурию маишӣ ва хизматрасонӣ сангҳои асос гузошта шуданд. Нимаи дуюми рӯзи 21 март Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар тантанаҳои идонаи Наврӯзи байналмилалӣ, ки дар Наврӯзгоҳи пойтахт доир гардид, иштирок намуданд. Мавриди зикри хос аст, ки ҷашни аҷдодии Наврӯз бо ташаббуси бевоситаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аҳамияти байналмилалӣ гирифт ва шурӯъ аз соли 2010 онро аксари мардумони сайёра бо шукӯҳи хос таҷлил менамоянд. 28 апрел Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ барои оғози корҳои сохтмонӣ дар бинои нави Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар ноҳияи Шоҳмансур барои сохтмони муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 31 ва бунёди мактаби байналмилалии Тоҷикистону Бритониё бо 420 ҷойи нишаст дар як баст, дар ноҳияи Сино барои бунёди бинои марказӣ ва таълимии Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино санги асос гузоштанд. Худи ҳамон рӯз Сарвари давлат бо раиси шаҳри Душанбе дар ноҳияҳои Сино ва Исмоили Сомонӣ бо ҷараёни таъмири роҳҳои асосии кӯчаҳои Муродулло Шерализода, Саидқул Турдиев ва Ҳамид Маҳмудов шинос шуданд. Ёдовар мешавем, ки 15 феврали соли 2017 ҳангоми мулоқоти Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо фаъолон ва масъулони сохторҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, соҳибкорон барои саҳм гузоштан дар бунёди роҳҳои кӯчаву хиёбонҳои пойтахт ҳавасмандии худро изҳор намуда буданд. Айни замон бо роҳандозии тамоми имконоти мавҷуда ва истифодаи таҷрибаву техникаи муосир бунёди роҳҳои кӯчаву хиёбонҳои шаҳр аз тарафи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва бо саҳми соҳибкорон дар 4 ноҳияи пойтахт идома доранд. Дар маҷмӯъ, аз ҷониби соҳибкорони ватандӯст 70 километр роҳҳои пойтахти кишвар бо риояи тамоми талаботи роҳсозӣ бунёд мегарданд. (Давом дорад)
3
АХБОРИ ҲАФТА
“ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН”, №07 (9537), 15.02.2018
24 872 чорабинӣ дар “Соли ҷавонон” Дар натиҷаи ҳамкориҳои мутақобилан судманди Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши кишвар бо вазорату идораҳо, ташкилотҳои ҷамъиятӣ, ҷомеаи шаҳрвандӣ, бахши хусусию соҳибкорони ватанӣ ва воситаҳои ахбори омма дар самти сиёсати давлатии кор бо ҷавонон бо фарогирии 4064549 наврасу ҷавон ва аҳолӣ 17096 чорабинӣ баргузор гардид.
Омодагиҳо ба 25-солагии Артиши миллӣ дар Душанбе Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе нақшаи чорабиниҳоро оид ба омодагӣ ва таҷлили ҷашни 25-солагии таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар пойтахт тасдиқ намуд. Ин чорабиниҳо бо мақсади дар сатҳи баланд таҷлил намудани ин сана ва дар ин замина баланд бардоштани эҳсоси ватандӯстию ҳувияти миллии сокинони пойтахт гузаронида мешаванд. Дар доираи ин чорабиниҳо ҳар гуна озмуну мусобиқаҳои варзишӣ байни хонандагони синфҳои болоии муассисаҳои таълимии шаҳри Душанбе, аз ҷумла, мусобиқаи тирпаронӣ, футболи хурд миёни наврасон баргузор карда мешаванд. Ҳамчунин, дар ин рӯзҳо баргузории мулоқоту суҳбатҳо бо афсарони қисмҳои низомии ҳудуди пойтахт, намоиши филмҳои мустанад дар бораи таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, аёдати иштирокчиёни Ҷанги дуюми ҷаҳон ва расонидани кумаки моддӣ ба онҳо дар назар аст.
425 медал дар соли 2017 Соли 2017 варзишгарони Тоҷикистон ба хазинаи варзишии ҷумҳурӣ 425 медал (121 тилло, 116 нуқра ва 188 биринҷӣ) ворид намуда, натиҷаҳои ба дастовардаи варзишгарон нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 177 медал зиёд мебошад. Дар ин бора раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш Аҳтам Абдуллозода зимни нишасти хабарӣ иттилоъ дод. Номбурда афзуд, ки соли 2017 21 нафар варзишгарони кишвар ба “Номзади Устоди варзиши Ҷумҳурии Тоҷикистон”, 138 нафар ба “Устоди варзиши Ҷумҳурии Тоҷикистон”, 15 нафар ба “Устоди варзиши дараҷаи байналмилалӣ” ва 1 нафар ба “Устоди шоистаи варзиши Ҷумҳурии Тоҷикистон” сарфароз гардонида шуданд. Ҳамчунин, номбурда зикр намуд, ки дар мусобиқаҳои байналмилалӣ соли 2017 бо маблағгузории Кумита дар ҳаҷми 988 818 сомонӣ 305 нафар варзишгарон (26 нафарашон бонувон) ба 42 чорабинии варзишӣ сафарбар гардиданд. Аз ҷониби муассисаҳои варзишии тобеи Кумита ба мусобиқаҳои байналмилалӣ 105 нафар варзишгарон бо харҷи 587 274 сомонӣ ва аз ҳисобу буҷети вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои кишвар бошад 1 081 468 сомонӣ ҷудо карда шуда, барои сафарбаркунонии 478 варзишгар равона гарди-
данд. Харҷи умумии маблағҳо барои сафарбар намудани варзишгарон ба мусобиқаҳои байналмилалӣ аз ҳисоби буҷети давлатӣ дар соли 2017 2 656 560 сомониро ташкил медиҳад. Тавре Аҳтам Абдуллозода хабар дод, имрӯз дар ҷумҳурӣ 134 мактабҳои варзишӣ фаъолият карда, дар онҳо 3165 гурӯҳ бо шумораи 31349 машқварзони наврасу ҷавон фаро гирифта шудааст: “Аз ҷумла 5 мактаби маҳорати олии варзишии ҷумҳуриявӣ, 1 Маркази омодагии олимпӣ дар шаҳри Хоруғ, 2 мактаби маҳорати олии варзишии вилоятӣ, 3 мактаби махсуси варзишии ҷумҳуриявӣ, 12 мактабҳои махсуси варзишии захираҳои олимпӣ, 90 муассисаҳои (мактабҳои) варзишӣ дар шаҳру ноҳияҳо ва 21 адад мактабҳои варзишии тобеъ ба Иттифоқҳои касабаи мустақил ва ташкилоти ҷамъиятии “Ҳосилот” фаъолият доранд”. Беҳрӯз ХОЛМУРОДОВ, “ҶТ”
Аҳтам Абдуллозода, раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш, 12 феврал ин нуктаро зимни нишасти хабарӣ баён намуда афзуд, ки “дар самти тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш дар соли 2017 7836 чорабинии варзишӣ бо фарогирии 2745999 нафар шаҳрвандон, аз ҷумла 537130 нафар бонувон амалӣ карда шуд. Дар маҷмуъ дар “Соли ҷавонон” дар саросари кишвар дар соҳаи кор бо ҷавонон ва варзиш 24872 чорабинӣ бо фарогирии 6 810 548 нафар наврасону ҷавонон ва сокинони ҷумҳурӣ баргузор карда шуд”. Дар идома гуфта шуд, ки дар доираи “Барномаи миллии рушди иҷтимоии ҷавонон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016- 2018” ба 53 на-
фар ҷавонон дар ҳаҷми 48070 сомонӣ кӯмак расонида шуда, умуман, дар ҷумҳурӣ бахшида ба “Соли ҷавонон” ба 23883 нафар шахсони эҳтиёҷманд аз тамоми сарчашмаҳо дар ҳаҷми
1 392 981 сомонӣ кӯмакҳои моддӣ, молӣ ва маишӣ расонида шудааст. Беҳрӯз ХОЛМУРОДОВ, “ҶТ”
“Ардо-капитал” – ташкилоти нави қарзӣ дар Тоҷикистон Бонки миллии Тоҷикистон ба Ҷамъияти саҳомии пӯшидаи Ташкилоти амонати қарзии хурди «Ардо-капитал» барои анҷом додани амалиёти бонкӣ бо пули миллӣ ва асъори хориҷӣ иҷозатнома дод. Тавре аз Бонки миллӣ иттилоъ медиҳанд, мутобиқи иҷозатномаи мазкур ба ҶСП ТАҚХ «Ардокапитал» барои анҷом додани амалиёти бонкӣ, аз қабили ҷалби амонат ва пасандозҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, додани қарзи хурд, кушодани пешбурди суратҳисобҳои бонкӣ, интиқоли маблағҳои пулӣ бо фармоиши муштариён, додани кафолат, қарордодҳои форвардӣ ва СВОП барои худ, амалиёти кассавӣ, амалиёти ҳисоббаробаркунӣ ва мубодилавӣ, барориши кортҳои пардохтии бонкӣ ва амалиёт бо онҳо иҷозат дода мешавад. ҶСП ТАҚХ «Ардо-капитал» дар партави иҷрои дастуру супоришҳои Паёми навбатии Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҷалби сармояи хориҷӣ дар якҷоягӣ бо соҳибкорони Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шудааст.
4
ҶАВОНОНИ МАҲАЛ
Пас аз итмоми ҳафтаи корӣ бо сабукрав ҷониби хона мерафтам. Чун ҳафтае дар сафарҳои хидмативу аз аҳли оила дур будам, дар курсии пеши сабукрав нишаста, побанди фикри волидон ва ҳамсару фарзанди хеш будам. Ду ҷавон дар нишастгоҳҳои ақиб нишаста, перомуни кадом масъалае бо ҳам баҳс мекарданд. Ниҳоятан садои яке аз онон баландтар шуд: - Ман бо фикри ту умуман розӣ буда наметавонам. Маркази ноҳия он тараф истад, ҳатто дар ҳар деҳаи мо майдону толори варзишӣ вуҷуд дорад. Ин дам риштаи хаёли ман гусаста гардиду фаҳмидам, ки баҳси ду ҷавон дар бораи ободононӣ ва пешравиҳои ноҳияаашон меравад. Ман ҳам чун як ҷавон худро бетараф гузошта натавонистам ва ба суҳбати ононҳо гӯш кардам. Ҷавоне, ки ободиҳои ноҳияро васф мекард, илова намуд: - Имрӯзҳо аз ҳама таваҷҷуҳи бештар ба мо – ҷавонон нигаронида шудааст. Чунки тақдири минбадаи кишвар низ дар дасти мост. Ҳукумати кишвар дар сиёсати пешгирифтаи худ ба ҷавонон такя карда, онҳоро нерӯи созанда ва пешбарандаи ҳамаи соҳаҳои ҳаётии мамлакат меҳисобанд. Чунки ободгариву муаррифии миллату давлат ба ҷавонон вобастагии бузург дорад. Агар ба даҳсолае қабл назар андозем, ин гуна имкониятҳо барои ҷавонон қариб ки ба мушоҳида намерасиданд. Ҳамин аст, ки ҳар гоҳе ҳамнишини шахсони солор мешавам, такрор ба такрор афсӯс хӯрда, мегӯянд: “Э-э-э, дар давраи мо аз куҷо ин хел имкониятҳо буд? Ҷавононро дар он вақт эътироф ҳам
√ E-MAIL:
“ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН”, №07 (9537), 15.02.2018
РӮДАКӢ: Аз сад як намекарданд. Гапи мо дар ҳеҷ ҷо қадр надошт. Шумо, ҷавонони ҳозира хушбахтед”. Воқеан, мо, зодагони замони истиқлол, ҷавонони хушбахтем. Танҳо шоиста ва собитқадам будан ба худи мо вобастааст. Аз ӯ дар мавриди сукунат ва вазъи ҷавонони маҳали иқоматаш пурсон шудам. Худро сокини ноҳияи Рӯдакӣ муаррифӣ кардаву аз фаъолият ва дастовардҳои ҷавонони ноҳия бо камоли хушнудӣ суҳбат кард. Ҳамин боис шуд, ки мо низ аз вазъи ҷавонон, варзишгоҳҳо ва муассисаҳои варзишӣ дидан нумуда, бо масъулини Бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ин ноҳия суҳбате дошта бошем. Боздиди мо аз ҳаёти маишӣ ва муассисаҳои варзишии ноҳия, нахуст аз Варзишгоҳи марказии ноҳия шуруъ шуд. Манзараи дохили Варзишгоҳи марказӣ воқеан ҳам диданӣ буд. Дар як қисмати варзишгоҳ ҷавонони мактаби варзишии ноҳия машғули тамрин
буданду дар қисмати дигар футболбозони дастаи “Кӯктош” машқ мекарданд. Мураббии даста якеро бо ишора ва дигареро бо садои ҳуштак кадом амалеро мефаҳмонд. Аз даву тоз ва хушнудии варзишгарон ҳувайдо буд, ки эшон садоқату самимияти хоссае нисбати касби пешанамудаашон доранд. Ҳамин буд, ки соли сипаришуда варзишгарони ин даста дар мусобиқаи байни дастаҳои лигаи якуми футболи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷои аввалро ишғол намуда, ба лигаи олии футболи кишвар роҳхат гирифтанд. Аммо дар баробари ин манзараи дигаре пешорӯи мо қарор гирифт, ки фаъолияти масъулини ноҳияро зери суол мебарад. Варзишгоҳи марказӣ таҷассумгари варзиши маҳал маҳсуб меёбад. Дар он бояд шароитҳои лозима муҳайё бошанд ва дар радифи он перомуни дигар муассисаҳои варзишӣ андеша кунему тарҳу лоиҳаҳои дигарро мавриди баррасӣ қарор диҳем. Вале ин
JAVONONTJ@MAIL.RU
Ҳарки монад бе рафиқ...
Дӯсти ҳақиқӣ кист? Нафаре, ки моро пурра мефаҳмад ва мепазирад, касест, ки мо ҳама мушкилотамонро ба осонӣ ба ӯ ҳиқоят мекунем, ба ӯ комилан бовар менамоем, асрори ниҳони дилро ошкораш месозем ва медонем, ки онро ба касе фош намекунад. Ба ҳар яки мо чунин рафиқи ҳамдам лозим аст, вале барои пайдо кардани ӯ мо худамон бояд дӯсти ҳақиқӣ буданро омӯзем. Дӯстӣ, қабл аз ҳама, бар пояи эҳтиром асос меёбад. Эҳтироми якдигар ин донистани арзиши якдигар аст. Аз ду тараф саъйи зиёд лозим аст, то дар дӯстӣ ризоият бошад. Оре, дӯст беҳтарин, наздиктарин ва азизтарин касест, ки инсонро дар зиндагӣ ҳамроҳ аст. Дӯст касест, ки айбатро ҳамчун ойина ошкоро рӯ ба рӯ гуфта, ҳамеша мекӯшад, то маслиҳатчии наздик бошад. Дӯстон бояд дар ҳама мавридҳо мададрасон, ёвар ва ислоҳкунандаи ҳама гуна хатову нуқсонҳо бошанд. Инсонҳо ҳамеша ба чизе, ба касе, ба тарбияе, ба дилгармие ниёз доранд, хосса ба дӯст. Дӯст аст, ки инсонҳо дар ҳаёт хотирҷамъ, дилгарм ва хонаободанд. Дӯстонанд, ки беморон дардро, ғамдорон ғамро ва хушбахтон дилхуширо бо ҳам дида, аз дарду ҳасрат ва хушбахтиҳои ҳамдигар огоҳ мегарданд. Чунки дар танҳоӣ наметавон худ камбудиву афзалияти хешро донист. Бемориҳои зиёде ҳастанд, ки аслан аз танҳоӣ маншаъ мегиранд. Одамони
танҳо аксаран фикр мекунанд, ки онҳо дигар ба касе лозим нестанд, вале агар моро дӯстони вафодору ғамшарике бошад, танҳо намемонем. Дӯст монанди булур ё алмоси гаронбаҳост ва ӯро чун ганҷ бояд ҳифз кард. Ин ганҷро бехалал дар хазинаи дилҳо бояд ҷой дод. Он гоҳ хоҳем дид, ки дӯсти мо дар партави муҳаббати самимии мо чӣ сон медурахшад. Мегӯянд, ки дӯстон се навъанд:забониву нониву ҷонӣ. Дӯстон ҳақиқатан ҳам се навъ буда метавонанд. Асоситаринашон дӯстони ҷонӣ, яъне онҳоеанд, ки дар ҳама мавридҳо дар ғаму шодии ҳамдигар ҳозиранд. Муҳити оила низ аз дӯстӣ қавӣ мегардад. Дар оилае, ки дӯстию рафоқат вуҷуд надорад, ишқу самимият, ягонагиву якдигарфаҳмӣ вуҷуд дошта наметавонад. Дӯстӣ, ки ганҷи бебаҳост, бо озодагон роҳҳои бузурги боиффат гардидан, боифтихор будан, озода зистан ва аз душманон канора буданро мепарварад. Шахси бедӯст дарахти бе шоху баргеро мемонад, ки зинатеро соҳиб буда наметавонад. Шоир дар ин маврид дуруст фармудааст: Ҳарки монад бе рафиқ, он шохи бебарге бувад, Зиндагӣ бе дӯстон ҳар соате марге бувад.
Г. ҒАРИБШОЕВА, омӯзгори МТМУ № 24, ноҳияи Фирдавсӣ
муассиса имрӯз дар як ҳолати ниҳоятан ногувору таъмирталаб қарор дорад. Кор то ҷоест, ки шифти трибунаи варзишгоҳ сарозер шудаву қисматҳои алоҳидаи бомпӯши бино кайҳо хароб гардидааст. Ва курсиҳои он аксаран корношоям гаштаанд. Вақте ин ҳолатро аз директори варзишгоҳ пурсон шудем, эшон иброз доштанд, ки ният аст, то арафаи ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ варзишгоҳро аз таъмири пурра бароранд. Дар ин радиф маблағҳои лозима аз буҷаи ноҳия ҷудо гардидааст ва дар ҳолати норасоии маблағҳо аз соҳибкорон низ ёрии моддӣ талаб хоҳанд кард. Абдулло Сатторӣ, мудири Бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳия ба мо иттилоъ дод, ки дар дохили варзишгоҳ аз ҳисоби маблағҳои Бахш ҳаммом ва ҳуҷраи либосивазкунӣ сохта мешавад, ки аллакай корҳо дар ин самт ҷараён доранд. Дар самти варзиш ҷавонон аз
«Об ҳақиқатан поккунанда ва асоси ҳастист, ки чизе онро наҷис нагардонад». Расули АКРАМ Беш аз 70 фисади сайёраи заминро об фаро гирифтааст, ки ҳамагӣ 3 фоизи он оби ошомиданӣ мебошад. Ба таври умум ин захира барои инсоният тӯли солиёни зиёд басанда аст. Аммо мавҷудияти он дар ҳама қитъаҳои олам баробар нест. Барои яке фаровон асту барои дигаре камчин. Дар як ҷо ба қадраш мерасанду дар ҷойи дигар хораш мекунанд. Агар нерӯи ободкунандаи онро эҳтиром намоянд, қудрати харобиоварии онро кам дарк мекунанд. Истифодаи оқилонаи он мазраеро шодоб менамояд, истеъмоли бенизомаш заминҳоро ботлоқу шӯр мегардонад. Воқеан, вақте мо дар бораи истифодаи об ва оқибатҳои он сухан меронем, бояд як нуктаро ба хубӣ дарк намоем, ки истифодаи оқилонаи об, тоза нигоҳ доштани он ва риояи омилҳои фаровонии об дорои аҳамияти зиёд мебошад. Об манбаи ҳастии ҳама мавҷудоти олам
мусобиқаҳои байналмилалӣ соли қаблӣ 12 медал ба даст оварданд. Албатта, ин нишондиҳандаи бад нест, аммо вақте дар ноҳия ҳудуди 172 ҳазор ҷавон зиндагӣ доранду шумораи муассисаву иншооти варзишӣ ба 500 дакка мехӯрад ва танҳо шумораи машқварзони мактабҳои варзишӣ марзи 1000-ро убур мекунад, нишондиҳандаи мазкур қобили пазириш нахоҳад буд. Мушкилии умдае, ки ҷавонон ва масъулини ин Бахш доранд, басанда набудани толорҳои варзишӣ дар ноҳия мебошад. Бо вуҷуди он ки 89 толори варзишӣ ва 10 толори обу тоби бадан (фитнес-клуб) вуҷуд дорад, аммо нисбат ба талаботи соҳа ниҳоят кам аст. Тавре мудири Бахши кор бо ҷавонон ва варзиш гуфт, азбаски аксари толорҳои варзишӣ ва фитнес-клубҳо аз ҷониби соҳибкорон сохтаву мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтаанд, мураббиёни мактабҳои варзишӣ наметавонанд ба таври бояду шояд дар он маконҳо бо ҷавонону наврасон тамрин кунанд. Мо низ зимни боздид шоҳиди баҳси яке аз мураббиёни мактаби варзишӣ ва соҳиби толори варзишӣ гардидем. Ин қазияро А. Сатторӣ дар зиёд будани талаботи наврасон ба варзиш ва кам будани толорҳои варзишии давлатӣ унвон кард. “Мураббиён, - таъкид намуд ӯ, - азбаски дар толорҳои хусусӣ дарс мегузаранд, имкони роҳбариро аз даст медиҳанд ва дар ин ҳолат соҳибони толорҳоро низ фаҳмидан лозим аст”. Бо вуҷуди ҷо доштани мушкилиҳо аз лиҳози дастгирии ҷавонон ноҳияи Рӯдакӣ дар қиёс ба баъзе навоҳии дигари кишвар пешсаф мебошад. Зеро дар ноҳияи мазкур масъулин барои беҳтар намудани зисту зиндагонии ҷавонон тамоми чораҳоро андешида истодаанду зина ба зина камбудиҳои ҷойдоштаро бартараф мекунанд. Метавон гуфт, ки дар муддати мадид, баъди бартараф намудани камбудиҳо ва зиёд шудани толору майдонҳои варзишӣ шумори варзишгарон дар ноҳия ба тадриҷ зиёд шуда, дастовардҳои варзишии он низ беш аз пеш хоҳад гашт.
Хуршед ХОВАРӢ, “ҶТ”
Об – манбаи ободӣ аст. Ҳастии гулу гиёҳ, ҳайвоноту наботот, растаниву инсоният, хосса зиндагии осоиштаву ободӣ ва озодагиву пурбаракатӣ ҳама ба об вобастагӣ дорад. Обро инсон барои нӯшидан, пухтани хӯрок, шустушӯй, сохтани манзил, тозагии кӯчаҳо, обёрии заминҳо истифода мебарад. Инчунин, одам бо роҳҳои обӣ заврақу киштӣ ронда, ҳар гуна бор ва мусофиронро мекашонад. Об ҷараёни барқ ҳосил мекунад. Бо қувваи оби зиёд чархи санги осиёб, дастакҳои обҷувоз ҳаракат мекунанд. Кори ягон соҳаи саноат бе об пеш намеравад. Инсон бе об зиндагӣ карда наметавонад. Ҳатто қисмати зиёди вазни бадани инсон аз об иборат аст. Об одамро аз ифлосию нопокӣ, аз бемориву дардҳо эмин мегардонад. Ҳатто намии замин аз об аст, ки бе он ягон растанӣ ва гулу гиёҳ намерӯяд. Мо, тоҷикистониён, бояд ҳамеша ифтихор намоем, ки сарзамини бузургамон
Тоҷикистон аз захираи об бой буда, қариб 7000 пирях, 155 кӯли гуногунҳаҷм, даҳҳо ҳазор чашмаоби одию маъданӣ ва обанборҳои зиёд дорад. Дарёҳои Сир, Вахш, Зарафшон, Варзоб, Кофарниҳон, Панҷ на танҳо Тоҷикистонро, балки мамлакатҳои ҳамсояро низ шодоб мегардонанд. Модоме ки обро асоси зиндагии ҳамаи мавҷудоти олам медонем, пас, вазифадорем, ин маъхази бузургро чун асоси ҳастӣ тозаву озода нигоҳ дорем, нагузорем, ки нохалафе ин муъҷизаи бузургро нопок гардонад. Тоза нигоҳ доштани об ва муқаддас шумурдани он, қимат донистани ҳар қатраи ин муъҷизаи бузург қарзи ҳар як инсони асил аст, зеро об на танҳо ҳамчун манбаи ободӣ, балки манбаи нуру рӯшноӣ ва маҳсули шодиҳои олами ҳастист. Зебо АБДУРАҲМОНОВА, омӯзгори МТМУ № 24, шаҳри Душанбе
“ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН”, №07 (9537), 15.02.2018 (Идома аз шумораҳои гузашта) Чунин устураҳо ва ривоятҳо дар бораи ин ё он воқеа ва ҳодисаи замони бостон, то рӯзгори мо дар шаклҳои мухталиф расидаанд. Ҳамаи ин устураҳоро баъдҳо ховаршиноси машҳури даниягӣ Артур Кристенсен, Ҳошим Разӣ, Меҳрдоди Баҳор ва дигарон мавриди омӯзиш қарор медиҳанд. Аммо А.Кристенсен дар доираи таъкиди олимони шинохта, ба мисли В.Маннҳардт, Э.Вестермарк ва Е.Монгк, Ҷ.Фрэзер ва дигарон доир ба масъалаи ҷашни оташ ва муқаддас донистани он изҳори назар менамояд. Ҷашни Сада дар тӯли таърих ташаккул ёфта, ба таълимоти мазҳабиву миллӣ пайванд гардида, байни халқ маҳбубият касб карда будааст. Дар замони Сомониён ин ҷашн роиҷ буда, пасон дар замони Ғазнавиён низ машҳур будааст. Султон Маҳмуди Ғазнавӣ низ ин ҷашнро бо шукӯҳу шаҳомати хос таҷлил менамудааст, ки доир ба он Абулфазли Байҳақӣ ёдовар шудааст. Ховаршиноси машҳур Е.Э.Бертелс дар як мақолаи худ таҳти унвони «Праздник джашн-и Саде в персидско-таджикой поэзии» (Э.Бертельс. Избранные труды. М., 1988, с.302-313) навиштааст, шоирони дарбори Ғазнавиён ҷашни садаро ситоиш намудаанд. Хушбахтона, Сада дар ашъори шоирони садаи ёздаҳ зиёд тавсиф шудааст. Онҳо Садаро ситоиш намуда, дар бораи ин ҷашн ва арзиши он назари хешро ифода намудаанд. Аз ҳама муҳим дар адабиёти асри ёздаҳ ҷашни Сада, махсусан дар шеър, ба сифати талмеҳ корбарӣ шуда, ҳамчун як ҷузъи устураи мансух ҳифз шудааст, ки аз бузургии ин ҷашн ва қадимияти он далолат мекунад. Баъдҳо низ ин ҷашн идома ёфта, то аввали садаи ХХ ҷойгоҳи хос доштааст. Вале дар давоми қариб як аср агар он ба таври расмӣ ҳамчун оини хурофотӣ эълон шуда бошад ҳам, он аз хотираи мардум берун нарафта, дар музофот ва ҷойҳои алоҳида ҳамчун ҷузъи маросими мардумӣ шинохта мешуд ва таҷлил мегардид. Нишонаҳои эҳтиром ба оташ ва боварҳое ба ҷашни Сада дар миёни мардум зинда буданд ва бо шаклҳои гуногун муаррифӣ мешуданд, ки қисме аз он дар рӯзгори мардуми мо дар шакли нақлҳои устураӣ, боварҳо ба оташ, алавгардонӣ, мақолу зарбулмасал, таъбир ва оини халқӣ пойбарҷост. Масалан, чанде пеш агар оташи оташдони хонаводае хомӯш шавад, ин фоли бад буд. То имрӯз дар миёни мардуми тоҷик нишонаҳое аз муқддас будани оташ дар шакли таъбир ва мақол боқӣ мондааст. Чунончи: «Алави хонаат хомӯш нашавад», «Худоё, чироғи хонаат ҳамеша даргирон бошад» (фарзандталабӣ, бахусус барои писар), «Худоё, ҳич кас бечироғ нашавад» (беписар
МУЛОҲИЗА
«Сада чист? Обонрӯз аст аз баҳманмоҳ» ё мухтасар оид ба таърихи ин ҷашни бостонӣ
набошад), «Вай бечора бечироғ аст» (беписар аст), «Чунон бачаи зӯр буд, ки алав барин дар мегирифт», «Бачаи фалонӣ чун оташ аст», «Алав барин гарде!» (мисли оташ боше!) ва амсоли ин. Ҳамчунон ба сифати қасам дар байни халқ таъбирҳои зиёд роиҷ аст, ки ба оини оташ ва ҷашни Сада мансубият доранд. Масалан, «Алав занад, ки…», «Ба оташ сӯзам ки…», «Агар ҳамин кора ман карда бошам, илоҳӣ мисли чӯб дар оташ дар гирам…». То солҳои 70 садаи ХХ дар баъзе деҳоти кӯҳистони Тоҷикистон ва дар байни тоҷикони Осиёи Миёна мушоҳида мешуд, ки дар айни авҷи зимистон, барои нек омадани соли оянда ва зуд расидани баҳор, гурӯҳе аз одамон ба дашту саҳро, ё дар байни боғи худ, хору хасу буттаву чӯбҳои хушки дархатонро ҷамъ оварда оташ афрӯхта шодмонӣ менамуданд. Наврасону ҷавонон дар гирди ин оташ бозиву шӯхӣ ва ҳунарнамоӣ менамуданд. Ин ҳамон нишонаи ҷашни Сада аст, ки мардум онро, бо эътиқод ба гузашта, то замони мо овардаанд. Чанд даҳсола пеш тӯи хатна бештар дар фасли зимистон баргузор мешуд. Шахсони доро дар тӯи хатнаи писари худ ҳатман мусобиқаи гӯштин ва бузкаширо барпо менамуданд. Дар майдони гӯштин ва бузкашӣ, пеш аз оғози он, ба харҳо ҳезум бор карда мебурданду аввал гулхане афрӯхта, чанд лаҳза дар гирди он хурсандӣ мекарданд, баъд мусобиқа оғоз мешуд. Мо мушоҳида кардаем, то он даме ки гулхан наафрӯзанд, пирмардони суннатгарои таҷрибакор ба шурӯъи мусобиқа иҷозат намедоданд. Ин оин ҳоло ҳам дар зеҳни пирамардон боқӣ мондааст, ки ин низ ҳамон нишо-
нае аз ҷашни Сада аст. Аз ин ишораҳо маълум мешавад, ки дар хотираи фарҳангии халқи тоҷик ҷашни Сада мақоме мисли ҷашнҳои Наврӯз ва Меҳргон дорад ва чи нек аст, ки дар таи чанд соли ахир он дар сатҳи ҷумҳурӣ таҷлил мешавад. Хуб мешуд, ки дар вақти маросими ҷашни Сада суннатҳои ин ҷашни мардумӣ бештар талқин гарданд, ки қисме аз онҳо ба замони мо низ мувофиқ аст. Аз ҷумла, мардум метавонанд дар ҳамин рӯз, ба хотири ҷашни Сада бо ҳам биёянд, базм ороянд, хурсандӣ карда, дар боғҳои истироҳатӣ чорабиниҳои фарҳангӣ ташкил намоянд. Инчунин намоиши фурӯши ниҳолу дарахтон ва гулу гулбуттаҳоро боз ҳам бештар ташкил карда, мардумро ба дарахтшинонӣ ва гулшинонӣ даъват созанд. Ба калонсолон, пиронсолон, ятимону барҷомондагон кумак расонида, ба аёдати беморон бароянд ва онҳоро дилбардорӣ кунанд. Дастархони хоксоронаи идона оро дода, дар он меваҷот гузоранд ва шукрона аз сулҳу субот намоянд. Ба хонаи ҳамсоягони худ ба қадри имкон ҳадя фиристанд. Агар он ниҳол ва ё дарахт бошад, боз беҳтар. Дар назди ҳавлӣ ва хонаҳои худ дарахту гул шинонанд, ба тоза кардани дарахтон машғул шаванд, боғҳои худро тоза намоянд, рамзан гулхан гиронда, ҳамаи кудуратҳо, ифлосиҳо ва партовҳоро сӯзонанд ва ҷӯю заҳбурҳоро тоза карда, дар қади роҳҳо дарахт шинонанд. Ба ҳамдигар бо меҳр салом диҳанд, хурдсолон ва наврасонро ба меҳнат кардан ҷалб намоянд ва аз ҳавлӣ ва хонаҳо чизҳои нодаркор, партовҳоро берун карда, ба тоза кардани онҳо машғул шаванд. Бегоҳ либоси тоза ба
бар карда, зиёфати хонаводагӣ ва ё суфраи ҷашни Садаро оро диҳанд. Хуб мешуд, ки дар ин суфра падару модар, хоҳару бародар, хешу таборони наздик ба ҳам ҷамъ оянд, дар боби дӯстию рафоқат, одаму одамгарӣ, хайру саховат, эҳтироми якдигар суҳбат ороста, зиёфат хӯрда, хурсандӣ ва базму бозӣ намоянд. Якдигарро табрик карданро фаромӯш накунанд. Аз меваҳои барои зимистон нигоҳдошта ширинӣ ва шарбат тайёр карда, дар хони идона гузоранд, ки боз беҳтар аст. Ин иддае аз суннатҳои ҷашни Сада мебошанд, ки ниёкони мо онҳоро иҷро мекарданд ва хушиву хурсандӣ намуда, ҷашни Садаро таҷлил мекарданд ва барои омадани Наврӯз орзую ниятҳои худро ифода менамуданд. Метавон ёдовар шуд, ки имрӯзҳо дар кишварҳои гуногуни олам, дар он шаҳрҳое, ки тоҷикон ва форсизабонон, курдҳо, паштунҳо, баллучҳо ва дигар мардуми эронитабор зиндагонӣ менамоянд, Садаро ҷашн мегиранд. Дар тарабхонаҳо ба ифтихори Ҷашни Сада базми ҷамшедӣ барпо менамоянд. Вобаста ба ин Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳангоми таҷлили ҷашни Меҳргон таъкид намуда буданд, ки: «Ҷашн танҳо ба хотири ҷашн нест ва таҷлили ҳар санаи муҳим дар зиндагӣ бояд моро ба андеша ва хулосабарорӣ барои оянда таҳрик созад». Ҳоло аз баракати Истиқлолияти кишвари азизамон ҷашни Сада эҳё гардид. Акнун шукӯҳи бостонии он сол то сол барқарор мегардад. Дар оянда баробари фурӯ рафтани офтоб гулхани азиме афрӯхта хоҳад шуд. Дар гирди ин гулхан корвони шодмонии Сада барпо хоҳад гашт. Доирадастон, сурнайнавозон, карнайнавозон, ҳунармандон, масхарабозон, дорбозон, аскиячиҳо, раққосон, аспакбозҳо, паҳлавонон, ҳар касе, ки ҳунаре барои намоиш додан дорад, ҳунарнамоӣ хоҳанд кард. Дар ҷашни Сада низ созҳои миллӣ, навъҳои гуногуни ҳунарҳои мардумӣ, маҳорати пазандагони моҳир, навъҳои таомҳои суннатӣ, порчаҳои атласу адрасбофӣ, зардӯзӣ, гулдӯзӣ, қолинбофӣ, заргарӣ, либосҳои миллии зимистонӣ, намоиши расму оинҳои мардумӣ, рақсу сурудҳо ба маърази тамошо гузошта мешаванд. То бо ин шодмонию хурсандӣ зимистони сарди афсун-
5 гарро гусел намуда, барои бештар ҷаҳонро мунаввар намудани Хуршеди баҳорофар, омодагии кишту кор ва ояндаи дурахшони рӯзгор мадад намоем. Умел аст, ки дар гирди ҷашни Сада арӯсакҳое чун рамзи Хуршеди тобон таҳия мегардад; рамзи бобои деҳқон, ки интизори баҳору Наврӯз аст, намоиш дода мешавад; ҳангоми ҷашни Сада ҳамчун рамзи зимистони сарду ҷодугар тимсоли пиразани аҷуза сохта, бо чеҳраи масхараомези хандадор барои тамошобинон пешкаш мегардад. Садаро бояд чунин пешвоз гирифт, ки мардум гӯё ҳама ба истиқболи Хуршеди оламтоб мераванд. Тибқи суннати ниёгон даст ба Хуршед бурда ниёиш карда, дар ин рӯзҳои сарди ҷодуовар, аз ин оташи гарми наврӯзовар барои беҳбуд шудани рӯзгори ояндаи бахтовар мадагор бишаванд. Умед дорем, ки ҷашни Сада низ ба сифати як ҷашни миллию мардумӣ на танҳо барои дилхушиву зиёфат баргузор мешавад, балки мададгори кишоварзон шуда, барои рушди боғдориву токпарварӣ, гулкорию гулпарварӣ, чорводорию зироаткорӣ ва дар маҷмӯъ ободкорӣ мусоидат менамояд ва минбаъд боз ҳам густариш меёбад. Дар ҳақиқат ҷашни Сада, ба мисли ҷашни Наврӯзу Меҳргон ҷашни ободкорӣ ва кишоварзон мебошад, ки тамоми қишрҳои ҷомеа аз он дастгирӣ намуда, маросимҳои онро риоя карда, аз баргузориаш изҳори шодмонӣ мекунанд. Ҳамчунин бо умеду орзуҳои нек ёдовар мешавем, ки минбаъд суннатҳои ин ҷашн ба таври васеъ омӯхта шуда, таҷлили он дар сарорсаи мамлакат ба ҳукми анъана медарояд ва тамоми сокинони кишвар онро дар руҳияи баланди арҷгузорӣ ба мероси маънавии халқ таҷлил менамоянд. Ин тадбир имкон медиҳад, ки боз ҳам ҳуввияти миллӣ қавитар гардад ва насли имрӯза аз анъанаҳои ниёкони худ бештар бархурдор шаванд. Ба гуфти Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон: «Аз ин рӯ, зарур аст, ки дастовардҳои маънавию моддии мардуми шарифи мо ба феҳристи умумиҷаҳонии ЮНЕСКО ворид гарданд ва нақши тамаддунсози миллати тоҷикро минбаъд низ боло баранд». Яъне Вазорати фарҳанги ҷумҳурӣ, Вазорати маориф ва илм, Академияи илмҳо ва донишгоҳҳо пас аз баррасии муфассал бояд барои ворид намудани Сада ба феҳристи умумиҷаҳонии ЮНЕСКО талош намоянд. Ба тамоми мардуми шарифи Тоҷикистон ҷашни Сада – ҷашни чиллаи Хуршед муборак бошад! Абдуҷаббор РАҲМОНЗОДА, академики Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, Равшан РАҲМОНӢ, профессори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон
6
ДАР ҲОШИЯИ ПАЁМ
“ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН”, №07 (9537), 15.02.2018
Тавре медонем, соли 2017 аз ҷониби Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон “Соли ҷавонон” эълон гардида буд ва ба хотири дастгирии ҷавонон дар ин муддат корҳои зиёде анҷом ёфтанд. Ҷавонон ҷавобан ба ин ғамхориҳои Ҳукумати кишвар дар ин муддат ба як қатор дастовардҳои назаррас ноил гардида, тавонистанд Тоҷикистонро берун аз кишвар сазовор муаррифӣ намоянд. Пешвои миллат дар Паёми навбатиашон изҳор доштанд, ки «Ғамхориҳои Ҳукумат нисбат ба ҷавонон танҳо ба “Соли ҷавонон” маҳдуд намешавад. Баръакс, ҳалли масъалаҳои вобаста ба наврасону ҷавонон минбаъд низ самти муҳимтарини фаъолияти мо хоҳад буд». Ин иқдом дар татбиқи сиёсати давлатӣ оид ба дастгирии ҷавонон нақши муҳим мебозад ва онҳоро ба ояндаи нек дилгарм менамояд. Масъалаи дигари баррасигардида ин тамоюли ҷаҳонишавии фарҳанг ва ба яке аз масъалаҳои глобалии асри XXl табдил ёфтани он аст. Дар робита ба ин масъала таъкид гардид, ки «Дар ин марҳилаи муҳим мақсаду вазифаҳои фарҳанг бештар ба ташаккули маънавиёт, омӯзиши амиқи таъриху фарҳанги гузаштаву муосири халқи тоҷик, баланд бардоштани ифтихори миллӣ ва ҳисси ватандорӣ, инчунин, дар тафаккури мардум, махсусан ҷавонон, густариш додани эҳсоси эҳтиром ба муқаддасоти милливу рамзҳои давлатӣ равона мегардад». Ҳуқуқи иштирок дар ҳаёти фарҳангӣ дар низоми ҳуқуқҳои инсон мавқеи муҳимро ишғол мекунад. Ин ташаббус барои боло рафтани ҳисси ватандӯстӣ, ташаккули масъалаҳои худшиносӣ, ифтихори миллӣ такони ҷиддӣ мебахшад. Воқеан, дар ин раванд ҷавонони кишварамон бояд худ ташаббускори амалҳои созанда буда, зиракии сиёсиро аз даст надиҳанд, дар ҳифзи Ватан ва арзишҳои миллӣ омода бошанд. Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми имсолаи хеш бо зикри дастовардҳои соҳаҳои гуногуни ҷумҳурӣ, арзёбии фаъолияти ҳар як самту соҳаи иқтисодию иҷтимоии кишвар, интиқоди камбудиҳои ҷойдошта ва баёни нақшаву дастурҳо ба кулли тоҷикону тоҷикистониён ифтихор бахшид. Тавре дар оғози суханронии Пешвои миллат таъкид шуд, «Ҷумҳурии Тоҷикистон бо вуҷуди тағйирёбии вазъи сиёсиву иқтисодӣ ва амниятии ҷаҳон, дар роҳи пешрафти бемайлони иқтисодӣ, расидан ба ҳадафҳои
Ҳуқуқи инсон – арзиши меҳварии Паём стратегӣ ва ба ин васила таъмин намудани зиндагии шоистаи аҳолӣ бо қадамҳои устувор пеш меравад». Ин қадамҳои устувор мансуб ба соҳаҳои мухталифи шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ тафсир шуда, ба муассисаҳову шахсони масъул дастуру тавсияҳои ҳатмӣ дода шуданд. Президенти кишвар дар Паёми хеш ғояҳои асосии бунёди ҷомеаи ҳуқуқбунёдро ташкил кардани таъмини волоияти қонун ва ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд маънидод намуда, зикр карданд, ки муносибатҳои ҷамъиятӣ дар ҳамаи соҳаҳо бояд тавассути қонунҳое танзим шаванд, ки ҷавобгӯи меъёрҳои ахлоқ ва адолату инсондӯстӣ бошанд. Пешвои миллат фароҳам овардани фазои ҳуқуқиро дар ҷомеа вазифаи аввалиндараҷаи давлати ҳуқуқбунёд дониста зикр карданд, ки барои амалӣ намудани ин ҳадаф, пеш аз ҳама, ҳифзи амният ва тартиботи ҳуқуқӣ зарур аст, зеро амният ва субот заминаи асосии рушди давлат ба ҳисоб меравад. Мавриди зикр аст, ки зимни амалишавии ҳадафҳои дар Паём гузошташуда ҳамасола дар ҳаёти ҷомеа дигаргуниҳои куллӣ рӯи кор меоянд, низоми ҳуқуқии кишвар таҳким меёбад, соҳаи иқтисодиву иҷтимоӣ рушд мекунад ва дар ҳамин замина сатҳу сифати зиндагии мардум беҳтар мегардад, ҷойҳои нави корӣ таъсис дода шуда, мардум ба шуғли доимӣ фаро гирифта мешавад ва дар маҷмуъ, ҳадафҳои конститутсионии давлат роҳандозӣ карда мешаванд. Бинобар ин, ҳар як шаҳрванди кишвар бо меҳнати софдилонаи худ бояд кӯшиш намояд, ки дар амалишавии вазифаҳои дар Паёми Пешвои миллат гузошташуда саҳми созгор дошта бошад, сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдату якпорча-
гии давлатро эмин нигоҳ дорад. «Минбаъд низ хурду бузурги мамлакат бояд дар навбати аввал ба хотири ҳифзи сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллӣ дар кишвари азизамон саъю кӯшиши худро сафарбар созанд, зеро мардуми шарифи Тоҷикистон ҳуқуқи маънавии зиндагии шоистаро доранд»,- зикр карданд Пешвои миллат. Мусаллам аст, ки асоси пешрафти тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷомеаи дилхоҳ кишвар, аз ҷумла, сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоию фарҳангиро бе сулҳу субот ва оромии сартосарӣ тасаввур намудан ғайриимкон аст. Вобаста ба ин Ҳукумати Тоҷикистон, бахусус Пешвои миллат, ба масъалаи таъмини суботи сиёсӣ ва амнияти давлатии кишвар диққати махсус зоҳир менамоянд. Аз ҷумла, бо мақсади тараққӣ додани соҳаи сайёҳӣ, муаррифии имкониятҳои сайёҳии мамлакат ва фарҳанги миллӣ дар арсаи байналмилалӣ, инчунин, ҷалби сармоя ба инфрасохтори сайёҳӣ аз ҷониби Сарвари давлат соли 2018 дар Тоҷикистон “Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” эълон карда шуд. Бояд гуфт, ки сайёҳӣ яке аз соҳаҳои муҳими муаррификунандаи таъриху фарҳанг, табиат ва анъанаҳои миллӣ ба ҳисоб рафта, Ҷумҳурии Тоҷикистон низ дар навбати худ бо манзараҳои зебову дилписанд, нотакрору мафтункунандаи худ ҳамасола ҳазорҳо сайёҳони хориҷиро ба ҷумҳурӣ ҷалб мекунад. Далели ин гуфтаҳо баҳои баланди Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид Антониу Гутерриш зимни сафараш ба Тоҷикистон тобистони соли 2017 буд, ки аз табиати зебоманзари мамлакат, аз ҷумла, кӯли Сарез ва кӯҳҳои Помир хеле ба ваҷд омада буд. Набояд фаромӯш кард, ки
Тоҷикистон дорои минтақаҳои хуби сайёҳӣ, чун Бадахшону Рашту Хатлон, Ҳисору Зарафшон, мавзеъҳои зебое, чун Искандаркӯлу Ҳафткӯл, Хоҷаобигарму Шоҳамбарӣ, дараҳои Ромиту Варзоб буда, баҳри ҷалби бештари меҳмонони хориҷӣ моро мебояд инфрасохтори муосир бунёд ва сифати хизматрасониро дар сатҳи байналмилалӣ ба роҳ монем. Мусаллам аст, ки дар ҳар як Паём ба рушди низоми ҳуқуқӣ, таҳкими арзишҳои демократию фарҳанги ҳуқуқии аҳолӣ, таъмини адолати иҷтимоӣ ва баробарҳуқуқӣ, ки омили муҳими кафолати устувории ҳаёти сиёсии ҷомеаи адолатпарвар ва таъмини волоияти қонуну тартиботи ҳуқуқӣ мебошанд, таваҷҷуҳи хосса зоҳир карда мешавад, инчунин эҳтиром, риоя ва иҷрои қонун мақсаду мазмуни фаъолияти мақомоти давлатӣ маънидод мегардад. Дар Паёми навбатӣ низ Пешвои миллат ба сиёсати ҳуқуқӣ ва аҳамияти падидаҳои давлати ҳуқуқбунёд барои пешрафти ҷомеа аҳамияти махсус зоҳир намуда, зикр карданд, ки «Ҷумҳурии мо роҳи эъмори ҷомеаи ҳуқуқбунёдро интихоб намудааст, ки яке аз ғояҳои асосии он таъмини волоияти қонун ва ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд мебошад. Принсипи мазкур тақозо менамояд, ки муносибатҳои ҷамъиятӣ дар ҳамаи соҳаҳо тавассути қонунҳое танзим шаванд, ки ҷавобгӯйи меъёрҳои ахлоқ ва адолату инсондӯстӣ бошанд». Зимнан, ба шарофати иродаи сиёсӣ ва сиёсати хирадмандонаи Роҳбари давлат аз солҳои аввали соҳибистиқлолӣ, новобаста ба вазъи мураккаби ҷумҳурӣ, ислоҳоти бомароми ҳуқуқӣ дар мамлакат оғоз гардид, рукнҳои давлатӣ барқарор шу-
данд ва Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон тавассути раъйпурсии умумихалқӣ ва иродаи якдилонаи мардуми сарбаланди мамлакат қабул гардид. Аҳамияти таърихии Конститутсия, пеш аз ҳама, дар он ифода меёбад, ки он бори нахуст Тоҷикистонро ба ҷомеаи ҷаҳонӣ ба ҳайси давлати соҳибихтиёр, демокративу ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягонаю иҷтимоӣ муаррифӣ намуда, халқро баёнгари соҳибихтиёрӣ ва сарчашмаи ягонаи ҳокимияти давлатӣ эълон дошт ва барои расидан ба сулҳи комил дар мамлакат заминаи боэътимоди ҳуқуқӣ фароҳам намуд. Пешвои миллат аз Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ёдовар гардида, зикр намуданд, ки «фароҳам овардани фазои ҳуқуқӣ дар ҷомеа вазифаи аввалиндараҷаи давлати ҳуқуқбунёд мебошад». Қонуни мазкур, ки бо ташаббус ва ибтикори бевоситаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли 2007 бо мақсади ҳимояи манфиатҳои иҷтимоиву иқтисодии мардуми мамлакат қабул гардид, суннатҳои мардумиро ҳамчун омили инъикоскунандаи фарҳанги волои инсонӣ маънидод кард ва онҳоро аз дахолати ноҷои ҳар гуна андешаҳои номатлуб ва ифротӣ эмин нигоҳ дошта, омили муҳими паст кардани сатҳи камбизоатӣ гардид. Воқеан, мазмуни Паёми имсолаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ҳар як шаҳрванди кишвар баҳри ободонӣ, рушду пешрафт ва шукуфоии ҷумҳурии азизамон дастур ва тавсияномаи дақиқу амиқ мебошад. Зеро тавре Пешвои миллат дар поёни суханрониашон зикр намуданд, «Мардуми шарифи Тоҷикистон ҳуқуқи маънавии зиндагии шоистаро доранд». Муҳаммад САЛОҲУДДИНОВ, котиби матбуотии Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон
“ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН”, №07 (9537), 15.02.2018 Новобаста ба муқаррароти қонунгузорӣ, тафсирҳои илмиву амалӣ ва меъёрҳои байналмилалӣ, дар ҷомеа ҳанӯз нисбат ба мафҳумҳои сайёҳӣ, саёҳат, ташриф ва сафар нофаҳмиҳои зиёд мавҷуд аст. Нигаронкунанда он аст, ки дар таҷриба/амалия қисме аз субъектҳо (маъмурияти ташкилоту муассисаҳо) мафҳум ва муқаррароти қонунгузориро оид ба соҳаи сайёҳӣ пурра дарк накарда, зимнан, ба хулосаҳо ва амалҳои носаҳеҳ роҳ дода истодаанд. Мушоҳидаҳо нишон доданд, ки зимни масъалагузорӣ (муроҷиати субъектҳои сайёҳӣ) оид ба амалисозии саёҳати муташаккилона, бахусус дар доираи “Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” қисми муайяни масъулин бар он назаранд, ки «ташкили саёҳат бо ҷалби субъектҳои касбӣ – ширкатҳои сайёҳӣ хароҷотталаб аст, аз ин рӯ, ташкили саёҳат барои мо, мустақиман (бевосита) муфид аст». Яъне, бинобар асли саёҳатро дарк накардан, сайру гашт ва мусофират ба он рабт дода шуда, талаботи қонунгузорӣ ва меъёрҳои ҷорӣ вайрон гардида истодаанд. Аз ин рӯ, дар ин мақола мафҳумҳои «сайёҳ (ташрифоваранда, мусофир)», «сайёҳӣ» ва «саёҳат» дар алоҳидагӣ бо дарназардошти муқаррароти қонунгузорӣ, тафсирҳои илмиву амалӣ ва таҷрибаи байналмилалӣ дар соҳаи сайёҳӣ мавриди баррасиву шарҳ қарор дода мешаванд. САЙЁҲ Дар муносибатҳо ва ҷараёнҳои марбут ба соҳаи сайёҳӣ, аз ҷумла зимни истифодаи мафҳуми «сайёҳ», бинобар каммаълумотӣ ба саҳви зиёд роҳ дода мешавад, ки оқибат ба танзазули натиҷаҳо ва пайдо гардидани мушкилиҳои хусусияти низомидошта оварда мерасонад. Воқеан ҳам, на ҳамаи фаъолият ва ё амали хусусияти мусофиратдоштаи шахс ӯро ҳамчун сайёҳ муқаррар месозад, яъне ҳар сафар ва ё сайру гашт ҳамчун саёҳат пазируфта намешавад, агар нишондиҳандаҳо ва талаботи заруриро надошта бошад. Дар ин росто ҳар як сафари шахсро метавон ба ду гурӯҳ: мусофират ва ташрифоварӣ ҷудо намуд (Тавсияҳои Созмони умумиҷаҳонии сайёҳӣ - 2008). Мусофир (бо забони русӣ «путешественник», бо забони англисӣ «traveler») шахсест, ки бо мақсади муайян ба берун аз ҷойи доимии истиқомат сафар (муо-
ДАР ҲОШИЯИ ПАЁМ Саҳеҳнокӣ ва масъулият асоси рушд
ё тафсири баъзе мафҳумҳои соҳаи сайёҳӣ сифрат) мекунад. Яъне, мусофир шахси мусофиратдошта (сафаркунанда/дарсафарбуда) аст. Сафар ва ё мусофирати шахс метавонад ҳаррӯза бошад, метавонад ҳар ҳафта ва ё ҳар моҳ бошад. Нишондиҳандаи асосии мусофират ин мунтазам (такроран) сафар доштани шахс ба мавзеи муайян дар тӯли як сол мебошад. Мисол, рафтан ба ҷойи кор (агар аз ҷойи доимии истиқомат берун бошад), меҳмонӣ, машғулияти варзишӣ ва ғайра. Яъне, агар шахс ба ҷое азми сафар кунад, ки тӯли як сол ба он ҷой нарафта бошад, пас, ин ташриф ва ё саёҳат арзёбӣ мегардад. Ташрифоваранда/меҳмон/ боздидкунанда (бо забони русӣ «посетитель»/«гость», бо забони англисӣ «visitor») шахсест, ки бо мақсади муайян ба берун аз ҷойи доимии истиқомат сафар мекунад, ки дар муҳлати то як сол ба он ҷой нарафта бошад. Аз ин ду мафҳум мафҳуми «ташрифоваранда» ба сайёҳӣ ва ё саёҳати шахс хос мебошад, яъне, на мусофир, балки ташрифоваранда ҳамчун сайёҳ муқаррар гардидааст. Зимнан, дар тамоми корбариҳои оморӣ ва таҳлилию тадқиқотӣ мафҳумҳои «ташрифоваранда» ва «сайёҳ» баробарарзиш ва ё баробармақом истифода бурда мешаванд, ки асос ё нишондиҳанда дар ин ҷо ташрифи яккаратаи шахс ба мавзеи муайян дар муҳлати як сол як маротиба муқаррар гардидааст. Ташрифоварандагон дар навбати худ ба ду гурӯҳ ҷудо мешаванд: 1. Сайёҳ – шахсе, ки бо мақсади муайян ба берун аз ҷойи доимии истиқомат ташриф меорад ва ҳадди аққал як шаб (дар сафар) мемонад. Ин нишондиҳандаро ташрифи шабонарӯзии шахс низ меноманд; 2. Ташрифоварандаи ҳаррӯза – шахсе, ки бо мақсади муайян ба берун аз ҷойи доимии истиқомат ташриф меорад, аммо дар он ҷой (дар сафар) шаб намемонад. Ин нишондиҳанда ташрифи рӯзонаи (якрӯзаи) шахс низ арзёбӣ мегардад. Хулоса, сайёҳ шахсест, ки бо мақсади муайян ба берун аз ҷойи доимии истиқомат сафар мекунад, ки дар муҳлати то як сол (на кам аз 12 моҳ) ба он ҷой нарафта бошад. Сафари шахс агар ба ин нишондиҳанда ҷавобгӯ набошад, он на саёҳат, балки мусофират аст. САЙЁҲӢ Тибқи муқаррароти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сайёҳии дохилӣ» (моддаи 1) «сайёҳии дохилӣ» ин саёҳати гуногунҷабҳаи шаҳрвандон дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ташкили хизматрасонии муносиб дар ин соҳа мебошад. Яъне,
сайёҳӣ ин саёҳати муташаккилона бо хизматрасонии дахлдор мебошад, ки баҳри қонеъ гардонидани талаботи сайёҳии шахс равона карда мешавад. Дар ин ҷо хизматрасонии муносиб ё сайёҳӣ фаъолияти мақсаднокест, ки дар шакли хизматрасонӣ, кор ва пешниҳоди маҳсулоти сайёҳӣ тавассути субъектҳои хизматрасонии сайёҳӣ барои қонеъгардонии дархост, талабот ва манфиатҳои маънавӣ, зеҳнӣ ва ҷисмонии сайёҳон ва ё шаҳрвандони майли сайру саёҳат дошта амалӣ гардонида мешавад. Зимнан, саёҳат дар он сурат муташаккилона арзёбӣ мегардад, ки агар бо хизматрасонии муносиб фаро гирифта шавад. Хизматрасонӣ бошад, дар он вақт муносиб ва ё мувофиқ дониста мешавад, ки агар он аз ҷониби (бо ҷалби) субъектҳои хизматрасонии сайёҳӣ ба роҳ монда шавад. Субъектҳои хизматрасонии сайёҳӣ, чи тавре қонунгузорӣ муқаррар намудааст, шахсони воқеӣ, ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродиеанд, ки бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хизматрасонии сайёҳӣ машғул мебошанд. Яъне, ҳар нафар наметавонад ба хизматрасонии сайёҳӣ машғул гардад ва ё мустақилона саёҳати гурӯҳи одамонро ташкил созад. Қонунгузорӣ муқаррар намудааст, ки барои машғул шудан ба хизматрасонии сайёҳӣ шахси воқеӣ ё ҳуқуқӣ бояд ба талаботи зарурӣ ҷавобгӯ буда, иҷозатномаи ин намуди фаъолиятро дошта бошад ва ё дар Феҳристи баҳисобгирии субъектҳои хизматрасонии сайёҳӣ (дар соҳаи сайёҳии дохилӣ) худро ба қайд гузошта бошад. Ҳамин тариқ, хулоса карда мешавад, ки саёҳати ба таври мустақилона ё мустақим (худсарона, бидуни ҷалби субъектҳои (ширкатҳои) дахлдор) ташкилшуда саёҳати муташаккил арзёбӣ намегардад. Ҳамчунин, ин амал, ки бар хилофи қонунгузорӣ мебошад, оқибатҳои муҷозотиро (ҷавобгариро) пеш меорад. САЁҲАТ Мутобиқи Тавсияҳои байналмилалӣ оид ба омори туризм (2008) саёҳат ба фаъолияти сайёҳон ва ташрифоварандагон алоқаманд мебошад. Саёҳат ин ташрифи муташаккил ва мақсадноки шахс бевосита ва ё ба воситаи субъектҳои сайёҳӣ ба берун аз ҷойи доимии истиқомат, ба ҷое, ки дар давоми як сол аввалин маротиба аст, мебошад. Ҳар як ташриф/саёҳат дар он сурат муташаккил ва мақсаднок номида мешавад, агар он дар доираи хатсайри муайяни сайёҳӣ бо истифода аз хизматрасониҳои
ширкатҳои сайёҳӣ ва ё субъектҳои дигари ҳуқуқ ба фаъолияти сайёҳидошта ба роҳ монда шавад. Хатсайри сайёҳӣ, тибқи қонунгузории ҷорӣ, ¬ҷузъи асосии маҳсулоти сайёҳӣ буда, самти ҷуғрофии ҷойгиршавии сайёҳон ва ташрифи онҳоро ба объекти (мавзеъ ва макон) сайёҳӣ муайян менамояд. Хатсайри сайёҳӣ бояд аз маълумоти умумӣ, харита, расмҳо, тарҳ (схема), дараҷаи эҳтимолии обу ҳаво ва дигар иттилооти тавсифдиҳандаи объекти интихобгардида иборат бошад. Зимнан, хатсайри сайёҳӣ низоми хизматрасонии сайёҳиро дар шароити роҳандозӣ намудани муносибатҳои ҳамкорӣ ва шарикии мутақобила байни субъектҳои сайёҳӣ ва контрсубъектҳо (хизматрасонон) ташкил медиҳад, ки он тамоми имкониятҳоро баҳри хизматрасонии роҳатафзо, бехатар, сифатнок ва манфиатовар ба сайёҳ фаро мегирад. Ин шароити хизматрасонӣ ҳамчун хизматрасонии касбии сайёҳӣ низ тавсиф карда мешавад. Роҳатафзоии саёҳатро он амалҳое фаро мегиранд, ки аз ҷониби шахс амалисозии мустақилонаи онҳо ғайриимкон мебошад. Аз ҷумла: таъмини воситаҳои ҳаракат, хизматрасонии нақлиёт ҳангоми сафар/ташриф; таъмини ғизои солим – хӯрок бо интихоби озод ва бо назардошти хоҳиши сайёҳ; таъмини шароити шабистии (меҳмонхонаи) муносиб бо хусусиятҳои хос ва мувофиқ ба талаботу имконияти сайёҳ. Бехатарии саёҳат. Дар давраи саёҳат шахсро зарур мегардад, ки кафолати якчанд амалҳоро (муносибатҳоро) барои бехатарӣ, тандурустӣ ва ғайра ба даст орад, аммо татбиқи ин талабот барои шахс дар танҳоӣ имконпазир намебошад. Зимнан, дар доираи саёҳати муташаккил таъмин мегарданд: ҳаракати бехатар тавассути нақлиёт; суғурта аз ҳодисаҳои нохуш ва фавқулода; савории бехатар дар воситаҳои зудҳаракат; ҳифзи ҳуқуқ ва манфиатҳо ҳангоми саёҳат ва ғайра. Сифатнокии саёҳат аз нишондиҳандаҳое иборат аст, ки татбиқи онҳо танҳо ба гурӯҳи касбӣ – субъектҳои сайёҳӣ имконпазир мебошад. Аз ҷумла: таъмини маълумот ва иттилооти саҳеҳ оид ба мавзеъҳои (объектҳои) сайёҳӣ (ҷалби шахсони соҳибкасб ба сифати роҳбалад , ки аз лаҳзаҳои оғози саёҳат гурӯҳи сайёҳонро ҳамроҳӣ ва роҳнамоӣ менамояд); таъмини хизматрасонии тарҷумон; дастрасӣ ба маводҳои иттилоотӣ оид ба мавзъҳои (объектҳои) сайёҳӣ, таърихи пайдоиши онҳо, шароитҳо ва имкониятҳои онҳо. Манфиатоварии саёҳат. Дар
7 давраи ташрифоварӣ шахс дар назди худ талаботи муайян мегузорад, ки барои расидан ба онҳо хизматрасонии касбӣ (қобилият, маҳорат, дониш ва маҷмӯи имкониятҳое, ки сайёҳ/шахс онҳоро надорад) зарурат пайдо мекунад, зимнан, ин гурӯҳи талабот аз ҷониби субъектҳои сайёҳӣ қонеъ гардонида мешаванд. Аз ҷумла: таъмини иттилооти зарурӣ ва муносиб оид ба мавзеъҳои (объектҳои) сайёҳӣ дар шакли рӯйдодҳои воқеӣ; таъмини иштироки сайёҳ дар чорабиниҳои фарҳангию фароғатии васеъҳаҷми ҷумҳуриявӣ, умумимиллӣ ва байналмилалӣ; ташкили шароитҳо ҷиҳати шиносоӣ (аз наздик) бо анъанаҳо ва урфу одатҳои миллии минтақаҳои гуногуни кишвар (хӯрокпазӣ, ҳунармандӣ, хониши суруд, рақс, косибӣ ва ғайра); фароҳам овардани вазъияти мусоид барои сайёҳ ҷиҳати дарёфти дӯстони нав, имкониятҳои ташаккулёбӣ, рушди шахсият ва фаъолияти касбӣ; таъмини фурсат ҷиҳати иштирок дар эҳё гардидани имкониятҳову дастовардҳои наву муосири миллии фарҳангӣ ва ғайра. Хулоса, саёҳат хусусияти касбӣ ва муташаккилӣ дошта, он танҳо дар сурати ҷалб гардидани ширкатҳои сайёҳӣ ва ё субъектҳои дигари ҳуқуқ ба фаъолияти сайёҳӣ, ки чунин хосиятҳоро (талабот ва имкониятҳоро) доранд, амалишуда ва босамар ба ҳисоб меравад. ПЕШНИҲОДУ ТАВСИЯҲО Бо дарназардошти таҳлилҳои боло, муқаррароти қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, талабот ва меъёрҳои байналмилалии сайёҳӣ ва татбиқи масъулияти касбии маъмурӣ амалисозии тадбирҳои зерин тавсия мегарданд: 1. Иштироки фаъол ва саҳм гузоштан дар таҷлили бошукӯҳи “Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ”; 2. Омӯзиш, таҳлил, татбиқ ва амалисозии саривақтии уҳдадориҳо ва масъулиятҳои касбӣ, ки аз қонунгузорӣ, бахусус қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи туризм» ва «Дар бораи сайёҳии дохилӣ» бармеоянд; 3. Истифодаи дуруст ва бамавриди мафҳумҳои соҳаи сайёҳӣ, аз ҷумла мафҳумҳо ва ифодаҳои болозикр дар фаъолияти касбӣ; 4. Ташкили саёҳати муташаккилона ва мақсаднок дар ҳамкорӣ бо субъектҳои хизматрасонии (ширкатҳои) сайёҳӣ; 5. Ҷалби мутахассисон ва фароҳам овардани шароитҳо ҷиҳати рушди рукнҳои соҳаи сайёҳӣ дар маҳалҳо, ҷойҳои оммавӣ ва дар заминаи ташкилоту муассисаҳо. Миралиён Қиёмиддин АБДУСАЛИМЗОДА, вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, номзади илмҳои сиёсӣ
8
НАВИГАРИҲОИ ВАРЗИШ
“Варзишгарон бояд намунаи ибрат бошанд” 14 феврал дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Президенти Кумитаи миллии олимпии Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ бо шароити нави бинои Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон пас аз навсозӣ шинос шуда, дар ҷаласаи Ассамблеяи 17-уми генералии Кумитаи олимпӣ иштирок ва суханронӣ намуданд. Бинои мазкур бо харҷи 1,6 миллион сомонӣ аз ҷониби Ҷамъияти саҳҳомии пӯшидаи «Фароз» дар муддати кӯтоҳ мавриди таъмири асосӣ қарор гирифта, бо таҷҳизот ва лавозимоти зарурӣ пурра таъмин гардидааст. Баъди шиносоӣ аз шароити фароҳамовардаи корӣ дар бинои нави Кумитаи миллии олимпӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбарони федерастияҳо, варзишгарон - иштирокчиёни бозиҳои олимпӣ ва дорандагони медалҳои мусобиқаҳои гуногуни сатҳи байналмилалӣ мулоқоти озоду ошкоро анҷом доданд. Пешвои миллат дар идомаи суханрониашон иброз намуданд, ки бовуҷуди муваффақяитҳо, “дастовардҳои варзишгарони кишвар ва раванди оммавигардонии варзиш ҳанӯз ҳам қонеъкунанда нестанд”. Ва дар ин замина аз фаъолияти сусти баъзе федератсияҳои варзишӣ ва донишу малакаи мураббиён ёдовар шуданд. Ҳамин тариқ, барои ҳалли масъалаҳои мазкур аз ҷониби Президенти кишвар ба масъулини соҳа як силсила супориш дода шуд: 1. Дар назди Донишкадаи тарбияи ҷисмонӣ Маркази такмили ихтисоси мутахассисони соҳаи варзиш таъсис дода шавад; 2. Ба Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш ва Кумитаи миллии олимпӣ супориш дода шуд, ки барои тақвияти фаъолияти федератсияҳои варзишӣ чораҷӯӣ карда, дар асоси Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 октябри соли 2015 ҳамаи федератсияҳои варзиширо аз аккредитатсияи давлатӣ гузаронанд; 3. Оид ба бунёди иншоот ва майдончаҳои варзишӣ, яъне оммавигардонии варзиш, ташвиқи тарзи ҳаёти солим ва рушди варзиш зарур дониста шуд, ки соҳибкорону тоҷирон ва дигар шахсони саховатпеша ҷалб гардида, дар маркази вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳо, шаҳраку деҳот, маҳалҳои аҳолинишин ва деҳаҳои калон майдону толорҳои
варзишӣ бунёд карда шаванд; 4. Аз садҳо толору майдонҳои варзишие, ки дар зарфи бист соли охир дар назди ҳамаи мактабҳои навбунёд сохта шудаанд, самаранок истифода бурда шавад; 5. Сохтору мақомоти дахлдор дар доираи имкониятҳои мавҷуда масъалаи ҷорӣ намудани тарифҳои имтиёзноки пардохти ҳаққи истифодаи қувваи барқ ва гармиро барои иншооти варзишие, ки дар онҳо аъзои дастаҳои мунтахаб тамрин менамояд, омӯхта, ба Ҳукумати кишвар пешниҳод манзур намоянд; 6. Тавассути намояндагиҳои дипломатии Ҷумҳурии Тоҷикистон омӯзиши таҷрибаи рушди варзиш дар кишварҳои мутараққӣ ва василаҳои дар амал татбиқ кардани он ба роҳ монда шавад; 7. Бо дарназардошти таваҷҷуҳи хоссаи Ҳукумати кишвар ба соҳаи варзиш низоми пешбурди кор дар ин самт бояд мунтазам такмил дода, ба меъёрҳои байналмилалӣ оид ба омодакунии варзишгарон мутобиқ гардонида шавад. Зеро низоми тайёрии варзишӣ, ки маҳз дар натиҷаи таъмин намудани самаранокии он варзишгарони тоҷик имконияти ишғоли ҷойҳои ифтихориро дар мусобиқаҳои сатҳи байналмилалӣ пайдо менамоянд, такмили ҷиддӣ мехоҳад; 8. Пешниҳод шуд, ки дар асоси “Барномаи давлатии рушди тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш барои солҳои 2017-2021” Мактаби ҷумҳуриявии маҳорати олии варзишӣ оид ба намудҳои гӯштин ба Маркази омода кардани дастаҳои мунтахаб табдил дода, дар оянда барои фаъолияти бонизоми он ташкили инфрасохтори зарурӣ пешбинӣ карда шавад; 9. Фаъолияти Маркази омодагии олимпии шаҳри Хоруғ, ки фаъолияташ назаррас набуда, иншоот дуруст истифода намегардад, зери назорати Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш, Кумитаи миллии олимпӣ ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон қарор дода шавад; 10. Бояд дар оянда барои таш-
кил намудани ду-се маркази миллии омодагии олимпӣ бо муттаҳид кардани иншоот ва ташкилоту идораҳои ҳамсон чораҷӯӣ намуда, мушкилоти дар ин самт ҷойдошта ҳаллу фасл карда шаванд. Вобаста ба ин, дар сохтори Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш таъсис додани шуъбаи кор бо дастаҳои мунтахаби миллӣ ба мақсад мувофиқ шуморида шуд; 11. Масъалаи нарасидани табибони соҳаи варзиш низ бояд мавриди омӯзиш қарор дода шавад. Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолиро зарур аст, ки якҷо бо Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш масъалаи омода кардани табибонро дар соҳаи варзиш ҳал карда, табибони дар ин самт фаъолиятдоштаро ба курсҳои такмили ихтисос ҷалб намоянд; 12. Бинобар набудани сарпарастон ба Кумитаи миллии олимпӣ, омодагиҳо ба Бозиҳои Осиё-2018, Бозиҳои тобистонаи олимпии наврасон-2018 ва Бозиҳои тобистонаи олимпии Токио-2020 ба муовини Сарвазир, раиси Шӯрои рушди тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш Азим Иброҳим супориш дода шуд, ки якҷо бо кумитаҳои миллии олимпӣ, кор бо ҷавонон ва варзиш дар муҳлатҳои кӯтоҳтарин доир ба таъсиси гурӯҳи корӣ дар назди Ҳукумат ва ҷалби сарпарастон пешниҳод манзур намояд. Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуданд, ки “варзишгарон бо фаъолият ва кӯшишу талоши ватандӯстонаи худ бояд барои наврасону ҷавонон намунаи ибрат бошанд ва бо амалҳои некашон собит созанд, ки варзиш маънои нерӯмандиву солимӣ ва шарафи баланди ба ҷаҳониён муаррифӣ кардани Ватанро дорад. “Бо итминони комил изҳор медорам, ки баъди ислоҳи камбудиҳои ҷойдошта варзишгарони Тоҷикистони азизи мо дар тамоми ҷабҳаҳои варзиш ба комёбиҳои нав ва натиҷаҳои назаррас соҳиб мешаванд”, - иброз намуданд Пешвои миллат дар анҷоми суханрониашон.
“ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН”, №07 (9537), 15.02.2018
АНДЕША
“ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН”, №07 (9537), 15.02.2018 Ҳар як пешомад ба оянда таъсир мерасонад. То саршавии кор дар руҳияи варзишгарон ҳолати пеш аз тайёрӣ, ҳолати тайёрии махсус, ки ба он таъсири машқҳо ҳамроҳ мешавад, ба амал меояд. Аз сифати машқҳо ва тавсифи ҳолати пеш аз тайёрӣ суръат ва афзалиятнокии он дар аввали кор, инчунин мавҷуд будан ва набудани нуктаи охирин мушоҳида мешавад. Ҳамаи намудҳои машқҳои ҷисмониро вобаста ба тавсифоти мухталифи ҳаракатҳои содиршуда ба гурӯҳҳои муайян тақсим кардан мумкин аст. Гурӯҳи калони намудҳои машқҳои ҷисмонӣ дар шароитҳои доимӣ иҷро карда мешаванд ва бо ҳаракатҳои сатҳи доимӣ, ки то дараҷаҳои стандартӣ расонда мешаванд, тавсиф мегарданд. Ба чунин навъи машқҳо варзиши сабук, вазнин, шиноварӣ, канкибозӣ, дучархаронӣ, гимнастика, заврақронӣ ва ғайра дохил мешаванд. Дар ҳамаи ин намудҳои варзиш бардавому муайян ҳаракатҳо ташаккул меёбад. Ин ҳаракатҳо дар вақти тамрину мусобиқаҳо, яъне, дар шароитҳои пешакӣ маълумбуда, ки бо қоидаҳои муайян пешбинӣ шудаанд, иҷро мегарданд. Дар чаҳорчӯбаи чунин меъёрнокии ҳаракатҳо ва доимӣ будани шароити иҷрои онҳо варзишгар кӯшиш менамояд, ки натиҷаи беҳтаринро дар техникаи иҷрои ҳаракатҳо, иҷрои босуръат ва тобоварӣ дар чунин шароитҳо ба даст дарорад. Гурӯҳи дигари калони намудҳои машқҳои ҷисмонӣ бо ғайристандартӣ будани шароитҳо, набудани сохти якхелагӣ дар ҳаракатҳои иҷрогардида тавсиф меёбанд. Ба ин гурӯҳ ҷанги тан ба тан (гуштин, муштзанӣ, шамшербозӣ) ва бозиҳои варзишӣ шомил мешаванд. Дар ин ҷо характери ҳаракатҳои варзишгар, ки як ба як ё ин ки бо дигар иштирокчиёни дастаҳо якҷоя амал мекунанд, пешакӣ муайян гаштааст ва мувофиқи амалҳои ҳарифон ва шарикон тағйир меёбад. Дар машқҳои ҷисмонии мухталиф камолоти идоракунии ҳаракатҳои қувват ва суръат, муайян нашудани ҷои исти худ дар фазо ва вақт нишон дода мешавад. Равиши таълиму тарбия аз омӯзгор ё мураббӣ талаб мекунад, ки ӯ ба дарс ва машғулият ҳаматарафа омода бошад. Ҳангоми машғулият аз китоби дарсӣ, материалҳои нав, аз ҳаёт ва таҷрибаи пешқадам истифода намояд. Барои шавқовар гузаштани машғулият ҳамчун асбоби аёнӣ суратҳо, варақа, картотекаҳо, рӯзнома, маҷалла, наворҳои видеоӣ, магнитофон, диаграммаҳо, нақшаҳои бозӣ, навигариҳои варзиш ва харитаро дуруст истифода намояд. Дар мафҳуми машғулияти варзишӣ рафти ҳаматарафаи таълиму тарбияи ҷисмонӣ бояд махсус ҷо дода шавад. Асоси таълиму машғулиятҳои ҷисмонӣ ин эҳсос, эътиқод, эътимод ва ривоҷи тарбияи ҷисмонӣ, тамрини доимӣ, хусусиятҳои психологӣ ва педагогӣ буда, ба ин васила дар варзишгарон ташаккул додани донишҳои варзишӣ мебошад. Аз ин рӯ, ҷараёни таълиму машғулиятҳо аз рӯи ҳар бозии варзишӣ бояд аҳамияти худро аз аввали бозӣ нишон диҳад. Умумияти бозиҳо, баёни онҳо бо низом, методикаи машқкунӣ ва характери
онҳо бо ҳам бояд мувофиқат намоянд. Мураббӣ дар вақти таълим ва машқкунӣ боз методикаи худро бояд дошта бошад. Чунки бозиҳои варзишӣ яке аз тадбирҳои тарбияи ҷисмонӣ буда, дар онҳо хусусиятҳои ахлоқи ҳамида талқин меёбад. Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки давлати демократӣ ва ҳуқуқбунёд аст, тарбияи ҷисмонӣ бояд ташаккули одами навро барои таълими ҷаҳонишавии варзиш омода созад. Мақсади асосии тарбияи ҷисмонӣ, ин пеш аз ҳама, ташаккул додани руҳияи тансиҳатӣ, эътибор ба ҳаёти ҷомеа, ватандӯстӣ, инсонпарварӣ, меҳнатдӯстӣ, сулҳоварӣ, эҳтиром ба якдигар, авзои сиёсии ҷамъиятро бо
дастрас будан ва мустаҳкамӣ шомил аст. Ба дуюм ягонагии омодагии ҷисмонии умумӣ ва махсус, бефосилагӣ ва сиклӣ будани раванди машқ, баландшавии батадриҷ ва максималӣ, сарбориҳои машқӣ дохил мешавад. Принсипи махсусу муҳимтарини машқи варзишӣ омодагии ҷисмонии умумӣ ва махсуси варзишгар ба ҳисоб меравад. Омодагии умумии ҷисмонӣ ҳамчун асос барои инкишофи машқдида будан дар намуди интихобшудаи варзиш хизмат мекунад. Баланд бардоштани омодагии ҷисмонӣ комёбиро на танҳо дар он намудҳои машқҳои ҷисмонӣ, ки доимӣ иҷро мегарданд, балки дар
одамро меноманд, ки дар он нишондиҳандаҳои додашуда дар шароити мушаххас ва фаъолияти касбӣ тағйирёбии ҳолати функсионалии организмро ба амал меорад. Нишондиҳандаҳои мустақили варзишгарон имконият медиҳад, ки фаъолияти ҷисмонии онҳо аз рӯи шумора (меъёр, сония, килограмм, холҳо ) ва сифат (устуворӣ, аниқӣ ва ғ.) баҳо дода шавад. Қобилияти коршоямии варзишгар фаъолияти аниқи одам ба ҳисоб меравад. Ин қобилият дар шаклҳои гуногуни фаъолияти ҷисмонӣ, ки аз қобилиятнокӣ ва тайёр будани одам ба кори ҷисмонӣ ба амал меояд, вобаста аст. Коршоямии ҷисмонӣ
музаффариятҳо фарогир будан аст. Дар баробари муваффақ шудан ба комёбиҳо дар таълиму машғулиятҳо, бевосита вазифаҳои зеринро, ки асосианд, донистан шарт аст: - тарбия бояд аз меъёрҳои ҳуқуқиву ахлоқӣ (қонунҳо ва санадҳои ахлоқӣ) маншаъ гирад; - обутоби ҷисмонӣ, қобилиятҳои меҳнатдӯстиву ватанпарварӣ ва инсонгароии шахс дар ҳамоҳангӣ бо талаботи ҷамъият бояд инкишоф дода шаванд; - азхудкунии дониш, навгониҳо, марому мақсад комилан ба барномаҳо ва методологияи маориф мувофиқат дошта бошад; - дастрасӣ ба дараҷаҳои варзишӣ дар роҳи мутобиқати бозиҳо ва намудҳои бозӣ аҳамияти миллиро инъикос намояд; - дар рафти таълим ва машқкунӣ ҷараёни вазифаҳои комплексии (маҷмуӯӣ) тарбия ва машғулияти ҷисмонӣ муайян бошад; - вазифаҳои мураббӣ, варзишгар (бозингар) ба таври мушаххас, бо шарту шароитҳо муқаррар шуда бошад; - машғулиятҳои минбаъда дар намуди нав, барои дарсҳои оянда бояд вазифагузорӣ дошта бошад; - нишондоди бомуваффақияти бозиҳо аз рӯи мусобиқа муайян карда шавад. Машқи варзишӣ ин ҷараёни махсусгардонидашудаи омӯзгорӣ дар баланд бардоштани ҳам коршоямии умумии ҷисмонии одам ва ҳам махсус мебошад, ки дастовардҳои баландро дар намуди интихобшудаи варзиш таъмин менамояд. Машқ дар асоси принсипҳои умумии омӯзгорӣ ва махсус тартиб дода мешавад. Ба якум фаъолнокӣ, шуурнокӣ, аёният, системанокӣ, пайдарҳамӣ,
дигар намудҳо низ таъмин менамояд. Тайёрии умумии ҷисмонӣ бояд пеш аз тайёрии махсус ба амал ояд. Дар ин ҳолат то чӣ андоза машқдида будани варзишгар муҳим аст, чунки ҳамон андоза машқҳои махсус аҳамияти бештар пайдо мекунанд. Раванди машқкунӣ ва сохтор бо сабаби принсипҳои такроршаванда бояд тағйир ёбанд. Ин ҳолат дар асоси марҳиланокии машқи варзишӣ сурат мегирад. Ҳаҷм ва шиддатнокии сарбориҳои машқдиҳӣ дар ин муддат тадриҷан зиёд мешаванд. Марҳилаи мусобиқагузаронӣ бо иштирок дар мусобиқаҳои асосӣ тавсиф мегардад. Дар марҳилаи гузариш иштирок дар мусобиқаҳо қатъ мегардад ва сарбориҳои машқдиҳӣ кам мешаванд. Давомнокии ин марҳила одатан аз 4-6 ҳафта зиёд нест. Машқи варзишӣ баландшавии тайёрии техникӣ, ҷисмонӣ, равонӣ ва тактикии варзишгарро таъмин менамояд. Тайёрии техникӣ ба тайёрии ҷисмонӣ, ташаккулёбӣ ва такоммули малакаҳои ҳаракатдиҳандагӣ, инкишофи сифатҳои ҷисмонии одам мусоидат мекунад. Фалсафаи варзиш механизмҳои баландшавии омодагии ҷисмониро, ки ба инкишофи сифатҳои ҷисмонии одам – суръат, қувват, тобоварӣ, чолокӣ мусоидат мекунад, меомӯзад.
яке аз муваффақиятҳои варзишӣ ба ҳисоб меравад. Сатҳи коршоямии махсуси варзишгар машқдида будан аст. Он метавонад баланд ё паст бошад. Машқдида будан ҳангоми машқдиҳии системанок баланд мешавад ва ҳангоми қатъшавии он паст мегардад. Он дар ҷараёни машқдиҳии тӯлонӣ низ тағйир меёбад. Дар марҳилаи омодагӣ оҳистаоҳиста баланд шуда, дар марҳилаи мусобиқавӣ ба сатҳи ниҳоӣ мерасад. Барои варзишгар сатҳи баландтарини машқдида будан наметавонад доимӣ бошад. Давомнокии он аз намуди варзиш, хусусиятҳои раванди машқдиҳӣ ва фардии одам вобаста аст. Ин барои баландшавии коршоямӣ зарур аст. Ҳангоми машқкунӣ (коршоямӣ) ҳар як кори минбаъда аз қиёси коршоямии баланд ибтидо гирифта, ба рушди минбаъдаи он мусоидат мекунад. Аз ҳад зиёд машқдида будан бисёртар дар варзишгарони ихтисосманд ба мушоҳида мерасад, ки бо машқкунии босуръат барои натиҷаҳои худро баланд бардоштан ҳаракат мекунанд. Омилҳои асосӣ, ки натиҷаҳои баландро дар намудҳои мухталифи варзиш таъмин мекунанд, ба таври шартӣ техникаи мукаммали ҳаракатҳо ва одаткунии бадан ба идомаи кор мебошанд. Ҳар яке аз ин омилҳо аз намуди варзиш ва хусусиятҳои фардии одам вобастагӣ доранд. Аз ҷиҳати ҷисмонӣ тайёр кардани бозингарон яке аз қисматҳои асосии ҷараёни таълим ва машғулиятҳо мебошад. Мақсади ин машғулиятҳо бозингаронро боқувват, устувор, ҳаматарафа инкишофёфта тарбия кардан ва қобилияти умумии танро ба душвортарин марҳилаҳои бозӣ омода кардан аст. Ҳангоми
Таснифоти машқҳои ҷисмонӣ
КОРШОЯМИИ ВАРЗИШГАР Коршоямии ҷисмонӣ яке аз муваффақиятҳои варзишӣ ба ҳисоб меравад. Ин сифат ҳамчун нишондиҳандаи муайянкунии фаъолияти соҳавӣ барои ҳаёти ҳаррӯза зарур буда, ҳолати машқварзӣ, саломатии одам, зарурияти мувофиқ будан ба машқҳои ҷисмонӣ ва варзиширо муайян мекунад. Коршоямӣ гуфта қобилиятнокии
9 тайёрӣ сифати ҷисм, қувваи ҷисмонии меҳнат: боқувватӣ, тобоварӣ, пурбардоштӣ (ҷонсахтӣ), тезҳаракатӣ, чаққонӣ ба амалиёти техника ва тактика гузашта, аз вақти боқимондаи мусобиқа самаранок истифода бурдан мехоҳад. Аз ин рӯ, ба ду самти қувваи тайёрии ҷисмонӣ: умумӣ ва махсус диққат додан лозим аст. Тайёрии умумии қувваи ҷисмонӣ аз тарбияи ҳаматарафа сар мешавад, ки инкишофи мутаносиби шахсияти инсон, қобилияти баланди ҷисм (тан), ба вуҷуд овардани базаи мустаҳками фаъолияти меҳнатӣ ва боқувватии варзишгар ҷиҳатҳои касбӣ, педагогӣ ва мураббигӣ аст. Барои муваффақ шудан ба тайёрии умумӣ даври васеи комплексҳои варзишӣ: давидан, гимнастика, варзиши сабук, лижаронӣ, шиноварӣ, акробатика, гӯштингирӣ ва бозиҳои гуногунро иҷро кардан лозим аст. Ба иқлим онҳоро мутобиқ карда, дурустии вақтро ба эътибор гирифтан ҳатмист. Интихоби машқҳои тарбия аз рӯи ин ё он бозӣ бояд ба эътибор гирифта шавад. На ҳама машғулиятҳои умумии тарбия барои мутахассис босифат аст. Фарқи машқҳои тарбия ба се гурӯҳ ҷудо мешавад: а) ёрмандӣ, мадад ба якдигар; б) бетарафӣ ва муқобилат (мухолифат); в) додани натиҷаи манфӣ (зид, хилоф). Ба ин машғулиятҳо аз гимнастикаи умумӣ машқҳои гимнастикии бо снаряд ва бе снаряд (асбобу олоти варзишӣ), гимнастикаи девор (стенка), гимнастикаи харак, гимнастикаи бо банд, гимнастикаи кон ва бо предметҳо (тӯбҳои дамкардашуда, чӯбҳои гимнастикӣ, гантел, тирак (скалка); аз варзиши сабук кросс, давидан ба масофаи кам ва миёна, партофтани граната, партофтани гулӯла (ядро), паридан ба баландӣ ва дарозӣ; аз варзиши вазнин аз ҷумла вазнбардорӣ (штанга); аз акробатика (дорбоз)-и рост, муаллақзанӣ, салто (муаллақ) ва ғайра шомил мешаванд. Ин машғулиятҳоро бевосита дуруст тақсим карда додан ва пеш аз ҳама, ҳангоми тақсимкунӣ қобилияти варзишгаронро дуруст ба ҳисоб гирифтан хеле муҳим аст. Зеро ҳар як бозӣ қобилияти махсуси тавоноӣ, чаққонӣ, маҳорат ва донистани техникаи бозиро аз иҷрокунанда талаб менамояд. Шодӣ САФАРОВ, доктори илмҳои педагогӣ, профессор, ректори Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон ба номи С. Раҳимов, Корманди шоистаи варзиши Ҷумҳурии Тоҷикистон, Аълочии маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, Мирзобоқӣ ШАРИПОВ, ёвари ректори ДТҶТ ба номи С. Раҳимов оид ба тарбия, Корманди шоистаи варзиши Ҷумҳурии Тоҷикистон, Аълочии маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, Мавлон ШАРИФОВ, дотсенти кафедраи ҷомеашиносии ДТҶТ ба номи С. Раҳимов, Аълочии маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, узви Иттифоқи журналистони Тоҷикистон (Давом дорад)
10
ОДАМОНИ САРБАЛАНД
“ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН”, №07 (9537), 15.02.2018
Роҳи мо роҳи илму маърифат аст «Дар хотир бояд дошт, ки танҳо миллати босавод метавонад насли соҳибмаърифату донишманд ва кадрҳои арзандаи давронро ба воя расонад, пеш равад ва дар ҷомеаи мутамаддин мақоми арзандаи худро пайдо намояд». Эмомалӣ РАҲМОН Дониш ганҷи бузургест, ки баробари дунё арзиш дорад. Шахси донишманд дар ягон давру замон ба душвориҳо рӯ ба рӯ намешавад, зеро донишаш ӯро бо роҳи рост раҳнамун месозад. Инсон тавассути ақлу заковати бузургу хиради бо роҳи дониш ба дастоварда метавонад соҳибмаълумот ва соҳибобрӯ гардад. Дониш инсонро чун ҷавшани бузург аз камиву костӣ, гармиву сардӣ ва афсурдагиву эҳтиёҷ эмин медорад. Пас, бисёр кӯшиш мебояд, то донишҳои замонавиро аз худ намуд ва сазовори эҳтироми ҳамдиёрон гардид. Хурсандиовар аст, ки сол то сол дастовардҳои наврасону ҷавонони Тоҷикистон аз олимпиадаҳои фаннии байналмилалӣ назаррас мегардад. Чунин наврасону ҷавонон ифтихори миллату давлати мо мебошанд. Аз руҳияи ҷавонони Тоҷикистони азиз эҳсос мегардад, ки онҳо дар омӯзиши илму дониш ва касбу ҳунарҳои муосир беш аз ҳар вақти дигар кӯшиш карда, нерӯи худро бо ташаббусу ибтикороти шоиста барои пешрафту ободии Ватани маҳбубамон сарф карда истодаанд. Он рӯз хурсандии аҳли хонадони Бурхвалиро ҳадду канор набуд. Чунки ӯ дар олимпиадаи байналмилалӣ аз фанни математика, ки дар Сингапур баргузор гардид, ширкат намуда, соҳиби ҷои 3-юм ва медали биринҷӣ гардид. Бояд зикр намуд, ки дар олимпиадаи мазкур дар қатори 24 кишвари дунё 15 нафар толибилмони макотиби таҳсилоти умумии Ҷумҳурии Тоҷикистон ширкат намуда, 6 медал ба даст оварданд. Бурхвалӣ Қурбонов дар синфи 7-уми литсеи №1 барои хонандагони болаёқати шаҳри Душанбе таҳсил мекунад. Ӯ аз зумраи он наврасонест, ки ба омӯхтани илмҳои замона, хосса фанҳои дақиқ, шавқу рағбати беандоза
дорад. Ҳанӯз аз синфҳои ибтидоӣ бо баҳои хубу аъло таҳсил мекарду дар маҳфилу ҷамъомадҳои мактаб иштирок намуда, соҳиби ифтихорномаву ҷоизаҳои роҳбарияти мактаб мегардид. Баъдан дар олимпиадаҳои минтақавию ҷумҳуриявӣ ва фосилавӣ ширкат намуда, соҳиби ҷойҳои ифтихорӣ ва медалу ифтихорномаҳои зиёде гардидааст. Ин буд, ки моҳи ноябри соли 2017 ӯ барои ширкат дар олимпиадаи байналмилалӣ аз фанни математика дар Сингапур роҳхат гирифт. Бурхвалӣ таассуроти хешро аз ширкат дар ин чорабинии сатҳи баланд бо эҳсоси баланди ифтихормандӣ чунин иброз дошт: “Ман дар олимпиадаҳои зиёди фаннӣ дар дохили ҷумҳурӣ ширкат варзида, ҷойҳои намоёнро ишғол кардаам. Аммо вақте барои ширкат дар олимпиадаи байналмилалӣ роҳхат гирифтам, маро ҳаяҷону изтироби азиме фаро гирифта буд. Бо вуҷуди ин, зиёд кӯшиш намудам, то бе медал барнагардам. Мақсад дорам, ки минбаъд низ дар чунин чорабиниҳои сатҳи байналмилалӣ ширкат варзида, Парчами Ватани азизамро боло бардорам. Роҳи мо роҳи илму маърифат ва технологияи муосир, омӯзиши касбу ҳунар, роҳи озод, роҳи маънавият, бунёдкорӣ, навоварӣ ва созандагӣ аст”. Мутриба Аҳмадӣ, муаллими фанни математика ва роҳбари синфи Бурхвалӣ Қурбонов аз муваффақияти шогирди хеш хеле хушҳол аст. “Бурхвалӣ яке аз хонандагони хеле масъулиятшинос, хушзеҳн ва боодоб мебошад. Ӯ нисбати устодону ҳамсолонаш бо эҳтирому самимияти хосса муносибат намуда, ахлоқу одоби ҳамида дорад. Ӯ ягон лаҳзаи вақти худро беҳуда сарф намекунад, мудом паи таҳсилу машғулиятҳо буда, пайваста кӯшиш мекунад,
то дониши худро сайқал диҳад. Бо машғулиятҳои литсей қаноатманд нашуда, боз аз фанҳои мухталиф машғулиятҳои иловагӣ мегирад. Волидонаш бо устодон ҳамкорӣ дошта, пайваста аз таҳсил ва кору пайкори фарзанди худ огоҳанд. Бурхвалӣ ва мисли ӯ наврасону ҷавонони лаёқатманд ифтихори мо ва ифтихори миллати мо мебошанд. Таманнои онро дорам, ки сафи чунин ҷавонони болаёқат ҳарчи бештар гардад”, - иброз медорад муаллима. Бурхвалӣ ва ҳамсолони ӯ дақиқ медонанд, ки имрӯз барои таълиму тарбияи онҳо ҳамаи шароитҳо муҳайёст. Дари таълимгоҳҳои замонавӣ бо ҷиҳози технологияи навин ба рӯи онҳо боз аст. Дар таълиму тарбияи Бурхвалӣ саҳми модараш назаррас аст. Волидон дониши хуб ва саъю талошҳои зиёди писарашонро мушоҳида намуда, ӯро барои сайқал додани донишу малака ба Маркази рушди истеъдодҳои назди Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе супоридаанд. Айни ҳол Бурхвалӣ дастпарвари ин марказ буда, ҳамзамон дар литсеи №1 барои хонандагони болаёқати шаҳри Душанбе таҳсил мекунад. Хондани китоб ва расмкашӣ аз шуғлҳои дӯстдоштаи Бурхвалӣ мебошад. Ҳамсолон ӯро ҳамеша машғули хондан ва саргарми коре мебинанд. Танбалӣ ва бекоргардиро хуш надорад ва ба ҳамсолонаш низ мудом таъкид мекунад, ки китоб хонанд ва дониш омӯзанд, зеро ҳамаи донишҳо аз китоб сарчашма мегирад. Ният дорад, ки минбаъд низ дар чорабиниҳои сатҳи байналмилалӣ ширкат намуда, соҳиби ҷои аввал ва медали тилло гардад. Мо низ ба ин ҷавони хушиқбол дар роҳи расидан ба мақсадҳои бузург барору комёбиҳои беназир хоҳонем. Шаҳло ЭШОНОВА, “ҶТ”
Ёде аз омӯзгори бебадал ва инсони комилу накӯкор
Гузаштагону бузургонамон пайваста таъкид намудаанд, ки роҳи рост ва некӣ ҳамеша пешаи инсон бояд бошад ва танҳо донишу хирад, ақли солим, меҳнатдӯстиву касби ҳунари арзанда инсонро ба қуллаҳои баланди зиндагӣ мерасонад. Қаҳрамони матлабамон дар зиндагӣ ин маъниро ба хубӣ дарк намуда буд…
Аҳрорқул Шарифов дар оилаи яке аз шахсиятҳои баруманди водии Зарафшон, ҳамнишин, шарикдарс, ҳамфикру ҳамақидаи шоири намоён Нақибхони Тӯғрал – Мулломиршариф ба дунё омадааст. Бо дуои қиблагоҳ, марди фозилу доно, шоиртабиату саховатпеша Мулломиршариф ӯ ба воя расид. Ҳанӯз аз овонӣ хурдӣ пайраҳаи падари хирадманду бошарафашро интихоб намуд. Мактаби деҳаро бомуваффақият хатм намуду бо маслиҳати падар касби бошарафи омӯзгориро пеша намуд. Оғози фаъолияти омӯзгории мавсуф ба ибтидои солҳои Ҷанги дуюми ҷаҳон, ба даврае рост омад, ки дар аксарият деҳаҳои водии Зарафшон муаллимон намерасиданд. Дар он шароит аксар вақт, новобаста ба хоҳишашон, омӯзгоронро ба деҳаҳои дурдаст сафарбар менамуданд. Ҳамин тавр, мавсуф зиёда аз 30 сол дар ҷамоатҳои дурдасти водии Зарафшон – Фондарё ва Яғноб, аз ҷумла дар деҳаҳои Такфон, Марзич, Анзоб, Ремонт, Криёнте, Канте ва 17 соли дигар дар мактаби зодгоҳаш ва деҳаҳои гирду атроф фаъолият намуд. Дар ин муддат шуъбаи ғоибонаи Институти педагогии шаҳри Сталинободро хатм намуд. Ҳини фаъолият дар деҳаҳои дурдаст баъзан бо сабаби дурии роҳ, ки то 70-100 километр дур аз зодгоҳаш воқеъ буданд, ҳатто пас аз ду моҳ ба дидорбинии оила меомад. Аммо бо вуҷуди ин ҳама душвориҳо ӯ касбашро тарк накард, балки бо душвориҳо мубориза бурд. Нангу номуси ватандорӣ, ҳисси баланди худшиносӣ, садоқат ба касб ва ғами фардои фарзандони халқ ӯро мададгору роҳнамо буданд. Тавре шоҳидони ҳол мегӯянд, ӯ инсони комил, донишманду ҳалолкору худотарс буд. Озодагиро дар зиндагӣ ихтиёр карда буд. Кам ҳарф мегуфт, вале доим ҳақро мегуфту ҳақиқатро меҷуст. Пандаш фанд надошту ниҳоят дурбин буду сухани воло мегуфт. Ба шогирдон пайваста ростақвливу ростгӯиро талқин менамуд. Таъкид мекард, ки хулқу атвори ҳамидаро пеша кунанду боадолату ҳақиқатпараст бошанд. Нектиннату некрой бошанд. Дар муддати 47 соли омӯзгориаш ӯ садҳо шогирдонро тарбия намуда, онҳоро дар роҳи пурпечутоби зиндагӣ ҳидоят кард. Ба онҳо ҷавонмардию некномиро омӯзонд. Ба ҳунарманди шинохта Хосияти Зарафшонӣ, ду даъват вакили Маҷлиси намояндагон, сиёсатмадори варзида, шодравон Мирзобек Ҳоҷиев,
полковники мустаъфӣ Ҷумъабой Маликов, олими варзидаи соҳаи кишоварзӣ Амонбадал Норов, муаллими собиқадор Ҷумъабой Боев ва боз садҳо нафар чеҳраҳои шинохта, ки имрӯз дар соҳаҳои гуногун муваффақона фаъолият доранду бархеашон бо амри тақдир дар қайди ҳаёт нестанд, маҳз Аҳрорқул Шарифов алифбои нахустинро омӯхтааст. Аз ин рӯ, имрӯз дар аксари деҳаҳои ноҳияи Айнӣ ӯро бо як муҳаббати беандоза ба некӣ ёд мекунанд. Аҳрорқул Шарифов пайваста дар ободониву сарсабзии диёр ҳам саҳм мегузошт. Ибтидои солҳои 80-ум дар қатори чанд нафар фаъолону пирони деҳа барои обшорон намудани дашти калони бекорхобидаи деҳа саҳм гузошт ва аз масофаи дур, аз сойи ҳамсоядеҳаи Испағн ба тариқи ҳашар канал канда об оварданд. Имрӯз дар дашти мазкур мавзеъе бо номи «Сари шахҳо» боғи калоне бунёд гаштааст, ки ҳамагон онро бо меҳр “Боғи бобои Аҳрорқул” ном мебаранд. Инчунин, яке аз аввалинҳо шуда дар мавзеи дигари навбунёди кони зари дашти мазкур боғ ва барои фарзандон манзил бунёд намуд, ки айни замон дар ин мавзеъ дар пайравии шодравон даҳҳо нафар боғҳову манзил бунёд кардаанд. «Агар инсон тамоми зару зевари дунёро ҷамъ кунад ҳам, зиёда аз ризқу рӯзиаш хурдаву бурда наметавонад», чунин буд насиҳаташ пайваста ба фарзандон. Воқеан, саодати волидон дар хушбахту хушрӯзгор дидани фарзандон аст. Имрӯз ҳама фарзандон дар зиндагӣ соҳиби касбу кори муайянанд. Тавре бузургон мегӯянд, инсонро дуои нек ба камол мерасонаду ниҳоли бороварро деҳқон парвариш мекунад. Шахсе, ки аз падар дуои нек гирифтааст, фарзандон низ пайрави зиндагии ибратомӯзи ӯ мегарданд. Аз ҷониби дигар, пешрафти ҷомеаи имрӯзаамон маҳз аз муҳити солими ҳар як оила, сатҳи иштироки ҳар узви оила дар пешрафти ҷомеа вобаста аст ва чунин оилаи солимро, бешубҳа, дар мисоли оилаи Шарифовҳо метавон дид. Мо, пайвандон аз он ифтихор дорем, ки бобоямон Аҳрорқул Шарифов маҳз бо ҳамин пешаи бузург, яъне омӯзгорӣ дар дили садҳо шогирдон ҷо гирифтаанд. Афлотуни ҷаҳону Бӯалии замон, Суқроти ҳакиму Арастуи донишманд, ҳама суханварони оламу хирадмандони насли одам ҳам таълим аз устод гирифтаанд ва ба шарофати ӯ гулҳои маонӣ аз гулзори маърифат чидаанд. Ҳамасола санаи 15 феврал мо, ҳама пайвандон, минҷумла набераҳову абераҳо ба хотири бобои шодравонамон Аҳрорқул Шарифов ҷамъ меоем ва ифтихор мекунем, ки чунин шахси муътабар моро роҳбалад буданду имрӯз низ суханҳои ӯ роҳнамои мост.
Фотимаи ШАРИФЗОДА, набераи Аҳрорқул ШАРИФОВ
Рӯзномаи бонуфузтарини Ховари Миёна “Ал-Аҳром”, ки аз соли 1875 дар Ҷумҳурии Арабии Миср фаъолият дорад, дар бораи фаъолияти террористии ТЭТ ҲНИТ дар қаламрави Тоҷикистон ва робитаи пинҳонии ин ташкилот бо ДИИШ, “Ҷабҳат ан-Нусра”, “Ҷайш-ал-ҳур” (Лашкари озод), “Ихвон-ал-Муслимин” ва дигар ташкилотҳои экстремистиву террористӣ мақолае нашр намуд. Зеро вақтҳои охир оид ба ҷиноятҳои пинҳонии аъзо ва роҳбарияти ташкилоти экстремистӣ-террористии ҲНИТ таваҷҷуҳи ҷомеа бештар аз пештар шудааст. Ба ибораи дигар, акнун дигар гуноҳу ҷурми наҳзатиҳо ба ҳама халқи ҷаҳон ошкор шудааст. РОҲҲО ВА ГУРӮҲҲОИ МАХФИИ НАВПАЙДО Роҳбарият ва созмондиҳандагони ташкилоти террористии ҲНИТ ҳанӯз аз оғози фаъолияти худ дар солҳои 70-уми асри гузашта, навъи гуногуни узвият ба наҳзатро ҷорӣ карда буданд, ки ҳоло низ ин тартиб истифода карда мешавад. Як навъи аъзои наҳзатро онҳое ташкил медоданд, ки дар байни одамон баромад мекарданд ва ташвиқот мебурданд. Замони шӯравӣ ин гуна ашхос дар сохторҳои гуногуни хоҷагии қишлоқ ба корҳои сабук ва ба чашм ноаён (чун посбонҳои насосҳои обкашӣ, анборхонаву гаражҳо) ба кор даромада, дар миёни деҳқонон, ки қисми бештари ҷомеаро ташкил медоданд, шабона пинҳонӣ таблиғоту ташвиқот мебурданд. Аз ин гирдоби фалокат муҳоҷирини кории тоҷик, ки дар хориҷи кишвар ва хусусан дар Аврупо қарор доранд, эмин намондаанд. Навъи дигари аъзои наҳзатро онҳое ташкил медоданд/медиҳанд, ки дар лагерҳои ДИИШ таълим гирифта, бевосита ба содир кардани ҷиноятҳои мудҳиш, чун қатлу террори шахсони шинохта, одамрабоӣ ва одамкушӣ, ғоратгарӣ ва роҳзанӣ раҳнамоӣ карда мешаванд ва онҳоро ҷанговари наҳзат ном мебурданд. Барои роҳбарияти наҳзати исломӣ муҳим набуду нест, ки одамкушӣ дар кадом ҳолат сурат мегирад, нисбат ба кӣ содир карда мешавад, бо дасти кӣ ва мусоидати киҳо амалӣ мешавад, шарт ҳамин буд, ки узви наҳзат будани ҷинояткор ҳатман пинҳон нигоҳ дошта шавад, зеро дар сурати ошкор шудан роҳбарияти ҲНИТ аз онҳо даст мекашад Асоси ақидаи ДИИШ ва Ҳизби наҳзати Тоҷикистон ҳарду аз як масдар сарчашма мегиранд. Онҳо аз ақидаи Саид Қутб, пешвои ихвонулмуслимин, ки фикрҳои худро дар китоби “Маолим ала Тариқ” ҷой додааст, истифода мебаранд. Ҳамчунин равияҳои Ҷамоати муслимин, Такфир, Ҳиҷра ва гурӯҳҳои дигар низ аз ҳамин сарчашма нерӯи худро ба даст меоранд. Ҳамаи онҳо дар фикри барпо намудани “Давлати исломӣ” буда, барои расидан ба ин мақсад тамоми ваҳшониятҳоро зери парчами дин ва ислом амалӣ месозанд.
“Ал-Аҳром” харитаи паҳншавии ҷангиёни ТЭТ “ҲНИТ”-ро нашр кард ҶИНОЯТҲОИ ҲАМШАКЛ ВА ЯКМУҲТАВОИ ВАҲШИЁНАИ ҲАР ДУ ГУРӮҲ Моҳи апрели соли 1992, ҳангоми сар задани ҷанги шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон, аввалин амали Ҳизб рабудани шахсиятҳои бонуфуз ва озод намудани маҳбусони пайрави Ҳизб дар минтақаи Туркманистони ноҳияи Вахш буд. Бархе аз шахсони рабудашуда бар асари азобу шиканҷаҳо ба ҳалокат расиданд. Ин кирдори онҳо амалкарди ДИИШ-ро дар Ховари Миёна ба ёд меорад. Баъд аз озод намудани ин минтақа аз дасти аъзои Ҳизб, садҳо ҷасадҳои порагардида дар таҳхонаи зиндони махфии тобеи Ҳизб пайдо гардидаст. Шахсияти даҳҳо ҷасади порагардида номуйян боқӣ монд. Яке аз саҳнаҳои ваҳшатангези он маҳбас, ки аз амалкардҳои ДИИШ ҳам бадтар ба чашм мерасид, буридани узвҳои мардонаи маҳбусон буд. Узвҳои мардона дар ҳар гӯшаи маҳбас ба чашм мерасид. Ҳамаи онҳо дар дохили як матоъ ҷамъ оварда, барояшон намози ҷаноза хонда, дар қабристони “Заргар” ба хок супурда шуд. Аз ин рӯ, вақте ки ҷиноятҳои ваҳшатноки ДИИШ дар Сурия, Ироқ ва Либия дар телевизорҳо нишон дода мешаванд, мардуми тоҷик рӯзҳои хунини гузаштаро ёдовар мешаванд… Вале Шамсиддин Саидов, оне, ки аз масъулони он маҳбас ва ҳамчунин узви фаъоли Маҷлиси сиёсии Ҳизб ба шумор меравад. Ӯ ҳоло дар кӯчаҳои Аврупо озодона қадам зада, аз минбарҳои баланд аз поймол шудани ҳуқуқи инсон сухан меронад. Ӯ баъд аз чашидани талхии нокомии ҳизбаш, мехоҳад ҷомеаи ҷаҳониро бар зидди Ҳукумати Тоҷикистон шӯронад. Зеро ҳизбаш баъди пош хӯрдани Иттиҳоди Шуравӣ ва сар задани ҷанги шаҳрвандӣ имкони расидан ба сари қудратро пайдо накард. Тафсилот ва номи бархе ширкаткунандагон аз аъзои Ҳизби наҳзат, ки дар қатори гурӯҳҳои террористӣ дар Ховари Миёна зери шиори “Ҷиҳод дар роҳи Худо” бар зидди ҳукуматҳои “кофир” дар Сурия, Ироқ ва Либия меҷанганд, ошкор гардид. Онҳоро дар бетартибиҳои “Баҳори араб” низ истифода бурданд. Дар аввал, адади зиёди аъзои Наҳзатро дар сафи гурӯҳҳои гуногун ба монанди ДИИШ, Ҷабҳатуннусра ва Ҷунбиши исломии Узбекистон, ки ҳамфикр буданд, тақсим намуданд. Ин “подоши некӣ”-и гурӯҳи Толибон маҳсуб мегардид, ки кӯмакҳои худро ҳангоми ҷанги шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон ба Ҳизби Наҳзат тақдим намуда буд. Дар он вақт шахсе бо номи Амир Хаттоб,
ки аслаш араб буд, ҷангҳои мусаллаҳонаро аз ҷониби Ҳизби Наҳзат пеш мебурд. “ҶАБҲАТ АН-НУСРА” Тоҷибоев Сайфиддин Маъмурович, соли таваллудаш 1983, зодаи ноҳияи Спитамени вилояти Суғд, собиқ сардори бахши ТЭТ ҲНИТ дар ноҳияи Спитамен. Ҳамаи чорабиниҳои ин ҳизб дар ноҳияи Спитамен бо кӯмаки С.Тоҷибоев гузаронда мешуданд. Ҳоло ба сафи ташкилоти террористии “Ҷабҳат ан-Нусра” шомил шуда, аз ҷониби роҳбарияти ин ташкилоти террористӣ амири гурӯҳи ҷамъияти “Ӯзбекон” таъин гаштааст. Ӯ бо ҳар роҳу восита ҷавонони Тоҷикистону Ӯзбекистонро ба сафи ташкилоти мазкур даъват карда, то ҳол дар ҷангҳои Сурия иштирок дорад. С.Тоҷибоев бародари худ Иброҳими Иномро низ ба сафи ин ташкилот даъват кардааст ва ӯ низ ҳоло дар Сурия қарор дорад. ДИИШ - Шералиев Фаромуз Абдувалиевич, соли таваллудаш 1975, зодаи ҷамоати деҳоти Понғози ноҳияи Ашт, солҳои 1992 то 1994 дар мадрасаи шаҳри Душанбе таълим гирифтааст. Дар мадрасаи “Мутавассила”-и шаҳраки Шаҳидони ноҳияи Ашт ҳамчун муаллим кор карда, ҳамзамон соли 2004 ба сафи ТЭТ ҲНИТ шомил шудааст. Номбурда бо даъвати бародараш Шералиев Абдуманнон Абдувалиевич, соли таваллудаш 1973 ба ҳизби мазкур шомил шудааст. Шералиев А. ҳоло дар Украина қарор дошта, барои сомонаи ТЭТ ҲНИТ мақолаҳо менависад. Дар мақолаҳояш ҷанбаҳои ҷараёни салафияро тарғиб менамояд. Шералиев Фаромуз соли 2014 ба сафи ташкилоти террористии ба ном “Давлати исломӣ” шомил шуда, то соли 2016 дар сафи ин ташкилоти террористӣ меҷангад ва соли 2016 ба ҳалокат расидааст. Ҳамсар ва фарзандонаш то ҳоло дар Ироқ қарор дошта, бо Шералиев А. дар алоқа мебошанд. - Ғайратов Муҳаммадҷон Қурбоналиевич, соли таваллудаш 1986, зодаи шаҳри Кӯлоб, бо тахаллусҳои “Муҳаммад-таке”, “Кабуд” ва “Абдусамад” шинохта мешавад. Аъзои ТТЭ ҲНИТ буда, соли 2010 бо кӯмаки молиявии амакаш Ғайратов Абдусамад Исмоилович барои таҳсили динӣ ба шаҳри Зоҳидони ҶИЭ фиристода мешавад. Номбурда баъди каме таҳсил дар ҶИЭ барои идома додани он ба ҶИП меравад. Сипас ба Сурия рафта, ба сафи ташкилоти террористии ДИИШ пайваста, то ҳол дар сафи он ҷангида истодааст. Инчунин ӯ тавассути
саҳифаҳои интернетӣ наворҳои ифротгароиро паҳн карда, дигар ҷавонони тоҷикро ба “ҷиҳод” даъват менамояд. ЛАШКАРИ ОЗОДИ СУРИЯ Артиши озодихоҳи Сурия аз ҷониби кишварҳои бонуфузи минтақа дастгирӣ ёфта, кӯмакҳои он ба Ҳизби Наҳзат низ расидааст. Ба сафи ин гурӯҳ Табаров Мирзоҷума Иброҳимович, соли таваллудаш 1988, зодаи ноҳияи Нуробод пайваст гардид. Ӯ бо ташаббуси падараш соли 2009 ба мадрасаи ба номи “Бадриддин Ҳасанӣ”-и шаҳри Димишқи Ҷумҳурии Арабии Сурия дохил шуда, то соли 2012 дар мадрасаи мазкур таҳсил мекард. Табаров М.И. ҳангоми таҳсил дар Сурия ба иттиҳодияи ҷиноятии “Ҷайш-ал-ҳур” (Лашкари озод) шомил шуда, баъди баргаштан ба Ҷумҳурии Тоҷикистон таблиғи ақидаҳои ин иттиҳодияи ҷиноятиро ба роҳ мондааст. Соли 2017 бо ҷурми таблиғи иттиҳодияи ҷиноятии “Ҷайш-ал-ҳур” боздошт ва ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида шудааст. ҶУНБИШИ ИСЛОМИИ ӮЗБЕКИСТОН - Мамадшехова Шоиста Зикриллоевна, соли таваллудаш 1977, зодаи ноҳияи Спитамени вилояти Суғд, собиқ раиси бахши занони ТЭТ ҲНИТ дар ноҳияи Спитамен. Номбурда аз ҷониби аъзои ташкилоти террористии Ҳаракати исломии Ӯзбекистон Фаррух Шодмонов ба сафи ташкилоти мазкур ҷалб карда шуда, ҳамроҳи ду фарзандаш Ӯринов Ҷавоҳир, соли таваллудаш 1999 ва Ӯринов Бегзод, соли таваллудаш 2003 ба Вазиристони шимолии Ҷумҳурии Исломии Покистон, ки аъзои ташкилоти мазкур (ҲИӮ) дар он ҷо қарор доранд, рафтааст. - Ризвонов Абдулвоҳид Аъзамович, соли таваллудаш 1985, зодаи шаҳри Роғун, собиқ аъзои фаъоли ТЭТ ҲНИТ ба ҳисоб мерафт. Номбурда солҳои 2008 то 2010 дар мадрасаи “Таҷдид-ул-Қурой”-и шаҳри Зоҳидони ҶИЭ таҳсил намудааст. Соли 2016 бо ҷурми пайравӣ, таблиғ ва узвияти ҷараёни салафия боздошт ва ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида шудааст. - Исоев Умед Ҳабибович, ки масъули қисми даъват дар гурӯҳи Толибон ба шумор меравад. Исоев У. Ҳ. соли 1985 дар шаҳри Роғун таваллуд ёфта, аъзои фаъоли ТЭТ ҲНИТ мебошад. Номбурда солҳои 2008 то 2009 дар мадрасаи “Таҷдид-ул-Қурой”-и шаҳри Зоҳидони ҶИЭ таҳсил намудааст. Ӯ аъзои ташкилоти экстремистии салафия шуда, соли 2016 бинобар узвият ба ин ташкилот боздошт шуда, ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида шудааст.
Пуфффф ё бӯи бад аз куҷо меояд? Ҳар қадар бештар бо наҳзатиҳои навруста шинос мешавам, “амри маъруфи” охунду муллоҳои аз дониш тиҳияшро мешунавам, таҳлилу андарзномаҳои “обсофкунак”-у “ностуфкунакҳояш”-ро мехонам, муҳаббатам ба ҳукумат бештар мегардад. Худое накунаду ин нодидаҳо дида шаванд, бе корд, бо нохунҳои ғаждашон ҳамаро пӯст мекананд ва боз чилёсин ҳам меороянд, то соҳибхонаи зиндамонда ба онҳо қурутоб ё фатирмаска омода кунад ва онҳо бичаранд. Ва пасон
11
ШИНОХТИ ДУРУСТ
“ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН”, №07 (9537), 15.02.2018
бод шикаста муҳитро бӯгин месозанд. Аз он Наҳзати аҳди Сайид Абдуллоҳи Нурӣ дигар чанд марди ҳалол ва боқӣ хасу хошоки зиёде боқӣ мондаасту халос ва як роҳбари кабир, ки бо сиёсати уштурговпалангияш ҳамаро ҷазир карда. Додоҷон АТОВУЛЛОЕВ, аз саҳифаи фейсбукиаш АЗ ИДОРА: Тоҷикон ба суннату анъанаҳояшон бисёр содиқу вафодоранд. Хусусан ба дини мубини ислом ва шароиту
аркони он эҳтироми вижа доранд. Ҳар касеро, ки ба ислом эҳтиром қоил аст, эҳтиром мекунанд. Аммо ин эҳтиром, ин муҳаббат сирф ба хотири ислом аст. Афсӯс, ки гоҳо душманону бадхоҳонаш ин муҳаббату эҳтироми ӯро сӯиистифода
мекунанд ва бар зарари ӯву бар муқобилаш ба кор мебаранд. Наҳзатиён аз он ҷумлаанд, ки исломро ниқоб сохта ба рӯяшон кашиданду ба мардум қаробат ҷустанд. Ба ин роҳ ба ҷомеаи Тоҷикистон зарар расонданд, ақидаву ғояҳои дигаронро, ки ба
суннати мардуми тоҷик хилоф буд, пиёда карданӣ шуданд. Мутаасифона, қисман пиёда ҳам карданд. Вале... Вале он рӯз ки тирашон хок хӯрду парда аз рӯи сиёҳашон афтоду мардум киву чикора будани эшонро шинохтанд, ба рӯяшон туф карданд. Нафрат ба шумову ба дурӯғпошиҳоятон гуфтанд. Ҳатто шарик, ҳамандеш, ҳамроҳ ва дӯстонашонро аз наҳзатиён оқ омад. Додоҷон Атовулло, ки то ин вақт Ҳукумати Тоҷикистонро пайваста танқид мекарду ба наҳзатиён эътиқод дошту бовар, акнун онҳоро шинохта ва мегӯяд: “Ҳар қадар “амри маъруфи” охунду муллоҳои аз дониш тиҳияшро мешунавам..., муҳаббатам ба ҳукумат бештар мегардад”.
12
МАВЗЕЪҲОИ САЙЁҲӢ
Тоҷмаҳал яке аз мавзеъҳои нодиру тамошобоб на танҳо дар ҳудуди Ҳиндустон, балки дар тамоми дунё маҳсуб меёбад. Ин иморат аз ҷониби Шоҳи Ҷаҳон бунёд шуда, ба ҳамсари дӯстдоштааш Мумтоз бахшида шудааст. Тоҷмаҳал аз зеботарин иншооти дунё ва рамзи ишқу муҳаббати поку самимӣ мебошад. ТОҶМАҲАЛ – МУЪҶИЗАИ ОЛАМ Соли 2007 да Лиссабон (Португалия) ҳафт муъҷизаи нави олам муайян карда шуд, ки яке аз онҳо мақбараи Тоҷмаҳал буд. Тоҷмаҳал дар Аграи Ҳиндустон, дар наздикии дарёи Ҷамна ҷойгир аст. Агар нафаре ба Ҳиндустон сафар кардаву аз ин мақбара дидан накунад, пас, вақти худро барҳадар сарф намудааст. Зебогиву ҳашамати ин қасрро бо сухан тасвир намудан душвор аст. Чунки ин макон дар ҳақиқат ҳам макони афсонавӣ ва иншооти беназири меъморӣ мебошад, ки ҷузъиёти санъати меъмории исломӣ, форсӣ ва ҳиндуиро дар худ омезиш додааст. МАРВОРИДИ ДАРБОР Таърихи пайдоиши Тоҷмаҳал ин таърихи ишқу муҳаббати поку самимии Шоҳи бузурги моголҳо нисбати ҳамсари дӯстдораш мебошад. Шоҳи Ҷаҳон якчанд ҳамсар дошт. Соли 1607 ӯро бо Арҷуманад Бону Бегим, ки 14 сол дошт, номзад намуданд ва баъди 5 сол онҳо ақди никоҳ бастанд. Дар маросими тӯйи онҳо падари Шоҳи Ҷаҳон Ҷаҳонгир ба келини худ Мумтоз Маҳал ном гузошт, ки маънояш “Марвориди дарбор” мебошад. Шоҳи Ҷаҳон ҳамсари ҷавони худро бениҳоят дӯст медошт. Мумтоз илова бар он ки ҳамрозу ҳамнафаси ҳамешагии шоҳ буд, боз дар корҳои
√ ҲУНАРҲОИ
муҳими давлатдорӣ низ ширкат меварзид. Новобаста аз он ки шоҳ ҳарамхонаи калоне дошт, вале ҳама муҳаббату садоқат ва таваҷҷуҳашро танҳо нисбати Мумтоз зоҳир мекарду халос. Мумтоз 14 фарзанд: 6 духтару 8 писар ба дунё овард. Ӯ ҳангоми таваллуди тифли охиринаш ҳалок шуд. Ғаму андуҳи Шоҳи Ҷаҳон чандон зиёд буд, ки дигар зиндагӣ барояш маъное надошт, як сол гӯшанишинӣ кард, ки дар ин муддат мӯяш сафеду рангаш заъфаронӣ гашт. Ӯ 2 сол давраи мотам эълон карду либоси азодорӣ ба бар намуд ва ҳатто қасди худкушӣ низ кард. Шоҳи Ҷаҳон меъморону сох-
ишгар марбут дониста мешуд. Дар бунёди ин мақбараи таърихӣ гурӯҳи меъморон кор кардаанд, вале пешниҳодкунандаи ғояи асосӣ Устод Аҳмади Лоҳурӣ эътироф гардидааст. Сохтмони мақбара соли 1631 оғоз ёфта, соли 1648 қисмати марказии он ба анҷом расид. Баъди 5 соли дигар сохтмони тамоми маҷмаа ба охир расид. Тӯли 22 сол дар бунёди Тоҷмаҳал қариб 20 ҳазор нафар ширкат намуданд. Зиёда аз 1000 адад филҳоро барои кашонидани масолеҳи сохтмонӣ аз Ҳиндустону Осиё истифода намуданд. Барзаговҳо порчаҳои калони мармарро тавассути остонаҳои 15-ме-
“ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН”, №07 (9537), 15.02.2018
ба мақбара осебе нарасонанд. Боғи дорои ҳавзи калон ва фаввораҳои зебо манзараи атрофи мақбараро боз ҳам зеботар гардонидааст. Дар дохили қаср ду марқадест, ки маҳз дар онҳо Шоҳи Ҷаҳон ва ҳамсараш Мумтоз гӯронда шудаанд. Деворҳо аз мармар сохта шуда, бо сангҳои рангоранги қиматбаҳо (ақиқ, ахзар, фирӯза ва ғ.) оро ёфтаанд, ки зери шуоъҳо ҷило дода, ҳар бинандаро мафтун мекунанд. Дар ҳавои офтобӣ мармарҳо бо ранги сафед ҷило медиҳанд, шабона бошад, онҳо ранги нуқрафом ва ҳангоми тулӯи офтоб ранги гулобӣ мегиранд.
Ашк дар рухсораи абадият
тмончиёни машҳури оламро ҷамъ оварда, ба онҳо супориш дод, ки ба хотираи ҳамсараш Мумтоз қасре бунёд намоянд, ки дар олам назир надошта бошад. Имрӯз мақбараи Тоҷмаҳал ба рӯйхати ҳафт муъҷизаи олам шомил буда, аз беҳтарин иншооти меъморӣ дар ҷаҳон маҳсуб меёбад. Баъди якчанд сол худи Шоҳи Ҷаҳонро писараш Аврангзеб аз рӯи васияти падар дар шафати қабри ҳамсараш ба хок супорид. СОХТМОН ВА МЕЪМОРИИ ТОҶМАҲАЛ Ба суоли мақбараро кӣ сохтааст, то ҳол ҷавоби аниқе вуҷуд надорад. Бояд гуфт, ки дар олами ислом он замон ҳама идеяҳои бунёди иншоот на ба меъмор, балки ба фармо-
МАРДУМӢ
траи васеи даромадгоҳҳо мекашонданд. Дар сохтмон ҳайкалтарошону сангтарошон ва устоҳои гулдаст аз Бухорову Балуҷистон, Форсу Арабистон ширкат намудаанд. Тоҷмаҳалро “марвориди санъати мусулмонии Ҳиндустон” мешуморанд. Қисмати машҳури қаср ин гунбази мармарини сафеде мебошад, ки баландии он ба 35 метр мерасад. Моҳе, ки дар қуллаи он бо услуби исломӣ гузошта шудааст, нахуст аз тилло сохта шуда, сипас дар асри 19 ба биринҷӣ иваз карда шуд. Баландии мақбара 74 метр буда, он аз панҷ иморати гунбаздор иборат мебошад, ки аз чор тараф манораҳо дорад. Манораҳо дар шакли каме моил ба ақиб сохта шудаанд, то дар мавриди вайрон шудан онҳо
Қиссаи падарам. Деҳаи Зуманд ва ҳунарҳои мардумии он... - “Модарҷон, овози ғиж-ғиже, ки шабу рӯз аз хонаи ҳамсоя ба гӯш мерасад, овози чӣст”, савол медодам ба модарам,- мегӯяд падарам. Модарам табассум карда мегуфт, ки овози чарх аст, писарам. Чархресҳо - суханашро давом дод падарам, - дар деҳаи мо, дар ҳамон давра хеле бисёр буданд. Онҳо аз пашми гӯсфанду буз ришта тайёр мекарданд. Дӯкондорҳо аз ришта чакман, айил, гилем, ҷоруқ, ресмон тайёр мекарданд. Чакман дар ҳамон давр талаботаш хеле зиёд буд. Онро бо нархи гарон мефурӯхтанд ва ҳатто чӯпонҳо чакманро бар ивази гӯсфанд ва ё серка мехариданд... Деҳаи Зуманд яке аз деҳаҳои дурдасти ҷамоати деҳоти Деҳамалики ноҳияи Варзоб буда, аҳолии деҳа одатан дар баробари чорводорию зироаткорӣ ба ҳунармандӣ низ машғул буданд. Ҳунармандӣ, аз қабили гилембофӣ, намадрезӣ, айилбофӣ, чакмандӯзӣ, юғу испорсозӣ, чархресӣ, кӯзасозӣ, сабадбофӣ,
мӯкидӯзӣ, ресмонбофӣ, чоруқбофӣ, қӯроқдӯзӣ, шероздӯзӣ, гулдӯзӣ, тоқидӯзӣ барин ҳунарҳо барои аксарият касби авлодӣ ҳисоб меёфт. Ба назар чунин менамудааст, ки гӯё дар аксарияти оилаҳо мактаби ҳунар таъсис ёфта, мероси гаронбаҳои авлоду аҷдодон омӯзонида мешудааст. Чаро имрӯз аз он мактаб нишоне намондааст? Чаро мардуми деҳаи Зуманд ба ҳунарҳои миллӣ мароқ зоҳир намекунанд? Шояд ба назари ҳунармандон имрӯз мардум ба маҳсули ҳунарҳои онҳо таваҷҷуҳ зоҳир намекунанд? – ва боз падарам худ посух дод. – Не, баръакс, имрӯзҳо нисбат ба ҳунарҳои мардумӣ талабот бисёр аст. Ва мардум нисбат ба маҳсули ҳунармандӣ эҳтиёҷи зиёд доранд. - Ёд дорам, - гуфт падарам зимни суҳбат, то миёнаи солҳои 1965 ниёзмандон аз ҳар ҷо ба деҳаи мо омада, аз ҳунармандон ҷизҳои лозимиашонро мехариданд. Маҳсули дастони худро бофанда Бибикалон, кулолгарон Норгулу Майрам,
“БА БИҲИШТИ МАН ВОРИД ШАВ!” Тоҷмаҳал намунаи беҳтарини санъати меъморӣ дар ҷаҳон маҳсуб меёбад. Дар бунёди ҷузъҳои ороишии мақбара андова ва рангҳои гуногун ҳамчунин барои ороиши бадеии он порчаҳо аз китоби муқаддаси Қуръон истифода шудаанд. Дар дарвозаи Тоҷмаҳал чунин навиштаҷот насб шудааст: “Ту, ки оромиш мехоҳӣ, хушнуду қаноатманд ба назди Худои худ баргард! Ба биҳишти ман ворид шав!” Барои ороиши дохили бино аз миқдори хеле зиёди сангҳои қиматбаҳо истифода шудааст. Толори дохилии Тоҷмаҳал шакли ҳашткунҷаро дорад. Баландии деворҳо 25 метр буда, сақфи бино дар шакли офтоб ороиш ёфтааст. Дар болои қабри Мумтоз суханҳои мадҳу ситоишӣ хаттотӣ шудаанд, дар болои қабри Шоҳи Ҷаҳон бошад, чунин навиштаҷот вуҷуд дорад: “Ӯ шоми бисту шашуми моҳи раҷаби соли 1076 аз олам чашм пӯшид”. Дар саҳни қаср боғи зебое бунёд ёфтааст, ки паҳноияш ба 300 метр мерасад. Аз маркази боғ ҷӯи об ҷорӣ мешавад, ки аз мармар сохта шуда, заминҳои гирду атрофро шодоб мегардонад. АФСОНАВУ РИВОЯТҲО Ривояте вуҷуд дорад, ки Шоҳи Ҷаҳон хост дар соҳили рӯ ба рӯи
мӯкидӯз Сафарбобо, сабадбоф Алимардону Сафар барои фурӯш захира мекарданд. Талабот нисбат ба маҳсули ҳунари онҳо бисёр буд. Ин ҳунармандонро дар ҳамсояқишлоқҳо низ мешинохтанд. Вале сад афсӯс, ки ҳунари волои онҳо ба насли имрӯза омада нарасид. Мардуми Зуманд як одати хуб доранд ва ин одатро то ба имрӯз нигоҳ дошта омада истодаанд. Дар маъракаю ҷамъомадҳо аксар вақт мардум дар боби ҳунару ҳунармандӣ ҳарф мезананд. Ҳунармандони гузаштаро, махсусан номи момаи Бибикалонро бо эҳтиром ба забон мегиранд. Бибикалон зане буд,- мегӯяд падарам, - аз панҷ ангушташ ҳунар мерехт. Ӯ аз уҳдаи ҳунарҳои қӯроқдӯзӣ, шероздӯзӣ, чакмандӯзӣ, чоруқбофӣ, гилембофӣ, айилбофӣ, ресмонбофӣ, кӯзагарӣ, тоқидӯзӣ ба хубӣ мебаромад. Дар хонадони ӯ овози тарақ-туруқи чарх ва дастаҳои бофандагӣ доимо ба гӯш мерасид. Гӯё хонадони момаи Бибикалон ба як коргоҳе шабоҳат дошт. Ӯ дар ин коргоҳ танҳо худаш кор мекард ва гоҳе келинаш Морияхола ба ӯ ёрӣ медод. Момаи Бибикалон дар асоси фармоиши ниёзмандон кор мекард ва аз ҳисоби маҳсулоти тайёркардааш зиндагии аҳли хонаводаашро мегузаронид. Имрӯз момаи Бибикалон дар қайди ҳаёт нест. Келинаш Морияхола ният дорад, ки баъзе аз ҳунарҳои момаи
дарё як нусхаи дигари қасрро аз мармари сиёҳ бунёд созад, вале фурсат наёфт. Ривояти дигар аз хусуси он қисса мекунад, ки шоҳ меъморону сохтмончиёнеро, ки дар бунёди ин қаср ширкат варзиданд, бераҳмона ба қатл мерасонд ва тамоми сохтмончиён шартномаеро ба имзо расониданд, ки онҳо набояд ягон иншооти ҳамсони ин қасрро бунёд намоянд. Аммо имрӯз ин далелҳо асоснок ҳисобида намешаванд ва ҳамчун афсонаву ривоят боқӣ мондаанд. САЙЁҲӢ Ҳамарӯза миллионҳо сайёҳон аз тамоми гӯшаву канори дунё аз мақбараи Тоҷмаҳал дидан менамоянд. Таваҷҷуҳи сайёҳонро қабл аз ҳама намои хеле назаррабои ин муъҷизаи олам ҷалб мекунад. Агар ба дари баромадгоҳи он пуштнокӣ наздик шавед, чунин ба назр мерасад, ки қаср дар пасманзари дарахтону муҳити атроф хеле бузург мешавад. Мавриди зикр аст, ки парвози тайёраҳо аз болои Тоҷмаҳал манъ карда шудааст. Мақбара дар рӯзҳои корӣ аз соати 6 то 19 кушода аст. Тоҷмаҳал дар айёми бадр (пуррагии моҳ) барои тамошои шабона низ омода аст. АШК ДАР РУХСОРАИ АБАДИЯТ Тоҷмаҳал солиёни зиёд манбаи илҳоми шоирону адибон, рассомону ҳунармандон мебошад. Нафаре онро “марсияи мармарин” номидаасту барои дигаре он рамзи ишқу муҳаббати поку беолоиш мебошад. Шоири англис Эдвин Арнолд онро “на мисли дигар иншоот асари меъморӣ, балки ранҷу азоби ишқ, ки дар сангҳои зинда таҷассум ёфтааст” ва шоири ҳинду Робиндранатҳ Такур “ашк дар рухсораи абадият” унвон намудаанд. Гарчанде дар Ҳиндустон, ин кишвари афсонавӣ мавзеъҳои таърихиву тамошобоб зиёданд, вале маҳз Тоҷмаҳал ҳамчун рамзи ин кишвар пазируфта шудааст. Чунки он инъикосгари қиссаи ишқу муҳаббати абадӣ дар рӯи сангҳо мебошад. Шаҳло ЭШОНОВА, “ҶТ”
Бибикалонро аз нав эҳё кунад. Чанде пеш дар яке аз ҷамъомади пирони маҳалла иштирок доштам. Суҳбат аввал дар боби рӯзгори имрӯза рафт. Сипас, риштаи суҳбатро бобои Сафар ба даст гирифт. Ӯ дар бораи ҳунарҳои мардумӣ ҳарф зад. Ба суҳбати ӯ дигарон низ ҳамроҳ шуданд. Суҳбат дар ин хусус гӯё то охири маърака қӯр баст. Махсусан суханронии Қаноатбобо бештар диққати ҳозиронро ба худ ҷалб намуд. Қаноатбобо, ки худ як умр чӯпонӣ намудааст, чӣ будани чакманро нағз медонад. Ӯ аз он ғам мехӯрад, ки чӯпонони имрӯза аз набудани чакмани дастдӯз азоб мекашанд. Калонсонони деҳа аз он афсус хӯрданд, ки аз ҳунару ҳунармандӣ қариб нишоне намондааст. Вале онҳо фаромӯш карданд, ки сабабҳои аз байн рафтани ҳунармандӣ худи онҳоянд. Зеро онҳо ҳунарҳои худро ба фарзандон наомӯхтаанд. Акнун вақти он расидааст, ки пиру ҷавони деҳа таклифи Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро, ки дар Паёми имсолааш соли 2018-ро “Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” эълон намуданд, дастгирӣ карда, аз паи эҳёи ҳунарҳои авлодӣ шаванд. Гулбаҳори ҚУРБОН, хонандаи МТМУ №11, ноҳияи Варзоб
E - MAIL: javonontj@mail.ru
“ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН”, №07 (9537), 15.02.2018
Мутахассисони арзандаро тарбия намоем
Вазифаи асосии роҳбарияти факултаи технологияҳои иттилотӣ дар иқтисодиёт ин тарбия ва ба воя расонидани кадрҳои соҳибихтисоси ҷавон, ки ҷавобгӯи меъёрҳои байналмиллалӣ мебошанд, маҳсуб меёбад. Маҳз аз ин хотир, бобати дар ҷараёни таълим ва ҳолати ба дарсҳо ҳозиршавии устодон ва давомоти донишҷӯён аз ҷониби садорати факулта ва раёсати донишкада назорати доимӣ ба роҳ монда шудааст. Чунончи, давомот ва сатҳи азхудкунии донишҷӯён соли 2017 дар муқоиса ба соли 2016 чунин натиҷаро нишон дод: давомот ва иштироки донишҷӯён ба машғулиятҳо дар шуъбаи рӯзона 9 фоиз ва сатҳи донишазхудкунӣ бошад, 5,7 фоиз афзоиш ёфт. Дар факулта айни ҳол 2 аспирант ба корҳои илмию тадқиқотӣ машғул мебошанд. Зокир Хушмуҳаммадзода аспиранти соли 3-юм буда, дар мавзӯи “Модели эконометрикии истеҳсолот ва савдо бо истифода аз пакетҳои барномаҳои эконометрикӣ” кори илмиашро пеш бурда истодааст. Х. Қурбоназарова аспиранти соли 2-юм буда, дар мавзӯи “Моделсозии математикии нигоҳдории ҳайвонҳои нодири мамнуъгоҳҳои Тоҷикистон” кори илмиашро пеш мебарад. Боиси зикр аст, ки донишҷӯи курси 3 Самариддин Ашӯров дар олимпиадаи донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ иштирок намуда, сазовори ҷойи аввал ва дипломи дараҷаи 1 гардид. Дар Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи М.С. Осимӣ даври ҷумҳуриявии Фестивали донишҷӯёни навовар ва ихтироъкори муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ баргузор гардид, ки дар он донишҷӯи курси 3-юм Алишер Воҳидов иштирок намуда, сазовори ҷои якум ва дипломи дараҷаи 1 гардид. Дар озмуни ҷумҳуриявии “Донишҷӯ ва пешрафти илмию техникӣ - 2017”, ки аз тарафи Вазорати маориф ва илм гузаронида шуд, дар он донишҷӯи курси 4-ум Додоҷонзода Фирдавс иштирок намуда, соҳиби ҷойи 1 ва дипломи дараҷаи 1 гардид. Моҳи июли соли 2017 Кумитаи ҷавонон варзиши назди Ҳукумати кишвар дар якҷоягӣ бо Вазорати маориф ва илм озмуни беҳтарин лоиҳаҳои инноватсионӣ эълон намуд, ки дар он Воҳидов Алишер лоиҳаи инноватсионии худро бо номи “Сад китоб” пешниҳод намуд. Аз рӯи ҷамъбасти озмун Воҳидов Алишер сазовори ҷойи аввал ва дипломи дараҷаи 1 гардид. Дар факулта бо мақсади дастгирии ҷавонон ва таъмини иштироки фаъолонаи онҳо дар корҳои сиёсиву иҷтимоӣ Шӯрои ҷавонон амал менамояд. Шӯро дар атрофи худ донишҷӯёни болаёқатро гирд оварда, онҳо дар чорабиниҳои гуногуни факулта ва донишкада ширкати фаъолона доранд.
Бо ин васила имкон пайдо мегардад дар ҷодаи худфаъолиятӣ ва худидоракунии ҷавонони факулта қадами устувор гузошта шавад. Ҳамчунин, Созмони ҷавонон яке аз сохторҳои муҳими ҷамъиятии факулта ба ҳисоб меравад. Созмони ҷавонон фаъолияти худро дар соли хониши 2017-2018 мувофиқи нақшаи тасдиқшуда ба роҳ мондааст. Мувофиқи нақшаи тасдиқшудаи созмони ҷавонони факултет дастаҳои варзишӣ аз рӯи намудҳои гуногун дар мусобиқаҳои донишкада ва умумиҷумҳуриявӣ аз рӯи намудҳои волейбол, ки соли 2017 бахшида ба муносибати таҷлили ҷашни байналмилалии Наврӯз, Рӯзи ҷавонон ва рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон байни муассисаҳои таҳсилоти олӣ, коллеҷу шаҳракҳо баргузор гардида буд, ширкат варзида, ба гирифтани ҷойҳои сазовор ноил шуданд. Донишҷӯи курси сеюм Давлатқадамова Субҳия дар бозии тениси рӯи миз ширкат варзида, сазовори ҷои сеюм дар байни донишҷӯёни донишкада гардид, ки аз тарафи садорати факулта ва раёсати донишкада бо ифтихорнома сарфароз гардонида шуд. Дар мусобиқаи ҷумҳуриявӣ байни донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбии кишвар оид ба муҳорибаҳои тан ба тан дар вазни 96 кг донишҷӯи курси 1 Раҳмонов Фирдавс ҷои сеюмро дар Ҷумҳурии Қазоқистон соҳиб гардид. Ҳамин тавр, дастовардҳои донишҷӯёни факулта дар мусобиқаҳои гуногуни варзишӣ хеле назаррасанд. Қайд кардан ба маврид аст, ки бахшида ба рӯзи Президент ва Парчами давлатӣ мусобиқаи варзишӣ аз рӯи намуди сангбардорӣ, турниккашӣ варзиши сабук ва тенниси рӯи миз баргузор гардид. Дар ин мусобиқаи варзишӣ дастаи варзишгарони факулта, аз ҷумла донишҷӯдухтарон аз рӯи намуди тенниси рӯи миз сазовори ҷои дуюм ва донишҷӯписарон ҷои сеюмро ишғол намуданд. Бо ташаббуси Созмони ҷавонони факулта донишҷӯён якчанд маротиба дар барномаҳои телевизионӣ, аз ҷумла дар барномаҳои «Оила», «Об манбаи асосии ҳаёт» ва «Ителлект шоу» фаъолона баромад карданд. Ҳамин тавр, садорати факултаи технологияҳои иттилотӣ дар иқтисодиёт саъю кӯшиш дорад, мутахассисони соҳибмаълумотро омода намуда дар кори таълим ва тарбияи насли ҷавон саҳмгузор бошад. Амрулло НУРАЛИЗОДА, муовини ректори Донишкадаи молия ва иқтисоди Тоҷикистон
Бе мароиф пояи давлат намонад устувор Дар Паёми имсолаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳам нисбат ба соҳаи маориф таваҷҷуҳи хоса зоҳир шудааст. Чунончи, “Мо дар соҳаи илму маориф иқдомоти ҷиддиро роҳандозӣ карда, ислоҳот ва навсозиро босуръат пеш бурда истодаем”. Ман ҳамчун омӯзгор аз ин гуфтаҳои Президенти кишварамон илҳоми тоза гирифта, кӯшиш мекунам, ки ҳамаи қуввату қудратамро ба он равона созам, то шогирдонамро дар руҳияи худшиносӣ ва ифтихори миллӣ доштан тарбия намоям. Зеро рисолати омӯзгор тарбияи волои толибилмон мебошад ва мардум дар симояш тарбиятгару омӯзанда ва мушкилкушоро мебинанд. Муаллим воқеан меъмори руҳи инсон аст ва танҳо ӯ метавонад дар радифи падару модар насли наврасро тарбияи нек бидиҳад. Тӯли солҳои омӯзгори дарк кардам, ки воқеан муаллимӣ ҳунар аст. Баҳри ин ҳунарро сазовор гаштан ҳамеша пайи омӯзиш будан лозим. Зеро дили кӯдаконро ёфтан хеле мушкил аст. Аз ин рӯ муаллиме, ки мехоҳад дили онҳоро ба даст оварад, бояд дили худро ба кӯдакон ҳадя кунад. Мусаллам аст, ки зинаи аввали тарбияи кӯдак аз оила оғоз меёбад. Яъне оила мактаби нахустини тарбияи кӯдак аст. Мабодо дар оила кӯдак тарбияи хуб нагирифта бошад, барои тарбияи ӯ дар мактаб муаллим сахт азоб мекашад. Аз Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд” ҳама огоҳем, ки
волидайн муваззафанд, то тарбия ва ба камол расондани фарзандро дар сатҳи зарурӣ ба роҳ монанд. Аз ин лиҳоз, ман ҳамчун омӯзгори фанни забону адабиёт бештар муваззафам, ки бо падару модарон вохӯраму аз онҳо талаб намоям, ки дар тарбияи фарзанд саҳлангорӣ накарда, аҳамияти ҷиддӣ диҳанд. Ва агар не муаллим дар танҳоӣ, бе дастгирии волидон коре карда наметавонад. Бояд гуфт, ки на ҳама падару модарон ба тарбияи фарзандашон аҳамияти ҷиддӣ медиҳанд, баъзе падару модарон фарзандро ба мактаб месупоранду гӯё бо ҳамин рисолаташонро иҷро кардаанд. Дигар барояшон муҳим нест, ки кӯдак чӣ гуна таҳсил мекунад? Оё ба дарсҳо омодагӣ мебинад ё не? Вақте ки Паёми Пешвои миллатро тавассути телевизион тамошо кардам, дарк намудам, ки сатр ба сатр, калима ба калима ҳама дар хусуси пешравии иқтисодиёту маънавиёти зиндагии мардум мебошад. Боиси шодмонист, ки соли 2018-ро Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ эълон намуданд. Дар ин замина ҳатман ҳунарҳои мардумӣ рушд ва инкишоф меёбанд. Зеро халқи мо ҳунарманданд ва гиромӣ доштани ҳунарро медонанд. Дар ин ҷода ҳам мо,
устодони мактаб бояд масъул бошем ва шогирдонамонро таъкид намоем, ки роҳи ҳунаромӯзиро пешаи худ намоянд. Зеро ҳунар инсонро мехӯронаду мепӯшонад. Имрӯз шароите фароҳам омадааст, ки шогирдони мо заргарӣ, чӯбтарошӣ, наққошӣ, кулолгарӣ ва дигар навъҳои ҳунармандиро биомӯзанд. Ман ҳамчун як шаҳрванд ва омӯзгор вазифадорам, ки ҷавобан ба Паёми пурмӯҳтаво барои таълиму тарбияи насли наврас, ки ояндаи моянд, тамоми имконияту ҳунарамро ба кор барам. Ва ҳамвора кӯшиш мекунам, шогирдонамро чун машъалафрӯзи роҳи ростиву хештаншиносӣ ва ҳамчун ватанхоҳи асилу хештаншинос тарбия намоям. Бовар дорам, ки заҳматҳову ранҷҳои кашидаи мо, муаллимон ва тарбияи дурусту ҳадафраси мо барабас намеравад. Зеро шогирдони мактаб низ дарк намудаанд, ки ҳама инсонҳои бузург аз мактаби муаллим гузаштаанд ва то ба бузургӣ расиданашон ҳам хизмати ҳамешагии муаллим аст.
Зулфия ШАРИФОВА, омӯзгори МТМУ № 93-и шаҳри Душанбе
13
Дар охирҳои солҳои 80-ум ва аввали солҳои 90ум дар шароити Тоҷикистон омилҳои мухталифе пайдо гардида буданд, ки мамлакатро ба моҷарои сиёсӣ кашиданд. Вобаста ба мавзӯи пурбаҳсу фаррохи воқеаҳои февралии соли 1990 ақидаи муҳаққиқону таърихнигорон гуногун аст. Дар ибтидои соли 1990 нерӯҳои гуногуне пайдо шуда кӯшиш намуданд, ки ба раванди сиёсӣ таъсир расонанд ва тадриҷан низоми идораи корҳои давлатӣ ва ҷамъиятиро зери таъсири худ нигоҳ доранд.
Дасти ТЭТ ҲНИТ дар воқеаҳои февралӣ
Яке аз аввалин ташкилот, ё иттиҳодияи ҷамъиятие, ки дар саромади зиддиятҳо ва муқовиматҳои сиёсии Тоҷикистон қарор гирифт, созмони “Растохез” ва баъдтар ТЭТ ҲНИТ буд. Яъне аз ҳамон вақт ҲНИТ рӯи кор омад. Дар ин бора низ муовини вақти раиси Шӯрои Вазирони Тоҷикистон Отахон Латифӣ ҳанӯз дар давраи аввали ташкили чунин ҳаракатҳо гуфта буд: “Вақте ки барнома ва низомномаи ташкилоти “Растохез” ба Совети Вазирон ворид шуд, на ҳамаи пешниҳодоти онро қобили қабул донистанд. Ҳоло дар мамлакат низоми ба расмият шинохтани иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ мавҷуд набуд”. Сониян, сарварони “Растохез”, ҲНИТ ва дигар ташкилотҳои ғайрирасмиву ғайридинӣ дар мубориза барои соҳиб шудан ба мандати депутатӣ ноком гаштанду ҷонибдоронашон дар парламент мақоми сазовор пайдо накарданд ва онҳо даст ба тазоҳуроти пайваста ва доимӣ заданд. Ҳадаф фишор овардан ба мақомоти ҳизбиву давлатӣ буд. Мақсад доштанд, муносибати мардумро бад намоянд. Иттиҳодияи навтаъсиси ҲНИТ фаъолияти маҳалгароию миллатгароиро дар байни донишҷӯён ва ҷавонон ривоҷ дода, тавассути варақаҳо ва овозаҳо афкореро ба мардум талқин намуд, ки гӯё роҳбарият аз уҳдаи идораи корҳои давлатӣ намебарояд. Эҳсос мешуд, ки иттиҳоди бо ном мардумии “Растохез” ва ҲНИТ бо қисмати иртиҷоии руҳониён, махсусан, бо бунёдгароёни исломӣ пайваст гардида, мардумро ба ҳар гуна эътирозҳо ва саркашиҳои шаҳрвандӣ даъват менамуданд. Дар рӯзҳои 11-14 феврали соли 1990 гирдиҳамоии оммавие, ки асосан, тавассути даъвати руҳониён бо роҳбарии пайравони ТЭТ ҲНИТ, “Растохез” ва бо ҳамдастии баъзе сиёсатмадорони ифротӣ ба миён омада буд, вазъияти ҷамъиятию сиёсии мамлакатро пуршиддат ва муқовиматбор намуд. ҲНИТ мардумро зидди ҳам гузошта, инкишофи мутаносиби мамлакатро халалдор сохт. Дар баробари ҲНИТ низ нерӯҳои гуногуни сиёсӣ пайдо гардида, кӯшиши аз қудрат дур намудани элитаи сиёсии ҳукмронро намуданд. Воқеан, гирдиҳамоиҳои аввалин рӯзи якшанбе, 11-уми феврал, соати 15:00 дар назди бинои КМҲК ташкил шуд. Дар назди бинои Комитети Марказӣ асосан ҷавонон, одамони калонсоли ришдор, ки баъдтар аъзои ТЭТ ҲНИТ будани худро тасдиқ намуданд, ҷамъ шуданд. Аз ҳолати назди КМ аъзои ТЭТ ҲНИТ истифода карда, тарғибҳои тундгароёна мебурданд. Баъдтар дар кӯча зиёда аз 30 нафар наврасону ҷавононро ҷамъ карда, даъват намуданд, ки муқобили ҷорӣ намудани вазъияти фавқулодда эътироз намоянд, гирдиҳамоию намоишҳоро пай дар пай ташкил кунанд. Сатҳи иштирок дар гирдиҳамоӣ гуногун буд. Яке аз рӯи ҳавас, дигаре барои тамошо ва дигаре аз хотири дифои кадом “манфиатҳо” ва чорумин бо даъвати иттиҳодияҳои навташкили ғайрирасмӣ вориди майдон гардида буданд. Ба майдони гирдиҳамоӣ наздик шудан ва ё ҳамроҳ гаштан чандон мушкилӣ надошт, аммо аз он хориҷ гардидан чандон осон набуд. Зеро ТЭТ ҲНИТ кайҳо нақшаи тазоҳуроти дарозмуддат ва шиддатноки гирдиҳамоиро кашида буд. Рӯзи 12-уми феврал, соати 10:00 гирдиҳамомадагон пароканда шуданд. Пайравони ТЭТ ҲНИТ изҳор доштанд, ки ба зудӣ бо яроқ бармегарданд. Ҳамин буд, ки баъди аз нав ба ҳам омадани тазоҳуркунандагон, тақрибан соати 16:00 дар майдон овози тир шунида мешуд. Ҷамъомадагон то соати 9-и бегоҳ доду фарёд намуданд. Дар натиҷа, он бегоҳ 24 мағоза, 22 муассисаи хизматрасонии маишӣ ва хӯроки умумӣ, 6 бинои маъмурӣ, 2 кинохона, 2 бонки амонатгузорӣ, 1 троллейбус, 1 автобус, 2 мошини боркаш, 3 мошини милитсия, 3 мошини ёрии таъҷилӣ аз ҷониби ТЭТ ҲНИТ вайрон ва осеб диданд. Мақомоти низомӣ ва қудратии мамлакат кӯшишҳои зиёд ба харҷ медоданд, то вазъиятро ором намоянд. Аммо тазоҳуркунандагони ҲНИТ ба ҳеҷ кас гӯш намедоданд, ҳар амалеро, ки мехостанд анҷом медоданд. Ҳарчи ба хаёли тазоҳуроткунандагон меомад, мегуфтанд. Аз чунин ҳол бисёр гурӯҳҳо истифода намуданд. Аз ҷумла, як гурӯҳ ходимони динӣ ғазаби мардумро ба манфиати худ истифода бурда, мехостанд, нуфузу эътибори худро баланд бардоранд. Онҳо иброз медоштанд, ки «ҳукумат қудрати идора кардани давлатро надорад, онро бояд ба мо диҳад». Ҳатто ҲНИТ мардумро ба ҷиҳод даъват мекард. Бояд тазаккур дод, дар фаъолияти ТЭТ ҲНИТ, ки зери шиорҳои ташаккули сохти нави иҷтимоӣ бо истифода аз нерӯҳои дигари сиёсӣ, аз ҷумла, гурӯҳҳои ҷинояткори муташаккил амалӣ мегардид, тамоми аломатҳо ва хусусиятҳои шаклгирии табадуллоти давлатиро пайдо намудан мумкин буд. Ҳодисаҳои февралӣ дар Тоҷикистон, ки ба таври мақсаднок ба амал омаданд, ба ҳадафҳо ва натиҷаҳои дилхоҳ нарасиданд. Нерӯҳои тазоҳуркунанда шикаст хӯрданд.
Рустам РАҲИМОВ
14 Дарвоза ғиҷирросзанон оҳиста кушода шуд. Садои сабуки пой ба гӯш расид. Духтар яқин кард, ки кампири ҳамсоя меояд, ба пешвоз баромад. - Баҳори олам дамидаасту ту ҳанӯз хона мешинӣ? Биё, беҳтараш, ҳамин ҷо камтар офтоб хӯрем,-гуфт кампирак ва ҷониби кат равона шуд. Духтар саросема шолу якандоз партофт. - Он қадар дар хонаи тангу тор шинему шинем... Ҳа, мӯлаш рафту камаш монд... Ба мо, пиронсолон, акнун офтоб ҳам ғанимату моҳтоб ҳам. Қурси офтоб аз паси хирмани ширранги абрҳо чеҳра намуд. Нурҳои нарму меҳрубонаш дар як лаҳза ба сари китфу шонаҳои лоғари кампирак гармӣ бахшиданд. - Саҳарӣ хестаму боҳавсала cap шустам, духтарам, куртаи навама пӯшидам. Мабодо ки Нурмуҳаммадам биёяду ман ношуставу нотайёр бошам. Илоҳо гирифтанӣ бошад, маҳтал накунад, яку якбора гирад, гираду барад. Ҳа, пир шавӣ, умедат ҳам, орзуят ҳам, ғамат ҳам ҳамин мешудааст. Кампирак ба пайкари реза куртаи кӯкноргули васеъ пушида буд. Домони пурчинаш вақти қадамзанӣ дар гирдаш мавҷосо лапиш мехӯрд. Вай нимтанаи дарози сиёҳмахмалро гармову сармо аз тан бадар намекард. Ва ҳамин нимтанаи ӯ ба ёди духтар дар дам бибиашро меовард, ки дар деҳа мезист. Духтар гапҳои парешони ӯро ором гӯш карда, бо фаросат маънияшонро меёфт. Вай аз даҳони кампирак ин қабил суханҳоро борҳо шунидааст. Пиразан ҳамеша дар хусуси маргаш осуда ҳарф мезанад, гӯё онҳо гапҳои майда-чӯйдаи pӯзғop бошанд. Духтар ҳам ба ин о дат кардааст, вале... Ду сол пеш, рӯзи ба ҳамин ҳавлӣ кӯчиданашон қариби чоштгоҳ кампирак омада буд. Ҳамон вақт ҳам вай ба лаби кат, ба ҷои ҳозирааш, нишасту дасти дуо бардошт: - Қадам расид, бало нарасад. Дар ин хонадон ҳамеша тӯю тамошо шавад... Баъди он ки кампирак кӣ ва чикора будани онҳоро пурсиду донист, худашро низ шиносонид: - Ҳафтоду сея пур кардам. Имсол ҳисоби ҳафтоду чор. Ҳа, бисёр неку бад, гарму сарди зиндагия дидему чашидем. Ҳамаш баробари як мижа задан гузашту рафт. Бачаҳо калону ҷо ба ҷо шуданд, хотир ҷамъ. Акнун, чашм ба раҳ, маътали Нурмуҳаммадам. Фурсат ҳам расид, навбат-навбати мо шуд... Гумони духтар ки Нурмуҳаммад писари кампирак асту куҷое зиндагӣ дорад ва бояд ба наздикӣ омада, ӯро бо худ барад, хато баромад. Маълум шуд, ки Нурмуҳаммад шавҳари панҷоҳ сол қабл аз ин фавтидааш будааст. Духтари ҳайратзада ба рӯи гирду меҳрубони кампирак нигоҳ карда малул шуд. Вай ҳайрон буд, ки одамизод аз хусуси маргаш ин қадар осуда гaп мезанад. Шояд аз ноилоҷист, фикр карда буд ӯ, хоҳӣ-нахоҳӣ, рӯзе марг меояд, хоҳӣ-нахоҳӣ онро тан мегирӣ. Ё дар ин синну сол маргу зиндагӣ дар назарат муқаррарӣ метобаду ба ҳамааш яксон менигарӣ... Духтар гоҳо дили ӯро фаҳмиданӣ мешуд, гоҳ ба ҳолаш дилаш месӯхт. Рафта-рафта фаҳмид ё одат кард
КИТОБХОНАИ “ҶТ” магар, ки кампирак аз хусуси маргаш гап занад, пештара барин ҳайрону малул намемонд. - Духтарам, ту имрӯз исмини дуввум? - Ҳа.
андохт. Ман ҳам мебардоштам. Қоидааш занакмаъно ғашу ғиреви марда мебардорад. Набошад чӣ? Задан хоҳад, мезанад. Аммо ҳозир ин хел не, мардо аз бинӣ баланд гап зананд, гирифтори балои азим ме-
- Хайр, он кас аробакаш буданд-а? — гапро ба дигар тараф кашид духтар. - Ҳа, ун вақт йигитҳои беҳтарин аробакашӣ мекарданд,- бо овози нарм, вале ифтихоромез гуфт кам-
Нури умед ҳикоя
- Хуб шуд, ки ту исминқатӣ кор мекунӣ. Ту ҳам набошӣ, ман куҷо мерафтам? Як маҳаллаи калону як кас намеёбӣ, ки чорта суҳбат карда, занги дил равонӣ. Ба мо баринҳо бошад, гуфтану шунидан ҳам ғанимат, духтарам. Мардум чунон ба кор ғӯтидаанд, ки асло мон! Занакаш аз мардакаш бадтар-а! Бачазоиву бачакалонкунӣ ҳам назди кор ҳеч шуд. Мо, кампиро, акнун лозим ҳам не, дарди cap барин зиёдатӣ. - Ин хел нагӯед, бибӣ. - Гапа хаққаша мегӯм. Пир шавӣ, сонӣ мефаҳмӣ. - Ношто кунем? - Майлат. Духтар дастархон кушод. Нону қаймоқ баровард. - Ту ин ҳафта дуввум исмин? - Ҳа. - Ба дастат як боракак ҳам сӯзану ришта намебинам. - Сӯзану ришта чӣ даркор? Магазинҳо пури чизи тайёр. - Э, мон-е, зебу зинати духтар сӯзану ришта! Ба Шумоҳо китобу ҷурнол бошад, кеною тилвизор бошад. Хонаи шӯ чӣ мебаред? Ду дасти холӣ? - Диплом, моҳона...- ҷавоб дод духтар ва хандид. Вай дӯст медошт, ки ба қитиқи кампирак расад. Келинчака зебаш диплом не. Хонадорӣ моҳоная намепурса ранҷида гуфт кампирак. О кам-кам ягон чиз дӯз, кашида ё сӯзанӣ... Дили шумо ин қадар беалав? Кошкӣ ҷавон мебудам, чунон сӯзаниҳо медӯхтам!.. Не, ҳозир келинчакоя файзашон кам. Хонашон на сӯзанӣ дораду на кашида. На дар сарашон қоши тиллову на дар мӯяшон заркокул. Ҳама сарлучу мӯйкӯтоҳ. Ба духтаро шӯкунӣ намефорад. Мана, худи ту чандсола? - Бисту чор. - Бисту чор-а, бисту чор! Сари бисту чор ман бева будам, инаш албатта, хуб не. Лекин ду писар доштам, ҳа, ду писар. Калониаш ҳафтсола буд. Шумо мегардетон-да... Намедонед, ки меваи одамизод фарзанд аст. Ҳамин тавр, кампирак ба нақли саргузашташ шуруъ кард. Духтар ҳам аз гапҳои якнавохти вай дилгир нашудааст. Зеро ҳарфаш чунон ба завқ, сода в а кӯакона буд, ки хоҳу нохоҳ, ба гӯш мефорид. Вай медонист, ки капиракро дар чордаҳсолагӣ ба шавҳар додаанд. Он замонҳо ҳамин хел будааст. Ӯ вақти танҳо мондану фориғи кори pӯзғоp будан арғунчак мепарид. Шавҳараш борҳо арғунчаки ӯро аз шохи тути рӯи ҳавлӣ кушода ҳаво медод ва таъкид мекард, ки акнун духтарча нест. Ба қавли худаш, он вақт кӯдак буд, ба фаҳми гапу кори дунё намерафт... - Вай шумоя меранҷонд ё мезад?- пурсид духтар, ҳарчанд ки ҷавобашро пешакӣ медонист. - Не, асло намезад. Лекин мардак-да. Барои савлат ҳам гҳо дӯғу пӯписа мекард ва ҷигот ме-
шаванд. Тавба, на зан дар ҷои худашу на мард дар ҷои худаш. Нурмуҳаммад, раҳматӣ, аҷаб марде буд,- вақти таърифи шавҳараш чашмони чуқури кампирак нурполо мегаштанд. - Паҳлавон, буд вай. Паҳлавони ҳақиқӣ буд. Чашмони сип-сиёҳи оташбору меҳрубон дошт. Лекин худо мегуфтам, ки ғазабаша наорам. Чунон зардааш ҷӯш мезад... Аслан марда андак зардааш бошад, сиёсаташ бошад, дуруст. Мардакам хушрӯй набошад ҳам, ситорагарм буд. Писари калониам ба дадояш рафт нусхаи тап-тайёри Нурмуҳаммад, фақат резатар. Реза ё бутун, шукр, соҳиби панҷ фарзанд, соҳиби мурдаву зиндаам... Не, Нурмуҳаммадам мана бисёр нағз медид, хаёле ки худ ба худ гап мезада бошад, ба нуқтае чашм дӯхта, пичиррос зад кампирак. - Ман ҳам ҳусни расо доштам. Хусусан баъди соҳиби фарзанд шуданам шукуфтам. Дидагиҳо гираму гурезам мегуфтанд. Эҳ, қошома медидӣ! Духтар ба рӯи пуроҷинги кампирак нигоҳ карду беихтиёр дар лабонаш табассум дамид. Аз он рӯю мӯю абрувони таърифӣ, ки пиразан мегуфт, осоре набуд. Миҷаҳои пӯпак рехта, чашмони сиёҳ чуқур рафта буданд, пилкҳояшон сурхча метофтанд. Вале ба ҳар ҳол рӯи кампирак нуре дошт. Муйҳои сапсдфеди аз таги дурраи сиёҳ намоёнаш ба рӯи гирду заҳиртоби ӯ ҳусне мебахшиданд... - Хушдоманам муйҳома майда мебофт, пасу пешам пури кокул мешуд. Раҳматӣ занаки боэҳтиёт буд, чашм нарасад гуфта, ҳар замон ҳазориспанд дуд мекард... Нурмуҳаммад кокулома дӯст медошт. Нигоҳ кунӣ, дар ҳама кор марди кап-калон буду як хислати ғалатӣ дошт. Хар дафъа cap шуста мӯй бофам, кокулома мешумурд. - Кокулотон чандто мешуд? - хандакунон пурсид духтар, дар ҳолате ки чашмонаш медурахшиданд. - Мазоҳ мекунӣ, айёр? - оташин шуд кампирак. - Ман ба ту афсона намегӯям. Ҳо, шӯям кокулома мешумурд. Ханд, хандидан гир... Лекин намедонам шӯҳои шумо чия мешумуранд? Духтарак ба завқ хандид, вуҷудашро ҳиссиёти аҷибе фаро гирифт. - Аз шумоҳо шӯтон... Коҳ-коҳи духтар овози пиразанро пахш кард. Аз зӯри ханда чашмонаш об гирифтанд. Кампирак тамоман каҳр кард. - Боз механдад, мон-э... Ба шумоҳо гап занӣ, афсона мешавӣ... Коҳишу ситезаҳои кампирак ба духтар хуш мерасиданд. Аз ин рӯ қасдан каҳри ӯро меовард. Вале ҳоло дид, ки аз ростӣ вайро чаҳл гирифтааст, чой рехту роҳи оштӣ ҷӯст: - Ба худо, ки аҷиб, агар мардаки кап-калон кокулшуморӣ кунад... - Шӯ кунӣ, медонӣ...
пирак. - Нурмуҳаммад ҳар сол айёми наврӯз мана ба аробааш шинонида сайри лола мебурд. Раҳораҳ, чунон сурудо мехонд, ки дилам об шавам мегуфт. Завқи кампирак ҷӯш зад: Як дони мо ду дона шуд, Ошуқи мо бегона шуд. Як дона марворид-е, Ду дона марворид-е... Ва баъд даҳони бедандонашро кушода чунон хандид, ки ҷуссаи лоғаракаш ба ларза омада, оқибат сулфааш гирифт... - Тармарг шуд, умраш кӯтоҳ будааст,- оҳ кашид кампирак. - Боре шабҳангом ҷӯраҳош бардошта омаданд. Ароба ба ҷар чаппа шудаст. Рӯи ҷогаҳ хобонидем, раҳматӣ, фақат ду даҳон гап зад. “Бачаҳоя хор накун...” - Ҳамин хел, ду бача қатӣ дар шаҳри бегона бе ёру дӯст мондам. Аввалҳо як ҷӯраи Нурмуҳаммад андак ёрӣ медод. Баъдтар худам ба заводи пахта рафтам. Ризқу рӯзия чени насиб ёфта, чида хӯрдем. Чӣ қадар азоб кашидем, чӣ рӯзоя дидем?! Болои ин Гитлери гурсӯхта ҷанг cap кард. Лекин қатори мардум кор кардем, сабр кардем, ба рӯзҳои нек расидем. Мана, ҳар ду писарам соҳиби хавлӣ, соҳиби мошин, соҳиби чизу чора. Лекин боз сер не-да, сер не. Худаш чашми одамизод носер будааст. Гирду гӯшаам пури набераву абера, шукр... Кошкӣ Нурмуҳаммадам зинда мебуду пиру кампир дар сояи давлаташон мешиштему роҳат мекардем. - Баъзе кампирҳо аз пиракиҳошон меноланду... - Рост гуфтӣ, духтарам, замона ҳамин хел. Пиру, кампир ҳам инҷиқ, ношукр. Лекин ба зан-мардум дар ҳар синну сол соҳиби cap, марҳами тан даркор. Баъзан ба фарзанди худат дардата гуфта наметавонию... Ҳа, ҳоло ту ин гапоя аз куҷо ҳам медонӣ?.. - Ин хел бошад, чаро дуввумбора шӯ накардед? Охир, айб набуд-ку! - Айб набуд-куя... Ҳа-а, ина на ҳар кас мефаҳмад. Меҳри аввал, чашм кушода дидагим... Ғайри ин “бачаҳоя хор накун” гуфтани Нурмуҳаммад доим дар гӯшам садо медод. Лекин нашуд. Оқибат, миёнараво ба ҷону ҳолам намонда, ба марде розигима гирифтанд. Ҳа, гуфтанама медонаму бас, аз даҳлез гиряи талх баромад. Хеста нигоҳ кунам, писари калоним гирякунон сараша ба девор мезанад. Баъди ин ба талабгоро гапа якбур мекардагӣ шудам. Ба даври сериву пурӣ расидем - шукри неъмат, шукри ҳукумат. Замоне кас фақат ғами як бурда нон дошт. Ҳамаш афсона щуд... Даври келинчакиям дадом сандуқаке дода буд, чиз намеёфтам, ки дарунаш андозам. Насиба бин, ки сандуқи охиратам лаболаб... Духтар медонист, ки сандуқи кампирак чиҳо дорад, тӯби суфу чит, сарупо барои мурдашуву гӯрков, ҷомаҳои тайёр, ки ба қабаташ барои ки буданашро навишта мондаанд,
“ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН”, №07 (9537), 15.02.2018 чанд ҷуфт калӯшу маҳсӣ, чандин куртавор, камтар пул барои харҷи гӯру чӯбаш... - Ҳафтоду шашсола шудам, мурдаи ман тӯй,- мегуфт вай ҳар замон. - Барон зебаш оби дида рехта гӯронетон бас. Сиёҳу кабуд напӯшед. Ба духтаракон шоҳии гули лола гирифта мондам, табаррукӣ гуфта гиреду пӯшед, ба синну соли ман расед. Писаракон ҷома пӯшида, сари қабрам раванду як кафӣ хок партоянд... Ҳар чӣ кампирак мегуфт аз дилаш меомаду ба дил менишаст. Ӯ мефаҳмид, ки духтарак набераҳояш барин не. Аз чӣ сабаб, ки онҳо тоқати суҳбаташро надоранд. Пири серҷоғ шудаед, гуфта сарзаниш мекунанду аз наздаш хеста мераванд. Лекин кампирак ҷои гилаву ҷингила, сари ҳар қадам дуои ҷони набераҳояшро мекунад. Вай хусусан аз набераи дуввумаш, ки ба наздикӣ ба шавҳар баромад, миннатдор буд. Зеро ӯшаби тӯяш чӣ хеле, ки бибияш мехост, либос пӯшид, кокулонашро майда бофт, заркокул овехт. Хамроҳи бибиаш сурат гирифт. Ана, сонӣ расму русуми нав ва орзуву ҳаваси худаша кард. Кампирак борҳо ҳамаи инро нақл кардааст. Ва духтар медид, ки ин дам чашмони вай нам гирифта, тори овозаш меларзид. - Акнун, духтарам, ту ҳам шӯ кун. Бас беҳудагардӣ. - Наход, ки беҳуда бошад? Охир, хондам, кор... - Биё, мон кору хонданата! Гӯё дигаро намехонанду... Ба гапам гӯш тею шӯ кун. Ягон хуш кардагият ҳаст? — вай тарафи духтар хам шуда, бо овози паст пурсид, гӯё ба дилаш даст меандохт. - Не... - Кӯча пури йигиту... - Йигитҳо мегӯянд, ки кӯча пури духтар. - Худо ҳеҷ каса тоқ наофаридаст. Росташа гӯй, ҳаст-а? Духтар хост ҳамаашро гӯяд, вале натавонист. Дар гумонаш рӯи олам касе набуд, ки дили ӯро фаҳмад. Аз ин рӯ хомӯширо авлотар донист. Вай ҳамеша мекӯшид, ки ба ҳама бефарқу бепарво бошад... - Наход нест? А ростӣ? Духтар аввалҳо аз ин қабил саволҳои кампирак ранҷида, риштаи гапро зуд дигар тараф мекашид. Вале ҳозир мехост... - Худам ёбам, мерасӣ? Духтар хомӯш тарафи кампирак чашм давонд. Чеҳраи ӯ тамоман тағйир ёфт. Ин дигаргунӣй чунон зуд ба вуқуъ омад ва чунон равшан буд, ки духтар лаҳзае худро гум кард, гӯё гунаҳкор бошад, cap ба зер афканд. - Эҳ, ман ба ҷои ту мебудам, чунон ҳам зиндагӣ мекардам... Дар лабони духтар табассум дамид. - Меёбам,- аранге овоз баровард ӯ ва хандида лаб газид. Ва нохост дар дилаш ҳавасе cap зад, ки арӯс шаваду шаби тӯй бибияшро, модарашро, ана ҳамин кампиракро дар паҳлӯяш шинонад. - Меёбам,- боз пичиррос зад вай. Чеҳрааш аз ҳаяҷон шукуфта, то гӯшҳояш гулханӣ шуд. Дар назараш ин дам пайкари наҳифи кампирак ба як даста нури ларзонн офтоби сари куҳ бадал гашт. Ва ин нурҳо ба дили духтар равшанию умед мебахшиданд... Муаззама АҲМАДОВА
“ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН”, №07 (9537), 15.02.2018
Обро самаранок истифода барем Тавре ба мо маълум аст, ташаббус оид ба эълони Даҳсолаи байналмилали амал “Об барои рушди устувор” барои солҳои 2018-2028 бори аввал аз ҷониби Президенти кишвар, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳангоми Форуми 7-уми ҷаҳонии об дар Ҷумҳурии Корея сурат гирифта буд. Ва инак мутобиқи қатъномаи мазкур давраи солҳои 2018-2028 ҳамчун Даҳсолаи байналмилали амал “Об барои рушди устувор” рӯзи 22-юми марти соли 2018 расман шуруъ мешавад ва 22-юми марти соли 2028 ба анҷом мерасад. Хушбахтона, мо дар кишваре зиндагӣ мекунем, ки аз оби нӯшиданӣ бой асту чашмаҳои зиёди табобатӣ ва нӯшиданӣ дорад. Устувории об устувории зиндагӣ, сабзиши наботот, нашъу намои ҳамаи мавҷудоти рӯи олам ва покизагист. Беҳуда ҳангоми даст ба дуо кушодан пирони хирадманду рӯзгордидаи мо “Умратон об барин дарозу дилатон пок бошад” намегӯянд. Равшанию гармии хонадони мо аз об аст. Об аст, ки дар Тоҷикистон чандин нерӯгоҳҳои барқӣ сохта шудаанду ба хонадони мо рӯшноӣ мебахшанд. Имрӯз НБО “Норак” 40%-и оби барои мо ва ҷумҳуриҳои ҳамсоя ҳаётан муҳимро танзим менамояд. Бо анҷом ёфтани сохтмони нерӯгоҳҳои барқи обии Сангтӯда ва баъдан Роғун имкониятҳои мо боз ҳам васеъ гардида, тараққиёти минбаъдаи ҳамаи соҳаҳо ва дар навбати аввал саноат таъмин мегардад. Ватани мо дорои захираи бои оби тоза буда, дарёҳои бузург, ба мисли Вахш, Панҷ, Кофарниҳон, Сир, Зарафшон, Сурхоб ва ғайраҳо асрҳо инҷониб ҷараён доранд. Захираҳои оби Тоҷикистонро пиряхҳо, кӯлҳо, обанборҳо, дарёҳо ва обҳои зеризаминӣ ташкил мекунанд. Солҳои охир аз сабаби тағйирёбии иқлим, гармшавии аз ҳад зиёд ва сохтани корхонаҳои бузурги саноатӣ дар минтақа боиси об шудани пиряхҳо дар ҷумҳурӣ гашта истодааст. Оид ба тағйирёбии иқлим Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 5 маротиба аз минбари СММ масъалагузорӣ намудаанд. 30 ноябри соли 2015 дар шаҳри Парижи Фаронса оид ба тағйирёбии иқлим Пешвои миллат суханронӣ намуда таъкид карданд, ки аз 14 ҳазор пиряхи хурду калони Тоҷикистон, ки барои минтақа аҳамияти ҳаётӣ доранд, дар давоми 30 соли охир беш аз 1000-тои он ба ҳолати нобудӣ расидааст. Тағйирёбии иқлим ва баланд шудани ҳарорати ҳаво ба ҷараёни бо суръат обшавии пиряхҳо дар тамоми ҷаҳон, афзоиши бесобиқаи офатҳои табиӣ, зиёд шудани бемориҳои гуногун, хушкшавии заминҳо, нобуд шудани ҳайвоноти нодир ва растаниҳо боис шудааст. Сабабҳои асосии тағйирёбии иқлим ва гармшавии аз ҳад зиёди ҳаво ин сохтани нерӯгоҳҳои атомӣ ва партовҳои зиёди корхонаҳои саноатӣ мебошад. Қобили тазаккур аст, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун давлати пешсаф доир ба ҳалли мушкилоти глобалӣ бо ниҳодҳои байналмилалии молиявӣ дар татбиқи лоиҳаҳои вобаста ба мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим ҳамкориҳои муфид анҷом дода истодааст. Аз ин хотир, моро ин масъала водор месозад, ки аз захираҳои обии ҷумҳурӣ самаранок истифода бурда, аз ин неъмати худодод шукргузорӣ кунем.
Паймона ГУЛМАҲМАДЗОДА, донишҷӯи Коллеҷи информатика ва техникаи компютерии шаҳри Душанбе
САҲИФАИ ДОНИШҶӮЁН Ваҳдату ягонагӣ неъмати бебаҳо ва асоси давлатдорӣ ба ҳисоб меравад. Сулҳу ваҳдат барои ҳар як кишвар беназиртарин ганҷ маҳсуб ёфта, заминаи пешрафту тараққиёти он мегардад. Тавре маълум аст, дар тӯли таърихи башарият бештари муборизаҳо баҳри ба даст овардани сулҳу оромӣ зуҳур кардаанд. Кишваре, ки дар он халқаш муттаҳиду иттифоқ нест, ҳеҷ гоҳ наметавонад ба муваффақият ноил гардида, чун давлати воҳид солҳои зиёд арзи вуҷуд кунад. Ба ин маънӣ Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ мефармояд: Парокандагӣ аз нифоқ хезад, Пирӯзӣ аз иттифоқ хезад.
Солҳои ҷанги шаҳрвандӣ барои халқи мо солҳои ваҳмнок ва даҳшатангез буд. Пойдор гаштани сулҳу амониро дар ин кишвар касе бовар надошт. Дар ин хусус собиқ котиби генералии СММ Кофи Аннан чунин ибрози ақида намудааст: “Тоҷикистон барои бисёр мамлакатҳои дигар дар ҳалли муноқишаҳои дохилӣ сабақи беназир дод. Фикр мекунам, ки ин саҳми Тоҷикистон дар роҳи эҷоди сулҳ мебошад”. Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар рӯзҳои мушкилтарини халқи тоҷик ба сари қудрат омаданд ва тамоми кӯшиши худро баҳри бунёди сулҳу ваҳдат ва оромӣ дар кишвар равона карданд. Ӯ дар рӯзҳои пурхатартарин барои сарнавишти мардуми Тоҷикистон, ки оташи ҷанги дохилӣ шуъла мезад, ба доғтарин нуқтаҳои кишвар
Мактаби Пешвои миллат роҳнамои мост сафар намуда, бо мардуми он ҷо мулоқот карда, бо силоҳбадастон сари мизи музокирот нишаст ва онҳоро ба сулҳу оштӣ, ҳифзи Тоҷикистон даъват намуд. Аз оғози роҳбарӣ Сарвари давлат гурезаҳоро ба Ватан бармегардонд ва дар муттаҳидии мардум шабу рӯз кӯшиш мекард. Самараи талошҳо ва ҷоннисориҳои шабонарӯзии муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буд, ки баъди чандин музокирот 27-уми июни соли 1997 дар шаҳри Маскав вохӯрии судманд ва ҳалкунандаи оштии миллӣ миёни Ҳукумат ва намояндагони мухолифин оғоз шуд ва Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ ба имзо расид. Ин иқдомот шоёни табрику таҳсини халқи кишвар ва мардуми олам гардид. Ба ақидаи Аҳмадшоҳи Масъуд, собиқ вазири дифои Афғонистон, ба даст овардани ваҳдат барои тоҷикон раҳмати илоҳӣ аст ва раҳмати Худованд ба мардуми тоҷик дар симои Эмомалӣ Раҳмон расид. Президенти Федератсияи Русия В. В. Путин дар бораи меъмори аслии сулҳ дар Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чунин гуфтааст: “Эмомалӣ Раҳмон яке аз симоҳои барҷаста буда, дар байни сиёсатмадорони ИДМ мавқеи намоёнро ишғол мекунад. Ин беҳуда нест. Тамоми ҷидду ҷаҳди ӯ аз он шаҳодат медиҳад, ки дар Тоҷикистон раванди сулҳ тавре пойдор аст, ки мислаш дар ҳеҷ мамлакате, ки чунин вазъияти муташанниҷ дошт, дида намешуд. Ҳар он чи оиди ин масъала дар Тоҷикистон амалӣ гардидааст, мисоли хубест барои бисёр халқҳову мамлакатҳои дигар”.
Тавре Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми имсолаашон зикр намуданд, “Мувофиқи назарсанҷие, ки созмонҳои бонуфузи ҷаҳонӣ доир ба кишварҳои рӯ ба инкишоф анҷом додаанд, соли 2017 Тоҷикистон аз рӯи 4 нишондиҳанда: дастрасӣ ба таҳсилот, сифати таҳсилот, сармояи инсонӣ ва қобилияти рақобати он дар миёни 101 давлати ҷаҳон ҷои 50-умро соҳиб шудааст”. Ин натиҷаи назаррас дар давоми ду соли охир аз амалӣ намудани тадбирҳои иловагӣ баҳри беҳтар намудани вазъ дар самтҳои илму маориф, тандурустӣ ва умуман, ҳамаҷониба таъмини зиндагии шоистаи мардуми сарбаланди тоҷик дарак медиҳад.
Ваъда медиҳем, ки... Имрӯзҳо ғамхориҳои Ҳукумати мамлакат баҳри рушди ҳама самтҳо зиёд буда, таъмини мардум бо мутахассисони касбӣ низ рӯз то рӯз меафзояд. Маҳз барои иҷрои ин мақсад, яъне беҳтар намудани сатҳи некуаҳолӣ, таъмини мардум бо кадрҳои баландихтисоси соҳаи тиб соли 2016 бо Фармони Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон (ДДТХ) таъсис дода шуд. Ба мо, ҳамчун ҷавонони саодатманди ин диёр, муяссар шуд, ки донишҷӯёни аввалини донишгоҳи мазкур гардем. Натиҷаҳои таҳсили соли аввал нишон доданд, ки ташкили ДДТХ иқдоми нек, саривақтӣ ва барои ба таҳсил фаро гирифтани ҷавонон аз тамоми гӯшаву канори мамлакат хеле ҳам зарур ба ҳисоб меравад. Аз таъсиси донишгоҳи мазкур муддати зиёд сипарӣ нагардида бошад ҳам, муваффақиятҳои пайдарпайи устодону муҳассилини он аз сатҳу сифати баланди таълим дарак медиҳанд. Дар ин миён эълон намудани соли 2017 ҳамчун “Соли ҷавонон” барои кулли ҷавонони кишвар, алалхусус
15
мо – донишҷӯёни ДДТХ руҳу тавони тоза бахшид. Ин буд, ки мо бо майлу рағбат ва саъю кӯшиши зиёд дар ҳама чорабиниҳои ҷамъиятӣ, озмунҳои вилоятӣ ва ҷумҳуриявӣ, махсусан, дар олимпиадаҳои фаннӣ ширкат варзида, ғолиб ва сазовори ҷойҳои намоён гардидем. Бо изҳори миннатдорӣ аз Ҷаноби Олӣ бар ивази ҳама ғамхориҳо ва таваҷҷуҳи эшон ба насли ҷавон, инчунин, бо дарки баланди қарзи фарзандии худ дар назди халқу Ватани азизам – Тоҷикистон, сарфи назар аз анҷом ёфтани ин соли пур аз барору комёбиҳо, мо – пайравони Пешвои миллат, нигоҳдорандагони ҷомеаи солим, ташаббускорони амалҳои созанда, дастовардҳои илмиву эҷодӣ, мубориз ба муқобили зуҳуроти номатлуб гардида, зиракии сиёсиро аз даст надода, дар ҳифзи амнияти ҷомеа ва давлат омода ҳастем. Таъриху фарҳанги халқамонро аз сидқ гиромӣ медорем ва барои ободиву пешрафти минбаъдаи Ватани маҳбубамон тамоми қувваву нерӯи худро дареғ намедорем.
Бибисоро КОМИЛОВА, донишҷӯи ДДТХ
Кӯшишҳову талошҳо ва ташаббусҳои созанда дар роҳи ба даст овардани Ваҳдати миллӣ барои мардум, хусусан, барои мо – ҷавонон мактаби бузурги ваҳдатофарӣ ва созандагиву бунёдкорӣ ба ҳисоб меравад. Сабақҳои ин мактаб барои мо бояд дарсҳои беназир бошанд ва таълим аз онҳо вазифаи ҷонӣ. Маҳз самараи Ваҳдати миллӣ ва Истиқлолияти давлатист, ки имрӯз барои ҳамаи ҷавонони мамлакат беҳтарин шароит ва имкониятҳо фароҳам оварда шудаанд. Ҷавони имрӯза дар фазои истиқлолу озодӣ ва ваҳдату ягонагӣ озодона таълим мегиранд, забон меомӯзанд, ихтироъ мекунанд ва муҳимтар аз ҳама, кору фаъолияташонро пеш мебаранд. Бо иқдомҳои роҳнамоёна бунёди кохи бебаҳои сулҳу дӯстӣ ва истиқлолият, ки аз хиради инсонии Пешвои маҳбуби миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бевосита маншаъ мегиранд, кишвари мо ба сӯи пирӯзиҳо ва фатҳи қуллаҳои орзу равона аст. Мактаби ваҳдатофарӣ, шуҷоату боварӣ ва матонату мардонагии Пешвои миллат барои мо – ҷавонон роҳнамои ояндасоз мебошад. Моро танҳо зарур аст, ки дар радифи сиёсати дурандешонаи Президенти маҳбубамон ҳамеша аз паи илмомӯзӣ бошем ва бо ташаббусҳои созандаи худ дар рушди Тоҷикистони маҳбуб чун пайравони асили Пешвои миллат саҳми босазои худро гузорем.
Муқим БАРОТОВ, донишҷӯи ДТҶТ ба номи С. Раҳимов
Манфиатҳои забондонӣ Донистани забони модарӣ калидест барои ворид шудан ба забонҳои хориҷӣ. Аз худ намудани забони хориҷӣ бошад, дарвозаҳои илмҳои зиёдеро ба рӯи инсон мекушояд. Забондонӣ барои тамоми инсонҳо, новобаста аз мавқеашон дар ҷомеа ва соҳае, ки дар он кору фаъолият мекунанд, муфид ва хело муҳим аст. Пажуҳишҳои ҷадид ба ин натиҷа расиданд, ки донистани якчанд забон на танҳо барои инсон имкон медиҳанд, ки бо мардумони бештаре тамос барқарор карда тавонад ва манфиатҳои бештареро соҳиб шавад, балки манфиатҳои забондонӣ фаротар аз ин буда, он дар ҳушмандии инсон нақши муассир дошта, дар ҳалли мушкилоте ҳам, ки метавонад ба забон ҳеҷ иртиботе надошта бошад, кӯмак намояд ва ҳатто дар замони пиронсолӣ сипаре дар баробари фаромӯшхотирии инсон гардад. Таҳқиқоти ҷадид, ки зери назари равоншинос Тамар Голан аз Донишгоҳи Колифорния дар миёни 44 нафар аз солхурдаҳо гузаронида шуд, нишон медиҳад, ки мағзи сари касоне, ки ду забонро медонанд, нисбатан дертар пир мешавад ва ба бемории пареншонхотирии “алсгеймера” камтар мубтало мегарданд. Забонеро, ки мо онро танҳо аз ҳарфҳову калимаҳо ва ҷумлаҳо иборат медонем, на танҳо дар пешрафти илмиву ҷаҳонбинии мо нақши муассир мебозад, балки метавонад дар ҳушмандӣ, заковат, андешаронӣ, назорат, ҳифзи маълумотҳо, дурӣ аз фаромӯшхотирӣ, дер пир шудани мағз ва рушди он мусоидат намояд. Забономӯзиву забондонӣ шояд аз ин ҳам манфиатҳои бештар дошта бошад, ки бовар дорем таҳқиқоти минбаъдаи олимон онро бароямон кашф хоҳанд кард. Вале имрӯз зарур аст, ки бо дарки муҳимияти забономӯзӣ ба ин масъала бояд аҳли ҷомеа бо ҷиддият муносибат намоянд. Фарух БЕГИҶОНОВ, донишҷӯи ДТҶТ ба номи С. Раҳимов
16
“ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН”, №07 (9537), 15.02.2018
ФАРОҒАТИ ҶАВОНОН
Сеҳри хома
√ АНДАРЗ
Хушбахтии оилавӣ
АМАЛИ МЕҲРОБ АЗИМОВ, “ҶТ”
ТАҲИЯИ Ш. ЭШОНОВА, “ҶТ”
ГУЛНАЗАР КЕЛДӢ
√ САЙҚАЛИ
АНДЕША
Хирад - маликаи осмону замин. ******** Мушовири хуб бартар аз ҳама гуна боигарист. ******** Фарқ кардани некию бадӣ хиради олист. ******** Бе табобати руҳ табобати бадан имкон надорад. ******** Зебоӣ маликаест, ки хеле кам ҳукмронӣ мекунад. ******** Бештар аз муҳаббати зан тарсед, на аз нафрати мард. Ишқи зан заҳрест қаттол, вале дилкаш. ******** Инсонҳои некро ба ақлу суханашон бояд бовар кард, на ба қасамашон. ******** Барои одамон аз махфӣ нигоҳ доштани сир ангишти сӯзонро рӯи забон гузоштан осонтар аст. ******** Зан бигирӣ ё нагири, аз ду сар пушаймон хоҳӣ шуд. Ба ҳар ҳол зан бигир. Агар зани хуб афтад, истисност, вале зани бад бошад, файласуф хоҳӣ шуд. ******** Агар инсон нигаҳбони саломатии хеш бошад, он гоҳ табиберо пайдо кардан душвор аст, ки ба манфиати саломатии вай тавсияи беҳтаре дода тавонад. ******** Вақте сухани хуб асар намекунад, адабчӯб беманфиат аст. ******** Он қадар медонам, ки чизеро намедонам. ******** Касе дунёро такон доданист, бигузор, аввал худашро такон диҳад. ******** Хар чизе, ки фаҳмидам, гуворост. Аз ин хулоса метавон кард, ки ҳамчунин гувороянд чизҳое, ки то ҳол сарфаҳмашон нарафтаам. Суқрот Рӯзнома таҳти рақами 0120/рз аз 22 сентябри соли 2014 дар Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон сабти ном шудааст. Нишонӣ: 734018, шаҳри Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ-16, ошёнаи 1
САРМУҲАРРИР
Бахтовар КАРИМОВ
Ишқ...эҳсосест аз рӯзи азал, аз нахустин лаҳзаҳои пайдоиши олам дар вуҷуди инсонҳо маскан гирифтаву асрори зиёдеро дар худ нуҳуфта. Дӯст доштан, яъне вуҷуд доштан аст. Бе ишқу муҳаббат зиндагӣ маъное надорад. Шумо ошиқ ҳастеду шарм медоред, то ин ҳиссиёти самимии худро ифшо созед? Дар ҷавоб ба муҳаббати беҷуръатона ба шумо изҳоршуда душворӣ мекашед? Ғамгин мабошед! Қиссаи зерин барои шумост... Дар болои хараки дохили боғи истироҳатӣ ҷавонзане нишаставу ашк мерехт. Пиразане ба ӯ наздик шуда пурсид: - Чаро гиря мекунӣ? Ягон воқеа шуд? - Шавҳарам маро дӯст намедорад, бо ашки шашқатор изҳор дошт ҷавонзан ва бо рӯймолча рухсораҳояшро пок намуд. - Чаро ту чунин меҳисобӣ? – бо тааҷҷуб пурсид пиразан. - Ӯ боре ҳам инро ба ман изҳор намекунад, ҳаргиз ба ман “Туро дӯст медорам” намегӯяд. Пиразан ба фикр фурӯ рафт ва баъди муддате гуфт: - Муносибаташ бо ту чӣ хел аст?
√ ОБУНА
Ҷавонзан баъди каме мулоҳиза гуфт: - Ӯ занг зада аҳволпурсиам мекунад, агар аз ҷое биёям, ба истиқболам мебарояд, дар кору бори хона кӯмакам мекунад, агар хаста шуда бошам, ба ҷоям ҳама кору борро анҷом медиҳад. Мо якҷоя ба меҳмонӣ, ба сайругашт ва истироҳатгоҳҳо меравем. Муносибати мо гарму самимӣ аст, аммо бо вуҷуди ҳамаи ин ӯ маро дӯст намедорад. Ин замон аз чашмони пиразан ашк ҷорӣ шуд.
- 2018
Бо “Ҷавонони Тоҷикистон” ҳамеша ҷавон мемонед!
Обуна ба рӯзномаи “Ҷавонони Тоҷикистон” барои соли 2018 идома дорад. Нархи обуна аз тариқи идораи рӯзнома барои як сол 110 сомонӣ муқаррар шудааст. Ин арзиш бо назардошти бурда расондан ба нақша гирифта шудааст. Шумо обуна шавед, мо сари вақт рӯзномаро мерасонем. Инчунин, Шумо ба воситаи шуъбаҳои алоқаи шаҳру ноҳияҳо метавонед ба ягона рӯзномаи ҷавонон обуна шавед. Суратҳисоби бонкии рӯзнома: с/ҳ №20202972500232101000, РМА 030000301, ҳ/х 20402972316264, РМБ 350101626 Бонки давлатии амонатгузории Тоҷикистон “Амонатбонк”. Индекси обуна 68857.
√ ЭЪЛОН
ҶСК “ТоҷикСГЭМ” барои кор дар шаҳри Роғун мутахассисони баландихтисоси кафшергар, битонрез-симбоф ва васлгар (монтажник)-и конструксияҳои металӣ, разрядҳои 4, 5 ва 6-умро ба кор даъват менамояд. Мутахассисоне, ки беш аз 3 сол таҷрибаи корӣ доранд, бартарият дода мешавад. Маош шартномавӣ. Телефон барои тамос: 989 99 23 11, 989 99 28 32. Шиносномаи техникии гумшуда, ки 11.08 1992 дар идораи манзилию коммуналии шаҳри Душанбе таҳти рақами 27268 ба номи шаҳрванд Негматоваа Шаҳло Маҳмадуллоевна ба қайд гирифта шудааст, ҳамчунин шартномаи хариду фурӯши манзили гумшуда, таҳти рақами 8Д-5131, ки дар идораи нотариалии давлатии ноҳияи Фрунзе (ҳоло Сино)-и шаҳри Душанбе 24.09.1998 ба номи Негматова Шаҳло Маҳмадуллоевна ба қайд гирифта шудааст, эътибор надоранд. Аттестати гумшудаи Ахмедов Муҳаммад Тошович таҳти силсилаи А ва рақами 0553129, ки онро соли 2009 МТМУ № 88-и шаҳри Ҳисор додааст, эътибор надорад. Сертификати ҳуқуқи истифодаи замин (№0198498), ки онро 25. 11. 2008 мақомоти ваколатдори ноҳияи Данғара ба аъзои хоҷагии деҳқонии “Ёқубалӣ” додааст, бо сабаби гум шуданаш эътибор надорад. Билети гумшудаи Шарипов Ҳакимҷон, донишҷӯи курси 4-уми Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Шириншоҳ Шоҳтемур, эътибор надорад.
ҲАЙАТИ МУШОВАРА:
Абдуҷаббор РАҲМОНЗОДА (Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа), Нуриддин САИД (вазири маориф ва илми Тоҷикистон), Аҳтам АБДУЛЛОЗОДА (раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон).
ҲАЙАТИ ЭҶОДӢ:
- Ба шумо чӣ шуд? Магар ман шуморо ранҷондам? – дар ҳоли парешонӣ пурсид духтар. - Шавҳари ман ҳамеша боисрор мегуфт, ки дӯстам медорад, вале ҳаргиз ба кору борам кӯмак намерасонду бароям ғусса намехӯрд. Миёни мо чун шумо муносибати гарму самимияти оиладорӣ вуҷуд надошт. Ӯ ба ман мегуфт, ки ман ягонаам, вале шабҳоро бо занҳои дигар рӯз мекард. Ту хушбахтӣ ва дар зиндагии ту ҳамон чизҳое вуҷуд дорад, ки ман як умр онҳоро орзу мекардам. Пиразан аз ҷой бархоста, роҳашро идома дод. Духтар бошад, андешамандона аз пушти ӯ менигарист... Ин дуруст аст: ҳиссиёти гарми ботинро бо садои баланд изҳор доштан шарт нест...
Маҳмудҷон УСМОНОВ (муҳаррир), Толибшоҳи ДАВЛАТ (котиби масъул), Шодихони НАЗАР (муҳаррири шуъбаи варзиш ва сайёҳӣ), ШАҲЛО ЭШОНОВА (муҳаррири шуъбаи иқтисод ва иҷтимоъ), Хуршед МАВЛОНОВ (муҳаррири шуъбаи иттилоот ва сиёсат), Беҳрӯз ХОЛМУРОДОВ (муҳаррири шуъбаи ҳаёти ҷавонон), Нуруллоҳи ОРИФ, Гулбаҳор РАҲМОНОВА, Хуршед ХОВАРӢ, Шаҳбози АСОМИДДИН, Меҳрубон ИМОМОВА (хабарнигорон), Шеравган ХУРСАНҚУЛОВ (саҳифабанд), Меҳроб АЗИМОВ (рассом), Машҳур ИМОМНАЗАРОВ (хабарнигор, ВМКБ), Шодмон НУРМАТОВ (хабарнигор, вилояти Суғд) Фирӯз АБДУРАҲМОНОВ (хабарнигор, вилояти Хатлон).
√ РЕКЛАМА ҲАДЯИ АРЗИШМАНД БАРОИ БОНУВОН Оё мехоҳед, барои азизонатон дар рӯзи идашон 8-уми март ҳадяи арзишманд харидорӣ кунед? Пас, креми “Прикатен” барои бартар кардани ожангҳои рӯй, креми “БМС” барои таровату зебоӣ ва курси лоғарии горсания-камбуҷияро барои зебоии андом аз атриёти “Зинат” харидорӣ намоед. Суроға: шаҳри Душанбе, чорроҳаи бозори “Саховат”. Тел: дар ш. Душанбе 917404040, ш. Қурғонтеппа 907202095, 918949949.
•
Ба хотири чандандешӣ матолибе низ ба табъ мерасанд, ки хилофи назари ҳайати эҷодист. Дурустии арқому далелҳо бар дӯши муаллифон аст.
•
Ҳангоми таҳияи хабарҳо аз матолиби интернет низ истифода шудааст.
•
Индекси обуна: 68857
•
Тел: 901 06-41-10, 238-54-14, 238-51-09, 238-53-03
•
Ҳафтанома дар КТН «Шарқи озод» (хиёбони Саъдии Шерозӣ-16) бо теъдоди 4139 нусха ба нашр расид.
•
Ҳисоби бонкӣ: с/ҳ №20202972500232101000, ҳ/х 20402972316264, РМА030000301, РМБ350101626. БДА Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк»