Ҷавонони Тоҷикистон, №07 (9433), 2016

Page 1

Чаро нефт арзон шуду бензин не?

Тағйиру иловаҳо ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон

«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН» №7 (9433), 18 феврали соли 2016

1

 БА ИФТИХОРИ 25-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИЯТ

Ниҳоди муҳими кишвар 23-сола мешавад

 ҲАФТ РӮЗ 11.02.2016 Дар шаҳри Бӯстон мусобиқаи вилоятӣ оид ба футбол байни наврасон анҷом ёфт. Чуноне аз Раёсати ҷавонон, варзиш ва сайёҳии вилоят хабар доданд, мусобиқа дар ҳамкорӣ бо Федератсияи футболи вилояти Суғд баргузор шуд ва дар он 14 даста аз шаҳру ноҳияҳои вилоят иштирок намуданд. Дастаи шаҳри Истиқлол сазовори ҷои 3-юм, дастаи хонандагони шаҳри Хуҷанд сазовори ҷои 2-юм ва дастаи шаҳри Бӯстон сазовори ҷои 1-ум гардиданд. 12.02.2016 Раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ Аҳтам Абдуллозода бо варзишгарони дастаи яккачини ҷумҳурӣ ва сармураббиёни дастаҳо оид ба омодагӣ ба Бозиҳои тобистонаи олимпии Рио-Де-Женейро мулоқот кард.

13.02.2016 Ҳамасола 13-уми феврал ҳамчун Рӯзи байналмилалии радио таҷлил мегардад. Ин сана аз ҷониби ЮНЕСКО дар 36-умин Конфронси Ассамблеяи генералии СММ, ки 3-юми ноябри соли 2011 сурат гирифт, қабул гардид. 14.02.2016 Кормандони ҷамоати деҳоти Қади Оби шаҳри Роғун дар километри 8-уми шоҳроҳи Душанбе-Ҷиргатол, ки аз ҳудуди ҷамоати мазкур мегузарад, ба миқдори 8000 бех ниҳоли сояафкану мевадиҳанда шинонданд. 15.02.2016 Раёсати БДА ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади таъмини бехатарии ҳаракат дар роҳҳо ва пешгирии садамаҳои роҳу нақлиётӣ бо иштироки пиёдагардон дар

қаламрави ҷумҳурӣ амалиёти «Пиёдагард» -ро оғоз намуд, ки то 25 феврал идома меёбад. 16.02.2016 Дар шаҳри Франкфурти Олмон намоишгоҳи маъруфи байналмилалии молҳои истеъмолӣ — “Ambiente”, ки 12 ферал шуруъ шуда буд, ба анҷом расид. Дар он маҳсулоти ҳунарҳои дастии Тоҷикистон низ ба маъраз гузошта шуд.

www.javonon.tj

НАШРИЯИ КУМИТАИ ҶАВОНОН, ВАРЗИШ ВА САЙЁҲИИ НАЗДИ ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН/ /№7, (9433), 18 феврали соли 2016/e-mail:javonontj@mail.ru/www.javonon.tj/аз 5.04.1930 нашр мешавад

 РАЪЙПУРСӢ-2016

е-mail: javonontj@mail.ru

 МУЛОҲИЗА

17.02.2016 Дар Театри академӣ-драмавии ба номи Абулқосим Лоҳутӣ фоҷеаи драманависи машҳури Чин Тсао Юй “Раъду барқ” намоиш дода шуд. Тарҷумони асар шоири маъруфи тоҷик Абдусалом Деҳотӣ буда, онро ҳунарпешаи маъруф, марҳум Хушназар Майбалиев ба саҳна гузошта буд.


е-mail: javonontj@mail.ru

2

АХБОРИ ҲАФТА

«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН» №7 (9433), 18 феврали соли 2016

А. Абдуллозода: Дар раъйпурсӣ ба ҷавонон такя мекунем 11 феврал дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С. Айнӣ бо ибтикори Раёсати ҷавонон, варзиш ва саёҳии шаҳри Душанбе масъулини сохторҳои кор бо ҷавонон бо донишҷӯён мулоқот намуданд. Аҳтам Абдуллозода, раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва саёҳии назди Ҳукумати ҷумҳурӣ, атрофи масъалаҳои муҳими Паёми имсолаи Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ суҳбат намуд. Раиси кумита, ҳамчунин аз тағйиру иловаҳо ба Конститутсияи кишвар ёдовар шуда, иброз дошт, ки ин тасмим маҳз ба хотири ҷавонон гирифта шудааст. Чун синни пешбарии номзад ба президентӣ, ки то ин вақт 35 буд, 30-солагӣ пешбинӣ шудааст. - Дар раъйпурсӣ мо ба иқтидори шумо боварӣ карда, корро бо ҳам шуруъ мекунем. 22-юми май раъйпурсӣ доир мегардад ва 23 май бошад, Рӯзи ҷавонон. Бахти ҷавонон аст, ки раъйпурсӣ дар рӯзи иди онҳо рост омад, - афзуд А. Абдуллозода. Хуршед МАВЛОНОВ, “ҶТ”

Мулоқот бо ҷавонон дар Норак 12 феврали соли равон, бо ташаббуси Мақомоти иҷроияи ҳокимяти давлатии вилояти Хатлон ва Раёсати ҷавонон, варзиш ва сайёҳии вилоят дар ҷамоати “Пули сангин” ва “Дукони”-и шаҳри Норак, мулоқот оид ба пешгирии шомилшавии ҷавонон ба гурӯҳҳои террористиву экстремистӣ ва риояи Қонуни Тоҷикистон “Дар бораи озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ” баргузор гардид. Дар он Шарифзода Сафарбек мудири шуъба, Беҳруз Бобоев, сармутахассиси Раёсати ҷавонон, варзиш ва сайёҳии вилояти Хатлон ва намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Норак ширкат ва суханронӣ намуданд.

А. Абдуллозода бо табибони оянда вохӯрд Аҳтам Абдуллозода, раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ, бо донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино мулоқот кард. Ин вохӯрӣ доир ба татбиқи нишондодҳои Паёми Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ сурат гирифта, масъалаҳои муҳими ҳаёти ҷавонон мавриди таҳлилу баррасӣ қарор дода шуд. Аҳтам Абдуллозода дар хусуси аҳамияти Паём ба донишҷӯён сухан ронда, чунин гуфт: “Сарвари давлат дар Паёмашон иброз доштанд, ки “мо бо ҷавонони созандаи худ ифтихор мекунем. Чунки ҷавонони даврони соҳибистиқлолӣ бо нангу номуси миллӣ, ташаббусҳои шоиста ва эҳсоси баланди ватандорӣ дар рушди Тоҷикистони азиз ҳиссаи арзишманд гузошта, ба Модар-Ватан содиқона хизмат мекунанд. Мо дар роҳи расидан ба ҳадафҳои олӣ ва татбиқи сиёсати ҳукумат ба ҷавонон ҳамчун нерӯи созанда такя мекунем”. Ин таваҷҷуҳи Пешвои миллат насли ҷавонро водор месозад, ки ба созандагию бунёдкорӣ талош варзанд. Раиси кумита дар идомаи мулоқоташ бо такя ба як сухани Президенти кишвар ёдовар шуд: “Табиб ҳуқуқи хато кардан надорад!” ва ба донишҷӯён таҳсили хубу аъло орзу намуд. Хуршед МАВЛОНОВ, “ҶТ”

www.javonon.tj

Чаро нефт арзон шуду бензин не? Ҳар рӯз аз расонаҳои хабарӣ дар хусуси поён рафтани нархи нефт иттилоъ пахш мешавад. Бисёр кишварҳое, ки қаблан нефту бензинро мехариданд, аз арзоншавии сӯзишвории рақами 1 бурд карданд. Зеро арзоншавии сӯзишворӣ боиси камшавии хароҷоти нақлиёт ва паст шудани арзиши аслии маҳсулот мегардад, ки ба нафъи истеҳсолкунандаву харидорон аст. Чунончи ҳафтаи гузашта нархи бензин ва сӯзишвории дизелӣ дар Аврупо тайи 10 соли охир ба таври рекордӣ арзон шуд. Мувофиқи маълумоти globalpetrolprices.com дар ҷаҳон арзонтарин бензин дар Венесуела (0,02 доллар), Либия ($0,14) ва Алҷазоир ($0,20)

мебошад. Дар Осиёи Марказӣ бошад бензин аз ҳама арзон дар Туркманистон аст. Нархи 1 литр бензин дар ин ҷо ба 0,27 доллари ИМА мерасад. Дар Қазоқистон нархи 1 литри он ба 0,39 доллар, Қирғизситон 0,50 доллар ва Узбекистон 0,85 доллар мебошад. Нархи

1 литр бензин А-92 дар НФС кишварамон дер боз баробари 5 сомонӣ аст. Ба ҷумҳурии мо асосан бензинро аз Федератсияи Русия меоранд. Аз рӯи маълумоти Хадамоти давлатии федералии Русия («Ростат») аз 4 то 10 январи соли равон нархи бензин дар 35 маркази музофоти ин ҷо аз 1,1% то 2,3% арзон шуд. Ба ҳисоби миёна 1 литр бензини навъи А-92 дар Русия 33,91 рубли русӣ ва бензини навъи А-95 то 36,8 рубл мерасад. Мувофиқи маълумоти Институти иқтисодиёти Академияҳои илмҳои Русия сабаби қимат будани нархи бензин дар ин кишвар гарон будани андоз аст. Масалан, 65 дарсад будани нархи бензини Русияро андоз, 25 дарсадро хароҷоти коркарди нефт ва интиқоли он ташкил медиҳад. Ҳамагӣ 10% нархи бензини Русияро нефт ташкил медиҳаду халос. Дар ИМА бошад 60% нархи бензинро нефт ташкил медиҳад. Аз ин рӯ бо арзон шудани нефт нархи бензин низ дар ин кишвари абарқудрат арзон шуд. Захираи бензин дар ИМА вобаста ба арзоншавии нефт 4,56 миллион барел зиёд шуд. Мутаассифона, соҳибкорони мам-

лакат бензину сӯзишвории дизелиро асосан аз Федератсияи Русия ворид мекунанд. Аз ин рӯ нархи бензин дар кишвар чандон тағйир наёфтааст. Агар ба мамлакат аз Ҷумҳурии Исломии Эрон, Туркманистон, мамолики арабӣ сӯзишворӣ дохил мешуд, ҳоло нархи роҳкиро ва ҳаракати нақлиёт кам шуда, боиси камшавии арзиши аслии маҳсулоти кишоварзӣ ва арзоншавии бозор мегашт. - Дар ҷумҳурӣ корхонаҳои коркарди маҳсулоти нефт мавҷуданд, - гуфт Шавкат Бобозода, вазири Саноат ва технология нави ҷумҳурӣ. - Аммо бо сабаби набудани хати роҳи оҳан ба кишварҳои содиркунандаи нефт алҳол ин корхонаҳо ашёи хом надоранд. Соли гузашта дар назар буд, ки аз давлати Кувайт ба Покистон тавассути киштӣ нефти хом оварда, баъди коркард ба Тоҷикистон сӯзишвории арзон интиқол дода шавад. Мутаассифона, бо сабаби набудани роҳ ва таъмин набудани амният ин нақшаи самарабахш амалӣ нагашт. Танҳо ба ин умед мебандем, ки соҳибкорони ватандӯсти кишварамон дар соли ҷорӣ ҳаҷми воридоти бензинро аз Туркманистону Қазоқистон, Озарбойҷону Эрон бештар мекунанд. С. АМИНИЁН, “ҶТ”


НАВИГАРИҲОИ ВАРЗИШ

«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН» №7 (9433), 18 феврали соли 2016

3

Бо ибтикори Раёсати ҷавонон, варзиш ва сайёҳии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, Бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии шаҳри Хоруғ дар ҳамкорӣ бо Комиссариати ҳарбии вилоят бахшида ба Рӯзи Артиши миллӣ мусобиқаҳои варзишии дастхобонӣ, шашка, шоҳмот, гурзбардорӣ ва футболи хурд миёни дастаҳои сохторҳои қудратии вилоят баргузор мегарданд.

Марҳалаи ибтидоии Ҷоми ФФТ дар Душанбе ва Хатлон оғоз ёфт Дар майдони сунъии Варзишгоҳи марказии ҷумҳурӣ марҳалаи ибтидоии Ҷоми Федератсияи футболи Тоҷикистон – 2016 дар минтақаи Душанбе оғоз ёфт. Ҳашт даста барои ба даст овар- мусовӣ (1:1) шуд. «Барқи тоҷик» аз дани чор роҳхат ба даври финалӣ “Регар-ТадАЗ” бо ҳисоби 0:7 шикаст талош мекунанд. Дар бозии аввал хӯрд. Бозиҳои дигар ҷараён додастаҳои “Помир”-и Душанбе бо ранд. “Регар-ТадАЗ” дар даври чо“Регар-ТадАЗ”-и Турсунзода вохур- рум низ бар дастаи “Локоматив” бо данд. Бозӣ зери барф бо натиҷаи ҳисоб 10:0 ғолиб шуд. Бозӣ миёни 2:1 ба фоидаи турсунзодагиҳо “Истиқлол” ва “Хайр” мусовӣ (2:2) анҷом ёфт. Дар бозии дигар да- анҷом ёфт. стаи “Хайр”-и Ваҳдат бар “Барқи Марҳилаи ибтидоии Ҷоми ФФТтоҷик” бо ҳисоби 2:0 ғалаба кард. 2016 дар минтақаи Хатлон низ Дастаи лигаи аввал – “Куктош” ба оғоз гардид. Даҳ даста дар ду гурӯҳ дарвозаи “Локомотив”, дастаи ди- барои ду роҳхат ба даври финалӣ, гари лигаи якум 6 голи беҷавоб, ки 1-12 март дар Душанбе баргуКМВА “Помир” бошад ба дарвозаи зор мешавад, мубориза мебаранд. “Истиқлол” 1 голи беҷавоб заданд. Дар ин минтақа дар даври аввал Дар даври дуюм бозӣ миёни «Равшан» аз «Коммуна» бо ҳисоби дастаҳои «Помир» - «Барқи тоҷик» 1:2, «Ҳосилот» аз «Кӯлоб» бо (0:0) ва «Хайр» – «Куктош» (1:1) ҳисоби 0:2 шикаст хӯрданд. Бозӣ мусовӣ анҷом ёфт. Дар ду бозии миёни дастаҳои «Саройкамар» дигар “Регар-ТадАЗ” бар “Истиқлол” – «Панҷшер» мусовӣ (1:1) анҷом бо ҳисоби 4:1 ва КМВА “Помир” бар ёфта, «Вахш» ба дарвозаи «Дӯстӣ» “Локомотив” бо ҳисоби 4:0 ғалаба 3 голи беҷавоб зад. карданд. Дар даври дуюм «Коммуна» Дар даври сеюм бозӣ миё- аз «Ҳосилот» (0:1), «Сарҳадчӣ» аз ни дастаҳои «Куктош» – «Помир» «Равшан» (1:2) шикаст хӯрданд.

Фарҳоду Комроншоҳ дар Австрия ноком шуданд 13-14 феврал дар шаҳри Оберварти Австрия мусобиқаи кушоди Аврупо оид ба ҷудо байни мардон (European Judo Open Men Obervart 2016) баргузор шуд.

Дар маросими кушодашавии мусобиқаҳо сардори Раёсати ҷавонон, варзиш ва сайёҳии ВМКБ Расо Раҷабов қайд кард, ки мардуми шарафманди Тоҷикистон имсол 23-юмин солгарди таъсисёбии Артиши миллии кишварро, ки ба як нерӯи тавоно ва ниҳоди пурқудрат табдил ёфтааст, ҷашн мегирад. - Маҳз бо дастгирӣ ва ғамхории Ҳукумати мамлакат, хоса Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон Қувваҳои мусаллаҳи кишвар имрӯз ба як артиши тавоно ва замонавӣ табдил дода шуд, ки дорои техникаи ҳарбии пурқувват, биноҳои маъмурии замонавӣ, таълимгоҳҳои муҷаҳаз бо таҷҳизоти муосир, машқгоҳҳо ва мутахассисони баландпояи ҳарбӣ мебошад, - афзуд Р. Раҷабов. Дар мусобиқаҳо зиёда аз 15 даста бо ҳам қувваозимоӣ намуда, ғолибон 22 феврал бо ифтихорнома ва туҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ мешаванд.

Тими футзали Тоҷикистон аз идомаи сабқат маҳрум шуд Тими мунтахаби мамлакат оид ба футзал бозиҳояшро дар чемпионати Осиё-2016, ки дар шаҳри Тошканди Узбекистон ҷараён дорад, ба анҷом расонд. Футзалбозони тоҷик таҳти роҳбарии сармураббӣ Ҳусейн Шодиев дар гурӯҳи “С” бо тимҳои Тайланд, Ветнам ва Тайбэйи Чин вохурданд. Тими Тоҷикистон дар бозии аввал бар зидди Тайванд бо ҳисоби 4:5 шикаст хӯрд. Дар дақиқаи 7 тайландиҳо ҳисобро кушоданд. Футзалбози тими кишвар Некрӯз Алимаҳмадов дар дақиқаи 11 ҳисобро баробар карда, Мансур Мамадбобоев дар дақиқаи 21 Тоҷикистонро ба пеш баровард. Баъдан ҳарифони тими кишвари мо 3 гол заданд. Ба ин голҳо Раҳмоналӣ Шарифов бо ду гол ҷавоб гардонд, аммо голи ғолибиятро тими Тайван зад – 4:5. Дар даври дуюм дастаи Ветнам ба дарвозаи тими кишвар 8 гол зад. Футзалбозони мо ба задани танҳо як гол мушарраф шуданд. Дар қисми аввал қувваҳо баробар буд, аммо дар қисми дуюм футзалистони мо тамоми маҳораташонро нишон дода натавонистанд ва мағлуб гаштанд – 1:8. Бозии сеюми тими футзали кишвар бо

Тайбэйи Чин мусовӣ – 3:3 анҷом ёфт. Ҳисоб дар дақиқаи 2-юм кушода шуд. Некрӯз Алимаҳмадов баъд аз партофти капитани даста Мансур Мамадбоев тӯбро вориди дарвозаи ҳариф кард. 5 голи дигар дар қисми дуюм зада шуд. Ҳамин тариқ иштироки тими мунтахаби футзали кишвар дар чемпионати Осиё анҷом ёфт. Ба он нигоҳ накарда, ки тими футзали кишвар ба даври ¼-финалӣ роҳ наёфт, футзалистони ҷавони мо таҷрибаи иштирок дар бозиҳои байналмилалӣ гирифтанд. Тими футзали кишвар бори аввал дар ин мусобиқа ширкат кард. Дар даври чорякфиналӣ Узбекистон бо Ироқ, Тайланд бо Австралия, Эрон бо Қирғизистон ва Ҷопон бо Ветнам вомехуранд. Ғолибони ин ҷуфтҳо ба даври нимфинал роҳ ёфта, ба чемпионати ҷаҳон-2016, ки дар Колумбия баргузор мешавад, роҳхат мегиранд. Дастаҳои мағлуб барои роҳхати панҷум ба ЧҶ-2016 талош мекунанд.

www.javonon.tj

Дар он 241 варзишгар аз 48 кишвар ширкат дошт. Мусобиқа дар 7 вазн -60, 66, 73, 81, 90, 100, +100 кг сурат гирифт. Тоҷикистонро дар ин мусобиқа ду гуштингир - Фарҳод Раҳимов ва Комроншоҳи Устопириён намояндагӣ карданд. Ҳар ду дар даврҳои муқаддамотӣ ба нокомӣ дучор шуда, аз идомаи мубориза барои медалҳо маҳрум гаштанд. Фарҳод Раҳимов дар вазни то 81 кило дар нахустин қувваозмоияш бар Алаин Апраҳамиан (Уругвай) пирӯз шуд, вале дар даври дувум аз Ассет Ахметҷонов (Қазоқистон) шикаст хӯрд. Комроншоҳи Устопириён дар вазни то 90 кг, ки дар даври аввал бар Айбол Айтбек (Қазоқистон) ғолиб омад, дар даври баъдӣ қувваозмоиро ба Антони Лаигнес (Фаронса) бохт. Дар ҳисоби даставӣ тими мунтахаби Муғулистон бо 3 медал – 2 тилло ва 1 нуқра мақоми аввалро соҳиб шуд. Озарбойҷон бо 2 медал (1 тилло ва 1 биринҷӣ, инчунин чаҳор ҷойи 5-ум) ҷои дувум ва Эрон бо 2 медал (1 тилло ва 1 биринҷӣ) ҷои севумро соҳиб шуданд. Гуштингирони тоҷик барои дарёфти роҳхатҳо ба Бозиҳои тобистонаи олимпии соли 2016 дар Рио-де-Жанейрои Бразил талош мекунанд. Дар ҳоли ҳозир холҳои бадастовардаи Комроншоҳи Устопириён ва мавқеаш дар раддабандии ҷаҳониву олимпӣ ба ӯ имкон медиҳад, ки соҳиби роҳхат ба Олимпиада гардад.

е-mail: javonontj@mail.ru

Мусобиқаҳои варзишӣ бахшида ба Рӯзи Артиши миллӣ


Бахтовар КАРИМОВ, “ҶТ”

www.javonon.tj

е-mail: javonontj@mail.ru

4

«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН» №7 (9433), 18 феврали соли 2016

Як қадами муҳиме, ки Тоҷикистон солҳои аввали мустақилият гузошт, таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳ буд. Зеро баробари соҳибистиқлол гаштан Тоҷикистон ба як буҳрони ҷиддӣ рӯ ба рӯ гардид, ки метавонист кишварро аз харитаи сиёсии ҷаҳон берун созад. Барои давлат бе доштани Қувваҳои Мусаллаҳ ҳифзи арзишҳои миллӣ имконнопазир аст. Пас аз пош хурдани давлати шӯравӣ Тоҷикистон тавонист дар як муддати кӯтоҳ Артиши қудратманде таъсис диҳад. Ин ҳам дар ҳолест ки кишварҳои дигари иттиҳоди собиқ тавонистанд, ки лавозимоти муҳиму бузурги ҳарбиро ба мерос гиранд. Хушбахтона, Артиши миллӣ имрӯз ба такягоҳи асосии давлат ва сипари боэътимоди миллат табдил ёфта, маҳз бо хизмати содиқонаи ҳайати шахсии Қувваҳои Мусаллаҳ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар як муддати кӯтоҳ ба як артиши қобили ҳифзи Ватан табдил ёфт. Дар остонаи ҷашни 23-солагии Қувваҳои Мусаллаҳ хоҳу нохоҳ мо аз таърихи ташакулёбӣ, роҳи тайнамудаи Артиши миллӣ, нақши он дар таҳкими истиқлолияти давлатӣ ва корнамоиҳои ҳазорон нафар афсару аскари шуҷои Вазорати мудофиа ва дигар сохторҳои низомии мамлакат, ки дар роҳи ҳифзи Истиқлолияти давлатӣ, барқарор намудани суботу оромии ҷомеа ва сохти конститутсионии кишвар ҷони худро аз даст додаанд, ба некӣ ёд меорем. Қувваҳои мусаллаҳи кишвар пас аз якуним соли ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ дар марҳилаи ниҳоят вазнин ва ҳассоси таърихӣ таъсис ёфт, дар замоне ки бақои давлати тоҷикон таҳти хатари ҷиддӣ қарор дошт. 18 феврали соли 1992 аз тарафи Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Қарор «Дар бораи таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба тасвиб расид, ки он дар заминаи «Фронти халқӣ» ва гурӯҳҳои мусаллаҳе, ки Ҳукумати конститутсиониро тарафдорӣ менамуданд, ташкил шуд. Аз таъсисёбии Артиш вақти зиёде нагузашта, ба дӯши он якҷоя бо дигар мақомоту сохторҳои ҳифзи ҳуқуқ вазифаи басо бузург ва масъулияти ниҳоят муҳим – таъмини суботу амнияти кишвар вогузор гашт. Ҳамин тариқ, 23-юми феврали соли 1993 нахустин паради ҳарбии ҷузъу томҳои «Артиши миллӣ» баргузор гардид, ки он рӯз расман Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон эълон гардид. Минбаъд Қувваҳои Мусаллаҳ муборизаро бар зидди дастаҳои мусаллаҳи ҷинояткор, ошубҳои хиёнаткорона, кӯшишҳои табодулоти ҳарбии хоинони миллат ва ҳифзи сарҳади давлатӣ

БА ИФТИХОРИ 25-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИЯТ пурзӯр намуда, дар айни замон аз имтиҳони ҷиддии ҳаёт гузашт ва собит намуд, ки метавонад мустақилияти марзу буми кишварро ҳифз намояд. Дар ин раванд хизматчиёни ҳарбии Қувваҳои мусаллаҳи мамлакат бо ҷасорату матонат ва далерию шуҷоат ватандӯстии худро борҳо собит намуданд. Ҳукумати мамлакат аз ибтидо бо мақсади ҳарчи зудтар ба

буд. Новобаста аз вазъи номусоиди ҳарбию сиёсӣ ва иҷтимоиву иқтисодии кишвар роҳбарияти давлату ҳукумати ҷумҳурӣ аз рӯзҳои аввал такмили сохтори ташкилию штатӣ, таъминоти моддиву техникӣ ва пуррагардонии сафи артиш бо мутахассисони касбии низомиро ба роҳ монд. Зеро амнияти давлату миллат, ҳаёти осоиштаи ҷомеа

як қатор санаду созишномаҳои ҳуқуқӣ, ки низомӣ, ки муносибатҳои гуногунҷабҳаи ҳарбии кишварҳои ба мо ҳампаймонро мушаххас месозанд, ба имзо расида, ҳамчунин вохӯриву мулоқотҳои судманд барои густариши минбаъдаи Қувваҳои Мусаллаҳ доир гардиданд. Вазорати мудофиа ҳамкориҳои самарабахшро бо созмонҳои байналмилалӣ,

низомии сатҳи байналмилалӣ имрӯз нерӯи мудофиавии кишвари мо дар баробари дигар кишварҳои минтақа ва ҷаҳон тавонову қудратманд аст. Имрӯз масъулини низомӣ қатъиян изҳор медоранд, ки бо дарназардошти таҳдидҳои нави ҷаҳонӣ ҳамеша дар ҳолати омодабош қарор доранд ва рисолати хешро бо зиракии баланди сиёсӣ ба ҷо

эътидол овардани вазъияти кишвар ва ба ташкили воҳидҳои зарурии низомӣ, инчунин тарбияи кадрҳои соҳибихтисос кӯшиш карда, сарфи назар аз мушкилоти зиёд ҳалли ин масъаларо оҳиста-оҳиста таъмин намуд. Чунин навгониҳо, пеш аз ҳама ба болоравии омодагии ҷангии ҳайати шахсӣ ва таҳкими қобилияти онҳо бо дарназардошти тағйирёбии вазъияти ҳарбӣ-сиёсӣ, яъне мутобиқ сохтани аксуламали фаврӣ равона шудаанд. Аз оғози таъсисёбии Қувваҳои мусаллаҳи кишвар то имрӯз ҳайати шахсии он дар лаҳзаҳои бисёр ҳассосу тақдирсоз садоқати худро ба Ватан ва миллат борҳо собит кардааст. Бо ибораи дигар, дар муддати беш аз 20 сол бар зимаи хизматчиёни ҳарбӣ иҷрои вазифаҳое гузошта шуда буданд, ки тақдири миллат ва давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон ба онҳо вобаста

в а пешрафти тамоми соҳаҳои иқтисодиёту иҷтимоиёт, тартиботи ҳуқуқӣ, таъмини волоияти қонун, пешгириву мубориза бар зидди ҷинояткорӣ пеш аз ҳама ба тинҷиву оромӣ ва мустаҳкамии марзу буми кишвар вобаста аст, ки маҳаки асосии давлати соҳибистиқлоли моро ташкил медиҳанд. Баҳри ҳамоҳангсозии фаъолияти муштарак бо сохторҳои ҳамсони кишварҳои минтақа ва ҷаҳон дар мубориза бар зидди терроризми байналмилалӣ, пешгирӣ ва паҳншавии экстремизм ва сайқал додани маҳорату малакаи ҷангии ҳайати шахсӣ чӣ дар ҳудуди Тоҷикистон ва чӣ берун аз он имрӯзҳо пайваста машқҳои васеи муштараки ҳарбӣ гузаронида мешавад. Дар давоми солҳои сипаришуда дар доираи ҳамкориҳои ҳарбӣ ва ҳарбӣ-техникӣ байни вазоратҳои мудофиаи Тоҷикистону кишварҳои хориҷ

аз ҷумла Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъӣ, Созмони Ҳамкориҳои Шанхай, Созмони Амният ва Ҳамкорӣ дар Аврупо, Аҳдномаи Атлантикаи Шимолӣ ва дигар ташкилотҳои бонуфузи ҷомеаи ҷаҳонӣ густариш додааст. Ҳамкориҳои ҳарбӣ ва ҳарбӣ-техникии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо кишварҳои хориҷ ва созмонҳои байналмилалӣ асосан дар самтҳои мубодилаи иттилооту таҷрибаомузӣ дар мубориза бар зидди терроризму дигар зуҳуроти номатлуб, омодасозии кадрҳои низомӣ ва расонидани кӯмакҳои техникӣ ба Артиши ҷавони кишвар ба роҳ монда шудааст. Айни замон Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо беш аз 50 кишвари олам ҳамкориҳои ҳарбӣ ва ҳарбӣ-техникӣ дорад, ки ин ҳама иқдомот баҳри дифои Ватан аз ҳар гуна хатароти эҳтимолӣ ва ҳифзи якпорчагии Тоҷикистони соҳибистиқлол амалӣ карда мешавад. Аз рӯйи баҳои коршиносони

меоранд. Бешубҳа, агар мо имрӯз дар фазои амну осуда ба сар мебарем, гувоҳи он аст, ки фарзандони сарсупурдаи миллат хоби худро паронда, дар марзҳо посбонӣ мекунанд. Онҳо роҳати хешро барои осоиши мардуми кишвари азизашон фидо намуда, саъй доранд, то ягон нохалафу бадкоре ҳадафи номатлуби хешро амалӣ насозад. Агар ба таърихи 23 соли мавҷудияту ташкили Қувваҳои Мусаллаҳ назар афканем, маълумамон мегардад, ки ин ниҳоди муҳими кишвар бо кормандони сарсупурдаву содиқаш корҳои зиёде анҷом дода, хатарҳои зиёдеро пешгирӣ кардааст. Аз ин хотир мо хизматчиёни ҳарбии сохторҳои ҷузъу томи низомӣ ва ҳайати шахсии мақомоти ҳифзи ҳуқуқи кишварро бо иди касбиашон – Рӯзи Қувваҳои мусаллаҳ самимона шодбош мегӯем!

Ниҳоди муҳими кишвар 23-сола мешавад

“Ҷавонони ТОҶИКИСТОН”


ПУРСИШИ “ҶАВОНОН...“

«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН» №7 (9433), 18 феврали соли 2016

5

Чаро ба хизмати ҳарбӣ намеравед?

Раҷабалӣ Маҳмудов, донишҷӯи ДМТ: - Ман ҳатман баъди хатми донишгоҳ ба хизмати ҳарбӣ меравам. Зеро хизмат дар сафи Қувваҳои мусаллаҳро шараф хондаанд. Барои ба хизмати ҳарбӣ нарафтани ҷавонон пеш аз ҳама ду омил мавҷуд аст. Аввалан, овозаи латукӯб шудани наваскарон, дуюм беҳуда масраф шудани ду соли ҷавонӣ. Ҷавонон андеша доранд, ки аз рафтан ба аскарӣ беҳтар аст ба муҳоҷират рафта, кор кунанд ва ягон камбудии зиндагиашонро бартараф намоянд. Вале ин андешаи ғалат аст.

Самариддин Каримов, аспиранти ДМТ: - Хизматкардаҳо дар бораи хизмати аскарӣ таассуроти бад пешкаш мекунанд. Ба ибораи дигар, хизмати ҳарбиро дар назари ҷавонон бад нишон медиҳанд. Гӯё дар он ҷо азобу шиканҷа ҳаст. Шояд ин танқидҳо асос дошта бошанд. Чаро ки “то шамол нашавад, барги дарахт намеҷунбад”. Як сабаби дигар ин аст, ки ҳисси ватандӯстии ҷавонони мо хеле паст аст, балки ташаккул наёфтааст. Пеши инро бояд гирифт.

Сунатулло Абдураҳмонов, хонандаи синфи 11: - Ростӣ аз нафароне, ки ба хизмати харбӣ рафтаанд, гапҳои бисёр мешунавем. Мегӯянд, ки латукӯб ҳаст, хӯроки нағз намедиҳанд. Дигар ин ки вақте мо мебинем фаразандони сарватмандон хизматро писанд намекунанд, яъне намераванд, на танҳо дар ман, балки дар дили дигарон ҳам ҳаваси рафтан ба аскарӣ мемурад. Хизмат бояд танҳо барои табақаи поёнӣ набошад.

Шарифхон Зувайдуллоев, сокин пойтахт: - Қисме аз ҷавонон аз хизмати ҳарбӣ гурехта, ба Русия барои мардикорӣ мераванд. Ҳисси ватандӯстӣ дар бархе аз ҷавонон кам дида мешавад. Тибқи омори ғайрирасмӣ ҳудуди 60 фисади муҳоҷиронро ҷавонон ташкил медиҳанд. Аз ин миён қисми зиёдашон аз хизмати ҳарбӣ гурехтагиҳоянд. Як қисми мардикорони ҷавон дар Русия бекоранд, вале ба хотири он ки ба хизмати ҳарбӣ нараванд, ба Ватан бар намегарданд.

Артиш - пояи давлатдорӣ

Артиши миллии давлати навини Тоҷикистон замоне таъсис ёфт, ки дар кишвар вазъи душвори ҳарбию сиёсӣ ҳукмфармо гардида, алангаи ҷанги дохилии шаҳрвандиро ба вуҷуд оварда буд. Вале мардуми адолатпешаи тоҷик, ки дар қаламрави зиндагиномаи хеш,

бо саҳми фарзандони бо ору номус, қаҳрамону шуҷоъ, оқилу хирадмандаш дар роҳи ҳақиқати зиндагӣ борҳо ба чунин имтиҳонҳои вазнину сангин рӯ ба рӯ шуда, онро бо музаффариятҳо пушти сар намуда, пайваста сарбаланду ёвар мегарданд, ин маротиба низ ба бесуботӣ зафар ёфт. Дар ин марҳалаи тезу тунди сиёсӣ таҳкими Артиши миллӣ ва ҷалби хизматчиёни содиқу вафодору ватандӯст ба сафи он яке аз аҳдофи асосӣ қарор дода шуд. Афсарони бонангу ватандӯст дар ҳама лаҳзаҳои душвору вазнин сина сипар карда, бо ҷасорату матонат, шуҷоату садоқатмандӣ ба савганди хеш устувор монданд. Барои ҳифзи ҳар як ваҷаб сарзамини муқаддаси хеш ва дастовардҳои истиқлолият, пойдории сулҳу субот ва сохтори конститутсионӣ омодагиро барои ҳифзи Ватан ҳам дар сухан ва ҳам дар амал ҷавонмардона исбот кардаанд. Аз рӯйи фаъолият Артиши миллӣ ба се марҳала тақсим мегардад: Марҳалаи аввал таъсиси Артиши миллӣ, ташкили Қувваҳои Мусаллаҳе буд, ки қобилияти таъмини истиқлолият, якпорчагии хоки Ватан ва оромии ҳаёти осоиштаро дошта бошад. Дар давраи мазкур таҳкурсии қонунию мавҷудияти Қувваҳои мусаллаҳ гузошта шуда, қонунҳо "Дар бораи мудофиа", "Дар бораи Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон", "Дар бораи уҳдадориҳои умумии ҳарбӣ" қабул кар-

да шуданд. Дар марҳалаи дуюм вазифаи асосӣ такмили сохторҳои ташкилию штатии навъҳои асосии артиш ба ҳисоб мерафт. Дар ин давра навъҳои асосӣ Қӯшунҳои хушкигард, Қӯшунҳои ҳарбию ҳавоӣ, Қӯшунҳои мудофиаи зидди ҳавоӣ таъсис ёфтаанд. Марҳилаи сеюм: сохтори Артиши миллӣ баъди ба имзо расидани Созишномаи сулҳ ва ризоияти миллӣ байни Ҳукумат ва собиқ мухолифин оғоз гардид. Маҳз фаъолияти пурсамари Артиш ва дигар мақомоти ҳифзи ҳуқуки кишвар буд, ки мардуми Тоҷикистон таҳти Сарварии Президенти кишвар ба ҳадафҳои пешгузоштаи хеш расиданд. Баъд аз гуфтушунидҳои бисёр ниҳоят 27 июни соли 1997 дар шаҳри Москва байни Ҳукумат ва мухолифин Созишномаи сулҳ ба имзо расид, ки он ба ҷанги бародаркуш дар Тоҷикистон хотима гузошт. Истиқлолияти комил ва рушди бемайлони ҳар давлат, пеш аз ҳама ба таъмини вазъи муътадили сиёсӣ ва амнияти иҷтимоии ҷомеа иртибот дорад. Дар ростои ин амр истиқлолияту ваҳдати ҳамон ҷомеа поянда мегардад, ки сохторҳои қудратии он нуфузи бештареро ба худ ихтисос дода, иҷрои натиҷаҳои босалоҳият аз ҷониби ҳар хизматчии мақомоти дифоъ дуруст ба роҳ монда шавад. Дар Тоҷикистон имрӯз ин арзишҳо мавҷуданд. Пешвои миллат Эмомал Раҳмон ҳанӯз аз минбари Иҷлосияи 16уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ҷамшеди Давлаталӣ, сокини шаҳри Кӯлоб: - Чор моҳ мешавад, ки дар қисми ҳарбии 23441 Қӯшунҳои хушкигарди Вазорати мудофиа хизмати ҳарбиро ба ҷо меорам. Пеш аз он ки ба сафи Кувваҳои мусаллаҳ дохил шавам, Коллеҷи тиббии шаҳри Кӯлобро хатм намудам. Ҳама сару садоҳое, ки пеш аз ба ин ҷо омаданам мегуфтанд, гӯё сарбозонро латукӯб мекунанд, бофтаю дурӯғ будааст. Шояд солҳои пеш ин мушкилиҳо буданд. Ҳоло бошад, ягон танқисӣ надорем. Ҷои хоб, хӯроки гарм, хулас ҳама шароит муҳайёст.

ин ҳадаф ва дигар тадбирҳоеро, ки баҳри ҳифз ва мукаммал намудани истиқлолият, пойдории давлати миллӣ, ки бунёдаш сулҳу ваҳдат аст, баҳри таъмини осоиштагии мардум ба уҳда гирифта буд, дар амал татбиқ гардида истодаанд. Инак, беш аз ду даҳсола мешавад, ки мардуми Тоҷикистон таҳти роҳбарии Сарвари хирадпеша, зери ҳимояи Артиши қудратманди Ватан дар фазои озоду ором кору зиндагӣ мекунанд. Ҳар нафас, ҳар рӯз меҳру муҳаббат, орзуву умедвории мардум ба ояндаи нек, ба ояндаи давлати тоҷдору бо ор ва хушбахту сарбаланд афзун мегардад. Артиши миллӣ дар саргаҳи ин созандагиву ободгариҳо ва дигар дастоварду музаффариятҳои кишвар қарор мегирад. Имрӯз зуҳроти номатлубе, аз қабили терроризм ва экстремизм ҷаҳони муосирро ба ташвиш оварда, кишвари моро низ ҳамчун як ҷузъи ҷомеаи ҷаҳон нигарон сохтааст. Аммо дар ин вазъият мардуми кишвар ба нерӯи мудофиавӣ ва иқтидори Артиши миллӣ бовар дорад ва дилпур аст, ки баҳодурони ин Ватани азиз намегузоранд, то қадами наҳси душману бадхоҳе ба марзҳои мо наздик ояд. Ҳамин боварӣ ва эътимоди комил ба Артиши миллӣ аст, ки ҳар шаҳрванди кишвар дар фазои осоишта кору фаъолият намуда, рӯгзорашро бо хости худ пеш баранд. Муҳаммадвалӣ ШАҲИДУЛЛОЗОДА, прокурори ноҳияи Рӯдакӣ

www.javonon.tj

Бо шарофати соҳиб шудани Истиқлолияти давлатӣ дар баробари арзишҳои миллӣ - Парчам, Нишони давлатӣ, Суруди миллӣ, пули миллӣ мо соҳиби рукни муҳими дигар - Артиши миллӣ низ шудем, ки он дар таҳким ва ҳифзи мудофиавии Ватанамон нақши барҷаста мегузорад. Ҳоло мардуми Тоҷикистон дар арафаи солгарди таъсисёбии Артиши миллӣ қарор доранд. Таҷлили ин сана барои мардуми кишвар боиси фахру фараҳмандӣ аст. Зеро таҳкими истиқлолият аз таъмин ва иқтидори мудофиавии кишвар сарчашма гирифта, дар чунин заминаи боуствор пояҳои давлати миллиамон мукаммалу боз ҳам мустаҳкам мегардад.

е-mail: javonontj@mail.ru

Ҳарчанд нисбат ба солҳои пеш вазъи қисмҳои низомӣ беҳ гашта, сафи хизматчиёни ҳарбӣ тибқи омори расмӣ афзудааст ва нақшаҳои даъват ҳам қариб ки пеш аз муҳлат иҷро мешавад, вале ҳанӯз ҳам лозим аст меҳри хизмат дар сафи Қувваҳои мусаллаҳро дар дили ҷавонон роҳ Гулбаҳор РАҲМОНОВА наёфтааст. Дар арафаи 23-солагии Артиши миллӣ аз чанд ҷавон пурсидем:


www.javonon.tj

е-mail: javonontj@mail.ru

6

РАЪЙПУРСӢ-2016

«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН» №7 (9433), 18 феврали соли 2016

Аз ном ва матни Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон калимаи «(Сарқонуни)» хориҷ карда шавад. Дар моддаи 1: — қисми дуюм бо мазмуни зерин илова карда шавад: «Шакли идораи Ҷумҳурии Тоҷикистон президентӣ мебошад.»; — қисмҳои дуюм ва сеюм мувофиқан қисмҳои сеюм ва чорум ҳисобида шаванд. Қисми якуми моддаи 5 дар таҳрири зерин ифода карда шавад: «Инсон, ҳуқуқ ва озодиҳои ӯ арзиши олӣ мебошанд.». Дар қисми чоруми моддаи 7 калимаҳои «марзиву маъмуриро» ба калимаҳои «маъмурию ҳудудиро» иваз карда шаванд. Дар моддаи 8: — дар қисми чорум калимаи «Ташкилотҳои» ба калимаи «Иттиҳодияҳои» иваз карда шавад; — қисми шашум бо мазмуни зерин илова карда шавад: «Дар Тоҷикистон фаъолияти ҳизбҳои сиёсии дигар давлатҳо, таъсиси ҳизбҳои хусусияти миллӣ ва динидошта, инчунин маблағгузории ҳизбҳои сиёсӣ аз ҷониби давлатҳо ва созмонҳои хориҷӣ, шахсони ҳуқуқӣ ва шаҳрвандони хориҷӣ манъ аст.». Дар моддаи 14: — дар қисми дуюм калимаҳои «маҳаллӣ ва мақомоти худидоракунии маҳаллиро» ба калимаҳои «мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва худидоракуниро» иваз карда шаванд; — дар қисми сеюм калимаҳои «ҳуқуқ ва озодиҳои шаҳрванд» ва «сохти конститутсионӣ» мувофиқан ба калимаҳои «ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд» ва «асосҳои сохтори конститутсионӣ, амнияти давлат, мудофиаи мамлакат, ахлоқи ҷомеа, сиҳатии аҳолӣ» иваз карда шаванд. Дар моддаи 15: — қисми якум дар таҳрири зерин ифода карда шавад: «Шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон шахсе ҳисоб меёбад, ки дар рӯзи қабули Конститутсия шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон буд ё мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ё шартномаҳои байналмилалии Тоҷикистон шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистонро соҳиб шуда бошад.»; — дар қисми дуюм пайвандаки «ва» ба пайвандаки «ё» иваз карда шавад; — қисми сеюм дар таҳрири зерин ифода карда шавад: «Тартиби соҳиб шудан ва қатъ гардидани шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистонро қонуни конститутсионӣ танзим менамояд.». Дар қисми дуюми моддаи 16 калимаи «эълоншуда» ба калимаи «муқарраргардида» иваз карда шавад. Дар қисми якуми моддаи 18 калимаҳои «ҳаққи зиндагӣ» ба калимаҳои «ҳуқуқ ба ҳаёт» иваз карда шаванд. Дар қисми дуюми моддаи 20 калимаи «ҷиноӣ» ба калимаи «ҷиноятӣ» иваз карда шавад. Дар қисми чоруми моддаи 27 калимаи «Шахсоне» ба калимаи «Шаҳрвандоне» иваз карда шавад. Ҷумлаи дуюми қисми якуми моддаи 28 дар таҳрири зерин ифода карда шавад: «Шаҳрванд ҳуқуқ дорад дар ташкили ҳизбҳои сиёсӣ, иттифоқҳои касаба ва дигар иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ иштирок намояд, ихтиёран ба онҳо дохил ва аз онҳо хориҷ гардад.». Ба қисми сеюми моддаи 32 баъд аз калимаҳои «ҳизбҳои

сиёсӣ» аломати «,» ва калимаҳои «дигар шахсони ҳуқуқӣ» илова карда шаванд. Қисми дуюми моддаи 34 дар таҳрири зерин ифода карда шавад: «Падару модар барои таълиму тарбияи фарзандон ва фарзандони болиғу қобили меҳнат барои нигоҳубин ва таъминоти иҷтимоии падару модар масъул мебошанд.». Дар моддаи 37 калимаи «пулӣ»

аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон, тартиби интихоб ё таъин гардидани онҳоро қонуни конститутсионӣ муайян менамояд.». Дар қисми сеюми моддаи 51 калимаҳои «ба қувваи қонунӣ даромадани ҳукми айбдоркунии суд, қатъи шаҳрвандӣ,» ба калимаҳои «эътибори қонунӣ пайдо кардани ҳукми айбдоркунандаи суд,

мекунад.». Дар моддаи 69: — дар банди 7 калимаҳои «ба тасдиқи» ба калимаҳои «барои тасдиқ ба» иваз карда шаванд; — банди 12 хориҷ карда шавад; — аз банди 13 калимаҳои «бо пешниҳоди Шӯрои адлия» хориҷ карда шаванд; — дар банди 18 калимаи «қарордодҳои» ба калимаи

шахсе интихоб ё таъин мешавад, ки танҳо шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дошта бошад, дорои таҳсилоти олии ҳуқуқшиносӣ буда, синни ӯ аз 30 кам набошад ва ҳадди ақал 5 сол собиқаи кории судягӣ дошта бошад. Ба вазифаи судяҳои судҳои

қатъи шаҳрвандӣ, соҳиб шудан ба шаҳрвандии давлати дигар,» иваз карда шаванд. Дар банди 1 қисми якуми моддаи 56 калимаҳои «марзиву маъмурӣ» ба калимаҳои «маъмурию ҳудудӣ» иваз карда шаванд. Дар моддаи 61: — дар қисми дуюм калимаҳои «аз се ду» ба калимаҳои «аз чор се» иваз карда шаванд; — қисми сеюм дар таҳрири зерин ифода карда шавад: «Тафсири Конститутсияро тибқи тартиби мазкур Маҷлиси намояндагон дар шакли қонуни конститутсионӣ қабул намуда, Маҷлиси миллӣ онро ҷонибдорӣ менамояд.». Дар қисми дуюми моддаи 64 калимаи «қарордодҳои» ба калимаи «шартномаҳои» иваз карда шавад. Дар моддаи 65: — қисми дуюм дар таҳрири зерин ифода карда шавад: «Шахсе ба номзадии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод шуда метавонад, ки танҳо шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дошта бошад, синни ӯ аз 30 кам набуда, дорои таҳсилоти олӣ бошад, забони давлатиро донад ва дар ҳудуди ҷумҳурӣ на камтар аз 10 соли охир истиқомат дошта бошад.»; — қисми панҷум бо мазмуни зерин илова карда шавад: «Маҳдудияти дар қисми чоруми ҳамин модда пешбинигардида нисбат ба Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат татбиқ намегардад. Вазъи ҳуқуқӣ ва ваколатҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллатро қонуни конститутсионӣ муайян

«шартномаҳои» иваз карда шавад; — бандҳои 13-30 мувофиқан бандҳои 12-29 ҳисобида шаванд. Ба моддаи 71 қисми панҷум бо мазмуни зерин илова карда шавад: «Таъминоти иҷтимоӣ, хизматрасонӣ ва муҳофизати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро қонуни конститутсионӣ танзим менамояд.». Дар моддаи 73: — қисми сеюм бо мазмуни зерин илова карда шавад: «Аъзои Ҳукумат баъди аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин шудан ва тасдиқ гардидани фармон дар ҷаласаи якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон савганд ёд мекунанд.»; — қисми сеюм қисми чорум ҳисобида шуда, баъд аз калимаҳои «Аъзои Ҳукумат» калимаҳои «бояд танҳо шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дошта бошанд ва онҳо» илова карда шаванд. Дар қисми якуми моддаи 74 калимаи «қаламрави» ба калимаи «ҳудуди» иваз карда шавад. Номи боби шашум дар таҳрири зерин ифода карда шавад: «МАҚОМОТИ МАҲАЛЛИИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТӢ ВА ХУДИДОРАКУНӢ». Дар моддаи 76 калимаҳои «Ҳокимияти маҳаллӣ» ба калимаҳои «Мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ» иваз карда шаванд. Дар моддаи 78: — қисми якум дар таҳрири зерин ифода карда шавад: «Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатиро раиси вилоят, шаҳр ва ноҳия роҳбарӣ менамояд.»; — дар қисми дуюм калимаи «марзӣ» ба калимаи «ҳудудӣ» иваз карда шавад; — дар қисми панҷум калимаҳои «мақомоти ҳокимияти маҳаллиро» ба калимаҳои «мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатиро» иваз карда шаванд; — дар қисми шашум калимаи «ҷамоат» ба калимаи «Ҷамоат» иваз карда шавад. Дар қисми якуми моддаи 79 калимаи «қаламрав» ба калимаи «ҳудуд» иваз карда шавад. Дар моддаи 84: — дар қисми сеюм калимаҳои «Тарзи ташкил» ба калимаҳои «Тартиби таъсис, ташкил» иваз карда шаванд; — дар қисми панҷум калимаи «Ташкили» ба калимаи «Таъсиси» иваз карда шавад. Моддаи 85 дар таҳрири зерин ифода карда шавад: «Моддаи 85. Ба вазифаи судяҳои Суди Олӣ, Суди Олии иқтисодӣ, судҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоят ва шаҳри Душанбе

шаҳр ва ноҳия, суди ҳарбӣ, судҳои иқтисодии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоят ва шаҳри Душанбе шахсе таъин мешавад, ки танҳо шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дошта бошад, дорои таҳсилоти олии ҳуқуқшиносӣ буда, синни ӯ аз 25 кам набошад ва ҳадди ақал 3 сол собиқаи кории касбӣ дошта бошад. Синни ниҳоии дар вазифаи судя фаъолият намуданро қонуни конститутсионӣ муайян менамояд. Шахсе, ки бори аввал ба вазифаи судя таъин шудааст, дар вазъияти тантанавӣ савганд ёд мекунад.». Дар моддаи 86 калимаҳои «бо пешниҳоди Шӯрои адлия» ба калимаҳои «бо тартиби муқарраркардаи қонуни конститутсионӣ» иваз карда шаванд. Дар моддаи 89: — қисми дуюм дар таҳрири зерин ифода карда шавад: «Ба вазифаи судяи Суди конститутсионӣ шахсе интихоб мешавад, ки танҳо шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дошта бошад, дорои таҳсилоти олии ҳуқуқшиносӣ буда, синни ӯ аз 30 кам набошад ва ҳадди ақал 7 сол собиқаи кории касбӣ дошта бошад. Синни ниҳоии дар вазифаи судяи Суди конститутсионӣ фаъолият намуданро қонуни конститутсионӣ муайян менамояд.»; — қисми сеюм бо мазмуни зерин илова карда шавад: «Шахсе, ки бори аввал ба вазифаи судяи Суди конститутсионӣ интихоб шудааст, дар иҷлосияи Маҷлиси миллӣ савганд ёд мекунад.»; — қисми сеюм қисми чорум ҳисобида шуда, ба банди 1) баъд аз калимаи «санадҳои» калимаи «меъёрии» илова карда шуда, калимаи «қарордодҳои» ба калимаи «шартномаҳои» иваз карда шавад; — қисми чорум қисми панҷум ҳисобида шавад. Дар моддаи 91 калимаи «ҷиноӣ» ба калимаи «ҷиноятӣ» иваз карда шавад. Дар моддаи 93 калимаи «қаламрави» ба калимаи «ҳудуди» иваз карда шавад. Дар тамоми матни Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон калимаи «ҳақ» ба калимаи «ҳуқуқ» иваз карда шавад. Дар МУҚАРРАРОТИ ИНТИҚОЛӢ: — қисми 4 дар таҳрири зерин ифода карда шавад: «4. Аъзои Маҷлиси миллӣ, вакилони Маҷлиси намояндагон ва аъзои Ҳукумат баъд аз эътибори ҳуқуқӣ пайдо кардани «Тағйиру иловаҳо ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон» бо тартиби муқаррарнамудаи Конститутсия ва қонунҳои конститутсионӣ савганд ёд мекунанд.».

Лоиҳа

Тағйиру иловаҳо ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон

ба калимаи «пардохтшаванда» иваз карда шавад. Дар қисми якуми моддаи 38 калимаи «туризм» ба калимаи «сайёҳӣ» иваз карда шавад. Дар моддаи 40: — дар қисми якум калимаи «ҷамъият» ба калимаи «ҷомеа» иваз карда шавад; — дар қисми сеюм калимаи «дар» ба калимаи «таҳти» иваз карда шавад. Дар қисми якуми моддаи 45 калимаҳои «Додани» ва «вазифаи ҳар кас мебошад» мувофиқан ба калимаҳои «Супоридани» ва «ҳатмист» иваз карда шаванд. Дар моддаи 49: — ҷумлаи сеюми қисми якум дар таҳрири зерин ифода карда шавад: «Вакили Маҷлиси намояндагон шахсе интихоб шуда метавонад, ки танҳо шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дошта бошад ва синни ӯ аз 30 кам набуда, дорои таҳсилоти олӣ бошад.»; — қисми панҷум дар таҳрири зерин ифода карда шавад: «Узви Маҷлиси миллӣ шахсе интихоб ё таъин шуда метавонад, ки танҳо шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дошта бошад ва синни ӯ аз 30 кам набуда, дорои таҳсилоти олӣ бошад.»; — қисми ҳафтум бо мазмуни зерин илова карда шавад: «Узви Маҷлиси миллӣ ва вакили Маҷлиси намояндагон баъди интихоб ё таъин шудан дар иҷлосияи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон ба халқи Тоҷикистон савганд ёд мекунанд.»; — қисми ҳафтум қисми ҳаштум ҳисобида шуда, дар таҳрири зерин ифода карда шавад: «Шумораи


РАЪЙПУРСӢ-2016

Рушди устувору босуботи ҷомеа, бахусус ҷомеаи муосири Тоҷикистон тақозо менамояд, ки меъёрҳои Конститутсия пайваста такмил дода шаванд. Такмили меъёрҳои Конститутсия дар навбати худ талаб менамояд, ки қонунгузории амалкунанда низ такмил ёбад. Ин тағйироти Конститутсия барои рушди бемайлони соҳаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии ҷомеа мусоидат мекунад. Бо дарназардошти рушди забони давлатӣ, қоидаҳои нави имлои забони тоҷикӣ, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 4-уми октябри соли 2011, №458 тасдиқ шудааст, зарурат пеш омадааст, ки матни Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, истилоҳҳо ва ибораву калимаҳои он мукаммал гардонида шуда, вожаву таркибот тибқи меъёрҳои он дақиқ навишта шаванд. Тағйиротҳои пешбинишуда имкон медиҳанд, ки меъёрҳои Конститутсия бо меъёрҳои ҳуқуқи байналмилалӣ дар якҷоягӣ ва ҳамбастагӣ амал намуда, ҳамкориҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон тавсеа ва рушд ёбанд.

ШАРҲИ БАНДҲОИ АЛОҲИДАИ ТАҒЙИРУ ИЛОВАҲО БА КОНСТИТУТСИЯИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

олии давлатӣ нақши асосӣ ва ҳалкунанда дорад. Пешниҳод ба моддаи панҷум хусусияти таҳрирӣ дошта, аз нигоҳи қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ калимаи «он» ба калимаи «ӯ» иваз карда мешавад. Дар қисми чоруми моддаи ҳафтум пешниҳод шудааст, ки калимаҳои «марзиву маъмуриро» ба калимаҳои «маъмурию ҳудудиро» иваз карда шаванд. Ин тағйирот бо дарназардошти истифодаи амалии ин истилоҳҳо вобаста аст. Калимаи «марз» бештар сарҳад, хатти сарҳадро ифода мекунад, «ҳудуд» бошад, маънои васеъ дошта, тамоми ҳудуди давлат — хушкӣ, обӣ ва ҳавоиро дар бар мегирад. Ба моддаи ҳаштум ду тағйирот пешниҳод шудааст. 1. Пешниҳод мегардад, ки дар қисми чорум калимаи «Ташкилотҳои» ба «Иттиҳодияҳои» иваз карда шавад. Қобил ба зикр аст, ки мафҳуми вожаи «иттиҳодия» назар ба «ташкилот» васеъ буда, тамоми навъҳои созмонҳои динӣ, аз ҷумла, ташкилотҳои диниро низ фаро мегирад. Аз ин рӯ, дар Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ» истилоҳи «иттиҳодия» истифода шудааст. 2. Ба моддаи мазкур қисми шашум дар таҳрири нав пешниҳод шудааст, ки тибқи он дар Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти ҳизбҳои сиёсии дигар давлатҳо, таъсиси ҳизбҳои хусусияти миллӣ ва динидошта, инчунин маблағгузории ҳизбҳои сиёсӣ аз ҷониби давлатҳо ва созмонҳои хориҷӣ, шахсони ҳуқуқӣ ва шаҳрвандони хориҷӣ манъ аст. Бояд таъкид намуд, ки ҳизбҳои сиёсӣ барои ба сари ҳокимият омадан муборизаи сиёсӣ мебаранд. Ин мубориза бояд дар доираи Конститутсия ва қонунҳо, бе дахолати давлатҳо ва созмонҳои хориҷӣ, шахсони ҳуқуқӣ ва шаҳрвандони хориҷӣ сурат гирад. Бинобар ин, пешниҳод шудааст, ки амалҳои мазкур манъ карда шаванд. Ҳамчунин зикр гардидааст, ки таъсиси ҳизбҳои сиёсии хусусияти миллӣ ва динидошта манъ аст. Таъсиси ҳизби сиёсӣ дар заминаи намояндагони миллати алоҳида (миллӣ) дар ҷавҳари худ метавонад ба ҷудоиандозӣ, низоъҳо ва муноқишаҳои миллӣ оварда расонад. Аз ин рӯ, баъзе аз давлатҳо (Булғористон, Қазоқистон, Узбекистон ва дигар давлатҳо) ин амалро дар сатҳи Конститутсия манъ кардаанд. Тибқи пешниҳод таъсиси ҳизбҳои сиёсии хусусияти динидошта низ манъ карда шудааст. Бояд иброз дошт, ки ҳизбҳои сиёсӣ, ки фаъолияти асосии онҳо муборизаи сиёсӣ мебошад, набояд аз дин ва созмонҳои динӣ истифода баранд. Эътиқод ба дин кори шахсии ҳар инсон мебошад. Шахс бояд дар интихоби дин, ба ҷо овардани ибодат ва дигар расму оинҳои динӣ озод ва мустақил бошад. Ҳизби сиёсӣ, дигар созмон, фарди алоҳида набояд ба эътиқоди динии шахс дахолат кунад ё аз он сӯистифода намояд. Таъсис додани ҳизби сиёсии хусусияти динидошта боиси истифода аз дин ва эътиқоди динии шахс, ба сиёсат омехта кардани дин мегар-

дад. Бинобар ин, давлатҳое, ки дар онҳо таъсири дин зиёд аст, ташкили ҳизбҳои сиёсиро вобаста ба дин дар конститутсияҳояшон манъ кардаанд. Ба моддаи чордаҳум ду тағйирот пешниҳод шудааст. Дар қисми дуюми модда пешниҳод шудааст, ки калимаҳои «маҳаллӣ ва худидоракунии маҳаллиро» ба калимаҳои «мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва худидоракуниро» иваз карда шаванд. Ин пешниҳод хусусияти мушаххаскунандаю дақиқкунанда дошта, ба таври аниқ номи пурраи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва мақомоти худидоракунии маҳаллиро ифода мекунад. Пешниҳоди зикршуда матни ин қисми моддаро пурра, аниқ ва фаҳмо менамояд. Ба қисми сеюми модда пешниҳод гардидааст, ки ибораи «сохти конститутсионӣ» ба ибораи «асосҳои сохтори конститутсионӣ» иваз карда шуда, баъди он ибораҳои «амнияти давлат, мудофиаи мамлакат, ахлоқи ҷомеа, сиҳатии аҳолӣ» илова гарданд. Иваз намудани ибораи «сохти конститутсионӣ» ба ибораи «асосҳои сохтори конститутсионӣ» бевосита аз мазмуни Конститутсия бармеояд, зеро боби аввали Конститутсия чунин ифода шудааст: асосҳои сохтори конститутсионӣ. Дар он ин асосҳо, аз ҷумла моҳияти соҳибихтиёрӣ, демократӣ, ҳуқуқбунёдӣ, дунявӣ, иҷтимоӣ, ягонагӣ, соҳибихтиёрии халқ, дахлнопазирии ҳокимияти халқ, дахлнопазирӣ ва тақсимнашаванда будани ҳудуди Тоҷикистон оварда шудаанд. Бо мақсади ҳифзи ин арзишҳои олӣ, эмин доштани онҳо аз ҳар гуна суиқасд тибқи талаботи санадҳои ҳуқуқии байналмилалӣ мумкин аст, ки ҳуқуқу озодиҳои инсон дар асоси қонун маҳдуд карда шаванд. Ба ин қисми модда инчунин ибораҳои «амнияти давлат, мудофиаи мамлакат, ахлоқи ҷомеа, сиҳатии аҳолӣ» илова шудаанд. Ин иловаҳо аз санадҳои меъёрии ҳуқуқии байналмилалӣ, аз ҷумла моддаи 29-уми Эъломияи умумии ҳуқуқи инсон, моддаҳои 19, 21 ва 22юми Паймони байналмилалӣ оид ба ҳуқуқҳои шаҳрвандӣ ва сиёсӣ бармеоянд. Яъне моддаҳои дар боло ишорагардидаи санадҳои байналмилалӣ ба давлатҳои аъзои СММ ҳуқуқ медиҳанд, ки онҳо дар ҳолатҳои зарурӣ ва дар асоси қонун ҷиҳати таъмини ин арзишҳои олӣ ба ҳуқуқи инсон баъзе маҳдудиятро раво бинанд. Ба моддаи понздаҳум се тағйирот пешниҳод шудааст. Якум, қисми якуми модда дар таҳрири нав ифода шудааст. Дар он омадааст, ки «Шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон шахсе ҳисоб меёбад, ки дар рӯзи қабули Конститутсия шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон буд ё мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ё шартномаҳои байналмилалии Тоҷикистон шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистонро соҳиб шуда бошад». Бояд қайд намуд, ки матни пешниҳодшуда ба таври пурра эътирофи шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар рӯзи қабули Конститутсияи соли 1994

ва соҳиб шудан ба шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар асоси Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва шартномаҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон ифода кардааст. Қобили зикр аст, ки дар давраи Иттиҳоди Шӯравӣ шаҳрвандони ин давлат дар як вақт шаҳрвандони ҷумҳурии иттифоқӣ низ маҳсуб меёфтанд. Баъди аз байн рафтани Иттиҳоди Шӯравӣ зарурати эътирофи шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба миён омад. Азбаски масъала конститутсионӣ буда, бояд дар Конститутсия танзим пайдо мекард, ҳангоми таҳия ва қабули аввалин Конститутсияи Тоҷикистони соҳибистиқлол соли 1994, Конститутсия ва баъдан Қонуни конститутсионӣ «Дар бораи шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон» (1995) эътироф намуданд, ки шахсе, ки дар рӯзи қабули Конститутсия дар Тоҷикистон доимӣ зиндагӣ мекунад, шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳисоб мешавад. Агар дигар шахсон хоҳиши шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон шуданро дошта бошанд, тибқи талаботи қонунгузорӣ дар бораи шаҳрвандӣ ё шартномаҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон метавонанд ба он соҳиб шаванд. Дуюм, дар қисми дуюми модда пешниҳод мегардад, ки пайвандаки «ва» ба пайвандаки «ё» иваз карда шавад. Сухан дар бораи он меравад, ки шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон дар як вақт метавонад тибқи қонун ва шартномаҳои байнидавлатии Тоҷикистон, инчунин шаҳрвандии дигар давлатро соҳиб шавад. Пайвандаки «ва» дар ин ҷо талаб мекунад, ки танҳо дар асоси ин ду санад шаҳрванди Тоҷикистон метавонад шаҳрвандии давлати дигарро соҳиб гардад. Аммо дар амалия ҳолатҳое ба вуҷуд омаданд, ки дар асоси яке аз ин санадҳо (ё қонун ё шартномаи байнидавлатӣ) шаҳрванди Тоҷикистон метавонад шаҳрвандии дигар давлатро соҳиб шавад. Аз ин ҷо пешниҳод мегардад, ки пайвандаки «ва» ба пайвандаки «ё» иваз карда шавад. Қисми сеюми модда дар таҳрири нав ифода шудааст. Дар он қайд мегардад, ки «Тартиби соҳиб шудан ва қатъ гардидани шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистонро қонуни конститутсионӣ танзим менамояд». Тағйироти пешниҳодшуда хусусияти ҳаволакунанда дошта, пешбинӣ менамояд, ки соҳиб шудан ва қатъ гардидани шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистонро қонуни конститутсионӣ танзим менамояд. Пешниҳоди мазкур ин қисми моддаро пурра менамояд. Дар қисми дуюми моддаи шонздаҳум пешниҳод шудааст, ки калимаи «эълоншуда» ба калимаи «муқарраргардида» иваз карда шавад. Тағйироти пешниҳодшуда хусусияти мушаххаскунанда ва дақиқкунанда дошта, таъкид мекунад, ки шаҳрванди хориҷӣ ва шахси бешаҳрванд аз ҳуқуқ ва озодиҳои муқарраргардида истифода мебаранд ва баробари шаҳрванди Тоҷикистон вазифа ва масъулият доранд. Дар қисми якуми моддаи

ҳаждаҳум пешбинӣ шудааст, ки калимаи «ҳаққи зиндагӣ» ба калимаи «ҳуқуқ ба ҳаёт» иваз карда шавад. Тағйироти зикргардида хусусияти дақиқкунанда дошта, мақсадро хубтар ифода мекунад. Дар қисми дуюми моддаи бистум пешниҳод шудааст, ки калимаи «ҷиноӣ» ба калимаи «ҷиноятӣ» иваз карда шавад. Бояд зикр кард, ки дар қонунгузории амалкунанда истилоҳи «ҷиноятӣ» истифода шудааст. Бинобар ин, пешниҳоди мазкур хусусияти якхела истифода кардани ин истилоҳро дорад. Дар қисми чоруми моддаи бисту ҳафтум пешниҳод мешавад, ки калимаи «Шахсоне» ба калимаи «Шаҳрвандоне» иваз карда шавад. Дар ин моддаи Конститутсия сухан дар бораи ҳуқуқҳои сиёсии шаҳрванд, яъне иштироки ӯ дар ҳаёти сиёсӣ ва идораи давлатӣ меравад. Ҳуқуқҳои сиёсӣ танҳо ба шаҳрванди давлат тааллуқ доранд. Шахсоне, ки шаҳрвандии ин давлатро надоранд, аз ин ҳуқуқ бархӯрдор намебошанд. Бинобар ин истифодаи истилоҳи «шаҳрванд» дуруст аст. Ҷумлаи дуюми қисми якуми моддаи бисту ҳаштум дар таҳрири нав пешниҳод шудааст ва тибқи он «Шаҳрванд ҳуқуқ дорад дар ташкили ҳизбҳои сиёсӣ, иттифоқҳои касаба ва дигар иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ иштирок намояд, ихтиёран ба онҳо дохил ва аз онҳо хориҷ гардад». Тибқи таҳрири нави ин қисми модда аз матни пештараи он калимаҳои «аз ҷумла ҳизбҳои характери демократӣ, динӣ ва атеистидошта» хориҷ гардиданд, зеро ин меъёр хусусияти конститутсионӣ надошта, дар ин ҷо зарурат ба таъкиди хусусияти ҳизб мавҷуд нест. Пешниҳод шудааст, ки дар қисми сеюми моддаи сиву дуюм баъди ибораи «ҳизбҳои сиёсӣ» аломати «,» гузошта шуда, ибораи «дигар шахсони ҳуқуқӣ» илова карда шавад. Ин ҷо сухан дар хусуси рӯёнидани товони зарар меравад, ки мумкин аст аз ҷониби мақомоти давлатӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, ҳизбҳои сиёсӣ ва шахсони алоҳида расонида шавад. Зарурати илова кардани ибораи «дигар шахсони ҳуқуқӣ» дар матни ин қисми модда онро ифода менамояд, ки зарари моддӣ метавонад аз тарафи дигар шахсони ҳуқуқӣ низ расонида шавад. Аз ин ҷо илова шудани ибораи мазкур матни ин қисми моддаро пурра мегардонад. Қисми дуюми моддаи сиву чорум дар таҳрири зерин ифода шудааст: «Падару модар барои таълиму тарбияи фарзандон ва фарзандони болиғу қобили меҳнат барои нигоҳубин ва таъминоти иҷтимоии падару модар масъул мебошанд». Пешниҳоди зикргардида масъулияти падару модарро дар таълиму тарбияи фарзандон ва масъулияти фарзандони болиғу қобили меҳнатро дар нигоҳубин ва таъминоти иҷтимоии падару модар тақвият медиҳад. Дар моддаи сиву ҳафтум пешниҳод шудааст, ки калимаи «пулӣ» ба калимаи «пардохтшаванда» иваз карда шавад. Ин тағйирот ба рухсатиҳои ҳарсолаи меҳнатӣ дахл дошта, калимаи «пардохтшаванда» назар ба калимаи «пулӣ» мазмунан мувофиқ мебошад. Дар қонунгузории соҳавии амалкунанда низ истилоҳи «пардохтшаванда» истифода шудааст. Дар қисми якуми моддаи сиву ҳаштум пешниҳод шудааст, ки калимаи «туризм» ба калимаи «сайёҳӣ» иваз карда шавад. За-

www.javonon.tj

Пешниҳод карда мешавад, ки калимаи «Сарқонун» дар қавсайн аз ном ва матни Конститутсия хориҷ карда шавад. Бояд қайд намуд, ки калимаи «Конститутсия» вожаи умумиэътирофшудаи байналмилалӣ мебошад. Конститутсия калимаи лотинӣ буда, муайян кардан, муқаррар намудани асосҳои низоми сиёсӣ ва иқтисодии ҷомеа, принсипҳои ташкил ва фаъолияти ҳокимияти давлатӣ, низоми мақомоти он, ҳуқуқу озодиҳо ва вазифаҳои асосии инсонро ифода менамояд. Вожаи «Конститутсия» дар ҷаҳон маъмулу мақбул буда, ба ҳама фаҳмо ва истифодаи он роиҷ гаштааст. Аз тарафи дигар, калимаи «Сарқонун» сохта буда, тамоми паҳлуҳои вожаи «Конститутсия»ро дар бар гирифта наметавонад. «Сарқонун» танҳо боло, баланд ва дорои қувваи олӣ доштани онро ифода мекунад. Дигар паҳлуҳои «Конститутсия», аз ҷумла «асос», «муайянкунанда» ва «муқарраркунанда» будани онро ифода намекунад. Ба моддаи якуми Конститутсия қисми дуюм илова карда мешавад, ки “шакли идораи Ҷумҳурии Тоҷикистон президентӣ мебошад”. Бояд қайд намуд, ки ҷумҳуриҳо президентӣ, парламентӣ ва омехта (президентӣ-парламентӣ ё парламентӣ-президентӣ) мешаванд. Ин хусусияти ҷумҳуриҳо маъмулан дар конститутсияи онҳо дарҷ карда мешавад. Масалан, чунин меъёр дар давлатҳои собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ, аз ҷумла Конститутсияҳои Қазоқистон ва Туркманистон дарҷ гардидааст. Меъёри номбурда ифодакунандаи воқеии идоракунии давлатӣ буда, мазмуни конститутсияро комил мегардонад. Тоҷикистон низ ҷумҳурии президентӣ буда, Президент дар низоми мақомоти

Шарҳи тағйиру иловаҳо ба Конститутсияи Тоҷикистон

7 е-mail: javonontj@mail.ru

ЗАРУРАТИ ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИРУ ИЛОВАҲО БА КОНСТИТУТСИЯИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН» №7 (9433), 18 феврали соли 2016


www.javonon.tj

е-mail: javonontj@mail.ru

8

РАЪЙПУРСӢ-2016

«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН» №7 (9433), 18 феврали соли 2016

рурати ин тағйирот ба он иртибот дорад, ки калимаи «сайёҳӣ» калимаи «туризм»-ро ифода мекунад ва мувофиқи мақсад аст, ки дар Конститутсия ин вожаи тоҷикӣ истифода шавад. Дар қисми якум ва сеюми моддаи чилум пешниҳод мегардад, ки мувофиқан калимаи «ҷамъият» ба калимаи «ҷомеа» ва калимаи «дар» ба калимаи «таҳти» иваз карда шаванд. Иваз намудани калимаи «ҷамъият» ба калимаи «ҷомеа» раванди иштироки шаҳрвандонро дар ҳаёти фарҳангии ҷомеа равонтару саҳеҳтар ифода намуда, истифодаи ин истилоҳ, яъне «ҷомеа» бештар роиҷ аст. Инчунин дар ин қисм сухан дар бораи ҳимояи моликияти зеҳнӣ меравад ва калимаи «таҳти» назар ба калимаи «дар» мазмунан мувофиқ мебошад. Дар қонунгузории соҳавии амалкунанда низ дар ин маврид калимаи «таҳти» истифода шудааст, яъне «моликияти зеҳнӣ таҳти ҳимояи қонун аст». Дар моддаи чилу панҷум пешниҳод шудааст, ки калимаҳои «додани» ва «вазифаи ҳар кас мебошад» ба калимаҳои «супоридани» ва «ҳатмист» иваз карда шаванд. Ин тағйирот ба супоридани андозҳо ва пардохтҳо дахл дошта, ҳатмӣ будани супоридани онҳоро таъкид мекунад. Калимаҳои «супоридан» ва «ҳатмист» дар ин ҷо мазмунан мувофиқ буда, онҳо дар қонунгузории амалкунандаи соҳаи андоз низ истифода шудаанд. Ба моддаи чилу нуҳум чор тағйирот пешниҳод гардидааст. Ҷумлаи сеюми қисми якум дар таҳрири зерин пешниҳод шудааст: «Вакили Маҷлиси намояндагон шахсе интихоб шуда метавонад, ки танҳо шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дошта бошад ва синни ӯ аз 30 кам набуда, дорои таҳсилоти олӣ бошад». Назар ба меъёри амалкунанда дар ин ҷо чунин меъёрҳои нав пешбинӣ шудаанд: Танҳо дорои шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон бошад. Шахсе вакили Маҷлиси намояндагон шуда метавонад, ки танҳо шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дошта, шаҳрвандии давлати дигарро надошта бошад (душаҳрвандӣ ва бисёршаҳрвандиро доро набошад). Ин талабот ба бисёр муҳим будани вазифаи узви парлумон ва амнияти давлат вобаста аст. Чунин талабот дар тағйироти пешниҳодшуда, инчунин нисбат ба ишғоли дигар мансабҳои олии давлатӣ низ пешбинӣ шудааст (Президент, аъзои Ҳукумат ва судяҳо). Синну соли вакили Маҷлиси намояндагон набояд аз 30 кам бошад. Дар меъёри амалкунандаи Конститутсия синни 25 пешбинӣ шудааст, яъне синни вакил 5 сол боло бурда шудааст. Албатта, ин тағйирот тасодуфӣ нест. Вазифаи вакили Маҷлиси намояндагон бисёр муҳим буда, масъулияти баландро талаб мекунад. Ин талабот тақозо менамоянд, ки шаҳрванд дорои таҷрибаи бештари зиндагӣ, малакаи корию касбӣ ва фаъолияти сиёсӣ бошад. Дар асоси ин омилҳо синни вакилӣ 5 сол зиёд карда шудааст. Вобаста ба ин хусусиятҳо ҳангоми интихоб ва таъин гардидан ба дигар вазифаҳои муҳими давлатӣ низ чунин синну сол (30) ба инобат гирифта мешавад. Қисми панҷуми модда дар таҳрири зерин ифода шудааст: «Узви Маҷлиси миллӣ шахсе интихоб ё таъин шуда метавонад,

ки танҳо шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дошта бошад ва синни ӯ аз 30 кам набуда, дорои таҳсилоти олӣ бошад». Ин пешниҳод аз талаботҳое бармеояд, ки дар қисми якуми ҳамин модда нисбат ба вакилони Маҷлиси намояндагон низ пешбинӣ шудаанд. Ба модда қисми нави ҳафтум дар таҳрири зерин илова карда шудааст: «Узви Маҷлиси миллӣ ва вакили Маҷлиси намояндагон баъди интихоб ё таъин шудан дар иҷлосияи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон ба халқи Тоҷикистон савганд ёд мекунанд». Ин тағйирот ба муҳим ва масъулиятнок будани вазифаи узви парлумон, инчунин ҳамчун намояндаи халқ дар назди халқ масъул будани онҳоро таъкид мекунад. Чунин

маи «марз» калимаи «ҳудуд» истифода мешавад. Дар моддаи шасту якум ду тағйирот пешниҳод шудааст. Дар қисми дуюм калимаҳои «аз се ду» ба калимаҳои «аз чор се» иваз карда шудаанд. Дар ин ҷо сухан дар бораи такроран қабули қонуни конститутсионӣ меравад, ки аз тарафи Маҷлиси намояндагон пештар бо тарафдории на камтар аз се ду ҳиссаи вакилони Маҷлиси намояндагон қабул шуда буд ва Маҷлиси миллӣ онро ҷонибдорӣ накардааст. Барои бартараф кардани манъи (ветои) Маҷлиси миллӣ пешниҳод мешавад, ки ин амал бо тарафдории аз чор се ҳиссаи вакилони Маҷлиси намояндагон сурат гирад, зеро Маҷлиси намояндагон қонуни конститутсиониро пештар бо тарафдории аз се ду ҳиссаи ва-

зиденти Ҷумҳурии Тоҷикистон низ шахси (номзади) пешбаришаванда бояд танҳо шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дошта бошад. Ин талабот аз муҳим будани мансаби Президент барои ҷомеа ва давлат, инчунин ба амнияти давлат вобаста аст. Ҳамчунин пешниҳод шудааст, шахсе, ки ҳамчун номзад ба мансаби Президент пешбарӣ мешавад, бояд синнаш аз 30 кам набошад. Тавре дар шарҳи моддаҳои дахлдор қайд гардид, синну соли шаҳрвандоне, ки ба вазифаҳои муҳим ва масъули давлатӣ пешниҳод мешаванд, дар Конститутсия якхела, яъне синни 30 пешбинӣ мешавад (узви Маҷлиси миллӣ, вакили Маҷлиси намояндагон, судяҳои Суди конститутсионӣ, Суди Олӣ, Суди Олии иқтисодӣ, судҳои вилоятҳо, шаҳри Душанбе).

аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис додани Шӯрои адлия меравад. Тибқи тағйироти пешниҳодшуда Шӯрои адлия барҳам дода шуда, масъалаҳои ба салоҳияти ин сохтор дахлдошта дар Қонуни конститутсионӣ «Дар бораи судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон» ҳаллу фасл карда мешаванд. 3. Дар банди сенздаҳум калимаҳои «бо пешниҳоди Шӯрои адлия» хориҷ карда шудааст. Дар ин ҷо сухан дар бораи ваколати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба таъин ва озод кардани судяҳо меравад. Бинобар сабаби он ки банди 12-и моддаи мазкур хориҷ мегардад, яъне Шӯрои адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон барҳам мехӯрад, тартиби пешниҳоди номзад ба вазифаи судягӣ ва озод намудани судяҳо аз вазифаашон дар

меъёр дар бисёр конститутсияҳои давлатҳои собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ ва дигар давлатҳо (Қазоқистон, Қирғизистон, Юнон, Чехия, Словакия, Полша, Литва ва дигарҳо) пешбинӣ шудааст. Қисми ҳафтум қисми ҳаштум ҳисобида шудааст ва аз нигоҳи услубӣ таҳрир гардида, меъёрҳое, ки бояд дар қонуни конститутсионӣ дарҷ карда шаванд (шумораи аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон ва тартиби интихоб ё таъин гардидани онҳо) пешбинӣ шудаанд. Дигар масъалаҳо, аз ҷумла тартиби интихоб нашудан ва мувофиқ набудани ваколати узви Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон, ки дар меъёри амалкунандаи Конститутсия дарҷ гардидаанд, ибораи «тартиби интихоб ё таъин гардидани онҳо» дар бар мегирад ва онҳо дар оянда дар Қонуни конститутсионӣ «Дар бораи интихоботи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» сабт карда мешаванд. Дар қисми сеюми моддаи панҷоҳу якум калимаи «ба қувваи қонунӣ даромадани ҳукми айбдоркунии суд, қатъи шаҳрвандӣ» ба калимаҳои «эътибори қонунӣ пайдо кардани ҳукми айбдоркунандаи суд, қатъи шаҳрвандӣ, соҳиб шудан ба шаҳрвандии давлати дигар,» илова карда шудааст. Пешниҳодҳои номбурда ба тағйироти қисмҳои якум ва дуюми моддаи чилу нуҳум вобастагӣ дорад, яъне узви Маҷлиси миллӣ ва вакили Маҷлиси намояндагон бояд танҳо шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дошта бошад. Дар сурати соҳиб шудан ба шаҳрвандии давлати дигар ваколати онҳо тибқи ин тағйирот қатъ мегардад. Инчунин ибораи «ба қувваи қонунӣ даромадани ҳукми айбдоркунии суд» бо дарназардошти дар матни Конститутсия якхела истифода бурдани ин меъёр таҳрир карда шудааст. Дар банди якуми қисми якуми моддаи панҷоҳу шашум пешниҳод мегардад, ки калимаҳои «марзиву маъмурӣ» ба калимаҳои «маъмурию ҳудудӣ» иваз карда шаванд. Ҳамон тавре дар шарҳи тағйирот ба моддаи ҳафтуми Конститутсия зикр гардид, маънои «ҳудуд» назар ба «марз» васеътар буда, тамоми ҳудуди давлат (хушкӣ, обӣ, ҳавоӣ)ро дар бар мегирад. «Марз» бошад, бештар сарҳад, хатти сарҳадро ифода мекунад. Бинобар ин, дар матни Конститутсия ба ҷойи кали-

килон қабул карда буд. Такроран бо тарафдории аз се ду ҳиссаи овозҳо қабул намудани қонуни конститутсионие, ки пештар бо тарафдории аз се ду ҳиссаи овозҳои вакилон қабул гардида буд, мантиқан дуруст нест. Аз ин рӯ меъёри мазкур (аз чор се) пешниҳод шудааст. Қисми сеюм дар таҳрири нав ифода шудааст. Тибқи он «Тафсири Конститутсияро тибқи тартиби мазкур Маҷлиси намояндагон дар шакли қонуни конститутсионӣ қабул намуда, Маҷлиси миллӣ онро ҷонибдорӣ менамояд». Бояд зикр намуд, ки ин тағйирот қисми сеюми моддаро пурра ва дақиқу аниқ кардааст, яъне тафсири меъёрҳои Конститутсияро Маҷлиси намояндагон ва Маҷлиси миллӣ дар шакли қонуни конститутсионӣ қабул ва ҷонибдорӣ менамоянд. Тартиби қабули қонуни конститутсионӣ бошад, дар қисмҳои якум ва дуюми ҳамин модда зикр гардидааст. Дар қисми дуюми моддаи шасту чорум пешниҳод мешавад, ки калимаи «қарордодҳои» ба калимаи «шартномаҳои» иваз карда шавад. Бояд қайд кард, ки тибқи санадҳои ҳуқуқии байналмилалӣ, аз ҷумла Конвенсияи Вена аз 23-юми майи соли 1969 «Дар бораи ҳуқуқи шартномаҳои байналмилалӣ» созишномаҳои байни давлатҳо бо номи «шартномаҳо» қабул шудаанд. Аз ин рӯ, дар матни Конститутсия вожаи «қарордодҳо» ба калимаи «шартномаҳо» иваз карда шудааст. Ба моддаи шасту панҷум ду тағйирот пешниҳод гардидааст. Қисми дуюми модда дар таҳрири нав ифода шуда, тибқи он «Шахсе ба номзадии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод шуда метавонад, ки танҳо шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дошта бошад, синни ӯ аз 30 кам набуда, дорои таҳсилоти олӣ бошад, забони давлатиро донад ва дар ҳудуди ҷумҳурӣ на камтар аз 10 соли охир истиқомат дошта бошад». Ба ин қисми модда ду тағйироти нав илова шудааст. Шахсе, ки ҳамчун номзад ба мансаби Президент пешбарӣ мешавад, бояд танҳо шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дошта бошад (шаҳрвандии дигар давлатро надошта бошад). Ҳамон тавре дар шарҳи моддаҳои дахлдор қайд гардид, барои интихоб ё таъин шудан ба вазифаҳои муҳими давлатӣ танҳо доштани шаҳрвандии Тоҷикистон зарур мебошад. Ба мансаби Пре-

Аз ин сабаб синну соли номзад ба Президент низ аз 35 ба 30 поён фароварда шудааст. Ба моддаи мазкур қисми панҷум илова шудааст, ки тибқи он маҳдудияти дар қисми чоруми ҳамин модда пешбинигардида, яъне меъёре, ки мувофиқи он як шахс ба вазифаи Президент бештар аз ду муҳлат пай дар пай интихоб шуда наметавонад, нисбат ба Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат татбиқ намегардад. Бояд қайд кард, ки Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат» вазъи сиёсӣ ва ҳуқуқии Пешвои миллатро муқаррар карда, ӯро ҳамчун Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, бунёдгузори давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон, хотимабахши ҷанги шаҳрвандӣ, эҳёгари таъриху фарҳанги бою ғании миллати куҳанбунёд ва тамаддунофари тоҷик, кафили пойдориву бардавомии давлати мустақили Тоҷикистон эътироф кардааст. Чунин эътирофу эҳтиром ва қадрдонӣ ба Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат онро ифода мекунад, ки ӯ шахсияти умумиэътирофшудаи таърихии миллат, ифодагари ормону орзуҳои насли гузашта, имрӯза ва ояндаи миллати тоҷик буда, барои Ватан ва миллат хизматҳои беназир ва таърихӣ кардааст. Бинобар ин, шахсияти таърихӣ бояд имконияти идомаи корҳои оғознамудаи тақдирсози худро дар оянда низ дошта бошад ва миллату Ватанро ба қуллаҳои мурод расонад. Истифода бурдан ё набурдан аз он танҳо ҳуқуқи ин шахсият мебошад. Чунин таҷриба дар баъзе давлатҳои дигар, аз ҷумла дар Ҷумҳурии Қазоқистон низ мавҷуд аст. Дар ин қисми модда ҳамчунин пешниҳод шудааст, ки вазъи ҳуқуқӣ ва ваколатҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллатро қонуни конститутсионӣ муайян мекунад. Дар моддаи шасту нуҳум панҷ тағйирот пешниҳод мегардад. 1. Дар банди ҳафтум калимаҳои «ба тасдиқи» ба калимаҳои «барои тасдиқ ба» иваз карда мешаванд. Тағйироти мазкур ҷиҳати ифодаи дурусти ин масъала мувофиқи қоидаи имлои забони тоҷикӣ пешниҳод шудааст. 2. Пешниҳод мешавад, ки банди дувоздаҳуми модда хориҷ карда шавад. Дар банди 12-уми модда сухан дар хусуси

Қонуни конститутсионӣ «Дар бораи судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон» муайян карда мешавад. 4. Пешниҳод мешавад, ки дар банди ҳаждаҳум калимаи «қарордодҳои» ба калимаи «шартномаҳои» иваз карда шавад. Тавре дар тафсири моддаи 64-ум зикр гардид, мақсади ин тағйирот якхела намудани истилоҳот бо Конвенсияи Вена «Дар бораи ҳуқуқи шартномаҳои байналмилалӣ» мебошад. 5. Бинобар сабаби хориҷ гардидани банди 12-уми модда пешниҳод шудааст, ки бандҳои 13-30 мувофиқан бандҳои 12-29 ҳисобида шаванд. Ба моддаи ҳафтоду якум қисми нав— панҷум дар таҳрири зерин илова карда мешавад: «Таъминоти иҷтимоӣ, хизматрасонӣ ва муҳофизати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро қонуни конститутсионӣ танзим менамояд». Мақсади асосии тағйироти номбурда ба ҳам якхела кардани шакли танзими ҳуқуқии мақомоти ифодакунандаи ҳокимияти қонунгузор, иҷроия ва судӣ мебошад. Вазъи ҳуқуқӣ ва дигар масъалаҳои фаъолияти узви парлумон ва судяҳо тибқи Конститутсия (моддаҳои 51 ва 84) дар шакли қонуни конститутсионӣ муайян шудааст. Бинобар ин, дар тағйироти моддаи ҳафтоду якум танзими масъалаҳои таъминот, хизматрасонӣ ва муҳофизати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон низ дар шакли қонуни конститутсионӣ пешбинӣ шудааст. Дар моддаи ҳафтоду сеюм ду тағйирот пешниҳод шудааст: 1. Қисми сеюми модда дар таҳрири нав пешниҳод мегардад. Тибқи он «Аъзои Ҳукумат баъди аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин шудан ва тасдиқ гардидани фармон дар ҷаласаи якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон савганд ёд мекунанд». Бояд қайд намуд, ки чунин меъёр дар як қатор конститутсияҳои дигар давлатҳо низ пешбинӣ шудааст. Ба монанди, Австрия, Албания, Булғористон, Венгрия, Қазоқистон, Литва, Полша, Руминия, Чехия ва ғайра. Меъёри пешниҳодшуда ба муҳимияти мансаби аъзои Ҳукумат вобаста буда, масъулияти онҳоро зиёд мекунад. Аъзои Ҳукуматро водор месозад, ки барои рушди ҷомеа, давлату миллат бештару хубтар фаъолият намоянд. 2. Дар қисми чоруми модда пешниҳод шудааст, ки аъзои Ҳукумат бояд

Шарҳи тағйиру иловаҳо ба


РАЪЙПУРСӢ-2016

«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН» №7 (9433), 18 феврали соли 2016 судҳои шаҳр ва ноҳия, судҳои ҳарбӣ, судҳои иқтисодии ВМКБ, вилоятҳо ва шаҳри Душанбе таъин мешаванд, пешбинӣ шудааст. Дар қатори таҳсилоти олии ҳуқуқшиносиро доро будан, инчунин танҳо шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистонро доштан пешбинӣ мегардад. Ҳамон тавре дар боло зикр гардид, ин шахсон бояд танҳо шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дошта бошанд. Дар қисми сеюми модда пешбинӣ мешавад, ки «синни ниҳоии дар вазифаи судя фаъолият намуданро қонуни конститутсионӣ муайян менамояд». Ин тағйирот хусусияти ҳаволакунанда дошта, таъкид мекунад, ки синни ниҳоии дар вазифаи судя фаъолият намуданро қонуни конститутсионӣ муайян менамояд. Минбаъд синну соли ба

хӯрдани Шӯрои адлия тартиби ба вазифа таъин ва озод намудани судяҳо дар Қонуни конститутсионӣ «Дар бораи судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон» муайян карда мешавад. Ба моддаи ҳаштоду нуҳум се тағйирот пешниҳод мешавад: 1. Қисми дуюм дар таҳрири нав ифода шудааст. Тибқи он «ба вазифаи судяи Суди конститутсионӣ шахсе интихоб мешавад, ки танҳо шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дошта бошад, дорои таҳсилоти олии ҳуқуқшиносӣ буда, синни ӯ аз 30 кам набошад ва ҳадди ақал 7 сол собиқаи кории касбӣ дошта бошад. Синни ниҳоии дар вазифаи судяи Суди конститутсионӣ фаъолият намуданро қонуни конститутсионӣ муайян менамояд». Дар ин

сусияти мушаххаскунанда дорад. Он бевосита ба номи пурраи мақомоти ҳокимияти давлатӣ ишора мекунад. Чунин ибора дар тағйирот ба моддаи 14-и Конститутсия низ пешбинӣ шудааст. Дар моддаи ҳафтоду шашум низ пешбинӣ шудааст, ки ибораи «Ҳокимияти маҳаллӣ» ба ибораи «мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ» иваз карда шавад. Ба моддаи ҳафтоду ҳаштум чор тағйирот пешниҳод шудааст: 1. Қисми якуми модда дар таҳрири нав пешниҳод мешавад, ки тибқи он «Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатиро раиси вилоят, шаҳр ва ноҳия роҳбарӣ менамояд». Ин пешниҳод ду тағйиротро дар бар мегирад. Ибораи «Ҳокимияти иҷроияро дар маҳал» ба «Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ» иваз гардидааст. Меъёри намояндаи Президент будани раиси вилоят, шаҳр ва ноҳия аз Конститутсия хориҷ карда мешавад. Бояд зикр намуд, ки мансаби раиси вилоят, шаҳр, ноҳия мансабҳои алоҳида мебошанд ва тибқи қонун салоҳияту ваколатҳои мушаххас доранд. Ҳамчун мансаби алоҳида ин шахсон аз ҷониби Президент таъин ва озод карда мешаванд, дар назди Президент ва мақомоти болоии худ, маҷлисҳои вакилони халқи дахлдор масъул ва ҳисоботдиҳанда мебошанд. Чунин хусусияти ин мансабҳо тақозо менамояд, ки нисбат ба онҳо меъёри намояндаи Президент истифода бурда нашавад. 2. Дар қисми дуюм пешниҳод шудааст, ки калимаи «марзӣ» ба «ҳудудӣ» иваз карда шавад. Зарурати ин тағйирот дар бандҳои дахлдори дар боло ишорашуда зикр гардидааст. 3. Дар қисми панҷум пешниҳод шудааст, ки калимаҳои «мақомоти ҳокимияти маҳаллиро» ба калимаҳои «мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатиро» иваз карда шаванд. Тавре дар тағйироти дахлдор зикр гардид, ин пешниҳод хусусияти мушаххаскунанда ва дақиқкунанда дошта, номи мақомотро пурра ифода мекунад. 4. Дар қисми шашум пешниҳод мешавад, ки калимаи «ҷамоат» бо ҳарфи калон навишта шавад, чунки номи мақомот мебошад. Дар қисми якуми моддаи ҳафтоду нуҳум пешниҳод мегардад, ки калимаи «қаламрав» ба калимаи «ҳудуд» иваз карда шавад. Оид ба ин тағйирот дар бандҳои

шавад. Ба вазифаи судяҳои Суди Олӣ, Суди Олии иқтисодӣ, судҳои ВМКБ, вилоят ва шаҳри Душанбе шахсе интихоб ё таъин мешавад, ки танҳо шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дошта бошад, дорои таҳсилоти олии ҳуқуқшиносӣ буда, синни ӯ аз 30 кам набошад ва ҳадди ақал 5 сол собиқаи кории судягӣ дошта бошад. Дар ин қисм доштани танҳо шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон меъёри нав мебошад. Ба мисли дигар вазифаҳои муҳими давлатӣ (аъзои парлумон, Президент, аъзои Ҳукумат) судя низ бояд танҳо шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дошта бошад, зеро судя ифодакунандаи шохаи алоҳидаи ҳокимияти давлатӣ буда, аз номи давлат фаъолият мекунад. Дар қисми дуюми модда талабот нисбат ба шаҳрвандоне, ки ба вазифаи судягӣ ба

нафақа баромадани судяҳо дар Қонуни конститутсионӣ «Дар бораи судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон» муқаррар карда мешавад. Дар қисми чоруми модда пешбинӣ мегардад: «Шахсе, ки бори аввал ба вазифаи судя таъин шудааст, дар вазъияти тантанавӣ савганд ёд мекунад». Дар ин ҷо Конститутсия пешбинӣ кардааст, ки дар баробари вакили парлумон ва аъзои Ҳукумат судя низ бояд дар вазъияти тантанавӣ савганд ёд кунад. Ин тағйирот муҳим будани вазифаи судягӣ ва масъулиятнок будани онро таъкид мекунад. Дар моддаи ҳаштоду шашум ибораи «бо пешниҳоди Шӯрои адлия» ба ибораи «бо тартиби муқарраркардаи қонуни конститутсионӣ» иваз карда шудааст. Ин тағйирот ба он вобаста аст, ки бинобар сабаби барҳам

қисми модда се тағйироти нав пешниҳод шудааст. Доштани танҳо шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон. Ҳамон тавре дар шарҳи моддаҳои дахлдор зикр гардид, барои вазифаҳои муҳими давлатӣ (Президент, вакилони парлумон, аъзои Ҳукумат, судяҳо) доштани танҳо шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ шудааст. Нисбат ба судяи Суди конститутсионӣ низ ин талабот пешбинӣ мегардад. Барои интихоб шудан ба вазифаи судяи Суди конститутсионӣ собиқаи кории касбии ҳадди ақал 7 сол муқаррар карда шудааст, ки ин меъёр ба синни интихоб шудан ба вазифаи судяи Суди конститутсионӣ (30) мувофиқ мебошад. Синни ниҳоии дар вазифаи судяи Суди конститутсионӣ фаъолият намудан, яъне синни ба нафақа баромадани судяҳои Суди конститутсионӣ

Конститутсияи Тоҷикистон

Тавре иттилоъ доред, санаи 22 майи соли равонро вакилони Маҷлиси намояндагони кишвар санаи баргузории раъйпурсӣ барои ворид кардани тағйиру иловаҳо ба Конститутсияи мамлакат эълон карданд. Азбаски ҷавонон дар Тоҷикистон беш аз 70 фисадро ташкил медиҳанд, иштироки фаъоли онҳо дар ин маъракаи муҳими сиёсӣ нақши асосӣ дорад. То санаи баргузории ин маърака моҳҳои башумор боқӣ мондааст. Бинобар ин, “Ҷавонони Тоҷикистон” аз ҷавонони кишвар мепурсад:

Тағйиру иловаҳо ба Конститутсияро чӣ гуна дарёфтед?

Заробиддин Ширинов: Дар давлатҳои рӯ ба инкишоф, ки Тоҷикистон ҳам ба ин гурӯҳ шомил аст, бо пешрафти замон тамоми қонунгузориҳо, бахусус қонуни асосиашон такмил дода мешавад. Назар кунем ба таҷрибаи дагар давлатҳо ва собиқ Иттиҳоди шӯравӣ, дар ҳамаи онҳо чунин тағйирот баъди қабули аввалин конститутсия ворид шуд. Масалан 2 маротиба ба Конститутсияи Қазоқистон тағйирот ворид шуд. Соли 2008 дар Конститутсияи Русия ва дар дигар давлатҳои собиқ Иттиҳоди шӯравӣ ҳам чунин тағйирот ворид шуд. Воридшавии бештари ҷавонон ба ҳаёти сиёсӣ яке аз масалаҳои муҳими тағйирот ба шумор меравад, ки мо - ҷавононро хеле руҳбаланд месозад. Шералӣ Ҷалолов: Хуш қабул кардам, зеро он ба ҷавонон имкон медиҳад, ки дар мақомоти роҳбарӣ фаъолият кунанд. Ҳамчун як шаҳрванди Тоҷикистон ҳатман рӯзи 22 май ба раъйпурсӣ меравам ва аз фурсати муносиб истифода бурда тамоми сокинони кишварро ба раъйпурсӣ даъват менамоям. Аҳмадхӯҷа Давлатов: Рӯзи 22 майи соли ҷорӣ, ҳатман раъй медиҳам! Ба андешаи ман, вақти он расидааст, ки ба хотири мустаҳкам намудани пояи давлатдорӣ, зиндагии орому осоиштаи мардум ва таҳкими самтҳои асосии инкишофи мафкураи миллӣ пешниҳоди мазкурро ҷонибдорӣ намуда, дар рӯзи раъйпурсии умумихалқӣ фаъолона иштирок намоем ва дигаронро барои иштирок дар ин маъракаи муҳим даъват намоем. Иштирок дар интихобот вазафаи муқаддаси ман аст!

дар Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон» муқаррар карда мешавад. 2. Ба модда қисми сеюм дар таҳрири зерин илова карда шудааст: «Шахсе, ки бори аввал ба вазифаи судяи Суди конститутсионӣ интихоб шудааст, дар иҷлосияи Маҷлиси миллӣ савганд ёд мекунад». Бояд қайд намуд, ки ин меъёр то ҳол дар Қонуни конститутсионӣ «Дар бораи Суди конситутсионӣ» муқаррар шуда буд. Айни замон, ки дар Конститутсия савганди вакилони парлумон, аъзои Ҳукумат ва судяҳо пешбинӣ мешавад, савганди судяи Суди конститутсионӣ низ дар сатҳи Конститутсия муқаррар мегардад. 3. Қисми сеюми модда қисми чорум ҳисобида шуда, дар банди якуми он баъди калимаи «санадҳои» калимаи «меъёрии» илова карда шуда, калимаи «қарордодҳои» ба калимаи «шартномаҳои» иваз карда мешавад. Калимаи «меъёрӣ» мушаххас нишон медиҳад, ки Суди конститутсионӣ на ҳамаи санадҳои ҳуқуқӣ, балки танҳо санадҳои меъёрии ҳуқуқиро мавриди баррасӣ қарор медиҳад. Тавре дар боло қайд гардид, дар асоси Конвенсияи Вена «Дар бораи ҳуқуқи шартномаҳои байналмилалӣ» ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи шартномаҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон» бо мақсади якхела намудани истилоҳот калимаи «қарордодҳо» ба калимаи «шартномаҳо» иваз карда шудааст. Дар моддаи 91 калимаи «ҷиноӣ» ба калимаи «ҷиноятӣ» иваз карда мешавад. Тавре ки дар тағйироти моддаи 20 қайд гардид, ин пешниҳод хусусияти якхела истифода кардани ин истилоҳро дорад. Дар моддаи наваду сеюм пешниҳод мегардад, ки калимаи «қаламрави» ба калимаи «ҳудуди» иваз карда шавад. Чунин тағйирот дар моддаи ҳафтоду чоруми Конститутсия низ пешниҳод шудааст, ки он мақсадро возеҳтару аниқтар ифода мекунад. Калимаи «ҳудуд» назар ба «қаламрав» васеътар буда, ҳудуди хушкӣ, обӣ ва ҳавоиро ифода мекунад. Пешниҳод шудааст, ки дар тамоми матни Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон калимаи «ҳақ» ба калимаи «ҳуқуқ» иваз карда шавад. Бояд зикр намуд, ки дар худи Конститутсия ва қонунгузории амалкунанда маъмулан калимаи «ҳуқуқ» бештар истифода мешавад. Аз дигар тараф, калимаи «ҳуқуқ» маъмул ва роиҷ гаштааст. Аз ин рӯ, пешниҳод шудааст, ки калимаи «ҳақ» ба калимаи «ҳуқуқ» иваз карда шавад. Дар банди чоруми Муқаррароти интиқолӣ таъкид шудааст, ки аъзои Маҷлиси миллӣ, вакили Маҷлиси намояндагон ва аъзои Ҳукумат баъд аз эътибори ҳуқуқӣ пайдо кардани «Тағйиру иловаҳо ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон» бо тартиби муқаррарнамудаи Конститутсия ва қонунҳои конститутсионӣ савганд ёд мекунанд. Шахсоне, ки ҳоло ин вазифаҳоро ишғол кардаанд ва шахсе, ки минбаъд онро ишғол мекунад, бо тартибе, ки Конститутсия ва қонунҳои конститутсионӣ муқаррар мекунанд, савганд ёд мекунанд. Баъзе аз ҷузъиёти савгандёдкунӣ ва матни худи савганд дар қонунҳои конститутсионӣ, ки фаъолияти ин мақомотро танзим мекунанд, муқаррар карда мешаванд.

www.javonon.tj

дахлдори дар боло зикргардида қайд карда шудааст. Ба моддаи ҳаштоду чорум ду тағйирот пешниҳод шудааст: 1. Дар қисми сеюми модда пешниҳод шудааст, ки ибораи «Тарзи ташкил» ба ифодаи «Тартиби таъсис, ташкил» иваз карда шавад. Қобили таъкид аст, ки «Тартиби таъсис, ташкил» мақсадро хубтар ифода карда, дар Қонуни конститутсионӣ «Дар бораи судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон» низ тартиби таъсиси онҳо пешбинӣ шудааст. 2. Дар қисми панҷуми модда низ калимаи «Ташкили» ба калимаи «Таъсиси» иваз карда шудааст. Моддаи ҳаштоду панҷум дар таҳрири нав ифода шудааст. Дар ин модда сухан дар хусуси талабот нисбат ба шахсе меравад, ки ба вазифаи судягӣ интихоб ё таъин ме-

е-mail: javonontj@mail.ru

танҳо шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дошта бошад. Ҳамон тавре ки дар боло зикр гардид, ин амал ба муҳимияти вазифаҳои давлатӣ, аз ҷумла аъзои Ҳукумат ва амнияти давлат вобаста аст. Дар қисми якуми моддаи ҳафтоду чорум пешниҳод шудааст, ки калимаи «қаламрави» ба калимаи «ҳудуди» иваз карда шавад. Тавре дар бандҳои дахлдор зикр гардид, калимаи «ҳудуд» назар ба «қаламрав» васеъ буда, ҳудудҳои хушкӣ, обӣ ва ҳавоиро дар бар мегирад ва истифодаи ин истилоҳ дар ин ҷо ба мақсад мувофиқ аст. Дар номи боби шашум пешниҳод мешавад, ки ибораи «Ҳокимияти маҳаллӣ» ба ибораи «Мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва худидоракунӣ» иваз карда шавад. Ин пешниҳод ху-

9


е-mail: javonontj@mail.ru

10

ҶАВОНОН ВА ЗАМОН

«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН» №7 (9433), 18 феврали соли 2016

 СОҲИБКАСБ

Гаҳворасозӣ аз қадимулайём дар байни мардуми тоҷик маъмул буда, ҷойхоби махсус барои тифлон аст. Дар он кӯдак то 1,5-2-солагӣ хоб меравад. Устоҳои гаҳворасоз ҳангоми сохтани гаҳвора ҳунари худро бо меҳру муҳаббати беандоза ба кӯдакон изҳор медоранд. Ҳунарманд заҳмат харҷ намуда, кӯшиш мекунад, ки гаҳвора роҳатбахшу мунаққаш бошад ва ба тифл аз оғоз эҳсоси зебоипарастиро тақдим намояд.

Зебоии инсон ҳунари ӯст

www.javonon.tj

Беҳрӯз ХОЛМУРОДОВ Маъруф Шарифов аз ҷавонҳоест, ки аз 15-солагӣ ба гаҳворасозӣ машғул гардида, барои аз худ намудани ин ҳунари мардумӣ кӯшиш намудааст. Аввалин бор барои хоҳараш гаҳворачаи хурдакаке сохт. Аввал барояш бисёр мушкил буд. Аммо пас аз талошҳои пайваста нозукиҳои ин ҳунарро омӯхта, ҳоло ба сохтани гаҳвора худаш танҳо низ машғул мешавад. Гаҳворасозӣ барои оилаи Маъруф меросӣ аст. Аз замонҳои хеле дур аҳли байташ аз пушти ин ҳунар зиндагии худро беҳ мегардонанд. “Бобову падарам ба ин касб машғуланд. Вақте онҳоро ҳангоми сохтани гаҳвораҳо медидам, дар қалби ман низ меҳри ин пеша ҷо гирифт. Падарам ва тағоям ин ҳунарро ба ман омӯзонданд”. Бино ба гуфти ҳамсуҳбати мо, гаҳвораро бештар аз чӯби дарахтони бед, чормағз, зардолу ва пояашро бештар аз чӯби тут месозанд. Дарозии гаҳвора аз 92 см то 1-1,5 м, бараш 35- 45 см ва баландиаш 50-60 см мешавад. Дар баробари ин, вобаста ба муроҷиатҳои шаҳрвандон дар андозаҳои гуногун низ гаҳвора месозанд. - Пешаи гаҳворасозӣ дар баробари меҳнати зиёдро талаб намудан, нозукиҳои бисёре низ дорад. Ҳангоми сохтани он, агар ба кори хеш аҳамият надиҳӣ, бо асбобҳо, ки хеле тез ҳастанд, шояд ба худ зарар расонӣ. Инчунин ҳар нафари ба ин ҳунар машғул хуб медонад, ки дар вақти сохтани он бениҳоят эҳтиёткор будан лозим, чунки агар ягон қисми чӯбе, ки онро нағз ҳамвор накардаед, шояд ба ҳамон тифле, ки дар он мехобад, зарар расонад”, - меафзояд Маъруф. Айни ҳол ҳамроҳи тағояш

дар як дӯкон ба гаҳворасозӣ машғул буда, дар ҳар ду-се рӯз як гаҳвораро омода намуда, пешкаши муштариён менамоянд. Гаҳвораҳои тайёрнамудаи онҳо дар бозорҳои пойтахт бо нархи 150-200 сомонӣ ба фурӯш гузошта мешавад. То имрӯз чанд намуди гаҳвораро дар алоҳидагӣ омода сохта, дар рушди ин ҳунари мардумӣ ва зинда мондани он саҳми арзанда гузоштааст. Дар оянда ният дорад, ки дукони алоҳида таъсис дода, баҳри боз ҳам сайқал ёфтани ҳунари хеш талош варзида, дар баробари ин барои инкишоф додани ин ҳунар ва офаридани навъҳои нави гаҳвораҳо кӯшиш намояд.

Дар баробари ин ба ҷавононе, ки майли омӯхтани ин ҳунарро доранд, омодааст, ин ҳунари мардумиро омӯзонад. Маъруф 20 сол дошта, донишҷӯ низ мебошад. Ба ҷавононе, ки оворагардӣ мекунанд, таъкид менамояд, ки ба ҷойи он ба омӯхтани пешае андармон шаванд. “Ҳеҷ кас аз оворагардӣ фоидае ба даст наовардааст. Зебоии инсон дар ҳунар аст. Аз ин рӯ, агар шахс дорои ҳунаре бошад, ҳаргиз мавриди мазаммати дигарон қарор намегирад, балки бо ҳунари хеш ҳам ба худ хубӣ меораду ҳам ба дигарон”, - мегӯяд Маъруф Шарифов.

Марказҳои ҷавонон хеле каманд

Барои дастгирии ҷавонон ва рушди муътадили онҳо дар кишвар марказҳои ҷавонон фаъолият мекунанд. Дар онҳо бештар ҷавонони камбизоат, ятимон, бекорон ва оилаҳои эҳтиёҷманд ҷалб мешаванд. Аммо имрӯз шумораи ин марказҳо бениҳоят кам аст, махсусан дар ноҳияҳои дурдаст.

Иброҳим Мирзоев, муовини сардори Раёсати кор бо ҷавонони Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ, бо нигаронӣ гуфт, яке аз масъалаҳое, ки то кунун дар сатҳи маҳалҳо нигаронкунанда боқӣ мондааст, то ҳол таъсис наёфтани марказҳои ҷавонон мебошад. Ба қавли номбурда феълан дар кишвар 53 марказ барои ҷавонон вуҷуд дорад. Яъне ба 10 ҳазор ҷавон як марказ рост меояд, ки он талаботи имрӯзаро қонеъ намекунад. Ӯ бовар дорад, ки ин марказҳо барои фаро гирифтани тамоми ҷавонон нокифояанд, чунки маркази ҷавонон дар як сол иқтидори бо хизматрасонии сифатнок фарогирии ҳамагӣ 2000 ҷавонро дорад. - Барои фарогирии кулли ҷавонон мебояд теъдоди марказҳои ҷавононро панҷ маротиба зиёд ва ё ба 315 адад бо дарназардошти таъмини онҳо бо 2-3 воҳиди кории доимоамалкунанда расонид. Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ ҷиҳати устувор гардонидани фаъолияти марказҳои ҷавонон ва фарогирии ҷавонон ба давраҳои омӯзишии забонҳои русӣ, англисӣ, компютерӣ, барномасозӣ ва дӯзандагӣ дар шаҳру ноҳияҳои Хоруғ, Кӯлоб, Данғара, Қӯрғонтеппа, Вахш, Ёвон, Абдураҳмони Ҷомӣ, Исфара, Ҳисор, Ваҳдат, Ҷиргатол ва Душанбе доир намуд. Дар маҷмуъ 36 давраи омӯзишӣ баргузор гардид, ки беш аз 1120 нафар ба он фаро гирифта шуданд, - афзуд И. Мирзоев. Коршиносон бар он ақидаанд, ки аксари ҷавонон худ барои рушди инсониашон кӯшиш намекунанд. Дигар ин ки дар шаҳри Душанбе ҷавонон фаъолтаранд. Барои он ки дар ин ҷо шароит хубтар аст ва марказҳои гуногуни ҷавонон барои онҳо дастрасанд. Аз мушоҳидаҳо маълум аст, ки қисми ҷавонони пойтахт дар вақти холии худ ба марказҳои интернет, марказҳои омӯзиши забонҳо, марказҳои ҷавонон рафта, машғули кору омӯзиш

мешаванд. Вале ин имкон танҳо дар шаҳри Душанбе аст, дар бархе аз минтақаҳои дурдасти ҷумҳурӣ ҷавонон вақти холии худро бесамар истифода мебаранд, чунки марказҳо вуҷуд надоранд. Яке аз мушкилиҳои мубрами ҳаёти ҷавонон бекорӣ аст. Одатан ҷавонони синну соли аз 14 то 30-сола бештар ба фарогирӣ ба шуғлҳои гуногун ниёз доранд. Барои ҳамин, шумораи марказҳои ҷавононе, ки дар он ҷо аслан ба забономӯзӣ, омӯзиши компютер, омӯзиши малакаҳои касбӣ, аз қабили дӯзандагӣ, дуредгарӣ, кандакорӣ ва амсоли инҳо метавон машғул шаванд, дар ноҳияҳои дурдасти кишвар бояд зиёд гарданд. Илҳом Юнусов, директори КВД “Маркази ҷумҳуриявии фарҳангии ҷавонон “Ориёно” тавре зикр кард, имрӯз яке аз мушкилоте, ки дар марказҳои ҷавонон ба чашм мерасад, набудани инфрасохтори лозима мебошад. “Марказҳои ҷавонон пеш аз ҳама бояд соҳиби инфрасохтори хуб бошанд. Инфрасохторе, ки мувофиқ ба талаботи ҷавони муосир аст. Масалан, барои гузаронидани курсҳои кӯтоҳмуддат ва ё забономӯзӣ дар марказ бояд техникаву технологияи нав муҳайё бошад, то ҷавон аз он бе мушкилӣ истифода бурда тавонанд. Ҷаҳон рӯз ба рӯз тарақӣ мекунад ва мо ҳам баробари он бояд рушд карда тавонем, на ба қолаби солҳои пешин. Бо ин роҳ мо метавонем ҷавононро ба сиёсати давлатии худ мутобиқ гардонем”, - иброз дошт И. Юнусов. Номбурда афзуд, ки имрӯз дар пойтахт КВД “Маркази ҷумҳуриявии фарҳангии ҷавонон “Ориёно” фаъолият мекунад. Он соли 1998 бо ибтикори Кумитаи кор ба ҷавонони назди Ҳукумати ҷумҳурӣ таъсис ёфтааст. Марказ субъекти хоҷагидор мебошад ва фаъолияташ ба самти сиёсати фарҳангӣ-фароғатӣ ва маърифатӣ миёни ҷавонон равона шудааст. Дар он аз соли 2013 курсҳои кӯтоҳмуддати дузандагӣ ба роҳ монда шудааст, ки бо ширкатҳову

Ҳасан АЗИЗОВ корхонаҳои дӯзандагии кишвар ҳамкорӣ дорем. Дар курсҳои кӯтоҳмуддат, зиёда аз 1000 нафар ҷавон аз тамоми гӯшаву канори ҷумҳурӣ, махсусан ҷавондухтарони ниёзманд фаро гирифта шудаанд. Инҳо асосан духтаронеанд, ки соҳиби фарзанди зиёд буда, бепарастор, ятим ва аз оилаҳои камбизоат мебошанд. Курсҳо дар ду-се марҳила гузаронида мешаванд. Марҳилаи якум омӯзиш ва марҳилаи дуюм такмили омӯзиш аст. Омӯзиш ду-се моҳ мебошад. Инчунин дар марказ ташкили курсҳои забономӯзӣ, махсусан, забони рӯсӣ ва англисӣ ба роҳ монда шудааст... Рамзия Ғозиева, ки 19 сол дорад, дар Коллеҷи тиббӣ таҳсил менамояд. То нисфирӯзӣ ба омӯзиш машғул аст. Пас аз он ба хона рафта, ба рӯбу чини хона ва нигоҳубини бародаронаш машғул мешавад. Ӯ ба омӯзиши забони англисӣ шавқи зиёд дорад, вале ба он вақташ намерасад. Ӯ мегӯяд, ки боре ба ягон маркази ҷавонон нарафтааст. Дар бораи чунин марказҳо ҳатто маълумот надорад. Аммо хоҳиши омӯхтани ягон забони хориҷиро дорад. Аз ин гуфтаҳо хулоса кардан мумкин аст, ки таваҷҷуҳи ҷавонон ба марказҳои ҷавонон ҳаст, танҳо бояд марказҳоро бештар гардонду фаъолияташонро пурзӯр кард. Инчунин онҳоро бо таҷҳизоти муосир бояд ғанӣ гардонд, то ҷавонон майл кунанд. Танҳо бо ин роҳ метавон ҷавононро аз гароиш ба ҷараёнҳои номатлуб ва бекоргардӣ эмин нигоҳ дошт. Агар ҳифзи насли ҷавонро мехоҳем, агар мақсади парвариши дурусти ҷавонон ва ба ҳамин васила ташаккули ҷамеаи солимро орзумандем, пас бояд дар ин самт не нерӯву тавонмандиро дареғ дорем, не маблағу васоити дигарро...


МАВҚЕИ “ҶАВОНОН...”

- Масъалаи муҳиме, ки ба ин қонун ворид шуд, иваз кардани ҷазои маҳрумият аз озодӣ ба намудҳои дигари ҷазо, аз ҷумла ба ҷарима нисбат ба шахсоне, ки дар содир кардани ҷиноятҳои коррупсионӣ даст задаанд, мебошад, - мегӯяд Азизмуҳамад Холмуҳаммадзода, вакили Маҷлиси намояндагон. - Маблағ вобаста ба дараҷаи вазнинии ҷиноят муқаррар мешавад. Тавре мо муайян кардем, ҳаҷми аз ҳама баланди он 21900 нишондиҳанда, яъне 876 000 сомонӣ мебошад. Тағйирот ба Кодекси ҷиноӣ аз ҷониби Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи ҷумҳурӣ пешниҳод шудааст. То ин дам қонун барои кирдорҳои хусусияти коррупсионидошта аз 3 то 7 сол маҳрум шудан аз озодиро пешбинӣ мекард. ТАҶРИБАИ ДИГАР КИШВАРҲО ДАР МУБОРИЗА БО ФАСОД Танҳо дар 9 моҳи соли 2015 дар Федератсияи Русия нисбат ба 8,8 ҳазор нафар ашхоси ба коррупсия гумонбаршуда парванда боз шудааст. Вобаста ба вазнинии ҷиноят барои ашхоси дар коррупсия дастдошта аз ҷарима сар карда, то ба 20 соли маҳрумият аз озодӣ пешбинӣ шудааст. Соли гузашта дар Федератсияи Русия собиқ губернато-

Пешгирӣ ё ҷазодиҳӣ? Кадоме дар мубориза бар зидди коррупсия самарабахштар аст? ри вилояти Сахалин А. Хорошавин бо ҷурми гирифтани ришва дар ҳаҷми 5,6 миллион доллар, собиқ роҳбари Ҷумҳурии Коми В. Гайзер бо ҷурми зараррасонӣ ба буҷа дар ҳаҷми 1,1 миллиард рубл боздошт шуданд. Дар назди Президенти Федератсияи Русия Шӯрои мубориза бар зидди коррупсия амал мекунад. Соли 2015 Русия дар мубориза бар зидди фасод 17 зина боло рафта, ҷойи 119умро ишғол намуд. Аз рӯи маълумоти созмони «Transparency International» Тоҷикистон дар ин раддабандӣ ҷои 136-умро ишғол мекунад. Чанде пеш президенти Русия Владимир Путин пешниҳод намуд, ки бо мақсади самаранок шудани мубориза бо коррупсия молу мулки ришвахӯрон ба фоидаи давлат мусодира карда шавад. Вакили Думаи давлатӣ Николай Ковалёв бошад, пешниҳод намуд, ки гуноҳи порахӯрӣ бо хиёнат ба Ватан баробар шумурда шавад. Дар Чин ба ришвахурон ҷазои сахттар медиҳанд. Масалан, мансабдоре, ки 100 000 юан (15000 доллар) пора гирифтааст, 10 сол аз озодӣ маҳрум мешавад. Агар муайян шавад, ки мансабдор 1 миллион доллари давлатро «обу лой» кардааст, бе гуфтугӯ ҳукми қатл мегирад. Дар ин кишвар ба онҳое, ки пора пешниҳод мекунанд, низ ҷазои сахт дода мешавад. Чунончӣ соли 2008 барои пешниҳоди пора ба мансабдорон баҳри соҳиб шудан ба иҷозатномаи сохтмони иншооти олимпӣ 150 нафар соҳибкорро дар яке аз варзишгоҳҳои назди шаҳри Пекин паронданд. Коршиносони чинӣ пешниҳод карда истодаанд, ки вобаста ба буҳрони молиявӣ минбаъд барои гирифтани пора дар ҳаҷми зиёда аз 500 000 юан

 БОНГИ ИЗТИРОБ

Аксари онҳо сабаби худсарона баланд бардоштани нархи роҳкироро дар қиматшавии нархи маводи сӯзишворӣ мебинанд. Оё дуруст аст, ки нархи муқарарнамудаи шаҳрдорӣ ба хароҷоти сӯзишвории онҳо намерасад? Шояд ин баҳонае беш набошад. Агар ин тавр мебуд, раиси шаҳр ҳеҷ гоҳ чунин қарор қабул намекард. Пас чаро ронандагон қарори раиси шаҳрро сарфи назар мекунанд? Мушоҳидаҳо

кишварҳои Дания, Шведсия ва Финландия низ яке аз пасттаринҳо дар ҷаҳон ба шумор меравад. Дар ин кишварҳо муносибат миёни давлат ва аҳли ҷомеа хеле шаффоф сурат мегирад. Декларатсияи фаррошу вазир барои дилхоҳ кас дастрас аст. Ҳар як ҳодисаи коррупсия зуд ошкор шуда, боиси нафрати мардуми ин кишварҳо мегардад. Дар Финландия дар 10 соли охир бинобар ҷанҷолҳои коррупсионӣ 6 узви ҳукумат ва 23 мансабдори баландпоя ба истеъфо рафтанд. БАРОИ ПЕШГИРИИ КОРРУПСИЯ ЧӢ БОЯД КАРД? Зимни баррасии лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани илова ба Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон» вазири адлияи мамлакат Шоҳмурод Рустам иброз дошт, ки ҳадаф аз ворид намудани ин илова ба қисми 1 моддаи 83 Кодекси андози ҷумҳурӣ равона намудани фаъолияти мақомоти андоз ба пешгирии кирдорҳои коррупсионӣ дар соҳа мебошад. Тибқи ин меъёр мақомоти андоз вазифадоранд, хавфҳои эҳтимолиеро, ки ба содиршавии коррупсия дар мақомоти андоз мусоидат мекунад, муайян намуда, баҳри баҳрамандиҳои онҳо чора андешанд. Дар ин сурат кирдорҳои коррупсионӣ дар марҳилаҳои аввал пешгирӣ мешавад. Алҳол дар ҷумҳурӣ «Стратегияи муқовимат бо коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013-2020», ки бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон 30 августи соли 2013 тасдиқ гардидааст, амалӣ шуда истодааст. Ба андешаи ман, дар ин ҷода истифода аз таҷрибаи дигар кишварҳо манфиатбахш аст. Масалан,

Ҳам ғорату ҳам дағалӣ нишон медиҳанд, ки ҳамарӯза ронандагон нархи роҳкироро ду сомонӣ муайян карда, бо мусофирон моҷаро мебардоранд. Холаи Сайрам, сокини шаҳри Душанбе, аз муносибати бади баъзе аз ронандагон шикоят карда гуфт: - Баъзе аз ронандагон бисёр рафтори ноҷо мекунанд. Ғайр аз тамаъкориашон инчунин дар дохили нақлиёт аз ҷониби бештари ронандагон ҳурмату эҳтиром нисбат ба мусофирон дида намешавад. Худи ман, ки ҳамеша аз хизматрасонии ин намуди нақлиёт истифода мебарам, борҳо шоҳиди моҷароҳои давомдори мусофирону ронандагон шудаам. Чанд рӯз пеш ба нақлиёти тамғаи «Старекс»-и хатсайри 54 савор шуда, ба ронанда як сомонӣ дароз намудам. Ронанда то куҷо рафтани маро пурсида, як сомонии дигар талаб кард. Ман бо нишони эътироз гуфтам, “то нисфи роҳ, яъне то Сирк меравам ва худи шумо нағз медонед, ки то нисфи роҳ як сомонӣ аст”. Аммо ронанда якбора оташ гирифту дағалона гуфт: “Новобаста

аз масофа ду сомонӣ аст, маъқул набошад, фаромада ба дигараш савор шав”. Ман барои он ки дар нақлиёт ҷангу ҷанҷол нашавад, 60 дирам дароз намудам. Лекин ин навбат ронанда тангаҳоро нагирифта бо қаҳр гуфт: “Ман ба ту кӯдакам, ки бо ман тангабозӣ мекунӣ?” Ман ҳам дар ҷавоб гуфтам, ки” чӣ хел кӯдакбозӣ? Ман мувофиқи қарори раиси шаҳри Душанбе роҳкиро дароз кардам. Инсофу шарм доред? Охир ин тавр намешавад, фикри дигаронро ҳам кунед”. Ба мусофирони дохили нақлиёт нигоҳ карда гуфтам: “Чаро хомӯш меистед? Шумо ҳам гап занед, ҳаққи худатонро талаб кунед, ки ин ронандагони беинсоф аз ҳад мегузаронанд. Ронанда ё аз ғояти шарм буд, ё қаҳру ғазаб, ки якбора нақлиёташро нигоҳ дошту “пул бошад, инсоф даркор нест” гуфта бо як дашноми қабеҳ маро аз нақлиёт фаровард. Бояд гуфт, ки хатсайри мазкур ҳеҷ вақт то нисфи роҳ, яъне то Сирки давлатӣ, ки мувофиқи нақшаи хатсайр «нисфи роҳ» гуфта шудааст, як сомониро қабул надоранд ва

Сайфиддин СУННАТӢ дар Чин бо мақсади пешгирии кирдорҳои коррупсионӣ хизматчиёни давлатиро бонавбат ба муассисаҳои ислоҳотӣ мебаранд, то ки ҳоли ҳамкасбони ба ҷурми ришвахӯрӣ зиндонишудаашонро бубинад. Ин таҷриба тибқи мақоли тоҷикии «Шунидан кай бувад монанди дидан» самараи нек медиҳад. Дар Сингапур бошад, мансабдорон дар декларатсия ба таври шаффоф манбаи даромад ва молу мулки доштаашонро менависанд. Агар навиштаҳояшон ба ҳақиқат мувофиқат накунад, ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд. Аз ин рӯ, Сингапур солҳост ба даҳгонаи кишварҳое шомил аст, ки сатҳи коррупсия дар онҳо паст мебошад. Ҳамчунин, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон дар ин самт кӯмаки зиёд мекунад. Тавассути гузаронидани суҳбату аксияҳо дар мавзӯи «Ҷомеа бар зидди фасод», нашри силсилаи мақолаҳо ва таҳияи барномаҳои телевизионӣ доир ба пешгирии ришвахӯрӣ, насби шиору овезаҳои таблиғотӣ дар ин мавзуъ метавонад афкори оммаро ба мубориза бар зидди коррупсия ҷалб созад. Чунончи, кишварҳои соҳили Балтика дар ин ҷода муваффақ гашта, миёни собиқ ҷумҳуриҳои шӯравӣ дар мубориза бар зидди ришвахӯрӣ мақоми баландтаринро ишғол мекунанд. Хуб мешуд, ки аз ҳисоби кормандони Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия, кормандони Прокуратураи ҷумҳурӣ, КДАМ ва Вазорати корҳои дохилии мамлакат гурӯҳи таблиғотие ташкил намуда, тибқи нақша ба донишгоҳу муассисаҳо ва маҳаллаҳо рафта, бо донишҷӯён, сокинони шаҳру деҳот дар хусуси чораҳои пешгирии коррупсия мулоқот доир намоянд. Решакан кардани коррупсия омили пешрафти кишвар хоҳад шуд.

ҳамеша ронандагони он то Сирки давлатӣ аз мусофирон ду сомонӣ талаб мекунанд. Инчунин аксари онҳо то ба охири хатсайр нарафта, дар бозори “Саховат” мусофиронро мефароранд. Агар инро мантиқан фикр кунем, ронандагон нияти дигар доранд. Яъне, баъди дар “Саховат” фаровардани мусофирон, ронанда аз сари нав мусофирони дигарро савор мекунаду ба охири хатсайр мебарад (баъзан вақт ин дар шаҳраки Гипрозем низ такрор меёбад). Аз ин бармеояд, ки баъзе ронандагони ин хатсайр аз мардум на як сомонию шаст дираму ду сомонӣ, балки се сомонӣ ба даст меоранд. Тарзи муоширати онҳо бошад, тамоман ба чорчӯбаи инсоният дуруст намеояд. Шояд ин ягона ҳолат набуд, ки нисбат ба ҳамсуҳбати мо ронандаи нақлиёти ҷамъиятӣ чунин муносибат кардааст. Имрӯз нисбат ба ӯ чунин муносибатро раво дид, фардо бо нафари дигар чунин рафтор мекунад. Барои ин бояд ҳама аз як гиребон сар барорем. Ман фикр мекунам, ки агар мусофирони нақлиёт аз ин зан пуштибонӣ мекарданд, шояд ронанда чунин рафтор намекард. Шумо чӣ мегӯед?

Фирӯз КОМИЛОВ, коромӯзи “ҶТ”

www.javonon.tj

Имрӯзҳо дар Душанбе теъдоди нақлиёти мусофирбари «Starex» хеле зиёд буда, дар хизматрасонӣ ба мусофирон дар ҷойи аввал меистанд. Агарчӣ пештар хизматрасонии ин намуди нақлиёт беҳтар буд, вақтҳои охир қариб аксари сокинони шаҳр аз хизматрасонии бади он, хусусан аз ронандагону пулчинакҳо норизоӣ баён менамоянд. Сабаби арзу шикояти мардум дар он аст, ки баъзе аз ронандагони баднафс нархи роҳкироро ба табъи дили худ муқаррар мекунанд. Бар замми баднафсию беинсофӣ ронандагон, боз бо мусофирон муносибату муоширати хуб надоранд. Чаро ронандагон чунин муносибатро нисбат ба мусофирон раво мебинанд?

(80 000 доллар) ҳукми қатл дода шавад. Чанде пеш корманди мақомоти давлатии шаҳри Лоян, узви Ҳизби коммунистии Чин Чхен Вуи 32-сола бо гирифтани 630 000 юан (қариб 100 000 доллар ) боздошт шуд. Агар пештар барои ин кирдораш ба ӯ 8 соли зиндон таҳдид мекарда бошад, баъд аз тағйирот дар қонуни ҷиноии Чин ба вай мумкин аст ҳукми қатл диҳанд. Яке аз сабабҳои пешрафти Сингапурро коршиносон дар муборизаи бомуваффақияти он бо коррупсия мешуморанд. Баъди ба даст овардани истиқлолият (соли 1965) сатҳи зиндагӣ дар Сингапур хеле паст буд. Аз кормандони полис сар карда то мақомоти маҳаллию аъзои ҳукумат пора мегирифтанд. Бо мақсади ислоҳи вазъият роҳбари Сингапур Ли Куан Ю чораҳои шадиди зиддикоррупсиониро роҳандозӣ кард. Маоши кормандони Бюрои тафтиши ҳолати коррупсионӣ ва судяҳоро якчанд маротиба баланд карда, ба онҳо имтиёзоти зиёд дод. Тибқи озмун беҳтарин ҳуқуқшиносон ба ин сохтор ҷалб шуданд. Ба пӯстини мансабдорони порахӯр кайк даромад. Як қатор вазирон барои даст доштан дар ришвахӯрӣ зиндонӣ шуданд. Қисми дигар ҳукми судро интизор нашуда, даст ба худкушӣ заданд ва ё аз мамлакат фирор намуданд. Ҳатто якчанд хешованди Ли Куан Юро, бо розигии худи ӯ ҳукми қатл доданд. Тамоми мансабдорон ба таври шаффоф рӯйхати молу мулкро зимни ба кор қабул шудан пешниҳод мекарданд. Ҳаҷми маоши кормандони мақомоти давлатӣ баланд бардошта шуд. Супурдани андози давлатӣ соддаву сабук гардид. Дар натиҷа, имрӯз сатҳи зиндагӣ дар Сингапур яке аз баландтаринҳо дар дунёст. Сатҳи коррупсия дар

11 е-mail: javonontj@mail.ru

Ҳафтаи гузашта вакилони Маҷлиси намояндагон тағйирот ба се моддаи Кодекси ҷиноии Тоҷикистон, ки вобаста ба ришваситонӣ буд, тағирот ворид намуданд. Ислоҳоти мазкур ба мансабдорони ришвагир имкон медиҳад, ки ҳар рӯзи дар маҳбас будани худро бо пардохти 200 сомонӣ ва 7 соли маҳрум шудан аз озодиро бо супурдани зиёда аз 800 000 сомонӣ иваз намоянд.

«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН» №7 (9433), 18 феврали соли 2016


е-mail: javonontj@mail.ru

12

ВАРЗИШ

«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН» №7 (9433), 18 феврали соли 2016

Дар замоне, ки ҷаҳон бо буҳрони шадиди молӣ дасту панҷа нарм мекунад, Чин бо харҷи маблағҳои ҳангуфт барои соҳиб шудан ба футболбозони моҳир ҳамаро дар ҳайрат гузошт. Бошгоҳи футболи “Тсянсу Сунин”-и Чин барои ба ҳайати даста овардани Алекс Тейшейри бразилӣ, нимҳимоятгари “Шахтёр”-и Донетск 50 миллион евро пардохт кардааст. Аз ин пештар “Гуанжоу Эвергранд”, клуби дигари чинӣ, бо 42 миллион евро Ҷексон Мартинес, ҳамлагари колумбиягиро аз “Атлетико”-и Испания харид. Аммо ин охири кор нест. Бино ба иттилои расонаҳои варзишӣ, клубҳои Чин барои ҷалби бозингарон қариб 200 миллион евро харҷ кардаанд ва ин додугирифтҳоест, ки тасдиқ шудааст. Дар ин миён пешниҳодҳое будаанд, ки анҷом нашудаанд. Масалан, клуби “Тсянсу Сунин” мехост аз “Челси” Оскарро бигирад. Ба иттилои расонаҳои Британия, чиниҳо омода будаанд, барои ӯ наздики 100 миллион евро пардохт кунанд. Халкро мехостанд аз “Зенит”-и Питербург бар ивази 30 миллион евро соҳиб шаванд. Ҳоло аз чанд гузариш ба клубҳои чинӣ ёд меорем, ки дар ин шабу рӯзи ба қавле буҳронӣ воқеан ҷойи андеша доранд. Алекс Тейшейр (маблағи трансфер — 50 миллион евро) “Тсзянсу Сунин” ба “Шахтёр” маблағи ҳангуфт пардохт кард. 50 миллион евро барои мав-

Чин дар футбол низ пешсаф шуданист? сими зимистонаи трансферии 2016 рекордӣ маҳсуб мешавад. Қарордод бо Тейшейр барои чор сол баста шудааст. Ӯ дар Чин солона 12 миллион евро кор хоҳад кард. То соли сипаришуда клубро корпоратсияи “Сайнти”, ширкати фармокологӣ, ки гардиши солонааш миллиардҳо евро гуфта мешавад, сарпарастӣ мекард. Декабри соли 2015 “Тсзянсу Сунин”ро “Suning Commerce Group”, як ширкати чинии марбут ба хариду фурӯш дар бахши электроника харидорӣ намуд. Ин ширкат барои анҷоми трансфер ба клуб ҳудуди 100 миллион евро ихтисос дод, ки тақрибан ҳамаи он масраф шуд. Тейшейр моҳи декабри соли 2009 аз клуби “Васко да Гама”-и Бразилия ба “Шахтёр” гузашт. Дар ҳайати дастаи Донетск 223 бозӣ анҷом доду 89 тӯбро вориди дарвоза кард. “Ливерпул”-и Англия ҳам ба ӯ “чашм ало карда буд”, аммо онҳо барои ин бозигар ҳамагӣ 39 миллион евро пешниҳод карданд, ки дар қиёс ба пешниҳоди клуби чинӣ хеле

кам мебошад. Ҷексон Мартинес (42 миллион) Бар асоси бархе маълумот, Мартинес чандон ҳаваси ба ҳайати “Гуанжоу Эвергранд” шомил шуданро надошт, аммо ин бозингари 29-соларо маҷбур сохтанд, бо ин клуб барои чор соли оянда шартнома бандад. Дар расми муаррифиаш дар клуб тавре намудор мешуд, ки гӯё маҷбураш кардаанд, барои ин даста бепул бозӣ кунад, на барои 12,5 миллион евро дар як сол. Аслан худи ӯ ба ҳамааш гунаҳкор аст. Моҳи июли соли 2015 клуби Мадрид барои ӯ ба “Порт” 35 миллион евро дод, аммо интизориҳояш бароварда нашуд. Дар нимаи аввали мавсими ҷорӣ дар 15 бозӣ ҳамагӣ ду гол зад. Кафили трансфер барои “соҳиб” шудан ба Ҷексон дар клуби “Гуанжоу Эвергранд” ширкати “Эвергранд Групп” аст. Ин ширкат, ки дар соҳаи амволи ғайриманқул фаъолият мебарад, соли панҷум аст клубро маблағгузорӣ мекунад ва бе-

фоида ҳам не. “Гуанжоу Эвергранд” дар ин давом ҷои аввалро дар чемпионат ба касе намедиҳад. Рамирес (28 миллион) Авохири моҳи январ “Челси” аз гузариши нимҳимоятгари 28-сола ба “Тсзянсу Сунин” хабар дод. Рамиреси бразилӣ соли 2010 бар ивази 22 миллион евро аз “Бенфик”-и Партугалия ба “Челси” гузашт ва чанд соли охир рамзи асосии клуб гашт. Дар ҳайати клуби Лондон ӯ ғолиби чемпионат ва Ҷоми Англия, Лигаи қаҳрамонҳо, Лигаи Аврупо, Ҷоми лигаи Англия гардид. Ӯ дар 251 бозӣ ба майдон баромад ва 34 гол зад. Жервино (18 миллион) Ҳамлагари “Рома” ба “Хэбэй Чжунсзи” баъди “гурехтани гапаш” бо сармураббии нав – Лучано Спаллетти гузашт. Клуби чинӣ, ки дар пайи мавсими гузашта ба суперлигаи миллӣ баромад, барои ҳамлагари 28-сола маблағи барои даста рекордӣ пардохт кард.

Ҳақмузди Жервино солона ҳашт миллион евро хоҳад буд. Тобистони гузашта Жервино дар сар хаёли гузаштан ба “АлҶазира”-и Аморати Муттаҳидаи Араб қасди тарки “Рома”-ро дошт. Аммо дар лаҳзаи охир бо сабаби пайдо шудани хоҳиши доштани чархболу майдони истироҳати шахсӣ ва пайваста ба аёдати наздикон ба Фаронса парвоз кардан, арабҳо аз бастани қарордод даст кашиданд. Шояд чиниҳо хоҳишҳои ӯро иҷро кардаанд... Паулино (14 миллион) Нимҳимоятгари бразилӣ июли соли 2015 аз “Тоттенхэм”-и Лондон ба “Гуанжоу Эвергранд” гузашт. Шартномаи ӯ ҳам барои чор сол имзо шудааст. Музди меҳнати Паулино шаш миллион евро дар як сол хоҳад буд. Нақши муҳимро дар ин трансфер сармураббии клуби чинӣ Луис Фелипе Сколари бозид. Ӯ аз имкониятҳои нимҳимоятгар ба хубӣ огаҳ буд. Дар мавсими гузашта Паулинои 26-сола дар ҳайати “Тоттенхэм” ҳамагӣ 15 маротиба ба майдон баромада, ягон тӯб назадааст. Ин чиз ба сармураббӣ Маурисио Почеттино хуш наомад ва барои гузаришаш эътироз накард. он)

Фредди Гуарин (13 милли-

Нимҳимоятгари 29-сола аз “Интер” ба “Шанхай Шэнхуа” гузашт. Шартномаи ӯ ҳамагӣ барои ду сол баста шудааст. “Пас аз таҷриба дар Италия тағйирот мехоҳам. Дар карйера ва зиндагиам моҷароҳои нав меҷӯям. Шанхайро барои он интихоб кардам, ки дӯстам Ҷованни Морено сеюним сол боз инҷо бозӣ мекунад. Ин дастаи зудрушткунанда аст”, - гуфтааст бозингари колумбиягӣ.

Мусовии “Истиқлол” бо “Шахтёр” дар Анталия

www.javonon.tj

Дастаи «Истиқлол”-и Душанбе, қаҳрамони чоркаратаи мамлакат, бозии санҷиширо бо тими “Шахтёр”-и Қарағанда, қаҳрамони дукаратаи Қазоқистон, бо ҳисоби 2:2 ба поён расонд. Ин бозии чоруми санҷишӣ дар шаҳри Анталияи Туркия дар доираи омодагии футболбозони Душанбе ба Ҷоми КФО (Конфедератсияи футболи Осиё)-2016 баргузор шуд. Ҳисобро Луис Фернандо Копете, бозингари “Шахтёр”, дар дақиқаи 34-ум боз кард. Баъди ҳашт дақиқа Аҳтам Назаров ҳисобро баробар намуд. Дар нимаи дуюми дидор, дар дақиқаи 65-ум, Руслан Кенетаев голи дуюми “Шахтёр”-ро ба ҳадаф расонд. Пас аз даҳ дақиқа ба Акмал Холматов муяссар шуд, ки ҳисобро баробар намояд. Футболбозони тоҷик бозии аввали санҷиширо бар тими “Варда”-и Маҷористон бо ҳисоби 1:3 бохта буданд. Бозии дуюм бо “Тараз”-и

Қазоқистон бо ҳисоби мусовии 2:2 анҷом ёфт. «Истиқлол” дар бозии сеюми санҷишӣ “Виттлих”-и Олмонро бо ҳисоби 4:0 шикаст дод. Ҷамъомади таълимиву тамринии даста дар Анталия 14 феврал ба анҷом расид. Бояд гуфт, ки “Истиқлол” дар даҳ бозии санҷишии имсола шаш бозиро мусовӣ карда, дар се бозӣ мағлуб гашта, танҳо дар як бозӣ пирӯз шудааст. Баъди бозгашт аз Туркия “Истиқлол” дар нахустин даври сабқати гурӯҳии Ҷоми КФО-2016 23 феврал дар Варзишгоҳи марказии

Ҷоми КФО-2016. Гурӯҳи «В» Даври 1-ум. 23 феврал (сешанбе) «Истиқлол» (Тоҷикистон) – «Ал-Файсал» (Урдун) Душанбе бо тими “Ал Файсал”-и Ур«Нафит Ал-Васат» (Ироқ) – «Триполи» (Лубдун бозӣ мекунад. Доварони бозии нон) “Истиқлол” - “Ал Файсал” аз Ветнам мебошанд. Во Мин Три сардовар, ёваДаври 2-юм. 8 март (сешанбе) ронаш Пам Ман Лонг ва Нгуен Трунг «Триполи» (Лубнон) – «Истиқлол» (Тоҷикистон) Хау таъин шудаанд. Ферас Тавили «Ал-Файсал» (Урдун) – «Нафит Ал-Васат» суриягӣ довари эҳтиётӣ, Юсуф Мирзо (Ироқ) Рустам аз Арабистони Саудӣ нозири доварон ва Равишанкар Ҷаяраман Даври 3-юм. 15 март (сешанбе) аз Ҳиндустон комиссари бозӣ мебо«Триполи» (Лубнон) – «Ал-Файсал» (Урдун) шанд. «Нафит Ал-Васат» (Ироқ) – «Истиқлол» Рақибони дигари “Истиқлол” дар (Тоҷикистон) марҳилаи гурӯҳии Ҷоми КФО-2016 дар гурӯҳи «В» «Нафит Ал-Васат»-и Даври 4-ум. 12 апрел (сешанбе) Ироқ ва «Триполи» (Лубнон) мебо«Истиқлол» (Тоҷикистон) – «Нафит Ал-Васат» шанд. (Ироқ) «Ал-Файсал» (Урдун) – «Триполи» (Лубнон) Даври 5-ум. 26 апрел (сешанбе) «Ал-Файсал» (Урдун) – «Истиқлол» (Тоҷикистон) «Триполи» (Лубнон) – «Нафит Ал-Васат» (Ироқ) Даври 6-ум. 10 май (сешанбе) «Истиқлол» (Тоҷикистон) – «Триполи» (Лубнон) «Нафит Ал-Васат» (Ироқ) – «Ал-Файсал» (Урдун)


ПОЧТАИ “ҶАВОНОН...“

«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН» №7 (9433), 18 феврали соли 2016

Ё хондан бад нест, нахондан аст бад!

Ҳамаи мо мисле ки медонем хондан фоида дорад. Аммо, агар мушаххас карда бигӯем, намехонем. Ё худ дар байни мардум фикрҳои аҷибе ҳаст дар бораи хондан. Иддае ҳастанд, ки хонданро “зарарнок” нишон доданӣ шуда, нафарони моил ба хонданро мегӯянд: “Э, нахон! Хонда чӣ кор мекунӣ?! Дар ҳамин солу замон ба кӣ фоида овардааст хондан? Беҳтараш он вақтеро ки барои хондан сарф мекунӣ, ба ягон кори даромаднок истифода бар. Ҳозир замона замонаи пул ёфтан аст. Пулдор бошӣ, саломатро алейк мегӯянд, набошӣ - нимнигоҳеро ҳам ба сӯят дареғ медоранд...”

Албатта, он андеша, ки ба шахси пулдор таваҷҷуҳи махсус медиҳанд, беасос нест. Ин ҳам хислати ҳамон зумраест, ки ба инсонҳо вобаста ба мансабу дороиашон аҳамият медиҳанд. Аммо дар умум хонданро зараровар гуфтан комилан бепоя аст. Барои ин шуда набояд аз баҳри хондан гузарем. Бинобар ин, якчанд фактро дар мавриди он ки нафарони китобхон кадом бартариятҳоро хоҳанд дошт, пешкаш мекунем. Хондан ба мо кӯмак мерасонад, то муҳити атрофро хуб дарк намоем Китоби шавқовареро хонда, шумо бо дигарон забони муштарак меёбед. Гоҳо дар ҳаёт низ ба воқеаҳое метавон рӯ ба рӯ шуд, ки замоне мутолиа кардаед. Дар он ҳолат шумо осон метавонед аз мушкили пешомада бароед. Хондан тарбияи мағзи сар аст Ҳарфҳоро ба ҳам пайваста, калимаҳоро ва аз калимаҳо ибораву аз ибораҳо ҷумлаҳоро ташкил додан машқи ҳақиқие барои мағзи сари инсон аст. Ин машқ то дами пирӣ мағзи сари моро дар ҳолати устуворӣ нигоҳ медорад. Ва, бешубҳа беҳтарин воситаи амалӣ намудани ин машқ китобхонист. Умуман хондани мунтазам пешгирии хуби заъфи пирист. Илова бар ин бо фарқ аз дигар намудҳои машқ кас дар ин навъи машғулият ҳеҷ гоҳ ҷароҳат намебардорад. Китобхонӣ барои ғамхор будан ба муҳит кӯмак мерасонад Баракси воситаҳои электронӣ китобҳо ниёз ба қувваи барқ ва батарея надоранд. Ва ё китобхонӣ, чуноне ки мошинҳо ҳангоми ҳаракат ба атроф дуди ғализ ихроҷ мекунанд, ягон моддаи зараровар содир намекунад. Китобхонӣ муоширатро ҷолиб

Омилҳои миллаткуши ҷомеаи тоҷик мегардонад Агар шумо китобхон бошед, пас ҳамеша мавзуъ барои суҳбат пайдо мекунед, ҳатто бо инсонҳое, ки суҳбат бо онҳо хеле дилгиркунанда аст. Умуман бо инсони пурмутолиа суҳбат кардан шавқовар аст. Хондан оромӣ мебахшад Олимон барвақт исбот кардаанд, ки хондан чандин карат аз мусиқӣ, сайругашт ва чойнушӣ зудтар ба кас оромӣ мебахшад. Аз ин рӯ, ҳар вақте ки шуморо ягон масъалае ноором кунад, китоберо ба даст гиреду вориди олами аҷоиби он шавед. Хондан диққатро пурзӯр мегардонад Агар шумо дӯсти китоб бошед, ҳатман диққат додаед, ки ҳаноми мутолиа муҳит диққататонро камтар ба худ мекашад. Шумо бештар ба китоб фурӯ меравед. Ҳатто ҳолатҳое ҳам мешаванд, ки шумо дар зери мусиқӣ ҳам китоб мехонеду зери овози баланд ва шурӯ мағал ҳам. Ин диққати шуморо парешон карда наметавонад.

Хондан ҷисмро муътадил нигоҳ медорад Ҳангоми хондан мо бисёр вақт бо дарду шодии қаҳрамонон шарик мешавем. Зери таъсири асар қарор гирифта, гоҳо шодӣ мекунем, гоҳо ашк мрезем. Ин бошад баъзе калорияҳоро дар вуҷуди мо нест мегардонад. Хондан иртиботро бо наслҳои солҳои гуногун барқарор месозад Бо хондани китобҳо мо имкони огоҳӣ аз вазъу шароити зисти наслҳои пешинро пайдо мекунем. Ин дар навбати худ имкон медиҳад, ки кас гузаштаро бо нигоҳи ибрат бинад ва имрӯзашро дуруст сипарӣ намояд. Дар маҷмуъ, хондан ва мутолиаро зарарнок маънидод кардан кори оқил нест. Зеро агар мо мутолиа надошта бошем, аз маънавиёту ахлоқи ҳамида амалан дур хоҳем шуд. Пас, биёд рӯ ба китобу китобхонӣ орем, то маънавиётамон ғанӣ гардад. Ҷавлонбӣ ҒАНИЕВА, омӯзгори МТМУ № 56-и пойтахт

Ба як доллар чӣ медиҳанд? Сомонаи «Bvzzqeed» миёни истифодабарандагони интернет аз 26 кишвар пурсише гузаронида, муайян кард, ки ба 1 доллар чӣ харидан мумкин аст. дона тухм. 13) Ҷумҳурии Африқои Ҷанубӣ ду дона чизбургер дар Макдоналдс. 14) Филипин - ду банкача панир (сир) 15) Фаронса як багет. 16) Колумбия - 3 дона пирожкии эмпанадос. 17) Ветнам - як коса шӯрбо. 18) Гондурас - 11 дона банан. 19) Индонезия - 67 дона сақич. 20) Хорватия - як пиёлаи калон қаҳва. 21) Полша - як истакони нав. 22) Ҳоланд - 6 дона себ. 23) Финландия - як хот-дог. 24) Швейт-

сария - се дона сақич. 25) Уругвай - як литр шир. 26) ИМА - як банкаи калон чойи хунук. Дар Тоҷикистон бо муодили 1 доллар метавон ним коса шурбо (ё угро) ва нону чой гирифт. Тавре аз рӯихати боло бармеояд дар Тоҷикистону Малайзияву, Гондурасу Ветнам бо як доллар шикамро сер карда мешудааст. С. АМИНИЁН, “ҶТ”

Омили дигар низоми нодурусти маориф дар ибтидои аср буд. Маорифпарварони ин замона натавонистанд арзиши миллиро мушаххас ва барои наслҳои минбаъда боқӣ гузоранд. Имрӯз дар асри XXI инсон ҳайратзада мешавад, ки ба ҷуз аз шеъру шоир магар мо дар таърих дигар арзиши фарҳангие надоштаем, ки дар ин замон дархурди рӯзгорамон бошад? Магар мешавад бо ифтихори маънавии гузашта ояндаро сохт? Омили дигар набудани муттаҳидии моддиву маънавӣ дар зиндагиву ҳаёт мебошад. Агар дуруст ба таърих назар кунем, маълум мешавад, ҳар нафаре ки ба ин сарзамин лашкар кашид, «ғолиб шуд». Юнониҳо ин минтақаро зеру забар карданду навиштани «Искандарнома»-ҳо дар адабиёт ба ҳукми анъана даромад. Арабҳо ҳамаро зеру забар карданд ва забони арабӣ забони илм шуд. Турку муғул ҳама ҷоро ғасб намуданду ҳамаи мавзеъҳои аҳолинишин номҳои туркиву муғулиро гирифтанд. Ин далели он аст, ки мардуми тоҷик иттиҳоди моддиву маънавии худро дар таърих надоштааст. Пас аз соҳибистиқол гардидани Тоҷикистон, насли солҳои охири шӯравӣ, ки дар «танӯри худшиносӣ» ташаккул ёфта буд, пешбарандаи ҷомеа гардид. Ин насл дар зершуури худ «миллатдӯст», аммо дар амал «мазҳабгарост». Боиси ба ин ҳол гирифтор шудани ин насл ғолиб шудани иделогияи исломӣ бар ғояи давлати миллӣ дар Тоҷикистон аст. Ин насл ба он бовар аст, ки набудани озодии динӣ мардуми тоҷикро ба ҳолати кунунӣ гирифтор кардааст. Насле, ки дар солҳои интиҳои шӯравӣ ба дунё омад, бе огоҳии илмиву маънавӣ вориди «олами ислом» шуд, зеро фазои аз идеологияи шӯравӣ холишударо диндорон ба даст гирифтанд. Сабаби аслии ба сафи ҷангиёни ДИИШ пайвастани ҷавонон бошад, таблиғи бениҳоят зиёди дини ислом аз тариқи расонаҳои хабарӣ мебошад. Зимнан, мақомоте, ки ба масъалаҳои маориф, фарҳанг, иҷтимоиёт вобастаанд, бояд тарғиби ҷаҳонбинии илмӣ кунанд; Забон ва адабиёт як ҷузъи фарҳанганд ва дар ҳалли ҳамаи масъалаҳои иҷтимоиву фарҳангӣ инҳоро «парчам кардан» салоҳи кор нест; Ҳамаи сарҳадҳои сиёсиро иттилоот шикастааст ва имрӯз моро зарур аст, ки дар таҳлили иттилоот пешсаф бошем, то ки манфиатҳои миллиро ҳифз кунем; Акнун замони он фаро расидааст, ки дар ҳамаи қишрҳои ҷамъият тафаккури интиқодиро рушд диҳем, зеро собит шудааст, ки ҷанбаи мусбати танқид бештар мебошад. Фирдавс НИЁЗӢ, номзади илмҳои филология

www.javonon.tj

1) Дар Маҷористон (Венгрия) як шиша вино. 2) Дар Ҳонконг як пора нон. 3) Дар Нидерландия 10 дона чалпакча (блинчики). 4) Норвегия як пачка макарон. 5) Ҳиндустон 6 пиёла чой. 6) Чин 10 мантуи алафӣ. 7. Австралия як шиша нӯшобаи яхнӣ ва Магдоналдс. 8) Миср як порс шаурма. 9) Италия - эспрессо ё капучино.10) Нигерия - оби газнок ё як қуттича чипс.11) Чехия якуним литр пиво. 12) Малайзия 10

Дар шароити имрӯза ҳар ҳодисаву воқеае, ки дар минтақа ба вуқуъ меояд, ба кишвари мо низ таъсир мерасонад. Ибтидои асри XX барои сохтани давлати миллӣ барои миллати тоҷик шароити мусоид буд. Аммо бо сабаби он ки мардуми ин сарзамин дар тӯли таърих бештар зери султаи бегонагон зиндагӣ ва эҷод мекард, тоҷикон натавонистанд, пояҳои давлати миллии худро дуруст намоянд. Дар ин давра дар дигар ҷумҳуриҳои собиқ Шӯравӣ рушду инкишофи соҳаҳои муҳими ҳаёт оғоз гардида, то ибтидои Ҷанги дуюми ҷаҳон идома ёфт. Мутаассифона, то оғози Ҷанги дуюми ҷаҳон дар ҳудуди имрӯзаи Тоҷикистон мубориза бар муқобили босмачиён идома кардааст. Ин омил раванди ташаккули босуботи миллати тоҷикро боздошт.

е-mail: javonontj@mail.ru

Чаро бояд китоб хонд?

13


www.javonon.tj

е-mail: javonontj@mail.ru

14

«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН» №7 (9433), 18 феврали соли 2016

Бешазор. Зимистони қаҳратун. Камол даруни хандақи пурбарф дароз кашида, аз хунукӣ дарақ - дарақ меларзид. Ӯ низ чун сарбозони дигар мунтазири фармони ҳуҷум аст. Сардӣ андар мағзи устухон таъсир дорад. Бо панҷаҳои карахтшуда силоҳро базӯр дошта, Камол Ҷаннати худро ба хотир овард. Ҷаннати ӯ дар тирамоҳи файзбор дос бар китф байни занону духтарон сӯи саҳро равон аст… Ба сари сарбоз якбора тудаи барфу борони тиру жолаи гулӯлаи тупҳо рехт. Ӯ ба қаъри торикии даҳшатборе афтид. Овози табиб ӯро ба ҳуш овард. - Дилаш бақувват. Насиб бошад ба ҷаннат меравад… Ҷаннат… Ҷаннат… рӯи зебо, қади барно, лаҳни ширин, мӯйи парчин… … Камол дар ҳафтсолагӣ аз падару модар ятим монд. Ӯро тағояш Файзалӣ ба парасторӣ гирифт. Ҳамаи супоришҳои тағояшро бечунучаро иҷро мекард. Пуртоқату пурсабр буд. Ба меҳнат, ба кор бо дили гарм мечаспид. Аз часпу талоши Камол тағою янга розӣ буданд. Камол ба биступанҷ қадам монд. Ҷавони қоматбаланд ва зебое буд. Аз ҳама беҳтар ҷуфт меронд. Аз ҳама баланд фалак месуруд. Вақти ҳунарнамоии ҷавон духтарон оҳи ба дард мекашиданд. Орзуи ҳама як: чӣ тавр карда Камолро ба даст оранд?! Аммо Камол онҳоро пайхас намекард. Онҳоро намедид. … Гурӯҳ аз рӯзҳои аввали ҷанги Гирмон бетартибона ақибнишинӣ дошт. Даста аз байни дашти гандумзор ба сӯи шарқ равон аст. Майдони беохир ҳайрати Камолро овард. Онро ба пуштаи деҳаи Сияҳчӯб баробар кард. Кошкӣ Кангурти ӯ ҳамин тавр саҳрои бузург медошт. Пеши хӯшаи гандум ба зону зад, сари таъзим фурӯ бурд. Сараки гандумро бӯсида, ба чашмонаш молид. Дар дидагонаш ашк ҳалқа зад. Ҳамаи ин неъмати дунё, заҳмати марди деҳқон барбод меравад. - Қафо намонед! - огоҳии афсар ӯро ба худ овард. Бо дили нохоҳам қоматашро рост кард. Ҳама хастаю беҳол бо азоб пойҳои худро кашола мекарданд. Сару рӯй аз таъсири офтоби сӯзон сӯхта, лабҳо аз ташнагию гуруснагӣ торс - торс кафида буданд. Либосҳо даридаю баъзеҳо сарлучу пойбараҳна қадам мезананд. Дар байни онҳо маҷрӯҳон низ ба чашм мерасанд. Ақибнишинии бардавом ҳамаро руҳафтода кардааст. Аскарон ба дарёчаи шӯхоб расида, худро ба оби сарди форам заданд. Дере нагузашта, аз таъсири оби руҳбахш садои хандаю шӯхӣ ба атроф паҳн гардид. Камол худро ба таги дарахти санавбар гирифт. Борхалтаашро зери сар монда, ғарқи хаёл шуд… … Дили Камол фироқи ҷамоли Ҷаннат буд. Ҷаннати паричеҳра. Ҷаннати моҳрӯ. Ҷаннати мавзунқомат. Ҷаннати абрӯкамон. Ҷаннати холдору зулфпечон. Ҷаннат акнун ба синни шонздаҳ қадам мемонд. Духтари зебою қадрас ва шӯху қашанге буд. Якбора духтари мавзунқомат шудани ӯ Камолро дар ҳайрат овард. “Духтар - тухми дев” гуфтани мардум бесабаб набудааст. Дирӯзакак як духтарчаи кокулчаҳояш ба мисли думи бузи якшох сихзада буд. Акнун аз ҳусну ҷамоли паризод Камол чашм канда наметавонист. Дар қалби ҷавон як ҳисси беқароре пайдо шуд. Дилаш моили ким - чизи номуайяне. Рӯзҳоро бо як тарзе аз сар мегузаронд. Вале шабҳо чӣ азобе дошт Камол. Аз меҳнати вазнин лакоту шалпар

КИТОБХОНАИ “ҶАВОНОН...“ шуда, каме хоб мерафт ва боқимондаи шабро ба ёди Ҷаннат паси сар мекард. Духтар гӯё чизеро пайхас намекард. Шӯхию бозии кӯдаконаашро давом медод. Гоҳ ба сари Камол кӯзаи обро рехта, қаҳқаҳзанон ба хона мегурехт. Камоли хастаю беҳол маҷбур мешуд, ки аз чашмаи Оби ширин аз нав об биёрад. Гоҳ пушти девор пинҳон шуда ҳамин ки Камол пой ба даруни ҳавлӣ гузошт, якбора бо садои баланд «воҳ» гӯён ӯро метарсонд. Ҳеҷ набошад баққа

дро ба гӯшае кашид… … Шаҳро ба таги чодар дароварданд. Арӯс барои ҳурмати домод аз ҷой хест. Рӯймоли шолаш аз сараш ғеҷида, болои китфаш фаромад. Аз ғояти ҳаяҷон синаҳои ба шафтолу монандаш баланду паст мешуданд. Ҷаннат дар либоси

Зариф ҒУЛОМ, нависанда

Ҳасрати дидор ҳикоя

ё келасеро ба куртаю ҷомааш печонида мемонд. Боре ба мукиаш сихи ҷайра тиққонд, ки аз захми он чанд рӯз Камол лангида гашт. Ин шӯхиҳои духтар аз назари падар пинҳон намонд. Рӯзе тағояш дар сари хирман аз дур гап сар кард. - Камолҷон, ту барои ман бегона нестӣ. Фарзанди хоҳарам мебошӣ. Ман тағоят мешавам. Беҳуда намегӯянд: тағо ба ҷойи падар. Ҳаждаҳ сол шуд, ки дар хонаи ман чун писар хизмат карда истодаӣ. Меҳнати ҳалолатро ба назар гирифта, ману янгаат қарор додем, ки саратро ҷуфт кунем. Барои Ҷаннат аз ту дида номзади муносиб нест. Ба ин маслиҳати мо чӣ мегӯӣ? Агар розӣ бошӣ, охири ҳамин ҳафта муллоро оварда ҳардуятонро никоҳ мекунем. Камол чӣ ҳам мегуфт? Ӯ сарашро хам карда, хомӯш менишаст. Вале дилаш аз шодию сурур ҷаста, аз қафаси сина баромаданӣ буд. Мехост танҳо монаду бо тамоми овоз суруди муҳаббатро сарояд. - Сукут аломати ризост, - суҳбатро хотима бахшид тағо. Тӯй оддию хоксорона гузашт. Шаҳро таги чодар дароварданд… ... - Фармони маро гӯш диҳед! - ба атроф паҳн гашт овози афсар. - Душман моро иҳота карда истодааст. Худро ба он тарафи дарё гиред! Камол аз дарё гузашта, ба сӯи ҷангал афтону хезон давид. Як шабу як рӯз роҳ паймуда, аз байни бешазор баромад, гурӯҳ дар ҳалқаи душман афтид. Асиронро ба лагери Моабит оварданд. Анбӯҳи маҳбусонро дида, Камол аз дил гузаронд: дигар ба дидори ёри маҳбуб намерасад. Аз ин ҳаллоҷии марг наҷот нахоҳад ёфт. Аз маъюсию ноумедӣ ху-

арӯсӣ беназир буд. Ҳуснаш гӯё аз нав шукуфт. Дар зери рӯшноии пилтачароғ Ҷаннат ба олиҳаи афсонавӣ шабоҳат дошт. Лабони ақиқи ба табассуми шармгин моилаш аҷаб дилкаш буданд. Шаҳ дар остонаи дар чун ҳайкал рост меистод. Ҳамаи он ҷуръату ҷасорате, ки шабҳои интизорӣ тақвият дода буд, ба куҷое ғайб зад. Тамоми баданаш меларзид. Чун кӯдаки гунаҳкор сарашро хам намуда, дастони аз меҳнати пурмашаққат сахту пурқувваташро намедонист куҷо кунад. Хонаро сукуте фаро гирифт, ки ҳатто садои дили маъшуқонро шунидан мумкин буд. Онҳо ҷуръат намекарданд, ки ба ҳам наздик шаванд. Моҳи нима аз тиреза ин манзараи дилошӯбро тамошо дошт. Ситораҳо ба завқ омада, сӯи дилдодагон чашмак мезаданд. Чирчиракҳо бо сад усул суруди шаб месуруданд… ... Маҳбусонро ба қатора савор карда, ба сӯи Шарқ гуселониданд. Тамоми даҳшати лагер паси сар шуд. Ҳафт соли ҷангу асирӣ дар назари Камол ҳафт аср намуд. Сарбозони наҷотбахши худро ба оғӯш кашида, ашки шодӣ мерехт. Хурсандии Камол ҳадду канор надошт. Худо ба имдодаш расид. Акнун ӯ ҳатман ба дидори Ҷаннат ноил мегардад. Шаб дар рӯи тахтаи вагон дароз кашида, Камол лаҳзаи дилошӯбро бори дигар пеши назар овард… … Ҳар ду, арӯсу домод наҷунбида рост меистоданд. Вақт бошитоб мегузашт. Субҳ медамид ва инак ба гӯш овози хурӯс расид. Камол нахустин шуда чун уқоб ба парвоз даромада, худро ба оғӯши Ҷаннат ҳаво дод. Ҳар ду болои курпаи мулоим афтида, аз лабҳои якдигар ширинӣ мерабуданд. Ҳиссиёти

мафтункунандае ҳар дуро фаро гирифта, онҳо аз худ бегона гаштанд… … Пагоҳ Камолро ба ҷанги финҳо бурданд. Ӯ ба ҷанг рафтан намехост. Охир ӯ ҳамагӣ як рӯз дар оғӯши маҳбубааш буд. Аз шаҳди висол ҳанӯз сер нашудааст. Куҷост Худои муттаол, то ки ӯро аз дидори ёри ҷигарбандаш ҷудо накунад… … Асиронро баъди таҳқиқу тафтиш ба Магадан бадарға карданд. Ҳукми суд бераҳмона буд. Камолу ҳамяроқонашро барои ба асирӣ афтидан бисту панҷ сол аз озодӣ маҳрум карданд. Боз ҷудоӣ. Боз фироқи дидор. Боз рӯзу шабҳои интизорӣ. Ҳафт сол тоқат кард. Барои Ҷаннати париваш тайёр аст, ки то охири умр интизор шавад… … Дарвозаи калони оҳанин ғиҷҷиросзанон вазнин кушода шуда, аз он марди қоматхамидаи мӯйи сараш сап - сафед баромад. Ӯ коҳилона ба сӯи истгоҳи қатораи шаҳр қадам зад. Пешин Камол ба деҳа расид. Касе ӯро нашинохт ва пешвоз нагирифт. Ҳамаи хешу табор кайҳо ин оламро тарк карда будаанд. Писарбачае ӯро ба назди кулбаи пастаку фарсудае оварда кампиреро, ки ба девор такя дошт, нишон дод. - Ана, ҳамин момаи Ҷаннат аст. Камол шах шуда, пакар монд. Аз тааҷҷуб чашмонашро молид. Ба ақлаш бовар намекард. Наход? Не! Не! Ё, парвардигор! Дар рӯ ба рӯи вай каси дигар меистод. Ин он Ҷаннати моҳлиқо набуд. Ин ба он Ҷаннати маҳваше, ки сию ду соли умр симои зебои ӯро дар қалбаш маҳфуз дошт, монанд набуд. Дар пешорӯяш кампири кӯзапушти ҳар ду бари рӯяш чукида бо чашмони обрав менишаст. Зан ҳар дам аз остини куртаи рангпарида латтапораи куҳнаи чиркинеро бароварда, қатраҳои ашкашро пок мекард. Манаҳи майдаяки зебояш ба нӯги чӯби оташкоб табдил ёфта, беохир меларзид. Дар рӯи холи сиёҳи бари рухсорааш мӯйҳо баромада, мисли сихи ҷайра рост меистоданд. Мӯйи дарозу фатилааш кӯтоҳу сафед шуда, аз кокулҳои печидааш на ном монда буду на нишон. Қомати як вақтҳо чун сарв баланду чун оҳу чобукаш хам задаю лоғар шуда буд. Дастони нарму сафедаш ба чӯби хушкидаи сиёҳ шабоҳат дошт. Дандонҳои марворидаш рехта, лаби поёнаш овезон меистод. Чанд дақиқа Камол дар ҳолати карахтӣ монд. Охир тоқат накарда қоматашро хам намуда, оҳиста пурсид: - Маро шинохтӣ? Ҷаннат наҷунбид. Чеҳрааш тағйир наёфт. Овозро нашунид. Беҳиссу беҳаракат. Ҷуссаи ӯ бути сангинро мемонд. Дар пеши чашмаш сиёҳиро дида, лабони хушкидаю парсинбастаашро хаёле ҷунбонд. - Мегум ягон касро мекобӣ? - овоз дар гулӯ дакка хӯрда, бо як машаққате ба берун баромад, ки он ба садои ғулдур-ғулдури раъди фасли тирамоҳ шабоҳат дошт. Камол гирист. Бо аламу ҷонкоҳ. Чӣ қисмати талху чӣ толеи шӯр! Акнун дарк кард, ки умр кайҳо гузаштааст. Бебозгашт. Дар ҳасрати дидор надонист, ки худаш низ кайҳо ба ҷисми беҳис табдил ёфтааст. Камол хеле ашк рехт. Сипас, бо азоб қоматашро рост кард. Бори охирин ба Ҷаннати хаёлии худ назар карда, вазнинона тоб хӯрд. Калавида-калавида аз назди кампир дур шуд. Офтоб ғуруб карда, охирин нурҳои худро аз рӯи роҳе, ки ба сӯи талу теппаҳои Кангурт қад кашида буд, меғундошт. Аз роҳи морпечу бекасу бе роҳгузар…


САЙҚАЛИ ХОТИРА

«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН» №7 (9433), 18 феврали соли 2016

Дуруст, њаќ

… Рай, актрисаи њиндї

... Љўраев, сароянда

Дар пеши стол меистад (русї)

Вобаста, доир

Шофёр Ансамбли сенафара

Шўрбо таоми чандум аст?

Зављаи Адам (русї)

Боќадр, ба дил наздик

Теѓи ќатшавандаи сартарош

Шакли геометрии Замин

Олї, якум, дуюм дар футбол

Махлуќи оташфишони афсонавї

Навдаи тар

Тамѓаи автомат

Меваи маъмул

Раќами якуми аксари тел. мобилї

Молишдињии бадан

Адади тољикї ва «ња» ба испанї

«Вай» ба русї

Заминларза, обхезї ё тўфон

Асбоби даравгар

Мусиќии Баха84 ва Тимати

Зебодухтари афсонавї

Навдаи ангур

Навъи таом

Калимае, ки ѓорро мекушод (афсонавї)

Пойтахташ Вашингтон

Андак обдор

«... барад ба пастї»

Сафедкунанда дар суд

Воњиди ваќт Шарики барќ дар осмон

Баба … аз афсонањои рус

Картошкабирёни ѓарбї

Њаракат дар об

…и ѓайриманќул

«Ну, погоди!» – «… ист» (мултф.)

Зироати полезї

Мављудоти афсонавї

Чароѓи шаб дар осмон

Њайвони даштии чаранда

Осоиштагї, тинљї

…Каримова, сароянда

www.javonon.tj

Пўсти гандум

… Билан, сарояндаи рус

Воњиди вазни ќадима ва љонишини шахсї

Роњбарикунанда дар суд : Корманди асосии суд

Яке аз китобњои муќаддас

Равшанї

Номи хирс аз мултфилми «Маугли»

Беовози

Лаќаби адиб ё њунарпеша

Паррандаи хонагї

Номи мардона

Њайвони азимљусса

Сарояндаи нобино … Гуртская (Русия)

Нидои љангї аз феъли «задан»-и туркї

Љўгї

Маргарин

Номи Табрезї

Гиёњ ранги ќоши занњо Оњани тез барои васлкунии чўбњо

Зодаи одам

Ду сароянда

Таоми миллии дампухт

Шоири бузурги немис

Љоизаи Алфред …

Бо суръати суст

Узви љуфти љойгир дар ќафаси сина

Духтари калонї барои хурдињо

Санги ќиматбањо «Њоло …», филми тасвирї

Баландии сангин

Бародар (лањљ.)

Ибодатгоњи масењиён Тамѓаи сигор, мототсикл ва љазира дар Индонезия

"Ёр ... бошад, кор сањл аст"

Санги ќиматбањо аз Бадахшон

Дарё дар сарњади Чин ва Русия

Њиссачаи инкорї

Паймон

... и Шодиев, сароянда

Акнун, њоло

Фамилияи хитої

Муќобили «бад»

Паррандаи мурѓобимонанд

«Оружие» ба тољикї

Акнун

Номи занонаи русї

Шайтон

Моеи дарё

Шарм

Субњони Ќасри … саро- амири янда Бухоро

Хона барои гов

Ширкати «… Мобайл»

Кушоду равшан

Шакли кўтоњи номи Николай

Тамѓаи олмонии либосњои варзишї

Наќлиёти љамъиятї

Жанри эљодиёти дањонакии халќ

е-mail: javonontj@mail.ru

Љазираи калон дар пањлўи Африќо

15


е-mail: javonontj@mail.ru

16

ФАРОҒАТИ ҶАВОНОН

«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН» №7 (9433), 18 феврали соли 2016

Лутфи ҷавонӣ

 ОБУНА - 2016

Бо “Ҷавонони Тоҷикистон” ҳамеша ҷавон мемонед!

Муаллима: - Мактаби намунавӣ ба фикри ту чӣ гуна аст? Салим: - Дараш ҳамеша баста.

Обуна ба рӯзномаи “Ҷавонони Тоҷикистон” барои соли 2016 идома дорад. Нархи обуна аз тариқи идораи рӯзнома: - барои як сол - 65 сомонӣ - барои шаш моҳ - 34 сомонӣ - барои се моҳ - 18 сомонӣ муқаррар шудааст. Ин арзиш бо назардошти бурда расондан ба нақша гирифта шудааст. Шумо обуна шавед, мо сари вақт рӯзномаро мерасонем. Инчунин, Шумо ба воситаи шуъбаҳои алоқаи шаҳру ноҳияҳо метавонед ба ягона рӯзномаи ҷавонон обуна шавед. Нархи яксолаи обуна ба воситаи почта 87,48 сомонӣ. Суратҳисоби бонкии рӯзнома: р/с №20202972500232101000, кор/с 20402972316254, ИНН 030000301, МФО 350101626 Бонки давлатии амонатгузории Тоҷикистон “Амонатбонк”. Индекси обуна 68857.

***

Муаллима: - Ҳар касе аввалин шуда вазифаи хонагиро ҷавоб диҳад, баҳояш як балл зиёд мешавад. Салим: - Муаллимаҷон, ба ман баҳои се гузореду монед ба хона равам.

***

Салим баъди 10 дақиқаи шуруъ шудани дарс ба мактаб меояд. Муаллима: - Чӣ шуд? Салим: - Як марди силоҳдор ба ман ҳамла кард. Муаллима: - Худоё! Баъд чӣ кор кард? Салим: - Вазифаи хонагиро аз дастам гирифт.

 АНДАРЗ

Хостаҳо

www.javonon.tj

Ман аз Худованд хоҳиш намудам, ки ғурурамро аз ман бигирад. Посухам дод: - Не. Ғурурро намегиранд, балки аз он даст мекашанд. Ман аз Худованд хоҳиш намудам, ки ба ман сабру таҳаммул ато намояд. Худованд посухам дод: - Не. Сабру таҳаммул натиҷаи имтиҳони инсон аст. Онро намедиҳанд, ба он сазовор мешаванд. Ман аз Худованд хоҳиш намудам, ки ба ман хушбахтӣ диҳад. Худованд посухам дод: - Не. Хушбахтии ту вобаста ба худи туст. Ман аз Худованд хоҳиш намудам, ки маро аз дарду ранҷ ҳифз намояд. Худованд посухам дод: - Не. Дарду ранҷ одамро аз ғаму ташвиши дунё ҷудо ва ба Худо наздик месозад. Ман аз Худованд рушду инкишофи маънавӣ хоҳиш намудам. Посухам дод: - Не. Маънавиёт худ бояд рушду инкишоф ёбад. Ман аз Худованд хоҳиш намудам, ки барои дӯст доштани дигарон кӯмакам намояд. Тавре ки худи Ӯ маро дӯст медорад. Худованд посухам дод: «Оқибат ту фаҳмидӣ, ки чиро бояд хоҳиш кунӣ…». Ман аз Худованд хоҳиш намудам, ки қувва ва нерӯям бубахшад, вале ӯ имтиҳонам фиристод, то ки пухтаву Рӯзнома таҳти рақами 0120/рз аз 22 сентябри соли 2014 дар Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон сабти ном шудааст. Нишонӣ: 734018, шаҳри Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ, 16, ошёнаҳои 1 ва 4

САРМУҲАРРИР

Бахтовар КАРИМОВ

***

устувор шуда, обутоб ёбам. Ман аз Худованд хоҳиш намудам, ки ақлу донишам диҳад, вале ӯ бароям мушкилоте фиристод, ки барои ҳалли онҳо майна об кардан лозим омад. Ман аз Худованд хоҳиш намудам, ки ҷасорату матонатам бубахшад, вале ӯ хавфу хатарам фиристод. Ман аз Худованд хоҳиш намудам, ки ишқу муҳаббатам фиристад, вале ӯ шахсонеро наздам фиристод, ки ба кӯмаки ман ниёз доштанд. Ман аз Худованд хоҳиш намудам, ки хайр ё манфиатам диҳад, вале ӯ ба ман имкониятҳо дод. Худованд ба ман на хостаҳоямро, балки он чизеро ато намуд, ки бароям лозим буд. Таҳияи Э. ШАҲЛО, “ҶТ”

Ҳаёт чист?

 ЭЪЛОН

ЭЪТИБОР НАДОРАД

Пирамард доим кӯшиш мекард хушҳол бошад. Ин ҳолати ӯ фарзандонашро ба ҳайрат мегузошт. Фарзандон ки ҷавон буданду бетаҷриба, бо рӯ ба рӯ шудан бо андак мушкилӣ ғамгин мегаштанд. Ин боис мегашт корҳояшон аз сидқи дил иҷро нашавад. Аз камбудиҳои рӯзгор гила мекарданд, ба қадри вақт намерасиданд. Пирамард ба фарзандон хушбин буданро талқин мекард, мегуфт имкониятҳои ҳаётро дуруст истифода баранд, хушбахт хоҳанд шуд. Фарзандон ба гуфтаи падар розӣ намешуданд. Мегуфтанд, чӣ гуна мешавад, ки дар муқобили ин қадар мушкилиҳо истодагарӣ карду, ғамгин нашуд? Пирамард гуфтаҳои фарзандонашро шунида, ҷавоб медиҳад: - Ҳаёт чун обест дар косаи кафида. Бинӯшӣ ҳам тамом мешавад, нанӯшӣ ҳам. Аз ин рӯ, кӯшиш бикун аз ҳаёт баҳра гирӣ! Зеро баҳра гирӣ ё нагирӣ, ҳаёт мегузарад!”.

Номаи камоли гумшудаи ТШТУ №0049512, ки МТМУ рақами 1-и ноҳияи Қубодиён соли 2014 ба Раҳмонов Муҳриддин Икромҷонович додааст, эътибор надорад. Номаи камоли гумшудаи №А782983, ки МТМУ рақами 3-и ноҳияи Қубодиён соли 1979 ба Буриев Тоир Мамараимович додааст, эътибор надорад. Номаи камоли гумшудаи ТШТУ №0053147, ки МТМУ рақами 3-и ноҳияи Қубодиён соли 2014 ба Саидов Исломиддин додааст, эътибор надорад. Номаи камоли гумшудаи АБ №230415, ки МТМУ рақами 79 (ҳоло 32)-и ноҳияи Рӯдакӣ соли 2001 ба Аминжонов Васлиддин Абдугапарович додааст, эътибор надорад. Муҳр, сика ва шаҳодатномаи андоз аз арзиши иловашуда (U-02№001886)-и Корхонаи истеҳсолӣ-фармасевтии дорои масъулияташ маҳдуди “Гален” (Ҷолинус) (РМА 020023271) бо сабаби гум шуданаш эътибор надоранд.

Беҳрӯз ХОЛМУРОДОВ, “ҶТ”

ҲАМДАРДӢ Кормандони Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ ва рӯзномаи “Ҷавонони Тоҷикистон” ба корманди Раёсати кор бо ҷавонони кумита Исмоил Шерхонов нисбат ба даргузашти МОДАРАШ ҳамдардӣ изҳор карда, ба ӯ ва аҳли байташ сабри ҷамил мехоҳанд.

ҲАЙАТИ МУШОВАРА:

Абдуҷаббор РАҲМОНЗОДА (Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа), Нуриддин САИД (вазири маориф ва илми Тоҷикистон), Аҳтам АБДУЛЛОЗОДА (раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон).

ҲАЙАТИ ЭҶОДӢ:

Муаллима: - Одам аз куҷо шир мегирад? Салим: - Аз дасти фурӯшанда.

Умаралии САФАРАЛӢ (ҷонишини сармуҳаррир), Маҳмудҷон УСМОНОВ (котиби масъул), Сайфиддин СУННАТӢ (муҳаррири шӯъбаи варзиш ва сайёҳӣ), Манзумаи ФИРӮЗ (муҳаррири шӯъбаи иқтисод ва иҷтимоъ), Ҳасан АЗИЗОВ (муҳаррири шӯъбаи ҳаёти ҷавонон), Нуруллоҳ ОРИФ, Шаҳло ЭШОНОВА, Наврӯз ҚУРБОНОВ, Шодихони НАЗАР, Беҳрӯз ХОЛМУРОДОВ, Гулбаҳор РАҲМОНОВА, Хуршед МАВЛОНОВ (хабарнигорон), Толибшоҳ ДАВЛАТ (хабарнигор, НТМ), Фарзона ИСМОИЛОВА (хабарнигор, Хатлон), Машҳур ИМОМНАЗАРОВ (хабарнигор, ВМКБ), Шеравган ХУРСАНҚУЛОВ (саҳифабанд).

Патенти гумшудаи фаъолияти соҳибкории соҳибкори инфиродӣ Ҷалолова Тоҷӣ Низомовна (РЯМ 1030003535), ки 27.04.2010 дар Нозироти андози ноҳияи Ҷиргатол ба қайд гирифта шудааст, эътибор надорад. •

Ба хотири чандандешӣ матолибе низ ба табъ мерасанд, ки хилофи назари ҳайати эҷодист. Дурустии арқому далелҳо бар дӯши муаллифон аст.

Ҳангоми таҳияи хабарҳо аз матолиби интернет низ истифода шудааст.

Индекси обуна: 68857

Тел: 901 06-41-10, 238-54-14, 238-51-09, 238-53-03

Ҳафтанома дар КТН «Шарқи озод» (хиёбони Саъдии Шерозӣ-16) бо теъдоди 6972 нусха ба нашр расид.

Ҳисоби бонкӣ: р/с №20202972500232101000, кор/с 20402972316264, ИНН030000301, МФО350101626. Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк»


Turn static files into dynamic content formats.

Create a flipbook
Issuu converts static files into: digital portfolios, online yearbooks, online catalogs, digital photo albums and more. Sign up and create your flipbook.