Ҷавонони Тоҷикистон, №08, 2018

Page 1

ЧТ , “ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН”, №08 (9538), 22.02.2018

javonon.tj

1

НАШРИЯИ КУМИТАИ КОР БО ҶАВОНОН ВА ВАРЗИШИ НАЗДИ ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

АВОНОНИ ОҶИКИСТОН №08 (9538), 22/02/2018

e-mail: javonontj@mail.ru

Артиши миллӣ 25-сола шуд Артиши ҷавони мо, хусусан, дар солҳои душвору фоҷеабори ҷанги шаҳрвандӣ якҷо бо мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва дигар сохторҳои низомии мамлакат дар ҳифзи Истиқлолияти давлатӣ, ҳимояи марзҳои Ватан, безарар гардонидани гурӯҳҳои террористиву экстремистӣ, дастаҳои мусаллаҳи ҷинояткори трансмиллӣ ва хомӯш кардани ошӯбҳои хиёнаткорона бар зидди давлат ва ҷомеа саҳми сазовору ҷавонмардона гузошт. Тавре ки ман борҳо иброз доштаам, мо Артиши миллии худро дар шароите таъсис додем, ки соддатарин воситаҳои ҷангӣ ва оддитарин шароити зиндагӣ барои хизматчиёни ҳарбӣ вуҷуд надоштанд. Ба ибораи дигар, мо Артишро дар ҷои воқеан холӣ таъсис додем ва имрӯз, чунонки мебинед, таъминоти ҷузъу томҳо ва шароити зиндагиву хизмати низомиёнро тадриҷан ба талаботи замона мутобиқ гардонида истодаем.


2 СОЛНОМАИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ – 2017 (Идома аз шумораҳои гузашта) 9 май Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар чорабинии тантанавӣ ба ифтихори Рӯзи ғалаба, ки дар “Боғи Ғалаба”-и пойтахт баргузор шуд, иштирок ва суханронӣ карданд. Чорабинии тантанавӣ ба ифтихори Рӯзи Ғалаба дар “Боғи Ғалаба”-и пойтахт бо гузашти низомии ҷузъу томҳои Қувваҳои Мусаллаҳ ва қисмҳои ҳарбии гарнизони Душанбе анҷом ёфт. 23 май Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар барномаи фарҳангӣ ба ифтихори Рӯзи ҷавонон, ки дар варзишгоҳи марказии пойтахт баргузор шуд, иштирок ва суханронӣ карданд. Ёдовар мешавем, ки ин чорабинӣ аз тадбирҳои марказии идонаи соли 2017 – Соли ҷавонон ва нишона аз таваҷҷуҳи Сарвари давлат ба кулли ҷавонони саодатманди кишвар мебошад. Дар доираи сиёсати иҷтимоӣ ва башардӯстона Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон аз мактаб - интернати ёрирасони рақами 3 дар ноҳияи Сино боздид ба амал оварда, баъди шиносоӣ бо шароити таълиму зисти 100 нафар кӯдакони ин даргоҳ ба онҳо ёрии моддӣ расонданд. Соли 2017 аз қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» 10 сол пур шуд ва баҳри натиҷагирӣ аз корҳои дар ин самт анҷомдодашуда, 11 июл Пешвои миллат бо фаъолон ва намояндагони ҳамаи табақаҳои ҷомеаи ҷумҳурӣ мулоқоти созанда доир карданд. Ҳадаф аз баргузории ин вохӯрӣ қабули дархосту пешниҳоди нави шаҳрвандон ба хотири такмил додани санади муҳим ва ба қонун ворид кардани тағйироту иловаҳо буд. Даҳ сол муқаддам – соли 2007 бо ҳамовозии амиқи мардуми ҷумҳурӣ Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” қабул шуда буд. 30 август Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар расми мавриди баҳрабардорӣ қарор додани бинои маъмурию таълимӣ ва иншооти Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок намуданд. Мавриди зикр аст, ки маҷмааи Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дастуру супоришҳои Пешвои миллат баҳри фароҳам овардани шароити беҳтарини омӯзиши ҷавонон ва кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқу тартибот бунёд гардид. 9 сентябр дар рӯзи Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар тантанаҳои бошукӯҳи идона ба ифтихори 26-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Варзишгоҳи марка-

“ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН”, №08 (9538), 22.02.2018 арзандаи корхонаву ширкатҳои истеҳсолии мамлакат, ки айни замон дар бозори минтақа ва ҷаҳон мавқеи бештарро пайдо кардаанд, шинос шуданд. Дар асоси дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат то ба имрӯз ҷиҳати ба кор андохтани иқтидорҳои нав дар соҳаи саноат ва истифодаи самараноки корхонаҳои мавҷуда, ба роҳ мондани истеҳсоли маҳсулоти рақобатпазир ва ивазкунандаи воридот, тақвияти имкониятҳои содиротии ҷумҳурӣ ва, умуман, дар самти иҷрои барномаҳои стратегии мамлакат, аз соли 2015 то ба имрӯз дар Тоҷикистон беш аз 820 корхонаи истеҳсолӣ дар соҳаҳои гуногуни саноат бо 20 ҳазор ҷойҳои нави кории доимӣ ташкил карда шуд. Дар ин давра истеҳсоли беш аз 70 намуди маҳсулоти саноатии нав роҳандозӣ гардид, ки қаблан аз хориҷи ҷумҳурӣ ворид карда ме-

Эмомалӣ Раҳмон ва “Соли ҷавонон” зии пойтахт иштирок ва суханронӣ карданд. Президенти мамлакат тамоми мардуми шарифи кишвар, сокинони пойтахт ва кулли ҳамватанони бурунмарзиро ба муносибати ҷашни мубораку муқаддаси умумимиллӣ – бистушашсолагии Истиқлолияти давлатӣ самимона табрик гуфта, ба ҳар фарди худогоҳу худшиноси мамлакат бахту саодат ва дастовардҳои рӯзафзун орзу карданд. 14 октябр дар Маҷмааи давлатии «Кохи Борбад» таҳти сарпарастӣ ва бо иштироки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ифтихори таҷлили сеюмин солгарди «Рӯзи соҳибкорон», ки ҳамасола 14 октябр ҷашн гирифта мешавад, мулоқоти Пешвои миллат бо соҳибкорон ва сармоягузорон баргузор гардид. Ҳадаф аз баргузории мулоқот фароҳам овардани имконияти васеъ барои муколамаи соҳибкорон ва сармоягузорон оид ба масъалаҳои мубрами соҳибкориву сармоягузорӣ, муайян намудани самтҳо ва роҳҳои асосии васеъ намудани ҳуқуқ ва имкониятҳои соҳибкорон ва сармоягузорон бо мақсади дастгирӣ ва рушди соҳибкорию сармоягузорӣ дар мамлакат мебошад. Бо мақсади мусоидат ва расидан ба яке аз ҳадафҳои асосию стратегии Ҳукумати Тоҷикистон – баромадан аз бунбасти коммуникатсионӣ 26 октябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо лоиҳаи таҷдид ва навсозии роҳи мошингарди Душанбе – Қӯрғонтеппа шинос шуда, барои оғози корҳои сохтмонӣ асос гузоштанд. Мавриди зикр аст, ки шоҳроҳи Душанбе – Қӯрғонтеппа пойтахтро бо маркази вилояти Хатлон ва ноҳияҳои он ва Тоҷикистонро бо Афғонистону Покистон пайваст намуда, дорои аҳамияти байналмилалӣ мебошад. Бунёду навсозии роҳ барои баромадан

аз бунбасти коммуникатсионии ҷумҳурӣ аҳамияти муҳиму стратегӣ дорад. 6 ноябр дар доираи таҷлил аз 23 - юмин солгарди қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар кӯчаи Фотеҳ Ниёзии шаҳри Душанбе бинои нави раёсати кофтукови ҷиноятии Вазорати корҳои дохилӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд. Мавриди зикри хос аст, ки давоми солҳои соҳибистиқлолӣ аз ҷониби Президент ва Ҳукумати ҷумҳурӣ барои тамоми сохторҳои қудратӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқу тартибот бо таъмини техникаю дигар муҳимот, омӯзондани кадрҳои баландихтисос дар дохил ва хориҷи мамлакат, инчунин бо бунёди иншооти замонавӣ дар шаҳру ноҳияҳои мамлакат шароити муосири кор фароҳам оварда шудааст. Бунёди бинои нави раёсати кофтукови ҷиноятии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон низ идомаи мантиқии дастгириҳои давлату Ҳукумат, хусусан Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон нисбат ба кормандони соҳа мебошад, ки барои таъмини амнияту субот дар мамлакат равона гардидааст. 6 ноябр дар шаҳри Душанбе бо иштироки Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маҳаллаи Зарафшон, кӯчаи Бобо Ҳамдами шаҳри Душанбе бинои 9-ошёна барои кормандони мақомоти Прокуратураи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба истифода дода шуд. Мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани бинои мазкур шаҳодати ғамхориҳои пайвастаи роҳбарияти олии сиёсии Тоҷикистон нисбат ба кормандони ин сохтори муҳими давлатӣ мебошад. 6 ноябри соли 2017 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ дар фа-

зои тантанавӣ Боғи фарҳангу фароғатии ба номи Садриддин Айниро баъди навсозӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд. Ин иқдоми ватандӯстона нишонаи эҳтиром ва самимияти Пешвои миллат ба шахсиятҳои барҷастаи миллат ва бори дигар аз ҷониби Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон ба таври шоиста қадр кардани хизматҳои таърихии устод Айнӣ, аз ҷумла барои муаррифии миллати тоҷик, фарҳангу адабиёти оламшумули он ва дар марҳилаи тақдирсоз аз давлати тоҷикон пуштибонии амиқ намуданаш, амалӣ гардид. 12 ноябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ бо нашъунамои дарахтони мевадиҳандаю сояафкан дар Боғи миллии Тоҷикистон, воқеъ дар қисми ғарбии пойтахт, шинос шуданд. Мавриди зикр аст, ки бо шарофати истиқлолияту ваҳдати комили сартосарӣ ва дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар саросари мамлакат солҳои ахир дар доираи татбиқи ислоҳоти соҳаи кишоварзӣ ҳазорҳо гектар заминҳои бекорхобидаи талу теппаҳо ба гардиши кишоварзӣ дароварда шуда, аз ин ҳисоб заминҳои кишт ва боғҳо васеъ карда мешавад. Ин иқдомҳои Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон, агар аз як ҷониб барои таъсиси ҳазорҳо ҷойи кори нав ва ба шуғл фаро гирифтани аҳолӣ мусоидат намоянд, аз тарафи дигар баҳри истифодаи самараноки заминҳои бекорхобида, содироти меваю хушкмеваҳо ба хориҷи кишвар ва гирифтани даромади хуби иқтисодии ҷумҳурӣ ва мардум манфиатовар мебошад. 19 декабр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Синои пойтахт дар Намоишгоҳи маҳсулоти саноатии “Душанбе – 2017” бо намунаи дастовардҳои

шуд. Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон ва раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Сино кӯдакистони рақами 68 - ро барои 160 кӯдак ва дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ биноҳои иловагии синфхонаи ҳунаромӯзӣ, ошхона бо 180 ҷойи нишаст, толори маҷлис бо 400 ҷой ва толори муосири варзишӣ бо 150 ҷойи нишастро дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 44 мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд. Айни ҳол дар шаҳри Душанбе 15 мактаби таҳсилоти миёнаи умумӣ бунёд шуда истодааст ва ҳамаи онҳо соли 2018 ба истифода дода мешаванд. Бо мақсади таъмини хонандагони мактабҳои пойтахт бо синфхонаҳои муосири фаннӣ ва ҳунаромӯзӣ, ошхона, майдону толорҳои варзишӣ бо дастгирии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сохтмони муассисаҳои нави таълимӣ ва синфхонаҳои иловагӣ ба роҳ монда шудааст. Дар маҷмӯъ, то соли 2019 бештар аз 21 ҳазор ҷойи нишасти иловагӣ барои муассисаҳои таълимии пойтахт муҳайё карда мешавад. Рӯйдоди муҳиму хотирмони дигар, ки охири соли 2017 ба вуқӯъ пайваст, аз тарафи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ироа гардидани Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ мебошад. Дар Паёми худ ба Маҷлиси Олӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷии мамлакатро барои давраҳои оянда муайян намуда, оид ба пешбурди манфиатбори сиёсати хориҷӣ ва таъмини пешрафти соҳаҳои иқтисоду саноат, энергетика, роҳу нақлиёт, амнияту мудофиа, ҳифзи ҳуқуқу тартибот, тандурустӣ, фарҳанг, илму маориф, ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ вазифаҳои мушаххас ба миён гузоштанд. (Давом дорад)


СИПАРИ ВАТАН

“ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН”, №08 (9538), 22.02.2018

3

Ҳифзи Ватан вазифаи муқаддаси мост Табрикоти вазири мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал-лейтенант Шералӣ Мирзо бахшида ба 25-солагии таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон Имрӯз мо дар арафаи биступанҷумин солгарди таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи мамлакатамон қарор дошта, ин ҷашни ба ҳар яки мо муқаддасро бо руҳияи баланди ватандӯстӣ ва шукргузорӣ аз фазои орому осоиштаи Ватани соҳибистиқлоламон истиқбол мегирем. Таъсис ёфтани Қувваҳои Мусаллаҳ дар таърихи навини Ҷумҳурии Тоҷикистон дар баробари ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ мавқеи хосса дорад. Зеро Артиши миллӣ яке аз рукнҳои асосии давлатдорӣ, кафили соҳибихтиёрӣ, тамомияти арзӣ, нерӯи таъминкунандаи амнияту субот ва ҳифзи манфиатҳои милливу давлатӣ ба ҳисоб меравад. Баъди пош хӯрдани Иттиҳоди Шӯравӣ ва ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ миллати куҳанбунёду соҳибтамаддуни тоҷик дар шароити душвору ноором, бо ҷо доштани хатари парокандашавии миллат ва аз байн рафтани давлати тоҷикон, ки бо дахолату ситезаи қувваҳои беруна авҷ мегирифт, марҳилаи навини давлатдории худро оғоз намуд. Дар ин давраҳои вазнину ҳассос дар назди Роҳбарияти сиёсии давлат вазифаҳои басо мураккабу муҳим – ба эътидол овардани авзои сиёсӣ, муттаҳид намудани миллати тоҷик, роҳ надодан ба амалҳои тахрибкоронаи гурӯҳҳои силоҳбадаст, пешгирии ҷинояткорӣ, нигоҳ доштан ва барқарор намудани иқтисодиёти косташуда ва таъмини фаъолияти мақомоти давлатӣ вогузор гардида буданд. Ҳукумати мамлакат аз рӯзҳои аввал дарк мекард, ки иҷрои ин вазифаҳо бидуни Қувваҳои Мусаллаҳ ва нерӯи таъминкунандаи амнияту субот амалӣ шуда наметавонад. Аз ин рӯ, баъди ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ, дар давраи ҳассосу тақдирсози миллати тоҷик, бо вуҷуди нооромиҳои сиёсӣ ва ихтилофоти дохилӣ, Ҳукумати кишвар барои таъсис додани ҷузъу томҳои ҳарбӣ шуруъ намуд. Тавре Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар баромадҳояшон қайд намуданд, дар он рӯзҳои душвор барои таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳ ягон заминаи моддӣ мавҷуд набуд. Ҷангу нооромӣ, фалаҷ гаридани иқтисодиёт, вазъи ноороми сиёсӣ, нарасидани техника, силоҳу муҳимоти ҷангӣ, кадрҳои соҳибихтисос, хӯрокворӣ ва сару либос пайваста эҳсос мешуд. Сарфи назар аз ҳамаи ин норасоиву мушкилот ҷузъу томҳои аввалини Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистони соҳибистиқлол дар муддати кӯтоҳ таъсис ёфта, 23 феврали соли 1993 афсарону сарбозони содиқи Ватан бо ифтихору эҳсоси баланди ватандӯстӣ дар якумин паради ҳарбӣ ботантана ширкат варзиданд. Бо итминони комил метавон гуфт, ки Қувваҳои Мусаллаҳ дар тӯли 25 сол аз бисёр имтиҳону озмоишҳои сахту сангин бо сари баланд гузашта, дар ин муддати кӯтоҳ ба як сохтори муташаккил, муназзам ва боэътимод табдил ёфт. Бо талошу заҳматҳои шабонарӯзии Пешвои миллат, Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Тоҷикистон сулҳу субот барқарор гардида, барои рушду инкишофи тамоми соҳаҳои давлатдорӣ, аз ҷумла Артиши миллӣ заминаи хуб фароҳам оварда шуд. Бо вуҷуди мушкилоти зиёди иқтисодиву молиявӣ ҳанӯз аз марҳалаҳои аввали таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон Ҳукумати мамлакат ба таҷдиду азнавсозии инфрасохтор ва таъсиси ҷузъу томҳои низомӣ эътибори ҷиддӣ дода, дар баробари омодасозии мутахассисони соҳа, ба ташкили воҳидҳои алоҳида ва таъминоти онҳо бо техникаву таҷҳизоти муосир шуруъ намуд. Дар як муддати нисбатан кӯтоҳ барои такмили иқтидори мудофиавии мамлакат Қӯшунҳои хушкигард, Қувваҳои ҳарбӣ-ҳавоӣ ва мудофиаи зиддиҳавоӣ, Қӯшунҳои зудамал ва дигар ҷузъу томҳо созмон дода шуданд. Ҳукумати Тоҷикистон аз рӯзҳои нахустини таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳ дар самти фароҳам овардани заминаҳои муосири меъёрии ҳуқуқӣ, асосҳои зарурии моддиву техникӣ, ташаккул ва такомули сохтори идоракунии ҷузъу томҳои ҳарбӣ, бунёду азнавсозӣ ва таҷҳизонидани инфрасохтори низомӣ, инчунин, таълиму тарбияи мутахассисон ва кадрҳои баландихтисос тадбирҳои зиёдеро амалӣ намуд.

>>> 4

Артиши миллӣ – мактаби ҷасорат Номаи табрикии раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати ҷумҳурӣ Аҳтам Абдуллозода ба муносибати Рӯзи Артиши миллӣ 23 феврали соли ҷорӣ аз таъсиси Артиши миллии мо, ки сипари боэътимоди давлат, таҳкимбахши Истиқлолияти миллӣ, муҳофизи ваҳдати сартосарии мардум, ҳимоятгари марзу буми кишвар, таъмингари ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон, кафили амнияту суботи Ватан ва аз ин рӯ, мояи ифтихори кулли мардуми кишвар аст, 25 сол сипарӣ мешавад. Бинобар ин, кулли ҳайати шахсии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба ин муносибат самимона табрик мегӯям. Артиши миллии Тоҷикистон яке аз дастовардҳои муҳимтарини даврони Истиқлолияти давлатӣ мебошад. Он дар даврони ҳастии худ борҳо собит намудааст, ки вазифаҳои муқаддасу пуршарафи дар наздаш гузошташударо, ки, пеш аз ҳама, ҳифзи амнияту оромии давлат ва ҷомеа, пойдории аркони давлатдорӣ ва таъмини зиндагии осоиштаи мардуми шарифи кишвар мебошад, сарбаландона иҷро мекунад. Собит аст, ки дар тӯли солҳои соҳибистиқлолӣ ба шарофати хизмати содиқонаи хизматчиёни ҳарбии сохторҳои низомӣ тамоми чорабиниҳои муҳимтарини сиёсӣ дар фазои суботу амният ва орому осуда баргузор мешуданд. Қувваҳои Мусаллаҳи мо, ки дар як замони ниҳоят мураккабу печидаи сиёсӣ ташкил гардидааст, ҳанӯз аз рӯзҳои нахустини таъсис аз як имтиҳони ниҳоят ҷиддӣ гузашт ва марҳила ба марҳила ба як нерӯи тавоно ва қудратманд, яъне, сипари боэътимоди давлату миллат табдил ёфт. Чунки агар аз як тараф ин муваффақият тавассути ҳисси баланди ватандӯстиву худшиносии ҳайати шахсии Артиши миллӣ насиб гашта бошад, аз ҷониби дигар Ҳукумати мамлакат бо вуҷуди мушкилоти зиёди иқтисодиву молиявӣ ва печидагиҳои вазъи сиёсии замон, ҳанӯз аз марҳалаҳои аввали таъсисёбӣ барои ташаккул ва ба як нерӯи муқтадир табдил ёфтани Қувваҳои Мусаллаҳ ҳамеша талош менамуд. Хушбахтона, имрӯз бо дарназардошти вазъи ноороми минтақа ва ҷаҳон Артиши миллии мо фаъолияти худро дар самти мубориза бар зидди ҷинояткорӣ, хусусан, ҷиноятҳои муташаккили фаромиллӣ, таъмини суботу амният, волоияти қонун ва тартиботи ҳуқуқӣ ва дар маҷмуъ таҳкими иқтидори мудофиавии мам-

лакат тақвият бахшида, ҳар як корманди ин сохтору мақомот вазифаҳои хизматиашонро бо масъулияти баланд ва содиқона ба анҷом мерасонанд. Ҳамзамон, бо дастгирии бевоситаи Пешвои муаззами миллат, Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Артиши миллӣ ба масъалаҳои баланд бардоштани сатҳи касбӣ, омодабошии ҷангӣ ва обутоби ҷисмониву маънавӣ таваҷҷуҳи доимӣ зоҳир мегардад. Афсарону сарбозони шуҷои мо ҳамеша дарк менамоянд, ки дар иҷрои вазифаҳои хизматиашон бояд ҳамеша ҳушёру зирак бошанд ва ҳаргиз фаромӯш намекунанд, ки фазои орому осудаи имрӯзаи Тоҷикистони соҳибистиқлол бар ивази ҷони садҳо нафар ҷавонмардони бонангу номуси миллат ба даст омадааст. Хизматчиёни ҳарбии мо ин масъулияти бузургро бо ҷону дил дарк кардаанд ва бовар дорем, ки ҳаргиз фаромӯш нахоҳанд кард. Тавре Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид мекунанд, “Адои хизмат дар сафҳои Артиши миллӣ на танҳо қарзи муқаддаси фарзандӣ, балки мояи ифтихор ва шарафи бузург буда, хизмати ҳарбӣ ба ҳар як ҷавонмард ҳамчун мактаби ҷасорату матонат, дӯстиву рафоқат ва худогоҳиву меҳанпарастӣ хизмат мекунад. Ҳар низомие, ки худро фарзанди Тоҷикистони озоду соҳибихтиёр медонад, набояд лаҳзае ин вазифаи бузург ва қарзи муқаддаси хешро фаромӯш созад”. Бовар дорем, ки хизматчиёни ҳарбии мо бо интизоми намунавӣ, руҳияи баланди ватандӯстиву садоқат ба савганди ҳарбӣ ҳимояи Ватани азизамон ва марзу буми муқаддаси онро минбаъд низ сарбаландона таъмин хоҳанд кард. Дар анҷоми номаи табрикиам мехостам, бори дигар шумо – ҳамаи родмардони миллат ва муҳофизони сулҳу ваҳдатро ба ифтихори 25-солагии Рӯзи таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳ сидқан табрик гуфта, ба ҳар яки шумо дар адои хизмати софдилонаву садоқатмандона ба Ватан-Модар, пеш аз ҳама, тандурустиву саодатмандӣ, сарбаландӣ ва иродаи қавию нерӯи даҳчанд таманно намоям. Сарбаланд бошед, муҳофизони шуҷои Ватан!


4 3 <<< Бунёду азнавсозии инфрасохтори низомӣ ва беҳбудии шароити хизмати ҳарбии ҳайати шахсӣ ҳамеша дар зери назари Роҳбарияти сиёсии мамлакат буда, бо ин мақсад аз буҷети давлатӣ ҳамасола маблағҳои зарурӣ ҷудо карда мешаванд. Дар баробари ин, сохтмони манзилҳои истиқоматии хизматӣ давра ба давра идома ёфта, қариб 550 оилаи хизматчиёни ҳарбӣ бо хонаҳои истиқоматӣ таъмин карда шуданд. Бунёди шаҳраки ҳарбӣ дар ноҳияи Рудакӣ бо сохтмони хонаи истиқоматии 126-ҳуҷрагӣ оғоз гардида, ҳарсола дар арафаи ҷашну идҳои давлатӣ тариқи иловагӣ аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хизматчиёни ҳарбӣ манзилҳои истиқоматӣ ҷудо карда мешаванд. Дар ташкили мудофиаи давлат ва ҳимояи мусаллаҳонаи он ғайр аз заминаи кофии моддиву техникӣ ва иншооти муҷаҳҳаз, инчунин, нақши кадрҳои соҳибихтисосу бомаҳорати ҳарбӣ ва воқеан содиқу ватандӯст ниҳоят калон аст. Бо дарназардошти ин дар давоми 5 соли охир қариб ҳазор нафар хизматчиёни ҳарбӣ барои таҳсил ба академия ва донишгоҳҳои низомии кишварҳои хориҷӣ фиристода шудаанд. Ҳамчунин, бо таъсис додани Донишкадаи ҳарбии Вазорати мудофиа тарбияи кадрҳои афсарӣ дар дохили кишвар ба роҳ монда шуда, хатмкунандагони ин муассисаи таҳсилоти олии низомӣ дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳ ва дигар сохторҳои ҳарбиву қудратӣ адои вазифа карда истодаанд. Бо ифтихормандӣ қайд менамоям, ки дар муддати 25 соли гузашта ба дӯши хизматчиёни ҳарбии мамлакат иҷрои вазифаҳое гузошта шуда буданд, ки тақдири миллат ва сулҳу субот аз ҳалли онҳо вобаста буд ва ҳайати шахсии Қувваҳои Мусаллаҳ аз уҳдаи иҷрои рисолати касбиашон бо сарбаландӣ баромаданд. Бешубҳа, ноил гаштан ба ин дастовардҳои бузург натиҷаи заҳматҳои пайгирона ва хизмати содиқонаи ҳайати шахсӣ – сарбозону сержантон, прапоршикон ва афсарону генералҳо мебошад. Хизматҳои шоён, корнамоиву қаҳрамонии ҳайати шахсӣ аз мади назари Роҳбарияти давлат дур намонда, бо Фармони Президенти мамлакат дар тӯли 25 соли фаъолияти Қувваҳои Мусаллаҳ зиёда 700 нафар афсарону прапоршикон ва сарбозони Вазорати мудофиа барои шуҷоату ҷасорат, хизмати бенуқсон ва қаҳрамониашон ҳангоми иҷрои вазифаҳои хизматӣ бо мукофоти давлатӣ, рутбаҳои олии ҳарбӣ ва унвонҳои фахрӣ қадрдонӣ гардиданд. Бояд қайд намоям, ки дар солҳои муқовимати мусаллаҳона ҳангоми фурӯ нишонидани ошӯбҳои хоинону душманони миллати тоҷик ва дигар амалиёти махсус садҳо нафар хизматчиёни ҳарбии Қувваҳои Мусаллаҳ ҷони худро нисор кардаанд. Мо хотираи неки ҷавонмардонеро, ки барои барқарор намудани сохти конститутсионӣ, пойдории сулҳу субот, нигоҳ доштани тамомияти арзӣ, ҳимояи марзу буми Ватан ва ҳифзи зиндагии орому осоиштаи сокинони мамлакат ҷон нисор намуданд, пос медорем ва ҳаргиз фаромӯш намекунем. Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рӯзҳои аввали таъсисёбии худ ба татбиқи сиёсати хориҷии кишвар

СИПАРИ ВАТАН дар самти барпо намудани ҳамкориҳои судманди ҳарбӣ ва ҳарбӣ-техникӣ шуруъ карданд. Дар тӯли 25 соли фаъолият Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо зиёда аз 50 кишвари ҷаҳон робитаҳои ҳарбӣ барпо намуда, аъзои қариб 10 ташкилоту созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавии низомиву сиёсӣ гардидааст. Натиҷаи ҳамкориҳои барпошуда буд, ки имрӯз Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар аксари кишварҳои пешрафтаи ҷаҳон шинохта шуда, мунтазам дар чорабиниҳои гуногуни ҳарбиву сиёсӣ фаъолона иштирок менамоянд. Чунончи, ҳайати шахсии Қувваҳои Мусаллаҳ дар машқҳои гуногуни ҳарбии ду ва бисёрҷониба, гаштҳои низомӣ, чорабиниҳои оммавӣ-фарҳангӣ, фестивалҳо, конфронсу семинарҳо ва дигар чорабиниҳо дар Федератсияи Русия, Қазоқистону Қирғизистон, Арманистону Беларус, Хитой, Штатҳои Муттаҳидаи Америка, Олмон, Фаронса, Британияи Кабир, Ҳиндустон, Покистон, Муғулистон ва ғайра ширкат меварзанд. Инчунин, дар ҳудуди Тоҷикистон низ ҳарсола, машқҳои гуногуни дуҷонибаву бисёрҷониба, дигар чорабиниҳои ҳарбӣ бо иштироки намояндагони артишҳои кишварҳои хориҷӣ доир мегарданд, ки он аз сатҳи баланди ҳамкориҳои ҳарбӣ ва обрӯю нуфузи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ шаҳодат медиҳад. Имрӯзҳо вазъияти зудтағйирёбандаи ҷаҳон, ки пур аз низоъ ва ҳолатҳои ғайричашмдошт мебошад, аз ҳайати шахсии Қувваҳои Мусаллаҳ ба таври доимӣ зиракиву ҳушёрӣ ва омодабошии баланди ҷангиро тақозо менамояд. Бояд гуфт, ки дар зарфи 25 соли таъсисёбӣ дар ҳаёти Қувваҳои Мусаллаҳ воқеаҳои муҳими таърихӣ, барору нобарориҳо ва ҳодисаҳои хубу хотирмон ва фаромӯшнашаванда хеле зиёд буданд, ки мо бояд аз онҳо сабақ гирифта, кору фаъолиятамонро боз ҳам хубтару беҳтар ба роҳ монем. Боварии комил дорам, ки ҳайати шахсии ҷузъу томҳои Вазорати мудофиа анъанаҳои хуби ҷангии Қувваҳои Мусаллаҳро идома дода, бо интизоми қавӣ, донишу малакаи муосир, бархурдор будан аз технологияи муосир, руҳияи баланди ватандӯстӣ ва садоқат ба рисолати пуршарафу муқаддаси худ – ҳимояи Ватани маҳбубамон, ҳифзу таъмини зиндагии осоишта ва заҳмати созандаи халқи хешро сарбаландона иҷро менамоянд. Ҳамчунин, хотирнишон месозам, ки мо бояд аз гузаштаи пурифтихору ибратомӯзи миллати фарҳангиву сулҳдӯст, соҳибмаърифату тамаддунсоз ва ободгару созандаамон сабақи мардонагӣ гирифта, дар баробари нишон додани садоқат ба Ватан шахсони аз таърихи миллати худ огоҳ ва зираку ҳушёр бошем. Бо итминони комил изҳор медорам, ки афсарону сарбозони шуҷои Қувваҳои Мусаллаҳ ба Савганди ҳарбии худ ҳамеша содиқ монда, рисолати фарзандии худро дар назди Ватан, миллат ва давлати худ бо сарбаландӣ адо мекунанд ва тамоми донишу таҷриба, малакаву маҳорати худро ба хотири ҳифзи дастовардҳои Истиқлолияти давлатӣ сафарбар месозанд. Ба ҳамаи шумо сиҳатию саломатӣ, рӯзгори хуш, осмони соф, хушбахтии оилавӣ ва дар роҳи ҳифзи Ватан муваффақиятҳои беназир таманно дорам.

“ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН”, №08 (9538), 22.02.2018

Қувваҳои Мусаллаҳ - оромии давлат ва сипари миллат Бахшида ба 25-умин солгарди таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи ҷумҳурӣ бо ташаббуси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши кишвар дар якҷоягӣ бо Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва телевизиони “Тоҷикистон” дар қисми ҳарбии 0123-и Қӯшунҳои сарҳадӣ чорабинии идона баргузор гардид. Чорабиниро генерал-лей- чанд нафар афсарон рутбаҳои Дар поёни чорабинӣ аз тенант Раҷабалӣ Раҳмоналӣ, ҳарбии навбатӣ, ифтихорнома ҷониби ҳунармандону сарофармондеҳи Қӯшунҳои ва туҳфаҳои хотиравӣ тақдим яндагони ҷавон барномаи сарҳадӣ ифтитоҳ бахшида намуд. консертии идона бо беҳтарин иброз дошт, ки тамоми марСипас, ба якчанд нафар сурудҳои ватандӯстона пешкадуми шарафманди ҷумҳурии афсарону сарбозон ва кур- ши ҳозирин гардонида шуд. азизамон санаи мубораку фар- сантон барои саҳми арзанда Ёдовар мешавем, ки бо ибхунда 25-умин солгарди таъ- гузоштан дар татбиқи сиёсати тикори Кумитаи кор бо ҷавонон сисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи давлатии ҷавонон ва иштироки ва варзиш чунин чорабиниҳо кишварро бо тантана таҷлил фаъолона дар барномаи теле- бахшида ба 25-солагии таъменамоянд. Тинҷию амонии визионии “Садоқат” бахшида сисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи давлат ва ҳастии миллат аз ба Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар дар дигар қисмҳои ниҚувваҳои Мусаллаҳ вобаста- Ҷумҳурии Тоҷикистон сипосно- зомии ҳудуди ҷумҳурӣ идома гии зич дорад. маи Кумитаи кор бо ҷавонон ва доранд. Пас аз суханронии хеш варзиш ва туҳфаҳои хотиравӣ Раҷабалӣ Раҳмоналӣ ба як- тақдим гардид. Беҳрӯз ХОЛМУРОДОВ, “ҶТ”


“ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН”, №08 (9538), 22.02.2018

Ниҳоят қадами ҷиддӣ ва масъулияти беандоза барои ҳар як миллати мутамаддин, озодихоҳу фарҳангпеша ва гуманисту адолатхоҳ, бахусус, барои миллати дар тӯли таърих бисёр ҷафодидаи тоҷик расидан ба истиқлолияти давлативу миллӣ мебошад, ки он ниҳоят дер ҳам бошад, хушбахтона, 9 сентябри соли 1991 насибамон гардид. Вале афсус, ки аз ҷониби нерӯҳои аҳриманӣ ин шакари мо бо заҳр омехта шуд ва қариб буд, ки ин заҳр ҷисми миллатро ба куллӣ маҳв кунад. Аммо боз ҳам хушбахтона, ки ин миллат Синои давр – муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро барои малҳам бахшидан ба ин дарди ҷонфизои миллат кайҳо омода карда будааст. Таърих саросар далели он аст, ки ягон давлат бе нерӯи муҳофизатгар бақо надорад. Барои ҳамин, як қадами муҳиме, ки Тоҷикистон солҳои аввали мустақилият гузошт, таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳ буд. Зеро баробари соҳибистиқлол гаштан Тоҷикистон ба як буҳрони ҷиддӣ рӯ ба рӯ гардид, ки метавонист кишварро аз харитаи сиёсии ҷаҳон берун созад. Барои давлат надоштани Қувваҳои Мусаллаҳ ҳифзи арзишҳои миллӣ имконнопазир аст. Пас аз пош хӯрдани давлати Шӯравӣ Тоҷикистон тавонист дар як муддати кӯтоҳ Артиши қудратманде таъсис диҳад. Ин ҳам дар ҳолест, ки кишварҳои дигари иттиҳоди собиқ тавонистанд, ки лавозимоти муҳиму бузурги ҳарбиро ба мерос гиранд. Хушбахтона, Артиши миллӣ имрӯз ба такягоҳи асосии давлат ва сипари боэътимоди миллат табдил ёфта, маҳз бо хизмати содиқонаи ҳайати шахсии Қувваҳои Мусаллаҳ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар як муддати кӯтоҳ ба як артиши қобили ҳифзи Ватан табдил ёфт. Дар остонаи ҷашни 25-солагии Қувваҳои Мусаллаҳ хоҳу нохоҳ мо аз таърихи ташакулёбӣ, роҳи тайнамудаи Артиши миллӣ, нақши он дар таҳкими Истиқлолияти давлатӣ ва корнамоиҳои ҳазорон нафар афсару аскари шуҷои сохторҳои низомии мамлакат, ки дар роҳи ҳифзи Истиқлолияти давлатӣ, барқарор намудани суботу оромии ҷомеа ва сохти конститутсионии кишвар ҷони худро аз даст додаанд, ба некӣ ёд меорем. Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар пас аз якуним соли ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ, дар марҳилаи ниҳоят вазнин ва ҳассоси таърихӣ таъсис ёфт, дар замоне ки бақои давлати тоҷикон таҳти хатари ҷиддӣ қарор дошт. Аввали соли 1992 аз тарафи Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қарор «Дар бораи таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба тасвиб расид, ки он дар заминаи гурӯҳҳои мусаллаҳе, ки Ҳукумати конститутсиониро тарафдорӣ менамуданд, ташкил шуд. Аз таъсисёбии

СИПАРИ ВАТАН

5

Артиши миллӣ 25-сола шуд

Артиш вақти зиёде нагузашта, ба дӯши он якҷоя бо дигар мақомоту сохторҳои ҳифзи ҳуқуқ вазифаи басо бузург ва масъулияти ниҳоят муҳим – таъмини суботу амнияти кишвар вогузор гашт. Ҳамин тариқ, 23-юми феврали соли 1993 нахустин паради ҳарбии ҷузъу томҳои Артиши миллӣ баргузор гардид, ки он рӯз расман Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон эълон гардид. Минбаъд Қувваҳои Мусаллаҳ муборизаро бар зидди дастаҳои мусаллаҳи ҷинояткор, ошубҳои хиёнаткорона, кӯшишҳои табаддулоти ҳарбии хоинони миллат ва ҳифзи сарҳади давлатӣ пурзӯр намуда, дар айни замон аз имтиҳони ҷиддии ҳаёт гузашт ва собит намуд, ки метавонад мустақилияти марзу буми кишварро ҳифз намояд. Дар ин раванд хизматчиёни ҳарбии Қувваҳои Мусаллаҳи мамлакат бо ҷасорату матонат ва далерию шуҷоат ватандӯстии худро борҳо собит намуданд. Ҳукумати мамлакат аз ибтидо бо мақсади ҳарчи зудтар ба эътидол овардани вазъияти кишвар ва ба ташкили воҳидҳои зарурии низомӣ, инчунин, тарбияи кадрҳои соҳибихтисос кӯшиш карда,

сарфи назар аз мушкилоти зиёд ҳалли ин масъаларо оҳиста-оҳиста таъмин намуд. Чунин навгониҳо, пеш аз ҳама, ба болоравии омодагии ҷангии ҳайати шахсӣ ва таҳкими қобилияти онҳо бо дарназардошти тағйирёбии вазъияти ҳарбӣ-сиёсӣ, яъне мутобиқ сохтани аксуламали фаврӣ равона шуда буданд. Аз оғози таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар то имрӯз ҳайати шахсии он дар лаҳзаҳои бисёр ҳассосу тақдирсоз садоқати худро ба Ватан ва миллат борҳо собит кардааст. Бо ибораи дигар, дар муддати 25 сол бар зимаи хизматчиёни ҳарбӣ иҷрои вазифаҳое гузошта шуда буданд, ки тақдири миллат ва давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон ба онҳо вобаста буд. Новобаста аз вазъи номусоиди ҳарбию сиёсӣ ва иҷтимоиву иқтисодии кишвар Роҳбарияти давлату Ҳукумати ҷумҳурӣ аз рӯзҳои аввал такмили сохтори ташкилию штатӣ, таъминоти моддиву техникӣ ва пуррагардонии сафи Артиш бо мутахассисони касбии низомиро ба роҳ монд. Зеро амнияти давлату миллат, ҳаёти осоиштаи ҷомеа ва пешрафти тамоми соҳаҳои иқтисодиёту иҷтимоиёт, тартиботи ҳуқуқӣ, таъмини во-

лоияти қонун, пешгириву мубориза бар зидди ҷинояткорӣ, пеш аз ҳама, ба тинҷиву оромӣ ва мустаҳкамии марзу буми кишвар вобаста аст, ки маҳаки асосии давлати соҳибистиқлоли моро ташкил медиҳанд. Баҳри ҳамоҳангсозии фаъолияти муштарак бо сохторҳои ҳамсони кишварҳои минтақа ва ҷаҳон дар мубориза бар зидди терроризми байналмилалӣ, пешгирӣ ва паҳншавии экстремизм ва сайқал додани маҳорату малакаи ҷангии ҳайати шахсӣ чӣ дар ҳудуди Тоҷикистон ва чӣ берун аз он имрӯзҳо пайваста машқҳои васеи муштараки ҳарбӣ гузаронида мешавад. Дар давоми солҳои сипаришуда дар доираи ҳамкориҳои ҳарбӣ ва ҳарбӣтехникӣ байни вазоратҳои мудофиаи Тоҷикистону кишварҳои хориҷ як қатор санаду созишномаҳои ҳуқуқӣ, низомӣ, ки муносибатҳои гуногунҷабҳаи ҳарбии кишварҳои ба мо ҳампаймонро мушаххас месозанд, ба имзо расида, ҳамчунин, вохӯриву мулоқотҳои судманд барои густариши минбаъдаи Қувваҳои Мусаллаҳ доир гардиданд. Артиши миллӣ ҳамкориҳои самарабахшро бо созмонҳои байналмилалӣ, аз ҷумла Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъӣ, Созмони Ҳамкориҳои Шанхай, Созмони Амният ва Ҳамкорӣ дар Аврупо, Аҳдномаи Атлантикаи Шимолӣ ва дигар ташкилотҳои бонуфузи ҷомеаи ҷаҳонӣ густариш додааст. Ҳамкориҳои ҳарбӣ ва ҳарбӣ-техникии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо кишварҳои хориҷ ва созмонҳои байналмилалӣ асосан дар самтҳои мубодилаи иттилооту таҷрибаомузӣ дар мубориза бар зидди терроризму дигар зуҳуроти номатлуб, омодасозии кадрҳои низомӣ ва расонидани кӯмакҳои техникӣ ба Артиши ҷавони кишвар ба роҳ монда шудааст. Айни замон Артиши миллии мо бо беш аз 50 кишвари олам ҳамкориҳои ҳарбӣ ва ҳарбӣ-техникӣ дорад, ки ин ҳама иқдомот баҳри дифои Ватан аз ҳар гуна хатароти эҳтимолӣ ва ҳифзи якпорчагии Тоҷикистони соҳибистиқлол амалӣ карда мешавад. Аз рӯи баҳои коршиносони низомии сатҳи байналмилалӣ имрӯз нерӯи мудофиавии кишвари мо дар баробари дигар кишварҳои минтақа ва ҷаҳон тавонову қудратманд аст. Имрӯз масъулини низомӣ қатъиян изҳор медоранд, ки бо дарназардошти таҳдидҳои нави ҷаҳонӣ ҳамеша дар ҳолати омодабош қарор доранд ва рисолати хешро бо зиракии баланди сиёсӣ ба ҷо меоранд. Бешубҳа, агар мо имрӯз дар фазои амну осуда ба сар мебарем, гувоҳи он аст, ки фарзандони сарсупурдаи миллат шабу рӯз нагуфта марзҳоямонро посбонӣ мекунанд. Онҳо роҳати хешро барои осоиши мардуми кишвари азизашон фидо намуда, саъй доранд, то ягон нохалафу бадкоре ҳадафи номатлуби хешро амалӣ насозад. Агар ба таърихи 25 соли мавҷудияту ташкили Қувваҳои Мусаллаҳ назар афканем, маълумамон мегардад, ки ин ниҳоди муҳими кишвар бо кормандони сарсупурдаву содиқаш корҳои зиёде анҷом дода, хатарҳои зиёдеро пешгирӣ кардааст. Аз ин хотир, мо тамоми ҳайати хизматчиёни ҳарбии сохторҳои ҷузъу томи низомӣ, ҳомиёни шуҷои Ватанро бо иди касбиашон – Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳ самимона шодбош мегӯем! “ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН”


6

СИПАРИ ВАТАН

Дирӯз ва имрӯзи Қувваҳои Мусаллаҳ Ё мушоҳидаҳо аз қисми низомии 15018 Ба касе пӯшида нест, ки Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар баъди Истиқлолияти давлатӣ таъсис ёфт ва дар ин ниҳоди қудратӣ корро аз сифр оғоз карданд. Дар самти таъмини амнияти сиёсии кишвар ин мақомот чун дигар сохторҳои қудратӣ нақши созгореро бозидааст. Бояд иқрор шуд, ки дар давраҳои аввали таъсисёбӣ он бо мушкилоти зиёде мувоҷеҳ буд. Таҳкурсии моддӣ-техникӣ умуман вуҷуд надошт. Норасоии мутахассисони касбӣ дар ҳама ҷанбаҳо ҳис мешуду аз лиҳози молиявӣ танқисии шадид мекашид. Ба ин ҳама нигоҳ накарда диловарони шуҷои Ватан тавонистанд, ки роҳи пурпечутоберо тай намуда, ҳама мушкилотро паси сар кунанд ва вазъи амниятии кишварро дар ҳамкорӣ бо дигар сохторҳо ба таври бояду шояд муътадил созанд. Дар ин давра баҳри сайқал додани омодагии ҷангии ҷузъу томҳо, баланд бардоштани маҳорату малакаи касбӣ, риояи қонуният ва интизоми ҳарбӣ, ҳамзамон, такмили донишу маҳорати ҳуқуқии афсарону хизматчиёни ҳарбӣ чораҳои зарурӣ андешида шуд. Инак, аз таъсисёбии ин ниҳоди пурнуфуз 25 сол пур мешавад. Дар ин радиф мо хостем аз қисми низомии 15018 дидан намуда, баҳри огаҳии бештар аз қисмҳои низомӣ бо сарбозону афсарон ва роҳбарияти ин муассисаи ҳарбӣ суҳбате дошта бошем. Аз шиносоӣ бо қисми низомии 15018-и Вазорати Мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон бароямон аён гардид, ки дар ин ҷо низоми ҳарбӣ ба таври зарурӣ ба роҳ монда шудааст. Подполковник Холиқзода Амирҷон Қодир командири ин қисми низомӣ буда, ба ҷавонии худ нигоҳ накарда, дар давраи фаъолияти начандон тӯлонии худ таҷрибаи калони роҳбариро касб намудааст. Пеш аз ҳама, ҳамчун командири қисми ҳарбӣ якҷоя бо ҳайати фармондеҳии қисм кӯшиш ба харҷ медиҳанд, ки хизматчиён талаботи оинномавиро риоя намоянд. Риояи талабот, қабл аз ҳама, ба мустаҳкам гаштани интизом, иҷрои вазифаҳои дар пешистода мусоидат мекунад. Гузашта аз ин, мустаҳкам намудани руҳияи низомии афсарону сарбозон, ҳифзи арзишҳои ватандорӣ, эҳтироми муқаддасоти миллӣ дар меҳвари асосии корҳои тарбиявӣ ва принсипи асосии кормандони ин ниҳод қарор гирифтааст. Ҳангоми суҳбат бо чанд тан аз сарбозон ба мо аён гардид, ки раванди адои хизмати ҳарбӣ бидуни душворӣ ҷараён гирифта, сарбозон бо камоли хушнудӣ хизмати Модар-Ватанро паси сар

менамоянд. Чӣ тавре яке аз сарбозон мегӯяд: - Ҳангоми таҳсил аз забони бисёре аз калонсолон шунида будам, ки хизмати ҳарбӣ макони зарбу лат ва шаллоқхӯрист, аммо бар хилофи ин, дар давоми як соли хизмат ин гуна амалҳоро мушоҳида накардаам. Ба андешаи ман қисми низомӣ мактаби тарбия, ҷасорату мардонагӣ ва дӯстию рафоқат аст. Ҳар нафаре, ки ин мактабро пушти сар мекунад, дар оянда инсони баркамол хоҳад шуд. Ҳангоми шиносоӣ аз майдону толорҳои варзишӣ, ҳуҷраҳои хоб, ошхона, ҳуҷраи дидорбинӣ ва дигар иншооти хизматрасонии қисми низомӣ ба мо маълум гардид, ки қариб тамоми иншооти ин муассисаи ҳарбӣ ба таври хушсохту замонавӣ бино шуда, мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтаанд ва шароити хизматрасонӣ ба афсарону сарбозон дар сатҳи олист. Шароити будубош, машғулиятҳои тактикӣ ва амалии хизматчиёни ҳарбӣ ҷавобгӯи талаботи низоми ҳарбӣ мебошад. Чуноне Холиқзода Амирҷон Қодир, командири ин қисми низомӣ мегӯяд: - Шароити имрӯза на танҳо дар қисми низомии мо балки дар тамоми қисму воҳидҳои низомии Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар дар сатҳи баланд аст. Доир намудани суҳбату вохӯриҳо бо собиқадорони ҷангу меҳнат ва кормандони илму фарҳанг дар тарбияи ватандӯстии ҷавонон саҳми муносиб мегузорад. Мо низ дар қисми низомӣ бо собиқадорон ва афсарону сарбозоне, ки дар даврони Иттиҳоди Шӯравӣ дар сафҳои Қувваҳои Мусаллаҳ адои хизмат намудаанд, пайваста вохӯриҳо анҷом медиҳем. Вақте онҳоро бо шарту шароити буду боши афсарону сарбозон ошно месозем, аксаран ба чунин хулоса меоянд, ки айни ҳол хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳ нисбат ба даврони Иттиҳоди Шӯравӣ бениҳоят хуб аст. Ҳукумати мамлакат баҳри мустаҳкам намудани қобилияти мудофиавии кишвар, баланд бардоштани сатҳи омодагии ҳарбӣ ва беҳтар гардонидани шароити моддӣ-техникӣ ва вазъи иҷтимоии хизматчиёни ҳарбӣ пайваста ғамхорӣ менамояд. Дар умум метавон гуфт, ки имрӯз барои адои хизмат дар ҳама қисму воҳидҳои низомии кишвар шароит дар сатҳи баланд муҳайёст. Ин имкон медиҳад, то ҷавонони кишвар барои дифои Ватан-Модар камари ҳиммат банданд ва сарбозу сарсупурдаи ин марзу бум бошанд. Хуршед ХОВАРӢ, “ҶТ”

“ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН”, №08 (9538), 22.02.2018


“ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН”, №08 (9538), 22.02.2018

СИПАРИ ВАТАН

7

«Ҳифзи Ватан, ҳимояи манфиатҳои давлат, таҳкими истиқлолият ва иқтидори мудофиавии он вазифаи муқаддаси ҳар шаҳрванд аст». Конститутсияи Тоҷикистон

Ин вазифаҳои муҳимро мо вақте сарбаландона иҷро карда метавонем, ки ба моҳияти истиқлол, арзишҳои давлати демокративу ҳуқуқбунёд сарфаҳм равем ва ба таҳаввулоти мафкуравии гиромидошти ин меъёрҳо, ки омили аслии мавҷудияти ҷомеаи мутамаддин ва ободии рӯзгори ҳар фард аст, муваффақ гардем. Дар ин замина шарти муҳимтар он аст, ки эҳсоси соҳибватан буданро дар худ парвариш диҳем ва дар ақлу идроки худ расидан ба қадри неъмати бебаҳои ватандориро мароми зиндагии хеш созем. Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ин бора гуфтаанд: «Ватандорӣ бахти бузург аст, вале ба қадри истиқлолияти миллӣ ва давлати соҳибихтиёр расида тавонистан аз он ҳам болотар. Зеро соҳибватан будан тақдири фарзандон, тақдири миллат, забон ва иқтисоду фарҳанги хешро дар даст доштан на ба ҳар халқу миллат ба осонӣ муяссар мегардад». Хизмат ба Ватан, аслан, хизмат кардан ба падару модар, барои некӯаҳволии фарзандон ва ободии рӯзгори худи инсон аст. Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ватандӯстиро бо муҳофизати Ватан тавъам дониста, мегӯяд: «Вақте мо ватандӯстӣ мегӯем, пеш аз ҳама, муҳофизати Ватан ва тамомияти арзии кишварро дар назар дорем. Имрӯз вазифаи ҳар як шаҳрванди некхоҳ ва ҳар тоҷики ватандӯст, аз хурд то бузург, афзудан ба дастовардҳои истиқлолият ва таҳкими рукнҳои давлатдорӣ аст, ки яке аз ин рукнҳо Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад». Бунёд ва таҳкими Қувваҳои Мусаллаҳ ва дигар сохтору воҳидҳои ҳарбӣ ва мудофиа дар таърихи навини давлатдории тоҷикон саҳифаи дурахшоне мебошад. Президенти мамлакат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун кафили амният ва истиқлоли мамлакат ва Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳ бо такя ба меъёрҳои Конститутсия ва қонунҳои марбу-

Артиши миллӣ ва рисолати ватандорӣ та муҳофизати Ватан ва дифоъ аз манфиатҳои мамлакатро вазифаи асосии давлат ва кори тамоми халқ муайян намуда, тамоми масъалаҳои вобаста ба таҳкиму такмили Артиши миллӣ, фаъолияти он, омодагии доимии ҷангии қӯшунҳо ва ҳаёти ҳарбиро дар маркази диққати худ қарор дода, барои боз ҳам беҳтар кардани шароити хизмат ва аҳволи моддию маишии хизматчиёни ҳарбӣ пайваста ғамхорӣ менамояд. Пешвои миллат дар даврони мураккаби муқовиматҳои ҳамватанӣ ва шароити душвори иқтисодӣ бо такя ба иродаи мағлубнопазири фарзандони бошарафи Тоҷикистон нерӯҳои мусаллаҳ – муҳофизи аслии истиқлолият ва якпорчагии Ватани маҳбубамонро бунёд гузоштааст. Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи мамлакат дар яке аз суханрониҳояш чунин гуфта буд: «Мо ба шарофати истиқлолият соҳиби Артиши миллӣ шудем. Шукронаи онро мекунем, ки Қувваҳои Мусаллаҳи худро бунёд карда тавонистем. Вале ин ҳанӯз кам аст. Дар назди нерӯҳои низомии мо корҳои бисёре истодаанд. Мо мехоҳем, ки низомиёни мо чун падару бобоёни худ бо халқ ҳамдилу ҳамнафас бошанд, аз ҷониби шаҳрвандон чун ҳимоятгари Ватан пазируфта шаванд. Аз ин рӯ, ҳар як афсару сарбозро лозим аст, ки беҳтарин анъанаҳои ҳарбиро ривоҷ диҳанд, аз интизоми намунавӣ, матонат ва садоқати ба халқу Ватан доштаи наслҳои гузашта сабақ гиранд». Пешвои миллат, муҳтарам

Эмомалӣ Раҳмон дар баробари бар уҳдаи давлат, мақомоти роҳбарӣ ва ҳайати фармондеҳию афсарӣ гузоштани ҳалли масъалаҳои таҳкими Қувваҳои Мусаллаҳ ва сохтору воҳидҳои ҳарбӣ, вазифа ва масъулиятҳои тамоми табақаҳои иҷтимоӣ, созмонҳои ҷамъиятӣ, мактабу маориф, иттиҳодияҳои эҷодӣ ва падару модаронро барои ба хизмати ҳарбӣ омода намудани ҷавонон ва дар мафкураи онҳо парвариш додани ҳисси ватандӯстӣ ва муқаддас шуморидани хизмати Ватанро тақозо менамоянд. Сардори давлат ҷавононро нерӯи пешбар ва созанда номида, итминон доранд, ки насли ҷавони мамлакат дар кори ҳифзи дастовардҳои истиқлолият ва сулҳу осоиши мамлакат аз худ масъулиятнокӣ зоҳир менамоянд. Президенти мамлакат корнамоиҳои беҳамтои ҷавононро дар барқарор кардани ҳукумати конститутсионӣ махсусан қайд карда, бар он аст, ки онҳо ҳамчун қувваи бузург қодир ҳастанд дар ҳалли тамоми масъалаҳои ҳаёти ҷомеа саҳми беназир гузоранд, дар такмил намудани Қувваҳои Мусаллаҳ ва ҳифзи боэътимоди сарҳадҳои мамлакат низ бо ҳисси баланди ватандӯстӣ саҳм мегиранд. Сардори давлат сафҳои Артиши миллиро на танҳо ҷои адо кардани қарзи фарзандиву ватандорӣ, ҳамчунин, мактаби камолоти инсонӣ ва шуҷоату мардонагӣ ҳисоб мекунад: «Барои насли наврас яке аз муҳимтарин мактаби обутоби ҳаёт хизмат

дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи мамлакат аст. Маҳз дар ҳамин ҷо ҷавонписарон шуҷоату мардонагӣ омӯхта, муқаддастарин арзиши ҳаёт – дӯст доштан ва содиқона муҳофизат кардани хоки поки Ватани азизро ёд мегиранд. Хизмат дар сафҳои Артиши миллӣ бояд қарзи виҷдон ва ҳаққи фарзандии ҳар як ҷавони далер бошад. Муҳофизати Ватан муҳофизати обу хоки муқаддаси бобокалонҳои номовари мост. Касе, ки аз хизмати Ватан саркашӣ мекунад, аз хизмати падару модар, аз эҳтироми хоҳару бародари худ саркашӣ мекунад. Даъват ба хизмати ҳарбӣ бояд ид бошад». Пешвои миллат дар ин замина бо овардани мисолҳо аз таърихи пуршарафи аҷдодони тоҷикон ба ҷавонон ёдрас мекунанд, ки фарзандони шарофатманди миллати тоҷик ҳамеша ва дар ҳама давру замон муҳофизати Ватан, анъанаҳои асили миллӣ ва ҳувияти таърихии худро ҳифз намуда, бо душманон муборизаҳои беамон мебурданд ва аз худ беҳтарин намунаҳои шуҷоату қаҳрамонӣ нишон медоданд. Сардори давлат таъкид мекунанд, ки корнамоиҳои Спитамени диловар, Деваштичи ватандӯст, Темурмалики сафшикан ва Восеи шуҷоъ, ки парчами озодиву истиқлолиятро баланд афрошта, дар миёни ҳазорон марди далер ифтихори миллӣ ва нангу номуси ватандориро бедор мекарданд, баъди садсолаҳо низ ҳамчун намунаи олии ватандӯстӣ ҷовидона мемонанд. Сардори давлат ҷонфидоиҳои

насли бузурги моро дар давраи Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ тимсоли олии ватандӯстӣ, ваҳдат, шуҷоату мардонагӣ тавсиф намуда, барои насли ҷавон дарси ибрат ва сабақи ҷовидона меҳисобад. Президенти мамлакат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон корнамоиҳои қаҳрамононаи насли бузургро бо камоли ифтихор ёдовар шуда, мегӯянд: «Мо имрӯз ҳам бо гузашти даҳсолаҳо бо камоли ифтихор номи қаҳрамонон ва фидокорони Ҷанги Бузурги Ватаниро ёдовар мешавем, хотираи онҳоро пос медорем. Ягон муҳорибае набуд, ки дар он тоҷикон ҳамроҳи намояндагони миллатҳои дигар иштирок накарда бошанд. Маҳорат, диловарӣ, мардонагӣ, шуҷоат ва қаҳрамониҳое, ки фарзандони Тоҷикистон дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ нишон додаанд, сазовори таҳсин аст. Барои корнамоиҳои ҷангӣ 72 нафар фарзанди Тоҷикистон сазовори унвони олии Қаҳрамони Иттифоқи Шӯравӣ шудаанд ва 17 нафар ҳамдиёри мо бо се дараҷаи ордени «Шараф» сарфароз гардидаанд. Қаҳрамонии онҳо ҳамеша ифтихори халқи тоҷик ва илҳомбахши Артиши миллии Ҷумҳурии соҳибистиқлоли Тоҷикистон хоҳад буд». Ҳамаи мо дар назди халқу Ватан вазифадор ҳастем, ки сулҳи пойдор ва якпорчагии Тоҷикистони азизро чун гавҳараки чашм ҳифзу нигаҳбонӣ кунем, халқи мамлакатро бовар кунонем, ки бо хизмати намунавӣ ва бо меҳнати созанда қудрати иқтисодӣ ва нерӯи мудофиавии давлатамонро афзун менамоем. Бо дилу ҷон ба Ватан хизмат карда, доимо бар он кӯшем, ки мамлакатамон ҷавлонгоҳи меҳнату зиндагии осоишта ва хуррамбоғи фароғату роҳати пирон ва дунёи равшану босафои кӯдакон бошад. Чунки мо медонем: «Хизмат кардан ба Ватан вазифаи муқаддас ва шарафи бузург аст!» “ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН”


8 Боиси ифтихор аст, ки бо ба даст омадани Истиқлолияти давлатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳ ба сӯи эъмори давлатдорӣ, бунёди давлати ҳуқуқбунёд кушода шуд ва боиси шукргузориву фараҳмандист, ки маҳз бо талошҳои Сарвари муаззами кишвар, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва сулҳу суботи бебозгашт дар тамоми соҳаҳои ҳаёти кишвар дигаргуниҳои азим ба вуҷуд омаданд. Ташкилёбии Артиши миллӣ яке аз комёбиҳои бузурги давраи соҳибистиқлолӣ буда, бисту панҷ сол аст, ки ҳайати шахсии Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар рисолати муқаддаси худ – ҳимояи амнияти давлати соҳибистиқлол ва зиндагии орому осоиштаи мардуми Тоҷикистонро бо устувориву фидокорӣ иҷро карда истодааст. Дар зарфи ин солҳо Артиши миллии мо ба мактаби бузурги тарбияи ватандӯстиву ватандорӣ ва матонату мардонагӣ табдил ёфта, то имрӯз дар сафҳои худ даҳҳо ҳазор ҷавонони обутобёфтаро ба камол расонидааст. Дар арафаи иди касбии муҳофизони Ватан, ки барои ҳар як хизматчии ҳарбӣ ва барои кулли шаҳрванди боору номуси кишварамон санаи муҳиму пурифтихор аст, суҳбате доштем бо муовини вазири мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал-майор Латифзода Асрор Қурбон, ки фишурдаашро пешниҳоди хонандаи рӯзнома мегардонем. - Муҳтарам Асрор Қурбон, сараввал дар симои Шумо тамоми родмардони Ватан, хизматчиёни ҷузъу томи Қувваҳои Мусаллаҳи кишварро бо иди касбиашон шодбош мегӯем. Имсол Артиши миллии мо 25-сола мешавад, ки, воқеан, як санаи таърихист. Ба ин муносибат нахуст хуб мешуд, рӯ оварем ба таърихи таъсисёбии Артиши миллӣ... - Ташаккур. Моҳи ноябри соли 2017 ҳамагон шоҳиди таҷлили санаи ниҳоят муҳими таърихӣ – 25-умин солгарди Иҷлосияи XVI-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон гардидем. Ҷашни 25-солагии Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар давоми мантиқии ин рӯйдоди бузурги таърихӣ буда, бо ҳам робитаи зич доранд, зеро таърихи таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳз аз ҳамин иҷлосия сарчашма мегирад. Бо гузашти солҳо таърих собит намуд, ки маҳз бо шарофати ин иҷлосия ва хизматҳои бузурги Сарвари хирадманди кишвар, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, хиради бузурги сиёсии ӯ Тоҷикистон ба сарзамини сулҳу салоҳ табдил ёфт. Агар ба таърихи Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар рӯ орем, баъди пош хӯрдани Иттиҳоди Шӯравӣ сарфи назар аз он ки кишварро вазъи печидаи ҳарбӣ-сиёсӣ ё худ муноқишаҳои дохилӣ фарогир буд, Тоҷикистони тозаистиқлол бо заҳмату талоши Сарвари давлат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи худ, дар шароите ки барои бунёди он ягон заминаи моддиву техникӣ вуҷуд надошт, шуруъ намуд.

СИПАРИ ВАТАН

“ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН”, №08 (9538), 22.02.2018 фар ба ҳайати ҷузъу томи Вазорати мудофиа ва дигар сохтору мақомоти қудратии кишвар шомил гардидаанд. Тадбирҳои саривақтӣ вобаста ба тайёр намудани мутахассисон дар ин мактабҳои олӣ имконият фароҳам овард, ки сафи навъҳои Қувваҳои Мусаллаҳ, ҷузъу томи Вазорати мудофиа ва дигар сохторҳои қудратӣ бо афсарони касбӣ пурра гардонида шаванд. - Тавре мо иттилоъ дорем, 20-уми феврали соли 2015 бо Фармони Президенти ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон “Консепсияи корҳои сиёсию тарбиявӣ дар Қувваҳои Мусаллаҳ” ба имзо расонида шуд. Шумо, ки роҳбарии корҳои сиёсию тарбиявиро дар Вазорати мудофиа ба зимма доред, мехостем, аз ҳадафу ҷараёни татбиқи консепсияи мазкур дар ҷузъу томи Вазорати мудофиа ва умуман, вазъи имрӯзаи ташкили корҳои сиёсию тарбиявӣ дар ҷузъу томи низомӣ маълумот медодед? - “Консепсияи корҳои сиёсию

гар толорҳои фарҳангиву фароғатӣ муҳайё гаштааст. Илова бар ин, аз ҷониби масъулин дастурамалҳои методӣ, рӯзномаву маҷаллаҳо ба табъ расонида шуда, барномаҳои рангини телевизионӣ, филмҳои тарғибкунандаи ватандӯстӣ ва амсоли ин таҳия ва манзури хизматчиёни ҳарбӣ гардонида мешаванд. Ташкилу баргузории маҳфилу озмунҳои фарҳангӣ ва мусобиқаҳои варзишӣ, ки дар баланд бардоштани ҳисси ватндӯстии сарбозон нақши калон доранд, ба ҳукми анъана даромадааст. Инчунин, барои боз ҳам мустаҳкам намудани робитаи хизматчиёни ҳарбӣ бо аҳли ҷомеа пайваста дар қисму воҳидҳои низомӣ суҳбату вохӯрии сарбозон бо волидону толибилмони мактабҳои миёна, ҷавонони то синни даъватӣ, масъулини вазорату кумитаҳо, идораҳои давлатӣ, аҳли зиёи мамлакат ва шоирону адибони маъруфи кишвар доир карда мешаванд. Ду сол инҷониб бо ибтикори бевоситаи вазири мудофиа, муҳтарам Шералӣ Мирзо дар самти корҳои сиёсию тарбиявӣ дар байни афсарон фо-

тарбиявӣ” маҷмӯи ғояҳо ва ақидаҳои муосир дар самти корҳои сиёсию тарбиявии мақсаднок дар байни ҳайати шахсӣ мебошад. Мақсади асосии Консепсия муайян намудани тартиб, моҳият ва мавқеи системаи корҳои сиёсӣ-тарбиявӣ дар самти амалӣ намудани сиёсати давлат дар соҳаи ҳарбӣ, таъмин намудани ҳолати ахлоқию руҳии ҳайати шахсӣ, таъмини вазъи қонуният, тартиботи ҳуқуқӣ ва волоияти қонун, мустаҳкам намудани интизоми ҳарбӣ ва баланд бардоштани мақом ва обрӯю эътибори Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷомеа мебошад. Он моҳият ва мавқеи системаи корҳои сиёсию тарбиявиро вобаста ба амалӣ намудани сиёсати давлатӣ дар соҳаи ҳарбӣ, таъмин намудани ҳолати ахлоқию руҳии ҳайати шахсӣ, қонунияту тартиботи ҳуқуқӣ, волоияти қонун, мустаҳкам намудани интизоми ҳарбӣ, баланд бардоштани мақом ва обрӯю эътибори Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар ҷомеа таъмин менамояд. Чунки сатҳи омодабошии ҷангии ҳайати шахсии Қувваҳои Мусаллаҳ дар ҳар давру замон аз маърифати ҳуқуқӣ ва таълиму тарбияи хуби афсарону сарбозон, сайқал додани донишҳои сиёсиву низомӣ ва ба эҳсоси баланди ватандӯстиву садоқатмандии хизматчиёни ҳарбӣ вобастагии зиёд дорад. Консепсия дар маҷмуъ вазифаву самтҳои асосии корҳои сиёсию тарбиявӣ дар Қувваҳои Мусаллаҳ, инчунин, навъҳои корҳои сиёсию тарбиявӣ ва технологияи педагогии тарбияи ҳайати шахсиро муайян намудааст. Асоси корҳои сиёсию тарбиявиро дар Қувваҳои Мусаллаҳ тарғибу ташвиқи сиёсати пешгирифтаи Ҳукумат, садоқат ба савганди ҳарбӣ, тайёр будан ба муҳофизати манфиатҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил медиҳад. Айни замон Консепсия чун як барномаи мукаммали корӣ дастури амали тамоми ҷузъу томҳои Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар карор гирифтааст ва дар ин замина дар қисмҳои низомӣ пайваста чорабиниҳои сиёсиву фарҳангӣ ва маишиву фароғатӣ доир карда мешаванд. Барои амалӣ намудани чунин корҳо дар тамоми ҷузъу томи Вазорати мудофиаи мамлакат иншооти истироҳатӣ, китобхона ва ди-

рум доир гашта истодааст. Бо мақсади ҷисман обутоб ёфтани афсарону сарбозон, баланд бардоштани маҳорату малакаи ҷангии хизматчиёни ҳарбӣ аз соли 2003 дар тобеияти Вазорати мудофиа Клуби марказии варзишии артиш амал мекунад. Клуби мазкур ҳоло яке аз шохаҳои боэътимоди варзиши ҷумҳурӣ ба ҳисоб рафта, варзишгарони он ба ҳайати дастаҳои мунтахаби кишвар шомил мебошанд. Ва онҳо аз рӯи намудҳои гуногуни варзиш дар садҳо мусобиқаҳои ҷумҳуриявию байналмилалӣ ширкат карда, зинаҳои намоёни ифтихориро ишғол намудаанд. Варзишгарони Клуби марказии варзишии артиш баҳри ривоҷу равнақи варзиши ҳарбӣ саҳми арзандаи худро гузоштаанд. Барои рушду нумӯи варзиш миёни хизматчиёни ҳарбӣ дар ҳама қисмҳои низомии Вазорати мудофиа толору майдончаҳои хуби варзишӣ ва барои обу тоби бадан дигар шароитҳои зарурӣ муҳайё гардонида шудааст, ки чунин шароитҳо имкон медиҳад тамоми машғулиятҳои ҷисмонӣ сари вақт ва дар сатҳи лозима ташкилу ба роҳ монда шаванд. Ин аст, ки айни ҳол дар тобеияти тамоми ҷузъу томи Вазорати мудофиа дастаҳои варзишгар амал карда, онҳо дар мусобиқаҳо ширкати фаъолона менамоянд. - Дар амалӣ намудани сиёсати давлатӣ дар соҳаи ҳарбӣ, баланд бардоштани тарбияи ҳарбию ватандӯстӣ дар қатори Вазорати мудофиа дигар сохторҳои давлатӣ низ масъул мебошанд. Ба ибораи дигар, баланд бардоштани тарбияи ҳарбию ватандӯстӣ фаъолияти муштараку байнисоҳавии сохторҳои дахлдори кишварро талаб менамояд. Дар ин маврид мехостем, андешаҳоятонро баён намоед... - Комилан дуруст қайд намудед. Тарбияи насли солим, ҷисман обутобёфтаву соҳибхирад, соҳибмаърифат ва худшиносу худогоҳ масъулият нисбат ба фардои Ватан ва як шарти муҳими инкишофи ҷомеа ба шумор меравад. Аз ин рӯ, дар ин боб хеҷ фарде ва умуман, ҷомеа набояд бетарафу беҳадаф бошад. Тарбияи ватандӯстии насли ҷавон вазифаи муҳими падару модарон, мактабҳои таҳсилоти умумиву олӣ ва тамоми ҷомеа ба шумор меравад. Маҳз

Артиши миллӣ ҳамқадами 18-уми декабри соли 1992 аз ҷониби Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қарор «Дар бораи таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба имзо расид ва 23-юми феврали соли 1993 нахустин паради ҳарбӣ баргузор гардид, ки он рӯз расман санаи таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон эълон карда шуд. Таърихи Қувваҳои Мусаллаҳи кишварро метавон ба се давра ҷудо кард. Даври аввал, ки аллакай пушти сар шуд, давраи ташкилу фаъол намудани мақомоти ҳарбӣ, қисмҳои низомӣ ва дигар муассисаву идораҳои Қувваҳои Мусаллаҳ буд, ки он бомуваффақият анҷом ёфт. Давраи дуюм марҳилаи рушду камоли Артиш, баланд бардоштани омодагии доимии ҷангӣ ва татбиқу истифодаи таҷрибаҳои пешқадам дар омӯзиши мақомоти идорӣ ва ҳайати шахсӣ аст, ки он ҳанӯз идома дорад. Давраи асосӣ бунёди навъҳои Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва таҳкиму тақвият бахшидани иқтидори ҷангии онро дар бар мегирад. Илова бар ин, ислоҳоти ҳарбӣ дар Қувваҳои Мусаллаҳ ҳанӯз ҳам идома дорад. Имрӯз, тавре ҳамагон шоҳидем, бо талошҳои Сарвари муаззами кишвар, Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар, Генерали артиш, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар қатори дигар соҳаҳо тамоми ҷузъу томи Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар сарбаландона масъулияти ба зима доштаашонро иҷро намуда истодаанд. Дар соли 2018 аз сарбози қаторӣ то хизматчиёни ҳарбии олирутбаи Вазорати мудофиа шиори “25-умин солгарди Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо нерӯи тоза, омодабошии ҷангӣ ва интизоми намунавӣ истиқбол мегирем”-ро қабул намуда, баҳри таъмини амнияти марзу буми аҷдодӣ ва пойдории сулҳу суботи ҷомеа доимо тайёранд. - Шумо дар хусуси татбиқу истифодаи таҷрибаҳои пешқадам дар ҷузъу томи Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар ёдовар шудед. То кадом андоза Артиши миллиамон аз таҷрибаҳои пешқадам истифода мекунад? - Дар воқеъ, дар шароити пешрафти босуръат тақозо мегардад,

ки дар тамоми соҳаҳои кишвар таҷрибаҳои пешқадамро ҷорӣ намоем. Бо ҳидояту талошҳои бевоситаи Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, вазири мудофиа, муҳтарам Шералӣ Мирзо айни замон Вазорати мудофиаи кишварамон бо зиёда аз 50 кишвари олам ҳамкориҳои ҳарбӣ ва ҳарбӣ-техникии дуҷонибаву бисёрҷонибаро идома дода истодааст. Ҳамкориҳои ҳарбӣ ва ҳарбӣ-техникӣ бо вазоратҳои мудофиаи кишварҳои хориҷ ва созмонҳои байналмилалӣ асосан дар самтҳои мубодилаи иттилооту таҷрибаомӯзӣ дар мубориза бар зидди терроризму дигар зуҳуроти номатлуб, ташкили пайвастаи машқу табодули таҷрибаи мухталифи низомӣ, омодасозии афсарони касбӣ ва расонидани кӯмакҳои техникӣ ба Артиши кишвар ба роҳ монда шудааст. Илова бар ин, Вазорати мудофиа ҳамкориҳои самарабахшро бо созмонҳои байналмилалӣ, аз ҷумлаи Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъӣ, Созмони Ҳамкориҳои Шанхай, Созмони Амният ва Ҳамкорӣ дар Аврупо, Аҳдномаи Атлантикаи Шимолӣ (НАТО), “Барномаи рушди Созмони Милали Муттаҳид оид ба «Дастгирии кӯшишҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар татбиқи проблемаҳои минаҳо» ва дигар ташкилотҳои бонуфузи ҷомеаи ҷаҳонӣ густариш додааст. Боиси хурсандист, ки ҳамасола афсарон ва курсантони тоҷик ба муассисаҳои таҳсилоти ҳарбии давлатҳои хориҷ барои бозомӯзӣ ва баланд бардоштани малакаи касбӣ фиристода мешаванд. Айни ҳол дар муассисаҳои олии таълимии ҳарбии кишварҳои хориҷ наздики 800 нафар таҳсили илми низомӣ менамоянд, ки ҳайати онро курсантону шунавандагони академияву омӯзишгоҳҳои олии ҳарбӣ ташкил медиҳанд. Имрӯз сафи Артиши миллӣ асосан аз ҳисоби хатмкунандагони Донишкадаи ҳарбии Вазорати мудофиа ва академияву омӯзишгоҳҳои олии ҳарбии давлатҳои хориҷи дуру наздик бо афсарони касбӣ пурра гардонида мешавад. То ин дам аз ҳисоби хатмкунандагони Донишкадаи ҳарбӣ, ки ҳамасола беш аз 200 нафар афсарони касбӣ онро аз рӯи 17 ихтисос хатм менамоянд, наздики 4 ҳазор на-


СИПАРИ ВАТАН

“ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН”, №08 (9538), 22.02.2018 шахси воқеан ватандӯст метавонад дилсӯзона ва бо тамоми ҳастӣ ҳифзи амният ва ободии Ватани худро таъмин созад. Пушида нест, ки чанд сол қабл ҳолатҳои саркашӣ намудани ҷавонон бо ҳар баҳона аз хизмати ВатанМодар мушоҳида мегашт ва тавре худи ҳамдиёрон шоҳиданд, имрӯз ҷавонони мо бо як ҳисси баланди масъулиятшиносӣ дарк намудаанд, ки хизмат дар сафи Артиши миллӣ қарзи фарзандии онҳост. Мо инро дар ҳар мавсими даъват дида истодаем. Аз ҳама муҳим он аст, ки худи насли ҷавони кишвар моҳияти арзишҳои олӣ – ватандӯстиву ҳимояи Ватан-Модарро дарк намудааст. Ҳадафи асосии сиёсати пешгирифтаи Президенти кишвар дар самти сиёсати давлатии ҷавонон низ маҳз аз ҳамин иборат аст. Роҳбари муаззами кишвар имрӯз ба ҷавонон чун такягоҳ, умед ва ифтихори давлату ҷомеа такя намуда, барои боз ҳам баланд бардоштани нақш ва мавқеи онҳо тамоми тадбирҳоро роҳандозӣ намуда истодаанд. Ҳукумати ҷумҳурӣ бо татбиқи пай-

ҳарбию ватандӯстии ҷавонон воситаҳои ахбори умум нақши калон доранд. Аз фурсат истифода бурда, ба шабакаҳои телевизионии кишвар, ҳайати эҷодии рӯзномаҳои даврӣ ва умуман, тамоми рӯзноманигороне, ки дар инъикоси ҳаёти сарбозон ва дар ин замина тарғиби ғояҳои ватандӯстӣ саҳми вокеъбинонаву муносиб доранд, миннатдорӣ баён менамоям. - Муҳтарам Асрор Қурбон, дар Паёми имсолаашон Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар қатори дигар соҳаҳо дар назди хизматчиёни ҷузъу томи Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар як қатор вазифаҳоро гузоштанд ва дар бораи баланд бардоштани зиракии сиёсии насли ҷавони кишвар махсус таъкид намуданд. Шумо ҳамчун дорандаи таҷрибаи тӯлонӣ дар мақомоти соҳаи кор бо ҷавонони кишвар, дар ин маврид чӣ андеша доред? Сатҳи ҳушёрии сиёсии ҷавонони Артиши миллӣ чӣ гуна аст? - Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

гиронаи сиёсати давлатии ҷавонон ҷалби онҳоро аз мадди назар дур намегузорад ва дар ин раванд тамоми чораҳоро амалӣ намуда истодааст, то ҷавонону наврасони мамлакат ҳамқадами замон ба камол расанд. Имрӯз ҳангоми ҳар як сафари кориашон ба шаҳру ноҳияҳои кишвар Роҳбари давлат ба ташвишҳои зиёд нигоҳ накарда, ҳатман аз аҳволи ҷавонон бохабар мегарданд, бо онҳо суҳбату мулоқот анҷом медиҳанд, пешниҳоду дархостҳояшонро мешунаванду баҳри иҷрояшон масъулонро вазифадор менамоянд. «Соли ҷавонон» эълон гардидани соли 2017 исботи таваҷҷуҳи зиёд доштани давлату Ҳукумат нисбати ин табақаи ҷомеа аст. Таваҷҷуҳ ва ғамхориҳои ҳамарӯзаи давлату Ҳукумати кишвар баҳри рушди маорифу варзиш – ин ҳама нишони ғамхорӣ нисбати насли ҷавони кишвар аст. Маҳз муҳимияти ин нуктаро ба инобат гирифта, имрӯз Вазорати мудофиаи кишвар ҳамкориҳои судмандро бо тамоми вазорату кумитаҳо, сохтору мақомоти давлативу қудратӣ, собиқадорони Қувваҳои Мусаллаҳ, ҷанговарони башардӯст, волидони хизматчиёни ҳарбӣ ва дигар афроди некбини ҷомеа таҳким бахшида, дар ин замина корҳои зиёду назаррасеро амалӣ намуда истодааст. Ҳамкории мутақобила бо кумитаҳои кор бо ҷавонон ва варзиш, занон ва оила ва рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, вазоратҳои фарҳанг, маориф ва илм, Иттифоқи нависандагони ҷумҳурӣ ва дигар мақомоти давлатӣ бобати баланд бардоштани ҳисси ҳарбию ватандӯстии ҷавонон ва баланд бардоштани савияи ҷаҳонбинии ҳайати шахсӣ натиҷаҳои хуб дода истодаанд. Инчунин, Вазорати мудофиа бо ташкилотҳои ҷамъиятӣ пайваста робита дорад. Аз ҷумла ҳамкориҳои доимӣ бо Шӯрои ветеранҳои ҷангу меҳнати ҷумҳурӣ, Ташкилоти ҷавонон “Созандагони Ватан”, Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон, Кумитаи кор бо ҷанговарони интернатсионалисти ҷумҳурӣ, Иттиҳоди ветеранҳои амалиётҳои ҳарбӣ, ташкилотҳои ҷамъиятии “Маъюбони ҷанги Афғонистон ва “Сипарони Ватан” ба роҳ монда шудаанд. Дар баланд бардоштани ҳисси

ҷузъи муҳими стратегияи давлатдорӣ ва дастурамали босамари фаъолияти давлат дар сиёсати дохилию хориҷӣ маҳсуб мешавад. Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон махсус таъкид намуданд, ки воқеоту таҳаввулоти ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳар яки моро ҳушдор месозад, ки зиракии сиёсӣ, омодагии доимӣ, эҳсоси баланди ватандӯстӣ, худогоҳӣ ва муқаддас доштану ҳифз намудани ҳама арзишҳои истиқлолияти давлати куҳанбунёдамонро аз даст надиҳем. Чунки вазъи зудтағйирёбандаи ҷаҳони муосир, зиёд гардидани равияву ташкилотҳои тундрави террористиву экстремистӣ ва дигар зуҳуроти таҳдидовари хатарнок метавонад сулҳу субот ва ҳаёти орому осудаи мардумони кишвари моро халалдор намояд. Ба ибораи дигар, имрӯз дар давраи ҷаҳонишавӣ дар тамоми ҷаҳон раванди хатарноки муқобилгузории тамаддунҳо авҷ гирифта истодааст, ки инсониятро ба гирдоби таҳлука тела медиҳад. Тамоми донишмандони инсонпарвар ва сиёсатмадорон аз ин ҷараён дар ташвишанд. Мураккаб шудани манфиатҳои иқтисодию сиёсии ҷаҳони имрӯз, баъзан муносибатҳои мураккабу ноустуворонаи кишварҳои дуру наздик дар нисбати давлату миллати Тоҷикистон, сиёсатбозиҳои пурпечутоб дар қиболи Ватани ягонаамон ва гоҳе таҳқиру ҳуҷумҳои иттилоотиву таблиғотии бар зидди Ватану миллатамон равонашуда бояд моро бетараф нагузоранд. Аз ин рӯ, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳалли масъалаҳои мустаҳкам намудани иқтидори мудофиавии кишвар диққати махсус зоҳир намуда, онро аз рӯзҳои аввали таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳ таҳти назорати доимии худ қарор додаанд. Чунки дар ҳар давру замон ҳеҷ як давлату халқият бе Қувваҳои Мусаллаҳи худ вуҷуд дошта наметавонад. Зеро ин қувва сулҳу субот, оромию осоиштагии мардум ва амнияти ҳар як кишварро таъмин менамояд. Тавре дар Паём зикр гардид, “Дар шароити мураккабу печидаи ҷаҳони муосир хизматчиёни ҳарбии Қувваҳои Мусаллаҳ ва кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ вазифадоранд, ки барои ҳимояи марзу буми давлати соҳибистиқлоламон, ҳифзи суботи

9

Истиқлолият

сиёсӣ ва қонунияту тартиботи ҳуқуқӣ доим омода бошанд. Мо ба фарзандони ҷасуру далери халқамон – ҳомиёни Ватани маҳбубамон эътимоди комил дорем ва бо онҳо ифтихор мекунем”. Албатта, ин таъкиди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳар як нафар хизматчии ҳарбии Қувваҳои Мусаллаҳ имрӯз аз ҳарвақта бештар масъулияти баландро талаб менамояд. Дар мавриди баланд бардоштани зиракии сиёсии насли ҷавон ва пешгирии шомилшавии онҳо ба ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳои ифротгаро бояд зикр намуд, ки таваҷҷуҳи Пешвои миллат ба ин мушкилот бесабаб нест. Маҳз ифротгароӣ ва тундгароӣ боис гаштааст, ки Сурия, Ироқ ва Афғонистон гирифтори бозиҳои абарқудратҳои ҷаҳонӣ шавад. То имрӯз ҷомеаи ҷаҳонӣ тамоми талоши худро барои барқарорнамоии сулҳ ва субот дар ин кишварҳо равона кардааст, аммо то ҳол натиҷаи дилхоҳ ба даст наомад. Бинобар ин, мо бояд бепарво набошем ва барои таълиму тарбияи наврасону ҷавонон дар руҳияи ватандӯстӣ, худогоҳиву худшиносӣ талош варзем. Тавре Пешвои муаззами миллат таъкид менамоянд, “Асоси тафаккури нави сиёсӣ ва фарҳангии ҷавононро бояд танҳо ғояи таҳкими Истиқлолияти давлатӣ ва ваҳдату худшиносии миллӣ ташкил диҳад”. Сатҳи тараққиёт ва эътибори байналмилалии кишварамон аз он вобаста аст, ки ҷавонон то кадом андоза дорои маърифати сиёсиву фарҳангӣ ва ихтисосу донишҳои муосир буда, ҳадафу вазифаҳои худро вобаста ба бунёди давлати ҳуқуқбунёд, демократӣ ва дунявӣ дарк менамоянд. Мутаассифона, имрӯз бинобар камтаҷрибагӣ далелҳое кам нестанд, ки ҷавонони мо бо таъсири омилҳои гуногун ба калавишҳо рӯ ба рӯ мешаванду гоҳо ба ҷараёнҳои ифротагаро мепайванданд. Ин ҳолат бозгӯи он аст, ки масъалаи таълиму тарбияи насли наврас ҳанӯз аз костагиҳо орӣ нест. Дар ин замина тарбияи насли солим, соҳибмаърифат ва худшиносу худогоҳ як шарти муҳими инкишофи ҷомеа ба шумор меравад. Бинобар ин, миёни ҷавонон тарбияи ватандӯстиро бояд ба таври пуртаъсиру густурда ба роҳ монему онҳоро

ба зиракию таҳаммулгароӣ даъват намоем. Маҳз ватандӯстӣ, меҳри Ватан ҷавононро аз таъсири омилҳои гуногуни номатлуб эмин медорад, онҳоро ба ҳифзи кишвар ва бузургдошти арзишҳои миллӣ водор месозад. Шахси ватандӯст хиёнаткор буда наметавонад. Ватандӯст ҳеҷ гоҳ тарки Ватан намекунад. Танҳо шахси воқеии ватандӯст метавонад дилсӯзона ва бо тамоми ҳастӣ ҳифзи амният ва ободии ватани худро таъмин созад. Умуман, мо – насли калонсол барои баланд бардоштани ҳисси ватанпарвариву худшиносии миллӣ, сатҳи маърифату донишандӯзӣ, рушду такомули маҳорату малакаи ҷавонон бояд пайваста кӯшишу мусоидат намоем. Яке аз вазифаҳои муқаддас ва қарзи инсонии падару модарон, омӯзгорону мураббиён, зиёиён ва умуман, аҳли ҷомеа аз амалу рафтори ноҷо ва ғайриқонунӣ нигоҳ доштан ва ба роҳи дуруст ҳидоят кардани наврасон ва ҷавонон мебошад. Дар баробари ин, насли ҷавон , дар навбати худ бояд фаромӯш насозад, ки имрӯз ҳар як тадбире, ки дар мамлакат амалӣ карда мешавад, мақсад аз он, пеш аз ҳама, беҳбудии ҳаёти ҷавонон ва ба хотири ояндаи неки Тоҷикистон аст. Бо дарки амиқи ин рисолат ҷавонони иззатманди кишварро зарур аст, ки пайваста барои дар ҷомеа мавқеи арзандаро соҳиб гардидан кӯшиш намоянд ва муҳимтар аз ҳама, зиракии сиёсиро аз даст надиҳанд. Онҳоро лозим аст, ки бо баланд бардоштани иқтидори зеҳниву илмӣ, маҳорати касбомӯзиву рақобатпазир шудан дар дунёи иттилоотӣ дар пешрафти кишвар саҳмгузор бошанд. Фаромӯш накунем, ки яке аз сабабҳои ҷанги шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон дар солҳои нахустини соҳибистиқлолӣ маҳз бо сабаби нокифоягии савияи идроки сиёсӣ буд. Мо – сокинони кишвар ва дар навбати аввал ҷавонон, бояд аз он ҳодисаҳои пурфоҷиаву пурзарар, ки асосан ҷавононро ба гирдоби ҳалокатбори худ кашид, сабақ бигирем, хулосаҳои зарурӣ барорем ва ба тамоми дигаргуниву ҳодисаҳое, ки имрӯз ба вуқуъ меоянд, баҳои дуруст дода тавонем, ба ҳар гуна ақидаҳои носолим, ташвиқотҳои нодуруст дода нашавем. Агар солҳои аввали

соҳибистиқлолӣ орзӯи ягонаи мардумамон ҳар ҷӣ зудтар ба даст овардани оромиву осоиштагӣ буд, пас, мо бояд шукр кунем, ки ба ин рӯзҳои нек расидем. Шукри Истиқлолият, шукри ваҳдати бебозгашт гӯём. Бо ҳидояту роҳнамоии падаронаву дурандешонаву хирадмандонаи Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои амалӣ намудани сиёсати давлату Ҳукумат танҳо баҳри зиндагии боз ҳам арзанда талош варзем. Шукри сулҳи бебозгашт, шукри Ватани ягонаамон –Тоҷикистони азиз намоем. Бовар дорам, ки афсарону сарбозони шуҷои Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар ба савганди ҳарбии худ ҳамеша содиқ монда, рисолати фарзандии худро дар назди Ватан-Модар ва халқу давлати хеш минбаъд низ бо сарбаландӣ адо мекунанд ва тамоми донишу таҷриба, малакаву маҳорати худро ба хотири ҳифзи дастовардҳои Истиқлолияти давлатӣ сафарбар месозанд. - Муҳтарам Асрор Қурбон, барои чунин як суҳбати пурмуҳтаво миннатдорем. Бо истифода аз фурсат роҳбарияти Вазорати мудофиа ва кулли хизматчиёни ҷузъу томи Қувваҳои Мусаллаҳи кишварро бо иди пуршарафи касбиашон шодбош мегӯем.

Мусоҳиб Мавлон ШАРИФОВ, узви Иттифоқи журналистони Тоҷикистон АЗ ИДОРА: Муовини вазири мудофиаи Тоҷикистон, генерал-майор Латифзода Асрор Қурбон то ба ин вазифа таъин гаштан солҳои тӯлонӣ дар сохторҳои гуногуни ташкилоти комсомол, муовини раиси Шӯрои Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон, раиси Кумитаи кор бо ҷавонони назди Ҳукумати ҷумҳурӣ, мушовири Сарвари давлат оид ба сиёсати кадрҳо, мудири Шуъбаи ташкилии Дастгоҳи иҷроияи Президенти ҶТ, муовини сардори Раёсати хизмати давлатии назди Президенти ҶТ ва муовини Раиси ҲХДТ кор кардааст. Дорандаи Ордени “Шараф” дараҷаи II, Аълочии фарҳанги Тоҷикистон.


10

СИПАРИ ВАТАН

23 феврали соли ҷорӣ аз рӯзи таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар 25 сол сипарӣ мегардад. Артиши миллӣ дар тӯли фаъолияти худ роҳи пуршебу фарозеро тай намуда, имрӯз ба як нерӯи тавоно, сипари боэътимоди давлату миллат, таъмингари суботу оромӣ, мактаби ҷасорату шуҷоат ва ҷавонмардиву қаҳрамонӣ мубаддал гаштааст. Ба ин муносибат ва 25-умин солгарди Рӯзи таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи мамлакат андешаҳои чанд тан аз хизматчиёни ҳарбиро манзуратон менамоем. Фахриддин НАЗАРАЛИЕВ, полковник, муовини сардори Раёсати кадрҳо ва таълимоти ҳарбии Вазорати мудофиаи ҶТ: Боиси шукргузориву фараҳмандист, ки имрӯзҳо ҳайати шахсии Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар бо як руҳбаландии хосса иди касбии хеш – 25- солагии Рӯзи таъсисёбии Артиши миллиро дар фазои орому осудаи диёри азизамон бо ҳисси баланди ватандориву хештаншиносӣ таҷлил менамоянд. Маҳз бо талошҳои пайвастаи Пешвои миллат, Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имрӯз Қувваҳои Мусаллаҳи кишварамон ба як нерӯи тавоно ва сипари боэътимод мубаддал гаштааст. Он ба як мактаби бузурги тарбия, ватандӯстиву худшиносии ҷавонон мубаддал гаштааст. Имрӯз бо талошҳои роҳбарияти Вазорати мудофиа сафи ҳайати кадрии соҳа аз ҳисоби мутахассисони кордида, аз ҷумла ҷавонони болаёқат пурра гаштааст. Шумораи зиёди ҷавонони лаёқатманд, ки ин касби бошарафро пешаи худ интихоб намудаанд, дар муассисаҳои беҳтарини кишварҳои дуру наздик ва дохил нозукиҳои касби ҳарбиро аз худ намуда, имрӯз дар ҷузъу томҳои Артиши миллиамон бо як ҳисси баланд аз паи иҷрои қарзи фарзандиашон мебошанд. Афсарону сарбозони Артиши миллии кишвар ба савганди ҳарбӣ ҳамеша содиқанд ва эҳсос менамоянд, ки хизмати ҳарбӣ аз онҳо ҳамеша садоқату самимият ба халқу Ватанро талаб менамояд. Воқеан, ҳифзи Ватан маънои ҳимояи дастовардҳои даврони соҳибистиқлолиамонро дорад. Ҳукумати мамлакат ҷиҳати ба мактаби воқеии омодасозии муҳофизони Ватан табдил додани ҷузъу томҳои низомӣ аз ҳамаи захираву имкониятҳо истифода намуда истодааст. Дар ин замина барои мустаҳкам намудани заминаҳои моддиву техникии Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар, фароҳам овардани шароити боз ҳам беҳтари зиндагиву хизмат ва ҳалли масъалаҳои иҷтимоии хизматчиёни ҳарбӣ ҳамаи тадбирҳои зарурӣ андешида мешавад. Дар Паёми имсолаашон Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон махсус зикр намуданд, ки “Мо ба фарзандони ҷасуру далери халқамон – ҳомиёни ватани маҳбубамон эътимоди комил дорем ва бо онҳо ифтихор мекунем...”. Албатта, ин боварии Сарвари муаззами давлат ҳар як хизматчии ҳарбиро боз ҳам руҳбаланд ва ҳамзамон вазифадор месозад, ки дар шароити имрӯза аз ҳарвақта бештар масъулиятнок бошанд. Фаромӯш намекунем, ки ин оромиву осудагии диёри азизамон бар ивази ҷони ҳазорон ҷавонмарди ватандӯсти миллат насибамон гаштааст.

“ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН”, №08 (9538), 22.02.2018

Артиши миллӣ – ТАҲИЯИ ХУРШЕД МАВЛОН, “ҶТ”

Талабшоҳ ДАВЛАТОВ, афсари мустаъфӣ, муаллими калони ДИТ ба номи Имоми Аъзам: - “Меҳри Ватан аз гӯшаи имон аст”, - мегӯянд. Ин нуктаро имрӯз афсарону сарбозони шуҷои Ватан ба хубӣ дарк намудаанд. Онҳо ба савганди ҳарбии худ содиқ буда, рисолати фарзандии худро дар назди Ватан-Модар ва халқу давлати хеш бо сарбаландӣ иҷро намуда истодаанд. Ва Артиши миллии кишварамон, бешубҳа, ба як сипари боэътимоди давлат, ҳимоятгари сокинони кишвар ва сулҳу ваҳдат дар ҷомеа мубаддал гаштааст. Тавре Конститутсия муқаррар намудааст, “Ҳифзи Ватан – ҳимояи сарзамини аҷдодӣ, ҳудуди чуғрофӣ, сарватҳои табиӣ, пуштибонӣ аз маҳсули эҷодиву фарҳангии аҷдодӣ ва мероси таърихиро дар назар дорад”. Ҳифзи Ватан, ҳимояи манфиати давлат, таҳкими Истиқлолият, амният ва иқтидори мудофиавии он аз ҳам ҷудо нестанд. Ба ибораи дигар, манфиат, истиқлолият, амният ва иқтидори мудофиавии давлат бо Ватан, ватандорӣ ва ватаншиносӣ алоқаманданд. Яъне, амнияти давлат, ҷомеа ва шахс бо ҳам зич алоқаманданд ва ягдигарро пурра мекунанд. Хурсандибахш аст, ки ин нуктаро ҷавонони боору номуси кишвар – хизматчиёни ҳарбӣ имрӯз хуб дарк намудаву шарафи ҳарбиро муқаддас медонанд. Тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи уҳдадории умумии ҳарбӣ ва хизмати ҳарбӣ” хизмати ҳарбӣ уҳдадории конститутсионии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Тавре қонун муайян намудааст, “Мудофиа вазифаи муҳими давлат, халқ ва ҳар як шаҳрванд аст”. Ҳар як ҷавоне, ки ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ ворид шуда, савганди ҳарбӣ ёд мекунад, ҳамеша бояд дар хотир дошта бошад, ки хизмати ҳарбӣ аз ӯ, пеш аз ҳама, иродаи матин, донишу маърифати муосир, эҳсоси садоқату самимият ба халқу Ватанро талаб менамояд. Имрӯзҳо ташаккули ифтихормандӣ аз хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳ дар ҷавонони боору номуси кишварамон баръало эҳсос мешавад. Натиҷа ҳамин аст, ки сол ба сол сафи ихтиёриён ба хизмати ҳарбӣ, яъне, бо хоҳиши худ ба сафи Артиши миллӣ рафтани ҷавонон афзун гашта истодааст. Он анъанае, ки дар давраи Шӯравӣ буд, имрӯз аз нав эҳё шудааст. Имрӯз вазифаи сохторҳои дахлдор, волидайну омӯзгорон ва умуман, тамоми ҷомеа низ аз он иборат аст, ки бо мақсади ташаккул ва рушди шуури баланди ватандӯстии насли наврас тамоми тадбирҳои заруриро амалӣ намоянд, то ки садоқат ба анъанаҳо ва ҳифзи ормонҳои олии Ватан ҳадафи ҳамешагии онҳо бошад. Дар маҷмуъ, тарбияи ҳарбию ватандӯстӣ дар шароити имрӯза аҳамияти махсусро касб намудааст. Президенти мамлакат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми имсолаашон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бори дигар нақши муҳими Қувваҳои Мусаллаҳи кишварро дар шароити имрӯза ёдовар шуда, бо як ифтихормандӣ иброз доштанд, ки халқи тоҷик ба Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар такя менамояду эътимоди комил дорад. Инак, аз таъсиси Артиши миллиамон 25 сол сипарӣ гардид. Он чун мактаби матонату мардонагӣ барои насли ҷавони кишвар рисолати худро иҷро намуда истодааст, ки боиси ифтихор мебошад.

Баҳодур КАСИРЗОДА, сардори шуъбаи тафтишотии Прокуратураи ҳарбии гарнизони Душанбе, капитани адлия: - Дар Паёми навбатии Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ қайд гардид, ки “Дар шароити мураккабу печидаи ҷаҳони муосир хизматчиёни ҳарбии Қувваҳои Мусаллаҳ ва кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ вазифадоранд, ки барои ҳимояи марзу буми давлати соҳибистиқлоламон, ҳифзи суботи сиёсӣ ва қонунияту тартиботи ҳуқуқӣ доим омода бошанд. Мо ба фарзандони ҷасуру далери халқамон – ҳомиёни Ватани маҳбубамон эътимоди комил дорем ва бо онҳо ифтихор мекунем”. Таърихи миллати куҳанбунёди тоҷик собит месозад, ки мо на ҷангҷӯву ҷангхоҳ, балки фарҳангофару тамаддунсоз ва ватандӯсту ватанпараст ҳастем. Хуб медонем, ки таҳти сарварии Спитамену Деваштич, Муқаннаъ, Маҳмуди Торобӣ, Темурмалику Восеъ тоҷикон барои ҳифзи Ватани худ бар муқобили ғосибону аҷнабиён чӣ гуна қаҳрамониҳо ва далерию матонат нишон додаанд. Бо мақсади ҳимояи сарзамин ва миллати худ тоҷикон ҳанӯз ҳазор сол пеш низ дорои лашкари пуриқтидору бонизом буданд. Чунончӣ, дар асри дувоздаҳ муаллифи китоби “Қоидаҳои бурдани ҷанг ва мардонагӣ” Шариф Муҳаммад Мансури Муборакшоҳ навиштааст, ки дар миёни қӯшунҳои Рум, Эрон ва Ҳиндустон лашкари тоҷикон аз ҳама беҳтар ва муназзам аст. Мо бояд имрӯз на танҳо аз корнамоиҳои аҷдодони худ дар гузашта ва матонату ҷасорати падару бобоёнамон ифтихор дошта бошем, балки аз ҳисси ватандӯстиву фидокорӣ ва ҷасорату матонати онҳо сабақ гирем. Таърихи инсоният гувоҳ аст, ки рисолати давлатдорӣ ва миллат ба шахсияти пешво ва роҳнамои он вобастагӣ дорад. Арзи вуҷуд доштани Тоҷикистони соҳибистиқлол, ҳадафҳои созандаю бунёдкорона, сулҳу субот, амнияти миллӣ ва пешрафту нуфузи он дар арсаи байналмилалӣ, умуман, ҳамаи дастовардҳои миллат дар даврони Истиқлолияти давлатӣ бевосита ба Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон марбут мебошад. Ӯ миллати тоҷикро аз гирдоби хатар наҷот дода, давлати мутамаддини тоҷиконро бунёд кард ва ба таърих чун ходими намоёни давлатию ҷамъиятӣ ва сиёсатмадори барҷаста дохил шудааст. Аз бунёди Артиши миллии Тоҷикистон ҳамчун фарзанди даврони Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон 25 сол пур мешавад, ки дар ин давра дар санҷишу имтиҳонҳои ҷиддии таърихи гузашта қудрату тавоноии худро дар ҳифзи суботи ҷомеа ва амнияти давлат борҳо собит намуд. Ба муносибати Рӯзи таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳ тамоми хизматчиёни ҳарбии ҷузъу томҳоро бо иди касбиашон табрик намуда, ба ҳар яки онҳо тандурустиву хонаободӣ ва дар ҳифзи Ватан, таъмини амнияти давлату миллат ҷасорату садоқатмандӣ орзумандам.


“ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН”, №08 (9538), 22.02.2018

СИПАРИ ВАТАН

11

мактаби ҷавонмардӣ Фирдавс ШАРИФОВ, сардори шуъбаи ҳифзи иттилоотии қисми низомии 01011 Вазорати мудофиа: - Тарбияи ватанпарастӣ ин таъсиррасонӣ ба хизматчиёни ҳарбӣ бо мақсади ташаккул ва рушди шуури баланди ватандӯстӣ, ҳиссиёти баланди муҳаббат ба Ватани худ, садоқат ба анъанаҳо ва ормонҳои олии он, ба савганди ҳарбӣ, омодагӣ ва хоҳиши иҷрои шоистаи қарзи шаҳрвандӣ ва ҳарбӣ, уҳдадориҳои конститутсионӣ, дареғ надоштани ҷони худ барои ҳифзи Ватан-Модар, тарғибу ташвиқи онҳо барои худтакмилдиҳии маънавию ахлоқӣ ва касбӣ мебошад. Чун як хизматчии ҳарбӣ бо итминони комил гуфта метавонам, ки дар асоси анъанаҳои қаҳрамононаи гузаштагонамон имрӯз дар Қувваҳои Мусаллаҳ афзоиши як руҳияи баланди маънавиро баръало метавон мушоҳида кард. Имрӯз бо як ифтихормандӣ, бо як ҳисси баланди ватандӯсти садҳо нафар ҷавонон хоҳиши дар сафи Артиши миллӣ кор карданро доранд. Ба ибораи дигар, касби боифтихори афсарӣ, хизмат ба Ватанро барои худ шарафи бузург мешуморанд, ки ин падидаи беҳтарин дар шароити соҳибистиқлолии кишвар ба шумор меравад. Муносибати ҷавонони кишвар низ ба хизмати ҳарбӣ шоистаи таҳсин аст. Ҳамасола дар давраи даъват ба хизмати ҳарбӣ ба таври ихтиёрӣ ҳазорон нафар ҷавонони кишвар омодагии худро ба хизмати Ватан-Модар изҳор медоранд, ки падидаи неку шоиста аст. Ин ҳама дар натиҷаи оромиву осудагии диёри азизамон, аз талошҳои шабонарӯзии Пешвои миллат, Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сарчашма мегирад. Маҳз дар асоси ҳидоятҳои Сарвари муаззами миллат имрӯз садҳо нафар ҷавонони лаёқатманд, на танҳо дар дохил, балки дар муассисаҳои беҳтарини кишварҳои дуру наздик нозукиҳои касби ҳарбиро аз худ намуда, ба ҷузъу томи Артиши миллии кишвар ҷалб гашта истодаанд ва сол ба сол сафи ҳайати кадрии сохторҳои соҳа аз сафи ҷавонон зиёд гашта истодааст. Нуктаи дигари фараҳбахш он аст, ки имрӯз Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар дар асоси анъанаҳои миллӣ ташаккул ёфта истодааст, ки ин барои ба як артиши боз ҳам пуриқтидор табдил додани он аҳамияти калон дорад. Яъне, вақте хизматчиёну сарбозон дар руҳияи арзишҳои миллӣ, анъанаҳои пешқадами гузаштагонамон тарбия меёбанд, меҳру муҳаббати онҳо баҳри ҳимояи марзу буми диёр дучанд мегардад. Бо ин мақсад баргузории чорабиниҳои зиёд, аз қабили рӯзҳои “Муҳофизи Ватан”, “Ҷасорат”, “Даъватшаванда”, ба роҳ мондани фаъолияти маҳфилу клубҳои шавқовар ва дастаҳои бадеӣ, машғулиятҳо дар осорхонаҳо ва хонаҳои “Шуҳрати ҷангӣ” ва боз тадбирҳои зиёди дигар натиҷаҳои дилхоҳ дода истодаанд.

Шодимуҳаммад ШАРИФОВ, афсар, муаллими калони кафедраи ҳарбии ДТҶТ ба номи С. Раҳимов: - Дар такя ба таҳлили мутахассисону коршиносон метавон иброз дошт, ки ҷузъу томи Қувваҳои Мусаллаҳи мамлакат ҳамқадам бо дастовардҳои даврони соҳибистиқлолӣ, аз назари илмию амалӣ ба як қувваи боэътимод табдил ёфтаанд. Ба ибораи дигар, Артиши миллии кишварамон имрӯз рисолати бар зимма доштаашро сарбаландона иҷро карда метавонад. Ҳукумати ҷумҳурӣ бо татбиқи пайгиронаи сиёсати давлатии ҳарбӣ, бо мақсади боз ҳам мустаҳкам намудани ҷузъу томи Қувваҳои Мусаллаҳ тамоми чораҳоро амалӣ намуда истодааст. Як нуктаро бояд ёдовар шуд, ки танҳо бо истифода аз имкониятҳои дохилии кишвар ҳамасола даҳҳову садҳо нафар мутахассисони болаёқат барои Артиши миллӣ ва дигар ниҳодҳои низомиву қудратии кишвар омода гашта истодааст, ки факултаи омодагии ҳарбии Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон низ дар ин самт тӯли солҳои зиёд саҳмгузор мебошад. Хатмкунандагони ин даргоҳ на танҳо чун омӯзгорони соҳаи ҳарбӣ дар муассисаҳои таълимӣ ба шогирдон нозукиҳои соҳаро меомӯзонанд, балки бисёр хатмкунандагони мо айни замон дар ҷузъу томи Қувваҳои Мусаллаҳи кишварамон сарбаландона иҷрои вазифа намуда истодаанд. Аз ҳисоби ҷавонони болаёқат ҳамасола сафи хоҳишмандони таҳсил дар факултаи омодагии дифои ҳарбии Донишкада зиёд гашта истодааст. Албатта, ин далели он аст, ки бисёр ҷавонони мо дарк намудаанд, ки хизмат ба Ватан ифтихору шараф аст. Ин гуна ҷавонон шуури баланди ватандӯстӣ, ҳиссиёти баланди муҳаббат ба Ватани худро доро буда, ба анъанаҳои гузаштагонамон ва ормонҳои олии он садоқати зиёд доранд. Муҳимтар аз ҳама, имрӯз аксари ҷавононамон дарк намудаанд, ки ҳимояи Ватан-Модар ин иҷрои шоистаи қарзи шаҳрвандӣ ва уҳдадориҳои конститутсионӣ аст. Тавре Сарвари муаззами кишвар, Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайваста таъкид мекунанд, “Танҳо шахси воқеан ватандӯст метавонад дилсӯзона ва бо тамоми ҳастӣ ҳифзи амният ва ободии ватани худро таъмин созад”. Итминон дорем, ки насли ҷавони имрӯза ҳамон анъанаҳои пурифтихори қаҳрамононаи халқамонро, дар мисоли Спитамену Муқаннаъ, Темурмалику Восеъ идома медиҳанд.

Наҷибулло ҚУДРАТОВ, донишҷӯи факултаи омодагии дифои ҳарбии ДТҶТ ба номи С. Раҳимов: - Боиси ифтихори сокинони кишвар, аз ҷумла ҷавонон аст, ки бо ба даст омадани Истиқлолияти давлатӣ дар тамоми соҳаҳо дигаргуниву пешравиҳо ба вуқуъ омаданд. Дар ин замина дар Тоҷикистони азизамон таъсисёбии Артиши миллӣ, ки имрӯз ба як нерӯи пурқудрат ва тавоно табдил ёфтааст, як рӯйдоди муҳими ҳам таърихӣ ва ҳам сиёсӣ мебошад. Зеро ҳар як кишвари соҳибистиқлол тавоноияш ба артиши миллии ташаккулёфтааш вобастагии зич дорад. Тавре медонем, дар давоми 25 сол Артиши миллии кишварамон ҳазорон нафар ҷавононро ба камол расондаву парвариш намудааст. Дар навбати худ, боиси ифтихор аст, ки кулли ҳамсолони мо имрӯз хуб дарк намудаанд, ки хизмат ба Ватан барои онҳо қарзи муқаддаси фарзандӣ ва рисолати мардонагӣ ба шумор меравад. Дар шароити кунунӣ тарбияи ватандӯстӣ рукни асосии сиёсати давлатии ҷавонон ба шумор меравад. Имрӯз бо талошҳои пайвастаи Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон шароитҳои зарурӣ барои омода намудани мутахассисони соҳаи ҳарбӣ ва беҳдошти ҳаёти сарбозон муҳайё гаштаанд. Дар қатори Донишкадаи ҳарбии Вазорати мудофиа Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон чун як муассисаи олӣ, ба омода намудани омӯзгорони соҳаи ҳарбӣ машғул аст, ки ҳамасола онро беш аз 350 нафар хатм мекунанд. Омӯзгорон – афсарони ботаҷриба дар Донишкада нозукиҳои соҳаро ба шогирдон омӯзонида, аз муҳассилине, ки ин касби пуршарафро интихоб намудаанд, тақозо мешавад, ки нозукиҳои соҳаро омӯзанду забонҳоро донанд ва пайваста ба омӯзиши илмҳои муосир кӯшиши худро сафарбар намоянд. Дарк намоянд, ки пешаи интихобнамудаашон хеле пешаи бошараф буда, аз ҳар яки онҳо масъулияти баландро талаб менамояд. Зеро баъди хатми Муассиса ҳимояи дастовардҳоямон ва дар маҷмуъ, як порчаи сарзаминамон маҳз ба зиммаи онҳо вогузор мешавад.


12 Тоҷикистон. Кишвари зебову диданӣ, биҳиштосо, дорои фарҳанги бою ғанӣ ва муҳимтар аз ҳама, ободу дорои сулҳу субот ва амнияти сартосарист. Ин ҳама неъмат имкони ба яке аз кишварҳои пешрафта табдил гардидани кишвари азизамон шудааст. Аз рӯзҳои нахустини соҳибистиқлолӣ аз ҷониби Роҳбарияти олии мамлакат ҷиҳати таъмин ва дифои амнияти кишвар ва ҳифзи арзишҳои миллӣ, аз қабили Истиқлолияти давлатӣ ва ваҳдати миллӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир гардида, бе ягон заминаи модиву техникӣ, яъне, аз сифр Артиши миллӣ таъсис ёфт ва аввалин паради ҷузъу томҳои гарнизони Душанбе 23-юми феврали соли 1993 дар майдони “Дӯстӣ”-и пойтахт баргузор шуда, он рӯз расман санаи таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳ эълон гардид. Қувваҳои Мусаллаҳи ҷумҳурӣ зодаи даврони Истиқлолият буда, ҳар сол ҷиҳати рушду инкишоф ёфтани ин соҳаи муҳим, ки муҳофизи ҳамешагии ин марзу бум мебошад, тадбирҳои мушаххас андешида мешавад. Дар солҳои аввали таъсисёбӣ базаи модию техникии он аз сифр оғоз гардида, сол то сол он дар заминаи таваҷҷуҳи пайвастаи Ҳукумату давлат таҳким ёфта, баҳри буду боши сарбозону афсарон, рушди малакаву маҳорати ҳарбию тактикии ҷузъу томҳои ҷумҳурӣ тамоми имкониятҳои зарурӣ фароҳам оварда шудааст. Артиши миллӣ замоне таъсис ёфт, ки дар ҷумҳурӣ нооромиҳои дохилӣ ба миён омада буданд ва он нақши худро дар барқарор

СИПАРИ ВАТАН

“ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН”, №08 (9538), 22.02.2018

Қувваҳои Мусаллаҳ муҳофизи оромӣ ва Ваҳдати миллӣ

намудани сулҳу субот, оромию осудагӣ ва пешгирии кашмакашиҳои дохилӣ гузоштааст. Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон низ нақши боризи Артиши миллиро ҳангоми суханронӣ ба ифтихори таҷлили 22-юмин солгарди Рӯзи таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон чунин баён намуда буданд: “Артиши ҷавони мо, хусусан, дар солҳои душвору фоҷеабори ҷанги шаҳрвандӣ якҷо бо мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва дигар сохторҳои низомии мамлакат дар ҳифзи Истиқлолияти давлатӣ, ҳимояи

- Полковник Шарипов, ҳой полковник Шарипов, - фарёд задани савдогарон марди ҳамроҳи Хушвахт Шарипов ба бозори марказии ноҳияи Ёвон омадаро ба тааҷҷуб гузошт. Маълум буд, ки ӯ то ҳол дар кӯчаҳо ва ҷойҳои серодам гаштугузор накардааст ва аз он ки мардум ӯро “полковник” хитоб мекунанд, огоҳӣ надорад. - Ако, бубахшед, як чиз пурсам, агар иҷозат бошад... - бо андоми тааҷҷубзада пурсид ҳамроҳаш аз Хушвахт Шарипов. Хушвахт Шарипов гӯё аз асли масъала воқиф бошад, ором сар ҷунбонид. Ин ишорати ӯ маънои тасдиқро дошт. - Медонам, ки солҳост дар Комиссариати ҳарбии ноҳияи Ёвон кор мекунед ва яке аз кормандони фаъоли он ҳастед. Вале то он ҷое, ки ба ман маълум аст, рутбаи Шумо “полковник” нею “прапоршик” буд. Ё не? – ҳайратомез пурсид ҳамроҳаш. - Ин рутбаро мардум додааст, - бо чеҳраи пур аз табассум ба гап доромад Х. Шарипов. – Худам, ба ростӣ, намефаҳмам. Солҳост, ба он нафароне, ки маро “полковник” хитоб мекунанд, мегӯям, ки барои мушарраф шудан ба ин рутба бояд хизмати Ватанро даҳчанд иҷро кунӣ. Вале онҳо одат кардаанд, гапи худашонро мегӯянд. Ҳамсафари Хушвахт Шарипов дарк намуд, ки дар бараш як афсари одӣ, бо рутбаи начандон баланди низомӣ, аммо бо дили лабрез аз меҳри Ватан истодааст,

марзҳои Ватан, безарар гардонидани гурӯҳҳои террористиву экстремистӣ, дастаҳои мусаллаҳи ҷинояткори трансмиллӣ ва хомӯш кардани ошӯбҳои хиёнаткорона бар зидди давлат ва ҷомеа саҳми сазовору ҷавонмардона гузошт. Тавре ки ман борҳо иброз доштаам, мо Артиши миллии худро дар шароите таъсис додем, ки соддатарин воситаҳои ҷангӣ ва оддитарин шароити зиндагӣ барои хизматчиёни ҳарбӣ вуҷуд надоштанд. Ба ибораи дигар, мо Артишро дар ҷои воқеан холӣ таъсис додем ва имрӯз, чунонки мебинед,

таъминоти ҷузъу томҳо ва шароити зиндагиву хизмати низомиёнро тадриҷан ба талаботи замона мутобиқ гардонида истодаем”. Артиши миллӣ имрӯз чун як ҷавони бисту панҷсола қавию устувор буда, дар баробари ҳар гуна зуҳуроти номатлуб истодагарӣ карда метавонад ва ба ҳар душмани оромию осудагии мамлакат ҷавоби сазовор хоҳад дод, то дигарбора касеву чизе ба ободии ин меҳан бо чашми каҷ назар нанамояд. Дар воқеъ, хизмат намудан ба Модар-Ватан вазифаи ҷонии

ҳар як шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Аз ин рӯ, ҳар як шаҳрванди бонангу номуси миллатро зарур аст, ки, бояд қабл аз ҳама, дар мадди назараш андешаи ободию осоиштагӣ ва таҳкими Истиқлолияту ваҳдати миллиро дошта бошад. Чунки инҳо неъматҳое мебошанд, ки маҳз дар заминаи он тамоми орзую мақсадҳои накӯи инсонӣ амалӣ гардида, шахс баҳри худу атрофиён зиндагии шоистаеро созмон хоҳад дод. Имрӯз Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар, аниқтараш, тамоми ҳайати шахсии ҷузъу томҳои он дар зери сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон фаъолияти хизматии хешро ба роҳ монда, ҳама чун як тану ҷон баҳри ҳифзи оромию осудагӣ камари ҳиммат баста, аз хизмати софдилонаю содиқонаи онҳо метавон хулоса кард, ки эшон минбаъд низ дар роҳи осудагии Ватан талош ва фаъолият хоҳанд кард. Бо сарфарозӣ метавон гуфт, ки имрӯз ҷавонон дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар сарбаландона адои хизмати МодарВатан кардаистода саҳми худро дар татбиқи сиёсати давлатӣ дар самти амнияти сартосарӣ, сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ гузошта истодаанд. Имрӯз аз чеҳраи ҳар як сарбози Ватан эҳсос мегардад, ки онҳо дар дифои марзу буми аҷдодӣ, ҳимояи манфиатҳои миллӣ ва, қиматтар аз ҳама, амнияти сартосарӣ ҷавонмардона хизмат намуда, баҳри якпорчагӣ ва ваҳдати комил ҷони худро дареғ нахоҳанд дошт. Ҷашни 25-солагии таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳ муборак, ҳомиёни шуҷоъ ва далери Ватан! Беҳрӯз ХОЛМУРОДОВ, “ҶТ”

Рутбаи мардумӣ ки ҳар замон бе ягон чуну чаро, ба синну солаш нигоҳ накарда, ҳозир аст, то тамоми нерӯ ва ҳатто ҷонашро баҳри дифои Ватан нисор кунад. “Дар бораи ин марди солор бояд ҳар чӣ бештар донам. Бояд сирри рутбаи мардумиро бифаҳмам”, андешид ӯ ва аз назди Хушвахт Шарпиов чанд қадам дуртар ба назди савдогароне рафт, ки Хушвахтро “полковник” хитоб мекарданд. - Бубахшед, бародарон, барои чи шумо прапоршикро полковник ном мебаред? Маълум шуд, ки фурӯшанда бо Хушвахт Шарипов шиноси дерина аст ва аз хислатҳояш ба хубӣ огоҳ: - Мо ҳама шиносҳои ӯ медонем, ки акои Хушвахт полковник нестанд, - бо латтаи дасташ себеро тозакунон ба гап даромад фурӯшанда. – Аммо ҳама шиносҳояш ӯро “полковник” мегӯянд. Ӯ полковники мардумист. Полковники халқ. Шояд бисёриҳо тааҷҷуб кунанд, ки наход полковник ҳам мардумӣ шавад. Ин тааҷҷубро низ онҳое мекунанд, ки то ҳол дар атрофашон нафарони дар кор ҷиддию миёни омма самимӣ, хушсухану хушгуфторро кам дидаанд ё умуман

надидаанд. Кам иттифоқ меафтад, ки як нафар бо хислати ҳамидаи инсонӣ миёни ҳам аҳли кормандон ва ҳам берун аз он – миёни омма эътибору эҳтиром пайдо кунад. Хушвахт Шарипов зиёда аз 30 сол аст, ки дар Комиссариати ҳарбии ноҳияи Ёвон кору фаъолият дорад. Ӯ солҳои 1981-83 дар шаҳри Уланбатори Ҷумҳурии Муғулистон адои хизмат намудааст. Пас аз адои хизмат ба Комиссариати ҳарбии ноҳия ба кор даромад ва то ҳол дар ҳамон ҷо фаъолият дорад. Ӯ як низомии намуна аст. Бо рафтору кирдораш чӣ будани ватандӯстиро ба ҷавонон, онҳое, ки синнашон ба хизмати аскарӣ расидааст, мефаҳмонад. Сирри полковники мардумӣ будани ӯ ҳамин миёни омма маҳбубият доштанаш аст. Ҳамин хислати хубаш буд, ки баъди ба нафақа баромаданаш низ ҳамкорон исрор карданд, то аз нав ба кор барояд. Ҳамин рӯзҳо полковники мардумии мо ба синни 55 қадам мемонанд. Мо шиносҳои Хушвахт Шарипов аз Худованд барояш саломатии бардавому умри дароз хоҳонем. Пас аз шунидани суханҳо ва таман-

ниёти фурӯшандагон ҳамроҳаш ба назди Хушвахт Шарипов баргашт, ки дар миёни издиҳоми дӯстон саргарми суҳбат буд. Ҳоло гӯяндагони “полковники мардумӣ” боз як нафари дигар афзуда буд... P.S: Аҳли эҷоди рӯзномаи “Ҷавонони Тоҷикистон” корманди Комиссариати ҳарбии ноҳияи Ёвон Хушвахт Шариповро ба 25-умин солгарди Рӯзи таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар ва 55-солагии умрашон муборакбод мегӯянд! Хуршеди МАВЛОН, “ҶТ”


“ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН”, №08 (9538), 22.02.2018

E - MAIL: javonontj@mail.ru

Дар забони миллати ман дин ин покизагист… Ифротгароӣ падидаи нав нест. Он ҳанӯз дар давраҳои қадим зуҳур карда буду гоҳ-гоҳ аз худ дарак медод. Ифротгароӣ на фақат дар доираи дин аст, балки дар дигар масъалаҳои иҷтимоӣ ва сиёсӣ низ дида мешавад. Вожаи “ифротгаро” аз ду реша иборат буда, қисми аввал аз забони арабӣ “ифрот”, яъне “бесарусомонӣ”, “хараҷу мараҷ” ба миён овардан, дигаре аз вожаи форсӣ “гаро” иборат аст, ки “гаравидан”, “шомил гаштан” ва “майл кардан” аст. Пас ин калима ва гурӯҳро чунин шарҳ додан мумкин аст: “Дар ҷомеа ва шуури инсонҳо як тағйироту бесарусомоние ба вуҷуд овардану ба мақсади нопоки хеш ноил гаштан аст”. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рӯзҳои аввали давлатдорӣ ба насли ҷавон ҳамчун нерӯи созанда, бунёдкор таваҷҷуҳи хоса зоҳир намудааст. Дар ин баробар, вобаста ба имконот тамоми шароитро барои буду бош, зисту зиндагонӣ, илмазхудкунӣ ва фаъолияти минбаъдаи насли ҷавон фароҳам овардааст. Далели возеҳи ин гуфтаҳо татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ҷавонон ва сиёсати давлатии ҷавонон” мебошад. Ҳамагон шоҳиди он ҳастем, ки Сарвари давлат дар ҳар як вохӯрию мулоқотҳояшон бо қишри ҷавони ҷомеа гуфта мегузаранд: “Ҷавонони лаёқатманду соҳибфарҳанг ояндаи ҷомеаи навини Тоҷикистон мебошанд”. Дар ҳақиқат, насли наврасу ҷавон нерӯи бениҳоят бузурги созандаю бунёдкор дар роҳи фардои миллату давлат, умеди Тоҷикистони азизу соҳибистиқлол аст. Насли ҷавон тариқи ВАО хуб огоҳанд, ки имрӯзҳо аз ҷониби намояндагони гурӯҳҳои ифротгаро чӣ гуна содир намудани амалҳои мудҳишу даҳшатангез ба вуқӯъ мепайвандад, ки ин кирдори онҳо ба тафаккуру ақли солими ҷомеаи муосир рост намеояд. Мутаассифона, бархе аз ҷавонони бемаърифат, бефарҳанг моҳияти ин омилҳои номатлубро дуруст эҳсос накарда, баръакс бо ҷалби зархаридони хориҷӣ ба ин гурӯҳҳои ифротӣ шомил шуда, дар амалҳои дорои хусусияти террористӣ – экстремистӣ иштирок мекунанд. Бояд гуфт, ки сар задани чунин ҳолатҳо, яъне шомилшавӣ ба гурӯҳҳои ифротӣ, анҷом додани амалҳои террористӣ ва дигар омилҳои номатлуб миёни наврасону ҷавонон аз бетарафии волидон ва шахсони масъул аст. Ин дуруст аст, ки дар ҳолати ҷалб нагардидани ҷавонон ба муҳити оила, ба маслиҳатҳои пандомези волидайн ва ширкат накардани онҳо дар корҳои ҷамъиятию фарҳангӣ, варзишию оммавӣ, саҳмгузорӣ дар ободии диёрамон онҳо ба доми гурӯҳҳои ифротӣ меафтанд. Мутаассифона, тарғибгарони ҳаракатҳои экстремистӣ маҳз бо такя ба унсурҳои динӣ ҷалби ҷавонони содаву зудбоварро роҳандозӣ мекунанд. Барои амалӣ шудани мақсадҳои нопоки худ бо қатлу ғорат рӯз аз рӯз кирдорҳои ғайриинсонии худро нишон медиҳанд, ки ин бо дини мубини ислом ҳеҷ робитае надорад. Мо тоҷикистониён бояд хуб сарфаҳм равем: Дар забони миллати ман дин ин покизагист, Ҳар кӣ ин маънӣ надонад, одами покиза нест. Тавре ки Сарвари давлат таъкид карданд: “Ба умеди хоҷаҳои хориҷӣ нашавед, тафриқаандозӣ накунед ва ба хотири маблағи ночиз (ҳаром) номуси ватандории худро нафурӯшед ва ба ин Ватан, ба ин сарзамин хиёнат накунед”. Ин гуфтаҳо моро водор месозанд, ки дар ҳамбастагӣ бояд дар замири насли ҷавон ҳисси баланди миллӣ, эҳсоси худшиносиву худогоҳӣ, ватандӯстдорию меҳанпарастӣ, ахлоқи ҳамида, касбу ҳунарҳои муосир, ҷиддияту меҳнатдӯстӣ ва эҳтироми волоияти қонунро талқин намоем, то онҳо тавонанд дар оянда ҳамчун намояндагони сазовор ва шоистаи миллати хеш, Ватани азизамонро дар арсаи ҷаҳон муаррифӣ намоянд. Шокирҷон ҶОБИРОВ, докторанти курси 2, ДДК ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ

13

Зебоиҳои дин ва зиштиҳои терроризм

Ҷавонон бояд аз ҳарду огоҳ бошанд Омилҳои ба вуҷуд омадани терроризм зиёд аст, аммо муҳимтарин ва асоситарин омили пайдо шудани ин вабо яке худбохтагии шахс дар муқобили афкор ва таълимоти бегонагон, дигаре аз даст додани истиқлолияти фикрӣ мебошад. Агар дар инсон ин ду омил ба вуҷуд омад, ӯ дар бунбасти фикрӣ қарор мегирад. Агар дар ҷомеаи мо ҷавоне ба ҳолати буҳрони фикрӣ гирифтор шуд, ӯ бояд чӣ кор кунад? Дар навбати аввал бояд маълум кард, ки ин масъала масъалаи иқтисодӣ аст ё иҷтимоӣ ва ё сиёсиву мазҳабӣ. Сипас бояд ба донишмандони ин соҳа муроҷиат намуд. Худоро шукр, мо имрӯз дар кишварамон устодон ва олимони хубе дорем, ки метавонанд доир ба ин масъалаҳо изҳори назар намуда, мушкилоти ҷавононро ҳал кунанд ва гирифторонро аз ҳолати буҳронӣ берун кашанд. Агар мушкилоти ҷавонон мушкилоти динӣ бошад, пас имрӯз, алҳамдулиллоҳ, мо дар кишварамон олимони дин, донишмандони мазҳаб зиёд дорем, ки ҷавонон метавонанд аз маслиҳату тавсияҳои онҳо истифода карда мушкилашонро бо таҳлилҳои эшон ҳал кунанд ва ба умеди фатвову гуфтаҳои суханварони хориҷӣ нашаванд. Агар як ҷавоне, ки ба чунин буҳрон гирифтор шуд ва аз касе барои рафъи буҳрони фикрияш мадад нахост ва ӯ ба таъсири як зумра бехирадон ба нияти тундравӣ ва экстремистӣ аз кишвар хориҷ шуд, дар ин ҳолат ҳам худи ӯ зарар мебинад ҳам пайвандонашро ба азобу ғусса мешинонад. Зеро ин ҷавон истиқлолияти

фикрии худашро аз даст додааст, миллатдӯст нест. Миллат, ватан, модар ба ӯ арзише надорад. Аз чунин ҷавон гурӯҳҳо ва равияҳои экстремистӣ, ки имрӯз дар ҷаҳони муосир фаъолият доранд, истифода мебаранд. Ӯро аввал ҳамчун ватандӯсти мазлум қабул карда, ба ӯ бо номҳои зебо кӯмакҳои “башардӯстона” намуда, баъд он мақсадҳои нопоке, ки нисбати минтақаҳо доранд, ба воситаи онҳо пиёда мекунанд. Ин ҷавонони роҳгумзада барои онҳо аспҳои ромшудае ҳастанд, ки бар болои инҳо зинҳои тайёри худро гузошта ба ҳар куҷое, ки хоҳанд метозанд. Имрӯз, мутаассифона, дар ҷаҳон ҳар таркишу куштореро, ки террористон анҷом медиҳанд ва ҳар кори зиддибашариро, ки тарҳрезӣ мекунанд, ба номи ислом рабт медиҳанд. Душманони ислом бо ин рафторашон мехоҳанд номи поки исломро доғдор кунанд, аммо чунон ки Пешвои миллатамон дар Паём ба Маҷлиси Олӣ баён кард: “Ислом дини муқаддас аст. Ҳадафу мақсадаш сулҳу осоиштагӣ ва ахлоқи ҳамида мебошад. Террорист дин, ватан, модар надошта барои ӯ муқаддасоте вуҷуд надорад”. Пас зарур аст, ки ҷавонони кишвари мо дар хусуси зишту ногувор будани терроризм ва экстремизм бештар донанд ва аз зебоиҳои дину оини мазҳаби суннатии хеш – мазҳаби Имоми Аъзам Абӯҳанифа огаҳии комил дошта бошанд. Саидмутаҳҳар АСОМУДДИНОВ, сархатиби ноҳияи Данғара

Кабирӣ: Бо кӯмаки пуштибонон мо аз Тоҷикистон Сурия месозем Роҳбари фирории ҳизби мамнуъ ва террористии ҲНИТ Муҳиддин Кабирӣ вақтҳои охир зимни баромадҳояш дар чандин конфронсу семинарҳо худу ҳамроҳонашро бегуноҳу маъсум меҳисобад. Имрӯз Кабирӣ ва ҳамроҳонаш бешармона бо истифода аз ҳар фурсате ва ҳар минбаре худнамоӣ мекунанд ва чеҳраи манфури худро мехоҳанд бо бадномсозиву дурӯғпароканӣ бишуянд. Вале дар ҳақиқат онҳо яке аз қисматҳои механизми байналхалқии тахрибгар ва ба кишвари мо душман мебошанд. Наҳзатиҳо паҳнкунандаи ақида ва идеологияи бегонаи ифротианд бо туҳмату буҳтон даст ба бадномсозии миллату ватани худ мезананд. Дар ҳоле, ки таърихчаи начандон тӯлонии фаъолияти ТЭТ ҲНИТ шаҳодат аз ваҳшонияту мардумкушии онҳо медиҳад. Наҳзатиҳо дар ибтидои истиқлолияти Тоҷикистон оташи ҷанги бародаркуширо дар кишварамон барангехта, сабабгори кушта шудани 150 ҳазор шаҳрвандон шуданд. Мардумкушии онҳо дар назари баъзе гурӯҳҳои ифротию террористии дигар имрӯз шояд афсона намояд, зеро наҳзатиҳо дар он замон ба таври махсусан золимона ва ваҳшоният амал мекарданд. Масалан, онҳо аз зинда ба зинда пуст кардани одам, ба равғани доғ андохтани инсони зинда, овехтан, дастбуриву побурӣ ва гушбурӣ худдорӣ намекарданд. Наҳзатиҳо дигарандешонро ба куфру илҳод муттаҳам намуда, онҳоро бо ҳар роҳ бадному шармсор мекарданд, то озодандешиву ислоҳот ва ихтироъкории инсониро аз фарҳанги миллии кишварамон несту нобуд созанд. Солҳои ҷанги шаҳрвандӣ роҳбарияти ТЭТ ҲНИТ гурӯҳҳои

мусаллаҳи ҷангӣ созмон дода, онҳоро ба муқобили ҳамватанони худ сафарбар сохт. Дар натиҷаи амалҳои хунхоронаи онҳо тақдири одамони зиёд шикаст, ҳазорон нафар бехонумон ва ҳазорон нафар қурбон гардиданд. Мутаассифона, баъди истиқрори сулҳу оромӣ ҳам ТЭТ ҲНИТ аз фаъолиятҳои тахрибкорона ва мақсади ғасби ҳокимият дар Тоҷикистон, аз ҷумла паҳн сохтани идеологияи бегона, барангехтани ихтилофи мазҳабӣ, содир намудани ҷиноятҳои вазнин даст накашид. Дар сентябри соли 2015 бо дастур ва маблағгузории бевоситаи молиявии роҳбари ТЭТ ҲНИТ Назарзода кӯшиши табаддулоти мусаллаҳона намуд. Бешубҳа, бо ин роҳ Кабирӣ мехост ҳукуматро бо зурӣ ба даст орад ва низоми давлатдории асримиёнагиро ҷорӣ намояд. Хушбахтона, мардуми огоҳи Тоҷикистон дар маҳв сохтани дастаи хунхори Назарзода ба кӯмаки сохторҳои дахлдори кишвар бархостанд ва тири наҳзатиҳо бори дигар хок хурд. Имрӯз террористони наҳзатӣ аз тариқи баъзе расонаҳои хабарӣ кӯшиш доранд, ки мағзҳои ҷавононро заҳрогин сохта, бори дигар бо пуштибонии хоҷагони хориҷии худ бар сари миллати мо мушкилию даҳшат оранд. Онҳо мехоҳанд кишварро бори дигар ба Сурияву Ироқ ва Афғонистон табдил диҳанд. Силоҳи асосии ин гурӯҳи ифротию террористӣ дурӯғпароканиву бадном сохтани ҳаммилатони худ мебошад. Дар баъзе сомонаҳои фурӯхташуда ва ифротии наздик ба наҳзатиҳо тамоми хабарҳо бо таҳрифи воқеият ва бадномсозии миллату ватан дарҷ шуда, тухми нифоқу зиддиятро дар байни ҷомеа паҳн месозанд.

Дар давоми чандин соли фаъолияти худ наҳзатиҳо садҳо одамонро ба доми фиребашон кашиданду онҳоро ба содир намудани ҷиноятҳо водор сохтанд, ки сабаби дар маҳбасҳо қарор гирифтанашон гардид ва оилаву фарзандонашон бесаробону бенафақаву ноумед мондаанд. Роҳбарони ТЭТ ҲНИТ ҷавонони зиёдеро бо ақидаҳои дурӯғини ифротӣ фирефта карда, ба сафҳои худ ҷалб карданд ва барои пайвастан ба ДИИШ ва ташкилотҳои дигари террористӣ ба Сурияву Ироқ фиристоданд. Албатта, мақсади наҳзатиҳо он буд, ки ин гуна ҷавонони гумроҳ дар Сурия ва Ироқ таҷрибаҳои ҷангиро омухта, ба ватан баргарданд ва қисмати талхи он кишварҳоро бар сари мардуми тоҷик бори дигар оваранд. Тамоми амалҳои тахрибкоронаи солҳои охири ТЭТ ҲНИТ, яъне гумроҳ сохтани ҷавонон ва ба сафи ташкилотҳои террористии байналхалқӣ шомил кардани онҳо, паҳн сохтани мазҳаби бегона дар кишвар, кӯшиши табаддулоти мусаллаҳона ва ҷиноятҳои дигари онҳо маҳз бо дастуру пуштибонии хоҷагони хориҷиашон сурат гирифтаанд ва мақсадашон ба Сурия табдил додани Тоҷикистон буд. Доираҳои манфиатдори хориҷӣ мехостанд бо истифодаи ТЭТ ҲНИТ манфиатҳои геополитикӣ ва ғаразнокашонро дар Тоҷикистон ва Осиёи Марказӣ татбиқ кунанд. Аммо бояд наҳзатиҳо ва хуҷаинҳои онҳо хуб дар хотир дошта бошанд, ки имрӯз давлати Тоҷикистон мустаҳкам ва мардуми мо огоҳу ҳушёранд ва дигар ҳаргиз намегузоранд, ки гурӯҳи ҷинояткори ТЭТ ҲНИТ сар боло кунаду ба мақсадҳои шумаш бирасад. Ёралии НАБӢ


14

КИТОБХОНАИ “ҶТ”

ШУКРОНАИ ВАТАН (Дар ду вазн)

Аз ҳавоят намешавад дил сер, Эй диёр, эй диёри сабзоғӯш. Бо ҳазорон умеди пай дар пай Нӯш созад кас обҳоят, нӯш. Боғҳоят ҳамеша гулпӯшанд, Шод аз онам, ки чун биҳишт астӣ. Гарди хокат ба дида мемолам, Аз бароям ту сарнавишт астӣ. Шукрона мекунам, шукронаи Ватан, Шукрона, чун Ватан зебост шаҳри ман. Аз тахти зиндагӣ, хушбахти зиндагӣ, Бар васфат, эй Ватан, гӯям накӯ сухан. Хизматат аз барои ман қарз аст, Чунки нону намак ба ман додӣ. Ҷон Ватан, эй Ватан, Ватан, умре Баҳрам оғӯши гарм бикшодӣ. Модарам ҳаст шод, шод аз ман, Шодкомӣ ҳузури ҷонаш бод! Мулкам, эй мулки беназирам, ҳаст Меҳрубон модарам ба ман устод. Шукрона мекунам, шукронаи Ватан, Шукрона, чун Ватан зебост шаҳри ман. Аз тахти зиндагӣ, хушбахти зиндагӣ, Бар васфат, эй Ватан, гӯям накӯ сухан.

ТАЛАБИ МОДАР

Ман ҳифз кунам, ҳифз ба ҷон хоки Ватан, Орам ба забон номи шарафноки Ватан. То шоми сияҳрӯй шавад ҳамдами рӯз, Маҳтоб шавам кош ба афлоки Ватан.

КИШВАРИ МАҲБУБ Эй кишвари маҳбуби ман, Эй Пешвои хуби ман, Шодам ман аз дидоратон, Ҳақ ёратон, ғамхоратон. Шукронаи бахти наку, Дорам диёри нозанин. Бори дигар, эй Пешво, Бар азматон сад офарин. Мо миллати оринажод Якҷо ҳама созандаем. Якҷо ҳама дар хидматат, Эй кишвари пояндаем. Ин хуррамӣ, ин якдилӣ Моро насиб аз Ваҳдат аст. Дониста бошед, одамон, Ин Тоҷикистон ҷаннат аст. Ранги ба ранг имрӯзҳо Ҳар шаҳру деҳат ҷон, Ватан, Васфи туро хоҳам суруд Чун андалебони чаман.

Дар қалби ҳама ишқи Ватан ҷост, бале, Хокаш чу зар асту ҳамчу тиллост, бале. Мафтуни ҷамолу ҳар хасу хори Ватан Бингар ба чаман, булбули гӯёст, бале.

Дасти мадад ба мардум Ҳар ҷо дароз кардӣ. Хушҳол бар муҳоҷир Оғӯш боз кардӣ.

Хизмат ки накардаӣ, наӣ мард, бачам, Хизмат бинамо, бишав ҷаҳонгард, бачам. Пирӯзватан чу ман ба сад нозу ҳавас Парвард туро беғаму бедард, бачам.

Дар ошёни чашмат Гунҷид Тоҷикистон. Пироҳан аз гули ёс Пӯшид Тоҷикистон.

ТОҶИКИСТОНИ БАЗЕБ

Хоҳем аз Худованд Як умр зинда бошӣ. Бар фарқи Тоҷикистон Чун шед нур пошӣ.

Оби тоза оби ту обе, ки шаҳд асту шакар, Қулти обат бар ниҳоли хушк ҳам бахшад самар. Нур мепошад саҳаргоҳон ба фарқат офтоб, Шомгоҳон шир медӯшад ба домонат қамар.

ШУКРИ ВАТАН Мо пиру ҷавон баста камар аз паи кор, Бо амри ту, эй сарвари бонангу баор. Сад шукри Ватан гуфта, Ватан гуфта, Ватан, Булбул, бисаро, мисли ман аз шохи чанор. Булбул, бисаро, кишварам обод шудаст, Дил дида сари сабзи Ватан, шод шудаст. Эй ҳамватанон, ханда ба лаб, чак бизанед, Доман пури зар, хирманакам бод шудаст.

ХИШТИ ҶОН Мо ба хишти ҷон Душанбе сохтем, Баҳри рангорангияш пардохтем. Дар кафи дасташ ба сад хуни ҷигар Парчами миллат баланд афрохтем. Парчами миллат ба фарқаш ҷилвагар, Дар радифи Зуҳраву Шамсу Қамар. Бар машоми ҳар як инсон мерасад Аз қабояш накҳати гулҳои тар. Мо ба хишти ҷон Душанбе сохтем, Баҳри рангорангияш пардохтем. Дар кафи дасташ ба сад хуни ҷигар Парчами миллат баланд афрохтем. Шаҳри ман чун тифл дар парпечи ноз, Нозанин буд, нозанинтар гашт боз. Дар Душанбе пойтахти мамлакат, Эй Худо, бахшо ба мо умри дароз. Мо ба хишти ҷон Душанбе сохтем, Баҳри рангорангияш пардохтем. Дар кафи дасташ ба сад хуни ҷигар Парчами миллат баланд афрохтем.

(Суруд барои бачаҳо)

Эй Пешвои миллат, Мо пайрави ту ҳастем. Бар меҳнати ҳалолат Аз пеш дил бубастем.

Дар ту мо тавлид гашта, дар ту мо одам шудем, Дар ту мо хушҳол гашта, дар ту мо беғам шудем. Бо сари воло, дили саршори ишқи бегазанд Дар ту мо аз кӯдакӣ сад шукри Ҳақ, бо ҳам шудем.

Нуруллоҳи ОРИФ

ПЕШВОИ МИЛЛАТ

Рав, хизмати ин Ватан бикун ҷон, бачаме, Эй ҷон бачам, эй умеду армон, бачаме. Меболам, агар ки худ ба хизмат биравӣ, Аз маслиҳатам машав пушаймон, бачаме.

Тоҷикистони базеб, эй кишвари мо, ҷони мо, Эй умеду орзу, эй бахти бепоёни мо. Зери ин чархи кабуди номдору пойдор, Кишваре чун ту набидҳад гӯш бар фармони мо.

“ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН”, №08 (9538), 22.02.2018

ТОҶИКИСТОН

АСКАРИ ВАТАН Салом, эй модари муштипари ман, Салом, эй хоҳари ман, додари ман. Манам аскар барои ҳифзи кишвар, Салом, эй халқи меҳанпарвари ман.

Пирӯз Тоҷикистон, Хушрӯз Тоҷикистон. Чун модари ман астӣ Дилсӯз, Тоҷикистон.

Аё, эй Тоҷикистон, беҳтар аз ҷон, Бисозам душманат бар хок яксон. Нигаҳбонат манам аз субҳ то шом, Бимон осуда, эй мулки далерон.

Зебо Ватан, Ватан ту, Сар то ба по чаман ту. Ҷоӣ ба дил, дили халқ Бо куртаи чакан ту.

Кароматулло САДИРОВ, омӯзгори МТМУ №5, ноҳияи Ҷ. Балхӣ

Пирӯз Тоҷикистон, Хушрӯз Тоҷикистон. Чун модари ман астӣ Дилсӯз, Тоҷикистон. Монанди Пешвоят Ҳастем ошноят. Орем шоду хандон Таъзим аз бароят. Пирӯз Тоҷикистон, Хушрӯз Тоҷикистон. Чун модари ман астӣ Дилсӯз, Тоҷикистон.

ПАДАР Қуввати дил, қуввати ҷонам, падар, Давлати сар, нури чашмонам, падар. Ман намак хӯрдам, намак аз хони ту, Маззаву ҳам лаззати ҷонам, падар. Эй падар, эй офтоби рӯзгор, Бо дуои ту манам саргарми кор. Ҳарфи ту то он даме, ки зиндагист, Кору борамро бубахшад эътибор. Мисли деҳқон дар сарои зиндагӣ, Гӯш карда нағмаҳои зиндагӣ. Баҳри хушбахтиву хушҳолии мо Бас давидӣ, аз қафои зиндагӣ.

Юсуфи Амир Акбар


“ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН”, №08 (9538), 22.02.2018 “Имрӯз, 23 феврал. Рӯзи мардон. Ман шакли дурусти ин ҷашнро медонам – Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон. Яъне, дар асл гирем, дар ин рӯз соли 1993 Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар таъсис ёфтааст. Аммо миёни хосу ом ин ҷашн номи “Рӯзи мардон”-ро гирифтааст. Хуб, муҳим ин ки рӯзеро баҳри мардон бахшидаанд, он мардоне, ки номусу виҷдони мардонагӣ доранд. Барои ҳифзи чизеву касе ҷон дар каф ба майдон мебароянд, пайваста азхудгузариҳо мекунанд. Ҳама нерӯву тавонашонро баҳри оромию осудагӣ мебахшанд. Ҷони худро сипари хушрӯзии модару зан, хоҳару фарзанд ва, болотар аз ҳама, фидои Ватан мекунанд.

Сарҳанги берутба

Ин рӯзи падари ман ҳам ҳаст. Падарам низомӣ нест. Аммо муҳим ин ки ӯ ҳам муҳофиз аст. Муҳофизи хуби хуб. Бароям ба монанди як афсари шуҷое менамояд, ки ба низомдарории лашкари як мамлакатро қодир аст. Ӯ муҳофизи як порча аст. Порчае, ки оғозгоҳи Ватани маҳбубам. Ҳамин порчаву нигоҳдорандааш – падарам ба ман ҳубби Ватан меомӯзонад. Маҳз ҳамин сарҳанги берутба ба ман меомӯзонад, ки ҳифзи Ватану муқаддас шуморидани хоки он чӣ аст”, - ин субҳ ки аз хоб бедор шудам, болои ҷойгаҳи хоб фикру ёди маро ҳамин андешаҳо банд карданд. Дар ҳаёт чунин арзишҳоеро дорем, ки дар бадали тақдими қиматтарин туҳфаи дунё қонеъ намешавем. Аммо боз ҳам сари нуктаи қаноат тамаркуз мекунем. Аммо ман барои падарам ба ҷуз дастаи гул чизи дигаре гирифта наметонистам. Тозон сӯи гулфурӯшон роҳ пеш гирифтам. Зеботарин дастаи гулро гирифтаму ҷониби хона омадам. Паси дари хона, ба умеди он ки гулдастаро ба падарам ҳадя мекунам, каме истодам. Ҳамин асно буд, ки ба худ омадаму фаҳмидам, ки роҳро хато пеш гирифтаам. Чун ин роҳ маро назди падарам намебурд. Аз роҳ гаштаму ҷониби гӯристон рафтам... Падарҷон, медонам, ки дар роҳи зиндагӣ мӯйҳои сиёҳатро сафед, қомати расоятро хам, дастони пурбаракататро ларзон ва ҷавониатро барои мо фидо кардӣ. Падарҷонам, агар боре туро ранҷонда бошам ва ё сухани ноҷое гуфта бошам, маро бубахш. Зеро зиндагии ман аз муҳаббати гарми ту маншаъ гирифтааст. Муҳаббати ту дар қалбам чун шамъ шуълавар аст. Ин шамъи шуълавар аст, ки маро аз тамоми сардиҳои зиндагӣ ҳимоят мекунад. Ҳамаи торикиҳоро равшанӣ мебахшад. Ҳар гоҳ ки овози дилнавозу маҳинат ба ёд меояд, дилам ба ларза медарояд. Тамоми меҳру муҳаббатам аз ту маншаъ гирифт. Аз гуфтани номи хушат сер нашудаам. Ҳарчанд дар ҳақат дуо хонам, шеъру достонҳо сароям, басанда нест... Падарҷонам, он чунон бузург ҳастӣ, ки барои тасвири бузургиат оҷизӣ мекашам. Яқин мекунам, ки тамоми калому навиштаҳоям арзиши як тори мӯятро надоранд. Рӯзи идат муборак, руҳат шоду гӯрат пурнур бод, сарҳанги берутбаи ман!!! Давлатнисо ОШУРОВА, таҷрибаомӯзи “ҶТ”

САҲИФАИ ДОНИШҶӮЁН Баҳри ҳимояи Ватан доимо омода бошем Ҳар давлат дар ҳар давру замон бидуни артиш пояи устувор дошта наметавонад. Зеро артиш асоси ҳимояи марзу буми ҳар як кишвар маҳсуб меёбад.

15

Дар мактаби миёна таҳсил доштам. Шавқу ҳавасам ба гӯштингирӣ хеле зиёд буд. Дар мусобиқаҳои гуногун, ки байни мактабҳо сурат мегирифт ва маъракаҳои дар деҳаамон доир шуда пайваста ширкат меварзидам. Дилбастагиямро ба гӯштин дида, устодон ва падарам хоҳиш намуданд, ки пас аз хатми мактаб таҳсилро идома дода, маҳоратамро сайқал диҳам. Суханони эшон боис гардид, ки ба остонаи донишкадаи тарбияи ҷисмонӣ қадам ниҳам. Имтиҳонҳои дохилшавиро бомуваффақият супурда, сазовори номи донишҷӯ гардидам. Инак, дар курси сеюми факултаи варзиш барои дарёфти ихтисоси гӯштинҳои гуногун ба таҳсил машғулам.

Мо – насли хушбахти замон

Таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон 23-юми феврали соли 1993, дар айёме сурат гирифт, ки задухӯрдҳои мусаллаҳона ҳамоно идома дошт. Бо ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки тамоми саргузаштҳои хунини ҳалқи тоҷикро он солҳои душвор бо чашми худ дидаанд, халқи куҳанбунёди мо маҳз тавассути артиши навтаъсис аз вартаи фалокат раҳо ёфт. Ҳоло, ки мо 25-солагии Артиши миллиро ботантана ҷашн мегирем, дар сафҳои Қувваҳои Мусаллаҳ ҷавонони матиниродаи тоҷик бо мақсади ҳимояи марзу буми Ватан камари ҳиммат бастаанд. Ин ҳама шароитҳои мусоиди хизмат дар сафҳои Артиши миллӣ нишонаи соҳибистиқлолии Тоҷикистони азиз мебошад. Ногуфта намонад, ки Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Президенти мамлакат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли 2017умро “Соли ҷавонон” ва имсолро бошад, “Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” эълон намудааст. Бо ин иқдом такя ба ҷавонони соҳибирода намуда, баҳри баланд бардоштани донишу маҳорат дар сафҳои Артиш тамоми шароитҳои мусоидро муҳайё намудааст. Ва он ҷавонони бонангу номус, ки дар сафҳои Артиш хизмат доранд, аз як гиребон сар бароварда, ояндаи дурахшони Тоҷикистонро ҳамеша таъмин хоҳанд кард.

Албатта, таҳсил, яъне давраи донишҷӯӣ ҳам душвориҳои худро дорад. Аммо вақте шавқ дар дил асту баҳри ба муваффақият ноил шудан пайваста саъю кӯшиш зоҳир шавад, ҳар як мушкил ҳатман ҳалли худро меёбад. Маҳз саъю кӯшиш аст, ки ҳоло бомуваффақият дар курси сеюм таҳсил дорам. Ҷавонони имрӯза, аз ҷумла ман низ насли даврони истиқлол маҳсуб меёбем. Яъне насли хушбахти замон. Шукронаи тинҷию амонии кишвар, ки баҳри илмомӯзӣ, амалисозии орзую ниятҳои ҷавонӣ тамоми шароитҳо муҳайёст. Соли пешин дар кишвар Соли ҷавонон эълон шуда буд. Зимни ироаи Паёми навбатӣ ба Маҷлиси Олӣ, 22 декабри соли гузашта Президенти кишвар, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба масъалаи ҷавонон дахл намуда, аз ҷумла чунин иброз дошт: “Ғамхории Ҳукумат нисбат ба ҷавонон танҳо бо Соли ҷавонон маҳдуд намешавад. Баръакс, ҳалли масъалаҳои вобаста ба наврасону ҷавонон минбаъд низ самти муҳимтарини фаъолияти мо хоҳад буд.” Бисёр аламовар аст, вақте мешунавем, ки як қисм ҷавонони тоҷик бар ҳар гуна ҳаракату равияҳои ифротгароӣ ҳамроҳ гардида, ҷони худро дар кишварҳои бегона, баҳри манфиатҳои дунёхоҳон умри худро беҳуда қурбон месозанд. Кас ҳайрон мешавад, ки ба ин гуна ҷавонон чӣ намерасад? Охир дар кишвар барои таҳсилу фаъолият тамоми шароитҳо муҳайёст. Ман ба ин гуна ҷавонон ва умуман насли даврони истиқлол муроҷиат намуда, хоҳиш дорам фирефтаи ҳар гуна ваъдаҳои осмонии намояндагони гурӯҳҳои ифротӣ нашаванд. Умри ҷавони худро бармаҳал хазон насозанд. Илму ҳунар омӯзанд. Чун насли шоистаи даврон дар пешрафту гулгулшукуфии диёри хеш саҳмгузор бошанд.

Шаҳроми ЗАРИФ, донишҷӯ

Меъроҷиддин УРОЗАЛИЕВ, донишҷӯи ДТҶТ ба номи С. Раҳимов

Ҷавононро чӣ пойбанди шабакаҳои иҷтимоӣ кардааст? Асри 21. Ин марҳилаи навро техника ва технологияҳои навтарин дигаргун намуда, дар ҳаёти наврасону ҷавонон тағйироти зиёдеро ба бор овардааст. Махсусан интернет, ки ҳамагон имрӯз аз он истифода мебаранду аз ҷаҳон хабардор мешаванд. Аммо на ҳама тарзи дуруст истифода бурдани онро медонанд. Бахусус, наврасону ҷавонон. “Facebook’’, ’’Viber”, “Odnoklassniki’’, ’’Vk”, “Imo” аз маъруфтарин шабакаҳои иҷтимоӣ маҳсуб мешаванд, ки, ба қавле, аз ҳафтсола то ҳафтодсоларо фаро гирифтаанд. Албатта, истифодаи дуруст ва мақсадноки ин шабакаҳо ба нафъи кор аст. Аммо як назарсанҷӣ нишон дод, ки ҳатто иддае аз корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ мохияти истифодабарии худро дарк намекунанд. Кам андар ками ҷавононе, ки бо шабакаҳои иҷтимоӣ сару кор доранд, онро бо мақсади маълумоти нав гирифтан ва васеъ намудани донишу ҷаҳонбиниашон истифода мебаранд. Қисми бештари ноболиғону ҷавонон дар посух додан ба саволи “Интернетро бо кадом мақсад истифода мебаред?” мушкилӣ мекашанд ва маълум мешавад, ки мақсади истифодаи интернет ва шабакаҳои иҷтимоиро дуруст дарк намекунанд. Баъзе ҷавонон мегӯянд, ки ба хотири пайдо намудани дӯстон, вақтгузаронӣ ва шиносоӣ (албатта бо духтарон) дар шабакаҳои иҷтимоӣ вақт мегузаронанд. Интернет хушҳолии наврасон ва ҷавононро коҳиш медиҳад. Миёни насли ҷавон омӯзише гузаронидем, то маълум намоем, ки оё онҳо дар ҳақиқат аз вақтгузаронӣ дар интернет хушҳоланд ё не. Маълум гардид, ки истифодаи аз меъёр зиёди шабакаҳои иҷтимоӣ аз манфиат дида, бештар зарар ва паёмадҳои

нохушро ба бор меоранд. Бино ба гуфти мутахассисони соҳа ҳар рӯз давоми як соат истифода намудани шабакаҳои иҷтимоӣ то 14% хушҳолии насли ҷавонро коҳиш медиҳад. Ҳол он ки 1 соат камтарин вақт буда, имрӯзҳо наврасону ҷавонон аз 2-3 то 5-6 соат вақти худро дар ин шабакаҳо сарф мекунанд. Вобастагӣ ё таъсири интернет аз тамоку сахттар аст. Аз меъёр зиёд истифода намудани шабакаҳои иҷтимоӣ на танҳо ба ҳолати руҳӣ, балки ба солимии ҷисмонӣ низ зарари ҷиддӣ мерасонад. Вақтгузаронии зиёд дар шабакаҳо ба асаб ва биноии инсон таъсири манфӣ дорад. Ин гуфтаро Маъмур Юлдошев, мутахассиси соҳаи тиб тасдиқ намуда, инчунин иброз дошт, ки аксар наврасону ҷавонон шабона аз шабакаҳои иҷтимоӣ истифода менамоянд, ки ин ба вайроншавии низоми хоб оварда мерасонад. Гузашта аз ин, равшании баланди телефонҳои сенсорӣ ба марҳалаи хоб зарар дорад. Сустшавии хотира ва косташавии дараҷаи биноии наврасон низ аз ҳисоби зиёд истифода бурдани интернет аст. Ба таъкиди равоншинос Инобат Қосимова, шабакаҳои иҷтимоӣ кӯдакону ҷавононро вобаста мекунад. Тибқи назарпурсӣ маълум гардид, ки 80%-и истифодабарандагони интернет рӯзона ҳадди ақал як маротиба саҳифаи интернетии худро хабар мегиранд. “Вақте ки ҷавонон ҳамарӯза чанд маротиба ба шабакаҳои иҷтимоӣ ворид мешаванду ба паёмак ва хабарҳо назар мекунанд, бо мурури замон қисми мағзи сар, ки ба одатҳои инсонӣ ҷавобгар аст, васеъ мешавад ва он ба одати ҳамарӯза табдил меёбад. Таъсири вобастагии инсон ба интернет назар ба вобастагии нафари тамокукаш ба тамоку сахттар аст”, - гуфт

дар идома Инобат Қосимова. Кундшавии дарк, каммеҳрӣ ва танбалӣ. Шабакаҳои иҷтимоӣ аз як тараф ҷавонону кӯдаконро аз омӯзиш низ дур мекунад ва дараҷаи дарку фаҳмиши онҳоро коста мегардонад. Омӯзгор Маҳфиза Хидирова мегӯяд, ки имрӯз ҳарчанд дарку фаҳмиши наврасон назар ба солҳои пеш болотар аст, вале таваҷҷуҳи онҳо ба чизҳои беҳуда ва нолозим бештар гардидааст. Ӯ сабаби инро дар зуҳури шабакаҳои иҷтимоӣ ва зиёд истифода намудани ноболиғон аз онҳо медонад. Ба ақидаи номбурда аз сабаби он ки дар шабакаҳои ичтимоӣ ифодаи фикр тариқи ҳар гуна рамзҳо сурат мегирад, имрӯз ҷавонон низ ба ҳамин тарз муносибат менамоянд. Яъне костагӣ дар равонии нутқ ба миён меояд. Таҷрибаҳо собит намудаанд, ки аз сабаби зимни муошират дар шабакаҳои иҷтимоӣ риоя накардани қоидаҳои имло имрӯз косташавии саводи толибилмон эҳсос мегардад. Ғайр аз ин, раванди дур шудан аз китоб ва мутолиа низ дар авҷ аст. Паёмади дигари нохуши истифодаи интернет аз ҷониби насли ҷавон ба бемеҳрӣ ва беаҳамиятӣ дучор шудани онҳо мебошад. Мушоҳидаҳо нишон медиҳанд, ҷавонону наврасоне, ки дар сомонаҳои иҷтимоӣ зиёд вақт мегузаронанд, назар ба ҳамсолони худ ба волидону наздикони хеш бемеҳр мешаванд. Аз ин ҳама гуфтаҳо бармеояд, ки интернет баробари манфиатнок буданаш таъсири манфӣ низ дорад. Пас, моро мебояд онро бо меъёри муайян ва мақсаднок истифода барему аз паёмадҳои нохуши он худро эмин нигоҳ дорем.

Таманно АЛИЕВА, донишҷӯи ДМТ, коромӯзи “ҶТ”


16

“ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН”, №08 (9538), 22.02.2018

СУРАТГУЗОРИШ

Сеҳри хома АМАЛИ МЕҲРОБ АЗИМОВ, “ҶТ”

РУСТАМ АМАКИЕВ

√ ЭЪЛОН ҶСК “ТоҷикСГЭМ” барои кор дар шаҳри Роғун мутахассисони баландихтисоси кафшергар, битонрез-симбоф ва васлгар (монтажник)-и конструксияҳои металӣ, разрядҳои 4, 5 ва 6-умро ба кор даъват менамояд. Мутахассисоне, ки беш аз 3 сол таҷрибаи корӣ доранд, бартарият дода мешавад. Маош шартномавӣ. Телефон барои тамос: 989 99 23 11, 989 99 28 32. Шиносномаи гумшудаи шаҳрванд Шарипов Муҳаммад Нуралиевич (А6972631) , ки онро соли 2012 ШКД-и шаҳри Норак додааст, эътибор надорад. Патенти гумшудаи соҳибкор Мардонов Зиёвуддин Шоҳович РЯМ 0430160830, РМА 045604563, ки онро соли 2014 нозироти андзои ноҳияи Синои пойтахт додааст, эътибор надорад. Дафтарчаи имтиҳонии гумшудаи Холов Файзалӣ, ки онро соли 2016 Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Шириншоҳ Шоҳтемур додааст, эътибор надорад. Шаҳодатномаи хариду фуруши манзили гумшуда, ки аз ҷониби Ҳоҷиев Равшанмурод (фурӯшанда) ва Баглонов Ривоҷиддин (харидор) дар идораи нотариалии ноҳияи Синои пойтахт таҳти № 6732 сабт шудааст, эътибор надорад. Аттестати гумшудаи Абдираҳмонов Баракатулло Мирзоевич, ки онро соли 2014 Литсей барои хонандагони болаёқат дар шаҳри Турсунзода бо силсилаи Т-АТУ № 0021545 додааст, эътибор надорад. Шаҳодатномаи ҳуқуқии гумшуда, ки аз тарафи идораи якуми нотариалии ш. Душанбе ба Ҳисориева Зеварбӣ таҳти феҳрасти 10 Н-103, кори меросии №22/85, оиди хонаи истиқоматӣ воқеъ дар н. И. Сомонӣ, кӯчаи Карамова-50 дода шудааст, эътибор надорад. Шаҳодатномаи ҳуқуқӣ аз рӯи қонун, ки ба ҳиссаҳои баробар ба номи Ҳисориева Зеварбӣ, Маҳмудов Нозим ва Маҳмудова Нодира сабт шуда, аз тарафи идораи нотариалии якуми ш. Душанбе таҳти феҳрасти 10 Н-102, кори меросии №22/85, оиди хонаи истиқоматии воқеъ дар кӯчаи Карамова-50, ноҳияи И. Сомонӣ ба қайд гирифта шудааст, бо сабаби гум шуданаш эътибор надорад.

√ РЕКЛАМА

ҲАДЯИ АРЗИШМАНД БАРОИ БОНУВОН Оё мехоҳед, барои азизонатон дар рӯзи идашон 8-уми март ҳадяи арзишманд харидорӣ кунед? Пас, креми “Прикатен” барои бартар кардани ожангҳои рӯй, креми “БМС” барои таровату зебоӣ ва курси лоғарии горсания-камбуҷияро барои зебоии андом аз атриёти “Зинат” харидорӣ намоед. Суроға: шаҳри Душанбе, чорроҳаи бозори “Саховат”. Тел: дар ш. Душанбе 938016464, ш. Қӯрғонтеппа 907202095, 918949949. Рӯзнома таҳти рақами 0120/рз аз 22 сентябри соли 2014 дар Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон сабти ном шудааст. Нишонӣ: 734018, шаҳри Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ-16, ошёнаи 1

САРМУҲАРРИР

Бахтовар КАРИМОВ

ҲАЙАТИ МУШОВАРА:

Абдуҷаббор РАҲМОНЗОДА (Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа), Нуриддин САИД (вазири маориф ва илми Тоҷикистон), Аҳтам АБДУЛЛОЗОДА (раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон).

ҲАЙАТИ ЭҶОДӢ:

Маҳмудҷон УСМОНОВ (муҳаррир), Толибшоҳи ДАВЛАТ (котиби масъул), Шодихони НАЗАР (муҳаррири шуъбаи варзиш ва сайёҳӣ), ШАҲЛО ЭШОНОВА (муҳаррири шуъбаи иқтисод ва иҷтимоъ), Хуршед МАВЛОНОВ (муҳаррири шуъбаи иттилоот ва сиёсат), Беҳрӯз ХОЛМУРОДОВ (муҳаррири шуъбаи ҳаёти ҷавонон), Нуруллоҳи ОРИФ, Гулбаҳор РАҲМОНОВА, Хуршед ХОВАРӢ, Шаҳбози АСОМИДДИН, Меҳрубон ИМОМОВА (хабарнигорон), Шеравган ХУРСАНҚУЛОВ (саҳифабанд), Меҳроб АЗИМОВ (рассом), Машҳур ИМОМНАЗАРОВ (хабарнигор, ВМКБ), Шодмон НУРМАТОВ (хабарнигор, вилояти Суғд) Фирӯз АБДУРАҲМОНОВ (хабарнигор, вилояти Хатлон).

Ба хотири чандандешӣ матолибе низ ба табъ мерасанд, ки хилофи назари ҳайати эҷодист. Дурустии арқому далелҳо бар дӯши муаллифон аст.

Ҳангоми таҳияи хабарҳо аз матолиби интернет низ истифода шудааст.

Индекси обуна: 68857

Тел: 901 06-41-10, 238-54-14, 238-51-09, 238-53-03

Ҳафтанома дар КТН «Шарқи озод» (хиёбони Саъдии Шерозӣ-16) бо теъдоди 4639 нусха ба нашр расид.

Ҳисоби бонкӣ: с/ҳ №20202972500232101000, ҳ/х 20402972316264, РМА030000301, РМБ350101626. БДА Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк»


Turn static files into dynamic content formats.

Create a flipbook
Issuu converts static files into: digital portfolios, online yearbooks, online catalogs, digital photo albums and more. Sign up and create your flipbook.