45 хона ба афсарони Вазорати мудофиа
Дастархони маънавӣ тиҳӣ мондааст
№8 (9434), 25 феврали соли 2016
1
МАВҚЕИ “ҶАВОНОН...”
Тағйирот ба Конститутсия масъулиятро меафзояд
ҲАФТ РӮЗ 18.02.2016 Дар вилояти Нижний Новгороди Русия ҷаласаи адабӣ-мусиқӣ бахшида ба шеъри давлатҳои форсизабон ва Русия баргузор гардид. Иштирокдорони ҷаласа шеърҳои классикони тоҷику форс, аз ҷумла порчаҳо аз «Шоҳнома»-и Абулқосим Фирдавсиро бо забонҳои гуногун қироат намуданд. 19.02.2016 Бо ибтикори Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ дар ҳамкорӣ бо Вазорати мудофиа гурӯҳи корӣ дар ҳайати собиқадорони соҳа, намояндагони илму маориф, зиёиён ва коршиносон дар қисмҳои ҳарбии 41008, 41008 «а», 02615 “г”, 07033, 01215, 12019-и Қувваҳои ҳарбӣ-ҳавоӣ ва мудофиаи зидди ҳавоӣ бо афсарону сарбозон мулоқот карданд.
20.02.2016 Ба муносибати 23-юмин солгарди таъсисёбии Қувваҳои мусаллаҳ бо ибтикори Вазорати мудофиа вохӯрии низомиён бо толибилмони синфҳои 10 ва 11-и муассисаҳои таҳсилоти миёнаи пойтахт баргузор гардид. 21.02.2016 Ҷавонони гурӯҳи «Пешоҳанг» дар якҷоягӣ бо кормандони Хадамоти пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ дар байни ноболиғон ва ҷавонони Вазорати корҳои дохилӣ дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 79-и ноҳияи Шоҳмансури пойтахт бо мактаббачагон вохӯрӣ доир намуданд. 22.02.2016 Дар шафати Маҷмааи савдои «Пойтахт-90» намоиш ва фурӯши ниҳол ва тухмиҳо доир гардид. Дар маҷмуъ 728
ҳазор бех ниҳол, аз ҷумла 380 ҳазор мевадиҳанда, 166 ҳазор ороишӣ ва 182 ҳазор гулу бутта пешкаши харидорон гардонида шуд. 23.02.2016 Пешвои миллат, Президенти ҷумҳурӣ Эмомалӣ Раҳмон дар мавзеи Фахрободи ноҳияи Хуросон бо ҳолати боғу токзори намунавӣ шинос шуда, дар маъракаи ҳашари умумӣ барои бунёди боғи ба номи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат дар майдони 160 гектар иштирок кард.
www.javonon.tj
НАШРИЯИ КУМИТАИ ҶАВОНОН, ВАРЗИШ ВА САЙЁҲИИ НАЗДИ ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН/ /№8, (9434), 25 феврали соли 2016/e-mail:javonontj@mail.ru/www.javonon.tj/аз 5.04.1930 нашр мешавад
«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН» МУСОҲИБАИ “ҶАВОНОН...”
е-mail: javonontj@mail.ru
АХБОРИ ҲАФТА
24.02.2016 Маҳдудияти нерӯи барқ ба аҳолии кишвар барҳам дода шуд. Ҳавои зимистони имсола барои нисбат ба соли гузашта пештар лағв кардани “лимит” мусоидат кард. Соли гузашта “лимит” 27-уми феврал лағв шуда буд.
2
АХБОРИ ҲАФТА
«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН» №8 (9434), 25 феврали соли 2016
е-mail: javonontj@mail.ru
“Суруди сарбоз” ҷамъбаст шуд 22-юми феврал дар Маркази ҷумҳуриявии фарҳангии ҷавонон «Ориёно» даври ҷамъбастии Фестивал-озмуни «Сарбози Ватан», ки бо ибтикори Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати ҷумҳурӣ ба истиқболи 23-юмин солгарди таъсисёбии Қувваҳои мусаллаҳ эълон гардида буд, баргузор шуд.
45 хона ба афсарони Вазорати мудофиа 22 феврал, бо иштироки Пешвои миллат, Президенти ҷумҳурӣ Эмомалӣ Раҳмон дар маҳаллаи 33-юми ноҳияи Синои шаҳри Душанбе бинои 9 ошёнаи истиқоматӣ барои оилаҳои афсарони Вазорати мудофиа ба истифода дода шуд. Баъди ифтитоҳи бинои шуда бо сифати хуб мавриди нав Сарвари давлат дар баҳрабардорӣ қарор гирифт. ошёнаҳои аввал бо шароити Сарфармондеҳи олии зист шинос шуд. Қувваҳои мусаллаҳ, ПреБино аз 18 хонаи зиденти мамлакат Эмомалӣ сеҳуҷрагӣ ва 27 дуҳуҷрагӣ Раҳмон ба афсарони хуштоиборат буда, бо тарҳи зебо леъ ва оилаҳои онҳо калива ҷавобгӯ ба талаботи ди хонаҳоро дар вазъияти меъёрҳои шаҳрсозӣ сохта тантанавӣ тақдим карда, онро шудааст. Маблағи умумии тӯҳфаи арзанда дар рӯзҳои корҳои сохтмонӣ қариб 15 таҷлили 23-юмин солгарди миллион сомониро ташкил таъсиси Артиши миллӣ маъдода, он дар муҳлати муайян- нидод кард.
Аҳтам Абдуллозода, раиси кумита зимни суханронӣ сарбозон ва иштирокдоронро бо Рӯзи Артиши миллӣ табрик гуфта, иброз дошт: “Воқеан, Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун ниҳоди баландпоя дар замони соҳибистиқлолии мамлакат рисолати худро дар ҷодаи пойдории сулҳу суботи комили ҷомеа, якпорчагии Ватани азиз, таҳкими пояҳои давлатдории навини миллӣ, густариши пояҳои Ваҳдати миллӣ адо намуда, ба як мактаби бузурги мардонагиву ҷасорати фарзандони фарзонаи миллат табдил ёфтааст. Артиши ҷавони мо, хусусан, дар солҳои душвору фоҷеабори ҷанги шаҳрвандӣ якҷо бо мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва дигар сохторҳои низомии мамлакат дар ҳифзи истиқлолияти давлат, ҳимояи марзҳои Ватан, безарар гардонидани гурӯҳҳои террористиву экстремистӣ, дастаҳои мусаллаҳи ҷинояткории трансмиллӣ ва хомӯш карда-
ни ошӯбҳои хиёнаткорона бар зидди давлат ва ҷомеа саҳми сазовору ҷавонмардона гузошт. Аз ин рӯ, итминони комил дорем, ки афсарону сарбозони шуҷои Қувваҳои мусаллаҳи Тоҷикистон дар назди халқу Ватан рисолати азалии худро, ки ҳимояи марзу буми кишвари биҳиштосо ва таҳкими сулҳу ваҳдат ва якпорчагии Ватан аст, иҷро намуда, ба савганди ёднамудаи худ содиқ буда, барои бо дастовардҳои назаррас
ва шоиста истиқбол гирифтани санаҳои саодатофарини миллӣ беш аз пеш хизмат мекунанд”. Дар озмун аз тарафи сарбозон сурудҳои ҳарбиву ватандӯстона дар васфи Ватан, модар, истиқлолият ва дӯстӣ сароида шуд. Ғолибон бо туҳфаҳои хотиравӣ ва “Сипоснома”-ҳои Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ сарфароз гардонида шуданд. Ҳасан АЗИЗОВ “ҶТ”
Намоиши ҳунари сарбозон дар Боғи “Ирам” 20 феврали соли ҷорӣ, бахшида ба 23-юмин солгарди таъсисёбии Қувваҳои мусаллаҳи ҷумҳурӣ дар «Боғи Ирам»-и пойтахт намоиши ҳимояи хеш дар задухӯрдҳои тан ба тан аз ҷониби дастаҳои таъиноти махсуси сохторҳои қудратӣ ва барномаи рангини консертӣ доир гардид.
“Турнаҳо дар баҳорон” дар Бишкек муаррифӣ шуд
www.javonon.tj
18 феврали соли равон дар шаҳри Бишкек, пойтахти Қирғизистон китоби “Турнаҳо дар баҳорон”-и Toлибшоҳи Давлат, хабарнигори “Ҷавонони Тоҷикистон” ва адиби тоҷик муаррифӣ шуд. Ташаббускор нашриёти бритонии “Hertfordshire Press” ва Иттиҳодияи ҷамъиятии “Акийкат жолу” ва Маркази матбуотии “News Asia” буданд. Толибшоҳи Давлат соли 2014 бо ин асараш барандаи озмуни минтақавии “Новеллазия”, ки барои адибони Осиёи Марказӣ доир мегардад ва ғолиби озмуни кушоди байналмилалии китоб ва фестивали адабӣ (OCABF) гаштааст. Ҳамзамон, “Турнаҳо дар баҳорон” соли гузашта дар Лондон бо забонҳои англисӣ ва русӣ ба нашр расид. Нависандаи маъруфи Австралия Пол Уилсон, ки ба асар пешгуфтор навиштааст чунин иброз дошт: “Турнаҳо дар баҳорон” қиссаи ҳақиқӣ дар бораи муҳоҷират мебошад. Чунонки парандагон дар фасли сармо ба минтақаҳои гарм пайи ғизо мераванд, муҳоҷирон ҳам баҳорон рӯ ба ҳиҷрат меоранд”. Александр Банников, директори генералии портали хабарии “News Asia” низ зимни муаррифии китоби нависандаи тоҷик гуфтааст: “Муваффақияти “Турнаҳо дар баҳорон”-и Толибшоҳи Давлат дар он аст, ки проблемаи муҳоҷиронро дуруст ва бадеӣ баён доштааст”. Ёдовар мешавем, ки адиби тоҷик ҳамзамон муаллифи асарҳои “Лонаҳои бетурна”, “Гуларӯсакон барои мансабдорон”, “Ханҷари Чингизхон” ва як силсила новеллаҳо мебошад. Инчунин чанд асари нашрнашудаи дигар низ дорад. Ҳасан АЗИЗОВ, “ҶТ”
Дар намоиш ошхонаҳои саҳроӣ шаҳрвандонро бо хӯрокҳое, ки сарбозон ҳамарӯза дар қисмҳои низомӣ тановул мекунанд, зиёфат доданд. Чорабиниро Шералӣ Мирзо, вазири мудофиа, Ҳабибулло Амирбекзода, муовини раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ, намояндагони мақомоти қудратӣ ва сокинону меҳмонони пойтахт, ки ба сайри боғ омада буданд, тамошо карданд. Инчунин, дар чорабинӣ аз тарафи Кумитаи
ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ ба шаҳрвандон ва сарбозон зиёда аз 1000 нусха нашри махсуси рӯзномаи “Ҷавонони Тоҷикистон” бахшида ба 23-солагии Артиши миллӣ ройгон тақсим гашт. - Ҳадаф аз намоиши варзишиву фарҳангӣ ва ташкили ошхонаҳои саҳроӣ ба роҳ мондани робитаи зичи Қуввваҳои мусаллаҳ бо аҳли ҷомеа, махсусан наврасону ҷавонон мебошад, - иброз дошт Фаридун Маҳмадализода, сардори маркази матбуоти Вазорати мудофиа. Ҳасан АЗИЗОВ “ҶТ”
МАВҚЕИ “ҶАВОНОН...”
Аз азал дар ҳаёти инсон ҳама чиз тағйирпазир аст ва вобаста ба рушди бемайлони соҳаҳои гуногуни ҳаёти ҷомеа сохт ва усулҳои давлатдорӣ низ тағйир мехурад. Тағйирот ба қонунҳои асосии давлатҳо низ вобаста ба дигаргуниҳо дар самти ҳаёти он давлатҳо амри воқеӣ мебошанд, зеро онҳо ифодагари тарзи зиндагӣ ва мароми давлатдорӣ маҳсуб меёбанд. Ҳамагон медонем, ки кишвари мо дар ҳоли рушд қарор дорад ва ҳамарӯза ба ҳаёти воқеии мо низ, ҳамчун давлати демокративу ҳуқуқбунёд ва дунявӣ, тағйироти гуногун ворид мешаванд. Хоса чунин тағйирот дар замони истиқлолияти комил ба даст овардани кишварамон хеле чашмрас буда, дар як муддати кӯтоҳ моро лозим омад, ки аз марҳилаҳои наву самараноки давлатдорӣ гузашта, баробар бо кишварҳои мутараққии ҷаҳон рушду нумуъ намоем. Бо дарназардошти ин коршиносон ворид сохтани тағйиру иловаҳоро ба Конститутсияи мамлакат ногузир шуморидаву ин марҳиларо аз давраҳои асосии амалисозии дигаргуниҳо дар ҳаёти миллат арзёбӣ намуданд. Онҳо чунин мешуморанд, ки вобаста ба инкишофи ҷомеа Конститутсияи он низ бояд меъёрҳояшро ба он мутобиқ намояд. Инак, бо қарори Маҷлиси намояндагони мамлакат 22 майи соли равон раъйпурсӣ барои ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор мегардад. Ин лоиҳа 72 тағйиру илова ба 36 моддаи Конститутсияро дар бар гирифтааст. Мақсади ворид кардани тағйиру иловаҳо ба Конститутсия таҳкими сулҳу субот, ҷалби ҷавонон ба сиёсат ва давлатдорӣ ва таъмини ҳуқуқу озодиҳои инсон мебошад. Ба ҳамагон маълум аст, ки ин чорабинӣ тақозои замон буда, дар рушди иқтисодиву иҷтимоӣ ва фарҳангиву маъ-
навии ҷомеа, тарғиби анъанаҳои миллӣ, таълиму тарбияи насли наврас, ба камол расондани инсони комил нақши арзанда мебозад. Ин иқдом қабл аз ҳама роҳу равиши ҳаёти иқтисодиву иҷтимоии кишварро муайян менамояд. Абдуҳалим Ғаффоров, вакили Маҷлиси намояндагон, раиси Ҳизби сотсиалистии Тоҷикистон, тағйиру иловаҳоро ба Конститутсияи мамлакат тақозои замон шуморида, чунин мегӯяд: “Бояд Конститутсия ба талаботи имрӯза мутобиқ ва дархури замон гардонида шавад. Бо рушду пешрафти ҷомеа қонунҳои байналмилалӣ низ пайваста тағйир меёбанд ва моро низ лозим аст, ки қонунҳои худро ба онҳо мутобиқ созем. Ҳамчунин, ворид шудани тағйиру иловаҳо дар имлои забони тоҷикӣ зарурати дар Конститутсия низ ворид кардани чунин тағйиротро ба миён овард”. А. Ғаффоров тасмими Ҳукумати кишварро дар мавриди дастгирии ҷавонон
дани ҳар гуна низоъҳо гардад”. Аз нуктаҳои тағйироту иловаҳо, ки ба Конститутсия пешниҳод шудаанд, бармеояд, ки дар ҳақиқат ҳам ҷомеаи муосир ба нерӯ ва тафаккури созандаи насли ҷавон ниёзманд буда, рӯз то рӯз эътимод ба ҷавонон бештар мегардад. Ҳамаи ин ва илова ба ин вазъи ноорому хатарзои минтақа аз ҷавонон заҳмату фаъолияти дучанд ва зиракии сиёсиро тақозо менамояд. Қабул гардидани ин тағйиру иловаҳо дар қатори рушди дигар соҳаҳои ҳаёти мамлакат имкониятҳои ҷавононро барои иштирок дар идоракунии давлат боз ҳам фарохтар ва дар ин росто масъулияти онҳоро боз ҳам афзунтар мегардонад ва онҳоро водор месозад, ки танҳо ба манфиати давлату миллат хизмат карданро вазифа ва қарзи асосии худ шуморанд. Тавре мутахассисон иброз медоранд, ҳар тағйиру иловае, ки ба Конститутсия ворид карда мешавад, онро боз ҳам му-
ва такя ба нерӯи созандаи насли навин муҳиму саривақтӣ арзёбӣ намуда, аз ҷумла изҳор дошт, ки “имрӯз барои ба оянда роҳ кушодани ҷавонон имкониятҳои зиёд фароҳам оварда шудаанд. Давраи ҷавонӣ аз муҳимтарин давраи ҳаёти инсон буда, шахс маҳз дар ҳамин давра ташаккул меёбад. Шаҳрвандон дар Венесуэла дар синни 20, дар Никарагуа дар 25-солагӣ, дар Руссия, Қазоқистон, ИМА дар 35-солагӣ, дар Чин дар 45-солагӣ, дар Италия дар 50-солагӣ ба мансаби президентӣ интихоб карда мешаванд. Гуфтан бамаврид аст, ки бузургтарин нобиғаҳои таъриху тамаддуни тоҷик маҳз дар синну соли ҷавонӣ маъруфият пайдо намудаанд. Масалан, Абӯалӣ ибни Сино ҳанӯз аз 17-солагӣ ҳамчун мутафаккири барҷастаи замони худ шинохта шуд. Илова бар ин, бунёд кардани ҳизбҳои сиёсии хусусияти миллидошта аз ҷониби кишварҳои хориҷ манъ карда шуд, зеро аз таҷриба медонем, ки фаъолияти чунин ҳизбҳо, метавонад авзои сиёсии кишвари моро халалдор сохтаву боиси сар за-
каммалтару ба нафъи ҷомеа созгор мегардонад. Агар он аз як тараф таҳкимбахши сулҳу субот, қонуну тартибот ва низоми давлатдорӣ бошад, аз ҷониби дигар ба рушди ҳамкориҳои байналмилалӣ мусоидат менамояд. Зимни пешниҳодҳо масоили муҳимтарини барои пешрафти ҷомеа зарурӣ ба инобат гирифта шудаанд. Баъзе аз ин тағйирот бо мақсади ба қоидаи нави имлои забони тоҷикӣ мувофиқ намудани калимаву вожаҳо дар матни Конститутсия роҳандозӣ шудаанд. Коршиносон гирифтани калимаи «Сарқонун»-ро аз номи Конститутсия ба он рабт медиҳанд, ки он маънои истилоҳи умумибашарии Конститутсияро ифода намекунад. Вазъи ноустувори молиявию иқтисодӣ дар ҷаҳон идома дорад ва танҳо бо заҳмати аҳлона ва иқдомҳои созандаи мардуми кишвар мо ба ҳадафҳои худ ноил шуда метавонем. Пешвои миллат, Президенти ҷумҳурӣ Эмомалӣ Раҳмон дар паёмҳои худ ба Маҷлиси Олии мамлакат қабл аз ҳама ба баланд бардоштани сатҳу сифати зинда-
3 е-mail: javonontj@mail.ru
Шаҳло ЭШОНОВА
«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН» №8 (9434), 25 феврали соли 2016
Тағйирот ба Конститутсия масъулиятро меафзояд гии аҳолӣ таваҷҷуҳи хоса зоҳир менамояд. Зеро агар мардум бо зиндагии шоиста таъмин набошад, аз пешрафти дигар соҳаҳо сухан гуфтан маъно надорад. Дар Паёми имсолаи Сарвари давлат, аз ҷумла омадааст: «Муҳайё намудани шароити ҳарчи беҳтари зиндагӣ барои сокинони кишвар ҳадафи олитарини фаъолияти Президент ва Ҳукумат мебошад». Ин аст, ки имсол низ мисли солҳои қабл 50 фоизи буҷети давлат ба соҳаи иҷтимоиёт равона гардидааст. Имрӯз, ки дар кишвари азизамон сулҳу субот ва ваҳдату якдигарфаҳмӣ ҳукмфармост, ҳамагон бо шукргузорӣ аз сиёсати пешгирифтаи Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон иштирок дар раъйпурсиро барои ворид намудани тағйирот ба Конститутсияи кишвар рисолати миллии худ мешуморанд. Бешубҳа, қабул гардидани ин тағйиру иловаҳо ба рушди босуботи ҷомеа, беҳтар гардидани сатҳу сифати зиндагии мардум ва ноил шудан ба мақсадҳои олии кишвар мусоидат хоҳад кард.
22 майи соли равонро вакилони Маҷлиси намояндагони кишвар санаи баргузории раъйпурсӣ барои ворид кардани тағйиру иловаҳо ба Конститутсияи мамлакат эълон кардаанд. Азбаски ҷавонон дар Тоҷикистон беш аз 70 фисадро ташкил медиҳанд, иштироки фаъоли онҳо дар ин маъракаи муҳими сиёсӣ нақши муҳим дорад. Бинобар ин, аз ҷавонони кишвар пурсидем:
Тағйиру иловаҳо ба Конститутсияро чӣ гуна дарёфтед? рушд мекунад, пеш меравад. Ин албатта як қонуни навиштаи табиат аст, ки инсон набояд дар як ҳолат муддати дароз қарор бигирад, балки хосияти ҷисми зинда доим дар ҳаракат будан, тағйир ёфтан ва ба пеш рафтан аст. Аз ин рӯ, дар баробари дигаргуниҳои табиати зинда тамоми асосҳо, меъёрҳо ва муносибатҳо низ дигаргун мешаванд ва такмил меёбанд. Убайдулло АБДУЛЛОЕВ: - Ба андешаи ман яке тағйиротҳои хеле муҳим ин манъ кардани душаҳрвандӣ барои мансабдорони давлатӣ
мебошад. Тибқи тағйиру иловаҳои воридшаванда минбаъд ҳар шаҳванде, ки дар баробари Тоҷикистон шаҳрвандии дигар кишварро соҳиб аст, наметавонад дар вазифаҳои давлатӣ фаъолият намояд. Ин талабот ба бисёр муҳим будани вазифаи давлатӣ ва амнияти давлат вобаста аст. Ин меъёрҳо талаб менамоянд, ки ҳар як нафар бояд шарафу номуси миллат ва давлати худро ҳифз намояд, ба умеди дигарон нашавад. Самандар АБДУЛЛОЗОДА: - Зарурати ворид намуда-
ни тағйиру иловаҳо ба конститутсияро пеш аз ҳама дар рушди устувору мунтазами ҷомеа мебинам. Ҷомеае, ки дар марҳилаи рушд қарор дорад, хусусан талаб мекунад, ки меъёрҳои конститутсия пайваста такмил дода шаванд. Бахтовар Каримов, магистранти Донишгоҳи техникии шаҳри Брянски Федератсия Русия: - Тағйиру иловаҳо мавқеи шаҳрванди Тоҷикистонро боз ҳам баланд бардошта, ба хотири ҳифзи давлатдории миллӣ масъулияти ман-
сабдоронро бештар мекунад. Зеро дар тағйиру иловаҳои пешниҳодшуда муайян гардидааст, ки ба вазифаҳои сиёсӣ танҳо шаҳрвандони Тоҷикистон интихоб ва ё таъин мешаванд. Дар шароите, ки шаҳрвандон имкони шаҳрванди ду давлат буданро доранд, ин тағйирот низ бисёр муҳиму саривақтист. Аз ҷониби дигар ин амр барои таъмини рушди устувору муттасили ҷомеа ва инкишофи бемайлони сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоии он мебошад. Ин имкон медиҳад, ки мунтазам сатҳу сифати зиндагии мардум баланд бардошта шавад.
www.javonon.tj
Сироҷиддин ШУКУРОВ: - Барои инкишофи ҳаёти сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоиву фарҳангии мо асосҳои ҳуқуқиву меъёрӣ нақши асосӣ доранд ва рушди босуботу устувории зиндагии ҳаррӯзаамонро бе он тасаввур кардан душвор аст. Ва бо пешрафти ҷомеа ин асосоҳо такмил меёбанд ва дастовардҳои моро кувваи қонунӣ мебахшанд. Яке аз ин масъалаҳо дар баробари дигар қонунҳо такмил додани Конститутсияи мамлакат мебошад. Тоҷикистон – Ватани азизи ҳар яки мо рӯз ба рӯз ва ҳатто лаҳза ба лаҳза тағйир меёбад,
е-mail: javonontj@mail.ru
4
НАВИГАРИҲОИ ВАРЗИШ
«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН» №8 (9434), 25 феврали соли 2016
Ҷоми ФФТ-2016: ду иштирокчии даври финалӣ маълум шуд Марҳалаи ибтидоии Ҷоми Федератсияи футболи Тоҷикистон (ФФТ)2016 дар минтақаи Душанбе идома дорад. Дастаҳои “Регар-ТадАЗ” ва КМВА “Помир” ба даври финалӣ роҳ ёфтанд. КМВА “Помир” 21 феврал бар тими “Куктош” бо ҳисоби калони 18:1 пирӯз шуд. Ду иштирокчии дигари марҳилаи финалӣ баъд аз даври охир, ки имрӯз – 25 феврал – ба анҷом мерасад, маълум мешаванд. ҶОМИ ФФТ-2016. МАРҲИЛАИ ИБТИДОӢ Минтақаи Душанбе. Даври шашум «Регар-ТадАЗ» – «Хайр» – 1:1 «Помир» – «Локомотив» – 2:1 «Барқи тоҷик» – «Истиқлол» – 1:2 «Куктош» – КМВА «Помир» – 1:18
Тими Эрон 11-ум маротиба қаҳрамони Осиё оид ба футзал шуд Бо ғалабаи тими мунтахаби Эрон 21 феврал дар шаҳри Тошканд 14-ум чемпионати Осиё оид ба футзал ба анҷом расид. Дар бозии финалӣ дастаи Эрон бар тими мизбон – Узбекистон бо ҳисоби 2:1 ғалаба кард. Барои ҷои сеюм ду ҳарифи дастаи Тоҷикистон дар даври гурӯҳӣ – Тайланд ва Ветнам талош карданд. Ёдовар мешавем, ки тими футзали
ҶОЙ 1 2 3 4 5 6 7 8
ДАСТАҲО «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) КМВА “Помир” (Душанбе) “Истиқлол” (Душанбе) “Хайр” (Ваҳдат) “Помир” (Душанбе) “Куктош” (Рӯдакӣ) “Барқи тоҷик” (Душанбе) “Локомотив” (Душанбе)
Б 6 6 6 6 6 6 6 6
Ғ 5 5 3 2 2 2 0 0
М 1 0 1 3 2 2 1 0
Б 0 1 2 1 2 2 5 6
Т-Т 31-4 33-5 17-9 11-6 7-14 15-27 1-23 2-29
Х 16 15 10 9 8 8 1 0
www.javonon.tj
Дар даври ҳафтум вомехӯранд: «Локомотив» – «Барқи тоҷик» «Хайр» – «Помир» КМВА «Помир» – «Регар-ТадАЗ» «Истиқлол» – «Куктош»
Мусовии “Истиқлол” дар даври аввали Ҷоми КФО-2016 Бозӣ миёни тимҳои “Истиқлол”-и Душанбе ва “Файсалӣ”-и Урдун мусовӣ (0:0) анҷом ёфт. Ин бозии даври аввали марҳалаи гурӯҳии Ҷоми Конфедератсияи футболи Осиё (КФО)-2016 дар гурӯҳи “В” 23 феврал дар Варзишгоҳи марказии ҷумҳурӣ доир гашт. Дар бозии дигари гурӯҳ “Нафит Васат”-и Ироқ бар “Триполӣ”-и Лубнон бо ҳисоби 1:0 ғолиб шуд. Дар даври дуюм қаҳрамони Тоҷикистон 8 март дар меҳмонӣ бо “Триполӣ”-и Лубнон вомехурад.
кишвар дар даври гурӯҳӣ аз Тайланд (4:5) ва Ветнам (1:8) шикаст хӯрда буд. Медалҳои биринҷии мусобиқа насиби футзалбозони Тайланд шуд. Ин даста бар тими футзали Ветнам бо ҳисоби 8:0 ғалаба кард.
Ҳамин тариқ, дастаҳои мунтахаби Эрон, Узбекистон, Тайланд, Ветнам ва Австралия ба чемпионати ҷаҳон – 2016, ки моҳи сентябр дар Колумбия баргузор мешавад, роҳхат гирифтанд.
Паҳлавонони тоҷик дар Олмон бе медал монданд Паҳлавонони кишвар дар мусобиқаи силсилаи Гран прии ҷудо, ки 19-21 феврал дар шаҳри Дюсселдорфи Олмон баргузор шуд, ба нокомӣ дучор шуданд. Ин сеюмин мусобиқаи байналмилалӣ барои ҷудочиёни тоҷик дар мавсими имсола ба шумор мерафт. Мусобиқа миёни мардону занон дар 14 вазн (7 вазн байни мардон ва 7 вазн миёни занон) сурат гирифт. Тоҷикистонро дар сабқати мардон чаҳор гӯштигири маъруф намояндагӣ карданд. Фарҳод Раҳимов дар вазни то 81 кило даври аввал бар Гадиел Миранда аз Пуэрто Рико ғолиб омад, вале дар даври дуюм аз КиЧун Ванг аз Кореяи Ҷанубӣ мағлуб гашт. Комроншоҳи Устопириён дар вазни то 90 кило, ки дар даври аввал озод буд, дар даври дуюм аз Маркус Найман аз Шветсия шикаст хӯрд. Саидҷалол Саидов дар вазни то 100 кило дар нахустин қувваозмоияш бар Соиб Қурбонов аз Узбакистон пирӯз шуд, вале дар даври баъдӣ аз Ҷавод Маҳҷубии эронӣ мағлуб
гашт. Муҳаммадмурод Абдураҳмонов бошад, дар вазни беш аз 100 кило дар аввалин рақобати худ аз Ислом Ал-Шиҳабӣ аз Миср шикаст хӯрд. Дар ин мусобиқаи байналмилалӣ 541 варзишгар (335 мард ва 206 зан) аз 86 кишвари ҷаҳон ширкат доштанд. Онҳо, инчунин, барои Олимпиадаи соли 2016 дар Рио-де-Жанейрои Бразил имтиёзҳои олимпӣ ба даст оварданд. Дар ҳисоби даставӣ Ҷопон бо се медали тилло ва як медали нуқра мақоми аввалро ишғол кард. Кореяи Ҷанубӣ бо се медали тилло ва панҷ медали биринҷӣ сазовори ҷои дуюм шуд. Олмон бо як медали тилло, ду медали нуқра ва ду медали биринҷӣ дар ҷойи сеюм қарор гирифт.
ПУРСИШИ “ҶАВОНОН...“
«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН» №8 (9434), 25 феврали соли 2016
5
Сабаби даст ба худкушӣ задани одамон чист?
Табаралӣ НОЗИМ, равоншинос: Аз нуқтаи назари равоншиносӣ яке аз сабабҳои асосии даст ба худкушӣ задани ҷавонон, хоса занҳои ҷавон он аст, ки руҳияи психологиашон заиф буда, системаи асаби онҳо суст фаъолият мекунад. Онҳо, ки ба стрессу ҳаяҷон гирифтор мешаванд, намедонанд чӣ кор кунанд. Андешаҳо дар мавриди бемор будани нафарони худкушикарда ҳам вуҷуд дорад.
Бобишоҳ ОДИНАЕВ, сокини пойтахт: - Бисёри онҳое, ки худкушӣ кардаанд, ба мушкиле дучор омада, дар ҳалли он оҷиз монда, аз проблема гурехтан мехоҳанд. Мутаассифона, тасмими нодуруст мегиранд, гумонашон роҳи ҳал ҳамин аст. Зуҳуроти дигаре, ки онҳоро ба худкушӣ водор месозад, ноумедию дилсардист. Худкушӣ далели суст будани иродаи кас аст.
Муҳаббат ИМОМНАЗАРОВА, равоншинос: - Мо ки бо донишҳои равонӣ ё психологӣ мусаллаҳ нестем, дар муқобили таъсироти психикӣ шикаст мехӯрем. Ҳол он ки ҳар кас ҳатман як дараҷаи фаҳмиши психологиро бояд доро бошад. Мушоҳидаҳо нишон медиҳанд, ки дар наврасиву ҷавонӣ нофаҳмиҳо аз ҳад зиёд аст. Зӯроварии хонаводагӣ, ба коре маҷбур намудани ҷавон ё издивоҷи маҷбурии онҳо боис мегардад, ки ба роҳи хато раванд.
Баҳор ИМОНОВА, донишҷӯ: - Худкушӣ амалест дар назди Худованд нобахшиданӣ. Инро медонем, вале такрор мекунем. Чаро? Рости гап, фикри худкушӣ замоне ба сари ман ҳам омада буд. Дӯстону наздиконам сабаб гардиданд, ки хатоямро фаҳмидам. Дарк кардам, он нафаре, ки мехостам барояш ҷонамро қурбон кунам, арзанда набудааст. Вақте инсонро ноумедӣ фаро гирад фикр мекунад, ки дар дунё зиёдатист. Вале ин фикр ғалат аст.
е-mail: javonontj@mail.ru
Худкушӣ яке аз амалҳои нангин аст. Бо вуҷуди ин, солҳои охир даст ба худкушӣ задан дар ҷомеаи мо зиёд шудааст. Алалхусус, худкушӣ кардани занҳои ҷавон бо фарзандони ноболиғашон хеле нигаронкунандаву таассуфбор аст. Коршиносон сабабҳои инро ба хушунати хонаводагӣ, мушкилоти иқтисодӣ ва дигар проблемаҳои иҷтимоӣ марбут медонанд. Равоншиносон аз эҳтимол дур намедонанд, ки шояд нафарони даст ба худкушизада Гулбаҳор руҳан солим набошанд. Аммо наздикону пайвандони худкушикардаҳо мегӯянд фарзандонашон РАҲМОНОВА солим будаанд. Яъне, дар ин хусус назарҳо якранг нест. Дар ин бора аз чанд нафар пурсидем:
Муниса ҶУМАҚУЛОВА, донишҷӯ: - Ҷавононе, ки ба худкушӣ даст мезананд, асосан эҳсосотианд. Духтарон худро фиребхӯрда меҳисобанд. Писарҳо аз ноумедӣ ё бебарорӣ даст ба ин кор мезананд. Бисёр гарон аст, вақте кас ба мушкиле рӯ ба рӯ меояду намедонад чӣ кор кунад. Наздикон дар ин ҳолат бояд ба ҷавонон кӯмак кунанд.
ҶОМЕА
Меҳр кафшери зиндагист Таърих гувоҳ аст, ки ҷомеаи солим дар замири оилаҳои фарҳангдӯст ва босавод рушд мекунад. Хирадмандон оиларо нусхаи хурди давлат гуфтаанд ва аввалин корро дар ин самт нигоҳ доштани риштаи пайванди наслҳо, меҳру муҳаббат донистаанд.
ҳам ба буҷети оила ва ҳам давлат хисороти зиёд ба бор меорад. Баъзе волидайни сабукфикр барои аз даст надодани сарват чизи аз ҳама қиматтарини хешро, ки саломатист, аз даст медиҳанд ва ҳаёти фарзандонро зери хатар мегузоранд, онҳо минбаъд дар ҷамъият худро нороҳат ва руҳафтода эҳсос мекунанд. Чун аз кӯчаву бозорҳои шаҳр гузар мекунӣ, ба ҳоли тифлакони маъюбу муҳтоҷи бо айби бесаводии волидайнашон гумроҳшудае, ки аз шароити гигиению санитарӣ тамоман бенасибанд, раҳми кас меояд. Яке аз ин кӯдакони маъсум, ҳамсуҳбати мо Дилноза Азизова аст. Вай саргузашти худро бо дарду ҳасрат қисса намуда, иброз дошт: “Модаркалони ман падарамро бо хоҳиши худ ба хотири бегона нашудани молу сарваташ маҷбуран ба хоҳарзодаи худ хонадор намуд. Ҳоло бошад, аз сарваташ асаре намондаасту мо дар оила 3 нафар маъюбем, ки зиндагиамон бо гадоӣ ва талбандагӣ мегузарад. Ҳамеша худро назди дигарон нороҳат ҳис мекунем. Ҳар шахс дар қалби кучаки хеш орзуҳо мепарварад ва мехоҳад бо саъю кӯшиш ва заҳматҳо орзуҳояшро амалӣ созад. Вале мо нафароне ҳастем, ки танҳо орзу мекунем… Зуҳуроти аксари оилаҳо ба шеваи гуногуни ҳамзистӣ, ки чун пади-
Меҳробшои НАВШОД, омӯзгор
www.javonon.tj
Ҳар касе, ки накӯиро пеша мекунад, дар назди мардум маҳбуб хоҳад буд ва инсонҳое, ки дар муҳит ва оилаҳои гуногун тарбия ёфтаанд, дорои хислатҳои гуногунанд, ки ин низ бетағйир нахоҳад монд. Бо мурури замон хислатҳои ҳамида ҳукмрон шуда, метавонанд вазъи маънавиро тағйир диҳанд. Яке аз ин хислатҳои беҳтарини инсонӣ меҳрубонист. Ин хислати ҳамида пайкест дар осмон ва нусратест дар замин. Зане дар мақомоти прокуратура фаъолият мекард ва тамоми вақти хешро ба кор банд намуда буд. Ӯ оиларо дар мақоми дуюм гузоштаву нисбат ба шавҳар ва фарзандон аҳамият зоҳир намекард. Ин буд, ки шавҳар аз ӯ ҷудо шуду фарзандон бесарпаноҳ монданд, вазифа аз даст рафт ва дар бисоташ
чизе намонд. Фарзандон пароканда ва аз зиндагӣ дилсард буданд, зеро меҳру муҳаббат аз тарафи волидайни бепарво дар замирашон ҷойгузин нашуда буд. Пас чӣ гуна метавон ба ин гуна волидоне, ки боре аз онҳо меҳрубонӣ надидаанду умри дурӯзаро ба ҷанҷолу хархаша паси сар намудаанд, меҳр варзид? “Ҷав корӣ, ҷав мегирӣ” гуфтаанд бузургони мо. Чизе, ки қалби инсонро тасхир мекунад, меҳрубонист, на рӯи зебо. Ҳам барои зан ва ҳам барои мард зебоии сурату сират ҳатмист. Агар сурат ифодакунандаи мавзуният бошад, ки табиат барои ҳар шахс нисор намудааст, сират ифодакунандаи ботини шахс аст ва болотар аз ҳама ин зебоии ботин аст, ки тағйирнопазир аст. Интихоби ҳамсар ё шавҳар набояд аз руйи ҳусну ҷамол сурат бигирад, балки солим будани авлод дар назар дошта шудааст. Издивоҷкунандагон бояд ҳам аз ҷиҳати маънавӣ ва ҳам ҷисмонӣ солим бошанд. Дар ин маврид пеш аз оиладор шудан аз ташхис гузаштан илоҷи воқеа пеш аз вуқуъро мемонад. Масъалаи муҳиме, ки имрӯз ҷомеаи моро ба ташвиш овардааст, никоҳи хешу таборист. Сол то сол шумораи фарзандони маъюб меафзояд, ки метавонад ҷомеаи солимро аз байн барад ва сабаби қафомонии маънавиёти миллӣ ва буҳрони кадрӣ гардад. Ин
даи ҷомеаи озод пазируфта мешавад, ҷудоӣ аст. Воқеан, вақте қалбу руҳу равони инсонро ноумедӣ фаро мегирад, метавон ба ҳар кори баде даст зад. Насиба Нодирова бо шавҳар ва 2 фарзанди дӯстрӯяки нозанинаш, то замоне ки хоҳаршӯяш бо бародари ӯ зиндагии якҷоя доштанд, ҳаёти ширину гуворое дошт. Дар натиҷаи вайрон шудани як оила оилаи дигар пароканда ва фарзандон сарсону саргардон монданд. - Вақте ки фарзандонамро ятиму дилозурда мебинам, дилам аз зиндагӣ сард ва руҳам хаста мегардад, - мегӯяд ӯ. - Ин ҳама бо айби хушдоманам шуд, маҳз ӯ рӯзамро сиёҳ кард. Аз сабукфикрию беандешагии хушдоманҳои худбин ва шавҳарони беномус фарзандони бегуноҳ ва занҳо бесарпаноҳ мемонанд ва ба ҳар гуна амалҳо даст заданашон мумкин аст. “Танҳо ба дунё меоем ва танҳо мемирем, вой агар танҳодил зиндагӣ кунем” - фармудааст Муҳаммад Ҳиҷозӣ. Афсӯс, ки ин ҳикмати бузургро ҳама дарк намекунад. Дар меҳвари зиндагӣ бояд меҳрубонӣ ҷой гирад. Зеро меҳр кафшери зиндагист, ки ҳам дар оила ва ҳам дар ҷамъият мардумро ба якдигар пайваст мекунад. Асоси ҳама гуна ваҳдат меҳр аст. Олими итолиёӣ Пол Турние дар ин бобат мегӯяд: «Касе, ки муҳаббат дорад, дигаронро мефаҳмад ва касе, ки мефаҳмад, нисбат ба дигарон муҳаббат дорад».
www.javonon.tj
е-mail: javonontj@mail.ru
6
ДАР ҲОШИЯИ ПАЁМ
«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН» №8 (9434), 25 феврали соли 2016
Қонун ҳамчун сипари устувор Раванди мураккаби ҷаҳонишавӣ дар баробари дигар паҳлӯҳо тамоюли мухталифи манфиро барои аҳли башар пеш овардааст, ки заминаи аслии тавсиаи он мавҷудияти заифи қонунҳо ва иҷрои онҳо мебошад. Дар ин раванди мураккаби ҷаҳонишавӣ, яке аз падидаҳои номатлубу афзоянда терроризм ва экстремизм аст, ки феълан ҷомеаи ҷаҳонро дар таҳлука қарор додааст. Бесабаб набуд, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти кишвар, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми имсола даҳшати онро бештар аз силоҳи ядроӣ баҳогузорӣ намуд. Ин худ як даъват барои тамоми аҳли башар аст. Тафсилоти ин мавзуъ доманаи васеъро фаро гирифта метавонад, ки он марбут ба фарҳангу сиёсату иқтисодиёту иҷтимоиёт мебошад. Аммо ҷиҳати муҳими дигар, ки метавонад, дар инкишофи ин тамоюли манфӣ мусоидат намояд, заиф будани мавқеи қонун дар ҷомеаҳост. Албатта қонун ин як фаҳмиши умумие мебошад, ки инсоният тӯли ҳазорсолаҳо худро дар чаҳорчуби он мутобиқ гардонидану бо нишондоди он зиндагии худро сомон бахшидан мехоҳад. Дар ин замина инкишофи рӯзмарраи ҷомеа тақозо менамояд, ки ҳар гуна ҷомеа бо таҳияи қонунҳо як навъ низоми ҳастиву рушдро ба миён орад. Ҷои инкор нест, ки дар манотиқу кишварҳои алоҳидаи ҷаҳон натанҳо волияти қонун вуҷуд надорад, балки ҷамъиятҳо чи будани онро дарк намекунанд. Ин омил муҷиби он гашта истодааст, ки ҳар гуна зуҳуроти номатлуб маҳз дар ин манотиқ нахуст чун як шӯълачаи хурд тавлид шавад, баъдан густариш пайдо намояд. Терроризму экстремизм низ аз ҷомеаҳое сарчашма гирифтаанд, ки дар онҳо мавҷудияти қонун коставу ноустувор будаву ҳаст. Маҳз ин ҷиҳат буд, ки Пешвои миллат- Эмомалӣ Раҳмон таҳкиму
раҳнамоии қонунро дар шароити тезутунди ҷаҳонишавӣ дар роҳи суботу амнияти кишвар ниҳоят зарур мешуморад. Иҷрои қонун ва эҳтироми он дар ҳақиқат дар замони имрӯза метавонад, ки дар муқобили ҷараёнҳои таҳдидкунанда ба як садди бузург табдил ёбад. Қонун низ як навъ ҳифозатро мехоҳад, ки дар асоси он метавон ҷомеаро ҳифз намуд. Во-
баста ба ин мантиқ Пешвои миллат – Эмомалӣ Раҳмон дар Паём чунин таъкид намуданд: «Роҳбарон ва ҳайати шахсии мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои низомӣ бояд дар иҷрои вазифаву уҳдадориҳои хизматиашон доим ҳушёру зирак бошанд, барои таъмини волоияти қонун, тартиботи ҳуқуқӣ, ҳифзи суботу оромии ҷомеа бар зидди таҳдиду хатарҳои муосир – терроризм, экстремизм, муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир ва дигар ҷиноятҳои муташаккили фаромарзӣ қотеона мубориза баранд». Ин таъкиди Сарвари Давлат дар маҷмуъ уҳдадории тамоми намояндагони ҳифзи ҳуқуқро дучанд менамояд. Ин даъвати Пешвои миллат аввалин ҷанба дар роҳи волояти қонун ба ҳисоб меравад, ки оммавияти баланд дорад. Дар партави ин даъват пеш аз ҳама манфиати миллат, сулҳу ваҳдат ва амния-
“Пешрафти ояндаи ҷаҳон ба энергияи барқароршаванда вобастагии зиёд дорад. Зеро он омили муҳими таъмин намудани тараққиёти босуботи иқтисодиву иҷтимоӣ, ташаккули “иқтисоди сабз”, ҳифзи муҳити зист, пешгирии офатҳои табиии вобаста ба тағйирёбии иқлим ва коҳиши партовҳои гази карбон мебошад”. Ин нуктаи басо муҳим дар Паёми имсолаи Сарвари давлат ба Маҷлиси Олӣ изҳор шуд. Воқеан, имрӯзҳо дар васоити ахбори оммаи тамоми ҷаҳон аз хатарҳои экологӣ ва тағйирёбии иқлим бонги хатар мезананд. Селу обхезӣ, шусташавии қабати ҳосилхези хок, ҷаршавию ярчфуроӣ, хушксолию гармшавии аз меъёр зиёди ҳаво, нестшавии чашмаҳо, хушкшавии дарахтон ҳар сол ба
ту суботи кишварро мебинем. Мақомоти ҳифзи ҳуқуқи кишвар тӯли зиёда аз бист соли истиқлолият устувории сохти давлатӣ ва низоми босуботи ҷомеаро таъмин сохт. Акнун тавре дар Паём зикр гашт, дар шароити ҳассоси ҷаҳонишавӣ
масъулияти намояндагони ин соҳа боз ҳам бештар мешавад, то ин ки истиқлолият чун ганҷи бебаҳо бақо пайдо намояд. Тавре аз Паёми имсола бармеояд даъват ба волояти қонун, итоат, эҳтиром ва гиромидошти он дар ин Паём махсусияти байналмилалӣ ҳам дорад. Пешвои миллат чун як сиёсатмадори ботаҷрибаву камолёфта вазъи сиёсиву иҷтимоии ҷаҳони муосирро оқилона дарк кардааст. Чун як шахсияти сулҳофар амиқан дарк менамояд, ки бо кадом роҳу восита метавон аз буҳронҳои амиқи сиёсиву мураккаби ҷаҳонӣ берун омад. Дар ин самт низ Пешвои миллат бо ишора ба таҳкими қонун ва масъалаҳои ҳуқуқӣ собит намуд, ки раванди воқеоти имрӯзаи байналмилалӣ ба як ислоҳоти
комили ҳуқуқӣ ниёз дорад. Бовар дорем, ки дар наздиктарин фурсатҳо ҷомеаи башарӣ ин даъвати Роҳбари кишвари моро сармашқи ҳадафҳои сулҳсозии худ дар роҳи суботу амнияти байналхалқӣ қарор медиҳад: «Ислоҳи ин вазъ таҳкими пойгоҳи ҳуқуқии мубориза бо терроризм ва экстремизм, аз ҷумла дар санадҳои байналмилалӣ муқарар наму-
д а н и муҷозоти кишварҳои ба терроризм мусоидаткунанда, роҳандозӣ намудани тафтиши байналмилалии зуҳуроти терроризм ва мавриди муҳокимаи Суди байналмилалӣ қарор додани роҳбарони сиёсӣ ва ҳарбӣ, фондҳои ба ном хайрия, соҳибкорон ва дигар ашхоси ба терроризм мусоидаткунандаро тақозо менамояд» Дар ҳақиқат дар сурати таъсиси як пойгоҳи ҳуқуқии байналхалқӣ, ки асоси мавҷудияти онро риояи қонунҳо ташкил медиҳанд, боис мешавад, ки сарчашмаи аслии тавлиди ҷараёнҳои номатлуб мушаххас шаванд. Муборизаҳои кӯр-кӯронаи фиребо, баҳонаҳои «демократисозии дурӯғин», нодида гирифтани манфиати милливу марзу буми халқиятҳои алоҳида ва амсоли он алҳол наметавонад, ки заминаҳои суботи ояндаи ҷаҳонро ба миён оранд.
Ба ҳалли аксар қазияву мушкилот танҳо тавассути роҳандозии риояти ҳатмии қонунҳо ва дар вобастагӣ ба талаботи рӯз ба воситаи тасвибу таҳияи қонунҳои нав метавон ба таъмини сулҳу суботи ҷомеа комёб гашт. Чунки имрӯз дар зери ниқобҳои мухталиф пиёдасозии ҳадафҳои ғаразноки гурӯҳу созмонҳои зиёди таҳмилӣ дар саросари ҷаҳон ба як раванди маъмулӣ табдил ёфтааст. Дар доираи талаботи қонунҳои нав ба нав назорат кардани фаъолияти аъзову ҷонибдорони ин созмонҳову ташкилотҳо талаботи рӯз мебошад. Тозатарин мисол дар ин самт ҷараёни воқеоти сиёсии Аврупо мебошад, ки онҳо аз шиддати ворид гаштани мавҷи муҳоҷирон ноилоҷ дар паи таҳияи қонун ва меъёрҳои нав гаштанд. Ҷомеаи аврупоӣ ин хавфро пеш аз ҳама дар терроризму экстремизми афзоянда мебинад. Ин ҷиҳатро низ Роҳбари Давлат бо дарки баланди масъулият эҳсос менамояд: «Аз ин лиҳоз, ба Прокуратураи генералӣ супориш дода мешавад, ки дар ҳамкорӣ бо дигар мақомоти дахлдори давлатӣ ҳарчи зудтар Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистонро оид ба муқовимат ба экстремизм ва терроризм барои солҳои 2016 -2020 таҳия ва пешниҳод намоянд». Чанд нуктае, ки дар боло баён гашт, аҳамият ва ҷанбаҳои бузурги соҳаи ҳуқуқро ифода менамоянд, ки дар шароити глобалии муосир муқаддамтарин омили анияту оромии кишварҳо ба шумор мераванд. Ҷанбаҳои ҳуқуқии Паёми имсола масоили мураккаби сиёсати байналхалқии имрӯзаро амиқан фаро мегиранд. Дар маҷмуъ вобаста ба ин масъала нуктаҳои Паём ишора ба он менамоянд, ки имрӯз ҷомеаи моро бештар омилҳои манфии беруна таҳдид менамоянд. Аз ин ҳама чунин хулосаи умумӣ баровардан мумкин аст, ки волоияту таҳкими қонунҳо сипари устуворе дар муқобили ҳамагуна таҳдиду хатарҳост. Фахриддин ҚУТБИДДИНОВ, ҳуқуқшинос
Шамол барқу гармӣ медиҳад иқтисодиёти кишварҳо ва сатҳи зиндагии аҳолии мамлакатҳои алоҳида таъсири манфӣ мерасонад. Муҳаққиқон яке аз сабабҳои ифлосшавии ҳаво ва тағйирёбии иқлимро дар бебаркаш истифода бурдани сӯзишвориҳои карбондор (нефт, ангиштсанг...) меҳисобанд. Барои кам кардани ихроҷи газҳои парникӣ олимон ба ҷои нерӯгоҳҳои ҳароратӣ истифода бурдан аз манбаъҳои барқароршавандаи энергия (офтоб, шамол, об, биогаз)-ро тавсия медиҳанд. Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷиҳати истеҳсоли нерӯи барқи аз лиҳози экологӣ тоза мақоми аввалро ишғол мекунад. Қариб 98 дарсади нерӯи барқи кишвари мо дар нерӯгоҳҳои обӣ тавлид мешаванд. Аммо бо вуҷуди соле қариб 300 рӯзи офтобӣ доштани Тоҷикистон истифода аз нерӯи офтоб дар ҷумҳурии мо чандон равнақ наёфтааст. Аз рӯи ҳисоби
олимони Пажӯҳишгоҳи физикаю техникаи Академияи илмҳои ҷумҳурӣ давомнокии нурпошии офтоб дар кишвари мо соле ба 21003170 соат мерасад. Дар шароити ҷумҳурӣ истифодаи 1 метри мураббаъ коллектори офтобӣ метавонад 0,15-0,2 тонна сӯзишвории шартӣ (150-200 кило ангиштсанг, ё 100 литр маҳсулоти нефтӣ)-ро сарфа намояд. Ҳамин тавр, таҷҳизоти офтобии масоҳаташ 10 метри мураббаъ метавонад баробари сӯхтани 2 тонна ангиштсанг энергия диҳад. Дар 10 сол ин рақам 20 тоннаро ташкил хоҳад дод. Яъне, дар 10 сол як хонавода метавонад тавассути истифодаи коллектори офтобӣ сӯхтани 20 тонна ангиштсангро пешгирӣ кунад. Албатта дар назари аввал харидани таҷҳизоти офтобӣ қимат менамояд. Вале бо дарназардошти он ки ин таҷҳизот дигар хароҷот талаб намекунад, дар 2-3 сол харҷи
худро пӯшонда, ройгон барқ ё гармӣ медиҳад. Панелҳои офтобиро барои тавлиди нерӯи барқ ва коллекторҳои офтобиро барои гарм кардани об истифода мебаранд. Истифодаи ҳезуму таппак ба ҳайси сӯзишворӣ на танҳо боиси фарсудашавии замин, балки боиси ифлосшавии ҳаво ва афзоиши бемориҳои роҳи нафас мегардад. Масалан, дар Ҳиндустон аз истифодаи ҳезуму таппак соле ба фазо 68 миллион тонна гази карбонат хориҷ мешавад. Дар Уганда барин кишвари африқоӣ ҳар моҳ як оила барои хӯрокпазӣ 440 кило ҳезум истифода менамояд. Аз рӯи маълумоти Созмони ҷаҳонии тандурустӣ соли 2006 дар 19 кишвари африқоӣ ва Афғонистон аз бемориҳои роҳи нафас 800 ҳазор нафар кӯдак ва 500 ҳазор нафар зан фавтиданд. Соли 2008 Финландия ба 31 деҳаи Чин 19000 танӯрчаи офтобӣ барои хӯрокпазӣ со-
МАВЗӮИ РӮЗ
Президенти мамлакат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чанде пеш дар ҷаласаи васеи Ҳукумати ҷумҳурӣ доир ба натиҷаҳои рушди иқтисодиву иҷтимоии мамлакат дар соли 2015 ва вазифаҳо барои соли 2016 диққати роҳбарони сохтору мақомоти марбутаро ба масъалаи таъсиси ҷойҳои нави корӣ ва мусоидат ба шуғли аҳолӣ ҷалб намуданд. Доир ба ин масъалаи муҳими ҳалталаб мо бо директори КВД «Биржаи меҳнатии ҷавонон» Абдурозиқ Кабутов мусоҳиб шудем. - Соли сипаришуда дар самти ба шуғл фаро гирифтани ҷавонон чӣ тадбирҳоро амалӣ намудед? - Дар якҷоягӣ бо Раёсати шуғли аҳолии шаҳри Душанбе ва дар алоҳидагӣ соли гузашта 28 ярмаркаи ҷойҳои кори холӣ гузаронидем. Дар ин ярмаркаҳо 1900 ҷойи холии кор дар дохили кишвар пешкаши корҷӯён гашт. Ҳамчунин тавассути шартномаҳои дархостӣ, ки биржа ба кордиҳандагони Федератсияи Русия вобаста буд, 550 ҷойи кор пешниҳод намудем. Тӯли сол ба мо 850 нафар корҷӯ муроҷиат карданд, ки 210 нафарашон кор ёфтанд дар дохили ҷумҳурӣ ва 640 нафар кор дар хориҷи кишварро аз мо хоҳиш намуданд. Як самти фаъолияти моро додани иттилоот ба корҷӯён ташкил медиҳад. Соли гузашта барои 4500 нафар муҳоҷири
меҳнатӣ ва аҳли оилаи онҳо маводи иттилоотиеро, ки аз ҷониби Хадамоти муҳоҷират дар бораи навгониҳои қонунгузории Федератсияи Русия пешниҳод шуда буд, дастрас намудем. - Чанд нафар тавассути КВД «Биржаи меҳнатии ҷавонон» соли гузашта ба хориҷи кишвар ба кор фиристода шуданд? - Соли сипаришуда 355 нафарро муташаккилона ба Фе-
менамоем. Корманди биржа аз 8 моҳ то 1 сол бо онҳо меистад. Чунончи, дар вилояти Волгоград мутахассиси биржа Юлдош Эшов тӯли 8 моҳ бо як гурӯҳ муҳоҷирон ҳамроҳ буд. Дар ин муддат муҳоҷирони меҳнатии тоҷик аз 150 000 то 220 000 рубли русӣ музди меҳнат гирифтанд. Нухсаи ведомости маоши гирифтаашон дар дасти мо ҳаст. Дар вилояти Новгород корхонаи фанерба-
Абдурозиқ КАБУТОВ:
7
фият буда, ҳар гуна фиребкориро пешгирӣ менамояд. Имрӯз созмонҳои байналмилалӣ ва ташкилотҳои ҷамъиятӣ муайян кардаанд, ки барои 1 муҳоҷири меҳнатиро дар Федератсияи Русия ба расмият даровардан тақрибан 40-55 ҳазор рубли русӣ зарур аст. Ба ин роҳкиро, маблағи аз назорати тиббӣ гузаштан, гирифтани сертификати забони русӣ, маблағи ҷойи зист ва хурду хӯроки думоҳа дохил мешавад. Мо назди кордиҳандагон шарт мондем, ки аввал ба ин
е-mail: javonontj@mail.ru
Сайфиддин СУННАТӢ
«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН» №8 (9434), 25 феврали соли 2016
Бозори кори алтернативӣ меҷӯем дератсияи Русия равон кардем. Мувофиқи шартнома онҳоро дар вилоятҳои Новгород, Волгоград, Краснодар ва шаҳри Қазон бо ҷои кор таъмин намудем. Ҳар нафареро, ки тавассути биржа сафарбар намудем, аз ҷониби корхона тамоми хароҷоту роҳкиро, ба расмият даравардани ҳуҷҷатҳо ба уҳда гирифта шуда буд. Музди миёнаи кормандон на камтар аз 18-25 ҳазор рубл муайян гардид. Тайи чанд соле, ки мо ба Руссия гурӯҳҳои муҳоҷиронро мефиристем, як нафар намояндаи биржаро бо онҳо ҳамроҳ
қатораҳо низ панели офтобӣ насб мекунанд. Барқи аз энергияи офтоб тавлидшударо барои рӯшноӣ ва яхдону кондисионер истифода мебаранд. Ҳоло қариб 50% миқдори умумии панелҳои офтобии ҷаҳон ба Чин рост меояд. Бинобар зиёд шудани истеҳсоли панелҳои офтобӣ дар Аврупо тайи 10 соли охир арзиши ин гуна таҷҳизот 60% кам, яъне арзон шуд, ки ба манфиати истифодабарандагон аст. Коршиносон пешгӯӣ мекунанд, ки то соли 2020 20% истеҳсоли нерӯи барқ дар кишварҳои узви Иттиҳоди Аврупо ба манбаъҳои барқароршавандаи энергия рост хоҳад омад. Дар шаҳри Душанбе низ бо кӯмаки созмонҳои ҷамъиятии мададрасон як қатор таҷҳизоти барқи офтобӣ фаъолият мекунанд. Дар назди таваллудхонаи №1, дар Маркази миллии тиббӣ (“Қарияи Боло”), назди кинотеатри “Тоҷикистон” чунин таҷҳизот чанд сол боз фаъоланд. Чароғакҳои роҳнамои шоҳроҳи Душанбе-Ҳисор-Турсунзода низ тавассути таҷҳизоти офтобӣ кор мекунанд. Ин иқдом шоистаи дастгирист. Чанде пеш дар мактаби деҳаи Доғистони ноҳияи Шӯрообод низ
пунктҳои дар боло зикршуда таваҷҷуҳ намоянд, баъд мо бо онҳо ҳамкорӣ мекунем. Чанде пеш мо бо як ширкати яхмосбарории шаҳри Новосибирск созишномаи ҳамкорӣ имзо кардем. Аз вилояти Волгоград як ширкати сохтимонӣ барои бунёди варзишгоҳ бо мо ҳамкорӣ намуданист. Мо омидаем, ки ба ин ҷо низ то 200 нафарро ба кор фиристем. - Барои касоне, ки вурудашон ба Федератсия Русия манъ аст, чӣ пешниҳод мекунед? - Тибқи иттилои ВАО имрӯз 330000 нафар шаҳрванди Тоҷикистон аз 3 то 5 сол ҳаққи
таҷҳизоти офтобӣ насб карданд, ки барои кори доимӣ бо компютерҳо шароит фароҳам овард. Дар маркази ноҳияи Мурғоб низ якчанд таҷҳизоти офтобӣ фаъоланд. Дар ноҳияҳои алоҳидаи ҷумҳурӣ, мисли Файзободу Шӯрообод, Мурғоб, Айнӣ ва атрофи шаҳри Қароққум насби таҷҳизоти шамолӣ қулай аст. Як генератори шамолии тавоноиаш 1 мегаватт тӯли 20 соли истифодабарӣ тақрибан 29000 тонна ангиштсанг ё 92 000 баррел нефтро сарфа менамояд. То имрӯз иқтидори солонаи таҷҳизоти шамолӣ дар ИМА аз 50 гигаватт гузашт. Ин баробари иқтидори 11 нерӯгоҳи атомӣ ё 44 нерӯгоҳи ҳароратии бо ангиштсанг фаъолияткунанда мебошад. Нерӯи барқе, ки дар нерӯгоҳҳои шамолӣ тавлид мешавад, барои 13 миллион хонаводаи амрикоӣ кифоя мекунад. Дар натиҷаи насби нерӯгоҳҳои шамолӣ кишварҳои узви Иттиҳоди Аврупо танҳо соли 2011 тавонистанд, ки ихроҷи зиёда аз 5,5 миллион тонна гази карбонатро пешгирӣ кунанд. Ҳоло дар 75 мамлакат, аз ҷумла дар Тоҷикистон барномаҳои давлатӣ оид ба руш-
вуруд ба Русияро надоранд. Барои ин шаҳрвандон дар дохили мамлакат, ҷумҳуриҳои Қазоқистон Белорус ва ғайра ҷойҳои корӣ бояд фароҳам овард. Чанд сол пеш Муғулистон ба муҳоҷирони кории тоҷик таваҷҷуҳ дошт. Ҳатто ҷойҳои корӣ бо маоши 500-700 доллари амрикоӣ пешкаш намуда буданд, ки дар шароити имрӯза пули кам нест. Мо дар семоҳаи аввали соли равон тасмим гирифтем, ки ба кордиҳандагони Белорусу Қазоқистон мулоқот доир намуда, созишномаи ҳамкорӣ имзо намоем. - Ба корхонаи Шумо корафтодагон зиёд муроҷиат мекунанд? - Ҳамарӯза 10-15 нафар ба КВД «Биржаи меҳнатии ҷавонон» меоянд. Мо ба онҳо дар самтҳои таъмин намудан ба ҷои кор дар дохили кишвару Федератсияи Руссия, мусоидат ҷиҳати омода намудани ҳуҷҷатҳои зарурӣ пеш аз сафар, муайян намудани мамнуъвуруд будани муҳоҷир ба Федератсияи Руссия, мусоидат барои омӯзиши забонҳо, курсҳои компютерӣ ва дӯзандагӣ кӯмак мекунем. Ҳоло барои ҳамватанонамон бозори кори алтернативӣ ҷуста истодаем, зеро як муҳоҷири меҳнатӣ 5-10 нафарро мехӯронад. Вақте ҳамватанонамон ба ҷои кори хуб таъмин бошанд, сатҳи зиндагиашон баланд мешавад.
ди истифодаи энергияи шамол мавҷуд аст. Дар ин ҷода Чин ҷои якумро мегирад. Тавоноии таҷҳизоти шамолии ин кишвар ба 100 гигаватт мерасад, ки баробари иқтидори 22 нерӯгоҳи атомӣ мебошад. Вазорати энергетикаи Гурҷистон тасмим гирифтааст, ки дар шаҳри Горӣ нахустин пойгоҳи барқи шамолиро бо иқтидори 20 мВт бунёд намояд. Ин нерӯгоҳ аз 10 таҷҳизоти иқтидори ҳар кадомашон 2 мегаватт иборат хоҳад буд. Арзиши лоиҳа 35 миллион доллар буда, истеҳсоли солонаи ин нерӯгоҳ 87 миллион кВт/соатро ташкил хоҳад дод. Таҷҳизоти шамолии истеҳсоли Чин ва Ҳиндустон нисбатан арзон буда, метавон онҳоро дар минтақаҳои сершамоли ҷумҳурӣ насб кард. Яъне, имкони тавассути таҷҳизоти шамолӣ барқ тавлид намуда, хонаҳои ҳамватанонамонро гарму чароғон кардан зиёд аст. Ҳусейн РАҲМОНОВ, муаллими фанни физикаи Коллеҷи тиббии ноҳияи Ҳисор
www.javonon.tj
дир кард. Ин имкон дод, ки солҳои 2008-2012 ихроҷи 1,7 миллион тонна гази карбонат пешгирӣ шавад. Имрӯз дар Италияву Ҷопон дар болои
рориест, ки ба он ҷо ҳамроҳи 25 нафар ҷавон мутахассиси биржа Мутеулло Саъдуллоевро низ фиристодем. Чор моҳ шуд, ки дар он ҷо кор карда истодаанд. Моҳи феврал боз 40 нафарро ба ин корхона мефиристем. Робитаатон бо кордиҳандагон чӣ гуна аст? Мо ҳар моҳ аз кордиҳандагони Федератсияи Русия ведомости музди меҳнати муҳоҷиронро талаб мекунем. Муқоиса мекунем, ки чӣ қадар маблағ ба даст гирифтанду чӣ қадар мувофиқи ҳуҷҷат. Ин бо мақсади шаффо-
www.javonon.tj
е-mail: javonontj@mail.ru
8
МУСОҲИБАИ “ҶАВОНОН...”
«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН» №8 (9434), 25 феврали соли 2016
Хуршед МАВЛОНОВ Масъалаи ҷалби ҷавонон ба театр, ки драматурги англис Вилиам Шекспир оинаи зиндагиаш номидааст, мавзӯи суҳбатҳои чанд соли охири кишвари мост. Аҳли ҳунар ҳамеша шиква аз холӣ будани толорҳои театр мекунанд. Ба хотири рафъи ин масъала гоҳ-гоҳ муаллимони макотиби ҳамагониву олӣ донишҷӯёнро ба театр мебаранд. Вале дар сурати умум қишри ҷавони кишвар, ки теъдодашон 70 дарсади аҳолии мамлакат арзёбӣ мешавад, театр намераванд. Сабаб чӣ аст? Мо дар ин хусус бо ҳунарманди шоистаи ҷумҳурӣ Абдулмуъмин Шарифӣ суҳбат оростем. - Дар як суҳбататон чанде пеш гуфтед, ки театри тоҷик сахт бемор аст... Аммо дирӯз вақте ман намоишномаи “Султон ва чор дузд”-ро бо донишҷӯён тамошо кардам, фаҳмидам, ки имрӯз аудитория низ навъе беморӣ дорад... - Албатта, ин чизҳо ҳар ду тавъаманд. Масъала сари ҷомеа аст. Вақте ба театр бинандаро иҷборан биёранд, хоҳу нохоҳ ин чизи гуфтаатон мешавад. Ман борҳо гуфтам, боз мегӯям, аз ҳамон рӯзе, ки ба театр иҷборан овардани бинанда шуруъ шуд, театр бинандаи худро аз даст дод. Ин яке аз сабаҳояш. Дар ҷомеае, ки беҳтарин китобҳо аз ҳазор адад беш чоп намешванд, ё аз маҷбурӣ рӯзномаҳоро ҳафтанома мекунанд, хонанда надорад, пас куҷо дар бораи бинандаи театр ҳарф занем? Ҳарчанд театр модари ҳунарҳост ва чанд ҳунар аст, ки дар театр таҷҷасум меёбад. Дар таърихи театр бинандаҳоро ҳеҷ вақт иҷборан ба театр наёвардаанд. Ин барои театр ва барои мо бисёр зарари ҷиддӣ овард. Модоме ки мо бинандаи асил надорем, вақте мухотаб дар бораи мо ҳеҷ чиз гуфта наметавонад, дар ҳоле ки камбудию беҳбудии моро онҳо бояд гӯянд, пас мо низ ҳар навъе ки хоҳем, меравем. Мо ки худро дида наметавонем. Гёте мегӯяд дараҷаи адабиёти ҳар миллат ба дараҷаи хонандаи вай аст. Театр ҳам ҳамин аст. Вақте тамошобин набошад, куҷо дар бораи пешрафти театр ҳарф занем? Боз як чизи дигарро
стархони ҳар тоҷикистонӣ холӣ нест. Ёдам ҳаст, солҳои навадуми асри гузашта соатҳо дар паси дари мағоза барои навбати нон меистодам. Аммо имрӯз чӣ? Нон шуд, аммо суруд нашуд. Аз театру китоб мардум ҳарчи зиёдтар дур шуд. Дар он замон бо ҳама мушкилиҳо мардум ба театр меомаданд. Театр то ҷое бинанда дошт, китоб хонанда дошт. Имрӯз чӣ? Нест нафари хонанда. Шояд иштибоҳ бошад, ки “нон бошад, суруд ҳам мешавад” мегӯянд. Нон ғизои ҷисм аст. Маънавиёт – ғизои руҳ. Руҳи мо имрӯз ғизо мехоҳад, қалби мо ғизо мехоҳад. Мо имрӯз машғули ғизои тан шудем, аз маънавиёт дур шудем. Дастархони маънавӣ тиҳӣ мондааст. Бояд коре кунем, ки дастархони маънавиро пур кунем. - Чунин менамояд, ки мо имрӯз моддигаро шудаем, танҳо ба хотири ҷоҳу мансаб, сарвату дороӣ кӯшиш мекунем. Чӣ бояд кард, ки мардум ба суроғи маънавиёт барояд? - Ин вобаста аст ба Вазорати фарҳанг ва Вазорати ма-
бинанандаи ватанӣ таваҷҷуҳ надорад, инро чӣ хел қабул мекунед? Оё ба кори эҷодиатон таъсири манфӣ намерасонад? - Ин дарди ман аст. Мо се моҳ пеш аз кишварҳои Қазоқистону Қирғизистон омадем. Он ҷо намоишномаи байналмилалӣ буд. Аз ду намоишнома ду ҷоиза гирифтем. Ман медидам, ки мардум куллан аз забони мо хабар надоранд, вале дар намоиши мо мегиристанд. Аз ин ҳайрон будам. Тарҷума ҳам набуд, аммо гиристанд. Ҳато як зан гуфт: “Шумо маро маҷбур кардед, на ин ки гиря кунам, балки фиғон бикашам. Зеро шумо дарди инсониро ниҳоят хубу гӯё нишон додед. Таъсири намоишҳои шумо вомедорад, ки гирён шавӣ”. Наворҳо ҳам дорем, ки бо чашмони пуроб шарҳи намоиши моро мекарданд. Он намоишномаҳо ҳоло ҳам зиндаанд, аммо бадбахтӣ дар он аст, ки дар дохил бинанда надоранд. Тазод ҳам дар ҳамин аст, ки чаро мо берун аз Ватан бинанда дорему дар Ватан не? Ман бо ин гуфтанӣ нестам, ки
ориф ва илми ҷумҳурӣ. Сатҳи дониш паст аст. Дониш зиёд шуд, маърифат ҳам зиёд мешавад. Охир, бе дониш маърифат намешавад. Шояд маърифати ботинӣ, маърифати модарзодӣ дар баъзеҳо ҳаст, аммо ин зумра хеле нодиранд. Барои рушди ҷомеа ин басанда нест. Бояд дониши ҷавононро мукаммал кард. Бедонишӣ ва адами маънавиёт фоҷиа аст, бояд сари ин андеша кард. Боз мегӯям кулли бадбахтӣ дар бесаводист. - То ҷое мо медонем, шумо дар ҳафт сол 22 сафари ҳунарӣ берун аз кишвар доштед ва ҳатто ба 22 диплому ҷоиза низ сарфароз гаштаед. Вақте берун аз кишвар мавриди эътирофу истиқболи самимӣ ҳастед, вале
театр орӣ аз нуқсон аст. Театр ҳам мисли бинанда аст, ҳатто аз он ҳам бадтар. Ман сабаби аз театр дур шудани бинандаро баробар мебинам. Агар нисф ҷомеа гунаҳкор бошад, нисфи дигар театр гунаҳкор аст. Мо ҳам ба ҳамин равиш меравем. Ин ҷавонҳое, ки ҳозир ҳастанд, зодаи ҳамин ҷомеаанд. Дар ҳамин мактаб хондаанд. Дар ҳамин донишгоҳе, ки мо медонем, таҳсил кардаанд. Бадбахтона, калонсолҳо низ хондаҳои ҳамон 40-50 сол пешинаи худро ба ёд меоранд. Чизи нав нахондаанд. Ҳунармандон ҳамон ҳунари 30-40 сол пешро рӯйи саҳна меорад. Ҳунари театр ҳам дар таназзул аст. Вақте ки сатҳи биниш поён аст, мо
Дастархони маънавӣ гӯям: беинсофӣ аст, вақте ҳама гуноҳро дар ҷавонон мезананд, охир мо имрӯз бинандаи калонсол ҳам надорем. Сари ин бояд равшанфикрони фарҳангии миллат андеша кунем. Аз ҷониби дигар, ин масъала танҳо махсус ба театр нест, балки имрӯз дар рӯзҳои эҷодӣ ва шабнишиниҳои адабӣ ҳам динишҷӯёнро иҷборан мебаранд. Ин хеле аламовар аст. - Фикр мекунам, аудитория хоҳ иҷборӣ бошад, хоҳ ихтиёрӣ аудитория аст. Масъала шояд дар он бошад, ки бинандаи имрӯз завқ надорад. Шояд ягон тадбире барои бедор кардани завқи бинанда вуҷуд дошта бошад? - Ин масъаларо бояд аз мак-
таб сар кард. Ин гапро ҳазорҳо сол пеш ҳам гуфтаанд, ки кулли ҷоҳилият дар бесаводист. Вақте мардум аз китоб хондан дуранд, албатта, завқашон мисли худашон мешавад. Завқи кунд аз дониши кунд аст, аз китоб дур шудан аст. Одоб ҳам ҳамин чиз аст. Дигар ҳеч чиз. - Мақоли “нон бошад, суруд ҳам мешавад”-ро зимни суҳбат дар бораи театр бисёриҳо истифода мебаранд. Буҳрони иқтисодӣ ба театр чӣ зарар расонд? - Бубинед, ки понздаҳ сол пеш дастархони мардуми мо чӣ гуна буд ва ҳоло чӣ гуна аст. Худоро шукр, бо вуҷуди буҳронҳои иқтисодӣ ва бо он ҳама мушкилоти имрӯза да-
МУСОҲИБАИ “ҶАВОНОН...” Дар рӯзномаҳо мехонам, ки театрро сиёҳ мекунанд. Ман имони комил дорам, ки ҳамон нафари нависанда аз як ё ду намоишнома зиёд тамошо накардааст. Ё як намоишро мегиранд дар осмон мебардоранд, вақте рафта аз наздик мебинӣ, дар он намоиш ному нишон аз ҳунар нест. Баъдан мефаҳмӣ, ки фармоишӣ аст. Ин аст бадбахтӣ! Ҷӯрабозӣ дар фарҳанг бояд набошад. Инро бояд бартараф кард. Давраи гуруснагӣ гузашт, маънавиётро пур кардан лозим. Тан бемор шавад, табобат карданаш осон аст. Қалб мариз нашавад. - Доир ба ҷавонони ҳунарманд, ки маоши театр барои пешбурди зиндагиашон басанда нест ва ба муҳоҷират мераванд, чӣ фикр доред? - Мо ин заҳрро тайи чанд соли охир чашидем. Ҷавонони боистеъдоде, ки имконияти зиндагӣ надоштанд, аз театр рафтанд. Бадбахтона, чанд соли охир ҷавонҳои хуб аз ин ҷо рафтанд. Имрӯз донишкадаю донишгоҳҳо ҷавонони
мусаллам аст, ки вақте дараҷаи маънавиёти бинанда поён бошад, бояд ба сатҳи ҳамон саҳна пешкаш кард. Аз ҷониби дигар, таҳияи чунин саҳнаҳо (манзур саҳнаҳои ҳаҷвӣ - Х. М.) осон аст. Дар ду рӯз онро тайёр мекунӣ ва ҳам сердаромад аст. Азбаски имрӯз бинанда дар телевизион, маҳфилҳо, маъракаҳои арӯсӣ ҳамин чизро мебинад, вақте ки театр меояд, фикр мекунад, ки театр ҳам ҳамин аст. -Театрро ҷои хосон мегӯянд... - Бале, театр ҳама вақт бинандаи хос дошт ва дигарон ба ин хоса нигоҳ карда меомаданд. Вақте ки театр кӯчагӣ шуд, оммӣ шуд, бинандаи хосро аз даст дод. Он бинандаҳои хос театр барои андеша меомаданд, барои ханда не! Имрӯз андеша аз театр гум шудааст. Ман рӯи рост мегӯям, навад дарсади намоишномаҳои театри тоҷик мантиқ надорад. Аз рӯи маъно равем агар маъно надоранд. Дар сужа, амали ҳунарманд маънию мантиқ дида намешавад. - Ҳозир дигар ба фикрам ин чиз аҳамият надорад, ки театр ҷои завқу дарк аст... - Вақте иҷборӣ шуд, ҳамин хел мешавад. - Ҳоло ба хотири пур кардани толор ҳунармандон кӯшиш мекунанд... - Ман як чизи дигарро дар пеши гапи шумо гӯям. Вақте нақши молии театрро бардоштанд, театр ба бозор табдил ёфт. Ҳоло мақсади театр ҳамин нақшаи пулиро иҷро кардан аст. Дигар ҳунар дараҷаи дуюму сеюму чандумин шуд. Дар ҳеҷ давлати дунё чунин нашудааст, ки театр манбаи даромад қарор гирифта бошад. Театр манбаи
мардум амри ногузир аст. Муҳоҷиратҳои кориву меҳнатӣ аз як рӯ хуб бошанд, ба дигар рӯ боиси дурӣ аз фарҳанг мегарданд. Онҳое, ки дар ин раванд қарор доранд, (манзур муҳоҷират - Х. М.) то ҷое бегона мешаванд. Аз фарҳанги худ дур мешаванд, вале аз фарҳанги кишвари дигар низ дуруст бархурдор намешаванд, яъне на ин мешаванду на он. Аз ин нуқтаи назар, мо ҳарчи зиёд бояд ба назди бинанда равем. Имрӯз насли ҷавон гунаҳкор нест. Моем гунаҳкор, ки натавонистем онҳоро ҷалб созем, китобхон кунем, босавод гардонем. Дар алоҳидагӣ пешрафт намешавад. Мо мардумро, мардум моро гунаҳкор мекунад.
ҳунарманд кам тарбия мекунанд. Як чизи дигар ин ки истеъдод худодод аст ва дар театр сайқал меёбад. - Ҷавононе, ки нав ба театр меоянд, барои сайқал додани ҳунарашон аз тарафи шумо дастгирӣ меёбанд? - Агар муроҷиат кунанд, кӯмак мекунем. Сайқал ёфтани ҳунар дар муҳити театр мумкин мешавад. Вале ин вазъе, ки имрӯз театр дорад, куҷо ҳунари ҷавонон сайқал меёбад? Ҳоло ҳамон гуфтаи Бедил, ки зиндагӣ оинаро муҳтоҷи хокистар кунад, дар мо шудааст. Ҷавонон дар пайи пулёбианд, на ҳунари асил. Тақозои театр ҳам ҳамин шудааст. - Аз тарафи вазоратҳо ва ё
тиҳӣ мондааст
кумитаҳо ягон дастгирӣ ҳаст? - Вақте мо хориҷа меравем, мебинем, ки ҳунармандон аз даҳ то бист сарпараст доранд. Ба гуфтаи пирҳоямон “хориамон меояд”. Дар мо як сарпараст ҳаст ва ё он ҳам нест. Манманӣ нашавад, намоишҳое ҳастанд, ки нисфи қурби намоиши моро надоранд, аммо 10-15 сарпараст доранд. Бояд иқрор шавам, ки дар чанд намоиши берун аз кишвар моро ширкатҳои “Сомон-Эйр”, “ТоҷикЭйр” ва “Бунёди мадад” кӯмак карданд, аммо ин хеле кам аст. Ба ҳамин наздикӣ бояд дар Челябинск бошем, мо даъаватнома дорем, дар барномаи ҷашнвора ворид шудаем, мутаассифона маблағ нест, пайи ёфтани маблағ ҳастем. Намедонам аз куҷо маблағ пайдо мекунем. - Ба қаламкашоне, ки дар бораи мушкилоти театр менависанд, аммо худ камтар таваҷҷуҳи рафтан ба театр доранд, чӣ мегӯед? - Дуруст, кош ҳамон рӯзноманигорон ба театр оянд. Ҳастанд, аммо хеле кам. Рӯзноманигорон ва ҳамон фарҳангиҳо оянд, барои мо кифоя аст, аммо ҳамон нафароне, ки худро фарҳангӣ мегӯянд, бо 5 сомонӣ билети театр намехаранд. Ҳатто ройгон билет диҳед, намеоянд. Масъалаи пул ва иқтисод сабаб нест. Сабаб маънавиёт аст. Имрӯз доираи фарҳангии ҷомеа пароканда шудааст. Мо бо рӯзноманигорон, нависандаҳо, бо олимҳо муносибати хуб надорем. Вақте даъватнома мебарем, ки марҳамат ройгон ба театр оед, ҳамин фарҳангиҳо намеоянд. Ёдам ҳаст чанд сол пеш тамоми хабарнигорон, кормандони рӯзномаҳоро худам шахсан даъват кардам, занг задам, ки дари мо боз аст, марҳамат ташриф оред. Аммо танҳо бист дарсад омаданду халос. Мо низ онҳоро ҳамин хел қабул мекунем. Аз тарафи театр
ҳам хонандаи рӯзномаҳо нест шудааст. Чӣ магар ду сомонӣ надоранд, ки рӯзнома бихаранд? Доранд, аммо ҳаваси маънавӣ нест шудааст. Ё масалан, чаро байни сарояндаҳо ва театр муносибати фарҳангӣ ба роҳ монда нашудааст? Чунки як дараҷа дурем. Ҳар кас дар деги худ меҷӯшад. Ҷавонони мо аз ҳамин муҳит баҳра гирифтанд. Онҳо зодаи ҳамин муҳитанд. Мо сохтем онҳоро. - Доир ба театре, ки айни ҳол сохтмонаш идома дорад чӣ фикр доред? Модоме ки бинанда нест ё кам аст, зарурати сохтани як театри дигарро дар чӣ мебинед? - Мо барои 260 ҷой бинанда пайдо карда наметавонем, намедонам дар он ҷо 2-3 ҳазор бинанда аз куҷо ёфт мешавад. Ман тарафдори сохтмони бинои театрам. Агар имконият ҳаст бигзор сохта шавад, имрӯз не фардо фоидааш мерасад. Барои ман хеле дарднок буд, вақте гуфтанд, театри давлатии драмавии ба номи устод Лоҳутӣ ва театри русии ба номи Маяковскийро мебардоранд. Боз хондам, ки меъмории Тоҷикистон онҳоро дар қатори биноҳои таърихӣ ворид кардааст. Аз он ки мегиранду вайрон мекунанд, созанд хуб аст. - Дар охир мехостам фаҳмам, ки бо ин фаъолияте ки айни ҳол театри тоҷик дорад, онро дар оянда чӣ интизор аст? - Ҳамин ҳоле, ки имрӯз ҳаст, Худо нигоҳ дорад. Ман боз мегӯям, ки ҷисм мариз шуд, табобат накунӣ ба нестӣ меравад. Имрӯз театр ҳамон ҷисми маризро мемонад. Агар ҳамин ҳол бошад, театр аз байн меравад. Мо бояд пешгирӣ намоем. - Барои суҳбати самимӣ сипосгузорем. - Саломат бошед. Умед мебандем, ки ҷавононамонро сатҳи маънавиёташон боло гираду боз рӯ ба театру маънавиёт биёранд.
www.javonon.tj
маънавӣ буд, ягон давлати дунё ин корро накардааст. Ҳатто дар ҳолатҳои душвортарин ҳам худро нигоҳ карданд. Вақте ҳадафи театр иҷрои нақшаи пулист, бо ҳар роҳе барои амалӣ шуданаш кӯшиш карда мешавад: ҳам бинанда иҷборӣ оварда мешавад, ҳам намоишҳои сабукро ба саҳна мегузоранд. - Шикоят аз таблиғ нашудани намоишномаҳои театр, яъне мавҷуд набудани овеза ё афишаҳо дар хиёбону кӯчаҳо низ вуҷуд дорад. Ба фикри Шумо бояд театр ба суроғи тамошобин равад ва ё тамошобин ба суроғи театр? - Дар ин вазъияте, ки ҳоло мо қарор дорем, бояд ҳар ду ба суроғи якдигар раванд. Имрӯз на танҳо вазифаи як театр, балки вазифаи адабиёт, илм, умуман ҳамаи қишрҳои фарҳангӣ аст, ки ба назди мардум раванд, мардумро аз ин варта берун оранд. Бахусус дар чунин як замон, ки бештари ҷавонони мо дар фарҳанги бегона зиндагӣ доранд, наздик кардани адабиёт ва фарҳанги миллӣ ба
9 е-mail: javonontj@mail.ru
хоҳу нохоҳ поён меравем. Сабаби такмили ҳунар мухотаб аст. Намоишномаҳое ҳастанд, ки онҳоро намоишнома гуфтан гуноҳ аст. Аммо бинанда бо завқ каф мезанад. Чаро эътироз намекунанд? Чаро намегӯянд, ки ин намоиш нест? Ягон хел ҳисси ҷавобгарӣ ва созандагӣ дар ҷомеа дида намешавад. - Аз чӣ бошад, тайи чанд соли охир ҳунармандон кӯшиш мекунанд, саҳнаҳоеро ба миён гузоранд, ки дар худ ҷанбаи ҳазлу шӯхӣ дошта бошанд. Ин ба он оварда расонид, ки имрӯз тамошобин дар намоишномаи фоҷиавӣ ханда меҷӯяд. Сабабаш дар чист? - Дар замони шӯравӣ пешниҳод шуд, ки адабиётро ҳарчи ба мардум наздик бояд кард ва театрро ба кӯча ба назди мардум бароред. Ин маънии онро надошт, ки театр кӯчагӣ шавад. Вале ин ба ҷои ҳамон салла калла овардан шуд. Мо бояд мардумро ба театр меовардем. Мо ҳамин корро нодуруст кардем. Ҳозир маънавиёти театр каме кӯчагӣ шудааст. Ин
«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН» №8 (9434), 25 феврали соли 2016
е-mail: javonontj@mail.ru
10
ҶАВОНОН ВА ЗАМОН
«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН» №8 (9434), 25 феврали соли 2016
СОҲИБКАСБ
Заргарӣ аз ҳунарҳои мардумиест, ки таърихи зиёд дорад ва гузаштагони мо аз замонҳои пеш ба сохтани ҳар гуна ороишот таваҷҷуҳ доштанд. “Хазинаи Амударё” намунаи беҳтарини ҳунари заргарии тоҷикон мебошад. Он соли 1877 дар наздикии Тахти Сангин, дар резишгоҳи Кофарниҳон ба Аму (ҳоло ҳудуди ноҳияи Шаҳритус) ёфт шудааст. Маснуоти сершумори тилло, нуқрагин ва тангаҳоро дар бар мегирад ва ҳоло дар музейи Британияи Кабир маҳфуз мебошад.
Фурсатро интизор намешаванд
www.javonon.tj
Беҳрӯз ХОЛМУРОДОВ Фурқати Сироҷиддин аз ҷавонҳоест, ки аз хурдсолӣ ба ҳунари заргарӣ таваҷҷуҳ дошт. Назди устодон тамоми нозукиҳои ин ҳунарро омӯхт. Фикр мекард, сохтани ҳалқаву овеза ва ангуштарӣ осон аст. Вале пас аз машғул гардидан ба он эҳсос намуд, ки хеле душвор асту заҳматталаб. Рӯзе сари мизи заргарӣ нишаста, ба дарёи андешаҳо ғуттавар шуд. Меандешид, ки ӯ мисли гузаштагони хеш баҳри рушду нумуъ ва пойдории ин ҳунари мардумӣ, ки аз куҳантарин ҳунари мардуми тоҷик аст, коре карда метавониста бошад ё на. Ё ин ки нафаре барои ҳунари ӯ боре таҳсин мегуфта бошаду барояш дар ҷодаи эҷоди намунаҳои тозаи олами заргарӣ муваффақият таманно мекарда бошад? Ғарқи чунин андешаҳо буд, ки як нафар ба наздаш даромада, хоҳиш намуд, то барои рӯзи тӯяш ду ангуштарии зебое омода намояду онро ороиши хуб диҳад ва барои он ки солҳо ҳамчун нишона бимонаду туҳфаи арзандае бошад, онро ҷаззоб бисозад. Чун ибтидои фаъолияташ буд, ҳангоми сохтани ангуштарӣ гоҳо ба хатоӣ роҳ медоду боз дарҳол онро бартараф месохт. Кӯшиш мекард, фармоишро дар сатҳи олӣ омода намояд. Пас аз сохтани ангуштариҳо соҳибаш барои гирифтани фармоишаш омада, аввалан онро дар ангушташ монда, андаке андешамандона ба он назар намуда, пасон гуфт, ки “офарин бародар, хеле хуб сохтаӣ. Аҳсант ба ҳунарат!” Ин суханҳо барояш чун муждаи рӯҳбахшандае буданд, ки барои минбаъд боз ҳам хубтару диданитар сохтани овезаву гарданбанд ва ангуштариҳои заргарӣ таҳрик дода, барои заргарӣ хуб шудан мадори нав пайдо намуд. – Омӯхтани ин ҳунар бениҳоят мушкил аст. Устодон
ҳамеша маро таъкид менамуданд, ки бодиққат бошаму рӯяки онро наомӯзам. Дар аввал ин суханро он қадар ҷиддӣ қабул накардам, вале пас аз муддате дарк намудам, ки дар ҳақиқат дуруст мегуфтаанд, мегӯяд Фурқат. Баъд аз заҳматҳои тӯлонӣ дӯкон таъсис дода, айни ҳол ба заргарӣ машғул аст. Дилхоҳ муроҷиати шаҳрвандонро вобаста ба заргарӣ қабул намуда, онро бо маҳорати баланд омода мекунад ва ба ин восита аз ҷиҳати иқтисодӣ зиндагии хешро беҳ мегардонаду дар баробари ин ба зебоии дигарон зебоӣ мебахшад. Дар баробари андармон
“Одина”-ро ба ман диҳед! Рӯзи муқаррарӣ. Ҷои кор. Ҳама дар ташвиши иҷрои вазифаву уҳдадориҳо. Ман низ дар утоқи корӣ пайи иҷрои супоришам. Ногоҳ садои занги телефон баланд шуд. - Ало. - Ало, ассалому алейкум, духтарам, рақамро дуруст чида бошам, Кумитаи ҷавонон..? - Бале, муаллима посух додам ман. - Духтарам, узри бисёр камтар вақтатонро мегирам, ман Ғуломова Шафоат Ҳасановна, доктори илмҳои тиб, профессор, - бо эҳсосоту ҳаяҷон суҳбатро идома дод муаллима. – Медонед, духтарҷон, мехоҳам ба Шумо воқеаеро, ки дирӯз дар оилаи мо рух дод, нақл намоям. - Марҳамат, муаллима, гӯш мекунам. - Дирӯз мо аҳли оила вақти шом нишаста будем, ки нохост набераам Робиябону ба ман муроҷиат кард: “Бибиҷон шумо “Одина”-и Садриддин Айниро хондаед? Муаллимаи забон ва адабиёти тоҷик ба мо супориш доданд, ки ин китоби пур аз қиссаи ҳаётиро дастрас намоем, то дафъаи оянда ба машғулият омода бошем”. Худам, ки тамоми эҷодиёти Садриддин Айниро мутолиа кардаву ҳаловат бурдаам, ҳавасам омад ва аз хоҳиши набераам шод шудам. Ин вақт чашмам ба оинаи нилгун ба сатри равони зери барномаи ахбор афтод. Дарҳол Робияро садо кардам айнакҳоямро биёрад. Медонед, аҷибаш чист? Дар сатри равон эълони озмуни мақолаи ҷумҳуриявии беҳтарин дар мавзӯи «Таълимоти дунявӣ дар осори Садриддин Айнӣ», ки аз ҷониби Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ бо мақсади баланд бардоштани маърифати сиёсиву ҳуқуқӣ ва ҳисси ватандӯстиву хештаншиносии ҷавонон пешбинӣ шудааст, пахш мешуд. Бо хондани сатри равон хаёлот маро ба давраи хурдсолиам, давраи ширини ҳаёту зиндагӣ, давраи дар мактаби миёнаи ба номи Садриддин Айнӣ, шаҳраки Зирабоди вилояти Бухоро таҳсил карданам бурд. Ман дар синфи ҳафтум мехондам, фанни аз ҳама дӯстдоштаам, дарси забон ва адабиёт буд. Устод Абдулло Сафаров (он қадар шахси донишманду серталаб буданд, дар рафти нақли дарс ба нақши персонажҳои
повесту роман ва ё ҳикоя медаромаданд, ки ин диққати мо кӯдаконро ба худ ҷалб мекард), дар рафти дарси навбатӣ нақл карданд, “Одина” яке аз повестҳои нависандаи бузург, сардафтари адабиёти муосири тоҷик Садриддин Айнӣ мебошад. Дар ин асари хонданбоб ҳаёти аз сар гузаронидаи Одинаи ятиму сағира, ки дар хурдсолиаш фориғ аз меҳру муҳаббати волидон мемонад, бо чӣ қадар мушкиливу душвориҳо, азобу уқубатҳои зиндагӣ бо нияти рӯзи нек бо муҳаббати беандоза ба Ватан умр ба сар мебарад. - Медонед, духтарам, хотирот маро ба дурии дуриҳо бурд ва диламро тасхир кард... Имрӯз ҷавонони мо бояд бо шукргузорӣ аз сулҳу субот, фазои осудаи мамалакат ва пойдории истиқлолияти Ватан бо меҳнати бунёдкоронаи хеш ваҳдати миллиро нигоҳ доранд ва ба сӯи фардои орому осуда қадамҳои устувор гузоранд. Зеро, имрӯз барои ҷавонон ва умуман барои миллати тоҷик бо шарофати заҳмату талошҳои Сарвари давлат, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тамоми шароити мусоид фароҳам оварда шудааст. Тасдиқи ин гуфтаҳо он аст, ки наберачаи ман Робиябону хонандаи синфи 6-уми Литсейи №2–и шаҳри Душанбе, дирӯз дар озмуни маърифатӣ-зеҳнӣ, ки дар шаҳри Москваи Федератсияи Русия баргузор гардид, ширкат варзида дар байни намояндагони 70 давлати ҷаҳон ҷойи аввалро ишғол кард. Узри бисёр, духтарам, барои он ки вақти шуморо гирифтам, ташаккури зиёд. - Бок нест, муаллимаи азиз, барои суҳбати самимиву нақлҳои ҷолиб аз таҷрибаи зиндагӣ ба Шумо ташаккур. Баъд аз гӯшаки телефонро ба ҷояш гузоштан, ғуруру ифтихормандии аҷибе маро фаро гирифт. Ба худ гуфтам, ҳақ аст ин муаллимаи меҳрубон, ки мегӯяд, ҷавонон бояд ваҳдати миллиро ҳифз намоянду пойдор нигоҳ доранд. Дилноза АҲМАДЗОДА, сардори Раёсати кор бо ҷавонони Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ
НАВРӮЗ-2016
Маҳфилҳои наврӯзӣ оғоз шуд 19-уми феврал дар Хонаи адибони ба номи устод Мирзо Турсунзода маҳфили шеъри шоири маъруфи кишвар Рустами Ваҳҳоб, сармуҳаррири маҷаллаи адабии «Садои Шарқ» баргузор гардид, ки дар он Ҳунарманди халқии Тоҷикистон Амриддин Кабиров, овозхони хушсадо Ҷаъфари Ҷалол ва дигарон ширкат доштанд. шудан ба ҳунари заргарӣ боз чанд нафар завқмандони ин ҳунари мардумиро омӯзонида, дар ҷодаи заргарӣ омода намудааст, ки ҳар яки онҳо низ дар алоҳидагӣ кору фаъолият доранд. Аз ин ки ӯ ҳунари мазкурро ба онҳо омӯхтааст, қаноатманд асту сарбаланд. Ба назари ӯ ҳар ҷавонро лозим аст, ки дар айни ҷавонӣ чандин ҳунарро омӯзанд. Чунки онҳо дар оянда ҳатман ба кор меояд. Таъкид менамояд, ки фурсатҳои муносибро ҷустуҷӯ кунанд, на ин ки онро интизор шаванд, чунки фурсатро интизор намешаванд. Ҳангоми дарёфтани он бояд онро самаранок истифода баранду барои худ зиндагии арзандаеро бино намоянд.
Маҳфил дар доираи Ҳамоиши байналмилалии адибони ҳавзаи Наврӯз баргузор шуд. Ба иттилои Иттифоқи нависандагон, чунин маҳфилҳо то 19 март бо ширкати шоирону сарояндагони маъруф идома меёбад. Аз ҷумла, маҳфили навбатӣ 26 феврал, соати 14:00 дар Кохи "Ҷомӣ" бо ширкати Шоири халқии Тоҷикистон Гулназар ва сарояндаи маъруф Хосияти Зарафшонӣ доир мегардад. Даромад озод аст. Хоҳишмандон метавонанд ширкат кунанд. Маҳфилҳои дигари шеъру суруд 01.03.2016. 14:00. Кохи "Ҷомӣ". шоир Давлат Сафар, сароянда Исроил Файзиддинов 04.03.2016. 14:00. Толори ИНТ. Раънои Мубориз, донишҷӯёни Консерваторияи миллӣ 05.03.2016. 14:00. Толори ИНТ. Зулфия Атоӣ, Тобиш Ҳилолӣ, Фахриддини Малик 09.03.2016. 14:00. Филармонияи давлатӣ. Камол Насрулло, Афзалшо Шодӣ 10.03.2016. 14:00. Театри Маяковский. Ҳақназар Ғоиб, Раҳматулло Ҳошим ва Файзалӣ Ҳасан 11.03.2016. 14:00. Китобхонаи миллӣ. Озар, Мурод Одина 12.03.2016. 14:00. Филармонияи давлатӣ. Озарахш 14.03.2016. 14:00. Толори ИНТ. Раҳмат Назрӣ, Баҳодур Неъмат 15.03.2016. 14:00. Театри Лоҳутӣ. Аскар Ҳаким, Ҷӯрабек Мурод 16.03.2016. 14:00. Толори ИНТ. Ато Мирхоҷа, Соҳиба Давлатшоева 17.03.2016. 14:00. Кохи Наврӯз. Бозор Собир, дастаи ҳунарии «Дарё» 18.03.2016. 14:00. Кохи Наврӯз. Муъмин Қаноат, Дона Баҳром, Исмоил Назрӣ 19.03.2016. 17:00. Театри опера ва балети ба номи С. Айнӣ. Низом Қосим, Саидқул Билол
ҶАВОНОН ВА ҶОМЕА то марказ овардан нақлиёт ташкил намудаем. Онҳо соати 9:00 ба марказ ҳозир шуда, то соати 15:00 табобат мегиранд. Ба кӯдакону модарон се навбат хӯрок медиҳем. - Барои кӯдакони мариз чанд намуди табобат мавҷуд аст? - Дар маркази рӯзонаи мо ҳуҷраҳои тандармонӣ, сенсори равшану торик, ҳуҷраи кордармонӣ, дахолати бармаҳал, гурӯҳи мусиқидармонӣ, истироҳати кӯдакон, синфи компютерӣ ва машқдиҳии малакаҳои зиндагонии мустақил амал мекунанд. Ҳамаи
мекунед? - Пеш аз ҳама дастгирӣ ва ғамхориҳои Сарвари давлат нисбат ба кӯдакони имконияташон маҳдуд лоиқи таҳсин медонам. Мутаассифона, имрӯз теъдоди кӯдакони маъюб дар Тоҷикистон хеле зиёд аст. Аз кушодашавии марказ то ҳол беморони зиёде аз гӯшаю канори кишвар бо имкониятҳои маҳдуд дар системаи такяю ҳаракат, асаб, маризиҳои пулмонологӣ ва ғайра табобат мегиранд. Тавонбахшии ин намуди маризиҳо яке аз самтҳои асосии фаъолияти марказ маҳсуб меёбад. Аксари кӯдакон бо ташхисҳои
хизматрасониҳо ройгон аст. - Ин ҳама тадбирҳои Ҳукумати ҷумҳурӣ ва фаъолияти марказро чӣ гуна натиҷагирӣ
фалаҷи кӯдаконаи майнаи сар, оризаҳои энсефалопатияи перинаталӣ, невритҳои асабҳои канории дасту пойҳо, оризаҳои полиомиелит бо фалаҷи дасту пойҳо, ки ба суст инкишофёбии асаби кӯдакон оварда мерасонад, бо будубоши рӯзона фаро гирифта мешаванд. Бемории фалаҷи кӯдаконаи майнаи сар яке аз бемориҳои музмини кӯдакона буда, дар натиҷаи он кӯдак қобилияти ҳаракаткунии дасту пойи худро гум менамояд. Қобилияти пастшавии ҳаракаткунии дасту пойҳои кӯдакон хусусияти гуногун дошта, аз спастикаи мушакҳо то ба спазм ва беҳаракатии мушакҳои бадан мувоҷеҳ мегарданд. Аз ин ҷост, ки дар марказ аз якчанд навоҳии вилояти Суғд волидайн дар деҳаи Чорбоғ иҷора нишаста, бо фарзандонашон моҳҳо ба маркази мо ҳамкорӣ доранд. - Фаъолияти марказро чӣ гуна ояндабинӣ мекунед? Муассисаи давлатии «Маҷмааи таълимию таҷрибавии кори иҷтимоӣ ва инноватсияҳо» дар баробари маркази қабули кӯдакони маъюб ва хизматрасониҳо ба онҳо, инчунин Маркази таълимӣ ба шумор рафта, баҳри баланд бардоштани савияи дониш ва малакаи кормандони иҷтимоӣ саҳми бориз дорад. Омӯзиши босифат ва бозомӯзии шаклҳои хизматрасониҳои муосир ба мураббиёни миллӣ ва минтақавӣ оид ба масъалаҳои кори иҷтимоӣ, тавонбахшӣ, ҳифзи ҳуқуқҳои мизоҷон, идоракунии кори иҷтимоӣ, маҳорати мураббиён, шаклу усулҳои таълими калонсолон яке аз ҳадафҳои имрӯзаву оянда маҳсуб меёбад. Таҳияи барномаҳои рӯзмарраи таълимӣ, модулҳои омӯзишӣ, гузаштани расмиёти иҷозатномагирӣ ва гузаронидани тренингҳои байниидоравӣ барои мутахассисони соҳаи иҷтимоӣ ва ташкилотҳои ҷамъиятӣ имкон фароҳам меорад.
Даргоҳи тавонбахшӣ дар бахшҳои ҳифзи иҷтимоии ноҳиявӣ ва шаҳрӣ фаъолият мекунанд, ба ҳукми анъана даромадааст. Инчунин, дар муассиса мувофиқи барномаҳои махсус якҷо бо шарикони худ, ташкилотҳои бонуфузи Евросоюз, Юнисеф, Каритас-Олмон, Хелс-пром, Лоиҳаи PDV, ОО “Ирода”, ЧК «Ҳаёт дар оила» ва ғайраҳо тренингҳои омузишӣ дар мавзӯи ҷорӣ намудани намудҳои нави хизматҳои иҷтимоӣ, усулу технологияҳои муосири корӣ ва тавонбахшӣ гузаронида мешавад. Дар омӯзишҳо мо бештар кӯшиш менамоем, ки модаронро ҷалб намоем. Зеро кӯдакони маъюб зиёд ба тавонбахшиву кордармонӣ ниёз доранд. - Реҷаи будубоши рӯзона барои модарону кӯдакон чӣ гуна ҷараён мегирад? - Кӯдакони имконияташон маҳдуд мувофиқи тавсияи мутахассисон, ки аз омода намудани ҳуҷҷатҳои беморӣ иборат аст, ба марказ раҳнамун карда мешавад. Баъдан, ин кӯдакон ҳафтае ду ва ё се маротиба ҳамроҳи модарони худ аз хизматрасониҳои марказ
баҳраманд мешаванд. Пайдост, ки барои модарон гаштугузор бо кӯдакони маъюб душвор аст. Аз ин лиҳоз, барои
Мусоҳиб Матлуба МУҲАММАДЗОДА
www.javonon.tj
Бо ин мақсад бо қарори Ҳукумати кишвар аз 2 ноябри соли 2012 Муассисаи давлатии «Маҷмааи таълимию таҷрибавии кори иҷтимоӣ ва инноватсияҳо» таъсис ёфт. Ин марказ дар мавзеи хушбоду ҳавои Чорбоғ ҷойгир буда, имрӯзҳо дар он аз тамоми гӯшаву канори ҷумҳурӣ кӯдакон табобатҳои тавонбахшӣ мегиранд. Доир ба фарогирии кӯдакони имконияташон маҳдуд бо рафти барномарезии тавонбахшӣ бо Майсара Шарифова, директори муассиса суҳбат намудем. - Муассиса кори худро чӣ гуна ба роҳ мондааст? - Таъсиси Муассисаи давлатии «Маҷмааи таълимию таҷрибавии кори иҷтимоӣ ва инноватсияҳо», ки рӯзона амал мекунад, дар ҷумҳурӣ ва дар саросари Осиёи Марказӣ нахустин қадамест ҷиҳати дастгирӣ, тандармонии кӯдакони имконияташон маҳдуд ва омезиш ёфтани онҳо ба ҷомеа. Аз ин ҷост, ки фаъолияти муассиса дар ду самт ҷараён мегирад. Баланд бардоштани салоҳияти касбии кормандони иҷтимоӣ ва расонидани хизматҳои сифатноки иҷтимоӣ ва тавонбахшӣ барои кӯдакони то 18-сола. - Касби кордармон ва ё тандармон дар Тоҷикистон шуғли нав маҳсуб меёбад. Ҷиҳати бозомӯзии кормандон бо хизматрасониҳои иҷтимоӣ ба ниёзмандон чӣ иқдомҳоро амалӣ намудед? - Муассиса бо мақсади таъмини дастрасӣ бо роҳи расондани хизматҳо, озмоиш ва ҷорӣ намудани шаклҳои нави хизматрасониҳои инноватсионӣ, таълим, омодасозӣ ва бозомӯзӣ, такмили салоҳияти касбии кормандони иҷтимоии хадамоти ҷумҳурӣ таъсис дода шудааст. То имрӯз марказ 150 нафар кормандонро омода намудааст, ки онҳо дар муассисаҳои гуногуни хизматрасониҳои тиббӣ фаъолият мекунанд. Ғайр аз ин, дар марказ барои баланд бардоштани салоҳияти касбии кормандон гузаронидани курсҳои такмили ихтисос барои онҳое, ки
11 е-mail: javonontj@mail.ru
Дар моддаи 1 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ҳифзи иҷтимоии маъюбон” омадааст: “Тавонбахшии маъюбон - низом ва раванди пурра ё қисман барқарорсозии қобилияти маъюбон ба фаъолияти маишӣ, ҷамъиятӣ ва касбӣ бо мақсади мутобиқати иҷтимоии маъюбон, ба даст овардани мустақилияти моддӣ ва ҳамгироии иҷтимоии онҳо ба ҷомеа мебошад”.
«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН» №8 (9434), 25 феврали соли 2016
е-mail: javonontj@mail.ru
12
ИБРАТИ ҶАВОНОН
«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН» №8 (9434), 25 феврали соли 2016
Шодихони НАЗАР Анасҷон баробари баланд шудани садои телефон гӯширо бардошт. Модар баъд аз ҳолпурсӣ гуфт: – Муаллимат бемор шудааст, барои табобат ба Душанбе бурдаанд. Як сари қадам рафта хабар гир, бачам. Баъди суҳбат бо модар ва шунидани хабари бемории муаллимаш фикрҳои Анасҷон парешон шуд. Ба муаллим чӣ шуда бошад? Охир сиҳат буданд, меандешид худ ба худ. Бори охир ҳангоми суҳбаташон дар деҳа муаллим аз соломатиаш шикоят накарда буд. Умуман ҳеҷ одати шикоят кардан надоранд... Дар беморхона ҳамшираи шафқат утоқи беморро ба Анасҷон нишон дод. Вақте вориди утоқ гашт, ба ғайр аз писари муаллим – Қурбон, ки зоҳиран падарашро ҳамроҳӣ мекард, касеро надид. Анасҷон бо Қурбон салому аҳволпурсӣ карда, маълум намуд, ки устодаш дар ҳақиқат бемор шудааст. – Саломатиашон чандон хуб нест. Қариб монда буд, ки дилаш аз кор мемонд. Чанд вақт боз аз сӯзиши қалб шикоят дошт. Аммо кор гуфта, шогирдонам гуфта, барои табобат дар бемористон розӣ намешуд. Ҳолаташ бад шуду дар шуъбаи эҳё хобонданд. Ҳоло се рӯз аст, ки дар ин шуъба аст. Шояд имрӯз ба палата гузаронанд. Албатта, талаботи беморхона аст, ки даромадани аёдаткунандагон ба шуъбаи эҳё иҷозат нест. Аз ин лиҳоз, Анасҷон мунтазир шуд. Ӯро боз кӯи андешаҳо ба сӯи худ бурд. Рӯзи аввали вохӯриашро бо муаллим пеши назар овард. Якуми сентябр. Саҳни гимназия ё худ таҳсилгоҳи ҷумҳуриявии ноҳияи Данғара пур аз талаба буд. Ҳама либосҳои идона ба бар доштанд, дар чеҳраи хонандагон осори шодӣ ҳувайдо буд. Дӯстони мактабӣ баъди таътили тобистона якдигарро дида, шодикунон оғӯш мекушоданд. Анасҷон нав ба гимназия омадааст. Дақиқтараш аз як
мактаби дигар барои идомаи таҳсил ба гимназия гузашт. Дар мактаби нав касеро намешинохт. Ӯ дар як тараф хомӯшона ба манзараи саҳни мактаб назора мекард ва интизори чеҳраи шиносе буд. Ногаҳон чеҳраи Анасҷон шукуфт. Муаллимеро дид, ки бо маслиҳаташ аз деҳа ба маркази ноҳия барои таҳсил омада буд. Муаллим шитоб дошт, шояд ба ягон кори муҳим дер монда буд, аммо бисёр марди оромтабиат ва ботамкин буд. Вақте Анасҷон бо муаллим рӯ ба рӯ омад, муаллим гуфт: “Биё ман туро бо муаллими забон ва адабиёт шинос кунам. Ту, ба фикрам, барои омода шудан барои олимпиада аз фани забон ва адабиёт иловатан дарс мегирӣ. Ҳамин тавр не?”
Офтоби ғунчаҳо То омадани муаллими забон ва адабиёт муаллим Анасро “имтиҳон” кард. – Ман муаллими химияву биолоия ҳастам, - ёдовар шуд муаллим. - Лекин аз забон ва адабиёт ҳам каму беш огоҳӣ дорам. Сипас ҷониби ду писараке, ки яке ором менишасту дигаре бо духтарон дастбагиребон буд, ишора намуда гуфт: Оҳану пӯлод аз як хома меояд бурун, Ин яке шамшери тезу дигаре наъли хар аст. Ҳанӯз суҳбаташон тамом нашуда, муаллими забон ва адабиёт назди онҳо ҳозир шуд. Муаллим Анасҷонро бо муаллими забону адабиёт ошно карда, паси кори худ рафт. Анасҷон ҷавоби мисраъҳои шеъриро аз устодаш пурсон шуд. Муаллими забон пай бурд, ки ин саволро муаллими биология ба ӯ гуфтааст. Баъди ҷавоби савол муаллим ба Анасҷон таъкид намуд, ки метавонад баъзе чизҳоро аз муаллими биология ҳам пурсад. Баъдан феълу рафтори муаллимро ба Анасҷон ҳикоят кард... Бале, ин омӯзгори хоксору ба шогирдон меҳрубон Амиралӣ Ташрифов аст. Ӯ соли 1961 дар
деҳаи Рахшонзамини (собиқ Бошбулоқ) ноҳияи Данғара дар оилаи рӯзноманигор ба дунё омадааст. Баъди хатми мактаби №7 (ҳозира Гимназияи ҷумҳуриявӣ) соли 1978 шомили факултети химияву биологияи Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ шуда, соли 1983 донишгоҳро хатм мекунад. Аз соли 1983 ба ҳайси муаллими фанни химия ва биология дар Гимназияи ҷумҳуриявии ноҳияи Данғара фаъолият мекунад. Аълочии маорифи Тоҷикистон, дорандаи ифтихорномаи Вазорати маориф ва илми ҷумҳурӣ аст. Хислати наҷиби муаллим он аст, ки бо шогирдон муносибати падарона дорад. Ӯ барои толибилмони гимназия ҳамчун муаллими ғамхор муаррифӣ гаштааст. Хонандагон дар ҳар маврид аз муаллим маслиҳат мепурсанд. Муаллим ҳам барои эшон маслиҳатгари беминнат аст. Барои бисёриҳо рафиқи боваринок ҳам ҳаст. Як усули дарсгузариашон ин аст, ки ҳамеша дарсҳояшро бо панде аз бузургон оғоз мекунад. Мушоҳидакорӣ ва нигоҳ доштани сири дигарон аз хислатҳои дигари муаллим аст.
www.javonon.tj
Бо пайроҳаи ӯ меравем Ҳаёт ва таҷрибаи пурғановату талош барои рӯзии ҳалол дар зиндагӣ шахсиятҳоро обутоб дода, ба камол мерасонад. Зумрае ҳастанд, ки воқеан ҳастии худро барои рӯзи беҳи дигарон фидо мекунанд. Ба ибораи дигар барои он зиндагӣ мекунанд, ки ба дигарон ҳаёт бахшанд. Муаллимон аз ҳамин тоифаанд. Кори онҳо рӯшноӣ бахшидан ба зулмоти зиндагист. Рисолати эшон раҳнамо будан ба фарзанди инсон аст. Аз ҳамин лиҳоз муаллимон ашхоси муборак ва шарафманде ҳастанд, ки бевосита дар рӯзгори ҳар як нафар нақши барҷаста доранд. Ҳатман ҳар нафареро омӯзгоре ҳаст ва нақшу тарҳи симои ҳамон нахустомӯзгор дар лавҳи хо-
тири мо то дер боқӣ мемонад... Икром Неъматов аз зумраи нафаронест, ки беҳтарин лаҳзаҳои ҳаёти худро барои хизмати мардуми диёраш бахшидааст. Дар пойи суҳбаташ нишаста кас ба олами бойи маънову ахлоқи баланди инсониаш қоил нашуда наметавонад. Дар воқеъ фаъолияти корию заҳматҳои кашидаи ӯ намунаи ибрат аст. Устод андешаи нек, фикри солим ва меҳри бузурги инсонӣ дорад. Ҳамин аст, ки ҳар шогирди ӯ орзуи рафтан ба пайроҳаи устод мекунад. Икром Неъматов ҳоло 61 сол дорад. Ӯ 25 апрели соли 1955 дар деҳаи Хами Савраи ҷамоати Ҷавонони ноҳияи Файзобод,
То ҳол беш аз 50 нафар шогирди тарбиянамудааш дар гӯшаю канори ҷумҳурӣ ва берун аз кишвар, дар Украинаву Русия кору фаъолият доранд, ки аз шогирди чунин устоди ҳалиму меҳрубон будан мефахранд. Тайи шаш соли охир шогирдонаш дар олимпиадаи ҷумҳуриявӣ 16 медал ба даст овардаанд. Аз ин шаш медалаш тилло мебошад. Тӯли ин солҳо Амиралӣ Ташрифов бо заҳмати қалами омӯзгорӣ чор фарзандашро ба воя расонида, соҳиби маълумоти олӣ намудааст. Фарзанди дуюмаш баъди хатми Донишгоҳи тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯали ибни Сино дар бемористони ноҳия ба ҳайси табиби бемориҳои кӯдакона фаъолият мекунад. Тамкину хоксориро муаллим аз падараш мерос гирифтааст. Дар деҳа оилаи Ташрифовҳо намунаи ибрати дигаронанд. Падари муаллим 20 сол муҳаррири рӯзномаи “Симои Данғара” (“Навобод”) буда, бо заҳмати рӯзноманигорӣ фарзандонашро ба воя расондааст. Соли гузашта 10 шогирдаш аз тариқи Маркази миллии тестӣ шомили Донишгоҳи тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино гардиданд.
дар оилаи хизматчӣ таваллуд шудааст. Маълумоти миёнаро дар мактаби зодгоҳаш гирифта, соли 1972 ба Донишгоҳи омӯзгории шаҳри Душанбе дохил мешавад. Пас аз хатми донишгоҳ бо роҳхати Вазорати маорифи ҷумҳурӣ ба зодгоҳ баргашта, фаъолияти меҳнатиашро ҳамчун омӯзгор аз мактаби миёнаи рақами 22-и ноҳияи Файзобод оғоз менамояд. Баътар ӯро директори мактаби №23-и ноҳия таъин менамоянд. Аз моҳи ноябри соли 1985 Икром Неъматовро ба Кумитаи ҳизбии ноҳия ба кор даъват менамоянд. Вай дар вазифаҳои нозир ва ҷонишини мудири шуъбаи агитатсия ва пропагандаи кумитаи ҳизби ноҳия кор кардааст. Сипас котиби кумитаи ҳизби хоҷагии “Файзобод” интихоб мегардад, ки дар ин вазифа то соли 1991 фаъолият намудааст. Моҳи сентябри соли 1991 барои таҳсил
Муаллим, тавре гуфтем, аз адабиёт ҳам огоҳии амиқ доранд. Гоҳ-гоҳ шеър ҳам менависанд. Як усули дигари дарсгузарии муаллим Ташрифов он аст, ки пеш аз оғози дарси нав чанд дақиқа дониши шогирдонро месанҷад. Дар рӯзҳои аввали дарс ягона нафаре, ки ҳайрон - ҳайрон ба ин равиши дарсгузарӣ менигарист, Анасҷон буд. Дар 45 дақиқаи дарс касе дар синфхона ором наменишаст. Тахтаи синфро се қисмат карда, як гурӯҳ ба навиштани формулаҳои химиявӣ машғул буданд. Шогирдони махсусе дар ҳар як синфхона дошт, ки дар баробари муаллим дигаронро мепурсиданд. То як саволи ғайричашмдошти муаллим Анасҷон ба фанни биология шавқ надошт. “Чаро ранги хуни шумо сабз нею, сафед нею сурх аст?”, - пурсида буд муаллим аз вай. Ин барои шигирдони муаллим саволи оддӣ буд, вале Анасҷон барои посух ба ин савол китобҳои зиёдро варақ зад. Ҳамин савол ва ҷустанҳои зиёд сабаб шуд, ки нигоҳи Анасҷон ба фанни биология тамоман дигар шавад. Ӯ ҳам аз ин пас дар вақти дарс ором наменишаст... Риштаи хаёли Анасҷонро садои кушода шудани дар канд. Муаллимро аз шуъбаи эҳёгарӣ ба палата оварданд. Ҳолаташ хуб менамуд. Баробари ворид шудан ҷониби ҳамшира гуфт: - Хоҳар, сиҳат шудаам, кай ҷавобам медиҳед? Муаллимро пайвандонаш ба такрор мегуфтанд, ки аввал ғами саломатиашро хӯрад, баъд мактабу шогирдон гӯяд. Вале танҳо Ансаҷон эҳсос мекард, ки муаллим кайфияту оромие, ки аз дарс бо шогирдонаш мебардорад, аз ҳама дорую дармон ва малҳамҳои беморхона афзалтаранд. Воқеан, муаллимон офтобро мемонанд, ки болои сари шогирдон нурпошӣ мекунанд. Ба даргоҳи Худованд дуо мекунем, ки зудтар муаллими ғамхори шогирдон шифо ёфта, ба мактаб, ба синфхона назди бачаҳо баргардад. Биё, муаллим, ки ҳазорон ғунҷаҳои ношукуфта, эҳтиёҷ ба шукуфтан доранд. Шифо ёбу саломат бош, эй “офтоби ғунчаҳои навшукуфта”.
ба мактаби олии ҳизби шаҳри Тошканд фиристода мешавад. Сипас соли 1993 ба Файзобод баргашта, дар кумитаи ҳизбии ноҳия аввал котиб баъд котиби дуюм ва котиби аввали кумитаи ҳизбии ноҳия интихоб мешавад. Хизматҳои Икром Неъматов бо унвони Аълочии маорифи халқ, Ифтихорномаҳои Вазорати маорифи Ҷумҳурӣ ва бо медали 140-солагии В.И.Ленин қадрдонӣ гардидааст. Дарси одаму одамгарӣ ахлоқу инсондӯстиро ба садҳо шогирдон омӯзонда, эшонро ба роҳи дурусти зиндагӣ раҳнамоӣ кардааст. Имрӯз ҳар яке бо ифтихор аз устод ёд мекунанд, ки барои як омӯзгор беҳтарин туҳфа аст. Мо ба устоди арҷманд умри дарози бобаракат, сиҳатмандӣ ва хотири ҷамъу табъи болида ва рӯзгори хуш орзу мекунем. Гулбаҳор РАҲМОНОВА, “ҶТ”
МАСЛИҲАТИ “ҶАВОНОН...“
«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН» №8 (9434), 25 феврали соли 2016
е-mail: javonontj@mail.ru
Маслиҳатҳои муфид барои волидон
13
Равоншинос Елена Макаренко рӯйхати ҷумлаҳоеро ки ҳатман ба кӯдакон бояд бигӯем, тартиб додааст. Ба қавли ӯ ин ҷумлаҳо барои рушди солимии кӯдак таъсир расонда, кӯдак бо шунидани он худро дӯстдоштанӣ, маҳбуб, устувор дониста, аз буданаш розӣ мешавад ва ба қадри шумову атрофиён мерасад. Бигӯед: • Ман туро дӯст медорам; • Беғараз ман туро дӯст медорам; • Туро ҳатто замони ғазаболудагият дӯст медорам; • Туро ҳатто замоне, ки ба ғазаб меориям, дӯст медорам; • Туро замони дурият дӯст медорам; • Агар имкони интихоби дубораи кӯдакон бошад, ман албатта туро интихоб мекардам; • Бо ту бозӣ кардан бароям писанд аст; Нақл кунед: • Дар бораи таърихи таваллуд ва зода шудани ӯ; • Чӣ гуна шумо ӯро бузург кардеду чӣ хотироти ширине доред; • Чӣ тавр ба онҳо ва ё ба ӯ ном фикр кардед ва чаро маҳз ҳамин номро ба ӯ гузоштаед; • Дар бораи худатон дар синну соли вай; • Рангҳои дӯстдоштаи шумо; • Чӣ гуна барои шумо ҳам баъзан мушкил аст ё мушкил буд; • Дар ояндаи наздик чӣ гуна нақшаҳои ҷолиб доред; • Кору вазифаи шумо аз чӣ иборат аст? Гӯш кунед: • ки фарзанди шумо дар мошин дар бораи чӣ гап мезанад ва мепурсад? • ӯ дар бораи бозичаҳои худаш чӣ фикр дорад? • ки дар кадом мавзуъ ӯ ба кӯмаки шумо ниёзи бештар дорад? • аз суханҳояш дар бораи эҳсосоти ӯ маълумот дарёбед. Пурсед, ки: • Чаро фалон ҳодиса рух дод? • Агар фалон кор намешуд, чӣ ҳолат рух медод; • Ӯ дар хамон ҳолат чӣ кор мекард? • Тӯли ҳамин рӯз ҳодисаи аз ҳама гуворо кадом ҳодиса буд? Нишон бидиҳед: • Чӣ корро шумо ва ӯ метавонистед, ки якҷо бикунед? • Чӣ гуна аз коғаз чизеро бояд сохт? • Чӣ гуна бояд ғизо хӯрд ва чиро бо чӣ намехӯранд? • Барои ба кадом саволи худ ҷавоб ёфтан чӣ кор бояд кард? Аз кӣ пурсид? Аз куҷо ҷавоб пайдо кард? • То чӣ андоза ба худ аҳамият додан муҳим аст? Барои ин корҳо бояд вақт ҷудо кунед: • Барои тамошои корҳои сохтмонӣ ва ободкорӣ; • Барои назораи парвози парандаҳо; • Барои омода кардани ин ё он ғизо; • Барои ба сафар баромадан, кӯҳу дашту саҳро рафтан; • Барои машғулиятҳои мактабӣ, дарс ва супоришҳои устодон; • Барои тамошои бозии кӯдакатон. Чӣ гуна бояд кӯдакатонро хурсанд кунед: • Барояш ягон сюрприз ё туҳфаи ногаҳонӣ кунед; • Дар сумкааш ширинӣ пинҳон созеду амалкарди ӯро назора кунед; • Ғизоии ӯро эҷодкорона тайёр кунед; • Ҳамроҳи ӯ бозӣ кунед.
Дареғ надоред: • Нигоҳи самимонаро; • Табассуми бе сохтакориро; • Вақтро барои ҷавоб ба саволҳои ӯ; • Насиҳат кардану роҳи дуруст нишон доданро; • Шароит ва имконоти оббозӣ, дарстайёркунӣ, истироҳат ва фароғатро; • Пулро барои саводнокӣ, саломатӣ ва зебоии ӯ.
На ҳар кадбону тасаввур карда метавонад, ки то чӣ андоза собуни ҷомашӯиро дар рӯзгор метавон васеъ истифода бурд. Ҳол он ки ин порчаи малларанг метавонад миқдори зиёди воситаҳои шӯяндагиро иваз намуда, ба молҳои гаронбаҳое, ки рафҳои марказҳои тиҷоратиро зеб медиҳанд, рақобат намояд. РӮЗГОР Собуни ҷомашӯӣ тамоми чирку доғҳоро чӣ бо оби гарм ва чӣ бо оби сард ба осонӣ мешӯяд. Вай аллергия намекунад ва компонентҳои агрессивӣ ҳам надорад. Аз ин рӯ барои шустани либосу рӯкашҳои кӯрпачаи кӯдакона воситаи шӯяндаи ивазнашаванда мебошад. Барои пешгирии салмонеллёз тухми мурғро бо собуни ҷомашӯӣ шустан зарур аст. Умуман бо собуни ҷомашӯӣ дар хона ҳама чизро метавон шуст. Агар бо он ҷӯробу пойҳоятонро шӯед, метавонед бемориҳои занбурӯғиро тамоман фаромӯш кунед. Фарш (пол), дару тиреза, яхдон, унитаз ва дастшӯяки бо собуни ҷомашӯӣ шусташуда дезинфексия мешаванд. Собунобаи собуни ҷомашӯӣ ва сода зарфҳоро аз пасмондаҳои хӯрок ва равған тоза намуда, онҳоро дезинфексия мекунанд. аксар васоити шӯяндагии имрӯза аз рӯи зарф пурра намераванд ва моддаҳои фаъоли дар зарф боқимонда барои саломатӣ зарар мерасонанд. Собуни ҷомашӯӣ бошад ҳам беҳтар мешӯяд ва ҳам баъди шустан моддаҳои зарарнок боқӣ намемонад. Меваю сабзавотро дар оби андаке собундор шустан лозим аст, алалхусус меваю сабзавоте, ки бо васоити химиявӣ коркард шудаанд. Агар хоҳед, ки рахи шиматон дуру дароз истад, бояд
дохили шимро бо собуни ҷомашӯии хушк 2-3 бор “хат” кашед. Сипас тарафи ростаи шимро дарзмол кунед. КОСМЕТОЛОГИЯ Ба ёрии собуни ҷомашӯӣ метавон аз доначаҳои рӯй халос шуд. Ниқоби иборат аз кафки собун ва намакро ба рӯй молида, баъди ним соат онро бо оби тоза шӯед. Барои ба мақсад расидан ин муолиҷаро ҳар рӯз тайи ду ҳафта такрор кунед. Бо мақсади пешгирӣ (профилактика) ҳафтае ду маротиба анҷом бояд дод. Собуни ҷомашӯӣ дар якҷоягӣ бо ҷӯшобаи гиёҳҳо барои муолиҷаи рехтани мӯйи сар давои беҳтарин аст. Пайваста шустани сар бо собуни ҷомашӯӣ воситаи беҳтарини халосӣ аз сабӯсак мебошад. Агар кафи поятон кафида бошад, ҳар рӯз дар ду литр оби нарм як қошуқча сода ва як қошуқи калон собуни ҷомашӯии резашударо ҳал карда, поятонро дар он нигоҳ доред. Ин ваннаи собуну содагиро то сиҳат шудани пой идома диҳед. Пеш аз риш гирифтан рӯйро бо кафи собуни ҷомашӯӣ тар намоед. Баъди ришгирӣ рӯйро тоза бишӯед. Таровати пӯст боқӣ монда, рӯй озурда намешавад. САНИТАРИЯ ВА ГИГИЕНА Пеш аз ворид шудан ба
ҷойҳои ҷамъиятӣ – беморхона, ҳавз, ҳаммом, дастону пойҳоро ба собуноба тар кунеду нашӯед. Бигзоред, ки собуноба худ аз худ хушк шавад. Дар ин сурат дар рӯи пӯст ба муқобили микробҳо қабати тунуки муҳофизатӣ пайдо мешавад. Барои дезинфексияи шона, дандоншӯяк, ашёи ороишӣ (“рангуборкунӣ”) онҳоро бо собуни ҷомашӯӣ пайваста бишӯед. Бо мақсади самаранокии бештари амалиёти безараргардонӣ ин ашёро тамоми шаб дар собуноба тар кунед. ОБЧАКОРИЮ БОҒДОРӢ Агар пеш аз кор дар киштзор дастро дар собуноба тар карда, бо нохунҳо собунро каме харошед, ягон хел ифлосӣ ба пӯсти даст ворид намешавад. Бо собуноба боғро ба зидди шира, тортанаккана, ҳар гуна қунғузакҳо ва дигар зараррасонро коркард намудан мумкин аст. Ҳоло дастгоҳҳои дорузанӣ дар бозор фаровонанд. Ба он собунобаро рехта, баргу шохҳои осебдидаро коркард намоед. Бо ин мақсад метавонед собунобаи барои шустани зарфҳо истифодакардаатонро ба кор баред. Аммо зарфҳо бояд бо собуни ҷомашӯӣ шуста шуда бошанд, на бо васоити синтетикии шустушӯй. Таҳияи С.АМИНИЁН
www.javonon.tj
Инҳоро сарфи назар кунед: • Баъзе камиву нофаҳмиҳоро; • Талаботи хеле ҷиддӣ ва иҷронашавандаро; • Ҳамеша худро ҳақ шумурданро.
Истифодаи васеи собуни ҷомашӯӣ дар рӯзгор
е-mail: javonontj@mail.ru
14
КИТОБХОНАИ “ҶАВОНОН...“
«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН» №8 (9434), 25 феврали соли 2016
Нуруллоҳи ОРИФ
25 соли Истиқлол Ҳаст Истиқлоли мо дар биступанҷ, Ҳаст Истиқлоли мо чун кони ганҷ. Бо гапи бадхоҳу бадандешҳо Муддате дидем мо аз хеш ранҷ. Ранҷ дида, хештанро наҳ задем, Бар сари худ мушт чун аблаҳ задем. Кӯрдилҳоро ба минбар хостем, Родмардонро ҳама аз раҳ задем. Дид, мелангад ба майдон пои мо, Хест аз ҷо сарвари донои мо. Баҳри ҳар фарди ба хуни хеш ғарқ Қисса кард аз даҳшати фардои мо. Аз Худованди вадудаш ёд кард, Ҳақ ба ӯ аз таҳти дил имдод кард. Хонд аз ҳар дар ба кишвар халқро, Қалби ҷумла пиру барно шод кард. Дар сафар бори гарон бар дӯш кард, Қулти оберо ба зӯрӣ нӯш кард. Раҳ ба раҳ ҳамчун падар бо амри дил Ҳар ятимеро, ки дид, оғӯш кард.
Пешвои миллат Нонат ҳалол бодо, Эй Пешвои миллат. З-он дам, ки сарварӣ ту, Миллат надид иллат. Хоби шабат паронда, Хидмат ба халқ кардӣ. Пай бурд ҳар як инсон, Бас беназир мардӣ.
Офарин, сад офарин бар кори ӯ, Буд беайбу хато рафтори ӯ. Рӯз он сӯ, дар ғурӯби шом ҳам Гашт хуршеди дурахшон ёри ӯ. Ҳаст Истиқлоли мо дар биступанҷ, Ҳаст Истиқлоли мо чун кони ганҷ. Шукри Ҳақ, ки дод бар мо Пешво, Пас, намехоҳем аз нав дид ранҷ.
Хонаи падарӣ Падарам як хона бино кард, Пойбасташ гӯйӣ аз дил буд. Хонаи атроф шифирпӯш, Боми он аз коҳу аз гил буд. Чак-чакӣ мегашт дар борон, Фарши он аз коса пур мешуд. Дар шаби тӯю азодорӣ, Аз касони хоса пур мешуд. Рӯзи сармои зимистонӣ, Модарам дар хона хас мебаст, Гармии тафдони бобоӣ, Гӯиё роҳи нафас мебаст. Нисбати ҳамсояманзилҳо Хонаи мо сирф одӣ буд. Дар сари ҳар мехи девораш, Чанбари гулҳои шодӣ буд. То нагардад ҳуснкоҳида, Ину онаш соз мекардам. Гоҳ девори дурушташро, Бо гиле пардоз мекардам. Хоҳарам низ орзуяшро, Рӯи соне бо ҳавас мерехт, Бар дару тирезаи хона, Пардаи пурнақш меовехт. Бе симо буду валекин буд, Чашми ҳар тиреза симояш. Додарам дар пушти он мехонд, Шод будем аз тамошояш. Бо дару девори фарсуда, Мо будему хона зебо буд. Бо ҳама он соҳати тангаш, Мо будему хона дунё буд.
Аз ҷанг дур гаштем Бо азму бо талошат. Шабро шикаст додӣ, Бо ақли нурпошат.
Чун ба ҳар сӯ бол бикшодем, Аз пайи ризқи пареши худ. Додарам монду ба танҳоӣ Хонаҳоро сарнагун бинмуд.
Чун туст чеҳрахандон, Имрӯз Тоҷикистон. Мо фахр бо ту дорем, Пайгири Оли Сомон.
Хонаи нав сохт дар ҷояш, (Аз бинои дигарон кам нест). Лек фарши чӯбии паҳнаш, Бар дили афгор малҳам нест.
Ҷалолиддин НУРОВ
Ҳоҷии ширинзабон гум кардаам Дар сӯгвории падари бузургворам Ҳоҷӣ Низомиддин Гавҳари якдонаи давру замон гум кардаам. Юсуфам, Яъқуби худро ногаҳон гум кардаам. Ҳоҷии роҳи Худо, алқисса ҳангоми тавоф, Каъбаро бо қиблаи рӯйи ҷаҳон гум кардаам. Рӯ ба рӯ вақти ибодат бо Худои зулҷалол, Дар сари саҷҷодаам, бонги азон гум кардаам.
www.javonon.tj
Ҳамроҳи АВЛИЁПУР
Мисли Аҳмад дар шаби меъроҷ дар роҳи Худо, Ҷабраили хешро дар каҳкашон гум кардааам. Субҳи содиқ дар баҳори гулфишони зиндагӣ, Бӯи гул бо накҳати боди вазон гум кардаам. Хоки олам бар сарам, аз бахти шумам сад дареғ, Хизри умри хешро хеле ҷавон гум кардаам. Чун Ҷалолиддини Нурӣ дар замони зиндагӣ, Ҳоҷии гулдастаи ширинзабон гум кардаам.
Дар хаёлам баъди ин аз нав, Кӯдакиям бе падар гардид. Роҳро гум карда то хона, Бачагиям дар ба дар гардид.
Манзараи Ватан
Оҳ, бар дарки ин ҷаҳони ҳусн, Кас набояд ба мояаш афзуд. Балки дидаву гӯши дарё дошт, Ё дар ин хок зода бояд шуд.
Риш Оҳ, аз дасти кадомин риш Ин ҳама озору ин ташвиш. Хоҳам аз озор-ш бигрезам, Мефишорад боз беш аз пеш. Аз қафоям медавад чун гург, Рӯзу шаб дар пӯстини меш. Маслакаш моро фиребидан, О, намедонам ин кадомин кеш. Баъди захме чанд донистам, Дар ҷаҳоне нест хайрандеш.
Имшаб Имшаб дилам, ки шуълаи маҳтоб мехӯрад Аз чашмасори рӯшани шаб об мехӯрад. Давре ба рӯш нохуни мизроб мехалид, Акнун майе зи соғари мизроб мехӯрад. Дирӯз гар зи шарфаи амвоҷ мерамид, Ҳоло чу сел, бин, сари гирдоб мехӯрад. Як давра гарчӣ бар лабаш сад доғ мекашид, Ин лаҳза шукр, маскаи ноёб мехӯрад. Поён ниҳад бар ҳама душмангурезиҳо, Дар хони дӯст кулчаи аҳбоб мехӯрад.
Дубайтиҳо
Дар баландӣ чанори дерина, Решааш то ҳанӯз маҳкам аст. Бод бо баргакаш кунад бозӣ, Гӯйӣ дар пештоқ парчам аст.
Каме чашми диламро роғ мондам, Ба рӯят бӯса-бӯса боғ мондам. Нагардад шуста то аз ҷодаи ашк, Ба карбоси хаёлат доғ мондам.
Дар таги чашмасор чун алмос, Медурахшад ситора шабҳангом. Моҳ дар қаъри ҳавзи қириранг, Мехезад мисли сангпушт ором.
Саратро берун аз дар мекунӣ, не? Ба дидорат муясар мекунӣ, не? Ман аз бедавлатӣ санги сабукам, Тарозуро баробар мекунӣ, не?
Қуллаҳо зери чодари шабранг, Гӯйӣ аслиҳаи зиреҳпӯшанд. Пуштаҳо ҳамчу марзбононе, Дар раҳи хасм дидаву гӯшанд.
Чаро, эй дил, чаро ту дар азобӣ? Ба чашми баста ҳар ҷо мешитобӣ. Ба рӯи тобаи тафсони дунё, Бидон, на бешу кам, як ҷуръа обӣ.
Садае пурвиқор дар мӯяш, Шонаи бод раҳ намеёбад. Шохае рӯи бистари сангин. Бар кафаш такя дода мехобад.
Ҷаҳоне ёфтам аз пояи барг, Қароре ёфтам дар сояи барг. Дареғ аз оҷизӣ меафтам охир, Сари раҳ чун кафи бемояи барг.
Кӯҳ аз пушти кӯҳ саф баста, Дафтари шеъри нобро монад. То насозад ба дил варақгардон. Мазмунашро касе намедонад.
Чаро хоҳӣ, майи асҳоб хӯрем, Зи ҷӯи кандаи ту об хӯрем. Ба сӯи офтоб амсоли вартоҷ, Шабу рӯз аз пайи ту тоб хӯрем?
САЙҚАЛИ ХОТИРА
«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН» №8 (9434), 25 феврали соли 2016 Хаймаи кучманчии туркзабон
Бетаъм, фач
... Баччан, актёри њиндї
Шакли кўтоњи номи Юрий
Дарвозаи футбол дорад
Ба њамлагар халал мерасонад (футб.)
Моњи аввали соли њиљрии ќамарї
Мунаввар, торик не
Як мазњаби ислом
Њазор бе ду нол
Диндор
Љое, ки њафт … аст, чанг то зону аст
Шакли кўтоњи номи Маргарита
Ќатори бозор
Ба он кашида, ќатл мекунанд
Ширинї аз мева
Нисфи диаметр Дўстдоранда, дилбохта
«Дониш … дил чароѓи равшан аст»
Антоними «мураккаб»
... Љўраева, сароянда
Мошиндорон ба он об мерезанд
Кофарнињон, Вахш ё Нил
Тинљї, Њайвони хоосоиштагї нагї
Гўянда, диктор
Андозаи мили яроќ
Хатм, поён
Зарф барои нигоњдории нон
Барномаи њозирљавобони ТВ-и Русия
Одам
Халифаи аввалини мусулмонон
Бача дар мактаб
Норасої, гуноњ
Садбарг ё хорпушт дорад
Муаллим мехонад, талаба менависад
Лаќаби шавњари сарояндаи рус Н. Королёва
Ба он латта печонда, фарш мешўянд
Дунболагирї
«Хайр!»-и итолиёї, ќофия ба «какао»
Мева барои мураббо
Касе, ки хондану навиштанро метавонад
...-и Сирољиддин, сароянда
«Гар май бихўрї, ту бо …он хўр» (Хайём)
«Суруд»-и зоѓ
Хушдоман
«Ватан» ё «Азияплюс»
...у ишрат
Муќобили «нодор»
Тамѓаи автомобили боркаш аз Минск
Тухми зардолу
Ќоидаи либоспўшии зани мусулмон
Осудагї Дуои бади падар
Сенбернар, чўпонї ё булдог - …и саг
Муќобили лалмї
Нота
Афзун, бисёр
Гиёњи хушбўй, укроп
Нўли яроќи оташфишон
«Х» дар алгебра
Муќобили «воридот»
Баногоњ, тасодуфан
«Мард бояд, ки … нашавад» (тарсон)
Модар (лањља)
...2109 (лада)
... ву ишора
«Холаи њамакора, њама кораш …»
Ња, оре Ширинї аз какао
Зеб, њусн
Њам сад њазор ва њам ранги нохун
Боз, нобаста
Рўпўши пластикї барои фарши хона
Њарфи «н»-и арабї
Бозрасї барои назорати тартибот дар роњ
Ќисми компютер
Њабиб ..., сароянда
www.javonon.tj
… Айнї, адиби тољик
Эзори васеъи мардона
Фармон
Дарахти сояафкан Заиф, суст
е-mail: javonontj@mail.ru
Варзишгоњ барои аспакињо
15
е-mail: javonontj@mail.ru
16
ФАРОҒАТИ ҶАВОНОН
«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН» №8 (9434), 25 феврали соли 2016
Лутфи ҷавонӣ
ОБУНА - 2016
Бо “Ҷавонони Тоҷикистон” ҳамеша ҷавон мемонед!
Салим, ки аз тиреза нигоҳ дошт, баногоҳ давида назди модараш меояд ва мегӯяд: – Очаҷон, падарам меояд. Аввал чиро ба ӯ нишон медиҳем: рӯзномаи маро ё куртаи нави туро?
Обуна ба рӯзномаи “Ҷавонони Тоҷикистон” барои соли 2016 идома дорад. Нархи обуна аз тариқи идораи рӯзнома: - барои як сол - 65 сомонӣ - барои шаш моҳ - 34 сомонӣ - барои се моҳ - 18 сомонӣ муқаррар шудааст. Ин арзиш бо назардошти бурда расондан ба нақша гирифта шудааст. Шумо обуна шавед, мо сари вақт рӯзномаро мерасонем. Инчунин, Шумо ба воситаи шуъбаҳои алоқаи шаҳру ноҳияҳо метавонед ба ягона рӯзномаи ҷавонон обуна шавед. Нархи яксолаи обуна ба воситаи почта 87,48 сомонӣ. Суратҳисоби бонкии рӯзнома: р/с №20202972500232101000, кор/с 20402972316254, ИНН 030000301, МФО 350101626 Бонки давлатии амонатгузории Тоҷикистон “Амонатбонк”. Индекси обуна 68857.
***
Муаллима: - Салимҷон, ин кадом замон аст: “Ман тоза мекунам, ту тоза мекунӣ, ӯ тоза мекунад”? Салим: - Пеш аз ид.
***
Салими шашсола: - Бобоҷон, аз нафақаатон 1000 сомонӣ қарз диҳед, ман аз нафақаам бармегардонам.
***
Муаллима: - Ту танҳо то 10 шумурда метавонӣ, тамом? Салим: - Бале. Муаллима: - Бо ин ҳол дар оянда кӣ мешавӣ? Салим: - Довари бокс!
АНДАРЗ
Мор ва шир Дар яке аз деҳаҳои дурдаст зану марди фақире зиндагӣ мекарданд. Онҳо дар бисоти худ як писар доштанд, ки ӯ ҳам ноқобил ва гапнодаро буд. Гарчанде писарашон ба балоғат расидаву ҷавони зирак буд, вале волидонашро дар пешбурди зиндагӣ дастгирӣ намекард. Аммо талаби маблағ ва масраф намудани беҳударо дӯст медошт. Воситаи рӯзгузаронӣ барои ин оилаи фақир ширфурӯшӣ буд. Онҳо як гови ширдеҳ доштанд, ки ҳар рӯз шири ӯро марди хонадон ба фурӯш мебаровард.
даромад. Мард хеле ғамгин гашт, ки аз нони имрӯзааш бенасиб монд. Бо азобе аз ҷо бархест ва кӯзаи холиро бардошт. Ногаҳон чашмаш ба тангаи тилло афтод. Пай бурд, ки ин тангаро мор барои ҳаққи шир додааст. Хеле хушбахт буд. Дигар гӯё дардашро фаромӯш карда бошад, бо хушнуди кӯзаи шир дар даст ба роҳ баромад ва ҳар рӯз ҳамсарашро бо тангаи тиллои меовардааш дар ҳайрат мегузошт. Дар ин муддат бо мор дӯстӣ пайдо кард ва дар деҳа яке аз нафарони сарватманд гашт. Писараш гӯё ба падар ҳасад мебурд ва хоҳиш намуд, ки минбаъд ширро барои фурӯш ӯ бубарад. Падар ин тасмими писарашро напазируфт ва намехост, ки аз сирри ниҳонии ӯ касе бохабар гардад. Писар илоҷе карда, дили падарро ёфт ва рӯзи дигар худ кӯзаи ширро гирифта, ба роҳ баромад. Чун падар дар бораи баъзан истироҳат намуданаш аз хастагии зиёд дар наз-
www.javonon.tj
Марди солор ширро ба маркази ноҳия мебурд, ки чанд даштро тай намуда, баъд ба ҷойи лозима мерасид. Ҳар боре барои фурӯши шир мерафт, хаста мешуд ва зери сояи санги азиме дам гирифта, боз роҳашро идома медод. Вале писарро азобу машаққати падар заррае ҳам нороҳат намекард. Рӯзе мард аз хастагӣ дигар мадори роҳ гаштан накард ва дар ҷойи ҳаррӯза дам гирифта, ногаҳон хобаш бурд. Баъд аз чанде бо ҳарос бедор шуду дид, ки мори бузурге кӯзаи ширашро нӯшиду боз ба сурохӣ Рӯзнома таҳти рақами 0120/рз аз 22 сентябри соли 2014 дар Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон сабти ном шудааст. Нишонӣ: 734018, шаҳри Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ, 16, ошёнаҳои 1 ва 4
САРМУҲАРРИР
Бахтовар КАРИМОВ
ди санги бузург ба писараш гуфта буд, ӯ низ бирафт ва назди санг дам гирифт. Писарро ғанаб бурд. Овози хишир-хишир ногаҳон аз хоб бедораш кард ва сари морро даруни кӯзаи шир дида, ба ҳайрат афтод ва якбора бо корд ба думи мор зад. Думи мор аз танаш ҷудо гардиду мор бо хашм ба писар нигариста, ба ӯ ҳамла кард. Ҳамин тавр, писари ягонаи ширфурӯш аз заҳри мор ба ҳалокат расид. Баъди чанд ҳафта марди заиф боз кӯза дар даст ба роҳ баромад. Мисли пештара дар назди санг каме дам гирифт. Вале аз мор дарак набуд. Ба сӯрохие, ки мор онро барояш манзил медонист, наздик шуда, бо овози ларзон морро садо кард. Аммо ҷавобе ё ишорае надид. Ба кӯзааш наздик шуда, овози одамиро шунид. Ин мор буд, ки бо забони одамӣ ҳарф мезад. Мард аз мор пурсид, ки чаро дигар намехоҳад аз шири овардааш бинӯшад. Магар ӯро ранҷондааст? Мор сарашро боло намуда, ба мард бо меҳр нигоҳ афканда, илова намуд, ки дигар дӯстии онҳо наметавонад идома ёбад. Аммо пирамард кӯшиш мекард ба мор фаҳмонад, ки ӯ гуноҳе надорад ва писараш ганаҳкор аст. Мор бо меҳрубонӣ ва озурдагӣ ба мард нигариста гуфт, ки “Лаззати шири овардаатро пазмон мешавам. Вале чӣ илоҷ, ин дӯстии моро нафари ба ҷон баробарат аз байн бурд. Мо дигар наметавонем риштаи дӯстиамонро бипайвандем, чун вақте маро мебинӣ, фарзандат, ҷигарбанди фавтидаат ба хотират меояд. Аммо вақте ман ту ва кӯзаи ширро мебинам, думи буридаам ба хотирам мерасад. Аз ин рӯ, дигар ба дӯстии мо боварӣ нест, чун ба ҳар кор қодир ҳастем”. Манзумаи ФИРӮЗ, “ҶТ”
ҲАЙАТИ МУШОВАРА:
Абдуҷаббор РАҲМОНЗОДА (Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа), Нуриддин САИД (вазири маориф ва илми Тоҷикистон), Аҳтам АБДУЛЛОЗОДА (раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон).
ҲАЙАТИ ЭҶОДӢ:
Умаралии САФАРАЛӢ (ҷонишини сармуҳаррир), Маҳмудҷон УСМОНОВ (котиби масъул), Сайфиддин СУННАТӢ (муҳаррири шӯъбаи варзиш ва сайёҳӣ), Манзумаи ФИРӮЗ (муҳаррири шӯъбаи иқтисод ва иҷтимоъ), Ҳасан АЗИЗОВ (муҳаррири шӯъбаи ҳаёти ҷавонон), Нуруллоҳ ОРИФ, Шаҳло ЭШОНОВА, Наврӯз ҚУРБОНОВ, Шодихони НАЗАР, Беҳрӯз ХОЛМУРОДОВ, Гулбаҳор РАҲМОНОВА, Хуршед МАВЛОНОВ (хабарнигорон), Толибшоҳ ДАВЛАТ (хабарнигор, НТМ), Фарзона ИСМОИЛОВА (хабарнигор, Хатлон), Машҳур ИМОМНАЗАРОВ (хабарнигор, ВМКБ), Шеравган ХУРСАНҚУЛОВ (саҳифабанд).
***
Салим ба падараш: - Барои чӣ мошин надорӣ? Падар: - Барои мошин пул надорам. Ту муғамбир нашав, дар мактаб нағз хон, босавод шаву ҷойи кори хуб ёфта, мошин бихар. Салим: - Падар, шумо барои чӣ дар мактаб муғамбир будед?
ЭЪЛОН
ЭЪТИБОР НАДОРАД Ҳуҷҷатҳои гумшуда - дафтарчаи меҳнатии АТ-IX №8987049, шаҳодатномаҳои таваллуди VIЕЖ 389537 (соли 1980) ва VIЕЖ 464141, ки БСАҲШ-и шаҳри Кӯлоб ва дипломи ТС №0038446, ки Донишгоҳи давлатии Кӯлоб соли 2001 ба Ҷумаев Эраҷ Давлатмуродович додаанд, эътибор надоранд. Сертификати ҳуқуқи истифодаи замин, дарҷаи А 020302, ки дар Кумитаи идораи замини ноҳияи Қубодиён ба номи хоҷагии деҳқонии “Бародарон” ба қайд гирифта шудааст, бо сабаби гум шуданаш эътибор надорад. Дафтари техникии ҳавлидории №3666, бо суроғаи кӯчаи Ҳисорак-76, ноҳияи Синои шаҳри Душанбе, ки ба Қосимов Раҳматулло Тимурович мутааллиқ аст, бо сабаби гум шуданаш эътибор надорад. •
Ба хотири чандандешӣ матолибе низ ба табъ мерасанд, ки хилофи назари ҳайати эҷодист. Дурустии арқому далелҳо бар дӯши муаллифон аст.
•
Ҳангоми таҳияи хабарҳо аз матолиби интернет низ истифода шудааст.
•
Индекси обуна: 68857
•
Тел: 901 06-41-10, 238-54-14, 238-51-09, 238-53-03
•
Ҳафтанома дар КТН «Шарқи озод» (хиёбони Саъдии Шерозӣ-16) бо теъдоди 7026 нусха ба нашр расид.
•
Ҳисоби бонкӣ: р/с №20202972500232101000, кор/с 20402972316264, ИНН030000301, МФО350101626. Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк»