ЧТ , “ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН”, №09 (9539), 01.03.2018
javonon.tj
1
НАШРИЯИ КУМИТАИ КОР БО ҶАВОНОН ВА ВАРЗИШИ НАЗДИ ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
АВОНОНИ ОҶИКИСТОН
Сиёсати дугуна Дар замони соҳибистиқлолӣ таваҷҷуҳ ба осоишгоҳи Хоҷа оби гарм бештар шуд. Ҳоло осоишгоҳ на танҳо таваҷҷуҳи мардуми ҷумҳурӣ, балки диққати шаҳрвандони мамолики гуногуни ҷаҳонро низ ба худ ҷалб карда, ба як мавзеи назаррабо барои сайёҳони хориҷӣ ва макони хуби табобат табдил ёфтааст. Чунончи зимни суҳбат бо директори осоишгоҳи Хоҷа оби гарм Давлаталӣ Самиев иттилоъ гирифтем, теъдоди сайёҳон ё меҳмонони хориҷӣ дар соли 2016 400 нафарро ташкил дода, соли 2017 он ба 693 нафар расидааст. Ин гувоҳи он аст, ки рағбати меҳмонони хориҷӣ барои табобат гирифтан дар осоишгоҳи Хоҷа оби гарм сол ба сол бештар мешавад. Ва ин гувоҳи он аст, ки дар ин муассиса хидматгузорӣ хуб ба роҳ монда шудааст. Шумораи истироҳаткунандагон аз ҳисоби сокинони кишвар низ ҳамасола дар ҳоли афзоиш аст. Агар соли 2016 теъдоди умумии истироҳаткунандагон дар осоишгоҳ 13 398 нафар бошад, соли 2017 ба 15 676 нафар расидааст...
№09 (9539), 01/03/2018
e-mail: javonontj@mail.ru
2 СОЛНОМАИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ – 2017 (Идома аз шумораҳои гузашта) Паём ҳамчун як барномаи мукаммали фаъолияти минбаъдаи кормандони тамоми сохторҳо, инчунин, сокинони ҷумҳурӣ мебошад, зеро Сарвари давлат дар он ба таври мушаххас ва возеҳу равшан тамоми тадбирҳоро баҳри ба давлати пешрафта мубаддал кардани сарзамин нишон додаанд. Дар Паём, баробари муайян кардани самти фаъолияти сохторҳои давлатӣ, ҳамчунин бо иқдоми неки худ Президенти мамлакат соли 2018 - ро “Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” эълон карданд. Бояд гуфт, ки соли 2017 бо ташаббуси Президенти мамлакат Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис ёфта буд. 21 март дар рӯзи таҷлили бошукӯҳи Наврӯзи ҷаҳонӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Турсунзода бо фаъолияти гармхонаҳо дар Ҷамоати деҳоти ба номи Турсун Тӯйчиев шинос шуда, дар Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Агросаноат” ба кишти баҳории пунбадона оғоз бахшиданд. Инчунин, дар шаҳри Турсунзода Сарвари давлат биноҳои баландошёнаи истиқоматӣ бо маркази хизматрасониро ифтитоҳ намуда, дар тантанаҳои идонаи ҷумҳуриявӣ ба ифтихори Ҷашни ҷаҳонии Наврӯз, ки дар варзишгоҳи марказии шаҳр бо иштироки фаъолони кишвар, намояндагони зиёиёни мамлакат, корпусҳои дипломатӣ ва сокинони шаҳри Турсунзода баргузор шуд, иштирок ва суханронӣ карданд. Яке аз иншооти муҳиму стратегии кишвар, ки баъди бунёди он Тоҷикистон метавонад ба истиқлолияти комили энергетикӣ расад, ин Неругоҳи барқи обии Роғун мебошад. Давоми соли 2017, чун солҳои пешин, бо таваҷҷуҳ ба аҳамияти ин иншооти аср – калонтарин иншооти гидроэнергетикии Тоҷикистон Сарвари давлат ба мавзеи бунёди он шаҳри Роғун ташриф оварда, бо ҷараёни корҳои сохтмонӣ шинос шуданд. Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳангоми суҳбат бо муҳандисону сохтмончиёни НБО-и Роғун дастур доданд, ки, қабл аз ҳама, ба сифат ва таъмини бехатарӣ аҳамият зоҳир намоянд, зеро ин “кохи нур” ҳаёту мамоти миллат ва кафолати зиндагии шоистаи мардуми Тоҷикистон мебошад. Моҳҳои июн ва августи соли 2017 Сарвари давлат ду маротиба ба шаҳри Ваҳдат ташриф оварда, дар маросими ифтитоҳи як қатор иншоот ва тантанаҳои ҷумҳуриявии Ҷашни 20 - умин солгарди Ваҳдати миллӣ иштирок карданд. 27 июн Президенти мамлакат дар шаҳри Ваҳдат як бинои 20 ошёнаи истиқоматӣ, бинои шуъбаи Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Ваҳдат, корхонаи хурди истеҳсолӣ ва нуқтаи таъмири нақлиёт, муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 71, сутунпояи Парчами давлатии Тоҷикистон бо баландии 50 метр ва варзишгоҳи марказии шаҳрро бо 25 ҳазор ҷойи нишаст мавриди баҳрабардорӣ қарор дода, дар чорабинии идона ба муносибати таҷлили сазовори 20 - солагии Ваҳдати миллӣ
Эмомалӣ Раҳмон ва “Соли ҷавонон”
иштирок ва суханронӣ карданд. Боиси хурсандист, ки зимни ин сафар дар шаҳри Ваҳдат Сарвари давлат барои хизматҳои арзанда баҳри пешрафти кори иттифоқҳои касаба бо Нишони ифтихории тиллоии “Барои хизматҳо дар ҳаракатҳои иттифоқҳои касаба” сарфароз гардиданд, ки онро дар фазои тантанавӣ ба Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Котиби генералии Конфедератсияи умумии иттифоқҳои касаба Владимир Шербаков тақдим намуд. Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон бо сиёсати ояндадору дурбинона ва хайрхоҳонаи худ ҳамеша ба масъалаи беҳдошти шароити кору зисти меҳнаткашон аҳамияти махсус медиҳанд. Ҳамин талошҳову тадбирҳои созандаи Пешвои миллат буд, ки дар Тоҷикистон вазъи иҷтимоии коргарон беҳтар гардида, мардум зери сиёсати бобарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар фазои осудаву ором кору зиндагӣ менамоянд. Боиси ифтихор аст, ки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар байни роҳбарони давлатҳо яке аз аввалинҳо шуда, ба ин нишони олӣ қадр гаштанд. Зимни сафари дуюм ба шаҳри Ваҳдат дар мавзеи Канаски Ҷамоати деҳоти Ромит Сарвари давлат бо вазъи корҳои кишоварзӣ шинос шуданд. Дар ин ҷо Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҷамъоварии ҳосили фаровони картошка оғоз бахшида, дар намоишгоҳи як қатор хоҷагиҳои кишоварзӣ бо дастовардҳои меҳнаткашон шинос шуданд. Ҳадаф аз сафари кории навбатии Президенти мамлакат ба мавзеи Канаск мусоидат ба рушди соҳаи картошкапарварӣ, раванди татбиқи “Барномаи давлатии рушди соҳаи тухмипарварӣ барои солҳои 2016 – 2020”, занбӯриасалпарварӣ, ба гардиши кишоварзӣ даровардани заминҳои нав ва истифодаи самараноки он дар ин минтақа мебошад. 3 октябри соли 2017 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ
Раҳмон зимни сафари корӣ ба ноҳияи Рӯдакӣ дар деҳаи Гулбутта муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 59 барои 1280 ҷойи нишаст дар ду бастро дар фазои тантанавӣ ифтитоҳ намуданд. 9 ноябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ дар ноҳияҳои Исмоили Сомонии пойтахт ва Варзоб бо лоиҳаҳои бунёди терминали муосири нақлиётӣ, навсозии кӯли Варзоб, сохтмони корхонаи истеҳсоли маҳсулоти сохтмонӣ, Истироҳатгоҳи беруназшаҳрии “Дуои Модар” ва корҳои созандагӣ дар мавзеи “Сафед-дара” шинос шуда, барои оғози лоиҳаҳо асос гузоштанд. Бояд гуфт, ки ҳамаи иншооти муҳиме, ки аз ҷониби Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои бунёдашон асос гузошта шуд, барои рушди соҳаҳои сайёҳӣ ва варзиши ҷумҳурӣ дар минтақаи туристии Варзоб аҳамияти муҳим доранд. Баробари сохтмони иншооти номбаршуда, боз садҳо ҷойи нави корӣ таъсис меёбанд, ки дар самти таъмини аҳолӣ бо кори доимӣ мусоидат менамоянд. Ҳамчунин, иншооти бунёдшаванда бо тарҳи муосир сохта шуда, сатҳи хизматрасонӣ ба сокинони мамлакат ва меҳмонони хориҷӣ беҳтар мегардад. СИЁСАТИ ХОРИҶӢ Соли 2017 ба хотири рушду густариши муносибатҳо бо кишварҳои олам Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба як қатор давлатҳои ҷаҳон сафарҳои давлатӣ, расмӣ ва корӣ анҷом доданд. Зимни ин сафарҳо Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо сарони кишварҳо ва роҳбарони ташкилоту созмонҳои бонуфуз мулоқот карда, вазъи феълӣ ва дурнамои муносибатҳои дӯстию ҳамкориро баррасӣ намуданд. Аз рӯи натиҷаи мулоқоту вохӯриҳо даҳҳо санадҳои наву муҳими ҳамкорӣ ба имзо расиданд, ки муносибатҳои дуҷонибаро дар соҳаҳои гуногун танзим менамоянд.
Соли 2017 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон 1 сафари давлатӣ ба Ҷумҳурии Мардумии Чин, 3 сафари расмӣ ба Давлати Қатар, Ҷумҳурии Арманистон ва Шоҳигарии Ҳошимии Урдун, 8 сафари корӣ ба Ҷумҳурии Исломии Покистон, Ҷумҳурии Қирғизистон, Шоҳигарии Арабистони Саудӣ, Ҷумҳурии Қазоқистон, Туркманистон, Иёлоти Муттаҳидаи Амрико, Федератсияи Русия ва Ҷумҳурии Беларус анҷом доданд. Ҳамчунин, дар ин сол сарони як қатор давлатҳо бо сафарҳои ҷавобии расмӣ ва корӣ ба Тоҷикистон ташриф оварданд, аз ҷумла, Президенти Федератсияи Русия Владимир Путин, Сарвазири Ҷумҳурии Исломии Покистон Муҳаммад Навоз Шариф ва Президенти Туркманистон Гурбонгулӣ Бердимуҳаммадов бо сафари расмӣ ва Раисҷумҳури Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Муҳаммад Ашраф Ғанӣ бо сафари корӣ. Рӯзҳои 5 – 6 феврали соли 2017 зимни сафари расмӣ дар Давлати Қатар, ки бо даъвати Амири Давлати Қатар Шайх Тамим ибни Ҳамад оли Сонӣ сурат гирифт, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбари ин кишвари арабӣ, намояндагони воломақом ва доираҳои соҳибкорӣ маҷмӯи васеи масоили ҳамкории давлатҳоро баррасӣ карданд. Аз рӯи натиҷаи мулоқоту музокироти сатҳи олӣ, баъди муҳокимаи масъалаҳои ҳамкорӣ дар бахшҳои ояндадори гидроэнергетика ва об, нақлиёт, таъсиси корхонаҳои муштараки коркарди маҳсулоти кишоварзӣ, саноати сабук ва саноати истихроҷи маъдан дар Тоҷикистон, 8 санади нави ҳамкорӣ ба имзо расид. Ҳуҷҷатҳои нави имзошуда масъалаҳои ҳамкорӣ дар бахшҳои амният, фарҳанг, варзиш, молияву бонкдорӣ, соҳаи ҳуқуқ, тандурустӣ ва алоқаи ҳавоиро дар бар мегиранд. Аз 28 феврал то 1 марти соли 2017 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ дар шаҳри Исломободи Ҷумҳурии Исломии Покистон қарор доштанд. Зимни ин сафар Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи сарони давлатҳои узви Созмони ҳамкории иқтисодӣ суханронӣ карда, 1 март бо Президенти Ҷумҳурии Туркия Реҷеп Тайип Эрдоган ва худи ҳамон рӯз бо Сарвазири Ҷумҳурии Исломии Покистон Муҳаммад Навоз Шариф мулоқоти судманд анҷом доданд. 14 апрел Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Бишкеки Ҷумҳурии Қирғизистон дар мулоқоти ғайрирасмии сарони давлатҳои Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ иштирок ва суханронӣ карданд. Аз 20 то 22 майи соли 2017 Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон ба хотири иштирок дар нахустин саммити сарони давлатҳои олами арабӣ, исломӣ ва Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар Шоҳигарии Арабистони Саудӣ қарор доштанд. Дар доираи иштирок дар ин
“ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН”, №09 (9539), 01.03.2018 ҳамоиши сатҳи баланд, Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон 20 май дар шаҳри Риёз бо Президенти Ҷумҳурии Мисри Араб Абдулфаттоҳ ас-Сисӣ, 22 май бо Сарвазири Ҷумҳурии Халқии Бангладеш хонум Шайх Ҳасина Вазед, бо Сарвазири Ҷумҳурии Лубнон Саад Ҳарирӣ ва бо роҳбарони як қатор кишварҳои иштирокчии саммити сарони давлатҳои олами арабӣ, исломӣ ва Иёлоти Муттаҳидаи Амрико, аз ҷумла бо Подшоҳи Арабистони Саудӣ Салмон ибни Абдулазиз оли Сауд, Президенти Иёлоти Муттаҳидаи Амрико Доналд Трамп ва сарони як қатор давлатҳои дигар: Сарвазири Ҷумҳурии Исломии Покистон Муҳаммад Навоз Шариф, Раисҷумҳури Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Муҳаммад Ашраф Ғанӣ, Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев, Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Нурсултон Назарбоев, Президенти Ҷумҳурии Озарбойҷон Илҳом Алиев, Амири Давлати Кувайт Шайх Сабоҳ алАҳмад ал-Ҷобир ас-Сабоҳ, Амири Давлати Қатар Шайх Тамим бинни Ҳамад оли Сонӣ, Валиаҳди Амороти Муттаҳидаи Араб Шайх Муҳаммад бинни Зойид Оли Наҳаён, Подшоҳи Мамлакати Баҳрайн Ҳамад бинни Исо оли Халифа ва Сарвазири Ҷумҳурии Малайзия Наҷиб Абдурраззоқ мулоқотҳои судманду самимӣ ва созанда доир карданд. Зимни суҳбатҳо, ки дар фазои дӯстию ҳамдигарфаҳмӣ сурат гирифтанд, масоили ҳамкории дуҷонибаю бисёрҷонибаи Тоҷикистон бо ин кишварҳо баррасӣ шуданд. 8 июни соли 2017 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Остонаи Ҷумҳурии Қазоқистон дар вохӯрии сарони давлатҳои узви Созмони Ҳамкории Шанхай иштирок ва бо нутқи пурмуҳтаво баромад карданд. Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ҳошияи баргузории иҷлосияи навбатии Сарони давлатҳои узви Созмони Ҳамкории Шанхай бо Раисҷумҳури Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Муҳаммад Ашраф Ғанӣ ва бо Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин Си Ҷинпин мулоқот карда, дар чорабинии фарҳангӣ ва маросими ифтитоҳи Намоишгоҳи байналмилалии “Остона ЭКСПО – 2017” иштирок намуданд. Рӯзҳои 14 - 15 июн Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Ҷумҳурии Арманистон сафари расмӣ анҷом дода, бо Президенти Арманистон Серж Саргсян, Раиси Маҷлиси миллии Ҷумҳурии Арманистон Ара Баблоян ва Сарвазири Ҷумҳурии Арманистон Карен Карапетян мулоқот карданд. Зимни баррасии масоили дуҷонибаи ҳамкорӣ, инчунин, равобити гуногунҷанба дар доираи ташкилоту созмонҳои минтақавию ҷаҳонӣ, аз ҷумла Созмони Милали Муттаҳид, Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ дар самти муқовимат бо терроризму ифротгароӣ ва дигар хатарҳои ҷаҳони муосир баррасӣ шуданд. (Давом дорад)
“ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН”, №09 (9539), 01.03.2018
АХБОРИ ҲАФТА
3
Ҷавонон - қувваи таҳрикдиҳандаи ҷомеа Бо ташаббуси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, 27 феврал, дар Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи М. Осимӣ миёни намояндагони сохторҳои мухталифи дар самти ҷавонон кору фаъолиятдошта ва донишҷӯёни ин донишгоҳ вохӯрӣ баргузор гардид.
Дастгирии ҷавонон ба хотири ояндаи дурахшон Бо ибтикори Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати кишвар 27 феврал дар Кохи афсарони шаҳри Душанбе мулоқоти судманд бо аъзоёни Шӯрои маҳфили ҷавонони дар хориҷи кишвар таҳсилдошта ва ноибони ректорҳо оид ба корҳои байналмилалии муассисаҳои таҳсилоти олии кишвар дар мавзӯи “Дастгирии ҷавонон ба хотири ояндаи дурахшон” доир гардид. Дар мулоқоти мазкур Ризо Назарзода, муовини якуми раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш, намояндагон аз вазоратҳои меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ, маориф ва илм, Кумитаи кор бо занон ва оила ва донишгоҳу донишкадаҳои кишвар иштирок ва суханронӣ намуданд. Ризо Назарзода зимни ифтитоҳи мулоқот иброз дошт, ки “дар чорабинии имрӯза мо дар якҷоягӣ мехоҳем, ки вобаста ба соҳаи байналмилалӣ ва донишҷӯёне, ки бевосита дар хориҷи кишвар таҳсил доранд, дар заминаи таҳкими муносибатҳо ва умуман рушди сиёсати давлатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, баланд бардоштани мавқеи устувори ҷавонони тоҷик дар ҷомеаи имрӯза ва таъмини иштироки фаъолонаашон дар ҳаёти сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоии кишвар андешаронӣ намоем”. Дар идомаи чорабинӣ доир ба масъалаҳои таҳсили ҷавонони тоҷик дар хориҷи кишвар, сатҳи забондонии онҳо, донистани фарҳанги пурғановати миллати тоҷик ва муаррифӣ гардидани он аз ҷониби донишҷӯёни дар хориҷи кишвар таҳсилдошта ва одобу рафтори онҳо андешаронӣ сурат гирифта, дар охир аз иштирокчиёни мулоқот ҷиҳати дар сатҳи заруриву натиҷавор баргузор намудани маҳфилҳои минбаъдаи ҷавонони дар хориҷи кишвар таҳсилдошта фикру ақидаҳои судманд пешниҳод намуданд. Беҳрӯз ХОЛМУРОДОВ, “ҶТ”
Қабл аз оғози суҳбат аксия баргузор карда шуд, ки дар он аз ҷониби кормандони КҶВ ба донишҷӯён варақаҳои таблиғотӣ доир ба пешгирии бемориҳои сироятӣ тақсим карда шуд. Дар вохӯрӣ намояндагон аз Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш, Кумитаи кор бо занон ва оила, Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президент, Вазорати тандурустӣ, Вазорати корҳои дохилӣ ва раёсати Донишгоҳ иштирок ва суханронӣ намуданд. Дадабойзода Ҳотам, муовини аввали сардори раёсати корҳои дохилии шаҳри Душанбе, зимни суханронии хеш иброз дошт, ки “Ҷавонон қувваи асосӣ ва таҳрик диҳандаи ҷомеа маҳсуб мегарданд. Аз ин рӯ, кормандони тамоми сохторҳои давлативу ғайридавлатиро мебояд дар тарбия ва ба роҳи рост ҳидоят кардани ҷавонон бетараф набошанд. Агар як нафар ҷавон ба роҳи каҷ меравад, мо масъулини тамоми соҳаҳои кор бо ҷавонон дар баробари онон бояд ҷавоб диҳем”. Дар идома вобаста ба дигар паҳлӯҳои ҳаёти ҷавонон, баланд бар-
доштани зиракии сиёсии ҷавонон, солимии репродуктивӣ миёни эшон ва баланд бардоштани ҳисси худшиносиву меҳанпарастии ин қишри ояндасози
ҷомеа суханронӣ ва суолу ҷавоб сурат гирифт. Хуршед ХОВАРӢ, “ҶТ”
Ҷавонон - ҷонибдори тарзи ҳаëти солим Бо ташаббуси Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилояти Суғд 27 феврал семинар-машварат оиди мубориза бар зидди бемории хафнок ВНМО таҳти унвони "Ҷавонон - ҷонибдори тарзи ҳаëти солим" дар Коллеҷи касбӣ–техникии саноатии кишоварзии ноҳияи Зафаробод бо иштироки 200 нафар устодону донишҷӯёни коллеҷ ва наврасону ҷавонони ноҳия баргузор гардид. Дар семинар - машварат сармутахассиси бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳияи Зафаробод Эгамназаров Шарофиддин, директори маркази мубориза бар зидди бемории ВНМО Ҷамолов Бобоҷон ва ёрдамчии сардори Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилоят Саломов Дилшод иштирок ва суханронӣ намуданд. Таъкид гардид, ки семинар – машварат бо мақсади баланд бардоштани сатҳи дониши наврасону ҷавонон, фаҳмонидани моҳияти вируси бемории хавфноки ВНМО, даъват намудани ҷавонон ба тарзи ҳаёти солим, пешгирӣ ва коҳиш додани ин бемории сироятӣ дар байни ҷавонон мебошад.
Дар идомаи нишаст гуфта шуд, ки давоми солхои охир ВНМО/БПНМ аз рӯйдоди тиббӣ ба таҳдиди ҷиддии ҳаёти башарият табдил ёфт. Ҳамзамон ВНМО на танҳо мушкилоти тиббӣ аст, балки ба инкишофи тамоми аҳли башар таҳдид мекунад, яъне оқибатҳои мудҳиши иҷтимоӣ дорад. Аксари аҳолии кураи замин аз ин беморӣ кам воқиф ҳастанд. Сабаби асосӣ қабл аз ҳама ба ҷиддияти ин мушкилот баҳои зарурӣ надодан ва бепарвоии одамон маҳсуб меёбад. Шодмон НУРМАТОВ, “ҶТ”
4 Имрӯзҳо дар тамоми манотиқи кишвар ба масъалаи рушди соҳаи сайёҳӣ ва ҳунару ҳунармандӣ диққати махсус дода мешавад. Ҳатто дар деҳоти дурдаст ҳам ин иқдом фаъолона пеш бурда мешавад. Ҷиҳати шиносоӣ ва боздид аз мавзеъҳои сайёҳӣ, ҳунарҳои мардумӣ ва ҳаёти ҷавонони минтақаи водии Зарафшон ҳайати эҷодии рӯзномаи “Ҷавонони Тоҷикистон” тасмим гирифт, то аз шаҳри Панҷакент дидан намояд. Дар ин шаҳр сохтмон ва таҷдиду навсозӣ бо суръат ҷараён дорад. Дар ҳар гӯшае корҳои ободонӣ, ки бо ташаббуси бевоситаи ҷавонон аз тариқи ҳашар ташкил карда шудаанд, ба чашм мехӯрд. Ба назар мерасид, ки муҳассилини донишкадаву коллеҷ ва омӯзишгоҳу толибилмони синфҳои болоии макотиби миёна дар рӯзҳои истироҳатӣ низ ба таври дастаҷамъона ба кору ободсозӣ баромадаанд. Ҳоло дар маркази шаҳри Панҷакент сохтмони бинои панҷошёнаи Маркази ҷавонон идома дорад, ки дар шафати он муҷассамаи зебою замонавии устод Лоиқ Шералӣ бо баландии 6 метр қомат афрохтааст. Шояд он дар минтақа аввалин марказе бо чунин шаҳомати меъморӣ гардад. Танҳо барои ҷиҳозонидани утоқҳои корӣ бо мебелҳо 300 ҳазор сомонӣ харҷ шудааст. Инчунин варзишгоҳи марказии шаҳр бо тарҳи наву замонавӣ таҷдид ва мавриди бозсозӣ қарор дорад, ки он барои нишасти беш аз ҳафт ҳазор нафар пешбинӣ шудааст. Умдатарин мушкилоте, ки ҷавонони ин шаҳр доранд, нарасидани варзишгоҳҳо дар деҳот ва маҳалҷойҳост, ки дар тобеияти Вазорати маориф нестанд. Ба гуфтаи Некрӯз Кенҷаев, мудири Бахши кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Панҷакент имсол барои дар 112 деҳа сохтани иншоот ва майдончаҳои варзишӣ аз ҷониби раиси шаҳр қарор ба имзо расидааст ва дар ояндаи наздик сохтмони онҳо шуруъ хоҳад шуд. Аз рӯи нишондиҳандаҳои оморӣ айни ҳол дар шаҳру деҳот 181 варзишгоҳу толорҳои варзишӣ, майдончаҳои варзишии дохили мактабҳо ва берун аз он ба қайд гирифта шудааст. Аз ин 38 толори варзишӣ, 5 варзишгоҳ ва 140 майдончаҳои варзишӣ мебошад, ки аксаран дар ҳисоби соҳаи маорифанд ва барои ба машғулияти том фаро гирифтани ҷавонон басандагӣ намекунад. Дар шаҳри Панҷакент 1 мактаби варзишӣ ки аз рӯи 14 намуди варзиш бо ҷалби 867 нафар наврасону ҷавонон аз рӯи намудҳои варзиши волейбол, баскетбол, футбол, тенниси рӯи миз, гӯштини тарзи озод, гӯштини миллӣ, дзюдо, самбо, каратэдо, бокс, шоҳмот, вазнбардорӣ, пауэрлифтинг ва муҳорибаи универсалӣ фаъолият менамояд. Мувофиқи ҳисоботҳои Бахши
“ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН”, №09 (9539), 01.03.2018
ҶАВОНОНИ МАҲАЛ
Рушди соҳаҳои муҳим
Ба ин масъала дар шаҳри Панҷакент таваҷҷуҳи бештар медиҳанд кор бо ҷавонон ва варзиш дар давоми соли 2017 варзишгарон аз мусобиқаҳои вилоятӣ, ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ соҳиби 23 медали тилло, 52 нуқра, 61 биринҷӣ гаштанд. Агарчӣ ин нишондиҳандаи баланд нест, аммо дар шароите, ки соҳаи варзиши маҳал каме ба мушкил мувоҷеҳ аст, то андозае метавон инро натиҷаи мусбат арзёбӣ кард. Муҳимтарин дастоварди варзишгарони шаҳр дар соли сипаригашта дастоварди қаҳрамони ҷаҳон Мирзоев Муҳаммадалӣ мебошад. Ӯ дар чемпионати ҷаҳон оид ба пауэрлифтинг 3 ҳарбаи вазнбардорӣ, бардоштани вазн бо тарзи хобида (ҷим лёҷ) дар шаҳри Маскави Федератсияи Русия иштирок намуда, сазовори ҷои аввал ва рекорди ҷаҳонӣ гардида, ду медали тилло ва титули ҷаҳонӣ ба даст овард. Чуноне ба мушоҳида расид, соҳаи маорифи шаҳр низ ба пешравиҳои назаррасе ноил гаштааст. Он шояд аз камтарин манотиқи дурдасти кишвар аст, ки ҳатто дар деҳаҳои аз маркази шаҳр ба масофаи 50 километр дур низ макотиби хушсохту замонавӣ ва ба талаботи рӯз ҷавобгӯй дорад. Дар самти рушди ҳунарҳои мардумӣ ва ба ин васила тарғиби он миёни қишрҳои муайяни аҳолӣ дар шаҳри Панҷакент корҳои назаррасе ба сомон расонида шудааст. Ба қавли Зайнура Азимӣ, муовини раиси шаҳри Панҷакент ҳоло дар шаҳр 33 маркази таълимӣ-истеҳсолии атласу адрас ва қолинбофӣ бо ҷалби зиёда аз шаст нафар устодону шумораи зиёди касбомӯзон фаъолият мекунад. Барои рушди дигар навъҳои косибию ҳунармандӣ аз ҷумла кулолгарӣ, бофандагӣ, оҳангарӣ, кандакорӣ ва навъҳои дигари ҳунармандӣ, ки хоси бонувонанд, шароити лозима фароҳам оварда шуда истодааст. Дар Маркази ҷавонон, ки дар арафаи Наврӯзи байналмилалӣ ба истифода дода хоҳад шуд, барои ташкили устохона ва марказҳои омӯзишии ҳунарҳои мардумӣ, аз ҷумла сохтани созҳои миллӣ низ ҷудо кардани ҷой пешбинӣ шудааст. Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр барои ҷудо намудани қитъаи замин ҷиҳати бунёди коргоҳҳои хурди ҳунармандӣ, дастгирии ҳунармандон тадбирҳои амалӣ андешида, бонувони ҳунарманди шаҳр
ба сайёҳон дар хатсайрҳои куҳӣ, омода намудани армуғон аз ҳунарҳои мардумӣ барои сайёҳон ҳам ҷойҳои нави корӣ ва ҳам даромад аз ин соҳа бештар хоҳад шуд. Ин таҷриба дар шаҳри Панҷакент роиҷ аст ва мо онро дар “Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” ривоҷ хоҳем дод”. Рушди соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқи мамлакат аз ҳамаи мо шаҳрвандон ҳисси баланди масъулиятшиносӣ, содиқонаву софдилона фаъолият намудан ва баҳри ободии Меҳан саҳм гузоштанро тақозо менамояд. Тамоми масъулону сокинони шаҳри Панҷакент бо дарки ин нуктаҳо паи фаъолият буда, чун сокинони дигар шаҳру навоҳии мамлакат дар рушди кишвари азизамон – Тоҷикистон саҳмгузоранд, то Меҳан боз ҳам рушд ёбаду ба ҷаҳониён муаррифӣ гардад. Хуршед ХОВАРӢ, “ҶТ”, Ҷамшед СОБОҲИДДИН
бо дарёфти грантҳои президентӣ ба бунёди коргоҳҳои хурди ҳунармандӣ оғоз кардаанд. Барои рушд ва бунёди инфрасохтори соҳаи сайёҳӣ дар ин минтақа шароитҳои лозима мавҷуд аст. Чуноне, ки Ислом Шафеиён, раиси шаҳри Панҷакент мегуяд: “Барои ҷалби сайёҳон ёдгориҳои таърихӣ, манзараҳои зебои табиат заруранд, ки ин ҳама дар мо мавҷуданд. Ба ҳамин хотир, дар Панҷакент бо ҷалби ширкатҳои сайёҳӣ, ки шумораашон ҳоло ба 11 адад расидааст ва соҳибкорон солҳои охир меҳмонхонаю нуқтаҳои хӯроки умумӣ, чойхонаҳо бо нақшу нигори миллӣ бунёд гардида, хатсайрҳои нави сайёҳӣ таҳия карда мешаванд. Ҳоло дар ду мавзеи мавриди таваҷҷуҳи бештари сайёҳон - Ҳафткӯл ва Кӯли калон пойгоҳҳои нисбатан муҷаҳҳази пазироии сайёҳон ва куҳнавардон амал мекунанд. Бо ҷалби бештари сокинони шаҳр, соҳибкорон, ширкатҳои сайёҳӣ ба бунёди инфрасохтори соҳаи сайёҳӣ, аз ҷумла сохтмони минтақаҳои пазироӣ ва хизматрасонӣ
Туризм соҳаи афзалиятнок 22 декабри соли 2017 Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни ироаи Паёми навбатӣ пешниҳод намуданд, ки бо мақсади тараққӣ додани соҳаи сайёҳӣ, муаррифии шоистаи имкониятҳои сайёҳии мамлакат ва фарҳанги миллӣ дар арсаи байналмилалӣ, инчунин, ҷалби сармоя ба инфрасохтори соҳа соли 2018 дар кишвар “Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” эълон карда шавад. Зеро тавре Пешвои миллат таъкид намуданд, шароити мусоиди табиӣ ва иқлими Тоҷикистон барои ба роҳ мондани хизматрасонии муосири сайёҳӣ ва инкишофи намудҳои гуногуни он имконияти беҳтарин муҳайё кардааст. “Танҳо зарур аст, ки инфрасохтори муосир бунёд ва сифати хизматрасонӣ дар сатҳи байналмилалӣ ба роҳ монда шавад”, афзуданд Сарвари давлат. Дар ҳошияи дастуру супоришҳои Президенти кишвар фурӯши тамоми намуди маҳсулоти ҳунарҳои мардумӣ, ки дар хона омода мешаванд, аз пардохти андоз озод аст, ки ин иқдом яке аз роҳҳои паст кардани камбизоатӣ дар кишвар мебошад. Тоҷикистон дорои мероси ғании таърихиву фарҳангӣ ва захираҳои табиӣ буда, барои ҷалби теъдоди зиёди туристони хориҷӣ ба кишвар иқтидори воқеӣ дорад. Бо дарназардошти омилҳои
зикршуда Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соҳаи туризмро самти афзалиятноки сиёсати иқтисодии кишвар эълон намуданд. Бо мақсади боз ҳам тавсеа бахшидани соҳаи сайёҳӣ, истифодаи самараноки имкониятҳои мавҷуда дар ин самт, инкишофи инфрасохтори соҳа, беҳтар кардани сифати хизматрасонӣ, густариши раванди танзими давлатӣ ва дастгирии сайёҳии дохиливу хориҷӣ, ҷалби ҳарчи бештари сармоя дар ин самт ва омода кардани кадрҳои болаёқат соли 2017 Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шуд. Ҳамзамон, ҷиҳати босуръат тараққӣ додани соҳаи сайёҳӣ воридоти таҷҳизоту маводи сохтмонии иншооти сайёҳӣ аз пардохтҳои андозию гумрукӣ, инчунин, ширкатҳои сайёҳӣ дар панҷ соли аввали фаъолияташон аз пардохти андоз аз фоида озод карда шудаанд. Ва ҳамин тариқ, таваҷҷуҳ ба соҳаи сайёҳӣ аз ҷониби Ҳукумати кишвар ҳамаҷониба буда, барои рушди минбаъдаи он заминаҳои зарурӣ фароҳам хоҳад шуд. Додарбек ҚУРБОНОВ, донишҷӯи ДТҶТ ба номи С. Раҳимов
“ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН”, №09 (9539), 01.03.2018
МУЛОҲИЗА
Ҳамбастагӣ миёни сайёҳӣ ва маориф Дар сурати рушди сайёҳӣ маорифи кишвар низ нумуъ хоҳад кард Ин Паём чун паёмҳои қаблии Президенти кишвар, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳар як сокини кишварамонро ба он умедвор менамояд, ки кишвари мо новобаста аз вазъи мураккаби сиёсию иқтисодии ҷаҳони муосир таваҷҷуҳи худро ба беҳбуд бахшидани зиндагии мардум сол ба сол зиёдтар намуда, кафолати ҳаёти осоишта ва сулҳу амниятро таҳким мебахшад. Албатта, дар Паём самтҳои зиёди фаъолияти ҳамарӯзаи мо баррасӣ ва таҳлил гардиданд. Аммо нуктаи асосие, ки моро водор месозад, то сари он чанд андешаи худро иброз намоем, ин эълони “Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” аз ҷониби Пешвои миллат аст. Аз нигоҳи як омӯзгор мехоҳам фикри худро оид ба он ки рушди сайёҳӣ ба пешрафти маориф чӣ қаробат дорад, иброз намоям. Ҳадафи аслии ба ин ё он соҳа бахшидани солҳо дар баробари дигар ҷузъиётҳо, пеш аз ҳама, ин боло бурдани сатҳи некуаҳволии мардуми кишвар аст. Пешвои миллат, муҳтарам
Ҳаво ки муътадил буд, бегоҳи он рӯз хостам каме дар кӯчаҳо қадам занам. Дил беихтиёр моил буд, ки то мондашавӣ дар кӯчаҳои шаҳр гаштугузор намоям. Баъд аз аёдати рафиқам, ки дар беморхонаи “Шаҳраки тиббӣ” бистарист, ният кардам, ки каме пиёда роҳ меравам. Ба тарафи Сирк роҳ пеш гирифтам. Занги телефонам баланд шуд. “Ба хона меҳмон омадааст. Барои меҳмонҳо чизе харида, зуд ба хона биё”, - садо баромад аз телефони дастӣ. Пиёдагардиам ҳамин шуду дар аввалин мусофиркаш савор шудам. Дар дӯконҳои наздикии бинои Сирк нарх ба осмон дакка мехӯрад. Себ 10 сомонӣ, нок 13 сомонӣ, мандарин 16 сомонӣ. Маро бошад, пули ночизе, ки дар ҷайбам доштам, маҷбур месохт, то ба назди фурӯшандаи дигар равам: “Шояд он ҷо арзонтар бошад?”. Нуқтаи савдои мӯйсафед хеле назарногир буд. Дар пешаш дар сатилчаҳо себу нок ва дар пушташ дигар чизҳо барои фурӯш гузошта шуда буд. - Салом бобо, себро чанд пул кардед? – пурсидам аз ӯ. - 5 сомонӣ. - Нокро чӣ? - 6. - Аз ҳарду як килоӣ баркашед, - хоҳиш кардам. Мӯйсафед аз себ як кило баркашиду хоҳиш кард, ки
Эмомалӣ Раҳмон маҳз ба хотири андешидани тадбирҳои лозима ва ба нияти боло бурдани сатҳу сифати зиндагии сокинон таъкид намуданд, ки соли 2018 дар кишвар чун “Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” эълон карда шавад. Сарвари давлат таъкид доштанд, ки барои рушди ин соҳа дар кишвар ҳамаи заминаҳои зарурии меъёрии ҳуқуқӣ фароҳам оварда шуда, илова бар ин, як силсила чораҳои ҳавасмандкунӣ низ татбиқ гардидаанд. Ҳамзамон, роҷеъ ба рушди минбаъдаи сайёҳӣ дар кишвар дахл намуда, Пешвои миллат таъкид доштанд, ки Тоҷикистони биҳиштосои мо сарзамини мардуми соҳибмаърифату меҳмоннавоз ва кишвари меваҳои шаҳдбор буда, аз нигоҳи иқлим, боду ҳаво, манзараҳои табиат, кӯҳҳои осмонбӯс, пиряхҳои азим, обҳои шифобахш, кӯлҳо ва чашмаҳои оби мусаффо, ҳайвоноту наботот ва урфу анъанаҳои мардумӣ дар олам нотакрор ва макони беҳтарини сайру саёҳат мебо-
шад. Дар воқеъ, сайёҳӣ яке аз соҳаҳои муҳими ба шуғл фаро гирифтани аҳолии қобили меҳнат, баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардум, муаррификунандаи таъриху фарҳанг, табиат, анъанаҳои миллӣ, рушддиҳандаи дигар соҳаҳо, аз
ҷумла маориф мебошад. Зеро дар ҳоли рушди сайёҳӣ моро лозим меояд, ки бо донишу биниши сатҳи ҷаҳонӣ ба манзури сайёҳон дастовардҳоеро ба маъраз гузорем, ки диққатҷалбкунанда бошанд. Пӯшида нест, ки имрӯзҳо дар ҳар давлате, ки сайёҳӣ тараққӣ кардааст, соҳаи маориф низ аз он пешрафтатар мебошад. Мисоли ин гуфтаҳоро дар кишварҳое, мисли Олмону Корея, Шветсария ва Амрико, ки аз ҳисоби рушди сайёҳӣ солона миллионҳо доллар фоида ме-
Маслиҳати мӯйсафед
омада бинам. - Бачам, ана бубин, як килои тоза,- мӯйсафед бо муоширати хуб ва хушнудӣ маро хитоб кард. Ӯ тавре рафтор мекард, ки гӯё маҳз аз фурӯши ҳамин ду кило молаш хурсанд шудааст. Аммо дертар маълумам шуд, ки ӯ бо ҳама мизоҷон ҳамин гуна рафтор мекардааст. Дар борхалтаи дигар нокро гирифтаму ба назди мӯйсафед рафтам. Вазни себҳои болои тарозу ҳатто аз як кило зиёдтар буд. Чизе нагуфта сар ҷунбонидаму борхалтаи себро аз болои тарозу гирифта нокро гузоштам. Вазнаш 960 грамм баромад. - Бобоҷон, Шумо дар вазни
себ ба ман ҳотамӣ карда, чанд грамм зиёдтар додед. Биёед, то дар вазни нок аз ман ба шумо гузарад. Дар як он ваҷоҳати мӯйсафед ба куллӣ тағйир ёфту дар чеҳрааш ғазаб намудор гардид. - Ту ва умуман, харидорон ҳеҷ гоҳ вазифадор нестанд, ки ба фурӯшандаҳо ҳақ гузоранд. Бе ин ҳам ризқи мо аз пушти шумост. Баъдан, дар масъалаи тарозу ҳамеша эҳтиёт кун. “Магар ягон чизи бад гуфтам. Чаро ин мӯйсафеди хушсухану хандончеҳра ин қадар ғазабӣ шуд”,- хиҷолатмандона андешидам. – Писарам, агар вақтат
бошад, ба ту як чизро дар ин масъала фаҳмонам, - гуфтани мӯйсафед маро ба худ овард. Бо камоли розигӣ сар ҷунбонидаму ба ӯ таваҷҷуҳ кардам. - Аз он ки мо мусалмонем, - мӯйсафед ба фаҳмондан шуруъ кард, - ҳар кореро, ки ба роҳ мемонем, пеш аз ҳама, бояд дар чаҳорчӯба ва он гуфтаҳое бошанд, ки дини ислом муйян кардааст. Чаро маҳз дину мусалмонӣ гуфтам? Зеро дин маҷбур намекунад, аммо роҳ нишон медиҳад. Роҳе, ки танҳо ба хайри мост. Масалан, ба ин ривоят гӯш кун. Боре ҳазрати Умар (р) барои нигоҳ доштани инсоф дар бозор мегашт ва мепурсид: “Бо одоби тиҷорат шинос ҳастӣ ё не? Агар шинос набошӣ, аз бозор берун шав ва биомӯз, баъд ба тиҷорат машғул шав”. Ё, масалан, ҳоло кадоме аз савдогарон ё тоҷирони мо медонанд, ки Худо маҳз ба онҳо чунин хитоб кардааст: “Вайл (номи водие дар дӯзах) бар касоне, ки аз тарозу ё ченак мезананд ва азоб бар он шахсе, ки чун аз мардум паймона мегирад онро пур мекунад ва чун барои мардум мепаймояд ё бар мекашад аз он кам мекунад”. Писарам, тиҷорат дар тамоми ҷаҳон равандест, ки дар натиҷаи додугирифти мардум
5 бинанд, дидан мумкин аст. Шак нест, ки дар солҳои наздик дар сурати андешидани тадбирҳои саривақтӣ дар самти рушди сайёҳӣ Тоҷикистони биҳиштосои мо ба мавзеи муҳими сайёҳии минтақа табдил меёбад. Ва ба ин васила дар соҳаи маорифи кишвар низ барои дар якҷоягӣ рушд кардан чораҳои муассир роҳандозӣ хоҳад шуд. Зоя АЛИМОВА, омӯзгори МТМУ №42, ноҳияи Фирдавсӣ
ба миён меояд. Яъне, ҳар чизе, ки дар олам вобаста ба шароити табиии он маҳсулот истеҳсол мегардад, фурӯхтаву харида мешавад. Ҳамин раванд инсонҳоро ба якдигар вобаста мекунад. Аз замони бавуҷудоии тиҷорат арзиши умумие барои муайян кардани молҳо вуҷуд дорад, ки маҳз дар асоси он тиҷорат сурат мегирад. Муайян кардани арзиш бошад, ба инсонҳо қаробат дорад ва маҳз инсофу адолатро талаб мекунад. Чизи дигар боэҳтиёт будани фурӯшанда зимни фурӯш аст. Ӯ бояд ба харидор камбудӣ ва сифати молашро гӯяд, нархи молашро баланд намонад ва, аз ҳама муҳим, дар тарозу зиёд диҳаду кам не. Ту ҳам, писарам, новобаста аз он ки фурӯшанда ҳастӣ ё не, шояд рӯзе бо тарозу сару кор гирӣ, аммо зинҳор кӯшиш накун, ки молро кам баркашӣ, зеро хайру баракат аз моли ту меравад. Мутаассифона, аксарияти фурӯшандаҳо ин ҷиҳатро ба ҳисоб намегиранд. Ҳатто харидоронро бо тарозуҳои нимсоз фиреб медиҳанд. Суханҳои мӯйсафед сабаб шуду меҳмонҳоро фаромӯш кардам. - Кош, ҳама мисли шумо фикр мекарданд. Он гоҳ боварӣ миёни мардум зиёд мешуд,ба мӯйсафед миннатдорӣ намуда,бо табъи болида роҳ ҷониби хона гирифтам... Хуршеди МАВЛОН, “ҶТ”
6
“ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН”, №09 (9539), 01.03.2018
ДАР ҲОШИЯИ ПАЁМ
Неъмати бебаҳои табиат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти ҷумҳурӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон борҳо дар суханрониҳояш дар сатҳи ҷумҳурӣ ва ҷаҳонӣ оид ба ҳифз ва тоза нигоҳ доштани сарватҳои табиӣ, хусусан об баромад намуда, соли 2003–ро «Соли умумиҷаҳонии оби тоза» эълон намуданд. Ва баъдан он дар сессияии 54–уми Ассамблеяи генералии Созмони Миллали Муттаҳид дастгирӣ ёфт. Бо ин мақсад моҳи марти ҳамон сол дар шаҳри Киотои давлати Ҷопон Конфронси байналмилалии «Об манбаи ҳаёт» баргузор гардид. Дар он Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пешниҳод карданд, ки солҳои 2005–2015 амалиёти «Об манбаи ҳаёт» эълон карда шавад. Ин даъвати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ–Пешвои миллат, Президенти ҷумҳурӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар сессияи 58–уми Ассамблеяи генералии Созмони Миллали Муттаҳид тасдиқ гардид. Аз 29 то 31–уми августи соли 2003 дар шаҳри Душанбе форуми байналмилалии «Оби тоза» шуда гузашт, ки дар он намояндагони 53 давлат ва зиёда аз 100 ташкилотҳои ғайридавлатӣ иштирок доштанд. Ва ин иқдоми пешгирифтаи Президенти ҷумҳурӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ҳамаҷонида дастгирӣ намуданд. Рӯзҳои 8 ва 10–уми июни соли 2010 дар пойтахти ҷумҳурӣ, шаҳри Душанбе доир гардидани конфронси байналмилалии татбиқи даҳсолаи «Об барои ҳаёт» бо ҳузури 192 давлати ҷаҳон, 60 созмони давлатӣ ва ғайридавлатии бонуфузи байналмилалӣ, коршиносон аз ташаббусҳои созандаи Роҳбарияти давлат ба шумор меравад. Зимни суханрониҳои хеш Сарвари давлат борҳо ёдовар гардидаанд, ки қадру қимати об аз қадру қимати нафт, газ, ангишт ва дигар манбаъҳои энергетикӣ кам нест. Бинобар ин, ба ин муъҷизаи бебаҳои табиат эҳтиёткорона, самаранок, сарфакорона муносибат намуда, онро мақсаднок истифода бояд бурд. 19 майи соли 2013 дар Тайланд Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронии хеш дар форуми дуввуми об барои кишварҳои минтақаи Осиё ва уқёнуси Ором дар мавзӯи «Амнияти вобаста ба об ва таҳдидҳои офатҳои табиии марбут бо об» масъалаи ноил гаштан ба ҳадафҳо дар соҳаи обро яке аз роҳҳои асосии расидан ба дигар ҳадафҳои рушд ниҳоят муҳим арзёбӣ карда, ҷомеаи ҷаҳонӣ, аз ҷумла кишварҳои Осиё, хусусан Осиёи Миёнаро ба ҳамкории созанда дар ин самт даъват намуданд. Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор”, 22 марти соли 2018 рӯзи байналмилалии захираҳои об оғоз ёфта, 22 марти соли 2028 ба анҷом мерасад. Хушбахтона, ин ташаббусҳо аз ҷониби Ассамблеяи генералии Созмони Милали Муттаҳид дастгирӣ ёфта, дар иртибот ба онҳо як зумра қатъномаҳо қабул карда шуд. Мақсади Сарвари давлат аз ин пешниҳодот аз як тараф ҷалб намудани диққати ҷомеаи башарӣ ба ҳалли масоили об бошад, аз ҷониби дигар нисбати тақсимоти одилонаи об кишварҳои дунёро ба адлу инсоф даъват менамояд. Ҷумҳурии Тоҷикистон дар саргаҳи обҳои Осиёи Марказӣ ҷойгир буда, ба ҳар сари як нафар бошандаи он дар як сол 12 ҳазор метри мукааб об рост меояд. Ҳол он ки мутобиқи нишондиҳандаҳои оморӣ дар ҷаҳон қариб 1 миллиард одам аз норасоии об танқисӣ мекашанд. Аз рӯи ҳисоби Созмони Милали Муттаҳид то соли 2025 аз се ду ҳиссаи аҳолии дунё аз норасоии об ранҷ хоҳанд кашид Ҳифзи захираҳои обии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шароити иқлими хушки Осиёи Миёна яке аз мушкилиҳои муҳимтарин ба ҳисоб меравад. Масъалаи муҳими замони муосир ин муҳофизати об аз ифлосшавист. Табиати Тоҷикистон сарсабзу зебо буда, манбаи зиёди обҳои ошомиданӣ дар дунёст. Пас ҳар яки моро мебояд, ки ба қадри ин неъмати Илоҳӣ расем ва барои тозаю беолоиш ҳифз намудани он камари ҳиммат бандем Бибираҷаб ФОЙЗАЛИЕВА, омӯзгори Мактаб-интернати миёнаи махсуси санъати ҷумҳуриявӣ ба номи М. Атоев
Агар дар ҷаҳон набвад омӯзгор... “Нишондиҳандаҳои рушди нерӯи инсонӣ аз се самти асосӣ – дастрасӣ ба таҳсилот, тандурустию дарозумрӣ ва сатҳи шоистаи зиндагӣ иборат мебошад”. Аз Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Дар ин суханони Пешвои миллат ҳақиқате нуҳуфтааст. Зеро пешрафти ягон давлат ё ҷомеа бе дастрасӣ ба таҳсил ва дар ин замина, бе рушди соҳаи маориф гумон аст, ки имконпазир гардад. Ҳоло дар соҳаи маорифи кишвар навсозӣ ва дар ин замина иқдомоти наҷиб амалӣ мегардад. Чунончи танҳо дар соли 2017 баҳри навсозӣ, бунёди таълимгоҳҳои нави замонавӣ аз ҳисоби сарчашмаҳои гуногун беш аз 400 миллион сомонӣ маблағ сарф ва барои 24 ҳазор нафар хонандагон ҷойҳои нави нишаст муҳайё шудааст. Ҳамаи ин имкон медиҳад, ки баҳри ба таълиму тарбия бештару хубтар фаро гирифтани насли наврас шароити мусоид муҳайё гардад. Дар ин замина сатҳи донишандӯзии хонандагон низ боло равад. Тавре дар Паёми хеш Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зикр намуданд, мувофиқи назарсанҷии созмонҳои бонуфузи ҷаҳонӣ, ки дар кишварҳои рӯ ба инкишоф ба анҷом расондаанд, соли гузашта Тоҷикистон аз рӯи нишондиҳандаи дастрасӣ ба таҳсилот ва сифати таҳсилот миёни 101 кишвари олам ҷои 54-умро соҳиб гардидааст. Ин нишондиҳанда дар миқёси кишварои ИДМ боз ҳам беҳтару хубтар аст. Ва Тоҷикистон яке аз ҷойҳои аввалро ишғол менамояд. Ҳамаи ин гувоҳ аз таваҷҷуҳ ва ғамҳориҳои
пайвастаи Роҳбарият ва Ҳукумати кишвар дар ин самт мебошад. Самте, ки пешрафти натанҳо Тоҷикистони азиз, балки ҳар кишварро бе он тасаввур намудан душвор аст. Чунин таваҷҷуҳи пайваста ба соҳаи маориф мо, омӯзгоронро водор менамояд, ки дар таълиму тарбияи насли наврас аз имкониятҳои мавҷуда боз ҳам бештар истифода намоем. Шоир дар васфи омӯзгор басо хуб гуфтааст: Агар дар ҷаҳон набвад омӯзгор, Шавад тира аз бехирад рӯзгор. Барҳақ омӯзгор машъалафрӯзи ҷомеа дар ҳама давру замон маҳсуб меёфт ва меёбад. Ва ба зиммаи ӯ масъулияти басо бузург ва пуршараф вогузошта шудааст – таълими насли наврас. Натанҳо таълим, ҳамчунин тарбияи эшон. Тарбия дар руҳияи содиқ будан ба анъанаҳои неки гузаштагони хеш, донистани таърихи пурғановати миллати худ, дар руҳияи ватандӯстию инсондӯстӣ. Барои тарбияи сазовори насли наврас мо, омӯзгоронро лозим аст, ки пайваста заҳмат кашем. Имрӯз дар шароити басо мураккаби ҷаҳонишавӣ қарор дорем. Созонҳои гуногуни ифротгаро баҳри ноил шудан ба ҳадафҳои нопоки хеш аз тамоми имконот, аз ҷумла аз нерӯи насли наврас мехоҳанд истифода баранд. Бисёр аламовар аст вақте мешунавем, ки ҷавонони тоҷик ҳам ба чунин гурӯҳҳои ҷиноятпеша ҳамроҳ шуда,
баҳри амалисозии ҳадафу ниятҳои нопоки қувваҳои вайронкору ҷиноятпеша худро беҳуда қурбон месозанд. Пас, мо, омӯзгоронро лозим аст, ки баҳри пешгирии ин гуна раванди ба ҷомеа хатарнок аз тамоми имконот, нерӯи омӯзгорӣ пурсамар истифода барем. Нагузорем ягон нафар аз ҷавонони тоҷик ба чунин гурӯҳҳои вайронкор шомил шавад. Пешвои миллат зимни мулоқоту вохӯриҳо бо табақаҳои гуногуни ҷомеа пайваста таъкид мекунанд, ки ҷавонон ояндаи миллатанд. Яъне, оянда зимоми давлатдорӣ дар дасти онҳост. Пас, моро лозим аст, ки ин гуфтаҳои пурҳикмати Роҳбари давлатро сармашқи кори худ намуда, дар тарбияи насли навраси арзанда саҳми босазои худро гузорем. Назира МАРДОНОВА, омӯзгори МТМУ №86, ноҳияи Сино
Мактаби мардонагӣ Дар баробари ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ, ки дастоварди муҳимтарину бузург, неъмати бебаҳои ҳама гуна халқу миллат ба шумор меравад, боз миллати тоҷик соҳиби Парчам, Нишони давлатӣ, Суруд ва Артиши миллӣ гардид. Аввалин сафороӣ ва расми гузашти тантанавии ҷузъу томҳои низомии Артиши миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯзи 23-юми феврали соли 1993 хотирмону фаромӯшношуданӣ сурат гирифт. Намоиши расми гузашти низомии мазкурро метавон гардиши куллие дар ҳаёти Артиши миллии мамлакат номид. Он нишон дод, ки Роҳбарияти давлату Ҳукумати навташкили Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ташкилу ташаккули Қувваҳои Мусаллаҳ ҷиддан машғул аст. Ҳамзамон, бояд зикр намуд, ки хизматчиёни ҳарбию ҳайати шахсии ҷузъу томҳои Қувваҳои Мусаллаҳ дар тӯли 25 соли фаъолият дар ҳама лаҳзаҳои душвор ҷасорату мардонагӣ ва садоқат ба савганди ҳарбӣ нишон дода, барои ҳифзи сарзамин ва дастовардҳои Истиқлолият, пойдории сулҳу субот ҷони худро дар роҳи Ватан нисор кардан тайёр буданро исбот кардаанд. Аз таъсиси Артиши миллӣ 25 сол сипарӣ гардид. Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон зодаи даврони Истиқлолият буда, дар шароити вазнин таъсис ёфтааст. Бояд гуфт, ки ҳар як давлати соҳибистиқлол дар ҳифзи суботу амнияти худ ба артиши миллӣ такя мекунад. Ин 25 сол собит намуд, ки Артиши миллӣ ҳамчун такягоҳи асосии давлат ва сипари боэътимоди миллат, барои ба эътидол овардани вазъи мамлакат ва пуштибонии сулҳу субот хизматҳои беназир менамояд.
Имрӯз сафҳои Артиши миллӣ аз ҳисоби низомиёни касбӣ, ки мактабҳои ҳарбии дохиливу хориҷиро хатм кардаанд, мукаммал гардидааст. Барои насли наврас бошад, хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи мамлакат муҳимтарин мактаби обутоби ҳаётӣ аст. Маҳз дар ҳамин ҷо ҷавонписарон сабақи шуҷоату мардонагӣ гирифта, муҳофизат кардани хоки поки Ватанро меомӯзанд. Вақте ки мо ватандӯстӣ мегӯем, пеш аз ҳама муҳофизати Ватан ва якпорчагии марзу буми кишварро дар назар дорем. Вазифаи шаҳрванди ватандӯст афзун намудани дастовардҳои Истиқлолият ва таҳкими рукнҳои давлатдорӣ аст, ки яке аз ин рукнҳо Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар мебошад. Имрӯз ҳифзи Ватан, сулҳу субот осоиштагии мардуми сарзаминамон ҷавҳари асосии ҷомеаи демократӣ ва ҳуқуқбунёд мебошад. Мо бояд меҳру муҳаббат ва тамоми ҳастии худро ба он равона кунем, ки мардуми Тоҷикистон ҳис намоянд ва хотирҷамъ бошанд, аз он ки Артиш қудрати муҳофизати марзу буми кишвар ва Истиқлолиятро дорад. Онҳо метавонанд хотирҷамъ таҳти муҳофизати ин артиш меҳнати бунёдкорона ва ҳаёти осоишта дошта бошанд. Абдузуҳур Хушмаҳмад ҲАСАНЗОДА, мутахассиси коллегияи ҳарбии Суди Олӣ
“ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН”, №09 (9539), 01.03.2018 Паёми имсолаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аҳли Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон ба номи С. Раҳимов чун дигар сокинони кишвар бо як руҳбаландии хосса қабул намуданд. Паём чун роҳнамо вазифаҳои муассисаро барои минбаъда муайян намуд. Кормандони Донишкада, ки дар кишвар манбаи асосии омода намудани мутахассисони риштаи варзиш ба шумор меравад, дар навбати аввал нуктаҳои Паёмро дар самти маориф, ҷавонон ва варзиш ҳамчун дастури амал қарор додаанд.
Роҳнамои ҳаёти босаодат
Яке аз нуктаҳои муҳими Паёми имсола рушди илму маориф ва дар ин замина муҳимияти фаъолияти омӯзгор, худомӯзиву кофтуковҳои эҷодии ӯ буд. Ҳамин аст, ки дастрасӣ ба таҳсилотро Пешвои миллат яке аз нишондиҳандаҳои рушди нерӯи инсонӣ маънидод намуданд. Дарвоқеъ, танҳо миллати босавод метавонад, ки насли соҳибмаърифату донишманд ва мутахассисони арзандаи давронро ба воя расонад. Мувофиқи назарсанҷии созмонҳои бонуфузи ҷаҳонӣ соли 2017 Тоҷикистон аз рӯи 4 нишондиҳанда, аз ҷумла дастрасӣ ба таҳсилот, сифати таҳсил, сармояи инсонӣ ва қобилияти рақобати он дар миёни 101 давлати ҷаҳон ҷои 54-ум ва миёни кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил яке аз ҷойҳои аввалинро ишғол намуд. Вале тавре Пешвои муаззами миллат дар Паёмашон зикр намуданд: “...албатта, ин дастоварди хуб аст, аммо мо набояд бо ин нишондиҳанда қонеъ шуда, таваҷҷуҳро ба ин соҳаи ҳаётан муҳим кам намоем. Баръакс, моро зарур аст, ки боз ҳам зиёдтар заҳмат кашида, ба масъалаи таълиму тарбия афзалияти бештар диҳем, сатҳу сифати таълимро дар ҳамаи зинаҳо беҳтар кунем, барои таҳсилоти босифат аз тамоми имконот истифода карда, заминаҳои моддиву техникии муассисаҳои таълимиро таҳким бахшем ва самарабахшии фаъолияти онҳоро таъмин намоем”. Бо дарки ин нукта имрӯз устодону кормандони Донишкада аз таваҷҷуҳу муносибати Пешвои миллат нисбат ба соҳаи маориф руҳбаланд гашта, дар роҳи таълиму тарбия рисолати хешро иҷро намуда истодаанд. Ҳамчунин, Роҳбари давлат дар Паёми имсолаашон ба соҳаи варзиш таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуда, дурнамои ин соҳаро бо вазифагузориҳои мушаххас дар назди масъулон пешбинӣ намуданд. Таъкид гардид, ки ҳарчанд дар шаҳру ноҳияҳои мамлакат аз соли 2011 то 2016 беш аз 1400 иншооти варзишии нав бунёд гардида, қариб 1100 иншоот таъмиру таҷдид шуда бошад ҳам, вале дар самти бунёди майдону толорҳои варзишии наву замонавӣ ва рушди минбаъдаи соҳа боз ҳам корҳои зиёдеро ба сомон расонидан зарур аст. Имрӯз дар самти варзиш шоҳиди бунёди иншооти замонавии варзишӣ, дастгирии пайвастаи варзишгарон, фароҳам овардани шароитҳои зарурӣ барои рушди варзиш дар саросари кишвар гашта истодаем. Вале дар ин самт боз ҳам иҷрои тадбирҳои зиёди дигар - афзун намудани варзишгарони касбӣ, ҷалби бештари сокинон, бахусус насли наврас ба варзиш, оммавигардонии варзиш миёни сокинон ва дар ин замина тарбияи насли солим аз вазифаҳои муҳим маҳсуб меёбанд. Зеро маҳз варзиш яке аз беҳтарин воситаи муаррифии давлату миллат дар арсаи байналмилалӣ унвон гирифтааст. Пешвои миллат вобаста ба сиёсати давлатии ҷавонон зикр намуданд, ки “Ғамхории Ҳукумат нисбат ба ҷавонон танҳо бо “Соли ҷавонон” маҳдуд намешавад. Баръакс, ҳалли масъалаҳои вобаста ба наврасону ҷавонон минбаъд низ самти муҳимтарини фаъолияти мо хоҳад буд”. Воқеан, тавре ҳамагон шоҳид будем, дар доираи “Соли ҷавонон” тадбирҳои хеле зиёд дар саросари кишвар роҳандозиву амалӣ гаштанд, ки ин таваҷҷуҳу ғамхориҳои пайвастаи давлату Ҳукумат аз насли ҷавон масъулияти баланди илмомӯзиву созандагӣ, ташаббускориҳои бевосита, муҳимтар аз ҳама, зиракии сиёсиро талаб менамояд. Хулоса, ҳама масъалаҳое, ки дар Паёми имсолаи Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии кишвар иброз гардиданд, хеле муҳиму бамаврид буда, ҳалли мушкилоти ҷойдошта ҷиҳати расидан ба зиндагии шоиста мусоидат мекунад. Дилором КАРИМОВА, ноиби аввали ректори ДТҶТ ба номи С. Раҳимов, номзади илмҳои педагогӣ
7
ДАР ҲОШИЯИ ПАЁМ
Омили муҳими пешрафти иқтисоди миллӣ «Мақсади асосии сиёсати давлатӣ дар соҳаи туризм ин таъмини шароитҳои мусоиди ҳуқуқӣ барои ташкили самарабахши субъектҳои фаъолияти туристӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад, ки имкониятро барои қонеъгардонии талаботи шаҳрвандони дохилӣ ва хориҷӣ ба хизматрасонии мухталиф ва сифатнокии соҳа таъмин намояд». (Иқтибос аз Консепсияи рушди туризм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон) Тавре аз таҳлили коршиносон бармеояд, имрӯз дар аксари мамлакатҳо сайёҳӣ яке аз соҳаҳои сердаромадтарини иқтисодиёт ба ҳисоб меравад. Дар аксар кишварҳои дунё қисми зиёди даромади буҷаи давлат аз ҳисоби сайёҳӣ аст. Давлатҳое, ки табиати зебо ва таърихи қадима доранд, аз ин дастоварди худ васеъ истифода бурда, ба буҷети худ даромади зиёд меоранд. Сайёҳӣ дар ташаккули маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ, фаъолнокии тавозуни савдои беруна, таъмини шуғли аҳолӣ ва таъсиси ҷойҳои кории иловагӣ нақши арзанда бозида, ба соҳаҳои асосии иқтисодиёт таъсири мусбӣ мерасонад. Мувофиқи маълумоти оморӣ пас аз соли 1998 сайру саёҳат ва хизматрасонӣ дар ин соҳа нисбат ба саноати мошинсозӣ, саноати сабуку хӯрокворӣ ба сафи пеш баромад. Боиси ифтихор аст, ки Тоҷикистон бо табиати биҳиштосои афсонавӣ, дашту саҳро, дараю водиҳо, кӯҳҳои осмонбӯс ва боғҳои дилрабо дар тамоми дунё машҳур гаштааст. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мавҷуд будани мероси бои таърихию фарҳангӣ ва захираҳои нотакрори табиию фароғатӣ барои эҳё ва рушди минбаъдаи сайёҳӣ ҳамчун яке аз самтҳои афзалиятноки иқтисодиёти мамлакат шароити мусоид фароҳам меорад. Тибқи баҳогузории коршиносони Ташкилоти умумиҷаҳонии сайёҳӣ бартарияти рақобатнокии Тоҷикистон дар фарҳанги нодир (саёҳати фарҳангию маърифатӣ), иқтидори бои табиӣ (сайёҳӣ-экологӣ), фаъолнокии корӣ (саёҳати корӣ), инчунин, имкониятҳои машғулият бо намудҳои фаъоли истироҳат, ба мисли сайёҳии варзишӣ ва экстремалӣ мебошад. Айни замон дар ҷумҳурӣ иншооти зиёди фаъолияти сайёҳӣ, аз ҷумла базаҳои туристӣ, муассисаҳои санаторию курортӣ ва меҳмонхонаҳо, ҳамчунин муассисаҳои варзишию солимгардонӣ, корхонаҳои
махсусгардонидашудаи савдо, боғҳою мамнуъгоҳҳо, корхонаҳои нақлиётӣ, тарабхонаҳо, агентию намояндагиҳои таблиғотӣ мавҷуданд, ки дар маҷмуъ ҳамаи онҳо вазъи имрӯзаи сайёҳиро дар ҷумҳурӣ инъикос мекунанд. Бо дарназардошти шароиту имкониятҳои мавҷуда имрӯз дар Тоҷикистон сиёсати миллии сайёҳӣ дар меҳвари сиёсати давлатӣ қарор дорад. Сиёсати миллии сайёҳӣ аз умдатарин сиёсат дар самти рушди иқтисодӣ мебошад. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми имсолаашон таъкид намуданд, ки «Кишвари мо дорои имконияти васеъ аз ҷиҳати минтақаҳои сайёҳӣ буда, истифодаи самараноки он боиси болоравии сатҳи зиндагии аҳолии ҷумҳурӣ хоҳад шуд. Бо истифода аз табиати зебою чашмаҳои беҳисоби шифоӣ, кӯҳҳои сарбафалаку маконҳои таърихии диққатҷалбкунанда ва зиёратгоҳҳои кишварамон ин соҳаро бемайлон рушд диҳем ва онро ба соҳаи сердаромаду манфиатнок табдил дода, ба нафъи кишвару халқамон босамар истифода барем”. Воқеан, дар Тоҷикистон имкони мушоҳидаи иқлим ва табиати мухталиф вуҷуд дорад, ки танҳо хоси ин кишвар аст. Сайёҳон имкон доранд, ки дар як замон ҳам аз табиати зебои водӣ, ҳам аз манзараҳои дилнишини доманакӯҳҳо ва ҳам аз қуллаҳои барфпӯши иқлими кӯҳистон баҳравар бошанд. Дар пешорӯи Тоҷикистон имкони хуби дарёфти мавқеи арзанда дар сохтори ҷаҳонии сайёҳӣ пайдо мегардад. Тоҷикистон кишвари кӯҳӣ буда, 93 фисади масоҳати онро кӯҳҳо ташкил медиҳад. Силсилакӯҳҳои Тён-шон, Ҳисору Олой ва Помир дар иҳотаи заминҳои ҳосилхези Фарғона, Зарафшон, Вахш ва Ҳисору Қаротегин ҷойгиранд. Яъне шароити мусоиди табиӣ ва иқлими кишвар ба мо имкон медиҳад, ки ин соҳаро бештар
рушд диҳем. Вобаста ба ин Сарвари давлат дар Паёми имсолаашон чунин таъкид карданд: “Танҳо зарур аст, ки инфрасохтори муосир бунёд ва сифати хизматрасонӣ дар сатҳи байналмилалӣ ба роҳ монда шавад. Айни ҳол дар қонунгузории мо муҳлати бақайдгирии шаҳрвандони кишварҳое, ки бо Ҷумҳурии Тоҷикистон низоми раводид доранд, то 3 рӯз муайян шудааст. Таҷриба ва омӯзиш нишон медиҳад, ки муҳлати зикршуда барои шаҳрвандони хориҷӣ кофӣ нест. Аз ин хотир, Ҳукумати мамлакат доир ба масъалаи то 10 рӯзи корӣ дароз кардани муҳлати бақайдгирӣ дар мақомоти корҳои дохилӣ қарори дахлдор қабул намояд”. Дар баробари рушди сайёҳӣ ривоҷу равнақ бахшидани ҳунарҳои мардумӣ омили дигари рушди иқтисодиёти кишвар аст. Ин ду соҳа ба ҳам пайванди ногусастанӣ доранд. Тавре дар Паёми имсолаи Сарвари давлат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид шуд, “барои рушди ҳунарҳои мардумӣ ба ҳунармандон, косибон, чеварон ва ҳамаи онҳое, ки ҳунарманданду дар хонаҳои худ ба касбҳои гуногун машғуланд ва барои сайёҳон молҳои мароқовар ва тарғибгари фарҳанги миллиамон, аз қабили адрас, ҷӯроб, куртаҳои чакан, ҷома, асбобҳои миллии мусиқӣ, асбобҳои рӯзгор тайёр карда метавонанд, грантҳо ҷудо ва фурӯши ин маҳсулотҳо аз андоз озод карда шавад”. Албатта, тадбири мазкур агар аз як ҷониб сатҳи зиндагии мардумро беҳтар гардонад, аз ҷониби дигар фарҳанги миллиамонро ба ҷаҳониён муаррифӣ менамояд. Инчунин, баробари рушди ҳунарҳои мардумӣ сафи чеҳраҳои нави ҳунармандонамон зиёд мегардаду насли ҷавон бештар ба ҳунару ҳунаромӯзӣ майл мекунад. Раҳмоналӣ САФАРОВ, муаллими ДТҶТ ба номи С. Раҳимов, номзади илмҳои сиёсӣ
Душанбе дар масири сайёҳӣ Ҳанӯз аз замонҳои қадим то ҳоло марказҳои маъмурию сиёсӣ ва пойтахтҳои кишварҳо барои рушди сайёҳӣ нақши хело муҳимро мебозанд. Пойтахти ҳар як кишвар намунае аз сарватҳои ҳунарӣ, ҳувият, фарҳанг ва асолати қавмию нажодии ҳар миллат мебошад. Душанбе ҳамчун пойтахти кишвари азизамон, ки таърихи беш аз 2000-соларо дорост, аз ҷумлаи шаҳрҳои сайёҳӣ дар минтақа маҳсуб меёбад. Тавре ҳафриёти бостоншиносӣ гувоҳӣ медиҳанд, дар гузашта Душанбе дорои ёдгориҳои нодир будааст ва боиси ифтихор аст, ки ҳамаи нишонаҳои куҳани таърихӣ ва фарҳангии он то имрӯз ҳифз шудаанд. Мавзеъҳои сайёҳии шаҳри Душанбе хеле фаровон буда, ҷое нест, ки холӣ аз ҷаззобият бошад. Фарҳангу суннати меҳмоннавозӣ, либосҳои милливу осорхонаҳои бузурги ғановатманд, муҷассамаҳои адибону нобиғаҳои ҷаҳонии тоҷику форс, талу теппа ва боғҳову дарахтони сарсабз, тарабхонаҳои миллию аврупоӣ, табиати зебову муҳити тоза ва ҳамчунин маҳалҳои истироҳатию фароғатии атрофи он, аз қабили дараҳои Ромиту Варзоб, ҳамагӣ ҷузъе аз мавзеъҳои сайру сайёҳатии шаҳри Душанбе мебошанд. Душанбе ҳамчун дарвозаи асосии қабули сайёҳон ва садҳо меҳмонони хориҷӣ ҳамасола рисолати худро барои ташрифи сайёҳоне, ки ба самти Хатлону Зарафшон, Бадахшону Ҳисор, Ромиту Варзоб равонаанд, иҷро намуда истодааст. Боиси фараҳмандист, ки меҳмоннавозии суннатии сокинон ва бахусус амнияту осоиштагии пойтахтамон ба раванди рушди сайёҳӣ мусоидат намудааст. Тавре шоҳидем, дар давоми солҳои соҳибистиқлолии кишвар дар пойтахт ва умуман, шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ барои рушди соҳаи сайёҳӣ тадбирҳои зиёд роҳандозӣ гаштанд. Аз ҷумла, дар пойтахт бо ташаббуси бевоситаи Сарвари давлат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маҷмааи Исмоили Сомонӣ, Қасри миллат, Осорхонаи миллӣ, Парчами миллӣ, Нишони миллӣ, Боғи Ирам, меҳмонхонаю садҳо иншооти дигар бунёд ва азнавсозӣ гарди-
данд, ки дар натиҷа шаҳри Душанбе ба як макони зебое табдил ёфтааст. Аз ҷониби дигар, мавҷуд будани ҷойҳои зиёди таърихию диққатҷалбкунанда дар пойтахт имкон фароҳам овардааст, ки ҳамасола ташрифи сайёҳон ба кишварамон афзун гардад. Айни замон бо як тарзу услуби махсуси муосири шаҳрсозӣ дар пойтахт меҳмонхонаҳои замонавӣ, иншооти варзишии муҳташам, биноҳои хуштарҳи истиқоматӣ, боғҳои фарҳангию фароғатӣ ва даҳҳо иншооти дигари маданию маишӣ бунёд гашта истодаанд, ки аз як тараф барои зиндагии шоистаи сокинони пойтахт кӯмак намоянд, аз тарафи дигар барои ҷалби сайёҳон ва дар ин замина ғанӣ гаштани иқтисодиёти пойтахт мусоидати воқеӣ намуда истодаанд. Дар Душанбе даҳҳо чорабиниҳои муҳими сиёсию фарҳангӣ, илмию варзишӣ доир мегарданд, ки дар онҳо ҳазорон нафар меҳмонон аз кишварҳои хориҷи дуру наздик ширкат меварзанд. Дар ин ҷараён онҳо аз пойтахтамон дидан намуда, бо таъриху маданият, илму фарҳанг, урфу одат ва суннатҳои гузаштагонамон шинос мешаванд. Илова бар ин, ташкилу баргузории чорабиниҳои гуногуни варзишии сатҳи ҷаҳонӣ, чорабиниҳои фарҳангии брендӣ, маъракаву ҷашнҳои анъанавию аҷдодӣ, ба мисли Наврӯз, барои муаррифии боз ҳам бештари фарҳанги асили мардуми тоҷик ва дар ин замина рушди соҳаи сайёҳӣ мусоидат мекунанд. Муродмад Ойдӯстов, муовини декани факултаи сайёҳию кӯҳии ДТҶТ ба номи С. Раҳимов
8
НАВИГАРИҲОИ ВАРЗИШ
“ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН”, №09 (9539), 01.03.2018
Мирзоалӣ Комил раиси Федератсияи гӯштин интихоб шуд
Рақобати 8 даста дар лигаи олии кишвар 27-умин Чемпионати футболи Тоҷикистон байни дастаҳои лигаи олӣ рӯзи 10 март шуруъ мешавад. Бино ба иттилои Лигаи футболи Тоҷикистон (ЛФТ), дар ин мавсим 8 даста дар се давр 21 бозӣ анҷом медиҳанд. Бошгоҳе, ки дар ҷадвали мусобиқа ба зинаи охир мефарояд, лигаи олиро тарк мекунад. Дастае, ки дар мавқеи ҳафтум қарор мегирад, барои нигоҳ доштани мавқеаш дар лигаи олӣ бо гирандаи медалҳои нуқраи лигаи аввали кишвар рақобат менамояд. Қуръакашии Чемпионати Тоҷикистон-2018 оид ба футбол байни дастаҳои лигаи олӣ 22-юми феврал бо иштироки намояндагони дастаҳои лигаи олии кишвар дар Телевизиони “Варзиш” баргузор гардид. Дар даври аввал чор дидор миёни дастаҳои “Панҷшер” (Ҷ. Балхӣ) – “Кӯктош” (Рӯдакӣ), ССКА “Помир” (Душанбе) – “Хуҷанд” (Хуҷанд), “Хатлон” (Бохтар) – “Истиқлол” (Душанбе) ва “Барқчӣ” (Душанбе) – “Регар-ТадАЗ” (Турсунзода) доир мегардад. Ёдовар мешавем, ки соли гузашта дастаи “Истиқлол”-и шаҳри Душанбе маротибаи шашум ғолиби мусобиқаи қаҳрамонии лигаи олии кишвар шуда, бо медалҳои тилло сарфароз гардида буд. Дастаи “Хуҷанд”-и шаҳри Хуҷанд ҷои дуюмро касб намуда, бо медалҳои нуқра мукофотонида шуд. Футболбозони дастаи ССКА “Помир” медалҳои биринҷии чемпионатро ба гардан овехтанд. Тақвими пурраи бозиҳои даври аввали Чемпионати Тоҷикистон баъд аз тасдиқ шудан нашр хоҳад шуд. Шаҳбози АСОМИДДИН, “ҶТ”
Мирзоалӣ Комил Ҷумъахон, сардори Корхонаи воҳиди давлатии “Роҳи оҳан” то соли 2022 раиси Федератсияи гуштини Тоҷикистон интихоб гардид. Мавсуф дар ин мақом Ҳукматуллоев Музаффарро иваз намуд. Ҳукматуллоев Музаффар, бо хоҳиши худаш аризаи истеъфояшро навиштааст. Бино ба иттилои сомонаи расмии Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон Ҳукматуллоев Музаффар дар ҷаласаи ғайринавбатии Шӯрои Федератсияи гӯштини Тоҷикистон (тарзи озод, юнонӣрумӣ, гӯштини тоторӣ), ки 22 феврал дар Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон баргузор гардид, таъкид намудааст, ки директори Мактаби маҳорати олии варзиш оид ба намудҳои гуштинро бар дӯш дорад ва бо сабаби серкорӣ наметавонад Федератсияро низ ба роҳбарӣ гирад. Гуфта мешавад, ки дар баробари Ҳукматуллоев Музаффар ҳайати роҳбарии Федератсия – муовин ва котиби генералӣ низ истеъфо додаанд.
Мирзоалӣ Комил Ҷумъахон зимни суханронӣ иброз доштааст, ки дар ҳамкорӣ бо мутахассисони соҳа барои рушди ин намуди варзиш дар ҷумҳурӣ аз тамоми имкониятҳо истифода хоҳад кард. “Боиси фараҳмандист, ки Пешвои миллат, Президенти ҷумҳурӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбат ба соҳаи варзиш таваҷҷуҳи хосса ва роҳбарии Кумитаи миллии олимпиро бар зимма до-
ранд. Соҳаи варзиш, хусусан намудҳои гӯштин дар кишвари мо сол то сол рушд мекунад, вале мо бояд қаноатманд нашуда, бештар кор кунем”, - гуфтааст Комил Ҷумъахон. Гуфта мешавад, ки муовин ва котиби генералии Федератсияро бошад, дар ҷаласаи навбатӣ интихоб хоҳанд кард. Шодихони НАЗАР, “ҶТ”
Натиҷаи иштироки варзишгарони тоҷик дар Гранд Слами Дусселдорф Тавре иттилоъ дода будем, варзишгарони тоҷик дар Гранд Слами ҷудо, ки 23-25 феврал дар шаҳри Дусселдорфи Олмон баргузор гардид, иштирок карданд. Ба ҳайати тими ҷудокорони тоҷик Беҳрӯз Хоҷазода, Асадулло Тоҳиров (-73 кило), Кароматулло Ҳакимов, Ҷаҳонгир Маҷидов (-81 кило), Комроншоҳи Устопириён (-90 кило) ва Темур Раҳимов (-100 кило) шомил буданд. Беҳрӯз Хоҷазода, паҳлавони номдори тоҷик, ки шуруъ аз оғози соли 2018 дар риштаи ҷудо рақобатҳоро оғоз намудааст, дар вазни 73 кило Шамил Дзавбатирови олмонӣ ва Марсел Серкеаи руминиягиро шикаст дод. Беҳрӯз дар вохӯрии сеюми худ рақобатро дар муқобили Рустам Оруҷов, паҳлавони Озарбойҷон бохт. Хоҷазода бо ду пирӯзӣ ва як бохт аз мусобиқаи мазкур 160 хол ба даст овард. Паҳлавони дигари тоҷик Асадулло Тоҳиров бошад, дар қувваозмоии нахустин аз паҳлавони ҷопонӣ Шоҳей Оно, қаҳрамони Бозиҳои олимпии Рио-де-Жанейро-2016 шикаст хӯрд. Ҷаҳонгир Маҷидов, ки шуруъ аз мавсими нави гӯштин қувваозмоиҳояшро миёни калонсолон оғоз намуд, дар вазни 81 кило аз паҳлавони фаронсавӣ Алфа Умар Ҷало мағлуб гашт. Паҳлавони дигари
тоҷик Кароматулло Ҳакимов, ки дар вазни 81 кило ба майдон баромад, дар даври аввал бар Калонҷи Мбуйи пирӯз шуда, дар рақобати дуюм аз Аслан Лаппинагови рус мағлуб шуд. Комроншоҳи Устопириён бошад, дар вазни 90 кило рақобатҳоро аз даври дуюм оғоз намуда, бо се пирӯзӣ ва ду бохт дар зинаи панҷум қарор гирифт. Ӯ Юрий Мокану (Молдавия), Ҷеспер Сминки (Голландия) ва Дмитрий Довганро мағлуб намуда, дар даври ниманиҳоӣ аз Машу Бакери ҷопонӣ шикаст хӯрд. Комроншоҳ қувваозмоиро барои зинаи сеюм бар паҳлавони муғул Алтанбагана Гантулга бохт. Паҳлавони дигари тоҷик Темур Раҳимов, ки дар вазни 100 кило дар даври аввал озод буд, рақобати дуюмро дар муқобили Бенҷамин Флетчер, варзишгари Ирландия, бохт. Дар мусобиқаи мазкур наздики 500 нафар варзишгар аз 65 кишвари ҷаҳон ширкат доштанд. Шодихони НАЗАР, “ҶТ”
Аз тамрин хаста шудед? Пас, марҳамат ба меҳмонхонаи “Варзиш” Меҳмонхонаи “Варзиш” баъди таъмиру азнавсозӣ дубора ба кори худ оғоз намуд. Меҳмонхонаи “Варзиш” дар шакли муосир ва мувофиқи талаботи мизоҷон таъмир шуда, шабонарӯзӣ барои қабули меҳмонони дохилию хориҷӣ омода гаштааст. Меҳмонхонаи “Варзиш” бо дастгирии бевоситаи раиси шаҳри Душанбе, муҳтарам Рустами Эмомалӣ ва Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати кишвар дар ҳамкорӣ бо шарикони рушд, сарпарастони
ватанӣ таъмир шудааст. Дар меҳмонхона ба меҳмононе, ки ба варзиш алоқамандии зич дошта, ҳамеша дар фикри саломатии худ мебошанд, шароит фароҳам шудааст, то ба варзиш машғул шаванд. Меҳмонхонаи “Варзиш” дар шаҳраки варзишӣ бунёд ёфта, меҳмонон метавонанд дар баробари фароғат субҳи барвақт дар Варзишгоҳи марказӣ ба обутоби бадан машғул шуда, дар Қасри теннис маҳорати теннисбозии худро сайқал диҳанд. Барои онҳое, ки мехоҳанд давоми истироҳат
бадансозӣ кунанд, ҳудуди 50 метр дуртар аз меҳмонхона толори варзишӣ мавҷуд аст. Толорҳои гӯштину ҳавзҳои шиноварӣ, майдонҳои хурду бузурги футбол дар атрофи меҳмонхонаи “Варзиш” ҷойгиранд. Меҳмонхонаи “Варзиш” меҳмононро аз субҳ то шом бо барномаҳои ҷолибу хотирмон қабул намуда, баҳри роҳату фароғаташон мекӯшад. Дар ин ҷо меҳмонон давоми рӯз шоҳиди бозиҳои Лигаи олӣ ва чемпионати Тоҷикистон оид ба футболи кишвар мешаванд. Инчунин, барои
рафъи хастагиашон ба меҳмонон - онҳое, ки давоми рӯз аз намудҳои гуногуни варзиш хаста шудаанд, дар масофаи 30-40 метр аз пушти меҳмонхона боғи фарҳангиюфароғатии “Ҷавонон” бунёд ёфтааст. Меҳмонон метавонанд шомгоҳон дар ин боғи зебои навбунёд, ки бо нақшу нигори миллӣ ва шароити байналмилалӣ сохта шудааст, ройгон фароғат намоянд. Дар меҳмонхонаи “Варзиш” то 200 нафар меҳмон дар як вақт ба истироҳат фаро гирифта шуда, барои мизоҷон 10 ҳуҷраи истироҳатии дараҷаи олӣ (люкс),
ки 80 сомонӣ нархгузорӣ шудааст, 24 соат фаъолият намуда, инчунин, 26 утоқи дараҷаи миёна бо нархи 40 сомонӣ дар хизмат қарор доранд. Меҳмонони меҳмонхонаи “Варзиш” бо 40 сомонӣ дар се вақт (наҳорӣ, нисфирӯзӣ, бегоҳӣ) аз таомҳои болаззати меҳмонхонаи мазкур метавонанд баҳра баранд. Суроғаи меҳмонхона: ноҳияи Сино, кӯчаи Исмоили Сомонӣ - 45. Маълумоти бештарро метавонед тариқи рақамҳои – 378806038 ба даст оред. Шодихони НАЗАР, “ҶТ”
АНДЕША
“ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН”, №09 (9539), 01.03.2018 (Идома аз шумораи гузашта) Тайёрии махсуси ҷисмонӣ ин ҷараёни тарбияи сифатии варзишгарони махсусгардонидашуда барои бозиҳои хос мебошад. Ҳар як бозӣ хусусияти худро дорад ва дар як вақт характери ин ё он номгӯ аз якдигар фарқ мекунанд: силсилавӣ, даврӣ, гуногунрангӣ, нопойдорӣ, тағйирёбандагӣ, шиддатнокӣ ва бор (вазн). Давомнокии фаъолият дар ин шароит инкишофи хусусият, хос будани тобоварӣ, пурбардоштӣ, тезҳаракатӣ, қувва, чаққонӣ (бомаҳорат), гиро будани ақл, ҷаҳидан ва хеззанандагиро талаб мекунад. Қувва - зӯр, қудрат, нерӯ. Қувваи бозу, қувваи даст. Қувва ин ифодакунандаи бузургии таъсири як ҷисм ба ҷисми дигар аст. Қувваи инсон маҳсули меҳнати босубот ва машқи пайваста аст. Қувва ин маҳсули гурӯҳи мушакҳои рагу пай, ҷисми обутобёфта дар машғулиятҳои тарбияи ҷисмонӣ, бозиҳои серҳаракат мебошад. Барои гӯштингир қувваи дастон, пой ва миён асосӣ аст. Барои теннисбозон, гандболистҳо, хоккеистҳо қувваи мушакҳои даст ва тан асосӣ ба шумор мераванд. Қувваи варзишгар, шахси боқувват ва бошуур бар тамоми ҳайвоноти рӯи замин ғолибият меорад. Вазнбардор (штангист, штангбардор) бо қувваи даст, миён ва пойҳои хеш аз вазни хеш ду-се баробар зиёд рӯи даст борро мебардорад. Занон дар қувваозмоӣ низ маҳорати калон доранд. Вале ба онҳо тавсия дода мешавад, ки қувваи худро эҳтиёт намоянд. Даванд – тезгард, тездав, дар давидан чусту чолок. Ин як намуди бозии варзишӣ аст. Дар мусобиқаҳо ғолиб омадан аз тезрафторӣ, тезгардӣ ва давандагии варзишгар вобастагӣ дорад. Тезрафторӣ дар бозиҳои варзишӣ се намуд аст: таассури организм (реаксия) ва дигаргун шудани моддаҳо дар натиҷаи ба ҳамдигар таъсиррасонии онҳо; ба тезӣ иҷро кардани ҳаракат ва аз як ҳолат ба ҳолати дигар табдил ёфтан; суръати ҷойивазкунӣ (тағйири макон) дар вақти бозӣ. Аксуламали (реаксия) тезрафторӣ ба шуури бозингар, асабҳо ва мушакҳо вобаста аст. Варзишгар дар ҷараёни амалиёт вақти худро бисёр сарф накунад. Дар ҳолати усулҳои бозиро истифода кардан (додани тӯб, зарба задани он, ҳаводиҳӣ) ҷаҳиш ва давиш асосӣ аст. Барои тарбияи тездавӣ ва давандагӣ ба варзишгар лозим аст, ки машғулиятҳои зеринро гузаронад: давидан дар пайраҳаи кӯтоҳи бурида, ҷудокарда бо тағйири роҳ (мисол, 4 маротиба то 20 метр), давидан бо истодан, давидани бошитоб, давидан бо гардишҳо, давидан бо париданҳо, давида додани тӯб, давидан дар роҳҳои душвор, давидан дар болои қум (рег), давидан дар болои барф, дар об, давидан дар баландӣ ва кӯҳ, давидан бо сигналҳои мусобиқа, мусобиқаҳои эстафетӣ, дар ҳолати машғулиятҳо, иҷрои так-
9
Таснифоти машқҳои ҷисмонӣ тикаю техника ва ғайра. Аҳамияти давидан ҳангоми субҳ, шабона ё умуман, дар ҳолати салқинӣ барои варзишгар бештар аст. Тобоварӣ ба иродаи варзишгар вобаста аст. Дар мусобиқа ва машғулиятҳо организми боқувват ва тавоно истодагарӣ карда метавонад. Варзишгаре, ки ба худ боварӣ дорад, ӯ аз машғулиятҳои душвор гузаштааст. Дар бозӣ ва муҳориба бо ҳариф, новобаста ба шароити обу ҳаво, истодагарӣ карда метавонад. Барои тобовар шудани варзишгар пойга (кросс), давидан бо монеаҳо, давидан дар роҳҳои кӯтоҳ ва пурпечутоб, такроран давидан ҳар 5-10 сония ё дақиқа, машқкунӣ бо техника ва тактикаи гуногун бо характери бозӣ ва фаъолиятнокӣ (ҳуҷум ба дарвозаи футбол, ба назди ҳалқа, сабадчаи баскетбол, зарбазанӣ ба рост, бозӣ дар квадрати 2х2 ва ғайра); бозии баскетбол, футбол ва хоккей мусоидат карда метавонад. Чолокӣ – чаққонӣ, маҳорат, кордонӣ, устокорӣ, чолокона ҷаҳидан. Ин маҳоратест, ки варзишгар ҳангоми бозӣ бо тӯб, гӯштингирӣ дар вазъияти тезу тунд аз худ зоҳир мекунад. Зери таъсири бозӣ тавре меҷаҳад, ки баъзан худаш ҳайрон мешавад. Ба чолокӣ ва чаққонӣ бисёртар бозиҳои гимнастика, дорбозӣ, машғулиятҳо бо техника ва тактикаи бозӣ имконият медиҳанд. Ҳаллосзанӣ – хеззананда, серҳаракат, ҷастухезкунанда, зуд хез задан. Ин зарфиятҳо ба бисёр варзишгарон комёбӣ меорад. Футболбозе, ки хеззананда аст, бо сараш метавонад тӯбро гардонад ва ё ба дарвоза тӯб занад. Хеззанандаҳо дар бозии футбол, волейбол, баскетбол ва гандбол ба комёбиҳо дастёб шуда метавонанд. Қаишӣ – чандирӣ, печонӣ. Ин ба бозингароне хос аст, ки онҳо дар печутоб хӯрдан уҳдабаро ва чобуканд. Ин гуна бозингарон дар бозии баскетбол ба хаму хези худ ҳарифро фиреб дода, тез ба назди сабадча мерасанд. Ё худ ҳуҷумкунандаи бозии футбол бо уҳдабароӣ, печонӣ ва тезҳаракатии ба худ хос ба задани тӯб муваффақ мешавад. Тайёрии техникӣ ва тактикаи бозиҳо ба ҳам алоқамандона дар амалиёти шахсӣ (ягона) дар гурӯҳҳои амалкунанда ва дастаҳои амалкунанда истифода мешавад. Варзишгаре, ки назарияро (теория) хуб медонад, дар вақти машғулият ва бозӣ нағз амал карда метавонад. Қувва яке аз зарфиятҳои асосии пешбарандаи ҷисмонии варзишгар ба ҳисоб меравад. Қувваи эҳтиётии организм гуфта дар ҷараёни эволютсия ҳосил шудани қобилияти мутобиқшавӣ ва азнавбарқароркунии узвҳо, системаҳои организмро меноманд, ки дар якҷоягӣ якчанд ма-
ротиба интенсивнокии фаъолияти худро назар ба ҳолати оромии нисбӣ фаъол мекунад. Ин барои иҷроиши машқҳои ҷисмонӣ зарур аст, хусусан дар ҳаракатҳои стандартии такрорнашавандаи намудҳои варзишӣ (ба монанди варзиши вазнин, гимнастикаи варзиши вазнин, гимнастикаи варзишӣ, акробатика ва ғ.). Дар ҳар фард қувваи эҳтиётии мушак мавҷуд аст, ки дар ҳолати экстремалӣ истифода бурда мешавад. Дар варзишгароне, ки доимо машқ мекунанд, бо баробари сарфа кардани қувва зиёдшавии қувваҳои эҳтиётии умумӣ ва махсуси физиологӣ дида мешавад. Ба қатори қувваи эҳтиётии функсияи мушак чунин омилҳо дохил мешаванд: қувваи эҳтиётии организм, хусусияти асосии анатомӣ ва физиологии таркиб, фаъолияти организм, хусусан мавҷудияти узвҳои ҷуфт, ки функсияи гумшударо барқарор мекунанд (анализи торҳо, секретсияи дохилӣ, гурдаҳо), ниҳоят баланд шудани фаъолияти дил, гардиши хун, тозашавии шуш, фаъолгардии кори дигар узвҳо ва системаҳо, ки бо таъсири муҳити беруна ва дохилӣ тағйирёбии кори онҳоро муайян мекунад. Мисол, баамалоии қувваи эҳтиётии физиологӣ метавонад ҳангоми сарбории вазнин зоҳир шавад, ки дар натиҷа ҳаҷми дақиқавии хун дар одами машқварзида қариб 8 маротиба, тозашавии шуш бошад, қариб 10 маротиба зиёд мешавад. Баъди таъсири машқ варзишгар дар ҷараёни барқарорӣ боз пурқувваттар гашта, коршоямиаш афзунтар мегардонад. Яъне, қобилияти ҳолати эҳтиётии физиологӣ васеъ мешавад. Варзиш на танҳо шаҳодатномаи саломатӣ, балки воситаи камолот аст. Ин имтиҳон барои ҷавонон аз овони мактабхонӣ оғоз мешавад. Барои варзиш аз ҳама асосӣ қувваи захиравӣ мебошад. Он бояд дар ҳаёт байни одамон, дӯстон, дар ҷамъият афзоиш ёбад. Ба қиёси руҳ ва ҳаёти ҳамешагӣ созгор бошад. Варзишгар аз тамрин (машқ) бояд ҳеҷ гоҳ дур нашавад. Ибораи халқии «Кори имрӯзаро ба фардо магузор!»-ро пешаи худ кунад. Варзиш танаффус надорад. Варзишгар дар ҳама ҳолат, фасли сол қувваи захиравии худро бояд нигоҳ дорад. Шаҳватронии бисёр низ ба қувваи захиравии варзишгар зарар расонданаш мумкин аст. Бедорхобӣ низ ҷисми инсонро хаста мегардонад ва ба руҳияи варзишгар таъсири манфӣ мерасонад. Таҳлил ва санҷиши рӯз, қувваи захиравӣ, ҷасорат, мардонагӣ, донистани ҳадди шогирдон ба устодон шарти муҳим аст. Устоде, ки қувваи захиравии шогирдро дуруст эҳсос намекунад, ӯ ба ҳалокати варзишгар сабаб мешавад. Ин бошад, гуноҳи
азим, ҷавобгарӣ дорад. Организми инсонро ба двигатели техникаҳои бо сӯзишворӣ ҳаракаткунанда монанд мекунанд. Агар ба ҳаракати двигателӣ рӯзе 4,5 кг сӯзишворӣ зарурат пайдо шавад, барои бадани инсон камаш 2 кг хӯрок, 2 кг хӯроки обӣ, тахмин 1 кг кислород зарур аст. Вақте ки варзишгар штангаи 125 кг.-ро мебардорад, мушакҳои бадани ӯ 0,3 сония ба дараҷаи 4 қувваи асп кор мекунанд. Агар ин муддат дарозтар давом кунад, қувватнокии ӯ паст шудан мегирад. Пойгачиҳои велосипед дар таҷҳизоти махсусгардонидашуда ҳангоми 5 дақиқа ҳаракат кардан қувваи 480 ватт ё худ мутаносибан 2/3 қувваи аспро доро мебошанд. Қувваи варзишгарон ҳангоми иҷрои машқҳо дар як лаҳза сарф шуданаш мумкин аст. Сарфи максималии қувва ҳангоми ба баландӣ паридан, ки бо тела додан ё худ фишори ду по иҷро карда мешавад, барои мардон баробари 5-6 қувваи асп, барои занон бошад, баробар ба 3,5-4 қувваи асп аст. Ин маънои онро дорад, ки одам ҳангоми варзиш қувваи зиёд сарф мекунад. Мутахассисон бар он ақидаанд, ки варзишгарон дар чемпионатҳои ҷаҳон барои дастовардҳои рекордӣ нисфи қувва ё худ чоряки қувваи захиравии баданашонро сарф мекунанд. Дар бадани инсон (варзишгарон) ҳуҷайраҳои фаъол, ба монанди мушакҳои бадан, сохтори сафедаҳо, ферментҳои ҳуҷайраҳои ҷигар, хун ва дигар элементҳои химиявӣ мавҷуд аст, ки онҳо захираҳои қувва мебошанд. Дар ҳолати иҷрои машқҳо ва мусобиқаҳо ин захираҳо харҷ мешаванд ва баъзан иллат гирифтанашон мумкин аст. Аз ин рӯ, варзишгарон бояд бо қувваи захиравии бадани худ, сохтори сафедаҳо эҳтиёткор ва сарфакор бошанд. Шиноварон дар як дақиқа метавонанд 100 метрро шино намоянд. Вале барои ин қувваи зиёд сарф мегардад. Мураббиҳое ҳастанд, ки бо умеди ғалаба шогирдони худро ҳангоми машқҳои тӯлонӣ ба ҳолати маъюбшавӣ оварда мерасонанд. Яъне, қувваи захиравии онҳоро пешакӣ нобуд месозанд. Барои ин лозим аст, ки машқҳо дуруст ва фоидабахш гузаронида шаванд. Варзишгарон қувваҳои захиравиашонро бояд сарфакорона истифода баранд. Қобилияти кории ҳуҷайраҳо ва мушакҳо бояд дар мадди аввал бошад. Тавсифи машқҳои ҷисмонӣ бо сохти ҳаракатҳои такроршаванда. Ин ҳолатҳои асосист, ки бо фаъолияти варзишӣ анҷом меёбад. Масалан, хобнокӣ (тирпарронӣ, шиноварӣ), нишастан (қаиқронӣ), ронандагӣ (асптозӣ), такя ба даст (овезон шудан, истодан,
такя кардан), рост истодан (варзиши вазнин, гӯштин, муштзанӣ, шамшербозӣ ва ғ.). Аз ҳама мушкилтарин ин ҳолати такя ба даст мебошад. Дуруст нигоҳ доштани ҳолати бадан барои ҳаракат кардан аҳамияти калон дорад. Яъне, он асоси ҳама гуна ҳаракат буда, ҳаракатҳои варзишгар доимо ба он алоқаманд аст, ки дар ин лаҳза чӣ гуна рафтор намояд, кадом амалиётро пеш аз ҳама мувофиқи вазъияти дар ин маврид баамаломада иҷро намояд. Ҳар яке аз ин гурӯҳҳои калони намудҳои варзиш ба ҳаракатҳои стандартӣ ва ғайристандартӣ тақсим мешаванд. Вазифаи асосии варзишгар дар вақти иҷрои онҳо нишон додани қобилияти идоракунии ҳаракатҳои худ, зоҳир намудани малакаи якҷоя истифода бурдани онҳо мебошад. Варзишгарон барои ба даст овардани натиҷаи беҳтарини варзишӣ дар вақти иҷро намудани машқҳо бояд қувваи максималии кашидашавиро инкишоф диҳанд. Дар машқҳои ҷисмонии мухталиф камолоти идоракунии ҳаракатҳои қувват ва суръат, муайян намудани ҷои зисти худ дар фазо ва вақт нишон дода мешавад. Варзишгар дар бозиҳои варзишӣ ба амали ҳариф ё ин ки шарикони дастаи худ эътино медиҳад, лекин амалиётҳои ҳаракаткунандаи бевоситаи ӯ бо шайба ё тӯб вобаста аст. Дараҷаи мураккабии амалиётҳо дар бозиҳои варзишӣ бо миқдори иштироккунандагон, масоҳати майдон, зудии ҳаракат, давомнокии бозӣ, қоидаҳои он муайян карда мешавад. Ҳаракат бо ҳар роҳ дар ҳаёти инсон машғулияти доимӣ аст. Ҳаракат ин ҳаёт ва ҳаёт ин ҳаракат аст. Аристотел гуфтааст: «Ҳаёт талаб мекунад, ки инсон ҳаракат намояд… Ҳеҷ чиз ба организми инсон баробар нест. Ва организме, ки ҳаракат надорад, ба фано мерасад». Шодӣ САФАРОВ, доктори илмҳои педагогӣ, профессор, ректори Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон ба номи С. Раҳимов, Корманди шоистаи варзиши Ҷумҳурии Тоҷикистон, Аълочии маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, Мирзобоқӣ ШАРИПОВ, ёвари ректори ДТҶТ ба номи С. Раҳимов, Корманди шоистаи варзиши Ҷумҳурии Тоҷикистон, Аълочии маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, Мавлон ШАРИФОВ, дотсенти кафедраи ҷомеашиносии ДТҶТ ба номи С. Раҳимов, Аълочии маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, узви Иттифоқи журналистони Тоҷикистон
10 Имрӯзҳо дар тамоми дунё ба ҳифзи муҳити зист, махсусан баланд бардоштани маърифати экологии аҳолӣ таваҷҷӯҳи зиёд зоҳир мегардад, чунки аз он некуаҳволӣ ва саломатии одамон вобаста аст. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон масъалаҳои вобаста ба ҳифзи муҳити зистро дар мадди аввали сиёсати давлатии хеш қарор дода, барои беҳбудии он ғамхории доимӣ зоҳир менамояд. Замони соҳибистиқлолии кишвар якчанд санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳавӣ қабул ва мавриди амал қарор дода шуданд, ки барои таъмини амнияти экологӣ ва шароити мусоиди зиндагии мардум заминаи боэътимод фароҳам оварданд. Яке аз онҳо Барномаи давлатии комплексии рушди тарбия ва маърифати экологии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи то соли 2020 мебошад.
НИГОҲИ ДИГАР
“ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН”, №09 (9539), 01.03.2018
Тарбия ва маърифати экологии ҷавонон Ҳадафи барнома ин ташаккули ҷаҳонбинии нав аз тарзи ҳаёти нави ҷомеа, беҳтар намудани ҳолати муҳити зист ва фароҳам овардани шароити мусоиди зисти аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳсуб меёбад. Айни замон дониш ва маҳорат бояд бо амал мустаҳкам карда шаванд, ки ин ба ташаккулёбии малака ва таҷрибаи шахсӣ оварда мерасонад. Танҳо таълим додани фанни экология дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ кофӣ нест. Барои фарқи моҳияти маърифати экологии шаҳрвандони мамлакат на танҳо раванди таълим, балки экологикунонии тамоми соҳаҳои ҳаёт ва фаъолияти инсон зарур аст, ки ин моҳияти маърифати экологии шаҳрвандонро ифода мекунад. Принсипи бефосилагии тарбия ва маърифати экологӣ аз зарурати мутобиқшавии ин-
сон ба муҳити зисти доимо тағийрёбанда сарчашма мегирад. Маърифати экологӣ нисбатан бо муваффақият танҳо мунтазам ва пайдарпай дар мувофиқат бо давраҳои иҷтимоию равонии рушди шахсият ба амал омада метавонад. Бояд қайд кард, ки дар баланд бардоштани маърифти экологии ҷавонон дар мактабҳои миёна ва олӣ омӯзиши фанҳои табиатшиносӣ, география, биология, химия, физика, тиб, нуҷум ва мудофиаи гражданӣ ва ҳолатҳои фавқулода аҳамияти хело калон дорад. Бояд омӯзгорони фанҳои табиатшиносӣ ба хонандагон мавзӯъро тавре фаҳмонанд, ки ҳисси табиатдӯстии онҳо такмил ёбад ва ҳар як хонанда дарк намояд, ки ҳалли масъалаҳои экологӣ бе муҳофизати табиат ва эҳтиёткорона истифода бурдани сарватҳои он номумкин аст. Зеро масъалаҳои экологӣ на фақат
Ҳар дардро давоест ё бемории сил табобатшаванда аст Ҳама инсонҳо дар тӯли ҳаёти худ ақаллан боре ба ягон дард ва ё беморие гирифтор мешаванд. Ва маҳз дар ҳамин лаҳзаҳо дарк мекунанд, ки саломатӣ ин беҳтарин неъмати Худованд аст, ки ба қадри он бояд расид. Бесабаб нест, ки вақте инсонҳо бо ҳам вомехӯранд, қабл аз ҳама аз вазъи сиҳатии якдигар пурсон мешаванду барои якдигар саломатӣ орзу мекунанд. Асоси ҷомеаи солимро инсонҳои солим ташкил медиҳад. Мутаассифона, баъзеҳо ба ин ганҷинаи бебаҳо, яъне саломатӣ, чандон эътибор намедиҳанду ҳангоми ба ягон беморӣ гирифтор шудан паи табобат намешаванд ва танҳо баъди вазнин шудани беморӣ ба табиб, ё мутахассисон муроҷиат мекунанд, ки дар натиҷа муолиҷаи беморӣ мушкилоти зиёдеро ба бор меорад. Хосса гирифтор шудан ба бемориҳои сироятӣ дар ҳама давраҳои ҳаёти инсонҳо бештар ба назар мерасад. Ҳама гуна бемориҳо хатарноканд, вале дараҷаи хатарнокии бемориҳои сироятӣ нисбати дигар навъи бемориҳо нисбатан зиёдтар буда, муолиҷаи онҳо ҷиддият ва таҳаммулпазирии хоссаро тақозо менамояд. Гарчанде табобати саривақтӣ ва риояи реҷаи табобат аксари бемориҳоро рафъ мекунад, мутаассифона, надоштани иттилооти лозимӣ ва паст будани сатҳи маърифатнокии аҳолӣ сабаб мегардад, ки баъзе ашхос ба инсони гирифтори маризие доғгузорӣ шаванд. Аз ҷумлаи ҳамин гуна бемориҳо, ки сироятшудагони онро дар тамоми давлатҳои дунё пайдо кардан мумкин аст, сил мебошад. Бемории сил тӯли таърихи инсоният ҳазорон ҳазор одамонро аз байн бурдааст. Тавре аз ёддоштҳои Айнӣ медонем, шоири соҳибистеъдод Ҳайрат бар асари ҳамин беморӣ ҳалок гардид. Илми тиб ҳамеша бо ин
дарди вазнин дар набард буда, роҳҳои нави табобати онро кашф менамояд, вале ин мушкилот то ҳол аз мушкилоти сангини ҷомеа боқӣ мондааст. Сил бемории сироятӣ буда, бо роҳи ҳавоӣ ва қатравӣ паҳн мешавад. Имрӯз аз се як ҳиссаи аҳолии ҷаҳон ба ин беморӣ сироят ёфтаанд. Сабабҳои асосии пайдоиш ва инкишофи бемории сил пайдоиши сирояти ВНМО, камбизоатӣ, авҷи муҳоҷирати меҳнатӣ, бад шудани шароити маишию иҷтимоии гурӯҳҳои осебпазир мебошад. Тибқи иттилои сармутахассиси Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба бемориҳои сил Қурбонгул Зокирова, шумораи шахсони гирифтори бемории сил сол то сол афзоиш ёфта, айни ҳол беморони сили бори аввал бақайдгирифташуда дар ҷаҳон 8-9 миллион нафарро ташкил медиҳанд. 80 фоизи беморони силро ашхоси синнашон аз 15 то 50-сола ташкил медиҳанд. Нишонаҳои бемории сил сулфаи давомнок, дарди қафаси сина, нафастангӣ, хунпартоӣ, камшавии иштиҳо, лоғаршавӣ, бемадорӣ, арақкунии шабона ва баландшавии тӯлонии ҳарорати бадан мебошанд. Ҳангоми пайдо шудани нишонаҳои мазкур ҳатман бояд ба духтур муроҷиат кард. Дар ҳолати муайян шудани беморӣ шахс бояд табобати дурусти саривақтиро қабул намояд, ки бетанаффус ва на камтар аз 6-8 моҳро дар бар мегирад. Баъд аз ду моҳи табобат дар беморхона беморро мебояд боз на камтар аз 4 моҳи дигар табобатро дар муассисаи тиббии маҳалли зисти худ зери назорати доимии кормандони тиб давом диҳад. Ин амалҳо ба бемор шифои комил дода, ӯро аз такрори беморӣ дар оянда эмин нигоҳ медорад. Дар акси ҳол, беморӣ метавонад боиси корношоямӣ, маъюбӣ ва ниҳоят марги инсон шавад. Мутаассифона, аз сабаби сатҳи пасти маълумотнокии аҳолӣ доир ба бемории сил имрӯз онро чун дарди бедаво ва бемории ирсӣ ном мебаранд. Ин доғгузорӣ беморро аз ҳаёт
дар ҷумҳурии мо, балки дар тамоми ҷаҳон дар мадди авваланд. Тарбияи экологӣ якчанд вазифаро талаб менамояд: пеш аз ҳама шахсро бояд чунон тарбия намуд, ки вобастагии инсону ҷамъият ва табиатро дарк намояд, нисбат ба ҳолату вазъи муҳити атрофаш масъулият ҳис кунад. Тарбияи экологӣ он вақт ба ҳадаф мерасад, ки бефосила бошад, аз синни томактабӣ шурӯъ шуда, дар мактабу берун аз он давом кунад. Барои баланд бардоштани савияи донишу маърифати экологии ҷавонон, барои ноил шудан ба рушди устувор дар системаи маърифати экологии ҷаҳонӣ аз таҷриба, усул ва шаклҳои гуногун истифода мекунанд, ки дар ин самт ба фаъолияти амалӣ ва таҳқиқотӣ такя намудан зарур ва ба манфиати умум хоҳад буд. Шакл ва усулҳои маърифат инҳоянд: мактаби экологӣ, театри
дилхунук карда, боиси аз табобат даст кашидан ва интизори марг шуданаш мегардад. Ин дар ҳолест, ки мутахассисони силшинос борҳо ирсӣ набудан, табобатшаванда будани сил ва пас аз давраи аввали табобат безарар будани нафари беморро таъкид кардаанд. Зокир, як нафар аз гирифторони шакли мутобиқгаштаи ин навъи беморӣ мегӯяд, аз сабаби ҷиддӣ нагирифтани беморӣ ва табобати нодуруст ба чунин аҳвол афтодааст ва ҳоло тасмим дорад, то ҷиддӣ табобат гирифта, шифо ёбад. Ӯ мегӯяд сил ба ӯ аз бародараш, ки бар асари ин беморӣ фавтида буд, сироят шуд. Ҳангоми муайян шудани беморӣ Зокир низ пурра умедашро аз зиндагӣ канда буд, вале чуноне худи ӯ мегӯяд, ёрии табибон ва иродаи мустаҳкам барояш шифои комил бахшид. “Болотар аз ҳама иродаи қавӣ инсонро ба шифои комил мерасонад. Имрӯз шароит хуб ва доруҳои босифат дастрас аст. Табибон пайваста ҳамроҳам буданд ва раванди бетанаффуси табобатро назорат намуданд” – гуфт Зокир. Ҳамин тавр, Зокир аз ҳолатҳои ногувори замони бемориаш, ки ҳатто умедашро аз зиндагӣ канда буд, ёдовар шуда, шукр мегӯяд, ки имрӯз чун пештара сиҳату саломат пайи кору зиндагӣ аст. Ин ҷо ба хулоса омадан мумкин аст, ки сил бемории ирсӣ набуда, танҳо сироятӣ мебошад ва дар ҳолати гирифтор шудан ба он муроҷиати саривақтӣ ва гирифтани табобати муайяншуда ба инсон шифои комил мебахшад. Шакли мутобиқгаштаи бемории сил чист ва дар кадом ҳолат инсонҳо ба он гирифтор мешаванд? Мутахассисон собит намудаанд, ки агар гирифторони бемории сил сари вақт табобат нагиранд ва ё табобати нодуруст бигиранд, ба чунин шакли беморӣ гирифтор мешаванд, ки дар аксари мавридҳо табобаташ имконнопазир мегардад. Яъне вируси бемории сил ба тамоми навъи доруҳо худро мутобиқ мегардонад. Саидова Ахмоорхон, табиби силшинос аз ноҳияи Спитамен мегӯяд: “Дар ҳолате ба ин беморӣ гирифтор мешаванд, ки дер бистарӣ шудаанд ва бархеи дигар то омадан ба назди мо, дар назди дигар табибон, яъне на силшинос, табобат мегиранд. Бо сабабҳои номаълум ва баъзан аз сабаби дер муайян шудани ташхис, ҳолати бемор
экологӣ, бозию ҷашнҳои экологӣ, лагери экологӣ, туризми экологӣ, коргоҳи эҷодӣ, ҷамъияти илмии муҳассилин, маҳфилҳои экологӣ, мубоҳисаҳо, истифодаи технологияи муосири иттилоотӣ, осорхонаи экологӣ, иқдому намоишҳо ва ғайраҳо. Ташкили тарбияи самараноки экологии шаҳрвандон имконият фароҳам меорад, ки инсон муҳити зистро ҳимоя кунад, тоза нигоҳ дорад, сарватҳои онро афзун гардонад. Худ дар он сиҳату саломат умр ба сар барад ва муҳити зисти аз ҷиҳати экологӣ тозаро ба наслҳои оянда боқӣ гузорад. Тарбияи экологӣ ва ҳифзи муҳити зист, пеш аз ҳама, ҳимояи насли ояндаи миллатро дар назар дорад. Мирзораҳим МИРАЛИЕВ, омӯзгори Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон
вазнин мешавад. Он вақт микробактерияи сил ба шакли устувор, яъне мутобиқгашта табдил меёбад ва ба бемор дору фоида намекунад. Дар ин вақт дигар мо, табибон низ аз табобат оҷизӣ мекашем”. Имрӯз вазъи бемории сил аз масоили мубрами ҷомеаи ҷаҳонӣ, аз ҷумла Тоҷикистон, маҳсуб меёбад. Айни ҳол дар ҷумҳурии мо ҷиҳати пешгирӣ ва табобати ин беморӣ, ки ҷанбаҳои амиқи иҷтимоиву иқтисодӣ дорад, чораҳои зиёде андешида мешаванд. Бо ин мақсад дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Маркази мубориза бар зидди бемориҳои сил амал мекунад, ки тибқи барномаҳои махсуси он беморони мубталои сил сари вақт дарёфт, пешгирӣ ва табобат карда мешаванд. Мавриди зикр аст, ки беморон дар тамоми муддати табобат бо доруҳои зиддисилӣ ройгон таъмин карда мешаванд. Табибон барои пешгирии ин беморӣ муроҷиат ва табобати саривақтии бемор, риояи қоидаҳои санитарӣ-гигиенӣ, зуд-зуд тоза кардани ҳавои хона, пурқувват кардани нерӯи худмуҳофизатии бадан, яъне истеъмоли хӯрокҳои серғизо ва обутоб додани баданро зарур ва ҳатмӣ мешуморанд. Шаҳло ЭШОНОВА, “ҶТ”
“ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН”, №09 (9539), 01.03.2018
ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ
11
Куртаи чакан ва зару заргарӣ Шаҳри Кӯлоб яке аз қадимтарин шаҳрҳои Осиёи Марказӣ ба ҳисоб рафта, ҳамон тавре ки ҳафриёти бостоншиносӣ собит сохтаанд, ҳанӯз дар асри неолит (8—7 ҳазор сол то м.) аҷдоди тоҷикон ин куҳандиёрро макони зисти худ ихтиёр карда буданд. Яке аз нишонаҳои шаҳр мавҷудияти ҳунармандии касбӣ аст. Хумдони зарфпазии дар наздикии мақбараи орифи бузурги Машриқзамин Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ кашфгардида ба асрҳои 8-7 то мелод тааллуқ дорад. Ҳамаи 2 ҳазор зарфпораи дар атрофи хумдон ёфташуда, дар чархи кулолии тезгард бо сифати баланд сохта шуда, аз вуҷуд доштани ҳунармандии касбӣ ва савдо дар шаҳри мазкур дарак медиҳанд.
Атласбофӣ Атласбофӣ – раванди истеҳсоли матои абрешимӣ ва нимабрешимӣ аст. Атласбофӣ дар Хуҷанд, Самарқанд, Конибодом, Андиҷон ва дигар шаҳрҳои Осиёи Марказӣ маъмул буд. Атласи хушранг ва олисифаташро “хонатлас” меномиданд, ки дар дастгоҳҳои махсус бофта мешуд. Нусхаҳои анъанавии онро “шоҳсабз”, “барги карам” ва “атласи сиёҳ” меномиданд. Атласи абрешимиро барои либосҳои занона ва нимабрешимиашро барои кӯрпаю кӯрпача ва ғайра истифода мебурданд. Раванди коркарди абрешим аз се марҳалаи асосӣ иборат буд: тайёр кардани калоба ё ресмон, бофтан ва ороиши матоъ. Рангубор намудани калоба ду зинаро дар бар мегирифт: ишқордиҳӣ ва кабудгарӣ. Тори 12-бандаи атлас 44см бар дошт. Аз ҳар чашмаки теғи дастгоҳ 4–8 нахи абрешимро мегузарониданд. Ду навъи атласи анъанавӣ: чорпопушалӣ ва ҳаштпопушалӣ маъмул буд. Атласи навъи аввалро дар дастгоҳи чорпопушалӣ ва чоргула мебофтанд. Дар ин гуна дастгоҳ попушали якум бо гулаи дуюм, попушали дуюм бо гулаи чорум пайваст мешуданд. Попушалро ба тарзи I–II–III–IV пахш менамуданд. Дар натиҷа се нах ба рӯй баромада, як нах дар поин мемонд. Навъҳои беҳтарини атласро дар дастгоҳи ҳаштпопушалӣ мебофтанд. Дар ин гуна дастгоҳ попушали якум бо гулаи дуюм, попушали дуюм бо гулаи сеюм, попушали сеюм бо гулаи якум, попушали чорум бо гулаи чорум, попушали панҷум бо гулаи панҷум, попушали шашум бо гулаи шашум, попушали ҳафтум бо гулаи ҳаштум, попушали ҳаштум бо гулаи ҳафтум пайванд мешуданд. Попушалро ба тарзи I–VII–II–VII–III–VI–IV–V пахш мекарданд. Ҳангоми пахш кардани попушали якум гулаи дуюм поин шуда, байни нахи зер ва нахи болои он кушода мешавад ва аз байни онҳо пуди якум мегузарад. Ба ин тариқ, дар байни ҳашт нах ҳашт пуд болои ҳам ҷой гирифта, матои якрӯя бофта мешуд. Чунки як нах дар поин монда, ҳафт нах ба боло мебаромад. Атласбофӣ дар байни тоҷикон ҳамчун як бахши бофандагӣ таърихи тӯлонӣ дорад. Ба рушду пешрафти абрешимбофӣ дар Хуҷанди бостонӣ Шоҳроҳи абрешим таъсири бисёр расонидааст. Тоҷирон аз Чин ба шаҳрҳои Осиёи Миёна абрешим оварда, мефурӯхтанд. Дар навбати худ косибону ҳунармандони суғдӣ ба Чин рафта, нозукиҳои абрешимбофиро аз устоҳои чинӣ меомӯхтанд. Дар асрҳои 4–5 соҳаи пилапарварӣ ва шоҳибофӣ дар байни суғдиёну бохтариён тараққӣ кард. Ниёгони тоҷикон дар асрҳои баъдӣ дар истеҳсоли абрешим ва матоъҳои абрешимӣ, ки ба атласи ҳозира монандӣ дошт, шуҳрат пайдо кардаанд. Шаҳри Хуҷанд дар давоми асрҳои 18–19 яке аз марказҳои истеҳсолкунандаи атлас ба шумор мерафт. Аввали асри 20 дар ин ҷо қариб 3 ҳазор дукони атсласбофӣ амал мекард, ки бештар аз 6000 коргар дошт. Дар солҳои 1920-ум дар Хуҷанд артели аввалини матоъбофӣ бо номи “Бофанда” таъсис ёфт, ки он беш аз се ҳазор бофандаро муттаҳид мекард. Дар солҳои 1927–28 дар Хуҷанд корхонаи шоҳибофии “Бофандаи сурх” ба кор шурӯъ мекунад. Соли 1975 Иттиҳодияи истеҳсолии шоҳибофии “Хуҷандатлас” таъсис ёфт, ки бо иқтидори 2290 ҳазор метр дар як сол атласҳои гуногун истеҳсол менамуд. Ҳоло дар корхонаҳои шоҳибофии Хуҷанд, Шаҳринав ва Қӯрғонтеппа беш аз 20 навъи атласро истеҳсол менамоянд. Атласҳои машҳур бо номҳои “Баҳори Тоҷикистон”, “Ҷавонӣ”, “Туҳфа”, “Тӯёна”, “Муҳаббат”, “Дилором”, “Тирукамон”, “Хосиятхон” ва ғайра номгузорӣ шудаанд. Атласи тоҷик берун аз кишвар низ обрӯю шуҳрат дорад. Дар солҳои охир дар шаҳри Хуҷанд “Иди атлас” ва озмуни “Атласи тоҷик” баргузор мегардад, ки дар он беҳтарин навъҳои атлас бо тарҳу дӯхти либосҳо ба намоиш гузошта мешаванд. Таҳияи Гулбаҳор РАҲМОНОВА, “ҶТ”
Айни ҳол дар шаҳри Кӯлоб ҳунарҳои гуногуни мардумӣ, аз қабили чакандӯзӣ, заргарӣ, кулолгарӣ, зардӯзӣ ҳайкалтарошӣ, чубкорӣ, рассомӣ, оҳангарӣ, табақтарошӣ, сандуқсозӣ, дӯзандагӣ, сангтарошӣ, танӯрсозӣ ва кандакорӣ мавҷуд мебошад, ки нафарони гуногуни шавқманд ба он машғул буда, дар рушди ҳунарҳои гуногуни халқӣ саҳми арзанда доранд. Шаҳри Кӯлобро бештар ҳунари чакан ва ҳунармандони чакандӯзаш машҳури оламиён намудааст. Санъати чакандӯзӣ навъе аз тарзҳои дӯхтани гулҳо, нақшу нигор ва тасвирҳои рамзнок бо риштаҳои ранга дар матои пахтагин ва абрешимӣ мебошад. Одатан бо усули гулдӯзии чакан курта, чодар ё сӯзанӣ, болишт, ҷойпӯш, сардеворӣ, тоқӣ, гаҳворапӯш, парда, чойхалта, сачоқ, рӯмол ва ҷойнамоз тайёр карда мешавад. Дар гулдӯзии чакан тасвирҳои рамзнок ва мазмунҳои мифологӣ оид ба табиати атроф, кайҳон, орзую омоли мардум истифода мешаванд. Ҳар нақши дар болои матоъ дӯхташуда ном дорад. Ба монанди косагул, гули анор, барги бед, бодомак, лола, райҳон, тоҷи хурӯс, булбул, думи товус, моҳу ситора, офтоб, абр ва монанди инҳо. Маҳорату таҷрибаҳои дӯзандагон аз интихоби матоъу риштаҳои ранга, нақшкашӣ, дӯхтани гулҳову нақшҳо ва дӯхтани либосҳо иборат мебошад. Риштаҳоро дар даҳсолаҳои гузашта худи ҳунармандон аз калобаи пахтагин тайёр мекарданд. Риштаҳоро бо гиёҳу моддаҳои химиявӣ ранг мекарданд. Ҳоло чакандӯзон асосан аз риштаҳои дар корхонаҳои
бофандагӣ омодагардида истифода мебаранд. Бояд таъкид намуд, ки ҳунари чакандӯзӣ як унсури ҳуввияти миллӣ ба шумор меравад, ки истифодабарандагон бо ифтихор ва меҳру муҳаббат ба ватан маҳсулоти чакандӯзиро истифода менамоянд. Дар баробари дигар ҳунарҳо ҳунари заргарӣ низ дар шаҳри Кӯлоб аз машҳуртарин ҳунарҳои қадима маҳсуб меёбад, ки таърихи тӯлонӣ дорад. Заргарӣ ҳунари истеҳсоли маснуоти бадеӣ (зеварот, асбобу ашёи рӯзгор) аз филизот (тилло, нуқра, мис, биринҷӣ, оҳан ва ғайра), сангҳои қиматбаҳову арзон (алмос, лаъл, ёқут, фирӯза, зумуррад, лоҷвард, ҷазъ, булӯри кӯҳӣ, ҷамаст, яшм, қаҳрабо, ақиқ ва ғайра) ва моддаҳои органикӣ (устухони фил, садаф, марворид, чӯб) сохта мешавад. Заргарӣ қадимтарин ва машҳуртарин навъи санъати ороиши амалист. Дар Кӯлоб заргарон ҳоло ҳам навъҳои маснуоти заргарӣ - дастпона, қулфи гиребон, гӯшвора, холчӯб, чолбанд, зира, нуқрапӯшак ва ғайраро хеле моҳирона месозанд ва аз рӯи ҳунарашон зиндагияшонро пеш мебаранд. Гарчанде заргарӣ таърихан касби занона ва мардона буд, дар асрҳои миёна ва гузашта бештар ба мардҳо мансуб гашт. Аммо дар давраи соҳибистиқлолии Тоҷикистон, аз ибтидои асри 21 духтарони тоҷик ба ин касб хеле майл ва таваҷҷуҳ зоҳир карданд. Мисоли ин дар фаъолияти корхонаи “Зари Кӯлоб” дида мешавад, ки иҷроиши кор сирф дастӣ мебошад. Ҳасан Шоинов яке аз заргарони номдори шаҳри Кӯлоби бостонӣ ба ҳисоб меравад. Ӯ то имрӯз баробари фаъолияти пурсамар ва саҳм
гузоштанаш дар рушди ин навъи ҳунари мардумӣ, инчунин чандин шогирд омода намудааст. Ӯ дар чандин озмуну чорабиниҳои шаҳрӣ, вилоятӣ ва ҷумҳуриявӣ иштирок карда, бо медали хизмати шоиста сарфароз шудааст. Рассомӣ ва кандакорӣ низ аз зумраи ҳунарҳои рушдёфта, дар ин шаҳр дониста мешавад. Зеро ҳунармандони маҳаллӣ ин ҳунарҳоро чун гавҳараки чашм ҳифз намуда, дар рушду инкишоф ёфтани он низ саҳми арзанда доранд. Ҳамин аст, ки имрӯз дар шаҳр ҳунармандони соҳибтаҷриба ин ҳунарҳоро ба шогирдон омӯзонида истодаанд. Махсусан рассом Ҷонибек Асозода ин ҳунари қадимаи рассомиро то имрӯз ба беш аз 300 нафар шавқмандони ин олами зебоӣ омӯзонидааст, ки имрӯз ҳар яке аз онҳо дар олами рассомӣ фаъолият доранд. Маҳсули рассомии Ҷонибек Асозода дар чандин озмуну чорабиниҳои сатҳи ҷумҳуриявию байналмилалӣ, аз ҷумла дар давлатҳои Русия, Олмон, Булғористон ва Чин ба маърази тамошо гузошта шуда, аз ҷониби тамошобинон баҳои баланд гирифтааст. Хулоса, имрӯз ҳунармандони шаҳри Кӯлоб бо ҷидду ҷаҳди беандоза баҳри таҳким ва рушд бахшидани ҳунарҳои мардумӣ, ки ҷузъи муҳими фарҳанги миллист фаъолияти худро ба роҳ монда, дар баробари дигар ҳунармандони ҷумҳурӣ саҳми худро дар рушди фарҳанги миллӣ гузошта истодаанд, то ҳунарҳои аҷдодӣ поянда ва ҷовидонӣ бошад. Беҳрӯз ХОЛМУРОДОВ, “ҶТ”
12 Имрӯз дар дунё мавзеъҳои зиёди аҷибу афсонавие вуҷуд доранд, ки таърихи пайдоиши онҳо барои аксари сокинони сайёра номаълум боқӣ мондааст. Албатта, олимон зимни таҳқиқоти хеш фарзияҳои мухталиферо пешниҳод менамоянд, аммо онҳо солиёни зиёд тасдиқи худро пайдо карда наметавонанд. ШАҲРИ ҚАДИМАИ МАЧУ-ПИКЧУ – МУЪҶИЗАИ НАВИ ОЛАМ Мачу-Пикчу яке аз беҳтарин ёдгориҳои меъмории Амрикои Ҷанубӣ буда, соли 2007 мақоми муъҷизаи нави оламро соҳиб гардид. Он дар ҳудуди Перуи имрӯза, дар қуллаи силсилакӯҳҳо, дар баландии 2450 метр аз сатҳи баҳр воқеъ гардидааст. Онро “Шаҳри осмон” ва ё “Шаҳре миёни абрҳо” ва баъзан “Шаҳри гумшудаи инкҳо” меноманд. Баъзе бостоншиносон бар он ақидаанд, ки ин шаҳр ҳамчун паноҳгоҳи муқаддаси куҳӣ аз ҷониби шоҳи бузурги инкҳо (яке аз қавмҳои қадимаи Перу ва Боливия) Пачакутек тақрибан дар соли 1440 сохта шуда, то соли 1532, яъне то замони истилои он аз ҷониби империяи инкҳо, арзи вуҷуд дошт. Соли 1532 тамоми сокинони ин шаҳр ба таври асроромез ғайб заданд. Ҳамин тариқ, зиёда аз 400 сол ба ин мавзеъ қадами одамизод нарасидааст. Шаҳр аз давраи ҳукмронии инкҳо то замони мо бо ҳамон шакли пурраи худ омада расидааст. Зебогии ин шаҳр дар муқоиса бо шаҳрҳои дигари дунё беназир ва фавқулода мебошад.
МАВЗЕЪҲОИ САЙЁҲӢ
Шаҳри осмон ТАЪРИХИ БУНЁДИ ШАҲР Номи Мачу-Пикчуро ба ин шаҳр нахустин кашшофи он – Пачакутек, ки солҳои 1438-1471 ҳукмронӣ кардааст, гузошта буд. Шаҳр дар масофаи 120 километр дуртар аз музофоти Кускои машҳур, дар наздикии дарёи Урубамба ҷойгир аст. Солҳои аввал шаҳр мавқеи дуюмдараҷа дошт, вале баъди аз ҷониби испаниҳо забт гардидани Куско, он аз шаҳрҳои асосӣ ва охирини инкҳо эътироф гардид, ки тамаддуни онҳо дар он ҷо маҳв шудааст. Испаниҳо дар ин шаҳр зиндагӣ накардаанд, вале бо вуҷуди ин тамаддун ин ҷо аз байн рафт. Шаҳр оҳиста-оҳиста таназзул меёфту аҳолии он тадриҷан кам мегардид. Ва оқибат охирин сокини он низ, ки як зан буд, ҳалок гардид. Маҳорату малакаи сохтмончиёни ин шаҳри қадима касро ба ҳайрат меорад. Иморатҳои
Соли 2018, ки бо пешниҳоди бевоситаи Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон “Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” эълон гардид, имкони хубе ҷиҳати муаррифии мавзеъҳои сайёҳии кишвар, маконҳои диданӣ ва осоишгоҳу шифохонаҳое мебошад, ки дар манотиқи кишвар дорем. Мо бар ин назарем, ки таи ин сол ҳама идораҳои ахбори омма бояд аз сари инсоф ва ба хотири ҳарчи бештар ободу зебо гаштани Тоҷикистони азиз ба муаррифиву тарғиби мавзеъҳои туристии кишвар машғул шаванд. Бо ин мақсад чанд вақт пеш ба осоишгоҳи маъруфи Хоҷа оби гарм рафтем, то аз имкониятҳои мавҷудаи ин муассиса ва фаъолияти он дар “Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” бохабар гардем.
дар ҷойҳои дурдасту касногузар биношуда дар баландиҳои гуногун қомат афтохтаанд ва садҳо зинаҳои сангин онҳоро бо ҳам мепайванданд. Тамоми иншооти шаҳр аз хиштҳои азими сангӣ сохта шудаанд. Ин сангҳоро танҳо вазни худи онҳо нигоҳ медорад. Аз сабаби он ки дар ин мавзеъ нишебиҳо зиёданд, сангҳо барҷастагиҳои махсусе доранд, ки онҳоро устувор нигоҳ медоранд. Бояд зикр намуд, ки ҳамаи ин иморатҳои сангии бузург бо қувваи одамон ва бе истифодаи олотҳои махсус бино ёфтаанд. МАҲАЛЛАҲОИ ШАҲРИ ҚАДИМА Маҳаллаи марказии шаҳр Акропол ном дорад. Дар ин ҷо ибодатхонаи Офтоб, ягона ибодатхонае, ки то замони мо омада расидааст ва ба Худои инкҳо бахшида шудааст, воқеъ мебошад. Ҳамчунин, дар ин ҷо Коҳини олӣ ва маъбади Се бут ҷойгир аст.
“ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН”, №09 (9539), 01.03.2018
Маҳаллаи дигар маҳаллаи Шоҳон ном дорад. Он дар асрҳои 15-16 сохта шудааст. Дар ин ҷо маъбади қалъаи Торреон бо шакли нимдоира ва ҷойҳои зиёди қурбонӣ воқеъ гардидааст. Каме дуртар аз он Қалъаи шоҳдухтарон ҷойгир аст, ки дар он маликаи инкҳо мезист. Дар пушти тӯдаи сангҳо макони зисти косибон ва каме дуртар манзили қозӣ ва ҷаллодон воқеъ гардидааст. Маҳаллаи навбатӣ маҳалли ҷойгиршавии ҳабсхона аст, ки дорои гулмехҳои зиёд барои бастани маҳбусон мебошад. Аз пушти ҳабсхона ғорҳо барои гӯрондани ҷасадҳо ҷойгиранд. Қабрҳои бошукӯҳ гувоҳӣ аз он медиҳанд, ки дар ин ҷо одамони машҳури шаҳр гӯронида шудаанд. Хуллас, то имрӯз таҳқиқоти ин шаҳри қадимаи инкҳо идома дорад.
зараи хеле мутаассиркунандаеро мушоҳида кард. Дар ин ҷо қалъа ва кушкҳои азим, маҷмӯи биноҳои истиқоматии дуошёна, майдонҳо, меҳробҳо ва қурбонгоҳҳо бо тарзи аҷиб қомат афрохтаанд. Баъдан маълум шуд, ки қадами истилогарони испанӣ то Мачу-Пикчу нарасидааст. Вале сокинони маҳаллии он куҷо шуданд? Тибқи яке аз ривоятҳо вақте ҳокимони инк фаҳмиданд, ки давраи таназзули ҳукмронии онҳо фаро расидааст, онҳо барои кӯмак ба Худо муроҷиат намуданд. Онҳо шабу рӯз ибодат намуда, аз Худованд талаб мекарданд, ки онҳоро ҳимоят кунад. Ба қавле гӯё шаҳрро абрҳо печонда гирифтанду тамоми сокинони онҳоро ба самти номаълуме гирифта бурданд. Тибқи ривояти дигар тӯли як сол тамоми сокинони он қурбонӣ карда шуданд.
СОКИНОНИ ШАҲР КУҶО ШУДАНД? Соли 1911 татқиқотчии амрикоӣ Хайрам Бингем ҳамроҳи гурӯҳи роҳнамоикунандаи маҳаллӣ ба ин мавзеъ омада, ман-
ФАРЗИЯҲО Тавре соли 2001 маҷаллаи «The Times» хабар дода буд, бостоншиносони ҷопонӣ аз Донишкадаи таҳқиқотии пешгирии фалокатҳои назди Донишгоҳи Киото ба хулосае омаданд, ки қаторкӯҳҳое, ки дар он ин шаҳри қадима ҷойгир шудааст, бар асари эрозия (бодлес) бо суръати 12 см. дар як сол вайрон мешавад. Ба андешаи онҳо қабати хоке, ки дар онҳо муҷассамаҳои беназири меъмории инкҳо ҷойгиранд, ҳаракат мекунад ва онҳо ҳар лаҳза метавонанд фурӯ раванд. Бо вуҷуди ин, ҳамасола миқдори зиёди сайёҳон ҳаёти худро зери хатар гузошта, ба тамошои ин мавзеи аҷибу ҳайратангез мераванд, то аз асрори охирин қароргоҳи инкҳо огаҳӣ пайдо кунанд. Шаҳло ЭШОНОВА, “ҶТ”
Хоҷа оби гарм: Имкониятҳо ТАБОБАТ ДАР ОСОИШГОҲ Имрӯз бо вуҷуди пешрафти илми тиб ва доруву дармонҳои нав ба нав ҳанӯз номгӯи бемориҳое, ки то ҳол уқдаи табобаташон нокушода мондааст, хеле зиёданд. Пӯшида ҳам нест, ки сокинони тамоми рӯи замин аз як давлат ба давлати дигар ба хотири истироҳату табобат сафар мекунанд. Дар ин роҳ маблағҳои ҳангуфтро низ масраф менамоянд. Лек шумораи беморону дардмандон рӯз аз рӯз дар ҳоли афзоиш аст. Ба бахти мо – тоҷикон кишварамон ҳавои тоза, гулу гиёҳҳои шифобахш ва мавзеъҳои табобатии зиёд ва обҳои поку зулол дорад, ки барои саломатии инсон аз унсурҳои асосӣ ба ҳисоб мераванд. Истифодаи оқилонаи ин неъматҳо худ омили муҳими солим будан аст. Яке аз ҳамин имкониятҳо барои сокинони кишвари мо осоишгоҳи Хоҷа оби гарм аст. Дар атрофи осоишгоҳ, ки дар баландии ду ҳазор метр аз сатҳи баҳр ҷойгир аст, беш аз дусад намуди гиёҳҳои шифобахш мерӯянд. Тӯли ин ҳама сол ба воситаи ин гиёҳҳои шифобахш ва буғу чашмаи родонӣ даҳҳо намуди бемориҳои мардумро табобат мекунанд. Тавре ба мо маълум гашт, зиёда аз ҳаштод сол мешавад, ки дар ин макон табибони кордон ба бемориҳои системаи хунгузар, бемориҳои пӯст, бемориҳои системаи устухону мушакҳо, бемориҳои асабҳои марказӣ ва торҳои берунии асабҳо, бемориҳои музмини гӯш, бинӣ,
даҳон, дандон ва гулӯ, бемориҳои сутунмуҳра, бемориҳои дастгоҳи такя ва ҳаракат, бемориҳои узвҳои таносули занона ва мардона ва ғайра дармон мебахшанд. Ба ғайр аз ин, ҳоло дар осоишгоҳи Хоҷа оби гарм табобатгирандагону истироҳаткунандагон метавонанд, дар шаклҳои қабули буғи табобатии родонӣ, қабули оби шифобахши родонӣ, қабули оби гарми родонӣ бо тарзи даврзанӣ, қабули оби гарми родонӣ бо фишор, истифода аз ҳавзи муолиҷавӣ бо оби родонӣ, шустушӯи узвҳои таносули занона, шустушӯи рӯдаҳо бо оби маъданӣ, муолиҷаҳои физиотерапевтӣ бо асбобҳои гуногуни барқӣ, муолиҷа бо парафин, маҳси дастӣ, сандалии барқӣ, сӯзандармонӣ, дандонпизишкӣ, маҳс ба воситаи курсии барқӣ, маҳси барқии бадан бо усули ларзонидан, кашиши сутунмуҳра, муолиҷаи бемориҳои узви таносули мардона ва ғадуди зери узви мардона ва ғайраҳо табобат гиранд. БЕҲБУДӢ ДАР ОСОИШГОҲ Воқеан, дар замони соҳибистиқлолӣ таваҷҷуҳ ба Хоҷа оби гарм бештар шуд. Ҳоло осоишгоҳ на танҳо таваҷҷуҳи мардуми ҷумҳурӣ, балки диққати шаҳрвандони мамолики гуногуни ҷаҳонро низ ба худ ҷалб карда, ба як мавзеи назаррабо барои сайёҳони хориҷӣ ва макони хуби табобат табдил ёфтааст. Чунончи зимни суҳбат бо директори осоишгоҳи Хоҷа оби гарм Давлаталӣ Самиев иттилоъ гирифтем, теъдоди сайёҳон ё меҳмонони
хориҷӣ дар соли 2016 400 нафарро ташкил дода, соли 2017 он ба 693 нафар расидааст. Ин гувоҳи он аст, ки рағбати меҳмонони хориҷӣ барои табобат гирифтан дар осоишгоҳи Хоҷа оби гарм сол ба сол бештар мешавад. Ва ин гувоҳи он аст, ки дар ин муассиса хидматгузорӣ хуб ба роҳ монда шудааст. Шумораи истироҳаткунандагон аз ҳисоби сокинони кишвар низ ҳамасола дар ҳоли афзоиш аст. Агар соли 2016 теъдоди умумии истироҳаткунандагон дар осоишгоҳ 13 398 нафар бошад, соли 2017 ба 15 676 нафар расидааст. Илова бар ин, агар то солҳои 2012-2013 осоишгоҳи Хоҷа оби гарм соле ба маблағи 250 ҳазор сомонӣ хизмат мерасонд (яъне дар чор сол як миллион сомонӣ), аз соли 2013 ба ин тараф ҳар сол ба маблағи як миллион сомонӣ хизмат мерасонад. Воқеан, мавҷудияти неъматҳои табиӣ, меҳмондӯстии тоҷикона ва кордонию ширинзабонии ҳайати кормандони осоишгоҳ, инчунин сокинони шаҳраки Хоҷа оби гарм, ки хизматрасонии босифатро асоси некӯаҳволии худ медонанд, омилҳои ҷалби ҳарчи бештари меҳмонони ватанию бурунмарзӣ гардидааст. Айни замон барои ҷалби бештари сайёҳони дохилию хориҷӣ ва ҳарчи бештар ба табобат фаро гирифтани аҳолӣ бо роҳҳои табиӣ дар осоишгоҳ дигаргуниҳои куллӣ ба амал омада истодааст. Аз ҷумла аз масъалаҳое, ки солҳо ҳалли худро намеёфт ин
E - MAIL: javonontj@mail.ru
“ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН”, №09 (9539), 01.03.2018 Дар шаҳри Женева конфронси «Geneva Summit for Human Rights and Democracy» («Ҳамоиши Женева оид ба ҳуқуқи башар ва демократия») баргузор гардид, ки дар он роҳбари фирории ташкилоти террористӣ ва экстремистии Ҳизби наҳзати исломӣ Муҳиддин Кабирӣ ва Темур Варқӣ - думрави Анҷумани озодандешони Тоҷикистон, ки гӯё узви Шӯрои марказии ин анҷуман мебошад, ширкат доштанд. Чун анъанаҳои қаблӣ мавзӯи меҳварии нишастро ба зиндониҳои сиёсӣ бахшида, дар мисоли чанд кишвари ҷаҳон онро ба намоиш гузоштанд. Дар ин росто, ТЭТ ҲНИТ сар ба ташкилотҳои байналхалқӣ мезананд ва худро бегуноҳ нишон додан мехоҳад.
Сиёсати дугуна зиндониҳои сиёсии Тоҷикистон матраҳ набудааст ва бори аввал аст, ки исми зиндониҳои сиёсӣ ба рӯйхати маъруфтарин қурбониёни низомҳо ворид мешавад. Бояд тазаккур дод, номи М. Кабирӣ ҳамчун террорист ва ифротгарои ашадӣ расман аз ҷониби Интерпол дар ҷустуҷӯ қарор дорад, вале вай дар нишасти як созмони ба гуфти худаш бонуфузи байналмилалӣ ширкат кардааст. Чунин менамояд, ки ин созмон кайҳо боз ба ташкилоте табдил
ёфта, ки гурӯҳу қувваҳои террористиро сарпарастӣ ва дастгирӣ менамояд. Вақте террорист ва ифротӣ - Муҳиддин Кабирӣ ва Темур Варқӣ дар нишасти чунин созмонҳо озодона ширкат варзида суханронӣ менамоянд ва намояндагони ин созмон онҳоро ба нишаст роҳ медиҳанд, хулоса баровардан мумкин аст, ки магар онҳо ҳомии терроризм ва террористон нестанд!? Ҳамин аст, ки баъзе ташкилотҳои ҷаҳонӣ вобаста ба
имконияту тавонмандии молиявию иқтисодӣ барои пиёда намудани барномаҳои сиёсӣ ҷаҳду талош намуда, дар ин роҳ аз усулҳои фиреби сиёсӣ, дурӯғу туҳмат кор мегиранд. Мисоли равшани инро аз иштироки террористу ифротӣ Муҳиддин Кабирӣ ва Темур Варқӣ дарк намудан мумкин аст. Ҳарчанд чунин созмонҳо расман бо давлати Тоҷикистон дар масъалаи мубориза бар зидди терроризму экстремизми ҷаҳонӣ ҳамрадиф бошанд ҳам, вале ҳимояту ҷонибдорӣ аз ТЭТ ҲНИТ боварӣ ва эътимодро коста мегардонад. Аммо, аз ҷониби «Ҳамоиши Женева оид ба ҳуқуқи башар ва демократия» эътироф накарда-
Албатта, маълум аст, ки андешаҳои нопок бо роҳи осоишта амалӣ намешаванд. М.Кабирӣ ҳадафи хешу ҳаммаслаконашро ошкор намекунад, вале пайравонаш вобаста ба ин нишаст даъво мекунанд, ки дар таърихи ин конфронс ҳеҷ гоҳ масъалаи
13
ни ТЭТ ҲНИТ ҳамчун ташкилоти террористӣ ва дар конфронси сатҳи байналмилалӣ даъват намудани намояндагони гурӯҳҳои тахрибкор ҳолати ғайричашмдошт намонд. Гузашта аз ин, созмонҳои байналхалқӣ барои амалӣ намудани манфиатҳо аз чунин вазъияти баамаломада истифода мекунанд. Агарчи қисме аз нақшаҳои ҲНИТ дар хориҷи кишвар амалӣ шуда, тарафдорони худро дар ҷомеаи Аврупо пайдо менамояд. Вале ин ҷаласа бо ҷалби баъзе аз ҷонибдорони ҲНИТ ба вуқӯъ пайваста, аслан дар байни ҷомеаи Аврупо дастгирии васеъ пайдо накардааст, ҳарчанд баъзе аз ниҳодҳои манфиатдори ҳуқуқи байнаналхалқӣ ва роҳбарони пасипардагии ин бозингарон, кӯшиш намуданд, садои ангезаро пуробуранг намоянд. Дар ин маврид, аз тарафи гурӯҳҳои манфиатдори байналмилалӣ ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд риоя карда намешавад. Чунки «Ҳамоиши Женева оид ба ҳуқуқи башар ва демократия» нахоста эътироф кунад, ки баъзе нафарони дар ҷаласа иштирокдошта тибқи қонунҳои амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои амали террористӣ ва экстремистӣ маҳкум карда шудаанд. Агар ҳар шахс дар кашмакашиҳои сиёсие, ки паёмади террористию даҳшатафканӣ дорад, иштирок карда бошад, пас, бояд ҳатман дар назди қонун ҷавоб гӯяд. На он ки дар конфронсу семинару ҷаласаҳои аврупоӣ пайваста иштирок намояд. С. ОРИЁНФАР
мумфарш набудани роҳи пурхаму печидае буд, ки аз шоҳроҳи Душанбе – Хуҷанд то ба осоишгоҳ мебарад. Таъмири ин роҳ мушкилии роҳро бартараф ва рафтуомади нақлиётро осон намудааст. Бинои асосии осоишгоҳ низ аз таъмир баровар-
ин мавзеъ расид. Барои боз ҳам боло бурдани имкониятҳои фароғатию табобатии осоишгоҳи Хоҷа оби гарм тадбирҳои нав ба нав андешида мешаванд. Роҳбарияти осоишгоҳ аз оғози фасли зимистон ба таъмири чанд биное, ки ҳанӯз замо-
да шуд. Даҳлезу ҳуҷраҳо низ хушсифат таъмир гардидаанд. Ҳоло осоишгоҳ дар ҳама фаслҳои сол фаъолияти худро ба роҳ мондааст. Дар ин ҷо рӯзҳои гарми тобистон дар як навбат қариб шашсад нафар ба истироҳату табобат қабул карда мешаванд. Дар осоишгоҳ барои истироҳат ва табобат реҷаи муайян тарҳрезӣ гардидааст. Масъулин ният доранд, ки корҳои ободонӣ ва таъмиру тармимро дар соли ҷорӣ, ки аз ҷониби Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон “Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” эълон шудааст, идома дода, гирду атрофи осоишгоҳро мувофиқ ба талаботи замон навсозӣ ва ободу зебо гардонида, таваҷҷуҳи сайёҳонро ба ин макон ҳарчи бештар ҷалб намоянд. Алҳол бо маблағҳои худӣ дар осоишгоҳ корҳои ободонӣ идома доранд. Вале барои анҷоми нақшаҳои ободонӣ маблағи зиёд зарур аст. Дар ҳоли боз ҳам ободу зебо гардонидани осоишгоҳи Хоҷа оби гарм метавон коркарди доруҳои табииро аз ҳисоби гиёҳҳои шифобахши атрофи осоишгоҳ ба роҳ монда, ғизою нӯшокиҳои ба истироҳаткунандагон пешкашмешударо аз меваю сабзавоти худӣ ва гулу гиёҳҳои табобатии ин мавзеъ ташкил кард. Бояд гуфт, ки осоишгоҳ аз ҷиҳати ҷойгиршавӣ барои ҷалби сайёҳон хеле қулай буда, аз пойтахти кишвар ҳамагӣ 1 соат лозим аст, ки 51 километр роҳро тай намуду ба
ни шӯравӣ сохта ва аллакай қубурҳои обгузараш фарсуда шудаанд, шуруъ намуда, ният доранд, ки то моҳи апрел кори таъмирро тамом кунанд. Дар сурати анҷоми ин кор соли ҷорӣ осоишгоҳи Хоҷа оби гарм иловатан боз барои қабули 600 нафари дигар дар фасли тобистон, ки маъмулан дар ин фасл истироҳаткунандагон дар осоишгоҳ зиёд ва норасоии ҷой ба назар мерасид, имконият пайдо мекунанд. Албатта, беҳ шудани шароит ва бештар шудани истироҳаткунандагону табобатгирандагон дар осоишгоҳ аҳамияти калон дорад. Хусусан барои сокинони шаҳраки Хоҷа оби гарм, ки ҳамагӣ 140 хоҷагӣ мебошанд ва аз 120 нафар кормандони осоишгоҳ беш аз 100 нафари онҳо сокинони ин шаҳраканд. АЗ ТАЪРИХИ ОСОИШГОҲ Ҷолибтарин ривоятро доир ба пайдоиши осоишгоҳи Хоҷа оби гарм марбут ба муъҷизаи рӯйдода аз ҷониби Абӯталҳа, яке аз саҳобаҳои паёмбар Муҳаммад (с) медонанд. Дар ривояте доир ба пайдоиши Хоҷа оби гарм омадааст, ки вақте Абӯталҳа барои муаррифии дини Ислом меояду азоби беобии мардум ва хушкидани набототи ин мавзеъро мебинад, бо асояш як маротиба ба замин мекӯбад ва ҳамон лаҳза аз ҷои асозада буғ ва оби шифобахш фаввора мезанад. Ҳоло мақбараи Абӯталҳа чанд метр дуртар аз ин манбаи обу буғи шифобахш ҷойгир буда, макони
бештар мешаванд
зиёрати мардуми мусалмон гаштааст. Ҳамчунин дар бораи пайдоиш ва таъсири табобатии буғ ва оби шифобахши Хоҷа оби гарм дар маъхазҳои илмӣ низ зиёд гуфта шудааст. Аз ҷумла Шайхураис Абӯалӣ ибни Сино дар рисолаи “Қонуни тиб”, олими форсизабони Ҳиндустонӣ асри XV Баҳва ибни Ҳавас дар китоби “Воситаҳои табобатию минералӣ” ва даҳҳо олимони соҳаҳои гуногун дар ин хусус муфассал зикр кардаанд. Дар Хоҷа оби гарм ҳарорати обу буғи родонӣ то 96-97 дараҷаро такшил медиҳад. Ба ҳамин сабаб дар аввали пайдоиш то замони расман чун иншооти табобатӣ эътироф шуданаш, мардум онро чун воситаи маишӣ барои дар ҳарорати баландаш хӯрок пухтан, ҷомашӯӣ кардан ва шустушӯи худ истифода мебурданд. Хоҷа оби гарм ҳоло яке аз беҳтарин осоишгоҳҳо на танҳо дар ҷумҳурӣ, балки дар минтақаи Осиёи Марказӣ
ва ҷаҳон эътироф шудааст. Зеро таъсири даъвогии буғ ва оби шифобахши нодири он аз замони кашф шуданаш, то имрӯз диққати олимони тиб, муаррихон ва тамоми ниёзмандонро ба худ ҷалб намудааст. Хоҷа оби гарм ягона осоишгоҳ дар дунёст, ки дар он ба сифати воситаи табобатӣ об ва буғи родонии табииро бе иловаҳои сунъӣ истифода мебаранд. Ин ҷиҳат онро дар тамоми олам маълуму машҳур гардонидааст. Соли 1935 осоишгоҳи Хоҷа оби гарм расман ҳамчун муассисаи табобатию истироҳатӣ, аввалин хоҳишмандонро қабул карда буд. Сохтмони осоишгоҳ, ки имрӯз мизоҷон дар он табобат мегиранд, соли 1972 оғоз ёфта, даҳ сол давом кардааст ва соли 1982 мавриди баҳрабардорӣ ва истифодаи умум қарор гирифтааст. Хуршед МАВЛОНОВ, Беҳрӯз КАРИМЗОДА, “ҶТ”
14
КИТОБХОНАИ “ҶТ”
“ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН”, №09 (9539), 01.03.2018
Мактаби одамгарӣ Имрӯз дар майдони адабиёти тоҷик баҳсу талошҳои зиёд доман паҳн кардааст. Яке бо исрор мегӯяд, ки ман шоири хубам дигарон мегӯянд, ки тозагӯие надорӣ. Пӯшида нест, ки шоироне, ки дар пойтахти кишварамон зиндагӣ мекунанд зиёдтар аз суҳбати устодони сухан баҳравар мешаванд. Эҷоди худро пешкаш кардаву аз ҳусни қубҳи он огоҳ мегарданд. Яъне дарахте, ки ба дарё наздиктар аст, бештар об мехӯраду қад мекашад, вале кам андар кам метавонанд, ки қаламкашони деҳот ба ин ноил гарданд. Ҷумъахони Сайдалӣ зодаи минтақаи Ховалинг аз зумраи онҳост. Ҷумъахон хатмкардаи факултаи филологияи тоҷики Донишгоҳи Давлатии шаҳри Кӯлоб мебошад. Аз овони мактабхонӣ то ба имрӯз шеър мегӯяд. Соҳиби 5 маҷмӯаи ашъор: «Замзамаҳои мунк», «Оинаи дидор», «Чил чанор» ва «Овози ошно» аст. Ба наздикӣ маҷмӯаи нави шеърҳояш бо номи «Чароғи лола» пешкаши дӯстдорони каломи бадеъ гашт. Вақте ки «Чароғи лола»-ро варақгардон кардам гумон доштам, ки баъди хондани чанд сатр дилгир мешаваму онро ба гӯшае ҳаво медиҳам, вале ин тавр нашуд, зеро ҳар сатри он сода, равон, самимӣ буда ҷо-ҷо тозагӯиҳои адиб ба чашм расид. Навгӯиҳояш кам нестанд. Дидам, ки дар рӯзи сафед, Сӯзад чароғи хонае. **** Дар кокули гиёҳе, Об аст мисли шона. **** Гардун чу баҳр тобад, Хуршед хирмани зар. **** Аспи ҷавмасти ту ҷав мехоҳад, Шеъри ту маънии нав мехоҳад. Ҳамин тавр дар ҳар як шеъри Ҷумъахон ибора ва ифодаҳои шоиронаро пайдо кардан мумкин аст. Мо дар боло аз ин офаридаҳои шоир чанд намуна овардем, ки хонанда аз маҳорати пуробу ранг эҷод карданаш огаҳӣ пайдо карда, ба чаманистони маъниҳои шеъри ӯ роҳ ҷӯяд. Бо мутолиаи ин маҷмӯа дарёфтам, ки шоире дур аз минбарҳо дар як гӯшаи дурдасти куҳистон рӯидаву ошноӣ ба эҷодаш ба рӯи мо дунёи тозае аз ҳунару зебоӣ боз мекунад. Сайдалӣ адиби маънипарвар аст фараҳафзост, ки шеъраш бори мазмун мекашад. Аз ин бармеояд, ки ӯ пайрав ва вориси аслии бузургони гузаштаи шери форсист. Шеъри гузаштаи мо дар баробари санъату ҳунари воло маънипарвар ва маъниофар аст. Ба оби дида мешӯям варақҳои хаёламро, Забони хомаамро аз найи анҳор меҷӯям. **** Мактаби одамгариву нанг бошад зиндагӣ, Ошёни донишу фарҳанг бошад зиндагӣ. Ҷумъахон дар деҳот зиндагӣ кардаву дар батни ҷомеа қарор дорад, аз мардум канор нест. Ба зиндагӣ бо нигоҳи тоза гом мениҳад. Дармеёбад, ки дар тангнои зиндагии пурпечутоб ишқ, сулҳу осоиш дардошнои равзанест, ки моро ба ҳаёти хушу пурсафо раҳнамун месозад: Намехоҳам, ки дунё пур зи исёну хатар бошад, Намехоҳам, ки нахли зиндагонӣ бесамар бошад. **** Шукри халқу шукри давлат мекунам, Шукри истиқлолу Ваҳдат мекунам. **** Зинда бодо нангу ори тоҷикон, Давлати ояндадори тоҷикон. Шоир хуб дарк кардааст, ки беранҷ дурри маънӣ ба каф намеояд ва дар ин ҷода шабзиндадорӣ кардаву заҳмат мекашад: Бе заҳмату ранҷи зиёд, Зебо нагардад гӯшае. Мӯре наёбад ризқи худ, Аз хирмани бехӯшае. Ҳамин тариқ дар «Чароғи лола» маҷмӯаи нави шеърҳои шоири хушбаён Ҷумъахони Сайдалӣ меҳру муҳаббат ва эҳсосу андешаҳояш нисбат ба Асосогузори сулҳу ваҳдат –Пешвои миллат Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон, ватани маҳбуб, муқаддасоти миллӣ, модари мушфиқ равону самимӣ ифода ёфтааст, он таҳти назари шоири халқии Тоҷикистон Муҳаммад Ғоиб ба табъ расида, умед аст, ки писанди дӯстдорони каломи бадеъ хоҳад гашт. Иззатбек ИДИЗОД, Аълочии фарҳанги Тоҷикистон
Нуруллоҳи ОРИФ
НАВРӮЗ ҶАҲОНИСТ Наврӯзи мо ҷаҳонист, Меҳр асту меҳрабонист. Сер аз рухаш нагардем, Майлаш ба шодмонист. Аз хоби ноз бедор, Дил дар талоши дидор, Монем по саҳаргоҳ Гулзор то ба гулзор. Булбул ба дашту ёла, Оварда рӯ ба нола. Гӯяд ба гӯши соқӣ Ку ҷому ку пиёла? Дар боғҳо чу кафтар Якчанд села духтар, Хонанд шеъри ишқӣ, Бо кокулони пар-пар. Бахшад зи ғӯза борон Чашме ба обшорон. Оянд, агар вазад бод, Дар рақс шохсорон.
ЭЙ ПАРӢ Кай ба чанг афтӣ, ки чун кавг, эй парӣ, ромат кунам, Ку Самарқанду Бухорое, ки инъомат кунам?! Дар раҳи васлат зи тан ман хобро бубрида сар, Дар ҳарос астӣ, мабодо, луқмаи хомат кунам. Дар ҳарос астӣ, вале рӯзе пушаймон мешавӣ, Нест чатрат, меравӣ, тар зери борон мешавӣ. Дида манро бо нигоре, ки надорад ҳеч айб, Лол мегардӣ, худ аз худ дидагирён мешавӣ. Ром чун кавгат кунам, аз ман нагардӣ дур, дӯст, Бе ту дорам зиндагӣ дар даҳр чун Мансур, дӯст. Аз лаби хушкидаам босоғари лабҳот чанд Бӯса гирӣ, маст гардам бе майи ангур, дӯст.
НЕСТ, НЕСТ Одами боақл чун беақл хандон нест, нест, Ҳаркиро, ки нест қувват, марди майдон нест, нест. Дӯстони беҳунар донӣ, зи чӣ тирам зананд, Булбуле ҳастам, ки мислам дар гулистон нест, нест. Гарчи метобам ба дида солим, аммо хастаам, Зистан бо душмани номард осон нест, нест. Аз нигоҳи рашкбори хорҳо, озорҳо Бӯи гул дар барги гул беҳуда пинҳон нест, нест. Бӯалӣ ё ин ки Ҷузҷонист болои сарат, Гар аҷал кӯбад дарат, бар дард дармон нест, нест.
ЭЙ ДӮСТ, ДӮСТ (Дуэти духтарӣ). Бо хоҳиши Матлуба Раҳимова 1. Дар боғҳо, эй дӯст, дӯст, Меган, ки Наврӯз омадаст. Сад моҳи атласбофу сад Бонуи гулдӯз омадаст. 2. Омад, наёмад, мон маро, Побанди дарди худ шавам. Шабро зи рӯзам фарқ нест, Ҳар ҷо нахоҳад дил равам. 1. Рафтем, эй ҷон, ман ба ту Аз дидаам гап мезанам. Бовар бикун ҳамчун биҳишт Сабз асту зебо Меҳанам.
2. Гар рост мегӯӣ, биё Рафтем бо ҳам сайри боғ. Воқиф шавем аз ҳар чӣ ҳаст, Дар дил намонад дарду доғ. Якҷо Оре, ба ҳам ҷонон, Ватан, Хокат ба каф зар мекунем. Чун Пешвои хеш мо Хизмат ба кишвар мекунем.
ҲИҶОБИ БОРОН Рақсад ба роҳравҳо Гесӯ танида борон. Худро шинос карда Дида ба дида борон. Аз завқи печутобаш Кардам ба бар ҳичобаш. Вақти шумурданаш ҳайф, Гум гашт сарҳисобаш. Рақсем гоҳ якҷо Дар гирд-гирди гулҳо. Тундар ғазал чу Маҷнун Хонад ба гӯши Лайло. Кокулпареш, борон, Дил реш-реш, борон. Рақсида по ниҳад,по, Ҳар дам ба пеш борон.
МУШТИ БОРОН Бесарҳисоб резад Дар дашту пушта борон. Кӯбад дари диламро Гоҳе думушта борон. Валлаҳ,ки дӯст дорам Думушта куфтанашро. Ҳар лаҳза мепазирам Афсона гуфтанашро. Мисли қатора тобад Дар марзи дида борон. Дар рӯи об гардад По чида,чида борон. Дар кунҷи дил надорад Аз кас ҳарос борон. Истад,агар,ки худ хост, Беилтимос борон.
СУМАНАК Аз нами борон суманак, Ашк ба мижгон суманак. Пухта шавӣ, қанд шавӣ, Дар таги дандон суманак. Эй суманак, ҷон суманак, Дар тафи чагдон суманак. Гардад агар соз пазӣ, Хӯрданат осон суманак. Духтаракон, каф бизанед, Ҳам суманак, ҳам шакароб. Шишта ба ҳам бо дили шод Хӯрданашон ҳаст савоб. Соли нав ояд ба Ватан, Пиру ҷавон саф ба сафанд. Пиру ҷавон рақскунон, Гӯш ба карнайу дафанд.
“ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН”, №09 (9539), 01.03.2018 Чанде қабл аз тарафи нашриёти «Ирфон» монографияи муҳаққиқи ҷавону умедбахш Хушдил Раҳимҷонов бо номи «Этические нормы: теория и практика применения в таджикской журналистике» («Меъёрҳои ахлоқӣ: назария ва амалияи истифодаи онҳо дар журналистикаи тоҷик») аз чоп баромад. Бояд гуфт, ки Х. Раҳимҷонов аз соли 2013 дар кафедраи журналистикаи байналхалқии факултети журналистикаи ДМТ чун аспирант дар мавзӯи «Меъёрҳои ахлоқӣ ҳамчун механизми худтанзимкунанда дар ҷомеаи журналистии Тоҷикистон» ба тадқиқоти илмӣ машғул буд ва соли 2017 рисолаи номзадӣ ҳимоя намуд. Рисолаи ӯ аз тарафи муқарризон баҳои арзанда гирифта, аз ҷониби Комиссияи олии аттестатсионии Вазорати маориф ва илми Федератсияи Россия тасдиқ шуд ва муаллифи рисола сазовори дараҷаи илмии номзади илмҳои филология аз рӯйи ихтисоси 10.01.10 – журналистика гардид. Ба табъ расидани монографияи илмӣ як навъ ҷамъбасти тадқиқоти илмии муҳаққиқ ва ба доираи илмии ҷумҳурӣ муаррифӣ гардидани ӯ мебошад. Этика ё одоби касб маҷмӯи қонунҳои нонавиштае мебошад, ки талаботи маънавию ахлоқӣ ва урфу одатҳои ҷамъиятро ба назар гирифта, меъёрҳои ахлоқи инсонро ба танзим медарорад. Этикаи касбии журналист низ аз этикаи умумиинсонӣ сарчашма мегирад, вале он нисбатан ҷиддию серталаб аст, зеро фаромӯш кардани принсипҳои этикӣ баъзан барои журналист оқибатҳои ногувор ва ҳатто хатарнок дошта метавонад. Меъёрҳои этикӣ ба журналист имкон медиҳанд, то оқибатҳои имконпазири иҷтимоии эҷоди худро дарк намояд, дар бораи тақдири қаҳрамони худ, дар бораи нуфузу обрӯйи мақоми иттилооти оммавие, ки онро намояндагӣ мекунад ва дар бораи номи неки худ андеша кунад. Дар баробари донистан ва риоя намудани меъёрҳои ҳуқуқӣ, донистани меъёрҳои ахлоқӣ ва риоя намудани онҳо низ барои журналист муҳим мебошад. Ҳарчанд этикаи касбии журналистӣ дар факултету шуъбаҳои журналистии ҷумҳурӣ ҳамчун фанни алоҳида таълим дода мешавад, то ба имрӯз роҷеъ ба этикаи журналистӣ ва риояи меъёрҳои он дар ВАО-и Тоҷикистон тадқиқоти алоҳидаи монографӣ анҷом дода нашуда буд. Аз ин рӯ, ба табъ расидани рисолаи илмии Хушдил Раҳимҷонов муҳим ва саривақтӣ мебошад. Дар шароити иқтисоди бозорӣ, ки тиҷорат самти фаъолияти як қатор воситаҳои ахбори оммаи ватанӣ гардидаасту вазифаҳои асосии ВАО низ як андоза тағйир ёфтаанд, барои таҳқиқ ва аз ҷиҳати илмӣ баррасӣ намудани саҳифаҳои то ба ҳол тадқиқнашудаи журналистикаи ватанӣ шароити нисбатан мусоид фароҳам омадааст. Аз ин рӯ, тадқиқи этикаи касбии журналистӣ ҳамчун яке аз унсурҳои муҳимми муайянкунандаи хусусиятҳои касби журналистӣ, ҳамчун механизми танзимкунандаи ҷомеаи журналистӣ ва ҳамчун қисми таркибии васоити ахбори оммаи ватанӣ ҳам аз ҷиҳати назарӣ ва ҳам аз ҷиҳати амалӣ муҳиму саривақтӣ мебошад. Масъалаҳои вобаста ба меъёрҳои ахлоқӣ ҳамчун механизми танзимкунандаи ҷомеаи журналистӣ дар Тоҷикистон, риояи меъёрҳои ахлоқии журналистӣ ва муайян намудани омилҳое, ки зарурати ҷорӣ намудани меъёрҳои худтанзимкунандаро дар фаъолияти журналистӣ муҳим меҳисобанд, аз тарафи муаллифи рисола бори аввал мавриди тадқиқ қарор гирифтаанд, ки ин қимати рисоларо боз ҳам афзун менамояд. Тадқиқоти анҷомдодаи Хушдил Раҳимҷонов доир ба меъёрҳои ахлоқии касби журналистӣ, омилҳои ташаккул, инъико-
15
КИТОБИЁТ Журналистика ва меъёрҳои ахлоқӣ
Чанд андеша дар бораи монографияи Хушдил Раҳимҷонов «Этические нормы: теория и практика применения в таджикской журналистике» («Меъёрҳои ахлоқӣ: назария ва амалияи истифодаи онҳо дар журналистикаи тоҷик»). – Душанбе: Ирфон, 2017. – 176 с.
си масъалаҳои вобаста ба меъёрҳои этикаи касб дар матбуоти даврӣ ва проблемаҳои риояи «Меъёрҳои ахлоқии фаъолияти журналистӣ дар Тоҷикистон» асосноку воқеӣ ба ҳисоб меравад, зеро риояи меъёрҳои ахлоқӣ дар ВАО аз масъалаҳои ниҳоят баҳсталаб ва дардноки ҷомеа ба ҳисоб меравад, ки дар байни ҷомеаи журналистӣ, дар байни журналистон ва шахсони алоҳида ва ҳатто дар байни журналистону шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ баҳсу муноқишаҳои зиёд ба вуҷуд меорад ки, мутаассифона, баъзан барои ҳаллу фасли ин баҳсу муноқишаҳо ба мақомоти судӣ низ муроҷиат карда мешавад. Аз ин ҷиҳат низ мавзӯи мавриди тадқиқ актуалӣ ва дархӯри замон мебошад. Аз таҳлили маводи дар монография пешниҳодшуда ба хулосае омадан мумкин аст, ки муҳаққиқ ба мақсади дар наздаш гузошташуда ноил гардидааст, зеро дар он маводи таърихию назариявӣ мувофиқи талаботи кори тадқиқотӣ ба танзим дароварда шудааст, дастгоҳи илмӣ ба талабот ҷавобгӯ мебошад, нуқтаи назари муаллиф аз ҷиҳати илмию назариявӣ ва бо мисолҳои амалӣ хеле хуб асоснок карда шудааст. Рисола аз муқаддима, се боб, хулосаву натиҷагириҳои муаллиф ва рӯйхати адабиёт исборат мебошад. Боби аввали тадқиқоти монографӣ «Факторы формирования профессиональной этики журналиста» («Омилҳои ташаккули этикаи касбии журналистӣ») аз ду фасл иборат буда, ба тадқиқи таҷрибаи байналмилалии танзими проблемаҳои этикии журналистӣ бахшида шудааст, ҳамчунин сарчашмаҳои миллии ташаккули меъёрҳои этикаи касбии журналистӣ дар Тоҷикистон мавриди баррасӣ қарор дода шудаанд. Дар фасли аввали боби якум «Международный опыт регулирования журналистских этических проблем» («Таҷрибаи байналмилалии танзими проблемаҳои этикаи журналистӣ») ҳуҷҷатҳои байналмилалие, ки ба этикаи касбии журналистӣ бахшида шудаанд, мавриди таҳлил қарор гирифтаанд. Муаллиф якчанд ҳуҷҷатеро, ки намунаҳои комилан мувофиқи кодексҳои ахлоқӣ ба ҳисоб мераванд, мавриди баррасӣ қарор дода, мавҷуд будани кодекси ахлоқӣ ва аз тарафи намояндагони ВАО риоя гардидани меъёрҳои муқаррарнамудани чунин кодексҳоро кафолати асосии комёбиву муваффақияти ҳар як ширкати медиавӣ меҳисобад. Дар фасли дуюми боби якуми тадқиқоти илмӣ – «Национальные истоки становления профессиональных этических норм в
Таджикистане» («Сарчашмаҳои миллии ташаккули меъёрҳои ахлоқии касбӣ дар Тоҷикистон») муаллиф барҳақ таъкид медорад, ки баъзе марҳилаҳои ташаккул ва тартибу ҷараёни қабули ҳуҷҷат дар бораи танзими фаъолияти журналистони Тоҷикистонро дар журналистикаи ҷаҳонӣ таҷрибаи хуб ҳисобидан мумкин аст. Боби дуюми тадқиқоти илмӣ «Освещение проблем профессиональных этических норм в периодической печати» («Инъикоси проблемаҳои меъёрҳои ахлоқии касбӣ дар матбуоти даврӣ») унвон дорад. Дар он фаъолияти Шӯрои ВАО мавриди баррасӣ қарор гирифта, баҳсу мунозираҳое, ки ҳангоми қабули меъёрҳои ахлоқии фаъолияти журналистӣ дар саҳифаҳои матбуот сурат гирифта буданд, таҳлил карда мешавад. Дар бисёр кишварҳое, ки ба озодии сухан арҷ гузошта, ба худтанзимии фаъолияти журналистон кӯшиш ба харҷ дода мешавад, дар ин раванд усулҳои мухталифи ба даст овардани натиҷаи мусбат пешбинӣ гардидааст. Дар Тоҷикистон низ барои танзими фаъолияти журналистӣ Шӯрои ВАО ҳамчун мақоми худсензурӣ амал мекунад. Фасли аввали боби дуюми монографияи илмӣ – «Совет по СМИ – новое явление в саморегулировании СМИ в Таджикистане» («Шӯрои ВАО – падидаи нави худтанзимии ВАО дар Тоҷикистон») ба таҳлили фаъолияти Шӯрои ВАО ҳамчун мақоми худсензурии фаъолияти журналистӣ бахшида мешавад. Муаллифи рисола кӯшиш ба харҷ додааст, Шӯрои ВАО-ро ҳамчун мақоми худтанзими фаъолияти журналистӣ баррасӣ карда, муқаррар намояд, ки он то чӣ андоза ба муқаррароти низомномавиаш ҷавобгӯ мебошад. Муносибат ба Шӯрои ВАО нишон медиҳад, ки журналистикаи тоҷик ба чунин созмоне, ки рисолати оинномавии худро ба таври бояд анҷом медиҳад, эҳтиёҷ дорад. Дар фасли дуюми ин боб «Дискуссии в печати при принятии этических норм журналистской деятельности» («Баҳсу мунозира дар матбуот ҳангоми қабули меъёрҳои ахлоқии фаъолияти журналистӣ») муаллиф мавқеи коршиносон ва фикру ақидаи журналистони шинохтаро дар мавриди қабули кодекси этикии журналистӣ, ки дар матбуот ба табъ расида буданд, баррасӣ ва таҳлил намуда, ба хулосае меояд, ки дар ҷаҳони мутамаддин меъёрҳои ахлоқӣ аҳамияти муҳим доранд, ба хусус шахсе, ки ба сухан сари кор дорад, бояд дорои ахлоқи ҳамидаи инсонӣ бошад. Дар боби сеюми тадқиқоти илмӣ – «Проблемы применения “Этических норм журналистской деятельности в Таджикистане”» («Проблемаҳои амалӣ намудани “ Меъёрҳои ахлоқии фаъолияти журналистӣ дар Тоҷикистон”») масоили риояи меъёрҳои ахлоқӣ, ҳолати риояи ин меъёрҳо дар матбуоти даврӣ, монандӣ ва фарқи «Меъёрҳои ахлоқии фаъолияти журналистӣ дар Тоҷикистон» аз ҳуҷҷатҳои дигари ҳамназир мавриди таҳлилу дар мадди назари муҳаққиқ қарор дорад. Фасли аввали ин боб – «Сходства и различия «Этических норм журналистской деятельности в Таджикистане» с другими этическими документами» («Монандӣ ва фарқи «Меъёрҳои ахлоқии фаъолияти журналистӣ дар Тоҷикистон» аз дигар ҳуҷҷатҳои этикӣ) ба таҳлили муқоисавии «Меъёрҳои ахлоқии фаъолияти журналистӣ дар Тоҷикистон» бо дигар санадҳои ҳамназир бахшида мешавад. Таъкид карда мешавад, ки ҳангоми таҳияи ин ҳуҷҷат таҷрибаи ҷаҳонӣ истифода гар-
дидааст. Муқоисаи бевоситаи «Меъёрҳои ахлоқии фаъолияти журналистӣ дар Тоҷикистон» бо кодексҳои этикии журналистии кишварҳои узви ИДМ нишон медиҳад, ки кодекси ахлоқии журналистони тоҷик фарогири масъалаҳои зиёдтар мебошад. Аз таҳлилҳои муқоисавии муҳаққиқ бармеояд, ки воқеияти ҷаҳои имрӯза ҳам дар манфиатҳои миллӣ ва ҳам дар фаъолияти институтҳои иҷтимоиву сиёсӣ ифода меёбад, ки соҳаи журналистика аз инъикоси ин воқеият дар канор буда наметавонад. Фасли дуюми боби сеюм «Проблемы соблюдения этических норм в деятельности СМИ» («Проблемаҳои риояи меъёрҳои ахлоқӣ дар фаъолияти ВАО») унвон дорад, ки ба масоили риояи меъёрҳои аълоқӣ дар матбуот бахшида мешавад. Баҳсу мунозира дар ВАО ҳамеша аҳамияти ҷамъиятӣ касб мекунад. Ҳақиқат аз баҳс бармеояд, вале ҳеҷ гоҳ набояд фаромӯш кард, ки баҳс дар матбуот бояд ба меъёрҳои ахлоқӣ ҷавобгӯ бошад. Муаллифи рисола дар асоси маводи зиёд дар бораи меъёрҳои ахлоқии фаъолияти журналистӣ ва риояи ин меъёрҳо дар матбуоти даврӣ таҳлилҳои ҷолиб анҷом додааст. Таҳлилҳои ӯ дорои низоми муайян ва илман асоснок буда, дар истинод ба адабиёти илмии мавҷуда сурат гирифтаанд. Рисолаи илмии Хушдил Раҳимҷонов дар амалия ва назарияи журналистикаи тоҷик аз чанд ҷиҳат муҳим мебошад: Нахустин кори мукаммали илмӣ доир ба меъёрҳои ахлоқии фаъолияти журналистӣ ба ҳисоб меравад. Дар шакли чопӣ дастрас гардидани он барои анҷом додани тадқиқотҳои фарохтару мукаммалтари илмӣ дар ин самт роҳ мекушояд; мисолҳои мушаххаси онро дар дарси этикаи касбии журналистӣ истифода бурдан мумкин аст; барои навиштани корҳои мустақилона, рефератҳо, корҳои курсиву рисолаҳои хатм ва рисолаҳои магистрӣ ҳамчун заминаи хуби назариявӣ хизмат менамояд; аз рӯйи он дар факултету шуъбаҳои журналистӣ курсу семинарҳои махсус ташкил кардан мумкин аст; дар фаъолияти амалии журналистӣ истифода бурдани он аз манфиат холӣ нест, зеро таҳлилҳои муаллифи рисола дар мавриди риояи меъёрҳои ахлоқӣ дар ВАО барои журналистони амалӣ низ хонданиву ибратбахш мебошанд. Ба ибораи дигар, он барои беҳтар гардидани одоби муошират дар ҷомеаи журналистии мамлакат мусоидат карда метавонад. Маводи кори илмию тадқиқотиро ҳангоми навиштани дастурҳои таълимӣ ва китобҳои дарсӣ аз фанҳои «Этикаи касбии журналистӣ», «Асосҳои ҳуқуқи журналистӣ», «Асосҳои фаъолияти эҷодии журналистӣ» истифода бурдан мумкин аст. Шоистаи таъкид аст, ки ба забони русӣ нашр шудани рисола доираи истифодабарандагонро зиёд менамояд, зеро доир ба меъёрҳои ахлоқии фаъолияти журналистӣ дар ҷумҳуриҳои узви ИДМ низ тадқиқотҳои илмӣ ангуштшумор мебошанд, вале, азбаски манбаи тадқиқоти илмӣ матбуоти тоҷикзабон аст, чопи варианти тоҷикии он низ аз аҳамият холӣ нест. Аз ин рӯ, хуб мебуд, муаллиф аз пайи чопи варианти тоҷикии рисола шавад, зеро ҳам муҳаққиқони соҳаи журналистикаи тоҷик ва ҳам журналистоне, ки дар ВАО фаъолият менамоянд, хоҳиши мутолиаи варианти тоҷикии рисоларо доранд. Меҳроб ҶУМЪАЕВ, номзади илмҳои филологӣ, дотсент
16
“ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН”, №09 (9539), 01.03.2018
ФАРОҒАТИ ҶАВОНОН
Сеҳри хома АМАЛИ МЕҲРОБ АЗИМОВ, “ҶТ”
√ АНДАРЗ
На пиёла, балки кӯл бош! ТАҲИЯИ Ш. ЭШОНОВА, “ҶТ”
ГУЛЧЕҲРА СУЛАЙМОНӢ
√ САЙҚАЛИ
АНДЕША
Хуб мешуд, агар инсон донад, ки вай барои дӯстон чӣ қадру қиммате дорад, то бикӯшад, аз ин баъд арзишмандтар шавад. ******** Танҳо як манфиат аст – дониш ва як офат аст - ҷаҳолат. ******** Сарватманд касест, ки бо андак қаноат меварзад ва ин қаноатпешагӣ аз ғановати табиати ӯ шаҳодат медиҳад. Суқрот Сухан симои кор аст. ******** Ҳама чиз ҳад дорад. Баробарӣ ҷангро тавлид намекунад. ******** Ба худоҳо эхтиром, ба волидайн ифтихор. ******** Ҳазар кун аз маишате, ки ғамзод аст. ******** То ҳарду ҷонибро нашунавӣ, ҳукм набарор. ******** Дӯстатро дар танҳоӣ накӯҳиш куну дар ҷомеа ситоиш. ******** Касе, ки барои аксарият даҳшатангез аст, бояд аз бисёриҳо битарсад. ******** Қонунҳо амсоли торҳои анкабутанд: заифу сабукро мебардоранду бузургу қавиро тоб намеоранд. ******** Хомӯшӣ нутқрову сухани бамавқеъ хомӯширо тақвият мебахшанд. ******** Дӯстонатро бе саросемагӣ интихоб намову дӯстони интихобшударо инкор макун. ******** Чизҳои зебо ба осонӣ муяссар намешаванд. Солон
Рӯзнома таҳти рақами 0120/рз аз 22 сентябри соли 2014 дар Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон сабти ном шудааст. Нишонӣ: 734018, шаҳри Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ-16, ошёнаи 1
САРМУҲАРРИР
Бахтовар КАРИМОВ
На пиёла, балки кӯл бош! Боре ҷавоне, ки худро хеле шахси бадбахту бебарор ва ноком меҳисобид, ба назди устодаш омада гуфт, ки зиндагияш хеле мушкилу бемаъно аст. Ӯ муддати зиёд бо ҳасрату надомат сухан ронда гуфт, ки беадолатиҳои зиндагӣ хеле зиёданд. Дар охири ҳар як сухани пуралами худ ҷавон ҳатман чунин хитоб мекард: “Чаро тақдир нисбати ман чунин бераҳм аст? Чаро ягон корам барор намегирад, чаро ман мисли дигарон муваффақ нестам?” Ва чунин ҳасрату шикваҳои ҷавон чанд рӯз идома ёфт. Оқибат устод аз дарду ҳасрати беохири шогирд хаста шуд ва ҷавонро барои овардани намак фиристод. Сипас аз
ӯ хоҳиш намуд, ки як мушт намакро дар як пиёла об андозад ва онро бинӯшад. Ҷавон баъди нӯшидани як қулт об рӯяшро бурма намуда, пиёларо дур андохт. - Тамъаш чӣ гуна аст? – пурсид устод. - Хеле даҳшатнок ва нафратангез аст! – гуфт ҷавон. Устод табассуме намуда хоҳиш кард, ки боз як мушт намак бигирад ва онҳо хомӯшона ба соҳили кӯле расиданд. Устод аз ҷавон хоҳиш намуд, ки он намакро ба оби кӯл андозад. - Акнун аз оби кӯл бинӯш ва таассуротатро бигӯ, - гуфт устод. - Софу пок ва ширин аст, - гуфт ҷавон. – Ман тамъи намакро ҳис накардам. Баъдан устод дар паҳлӯи шогирдаш ниша-
медиҳем. Ҳамин тариқ, вақте мо ғусса мехӯрему аз дарду ҳасрат ба худ мепечем, ягона коре, ки аз дастамон меояд, ин ба зиндагӣ бо назари нек нигаристану онро бо лаҳзаҳои хушу гуворо оро додан аст. Барои худ на пиёла, балки кӯл бош!
√ ЭЪЛОН Аттестати гумшудаи Ҳиматов Дӯстмурод Мамадюсуфович дар бораи маълумоти миёнаи нопурра, ки онро соли 1997 мактаби миёнаи умумии №62-и ноҳияи Ленин (ҳоло МТМУ № 63-и н. Рӯдакӣ шудааст) бо силсилаи АБ таҳти рақами 026118 додааст, эътибор надорад. Шиносномаи гумшудаи Эгамов Сӯҳроб Соҳибназарович соли таваллудаш 26.03.1997, ки онро 29-уми декабри соли 2014 ШММ Колхозчиён ШВКД дар шаҳри Панҷакент бо силсилаи А ва рақами 00060274 додааст, эътибор надорад. Билети донишҷӯии гумшудаи Эгамов Сӯҳроб Соҳибназарович, ки онро соли 2015 факултети баҳисобгирию иқтисодии ДМТ додааст, эътибор надорад. Шиносномаи техникӣ (хона), ки ба сокини ноҳияи Рӯдакӣ, ҷамоати деҳоти Чоргултеппа, деҳаи Куктош шаҳрванд Фозил Умаров тааллуқ дорад, бо сабаби гум шуданаш беэътибор дониста шавад. Аттестати хатми синфи 9, ки МТМУ № 25 ноҳияи синои пойтахт бо силсилаи А ва рақами 117340 ба Аблоқулов Хуршед Пардаевич додааст, бо сабабаи гум шуданаш эътибор надорад. Шиносномаи техникии ҳавлии гумшудаи№ 2463, ки онро корхонаи фаръии бақайдгирии техникии ноҳияи Рӯдакӣ, моҳи
июни соли 2012 ба номи Ҳикматулло Собиров ба қайд гирифтааст, эътибор надорад. Дипломи гумшудаи № 003056, ки онро омӯзишгоҳи касбҳои техникии ба номи В. Н. Комарови шаҳри Душанбе соли 2008 ба Саидҷаъфар Раҳимов додааст, эътибор надорад. Дипломи гумшудаи № 0014383, ки онро литсейи касбии информатика ва техникаи компютерии шаҳри Душанбе соли 2008 ба Тӯраев Хисрав Сафаралиевич додааст, эътибор надорад. Шартномаи хариду фурӯши манзил таҳти феҳристи Д - 128, ки онро идораи нотариалии ноҳияи Маркази (ҳоло Шоҳмансур)-и шаҳри Душанбе 10 августи соли 1993 ба шаҳрванд Ниёз Ғиёсов додааст, эътибор надорад. Дипломи гумшуда, ки онро Институти давлатии педагогии шаҳри Душанбе ба номи Т. Шевченко (ҳоло Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С. Айнӣ) 30 июни соли 1971, таҳти фармони рақами 165 ба Васюкова Евгения Павловна додааст, эътибор надорад. Шиносномаи техникии гумшуда, ки таҳти рақами 17574 ба қайд гирифта шуда, бо суроғаи шаҳри Душанбе, кӯчаи Бухоро 27, ҳуҷраи 100 ба номи Маҳбуба Нуритдинова сабт шудааст, эътибор надорад.
√ РЕКЛАМА ҲАДЯИ АРЗИШМАНД БАРОИ БОНУВОН Оё мехоҳед, барои азизонатон дар рӯзи идашон 8-уми март ҳадяи арзишманд харидорӣ кунед? Пас, креми “Прикатен” барои бартар кардани ожангҳои рӯй, креми “БМС” барои таровату зебоӣ ва курси лоғарии горсания-камбуҷияро барои зебоии андом аз атриёти “Зинат” харидорӣ намоед. Суроға: шаҳри Душанбе, чорроҳаи бозори “Саховат”. Тел: дар ш. Душанбе 938016464, ш. Қӯрғонтеппа 907202095, 918949949.
ҲАЙАТИ МУШОВАРА:
Абдуҷаббор РАҲМОНЗОДА (Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа), Нуриддин САИД (вазири маориф ва илми Тоҷикистон), Аҳтам АБДУЛЛОЗОДА (раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон).
ҲАЙАТИ ЭҶОДӢ:
ста, аз китфонаш оғӯш намуд ва андешамандона гуфт: - Дарду андуҳ дар ниҳоди худи мост, ин намаки тоза аст. Миқдори дарду андуҳи мо дар ҳама ҳолат бетағйир боқӣ мемонад. Аммо андуҳе, ки мо эҳсос мекунем, аз ҳаҷми зарфе вобаста аст, ки мо онро ҷо
Маҳмудҷон УСМОНОВ (муҳаррир), Толибшоҳи ДАВЛАТ (котиби масъул), Шодихони НАЗАР (муҳаррири шуъбаи варзиш ва сайёҳӣ), ШАҲЛО ЭШОНОВА (муҳаррири шуъбаи иқтисод ва иҷтимоъ), Хуршед МАВЛОНОВ (муҳаррири шуъбаи иттилоот ва сиёсат), Беҳрӯз ХОЛМУРОДОВ (муҳаррири шуъбаи ҳаёти ҷавонон), Нуруллоҳи ОРИФ, Гулбаҳор РАҲМОНОВА, Хуршед ХОВАРӢ, Шаҳбози АСОМИДДИН, Меҳрубон ИМОМОВА (хабарнигорон), Шеравган ХУРСАНҚУЛОВ (саҳифабанд), Меҳроб АЗИМОВ (рассом), Машҳур ИМОМНАЗАРОВ (хабарнигор, ВМКБ), Шодмон НУРМАТОВ (хабарнигор, вилояти Суғд) Фирӯз АБДУРАҲМОНОВ (хабарнигор, вилояти Хатлон).
•
Ба хотири чандандешӣ матолибе низ ба табъ мерасанд, ки хилофи назари ҳайати эҷодист. Дурустии арқому далелҳо бар дӯши муаллифон аст.
•
Ҳангоми таҳияи хабарҳо аз матолиби интернет низ истифода шудааст.
•
Индекси обуна: 68857
•
Тел: 901 06-41-10, 238-54-14, 238-51-09, 238-53-03
•
Ҳафтанома дар КТН «Шарқи озод» (хиёбони Саъдии Шерозӣ-16) бо теъдоди 4639 нусха ба нашр расид.
•
Ҳисоби бонкӣ: с/ҳ №20202972500232101000, ҳ/х 20402972316264, РМА030000301, РМБ350101626. БДА Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк»