РАЙЪПУРСӢ - 2016«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН»
Ифтитоҳи се муассисаи
Тағйиру иловаҳо аз андешаҳои мардум маншаъ мегиранд
ВАО
№9 (9435), 3 марти соли 2016
1 е-mail: javonontj@mail.ru
МАВЗӮИ РӮЗ
МЕКОБЕМ: ронанда гунаҳкор ё пиёдагард?
ҲАФТ РӮЗ 25.02.2016 Дар ҷамоати деҳоти Алмосии шаҳри Ҳисор бо ширкати Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маъракаи ниҳолшинонӣ доир гардид. Дар майдони 340 гектар ниҳолҳои гелос, олу ва себ шинонда шуд. 26.02.2016 Дар «Кохи Ҷомӣ»-и пойтахт дар доираи ҳамоиши байналмилалии шоирони ҳавзаи Наврӯз маҳфили шеъру суруд бо иштироки Шоири халқии Тоҷикистон, барандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Рӯдакӣ Гулназар ва ҳунармандони шинохтаи кишвар Хосияти Зарафшонӣ, Афзалшоҳи Шодӣ, Хурсандмурод ва Қобилҷони Зариф баргузор гардид. 27.02.2016 Бо ибтикори Кумитаи оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои
миллии назди Ҳукумати ҷумҳурӣ дар Маркази исмоилияи шаҳри Душанбе конфронси ҷумҳуриявӣ таҳти унвони «Мақоми Имом Абӯмансури Мотуридӣ дар таҳкими мазҳаби ҳанафӣ» доир шуд. 28.02.2016 Муассисаи давлатии “Суғдсинамо” банаворгирии дуюмин филми худро бо номи “12 соли интизорӣ” ба анҷом расонд. Жанри филм мелодрамма буда, дар асоси қиссаи воқеӣ наворбардорӣ шудааст. Филм рӯзҳои ҷашни Наврӯз пешкаши тамошобинони мешавад. 29.02.2016 Дар Қасри миллат Президенти ҷумҳурӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо узви Шӯрои марказии ҳарбии Ҷумҳурии Мардумии Чин, сардори Ситоди муттаҳидаи Артиши халқии
озодибахши Чин Фан Фэнхоэй мулоқот кард. 01.03.2016 Президенти ҷумҳурӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Федератсияи Русия Владимир Путин дар робита ба фоҷиаи кони ангишти «Северная»-и Воркутаи Ҷумҳурии Комии Федератсияи Русия, ки даҳҳо нафар ҳалок ва ҷароҳат бардоштанд, барқияи тасаллият ирсол намуд.
www.javonon.tj
НАШРИЯИ КУМИТАИ ҶАВОНОН, ВАРЗИШ ВА САЙЁҲИИ НАЗДИ ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН/ /№9, (9435), 3 марти соли 2016/e-mail:javonontj@mail.ru/www.javonon.tj/аз 5.04.1930 нашр мешавад
АХБОРИ ҲАФТА
02.03.2016 Маҷаллаи маъруфи илмии “National Geographic” рӯйхати даҳгонаи шоҳроҳҳои ҷолиби ҷаҳонро нашр кард, ки дар он роҳи Помир низ дохил шудааст. Роҳи мошингарди Помир, ки Тоҷикистонро бо Қирғизистон мепайвандад, баъд аз дараи Вердон (Фаронса) дар мақоми дуюм қарор гирифтааст.
е-mail: javonontj@mail.ru
2
АХБОРИ ҲАФТА
«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН» №9 (9435), 3 марти соли 2016
Ифтитоҳи се муассисаи ВАО 1 март, бо иштироки Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Муассисаи давлатии “Телевизиони Варзиш”, Муассисаи давлатии “Телевизиони Синамо” ва Муассисаи давлатии “Академияи васоити ахбори омма” ба истифода дода шуд.
Президенти мамлакат баъди буридани лентаи рамзӣ бо пахши тугмача ба пахши барномаҳои Муассисаи давлатии “Телевизиони Варзиш” оғоз бахшид. Ҳаводорони намудҳои гуногуни варзиш, аз ҷумла мухлисони футбол аз ин пас дар шабакаи махсус метавонанд бо руйдодҳои олами варзиши мамлакат ва ҷаҳон шинос шавад. Президенти кишвар вобаста ба таъсиси телевизиони варзиш бо таваҷҷуҳи хос таъкид намуд, ки нишондодҳои рӯзафзуни варзишгарони тоҷик дар минтақа ва ҷаҳон баробари кушодани ин шабакаи нав бояд васеъ инъикос карда шавад. Пахши барномаҳо мувофиқ ба талаботи имрӯза дар формати “HD” ба роҳ монда мешавад. Ин имконият медиҳад, ки намоишҳо бо сатҳу сифати баланди садову симо ба тамошобин пешкаш карда шавад. Дастгоҳҳои наворбардорӣ, танзим ва пахши барномаҳо бо ин формати навтарини технологияи комуникатсионӣ фаъолият менамоянд, ки аз дастовардҳои навтарини техникаи соҳаи телевизионӣ мебошад. Бо чунин мушаххассоти техникӣ пахш кардани барномаҳои телевизионӣ дар пешрафти соҳа як қадами ҷиддӣ ба шумор рафта, ҷалби ҳарчи бештари тамошобинонро ба телевизионҳои ватанӣ таъмин менамояд. Барномаҳои шабакаҳои навтаъсиси телевизионии “Варзиш” ва “Синамо”-ро дар якчанд давлати дунё тавассути моҳвора тамошо намуда, наздики 60 фоизи аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо истифода аз пахши рақамӣ
аз намоишҳо бархурдор мегарданд. Яке аз вазифаҳои дигари телевизионҳо ба воситаи завқу салиқаи баланд ва таври шоиста омода кардани барнмоҳо, нишон додани зебоиҳои нотакрори табиати биҳиштосои Тоҷикистон ва таъриху фарҳанги пурғановати мо мебошад. Баъди ифтитоҳи шабакаи телевизионии “Варзиш” ва шиносоӣ бо студияи сабт, танзимгоҳҳо ва дигар утоқҳои корӣ дар ошёнаи сеюми бинои нав Сарвари давлат ба фаъолияти Муассисаи давлатии телевизиони “Синамо” оғоз бахшид. Он бо таҳияи филмҳои ҷолиб таъриху тамаддун, анъанаҳои қадимаи миллати тоҷик ва зебоиҳои нотакрори кишварро дар ҷаҳон бояд муаррифӣ намояд. Мавриди зикр аст, ки бо таъсис ёфтани се муассисаи мазкур 215 ҷойи кории нав, аз ҷумла дар Телевизиони «Варзиш» 113 воҳиди корӣ, Телевизиони «Синамо» 75 воҳиди корӣ ва Академияи васоити ахбори оммаи Тоҷикистон 27 воҳиди корӣ фароҳам оварда шуд, ки музди маоши моҳонаи кормандон то 2000 сомонӣ муқаррар гардидааст. Дар Академияи васоити ахбори омма шуъбаҳои телевизион ва радио, нашриёти даврӣ, технологияҳои иттилоотӣ, омӯзиши компютер ва ороиши дизайнерӣ амал мекунанд ва бозомӯзии кормандони соҳа асосан дар ихтисосҳое ба роҳ монда мешавад, ки то имрӯз дар хориҷи кишвар омӯзонда мешуд. Ҳамзамон, мутахассисони соҳа метавонанд аз мах-
зани китобхонаи муассиса, ки дорои 8000 адабиёти илмию бадеӣ ва соҳавӣ мебошад, бемамониат истифода баранд. Муҳлати таълим дар академия аз 1 моҳ то як сол буда, баъди омӯзиши барномаҳои таълимӣ ба шунавандагон шаҳодатнома дода мешавад. Инчунин, рафти омӯзиш бо истифода аз студияи таълимӣ бо воситаҳои аёнӣ ва техникаи муосир сурат гирифта, машғулиятҳо дар ин самт бо ҷалби собиқадорону мутахассисони варзидаи соҳа, коршиносони дохил ва хориҷи кишвар аз рўйи ихтисосҳои барои кормандони васоити ахбори оммаи ҷумҳурӣ зарурӣ ба роҳ монда мешавад. Баъди ифтитоҳи ин се муассисаи нав Сарвари давлат бо кормандони соҳа, рӯзноманигорони шабакаҳои телевизионию радиоии Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати ҷумҳурӣ суҳбат кард. Зимни суханронӣ Сарвари давлат ифтитоҳи ин муассисаҳоро ба ҳозирин табрик намуда, онро дар рӯзҳои аввали фасли зебои баҳор ва дар арафаи 25-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон тӯҳфаи арзандаи роҳбарияти давлату Ҳукумати ҷумҳурӣ ба сокинони мамлакат маънидод кард. Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таваҷҷуҳи рӯзноманигоронро ба таҳияи барномаҳои пурмуҳтаво оид ба таъриху фарҳанг, расму оин, дастовардҳои даврони соҳибистиқлолӣ, тарбияи ҳисси баланди ватандӯстии шаҳрвандон, рушди бахшҳои муҳими кишвар, муаррифии Тоҷикистон дар арсаи ҷаҳон ва дигар комёбиҳои ҷумҳурӣ ҷалб кард. Бешак ифтитоҳи ин се муассиса дар фазои иттилоотии кишвар дастоварди беназир маҳсуб меёбад, зеро то имрӯз дар кишвар бо шарофати дастгирии ҳамаҷонибаи Сарвари давлат шабакаҳои муосири телевизионию радиоӣ таъсис ёфта, бо барномаҳои гуногунжанр Тоҷикистонро дар минтақа ва ҷаҳон муаррифӣ менамоянд.
Муаррифии Тоҷикистон дар бонуфузтарин намоишгоҳи байналмилалӣ 9-13 марти соли равон дар пойтахти Ҷумҳурии Федеролии Олмон 50-умин намоишгоҳи байналмилалии туристӣ - ITB Berlin баргузор мегардад. Тоҷикистонро дар ин намоишгоҳи сатҳи ҷаҳонӣ, таҳти унвони “Тоҷикистон - дӯстиро эҳсос намо” намояндагони Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ, ширкатҳои сайёҳии “Сайру саёҳати кӯҳӣ”, “Боми ҷаҳон тур”, “Ҷавоҳир”, “Ором саёҳат”, “Саёҳатҳои кӯҳии Помир”, ширкати ҳавопаймоии «Сомон-Эйр» ва рӯзноманигорон муаррифӣ мекунанд. Ба гуфтаи Маҳмуд Амиров, сармутахассиси Раёсати рушди туризми Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ, дар Тоҷикистон солҳои охир фаъолияти сайёҳӣ ба монанди дигар соҳаҳои хоҷагии халқ рушди устувор карда истодааст ва умед аст, ки ояндаи наздик ба тараққиёти назаррас ноил хоҳад шуд. Чорабинии мазкур бонуфузтарин намоишгоҳи байналмилалии туристӣ мебошад, ки дар он беш аз 10 ҳазор ширкатҳои туристӣ аз 200 давлати дунё ширкат меварзанд. - Сол то сол тавассути иштирок дар намоишгоҳҳои бонуфузи байналмилалӣ мавқеи Тоҷикистон дар бозори ҷаҳонии туристӣ пурқувват гашта истодааст. Маводҳои таблиғотии мақомоти давлатии идоракунии соҳаи туризм ва ширкатҳои туристии мамлакат низ аз ҷиҳати муҳтаво ғанӣ ва бо шумораи зиёд тавсеа мешаванд. Дар натиҷа, сол то сол теъдод ва ҷуғрофиёи туристони хориҷӣ ба кишвар бо мақсадҳои мухталиф, аз ҷумла табобатӣ, экологӣ, кӯҳгардӣ, кӯҳию варзишӣ, кӯҳнавардӣ, таърихию фарҳангӣ рӯ ба афзоиш ниҳодааст, гуфт М. Амиров. Дар доираи намоишгоҳ ҳамоиш, вохӯриҳо ва иштирок дар ҷаласаи кишварҳои аъзои Шоҳроҳи Бузурги Абрешим ва ширкатҳои сайёҳии хориҷӣ дар назар аст. Ҳамзамон беҳтарин ширкати туристии соли 2015 “Ориент Адвентур” дар гӯшаи дигар таҳти унвони “Шоҳроҳи Бузурги Абрешим” кишвари моро муаррифӣ менамояд.
www.javonon.tj
Дар ДДТТ ҳусн ҷилва кард 29 феврали соли ҷорӣ дар Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон давраи аввали фестивали ҷумҳуриявии “Ҷилваи ҳусн” баргузор гардид. Дар он Мавсума Муинӣ, муовини якуми раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати кишвар, Мумин Шарипов, ректори ДДТТ ва намояндагон аз Кумитаи кор бо занон ва оила ва вазоратҳои фарҳанг, маориф ва илм ҳузур доштанд. Тӯли як соат донишҷӯёни донишгоҳ бо нишон додани арзишҳои фарҳанги ниёкон, рақс ва суруд, пероҳани зебои тоҷикона ва арҷ гузоштан ба мероси миллӣ табъи ҳозиринро болида гардониданд. Меҳмонон ба ҳунари донишҷӯён баҳогузорӣ намуда, омодагии онҳоро ба фестивал, таҷлили он дар сатҳу сифати баланд, мақсаду шеваи ҳунарашон, камбудиҳои ҷойдошта ва дигар ҷабҳаҳои таёрӣ ба ин чорабинии фарҳангиро ёдрас шуданд. Мавсума Муинӣ аз номи роҳбарияти Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ ба аҳли ташкилкунандагони фестивал изҳори сипос
намуда, зикр кард, ки пос доштани арзишҳои миллӣ вазифаи асосии ҳар як шаҳрванди кишвар аст. Ба гуфтаи номбурда таблиғи либоси миллӣ дар маркази кишвар яке аз роҳҳои асосии ҷалби сайёҳон ба кишвар мебошад. “Хоса вақте сайёҳ моро дар либоси миллӣ мебинад, хотираи гуворое бо худ мебарад. Бинобар ин моро зарур аст ба сару либоси миллиамон
диққати ҷиддӣ диҳем, чун он муаррифгари мо ва миллати мост”,- афзуд муовини якуми раиси кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ. Зикр шуд, ки гиромидошти суннатҳои миллии либоспӯшӣ барои он зарур аст, ки ҳам ҳифзи фарҳанги мост ҳам пешгирии тақлидкории бонувон ба либоспӯшии бегона мебошад. Хуршед МАВЛОНОВ, “ҶТ”
РАЙЪПУРСӢ - 2016
Санаи 22 майи соли ҷорӣ чорабинии муҳими давлатӣ қабули тағйиру иловаҳо ба Конститутсияи мамлакат баргузор хоҳад шуд. Аҳолии кишвар нисбати ин маъракаи сиёсӣ, ки бозгукунандаи ҳаёти иҷтимоӣ, сиёсӣ ва иқтисодии мамлакат мебошад, бетараф набуда, ҳамаҷониба омодагии худро барои раъйдиҳӣ изҳор медоранд. Дар ин мавзуъ бо Худобердӣ Холиқназар, директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон суҳбат оростем.
Тағйиру иловаҳо аз андешаҳои мардум маншаъ мегиранд мил пайдо намуд. Кишварҳои хориҷӣ ва ташкилотҳои байналмилалӣ ба кишвари мо сармоягузориро шуруъ намуданд. Ин сармоягузорӣ ба иқтисоди кишвари мо хеле босуръат ҷараён гирифт. Дар соли 2008 чунин сармоягузорӣ ба ҷумҳурии мо нисбати соли 2003 се маротиба афзоиш ёфт. Масалан, дар соли 2003 мубодилаи молу коло байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷмҳурии мардумии Чин ҳамагӣ 40-45 миллион доллари амрикоиро ташкил медод. Соли 2008 бошад, ин мубодила аллакай ба 1,5 миллиард доллар расид. Чунин муносибот бо кишварҳои дигари аъзои ИДМ низ бо чунин суръат шакл мегирифт. Бинобар ин рушди устувори мамлакат тақозо менамояд, ки тағйироти усулӣ ба қонуни асосии кишвар ворид карда шавад. -Ҳангоми таҳияи лоиҳаи тағйиру иловаҳо кадом ҷанбаҳои асосии ҳаёти ҷомеа ба инобат гирифта шудаанд? Тағйиру иловаҳое, ки ворид мешаванд, асосан ба ду гурӯҳ ҷудо мешаванд: Якум, тағйироте, ки ҷанбаи имлоӣ ва забонӣ доранд ва дуюм тағйироте, ки ҷанбаи меъёрӣ-ҳуқуқӣ доранд. Масоили меъёрӣ-ҳуқуқӣ нисбатан муҳимтаранд. Аммо масоили имлоӣ низ аз аҳамият холӣ нестанд, чунки замоне қонуни забон ба тасвиб расид, ба имлои забони тоҷикӣ тағйироти зиёд ворид гардид. Дар Конститутсияи амалкунандаи мо бошад, онҳо то ҳол дар ҳамон шакли куҳна истифода мешаванд. Имрӯз вақти он расидааст, ки Конститутсия бо дарназардошти қабули дигар санадҳои меъёрӣ ба онҳо мутобиқат кунад. Масалан, калимаи “Сарқонун” аз нуқтаи назари меъёрӣ-ҳуқуқӣ маънои пурраи Конститутсияро ифода карда наметавонад. Гарчанде Сарқонун ифодагари боло бу-
дан аз дигар қонунҳо бошад ҳам, лекин он ҷавобгӯи дигар масоили ҳуқуқӣ буда наметавонад. Масъалаи дигари муҳим мукаммалу самаранок гардидани низоми мақомоти давлатӣ ва фаъолияти ҳамкориҳои байниҳамдигарии онҳо мебошад. Ин дар худ масъалаи синну солро низ бозгӯ менамояд. Қаблан синну соли вакилон дар баъзе мақомот 25 сол, 30 сол ва дар баъзе мақомоти дигар 35 сол буд. Ин масъала ба хотири баробарии синну соли вакилон дар ҳама шохаҳои ҳокимият роҳандозӣ гардидааст. Масъалаи дигар он санадҳои байналмилалие мебошанд, ки Тоҷикистон таи чанд соли охир ба имзо расонид. Тоҷикистон дар замони соҳибистиқлолии худ узви чандин созмонҳои минтақавӣ гардид, ки ҳамасола санадҳои муҳимеро ба имзо мерасонанд ва тибқи ин санадҳо ҷумҳурии мо уҳдадориҳои зиёдеро ба зимма гирифт. Фурсати он фаро расидааст, ки мо меъёрҳои қонуни асосии худро бо меъёрҳои ҳамин гуна санадҳои байналмилалӣ мутобиқ созем. Ин ҷо рушди демократикунонии ҷумҳурӣ низ афзалият дорад. - Оё қатъи фаъолияти ҳизбҳо низ тақозои замон аст? - Албатта. Аввали солҳои 2000-ум дар ҷумҳурӣ 8 ҳизби сиёсӣ амал мекард ва 148 рӯзномаву маҷаллаи ғайридавлатии озод нашр мешуданд. Ҷамъияту созмонҳои гуногуни ғайридавлатӣ рӯи кор омаданд, ки миқдорашон то 1000 адад мерасид. Ҷомеаи шаҳрвандӣ тақвият ёфт. Соли 1999 вақте ба Конститутсияи ҷумҳурӣ тағйиру иловаҳо ворид гардид, ба як қатор ҳизбҳои хусусияти динидошта низ ҳуқуқи фаъолият дода шуд. Аммо ҳамагон шоҳиди ҳол будем, ки чунин ҳизбҳо қонуншиканӣ карданду бар хилофи созишномаҳои ба им-
зорасондаи худ амал карда, даст ба амалҳои номатлуб ва хиёнаткорӣ заданд. Ин аст, ки эҳтиёҷи шадиди аз байн бурдану қатъиян манъ намудани фаъолияти чунин ҳизбҳо дар ҳудуди ҷумҳурӣ ба миён омад. Ин раванд қабл аз ҳама бо мақсади таъмини амнияти ҷумҳурӣ, ҳимояи марзу бум ва ба даст овардани суботи комили ҷомеа роҳандозӣ гардид. Имрӯз таваҷҷуҳи роҳбарияти кишвар ба фаъолияти ҷавонон, ба сиёсат ва корҳои роҳбарикунанда ҷалб намудани онҳо назаррас аст. Ба андешаи шумо то куҷо ба нерӯи созандаи насли ҷавон эътимод бастан мумкин аст? - Айни замон вазифаи аввалиндараҷаи насли калонсол пеш аз ҳама тарбияи ҷавонон аст, зеро танҳо онҳо идомадиҳандаи кору пайкори давлату ҳукумати кишвар мебошанд. Аз мушоҳидаҳо аён аст, ки дар саргаҳи рушду нумуи аксари кишварҳои мутараққии ҷаҳон ҷавонон қарор доранд. Масалан, дар Ҷумҳурии Қазоқистон синни миёнаи намояндагони ҳокимияти давлатӣ 35 солро ташкил медиҳад. Тақрибан 70 дарсади роҳбарони мақомоти давлатии ин кишвар 35-40-солаанд. Албатта ҳадафи мо низ бояд аз ҳамин иборат бошад, ки беҳтарину сазовортарин ҷавононро интихоб ва ба макомҳои роҳбарикунанда пешбарӣ намоем. Имрӯз аз ҷасорату матонате, ки насли ҷавон дорад, ба манфиати миллату давлат истифода бояд кард. Танҳо онҳоро мебояд, ки ҳарчи бештар таҷриба андӯзанд. Таҷрибаро метавон касб кард. - Дар сурати қабул нагардидани ин тағйиру иловаҳо гуфта метавонем, ки кишвари мо ба бохти ҷиддие мувоҷеҳ мегардад? - Ба ин шакку шубҳае нест.
Мавриди зикр аст, ки тағйиру иловаҳое, ки аз ҷониби вакилони халқ таҳия гардидаанд, аслан аз фикру андеша ва пешниҳоди мардум маншаъ мегирад. Аз миёни таклифу пешниҳодҳои бешумори мардум танҳо ҳамон пешниҳодоте қабул ва баррасӣ гардидааст, ки аҳамияти аввалиндараҷа ва муҳим доранд. Қабул нагардидани ин лоиҳа сад дар сад кишвари моро ба шикасту таназзул мувоҷеҳ хоҳад намуд. Боварии комил дорам, ки мардум бо якдилии комил ба ин лоиҳа раъй медиҳад, чунки ин ҳама таклифу дархости худи онҳост ва онҳо зарурати инро ба хубӣ дарк кардаанд. - Ояндаи Тоҷикистонро чӣ гуна дидан мехоҳед? - Новобаста аз таъсири амиқи буҳрони иқтисодиву молиявӣ дар тамоми ҷаҳон суботи сиёсӣ ва амнияти миллиро ҳамчун гавҳараки чашм нигоҳ бояд дошт. Дар ин сурат кишвари мо ҳатман рушд хоҳад кард. Кишвари мо содиркунандаи маҳсулоти саноатӣ, аз ҷумла нафт нест ва он маҳсулоте, ки кишвари мо ба хориҷ содирот мекунад, наметавонад иқтисоди моро касод намояд. Дар соли 2016 рушди маҷмуи маҳсулоти дохилии кишвари мо ба 6 дарсад расид, ки ин натиҷаи хуб аст. Мутобиқи созишномаҳои байналмилалӣ танҳо аз Ҷумҳурии мардумии Чин то соли 2018 6 миллирад доллар ба ҷумҳурии мо сармоягузорӣ мешавад. Аз 5 то 7 ҳазор ҷойҳои кории нав таъсис дода мешаванд. Ҳамчунин бо шуруъ гардидани сохтмони роҳи оҳани Ваҳдат-Ёвон, сохтмони заводи кралӣ дар Ёвон, заводи металлургӣ дар вилояти Суғд, заводҳои сементбарорӣ дар Данғара ва Шаҳритус ҳазорҳо ҷойҳои кории нав таъсис хоҳанд ёфт. Дар сурати бо ҳамин раванд пеш рафтан ман боварии комил дорам, ки ҷумҳурии мо ба комёбиҳои зиёди назаррас ноил мегардад. - Барои суҳбат ташаккур.
www.javonon.tj
- Шумо зарурати ворид сохтани тағйиру иловаҳо ба Конститутсияи мамлакатро дар чӣ мебинед? - Тағйиру иловаҳое, ки ба Конститутсияи ҷумҳурӣ ворид карда мешаванд, қабл аз ҳама тақозои замона аст. Аслан якчанд омиле мавҷуд аст, ки зарурати ворид кардани тағйиру иловаҳоро ба ин санади муҳими кишвар ба миён овардаанд. Омили асосӣ ва муҳимтарин рушди устувору босуботи ҷомеа мебошад. Баъди қабули Конститутсияи ҷумҳурии соҳибистиқлоли Тоҷикистон ду маротиба (солҳои 1999 ва 2003) ба он тағйиру иловаҳо ворид гардид. Минбаъд аз соли 2003 то соли 2016 он бе тағйиру иловаҳо амал намуд. Ҷомеаи мо дар тӯли 13 сол аз ҷумҳурие, ки тоза аз ҷанги шаҳрвандӣ берун омада буд ва мушкилоти азими бозсозии кишварро ба дӯш дошт, ба як кишвари мустақилу пешрафтае табдил ёфт, ки тавонист ин ҳама мушкилотро бартараф намуда, ба рушди устувор гом гузорад. Аз лиҳози иқтисодӣ дар соли 2003-юм рушди маҷмуи маҳсулоти дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамагӣ 2 фоизро ташкил медод. Дар соли 2008 бошад, аллакай ин нишондод ба 8,4 фоиз расид. Яъне дар як давраи кӯтоҳ мо ба рушди босубот дар ин самт ноил гардидем. Дигар ин ки ҷомеаи ҷаҳонӣ баъди имзои созишномаи сулҳ ва истиқрори миллӣ ба Тоҷикистон ҳамчун кишваре, ки баҳри соҳиб шудан ба ҷомеаи демокративу ҳуқуқбунёди дунявӣ кӯшиш ба харҷ медиҳад, эътимоди ко-
3 е-mail: javonontj@mail.ru
Шаҳло ЭШОНОВА
«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН» №9 (9435), 3 марти соли 2016
www.javonon.tj
е-mail: javonontj@mail.ru
4
МУШКИЛИ ҶАВОНОН
«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН» №9 (9435), 3 марти соли 2016
Ҳасан АЗИЗОВ Сохтмону навсозии муассисаҳои таълимӣ дар кишвар сол ба сол рушд карда истодааст. Соли 2015 дар кишвар 200 бинои муассисаи таълимӣ барои 29390 ҷойи нишаст ба маблағи 325 миллиону 204 ҳазор сомонӣ, аз ҷумла 19 бинои нави муассисаи таълимӣ барои 8983 ҷойи нишаст ба маблағи 173 миллиону 108 ҳазор сомонӣ ва 181 бинои иловагӣ дар назди муассисаҳои таълимӣ барои 20407 ҷойи нишаст ба маблағи 62 миллиону 96 ҳазор сомонӣ сохта ба истифода дода шудааст. Аммо мутаассифона бо ин қадар сохтмону азнавсозии мактабҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, ҳоло ҳам проблемаи норасоии мактаб ё дар ҳолати садамавӣ қарор доштани муассисаи таълимӣ дар баъзе аз шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ба чашм мерасад. Мактабҳое ҳастанд, ки дар давраи шӯравӣ барои шумораи ками хонандагон сохта шудаанд, аммо бо мурури замон аҳолии минтақаҳо бештар шуда, теъдоди хонандагон афзудааст ва ҳоло синфхонаҳо ва ҷои нишаст барои талабагон намерасанд. Мактаби таҳсилоти миёнаи умумии рақами 82-и деҳаи Файзобаи ҷамоати Зайналободи савхози Улҷабоеви ноҳияи Рӯдакӣ аз зумраи ҳамин муассисаҳост. Муассисаи таълимӣ дар давраи шӯравӣ барои 240 нафар хонанда пешбинӣ шудааст, вале алҳол дар он зиёда аз 900 нафар хонанда таҳсил доранд, ки нигаронкунанда аст. Аз зиёд будани шумораи хонандагон синфхонаҳо намерасанд. Хонандагони ин муассисаи таълимӣ қисме аз дарсҳоро дар ҳавлӣ ё долони мактаб рост истода мехонанд, ки ин дар фасли зимистон ба онҳо мушкилиҳои зиёд пеш меорад. Вобаста ба мушкилоти мазкур Муҳаммад Худойдод, муаллими фанни забон ва адабиёти мактаби мазкур, ки 35 сол мешавад ба хонандагон дарс медиҳад, бо нигаронӣ зикр кард: Азбаски бо гузашти вақт мардум аз ҳар тараф кӯчида омадаанд ва аҳолӣ зиёд шудааст, теъдоди хонандаҳо низ афзуда, ҳоло дар мактаб шароит чандон фароҳам нест. Масалан, мизу курсӣ намерасад. Шумораи синфхонаҳо каманд. Мак-
таб дар се баст кор мекунад. Дар басти дуюм ду-се синф дар саҳни ҳавлӣ рӯи сангҳо дарс мехонанд. Ин хеле аламовар аст, чунки дар ин гуна ҳолат сатҳи донишазхудкунии шогирдон коҳиш меёбад. Вақте хонанда дар сардии зимистон дар берун дарс мехонад, мо омӯзгорон худро ноҳинҷор ҳис мекунем, чунки вай баробари фарзанди мардум будан фарзанди мо ҳам ҳаст. Мо аз Ҳукумати ҷумҳурӣ, Вазорати маориф ва илм ва Мақомоти иҷроияи ҳокимятӣ ноҳияи Рӯдкакӣ талаб мекунем, ки дар баробари дигарон низ ба мактаби мо ҳам кӯмак намоянд. Онҳо барои наврасони мо мактаби нав бунёд кунанд. Барои он ки аҳолии маҳалла афзудааст ва ин талаб мекунад, ки мактабро аз сари нав таъмир карда, шумораи синфхонаҳоро
маориф 2 миллиарду 918 миллиону 639 ҳазор сомонӣ ҷудо карда шуд, ки ин нисбат ба соли 2014, 401 миллион сомонӣ ё ин ки 16% зиёд мебошад. Маблағе, ки ба соҳаи маориф соли сипаришуда ҷудо карда шудааст 19,1% буҷети давлатро ташкил дода, ба 5,5 фоизи маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ баробар аст. Инчунин бо вуҷуди буҳрони молиявию иқтисодӣ, ки дар тамоми дунё паҳн шудааст, Ҳукумати ҷумҳурӣ афзоиши маблағузории соҳаи маорифро дар соли 2016 низ идома додааст. Дар буҷети давлат барои соли 2016 ба соҳаи маориф 3 146,2 миллион сомонӣ пешбинӣ гардидааст, ки ин нисбат ба соли гузашта, 227,6 миллион сомонӣ ё ин, ки 7,8% зиёд мебошад. Маблағи мазкур 17% ҳаҷми умумии хароҷоти
лобод чунин проблема вуҷуд дорад. Сабаби норасои ҷойи нишаст ва синфхона, ин зиёд шудани аҳолӣ мебошад, ки имрӯз аз ҳар гӯшаву канори ҷумҳурӣ ба ин ҷо кӯчида омадаанд. Сабаби дигар сол ба сол зиёд шудани аҳолии ноҳияи Рӯдакӣ мебошд. Тибқи ҳисоботи оморӣ танҳо хонандагони синфи як дар як сол чор ҳазор зиёд шудааст. Аз ин сабаб имрӯз норасоии ҷои нишаст ва синфхонаҳо дар мактабҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ба чашм мерасад. Имрӯз шумораи умумии хонандагони мо 104 ҳазор мебошад. Лӯлиҳое, ки имрӯз дар ҷамоати Зайнолобод зиндагӣ мекунанд, ба синну сол нигоҳ накарда, рафта дар ин мактаб (манзур МТМУ №82 –Ҳ.А.) таҳсил мекунанд”. Хонандагони мактаб аз он шикоят карданд, ки дар фасли сармо аз 5-6 фан дарсҳоро дар саҳни мактаб мехондаанд. Ин барояшон ранҷи зиёд меовардааст. “Дар фас-
дааст, ки нисбати соли гузашта 6 ҳазору 308 нафар бештар мебошад. Соли сипаришуда 28 муассисаи таълимӣ боназардошти бунёди 145 синфхона барои 7 ҳазору 520 ҷой корҳои лоиҳакашиву сохтмонӣ идома доранд. Ҳамзамон, чор мактаби бинои нав муассисаи таълимии 59, 56, 21 ва 25 сохтмон рафта истодааст. Мо то қадри имкон мактабҳои ноҳияро таъмир карда истодаем. Инчунин барои бартараф кардани ин мушкилот, ба ташаббуси раиси ноҳияи Рӯдакӣ 29 ҷойи ҷамъиятӣ ба муассисаҳои таълимӣ табдил дода шуданд, ки ин иқдоми хело хуб ва саривақтист. Вобаста ба ин проблема аз тарафи шаҳрвандон ба Раёсати мо муроҷиат мекунанд. Мо нозукиҳои ин проблемаро ба он фаҳмонида медиҳем. Аммо онҳо инро ба назар нагирифта ба мо ҷангу фиғон мебардоранд,”- афзуд номбурда. Фирӯза Абдуллоева зикр кард, ки мушкилоти мактаб аз ҳисоби мардуми омад пайдо
зиёд намоянд, то ки шароити таълиму тарбия беҳтар гардад”. Албатта, Ҳукумати кишвар ба соҳаи маориф ҳамчун соҳаи калидӣ аҳамияти хоса дода, маблағгузории ин бахши муҳимро сол аз сол афзоиш дода истодааст. Соли гузашта аз буҷети давлат барои соҳаи
буҷети давлатиро ташкил дода, ба 5,5% маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ баробар мебошад. Фирӯза Камолова, муовини раиси ноҳияи Рӯдакӣ, мушкил доштани МТМУ №82-и ноҳияро инкор накард: “Дар ҳақиқат дар муассисаи таълимии рақами 82-и ҷамоати деҳоти Зайно-
ли зимистон мо дар таги барфу борон аз хунукӣ ларзида, баъзе дарсҳоямонро мехонем, ки ин ба ҳар яки мо душвор аст. Аз Ҳукумати ҷумҳурӣ хоҳиш мекунем, ки дар мактаби мо шароит муҳайё созанд”. Фирӯза Абдуллоева, ҷонишини сардори Раёсати маорифи ноҳияи Рӯдакӣ мушкилоти доштаи муассисаи таълимии 82-ро тасдиқ карда, иброз дошт: “Дар ноҳияи Рӯдакӣ 159 муассисаи таълимӣ вуҷуд дорад, ки 35-тои он дар ҳолати садамавӣ қарор доранд. Тамоми мактабҳои ноҳия дар зери назорати Раёсати маориф қарор доранд, аз он ҷумла муассисаи таълимии рақами 82-и Файзоба. Мо аз тамоми мушкилоти онҳо бохабар ҳастем ва вобаста ба қобилияти дошта онҳоро ҳал карда истодаем “Имсол тибқи ҳисоботи омор 101 ҳазору 984 нафар хонанда ба қайд гирифта шу-
шуд. Мардуми омада, ҳеҷ набошад ду фарзанд доранд, ки аз он як нафараш ҳатман хонандаи мактаб аст. Мактаб барои 240 нафар хонанда сохта шудааст, аммо имрӯз дар он зиёда аз 900 талаба таҳсил мекунад. Дар муассисаи таълимӣ 34 синф дар 13 синфхона дарс мехонанд. Инро худатон муқоиса карда, хулоса бароред. “Хонандагон мушкилоти мактабро дар чорабиниҳо бо шеъру суруд ва саҳчначаҳои ҳаҷвӣ баён медоранд. Чунончӣ:
Синфхона чӣ, ҷои нишаст намерасад
“Биё, равем шаҳри афсонавӣ, Он ҷо будааст мактаби замонавӣ. Ё ин ки: Дарси таърих рӯи сангу Дарси меҳнат рӯи роҳ”-ро қироат мекунанд,- иброз намуд Гулбибӣ Қурбонова, ки зиёда аз 32 сол мешавад дар мактаби мазкур ба наврасон сабақ медиҳад. Дар ҳақиқат дар чунин шарту шароит чандон барояшон муфид нест. Фарши синфхонаҳои мактаб ҳам бетонист, ки ба саломатии хонандагон беасар буда наметавонад. Набудани толори варзишӣ ва техникаи варзишӣ барои гузаронидани фанни тарбияи ҷисмонӣ аз мушкилоти дигари МТМУ № 82 мебошад. Аз набудани китобҳои дарсии тарбияи ҷисмонӣ ҷойи гап ҳам нест. Чунин мушкилотро дида падару модар якҷо дар муассисаи таълимӣ ду синфхона бунёд карданд, то ки фарзандонашон ҳеҷ набошад, то қадри ҳол бе мамониат дарс бихонанд... Барои таҳсили дурусти хонандагон зарур аст, ки мушкилиҳои МТМУ № 82 рафъ ва шароити даркорӣ муҳайё гардад.
ПУРСИШИ “ҶАВОНОН...“
«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН» №9 (9435), 3 марти соли 2016
Гулбаҳор РАҲМОНОВА
Туро дӯст медорам, модарҷон!
Саид Ризо, шоири ҷавон: - Аввалан ин рӯзи хушбахтии бонувонро ба ҳар як модари тоҷик шодбош мегӯям. Ва гуфтаниям, ки қарзи моро назди модар куҷо итмоме буда, аз ӯ умре қарздорем. Қарздори рӯзҳои нек, зиндагии хуб, қарздори калиди бахт, ки барои мо гум кардааст, қарздори муҳаббат ва умед. То охири умр саъйу кӯшиш намоем ҳам, ба як шаба ранҷи кашидаи ӯ баробар намешавад. Дар рӯзи иди бонувон дилам бисёр мехоҳад ба пеши модарҷонам гулҳои дунёро бирезам. Лекин бо сабаби дур буданам ба ӯ як байт мебахшам. Модари ҷонам, муборак бод Иди бонувон, Пеши пойи ту бирезам кулли гулҳои ҷаҳон.
Мансур Мирзораҳимзода, сокини ноҳияи Файзобод: - Аввалан ҳар як бонуи тоҷикро бо рӯзи идашон табрик мегӯям, ба онҳо хушбахтӣ ва саломатӣ орзу мекунам. Воқеан азизтар ва муқаддас барои ҳар як инсон модар мебошад. Дасти дуои модар шахсро шукуҳу шаҳомат бахшида дар корҳояш муваффақият мебахшад. Асоси ин гуфтаҳо аз он сарчашма мегирад, ки беҳтарин туҳфа аз ҷониби фарзанд барои занмодар ин муҳаббати бепоён аст. Ман рӯзи 8 март ба модарам занг мезанаму бо муҳаббат мегӯям: “Туро дӯст медорам, очаҷон!” Ин аст туҳфаи ман ба модар.
АХБОРИ ҲАФТА
Чорабинии хотирмон
Маҳмад Мирзоев, роҳгузар: - Рӯзи 8-уми мартро ҳар як бонуи хонадон бесаброна интизорӣ мекашад, ки кай марди орзуҳояшон ё умуман дӯстону наздиконашон туҳфа мекарда бошанд. Ҳар бону дар ин рӯз яке гулу дигаре атриёт интизор аст. Ман бошам ба бонуи хонадонам як дона гули садбаргу як атр ва бо як ҷумлаи зебо “Туро дӯст медорам” гуфта тақдим менамоям. Ин аст туҳфаи ман дар рӯзи бонувон ба ҳамсарам.
Сунатулло Қаландаров, сокини пойтахт: - Модар олиҳаи рӯйи замин аст. Мо агар ҳар рӯзи дунёро рӯзи модар гӯем, хато намекунем. Чун модар ҷавонии худ ва дӯнёи худро ба мо мебахшад, то ки дар амон бошем. Боре аз модарам пурсидам: - Модар сиёҳии муйят куҷо шуд? Гуфт: ба шабҳо додам. Модар, ҳусни накӯят ку? Гуфт: ба дӯнё додам. Гуфтам: Модар хаста шудӣ? Ҷавобам дод: Ҳаргиз. Шабҳо ба ман субҳи ҷовидон, дӯнёи умедам дод, ки он фарзанди ман аст. Ман бошам, дар рӯзи 8-уми март ба хотири бузургии модарон мехоҳам ба модарҷонам як китобе тақдим намоям, ки пур аз панду андарзҳо бошад. Боз ҳам идатон муборак!
Усули босамари таъмини оби нӯшокӣ ва беҳдошт Ҷаласаи навбатии Гурӯҳи кории байниидоравӣ оид ба оби нӯшокӣ, таъминоти об ва беҳдоштӣ, ки дар толори маҷлиси Душанбе плаза баргузор гардид, ба тарзҳои босамари бизнес ҷиҳати ташкили хизматрасонӣ дар бахши таъминоти оби нӯшокӣ ва беҳдоштӣ дар деҳоти Тоҷикистон бахшида шуд. Муовини якуми вазири энергетика ва захираҳои оби ҷумҳурӣ Султон Раҳимзода иброз дошт, ки дар фарқият бо шаҳрҳо дар деҳот ба роҳ мондани системаи таъмини об ва беҳдоштӣ як андоза мураккаб аст. Зеро бо сабаби аз ҳамдигар дур будани мавзеъҳои аҳолинишин кафолати аз лиҳози иқтисодӣ самаранок будани ин системаҳо хеле кам мебошад. -Шояд дар давраҳои аввал ташкили моделҳои тиҷоратӣ маҳдуд ё имконнопазир бошад, гуфт Султон Раҳимзода.- Чунки аксари мардуми камбизоат дар деҳот зиндагӣ мекунанд. Бинобар ин эҳтимоли ба молик ё роҳандозикунандаи системаи таъминоти оби нӯшокӣ ва беҳдошт овардани фоидаи иловагӣ хеле маҳдуд аст. Раиси Иттифоқи истеъ-
молкунандагони Тоҷикистон Баҳодур Ҳабибов дар хусуси самаранокии ташкили хизматрасониҳо аз нигоҳи ҳуқуқӣ маълумот дод. Ба гуфти роҳбари КВД Хоҷагии манзилию коммуналӣ Алимурод Исмоилзода алҳол зиёда аз 57,5 дарсад аҳолии Тоҷикистон бо оби тозаи ошомиданӣ дастрасӣ дорад. Аз ин миқдор танҳо 12% ба сокинони деҳот ва боқимонда ба шаҳрҳо рост меояд. Ин рақам 2 сол пеш 47 дарсадро ташкил медод Дар нишасти мазкур намояндагони барномаи рушди СММ (UNDP), Агентии Швейтсария оид ба рушд ва ҳамкорӣ, ташкилоти ОКСФАМ, ЮСАИД, намояндагони дигар вазорату идораҳои марбутаи кишвар ва коршиносон доир ба мушкилоти таъмини оби нӯшокӣ ва беҳдоштӣ дар мамлакат ибрози назар кар-
данд. Марҳилаи якуми Лоиҳаи таъминоти оби нӯшокӣ ва беҳдоштӣ дар Тоҷикистон (солҳои 2009-2013) ба поён расид. Тибқи он дар ноҳияҳои Мӯъминободу Рӯдакӣ 23000 нафар бо оби нӯшокӣ таъмин шуданд. Марҳилаи дуюми лоиҳа аз моҳи ноябри соли 2013 оғоз шуда, то соли 2017 идома хоҳад ёфт. Дар ин марҳила бунёди 10 системаи обтаъминкунӣ барои 10 деҳа дар 3 ноҳияи вилояти Хатлон ва ноҳияҳои тобеи марказ пешбинӣ шудааст. Ширкаткунандагони ҷаласа доир ба шаклҳои гуногуни идораи низоми таъминот бо оби нӯшокӣ, таҳлили муқоисавӣ дар доираи қонунгузории миллӣ ибрози назар карда, пешниҳодоти муҳим ироа намуданд. Сайфиддин СУННАТӢ
www.javonon.tj
Ба муносибати 25–солагии Истиқлолияти кишвар дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 71–и ноҳияи Шоҳмансури пойтахт бо номи «Аз остон то бостон» конфронси илмию адабӣ доир гардид. Конфронс чанд қисматро Қисматҳои дигари конфронс дар бар гирифта, якеаш саҳми ҳам шавқовару хотирмон гумаориф ва китоб дар ҷодаи зашт. Дар конфронс ғайр аз маърифатнокии мардуми тоҷик устодону роҳбарияти мактаб ва буд. Қисми якуми конфронс, ки намояндагони шуъбаи маори«Соҳибкитоб» ном дошт, дар фи ноҳия, меҳмонони дигар низ тахтаи электронӣ ёдгориҳои ҳузур доштанд. Аз ҷумла, адабиқадима, аз ҷумла маъхазҳои ётшинос Ҷамолиддин Каримзоилму фарҳанг – китобхонаҳои да пас анҷоми чорабинии маздорои китобҳои басо нодир кур чунин изҳори ақида намуд: ва аз ҷониби аҷнабиён ба – Бо ташаббуси устодону коми оташ партофтани чунин роҳбарият дар мактаби мазкур маъзахҳо, аз ҷумла китоби пайваста ҳар гуна чорабинӣ бағоят гаронарзиши «Авесто» доир мегардад. Бовар дорам, барои ҳозирин намоиш дода ташкили чунин чорабиниҳо ба шуд. сатҳи донишандӯзии хонандаҚисмати дигари конфронс гон, шиносоӣ бо гузаштаи мил«Занони суханвар» унвон дошт. лати худ, адабиёт ва фарҳанги Дар ин бахш аз ҳаёт ва фа- бою рангини он ва дар ниҳояти ъолияти эҷодии шоираҳои кор ба фаъолнокии онҳо, албатсуханвари тоҷик, ки дар пеш- та мусоидат менамояд. Дар ин рафти адабиёт саҳми босазо чорабинӣ мо шоҳиди он гардидоранд, сухан ронда шуд. Хо- дем, ки чӣ тавр хонандагон бо нандагони мактаб аз эҷоди ҳаёти шоираҳои тоҷик, ки дар шоираҳои классику муосир Ро- асрҳои гуногун зиндагӣ ва эҷод бияи Балхӣ, Ниҳонӣ, Зебунисо, намудаанд, хуб ошно гашта, аз Маҳастии Хуҷандӣ, Нодирабону, ашъори онҳо порчаҳои назмӣ Тоҷдавлати Қаротегинӣ, Гулрух- қироат намуданд. сор ва дигарон шеърҳо қироат намуданд. Т. ДАВЛАТ, «ҶТ»
Асомиддин Ғиёсзода, донишҷӯ: - Рӯзи 8-уми март яке аз идҳои фаромӯшнашаванда мебошад. Чун ин рӯзи Зан-Модар аст. Ман дар имрӯз кулли бонувони Тоҷикистонро табрик менамоям. Дар симои онҳо ошиқи худро низ муборакбод мегӯям. Туҳфаи ман ба бонуи дӯстдоштаам ҷумлаи зебост, ки чор калимаро дар бар мегирад: “Ман туро дӯст медорам” ва инчунин агар имкониятам бошад, як даста гул тақдим менамоям.
е-mail: javonontj@mail.ru
8-уми март Рӯзи модар аст. Рӯзи азизтарин шахс барои ҳар як нафар. Аз ин хотир аз мусоҳибон пурсидем: 8-уми март ба бонувон чӣ туҳфа мекунед?
5
www.javonon.tj
е-mail: javonontj@mail.ru
6
МАВЗӮИ РӮЗ
«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН» №9 (9435), 3 марти соли 2016
Манзумаи ФИРӮЗ - Чанд рӯз пеш аз деҳа ба аёдати фарзандонам, ки донишҷӯянд, ба пойтахт омадам. Фарзандонам дар кӯчаи Неъмат Қарабоев иҷорашин буда, аз Маркази савдои «Садбарг» барои худ ҳафтае як маротиба хӯрокворӣ харидорӣ мекунанд. Ман ки аз деҳа омада будам, тарзи дар роҳҳои мошингарди пойтахт ҳаркат намуданро сарфаҳм намерафтам. Кӯшиш мекардам бо сабз шудани чароғак аз роҳ гузарам, вале дар чароғаки сабз ҳам мошин маро зер кард, - гуфт холаи Санам. Номбурда афзуд, ки ронандаи автомашинаи сабукрав ба чароғак аҳамият надод, магар ки ӯро ҳини гузаштанаш аз чароғаки сабз зер кард. Дар натиҷаи садама холаи Санам ҷароҳат бардошта, ба беморхона бурда шуд. Тибқи иттилои Вазорати корҳои дохила соли гузашта 1475 садамаи нақлиёт ба қайд гирифта шуда, дар онҳо 1576 нафар ҷароҳати ҷисмонӣ бардошта, 449 нафар ба ҳалокат расидаанд. Ин рақам нисбат ба ҳамин давраи соли 2014 зиёд мебошад. Сар задани садамаҳои нақлиёт дар ҳолатӣ мастӣ низ ба қайд гирифта шудаанд. Шерафган Латипов, сухангӯи шуъбаи бозрасии давлатии автомабилии шаҳри Душанбе мегӯяд, ки ҳангоми ҳаракат агар дар роҳҳои мошингард ронанда ба пиёдагард роҳ надиҳад, ба ӯ огоҳӣ дода мешавад. Агар ин ҳолат дафъаи дуюм такрор ёфт, нисбати ронанда протоколи маъмурӣ тартиб дода, тибқи моддаи 324 қисми 2-и «Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ» ҳуҷҷати ронандагӣ гирифта ва ронанда ҷарима мешавад. Мушоҳидаҳо нишон медиҳанд, ки дар қисме аз гузаргоҳҳои шаҳри Душанбе нодуруст гузаштани пиёда-
гардону воситаҳои нақлиёт мушкил эҷод мекунад. Хусусан чунин манзараҳо дар гузаргоҳҳои назди чароғакҳои бозори «Саховат», бозори «Корвон» ва мағозаи “Олами китоб” бештар ба назар мерасад. Пиёдагардон ронандаҳоро ва ронандаҳо пиёдагардонро гунаҳкор мекунанд. Гарчанде дар ин роҳҳои автомабилгард камераҳои назоратӣ насб шудааст, вале ронандагон ба он аҳамият намедиҳанд. Пиёдагардон ҳам аз роҳҳои зеризаминӣ истифода накарда, кӯшиш мекунанд дар ҳолати набудани автомашина роҳро убур намоянд, ки дар ин ҳолат ба садама дучор мегарданд. Ноболиғон бештар дар танҳоӣ аз роҳҳои мошингард гузашта, қоидаи роҳро вайрон мекунанд. Дар натиҷа волидони “бепарво” аз ронандагон гила мекунанд. Гарчанде гунҳкори асосӣ онҳоянд, чун фарзандашонро
донишгоҳу донишкадаҳо, бо афсарони ситоди шуъбаи БДА, бо бахшҳои БДА-и ноҳияҳои шаҳри Душанбе ва мактабҳои таҳсилоти миёна умумии бо хонандагон ва омӯзгорон оид ба қоидаҳои ҳаракат дар роҳ вохӯриҳо гузаронида шудаанд. Мақсад аз гузаронидани ин чорабиниҳо ба танзим даровардани гузаргоҳҳо, ҷойҳои серодам, назди бозорҳо ва марказҳои савдо ва коҳиши ҳолатҳои садамавӣ дар роҳҳо мебошад”, афзуд Ш. Латипов. - Бояд шаҳрвандонро одат кунонем, ки роҳҳоро аз ҷойҳои муайяншуда, гузаргоҳҳои зеризаминӣ ва аз гузаргоҳҳои рӯизаминии назди чароғакҳо гузаранд. Яке аз омилҳои афзоиши садамаҳои нақлиёт дар роҳҳои маркази ҷумҳурӣ теъдоди аз ҳад беши нақлиёти мусофирбар ҳам ҳаст. Мутаассифона ин масъала то имрӯз ҳалношуда боқӣ мондааст. Шаҳрдорӣ то
маълум аст. Ба ҳадде, ки ронандагон гоҳо дохил шудани мусофири охиринро ба автомашина аҳамият надода, ба роҳ медароянд. Чунин ҳолатҳо хеле зиёд ба мушоҳида мерасад, ки ронандагон ё ёрдамчии онҳо бар ивази бахшиш пурсидан аз мусофирон онҳоро дағалона дашном дода, носазо мегӯянд. Чӣ ронандагони автомашинаҳои шахсӣ ва чӣ микроавтобусҳо чунин рафтор доранд ва тавре ҳарф мезананд, ки гӯё мусофирон аз онҳо қарздор бошанд. Дар роҳи мошингард ва серодам сурати ҳаракатро аз меъёр зиёд мекунанд. Пулчинакҳои микроавтобусҳо бошанд бо овози баланд дар вақти ҳаракати нақлиёт мусофиронро барои нишастан ба мошин даъват мекунанд. Ҳатто дари нақлиётро дар вақти ҳаракат мекушоянд, ки дар ҳолати ҷо набудан ва рост истодани мусофир дар нақлиёт имконияти
мусофир аст. Албатта, мусофирон ҳам чандон беайб нестанд. Онҳо, ба қавле зиёд “риск” мекунанд. Дилашон намешавад, ки панҷ-даҳ метр поёнтар рафта аз гузаргоҳ гузаранд. Бепарво роҳро убур мекунанд, ки сар задани садамаҳо ногузир аст. Суҳроб, ронандаи автомашинаи “Nexia”, бар он аст, ки бештари вақт пиёдагардон сабаби асосии садамаҳои нақлиётӣ мегарданд. Онҳо одитарин қоидаҳои ҳаракат дар роҳро надониста, ронандагонро гунаҳкор мекунанд. Аз таҳлилҳои БДА бармеояд, ки 55 - 60 фисади ҳодисаҳои нохуши наклиётӣ бо айби пиёдагардон ба амал меоянд. Ҳамчунин аз надонистани одитарин қоидаҳои ҳаракат дар роҳ пиёдагардоне низ ба чашм мерасанд, ки бо вуҷуди донистани мавзеи убури роҳ, худсарона, бидуни риояи қоидаи ҳаракат роҳро убур ме-
ҳамроҳӣ накарда, танҳо ба кӯча сар додаанд. Ронандагоне, ки камераҳои назоратиро аҳамият намедиҳанд ва худсарона суръати ҳаракатро меафзоянд, аз он волидони бепарво камӣ надоранд. Яъне касе онҳоро ҷарима намекунад ва баъзе масъулони “Шаҳри бехатар” навори ба хато роҳ додаи онҳоро аз бойгонӣ пок мекунанд. Рамазон Раҳмизода, вазири корҳои дохила низ дар нишасти охирини матбуотӣ аз “через”-и кормандони “Шаҳри бехатар”
ҳол натавонистааст, ки инро ба низом дарорад. Пӯшида нест, ки имрӯз хатсайрҳои пойтахт дар дасти нафарони алоҳида қарор дорад. Яъне бахше хусусӣ гаштааст. Хусусӣ будани
афтиданро доранд. Вале ронандагон гӯё забонаш баставу чашмонаш нобино бо-
кунанд, ки дар натиҷа ба садама мубтало мешаванд. Ронандагоне, ки курсҳои омӯзиши ронандагиро фаро гирифтаанд қавоиди ҳаракат дар роҳро медонанд ва аксаран риоя мекунанд, вале онҳое, ки нахондаанд, намедонанд, дар гузаргоҳҳое, ки пиёдагардон гузаштанӣ шаванд, бояд ронанда ба онҳо роҳ диҳад. Акнун қисме аз ронандагон ва таҳлилгарон бар ин назаранд, ки дар бештари маврид қоидаҳои ҳаракати роҳро ронандагоне вайрон мекунанд, ки ҳуҷҷати ронандагиро бо василаҳои ғайриқонунӣ дарёфт кардаанд. Солҳои ахир ВАО дар мавриди ҳолатҳои харидуфурӯш шудани ҳуҷҷатҳои ронандагӣ матлабҳои зиёд ба нашр расонд, ки шояд мавҷудияти чунин омил низ дар садамаҳои нақлиёт саҳм дошта бошад. Аз ҷониби дигар ба таври сунъӣ ташкил кардани истгоҳи мошинҳо дар чунин мавзеъҳо боис ба он шудааст, ки муаммои гузаштани пиёдагардон ва воситаҳои нақлиёт ба вуҷуд биояд. Инчунин масъалаи қонунӣ будани чунин истгоҳҳо бояд аз ҷониби БДА ва сохторҳои дигари шаҳрдорӣ ба баррасӣ гирифта шавад.
МЕКОБЕМ: ронанда гунаҳкор ё пиёдагард?
нигаронӣ карда гуфта буд: “Баъзе кормандони “Шаҳри бехатар” ба ин ғалат роҳ додаанд ва аз кор озод шуданд. Вале ронандагон дар хотир дошта бошанд, ки ин навор ҳатман нигоҳ дошта мешавад”. Шерафган Латипов дар мавриди беаҳамиятии ронандагон ва пиёдагардон дар гузаргоҳҳо ва ба садама дучор шудани онҳо гуфт, ки чунин вазъиятро ба инобат гирифта, дар ҷумҳурӣ, аз ҷумла дар шаҳри Душанбе, чорабиниҳои мақсадноки пиёдагард гузаронида мешавад. “Дар
хатсайрҳо ё ин ки барои нафарони алоҳида хизмат карданашон вазъиятро идоранашаванда карда мондааст. Ҳар кас вобаста ба хосту салоҳдиди худ амал мекунад. Дар натиҷа дар ин соҳа ҳам бенизомӣ авҷ гирифтааст, ҳам ҳақу ҳуқуқи шаҳрвандон зери по шудааст. Ба назари мо роҳи ягона дар он аст, ки мисли пештара тамоми терминалҳо ва нуқтаҳои хидматрасонии нақлиёт дар ихтиёри давлат бошад. Вақте давлат инро зери идораи худ мегирад, беназмӣ коҳиш меёбад, чунки дар ин сурат маркази идора якто мешавад. На мисли имрӯза бешумор... Саросемагии ронандаҳои нақлиёти мусофирбар ба ҳамаи онҳое, ки аз нақлиёти ҷамъиятӣ истифода мебаранд,
шад, ки ба амалҳои ёрдамчиаш аҳамият намедиҳад. Агар мусофире овоз баланд кунад аз ин кирдор бо ҷаҳл омада, дағалона ба дар ишора карда мегӯянд “фората биши, нафората буфро”. Инчунин ронанадгон аз чи бошад, ки автомашинаи худро дар болои нишона барои пиёдагардон нигоҳ медоранд, ки барои гузаштан аз роҳ ба пиёдагардон халал мерасонанд. Вале боз ҳам ронандагон мусофирон ва пиёдагардонро гунаҳкор медонанд. Ронанда нақлиётро иҷора гирифтааст. Бояд ҳам пули хуҷаинашро пардозад, ҳам худаш “кор” кунад. Дар ин росто ягона нафаре, ки зиёни маънавию руҳӣ мерасадаш,
МАВҚЕИ “ҶАВОНОН...”
Ба муносибати қабул гардидани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат” 27 феврали соли равон дар Китобхонаи миллӣ конфронси илмии ҷумҳуриявӣ “Эмомалӣ Раҳмон-Пешвои миллат ва нақши таърихии ӯ дар баланд бардоштани тамаддуни моддӣ ва маънавии миллат” баргузор гардид.
буси Президенти мамлакат доир ба Соли байналмилалии оби тоза эълон наудани соли 2003, эълони “Соли байналмилалии ҳамкорӣ дар соҳаи об” (соли 2013), “даҳсолаи байналмилалии амалиёти об барои ҳаёт, солҳои 2005-2015”-ро СММ ҷонибдорӣ намуд. Алҳол дар сохторҳои гуногуни СММ пешниҳоди дигар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар хусуси эълони даҳсолаи байналмилалии об ба хотири рушди устувор мавриди баррасӣ қарор дорад. Муовини раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди ҳукумати ҷумҳурӣ Ҳабибулло Амирбекзода аз хизматҳои шабонарӯзии Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар роҳи ра-
бо дилу нияти нек зимоми давлатро дар замони хело ҳассос, ки хавфи парокандашавии давлат ва аз байн рафтани миллати тоҷик бараъло эҳсос мегардид, ба уҳда гирифта, дар як муддати кӯтоҳ шуълаи умедро дар қалби ҳар як фарди миллат фурӯзон намуд. Директори Маркази тадқиқоти стратеги назди Президенди ҷумҳурӣ Худойбердӣ Холиқназар дар бораи саҳми бузурги Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар таъмини сулҳу Ваҳдати миллӣ дар мамлакат маълумот дода, дар ин роҳи душвор шуҷоату ҷасорати нотакрор нишон додани Сарвари давлатро ёдрас шуд. - Фаросати азими мардумпарварона, ватанпарастӣ ва миллатдӯстии Эмомалӣ
ва фарҳанги сулҳу Пешвои миллат, ки бевосита дар даҳсолаи наздик барои амалӣ кардани манфиатҳои миллии мо, тарбияи насли наврас ва бахусус ҷавонони дар рӯҳияи садоқат ба Ваҳдати миллӣ ва фаҳмиши дарк ва қадрдонии сулҳу субот дар Тоҷикистон мебошад, таъсис дода шавад. Ректори ДДОТ ба номи С. Айнӣ, академик Носирҷон Салимӣ изҳор намуд, ки асл ва асоси пирӯзиҳои таърихии Эмомалӣ Раҳмон ҳадафҳои олии миллӣ ва барномарезиҳои дақиқу созандаи ӯст, ки бо нерӯи иродати бузурги ватанхоҳию ватандорӣ дар сатҳи сиёсати давлатӣ барои эҳёи иқтидори маънавии тоҷикон ҳама васила ва заминаҳоро
сидан ба сулҳу субот ва Ваҳдати миллӣ ёдовар шуда, чунин гуфт: - Таърихи миллати тоҷик ҳамеша ин корнамоии арзишманд ва беназири Пешвои барӯманди худро дар ёд хоҳад дошт. Ҳамчун Пешвои воқеии миллат шинохта шудан дар муосири таърих ба кам шахсиятҳо муяссар гаштааст. Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба фаъолияти созандаву бунёдкорона ва маҳбубияте, ки байни мардуми кишвар доранд, аллакай ҳамчун Пешвои миллат шинохта шуда буданд. Нишонаҳои он дар эҳтироми бузург, қадрдонӣ ва мояи ифтихор донистони ин нобиғаи сиёсат ва давлатдории муосир аз тарафи халқ мебошад.” Ҳабибулло Амирбекзода таъкид намуд, ки Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон
Раҳмон боиси он гардид, ки ҷони хешро ба гарав монда, барои таъмини ваҳдат ва барқарории сулҳ дар Тоҷикистон сафарҳои пурхатар намуда , билохира сулҳу ваҳдатро дар кишвар барқарор кард,- гуфт Худойбердӣ Холиқназар - Имзои Созишнамаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон ба давлатҳои гуногуни ҷаҳон нишон дод, ки минбаъд тамоми мардуми ҷумҳурӣ Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ҳамчун Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон эътироф ва эҳтиром карда, сохти демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявиро қабул намудаанд. Худойбердӣ Холиқназар пешниҳод намуд, ки ба кӯмаку мусоидати СММ дар Тоҷикистон Пажӯҳишгоҳи Ваҳдати миллӣ
муҳаё сохт. Ҳамин сиёсати хирадмандона буд, ки ҷомеаро аз буҳрони амиқи сиёсӣ берун овард. Бо татбиқи ислоҳоти конститутсионӣ ва поягузориву такмили ҳокимияти давлатӣ дар саросари кишвар низоми собит ва фазои мусоидро устувор намуд, ки он сарчашмаи ҳамаи бунёдкориҳо, тараққиёт ва сарсабзиҳои кишвари мост. Презинденти Академияи таҳсилоти ҷумҳурӣ профессор Ғуломқодир Боқизода дар бораи хизматҳои Сардори давлат Эмомалӣ Раҳмон дар рушди соҳаи маориф ёдрас шуд. - Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар давраи душвор зимми роҳбарии кишвари ҷангзадаро ба уҳда гирифт, аз як сӯ мардуми овора ва паҳну парешоншударо сарҷамъ намуда, аз сӯи дигар бобати танзим ва рушди самтҳои муҳими сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоии Тоҷикистони маҳбуб тадбирҳо андешид,гуфт Ғуломқодир Боқизода - Таъкидҳои Сарвари давлат оид ба таҳсилот моҳияти тамоми ҳуҷҷатҳои соҳаро ташкил доданд. Вақте ки таҳсилот дар симои давлату ҷамеа ҳомӣ пайдо мекунад, мунтазам рушд намуда, вазифаҳояшро беҳтару хубтар анҷом медиҳад. Вай ҳамчун эҳёгари таърих робитаи наслҳоро устувор мегардонад. Иштирокчиёни конфронс аз баргузории чунин як чорабинии сатҳи баланд истиқбол намуда, пешниҳод карданд, ки оянда дар макотиби олии кишвар низ ин гуна конфронсҳо баргузор шаванд.
Роҳҳои интихобкардаи Пешвои миллат асоси илмӣ доранд
www.javonon.tj
Узви пайвастаи Академияи педагогӣ ва иҷтимоии Русия, профессор Нодир Одилов конфронсро ифтитоҳ намуда, таъкид нумуд, ки ҳамчун Пешвои миллат эътироф шудани Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ғалабаи садоқат бар ҷаҳолат буд. Агар гӯем, ки мувафақиятҳои ба даст овардаи даврони истиқлолият маҳсули садоқат байни сиёсати давлат ва ҷамъияти шаҳрвандӣ аст, хато намекунем. - Боре дар ҷашни Рӯзи Ваҳдат дар ноҳияи Рашт, ҳангоме ки аз назди мардум мегузаштем, Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон амр кард, то мошинаш истад,- гуфт Нодир Одилов - дидем, ки духтараке дар аробачаи маъюбӣ нишаста, дар дасташ қабзаи гул интизори табрик кардани Президент аст. Вақте Сардори давлат назди он духтарак рафт, қабзаи гулро аз дасташ гирифта, пурсид, ки “чӣ хизмат кунам?” Духтарак гуфт: “Шумо хизматро кардед, ин хизмати Шумост, ки мо имрӯз аз хавфу хатарҳо эмин буда, дар вазъияти ором шодиву хурсандӣ карда истодаем”. Чунин мисолҳо зиёданд. Факту рақамҳо баёнгари онанд, ки воқеан Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон миллатро ба роҳи дурусти таърихӣ ҳидоят карда, роҳи интихобкардаи ӯ асоси илмӣ дошта, талаботи тамоми миллатҳои ин сарзаминро ифода мекунад. Вазири фарҳанги ҷумҳурӣ Шамсиддин Орумбекзода дар суханронии хеш нақши таърихии Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар рушди фарҳанги миллӣ ёдовар шуда, таъкид намуд, ки Президенти мамлакат кори давлатдории худро бо фарҳанг оғоз кард. Фарҳанги сулҳофарии ӯ ибратомӯзи ҷаҳониён аст. Таҷлили чорабиниҳои фарҳангӣ, симпозиуму конфросҳо, намоишҳои байналмилалӣ бахшида ба таҷлили солгарди фарзандони барӯманди миллат, таҷлили санаҳои бузурги фарҳангӣ, бунёди иншоотҳои замонавӣ, барқарорсозии ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ, эҳёи суннатҳо ва анъанаҳои ҳазорсолаи миллӣ, қабули санадҳои меъёрию ҳуқуқӣ, тавассути баргузории чорабиниҳои байналмилалӣ тарғиби фарҳанги пурғановати миллӣ дар кишварҳои хориҷӣ, баргузории рӯзҳои фарҳангиву ба роҳ мондани сафарҳои ҳунарӣ ва амсоли он аз аввалин рӯзҳо дар маркази таваҷҷуҳи роҳбари давлат қарор доштву дорад. - Президенти давлат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон яке аз пешвоёни ташаббускор, пешоҳанг дар ҳалли масъалаҳои глобалии ҷаҳони имрӯз мебошад,- гуфт муовини якуми Вазири корҳои хориҷии ҷумҳурӣ Низомиддин Зоҳидӣ – Се ташаб-
7 е-mail: javonontj@mail.ru
Сайфиддин СУННАТӢ
«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН» №9 (9435), 3 марти соли 2016
www.javonon.tj
е-mail: javonontj@mail.ru
8
8 МАРТ - РӮЗИ МОДАР
«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН» №9 (9435), 3 марти соли 2016
Чолокӣ, хушмуомилагӣ, хушбаёнӣ ва кордонии ин зан ҳанӯз соли 2013, ҳангоми бо Барномаи рушди СММ ҳамкорӣ доштанам, таваҷҷуҳамро ҷалб карда буд. Бо суханони равон, ҷолиб ва дилнишин шунавандаро ба худ мекашиду бо мардум зуд забон меёфт. Серғайратию ташаббуспешагиаш бараъло маълум буд. Дар ҷустуҷӯяш шудам. - Ҳа, Шумо «Қазоқдухтар»-ро меҷӯед, - бо эҳсоси хурсандӣ гуфт собиқадори меҳнат, корманди масъули ҷамоати деҳоти Хонақоҳи Кӯҳии он вақт ноҳияю ҳоло шаҳри Ҳисор Умаралӣ Абдуллов. Он касро бо ному насабашон кам одамон мешиносанд. - Ин ягон сабаб дошта бошад? кунҷкобӣ намудам ман. - Сабабаш он ки дар паси калимаи «Қазоқдухтар» як навъ меҳрубонию дӯстдории мардуми кӯҳистони мо ниҳон аст, - ба сухан ҳамроҳ шуд раиси ҷамоати номбурда Неъматтулло Ашӯров. – Одамон эҳтирому самимияти худро нисбат ба ин зани боғайрату ташаббуспеша бо гирифтани номи миллаташ ифода мекунанд. - Агар бо мардум суҳбат кунед, худатон ҳам эҳсос менамоед, ки эшон калимаи «қазоқдухтар»-ро бо чи самимияту эҳтиром ба забон меоранд, - суханони раисро қувват дод У. Абдуллов. – Он кас бисёр хоксор, нисбат ба худашон хеле серталабанд. Дар муносибат бо одамон самимию якрӯянд, қобилияти баланди ташвиқотгарию ташкилотчигӣ доранд, ба мардум гапашон мегузарад ва онҳоро аз пайи худ бурда метавонанд. Чандин сол раиси Кумитаи занони ҷамоат буданд, ҳоло роҳнамои онҳоянд. Дар масъалаи устуворгардонии оилаҳои ҷавон, пешгирии низоъҳои оилавӣ ва вайроншавии онҳо корҳои шоиста бурдаанд ва ҳоло ҳам аз ин амали савоб фориғ нестанд. Заҳматҳои он кас бо «Ифтихорнома» ва мукофоти раиси ноҳоя қадр шудааст. - Муаллима аз қабили он занҳоеанд, ки ҷасорату матонати мардона доранд, покдилу поквиҷдону нексириштанд, ташаббуспешаю фаъолу ҷамоатчианд, нафъи ҷомеаро аз нафъи хеш боло медонанд ва дар ин роҳ ҳеҷ чизро дареғ намедоранд, - то андозае бо эҳсосот, вале меҳрубонию ифтихормандӣ гуфт раиси ҷамоат Н. Ашӯров. – Дар ҷомеаю оила бисёр устуворанд. Оиладорӣ ва фарзандтарбиякуниашон арзандаи ибрат аст. Истеъдоди худододии дар дили мардум роҳ ёфтан доранд. Хоксору фурӯтан, ҳалиму шикастанафс ва самимӣ ҳастанд. Фарҳангу маърифати инсониашон хеле баланд аст, дар ташкилу гузаронидани ҳар гуна чорабиниҳои ҷамоат, алалхусус ободонӣ ва фарҳангию маърифатӣ дар сафи фаъолтаринҳоянд. Маҳз бо даву ғеҷи он кас мардуми деҳаи Ҷангоби нав соҳиби трансформатор ва нерӯи барқ гардиданд. Он кас дар гузаронидани маъракаҳои хусусияти ҷамъиятидошта, мисли ҷашнҳои Наврӯзу Меҳргон, эмкунии одамон ва ҳайвонот фаъолияти ибратбахш нишон медиҳанд. Зеро зарурат ва аҳамияти ин корҳоро беҳтар эҳсос мекунанд. Ин «Қазоқдухтар», ба қавли мо - кӯҳистониён шахси худодод аст. Ҷое ки табиб набошад, ӯ табиб аст, ҳамдам набошад, ҳамдам аст, розшунав набошад, розшунав аст. Занону духтарон ӯро бо шӯхӣ, вале барҳақ «ёрии таъҷилӣ» мегӯянд. Пирон бошанд, духтараш мехонанду ҷавонон апа. Дар ҳоле ки баъзе аз занону духтарони тоҷик майлу рағбати пӯшидани либосҳои ғайримиллиро доранд, муаллима дар хонаю кӯча, кору ҷомеа ҳамеша либосҳои миллии тоҷикӣ
мепӯшанд. Самимӣ мегӯям: муаллима аз касе чизе тамаъ надоранд, танҳо хоҳони як каф дуоянд. Асоси соҳибэҳтиромӣ ва маҳбубият пайдо карданашон аз рӯйи ҳамин хислатҳояшон аст. Шахсан ман чун раис аз он кас бисёр дилпурам ва иҷрои супоришҳои муҳимтарини ҷамъиятиро ба ӯ вогузор мекунам. Зеро медонам, ки масъулиятшинос ҳастанд, интизомашон қатъист ва супоришҳоро саривақту бо сифат иҷро мекунанд. Ин қазоқдухтари маҳбуби дилҳо соли 1983 дар вилояти Қазоқистони шимолӣ, бо тоҷикписар Бобомурод Сиддиқов хонадор шуда, соли 1987 муқими Тоҷикистон гаштааст. Солҳост, ки дар мактаби №49, воқеъ дар деҳаи Чангоби ҷамоати Хонақоҳи Кӯҳӣ, ки дар дили кӯҳҳост, омӯзгори фанни забон ва адабиёти рус мебошад. Исми шарифаш Разиля Смайлова. Вақте, ки бо ӯ ҳамсуҳбат шудам, лаҳни зебо ва
Қазоқдухтаре дар дили кӯҳҳо
бо забони тоҷикӣ равону беолоиш гап заданаш мутаҳайирам кард. Ӯ ба ҳамаи пурсишҳои ман бо иштиёқ, бо тамкин, бо табассум, гоҳо қоҳ-қоҳ хандида ҷавоб дод. Инак фишурдаи он суҳбат. - Тоҷикистон, махсусан дараи Алмосӣ аз рӯзҳои аввал маро мафтун кард. Манзараҳои онро дидаму сабаби он қадар хушгуфтору хушсимо будани шавҳарамро дарк кардам, яъне таъсири табиати зебо, обҳои зулоли чашмасорон, гиёҳҳои сабзу дарахтони гулбасар, чаҳ-чаҳи мурғакон ва ғайра. Ба самимият, содадилӣ ва хушбаёнии мардуми ин ҷо низ дил бохтам. Алалхусус, муносибати неки аҳли оилаи шавҳарам ҳеҷ гоҳ аз ёдам намеравад. Ман, ки забони тоҷикиро намедонистам ва аз тарзи зиндагӣ, урфу одат, расму оини хонаводаи шавҳарам бехабар будам, аз рӯйи мантиқ бояд, ки азоб мекашидам. Аммо чунин нашуд. Зеро аҳли хонавода ба ман чун бо як духтар ва хоҳари навашон муносибат карданд. Боре хушдоманам ба ман таппак биёр гуфта будааст. Аммо ман табақ фаҳмидаам. Чун табақро овардам, ӯ табассуми меҳрубонона карда аз ҷояш хест, аз дастам гирифту бурд ба таппакхона. Бо мулоимӣ, бо хушгапӣ ғарами таппакро нишон дода фаҳмонд, ки таппакаш ҳамин аст, онро чун сӯзишворӣ истифода мебаранд. Ҳамроҳам тағораро аз таппак пур кард ва бо ҳамон хушгуфторӣ овард маро ба назди оташдон. Тарзи дар оташдон гузоштану оташ додани таппакро низ омӯзонд. Инро гуфтанам ба хотири он нест, ки ман ҳамин чизҳои одиро намедонистаму намефаҳмидам, балки ба он хотир аст, ки муносибати модаронаи хушдоманамро нишон диҳам. Он кас ба ман мисли як духтарашон рафтор мекарданд, ҳарф - ҳарф забони тоҷикӣ ёд медоданд, бо тадриҷ, марҳала ба марҳала шишту хез, либоспӯшӣ, хӯрокпазӣ, дастурхонороӣ, меҳмондории тоҷиконаро меомӯзонданд. Ҳоло ман аз рафтори баъзе хушдоманҳо дар ҳайратам. Аз арӯсаки навраҳи худ
чизҳоеро мехоҳанд ва корҳоеро талаб мекунанд, ки вай бечора мумкин дар умри сараш нашунидаасту надидааст. Чун андаке саҳв кард, ё дар вақташ иҷро карда натавонист, ба сараш итоб карда, борони таънаю маломатро мерезанд. Зиёда аз ин, «беҳунарии» келинашонро дар назди аҳли шаҳру қишлоқ афсона мекунанд. Аммо хушдомани ман тамоми камбудиҳои маро мепӯшониданд, баръакс, то ки ман ҳавасманду рӯҳбаланд шавам, андаке пешравиамро аз будаш зиёд карда ба ҳаққу ҳамсояҳо мефаҳмонданд. Хушдоманам аз аҳли оила низ талаб мекарданд, ки ҳар кадомаш ҳар чизи аз дасташон меомадагиро ба ман омӯзонанд ва дар хусуси аз миллати дигар буданам ва урфу одатҳои тоҷикиро надонистанам ақаллан ишора ҳам накунанд. Албатта, дар чунин ранггирии кор нақш ва таъсири шавҳарам Бобомурод зиёд буду ҳаст. Вай дар мулки он замон бароям бегона, дар шароити бисёр мушкили кӯҳистон роҳнамо, такягоҳ, розшунав, маслиҳатгар, пуштибонам буду ҳаст. Аз ҳамин ҷост, ки ман ӯро аз ибтидо то ба имрӯз на танҳо шавҳар, балки наздиктарин дӯст, рафиқ ва ҳатто «дугонаам» медонам. Аммо вақте мебинам, ки на ҳама шавҳарон дорои чунин хислатҳоянд, афсус мехӯрам. Баъзеашон ҳатто нисбат ба зану фарзандони хеш сухани худро надоранд ва дар оиладорӣ дастнигари волидайн ҳастанд. Сабаби инро дар камсоводӣ, камҷуръатӣ, камҷасоратӣ, камҳунарӣ тарбия ёфтанашон мебинам. Аз ҳамин ҷост, ки онҳо дар зиндагӣ фикри мустақил надоранд, роҳу усулҳои ҳалли мушкилоти рӯзгорро намеёбанд ва ҳангоми сарзании андаке камбудӣ ва носозии рӯзгор тобоварӣ накарда ба оилавайронӣ мерасанд. Ман чун як зиёӣ, аз дабдаба, шуҳрат ва ҷоҳу ҷалолхоҳии ҷавонон дар ташвиш ҳастам. Онҳо ҳанӯз худ кореро накарда, чизеро ба даст наоварда, аллакай хоҳони мошинҳои гаронбаҳои хориҷӣ ва хонаҳои дакадангу боз ким чизҳои дигар мешаванд. Мушкил он
аст, ки волидайн пеши онҳо ягон шарту талабот нагузошта, барояшон чунин имкониятҳоро фароҳам меоранд, ки дар натиҷа ҷавонони каллаашон ҳанӯз аз донишу таҷрибаи рӯзгор тиҳӣ ба карру фар дода мешаванд, ҳайдаву дайду мегарданд ва ба зану фарзандони худ эътибор надода, дар беҳтарин ҳолат онҳоро дар таъминоти падару модари хеш мемонанд. Ҳатто баъзеашон аз фориғболию худписандӣ, хеле ноҷавонмардона тарки ҳамсару кӯдакҳояшон менамоянд. Мана, ба ин кулбачаи мо назар кунед. Он хеле одист. Вале мо ва фарзандонамон бо он қаноат кардаем. Зеро дар он хушбахтем. Охир, хушбахтии инсон ва ширинии зиндагӣ дар қасру кӯшкҳо нест, баръакс хонаҳои қасрмонанд ғами бештару ташвиши зиёдтар доранд. Мошинамон ҳам як «Жигулӣ ВАЗ-07» аст, аз ин бешаш барои мо лозим нест. Ману шавҳарам доштани хонаи қасрмонанд ва мошину чизу чораҳои дигари гаронарзишро не, балки ба қадри лозимӣ хӯрондану пӯшондан, тарбия кардан, хонондан ва соҳибкасб кардани фарзандонро дар дараҷаи аввал гузоштем. Имрӯзҳо ҳардуямон аз натиҷаи ин амаламон қаноатмандем... Лекин, шахсан худам аз он қаноатмандтар ҳастам, ки Тоҷикистон Ватани дуюмам гаштааст, фарзандонам дар ин ҷо ба камол расидаанд, соҳибкасбу соҳибхона шудаанд. Бо сабаби дар Қазоқистон кам будани миллати қазоқ маро бо аҳли оилаам барои зисти доимӣ ба Қазоқистон даъват карда, ваъда доданд, ки бо ҷойи кори доимӣ ва маоши хуб таъмин мекунанд. Чун кӯмак дар соли аввал ба сари ҳар як аъзои оилаамон баробари якуним ҳазор доллари амрикоӣ маблағ медиҳанд. Вале мо нарафтем. Чунки ин ҷо бартариҳои зиёд дорад: тоҷикон хеле меҳрубонанд, мавзеи зистамон бисёр маъқул аст, ҳамсояҳои хуб дорем ва чуноне ки мегӯянд, «дарахт дар як ҷо беҳтар нумӯ мекунад»… Ҳасан Юсуфи ФАЙЗБАХШ
8 МАРТ - РӮЗИ МОДАР
«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН» №9 (9435), 3 марти соли 2016
9 е-mail: javonontj@mail.ru www.javonon.tj
е-mail: javonontj@mail.ru
10
СОҲИБКАСБ
Асоси хушбахтӣ хушбин будан аст Беҳрӯз ХОЛМУРОДОВ Сандуқсозӣ қадимтарин ҳунарҳои мардуми тоҷик мебошад. Дар сандуқ анҷоми рӯзгор, асбоби зиннат ва дигар чизҳои нодирро, ки хеле аҳамиятноканд, нигоҳ медоранд. Дар гузашта дар сандуқҳои чӯбии калон ғалла низ нигоҳ дошта мешуд.
www.javonon.tj
ҶАВОНОН ВА ЗАМОН
«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН» №9 (9435), 3 марти соли 2016
Саидмаъруф Азимов, яке аз ҷавонҳое мебошад, ки ба ҳунари мазкур таваҷҷуҳ намуда, то андозае тавонистааст, ки дар ин роҳ муваффақ гардад. Ҳамеша кӯшиш мекард, то дар муддати андаке онро омӯзаду худ дар алоҳидагӣ бо тахайюлоти рангин онро дар шаклу намудҳои тоза биофарад ва пешкаши дӯстдорони ин ҳунар намояд. Андеша дошт, ки аз худ намудани он хеле саҳл аст, вале баъдан дарк кард, ки он касбест мушкилу заҳматталаб. Ҳангоми дарсҳои омӯзишӣ худро чун дар баҳри беканоре медид, ки дар заврақи хурдакаке ҳаракат дораду барои ба соҳил расидан, хеле қувва лозим асту талош. Ҷаҳд мекард, то қадаме пеш раваду масофаи расидан бар ҳадаф кӯтоҳ гардад. Дар ин роҳ устодон ба ӯ кӯмак мекарданд. Дар натиҷаи талошҳо билохира ба соҳил расида, ба онҳое, ки дар ин роҳ кӯмак намудан, миннатдорӣ баён мекард. - Доштани ҳунар ва ё касб барои ҳар нафар аз ҳама чизи зарурӣ ба ҳисоб меравад. Чунки дар раванди ҳаёти иҷтимоӣ он ҳамеша ба мо лозим асту чу малҳаме ба дарди бекорӣ даво мебахшаду моро андармон месозад. Зери назари устодони нексиришту ҳунарманд гиреҳи тамоми мушкилиҳо кушода шуданду дар муддати муайян мо низ соҳибкасб гардидем, - иброз медорад Саидмаъруф. Баъд аз омӯзиш барои сохтани сандуқ камари ҳиммат баста, нахустин идея ва донишҳои назариявии худро баҳри дар амал татбиқ намудан истифода бурда, дар натиҷа сандуқи ба талабот ҷавобгуро офарид. Онро нахустин маҳсули дасти хеш ҳисобида, ҳаргиз фаромӯш намекунад. Чун ҷавон асту шоҳиди дигаргуниҳои ҷомеа, суол намудем, ки “Ояндаи кишварро чӣ гуна мебинед?”. Дар посух гуфт: – Оянда Ватани азизамон боз ҳам рушдёфтаву тараққикарда
хоҳад шуд. Зеро ҳар нафаре, ки дорои дарку фаҳмиш аст, ин ҳама дигаргуниҳоро дида, чунин хулоса мебарорад. Шароите, ки айни ҳол мо дар он кору фаъолият дорем, бешубҳа қонеъкунанда аст. Пешравиҳое, ки имрӯз дида мешавад, шояд пас аз панҷ солу даҳ сол он дучанд гардад. Ба ин чиз боварӣ дорам. Ҳар нафаре, ки меҳани худро дӯст медорад, пас бояд ба оянда хушбин бошад, зеро асоси хушбахтӣ хушбин будан аст”. Барои ҳунарманди асил гардидан заҳмату кӯшиши зиёд даркор аст. Дар ин роҳ инсон бо бисёр монеаҳо дучор мешавад, ки дар бартараф сохтани онҳо аввалан ҳадаф лозим асту баъдан иродаи қавӣ. - Аз байни ин ҳама ҳунар чаро сандуқсозиро интихоб намудед? – пурсидем аз Саидмаъруф. – Муҳаббат аст, ки дар ҳама самт моро муваффақ месозад. Дар баробари ин, ҳар шахс дар худ нисбат ба ҳар чиз ва коре меҳр мекунад. Сандуқсозӣ бароям писанд аст. Ба назари ӯ, айни замон дар як ҷо бекор нишастану ба умеди нафаре шудан ғайриимкон аст. Бояд ҳар нафар худ дар самте фаъолият намояду дар пешбурди зиндагӣ заҳмат кашад. Барои он ки инсон дар самте муваффақ бошаду ҳунараш рушд ёбад, бояд пайваста навовар ва эҷодкор бошад. Эҷодкорӣ танҳо хоси шоиру нависанда нест, балки шахсро лозим
аст дар дилхоҳ соҳае, ки машғули кор аст, эҷодгар бошаду чизҳои тозаро рӯйи кор оварад. Барои он ки ба мартабаи баланди ин ҳунар рафта расад, доим барои боз ҳам сайқал ёфтани ҳунараш аз таҷрибадорони соҳа маслиҳат мегирад. Кӯшиш менамояд, то тарҳҳои наву замонавиро ихтироъ намояду сандуқро ҷаззобу дилкаш офарад, то мақбули ҳар бинандаву харидор гардад. Айни ҳол дар бозори “Корвон”-и пойтахт дорои дӯкон буда, маҳсули дасти хешро ба фурӯш гузоштааст. Худро аз он ҷиҳат хушбахт меҳисобад, ки бо вуҷуди ҷавон буданаш дар ин роҳ соҳибтаҷриба гардидаасту намудҳои гуногуни сандуқҳоро меофарад.
Муҷарради серфарзанд Басгул ИБРОҲИМОВА Солҳост, ки бо ӯ шиносам, балки дӯст шуда, хабаргири якдигар гаштаем. Инсони комил асту ҳамзамон хеле хоксор. Китоб бисёр хондааст, ҳар як суханашро бо шеъру байте аз бузургон оғоз ва анҷом мебахшад. Дар суҳбаташ кас роҳат мекунад. Овози ширадораш шунавандаро мафтун месозад. Бале, бо Шаҳлобону ҳангоми донишҷӯӣ шинос шуда, то ҳол робитаи дӯстӣ дорем. Баъди хатми Коллеҷи омӯзгорӣ барои таҳсил ба ДДОТ ба номи С. Айнӣ санад супоридам. Рӯзи имтиҳон довталабон хеле зиёд буданд. Ман ҳам дар навбат истодам. Навбатам қариб омаду наздиктар рафтам. Ҳарчанд бо тайёрии хуб рафта будам, аммо дар фикр будам, ки оё аз ин санҷиш мегузашта бошам? Ин фикр гаштаю баргашта ба сарам чарх мезад. Ногаҳон ба гӯшам овози маҳини тасаллобахше расид: “Ҳар чӣ ки аён аст, ҳоҷат ба баён нест”! Ин садоро шунидаму беихтиёр ба он сӯ нигаристам. Назди омӯзгори ҳуҷҷатқабулкунада духтари мавзунқомате меистод. Ба рухсорааш чашм дӯхтам. Духтари деҳотие бо чашмони нимпӯши маҳзун ба ҳамсуҳбаташ менигарист. Маълум буд, ки то дами суол кардан аз довталаб омӯзгор ба рӯи ин духтар нигоҳ накарда буд. Боз духтар илова намуд: “Мефахрам, ки тоҷикам, тоҷикзабонам, аммо Худованд маро “хитоичашм” офаридааст.” Овозаш меларзид, вале ӯ озурдагияшро нишон надода, ширин хандид. Ҳуҷҷатҳояшро супорида, бо духтаре, ки дар наздаш меистод ва ғолибан ҳамроҳаш буд, ишора намуд, ки ба дигарон ҳам навбат диҳем ва худ аз қатор берун истод. Ман ҳуҷҷатҳоямро пешниҳод намуда, аз кадом донишгоҳ ва бо кадом мақсад омаданамро гуфта додам. Му-
аллим ҳуҷҷатҳоямро гирифта, рӯзи имтиҳонро маълумамон кард. Майли ба хона баргаштанро доштам, ки боз ҳамон садо “Салом духтари хуб” гӯён ба наздам омад. “Маро шинохтӣ?”. Ӯро, ки бори аввал медидам “не” гуфтам. - Аз Коллеҷи омӯзгорӣ омадаӣ?- пурсид ӯ. - Бале. - Рӯзона мехондӣ-а? - Бале рӯзона... лекин Шуморо нашинохтам,- гуфтам дар ҷавоб. - Ману ин духтар ҳам баъди хатми Коллеҷи омӯзгорӣ омадаем,- ишора ба ҳамроҳаш кард ӯ. Баъди худашонро шинос кардан фаҳмидам, ки онҳо низ коллеҷи омӯзгориро ғоибона хонда хатм кардаанд. Рӯзи санҷиш боз бо ҳардуи онҳо вохӯрдам. Хушбахтона аз санҷиш ҳар се гузаштем. Ӯ ҳар сухане мекард аз Лоиқу Бозор, аз Ҳофизу Саъдӣ ва дигар шоирон мисол меовард. Хеле шӯх ҳам менамуд. Ҳисси кунҷковиам баланд шуду дар бораи ҳаёт ва фаъолияташ пурсон шудам. Баъдтар фаҳмидам, ки ӯ дар мактаб-интернати махсуси №3-и шаҳри Душанбе ба ҳайси муаллимаи забон ва адабиёт фаъолият дорад. Айни ҳол мураббияи ин даргоҳ аст. Ҳарчанд маъюби гурӯҳи дуюм аст, лекин баробари дигарон заҳмат мекашад. Ҳатто зиёдтар аз дигарон. Бисёртар дар бораи фарзандони ба ҷону дил азизаш гап мезанад. Дар ҳар суханаш дар бораи онҳо, аз ҳаёти онҳо, аз кору бори онҳо, аз суханҳои онҳо иқтибос меорад. Бисёр бо меҳр сухан мегӯяд. Чунин модари мушфиқу меҳрубонро бори аввал медидам. Рӯзе шавҳар доштан ё надоштанашро пурсидам. Маҳзунона гуфт: - Муҷаррадам. - Охир, ҳама вақт дар бораи фарзандонат суханҳои бо меҳру муҳаббат мегӯӣ-ку,бо хиҷолат ва ҳайронӣ боз пурсидам ман. - Ҳа, ман 12 бачаву духтарча дорам. 12 чӯҷаи беболу пар, ки дар мактаб-интернати махсуси №3 ба омӯзиш машғуланд. Ҳамааш аз они
худам,- боифтихор мегӯяд ӯ. Шаҳлобону Ғуломова дили поку беолоиш дорад. Мо дӯст шудем, дӯсти наздик, мисли апаву хоҳар. Баъд аз ин ба дидорбинии Шаҳлобону Ғуломова рафтам. Ӯро дар утоқи кориаш дарёфтам. Шитоб дошт, оғози дарс буд. Маро ба синфхона даъват кард. Вақто ки дохили синфхона шудам бачаҳо ҳамагӣ сӯи муаллима шитофта, бо садои баланд “муаллимаҷонамон омад” гӯён хурсандӣ мекарданд. Муаллима онҳоро ором карда ба ҷойҳояшон шинонд ва маро бо онҳо шинос карданӣ шуд. Онҳо, ки муштоқи дидори наздикону пайвандон буданашон маълум буд, интизори суханони муаллима нашуда, саросемавор ба суол оғоз карданд: - Муааллима, ӯ моро хабаргирӣ омадааст? - Бале, ширинакони ман, бачаҳои ба ҷону дил азизам. Ман ҳамаи шуморо назди ин кас таъриф карда будам. Гуфта будам, ки бачаҳои ман донову чақонанд. Барои ҳамин ба хабаргирии шумо омадааст,- гӯён бо кӯдакон маро шинос кард. Кӯдкон нуқси модарзодӣ доштанд. Ростӣ, баробари ба синфхона даромаданам, хурсандии онҳоро дида ашкам беихтиёр рехт. Шаҳлобону Ғуломова муҷарраданд, лекин ҳамеша мегуфтанд, ки “ман модари серфарзандам, 12 фарзанд дорам”. Ман суханҳояшро шухӣ қабул мекардам. Вақте ки муносибати пур аз меҳру муҳаббат ва самимонаашро бо бачаҳо дидам, дар ҳақиқат қоил шудам, ки ӯ модар аст, модари меҳрубону хушбахт. Тӯли як соате, ки ман бо онҳо будам, ростӣ худамро дар олами дигар медидам. Оре, муаллим шахсест ҳалиму меҳрубон, ғамхор, сухансанҷу сухандон бар замми ҳамаи ин тарбиятдиҳандаи хуб. Шаҳло Ғуломова ба маъюбии худ нигоҳ накарда, тӯли 10 сол аст, ки дар мактаб-интернати №3-и шаҳри Душанбе кору фаъолият дорад ва касби худу кӯдакони худро дӯст медорад. Идат муборак, эй модари хушбахт!
8 МАРТ - РӮЗИ МОДАР Бузургии мафҳуми модар ва гиромӣ донистани он фақат як бузургдошти хаёлӣ ва рамзӣ ва эҳтиромӣ нест, балки модар дар ҳақиқат аз офаридаҳо ва неъматҳои бузурги Худованд аст. Дар як баррасии куллӣ метавон гуфт, ки тамоми ҳаёти як модар ҳама қаҳрамонӣ, нисор ва азхудгузаштагист. Модар ҳар бор шадидтарин мушкилу дарду машаққатҳоро таҳаммул мекунад, то фарзандеро ҳамл кунад ва ҳар бор бо марги воқеӣ рӯ ба рӯ мешавад, то фарзандеро ба дунё оварад. Дар вуҷуди модар муҳаббати фитрие ниҳода шудааст, ки новобаста ба муносибати фарзанд нисбати модар, дар ҳар сурат ҷорӣ ва боқист. Ин муҳаббати фитрии бепоён боис мешавад, ки модар омода аст, то барои фарзанд тамоми сарвату дороӣ ва қуввату тавоноии худро сарф намояд ва аз ҷумла, ҷони худро барои рушду саодату наҷоти фарзанд фидо кунад. Илова бар ин, фитрати модар чунин аст, ки он ба ҳузур, ҳамнишинӣ ва хидмати фарзанд эҳтиёҷи фитрӣ дорад. Ҳатто агар тамоми шароити зиндагӣ муҳайё бошад, боз ҳам модар орзу дорад, балки ниёз дорад, ки фарзанд дар канораш бошад. Вале фарзанд барои модар то ин андоза вафодору нисоргар нест ва чун ба зиндагии мустақил расад, дар пайи хонаводаву фарзанд ва кору фаъолияти худ мешавад ва дар аксари мавридҳо нисбат ба модар кам таваҷҷӯҳ менамояд. Дар ҷомеаҳое, ки аз фарҳанги исломӣ ва маънавияти инсонӣ дур мебошанд, модар барои фарзанд
ҳатто ба бори зиёдатӣ табдил мешавад ва фарзанд ӯро тарк намуда ва ё дар беҳтарин сурат, ба ғарибхонаву хонаҳои калонсолон бурда мепартояд. Масалан, имрӯз мо дар кишварҳои ғарбӣ шоҳиди он ҳастем, ки ҳазорон падару модар аз сӯи фарзандони худ тарк шудаанд ва зиндагии танҳо ба сар мебаранд ва ё ба ғарибхонаҳо супорида шудаанд. Чунин падару модарони пирсол, ҳатто онҳое, ки зиндагии хубе доранд, ба шадидтарин азоби рӯҳӣ гирифторанд, зеро онҳо пеш аз ҳама ба ҳузури фарзандон ва ба зиндагӣ дар муҳити муҳаббати онҳо ниёзу эҳтиёҷ доранд. Аз ин рӯ, тарк кардани падару модар ва танҳо гузоштани онҳо бузургтарин гуноҳ аз тарафи фарзандон дар ҳаққи волидайн мебошад. Мутаассифона, ин амали зишту нангин, яъне тарк кардан ва танҳо гузоштани падару модар имрӯз дар ҷомеаҳои мусалмоннишин низ мушоҳида мешавад ва баъзе фарзандон аз таълимоти исломӣ нисбат ба падару модари худ ин гуноҳу ин ҷиноятро раво медоранд. Ва бисёре аз маводи матбуот дар ин мавзӯъ нишон медиҳад, ки бахше аз сокинони ғарибхонаҳову хонаҳои пиронсолони Тоҷикистон низ афроде мебошанд, ки фарзандони зиндаву солим ва соҳиби касбу мақом доранд. Ба ростӣ, чунин амал ҳам аз назари таълимоти исломӣ ва ҳам аз назари фарҳангу арзишҳои миллии мо нангин ва норавост. Ин аст, ки дар миёни динҳои ҷаҳонӣ Ислом ба хотири пеш наомадани хории падару модар ва арҷгузорӣ ба
нақш ва хидматҳои бузурги онҳо ба зарурати эҳтиром ва гиромидошти онҳо бисёр таъкид намуда, эҳтироми волидайнро ҷузъи вазифаҳои динӣ ва ақидатии инсон қарор медиҳад. Аз ин рӯ, иззату эҳтиром нисбат ба модар, қадрдонӣ аз заҳматҳои ӯ, хидмати беминнат ва риояти хотири модар аз ҷумлаи таълимот ва амрҳои таъкидшудаи шариати исломӣ ба мӯъминон мебошад. Дар оғоз бояд бубинем, ки масъалаи модар ва ҷойгоҳи ӯ дар Қуръони карим чӣ гуна матраҳ шудааст. Худованди мутаъол дар Китоби худ Қуръон мусалмононро борҳо ба эҳтироми падару модар амр намуда, аз ҷумла, чунин мегӯяд: «Ва Парваридгори ту ҳукм кард, ки ба ҷуз Худаш дигареро ибодат накунед; ва ба падару модар некӯкорӣ бикунед; агар яке аз онҳо, ё ҳар ду назди ту ба калонсолӣ бирасанд, пас, ба онҳо «уф» магӯ ва бар онҳо бонг назан ва ба онҳо сухани некӯ бигӯ» (Сураи «Исро», ояти 23). Аз ин мисоли рӯшани Қуръонӣ метавон дид, ки Худованди мутаъол эҳтироми падару модарро бар мӯъминон ҳамчун як амри қатъӣ супориш карда, эҳсону некӣ дар ҳаққи онҳоро ҷузъи вазифаҳои шаръии инсон қарор додааст. Вой бар ҳоли он нафароне, ки зулм бар падару модарони худ менамоянд. Дар таълимоти Ислом эҳтироми падару модар ва хусусан, қадрдонию шукргузорӣ аз заҳматҳои модар на танҳо як арзиши ахлоқӣ, балки як фаризаи динӣ буда, беэҳтиромӣ нисбати онҳо саркашӣ аз амри Худованд ба ҳисоб меояд. Ҷамил ВАЛИЕВ, сардори шуъбаи илмӣтаҳқиқотии Китобхонаи миллии Тоҷикистон
Файзи рӯзгор Нури чашмонам Мошин назди ҳавлии модарам истод. Дарвозаи ҳавлиро кушода “Очаҷон” гӯён вориди хона шудам. Ба пешвозам модари зебоям, нури чашмонам бо оғӯши кушода, бо чеҳраи хандон баромаданд. Ин лаҳза боз як маротиба дилам гум зад, барои ба дидори модарам расиданам, дар оғӯши худ ӯро ҳис карданам, сар рӯи китфони ӯ гузоштанам. Шукрона аз он мекунам, ки модар ба ҳама ранҷу азоб маро ба камол расонд, тарбият намуд. Ба қадри модарон расед, зеро модар бузург аст. Модарам, аз сидқи дил ман дӯст медорам туро, Дӯст медорам ҳамон дастони ларзони туро. Холисамо АЙЁМОВА, омӯзгори синфҳои ибтидоӣ МТМУ №50 ноҳияи Сино
Наҷиба МУРОДБЕКОВА, “ҶТ”
Қиматтарин неъмат
Модар қиматтарин неъмати рӯи дунё, сарчашмаи муҳабати беканор, ҳимматбаландтарин шахси башар аст. Меҳри бепоён ва навозиши гарми модар моро ба оламу одам ошно сохтааст. Заҳмати шабонарӯзӣ, бедорхобӣ, пурбардории ӯ танҳо ба худаш хос буда, касро ба ҳайрат меорад. Мутаассифона на ҳама вақт мо ба қадри ин ганҷи бебоҳо расида метавонем. Гоҳ дар диёри пуршӯри ҷавонӣ ва ишқу ҳавас заврақ меронему модарро фаромӯш месозем, аммо баъд аз кирдори худ пушаймон гашта, ӯро намеёбем. Ҳол он ки дар Қуръони Карим дар сураи Исро ояти 23 омадааст: “...Ба падару модар некукорӣ бикунед ва ба онҳо уф мегӯед ва ба онҳо бонг мазанед...” Мо дар канори модар ба олами рангини кӯдакӣ ба воя мерасему аз ӯ дарси одамгарию ватандӯстиро меомӯзем. Канори модар худ мактаби аввалини мост. Модар барои ҳар як шахс азизу муқаддастар аз ҳама мавҷудоти рӯи олам аст. Модарам арзандаи ҳама гуна дӯстдорианд. Дар ҳадис низ омадааст, ки аз Пайғамбар Муҳаммад (с.а.в) пурсиданд: Зиёда аз ҳама киро бояд эҳтиром ва иззат намуд? Расули Худо (с.а.в) фармуданд: “Аввал модаратонро”. Гуфтанд: Баъд киро? Бори дуюм ҳам гуфтанд: “Модаратонро” Маротибаи сеюм ҳам ба ин савол ҷавоб доданд, ки “Модаратонро” ва бори чаҳорум Расули Худо (с.а.в) гуфтанд: “Падаратонро”. Оре, давлати фарзанд модар аст. Зиндагӣ мисли шеър аст, ки аз аллаи модар ибтидо гирифта, ба номи он хотима меёбад. Обрӯи аҳли дин аз хоки пои модар аст, Ҳар чи дорад ин ҷамоат, аз дуои модар аст. Он чӣ дар васфи биҳишт фармуд Қуроъони Карим, Соҳиби Қуръон бигуфто: “зери пои модар аст” Зиҳӣ модар, ба чунин қомату матонат, эҳсосу ҷасорат ва меҳру садоқати беканор, ки бузургони олам пешат сар фуруд меоранд... Рухшона ҒАФУРЗОДА, донишҷӯи ДИТ
www.javonon.tj
Саҳаргоҳон бо як ҳиссиёти тарсовар аз хоб бедор гаштам. Модарам ба хобам даромаданд. Мушаввашхотир ба ҷои кор рафтам. Иттифоқан аз рӯи барномаи дарсӣ мавзӯи дарс низ “Модарнома” буд. Шогирдонам дар васфи модарон шеъру тарона мехонданд. Мафтуна суруди “Модар”-ро пешкаши мо гардонд. Вақте аз сифатҳои модар хеш суханронӣ мекарданд, дар симои волидони онҳо сифатҳои модарамро эҳсос карда, вуҷудам ба ларза даромад. Як кашишеро дар худ ҳис кардам. Хостам паранда гардаму болу пар бароварда назди модарам ба деҳот парида равам. То оғӯшаш гирам, аз рухсораи пурожангаш бӯса гирам, сарам рӯи зонувонаш гузорам. Занги дарси охирин садо доду дасти духтарчаам Мунисаро гирифта, ба аёдати модар шитофтам.
Модареро пурсиданд: Аз фарзандонатон кадомашро бисёртар дӯст медоред? Дар ҷавоб гуфт: То калон нашавад хурдиашро, то шифо наёбад беморашро, то аз ғарибӣ наояд ғарибашро, то ҷон дар танам ҳаст ҳамаашро... Барои ҳамин меҳри фаровонаш модар барои мо азиз аст. Гоҳи душворӣ ва ҳангоми дармондан ба мушкиле номашро ба забон мегирему мегӯем: Модар! Модарҷон! Меҳру муҳаббати самимии модар ва шабзиндадориҳои модар ин ҳамаро ба ҳеҷ чиз баробар натавон кард. Бе ҳеҷ баҳори зебо ва бе ҳеҷ тирамоҳи пурфайз, бе модарнохоҳад буд. Модар ба мисли замин яктост. Модар файзи ҳаёту, рӯзгори мост.
11 е-mail: javonontj@mail.ru
Чароғи зиндагӣ
«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН» №9 (9435), 3 марти соли 2016
е-mail: javonontj@mail.ru
12
ВАРЗИШ
«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН» №9 (9435), 3 марти соли 2016
Шодихони НАЗАР Кӯдаки хурдсол дасти паҳлавони чорпаҳлуро дошта ҷониби издиҳом мебурд. Маъракаҳои гӯштингирии Наврӯзӣ дар гӯшаю канори Тоҷикистон барпо мешуд. Дар Муъминобод гӯштини миллӣ ҳамон сол дар сатҳи баланд баргузор гашт. Хурду калон, пиру барно ба тамошо омада буданд. Ба майдон Шоҳрух Маҷидов баромаду қиючуви ҳаводорон ба осмон печид. Онҳо варзишгари ҳамдеҳаи худро дастгирӣ мекарданд. Миёни онҳо писарчаи хурдсол аз ғояти шавқу ҳавас чӣ кор карданашро намедонист. Ӯ худро дар миёни майдон тасаввур мекард. Баробари паҳлавонон бо худ ҳар гуна усулҳоро, ки хоси гӯштини сунатии мардуми тоҷик буд, иҷро мекард. Бинанда зуд пайхас мекард, ки кӯдаки хурдсол шефтаи гӯштин аст. Орзуҳои дар қалби кӯчакаш ҷойдошта аз ҷусааш калон буданд. Ӯ амакаш Шоҳрух Маҷидовро мухлисӣ дошт ва дар ҳама маҳфилҳои гӯштингирӣ, ки дар деҳаҳои атроф баргузор мегардиданд, ҳамроҳаш буд. Баъди ҷамъбасти карйераи варзишии Шоҳрух Маҷидов пирони деҳа дар маъракаҳо аз ҳунари баланди ӯ суҳбат мекарданд. Аз миён чанд баҳор гузашт. Акнун дар маъракаҳои гӯштингирӣ дар минтақаи Муъминобод ҷавони чордаҳсола бо вазни 100 кило баромад мекард. Муйсафедони деҳа аз
ҷой хеста, ба ҳунари ӯ каф мекуфтанд. Мардум кӣ будани ин паҳлавони ҷавонро аз Шоҳрух Маҷидов пурсон шуданд. Ӯ бо ифтихор гуфт: - Ин бародарзодаи ман аст. Ҳамон кӯдаке ки дар маъракаҳо бо худ мебурдам. Хуршед Маҷидов ҳоло ҷавон аст. Соли таваллудаш 1998. Аз хурдӣ орзуи паҳлавон шудан дошт. Ҳар боре, ки бо ӯ рӯ ба рӯ мешудам, хоҳиш мекард ҳамроҳам ӯро ба толори варзишӣ барам. Ҳашт сол меша-
Хуршед Маҷидов:
Муаррифии миллатро қарзи худ медонам вад, ки ба варзиш машғул аст. Шоҳрух Маҷидов мегӯяд, ҳангоме, ки бародарзодааш ба толори варзишӣ қадам ниҳод 27 кило вазн дошт. Дар аввал ба намуди гӯштини самбо машғул буд. Аввалин мусобиқаи ҷумҳуриявиро ба пирӯзӣ анҷом дод. Дар вазни 27 кило бо ҳамаи ҳарифонаш дастболо шуда, соҳиби мақоми аввал гашт. Пирӯзӣ дар якумин мусобиқа барои минбаъд қадамҳои устувор монданаш дар ҷодаи варзиш боис гашт. Баъдан барои муаррифии каишвар дар арсаи ҷаҳон кӯшишҳои зиёд намуд. Аз намуди гӯштини самбо, кураш, ҷудо дар мусобиқаҳои ҷаҳонӣ борҳо ба хотири ин ҷавон парчами кишвар парафшон гардиду суруди миллӣ садо дод. Мақсади иштирок
Дар донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи М. Осимӣ дар ҳамкорӣ бо Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ бахшида ба 60-солагии таҳсилгоҳи мазкур мусобиқаи кушоди ҷумҳуриявӣ барои дарёфти “Ҷоми ректори Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи М.Осимӣ” аз рӯи намуди волейбол баргузор гардид. Мусобиқаро Аҳтам Абдуллозода, раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ ифтитоҳ намуд.
www.javonon.tj
дар мусобиқаи бонуфузтарини варзиш - олимпиадаро дар назди худ гузошт. Ба хотири ин орзу аз намуди гӯштини самбо даст кашида, бо тавсияи падар ва мураббияш ба гӯштини ҷудо пайваст. Вақте дар шаҳри Иркутски Русия мусобиқаи байналмилалӣ доир гардид, Хуршедро бинобар сабаби истифодаи услҳои гӯштини самбо аз мусобиқа хориҷ карданд. Баъди пурра аз худ намудани нозукиҳои
Тавре Ашур Ашуров, мудири шӯъбаи кор бо ҷавонони донишгоҳ иттиллоъ дод, ин 57-ум спартакиада миёни макотиби олии кишвар мебошад, ки бо ташаббуси ДТТ гузаронида мешавад. “Дар аввал ин мусобиқа байни донишгоҳҳои шаҳри Душанбе гузаронида мешуд. Бо дархости зиёди донишгоҳҳои дигар дар ҳамкорӣ бо Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ ин мусобиқаро дар сатҳи ҷумҳурӣ гузаронидем. Дар он 17 даста аз тамоми манотиқи кишвар байни ҳам қувваозмоӣ намуданд. Вар-
гӯштини ҷудо Хуршед дар мусобиқаҳои берун аз кишвар байни наврасон дар вазни 100 кило баромад мекунад. Чор соли охир дар беш аз 40 мусобиқаи байналмилалӣ иштирок намуда, сазовори ҷойҳои намоён гардидааст. Дар ҷодаи варзиш паҳлавони номдор, Расул Боқиевро идеали худ медонад. Дар кишвар ягона варзишгаре мебошад, ки миёни наврасон медали биринҷии чемпионати ҷаҳонро ба Ватан овардааст. Натиҷаҳои ба дастовардааш дар се соли охир чунин аст: соли 2013 Чемпионати Осиё аз намуди кураш дар Тайланд, мақоми аввал; аз намуди самбо дар чемпионати Осиё-2014, Тошканд, ҷои якум ва дар чемпионати ҷаҳон дар Корея ҷои сеюмро соҳиб гашт.
Аз гӯштини ҷудо медали нуқраи чемпионати Осиё дар соли 2013, қаҳрамони Осиё дар соли 2015, Ҷоми Аврупо медали биринҷӣ, Ҷоми Аврупо, шаҳри Берлин медали нуқра, қаҳрамони Ҷоми Аврупо дар Руминия, қаҳрамони Осиё дар Тошканд, қаҳрамони Осиё дар Тайланд ва дорандаи медали биринҷӣ дар чемпионати ҷаҳон аст. Хуршед Маҷидов мегӯяд, ҳамеша фикр мекунам, ки ман намояндаи 8 миллион нафар ҳастам. Зеро дар симои ман дар мусобиқаҳои байналмилалӣ миллати тоҷикро мебинанд. Аз ин рӯ кӯшиш мекунам, ки сазовори боварии ҳаммиллатон бошам. Мақсади асосии ин ҷавони умедбахш муаррифии миллати тоҷик дар бозиҳои олимпист.
Соли гузашта барои Хуршед Маҷидов бобарор буд. Беҳтарин натиҷаҳои варзишияшро дар соли 2015 ба даст овард. Баъди таъсиси Ҷоизаи Президент барои варзишгарон тамринро дучанд намуд. “Таваҷҷуҳи бевоситаи Сарвари кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бар дӯши мо варзишгарон масъулияти бештарро зам намуд. Баъди чунин дастгириҳо ва таваҷҷуҳи бевоситаи сарвари кишвар муаррифии давлату миллатро дар арсаи ҷаҳон қарзи худ меҳисобам. Хушбахттарин варзишгар ҳастам, ки дар қатори аввалин гирандагони Ҷоизаи Президент барои варзишгарон ман ҳам шомил гаштам”,- афзуд варзишгар. Мо барои пирӯзиҳои ояндааш ба ин варзишгари тоҷик комёбиҳо таманно дорем.
Рушди варзиш дар ДТТ зиш дар ДТТ дар сатҳи баланд ба роҳ монда шудааст. Донишгоҳ дорои се толори калони барҳаво ва як толори хурд барои обутоби бадан мебошад, ки устодону донишҷӯён ҳамарӯза аз онҳо истифода мебаранд. Дар ДТТ кафедраи варзиш фаъолият мекунад, ки дар он
11 мураббӣ бо унвонҳои номзади устоди варзиш, Устоди варзиши Ҷумҳурии Тоҷикистон, устоди хизматнишондодаи Иттиҳоди Шӯравӣ ба донишҷӯён дарс мегузаранд”,- афзуд А. Ашуров. Тавре Саъдӣ Маҳдиев роҳбари клуби варзишии донишгоҳ зикр кард, ба
донишҷӯён аз 11 намуди варзиш валейбол, баскетбол, футбол, тениси рӯи миз, гӯштини самбо, гӯштини миллӣ, гӯштини тарзи озод, бокс, шоҳмот, варзишӣ сабук, гӯштини ҷудо ва бадминтон машқҳои варзишӣ гузаронида мешавад. Зикр гардид, ки донишгоҳ дар ин намудҳои варзиш дастаҳои худро дорад, ки дар тамоми мусобиқаҳои ҷумҳурӣ ва берун аз он фаъолона иштирок мекунанд. ДТТ тасмим гирифтааст, ки ҷиҳати равнақ додани соҳаи варзиш ду майдончаи хурди замонавӣ барои дастаи футболи донишгоҳ бисозад. Дар донишгоҳ варзиши камонварӣ ва шиноварӣ фаъолият намекунад. Ба гуфтаи Саъдӣ Маҳдӣ, роҳбари кулуби варзишии донишгоҳ дар солҳои наздик толорҳо сохта мешаванд ва фаъолияти ин намудҳои варзишро ҳам ба роҳ мемонанд.
ПОЧТАИ “ҶАВОНОН...“
«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН» №9 (9435), 3 марти соли 2016
Фаъолияти созмонҳои ифротӣ, махсусан, Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон ба авҷ гирифтани тахрибкориҳо ва қатлу куштори сокинони осоишта оварда расонд. Ин раванд ҳам дар давраи аввали истиқлолияти кишвар ва ҳам дар ҷомеаи имрӯза ба назар мерасид, ки хатари он на танҳо дар Тоҷикистон, балки дар минтақаи Осиёи Марказӣ низ эҳсос мегардид. Баъди аз ҷониби Додгоҳи Олии кишвар ҳамчун ташкилоти террористӣ ва экстремистӣ эълон шудан ва қатъ гардидани фаъолияти ҲНИТ ҷомеаи тоҷик худро аз ҳар хавфу хатар эмин меҳисобад.
25 сол баҳри ҳимояи Ватан 20-уми феврали соли 1936 дар деҳаи Дерӯшони ноҳияи Рӯшон тифле ба дунё меояд, ки пайвандон ба вай Давлатмамад ном мениҳанд. Ин тифлак ба воя расида, дар дил ҳаваси санъаткор шуданаш пайдо мегардад. Маълумоти ибтидоиро дар зодгоҳ гирифта, сипас, дар деҳаи Барӯшон бо ҳаваскорони худфаъол ҳамкорӣ мекунад.
озоди мамлакат буҳронҳои гуногуни сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоиро роҳандозӣ намуд ва муҳити солим ва созандаро халадор кард. Ҳатто аз эътиқоди сокинон истифода намуда, роҳбарияти ҲНИТ гурӯҳеро аз паси худ бурдан хост. Дар натиҷа, мардум дарк кард, ки роҳи интихобнамудаи наҳзатиҳо дуруст нест. Бо баста шудани ҲНИТ фаъолияти рӯзмарраи халқи тоҷик идома ёфта, ҳаёти сиёсиву иҷтимоӣ ба маҷрои осоишта баргашт. Мутаассифона, узви парлумони Аврупо - Урмас Пает дар мавриди ҲНИТ - таҳдид ба амнияти кишвар буданро беасос хонда, мегӯяд, ки таъмини амният бояд ҳамзамон бо равандҳои демократӣ сурат бигирад. «Ман шахсан пешрафти ҳизбҳои сиёсӣ ва созмонҳои ҷамъиятиро ҳамчун таҳдид ба амнияти давлатии Тоҷикистон арзёбӣ намекунам. Таъмини амнияти давлатро баробар бо равандҳои демократӣ пеш бурдан мумкин аст». Ин бори аввал нест, ки вобаста ба мамнуъият ва террористӣ хондани ҲНИТ аз хориҷ садо медиҳад. Қабл аз ин Амрико, СММ, САҲА ва созмонҳои байналмилалии ҳуқуқи башар, аз ҷумла Афви байнламилал, Хонаи озодӣ, Дидабони ҳуқуқи башар даъвоҳои беасос карда буданд. Ҳамин аст, ки раҳбарияти сатҳи болоӣ ва пайравони Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон бо истифода аз ташкилотҳои хориҷӣ ва худи созмонҳои байналмилалӣ низ бори маломатро бар сари давлату миллати тоҷик мезананд, то аз он суде бардоранд. Рустам РАҲИМОВ
Табиби модарам маро умри дубора бахшид Шаб маро дарди шадиди меъда фаро гирифт. Аз шидати дард тамоми баданам месӯхту арақ мекардам. Аз ҷой бархестаму ба сари чанбараки мошин нишаста, роҳи хонаи духтур Фариддун Сафаровро, ки дар собиқ совхози ба номи Саидҷон Назаров аст, пеш гирифтам. Табиби ҳозиқ маро бо хушӣ пешвоз гирифту таклифи нишаст намуд. Рад намуда гуфтам, аҳволам бад аст. -Ин тавр бошад, беморхона рафтан даркор аст,- гуфт Сафаров. Ба беморхонаи вилоятии ба номи Ҳақназарови шаҳри Кӯлоб омадем. Табобатро сар карданд. Аввал меъдаамро шустанд, сӯзандору ва қатрагӣ гузаронданд, ҳукна карданд, хулас табобатам карданд. Соли 2006 раҳматӣ модарамро ба беморхонаи шаҳр овардем, ултрасадо дид, ки дар талхааш санг ҳаст. Пеши духтур Сангимамадов роҳхат дод, аз чӣ бошад ба ҷароҳии модарам розӣ нашуд, “ба Душанбе равед” гуфт. Ҳамроҳи хоҳарам ва тоғои модарам ба Душанбе ба шуъбаи якуми БКШЁТТ овардем. Он замон Фаридун Сафаров дар он ҷо кор мекард. Раҳматии модарам ба шиддати дард тоб наоварда гуфт: «Бигир бачам чокам кун». Манзур, ҷарроҳӣ намо. Духтури нуктасанҷ
гуфт: кампирро ба ҷарроҳӣ омада созед, вай аз ҷиҳати психикӣ тайёр аст. Модарамро ҷарроҳӣ карданд, духтур дар наздикиҳои нисфи рӯз омад. Мо хиҷолат кашидем. Ӯ узр хосту гуфт, имрӯз касалии бисёр буд, аксарашон аз садамаҳои автомобил. Баъд фаҳмидем ки аз утоқи ҷарроҳӣ набаромада 6-7 нафарро нисфирӯзӣ ҷарроҳӣ намудааст. Баъди 2-3 рӯз модарамро ҷавоб доданд. Ҳар гоҳ ки Сафаров ба Кӯлоб меомад, модарамро хабар мегифт. Кампир ба ӯ дуои хайр мекард. Сафаров Фариддун Шарипович соли 1977 дар собиқ совхозӣ Саидҷон Назарови шаҳри Кулоб таваллуд шуда, соли 1984-1994 мактаби миёнаи зодгоҳашро хатм намудааст. Соли 1994-2000 дар ДДТТ ба номи А. Сино таҳсил кардааст. 2000-2001 дар кафедраи ҷарроҳии №1 Орди-
натураи Клиникиро гузашта аст. Соли 2012 дар мавзӯи «Ташхис ва табобати пешмарази сӯрохшавии меъда ва рӯдаи дувоздаҳангушта» бо мувафақият рисолаи номзадӣ ҳимоя намудааст. Аз соли 2006-2013 дар шуъбаи якуми ҷарроҳӣ БКШЁТТ духтури ҷарроҳӣ, аз ноябри соли 2013 табиби ҷарроҳии шуъбаи калонсолони шаҳри Кӯлоб, аз ноябри соли 2014 муовини сартабиб оид ба табобат кор карда истодааст. Дар конфронсу анҷуманҳо иштирок ва маъруза кардааст. 14 мақолаи илмӣ чоп карда, 1 пакет барои ихтироот, 3 пешниҳоди ратсианализаторӣ дорад. Соли 2015 ҳаммуаллифи китоби «Ургентные Осложнение Язвенной больезни» мебошад. Оиладор, соҳиби чор фарзанд аст. Темури ЛАТИФ
www.javonon.tj
Ин ҳаваскорӣ дастаи ҳунариеро, ки Давлатмамад ба он шомил буд, ба Сталинобод меорад. Вақте баъди ҳунарнамоӣ дар шаҳри Сталинобод (Душанбеи ҳозира) дастаи ҳаваскорони худфаъоли Бадахшон ҷойи аввалро ишғол мекунанд, роҳбарони вақт ба хулоса меоянд, ки дар кишвар ансамбли тарона ва рақси “Помир”-ро дар назди Вазорати фарҳанг ташкил кунанд. Дар ансамбли навтаъсис Давлатмамад Гулмаҳмадов ба ҳайси мутриб ё мусиқачӣ ба кор пардохт. Ансамбл ки фаъолияти хуб нишон дод, соли 1957 ба шаҳри Маскав даъват шуд. Сипас, ба шаҳрҳои гуногуни Прибалтика, Латвия, Литва, Эстония ва баъдан Архангелск, Мурманск, Украина, Белорусия, Туркаманистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Узбекистон сафари ҳунарӣ анҷом дод. Аз ҷумла дар фестивали умумиҷаҳонӣ дар шаҳри Маскав ҳунарнамоӣ намуда, сазовори ҷойи дуюм гашт. Баъди аз сари қудрат рафтани роҳбарони вақт ансамбли овозадори “Помир” низ пароканда шуд. Вале Давлатмамад Гулмаҳмадови ҳунарманд, ки дар ансамблаш машҳур гашта буд, баъди якчанд рӯз ба ВКД ба кор даъват шуд. Ҳарчанд меҳри санъат дар умқи ҷонаш ҷо гирифта буд, вале акнун самти фаъолияташ дигартар шуда буд. Аз соли 1963 корро оғоз намуд ва аввал ба ҳайси миллитсионери қаторӣ, баъдан ҳамчун дивизор ва командири отделения фаъолият намуд. Соли 1964 ба Университети давлатии Тоҷикистон ба номи В.И. Ленин дохил шуда, соли 1970 онро ба ҳайси ҳуқуқшинос хатм намуд. Баъди хатми донишгоҳ аввалан сардори ситод ва баъадан муовини сардори дивизор кор мекунад. Соли 1974 дар ноҳияи Фрунзе ба фаъолияти сиёсӣ сар карда буд, чун дар ин минтақа ҷиноятҳои зиёде рух медод. Бо фармони вазири вақти корҳои дохила - Нусратулло Абдулҳақов, кормандони бо лаёқатро ба ин ноҳия сафарбар намуданд, ки ин марди хирад низ дар байни онҳо буд. Тамоми мушкилоти хизматро паси сар намуда, ба Ватан хизмати арзанда намудааст. Корманди хубу фаъол буданаш боис шуд, ки тайи 25 сол дар шаҳри Душанбе дар ВКД кор кунад. Д. Гулаҳмадов ҳанӯз баъди ду соли хизмат ба унвони “Аълочии милитсия” мушарраф шуд, ки дар он давру замон на ба ҳар кас насиб мешуд. Ҳамчунин медали “Садсолагии В. И. Ленин”-ро низ сазовор гаштааст. Инчунин ба муносибати СЪЕЗД-и 22 КПСС дар тахтаи фахрӣ акси ӯро низ ҷо дода буданд ва чандин медалҳоро низ дар вақти кор кардан дар соҳаи милитсия ноил гашт. Дар 25 соли фаъолияташ боре ҳам танбеҳ нагирфтааст, баракс барои дигар коргаронаш намунаи ибрат будааст. Баъди ба нафақа баромадан медали “Ветерани меҳнат”-ро низ соҳиб шудааст. Имрӯз ин марди накӯкор даврони пирӣ меронад. Ҳамдеҳагон ва наздиконаш аз ӯ ифтихор мекунанд. Ифтихор, ки бо чунин марди бузург ҳамнишасту ҳамсухананду ҳаммаҳал. Зимнан, 20 феврал Давлатмамад Гуламҳмадов зодрӯз доштанд. Ба синни мубораки 80 даромаданд. Ба ин муносибат ӯро ҳамсари ҳалимаш Азалбегим Гулмаҳмадова таҳният гуфта, аз зиндагии муштаракшон изҳори қаноатмандӣ менамояд. Ин зани хушбат аз даргоҳи Яздони пок талаб дорад, ки ҳамсари азизаш 80 соли дигар саломату паҳлӯи наздиконаш бошад. Хонум Азалбегим, худро зани хушбахт медонад, ки тӯли солҳои дароз бо чунин марди хирад ва кордон соҳиби фарзандони баобрӯ гардида, умр ба сар мебарад. Ин марди хирадро дар кишвар ҳамагон мешиносанд ва эҳтиромашро ба ҷо меоранд. Чун 25 соли ҳаёташро барои ҳимояи Ватани азизаш бахшидааст. Ҳар яке аз наздикон ва дӯстон низ барои ӯ дар зиндагияш умри дарози файзбор таманно доранд. Назарбеки ФИРӮЗ “ҶТ”
Додгоҳи Олии Тоҷикистон ҳукм кард, ки ҲНИТ бо гурӯҳи террористии Абдуҳалим Назарзода дар ҳодисаҳои охир ҳамдастӣ доранд. Нисбат ба афроди сатҳи роҳбарият ва пайравони наҳзат бо иттиҳоми терроризм, ташкили иттиҳоди ҷиноятӣ, барангехтани кинаю адовати миллӣ, нажодӣ, маҳалгароӣ ва ё динӣ, даъвати оммавӣ барои бо роҳи зӯроварӣ тағйир додани сохти конститутсионӣ, исёни мусаллаҳона гунаҳкор ҳисобид. Бо назардошти аъмоли ғайриқонунӣ ва рафторҳои хатарноки ҲНИТ, Додгоҳи Олии Тоҷикистон Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистонро созмони террористӣ эълон кард ва фаъолияти онро дар қаламрави кишвар қатъ намуд. Кирдору амалҳои хиёнаткоронаи содиркардаи наҳзатиҳо давлату миллат ва ҷомеаро водор намуд, ки ҲНИТ бояд баста шавад. Аммо намояндаи Иттиҳодияи Аврупо - Урмас Пает дар мавриди мамнуъият ва террористӣ хондани Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон зиддият нишон дода, нодуруст арзёбӣ мекунад, ки Иттиҳодияи Аврупо террористӣ хондани наҳзатро қабул надорад. Ба ақидаи узви парлумони Аврупо «Иттиҳодияи Аврупо дар шинохт ва эътирофи гурӯҳи террористӣ қоидаву меъёрҳои худро дорад ва дар асоси ҳамин қоидаҳо амал мекунад. Бинобар ин, мо дар баробари ҲНИТ ин гуна қарор қабул накардаем». Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон бо амалӣ намудани манфиатҳои аҷнабиён ва тарҳу пешниҳоди хоҷагонаш таҳдиди ҷиддиеро ба вуҷуд овард. Он дар фазои
е-mail: javonontj@mail.ru
Адолатхоҳии ифротӣ
13
е-mail: javonontj@mail.ru
14
Нуруллоҳи ОРИФ
ЁДИ ОЧАМ
Насозам ёди очам, кӯр гардам, Зи аслам рафта-рафта дур гардам. Нагӯям гар ба сози «Алла»-аш шеър, Ризоям, зинда сар дар гӯр гардам. Маро очам ба роҳи рост бурдаст, Ғами фардои ман бисёр хурдаст. Аз ин дунё ба гӯри тираву тор Сафар карда, маро бо Ҳақ супурдаст. Гиристам зор баҳраш, пас нагашт ӯ, Зи ҳолам заррае пайхас нагашт ӯ. Баҳор омад, ба табрикам дигар ҳеч Ба тан пироҳани атлас нагашт ӯ.
ҶОИ МОДАР
Ало хешу табори меҳрпарвар, Бародарҳову ҷамъи аппа, хоҳар. Дар ин дунёи каҷрафтор ҳаргиз Нагирад ҳеч фарде ҷои модар. Ба ҷуз модар касе ғамхори кас нест, Ба ҷуз модар ба кас, кас додрас нест. Агар аз сар ба гӯри тираву тор Бубандад кӯч модар, бозпас нест. Рас, эй инсон, ба қадри модари хеш, Бихон пандам, ба гӯши додари хеш. Ба рӯи ҷумла ёру хешу дарвеш, Мабанд аз хотири модар, дари хеш.
ХОКИ ПО
Маро модар ба роҳи ростон бурд, Пайи эҷоди шеъру достон бурд. Ба дил нақшу ба лаб шеъру тарона, Маро аз остон то осмон бурд. Чу модар тифли шеърам алла гуфтам, Саропояш зи гарди роҳ руфтам. Бароҳат сар ба болишти пари қу Ҳама ором хуфта, ман нахуфтам.
МИСЛИ ЧОКАК Оҳ, модар, оҳ, модар, Чеҳраатро ёд дорам. Мисли чокак дар суроғат Рӯзу шаб фарёд дорам.
Аз қафои зиндагонӣ Пасту боло медавидӣ. То дами мурдан даме ҳам Ростӣ, роҳат надидӣ. Мефишондӣ мӯи шабро, Баҳри мо афсона гуфта. Субҳдам рӯи даратро Пеш аз ҳамсоя руфта. Буд бар дӯшат ҳамеша Кори саҳро, кори хона. Буд вақтат баҳри ҳар кор Бе яке узру баҳона. Оҳ, модар, оҳ, модар, Чеҳраатро ёд дорам. Мисли чокак дар суроғат Рӯзу шаб фарёд дорам.
ГУШНАИ ДИДОР
На як бору ду бор, аз мӯи сар беш Бибӯсам хоки пои модарамро. Қадам аз дар канад, он рӯз то шаб Нахоҳам баст аз пушташ дарамро.
Рафт модар, рафт роҳат, рафт хоб, Омад аз пуштам ба сар ранҷу азоб. Додам, оре, бе яке ҳарфи дурӯғ Хештанро бо кашокаш обутоб.
Ба саҳнаш кулбае, ки дорам аз гил, Набошад модарам, нуре надорад. Ба ёдаш вақти ҷои дур рафтан, Дили ошуфтаам шӯре надорад.
Гар намерафт аз канорам модарам, Аз нахи хуршед буд болу парам. Ёвару ғамхор баҳрам дар ҳаёт Нест модар, хешро дарди сарам.
Дарояд аз дарам модар, дил, ин дил Занад чак, бо дару девор хандад. Қатори ин дили масти ҳавасҳо, Санавбар дар лаби ҷӯбор хандад.
Бе ту хору зор фарзандони ту, Шишта пушти дар, ҳама пазмони ту. Гушнаанд, аз ростӣ, ки гушнаанд , Гушнаи дидори ҳамчун нони ту.
МОДАР
Чароғи нурпоши хона модар, Бигӯ нав-нав ба мо афсона модар. Шакар дорад гапат, ҳарфат, забонат, Ба даврат мо ҳама парвона модар. Нагардад чашми мо сер аз ҷамолат, Ба ту як гап, агар н-ояд малолат: Чаро дилхастаӣ, ҳангат намондаст, Дили мо баччаҳо сӯзад ба ҳолат. Ҳамеша ғамшарики ин Ватан ту, Гули нангем мо, моро чаман ту. Ба зери теф пинҳон карда моро Зи чашми гушнаи зоғу заған ту.
www.javonon.tj
КИТОБХОНАИ “ҶАВОНОН...“
«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН» №9 (9435), 3 марти соли 2016
Натарс аз маргу аз пирӣ, амон бош, Шаборӯз офтоби хонадон бош. Ба рағми маргу пирӣ беш дар беш, Чу сарву ёсу савсанҳо ҷавон бош.
ХИДМАТИ МОДАР
Чи хушбахтам, ки модар дорам имрӯз, Чароғи хонаву дар дорам имрӯз. Наметарсам зи ҳар болову пастӣ, Ба хар як кор бовар дорам имрӯз.
Хез модар, хез аз ҷо роҳ гир, Шавҳаратро ҳам шавад, ҳамроҳ гир. Бе ту дар чоҳи ғаму дардам қарор, Илтиҷо, дасти маро аз чоҳ гир.
ГАДОИ КӮЧА Оча дорӣ, мағзи поча дорӣ. (Аз халқ) Кард тарки даҳри фонӣ очаам, Об шуд бе оча мағзи почаам. Аз ҳамон рӯзе, ки бар сайри адам Рафт очам, ман гадои кӯчаам. Оча гуфта, мезанам сарро ба санг, Мекунам бо хеш чун девона ҷанг. Ҳар занеро дида, сӯяш беасос, Аз давидан ланг гаштам, ланг, ланг. Рафт очам, рафт шодӣ аз дилам, Монд бе нури ҷамолаш манзилам. Нест дар чашмони ман як зарра хоб, Моҳии афтода дур аз соҳилам. Ман гадои кӯча, очам бехабар, Очаи бетоқатам аз дарди сар. Дар фироқаш ҳар шабу ҳар рӯз сахт Гиря кун ҳамроҳи ман, шамсу қамар.
МОДАР Модар, тавони ман ту, Бар тан равони ман ту. Хуршеду моҳу ахтар Дар осмони ман ту. Додӣ ҳамеша пандам, Бо шири хеш қандам. Мехостӣ зи Яздон, Ранги ба ранг хандам. Мақбул созишат гашт, Гулбез хоҳишат гашт. Чун кӯҳи Қоф пурганҷ Дил аз навозишат гашт. Рӯи банурам аз туст, Танбури ҷӯрам аз туст. Аз хок то ба афлок Парвози дурам аз туст.
ШОД БОШ Модари афсонагӯям, шод бош, Дар талоши обрӯям, шод бош. Ҳар шабу ҳар рӯз ҳамчун офтоб Зикка механдӣ ба сӯям, шод бош. Бо суруди «Алла»-ат андар ҷаҳон Ман калон гаштам, калон гаштам, калон. Бо дуоят боварам ҳаст аз Худо, Мисли Рустам мешавам ман паҳлавон. Хушгапу хушлаҳҷа, ҷони ман туӣ, Мисли маҳ дар осмони ман туӣ. Зодаӣ бо сад умеду орзу Шоирам, шеъри равони ман туӣ.
ГУЛДУХТАРОНИ ТОҶИК Дар тан либоси миллӣ, Гулдухтарони таҷик. Тоза нигоҳ доред, Як-як забони тоҷик. Кас бе либоси миллӣ Бегона менамояд. Бегона мезанад ҳарф, Бегона месарояд. Дар тан либоси миллӣ, Гулдухтарони таҷик. Тоза нигоҳ доред, Як-як забони тоҷик. Созад либоси миллӣ Касро зи худ хабардор. Тоҷикдухтаракҳо, Бошед некрафтор. Дар тан либоси миллӣ, Гулдухтарони таҷик. Тоза нигоҳ доред, Як-як забони тоҷик. Бошед некрафтор, Бошед поктинат. Хоҳам, ки пос доред, Пайваста қадри миллат. Дар тан либоси миллӣ, Гулдухтарони таҷик. Тоза нигоҳ доред, Як-як забони тоҷик.
Сайдулло АМИН
Унвони нав Ба Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон Ба даврони гардун даме з-осмон, Яке бахт баргашт аз тоҷикон. Ба айби суханчину бадхоҳи кас, Пароканда аҷдод шуд мисли хас. Ту чун кӯҳ истода бар пеши роҳ, Ба хотире, ки кас наафтад ба чоҳ. Ҷаҳонбони пирам ҷавонӣ кунад, Туро бар сарам зинда, бонӣ кунад. Чу парандаву ҷонвар аз дергоҳ, Шабон низ бинанд чун рӯз роҳ. Шабу рӯз яксон пайи тоҷикон, Ба паймудани роҳ кушодӣ замон. Чу сартурнае, ки барад аз пасаш Қатора ба сӯи дили хушрасаш, Бибурдӣ ба сӯи дари оштӣ, Зи афтодагишон бубардоштӣ. Аз ин тоҷикон «Пешво» гуфтаанд, Саре бар сарони расо гуфтаанд. Муборак туро бод, унвони нав, Зи тандури нав канда чун нони нав, Чу Наврӯз монӣ қадам бар диёр, Ки сабзат Ватан дар симои баҳор!
Ҳасани МУҲАММАДӢ
МАН ДАР ИН ДУНЁ САВҒОИ МОДАР БУДААМ… Ман аз ҳиммату муҳаббати модар дар аҷабам: аз зарра Офтоб, аз қатра Моҳтоб мекунад пайдо.
***
Ман дар ин дунёи пурғавғо савғои модар будаам, нек бинам, соғари лабрезу ларзон дар кафи дастони дилбар будаам.
***
Ман суханро аз паси кӯҳҳои Қоф овардаам, ҳамчу шири модарам софу сафед овардаам. Ҷон ба гарав монда ҳаме, парваридам дар бисот, чун далеле аз барои адлу инсоф овардаам.
***
Ману ростӣ зода шудем ба мисоли дугоникҳо, модари мо вафо бошад, падари мо сафо бошад.
***
Ман фақат як фариштаро мешиносам – модарамро. Баракати зиндагӣ дар паноҳи лутфу эҳсони ӯст.
***
Ман ҳамон бодам, ки бо тор-тори зулфаконат мебозам. Ман ҳамон обам, ки дар саросари вуҷудат метозам. Ман ҳамон оташам, ки ҳар лаҳза бо даму анфосат менозам. Ман ҳамон хокам, ки аз омезиш ба атри доманат худро аз худ тоза месозам. Пас, ту сабабгори вуҷуди манӣ, эй модар!
***
Ман Ҳасану ҳамзоди ман Зуҳро бувад, аз тақсими шири модар инсоф ба мо мерос бимонд.
САЙҚАЛИ ХОТИРА
«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН» №9 (9435), 3 марти соли 2016
Олињаи ѓалабаи Юнони Ќадим
... Нињолова, овозхон ва раќќоса
Захм, яра
Моли ауксион
Шиму …, либос Чароѓи барќиро ихтироъ кард
Бадї
…'О – футболбози камерунї
Шикоят, баёнот
Аз зону поёни пой
Шоњи асотирии Эрон
Ба ихтиёри касе додан
Шоњи футбол аз Бразилия
Њуљљатї
Равшанзамир
е-mail: javonontj@mail.ru
Растании доругї
15
Парастор Аввали номњои Рўдакї ва Сино
Намуди варзиши хитої
Суннати пайѓамбарї
Андом Тўњфаи идона
Њаќи худро медонад
Шохоби калони дарёи Волга
Душман
Коркуни дорухона
Микки ..., актёри амрикої
Илми ситорашиносї, астрономия
Равшан, маълум
Санги ќиматбањо
Шуур, хирад
Љумњурии мухтори Сахаи Русия
Озурда, ранљидахотир … он ранљ, ки модар кашид
Омехтаи чизе бо об
Ордоб
Рассоме, ки њайвонњоро мекашад
…-повар, сарошпаз
Ресмони сиёњу сафед
Навиштаљот дар мошини бензинкаш
... «Новости», расонаи хабарї
… Азизова, сароянда
Дўстї, рафоќат
«Бахшоянда», номи Худо
Пода ... ва Шодї
Захмї, маљрўњ
Шањр дар Австрия
Пораи танаи дарахт Навъи растанї, крапива
Кушода (лањљавї)
Майдони ѓаллаи нон Ќатори нотањои мусиќї
Собиќ роњбари Чин … Тзедун
Олуда, чиркин
Таом аз гўшти ќимаву хамир
Васеъ, фарох Пойафзоли резинї
Доруи зидди дард
Нимсола Вопасин,
хотимавї
Офтоб, хуршед (шоирона) Воситањои кории усто ё дењќон
Шарму њаё
Њиссачаи ишоратии лањљавї
Ровигї, гўяндагї
Савдогар Ширкати алоќаи мобилї
… Иброњимов, овозхон
Иваз, бадал Шарм Виктор ..., адиби Фаронса Номи ќадимаи д. Волга
Муфтхўрї
www.javonon.tj
… Муњиддинов, овозхони марњуми «Гулшан»
Рўй, чењра
Пойтахти Норвегия
Кўзаи калони гилї
е-mail: javonontj@mail.ru
16
ФАРОҒАТИ ҶАВОНОН
«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН» №9 (9435), 3 марти соли 2016
Бо “Ҷавонони Тоҷикистон” ҳамеша ҷавон мемонед!
- Чатрро чӣ кор мекунӣ? - Яке борон меборад. - Бори аввал инсонеро мебинам, ки дар дохили бино аз борон метарсад. - Ман наметарсам. Чатр дорам-ку?
Обуна ба рӯзномаи “Ҷавонони Тоҷикистон” барои соли 2016 идома дорад. Нархи обуна аз тариқи идораи рӯзнома: - барои як сол - 65 сомонӣ - барои шаш моҳ - 34 сомонӣ - барои се моҳ - 18 сомонӣ муқаррар шудааст. Ин арзиш бо назардошти бурда расондан ба нақша гирифта шудааст. Шумо обуна шавед, мо сари вақт рӯзномаро мерасонем. Инчунин, Шумо ба воситаи шуъбаҳои алоқаи шаҳру ноҳияҳо метавонед ба ягона рӯзномаи ҷавонон обуна шавед. Нархи яксолаи обуна ба воситаи почта 87,48 сомонӣ. Суратҳисоби бонкии рӯзнома: р/с №20202972500232101000, кор/с 20402972316254, ИНН 030000301, МФО 350101626 Бонки давлатии амонатгузории Тоҷикистон “Амонатбонк”. Индекси обуна 68857. АНДАРЗ Зане ба утоқи фарзандонаш даромада мебинад, ки ҳамаи онҳо ба дарстайёркунӣ машғуланд. Танҳо кӯдаки аз ҳама хурдӣ, ки алҳол ба мактаб намерафт, машғули бозӣ буд. Модар ба ӯ якчанд варақи сафед доду гуфт: - Писарам, ту расм каш ва ба бародаронат халал нарасон. Инро гуфта модар дастархон гирифта, ба назди хусураш, ки дар кунҷи боғи ҳавлӣ ҳуҷрае дошт рафт, то ба ӯ хӯрок омода созад. Баъди чанд лаҳза баргашта, чашмаш ба сурате афтид, ки кӯдаки хурдсол кашида буд. Писарак айнан сурати хонаашонро кашида буд. Модар аз тифлак пурсид: - Ҷони модар, ту чӣ кашидӣ? Ӯ бо забони кӯдакона ба модар тасвири худро чунин шарҳ дод: - Дар расм хонаи ояндаи худро кашидаам. Дар ин хона ҳамроҳи ҳамсарам зиндагӣ мекунам. Дар он ҳуҷраҳо фар-
зандонам умр ба сар хоҳанд бурд. Дар кунҷи варақ хоначаи хурде тасвир ёфта буд. Модар пурсид: - Ин хонача аз они кист? Кӯдак ҷавоб дод: - Ин хонаи шумо хоҳад шуд. Ҳамон гунае, ки имрӯз бобоям аз мо дур, дар кунҷи боғ умр ба сар мебаранд. Шумо низ вақти пирӣ соҳиби чунин ҳуҷра мешавед ва аз мо дуртар зиндагӣ хоҳед кард. Модар баъди шунидани суханони фарзанди хурдсолаш хеле мутаассир гашт ва зуд ба сӯи падаршӯяш давид. Ӯро ба беҳтарин ҳуҷраи хонаашон ҷой кард. Бегоҳӣ чун шавҳараш аз кор омад, падарашро дар меҳмонхона дид, ки болои чанд қабат кӯрпача нишаста, ба тамошои
Мавзуна оилаи хело калон дошт. Падару модар, ду бародар, ду хоҳар ва як бибӣ. Вай нӯҳсола буда, дар оила аз ҳама хурд буд. Аз ҳама бузург дар оилаи онҳо бибиаш аст, ки 82-сола мебошад. Ҳангоми ношто кардан дасти бибии солхӯрдааш меларзидааст ва вақти хӯрдан дар дастархон чизи хӯрдаашро мечакондааст. Аҳлу оила ба ин одат карда буданд ва касе ба он диққат намедод. Агар касе ба вай ногаҳон нигоҳ мекард, аз ғояти хашм дасти кампир боз сахттар меларзид. Ба наздикӣ мавлуди Мавзуна буд. Модараш ба ӯ мегӯяд, ки дугонаҳои худро рӯзи мавлудаш даъват намояд. - Мо ҳамроҳи бибиат пухтупаз карда, чизҳои болаззат тайёр мекунем. Баъд аз чанд рӯз дугонаҳои Мавзуна дар даст туҳфа ба мавлуди вай меоянд. То омадани онҳо кайҳо модар ва бибии Рӯзнома таҳти рақами 0120/рз аз 22 сентябри соли 2014 дар Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон сабти ном шудааст. Нишонӣ: 734018, шаҳри Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ, 16, ошёнаҳои 1 ва 4
САРМУҲАРРИР
Бахтовар КАРИМОВ
***
Толори суд. Судя: - Яъне, шумо дидед, ки чӣ гуна ҷинояткор хушдоманатонро буғӣ кард? Судшаванда: - Бале, дидам, ҷаноби судя. - Пас, чаро ба ёрӣ нашитофтӣ? - Мехостам, аммо чун дидам, ки ба ёрии ман эҳтиёҷ надорад, дахолат накардам.
***
Мард ба хона омада, ба ҳамсараш мегӯяд: - Ман дар ҷойи кор як мушкили ҷиддӣ дорам. Ҳамсараш меҳрубонона: - Зиқ нашав, ҷонакам. Ҳеҷ гоҳ нагӯ, ки “Ман мушкил дорам”, гӯ, ки “Мо мушкил дорем”. Ман ҳамеша ҳамроҳи ту ҳастам... Мард: - Майлаш, котибаи мо ба наздикӣ аз мо кӯдакдор мешавад.
Дарси ибрат
Инсони ҳақиқӣ
www.javonon.tj
Лутфи ҷавонӣ
ОБУНА - 2016
телевизор машғул аст. Мард аз ин ҳолат ба ҳайрат омад ва аз ҳамсараш, ки тоби дидани падари шавҳарро надошт, пурсид: - Чи ҳодиса рух додааст, ки имрӯз ҳолати аҷиберо мушоҳида мекунам? Он гоҳ зан айни воқеаро ба шавҳараш нақл кард. Шавҳар гирён шуд ва гуфт: - Шукри Худо, ки сари вақт аз ғафлати худ огоҳ шудем. Хамин гуна ин ду нафар аз падар узр пурсида, барои хатояшон тавба карданд. Вале, на ҳама аз ин гуна ҳодисаҳо дарси ибрат мегиранд. Ҳайфо, ки ба қадри падару модар дар зиндагӣ намерасем. Баъди марги эшон гиря ва афсӯсу надомат дигар фоида надорад… Таҳияи Б. САФАРЗОДА, “ҶТ”
ЭЪЛОН
ЭЪТИБОР НАДОРАД
Шиносномаи техникии ҳавлидории №45570, бо суроғаи ноҳияи Рӯдакӣ, кӯчаи Партизани Сурх-161, ки дар КДФ “Бақайдгирии молу мулки ғайриманқул” дар ноҳияи Рӯдакӣ аз 4.08.1987 ба номи Акрамов Нарзулло ба қайд гирифта шудааст, бо сабаби гум шуданаш эътибор надорад.
Мавзуна дастархони идона тайёр намудаанд. Дар ин вақт Мавзуна худ ба худ андешида мегӯяд: - Хубаш бибиамро ба сари дастархон нашинонем, чунки дасти ӯ меларзад ва дар болои дастархон чизи хӯрдаашро мечаконад. Ин ҳолатро дугонаҳои ман дида, ба ҳолам механданд ва дар мактаб маро масхара мекунанд. Мавзуна ба назди модараш омада, оромона мегӯяд: - Модар, биёед имрӯз бибиам ҳамроҳи мо дар дастархон нашинад... - Барои чӣ?- ҳайрон шуда мепурсад Модар. - Охир... дар дастархон... Аз чунин ранг гирифтани кор, модар ғамгин шуда, рангу рӯяш сафед мешавад. Бо қаҳр чизе нагуфта, дастархони идонаро ҷамъ мекунад ва баъд аз чанд лаҳзаи хомӯшӣ мегӯяд: - Модари ман (хушдоман) имрӯз бемор аст, барои ҳамин ҳеҷ гуна мавлуд ҷашн гирифта намешавад. Мавзуна, рӯзи мавлудат муборак бошад. Орзу мекунам, ки дар зиндагӣ инсони ҳақиқӣ шавӣ...
Номаи камоли гумшуда, ки соли 2004 МТМУ №131-и ба номи Нуриддин Асоеви шаҳри Ваҳдат бо силсилаи ШМҲ №0043765 ба Одинаева Қумриниссо Гурезовна додааст, эътибор надорад.
ҚАТЪИ ФАЪОЛИЯТ
Соҳибкори инфиродӣ Ғафуров Нуралӣ Абдураззоқович (РЯМ 055403133), ки дар Нозироти андози шаҳри Ваҳдат бо шаҳодатномаи №0530055525 ба қайд гирифта шудааст, фаъолияташро қатъ мекунад.
Таҳияи Ҳасан АЗИЗОВ, “ҶТ”
ҲАЙАТИ МУШОВАРА:
Абдуҷаббор РАҲМОНЗОДА (Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа), Нуриддин САИД (вазири маориф ва илми Тоҷикистон), Аҳтам АБДУЛЛОЗОДА (раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон).
ҲАЙАТИ ЭҶОДӢ:
***
Марде мушоҳида мекунад, писараке, ки дар боғ рӯ ба рӯяш нишастааст, пайи ҳам қанд мехӯрад. Мард тоқат накарда мегӯяд: - Э, бача. Ба ту нагуфтаанд, ки хӯрдани қанди зиёд зарар дорад? Писарак: - Бобои ман 105 сол умр дид. Мард: - Ӯ ҳам қанди бисёр мехӯрд? Писарак: - Не, биниашро ба ҳар кор намехалонд.
Умаралии САФАРАЛӢ (ҷонишини сармуҳаррир), Маҳмудҷон УСМОНОВ (котиби масъул), Сайфиддин СУННАТӢ (муҳаррири шӯъбаи варзиш ва сайёҳӣ), Манзумаи ФИРӮЗ (муҳаррири шӯъбаи иқтисод ва иҷтимоъ), Ҳасан АЗИЗОВ (муҳаррири шӯъбаи ҳаёти ҷавонон), Нуруллоҳ ОРИФ, Шаҳло ЭШОНОВА, Наврӯз ҚУРБОНОВ, Шодихони НАЗАР, Беҳрӯз ХОЛМУРОДОВ, Гулбаҳор РАҲМОНОВА, Хуршед МАВЛОНОВ (хабарнигорон), Толибшоҳ ДАВЛАТ (хабарнигор, НТМ), Фарзона ИСМОИЛОВА (хабарнигор, Хатлон), Машҳур ИМОМНАЗАРОВ (хабарнигор, ВМКБ), Шеравган ХУРСАНҚУЛОВ (саҳифабанд).
•
Ба хотири чандандешӣ матолибе низ ба табъ мерасанд, ки хилофи назари ҳайати эҷодист. Дурустии арқому далелҳо бар дӯши муаллифон аст.
•
Ҳангоми таҳияи хабарҳо аз матолиби интернет низ истифода шудааст.
•
Индекси обуна: 68857
•
Тел: 901 06-41-10, 238-54-14, 238-51-09, 238-53-03
•
Ҳафтанома дар КТН «Шарқи озод» (хиёбони Саъдии Шерозӣ-16) бо теъдоди 7203 нусха ба нашр расид.
•
Ҳисоби бонкӣ: р/с №20202972500232101000, кор/с 20402972316264, ИНН030000301, МФО350101626. Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк»