ЧТ , “ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН”, №10 (9540), 08.03.2018
javonon.tj
1
НАШРИЯИ КУМИТАИ КОР БО ҶАВОНОН ВА ВАРЗИШИ НАЗДИ ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
АВОНОНИ ОҶИКИСТОН №10 (9510), 08/03/2018
e-mail: javonontj@mail.ru
«Халқи тоҷик бузург аст, зеро Рӯдакӣ ва Эмомалӣ Раҳмон дорад» Солҳои 40–уми асри ХХ ба майдони ҳунари тоҷик санъаткоре омад бо овози ҷаззоб, ки дар дилу дидаи мардум ҷо гирифту то имрӯз аз ӯ ҳама ба некӣ ёд мекунанд. Ин нобиғаи ҳунар Шоиста Муллоҷонова мебошад, ки табиат ба ӯ овози дилнавозу латиф бахшида буд. Шоиста Муллоҷонова натанҳо дар дохили Тоҷикистон, балки дар дили собиқ мардуми Иттиҳоди Шӯравӣ шуҳрату маҳбубият дошт. Вай соли 1925 дар шаҳри Душанбе чашм ба олами ҳастӣ кушодааст. Соли 1940 дар шаҳри Душанбе олимпиадаи ҷумҳуриявӣ гузашт. Дар ин олимпиада истеъдоди Шоиста Муллоҷонова диққати бисёр ходимони санъатро ба худ ҷалб намуд, ки ин барои фаъолияти минбаъдааш дар ҷодаи санъат барояш роҳ кушод. Овози беғашу форам ва санъати худододаш буд, ки фаъолияти сарояндагияшро дар синни 16-солагӣ, соли 1941, дар лаҳзаҳои вазнини Ҷанги дуюми ҷаҳон, дар ансамбли бонувони рубобнавози Филармонияи давлатии Тоҷикистон (ҳоло ба номи Акашариф Ҷураев) оғоз бахшад.
2 СОЛНОМАИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ – 2017
“ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН”, №10 (9540), 08.03.2018
(Идома аз шумораҳои гузашта) Аз 30 август то 5 сентябри соли 2017 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати анҷоми сафари давлатӣ ва иштирок дар Ҳамоиши нуҳуми сарони давлатҳои узви БРИКС дар шаҳрҳои Пекин, Сямен ва ноҳияи мухтори Синзян Уйғури Ҷумҳурии Мардумии Чин қарор доштанд. Музокироти сатҳи олии Тоҷикистону Чин бо иштироки сарони давлатҳо Эмомалӣ Раҳмон ва Си Ҷинпин, инчунин, ҳайатҳои расмии ҳар ду ҷониб 31 август сурат гирифта, баъди баррасии маҷмӯи васеи масоили ҳамкорӣ дар ҳузур ва бо иштироки сарони давлатҳо 13 санади нави ҳамкорӣ ба имзо расид. Ҷумҳурии Мардумии Чин шарики стратегии Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, таҳким ва густариши робитаҳои дӯстонаи Тоҷикистон бо давлати Чин яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати хориҷии Тоҷикистон мебошад. Заминаи меъёрӣ - ҳуқуқии ду давлатро беш аз 200 санади дуҷониба ташкил медиҳад. Дар доираи сафари давлатӣ дар Ҷумҳурии Мардумии Чин Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бо як қатор намояндагони воломақоми Чин мулоқоти судманд анҷом доданд, ки аз рӯи натиҷаи онҳо низ санадҳои нави ҳамкорӣ имзо шуданд. Дар доираи сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Ҷумҳурии Мардумии Чин дар маҷмӯъ 24 санади ҳамкорӣ ба имзо расид. 1 сентябри соли 2017 зимни вохӯрии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ҳайати омӯзгорон ва донишҷӯёни донишгоҳи Синхуа, ҳамчунин, ҳайати донишҷӯёни тоҷик, ки дар муассисаҳои олии таълимии Чин таҳсил доранд, Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ миёни Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ва донишгоҳи Синхуа ба имзо расида, дар ҳамин ҷо Сарвари давлат барои саҳми арзанда дар рушду густариши муносибатҳои дӯстию ҳамкории Тоҷикистону Чин ва таҳкими ҳамкории илмӣ бо унвони “Профессори фахрии соҳаи иқтисод” сарфароз карда шуданд. Рӯзи 3 сентябр дар шаҳри Пекин Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон дар ҳамоиши иқтисодӣ - сармоягузории Тоҷикистон ва Чин ва 5 сентябр дар шаҳри Сямен дар муколамаи кишварҳои рушдёбанда ва давлатҳои аъзои БРИКС иштирок ва суханронӣ намуданд. Дар ҳошияи ҳамоиши сатҳи баланд Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбарони давлатҳои иштирокчӣ, аз ҷумла бо Сарвазири Шоҳигарии Таиланд Прают Чан-Оча, Президенти Ҷумҳурии Африқои Ҷанубӣ Ҷейкоб Зума, Президенти Федератсияи Русия Владимир Путин, Президенти Ҷумҳурии Мисри Араб Абдулфаттоҳ ас-Сисӣ, Президенти Бразилия Мишел Темер, Сарвазири Ҷумҳурии Ҳиндустон Нарендра Моди, Президенти Штатҳои Муттаҳидаи Мексика Энрике Пеня Нето ва Президенти Гвинея Алфа Конде доир ба рушди минбаъдаи ҳамкории дуҷониба мулоқотҳои самимию дӯстона анҷом доданд. Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни ин мулоқотҳои судманд бо сарони давлатҳо тавсеаи ҳамкорӣ дар соҳаҳои сиёсӣ, бахшҳои гуногуни иқтисодӣ, тиҷоратӣ, фарҳангию гуманитарӣ, илму маориф, саноат, кишоварзӣ, сайёҳӣ, инчунин, дигар масъалаҳои мавриди таваҷҷуҳро баррасӣ карданд.
Эмомалӣ Раҳмон ва “Соли ҷавонон” 17 сентябри соли 2017 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳошияи иштирок дар маросими ифтитоҳи 5-умин бозиҳои осиёӣ бо Президенти Туркманистон Гурбонгулӣ Бердимуҳаммадов, Президенти Ҷумҳурии Исломии Покистон Мамнун Ҳусейн, Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Нурсултон Назарбоев ва Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев мулоқот карданд. Рӯзҳои 18 - 21 сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ дар шаҳри Ню-Йорки Иёлоти Муттаҳидаи Амрико қарор доштанд ва дар чорабиниҳои сатҳи баланд зери унвони “Дар роҳи татбиқи Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028” дар мубоҳисаҳои умумии Иҷлосияи 72-юми Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид ва Ҷаласаи чоруми Панели сатҳи баланд оид ба масъалаҳои об иштирок ва суханронӣ карданд. Дар ҳошияи иштирок дар ин чорабиниҳо, ки аксари онҳо бо ташаббуси ҷониби Тоҷикистон роҳандозӣ шуданд, Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бо Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид Антониу Гутерреш, мудири Барномаи рушди Созмони Милали Муттаҳид Ахим Штайнер, Сарвазири Канада Ҷастин Трюдо, доираи соҳибкории Иёлоти Муттаҳидаи Амрико, ноиби Президент – мудири иҷроияи ширкати “Ҷенерал электрик”-и Амрико дар Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил Роналд Поллетт мулоқот карданд. 10 октябри соли 2017 зимни сафари корӣ дар шаҳри Сочии Федератсияи Русия Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон дар ҳошияи иштирок дар ҷаласаи Шӯрои сарони давлатҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил бо Президенти Федератсияи Русия Владимир Путин мулоқоти судманд анҷом доданд. Дар ҷаласаи Шӯрои сарони давлатҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил масъалаҳои вобаста ба самтҳои асосии рушди ҳамкории минбаъда дар риштаи сиёсӣ, иқтисодӣ, фарҳангиву гуманитарӣ ва дигар бахшҳои калидии фаъолияти иттиҳод мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. 30 ноябри соли 2017 зимни сафари корӣ дар шаҳри Мински Ҷумҳурии Беларус Президенти мам-
лакат Эмомалӣ Раҳмон дар ҳошияи ҷаласаи навбатии Шӯрои амнияти дастаҷамъии Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ бо Президенти Ҷумҳурии Беларус Александр Лукашенко масъалаҳои ҳамкории дуҷонибаро баррасӣ карда, аз рӯи натиҷаҳои мулоқот 4 санади нави ҳамкориро ба имзо расонданд. Дар ин ҷаласа сарони давлатҳо самтҳои асосии фаъолияти созмон ва ҳамкорӣ дар соҳаҳои гуногуни таъмини амнияти мамлакатҳои аъзои созмонро муҳокима карданд. Дар охири кори ҷаласаи навбатӣ Баёнияи муштараки Сарони давлатҳои аъзои Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ доир ба 25 - солагии Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ ва 15 - солагии таъсиси Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ қабул гардид. Аз 9 то 11 декабр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати анҷоми сафари расмӣ ба Шоҳигарии Ҳошимии Урдун дар шаҳри Аммон қарор доштанд. Зимни сафари нахустини расмӣ Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон бо Подшоҳи Шоҳигарии Ҳошимии Урдун Абдуллоҳи II ибни Ҳусейн вохӯрда, аз рӯи натиҷаи мулоқоту музокироти сатҳи олӣ бо иштироки ҳайатҳои расмии ҳар ду ҷониб Эъломияи муштарак оид ба таҳкими ҳамкорӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Шоҳигарии Ҳошимии Урдун қабул гардида, 3 санади нави ҳамкорӣ ба имзо расид. Баъди анҷоми вохӯрӣ бо Сарвазири Шоҳигарии Ҳошимии Урдун Ҳонӣ Фавзӣ ал - Мулкӣ ва раиси Сенати Парлумони Шоҳигарии Ҳошимии Урдун Файсал Окиф ал-Фоиз боз 8 санади дигар ба имзо расид. Сафари нахустини расмии Президенти мамлакат ба Шоҳигарии Ҳошимии Урдун аз он ҷиҳат бобарор ва судманд буд, ки дар баробари оғози ҳамкорӣ ва муносибатҳои дӯстона, ба имзо расидани 12 санади меъёрии ҳуқуқии танзимкунандаи ҳамкории дуҷониба, инчунин, Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон Шаҳрванди фахрии шаҳри Аммони Шоҳигарии Ҳошимии Урдун шуданд. Пешвои миллат бо ин унвони олӣ барои саҳми арзанда ва талошҳои созандаашон дар роҳи барқарор кардани муносибатҳои дипломатӣ байни ду давлат, таҳкими дӯстию бародарии мардумони Тоҷикистону Урдун ва
дигар ташаббусҳои ҷаҳонии Сарвари давлати Тоҷикистон оид ба ҳалли масъалаҳои глобалии сайёра сарфароз гардонда шуданд. Ёдовар мешавем, ки то имрӯз барои саҳми арзанда дар густариши муносибатҳои дӯстӣ бо мардумони кишварҳои сайёра Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон сазовори унвони Шаҳрванди фахрии якчанд мамлакати ҷаҳон гардидаанд. 26 декабри соли 2017 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқоти ғайрирасмии сарони давлатҳои иштирокчии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар шаҳри Москваи Федератсияи Русия иштирок ва суханронӣ карданд. Мубодилаи афкори озоди сарони давлатҳо доираи васеи масъалаҳои дорои хусусияти ҷаҳонӣ ва минтақавӣ, ҳамчунин, густариши минбаъдаи ҳамкории бисёрҷонибаро дар чаҳорчӯби Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил фаро гирифт. Соли 2017 сарони як қатор кишварҳои хориҷӣ бо мақсади анҷоми сафарҳои расмӣ ва корӣ ба Тоҷикистон ташриф оварда, бо Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мулоқот карданд. Аз ҷумла, 27 феврали соли 2017 Президенти Федератсияи Русия Владимир Путин бо сафари расмӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ташриф овард. Ин сафар дар рӯзҳои 25 - солагии барқароршавии муносибатҳои дипломатии ду давлат ҷараён гирифт. Масоили марбут ба муносибатҳои байнидавлатӣ дар соҳаҳои гуногун ва муштаракоти стратегии Тоҷикистону Русия ба таври мушаххас дар музокироти сатҳи баланд бо иштироки ҳайатҳои расмии ду давлат баррасӣ гардиданд. Сарони давлатҳо барои идома додани муколамаҳои сатҳи баланди сиёсӣ ва рушду тавсеаи бештари муносибатҳои байнидавлатӣ омодагию ҳавасмандии зиёд зоҳир намуданд. Аз ҳамгироии минтақавӣ ва байналмилалии Тоҷикистону Русия дар доираи Созмони Милали Муттаҳид, Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ ва Созмони Ҳамкории Шанхай изҳори қаноатмандӣ карда шуд. Аз рӯйи натиҷаҳои мулоқоту музокироти сатҳи олӣ 6 санади нави ҳамкорӣ ба имзо расид, ки онҳо дар оянда ба таҳкими ҳамшарикии стра-
тегии Тоҷикистону Русия дар тамоми соҳаҳои афзалиятнок мусоидати фаъол менамоянд. Дар доираи сафари расмӣ дар Тоҷикистон Президенти Федератсияи Русия Владимир Путин Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро барои саҳми бузург ва талошҳои созандаю иқдомҳои пайваста дар роҳи рушду тавсеаи бесобиқаи муносибатҳои гуногунҷанбаи байнидавлатӣ ва дӯстии халқҳои Тоҷикистону Русия бо мукофоти олии Федератсияи Русия – ордени Александр Невский сарфароз намуд. Ёдовар мешавем, ки Тоҷикистон ва Русияро таърихан муносибатҳои чандинасраи дӯстона ба ҳам мепайванданд. Дар сиёсати хориҷии Тоҷикистон Федератсияи Русия миёни ҳамёрони асосии ҷумҳурӣ дар миқёси Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил мавқеи хоса дошта, чун шарики асосии стратегӣ эътироф шудааст. Федератсияи Русия яке аз аввалин давлатҳоест, ки истиқлолият ва соҳибихтиёрии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба расмият шинохтааст. Муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Русия бо назардошти воқеияти муосир устуворона ва давра ба давра таҳкиму тавсеа меёбанд. Аз соли 1992 то имрӯз миёни Тоҷикистону Русия зиёда аз 250 созишномаи байнидавлатӣ, байниҳукуматӣ ва байниидоравии танзимкунандаи аксарияти соҳаҳои ҳамкорӣ ба имзо расидаанд. Санади муҳимтарини байнидавлатӣ – Аҳднома дар бораи дӯстӣ, ҳамкорӣ ва ёрии тарафайн ба ҳисоб меравад, ки 25 майи соли 1993 ба имзо расидааст. 5 июли соли 2017 Сарвазири Ҷумҳурии Исломии Покистон Муҳаммад Навоз Шариф бо сафари расмӣ ба Тоҷикистон ташриф овард. Зимни мулоқоту музокироти сатҳи олӣ сарони давлатҳо Эмомалӣ Раҳмон ва Муҳаммад Навоз Шариф аз раванди идомаёбандаи тамосҳои сиёсии Тоҷикистон ва Покистон, аз ҷумла дар сатҳи олӣ, изҳори қаноатмандӣ карданд. Бо итминон гуфта метавонем, ки натиҷаҳои ин музокирот муносибатҳои дуҷонибаи кишварҳои ба ҳам дӯстро дар соҳаҳои тиҷорату иқтисод, илму техника ва фарҳанг тақвият мебахшад ва дар оянда воситаи муҳими таҳкимбахши маҷмӯи ҳамкории Тоҷикистон ва Покистон хоҳанд гардид. (Давом дорад)
“ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН”, №10 (9540), 08.03.2018
3
АХБОРИ ҲАФТА Омодагӣ ба ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ
28 феврал дар Қасри миллат таҳти раёсати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Кумитаи тадорукоти ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо иштироки аъзои кумитаи тадорукот ҷаласа баргузор шуд.
Ҳавасмандгардонии бонувон аз ҷониби Рустами Эмомалӣ Бо қарори раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ бахшида ба Рӯзи Модар ва ҷашни байналмилалии Наврӯз бо мақсади ҳавасманд намудани занону бонувони раёсатҳои истифодабарии роҳҳо, хоҷагиҳои манзилию коммуналии ноҳияҳои пойтахт, фаррошони дастгоҳи раиси шаҳр ва сохторҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, ки дар тозагию ободонии пойтахт ва биноҳои маъмурӣ саҳми арзанда доранд, 2 920 000 (ду миллиону нуҳсаду бист ҳазор) сомонӣ ҷудо гардид. Масъулини шаҳр ва ноҳияҳои он вазифадор гардиданд, ки то 6 марти соли 2018 маблағҳои ҷудогардидаро дар фазои тантанавӣ ба бонувон дастрас намоянд.
Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид доштанд, ки Истиқлолият яке аз бузургтарин ҷашнҳои миллии мардуми тоҷик мебошад. Аз ин рӯ, баҳри гиромидошти муқаддасоти сарзамини аҷдодӣ ва таҷлили бошукӯҳи он бояд тадбирҳои мушаххас амалӣ гардад. Ҳамин тавр, бо мақсади дар сатҳи баланд омодагӣ гирифтан ба ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, тарғиби васеи моҳияти Истиқлолият ва озодӣ, соҳибватанию соҳибдавлатӣ ва
арзишҳои неки миллӣ Кумитаи тадорукот қарор кард, ки роҳбарони вазорату идораҳо, корхона, муассиса ва ташкилотҳо, раисони вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо дар муҳлати як моҳ нақшаи чорабиниҳоро оид ба омодагӣ ба ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намояд. Инчунин, қарор карда шуд, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва воҳидҳои сох-
тории он дар муҳлати ду моҳ нақшаи чорабиниҳои мазкурро таҳия ва тибқи тартиби муқарраргардида ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намоянд. Ёдовар мешавем, ки аз 19 декабри соли 2017 Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон” ба имзо расида буд, ки тибқи он соли 2021 дар саросари кишвар ин иди умумимиллӣ бояд дар сатҳи баланд ва бо шукӯҳу шаҳомати хос таҷлил гардад.
Тасдиқи рамзи Ҷашни байналмилалии Наврӯз 1-уми марти соли равон Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои соли 2018 рамзи Ҷашни байналмилалии Наврӯзро тасдиқ намуданд. Рамзи мазкур намуди доирашакл дошта, дар мобайни он кураи замин ва дар атрофаш Парчами миллӣ ва пайки баҳор - суманак, парасту ва рангинкамон бо навиштаҷоти «Наврӯз – 2018» бо забонҳои тоҷикӣ ва англисӣ инъикос ёфтааст. Вазорату идораҳо, ташкилоту муассисаҳо, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳо ва воситаҳои ахбори омма метавонанд аз рамзи Ҷашни байналмилалии «Наврӯз – 2018» васеъ истифода намоянд.
Донишҷӯён дар меҳмонии ректори ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино 1 март, дар Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино чорабинии ҷумҳуриявӣ таҳти унвони “Дар меҳмонии ректор”, ки он бо ибтикори Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш роҳандозӣ гардидааст, баргузор гардид.
«Қалъаи Тоҷик» рамзи пойдории дӯстӣ Дар шаҳри Маккаи Мукаррама маркази фарҳангиву хидматрасонии «Қалъаи Тоҷик» ифтитоҳ ёфт. Марказ бо сабку услуби меъмории миллии тоҷикӣ бо истифода аз нақшу нигори кандакорӣ бунёд шуда, дар он то 60 нафар шаҳрвандони Тоҷикистон бо ҷои кор таъмин гардиданд. Он ба сокинони шаҳри Макка ва зоирон аз гӯшаҳои гуногуни дунё таомҳо ва шириниҳои миллии тоҷикиро пешкаш мекунад. Марказ бо ширкати Сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Арабистони Саудӣ Заробиддин Қосимӣ ифтитоҳ ёфт. «Қалъаи Тоҷик» тарҳи муштараки соҳибкорони ду кишвар буда, «пойдории дӯстӣ ва сулҳу амнияти ду кишварро инъикос менамояд».
Меҳмонон ва иштирокчиёни чорабинии мазкур, ки беш аз сад нафар ҷавонону донишҷӯёни макотиби олии кишварро дар бар мегирифт, аввалан дар саҳни бинои донишгоҳ бо самимияти махсус пешвоз гирифта шуда, баъдан онҳоро бо дастовардҳои ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино ва бо осорхонаи донишгоҳ шинос намуданд. Сипас, дар доираи чорабинии мазкур дар толори донишгоҳ бо иштироки намояндагон аз Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш, Вазорати маориф ва илм, Кумитаи рушди сайёҳӣ, меҳмонон ва донишҷӯёни муассисаи таълимии мазкур Форуми ҷавонон дар мавзӯи “Ҷавонон ва ҷомеаи муосир” бахшида ба “Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ”доир гардид. Гулзода Маҳмадшоҳ Қурбоналӣ, ректори ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино форуми мазкурро ифтитоҳ бахшида, ҳамаи меҳмононро ба донишгоҳи мазкур хайрамақдам гуфт. Зимни форум доир ба масъалаи ҷавонони кишвар андешарониҳо сурат гирифта, таъкид гардид, ки бояд ҷавонон имрӯз аз тамоми шароитҳои фароҳам овардаи Роҳбарияти Олии мамлакат самаранок истифода бурда, дониш омӯзанд ва бо омӯхтани касбу ҳунарҳои гуногун саҳми арзандаи хешро дар рушди минбаъдаи кишвари азизамон – Тоҷикистон гузоранд. Чорабинии ҷумҳуриявӣ таҳти унвони “Дар меҳмонии ректор” дар ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино ду рӯз идо-
ма ёфта, дар доираи он баробари бо раванди таҳсил ва фаъолияти илмии донишҷӯёни ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино шинос шудани иштирокчиён, инчунин Мизи мудаввар таҳти унвони “Роҳҳои беҳтарсозии ҳамкориҳои байналмилалӣ фаъолияти шуъбаҳои кор бо ҷавонон” бо иштироки сардорони шуъбаҳои кор бо ҷавонони донишгоҳҳо баргузор мегардад. Беҳрӯз ХОЛМУРОДОВ “ҶТ”
4
“ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН”, №10 (9540), 08.03.2018
АХБОРИ ҲАФТА Модар равшангари ҳаёти мост
Номаи табрикии раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш Аҳтам Абдуллозода бахшида ба Рӯзи модар Модарони азиз, Бонувон ва хоҳарони гиромӣ! Дар оғози фасли баҳори нозанин ва шукуфоии табиат ҷашнгирии Рӯзи модар басо рамзӣ буда, он ба мардуми кишвар аз фазилату назокати занону модарони тоҷик мужда мерасонад. Дар ин рӯзҳои фараҳманду нишотбахши баҳор, ки замини биҳиштосои Тоҷикистони азиз пероҳани сабз ба бар карда, мардуми фархундатолеъи он дар фазои сулҳу амнияти пойдор, ваҳдату истиқлолияти комил, зери роҳнамоии Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зеботарин ҷашн – Рӯзи модарро тантана менамояд, шуморо бо камоли эҳтиром ва самимияти хосса ба муносибати ҷашни фархунда сидқан табрику таҳният менамоем. Зан–модар чароғи хонадон аст, балки равшангари рӯзгор ва зиндагиву ҳаёти мост. Зан ва баҳор тимсоли якдигаранд. Агар баҳор ба табиат руҳу ҷон бахшад, зан-модар тавлидгар ва тарбиятгари фарзанд аст. Боварии комил дорам, ки ҷавонони даврони соҳибистиқлолии Тоҷикистони азиз ба ин олиҳаи бузург ва неъмати бебаҳо, яъне, қадру манзалати модари тоҷик арҷ мегузоранд. Барои тамоми модарон, бонувон ва хоҳарони тоҷик зиндагии осуда, бахту иқболи накӯ ва комёбиҳои беназирро орзумандем. Рӯзи модар муборак, ҳамдиёрони азиз!
Фестивали «Суруди Модар – Алла» бахшида ба Рӯзи Модар Бахшида ба Рӯзи Модар ва “Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” 5-уми март бо ташаббуси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Донишгоҳи славянии Русияву Тоҷикистон Фестивали ҷумҳуриявии «Суруди Модар – Алла» баргузор гардид. Раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Аҳтам Абдуллозода иброз дошт, ки занону модарон инъикосгари симои зоҳирӣ ва ботинии ҳар як давлату миллат ба шумор мераванд. «Зиндагиро бе зан тасаввур намудан ғайриимкон аст. Зеро зан сарчашмаи меҳру муҳаббат ва фариштаи ҳар як хонадон ба ҳисоб меравад. Баробари шунидани калимаи зан пеши назар симои шахси ҳалиму меҳрубон ва мушфиқу ғамхор – модар меояд. Зан-модар таҷассуми зебоӣ ва тимсоли биҳишт буда, барои ҳар як фарзанд шахси азизу маҳбуб ба шумор меравад... Заҳматҳои беназири зан-модар дар ҳақи фарзанд моро водор месозад, ки қадру қимат ва эҳтироми ӯро ҳамеша ба ҷо оварем ва барои ӯ шароити мусоид муҳайё кунем, то тавонад дар баробари фаъолияти созандааш фарзандони солиму соҳибмаърифат тарбия намояд», - афзуд Аҳтам Абдуллозода. Зикр гардид, ки Фестивали ҷумҳуриявии «Суруди Модар — Алла» бо мақсади дар вуҷуди ҷавонон бедор намудани меҳру муҳаббат ва дӯст доштани модар роҳандозӣ шудааст. Дар фестивали ҷумҳуриявии «Суруди Модар – Алла» ҳунармандону ҷавондухтарони боистеъдод аз гӯшаву канори ҷумҳурӣ ҷамъ омада, дар васфи модар, таъсири алла ва навозиши модар ба фарзанд сурудҳо сароиданд.
Чорабинии идона бахшида ба Рӯзи Модар Бахшида ба Рӯзи Модар Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш занони фаъолу ботаҷриба, ҷавондухтарон ва аъзои Ҳизби халқии демократии Тоҷикистонро бо барномаи маърифатӣфарҳангӣ таҳти унвони “Бузургдошти зан-модар аз нигоҳи Пешвои миллат” ба ҳам овард. Барнома аз ду қисмат иборат буд. Қисми аввал бо миззи мудаввар дар маҷлисгоҳи Кумитаи миллии олимпии кишвар оғоз гардид. Дар ифтитоҳ Аҳтам Абдуллозода, раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш иштирокчиёни мизи мудавварро ба Рӯзи Модар табрик намуд. “Таҷлили Рӯзи Модар дар фасли зебои сол басо рамзист. Зеро зан ва баҳор бо ҳам тавъаманд. Ғамхорӣ ва таваҷҷуҳ нисбат ба зан-модар ва бузургдошти ӯ дар ҳама давру замон аз суннатҳои неки мардуми мо ба шумор мерафт. Пӯшида нест, ки дар сиёсати дурандешонаи Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон эҳтироми зан аз масъалаҳои меҳварӣ ва муҳим маҳсуб ёфта, бонувони сарбаланди мамлакат дар тамоми соҳаҳои хоҷагии халқ фаъолона иштирок менамоянд. Воқеан, гиромидошти зан ва эҳтироми ӯро ба ҷо оварданро аз Пешвои миллат бояд омӯхт. Ҳамин ғамхориҳо нисбати зан-модар буд, ки дар кишварамон иди бонувон ба Рӯзи Модар унвон дода шуд. Ҳатто дар маросими савгандёдкунияшон Пешвои миллат бо шири сафеди модар савганд ёд карданду садоқату фидокории худро ба халқу миллат ва Ватани худ собит намуданд”, - афзуд Аҳтам Абдуллозода. Руқия Қурбонова, Марҳабо Ҷабборӣ, Қосимзода Идигул, ки дар ин чорабинӣ ба сифати бонувони ифтихорӣ ширкат доштанд, доир ба қадру манзалати зан-модар ва мартабаю эҳтироми онҳо дар кишварамон бо ҷавондухтарон суҳбат намуда, аз онҳо даъват ба амал оварданд, ки аз шароиту
имкониятҳои ба бонувон фароҳам овардаи Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон самаранок истифода намоянд. Раъно Бобоҷониён, муовини раиси ҲХДТ зимни баромади хеш аз иффат ва поктинатии модарон ёдовар шуда изҳор намуд, ки “Модар дар ҳамаи лаҳҷаҳою забонҳои дунё ҳамоҳангу талаффузи зебою гӯшрас дорад. Зеро ниҳодаш бузург аст. Дар ӯ муҳаббат ба фарзанд, ишқ ба зиндагӣ ниҳон ва беҳтарин орзую ниятҳояш дар суруди алла сабт аст. Имрӯз занон бо меҳри модаронаашон, бо поктинатию ростқавлӣ қадру қимати занро баланд мебардоранд. Модарон бо дастони пурмеҳри худ навниҳолони соҳибмаърифат ва наврасони миллатро ба камол мерасонанд. Ҳамин бузургист, ки Ҳукумати кишвар дар симои зан натанҳо модару хоҳар, балки сиёсатмадор, роҳбари муваффақ, соҳибкори саховатпеша, табиби ҳозиқ, корманди поквиҷдон, ҳомии Ватан, мураббии наслҳо ва ҳамшираи меҳрубонро мебинад”. Дар фарҷоми миззи мудаввар волонтёрони Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш ҷиҳати эҳтиром ба зан-модар туҳфаҳои идонаи худро ба меҳмонон тақдим намуданд. Дар қисмати хотимавӣ таҳти унвони “Ҷамолу зиннати дунёӣ, эй зан” бо иштироки сарояндагони тоҷик консерти идона доир гашт. Бонувон саҳначаҳои ҳаҷвии волонтёрони Кумитаро доир ба ҳаёти ҳаррӯзаи зан-модар низ тамошо карданд. Шодихони НАЗАР, “ҶТ”
Муҳоҷират – мавзӯи доғи ҳаёти ҷавонон Бо ибтикори Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати ҷумҳурӣ дар ҳамкорӣ бо Бонки миллии Тоҷикистон дар маҷлисгоҳи Бонк таҳти унвони “Муҳоҷирати ҷавонон дар ҷомеаи муосир: ҷанбаҳои демографӣ, иҷтимоӣ ва иқтисодӣ” конфронс доир гардид. Конфронсро Аҳтам Абдуллозода, раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш ифтитоҳ бахшида, муҳоҷирати ҷавононро аз равандҳои мубрами замон арзёбӣ кард. Таъкид гардид, ки бояд чорабиниҳо бахшида ба раванди муҳоҷират бештар шуда, барои дар сатҳи муътадил нигоҳ доштани ин раванд аз ҷониби мақомоти дахлдор чораҳо андешида шавад. Ғайратзода Саидакрам Ҳимат, мушовири калони Кумита оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ, оила ва ҳифзи саломатии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавзӯи “Масъалаҳои танзими ҳуқуқии муҳоҷирати ҷавонон дар ҷомеаи муосир” маърӯза намуда, аз ҷумла гуфт: “Имрӯзҳо ба муҳоҷират
рӯй овардани мағзҳо ҷомеаи моро нигарон кардааст, ки ин ба раванди пешравии тамоми соҳаҳо халал мерасонад...”. Фарида Муминова, муовини директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти кишвар аз кам таблиғ ёфтан ва соҳиби таҳсилоти миёна ва ибтидоии касбӣ шудани ҷавонон изҳори нигаронӣ карда афзуд: “Бояд дар миёни ҷавонон соҳиби таҳсилоти миёна ва ибтидоии касбӣ гаштани онон бештар таблиғ карда шавад. Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки 27%-и ҷавонон на ба таҳсил фаро гирифта мешаванд ва на соҳиби ягон касби муайян мегарданд. Аз сад панҷ ҳиссаи ҷавононро маъюбон ташкил
медиҳанд ва бояд онҳо ба таҳсилот ҷалб карда шаванд. Дар ин ҳолат онҳо низ метавонанд, ки дар пешбурди ҷомеа ҳамчун як шаҳрванд саҳмгузор бошанд. Дар акси ҳол худро дигаргуна эҳсос хоҳанд кард”. Пешниҳод гардид, ки ҳар се моҳ аз ҷониби Ҳукумати кишвар ва ниҳодҳои вобаста ба самти кор бо ҷавонон ва муҳоҷирати онҳо гурӯҳҳои корӣ ташкил карда, бо муҳоҷироне, ки дар минтақаҳои гуногун кор мекунанд, суҳбату вохӯриҳо ва корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронида шавад. Дар хотимаи қисмати аввали конфронс аз ҷониби Умедҷон Раҳимзода, директори Корхонаи воҳиди давлатии “Биржаи меҳнатии ҷавонон”-и
Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш сомонаи навтаъсиси “www.joikor.tj” муаррифӣ гашт. Тавре номбурда иттилоъ дод, мақсад аз таъсиси сомонаи мазкур бо ҷои кор таъмин кардан ва дар айни ҳол қабул ва муаррифӣ кардани ҷойҳои холии корӣ мебошад, ки ҳам ба манфиати корфармо ва ҳам
корҷӯянда мебошад. Дар қисмати дуюми конференсия муҳокима ва суолу ҷавоб сурат гирифта, ҳозирин фикру мулоҳизаҳои худро доир ба мавзӯи конфронс баён доштанд.
Хуршед ХОВАРӢ, “ҶТ”
“ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН”, №10 (9540), 08.03.2018
1-уми март дар марзи Ӯзбекистону Тоҷикистон 6 гузаргоҳ дубора боз шуд. Дар тантанаҳои ифтитоҳи сарҳади байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон баробари сарварони вилоятҳову ноҳияҳои ҳамсарҳади ҳарду кишвар, ҳамчунин аз ҳарду ҷониб инсонҳои барӯманду шахсиятҳои шинохта ҷамъ омада буданд. Гузаргоҳи Ҷартеппа–Саразм дар марзи Панҷакент бо Самарқанд кушода шуд. Ҳозирин ҳама такрор ба такрор изҳор мекарданд, ки марзи байни ду халқи дӯсту бародари тоҷику ӯзбек дигар ҳеҷ гоҳ баста нашавад. Яке аз ин иштирокдорон, ки корманди соҳаи фарҳанги вилояти Самарқанди Ҷумҳурии Ӯзбекистон Ёдгор Саъдиев буд, ҳангоми суханронии шодбошии хеш таъкид кард, ки «Миллати тоҷик аз он рӯ ифтихор дорад, ки сардафтари адабиёти оламшумули тоҷику форс, устод Рӯдакӣ ва Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дорад. Ин шахсиятҳои бузург барои сокинони ҷумҳурии мо низ азизанд ва дар ҳар хона сурати Пешвои миллат нуру сафобахши хонадон аст…».
ПАЁМИ ДӮСТӢ
5 нидавлатии мо мусоидат намоянд. Эҳёи муносибатҳои фарҳангиву иқтисодӣ дар байни кишварҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон аз он ҷиҳат осон аст, ки мардуми ҳарду кишвар ин гуна ҳамкориҳоро истиқбол мекунанд, аз он ки дер боз интизори чунин таҳаввулоти сиёсӣ буданд. Кӯшишҳои роҳбарони кишварҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон барои эҳёи муносибатҳои қаблии байнидавлатӣ, бешак, аз ҷониби мардуми ҳарду кишвар хуш пазируфта шуда, ҳамзамон дар робита ба ин амалкарди дурандешонаи сиёсӣ имиҷи онҳо низ дар сатҳи минтақа боло хоҳад рафт. Миллатҳое, ки дар баробари ҳифзи асолату вижагиҳои миллии худ ҳамзамон бо дигар миллатҳо умумияту қаробати
Ёдгор САЪДИЕВ: «Халқи тоҷик бузург аст, зеро Рӯдакӣ ва Эмомалӣ Раҳмон дорад»
Мусаллам аст, ки устод Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ шаҳодатномаи миллати мост ва тавассути эҷодиёти ӯ ҳам сулолаи Сомониён машҳури олам гардиду ҳам номи халқи тоҷик, забони шевои тоҷикӣ ба маснади давлатӣ баромад ва ҷовидонӣ гардид, ҳам адабиёти беназири тоҷикӣ дар қаламрави густурдаи замони шукӯҳманди Сомониён ба дараҷае расид, ки ҳазорсолаи дигар аз пешқадамтарин дар олам маҳсуб мешуд. Албатта, ёздаҳ аср инҷониб ситоиш кардани устод Рӯдакӣ барҳақ аст. Барои мардуми тоҷику ӯзбек, ки асрҳои аср паҳлӯи ҳам зиндагонӣ карда, дӯстию рафоқаташон дар тӯли таърих таҳким ёфтааст, боз шудани гузаргоҳҳои сарҳадии байни ду ҳамсоякишвар воқеаи бузурги таърихӣ гардид. Яке аз асоситарин омилҳои боз шудани сарҳад ва беҳ шудани муносибатҳо байни кишварҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон, бидуни шубҳа, талошҳо ва сиёсати “дарҳои боз”-и Пешвои миллати тоҷикон аст. Аз сӯи дигар, дидгоҳи дурандешона ва роҳкорҳои тозаи сиёсии Сарвари нави Ҷумҳурии
Ӯзбекистон низ барои шикастани қолабҳои қаблии хушунатбор заминаи мусоид фароҳам оварданд. Пешвои муаззами миллати тоҷик ҳатто дар замони сиёсатҳои сарди маъмурони пешини ҳамсоякишвар низ равзанаи тафоҳумро ба рӯи онҳо боз гузошта, хостори таҳаввули муносибатҳои давлатӣ дар байни кишварҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон буданд. Ба тамоми монеаҳо нигоҳ накарда, дар лаҳзаи мусибати азим Роҳбари муаззами давлати Тоҷикистон бо самимияту ҷавонмардии ба худ хос дар паҳлӯи мардуми ӯзбек қарор доштанд. Дар асл ҳамин амали Пешвои миллат ҷонибҳоро ба ҳамдигарфаҳмию дӯстӣ моил сохт ва минбаъд барои тадриҷан беҳтар шудани муносибатҳои ҳамкорӣ нақши муҳим бозид. Маҳз дар заминаи ҳамин гуна дидгоҳи хайрхоҳона ва оянданигарона доштани роҳбарони давлатҳои минтақа имконпазир аст, ки мушкилоти муштараки ин кишварҳо ба тадриҷ рафъ карда шаванд. Боз шудани гузаргоҳҳои сарҳадии Тоҷикистон ва
Ӯзбекистон яке аз падидаҳои умедбахш дар ин ростост. Вақте садди сарҳадҳо боз гардид, гурӯҳ-гурӯҳ ба пешвози якдигар омадани аҳли оилаҳо, хешу табор, ҳаммаслакону ҳамкорони пешина, соҳибкорону одамони касбу кори гуногун шаҳодати он буданд, ки мардуми тоҷику ӯзбек дар воқеъ муштоқи ҳамдигаранд, балки чун бародаранд. Онҳо ҳамдигарро бародарвор ба оғӯш гирифта, сари дастархони идонаи баҳорӣ ва наврӯзӣ нишастанд ва бо самимият бо якдигар суҳбат менамуданд. Мӯйсафеди садсола, сокини ноҳияи Панҷакент, пири муҳтарам Лутфулло Сироҷев иброз дошт, ки духтарашро 20 сол инҷониб бо набераҳояш ба серӣ надидааст. Вай бо ашки шашқатор ба Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Сарвари давлати ба мо бародар Шавкат Мирзиёев арзи сипос намуда, дуо мекард, ки пояндаву абадӣ бод давлати соҳибистиқлоли мо бо сарварии Ҷаноби Олӣ ва ҷовидону қавитар бод дӯстии мардуми тоҷику ӯзбек! Боиси хурсандист, ки ба тадриҷ роҳҳои фазоиву нақлиётгарди байни ҷумҳуриҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон, ки солҳои тӯлонӣ баста шуда буданд, аз нав боз мегарданд. Ҳамчунин, дар асоси мувофиқаи ниҳодҳои марбутаи кишварҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон корҳои барқароркунии роҳи оҳани Амузанг аллакай ба анҷом расидааст. Пайванд кардани ин хатсайрҳои гусаста, ки боиси рафтуои мардум, содироту воридот ва густариши равобити дуҷонибаи кишварҳои мо мегарданд, бидуни шубҳа, метавонанд заминаи гироиши бештари мардуми тоҷику ӯзбекро матраҳ карда, ба таҳкими муносибатҳои минбаъдаи бай-
фарҳангӣ ва таърихӣ доранд, дар ҷаҳон кам нестанд, аммо мисли миллатҳои тоҷику ӯзбек кам метавон миллатеро вохӯрд, ки аз лиҳози равониву ахлоқӣ, урфу одату анъана ва шеваи зиндагӣ ба ҳам шабоҳат дошта бошанд. Ин ду миллат дар масири таърихи тӯлонии ҳамзистии худ он қадар аз ҳам таъсир пазируфтаанд, ки дигар на фақат дар куллиёт, балки дар ҷузъиёти шеваи зиндагиашон низ тафовуте боқӣ намондааст. Аз ин аст, ки намояндагони ин ду миллат дар пасманзараи сиёсатҳои мутаноқизи замон ҳамеша нисбат ба якдигар аз лиҳози отифӣ тамоил доштанд ва ҳеҷ гуна марзеро дар равобити мустақиму мудовими худ қабул надоштанд. Фазои андешаи қишрҳои ғайрисиёсии ҷомеа ва мардуми одӣ дар ҷумҳуриҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон ба тафовут аз фазои қаблии сиёсии аҳёнан сарду бӯғранҷи ин кишварҳо ҳамеша гарму офтобӣ буд. Маҳз аз шарофату баракати ин равшанӣ феълан роҳи ҳамдиливу ҳамдигарфаҳмии сиёсии Тоҷикистону Ӯзбекистон бо илқову иршоди роҳбарони дурандеши ояндабини ин ду ҳамсоякишвар дарёфт карда шуд, ки он метавонад барои ҳарду кишвар ва барои ҳарду миллат муфид ва саодатовар бошад. Бисёр рамзист, ки дар аксари гузаргоҳҳои сарҳадӣ маросими ифтитоҳ рӯзи якуми фасли баҳор ба вуқуъ омад ва ин рамз ва фоли неке аст, ки баҳори дӯстии ду халқи қадимаю ҳамсоя абадуддаҳр меваҳои шаҳдбор хоҳад дод ва мардуми муштоқи ҳарду сӯи сарҳад, хешону наздикон, пайвандон ба хонадони ҳамдигар бе мамониат равуо хоҳанд кард. Аҳмадҷони РАҲМАТЗОД, раиси шуъбаи суғдии Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон
6 Набояд фаромӯш кард, ки Тоҷикистон давлати дунявӣ аст. Ин рукни асосии давлатдории миллӣ ҳисоб мешавад. Дин кори хусусии ҳар як шаҳрванд ва инсон буда, аз эътиқоди озоди ҳар шахс бармеояд. Диёнати кас маҷбӯрӣ ва таҳлилӣ буда наметавонад. Ба дин дохил шудан ва аз дин хориҷ гаштан ба иродаи худи шахс вобаста буда, ихтиёрӣ аст. Қуръони карим низ дар масъалаи интихоби дин ихтиёри шахсро рукни асосии муносибати банда ба Худо ҳисоб мекунад. Худои таъоло дар ояти 256-уми сураи «Ал-Бақара» мефармояд: «Ло икроҳа фи-д-дини». Яъне, дар дин маҷбуркунӣ нест. Озодии банда асосӣ аст. Худо ғанию бениёз аст ва ба маҷбур кардани шахс ба дин ва ё маҷбуран монондани шахс дар дин эҳтиёҷ надорад. Дин ва диёнатро парчам ва ё шиори муборизаҳои сиёсӣ ва идеологӣ кардан, ё васила ва роҳи дунёпарастӣ қарор дода, муташанниҷ сохтани суботи ҷомеа амали зидди конститутсионӣ, зидди миллӣ ва ҳатто зидди шариатӣ хоҳад буд. Зеро ислом суботи ҷамъиятӣ ва амнияти ҳар як миллати мусулмонро арзиши олӣ меҳисобад. Имоми Аъзам «Шамшери ислом»-ро ба фарҳанги исломӣ иваз намуда, ба қавмҳо дини исломро осону таҳаммулпазир фаҳмонд, ки ба он гурӯҳ-гурӯҳ гаравиданд. Эътиқод қувваи бузурги маънавӣ буда, мардумро ба рафтору кирдори нави ахлоқӣ, маданӣ, маърифатӣ водор менамояд. Ба ақидаи В.А. Сухомлинский: «Ташаккули эътиқоди идеявӣ, маънавӣ ҷараёни фаъолест, ки дар он тарбиятгиранда на объекти пассиви тарбия, балки муборизи фаъол баҳри замон чизе мебошад, ки он дар қалби ӯ маҳкам ҷо мегирад. Симои ахлоқии инсон дар айёми наврасию ҷавонӣ бо мақсади ҷаҳонбинии фаъолият, кирдору рафтор ва хулқу атвор муайян карда мешавад». Сухомлинский дар бораи доштани эътиқод чунин қайд мекунад: «Эътиқод ин таппиши дилу равшании фикр аст. Эътиқод танҳо вақте амри воқеъ мегардад, ки агар инсон онро дар дили худ мустаҳкам ҷо гиронад ва танҳо аз ин рӯ худро дар ҷамъият пойдор гардонад». Тарбия кардани шахси поктиннат маънояш ба ҳамин чиз ноил шуданро дорад, ки дар ҳар як одам эътиқоди наҷиби ахлоқӣ: шавқу завқ, ҷидду ҷаҳд, майлу рағбат ва ҳаяҷони шахсӣ, меҳру муҳаббат нисбати илмомӯзиву варзиш ташаккул ёбад. Ба ҳар як инсон омӯхтани ҳам илми дунявӣ ва ҳам илми ухравӣ ва аз худ кардани касбе шарт ва зарур аст. Дар китоби «Ҳазор ҳадис» дар ҳадиси 557-умаш омадааст: «Таъалламу авлодакум сибоҳта ва римоята ва ниъма лавҳум муминати фи байтиҳо миғазалу ва изо даъвока абавока фааҷиб умака». Яъне, пайғамбари Худо фармудааст, ки ба бачагонатон шино кардан ва тирандозиро биомӯзед, беҳтарин бозичаи занон дар хонаашон дуки пиллаашон аст, ки бо вай нах мересанд: чун падару модаратон ба як бор туро даъват намоянд ё ба ту хидмат фармоянд, аввал ба модар ҷавоб деҳ. Аз маънои ин ҳадис бармеояд, ки дини мубини ислом низ дар тӯли асрҳо ба намудҳои гуногуни варзиш аҳамият дода, бештар ба шиноварию тирандозӣ ва дигар намудҳо, ки шаъну шарафи миллату ватанро қодири ҳимояанд, таваҷҷуҳ менамудааст. Варзиш ба маънои томаш анҷоми кори нек ва муаррифгари миллату ватан мебошад. Муъмин саҳар хеста вузуъ мекунад, давоми рӯз панҷ вақт намоз мехонад, хаму рост шудан, дар қиём будан, пойҳоро хам додан, болои пой нишастан, аз рӯи одоб дастҳоро пеш оварда, салавот ва дуо хондан – ин ҳама рукнҳои варзиш аст. Шахсоне,
“ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН”, №10 (9540), 08.03.2018
АНДЕША ки панҷ вақт шустушӯ мекунанд ва амалҳои ибодатро иҷро менамоянд, бешубҳа, одамони солим ва поктинату некухислат ҳастанд. Инсон махлуқест, ки дар байни дигар махлуқҳои Худо бо ақл ва шуури худ фарқ мекунад. Аввалин амале, ки аз Одам (а) ба вуқуъ омад, ҳангоми ба танаш даромадани ҷон ва руҳ бо саросемагӣ даст ба замин зад, хост, ки хезад фариштагон гуфтанд, ки Одам (а) шитобзада хоҳад шуд. Аммо ин ҷо тани нимҷону нимгил ҳаракати дастро ба ҷо овард. Чун Одам (а) аз биҳишт ба Сарандеб ронда шуд, бо ҳидояти Ҷабраил (а) барои тавофи Каъба ба Байтулмаъмур пиёда омад. Ин роҳпаймоии варзиши тезгардӣ буд, ки бо машаққат ва душвориҳо, бо иродат ва матонат роҳ рафт. Момоҳаво низ пиёда то Ҷаболи Раҳмат омад, ки он ҷо Одам(а)-ро дарёфт. Он амалҳое, ки фарзандони Одам (а) ҳангоми ҳаҷ пиёда ба инҷо мерасонанд, ҳама аз нигоҳи илм варзиш аст. 7 маротиба сайъи (давидан) кӯҳҳои Сафо ва Марва аз он ҳикмат аст, ки ҳаҷкунанда Худоро ёд карда,
хир мекард. Иди Наврӯз дар давраи хилофати ӯ, чи тавре ки Имоми Аъзам ёд медиҳад, мамнуъ нашуд. Дар наврӯзҷойҳо мусобиқаҳои гӯштингирӣ, арғунчакбозӣ, дорбозӣ, партофтани найза, санги кулӯла, бо камонғӯлак расонидани тир ба нишон ва ғайра ба амал бароварда мешуд. Тимсоли қаҳрамонӣ ва паҳлавонии хеш аксари паҳлавонон пӯсти ҳайвонҳои мағлубкардаашонро пӯшида ё сари китф карда мегаштанд. Арабҳо инро дар мисоли паҳлавонии Ҳамза, Умар, Алӣ (р), тоҷикон онро дар образи Рустами Достон, русҳо Иван, Руслан, арманҳо дар мисоли Давид, қирғизҳо Манас, ӯзбекҳо Алпомиш, украинҳо Тарас Бульба, гурҷиҳо аз рӯи достони Шота Руставели дар бораи паҳлавони пӯсти палангпӯш ва ғайра дар достону қиссаҳояшон васф кардаанд. Достонҳои дигар, аз қабили китоби «Амир Ҳамза» шомили матолиби гуногун оид ба паҳлавонӣ, корнамоиҳое мебошанд. Замоне гузаштагони мо ба девҳо - душманонашон бо зӯрии хеш ғолиб буданд. Қаҳрамонӣ, диловарӣ
файласуфон Декарт, Спиноза, Кант, Гегел ва Марксро таълим медиҳанд. Фалсафа ҳамчун шакли махсуси дониш инъикоскунандаи руҳияи миллӣ мебошад. Маҳз дар фалсафа хиради беназири халқ, тасаввуроти он оид ба тақдири худ, инсон ва имрӯзу фардои он арзёбӣ карда мешавад. Фалсафаи таълим дар мактабҳои олӣ ду ҷиҳат дорад: аз як тараф мутахассис бояд пешаи худро нағз омӯзад, аз комёбиҳои илму техникаи соҳаҳои фаъолияташ бохабар бошад, аз тарафи дигар мутахассис на бояд технократ бошад, вай бояд ҷаҳонбинии васеъ дошта, аз одобу фарҳанг бархӯрдор бошад. Бесабаб нагуфтаанд, ки «Олим шудан чӣ осон, одам шудан чӣ душвор». Мутахассис бояд ҳам назарияву амалияи касби худ, ихтисоси худро ба хубӣ донад ва ҳам бояд аз таъриху фалсафа ва сиёсатмадорӣ огоҳӣ дошта бошад, шахси ҳаматарафа донишманд, ғамхору нафърасони мардум ва инсонпарвар бошад. Мутахассиси соҳаи варзиш бояд варзишро ҳамчун модар муқаддас донад. Онро бо ҷону
бо ин ҳаракат аз шарри шайтон бимашро дур мекунад ва кори некро анҷом медиҳад. Дар давраи ҳаҷ амалиёти ҳоҷиён аз рукнҳои фармудаи Худованд аст, аммо ба асли илми тарбияи ҷисмонӣ баҳо диҳем, ин ҳама аз рукнҳои варзиш аст. Санҷиши пуртоқатии Иброҳим (а) андаруни оташи Намруди алайҳилаъна аз пуртоқатӣ, боварӣ ба Худо ва усутувории ӯ аз нишонаҳои сабр, иродату матонат буда, он қобилияти варзишӣ аст. Фарзанди Исҳоқ (а) Айс тиру камон дошт, ки сайёдӣ мекард. Ӯ тиру камонро ҳунармандона истифода мекард. Юнус (а) тариқи имтиҳони Худо 40 шабонарӯз дар шакли моҳӣ ба бало мубтало шуд. Дар бало тасбиҳу ибодатро тарк накард. Аюб (а) ба балои Кирмон мубтало гашт, вале тоқат ки дошт, ба раҳмат расид. Мӯсо (а) бисёр марди қавипайкар ва паҳлавон буд. Ӯ аввалин муштзане аст, ки бо як зарб қибтеро ҳалок кард. Зарби Мӯсо бисёр сахту вазнин буд. Мӯсо (а) дар Мадян сангеро аз сари чоҳи об бардошт, ки онро чил ҷавонмард базӯр мебардоштанд. Довуд (а) бо қудрати Худо қуввате дошт, ки оҳан дар кафи дасташ чун мум буд. Бе оташ зиреҳи ҷангӣ месохт. Луқмони Ҳаким ба писараш насиҳат дод, ки аз ҳунар ва илми варзиш бархӯрдор гардад. Сулаймон (а) баъди гум шудани нигини подшоҳиаш ва аз даст рафтани тахту тоҷаш ба ивази ду моҳи сайёдӣ муздурӣ мекард. Аз ҳунарҳои замон сабад мебофт ва ризқу рӯзӣ меёфт. Асҳоби саодат, ёрони Муҳаммад (с) ҳама соҳиби санъати ҳунари шамшерзанӣ, найзазанӣ, паҳлавонӣ буданд. Ҳазрати Умар (р), ҳазрати Амин Муртазо паҳлавонони тавоно буданд. Номи Ҳазрати Алӣ инчунин Асадуллоҳ ном мешавад, ки маънояш Шери Худост. Ӯ душманонро бо гӯштин маҳв мекард. Китоби «Қасас-ул-анбиё», ки бо номҳои «Қасас», «Аҳсан-ул-қасос», «Сияри Шариф» ёд мешавад, бо китоби «Қиссаи Амир Ҳамза» аз китобҳои бузурге ҳастанд, ки чун «Шоҳнома»-и Фирдавсӣ достону воқеаҳои замони ҳазрати Алиро васф карда, нишон медиҳанд, ки ӯ болои асп шамшерзанӣ, найзазанӣ, чобуксаворӣ мекард. Ин чобуксавориҳо болои асп як намуди гимнастика буд. Акробатика – дорбозӣ низ он вақт ривоҷ ёфт. Ҳунари болои банди борик, бо ходаи дароз бозӣ кардани ҳунармандон душманонро тас-
ва паҳлавониҳои амир Ҳамза, Рустами Достон, чусту чолокӣ – гимнастикӣ ва акробатикаи Умари Умая бо лақаби Дулдул ва бо шамшери Зулфиқор маҳорат нишон додани Алӣ (р), ҳамаи ин аз маншаи ҳунармандиҳои варзишӣ дарак медиҳанд. Гӯянд, ки: «Амир Ҳамза ончунон камонгар буд, ки «тири хаданги зарончӣ (чӯби сахт) уқобпари ёздаҳмуштиро дар камон пайваст. Тир рост ба нишона чунон зад, ки аз девор бигузашт, дар саҳро афтод….» («Қиссаи Амир Ҳамза”, саҳ 28). Асп дар таърих аз замонҳои қадим барои инсон хизмати босазо карда омадааст. Дар таърих номи аспҳое, ки барои соҳибонашон – Пайғамбар (с), хулафои рошиддин, қаҳрамонони халқӣ, шоҳон хизмати бузург кардаанд, бисёр сифат мешавад. Аспҳои савории Ҳазрати Муҳаммад (с) бо лақаби Сақб, Маллоҳ, Муртаҷиз, Лаҳиф, Зораб, Аздод ва Вард ва ҷонваре, ки ӯро ба осмон бурд, Буроқ ном доштанд. Номи аспи Ҳазрати Алӣ (р)-ро Дулдул ва шамшерашро Зулфиқаҳҳор мегуфтанд. Аспи афсонавии Рахши Рустами Достон намунаи аспҳои ҷаҳон дар боақлӣ, ҳушёрӣ, чаққонӣ ва тездавӣ сифат мешавад. Аспи Гуштосп, аспи Хусрави Парвиз Шабдиз, аспи Исфандиёр ва бисёр аспҳо дар таърих арзандаи таҳсин буданд. Шоҳони қадим оббозҳои махсус доштанд, ки онҳо аз қаъри дарё дурру гуҳар (сангҳои қиматбаҳо) чида ба хазинаи подшоҳӣ даромад меоварданд. Шиноварони таълимдида (албатта, ҳар кас бе мураббӣ устод намешавад) барои таълим додани дигарон дар назди шоҳигарӣ ва хилофат дар хизмат буданд. Мусобиқаҳои варзишӣ дар ин аҳд, пеш аз ҳама, аз он иборат буд, ки бисёртар сангҳои қиматбаҳо аз қаъри дарё меёфт. Дар аҳди Сулаймон (а) шиноварон аз ҳисоби деву париҳо буд. Дар байни ҳиндуҳо барои аз гуноҳҳо пок шудан рӯзҳои махсус аст, ки дар дарёи Ганга оббозӣ мекунанд ва худро ғусл медиҳанд. Ин анъана дар дарёи Нил аз тарафи мисриёни қадим иҷро карда мешуд. Дарёҳои Ҷайҳун, Даҷла ва Фурот аз замонҳои қадим ҷои шиноварӣ ва оббозӣ маҳсуб меёбанд. Ҳунар доштан ин амали бузург, хирад ва дониш доштан аст.
дил ҳифз намояд. Тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш кори басо масъулиятнок ва дар айни замон кори пуршараф мебошад. Дар иҷрои ин вазифаи муҳим нақши мутахассис – мураббии варзиш ва омӯзгори тарбияи ҷисмонӣ хеле муҳим аст, зеро чи гуна тарбия ёфтану ба камол расидани ҳар як ҷавон ба онҳо вобаста аст. Дар таълими фалсафаи варзиш омӯзгор ва мураббӣ бояд эҷодкор бошанд. Бинобар ин, мутахассисони соҳаи варзиш уҳдадоранд, ки ҷавонони солим, оқилу доно, ба иҷрои корҳои мушкил омодаро тарбия намоянд. Машғулиятҳои варзишӣ ҳамчун як бахши таълиму тарбия ба фанҳои дигар узван алоқаманданд. Варзиш на танҳо тарбия намудан дар руҳияи иродаи мустаҳкам, интизомнокӣ, муташаккиливу мустақилӣ, кӯшишу ғайрат, балки қарзи шаҳрвандию ҷамъиятӣ низ мебошад. Мутахассис – омӯзгор инро ҳам бояд дарк намояд ва ҳам ба дигарон омӯзонад. Бинобар ин, фалсафаи варзиш вазифаҳои зерин дорад: устувор намудани саломатӣ, ёрӣ расонидан ҳангоми машқҳои варзишӣ, таълиму ташаккул додани малакаю маҳоратҳои ҳаракатӣ, инкишоф додани сифатҳои ҳаракати тавоноӣ, суръатнокӣ, пуртоқатӣ, чусту чолокӣ, тобоварӣ ва ғайра, бедор намудани шавқу завқ, тарбияи малакаҳои гигиенӣ. Ин омилҳои варзишӣ асоси фаъолияти амалии омӯзгорону донишҷӯён мебошанд, ки ба воситаи шарҳу эзоҳ, намоиши машқҳо амалӣ мегарданд. Таҷрибаи ҷаҳонӣ нишон медиҳад, ки пешрафти варзиш ба сатҳи тайёрии мутахассисон вобаста аст. Дар мамлакатҳои Амрико, Олмон, Чин, Канада ба маърифати варзишӣ аҳамияти зиёд медиҳанд. Дар он кишварҳо донишкадаҳо ва коллеҷҳои варзишӣ мавқеи устувор доранд, теъдоди зиёди ҷавонон кӯшиш мекунанд, ки ба варзиш машғул шаванд ва маърифати варзишӣ ба даст оваранд. Ҷомеае, ки дар он ба қадри илму олимон, варзишу варзишгарон намерасанд, ояндаи дилхоҳ надорад. Дониши васеи варзишӣ дар ҷомеа «муъҷизаовар» аст, солимии ҷомеаро таъмин мегардонд. Системаи таълими варзиш ва тарбияи ҷисмонӣ аз мактаб-коллеҷҳо сар карда, то мактаби олии варзишӣ, аспирантураву доктарантураро дар бар мегирад. Системаи таълими тарбияи ҷисмонӣ ва варзиши Тоҷикистонро ба стандарти ҷаҳонӣ мувофиқ гардондан лозим аст.
Варзиш бо дин чӣ робита дорад?
ФАЛСАФАИ ТАЪЛИМИИ ВАРЗИШ
Варзиш бояд дорои фалсафаи худ бошад, на ин ки дарси муаллимони соҳаи фалсафа, ки нуқтаи назари
Ислоҳоти таълими тарбияи ҷисмонӣ ва варзишӣ бояд аз назари талаботи мактабҳои федератсияҳо, мактабҳои варзишӣ, донишгоҳҳо гузаронда шавад. Дар донишгоҳҳои Амрико, Фаронса ва Ҳолланд мутахассисони варзишро бо тарзи бисёрзинагӣ тайёр менамоянд. Ин усули таълим имконият медиҳад, ки донишҷӯён мувофиқи истеъдод ва хоҳиши худ донишашонро васеъ ва мукаммал гардонанд, соҳиби касбу ҳунар шаванд. Вале шахсоне, ки тасодуфан, танҳо бо мақсади ба даст овардани диплом ба донишгоҳҳо дохил шудаанд, дар зинаҳои аввали таълим аз донишгоҳ хориҷ мешаванд. Дар мактаби олии варзишӣ бояд шахсоне таҳсил намоянд, ки ба варзиш меҳр доранд. Зинаи асосии таълими тарбияи ҷисмонӣ дар коллеҷ ҳосил мегардад ва чунин коллеҷҳо бояд дар минтақаҳои калони кишвар амал кунанд. Муҳлати таҳсил дар коллеҷ се сол аст. Хатмкардагони ин таълимгоҳҳо соҳиби маълумоти миёнаи махсуси варзишӣ мегарданд ва ҳайати омӯзгорону мураббиёни соҳаи варзишро афзун ва мукаммал мегардонанд. Зинаи дуюми таҳсил ин бакалаври илмии варзиш ва тарбияи ҷисмонист. Муҳлати таҳсил дар Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон 4 сол аст. Бакалавр – ин унвони мутахассисони дорои маълумоти олии варзишист. Дорандаи ин унвон бо назария ва амалияи навин дар тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш мусаллаҳ мегардад. Зинаи сеюм ин мутахассиси илми варзиш ва омодагии дифои ҳарбист ва муҳлати таҳсил як сол мебошад. Ба ҳамин тариқ, гузаштан ба чунин системаи нави таълим дар мактабҳои варзишӣ ҳамаи соҳаҳои тарбияи ҷисмонӣ ва варзишро бо кадрҳои баландихтисос таъмин менамояд ва дар ин замина барои пешрафти соҳаи варзиш имконият фароҳам меоварад. Ғайр аз ин, дипломҳои бакалаврӣ ва мутахассис ба хатмкардагон имкон медиҳанд, ки дар тамоми соҳаҳои хоҷагии халқ низ ба сифати мутахассисони соҳибихтисос кор кунанд. Ҳамаи коллеҷҳои варзишӣ бояд таҳти раёсати Донишкадаи тарбияи ҷисмонӣ амал кунанд. Донишкадаи тарбияи ҷисмонӣ ҳамчун маркази тарбияи мутахассисони баландмаълумот бояд дар ташкили фазои ягонаи таълиму ахбор саҳмгузор бошад. Таълим ва илму амалияи варзиш аз ҳам ҷудо нестанд, зеро бояд се чиз – таълим, илм ва амалия ягона бошанд. Такмил додани маълумот ва баланд бардоштани сифати тарбияи мутахассисон бе иштироки фаъоли марказҳои илмӣ имконнопазир аст. Бо мақсади аз ҳисоби ҷавонони боистеъдод пурра намудани сафи кормандони муассисаҳои варзишӣ ва баланд бардоштани самаранокии кори онҳо аз таҷрибаи мамлакатҳои мутараққӣ истифода бурдан ба нафъи кор мебуд. Ҳамкории олимони пуртаҷриба, мураббиёни варзида, омӯзгорони асил бо донишҷӯёну варзишгарони боистеъдод метавонад ҳаллу фасли муаммоҳои соҳаи варзиш ва тарбияи ҷисмониро тезонад. Ин аст фалсафаи илми варзиш. Шодӣ САФАРОВ, доктори илмҳои педагогӣ, профессор, ректори Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон ба номи С. Раҳимов, Корманди шоистаи варзиши Тоҷикистон, Аълочии маориф ва илми Тоҷикистон, Мирзобоқӣ ШАРИПОВ, ёвари ректори ДТҶТ ба номи С. Раҳимов, Корманди шоистаи варзиши Тоҷикистон, Аълочии маориф ва илми Тоҷикистон, Мавлон ШАРИФОВ, дотсенти кафедраи ҷомеашиносии ДТҶТ ба номи С. Раҳимов, Аълочии маориф ва илми Тоҷикистон, узви Иттифоқи журналистони Тоҷикистон
“ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН”, №10 (9540), 08.03.2018
НАВИГАРИҲОИ ВАРЗИШ
7
Рушди варзиш дар пойтахт Бо қарори Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ аз 2 марти соли 2018 «Барномаи рушди тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш дар шаҳри Душанбе барои солҳои 2018 –2021» ва нақшаи чорабиниҳо оид ба амалигардонии ин барнома тасдиқ гардид. Барномаи мазкур бо мақсади мукаммалгардонии соҳаи тарбияи ҷисмонӣ, рушду инкишоф ва таъмини оммавияти варзиш ҳамчун самти афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат, инчунин баҳри ташаккули шахсияти солим, ҳифзу беҳдошти саломатии сокинони пойтахт ва таъмини варзишгарони шаҳри Душанбе дар мусобиқаҳои ҷумҳурию байналмилалӣ роҳандозӣ мешавад.
Медалҳои наврасони тоҷик аз Ҷоми Аврупо оид ба ҷудо Дар Ҷоми Аврупо оид ба ҷудо миёни наврасон паҳлавонони тоҷик сазовори 2 медали биринҷӣ гардиданд. Мусобиқаи мазкур 3-4 март дар шаҳри Анталияи Туркия доир гардид. Медалҳои тими Тоҷикистонро Ғаниҷон Ғаниев (-73 кило) ва Эмомризо Қурбонов (-90 кило) ба даст оварданд. Дар мусобиқаи мазкур 381 варзишгар аз 23 кишвар (8 вазн миёни писарон ва 8 вазн миёни духтарон) иштирок намуданд. Ба ҳайати мунтахаби наврасони тоҷик 9 варзишгар шомил буд, ки миёни писарон рақобат намуданд. Дар ҳисоби даставӣ ҷумҳурии мо бо ду медали биринҷӣ дар зинаи 14 қарор гирифт. Тими мизбон – Туркия бо ба даст овардани 7 медали тилло, 5 нуқра ва 13 биринҷӣ ҷои аввалро ишғол кард. Қазоқистон бо 5 медали тилло, 2 нуқра, 7 биринҷӣ ҷои дуюм ва Озарбойҷон бо 1 медали тилло, 3 нуқра ва 1 биринҷӣ мақоми сеюмро сазовор гаштанд.
Ҳафтумин пирӯзии “Истиқлол” дар Суперҷоми кишвар Дастаи “Истиқлол”-и Душанбе тими “Хуҷанд”-ро бо ҳисоби 3:2 мағлуб карда, маротибаи ҳафтум барандаи Суперҷоми Тоҷикистон шуд. Вохӯрии мазкур 2 март дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Ҳисор доир гашт. Ҳисобро Фирдавс Чақалов, ҳимоятгари тими “Хуҷанд” дар дақиқаи 17 кушод. Дар дақиқаи 31 легионери ганагии дастаи Хуҷанд Абглей Ҷонс ба дарвозаи “Истиқлол” голи дуюмро ворид намуд. Дар дақиқаҳои охири қисми аввал автогол ба номи Фирдавс Чақалов сабт гардид. Дар қисми дуюм легионери белорусии “Истиқлол” ҳисобро баробар кард ва вақти асосӣ бо ҳисоби мусовӣ анҷом ёфт.
Дастаҳо ду қисми дигар 15-дақиқаӣ бозӣ намуданд. Дар қисми дуюми вақти иловагӣ Нозим Бобоҷонов дарвозаи “Хуҷанд”-ро рахна карда, ғалабаи “Истиқлол”-ро таъмин намуд. Ҳамин тариқ, “Истиқлол” маротибаи ҳафтум Суперҷоми Тоҷикистонро ба даст овард. Дастаи “Истиқлол” қаблан солҳои 2010, 2011, 2012, 2014, 2015 ва 2016 соҳиби Суперҷом гардида буд. Шодихони НАЗАР, “ҶТ”
Нахустиштироки варзишгари тоҷик дар бозиҳои паралимпӣ Бозиҳои зимистонаи паралимпӣ аз 9 то 18 март дар шаҳри Пйонгчанги Ҷумҳурии Корея баргузор гардида, дастаи Тоҷикистон дар ҳайати 5 нафар, 4 март сафарбар шуданд. Тавре сомонаи расмии Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон хабар медиҳад, дар Бозиҳои зимистонаи паралимӣ варзишгари тоҷик Сиёвуш Илёсов дар намуди лижаронӣ (кросс) қувва меозмояд. Сиёвушро дар ин сафар мураббияш Илҳомиддин Абдуллоев, президенти Кумитаи миллии паралимпии Тоҷикистон Сафар Боев, роҳбари даста Абдурауф Алимов ва ноиби президенти Ассотсиатсияи миллии намудҳои зимистонаи варзиши Тоҷикистон Зиннатулло Саидов ҳамроҳӣ менамоянд. Сиёвуш Илёсов барои ба даст овардани роҳхат дар Ҷумҳурии Омон ба машғулиятҳои тамринӣ фаро гирифта шуда, аз 17 то 20 феврал дар ҳамон ҷо дар мусобиқаи интихобӣ иштирок кард. Ӯ, инчунин аз 20 феврал то 4 март дар Ҷоми ҷаҳон оид ба лижаронӣ ширкат намуда, бо 392 хол соҳиби роҳхат ба Бозиҳои паралимпӣ гардид. Тоҷикистон бори аввал дар Бозиҳои зимистонаи паралимпӣ иштирок мекунад. Барои иштирок дар бозиҳо 570 варзишгар аз 49 кишвар ба қайд гирифта шудаанд. Ба 3 дастаи калонтарин ШМА (68 варзишгар), Канада (52 варзишгар) ва Ҷопон (38 варзишгар) дохиланд. Шодихони НАЗАР, “ҶТ”
8 - Мо нерӯгоҳи “Роғун”-ро беҳуда “сохтмони аср” унвон накардаем. Бо бунёди ин нерӯгоҳи бузург мо на танҳо мушкилоти нарасидани барқро ба аҳолӣ ҳаллу фасл мекунем, балки барои рушди соҳаҳои мухталифи иқтисодиёт, фаъолияти муназзами корхонаҳои саноатӣ, кишоварзӣ, тавсеа ёфтани тиҷорат ва беҳтар шудани вазъи иҷтимоӣ, аз ҷумла рушди соҳаҳои маорифу тандурустӣ заминаи устувор фароҳам меорем. Ҳизби мо масъулияти бузург - сарпарастии маънавии бунёди нерӯгоҳи “Роғун”-ро бар дӯш гирифтааст ва барои пешрафти корҳои сохтмон тадбирҳои мушаххасро амалӣ мекунад. Бунёди ин иншооти муҳими аср дар ояндаи наздик ҳаёти моро комилан тағйир медиҳад. Ҳоло аз 16 ҳазор нафар мутахассисону коргарони нерӯгоҳи “Роғун” 5,5 ҳазор нафарро ҷавонони то 35-сола ташкил медиҳанд. Ду ҳазор нафар аъзои ҳизби мо дар 11 ташкилоти ибтидоии ҳизб муттаҳид шуда, дар бунёди “Роғун” саҳм гузошта истодаанд, - таъкид намуданд Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон (ҲХДТ), муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронии худ дар маҷлиси Кумитаи иҷроияи марказии ҲХДТ рӯзи 16 феврали соли 2018.
ГУЗОРИШ
“ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН”, №10 (9540), 08.03.2018 он лаҳзаҳои тақдирсоз муддати на чандон тӯлоние сипарӣ шуда бошад ҳам, имрӯз дар нерӯгоҳ корҳои зиёду назаррас дар бунёди сарбанди баландтарини иншооти гидроэнергетикии дунё бо қомати лоиҳавии 335 метр ба иҷро расидаву бо суръату равнақи тоза идома дорад. Дигар чизе, ки мо дар аввал ёдоварӣ кардем, ин ба таъкиди Пешвои миллат саҳми 16 ҳазор нафар мутахассисону коргарон дар бунёди нерӯгоҳ “Роғун” мебошад, ки аз ин миён 5,5 ҳазор нафарро ҷавонони то 35-сола ташкил медиҳанд. Ҳамчунин, бахшидани рӯҳу илҳоми тоза ва нерӯву қувваи нав ба онҳо аз ҷониби сарпарасти маънавии НБО “Роғун” – ҲХДТ мебошад, ки имрӯз ду ҳазор нафар аъзои ҳизби шуда, дар 11 ташкилоти ибтидоии ҳизб муттаҳид ва дар бунёди “Роғун” саҳм гузошта
Кохи нур - мужда аз истиқлолияти
Фирдавс Мирзоев, як ҷавони фаъолест, ки роҳбарии хоҷагии сангу шағали №2 ҶСФ “Сохтмони асосӣ”-ро дар ҶСК НБО “Роғун” ба уҳда дорад. Ҳамчунин, аз соли 2012 инҷониб ӯ сардори ташкилоти ибтидоии ҲХДТ дар Раёсати корхонаҳои истеҳсолӣ мебошад. Ин ҷавони ватандӯсту меҳанпараст, ки тамоми саъю талоши худро баҳри бунёди бузургтарин иншооти аср, НБО “Роғун” равона кардааст, аз он ифтихор дорад, ки дар бунёди иншооти тақдирсози миллат, Кохи нур фа-
ъолияти корӣ дорад: - Имрӯзҳо ҳизбиёни мо дар сафи пеши бунёдкорони НБО “Роғун” қарор доранд, - мегӯяд ӯ. - Онҳо аз он ифтихор доранд, ки имрӯз ҲХДТ таҳти роҳбарии хирадмандонаи Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сарпарастии маънавии НБО “Роғун”-ро ба уҳда дорад, ки ин ташаббус масъулияти мо аъзои ҳизбро дучанд мегардонад. ҲХДТ бо тарғибу ташвиқи мунтазами худ ҳамеша баҳри осоиштагии мардум, Ваҳдати миллӣ, сиёсати со-
зандаю бунёдкорона, пос доштани ҳар порча замини Ватан, сулҳу субот, ҷаҳонбинии васеъ, тарбияи ҷавонон кӯшиш менамояд. Фирдавс аз он ифтихор дорад, ки маҳз бо иқдоми Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли 2017 ба ҷавонон бахшида шуда буд. Ӯ мегӯяд, ин ташаббуси Сарвари давлатро тамоми ҷавонони кишвар, бахусус ҷавонони Кохи нур бо хушнудӣ истиқбол намуда, ҳамеша иброз менамоянд, ки мо – ҷавонон ҷонибдори сиёсати сулҳпарварона ва хирадмандонаи Пешвои миллатем! Имрӯзҳо дар баробари Фирдавс тамоми ҷавонмардону ҷавонзанони НБО “Роғун”-ро тавонмардиҳои Пешвои миллат рӯҳу илҳоми тоза мебахшад ва шуҷоату матонати беҳамтои онҳо ин иншооти бузургу тақдирсоз ҳамто надорад. Коргарону мутахассисон, алалхусус ҷавонон, бо майлу рағбати том корҳои сохтмону васлгариро анҷом медиҳанд ва хуб дарку эҳсос менамоянд, ки ҳар қадар ин иншооти армоншикан зудтару хушсифат ба сомон расад, ҳамон қадар сатҳу сифати рӯзгору зиндагии худ ва ҳамдиёронашон беҳтар ва Тоҷикистони азиз шукуфотару пурғановат хоҳад шуд. Кору пайкори имрӯз дар НБО “Роғун”, бахусус дар бунёди сарбанд, майдони азму разми ҳақиқиро мемонад. Он рӯзи мубораку ояндасоз - тағйир додани маҷрои дарёи Вахш, ки бо ширкати мустақиму техникии Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сурат гирифт, солҳову қарнҳо дар ёдҳову хотираҳо ва шаҳкитоби таърих боқӣ хоҳад монд. Ва ҳидоятҳои Ҷаноби Олӣ ба бунёдгарони НБО “Роғун”, ки “маҷрои дарёро тағйир додам, боқимонда ҳамаи корҳо ба уҳдаи шумо, кор дар бунёди сарбанд бояд ягон соат қатъ нагардад”, маҳаки фаъолияти бунёдгарон, бахусус ҷавонон шудааст. Аз
истодаанд. Дар воқеъ Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон ҳанӯз аз рӯзҳои аввали таъсисёбиаш баҳри зиндагии ободу осудаи мардум талош намуда, бо татбиқи ҳадафҳои барномавии худ дар таҳкими ҷомеаи шаҳрвандӣ, ваҳдати миллӣ, худшиносиву худогоҳӣ пайваста саҳм гузошта, шаҳрвандонро ба корҳои созандагию бунёдкорӣ ва ободии мамлакат сафарбар менамояд. Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ҶСК НБО “Роғун” фаъолияти худро дар асоси Оиннома, Барномаи ҲХДТ, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ҳизбҳои сиёсӣ”, дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Раиси ҲХДТ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, амру фармонҳои Кумитаи иҷроияи марказии ҲХДТ ва Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Роғун ба роҳ мондааст. Ҳамаи аъзои ҳизб ҳадафҳои асоии ҲХДТ ва сиёсати имрӯзаи давлатро бо роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дастгирӣ менамоянд ва дар ин замина кору фаъолияти худро дар бунёди Кохи нур – НБО “Роғун” пеш бурда истодаанд. Чуноне Абдулаҳадзода Сайдулло, раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар НБО “Роғун” иброз дошт, Кумитаи иҷроияи ибтидоии ҲХДТ дар ҶСК НБО Роғун” ҳамчун ташкилоти ҷамъиятӣ рисолати хешро ба сифати ҳизби созандаю бунёдкор дар иншооти тақдирсози миллат - НБО “Роғун” дар ин марҳилаи таърихӣ аз ҳарвақта дида, бештару амиқтар дарк намуда, ҷиҳати татбиқи сиёсати дурандешонаи Раиси ҲХДТ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тадбирҳои амалиро роҳандозӣ намуд: - Имруз бо қаноатмандӣ метавон иброз намуд, ки саҳми аъзоёни Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон дар таҳким ва устувории ваҳдату ягонагии миллӣ, ҳамбастагию якдигарфаҳмӣ, сулҳу
ГУЗОРИШ
“ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН”, №10 (9540), 08.03.2018 субот ва рушди соҳаҳои мухталифи хоҷагии халқ самарабахш арзёбӣ гардидааст, - таъкид намуд ӯ. Соли сипаригардида, ки ҳоло мо аз он ба некӣ ёдовар мешавем, барои ҷомеаи мо соли бобаракат ва таърихӣ ба ҳисоб рафта, санаю руйдодҳои муҳиме ҷашн гирифта шуд, ки ҷиҳати боло бурдани обрӯю эътибори кишвари соҳибистиқлоламон дар арсаи байналмилалӣ мусоидат намуданд. Аз ҷумла бо пешниҳоди Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон эълон гардидани соли 2017 “Соли ҷавонон”, Ҷашни байналмилалии “Навруз-2017”, 20-солагии Ваҳдати миллӣ, 10-солагии қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”, 26-солагии
ти дохиливу хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба саҳми иштирокчиён расонида шуд. Аҳли муҳандисону бунёдкорони НБО “Роғун” Паёми Президентро бо шукргузорӣ аз фазои сулҳу ваҳдати миллӣ ва руҳияи баланди ватандӯстӣ шунида, ҳамовозии гарми худро иброз намуданд. Тибқи дастуру супоришҳои Пешвои миллат, Раиси ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 5 январи соли сипаришуда вазорату идораҳо ташкилоту муассисаҳои ҷумҳурӣ вазифадор шудаанд, ки бо навбат ҳайати кормандони худро ба шаҳри Роғун сафарбар намоянд, то ин ки онҳо бо ҷараёни корҳои сохтмонӣ аз наздик шинос шуда, бо коргарони НБО “Роғун” мулоқоту вохӯриҳо гузаронанд. Дар ин замина, рӯзи 11 январи соли 2017 таҳти роҳбарии аъзои Кумитаи иҷроияи марказии
комили энергетикӣ
Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, 23-солагии Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, 25-солагии Иҷлосияи таърихии 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Рӯзи Президент, Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳамчунин 23-солагии таъсисёбии ҲХДТ мебошанд, ки дар ин самт аз тарафи Кумитаи иҷроияи ибтидоии ҲХДТ дар ҶСК НБО “Роғун” нақшаи чорабиниҳо таҳия гардида, тибқи нақша дар ташкилоту қитъаҳои корӣ вохӯрию мулоқотҳо баргузор карда шуданд. Масъулини Кумитаи иҷроияи ибтидоии ҲХДТ дар ҶСК НБО “Роғун” бо мақсади баррасии Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тибқи нақша дар ташкилоту китъаҳои алоҳидаи корӣ зиёда аз 17 вохӯрию мулоқотҳоро баргузор намуда, нуқтаҳои асосии Паёми Президентро оиди сиёса-
9
ҲХДТ Назрӣ Асадзода, раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Ҳисор Фаррух Аловидинов бо мақсади шиносоӣ аз рафти корҳои сохтмонӣ бо 47 нафар ҷавонон, гирандагони стипендияи президентӣ ба НБО “Роғун” ташриф оварда, дар самти корҳои ҳизбӣ аз Кумитаи иҷроияи ибтидоӣ дидан намуда, ҷиҳати пешрафти корҳои созандагию бунёдкорӣ дар НБО “Роғун” ба бунёдкорони ин иншоот изҳори сипос намуданд. Илова бар ин, дар асоси дастуру супоришҳои Пешвои миллат, Раиси ҲХДТ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар моҳи апрели соли 2017 гурӯҳҳои кории Дастгоҳи иҷроияи Президент, Кумитаи Иҷроияи Марказии ҲХДТ, Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон, олимону адибон 8 маротиба тибқи нақшаи корӣ бо бунёдгарони Кохи нур силсилаи суҳбату вохӯриҳоро дар мавзӯи Нақши Пешвои миллат,
муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бунёди иншооти тақдирсози миллат НБО “Роғун”, соли 2017- “Соли ҷавонон”, 20-солагии Ваҳдати миллӣ, Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор 2018-2028” баргузор намуда, дар ин раванд барномаҳои фарҳангию фароғатӣ бо иштироки ҳунармандони шинохтаи кишвар ташкил карда шуд. Ба таъкиди Абдулаҳадзода Сайдулло, раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ҶСК НБО “Роғун” соли 2017 барои аъзо ва ҷонибдорони ҲХДТ, бунёдкорони НБО “Роғун” соли хотирмону фаромӯшнашаванда буд. - Дар ин соли муборак сафари кории Пешвои миллат, Раиси ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба НБО “Роғун” сурат гирифт. Рӯзи 10 майи соли 2017 Президенти кишварамон дар доираи сафари кории худ ба НБО “Роғун”
бо ҷараёни корҳои сохтмону васлгарӣ аз тамоми қитъаҳои корӣ шинос шуда, ба ҳамаи бунёдкорони иншооти тақдирсоз барои заҳмати содиқона ва азму субот баҳри бардоштани пешдарғот ва вусъати корҳои созандагӣ изҳори сипос карданд. Дастуру супоришҳои Пешвои миллат, Раиси ҲХДТ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аъзо ва ҷонибдорони ҲХДТ, бунёдкорони НБО “Роғун”ро ба корнамоиҳои нави меҳнатӣ рӯҳбаланд намуд,- гуфт ӯ. Дар идомаи боздиди намояндагони мақомоту идораҳои давлатӣ, бо назардошти амалӣ намудани дастуру супоришҳои Пешвои миллат, ҳамчунин гурӯҳи кории Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Ваҳдат ва Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Файзобод бо раванди корҳои сохтмонии НБО “Роғун” дар моҳи ноябри соли 2017 шинос шуда, дар бозгашт ба мардуми маҳалли хеш ҳадафҳои созандаву бунёдкоронаи Ҳукумати ҷумҳуриро ҷиҳати таъмини истиқлолияти комили энергетикии кишвар ва рӯзгори шоистаи мардум, ки он таҳти роҳбарии Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сурат гирифта истодааст, расониданд. Ба таъкиди Абдулаҳадзода Сайдулло, ҷиҳати пешравии корҳои ҳизбӣ ва ҳавасмандгардонии аъзои ҳизб дар соли 2017 аз тарафи Иттиҳодияи иттифоқҳои касабаи НБО “Роғун” ба 11 нафар раисони ташкилотҳои ибтидоӣ ва 11 нафар шахсоне, ки дар корҳои ҳизб саҳми босазои худро гузоштаанд, ки ҳамаги аз ҳисоби ҷавонон мебошанд, кӯмаки молиявӣ ба маблағи 2600 сомонӣ расонида шуда, аз тарафи ташкилотҳои ибтидоӣ 83 нафар кормандони фаъол ба сафи ҳизб шомил карда шудаанд. - Имрӯз кормандони НБО “Роғун”, хосса ҷавонон бояд ифтихор намоянд, ки ҲХДТ сарпарасти маънавии НБО “Роғун”-ро ба уҳда дорад. Мо медонем, ки соли равон аз тарафи Пешвои миллат “Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои
мардумӣ” дар кишвар эълон гардидааст. Ҷавонони коргар дар баробари бунёди нерӯгоҳ, ҳамзамон бо ҳисси баланди ватандӯстӣ, ифтихори миллӣ корҳои созандагию бунёдкориро дар ин самт низ ба сомон мерасонанд. Ҷавонон имрӯз бо кӯшишу талоши пайваста барои расидан ба истиқлолияти комили энергетикӣ тавассути сохтмони нерӯгоҳи “Роғун” корҳоро дар сатҳи баланд ба роҳ мондаанд, - бо хушнудӣ афзуд Абдулаҳадзода Сайдулло, раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ҶСК “Роғун”. Азму разми ҷавонони қавирӯҳу қавипайкар дар паҳлӯи мардони таҳамтан дар ин майдони набард - нерӯгоҳи “Роғун” танин андохтаву қалбҳоро тасхир мекунад, ба дидаҳо нур ва ба дилҳо сурур мебахшад. Гар марди раҳнавардӣ, гирди даҳон бигардӣ, Донӣ сарои мардӣ бошад сарои Роғун. Манзараҳои равонсозу тавонбахши мардистони “Роғун” эътимоду эътиқодро ба ояндаи наздики нурбору нурафшони Тоҷикистони азиз фузунтару шуълаи умедвориҳоро фурӯзонтар месозад. Мешавад Роғуни мо дунёи нурободи мо, Қиссаи Роғуни мо шаҳномаи даврон шавад! Тоҷикистон кишвари ҷавон асту беш аз ҳафтод фисади аҳолияшро ҷавонони бонангу номус ташкил медиҳад. Пас, ҳар яки мо – ҷавононро мебояд дар зери сиёсати ҷавонпарваронаи Пешвои миллат фаъолияти худро ба роҳ монда, саҳми хешро ҷиҳати амалӣ гардидани орзую мақсадҳои накӯи Ҳукумату давлат гузорем. Зеро ояндаи дурахшону шукуфони ин меҳани биҳиштосо, ки ном онро Тоҷикистон аст, маҳз аз фаъолияти пурсамари имрӯзи мо вобаста аст. Беҳрӯз ХОЛМУРОДОВ, Хуршед МАВЛОНОВ, “ҶТ”, Душанбе– НБО “Роғун”–Душанбе
10
ОДАМОНИ САРБАЛАНД
Солҳои 40–уми асри ХХ ба майдони ҳунари тоҷик санъаткоре омад бо овози ҷаззоб, ки дар дилу дидаи мардум ҷо гирифту то имрӯз аз ӯ ҳама ба некӣ ёд мекунанд. Ин нобиғаи ҳунар Шоиста Муллоҷонова мебошад, ки табиат ба ӯ овози дилнавозу латиф бахшида буд. Шоиста Муллоҷонова натанҳо дар дохили Тоҷикистон, балки дар дили собиқ мардуми Иттиҳоди Шӯравӣ шуҳрату маҳбубият дошт. Вай соли 1925 дар шаҳри Душанбе чашм ба олами ҳастӣ кушодааст. Соли 1940 дар шаҳри Душанбе олимпиадаи ҷумҳуриявӣ гузашт. Дар ин олимпиада истеъдоди Шоиста Муллоҷонова диққати бисёр ходимони санъатро ба худ ҷалб намуд, ки ин барои фаъолияти минбаъдааш дар ҷодаи санъат барояш роҳ кушод. Овози беғашу форам ва санъати худододаш буд, ки фаъолияти сарояндагияшро дар синни 16-солагӣ, соли 1941, дар лаҳзаҳои вазнини Ҷанги дуюми ҷаҳон, дар ансамбли бонувони рубобнавози Филармонияи давлатии Тоҷикистон (ҳоло ба номи Акашариф Ҷураев) оғоз бахшад. Шоиста Муллоҷонова соли 1943 Омӯзишгоҳи омӯзгории занонаи шаҳри Сталинобод (феълан Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ)–ро хатм намуда, ҳамчун ҳунарпешаи Филармонияи давлатӣ фаъолияти корияшро идома дод. Композитори маъруфи тоҷик Зиёдулло Шаҳидӣ шаби 8 майи соли 1945 аз тариқи радио мешунавад, ки дар Ҷанги дуюми
Муллоҷонова аз Театри опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ ба Филармонияи давлатии Тоҷикистон ба кор мегузарад. Иштироки фаъолонаи Шоиста Муллоҷонова соли 1957 дар Фестивали шашуми ҷавонон ва донишҷӯёни ҷаҳон дар шаҳри Маскав комёбии бузурги ӯ шуд. Дар ин фестивал ӯ дар байни садҳо ҳарифонаш ғолиб омада, соҳиби ду медали тилло гардид. Шоиста Муллоҷонова иштирокчии дукаратаи даҳаи адабиёт ва санъати Тоҷикистон дар шаҳри Маскав (солҳои 1951–1957) мебошад. Дар шаҳри Маскав конгресси шарқшиносони ҷаҳон баргузор гардид. Ба ин муносибат 6 ноябри соли 1960 Шоиста Муллоҷонова бо як гурӯҳ ҳунармандон барои гузаронидани консерт ба Индонезия сафар намуданд. Дар шаҳри Ҷакарта, пойтахти Индонезия онҳоро раиси ҷамъияти дӯстӣ бо мамлакатҳои хориҷии Индо-
Булбули санъати тоҷик ҷаҳон ғалаба ба даст омадаасту фардо пирӯзӣ таҷлил мегардад. Ба шоир Боқӣ Раҳимзода занг зада хоҳиш мекунад, то ба ин муносибат ҳар чӣ зудтар шеъре эҷод намояд. Боқӣ Раҳимзода, ки дар ҳамсоягии Зиёдулло Шаҳидӣ мезист, ин хоҳишро рад намекунад. Шеъри ҷашнӣ навишта, соатҳои 12-1-и шаб гирифта меорад. Зиёдулло Шаҳидӣ ҳамон лаҳза ба он оҳанг мебандад. Соати 5–и субҳ ба Шоиста Муллоҷонова тариқи телефон занг зада, ӯро ба хонаи худ даъват менамояд ва сурудро якҷоя тайёр мекунанд. Соати 8-у 30 дақиқаи 9 май суруд аз радио ба шарафи Рӯзи ғалаба бори аввал бо як маҳорати баланд садо дод. Соати 2–и ҳамон рӯз дар боғи марказии пойтахт
ба номи Ленин (феълан Боғи ба номи устод Рӯдакӣ) дар ҳузури мардум ин булбули санъати тоҷик «Иди зафар муборак»–ро хонд. Аз ҳамин лаҳза сар карда ҳамасола бахшида ба Рӯзи ғалаба суруди мазкур чун пайки пирӯзӣ дар саросари кишвар садо медиҳад... Баҳри баланд бардоштани савияи дониш ва истеъдоди худ Шоиста Муллоҷонова соли 1947 ба Консерваторияи давлатии шаҳри Маскав ба номи П. И Чайковский дохил шуда, онро соли 1953 бо ихтисоси сарояндаи опера бомуваффақият хатм намуда, ба шаҳри Душанбе баргашта, дар Театри опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ ба фаъолият шуруъ намудааст. Соли 1957 Шоиста
незия пешвоз гирифт. Шоиста Муллоҷонова пеш аз сафар ба Индонезия дар зарфи 1–2 рӯз суруди индонезиягиро аз худ намуда, дар консерт дар назди тамошобинони шаҳри Ҷакарта бо як маҳорати баланд онро иҷро намуд. Суруд чунон ба аҳли толор маъқул мешавад, ки ӯро маҷбур менамоянд, ки гаштаю баргашта онро сарояд. Муаллифи он суруд ба саҳна баромада, бо чашмони пур аз ашки шодӣ ба Шоиста Муллоҷонова миннадорӣ намуда чунин мегӯяд: – Ман намедонистам, ки суруди ман ба мардум ин қадар маъқул мешавад. Ин ба шарофати хизмати шумост. Ҳазорҳо раҳмат ба шумо, ба халқе, ки шуморо тарбия кардааст! Солҳои 1968–1973 Шоиста
Наврасе бо истеъдоди фавқулода Солномаи муҳорибаи омехтаи панкратион дуру дароз аст. Панкратион барои обутоб додани ҳарбиён дар Юнону Русия ва Латвия истифода мегардид. Лек ба бозиҳои олимпӣ роҳ ёфта натавонист. Соли 2002 дар Конгресси байналмилалии олимпӣ аввалин маротиба панкратион дар намуди муҳорибаи омехта ба расмият дароварда шуд. Ҳоло зиёда аз 55 давлат шомили федератсияи ин намуди варзиш мебошанд. Панкратион дар Ватани мо 4 сол боз амал мекунад. Вале сарфи назар аз ин, дар як муддати кӯтоҳ варзишгарони хубу болаёқати мо чун мураббӣ сабзиданд, ки ҳар кадоми онҳо даҳҳо наврасро дар намуди панкратион ба қуллаҳои баланди варзишӣ расонидаанд. Бедил Шарипов аз ҷумлаи он мураббиёни боистеъдод аст, ки ду сол боз дар ноҳияи Фархор ба 40 нафар наврасон нозукиҳои ин намуди варзишро меомӯзонад. Шогирдони Бедил аслан бачаҳои деҳотианд, вале дар ҷодаи пешгирифтаи худ устуворона қадам мезананд. Ба наздикӣ дар зӯрхонаи 2-и шаҳри Душанбе мусобиқа байни наврасон барои ба даст овардани унвони қаҳрамонӣ ва роҳхат ба бозиҳои осиёӣ баргузор гардид. Шогирдони ӯ дар ин қувваозмоӣ аз рӯи вазнҳои гуногун ба гирифтани 8 роҳхат мушарраф гаштанд. Фаридун Алимов яке аз беҳтарин шогирдони Бедил аст. Бояд гуфт, ки Фаридун, хонандаи синфи 6-уми мактаби таҳсилоти миёнаи умумии рақами 5-и ноҳия, дар баробари хубу аъло хонданаш пайваста дар риштаи панкратион тамрин мекунад. Аз рӯзи нахустини ба толори варзишӣ омаданаш паи ҳам ба комёбиҳои назаррас ноил гардидааст. Ӯ дар сабқати аввалин барои дарёфти номи қаҳрамонии шаҳри Душанбе ғолиб омад. Инчунин, дар ҳамон сол бори аввал қаҳрамони Тоҷикистон ва барандаи ҷоми таъсисдодаи Федератсияи панкратион шуд. Соли гузашта бори дуюм дар вазни 38 кило қаҳрамони Тоҷикистон ва соҳиби ҷоми таъсисдодаи Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш гардид ва ҳамзамон яке аз роҳхатҳоро ба бозиҳои осиёӣ ба даст овард. - Фаридун истеъдоди фавқулодаву худодод дорад, ки ӯро пайваста ба сӯи музаффариятҳо раҳнамун месозад, - мегӯяд мураббиаш Б. Шарифов. - Ӯ дар чемпионати Осиё, ки моҳи марти соли ҷорӣ дар Қазоқистон баргузор мешавад, номбардор ва парчамбардори миллати тоҷик хоҳад буд. СОЛИМ
“ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН”, №10 (9540), 08.03.2018 Муллоҷонова ба ҳайси муаллимаи калони овозхони академӣ дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Т. Шевченко (феълан ДДОТ ба номи С. Айнӣ) фаъолият мекунад. Ӯ дар таълиму тарбия ва тайёр намудани кадрҳои ҷавон хизматҳои арзанда намуда, шогирдони зиёдеро ба саҳнаи мусиқии касбӣ ҳидоят кард, ки номи ӯро абадӣ сохтаанд. Пас аз таъсис ёфтани Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода ӯ дар кафедраи овозхонии академӣ фаъолияти омӯзгориашро идома мебахшад. Соли 1991 Шоиста Муллоҷонова ба Амрико рафта, дар ансамбли «Шашмақом», ки роҳбари он Фотима Куйнова ва Илёс Муллоева мебошанд, ба кор даромада то охири ҳаёт дар ин ансамбл кору фаъолият намудааст. Шоиста Муллоҷонова 26 июни соли 2010 дар ИМА, дар синни 85-солагӣ аз олам даргузашт. Шоиста Муллоҷонова барои хизматҳои шоёнаш, ки дар тӯли ҳаёташ барои пешрафти санъати тоҷик анҷом додааст, бо медалу мукофотҳои давлатӣ сарфароз гардидааст. Ӯ бо унвони «Артисти хизматнишондодаи ИҶШС Тоҷикистон», орденҳои Ленин, Нишони фахрӣ, Байрақи сурхи меҳнат, медалҳои Барои хизмати шоён, Ба муносибати 100-солагии В.И Ленин, Барои 30-солагии ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва ғайра сарфароз шудааст. Рӯзҳо, моҳҳо ва солҳо мегузаранд, аммо номи нек ва садои хуши ин сарояндаи мумтоз аз ёдҳо, аз дилҳо намеравад. Зеро ӯ барои миллат ва барои рушди санъати тоҷик хизматҳои арзанда намудааст. Б. САИДОВА, С. ЗУБАЙДУЛЛОЕВ, омӯзгорони ДФСТ ба номи М. Турсунзода
“ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН”, №10 (9540), 08.03.2018 Осорхонаи устод Мирзо Турсунзода. Ҳангоми ворид гардидан ба ин осорхона онро чун хазинаи тиллоии маҳсули дасти мардуми водии Ҳисор дарёфтам. Мардумшинос ва роҳбалади ин осорхона Беҳрӯз Ҷӯрабоев иброз дошт, ки осорхонаи устод Мирзо Турсунзода соли 1988 дар зодгоҳашон деҳаи Қаратоғ бунёд ёфта, модари осорхонаҳои водии Ҳисор ба шумор меравад. Дар даромадгоҳи Осорхона мизи кории Шоири халқии Тоҷикистон, Қаҳрамони Тоҷикистон, устод Мирзо Турсунзода гузошта шудааст, ки он аз китобҳо, медалҳо, телефони корӣ ва дигар ашёе, ки худи шоир дар зиндагиашон истифода намудаанд, иборат мебошад. Дар бинои дигари ин осорхона санъати ҳунарҳои мардуми деҳаи Қаратоғ ҷо гирифтааст. Муҳаққиқ Руҳулло Ҷӯрабоев мегӯяд “Касбу косибӣ пешаи ҳунармандони ин деҳа аст. Ҳар як касб ба худ ному хусусияти худро дорост. Мардуми ин деҳа зиёда аз 95 касбу кори гуногун доштанд”. Маврид ба ёдоварист, ки Қаратоғ аз аҳди Кушониён то асри 15, яъне то кушодашавии роҳҳои баҳрӣ яке аз шохаҳои тиҷорати “Роҳи Абрешим” маҳсуб ёфта, Самарқанду Бухоро ва дигар ноҳияҳоро бо ҳам мепайваст. Далели ин гуфтаҳо он аст, ки аз мавзеъҳои харобгаштаи деҳаи Қаратоғ зангулаҳои корвони шутурҳо, зарфҳои чинӣ, мисин, шишаву оина ба даст омадаанд. Ва онҳо имрӯз бо номи табақу коса ва пиёлаи қошғарӣ дар Осорхона ва хонаҳо ҳифз карда мешаванд. Яке аз харитаҳои “Роҳи Абрешим” дар ин осорхона боқӣ мондааст”. Боиси хушнудӣ ва фараҳмандист, ки Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои рушди соҳаи сайёҳӣ дар кишвар таваҷҷуҳи хосса зоҳир намуда, соли 2018-ро “Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” эълон намуданд. Дараи Қаратоғ яке аз маконҳои сайёҳии кишвар буда, дар ин ҷо ҳамасола сайёҳон аз Эрон, Ӯзбекистон, Русия ва дигар кишварҳои ҷаҳон омада, аз ёдгориҳои таърихии Қаратоғ ва санъати ҳунарҳои мардумии ин водӣ дидан менамоянд. Мардумшинос Руҳулло Ҷӯрабоев эълон намудани “Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ”-ро аз тарафи Пешвои миллат иқдоми нек номида зикр намуд, ки “Соли 2018 барои мардуми тоҷик соли таърихӣ хоҳад буд. Зеро дар ин сол ҳунарҳои мардумӣ аз нав эҳё гардида, ҷойҳои таърихӣ аз нестшавӣ наҷот дода мешаванд. Барои боз ҳам
ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ
Қаратоғ ва мавзеъҳои таърихии он зиёд ҷалб намудани сайёҳон ва аз нав эҳё намудани расму оини миллӣ дар канори Осорхонаи устод Мирзо Турсунзода, воқеъ дар деҳаи Қаратоғ даҳ дӯкони ҳунармандӣ, аз қабили кулолгарӣ, чармгарӣ, оҳангарӣ, қаннодӣ, дӯзандагӣ ва дигар ҳунарҳои мардумӣ сохта истодаанд”. ҚАРАТОҒ ДАР МАСИРИ ТАЪРИХ Қаратоғи бостонӣ дар шаҳри Турсунзода ҷойгир буда, дарозии дарааш 47 километрро ташкил медиҳад. Дарёи Қаратоғ 99 километр дарозӣ дошта, аз баландии 4400 метр аз сатҳи баҳр, аз қуллаи Шӯро, аз қаторкӯҳҳои Ҳисор сарчашма мегирад. Мардумшинос Руҳулло Ҷӯрабоев мегӯяд “Ҳанӯз соли 1511 Заҳуриддини Муҳаммад Бобур (1483-1530), арбоби давлатӣ, воқеанигор ва шоир бо корвони шутурҳояш тавассути дараи Қаратоғ гузашта, ба Мастчоҳ сафар кардааст ва дар харитаи сафараш номи дарёро “Камруд” ёдовар шудааст. Аз ин сабаб дар таърих номи ин дарё “Камруд” сабт гаштааст. Қаратоғ аз ибораи “Қария” – шаҳри хурд ва “тоқ” – ягона гирифта шудааст. Аммо дар байни ин мардум ақидаҳои зиёде нисбати ин ном ҷо доранд. Ба андешаи гурӯҳи якум Қаратоғ калимаи туркӣ буда, маънояш “Кӯҳи сиёҳ” аст. Гурӯҳи дуюм ақида доранд, ки аслан Қаратуғ, Қара – сиёҳ, туғ – асо аст. Гӯё ин ном дар асри 15, дар давраи ҳукмронии амир Ҳусайн ва амир Темур пайдо шуда бошад”. МАЗОРИ “ДАРВОЗА” Дар даромадгоҳи самти ҷанубии собиқ шаҳри Қаратоғ (ҳоло рустои Балхак, қисми низомӣ) оромгоҳе бо номи мазори “Дарвоза” воқеъ аст. Тибқи ривоятҳо ин мазор ба яке аз муридони Хоҷа Аҳрори Валӣ – Шайх Эшони Шоҳмансури Самарқандӣ тааллуқ дорад. Хоҷа Аҳрори Валӣ соли 1428 ҳангоми сафар ба Ҳирот дар Чағониён бо Мавлоно Яъқуби Чархӣ шинос гашта, ӯро пири руҳонии худ хондааст. Чағониён қисми ғарбии водии Ҳисорро дар бар мегирифт. Хоҷа Аҳрори Валӣ дар асри 15 ҳангоми гузаштан аз Қаратоғи бостонӣ бо кадом сабабе фавтидааст ва дар ин ҷо ӯро ба хок супурдаанд. “ГАҲВОРАСАНГ” Дар қисмати шимолии саргаҳи деҳа санги сурхи ба гаҳвора шабоҳатдошта воқеъ аст. Ин санг дар забони мардум бо номи “Гаҳворасанг” маъруф аст. Санг рамзҳои “Модари шаҳр”, “Меҳри модар” ва “тавлиди фарзанди модар”-ро дорад. То солҳои охир пиразанҳои деҳа дар назди ин санг расму оинҳои оташпарастиро ба ҷо меоварданд. Соли 2005 барои боқӣ мондан гирди ин санг бо услуби шарқӣ девор карда шуд. ҚАЛЪАИ ҚАРАТОҒ Дар асри 17 Қалъаи Қаратоғ
яке аз ҷойҳои истироҳатии ҳокимони Ҳисор ба шумор мерафт. Қалъа дар баландии 120 метр, дар соҳили рости дарёи Қаратоғ ҷойгир будааст. Охири солҳои 50-уми асри 18 ҳангоми Ҳисорро забт намудан ин қалъа аз тарафи қӯшунҳои амир валангор карда шудааст. Вақте соли 1886 сайёҳи фаронсавӣ Габрилян Бонвало ба Бухорои Шарқӣ меояд, дар китоби хотираҳояш харобаҳои ин қалъаро сабт менамояд. Деворҳои қалъа аз лой, ба шакли росткунҷа сохта шудааст. Сутунҳояш аз ҷониби шимол намоён буда, барои ҷазо додани мардуми гунаҳкор пешбинӣ шудааст. Дар паҳлӯи қалъа туп, замбаракҳо, ҷои махсус барои туфангҳо, сӯрохиҳо барои тирпаронӣ мавҷуданд. Аз ду тараф биноҳои айвондор ва толорҳои кандакоришуда бо расми гулу меваҳо оро ёфтаанд. Иншооти қалъа дар заминларзаи соли 1908 пурра хароб мегардад. Ҳоло аз ин қалъа зерсутунҳо, сангҳои осиёӣ, суфасанги зери туп, шамшери зангзада, сиккаҳои асри 17 боқӣ мондааст. МАЗОРИ ҲАЗРАТИ ОФФОҚХӮҶА Ба ақидаи пирони деҳа, ки аз забон ба забон гузашта, то ба имрӯз ба шакли ҳикояву ривоят боқӣ мондааст, ин асрори қабрҳои нишонадор мебошад. Яке аз қабрҳое, ки мардуми деҳа ва мардуми қошғарӣ то ба имрӯз муқаддас мешуморанд, ин қабри Оффоқхӯҷа (Хӯҷаи муҳтарам) мебошад. Мувофиқи навиштаи кито-
би “Шоҳмашраб” Оффоқхӯҷа дар ҳамин деҳа аз олам гузаштааст. Қошғариҳои Чин Оффоқхӯҷаро набераи ҳаждаҳуми Паёмбар Муҳаммад (с) мешуморанд. То имрӯз мардуми Қошғар, ки дар Тоҷикистон ва Ӯзбекистон зиндагӣ доранд, ба зиёрати ин қабр меоянд. КАТИБАИ САНГИ МУҲАММАДОҚСАҚОЛ Катибаи санги Муҳаммадоқсақол дар самти шарқии мактаби имрӯзаи деҳа (МТМУ-и №12), дар масофаи 50 метр дуртар воқеъ аст. Дар рӯи қабр санги булӯрини мармарӣ ба чашм мерасад, ки он аз соли 1745 боқӣ мондааст. Дар тани ин санг бо забони ӯзекӣ ва ҳуруфоти арабӣ “Ин қабри Муҳаммад-оқсақол” ҳаккокӣ гаштааст. Эҳтимол меравад, ки ин қабри яке аз ҳокимони Ҳисор Муҳаммадаминбий, аз асри 18 бошад. ҲУНАРМАНДӢ ДАР ҚАРАТОҒ Касбу косибӣ пешаи ҳунармандони ин деҳа буда, ҳар як касб ному хусусияти хоси худро дорост. Сайёҳону савдогарони кишварҳои дурдаст низ бо шӯҳрат ёфтани ҳунармандӣ дар Қаратоғ пои худро ба ин мавзеъ гузоштаанд. Этнографи шинохта Н.Н.Ершов чандин солҳо баҳри омӯзиши таърихи касбу кори ҳунармандони деҳаи Қаратоғ машғул гашта, дар китоби худ “Ҳунармандӣ дар Қаратоғ”
11
мушоҳидаҳояшро сабт намудааст. Ин ягона китобест, ки ҷамъбасти андешаҳои мардуми деҳаро оиди касбу косибӣ ифода намудааст. Яке аз пиронсолони деҳа Дилмурод Азимов мегӯяд, “ҳар касбу ҳунар ифодагари таъриху маданият аст. Маданияти қаратоғиён зинда доштани таърихи ҳунармандист. Шиори ҳар як ҳунарманди ин деҳа “Дӯкон ин нон аст” мебошад. Сабаб дар он аст, ки асоси пешбурди рӯзгори ҳунармандон кор дар дӯкон аст”. Ҳунармандӣ дар Қаратоғ аз ибтидои асри 19 сар карда, то солҳои 60-уми асри 20 бо суръати баланд равнақ ёфтааст. Яке аз ҳунарҳои равнақёфта ин бофандагӣ будааст. Бино ба нақли пирони деҳа то Инқилоби Бухоро дар Қаратоғ бештар аз 3 ҳазор дӯконҳои бофандагӣ фаъолият мекардааст. Устоҳои ин деҳа дар хонаҳояшон то 5-6 дӯкони бофандагӣ доштаанд. Матои истеҳсолмекардаи бофандагони Қаратоғ “алоча” ном дошта, косибон бештар аз 20 намуди онро мебофтаанд. Онҳо сиёҳала, чортеғ, абдушадӣ, чиғӣ, сиёҳкор, мушкузаъфар, алифӣ, маҳмудшоҳии зирагӣ, кӯлобии миёнкӯфта, алочаи бойсунӣ, нимшоҳӣ, кабутак, пӯсти мор, лолагӣ... ном доштанд. Хулоса, дар ин деҳа ҳунарҳои мардумӣ, аз қабили кулолгарӣ, оҳангарӣ, қаннодӣ, чармгарӣ ва дигар касбҳо то имрӯз боқӣ монда, ҳунармандон миёни мардум қадру қиммати хосса доранд. Шаҳбози АСОМИДДИН, “ҶТ”
12 Ба умқи оби баҳр ғутта задан ҳамеша дар қалбҳо шавқу завқ ва эҳсоси наҷибу ҳаяҷонангез ва афсункоронае бармеангезад. Меҳмонхонаҳои зериобӣ меҳмонони худро ба дунёи рангину нотакрори зери об раҳнамун месозанд. Солҳои охир шумораи чунин меҳмонхонаҳо дар ҳоли афзоиш аст. Ин, албатта, табиист, чунки сол то сол шумораи зиёди одамон ба шаклҳои наву муосир ва аҷоибу ғароиби саёҳату истироҳат мароқ зоҳир менамоянд. Чунин мавзеъҳои зеборо дар Дубай, Малдив, Занзибар, шаҳрҳои наздисоҳилии Флорида, Шветсия ва ғайраҳо мушоҳида кардан мумкин аст. Имрӯз аксари кишварҳои мутараққии дунё тарҳи сохтмони чунин меҳмонхонаҳо ва тарабхонаҳои зериобиро мекашанд.
МАВЗЕЪҲОИ САЙЁҲӢ
Меҳмонхонаҳои зериобӣ ШУКӮҲУ ҶАЛОЛИ ҲАҚҚОНИИ ЗЕРИОБӢ Яке аз чунин мавзеъҳои фароғативу истироҳатии ғайриодӣ меҳмонхонаи Poseidon Undersea Resort мебошад, ки дар наздикии харсанги зериобии Элеутра, дар ҷазираҳои Фриҷ воқеъ гардидааст. Он меҳмонхонаест, ки сохтмонаш зери роҳбарии муҳандисони амрикоӣ анҷом дода шудааст, вале рӯзи кушодашавии он то ҳол аниқ нест. Аммо далели он ки ин лоиҳа аз беҳтаринҳо эътироф гар-
Шаҳраки ҳунармандон сохтан лозим
Дар як қатор кишварҳои дар арсаи сайёҳӣ пешгом ё лоақал рӯ ба рушд шаҳракҳои ҳунармандон сохта шудаанд. Шаҳраки ҳунармандон бештар дар он кишварҳое сохта мешаванд, ки фарҳанги қадима доранд. Зеро чуноне маълум аст, аксари сайёҳон ба маҳсулоти қадимӣ таваҷҷуҳ доранд. Ва ин гуна маҳсулот, ки бо усули дастӣ сохта мешаванд, арзишаш, албатта, аз маҳсулоти тавассути дастгоҳҳои корхонаҳо сохташуда гаронтар аст. Ба гунаи мисол, барои сайёҳон шаҳраки ҳунармандони Будапешт дар қиёс ба дигар мавзеъҳои тамошобоб аз ҷолибияти кам бархурдор нест. Дӯкону хонаҳои начандон боҳашамат, аммо бо усули меъмории миллӣ бисёр зебо сохташуда, роҳравҳои дар шакли қадимӣ кошинкоришуда ва ҳоказо ба кас имкон медиҳанд, ки худро беихтиёр дар як дунёи афсонавӣ тасаввур кунад. Ё ҳадди ақал фарҳангу ҳунари мардуми ин сарзаминро бо чашми сар бубинад. Нашъаи ҳамин якчанд лаҳза кофист, ки сайёҳ беихтиёр пул додаву барои худ ва наздиконаш ҳар
ҷаззобу нотакрори умқи баҳрро ба маъраз мегузоранд. Ҳамзамон, ин хусусиятҳо ба шарофати қисматҳои нурафкани иморатҳо ғайрирасмӣ будани онҳоро халалдор намесозад. ДУНЁИ РАНГИНИ ЗЕРИ ОБ Ба умқи оби баҳр фурӯ рафтан ҳамеша таассуроти афсункорона ва сеҳрангезе мебахшад. Меҳмонхонаҳои зериобӣ ба меҳмонон имкон фароҳам меоранд, то худро як муддат ҷузъе аз олами сеҳрофари зери об тасав-
вур намоянд. Чизи аз ҳама ҷолиб ин аст, ки равшанкунии ҳуҷраҳо идорашаванда буда, меҳмон имкон дорад, ки аз ҳуҷраи шахсии худ тавассути асбоби махсуси идорашавандаи фосилавӣ ба моҳиҳо ғизо диҳад. Ба умқи об фурӯ рафтан тавассути лифти махсус сурат мегирад. Ғайр аз ҳуҷраҳои хоб дар зери об ҳамчунин толорҳои варзишӣ, тарабхонаҳо, қаҳвахонаҳо, мағозаҳо, китобхона, толорҳои маҷлисгузаронӣ ва ҳатто калисои хурд барои ашхосе, ки тӯи хонадоршавии худро дар муҳити ғайриодӣ баргузор кардан мехоҳанд, вуҷуд доранд. Барои боз ҳам беҳтар таҳқиқ намудани умқи об ба хоҳишмандон киштичаҳои зериобии дорои 3 ҷои нишаст пешниҳод карда мешаванд. Меҳмонхонаи Poseidon Undersea Resort тибқи лоиҳаи Дэвид Брюса – шахсе, ки аз кӯдакӣ ба баҳр ишқу муҳаббати беканор дошт, бунёд гардидааст. Тамошои чунин мавзеи хушманзара ва афсонавӣ орзуи ҳазорҳо нафаронеро, ки зиндагии худро рангину бошукӯҳтар сохтан мехоҳанд, бароварда месозад. Ҳамарӯза барои истироҳат ва фароғат дар ин меҳмонхона тақрибан 150 000 нафар дархост пешниҳод менамоянд. Шаҳло ЭШОНОВА, “ҶТ”
√ ПЕШНИҲОД
Муҳимияти рушди соҳаи сайёҳиро бобати тақвият додани иқтидори иқтисодии мамлакат ва тарғиби ҳунарҳои мардумӣ ба инобат гирифта, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли 2018-ро “Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” эълон карданд, ки ин боиси фараҳмандист.
дидааст, бемуҳобот мебошад. Ин на танҳо меҳмонхонаи муқаррарии зериобӣ, балки шукӯҳу ҷалоли ҳаққонии зериобӣ аст. Дар чуқурии 12 метр 25 ҳуҷраи бодабдабае ҷойгир шудаанд, ки ҳар кадоми онҳо майдони зиёда аз 51 м2 (ғайр аз ҳуҷраи “Наутилус, ки 300 м2 мебошад) дошта, бо шишаҳои ҳавоногузар маҳкам карда шудаанд. Онҳо мутобиқ ба тамоми талаботи бехатарӣ буда, тавре лоиҳакашӣ шудаанд, ки пеши назари меҳмонон олами
“ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН”, №10 (9540), 08.03.2018
чизи хурду бузурге барои ёдоварӣ бихарад. Озарбойҷон ҳам, ки мисли мо ахиран ба соҳаи сайёҳӣ таваҷҷуҳи ҷиддӣ зоҳир дорад, аҳамияти ҳамин гуна шаҳраки ҳунармандонро аз манфиат холӣ надид ва онро сохт. Биноан таклиф дорам, ки ҳатман чунин як шаҳраке дар Тоҷикистон сохта шавад. Ба андешаи ман, ин сон шаҳракро метавон дар масоҳати на камтар аз 2 гектар бо назардошти меъмории шарқӣ, дар шаҳри Душанбе ё яке аз ноҳияҳои аз ҷиҳати сайёҳӣ ҷолиби мамлакат бунёд кард. Дар як гӯшаи шаҳрак метавон дӯконҳои дуредгарон, оҳангарон, чармгарон, кулолгарон, сангтарошон, заргарон, кандакорҳо, наққошон ва ғайраро ҷо кард. Дар гӯшаи дигар дӯконҳои чакандӯзон, тоқидӯзон, қуроқдӯзон, симдӯзон, кӯрпадӯзонро. Мувофиқи таҷрибаи байналмилалӣ агар қисмати пеши дӯконҳо бо шишаи барқад маҳкам ва дар дохил як-ду усто машғули кор бошанд, хеле беҳтар аст. Ин имкон медиҳад, ки мардуми тамошогар ба кори устоҳо халал нарасонида, кори онҳоро, тарзи омода шудани дилхоҳ маҳсулотро аз пушти шиша тамошо кунанд. Ва таҷрибаҳои дигар кишварҳо ҳокиянд, ки агар ин шаҳракҳо дорои ҳам кӯчаю хиёбону нишастгоҳҳои пурра миллӣ, ғизою нӯшокиҳои миллӣ, хидматрасону ҳунармандони дорои либоси миллӣ бошанд, боз беҳтар аст. Зокир ҲАСАН, сокини ноҳияи Кушониён
Аз замонҳои пеш омӯзиши забонҳои хориҷӣ ва забондонӣ аҳамияти хоссаро касб намуда буд. Забондониро яке аз роҳҳои пешрафти ҷамъият медонистанд. Ҳамин буд, ки дар асрҳои гузашта низ, донишмандони мо дар баробари хуб донистани забони хеш, забонҳои халқҳои дигарро низ меомӯхтанд. Аксари бузургони миллати мо чанд забон ва хати миллатҳои дигарро аз худ карда, бо он забонҳо асарҳои ҷаҳоншумул ва соҳибнуфузи илмӣ, адабӣ ва бадеӣ эҷод кардаанд. Ин раванд то ҳол аҳамияти худро аз даст надода, балки муҳимияти забономӯзиву забондонӣ рӯз аз рӯз ва беш аз пеш зиёд шуда истодааст.
Тарғибгари дурдонаҳои маънавии миллат Мо – ҷавонон созандагони имрӯзу ояндаи миллат бояд аз дурнамои рушди давлатдории худ ба хубӣ огоҳ бошем ва бояд донем, ки яке аз шартҳои он аз худ кардани забонҳои хориҷӣ мебошад. Донистани забонҳои хориҷӣ роҳи моро барои расидан ба комёбиву муваффақиятҳо кушода месозад. Забондонӣ шарти асосии ҷаҳондонӣ ва ҷаҳонишавии шахс аст. Зарурати дигари омӯзиши забонҳои хориҷӣ муаррифӣ кардани кишвар дар арсаи байналмилалист. Фарҳангу адабиёт, таъриху санъат, расму оин ва анъанаҳои миллии мо то ҳанӯз дурдонаҳои маънавии дастнорас ва ё камёб барои ҷаҳониён маҳсуб меёбанд, ки мо, ҷавонон, барои ҳарчи бештар муаррифӣ намудани он масъулияти баланд бар дӯш дорем. Мо танҳо дар сурате ба таври комилу шоиста давлати худро муаррифӣ карда метавонем, ки донандаи хуби забонҳои хориҷӣ бошем. Илова бар ин донистани забонҳои хориҷӣ доираи кору фаъолияти моро ҷаҳонӣ намуда, ба мо имконият медиҳад, ки дар тамоми давлатҳо ва созмону ташкилотҳои дунё кору фаъолият намоем. Акбаршо Наҷмиддинов доктори илмҳои филологӣ, мудири кафедраи забонҳои англисии факултети муносибатҳои байналмила-
лии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон омӯзиши забонҳои хориҷӣ, махсусан забони англисиро яке аз масъалаҳои мубрами рӯз медонад: - Забони англисӣ, - таъкид намуд ӯ, - натанҳо забони давлатии давлатҳои Канада, Амрико, Англия ва дигар давлатҳои пешрафта мебошад. Балки зиёда аз 60 давлати дунё бо ин забон ҳуҷҷатҳои расмии коргузории худро ба роҳ мондаанд. Забони англисӣ забони соҳаи ҳавопаймоӣ буда, яке аз забонҳои байналмилалӣ ва коргузории СММ мебошад. Маҳз ба ҳамин хотир дар соли сипаришуда китобе барои дипломатҳо бо номи “Еnglish for diplomats” бо забони англисӣ ба нашр расонидем. Ин якумин китобе мебошад, ки пурра ба соҳаи муносибатҳои байналхалқӣ бахшида шуда, ҳамкориҳои Тоҷикистонро бо 150 давлати ҷаҳон дар бар мегирад. Кишвари мо ҷузъи ҷудонашавандаи ҷомеаи ҷаҳонӣ буда, сиёсати “дарҳои кушод”- ро ба роҳ мондааст. Бо дарназардошти баробармаърифатӣ метавонад, бо дигар давлатҳо ҳамкориҳои дуҷонибаро ба роҳ монад. Айни замон кишвари мо бо зиёда аз 160 давлат ҳамкориҳои дуҷонибаро ба роҳ монда, аъзои зиёда аз 51 созмонҳои байниминтақавӣ ва байналмилалӣ мебошад. Дар ин
баробар ҷомеаи ҷаҳонӣ дар шароити бархӯрди тамаддунҳо ё ин ки ҷаҳонишавӣ қарор дорад. Ягона роҳе, ки давлатро дар сатҳи байналмилалӣ муаррифӣ менамояду таърих, фарҳанг, забон, маданият ва расму русуми миллиро ҳифз мекунад, донистани забонҳои хориҷӣ мебошад. Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маҳз ҳаминро ба инобат гирифта таъкид намуда буданд: “Дар айни замон ҳамеша дар ёд бояд дошт, ки дар замони қувват гирифтани равандҳои ҷаҳонишавӣ бе омӯзиши забонҳои хориҷӣ, алалхусус забонҳои русӣ ва англисӣ, тайёр кардани мутахассисон ва коршиносони ҷавобгӯи талаботи имрӯзаи ҷаҳонӣ, афзудани сарватҳои моддию маънавӣ ва ишғол намудани мавқеи сазовор дар миёни кишварҳои пешрафтаи дунё хеле мушкил аст”. Ҳамчунин, имсол аз ҷониби сарварми давлат “Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” эълон карда шуд. “Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” рисолати азимеро ба ҷавонон вогузор менамояд. Чун маҳз дар сурати донистани забонҳои хориҷӣ ҷавонони мо метавонанд, ки ба сайёҳон маданияти миллии тоҷикиро муаррифгар бошанд. Малоҳат ХОЛМУРОДОВА, “ҶТ”
“ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН”, №10 (9540), 08.03.2018
Дин ба сиёсат созгор нест Агар масъалаи омезиш ё ба ҳам омадани дину сиёсатро дар таърихи сиёсию фарҳангии миллӣ мадди назар қарор диҳем, дармеёбем, ки ин ҳолат боиси сар задани ҳараҷу мараҷ дар миёни табақаҳои гуногуни иҷтимоӣ мегардад. Бо вуҷуди ин, баъзе афроди манфиатҷӯ ва гурӯҳҳои хурофотпарасту мутаассиб, аз қабили ташкилоти экстремистию террористии ҲНИТ ин ҳардуро ҳамеша ба ҳам омезиш доданӣ мешаванд ва ба истилоҳ, обро лой карда моҳӣ медоранд. Чунин амалҳои террористони наҳзатӣ на аз рӯи ақлу мантиқ, балки ба хотири роҳандозӣ ва пиёда намудани манфиатҳои гурӯҳию шахсии худашон буда, дар кишвари мо оқибатҳои ногувореро ба бор овардааст. Барои чунин ақидаҳои ифротгароёнаю иртиҷоии хешро пиёда намудан, наҳзатиҳои террорист ҳатто ҳадису оятҳои қуръониро ба таври худ тағйир дода ва ба онҳо аз пеши худ иловаҳо ворид карда, мардумро ба гумроҳӣ бурданӣ мешаванд. Онҳо иддао доранд, ки дин ба сиёсат алоқаманд аст ва дурӯғеро ихтироъ кардаанд, ки гӯё “дин дар сиёсат ва сиёсат дар дин аст”. Ба ҳамагон маълум аст, ки террористони наҳзатӣ солҳои аввали соҳибистиқлолӣ аз ҳуқуқи шаҳрвандии худ истифода карда, дар заминаи хало ва идеологияи бегонаашон ҳизби динии сиёсиро таъсис доданд. Эшон дар ҳар маҳфилу нишастҳо суханпардозиҳое мекарданду мекунанд, ки на дар чаҳорчӯбаи ақлу мантиқ меғунҷанд ва на асоси илмӣ доранд. Бешубҳа, ин гуна мавқеъгириҳо бештар дар мафкураи иртиҷоиёну ифротиёне ба назар мерасад, ки ҳизби хешро дар байни мардуми одӣ ҳизби Худо унвон карда, аҳзоби дигарро ҳизбҳои шайтонӣ меномиданд, дар байни мардуми мусалмон андешаҳои солими диниву шаръиро тавзеҳи комилан нодуруст дода, мардумро дар ғафлат меандозанд. Ин афкору андешаҳои хешро ба оёти қуръонӣ асоснок карданӣ шуда, мардум ва кишварро ба оқиб кашиданӣ мешаванд. Яъне, онҳо, ки ҳеҷ гоҳ ҷонибдори рушду инкишоф ва тараққию пешрафт набуданд, намехоҳанд, ки давлат пеш равад ва соҳаҳои фаъолияти одамон тараққӣ ёбанд. Аз ин рӯ, аъзоёни азҳоби дигарро ҳамеш ба кофирӣ муттаҳам намуда, онҳоро дар байни мардум бадқасдона баобурӯ карданӣ мешуданд. Чунки ин тарзи рафторашон аз он шаҳодат медиҳад, ки худи эшон дар бораи мафҳуми ҳизб, ҷавози таъсису фаъолияти он ва инчунин низоми бисёрҳизбии ҷомеа мутлақо чизеро намедонанд. Аз ин сураву оятҳои қуръонӣ бар меояд, ки дар доираи дини ислом бисёрҳизбӣ вуҷуд надорад, зеро Ислом бисёрҳизбиро қаъиян қабул надорад. Худованд дар Қуръони карим фармуда, ки: «Огоҳ бош, ки ҳизби шайтон зиёнкунандагонанд!» (сураи Муҷодала, ояти 19) ва «Инҳо ҳизби Худоянд, огоҳ бош, ки ҳизби Худо, ҳаройна, растагоронанд!» (ҳамин сура, ояти 22). Ҳар ду сураҳо собит менамоянд, ки дар доираи қонуну қоидаҳои шаръии исломӣ ғунҷонидани аҳзоби ғайридинӣ комилан нодуруст аст. Чунки Эзиди аҳзоби ғайридиниро зарароваранда, зиёнкунанда ва хатарнок шуморида, ҳизбҳои исломиро бошад, ҳамеша растагор, поксиришт ва росткирдор меномад. Ҳар хонандаи ин сураҳо ба зудӣ пай мебарад ва мефаҳмад, ки дин бисёрҳизбиро комилан қабул надорад, вале террористони наҳзатӣ ин ҳамаро қатъиян нодида мегиранд ё инкор мекунанд. Чунин тарзи фикрронӣ ва навишти террористони наҳзатӣ нишон медиҳад, ки онҳо ҳадисҳои пайғамбару сураҳои қуръониро тамоман инкор менамоянд. Ин талошҳои онҳо нишонаи он аст, ки эшон барои манфиату кирдорҳои ваҳшиёнаи хешро амалӣ намудан, Худованди бузургро бо тамоми пайғамбарону каломи волояш инкор мекунанд, чи расад ба инкори инсонҳои заминӣ. Нодири ҚОДИР
E - MAIL: javonontj@mail.ru
13
Забон асоси ҳастии миллат Ҷумҳурии Тоҷикистон дар солҳои Истиқлолият новобаста аз душвориҳо ва ноҳамвориҳои роҳи тараққиёт дар соҳаҳои гуногуни ҳаёти ҷамъиятӣ ба дастовардҳои назаррас ноил гардид, ки мо онро дар мисоли рушди забони тоҷикӣ равшан мушоҳида менамоем. Истиқлолият оғози марҳилаи сифатан нави таърихӣ гардид ва бо шарофати заҳмати софдилонаи халқ дар роҳи таъмини рушди сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоиву фарҳангии мамлакат ба натиҷаҳои намоён ноил гаштем. Ба майдони сиёсат зуҳур намудани чунин шахсияти бузург – Пешвои миллат, Президенти Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз лутфу каромати тақдир буд ва давлати тоҷикон таҳти роҳбаладии ӯ ва бо азми устувори мардуми ватанхоҳ ва сарсупурдаи миллат аз сари вартаи хатари нобудшавӣ ақиб гашт ва ба шоҳроҳи рушду тараққӣ баромад. Забон яке аз рукнҳои асосии давлатдорӣ ба шумор рафта, гузашта аз ин, муаррифгари миллат мебошад. Таърих гувоҳ аст, ки баъди гум кардани забони модарӣ давлат низ дер ё зуд тафаккур ва ҳатто давлату давлатдории миллии худро аз даст дода, забон ва унсурҳои фарҳанги бегонаро мепазиранд. Дар ҳамин замина Сарвари дав-
лат ба рушди забони давлатӣ диққати махсус медиҳад. «Забон дар ҳақиқат асоси ҳастӣ ва бақои умри миллат аст», - таъкид медорад Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқоти худ бо аҳли зиёиёни мамлакат. Ифтихор аз ватану ватандорӣ, таъриху фарҳанг, ифтихор аз миллат ва ҳувияти миллат афзалтар аз ҳама дар поку бегазанд нигоҳ доштани забони модарӣ ифода меёбад. Президенти кишвар дар яке аз баромадҳояш зикр намудааст, ки «Забони тоҷикӣ имрӯз ба забони илму фарҳанг табдил ёфта, чорабиниҳои илмӣ бо забони давлатӣ сурат мегиранд, олимони мо асарҳо ва мақолаҳояшонро бо риояи меъёрҳои забони адабии тоҷикӣ таҳия карда, ҷиҳати инкишофи забон сайъу кӯшиши зиёд менамоянд. Мо бояд минбаъд низ ба масъалаи рушди меъёрҳои забони давлатиамон эътибори ҷиддӣ ва доимӣ диҳем ва ба ин хотир мутахассисони забоншиносу суханшиносро зарур аст, ки ҷиҳати такмил додани қоидаҳои забо-
Хоҳем, ки доно бошем...
ё усулҳои истифодаи воситаҳои аёнӣ дар машғулиятҳо
ни тоҷикӣ, риояи асолати меъёрии он тадбирҳои судманд андешанд ва дар тарғибу ташвиқи ин забони хушоҳанги руҳнавоз ҳиссаи ватандӯстона гузоранд». Худшиносии миллӣ, бузургдошти забон ва мероси фарҳангӣ бояд ба он равона карда шавад, ки симои миллат, суннатҳои давлатдорӣ ва расму оинҳои аҷдодӣ ҳар чи бештар ташаккул ёбанд. Дар баробари ин, забони асосии адабиёти бадеӣ ва илмӣ, нашриётҳо, васоити ахбори омма тоҷикӣ бошад ҳам, фаъолияти забонҳои дигар озоданд. Такмили таълим ва омӯзиши забонҳои англисӣ, русӣ ва ғайра қабл аз ҳама аз он ҷиҳат зарур аст, ки Тоҷикистони соҳибистиқлол ҳамчун узви комилҳуқуқи ҷомеаи ҷаҳонӣ ба вусъати робитаҳои байналмилалӣ, ҳамкорӣ бо кишварҳои дигар, ҳамгироӣ бо фазои ягонаи таҳсилот манфиатдор аст. Саодат ҚОСИМОВА, омӯзгори ММТУ-и №96, ноҳияи Сино
Дар ҷомеаи мо падару модар дар тарбияи фарзанд ҳуқуқу вазифаҳои баробар доранд. Вазифаи аввалини волидон ба фарзанд номи нек гузоштан аст. Дуруст аст , ки таваллуди фарзанд, барои ҳамаи хешу таборони хонадон хурсандии калон аст ва ҳангоми номгузорӣ барои эҳтироми калонсолони оила , бобою бибиҳо даъват карда мешаванд. Вале дар ин ҳолат ҳам падару модар нисбат ба дигарон бартарӣ доранд ва ба тифл номе бояд гузошта шавад, ки ба тақвияти мақоли халқ номи зебо, ними ҳусн мувофиқ бошад. Вагарна номҳои номақбул баъдан фарзандро аз номгузорон домангир месозад.
Таҷрибаи кории чандинсолаам нишон дод, ки истифодаи воситаҳои аёнӣ дар дарсҳои забони модарӣ аҳамияти калон дошта, истифодаи он сифати таълимро баланд мебардорад. Дарс шавқовару пурмазмун гузашта, хонандагонро аз хастагӣ эмин медорад ва онҳо фаъол гашта, забонашонр гӯё мегардад. Онҳо озодона ба сухан медароянд. Аз ин рӯ, лозим медонам, ки аз таҷрибаи кории худ дар мавзӯи таълими “Исм” дар синфи панҷум пешниҳодоти худро иброз намоям. Салим, Обид, подабон, дониш, истироҳат, дарахт, кӯҳ, замин, дарё, об, чӯб, асп, гӯсфанд, муаллим, талаба. Баъди навиштани мисолҳои боло ба хонандагон супориш медиҳам, ки онҳоро мустақилона хонанд. Сипас ба воситаи саволу ҷавоб мавзӯъро мефаҳмонам. Аз саволу ҷавобҳо хулоса бароварда, аз мазмуни он қоидаи исмро пайдо мекунем, яъне хонандагон ба саволҳои “Исм чист?” ҷавоб медиҳанд. Илова бар ин, ба хонандагон шарҳ медиҳам, ки исм калимаи арабӣ буда, маънояш ба забони тоҷикӣ ном мебошад. Баъд аз он асбобҳои аёниро ба тахтаи синф овехта, хонандагонро ба мазмун ва мундариҷаи он шинос мекунам. Баъди ҳалли машқҳо бо воситаи саволҳои тестӣ (карточкаҳо) дарсро мустаҳкам мекунам. Натиҷаи тестро санҷида, ба хонандагони фаъол баҳо мегузорам. Ҳоло ки мо ба низоми тестӣ гузашта истодаем, аз усули дар боло зикршуда истифода бурдан дар дарсҳо аз аҳамият холӣ нест. Чунки ин усул хонандагонро беҳтар ба фикркунӣ водор намуда, ҷаҳонбинӣ ва таркиби луғавии забони онҳоро васеъ мекунад. Дар охир дарс ҷамъбасту хулосабарорӣ шуда, баҳоҳои хонандагон аз пурсишу вазифаи хонагӣ, иштирок дар саволу ҷавоби баёни мавзӯи нав ва мустаҳкамкунӣ ба хонандагон эълон карда мешавад. Ҳамин тавр, бо чунин тарз имкон пайдо мегардад, ки хонандагон дарсҳоро пурра аз худ намоянд ва савияи дониш ва ҷаҳонбинияшон васеъ гардад.
Хушахлоқу накӯирода, инсонпарвару меҳнатдӯст ва хоксору ватанпараст тарбия намудани фарзанд, масъулиятест, ки аз волидон кӯшишҳо ва заҳмати зиёдеро талаб мекунад. Оила мактаби аввалин ва асоситарини тарбияи фарзандон аст ва агар дар ин зина ягон каҷравие рух диҳад, ислоҳи он барои падару модар ва дар оянда барои муаллимон кори басо душвор мегардад. Дуруст аст , ки 1-2 соли аввал нигоҳубин ва тарбияи фарзанд бештар ба зиммаи модар гузошта мешавад. Аммо дар ин давра ҳам падар бояд саҳми худро гузорад. Мунтазир нашавад ,ки кай фарзанд калонтар гардаду ба тарбияи ӯ шурӯъ кунад. Волидон ба тарбияи меҳнатии фарзандон бояд диққати махсус диҳанд, чунки меҳнатдӯстӣ яке аз хислатҳои беҳтарини инсонӣ аст. Ба меҳнатдӯстӣ ва муносибати софдилона ба меҳнат аз хурдсолӣ асос гузошта мешавад. Падару модар бояд кори фарзандро назорат карда, ба онҳо маслиҳатҳо диҳанд. Чунки коргузорӣ дар фарзандон ҳисси масъулият ва мустақилиятро тарбия мекунад. Волидон бояд аз айёми хурдсолӣ ба фарзандонашон ҳунарҳои гуногунро , ки дар ҳаёти оилавӣ ба кор меояд, омӯзонанд.
Сурайё СИТАМОВА, омӯзгори МТМУ № 25, ноҳияи Данғара
Паринамо АБДУЛВОҲИДОВА, омӯзгори МТМУ № 24, ноҳияи Фирдавсӣ
Фарзанди нек боғи падар
14
КИТОБХОНАИ “ҶТ”
“ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН”, №10 (9540), 08.03.2018
Фиребхӯрда
Таълифи тозае роҷеъ ба публитсистика Доир ба публитсистика, таъриху пайдоиш, сабку услуб, воқеияту бадеият, образ ва жанрҳои он олимону муҳаққиқони зиёди ватанию хориҷӣ гуфтаву навиштаанд. Вале он чи ки дар китоби “Хосияти публитсистика” дарҷ шудааст, нисбатан нав аст. Муаллифони китоб Ҷамила Раҳмонова ва Бахтиёр Қутбиддинов навиштаанд, ки агар дар бораи шинохти публитсистика дар оғози солҳои 90-уми асри гузашта сухан мерафт, он барои тамоми мутахассисону донишҷӯёну эҷодкорон чизи нав буд, аммо ҳоло не. Китоби “Хосияти публитсистика” таълифест бо ҳадафу мақсади муайян. Муаллифон, ба таъкиди муҳаррири асар, дар ин китоб кӯшиш намудаанд, ки дар заминаи омӯзиши адабиёти марбут ба публитсистика, зикри андешаҳои муҳаққиқон ва таҳлили баъзе асарҳои публитсистӣ ба масъалаи шинохти публитсистика, мавқеи он дар ҷомеа ва нақши публитсистон дар ташаккули афкори солими иҷтимоӣ ва дигар махсусиятҳои публитсистикаро баррасӣ кунанд. Ба ҳамаи мо маълум аст, ки муҳаққиқони ватанӣ, ба монанди Абдуқодир Маниёзов, Муҳаммадҷон Шакурӣ, Мукаррама Қосимова, Соҳиб Табаров, Воҳид Асрорӣ, Асадулло Саъдуллоев, Давлат Давронов, Пайванди Гулмуродзода, Иброҳим Усмон, Абдусатор Нуралиев ва дигарон дар таҳқиқоташон заминаҳои асосиро дар ин самт гузоштаанд. Ба гунае, ки дар айни ҳол доир ба публитсистика чизи нав гуфтан душвор аст. Аммо муаллифони китоби “Хосияти публитсистика” тавонистаанд, ки доир ба публитсистика ҷанбаҳои навро таҳқиқ намоянд, ки то ҳол номафҳум буданд. Китоб ду қисматро дар бар мегирад. Қисми аввали китоб “Шинохте чанд аз дирӯзу имрӯзи публитсистика” номгузорӣ шуда, дар он масъалаҳои моҳияти публитсистика, дараҷаи омӯзишҳо доир ба шинохти он, шарҳу маънидоди истилоҳи публитсистика дар қомусу луғатҳо, баҳси жанр ва навъи мустақил будани публитсистика, таърихчаи ташаккули он, хусусиятҳои сабкӣ, образӣ, жанрӣ, воқеияту бадеият дар публитсистика, шинохти муаллиф ва ғайраҳо мавриди таҳлилу баррасӣ қарор гирифтаанд. “Сифатҳои мавзуният, равонӣ, дилчаспӣ, руҳия, зебоӣ ва дигар вазоифу хусусиятҳои шеърро мо аз адабиёт борҳо хондаем. Навъҳои шеърро низ дар робита ба самтҳои мавзӯӣ воқиф ҳастем. Аммо дар бораи шеъри публитсистӣ хеле кам гуфтаему навиштаему хондаем”, - гуфтани муаллифон аз он далолат мекунад, ки қисмати баъдии китоб дар таҳлилу муқоиса доир ба шеъри иҷтимоӣ маълумоти илмӣ дода шудааст. Ба ҳамин тартиб қисми дуюми китоб - “Баъзе хусусиятҳои назми публитсистика” ном гирифта, дар он муаллифон доир ба омилҳои зуҳури қолабҳои назмии жанри иҷтимоӣ дар Аврупо, ташаккули назми иҷтимоӣ дар адабиёт ва публитсистикаи тоҷик, хусусияти осори манзуми ҷанбаи иҷтимоидошта дар навиштаҳои адибони тоҷик, ба монанди С. Айнӣ, А. Лоҳутӣ, Ҳ. Юсуфӣ, М. Турсунзода, М. Миршакар, Б. Собир ва дигарон баҳс мекунанд. Истифодаи китоби мазкур ҳамчун воситаи таълимӣ барои муҳассилини факултаву шуъбаҳои рӯзноманигорӣ аз манфиат холӣ нест. Бо мутолиаи он метавон ногуфтаҳоеро роҷеъ ба публитсистика ва назми иҷтимоӣ дарёфт намуд, ки дар ғанӣ гардонидани донишҳои назариявӣ ва пажуҳиши минбаъдаи мавзуъ кӯмак мерасонад. Хуршед МАВЛОН, “ҶТ”
Дар роҳ зани тақрибан чилсолае, ки чанд қадам пештар аз ман мерафт, нохост ба замин афтод. Ба нияти ёрӣ расондан суръати роҳгардиамро тезтар кардам. Духтараке, ки телефон ба дасту гӯшмонак ба гӯш дошт, низ дарҳол худро паҳлуи зан гирифт. Ӯ аз тарафи чап ва ман аз тарафи рости зан истодем. Аз дастонаш доштем, то ба по хезад. - Аҳволатон хуб аст? - пурсид духтар аз зан, ки чашмонаш нимпӯш ва рӯи ҷабинаш рахҳо пайдо шуда буд. Маълум, ки зонувонаш дард ёфтаанд. Зан сухан накард, балки дар ҷавоби духтарак бо аломати тасдиқ сар ҷунбонд. Мо занро ба канори роҳ, зери сояи дарахт бурдем, то нафас рост кунад. Ин дафъа ман савол додам: - Шумо беморед, апа, саратон чарх зад? Зан бо ишораи сар фаҳмонд, ки бемор нест. Духтарак самимона ва бо камоли дилсӯзӣ чанги пироҳани занро афшонд. Чанд лаҳза касе аз мо дигар ёрои пурсидан накардем. Зеро зан орому бесадо гиря мекард. - Модара ки носипосӣ кардӣ, Худо мезадааст. Сахт мезадааст... – ба гап даромад зан бо овози гиряолуд. Ӯ каме хомӯш истода бо пушти дасташ оби дидагонашро тоза кард ва ба гапаш идома дод: - Модари ҳафтодупанҷсолаи худро, ки мисли кӯдак шуда буд, чанд вақт пеш ба мошин савор карда, ба идораи шиносномадиҳӣ омадам. Бо мақсади аз номи модарам баровардани қайди хона ва ба номи худ гузаронидани он. Танҳо имзои модар лозим буд... Шавҳари ман як марди хориҷӣ аст. Вақте хонаро аз номи модарам ба номи худам гузаронидам, пешниҳод кард, ки биё хонаро ба хориҷиҳо ба иҷора диҳем. Азбаски хонаи мо таъмирдидаву барои ҳамчун коргоҳ истифода бурдан мувофиқ буд, ҳар гуна ташкилотҳо талабгораш мешуданд. Мо медонистем, ки агар хонаро ба хориҷиҳо ба иҷора супорем, маблағи хуб ба даст меовардем. Ҳамон тавр кардем. Хонаро ба як ширкати хориҷӣ иҷора додем. Худамон бо нархи арзон ба хонаи иҷора гузаштем. Ба мо ҳар моҳ аз ҳисоби иҷора 2 ҳазор доллар фоида меомад. Иҷорапулиро ман худам мегирифтам, шавҳарам аслан кордор набуд. Дар аввал аз ин пули калон хеле хурсанд шудам. Азбаски шавҳарам ба тиҷорат машғул буд, зуд-зуд ба хориҷа рафтуо мекард. Баъд аз ду моҳи иҷоранишин гирифтанамон шавҳарам хориҷа рафту ин дафъа он ҷо буданаш тӯл кашид. Ҳар бор занг мезадам мегуфт, дар корҳояш каме мушкил пеш омадааст, ҳамин ки ҳал кард, бармегардад. Вале корҳояш ҳал нагашт. Як рӯз вақте занг задам, гуфт маблағи ҳангуфт қарздор шудаасту намедонад чӣ гуна онро баргардонад. Ба сари ман ҳам ягон андеша наомад. Вале чанд вақт баъд занг заду гуфт: “Чӣ шавад, ки хонаро ба фурӯш монда, мушкили пешомадаро ҳал кунем? Корҳо ки дуруст шуданд, Худо хоҳад аз маркази Душанбе хонаи беҳтаре хоҳем харид”. Ин ҳодисаҳо чунон зуд ҷараён мегирифт, ки сарфаҳм намерафтам. Ба сарам ҳам намеомад, ки фирефта шуда истодаам. Хуллас, хонаро аз арзише, ки дошт, арзонтар фурӯхта маблағро ба шавҳарам фиристодам. Робитаи мо бо ҳамин гӯё анҷом ёфт. Ҳатто телефонаш дигар фаъол набуд. Бори охир гуфта буд, ки дар Дубай қарор дорад. Ман ҳам ба Дубай рафтам, вале ҳарчанд пурсон шудам суроғаашро наёфтам. Инак, се рӯз мешавад ба Душанбе баргаштаам. Мисли девонаҳо мегардам, чӣ кор кунам намедонам... Бо шунидани нақли зан ғамгину мутаассир гашта, чӣ гуфтанамонро намедонистем. Баъд мисли ин ки кадом кори муҳиме ба ёдаш расида бошад, зан саросема аз ҷо бархосту либосашро ба тартиб овард ва азми рафтан кард. - Ба куҷо меравед? – пурсид духтар. Зан ба ҷои ҷавоб суол кард: - Маршруткаи 22 “Зарнисор” меравад-а? - Меравад, апа. - Маро ба “22” мешинонед? - Албатта, лекин “Зарнисор” барои чӣ? - Регар меравам, то ин ки модарамро аз хонаи пиронсолон гирам... Башир УСМОН, “ҶТ”
“ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН”, №10 (9540), 08.03.2018
САҲИФАИ ДОНИШҶӮЁН
Дар факултети филологияи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон чандин маҳфилҳои адабӣ ва илмӣ фаъол мебошанд. Яке аз онҳо маҳфили “Фарҳанги мардум” аст, ки он бо роҳбарии профессор Равшан Раҳмонӣ амал менамояд. Ин маҳфил моҳе як бор баргузор гардида, дар он масъалаҳои гуногуни фолклорӣ, этнография, муносибати фолклор ва адабиёт мавриди баҳси аъзои маҳфил қарор мегиранд.
Ҳунарҳои мардумӣ дар маҳфили “Фарҳанги мардум” Тавре ки маълум аст, имсол аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон “Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” эълон гардид. Ба ин муносибат дар маҳфили навбатии “Фарҳанги мардум” мавзӯи “Нақлу ривоятҳои мардумӣ” мавриди мубоҳиса қарор гирифт. Дар оғози маҳфил профессор Р. Раҳмонӣ дар бораи нақлу ривоятҳои мардумӣ роҷеъ ба ҳунарҳои мардумӣ, аҳамияти тарбиявии онҳо ва тарзи гирдоварии ин гуна матнҳо суҳбат намуданд. Барои он ки донишҷӯён завқманд шаванд, устод як нақли аз калонсолон шунидаашонро ҳикоят намуданд: “Бибиам мегуфт, ки модараш гулдӯзи моҳир буд. Ӯ зебоиҳои табиатро дида, ҳамон замон аз хаёлаш ба рӯи матоъ бо риштаву сӯзан медӯхт. Ҳатто бо қалам мисли дигар гулдӯзон намекашид. Бидуни кашидани нақш онро хеле ҷаззоб ва назаррабо медӯхт. Бибиам мегуфт, ки як рӯзи зебои баҳорӣ буд, гулҳои дарахтон шукуфта, борони маҳин меборид, насими форам мевазид, мурғакони хушилҳон дар шохаҳои гулкардаи дарахтон нишаста, нағмасароӣ мекарданд. Кӯдакон дар ин айём ба ҳам ҳазлу шӯхиҳо карда, ҳар сӯ медавиданд. Бибиам мегуфт, ки модараш лаҳзаҳои зебои ин манзараи дилраборо моҳирона бо сӯзанӣ медӯхт. Мо духтаракон, шогирдонаш буда, ба он пайравӣ карда, ҳунари гулдӯзиро ёд мегирифтем”. Пас аз ин нақли устод аъзои маҳфил ба ӯ дар бораи ҳунарҳои мардумӣ саволҳо доданд. Аз суханрониҳои аъзои маҳфил маълум шуд, ки ҷавонон барои омӯхтани ҳунарҳои мардумӣ хоҳиши зиёд доранд. Маҳфили навбатии “Фарҳанги мардум” бо баҳсу мунозира, саволу ҷавоб, нақлу ривоятҳо, шӯхиҳои ҷолиб гузашт. Дар охир устод Р. Раҳмонӣ ба ҳозирин гуфтанд, ки маҳфили оянда дар бораи “Ривоятҳои мардумӣ ва намоиши ҳунарҳо дар ҷашни Наврӯзи минтақаҳои Тоҷикистон” баргузор мегардад. Ҳилолҷон ҚУРБОНОВ, донишҷӯи факултети филологияи ДМТ
15
Либоси миллӣ ва “Соли рушди сайёҳӣ...” Пайдост, ки ҳар миллат соҳиби арзишҳо ва муқаддасоти худ мебошад. Он арзишҳое, ки боиси муаррифии миллатҳо, давлатҳо ва халқҳои алоҳидаи дунё гаштаанд. Мо – тоҷикон низ ҳамчун ҷузъи ҷомеаи башарӣ, ҳамчун миллати соҳиби тамаддуни бой ва ҳамчунин соҳиби давлати мустақил, арзишҳо ва фарҳанги миллии худамонро дорем. Арзишҳо ва фарҳангҳо, тавре маълум аст, бо мурури замон аз насл ба насл ҳифз шуда омадаанд. Гузаштагони миллати мо низ аз ҳар ҷиҳат кӯшиш мекарданд, то фарҳанги миллӣ ва муқаддасоти миллии мо пойбарҷо боқӣ монад. Вале имрӯз дар шароите умр ба сар мебарем, ки ба истилоҳ ба ҳам омехташавӣ ё наздикшавии фарҳангҳои гуногуни олам таҳти номи ҷаҳонишавӣ суръат пайдо кардааст. Ин ба ҳам наздикшавиҳо ба он овардааст, ки фарҳангҳои бузург фарҳангҳои хурдро маҳв кардан доранд ва онҳоро мисле ки фурӯ мебаранд. Намунаи ин гуфта он аст, ки вақте ба бозорҳои кишвари мо анвои гуногуни сару либоси хориҷӣ (хоҳ он аврупоист ё арабӣ) фаровон ворид мешаванд, мо мардум, афроди ҷомеа, ки дар маҷмуъ ҷамъияти Тоҷикистонро ташкил медиҳем, онҳоро “мӯди нав” гӯён мехарему ба бар мекунем. Агар моли хориҷӣ барои мо мӯди нав бошад, пас, моли худамон, ки то ин дам ҳифз шуда омадааст, мантиқан мӯди куҳна ҳисоб мешавад. Яъне мо тадриҷан аз истифодаи моли худӣ, ниҳоят аз фарҳанги худӣ барои “куҳна” буданаш ё “куҳна” шуданаш ор мекунем. Ин хатари бисёр бузург аст. Хатарест, ки бо шиддат не, балки бо нармӣ ва оҳиста-оҳиста наздик шуда пояҳои фарҳанги моро заифу ларзонак мегардонад. Дар робита ба ин масъала бо
устоди ДМТ Ҷӯраева Мушаррафа ҳамсуҳбат шудем. Муаллима мегӯяд, зиёд шудани муди аврупоӣ, либосҳои кӯтоҳу дарози хориҷӣ интихоби либосро барои эшон мушкил кардааст. - Аз чи бошад, ки дар бозорҳои мо либосҳои бениҳоят кӯтоҳ бештар мушоҳида мешаванд. Агар аҳён-аҳён он либосҳое, ки дарозу кӯтоҳанд, ба урфу одатҳои мо мувофиқат кунанд, бештари маврид ба роҳгардиамон халал мерасонанд. Ё либосе, ки ба бар мекунем аз ҳад дароз бошад ба раққосаҳо монанд мешаваем. Айни замон пӯшидани либосҳои дароз анъана шудааст. Дар раванди ҷаҳонишавӣ ва ба ҳам омадани тамаддунҳо мо аз ин чиз орӣ буда наметавонем. – мегӯяд муаллима М. Ҷӯраева. Бино ба гуфтаи М. Ҷӯраева, дар ҳамоишу конфронсҳои расмӣ пӯшидани либоси расмӣ талаб карда мешавад, ки либоси расмии мо хоҳ-нохоҳ ҳамон либоси аврупоист. - Мутаассифона, дар байни либосҳои миллии мо чизе офарида нашудааст, ки дар муҳити расмӣ қабул шуда бошад. Ҳарчанд аз ҷониби тарроҳон аз як матои атлас анвои гуногуни либосҳои зебо офарида шуданд, вале ба фикри ман либосҳои офаридаи онҳо танҳо борои подиумҳост. Либосҳои офаридаи онҳо низ бениҳоят дарозанд, ки мо онро барои зиндагии ҳаррӯзаи худ ва ҳатто дар ҷашну сур пӯшида наметавонем. Бисёр хуб мешуд, агар тарроҳон як либоси шинаму зебо тарроҳӣ мекарданд, то тавонем онро ҳамарӯза истифода барем. Соли 2010 зимни як конфронс дар Ҷумҳурии Халқии Хитой куртаи миллии худамон - атласро дар бар доштам. Ҳангоме, ки мо дар боғи истироҳатӣ сайр мекардем, тамоми намояндагони ин ҳамоиш ба мо
бо чашми ҳайрат менигаристанд ва мехостанд ки либоси моро ламс кунанд ё бо мо ба рақс дароянд. Дар ҳамон ҷо ман аз либосу фарҳанги миллии хеш ифтихор кардам... – ёдовар шуд М. Ҷӯраева. Ҳамсуҳбати мо мегӯяд, дар соли 2018, ки соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ эълон шудааст, вазифаҳои тарроҳони тоҷик бештар мегардад. Онҳо бояд дар ин сол коре карда либосе офаранд, ки муаррифгари миллати мо бошад ва рамзи миллии либоси тоҷикӣ гардад, то бонувони мо бо хурсандӣ қабул ва ба бар кунанд. Албатта, мо ҷавонон мехоҳем, ки ҳамқадам бо замони хеш бошем. Вале ин маънои онро надорад, ки аз либосҳои миллии хеш, ки ҷузъе аз фарҳанги миллат мебошанд, батамом сарфи назар кунем. Дар ин раванд моро мебояд, ки муди либоси миллии хешро таҷдид намоем. Ва агар мехоҳем дар радифи фарҳангҳои дигар ҳамчун мардуми фарҳангсолор боқӣ бимонем пас моро лозим аст, ки аз ҳар вақта дида зиёдтар ба тарғиби фарҳаги хеш ҷаҳд кунем. Агар имрӯз либоси мардуми аврупоӣ барои мо нав аст, яъне онро бори аввал мебинем, ё мардуми нисбатан пешрафта ба бар мекунанд, пас инро низ бояд дар хотир дошта бошем, ки пироҳанҳои тоҷиконаи мо низ барои аксар қавму халқият ва миллату давлатҳо нав (“муд”) аст. Вазифаи ҷонии мо шиносонидани ин фарҳанг ба мардуми ғайр аст. Ҳар нафаре, ки дар ин радиф аз фарҳангдӯстиву меҳанпарастии худ ҷор мезанад, ӯро лозим аст, ки аввалан худ тарғибгару посдори ин фарҳанги ғанӣ бошад. Фарзона ТОШЕВА, донишҷӯи ДМТ, коромӯзи “ҶТ”
Ҳунар беҳ аз симу зар
“Соли ҷавонон” бобарор буд
Чӯбкорӣ ва гаҷкорӣ яке аз намудҳои ҳунари мардумии тоҷикон аз замонҳои қадим ба шумор меравад. Ин навъи ҳунар таърихи куҳан дошта, дар садсолаҳои охир қисме аз навъҳои он ба дараҷаи олӣ инкишоф ёфтааст. Ҳунарҳои мазкур бештар дар минтақаҳои дурдасти кишвари азизамон ташаккул ёфтаанд.
Кооперативи тиҷоратии ба номи К. Шарипови ҷамоати Садриддин Айнии ноҳияи Варзоб хоҷагии калон ба ҳисоб рафта, дар ихтиёри худ қариб 8 ҳазор гектар замини корам дорад. Заминҳои кооператив асосан дар талу теппаҳо, дар мавзеи хушбоду ҳаво ҷойгир аст. Хоҷагӣ 30 нафар аъзо ва 138 нафар саҳмгузор дорад.
Дар деҳаи Гулистони ноҳияи Тоҷикобод, ки ҳамрадифи номи ватанамон аст, аз ин ҳунарҳои мардумӣ васеъ истифода мебаранд. Яке аз он ҳунармандон, ки дар тамоми ноҳия мардум ӯро мешиносанд, Амирҷон Минҳоҷов мебошад. Ӯ дар тӯли ҳаёти худ ба ин навъҳои ҳунар сару кор доштааст. Номбурда дар деҳа устохонаи худро кушода, аз ин навъҳои ҳунарҳои мардумӣ ба шогирдони зиёде дарс медиҳад. Усто Амирҷон Минҳоҷов дар Ҳиндустону Ӯзбекистон маҳорати худро сайқал додааст ва акнун мехоҳад ҳунари худро ба фарзандонаш мерос гузорад. Ин шахсияти ҳунармандро дар деҳа бо номи Устокалон ҳам мешиносанд. Ғайр аз ҳунарҳои чӯбкорию гаҷкорӣ, Амирҷон Минҳоҷов кандакориро ҳам хуб метавонист. Ҳарчанд феълан ин шахсияти бузург дар қайди ҳаёт нест,
аммо номи ӯ ҳар лаҳза вирди забони мардуми ноҳия мебошад ва ҳунарашро писараш Ҳоким Минҳоҷов имрӯзҳо идома дода истодааст. Беҳуда бузургони мо нагуфтаанд: “Мероси падар хоҳӣ, касби падар омӯз”. Ҳар як шахсияте, ки ба ин ё он касб завқ дошта бошад, ҳатман онро меомӯзад. Имрӯз Ҳоким Минҳоҷов молу дороии зиёд надорад, аммо бо касбу ҳунари худ номи падарро абадан зинда медорад. Тавре устод Рӯдакӣ гуфта: Чаҳор чиз мар озодаро зи ғам бихарад, Тани дурусту хуйи неку номи неку хирад.
Ҳар лаҳзае, ки номи ин шахсият аз забони сокинони ноҳия садо медиҳад, фарзандони ӯ аз касби падар ва аз номи ӯ ифтихор карда, бо касби меросиашон меболанд. Абӯнаср РАҲИМОВ, донишҷӯи факултети журналистикаи ДМТ
- Дар хоҷагии мо асосан ҷавонон фаъолият доранд, - гуфти зимни суҳбат сарвари кооператив Муҳаммад Юсуфов. – Соли 2017, чун “Соли ҷавонон”, барои аҳли заҳмати хоҷагии мо соли бобарор буд. Онҳо дастҷамъона заҳмат кашида, ба натиҷаҳои хуб ноил гардиданд. Ҳоло бошад, бо фарорасии фасли баҳор ба ниҳолшинонӣ машғул шуда, боғҳои нав бунёд дорем. Аллакай дар ду гектар дарахтони сояафкан ва мевадиҳанда шинондем. Умуман, боғу токзорони бунёднамудаи аҳли заҳмати хоҷагии мо 61 гектар ангурзор ва 67 гектар дарахтони гуногуни мевадиҳандаро дар бар мегирад. Минбаъд боғу токзоронро боз ҳам зиёд хоҳем кард. Ҳамин тавр, кӯшиш дорем, неъматҳои моддӣ боз ҳам афзоиш ёбанд. Дар ҳудуди хоҷагӣ барои мактаббачаҳо бошишгоҳҳои дамгирӣ сохта шудааст. Фасли тобистон дар ин макони хушбоду ҳаво мактаббачагон таътили тобистонаи худро хушу хуррам мегузаронанд. Тавре роҳбари хоҷагӣ М. Юсуфов иброз дошт, ҳамасола аз ҳисоби кооператив ба оилаҳои бесаробон ва камбизоат кӯмаки моддӣ расонида мешавад. Ҳамчунин, аҳли заҳмати кооператив дар чорабиниҳои гуногуни ноҳиявӣ ва пойтахт фаъолона ширкат меварзанд. - Дар қитъаи ҷудогона гулҳои гуногунро парвариш мекунем, - гуфт дар поёни суҳбат сарвари кооператив М. Юсуфов. – Бо гулҳои парваридаамон мекӯшем, ҳар гуна чорабинӣ боз ҳам рангин шавад. Т. ФОЗИЛОВ, “ҶТ”
16
“ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН”, №10 (9540), 08.03.2018
ФАРОҒАТИ ҶАВОНОН
Сеҳри хома АМАЛИ МЕҲРОБ АЗИМОВ, “ҶТ”
√ АНДАРЗ
Худро тағйир бояд дод ТАҲИЯИ Ш. ЭШОНОВА, “ҶТ”
МУШАРРАФА ҚОСИМОВА
√ САЙҚАЛИ
АНДЕША
Хирад модари ҳақиқии хушбахтиҳост. ******** Ақл, бешак, шарти аввалини саодатмандист. ******** Соддагию ҳақбинӣ беҳтар аст, аз доноию дуруғгӯӣ. ******** Худованд агар бар касе ғазаб намояд, пеш аз ҳама ақлашро мегирад. ******** Корҳои бузург фавран сурат намегиранд. ******** Нисбат ба касе, ки фавқулодда иштибоҳ кардааст, сахт хашм намегиранд. ******** Хушбахтӣ ҳамқадами далерон аст. ******** Мудҳишу хатарнок аст он ақле, ки дар хидмати инсоният қарор надошта бошад. ******** Бахт ба рӯи танбал намехандад. Софокл
Дар замонҳои қадим амири як кишвари бой ва осудае тасмим гирифт, ки аз минтақаҳои дурдасти мамлакати худ дидан намояд. Ӯ қаблан боре ҳам он маҳалҳоро надида буд. Сафари амир якчанд рӯз тӯл кашид. Вақте амир баъди сафари дурудароз хаста шудаву ба қасри боҳашамати худ баргашт, ҳатто роҳ гашта наметавонист, чунки бар асари зиёд роҳ гаштан пойҳояш дард мекарданд. Ин нахустин сафари амир буд, ки ӯ пиёда дар роҳу пайроҳаҳои ноҳамвор ва пуршебу фароз роҳ паймуд. Вале ӯ амири мамлакат буду набояд мисли одамони одӣ чунин азият мекашид. Ин буд, ки дар сари амир андешае падид омад: “Шояд амр
√ ОБУНА
диҳам, ки тамоми роҳҳои ноҳамвору сангпӯшро бо пӯсти говҳо пӯшонанд, то мулоиму ҳамвор ва бароҳат шаванд. Ва ҳангоми сафари навбатӣ ман чунин ранҷу азоб нахоҳам кашид”. Амир ҷаласаи шӯрои мушовиронашро даъват намуда, ин тасмими хешро ба ҳамагон эълон кард. Дар толор хомӯшӣ ҳукмфармо буд. Ҳар нафаре дар хусуси он меандешид, ки ин амал ба хазинаи давлат чӣ қадар зарар хоҳад овард, чун барои иҷрои ин кор ҳазорҳо тонна пӯсти гов лозим мешавад. Оқибат нафаре ҷуръат намудаву гуфт: - Амирам, чаро чунин хароҷоти зиёд намоем? Беҳтар он нест, ки барои пойҳоямон пойафзоли гарму бароҳат бидӯзем?
Амир нахуст аз чунин пешниҳоди боҷуръатона дар ҳайрат афтод, аммо баъди каме андеша кардан ин таклифи мушовирашро пазируфт. Баъди чанде барои амир як ҷуфт чунин пойафзоли
бароҳат омода карданд. АНДАРЗ: Барои он ки ин дунёро ба макони амну осоиш табдил диҳем, беҳтар он аст, ки худ ва қалби худро тағйир бидиҳем, на муҳити атрофро.
- 2018
Бо “Ҷавонони Тоҷикистон” ҳамеша ҷавон мемонед!
Обуна ба рӯзномаи “Ҷавонони Тоҷикистон” барои соли 2018 идома дорад. Нархи обуна аз тариқи идораи рӯзнома барои як сол 110 сомонӣ муқаррар шудааст. Ин арзиш бо назардошти бурда расондан ба нақша гирифта шудааст. Шумо обуна шавед, мо сари вақт рӯзномаро мерасонем. Инчунин, Шумо ба воситаи шуъбаҳои алоқаи шаҳру ноҳияҳо метавонед ба ягона рӯзномаи ҷавонон обуна шавед. Суратҳисоби бонкии рӯзнома: с/ҳ №20202972500232101000, РМА 030000301, ҳ/х 20402972316264, РМБ 350101626 Бонки давлатии амонатгузории Тоҷикистон “Амонатбонк”. Индекси обуна 68857.
√ ЭЪЛОН
Шиносномаи гумшуда бо силсилаи А ва рақами 00361286, ки онро ШВКД-и ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе соли 2015 ба Манзура Иномова додааст, эътибор надорад.
Агар ту тарбиянадидаию хомӯшӣ, пас, ботарбияӣ. Агар тарбиядидаию хомӯшӣ, бисёр хуб тарбиятдидаӣ.
Шиносномаи техникии гумшуда, бо суроғаи шаҳри Душанбе, кӯчаи А. Қаҳҳоров, хонаи 149/2, ҳуҷраи 73, ки ба Смирнова В. В. тааллуқ дорад, эътибор надорад.
******** Агар бесаводию хомӯшӣ, боақлӣ ва агар босаводию хомӯшӣ, аблаҳӣ. ******** Агар аз дигарон шарм надорӣ, ақаллан аз худат шарм дор.
Шиносномаи техникии ҶДММ “Сапеда 112”, воқеъ дар ноҳияи Рӯдакӣ, ҷамоати Чоряккорон, деҳаи Испечак 15/1 бо сабаби гум шуданаш беэътибор дониста шавад.
******** Такаббур нафратовар аст, ғайр аз худи кас ба дигарон. ******** Шарафро на бо шӯҳрату либосҳои зебову аспҳои хуб ва зару зевар дарёб, балки бо мардонагию хирадмандӣ соҳиб шав. Тофераст Рӯзнома таҳти рақами 0120/рз аз 22 сентябри соли 2014 дар Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон сабти ном шудааст. Нишонӣ: 734018, шаҳри Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ-16, ошёнаи 1
САРМУҲАРРИР
Бахтовар КАРИМОВ
Шартномаи хариду фурӯши гумшуда, бо суроғаи шаҳри Душанбе, кӯчаи Бухоро, хонаи 27, квартираи 100, ки аз тарафи Саридораи нотариалии давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон 20 марти соли 2015, таҳти феҳристи 1Ш-346 тасдиқ шудааст ва ба Нуритдинова Маҳбуба Сроҷидинова тааллуқ дорад, эътибор надорад.
√ РЕКЛАМА
ҲАДЯИ АРЗИШМАНД БАРОИ БОНУВОН
Оё мехоҳед, барои азизонатон дар рӯзи идашон 8-уми март ҳадяи арзишманд харидорӣ кунед? Пас, креми “Прикатен” барои бартар кардани ожангҳои рӯй, креми “БМС” барои таровату зебоӣ ва курси лоғарии горсания-камбуҷияро барои зебоии андом аз атриёти “Зинат” харидорӣ намоед. Суроға: шаҳри Душанбе, чорроҳаи бозори “Саховат”. Тел: дар ш. Душанбе 938016464, ш. Қӯрғонтеппа 907202095, 918949949.
ҲАЙАТИ МУШОВАРА:
Абдуҷаббор РАҲМОНЗОДА (Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа), Нуриддин САИД (вазири маориф ва илми Тоҷикистон), Аҳтам АБДУЛЛОЗОДА (раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон).
ҲАЙАТИ ЭҶОДӢ:
Маҳмудҷон УСМОНОВ (муҳаррир), Толибшоҳи ДАВЛАТ (котиби масъул), Шодихони НАЗАР (муҳаррири шуъбаи варзиш ва сайёҳӣ), ШАҲЛО ЭШОНОВА (муҳаррири шуъбаи иқтисод ва иҷтимоъ), Хуршед МАВЛОНОВ (муҳаррири шуъбаи иттилоот ва сиёсат), Беҳрӯз ХОЛМУРОДОВ (муҳаррири шуъбаи ҳаёти ҷавонон), Нуруллоҳи ОРИФ, Гулбаҳор РАҲМОНОВА, Хуршед ХОВАРӢ, Шаҳбози АСОМИДДИН, Меҳрубон ИМОМОВА (хабарнигорон), Шеравган ХУРСАНҚУЛОВ (саҳифабанд), Меҳроб АЗИМОВ (рассом), Машҳур ИМОМНАЗАРОВ (хабарнигор, ВМКБ), Шодмон НУРМАТОВ (хабарнигор, вилояти Суғд) Фирӯз АБДУРАҲМОНОВ (хабарнигор, вилояти Хатлон).
•
Ба хотири чандандешӣ матолибе низ ба табъ мерасанд, ки хилофи назари ҳайати эҷодист. Дурустии арқому далелҳо бар дӯши муаллифон аст.
•
Ҳангоми таҳияи хабарҳо аз матолиби интернет низ истифода шудааст.
•
Индекси обуна: 68857
•
Тел: 901 06-41-10, 238-54-14, 238-51-09, 238-53-03
•
Ҳафтанома дар КТН «Шарқи озод» (хиёбони Саъдии Шерозӣ-16) бо теъдоди 4131 нусха ба нашр расид.
•
Ҳисоби бонкӣ: с/ҳ №20202972500232101000, ҳ/х 20402972316264, РМА030000301, РМБ350101626. БДА Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк»