javononi tojikiston/#10/2015

Page 1

Шишаи номуси олам дар бағал дорем мо

№10 (9384), 5 марти соли 2015

e-mail: javonontj@mail.ru

Аз 5 апрели соли 1930 нашр мешавад

www.javonon.tj

ҶАВОНОН ВА ҶОМЕА

ҲАФТ РӮЗ 26.02.2015 Президенти ҷумҳурӣ Эмомалӣ Раҳмон кадрҳои ба вазифаҳои роҳбарӣ дар Прокуратураи генералӣ, Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия, Гвардияи миллӣ ва Кумитаи марказии ташкилоти мададгори мудофиа пешниҳодшударо барои суҳбат ба ҳузур пазируфт. 27.02.2015 Таҳти раёсати Президенти ҷумҳурӣ, Раиси Ҳукумати кишвар Эмомалӣ Раҳмон маҷлиси навбатии Ҳукумати ҷумҳурӣ баргузор шуд. Дар он аз ҷумла, масъалаи кадрҳо баррасӣ шуда, роҳбарони як қатор муассисаҳои таҳсилоти олии ҷумҳурӣ ва дигар сохторҳо иваз шуданд. 28.02.2015 Дар Боғи Ғалабаи пойтахт, дар доираи Амалиёти “100 рӯзи ниҳолшинонӣ” ҷавонони шаҳри Душанбе ба ҳашар баромада, ниҳолҳои гуногуни ороишиву мевадиҳанда шинонданд. 01.03.2015 Интихоботи вакилони Маҷлиси намояндагон ва маҷлисҳои вакилони халқ баргузор шуд. Дар он 87,7 дар сади аҳолии қобили раъй иштирок карданд. Ҳамин тариқ, Ҳизби аграрӣ - 11,8 фоиз, Ҳизби демократ - 1,7 фоиз, Ҳизби ислоҳоти иқтисодӣ – 7,6 фоиз, Ҳизби коммунист - 2,3 фоиз, Ҳизби наҳзати исломӣ - 1,5 фоиз, Ҳизби сотсиалист - 5,5 фоиз, Ҳизби сотсиал-демократ – 0,5 фоиз ва Ҳизби халқии демократӣ - 65,2 фоизи овозҳоро ба даст оварданд.

ИФРОТГАРОӢ фазилати инсонӣ нест

Иштирок дар муқовиматҳои берун аз ҷумҳурӣ ҷиноят аст

02.03.2015 Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон бо раиси Кумитаи иҷроия - дабири иҷроияи Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил Сергей Лебедев, ки ба ҳайси раҳбари гурӯҳи нозирони кишварҳои аъзои ин иттиҳод барои назорати интихоботи парлумонии кишвар омада буд, мулоқот кард. 3.03.2015 Дар Қирғизистон қонуне ба имзо расид, ки тибқи он шаҳрвандон барои ҳимоят аз ҷону молашон метавонанд из силоҳи оташфишон истифода кунанд. 4.03.2015 Дар шаҳри Душанбе марҳилаи ниҳоии Ҷоми Федератсияи футболи Тоҷикистон шуруъ шуд, ки дар он ҳашт даста ширкат мекунанд.

ТУРИЗМ, ВАРЗИШ

«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН», №10 (9384), 5 МАРТИ СОЛИ 2015

1


МУЛОҚОТ

ИҚТИСОД

Таъсиси марказҳои пешбурди тиҷорат Бо дастгирии Палатаи савдо ва саноати ҷумҳурӣ, мусоидати Барномаи рушди СММ ва маблағгузории Ҳукумати Финландия марказҳои пешбурди тиҷорат таъсис ёфт.

А. Абдуллозода: “Зиндагии худро зебо гардонем” Дар Донишкадаи молия ва иқтисоди Тоҷикистон ҷаласа баргузор гардид, ки дар он Нуриддин Саид, вазири маориф ва илми ҷумҳурӣ, Абдуфаттоҳ Ғоиб, директори Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия, Сулаймон Давлатов, раиси Кумита оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии назди Ҳукумати ҷумҳурӣ, Аҳтам Абдуллозода, раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати ҷумҳурӣ ва Ҷамолиддин Нуралиев, муовини аввали вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ширкат доштанд. А. Солиев, ректори донишкадаи мазкур, зикр намуд, ки ҳадаф аз вохӯрии мазкур тавзеҳу ташреҳи қонунҳои амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дастуру супоришҳои Президенти кишвар, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вобаста ба тарбияи ҷавонон, пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ ва гаравиши ҷавонон ба равияҳои ифротгаро ва муқовимат бо коррупсия мебошад. Зимни баромадаш Абдуфаттоҳ Ғоиб иброз дошт, ки коррупсия яке аз зуҳуроти номатлуби ҷомеа буда, дар ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳамчун ҷинояти вазнин маҳсуб мегардад. Коррупсия ба пешрафти рушди иқтисод монеа эҷод мекунад, асосҳои давлатдориро суст карда, садди роҳи инкишофи ҷомеа мегардад. Бинобар ин, мубо-

риза бо кирдорҳои коррупсионӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати давлатӣ эълон гардидааст. Баъдан, Сулаймон Давлатов қайд намуд, ки воқеияти имрӯзаи олами ислом мушкилоти зиёд дорад. Яке аз зуҳуроти номатлуб ба ҷараёнҳои террористӣ гаравидани ҷавонон мебошад, ки аҳли ҷомеаро ба ташвиш овардааст. Аҳтам Абдуллозода зимни суханронӣ ба ҷавонон муроҷиат намуда, таъкид кард, ки шароити имрӯзаи раванди ҷаҳонишавӣ аз нигоҳи аввал барои пешрафти илму техника ва рукнҳои асосии давлатдорӣ мусоидат кунад, аз тарафи дигар, ба ғояҳои миллии мо ворид шудани фарҳанги бегона таҳдиди ҷиддӣ ба ҳуввияти миллии мост. Бинобар ин, ҷавонони

моро зарур аст, ки маърифати баланди касбӣ, дониши сиёсӣ ва зиракии худро аз даст надода, онро сайқал диҳанд. Дар замири ҷавонон ҳимояи манфиатҳои миллӣ бояд арзиши муқаддам арзёбӣ гардад. Ҷавонон бояд аз ҷангҳои иттилоотии аз тарафи шабакаҳои иҷтимоӣ ташкилшуда, ки бо суръати баланд идома доранд, эҳтиёт шаванд. - Ваҳдати миллӣ ва сулҳу суботи ҷомеа замина фароҳам меорад, ки мо худро ташаккул диҳем ва зиндагии худро зебо гардонем. Бо қадамҳои устувор бо умеди ояндаи дурахшон барои зиндагии шоиста қадам биниҳем, гуфт дар охир А. Абдуллозода. Насрулло ТӮЙЧИЗОДА

ОБОДОНӢ

Идомаи ниҳолшинонии ҷавонон 28 феврал дар Боғи Ғалабаи пойтахт ҷавонони шаҳри Душанбе ба ҳашар баромада, ниҳолҳои гуногуни ороишиву мевадиҳанда шинонданд. Ба иттилои Аббосиддин Саймиддинов, сардори Раёсати ҷавонон, варзиш ва сайёҳии шаҳри Душанбе, ин иқдом идомаи корҳои созандагиву ободинии ҷавонон дар доираи Амалиёти “100 рӯзи ниҳолшинонӣ, таҳти унвони “Ин Ватанро мо – ҷавонон сабзу хуррам мекунем!”, ки Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати ҷумҳурӣ эълон карда буд, мебошад.

ТУРИЗМ

Муаррифии туризми Тоҷикистон дар “ITB-Berlin” 4 март дар шаҳри Берлини Олмон Намоишгоҳи калонтарини туристии дунё “ITB-Berlin” оғоз шуд, ки то 8 март идома меёбад. Дар он роҳбарияти Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати ҷумҳурӣ 13 ширкати ватанӣ - Фурудгоҳи байналмилалии шаҳри Душанбе, ширкати ҳавоии “Тоҷик эйр”, меҳмонхонаи “Серена”, Ассотсиатсияҳои сайёҳии “Зарафшон”, “Рашт”, “Хатлон” ва “Бадахшон” захираҳои туристии Тоҷикистонро муаррифӣ менамоянд. Дар доираи ин сафар Аҳтам Абдуллозода, раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ дар маросими расмии кушодашавии

2

намоишгоҳ ва мулоқоти вазирони туризми масири Шоҳроҳи бузурги Абрешим иштирок менамояд. Ӯ, инчунин, бо Котиби генералии Созмони умумиҷаҳонии туристӣ Толиб Рифоӣ ва донишҷӯёну ҷавонони тоҷик, ки дар Олмон таҳсилу иқомат доранд, мулоқот карда, дар нишасти дӯстдорони Тоҷикистон дар Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Олмон суханронӣ хоҳад кард. Лозим ба ёдоварист, ки дар Намоишгоҳи калонтарини туристии дунё “ITB–Berlin” бештар аз 10

ҳазор ширкати сайёҳии 200 давлати дунё захираҳои туристии кишварҳояшонро муаррифӣ менамоянд. Бори нахуст аст, ки дар ду қисмати ин намоишгоҳи бонуфуз гӯшаи туристии Тоҷикистон ҷой дода шуд. Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 8-ум аст, ки бо дастгирии Ҳукумати мамлакат дар ин намоишгоҳ иштирок намуда, имконият ва захираҳои туристии худро барои муаррифии ҳарчи бештари соҳаи сайёҳӣ ва ҷалби бештари дӯстдорони сайру саёҳат роҳандозӣ менамояд.

Зимни муаррифии марказҳо Шариф Саид, раиси Палатаи савдо ва саноати ҷумҳурӣ, дар нишасти матбуотӣ, ки 25 феврал доир гардид, чунин гуфт: «Марказҳои пешбурди тиҷорат нерӯдиҳандаи иқтидори тиҷоратӣ ва содиротӣ, инчунин, нуқтаи баромади истеҳсолкунандагони ватанӣ ба бозорҳои ҷаҳонӣ мебошанд, ки ҷиҳати рақобатпазирии истеҳсолкунандагони ватанӣ на танҳо дар бозори дохилӣ, балки дар бозорҳои хориҷӣ низ ба воситаи иштирок дар намоишгоҳҳои байналмилалии ихтисосӣ имкон фароҳам сохта, дар ба роҳ мондани ҳамкориҳо ва боло бардоштани ҳаҷми содирот мусоидат мекунанд». Шариф Саид таъкид намуд, ки бо истифода аз имкониятҳои узвият дар Созмони умумиҷаҳонии савдо, содиркунандагони ватанӣ метавонанд ҳаҷми содиротро боло бардоранд. Бо сабаби мушкил шудани вазъи иқтисодии бархе аз шарикони иқтисодӣ дар назар аст, ки ҳаҷми интиқоли пулӣ ба мамлакат коҳиш ёбад. Аз ин рӯ, таъсиси ҷойҳои нави корӣ дар самтҳои афзалиятноки иқтисоди мамлакат, алалхусус, дар соҳаи истеҳсолу коркарди маҳсулоти кишоварзӣ зарур аст. - Мо боварӣ дорем, ки ин ҳамкориҳо имконияти навро ҷиҳати рушди бахши хусусӣ ва боло рафтани ҳаҷми содирот, ки дар маҷмӯъ ба рушди иқтисоди кишвар таъсири мусбат хоҳад расонд, ба миён меоранд, - гуфт Шариф Саид. Ба гуфтаи намояндаи Барномаи рушди СММ Парвиз Акрамов, зерлоиҳаи мазкур ҷузъе аз бахши лоиҳаи «Мусоидат ба тиҷорат»-и Барномаи рушди СММ буда, дар ҷумҳуриҳои Узбекистон, Қирғизистон ва Тоҷикистон амалӣ мешавад. Зерлоиҳа таваҷҷуҳи худро ба боло бурдани иқтидори тиҷоратию содиротии соҳибкорон ва корхонаҳои истеҳсоли соҳаи коркарди маҳсулоти хоҷагии қишлоқ ва истеҳсоли маҳсулоти хӯрокворӣ бо роҳи гузарондани омӯзишҳои мунтазам, расонидани кӯмак дар муаррифии истеҳсолкунандагони ватанӣ дар бозорҳои дохилӣ ва хориҷӣ тавассути ташкил намудани сафарҳо ва иштирок дар намоишгоҳҳои байналмилалӣ равона мекунад. Мушовири лоиҳаи «Мусоидат ба тиҷорат» Рустам Шодибеков дар бораи вазифаҳо, сохтори ташкилотӣ ва натиҷаҳои фаъолияти Маркази миллии пешбурди тиҷорат маълумот дода гуфт, “дар муддати 6 моҳ 6 силсила-омӯзиш дар мавзӯъҳои гуногун доир шуданд, ки дар онҳо 272 нафар соҳибкор ширкат варзиданд. Дар корхонаҳои истеҳсолие, ки соҳибкорони он дар чунин семинарҳо ширкат варзиданд, ҳаҷми истеҳсолот боло рафта, миқдори ҷойҳои кории нав зиёд карда шуд. Дар ин муддат корхонаҳои истеҳсолии коркарди маҳсулоти кишоварзӣ ду намоишгоҳи байналмилалии ихтисосӣ ташкил карда шуд. Якчанд корхонаҳои ватанӣ дар Намоишгоҳҳои байналмилали ихтисосии маҳсулоти хӯрокворӣ ва кишоварзии «Агро Прод Экспо-2014» (Бишкек) ва «Прод Экспо-2015» (Москва) иштирок карда, барои содир намудани маҳсулоташон созишномаҳо бастанд. Ҳаҷми умумии созишномаҳо ба 3 миллон доллари амрикоӣ мерасад. Дар назар аст, ки то охири соли равон аз тарафи Марказҳои пешбурди тиҷорат боз чунин силсилаомӯзишҳо баҳри баланд бардоштани иқтидори тиҷоратию содиротӣ, ҳамчунин, ташкил намудани иштирок дар намоишгоҳҳои байналмилалии ихтисосӣ дар хориҷи кишвар ба нақша гирифта шудааст. С. САЙФИДДИН, “ҶТ”

«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН», №10 (9384), 5 МАРТИ СОЛИ 2015


СЕМИНАР 26-27 феврали соли равон дар толори Китобхонаи давлатии бачагона ба номи Мирсаид Миршакар семенари ҷумҳуриявии кормандони китобхонаҳои ҷумҳурӣ, таҳти унвони “Рӯе, ки нагардад зи касе, рӯйи китоб аст” бахшида ба баргузории Фестевали ҷумҳуриявии “Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасони Тоҷикистон” доир гардид. Дар он намояндагони вазоратҳои фарҳанг, маориф ва илмӣ ҷумҳурӣ, мудирони китобхонаҳои вилоятӣ ва шаҳру ноҳияҳои кишвар, директорони нашриётҳои давлатӣ иштирок доштанд. Қурбон Авғонов, директори Китобхонаи давлатии бачагона, ҳадафи семинарро бартараф намудани мушкилоте, ки дар китобхонаҳои манотиқи кишвар ва мактабҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва дар сатҳи олӣ гузаронидани Фестевали ҷумҳуриявии “Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасони Тоҷикистон” арзёбӣ кард. “Имрӯз дар мактабҳои мо, қариб китобхона нест. Сохтори имрӯзаи китобхонаҳои мактабӣ ҷавобгӯ нест, чунки як нафар фаъолият менамояд. Агар мо дар мактаб китобхонаро дар ҳамон шакле, ки даркор аст, омода намоем, боварии комил дорам, ки тарғиби китоб, ҷалби хонандагон ба китобу китобхонӣ мушкил намешавад”.

рон, вазъи фаъолияти китобдорӣ ба талаботи ҷомеаи муосир ва дастёбӣ ба сарчашмаҳои гуногуни иттилоот ҷавобгӯ нест. Зеро имрӯз тибқи омор дар мамлакат бинои 664 муассисаи фарҳангӣ таъмирталаб буда, 112 бино дар ҳолати садамавӣ қарор доранд. Ҳамзамон, 307 китобхона бинои мустақил надошта, дар бинои дигар ташкилоту муассисаҳо, ҷамоатҳо ва хонаҳои шахсӣ фаъолият доранд. Номбурда сабаби ин ҳолатро хусусигардонии аз ҳад зиёди муассисаҳои фарҳангӣ арзёбӣ кард. Ба қавли вай, боғҳои фарҳангӣ, клубҳои ҷамоатӣ барҳам хӯрда, боқимонда дар ҳолати хеле хароб қарор доранд. Умуман, соҳаи фарҳанг проблемаи хеле зиёд дорад. Дар таркиби фонди китобхонаҳои ҷумҳурӣ теъдоди

Рӯе, ки нагардад зи касе, рӯи китоб аст Давлат Сафар, сардори Раёсати табъу нашри Вазорати фарҳанг, зимни ҳамоиш иброз дошт: “Воқеан ҳам, адабиёти кӯдакона ниёз ба чунин семинару фестивал ё ба нашри ҳар гуна китобҳое дорад, ки ба манфиати тарбияи насли наврас аст. Мусаллам аст, ки тамоми дунё ҳастиву буду боши худро ба тарбияи насли наврас мебахшанд, чунки насли наврас ояндаи мову шумо ва ин Ватан мебошад”. - Чуноне ки ҳар яки мо огоҳем, баргузории фестивали ҷумҳуриявии “Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасон” аллакай ба ҳукми анъана даромада аст. Тӯли солҳое, ки фестивали мазкур аз ҷониби Китобхонаи давлатии

бачагона гузаронида мешавад, шоҳиди он ҳастем, ки натиҷаҳои дилхоҳ дода истодааст. Ба бештари проблемаҳое, ки имрӯз китобдорон доранд ва ҳалли онҳо зарурист, дар семинар таваҷҷуҳ карда шуд. Барои ҷалби кӯдакону наврасон ба китобу китобхонӣ ва шароити мусоид муҳайё намудан тамоми қувваи худро бояд равона кунем. Яке аз корҳои асосие, ки китобхонаҳои бачагона ва мактабӣ бояд пеш гиранд, кор бо падару модарон мебошад. Дар нақшаҳои корӣ барномаҳои мушаххас тарҳрезӣ намоем, то бештар бо волидайни наврасон сару кор гирем, - гуфт зимни баромад Шариф Комилзода, муовини директори Китобхонаи миллии

Тоҷикистон. Сипас, Хуршед Низомов, сардори Раёсати рушди муассисаҳои фарҳангӣ-фароғатӣ ва ҳунарҳои мардумии Вазорати фарҳанг бо нигаронӣ қайд кард, ки новобаста аз тадбирҳои пай дар пайи Ҳукумати ҷумҳурӣ, Вазорати фарҳанг баҳри ривоҷу равнақи муассисаҳои фарҳанг ҳанӯз ҳам камбудиҳо дар самти таҷдиди инфрасохтори соҳа, таҳкими базаи моддӣ-техникии муассисаҳои фарҳанг, аз ҷумла, китобхонаҳо, таъмини онҳо бо технологияи муосири иттилоотӣ, адабиёти тозанашр ва мутахассисони баландихтисос ба назар мерасад. Дигар ин ки, базаи моддӣ-техникии китобхонаҳо, тарбияи китобдо-

китобҳои бо забони хориҷӣ аз ҷиҳати мазмуну мундариҷа кӯҳна афзалият дошта, танҳо 38 фоизи фонди китобхонаҳоро адабиёт бо забони тоҷикӣ ташкил медиҳад. Саҳми Ҳукумати ҷумҳурӣ, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимяти давлатӣ дар шаҳру ноҳияҳо дар мукаммалгардонии фонди китобхонаҳо ба адабиёти тозанашр ба забони давлатӣ назаррас нест. Дар баъзе мақомот аз 2-3 ҳазор сомонӣ барои хариди китоб зиёд сарф намекунанд. Вазорат иқтидоре надорад, ки ҳамаи китобхонаҳо (1331 китобхона)-ро бо китобҳои тоҷикӣ таъмин кунад, - афзуд Х. Низомов. Ҳасан АЗИЗОВ, “ҶТ”

ИНТИХОБОТ - 2015

Мардум вакилони шоистаро интихоб намуд Дар кишвари азизамон маъракаи муҳими сиёсӣ интихоботи вакилон ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҶТ ва маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ баргузор гардид. Тавре ки ҳамагон огаҳанд, дар интихоботи мазкур ҳашт ҳизби сиёсӣ иштирок карданд. Мардуми кишвар дар ин маъракаи сиёсӣ бо рӯҳбаландии хосае ширкат варзида, ҳар кадоме аз рӯи воқеият амал намуданд ва номзадҳои шоистаро муайян сохтанд. Интихобот дар фазои эътимод ва умеду дилгармӣ ба ояндаи дурахшон ба вуқуъ пайваста, дар ниҳоят мардум Ҳизби халқӣ-демократии Тоҷикистон, ҳизберо, ки дар симои он зиндагии шоиста ва ояндаи дурахшонро медиданд, интихоб намуданд. На ҳама аҳзоби сиёсие, ки аз интихоботи гузашта умеди зиёд доштанд ко-

мёб шуданд, вале ҳамагӣ дарк намуданд, ки мардум барои зиндагии шоистаи худ танҳо роҳи дурусти интихобро пеша кардаанд. Дигар изҳори норозигӣ кардан ва шикоят бурданҳо аз раванди интихобот аз воқеият дур хоҳад буд. Вале мисли солҳои гузашта, Ҳизби наҳзати исломи Тоҷикистон аз интихоботи парлумонии мазкур норизо буда, дунболи шикваву шикоят аст. Одамон дар бештари мавридҳо, вақте аз дину диёнат мегӯянд, бахусус агар сухан дар боби мусулмони асил меравад, ҳамеша аз покии қалбҳое, ки холӣ аз ҳама гуна ғаразу кина, тӯҳмати ноҳақу ногумон, парҳезкорӣ аз фанду дурӯғ ва умуман аз ин дунё дил кандану умед ба охират карданро талқин мекунанд. Аммо мусулмонони аъзои Ҳизби наҳзати исломии мо баръакси ин гуфтаҳо амал карда, ҳамагонро ба бедории бемавриду беҷо даъват мекунанд. Дар суханрониҳои онҳо ба ҷуз қудратталабӣ, тӯҳматчигӣ ва сохтакорию бофтакорӣ чизи дигареро шунидан амри маҳол аст. Даъватҳояшон хусуматзо, насиҳатҳояшон моҷаропардозу ваъдаҳояшон хушку холӣ буда, занонро аз зиндагии маъмулиашон дилсард ва ҷавононро дар мавқеи интихобнамудаашон бебақову беирода месозад.

«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН», №10 (9384), 5 МАРТИ СОЛИ 2015

Барномаи интихоботии Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон аслан барнома ҳам набуд. Он бар пояи ваъдаҳои фиребанда тартиб ёфта, барои доираи дур аз улуми дунявӣ ва дорои маълумоти миёна рост меомад. Баромадҳои қаблазинтихоботии вакилону намояндагони ҳизби мазкур танҳо гилаву ҷингила ва тӯҳматҳои носазо дар ҳаққи дигар аҳзоби сиёсӣ, бахусус Ҳизби халқӣ-демократии Тоҷикистон равона шуда буд. Ин худ гувоҳи пок набудани қаблу ниятҳои пешвоёни ҳизби наҳзат аст, ки сиёсати ҷангҷӯёна ва қудратталабонаро пешаи кори худ қарор дода, дар мағзи шаҳрвандон танҳо афкори иғвоангези олуда ба кинаву адоватро талқин менамоянд. Оқибати чунин сиёсати нодуруст ва берун аз чаҳорчӯбаи улуми сиёсӣ аз ҷониби пешвоёни ҲНИТ ва пайравони он буд, ки дар интихоботи парлумонии ахир муғлуб шуданд ва ин натиҷаи воқеӣ ва хулосаи интихоби шаффову дурусти мардуми кишвар буд. Фурсати он фаро расидааст, ки ҲНИТ аз сиёсишавии ислом даст кашад ва ба истифодабарии ин дини мубин дар бароварда шудани ғаразҳои шуми худ хотима диҳад. Ғолибшо Ғуломов

3


НИГАРОНӢ Дар шумораи 8-уми соли 2015-и ҳафтаномаи «Ҷавонони Тоҷикистон» матлаби донишҷӯи ДМТ Лола Додихудоева бо номи «Чаро фаҳш менависем?» ба чоп расид, ки муҳтавои он на танҳо донишҷӯ, балки Вазорати фарҳанг ва Кумитаи кор бо занон ва оиларо ҳам бояд нигарон созад. Диққати муаллифро матлабҳои баъзе нашрияҳо, ки шаъну шарафи миллат ва зани боиффати тоҷикро доғдор месозанд, ҷалб кардааст. Шак нест, ки ин гуна матлабҳои берун аз чорчӯби адаб ҷавононро ба фаҳшу бадкорӣ ташвиқ мекунанд. Муҳтавои чунин матлабҳоро, ки фаҳшро тасвир кардаанд, як ба як ин ҷо овардан шарт нест, зеро метавонад зеҳни поки хонандаро олуда созад. Аммо қайд кардан лозим аст, ки чунин матлабҳо барои аз байн бурдани арзишҳои маънавӣ, фарҳанги бой ва одобу ахлоқи миллат замина муҳайё мекунанд. Масъалаи беодобона навиштан, яъне, фаҳш гуфтану ибороти фаҳшомезро ба кор бурдани бархе нашрияҳо мавзӯи нав нест, соҳибназарон, онҳое, ки ба тақдири ахлоқу фарҳанги миллат бетараф нестанд, дар ин бора борҳо навиштаву бонги изтироб задаанд, вале то имрӯз касе ё ниҳоде ҷиддӣ чора надидааст. Аз сӯи дигар соҳибони нашрияҳое, ки ба чопи матолиби фаҳшу берун аз одоб машғуланд, масъаларо ба иқтисоди бозорӣ пӯшиш медиҳанд. Яъне, дар шароити иқтисоди бозорӣ барои бозоргир шудани маҳсулот ба ҳар ранге мешавад онро оро дод. Рӯзномаву ҳафтаномаро ҳам барои харидор ёфтанаш мешавад, бо матолиби беодобу “назаррабо” ва сарлавҳаву аксҳои ҷаззоб “ҷило” бахшид. Вале бо ин фикри хонанда рӯшан не, балки тира мешавад, ҳиссиёту ҳаяҷонаш таҳрик меёбад. Аз ҳама бадтар ахлоқи ҷомеа зарар мебинад. Хоса дар шароите, ки тамоми ҷомеа барои ҳифзу нигаҳдошти оила ва пойдории он сафарбар шудааст. Ҳарчанд бархе аз он нашрияҳо номҳое доранд, ки арзишҳои баланди оилаву оиладориро ифода мекунанд, аммо дар асл, ҳеҷ рабте ба ин арзишҳо надоранд. Чунончи, “оила”, “садоқат”, “муҳаббат”, “ҳамроз”... Фаъолияти чунин нашрияҳо ташаккули шуури порнографӣ ва ҷиноятиро дар ҷомеа замина мегузорад. Илова бар ин, қаҳрамонҳои ҳикоя ва ҳодисаҳои хаёлии нашрияҳои мазкур номҳои тоҷикӣ доранд, ки бо ин бадхоҳони миллат фаҳмиши

4

бемаънӣ-хаёлии худро мехоҳанд ба зеҳни хонанда ҳамчун ҳақиқат интиқол диҳанд. Ҷиҳати нигаронкунанда ин аст, ки сафи хонандагони чунин нашрияҳои фаҳшмазмунро ҷавонон ва занон, ки аксарашон хонашинанд, ташкил медиҳанд. Беҷо нагуфтаанд, ки касро чил маротиба девона гӯйӣ, оқибат девона мешавад. Вақте ғизои зеҳнии шахсро чунин матлаб ва маводи фоҳиш ташкил медиҳанд, кас нафаҳмида гирифтори вартаи расвоӣ ва разолат мешавад. Ҳамин тариқ, ба оила барин макони муқаддас, ки мебоист мактаби таълим ва тарбияи насли наврас гардад, оташи дӯзах афтида, сокинонаш ба доми фитна меафтанд. Ҳол он ки оила худ мактабест, ки дар он афроди солим ва

ҷомеа заминаест ва ҳар ҷомеа ё миллате чунин кард, номи худро дар саҳифаҳои таърих абадӣ боқӣ хоҳад гузошт. Баракси ин, ҷомеа ё миллате, ки насли ҷавонашро дар вартаи ҳавову ҳавас ва ғаризаҳои нафсонӣ тарбия мекунад, гузашта аз ин, заминаи боз ҳам жарфтар ғутта заданашро муҳайё месозад, ниҳоят шикаст мехурад. Ин кор теша ба решаи худ заданро мемонад. Зимнан, ҳарки ояндаи миллатеро пешгӯӣ кардан хоҳад, ба насли ҷавонаш нигарад, кофист. Зеро ҷавонон мисли оинае барои ояндаи ҷомеаанд. Ба ахлоқу фарҳангу сатҳи рушди ин қишр нигариста, доир ба тақдири ҷомеа пешгӯӣ кардан мумкин аст. Пас, дуруст аст, ки созиши чунин ҷуфти бемаърифат ва холӣ аз арзишҳои

алаи дигар буда, ба он бақои миллат вобаста аст. Насли ҷавон, ки дар руҳияи бегона ва ахлоқу фарҳанги ғайримиллӣ камол ёфт, наметавон аз амнияту бақои миллат суҳбат кард. Аз ҳамин лиҳоз, нашрияҳои чопӣ бояд барои тарбияи рӯҳияи солими ҷомеа хизмат кунанд. Нашрияе, ки маҳз матлаби фаҳшро ба хонандагонаш тақдим мекунад, ё ҷоҳил аст ва ё бадхоҳи миллат. Донишҷӯ Додихудоева дар матлабаш дуруст қайд мекунад, ки чунин матлабҳои фаҳшмазмуни нашрияҳои фаҳшсират аслан, аз шабакаҳои интернету филмҳои Ғарб, ки ба рӯҳияи миллати мо бегонаанд, «илҳом» мегиранд. Сиришти инсон, ки аз нафс ҳам иборат аст, доим талаботи шаҳвониро авло медонад. Маво-

Гени миллатро вайрон мекунанд

филмҳои дорои мазмуни фаҳш ва порнографӣ ба осонӣ роҳ ёфта, афроди аъзои оила чунин ҳолатро муқаррарӣ меҳисобанд, пас, гуфтан мумкин аст, ки нашрияҳои фаҳшмазмун барои чунин раванд, тавонистанд заминаро фароҳам созанд. Тариқи компютер ва телефонҳои мобилӣ дастрас шудани шабакаи интернет барои кӯдакону ҷавонон, ки аз одоби истифодабарии имконоти мазкур бехабаранд, бадахлоқӣ суръат хоҳад гирифт. Сарвари кишвар Эмомалӣ Раҳмон зимни ироаи Паёмаш ба Маҷлиси Олӣ, 23 январи соли ҷорӣ ҳалли мушкилии пастмаърифатии ҷавононро чунин ёдрас шуданд: «Бо дарназардошти аҳамияти масъала, мувофиқи мақсад аст, ки

Навиштаи баъзе нашрияҳо на танҳо донишҷӯ, балки вазорату кумитаҳоро бояд ба ташвиш орад

солеҳи ҷомеа камол ёфта, сипас, ҳамчун фарди комил барои Ватану миллат хизмат мекунанд. Мегӯянд, дар шароити пурихтилофи имрӯз ҳар ҷомеае, ки муҳити оиларо ба мактабҳои пурфайзу самарбахш табдил дода, дар навбати худ мактабро бо муҳити оила мувофиқ кунондаанд, насли худогоҳу соҳиби ахлоқи ҳамидаро барои ояндаи хеш омода сохтанд. Зеро ин амр барои насли оянда кафили асосӣ маҳсуб меёбад. Инчунин, таваҷҷуҳ ва сарпарастӣ ба насли ҷавон ё худ дуруст соҳибӣ кардани ин қишр барои рушди моддӣ-маънавии

маънавӣ оқибат ба вайроншавии оила бурда мерасонад, ки барои саломатии ҷомеа фоҷеаи бузург маҳсуб меёбад. Аз ҳамин нуқтаи назар, нақши ВАО дар раванди ташаккули ҷомеаи солим хеле муҳим аст. Саҳафоти матбуот набояд бо ҳарфи фаҳшу вайронкунандаи мағзу майнаи ҷавонон пур шаванд, балки маърифатнок кардани ҷавонон, тарбияи онҳо бояд мақсади асосӣ қарор дода шавад. Чунки масъалаи ахлоқи ҷомеа, ки аксари онро ҷавонон ташкил медиҳанд, фаротар аз ҳар масъ-

ди фаҳшмазмун, ҳарчанд инсонро завқи кӯтоҳмуддат мебахшанд, аз пайи худ бештар хисороти маънавиро дар рӯзеҳни хонанда боқӣ мегузоранд. Муаллиф ва хонандаи чунин матлабҳои берун аз одоби инсонӣ бо гузашти замон ба як навъ ваҳшии шаҳватпараст табдил меёбанд, ки ҳар занро ҳамчун манбаи қонеъкунии завқи ҳайвонии худ мепиндоранд. Метавон гуфт, ки чунин ҳолат хушунат дар оиларо низ ба миён меорад. Ҷомеаи чунин шаҳватпарастон тиҳӣ аз арзишҳои маънавӣ, фарҳанги оиладорӣ ва ҳурмати модар ва хоҳарон мебошад. Агар маъмурият сирф барои ба даст овардани сармояи бештар матлабҳои фаҳшангезро ба саҳифаҳои нашрияаш роҳ медиҳад, пас вай намефаҳмад, ки замина барои шаҳватпарастии духтар, ҳамсар ва ё писари хеш тайёр мекунад. Фардо миллионҳо пул сарф шавад ҳам, рахнаи бо сабаби фаҳшпарастӣ бамиёномадаро наметавон таъмир кард. Аммо агар нашрияҳо ба ин кор ғаразнок даст мезананд, пас, душман ва бадхоҳони миллат ҳастанд. Суоле ба миён меояд, ки чунин нашрияҳо барои манфиати кӣ ва бо кадом ният фаъолият мекунанд? Зеро зиёӣ ва ватандӯсти ин миллат ҳаргиз арзишҳои миллиро бар ивази манфиатҳои ночизи шахсиаш намефурӯшад. Дар навбати худ, ҳар сохтор ва мақомоте, ки нисбат ба чунин ҳолат саҳлангорӣ мекунанду хешро ба нодонӣ мезананд, шарики он меҳанфурӯшон ва ҷинояти мазкуранд. Имрӯз, агар ба хонадони тоҷик

дар синфҳои болоии мактабҳои таҳсилоти умумӣ курсҳои махсуси таълими маърифат ва одоби оиладорӣ ба роҳ монда шавад. Мусаллам аст, ки ҷомеаи солим аз оилаи солим ва насли солим ташаккул меёбад. Вобаста ба ин, пешниҳод менамоям, ки соли 2015 дар кишвар “Соли оила” эълон карда шавад». Дар муассисаҳои таълимӣ нисбат ба дарсҳои оиладорӣ ва баланд бардоштани шуури худшиносии миллӣ аҳамияти ҷиддӣ бояд дода шавад. Адабиёти ихтисосӣ ва китобҳои хонданбоб атрофи масъалаи оила, нозукиҳои оиладорӣ ва аҳамияти он дар чорчӯбаи арзишҳои миллӣмаънавии фарҳанги тоҷик бояд ба нашр расонда шаванд. Институт ва муассисаҳои ҷомеашиносӣ ба масъалаи мазкур аз зовияи олим ва адибони классикамон корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ ба анҷом расонида, натиҷаи онҳоро ҳарчи бештару зудтар дастраси омма гардонанд. Хуб мешуд, ки корҳои анҷомшаванда актуалӣ ва қонеъкунандаи талаботи ҷомеаи муосир ва албатта, бо назардошти арзишҳои миллӣ-фарҳангӣ ба роҳ монда шаванд. Яке аз сабабҳои рӯ овардани қишри гуногуни ҷомеа ба матлабҳои пучу фаҳшомез, вуҷуд надоштани матолиби хонданибобест, ки тавонад талаботи хонандаро қонеъ созад. Ҳисси кунҷкобӣ ҷустуҷӯи илм дар ҳар фард мавҷуд аст. Танҳо зарур аст, ки ин қувваро дар роҳи дуруст ва созанда сарф кунем. Башир УСМОНОВ, “ҶТ”

«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН», №10 (9384), 5 МАРТИ СОЛИ 2015


ҶАВОНОН ВА ҶОМЕА Дар замони соҳибистиқлолии Тоҷикистон, зери раҳнамоии Президенти кишвар, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ба масъалаи густариши равобити байналмилалӣ, ба роҳ мондани ҳамкорӣ бо намояндагони тамоми давлатҳо, бахусус татбиқи сиёсати дарҳои кушод, таваҷҷуҳи махсус зоҳир карда шуда, ба раванди рушди бонизоми тамоми соҳаҳои хоҷагии халқ ва зина ба зина муваффақ гардидан ба истиқлолияти воқеии миллӣ замина гузошта шуд. Бо мақсади баланд бардоштани сатҳи некӯаҳволии шаҳрвандон аҳамияти хоса дода шуда, дар Паёми имсолаи Президенти кишвар низ ин нукта ба таври зайл баён гардид: «Мо азму талош дорем, ки барои ҳар сокини мамлакат шароити зиндагии шоистаро муҳайё созем ва ҳамаи нақшаву барномаҳоямон маҳз ба хотири амалӣ гардонидани ҳамин ҳадафи олӣ қабул ва амалӣ карда мешаванд». Аз ин рӯ, ҳанӯз аз рӯзҳои нахустини ба даст омадани истиқлолият дар назди Ҳукумати мамлакат иҷрои се ҳадафи стратегӣ, ба монанди раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ, таъмини амнияти озуқаворӣ, расидан ба истиқлолияти энергетикӣ гузошта шуда, дар ин самт корҳои назаррасе амалӣ мегарданд. Таъмири роҳҳои автомобилгард ва бунёди нақбҳои азим, сохта ба истифода додани як қатор нерӯгоҳҳои хурду бузург, бунёд ва таъмиру тармими муассисаҳои таълимиву табобатӣ, муассисаҳои фарҳангиву фароғатӣ, хона-интернатҳо барои пирони рӯзгордида ва фароригии кӯдакони ятиму бепарастор ва имконияташон маҳдуд ба мактаб-парваришгоҳҳои махсус ва садҳои дигар аз тадбирҳои аввалиндараҷаи Ҳукумати мамлакат маҳсуб меёбад. Боиси сарафрозист, ки Президенти кишвар дар Паёми имсолаи худ ба Маҷлиси Олӣ ба масъалаи занон ва ҷавонон ишора намуда, нақши онҳоро дар рушди ҳаёти иҷтимоӣ ҳамчун нерӯи пешбарандаи ҷомеа ниҳоят арзишманд арзёбӣ намуда, ҷавононро ҳамчун давомдиҳандагони татбиқи ҳадафҳои олӣ ва занонро ҳамчун чароғи оила, нерӯи созандаи ҷомеа ва ҳимоятгару идомабахши беҳтарин анъанаҳои миллӣ маънидод карданд. Илова бар ин, таваҷҷуҳи бевоситаи Президенти ҷумҳурӣ Эмомалӣ Раҳмон ба насли ҷавон ҳанӯз аз солҳои аввали ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ бештар зоҳир гардида, ба татбиқи сиёсати давлат нисбат ба ҷавонон афзалият дода шуд. Нахустин қадамҳо дар роҳи ташаккули сиёсати давлатии ҷавонон дар кишвар бо

қабул гардидани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сиёсати давлатии ҷавонон» гузошта шуд. Аз ин ҷост, ки сиёсати давлатии ҷавонон ҳамқадами Истиқлолияти давлатии ҷумҳурӣ буда, дар мамлакат ба ҷавонон ҳамчун нерӯи пешбарандаи ҷомеа ва ояндаи миллат имрӯзҳо шароитҳои кору таҳсил муҳайё карда шудааст. Масалан, таъсиси стипендияи Прези-

дифоъ кардани Президенти кишвар аз дини мубини ислом ва ҳеҷ робитае бо терроризм ва экстремизм надоштани он, бо забони ноби тоҷикӣ тарҷума ва ба мардуми шарифи Тоҷикистон пешкаш намудани китоби муқаддаси “Қуръон”, нашри китобҳои чандин бузургони илму адаб ва эълон намудани соли 2009 “Соли бузургдошти Имоми Аъзам” ва монанди инҳо аз ин тадбирҳои

Ифротгароӣ

ба андешаи беруна карда, бо ҳар роҳу восита мехоҳанд фазои осудаи кишварро халалдор намоянд. Аз ин нигоҳ, агар ба моҳияти аслии дини мубини ислом назар афканем, равшан маълум мегардад, ки ҳанӯз дар айёми хеш Паёмбари гиромӣ Муҳаммад (с) фармуда буданд: «Кадом шахсе, ки худро ба қавме монанд мекунад, пас аз ҳамон қавм ҳисобида мешавад», ё ин ки «Ба

фазилати инсонӣ нест

Иширок дар муқовиматҳои берун аз ҷумҳурӣ ҷиноят аст денти ҷумҳурӣ барои хонандагони болаёқат, ҷудо гардидани Квотаи Президенти ҷумҳурӣ барои хонандагони навоҳии дурдаст, таъсиси ҷоизаи давлатии Исмоили Сомонӣ барои муҳаққиқон ва олимони ҷавон ва дигаронро метавон дар ин самт назаррас арзёбӣ намуд. Дигар ин ки дар ин марҳила бо ташаббуси Президенти мамлакат бо мақсади баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа як қатор тадбирҳо роҳандозӣ карда шуданд. Қабул гардидани қонунҳо «Дар бораи кафолатҳои давлатии баробарҳуқуқии мардону занон ва имкониятҳои баробари амалигардонии онҳо», «Дар бораи

олӣ дарак медиҳад. Имрӯзҳо ба мушоҳида мерасад, ки бархе ҷавонони ноогоҳ аз ҷавҳари аслии дини мубини ислом ба ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ шомил гардида, дар муноқишаҳои давлатҳои исломӣ ширкат варзида, бар муқобили мардуми мусалмон ошӯб бардошта, ҳатто мехоҳанд ба оромиву суботи кишвари азизамон халал ворид созанд, ки ин кирдори онҳо ҳам хилофи қонунгузории кишвар ва ҳам хилофи фармудаҳои Худованд мебошад. Масалан, мувофиқи моддаи 14-и Сарқонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “маҳдуд кардани ҳуқуқ

хариду фурӯши одамон», Кодекси оилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Фармони Президенти ҷумҳурӣ «Дар бораи тадбирҳои баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа», Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи барномаи давлатии «Тарбия, интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳои роҳбарикунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳисоби занону духтарони лаёқатманд барои солҳои 2007-2016» ва Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи стратегияи миллии фаъолгардонии нақши занон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2011-2020», ҳамчунин, Фармони Президенти мамлакат дар бораи эълон гардидани соли 2015 Соли оила шаҳодати гуфтаҳои боло мебошанд. Бо мақсади дарки сокинони кишвар аз моҳият ва ҷавҳари аслии арзишҳои дини мубини ислом бо талошҳои пайгиронаи Сарвари давлат як қатор тадбирҳо роҳандозӣ гардид. Бахусус, аз минбари баланди Созмони Милали Муттаҳид

ва озодиҳои шаҳрванд танҳо бо мақсади таъмини ҳуқуқ ва озодии дигарон, тартиботи ҷамъиятӣ, ҳимояи сохти конститутсионӣ ва тамомияти арзии ҷумҳурӣ раво дониста мешавад”. Бо ин мақсад дар сураи “Нисо”, ояти 93 омадааст: “Ва ҳар кӣ муъминеро ба қасд бикушад, пас ҷазои ӯ дӯзах аст, дар он ҷовид бошад; ва Худо бар ӯ хашм гирифтааст ва ӯро лаънат кардааст ва азоби бузург барои ӯ омода сохтааст”, ё дар сураи “Ҳуҷурот”, оятҳои 9-10 омадааст: “Ва агар ду гурӯҳ аз муъминон бо якдигар ҷанг кунанд, пас, миёни онҳо сулҳ кунед. Ҷуз ин нест, ки муъминон бародари якдигаранд, пас миёни ду бародари хеш сулҳ кунед ва аз Худо битарсед, то бар шумо раҳм карда шавад”. Паҳлуи дигари масъала он аст, ки бархе аз занон-модарон ба қадри ин ҳама оромиву субот, осудагиву амонӣ ва якдиливу якмаромӣ нарасида, ба бегонапарастӣ, тарғибу тақлид

«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН», №10 (9384), 5 МАРТИ СОЛИ 2015

дурустӣ, ки Худованд назар намекунад ба суратҳои шумо ва молҳои шумо, балки назар мекунад ба дилҳои шумо ва амалҳои шумо». Ин андешаро бузургони илму адаб низ тақвият дода, ҳамагонро барои дурӣ ҷустан аз ин роҳ ҳидоят намудаанд. Ба ин маънӣ, Саъдии бузургвор фармудааст: Тани одамӣ шариф аст ба ҷони одамият, На ҳамин либоси зебост нишони одамият, Агар одамӣ ба чашм асту даҳону гӯшу бинӣ, Чӣ миёни фарқи девору миёни одамият. Дар ҷаҳони муосир рӯ овардан ба арзишҳои маънавӣ яке аз рукнҳои муҳим ва беҳтарин василаи тарбия ба шумор меравад. Зеро дар меҳвари асосии онҳо тарбияи насли созанда, бунёдкор ва воқеан худшинос нақши калидӣ мебозад. Бо ин мақсад, таъкидан ба ҷавонони худогоҳ ва соҳибмаърифат муроҷиат намуда, изҳор медорем, ки ба ҳар гуна андешаҳои ғаразолуд гӯш надода, бо такя ба арзишҳои маънавию ахлоқӣ ва динӣ амал намуда, ба ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳои ғайриқонунӣ шомил нагардида, ҷони ҷавони хешро зери хатар нагузоранд. Мутаассифона солҳои охир дар фазои сиёсии сайёра гурӯҳҳои ифротие низ рӯи саҳна омада истодаанд, ки бо амалҳои зишт ва террору куштори худ ҷомеаи ҷаҳониро нигарон кардаанд. Махсусан, ҳодисаҳои террористие, ки дар Покистон, Афғонистон ва Ироқу Сурия рух доранд, вазъи мураккаби ҷаҳони имрӯзаро боз ҳам вазнин намуда истодаанд. Боиси нигаронист, ки бархе аз ҷавонони мо низ бо роҳҳои гуногун ба ин гурӯҳҳои ифротии таҳрибкор ҳамроҳ шуда, ҷони худро дар хатар мегузоранд ва дар куштору ғорат ва дигар ҷиноятҳои мудҳиш даст мезананд. Таҳлилҳо собит месозанд, ки бархе аз шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар муҳоҷирати меҳнатӣ қарор доранд, аз тарафи шахсони номаълум барои иштироки ғайриқонунӣ дар зудухӯрдҳои мусаллаҳонаи мазҳабию динӣ ва амалиёти

ҷангӣ дар ҳудуди Сурия, ки байни ташкилотҳои террористию экстремистии динӣ дар дохили ин кишвар ҷараён дорад, ҷалб гардида истодаанд. Боиси зикр аст, ки ҳадафи воҳидҳои мусаллаҳи ташкилотҳои террористию экстремистии исломӣ, ки мақсади ниҳоиашон бо роҳи ғайриқонунӣ, яъне, тариқи зӯроварӣ созмон додани давлати исломии умумиҷаҳонии “Хилофати бузург” буда, ҷавонони ноогоҳ муқобили артиши ҳукумати феълии давлати мазкур ва пайравони дигар мазҳабу динҳо дар задухӯрдҳои мусаллаҳона иштирок намуда истодаанд. Лозим ба таъкид аст, ки мувофиқи қонунгузории кишвар иштироки ғайриқонунии шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон дар воҳиди мусаллаҳ, задухӯрди мусаллаҳона ё амалиёти ҷангӣ дар қаламрави дигар давлатҳо манъ карда шуда, дар сурати сар задани чунин ҳолат шаҳрванд ба ҷавобгарии ҷиноӣ кашида мешавад. Аз ин лиҳоз, волидонро зарур аст, ки бо панду насиҳат моҳияти башардӯстонаи дини мубини исломро ба фарзандон фаҳмонанд, онҳоро аз даст задан ба кирдорҳои пасту номатлуб нигоҳ доранд ва нагузоранд, ки фарзандонашон ба гурӯҳҳои ифротиву террористӣ шомил гардида, ҷони ширини худро дар хатар гузоранд. Таъкид бояд кард, ки ҳар амали номатлубу зишти онҳо ва шомилшавии фарзандон ба гурӯҳҳои тундрав бар замми он ки бе ҷазо нахоҳад монд, инчунин, боиси паст задани шаъну шарафи оила, хешу ақрабо ва диёри маҳбубамон мегардад. Мувофиқи моддаи 42-и Сарқонуни ҷумҳурӣ «Дар Тоҷикистон ҳар шахс вазифадор аст, ки Конститутсия ва қонунҳоро риоя кунад, ҳуқуқ озодӣ, шаъну шарафи дигаронро эҳтиром намояд. Надонистани қонун ҷавобгариро истисно намекунад». Ҳамчунин, фармудаи Паёмбари акрамро сармашқи кори худ қарор диҳанд: «Эй Абузар! Панҷ чизро пеш аз панҷ чиз ғанимат шумор: ҷавониятро пеш аз пирӣ, тандурустиро пеш аз беморӣ, бениёзиро пеш аз ниёзат, осудахотириатро пеш аз хотири машғулат ва зиндагиятро пеш аз марг». Илова бар ин, бо назардошти вазъи печидаи ҷаҳони муосир ба волидони азиз муроҷиат намуда, баён медорем, ки дар тарбияи фарзандон бетарафӣ зоҳир нанамуда, дар иҷрои тамоми масоили зиндагиву рузгордорӣ аз фарҳанги баланди милливу динӣ истифода намуда, ба тақлидкорӣ роҳ надиҳанд, зеро ба таъбири Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ: Халқро тақлидашон барбод дод, Эй дусад лаънат бар ин тақлид бод. Н. ИМОМЗОДА, прокурори шаҳри Чкалов, мушовири адлияи дараҷаи 1, Мамнури МЭЛС, мудири Бахш оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии шаҳри Чкалов

5


Агар зан намебуд... Зан - модар фариштаи осмонӣ, сарчашмаи рӯзгори бани башар, дурдонаи офариниш, хуршеди меҳровару дилнавоз ва устоди нахустини инсоният мебошад. Саодати зиндагӣ дар вожаҳои поку муққадаси “зан” ва “модар” нуҳуфтааст. Дуои неки модар боли бузурги парвоз ба сӯи музаффариятҳост. Аз дурахши хуршеди ҷаҳонтоби меҳри модар дар пайкари зиндагӣ ҷон медамад. Зан - модар офарандаи ҳаёт, тарбиятгари наслҳо, ҳидоятгари наврасону ҷавонон буда, мақоми ӯ дар тамаддуни башарият ва сарнавишти ҳар қавму миллат, бахусус, тоҷикон хеле баланд аст. Тамоми шахсиятҳои бузурги олам - шоҳону вазирон, ҳокимону амирон, сипаҳсолорону донишмандон ва адибону ҳунармандон, ки инсоният бо номи онҳо ифтихор дорад, зодаву парвардаи зан - модар мебошанд. Ба ин маънӣ шоир барҳақ гуфтааст: Агар зан намебуд, олам намебуд, Нишоне зи авлоди одам намебуд. Албатта, ҳар халқ ва миллат бо занону модарони худ фахр мекунанд, мо - насли наврас низ бо модаронамон ифтихори хоса дорем. Зеро модари тоҷик бо ақлу фаросат, донишу таҷриба ва муҳаббату садоқат нигини тоҷи миллати мо мебошад. Таърих номи олиҳаи зебоӣ ва ҷасорат Гурдофариди сафшикан, номи занҳои муборизу ватанпарвар Томирис, Рухшона, Маликаи Бухорхудот ва даҳҳо модарону хоҳарони моро ёд дорад, ки барои истиқлолу озодии мардум ва сарзамини худ бо аҷнабиён муҳовимат кардаанд. Модар, воқеан, нахустустоди башарият аст ва фарзанд нахустин калимаро аз ӯ меомӯзад. Президенти ҷумҳурӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон низ нақши модарро дар таълиму тарбияи фарзанд ёдовар шуда, қайд кардаанд: «Ҳар модаре, ки соҳиби саводу дониш ва таҷрибаву ҷаҳонбинӣ мебошад, фарзанди ӯ ҳам босаводу хушахлоқ ба воя мерасад. Ҳатто сатҳи забондонии фарзанд аз сатҳи забондонии модар вобаста аст, зеро халқ беҳуда нагуфтааст, ки «Нотиқ он кас шуд, ки аз модар шунид». Худованд волидонро лоиқи мартабаи баланд дониста, дар “Қуръон” мефармояд: «Эй инсон, Парвардигорат фармон додааст, ки ба ҷуз ӯ касеро ибодат накунед ва ба падару модар некӣ кунед ва ба онон накӯ рафтор кунед. Ҳар гоҳ яке аз онҳо ва ё ҳар ду дар назди ту ба синни пирӣ расанд, ба онҳо уф магӯед ва ба сари онҳо доду фарёд мазанед ва онҳоро аз пеши худ дур макунед ва ба онҳо бо эҳтиром сухан кунед!» Оё, метавон худро мусулмон шуморид, дар ҳоле ки аз фармони волидон сарпечӣ намуда, онҳоро эҳтиром накунем? Чуноне фармудаанд: Бо модари хеш меҳрубон бош, Омодаи хизматаш ба ҷон бош. Бо чашми адаб нигар падарро, Аз гуфтаи ӯ мапеч сарро. Хизмати модар барои башарият беҳадду ҳудуд аст. Аз ин хотир, меҳру муҳаббат ва ранҷи ӯ ҷуброннопазир мебошад. Дар ин бобат бузургони мо фармудаанд: Якшаба он ранҷ, ки модар кашид, Бо ду ҷаҳонаш натавон баркашид. Ҷашни расмӣ эълон шудани Рӯзи модар дар Тоҷикистон гувоҳи равшани мақому манзалати баланди модарони мо дар ҷомеа мебошад. Пас, биёед модарони худро эҳтиром намуда, ҳеҷ гоҳ дили онҳоро озурда нанамоем! Равшан РАҲИМОВ, хонандаи синфи 9-и литсейи №55-и шаҳри Душанбе

6

8 МАРТ - РӮЗИ МОДАР Таърихи башарият бо номи занони шуҷоу бузург ифтихор дорад. Чунончӣ, номи маликаҳо Билқис, Озод, Саида, Маликахотун, малика Клеопатра аз Миср, Ирина аз Рум, Мариа Стюарт аз Шотландия, Елизаветаи 1, Виктория ва Елизаветаи 2 аз Австрия, Маргарита Тетчер аз Англия, Индира Гандӣ аз Ҳиндустон, Беназир Бҳутто аз Покистон ва садҳо нафари дигар дар таърих сабт гаштаанд.

роҳбарикунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳисоби занону духтарони лаёқатманд барои солҳои 2007-2016” ва маҷмӯи санадҳои дигари меъёрии ҳуқуқӣ барои баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа мусоидат менамояд. Дар ҷавоб ба ғамхориҳои пайваста феълан дар тамоми соҳаҳо бонувон фаъолияти пурсамар доранд. Дар ин радиф метавон номи иддае аз бонувонро ба забон овард, ки дар ҳар давру замон боиси ифтихори миллати тоҷ бар саранд. Шоираҳои ширинкалом Робияи Балхию Зебунисо, Зулфия Атоию Фарзона, Меҳринисо, Ҳадисаю Шаҳрия, сиёсатмадорону арбобони намоёни давлатию ҷамъиятӣ, олимаҳои шинохтаю варзида Низорамоҳ Зарифова, Гулҷаҳон

таҳсили духтарон тамоми шароитро муҳайё намудааст. Ҳазорон нафар духтар дар муассисаҳои оливу касбии кишварамон касбу ҳунарҳои замонавӣ меомӯзанд. Садҳо нафар духтари болаёқат дар соҳаҳои гуногуни ҷумҳурӣ кору фаъолият мекунанд. Ҷорӣ намудани имтиёзу квотаҳои Президент барои духтарон, фароҳам овардани шароити муносиб барои зиндагиву таҳсили онҳо, аз қабили таъмири хобгоҳҳои донишҷӯён ва ба талаботи рӯз мувофиқ гардонидани онҳо, боло бардоштани ҳаҷми маблағҳои стипендия, баргузории ҳар гуна чорабиниҳо ва тадбирҳои зиёди дигар барои дастгирии бонувон дар кишварамон равона гаштааст. Воқеан, ҷомеаи имрӯза бе фаъо-

Рӯ овардани занон ба варзиш талаби замон аст Ё ба варзиш машғул шавед, то солимии ҷомеа таъмин гардад Қалби зан саршори ишқу муҳаббат ва меҳру садоқат нисбат ба ҳаёт, ҷомеа, Ватан ва фарзандон аст. Васфу ситоиши зан ҳадду канор надорад. Бузургтарин нобиғаҳои шеъру адаб дар пеши бузургии зан сари таъзим фурӯд овардаанд. Аз ҷумла, бисёре аз шоирони маъруфи тоҷику форс, ба мисли Мирзо Турсунзода, Эраҷ Мирзо, Лоиқ Шералӣ дар васфи зан – модар беҳтарин шеъру асарҳо эҷод намудаанд. Боиси хурсандист, ки давлату Ҳукумати ҷумҳурӣ занро ҳамчун қувваи пешбаранда ва як ҷузъи муҳими ҷомеа эътироф намуда, иштироки ӯро дар тамоми ҷабҳаҳо, аз ҷумла, сиёсат, иқтисодиёт, варзиш, иҷтимоиёт ва маънавиёти кишвар ногузир медонад. Имрӯз бо таваҷҷуҳ ба мақоми зан - модар Ҳукумати мамлакат дар заминаи қабули қонуну қарор ва барномаҳои стратегию дурнамо тадбирҳои зарурӣ меандешад. Ба тавсиб расидани Фармони Президенти мамлакат “Дар бораи баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа”, қабули Қонун “Дар бораи кафолати баробарҳуқуқии мардону занон ва имкониятҳои баробари амалигардонии онҳо”, Барномаи давлатии “Тарбия, интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳои

“Ҷомеа, ки ба зан – модар ғамхорӣ менамояд, ба ояндаи худаш ғамхорӣ мекунад. Давлате, ки нисбат ба модар, ин сарчашмаи ҳаёт ва бақои насли инсонӣ бепарво бошад, ояндаи худро аз даст медиҳад”. Эмомалӣ РАҲМОН Бобосодиқова, Мунзифа Ғаффорова, Гулафзо Садриддинова, Ҳусноро Мирзоева, Марҳабо Ҷабборӣ, Руқия Қурбонова ва ғайра, санъаткорони шинохта Барно Исҳоқова, Нуқра Раҳматова, Малика Қаландарова, Малика Собирова, Муқаддас Набиева, Мастона Эргашова, Нигина Рауфова, варзишгарони маъруф Зебунисо Рустамова, Мавзуна Чориева ва садҳо нафари дигар, ки дар соҳаҳои гуногун мавқеи баландро соҳиб гаштаанд, аз зумраи онҳо мебошанд. Имрӯз Ҳукумати ҷумҳурӣ барои

лияти занон рушд карда наметавонад. Занону духтарони тоҷик дар тамоми соҳаҳо бо мардон паҳлӯ ба паҳлӯ истода, баҳри шукуфоии кишварамон заҳмат мекашанд. Албатта, насли имрӯзаи ҷавондухтаронро зарур аст, ки пайваста аз пайи илмомӯзиву касбомӯзӣ бошанду анъанаҳои модарони бошарафамонро идома диҳанд. Яке аз самтҳои фаъолияти боэътидоли зан дар замони муосир ба тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш шуғл варзидани занон мебошад, ки талаботи замон аст. Зимнан, ҷои тааҷҷуб нест, ки асри XXI баҳри занон ҳамчун асри бунёдкориву ба даст овардани комёбиҳои бузурги варзишӣ ба саҳифаи таърихи ҷаҳони ворид гардид. Пӯшида нест, ки тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш ҳамчун соҳаи муҳими ҳаёти иҷтимоӣ ва қисми таркибии фарҳанги умумибашарист. Аз ин лиҳоз, омӯзиши таърихи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиши тоҷикон ва мақоми зан дар пешрафти он яке аз масъалаҳои рӯзмараи замони муосир буда, то ҳол қимати худро гум накардааст ва дар тарбияи насли наврас аҳамияти бузург дорад. Ассотсиатсияи бонувони варзишгар ва раёсати Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон ба номи С. Раҳимов тамоми имкониятҳоро ба он равона месозад, ки ба ин соҳаи ниҳоят душвор занону духтарон бештар ҷалб гарданд ва корнамоиҳои занони қаҳрамони тоҷикро давом диҳанд. Аз ин рӯ, дар донишкада ҳамеша ба мавқеи зан ва духтарони варзишгар диққати ҷиддӣ ва ғамхориҳои пайваста зоҳир мешавад. Аз номи варзишгардухтарони тоҷик ва аз номи ҳамаи заноне, ки дар соҳаи варзиш кору фаъолият доранд, ҳамаи модаронро ба муносибати Рӯзи модар тарбику таҳният мегӯем ва умед бар он мебандем, ки ба варзиш бештар машғул гарданд, то солимии ҷомеаи мо таъмин гардад. Дилором КАРИМОВА, ноиби ректори Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон оид ба таълим, номзади илмҳои педагогӣ

«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН», №10 (9384), 5 МАРТИ СОЛИ 2015


8 МАРТ - РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ЗАНОН

Дар ҳар давру замон Худованд инсонҳоеро ба арсаи ҳаёт меорад, ки нотакроранд ва ифтихори халқу миллати хеш мебошанд. Онҳо бо шарофати заҳмату меҳнат ба пешрафт ва ободии Ватан хизматҳои шоистае анҷом медиҳанд. Дар радифи чунин шахсиятҳо месазад хизматҳои нотакрори як бонуи равшанзамир, омӯзгор, сиёсатмадор, Корманди шоистаи Тоҷикистон Бозгул Додхудоеваро махсус қайд кард. Ӯ зани меҳрофарину ҳаётдӯст аст, ки бо кору бору пайкори хастагинопазираш равшанибахши рӯзгори мо гардидааст. Дар шукуфоии кишвар, дар устувор сохтани пояҳои давлатдорӣ, пешбурду тараққии сарзамини аҷдодӣ саҳми босазо гузоштааст. Дар амалӣ гардидани сиёсат, нақшаву ниятҳои Президенти ҷумҳурӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайгирона заҳмат кашида, мубориза бурдааст. Тамоми ҳаёти пурбаракати хешро сарфи хизмати халқ намудааст, аз ҷумла, 57 соли умрашро дар корҳои роҳбарӣ гузаронидааст. Бозгул Додхудоева фаъолияти меҳнатиашро аз пешаи муаллими мактаби миёна сар карда, то ба дараҷаи Вазири маорифи ҷумҳурӣ (1992-1994), муовини Сарвазири мамлакат (19941999) расидааст. Соли 1980 шуъбаи ғоибонаи Мактаби олии ҳизбии шаҳри Тошкандро хатм кардааст. Солҳои зиёд узви Кумитаи марказии ҳизби коммунисти Тоҷикистон, депутати Шӯрои ноҳиявӣ ва шаҳрӣ буд. Бозгул Додхудоева, ки зодаи кӯҳистон аст, дар оилаи колхозчӣ ба воя расида бошад ҳам, аз хурдӣ ба илмомӯзӣ шавқу рағбат дошт. Волидони ӯ ҳарчанд бесавод буданд, вале мехостанд фарзандонашон хонанду соҳибилм шаванд, дар ҷамъият мавқеи худро пайдо намоянд. Воқеан, бародари калониаш доктори илми фалсафа, узви вобастаи АИ ҶТ, бародари хурдиаш номзади илмҳои техникӣ, хоҳаронаш хатмкардагони омӯзишгоҳҳои омӯзгорӣ мебошанд. Бозгул аз давраи мактабхонӣ ба мутолиаи адабиёти бадеӣ, аз ёд намудани ашъори классикон ва шоирони муосир шавқи зиёд дошт, забони русиро хуб медонист ва бо ин забон низ мутолиаи зиёд менамуд. То имрӯз китобхонӣ шуғли дӯстдоштаи ӯ мебошад. Ба ақидаи вай, «хондани асарҳо дониш, нутқи инсон ва ҷаҳонбиниашро васеъ ва мукаммал менамояд». Албатта, ӯ ҳамаи инро дар таҷрибаи

Сано бодо ба занҳое, ки марданд Бозгул Додхудоева бештар аз 50 соли умрашро сарфи хизмати халқу Ватан кардааст зиндагӣ ва ташаккули шахсияти худ санҷида, хулоса кардааст. Ба қавли шоир: Ҳар амал дорад ба илме эҳтиёҷ, Кӯшиш аз дониш ҳаме гирад ривоҷ. Ҳарчанд Б. Додхудоева тамоми ҳаёташро сарфи хизмати халқу диёр намуда бошад ҳам, аз Худованди бахшанда ҳазорҳо бор шукргузор аст, ки фарзандони солиму солеҳ ва бодобу босавод ба воя расонидааст. Ҳарду писараш соҳибмаълумотанду дар ҷомеа соҳибэҳтиром. Маълум аст, ки солҳои 19921993 дар кишвари мо оташи ҷанги шаҳрвандӣ аланга мезад. Ин ҷанг ҷанги бархӯрдҳою тундравиҳои зеҳниву ақлонӣ ва нофаҳмию пушаймониҳо буд. Дар натиҷа, ҳазорҳо кӯдак бепадар, занҳо бешавҳар, оилаҳо бесаробон монданд. То ҳол модарон чашм ба роҳи гумкардагони хешанд. Аз ҳама бадтар, эҳтимоли пора-пора гаштани марзу буми аҷдодиамон буд. Дар ҳақиқат, он ҷанг мардуми тоҷикро, халқи бегуноҳро бехона кардаву аз Ватан ҷудо намуд. Ҳудуди 100 ҳазор нафар ҳамватанон дарёи Омуро убур карда, ба хоки Афғонистон паноҳ бурданд… Дар ҳамин давраи мушкилу тақдирсоз Б. Додхудоева дар барқарор кардани сулҳ дар Тоҷикистон ва баргардондани гурезаҳо ба Ватан хизмати ниҳоят бузург кард. Дар қатори дигар занҳо ба тамоми ноҳияҳои ҷумҳурӣ сафарҳо мекард, то сиёсати Сардори давлат Эмомалӣ Раҳмонро, ки мегуфт: «То даме, ки як шаҳрванди Тоҷикистон берун аз марзи он аст, ман ором буда наметавонам», ҷонибдорӣ намоянд. Ин суханонро бо боварӣ ва қатъият ба мардум мефаҳмонд. Вале сафари аз ҳама вазнинаш ба Бадахшон буд. Ӯро мардуми Бадахшон маломат менамуданд, ки «ба кӯлобиҳо фурӯхта шудааст». Вай ба мардум бо исрор мефаҳмонд, ки дар ин ҷанги бемаънӣ на кӯлобӣ гунаҳкор асту на бадахшӣ. Ватани моро онҳое ба коми ҷанг тела доданд, ки худ гурехта рафтанд. - Дар Бадахшон рӯ ба рӯ гаштани ман бо модарони фарзандгумкарда, шаҳидгашта, беному нишоншуда хеле душвор буд, ёдовар мешавад муаллима. Ҷонибҳо барои истиқрори сулҳ ва баргардондани гурезаҳо ба хулосае омаданд, ки Комиссияи оштии миллӣ созмон диҳанд.

Президенти ҷумҳурӣ Эмомалӣ Раҳмон Бозгул Додхудоеваро ба аъзогии комиссия пешниҳод намуд. Сардори давлат таҷрибаи корӣ, синну сол, вазифа, раиси Иттиҳоди занон будани Б. Додхудоеваро ба инобат гирифта буд. Дигар ин ки, ӯ ҳамчун намоянда аз мардуми Бадахшон чеҳранамоӣ мекард. Ҳарчанд дар ин бора ба муаллима касе ошкор намегуфт. Чунки ӯ худро аз ҷумлаи нафароне меҳисобид, ки Ватан, миллат барояш як аст. Вай дар ҳайати Комиссияи оштии миллӣ ягона зан буд: 25 нафар мард, танҳо як зан. Билохира, ҷонибҳо аз ақли солим кор гирифтанд, манфиату ояндаи миллатро аз ҳама болою муҳим донистанд ва ба мусолиҳа расиданд. Ҳазорон шукри Парвардигорро мегӯем, ки дар кишвари мо сулҳу оромӣ ҳукмфармо гардид ва тантана мекунад. Бузургони мо беҳуда нагуфтаанд:

«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН», №10 (9384), 5 МАРТИ СОЛИ 2015

Дунё на матоест, ки арзад ба низое, Бо хасм мадоро куну бо дӯст мусово. Равшан аст, ки дар натиҷаи он

ҷанги бемаънӣ тамоми соҳаҳои хоҷагии халқи кишвар зарар дидаву фалаҷ гардид. Аз ҷумла, соҳаи маориф. Сарвари давлат дар иҷлосияи таърихии XVI (1992) Б. Додхудоеваро ба вазифаи вазири маориф пешбарӣ намуд ва гуфт: «Муаллима, аъзои Раёсати Шӯрои Олӣ Шуморо ба ин вазифа пешбарӣ мекунанд, Шумо таҷриба доред, розӣ шавед, мо ёрдамчиатон мешавем, соҳаи маорифро пеш мебарем». Муаллима таклифи Сарвари давлатро «не» гуфта натавонист, чунки давраи вазнинтарин барои Ватани азиз буд. Соҳаи маориф дар ҳолати вазнин қарор дошт, мебоист онро аз ин вартаи душвор берун овард. Ӯ бе муҳофиз, пойи пиёда ба кор мерафт. Ҳаросе надошт, ки оё сӯи ӯ касе тир мепаронад ё не. Дар воқеъ, ӯ занест матинирода. Дар замираш тарс вуҷуд надорад. Зиёд шунидаем, ки занҳо дар зиндагӣ ӯро идеал меҳисобанд. Шояд як сабаби муваффақ гаштанаш ҳамин хислати нотарсиаш бошад. «Ман модарам, - мегуфт, - модари ҷавонони тоҷик. Бигзор тире, ки ба сӯи ман паронданианд, насиби ман шавад, вале модареро

бефарзанд насозад». Бозгул Додхудоева соли 1998 дар шаҳри Боку, дар конференсияи занон, дар мавзӯи: «Зан ва вазъияти мухолиф» баромад намуда, иброз дошт, ки пас аз пошхӯрии ИҶШС Тоҷикистон ягона давлатест,ки дар он, дар кори давлатдорӣ 25 фоиз занон иштирок мекунанд ва ягона давлатест, ки зан ин ҷо вазир аст. Бозгул Додхудоева хушҳол аст ва боварӣ дорад, ки мардуми шарифи тоҷик натиҷаи заҳматҳои ӯро қадрдонӣ хоҳанд кард. Муаллима ҷузвдонеро манзур гардонид, ки пур аз номаҳои таманниёт буданд. Он номаҳо бештар дар Рӯзи модар ба унвони Бозгул Додхудоева ирсол гардида буданд. Онҳо аз номи роҳбарони воломақом - аз Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон сар карда, то вазирону сафирон, раисони шаҳру ноҳияҳо, шогирдону дӯстони қадрдон ирсол гаштаанд. Бозгул Додхудоева аз зумраи инсонҳоест, ки марому мақсадашон дар зиндагӣ ба мардум дасти мадад расондан ва дар рӯзи сахташон ёвару ҳамдам будан аст. Аз ин рӯ, ҳарчанд дар синни нафақа бошанд ҳам, аз кори таълиму тарбия дар канор нестанд, балки дар рушду нумӯи соҳаи маориф саҳм мегузоранд. Аз соли 1999 то имрӯз директори Маркази таълимии занон «Сарвар»-и Вазорати маориф ва илми ҷумҳурӣ мебошанд. Дар марказ аз 48 ноҳияи ҷумҳурӣ духтарони бо тариқи квотаи президентӣ ба мактабҳои олӣ дохилгардида таълим мегиранд. Мақсад ба духтароне, ки аз деҳаҳои дурдасти ҷумҳурӣ барои хондан омадаанду дар шаҳр ҷои зист надоранд ва аз ҷиҳати иқтисодӣ вазнинӣ мекашанд, кӯмак намудан аст. Дар ин ҷо духтарони тоҷик, ӯзбек, қирғиз дӯстона зиндагӣ карда, илм меомӯзанд. Ин ҷо омӯзиши забонҳои русию англисӣ, омӯзиши компютер ба роҳ монда шудааст. Дар баробари ҳамаи ин марказ аз духтарон сарварони ояндаро тайёр мекунад. Воқеан, хизматҳои бедареғи Б. Додхудоева бо ордени «Шараф»-и ИҶШС, ордени «Шараф»-и дараҷаи 1-и Ҷумҳурии Тоҷикистон, медалҳои «Барои хизмати шоён», «100-солагии Ленин», «20- солагии Истиқлолияти Тоҷикистон», «Валентина Терешкова», медали тиллои «Фонди сулҳ»-и ИҶШС, “Ветерани меҳнат», унвонҳои «Аълочии маорифи Тоҷикистон», « Корманди шоистаи Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва «Ифтихорнома”-и Президиуми Шӯрои Олӣ қадр карда шудаанд. Беҳуда устод Лоиқ дар васфи чунин занҳо нагуфтааст: Сано бодо ба занҳое, ки марданд, Баёзи зиндагиро байти фарданд, Ба номардон бидода дарси мардӣ, Даме ҳусни эшонро кам накарданд. Анзурати МИРЗО, корманди ДҶТИБКСМ

7


ТУРИЗМ, ВАРЗИШ Зиёрати Хонаи Каъба яке аз рукнҳои панҷгонаи ислом буда, дар умр як бор фарз аст. Имрӯз бо шарофати пешрафти илму техника ҳоҷиён масофаи чандинмоҳаро тавассути ҳавопаймо ҳамагӣ дар 4-5 соат тай мекунанд. Аммо ҳастанд нафарони ангуштшуморе, ки бо азму иродаи қавӣ ҳазорҳо километрро пиёда тай намуда, ба зиёрати Хонаи Каъба мушарраф шудаанд. Яке аз ин гуна ҳоҷиён ҳамдиёри мо Абдулазиз Раҷабов мебошад, ки миёни мардум ба номи «Ҳоҷӣ-пиёда» маъруф аст. Чанде пеш мо бо ин шахси қавиирода, ки зимни саёҳату зиёрат тақрибан 30 ҳазор километрро тай намудааст, суҳбат доштем. - Имрӯз, ки теъдоди нақлиёт хеле зиёд гаштаасту аксари мардум ҳатто масофаи 1 километрро бо мошин тай мекунанд, чӣ тавр Шумо дар фикри пиёда тай кардани масофаи ҳазорон километр роҳ афтодед? - Ман умре дар соҳаи варзиш фаъолият кардаам. 15 марти соли 1948 дар ноҳияи Ҳамадонӣ таваллуд шуда, хатмкардаи мактаби №9-и ноҳияи мазкур, дастпарвари омӯзишгоҳи касбии №5-и пойтахт ва Коллеҷи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон мебошам. Солҳои 1965, 1966, 1967 Қаҳрамони ҷумҳурӣ оид ба гӯштини тарзи озод будам. Дар шаҳрои Москваю СанктПетербург ва Махаҷқалъа ғолиби мусобиқаҳои умумииттифоқӣ гашта, номзад ба Устоди варзиши СССР оид ба гӯштини тарзи озод ҳастам. Ҳар фарди мусулмон орзу дорад, ки ба зиёрати Хонаи Каъба мушарраф шавад. Ман ният кардам, ки сафар ба ҷойҳои муқаддасро пиёда анҷом диҳам. Соли 2005 бо муҳоҷирати меҳнатӣ дар Федератсияи Русия қарор доштам. Мо 6 нафар тасмим гирифтем, ки пиёда ба зиёрати Хонаи Каъба меравем. Ман, як нафар аз Узбекистон, ду нафар аз Доғистон, як нафар аз Чеченистон ва як ҷавони руси мусулмоншуда аз шаҳри Маскав. Баъди як ҳафтаи сафар пойҳои он ҷавони рус обила карданду сафарро давом дода натавонист ва ба мо сафари бехатар таманно карда, ба Маскав баргашт. Ҳамин тавр, дигар ҳамсафаронам низ то расидан ба сарҳади Гурҷистон аз баҳри сафари пиёда баромаданд. Аз Гурҷистон он тарафашро худам танҳо идома додам. - Дар гирифтани ҳуҷҷатҳо ва убури марзҳо мушкилӣ набуд? - Вақте вориди марзи Ҷумҳурии Туркия шудам, Консули Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Туркия Рустам (насабашро фаромӯш кардам) дар омода кардани ҳуҷҷатҳоям хеле кӯмак намуд, ки

8

аз ӯ миннатдорам. Бо кӯшиши он кас аз Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ мактубе бо забони арабӣ таҳия намуданд, ки дар он аз шоҳигарии Саудӣ барои мусоидат кардан ба ҳоҷие, ки пиёда мақсади зиёрати Хонаи Каъбаро намудааст, дархост карда мешуд. - Муносибати мардум ба шумо чӣ гуна буд? - Вақте мефаҳмиданд, ки ман пиёда бо мақсади зиёрати ҷойҳои муқаддас ба сафар баромадаам, дар 60% ҳолатҳо аз барои Худо хизмат мерасониданд. Яъне, барои хизматрасонӣ пул намегирифтанд. Сафар кардан ҷаҳон дидан аст, мегӯянд. Дар Доғистон оромгоҳи Имом Шомил, дар шаҳри Ганҷаи Озорбойҷон

доранд. Туркия низ кишвари сарсабзу хуррам ва иқлимаш муътадил мебошад. Мардуми Туркия бомаданият, боэҳтиром ва меҳмондӯст будааст. Дар масоҷид, комплексҳои варзишӣ ва меҳмонхонаҳо маро ҷой медоданд. Хабарнигори сертиражтарин рӯзномаи Туркия – “Заман” дар бораи ман мақолаеро бо аксам чоп кард. Ҳангоми то тахт шудани ҳуҷҷатҳо дар шаҳри Анқара буданам, бо донишҷӯён ҳар рӯз футбол ва ё волейбол бозӣ мекардем. - Баъди чанд моҳи сафар ба Арабистони Саудӣ расидед? - Пас аз 9 моҳи сафар ба зиёрати Хонаи Каъба мушарраф шудам. Дар шаҳри Маккаи Мукаррама бо тоҷикони муқими Ара-

рифта ҳамроҳи Муҳаммадюсуф ба назди мири шаҳр рафтем. Баъди ҳолпурсӣ Довуд савол дод, ки «Дар чанд муддат пиёда аз Маскав ба Макка расидед?». Ман ҷавоб додам, ки дар 9 моҳу 12 рӯз. Ёддошти ҳаррӯзаамро навишта, шаҳрҳои тайкардаамро дар харита қайд мекардам. Ба ӯ рӯзномаҳоеро, ки дар бораам навишта буданду парчами давлатҳоеро, ки аз ҳудудашон убур кардам, нишон додам. Довуд парчами Гурҷистонро дид, ки дар он акси салиб («крест») буд. Аз ман пурсид, ки «дар ин кишвари насронӣ ба шумо чӣ гуна муносибат карданд?» Нақл кардам, ки ман варзишгарам ва ҳамроҳи ҷаҳонпаҳлавон Саидмуъмин Раҳимов бо гӯштингири номии

Моҳи сеюми дар Макка истоданам буд, ки як субҳ Довуд Абулфазлро дар иҳотаи кормандони пулис дидам. Ӯ маро ба наздаш даъват карда гуфт, ки дур наравам. Баъди 15 дақиқа ходимони масҷид пойандози дарозеро оварда, то дари Хонаи Каъба густурданд. Кормандони пулис гирдогирди Хонаи Каъба 15 метриро холӣ намуданд. Довуд Абулфазл нафареро барои даъвати ман фиристод. Акнун фаҳмидам, ки он рӯз дари Хонаи Каъбаро кушода ба чанд нафар имкони дар дохили Байтуллоҳ намоз хонданро иҷозат медоданд. Назди зинаҳои Хонаи Каъба рафта, аввалин қадаме, ки гузоштам, аз хурсандиву ҳаяҷон заҳмати 9 моҳи сафарро фаромӯш кардам.

Ҳоҷие, ки ними Осиёро

ва мегӯяд, ҳадаф аз пиёда сафар кардан расондани

оромгоҳи Низомии Ганҷавӣ, дар Конияи Туркия оромгоҳи Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ, дар Сурия оромгоҳи ҳазрати Билол (р), дар Урдун Асҳоби Каҳфро зиёрат кардам. Дар Урдун шӯртарин баҳри ҷаҳон - баҳри Мурдаро дидам. Оби он барои бемориҳои пӯст ва буғумдард давост. Ман дар ин баҳр оббозӣ кардам. Оби он одамро боло мебардорад. Барои шахсе, ки шиноварӣ меомӯзад, баҳри Мурда беҳтарин ҷои тамрин аст. Дар ин кишвар бо хабарнигори араб, ки дар шабакаи радиои «Садои Русия» кор мекард, вохӯрдам. Ӯ дар Русия таҳсил карда, забони русиро медонист. Ҳамсараш низ рус будааст. Дар Гурҷистон сурати калони ҳамватанамон Мамлакат Наҳанговаро ҳамроҳи И.В. Сталин дидам. - Мазараҳои кадом кишвар бештар писандатон омад? - Ҷумҳуриҳои моварои Қафқоз мисли кӯҳистони Тоҷикистон обу ҳавои гуворо ва манзараҳои зебо

бистони Саудӣ Талбак Искандар, Муҳаммадюсуфи Бағлонӣ ва ғайра ошно шудам. Дар рӯзномаҳо ва сомонаҳои интернетӣ дар бораи ман мақолаҳо ба табъ расиданд. Иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Макка Довуд Абулфазл баъди 1,5 моҳи дар Макка буданам маро суроғ намуда, ба шаҳрдорӣ даъват кард. Талбак шӯхиомез гуфт, ки чандин сол боз муқими Арабистони Саудӣ асту боре мири шаҳрро надидааст. “Акнун бо шарофати ҳамватанамон бо мири шаҳри Макка ҳамсуҳбат мешавем”, - гуфт хурсандона. Вай бо номи «Матъами Бухоро» ошхонае дошт, ки 10 нафар кор мекарданд. Бобои Муҳаммадюсуфи Бағлонӣ аз Даштиҷум будааст. Ӯ бароям куртаи сафеди дарози арабӣ харид. Аммо намояндаи мири шаҳр хоҳиш кард, ки бо ҳамон сару либосе, ки вориди Арабистони Саудӣ шуда будам, ба мулоқоти Довуд Абулфазл равам. Куртаи аврупоӣ ва шими ҷинсро пӯшида, ба сарам кулоҳ ба дастам асо ги-

гурҷӣ Леван Тедашвилӣ робитаи дӯстӣ доштам. Ба кадом шаҳре, ки мерафтам ӯ шогирдонашро телефонӣ мефармуд, ки маро пазироӣ кунанд. Ҳангоми 22 рӯзи дар Гурҷистон буданам гурҷиҳо ғайр аз таом дар қадаҳҳои монанди шохи гов виноҳои чандинсола нигоҳдоштаро пешкаш мекарданд. Ин нишонаи қадрдонии онҳо будааст. Вақте ман майнӯширо рад мекардам, онҳо ба Тедашвилӣ занг зада, шикоят мекарданд, ки “меҳмон май наменӯшад”. Ӯ дар ҷавоб мегуфт, ки дӯсти ман ҳамдиёри Имом Бухорӣ, Рӯдакӣ, Фирдавӣ, Хайёму Саъдӣ буда, ба зиёрати ҷойҳои муқаддас равон аст. Беҳтарин нӯшокӣ барояш чойи кабуду кампот ва беҳтарин ғизо кабоб аст. Шайх Довуд «меҳмонаваозӣ»-и гурҷиҳоро шунида, хеле хандид. Сипас, савол дод, ки «чаро аз роҳи Маскав омадед?» Ман гуфтам, ки ҷумҳуриҳои Осиёи Марказӣ, ки мусулмоннишинанд, 70 сол бо Русия дар як мамлакат мезистанд. Бо забону фарҳанги рус ошноянд. Аз ин рӯ, барои кор ба Русия мераванд. Чунончи, мардуми Покистону Ҳиндустон ба Британия, алҷазоириву марокашиҳо ба Фаронса ва либиёиҳо ба Италия мераванд. Шайх боз пурсид, ки то ин ҷо чӣ қадар маблағ сарф шуд? Ман гуфтам, ки 600 доллар. Ӯ бо ҳайрат пурсид, ки чӣ хел 600 доллар дар 9 моҳ расид? Гуфтам, ки дар роҳ бисёр шахсони Худотарс ройгон хизмат расонданд. Боз пурсид, ки оё ба кӯмаки пулӣ ниёз дорам? Ҷавоб додам, ки ҳадафи ман зиёрати Хонаи Каъба буд, ба мақсадам расидам. Зонуҳоям каме дард мекарданд, ки аз хурсандӣ дардашро фаромӯш кардам. Шайх баъди мулоқот бароям дар ошёнаи дуюми меҳмонхона ҳуҷраеро ҷудо карда, табиберо вобаста намуд. Ваъда дод, ки ба наздикӣ чорабиние мешаваду маро даъват хоҳад кард.

Дар дохили Хонаи Каъба ҳар кас ба ҳар тараф намоз мехонданд. Ба ман гуфтанд, ки ин ҷо 4 тараф қибла аст. Ман ҳам бо пайравӣ аз шайхҳои муътабари араб ба 4 тараф намоз хондам. Пас аз як соат, вақте аз он ҷо берун баромадам, кормандони пулис дар масофаи 100-150 метр аз ду тараф «долон» сохта буданд. Қариб 20 нафар тоҷикони Арабистон баромадани маро интизорӣ мекашиданд. Бо ихлосу шодмонӣ оғӯшсалом карда, гуфтанд: “Мо солҳо дар ин мамлакат зиндагӣ карда, то ҳол дар дохили Каъба намоз нахондаем. Фазли Худоро бинед, ки Шумо дар се моҳ ба хондани намоз дар дохили Каъба мушарраф шудед. Муборак бошад!” Аз шодӣ ашк аз чашмонам равон гашт. Ҳамин тавр, сафари нахустини ман аз Маскав то Арабистони Саудӣ ва бозгашт ба Тоҷикистон як солу ҳафт моҳро дар бар гирифт. - Сафари дуюматон чӣ гуна гузашт? - Баъди шунидани сафарномаам хоҳишмандони пиёда ба Хонаи Каъба мерафтагиҳо зиёд шуд. Ба онҳо гуфтам, ки ҳавас дигар асту машаққати сафарро таҳаммул ва сабру тоқат кардан дигар. Сафари дуюми ман 5 майи соли 2012 оғоз ёфт. Мо 8 нафар аз шаҳри Кӯлоб бо паёми сулҳу дӯстӣ озими Арабистони Саудӣ шудем. Дар Афғонистон шаҳрҳои қадимаи Мазори Шариф ва Ҳиротро дидем, бо гуруҳи «Толибон» низ рӯ ба рӯ шудем. Қумандони «Толибон» аз мо мехост то ҳамсафари ҷавонамонро, ки варзишгар буд, ба гурӯҳи ӯ ҳамроҳ намоем, то «муҷоҳиди роҳи Худо» шавад. Мо гуфтем, ки зиёрати Хонаи Каъба рукни панҷгонаи ислом асту ниятамон танҳо ҳаҷ кардан мебошад. Шукри Худо, ки бо шунидани ин суханон моро ба ҳоламон гузоштанд. Муносибати бародарони эронӣ бо мо бисёр олӣ буд. Дар шаҳри

«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН», №10 (9384), 5 МАРТИ СОЛИ 2015


ТУРИЗМ, ВАРЗИШ Тӯс оромгоҳи Фирдавсӣ, дар Нишопур Умари Хайём, дар Машҳад Имом Ризо, дар Ҳамадон Ибни Сино, дар Шероз Саъдию Ҳофиз, тахти Ҷамшед ва Нақши Рустамро зиёрат кардем. Ҷои хоб, хӯрду хӯрок дар Эрон олӣ буд. Кумитаи олимпии Эрон ба мо аз ҳар ҷиҳат кӯмак расонд. Ҳангоми берун шудан аз марзи Эрон ду нафар - ману Абдураҳим Маҳмадиеви 65-сола мондем. Боқимондаҳо ба Тоҷикистон баргаштанд. Дар шаҳри Бандари Аббос бо воизи номӣ - Пурдил вохӯрдем. Аз ин шаҳр тавассути киштӣ дар 12 соат аз Халиҷи Форс гузашта, ба Аморати Муттаҳидаи Араб расидем. Сипас, дар муддати 18-20 рӯз ба Арабистони Саудӣ рафтем.

ҳамсафарон ба Ватан баргаштанд. Аз Покистон ҳамсафарамон Султон Кавгиев низ ба Тоҷикистон баргашт. Ману Раҷабалӣ Сулаймонови 51-сола аз Покистон ба Ҳиндустон ва аз шаҳри Ченнайи Ҳиндустон ба пойтахти Шри Ланка шаҳри Коломбо рафтем. То Ҳиндустон мушкили надонистани забонро эҳсос накардем. Дар Покистон форсигӯйҳо зиёд буданд. Аммо баъди ба Ҳиндустон ворид шудан, мо каме аз надонистани забон мушкилӣ кашидем. То асри XIX, тӯли қариб 700 сол форсӣ забони расмии Ҳиндустон буд. То ҳол қариб дар ҳар ду ҷумлаи забони ҳиндӣ камаш як калимаи форсӣ ё арабии барои мо фаҳмо дучор меояд. Афсӯс, бо омадани мустам-

ҶАВОНОН ВА ЗАМОН омадед? - Баъди зиёрати қадамҷои Одам (а) тавассути ҳавопаймо аз Коломбо ба шаҳри Мумбайи Ҳиндустон рафтем. Дар он ҷо як шабонарӯз дар меҳмонхонаи ҳунарпешаи номии ҳинд Амитабҳ Баччан меҳмон шудем. Худи Амитабҳ набуд, вале ба намояндагонаш аз номи мухлисони тоҷикистониаш пайғом расонидем ва дар ҳаққаш дуои ҳидоят намудем. Маркази банаворгирӣ (киностудияи)-и машҳуртарин филмҳои Ҳиндустон – «Болливуд», дар ҳамин шаҳр аст. Аз Мумбай тавассути ҳавопаймо ба шаҳри Дубайи АМА рафтем. Азбаски гирифтани раводиди Саудӣ бароямон муяссар нашуд, ҳамсафари ман Раҷабалӣ Сулаймонов бо

пиёда тай кардааст пайғоми дӯстӣ ба оламиён мебошад

Муҳлати рафтуомади ин сафар 6 моҳу 5 рӯзро дар бар гирифт. - Сафари сеюматонро кай ва чӣ гуна гузаронидед? - Ҳафт нафар соли 2013 бо мақсади зиёрати қадамҷои Одам алайҳиссалом ба сӯи Сарандеби бостонӣ (ҳоло Шри Ланка) равон гаштем. Хатсайри мо чунин буд: ноҳияи Ҳамадонӣ-Кӯлоб-ДушанбеҚӯрғонтеппа- Панҷи Поён-Бандари Шерхон-(Афғонистон)-Мазори Шариф-Эрон-Покистон-ҲиндустонШри Ланка-Аморати МуттаҳидаЭрон-Тоҷикистон. Баъди зиёрати шаҳри Мазори Шариф чор нафар

ликадорони британӣ доираи забони форсӣ дар нимҷазираи Ҳинд (Ҳиндустон, Покистон, Бангладеш, Шри Ланка) танг шуда, истифодаи он ҳамчун забони гуфтугӯи байни миллатҳои ин сарзамини паҳновар аз байн рафт. Ҳамин тавр, надонистани забон буд, ки мо аз марҳами зидди хомӯшак истифода набурдем. Дар натиҷа, ман аз заҳри пашаи малярия дучори табларза шуда, 12 рӯз дар бемористон бистарӣ гаштам. Тайи ин муддат 9 кило вазнамро аз даст додам. - Дар бозгашт низ пиёда

ҳавопаймо ба Душанбе омад. Ман гоҳ пиёдаву гоҳ савора ба Эрон рафта, дар Кумитаи олимпии ин кишвари ҳамзабон бо собиқ Президенти Ҷумҳурии исломии Эрон Маҳмуди Аҳмадинажод вохӯрдам. Аз Эрон ба воситаи Афғонистон ба Ватан баргаштам. Ин сафар 7 моҳу 12 рӯз давом кард. - Оянда чӣ мақсад доред? - Ният дорам, ки пиёда сӯи қиблаи нахустини мусулмонон Байтулмуқаддас сафар намоям. Аз ҳоло 4 нафар майли ба ман ҳамроҳ шудан кардаанд. Хатсайри ҳаракати мо чунин хоҳад буд: Тоҷикистон-ӮзбекистонТуркманистон, ОзарбойҷонГурҷистон-Туркия. Мо, иншоаллоҳ, то Туркия меравем, сипас, вобаста ба вазъи Ироқу Сурия самти ҳаракатамонро интихоб мекунем. Ҳадаф аз пиёда ҷаҳонгардӣ кардани ман, пеш аз ҳама, расонидани паёми сулҳу дӯстӣ ба мардуми олам, тарғиби тарзи ҳаёти солим ва рӯ овардан ба намудҳои гуногуни варзиш мебошад. Ба гуфтаи Қаҳрамони Тоҷикистон, устод Мирзо Турсунзода:

«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН», №10 (9384), 5 МАРТИ СОЛИ 2015

Дӯстиро ҷустуҷӯ дорем мо, Аз амонӣ гуфтугӯ дорем мо. Мусоҳиб Сайфиддин СУННАТӢ, “ҶТ”

Ҷавонон созанда бошанд Мисле ки дар ҳар давру замон дар сохтмонҳои азим пешгом буданд

Дар ҳар давру замон ҷавонон нерӯи пуриқтидор, бунёдкор, арзанда ва пешбарандаи ҷомеа шинохта шудаанд. Бахусус, дар шароити кунунӣ ва пешрафти техникаву технология фаҳмиши зеҳниву ақлонии ҷавонон дар ҳоли рушд аст. Дар тамоми соҳаҳо ҷавонон кору фаъолият дошта, дар пешрафти илм, фарҳанг, иқтисодиёт, иҷтимоиёт, сиёсат, варзиш саҳми босазо мегузоранд.

Ҳафтод дар сари аҳолии кишварро ҷавонон ташкил медиҳанд, ки як қувваи хеле азим дар корҳои бунёдкорӣ ва созандагӣ аст. Давлату ҳукумат барои ҳаллу фасли проблемаҳои ҷавонон, ояндаи дурахшони онҳо ғамхории махсус зоҳир менамояд. Воқеан, ҷавонон ояндаи миллат ва бақои давлатанд. Аз ин рӯ, аз гузашта сабақ омӯхта, барои фардои нек пайваста хондан, меҳнат кардан, заҳмат кашидан ва ақлу зеҳни худро барои гулгулшукуфоии Ватан нисор намудан бояд шиори ҳар як ҷавон гардад. Дар амалӣ шудани иқдомҳои нек ва ташаббусҳо давлату ҳукумат мададгори ҷавонон буду мебошад. Албатта, ҳамаи масъалаҳо ҳамон вақт ҳаллу фасл мегарданд, ки таҷрибаи мусбати таърихи гузаштаи начандон дурро пеши рӯ оварда, онро андӯхта, мавриди назар дошта бошем. Мо бояд фаромӯш насозем, ҳар иқдоми неке, ки дар гузаштаи на чандон дур сурат гирифта буд, маҳз ҷавонон ташаббускор ва пешво буданд. Хизмати бузург ва шоёни онҳо дар азхудкунии водиҳои Вахш, Дилварзин, Канали калони Фарғона, Канали калони Ҳисор, Роҳи калони Помир, роҳи ағбаи Анзоб, Шаҳристони солҳои 30-40-уми асри ХХ сазовори ҳурмату таҳсин аст. Саҳми ҷавонон дар сохтмони умумииттифоқии «БАМ» (Шоҳроҳи Байкалу Амур), Ҷанги Бузурги Ватанӣ, солҳои баъдиҷангии барқароркунӣ, сохтмонҳои азим, ҳаракатҳои сохтмонии донишҷӯён дар давраҳои гуногуни таърихӣ шоёни таҳсин ва пайравист. Ҳамин аст, ки Ҳукумати ҷумҳурӣ ба ин қишри аҳолӣ умеди калон дорад. Ҷавонон чун қувваи пешбарандаи ҷамъият дар сохтмонҳои азим, ба мисли Корхонаи алюминийи шаҳри Турсунзода, Нерӯгоҳи барқи обии Норак, Корхонаи нуриҳои азоти Вахш, Ёвон, имрӯз бошад, дар сохтмони Нерӯгоҳи барқи обии Роғун, “Сангтуда-1”, “Сангтуда-2” сарбаландона ширкат доранд. Нақшу мақоми ҷавонон дар замони ҷаҳонишавӣ дар ҳаёти иқтисодӣиҷтимоӣ ва фарҳангии кишвар эътибори хоса пайдо кардааст. Таъкид ба ёдоварист, ки маҳз ҷавонони дорои маърифати олӣ, тафаккури созанда, дурбину боандеша ва ахлоқи ҳамида метавонанд пайванди ногусастании наслҳо ва рӯҳи абадзиндаи хешро, ки ҳанӯз дар аҳди Сомониён соҳиби марказҳои бузурги тамаддун ва доираҳои тавонои илмию адабӣ буданд, зинда нигоҳ доранд ва асри тиллоии миллати худро эҳё намоянд. Ҷавонони мо бояд рӯҳи созандагӣ ва эҳтироми миллиро ба ҷо оранд. Ваҳдати миллӣ, пос доштани таъриху фарҳанг, арҷ гузоштан ба муқаддасоти Ватан, ҳурмату эҳтиром кардани қонунҳои амалкунанда, донистани қонунҳо, дониш андӯхтан ва онро дар амал татбиқ кардан бояд кори ҳар як ҷавони тоҷик бошад. Маҳз бо сабаби надонистани қонун ва ҳуқуқҳои худ ҷавонон имрӯз бо «тавсия» ва «нишондодҳо»-и душманони миллат худро ба ҳар тараф мезананд, корҳои ношоям мекунанд ва ба ташвиқу тарғиби идеологияи бегона дода мешаванд. Онҳо ба ҳизбу ҳаракатҳои ба афкори мо бегона ва қонунан манъшуда рустию ошкоро аъзо шуда, корҳои тахрибкорӣ мекунанд. Чунин ашхос на танҳо барои худ зиндагии ноорому талх ташкил мекунанд, балки барои наздикону пайвандон, ахиран барои миллати хеш доғи сиёҳ меоранд. Тарбияи чунин ашхос, бахусус, ҷавонон дар муҳити имрӯза хеле зарур ва ҳатмист. Таълиму тарбияи насли наврас бояд аз хонадону боғча, дабистону мактабҳои олӣ оғоз гардида, силсила ба силсила, дар зери фаҳмишҳои таърихӣ, фарҳанги волои миллӣ, худшиносӣ, ватандӯстӣ, эҳтироми қонун, садоқат ба Ватан, садоқат ба дину оини анъанавӣ, маслаки ҳаррӯзаи инсонӣ, дарки масъулият дар назди халқу ҷомеа ва миллат сурат гирад. Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон дар Паёмаш ба Маҷлиси Олӣ иброз дошт, ки: «Ҳукумат ғамхориро нисбат ба наврасону ҷавонон минбаъд низ идома бахшида, ба ин нерӯи тавонои кишвар, ки марзу буми Тоҷикистонро ҳимоя мекунад, кишварро ободу зебо мегардонад ва номи ватани аҷдодиро боз ҳам баланд мебардорад, ҳамеша такя менамояд». Ширкати фаъолонаи ҷавонон дар чорабиниҳои сиёсӣ, фарҳангӣ, таърихӣ, иқтисодӣ боиси ифтихор ва қобили қабул аст. Аз тарафи дигар, ҷавонон ё шахсоне ҳам ёфт шудаанд, ки гузаштаи худро нодида гирифта, инкор ҳам карда, воқеаву ҳодисаҳои таърихро нодуруст маънидод намуда, хизмати шахсиятҳои таърихиро инкор ва бобоёну падарони худро мазамату сӯйи онҳо сангандозӣ мекунанд. Ин амал на ба қонунҳои амалкунанда, на ба афкори таърихию фалсафии мо - тоҷикон, на ба фармудаҳои паёмбари ислом Муҳаммад (с) мувофиқат мекунаду на ба нишондоди пешвои мазҳаби мо Имоми Аъзам (р). Дар тамоми давру замон ҳидоят ба росткориву ростравӣ, ростгуфторӣ, ростқавлӣ буду ҳоло ҳам бояд бошад. Насли калонсол дар назди ҷавонон масъулияти бештар дошта бошанд, зеро амалҳои неки онҳо боиси пайравӣ ва омӯзиш барои ҷавонон мегардад. Мо, имрӯз дар пайи сохтмони давлати соҳибистиқлолу демократӣ қарор дорем, аз ин рӯ, тамоми қувва ва нерӯи ақлонӣ, ҷисмонии худро барои ҳаёти озоди демократӣ, гул-гулшукуфии Тоҷикистони азиз сарф намуда, барои пешрафти ҳаёти осоишта, рушди техникаву технологияи замонавӣ ҳисса гузорем, дастовардҳои истиқлолиятро ҳифз ва барои ояндагон онро чун мероси бой боқӣ гузорем ва ҷавонони тоҷикро барои танҳо созандагӣ ва ободӣ, бо роҳи рост ҳидоят намоем.

Аъзамҷон АЗИМОВ, профессори кафедраи телевизион ва радиошунавонии ДМТ

9


САҲИФАИ ДОНИШҶӮЁН Пешравиҳои босуръати ҷаҳон моро водор месозад, ки бояд оилаи солим, ҷомеаи солим ва насли ба арзишҳои маънавию ахлоқӣ эҳтиромдоштаро тарбия намоем. Зеро дар раванди ҷаҳонишавӣ, ки асри бархурди фарҳангҳо низ ном бурда шудааст, ҳар қавму миллате, ки ба арзишҳои миллӣ ва асолату ҳувияти худ арҷ намегузорад ва пайравӣ аз фарҳанги бегона мекунад, бешубҳа аз ҷониби дигарон пахш гардида, ба нестӣ мерасад. Аз ин нуқтаи назар, бояд баъзе зуҳуротро, ки мисли заҳрпечак ҷомеа, бахусус, ҷавонони моро печондаанд, аз байн бурд. Ҳеҷ набошад, барои коҳиш додан ва ё камтар кардани таъсири бадашон ҷиддӣ машғул шуд.

имрӯз дигар кам касе аз ҷавонон ба ин чизҳо аҳамият медиҳанд. Замоне шудааст, ки ҳар кас бар манфиати худ меандешад. Мазмун, арзишҳои маънавӣ, принсипҳои ахлоқӣ-иҷтимоӣ қариб аз байн рафтаанд. Агар ин маризиҳо табобабту ин рахнаҳои ахлоқӣ дарбеҳ нашаванд, тадриҷан наслҳои оянда дар руҳияи комилан манфӣ ба воя мерасанд. Дар ин сурат намешавад аз ватандӯстиву миллатдӯстии онҳо ҳарф зад. Барои чунин насл миллат ҳам арзишашро гум мекунаду Ватан ҳам. Мутаассифона, баъд аз пош хурдани Иттиҳоди Шӯравӣ зиндагии ҷавонони мо душвортар шуд. Бекорӣ ҳамчун проблемаи асосӣ зуҳур намуд. Ин мушкил халоро дар ҳаёти ҷавонон ба вуҷуд овард.

ахлоқиро аз як гӯшааш маҳкам дошт ва пайи тармим шуд. То мабодо бештару бузургтар шавад. Барои ин бояд тарбияро дар оилаву мактаб ҷоннок намуд. Бояд заҳри қаттол будани нашъаву май ба ҷавонон талқин шавад. Зарари аз он ҳисоб ба буҷаи оилаҳо ворид мешуда фаҳмонда шавад. Соли оиларо оммавӣ ва пурсамар истифода бояд бурд. Оила низ вазифаи тарбиятгарии худро бояд пурра иҷро кунад. Зеро наврасону ҷавонон дар берун сайру гашт намуда, ҳатман ҷиҳати ахлоқиашон нокомил мемонад, бар замми ин, агар оила ҳам вазифаашро дуруст иҷро карда натавонад, ҷавонон тамоман зарар мебинанд. Яъне, агар оила носолим бошад, ба фарзандон таъсири бад мерасад. Аз ҳисоби нашъамандиву майзадагӣ

Манзур нашъамандию нашъаҷаллобӣ, майзадагию бадрафторист, ки насли ҷавони моро аз фарҳанг, ахлоқи ҳамида, эҳтиром ба атрофиён ва умуман, маънавиёт дур андохтаанд. Бале, маҳз маънавиёт. Зеро ба назар мерасад, ки аксаран моддигаро шудаем. Яъне, барои мо панду андарз, насиҳати калонсолон дигар арзиш надоранд ва мо бештар аз ҳар масъала ҷиҳати фоида ё моддии онро интизор мешавем. Масалан, агар замоне, пиразанеро аз роҳ гузарондан ва ё халтаашро бардошта, ёрӣ расондан нишонаи одоби баланд маҳсуб мешуд,

Бо ин сабаб ҳар кас ба ҳар амали шоиставу ношоистае даст задан гирифт. Бадбахтона, рӯ овардан ба амалҳои ношоиста бештар гардид. Иддае чанг ба домани маю нашъа зад, қисме барои “сомон” бахшидани зиндагиаш нашъаҷаллоб шуду роҳҳои дигари мамнуъро ба кор бурд. Ин равиш ҷавононро аз омӯхтани илму дониш дур кард. Зеро дигар имлу дониш ҳам манзалат надошт. Акнун таъсири зуҳуроти мазкур бо гузашти ду даҳсола ҳам аз шуури ҷавонони мо нарафтааст... Аммо масъаларо наметавон ба ҳоли худ гузошт. Бояд ин рахнаи

бошад, оилаи солим, ҷомеаи солим, дар маҷмуъ миллати солим боқӣ намемонад. Шоираи ширинкалом Раънои Мубориз бамаврид гуфтааст: Афюн кашӣ, зи ақл бегона шавӣ, Бегона ба фарзанду зану хона шавӣ. Файзу баракат раванд аз манзили ту, Аз бефайзӣ мисоли девона шавӣ.

Май чунонат кунад...

Аз тариқи телевизион барномаеро аз саргузашти пирамарде аз хонаи пиронсолон намоиш доданд. Пирамард соҳиби 7 писар буда, духтар низ доштааст, аммо писарони бешафқат падарро ба хонаи пиронсолон оварда, партофтаанд. Дар чанд муддате, ки пирамард дар он ҷо қарор доштааст, фарзандонаш боре ҳам аёдаташ наомаданд. Аҳволи ин падари бечора рӯз то рӯз бад шуда, ба бемории вазнин дучор мегардад. Табибони ин даргоҳ тасмим гирифтанд, фарзандони мӯйсафедро аз ҳолати падарашон хабардор созанд. Чун фарзандон фаҳмиданд, ки аз умри мӯйсафед рӯзҳои башумор мондааст, гуфтаанд: “Тамом кард, моро огоҳ кунед, омада мебарем”. Ҳамин тавр ҳам шуд. Пирамард чанд рӯз баъд фавтид, фарзандонашро даъват карданд, вале он нохалафон тобути падарро ҳам бурдан нахостанд. Ба ин ҳад сангдилии фарзандон ғазаби яке аз кормандони хонаи пиронсолонро овард. Гуфт: “Ҳайфи шумо! Агар тобути падаратонро бурдан нахоҳед, мо худамон бурда, дафн мекунем!” Пас аз шунидани ин

10

Шодигул БОДУРШОЕВА, донишҷӯи ДМТ, таҷрибаомӯзи “ҶТ”

Навозиш Боре мариз шудаму худро чун парандаи шикастабол эҳсос намудам. Ба назарам менамуд, ки ҳеҷ кас ба ҳарфҳоям гӯш намедиҳад, касе дар барам нест ва ҳамдардиям намекунад. Худро ҳеҷ гоҳ чунин танҳо надида будам. Яъсу ноумедӣ фишорам медод. Ғусса дар гулӯям гиреҳ хӯрда буд. Ғарқи андешаҳои бесару нӯг нишаста, ашки танҳоӣ рехта, маҳзунона ба дар менигаристам, то нафаре ба дидор ояду дил осоиш биёбад. Дар он лаҳза танҳо садои соати деворӣ маро ошноӣ мекард. Ақрабаки соат ба пеш медавид. Дар берун барф меборид. Барф, ки бо вуҷуди сафедиаш басе сард аст. Парандае ҳам дар шохи дарахт аз сардӣ ранҷ мебарад... Вале ҷонварак ба хунукии тоқатфарсо тоб наоварда, парида рафт. Хоҳише дар дил тӯғён кард: кош ман ҳам пар медоштаму аз қабзаи дард мерастам. Вале ин ҳама хаёл буд. Дар чунин лаҳзаи сардшавии замири инсонӣ хуршеде бо нури ҷонбахш, гуле бо накҳати атрогин падид омад. Аз нигоҳи зебои нуронияш тан ҷону ҷон неру гирифт. Бо дастони нозанини ҳалимонааш сарамро сила намуда, аз пешониям бӯсид ва табассумкунон гуфт: - Ту бемор шудӣ? Касе навозишат накард?! Аз ҳолат напурсид?! Бо овози ларзону гирён посухаш додам: - На, касе ҳоламро напурсид, нигоҳи шафқаташ ба рӯям нанамуд, нафаре нагуфт, ки ҳолат хуб аст. Охир дар сиҳатиям доим бо ман дар муошират буданд-ку!? Дар ҷавоб афзуд: - Ҳеҷ гоҳ чунин фикр накун, ки танҳоӣ, берун аз фазову зиндагиву дур аз мойӣ. Ман ҳамеша дар бари туям, доим дар талоши хушбахтии ту. Магар мешавад, ки кас меваи умраш, порае аз ҷигарашро фаромуш кунад? На, ҳаргиз ин корро карда наметавонам, зеро ту давоми умри маниву ман саробони туям, ту хуршеди маниву ман самои туям, ман дунёи туяму ту ҳастии манӣ, ман модари туяму ту меваи умри ман. Пас аз шунидани чунин ҳарфҳои саршор аз меҳру муҳаббати самимӣ меҳри модар дар дилам ҷӯш зада, худро ба оғӯши гармаш партофтам. Гиристаму гиристам. Бӯйи модар чун бӯйи биҳишт ба машомам расиду тамоми дарду ранҷ фаромӯш шуд. Дастони гарми кордидаашро бӯсидам. Ӯ ашкҳоямро бо доманаш пок ва навозишам намуд. Ба чеҳраи гарми модар нигариста, гуфтам: - Куҷо будед, модарҷон? Бе шумо зиқ шудам. - Барои овардани доруҳоят дорухона рафтам, азизам. Магар мешавад, ки лаҳзае бе ёди ту бошам? Мудом дар фикри туям, – гӯён ҷавобам дод. - Шукр, ки шумо ҳастед, вагарна чӣ кор мекардам. – гуфта, сарамро ба зонуяш гузоштам. Модар сарамро сила мекард. Аз навозишаш гӯё ҷон мегирифтам, нерӯ меёфтам. Зиҳӣ модар, бо он ки кони меҳрӣ. Зиҳӣ бо ин бузургиву садоқатмандият. Ид муборак, модарони азиз!

Ту ҳам пир мешавӣ суханҳо фарзандони мӯйсафед ноилоҷ тобути падарашонро бурдаанд. Тамошои барнома маро ба гирдоби фикру андешаҳои мубҳам афканд. Аз ҳоли падарону рафтори писарон афсӯс хурдам. Агар ақлу виҷдон, инсофу одамгарӣ заррае дар кас мавҷуд бошад, ба чунин амали нангин ва пастиву разолат роҳ намедиҳад. Вале афсӯс, нафароне ёфт мешаванд, ки ба ин корҳо қодиранд. Ҳар як пирамарде, ки имрӯз муҳтоҷи кӯмак асту ниёз ба нигоҳубини фарзанд дорад, замоне мисли мо ҷавон буданд, зебо ва боқувват буданд. Пас, он фарзандоне, ки имрӯз аз дидори волидон сер гаштаанду онҳоро ба хонаи пиронсолон додаанд, агар умрашон вафо кунад, худ низ ба кӯи пирӣ мерасанд. Ин барнома ба ёдам ҳикояеро овард. Марде бо ҳамсараш мудом ҷангӣ буд. Ҳамсараш аз он норозӣ буд, ки падари шавҳараш бо онҳо дар як хона зиндагӣ мекард. Зан мегуфт ё падаратро бурда, ба хонаи пиронсолон мемонӣ ё ман аз хона баромада меравам. Аммо мард ҳеҷ розӣ намешуд, ки ин амалро ба падараш раво бинад. Мӯйсафед ба фарзандаш мегуфт, писарам,

аз барои ман шуда, оилаатро вайрон накун. Бе ин ҳам аз умрам чандон вақти зиёд намондааст...

Беҳрӯз ХОЛМУРОДОВ, донишҷӯи ДМТ, таҷрибаомӯзи “ҶТ” Аз сӯи дигар, мард ҳамсарашро дӯст медошту аз вай ҷудо шуда наметавонист. Зеро як фарзанд ҳам дошт. Ниҳоят, рӯзе падарашро ба мошин савор карда, ба як хонаи хурде, ки дар саҳро доштанд ва гоҳ-гоҳ тобистонҳо ба он ҷо мерафтанд, бурд. Вақти рафтанашон ҳаво сард буд. Ҳамроҳи мард писари хурдсолаш ҳам рафта буд. Мард падарашро ба он кулба рӯи кат хобонда, курпаеро ҳам ба рӯяш пӯшонд, то хунук нахурад. Вале аз сардии ҳавои хона мӯйсафед дарақ-дарақ меларзид. Мард аз дасти писараш гирифта, берун баромад ва ба мошин нишаст. Хост мошинро ба ҳаракат дарорад, вале писараш пурсид: - Дадаҷон, чаро бобома, намебарем? - Охир, очаат намехоҳад, бачам. Кӯдак боз савол дод: - Дадаҷон, агар шумо ҳам мисли бобом пир шудед, ман ҳам шуморо ба ҳамин хонамон биёрам? Аз саволи охирини кӯдак мардро гӯё барқ зад. Ӯ башаст аз мошин берун шуда, тозон ба хона даромад ва падарашро оғӯш гирифта, бо овози баланд гиря кард. - Маро бубахшед, падар. Маро бубахшед... Суман ГАДОЕВА, донишҷӯи ДМТ

«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН», №10 (9384), 5 МАРТИ СОЛИ 2015


ИД МУБОРАК, БОНУВОН!

Дар банди ризои падару Муносибати табиб низ давост модар бош Қариб 25 сол мешавад, ки ба тарбияи насли наврас машғулам. Аз овони донишҷӯӣ то имрӯз нашрияи «Ҷавонони Тоҷикистон»-ро мутолиа мекунам ва хондани мақолаҳои ҷолиби онро ба шогирдон тавсия медиҳам. Дар шумораи №9 (26.02.2015) мақолаеро зери унвони «Ҷавонон бояд ҳушёр бошанд!» хондам. Муаллиф Домулло Маъруфи Истаравшанӣ ба ҷавонон насиҳат карда, навиштааст: «Ин чӣ инсонигарӣ ва чӣ мусулмонӣ, ки фарзанд падару модарашро дар осоишгоҳ партояду хабар нагирад?» Дар саҳифаи шонздаҳуми ҳамин шумора матлаби хурде низ ба табъ расидааст, ки дар он аз сангдилии фарзанд нисбат ба падари пираш ҳикоя мекунад.

Мутаассифона, дар ҷомеаи имрӯза чунин афроде ёфт мешаванд, ки заҳмати падару модарро нодида гирифта, дили нозукашонро озор медиҳанд. Ҳол он ки падару модар бо чи азобҳо фарзандро ба воя мерасонанду қоматашон аз бори зиндагӣ хам мешавад. Тамоми мутафаккирон дар хусуси зарур будани эҳтироми падару модар таъкид кардаанд. Санъаткори маъруфи рус Фёдор Шаплин гуфтааст: «Ҳеҷ як суруд ҷои аллаи модарро, ки дар сари гаҳвораи тифл мегӯяд, гирифта наметавонад». Вақте тифл ба дунё меояд, аз ҳама аввал дар майнаи ӯ шахси наздиктарин - модар ҷой мегирад. Бо ин сабаб шоирон дар хусуси бузургии меҳри модар бо ҳиссиёт суруд мехонад. Чунончи Эраҷ Мирзо фармудааст: Гӯянд маро чу зод модар, Пистон ба даҳон гирифтан омӯхт. Шабҳо бари гаҳвораи ман, Бедор нишасту хуфтан омӯхт. Беҳтарин сурудҳои сарояндагони маъруф дар васфи модар аст. «Меҳри модар»-и Ҳусейн Насриддинов, «Хушрӯз модарам»-и Тоҷиддин Муҳиддинов, «Оҳ, модарам»-и Зафар Нозим, «Модари ман боз ба ман деҳ» ва «Бинозам қалби покат, модари ман»-и Аҳмад Зоҳирро бисёриҳо шунида, ашк мерезанд. Зеро бинобар пурмаъно ва самимӣ буданашон ин сурудҳо қалби шунавандаро тасхир мекунанд. Дар китоби «Танбеҳ ул ғофилин»-и

Абуллайси Самарқандӣ омадааст: «Агар Худованд риояи ҳаққи падару модарро дар китоби хеш зикр ҳам намекард, бо ақл низ маълум мешуд, ки ҳурмати падару модар воҷиб аст». Дар ҳама китобҳои осмонӣ - «Таврот», «Забур», «Инҷил» ва «Қуръон» ҳурмати падару модар таъкид шудааст. Худованд ризои хешро дар ризои падару модар ва ғазаби худро дар ғазаби падару модар шумурдааст: Хоҳӣ, ки Худой аз ту хушнуд шавад, Сармояи умри ту ҳама суд шавад. Дар банди ризои падару модар бош, То ҷумла гуноҳат ҳама нобуд шавад. Падару модар ҳамеша хайрхоҳи фарзанданд. Аз ин рӯ, агар онҳо барои ягон рафтори фарзанд эрод гиранд, набояд ранҷид. Зеро аз дилсӯзӣ ба ҷигарбанди худ маслиҳат медиҳанд, то дар зиндагӣ ба шикаст дучор нашаванд. Барои падару модар нокомиҳои фарзанд зарбаи сахт аст. Ниёконамон дар хусуси эҳтироми волидайн риояи одоби зерро тавсия додаанд: якум, ҳамеша иззати падару модарро ба ҷо овардан; дуюм, барои онҳо сармояи худро дареғ надоштан; сеюм, хизмати онҳоро аз ёд набаровардан; чорум, ба онҳо бо оҳанги ғазабу маломат сухан накардан; панҷум, вақте волидайн даъват кунанд, ба хизмати онҳо шитофтан; шашум, ҳангоми ба онҳо сухан кардан, чеҳракушод будан ва гиреҳ ба абрӯ наяфкандан; ҳафтум, хоҳишу орзуҳои падару модарро ба ҷо овардан; ҳаштум, ҳангоми гуфтугӯ бо онҳо садоро баланд накардан; нуҳум, бе рухсати волидайн ба сафар набаромадан; даҳум, барои хушнудии падару модар саъю кӯшиш намудан; ёздаҳум, дуои неки волидайнро сабаби баракати умри зиндагӣ донистан. Мутаасифона, имрӯз шахсонеро дучор меоем, ки модари ҳамдигарро дашном медиҳанд. Ин рафтори разилона буда, нишонаи беэҳтиромӣ ба модар аст. Зеро дашному лаънат гуфтани падару модари шахсе баробари дашному лаънат гуфтани падару модари хеш аст. Чунончи, Шайх Саиъдии Шерозӣ мефармояд: Ҳар бад, ки ба худ намеписандӣ, Бар кас макун, эй бародари ман. Гар модари худ дӯст дорӣ, Дашном мадеҳ ба модари ман. Гулчеҳра НОРОВА, омӯзгори МТМУ №65-и шаҳри Душанбе

Мудири шуъбаи бемориҳои ғадуди қанди Маркази саломатии шаҳри Душанбе ҳамин хислатро дорост Шиносоии ман бо мудири шӯъбаи бемориҳои ғадуди қанди Маркази саломатии шаҳри Душанбе одӣ набуд. Понздаҳ сол пеш, вақте маро бо сабаби баланд шудани фишори қанд ба ин марказ оварданд, касеро намешинохтам. Пеш аз ба ин ҷо омаданам, ман барои табобати як поям, ки варам карда буд, дар беморхонаи ёрии таъҷилӣ табобат мегирифтам. Сӯзиши поям авҷ гирифт, тоқатам тоқ шуд, хоҳиш кардам, ки ба Маркази бемориҳои ғадуди қанд баранд. Дар лабаратория фишори қандамро санҷиданд ва гуфтанд, ки 17,2 хеле баланд аст. Мудири шуъбаи ғадудҳои дохилии калонсолон ҷавонзани миёнақади чеҳракушод бо табассуми меҳрубонона ба ман рӯ оварда гуфт: “Устод, ман мухлиси навиштаҳои шумоям. Махсусан, мухлиси шеърҳои ҳаҷвиятон. Фақат гӯед, ки то ба ин рӯз шумо ба бемории қанд гирифтор шуда будед?” Дар болои сари ман хешу таборам истода, хулосаи табибро интизор буданд. Ба сӯзиши пойҳоям нигоҳ накарда, шӯхиомез гуфтам, астағфируллоҳ гӯед, ман то имрӯз аз ягон хел бемории қанд дарак надорам! - Ин тавр бошад, бемории шумо тез мегузарад. Шумо ду рӯзи гузашта чӣ хурдед? - Чизе ки одамон мехӯранд! - Шумо гӯшту равғани гӯсфандро аз меъёр зиёд истеъмол кардед? - Инро аз куҷо фаҳмидед? Дар ҳақиқат ман ду рӯз шӯрбову гӯштбирёни гӯсфандӣ истеъмол кардам. Лола Рамзиевна ба

ҳамшираҳои шафқат супориш дод, ки ба ман «чак-чак» монанд. Доруҳои гуфтаашро оварданд ва ба табобат шурӯъ карданд. Қисме аз хешовандони наздик ташвиш карда, хостанд, ки бо ман бимонанд. Мудир рад карда, гуфт: - Ба ин кас ҳоло фақат оромӣ даркор, қандаш баланд гуфта, тарсондаанд. Ҳамааш мегузарад... Дар муддати як ҳафта қанди ман ба 5,6 баробар шуд. Ба ақидаи ман, агар аз як тараф донишмандии табиби ҳозиқ Лола Масаидова бошад, аз тарафи дигар, ба ман муносибати меҳрубонона, самимияту одаму одамгарии ӯ баробари даруҳо таъсир кард. Беҳуда намегуянд: «Муомилаи хубу инсондӯстонаи табиб табобати олист барои бемор»! Баъди як ҳафта ман бо Лола Рамзиевна ва табибони шинохтаву кордони ин марказ хайрухуш карда, ба хона баргаштам. Аз ҳамон вақт то ин дам, аллакай, 15 сол сипарӣ шудааст, вале дӯстии мо давом дорад. Баъзан, маро фикру хаёлҳои зиёде азоб медиҳанд: магар ба як ҷавонзане, ки бори зиндагии оилавиро бар дӯш дорад, тарбияи се духтар, 3 набера кори осон буд? Якеро дунболаи худ бурда, духтури бемориҳои қанд, дигареро иқтисодчӣ, сеюмиро ҳуқуқшинос кардан кори осон

аст магар? Дар тарбияи фарзандон, агар хизмати ҳамсараш кам набошад ҳам, вале ҷой ва мақоми зан-модар дигар аст. Бо ҳама ташвишҳои рӯзгор, оилаву оиладорӣ боз ба ин занмодар муяссар гаштааст, ки тайи 30 сол бо ҳисси масъулият сарварии шуъбаи бемориҳои ғадуди қандро бар уҳда дошта бошад. Охир кас дар хонаи худ ё коргоҳаш бо нафарони атроф забон ёфта наметавонад. Танҳо дар як соли 2014 1187 нафар бемори мубталои қанд дар ин марказ табобат гирифтаанд ва ҳар яке аз хизмати боадолатонаву донишмандонаи мудир ва табибони ин дармонгоҳ бо ҳисси каноатмандӣ баргаштаанд. Лола Масаидова соли 1984 Донишгоҳи тиббии ба номи Абуалӣ ибни Синоро бо баҳои аъло хатм намуда, барои кор ба Маркази тиббии шаҳри Душанбе омад. Солҳои 1984-1987 донишашро дар ординатура мукаммал намуда, аз соли 1987 вазифаи мудирии шуъбаи бемориҳои ғадуди қанди ин марказро ба уҳда дорад. Сармутахассиси раёсат, Корманди шоистаи Ҷумхурии Тоҷикистон мебошад. Ба ин ҷавонзани ғамхору меҳрубон ва табиби донишманду ҳозиқ дар корҳояш барору комёбиҳо хоҳонем. Мирзо АСОЗОДА

КОРИ НЕКУ НОМИ НЕК Дар муассисаи таълимии ҷумҳуриявии ятимони ба номи Мирзо Турсунзодаи ноҳияи Шаҳринав 22 нафар мураббӣ ба таълиму тарбияи ятимон машғуланд. Бахтинисо Ҷалилова аз зумраи онҳост. Ӯ баъди хатми Донишгоҳи омӯзгории ба номи устод Садриддин Айнӣ бо роҳхат ба муассисаи таълимии ятимони ноҳия ба кор омад. Донишу кордонӣ, малака ва

Соҳибэҳтиром ҷаҳонбинии ӯро сарвари таълимгоҳ Мушаррафа Шарифова писандида, роҳбари гурӯҳ таъин кард. Ҳоло гурӯҳе, ки роҳбариашро ӯ ба зимма дорад, 22 нафар ятимро дар бар мегирад. Рӯзҳои ба фаъолияти корӣ пардохтанаш, Бахтинисо Ҷалилова ба шогирдон дар бораи интизому меҳнатдӯстӣ, ватандорию ватандӯстӣ, накӯкорию китобхонӣ, донишомӯзӣ, ахлоқи поки инсонӣ суҳбатҳои муфид гузаронда, онҳоро дар рӯҳияи

худогоҳӣ, пос доштани арзишҳои миллӣ, хештаншиносӣ тарбия менамояд. Дар ҳуҷраи гурӯҳи корӣ панду насиҳатҳои ниёкон, хислатҳои хуби инсонӣ, эҷодиёти шоирони классики форсу тоҷик гирд оварда шудаанд. Шогирдони Бахтинисо аз адабиётҳо истифода бурда, савияи дониши худро баланд мебардоранд. Рӯзи ба ин ҷо омадани мо тарбиятгирандагони гурӯҳ ӯро ҳалқавор печонида буданд.

«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН», №10 (9384), 5 МАРТИ СОЛИ 2015

Мураббӣ дар бораи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» суҳбати судманд мегузаронд. Шогирдон бо диққат гӯш мекарданду суолҳо медоданд. Гарчанде дар таълимгоҳ ятимон таҳсил кунанд ҳам, бо ташаббуси Бахтинисо Ҷалилова падару модаронро ба ин ҷо даъват карда, бо онҳо доир ба тарбияи фарзанд суҳбатҳои муфид доир менамояд. Даҳҳо шогирдаш пас аз хатми муассисаи таълимӣ дар донишкадаҳои олӣ, омӯзишгоҳҳои

гуногуни ҷумҳурӣ ва хориҷи кишвар ба таҳсил фаро гирифта шудаанд. Бояд зикр кард, ки Бахтинисо Ҷалилова пайваста рӯзномаю маҷалла, адабиёти таълимиро мехонаду дар фаъолияти ҳаррӯзаи кориаш истифода мебарад. Ин тарзи корбарӣ имконият медиҳад, ки донишу ҷаҳонбинии шогирдон сайқал ёбад. Хизматҳои мураббӣ Бахтинисо Ҷалилова бо ифтихорномаю мукофоти пулӣ қадр шуда, байни ҳамкорон соҳибэҳтиром гардидааст. Ҳокими САФАР

11


ВАРЗИШ

Мақоми сеюми Тоҷикистон дар Ҷоми ҷаҳон оид ба варзишҳои зӯрхонаӣ 23-28 феврали соли равон дар Зӯрхонаи ба номи Абулқосим Фирдавсӣ, воқеъ дар варзишгоҳи марказии ҷумҳурӣ, Ҷоми ҷаҳон оид ба варзишҳои зӯрхонаӣ доир гашт. Дар маросими ифтитоҳи мусобиқа Сулаймон Абдулвоҳидов, раиси Федератсияи варзишҳои зӯрхонаи кишвар меҳмононро хайрамақдам гуфта, ба Ҳукумати кишвар ва вазорату кумитаҳое, ки барои дар сатҳи баланд доир гаштани мусобиқа саҳм гузоштанд, ташаккур кард. Муҳсини Меҳрализода, раиси Федератсияи байналмилалии

варзишҳои зӯрхонаӣ, иттилоъ дод, ки дар Ҷоми ҷаҳони имсола варзишгарони 32 кишвар дар мусобиқоти гӯштини паҳлавонӣ, 11 кишвар дар мусобиқоти варзишҳои зӯрхонаӣ ширкат доранд, ҳамчунин, 68 кишвар барои иштирок дар ҷаласаи навбатии маҷмааи умумии федератсия дар Душанбе ҷамъ омадаанд. Аҳтам Абдуллозода, зимни

суханронӣ, аз ҷумла, гуфт, “умедворам, натиҷаҳои мусобиқа ба дӯстӣ ва ҳамкориҳои мутақобилан судманди давлатҳои иштирокчӣ мусоидат хоҳад кард”. Дар натиҷа, дастаи Эрон бо ба даст овардани бештари медалҳо сазовори ҷои аввал гардид. Мақомҳои дуюмро тими Озарбойҷон ва сеюмро Тоҷикистон соҳиб шуданд.

Доварони бозиҳои навбатии «Истиқлол» дар Ҷоми КФО-2015 Ҳайати доварони бозиҳои навбатии Қаҳрамони секаратаи кишвар - «Истиқол»-и Душанбе дар марҳилаи гурӯҳии Ҷоми КФО-2015 бо «Аҳал»-и Туркманистон ва «Ал-Қадсия»-и Кувайт маълум шуданд. Вохӯрии даври дуюми марҳилаи гурӯҳии мусобиқаро байни «Аҳал»-и Туркманистон ва «Истиқлол»-и Тоҷикистон, ки 11 март дар Ашқобод доир мешавад, рефери FIFA Хамис Муҳаммад Ал-Кувайрии 32-сола аз давлати Қатар ҳакамӣ мекунад. Ӯ бозии марҳилаи дуюми ихтисосии Ҷоми КФО-2015 байни «Хайр» ва «Шайх Рассел»-ро (1:0) ба ҳайси довари эҳтиётӣ хизматрасонӣ намуда буд. Ба ӯ дар канори майдон ёвари рефери FIFA Юсуф Ареф Ал-Шамарии 24-сола аз Қатар ва Алӣ Муҳаммад Аҳмад Ал-Ҳасании 35-сола аз Яман кӯмак мекунанд. Довари эҳтиётии бозӣ рефери 35-солаи FIFA аз Лубнон Алӣ Реда, нозири доварон Исмоил Аднан Исмоил Ал-Хафӣ аз Урдун ва комиссари бозӣ Қамаруддин Бин Саҳарӣ аз Малайзия таъин шудаанд. Бозии даври сеюми мусобиқаро байни «АлҚадсия» ва «Истиқлол», ки 18 март дар Эл-Кувайт доир мешавад, рефери FIFA аз Урдун Муҳаммад Мусо Халаф Абу Лумуи 41-сола хизматрасонӣ мекунад. Ба сифати доварони канорӣ Лумуро ҳамватанонаш – Файзал Муҳаммад Аввад Шваир ва Юсеф Идрис Ҳасан Ал-Ҷарарвах, ки ҳар ду 41-сола ҳастанд, кӯмак мекунанд. Довари эҳтиётии ин бозӣ рефери FIFA Масуд Туфайлихи 37-сола аз Сурия мебошад. Нозири доварон Виктор Калпаков аз Қирғизистон ва комиссари вохӯрӣ Мазен Рамадан аз Лубнон мебошанд.

Мусобиқаи вилоятии бокс дар Чкалов Дар толори варзишии «Ҷашнӣ»-и шаҳри Чкалов, ба ифтихори Иди Наврӯз, мусобиқаи вилоятӣ оид ба бокс байни мардон ва бонувони аз 19 то 40-сола баргузор гардид. Дар он зиёда аз 50 нафар варзишгар дар ҳайати дастаҳои шаҳрҳои Хуҷанд, Чкалов, Исфара, Истиқлол, Конибодом, ноҳияҳои Бобоҷон Ғафуров ва Ҷаббор Расулов ширкат варзиданд. Дар байни мардон ҷойҳои намоёнро дар вазнҳои аз 45 то зиёда аз 100 кило 32 нафар ғолиб шуданд. Байни бонувон дар вазнҳои аз 50 то 64 кило Рухшона Бошмонова аз ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, Умедахон Зокирова ва Вероника Калиновская аз шаҳри Исфара, Фарзона Мамадҷонова аз шаҳри Чкалов, Наргиза Зокирова аз ноҳияи Ҷаббор Расулов сазовори ҷойҳои намоён гардиданд. Ғолибон бо медал, диплом ва туҳфаҳои хотиравии Раёсати ҷавонон, варзиш ва сайёҳии вилояти Суғд, Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд ва шаҳри Чкалов сарфароз гардиданд. Суҳроб КАЁНӢ, “ҶТ”

Оғози сабқати ниҳоии Ҷоми ФФТ дар Душанбе 4-уми март, дар шаҳри Душанбе марҳилаи ниҳоии Ҷоми Федератсияи футболи Тоҷикистон оғоз ёфт. Дар сабқати ниҳоӣ ҳашт даста ширкат меварзанд, ки инҳо ду дастаи беҳтарини минтақаи Хатлон -«Равшан»-и Кӯлоб ва «Данғара»-и Данғара, ду дастаи беҳтарини минтақаи Суғд - «Хуҷанд»-и Хуҷанд ва «Қайроққум»-и Қайроққум, чаҳор дастаи минтақаи Душанбе - “Истиқлол”-и Душанбе, ССКА “Помир”-и Душанбе), “Регар-ТадАЗ»-и Турсунзода ва «Хайр»-и Ваҳдат мебошанд. Дастаҳо ба ду гурӯҳ тақсим шудаанд: гурӯҳи «А» - CСКА «Помир» (Душанбе), «Хайр» (Ваҳдат), «Хуҷанд» (Хуҷанд) ва «Данғара» (Данғара), гурӯҳи «Б» - «Истиқлол» (Душанбе), «Қайроққум» (Кайроққум), «Равшан» (Кӯлоб) ва «РегарТадАЗ» (Турсунзода). Дастаи ғолиби марҳилаи ниҳоӣ, ки 15уми март маълум мешавад, бо Ҷом, медалҳои

12

тилло ва ҷоизапулӣ ба маблағи 20 ҳазор сомонӣ сарфароз мегардад. Ба дастае, ки ҷойи дувумро мегирад, медалҳои нуқра ва ҷоизапулӣ ба маблағи 15 ҳазор сомонӣ ва ба дастае, ки ҷойи севумро мегирад, медалҳои биринҷӣ, инчунин 10 ҳазор сомонӣ супурда хоҳад шуд. Бозиҳои марҳилаи ниҳоии Ҷоми ФФТ дар майдонҳои асосиву эҳтиётии Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ баргузор мешаванд. Ҷоми ФФТ. Марҳилаи ниҳоӣ. Гурӯҳи «А»: ССКА «Помир» (Душанбе), «Хайр» (Ваҳдат), «Хуҷанд» (Хуҷанд), «Данғара» (Данғара). Гурӯҳи «Б»: «Истиқлол» (Душанбе), «Қайроққум» (Қайроққум), «Равшан» (Кӯлоб), «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода).

«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН», №10 (9384), 5 МАРТИ СОЛИ 2015


ВАРЗИШИ МИЛЛӢ Чавгонбозӣ намуди варзишест, ки ба чавгон (чӯби каҷии махсус дошта) ва гӯй (гирдае, ки асосан аз пашминаи гов ва ё чӯби сахт омода карда мешавад) дар гузашта аҷдодони мо бозӣ мекарданд. Ин намуди варзиш шуғли дӯстдоштаи миллати ориёӣ буд. Аз қадим мардуми ориёнажод чавгонбозиро яке аз нишонаҳои родмардию ҷавонмардӣ меҳисобанд... Нахустин миллате, ки донишмандонаш пеш аз мисриҳо ва хеле пештар аз юнониҳо таълими фанҳо ва фалсафа дошт, эрониён буданд (Ҳеродот). Имрӯзҳо дар миёни зиёиёни бархе аз миллатҳо амалҳое ба чашм мерасанд, ки аз одобу ахлоқи ҷавонмардӣ, умуман, аз одобу рафтори инсонӣ дуранд. Мақсад аз ин гуфтаҳо он аст, ки ин гуна ашхос бо истифода аз хислатҳои популистии хеш дороии ақлонию зеҳнии миллатҳои дигарро моли миллату қавми хеш нишон дода, ба тасарруфи дороии миллатҳои дигар даст мезананд. Миллати тоҷик вориси аслии ориёиҳо озодагони замони антиқа буда, соҳиб ва меросбарони бузургоне мебошанд, ки бо ақлу заковат ва шарофати инсонӣ ба башарият бисёр шуғлҳоро эҳдо намуда… Як чиз мусаллам аст, ки миллати тоҷик ба башарият дурдонаҳои афкори ҷаҳонӣ аз қабили «Авасто», «Шоҳнома», «Шашмақом», «Фалак» ва Борбади Марвазиро дар фарҳанг, Абӯалӣ ибни Сино, Абӯрайҳони Берунӣ, Муҳаммад Хоразмӣ, Муҳаммад Кошӣ ва Ибни Ҳайёнро дар илм додааст, он миллат бо зеҳну тафаккур ва ақлу фаросати азалии фарзандони хеш дар соҳаи варзиш низ ба оламиён нарду шатранҷ, қазноқу камону пайкон, инчунин, чавгону гӯйро низ додааст. Силсилаи шоҳаншоҳии Пешдодиён, ки ниёкони мо буданд, зинаи ваҳшоният, ё чи тавре ки дар таърих бо мафҳуми тарзи зиндагии ҷамоавӣ ёд мешавад, паси сар намуданд ва асосгузори аввалин бошишгоҳҳо кӯшк, деҳ, шаҳр ва мамлакатҳо ба ҳисоб мераванд. Амалан истифодаи оташ, сохтани асбобу олоти рӯзгор, ба даст овардани хӯроку пӯшок, дастомӯз ва ё рому хонагӣ кардани ҳайвоноти ваҳшӣ амали аҷдодони мо мебошанд. Боиси қайд аст, асп, ки яке аз ҷонварони боақлтарин баъди одаму делфин ҳисоб мешавад, аз тарафи аҷдодони мо - тоҷикон дастомӯзу хонагӣ карда шудааст. Дар китоби муқаддаси ориёиҳо «Авасто» омадааст, ки аҷдодони мо баъди аспро хонагӣ кардан ба ӯ бародарвор муносибат менамуданд. Аз ин ҷост, ки ориёии асил, бахусус, тоҷикон аз хӯрдани гӯшти асп худдорӣ мекунанд, зеро асп ба онҳо хукми бародар, ёвар, қанот ва ҳамроҳи вафодору дастёрро дошт ва аз меҳру муҳаббати беандоза ба ин ҷонвари дар ҳақиқат зебою бофаросат ба номҳои хеш калимаи аспро ҳамроҳ мекарданд, ба монанди Луҳросп, Ҷомосп, Арҷосп, Гуштосп ва ғайра. Агар асп аз ҷониби аҷдодони мо хонагӣ шуда бошад, зину афзорҳои дигари аспсаворӣ (ки аз ҳама афзорҳои омоданамудаи миллатҳои дигар бартарӣ доранд) офаридаи ҳунари гузаштагони мо бошад, аспсаворӣ, пойгаҳ, чобуксаворӣ, найзазании савора дар Хуросони бузург (Эрони Шарқӣ) меъёри ҷавонмардӣ ба шумор равад, агар чавгонбозии пиёда, сохтани чавгону гӯй моли ниёкони мо - тоҷикон бошад, пас чӣ гуна чавгонбозии савора офарида ва шуғли аҷдодони мо нест?! Ҳол он ки дар расму катибаҳои ҳангоми ҳафриёти бостоншиносӣ аз гӯшаю канорҳои гуногуни

Осиёи Марказӣ (мавзеи пайдоиши «Авасто»), бахусус, Тоҷикистону Афғонистони Шимолӣ ёфт мешаванд, ифодакунандаи онанд, ки дар ин мавзеъҳо намуди варзиши чавгонбозӣ ҳам савору ҳам пиёда роиҷ буд ва ба он кулли мардум вобаста имконияту хоҳишашон шуғл меварзиданд. Мисоли дигари ин пайдо намудани майдони калони чавгонбозӣ дар шаҳри қадимаи нав кашфшудаи Карон мутааллиқ ба асри IX дар ноҳияи Дарвози Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2013 мебошад. Боиси тазаккур аст, ки дар китоби худ «Тоҷикон дар оинаи таърих» ё «Аз Ориён

аз Миср аст. Ё ин ки дар ҷои дигари ин китоб омадааст: “Бозии ба намуди чавгонбозӣ монанд дар кишвари японҳои қадим низ ба номи качи ва дакиу маълум буд”. Дар ҷои дигар омадааст: “Дар Акрополи Афина (Юнон) мусавварае мавҷуд аст, ки дар он 6 нафар бозингар дар даст чӯбҳои каҷ (чавгон) машғули бозӣ мебошанд. Олимон муайян намудаанд, ки ин мусаввараҳо ба солҳои 490-уми то солшумории мо тааллуқ доранд ва пеш аз муҳорибаҳои Марафон тасвир шудаанд”. Мебояд қайд намуд, ки сарзамини Миру Юнону Мақдунӣ пеш аз муҳорибаҳои Марафон аз тарафи Курӯши Кабир ва До-

Е.В. Федотова мавқеи пайдоиши чавгонбозӣ Миср аст, ҳаминро бояд гуфт, ки ҳанӯз дар давраи давлатдории Ҳахоманишиҳо сарзамини Миср, Сурия, Осиёи Сағир ва Қафқоз ва бахши зиёди Байнаннаҳрайн ба тобеияти империяи Ҳахоманишиҳо дохил буданд ва интиқоли намуди варзиши чавгонбозӣ ба Мисру Юнон тавассути онҳо амалӣ гардидааст ва баъдан ба Рум ва аз он ҷо ба Аврупо. Аслан, дар густариши варзиши чавгонбозӣ замони империяи Ҳахоманишиҳо (Курӯши Кабир) ва (Дорюши Кабир) нақши босазое дорад, зеро ин аввалин империяи калонтарини ориёиҳо буд, ки дар Ғарб аз гулӯгоҳи

Чавгонбозӣ офаридаи озодагон аст

Озариҳо бозии милли ориёиҳо - чавгонбозиро моли миллати хеш шуморида, дастовардҳои миллатҳои дигари ориёнажодро нодида мегиранд

то Сомониён» Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон дар васфи асп, аспсавор ва аспбоз бисёр санадҳои таърихӣ овардааст. Аз ҷумла, омадааст: «Ногуфта намонад, ки подшоҳону шаҳриёрон ва сипаҳбадону лашкаркашони Балху Бохтар, Хатлону Қубодиён, Вашгирду Чағониён, Аҳоруну Шумон, Суғду Самарқанд, Бухорову Марв бо аспу асппарварӣ шуғли беандоза дошта, ба ғайр аз сафарҳои дуру наздик ва иштирок дар набарду корзорҳо, инчунин дар шуғлҳои варзишӣ, аз қабили чавгонбозӣ, пойгаҳ, намудҳои танбатан, гардунсаворӣ, камонандозӣ дар иду ҷашнҳо шуғл меварзиданд». КОРИ БУЗДИЛ НЕСТ БО ЧАВГОН БА МАЙДОН ТОХТАН Таърих гувоҳ аст, ки дар аҳди Эрони Бостон ҳам ба Эрони Ғарбӣ ва ҳам Эрони Шарқӣ (нисбатан хеле пештар вобаста ба далелҳои “Авасто”) рушду такомулии бозии чавгонбозӣ ба назар мерасад ва яке аз нишони ҷавонмардӣ ба Эронзамин чавгонбозӣ буд. Боиси таассуф ва нигаронӣ аст, ки дар мақолаҳои маҷаллаву рӯзномаҳои баъзе кишварҳо мансубияти ин намуди варзиш ба Юнону Мақдунӣ арзёбӣ мешавад, ки ин аз надонистани асолати заминаҳои таърихии пайдоиши чавгонбозӣ аз ҷониби муфассирон далолат мекунад. Масалан, дар китоби Е.В. Федотова «Хоккей на траве» аз силсилаи «Азбука спорта» чопи шаҳри Москва нашриёти «Физкультура и спорта» аз соли 2005ум омадааст: “Дар деворҳои яке аз аҳромҳо дар Бани Ҳасан дар водии дарёи Нил расми ду нафар бозингар тасвир шудааст, ки дар даст чавгон доранд ва барои гирифтани гӯй мубориза доранд. Пас маълум мешавад, ки дар Миср 2000 сол пеш аз солшумории мо бо ин намуди бозӣ ошноӣ доштанд. Ин маънои онро надорад, ки пайдоиши чавгонбозӣ

«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН», №10 (9384), 5 МАРТИ СОЛИ 2015

риюш ба империяи Ҳахоманишиҳо ҳамроҳ карда шуда буд. Инчунин, дар китоб қайд шудааст, ки муҷассамаи дигари таърихӣ дар шишаи ғафсе дар пешбинои масҷиди Кентерберийск дар Англия боқӣ мондааст, ки дар он писарбачае дар даст чавгон ва гӯй дар кифти росташ тасвир шудааст ва он ба соли 1200-уми солшумории мо рост меояд… Афсӯс ки намояндаи варзиши давлати абарқудрати Иттиҳоди Шӯравӣ (Тоҷикистон ҳам шомили он буд) ва ҳоло аз давлати ба мо дӯсту хайрхоҳ Русия Е.В. Федотова боре ҳам андеша накардааст, ки дар гузашта дар давлатҳои ба онҳо ҳамсоя Эрон, Тоҷикистон ва Афғонистон низ намуди варзиши чавгонбозӣ савора ва ҳам пиёда амал мекард. Ё ин ки дар навиштаҳои китобҳои қадимии ин миллатҳо оид ба рисолати ҷавонмардӣ ва бозӣ кардани ҷавонмардон ба ин намуди варзиш (чавгонбозӣ) маъмул буд. Дар ҳолате, ки оид ба мусаввараҳои ҳамааш 2000-солаи Мисру Юнон маълумот дода, навиштаҷот ва расмҳои қариб беш аз 1500-солаи пеш аз солшумории мо ва соли 1200-уми солшумории моро баён менамояд, мебоист, ки оид ба шуғли ориёиҳо ва эрониҳои бумӣ ҳам чизе гуфта бошад. Дар сурате, ки қариб тамоми адабиёти ҷаҳонӣ аз адабиёти классикии форсу тоҷик маншаъ мегирад, мебоист оид ба шарҳи ин ё он масъалаи аҳамияти минтақавӣ ва ҷаҳонидошта, аз адабиёти халқҳое, ки аз саромадони миллатҳои соҳибтамаддунанд, истифода мебурданд. Дар бораи чӣ гуна ба Ғарб паҳн шудани чавгонбозӣ мебояд, ки ба таърихи Осиё, бахусус, ба замони салатнати Пешдодиён, Каёниён, Ашкониён, Ҳахоманишиҳо, Сосониён мутаваҷеҳ бошем, то чи гуна ва ба кадом восита густариш ёфтани чавгонбозиро дарк намоем. Оид ба мусаввараҳое, ки таърихи 2000-сола доранд ва ба гуфти

Дарданел, Баҳри Миёназамин, дар Шарқ рудҳои Синду Сир, дар Шимол дарёи Гургон кӯҳҳои Қафқоз ва дар Ҷануб халиҷи Форсу нимҷазираи Арабистонро фаро мегирифт. Мусаллам аст, ки бо тобеият ба империяи ориёиҳо шуғлу амалҳои ин мардум низ ба мардуми таҳҷоӣ мегузашт. Чуноне ки мирӯзҳо бисёре аз намудҳои шуғли аврупоиҳо ва амрикоиҳо ба сарзамини ишғолкардаи онҳо дар замони мустамликадорӣ ва ҳам дар замони интиқоли демократияи Ғарб ба ин сарзаминҳо густариш ёфтааст. Чавгонбозӣ ҳамчун бозии миллӣ дар эҷодиёти классикони форсу тоҷик ба монанди А. Рӯдакӣ, А. Фирдавсӣ, Саъдии Шерозӣ, Ҳофизи Шерозӣ, Умари Хайём ва дигарҳо вомехӯрад ва асолату рисолати ҷавонмардии гузаштагони мо дар бозии чавгон васф мешавад. Масалан, Одамушшуро А. Рӯдакӣ мефармояд: Аз кафи турке, сиёҳчашме, парирӯй, Қомати чун сарву зулфаконаш чавгон. Ё ин ки: Сарв аст он ё боло, моҳ аст он ё рӯй, Зулф аст он ё чавгон, хол аст он ё гӯй. Дар шоҳномаҳо оид ба ин намуди варзиши миллии орёиҳо нақлу ривоятҳои зиёде оварда шудааст. Ҳам дар «Шоҳнома»-и Дақиқӣ ва ҳам дар «Шоҳнома»-и Фирдавсӣ оид ба ин намуди варзиш, ки бозии озодагон арзёбӣ мешавад, нақлу ривоятҳо ва гуфтаниҳои зиёде, ба монанди «Гуфтор андар гӯй задани Сиёвуш» дарҷ ёфтаанд. Сиёвуш аз айвон ба майдон гузашт, Ба бозӣ ҳаме гирди майдон бигашт. Чу Гарсеваз омад биандохт гӯй, Сипаҳбад сӯи гӯй бинҳод рӯй. Чу ӯ гӯй дар хами чавгон гирифт, Ҳамоварди ӯ хоки майдон гирифт. Чунин гуфт бо лашкари номҷӯй, Ки майдон шуморову чавгону гӯй. Дигарбора дар захми чавгон фиканд, Ту гуфтӣ, ки зи тан ҷони туркон биканд.

Чу гурдон зи майдон ниҳоданд рӯй, Зи туркон ба зудӣ бибурданд гӯй. Сиёвуш зи эрониён шод шуд, Ба сони яке сарви озод шуд. Ё ин ки: Савлаҷон дар даст ба майдон тохтан, Гӯйи заррин дар миён андохтан. (Давом дорад) Ҳабибуллоҳ ҚУРБОНОВ, сарвари гимназияи давлатии “Боғи ҳабиб”-и ноҳияи Муъминобод.

13


АДАБИЁТ

Манзумаи пандомӯз

Меҳрномаи Ватан

Хонандагони рӯзнома дер боз бо эҷодиёти пурмазмуни Шоири халқии Тоҷикистон, барандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Абӯабдуллоҳ Рӯдакӣ Мирзо Файзалӣ ошноянд. Чакидаҳои хомаи шоири ширинсухан пайваста дар саҳифаҳои рӯзномаи «Ҷавонони Тоҷикистон» ба табъ мерасанд.

Нуруллои Орифро ҳаводорони шеъру адаб чун шоири суруднавис мешиносанд. Эҷодиёти ӯ асосан мавзӯъҳои муқаддасоти миллӣ, васфи Ватани муҳбуб, меҳру муҳаббат ба марзу буми аҷдодӣ, даъват ба меҳмонпарастӣ, дӯстӣ миёни халқҳо ва ваҳдати миллиро дар бар мегирад.

Ба наздикӣ нашриёти «Нашри камол» китоберо бо номи «Даҳ қиссаи пандомӯз» аз чоп баровард, ки дар он манзумаҳои дар солҳои гуногун эҷодкардаи Мирзо Файзалӣ гирд оварда шудааст. Шоир дар пайравӣ ба Мавлоно Ҷалолиддини Румӣ, Шайх Аттор, Ҷомӣ ва дигар суханварони варзидаи форсу тоҷик қиссаҳои пандомӯзро ба риштаи назм кашида, хонандаро ба андеша кардан, фарқи некӣ аз бадӣ, илмомӯзӣ, ба қадри Ватан расидан, обро пок доштан ва ғайра даъват мекунад. Ҳар як манзума саршор аз панду ҳикмат буда, дар онҳо меҳру муҳаббат ба Ватан, ба обу хоки кишвар, ростию садоқат, ҷонфидоӣ ба хотири халқу миллат ва ғайра хеле равону дилчасп ба қалам дода шудаанд. Шоир дар яке аз манзумаҳояш дар фазилати илм навиштааст: Тӯшаат гар донишу илму фан аст, Пеши роҳат дар ду олам равшан аст. Манзумаи зер аз ҳамин китоб аст.

То ин дам як қаттор шеърҳои Нуруллои Орифро оҳансозон оҳанг баста, ҳунармандони варзидаи ҷумҳурӣ онҳоро сурудаанд. Чанде пеш нашриёти «Бухоро» маҷмӯаи нави ашъори шоирро бо номи «Меҳан, эй Меҳан» аз чоп баровард. Дар ин китоб бештар ашъори дар васфи Ватан ва муқадассоти он навиштаи шоир гирд оварда шудааст. Муҳаррири китоб Мубашшири Акбарзод дар пешгуфтори маҷмӯа навиштааст: «Нуруллои Ориф бо риояти талаботи умумии шеър - мантиқу таносуби сухан ва истифода аз санъатҳои шеърӣ эҷод мекунад ва бештар ба оҳанги калом таваҷҷуҳ дорад. Шеърҳои ӯ як навъ дар зимнашон оҳанге доранд, ки онҳоро шуниданӣ мекунад». Дар маҷмӯа шеърҳои «Меҳан», «Ватансозӣ», «Оби тоза», «Тоҷикистонам», «Душанбе», «Соҳибмулк», «Ваҳдати миллат» ва ғайра ҷой дода шудаанд, ки бешубҳа писанди ҳаводорони назм хоҳад гашт. Ду шеъри поён, ки дар васфи Наврӯз гуфта шудааст, аз ҳамин маҷмӯа мебошанд.

Мурдаамро Тоҷикистонам баред

С. САЙФИДДИН, “ҶТ”

Дар маҷаллаи эронии «Ошно» (соли 1996) хабаре хондам, ки бо чунин мазмун буд: «Гурезае дар шаҳри Мазори Шариф рӯзҳои зиёд талвосаи чонканӣ дошт ва ҳар гоҳе ба забон меомад, илтиҷо мекард, ки мурдаамро ба Тоҷикистон баред. Ҷонашро танҳо вақте таслим кард, ки бовараш кунонданд: «Мурдатро ҳатман ба Тоҷикистон мебарем». Тоҷики афтодаи дур аз Ватан, Чун сипанди рӯи оташ ҷону тан. Мустаманду хастаҷону дилфигор, Дар фироқи Тоҷикистон хору зор. Дар ғарибиҳо яке бемор гашт, Пеши чашмаш рӯзи равшан тор гашт. Сар ба болини маризӣ чун ниҳод, Лаб ба зорию таваллоҳо кушод: “Мурдаамро Тоҷикистонам баред, Бар диёри беҳтар аз ҷонам баред.

«Мурдаамро Тоҷикистонам баред, Бар диёри беҳтар аз ҷонам баред». Маслиҳат карданд ёрони ҳабиб, Дар сари болини марги он ғариб. Чун замоне боз чашмашро кушод, Инчунин посух ба ӯ ёре бидод: «Мурдаатро Тоҷикистон мебарем, Ҷониби хоки ниёгон мебарем». Чун шунид ин гуфтаҳою дарк кард, Дарзамон ҷонаш танашро тарк кард.

То кунам хоки Ватан атри кафан, То шавад осуда ҷисму ҷону тан.

Вопасин дам бар забон як ном бурд, «Тоҷикистон!» гуфту ҷон бар Ҳақ супурд.

Руҳи ман ин ҷо намегирад қарор, Во диёрам, во диёрам, во диёр!»

Эй Ватан, эй хоки поки тоҷикон, Эй диёри сад карат беҳтар зи ҷон.

Чанд рӯзе инчунин меканд ҷон, Мекашид озору ранҷи беамон.

Бин, ки фарзандат чӣ сон ҷон медиҳад. Номи ту андар забон ҷон медиҳад.

Сад карат ҷони вай омад бар гулу. Аз сухан гаҳ монду гаҳ шуд ҳарзагу.

Ин яке не, ҷамъи фарзандони ту, Мекунад сад ҷони худ қурбони ту.

Қуввати гап мешудаш гар як даҳан, Дар забонаш буд танҳо ин сухан:

Бо чунин фарзандҳои ҷоннисор, Асрҳои аср монӣ пойдор.

ЗОДРӮЗ МУБОРАК! Устоди азиз, Сабоҳат Иброҳимова! Шуморо ба муносибати зодрӯзатон, ки ба аввалин рӯзҳои зебои баҳори оламафрӯз рост омадааст, самимона табрику таҳният гуфта, бароятон, пеш аз ҳама, саломатӣ, умри дарози бобаракат ва беҳтарин хӯшиҳои зиндагиро таманно дорем. Аз номи шоир мегӯем: Зодрӯзи Шумо бӯйи баҳор оварда, Пайғоми фараҳ ба рӯзгор оварда. Бо самимият Баргигул, Ҷамила ва кормандони шуъбаи библиографияи миллии Китобхонаи миллӣ

14

С. АМИНИЁН, “ҶТ”

Наврӯзи Ватан

Ҳавзи гул

Поянда Наврӯзи Ватан, Зебост ҳар рӯзи Ватан. Ҷонро ба рақс овардааст Ишқи аламсӯзи Ватан.

Сар ба по дар ҳавзи гул ғарқӣ, Ватан, Зеби тан дорӣ зи атлас пираҳан. Ҳар саҳар то шом бо фармони дил Месароям шеър дар васфи ту ман.

Баҳри ҳама ҷонон Ватан, Шаҳбайти сад дастон Ватан. Аз ибтидо то интиҳо Бар дарди кас дармон Ватан.

Бӯи Наврӯз аст дар ҳар шеъри ман, Рӯи Наврӯз аст дар ҳар шеъри ман. Лаҳзае ором дар худ нест, нест, Хӯи Наврӯз аст дар ҳар шеъри ман.

Поянда Наврӯзи Ватан, Зебост ҳар рӯзи Ватан. Ҷонро ба рақс овардааст Ишқи аламсӯзи Ватан.

Сар ба по дар ҳавзи гул ғарқӣ, Ватан, Зеби тан дорӣ зи атлас пираҳан. Ҳар саҳар то шом бо фармони дил Месароям шеър дар васфи ту ман.

Гуфтам Ватан, доно шудам, Аз чанги ғафлат во шудам. Дар ҷодаи шеъри дарӣ Пайгири Мавлоно шудам.

Эй Ватан, эй халқ, эй Наврӯзи нав, Ид бодо, ид, ҳар як рӯзи нав. Гаштаву баргашта табрик, эй диёр, Аз бароят рӯзи бас фирӯзи нав.

Поянда Наврӯзи Ватан, Зебост ҳар рӯзи Ватан. Ҷонро ба рақс овардааст Ишқи аламсӯзи Ватан.

Сар ба по дар ҳавзи гул ғарқӣ, Ватан, Зеби тан дорӣ зи атлас пираҳан. Ҳар саҳар то шом бо фармони дил Месароям шеър дар васфи ту ман.

Баҳори хуррам Аз нав баҳори хуррам, Омад ба кивари мо. Аз ҳусни бевисолаш, Хурсанд гашт дилҳо. Аз чашми абри найсон, Чак-чак чакида борон. Дар боғ ёсу наргис. Рӯид бас фаровон, Омад зи кӯҳу пушта, Овои кабки хушхон, Бо дилнавозии хеш, Бахшад ба ҷисми кас ҷон. Зеби дунёи мо шуд, Ин навбаҳори хуррам. Ба шодиҳои мо шуд, Сад шодии дигар зам. Мирзо АСОЗОДА

«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН», №10 (9384), 5 МАРТИ СОЛИ 2015


ВАРЗИШИ АҚЛ Хушбахт Бибї (лањљ.)

… Рай, актрисаи њиндї

Гармидињандаи оњанини хона

Олати ќадимаи ресмонресї

Маркази Адигеяи Русия

Бадзот Хонум, бегим

Соз, мувофиќ

… Рузиев, овозхон

Навишта

… Басу, ситораи кинои њиндї

Њарфњои я,ё,е,ю

Таъми олуча

Дурахшон, тобон

Навъи ќартабозї

Мушакњои реактивии амрикої

Зоти зоѓ

Баръакси «љуфт»

Душман

Њошим …, актёри тољик

Сифати масофа Дари дутабаќа не

Дастаи футболи артиш (русї)

Мор, дўсти Маугли

Шањри ќадима дар Ўзбекистон

Пайвандаки хилофї Боксёр аз Украина

Пайѓамбар, набї

Љойи таомхўрї

Тўббозї дар об

Номи ќадимии Амударё

Номи занонаи русї

Бозор дар Душанбе Масолењи меъморї, алебастри тољикї

Офати табиии бањорї

Малолї

Љасурона, бебокона

Месси ва Роналду чї гуна варзишгаранд?

Нотавонї, сустї

... Зинта, актрисаи њиндї

Муќобили «экспорт»

Мусиќии замонавии љавонон

Зангии бадрашк аз фољеаи Шекспир

Ранљ, шиканља, азоб

«Доллар»и Аврупо Самара

Халќдўст

Ранљидахотир Ќисми курта

Яке аз давлатњои Араб

Наљот, рањоёфта

Пойтахти тоторњо

Канали №1 дар Русия

Шарм, њаё

Дўсти испанї

«Шоњ …», асари Шекспир

Ќанд дар об чї мешавад?

Поймонаки нардбон Асно, маврид, ваќт Шакли кўтоњи номи Елизавета

Пойтахти Гурљистон

Муаллифи китоби «Аржанг»

Халосї, рањої

Мављгираки телевизор

Бунафша …, сароянда

Љаллобї

Диктатори Испания дар миёнањои асри ХХ

Номи маймуни Аладдин

Тамѓаи мошини хориљї

Яроќнок, силоњдор

Асъори Литва

Холї Тоза, шафоф

... Сандал, овозхони турк

«Тифл» ба забони кўдак Шакли шоиронаи «дирўз»

«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН», №10 (9384), 5 МАРТИ СОЛИ 2015

Тарбиятгарї

15


АКСИ РӮЗ

ФАРОҒАТ

Лутфи ҷавонӣ

МУАССИС:

- Ало ин ҷо девонахона? - Ҳа. - Мошинамро дуздиданд. Ёрӣ диҳед, дуздро ёбам. - Ба милиса занг занед. Ба мо чӣ занг мезанед? - Мебахшеду кадом одами ҳушёр “Запорожетс”-и соли 1986ро медуздад?

Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

САРМУҲАРРИР

Самариддин АСОЕВ

***

ҲАЙАТИ ЭҶОДӢ:

Илҳоми хурдсол қандчойро бисёр дӯст медошт. Рӯзе апааш Марҷона ба ӯ туҳфа тақдим кард ва пурсид: - Илҳомҷон канӣ бигӯ, киро бештар дӯст медорӣ. - Шакарчойро! - ҷавоб дод кӯдак.

Умаралӣ САФАРАЛӢ

(котиби масъул),

Толибшоҳи ДАВЛАТ

(муҳаррири шӯъбаи сиёсат ва иттилоот),

***

Сайфиддин СУННАТӢ

Модар фарзандашро насиҳат мекард: - Бачаҷон, агар дарсҳоятро нағз хонӣ, ба ту мошин мехарам. Кӯдак гуфт: - Не ба ман велосипед маъқул!

(муҳаррири шӯъбаи варзиш ва сайёҳӣ),

Наврӯз ҚУРБОНОВ (муҳаррири шуъбаи ҳаёти ҷавонон),

Ашрафи АФЗАЛ

***

(мудири шӯъба),

Маҳмудҷон УСМОНОВ, Ҳасан АЗИЗОВ (хабарнигорон, Душанбе),

Нуралӣ НУРОВ

Сохтмони бинои баландошёнаи Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати ҷумҳурӣ, ки 4 сентябри соли 2011 бо гузоштани хишти аввал аз тарафи Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон оғоз гардида буд, идома дорад. Бино аз 12 ошёна ва таҳхона иборат буда, дар он ғайр аз Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ инчунин, Иттифоқи ҷавонон, Кумитаи миллии олимпӣ ва Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати ҷумҳурӣ ҷойгир карда мешаванд.

(хабарнигор, Суғд),

Раҳим РАФИЕВ,

(хабарнигор, Хатлон),

Кӯйбек ЮСУФБЕКОВ, (хабарнигор, ВМКБ),

ШЕРАВГАН ХУРСАНҚУЛОВ, БАХТИҶАМОЛ РАҲИМЗОДА

(муовинони котиби масъул)

Рӯзнома таҳти рақами 0120/рз аз 4 феврали соли 2008 дар Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон сабти ном шудааст. Ба хотири чандандешӣ матолибе низ ба табъ мерасанд, ки хилофи назари ҳайати эҷодист. Дурустии арқому далелҳо бар дӯши муаллифон аст. Ҳангоми таҳияи хабарҳо аз матолиби интернет истифода шудааст. Индекси обуна 68857 Тел: (918) 67-82-13, 238-54-14, 238-51-09, 238-53-03 Ҳафтанома дар КТН «Шарқи озод» (хиёбони Саъдии Шерозӣ-16) бо теъдоди 8069 нусха ба нашр расид. Нишонӣ: 734018, шаҳри Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ, 16 ҲИСОБИ БОНКӢ: Р/С№20202972500232101000, КОР/С 20402972316264 ИНН 030000301, МФО 350101626 Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк»

16

АНДАРЗ

Субҳи 8 март аз хоб хеста, саросема бозор рафтам, то барои ҳамсару духтарам гул бихарам. Бо вуҷуди баҳор будан ҳаво хеле сард аст. Ба бозор даромадам, дар гӯшае сабади калони пур аз гулҳои баҳорӣ истода буд. Гулҳои мимоза (гули абрешим) бениҳоят зебо ва бӯйи хуше доштанд. - Фурӯшанда кист? - пурсидам. - Каме интизор шав, писарам, ҳозир меояд, - ҷавоб дод зане, ки сабзавот мефурӯхт. Ман дар гӯшае интизор истода, меандешидам, ки ин гулҳои зебо, бешубҳа, зану духтарамро шод хоҳад кард. Паҳлӯи ман мӯйсафеди солхӯрдае аз хунукӣ ларзида, барои харидани гул навбат меистод. Ӯ дар тан боронии фарсудаи дарбеҳдидае дошт. Аз чеҳрааш марди боматонату устувор ва боифтихору рӯзгордида буданаш маълум мешуд. Мӯйсафед хунук мехурд, дастонаш кабуд шуда буданд, вале дар ин сардӣ интизори фурӯшанда буд, то гул бихарад. Хунукӣ ба ман ҳам асар кард... Баъди чанде интизор шудан фурӯшанда ҳам пайдо шуд. Мӯйсафед бо қадамҳои боҷуръатона ба назди гулфурӯш рафт. Ман ҳам ба назди вай омада, навбат истодам. - Духтарам, як дона гул чанд сум аст?, - пурсид мӯйсафед. - Гум шав, аз ин ҷо майзадаи бенаво. Мехоҳӣ бо ин роҳ талбандагӣ кунӣ, - дод зад фурӯшандаи ҷавон ба мӯйсафед. - Духтарам, ман майзада нестам, умуман, шароб наменӯшам, ба ман танҳо як дона гул лозим. Чанд сум

Туҳфа меистад? - бо меҳрубонӣ пурсид ӯ. Аз рафтори дурушти фурӯшанда мӯйсафед гирён шуд. Духтар ба ашки чашмони вай диққат надода, бо қаҳр илова кард: - Ман вақти бо майзадаҳо ҳафту ҳашт кардан надорам. Зуд дафъ шав аз ин ҷо. - Духтарам, илтиҷо мекунам, ки як дона гули мимоза чанд сум меистад? Баъд ин ки ба ман доду фиғон накун ман нисбат ба ту калонсолам, - бо мулоимӣ гуфт мӯйсафед. - Хуб, нархи як дона гул панҷ сомонӣ, - бо тамасхур ҷавоб дод фурӯшанда. Мӯйсафед бо даст ба ҷайбаш бурда, 3 сомонӣ берун овард. - Духтарам, ҳамагӣ се сомонӣ дорам, метавонӣ ба ман як гул диҳӣ? - Меёбам, - гуфт духтараки гулфурӯш ва дохили сабадро кофтан гирифт. Пасон, аз байни гулҳо, як гули нимҷонро бароварда, ба мӯйсафед дароз кард. Ӯ дасти рости ларзони кабуди худро дароз карда, як дона гулро, ки он ҳам аз мобайн шикаста буд, гирифт. Мӯйсафед бо дасти чапаш гулро чунон нозукона дошт, аммо ними гул шикаста ба замин афтид. Аз ин ҳолат мӯйсафед ғамгин гашт ва ашк рехт. - Ту чӣ кор карда истодаӣ? - бо ғазаб гуфтам ба фурӯшанда ва худро доштам, то ӯро шапотие назанам. Эҳтимол дар чашмони ман, фурӯшанда чизе дид, ки рангу рӯяш парид ва дигар ҷавобе надоду дар ҷояш ором нишаст. - Духтари беинсофи сангдил! Ҳамин сабад чанд сум меистад? -

Марде, ки суръати суханрониаш тез буд, назди писараш ҳамсарашро васф кард: - Очаат чу моҳай! Ҳамсараш, ки дар ошхона хӯрок омода мекард, сухани шавҳарро нодуруст фаҳмида, овоз баровард: - Худат ЧМО, мардак!

***

фарёд задам сӯи фурӯшанда. - Ман... ман намедонам, - тарсида ҷавоб дод ӯ. - Бори охир мепурсам, нархи гулҳоят чанд аст? - Ба фикрам 500 сомонӣ, - гуфт фурӯшанда. Аз ин рафтор мӯйсафед бо ҳайрат як ба ман нигоҳ мекарду як ба фурӯшанда. Пулро пеши пойи фурӯшанда партофта, гулҳоро аз сабад гирифта, ба дасти мӯйсафеди солхӯрда додам. - Падарҷон, ин гулҳоро гиред ва рафта ҳамсари худро ба рӯзи 8 март табрик кунед, - гуфтам. Мӯйсафед беист ашк мерехт. Вай ба ишора фаҳмонд, ки гулҳоро намегирад. Зеро аз гиряи зиёд сухан карда наметавонист. Ӯ гули шикастаи худро ба каф гирифта буд. Гиряи мӯйсафед маро ба риққат овард. - Майлаш, падар, нахоҳед ҳеҷ гап не. Биёед ҳамроҳ меравем, - дасти ӯро гирифта. ба роҳ баромадем. Сари роҳ мӯйсафедро маҷбур ба мағозае дароварда, як торт харида додам. - Падар, шумо ин гули шикастаро ба ҳамсаратон тӯҳфа баред, хуб намешавад. Боз имрӯз иди ҳаштуми март аст. Шумо ин гулҳоро ҳамроҳи торт гирифта, ба ҳамсаратон тӯҳфа кунед, шод мешавад. - Мо... мо... 45 сол боз бо ҳам зиндагӣ дорем. Ҳар сол рӯзи 8 март ба ҳамсарам гул ҳадя мекунам. Имсол вай ногоҳ бемор шуд. Наметавонам имсол ҳам ӯро бе тӯҳфа гузорам, - оромона гуфт мӯйсафед ва минатдории зиёд кард.

Далери сесола чойники чойро нохост чапа кард. Модараш дар ғазаб шуда, гуфт: - Ҳозир бест, қавракта меканум! Баъди чанде Далер ба модараш гуфт: - Очаҷон, қаврма тез бкан, ки бозикунӣ мерам.

ЭЪЛОН

ЭЪТИБОР НАДОРАД Эътибор надорад Шаҳодатномаи гумшудаи Кооперативи истеҳсолии “Набӣ” (РЯМ 2110001768), ки 19 майи соли 2010 Нозироти андози ноҳияи Мир Саид Алии Ҳамадонӣ додааст, эътибор надорад. Шаҳодатномаи гумшудаи Кооперативи истеҳсолии “Вориси Варқа” (РЯМ 2110000750), ки 19 сентябри соли 2009 Нозироти андози ноҳияи Мир Саид Алии Ҳамадонӣ додааст, эътибор надорад. Шиносномаи гумшудаи техникии ҳавлидорӣ, бо нишонии ноҳияи Ҳисор, ҷ/д Деҳқонообод, деҳаи Деҳқонообод, ки 3 ноябри соли 2014 КФБТ-и ноҳияи Ҳисор ба Қодиров Нурмат Шокирович додааст, эътибор надорад. Аҳли эҷоди рӯзномаи “Ҷавонони Тоҷикистон“ ба корманди рӯзнома Ашраф Одиномадов нисбат ба даргузашти ПАДАРАШ изҳори ҳамдардӣ карда, ба ӯ ва хешовандонаш сабри ҷамил хоҳонанд.

«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН», №10 (9384), 5 МАРТИ СОЛИ 2015


Turn static files into dynamic content formats.

Create a flipbook
Issuu converts static files into: digital portfolios, online yearbooks, online catalogs, digital photo albums and more. Sign up and create your flipbook.